Архивы Азизмоҳ Раҳмонова - ISLOH.net

Аҳмади Иброҳим мо ву ту ҳамсангар ва ҳамҳадафем
(посухи номаи дуввум)

Салом бародар Аҳмади Иброҳим! Дар ин моҳи муборак аз Аллоҳи бузург талаб дорам, ки тамоми тооту ибодотат қабули даргоҳаш бишавад. Номаатро хондам. Гуфтам, ки посух надиҳам, чун як радду бадал кардем, кофист. Дар ин моҳи мубораки рамазон ҳеҷ кореро ҷуз ибодат ва ончӣ бар нафъи худам ва дастгири қабру тушаи охиратам бошадро тарҷеҳ намедиҳам. Аммо, ба назарам намуд, ки шояд интизорӣ посух бошӣ. Барои ҳамин туро бисёр мунтазир накунам гуфтам ва ончиро, ки ҳоло мехонӣ, бароят навиштам.

Навиштаӣ, ки бо ман дар як сангар нестӣ. Аммо ман гумон мекунам, ки мову ту дар як сангар ҳастем:

«сангари гуфтану гирифтану шунуфтани ҳарфи ҳақ. Ин сангар моро якто кардааст ва фикрам ин аст ки мову ту дар сангарҳо нестем. Дилам бисёр мехоҳад, ҳеҷ сангару ҷабҳае дар байни ману ту аслан ва абадан вуҷуд надошта бошад. Инки ману ту назарҳои мутафовит дошта бошем, ин сангарнишинӣ набояд маънидод шавад.»

Ман, барои мисол ҳеҷ гоҳ ба ин гуфтаи ту, ки мегӯӣ, «ҳар ҳукумат вобаста ба аъмоли мухолифинаш самти фаъолият муайян месозад» наметавонам розӣ бошам. Ҳамчунин мегӯӣ, ки азбас оппозитсия аз ноуҳдабароии сарвари давлат мегӯяду бо шӯронидани мардум мехоҳад ҳукуматро ба даст гирад, ҳукумат низ баҳри нобудии ин гуна мухолифин иқдом мегирад.

Ҳар ҳукумат дар чаҳорчӯби барнома ва нақшаи пешниҳод кардааш ва инки онро мардум пазируфтааст, амал мекунад, новобаста аз онки оппозитсия чӣ мегӯяд. Ҳукумат худро ба аъмоли мухолифиниаш мутобиқ ва мувофиқ намесозад. Албатта, ҳукумати ба худ муътақид ва мутмаин, агарки мухолифини сиёсиаш интиқод карду пешниҳодоти ҷолиб ироа кард, қабул мекунад. Ҳоло агар гуфтаи туро ҳам қабул кардем, фикр мекунӣ, ки ҲНИТ чи кори ғалате, қонуншикание карда буд, ки яку якбора кадом як ошӯби набударо ба пояш бастанд? Ончи ки имрӯз мухолифини сиёсӣ анҷом медиҳанд, акси садо аст, вокуниш аст, ба ончи ки ҳукумат дар ҳақи онҳо кардааст, на баракс.

Мухолифини сиёсӣ, хоҳ дар Амрико ва хоҳ дар Тоҷикистон ва ё ҳар кишваре дигар бошад, аз «ноуҳдабарори ҳукумат ва раиси он» мегӯяд, ва ин кор урфу расми низоми мардумсолор ва сохти ҷумҳурист. Ва, инро набояд шӯронидани мардум алайҳи давлат ва сарвари давлат қаламдод кард. Ҳадафи ҳама оппозитсияи сиёсӣ ин расидан ба ҳокимият аст. Ҳукумат набояд барои ин ҳадафи оппозитсия онро нобуд созад, чун оппозитсия, аз ҷумла ҳамин ҲНИТ чӯб, санг, оҳан умуман ашё нест, ки бишавад нобуд кард, бахусус ҲНИТро. Ин як назарфиребие беш нест, ки бо зиндонӣ ва фирорӣ кардани аъзои он,  ҲНИТ аз байн рафта бошад. Ҳама чиз вақт соати худро дорад. Беш аз ин дар ин маврид чизе намегӯям. Вале маҳз ҳамин интиқоду ба ҳукумат омаданҳову аз ҳукумат рафтанҳои нерӯҳои сиёсӣ сабаб ва асоси таҳкиму суботи давлат мешавад. Коре, ки ҳоло дар Тоҷикистон идома дорад, инро намешавад давлат ва сарвари давлат гуфт, чун се даҳа аст ки як нафар бо баргузории интихоботҳои ҷаълӣ худро дар қудрат нигоҳ дошта истодааст, ки ба ягон меъёри демократӣ намегунҷад. Ҳукуматҳо тавассути мардум –овоздиҳӣ табдил мешаванд ва бояд шаванд. Агар нашуданд, онҳо ҳокимиятро хонаводагӣ ва авлодӣ мекунанд. Вале натиҷаашро, масалан дар Қазоқистон дидем.

Ҳукумат баҳри нобудии мухолифин набояд амал кунад ва табиист, ки мухолифин ҳам набояд чунин андеша дар сар дошта бошад. Аммо кафшери курсӣ ҳамагуна ҳукуматҳоро осебпазир мекунад. Ҳукумат ҷовидонӣ ва абадӣ нест. Ҳукумат як вақт ҳаст, вақти дигар нест, нав мешавад, дигар мешавад. Нав нашавад вай ҳукумат нест, вай диктатура аст. «Сарвари давлат» фаришта ва малоика нест. Вай бояд интиқод шавад. Вайро набояд ба бут ва санам табдил карду парастид. Вай бояд ивазшаванда бошад, набояд то мурдан дар қудрат биистад. Як бор ба вазъи ду Корея мутаваҷҷеҳ бишавед, ки кадоме шароиту зиндагии беҳтар дорад? Сабаб дар он аст, ки дар як ҳукумат меросӣ асту дар дигаре ҳокимият ивазшаванда аст.

Ҳоло, ростӣ, намедонам, ки дар мавриди ин гуфтаҳои ту дар бораи муллоҳову домуллоҳо, аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзову эшони Нуриддинҷону дигарҳо намедонам бароят чи бигӯям. Агар рафту бо онҳо рӯбарӯ бишавам, бовар кун, барои во карлани гиреҳе, мушкиле ҳатмани ҳатман маслиҳат ва машварати онҳоро мепурсам ва қабул мекунам, чун онҳо уламоянд ва агарки роҳнамоии ғалате карданд, на танҳо барои худ ҷавоб хоҳанд дод. Ба дасти ман буд, барои онҳо минбару майдони васеътар фароҳам мекардам. Бозмегардонидам ба масоҷидашон, чун онҳо каломи раббониро ва аҳодиси набавиро ба мардум мерасонанд.

Ҳоло, ки аз ин нашрияҳои хушном: «Одаму Олам», «Рӯзи нав», «Неруи Сухан» ёдовар шудӣ, хуб кардӣ. Вале ин фикр ҳам шояд ба андеша бибарад, ки чаро онҳо дигар вуҷуд надоранд? Ва, на танҳо онҳо. Вале сабабгори аз чоп мондани онҳо кӣ аст?

Мегӯӣ, ки он мусафедон қасди табаддулот доштанд. Ман, ростӣ, дар бораи онки Ғаффор Мирзоев қасди табаддулоти давлатӣ доштааст, шунида будам. Аммо то ба имрӯз бовар надорам. Чун ин кор дар шахси нафароне, чун Ғаффор ғайриҷиддӣ ба назар мерасад, Ҳамчунин ба табаддулоти давлатии ҳоҷӣ Ҳалим ҳам бовар нахоҳам кард.

«Аммо ба он Аллоҳи бузург савганд, ки на Зубайдуллоҳи Розиқ ва на Сайфуллозода ва на ҳеҷ наҳзатии дар зиндон қасду нияти табаддулотро надоштанд. Инкор намекунам,ки мехостанду мехостему мехоҳем, ки ҳукумат, роҳбари ҳукумат нав шавад. Инро ҳамаи мардум мехоҳад. Ҳатто шумо ҳам ҳамчун як зиёӣ ва равшанфикру журналист мехоҳед дар кишвар тағйирот ва сатҳи зиндагонии мардуми кишвар тағйир ва беҳбуд ёбад. Алал ақал мехоҳед озодии сухан ва озодии ВАО дар кишвар вуҷуд дошта бошад ҳамчун як журналист.»

Аммо, бовар намо, ки агар ин муллоҳо тамоми гапҳои гуфтаи туро ҳам мегирифтанд, вазъашон беҳтар аз имрӯз намешуд, чун хаффош ҳеҷ гоҳ рушаниро таҳаммул карда наметавонад. Манзурамро, ки фаҳмидӣ.

Мегӯӣ, ки онҳо ҳокимият ва сарвари давлатро бесалоҳият мегуфтанд ва мардумро барои табдили ҳокимият даъват мекарданд. Боз ҳам мегӯям, ки дар ин кор ҳеҷ бадие ниҳуфта нест. Даъват ба табдили ҳокимияти бесалоҳият, ҳокимияте, ки дигар фақат дар фикри ҳифзи қудрат ва бақои он ва меросӣ кардани ҳукумат, хонаводаӣ кардани он аст, фақат дар фикри маҳаллу ҳаммаҳалҳои худ аст, набуданаш беҳтар нест? Масалан, шояд бигӯӣ, ки иғво меангезам, чаро ин ҳама солҳо Кулоб буду Хатлон вале ҳоло бояд Данғара вилоят ва маркази вилоят бишавад? Танҳо ба он хотир, ки «сарвари давлат» дар онҷо таваллуд шудааст?.

«Ман медонам, ки ба унвони як рӯшанфикр ин ҳамаро мебиниву азоби руҳӣ мекашӣ. Аз онки ба маҳзи пуштибонии «сарвари давлат» ҳоло афроде чун Абдуҷаббори Зардӣ болои мардуми одӣ капиталисту феодалу помешик шудааст, сахт нороҳат ҳастӣ. Вале …»

Ҳукумат оппозитсияи оштинопазирро аз қудрат дур кард мегӯӣ. Ман намефаҳмам, ки аз кадом қудрат сухан меравад? Оппозитсия чи қудрате дошт? Оппозитсия ҳам дар интихоботи парлумонии соли 2010 ва ҳам дар соли 2015 аксари курсиҳоро ба даст овард, аммо танҳо бо интишори баёнияҳое сукут кард, беш аз ин пеш нарафт. Магар оппозитсияи оштинопазир ҳамин хел аст? Мо, ҷангиву қаҳрӣ набудем. Ман мутмаинам, хуб медонӣ, ки аз саҳна рондани ҲНИТ бо чи мақсад буд? Ҳоло дигар ҳама чиз рӯшан аст. Соли номзади президентиро аз 35 ба 30 овардан ва ҳоло нафари дуввум таъин кардан-ҳамин буд ҳадафи ин ҷиноят.

Соли 2013 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир шуд. На Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва на Муҳиддин Кабирӣ, ин ду устоди илму сиёсат, ки ҳазорон-ҳазор тарафдор доштанд, номзад нашуданд ва ҲНИТ Ойниҳол Бобоназароваро номазди худ муаррифӣ кард.

Ҳарду ҳам не гуфтанд. На ба хотири онки имкон ва тавону ҷойгоҳ надоштанд. На ба хотири онки пуштибонии мардумӣ, иқтидори иҷтимоӣ надоштанд. На. Чун қабули як намояндаи исломӣ барои давру бари кишвар душвор буд, ин корро накарданд. Вале ҳадаф ин буд, ки аз юғи султаи як нафар, ки дигар ба як Диктатор ва Фиръавн табал шуда буд, миллат ва давлатро наҷот диҳанд. Ростӣ, чизе нафаҳмидам.

Хуб, бигзор гуфти ту. Онҳо хато карданд. Пас, бояд посухи ин хатокории онҳо ҳокимитяро ба дасти хешу табор супоридан аст? Ин чи рабт дорад? Ҳеҷ дилам намехоҳад бигӯям, ба як нафаре, ки ҷурму ҷинояташ ошкор аст адвокат шудан маъно надорад. Хешу табори президент на танҳо соҳиби қудрат, соҳиби бонкҳо, соҳиби роҳҳо, соҳиби заминҳо, соҳиби корхонаҳо, соҳиби тиҷоратҳоанд. Ин ки онҳоро ба қудрат овардааст, барои он аст ки онҳо дар зери сояи давлати Ҷанобашон дуздӣ кунанду бой шаванд. Магар ғайри ин аст?

Бародари азиз, Аҳмади Иброҳим! Хуб медонӣ, ки Раҳмонов дар чи шароите омад ва ӯро киҳо сари қудрат оварданд. Хоҳиш мекунам, лутфан, бародари арҷманд, ки бо камоли адабу инсоф мубоҳаса дорем, хеле ботамкин бошу гули онҳое, ки ӯро «давлатмеҳвару давлатсоз» мегуянд, нахур. Раҳмонов кӣ буд, чи гуна омад, ҳоло чи кор карда истодааст, чаро аз қудрат намеравад, қудратро чи тавр ба манбаи тиҷорат ва бойшавӣ табдил кардааст, дар ин бораҳо низ як раҳ биандеш. Ман хоҳиш мекунам, тамоми эҳсоси маҳаллиамон дар ин сӯҳбатҳо бояд кушта бишавад.

«Мегӯӣ, ки мо ориёҳо қонун қабул кунему мӯсафедонро аз зиндон раҳо созем ва ин пешниҳодро ба Рустами Эмомалӣ мерасонӣ. Аммо аз онки гапатро дар мавриди апаи Азизмоҳ нагирифтам дар хиҷолативу намедонӣ, ки чи гуна ин пешниҳодро ба Рустам бирасонӣ. Ва дар ин ҳол чи гуна Рустами Эмомалӣ пешниҳод дар мавриди маҳдудияти синну сол барои маҳбусонро қабул кунад?»

Аввало бояд бигӯям, ки барои як ҷинояткор сину сол набояд имтиёз бошад. Вақте мо, мӯсафед гуфтем, ба он хотир буд, ки он мӯсафедон кадом ҷинояте содир накардаанд ва бо туҳмат дар зиндонанд.

«Аммо агар як мӯсафед, тарконад, таҷовуз кунад, кушад, вай бояд зиндон бишавад. Чуноне ҳамин Муйсафеди 70 сола Эмомалӣ Раҳмонов карда истодааст. Ҷиноятҳои ин муйсафедро аслан намешавад тавҷеҳ карду ӯро бар замми ин ҷиноятҳояш бахшид.»

Дуввуман инки мешавад бигӯӣ, ки то ҳоло кадом пешниҳоду дархости журналистеро нафаре, ки мухотаб қарор додагят ва ё падари вай пазируфт? Хеле хушбоварӣ. Фикр мекунӣ, ки Рустам дар қиссаи мову ту аст? Мегӯяд, ки Аҳмади Иброҳим ҳамин гуна пешниҳод додааст, як дида бароед? Онҳо дар дунёи дигар зиндагӣ доранд. Ҳамроҳи шумо, албатта дар ватан ҳастанд. Вале сайёраашон комилан дигар аст.

Ва, саввуман, Рустам неву нафари дигар ҷойи вай раиси Маҷлиси Миллӣ мешаваду пешниҳоди туро имсол неву баъди як сол ё ду соли дигар шояд қабул мекунад. Ё ту ҳам дигар бовар дорӣ, ки Раҳмонову Рустаму Озодаву …. ва ҳоказоҳо дигар модомулумранд? Ва, андешаат чунин аст ки мо-тамоми Тоҷикистон, ё хуб ними ними ними он, агар чизе бихоҳем аз ҳукумат он бояд ба Рустами Эмомалӣ мувофиқ ва писанд бошад?

«Ин ҳукумати имрӯза ҳеҷ гоҳ аз оппозитсияаш на шакл гирифтаасту на чизе дигар. Ин ҳукумат, як гурӯҳи муташаккили бархоста аз як хонавода ва як авлод аст, ки боқии мамлакат ва мардуми онро ба ним ҷав намегирад.»

Вале ба ҳар сурат ин хуб аст, ки амниятиҳо ба суроғи нашрияат меоянд ва маҳз ҳамон шумораеро пурсидаанд, ки ба ман мактубатро чоп кардаӣ.

Ман, дар охир бори дигар мехоҳам бигӯям,ки мову ту иншоаллоҳ дар сангари ягона ҳастем ва Худои ману ту ҳам якесту миллату ватанамон ҳам як аст. Пас мо ва ту хостори беҳбудии вазъи ватан ва мардуму миллатамон ҳастем.

Дар охир инро меафзоям ва боварат мекунонам,ки мо ву ту дар як сангарем. Дидед,ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро мақомоти шавҳари апаи Азизмоҳ шаш сол маҳкум ба зиндон карданд. Акнун фаҳмидед, ки барои шавҳари апаи Азизмоҳ на рамазон арзиш доштааст ва на модар будан? Акнун фаҳмидед,ки ҳеҷ пешниҳоди мани мухолиф ва туи дар дохил буда барои ин режим арзиш надоштааст . Дигар пазиред, ки на танҳо ману ту балке ҳама миллат ва мардум дар як сангарему шавҳари апаи Азизмоҳ бо мақомоташ дар як сангари муқобили мо ва шумо. Ин ҳақиқати талхест,ки ногузиред онро пазиред ва бигуед бале воқеан чунин аст!

Сообщение Аҳмади Иброҳим мо ву ту ҳамсангар ва ҳамҳадафем появились сначала на ISLOH.net.

Ҷавоб ба «Мактуби кушод ба Муҳаммадиқболи Садриддин»- и Аҳмади Иброҳим,сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк»
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ Аҳмади Иброҳими гиромӣ!

Номаи бози шумо, бародари гиромӣ, ба дасти ман расид ва бо камоли майл қироат кардам.Сипоси фаровон,ки дар оғози он аз падари худобиёмурзи банда ёдоварӣ ва аз меҳру муҳаббати бепоёни ӯ нисбати ман-писари калониаш,зикри алоҳида кардаед. Бидуни шак ин як ҷавоби муҳкам ва мудаллал барои онҳоест,ки дар муносибати ман бо падарам ин ҳама муддат хилофи ин ҳарфҳоро мегуфтанд.Воқеан ҳам ту ҷасорат ва матонат нишон додӣ, дар ҳоле ки падарам ва маро террористу экстремист меҳисобанду менависанд,бо чунин лаҳн сифат ва муаррифӣ мекунӣ.Дар зери ин нома танҳо амсоли худат инсонҳо,ки бо дину бо имонанд,имзо мегузоранду менависанд.Дар бораи бегуноҳии модари Абдураҳмон 09 ҳам касе дар ватан бо чунин шеваву баён чизе нанавиштааст,ки худат навиштӣ.Аллоҳи бузург ҳифзу ҳимоятат кунад.

Дар ҳақиқат модари Абдураҳмони 09 ин зани мазлума аслан намедонад,ки барои чӣ дастгир шудааст. Вай аслан намефаҳмад, ки бо писараш сӯҳбат кардан имрӯз ҷиноят ҳисобида мешавад.Ва, дуруст ҳам мегӯед,ки бад-ин минвол метавонанд ними миллатро ҷинояткор бишмаранд.Чун ин моддаи 307 ҳамин гуна шароит ва имкониятро фароҳам кардааст. Аммо, инро бигӯям, ки ин модда ихтироъу истеҳсоли депутатҳои «донишманд»-и мо нест.Ман ҳам дар бораи моддаи 307 ва қисмҳои зиду нақизи он, на як бору ду бор,хеле бисёр навиштааму дар барномаҳои пахши мустақим низ гуфтаам. Даҳҳову садҳову ҳазорҳо мутааъассифона бо ин модда хонасолоту абгору афгор шуданду ҳамин ҳоло ҳам ва дар гушаҳои зиндонанд,ҷон мекананд, аз ҳалқуми онҳо хун мечакад, дуои бади онҳо ба фалак дака мезанад. Вале аз тарафи дигар ин модда даҳҳову садҳо муфаттишу оперҳоро таги пул монд.Доляи ин модда то Прокурори генералӣ, то Суди олӣ рафтаасту меравад. На танҳо наҳзатиҳо, мардони ғайриҳизбиеро медонам, ки 100.000 доллар доданд,танҳо барои онки 307 ба 347 (недонесение) табдил шавад. Ҳоло тибқи маълумоти охир нархи он то 60 -80 ҳазор сомонӣ поин шудааст. Агар боздоштат карданду гуфтанд 307-и “посредник” меояду ин нархро мегӯяд ва хостӣ,ки “турма” нашавӣ бояд бипардозӣ.Дар ғайри он меравиву “мешинӣ”. Аммо,ин моддаи 307 аз депутатҳо нест. Инро шумо ҳам медонеду ман ҳам. Ва, инро тан мегирам,ки дар бораи ин модда ҳамин қадар гуфтанро ҳам дар дохил касе ҷуръат намекунад.Бори дигар аҳсан ба ҷуръати шумо!

«Аммо ман метавонам бо сароҳат ва бо овози баланд бигӯям, ки муаллифи ин модда ҳам нафаре ҳаст,ки дар навиштаи худат «сарвари давлат» унвон шудаасту шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои Тоҷикистон Пешвои муаззам меномандаш.То ҳамин нафар имзо накунад,ҳеҷ қонуне дар мақоми қонун қарор намегирад ва татбиқ намешавад.»

Дар идома ишорае кардаед, ки «қаблан… модари касеро ба маҳкама накашиданд».Қаблан хеле аз корҳое, ки имрӯзҳо доранд иҷро мекунанаду анҷом медиҳанд,аслан набуд ва дар гӯшаи хиёли касе ҳам намеомад,ки ҳамин тавр мешавад.  Ман, инҷо метавонам миллионҳо мисол оварам, аммо танҳо бо овардани як мисол-таъйини Рухшонаи Эмомалӣ, духтари ҳамин Азизмоҳ ба мақоми сафирӣ иктифо мекунам.Даст рӯи сина бигзору холисанлиллоҳ тафаккур кун, ки чанд соли пеш-қаблан, ба ҳамин тавр шуданаш бовар мекардӣ? Худи Азизмоҳ чӣ? Фикру хиёл дошт,ки бачаву набераҳояш, духтарҳову домодҳояш, додарҳову додарзодаву хоҳару хоҳарзодаҳояш,набераҳояш, қудоҳояш хуллас, лашкари ақрабову бастагони беохираш дар ҳамин гуна шарту шароит зиндагӣ мекарданд? Фикр мекунӣ, ки Азизмоҳ аз онки Ҳасан Асадуллозодаи бародари Азизмоҳ бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷандро кашида гирифт бехабар монд? Моҷарои бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритуз ва “номард бошаму зинда бошам”-гӯии Муҳибулло ба гӯши Азизмоҳ нарасид? Аз дасти Абдуллоева бозори Шаҳритузро Муҳиб задаву кашида гирифт, милисаборону прокурорбарону судбозӣ кардани Муҳиб барои ин бозор, магар бидуни пуштибонии Азизмоҳу шавҳари Азизмоҳ сурат гирифт? Ва, агар Азизмоҳ зани Президент набуд, Муҳиб метавонист як чунин рафтори золимона анҷом диҳад?

«Мегӯӣ, ки ман унвонии ҳамсари президенти кишвар суханони пасту баланд гуфтаму инҳо ёд гирифтанд. Чун, мукаррар гуфтӣ, ки на аз амният ва на аз милиса дастур нагирифтаӣ, ки ин мактубро бинвисӣ, бовар кардам. Аммо вақте ҳамин гуна иттиҳоми бепояву асос дар ҳаққи ман мезанӣ, дар тааҷҷуб мешавам. Ончӣ, то имрӯз нисбати ман гуфтанду бо паёмак силкаи ютуби филми мазҳакавии «хиёнат»ро ба телефонҳо ирсол кардаро надидед? Он ҳама наворҳои фаҳшро нисбати занону модарон бо номи филми «Нури наҳзат» нашр намударо надидед? Пас, ки шурӯъ кардро фаҳмидед.»

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки бахшида ба Рӯзи модар як матлаб чоп карда ва аз азобу уқубати чанде аз модарон, аз ҷумла модари Гулбиддин Зиёбеков, Иззат Амон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, Раҷабалӣ Одинаев ва чанд нафари дигар навишта будам.Зану духтарони Сангак Сафаров ҳам дар он навишта зикр шуда буданд, ки бо чи рӯзу рӯзгоре мубтало шудаанд. Онҳо, баъзеашон ба ҳамин Азизмоҳу Озода ҳам рӯи ниёз оварданд. Аммо ҳайҳот,аз санг садо баромаду аз Азизмоҳу аз Озода не.

Мегӯӣ, ки Азизмоҳ чи гуноҳ дорад? Яке, яке тазаккур намедиҳам, чун даҳҳо муҷаллад мешавад. Азизмоҳ, онгуна ки тасвиру тавсифаш кардаӣ, газетахон аст ва ҳатто газетаи вилоятиро ҳам кофта ёфта мутолиа мекунад. Агар чунин нафар аст, бахусус, ки «Пайк»-ро мутолиа мекунад, аз ҳама осору асрори давру бараш, Президенти кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ, Роҳбари Дастгоҳи Иҷроия ва ҳатмани ҳатман аз кору рафтори Ҳасан Асадуллозодаву ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Амону ҳоҷӣ Раҳматуллову ….даҳҳои дигараш хабар дорад. Чаро як раҳ ба онҳо намегӯяд, ки шумо чи кор карда истодаед? Дуздиву тозии халқу давлатро то ба кай идома медиҳед? Охир ин ҳама амалҳои шумо сӯйи истифода аз мақому мансаби шавҳарам Эмомалӣ Раҳмонов аст. Шумо номи шавҳарам ва манро бад мекунед.

Чаро Азизмоҳ, ки газетахон бошад рафта аз болои инҳо ба мақомоти танобкаш шикоят намекунад, ки ҳамаро тохтанду бурданду шикастанду рехтанд.

Мегӯӣ, ки ба касе вазифа надодааст, ба сиёсат кор надорад. Аммо,бовар кун, (накунӣ ҳам ихтиёрат) марҳума Узбакбии модари Азизмоҳро дар Чапаев «отдел кадр» мегуфтанд,чи расад ба худи Азизмоҳ. Апаи Азизмоҳ феълан риёсати як ҷиноҳи бузурги ҳукуматро идора мекунад. Онҳо аз худи Раҳмонов дида бештар мутеи амру иродаи Азизмоҳ ҳастанд. Агар водор кардӣ, дар оянда аз ному насаби онҳо ҳам тазаккур хоҳам кард.

Ман ҳеҷ гоҳ болои ҳеҷ касе зулм накардаам.Ин ман,модари ман,хоҳарони ман ва модару хоҳарони даҳҳо мисли ман муборизони роҳи озодиву адолату ҳақиқат астем,ки таҳти зулму ситам қарор дорем. Мо,дар ҳақиқат мазлумем,чун дар ҳақи мо ситам шудааст,ҷабр шудааст.Дар ин як умри кутоҳи худ барои бори дуввум ночор шудаам,ки ватану кошонаи худро раҳо кунам. Магар зулм аз ин бештар мешавад? Мо,барои зинда мондан гурехтем. Мефаҳмед? Масалан модари 68 солаи ман ,ки танҳо ба хотири ин ки модари ман аст аз дасти мақомоти шавҳари апаи Азизмоҳ дар фирору дар ғурбат ва феълан бистарии бемористон аст. Танҳо аз оилаи мо 74 нафар дар дори ҳиҷратем. Ин ҳама чӣ гуноҳ доштанд?

«Медонистед, ки дар соли 2017 вақте модарамро ба идораи КДАМ-и Қурғонтеппа бурданд ва аз назди модарам ба ман занг заданду гуфтанд,ки ин занро мешиносед? Гуфтам бале, модарам аст.Гуфт агар хоҳӣ ин модар оромона зиндагонӣ кунад,набояд шумо бар алайҳи пешвои миллат ва режими ӯ чизе гӯед.Ман гуфтам ва аз ин роҳам дастбардор нестам. Медонед корманди амният чӣ гуфт ? Гуфт:  “хай гап нест, яке шунидӣ, ки дар “несчастнйы случай” як мошин зад модарта ё бародарота бдон ,ки барои корҳои ту ва зидди пешвои миллат баромадот ин корҳо шуданд” Акнун Аҳмади гиромӣ фаҳмидед,ки мо чи дарду ранҷу азоб дорему дидаем.(Бовар кунед,баъзе аз таҳдидҳое ҳам шуданд,ки наметавонам ба забон оварам).»

Барои тарспароканиву ваҳшатафканиву ҳаросангезӣ дар қалбу руҳи афроди мубориз,барои онки онҳоро аз масир мунҳариф созанд, ба чӣ ҷиноятҳое даст мезананд.Ҳоло,агар  ман ва аъзои оилаи мо онҷо будем, дар канори дигар бародарони зиндонӣ ва шояд на кам аз 25 сол ҳукм мегирифтем.Аммо,ман аз мубориза даст кашида наметавонам,чун фардо дар ҷойгоҳе истод хоҳам шуд ва ҷавоб пас хоҳам дод,ки ин ҳама дунё ба як ҷав арзиш нахоҳад дошт.

Фикр мекунӣ, ки Зайд Сайид барои чи гуноҳе зиндонӣ шуд? Зайде, ки ҳатто пули устои балкони домоди Раҳмоновро мепардохт,чи расад ба кумаку хайраш ба афроди мубталои балошуда? Ин тарафи масъаларо ҳам бинавис, ки агар дар бораи Азизмоҳ сахту дурушт гуфтам, ин вокуниш ба аъмолу кору кирдори ӯ ва шавҳари ӯ ва фарзандони ӯ ва аҳлу авлоди ӯст, ки шароити зисту зиндагӣ дар ватанро барои ҳама гирифтааст.

«Шояд бовар надорӣ, агар бигӯям модару хоҳару зану духтари даҳҳову садҳо нафар аз амсоли манро пайваста ба шӯъбаҳои дохиливу амният даъват карда чи ҳақорату дашному таҳқирҳое намекунанд. Зану духтари Раҳматуллои Раҷаб чи гуноҳ доранд? Зану фарзандони Муҳаммадалии Ҳайит чи гуноҳ доранд? Хоҳарони ман чи гуноҳ доранд? Ҳар гоҳе бихоҳанд даъват мекунанд,таҳқиру дашном медиҳанд.»

Ман бисёр мехоҳам, ки Шумо, бародари шуҷоъу соҳибқалам як мактуб ба унвони шавҳари Азизмоҳ ҳам бинависед ва ба ӯ бигӯед, ки чаро як бахше аз миллат бо чунин ҳоли зоре зиндагӣ дорад. Ва, метавонед мактубро ба номи худи Азизмоҳ ҳам бинависед, чунки ӯ газетахон будааст.

«Ба Аллоҳи бузург қасам, Олмону Фаронсаву Ҳоланду Амрико, ки чи, ҷазираҳои Канарро ба як порча хоки пушти ҳотаи падарам баробар намекунам. Оё як бор фикр мекунӣ, ки чаро ман дар ватанам набошам? Шабе нест, ки дилу ҷигари ман ба ёди ватан, ба ёди афроде мисли худат обу резаву хурд нашавад.»

Мегӯӣ, ки «ман туро журналист гуфта чизе муқобилат нанавиштам». Ин қадар навиштанду навиштанд, ки ҳанӯзам ҳам дилашон хунук нашуд. Боке не, агар бинависӣ. Вале, ман дар ҳамин мусофират журналист шудам, дар ҳамин ғарибӣ. Ман пеш аз ғурбати ночорӣ ҳам менавиштам, чоп мекардам, аммо маводди журналистӣ набуданд. Ҳама ончи менавиштам корҳои илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ  буданду онҳое аҳли китобу илм буданд, таълифот ва тарҷумаҳои моро хонданд. Имрӯз аз рӯи иҷбор аст, ки матлабу мақолаи журналистӣ менависам. Нагузоштанд, ки кори худамро давом диҳам. Ҳамоне, ки мегӯӣ падарам аз ман-Муҳаммадиқболи Садриддин ифтихор дошт, барои интишори кутуби маорифи исломӣ ва илмию таърихӣ ва роҳи ӯро пешгирифтанам буд. Коре, масулияте, ки доштам онро иҷро мекардам.

«Як киноя ҳам кардаӣ, ки «тарк карда намеравем».Тарк карда рафтанӣ ман, бо ихтиёри худи ман сурат нагирифтааст. Ва, инро ҳам бигӯям, ки то «ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим» маро водор ба тарки ватан карданд, ки ин қиссаи дигар асту инҷо ҷояш ҳам нест, ки ҳикояташ кунам. Аммо, хуш ба ҳоли худат,ки дар ватан нафас мекашӣ.Ҳамон «бобои ҳоҷӣ», ки зикри хайраш кардӣ, чи зарурат дошт,ки тарки ватан кунад, агарки зӯраш намеомад?Руҳи озоду озодихоҳи вай зиллат ва занҷирро напазируфт,ҷисми маризашро кашолкашол кашид ба ғурбат….»

Бале, бародари азиз, апаи Азизмоҳ гунаҳкор аст. Боядам ба бародаронаш, ба шавҳараш, ба писару духтаронаш бигӯяд, ки бас аст.Сӣ сол бас нест? Сӣ соле, ки фақат ҷабр асту зулм аст. Ин чи ҷои дар тасаввур нагунҷидан аст, агар Азизмоҳ ба Ҳасан бигӯяд, ки кай сер мешавӣ? Ин ҳам дар ҳоле, ки худат таъкид мекунӣ, ки «апаи Азизмоҳ саводи хуб дорад, баъзе аз вазирони маориф ба андозаи ӯ савод надоранд…ҳар мансабро соҳиб шуда метавонад».

Дар ҳақиқат дуруст мегӯӣ, ки Азизмоҳ бихоҳад ҳар мансабро мегирад. Ман ба ин гуфтаат ҳам бовар мекунам. Заррае ҳам шубҳа надорам. Вале инки мегӯӣ вазирони маориф чени вай савод надоранд,дар ин бора чизе гуфта наметавонам,чун он қадар ки ту мешиносӣ, намешиносам. Вале, агар ки чунин хушсавод аст, боз ҳам ин масъалаҳо рӯ мезанад,ки саводашро дар ҷое дигар,барои манфиати худу хонаводаву аҳли авлодаш истифода карда истодааст,на дар роҳи дуруст, барои миллат ва мардум. Вагарна сӣ сол бас аст. Тамоман бас аст. Азизмоҳ бояд бигӯяд, ки мо аз ҳад гузаронидем. Аммо намегӯяд, ин зани босавод, балки Рустамро омода карда истодааст.Ҳам ман, ҳам ту, ҳам ҳамаи мардум ва миллат ва халқро ба пули пучак намегирад, одам намеҳисобад. Барои вай ҳам фарқ надорад, ки чи қадар занҳову модарҳо дар дори ғурбатанд, чашм ба роҳи азизони дар зиндонҳои Раҳмонованд, гирифтори ҳамон моддаи 307анд? Имкон надорад, ки муштарӣ ва хонандаи «Пайк»-хон ва он ҳам шумора бар шумора аз ин ҳама ҳолу ҳаво бехабар бошад.

Бародари азиз,агар матолиби «Ислоҳ»-ро хонда бошӣ, дар яке аз онҳо гуфта будам, ки чаро зану бачаҳои устоди равоншод Нурӣ боз ҳам гуреза шаванду бачаи Раҳмон президент? Инро аз ту ҳам мехоҳам, ки чаро бояд чунин шавад?

Апаи Азизмоҳ бояд бихонанд ва аз авзоъи кишвар,аз кору бори (биё дигар ном нагирам) онҳо огоҳ бошанд.Чун авзоъро беш аз пеш садамавӣ карда истодаанд.Аммо медонед апаи Азизмоҳ барои чӣ газета мехонанду “Ислоҳ” тамошо мекунанд? Чунки он кас дигар ба дурӯғҳои СС ва КДАМ, ки ҳамеша ҳисоботи бардурӯғ медиҳанд, бовар надорад.

» Барои он ба апаи Азизмоҳ ҳамеша муроҷиат мекунем ва мухотаб қарораш додаем,ки ҳамроҳи доимиву якумрии Раҳмонов –ин диктатор, ин фиръавни золим аст. Барои он ба вай муроҷиат кардему мекунем, ки ӯро сари ақл оварад,ба раҳму шафқати инсонӣ даъват кунад,танҳо худашу домодҳову духтарҳову бачаҳову дигару дигаронашро набинад,ҳамаро бинад.»

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд,ки як духтари навраси мактабхон аз мактаби №49 и собиқ ва ҳозира №15 и Истиқлоли Колхозобод ,ки бар асари «маршировка» мурд. Маршировка барои кӣ? Магар инро Азизмоҳ аз «Пайк» намехонад? Агар ки мехонад, бо Раҳмонов сари як суфра мешинад, дар як болин сар мемонад, як раҳ намегӯяд, ки «э,мардак,ту чи корҳо карда истодаӣ?»

Дар охир мехоҳам барои худат бори дигар изҳори сипос кунам, ки хеле ҳам мақолаи таъсирбахш навиштаву чоп кардӣ.

Ман ба апаи Азизмоҳ намерасам, агарки ҳоло бархезаду арзу доди модари Иззат Амонро бипурсад, Шоҳида Мамадҷоноваи модари Абдураҳмони 09-ро озод кунад. Ва,боз ба шавҳараш бигӯяд, ки зиндониҳои бегуноҳро озод созад. Мӯсафеди дар остонаи 80- Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода ва ё Зайд Сайидеро, ки барои ҳазорон нафар ҷойи кору маош таҳияву муҳайё карда буд ва амсоли онҳоро раҳо кунад.То дар канори оилаашон, дар паҳлуи зану фарзандонашон бошанд, мисли Раҳмонов, ки дар паҳлуи апаи Азизмоҳ аст. Аз зулму азияти зану модару хоҳари муборизону озодандешон даст бардорад.Чуноне мегӯянд ҷазо аз ҷинси амал аст. Агар хоҳони ислоҳот ва таҳаввулоти тоза бошанд,пас лаҷоми духтару домод ва писару бародаронашро кашад.То танҳо мақомдорони кишвар мухотаби мо бошанд на ӯ!

Ва, ниҳоятан. Дастат дард накунад, Аҳмади Иброҳим. Умедворам, ки туро барои «суҳбат» даъват намекунанд, ғамат намедиҳанд, чун худат сӯҳбатҳое кардӣ, ки ҳатто дар инҷо, баъзе аз онҳое, ки мақоми паноҳандагӣ гирифтаанд, ҷуръат надоранд, ки бигӯянд.

Сообщение Ҷавоб ба «Мактуби кушод ба Муҳаммадиқболи Садриддин»- и Аҳмади Иброҳим,сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк» появились сначала на ISLOH.net.

Табрикот ба Ледии №1 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан
Муҳтарама Азизмоҳ Асадуллоевна Саъдуллоева,  Ледии № 1-и Тоҷикистон, шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан табрик мегӯям!

Шумо, ки завҷаи Пешвои миллат ҳастед (мо пешвоии ӯро қабул надорем) табрикоти зиёд дар ин рӯз дарёфт мекунед. Чунки шумо на танҳо ҳамсари Президент, ҳамчунин модари шахси дуввуми Тоҷикистон-Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳри Душанбе, модари шахси саввуми Тоҷикистон –Озодаи Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент ва момаву апаву хоҳару хушдоману холаву аммаву янгаву андаи як галаву тудаи дигар калони мансабдорону тоҷирону пулдорҳои калони калон ҳастед, ки номи ҳамаи онҳоро дар инҷо маҷоли зикр кардан надорам, ва имрӯзро дар муҳити базму тараб сипарӣ мекунед. Даста-даста,бандча — бандча тӯҳфаҳоро қабул хоҳед кард.

Шояд худи шавҳаратон барои шумо дар ин лаҳзаҳои идона дар тавақи калон қурутов омода кунад,шояд аз рӯи ресепти момаи раҳматии Майрам, тезоваву биринҷоваи бо олича ҳам пазад. Хуш ба ҳолатон. Кайф, кайфи шумо!

«Ман,намедонам,ки шахсан худи Шумо наворҳо ва навиштаҳои “Ислоҳ.нет”-ро тамошо ва мутолиа мекунед ё не? Дар гумон аст, ки мутолиа кунед, вале бинобар хабарҳое,ки гаҳ-гоҳе меояд, Шумо ҳам аз “болелшик”-ҳои мо шудаед. Ва навору барномаҳои видеоии моро, бавижа дар бораи духтарҳову домодҳо ва худи Эмомалӣ Раҳмоновро тамошо мекардаед.»

Вале ин бор тавсия медиҳам, ки ҷиддӣ тамошо кунед. Чунки ин навбат махсус барои шумо барнома таҳия ва тақдим кардам. Қаҳрамону мухотаби ин барномаи ман шумоед. Барои духтарҳову домодҳоятон барномаҳо таҳия карда хоҳиш ва илтимос намудам, ки аз корҳои бад даст бардоранд,ба чор тарафашон нигоҳ кунанду халқи камбағалро ҳам дар хотир дошта бошанд,отаашонро гӯянд, ки бас будагист, ки ин ҳама сол хӯрдему чаридему ғелидем, не, ба назарам нарасониданд.

Акнун ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии зан ба шумо муроҷиат карда баъзе гапҳоямро мегӯям. Ҳамин бегоҳ, баъди хонаро холӣ кардан, “ташкилӣ”-ро тамом кардан ва рӯи дивани нарм паҳлу дар паҳлу дароз кашидан ҳатмани ҳатман бирасонед. Боз баҳона наоваред, ки “пирхар, маст буд”. Маст асту сияҳмаст аст, фарқе надорад, бигӯед!

Аввалин чизе,ки мехоҳам барояш бирасонед ин аст, ки дер шуда бошад ҳам бас кунад,истеъфо диҳад. Зеро худи шумо сад дар сад медонед, ки дигар тамом шудагӣ аст. Коре аз дасташ сохта нест.

Гапи ӯро на Рустам гирифта истодаасту на Сомон, Озодаву Таҳминаву Зарина тамоман “признават” накарда истодаанд. Ин ҳамаро Шумо шоҳид ҳастед. Гӯед, ки акнун давраи пирӣ расид, аз ҳеч чи камбуд надорем, пуламон бисёр, гову моламон бешумор, баргардем равем Данғара, қатори мардуми худамон масҷид рафтан даркор, Худову Расул гуфтан даркор, намозҳоро минбаъд хондан даркор, тавба кардан даркор. Ин қадар нафсро сар додан ҳам айб аст. Ҳама айб карда истодааст, ки Эмомалӣ сер намешавад. Гӯед, ки барои ду соламон захира дорем, барои миллион соламон гӯед ҳам, касе нотуғрӣ гуфтӣ, намегӯяд, баъзе ҳатто нони хурдан надоранд. Чунки захираеро, ки шумоҳо доред, Қорун натавониста буд ҷамъ кунад:

Боингҳои қаторак, Бонкҳои қаторак, заминҳои қаторак, галаву рамаи қаторак, мошинҳои қаторак, заводу фабрикаҳои қаторак, бензозаправкаҳои қаторак, суратҳисобҳои оффшории қаторак. Дар Чин нимҷазира ва чандин корхона ва ҳатто дар Полша садҳо гектар замини боғи себ. Ҳамаи инро кай мехуред? Аз Анӯшервону Эмомалии хурд ҳам зиёдатӣ мекунанд.

«Бори дигар бароятон таъкид мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмон дигар кишварро идора карда натавониста истодааст. Кадом рӯз ягон балои бадро ба сари кишвар ва мардум меоварад. Чунки дар Тоҷикистон давлат нест, вуҷуд надорад. Инҷо чандин бонди мофиёие амал мекунанд, ки  бо истифода аз номи давлат ва бо истифода аз қудрат мардум ва сарвати миллатро тохтутоз ва тарака карда истодааст. Тоҷикистон дигар барои онҳо камӣ мекунад. Норасоии манобеи сарвату тиллову доллар имкон дорад боиси сар задани ҳар гуна нооромиҳо шавад. Онҳое, ки то ҳоло ҳисса ва саҳмҳои бузургро дар ихтиёр доранд (духтарҳову домодҳо,қудоҳову андаҳо) ба ҳич ҳолат омода нестанд, ки тақсим кунанд. Баракс, роҳу василаҳое ҷуста истодаанд, ки манбаъ ва сарчашмаҳои нави даромади муфт ба даст оваранд. Аммо насли нав шурӯъ аз Рустаму Сомону Исмоил ба ин ҳолат тан дарнахоҳанд дод. «

Иқтисодиёти кишвар, тиҷорати кишвар, сарватҳои зеризаминии кишвар, ҳамагӣ забту тасарруф шудааст. Шумо хуб медонед, ки чаро онҳо ба ин андоза дилпурона талаву тороҷ мекунанд? Ба ин андоза ва нотарсона пора мегиранд, бойигарӣ ҷамъ мекунанд. Як нафар дар як шӯъбачаи милиса ҳамагӣ ду сол кор кард ва аз бадрафториву бадгаштиву бадзабонии ӯ дар шабакаҳои интернетӣ тасвирҳо ва наворҳо дарҷ шуд.Танҳо гове, ки ҷамъ карду бо КаМАЗ Фархор фиристод 70 сар будааст. Медонед чаро чунин шуд? Зеро барои ҳамаи ин корҳо Эмомалӣ Раҳмонов, шавҳари шумо мусоидат кард. Дар тамоми ноҳияҳои мамлакат сардори милиса, сардори амният, додситон, коррупсия ва суд ҳатмани ҳатман аз ҳаммаҳали  шавҳари Шумо. Боқии мардуми Тоҷикистон мардуми ин мамлакат нест?

«Албатта дар хотир доред, ки вақте Шаҳбоз (дӯсти Озода)-ро аз толор берун кард, чи гуфт: “Шумо кӣ будеду чӣ шудед?” Ба масъулони погондор ин таънаро зад, ки ин вазифаҳоро бароятон ман додаам ва ин ман ҳастам, ки сабаб шудам, шумо бой шавед. Пештар камбағал ва қашшоқ будед.»

Ман гуфтаниам, ки ҳамин саволҳоро шумо ба шавҳаратон диҳед ва шавҳаратонро бигӯед, ки чавоби онро ба Шумо диҳад. Дар ин 29 сол аз куҷо ба куҷоҳо расидед? Хонаи Данғараатон куҷосту ин қасре, ки ҳоло дар он зиндагӣ доред, чи хона аст?

Домодҳоро бигӯ, духтарҳоро бигӯ, додарҳоро бигӯ. Карру фарро бину дову дастгаҳро бубин!

«Озодаву Таҳминаву Зарина. Ин се аз Рустам тамоман фарқ надоранд. Ҳар рӯз нав ба нав. Ранги дастпӯш иваз мекунанд. Намедонам  рост мегӯянд ё не, ба қавле ҳар коре, ки мардҳоятон мекардааст, шумо занҳо баракси онро мекардаед.»

Ман зид нестам, ҳеҷ кас зид нест, ки шумоҳо ҳам бизнес кунеду пул ёбеду ободӣ кунед. Аммо бизнесҳои домоду духтарҳоятонро як бор намебинед, ки аз куҷо аст?

Роҳи мардумро гирифта пулакӣ кардаасту бой шудааст!

Ҳамин бизнес?

Шираи камолро, ки камбағалҳо сабаби ризқ карда буданд, кашида гирифтаасту бой шудааст. Номеру прававу техосмотрро гирифтаанду бизнес кардаанд. Ингуна мисолҳоро метавон беохир давом дод. Ҳоло ҳар кадоме аз домодҳову духтарҳои Шумо мултимиллионеранд.

Вале бо вуҷуди ин ҳама ягон бор закоти мол додаед?Аслан медонед, ки закоти мол чист?Закоти мол, ки намедиҳед, молу пулу сарвату  рамаи гуспанду галаи аспу хуллас, ҳама чизи ҳароми бо дуздӣ ба даст овардаатон ҳароми андар ҳаром аст. Ҳатто аз гӯшти хук ҳам ҳаром. Наход одам ин қадар ва масхусан шумо Хонуми аввал, ки наздики чил соли ҳаётатонро дар деҳа, дар иҳотаи гову гусфанду бузу дарзаву коҳу ему ширу ҷурғот гузаронида будед, камбағал ҳам будед то ин ҳад носерам шуда бошед?

«Соли гузашта кӯмакҳои хориҷиҳоро домоду духтарҳо ва Рустаму рафиқонаш дуздида аз номи худашон ҳамчун кумак ба мардум доданӣ шуданд, ки мардум фаҳмид ва бори дигар сахт ихлосаш аз шумоҳо гашт. Тамоми Тоҷикистонро, ризқу рӯзии нӯҳуниммиллион аз мардумро фақат шумоҳо истеъмол кунед, пӯшед, боқии мардум чи кор кунад?»

Худи шумо ба Эмомалӣ Раҳмон тағодухтар ва ё аммадухтаред, дақиқ намедонам. Аммо 9 то аз ин никоҳи хешутабори шумо ба дунё омадааст ва нӯҳ неву нӯҳсаду навадунӯҳ соҳаи мамлакатро ғасб кардааст. Як Шамсуллову Парвинаро ба ҳисоб гиред, ки чи корҳое накарда истодаанд. Наметавонам гӯям, ки ошашон шавад, қандашонро зананд.Вале аз ҳамин 9 тои шумо кадомеаш маъюбу маълул, яъне инвалид аст? Ҳар кадомеашон бурдангалу бузбала. Нафси навадунӯҳ одамро дар худашон доранд. Солиму бақувват. Агар ҳамин Озодаро аспи Анӯшервон аз Водонасос то Ипподром оварад нӯҳ моҳ лозим мешавад, ки миёнашро мумиё баста табобат кунед. Аспи чанд миллиондолларӣ бардошта наметавонад. Аммо чаро акнун имрӯз никоҳи хешутабориро мамнуъ карда (инҷо ҳам хилофи шариат, ки никоҳравову никоҳнораворо кайҳо муайян кардааст) ҳамаро ба дарди сар гирифтор кардаед.

«Бонуи Аввал. Агар Раҳмонов дар фикри давлату миллат бошад чаро тамоми фарзандонашро, тамоми аҳли авлодашро дар мақомҳои давлатӣ овардааст? «

Шумо шояд хабардор ҳастед, ки шавҳаратон як роҳбари ватандӯст нест. Хатман медонед, ки кораш фақат арақхӯрӣ ва бо сафарҳои нолозиму нодаркор ба ину он ноҳия дарди сар ба мардум овардан аст. Дар ҳар сафаре, ки ӯ анҷом медиҳад, кисаи мардумро мезананд.

Як бор ҳоли занҳои нафаронеро, ки бидуни ҳеҷ гуноҳе шавҳаратон зиндонӣ кард, пеши назар меоваред? Аз барои Худо ҳамин мусафеди 80- сола, бобои Дона, мусафеди дигари 80 сола Зубайдуллоҳи Розиқ, ки инак як бачаи ҷавонашро ҳам гирифтаву зиндонӣ кард ва ё ҳамин Маҳмурод Одинаев, ки ҳам худашу ҳам ду бачаашро маҳкум кардаед, бояд чи гуна рӯзу зиндагиашонро пеш баранд.

Муҳтарама Ледии №1

Эмомалӣ Раҳмонов бар муқобили ман тамоми ниҳодҳояшро ҷалб кардааст. Гӯед, ки аз ин кораш даст бардорад.

Дар баробари як қаламкаш, дар баробари як мунтақид, дар баробари як мухолиф ҳукуматро вобаста ва сафарбар кардааст. Наздикони маро водор карда истодааст, ки муқобили ман суханронӣ кунанд. Бори дигар бо тамоми имон ва исломам, бо тамоми ҳиммат ва азмам, бо тамоми ҷону қувватам мегӯям, ки аз ин роҳ барнахоҳам гашт.

«Зеро ман бавузӯҳ ва бар яқин чеҳра ва симои аслии шавхари  шуморо шинохтаам ва яқин ва дақиқ медонам,ки то шавхари шумо дар сари қудрат бошад Тоҷикистон рӯи ободиро нахоҳад дид. Шавхари шумо, ки ҳанӯз дар оғози гирифтани қудрат бо пуштибонии артиши русҳову узбакҳо нисфи халқи тоҷикро қир карда буд, ҳоло хоки ин миллатро, замини ин миллатро, сарвату боигарии ин миллатро дуздидаву фурӯхта истодааст.»

Шумо ҳамин гапҳоро маро ҳатман ба Эмомалӣ бирасонед. Беҳтараш ҳамин навори маро дукаса тамошо кунеду ба ягон хулосаи одамвор биёед.

Мегӯянд, ки солҳои пеш Маҳмадназар Солеҳов ба Шумо робитаи наздик доштааст. Ҳоло бошад ҷойи онро Қодири ронанда -Каҷалаев гирифта будааст. Худатон ҳам бад набудаед.

Дар охири табрикотам инро бароятон ёдрас шавам, ки ҳама чиз поён дорад. Шумо ҳам инро бояд бидонед ва ба Эмомалӣ Раҳмонов хотиррасон кунед,ки кори дунё ба охират намемонад.

Сообщение Табрикот ба Ледии №1 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан появились сначала на ISLOH.net.