Архивы Амнистия - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 372
Ин бор як нома аз Масчо, номае аз Душанбе ва як нома аз Қубодиёнро дар барнома гирифтем.

Муаллифи номаи омада аз Масчо устоди фанни ҳуқуқ будааст ва дар бораи Қонуни авфи чанд рӯзи пеш эълоншуда назари комилан мутафовит, балки зид бо онҳое дорад, ки ин қонунро бисёр ҳам тамҷиду тавсиф карданд:

«  Ин чи гуна авф аст?

Бори ахир қонуни авф дар соли 2021 қабул шуда буд. Панҷ сол пеш. Гиреду қонунҳоро муқоиса кунед, фарқ кам аст.

Барои ҳамин ман ин авфро авфи тиллоӣ намеҳисобам.

Аз ин пеш  Раҳмонов дар чанд авфи ахир фосиларо се сол нигоҳ медошт. Яъне ҳар се сол қонуни авф қабул мешуд. Манзурам аз қабули қонуни авфи соли 2021 пеш дар ҳар се сол санади авф қабул мешуд. Акнун, ки баъди панҷ сол қонуни авф қабул кард, воқеъист, ки зиндонҳо пур шуда буданд».

Номаи омада аз Душанбе дар бораи як ҳолати ғайриоддӣ суҳбат мекунад. Муаллиф мегӯяд, ки баъди ҳабс ва кашида гирифтани мошинҳои Исмати дулик хелеҳо мошинҳои гаронбаҳои худро фурухтанд. Дар бораи ду нафаре мегӯяд, ки порки шахсии мошинҳои гаронбаҳо доштанд.

Нависандаи нома аз Қубодиён, як корафтодаи бемористони ин ноҳия будааст, ки ҳодисаи ба сари худаш омадаро нақл кардааст. Кассаи бемористони ноҳия пули нақд қабул намекардааст, аммо ин патсиент, корт надоштааст. Тафсилоти ҳодиса дар номаи Қубодиён аст ки бо он нашри он барнома ба анҷом расидааст:

Масчо

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бо як ҷумла худро шинос мекунам. Муаллими яке аз омӯзишгоҳҳо будам ва аз ҳуқуқ дарс медодам.

Ман дар бораи авфи ахири Раҳмонов чанд фикру мулоҳизаҳои худро баён карданиам. Ҳозир воҳима карда истоданд, ки «золотой амнистия» кард. Шумораи зиёди маҳбусу муттаҳаму гумонбарҳо озод мешаванд. Аммо ин ҳама як воҳимаи хушку холӣ аст. Чи тавр?

Гап дар бораи он меравад, ки хеле аз моддаҳо, ки моҳият ва мазмуни қонуни авфро ифода мекунад, ин бор низ дар ин санади ҳуқуқӣ ҷой наёфтанд. Мисли авфҳои пешина.

Авф як иқдоми ҷавонмардона аз тарафи ҳукумат ва роҳбарияти он аст. Бубинед, ки Президентҳои  дигари Осиёи Миёна ба муносибати Иди Қурбону Рамазон авфу бахшиш мекунанд, аммо 34 сол аст ки раиси ҳукумати мо ягон бор ба муносибати ин ду иди мусалмонҳо, ки раҳо ва озод кардани бандиҳо аҷру савоби зиёд дорад авф накардааст.

Дар ин қонуни авф нафароне мисли нависандаи тавоно Қодири Рустам  ё Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Ибни Синои Душанбе меафтод, журналистон Абдусатор Пирмуҳаммад, Аҳмади Иброҳим, Хуршед Фозил ва ё Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршо Искандаров, Шокироҷон Ҳаким, Улфатхоним Мамадшоева, Рухшона Ҳакимов ва масалан Ҳикматулло Сайфуллозода, Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Суҳроби Зафар меафтоданд ва ё амсоли инҳо мегуфтем, ки дар ҳақиқат ҳукумат бахшишу авф кард. Аммо ҳама наркобизнесу дузду  қаллоб афтоданд. Яъне ҳукумат ҷинояткоронро аз зиндон, аз муҳокима, тафтиш, таъқиб озод кард на авф қабул кард.

Ин чи гуна авф аст.

Бори ахир қонуни авф дар соли 2021 қабул шуда буд. Панҷ сол пеш. Гиреду қонунҳоро муқоиса кунед, фарқ кам аст.

Барои ҳамин ман ин авфро авфи тиллоӣ намеҳисобам.

Аз ин пеш  Раҳмонов дар чнд авфи ахир фосиларо се сол нигоҳ медошт. Яъне ҳар се сол қонуни авф қабул мешуд. Манзурам аз қабули қонуни авфи соли 2021 пеш дар ҳар се сол санади авф қабул мешуд. Акнун, ки баъди панҷ сол қонуни авф қабул кард, воқеъист, ки зиндонҳо пур шуда буданд.

Авф, чи моҳияту мазмун дорад? Авф мазмунаш ин аст ки ҳукумат ва роҳбарият аз гуноҳи нафари мазнун ва муҷрим мегузарад, мебахшад, чун бо ин роҳ мехоҳад, бигӯяд, ки хусумат ва танаффур дигар боқӣ намонд, авфат кардем.

Масалан Зайд Саид, масалан Ғаффор седой,масалан ҳамин нафарон, ки дар боло зикрашон намудем, ки гуё муртакиби ҷазо шуданду солҳост (Ғаффор 22 сол мешавад) бахшида шуданд.

Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Аҳмадшои Комилро, ки аз 70 болоанд, дошта меистӣ, ки мисли Зубайдулоҳи Розиқ дар зиндон бимиранд?

Ин санади авф ҳам бо нияти холису бидуни ғараз ва хусумат таҳия ва татбиқ нашуд, як навъ бозӣ спектакл бо авф аст. Инсоф, раҳм, шафқат ин бор ҳам аз тарафи Раҳмонов ба кор бурда нашуд.

Аз муҳлати ҳабси Рухшона Ҳакимова се сол кам мешудаст. Вой бар ҳоли ту барин раиси ҷумҳур, ки Исмати дулик якуниммилиарди давлатро дузид озод шуд аммо Рухшона, модари тифли ширхора аз ҳукмаш се сол кам мешавад ва ҳатто 230 ҳазор сомонии бо азоб ҷамъовардаи Рухшона конфисковат шуд. Дар ҳоле, ки қасри 60 миллионаи Исмати Дулик чизеаш нашуд. Рухшона дар манзили иҷора мешишт, ва кӯдаки ширхора дошт.

Хиёл мекунӣ чи кардӣ? Авф крдӣ, кори хубе кардӣ? Баракс, ин қадар дучори лаънату нафрати мардум шудӣ, ки ҳазорҳо нафар дуъои бадат карданд.

Халқ дида истодааст, ҳукумат кори давлатро не кори гурӯҳро карда истодааст, ҳукумати халқ не ҳукумати гурӯҳ аст барои гурӯҳ аст.

Авфаш ҳам чунин аст.

Хулосаи гап ин ки ин 18 ҳазор, ки мегӯяд, бори аввал аст ин қадар ба озодӣ мебароянд аз он ҷиҳат аст ки ин бор дер қонуни авф қабул кард. Дер, ҳади ақал ду сол дер, зиндонҳо пур шуда буд. Вагарна ҳиҷ фарқе барои мисол аз қонуни авфи соли 2021 ё 2019 ва ё пеш аз он надорад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хуб аст ки ҳамин расонаи шумо ҳасту баъзе гапу хабари Раҳмонову режимаш, ки ҳоло тамоми Тоҷикистонро забт карда гирифтааст ба мардум расонида мешавад. Ман инҷо дар бораи ду нафар аз чунин нафарҳо гуфтаниам.Яке дар гузашта аз мушояаткунандаҳо-сопровождаюший (телех)-ҳои пешини Раҳмонов аст ва дигари милиса аз Данғара.

Ин ду нафар беҳад сумдоранд.

Инҳо аз наздикони хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонованд. Аммо аз ҳодисаи ба сари Исмати дулик омада беҳад тарсиданд. Яке аз онҳо Алӣ-бурут аст. Алӣ-бурут ба Исмат ягон робита надошт. Вале Алӣ-бурут тарсид, ки Исмат дар даруни худашон буд, ин ҳама ба оила хубӣ кард, бурданд маҳкамаш карданд, моро чи раҳм мекунанд. Ин тарсид, бурд мошинҳояшро фурухт, ки нафаҳманд. Яке ягон гап шуд пула наличий қуян мекунанду мегурезанд, баъд дилаш пур аст. Бигурезанд мошинҳо мемонад ку.

Алӣ-бурут то ҳозир бо мошини давлатӣ мегардад.

Баъди чанд вақте ки Исмати дуликро маҳкам карданд аз кор гирифта буданаш. Алӣ-бурут 6 моҳ зиёд бекор буд. Намедонам барои чӣ? Ҳозир дар тарафҳои Қурғонтеппа кор мекунад.

Якеи дигар милисаи шаҳри Душанбе Шарипов Миралӣ аз Данғара аст. Аз 300000 ё 400000 $ зиёд дар парковкааш мошин дошт. Як ГАИишники лаби раҳ буд, бачааш беправа мошинҳои отаашро ҳай мекард. Ягон- ягон манъ мекарданаш, ба ГАИҳо намеистад. Миралӣ ҳам мошинҳояшро фурухт. Бисёрии коргарони давлатӣ мошинҳояшонро фурухта буданд. Пулҳояшонро наличий карданд. Яке ягон гап шавад пул нақд аст қуян мекунанд. Вақте аз кор гирифтанд бисёрии вақт пиён мегашт. Инҳо ҳатто духтарҳои мардумро куштагӣ ҳастанд, аммо ягон чораашонро намебинанд.

Ман дар мединститут омӯзгорам. Як бор гуфтам ин кудак кӣ аст, ки беправа ҳай мекунад? Аз афташ маълум буд, ки кӯдак аст. Баъд фаҳмидем, ки аз Данғара асту  отааш милиса будааст.

Ин қонунҳои ҳукумати имрӯза фақат барои мардуми камбағал татбиқ мешавад.

Худи Шарипов Миралӣ бо Тойота- короллаи 3 мегардад, рангаш сафед рақами қайди давлатӣ-номераш чунин аст:- 1115ЕЕ10

Дар парковка тез-тез мошин иваз мешуд, дар ҳамон ҷо медидем, ки Миралӣ ҳай мекард, вале бисёрии вақт бачааш сари рули мошинҳо менишаст.
Номҳои мошинҳояш GMC, Ранҷровер, Ландкрузер 200, Лексус ,Кадилак, Экскалед. Ҳамаи мошинҳояш барориши солҳои нав аст. Аз 2019 ё  2020 боло. Як короллаи 3-ро худаш постояний ҳай мекунад. Вай мошинҳояшр кам ҳай мекунад. Аммо зуд-зуд иваз мекунад. Парковка медаромадӣ пури мошинҳои ӯ буд.

Вақте Исмати дуликро қапиданд ҳамаи мошинҳои гаронбаҳояшро фурухт.
Алӣ- бурут аз Дарвоз аст, хело одами бад. Ин ҳам дар парковка тақрибан 10 мошин дошт. Мошини арзонаш Кемри -6 буд, 25000$.Мошини гаронбаҳояш   Ранҷровер  буд, ки 150000$ арзиш дошт.

Ин ҳам, вақте Исматро қапиданду маҳкам карданд мошинҳояшро фурӯхт. Ва дигар, аз вақте Исматро қапиданд мошинҳои қимат намехарад, ки мабодо « иёра вазиятшон ай ура бад нашава».
Алӣ -бурут хело одами пасти бадрафтор аст. Як духтари хушрӯро бинанд резка гапаш мепартояд. Инро сину солаш тақрибан ба 60 аст вале фақат пиён аст. Ин боз сопровождаюшийи Ҷанобашон буд. Ҳозир ин бурут дар Қурғонтеппа аст. Мегӯянд дар кадом як вазифаи баланд аст. Инҷо чи қадар ҳаромгардӣ мекард. Дар онҷо худо медонад ба чӣ корҳо машғул бошад.

Алӣ -бурут ба фикрам 3 бача дорад, якеаш майда- инвалид. Инро дуъои мардум гирифт. Мегӯянд, ки Алӣ -бурут дар Дарвоз ягон касро гап заданӣ намемонад.
Ин бурути номард хуни чандин студенткаи бегуноҳро хурдагӣ аст.
Ин Алӣ -бурут боз шофёр дорад. Бо як БМВ сафед меоранаш. Як бачааш милиса аст. Ин ҳам ранги отааш одами ҳаром аст. Дигариаш переводчик. Аммо инаш   бачаи зур аст. Мегӯянд, ки хонааш дар Қараболо дар бари посолстваи Русия мобайни сафорат ва Донишгоҳи тиббӣ.

Бачаи милисаш барои як компютерхона, ки дар таги домашон азони як бача буд, ду сол шуд кор мекард, бо соҳиби он ҷанг шуд. Чун фаҳмид, ки дар он компютерхона пули нағз мешавад кор кард. Хулоса он компютерхонаро мегирад маҳкам мекунад. Аз ҳар мақомот одам роҳӣ мекунад, ки ин компютерхонаро маҳкам кунанд. Он бача ҳам тағадор буд, ҳуй мекунанд. Он бача дар ин беномус   компютерхона- ашро намефурухт. Инҳо сершавӣ надоштанд. Ахир ҳамон компютерхонаро чапа карданд. Он бача ба фикрам хело расход карда буд. Номи бачаи Алӣ, ки милиса аст Анӯш мебошад. Ба номи ҳамин бачаи милисаашд-L9 дорад, мошини сиёҳи хитоӣ.
Инҳо, то вақте дар вазифаанд, хуни мардумро мехуранд. Бародари Алӣ-бурут дар Колхозобод милиса аст.

Қубодиён

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Бароятон аз ноҳияи Қубодиён менависам. Ман борҳо аз зулму ноадолатии ин ноҳия номаи шикоятӣ навиштам, аммо баракс ин зулм ноадолатӣ ҳамоно идома дорад ва ду-се баробар зиёд шудааст. Аз камбудҳои бемористон бигуям, аз фишору зӯроварии роҳбарони маҳалла бигуям, аз бебарқӣ бигуям (дар тобистон ҳаррӯз светҳои моро мекушанд), аз бонкҳое, ки ҳамеша меравӣ пул надоранд бигӯям, аз кадоминаш бигуям, намедонам.
Дирӯз боз оилаам – занамро бемористон бурдам, ба  бемористони Узбекистан сохтагӣ аст. Аҳсан ба Узбекистан, ки ана ҳамин хел бемористон сохта аст -хело зебо бо сифати хуб,замонавӣ. Аммо ин ҷо гап дар бораи муносибати табибон бо беморҳо, балки зулми бемористон меравад. Оилаамро овардам болнитса, анализ супоридем. Духтур гуфт рафта дар касса пулро супоред, баъди соати 16 ҷавоби анализ мебарояд. Мо омадем касса пулсупорӣ. Касса мегуяд пулро танҳо бо карта месупорӣ, наличий намешавад, наличий намегиранд. Ман гуфтам наличий сум дорам вале карта надорам.

Гуфт намешавад, бирав карта биёр. Онҷо бо карта мардум як намуд ҷамъ шуда буданд, хеле зиёд, боз ин картаҳо соз кор намекунанд, интернет нест, свет нест, мардум дар гармии 40 градуса, бӯву таф болницаро фаро гирифтааст.

Ман гуфтам охир ин чи аҳвол аст. Бигзор  касе карта дошта бошад бо карта биспорад касе нақд месупорад, нақд бисупорад.

Дар Русия мо меравем болнитса дорухатро менависанд. Меравем ба пеши касса -нақд ё ғайринақдӣ месупорем, ягон проблема нест. Инҷо бемористон аст, бояд барои мардум удобний бошад.

Ман ҳамроҳаш ҷанг кардам. Мегӯяд, ки «бра ҳаму Расияда бест, мефорат, куҷо омаҳаи Тоҷикистон?». Ин гапро ба тарафи ман гуфта истодаст. Охир на свет доред, ки интернет кор кунад, на картаҳои ҳалол доред, на банкоматҳои соз, ки биравиву сум снимат кунӣ. Боз ба ҳамин аҳволаш карта суроғ мекунад.

Як одам, корафтодаро дар як соат базӯр ҷавоб медиҳад, ранги сангпушт, карахт кор мекунад. Охир як коре кунед, ки ба мардум ва ба худатон осон шавад.  Пулро супоридем, ба як азоб. Як одамро қапида зора карда гуфтам «акаҷон ма наличи шумоя метим ва наличи вай одама додам бад супоридем квитанся дод. Бо мега 10 сомонии дигар наличи метӣ, ба давленит баланд намешава?»
Ман гуфтам ҳозир наличий нагирифтед, боз чи хели наличий 10 сомонӣ? Мегӯяд, ки «иҷа ҳамихелияй».

Кас ҳайрон мешавад. Ин давлат куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Лаънат кунад Раҳмоновро, ки намедонам чаро ин Қубодиён руз то руз дар бадтарин ҳолат рафта истодааст.
Қубодиён, ки аз ҳама минтақаи гармтарини Тоҷикистон аст, то 45-50 градус гарм мешавад, светҳоро мекушанд: аз соати 8 ё 9 рӯз то 5-и бегоҳӣ. Мардум дар ин гармӣ  чи кор мекунад? Ҳой Раҳмонов! ту дар хонаи кондиционери хунук мардум дар + 40у 45 градус гармӣ, свет нест, ки мардум лоақал вентилятор бимонад. Борҳо гуфтаму аввал ҳамин мардуми худатро бо свет таъмин кун, баъд ба дигарҷоҳо фуруш. Зимистон мегӯӣ, ки об кам шудааст дар обанборҳо баҳор шава шохҳои   дарахтҳои дарозро бурида истодаем, ана ҳоло тобистон шудаст, об фаровон, охир дигар кай свет медиҳӣ ба ин миллат? Вақти мурданат?

«Гури Майрам бсуза, ғраб-ғрап дар бигира ба и хутики тарбия кардагиш, ки намедонм бо дигар чиш бгум»?

Охир, мисли гадоҳо ҳар рӯз аз Арабистон, аз Хитой, аз Америка пул қарз мегирӣ, ку як кори ҳалолат? Чаро мо дар тобистон свет надорем? Ин қадар пулҳоро дар сари қабрат мезанӣ? Охир як зарра виҷдонат туро азоб намедиҳад? Як бор шаб дар алоҳидагӣ биисту фикр кун, ки ба ҳамин миллат чи кор кардӣ?

Аз соли 1992, ки ба сари қудрат омадӣ, то ҳозира 35 сол шуд, фақат ҳамин як гапро мегӯӣ- шукрона кунед, ман шуморо  сарҷамъ кардам. Охир ҳар каси дигар ҳам мебуд барои ин миллат ва ин мардум кор мекард. То ҳозира ҳамин як гап. Ягон бор намегӯӣ, ки Фронти халқӣ ва армияи Русия ҳукуматро аз дасти халқи асил ва миллати Тоҷкистон гирифта ба ман дод. Шарм чизи хуб аст, агар надошта бошӣ, ки маълум аст надорӣ, вой бар ҳолат.

Биноҳои баландошёнаро соҳибкорҳо бисозанд, роҳҳоро мардум, мактабҳоро мардум ту дар чи кор миеоӣ? Шарм намедорӣ? Бо худатро пешвои миллат мегӯӣ. Охир ба куштани одамҳо гузаштӣ. Аввал пинҳонӣ буд.

Ҳоло мисли филми Ҳомиён одамҳоро прямой мекушӣ, как будто авария шудааст, мисли Алишер Мирзонабот— бечора бо зану духтарчаи майдаш ва боз ду нафари дигар дар Панҷ ғарқ шуданд.
Дар райони мо соли гузашта сари ҳар писари зандор 50 ҳазор рублӣ барои ободии қишлоқ, барои роҳҳоро асфалт кардан гирифтанд. Бовар кун як сол нашудааст асфалт хобониданашонро вале аллакай асфалтҳо рехту аз кор баромад, сангу регаш намоён шуд ва сифати кор тамоман ба 0 фаромадагӣ.

Наход 50 ҳазор рублӣ бигириву ҳамин хел кунӣ? Ҳадди ақл асфалти хуб бо сифати нағз намекунӣ, ки солҳо хизмат кунад. То ҳол аз асфалти харидаашон зиёдатӣ мондааст, намедонан чи кор кунанд? Охир аввал бояд ҳисобу китоб мекарданд, кучаҳоро мешумориданд, чен мекарданд, баъд асфалт мерехтанд ё ки ғафсии асфалтро зиёдтар мекарданд.Б еҳад тунук рехтагианд, сангҳо мехезанд,

тамоман безеб, пули зиёд боқӣ мондааст, мегуянд.

Гуфтанд, ки синфхона месозем. Аммо як сол шуд ягон кор накарднд. Соли гузашта вақти сум ҷамъ кардан роҳҳоро асфалт карда ҳар моҳ аз ҳамин пули ҷамъ кардагӣ 2 ҳазор сомониӣ маош гирифтанд, аммо ҳоло мебинем, ки натиҷа ва самараи кор нол.

Мо ҳам дар деҳаамон як Олими буз дорем. Дар барномаҳои баъдӣ аксашро мефиристам.

Дигар қишлоқҳо 30-35 ҳазор рублӣ ҷамъ карданд вале ин козёлҳои мо 50 ҳазор рублӣ.

Рости гап устод, намедонам аз кадом камбуди Қубодиён бигӯям. Як одами боинсофу дилсӯз нест дар ин ноҳия. Дар куҷое як гушна аст, як ташна аст вазифаро дар Қубодиён мегирад ва меояд сумкоркунӣ. Кадрҳои худи Қубодиён чаро нестанд, намеоянд?

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 372 появились сначала на ISLOH.net.

«Амнистия»-и хунини Раҳмонов
Ошуб дар зиндони Ваҳдат, ноҳияи ҳампаҳлу бо пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ду соли ахир мардум ва бавижа зиндониҳо ва хешу таборони онҳо сахт умедвори амнистияи ҳукумат буданд. Интизор мерафт ба муносибати 30юмин солгарди қабули Қонунӣ асосӣ, ки ба 6 ноябри соли 2024 рост меояд, дар Тоҷикистон амнистия эълон бишавад. Аммо, ончуноне мебинем Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ҷойи имзои қонуни амнистия нақша ва саҳнаеро сохту ташкил намуд, ки майдони маҳбас хунин, зиндониҳо кушта ва хонаводаҳо ба мотам нишастанд…..

Раҳмонов даҳшатафканӣ мекунад, то мардумро тарсонад

Ошубе,ки чанд рӯзи пеш дақиқан дар торихи 3-уми феврали соли ҷорӣ  дар зиндони Ваҳдат руй дод, дар асл кадом ошубе набуд. Ин қаҳру ҷаҳл, ин заҳру зарби Раҳмонов, ин вокуниши заифона ва нафири ҷонбароии вай ба ҳаводиси Сурия, фирори Башор Асад ва давлатро ба даст овардани неруҳои исломӣ дар ин кишвар ва истиқболи ҷомеаи байналмилалӣ аз ин ҳукумати исломиҳо буд. Дар ҳар куҷо аз мамолики олам, ки неруҳои исломӣ сари қудрат оянд, Раҳмонов дучори руъбу ваҳшат ва васвосу ҷинзадаву ҷунун мешавад.

Шояд, мепурсед, ки чи рабт дорад? Рабташ ин аст ки таҳти таъсири ин ҳаводис сукути ҷомеаи Тоҷикистон шикаст ва як руҳияи инқилобӣ кишварро фаро гирифт ва ҳарфу суҳбат аз инқилобу сарнагунии Раҳмонов дар фазои кишвар ба таври ошкоротар зада шуд.

«Баъди Асад навбати Раҳмонов»

Ин таъбир ва ҳаммонандсозиҳо дар расонаҳо, қиёсу муқобалаи Раҳмонов ва Асад, алалхусус ончуноне тазаккураш рафт истиқболи ҳукумати ҷадиди Сурия аз суи ҷомеаи байналмилалӣ, ки тавонист як тоғути айни Раҳмонов ба солҳои тулонӣ дар ҳукумат часпидаро вожгун ва русияҳ кунад, Раҳмоновро васваса мекард, ки коре бикунад, то ин руҳия бедоршуда аз нав ғунуда ва саркуб шавад. Ҳарф аз сарнагунии Башор Асад зада нашавад. Раҳмонов бо Асад қиёс нашавад, Раҳмонов Башор Асад нест. Ба мардум маҷол ва фурсат надиҳад, ки сар боло кунад, аз инқилобу аз саркашӣ аз интихобот бигуяд. Бояд коре бикунад, ки ин руҳияи бедор ва зиндашудаи ҷомеа шикаста ва тахриб бишавад. Бояд бигуяд, ки Раҳмонов Асад нест.

Инки дар фазои ин таҳаввул, инки дар ҳавои ин таҳаввул, инки дар зери таъсири заволи ғайримунтазираи Асад ҳарфи «Истеъфои Раҳмонов» дар девору дар ҷодаҳои манотиқи кишвар мусаббат шуданд, орому ихтиёри Раҳмоновро аз байн бурд. Дар километри 9уми Душанбе каллаи Эмомалиро дар як плакати бузург буридаанд. Дар чандин навоҳии пойтахти кишвар бо хатҳои калон Истеъфо Раҳмонов навиштанд.

Ин воқеиятро бояд эътироф намоем, ки Раҳмонов тамоми ҳисобу китоби воқеии афкори мардум ва таҳаввули ҷомеаро дар даст дорад. Медонад, ки ангезаи ин гуна руҳия гирифтани мардум аз куҷост. Медонад, ки ин ҳаводис ба руҳу равони мардуми тоҷик таъсири амиқ кардааст аст ва ин мардум қасду нияти пайравӣ аз ин тағйиротро доранд.

Бо ҳар қиммате ва то дер нашуда, кор аз кор ногузашта бояд пеши асароти ин ҳаводисро дар  руҳу равони мардум бигирад ва тавре нишон бидиҳад, ки не, вай ҳамоно зур, неруманд ва муқтадир аст ва ҳарф аз такрори иттифоқоти Сурия дар Тоҷикистон муҷозоти сангин дорад.

Ва, шишту тафаккур карду роҳи чораро боз ҳам дар зиндон пайдо кард. Чун таҷрибаи хунрезӣ дар зиндонҳоро дорад. Ва, дар берун ҳеҷ баҳона ва иллату асосе нест, ки хун бирезад, ончунон, ки бо баҳонаҳое Мирзо Зиёро, Алии бедакиро, Мулло Абдуллоро, Муҳаммадбоқирро кушт ва Ғарму Бадахшонро бо буи боруту танку туп ва аҷсоди онҳо мардумро тарсонд.

Мо, огоҳӣ ва хабар доштем ва дар навиштаҳои пешинаамон ҳам на як бору ду бор гуфта будем, ки Раҳмонов аз чанд вақт ба ин тараф, ҳатто қабл аз сарнагунии Асад дар қасди ташкили ҳамин гуна як ошуб дар кадоме аз зиндонҳои кишвар аст. Чунки вай аз оромиву осудагии мардуми тоҷик ҳарос дорад ва бояд ҳамвора фазоро мағшуш ва амниятӣ ва тарсолуд кунад ва мардум ва ҷомеаи кишварро дар як чунин фазо асир ва мутеъ бисозад. Тамоми сивусе соли ҳокимияти Раҳмонов ҳамроҳ бо ҷангу куштору зиндону зуриву қулдурӣ будааст. Аз ин ҷост, ки ҳодисаи Сурия тасмимашро қатъӣ кард. Ва нақшаро кашиданд ва зиндонро муайян карданд.

Шеваи қатл ва берун баровардани аксҳои кушташудаҳо

Қабл аз онки ба чанду чунии ин ошуби сохта ва ташкилӣ бипардозем, ин нуктаро, чун ҷойи гуфтанаш омадааст, бигуям, ки Раҳмонов қасди дар Ғарм ё Ваҳдат як ҷанги кучаки идорашавандаро ҳам дорад ва ин нақша  дар дасти баррасии дору дастаи вай аст. Вай, ҳамоно аз ҲНИТ чун барги бед меларзад ва ин ҳодисаро, ва то ҷое хабарҳо мерасанд «ошуб»-и зиндони Ваҳдатро ҳам бори ҲНИТ карданӣ аст.

Шумо як бор тафаккур кунед, ки ин ошуб, ки Раҳмонов эълон кард, то куҷо ба ақли кас рост мегирад?

Нуҳ нафар бо силоҳҳои буррандаву халанда ба посбонҳову муҳофизони мусаллаҳ ҳуҷум  кардаанд, бидуни онки кадом шарту шуруте дошта бошанд ва қасдашон ин буда, ки бигурезанд.

Агар ин нуҳ нафар девона ва ақлашон зоил шуда бошад ин корро хоҳанд кард. Ва, ёнки ҳамагон интиҳорӣ ва камикадзе бошанд, ин корро хоҳанд кард. Бубинед, вақте кас ба танг меояд, ҷонаш азоб кашидааст, талош барои наҷоти худ мекунад. Вале ин нуҳ нафар ҳатто агар бо «холодний оружия» мусаллаҳ шуда бошанд ҳам чи гуна бар муқобили посбонҳои мусаллаҳ, сарбозони мусаллаҳ, ки дар ҳашт гушаи зиндон дар вишка истодаанд, мебароянд? Бо чи умеде? Онҳо, ки инсонҳои солимақланд ва медонанд, ки бо буррандаву халанда коре анҷом дода нахоҳад шуд ва ин худкушӣ аст, чи гуна мехоҳанд бигурезанд. Ва, агар гурезанд ҳам, ки комилан ғайриимкон аст то куҷо мегурезанд?

Раҳмонов ва дору дастаи вай, албатта ва яқинан асли ҳодисаро ошкор нахоҳанд кард. Пинҳон ва пушида маҳфуз медорнад. Аммо он аксҳо кушташудаҳои зиндон, ки маълум нест чи гуна дар расонаҳо роҳ ёфт ва ё махсус  барои боз ҳам таҳти фишор ва тарс қарор додани мардум утечка шуда аст, сохта ва дуруғин будани ин ҳодисаро тасдиқ мекунад. Дар бадани ҳеҷ яке аз ин ҳафт акс нишон ва осори тир нест ва онҳо болои хуне ғалтонида шудаанд, ки то овардани онҳо резонида шудааст, балки либосҳо ҳатто хунолуд нестанд. Магар тир аз либос нагузашта чи гуна одамро мекушад? Ва агар аз либос гузашт чаро осораш нест ва чаро сару либосҳо хунолуд нестанд. Балки баъзе аз формаҳои дар тани мақтулин кандаву дарида аст ки нишон медиҳад ин нафарон то инки кушта бишаванд кашталгирӣ, занозанӣ ва ҳарб кардаанд. Яқинан ин нафаронро аввал дар ҷойи дигари зиндон кушта сипас ба танашон либос пушонида ва болои хуни маҳбусҳои кушташудаи дигар оварда монда сипас акс гирифта «утечка» кардаанд.

Дар баёнияи расмӣ мегуянд, ки ночор шуданд аз силоҳи оташфишон истифода кунанд.

Магар як инсон, ки барои раҳоии ҷонаш аз зиндон фирор карданӣ аст, бо садои тир дар ҳифзи ҷонаш мешавад ва ё боз ҳам ба тарафи тирандозҳо ҳамла мекунад? Бо кадом ақл?

Агар ин нуҳ нафар ҳамла бо корду оҳани бурандаву халанда кард, чаро ба пояш тир назадед, чаро ба китфаш назадед? Чаро куштед? Чаро масалан маҷруҳ накардед?

Ин баёнгари он аст ки нақша аз аввал куштан буд ва онҳо, ки кушта шуданд, аксарият, балки ҳамагӣ нафароне буданд, ки бо иттиҳоми моддаҳои марбут ба ҷиноятҳои террористӣ зиндонӣ шудаанд. Ҳиҷ ақли салиме бовар намекунад, ки ин нафарон бо корд муқобили автомат бароянд. Инро Раҳмонов медонад. Ҳиҷ бандите ин гуна роҳи гурез пеш намегирад, чун ин роҳи гурез ақалан то дами дар хуруҷии зиндон намебарад.

Дар даруни ин нуҳ нафар ҳатман 3-4 кас пайдо мешавад, ки бигуяд мо бо холодний оружия то куҷо пеш меравем ва агар корд занем онҳо намепаронанд? Ҳатмани ҳатман буданд ва мегуфтанд. Пас аз сохтагӣ ва ҷаълии ин «Ошуб» ба вузуҳ дарак медиҳад.

Маълумоти расида аз КДАМ ва СИРҶ ба Ислоҳ

Бинобар хабарҳое, ки манобеъи наздик ба тафтишоти ин қазия дастрас карданд, тахминан дар ду ҳафтаи ахир бо баҳонаи «этап» аз Хуҷанду Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулобу Душанбе чандин нафар аз маҳбусони бо айни моддаҳои зикршударо ба зиндони Ваҳдат овардаанд. Ҳамин манбаъ афзуд, ки шумори онҳое, ки дар ҳодисаи рӯзи 3 феврал кушта шуданд аз 60 нафар кам нестанд ва боз ду нафари дигарро дар рузи 6 феврал бо тир зада куштаанд.

Ин манбаъ гуфт, ки ин нафаронро дар девори саҳнаи зиндон чухт монда бо тири автомат аз масофаи 15-20 метр куштаанд. Ин куштори ваҳшиёна на аз тарафи посбону сарбозони ин зиндон, балки тавассути спетзназ ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба иҷро расонида шудааст ва онҳое, ки кушта шудаанд, ҳамонҳоеанд, ки чанд рӯзи пеш аз зиндонҳои дигар этап шуда ва дар камераҳои ба истилоҳ карантин нигоҳ дошта мешуданд. Ин манбаъи мо, дар…….кор мекунад, бинобар шаҳодати як дубак ва ду нафар баклану ду нафар контролери муассисаи ислоҳии3/2-Ваҳдат гуфт, ки гурӯҳи саропо мусаллаҳи «АЛФА» вориди зиндон шуда бо як ваҳшоният ва шамотат ва дашному ҳақорат тамоми кормандони зиндонро вориди кабинет ва ҷойҳои корӣ карда дару дарвозаҳои зиндонро баста ва ин шумори маҳбусонро ба рагбор бастаанд.

Дар майдони ин кушторгоҳ, ки дар аксҳо мушоҳида мешавад, ҷоҷо сангҳо партофта шудааст ва изи тарӣ, яъне обе мушоҳида мешавад, ки ходимони «АЛФА» хунҳои ин шаст нафарро шуста ва сипас аҷсоди дар аксҳо намоёнро оварда дар ҷойи кушторгоҳ патофтаанд ва худи ҳамон шаб бо мошинҳо аҷсодро ба зодгоҳашон бурда ва худашон гуронидаанд, ҳатто бидуни онки салоти ҷаноза бар ин кушташудаҳои мусалмон баргузор кунанд.

Аломатҳои ДОИШ дар кулоҳҳои кушташудаҳо

Як нуктаи дигарро бароятон махсус тазаккур медиҳам. Ҳамон кулоҳе, ки дар сари шаҳидони ин зиндон бо сабти ДОИШ ва калимаи шаҳодат навиштаанд, магар бовар карданӣ аст? Ин кулоҳҳоро дар ҳодисаи дигаре, ки соли 2018 дар тобистон, дар ин зиндон руй дода ва онро ҳам бори гардани гурӯҳҳои исломӣ карда буданд, пушонидаанд.

Як саволи оддӣ? Чаро ин кулоҳ аз сари нафаре, ки кушта шуд, науфтодааст? Вай, ки ба замин уфтод. Магар, не? Ва, дигар инки нафаре, ки фикри гурехтан аз зиндонро дорад, чаро ба сараш кулоҳи ДОИШ бикашад? Вай, ки гурехтанӣ ва имкони боз ба даст уфтоданаш ҳаст ва медонад, ки ДОИШӣ будан ин ҷиноят аст, чи гуна худро бо дастони худ муҷрим бисозад? Маълум аст ки ин кулоҳро худи қотилон ба сари зиндониёни мақтул пушонидаанд. Хулоса Раҳмонов тавассути ин нишонаи ДОИШ чанд паём дорад,ки онро ба онҳо ба шакли тақрирҳо шарҳу тавзеҳ медиҳад. Масалан барои мардум ва аҳолии кишвар паём мегузорад,ки ҳар касе мухолифи ман аст ӯ ДОИШи аст ва ана ҳаминхел мекушам. Ё шумо бо мухолифини сиёсии ман хушбин набошед,ки онҳо террористанд. Ба кишварҳои хориҷӣ паём мегузорад, ки ман бо террористон даступанҷааму бубинед зиндонашон кардаам ва инҳо террористанд. Дақиқан ин сенария дудмонаш Русия аст ва спецслужбаи ду кишвар, ки бо ҳам кор мекунанд. Ҳамаи мо ва шумо шоҳиди он будем,ки дар Русия соли гузашта шоҳиди чанд «ОШУБ» дар зиндонҳояш будем,ки дақиқан бо ҳамин наҳва буду зиндониён кушта шуданд. Агарчи боз гарвгонгирӣ тавассути навор аз тарафи зиндониён дида мешуд. Аммо сенарияи тоҷикии ончи дар Русия гузашт ҳамеша яксон будааст.

Куштор дар зиндон ҷанги Равонӣ бар алайҳи мардум…

Ошуби зиндони Ваҳдат як бозии дигари Раҳмонов алайҳи мардум аст. Вай болои мардум ва бо мардум ба ҷанги равонӣ бархостааст, фишору таҳдиди равонӣ ворид карда истодааст, то руҳияи инқилобии мардум ҷариҳадор бигардад.

Раҳмонов хуб медонад, ҳоло ин тавтиаро ба амал набароварда медонад, ки мардум ба ин ошуб бовар нахоҳад кард. Аммо барояш намоиши қудрат, таъкиди қудрат ва бори дигар паём додану огоҳ кардан аст ки вай ба ҳамагуна ҷиноят омода аст агарки мардум қасди сарнагунии вайро кунанд. Хуллас то замоне, ки ҳаст набояд паст ояд.

Раҳмонов дар ташкили ошубҳо дар зиндонҳо таҷриба касб кардааст. Инҷо касе намефаҳмад, ки дар асл чи гап шуд. Аммо болои террористҳо ДОИШу дигару дигар бор мекунаду бо ҳамин тамом. Ин як макони мамнуъ аст ва дар назарҳо пинҳон. Ҳатто агар лозим шавад аз подвали КДАМ чанд нафарро бо моск зоҳир мекунаду ин спектаклашро тавассути зери подвалбудаҳояш тасдиқ мекунонад. СС ҳама вақт омода аст ин наворро нашр намояд. Чун мо бештар гуфтем дигар ҳоло то ин дақоиқ онро нашр накардаанд.

Чаро маҳз ин куштор дар зиндон мешавад?

Чун зиндонҳоро ҳаматарафа контрол мекунад, мушкил надорад ва ҳама чиз тибқи нақша ва барнома пеш меравад, касе намебинад, ки чи кор мекунад. Дар берун дигар ҷо ва дигар чизе намонд, ки бизанад ва битарсонад.

Бояд Тоҷикистонро ҳамеша уязвимий, осепазир ва таҳти хатари гурӯҳҳои исломӣ нишон дода истад.

Барои Раҳмонов муҳим нест, ки чанд нафар ва бо чи баҳона бояд ошуб кунанд, муҳим ин аст ки нишон бидиҳад, ҳануз чизе иваз нашудааст, вай ҳамоно ҳамон тавре буд ҳаст. Зур, муқтадир, бераҳму шафқат, шикастнопазир аст. Қиёси вай бо Асад дуруст нест. Яъне ӯ аз Башшор қотилтару ваҳшонияттар аст.

Бо ин қатли пеш аз интихоботӣ чи ҳадаф дорад ?

Раҳмонов мехоҳад ба мардуми тоҷик нишон бидиҳад, ки инону ихтиёри умур таҳти контролаш аст. Ончуноне гуфтем ҳадафи аслӣ ва асосии ин ошуб саркуб ва шикастани ирода ва руҳияи бедоршудаи мардум ва ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тазоҳуроту инқилоб аст.

Раҳмонов дар ростои  интихоботи Маҷлис, ки барои баргузории он як моҳ ҳам боқӣ намондааст ва қасд дорад боз ҳам Рустамро раис ва нафари дуввум бикунад дар қайду биму ҳароси такрори ҳаводиси Сурия мондааст. Ҳузури намояндаи ҲНИТ дар ҳукумати ҷадиди Сурия Раҳмоновро сарвайрон кардааст. Таваҳҳум ва кобус орому қарорашро гирифтааст. Хоб надорад, ки ҲНИТ дигарбора хоҳад омад. Сари муе шак надошта бошед, ки инхуди Раҳмонов аст ки коргардон ва муаллифи ин фоҷеа аст ва ин қисмати чандум ва поёнии ин сериёл аст чизе гуфтан душвор аст. Ва то замоне Раҳмонов ҳаст ин силсилаи кушторҳо идома хоҳад кард. Сериёл бо ин хатм намешавад. Ва, ҳатто ҳамин зарбу лати сардори ин зиндон Садриддин Шарипов, сарҳанги вазорати адлия, ки бо кличкаи «Аккордеон» маъруф асту солҳо пеш, вақте барои таҷовузи чандин зани шудор аз зиндони занонаи Норак ронда буданаш ( маълумоти зиёде дар бораи ин нафар дар дасти мо расидааст) сохтаву дуруғӣ аст. Барои он ин корро карданд, ки сардори зиндонро беҷазо монанд ва аз об хушк дарбиоваранд.

Бинобар маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст Раҳмонов қасд дорад, ки ин ҳодисаро бори гурӯҳҳои исломӣ карда ва ҲНИТро муқассир бидонад. Ва ба ин васила бигуяд, ки овардани ба гуфтаи Раҳмонов террористҳо дар Сурия ва дар Афғонистон иштибоҳ аст. Ва, ин ӯ аст ки террорист будани онҳоро исбот мекунад.

Сиёсати Раҳмонов, моҳият, мағз ва асли он бар руи ҳамин ақида, ки исломиҳо ва махсусан ҲНИТ хатарнок аст устувор аст ва ин трази бархурд ва ин равиши сиёсиаш аз оғози фаъолияти 33 солааш иваз нашудааст.

СССР, нашрияи марбут ба мақомот, ба вижа КДАМ, ки борҳо мушоҳида кардем, қабл аз эълони иттиҳомоти расмӣ айбномаро эълон мекунад, дар робита ба ин ҳодиса ин тавр навиштааст:

«Сарчашмаҳои ба таҳқиқи ин ҷиноят наздик, ба шарти набурдани ном, ба СССР гуфтанд, «дар ин ошӯб изи пойи ТЭТ ҲНИ, ки шохаи ДИИШ аст, сахт мушоҳида мегардад».

Раҳмонов қасд дорад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ба Амрико сармогузори асосии муқобала бо террористҳо  нишон диҳад, ки бовар кардан ба ин гурӯҳ нодуруст аст. Вай тобу тоқати онро, ки ҷаҳон иваз шудааст ва сиёсати ҷаҳонӣ ин тавр натиҷа гирифтааст, ки диктаторҳо бадтар аз ба истилоҳ террористҳоанд, барояш қобили қабул нест, ғайритасаввур аст. Раҳмонов ҳақ ва нақши исломро қоил нест ва душмани рушди инсоният мешуморад. Бигзорад, ки вай чил сол биистад ва боз ҳукуматро ба писараш супорад.

Мардум аз соли гузашта ба ин тараф аз Раҳмонов амнистия мунтазир буд. Ва, Раҳмонов ҳам ба интизороти мардум вокуниш кард. Ва ҳамин куштори Раҳмонов дар зиндон вокуниши вай аст. Акнун фамидед,ки интизори афв ва бахшиш аз Раҳмонов чи авоқиби нохушеро дар пай дорад ? Борҳо гуфтем ва боз ҳам мегуем. Ҳаргиз аз Раҳмонов таваққуъ надошта бошед ӯ шуморо «АФВ» мекунад! Бале шумое,ки бо моддаи 307 маҳкумед! Инчунин хонаводаҳои зиндониён,ки фарзандону наздиконатон дар зиндонанд Раҳмонов онҳоро Амнистия мекунаду раҳо мегарданд. Амниястияи Раҳмонов қатл аст! Раҳмонов як шабаҳ ва як Даҷҷол аст,ки Раҳмаш азоб ва азобаш фирор аз кишвару бе хонумон шудан аст. Ҳаргиз ба суханону ваъдаҳояш бовар накунед!

Ҳаводиси Сурия мардуми тоҷикро зинда кард. Таҳти таъсири ин ҳодиса боло гирифтани афкори зидди Раҳмоновӣ, бедор шудани мардум ва фаро гирифтани руҳияи инқилобӣ поҳои ҳукумати вайро мутазалзил кард.

Тамоми ин муддате, ки ҲНИТро заду берун карду террористӣ хонд, бо омадани як наҳзатии тоҷик дар ҳукумати Сурия ҳамаи ин иттиҳомот ва туҳматҳо ботил шуд. Барои Раҳмонов ин ки як «наҳзатӣ» дар ҳукумати исломиҳои Сурия мақом касб кард, баробар ба «ташрифи ногаҳонии ҳазрати Азроил ё Малакулмавт» аст.

Иллати асосии соли гузашта амнистия надодани Раҳмонов ҳам ин буд, ки намехост афроде, ки дар зиндон муқобилаш шудаанд, то интихобот ба берун бароянд ва таҳти таъсири мухолифини вай ба ягон корҳое даст бизананд. Вай амнистияро бо куштори оммавии зиндониҳо иваз кард.

Ps: Албатта таҳқиқоти «Ислоҳ» дар қазияи куштори ваҳшиёна дар зиндони 3\2 Ваҳдат идома дорад. Ҳатман маълумоте пайдо шуд онро тақдиматон менамоем.

Дар охир ин эълонро барои ҳама он афроде, ки маълумоти дақиқи мустанад дар даст доранд онро ба «Ислоҳ» фиристанд. Агар маълумотатон муҳим бошад ҷоизаи моли ҳам доред!

Сообщение  «Амнистия»-и хунини Раҳмонов появились сначала на ISLOH.net.