Архивы Асозода Дилшод - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №103
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Аз Кушониён навиштаанд, ки баъди нашри шумораи 87-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» котиби ҷамоати Истиқлол Ҷамшед Мирзохонов  ҳамроҳ бо раиси пешини кумитаи дин ва танзими ҷамоат Файзулло корро бас карда, як миқдор пуле ҳам додаю аз Тоҷикистон фирор кардаанд. Ба Аврупо ё Русия. Муаллифон навиштаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ба Аврупо фирор кардаанд. Ин фирори онҳо навиштаанд муаллифон баъди он ба мал омад, ки Ислоҳ дар бораи ҷиноятҳои коррупсионии котиби ҷамоат дар «Номаҳои № 87» навишт. Инҳо чанд муддат дар дасти органҳои танобкаш тоб мехуранду тахминан аввалҳои моҳи декабр мегурезанд.

Бо овардани ин муқаддимаи ғайримаъмулӣ барои нашри навбатии «Номаҳо…» чи гуфтаниям. Хеле мухтасару муҷаз гуфтаниям, ки ин ҳолат натиҷаи кори “Ислоҳ” ва барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст.

Боз ду ҷумлаи дигар дар ҳаминҷо афзуданиям. Агар дар «Минбари муҳоҷир» ман шуморо ба «гап дароварам» дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» баракс, Шумо маро ба гап медароред, гапро шумо мезанед. Барои ҳамин аст ки гапҳои шумо бомаззатар (пуртаъсиртар) аз гапҳои ман аст. Маро мухолифу душману хоин мегуянду мегуянд бовараш накунед, дуруғ мегуяд. Вале Шуморо ин гапҳоро, ин иттиҳомотро гуфта ва баста наметавонанд. Чунки он гоҳ иқрор ва эътироф мекунанд, ки тамоми халқ мухолифашон аст.  Гоҳо ончунон масъалаву мавзуъҳо содаву маҳдуду хусусианд, ки фикр мекунӣ арзиши нашр надорад. Аммо инки шумо онро бо умед барои мо фиристодаед намешавад аз паҳлуяшон рад шуд. Аммо ҳамин навиштани мушкилоту муаммоҳои дар назар сода ҳам намефорадашон. Вале ман дар куҷояму шумо дар куҷо? Ман, ки ҳиҷ касе нестам. Вазифа, мансаб мақом ва бюҷет надорам, ки бираваму мушкилро рафъу дафъу бартараф созам. Ман, ки рафтан наметавонам. Террористу хоин эълонам кардаанд. Парванда дорам. Таҳти ҷустуҷуи Интерпол қарорам додаанд. Барои ҳамкорӣ бо ман статя доранд ва ҳоло он статя статяи “Муҳаммадиқбол”, ё статяи “Ислоҳ” ном дорад. Аммо, шумо, ки новобаста аз ин ҳама угрожатҳо, тарсониданҳо, зиндон шуданҳо менависед, шумо, ки муроҷиат мекунед, онҳоро-яъне Раҳмонову дору дастаашро касал мекунед.

Навиштани шумо ба “Ислоҳ” онҳоро мекушад, мояи рашку ҳасуд, ошуфтагӣ ва хашму ғазабашон мешавад, ки «чаро ба вай менависанд»? Навиштани шумо ба мо ба ин маъност, ки гапу ҳарфи Раҳмонов ва «статя»-ҳояш аслан арзише надорад, аҳамияте надорад, «гуфтан мегирад, вале мо кори худамонро мекунем». Ана ҳамин ҳамкориву алоқаву робитаи мо, ки муҳкам, сахт ва устувортар мешавад, дуд аз диморашон бароварда хурду хобашонро рабуда айшу ишраташонро ба ҳам мезанад. Раҳмонов ҳама чиз дорад, ҳама чиз. Аммо касе таваҷҷуҳ намекунад, суроғаш намеравад.

Барои ҳамин нависед, бештар нависед ва ин шо Аллоҳ, ҳамчунон ки дар Кушониён иттифоқ уфтод ва дар навоҳии дигар, навиштаҳои шумо ҳатман таъсир хоҳад кард.  «Номаҳо…» «Минбар»-и шумост ва ҳамкорӣ бо вай муфид ва манфиатбахш аст.

Шаҳринав

Ассалому алайкум ба тими Ислоҳ ва роҳбари он Муҳаммадиқбол! Ман имрӯз мехоҳам дар бораи як тан аз шахси ришваситону ришвахур гӯям, ки болои мардуми як деҳаи дурдасти кӯҳистон зулму ситам дорад. Аниқтараш  Очилдиев Раҷаб раиси кумитаи  маҳаллии деҳаи Хуҷи ноҳияи Шаҳринав.

Ман дар бораи ин шахс гуфтаниям, ки бо ӯ ҳамкор будам. Қариб аз тамоми кирдорҳои бад ва ҳолатҳои ришвахуриҳои ӯ хабар дорам. Солҳои зиёде бо ин шахс кор кардам ва ҳамеша огоҳ будам, ки дар давоми 10-11 соли раисиаш ба чи корҳо машғул буд. Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои мардуми мо ҳаст. Дар ҳамаи деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва аксаран дар саҳро ва даштҳо баргузор карда мешавад. Аммо ҳоло дар бораи кори кардаи ин раис дар ҷашни Наврӯзи соли 2023 мегӯям.

Аз мардуми маҳалла, ки шумораи аҳолиаш қариб 2 ҳазор асту 300-320 хонавода дорад11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ кард, вале натиҷа чи шуд? Бо мондани як дег оши 50 кг боқии пул ба ҷайби ин шахс рафт. Бадтар аз ин, барои аввалин бор Наврӯзро дар масҷиди деҳа гузаронд. Дар масчиди деҳа, ки макони тоату ибодати оммаи мусалмонон аст, Навруз баргузор кард. Он рӯз инчунин дар деҳаи мазкур, ки як зиёратгоҳи бузургворе мавҷуд аст,як қисми ҷашни наврӯзиро онҷо ва бо иштироки намояндагони воломақоми ноҳия доир кард.

Болотар, тахминан 70-10 метр аз зиёратгоҳе, ки гуфтем Наврузро онҷо доир кард, оромгоҳи деҳа қарор дорад. Худ хулоса кунед, то чи андоза шахси касиф ва беандеша ҳаст, ки дар мавзее, ки қабристон воқеъ аст ва то ба ҳол мурдаро дафн мекунанд, рақсу бозӣ, суруд ва ҳоказо.
Суханҳои гуфтанӣ бисёр аст, вале чи суд? Болои ин ҳама ришвахуриаш боз сари боло дорад. Борҳо ман, ки ҳампешаи ӯ яъне омӯзгор ҳастам, таъкид мекунем  ва дар куҷо истифода кардани маблағҳоро мепурсем ҷавоб фақат яктост:-будагиашро дар ободонӣ сарф кардем.  Ҳар моҳ аз ҳар оила 5 сомонӣ мегирад. Ин ҳам дар умум мешавад 1500-2000 сомонӣ. Магар ҳамаи ин маблағ нест. Агар шахси боимон бошад, бо ин миқдор даромад ва кӯмаки муҳоҷирони меҳнатӣ ободии деҳаро дар сатҳи баланд мекунад. Вале як амали ободкории ӯ ҳаст, ки қисман хуб аст ,сохтану таъмири роҳҳои маҳал, яъне бо роҳи рехтани шағал, қум. Ин амалро бе манфиат анҷом намедиҳад, чунки худ ронандаи мошини боркаши ЗИЛ аст ва он борро худ мекашонад ва боркунандааш (экскаваторчиаш) ҷияни худаш буд. Ва боз пули ободонии деҳа ба ҷайбаш. Ҳамин корро дӯст медорад.Фақат фикри ободии ӯ роҳсозӣ. Хулоса, амалҳои номатлубаш зиёд аст. Вале халқ танҳо ва танҳо як чиз мехоҳад, ки ҳамин шахс бас кунад, роҳбарии деҳаро ва ба ҷояш як ҷавони дигар шавад, ки дар дилаш меҳри ободкории диёр ва имони комил дошта бошад.

Дустӣ
Ассалому алайкум домулло! Бовар кунед, баъди нашри навори «Номаҳо аз ноҳияҳо»№88,ки аз Ҷиликул ҳам гуфта будед, мардуми машғули стройка ва калонҳои деҳаамон девона шуданд. Дар он нашри барнома суҳбат дар бораи деҳаи Миравойи Дустӣ буд.

Ду-се нафар аз деҳаамон омаданд пеши Тошматов Қобил ва Тошматов Умед. Коргарони деҳаи Миравойро ҷамъ карда маҷлис баргузор карданд. Калонҳои деҳаамон дар маҷлис аз коргарҳо пурсиданд,  ки Тошматов Қобил ва Тошматов Умед аз шумо пул мегиранд,  онҳо ҷавоби рад доданд. Баъд як рабочик баромаду гуфт: «гап занен, чиба гап намезане»?  Аммо рабочико аз тарс гап назаданд, ки боз мабодо аз ҷои корашон сурашон накунанд. Аммо ман гуфтаниам, ки 1000 фоиз сум мегиранд. Як нафар дар бригадаи Тошматов Қобил буд, номаш Ҷононов Амиршо.   Гуфт, ки мо дар пеши офиси шефҳо дар болои кабелҳо кор кардем. Аммо ин кабелҳо ток доштанд, надоштанд, намедонам гуфт. Гуфт мо кор кардем. Тошматов  Қобил шефи ҳамон фирма чанд суме дод. Ҳоло, ки шумо дар болои кабелҳо кор кардед, гуфт ки Ҷононов Амиршо Тошматов Қобил баъд як-як рабочикҳоро фарёд карду гуфт, ки 10 ҳазори русӣ аст. Ба ҳар рабочик бояд медод. Аммо ин Тошматов Қобил яке яке рабочикҳоро фарёд кард даруни вагонаш ва10 ҳазорӣ дар дастҳояшон дод. Баъд Тошматов Қобил гуфт, ки 5 ҳазорашро ба ман бидеҳ.  Хулосаи гап, ки инҳо мегиранд сум. Эй мардуми стройка талаб кунед аз ҳақатон, аз чи метарсед? Натарсед дигар. Ман дар ахир гуфтаниям, ки ин номаро ман навистам. Боз аз ҳар рабочик набинед Тошматов Қобил ва Тошматов Умед. Фаҳмо!  Зулмро бас кунед. Умед лично ба ту дахл дорад! Рабочикҳо ба пеш, ба пеш!!

Нуробод

Салому алайкум! Нома аз қишлоқи Пандовчии ноҳияи Нуробод. Дар бораи як муаллим менависам.  Муаллими мактаби №29.

Ин муаллим номаш Маҳмадёқуб аст. Як шахси бесавод. Чанд сол шуд, ки дар ин мактаб кор мекунад. Дар ин мактаб аз тамоми талабаҳо пули ангишт ва ё ҳезуму тапак мегиранд, ки бахудо беҳад айб аст.

Дар ин мактаб як муалими дигар ҳам буд- номаш Давлатмир Носиров. Ин муаллим як бесаводи дигар ва бадтар аз ин фосиқ аст. Фақат нишаста бурутҳояшро тоб дода духтарҳои мардумро тамошо карда ва ба гуфти худаш кайфоват мекунад. Ҳозир ҳам дарс медиҳад. Аввал директори деҳаи Қоҳри кор карда буд.

Баъд бо як духтари ин мактаб номаш баромад, бадном шуд. Аз директорӣ ронданаш. Вале ҳоло боз муаллим шуда кор мекунад. Ин давлатдорони мо, махсусан масъулони соҳаи маориф девона шудаанд. Охир ин шахс боз ҳамчун муаллим кор карда истодааст. Як шахси бадахлоқ, бадномшуда чи гуна омузгору муаллими бачаҳои мардум мешавад?

Эй, бародарони Сари Дашт!  Гуфтанӣ ҳастам, ки хап нашинед, бинависед. Ин ҳаромзодаҳо то кай духтарҳои мову шумора дар сари зонуҳояшон нишонда шаку мол мекунанд? Ку номуси мардакии мо ва шумо? Ин ҳолат дар аксари мактабҳои ноҳия дида мешавад. Мардҳоро муҳоҷир карданд, духтарони моро ҳамчун канизак истифода мебаранд. Як бор худатон фикр кунед, ки дар Пандовчӣ чанд мард боқӣ монда аст? Агар дигар баргаштанӣ набошед зану фарзандҳоятонро баред. Мо дида истодаем чи гап аст инҷо. Бо занҳои шавҳардор ин мақомот чикор доранд. Милиса ва амнияту ҷамоат ва танзим чи кор доранд шумо намедонед?

Ваҳдат

Салому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мисли навиштаҳои пешина аз Лақайбегии Ваҳдат менависем. Ин бор мехостем дар бораи як -ду таксист, ки ба занони шавҳардор гап мепартоянд ва зинокору аҳмақ ҳам ҳастанд нависем.

Яке аз ин ронандагони таксӣ Табаров Баҳодур мебошад. Лақабаш Баҳодури худозада аст. Ӯро аз он сабаб худозада мегуянд, ки ба занони мардум гап мепартояд. Як опели сурхак дорад. Бо ин опелаш ба роҳ мебарояд, ки дар роҳ зани мулло Мансурро мебинад. Дар пеши хонаи мулло ба зани мулло гап мепартояд, ки мулло дар таги Камаз будааст ва суханҳои Баҳодурро мешунавад. Мулло аз таги Камаз мебарояд ва бо либосҳои пури афтолу солидор рост ба вокзал-истанса меравад ва Баҳодури худозадаро дар сари қаҳр бо мантировка мезанад. Рафиқони Баҳодури худозада ба деҳа меоянд ва мегуянд, ки зури мулло Мансур нарасид, Баҳодурро бо мантировка зад. Аммо, маълум аст ки вай дар ҳолати қаҳр зад, вагарна тамоми деҳа медонад, ки мулло Мансур як спортсмен аст ва даҳ мисли Баҳодурро мезанад.

Баъди ин ҳодиса боз «овоза»-и Баҳодурро аз деҳаи навомадаҳои Гурхурда шунидем, ки дар онҷо бо як келинчак зино кардааст. Худам дар мошинаш будам ва шоҳидам, ки зани шавҳардорро гап мепартояд.

Як рӯз дар баняи деҳаи Гурхурда ду талабаи мактаб мепурсандаш, ки акаи Баҳодур моро чанд сумӣ то дискотекаи Алмос мебарӣ? Гуфт «ма ҳама кори харигарира кардум, неки ҳами сигарету нос накашидам ва дискотека нарафтам, хай шумо 50 сомон бтен мебармтон. Хдм намедром, мошинда хо мерам».

Бубинед, ки ҳатто талабаҳои мактабро барои пул шуда розӣ ҳаст, ки ба суи фаҳшо барад. Ин Баҳодур қории Қуръон ҳам ҳаст. Ба худо як намуд қироат мекунад, ки роҳат мекунӣ. Намехоҳӣ гушатро биканӣ. Вале бо ин амали ноҷавонмардонаи бо занони мардум гап партофтанаш обруяшро резондаасту лақаби худозадаро гирифтааст.

Таксисти дигари деҳа, ки бениҳоят зинокору масҷидбадбину муллобадбин аст  Абдуназаров Фирдавс мебошад. Беҳад муллоҳоро бад мебинад. Як рӯз дар мошинаш нишаста будем, ки гап -гапи намозу масҷид шуд. Ин Фирдавс бо фахр гуфт: «якташ ма масчит намерам,  намоз намехонум, мебинм яхел мулоҳоша масчит мераван, чи коро мекнан». Гуфт “ай масҷидрави яхел мулоҳои деҳара зинокори ма хубай”.

Лақабаш Фирдавси дуруғгу мебошад. Ба ҳама маълум аст ки беҳад дуруғ мегуяд. Дар вокзал шиштагӣ, роҳи клиентҳоро мепояд. Кадом занакро бинаду маъқулаш шуд, гап мепартояд.

Як мошини хачбеки тонировка дорад. Бо ҳамин мошинаш таксӣ мезанад. Дар мошинаш мешинӣ, то станса ҳатман ягон одамро ҳақорат карда меравад. Дар мошин як муаллима аз район меомад, дарс медод ва мерафт. Фирдавс бо ӯ алоқаи зич дошт. Ба гуфти худаш бо ин муаллима хело наздик будааст.Тарафи талабаҳои мактаб гуфтааст, ки муаллимаатон аз пулпурсӣ безор кардааст. Қариб ҳаррӯз аз ман пул мегирад.

Як шаб як, ду рафиқам уро дидаанд, ки мошинашро дар замини дашт мемонад ва ба тарафи хонаи як зани шавҳардоре, ки шавҳараш дар Русия аст меравад. Ба хотири онки ин зан хонаи обод дорад ва соҳиби фарзанд аст номи уро махфӣ нигоҳ медорам Айни замон Баҳодури худозада дар Русия аст. Фирдавс бошад, ҳоло ҳам таксӣ мегардад. То ҷое шунидам инҳо бузҳои Лақайбегӣ ҳам будаанд.

Хитоб ба сардори БДА-и Ваҳдат.

Ту бояд ин таксистҳоро аз кори таксӣ дафъ кунӣ, то инҳо рӯзи сафеди ягон оиларо сиёҳ накунанд.

Хитоб ба мардони деҳа! Медонам бисёри шумо муҳоҷир ҳастед. Дар муҳоҷират рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронед. Хоҳиш мекунам, ҳангоме ба занҳоятон занг мезанед, инро фаҳмонед, ки ба станса рафтанӣ шаванд ,ҳаргиз бо мошини Фирдавс нараванд ва дар мошинаш нашинанд. Тамоми деҳа аз инҳо бо хабар асту ҳама медонад, ки зинокору занакбоз ҳастанд

Акнун мегузарем ба масъалаи роҳи деҳаи Лақайбегӣ.

Аз байни Лақайбегӣ шоҳроҳи Душанбе- Кулоб мегузарад. Қариб ҳар сол дар инҷо як кудакро мошин мезанад. Ин шоҳроҳ на ягон чароғак дорад, на ягон пешеход. Чандин сол пеш дар ин роҳ як духтар бо номи Зевармоҳро мошин зад ва ин духтар то ҳол фалаҷ аст. Ин духтар духтари қалуғи Исмоил мебошад. Модараш муаллима Ситамова Фотима то ҳол бо чашми гирён ин саҳнаро ба хотир меорад

Боз як марди калонсолро дар ин роҳ мошин зад ва мурд. Ин инсон раҳматӣ Сулаймон ном дошт. Писари бобои Исмат. Боз як ҷавони дигар, ки дар ин роҳ уро мошин зад Бобо ном дорад. Алҳамдулиллоҳ, ки у ҷон ба саломат бурд.

Боз як кудаки дигар, ки номи падараш Зубайд мебошад. Бачаи уӯо низ мошин зад дар ин роҳ ва насмерт мурд. Дар ин роҳ беҳисоб одамҳо мурданд. Вале ҳукумати шаҳр парвое надорад. Ба доди мардуми деҳаи Лақайбегӣ ягон мақомот намерасад. Аз ҳукумат хоҳиш мекунем дар ин роҳ ягон чароғак оварда часпонед, то ки  мардум ҳадди ақал беташвиштар рафтуомад кунанд

Дар охир чоплусон гуфтаниам, ки шумо мегуед Эмомалӣ Раҳмонов ба миллати тоҷик сулҳ оварда тавонист, аммо ман мегуям Эмомалӣ Раҳмонов ба деҳаи Лақайбегӣ ҳатто як чароғак оварда часпонда натавонист, аз куҷо ба миллат сулҳ оварда метавонад?

Ҳамадонӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Қасам ба аллоҳ бародар Муҳаммадиқбол дар барномаи “Номаҳо  аз ноҳияҳо № 58” дар бораи ҷамоати даштигулои Ҳамадонӣ ҳарчи гуфтед, ҳамааш дуруст буд.

Акнун номаи навбатиро дар бораи асфалтхурҳо ман менависам ва бовар дорам, ки ин номаи маро ба нашр медиҳед.
Бо намояндагони ҷамоат асфалт аз наздикии кӯчаи Якум то қишлоқи Киров ва  аз он ҳам болотар ва аз инҳо ҳам болотар асфалти роҳи асосие, ки ба маркази  ноҳия меравад он роҳ аз давраи шӯравӣ асфалт шуда буд. ин лошахурҳо асфалтро канда бурда дар поёни деҳа рехтанд.
Мардум аз пушти кори инҳо замистону тобистон азоб мекашанд. Ҳайратовар ин аст ки дар ҷойи асфалт санг рехтанд. Дар тобистон агар як мошин гузарад, аз хоку чанг одамро дар масофаи 15-20метр дида намешавад. Аммо зимистон бошад  байни роҳ ба ҳавзҳои моҳипарварӣ мубаддал мешавад ва мошинҳои мусофирбар ба як азоб ба маркази ноҳия мераванду меоянд.
Дар ин байн як шахсе бо номи шали Раҳматуллоҳ бо як экскаватор омада ҳар шахсе, ки дар наздикии ин роҳ хона дошт дарахтонашонро моликияти давлатӣ гуфта аз 100то 200сомонӣ шояд аз ин ҳам бештар ба соҳибони худи дарахтҳо фурӯхту пулро дар кисааш заду гум шуд. Лекин ин қаллобро мо медонем, ки дар қишлоқи Часавой зиндагӣ мекунад.
Дар қишлоқи мо деҳаи Файзобод ду мактаб амал мекунад. Яке №4 дигаре № 52 .
Дар мактаби № 52 имсол як нафарро директори мактаб монданд, ки аз кӯчаи илм гузаштагӣ нест, савод надорад. Дар куҷое шинад аз даҳмардагиаш нақл мекунад. Чунки то директорӣ даҳмарда будааст. Ӯро, ки диплом додааст, номаълум. Падараш чанд сол пеш дар ҳамин мактаб директор буд. Дар давраи директории вай  тамоми дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан несту нобуд шуд. Як мерседес дорад бачаҳалок, он қадар тезаш ҳай мекунад, ки дигар намегуяд дар он раҳ одам ҳаст ё нест? Мегӯӣ, ки кинои Фарсаж 6 ё 7 снимать карда истодааст.
Дар номаи дигар аз бузҳои амниятии ин мактаб, бузҳои пеши бозорча ва бузҳои  масҷид ба шумо менависам.
Ба Аллоҳ қасам ман шарм мекунам, ки номи як хел бузҳои солхурдаашаро бигирам. Аммо ба хотири оромиши виҷдонам дигар чора надорам. Бояд инҳоро ном ба ном  нависта ба ҳама маълум намоям.
Дар охир як чизи дигарро ҳам мехоҳм гап занам.
Дар наздикии заводи пахта як пули оҳанӣ буд, ки мошинҳо ба воситаи он ба он тарафи дарёча мегузаштанд. Як рӯз як камаз ҳангоми гузаштан дар дарё чапа шуд. Баъд кон пулро соз карданд. Барои сохтани ҳамин пул хато накунам   сарвазир Қоҳир Расулзода омада буд. Аммо ин роҳи харобу валангорро диданду ҳеҷ таваҷҷуҳе барои таъмираш накарданд. 3 сол мешавад ин роҳ вайрону валангор боқӣ мондааст.

Норак

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ду моҳ аст мехостам ба шумо нависам. Дар бораи ҳаводису руйдодҳои

Норак менависам. Дар бораи Садаф, «завҷа»-и ҳоҷӣ Амонулло гап заданӣ будам. Дар ёдатон бошад 3 сол пеш дар борааш гуфта будед. Ин зан аз номи ҳоҷӣ Амон дар ҳамаҷо гап мезанад. Садафмоҳ Неъматуллоевна. Ин зан шавҳарашро куштааст, ки ин гап ҳақиқат дорад.  Вай худро сафед карданӣ шуда мегуфт, ки «ма нахо шуи хдма бкшм». Аммо ин барои пулҳои шуяш шуяшро кушт.

Дар Норак навъи сахтаъсири маводи мухадир -героин савдо мекунад. Пештар ин корро бо шавҳараш Диловар Талбаков мекард. Соли 2020 шавҳараш вафот кард. Садаф шавҳарашро заҳр дода кушт. Баъд дар як барномаи «Ислоҳ.ТВ» ғалтид. Баъди офтобӣ шуданаш дар «Ислоҳ» муддати ним сол дар Норак намеомад ва ё бисёр ҳам махфӣ меомад. Чунки дар байни халқ кӣ будани ӯро ҳама фаҳмида буд. Вай тамоми маъракаҳои вафоти шавҳарашро ,гуё.ки ӯро дуст медошта бошад, баргузор крад. Аммо “ста –оста”бо ранги пешина шид, шогирдои шуш кати кор мекнад то хозира касе дар норак ай наркабизнеси мехеза ё як мошин мегира ё як хона мегира . Садаф файродш мекна мега 10 ҳазор доллар ё 20 ҳазор миёрӣ, наёрӣ мебардорант. Ай номи ҳоҷӣ Амон гап мезанаду тарс метияд одамора.

Зиндагиша амихе пеш бурдестай. Шогирдо дора дар Москва, телефон кати ай Норак управлят мекунад.  Дар ҳама ҷо мегуфт, маро ҳеҷ кас намеқапад. Як бача аз Норак, ки аз шогирдонаш буд аз Дисабур (тарафҳои хонаи очаи Садаф) он бачаро меқапанд. Он бачаро меқапанд, ин мегуяд, ки одами ман нест. Вале он бачаро мебарорад. Вале баъд боз бор мегузаронад, дар дасти кадом ҳаромхури дигараш меғалтад, пули калон дода мебарояд. Ҳозир бо пул ҳамаро мехарӣ.

Дар Норак дар моҳи сентябр-отябр бозор ифтитоҳ гардид. Ин бозор аз ҳоҷӣ Амонуллоаст.  Онҷо Садаф 5-6 точка дорад. Ҳоҷӣ Амон додааст. Ҳамсояи дар ба девори Наҷмиддин Саъдуллоев аст. Аз дасти рост мешинад. Садаф дар Норак 5-6 хона дорад. Боз инак аз бозори нав бо 5-6 точкаи дигар гирифт. Дар Душанбе хонаҳояш дар домҳои қиммат аст. Чунки ин бо раиси шаҳр ҳам кенти зур аст,  конрабандаанд. Тибқи шуниди мо Афюнҳои заказной Рустама Садаф подставка мекардааст. Садаф дар байни ҳамаи онҳо танҳо ва тоқа як зан аст. Боз барои онҳо арус меорад, ҳатто ҷиянҳои худашро туғрӣ кардагӣ аст, барои таги пойи ҳамон раисҳо- калонҳо, ҳаромхурҳои калони Норак. Савориаш як Ренҷровер буд, ҳозир наметобад мошинаш. Бо Кемри 6 мегардад. 4-5то аз ин мошин дорад, ки бо рангҳои гуногунанд. Як Кемрии 6 ро,ки шумо дар борааш гуфта будкд баъди 40-и шавҳараш оварда буд. Вай ҳам ҳаст. Боз сетои дигар гирифтаанд.

Садаф дар ҳамаҷо мегуяд, ки ман як занеам, ки наркобизнесҳои Тоҷикистонро управлят мекунам. Гапам мегузарад ба ҳамааш. Чанд вақт Туркия буд ва бо як турк бизнес кард. Аммо гуфт, ки банкорот шуданду дигар бас кард. Бо раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ҷураи сахтанд, бисёрии вақт дар дачаи ҳамон аст, ҳамаи ден рожденияҳояшро онҷо мегузаронад. 8 январ зодруз дошт. Дар хонааш ҷашн гирифт,бо мусиқиву тамоми санъаташ. Хоҳараш Холмо ном дорад. Як фоҳишаи дигар аст. Бо Садаф якҷоянд. Дар мошини Садаф мешинанду музикаро баланд мекунанду дар роҳҳои Норак ин тараф мераванду он тараф мераванд. Ҷияни раиси шаҳр, ҳамоне, ки аксашро мондед ҷияни Садафро мешапад. Кам-кам Садаф туғрӣ мекунад. Через ҷиянаш баъд боз худашро ҳам мечаспонад. Духтарҳоро мебарад, мамарозагӣ мекунад. 100% мамарозагӣ мекунанд. Вагарна он раисҳо Садафро чи кор мекунанд?

Садаф чор фарзанд дорад: 2 бача ва 2 духтар

1.Меҳрдод

2.Мадина

3.Далер

4.Ясмина

Бачаи калониаш номаш Меҳрдод.  Нав18 сола мешавад. Ҳама кори бадро мекунад дар Норак. 24 соат бангро задагӣ, кайф мекунад. Бо духтарҳо «ис мераван ис, очаш ҳавош мета,  бачам буху бгард, мега то вақте ма ҳастм».  Меҳрдод хеле аз духтарҳоро беномус кардааст. Бархеаш сокитанд, баъзеашон ариза карданд, аммо Садаф бо пул мақомотро харидагӣ аст. Меҳрдод банг ва бо баклашка кристалл мезанад. Ягон корманди ГАИ мошини ӯро манъ намекунад. Бо телефон корҳои модарашро дар Русия управлят мекунад. Права надорад. Мошинро як хел ҳай мекунад, «мегуй раиси шаҳр оташай ба и бача»

Ранги Маъруфи бачаи Наҷмиддин Саъдуллоев, ранги Шодибек Асоеви ҷияни раиси шаҳр ҳай мекунаду мегардад. Гуфтам, ки номаш Меҳрдод Диловарзода аст. Аз вақте падараш мурд, ин кудак ҷазир шуд, уже очааш «ҳамихелиш кад».

Наузубиллаҳ, гап гап бо хоҳари худаш баромада буд дар Норак,Овозааш дар Норак хело зиёд буд. Ин бача бисёр ҳам шайтон аст бигуем мешавад. Дар мактаби байналмилалии президентӣ дар синфи 11 мехонад. Дарсҳоро ҳам задагӣ. Намеравад дарс. Кайф карда мегардад. Садаф боз дуто мошини дигар дорад. Якеаш сиёҳ, якеаш сафед .Сафедаш ба соли таваллуди Диловари шавҳараш 1978. Сиёҳаш аз худаш 1986. Аз они бачааш 0202. Ба ғайр аз инҳо боз ду мошини дигар доранд. Яке Кемри 3 дигарӣ Тойота версо. Дар Душанбе боз 20-25 таксӣ дорад, ки солашон аз 2016-17 боло аст.

Бародар баъди наворҳои шумо дар бораи Норак хеле навигариҳо шуд. Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимуроду Наҷмиддин метарсанд, ки боз дар интернету дар Ютуб мепартояндшон. Он навбат акси Садафро монда будед. Нав «пл мл да дасти хдш зада бд аҳмият надод. Ҳамаҷода мегуфт иё тҳматай, дуруғ меган». Ҳоло агар бимонӣ чи мегуфта бошад?

Бачааш як кудак, аммо зимистону тобистон бо духтарҳову келинчакҳо ва ҳатто занҳои чени модараш дача ба дача мегардад. Задагӣ бангу нашаву арақро. Зимистон боз баня мековад. Бо суми ҳаром катагиашон дар осмон аст. Ин Садаф худаш бачаашро ба ҳамин роҳҳо тела медиҳад. Агар ягон кас гап заад мегуфтааст, ки пеши бачама буху.

Тавба, ҳукумт дар дасти чи одамҳое зад. Бахудо як сура намедонад. Норак дар даруни свет аст вале инҷо низ светро лимит кардаанд, дар қади роҳҳо светофорҳомон куштагӣ. Садафмо мамарозагиям мекунад. Ягон духтари хона ё камтар бераҳаро мековад аз мактабҳои Қибил, Тутқавул ё шахр мегираду сум ваъдаашон мекунад. Талабҳои мактабро роҳӣ мекунад пеши мардҳо. Кадомеаш духтарро нархи баландтар монад, ҳамон мегирад. Ва онҳоро ҷамъ мекунаду аз 7 то 8 000 долларо мегираду мебарад ба дачаҳо. Гуфтем, ки бо Асозода Дилшод Алимурод, раиси Норак рафту омади соз дорад. Як вақт овоза шуда буд, ки бачаҳои Асоев Дилшод шабона пеши Садаф бисёр мераванд.

Садафмо дар Норак 5-6 хона дорад, ки ба номи ҳар кас аст. Дар Лангар хона дорад, дар Дисабур, 50 солагии озера (хонае, ки зиндагӣ мекунад), дар Электрон низ хона дорад. Арзиши ҳар як хонааш аз 50.000$ сар мешавад.  Аз ҳамсояҳояш Садафмо бо як муфаттиш, ки номаш Суҳроб аст робитаи хуб дорад. Шабҳо Суҳроб назди Садафмо исёр меояд. (Дар ин бора боз дар оянда муфассалтар менависем)

Гуфтем, ки Садаф дар сари наркобизнесҳои Норак худашро калон мегирад: « Мега ма шумора даст гири мекнам, ай пшти ма шумора ҳичи намеган, ма набошм ҳамата фалон мекнан». Аммо бо ҳамин қадар суме, ки дорад модараш дар обшежити тахтагӣ зиндагӣ мекунад.

Чанд акаву додар, апаву хоҳаранд. Ҳамааш бангиву фоҳишаанд. Хоҳар майдакиаш Холмо аст ки дар борааш дар боло гуфтем. Холмо бигуӣ ҳама мешиносанд. Чанддаста аст. 2 кудак дорад. Дар домҳои куҳна, дар1 хонагӣ зиндагӣ мекунад. Бародараш Азамат таксиҳои апаашро ҳай мекунаду идора ҳам мекунад. Як бангии кайфии дигар аст. Садаф бисёртар бо Холмо ва бо духтари апааш Дарё мегардад. Секаса дискотекаҳо меравнаду корашон ҳамин аст. .

Панҷ

Салом акаи Муҳаммадиқбол .Мо барномаҳои шуморо тамошо мекунем .Махсусан барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро. Чунки шумо дар ин барнома ҳақиқати рӯзгори моро мегуед. Ончики дар барномаи пешинаатон дар бораи Панҷ гуфтед  сад дар сад дуруст аст: Эмомалӣ Раҳмонов  «нашоти роҳ, барқ. Дар ҳамаи ҷо дар баромадҳояш гуфтаст, ки ман Панҷро обод кардаам, ин кардаам, он кардаам. Барзами ин пули об, налогро ки барои оилаҳои камбағал 260 сомон буд 360 сомон кардааст. Ҳамаи гапхояш дуруғ аст».

На роҳҳои қишлоқ ва на роҳе, ки ба самти шаҳрак меравем ягон майда обод накардааст. Ман мехоҳам исбот кунам, ки ин гапҳояш дуруғ аст. Барои он ки  ман суратҳояшро партофтам худатон бинед. Ман ятим калон шудаам. Ин раиси ноҳияи Панҷ вакте ки ман синфи 10 ё 11 мехондаму ятим будам президент сум ҷудо мекард ба ятимҳо. Ҳамаи ин сумҳоро раиси ноҳияи Панч мегирифтааст. 2 -3 ҳазор роҳӣ карда боқияшро ба ҷайби худ мезадааст ва моро-ятимҳоро фиреб мекардааст. Баъдаш мактаби миёнаи умумӣ 26 ро сел зада буд. Китобҳои фарсударо ба талабагон аз 10 сомони боло медоданд ва директораш он вақт Азизов Исрофил буд ва ҳозир бошад дар мактаби миёнаи рақами 4 директор ҳаст вай як алкаш ҳаст ва ӯро бояд аз кор хориҷ кунанд. Вале инро ҳечкас нигоҳ намекунад мардум метарсанд дар маориф шикоят кунанд ин чандин маротиба аз талабагон пули ҳаром гирифта хурдааст. Ман чандин бор ин ҷинояташонро қапидам. Якеаш Бахтиёр номдорад, коргари ҳукумат аст. Якеи дигараш Маъруф аст, дар шуъбаи маорифи ноҳия кор мекунад. Ҳардуи инҳо гуруҳи муташаккли ҷиноӣ ташкил дода ҳаққи ятимонро мехурдаанд. Нафақаеро, ки  ҷудо мешудааст раиси Панҷ мегирифтааст. Барои мисол агар 200 ҷудо мешудааст 100 сомонӣ медодаасту боқияшро худаш дар кисааш мекардааст.

Эмомалӣ Раҳмонов дар мавриди роҳҳои ҷамоат  гуфтааст дар баромадаш. Ман ҳамаи ҷоро обод кардагиам мегӯяд. Роҳе мо то ноҳия меравем аз ҳамон ҷо ,як майдаҳак, то қишлоқи чаҳорум мегӯянд, то ҳамонҷоро соз кардагӣ аст, роҳи рост аст ки мардум ноҳяи Ҷайҳун рафта меоянд. Дар ҳамаи ҷо овоза кардааст, ки ман ҳамаҷоро обод кардаам. Ҳамин қишлоқе, ки сураташро доред, ҳаминро об зад. Мардум аз ҳисоби худашон пул партофта обод карда истодаанд. Як вазир ё ягон муовини раис намеравад бинад, ки дар ин қишлоқ чи гапу хабар аст. Мардум барои стадион худашон пул ҷамъ мекунад, аз давлат яъне ҷамоати Намуна тамоман ягон ёрдам расидагӣ нест. Ман шахсан худам дар ҳамин деҳа калон шудаам. Аз кӯдакӣ ин деҳаро пурра азёд медонам. Деҳаи 10 солагии ваҳдат мегӯянд. Барои ин деҳа 2 млн ҷудо шуда буд. Бояд роҳҳояшро обод мекарданд. Ягонҷоро обод кардагӣ нестанд.

То кай мардум тоқат мекунанд? Бибии ман бояд 500 сомонӣ нафақа бигирад. Мо, аснодашро бурда нишон додем. Аммо 350 сомонӣ мегирад. Касе ба арзи мо дар мавриди дуруст кардани маблағи нафақаи бибиям на дар ноҳия ва на дар вилоят гуш надод.

Дар Панҷ хеле аз қишлоқҳоро сел шуст.  Ягон зарра ёрдми ҳукуматро надидем.Ҳатто трансформаторҳои ноҳияро нигоҳ намекунанд. Бовар кунед, ки ҷони мардумро дар қуртуқашон овардаанд. Ҳатто трансформатори ноҳияро нигоҳ намекунанд Шаб 2 соат рӯз 2 соат барк медиҳанд. Сахттарин режим ё лимити барқ дар Панҷ аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №103 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№97
Ин нашри барномаро бо номае аз Ҳисор оғоз мекунем. Нома дар бораи «корҳо»-и як оилаи ҷодугар суҳбат мекунад. Ҷолиб инҷост, ки «клиент»-ҳои ин зани ҷодугар ва шавҳараш на танҳо одамҳои оддӣ, ҳатто вазирону раисони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ҳастанд. Хонумҳои ин вазирҳову раисҳо чаро ба назди ин ҷодугарзан меомадаанд ва аз вай чи мехостаандро аз мутолиаи ин нома огоҳ мешавад. Чуноне як матлаби алоҳида дар мавриди ҷодугари Ҳамадонӣ махсуми Саидҷалол тақдим намуда будем. Инҷо низ дақиқан ҳамон ҳолат аст бо “қаҳрамон”и дигаре.

Ҳамчунин дар ин барнома аз «фаъолиятҳои пушти парда»-и вазири молияи Тоҷикистон ҳам маълумот пайдо мекунед.

Ҳисор

Ассалому алейкум  бародар Муаммадиқбол. Ин номаи кутоҳаки моро дар барномаи «Номаҳо….» гузоред, то ки мардум бо хабар шаванд аз ин бадбахто ,,, Мо як гурӯҳ  занҳои  ноҳияи  Ҳисор  деҳаи  Қалъа (яъне аз калъаи Ҳисор) аз шумо ва аз амнияти  Тоҷикистон  хоҳиш  мекунем, ки ба доди мо бирасанд. Дар деҳаи  мо як ҷодугар аст эшонаш мегуянд вале номаш Илҳом Ҳомидов мебошад . Ин ҷодугар ҳамаро ҷодугарӣ карда оилаҳои мо мардумро байни ҳам ҷанг меандозад  ва дар қишлоқи мо ҷинвара бисёр шудааст. Ҳатто занҳои вазирҳо  ба наздаш мебиёянд. То ин ки шавҳарҳояшонро дар ҷаноб гарму ширин кунанд. Дар ҳамин Ҳисори мо  амният ҳаст, аммо аҳамият намедиҳад. Мо метарсем ба амнияти  Ҳисор  рафта  даъво кунем. Ба ҳамин хотир  ба шумо  муроҷиат кардем, токи сари  роҳи ин ҷодугар  гирифта шавад. Мо медонем амнияти  Тоҷикистон  барномаи  шуморо гуш  мекунад. Агар мо рафта даъво кунем моро гунаҳгор мекунанд. Як рӯз хабар шудем, ки ҳатто зани вазири тандурустӣ омада бо воситаи ҳамин ҷодугар президентро ҷоду мекардааст, то ки шуи ӯро аз кор нагирад. Боз зани вазири молия ва дигар занҳои боломақом омада ҷоду мекунанд то шавҳарҳояшонро аз кор нагиранд. Номи ин ҷодугар Ҳайдарова Фотима аст ва номи шавҳараш эшони Илҳом Ҳомидов.

Домулло Муҳаммадиқбол, агар илоҷаш бошад ба хотири мо занҳо каме ҳам бошад дар бораи ҷодугарӣ ва зарари он камтар амри маъруф мекардед.

Ин зани ҷодугар Фотима аз хонааш берун намебарояд. Вагарна аксашро ҳам мефиристодем. Ному насаби шавҳараш Илҳом Ҳомидов аст, худи ҷодугарзан Ҳайдаров Фотима Сулаймоновна аст. Соҳиби ду фарзанд мебошанд. Писари калониаш Асадулло, писари дуюмаш Муҳаммадрофеъ ном доранд. Ин Фотимаи ҷодугар аз деҳаи Дуртаб будааст. Зодгоҳи падару модараш деҳаи Дуртаб аст,  Шавҳар карда қалъаи Ҳисор омадааст. Инҳоро ҳама мешиносанд. Эшони Илҳом оби дам ҳам мехонад, гармӣ, хунукӣ ҳама корро мекунанд. Мегуфтааст ҷаноби олӣ ва оилаашу духтару домодҳояш ба ҷодугарҳо сахт эътиқод доштааст. Пеши Озода ҳам чанд бор бурдаанд ӯро. Ана акнун худатон хулоса намоед.

Темурмалик

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Мо як гуруҳ зодагони шаҳраку Ҷамоат ва деҳот аз Темурмалик, пештара райони Совет, ки ҳамаамон соҳибмаълумотем ва айни ҳол баъзеямон дар муҳоҷират қарор дорем, чанд нафарамон дар сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Душанбе, Бохтар ва Хуҷанду Кулоб кор ва фаъолият карда истодаем. Ҳамаамон шерони нарем. Варзишгар дар соҳаи гуштини миллӣ ва дзюдо будем ва ҳастем ва якдигарро хуб мешиносем. Дар мусобиқаҳо иштирок мекардем.

Сафи дустонамон зиёд аст ва то ҳол зиёд шуда истодааст. Мо дар бораи ин режим зиёд медонем. 32 сол аст ки ин режим бар болои мардум ҷабру зулм карда истодааст. Ин бебарқӣ дар ҳақиқат мардум, махсусан пирону кампирон ва беморону модарони ширхордорро сахт азият дода истодааст. Ин ҳолат дар ягон ҷойи дунё вуҷуд надорад, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-8 соат барқ дошта бошӣ! Мо, ки дар шаҳрҳо ва дар хориҷ аз кишвар кор мекунем, барқ дорем, аммо наздиконамон маҳруми барқанд. Баъзеямон движок харида додем, ки ду соат барқ медиҳад, бензин масраф мекунад, зуд телефонҳоро заряд мемонанду халос.

Вақте движокро гирён мекунанд фарзандҳоямон аз шодӣ тез рафта телевизорро гирён карда ягон мултик ёфта тамошо кардан мехоҳанд, вале сузишвориро ҳар  рӯз аз куҷо меёбем. Нархаш гарон аст. Бензин, ҳезум, тапак, ангиштсанг ҳамааш гарон.

Дар солҳои нотинҷии 1990 то1994 ҳама свет дошт. Агар ба хотиратон бошад ҳамон вақт сериали «Просто Мария» мода шуда буд ва ҳама медид. Занҳо ҳаррӯз тамошо мекард. Ҳозир бошад ин қадар ГЭС-ҳову агрегатҳои хурду бузурги замонавӣ сохтаанд, мардум 30 сол бозо свет надоранд. Дар дили мардум сахт задааст ин бесветӣ.

Ин режими Раҳмонови хешпараст бо аҳлу оилааш дар тамоми бонкҳои хориҷӣ-Шветсария, Дубай, Хитой ва ғайра сумҳои зиёд доранд. Аз суми халқ дуздӣ ва ҷамъоварӣ кардагианд. 18 миллиард доллар! Аз Ислоҳ фаҳмидем. Ҳоло савол ин аст ки агар худаш ин қадар дошта бошад, ҳар як аъзои оилааш, домоду фарзандҳояш чӣ қадарӣ дошта бошанд? Барои чи мо ин гапҳоро гуфта истодаем. Агар давлатро аз дасти инҳо гиранд инҳо гурехта мераванд, ё агар дигар давлат худое накард ҳамла кунад,инҳо ҳаматарафа аллакай тайёр шудагиян барои фирор кардан аз Тоҷикистон мисли Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон.   Захираи 100 солаи авлодашро ҳар як нафараш ҷамъ кард. Баъд ҳамин самолёте, ки пешво харидааст, ин барои страховкаи худаш аст -барои як рӯзи мабодо. Бо тамоми аҳли оилаи дуздаш мегурезад. Ҳатто тунелҳои зеризаминӣ барои гурехтан кандагиянд. Як чизро бояд донист. Вақте як қисми замини Помирро фурӯхт, яъне хиёнат кард, дар ҳамон вақт сахт ҳаросид аз муборизон. Баъдан гуё давлати Хитой ваъда дод, ки ноумед нашав, бехатарии қавми туро Хитой ба кала мегирад, аммо ин як гапи хушку холӣ аст. Мардум ҳамакаса хезад, Хитой аслан шарик намешавад. Мо мардуми Темурмалик дар амният, ВКД, вазорати мудофиа, Коррупсия, Прокуратура, Палатаи ҳисоб ва ғайра хеле зиёдем ва кор карда истодаем.

Э, мардуми мазлуми тоҷик, хиёл накунед, мо кормандони сохторҳои давлатӣ шоҳона зиндагӣ дорем. Асосан ҳамин қавми Раҳмонов ва чанд вазиру раис таъминанд. Дар бораи як хел вазирону раисон ҳатман дар идома мегуем. Мо кормандони кучак бошем ба он маоши ночиз рӯзамонро бурда истодаем. Вале баъзеямон ба хотири каме даромаде, ки дорад боз каме меҷакад. Аз ҳар ҷиҳат тоқат карда истодаем. Мо аз кам будани маош ҳамин хел порагир шудем ва дар ин қимматӣ аз ноилоҷӣ ҷинояткор шудаем. Ҳама сохторҳои ҷумҳурӣ дар ҳамин аҳвол аст. Баъди Паёми охирине, ки ин Асосгузори марги муҳоҷирони миллат, пасвои ватанфуруши авлодпараст, номуҳтарам Эмомтапаки валадизино дар соли 2023 дод, ҳама аз маҷлисгоҳ дар ресторанҳо обед баромаданд аз ханда намедонанд, ки чи бигуянд.

«якташ мега охи забонт дар суханронит мелишпа калимара пурра наметони гуфта ҳамара насиҳат мекуни охи рут дар гур ин насиҳтҳоро ай ҳаму Падару Модармон ҳарр руз мешунавем охи касофат дафша бра уқа умрат намондай ҳаму сумҳои ҳарром ба дастовардагита хурда биши дар дами пирит афсона гуфта шиштай. Якташ бо мега бовар кунед ҳамиқа дар толор хобам гирифт ҳами қарсак мезанан бо як камтар ҳишор мешавам боз мебинам, ки ягон маънӣ надорад боз нав ховам мегирад бо қарсак охи ин дуруғҳояш як шармандагӣ намедонад чи гуяд. Барои ягон корош натиҷа надода истодааст и чи намуди Паём буд бовар кун мурдем ай хандидара».

Ҳоло дар бораи як масъалаи дигар гуфтанием. Ман узбекзабонам ва чандин сол дар вазорати молия кор кардаам. Дар бораи вазири молияи ҳозира Қаҳҳорзода Саттор мегуям.

Вақте Қаҳҳорзода ба кор таъин шуд аксари кормандоне, ки тули чанд сол кор мекарданд ва бо саводу пуртаҷриба буданд, аз ҷумла сардорони раёсату шуъбаҳоро аз кор сур кард. Баъзеамон аз зулми ин Седой аз кор рафтем, аз ҷумла худам. Сабаби аз кор пеш кардани мо ба гуфти худи Қаҳҳорзода «мо ҳамамон бесавод ва порахурем» ё  будаем. Худашро он қадар босавод мегирад, ки то бас гуфтан. Агар маҷлиси ҳукумат шавад ва ягон нақшаи кори солона пурра ба анҷом нарасад аз ин Пасво танбеҳ мегирад. Баъд омада ҷаласаро сар карда қаҳрашро аз коргарҳо мегирад ва ба сари онҳо дод мезанад: «Лаънатиҳо, дуздҳо, бесаводҳо ҳаромхурҳо, ма ай пушти шумо доим гап мешунавам» ва ҳамаро таҳдиу туҳмат мекунад. Ин шахс  аз ҷамоати деҳоти Арали Восеъ аст. Як вақт туйи як рафиқам рафта будам. Дар онҷо узбекҳо бисёранд. Ба ман куча ва хонаи вазирро нишон доданд. Як намуд обод кардааст, ки…. Дар ноҳия свет нест, лекин кучае, ки вазир зиндагӣ мекунад, доим свет дорад. Аммо гирду атрофаш яъне дигар кучаҳо свет надорад, гурворӣ торик аст. Аз дигар кучаҳо халқ омада телефонҳояшонро дар хонаҳои ҳамсояҳои светдор заряд мемонанд.

Ва як мактаби замонавии дигарро ҳам нишон доданд, гуё ки вазир сохта бошад. Лекин ман собиқ корманд чунин мегуям. Вақте моро аз онҷо сур карданд, командаи худашро овард. Бовар кунед ранги авбошанд. Ҳар як ишкамдам аст ки қасам ба Худо савод надоранд. Дар он шуъбаҳо забони хориҷӣ:- англисй ва русӣ ин чунин барномаҳои С1 ва Аксес яъне база данних лозим меояд. Аммо инҳо ягон чиро намедонанд. Вақте дид, ки инҳо намешаванд- шахсоне, ки бо худ оварда буд, баъд аз дигар мақомот кадрҳои ҷавони босаводро, ки медонист худаш ҷудо карда овард. Аз вазорати рушди иқтисод ва савдо, адлия аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ғайра, ки ин худаш собиқ корманди баъзе аз ҳамин ниҳодҳо буд. Ана ҳозир ин кадрҳо кор карда истодаанд. Он бесаводҳо бошанд ҷонашон дамидагӣ аст. Охир корҳои инҳоро ин кадрҳои хубу босавод ба анҷом расонида истодаанд. Ман намегуям, ки ин вазир худаш бесавод аст. Албатта, савод дорад. Лекин шахсоне ҳастанд, ки корманди куҳнаанд. Аз вай дида саводи хуб доранд. Вале фикри Қаҳҳорзода ин аст гуё дар корхона аз ҳама босавод худаш бошад. Ҳамчун мутахассис шахсан баромадҳояшро таҳлил кардам. Аз Президент, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дида сад маротиба босавод аст. Онҳо тамоман савод надоранд. Ин Седой забони русӣ ва англисиро медонад, аммо бо аксент, на ба он дараҷаи олӣ. Аммо мо –онҳое, ки аз кор рафтем, аксарамон 5 забониро озод гап мезадем, мактубҳои хориҷиро хонда ҷавоб мегардондем.

Як масъалаи дигар ногуфта намонад. Шофёри вазири молия як марди бузбалаи ишкамдам аст. Рӯзи дароз ранги нупогадӣ сигарет мекашад. Аз саҳар то бегоҳ ҳар 20 дақиқа пас ба пешат мегузарад. Буи дуди сигорети ғафс, дар давраи Шуравӣ сигарети Полёт буд, мисли ҳамон медиҳад. Мошини вазир ва худаш буи дуд мекард. Аз духизанӣ ин вазир безор шудааст. Як рӯз ин шофёр вазирро, ки тоза таъйин шуда буд ба хонааш мебарад. Мегуяд ба шофёраш, ки вазири пештара  чунон бесавод будааст, ки вазоратро ҷазир кардааст. Придется аз нав восстановит кунем.

Ин шофёри Нупогадии содафеълаш дар ҳамаи ҷо овоза мекунад, ки вазири пештара бесавод аст ва дашном мекардааст. Дар он вақт дар онҷо шофёри ӯ ҳам  хест аз ҷояш ва аз раисаш дифоъ карду бо нупогадӣ сарбасар ва ҷанҷол шуд. Ин овоза ба раҳматии Абдусалом Қурбониён (вазири собиқ) расид ва ҳолати корро фаҳмид ва аҳсан гуфта ба шофёраш мошини нав туҳфа кард ба хотири дифоъ карданаш.

Вақте ки моро сур кард, ҷои кори хуб ёфтем. Дар Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ- баъзеамон мутахассис оид ба харид. Дар самти Лоиҳакашӣ, мушовир, тарҷумон ва ҳоказо, ки мо дар Бонкҳои Умумиҷаҳонӣ, Исломии Рушд имтиҳон супорида будем сарбаландона гузаштем. Маошамон 1500$ то 2000$ доллари ИМА- ро ташкил медод. Ин маош бо стандартҳои ҷаҳонӣ шуда буд. Аммо ин ҳаром феъли вазири ҳозира гирифт маоши ҳамаи кормандони лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро маҳдуд (ограничить) кард. Гуфтааст инҳо кианд, ки ин хел маоши баланд бояд гиранд? Маошҳоямонро 6000 ҳазор сомонӣ кард.

Ҳар соҳа ҳар хел маош мегирад. Дар онҷо тарҷумон, лоиҳакаш ва мушовир аст. Ҳар яктои инҳо боз сармутахассис ва мутахассиси пешбар дорад, ки бояд ҳар як нафар муофиқи вазифааш маош гирад. Корҳои лоиҳа бисёр мушкил аст. На ҳар кас инҷо кор карда метавонад. Лоақал бояд забонӣ англисӣ ва русиро донӣ ва ҳолате мешуд, ки моҳҳо нишаста кор мекардем. Ҳатто дар ҷойҳои кор хоб мекардем, ки як хел корҳоямон фаврӣ ва муҳлати кутоҳ дошт ки онро бояд тезтар ба анҷом расонӣ. Лоиҳаҳои татбиқшаванда 5 ё 10 сол шартнома дорад.

Боз пули иловагӣ ҷудо мешавад, агарки муҳлатро тамдид кунанд. Вале ҳамаро як хел маош муайян кард. Баъдан кори лоиҳаро бас кардем. Ҳозир баъзеҳоямон бо оилаҳоямон дар Олмон ҳастем. Баъзеамон дар дигар тараф омада кор карда истодаем. Лекин худаш аз ҳамаи лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад бе ниҳоят пули хуб ба даст меорад. Аз ҳаромхӯрӣ бе ниҳоят миллионер шудагӣ аст. Ӯро Озода Раҳмон дар ин вазифа ва мансаб овардаасту кришошваташ мекунад.

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як зан –модар ва омузгорам, зодаи Темурмалик, ҷамоати деҳоти Танобчӣ. Айни замон дар шуъба маорифи Душанбе, роҳбари бахши муассисаҳои то мактабӣ ҳастам. Бояд гуфт, ки дар Душанбе танҳо мактабу литсей бисёр сохта истодаанду майдончаҳои футболбозӣ. Аммо кудакистонҳо тамоман кам дида мешавад.Ҳастанд кудакистонҳои шахсӣ,ки бениҳоят нархҳояшон гарон аст.Танҳо оилаҳои сарватманд, ки дар як моҳ на камтар ду ҳазор сомонӣ медиҳанд. Бисёр кудакҳо тарбияи хуб мегиранд. Мошин омада аз назди хонаҳояшон мебарад ва меорад, Литсейҳоям ҳамчунин. Ман муроҷият ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дорам. Охир чаро ҳама тарафа лоиҳаи сохтмони шаҳрро нигоҳ намекунӣ? Ман бо ҳамин шахси солхурда ва зан буданам озод дар кучаву боғҳои пойтахт мебароям, бисёр камбудиҳоро мебинам, мефаҳмам аммо шумо чи кор мекунед, дар чашматон аён нест? Ҳамин хонаҳои бисер ошёнаро сохта истодаед, бар-ба-бар. Вале фикр намекунед, ки дар ҳар як бинои сохташуда чи қадар оилаҳо зиндагонӣ мекунанд, ки дар ҳар як оила на камтар аз ду ё се нафар кудак ҳаст. Яъне дар байни даҳ бинои баланд ошёна як кудакистон аст. Як маротиба барову бин ин аҳволро. Шаҳрдорӣ ин хел нест. Ҳама тараф нигоҳ кун, баъд қарори сохтмонра барор. Ҳар ташкилоти сохтумониро иҷозат надеҳ, ки дар ҳар куҷо хост, рафта сохтан бигирад! Лоиҳаро бину дақиқ кун. Агар он ширкати сохтумонӣ 4- 5 бино дар як нуқта сохта ба анҷом расонд, бояд ҳатман як мактаб, кудакистон, майдончаи варзишӣ ва кудакона сохта шавад. Ҳатто таваққуфгоҳи мошинмонӣ нест. Гирди биноҳои сохташуда пур аз мошин. Кудакҳои бечора куҷо бароянду бозӣ кунанд? Чи қадар дар он сексияи бетонӣ кудак мешинад. Охир кудак бояд берун барояд, ҳавои тоза гирад. 10-15 ошёна сохтаед. Чаро аксари лифтҳо вайронанд? Ё аз чорум ошёна мебароӣ баъд меравӣ боло. Ин чи тартиб аст?

Ман нисбати фарзандони миллат дилам месузад. Як масъалаи дигар. Ин масъалаи парк-боғҳое калоне, ки дар шаҳри Душанбе дар давраи шуравӣ бо маблағи калон сохта ба истифода дода шуда буданд, он замон даромаданашон бе пул буд. Аммо ҳозир бошад сари ҳар як нафар ду сомонӣ аст. Кудакҳо ройгон медароянд. Панҷ-шаш соли пеш ин боғҳо зебо буданд. Аммо ҳозир он ҷойҳое, ки  кудакҳо бозӣ мекунанд, ҳама пусида рафтааст. Вақте мебинӣ ҳуш аз сарат мепарад. Мегуӣ, ки ҳозир мешикананду дар замин мезананд. Ман натавонистам, ки навасаҳои худамро шинонам:-чархофалакҳои саворӣ, тобхуракҳо, мошинчаҳо, ҳайвонҳои афсонавӣ, алафҳои сунъӣ, таҷҳизотҳо ҳамааш хароб шудаанд. Ҷойҳои машқ барои варзишгарон, ки дар ҳар даҳ қадам насб шудаанд сар карда аз боғи ба ном С. Айнӣ, боғи назди Саховат ва ғайраву ҳоказо, ки раисони ин боғҳо ҳамаро ба манбаи даромади худашон бадал кардаанд. Аслан таъмир намекунанду фақат буткаҳои яхмос, самбуса, ошхона ва мошинчаҳои худидоракунандаи шахсии худашона овардаанд. Баъзе бегонаҳо чизе, ки дароварданд иҷораашро медиҳанду кор мекунанд. Бозори савдо шудааст. Ҳатто села-села сагҳои дайду дида мешаванд. Чор -панҷ ҳоҷатхона сохтааст.

Дигарҳояш ҳамааш вайрон аст. Яктоаш кор мекунад, боз пулакӣ аст. Боз як намуд навбат мешавад дар назди ҳоҷатхона. Як чиз ногуфта намонад. Чун дар бораи ҳоҷатхона гап меравад, мехоҳам каме дар бораи кори шавҳарам гуям. Дар вақташ дар ГАИ-и шаҳр буд. Айни замон ба нафақа баромадааст. Баъзе вақт шогирдҳояш хона хабаргирӣ меоянд. Яктоаш як дарди худашро гуфт. Чи хеле ба ҳама маълум аст кормандони ГАИ доим дар қади кучаҳои протоколиянд. Мегуяд як дард дорем, аммо намедонем чи хел ба шаҳрдор расонем. Дар қади роҳ яке вазъиятамон безеб мешавад, намедонем куҷо равему худамонро холӣ кунем, яъне қазои ҳоҷат. Агар пост дар назди ягон тарабхона бошад мушкил нест, вале агар дар ягонҷои ноқулай монданамон маҷбур хонаи мардум дароем. Бовар кун худамонро нороҳат ҳис мекунем, мақсад ҳама дар азоб аст. Ман ҳамчун модар боз ба шаҳрдор муроҷиат ва хоҳиш мекунам, ки ин мушкилро бартараф кунад. Дар тамоми шаҳрҳои хориҷа ду -се истгоҳ пас як ҳоҷатхона мавҷуд аст. Аммо дар мо ҳам мардум дар азоб ҳам кормандон. Наход пойтахти як мамлакат дар ҳамин аҳвол бошад? Ин чи тарзи идора кардан аст?

Занҳои ноҳияи Темурмалик ҳам қавиянд ва фарзандҳои шуҷоъ ҳам доранд. Шояд суханҳои маро шунаванду коре барои беҳбудии ин миллат анҷом диҳанд. Ва агар хомуш бошед дар номаҳои дигар муроҷиат мекунам ба мардҳои калони ноҳия, ки хезеду ҷуръат ва ҷасорат худро нишон диҳед. Ман як зани солхурда ҳастам. Аксариятатонро медонам. Ҳатто оби нушиданӣ надоред. Оби тозаро аз ноҳияи Восеъ харида мехуред. Камбуд на фақат барқ аст.

Ман айни ҳол дар Душанбе зиндагӣ мекунам, аҳволи мардумро медонам. Чаро Шумо хомушед э,мардҳои калонсол? Қишлоқҳои Кангурт, Чилча, Танобчӣ, Қиблаӣ, Ҳамровиё, Ҷорубқул, Қушқия, Сартез ва ғайра фарзандҳоятон 25 сол шуд дар муҳоҷиратанд. Шумо ташнаи дидори фарзандонатон ҳастед, ба Русия мераванд, баъзеҳо ҷасадаш меояд, баъзеяш инвалид мешаванд. Агар инҷо монанд хизмат мераванд. Баъзеаш аз набуди ҷойи кор ба дуздӣ даст мезанаду зиндонӣ мешавад. Албатта, ҳамаи ин аз бешароитӣ аст. Кай зиндагии осударо мебинед Шумо? Дунёву деҳаву дараро бева гирифта аст. Канӣ мардию далерии Шумо? Дар як ноҳияи калон ду масҷиди калон ҳаст. Дар яктоаш намоз мегузоранду халос. Ин чи рӯзу рӯзгор аст?

Кулоб

Салом бародар Муҳаммадиқбол!Чанд калима дорам, ки мехоҳам ба арзи шумо бирасонам.

Дар дохили ин режими хунхор ва хоин баъзе нақшаҳо рӯй даст гирифта мешавад. Эҳтимоли он меравад, ки боз як бори дигар мардуми мазлуми тоҷикро бифиребанд. Ин нақша иборат аз он аст ки кулобиҳо бори дигар қудратро дар қабзаи худ гиранд ва ин бор гург дар либоси меш аст. Асли воқеъа чунин аст. Як гурӯҳ аз мардумони собиқ аз курсиафтодаро мазлум нишон медиҳанд ва гӯё гурӯҳи норозиҳо аз Раҳмонов, ки дар миёнашон кормандони мақомот низ ҳаст, ба кумаки мардуми норозӣ ё ҳамон эътирозгар  якҷо шуда Раҳмоновро ё мегурезонад ва ё ҳарчи шуданаш мумкин ва тамоми қатлу куштор ва ҷинояту хиёнатро ба гардани Раҳмонов бор карда ва худашонро дар чашми мардум мусичаи бегуноҳ нишон дода ва боз дар қудрат боқӣ мемонанд.

То як муддат шояд ягон осонӣ ба мардум биёранд ва бо шиорҳои дурӯғин, ки гуё ҳукумат аз ҳам напошад, дар ҳамон вазифаҳои калидӣ боқӣ мемонанд ва инро мегӯянд бо иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосил ҳамчунон боқӣ мемонад. Ва чунин ширинзабониҳо баъзан дар байни муборизин дида мешавад, ки ё аз нодонист ё шояд ҳамин инсонҳо вазифадор бошанд барои гуфтани чунин ҳарфу ҳадисҳо. Барои мисол дар яке аз барномаҳои шумо, ки ба ҷои шумо чанд дақиқа Ҷамшед барномаро мебурд, аз забонаш чунин ҳарфе садо дод, ки хело нигарон кунанда аст. Вай гуфт бародарҳо ҳар вақт, ки мақомот хестанд шумо онҳоро дар инқилоб ҳамроҳӣ кунед. Яъне кадом мақомотҳо? Ҳамонҳое, ки солҳо дар қатлу куштору лату кӯби мардум даст доштанд? Чи гуна мешавад ба онҳо бовар кард? Ё ҳамон иштибоҳоти солҳои 90-и асри гузашта мехоҳед такрор ёбад? Он солҳо мо ҷавонон фикр мекардем, ки раҳбарон ягон нақшаи муфид ва роҳбурдие доранд, аммо маълум шуд, ки на чизе аз сиёсат медонистанду на аз ҳукумат, то онҷо ки дидем мардумро аз ҳар тараф мисли гургҳои  гурусна дар рамаи бесоҳибе дарафтода бошад ҳамаро яксара медариданд ва кор то куҷо кашид, ҳама шоҳиди ҳол ҳаст. Ҳамон рӯзҳои сахтро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки чаро чунин шуд. Қисса кӯтоҳ ҳиҷрат шурӯъ шуд ба Афғонистон. Баъдан онҷо фаҳмидем, ки мо барои ҳеҷ коре омода набудаем. То он замон, ки бо кӯмаки бародарони афғониву эронӣ як каме кору бор сомон гирифт, то он ҳад, ки дигар фикр мекардем дигар фиреб нахоҳем хурд, дигар ҳама чизи зарурӣ барои як ташкилот- як ҳизб ба вуҷуд омада буд, мисли неруҳои мусаллаҳ, ки иборат аз муҷоҳидин буданд ва муваффақияти аз ҳама асосии ин ташкилоти иттилоотӣ ва амнияти Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки бо тамом маъно чи аз чиҳати касбият ва масъулият ва тахассусҳои лозима ва бо доштани имкониятҳои васеъ. Ва ҳамеша афсуси он рӯзҳоеро мехурдем, ки дар солҳои аввали мубориза ҳатто панҷ нафар инсони таълимдида барои корҳои иттилоъотӣ ва амниятӣ медоштем ҳоламон ба онҷо намекашид. Вале ҳайҳот, ки барои миллати мо дарс намешудааст ва ҳамеша мебинам иштибоҳҳо паси ҳам такрор мешавад. Ва ҳамин иштибоҳҳо имрӯз низ дида мешавад. Боз  ҳамон камбуди неруи иттилоъотӣ ва амниятӣ ва боз надида гирифтани яке аз унсурҳои асосӣ дар роҳи мубориза. Чи қадар ҷуброннопазир буданашро на нафаре ҳис мекунад ва на масъулиятпазир ҳастанд. Гузашта аз ин чи қадар бачаҳои бо истеъдод аз паси бе парвоии раҳбарон, чи дар гузашта ва имрӯза эҳсос мешавад, ки боз мардумро зери пои чанд аблаҳ бурданӣ ҳастанд, ки дигар мо яъне онҳое, ки худро ғамхори миллат мегирем на Аллоҳ мебахшаду на Расулу на миллат. Пас, маълум мешавад, ки илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Бояд сари ҳамин масъала андешид. Дигар нисбати мардуми мусалмон бепарвоӣ кардан ҷиноят аст.

Норак
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Номамро намегуям.
Илтимос, хоҳиш мекунам ин номаро нашр кунед. Вақт кам мондааст, то мардуми Норак маҳалаи Энергетик аз хоб хезанд.
Масъала масъалаи мактаби № 9и маҳаллаи Энергетик аст.
Ин мактаб дар замони шурави сохта шуда буд ва масоҳати бисёр калон ва боғи   ботаникӣ дошт. Боғи ба номи Мичурин ҳам мегуфтанд. Дар ин боғ ҳама талабагони мактаб практикаи дарси биологияро меомухтанд. Бисёр боғи зебое буд. Аз ободикориҳои муаллим Холиқов раҳматӣ ҳама бо хабар аст. Холиқов аввалин директори мактаб буд. Дар он вақт бобо Мусофир қаравул ва боғбон буд.
Дар ин боғ тамоми намуди дарахтони мевагӣ буд. Ва ҳама гуна гулҳои рангоранг  бисёр буд. Ва растаниҳои гуногуни беадад.
Ҳамаи талабагон дар ин боғи зебо бо китоби ботаника практикаҳои худро хушу хурсандона мегузарониданд ва ин боғ як кайфияте мебахшид ба талабагон.
Афсус. Устоди марҳум Холиқов бо нафақа баромад.
Мактаб ба чанголи Зайниддинов Нуриддин зад. Зайниддинов Нуриддин  бо чанголи худ ин мактабро гирифту чи коре, ки накард.
Он вақт шуравӣ буд. Зайнидинов директори мактаб шуд. Вай комунисти ҷонфидо буд. Худо нест мегуфт. Агар талабае ба Худо қасам мехурд Зайнидинов он талабаро сахт латту куб мекард. Чунон мезад, ки харро ин хел намезананд. Аз рӯзаи моҳи шарифи рамазон сар кард. Дар даст қарабоӣ пур аз об ва паднос пур аз хлеб. Талабаҳоро дар хавлии мактаб қатор мемонду онҳо якто- якто мегузаштанду талаба мехост ё намехост як бурида хлеб ва як стакан об мехурд, баъд ҷони талаба халос мешуд.
Ин Зайниддинови ноинсоф дар сари мардуми ин маҳалла чи балоҳое наовардааст.
Дар ҳамон замони шурави Зайниддинов бо чандин муаллимаҳо зино мекард. Бо як зани рус дар мактаб, ки завхоз-мудири қисми хоҷагӣ шуда кор мекард, номашро фаромуш кардам, боз бо як зани дигари рус, ки аз забони русӣ дарс медод номаш Казбекова ва боз боз бо муаллимаҳои тоҷик ин кори бадро анҷом медод. Номи муаллимаҳои тоҷикро наменависам, аммо ҳама мардуми маҳаллаи Энергетик онҳоро медонанд. Ҷои ин корҳои зишти Зайниддинов дар пушти мактаб, бо лестнитса мебаромадӣ, склади завхоз буд, дар ошёнаи дуввум қарор дошт. Ҷои хилват ва дар назар ноаён ва ҳеҷ кас пай намебурд.
Соли 1992 ҷанг сар шуд.
Зайнидинов аз склади завхози мактаб, аз ҳамон «питачок»-аш , ки дарунаш пур аз ашёҳои мактабӣ буд, асбобҳои мусиқӣ ва асбобҳои дузандагӣ- мошинаҳои дарздузиро дуздида фурухт.
Баъд Зайниддинов ба пенса баромаду ҷиянашро-писари апаашро дар ҷои худаш шинонд. Ҷияни Зайниддинов Табаров Ориф директори мактаби №9, шуд.

Аввал аз зинокорӣ сар кард. Бахшиш, ки  номи муаллимаҳоро наменависам. Ҳама маҳаллаи Энергетик медонанд, ки он занхо киҳоянд.
Баъд аз ошхонаи мактаб, аз хурду хуроки талабаҳо дузидро давом дод ва ҳамин тавр  аз масолеҳи таъмири мактаб: мех, тахта, краска, уголок ва вагонҳо барои синфхонаҳо мактабиро дуздиду фурухт. Аз маоши муаллимҳо ҳам беибо чанд сомонигӣ медошт.

Боғи мактаб бисёр калон буд. Ин боғ аз мактаби боло, ки дар наздикии девори муаллим Зайниддинов Вайсиддин дар фосилаи 2 метр ҷойгир шуда буд.
Аз тарафи кучаи Айнӣ, девор ба девори сеткагии хонаи раҳматии бобои Тавар буд. Боғи мактабро ҳам фурухтанд. Нимашро Зайнидинов Вайсидин ва ними дигарашро Қаландаров Садриддин Саидович хариданд. Зайниддинов Вайсиддин додари Зайниддинов Нуриддин, яъне ҳамон Зайниддинови директори пешини мактаб мебошад.
Дар инҷо чи ҳила аст. Зайниддинов Вайсидин кай ин заминҳоро гирифт? Дар вақти сардори шуъбаи маорифи шаҳри Норак буданаш. Ака ва додар кал додари кур, алик –малик карданд.
Эй мардуми Энергетик, фарзандонам, бедор шавед:

Як нукта бас аст, агар шуур аст,

Варна чу чароғ пеши кур аст.

Ин боғ моли фарзандони мост, моли наберагони мост. Қаландаров Садриддин Саидович кист? Кали Садриддин ё Садриддини ресторан. Рафиқонаш Садриддини шағол- мошшеник ҳам мегуянд.
Ҳайратовараш инаст ки кали Садриддин роҳ ба тарафи куча барои баромадан надорад. Роҳаш ё тарафи стадиони мактаб ё тарафи мактаби боло. Мактаби боло ҳамон биное аст ки талабагони хурдсоли синфҳои ибтидоӣ мехонанд.
Эй мардуми беғайрати Энергетик аз беғайратии шумо боғи мактабро аз дасти фарзандонатон гирифтанд чаро хомушед, чи мехоҳед, ки ин кудак кали Садриддин боз роҳ аз тарафи стадион гирад. Ё бовар надоред. Ана роҳ доданд, ку фарзандони Карим Кулакро рубаруи стадион аз даруни мактаб мешудаст,ку.
Гуфтаниам,  ки эй Эмомалии гарданбалонигазӣ,  эй Рустами наркоман, эй қили асп, эй Прокурори генералии оқипадар, СС.Ятимови сагру, Чеки Чани кулафт шумо куҷоро нигоҳ доред? Наход, ки шумо гуё аз ин корҳо хабар надошта бошед?

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№97 появились сначала на ISLOH.net.

Роҳбарон ё ғоратгарон?
Киҳо ГЭС-и Норакро талаву тороҷ мекунанд

(бахши аввал)

Чанде пеш як барномаи  шуморо дар бораи неругоҳи Норак тамошо кардам. Дар ин неругоҳ талаву тороҷи моликияти давлат аз тарафи роҳбарияти он ба маънои пуррааш рафта истодааст. Ҳатто аз маоши коргарҳо ҳам мезананд, аммо касе пурсиш намекунад. Дар ин кор аз директор Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович сар карда то сармуҳандиси Норак Маҳмадамин бо лақаби (Миша)  шариканд. Агар мабодо касе арз ва ё саволе кард,таҳдид ба рондан аз кор мекунанд. Инҷо нафаре кор мекунад бо номи Мирзошариф Раҷабов. Дар фирмаи СГЭМ (спец гидро электро монтаж)  роҳбарӣ мекунад.Мутаваллиди соли 1995 аст. Болои коргарон беҳад ситам мекунад.Коргарони бечора дар зери замин, дар хунукӣ кор мекунанд. Мирзошариф Раҷабовро Ангурбон лақаб мондаанд. Дар боло «криша»-и вазнин дорад.

Нафари дигаре ҳаст дар СГЭМ ,ки ӯ генералний директо-мудири кулл аст бо нми Очилов Алиҷон.Боз дар болои инҳо началнике ҳаст бо номи Иқбол Сафаров ,ки гуфта мешавад ҳамкурси Рустам будааст. Иқбол Сафаров  шефи калони “Тоҷик ТГЭМ” ва “Тоҷик СГЭМ” мебошад. Инро бояд биафзоем,ки ширкатҳои “МАРМАРӢ” боз “AKIA AVESTO” “Сиёма мол” ,сети мағоҳазҳои “Ёвар” ар Душанберо   Иқбол Сафаров роҳбарӣ мекунад.Аз ин бармеояд,ки ӯ бо Рустами Эмомалӣ наздик мебошад ва зери роҳбарӣ ва ҳимояти ӯ кор мекунад. Хулосаи гап менеҷери Рустами Эмомалӣ аст. Ҳатто ин ду ширкати “Тоҷик ТГЭМ” ва “Тоҷик СГЭМ”  бо чандин ширкати русӣ ва қирғизӣ шартномаҳои ҳамкорӣ доранду дар ин кишварҳо корҳои мухтас ба ин соҳаҳоро анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин қарордод ва  шартномаҳоро худи Рустами Эмомалӣ мебинад.Манзур нафароне,ки дар ин арсаҳо мутахассисанд ва барои Рустам кор мекунанд,асноди лозимро барои Рустам таҳия мекунанд. (Дар мавриди ин ширкатҳо матолибе дар ҳоли омода шудан аст)

Метавонед феълан аз ин сомона дар мавриди “Тоҷик ТГЭМ” маълумот пайдо намоед:

https://tgem.tj/about/our_history

Инчунин дар мавриди “Тоҷик СГЭМ”  “Tajik SGEM”

ОАО «ТАДЖИК СГЭМ«

ОАО «Таджик СГЭМ» – ведущая компания в сфере строительства , монтажа и наладки гидроэнергетических станций и инфраструктурных объектов.

Инҳо дастур содир кардаанд,ки лифтҳои СГЭМ-ро танҳо роҳбарҳо бояд истифода кунанд. Ин фармонро сармуҳандис Маҳмадамин (Миша) барвардааст. Раиси феълии шаҳри Норак Асозода Дилшод шогирди Сангов Миралӣ Раҷабович, аст.Феълан исмашро бо чунин тарз:-Раҷабзода Миралӣ,иваз кардааст. Вай раиси собиқи Файзобод аст , ки дар мавриди ӯ матлаб ва барномаи махсусе доштем. Дар даромадгоҳи неругоҳ милисаҳо ва ҳарбиҳо меистанд,ки ришдорҳоро бисёр дашном медиҳанд. Вақте ягон меҳмон омад, коргарҳоро аз кор озод карда ба «уборка» меандозанд.

Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович, директори неругоҳи барқи обии Норак

Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович: -Узви Маҷлиси  Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Директори неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев.

5 октябри соли 1959 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли1982 техникуми барқӣ-сохтмонии шаҳри Норакро (шабона),соли 2004 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро (ғоибона)бо ихтисоси техник-гидротехник,муҳандис-барқкор хатм кардааст.

Собиқа ва фаъолияти кориаш: Солҳои1976-1977 сарвожатии мактаби миёнаи 2-и шуъбаи маорифи шаҳри Норак;

Солхои 1979-1982 челонгари дараҷаи 2-6-и коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 1982-1986 устои коргоҳи мошинҳои Норак

Солхои 1986-1988 устои калони коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 1988-1993 муовини сардори коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 1993-2005 сардори коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 2005-2006 муовини сармуҳандиси Норак;

Солхои 2006-2010 сармуҳандиси  Норак;

Аз январи соли 2010 то инҷониб директори Норак аст.

Яке аз хислатҳои аҷиби ӯ:

Аз журналист ва хабарнигорон сахт меҳаросад ва нафрати шадид ба ин қишр дорад. Чандин хабарнигорони рӯзномаҳои давлатӣ, ҳатто аз порлумон мехостанд суҳбат кунанду акс гиранд нахост, то аз ӯ акс гиранд. Мегуфтааст вақте ман журналистро мебинам табиатам хира мешавад ва намедонам чикор кунам, то аз назарам дур шаванд.

Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович хело мағрур ва мутакаббир аст

Вақте ба кор меояду мошинаш таваққуф мекунад, ронандааш зуд фаромада дари ӯро кушода ва давида-давида рафта дари лифтро боз мекунад. Директор медарояд. Ронанда бо лестнитсаҳо медавад ба самти кабинет ва то расидани директор дари онро мекушояд. Директор аз лифт берун мешавад ва медарояд дохили утоқи корӣ ва сипас ронанда фориғ мешавад. Ин тарзи муносибати директор дар коргоҳ, дар хона, дар бозор ва дар ҳама ҷо ҳамин тавр аст. Дохили утоқи корӣ боз барои худаш «комната отдих» бо тамоми шароиташ сохтааст. Туалет, ванна, диван, телевизор. Вақте дар давру бари неругоҳ мегардад ҳама талош мекунад, ки бо вай рубару нашаванд. Коргарҳо дидан замон баҷо мешаванд. Чунки бо коргарҳо фақат дағал ва дурушт гап мезанад, дашном медиҳад. Чунки ӯ аз Данғара аст ва барояш ҳама кор иҷозат аст.

Як рӯз бо мошин меояд аз назди чанде аз коргарҳо рад мешавад. Коргарҳо салом намедиҳанд. Баъд меояду дуғ мезанад, ки чаро ман гузаштам салом надодед? Ҳоло баъди ин коргарҳо ҳамеша дар даруни мошин бинанд,дастҳо пеши бар салом медиҳанд. Ҳатто агар дар мошин набошад ҳам ба мошин салом медиҳанд.

Як ҳодисаи дигар. Як набераш-духтар-дар олимпиада ҷойи аввалро мегирад. муаллим аз хурсандӣ буса мекунад, ки шогирдам олимпиадаро бурид. Меравад мактаб ва муаллимро ҳабс мекунад.Ҳозир муаллим дар зиндон аст.Вай хеле одамҳоро «подставит» карда шинонд.12 сол шуд,ки директор аст. Бовар кунед, ки миллионҳо-миллионҳоро дуздид. Боз ин дуздро дар соли 2013 бо ордени Шараф, дараҷаи 2 тақдир карданд.Як рӯз дар як маърака нишаста будем. Гап аз ҳамин директор баромад. Ҳама интизоранд,ки кай «пенсия»  баромада дафъ мешудабошад. Вай писар надорад. Фарзандҳояш ҳама духтаранд. Аз кадоме аз хешонаш ба қавле писари апаашро гирифта калон мекунад. Аммо он писар баромада рафтааст. Гуфтааст,ки бо инҳо тамоман зиндагӣ карда намешавад.

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ҷияни раиси «Барқи Тоҷик» сармуҳандиси Норак

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси НБО-и Норак аст. Ӯро бо кличкаи Миша низ мешиносанд, бисёриҳо Миша мегуянд. Аз Тутқавули шаҳри Норак. Падараш дар Роғун кор мекунад. Вазифаи баланд дорад. Фарзандони падараш вазифаҳои баланд доранд. Як додараш дар Бойғозӣ кор мекунад. Шамсуллоев Абдусаттор ном дорад. Амаки Миша Маҳмадумар Асозода Шамсулло, раиси ширкати «Барқи тоҷик» аст.  Хуб диққат диҳед сети коррупсияониро, ки аз як оила дар як соҳа чанд нафар кор мекунанд. Ҳамин худаш кофӣ аст, ки милиардҳо маблағи буҷаро як оила бидузданд. Оё ба ин касе диққат медиҳад? Боз тибқи маълумоти дигар раиси оҷонсии зидди фасод Султонзода Сулаймон робитаи зич ва ҳамкориҳои “судманд”и мутақобила доштааст бо ин оила. Дар маҷмуъ 9 нафар аз ин оила 7 нафарашон танҳо дар соҳаи энергетика дар мақомҳои калидӣ кору фаолият мекунанд.

Як амаки дигараш дар Душанбе вазифаи баланд дорад. Як вақтҳо дар Маркази миллии тестӣ кор мекард. Дар Душанбе  пушти телевизони Сафина ҳамин амакаш 2 квартираро гирифта як хона карда аст. Бародарҳои Миша ҳамаашон дар ҳамин дом квартира доранд. Боз чанд иҷоранишин ҳам доранд. Миша дар Норак хонаи заминӣ, квартира, дача дорад. Квартираҳояш аз новостройкаҳо аст. Аз 100ҳазор доллар боло қиммат доранд он квартираҳо дар Душанбе. Миша аз пулҳои дуздидагиаш камкам ба инвалидҳо хайр ҳам мекунад дар қишлоқи Тутқавул. Дар лифтҳои ГЭС ягон коргари одӣ ҳақи нишастан надорад. Мегуяд, ки ин барои калонҳо аст, шумоҳо бо леснитса равед. Як коргар дар як рӯз мумкин барои асбоб 10 бор берун барояд. Инҷо ҳарорат минусӣ аст. Дар 6 ошёнаи зери замин аз ҳама сардтарин макон аст кор мекунад.Дар инҷо моторҳо, ва трубаҳоро рост ва равған иваз мекунанд,ҳамчунин барои сард кардани моторҳо ҷой аст. Коргарҳо хаста мешавад, бояд бо лифт дарову баро кунад.Агар қапиданд ҷарима мекунанд. Миша чандин коргарҳоро ҷарима кард. Ин дастураш фақат ба коргарҳои “Тоҷик СГЭМ” дахл дорад,ба кормандони худи ГЭС не. Мегӯӣ,ки мо бачаҳои угай бошем. Мисле,ки ин лифт моли падараш ва ё аз пули шахсии вай сохта шуда бошад. Ин тавр не, ки ин пули бюҷет аст ва ба ҳама бояд баробар дастрас бошад.Боз ба коргарҳо пичинг мезанад,ки шумо чи карден,ин авлоди мо аст ки кор мекунад.

Боз инҳо эшони Нуриддинҷонро сахт бад мебинанд, фақат дашном медиҳанд. Мегуяд,ки дар вақташ ҷангро ҳаминҳо андохтанд.Ду бародари дигараш дар мақомоти судӣ дар Душанбе кор мекунанд.

Вақте борон меояд ҷойи асосии неругоҳ ҷойи чархаҳо яъне агрегатҳо кор мекардагӣ ҷой, ки «машзал» мегуем аз ҳарҷояш мечакад, пури об мешавад. Сатилҳоро дар ҳар рости обчака қатор мемонем, хориҷиҳо меоянду мебинанду ҳайрон мешаванд. Ин қадар пуле, ки инҳо медузданд, аммо як бор намегуянд, ки биё ҳаминро соз кунем. Баҳонаашон чӣ аст?Ин неругоҳи куҳна аст. Хуб, ки чӣ? Агар куҳна бошад, тармим намекунед? Пешгирӣ намекунед?

Як рӯз сатилҳо қатор буданд. Як меҳмони немис бо телефон роҳравон гап мезад. Дар сатил пешпо хурду зери лаб чи дашноме карду рафт. Аммо директору саринжинеру дигару дигараш костюму брюк пушидагӣ, галстук задагӣ мебинанду мегузаранду рафт. Гуё ҳеҷ чизе нашуда бошад. Дар мошинҳои қимат мешинанду мераванд. Бовар кунед мо аз тани инҳо шарм медорем. Боз дағдағашонро бинед! Либосашон чанг гирад салфеткаро бароварда тоза мекунанд, ба ин ақлашон мерасад, аммо корхонаро борон хароб мекунад, парво надоранд. Ин авлодро дар Норак бо номи Шамсуллоевҳо мешиносанд.

Ёров Салим Абдуллоевич- муовини сармуҳандис

Ёров Салим Абдуллоевич 07-06-1979 дар Норак таваллуд шудааст. Муовини сармуҳандис оид ба таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак ба номи Турсун Улҷабоев. Ӯ соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ  хатм кардааст.  Вақте кандани агрегати якумро сар карданд (Ширкати маъруфи “ANDRITZ Hydro” Андриси Австрия) https://www.andritz.com/hydro-en

(  ANDRITZ Hydro — глобальный поставщик электромеханических систем и услуг для гидроэлектростанций, а также лидер мирового рынка гидравлических систем …   )

роҳбарияти неругоҳ аз фурсат истифода бурда даст ба дуздӣ заданд. Салим Ёров як яшики пур медро бароварду бурд фурӯхт. Агар бо арзонтарин нарх фурӯхта бошад аз 100.000 сомонӣ кам намешавад. Чи қадар пули давлатро падараш Абдулло Ёров дуздид, ҳоло боз навбати писараш расид. Дар дари баромад ҳарбиҳо посбонанд. Аммо онҳо ҳам дар дуздиҳои инҳо «қуш»-анд. Агар баногоҳ як камбағал як чи барорад, тамом, фардо аз кор сур мекунанд. Инҳо боз аз авангардҳо-чоплусакони мақомот сахт ҳимоят мекунанд. Салим Ёров хонаи воҳима, мошинҳои воҳима, дача дорад. Пурсида мешавад, ки ин ҳама аз кадом ҳисоб? Бачаашро туй кард. Не танзим, не ҳиҷ чи? Таърихи Норак ёд надорад. Ҳар қадар хост ҳамон қадар кард. Барои набераи думоҳааш дар 7000 сомонӣ коляска харид. НБО-и Норак ягон ҷои ободиаш намонд.Падараш собиқ вазир. Ҳоло нафақахур. Падари Ёров Салим Ёров Абдулло мебошад ки 20.11.1952 дар Норак таваллуд шудааст. Аз соли 1990 то соли 2000 директори Норак буд. Солҳои 2000 то 2004 вазири энергетикаи Тоҷикистон ва аз соли 2010 то 2013 директори «Барқи Тоҷик» буд. Ҳоло гармхонаҳои лиму дорад,ки коргарҳо кор мекунанд.Худашу аҳли байташ дигар дар қисми роҳат мебошанд. Боз инҳоро дар соли 2020 оилаи беҳтарини вилояти Хатлон эълон карда буданд. Ман аҳамият медиҳам, ки инҳо ҳар бегоҳ магазин медароянд, магазине,ки ҳамаи чизҳояш қиммат аст, чизеашон, ки бифорад мехаранду мебаранду мехуранд, аммо мардуми бечора медарояд нархро мебинад воҳ мегуяду қафо мегардад. Як чизи дигар ин аст ки ҳаррӯз дар даромадгоҳ,ки сарбозону афсарон бо либосҳои низомӣ истодаанд, мардони ришдорро таҳқир мекунанд. «Аму риши паҳата бигирен, ранги толибон риш мемонӣ» гуфта мазоҳ мекунанд. Мардум «до тово» безор шудагиянд,ки мебинӣ раҳмат меояд. Баъзе аз посбонҳо инсонвор мегуянд, ки «бародаро чикор кнем, охи шефои калонмон фармон метия, ки коригарора издиватса кнен барои ришошон.Мо ҳам безор шидагием, чико кнем». Агар ришат баланд бошад тамом, ҳақоратшап мекунанд. Фармон «ай боло» мегуянд. Мабодо, ягончи гуфтӣ, занг мезананд ва рост ба отдел мебаранд, мезананду мешикананду қоқоқоқ ришатро мегиранду пулатро мекананду сипас ҷавоб медиҳанду боз ту барои онки «турма»-ат  накарданд, «статя»-и 307 ва ё террорист назаданд, раҳмат мегӯӣ.

Сайдуллоев Наҷмиддин-муовини директор

Як роҳбари дигари неругоҳи Норак Сайдуллоев Наҷмиддин аст. Муовини директор. Аз Норак. Хонаи ӯро бинед,ҳ ушатон меравад. Хонаи Сайдуллоев дар назди хонаи Сангов Миралӣ Раҷабович. Чанд адад ва бо чанд ранг Тойотаҳои Ландкрузер таги пойи худаш ва таги пойи бачаҳояш. Рақами як Ландкрузери сафедаш “1000 PN 01” аст. Барои чӣ намедонам ин кормандони ГЭС бо шумораи 1000 сахт алоқаманд будаанд, боз дар идома албатта огоҳ мегардед.Бисёр ҳам дузди сахт аст.%-баландро дар Норак ҳамин медиҳад. Яъне просентчики қаттол аст. Касалии қанд дорад. Сахт лоғар шудагӣ аст.Чанд давлат рафт табобат нашуд. Як бачаи Наҷмиддин дача ба дача фақат бевабозӣ мекунаду халос. Дар Норак як намуд мошин ҳай мекунад, ки мегӯӣ самолет меронда бошад. Ба ин гурӯҳ аслан қонун таъсир надорад. Барои мисол моро ба тамошои баҳри Норак иҷозат намедиҳанд, аммо ин бача бо ҷураҳояш аз саҳар то шом дар онҷо дам мегирад. Ҳатто мегуянд,ки бо духтарҳо голий -лублучи модарзод  оббозӣ мекунанд. Барои худашон «дикий пляж» сохтагинад.Дар 9 карел

Раҷабов Мирзошариф, ассистенти роҳбар

Раҷабов Мирзошариф аз ноҳияи Ёвон аст. Дар фирмаи «Тоҷик СГЭМ « ба ҳайси Ассистенти роҳбари корҳои лоиҳа ва менеҷери лоиҳа кор карда истодааст. Мирзошариф мутаваллиди солҳои 1994 ё 1995 аст. Не хурд ва не калонро ҳурмат мекунад. Бо номашон фарёд мекунад. Ба қадри коргар намерасад. Ҳурмату эҳтироми инсониро намедонад. Фарқ надорад, ки аз худаш 10 сол  калон аст ё 20 сол. Мирзошарифро дар СГЭМ Ангурбон гуфта прикол мекунанд. На камтар аз 20.000 сомонӣ то пеш аз менеҷер шуданаш мегирифт, ҳоло зери 40,000 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Дар фирмаи Тоҷик СГЭМ маоши роҳбарҳо аз 20.000 боло аст. Вале коргарони одӣ 3000 то 4000 мегиранд. Мирзошарифи бухгалтер  ва директори генералии  «Тоҷик СГЭМ « Очилов Алиҷон як шайкаанд. Онҳо боз аз ҳамин маоши ночизи коргарҳо ягон баҳона кофта ҳатман мезананд, ҷарима мекунанд. Барои ҳамин мошинҳояшонро дамбадам  нав мекунанд. Мошинҳояшон ҳам аз 200 ҳазор сомонӣ боло аст. Мошини бухгалтер Кемри, номери ин ҳам 1000 аст. Аз рӯи ҳамин ҳаромхӯриаш буд, ки ба наздикӣ ҷарроҳӣ шуд,чизеро хурдааст онро ҳал карда натавониста будааст. Коргарҳо мегуянд,ки ҳақи моро хӯрд, худованд нишонаш дод. Кор карда истода будем, ки яке гуфтанд, ҷарроҳӣ шудааст. Бачаҳо хандида гуфтанд,ки  «шашлика нохойда қрт кадай жулуткаш ҳал када натонистай, барои ҳами аператса шидай худованд азов кашида мри омин гуфтанд ҳама бо як садо».

Дар ҳамин ширкати “Тоҷик СГЭМ” зиёда аз 300 нафар кор мекард,танҳо дар иншооти НБО-и Норак. Аз сабаби ин ки маошро ду моҳ -се моҳ пас медиҳанд ва мебуранду фиреб мекунанд тақрибан 70 нафар корро партофта рафтанд.

Масалан маоши моҳи июлро касе нагирифтааст.Агар якуним моҳ пас диҳанд ин хело хуб аст.

Инҷо як ҳикояи воқеиро нақл мекунам:

« Баъзе вақт бугалтеро миёян ойлик додан. Аввал  мераван дачаҳои Норак дам мегиранд, баъд меоянд маоша метиянд. Як бор худам шоҳид будам чанд касои дига буд вақте маошро оварданд ба Норак. Баъд аз ҳамин мед пункт як духтар баромад тарафи бухгалтерҳо гуфт, ки чаро маошро дер миёрен бо маоша буриден кам додестен. Тарафи ҳамон духтар  як бухгалтераш гашт гуфт, ки як шав катимон дам бигир дачада ойликота намезанем. Бечора духтар  ҳайрон шуд, даромад мед пункт». Маошҳои СГЭМ ро ду бухгалтер меоранд, як қад дароз ва як қад паст бо мошини Кемри 5-и сафеди танировкаи сиёҳ кардагӣ бо рақамҳои давлатии 1000.

Фирмаи «Тоҷик СГЭМ» дар чандин ҷо иншоотҳои калон дорад. Неругоҳҳои Норак, Қайроққум, Роғун, Сарбанд ва дар Қирғизистон дар Исик Кул як гэсро ҳамин «Тоҷик СГЭМ»  гирифтагӣ аст ва онро таҷдид мекунанд агрегатҳои онро. Ҳатто дар Русия дар Краснодарский край як ГЭС-ро ҳам гирифтагӣ ҳастанд. Фақат корҳои равғаниро мегиранд. Барои хубтар фаҳмидани шумо инро чунин шарҳ медиҳам. Дар Русия маоши як коргар 120 ҳазор рубл аст. Онҷо кор мекунед аз тарафи «Тоҷик СГЭМ»  ва дар Тоҷикистон пулро дар хонаводаат медиҳанд. Аслан ин заказро «Тоҷик ТГЭМ»  гирифтагӣ аст. Корҳои ноқилҳои барқӣ трансформаторҳоро “Тоҷик ТГЭМ” мекунад. “Тоҷик СГЭМ”  бошад корҳои де монтаж, монтажи трубаҳо, агрегатҳо,трубина ва қисмҳои асосии агрегатҳоро анҷом медиҳад.

Дар болои Очилов Алиҷон-директори “Тоҷик СГЭМ” боз як каси дигар бо номи Иқбол сардор аст, ки мегӯянд ҳамкурси Рустам будааст. Инҳо ҳарду началниканд.Аммо ин фирма ҳамроҳи ТоҷикТГЭМ ҳардуяш аз Рустам аст. Барои ҳамин корҳои равғаниро ҳаминҳо мегиранд. Бовар кунед,ранги мурчаву малах зиёданд. Намедонӣ корҳои ҳароми кадомеашонро бигӯӣ.

Раҷабов Мирзошариф дар корҳое, ки «Тоҷик СГЭМ» дар Норак гирифтаги аст сардор мебошад. Дар даруни кор боз бузичаҳо дорад. Коргарҳо чи кор мекунанд,чи мегуянд, дар бораи Мирзошариф хабар мебаранд. Худи Мирзошарф Раҷабов ҳар рӯз ҳаминҷо аст. Агар ягон вақте набошад ё дар кабинеташ бошад,бузичаҳояш, ки хешонаш, ҷураҳояш ва ҳамкурсонашанд: Раҳимов Маҳмадшариф, Мирзоев  Далер, Мирзоев Фаёзиддин, Маҳмудов Илҳом, хулоса як оламанд гушҳо чур -лакатер кардагӣ- гап гуш мекунанд, ки кӣ чӣ мегӯяд.Инҳо сагони ниҳоят бовафоянд.Агар дар пеши инҳо Мирзошарифро ягон чи гуфтӣ, тамом, дар бало задӣ.

Раҷабов Мирзошариф боз як хислати бад дорад. Рӯзҳои таътил коргарҳоро рухсатӣ намедиҳад.

Рузи истиқлолият -9 сентябр -коргарҳо гуфтанд ҷавоб деҳ. Гуфт  ин хели гап нест: «и празники мо нест, мада фарқ надора рӯзи истиқлолай, наврузай, иди рамазонай, қурбонай кор мекнен, вақте ма гуфтмтона! ма задагийм ихели празникотона»

Мирзошариф Раҷабов ба маоши коргарҳо бисер «лезит» мекунад. Вақте премия мешавад аввал бузакҳои худашро пешниҳод мекунад. Дар маош ҳам аввал онҳоро менависад. Коргарҳо дар ҷойҳои хунук кор мекунанд. Дар ҷойҳои хатарнок кор мекунанд. Маоши ночиз медиҳанд, саривақт намедиҳанд. Боз аз лаби ҳамон маош бо ҳар баҳона мегиранд. Мо, ҳамеша вечно аз аптека, аз магазинҳо қарздорем. Як рӯз аз кор баромадем ва дар ҷойи баромадгоҳ қайд кардем, ки баромадем. Мирзошариф баромад дид. Бо мо ҷангҷол крад, ки барвақт баромадед. Мо 5 дақиқа  ҳам пеш набаромада будем. Дар ҳоле,ки мо аз мъёри корӣ бештар кор мекунем. Боз ҷойи кори мо «магнитий поля» аст. Мардум монда мешавад. Як хел вақтҳо рӯзҳои бозор ҳам кор мекунем. Мирзошариф Раҷабов таҳдид кард, ки маошатон кам шавад, норозигӣ накунед. Ҳоло баъди он кор ду моҳ мешавад, ки маош надода истодаанд. Ҳатто дигар ба мо ҳеҷ кас қарз намедиҳад.

Мирзошариф Раҷабов гашт гуфт, ки ин фирмаи шахсӣ аст: «бфоратон ҳами нафоратон брен». Он бачае,ки дар ҳамон рӯзи панҷ дақиқа пештар баромадан ба Мирзошариф Раҷабов  камтар туюман кард аз кор пешаш кард. Аммо як ҳафта пас рафта зоракунон овард, чун кор ақиб монд. Ҳамин як даҳан бигӯӣ, ки чаро маошро дер меоваред, чап мегираду аз кор пешат мекунад. Ту бояд дар бораи маош чизе нагӯӣ. Кайе, худашонро форад медиҳанд. Парвои коргарҳоро надоранд. Чунки худашон аз 20 ҳазор сар карда то 40.000 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Қурбонов Маҳмадуло то 40.000 ҳазор сомонӣ  маош мегирад.

Воҳидов Лоиқ то 45.000 сомонӣ маош  мегирад.

Раҳимов. Б  собиқ милеса аст 15.000 сомонӣ маош мегирад.

Очилов Алиҷон, директор аст. Ҳамаи пул дар дасташ мебошад. Мо,фикр мекунем,инҳо байни худ маслиҳат кардаанд, ки ҳамаашон коргарҳоро ғам медиҳанд.

Дар вақти кор Мирзошариф Раҷабов  ё Воҳидов Лоиқ бинанд, ки шиштагӣ ҳасти ё яке телефонатро мегирӣ,аз хона занг мезананду хабаре мерасонанд, ё мегӯӣ интернет дарояму аз хабарҳои дунё огоҳ шавам,тамом. Ана баъд сарзанишу пичингу киноя сар мешавад. Барои ҳамин корҳояш ба Мирзошариф Раҷабов  вазифаи баландтар ваъда карданду тақрибан ду ҳафта шуд,ки менеҷери лоиҳакашӣ дар объекти НБОи Норак таъин шуд ва маошаш аз 20 ҳазор сомонӣ наздик ба 40 ҳазор сомонӣ шуд.

Як рӯзи дигар бачаҳо ба Қурбонов Маҳмадулло мегӯянд, ки 2 моҳ мешавад маошамонро намегирем» «хонада кудакомон нони қоқ хурдестиян чикор кнем, ба  бачаҳо мегӯяд, ки пулро  немисҳо надодестиян айби мо нест онҳо гузаронанд дар ҳисоби мо,ки мо ба шумо маошатонро диҳем».

Бачаҳо сардори немисҳоро мебинанд. Вай мегӯяд,ки чаро беҳавсалаву бехуш кор мекунед? Бачаҳо мегуянд, ки охир ду моҳ шуд, ки маошамонро намедиҳанд. Бисёриамон қарздор ҳастем. Кудакҳо гушна. Роҳабромонро пурсидем, гуфтанд,ки шумо пулро намегузаронед, айби немисҳо, ки маошамонро намегирем. Раиси шуъбавии ширкати Андрес дар НБОИ Норак,ки Португалӣ буд мегуяд, ки  фирмаи мо саривақт ҳар моҳ дар ширкати “Тоҷик СГЭМ”и  шумо пулро мегузаронад. Мо, ҳеҷ мушкил надорем. Мегуяд,ки мо миллионҳо доллар мегузаронем ва аслан чунин мушкилоте надорем.

Немисҳо ба роҳбарияти Тоҷик СГЭМ мегуянд, ки чаро коргаронатон шикоят аз маош доранд ва шумо боз моро муттаҳам кардаед? Баъди ин гапу кор разбори калон шуд. Моро ҷамъ карда таҳдид карданд, ки чаро ба немисҳо рафта ин гапро гуфтед, дигар нагуед. Ва, ваъдаи бисёре доданд. Ҳоло бисёриҳо корро партофта рафтанианд. Вале, ҳайф,ки дар Русия ҳам мувофиқи ихтисосашон кор намеёбанд. Ҳамин фирмаи Андриси Австрия  барои навсозии Норак тендерро бурид. Бояд айни замон 3 агрегатро таъмир кунад. Барои идомаи тармиму таъмир боз кадом фирмае тендерро бурад. Фирмаҳои Тоҷик СГЭМ ва ТоҷикТГЭМ бофирмаи Андрис қарордод бастагианд. Агрегатҳоро тоҷикҳо мечаспонанд, немисҳо контрол мекунанд. Дар ин фирмаи Андрис коргаҳову мутахассиҳо аз Австрия, Португалия, Корея, Сербия, Словения, Словакия Шветсия, Норвегия ва ғайра ба навбат меоянд, корҳояшонро мекунанду мераванд. Боз дигарҳо меоянд. Ҳар яке аз онҳо вазифаи худашро иҷро мекунад. Баъди кор дачаҳо рафта истироҳат мекунанд. Ана ҳамин беномусҳои роҳбарони мо барои инҳо духтарҳои тоҷикро меоранд. Ин зинову зинокорӣ ба авҷи аълои худ расидааст.Албатта, хориҷи биравад дар дачаҳо дам гирад, хурок хурад пул медиҳад, ки фоидаи давлат ва одамҳо мешавад, вале то ин дараҷа бе номусиву бе имонӣ не ку!

Боз як духтари тоҷик  гуфтааст, ки бо як немис 7 моҳ аст  кайфу сафо мекунам. Қариб 100.000 сомониашро ги рифтам. Бахудо ин гапҳо шухӣ нестанд. Мо бо чашмонамон ҳар рӯз ин амалҳои пастро мебинему дандон мегазем, илоҷи дигаре ҳам надорем.

Як рӯз муовини Сарвазир омада буд.Аҳамият додам,ки дар дасти муҳофизонаш антисептик ва салфетка ҳаст.Агар дасти муовин дар ҷое бирасад даррав антисептика мезананду бо салфеткаи тар тоза мекунанд. Ин муовини сарвазир занакмиҷоз будаст. Офарини ин коргарҳо, ки на чанг мегуянду на ҳеҷ чиз, рӯзи дароз кор карда гаштаанд.

Воҳидов Лоиқ бошад. бачааш ҳам дар ҳамин фирма кор мекунад. Ҳоло коргари одӣ аст. Аммо маошаш ба монанди устоҳо мебошад.Воҳидов Лоиқро қудояш ҳам дар ҳамин фирма кор мекунад. Ҳоҷӣ Мусо-хусури бачааш, Шаҳзод Воҳидов, даводав дорад,ки қудояшро ягон вазифаи баланд монад. Аммо директори кулли Тоҷик СГЭМ розӣ нашуда истодааст.

Хариди кранҳои «брак» аз Туркия барои миллионҳо доллар  кор кардан

Диламон ба ин ГЭС  ва пулҳое дар инҷо дуздӣ мешавад сахт месӯзад. Мумкин аст ҳукумат аз ин махенатсия огоҳии комил надоранд.Вақте навсозӣ дар Норак сар шуд тибқи нақша мебоист кранҳои онро бо релсҳояш  нав ва ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ мемонданд. Ин кор бо ширкати Австрягӣ Андрес соли 2019 оғоз ёфта буд. Дар неругоҳи Норак тақрибан15 крани борбардори сабук ва вазнин вуҷуд дорад. Ман ҳисоб кардам 15тоаш дар тарафи сарбанди неругоҳ истодааст. Ду адад крани калон аст ки 360 тонна вазнро мебардорад. Ин кран дар ҳавлии неругоҳ аст ки ротор, статер, ки тақрибан зери 500 тонна мешаванд мебардорад, хулоса,қисмҳои агрегатҳоро мебардорад, ки ин қисмҳо хело вазнинанд. Бо дар «машзал» дар назди агрегатҳо 3 крани дигар вуҷуд дорад, ки иқтидори вазн бардории ҳар як кран 20 тонна мебошад. Боз дар ҷои трансформатрҳо кран ҳаст. Вақте хориҷиҳо- фирмаи Андриси Австрия омад ва шурӯъ ба навсозӣ кард, гуфт кранҳои нав меоварем. Кранҳои хуби немисӣ. Кранҳои немисӣ солҳои тулонӣ кор мекунанд ва харҷи кам  ҳам доранд ва дер таъмирталаб мешаванд. Босифатанд.

Тарафи тоҷикҳо-ширкати «Барқи тоҷик» розӣ нашуд. Инҳо гуфтанд, ки кранҳои немисӣ нархашон гарон аст. Кранҳои ширкати KUMSAN -и Туркияро фармоиш доданд.

Ин корхона ҳам корхонаи боқувват аст дар масъалаи истеҳсоли кранҳои борбардорӣ. Аммо масъулони Барқи тоҷик кранҳои аз ҳама арзонашро аз ин ширкати Туркӣ хариданд.

Туркҳо омада тақрибан 2 сол кранҳоро монтаж карда дар неругоҳ часпонданд.  Нархи ин кранҳо аз чандин миллион доллар ҳам зиёд аст. Вақте часпониданду корҳо сар шуд баъд «клетшавӣ» сар шуд. Ҳаррӯз таъмир мекунанд.Барои таъмир боз аз ҳамон ширкати  Туркия мутахассисҳоро фарёд карда меоваранд. То ҳозир ҳамин кор давом дорад. Онҳо меоянд таъмир мекуннаду мераванд, боз чанде намегузарад, ки вайрон мешаванд. Инҷояшро таъмир мекунанд боз ҷойи дигараш хароб мешавад. Хуллас, як ҳафта гоҳе ду ҳафта пас ҳатман мутахассиси туркӣ меояд. Албатта, тамоми масрафоти сафари он боз ҳаққи хизматаш аз ҳисоби неругоҳи Норак пардохт мешавад.Ҳоло маълум шуд, ки (як мутахассиси турки гуфтааст),ки вақте ин кранҳоро оварданд ба ҳисоби кранҳои қимматтарин «оформит» карда садҳо ҳазор долларро ба ҷайби худ задаанд.Тоза як агрегатро соз кардаанд вале агар ба ин минвол давом кунад беҳтар аст як неругоҳи дигар сохта шавад. Бо як таъмир ҳадди ақал бояд 20 сол бетаъмир кор кунанд ин дастгоҳҳо. Бояд ҷойҳои релсҳои кранҳо ҳам нав мешуд, аммо пули ҷудошударо хурданд, ва он нав ношуда боқӣ монд. Релсҳои пешина тамоман ба талабот ҷавобгу нестанд, сахт куҳна шудагианд. Барои тармими ин релсҳо шояд садҳо ҳазор доллар сарф шавад, аммо бо ин ҳол аз миллион ҳам бештар хароҷот мешавад. Барқи тоҷик вазорати энергетикаро айбдор мекунаду вазорат бошад ин ширкатро. Аммо дар асл ҳамаашон гунаҳкоранд, чун манфиати миллату давлат аслан инҷо вуҷуд надорад, фоидаи ҷайби худро мебинанд. Ҳоло сару калобаашонро гум кардагианд. Ҳозир миёни ҳам Барқи тоҷик, худи неругоҳ ва вазорат дар ҷангу ҷанҷоланд. Фирмаи Андрис,ки масъулияти навсозиро бар уҳда дошт, қабул накардааст. Гуфтааст,ки бояд релсҳо нав ва мутобиқи стандарти байналхалқӣ мешуд. Инҳо бошанд, девона шудаанд, намедонанд, ки чи кор кунанд? Яке аз гунаҳкорҳо раиси собиқи Барқи тоҷик, ки ҳоло раиси Ваҳдат шудааст ва дигараш  раиси ҳозираи Барқи тоҷик

Асозода Маҳмадумари Шамсулло, ки пеш муовини Барқи тоҷик буд, мебошанд ва бояд инҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Чунки кори инҳо карда дар оянда хатари хело ҷиддӣ ба НБО-и Норак дорад. Агар ин кранҳо ягон бори вазнинро маҷбур бишаванду бардоранд ва садамае рух диҳад миллионҳо доллар зарар бор меоварад. Мумкин аст НБОи Норак аз додани барқ маҳрум гардад ва мардум боз бе барқ монанд.Нафаре, ки чандин сол крановшик буд гуфтааст, ки кранҳои муссорро овардаанд.Чархҳои ин кранҳо ба ин релсҳо мутобиқ нестанд ва овозҳои ваҳшатнок мебароранд. Гоҳе,вақте бори вазнин мебардоранд,ҳангоми ҳаракат якбора системаҳояшон аз кор мебарояд. Ҳамин фирмаи туркии KUMSAN  кранҳои беҳтарин дорад, аммо инҳо кранҳои арзонро харидагианд. Инҷо на фирмаи KUMSAN ва на фирмаи Андирс гунаҳгор нестанд. Ҳар проблемае,ки ҳаст ҳамин роҳбарони худамон ба вуҷуд овардагианд. Ин пулҳое,ки ҳоло барои тармим ва навсозии неругоҳи Норак рафта истодааст ҳамааш қарз ба гардани давлат-гардани мову шумо аст. Онро бояд бисёр ҳам баркашидаву санҷида харҷот кард, то барои  ояндаи фарзандони мо хидмат кунад, Аммо инҳо фикри ин тарафи корро намекунанд. Албатта инҳо барои ин ҷинояташон ҳатман ҷавоб хоҳанд дод.

Сайдулоев Наҷмиддин директори Норак шуданӣ аст. Даводав дорад. Сармуҳандиси Норак Маҳмадамини Маҳмадсаидзода (миша) ҳам даводав дорад, ки директор шавад. Ҳардуи инҳо беҳад сумдоранд. Амаки сармуҳандис ҳоло раиси ширкати «Барқи тоҷик» ҷаноби Асозода Маҳмадумар аст. Сайдулоев Наҷмиддин дар «боло» як ҷураи зӯр дорад. “Криша”-ват ҳам мкунад. Хуршеди коррупсия мегӯянда ӯро. Дар Норак ҳама ӯро мешиносад. Вазифаи баланд дорад. Хонааш дар деҳаи Тутқавули Норак аст. Дар карели 9дача ва дар айлоқ подабон дорад. Гову аспу гуспанду бузҳояш беҳисоб. Ин одам ҳар моҳ аз неругоҳи Роғун доляи вазнин ҳам мегирад.Чунки як хел фирмаҳоро «кришават»мекунад. Сайдуллоев Наҷмиддин ҷояш фақат дар хонаи ана ҳамин Хуршед аст. Ҳардуяш дачаҳо мераванд, духтарҳоро меоранду дам мегиранд. Дачаи Хуршеди коррупсия дар 9 Карел  дар ҷойи алоҳида аст. Аз дигар дачаҳо дуртар аст. Шаби дароз дар он дача бевабозӣ. Шабҳое,ки намераванд бачаҳояш мераванд. Бачаи Хуршед як рӯз дар пеши супермаркети автовокзал бо мошинаш-аудии маркаи охирон истод. Бо ҷураҳояш фаромад ва даромад супермаркету горилла-нушокии энержӣ харид. Пеши супермаркет пури одам ва қарибии шом буд. Камтар хӯрду партофт.Боз яктои дигар хариду камтар хӯрду боз партофт. Ҷурааш гуфт,охир намепартофтӣ, ман мехурдам. Гашт гуфт чи қадаре форад бихур,ман пулашро медиҳам.Пул дорам, ман камбағал нестам, ки харида натавонам. Даркор шавад дача меравем онҷо тоннааш қатӣ истодагӣ аст. Хуршеди коррупсия худаш ҳам як аудии модели охирон дорад. Хулоса, Сайдулоев Наҷмиддин ҳоло дар фикри директоршавӣ аст ва думдуми Хуршед мегардад. Гуё Хуршед ваъдааш кардааст, ки «доля»-и Ҷанобро омода кунад, вай ҳал мекунад.

Директори неругоҳи Норак 3 муовин дорад. Яке аз онҳо Сайдуллоев Наҷмиддин аст. Наҷмиддин муовин дар бахши хоҷагидорӣ аст. Чизе ,ки ба Норак медарояду мебарояд: бор, запчаст, материал, либоса дар ихтёири ӯст. Як дона мехча ва як адад бумага беиҷозати вай гирифта намешавад. Сармуҳандис ҳам се муовин дорад. Ҳар кадоме аз онҳо вазифаҳои худро доранд. Як муовинаш Киромиддинов аст. Дуввум муовинаш Салим Ёров мебошад. Норак коргари беҳад зиёд дорад,аз ҷумла занҳо ҳам инҷо зиёданд. Яке аз коргарони зан нақл кард, ки Киромиддинов бо ҳар баҳона премияи коргарҳоро намедиҳад, баракс боз ҷарима мекунад. Аз лаби «отпускной» ҳам мезанад. Премияҳоро байни худашон тақсим мекунад. Боре Киромиддинов пеши кормандони ТоҷикСГЭМ омад. Аллакай агрегати якум омода шуда буд. Рӯи ин агрегат сурх аст. Гуфт «ин агрегат «женски» будаст-суп-сурх. Ба ман маъқул нашуд. Мактуб карда ба фирмаи Андрис равон мекунам. Бигиранду ранги дигар заннад. Дигар инки агрегат камтар аз замин боло аст. Ба ман маъқул нашуд». Аммо ин гап ягон маъно надорад. Ранг аҳамият ҳам надорад. Гап дар бораи иқтидор меравад. Бақувват бошад, ки солҳои зиёд кор кунад. Инҳо аммо ин тарафи масъаларо фикр намекунанд, чунки намефаҳаманд. Барояшон рангу баландиаш муҳим аст. Боз худашонро инжинер мегиранд. Раисанду сардоранду галстук мебанданд. Агрегатҳои пешинааш 300 мегават. Агрегати нав бошад 375 мегават. Норак нуҳ агрегат дорад ва агар ҳамаи агрегатҳо бо ҳамин мошност нав шаванд метавонем гуем, ки Норак 10 агреагт дорад. Дар давоми 9 сол бояд ҳамаи агрегатҳо нав шавад. Аммо инҷо дуздӣ дар авҷи аъло аст. Бо ин нағмаашон 9 сол неву 15 сол давом меёбад. Чизи дигар ин аст ки автобусҳое, ки ҳоло коргарҳоро мебаранду меоваранд аз давраи СССР мондагианд. Фарсуда, шалақ.Зимистон дар даруни онҳо аз хунукӣ мемурӣ.Б ояд автобусҳои муосир оваранд. Туристҳо ва меҳмонони хориҷи меоянду мебинанду механданд ба ҳоли мо. Дар тирезаҳои баъзе аз ин автобусҳо тунука задагӣ, картон часпондагӣ, шиша надорад.Боре як немиси корманди фирмаи Андрис  ба сардори неругоҳ мегуяд, ки агар ин неругоҳ  дар Австрия ё Германия мебуд раҳрубе, ки аз дарвозаи неругоҳ  як километ дур аст 500 ё 600  евро маош мегирифт.

Дар охир дар мавриди обанбори НБОи Норак инро бояд биафзоем,ки об имсол пур аст ва аз зиёдатии он онро дар партобгоҳи зиёдатӣ сар додаанд. Яъне имсол набояд масулини НБОи Норак бигӯянд,ки об кам аст ва барқ лимит мешавад.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед…

PS: Чуноне мушоҳида кардед неругоҳи Норак дар шароити нохуб қарор дорад.Дар ҳоле,ки феълан тамоми вазнинии таъминоти неруи барқ дар кишвар бар дӯши ҳамин неругоҳ аст. Агар пеши роҳи ин ҳолатро нагиранд фардо бовар кунед аз ҳамин ҳам мемонем.

Дар дасти мо маълумоти зиёде дар бораи неругоҳ ва бахшҳои он вуҷуд дорад,аммо ҳамаи онҳо бояд таҳқиқ бишаванд.Аз хонанда ва бинандаҳои “Ислоҳ” хоҳишамон ин аст ки ҳар маълумоту далелу бурҳоне доранд ба мо ирсол кунанд,то дар навиштаҳои баъдӣ истифода кунем.

Сообщение Роҳбарон ё ғоратгарон?    появились сначала на ISLOH.net.