Архивы Аҳмади Иброҳим - ISLOH.net

Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ»
Имрӯз -11 март, рӯзноманигорони Тоҷикистон иди касбии худ, Рӯзи матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд. Ҷойи аввалу, ҷойи дуввуму ҷойи саввумро таъйину ташхис мекунанд, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон медоранд. Яъне кору амалеро, ки ҳар солу ҳамасол иҷро мекунанд. Аммо савол инҷост, ки аз ин сол то ба соли дигар матбуоти тоҷик ва рӯзноманигорони он рушду пешравӣ доштаанд, шумораи нашрияҳову радиои телевизион афзудааст, нақши васоити ахбори омма дар ҳаёти кишвар тақвият ёфтааст, хуллас, журналистикаи тоҷик дар чи вазъу ҳолат қарор дорад?

Бо камоли таассуф наметавонам бигӯям, ки «бале, ҳама о,кей аст», журналистика ва журналистони тоҷик қишри бисёр ҳам бонуфуз ва муассири ҷомеи кишвар мебошанд, ҳарфу гуфтори онҳо шунида мешавад, нақши онҳо дар рафъу бартарафсозии навоқис ва камбуди ҷомеа хеле ҳам назаррас ва калон аст.

Шумо, худо шоҳид аст, аз онки аз деҳаҳои дурдаст, аз шаҳрҳои кишвар барои «Ислоҳ» номаҳо менависанд, шикоят ва арзу дод мекунанд, бовар кунед, хушҳолу хурсанд нестам. На, ин тавр, ки барои мо нанависанд, беҳтар аст, на, ин тавр нест. Бигзор барои мо бештару бештар бинависанд. Чунки ҳар як нома ва ҳар як арзу шикояти мардум, ки ба «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқбол меояд, тире аст ки ҷигари Раҳмонов ва дорудастаи вайро шикоф ва сӯрох мекунад. Онҳо, аз шиддати, аз як сӯ рашку ҳасодат, ки чаро мардум ба мо муроҷиат мекунад, дар оташ месӯзанд, аз тарафи дигар, аз бими онки ҳамарӯза шумори муроҷеъин ба мо дар ҳоли зиёдшавист, талхакаф мешаванд.

Аммо, мо инҷо ҳамчун як ҳаракати иҷтимоӣ ва нерӯи сиёсӣ ҳузур ва зуҳур дорем. «Ислоҳ» ҳам, агарчи расона ва воситаи ахбори омма аст, вале миссия ва рисолати он бо як нашрия ва расонаи маъмулӣ тафовут дорад. Ана аз ҳамин манзар ва ана барои ҳамин гуфта истодаам, ки хушҳолу хурсанд нестам. Хушҳолу хурсанд нестам барои онки мардум ва ҷомеаи кишвар дар дохили мамлакат як нашрия ва як расонае наметавонад пайдо кунад, ки арзу шикояташро нашр кунад ва ба гӯши мақомот ва масъулин бирасонад. Барои ҳамин аст ки  ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунанд ва менависанд. Ва «Ислоҳ» танҳо ба расонае табдил шудааст, ки ҳамроҳи мардум ва дар канори мардум аст ва бо ифшову изҳори шикоёти мардум мақомот ва масъулинро водор мекунад, ки пайи шунуфту расидагии ин шикоятҳо бошанд. Ҳадафи ташкил ва роҳандозии барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҳам ҳамин ҳамроҳӣ бо мардум аст. Агарчи мо медонем, барои мардум навиштан ба «Ислоҳ» сахту гарон меафтад, рисолати матбуотро бар ӯҳда гирифтаем.

Дар ҳоле, ки ин ҳама шикоят, ки аксарияти мутлақи онҳо ҷанбаъи иҷтимоӣ  доранд боястӣ дар матбуоти дохили кишвар нашру чоп шаванд ва матбуоти кишвар ҳамгому ҳамроҳи ҷомеа бошад. Маъаласаф, ки ин тавр нест, балки журналистони тоҷик рӯзи иди касбиашонро дар вазъияте таҷлил мекунанд, ки ҷони зинда ва солим дар майдони матбуот дар Тоҷикистон намондааст.

Ин режими нобакор ҳанӯз аз оғози фаъолияташ бо матбуот ва журналистика мушкил дошт ва бархӯрди хасмона ва хушунатомез мекард. Инҳо (ин «инҳо» ҳамин режим аст) омаданду журналистика дар Тоҷикистон мисли соири аркони ҷомеаи мардумсолор ва маданӣ маҳву нопадид гардид. Нашрияҳои озоде назири  “Сухан”,“Растохез”(Дунё),”Адолат”, “Наҷот”“Чароғи рӯз”, “Минбари ислом” ”Ҳафтганҷ”,“Ҷоми ҷам”,ки дар кишвар то омадан  «инҳо» фаъолият мекарданд аз байн рафтанд.

Инҳо даҳҳо хабарнигорро куштанд, зиндонӣ ва  фирорӣ карданд ва ин корашон ва ин тарзи муносибаташон то ба имрӯз идома дорад, тағйир накардааст.

Солҳои баъд журналистони тоҷик боз ҳам нашрияҳое ҳамчун  “Нерӯи Сухан”,”Оламу одам”ва“Рӯзи нав”  таъсису ташкил доданд. Дертар дар арсаи матбуот «Миллат», «Фараж» “Нигоҳ”, ва  “Озодагон”  қадам ниҳоданд.

Аммо «хиради азалӣ»-и  «пешвои миллат», пешвои худхонда (самозванетс») тобу таҳаммул накард ва  ҳамаро яксара қатъ намуд. Ва ҳоло даҳҳо тан аз хабарнигорони беҳтарини ин миллат дар дори ғурбат ва берун аз ватан ба сар мебаранд. Онҳо паноҳандаанд.

Ва чандин нафар аз журналистони тоҷик ба шумули Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов,  Хушом Ғулом,   Далери Имомалӣ,  Улфатхоним Мамадшоева ва ахиран Аҳмади Иброҳим аз 7у 10 то ба 20 сол зиндонӣ шудаанд.

Бале, ҳар фарди огоҳ ва бедордили ҷомеаи Тоҷикистон аз муносибату муомилаи Раҳмонов бо матбуот воқиф аст ва медонад, ки ин режим бо онки бо дуздиву ғорати мардум машғул аст, ҳиҷ намехоҳад, ки хабаре аз он ба берун дарз кунад. Муносибати дастандаркорони бахши идеологии он бо «Ислоҳ» дар ин чанд соле, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият дорем борҳо тағйир кард. Аз ҳамон оғоз то ба имрӯз талош доранд, ки муассис ва роҳбари он, ман Муҳаммадиқболи Садриддинро дастгир кунанд ва баранду зиндон кунанд. Аммо, як чизро бояд бидонанд, ки бо ҳатто ба ҳадаф расиданашон, ки ин шо Аллоҳ нахоҳанд расид, боз яке чун ман ва шояд даҳҳо ва садҳое чун ман вориди корзор мешаванд.

Дар ҳамин ду-се соли ахир фабрикаи ҷавоб бо усулу методҳои мутааддид талош кард, ки моро биуфтонад. Як вақт буд, ки солҳои 2022-2023 аз мақомоти ҷамоату ноҳияву шаҳру дигару дигар ба барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ворид шуда ҳамлаҳои густардаеро алайҳи мо шурӯъ карданд. Аммо яке кадом ақлакаш фаҳмонд, ки шумо ин корро накунед, чун бо дастони худатон онҳоро бузургу барҷаста карда истодаед ва ҳамзамон фабрикаи ҷавоб ҳам шабурӯз маводи бадномкунанда чоп мекард.

Яке буд, ки комилан хапу хомӯш шуданд. Гӯё дигар «Ислоҳ»-е вуҷуд надорад. Аммо боз ба ин натиҷа расиданд, ки на, набояд бепосух гузошт ва ҳоло аз соли гузашта ба ин тараф боз ҳам матолибу маводи бадномкунанда зидди «Ислоҳ» ва муассиси онро ҳамарӯза нашру пахш карда истодаанд.

Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки дуздро то дузд нагӯӣ ва нашиносонӣ, номаълуму ноаён боқӣ мемонад. Ҳоло «Ислоҳ» аст ки ин дуздро пайваста мегӯяд, ин дурӯғро ифшо ва ошкор мекунад.

Аммо, боз ҳам мегӯям, ки матбуоти дохилӣ, нашрияҳои Тоҷикистон ҳадди ақал аз ифшову бозтоби камбудиҳои иҷтимоӣ, ки ба Раҳмонов ва оилаи вай муртабит нест, масалан ба домсоз марбут аст, масалан ба беморхона марбут аст, масалан ба мактаб марбут аст иҷтиноб наварзанд. Вагарна аз будани онҳо чи суд? Беш аз пеш хонанда ва майдони худро аз даст медиҳанд.  Нороҳатӣ, норозигӣ ва нигарониҳои мардумро бояд бигӯянд. Мо намегӯем ва исрор намеварзем, ки барои мисол Абдулло Роҳнамо, ки Раҳмоновро тавсиф карда метавонад чаро танқид карда наметавонад? Дар вақташ матбуот Қаҳҳор Маҳкамовро танқид мекард, Раҳмон Набиевро танқид мекард, чаро ҳоло фақат таъриф мекунад. Роҳнамо ҳозир сармуҳаррири нашрия аст. Бигзор танқид ҳам кунад.

Масалан мушкили мусофирбарӣ дар Душанберо магар гуфтан мамнӯъ аст. Мо мавзӯъҳои табу барои матбуоти тоҷикро медонем. Бигзор онро дар ихтиёри мо гузоред.

Мо, аз фашҳу фаҳшои духтарҳояш ҳам мегӯем аз домодҳояш ҳам мегӯем аз Муҳибулло номард бошаму зинда бошам, аз Ҳасани ишкамбаи дузд, аз Шмсулло, аз Зоири наркобарон, хуллас аз онҳо мегӯем ва гуфтанро идома медиҳем. Аммо шумо маслан аз КЖКП, аз хадамоти таксӣ, аз бебарқӣ, аз партову, аз пулгирӣ дар бемористону мактабҳо гӯед, чи мешавад?

Бори дигар гӯшрас мекунам, ки фикр накунед, ки ман хурсанд ё қонеъам, ки аз як ноҳияи дур менависанд ва ба Муҳаммадиқболи Садриддин санову сипос мекунанд, ки «як шумо ҳастед». Ин «як шумо» танҳогии ман фоҷиа аст, ин мусибат аст. Набояд як ману Ислоҳ бошем. Бояд бисёр бошем.

Сукут ва тарсуии мо моро ана ҳамин тавр маҳдуд ва кам кард. Матбуот ба як ҳисобу ба як назар миёнарав миёни ҳукумат ва ҷомеа аст. Ҷомеа ва афкори иҷтимоӣ пуштивона ва тавону иқтидори матбуот аст. Ҳарчи қадар, ки сокит бошем, ҳар чи қадар ки дар мавқеъи Абдулло Роҳнамо биистем болои мо зӯр ва қулдур мешаванд. Набояд гӯшамонро кар, чашмамонро кӯр кунем. Бояд бигӯем. Матбуот бояд бигӯяд

Барои ҳатто ҳамин ҳукумати қулдури иқтидоргаро агар нашрия муҳим ва зарур набуд масҷидро маҷбур намекард, ки обуна бишавад.

Дуруст аст ки матбуотро чашми дидан надорад, аммо матбуотеро, ки Абдулло Роҳнамо бошад истиқбол мекунанд

Шумо, журналистони муҳтарами тоҷик бо нашру дарҷ ва инъикоси масоилу мушкилоти мардум дигарбора ҷойгоҳи аздастрафтаи матбуоти тоҷикро барқарор мекунед.

Бубинед, як нафар, ки барои мо менависад, огоҳ аст ки навиштан барои мо барояш хатарнок аст, аммо хатарро ба ҷон мехарад ва менависад? Чаро? Чунки матбуотро беҳуда ҳокимияти чаҳорум намегӯянд. Он нафар ҳамаҷо рафт, аммо мақсудаш ҳосил нашуд ва омад пеши матбуот.

Оё ҳамин имрӯз дорем ҳамин гуна нашрия ва расона, ки як нафар аз пулгирии кормандони зиндон, аз шароити бади зиндон бинависад, чоп кунад? Инҷо на номи Эмомалӣ, на Азизмо, на Рустам, на Озода, на Рухшона ва на Ҳасану Зоиру дигару дигараш нест, ку? Шумо чоп намекунед ва он нафар ночору ноилоҷ ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунад. Мо дидем ва санҷидем, ки бо вуҷуди онки моро хоин мехонанду Ислоҳро ифротгаро аммо ба навиштаҳои мардум дар сомонаи мо вокуниш мекунанд, расидагӣ мекунанд.

Ростӣ, мо даҳҳову садҳо хабару маълумотҳоро фақат ба хотири онки ба нависанда зарар мерасад, чоп намекунем ва гоҳе дигар ба воқеияти онҳо машкук мешавем ва мутаассифона имкони санҷидани онҳоро на ҳама вақт дорем. Аммо шумо, ки «хоин» нестед, бо шумо ҳамкорӣ «ҷиноят» ҳисоб намешавад, чаро мунташир намекунед?

Ҳамин чанд рӯзи пеш ду хабар дар оҷонсии Ховар хондам. Ва дар тааҷҷуб афтодам.

Якеаш он буд, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи чоруми март ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як конфаронси илмӣ-амалӣ зери унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» доир шудааст ва дар хабар омадааст, ки «Зимни конфронс иброз гардид, ки матбуот яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мегузорад.

Дар хабари дигари ҳамин хабаргузорӣ омадааст, ки Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» конференсия баргузор гардид: «Матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст».

Дар хабари аввал Ховар зикр шудааст, ки  «Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми босазо мегузоранд».

Аммо ҳанӯз ду соли қабл маълум шуда буд, ки ки теъдоди расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дар сад кам шуда, мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум поин рафтааст. Гуфта мешавад, ки адади матбуоти хусусӣ 166 дарсад кам шуда, шумораи онҳо аз 264 дар соли 2021 ба 63 номгӯй дар соли 2024 коҳиш ёфтаааст. Бар хилофи расонаҳои суннатии касбӣ, мухотабони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Хуб, дар соли гузашта ҳам ин шумора боз ҳам коҳиш ёфт. Чаро? Чунки матбуоти даврии Тоҷикистон беш аз гузашта  камҷону камқудрат мешавад, балки ба ҷисми беҷон дорад табдил меёбад.

Ҳамин нишастҳои матбуотии ахири мақомотро як бор назар афканед, ки мақомот бо журналистон чи гуна муносибат карданд. Масалан вазир ба журналист мегӯяд, ки ту як савол додӣ бас ва ё мегӯяд, ки инро аз ман напурс.

Агар ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, барои журналистикаи тоҷик  мешавад марсия бихонд. Набояд гузошт, ки барои мо марсия бинависанд.

Ман мехоҳам, ки ранги «Ислоҳ» даҳҳову садҳо расона амал кунад, ки ҳамроҳу ҳамгоми мардум бошад ва аз ин ҳарфҳо, ки «танҳо шумо мондаед, шуморо ҳамчун умеди охирин ҳисоб кардем», набошад беҳтар аст.

P.S.
Миёни матбуоти тоҷик имрӯз таъсири «Ислоҳ» хеле бузург аст. Инро ҳам хонандагон мебинанд ва ҳам худи мақомот эҳсос мекунанд. Ҳар матлабе, ҳар номае, ки дар «Ислоҳ» нашр мешавад, дар ҷомеа садо медиҳад ва ҳатто онҳое, ки моро танқид мекунанд, маҷбуранд онро бихонанд ва пайгирӣ кунанд.

Аммо мо ростӣ як орзу дорем: мехоҳем «Ислоҳ» дар дохили кишвар амал кунад, на дар хориҷ. Ҷойи табиии як расона ва як минбари озод дар миёни ҷомеаи худ аст, дар дохили кишвар, дар паҳлуи мардум.

Хабарнигор бояд озод бошад, на зиндонӣ. Вақте даҳҳо журналист зиндонӣ ва боқӣ дар муҳоҷирату паноҳандагӣ қарор доранд матбуот чигуна бояд рушд кунад?

Вале то замоне ки низоми ҳозира вуҷуд дорад ва матбуот озод нест, чунин имконият фароҳам намешавад. Барои он ки матбуоти тоҷик воқеан озод бошад ва расонаҳо дар дохили кишвар озодона фаъолият кунанд, пеш аз ҳама бояд ин низом ва сиёсатҳое, ки матбуотро хомӯш кардаанду дар хафақон қарорашон додаанд, тағйир ёбанд.

Он гоҳ на танҳо «Ислоҳ», балки даҳҳо ва садҳо расонаҳои озод метавонанд дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва матбуоти тоҷик дубора ҷойгоҳи ҳақиқии худро дар ҷомеа пайдо намояд.

Сообщение Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №226
Чанд рӯзи пеш Раҳмонов ба Маскав сафар дошт ва бо Путин мулоқоти якбаяк ҳам анҷом дод. Русия барои мардуми тоҷик маҳали асосӣ, корхонаву коргоҳи асосӣ ба шумор меравад ва ба касе ҳам пушида нест, ки суботи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвари мо аз ҳамин пулҳои мефиристодаи муҳоҷирин вобаста аст.

Муаллифи номаи зер, ки дар аввали ин нашр барномаамон ҷой додем бо дарду алам аз ҳоли зори муҳоҷирини тоҷик дар Русия ва аз холабеғамиву бепарвоиву бетафвутии Раҳмонов ба сарнавишти онҳо мегуяд:

Маскав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд шуморо дар пушту панохаш нигаҳ дорад. Нома аз як муҳоҷир, ки дар шаҳри Москва зиндагонӣ ва кор мекунад ба мақомоти Тоҷикистон ба номуҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ва ба Кумитаи ноамният. Ман аз тариқи «Ислоҳ» гуфтаниам, ки магар шумоҳо инсон нестед? Ягон кори хубу боманфиат барои ин миллату барои ин мардум анҷом медиҳед ё не? Ба чӣ кор лозимед шумо? Ин миллати бофарҳангу бомаданияти таърихи бойдоштаро ба чи ҳолу рӯз овардед шумо? Ин миллат дар гузашта чи буд, ки буд, ҳозир чи шуд? Ин миллат дар дунё исломро омӯзонд, исломро ёд дод. Бале пайғамбари бузургвор аз араб аст, аммо миллати мо исломро густариш ва нусрат дод. Мо гузаштаи бой дорем, миллати одӣ нестем. Ин миллати тоҷикро ба чи рӯзу ба чи ҳол овардӣ? Бечораро гапшунави дунё кардӣ, ки ин ҳолатро, чунин ҳоли зору хориро таърих ёд надорад. Ту чӣ мақсад дорӣ, аён кун, ки чи мехоҳӣ? Наход мо, миллати тоҷик дигар насл ба насл муздури русҳо бошем? Бародар, бовар кунед, ки русҳо ҳасиберо, ки барои сагашон харидорӣ мекунанд, барои як тоҷики муздур намедиҳанд. Тоҷик пасттарин халқи дунё аст дар Русия.

Мақомоти рус меқапад, бе пурсиш ва ё бо таҳдиду туҳмат ҷанг роҳӣ мекунад. Хоҳанд террорист мезананд, хоҳанд мекушанд, хоҳанд ҷанг мефиристанд, ин пастӣ дар шаъни миллати мо нест.

Ба Аллоҳ қасам садҳо ҳамватани мо дар ҷанги Украина кушта шуданд, чандин нафарашон маъюб ё инвалид. Худи ман 4 тоашро дидам бепову бедаст.

Магар ту бепадар, раиси ҷумҳури мо нестӣ? Ту ба чи кор даркор мешавӣ? Барои чи кор лозим ҳастӣ? Ту чи пешвоӣ кардӣ? Чи кардӣ, ки худатро пешво медонӣ? Магар ту пешвои миллатӣ? Ба кадом корат, ба кадом хизматат барои ин миллат? Барои онки мо кучарубу барфтозакуну мусоровозчикем, барои ҳамин?

Раҳмонов медонам, ки аз Аллоҳ наметарсӣ, медонам. Лекин аз ғазаби мардум тарс. Мебинем,ки ба чи ҳол мерасӣ,дур нест он руз эй бепадар. Ман ҳамчун як шаҳрванди одӣ аз ту ва мақомоти кишвар талаб дорам, ки ба паст  задани обруву иззати миллати тоҷик хотима дода шавад.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар сайтҳои гуногун ҷавонони тоҷик даромада номи миллат ва номи Ватанро ба пастӣ бурда истодаанд, хандахариши дунё карда истодаанд.

Ман аз Эмомалӣ Шарипович ва мақомоти вай, аз ҷумла амният тақозо дорам, ки  пеши ин бешарафиро гиред. Даромада назди дигар мардум миллати моро бо тамсхуру дашном таҳқир  карда истодаанд.

Агар мақомоти Тоҷикистон барои обруи миллату ватан хизмат мекунанд, ин бешарафҳоро ғундоранд, пеши роҳашонро гиранд.

Ягон мухолиф ё мунаққиди ватандӯст бошад, миллионҳо сарф карда истирдод мекунед.

Аксарияти ин бешарафҳо дар дохили Русияанд, Русия барои истирдод кардан бароятон хуб аст, ку?
Ман бовар дорам мақомоти мо аз ин ҳама вазъу ҳолат бохабаранд. Лекин сокит ва хомушанд, ранги тарсуҳо чизе намегуянд. Зури мақомоти мо ба масҷид мерасад, ба сатру ҳиҷоби хоҳару модарон мерасад, зурашон дар таҳқир кардани ислому Қуръон мерасад. Ба Худо дигар шарм мекунам дар ҳамин Маскав дар назди дигар миллатҳо. Чунки онҳо хандида гап мезананду бо пичинуг тамасхур мепурсанд, ки чиро тоҷикҳоро ғам медиҳанд, чаро ин қадар хору залил шудаанд тоҷикҳо. Милисаҳо омада тоҷикҳоро дошта беягон саволу ҷавоб ба спетсприёмникҳо мебаранд. Худам ба чашмам дидам, ки узбеку қирғизу арманиро  2000 рубл ҷарима карда ҷавоб доданд, аммо тоҷикҳоро ба 10 ҳазорӣ ҷавоб надоданд.

Ин бадбахт фақат мо тоҷикҳоем, ки не дар дохили ватан тинҷем, не дар берун. Ин чи гап Пешвои миллат? Чаро ин қадар шаҳрвандонат зулм мебинанд. Чаро дигар миллат неву фақат тоҷик ва мардуми Тоҷикистон?
Эй Раҳмонов, эй тарсу ҳастӣ, ту чи гуна пешвои миллат ҳастӣ, ки ин қадар метарсӣ? Магар пешвои миллати мо тарсу аст? Ту не пешво ҳастӣ, не лидер, ту як арусаки русҳо, ғуломи онҳоӣ. Магар ба русҳо қасам ёд кардӣ? Ақалан ранги ҳамин сарвазири Арманистони хурдакак Никол Пашинян дилу гурда надорӣ. Арманиҳо  озод сайру гашт доранд, бизнесу савдо карда гаштаанд. Пашинян Путинро ба як тини пуч писанд намекунад

Илҳом Алиевро бин. Баъди самолетро задан бо Русия алоқаашро канд. Путинро бахшиш пурс гуфт. Озариҳо озод кор карда гаштаанд.

Узбекистон чанд баробар а мо муҳоқири корӣ дар Русия дорад. Чаро мисли тоҷикҳо беҳурмат намешаванд?

Чароки роҳбарони ин кишварҳо мисли ту арусак ва беимони тарсу нестанд. Масалан узбекҳо 4 миллион муҳоҷир доранд.

Ту дар ватан исломро таҳқир мекунӣ, инҳо дар инҷо туи бепадари валадуззиноро таҳқир мекунанд.

Дар охир ба мардуми Тоҷикистон чи гуфтанӣ ҳастам? Ҳамин ки фарзандони беақлатон ба муҳоҷират, ки омаданианд фаҳмонед, ки беақлҳо тупойӣ накунанд. Аз пушти як хел тупойҳо дигар ҳамватанон азоб мекашанд, ба милиса меафтанд. Махсусан онҳое, ки аз Кулоб, Данғара, Фархор, Восеъ, Муминобод, Ховалинг меоянд, ҳушёру зирак бошанд ва дигарҳоро бо ин гуна корҳо таҳти зарба қарор надиҳанд. Ба Аллоҳ қасам нияти баду минтақабозӣ надорам, шумоҳо ҳам миллати ман, яъне тоҷик ҳастед. Вақте аз барои беақлии шумоҳо таҳқиру ҳақорат мешунавем ба ман сахт мерасад. Шумо дар ватани худ шаҳрванди одиед, дар дигар мамлакат тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳастед. Яъне миллатро муаррифӣ мекунед.

Мақомот бояд тавассути шабакаи Ютуб ва телевизион фаҳмондадиҳӣ кунад ва аз тамоми блогерон даъват ба амал оварад, то ба мардум бифаҳмонанд. То кай дар Русия ва дар шаҳри мардум ин гуна корҳои зишт мекунем. Падару модарон ҳам пеш аз роҳӣ кардан бифаҳмонанд, ки онҷо мулки ғарибӣ ва қонуни қоидаи худро дорад мувофиқи шароити Русия бояд зиндагӣ кунем. Фаҳмонанд, ки мо соҳиб надорем, пуштибон надорем, не мурдаамон дораду не зиндаамон ва бояд фақат ба умди худамон шавему аз корҳои баду зишт, ки иснод меоваранд, даст бикашем.

Конибодом

Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқбол! Шукри будани шумо, ки ба воситаи шумо дарди дили мардум ба гуши мақомот расонида мешавад.

Ман боз аз Конибодом маълумот медиҳам. Ҳатман навор карда дар канали Ютубиатон пахш намоед. Дар бораи Илҳом Юнусов гуфтаниам. Аз деҳаи Ниёзбек. Заминфурӯш аст. Мо дар бораи ин нафар пештар ҳам ба шумо гуфта будем. Ин одам чунин гап баровардааст, ки «ҳамин Ислоҳ.ТВ ҳар чизе нашр кунад, милисаҳо ба тафтиш сар мекунанд, аммо дидед, ки маро тафтиш накарданд».

Ҳозир Илҳом подставшики 6 –ой отдел шудааст. Вай ба одамҳо бо протсент қарз медиҳад. Замини Ниёзбекро ҳамин фурухта тамом кард. Раиси ҷамоатро бо як шогирдаш подстава карданд. Номи шогирдаш Дадабоева Шоҳсанам мебошад. Вай аз деҳаи Маданият кучаи Уриқзор мебошад. Илҳом бо Дадабоева Шоҳсанам маслиҳати пешакӣ карда ба коргари ҷамоат пул медиҳанд. Он коргари   подполковник Исломов Атҳам аст вай коргари военкомат мебошад.

Илҳом ҳамроҳи Шоҳсанам ҳама мардумро ҳозир тарсондагӣ. Шоҳсанам 3 шавҳар дорад. Як раиси пешини ҷамоат Раҳимов Шавкат аз ин якто бача борад. Ин зан Шавкатро тамоман хонавайрон карда тамоми ҷиҳозашро кашида гирифтанд. Ҳозир Дадабоева Шоҳсанам бузи КГБ-и вилоят Суғд шудааст. Аз ҳама ҷо ва ҳама мақомот маълумотро ҷамъ карда бурда ба КГБ медиҳад, справка ҳам мекунад.

Шоҳсанам дар отдели Конибодом шинос дорад ва он шиносаш подполковник Абдусамадзода Элзар. Ин подполковник через ҳамин информатсия мегирад. Ин Элзар ҳама маълумотро ба ин зан медиҳад, маслан маълумотро бо фактҳо дар бораи онки ки дар отдел порахур аст, ба порагирӣ машғул аст ба Шоҳсанам мерасонад ва Шоҳсанам ба КГБ мерасонад.

Шоҳсанам дар ҳама ҷо гапаш гап. Дар милиса, дар прокуратура, дар суд, дар ҳукумат. Ин ду ҳаромхур яъне бо Илҳом ва Шоҳсанам ҳамаро подстава мекунанд. Илҳом, маро ҳозир 6-ой отдел тафтиш карда истодааст гуфта ба Узбекистон гурехтааст гуфта овоза андохтааст, аммо дар қишлоқ гаштаст. Кришаи Шоҳсанам Шорх Саидзода аст. Шоҳсанам ҳозир як милисаро шантаж карда шуй карда гирифтагӣ номаш Муминчон аст.
Шоҳсанам бо Абдусамадзод Элзар ден и ноч дар отдел аст. Ман худам корманди милиса, ҳамаи ин ҳолатҳоро шоҳид ҳастам.

Қонун барои ҳама як бошад чаро ба Илҳому Шоҳсанам ҳеҷ таъсир намекунад?  Шоҳсанам, ки туй кунад иҷозатнома барои туй бепул. Вале агар дигарҳо бошанд пулакӣ, махсусан агар домод призивник бошад худи ҳамин Шоҳсанам 5 ҳазор сомонӣ пулашро гирифта через Элзар иҷозатнома гиирифта медиҳад. Ин ҳамаро пдстава мекунад. Аз ин ҳама коргаронамон  дар отдел метарсанд. Даже началники милиса аз вай метарсад

Бародар Муҳаммадиқбол. Навори шуморо дар отдели мо ҳама мебиннад. Ҳама маълумотҳои шумо дар бораи Конибодом ростанд.

Ҳозир Илҳому Шоҳсанам нақша кашида истодаанд, ки забони раиси шаҳри Конибодомро, ки нав омдааст, кутоҳ кунанд.

Агар кор ба ҳамин минвол идома ёбад мепартоям милисагирову меравам Русия. Ягон зарра адолат вуҷуд надорад. Ҳама дар фикри пул ва фиреб карани як нафари бечора. Аз шумо хоҳишам ин аст ки зудтар ин гапҳои маро руи навор оваред, зоре мақомот бинанду ягон чора ҷуянд. Мо милисаву лекин вай бо Элзар сахт кенти нағз. Отдел ҳеҷ кор карда наметавонад, даже началники милиса аз вай метарсад
Наворро мо ҳама ШВКД Конибодом интизор ҳастем.
Ва, боз як маълумоти дигар.
Ҳозир дар Конибодом аз МВД, аз Душанбе гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Абдураҳмон Аламшозода омадагӣ. Аз як лаб аз ҳама пул канда истодааст. Илҳом Юнусов адреси ҳамаро дода истодааст. 6-ой отдел рафта ҳамаро пулашро гирифта истодааст ё ки дело карда маҳкам карда истодааст. Илҳом ҳамаро фурӯхт. Якум Илҳом сар кард бузиро. Ҳозир аз пушти Илҳом чор кас дар СИЗО. Собиқ замначи милисаи мо-Конибодом Умарзода Суҳроб, сардори минтақаи 1 Шокиров Санъат ва нафари дигар Фарҳоди бузи милисаҳо. Кличкааш Фарҳоди 0004

Бовар кунед, ки тамоман адолат ва қонун вуҷуд надорад. Мо Илҳомро ба отдел овардем, гуфтем маҳкам мекунем. 10 факт доштем нисбаташ 247 қисми 4,  338 қисми 3. Аммо баччаҳои 6-ой отдел вай бузи мо аст ҳозир сар диҳед пеш аз бурафтан худамон маҳкам карда меравем гуфтанд.
Ман ҳайронам, ки чаро нисбат ба Илҳом то ҳоло ягон чора намебинанд? Ман як оперуголвник. Ин ҳолатҳоро дида гиряам меояд. Илтимос зудтар нашр кунед, то ҳамаи отдел бубинад. Ҳақиқат танҳо дар «Ислоҳ» нашр мешавад ва метавон гуфт «Ислоҳ» воқеан ислоҳкунандаи ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аст.
Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап аз чандин вақт аст ки мехостам бароятон дар бораи Аҳмади Иброҳим бинависам. Бародари азиз ман аз шаҳри Кулобам. Аҳмади Иброҳимро хуб мешиносам.

Якуним ё як сол пеш Аҳмади Иброҳим бачаашро туй кард. Мо иштирок доштем. Бахтиёр Назар, раиси шаҳри Кулоб ба як нафар Маҳмадсиддиқ мегуяндаш –бизнесмен, заправка дорад  ,корхонаҳои гуноугн дорад, ферма дорад, аслан як мошшеник аст омаданд ба туй. Маҳмадсиддиқ як конверт баровард ба Аҳмади Иброҳим дод, гуё туёна, ки Аҳмад нагирифт. Гуфт «ма шумора да туй хавар кадагӣ нестум, чида омаден»? Рости гап мо дар дари хонааш будем, ҳайрон шудем, ки ин одамҳоро дар дари хонааш ин хел гап мезанад. Онҷо як нафар Аҳмадро гуфт, ки «э бача, одамо дар дари хонат омадагиян, хайр, конверат нагирифтӣ, майлӣ, лекин ино дар дари хонатан, раиси ҳукуматай, ҳарчи боша набоша ин корат хуб нест».

Онҷо хеле баҳсу даъво шуд байни Аҳмад Иброҳиму ин ду нафар. Ранге, ки қадбақад шуданд. У конветро медиҳад, ин мегираду мепартояд. Конвертро меораду дар киссаи ин меандозад, ин аз кисааш мегирад ба замин фур медиҳад.

Хуб, даромаданд дар хона нишастанд, аммо зиёд нанишастанд. Баъде хестанд боз бо ҳамон конверти дар даст қадбақад гирифта то даҳани дарвоза рафтанд. Аҳмад нагирифт. Баъд  аз дарвоза баромаду ҳамон конвертро боз даруни дарвоза партофт давид рафт дар мошинаш шишт ва ҳай кардану рафтанд.

Баъд, кадоме аз дӯстонаш гуфт ба тарафи Аҳмад, ки кори хуб накардӣ. Набояд мегуфтӣ, ки «ма шуморо хавар накадум чида омаден. Дари хонат буд. Мардак ҳар хеле бошад набошад раиси ҳукумати ҳамин шаҳр аст. Кори хуб накадӣ бародар. Инҳо дар вазифаанд, все равно заҳрашро мечаконад».

Дар ҳақиқат ахири ахир ҳамин тавр ҳам шуд. Тюрмааш карданд.

Аммо Аҳмад Иброҳим дар асл фикру ақидаи озод дошт. Уро ҳануз дар ҳамон солҳои майдонҳо ҳам Сангак бурда дар подвал маҳкам карда буд. 10-12 рӯз ҳамчун вовчик дар подвал шишта буд. Албатта аз пушти мулло Абдураҳим. Аҳмадро тарафдори Абдураҳим гуфта дар повал шинонида буданд.

Рости гап бародар дар Кулоби мо якта-якта тамоми одамҳои каладору босаводро ё зиндон ё кушта истодаанд…

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз Вахш мефиристам. Мо дар навиштани номаҳо айни ҳол дар ҷои муҳимитарин – «қзиқтарин ҷош» омадаем.

Дар ноҳия, дар даруни марказ 2 бозор доштем, айни ҳол надорем. Чунки ҳардуи бозорро фурӯхта дар ҷояшон хона карданд. Хато накунам агар дар давраи роҳбарии Барот ва Девонаев Шарбат ин бозорҳоро фурӯхтанд. Як тои ин бозор дар ру ба руи прокуратура қарор дорад. Аммо прокуратура бошад, хомуш аст ва сухане намегуяд. Ва ҳамчунин Кумитаи амният хомуш аст. Бечора фурӯшандаҳо бошанд, қад -қади куча бор мефурӯшанд ва кучаҳоро тангу вайрон карда рӯз мегузаронанд. Як хел вақт кучаҳоро тамоман гузашта намешавад. Ин ҳолатро ҳаррӯз Қурбони бех мебинад, аммо хапу хомуш мегузараду меравад. Чунки дар фурӯхтани бозорҳо вай ҳам шарик аст. Дар ин ҳолат началник милитсия фармон медиҳад, ки кучаҳоро тоза кунед ё ки ҳамааш пул барои ҷои фурӯхтан биспоранд. Участкавойҳо  омада ҳамара ҷазиру пароканда ва вайрон мекунанд ва руй рост мегуянд, ки шумо ҳақ надоред дар қади роҳ савдо кунед. Дар ҷавоб савдо гарон мегуянд, ки пас мо куҷо равем? Охир дар як ноҳия 2 бозор буд, айни ҳол нест. Участковий мегуяд «ё ки пули точкатона барои фурӯш бтен ё ки брен куҷои мерен».

Як хели мардум ноилоҷ пулро месупорад ба участковий, аммо як хелаш баҷо шуда савдо мекунад. Қариб, ки ҳамаи доляро начачлник милитсия Истамзода Машраф Истамӣ мегирад. Ин гапро худи участковий мегуяд. Як хел точкаҳо хеле қимату гарон аст ва кадоме, ки баҷо шуда мефӯршад агар дар қап хурд капааш сухт. Участковий руйрост мегуядаш имрӯза обеди сардори милитсия полковник Машраф дар сари ту аст. Ин аст ҳаррӯза аҳволи савдогарон.

Дар ноҳияи мо деҳаҳои дурдаст кам нест. Бечора мардум ба азоб барои ҳуҷҷати лозимии худашон ба шуъбаи корҳои дохилӣ меоянд.

Ва аз тарафи мақомоти давлатӣ бошад нисбати мардум беинсофонаву бераҳмона  рафтор мекунанд. Масалан дар даҳани даромадгоҳи отдел бисёр вақт навбатпоии дуру дароз мешавад ва мардум бояд боз ҳамин роҳи тулониро тай карда пас гарданд. Мардум беқарор шуда суол медиҳанд, ки чаро шумо корро сар намекунед? Дар ҷавоб аз тарафи навбатдор мегуянд, ки «оли началник гап задана буд накардай». Ва мардум мегуяд «охи соат 10 шид, кай буд мекуна и началники шумо, мо ай раҳи хеле дуру дароз омадаем». Дар ҷавоб дағалона навбатдор мегуяд, ки «мада фарқуш чи омадай баройи кори хутона омадаен».

Мардум руирост ва бо садои баланд мегуянд: «дар Тоҷикистон асло кори ҳеҷ кас то ба милисаву балниса нағалта». Вақте кор сар шуд, соат 12 шуд нашуд боз обед мераванд, қариб, ки то соъати 14. Ва чунон рафтори бад доранд, гапҳои қабеҳу рафтори дағалона мекунанд. Мегуӣ, ки мо халқи бечора душмани инҳо ҳастем. Ва як хелаш ошкоро омада мегуяд «ба ки лозимай бе очер тезтарак коруш буд шава комеки лойро бта коруш бе очир буд мешавад». Ана бесоҳибӣ ва ана бераҳмӣ. Якум инки ноҳияи Вахш бе соҳиб аст ва дуввум даруни идораи милиса бе соҳиб аст ва ана давлату давлатдорӣ.
Бародари азиз Муҳаммадиқбол. Дар ин қисмати номаи Вахш шикояти маро қабул кун. Ман як ҷавон духтари шавҳардор ҳастам. Ман вақте дар маркази ноҳия ба мағоза даромадам дар рейди зидди ҳиҷоб аз тарафи милисаи ноҳия дастгир шудам ва маро бурданд ба отдел ва дар он ҷо маро гуфтанд, ки ту бояд ҷарима биспорӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ. Ман гуфтам ин қадар пул надорам. Дар он ҳол милиса гуфт, ки ту метавонӣ баъдтар супорӣ. Дигарбора гуфтам, ки ин қадар маблағ надорам, чунки ман як зани хонашинам. Дар ин ҳолати душворӣ аз куҷо ёбам. Ва дар ҳол пешниҳод карданд, ки роҳаш ҳаст ва гуфтанд, ки агар ту ҳозир нақд дар отдел 1500 сомонӣ супорӣ мо рози астем. Боз гуфтам «надорум иқа пули калон»  Онҳо боз пешниҳод карданд: 1000! Ман гуфтам, ки надорам. Дар охир нархро ба 800 сомонӣ расонданд ва гуфтанд, ки ту духтари наздиктар ба район ҳастӣ, барои ҳамин ин қадар арзон кардем, набошад бин дар бари ту зану шавҳар истода аст барои ришу ҳиҷобаш 10 ҳазор ҷаримаашон кардем. Аммо мо барои нақдӣ, ки ҳозир меоваранд аз 3500 сомонӣ кам накардаем.

«Аммо,алҳамдулиллоҳ ман ягон тин насупоридам, на 800 на ягон дирам. Чунки ман гуфтам «бинен, ки ҳиҷоби ман барои гарданам пур аз яраву нарук аст, ман барои ҳамин ҳиҷоб кардам, лекин он сардори милиса Истамзода Машраф Истамӣ  чунон расво буд, ки мегуӣ даҳанаш ҳоҷатхона аст на раҳмай на шафқат дар ин милисаҳо ва дар мо ягон вақт инхел даҳшату ваҳшат набуд дар ноҳия»

Авлодҳои Ҷаноб дар ноҳия сахт бедодӣ карда истодаанд. Дар ҷои почтаи куҳна як марди ватандӯст як беморхонаи тиббии хурд сохт бо тамоми шароити замонавӣ ва техникиаш ва онро ҷаноб омада лентаашро бурид ва дар телевизион ҳам нишон доданд. Ҷаноб барои ин беморхона баҳои баланд дод ва рафт. Беморхона чанд вақт кор кард. Дар ин байн маълум мешавад, ки ин беморхонаро соҳиби он ба кадом авлоди ҷаноб туҳфа кардааст. Соҳиби ин беморхона дар куҷое гуфтааст, ки «сабаби туҳфа кардани ин беморхона он аст ки ба он бародар сахт маҳқул шидай».

Ин бародар бошад аз авлоди ҷаноб аст. Аз ин ҳодиса аллакай 3-4 сол гузаштааст. Номи соҳибкорро ҳам медонам аммо бигзор нагуем беҳтар аст. Ин аст яке аз бе адолати мақомоти давлатӣ ва авлоди ҷаноб дар ноҳияи Вахш.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №226 появились сначала на ISLOH.net.

Аҳмади Иброҳимро кӣ маҳкум кард: додгоҳ ё раиси шаҳри Кулоб?
Вақте ба иттиҳомҳои задашуда ба Аҳмади Иброҳим, сардабири танҳо нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон мутаваҷҷеҳ мешавӣ, бидуни дудилагӣ ба ин натиҷа мерасӣ, ки парванда парвандаи маъмулӣ ва оддӣ нест, дар паси он дастҳое кор кардаанд, ки ғараз доранд. Ва, ангеза ва иллати ба даҳ сол зиндон кардани ин рӯзноманигори 63-сола, ки ҳаводор ва аз мубаллиғони Раҳмонов ва Рустаманд, ончи нест, ки мегуянду эълон карданд.

Худову ростӣ, мо ҳануз аз ҳамон рӯзҳои оғози кори ҷиноятӣ алайҳи Аҳмади Иброҳим далел ва ангезаи аслии боздошт ва муттаҳам кардани ӯро медонистем ва аз ҳамон давра манобеъи муътамад ва мувассақи мо моро дар ҷараёни асли қазияи гузошта буданд. Аммо, хоста ва таваққуъашон ин буд, ки дар интишори он сабр дошта бошем, чун имкон дорад, ки дар «боло» парвандаи вай бознигарӣ бишавад, чун ваъдаҳо дода шудааст ва нашояд бо аланӣ кардан мушкил бар мушкил афзуда бишавад.

Аммо, мо медонистем, ки ҳиҷ гузашт ва ҳиҷ тараҳҳуме нахоҳад буд, магар инки санади афв ба имзо бирасад ва моддаҳои қонуни кайфарӣ, ки ҷаноби Иброҳим бо он муттаҳам аст шомили ин санад бишавад. Ҳиҷ афву ҳиҷ санади афве ҳам нашуд ва ҳамчуноне интизор мерафт Аҳмади Иброҳим зиндонӣ шуд ва ба муддати даҳ сол!

Инки дар солҳои ахир режими диктотурии Раҳмонов ҳама  банду моддаҳои қавонини ҷиноии кишварро сахттару сангинтар кардааст, ҳарфи наве нест. Вагарна, барои мисол Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон, ки 76 сол син дорад, барои амали анҷомнадода, барои ҷинояти содирнашуда 30 сол маҳкум ба зиндон намешуд. Ва, ин ҳукм барои нафаре, ки дар тамоми даврони раёсати Раҳмонов аъзои пурнуфӯзи ҳукумати вай буд ва барояш ҷоннисорона кор кардааст, хеле ҳам осону роҳат содир шуд ва чашми чапи Раҳмонов ҳам напарид, ки ин ветерани ҳукумати вай то поёни умр рӯзи сафедро намебинад,балки огаҳон таъйид мекунанд,ки ҳамчунин ҳукми сангин барои Зарифиро худи Раҳмонов тавсия  кардааст.

Ҳол, агар Раҳмонов барои як чунин нафари содиқ ва ҷонсупор, ин гуна ҳукми вазнин содир мекунад, намоянда ва ё маъмурони вай дар манотиқ аз вай кутоҳтар меоянд? Ҳаргиз! Сарнавишти Аҳмади Иброҳимро низ на додгоҳ, балки раис ва он ҳам раиси Кулоб таъйин кард.

Бале, сухан аз раиси шаҳри Кулоб меравад, ки байни вай ва Аҳмади Иброҳим «задухурдҳо»-и пинҳонӣ аз чанд вақт ба ин тараф идома дошт, то инки раис муваффақ бишавад бо пардохти «гонорар»-и қобили мулоҳаза амниятро бар алайҳи ин журналист аҷир ва агент кунад ва дар ниҳоят ҳамин амниятӣ пойи Аҳмади Иброҳимро басту ба мақомот биспорид.

Проблемаи рӯзноманигори маъруф Аҳмади Иброҳим аз моҳи марти соли 2024 шуруъ шудааст. Аз ҳамон вақт аз ақибаш шуда буданд.

Аҳмади Иброҳим моҳи март як мақола менависад. Аммо он мақола чоп нашуда кадоме аз ҳамкоронаш ба раиси шаҳр хабар медиҳад. Дар мақола гап дар ин бора будааст, ки раиси шаҳри Кулоб раҳи гуристон, ҳамон қисмати то гури модараш рафтанро таъмир ва навсозӣ мекунад, лекин раҳи мардуми Кулобро дар дохил ҳеҷ тармим намекунад. Ва маблағи мараммати роҳи то гури модари раиси шаҳр дар гуристон қариб ба се миллион сомонӣ мерасад. Бахтиёр Назарзода раҳи то қабри модарашро мумфарш ва чароғон кардааст.

Назди Аҳмади Иброҳим меоянду мегуянд, ки чоп накунад, обруи раисро набарад. Хуллас, чи коре мекунанд мақоларо чоп намекунанд, ки дар он шумора намеравад.

Дуюм бор мебинад, ки ин ҳафта рӯзи чоршанбе чоп мешавад. Ва, ана дигар аз моҳи март ҳамон КГБешник старший летинант Раҳмонови Фархорӣ ҳар рӯз меояд ва худро мухлису ҳавохоҳи «Пайк» ва Аҳмади Иброҳим рост карда «устод ту зурӣ, ту бузургворӣ, ту фалонӣ, ту беҳмонӣ, ту гарени зурӣ, ту Ҷаноби олиро пуштӣ мегирӣ» гуфта таърифу тавсиф карда полний дар доверияи Аҳмади Иброҳим медарояд, яъне Раҳмонови фархорӣ шахси мавриди эътимоди Аҳмади Ироҳим мешавад. Раҳмонов аз Фархор аз колхози Правда аст. Рутбааш старшй летинант аст. Пас аз подставаи Аҳмади Иброҳим ба дигар минтақа интиқол дода шуд.

Он вақт буд, ки Аҳмади Иброҳим барои идомаи интишори «Пайк» мушкили ҳуқуқӣ дошт. Замони амали муҷаввиз-иҷозатномаи нашрияаш ба охир расида буд ва вай амалан ин санадро надошт. Агар возеҳу кушодтар бигуем барои вай иҷозатнома надода буданд. Аммо ба таври шифоҳӣ дар вазорати фарҳанг гуфта буданд, ки «хай чоп кардан гир то 6 моҳа».

Як рӯз ин Раҳмонови КГБешник меояд ва худаш пешниҳоди кумак барои дарёфти муҷаввиз мекунад. Як рӯз пеш мегуяд, ки «ака ман Душанбе рафта истодаам, меравам, масъалаи иҷозатномаатро мебинам. Онҷо шинос дорам»

Аҳмади Ибоҳим ҳам бидуни кадом шаку шубҳа ва фикри дигар мегуяд, ки «хайр, бубинӣ мо дар хизматем».

Ва ин Раҳмонови кгбешник боз худаш намекат мекунад, ки «хайр унҷо рафтӣ ягон касро зиёфат кардан даркор, грет кардан даркор».

Аҳмади Иброҳим ҳам мегуяд, ки «хуб, боке нест, медиҳам, кор буд шавад ва мегуяд чанд пул даркор ва меафзояд, ки ана 600-700 сомонӣ пули иҷозатнома, ягон чизи дигар боз ба худат медиҳам».

Хуб инхел бошад пагоҳ меоям мегуяд КГБешник. Ҷаноби Иброҳим мепурсад тахмин чанд пул мешавад?

Раҳмонови КГБешник мегуяд, ки «ягон дуввуним ҳазор сомониам бидеҳ, коратро ҳал мекунам».

Аҳмади Иброҳим ҳам майлаш гуфта розӣ мешавад.

Дар ин миён, то инҷои ҳодиса ягон20 -30 маротиба барои дастгир кардани Аҳмади Иброҳим бо дастури махсуси раиси шаҳри Кулоб Бахтиёр Назарзода попитка мекунанд. Сардори Раёсати молияи ноҳияи Восеъ ва сардори кадоме аз шуъбаҳои ноҳияи Шурободро медиҳанд, ки бурда ба Аҳмади Иброҳим бидиҳанд ва баробари гирифтан мақомот ӯро боздошт кунанд, яъне бо ҷурми гирифтани пора. Аммо Аҳмади Иброҳим ягон бор ҳам пул намегирад. Чи коре мекунанд, чи хеле мекунанд, аммо Аҳмади Иброҳим намегирад. Ӯро мехостанд, ки барои гирифтан ва ё додани пора бо наличий –дар ҷойи ҳодиса ва бо далели шайъӣ боздошт намоянд. То вай шарманда ва беобру шавад. Аммо наметавонанд, муваффақ намешаванд, ки биқапанд.

Ва, ҳамин тавр рӯзи дигар Раҳмонови КГБешник меояд ва мегуяд, ки ман Душанбе рафта истодаам. Ин кори худи коргари КГБ буд.

Аҳмади Иброҳим мебарорад ва мегуяд: «ана 600 сомонӣ пули иҷозатнома ба вазорати фарҳанг месупорӣ, хайр ина и дусад сумша раҳпулӣ кун, ина инаш пули зиёфат гуфтӣ, зиёфат кун. Ва ин пулҳоро дар дасташ пешаш бароварда мемонад».

(Ин нуктаро бояд таъкид ва гушпеч кунам, ки ин корро Аҳмад талаб ва хоҳиш накарда буд. Ин пешниҳоди худи ҳамон Раҳмонови КГБешник буд, ки Аҳмадро бовар кунонд бар ивази пул иҷозатнома барояш гирифта медиҳад)

Хуллас, ҳоло пулро ба он КГБешник надода, ки меоянд меқапанду мебарандаш. Буду шуди кор ҳамин аст.

Ва, ҳамин тавр ба Аҳмади Иброҳим айб эълон карданд ва боз баъди чанде замми иттиҳом намуд ӯро ба ифротгароӣ низ муқассир хонданд ва парвандаашро муҳри махфӣ заданд. Хуб, дар ниҳояти кор 10  сол равона ба зиндон намуданд.

Аммо, бояд бигуем, ки ин ҳама иттиҳомот яъне Аҳмади Иброҳим  «аз касе пул гирифт нагирифт» ин ҳама иншои қалам ва аз тахаюлоти мақомот аст ки заказ иҷро карданд, албатта, бо дарёфти подош ва «гонорар»-и хуб. Аммо бояд як нуктаро инҷо мутазаккир бишавем. Ончуноне огаҳони фаъолияти масъулони расонаҳо мегуянд, мансабдорони ҳаромхур медиҳанд ва газетаҳо мегиранд. Чунки ин ҳаромхурон манфиат доранд, дода меистанд, ки танқидашон накунанд. Худашон мебаранд газетаро пул медиҳанд ё худашонро бар ивази пардохт реклама мекунанд: роҳсозӣ, дарахтшинонӣ ва таъмири синфхона ва аз ин қабил корҳоро, ки дар асл бо пули мардум мекунанд ба расонаҳо пул медиҳанд, то бигуянд. Ин кор ягон масъалаи аҷибу ғариб ё боварнакарданӣ нест. Ин корро тамоми матбуоти Тоҷикистон мекунад, чӣ давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ…..

Бахтиёр Назар, раиси шаҳри Кулоб аз одамони наздики Асадулло Раҳмон, Сумбулоғо, ёрдамчӣ дар умури кадрҳои раиси ҷумҳурӣ аст ва вай ба Асадулло Раҳмон баромада гуфтагӣ, ки ҳамин журналист «мара ғам мета». Пуштибони Бахтиёр Асадулло аст.

Асадулло Раҳмон СС.Ятимовро дастур медиҳад, ки «чи коре мекунед намекунед, чи хеле мекунед намекунед, бардоредаш».

Се моҳи дароз аз пушти Аҳмади Иброҳим мешаванд, ки бо пора ғалтад, аммо чи хеле гуфтем ҷаноби Аҳмади Иброҳим ин шароитро барои онҳо намедиҳад.

Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки дар Тоҷикистон бе пора намешавад: духтур меравӣ пора ҳатман медиҳӣ, ҷамоат меравӣ ҳатман пора медиҳӣ,..чунки дар Тоҷикистон ҳама мегирад, бидуни истисно ва гирифтани пора як кори муқаррарӣ ва одӣ шудааст. Расонаҳо ҳам мустасно нестанд, мегиранд, чунки дигар грантҳо хушкиданд, ҳукумат намемонадашон, ки грант дода шавад. Сайт, газета, радио ТВ, блогерон ҳама-ҳама мегиранд. Набошад кору зиндагӣ карда наметавонанд. Нагиранд, наметавонанд. Як вақт буд, ки чандин сол ОБСЕ коғази расонаҳоро медод, албатта, ройгон ва бо ҳамин чоп мекарданд, рӯзашон мегузашт. Аммо ҳоло ҳамаро Эмомалӣ Раҳмонов мамнъ кардааст.Дар ҳоле боз шарм нокарда худро узви ОБСЕ ҳам медонад.

Аммо Аҳмади Иброҳим, шояд касе аз мақомот, ки шиносҳои зиёд дар дохилашон дорад, огоҳаш карданд, ки муқобилаш амалиёт дуруст кардаанд, ки намегирад ва ночор мешаванд, ки корро бо роҳи сохтакорӣ ва бо густардани дом ба иҷро бирасонанд.

Тамоми иттиҳому қазияву моҷароҳову достонҳои бар алайҳи Аҳмади Иброҳим бофтаву сохта аст. Асли қазияи «додани пора ба корманди КДАМ» -иттиҳоми зада ба Аҳмади Иброҳим ҳамин аст.

Аҳмади Иброҳимро ташкил карданд. Аҳмади Иброҳим, бори дигар мегуям, ки аз ҷонибдорони Раҳмонов буд ва бо ҳар касе, ки аз касофаткориҳои Раҳмонову режими хонаводагиаш суҳбат мекард, ба масоф бармехост. Ҷонибдори сарсупурда ва сарсахти Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустам буд.

Аммо Бахтиёр Назар бо Аҳмади Иброҳим боз аз он ҷиҳат кина ва қасд дошту дар пайи ниқору интиқом шуда буд, ки акси ҳайкали модари ӯро, ки бардуруғ ҳайкали Марями гурсухта месозам гуфта ҳайкали модари худашро гузошта буд, дар расонаҳо чоп шуд ва чопи акси тандиси модари худашро кори дасти Аҳмади Иброҳим гумон кард.

Аҳмади Иброҳим 63 сол дорад .Вай муаллифи китобҳои «Рӯди пурхун», «Ҷаҳиши охирини бабр», «Спитаман. Катан. Тахористон» ва «Куруши Кабир» аст. Вай аз соли 2012 чопи нашрияи мустақили «Пайк» дар вилояти Хатлонро аз соли 2012 ба роҳ андохта буд.

Нуктаи дигари ҷолиб дар моҷарои Аҳмади Иброҳим ин аст ки Додситони кулл ӯро ба ифротгароӣ ҳам мазнун донист. Ин дар ҳалест, ки мо хуб хабар дорем, ки Нусрат Назиров, бо тахаллуси ҷиҳодии  Абухолиди Кӯлобӣ, ки соли 2015 дар Сурия меҷангид, ҷаноби Иброҳимро таҳдид ба қатл карда буд, ки мавриди таҳдид қарор гирифта буд, агар аз «бад кардани муҷоҳидон даст накашад ӯро ба қатл мерасонад ва идораи нашрияро метарконад.»

Ва як нуктаи дигар, ки мехоҳам тазаккур бидиҳам ин аст, ки бадбахтона  ҳеҷ яке аз журналистон ва ташкилотҳои журналистӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамин Сайёфи Мизроб дар ҳимояти Аҳмади Иброҳим лаб во накарданд. Журналистҳои мо, мутаассифона муташобеҳи дарвешу дарюзаҳоеанд, ки ҳар кадоме аз онҳоро мешавад бо айни иттиҳоми Аҳмади Иброҳим масалан ҳамин тамаъҷуӣ дар канори Иброҳим бурда ҳамкамера кард.

Аҳмади Иброҳим як журналисте буд, ки дар амал, ҳамчуноне гуфтем тарафдори ҳукумати феълист. Аммо ончиро, ки вайро мутамоиз месохт ин буд, ки гапашро мегуфт. Типичний кулобӣ буд. Воқиан ҳам кулобии сунатӣ ва ҳақиқӣ. Кулобие, ки хуҷандӣ шуда бошад, ё кулобие, ки хуҷандиҳоро ба нул зада бошад набуд.

Чанд бор бо худи ман ҳам тавассути расонаҳо баҳсу даъво дошт ва мо бо нашри номаҳои боз ҳамдигарро интиқод кардаем. Ва, ҳамин таъбири имрӯз мудшудаи «Азизмои гаазетхонак» натиҷаи баҳсу даъвиҳои миёни ману Аҳмади Иброҳим аст. Чунки Аҳмад дар як мақолааш навишта буд, ки Азизмо «Пайк»-ро мехонад ва ҳатто барои як шумораи ин нашрия, ки натавонистааст дастрас бикунад, ронандаашро аз Душанбе ба Кулоб ба редаксия фиристодааст,то он шумораи рӯзномаро дастрас намояду хонад.

Ахиран Аҳмади Иброҳим бо ирсоли як нома ба унвони Раҳмонов ва Рустам асли моҷароро ҳикоят карда тасдиқ мекуанд, ки кори вай сохта аст ва дар он як раиси ва ду корманд даст доранд. Аммо, номаи Аҳмади Ироҳим посухи мусбат пайдо накард ва додгоҳи Э.Раҳмонов ӯро ба даҳ сол зиндонӣ кард.

Ps: Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим раиси Кулоб Бахтиёр Назарзода дар кругҳои махсӯсе мегуфтааст: «ба журналистон ва онҳое зидди ма менависанду мехоҳанд мара бадном кунанд расонен,ки ма ҷой пом сахтаи. Касера дар пошнаш бшинм медонм чикорш кунум. Ина Аҳмади Иброҳим гапа гуш накард рафт. Кӣ метона халосш кунад?»

Боз дар як ҷамъи дигар чунин гуфтааст: «то имрӯз дар кулоб чанд зурш раис шуд комш тонист ҳайкали очаша дар маркази Кулоб бмона?. Ягонташ натонист ин кора када, ма кадм. Бо ҷаноба овардм сюрпризш кадм, омад дид ба чашмш,ки ҳайкали очаи маҳаи неким ҳичи нагуфт молча хест рафт. Мора сармона кал набинен якчи ай дастмон меояд»

Тибқи маълумоте ба «Ислоҳ» расида ҳомиёни аслии Бахтиёр Назарзода Асадулло Раҳмон ва ахиран Мурод Саидов сармуҳофизони Э. Раҳмонов будаанд. Маблағи калонеро ҳам ба ин ду дода будааст,ки ба мақоми вазири молия таъин гардад. Барояш ваъда ҳам шуда будааст,ки аввал кушиш ба ин мақомро мекунем вале дар акси ҳол ҳатман ба ягон вазорати равғанӣ таъинат мекунем ва гапу чапҳо ҳам рафта истодааст. Гӯйё Бахтиёр Назарзода дар идораи Кулоб ва кулобиҳо сахт маҳорат дошта будааст ва ҳар кулобие, ки саркашӣ мекунад бе раҳмона муҷозоташ мекардааст ва барои ин хислаташ,ки танҳо ӯ метавонад ин корро кунад дар назди Э.Раҳмонов муаррифӣ шуда будааст. Чун Раҳмонов аз Кулоб ва кулобиҳо сахт ҳарос дорад ва чунин афроде кулобиҳоро тавонад задан ва шикастан писанд аст. Рустам ҳам ба кулобиҳо сахт нафрат дорад ва дар назди Рустам ҳам айнан чунин муаррифӣ шуда аст.

Дар охир ҳаминро меафзоям,ки онҳое аз ин режим ва оила ҳимоят мекунед донед ва огоҳ бошед барои мақомоти режими Раҳмонов содиқ буданатон ба режим ва оила муҳим нест. Бояд ба ҳама онҳое дар режим мақом доранд писанд бошед ва ончи мегуянд амал кунед. Албатта ин имконпазир нест,ки шумо ба ҳама мақомоти ин режим писанд шавед. Дар ғайри ин ҷоятон зиндон аст.

Сообщение Аҳмади Иброҳимро кӣ маҳкум кард: додгоҳ ё раиси шаҳри Кулоб? появились сначала на ISLOH.net.

Чаро Рустам ба Озарбойҷон ва Туркманистон рафт? Аҳмади Иброҳим аз Рустам чӣ хост?
«Додари азиз, Рустами Эмомалӣ, ҳоло ту вазифадорӣ, ки обурӯйи падарат ва ватанатро бо қабули ин ду пешниҳод ё роҳи дигар бихарӣ. Атрофиёнат гуфтанд, ки ту хеле ҷавони ҷасур ва бофаҳму бо идрокӣ. Ба дуқад шудану тамаллуқкорӣ кардани баъзе аз масъулин фирефта нашав, эҳтиром фақат дар ин нест! Инҳо дар асл санг дар бағал доранд, ба шумо некӣ намехоҳанд. Шахсан ман ва тими «Пайк» имрӯз ва дар оянда мехоҳем бо ту кор кунем, ватан обод созем ва дастовардҳои абармардони собиқ ва падари арҷманди туро ҳифз созем, фақат имрӯз нагузор, ки ватани ману ту шарманда шавад».

(иқтибос аз мактуби кушоди Аҳмади Иброҳим ба Рустами Эмомалӣ)

Ҳайф.

Аввалин ҳарфе, ки баъди хондани ин мактуби кушоди Аҳмади Иброҳим, сардабири «Пайк» дар зеҳнам хутур кард, ҳамин буд:

Ҳайф.

» Барои он ҳайф, ки ҳиҷ мавридеро наметавон ба ёд овард, ки на Рустам ва на падараш ба номаҳое амсоли ин номаи моломоли дарду доғи мардум вокуниши мусбат нишон дода бошанд. Ин бор ҳам истисно нахоҳад буд, ки ин нома камтарин вокунише ба бор оварад. Зеро мухотаби ин нома ва падари вай, ки сӣ сол мешавад дар сари қудранд, дар сар фикру хиёли дигар доранд ва ҳодисаву рухдодҳо гувоҳи он аст ки беш аз пеш сиёсати қулдурӣ, зургӯӣ, иҷбор, ваҳшатуфканӣ, тарсу ҳаросро болои мардум ҷорӣ карда истодаанд. «

Дар оғози мавсими сарбозгирӣ «Ислоҳ» навишта буд, ки имсол ин фарохон бадтар аз солҳои гузашта хоҳад шуд. Хабарҳое, ки мерасад ин пешбинии моро таъйид мекунад. Ҳоло дар тамоми масоҷиди ҷомеъ дастур шудааст, ки ё як сарбоз биспоранд ё 5000 сомонӣ бипардозанд.

Аммо ин навиштаи бародар Аҳмади Иброҳим барои ман як ангезае дод то бори дигар роҷеъ ба Рустами Эмомалӣ бинависам. Барои он бори дигар, ки қаблан ҳам на як маротиба аз ӯ ва фаъолиятҳои, дақиқтараш ҷиноятҳои ӯ гуфтему навиштем. Шахсан ман ва тими «Ислоҳ» ба тафовут аз бародар Аҳмади Иброҳим дар оянда намехоҳем бо Рустам кор кунем ва дар харобазор кардани ватан ва сарсону саргардону ҳабсу зиндонӣ кардани рушанфикрону донишмандони миллат бо вай ва падари лаънаткардаи Аллоҳаш шарик бошем.

Ва,ҳоло:

«Дузд дуздро дар шаби маҳтоб мешиносад»

Фикр мекунед, ки ҳамин чанд рӯзи пеш Рустами Эмомалӣ Туркманистон чиро рафт? Рустам Туркманистон барои он рафт, то як «пиар» кунад ва паём диҳад ки «имрӯзу пагоҳ ман ҳам Сердар мешавам». Рустам барои афзоиши ҳамкориҳо, боло бурдани мизони табодули моло коло ва ё харидории нафти Турманистон нарафт. Чун миёни Туркманистон ва Тоҷикистон ҳаҷми гардиши мол ҳатто 20 миллион долларро ҳам ташкил намекунад.

Туркманистон кишваре намебошад, ки кадом нақшу мақоме дар муносибат бо Тоҷикистон дошта бошад. Аммо аҳамият ва махсусияти вижа ва ё оҳанрубое, ки Рустамро бикашидаву ба Туркманистон бурдааст ҳамин анҷоми амалиёти интиқоли қудрат аз падар ба писар аст, ки барои Рустам ва падараш арзиши болотар аз ҳаётро дорад. Рустам рафт ба Туркманистон то бигӯяд, ки ин танҳо ӯ нест, ки курсии раёсати ҷумҳуриро ба рағми майлу иродаи мардум ва миллаташ маврусӣ карданист ва ҳоло вай дар рӯбарӯ ба нафаре нишастааст, ки (Сердор Бердимуҳаммадов) ҳамин корро анҷом дод ва касе аз туркманҳо лому мим ҳам нагуфт ва агар ҳам, ки ӯ омад тоҷикҳо ҳам бояд қабуд кунанд ва муқобилият нишон надиҳанд. Рустам рафт ба Туркманистон то намунаи ояндаи ҳукуматдорӣ дар Тоҷикистонро тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш бигзорад. Оянда вай раиси ҷумҳурӣ мешавад ва Эмомалӣ Раҳмонов, дар курсии Асосгузори сулҳу Пешвои миллат мешинад ва мақомоти хориҷиро ҳарду, ҳамчуноне Қурбонгулӣ ва Сердар Бердимуҳаммедовҳо мепазиранд, қабуд хоҳанд кард: отаву бача. Ин халқу ин мардуму ин миллату ин ватану ин давлату ва ин «облава»-ро кашидагӣ, задагӣ, ки чи мегуянду чи мекунанд. Боядам мардум мурдамурда тоқат ва итоат кунанд.

Вай, вақте дар оғози марти имсол Озарбойҷон, пеши Илҳом Алиев рафт, низ бо ҳамин нақшаву ният рафта буд. Чун ҳеҷ зарурате барои сафари Рустами Эмомалӣ ба Боку набуд. Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамагӣ дар ҳаҷми 6 миллион доллар доду гирифт доштаанд. Вай рафт Озарбойҷон, то инки бо нафаре, ки курсиро аз падараш гирифт, бишинад ва дар расонаҳо ҳам замзама кунанд, ки Тоҷикистон дар интиқоли қудрат аз Озарбойҷон пайравӣ мекунад ва Рустам ҳам чанде баъд Илҳом Алиеви Тоҷикистон мешавад. Ин як навъи таблиғи нақшаву нияти Эмомалӣ Раҳмонов ва ташвиқи он ки маҳз ҳамин хел мешавад. Ва, дар мағзу азҳони мардум фуру карданианд, ки Рустам Илҳом Алиев ва Сердор Бердимуҳаммедови Тоҷикистон хоҳад буд.

«Рустам ба Туркманистон ва Озарбойҷон барои он сафар анҷом дод, ки то нишон бидиҳад  давлатҳое мисли Тоҷикистон ва роҳбарҳое мисли падараш ҳастанд ва онҳо ҳиҷ кори баде накардаанд, фақат инки падари пири беш аз сӣ сол дар қудрат бударо бо як ҷавоне иваз кардаанд. Бидуни онки ҳаё варзанд, шарм дошта бошанд, хиҷолат бикашанд, пусти хукро дар руяшон мекашанду мегуянд, ки дар интихоботи озоду демократӣ Рустами Эмомалӣ, сиёсатмадори ҷавону ҷасур, 90унд % овозҳои интихобкунандаро ба даст овард.»

Рустам бо ин сафарҳо ба Озарбойҷону Туркманистон дурусту яқин заминаи омадан, дақиқтараш овардани худро фароҳам карда истодааст. Аз суе дигар вай як навъи эътилоф ва иттиҳоди давлатҳои диктотурӣ ва худкомаро дорад ташкил мекунад. Ҳозир Эмомалӣ Раҳмонов дар тамоми кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд дарозумртарин раиси ҷумҳурӣ ва дар миқёси олам ҳам дар шумори чанд нафар диктотурҳои беш аз се даҳа дар қудрат боқимонда ба ҳисоб меравад.

«Аммо тибқи як маълумоти таъйидношуда Рустами Эмомалӣ бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноии қочоқбарони молу маҳсулот дар Туркманистон ва Русия тиҷоратҳои муштарак дорад. Рустам шароити интиқоли молу колоҳои истеҳсоли Чинро тавассути марзи Тоҷикистон барои ин гурӯҳҳо фароҳам кардааст, ин колоҳо то ба кишварҳои аврупоӣ бурда мешаванд. Мо, наметавонем тасдиқ ва ё такзиб кунем, ин матлаберо, ки чанде пеш дар шабакаҳои  иҷтимоӣ мунташир шуда буд. Бинобар ин навишта нафаре бо исми Нуриддин, аз Данғара ё Кулоб таҳти ҳимоят ва пуштибонии Рустами Эмомалӣ ҳаракати аъзои шабакаи байналмилалии қочоқчиёни маводди мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва аз онҷо то ба Аврупоро аз марзҳои Қазоқистону Қирғизистон таъмин мекардааст. Гуфта мешавад ин Нуриддин тамоми харҷу масрафи маишату истироҳат ва ҳатто сафарҳои Рустам ба хориҷ аз кишварро маблағгузорӣ мекардааст. Сафари ахири Рустами Эмомалӣ ба Ашқободро ҳам ҳамин Нуриддин сармоягузорӣ карда ва дар ин сафар ҳамроҳи Рустам будааст.»

Гуфта мешавад, Сердар Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон низ муътод буда ва Рустами Эмомалӣ аз таъминотчиёни ӯ ба шумор мерафтааст. Рустам, то ин сафари расмиаш низ борҳо пинҳонӣ бо самолети хусусиаш ба назди Сердар ба Ашхобод омада будааст. Онҳо дар меҳмонхонаи панҷситораи мавсум ба «Олтиной»-и Ашқобод якҷо бо духтарҳои фоҳиша шабнишиниҳо баргузор мекардаанд. Рустами Эмомалӣ шабҳоро дар меҳмонхонаи ба номи «Сердар» -и маҳаллаи Фируза Ашқобод ба сар мебурдааст. Рустам дар инҷо бо як фоҳишаи касбӣ бо номи Гулмира зиёд амалҳои маҳрамона анҷом медодааст ва аз ҷумла дар сафари ахираш низ Гулмира бо Рустам будааст. Гулмира бо усулу шеваҳое наздикӣ мекардааст, ки Рустам барои ӯ шуда ба Ашқобод меомадааст. Гулмира солҳо пеш маъшуқаи Мурод Ниёзов, писари Сапармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури пешини Туркманистон будааст.

«Аммо, бовар кунед, ки Рустам ҳатто дар сатҳи ҳамин Сердор Бердимуҳаммедов ҳам қарор надорад, чи расад ба онки бо Илҳом Алиев қиёс бишавад. Шояд барои атрофиёнаш бисёр «ҷасур» бошад аммо бубинед, ки ҳатто ҳамон ду ҷумлаи ташрифотӣ ва протоколиро дар суҳбаташ бо раиси маҷлиси Туркманистон аз рӯи коғаз хонд. Ҳиҷ коре, ки қобили ситоиш ва ситудан бошадро накардааст. Аммо бубинед, ки илми баҳракашиву суистифода чи қадар мумтозу ғарро аст. Рекламаи «Сиёма» дар даруни соати барномаи хабарии шабакаи давлатӣ аст. На, танҳо «Сиёма», «Душанбе-сити», бозори «Сиёма-молл», ширкати «Авестогрупп», ки 24 соат дар шабакаҳо реклама мешаванд, рустам ва тиҷоратҳои беҳисоби ӯро муаррифӣ мекунанд.»

Як корманди фурудгоҳи Душанбе ба яке аз шиносҳои мо гуфтааст, ки аз чанд вақт ба ин тараф Рустам ва Ҳасан Асадуллозода бо самолётҳои хусусии худ гоҳ-гоҳе ба дохил ва хориҷа сафарҳо анҷом медиҳанд. Ин самолётҳо, ки гуфта мешавад 10 миллион доллар арзиш доштааст дар ангарҳои фурудгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Вай гуфтааст, ки ҳаргоҳе Рустам ба ягонҷо сафар карданӣ бошад ҳама коргаронро аз назди ин ангар дур мекунанд,то ба «Ислоҳ» хабар надиҳанд. Аммо яке аз ҳамроҳони Рустам гуфтааст, ки мо чанд бор бо ин самолёт ба назди Сердар Бердимуҳаммадов рафтем.

«Ҳарду кишваре, ки Рустам ба онҳо сафари корӣ анҷом дод: Озарбойҷон ва Туркманистон  ҳамвора ба монанди Тоҷикистон ба саркӯби мухолифон, таъқиби дигарандешон, хафақони озодиҳои сиёсиву мазҳабиву матбуотӣ ба шиддат интиқод мешаванд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “дузд дуздро дар шаби маҳтоб ҳам мешиносад”

Рустам барои ин мардум ва ин ватан ҳеҷ гоҳ кори баманфиат анҷом намедиҳад. Вай аз боқии зоидагиҳои Эмомалӣ Раҳмонову Азизмоҳ як зарра ҳам фарқ надорад. Балки аз онҳо дида баднафстару бераҳмтару беинсофтар аст. Ҳозир пойгаҳ барои вай холӣ аст. Ҳар чизе ки дилаш бихост, ҳамон мешавад. Кам монда буд, ки осорхонаи падари адабиёту давлатдории муосири тоҷик домулло Садриддин Айниро хоку туроб карда ва пайи онро ба кадом як бизнесмен фурӯшад. Чун барои вай ҳеҷ чизе муқаддас ва боарзиш аз доллар нест ва насиҳати шунавидааш аз падар ҳам ҳамин аст ки «пока есть возможност и время» ҷамъ кун, бо чи роҳе бо чи қимате ҳам, ки набошад.

«Дар боло, дар бораи чанде аз ширкату тиҷоратҳои Рустам ёдовар шудем. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки Рустам дар Душанбе як корхонаи истеҳсоли уребча (памперс)-ро кушод. Аммо ҳоло маълум мешавад, ки ин уребчабарорӣ аз они худи Рустам будааст. Чун тоҷирони аз берун памперс меовардаро ҳушдор додаанд, ки аз хориҷ оварданро қатъ кунанд ва аз ҳамин корхона бигиранд ва тибқи маълумотҳои расида ҳоло «Таҷеро» аз они Таҳминаи апаи Рустам  ин уребчаҳоро ба дуконҳо тақсим карда истодааст.»

Барои ҳамин бародар Аҳмади Иброҳим, сардабири арҷманди нашрияи «Пайк» омадани Рустам ба ҷойи падараш рӯзу рӯзгор барои тоҷик ва Тоҷикистонро сиёҳтар мекунад. Агар Рустам мактуб мехонду ба мактуб ҷавоб медод ба мактуби модари ҷигарсухтаи Гулбиддини бадахшонӣ ҷавоб медод. Ҳазорҳо модарони ин миллат навиштаанд ба ӯ , аммо аз санг садо ҳасту аз ӯ не. Вай давоми падараш аст,балки бадтар аз падараш хоҳад буд.

Аммо ба фарқ аз Абдулло Роҳнамои чоплусак, ки мегӯяд бо омадани Рустам «нигарониҳои сиёсӣ» рафъ шуд, шумо, ки аз мушкил мегӯед, хуш ба ҳолатон. Аммо ман бо сароҳат ва бо итминони тамом мегӯям, ки омадани Рустам ин кишвар ва ин миллатро на ба асри миёна ба аср ва ба обшинаи ибтидоӣ мебрад. Дигар ҳама ғулому бардаи Оли Раҳмонов мешаванд. Чун хоре ба пойи Рустам нахалидааст ва вай, ки дур аз воқеиятҳо бузург шудааст, ҳиҷ коре намекунад, ки зиндагӣ барои мардум сабуку осон шавад. Баракс. Давлат ба вай барои кор дода намешавад, давлат ба вай барои айшу ишрат дода мешавад.

Албатта, хеле тулонӣ шуд, вале чун ҷойи гуфтан омад, инашро ҳам бигӯям, то бо кӣ будани Рустам бештар ошно бишавед. Ин ҳикояти як корманди собиқи гумрук аст:

Вақте Рустам дар соли 2009 сардори Раёсати зиддиқочоқи Хадамоти гумрук таъин шуд хеле аз кормандони ботаҷриба ва соҳиби малака аз кор ронда мешаванд.

Муқобили баъзеи онҳо дело карданду бегуноҳ сол доданд, якхелҳояшонро

«угрожат» карда аризаҳояшонро гирифта аз кор пеш карданд, як хели дигарашонро «подставит» карданд. Ин корро барои он карданд, то нишон диҳанд   ҳарфи аввалу охир аз они Рустам аст ва ҳама бояд пеши вай дуқад шаванд. Он вақт Рустам ҳамеша «подкайф»-и героин мегашт. Як тарафи бинои Хадамоти гумрукро тамоман банд карда ҷои арусбозиву арақхуриву геразанӣ карда буд. Дар он блок касе ҳад надошт ворид шавад. Ҳатто раиси Хадамоти гумрук  генерал- лейтенант Зарипов Гурез пеши Рустам даромада наметавонист. Дар тӯли моҳ агар яке дар саҳани бино медид давида давида омада «Рустамҷон чико кунум,чи камбуд дорӣ,чи хидмат кунум» гуфта харгуш воре дур-дур меларзид. “Хушомадкунӣ ба як кудака медидӣ!!!” Вазири таможни Рустамро дида ай тарса дар куҷо баҷо шиданша намедонист. Ин Рустами герчик бошад соатҳои 11 бо даҳ мошин  миемадану ҳамроҳи ҷураҳояш хандаю арақхурӣ, бо арӯсҳо сеюм ошёнаи Гумрукро  «дом терпения» карда  буданд. Гурез Зарипови бечора ва дигар сардорони раёсат дигар дар даву тоз буданд: арақ, самбуса, шашлик, палав, хулоса Рустаму ошноҳову арусҳояшро бо хурок таъмин мекарданд. Баъд, вақте Рустам раис шуда омад  Гурез Зариповро бо як корманди дигар Анвар Хоҷаев «дело» карданд дар соли 2013. Дилаш зад, аммо он вақт намурд. Тавассути Фаттоҳ Сайид 50 миллион долларашро гирифта баъд сар доданд. Бо ҳазору як алам мурд. Ҳозир ҳамон бачаи Зарипов Гурезро Асадулло Раҳмон-Сумбулоғо пули калон гирифта муовини раиси шаҳри Душанбн мондагӣ аст. Гуреззода Умед (Зарипов Умед Гурезович )

Бародари арҷманд, Аҳмади Иброҳим, Худо кунад, ки пешниҳоди туро Рустами Эмомалӣ, ки ин қадар аз ҷасорату ҷуръаташ гуфтаӣ, қабул бикунад. Лекин исто, ки дар пеши ҷуръату ҷасорати Рустам, ки садду девор гузоштааст?  Фикр мекунӣ, ки Рустам аз «облава»бохабар нест? Агар Рустам бихоҳад, ки «облава» ҳал шавад Сомони бародараш ва Исмоили ҷиянашро бояд қапида мефиристод. Аммо ҳоло бадтарин ҷойи «облава» ин Душанбе аст. Агар Рустам кордону  ҷасур аст, чаро Душанбе наметавонад нақшаро буд кунад? Ба маҳзи Рустам қонуни аскариро иваз ва ҳоло донишҷӯҳоро «бо хоҳиши худ ва ихтиёрӣ» бурда истодаанд. Як ҳодисаро мухтасар мегӯям. Ҷавоне рафт хидмат кард, омад. Рафт Русия, депорт шуду омад, исмашро иваз кард. Хоҳ бовар мекунӣ ва хоҳ не, ӯро бори дигар дастгир карда маҷбурӣ аскарӣ фиристоданд. Боз хидмат кард. Дигар худ донӣ, бародари азиз. Вале бовар кун бародари азиз, агар Рустам салоҳи ин ватан, ин давлат ва ин миллатро бихоҳад, бояд бас кунад. Ба падараш ҳам бифаҳмонад, ки ҳамин қадараш бас аст: аз ҳад гузаронидем!

«Барои хонанда ва бинандаи бешумори “Ислоҳ”,ки аз Пайк ба маротиб бештаранд.  моро худи Рустам ҳам бо оилаи “Пешво” мебинанду мехонанд. Салоҳ медонам номаи саркушодаи Аҳмади Иброҳимро биорем,то Рустам яке мебинед чашмонашро мепӯшаду мекунад.»

МАКТУБИ КУШОДИ АҲМАДИ ИБРОҲИМ БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Миллатро аз шармандагӣ наҷот деҳ!

Салому дуруд бар шумо, раиси Парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ. Мактубро бояд ба унвони Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менавиштам, аммо гумон дорам, ӯро ташвиш додан лозим нест, аниқтараш ҳаққи ташвиш додани ӯро надорам. Ӯ рисолати азалии худро дар назди миллати тоҷик адо кардааст. Бо изни Худо давлати ҷангзадаи касоду фасодро ба як кишвари гулгулшукуфон мубаддал гардонид. Дар ин роҳ ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёташ-ҷавониашро қурбон кард. Ҳақ дорад ҳоло аз буҷҷаи кишвар дар беҳтарин истироҳатгоҳҳои олам бафароғат дам гирад. Корро бояд ман, ки раиятам ва ту, ки садри ҳукуматӣ анҷом диҳем. Хоҳиш дорам «ту» гуфтани маро таҳқир ҳисоб накун, чунки менталитети мардуми мо ҳамин аст -калонтар ба хурдтар «шумо» гуфта муроҷиат кунад, таҳқираш меҳисобанд. Ин одати мардуми бародармиллати мо узбекон аст, ки ҳатто мӯйсафед ба кӯдаки 1 сола «шумо» гуфта муроҷиат мекунад.

Хулоса, бародари гиромии мо Рустам, баъди тамошои навори «облава» дар ноҳияи Ёвон ҳамин ҳафта, дигар тоқатам намонд. Дигар тобу тавони дидани таҳқири давлатамро надорам. Ин ҳама доду фиғон, ин ҳама аз ошёнаҳо парида гурехтани донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Ёвонро дида, сахт дар изтироб шудам. Банда ҳанӯз 15 соли пеш дар мақолаҳоям гуфта будам, ки бо ин тарзи коргузории фармондеҳии ҳарбӣ билохира ватани ман шарманда мешавад. Баъди солҳои 2010-ӯм бошад дар бораи аз байн бурдани «облава» пешниҳодҳои зиёд кардам, ки гӯши шунаво наёфтанд. Мисли он, ки қасдан пешниҳодҳоро қабул намекунанд, то давлати мову сарвари мо шарманда шаванд! Аммо мову ту ку ба ин ду, хайрхоҳем, мехоҳем давлати мо дар арсаи байналмилал мавқеи волои худро дошта бошад? Ҳоло ҳама медонанд, ки дар як сол 2 маротиб раисони ҳукуматҳои маҳалҳо бо тамоми сохтори давлатдорӣ ба кормандони ғайриштатии комиссариатҳои ҳарбӣ мубаддал мегарданд. Баъзеашон дар хилват ва дар назди наздикон хун мегирянд, чунки бовар надоранд нақшаро иҷро карда тавонанд. Яке облава мекунаду солдат мефурӯшад, дигаре гурехта ба хориҷи кишвар меравад, саввумӣ дар кунҷу канори мувофиқ пинҳон мешавад. Агар касе мегӯяд ин суханон ҳақиқат надоранд, ба Худо қасам хоини ҳамин миллат аст! Маҳз ҳамин нафарон заҳматҳои кашидаи падари ту ва Пешвои миллати маро дар роҳи ободии диёр ба сифр оварда расониданианд. Воқеоти назди Коллеҷи тиббии Ёвон дар назди ҳама комиссариатҳои ҳарбии ватан қариб ҳар рӯз такрор мешаванд ва аламовараш ҳамин ки пинҳон намемонанд.

Медонам, намепурсӣ, ки кӣ айбдор аст, чунки худ таҳсилкардаиву донишмандтар аз ман, ба хубӣ ҳамаашро медонӣ.

Инҷо Ҳукумати ноҳияи Ёвон ва ҳукуматҳои дигар шаҳру навоҳӣ айбдор нестанд, комиссариатҳо ҳам, ҳатто ҷавонон ҳам, балки айб дар сиёсати нодурусти Вазорати мудофиаи кишвар аст. Ислоҳаш бошад, гумон дорам, дар дасти раиси парлумони кишвар, яъне дар дасти ту аст, додари азиз. Баъзеҳо ба ман гуфтанд, ки агар чунин мактуб ба Рустами Эмомалӣ нависӣ, базудӣ аз паят кормандони милитсия омада дастонатро баста мебаранд. Бо вуҷуди ин ҳам навиштам. Бигзор ману чанд нафари дигари мисли ман қурбон шаванду мушкил ҳалли худро ёбад, набошад кадом рӯз кадом раиси ҳукумати маҳал даст ба худкушӣ мезанаду шармандагӣ аз ҳад мегузарад.

Инак, 2 пешниҳоди банда:

1. Хизмат дар сафи артиш бояд 1 сола бошад. Аз ин як сол 6 моҳашро аскар дар қисмҳои низомӣ хизмат кунаду 6 моҳи дигарашро дар хона. Баъди 6 моҳи хизмат дар казарма бо либосҳои ҳарбиаш ба хона ҷавоб шавад, аммо билети ҳарбӣ ҳоло нагирад ва дар қайди қисми низомӣ бошад. Дар сурати зарурат бо як занги телефонӣ дар муддати кӯтоҳтарин, ба қисми ҳарбӣ дар либоси низомӣ ҳозир шавад. Баъди 1 соли дигар, чун билети ҳарбӣ гирифт, ҳама дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ дар эҳтиёт боқӣ мемонанд, то 40 солагӣ.

Ҳама бояд хизмат кунанд. Ҳангоми муроҷиат ба ҳама сохторҳои давлатӣ ва фурӯдгоҳҳо ҳатман бояд билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи комиссариати ҳарбиро пешкаш намоянд. Инро вориди қонун кардан лозим.

Ду сол пеш ҳафтавори «Пайк» як нафар кормандашро ихтиёрӣ ба сафи артиш равон кард. Хизматро адо карда омада гуфт, ки дар ду сол ҳамагӣ 6 тири автомат паррондааст. Ду соли умраш беҳуда гузашт, на ягон касб омухт на тарбияи ватандустӣ гирифт ва на малакаи ҳарбӣ. Дар 6 моҳи пешниҳодкардаи мо бошад, хизматчӣ бояд фақат ҷанг омӯзад, подабонӣ накунад, ҷуфту хишова накунад, барои командирон пул набарад.

2. Ротаҳои корӣ таъсис додан лозим. Хизмат дар ин ротаҳо ихтиёрӣ бояд бошад. Барои пайдо шудани ихтиёриён, ба ин хизматчиён моҳона додан лозим. Масалан 2000 сомонӣ маошаш бошад, 500 сомонӣ ба суратҳисоби артиш гузарад, 1500 сомонӣ ба суратҳисоби худи хизматчӣ. Баъди 1 сол ё 2 соли хизмат, (вобаста ба хоҳиши худаш) хизматчӣ билети ҳарбӣ гирад.

Ҳоло сохтмонҳо зиёданду коргарон намерасанд, аз ин ҳисоб метавон бо як тир чанд нишон зад.

Аз ин зиёд пешниҳодҳо намекунам. Бовар надорам Вазорати дифоъ қабули ин 2 пешниҳодро ҳам ба ту тавсия диҳанд, чунки гумон мекунанд ман, як журналистак обуруйи муфт меёбам. Бало ба сари обуруйи ману сад чун ман, обуруйи ватанро бихаред!

Бале, ин ду пешниҳод дар дунё собиқа надорад, аммо мо миллати ориёием, бигзор дигарон аз мо омӯзанд.

Додари азиз, Рустами Эмомалӣ, ҳоло ту вазифадорӣ, ки обурӯйи падарат ва ватанатро бо қабули ин ду пешниҳод ё роҳи дигар бихарӣ. Атрофиёнат гуфтанд, ки ту хеле ҷавони ҷасур ва бофаҳму боидрокӣ. Ба дуқад шудану тамаллуқкорӣ кардани баъзе аз масъулин фирефта нашав, эҳтиром фақат дар ин нест! Инҳо дар асл санг дар бағал доранд, ба шумо некӣ намехоҳанд.

Шахсан ман ва тими «Пайк» имрӯз ва дар оянда мехоҳем бо ту кор кунем, ватан обод созем ва дастовардҳои абармардони собиқ ва падари арҷманди туро ҳифз созем, фақат имрӯз нагузор, ки ватани ману ту шарманда шавад.

Бо эҳтироми хосса Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтавори «Пайк»

Сообщение Чаро Рустам ба Озарбойҷон ва Туркманистон рафт? Аҳмади Иброҳим аз Рустам чӣ хост? появились сначала на ISLOH.net.

Аҳмади Иброҳим мо ву ту ҳамсангар ва ҳамҳадафем
(посухи номаи дуввум)

Салом бародар Аҳмади Иброҳим! Дар ин моҳи муборак аз Аллоҳи бузург талаб дорам, ки тамоми тооту ибодотат қабули даргоҳаш бишавад. Номаатро хондам. Гуфтам, ки посух надиҳам, чун як радду бадал кардем, кофист. Дар ин моҳи мубораки рамазон ҳеҷ кореро ҷуз ибодат ва ончӣ бар нафъи худам ва дастгири қабру тушаи охиратам бошадро тарҷеҳ намедиҳам. Аммо, ба назарам намуд, ки шояд интизорӣ посух бошӣ. Барои ҳамин туро бисёр мунтазир накунам гуфтам ва ончиро, ки ҳоло мехонӣ, бароят навиштам.

Навиштаӣ, ки бо ман дар як сангар нестӣ. Аммо ман гумон мекунам, ки мову ту дар як сангар ҳастем:

«сангари гуфтану гирифтану шунуфтани ҳарфи ҳақ. Ин сангар моро якто кардааст ва фикрам ин аст ки мову ту дар сангарҳо нестем. Дилам бисёр мехоҳад, ҳеҷ сангару ҷабҳае дар байни ману ту аслан ва абадан вуҷуд надошта бошад. Инки ману ту назарҳои мутафовит дошта бошем, ин сангарнишинӣ набояд маънидод шавад.»

Ман, барои мисол ҳеҷ гоҳ ба ин гуфтаи ту, ки мегӯӣ, «ҳар ҳукумат вобаста ба аъмоли мухолифинаш самти фаъолият муайян месозад» наметавонам розӣ бошам. Ҳамчунин мегӯӣ, ки азбас оппозитсия аз ноуҳдабароии сарвари давлат мегӯяду бо шӯронидани мардум мехоҳад ҳукуматро ба даст гирад, ҳукумат низ баҳри нобудии ин гуна мухолифин иқдом мегирад.

Ҳар ҳукумат дар чаҳорчӯби барнома ва нақшаи пешниҳод кардааш ва инки онро мардум пазируфтааст, амал мекунад, новобаста аз онки оппозитсия чӣ мегӯяд. Ҳукумат худро ба аъмоли мухолифиниаш мутобиқ ва мувофиқ намесозад. Албатта, ҳукумати ба худ муътақид ва мутмаин, агарки мухолифини сиёсиаш интиқод карду пешниҳодоти ҷолиб ироа кард, қабул мекунад. Ҳоло агар гуфтаи туро ҳам қабул кардем, фикр мекунӣ, ки ҲНИТ чи кори ғалате, қонуншикание карда буд, ки яку якбора кадом як ошӯби набударо ба пояш бастанд? Ончи ки имрӯз мухолифини сиёсӣ анҷом медиҳанд, акси садо аст, вокуниш аст, ба ончи ки ҳукумат дар ҳақи онҳо кардааст, на баракс.

Мухолифини сиёсӣ, хоҳ дар Амрико ва хоҳ дар Тоҷикистон ва ё ҳар кишваре дигар бошад, аз «ноуҳдабарори ҳукумат ва раиси он» мегӯяд, ва ин кор урфу расми низоми мардумсолор ва сохти ҷумҳурист. Ва, инро набояд шӯронидани мардум алайҳи давлат ва сарвари давлат қаламдод кард. Ҳадафи ҳама оппозитсияи сиёсӣ ин расидан ба ҳокимият аст. Ҳукумат набояд барои ин ҳадафи оппозитсия онро нобуд созад, чун оппозитсия, аз ҷумла ҳамин ҲНИТ чӯб, санг, оҳан умуман ашё нест, ки бишавад нобуд кард, бахусус ҲНИТро. Ин як назарфиребие беш нест, ки бо зиндонӣ ва фирорӣ кардани аъзои он,  ҲНИТ аз байн рафта бошад. Ҳама чиз вақт соати худро дорад. Беш аз ин дар ин маврид чизе намегӯям. Вале маҳз ҳамин интиқоду ба ҳукумат омаданҳову аз ҳукумат рафтанҳои нерӯҳои сиёсӣ сабаб ва асоси таҳкиму суботи давлат мешавад. Коре, ки ҳоло дар Тоҷикистон идома дорад, инро намешавад давлат ва сарвари давлат гуфт, чун се даҳа аст ки як нафар бо баргузории интихоботҳои ҷаълӣ худро дар қудрат нигоҳ дошта истодааст, ки ба ягон меъёри демократӣ намегунҷад. Ҳукуматҳо тавассути мардум –овоздиҳӣ табдил мешаванд ва бояд шаванд. Агар нашуданд, онҳо ҳокимиятро хонаводагӣ ва авлодӣ мекунанд. Вале натиҷаашро, масалан дар Қазоқистон дидем.

Ҳукумат баҳри нобудии мухолифин набояд амал кунад ва табиист, ки мухолифин ҳам набояд чунин андеша дар сар дошта бошад. Аммо кафшери курсӣ ҳамагуна ҳукуматҳоро осебпазир мекунад. Ҳукумат ҷовидонӣ ва абадӣ нест. Ҳукумат як вақт ҳаст, вақти дигар нест, нав мешавад, дигар мешавад. Нав нашавад вай ҳукумат нест, вай диктатура аст. «Сарвари давлат» фаришта ва малоика нест. Вай бояд интиқод шавад. Вайро набояд ба бут ва санам табдил карду парастид. Вай бояд ивазшаванда бошад, набояд то мурдан дар қудрат биистад. Як бор ба вазъи ду Корея мутаваҷҷеҳ бишавед, ки кадоме шароиту зиндагии беҳтар дорад? Сабаб дар он аст, ки дар як ҳукумат меросӣ асту дар дигаре ҳокимият ивазшаванда аст.

Ҳоло, ростӣ, намедонам, ки дар мавриди ин гуфтаҳои ту дар бораи муллоҳову домуллоҳо, аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзову эшони Нуриддинҷону дигарҳо намедонам бароят чи бигӯям. Агар рафту бо онҳо рӯбарӯ бишавам, бовар кун, барои во карлани гиреҳе, мушкиле ҳатмани ҳатман маслиҳат ва машварати онҳоро мепурсам ва қабул мекунам, чун онҳо уламоянд ва агарки роҳнамоии ғалате карданд, на танҳо барои худ ҷавоб хоҳанд дод. Ба дасти ман буд, барои онҳо минбару майдони васеътар фароҳам мекардам. Бозмегардонидам ба масоҷидашон, чун онҳо каломи раббониро ва аҳодиси набавиро ба мардум мерасонанд.

Ҳоло, ки аз ин нашрияҳои хушном: «Одаму Олам», «Рӯзи нав», «Неруи Сухан» ёдовар шудӣ, хуб кардӣ. Вале ин фикр ҳам шояд ба андеша бибарад, ки чаро онҳо дигар вуҷуд надоранд? Ва, на танҳо онҳо. Вале сабабгори аз чоп мондани онҳо кӣ аст?

Мегӯӣ, ки он мусафедон қасди табаддулот доштанд. Ман, ростӣ, дар бораи онки Ғаффор Мирзоев қасди табаддулоти давлатӣ доштааст, шунида будам. Аммо то ба имрӯз бовар надорам. Чун ин кор дар шахси нафароне, чун Ғаффор ғайриҷиддӣ ба назар мерасад, Ҳамчунин ба табаддулоти давлатии ҳоҷӣ Ҳалим ҳам бовар нахоҳам кард.

«Аммо ба он Аллоҳи бузург савганд, ки на Зубайдуллоҳи Розиқ ва на Сайфуллозода ва на ҳеҷ наҳзатии дар зиндон қасду нияти табаддулотро надоштанд. Инкор намекунам,ки мехостанду мехостему мехоҳем, ки ҳукумат, роҳбари ҳукумат нав шавад. Инро ҳамаи мардум мехоҳад. Ҳатто шумо ҳам ҳамчун як зиёӣ ва равшанфикру журналист мехоҳед дар кишвар тағйирот ва сатҳи зиндагонии мардуми кишвар тағйир ва беҳбуд ёбад. Алал ақал мехоҳед озодии сухан ва озодии ВАО дар кишвар вуҷуд дошта бошад ҳамчун як журналист.»

Аммо, бовар намо, ки агар ин муллоҳо тамоми гапҳои гуфтаи туро ҳам мегирифтанд, вазъашон беҳтар аз имрӯз намешуд, чун хаффош ҳеҷ гоҳ рушаниро таҳаммул карда наметавонад. Манзурамро, ки фаҳмидӣ.

Мегӯӣ, ки онҳо ҳокимият ва сарвари давлатро бесалоҳият мегуфтанд ва мардумро барои табдили ҳокимият даъват мекарданд. Боз ҳам мегӯям, ки дар ин кор ҳеҷ бадие ниҳуфта нест. Даъват ба табдили ҳокимияти бесалоҳият, ҳокимияте, ки дигар фақат дар фикри ҳифзи қудрат ва бақои он ва меросӣ кардани ҳукумат, хонаводаӣ кардани он аст, фақат дар фикри маҳаллу ҳаммаҳалҳои худ аст, набуданаш беҳтар нест? Масалан, шояд бигӯӣ, ки иғво меангезам, чаро ин ҳама солҳо Кулоб буду Хатлон вале ҳоло бояд Данғара вилоят ва маркази вилоят бишавад? Танҳо ба он хотир, ки «сарвари давлат» дар онҷо таваллуд шудааст?.

«Ман медонам, ки ба унвони як рӯшанфикр ин ҳамаро мебиниву азоби руҳӣ мекашӣ. Аз онки ба маҳзи пуштибонии «сарвари давлат» ҳоло афроде чун Абдуҷаббори Зардӣ болои мардуми одӣ капиталисту феодалу помешик шудааст, сахт нороҳат ҳастӣ. Вале …»

Ҳукумат оппозитсияи оштинопазирро аз қудрат дур кард мегӯӣ. Ман намефаҳмам, ки аз кадом қудрат сухан меравад? Оппозитсия чи қудрате дошт? Оппозитсия ҳам дар интихоботи парлумонии соли 2010 ва ҳам дар соли 2015 аксари курсиҳоро ба даст овард, аммо танҳо бо интишори баёнияҳое сукут кард, беш аз ин пеш нарафт. Магар оппозитсияи оштинопазир ҳамин хел аст? Мо, ҷангиву қаҳрӣ набудем. Ман мутмаинам, хуб медонӣ, ки аз саҳна рондани ҲНИТ бо чи мақсад буд? Ҳоло дигар ҳама чиз рӯшан аст. Соли номзади президентиро аз 35 ба 30 овардан ва ҳоло нафари дуввум таъин кардан-ҳамин буд ҳадафи ин ҷиноят.

Соли 2013 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир шуд. На Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва на Муҳиддин Кабирӣ, ин ду устоди илму сиёсат, ки ҳазорон-ҳазор тарафдор доштанд, номзад нашуданд ва ҲНИТ Ойниҳол Бобоназароваро номазди худ муаррифӣ кард.

Ҳарду ҳам не гуфтанд. На ба хотири онки имкон ва тавону ҷойгоҳ надоштанд. На ба хотири онки пуштибонии мардумӣ, иқтидори иҷтимоӣ надоштанд. На. Чун қабули як намояндаи исломӣ барои давру бари кишвар душвор буд, ин корро накарданд. Вале ҳадаф ин буд, ки аз юғи султаи як нафар, ки дигар ба як Диктатор ва Фиръавн табал шуда буд, миллат ва давлатро наҷот диҳанд. Ростӣ, чизе нафаҳмидам.

Хуб, бигзор гуфти ту. Онҳо хато карданд. Пас, бояд посухи ин хатокории онҳо ҳокимитяро ба дасти хешу табор супоридан аст? Ин чи рабт дорад? Ҳеҷ дилам намехоҳад бигӯям, ба як нафаре, ки ҷурму ҷинояташ ошкор аст адвокат шудан маъно надорад. Хешу табори президент на танҳо соҳиби қудрат, соҳиби бонкҳо, соҳиби роҳҳо, соҳиби заминҳо, соҳиби корхонаҳо, соҳиби тиҷоратҳоанд. Ин ки онҳоро ба қудрат овардааст, барои он аст ки онҳо дар зери сояи давлати Ҷанобашон дуздӣ кунанду бой шаванд. Магар ғайри ин аст?

Бародари азиз, Аҳмади Иброҳим! Хуб медонӣ, ки Раҳмонов дар чи шароите омад ва ӯро киҳо сари қудрат оварданд. Хоҳиш мекунам, лутфан, бародари арҷманд, ки бо камоли адабу инсоф мубоҳаса дорем, хеле ботамкин бошу гули онҳое, ки ӯро «давлатмеҳвару давлатсоз» мегуянд, нахур. Раҳмонов кӣ буд, чи гуна омад, ҳоло чи кор карда истодааст, чаро аз қудрат намеравад, қудратро чи тавр ба манбаи тиҷорат ва бойшавӣ табдил кардааст, дар ин бораҳо низ як раҳ биандеш. Ман хоҳиш мекунам, тамоми эҳсоси маҳаллиамон дар ин сӯҳбатҳо бояд кушта бишавад.

«Мегӯӣ, ки мо ориёҳо қонун қабул кунему мӯсафедонро аз зиндон раҳо созем ва ин пешниҳодро ба Рустами Эмомалӣ мерасонӣ. Аммо аз онки гапатро дар мавриди апаи Азизмоҳ нагирифтам дар хиҷолативу намедонӣ, ки чи гуна ин пешниҳодро ба Рустам бирасонӣ. Ва дар ин ҳол чи гуна Рустами Эмомалӣ пешниҳод дар мавриди маҳдудияти синну сол барои маҳбусонро қабул кунад?»

Аввало бояд бигӯям, ки барои як ҷинояткор сину сол набояд имтиёз бошад. Вақте мо, мӯсафед гуфтем, ба он хотир буд, ки он мӯсафедон кадом ҷинояте содир накардаанд ва бо туҳмат дар зиндонанд.

«Аммо агар як мӯсафед, тарконад, таҷовуз кунад, кушад, вай бояд зиндон бишавад. Чуноне ҳамин Муйсафеди 70 сола Эмомалӣ Раҳмонов карда истодааст. Ҷиноятҳои ин муйсафедро аслан намешавад тавҷеҳ карду ӯро бар замми ин ҷиноятҳояш бахшид.»

Дуввуман инки мешавад бигӯӣ, ки то ҳоло кадом пешниҳоду дархости журналистеро нафаре, ки мухотаб қарор додагят ва ё падари вай пазируфт? Хеле хушбоварӣ. Фикр мекунӣ, ки Рустам дар қиссаи мову ту аст? Мегӯяд, ки Аҳмади Иброҳим ҳамин гуна пешниҳод додааст, як дида бароед? Онҳо дар дунёи дигар зиндагӣ доранд. Ҳамроҳи шумо, албатта дар ватан ҳастанд. Вале сайёраашон комилан дигар аст.

Ва, саввуман, Рустам неву нафари дигар ҷойи вай раиси Маҷлиси Миллӣ мешаваду пешниҳоди туро имсол неву баъди як сол ё ду соли дигар шояд қабул мекунад. Ё ту ҳам дигар бовар дорӣ, ки Раҳмонову Рустаму Озодаву …. ва ҳоказоҳо дигар модомулумранд? Ва, андешаат чунин аст ки мо-тамоми Тоҷикистон, ё хуб ними ними ними он, агар чизе бихоҳем аз ҳукумат он бояд ба Рустами Эмомалӣ мувофиқ ва писанд бошад?

«Ин ҳукумати имрӯза ҳеҷ гоҳ аз оппозитсияаш на шакл гирифтаасту на чизе дигар. Ин ҳукумат, як гурӯҳи муташаккили бархоста аз як хонавода ва як авлод аст, ки боқии мамлакат ва мардуми онро ба ним ҷав намегирад.»

Вале ба ҳар сурат ин хуб аст, ки амниятиҳо ба суроғи нашрияат меоянд ва маҳз ҳамон шумораеро пурсидаанд, ки ба ман мактубатро чоп кардаӣ.

Ман, дар охир бори дигар мехоҳам бигӯям,ки мову ту иншоаллоҳ дар сангари ягона ҳастем ва Худои ману ту ҳам якесту миллату ватанамон ҳам як аст. Пас мо ва ту хостори беҳбудии вазъи ватан ва мардуму миллатамон ҳастем.

Дар охир инро меафзоям ва боварат мекунонам,ки мо ву ту дар як сангарем. Дидед,ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро мақомоти шавҳари апаи Азизмоҳ шаш сол маҳкум ба зиндон карданд. Акнун фаҳмидед, ки барои шавҳари апаи Азизмоҳ на рамазон арзиш доштааст ва на модар будан? Акнун фаҳмидед,ки ҳеҷ пешниҳоди мани мухолиф ва туи дар дохил буда барои ин режим арзиш надоштааст . Дигар пазиред, ки на танҳо ману ту балке ҳама миллат ва мардум дар як сангарему шавҳари апаи Азизмоҳ бо мақомоташ дар як сангари муқобили мо ва шумо. Ин ҳақиқати талхест,ки ногузиред онро пазиред ва бигуед бале воқеан чунин аст!

Сообщение Аҳмади Иброҳим мо ву ту ҳамсангар ва ҳамҳадафем появились сначала на ISLOH.net.

Ҷавоб ба «Мактуби кушод ба Муҳаммадиқболи Садриддин»- и Аҳмади Иброҳим,сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк»
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ Аҳмади Иброҳими гиромӣ!

Номаи бози шумо, бародари гиромӣ, ба дасти ман расид ва бо камоли майл қироат кардам.Сипоси фаровон,ки дар оғози он аз падари худобиёмурзи банда ёдоварӣ ва аз меҳру муҳаббати бепоёни ӯ нисбати ман-писари калониаш,зикри алоҳида кардаед. Бидуни шак ин як ҷавоби муҳкам ва мудаллал барои онҳоест,ки дар муносибати ман бо падарам ин ҳама муддат хилофи ин ҳарфҳоро мегуфтанд.Воқеан ҳам ту ҷасорат ва матонат нишон додӣ, дар ҳоле ки падарам ва маро террористу экстремист меҳисобанду менависанд,бо чунин лаҳн сифат ва муаррифӣ мекунӣ.Дар зери ин нома танҳо амсоли худат инсонҳо,ки бо дину бо имонанд,имзо мегузоранду менависанд.Дар бораи бегуноҳии модари Абдураҳмон 09 ҳам касе дар ватан бо чунин шеваву баён чизе нанавиштааст,ки худат навиштӣ.Аллоҳи бузург ҳифзу ҳимоятат кунад.

Дар ҳақиқат модари Абдураҳмони 09 ин зани мазлума аслан намедонад,ки барои чӣ дастгир шудааст. Вай аслан намефаҳмад, ки бо писараш сӯҳбат кардан имрӯз ҷиноят ҳисобида мешавад.Ва, дуруст ҳам мегӯед,ки бад-ин минвол метавонанд ними миллатро ҷинояткор бишмаранд.Чун ин моддаи 307 ҳамин гуна шароит ва имкониятро фароҳам кардааст. Аммо, инро бигӯям, ки ин модда ихтироъу истеҳсоли депутатҳои «донишманд»-и мо нест.Ман ҳам дар бораи моддаи 307 ва қисмҳои зиду нақизи он, на як бору ду бор,хеле бисёр навиштааму дар барномаҳои пахши мустақим низ гуфтаам. Даҳҳову садҳову ҳазорҳо мутааъассифона бо ин модда хонасолоту абгору афгор шуданду ҳамин ҳоло ҳам ва дар гушаҳои зиндонанд,ҷон мекананд, аз ҳалқуми онҳо хун мечакад, дуои бади онҳо ба фалак дака мезанад. Вале аз тарафи дигар ин модда даҳҳову садҳо муфаттишу оперҳоро таги пул монд.Доляи ин модда то Прокурори генералӣ, то Суди олӣ рафтаасту меравад. На танҳо наҳзатиҳо, мардони ғайриҳизбиеро медонам, ки 100.000 доллар доданд,танҳо барои онки 307 ба 347 (недонесение) табдил шавад. Ҳоло тибқи маълумоти охир нархи он то 60 -80 ҳазор сомонӣ поин шудааст. Агар боздоштат карданду гуфтанд 307-и “посредник” меояду ин нархро мегӯяд ва хостӣ,ки “турма” нашавӣ бояд бипардозӣ.Дар ғайри он меравиву “мешинӣ”. Аммо,ин моддаи 307 аз депутатҳо нест. Инро шумо ҳам медонеду ман ҳам. Ва, инро тан мегирам,ки дар бораи ин модда ҳамин қадар гуфтанро ҳам дар дохил касе ҷуръат намекунад.Бори дигар аҳсан ба ҷуръати шумо!

«Аммо ман метавонам бо сароҳат ва бо овози баланд бигӯям, ки муаллифи ин модда ҳам нафаре ҳаст,ки дар навиштаи худат «сарвари давлат» унвон шудаасту шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои Тоҷикистон Пешвои муаззам меномандаш.То ҳамин нафар имзо накунад,ҳеҷ қонуне дар мақоми қонун қарор намегирад ва татбиқ намешавад.»

Дар идома ишорае кардаед, ки «қаблан… модари касеро ба маҳкама накашиданд».Қаблан хеле аз корҳое, ки имрӯзҳо доранд иҷро мекунанаду анҷом медиҳанд,аслан набуд ва дар гӯшаи хиёли касе ҳам намеомад,ки ҳамин тавр мешавад.  Ман, инҷо метавонам миллионҳо мисол оварам, аммо танҳо бо овардани як мисол-таъйини Рухшонаи Эмомалӣ, духтари ҳамин Азизмоҳ ба мақоми сафирӣ иктифо мекунам.Даст рӯи сина бигзору холисанлиллоҳ тафаккур кун, ки чанд соли пеш-қаблан, ба ҳамин тавр шуданаш бовар мекардӣ? Худи Азизмоҳ чӣ? Фикру хиёл дошт,ки бачаву набераҳояш, духтарҳову домодҳояш, додарҳову додарзодаву хоҳару хоҳарзодаҳояш,набераҳояш, қудоҳояш хуллас, лашкари ақрабову бастагони беохираш дар ҳамин гуна шарту шароит зиндагӣ мекарданд? Фикр мекунӣ, ки Азизмоҳ аз онки Ҳасан Асадуллозодаи бародари Азизмоҳ бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷандро кашида гирифт бехабар монд? Моҷарои бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритуз ва “номард бошаму зинда бошам”-гӯии Муҳибулло ба гӯши Азизмоҳ нарасид? Аз дасти Абдуллоева бозори Шаҳритузро Муҳиб задаву кашида гирифт, милисаборону прокурорбарону судбозӣ кардани Муҳиб барои ин бозор, магар бидуни пуштибонии Азизмоҳу шавҳари Азизмоҳ сурат гирифт? Ва, агар Азизмоҳ зани Президент набуд, Муҳиб метавонист як чунин рафтори золимона анҷом диҳад?

«Мегӯӣ, ки ман унвонии ҳамсари президенти кишвар суханони пасту баланд гуфтаму инҳо ёд гирифтанд. Чун, мукаррар гуфтӣ, ки на аз амният ва на аз милиса дастур нагирифтаӣ, ки ин мактубро бинвисӣ, бовар кардам. Аммо вақте ҳамин гуна иттиҳоми бепояву асос дар ҳаққи ман мезанӣ, дар тааҷҷуб мешавам. Ончӣ, то имрӯз нисбати ман гуфтанду бо паёмак силкаи ютуби филми мазҳакавии «хиёнат»ро ба телефонҳо ирсол кардаро надидед? Он ҳама наворҳои фаҳшро нисбати занону модарон бо номи филми «Нури наҳзат» нашр намударо надидед? Пас, ки шурӯъ кардро фаҳмидед.»

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки бахшида ба Рӯзи модар як матлаб чоп карда ва аз азобу уқубати чанде аз модарон, аз ҷумла модари Гулбиддин Зиёбеков, Иззат Амон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, Раҷабалӣ Одинаев ва чанд нафари дигар навишта будам.Зану духтарони Сангак Сафаров ҳам дар он навишта зикр шуда буданд, ки бо чи рӯзу рӯзгоре мубтало шудаанд. Онҳо, баъзеашон ба ҳамин Азизмоҳу Озода ҳам рӯи ниёз оварданд. Аммо ҳайҳот,аз санг садо баромаду аз Азизмоҳу аз Озода не.

Мегӯӣ, ки Азизмоҳ чи гуноҳ дорад? Яке, яке тазаккур намедиҳам, чун даҳҳо муҷаллад мешавад. Азизмоҳ, онгуна ки тасвиру тавсифаш кардаӣ, газетахон аст ва ҳатто газетаи вилоятиро ҳам кофта ёфта мутолиа мекунад. Агар чунин нафар аст, бахусус, ки «Пайк»-ро мутолиа мекунад, аз ҳама осору асрори давру бараш, Президенти кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ, Роҳбари Дастгоҳи Иҷроия ва ҳатмани ҳатман аз кору рафтори Ҳасан Асадуллозодаву ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Амону ҳоҷӣ Раҳматуллову ….даҳҳои дигараш хабар дорад. Чаро як раҳ ба онҳо намегӯяд, ки шумо чи кор карда истодаед? Дуздиву тозии халқу давлатро то ба кай идома медиҳед? Охир ин ҳама амалҳои шумо сӯйи истифода аз мақому мансаби шавҳарам Эмомалӣ Раҳмонов аст. Шумо номи шавҳарам ва манро бад мекунед.

Чаро Азизмоҳ, ки газетахон бошад рафта аз болои инҳо ба мақомоти танобкаш шикоят намекунад, ки ҳамаро тохтанду бурданду шикастанду рехтанд.

Мегӯӣ, ки ба касе вазифа надодааст, ба сиёсат кор надорад. Аммо,бовар кун, (накунӣ ҳам ихтиёрат) марҳума Узбакбии модари Азизмоҳро дар Чапаев «отдел кадр» мегуфтанд,чи расад ба худи Азизмоҳ. Апаи Азизмоҳ феълан риёсати як ҷиноҳи бузурги ҳукуматро идора мекунад. Онҳо аз худи Раҳмонов дида бештар мутеи амру иродаи Азизмоҳ ҳастанд. Агар водор кардӣ, дар оянда аз ному насаби онҳо ҳам тазаккур хоҳам кард.

Ман ҳеҷ гоҳ болои ҳеҷ касе зулм накардаам.Ин ман,модари ман,хоҳарони ман ва модару хоҳарони даҳҳо мисли ман муборизони роҳи озодиву адолату ҳақиқат астем,ки таҳти зулму ситам қарор дорем. Мо,дар ҳақиқат мазлумем,чун дар ҳақи мо ситам шудааст,ҷабр шудааст.Дар ин як умри кутоҳи худ барои бори дуввум ночор шудаам,ки ватану кошонаи худро раҳо кунам. Магар зулм аз ин бештар мешавад? Мо,барои зинда мондан гурехтем. Мефаҳмед? Масалан модари 68 солаи ман ,ки танҳо ба хотири ин ки модари ман аст аз дасти мақомоти шавҳари апаи Азизмоҳ дар фирору дар ғурбат ва феълан бистарии бемористон аст. Танҳо аз оилаи мо 74 нафар дар дори ҳиҷратем. Ин ҳама чӣ гуноҳ доштанд?

«Медонистед, ки дар соли 2017 вақте модарамро ба идораи КДАМ-и Қурғонтеппа бурданд ва аз назди модарам ба ман занг заданду гуфтанд,ки ин занро мешиносед? Гуфтам бале, модарам аст.Гуфт агар хоҳӣ ин модар оромона зиндагонӣ кунад,набояд шумо бар алайҳи пешвои миллат ва режими ӯ чизе гӯед.Ман гуфтам ва аз ин роҳам дастбардор нестам. Медонед корманди амният чӣ гуфт ? Гуфт:  “хай гап нест, яке шунидӣ, ки дар “несчастнйы случай” як мошин зад модарта ё бародарота бдон ,ки барои корҳои ту ва зидди пешвои миллат баромадот ин корҳо шуданд” Акнун Аҳмади гиромӣ фаҳмидед,ки мо чи дарду ранҷу азоб дорему дидаем.(Бовар кунед,баъзе аз таҳдидҳое ҳам шуданд,ки наметавонам ба забон оварам).»

Барои тарспароканиву ваҳшатафканиву ҳаросангезӣ дар қалбу руҳи афроди мубориз,барои онки онҳоро аз масир мунҳариф созанд, ба чӣ ҷиноятҳое даст мезананд.Ҳоло,агар  ман ва аъзои оилаи мо онҷо будем, дар канори дигар бародарони зиндонӣ ва шояд на кам аз 25 сол ҳукм мегирифтем.Аммо,ман аз мубориза даст кашида наметавонам,чун фардо дар ҷойгоҳе истод хоҳам шуд ва ҷавоб пас хоҳам дод,ки ин ҳама дунё ба як ҷав арзиш нахоҳад дошт.

Фикр мекунӣ, ки Зайд Сайид барои чи гуноҳе зиндонӣ шуд? Зайде, ки ҳатто пули устои балкони домоди Раҳмоновро мепардохт,чи расад ба кумаку хайраш ба афроди мубталои балошуда? Ин тарафи масъаларо ҳам бинавис, ки агар дар бораи Азизмоҳ сахту дурушт гуфтам, ин вокуниш ба аъмолу кору кирдори ӯ ва шавҳари ӯ ва фарзандони ӯ ва аҳлу авлоди ӯст, ки шароити зисту зиндагӣ дар ватанро барои ҳама гирифтааст.

«Шояд бовар надорӣ, агар бигӯям модару хоҳару зану духтари даҳҳову садҳо нафар аз амсоли манро пайваста ба шӯъбаҳои дохиливу амният даъват карда чи ҳақорату дашному таҳқирҳое намекунанд. Зану духтари Раҳматуллои Раҷаб чи гуноҳ доранд? Зану фарзандони Муҳаммадалии Ҳайит чи гуноҳ доранд? Хоҳарони ман чи гуноҳ доранд? Ҳар гоҳе бихоҳанд даъват мекунанд,таҳқиру дашном медиҳанд.»

Ман бисёр мехоҳам, ки Шумо, бародари шуҷоъу соҳибқалам як мактуб ба унвони шавҳари Азизмоҳ ҳам бинависед ва ба ӯ бигӯед, ки чаро як бахше аз миллат бо чунин ҳоли зоре зиндагӣ дорад. Ва, метавонед мактубро ба номи худи Азизмоҳ ҳам бинависед, чунки ӯ газетахон будааст.

«Ба Аллоҳи бузург қасам, Олмону Фаронсаву Ҳоланду Амрико, ки чи, ҷазираҳои Канарро ба як порча хоки пушти ҳотаи падарам баробар намекунам. Оё як бор фикр мекунӣ, ки чаро ман дар ватанам набошам? Шабе нест, ки дилу ҷигари ман ба ёди ватан, ба ёди афроде мисли худат обу резаву хурд нашавад.»

Мегӯӣ, ки «ман туро журналист гуфта чизе муқобилат нанавиштам». Ин қадар навиштанду навиштанд, ки ҳанӯзам ҳам дилашон хунук нашуд. Боке не, агар бинависӣ. Вале, ман дар ҳамин мусофират журналист шудам, дар ҳамин ғарибӣ. Ман пеш аз ғурбати ночорӣ ҳам менавиштам, чоп мекардам, аммо маводди журналистӣ набуданд. Ҳама ончи менавиштам корҳои илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ  буданду онҳое аҳли китобу илм буданд, таълифот ва тарҷумаҳои моро хонданд. Имрӯз аз рӯи иҷбор аст, ки матлабу мақолаи журналистӣ менависам. Нагузоштанд, ки кори худамро давом диҳам. Ҳамоне, ки мегӯӣ падарам аз ман-Муҳаммадиқболи Садриддин ифтихор дошт, барои интишори кутуби маорифи исломӣ ва илмию таърихӣ ва роҳи ӯро пешгирифтанам буд. Коре, масулияте, ки доштам онро иҷро мекардам.

«Як киноя ҳам кардаӣ, ки «тарк карда намеравем».Тарк карда рафтанӣ ман, бо ихтиёри худи ман сурат нагирифтааст. Ва, инро ҳам бигӯям, ки то «ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим» маро водор ба тарки ватан карданд, ки ин қиссаи дигар асту инҷо ҷояш ҳам нест, ки ҳикояташ кунам. Аммо, хуш ба ҳоли худат,ки дар ватан нафас мекашӣ.Ҳамон «бобои ҳоҷӣ», ки зикри хайраш кардӣ, чи зарурат дошт,ки тарки ватан кунад, агарки зӯраш намеомад?Руҳи озоду озодихоҳи вай зиллат ва занҷирро напазируфт,ҷисми маризашро кашолкашол кашид ба ғурбат….»

Бале, бародари азиз, апаи Азизмоҳ гунаҳкор аст. Боядам ба бародаронаш, ба шавҳараш, ба писару духтаронаш бигӯяд, ки бас аст.Сӣ сол бас нест? Сӣ соле, ки фақат ҷабр асту зулм аст. Ин чи ҷои дар тасаввур нагунҷидан аст, агар Азизмоҳ ба Ҳасан бигӯяд, ки кай сер мешавӣ? Ин ҳам дар ҳоле, ки худат таъкид мекунӣ, ки «апаи Азизмоҳ саводи хуб дорад, баъзе аз вазирони маориф ба андозаи ӯ савод надоранд…ҳар мансабро соҳиб шуда метавонад».

Дар ҳақиқат дуруст мегӯӣ, ки Азизмоҳ бихоҳад ҳар мансабро мегирад. Ман ба ин гуфтаат ҳам бовар мекунам. Заррае ҳам шубҳа надорам. Вале инки мегӯӣ вазирони маориф чени вай савод надоранд,дар ин бора чизе гуфта наметавонам,чун он қадар ки ту мешиносӣ, намешиносам. Вале, агар ки чунин хушсавод аст, боз ҳам ин масъалаҳо рӯ мезанад,ки саводашро дар ҷое дигар,барои манфиати худу хонаводаву аҳли авлодаш истифода карда истодааст,на дар роҳи дуруст, барои миллат ва мардум. Вагарна сӣ сол бас аст. Тамоман бас аст. Азизмоҳ бояд бигӯяд, ки мо аз ҳад гузаронидем. Аммо намегӯяд, ин зани босавод, балки Рустамро омода карда истодааст.Ҳам ман, ҳам ту, ҳам ҳамаи мардум ва миллат ва халқро ба пули пучак намегирад, одам намеҳисобад. Барои вай ҳам фарқ надорад, ки чи қадар занҳову модарҳо дар дори ғурбатанд, чашм ба роҳи азизони дар зиндонҳои Раҳмонованд, гирифтори ҳамон моддаи 307анд? Имкон надорад, ки муштарӣ ва хонандаи «Пайк»-хон ва он ҳам шумора бар шумора аз ин ҳама ҳолу ҳаво бехабар бошад.

Бародари азиз,агар матолиби «Ислоҳ»-ро хонда бошӣ, дар яке аз онҳо гуфта будам, ки чаро зану бачаҳои устоди равоншод Нурӣ боз ҳам гуреза шаванду бачаи Раҳмон президент? Инро аз ту ҳам мехоҳам, ки чаро бояд чунин шавад?

Апаи Азизмоҳ бояд бихонанд ва аз авзоъи кишвар,аз кору бори (биё дигар ном нагирам) онҳо огоҳ бошанд.Чун авзоъро беш аз пеш садамавӣ карда истодаанд.Аммо медонед апаи Азизмоҳ барои чӣ газета мехонанду “Ислоҳ” тамошо мекунанд? Чунки он кас дигар ба дурӯғҳои СС ва КДАМ, ки ҳамеша ҳисоботи бардурӯғ медиҳанд, бовар надорад.

» Барои он ба апаи Азизмоҳ ҳамеша муроҷиат мекунем ва мухотаб қарораш додаем,ки ҳамроҳи доимиву якумрии Раҳмонов –ин диктатор, ин фиръавни золим аст. Барои он ба вай муроҷиат кардему мекунем, ки ӯро сари ақл оварад,ба раҳму шафқати инсонӣ даъват кунад,танҳо худашу домодҳову духтарҳову бачаҳову дигару дигаронашро набинад,ҳамаро бинад.»

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд,ки як духтари навраси мактабхон аз мактаби №49 и собиқ ва ҳозира №15 и Истиқлоли Колхозобод ,ки бар асари «маршировка» мурд. Маршировка барои кӣ? Магар инро Азизмоҳ аз «Пайк» намехонад? Агар ки мехонад, бо Раҳмонов сари як суфра мешинад, дар як болин сар мемонад, як раҳ намегӯяд, ки «э,мардак,ту чи корҳо карда истодаӣ?»

Дар охир мехоҳам барои худат бори дигар изҳори сипос кунам, ки хеле ҳам мақолаи таъсирбахш навиштаву чоп кардӣ.

Ман ба апаи Азизмоҳ намерасам, агарки ҳоло бархезаду арзу доди модари Иззат Амонро бипурсад, Шоҳида Мамадҷоноваи модари Абдураҳмони 09-ро озод кунад. Ва,боз ба шавҳараш бигӯяд, ки зиндониҳои бегуноҳро озод созад. Мӯсафеди дар остонаи 80- Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода ва ё Зайд Сайидеро, ки барои ҳазорон нафар ҷойи кору маош таҳияву муҳайё карда буд ва амсоли онҳоро раҳо кунад.То дар канори оилаашон, дар паҳлуи зану фарзандонашон бошанд, мисли Раҳмонов, ки дар паҳлуи апаи Азизмоҳ аст. Аз зулму азияти зану модару хоҳари муборизону озодандешон даст бардорад.Чуноне мегӯянд ҷазо аз ҷинси амал аст. Агар хоҳони ислоҳот ва таҳаввулоти тоза бошанд,пас лаҷоми духтару домод ва писару бародаронашро кашад.То танҳо мақомдорони кишвар мухотаби мо бошанд на ӯ!

Ва, ниҳоятан. Дастат дард накунад, Аҳмади Иброҳим. Умедворам, ки туро барои «суҳбат» даъват намекунанд, ғамат намедиҳанд, чун худат сӯҳбатҳое кардӣ, ки ҳатто дар инҷо, баъзе аз онҳое, ки мақоми паноҳандагӣ гирифтаанд, ҷуръат надоранд, ки бигӯянд.

Сообщение Ҷавоб ба «Мактуби кушод ба Муҳаммадиқболи Садриддин»- и Аҳмади Иброҳим,сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк» появились сначала на ISLOH.net.