Асозода Маҳмадумари Шамсулло — ISLOH.net

Кӣ дуруғ мегуяд: Эмомалӣ Раҳмонов ё ширкати «Барқи тоҷик»?
Раҳмонов чаро боз ҳам ба мардум дуруғ гуфт? Лимит аз байн нарафтааст!

Дар ҳамин тирамоҳу зимистон Эмомалӣ Раҳмонов дар робита ба таъминоти мардум бо неруи барқ ва аз байн бурдани лимит ду бор руирост дуруғ гуфт. Як бор, вақте ки чархаи навшудаи Норакро дар моҳи октябр фаъол мекард иқрор кард, ки лимит вуҷуд дорад, аммо алъон, ки ҳаво мусоид аст тоқат кунед, чун зимистон неруи барқ бидуни маҳдудият ва муфассал дода мешавад. Ин кор сурат нагирифт. Аҳолии Тоҷикистон, ки беш аз 70%-и он дар деҳот ба сар мебаранд неруи  барқро соатбайъ дастрас мекарданд. Ин ҳолат то рӯзҳои сармои шадиди авоили январ идома кард ва Раҳмонов маҷбур шуд, ки дар ин рӯзҳо (шояд 4 ё 5 шабонарӯз светро дод) ширкати «Барқи тоҷик»-ро дастур диҳад, лимитро бекор кунад.

Ба ҳамин тариқ бори дуввум дар 11 январи соли ҷорӣ ширкати «Барқи тоҷик» бо нашри изҳороти махсус эълон, ки бар асоси фармони Раҳмонов ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо лимитро аз байн бурд. Мардум ҳам бовар кард.

Аммо ҳатто як ҳафта ҳам нагузашт, ки боз ҳам светҳоро мекушанд, балки ин бор хеле ҳам сахту сангин карданд. Хабарҳо мерасанд, ки гоҳо рӯзона аз тарафи саҳар аз соати 7 то 10 ва гоҳо аз тарафи бегоҳ аз соати 5 то 8у 8уними шом барои аҳолӣ интиқоли барқ қатъ карда мешавад. Ҳамагӣ як соат,ё якуним соат барқ дода мешавад ё не ки боз аз соати 22-и шаб то 5-и бомдод Тоҷикистон ба коми сардиву торикӣ маҳв мешавад, чунки боз ҳам лимити то сардиҳои январӣ дубора ҷорӣ карда шудааст.

Агар фаҳмотар бигуем ҳоло рӯзона ҳам свет кушта мешавад ва ҳеҷ ниҳоду мансабдоре ҳам шарҳу тавзеҳ намедиҳад, ки чаро чунин шудааст. Ҳар гоҳе хостанд мекушанд.

Аммо масъала инҷо аст ки фармони лағви лимит аз тарафи Раҳмонов воқеӣ буд? Вай ин фармонро содир карда буд? Ё боз ҳам ба мардум дуруғ гуфт? Ё инки боз пинҳонӣ фармони дигарбора ҷорӣ кардани лимитро содир кардаву ба мардум намегуянд? Ва ё инки ширкати «Барқи тоҷик» як муассисаи алоҳида ва ё ҳукумати мустақил асту ба Раҳмонов ва ҳукумати вай итоат намекунад, фармони ӯро иҷро намекунад?

Аммо хабарҳо ба нашр расид, ки Тоҷикистон ҳаҷми содироти барқ ба Узбакистонро афзоиш додааст, то инки Узбакистон барои таъминоти ТЕС-маркази барқу гармидиҳии Душанбе, ки раисаш Рустами Эмомалии писари Раҳмонов аст газ ва мазут бидиҳад. Чунки дар ин чанд рӯзи сардиҳои январ низоми гармидиҳӣ ва умуман арсаи хадамоти иҷтимоии шаҳри Душанбе ба иллати ноомодагӣ ва корношоямии Рустами Эмомалӣ паралич шуда мисияи кори ин раиси “муваффақ”ро баровард. (Дар ин бора як матлаби муфассал дар ҳоли омода шудан аст)

Билолзода Умедҷон Ҳайдар кӣ буд ва ба «бақияпулӣ»-и квитансияҳои аҳолӣ чи рабт дорад?

Билолзода Умедҷон Ҳайдарро Эмомалӣ Раҳмонов дар тирамоҳи соли 2020 дақиқтараш дар 11 уми ноябр зери фармони №585 директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”  таъинаш кард. Яке аз сердаромадтарин мақомоти “Барқи Тоҷик” ба шумор меравад. Рафтору амали масъулони соҳаи барқи Тоҷикистонро мебиниву ин мақоли мардумӣ    «дузди зур соҳиби говро бастааст» ба ёдат мезанад. Дар асл «бақияпулӣ» ин як роҳ ва ё усулу шеваи дуздии роҳбарони арсаи барқи тоҷик аст аст ки солҳо дар соҳаи барқи Тоҷикистон идома дорад.

Ҷорӣ шудани лимит ба маънои он нест, ки дуздакони ширкати «Барқи тоҷик» , ки ҳамакнун як сол мешавад ба се корхонаи мустақил тақсим шудааст, аз дуздӣ ва ҳақи мардумхорӣ мунсариф шуда бошанд. Дар навиштаи пешинаамон аз фаъолиятҳо, саҳеҳтараш аз дуздиҳои Қодиров Абдумалик, мулаққаб ба Малика, масъули шабакаҳои тақсимот ва ё фурӯши барқ дар навоҳии ноҳияи тобеъи марказ гуфта будем. Ба дасти мо маълумоти тоза аз Умедҷон Билолзода, раиси ҳамакнун пешини ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон расид. Бинобар ин маълумот Қодиров Абдумалик шогирди Билолзода Умедҷони Ҳайдар будаасту дар пеши устодаш ҳатто «дастоврезак» намешавад. Умедҷон Билолзода бародарзодаи овозхон Саидқул Билолов ва писари Ҳайдар Билолов аст. Умедҷон Билолзода аз Қарақамиши Данғара ва то ҷое маъхлумот гирифтем падари Сайдқул Билолов бо Марями Модари Э.Раҳмонов дар як қабристон гуронида шудаанд. Маҳз ҳамин ҳамсоягии қабристони ин оиларо ба Раҳмонов пайвастааст. Албатта ин аз ишқу алоқаи Пешво ба Марям мебошад. Умедҷон Билолзода дузди асосӣ, дузди дуздони ширкати «Барқи тоҷик» будааст.

Як бародараш бо номи Толиб Билолзода, раиси шабакаи фурӯши барқи ноҳияи Ёвон мебошад. Марҳамат санҷанд мақомоти тафтишотӣ ва ин амалро аз рӯйи қонӯн баҳо диҳанд. Билолзодаҳо аз Қарақамиши Данғара ҳастанд.

Манбаи мо мегуяд, ки ончики дар матлаби пешинаи мо дар бораи Абдумалик Қодирзода, сардори  ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гуфта шуд, ҳануз як қисми хурде, балки қатрае аз баҳри дуздиҳои вай аст. Ин манбаъ гуфт, ки дар ҳақиқат аҳолии кишвар дар истифодаи неруи барқ қарз дорад, аммо на ба он андозае аст ки гуфта мешавад. Масъулони арсаи таъминоти барқ киловатҳоро мехуранд ва ҳоло ҳам хурда истодаанд.

Баъд аз онки ширкати «Барқи тоҷик» ба се тақсим шуд ба таври автоматӣ «хурандаҳо» се баробар афзуданд. Яке аз ин хурандаҳо ё дузди асосӣ, дузди дуздон, сардастаи дуздони ин ниҳод ҳамин Умедҷон Билолзода будааст.

Манбаи мо мегуяд: «Ончики дар касаҳои ин ширкат дар навоҳӣ ва шаҳрҳои кишвар приход мешавад онро мехуранд. Дар ҳисобот нишон медиҳанд, ки ҳамин қадар мардум пулро насупоридааст. Дар асл пулро худашон хурдаанд. Шумо дар барномаҳои пешинаатон дар бораи Абдумалик Қодирзода ва Муҳаммадумар Асозода гап задед. Ин ду нафар дузданд. Аммо дузди асосӣ ва гузаро Умед Билолзода аст. «Барқи тоҷик» ин барин роҳбари маккорро ёд надорад.«Ставка»-и гирифтани мансаби раиси барқи як ноҳия аз 10.000 доллар сар мешавад. Сармуҳосиб ҳам 10.000 доллар аст. Абдумалик вазифаашро аз Умедҷон Билолзода ба100.000 доллар харид. Раисони ҳама навоҳии шаҳри Душанбе ҳар кадоме 20.000 долларӣ додаанд».

Ин манбаъ гуфт, ки қабл аз тақсимоти ширкати «Барқи тоҷик» ҳам барои ҳар кадоме аз вазифаҳо «ставка» таъин шуда буд, аммо бо омадани Умедҷон Билолзода ҳаҷми маблағи пора барои гирифтани ин вазифа ва мансабҳо ду,се баробар афзуд.

Манбаи мо мегуяд: «Инҳо танҳо як қисми дуздиҳояшонро ба сари мардум мезананд, аммо қисми асосӣ ва аслиашро ба сари нассосҳо. Масалан агар нассосс 1000 киловат-соат зада бошад дар санадҳо 2000 кв менависонанд. Барои онки як киловат соати насос 12 дирам аст. Аз аҳолӣ бошад 26у 51 дирам. Мисол маблағи 1000 киловат-соати аҳолиро ҷамъ мекунанду мехуранд, аммо мисле, ки 1000 киловатро аҳолӣ истифода набурдаву нассос истифода бурд, мегиранду дар гардани нассос 2000киловатро мезананд. Ҳисоби ин ду баробар мешавад, аммо аз нисф зиёди маблағ ба ҷайби Билолзода меравад. Яъне 50дар 50 мезананд. Аз они аҳолиро бори нассосҳо мекунанд.»

Муҳаммадумар Асозода ин роҳбари неругоҳҳо- ГЕСҳо аст. Раисони шабакаҳои тақсимоти барқ ва интиқолро Асозода гирифтаву монда наметавонад. То ҳамин чанд вақти пеш раиси шабакаи тақсимот Умедҷон Билолзода буд. Дақиқтараш то 17 уми августи соли 2022 ,ки ин сана ӯро сабукдуш намуд Раҳмонов.  Мирзо Исмоил (раиси имрӯзаи Ваҳдат) ,раиси собиқи ширкати «Барқи тоҷик» вақте корхона ба се тақсим шуд он қадар талош кард, аммо Билолзода гардан нафаровард,гуш накард. «Гуфт, ки ҳар кас кори худашро кунад, ҳарки ба линияи худаш ҷавоб диҳад.»

«Абдумалик Қодирзода шогирди Умедҷон Билолзода мебошад. Дузди калон, такроран мегуем Билолзода худаш буд. Прокуратураи генералӣ хеле зад, ки Абдумаликро гиранду одами худашонро монанд. Билолзода гушашон накард, гапашонро нагирифт.Абдумаликро дар прокуратура барои онки гапашонро нагирифт хеле ғамаш доданд.»

Умедҷон  Билолзода аввали соли 2021ин вазифаро қабул кард. Вай мебоист Табарзода Темурро раиси горсети шаҳри Душанбе мемонд.100 000 долларашро гирифта буд. Аммо инҷо ин кор нашуд. Рустами Эмомалӣ гирифту як одами одами худаш Самӣ Давронро ба ин вазиф монд.

Табарзода Темурро гирифтанду раиси бахши фурӯши горсети шаҳри Душанбе монданд. Яъне Табарзода Темур тобеи Самӣ Даврон мешавад. Табарзода Темур як сол дар инҷо кор кард. Дар соли 2022 100.000 долларашро гирифтанду раиси шабакаҳои барқи минтақаи Кулоб монданд. Инҷо як кор шуд. Кассири пешинаи онҷоро иваз мекунанд. Гап дар инҷо аст ки бачаҳое, ки пули неруи барқро дар инҷо қабул мекунанд як қисмашон бо низомӣ картӣ кор мекунанд. Дар инҷо яке аз онҳо 900.000 сомонӣ ҷамъоварӣ мекардааст. Табарзода Темур ин пули калонро дида гуфтаст, ки биё 300.000 сомониашро дар банк месупорему 600.000 сомони дигарашро мегирем. Раиси шабакаи фурӯшу дигарҳо бояд тақсим кунанд. Ин бача мегуяд, ки не. Мегиранду як корро дар гарданаш мезананд. Мегуянд, ки ту ҳамин корро бигиру буд кун. Як маблағи муайян медиҳанду мегуянд, ки бигиру раву харид куну биё. Вай мераваду харид карда меораду дар болояш ягон сум мемонад. Инҳо барои ҳамин ба ӯ проблема месозанд ва бо ҳамин баҳона аз кор сур мекунанд. Пеш аз инро сур кардан Табарзода Темур меояду пеши Умедҷон Билолзода ва мегуяд: раис мо дар онҷо ҳамин қадар манбаи даромад дорем, дигар чизе надорем. Чунки Темур Табарзода ба Умедҷон Билолзода100.000 доллар додагӣ аст. Ба раис мегуяд, ки ҳамин қадар манбаи даромад дорем, пулҳои додагиамонро ҷамъ кунему бигирем. Хуллас бо маслиҳат дар ҳамонҷо кассирро ивз мекунанд ва ба ҷои вай одами худашонро мемонанду кассири пешинаро проблема карда сур мекунанд. Он кассире, ки сур карданд дар як рӯз 900 000 сомонӣ пули светро ҷамъоварӣ карда месупоридааст. Ҳозир бо кассири худашон 300.000-ро месупоранду 600.000-ро худашон мегиранду обу лой мекунанд.

«Аммо дар пушти Билолзода Умедҷон  Озода Раҳмон меистад. «Таға»- «криша»-и асосиаш ҳамон аст ва ҳамон дар ин мансаб монда буд. Аммо ҳиндуҳо назорати ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро дар августи соли гузашта гирифтанд ва  17 августи соли 2022 таҳти фармони №390 Билолзода Умедҷонро  Раҳмонов сабукдуш кард.»

Манбаъи мо мегуяд андозаи «бақияпулӣ» дар шаҳр камтар аст. Дар вилояти Хатлон ва Суғд ва махсусан ноҳияҳои тобеи марказ бошад хеле зиёд. Ва, боз моҳ ба моҳ зиёдтар шуда истодааст. Як вариант ё усули дуздии онҳо чунин аст. Пуле, ки аз мардум ҷамъ мекунанд, меоранд ба кассаи корхона месупоранд. Раис он пулро мегираду ба корҳои шахсияш масраф мекунад, яъне мехурад. Албатта, ба хонаҳо квитансия медиҳанд, лекин он квитансияҳо ҳамагӣ қалбакианд-фалшивий. Он хона қарздор аст, танҳо инки ба соҳибхона руирост намегуянд, ки хонаи ту қарздор аст. Қарз дар номи соҳибхона ҷамъ мешавад, лекин чи хеле гуфтем, соҳибхона квитансия дорад-квитансияи фалшивий, ки пулро бурда супоридааст, муҳри корхонаро ҳам дорад. Яъне соҳибхона пулро бурда ба хазина супоридааст. Аммо соҳибхона намедонад, бехабар аст ки  дар асл хонааш қарздор аст. Оҳиста-оҳиста ин қарзҳо ҷамъ шудан мегиранд. Соҳибхона як рӯз дарак меёбад, ки дар номаш 5000 сомонӣ қарз омада аст. Вақте шикоят кард, аризаашро мегиранд, чекҳояшро ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд, ҳамон маблағи 5000 сомонии қарзашро ислоҳ мекунанд ва аз номаш «удалит мешавад». Лекин ин бар зарари «горсвет» -ниҳоди давлатӣ тамом мешавад.

Барои онки дар амал, де-факто, пули супоридаи он хонаро хурданд. Он соҳиби хона дар асл 5000 сомонӣ қарздор набуд, вале дар номаш қарз навишта он пулро хурданд. Ва ин пул қарзи «горсет» мешавад. Пуле,ки раиси горсет хурда буд дар гардани корхона зада мешавад. Соҳибхона, масалан контролер нав мешаваду мегуяд, ки барқатро хомӯш мекунам, чунки ту қарздор ҳастӣ, ҳайрон мешаваду меравад шикоят мекунад. Арзу шикояти ӯро гуш мекунанду мепазиранд, аммо касе суроғи квитансияҳо ва «бақияпулӣ»-ҳоро намегирад, ки чи тавр ба номи соҳибхона пайдо шудааст. Ин як роҳи ба вуҷуд омадан, дурусттараш овардани «бақияпулӣ»-ҳо ва як усули дуздии раисони ширкати фурӯши барқ аст.

«Як роҳ ё усули дигари онҳо ин аст ки барои мисол корхона ба маблағи як миллион хозрасчет дорад. 200 то 300.000 сомонии онро оварда ба Билолзода медиҳанд. Бояд бигуям, ки пули неруи барқи интиқолмешуда ба Афғонистон 100% ба суратҳисобҳои оффшории худи Раҳмонов меравад. Азбаски аз ин кор аксарияти роҳбарияти «Барқи тоҷик» огоҳии садфоиза дорад, дар ин корхона дуздиву фасод дар авҷи аъло аст. Ҳамин ахиран, ки Раҳмонов боз ҳудуди 300 миллион сомонии қарзи ширкатро бахшид, бесабаб нест.»

Чи хеле гуфтем, ширкати «Барқи тоҷик» се тақсим шудааст. Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» ба ГЕС-ҳо роҳбар мебошад. Ҳамчунин вай қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маводи мавриди эҳтиёҷот ба неругоҳҳоро мехарад. Хариду фурӯши барқ бо хориҷи кишвар низ дар салоҳияти вай аст.

Манбаи мо мегуяд: «Ставкаҳо»-е, ки гуфтам 10.20.50 як солаанд. Барои як сол «доз» доранд. Аммо «фронти асосӣ»— ҷамъоварии маблағ дар ихтиёри Умедҷон Билолзода буд. Билолзода то ба ҳадде аз худ рафта буд, ки мансабҳо дар навоҳӣ ва вилоётро ошкоро мефурӯхт. Барои мисол раҳбари шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе 20.000 доллар нарх дорад. Инро ҳам бояд бигуем, ки дар Душанбе Сино-1 ва Сино-2 ҳаст. Солона аз панҷ нафар масъулони шабакаҳои ноҳияи Душанбе 100.000 доллар ва аз сармуҳосиб низ 20.000 ва ҳамин тавр аз шабакаи фурӯши худи шаҳр 50.000 доллар пора гирифта баъд таъин мекунад. Аммо ин маблағ танҳо барои як сол аст. Барои соли баъдӣ боз бояд ба ҳамин миқдор маблағ ба Билолзода пора медоданд. Вале барои сардори шабакаи тақсимоти барқи Кулоб, Бохтар, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Суғд маблағи пораи Билолзода аз 100 то 150.000 доллар дар солро ташкил медод,ки миллионҳо доллар мешаванд. Мансаби раиси горсети Душанбе як зина боло аст. «Доля» ин мақом 100.000 доллар аст. Аммо онро худи Рустами Эмомалӣ гирифту нафари мавриди назарашро таъин кард. Умедҷон Билолзода натавонист одами худашро монда ва ин 100.000 долларро бигирад.

«Шумо фикр мекунед, ки мақомоти тафтишоту назорат, масалан ҳамин Хадамоти назорати давлатӣ, Прокуратура, КГБ, Палатаи ҳисоб, ВКД, Агентии зиддикоррупсия аз ин ҳама дуздиву қллобиву порахорӣ дарак надоранд? 100дар100 хабар доранд, балки метавон гуфт, ки ҳамдаст ва шарики ин ҷиноятҳоянд. Онҳо меоянд «коефитсиент»-и худро мегиранд, як каме ҳалолу ҳаром камбудиҳои ҷузъӣ «ошкор» мекунанду мераванд. Аз 20 то 30.000 доллар ришва мегиранд.»

Ёдатон бошад як соли пеш масъулони арсаи барқ дар Рудакӣ аҳолиро сахт қарздор карданд. Қарзи зиёде, яъне ҳамон «бақияпулӣ» дар номи мардум хеле зиёд навишта шуд.

Аммо бахше аз маҳалҳои ноҳияи Рудакӣ, ки дар гирду атрофи Душанбе ҷойгир шуда буданд ба ҳудуди Душанбе дароварда шуданд. Ба ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ. Ҳамин тавр абонентҳои қарздори ин ноҳия автоматӣ ба абонентҳои қарздори ин ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе мубаддал шуданд. Дар шуъба барқи шаҳр-«горсет» чи қадар пули қарзе, ки гузашт ҳамааш фалшивий буд. Киловатҳоро хурданду дар номи мардум навиштанду аҳолиро қарздор нишон доданд ва ҳисобот доданд, ки пули барқи истифодашуда дар болои мардум аст.

Масалан гуфтанд, ки аҳолӣ100.000 киловат қарздор аст. Аммо ин пулро аз аҳолӣ руёнида гирифтаанду дар асл бошад худашон хурданд. Вале бояд бигуем, ки онҷо садҳазор не, онҷо миллион миллион киловат ва сомонӣ аст. Ҳамаи ин одамони аз ноҳияи Рудакӣ ба Душанбе гузаронидаро қарзҳояшонро санад ва ҳуҷҷатгузорӣ карда қарзҳояшонро ислоҳ намуданд, албатта бо ҳуҷҷатгузории дуруст ва воқеӣ. Гуё мардумро дастгирӣ карда ҳақиқатро ошкор намуданд, ки онҳо қарздор нестанд. Лекин агар аслашро биковӣ он қарз аз ноҳияи Рудакӣ нереалний омадагӣ бубуд ва мардум қарздор нест. Бешак ин зарари ширкати “Барқи тоҷик” ва бюҷети мамлакат аст. Яке аз сабабҳои бахшидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов ҳамин буд. Раҳмонов бо ин роҳ раиси шаҳри Душанбе-Рустами писарашро аз қарз халос кунад. Чунки Билолзода ва Абдумалик Қодирзода ва дигарҳо пешниҳод карданд, дар асл ба чашмони Раҳмонов ҳам хок пошиданд, ки халқ қарздор асту тавони пардохти қарзашро надорад. Лекин боз ҳам мегуем, ки ин қарзи аҳоли набуд, пули ҷамъшуда аз халқро худашон дуздиданд ва хурданд.

Шояд шумо бипурсед, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст ва роҳи ҳал дорад? Не. То замоне, ки ин ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳаст ин ҳолат давом меёбад, ислоҳнопазир аст. Чунки аз таг то боло медонанд ва шариканд. Тамоми мақомот.

Инҷо мехоҳам боз як ҳолати дигарро зикр намоям, то равшантар шавад, ки «бақияпулӣ» дар квитансияи аҳолӣ аз куҷоҳо сарчашма мегирад?

«Дар шаҳри Душанбе ҳар як контролер дар линияи худаш ошхонае, ресторане дорад, ки он счетчик надорад. Назоратии барқ мустақим меравад дар номаш «средний» ҳисоб мекунад. Масалан:10.000 сомонӣ ҳисобкунак кор мекунад. Назоратчӣ 5000 сомониро ба давлат ва 5000-ро ба ҷайби худаш мезанад. Ин кор бо соҳиби ресторан гапзанон карда мешавад. Албатта, соҳиби ресторан ҳам манфиат мебарад, зеро амалан агар ҳисобкунак насб кунад маблағи масрафи ошхона ва ё ресторани вай ҳадди ақал 13-15.000 сомонӣ мешавад. Барои ҳамин ин «гапзанон» ба фоидаи мудири ресторан ҳам ҳаст.»

Аммо ин ресторану ошхонаву кафеву мағозаву дигару дигар корхонаи майда- чуйда ба ҳисоб мераванд. Инҷо боз  корхонаҳои калон ҳастанд, ки нисфашро месупоранд. Бо раиси шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе шартнома мебанданд.

Мисол ҳисобкунак ба маблағи100.000 сомонӣ кор мекунад 50.000ашро ба давлат месупорад 500.000 дигарашро раиси фурӯш мегирад. Баъди такрор шудани ин кор дар давоми сол, маблағ дар ҳисобкунак хеле зиёд мешавад. Ҳисобкунаки вайро ҳамин ҳавоӣ ва аз пеши худ канда наметавонад. Чунки бояд акт тартиб диҳад ва чанд нафар дар ин актсозӣ бояд аз чанд идора ҳузур дошта бошад. Барои ҳамин ҳисобкунакро алов мезананд. Як хеле мекунанд, ки бояд бисузад. Счетчикро месузонанду баъд акташ мекунанд, ки счетчик сухт. Масалан дар шпритс бензин мегиранду мепошанд ва оташаш мезананд, дигар кор тамом. Ана ин аст як манбаъи дигар пайдошавии «бақияпулӣ» ва ҳамин хел киловатро дуздӣ мекунанд ва сипас боз барои як соли дигар «расчёт» мегиранд.

«Вазъият дар шабакаҳои тақсимоти барқи вилояти Хатлон бадтар ҳасту беҳтар не. Раиси шабакаҳои тақсимоти инҷо Маҳмадраҳим Соҳибов, бародари Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай ҳам «бақияпулӣ»-и беҳад зиёд ба номи аҳолӣ навишта маблағҳои ҷамъоваришударо хурда истодааст. Дар ин вилоят нассосҳо барои обёрии заминҳо зиёд аст. Яке аз шеваҳои дуздии пули барқ аз тарафи ин бародари Зоир он аст ки пулҳоро ба сари нассосҳо бор мекунад.»

Мисол пули 10.000 ё 20 ва ё ҳатто 100.000 киловатро медуздаду дар сари нассосҳо мезанад. Нархи истифодаи киловат-соат барои аҳолӣ 26,51 вале барои нассосҳо 12 дирам аст. 10.000 киловат -соатро аз ҳисоби мардум ҷамъ мекунад, 5.000 сомониашро месупорад  5000-и дигарашро дар сари нассосҳо мезанад. Агар 5000-ро ба нархи масрафи нассосҳо тақсим кунӣ 10.000 кв-соати хурдаашро мепушонад.100.000 киловат 26.510 сомонӣ мешавад вале барои нассосҳо ин нарх як баробар кам мешавад-12000 сомонӣ. Боқии онро медуздад.

Умедҷон Билолзода намояндаи «Бонки ҷаҳонӣ»ро зад

Азбаски қарзи ширкати «Барқи тоҷик» рӯз ба рӯз зиёдтар мешуд ва ҳукумат илоҷи ҳалли ин муамморо наёфт, Бонки ҷаҳонӣ, ки 80 миллион доллар барои ислоҳ ва навсозии ин арсаи Тоҷикистон қарз додааст, назорати фурӯшро ба дасти худ гирифт. Феълан дар ҷои Билолзода як ҳинду бо номи Ивайнов кор мекунад. Дар ҷои Билолзода аввал як булғорро Бонки ҷаҳонӣ овард, аммо Билолзода Умедҷон  бо вай ҷанҷол карду ӯро зад ва он нафар рафту дигар пас наомад. Акнун фикр кунед, ки чихел зур буд корманди ниҳоди Бонки ҷаҳониро мезанад ва барои манфиати худ омодааст давлатро дар мушкил гузорад. Ин ҳинду 50.000 доллар моҳона маош мегирад. Мегуянд аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ аст аммо маълум аст ки аз ҳисоби ҳамон қарзи ба Тоҷикистон ҷудошуда мебошад.

Бонки ҷаҳонӣ намояндаи худашро равон кард, то барои ислоҳи вазъи соҳаи барқи Тоҷикистон кор кунад: ин қадар мо ёрдам мекунему барои чи барқи Тоҷикистон рӯз ба рӯз паст мераваду қарзаш афзуда истодааст. Хуллас, панҷсола шартнома доранд. Дар сол маоши ин намояндаи Бонки ҷаҳонӣ 600.000 доллар ва дар 5 сол мешавад 3 миллион доллар!! Мақсад пули ҷудомекардаи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷойи худаш сарф шавад ва низоми биллингӣ ҷорӣ карда шавад ва пули барқро давлат тавонад ҷамъоварӣ намояд. Ҳозир ҳамин ҳинду дар ҷойи Билолзода нишастааст. Аз ин ҳама фаҳмида мешавад,ки Раҳмонов онқадар корношоям шудааст,ки дигар ба кадрҳои дохилӣ аслан эътимод надорад ва ҳама бидуни истисно ӯро фиреб мекунанду медузданд. Ҳатто писару духтару домоду қудою наздиконаш. Дигар ба ин шакл ва низом чи гӯна давлатдорӣ карда мешавад?

Билолзода онгуна ки тазаккур додем ҳама вазифаҳоро мефурӯхт, зери ҳимояти Озода Раҳмонова

«Чи проблемае барояш пеш меомад рост мерафту «доля»-ро ба Озодаи Раҳмон медод  ва вай ҳамаро хап медоронд. Аммо бештар Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) ва низ Қоҳир Расулзода- сарвазир дар пошнааш шиштанд, чунки ҳеҷ кадоми онҳоро писанд накард, ва ниҳоят аз кор гирифтанаш.(Дар мавриди вазири энергетика маълумотҳои ҷолиб расидааст,ки онро ҳам пас аз кор карду таҳқиқ нашр менамоем. )»

Раҳмонов дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҳукумат дар ҳамин чанд рӯзи пеш изҳор дошт, ки дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ба 21.4 миллиард киловат-соат расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва дастоварди назаррас мебошад. Хуб, агар як чунин дастоварди назаррас дошта бошад, чаро ҳамоно аҳолии Тоҷикистон барқро бо лимит дарёфт мекунад?

«Ман фикр мекунам, на фикр намекунам, яқинан ва мутмаинан мегуям, ки Раҳмонов мардумро ин бор ҳам гул зад ва дурӯғ гуфт, вақте гуфт, ки лимит қатъ карда шуд. Чун, дар гузоришҳои пешина ҳам борҳо ёдоварӣ карда будем яке аз дурӯғҳои одатӣ ва ниҳодинашудаи ин давлатсоз алоқаманд аст ба ҳамин неруи барқ.»

Аммо яқин аст ки неруи барқи Тоҷикистон ва аҳолии онро ба як сарчашма ва манбаи даромади худ ва оилааш то бародари Зоири домодаш табдил додааст.

Ps: “Ислоҳ” дар қазияи барқ ва дуздии барқ ва лимити барқ ва мушкилоти ин соҳа таҳқиқоти худро идома медиҳад. Ҳатто бахши махсӯсе дар робита ба соҳаи барқ ташкил намудани ҳастем,ки бештар рӯйи ин мушкилот кор намоем ва роҳи бурунрафтро таҳқиқ намоему тақдими миллат ва сардамдорони ин режими худкома намоем. Агар назаре пешниҳоде дошта бошед, лутфан бо мо тамос гиред, то тавонем як гурӯҳи кории хуберо ташкил намоему хидмат кунем.

Роҳбарон ё ғоратгарон?
Киҳо ГЭС-и Норакро талаву тороҷ мекунанд

(бахши аввал)

Чанде пеш як барномаи  шуморо дар бораи неругоҳи Норак тамошо кардам. Дар ин неругоҳ талаву тороҷи моликияти давлат аз тарафи роҳбарияти он ба маънои пуррааш рафта истодааст. Ҳатто аз маоши коргарҳо ҳам мезананд, аммо касе пурсиш намекунад. Дар ин кор аз директор Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович сар карда то сармуҳандиси Норак Маҳмадамин бо лақаби (Миша)  шариканд. Агар мабодо касе арз ва ё саволе кард,таҳдид ба рондан аз кор мекунанд. Инҷо нафаре кор мекунад бо номи Мирзошариф Раҷабов. Дар фирмаи СГЭМ (спец гидро электро монтаж)  роҳбарӣ мекунад.Мутаваллиди соли 1995 аст. Болои коргарон беҳад ситам мекунад.Коргарони бечора дар зери замин, дар хунукӣ кор мекунанд. Мирзошариф Раҷабовро Ангурбон лақаб мондаанд. Дар боло «криша»-и вазнин дорад.

Нафари дигаре ҳаст дар СГЭМ ,ки ӯ генералний директо-мудири кулл аст бо нми Очилов Алиҷон.Боз дар болои инҳо началнике ҳаст бо номи Иқбол Сафаров ,ки гуфта мешавад ҳамкурси Рустам будааст. Иқбол Сафаров  шефи калони “Тоҷик ТГЭМ” ва “Тоҷик СГЭМ” мебошад. Инро бояд биафзоем,ки ширкатҳои “МАРМАРӢ” боз “AKIA AVESTO” “Сиёма мол” ,сети мағоҳазҳои “Ёвар” ар Душанберо   Иқбол Сафаров роҳбарӣ мекунад.Аз ин бармеояд,ки ӯ бо Рустами Эмомалӣ наздик мебошад ва зери роҳбарӣ ва ҳимояти ӯ кор мекунад. Хулосаи гап менеҷери Рустами Эмомалӣ аст. Ҳатто ин ду ширкати “Тоҷик ТГЭМ” ва “Тоҷик СГЭМ”  бо чандин ширкати русӣ ва қирғизӣ шартномаҳои ҳамкорӣ доранду дар ин кишварҳо корҳои мухтас ба ин соҳаҳоро анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин қарордод ва  шартномаҳоро худи Рустами Эмомалӣ мебинад.Манзур нафароне,ки дар ин арсаҳо мутахассисанд ва барои Рустам кор мекунанд,асноди лозимро барои Рустам таҳия мекунанд. (Дар мавриди ин ширкатҳо матолибе дар ҳоли омода шудан аст)

Метавонед феълан аз ин сомона дар мавриди “Тоҷик ТГЭМ” маълумот пайдо намоед:

https://tgem.tj/about/our_history

Инчунин дар мавриди “Тоҷик СГЭМ”  “Tajik SGEM”

ОАО «ТАДЖИК СГЭМ«

ОАО «Таджик СГЭМ» – ведущая компания в сфере строительства , монтажа и наладки гидроэнергетических станций и инфраструктурных объектов.

Инҳо дастур содир кардаанд,ки лифтҳои СГЭМ-ро танҳо роҳбарҳо бояд истифода кунанд. Ин фармонро сармуҳандис Маҳмадамин (Миша) барвардааст. Раиси феълии шаҳри Норак Асозода Дилшод шогирди Сангов Миралӣ Раҷабович, аст.Феълан исмашро бо чунин тарз:-Раҷабзода Миралӣ,иваз кардааст. Вай раиси собиқи Файзобод аст , ки дар мавриди ӯ матлаб ва барномаи махсусе доштем. Дар даромадгоҳи неругоҳ милисаҳо ва ҳарбиҳо меистанд,ки ришдорҳоро бисёр дашном медиҳанд. Вақте ягон меҳмон омад, коргарҳоро аз кор озод карда ба «уборка» меандозанд.

Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович, директори неругоҳи барқи обии Норак

Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович: -Узви Маҷлиси  Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Директори неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев.

5 октябри соли 1959 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли1982 техникуми барқӣ-сохтмонии шаҳри Норакро (шабона),соли 2004 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро (ғоибона)бо ихтисоси техник-гидротехник,муҳандис-барқкор хатм кардааст.

Собиқа ва фаъолияти кориаш: Солҳои1976-1977 сарвожатии мактаби миёнаи 2-и шуъбаи маорифи шаҳри Норак;

Солхои 1979-1982 челонгари дараҷаи 2-6-и коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 1982-1986 устои коргоҳи мошинҳои Норак

Солхои 1986-1988 устои калони коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 1988-1993 муовини сардори коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 1993-2005 сардори коргоҳи мошинҳои Норак;

Солхои 2005-2006 муовини сармуҳандиси Норак;

Солхои 2006-2010 сармуҳандиси  Норак;

Аз январи соли 2010 то инҷониб директори Норак аст.

Яке аз хислатҳои аҷиби ӯ:

Аз журналист ва хабарнигорон сахт меҳаросад ва нафрати шадид ба ин қишр дорад. Чандин хабарнигорони рӯзномаҳои давлатӣ, ҳатто аз порлумон мехостанд суҳбат кунанду акс гиранд нахост, то аз ӯ акс гиранд. Мегуфтааст вақте ман журналистро мебинам табиатам хира мешавад ва намедонам чикор кунам, то аз назарам дур шаванд.

Шоиддинов Фазлиддин Таваккалович хело мағрур ва мутакаббир аст

Вақте ба кор меояду мошинаш таваққуф мекунад, ронандааш зуд фаромада дари ӯро кушода ва давида-давида рафта дари лифтро боз мекунад. Директор медарояд. Ронанда бо лестнитсаҳо медавад ба самти кабинет ва то расидани директор дари онро мекушояд. Директор аз лифт берун мешавад ва медарояд дохили утоқи корӣ ва сипас ронанда фориғ мешавад. Ин тарзи муносибати директор дар коргоҳ, дар хона, дар бозор ва дар ҳама ҷо ҳамин тавр аст. Дохили утоқи корӣ боз барои худаш «комната отдих» бо тамоми шароиташ сохтааст. Туалет, ванна, диван, телевизор. Вақте дар давру бари неругоҳ мегардад ҳама талош мекунад, ки бо вай рубару нашаванд. Коргарҳо дидан замон баҷо мешаванд. Чунки бо коргарҳо фақат дағал ва дурушт гап мезанад, дашном медиҳад. Чунки ӯ аз Данғара аст ва барояш ҳама кор иҷозат аст.

Як рӯз бо мошин меояд аз назди чанде аз коргарҳо рад мешавад. Коргарҳо салом намедиҳанд. Баъд меояду дуғ мезанад, ки чаро ман гузаштам салом надодед? Ҳоло баъди ин коргарҳо ҳамеша дар даруни мошин бинанд,дастҳо пеши бар салом медиҳанд. Ҳатто агар дар мошин набошад ҳам ба мошин салом медиҳанд.

Як ҳодисаи дигар. Як набераш-духтар-дар олимпиада ҷойи аввалро мегирад. муаллим аз хурсандӣ буса мекунад, ки шогирдам олимпиадаро бурид. Меравад мактаб ва муаллимро ҳабс мекунад.Ҳозир муаллим дар зиндон аст.Вай хеле одамҳоро «подставит» карда шинонд.12 сол шуд,ки директор аст. Бовар кунед, ки миллионҳо-миллионҳоро дуздид. Боз ин дуздро дар соли 2013 бо ордени Шараф, дараҷаи 2 тақдир карданд.Як рӯз дар як маърака нишаста будем. Гап аз ҳамин директор баромад. Ҳама интизоранд,ки кай «пенсия»  баромада дафъ мешудабошад. Вай писар надорад. Фарзандҳояш ҳама духтаранд. Аз кадоме аз хешонаш ба қавле писари апаашро гирифта калон мекунад. Аммо он писар баромада рафтааст. Гуфтааст,ки бо инҳо тамоман зиндагӣ карда намешавад.

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ҷияни раиси «Барқи Тоҷик» сармуҳандиси Норак

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси НБО-и Норак аст. Ӯро бо кличкаи Миша низ мешиносанд, бисёриҳо Миша мегуянд. Аз Тутқавули шаҳри Норак. Падараш дар Роғун кор мекунад. Вазифаи баланд дорад. Фарзандони падараш вазифаҳои баланд доранд. Як додараш дар Бойғозӣ кор мекунад. Шамсуллоев Абдусаттор ном дорад. Амаки Миша Маҳмадумар Асозода Шамсулло, раиси ширкати «Барқи тоҷик» аст.  Хуб диққат диҳед сети коррупсияониро, ки аз як оила дар як соҳа чанд нафар кор мекунанд. Ҳамин худаш кофӣ аст, ки милиардҳо маблағи буҷаро як оила бидузданд. Оё ба ин касе диққат медиҳад? Боз тибқи маълумоти дигар раиси оҷонсии зидди фасод Султонзода Сулаймон робитаи зич ва ҳамкориҳои “судманд”и мутақобила доштааст бо ин оила. Дар маҷмуъ 9 нафар аз ин оила 7 нафарашон танҳо дар соҳаи энергетика дар мақомҳои калидӣ кору фаолият мекунанд.

Як амаки дигараш дар Душанбе вазифаи баланд дорад. Як вақтҳо дар Маркази миллии тестӣ кор мекард. Дар Душанбе  пушти телевизони Сафина ҳамин амакаш 2 квартираро гирифта як хона карда аст. Бародарҳои Миша ҳамаашон дар ҳамин дом квартира доранд. Боз чанд иҷоранишин ҳам доранд. Миша дар Норак хонаи заминӣ, квартира, дача дорад. Квартираҳояш аз новостройкаҳо аст. Аз 100ҳазор доллар боло қиммат доранд он квартираҳо дар Душанбе. Миша аз пулҳои дуздидагиаш камкам ба инвалидҳо хайр ҳам мекунад дар қишлоқи Тутқавул. Дар лифтҳои ГЭС ягон коргари одӣ ҳақи нишастан надорад. Мегуяд, ки ин барои калонҳо аст, шумоҳо бо леснитса равед. Як коргар дар як рӯз мумкин барои асбоб 10 бор берун барояд. Инҷо ҳарорат минусӣ аст. Дар 6 ошёнаи зери замин аз ҳама сардтарин макон аст кор мекунад.Дар инҷо моторҳо, ва трубаҳоро рост ва равған иваз мекунанд,ҳамчунин барои сард кардани моторҳо ҷой аст. Коргарҳо хаста мешавад, бояд бо лифт дарову баро кунад.Агар қапиданд ҷарима мекунанд. Миша чандин коргарҳоро ҷарима кард. Ин дастураш фақат ба коргарҳои “Тоҷик СГЭМ” дахл дорад,ба кормандони худи ГЭС не. Мегӯӣ,ки мо бачаҳои угай бошем. Мисле,ки ин лифт моли падараш ва ё аз пули шахсии вай сохта шуда бошад. Ин тавр не, ки ин пули бюҷет аст ва ба ҳама бояд баробар дастрас бошад.Боз ба коргарҳо пичинг мезанад,ки шумо чи карден,ин авлоди мо аст ки кор мекунад.

Боз инҳо эшони Нуриддинҷонро сахт бад мебинанд, фақат дашном медиҳанд. Мегуяд,ки дар вақташ ҷангро ҳаминҳо андохтанд.Ду бародари дигараш дар мақомоти судӣ дар Душанбе кор мекунанд.

Вақте борон меояд ҷойи асосии неругоҳ ҷойи чархаҳо яъне агрегатҳо кор мекардагӣ ҷой, ки «машзал» мегуем аз ҳарҷояш мечакад, пури об мешавад. Сатилҳоро дар ҳар рости обчака қатор мемонем, хориҷиҳо меоянду мебинанду ҳайрон мешаванд. Ин қадар пуле, ки инҳо медузданд, аммо як бор намегуянд, ки биё ҳаминро соз кунем. Баҳонаашон чӣ аст?Ин неругоҳи куҳна аст. Хуб, ки чӣ? Агар куҳна бошад, тармим намекунед? Пешгирӣ намекунед?

Як рӯз сатилҳо қатор буданд. Як меҳмони немис бо телефон роҳравон гап мезад. Дар сатил пешпо хурду зери лаб чи дашноме карду рафт. Аммо директору саринжинеру дигару дигараш костюму брюк пушидагӣ, галстук задагӣ мебинанду мегузаранду рафт. Гуё ҳеҷ чизе нашуда бошад. Дар мошинҳои қимат мешинанду мераванд. Бовар кунед мо аз тани инҳо шарм медорем. Боз дағдағашонро бинед! Либосашон чанг гирад салфеткаро бароварда тоза мекунанд, ба ин ақлашон мерасад, аммо корхонаро борон хароб мекунад, парво надоранд. Ин авлодро дар Норак бо номи Шамсуллоевҳо мешиносанд.

Ёров Салим Абдуллоевич- муовини сармуҳандис

Ёров Салим Абдуллоевич 07-06-1979 дар Норак таваллуд шудааст. Муовини сармуҳандис оид ба таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак ба номи Турсун Улҷабоев. Ӯ соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ  хатм кардааст.  Вақте кандани агрегати якумро сар карданд (Ширкати маъруфи “ANDRITZ Hydro” Андриси Австрия) https://www.andritz.com/hydro-en

(  ANDRITZ Hydro — глобальный поставщик электромеханических систем и услуг для гидроэлектростанций, а также лидер мирового рынка гидравлических систем …   )

роҳбарияти неругоҳ аз фурсат истифода бурда даст ба дуздӣ заданд. Салим Ёров як яшики пур медро бароварду бурд фурӯхт. Агар бо арзонтарин нарх фурӯхта бошад аз 100.000 сомонӣ кам намешавад. Чи қадар пули давлатро падараш Абдулло Ёров дуздид, ҳоло боз навбати писараш расид. Дар дари баромад ҳарбиҳо посбонанд. Аммо онҳо ҳам дар дуздиҳои инҳо «қуш»-анд. Агар баногоҳ як камбағал як чи барорад, тамом, фардо аз кор сур мекунанд. Инҳо боз аз авангардҳо-чоплусакони мақомот сахт ҳимоят мекунанд. Салим Ёров хонаи воҳима, мошинҳои воҳима, дача дорад. Пурсида мешавад, ки ин ҳама аз кадом ҳисоб? Бачаашро туй кард. Не танзим, не ҳиҷ чи? Таърихи Норак ёд надорад. Ҳар қадар хост ҳамон қадар кард. Барои набераи думоҳааш дар 7000 сомонӣ коляска харид. НБО-и Норак ягон ҷои ободиаш намонд.Падараш собиқ вазир. Ҳоло нафақахур. Падари Ёров Салим Ёров Абдулло мебошад ки 20.11.1952 дар Норак таваллуд шудааст. Аз соли 1990 то соли 2000 директори Норак буд. Солҳои 2000 то 2004 вазири энергетикаи Тоҷикистон ва аз соли 2010 то 2013 директори «Барқи Тоҷик» буд. Ҳоло гармхонаҳои лиму дорад,ки коргарҳо кор мекунанд.Худашу аҳли байташ дигар дар қисми роҳат мебошанд. Боз инҳоро дар соли 2020 оилаи беҳтарини вилояти Хатлон эълон карда буданд. Ман аҳамият медиҳам, ки инҳо ҳар бегоҳ магазин медароянд, магазине,ки ҳамаи чизҳояш қиммат аст, чизеашон, ки бифорад мехаранду мебаранду мехуранд, аммо мардуми бечора медарояд нархро мебинад воҳ мегуяду қафо мегардад. Як чизи дигар ин аст ки ҳаррӯз дар даромадгоҳ,ки сарбозону афсарон бо либосҳои низомӣ истодаанд, мардони ришдорро таҳқир мекунанд. «Аму риши паҳата бигирен, ранги толибон риш мемонӣ» гуфта мазоҳ мекунанд. Мардум «до тово» безор шудагиянд,ки мебинӣ раҳмат меояд. Баъзе аз посбонҳо инсонвор мегуянд, ки «бародаро чикор кнем, охи шефои калонмон фармон метия, ки коригарора издиватса кнен барои ришошон.Мо ҳам безор шидагием, чико кнем». Агар ришат баланд бошад тамом, ҳақоратшап мекунанд. Фармон «ай боло» мегуянд. Мабодо, ягончи гуфтӣ, занг мезананд ва рост ба отдел мебаранд, мезананду мешикананду қоқоқоқ ришатро мегиранду пулатро мекананду сипас ҷавоб медиҳанду боз ту барои онки «турма»-ат  накарданд, «статя»-и 307 ва ё террорист назаданд, раҳмат мегӯӣ.

Сайдуллоев Наҷмиддин-муовини директор

Як роҳбари дигари неругоҳи Норак Сайдуллоев Наҷмиддин аст. Муовини директор. Аз Норак. Хонаи ӯро бинед,ҳ ушатон меравад. Хонаи Сайдуллоев дар назди хонаи Сангов Миралӣ Раҷабович. Чанд адад ва бо чанд ранг Тойотаҳои Ландкрузер таги пойи худаш ва таги пойи бачаҳояш. Рақами як Ландкрузери сафедаш “1000 PN 01” аст. Барои чӣ намедонам ин кормандони ГЭС бо шумораи 1000 сахт алоқаманд будаанд, боз дар идома албатта огоҳ мегардед.Бисёр ҳам дузди сахт аст.%-баландро дар Норак ҳамин медиҳад. Яъне просентчики қаттол аст. Касалии қанд дорад. Сахт лоғар шудагӣ аст.Чанд давлат рафт табобат нашуд. Як бачаи Наҷмиддин дача ба дача фақат бевабозӣ мекунаду халос. Дар Норак як намуд мошин ҳай мекунад, ки мегӯӣ самолет меронда бошад. Ба ин гурӯҳ аслан қонун таъсир надорад. Барои мисол моро ба тамошои баҳри Норак иҷозат намедиҳанд, аммо ин бача бо ҷураҳояш аз саҳар то шом дар онҷо дам мегирад. Ҳатто мегуянд,ки бо духтарҳо голий -лублучи модарзод  оббозӣ мекунанд. Барои худашон «дикий пляж» сохтагинад.Дар 9 карел

Раҷабов Мирзошариф, ассистенти роҳбар

Раҷабов Мирзошариф аз ноҳияи Ёвон аст. Дар фирмаи «Тоҷик СГЭМ « ба ҳайси Ассистенти роҳбари корҳои лоиҳа ва менеҷери лоиҳа кор карда истодааст. Мирзошариф мутаваллиди солҳои 1994 ё 1995 аст. Не хурд ва не калонро ҳурмат мекунад. Бо номашон фарёд мекунад. Ба қадри коргар намерасад. Ҳурмату эҳтироми инсониро намедонад. Фарқ надорад, ки аз худаш 10 сол  калон аст ё 20 сол. Мирзошарифро дар СГЭМ Ангурбон гуфта прикол мекунанд. На камтар аз 20.000 сомонӣ то пеш аз менеҷер шуданаш мегирифт, ҳоло зери 40,000 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Дар фирмаи Тоҷик СГЭМ маоши роҳбарҳо аз 20.000 боло аст. Вале коргарони одӣ 3000 то 4000 мегиранд. Мирзошарифи бухгалтер  ва директори генералии  «Тоҷик СГЭМ « Очилов Алиҷон як шайкаанд. Онҳо боз аз ҳамин маоши ночизи коргарҳо ягон баҳона кофта ҳатман мезананд, ҷарима мекунанд. Барои ҳамин мошинҳояшонро дамбадам  нав мекунанд. Мошинҳояшон ҳам аз 200 ҳазор сомонӣ боло аст. Мошини бухгалтер Кемри, номери ин ҳам 1000 аст. Аз рӯи ҳамин ҳаромхӯриаш буд, ки ба наздикӣ ҷарроҳӣ шуд,чизеро хурдааст онро ҳал карда натавониста будааст. Коргарҳо мегуянд,ки ҳақи моро хӯрд, худованд нишонаш дод. Кор карда истода будем, ки яке гуфтанд, ҷарроҳӣ шудааст. Бачаҳо хандида гуфтанд,ки  «шашлика нохойда қрт кадай жулуткаш ҳал када натонистай, барои ҳами аператса шидай худованд азов кашида мри омин гуфтанд ҳама бо як садо».

Дар ҳамин ширкати “Тоҷик СГЭМ” зиёда аз 300 нафар кор мекард,танҳо дар иншооти НБО-и Норак. Аз сабаби ин ки маошро ду моҳ -се моҳ пас медиҳанд ва мебуранду фиреб мекунанд тақрибан 70 нафар корро партофта рафтанд.

Масалан маоши моҳи июлро касе нагирифтааст.Агар якуним моҳ пас диҳанд ин хело хуб аст.

Инҷо як ҳикояи воқеиро нақл мекунам:

« Баъзе вақт бугалтеро миёян ойлик додан. Аввал  мераван дачаҳои Норак дам мегиранд, баъд меоянд маоша метиянд. Як бор худам шоҳид будам чанд касои дига буд вақте маошро оварданд ба Норак. Баъд аз ҳамин мед пункт як духтар баромад тарафи бухгалтерҳо гуфт, ки чаро маошро дер миёрен бо маоша буриден кам додестен. Тарафи ҳамон духтар  як бухгалтераш гашт гуфт, ки як шав катимон дам бигир дачада ойликота намезанем. Бечора духтар  ҳайрон шуд, даромад мед пункт». Маошҳои СГЭМ ро ду бухгалтер меоранд, як қад дароз ва як қад паст бо мошини Кемри 5-и сафеди танировкаи сиёҳ кардагӣ бо рақамҳои давлатии 1000.

Фирмаи «Тоҷик СГЭМ» дар чандин ҷо иншоотҳои калон дорад. Неругоҳҳои Норак, Қайроққум, Роғун, Сарбанд ва дар Қирғизистон дар Исик Кул як гэсро ҳамин «Тоҷик СГЭМ»  гирифтагӣ аст ва онро таҷдид мекунанд агрегатҳои онро. Ҳатто дар Русия дар Краснодарский край як ГЭС-ро ҳам гирифтагӣ ҳастанд. Фақат корҳои равғаниро мегиранд. Барои хубтар фаҳмидани шумо инро чунин шарҳ медиҳам. Дар Русия маоши як коргар 120 ҳазор рубл аст. Онҷо кор мекунед аз тарафи «Тоҷик СГЭМ»  ва дар Тоҷикистон пулро дар хонаводаат медиҳанд. Аслан ин заказро «Тоҷик ТГЭМ»  гирифтагӣ аст. Корҳои ноқилҳои барқӣ трансформаторҳоро “Тоҷик ТГЭМ” мекунад. “Тоҷик СГЭМ”  бошад корҳои де монтаж, монтажи трубаҳо, агрегатҳо,трубина ва қисмҳои асосии агрегатҳоро анҷом медиҳад.

Дар болои Очилов Алиҷон-директори “Тоҷик СГЭМ” боз як каси дигар бо номи Иқбол сардор аст, ки мегӯянд ҳамкурси Рустам будааст. Инҳо ҳарду началниканд.Аммо ин фирма ҳамроҳи ТоҷикТГЭМ ҳардуяш аз Рустам аст. Барои ҳамин корҳои равғаниро ҳаминҳо мегиранд. Бовар кунед,ранги мурчаву малах зиёданд. Намедонӣ корҳои ҳароми кадомеашонро бигӯӣ.

Раҷабов Мирзошариф дар корҳое, ки «Тоҷик СГЭМ» дар Норак гирифтаги аст сардор мебошад. Дар даруни кор боз бузичаҳо дорад. Коргарҳо чи кор мекунанд,чи мегуянд, дар бораи Мирзошариф хабар мебаранд. Худи Мирзошарф Раҷабов ҳар рӯз ҳаминҷо аст. Агар ягон вақте набошад ё дар кабинеташ бошад,бузичаҳояш, ки хешонаш, ҷураҳояш ва ҳамкурсонашанд: Раҳимов Маҳмадшариф, Мирзоев  Далер, Мирзоев Фаёзиддин, Маҳмудов Илҳом, хулоса як оламанд гушҳо чур -лакатер кардагӣ- гап гуш мекунанд, ки кӣ чӣ мегӯяд.Инҳо сагони ниҳоят бовафоянд.Агар дар пеши инҳо Мирзошарифро ягон чи гуфтӣ, тамом, дар бало задӣ.

Раҷабов Мирзошариф боз як хислати бад дорад. Рӯзҳои таътил коргарҳоро рухсатӣ намедиҳад.

Рузи истиқлолият -9 сентябр -коргарҳо гуфтанд ҷавоб деҳ. Гуфт  ин хели гап нест: «и празники мо нест, мада фарқ надора рӯзи истиқлолай, наврузай, иди рамазонай, қурбонай кор мекнен, вақте ма гуфтмтона! ма задагийм ихели празникотона»

Мирзошариф Раҷабов ба маоши коргарҳо бисер «лезит» мекунад. Вақте премия мешавад аввал бузакҳои худашро пешниҳод мекунад. Дар маош ҳам аввал онҳоро менависад. Коргарҳо дар ҷойҳои хунук кор мекунанд. Дар ҷойҳои хатарнок кор мекунанд. Маоши ночиз медиҳанд, саривақт намедиҳанд. Боз аз лаби ҳамон маош бо ҳар баҳона мегиранд. Мо, ҳамеша вечно аз аптека, аз магазинҳо қарздорем. Як рӯз аз кор баромадем ва дар ҷойи баромадгоҳ қайд кардем, ки баромадем. Мирзошариф баромад дид. Бо мо ҷангҷол крад, ки барвақт баромадед. Мо 5 дақиқа  ҳам пеш набаромада будем. Дар ҳоле,ки мо аз мъёри корӣ бештар кор мекунем. Боз ҷойи кори мо «магнитий поля» аст. Мардум монда мешавад. Як хел вақтҳо рӯзҳои бозор ҳам кор мекунем. Мирзошариф Раҷабов таҳдид кард, ки маошатон кам шавад, норозигӣ накунед. Ҳоло баъди он кор ду моҳ мешавад, ки маош надода истодаанд. Ҳатто дигар ба мо ҳеҷ кас қарз намедиҳад.

Мирзошариф Раҷабов гашт гуфт, ки ин фирмаи шахсӣ аст: «бфоратон ҳами нафоратон брен». Он бачае,ки дар ҳамон рӯзи панҷ дақиқа пештар баромадан ба Мирзошариф Раҷабов  камтар туюман кард аз кор пешаш кард. Аммо як ҳафта пас рафта зоракунон овард, чун кор ақиб монд. Ҳамин як даҳан бигӯӣ, ки чаро маошро дер меоваред, чап мегираду аз кор пешат мекунад. Ту бояд дар бораи маош чизе нагӯӣ. Кайе, худашонро форад медиҳанд. Парвои коргарҳоро надоранд. Чунки худашон аз 20 ҳазор сар карда то 40.000 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Қурбонов Маҳмадуло то 40.000 ҳазор сомонӣ  маош мегирад.

Воҳидов Лоиқ то 45.000 сомонӣ маош  мегирад.

Раҳимов. Б  собиқ милеса аст 15.000 сомонӣ маош мегирад.

Очилов Алиҷон, директор аст. Ҳамаи пул дар дасташ мебошад. Мо,фикр мекунем,инҳо байни худ маслиҳат кардаанд, ки ҳамаашон коргарҳоро ғам медиҳанд.

Дар вақти кор Мирзошариф Раҷабов  ё Воҳидов Лоиқ бинанд, ки шиштагӣ ҳасти ё яке телефонатро мегирӣ,аз хона занг мезананду хабаре мерасонанд, ё мегӯӣ интернет дарояму аз хабарҳои дунё огоҳ шавам,тамом. Ана баъд сарзанишу пичингу киноя сар мешавад. Барои ҳамин корҳояш ба Мирзошариф Раҷабов  вазифаи баландтар ваъда карданду тақрибан ду ҳафта шуд,ки менеҷери лоиҳакашӣ дар объекти НБОи Норак таъин шуд ва маошаш аз 20 ҳазор сомонӣ наздик ба 40 ҳазор сомонӣ шуд.

Як рӯзи дигар бачаҳо ба Қурбонов Маҳмадулло мегӯянд, ки 2 моҳ мешавад маошамонро намегирем» «хонада кудакомон нони қоқ хурдестиян чикор кнем, ба  бачаҳо мегӯяд, ки пулро  немисҳо надодестиян айби мо нест онҳо гузаронанд дар ҳисоби мо,ки мо ба шумо маошатонро диҳем».

Бачаҳо сардори немисҳоро мебинанд. Вай мегӯяд,ки чаро беҳавсалаву бехуш кор мекунед? Бачаҳо мегуянд, ки охир ду моҳ шуд, ки маошамонро намедиҳанд. Бисёриамон қарздор ҳастем. Кудакҳо гушна. Роҳабромонро пурсидем, гуфтанд,ки шумо пулро намегузаронед, айби немисҳо, ки маошамонро намегирем. Раиси шуъбавии ширкати Андрес дар НБОИ Норак,ки Португалӣ буд мегуяд, ки  фирмаи мо саривақт ҳар моҳ дар ширкати “Тоҷик СГЭМ”и  шумо пулро мегузаронад. Мо, ҳеҷ мушкил надорем. Мегуяд,ки мо миллионҳо доллар мегузаронем ва аслан чунин мушкилоте надорем.

Немисҳо ба роҳбарияти Тоҷик СГЭМ мегуянд, ки чаро коргаронатон шикоят аз маош доранд ва шумо боз моро муттаҳам кардаед? Баъди ин гапу кор разбори калон шуд. Моро ҷамъ карда таҳдид карданд, ки чаро ба немисҳо рафта ин гапро гуфтед, дигар нагуед. Ва, ваъдаи бисёре доданд. Ҳоло бисёриҳо корро партофта рафтанианд. Вале, ҳайф,ки дар Русия ҳам мувофиқи ихтисосашон кор намеёбанд. Ҳамин фирмаи Андриси Австрия  барои навсозии Норак тендерро бурид. Бояд айни замон 3 агрегатро таъмир кунад. Барои идомаи тармиму таъмир боз кадом фирмае тендерро бурад. Фирмаҳои Тоҷик СГЭМ ва ТоҷикТГЭМ бофирмаи Андрис қарордод бастагианд. Агрегатҳоро тоҷикҳо мечаспонанд, немисҳо контрол мекунанд. Дар ин фирмаи Андрис коргаҳову мутахассиҳо аз Австрия, Португалия, Корея, Сербия, Словения, Словакия Шветсия, Норвегия ва ғайра ба навбат меоянд, корҳояшонро мекунанду мераванд. Боз дигарҳо меоянд. Ҳар яке аз онҳо вазифаи худашро иҷро мекунад. Баъди кор дачаҳо рафта истироҳат мекунанд. Ана ҳамин беномусҳои роҳбарони мо барои инҳо духтарҳои тоҷикро меоранд. Ин зинову зинокорӣ ба авҷи аълои худ расидааст.Албатта, хориҷи биравад дар дачаҳо дам гирад, хурок хурад пул медиҳад, ки фоидаи давлат ва одамҳо мешавад, вале то ин дараҷа бе номусиву бе имонӣ не ку!

Боз як духтари тоҷик  гуфтааст, ки бо як немис 7 моҳ аст  кайфу сафо мекунам. Қариб 100.000 сомониашро ги рифтам. Бахудо ин гапҳо шухӣ нестанд. Мо бо чашмонамон ҳар рӯз ин амалҳои пастро мебинему дандон мегазем, илоҷи дигаре ҳам надорем.

Як рӯз муовини Сарвазир омада буд.Аҳамият додам,ки дар дасти муҳофизонаш антисептик ва салфетка ҳаст.Агар дасти муовин дар ҷое бирасад даррав антисептика мезананду бо салфеткаи тар тоза мекунанд. Ин муовини сарвазир занакмиҷоз будаст. Офарини ин коргарҳо, ки на чанг мегуянду на ҳеҷ чиз, рӯзи дароз кор карда гаштаанд.

Воҳидов Лоиқ бошад. бачааш ҳам дар ҳамин фирма кор мекунад. Ҳоло коргари одӣ аст. Аммо маошаш ба монанди устоҳо мебошад.Воҳидов Лоиқро қудояш ҳам дар ҳамин фирма кор мекунад. Ҳоҷӣ Мусо-хусури бачааш, Шаҳзод Воҳидов, даводав дорад,ки қудояшро ягон вазифаи баланд монад. Аммо директори кулли Тоҷик СГЭМ розӣ нашуда истодааст.

Хариди кранҳои «брак» аз Туркия барои миллионҳо доллар  кор кардан

Диламон ба ин ГЭС  ва пулҳое дар инҷо дуздӣ мешавад сахт месӯзад. Мумкин аст ҳукумат аз ин махенатсия огоҳии комил надоранд.Вақте навсозӣ дар Норак сар шуд тибқи нақша мебоист кранҳои онро бо релсҳояш  нав ва ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ мемонданд. Ин кор бо ширкати Австрягӣ Андрес соли 2019 оғоз ёфта буд. Дар неругоҳи Норак тақрибан15 крани борбардори сабук ва вазнин вуҷуд дорад. Ман ҳисоб кардам 15тоаш дар тарафи сарбанди неругоҳ истодааст. Ду адад крани калон аст ки 360 тонна вазнро мебардорад. Ин кран дар ҳавлии неругоҳ аст ки ротор, статер, ки тақрибан зери 500 тонна мешаванд мебардорад, хулоса,қисмҳои агрегатҳоро мебардорад, ки ин қисмҳо хело вазнинанд. Бо дар «машзал» дар назди агрегатҳо 3 крани дигар вуҷуд дорад, ки иқтидори вазн бардории ҳар як кран 20 тонна мебошад. Боз дар ҷои трансформатрҳо кран ҳаст. Вақте хориҷиҳо- фирмаи Андриси Австрия омад ва шурӯъ ба навсозӣ кард, гуфт кранҳои нав меоварем. Кранҳои хуби немисӣ. Кранҳои немисӣ солҳои тулонӣ кор мекунанд ва харҷи кам  ҳам доранд ва дер таъмирталаб мешаванд. Босифатанд.

Тарафи тоҷикҳо-ширкати «Барқи тоҷик» розӣ нашуд. Инҳо гуфтанд, ки кранҳои немисӣ нархашон гарон аст. Кранҳои ширкати KUMSAN -и Туркияро фармоиш доданд.

Ин корхона ҳам корхонаи боқувват аст дар масъалаи истеҳсоли кранҳои борбардорӣ. Аммо масъулони Барқи тоҷик кранҳои аз ҳама арзонашро аз ин ширкати Туркӣ хариданд.

Туркҳо омада тақрибан 2 сол кранҳоро монтаж карда дар неругоҳ часпонданд.  Нархи ин кранҳо аз чандин миллион доллар ҳам зиёд аст. Вақте часпониданду корҳо сар шуд баъд «клетшавӣ» сар шуд. Ҳаррӯз таъмир мекунанд.Барои таъмир боз аз ҳамон ширкати  Туркия мутахассисҳоро фарёд карда меоваранд. То ҳозир ҳамин кор давом дорад. Онҳо меоянд таъмир мекуннаду мераванд, боз чанде намегузарад, ки вайрон мешаванд. Инҷояшро таъмир мекунанд боз ҷойи дигараш хароб мешавад. Хуллас, як ҳафта гоҳе ду ҳафта пас ҳатман мутахассиси туркӣ меояд. Албатта, тамоми масрафоти сафари он боз ҳаққи хизматаш аз ҳисоби неругоҳи Норак пардохт мешавад.Ҳоло маълум шуд, ки (як мутахассиси турки гуфтааст),ки вақте ин кранҳоро оварданд ба ҳисоби кранҳои қимматтарин «оформит» карда садҳо ҳазор долларро ба ҷайби худ задаанд.Тоза як агрегатро соз кардаанд вале агар ба ин минвол давом кунад беҳтар аст як неругоҳи дигар сохта шавад. Бо як таъмир ҳадди ақал бояд 20 сол бетаъмир кор кунанд ин дастгоҳҳо. Бояд ҷойҳои релсҳои кранҳо ҳам нав мешуд, аммо пули ҷудошударо хурданд, ва он нав ношуда боқӣ монд. Релсҳои пешина тамоман ба талабот ҷавобгу нестанд, сахт куҳна шудагианд. Барои тармими ин релсҳо шояд садҳо ҳазор доллар сарф шавад, аммо бо ин ҳол аз миллион ҳам бештар хароҷот мешавад. Барқи тоҷик вазорати энергетикаро айбдор мекунаду вазорат бошад ин ширкатро. Аммо дар асл ҳамаашон гунаҳкоранд, чун манфиати миллату давлат аслан инҷо вуҷуд надорад, фоидаи ҷайби худро мебинанд. Ҳоло сару калобаашонро гум кардагианд. Ҳозир миёни ҳам Барқи тоҷик, худи неругоҳ ва вазорат дар ҷангу ҷанҷоланд. Фирмаи Андрис,ки масъулияти навсозиро бар уҳда дошт, қабул накардааст. Гуфтааст,ки бояд релсҳо нав ва мутобиқи стандарти байналхалқӣ мешуд. Инҳо бошанд, девона шудаанд, намедонанд, ки чи кор кунанд? Яке аз гунаҳкорҳо раиси собиқи Барқи тоҷик, ки ҳоло раиси Ваҳдат шудааст ва дигараш  раиси ҳозираи Барқи тоҷик

Асозода Маҳмадумари Шамсулло, ки пеш муовини Барқи тоҷик буд, мебошанд ва бояд инҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Чунки кори инҳо карда дар оянда хатари хело ҷиддӣ ба НБО-и Норак дорад. Агар ин кранҳо ягон бори вазнинро маҷбур бишаванду бардоранд ва садамае рух диҳад миллионҳо доллар зарар бор меоварад. Мумкин аст НБОи Норак аз додани барқ маҳрум гардад ва мардум боз бе барқ монанд.Нафаре, ки чандин сол крановшик буд гуфтааст, ки кранҳои муссорро овардаанд.Чархҳои ин кранҳо ба ин релсҳо мутобиқ нестанд ва овозҳои ваҳшатнок мебароранд. Гоҳе,вақте бори вазнин мебардоранд,ҳангоми ҳаракат якбора системаҳояшон аз кор мебарояд. Ҳамин фирмаи туркии KUMSAN  кранҳои беҳтарин дорад, аммо инҳо кранҳои арзонро харидагианд. Инҷо на фирмаи KUMSAN ва на фирмаи Андирс гунаҳгор нестанд. Ҳар проблемае,ки ҳаст ҳамин роҳбарони худамон ба вуҷуд овардагианд. Ин пулҳое,ки ҳоло барои тармим ва навсозии неругоҳи Норак рафта истодааст ҳамааш қарз ба гардани давлат-гардани мову шумо аст. Онро бояд бисёр ҳам баркашидаву санҷида харҷот кард, то барои  ояндаи фарзандони мо хидмат кунад, Аммо инҳо фикри ин тарафи корро намекунанд. Албатта инҳо барои ин ҷинояташон ҳатман ҷавоб хоҳанд дод.

Сайдулоев Наҷмиддин директори Норак шуданӣ аст. Даводав дорад. Сармуҳандиси Норак Маҳмадамини Маҳмадсаидзода (миша) ҳам даводав дорад, ки директор шавад. Ҳардуи инҳо беҳад сумдоранд. Амаки сармуҳандис ҳоло раиси ширкати «Барқи тоҷик» ҷаноби Асозода Маҳмадумар аст. Сайдулоев Наҷмиддин дар «боло» як ҷураи зӯр дорад. “Криша”-ват ҳам мкунад. Хуршеди коррупсия мегӯянда ӯро. Дар Норак ҳама ӯро мешиносад. Вазифаи баланд дорад. Хонааш дар деҳаи Тутқавули Норак аст. Дар карели 9дача ва дар айлоқ подабон дорад. Гову аспу гуспанду бузҳояш беҳисоб. Ин одам ҳар моҳ аз неругоҳи Роғун доляи вазнин ҳам мегирад.Чунки як хел фирмаҳоро «кришават»мекунад. Сайдуллоев Наҷмиддин ҷояш фақат дар хонаи ана ҳамин Хуршед аст. Ҳардуяш дачаҳо мераванд, духтарҳоро меоранду дам мегиранд. Дачаи Хуршеди коррупсия дар 9 Карел  дар ҷойи алоҳида аст. Аз дигар дачаҳо дуртар аст. Шаби дароз дар он дача бевабозӣ. Шабҳое,ки намераванд бачаҳояш мераванд. Бачаи Хуршед як рӯз дар пеши супермаркети автовокзал бо мошинаш-аудии маркаи охирон истод. Бо ҷураҳояш фаромад ва даромад супермаркету горилла-нушокии энержӣ харид. Пеши супермаркет пури одам ва қарибии шом буд. Камтар хӯрду партофт.Боз яктои дигар хариду камтар хӯрду боз партофт. Ҷурааш гуфт,охир намепартофтӣ, ман мехурдам. Гашт гуфт чи қадаре форад бихур,ман пулашро медиҳам.Пул дорам, ман камбағал нестам, ки харида натавонам. Даркор шавад дача меравем онҷо тоннааш қатӣ истодагӣ аст. Хуршеди коррупсия худаш ҳам як аудии модели охирон дорад. Хулоса, Сайдулоев Наҷмиддин ҳоло дар фикри директоршавӣ аст ва думдуми Хуршед мегардад. Гуё Хуршед ваъдааш кардааст, ки «доля»-и Ҷанобро омода кунад, вай ҳал мекунад.

Директори неругоҳи Норак 3 муовин дорад. Яке аз онҳо Сайдуллоев Наҷмиддин аст. Наҷмиддин муовин дар бахши хоҷагидорӣ аст. Чизе ,ки ба Норак медарояду мебарояд: бор, запчаст, материал, либоса дар ихтёири ӯст. Як дона мехча ва як адад бумага беиҷозати вай гирифта намешавад. Сармуҳандис ҳам се муовин дорад. Ҳар кадоме аз онҳо вазифаҳои худро доранд. Як муовинаш Киромиддинов аст. Дуввум муовинаш Салим Ёров мебошад. Норак коргари беҳад зиёд дорад,аз ҷумла занҳо ҳам инҷо зиёданд. Яке аз коргарони зан нақл кард, ки Киромиддинов бо ҳар баҳона премияи коргарҳоро намедиҳад, баракс боз ҷарима мекунад. Аз лаби «отпускной» ҳам мезанад. Премияҳоро байни худашон тақсим мекунад. Боре Киромиддинов пеши кормандони ТоҷикСГЭМ омад. Аллакай агрегати якум омода шуда буд. Рӯи ин агрегат сурх аст. Гуфт «ин агрегат «женски» будаст-суп-сурх. Ба ман маъқул нашуд. Мактуб карда ба фирмаи Андрис равон мекунам. Бигиранду ранги дигар заннад. Дигар инки агрегат камтар аз замин боло аст. Ба ман маъқул нашуд». Аммо ин гап ягон маъно надорад. Ранг аҳамият ҳам надорад. Гап дар бораи иқтидор меравад. Бақувват бошад, ки солҳои зиёд кор кунад. Инҳо аммо ин тарафи масъаларо фикр намекунанд, чунки намефаҳаманд. Барояшон рангу баландиаш муҳим аст. Боз худашонро инжинер мегиранд. Раисанду сардоранду галстук мебанданд. Агрегатҳои пешинааш 300 мегават. Агрегати нав бошад 375 мегават. Норак нуҳ агрегат дорад ва агар ҳамаи агрегатҳо бо ҳамин мошност нав шаванд метавонем гуем, ки Норак 10 агреагт дорад. Дар давоми 9 сол бояд ҳамаи агрегатҳо нав шавад. Аммо инҷо дуздӣ дар авҷи аъло аст. Бо ин нағмаашон 9 сол неву 15 сол давом меёбад. Чизи дигар ин аст ки автобусҳое, ки ҳоло коргарҳоро мебаранду меоваранд аз давраи СССР мондагианд. Фарсуда, шалақ.Зимистон дар даруни онҳо аз хунукӣ мемурӣ.Б ояд автобусҳои муосир оваранд. Туристҳо ва меҳмонони хориҷи меоянду мебинанду механданд ба ҳоли мо. Дар тирезаҳои баъзе аз ин автобусҳо тунука задагӣ, картон часпондагӣ, шиша надорад.Боре як немиси корманди фирмаи Андрис  ба сардори неругоҳ мегуяд, ки агар ин неругоҳ  дар Австрия ё Германия мебуд раҳрубе, ки аз дарвозаи неругоҳ  як километ дур аст 500 ё 600  евро маош мегирифт.

Дар охир дар мавриди обанбори НБОи Норак инро бояд биафзоем,ки об имсол пур аст ва аз зиёдатии он онро дар партобгоҳи зиёдатӣ сар додаанд. Яъне имсол набояд масулини НБОи Норак бигӯянд,ки об кам аст ва барқ лимит мешавад.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед…

PS: Чуноне мушоҳида кардед неругоҳи Норак дар шароити нохуб қарор дорад.Дар ҳоле,ки феълан тамоми вазнинии таъминоти неруи барқ дар кишвар бар дӯши ҳамин неругоҳ аст. Агар пеши роҳи ин ҳолатро нагиранд фардо бовар кунед аз ҳамин ҳам мемонем.

Дар дасти мо маълумоти зиёде дар бораи неругоҳ ва бахшҳои он вуҷуд дорад,аммо ҳамаи онҳо бояд таҳқиқ бишаванд.Аз хонанда ва бинандаҳои “Ислоҳ” хоҳишамон ин аст ки ҳар маълумоту далелу бурҳоне доранд ба мо ирсол кунанд,то дар навиштаҳои баъдӣ истифода кунем.