Архивы АВАНГАРД - ISLOH.net

Ду номаи шикоятӣ ба “Ислоҳ” : Яке аз Исфара дигари аз Хоҷаи Аъло
Дар Исфара на танҳо масъалаи ҷангу ҷангҷоли сарҳад мушкили мардум аст, кормандони мақомоти давлатӣ ҳам болои мардум мушкилии зиёдеро меоваранд. Бо ҳар баҳона мардумро ҷарима мекунанду пул мекананд. Барои мисол агар лампочкаҳои  пешинаро дар хонаатон пайдо карданд, ҳатман 150 сомонӣ  ҷарима мешавед. Ходимони милиса

бе иҷозати соҳибхона ба хона зада даромада кофтуков карда мардумро ҷарима мебанданд.

Имрӯз тамоми мақомоти ноҳияи Исфараро вобаста кардаанд, ки бо ҳар баҳона мардумро ҷарима баста ба буҷаи ноҳия то 5 март накам аз 5-миллион сомонӣ пул ворид кунанд. Гӯё,ки ин Пешвои сархур дар моҳи март ба Исфара меомадааст. Бо ҳамин сабаб кормандони андоз, милиса, ГАИ ва дигар мақомотҳоро маҷбур карда истодаанд, ки бо ҳар баҳонае аз мардум пул гиранд.

АЗ ФАРЗАНДОНИ ИСФАРАГИҲО «АВАНГАРД» МЕСОЗАНД

Боз барои омадани Пешвои сархӯр бояд сафи Авангардон аз талабаҳои мактабҳо зиёд карда шаванд. Бояд дар худи Исфара сафи Авангардон накам аз 1500 нафар бошанд. Милисаи доир  ба ноболиғгон Абдуллоев Саид ва муовини раиси ноҳия Бобоён Мадина дар мактабҳо рейд гузаронида беасосу бо баҳонаи сохта мактаббачаҳоро айбдор ва падару модарони онҳоро ба милисахона даъват ва тарсонда истодаанд, ки шуморо барои гуноҳи фарзандонатон ҷарима мебандем. Ҳамин тавр ин милисаҳо болои волидони мактаббачаҳо таҳдиду сиёсат карда ва сипас гӯё муросову раҳм карда ба падару модарон мефаҳмонанд, ки ҳар рӯз баъди дарс писаронатонро ба шуъбаи ноболиғон гусел мекунед. Мо барои онҳо2 соат ё  3 соат дарси фаҳмондадиҳӣ мегузарем. Дар асл бошад онҳоро барои ояндаи худашон «буз» мекунанд. Дар ин гурӯҳи Авангардҳо нафақат писарбачаҳоро даъват мекунанд, духтарбачаҳоро ҳам маҷбуран даъват мекунанд. Масалан фарзанди шумо либоси мактабӣ надорад, ё ки бо телефон ба мактаб омадааст, гуфта, хуласи калом, бо ҳар роҳ баҳона ёфта айби ноҳақро дар болои мактаббачаҳо бор карда истодаанд. Бояд дар тамоми Исфара Авангард на кам аз 3000 аъзо дошта бошад. Ин Авангардҳо боз ду гурӯҳ будаанд. Авангардҳои ВКД ва Авангардҳои УБОП-Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил. Ва ин Авангардҳоро барои пешвозгири Пешво ва барои ягон митинг ё ки дар барномаҳои мухолифин суханронӣ кардан тайёр мекардаанд. Ва ин суханони худи мактаб бачаҳои ҳамон Авангардон мебошанд. Ё ки барои ягон делоҳои сохтаи милисаҳо ҳамчун «одами холис» ҷалб карда мешаванд. Вақте ки ин Авангардон ба мактабҳо меоянд бояд барои инҳо хурок, роҳкиро ва дигар хароҷтҳояшонро директорони мактабҳо маблағгузорӣ кунанд. Бояд падару модарони ин мактаб бачаҳо аз найранги ин милисаҳо бохабар шуда ояндаи фарзандони худро ба дасти худашон гиранд. Чунки дар ин ҷо ягон фаҳмондадиҳӣ нест. Мақсади онҳо «буз» кардани фарзандони мардум мебошанд.

«Ва, боз як маълумоти дигар аз Исфара. Имрӯзҳо дар шаҳри Исфара гӯё, ки охири замон мешуда бошад, тамоми заминҳоро раиси осоишгоҳи Зумрат бо миёнаравҳои худаш ва бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фурӯхта истодааст. 6сотихӣ, барои участкаи наздиҳавлигӣ гуфта барои фурӯш омода карда истодаанд. Сотихи заминро дар маҳаллаҳои Сомониён ва гирду атрофи он ва минтақаҳои 15 ва 16 на кам аз 1200 доллар фурухта истодаанд. Сотихи заминҳои даруни шаҳр, заминҳои обӣ ва заминҳои гаражу совхозу колхозу заводҳоро аз 3000 долар сар карда то 10,000 долар фурӯхта истодаанд. Бисёри харидорони ин заминҳо пулдорони Ворух, Чоркуҳ ва Сух мебошанд.»

Сардори амнияти Исфара иваз шуд- полковник Каримов Нозим.Пеш аз Исфара дар вилояти Бадахшон кор мекард. Номери мошини шахсаиш 5000 РР-03 Лексуси сафеди 470 мебошад. Сардори собиқи амнияти Исфара Шамсидин Амаков, зодаи ноҳияи Айнӣ буд ба Вилояти Бадахшон ба кор рафт ҳамчун «опер»- панижения рафт.

«Дар охир каме бошад ҳам дар бораи раиси ЗАГС-и Исфара Муҳиба Ёқубова мехоҳем бигӯем. Муҳиба Ёқубоваро кормандони Агентии коррпусия аввали моҳи феврали ҳамин сол дастгир карданд ва аз кор гирифтанаш. Аммо бар ивази пули калон «корҳояша бо бачаҳакои боло ҳал кардааст». Боз ба ҷойи кори пешинааш ҳамчун раис меомадааст.»

Як чизи дигарро ҳам гуфтан мехоҳем. Айни ҳол дар тамоми расонаҳои Точикистон таърифу таъриф дар бораи Қирғизу Тоҷик: «муйсафедон оши оштӣ хурда гаштаанд». Ин гапҳо ҳамааш як намуди мардум фиребӣ мебошад.  Дар асл бошад, дар он тарафи куҳи Чоркуҳ, Ворух ва Хоҷаиаъло Қирғизҳо тамоми техникаҳои ҷангии нестандарҷаҳонро оварда тайёрии ҷангро дида истодаанд. Ва мардуми маҳаллаҳои қирғизнишини худашонро кучонида истодаанд. Ҳамон муйсафедони оши оштиро хурдагӣ баъди ин оши оштӣ куч баста истодаанд. Аз ин худатон хулоса бароред. Рӯзҳои наздик дар сарҳад чи ҳодисае руй медиҳад. Ҳозир нафареро полковник С.Сафаровро сардори сарҳадбонони Исфара таъйин кардаанд. ( Ин нома пеш аз ҳодисаи охири дар марзи Исфара сурат гирифта ба “Ислоҳ” расида буд.Мутаассифона фурсати нашри он нарасид)

Нома аз Хоҷаи Аълои Чоркӯҳ ба “Ислоҳ”

Ин нома аз деҳаи Хоҷаи аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба «Ислоҳ.нет» расидааст. Муаллифони он бисёр ҳам хоҳиш кардаанд, ки онро ҳарчи зудтар ба чоп расонем. Дар ин нома сухан дар бораи фаъолияти ҷамоати Чоркӯҳ ва кормандони он меравад. Муаллифони ин нома навиштаанд, ки имоми деҳаи Хоҷаи аъло масҷидро ба офиси бизнеси худ ва коркунони ҷамоат табдил кардааст. Масалан, чанд вақт аст ки никох дар масҷид сурат мегирад. Аз ҳар як никоҳ 200 сомонӣ мегирад. Ва ин маблағҳоро, ки дар масҷид ҷамъ мешавад, баъди намози ҷумъа ба идораи ҷамоати Чоркуҳ бурда месупорад. Сипас «ҳисобот» медиҳад: кӣ риш мемонад,кӣ сатр мекунад. Ҳар ҷумъа ҷойи гуфти худову расул гуфти Раҳмоновро аз минбари пайғамбар ба мардум мехонад. Масалан: «президент ба мо сулҳу ваҳдат овард, тинҷиву оромӣ овард, барои ҳамин мо бояд шукронаи президентро кунем».Ин гапҳое аст, ки имом ҳаррӯз дар мавъизаҳояш такрор мекунад. Ин имоми гумроҳу динфурӯш Муқаддасбек Сулаймонов ном дорад. Боғу замини корами мазори деҳаро аз они худ кардааст. Мардум мехост, ки ин боғу заминро ба гӯрковҳо бидиҳад. Аммо ӯ бо ёрии кормандони ҳукумат аз они худ кард. Боз барои вай 30 сотих замини наздиҳавлигӣ бо нархи арзон доданд. Боз аз ҷамоат барои «бузӣ» карданаш гандуму хурока медиҳанд. Имом илми кофӣ надорад, халқ аз кори вай розӣ не .Вай дудаста ба ин вазифа часпидааст. Бачаҳои боилму қорӣ ва дар донишгоҳҳои бонуфуз хондагиҳоро намемонанд ва ин «чаламулло»-ро имоми масҷид мондаанд.

«Писари калонии ин имомхатиб дар милитсия кор мекунад. Худашро фарзанди давлат ҳисобида фахр мекунад. Ин писари ӯ чандин касро фиреб кард. Бароятон паспорти русӣ месозам гуфта аз 150 то 200.000-и русиашонро гирифт, вале ба касе паспорт насохт. Барои гирифтани ҳар гуна справка ё санади дигар «посредник» мешавад, пул мегирад. Як порахӯри ҳаром аст. Бо формаи милисагӣ дар кучаҳо гашта мардони ришдорро бинад, ришҳоятонро гиред гуфта ба сари онҳо фишор меоварад. Ин як мунофиқ ва бузи тайёр аст.»

Фарзанди дуюмаш аптекачӣ аст. Фозилбек Сулаймонов. Вай байни падару модарҳо ва донишгоҳҳои Хуҷанд «посредникӣ»  мекунад. Гап дар бораи абитурентҳо ва тарзи дохилшавии онҳо ба донишгоҳҳо меравад. Фозилбек 1-2.000 долларӣ болои нархи донишгоҳҳо илова карда аз падару модарҳо мегирад.

Нафари дигар Одинаев Маннон, наркобарони №1,бузи №1 ва дузди калон аст. Бо долларҳои фалшивий ба даст афтод, аммо бо як аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов, ки сахт рафиқ аст, нагузоштанд, ки шинад. Гап дар бораи Зоир, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов меравад. Маннон дар бизнеси наркотик ва фурӯши мошинҳои асосан дуздии Зоир нақши «ҳалкунанда» мебозад. Героини Зоир ҳоло дар яке аз амборҳои осоишгоҳи Зумрат нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳаминҷо онро ба қирғизҳо мефурӯшанд. Аз қирғизҳо қисмҳои эҳтиётӣ, балони мошин ва дигар чизҳо мегиранд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама тиҷорату даромад, Маннон аз аксарияти мағозаҳо қарздор аст. Вай зану чаҳор фарзанд дорад. Вале зани як масчоиро аз шавҳараш ҷудо карда бо ду фарзандаш ба никоҳаш даровард. Номи ин зан Озода аст. Шавҳари вай хонаву дар обод карда буд вале Маннон масчоиро бадарға ва хонаву дар ва зану кӯдаконашро соҳибӣ кард. Маннон дар ҳавлии ин масчоӣ корхонаи сементблок кушод. Ин масчоӣ ба инҷо хонадомод шуда омада буд. Русия рафта пул кор кард. Омада хонаҳоро аз нав обод кард. Аммо ин номард ӯро аз зану хонаву дараш ҷудо кард. Як амбори совхози собиқро, ки дар маркази деҳа ҷой дошт бо як пули ночиз харид ва дар онҷо хонаи дуошёна  ва як мағоза сохт. Халқ аз ин кори вай розӣ набуд. Чунки вай ҷойи ҷамъиятиро харида ба манфиати шахсиаш истифода кард. Онҳое, ки замини ҷойҳои ҷамъиятиро ғайриқонунӣ харидаанд, бояд бохабар шаванд, ки рӯзаш меояд давлат онҳоро гардонида мегирад.

Нафари дигаре, ки дар ҷамоат ҳамаро фиреб дода истодааст Шарипов Абдухалил муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ аст. Гармхонаи совхозро бо як пули пучак аз они худ кард, боз дар канори масҷид пункти тиббиро харида дар ҷойи ин объекти ба мардум зарурӣ мағоза ва толори дузандагӣ сохт. Ба толори дузандагиаш духтархо рафта меоянд, ним урён онҷо канори масҷид мебошад. Гуфтанд, ки худаш духтарҳоро маҷбур мекардааст,ки «европейка» гарданд.  Заминҳои  канори масҷид ва парники гармхонаро ба раиси ҷамоати Чоркӯҳ-Мухтор пора дода харид. Боз як фарзандаш Шарипов Муҳаммад дар шаҳри Исфара адвокат шуда кор мекунад. Ҳатто барои нависондани як справкаи оддӣ аз мардум 50 сомонӣ мегирад. Бузи мақомот аст. Як бародари Абдухалил Шарипов Баҳодур ном дорад корманди собиқи Идораи гумрук  Барои дуздӣ аз кор пеш карданд. Айни ҳол дар ягон ҷой кор намекунад. Ин ҳам як бузи мақомот мебошад. Пионерлагери собиқи давлатиро, ки масоҳаташ 1-гектар мебошад, бо чанд танга харида тарабхона сохт. Боз 40 сотих участкаи №2,ро ки замини совхози собиқи «Иттифоқ буд,ба ҳамин минвол, бо пули ночиз аз Мухтори раиси ҷамоат харид. Дар шаҳри Исфара 2 квартира ва 2мошин дорад, ки ҳама бо пулҳои ришва дар замони кораш дар гумрук харидааст. Бо пули маош инҳоро харида наметавонад. Ин «бузҳо» фикр дорнад, ки давлат бесоҳиб аст. Ҳаргиз инхел фикр накунед, ба наздикӣ соҳибони давлат меоянд ва ин ҳама молу мулки халқро ба соҳибонаш бармегардонанд.

«Сафаров Собир заминсози ҷамоати Чоркӯҳ буд. Ва хеле зиёд замини назди ҳавлигӣ тақсим кард. Аммо барои мардуми бечораи камбағал 4сотихӣ вале барои авлоди худаш-Сафаровҳо 8-10сотихӣ. Аз он ҷумла барои амакбачаҳои хусурош 8-10сотихӣ дод. Бисёр заминҳоро ба номи одамони камбағал карда худаш фурухт. Бо пули заминҳои фурухтагиаш дар Хуҷанд квартира ва ду адад Газелл харида ҳамчун машруткаи шаҳрӣ ба иҷора дод. Ҳамаи заминҳои деҳаро Сафаров Собир якҷо бо Шаропов Бадриддин , ки бо номи Мухтори раис маъруф аст ва раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ буд фурухтаанд. Феълан Мухтори дузд ба нафақа баромад ва худи Сафаров Собир дар шаҳри Ивановои Русия бо пули  дуздӣ паспорти  русӣ карда истодааст.»

Феълан Шаропов Бадриддин агарчӣ дар нафақа ҳаст ва раиси Чоркуҳ ҳам нест вале маслиҳатгари сардори милиса ва амният ва раиси ҷамоати кунунӣ ӯ мебошад. Ҳарчи хоҳанд кунанд аз ин гурги борондида ва маккор маслиҳат мепурсанду чунон мекунанд.

БАҲСИ ШАРОПОВ БАДРИДДИН БО МУҲИДДИН КАБИРӢ ДАР СОЛИ 2012

Агар ёдатон бошад дар соли 2012 ҳангоме,ки Муҳиддин Кабирӣ ба Исфара сурат мегирад. Шаропов Бадриддин ба Муҳиддин Кабирӣ савол медиҳад “ чаро мо аз шумо нашунидем дар мавриди он,ки Қирғизҳо замини моя гирифта истодаанд ва бачаҳои моро кушта истодаанд як бор аз порлумон садо баланд накард? Инчунин чаро дар мавриди ин, ки дар мавриди сохтмони обанбори Роғун Узбекистон сару садо баланд мекнунанд, ки сохта нашавад. Шумо аз порлумон боре ба тарафи Узбекистон ҷавоб надодеду эътироз накардед?  Албатта Устод Кабирӣ посухи саволашонро доданд. Фишурдаи онро дар навор хоҳед дид.

Бале сухан дар мавриди Шаропов Бадриддини феълан нафақахур меравад,ки боре инсаволро аз раиси ҲХДТ ва масулини ҳукумат накард вале бо ҷуръатона аз Муҳиддин Кабирӣ пурсида буданд. Имрӯз касе метавонад чунин саволро, ки ҳар рӯз Қирғизҳо дар Хоҷаи Аъло ва Ворух Тоҷик кушта истодаанд касе ин саволро намедиҳад? Чун ҳатман шахси чунин саволдиҳанда дар ҳол бо моддаи маъруфи 307 айбдор ва равонаи зиндон мегардад. Умедворам Шаропов Бадриддин ва раиси феълии Ҷамоъати Чоркуҳ дар худ ҷуръат пайдо карда ин саволро аз мақомоти имрӯза мепурсанд ва мебинем чӣ посухе хоҳанд гирифт. Ҳатто дар посухи Устод Кабирӣ асабӣ шуда буданд,ки чаро маро таҳқир мекунед? Имрӯз метавонед дар муқобили раиси ҲХДТ ва ё намояндаи ин ҳизб чунин садо баланд кунеду дуғу пописа кунад ? Ҳаргиз на ва ҳазорнбор на.

Нафари дигар Ғоиб- коркуни аэропорти Хуҷанд мебошад. Дар мавсими даъват ба хидмати артиш аз ҳар муҳоҷири сини даъват, ки Русия мераванд, 5.000 рубли русӣ мегираду аз аэропорт (нуқтаи назорати марзӣ) мегузаронад. Ҳамчунин корро вақти баргаштани муҳоҷирони сини даъват аз Русия такрор мекунад. Дар ҳоле, ки дар ягонҷо кор намекунад ва тиҷорате ҳам надорад ду адад мошини сабукрав ва ду замини наздиҳавлигӣ ва як квартира дар Хуҷанд ва дар деҳа хонаҳои муҳташам ва ферма дорад. Ин ҳама аз пули   ғораткардашудаи муҳоҷирони ҷавон мебошад. Дар вақти короновариус ки равуо қатъ гардида буд, гӯиё як Фонди хайрия барои 30-солагии истиқлолият кушода аз мардум  пул гирифт, ки толори варзишии мактабро обод мекунад. Вале қисми зиёди инпулҳоро дуздид ва як таъмири руякӣ карду халос, ба деворҳо ранг молиду бас!

Контрабандистони деҳа инҳоянд:

1) Амакҷони гург;

2) Ашур, ки бо қирғизҳо семент, арматура, тахта, сухафрукт, селитра, бензин, соляркаи домоди Эмомалӣ Раҳмоновро «реализоват» мекунад. Ҳамаи ин корҳоро пинҳон аз андоз ва гумрук иҷро мекунад. Бо милитсионерҳои дузд ҳамкорӣ мекунад, «доля» медиҳанд, «буз»-ӣ мекунад. Аҷобат дар он аст, ки барои инҳо бо қирғизҳо ҳамкорӣ иҷозат вале ба халқи оддӣ не. Ба халқи оддӣ шанс намедиҳанд, ки ҳатто барои зарурати рӯзгори худ бо қирғизҳо муомила кунанд.

Туйчиев Бахтиёр коркуни ГАИ-и шаҳри Исфара онҳоро «кришават» мекунад.

Дар умум инҳо бузҳои деҳаанд:

1) Аъзамов Зафар, корманди ОМОН. Ворухиҳоро асосан ҳамин ғам медиҳад, «подстава» мекунад.

2) Аюбов Раҳим- Контробандист, Қочоқчии маводди мухаддир.

З) Нодирахон ва шавҳараш Рашиди заминфурӯш,

4) Бобонодир, бузи военкомат.

5)  Одинаев Манон

6) Ашур, контрабандист.

7) Сулаймонов Муқаддас бузи масҷид.

8) Сулаймонов Додохон  бо лақаби «фарзанди давлат»

9) Сафаров Саҳоб, корманди ОМОН, яке аз заминфурӯшҳо.

10) Сулаймонов Улуғбек дузди «пенсионный фонд».

Бубинед, ки Одинаев Манон ду зани ҳалолу никоҳӣ дорад аммо боз ба номуси духтарҳо . Ба духтарҳои ҷудошуда ё инки шавҳарашон дар Русия будагиҳо алоқадаст дароз мекунад. Боз ба милисаҳо духтар ёфта медиҳад. Ашӯр ду зан дорад. Зани якумаш духтари амакаш аст. Инро ҳама мардум медонад. Боз ба номуси духтарҳои шавҳардору беваҳо….Ба наздикӣ як зани ҷавонро бо ду кудакаш маломатзада карда аз шавҳараш ҷудо намуд. Ин зан аз пушти ҳамин Ашӯр ҷудо шуд. Бечора халқи камбағал дар муҳоҷирату инҳо бошанд ба номуси занҳои мардум дастдарозӣ мекунанд. Бародар Муҳаммадиқбол! ман номи  ду зинокори хатарнокашро навистам, умед мекунам дигарҳо дида ислоҳ мешудагистанд!

Ps: Ин ду нома аз Исфара ба “Ислоҳ” расидаанд ва мо бидуни тасарруф ҳарду номаро якҷо намуда тақдими мардум мекунем. Таҳқиқ дар ин ду нома танҳо пурсидем аз исмҳое дар нома омадаанд се нафар тасдиқ намуданд,ки бале дақиқиан чунин аст ва онҳо ҳам аз ин афрод огоҳи доранд. Ҳатто ду нафар аз пурсида шудаҳо гуфтанд,ки ончи мо мехостем дар ин нома зикр шудааст. Дигари гуфт яке аз ин бузҳо амакбачааш аст вале комилан дуруст аст. Хуб манобеъи “Ислоҳ” то ин андоза тавонистанд посух бигӯянд.

Сообщение Ду номаи шикоятӣ ба  “Ислоҳ” : Яке аз Исфара дигари аз Хоҷаи Аъло появились сначала на ISLOH.net.

Мо Авангардони “ИСЛОҲ” дар дохили Авангарди ВКД ҳастем
Чанд сол аст ки Авангард-як гурӯҳаке дар назди вазорати дохилаи Тоҷикистон «амал» мекунад. Ин гурӯҳ ғайриқонунист ва дар ҳеҷ ниҳоде сабти ном нашудааст. Вай асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ муқобили рушанфикрону дигарандешон ва мунтақидону мухолифини режими Раҳмонов садо баланд карда ва ҳар ғалату иштибоҳу ҳатто ҷиноятҳои Раҳмонову ҳукумат ва аъзои оилаи вайро талош мекунад, росту дуруст ҷилва бидиҳад ва дар назди мардум ин тӯдаи авбошонро сафед нишон диҳад.

Дар дасти мо як матлабе расидааст аз ҳафт нафар аъзои Авангард. Ин ҷавонон навиштаанд, ки ба хотири онки онҳоро бишиносад вориди ин гурӯҳ шуданд. Ҳоло таассуроти ин ҷавонони бедордилро бихонед, ки шоҳиди чи ҳодисаҳое шудаанд ва худро ҷасадан дар дохили Авангард медонанд вале руҳан бо мухолифон ва ПМТ  эълон намудаанд:

Ман як ҷавони озодихоҳ ҳастам. Мехоҳам маълумотҳоеро дар бораи авангардҳои буз ба шумо ва аз тариқи шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бирасонам. Вақте ки ба донишгоҳ дохил шудам аз тарафи як ҳамсабақам ба ин гурӯҳ даъват шудам. «Ради интерес» ба ин гурӯҳ дохил шудам. Рафиқам ба ман гуфт, ки дар ин гурӯҳ дар чорабиниҳо фаъолият мекунем. Вале  вақте ба маҷлисҳо ва чорабиниҳои  вазорати корҳои дохилӣ  рафтам, моро ба бузӣ ва чоплусӣ ҷалб карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ ин гурӯҳро  дар назди худ созмон додааст: ҷавононро ҷалб мекунад  ва ба бузиву дигар корҳои ифлос истифода мебарад. Барои ҷалб ва омода кардани ҷавонҳо ба чоплусӣ дар вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки сардорони раёсатҳо чорабиниҳо  баргузор мекунанд. Дар академияи вазорати дохилӣ бошад барои онҳо курсҳои махсус доир мекунанд.

«Дар он курсҳо онҳоро сардорони Раёсатҳобо сохтори вазорати корҳои дохилӣ шинос мекунанд. Ҳамчунин ба ҷавонон дар бораи аслиҳаҳои ҷангӣ ва усули истифодаи онҳо таълим дода мешавад. Қариб ҳамаи авангардҳо донишҷӯ мебошанд. Вазифаи асосии онҳо дар донишгоҳ ва ҷойи зисташон «хабар» ҷамъ кардан-яъне «буз» будан ва бузӣ кардан аст. Ҳама онҳоро буз номида аз онҳо дурӣ меҷӯянд.»

Авангардҳо дар назди рафиқонашон беобрӯ ҳастанд, ҳеҷ кас ба онҳо сару кор намегирад. Чунки онҳо буз ҳастанд ва ҳама аз бузигарии онҳо бохабар аст. Вақте ба ин гурӯҳ дохил шудани маро рафиқонам фаҳмиданд, гуфтанд, ки дар ин гурӯҳ фаъолият накунам. Вале ман ба онҳо гуфтам бояд бубинем инҳо ба чи кор машғуланд, баъд фаъолиятро қатъ мекунам. Аммо,то ҳоло дар гурӯҳ ҳастам вале барои ҳадафи муайян ва мақсади поку хубе.  Дар ин гурӯҳ дар Душанбе фаъолиятро сар кардам. Маълум шуд, ки онҳо дар ҳар ноҳияи шаҳр, дар бинои умури дохилӣ утоқи худро доранд. Ду, се нафарӣ баъди дарсҳо рафта шабакаҳои мухолифинро назорат мекунанд. Касе коммент менависад, рӯихат мекунанд.

Дар рӯзҳое, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин баромад мекунанд, шабҳо ҳам рафта дар он утоқ мешинанд ва худашон бар зидди онҳо коммент менависанд. Вазифаи ман дар Авангард хело калидӣ аст ва ҳамаро пурра бо тамоми нақшаҳои дошта ба “Ислоҳ” мефиристам. Матнҳо,суҳбатҳои аудиоӣ, маблағҳое сарфи нақшаҳо мешаванд ва…..

«Боз ба мактабҳо рафта барои сафи худ «бузҳо»и навро мекобанду ҷалб менамяонд. Маҷлисҳо доир карда мухолифинро сиёҳ мекунанд ва одамонро тарс медиҳанд, ки ба онҳо напайванданд, тамошо накунанд,эҳтиёт шаванд, ҳаёти худро насӯзонанд. Ҳар моҳ аз тарафи вазорати дохилӣ ба маҷлис даъват мешаванд ва кадомеашон, ки чи бузие карда бошад , бо сипоснома ва маблағи пулӣ:- 200сомонӣ сарфароз мегарданд.»

Асосан ин бузҳо донишҷӯёни ба қавли мардум гушна мебошанд. Онҳо барои он зуд-зуд мактабҳо маҷлисгузаронӣ мераванд, ки дар он ҷо директори мактаб  «обед» ташкил мекунад. Барои ҳамин гушна монанд маҷлисгузаронӣ мераванд. Вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо барои  интернеташон 100сомонӣ медиҳад, то онҳо дар шабакаҳо ба мухолифин занг зананду суханҳои қабеҳ гӯянд ё нависанд ва ба барномаи онҳо халал ворид кунанд.

«Мехоҳам як чизро ба мардум бифаҳмонам. Чоплусҳо дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: гурӯҳи Фируз Қодиров , ки расмӣ аст ба раёсати  кор бо ноболиғон вобаста аст ва дуюм гурӯҳи Мардихудо Давлатов ки баУБОП вобаста аст. Ин ду гурӯҳ байни худ рақобат ҳам доранд: якеяш дигарашро бад мебинад. Онҳо муқобили якдигаранд, байни ҳам мусобиқа ва мубориза мекунанд, ки яке аз дигарӣ бештар бузиву чоплусӣ кунад. Гуруҳи Фирӯз гурӯҳи Мардихудоро гурӯҳи Мардикоро лақаб мондааст.»

Ин гурӯҳ вақте ба ду тақсим шуд, ки Фирӯзро дар ҷои Мардихудо роҳбар таъин карданд. Вале Мардихудо нафарони ҳамроҳашро бо худ ба УБОП бурда онҷо чоплусӣ ва бузиро идома дод.

Фирӯз Қодиров аз вазорати дохилӣ 2000 сомонӣ моҳона мегирад. Ин вазорат ба ӯ мошини хидматии Опел-Астра додааст. Гурӯҳи Фирӯз 30 нафар аъзои номнависшуда дорад. Гурӯҳи Мардихудо 20 нафар. Аз ин ду гурӯҳ максимум 5 то 6 нафар чоплусҳои содиқ ва самимӣ ҳастанд ва бовар доранд, ки кори дурустро доранд анҷом медиҳанд. Аммо боқии онҳо ба хотири «обед», ба хотири пул, ба хотири сафар ба минтақаҳо  ва бахусус ба хотири экзаменҳои донишгоҳ «хидмат» мекунанд. Онҳо аз супоридани экзаменҳо  озод карда шудаанд.

Боз ҳамчунин аъзои дигаре ҳам доранд, ки онҳоро авангардҳо маҷбурӣ ба гурӯҳи худ шомил карда, аз дарсҳо ҷавоб гирифта ба чорабиниҳо мебаранд. Дар байни онхо духтарҳо ҳам ҳастанд ва фаъолият мекунанд. Онҳо барои чорабиниҳои занона ҷалб мешаванд. Ҳамаи онҳоро вазорати дохилӣ мисли саг истифода мебарад.

Рӯзи 10июни соли 2019 буд

Моро чоплуси калонӣ- Фируз Қодиров ба назди маҳаллаи бозори пешинаи Зелёный фарёд кард.  Мо наздики 20 нафар ҷамъ шудем. Як  мошин аз УБОП омад ва Фирӯзро ба назди худ хонд. Фирӯз аз назди онҳо омад ва гуфт, ки ҳамакаса ба митинг меравем: « дар кӯчаи болотар  як созмони ҳуқуқӣ ҳаст. Он созмон талаб дорад, ки як нафар адвокат ва аъзои ҳизби наҳзат Бузургмеҳр Ёровро аз ҷавобгарӣ  ҳукумат озод кунад ва фармон аст ки мо бояд  биравем ба мисли як шаҳрванди одӣ митинг кунем  ва гӯем, ки  вай ҷинояткор аст, қаллоб аст. Мардуми дигар ҳам ҷамъ шудагӣ ҳастанд. Вай мардумро фиреб карда сумашонро гирифтааст ва ҳизби наҳзатро ҳимоят кардааст. Мо бояд рафта митинг кунем, ки вай озод нашавад ва ин созмон ба  кори давлати мо дахолат накунад».

Боз гуфт: « меравему  як соат митинг мекунем , аммо дар ягонҷо нагуед, ки моро мақомот фиристодааст, аз даҳанатон берун набароред, ки баъд ба худатон вазнин мешавад, махсусан бо журналистҳо аслан гап назанед, ба онҷо милисаҳо меоянд, мегурезем, касеро дастгир карданд, боз наринен, ваё аз ин кор в курсе ҳастанд то шуъбара мебаранду сар метиян. Ваё миёян мора пеш мекнан, ки созмон нага, ки давлат фиристодаст ин нафарҳоро ва забонкутоҳ шавад».

Хулоса  ба назди бинои он созмон рафтем.

Ман гоҳ вақтҳо ба маҷлисҳои гурӯҳи Мардихудо ҳам мерафтам. Дар назди бинои он созмон   мӯсафеду кампирҳо ва марду занҳое ҷамъ омада буданд, ки дар маҷлисҳои УБОП онҳоро медидам ва онҳо барои фаъолияти ғайриштатиашон бо сипоснома аз тарафи Шодӣ Ҳафиз мукофотонида шуда буданд.

«Дар даст шиорҳо ва плакатҳо доранд. Аксҳои Бузургмеҳр Ёров ва чанд аъзои ҳизби наҳзати ислом ва сару садоҳо баланд мекарданд, ки гуё  Бузургмеҳр Ёров онҳоро ба маблағи 100-ҳо ҳазор доллар фиреб додаву Ҳизби Наҳзатро ҳимоят мекардааст. Ман он манзараро дида пай бурдам, ки ҳамаи ин сохтакорӣ аст. Баъди чанде милисаҳо омаданд ва мо тибқи маслиҳат ва нақшаи пешакӣ «гурехтем». Милисаҳо ҳам сахт тамбал буданд.»

Баъди ин кор ба ин натиҷа расидам, ки дигар бо онҳо буданд бас аст. Инҷо мехоҳам, ки аз халқи азизам бахшиш бипурсам. Зеро ду сол аст, ки виҷдонам маро азоб медиҳад. Умедворам, ки халқи азизам маро бубахшад, то ки дар қиёмат дар назди Аллоҳ  ҷавобгар набошам.

Боре як авангарди шарикамон пай бурд, ки ман “Ислоҳ” тамошо мекунам. Гуфт мегӯянд, ки “Ислоҳ” тамошо мекунӣ? Ман барои онки  ба даст наафтам ва фош нашавам, гуфтам тамошо карда зидашон коммент  менависам. Ва як коммент зиди шумо ва Гурӯҳи 24 барои «страховка» навишта ба ӯ нишон додам. Чун ман он солҳо нав ба гурӯҳ ворид шуда будам, аввал бояд хуб меомӯхтам баъд аз он комент менавиштам. Тааҷҷуб карду гуфт ҳоло шумо набояд комент нависед. Гуфтам тоқат надорам, мехоҳам ин хоинонро ҷавоб диҳам. Муҳим бо чолокӣ худро аз ҳолат берун кардем.

Ман тӯли қариб  дувуним соле, ки фаъолят кардам дар ин гурӯҳ бисёри чизҳоро фаҳмидам ва шоҳид шудам. Мисол дар бораи ҳамин Фаттоҳзода, муовини бюрои Интерпол, ки дар “Ислоҳ”  аз амалҳои қавми луташ гуфта шуд.

«Вақте ба чорабиниҳо мерафтем  вай бачаҳое, ки чанд сол шуд дар Авангард фаъолят мекарданд ва бо ӯ наздик буданд, тез -тез сахт ба оғуш гирифта бӯса мекард. Ман ин амалҳои ӯро дида пай намебурдам ва мегуфтам ин марди хуб будааст, ҷавнонро ба мисли фарзанди худаш меҳрубонӣ ва дастгирӣ мекунад. Аммо баъд аз онки дар “Ислоҳ”  дар бораи барномаеро дидам ва худ шоҳиди он шудам, фаҳмидам, ки он амалҳои шубҳанокаш барои чи будааст. Боз бештар ҳақ будани мухолифонро дар мавриди амалкардҳои мақомот фаҳмидам ва бовариям бештар гардид. »

Ҳукумат доим дар донишгоҳу мактабҳо маҷлисҳо гузаронида воҳима мекунад, ки аз ҳизбу ҳаракатҳо эҳтиёт кунед, ҳушёр бошед. Ман ба ҷавонон гуфтаниям, ки аз ин гуна афроди номатлуби мисли Фаттоҳзода  эҳтиёт бошанд ва худдорӣ намоянд. Мумкин ин афроди ифлос чандин ҷавонро ба мисли худ мубталои ин беморӣ карданд. Ин хатари хеле ҷиддӣ барои ҷомеа аст ва бояд сари роҳи инҳоро гирифт. Зеро инҳо миллатро мисли худ беномусу даюс карданианд.

«Дар мавриди ҷаласаи охире дар мавриди рафтан ба назди СММ  барои террорист эълон намудани Гулбиддин Зиёбеков худатон шоҳид будед, ки чихел фаҳмониданд моро, ки чи кор бояд кунем. Онҳое иштирок доштед фаҳмидед манзурамро, Полковник чӣ гуфт ва ҳатто ба чӣ кор кардан моро амр намуд, ки чиқадар номарду ифлосанду туҳмат мекунанд. Дар мавриди худи Бадахшон ва муқобилият нишондоданамонро фаҳмидед, ки бо Бадахшониҳо бояд чикор кунем агар хезанд мабодо дар Душанбе. Дигар бояд барои мо дарси ибрат шуда бошад ин ҳама ва мо набояд ғуломони ҳалқабаргуши як оила бошем ва худро фидои оилаи “Пешво” кунем.»

Ман дар охири ин номаи худ ошкоро ва озодона эълон менамоям, ки дӯстдори ватанам Тоҷикистони азиз ва миллати азизам ҳастам. Ман ба сафи бародарони муборизу озодихоҳ мепайвандам ва шумо ҷавононе дар гурӯҳи Авангард ҳастед аз ин роҳи хато баргардед. Оне “Пешво” яш мегӯед ҳатман меравад ва ин ватан аз мо ва шумо ва ҳама шаҳрвандони он аст. Мо ғуломи касе нестем ва ғулом буданро ба ҳеҷ ваҷҳ намепазирем. Диктатураро маҳкум мекунам ва бар алайҳаш,то охир меистам. Ҷавононе, ки гумроҳ шудаед ва бо ин авбошон дар як саф истода бар алайҳи мардуми худ ва дар ҳимояти як диктатор ҳастед, ҳоло ҳам дер нашудааст аз ин роҳи иштибоҳ баргардед. Бо боварии комил мегӯям мо ва шуморо барои манофеи шахсии худашон истифода менамоянд ва барояшон ҳеҷ арзише надорем. Ман аз имрӯз ба саффи мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ба Паймони миллии Тоҷикистон пайвастам. Агарчи ман дар ҷаласаҳои Авангард ҳоло ҳам қарор дорам, ба нафъи муборизон кори худамро анҷом медиҳам. Бигузор мо ва шумо дар ҳама ҷаласаҳо ва ҳама ончӣ бароямон мегӯянд онҳоро шунавем ва донему огоҳ бошем. Аммо онҳоро бар алайҳи миллат ва мардуми худамон истифода накунем. Алакай мо ҳафт нафар дар дохили “Авангард” ҳастем ва ҳама ончи мегузарад ба “Ислоҳ” мефиристем, то тавонанд ҳама барномаҳои “Авангард” ро фаҳманду аз онҳо огоҳ бошанд.

Ҳоло аз худ дарак надиҳед, мисли пештар бошед вале, то он рӯзе, ки мехоҳанд моро бар зидди мардум истифода намоянд. Дақиқан он рӯз бо мардум будани худамонро  эълон мекунем. Се нафари мо аз суҳбатҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва барномаҳои ифшокориҳои шумо,ки пас аз он таҳқиқ мекунем дуруст мебароянд шефта ва пайрави шумо шудем. Падар ва бародарони мо кормандони мақомот мебошанд вале худамон мебинем,ки мегӯянд ин гапи “Ислоҳ” дар мавриди ин мақомдор дуруст аст. Инҷо мо гунаҳкор нестем ва роҳгумкарда ҳам нестем, чунки эътирофи кормандони мақомот аз амалҳои ҷинояткоронаи ҳамкорони дигарашон бароямон кофист. Ончӣ “Ислоҳ” мегӯяд падару бародаронамон онро тасдиқ мекунанд, ки чунин ҳаст. Охир онҳо ҳам мақомдорони ин ҳукуматанд. Пас ҳукумат ва мақомдорони ҳукумати “пешво” ҷинояткор будаанд. Мо чӣ гӯна аз чунин ҳукумат ҳимоят намоему барои бақои ин ҳукумат ҷонҳои худро нисор намоем. Ҳама ончӣ гуфтем аз диду бардошти мо ҷавонони “Авангард” аст. Мо дигар бо шумоем мухолифон ва шумо ҳаққеду, ҳақ бо шумост!

Ps: Ин нома аз ин ҷавонони Авангрд ба “Ислоҳ” расид ва шаш шиноснома ҳамроҳи ин нома ирсол шуда аст. Дар охир чунин навиштаанд : Мо АВАНГАРДОНи “Ислоҳ” дар дохили АВАНГАРДи ВКД ҳастем “ . Лутфан моро ба саффи худ пазиред ва мо бо ифтихор шомили ПМТ мешавем.

Сообщение Мо Авангардони “ИСЛОҲ” дар дохили Авангарди ВКД ҳастем появились сначала на ISLOH.net.