Архивы Бадахшон - ISLOH.net

Раддияи СССР ба Ислоҳ: «Пешво ҳатман Помир меравад!»
Яке аз муаллифони ҳамешагии барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки аз Волгоград ба «Ислоҳ» менавишт, гуфт, ки дар сайти нашрияи СССР ба навиштаи шумо посух додаанд.

Гуфтам, ки ту аз куҷо фаҳмидӣ, ки он навишта посух ба навиштаи мо аст? Гуфт, ки ман ҳар рӯз сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистонро мехонам. Медонам, ки гоҳо чи тавр дар нашрияҳои чопи Душанбе, бе онки ишора ва таъкид бишавад, ки ин навишта вокуниш ба фалон навиштаи сайти «Ислоҳ» аст посухҳоро аз номи ин ё он нафар, ки гоҳо он нафар ҳатто вуҷуд надорад, нашр мекунанд. Аз ин ҷиҳат аст ки гуфт ин муаллифи мо, навиштае, ки дар сайти СССР аз рӯзи 19 июн таҳти унвони «Филми «Шикасти фитна»-ро бояд ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ тамошо кунад» чоп шуд (https://sssr.tj/filmi-shikasti-fitna-ro-boyad-har-yak-tojik-va-tojikistoni-tamosho-kunad/ ҷавоб ба матлаби сомонаи  «Ислоҳ.нет» аст ки таҳти сарлавҳаи  «Вамар набиё! Коре ба ҷашни ваҳдатат надорем». /lsloh.net/vamar-nabiyo-kore-ba-ҷashni-vaҳdatat-nadoreml/ мебошад.

Муаллифи мо, ки ному насабаш пеши мо маҳфуз аст аз мо хоҳиш кард, ки матлаби СССРро ба шакли пурра бознашр кунем, то боз далоили дигареро пешниҳод кунад, ки навиштаи СССР маҳз посух ба навиштаи мо ва як навъ маҳору камтаъсир сохтани он аст. Мо ҳам қабул намудем ва ҳоло инак он навишати СССР, ки бо номи «Филми «Шикасти фитна»-ро бояд ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ тамошо кунад» дар сомонаи он дарҷ шудааст:

«Дар замони ҳозир, ки ҷаҳонишавӣ бо як суръати баланд пеш рафта истодааст миллате фарҳанг, таърихи ва ҳудуди худро ҳифз карда метавонад, ки сокинонаш дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ бошанд.

Мутаассифона имрӯзҳо дар баъзе мавридҳо аз сокинони ноогоҳ баъзе палидҳо истифода карда онҳоро бар зиди давлату миллат таёр намуда мехоҳанд ниятҳои нопокашонро пиёда намоянд. Чунин ниятҳои фитнаангезро тариқи филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ тамошо кардам ва ба худ гуфтам, ки Улфатхоним Мамадшоева мебоист, ки ба тарбияи наберагон даст мезад ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳидоят мекард ҳамчун як модари тоҷик аммо мутаасифона маблағҳои бедарди миёни хоҷагони хориҷӣ пеши чашми ин занро гирифтанд ва ҳатто таёр шудааст, ки миллату давлати худро ба як тини пучак бифурушад ё дар мисоли Холбашу Боқир, ки ҳисси маҳалгароиашон чунон боло рафтааст, ки аз худ як миллати дигар сохтаву ҷавононро ба ҷангу ҷидол ва ҳатто ба марг кашиданд. Дигар аз ун беодобоне ба мисли Алим Шерзамонову Кабириву ду се тирмизаки дигарашон ки дар хориҷ қарор доранд чи бинолем, ки дар остин мор парвардабудаем. Яъне мегӯянд ку «Коре ки худи мекунад бегона намекунад».

Хушбахтона имрӯзҳо шохаҳо давлтдории мо бисёр рушд намудаанд хизматчиёни мақомотҳои қудратии мо ҳар лаҳзаву ҳар соат барои оромиву осоиштагии мардум саф ба саф истода Ватанамонро ҳимоя намудаистодаанд, ки шоёни таҳсину офаринанд МО ХИЗМАТҲОИ ҲАР ЯКИ ШУМОРО ҚАДР НАМУДА БА ШУМО РОДМАРДОНИ ДИЁР БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ.

Ва дар охир гуфтаниям, ки ин сухани Пешвои муаззами миллат «ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД» бояд дар гуши ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садо диҳад ва дар забон такрор шавад чунки дар ин сухан як олам маъниву миллионҳо калом аст».

Бахтовари Диловар,

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Магистранти «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»

Ин бародари мо гуфт, ки акнун аз навиштаи «Ислоҳ» танҳо чанд ҷумлаеро пешниҳод мекунад ва хоҳиш кард, ки онро ҳам пешкаши хонандаҳо намоям:

«Ҳоло агар Помир таҷлили Ваҳдат меояд, бигзор, ки бандиёни бегуноҳи помирӣ, ки аз 250 нафар зиёданд ва ҳамин чанд рӯзи пеш яке аз онҳо Аслан Гулобов кушта гардид, масалан Улфатхонум, Холбаш, Фаромуз, Оразро озод карда ҳамроҳаш оварад. Аз як хонаи Толиб Айёмбеков чор нафар дар зиндон аст.Онҳоро раҳо кунад ва ҳамроҳаш оварад ва сипас ҷашни Ваҳдат барпо кунад. Ин мардумро кушт, зиндонӣ кард, ҳоло боз меояд, ки ҷашни Ваҳдат барпо кунад? Куҷост мантиқ, куҷост инсофу куҷост имон?

Бародару хоҳарони ман чи гуфта қотили худро бо рақсу суруд пешвоз гиранд?»

То инҷои суҳбат, ки омадем тоза фаҳмидам ва бовар кардам, ки ҳарфҳои бародар беҷиҳат нест, балки сидқ мекунад ва комилан дуруст аст.

Ин бародар гуфт, як далели дигари онки ин навишта вокуниши пушида ва эълоннакарда ба навиштаи «Ислоҳ» мебошад, дар он аст ки он бисёр ҳам саросемавор ва пур аз ғалату саҳвҳо ва бидуни тасҳеҳу таҳрир чоп шудааст. Гуфт, дилхоҳ матлаби ин шумораи СССРро гиреду бо ин навишта қиёс кунед, ин қадар хатоҳо надорад.

Ин бародар боз як нуктаи дигареро хеле ҳам зарифона ишора кард. Гуфт, ки чаро маҳз дар ҳамин шабурӯз СССР аз хонандаҳояш хостааст, ки филми мазкурро, ки дар бораи фаъолони бадахшонӣ аст, тамошо кунанд. Ва илова кард, ки «Ислоҳ» масъалаи сафари Раҳмонов ба Вамари Рушонро, ки интизор меравад то чанд рӯзи дигар сурат бигирад, дар асоси  номаҳои сокинони вилояти Бадахшон расонаӣ кард, ки дар маҷмуи ин номаҳо эҳсоси нафрату эътирози ин мардум ба ин сафар ошкоро ҳувайдо шудааст, «СССР» ба навъе талош кардааст, нишон бидиҳад, мардуми Помир бо Улфатхонум ва ё Фаромузу Холбаш нестанд ва тарафдори Раҳмонованд. Зикри исми мухолифине чун Алим Шерзамонову Кабириву дигарҳо ва таъкиди онки дар хориҷаанд ҳам маҳз ба ин мақсад инҷо оварда шудааст, ки ба навиштаҳои мухолифин бовар накунанд. Ва, ин навъе аз набарди иттилоотӣ аст, хулоса кард ин бародари мо, ки ҳар аз гоҳе аз Волгоград ба мо аз сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистн баъзе аз навиштаҳоро мефиристад ва худаш ҳам мегуяд, пайваста сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистонро мурур мекунад.

Зимнан, ин навъе фазосозӣ аз тарафи дастгоҳҳои идеологии Раҳмонов аст ки пешопеши сафари вай ба ВМКБ дар нашрияҳои подконтролашон дар робита ба ин вилоят матолиби бештар чоп намуда истодаанд.

Чопи хабарҳо дар ин авохир махсусан дар хабаргузории давлатии «Ховар» дар мавзӯи Бадахшон бештар шудааст. Ва, нуктаи асосӣ ва меҳварии ин навиштаҳо он аст ки «Пешвои миллат ба Бадахшон ғамхории вижа зоҳир мекунад». Масалан як ҷумла аз як хабари Ховар инҷо намуна меоварем:

«Бояд тазаккур дод, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди саноат дар Бадахшон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд». ( Июнь 19, 2025)

Дурусту  дақиқ бар зидди муҳтавои навиштаи мо, ки бар асоси номаҳои худи сокинони Помир гуфтем марҳум Шоҳзода Карим –Оғохони 4 ба ин мардум кумакҳои зиёд ва ройгон кардааст. Яъне талқину ташвиқ карда истодаанд, ки Оғохони 4 неву Раҳмонов ба помириҳо кумак мекунад. Ва ҳамаи ин хабарҳо бо ин руҳия, ки Пешвои миллат ғамхори мардуми Бадахшон аст.

Аммо, ҳарчи коре ҳам накунанд ва ҳар чизе ҳам нагуянд, ҳақиқатро наметавонанд бипушонанд. Чун мардуми Помир ҳаҷми кумаку ёриҳои Раҳмоновро дида истодаанд. Аз ин ҷост, ки дар худи ҳамин хабари «Ховар» ҳам иқрор ва эътироф мекунанд, дар сохти иншооти нав саҳми «соҳибкорони инфиродӣ» қобили таҳсин аст:  «Дар семоҳаи якуми соли 2025 корхонаҳои саноатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 45,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –ум 111,7 фоиз ва ё маблағи 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад». Соҳибкорони инфиродӣ, онҳое, ки ҳеҷ дахлу рабте ба бюҷету пули давлат надоранд ва ҳаминҳоянд, ки истеҳсол мекунанд.

Баъди суҳбат бо он бародар ва мутолиаи навиштаи СССР, ки худро Бахтовари Диловар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Магистранти «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» муаррифӣ кардааст мутаваҷҷеҳ шудам, ки ин навишта на сар дорад ва на нук ва дар ҳақиқат пур аз ғалат ва маълум аст ки бисёр ҳам бо аҷала нашр шудааст, ки ҳатто саҳвҳои имлоӣ гирифта нашудааст.  Масалан дар номи ашхос хатощои фоҳиш дида мешавад. Ба ҷой Алим Шерзамонов нависад, навиштааст Алӣ Шеризамон

Бор, Худоё! Ин Раҳмонов чи давлату давлатдорӣ карда бошад, ки боз кадом муассисаеро бо номи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ташкил кардаанду ва он боз магистрант ҳам доштааст. Ё, тавба!

Ҳоло, чи гуфтан мехоҳам? Бародари сардабири СССР, шумо аз ин пеш ҳам борҳо дар таҳқиру тавҳини банда тунду тез ҳарф зада ҳеҷ кутоҳие ҳам накардаед. Аммо ман ҳамеша нодида гирифтам ва ҳиҷ вокунише накардам.

Вале, ин бор ин муаллифи шумо ҳама хутути қирмизро гузашт ва ҳатто дар ҳақи он нафарони бегуноҳ, аз ҷумла ҳамин бону Улфатхонум Мамадшоева, ки бе ҳеҷ гуноҳе ба бист соли зиндон маҳкум шудааст, туҳмат мекунад ва ӯро ба маҳалгироӣ иттиҳом мезанад.

Имрӯз ҳазорон ҳазор помирӣ дар гушаҳои гуногуни дунё овораву дарбадар ва гуреза аст. Ҳатто ҳамин модари Гулбиддин Зиёбеков, ки милисаҳо аз бачаҳакои боло заданду куштанд, дар хориҷа аст.

Гумон намекунам, ки ин вазъу ҳоли мардуми Помирро шумо надонед? Аз солҳои ҷанги дохилӣ медонед, ки чи тавр помириҳоро аз даруни тролейбусу автобусҳо боздошт карда «моҳиқапӣ» мебурданд ва аз онҳо ному нишон боқӣ намонд. Ҳаводиси хунини моҳи майи соли 2022 дар Вамари Рушонро, ки наздики 40 помирӣ кушта гардид, бовар дорам, бештар аз ман медонед.

Шумо хуб медонед, ки он муассисаҳои фарҳангиву илмиву иҷтимоие, ки худобиёмурз Шоҳкарим Оқохони 4 дар Бадахшон сохт ва ба истофадаи помириҳо гузошт, бо иҷоза ва ризоияти ҳукумат сохт ва бояд мардвор эътироф намоем, ки  хидмати босазое барои ин мардум карданд. Аммо чаро ин ҳамаро баъди ин ҳаводис ҳукумат яъне Раҳмонов мусодира ва давлатӣ кард? Онҳоро Оғохон бо харҷи садҳо миллион доллар бунёд кард ва ройгон дар ихтиёри мардуми ин вилоят гузошт.

Раҳмонов бо пули бюҷет ва соҳибкорони инфиродӣ чанд чизаке месозаду онро ғамхори помириҳо нишон доданӣ мешавед. Ҳой магистри Раҳмоновшинос! Шарм ҳам хуб чиз аст.

Шумо Улфатхонумро ба маҳалгароӣ муттаҳам мекунед. Гӯш фаро диҳед, агарчи медонам беҳтар аз ман огоҳед ва бештар аз ман дар тааҷҷуб ҳам ҳастед, ки чаро чунин шуда истодааст?

Раҳмонов тули 10-15 соли ахир Данғараро ончунон обод кард, муассисаҳо сохт, албатта, на мисли Оқохон аз кисаи худаш, аз хазинаи ва аз пули давлат, бо ин ҳадаф, ки онҷоро вилоят мекунад. Хуб, бигзор, маркази вилоят ва маркази ҷумҳурӣ, пойтахти кишвар кунад. Аммо Кулоб чи кам дошту дорад, ки набояд вилоят бошад? Вилояти Кулоб буд, ку? Чаро агар вуҷуди вилоят дар ин минтақа зарур ва ногузир бошад вилояти буда вилояти Кӯлоб бо маркази маъмурии шаҳри Кулоб ташкил нашавад? Ана инро мегуянд маҳалчигӣ, маҳалгароӣ. Ман мутаминам, ки агар зодгоҳи Раҳмонов Данғара не, Кулоб буд, ҳамаи ин сохтмонҳову ободкориҳои Данғара дар шаҳри Кулоб мешуд. Ва шумо имрӯз дар ҷойи Асадулло Раҳмон мушовири Раҳмонов будед. Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) барои он ба мансабҳо сазовор шуд, ки аз Данғара аст. Раҳмонов барои он Данғараро обод ва маркази вилоят карданӣ аст ки маҳалли худро аз Кулоб болотар меҳисобад, чунки Раҳмонов маҳалпараст аст. Вагарна шумо аз ҳамин Сумбулоғо чи камӣ доред оқои Сайёфи Мизроб?

Баъди чунин фаҳмонидани он бародар ман ҳам ба ин хулоса омадам, ин матлаби СССР посух ба матлаби «Вамар набиё»-и Ислоҳ аст. Эълон ва ифшо намекунад, аммо хостааст, аз таъсири он бикоҳонад. Вале корест беҳуда, ба мисли об дар ғалбер гирифтан, ба ҳован об кубидан ва бо мушт бод гиреҳ кардан. Улфатхонум, Фаромуз, Холбаш ва Муҳаммадбоқир барои шахси худашон не, барои дифоъ аз мардумашон зиндонӣ шуданд.

Ман ба шумо як нуктаро ёдварӣ караниам. Режиме, ки ҷуз аз дуздии сарват, зиндонӣ ва кушттор коре намекунад, агар тамоми расонаҳои дунёро басиҷ кунад фоидааш надорад. Чунки он зиди мардум аст.

Ин режим беш аз сӣ сол мешавад, ки мисли кана дар тани ин миллат часпида хуни онро мемакад.

Болои мардуме, ки ҳиҷ қасду ғарази баде надошт лашкар кашидан чи тавҷеҳ дорад? Онҳо додхоҳӣ омада буданд, ки додхоҳӣ дар тамоми дунё як амали пазируфта ва роиҷ аст. Аз қадимзамон то ба имрӯз мардум аз ҳукуматҳо доду адолат мехоҳанд. Додхоҳонро ба рагбор бастан, замини Вамарро бо хуни мардумаш обёрӣ кардан ба Улфатхонум чи рабт дорад ва ё ба Холбашу Муҳаммадбоқири шаҳид?

Шумо, бародар агар тарафи ҳақро, ки намегиред, ҳадди ақал ноҳақро ҳақ нишон надиҳед.Ё чуноне мегӯянд: «агар сухани ҳақ намегӯӣ ва аз ҳақ ҷонибдорӣ намекунӣ дар сухани дурӯғ ва ботил қарсак назадан ҳам мардист»

Чаро шумо ҳар чизеро, ки мақомот мегуяд ё мехоҳад куркурона тарафдорӣ мекунед?

Аҳмади Иброҳим магар чи кор карда буд, ки бурданду зиндонаш карданд? Чаро дар бораи вай ҳатто як сатр нанавиштед? Навиштаҳои ӯро дар СССР мехондам. Ҳамчунин навиштаҳои Хуршед Фозиловро. Ҳардуи ин журналистро бе гуноҳ зиндонӣ карданд, аммо шумо як маротиба ҳам барои онҳо чизе нанавиштед ҷаноби Сайёфи Мизроб?.

Бигзор вокуниш ва ҷанги иттилоотӣ ба навиштаҳои моро нашрияҳои расмӣ пеш баранд. Кори онҳоро шумо бар уҳда нагиред.

Ман мутмаинам, ки агар Раҳмонов аз Суғд ё Рашт буд ва сивуанд сол сари қудрат меистод ва боз бачаашро дар ҷойи худаш «талкават» мекард, шумо сад намуд мақола навишта танқид мекардед. Аммо ҳоло «7хони Рустам» менависед.

Ин шумоед, ки ба хотири маҳал ин қабилаи ғосиб ва режими хунхори золимро тарафдорӣ мекунед. Шумо рӯзноманигори мустақилед ё мубаллиғ ва ё маддоҳ? Беҳуда нашрияи шуморо дар қатори нашрияҳои ҳукуматӣ шомили обунаи иҷборӣ накарда будаанд. Яъне ба шумо нон дода истодаанд. Аммо нони шумо магар нони ҳалолу меҳнатӣ аст?

Дар бораи ман ҳам филм карданд, дар бораи дигарҳо ҳам. Аммо ин филмҳо ҳосили кори амниятиҳо буд. Шумо магар амниятиед. Баъди чанд сол аз ин филм ёдовар шудани СССР ба чи хотир аст? Ман,ки мутмаинам дар туҳмату буҳтони филмҳои сохтаи КДАМ ошкоро гапамро, суханамро менависаму ибое надорам. Аммо дар мавриди шумо чандин маълумотҳои мушбеҳ ба он иттиҳомоти он филмнома ба Ислоҳ расидааст. Ҳатто бо ному насаб ва ҳама ончи «Фоъилу мафъул» анҷом додаанд. Аммо ба Худо аслан ман ҳадафам, нишонам ,мухотабам ту набудӣ ва нестӣ,ки дар бораат  нависаму…..

Дар охир аз шумо ва дигар журналистони дар ватан хоҳиш мекунам, ки биёед, ба хотири ин режими номардумӣ ва зиддимиллӣ шуда сангаршинӣ ва набарди иттилоотӣ накунем. Шумо талқин ва ташвиқ кунед, ки ҳукумат аз ҷумла Рустам, ки шиносатон будааст сиёсати зидди помириҳоро фавран бас кунад. Помириҳоро, ғармиҳоро, ба чашми душман набинед. Мову шумо як мардуму як миллатем ва бояд он ғуддаи саратониро, ки солҳост моро аз ҳам ҷудо мекунад, аз беху реша қатъ кунем ва қаламамон бояд ба манфиати мардум нависад, на дар хидмати шахсе!.

Сообщение Раддияи СССР ба Ислоҳ: «Пешво ҳатман Помир меравад!» появились сначала на ISLOH.net.

Бо байкоти «ИНТИХОБОТ» Раҳмоновро кашида сар диҳед!
Пас аз касби истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Президентӣ гузашта, то вуруди нерӯҳои аҳримании ҷаҳолату ситампарокани «Народний Фронт», бо ин система пеш мерафт.

Пас аз барпосозии Сессияи 16-ум дар кохи «Арбоб»-и Хӯҷанд, нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Узбекистон тавассути  дастнишондаҳои дохилияшон миллати тоҷикро бо мили силоҳ аз ин раванд боздошта, имрӯз ба қаъри зулумоти диктатураи кавданона ва яккатозии ҳизбие чун яккатозии ҲКҶТ ворид кардаанд.

Пас аз соли 1994 кӯҳнаҷунубҳои пиркоммунисту раиси шӯрои олии говбонашон сари ақл омада, диданд, ки дигар ҲКҶТ-у КПСС-ву Раёсати Шӯрои Олию Совети Вазирону яккатозии кавданонаашон ба дарди ҷаҳони муосир намехӯрад. Охир, Шӯравӣ сар аз охири соли 1990 ба ахлотрӯбаи торихи инсонӣ парт гаштаву тандису ҳайкалҳои доҳии Шарипович Раҳмонов  дар ошғолҳову металаломҳову анборҳо зери саргини сагҳои вилгарду кабӯтарони ваҳши як ваҷаб ахлоту чангу ғубор гирифтаанд; СССР-и ҷоноҷони Раиси Колхози ба номи В.И.Ленин ҳам барқарорнашаванда аст. Ва дар санаи 15.12.1994 (пурра пас аз 2 соли ғасби пойтахту пароканда сохтани ҳукумати қонунии Муросои Миллӣ) Абдулмаҷид Достиеви моямоли Оменҳутеп ҳизбе бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил дод, ки Шарипович, пас аз тақрибан 20 соли «коммунистӣ», акнун «халқӣ» гардонида шуд. Халқӣ гардонидан пас аз коммунист-миронидан ҳаққ аст, «яфъалу Елтсин мо яшо ва Ислом Карим мо юрид!»

Пасон Криса Раҳмонови говдузди данғарӣ  занғарӣ карда, барои аввалин бор ба дуздӣ сар кард: ҲХТ-ро пас аз муталошӣ кардани «Фронти Халқии хоҷагонаш», дар санаи 1998, пас аз Созишномаи «мо бо Ҳизби террористию экстремистии Наҳзат дар ягон ҷо шартнома набастаем», моли худ кард. Мегуфта бошӣ, ки Майрами садшӯяи наскидаридаву Шарипчақури пияндари ҳизаш барояш ҳизб тӯҳфа карда бошанд.

Баъд аз ҳодисаи шӯриши сарҳанги узбактабор Маҳмуд Худойбердиев дар санаи 4-ум то 8-уми ноябри соли 1998, Раҳмонов 2 ҳизбро дар ҳамкорӣ бо ӯ муттаҳам кард. Ин ҳодисаро Иброҳим Усмонов чунин оварда аст:

«Вокеаҳои аввали ноябри соли 1998 сарнавишти ду ҳизб — Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби ягонагии халқ таъсири ҳалкунанда расонд.

Ҳардуи ин ҳизб ба он гунаҳкор карда шуданд, ки дар воқеахои  Хӯҷанд даст доштанд, 8 декабри соли 1998

Суди Олии Тоҷикистон дар ин бора масъала баррасӣ карда, фаъолияти Ҳизби ягонаи халқро манъ кард.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бошад, 13 ноябри соли 1998 дар раёсати худ изҳорот дод, ки дар воқеаҳо шарик нест, воқеаҳои Хуҷандро маҳкум мекунад ва дар ин бора расман ба Президент муроҷиат намуд. Аммо роҳбарияти ҳизб аз идомаи таъқибашон гумонбар буданд.

30 Марти соли 1999 роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон С.Кенҷаевро шахсони номаълум террор карданд.  Дар тирамоҳи соли 1999 байни роҳбарияти нави ҳизб ихтилоф ба амал омад.[i]

Хулоса, аз 12 ҳизб дар соли 1999 ҳамагӣ 6 ҳизб боқӣ монд!  Баъди аз нав бақайдгирӣ шаш ҳизб боқӣ монд.

Баъди интихоботҳо як ҳизб баста шуд. 27 декабри соли 2002 боз як ҳизби нав Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Ба ин маълумотҳо диққат фармоед:

Моҳи Майи соли 1999 кӯшиши ташкил кардани

Ҳизби ҷунбиши миллии Тоҷикстонба амал омад,

Оинномаи ин ҳизб, ки мақсадаш «барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати хукукбунёд дар Тоҷикистон, хусусияти таърихию фарҳангии мамлакатро ба назар гирад, фароҳам овардани шароит барои иштироки шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, забон ва дин, дар ҳал кардани масъалаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ» буд, низ чоп шуд. Аммо ба фаъолияти ин ҳизб рухсат дода нашуд.[ii]

Барои бастани ҳизбҳои ғайрикисагӣ ва рақиб Раҳмонов сар аз соли 1997 то 1999 бар иловаи юриши сарҳанг Худойбердиев дар саннаи 4-8.11.1998, қаблан спектакли сӯиқасд ба ҷони ҳақираш дар санаи 30.04.1997 дар назди ҳамон қасри наҳсе, ки бар он зери таҳдиди мили силоҳи хоҷагонаш дар санаи наҳси манфури 16.11.1992, дар Сессияи 16 ум, аз никтоӣ ба ктоӣ расидро ташкил карда, қири шимолиҳоро баровард. Сабаби ин сӯиқасди ноком ҳамоно реша дар зулму зӯргуиву ҳайвонии нафси бетарбияи Раҳмонову тарафдоронаш дошта, ки дар санаи 14-17-уми ҳамон моҳи апрели соли 1997 мунҷар ба ошӯби фарогир дар зиндони Хӯҷанд гашт, ва бо ирсоли одамкушонаш Раҳмонов тавонист 158 инсонро танҳо ба хотири онки маҳбусон намехостанд аз зиндонҳои минтақаи худ ба зиндонҳои Душанбешаҳру Ёвон интиқол ёбанд, кушаду 200 тани дигарро захмӣ созад! Ҳоло ин версияи режими одамхори дурӯғгӯи рӯсиёҳи Шарипчақурович аст, дар асл бошад ин шумора метавонад хело зиёдтар аз ин омор бошад.[iii]

Ҳеҷ ҷои шигифтӣ надорад, ки чаро дар зиндонҳои Тоҷикистони пас аз сарикороии Шарипчақурзод ин қадар солҳо, ба ин густурдагӣ ошӯбҳову балвову бесарусомониҳо рух медиҳаду сагҳои муғулии булдог-Раҳмонов барои пахшу қалъу қамъи асируфтодагон «сафарбар» баҳри «безараргардонӣ» мегарданд. Вале ба ин нуқтаи масъалаи таваҷҷӯҳ фармоед, ки ҳамагӣ «ошӯбҳо»-и воҳиманок танҳо пас аз  Сулҳи кашидашудаи дурӯғини режими нотоҷики Шарипович рух додан дорад. Як сабаб дорад: то соли 1997 дасти ғадру қатли Шарипчақури тоҷиккуш боз буду ҳар гоҳе хумори  нӯши хуни тоҷикаш мегирифт, мигҳову болгардҳову зиреҳпӯшу тӯпхонаҳои аз хоҷагонаш баорият гирифтаро ба 4 самти Тоҷикистон «сафарбар» мекарду дарёе аз хун равон мекарду мегуфт: «Мо бо хун омадаву бо хун меравем».  Вале пас аз созишномаи сулҳи «да-ридашуда» аз тарафи Шарипуф, ягона ҷои озодона куштани тоҷикон ҳамоно зиндонҳо боқӣ монда аст, ки пеш аз ҳар як ИНТИХОБОТИ ТЕАТРӢ дар он рафта хуни тоза мерезад!!

Чаро ин синдроми «интихобофобия» дар вуҷуди Шарипович ин ҳама солҳо ҷой гирифта астро мо аз таҳқиқоти «Радиои Озодӣ», ки чунин гуфта аст, метавонем решаёбӣ кунем: «Аз сӯи дигар, ин як давраи авҷи талошҳои ӯ (Э. Р. Ш.) ба таҳкими қудрати шахсияш буд, ки пас аз интихоботи моҳи ноябри соли 1996 зарбхӯрда намудор мешуд.

Ҳарифаш дар сабқати президентӣ, сарвазири собиқ, Абдумалик Абдуллоҷонов худро барандаи воқеии интихобот ва Раҳмонро ғосиби қудрат меномид. Афзун бар ин, Абдуллоҷонов аз тарафи бахши мардум вориси сулолаи Хуҷанд ба шумор мерафт ва ақидае роиҷ буд, ки дар мавҷи ҳасрати мардум дар ҳаққи оромию рифоҳи замони шӯравӣ пирӯз гаштааст».

Оре ҳар боре Интихобот барпо мегашту Раҳмони ҷанговар дар он шикасти сиёсӣ мехӯрд, қасдашро ё аз зиндониён ё аз тазоҳуротгарон мегирифта аст.

Барои мисол; моҳи майи соли 1997 дар Хӯҷанд бар зидди ҳукумати бефаросатҳои олучашакаровхӯр тазоҳуроти густурда барпо шуд, ки Шариповичро девона кард. Ва рафта, чуноне дидем, қасдашро дар моҳи апрел аз зиндониён гирифт, то чашми шимолиҳоро битарсонаду зимнан лидерҳои мардумие чун Хуршед «Тайсон» ва атрофиёнашро «безарар» гардонад.

«Вақте ки нерӯҳои давлат барои ҳабси гурӯҳи Хуршед — Тайсон Абдушукуров ба деҳаи Қистакуз ё Хеставарз омаданд, ин гурӯҳ силоҳ дар даст аз худ дифоъ кард. Чандин нафар аз ҳарду ҷониб ба ҳалокат расид ва Хуршед ё «Тайсон» дар охирин лаҳза худкушӣ кард. Як узви дигари гурӯҳ низ норинҷакеро мунфаҷир карда, худро ба ҳалокат расонд».

Чуноне мебинем,  ҳам тазоҳуроти моҳи май, ҳам қатли оми зиндониён дар моҳи апрел, ҳам рафта дар Хистеварз куштани «Тайсон»-у тарафдоронаш, ҳам мавриди сӯиқасди дурӯғин (худаш ташкил карда буд, то баҳонае шавад барои қатли оми шимолиҳо ва қасду нафраташро, ки реша дар шикасташ дар баробари Абдулмалик дошт, пардапӯш кунад) қарор гирифтанаш, ҷуз дасисаи худаш чизе беш набуд.

Шахсан, чун раддипойковӣ кардам, ҳама «лашкаркашӣ»-ҳои Раҳмонов чи ба Шимолу чи ба Ҷанубу чи ба Шарқи кишвар ҳамчун Темурланг реша дар шикастҳои интихоботияш дошта аст. Ҳаминки натиҷаҳои сандуқҳои раъйро барояш аз манотиқ гузориш медоданд, ҳар минтақае, ки ба рақиб, ё ҳизби дигар бештар овоз медода аст, ҳатман дар онҷо чун Рашт «гурӯҳҳои ҷиноятӣ» сару каллаашон пайдо мегаштаву Раҳмоновро ба «безараргардонӣ» «маҷбур» мекарда аст, то дар ҷаласаҳои пас аз куштораш баҳонае дошта бошад, ки «хай дигар илоҷ набуд»! Бале барои Чингизу Ҳолекуву ҳамтоёнашон ҳамеша ҷуз истифода аз силоҳ «чораи дигар набуда аст», ин Раҳмонов ҳам сагаке аз ҳамон шағолони тоҷиккуш аст!

Дар пушти ин моҷаро бошад дарди ниҳони Раҳмонов нуҳӯфта аст, ки алами шикасташро бо террори навбатӣ аз милияти тоҷик, ки ӯро чун хугу гуроз бад мебинанд, мегирифта аст!

Агар ҳодисоти занҷиравии солҳои 1997-и Шимоли кишварро бо ҳодисоти занҷиравии Бадахшон, ки аз соли 2012 то 2022 ба дарозои 10 сол тӯл кашид, муқоиса намоем, боз ҳам ҳамон сенорё, ҳамон дарди Шарипчақурович, ҳамон тинати хугонаи манфури ӯ пеши назар бармало мегардад, ки он реша дар шикасти интихоботияш дошта аст.

Вақте мардуми шарифи Бадахшон бар алайҳи Нотоҷик-Раҳмонов дар интихоботҳо овоз дода, раъйи худро ба аҳзобе чун ҲКҶТ, ҲСДҶТ ва ҲНИТ доданд, малъун-Раҳмонов аз ҳамон «муборизаи интихоботӣ»-и суннатии чингизӣ – қатл кор гирифт.

Ба як фарқ, он ҳам инки мардуми Шимол чун мардуми  Бадахшон сароғоз тазоҳуроти осоишта карданд, вале шимолиҳо аз «Тайсон» чун бадахшиён то охир ҳимояти физикӣ накарданд. Ва ба ҳамин қазияи лидерони мардумии Шимол бо як бераҳмии тамом хотима дода шуд, вале бадахшиён тӯли 10 сол лидерони мардумияшонро чун гавҳараки чашм дифоъ карданд.

Ба фарқ аз Хӯҷанд дар Бадахшон зиндону зиндониён набуданд, то Шарипович сагҳои муғулияшро барои тарсондани бадахшиён «сафарбар» кунад, то бо баҳонаи «ошӯб дар зиндон» садҳо тани ононро қир кунанд. Аз ин рӯ,  Раҳмонов барои қасди шикасти интихоботияшро аз онон гирифтан, пайи баҳона мегашт! Вале баҳона намеёфт, то инки худашон онро бори аввал бо қатли генерале тарроҳӣ карданд, вале сиррашон фош шуду мардум, якҷоя, бар зидди лашкари чингизии Шарипович чанд рӯз ҷанги мусаллаҳона карда, ҷузъу томҳои Шарипчақуровичро аз минтақа берун карданд, албатта бо миёнҷигарии шодравон Оғохони IV.

Ва Сабзаалӣ Мамадризоев, раиси шӯъбаи ҲНИТ-ро айнан барои иштироки фаъъолона дар интихоботҳо дар 24 уми июли 2012, террор карданд! Вагарна ӯ ҳатто силоҳе бар даст надошт, ва «муқобилияти мусаллаҳона» ҳам аз худ нишон надода буд!!

Раҳмонов боз дасиса пароканда, Гулбиддин Зиёбекро бидуни ягон айбу гуноҳ, дар рӯзи равшан, чун «Тайсон»-и шимолӣ куштанд! Ба як фарқ, ки Гулбиддин Зиёбек аслан силоҳе надошт, ва як таппончаро сагҳои муғулӣ бурда, назди ҷасадаш монданд! Кош чун «Тайсон» силоҳ медошт, то муфту номардона куштанамешуд!

Пасон, лидерони мардумии Бадахшон: Муҳаммадбоқирро хоинона тирборон карда куштанд. Ва як қисмашон, чун дастаи мусаллаҳи гурӯҳи «Тайсон» ҳаёти худро бо худкушӣ, вале ба дасти ин ҷаллодон наафтодан фарҷом доданд.

«Чандин нафар аз ҳарду ҷониб ба ҳалокат расид ва Хуршед ё «Тайсон» дар охирин лаҳза худкушӣ кард. Як узви дигари гурӯҳ низ норинҷакеро мунфаҷир карда, худро ба ҳалокат расонд».

Вале лидерони Бадахшӣ ин бор чун соли 2012, ва чун дастаи «Тайсон» дар соли 1997 наҷангиданду муфт кушта шуданд.

Пас аз ҳодисоти моҳи апрели соли 1997 аз Шимол ва пас аз қатли оми мардуми Рӯшон садҳо нафар фаъолони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаркӣ барои Раҳмонов нописанд буд, барои солҳои мадид равонаӣ зиндон шуданд.

Агар ИНТИХОБОТ дар кишварҳои демократӣ барои миллатҳо саодату пешрафту навгонӣ оварад, барои тоҷикон ҷуз қатли майдонӣ, қатли зиндонӣ, ва пуркардани зиндонҳо аз интихобкунандагоне, ки бар алайҳи Раҳмонов ва ҳизбаш овоз додаанд, чизе бештар самару армуғон надошта аст.

Ягон сабаби мантиқии дигар надорад ин корҳо; худаш заминаҳои ошӯбро таҳия карда, худаш онро барпо карда ва сагонашро худаш барои «безараргардонӣ» мефиристаду аз хуни тоҷик, инак, 33 сол аст, ки холҳои сиёсӣ касб мекунад. Ҳар як садои тири шилликшуда дар зиндонҳо қабл аз интихоботи дурӯғинаш як миллион садоро дар ҳулқумҳо хафа хоҳад кард. Санҷидаасту медонад, ки натиҷаи хуб дорад хунрезӣ қабл аз «интихобот» ва баъд аз он.

Интихобот «санҷишгоҳ»-и навбатии Раҳмонов ва режими нотоҷикаш аст, ки ба василаи он раъйи мардумро на барои интихоби худу атрофиёнаш, балки назари навбатии миллатро нисбати худаш дармеёбад! Ва пас аз дарёфти «фикр»-и миллат пайи чора: қатлу террору зиндонисозии навбатӣ барпо мешавад!

Аммо, ин дафъа як каме саросема шуда, қабл аз фаҳмидани «фикри миллат» сагони муғулияшро равонаи зиндон кард!!

Қабл аз маълум гаштани фикри миллат «Инқилоби навбатӣ»-яшро ташкил карда, даҳҳо нафақахӯрро умрбод  равонаи зиндон кард. Ин ҳама «юриши зиндону пахши он ва хунсосозии Инқилоби навбатӣ» заминаи дигари Интихобот аст, ки бояд ин режими хуношомро сулолавӣ кунад – Рустами гунг ҷонишини хари Калон шуда, ҳамин говигариро идома додан гиранд!! Гӯё миллати тоҷик ким-чи гуноҳи азалие карда аст, ки бояд то рӯзи Растохез гирифтори муғултаборон бошанд? На. Гуноҳамон дар он аст, ки тақдири худро ба дасти худ намегирему онро ба дасти як мушт хару гову муғулу арозилу дузду раҳзану туппой дода, ин тӯдаи хармағзро «Пешво» гуфта гаштаем! Ҳақиқату ҳувияти худро гум карда, пайи ботили дигаронем! Аз ин рӯ сарсону нигарону ба умеди дигаронем!

Ва, инак, боз интихоботи қарибулвуқуъу инак, боз Инқилобу инак, боз ошӯби зиндониёни Ваҳдат!

Агарчи соли 1997 барои «сарнагунӣ»-яш клани шимолиҳоро дар сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам карда, ҳамагиро қалъу қамъ карду зиндониҳоро тирборон кард, инак, ин сол ҳам ҳамон сенорёи санҷидашудаи куҳнашударо айнан такрор кард: аввал боқимонда мӯсафедони «инқилобгар»-ро бо баҳонаи сӯиқасди сиёсӣ ҷамъу ҷӯр карда вориди зиндон карду барои рӯпуш сохтани ин ҷинояти ошкораш сагонашро вориди клеткаҳои зиндон карду ҳарчи миқдор дили муғулии тоҷиккушашон хост, хуни ҷавонони тоҷикро барҳадар рехтанд!

Барои чӣ мо дар мавзӯи «Интихобот» ин ҳама оид ба аҳзобу зиндонҳову тазоҳурот сухан гуфтан дорем?

Чун, агар аҳзоби мустақил набошанд, Раҳмонов бо «ҳизб»-и Шарип-Чақури палид вориди рақобат мешавад? Дар асл худи Шарипович дар умраш, ба ҷуз интихоботи ғайриқонунии 6 уми ноябри 1994 бо касе вориди корзори интихоботӣ нагашта аст, чун талхии шикасти рақобатро дар баробари Абдуллоҷонов чашида ва то кунун талхияш дар «рӯи ҷигари говонона»-аш нишаста асту аз дидани рақиби сиёсӣ дилзанак мешаваду дуд аз димоғи чингизияш ба осмон дакка мехӯрад!

Гуфтем, ки то  интихоботи боз ҳам дурӯғини соли 1999, ки пас аз он Раҳмонов барои абад нақшаи аз байн бурдани рақобати солими интихоботиро дар Ҷумҳурӣ аз байн бурд, 12 ҳизби расмӣ ба қайд гирифта шуда буд, вале дар соли 1999 дигар танҳо 6 ҳизби нимколаҷон боқӣ монда буд, ки дигар мурдаро монда пайи тутхурӣ мегаштанду танҳо функсияи қонуният бахшидан ба спектаклҳои Раҳмоновро, ҳар сари чанд сол, дар интихоботи ғайришаффофу пуртақаллуб иҷро мекарданд. ИНОТ бошад тақрибан пароканда гашта буд. Давлат Усмон гӯйё рақиби Раҳмонов вале на ситоде буду, на тарғиботи интихоботие. Метавон гуфт оғози мазҳакаи сиёсӣ ва рукуду бадбахтии миллат аз ин солу пас аз ин интихобот оғоз ёфт.

Сафи аъзои ин аҳзоб ба ҷои зиёд шудан, рӯз аз рӯз каму камтар шудан мегирфит, то инки ин аҳзоб саранҷом аз ҳизб ба «ҲИЗ» мубаддал шуданд! Аз ин 6 ҳизб ҲНИТ-ро соли 2015, боз ҳам пас аз «Инқилоби навбатӣ» одамхудои тоҷикон барои бори 4-ум басту аъзои аршадаш қалъу қамъу зиндонӣ гашта, қаториҳояшро бо тӯҳматҳои сохтаву бофта,  бо моддаи 307 равонаи зиндонҳо кард.

Айни ҳол ҳизби мухолиф пайравону аъзояшро ба ҷои расонидан ба курсиҳои парлумон, чун Саидҷаъфар Усмонзода рост вориди зиндон, бари Зайд Саиду Шокирҷон хоҳад бурд. Ана ин аст Демократия по – Рахмонский!

Интихоботи демократӣ ва демократияи «тоҷикӣ-шарқӣ»—е, ки умре Саидҷаъфар Усмонзода аз он ситоиш мекард. Акнун, дар шкураи худаш эҳсос кард, ки «Восток – дело тонкое» чӣ маъно дошта аст. Ба гуфти шодравон Ш. Шабдолов, бо як қанот парвоз карданӣ бошед, паридан гиред. Мебинем то куҷо мепаред? Шабдолов надид, ки аҳзоби ҳизу сарҳизалаки олии мо то ба куҷоҳо, то ин дам,  паридану ҷазир карданду расиданд!

Аз таърихчаи аҳзоби сиёсӣ пас аз касби истиқлолият:

Аҳзоби 12-гона инҳо буданд:

Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон. Бо таваллуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар санаи 05. 12. 1929 таъсис ёфт ва соли 1931 аввалин анҷуманашро баргузор кард. Ва то соли 1991 ягона ҳизби беалтернативаи яккатози дастнишондаи Болшевикҳо боқӣ монд. Ин яккатозиро коммунистҳои «демократишуда» пас аз соли 1992 то имрӯз дар қабзаи худ гирифтаанд. Дар аҳди Шӯравӣ ҳам «интихоботҳо» барпо мешуд, ки мисли интихоботҳои имрӯзи Шарипович аст, ки аз боло то поён кадрҳоро «таъйину ҷобаҷогузорӣ» мекарданду онро “интихоботи шаффофу демократӣ” меноманд ва аз будҷети кишвар (на ҳизб) маблағгузорӣ мекунанд!!

Ҳизби Демократии Тоҷикистон. 3 палатформа дошт, ки ин платформаҳои (Теҳрон, Алмаато ва Душанбе)-ро ташкил медод ва дар солҳои гуногун, ҷудо аз ҳам ташкил ёфтаанд. Платформаи теҳронии он 20.07.1995 таъсис ёфта, дар интихоботи 1999 ҷудо аз ҳамдигар вориди корзори интихоботӣ гашта, ҳамон сол фаъолияташ қатъ гардид. Чун парокандагӯ ва парокандакор буданд!

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон. 6. 08. 1996, пас аз онки Раҳмонов идеяи С. Кенҷаевро мабнӣ бар ташкили Ҳизби Халқӣ ва Фронти Халқӣ аз худ кард, ташкил ёфт. Вале пас аз юриши  М. Худойбердиев дар ноябрмоҳи соли 1998, тӯҳмат ба ҳамдастию дасисаманд будани роҳбари он зада шуду дар саннаи 30.03. 1999 С.Кенҷаевро Шарипович террор кард!

Ҳизби ягонагии халқ. 16.12.1994 таъсис ёфта, дар санаи 08.12. 1998 чун ҲСТ муттаҳам ба «ҳамкорӣ» бо Худойбердиев шуда, фаъолияташ қатъ гардид.

Ҳизби Халқии Тоҷикистон – ҳизби ҳоким, ҳизби ходим ва ҳизби яккатоз. 15 12.1994 таъсис ёфта соли 1998 ба он вожаи «Демократӣ» изофа ва моли Раҳмонов шуд. Раҳмонов рӯзе вориди Пойтахти тоҷикон рӯи БТР-и русию узбакӣ шуд, ҳизбе ҷуз ҳизби доҳии пролетариатҳои ҷаҳон – Ленин надошт. Вале аз 1992 то 1994 ва то имрӯз ягон ҳизбу мазҳабу дине ҷуз Ясои Чингизҷаддаш надошту надорад! Ин «ҳизб» дар тинати ҳар як чингизтабор аз азал дарҷ аст. Зарурат нест барои чингизхисол шудан чун коммунистҳо варақаи ҳизбӣ дар киса дошта бошӣ. Дар рагу пайвандат хуни Чингизи малъун ҷорӣ бошад, ҳамин кофист то одамхор гардӣ!

Ин ҳизб моли А. Достиев буд, ки пасон Раҳмонов чун дигар ашёву дороиҳои ғораткардааш аз худ карду имрӯз онро метавон «Ҳизби Оила ё сулолаи касифи Раҳмонов» номид, чун ҳама авлоди Раҳмонов варақаи ин ҳизби падарияшонро дар киса доранд! Ҳизбе, ки саравлодашон аз Достиев дӯздида буд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Соли 1990 ҳамчун шӯъбаи Ҳизби Наҳзати умумуишӯравӣ қайд гашта, моҳи декабри соли 1991 пас аз касби истиқлоли давлатӣ дубора дар ҷумҳурӣ қайд гардид. Соли 1993 аз ҷониби Раҳмонов мамнуъ гардида, 12. 08. 1999 себора қонунан иҷозати фаъолият касб кард. Соли 2015 чорбора «ҳизби экстремистӣ-террористӣ» эълон шуд.

Ҳизби Адолатхоҳи Тоҷикистон. 26.02.1996 ба қайд даромад.

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон. 31.12.1998 қайд гардид

Ҳизби Шаҳрвандони Ватанпарасти Тоҷикистон – “Иттиҳод”.  24.04.1995 қайд гардида буд.

Ҳизби Адолат ва Тараққӣ (Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон). 05.04.1999 аз қайд гузашта, моҳи марти соли 2003 расмӣ гашта, Ҳизби Адолатхоҳи Тоҷикистон ба он пайваст.

Ҳизби дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ. 05.04.1994 ба қайд гирифта шуд. Моҳи марти 1999 фаъолияташ қатъ гардид.

Ҳизби 12-ум  шояд Растохез бошад, ки аз он Иброҳим Усмонов амдан дар асараш ном набурда аст[iv].

Мавзӯи асосӣ – ИНТИХОБОТ.

Вожаи «Интихобот» пас аз фурӯпошӣ ё ҳангоми вопасин нафасҳои Шӯравӣ дар лексикони тоҷикон муд шуд. Чун дигар вожаҳои «феодалӣ», дар аҳди яккатозии шӯравиҳои сурхмафкураи манқурт ин вожа истифода намешуд, балки ба ҷои он вожаи интернатсионалии урусӣ – вибор истифода мешуд. Вакил надоштем. Вакилонамон костюму туфлӣ надоштанд. Қарз карда, омада «депутат» мешуданд. Президент надоштем. Раиси Шӯрои Олӣ доштем. Ҳичӣ надоштем. Манқурт будем. Манқуртҳои серу пур будем. Ҳоло Раҳмонов бо демократияи манғитию феодалии мазҳакавияш омаду манқуртҳои серупурро гастарбайтеру чуркаву муҳоҷирони умрбоди корӣ кард! Ҳам системаи то ҷое ниҳодинашудаи Шӯравиро дарҳам шикасту ҳам ҷаҳони навине барои тоҷикон сохтан натавонист ё нагзоштандаш бисозад, чун марионеткаи русу узбак буд, ҳоло ғуломи 3-тарафа шуда аст.

Дар Қурон ғуломи яктарафаро аз дутарафа «озодтар» медонанд[v], вале ин ғуломи 3-тарафаи элакгаштаро чӣ ҳукм бидиҳем?

Мо барои шарҳи бештари мафҳуму маънои вожаи Интихобот, ки шакли ҷамъи вожаи арабии «интихоб» аст пардохта, онро аз Энсиклопедияҳои Советӣ ва  Миллии тоҷик ва дигар манобеъ, хулосатан, зикр хоҳем кард.

Интихобот аз решаи калимаи  نخب   дар шакли انتخب    сохта шуда, масдари феълист – انتخاب  ва шакли ҷамъаш ҳаст: انتخابات

Агар ба мазмуни феъли نخب    диққат диҳем, он бо калиамаи نخبة    нухба, ки дар забони мо дар шакли «нухбагон» бисёр ба назар мерасад, ҳамреша аст. Маънои нахаба дар қомуси арабӣ ба арабӣ чунин омада аст:

1.»نَخَبَ الشَّيْءَ»: أَخَذَ نُخْبَتَهُ، أَيْ مَا هُوَ مُخْتَارٌ مِنْهُ

Нахаба – гули чизеро сарчин кардан аст. Яъне аз байни чизҳо (ё интихобшавандагон) беҳтарину саршиностарину тавонотарину маҳбубтарину боарзиштаринашонро «баргузидан» аст.

Маънои дуюми он ҳам мароқангез аст:

2″نَخِبَ قَلْبُهُ»: جَبُنَ

Нахиба қалбуҳу – тарсончаку буздил шуд. Яъне ҳар тарсончаку буздиле наметавонад «нухба» — elite  бошад, аз ин рӯ, аз онҷо ки Раҳмонов ва «элитагаштагон»-и говбонаш (Нахб) – буздил ҳастанд, дар интихобот умре тақаллуб мекунанд. Бояд иқрор шаванд, ки инсони нотарс ниёз ба тақаллубкорӣ надорад.

3. النَّخْبُ : مصــ.- من الرجال: الجَبَان

Итихобот дар Энсиклопедияи милли Тоҷик, ба фарқ аз Энсиклопедия  советии Тоҷик, ки дар он бо чанд ҷумлае хулоса шуда асту арзиши иқтибосоварӣ надорад[vi], доманадор шарҳ дода шуда аст, ки дар зер онро мухтасаран меорем, то тоҷиконе, ки кам доиратулмаъориф мехонанд, аз ториху ҳақиқату рушди Интихобот (ELECTIONS) дар саросари олам огоҳ шаванд ва демократияву интихоботи худиро бархеста бисозанд. Дигар миллатҳо ҳам заҳмат кашида то ба рӯзи озодӣ расидаанд, мо бо хобу хаёл мехоҳем рӯзе ба некрӯзӣ бирасем, вале таърих ба мо дар мисоли хоби ҳазорсолаи аҷдоди сиёсатгурезу дунёбезорамон нишон дод, ки сад ҳазор соли дигар ҳам ҳамин гуна фаросати сиёсию ақлонияту менталитетро давом додан гирем, абераҳомон ҳамин ҳолеро хоҳанд дошт, ки аҷдодонамон имрӯз ба мо мерос гузоштаанд! Бадбахтии имрӯзи мо реша дар бефаросатӣ ва дунёбеғамию масъулиятгурезии аҷдодонамон дорад! Бало ба паси гузашта, вале моро имрӯз чӣ бало зада, ки боз ҳам аҷдодгуна рафтор дорем?! Ба умеди кистед, тоҷикон? Ин кишвари кист, тоҷикон? Фарзандони кадом миллат бояд насл андар насл дар ин марзу бум зиндагонӣ кунанд? Ба ояндагон чӣ низоме гузоштаниед? Нашавад, ки ҳамин диктатураи муғулмаобонро? Ҳамин аст интихоби вопасини мову шумо? Чаро ҳамагӣ сукут кардаеду пайи чора нестед? Ҳамин зиндагии ғуломона писандатон аст? Фарзандону наберагони худро ба ғуломӣ гузоштаниед? Раҳм надоред? Мардонагӣ надоред? Ҳамин гуна то ба кай бо зиллат хоҳед зист?

Идома…

Чун дар саросари олами исломӣ аксаран низомҳои ғйаридемократӣ ва бештар истибдодию манархию мафиозӣ ва кланӣ (бо номи демократӣ) амал мекунанд, ягон намунаи демократии шаффофе аз ҳеч кадомашон аз машриқ то ба мағриб овардан наметавонем. Чун ақлонияти 1000-у чандсолаи «шоҳу маликпарастона»—и мо то кунун ба мо иҷозат намедиҳад, ки ба мазмуну мафҳуми интихоботу демократия пай барем. Ва агар ҳокимонамон ба ин арзишҳо пойбанд гарданд, аслан ба ҳукумат даст нахоҳанд ёфт. Аз ин рӯ,  интихоботро арабҳо «интисобот» انتصابات мегӯянд, ки ҳамон маънои «таъйиннамоӣ»-и имрӯзи моро дорад. Онро режими кавдани имрӯза «ҷобаҷогузории кадрҳо» ҳам меномад, ки идомаи ҳамон фаҳмиши манғитиёни мансабфурӯшу болшевикҳои «синфиатгаро» аст .

Аксарияти ҳизбҳои шашгонаи имрӯзаи мо ҷузъигароянд на фарогаро, ба ин маъно, ки гӯё ҳар кадоме омадаанд, ки масалан соҳаи аграриро «ислоҳ» кунанд ё ҷомеаро рӯбароҳ кунанд, ё чун Наҳзати Исломӣ ормонҳову одобу ахлоқи исломиро ниҳодина кунанд.

Дар ҳоле ки, аслан, барои як Амрикои Бузург ҳамагӣ 2 ҳизби сиёсии пуриқтидор кифоят карда, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт пешсаф бошанд, ва танҳо дар кишварҳои диктатории ақабмондае чун Тоҷикистон аст, ки ниёз ба 12 ё 6 ҳизб буда аст.  Ва инак ин 6 ҳизб ҳам ҳамагӣ гумному беамалу нолозиманду сохтаи мағзи тирании Раҳмонов, ки барои спектаклҳои сари чанд сол ташкил мекардааш нақши «Мири Наврӯзӣ»-ро иҷро мекунанд. Наҳзат бошад;  ронда шуд.

Асли матлаб, иқтибос аз ЭМТ:

ИНТИХОБОТ, раванди баргузидани шахсе барои уҳдадориҳои мансабии умумӣ аз тариқи раъйдиҳӣ. И. Яке аз рукнҳои асосии ҳокимияти мардумӣ, шакли ифодаи иродаи сиёсии халқ ва омили дар амал татбиқ кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва интихоб кардану интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, роҳи қонунӣ гардонидани ҳокимияти сиёсӣ ва демократикунонии ҷомеа мебошад. И. Раванди демократии сиёсӣ ва натиҷаи ҷустуҷӯи дуру дароз ва ихтилофноки таърихии ҷомеаи инсонӣ барои дарёфти тарҳи беҳтарини ташаккул, рушд ва идораи давлат мебошад.

Истилоҳи «овоздиҳӣ» (SELECTION) таърихи қадим дошта, аз Спарта боқӣ мондааст, ки дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (герусия) дар раванди маҷлиси умумӣ (апелла) ва бо роҳи фарёдзании умумӣ ташкил мешуданд. Узви герусия шахсе интихоб мешуд, ки ба тарафдории ӯ аз ҳама баландтар фарёд мезаданд. Маҳфуми «қуттии интихобот» ҳам аз Афинаи Қадим ба замони мо расидааст. Афинагиҳои қадим дар рафти овоздиҳӣ ба қуттии И. Сангҳои сафед ё сиёҳи худ – «бюллетен»-ро мепартофтанд. Санги сиёҳ маънои «зид» ва санги сафед маънои «тарафдор»-ро дошт. Ибораи маъмули «сақои сиёҳ партофтан» ба маънои муқобил овоз додан истифода мешуд. Дар шаҳр-давлатҳои Юнони Қадим ба мансаби давлатӣ шумори каме аз шаҳрвандони ҷинси мард, озод ва сарватманд бо овоздиҳии бевосита ва ошкоро интихоб мешуданд. Дар Ҷумҳурии қадими Рум ҳайатҳои судро қишри озоди он кишвар бармегузиданд. И.-и Англия аз асри 13 м. Оғоз шуд.

Раъйгирии махфӣ аз соли 1882 ҷорӣ шуда, занон соли 1928 ҳуқуқи интихоботиро соҳиб гардиданд.

Дар замони муосир мамлакатҳое, ки дар онҳо И.-и намояндагони мардумӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ вуҷуд надошта бошад, ангуштшуморанд. На дар ҳамаи кишварҳо И. Бо роҳи демократӣ гузаронида мешавад.

Намудҳои И. (вобаста аз хусусияти таъсири байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ):

1. И.-е, ки дар шароити тобеи давлат будани ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад. Ин хосси низомҳои сиёсии авторитарӣ буда, тамоми қарорҳои асосӣ дар бораи ҳайати вакилон, мундариҷаи барномаҳои пешазинтихоботӣ пешакӣ аз тарафи роҳбарияти сиёсии мамлакат (хунта, олигархия, ҳизби яккаҳукмрон ва ғ.) қабул мешаванд. Интихобкунандагон дар бораи номзадҳо ва барномаҳои онҳо чизе намедонанд. Набудани имконияти интихоби номзади беҳтарин ва ташкили манзараи сохтаи дастгирии умумихалқӣ аз он далолат мекунад, ки дар ин кишварҳо ҳуқуқи воқеии ташаббуси интихобкунӣ на дар дасти мардум, балки дар дасти бюрократияи ҳизбӣ мебошад.

Чунин амалия на фақат хосси собиқ ИҶШС буд, балки дар Покистон, Индонезия, Филиппин ва чанд кишвари дигар низ ҷой дошт. (Тоҷикистон саромад ва бадтарини онҳост. Иловаи аз мо).

Вобаста ба он ки ба кадом мақомоти ҳокимияти сиёсӣ номзад интихоб мешавад, И. Ба ҳокимияти қонунгузор – парламент, иҷроия, мақомоти сатҳи гуногун ва судӣ фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон танҳо вакилони парламент, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ интихоб мешаванд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади ором нигоҳ доштани вазъи сиёсӣ роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроя ва худидораи маҳаллӣ на интихоб, балки таъйин мешаванд. Дар бархе аз мамлакатҳои демократии дунё ИМА, Фаронса, Руссия ва ғ., роҳбарони ҳокимияти иҷроия ва судӣ интихоб мешаванд.

И.-ҳои бевосита, бавосита ва бисёрзина вуҷуд доранд. Дар И.-и бевосита намояндагонро худи шаҳрвандон интихоб мекунанд. Дар И.-и бевосита аксаран бештар вакилони палатаи поёнии парламент, парламентҳои якпалатагӣ, мақомоти ҳокимияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот интихоб мешаванд. Дар баъзе аз мамлакатҳои мусулмонӣ (Покистон, Бангладеш) шумораи муайяни занҳо ба вакилии палатаи поёнӣ аз ҷониби худи парламент интихоб мешаванд. Дар парламенти якпалатагӣ шумораи муайяни вакилонро метавонад президент аз ҳисоби шаҳрвандони шинохтаи мамлакат таъйин намояд (дар Миср то 10 нафар). Дар Тоҷикистон аз 33 нафар узви палатаи болоӣ – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 25 нафар дар маҷлисҳои умумии вакилони мақомоти намояндагии ҳокимиятҳои маҳал интихоб мешаванд ва 8 нафари дигар аз ҷониби президент таъйин мегарданд. Дар бисёре аз мамлакатҳо президентҳо, вакилони палатаи поинӣ ва болоии парламент (Бразилия, ИМА) ва сарвазирон (Исроил) бо роҳи И. Интихоб мешаванд. (Ҳоло Раҳмонов на 8 нафар, ки аз А то Я ҳамаро «таъйин» мекунад. Илова аз мо).

И.-и демократиро як қатор аслҳое муайян мекунанд, ки дар қонунгузории интихоботӣ ҳамчун шарти зарурии таъмини ҳуқуқ ба овоздиҳӣ ва ё ҳуқуқи овоз мебошанд, зеро бе таъмин намудани ин ҳуқуқ дигар ҳуқуқҳои инсон маъное ҳам надоранд. (Решаи ҳамаи беқонунӣ дар интихоботҳои тақаллубии ин режим ҷойгоҳ дорад. Иловаи мо) Инкори он нишони ҳадафҳои авторитарӣ ё тоталитарӣ доштани қувваҳое мебошад, ки қудратро дар даст доранд. Муҳимтарин аслҳои И.: 1. Умумӣ будан. Яъне ҳамаи шаҳрвандон, новобаста ба ҷинс, мансубияти нажодӣ, миллӣ, синфӣ ва касбӣ, забон, даромад, таҳсилот ва ғ.  ҳуқуқи ширкати фаъол ба сифати интихобкунанда ва ғайрифаъол ба сифати номзад дар И.-ро доранд. Ҳамзамон, барои татбиқи ин асл як қатор маҳдудият ҳо мавҷуданд, ки асосан ба синну сол, ноқисулақлӣ ва доғи судӣ вобаста мебошанд. Дар баъзе мамлакатҳо то имрӯз маҳдудияти табақавию синфӣ (дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) ва маҳдудияти ҷинсӣ (дар якчанд мамлакати мусулмонӣ) ҷой дорад. (Дар Тоҷикистони кунунӣ ягон принсипи он риоя намешавад. Иловаи мо).

Интихоботи бевосита. Интихобкунандагон бевосита намояндагону вакилон, аъзои парламент, президент ва дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти сиёсиро бе дахолати миёнаравон интихоб мекунанд. Ин асл барои иштироки ҳақиқию умумии интихобкунандагон ва ҳамаҷониба қонунӣ будани маъракаи интихоботӣ имконият медиҳад; байни интихобкунандагону номзадҳо ягон фосилае вуҷуд надорад, касе аз номи онҳо овоз намедиҳад ва тақаллуб вуҷуд надорад.

Махфӣ будани овоздиҳӣ. Бо роҳу воситаҳои гуногуни хусусияти техникидошта махфӣ будани қарори интихобкунанда дар бораи номзади мушаххас таъмин ва эҳтимолияти дахолати қувваҳои берунаро ба интихобкунанда кам мекунад.

Имконияти интихоби номзад. Аслан моҳияти И., аз байни якчанд номзад интихоб кардани беҳтарин нафар мебошад. Дар сурати мавҷуд будани танҳо як номзад ё ҳизб овоздиҳандагон онро на интихоб, балки маъқул медонанд. Дар мамлакатҳое, ки то ҳол низоми бисёрҳизбӣ ташаккул наёфтааст, баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки бо сабаби эътибори баланд доштани сарвари сиёсӣ, қувваҳои мухолифин номзадҳои худро пешбарӣ намекунанд, зеро медонанд, ки имконияти дар И., баранда шуданро надоранд. Дар чунин шароит иқтидори демкоратии И. Ба таври ҷиддӣ коҳиш меёбад. (Дар мисоли Тоҷикистон аз тарси Раҳмонов, то имрӯз номзадии худро  касе ҷуз Абдуллоҷонов пеш нагузошта, ё гузоштаву садди 5%-аро нагузашта аст. Иловаи мо).

Пешбинӣ кардани имкониятҳои баробар ба ҳизбҳову номзадҳо, ки мувозинати иқтидори моддию иттилоотии онҳоро дар бар мегирад. Ин баробарӣ бо роҳҳои зерин таъмин мешавад: муқаррар кардани ҳаҷми ҳатталимкони хароҷот ба ҳар як ҳизб барои гузаронидани И.; маҳдуд кардани ҳаҷми маблағҳои ташкилоту шахсони алоҳида, ки ба фонди ҳизбу номзадҳо гузаронида мешаванд; ба онҳо додани вақти баробари ройгон дар телевизион ва радиои давлатӣ.

Имконияти назорати ҷамъиятии И. Ширкати нозирони ватаниву хориҷӣ эътибори раванди И.-ро барои давлате, ки дар он маъракаи интихоботӣ баргузор мешавад, баланд мебардорад.

Дар ҳаёти сиёсии имрӯза се шакли муайян кардани натиҷаҳои И., ки онро низоми И. Меноманд, истифода мешавад:

1. Низоми аксарият (мажоритарӣ), ки дар се шакл гузаронида мешавад: аксари нисбӣ – ғолиб номзаде дониста мешавад, ки назар ба дигар номзадҳо шумораи зиёдтари овозҳои муқарраршударо мегирад; аксари мутлақ – ғолиб номзаде дониста мешавад, ки аз нисф зиёди овозҳоро (50+1) гирифтааст; аксарияти касбӣ, ки барои ғолиб гардидани номзад гирифтани аксарияти овозҳои муқарраршударо (2/3,3/4) пешбинӣ мекунад. Ин шаклҳои И., асосан ҳангоми ҳал кардани масъалаҳои конститутсионӣ истифода мешаванд.

2. Низоми баробарӣ (пропорсиалӣ), ки дар он овозҳо ба тарафдории рӯйхати номзадҳои аз ҷониби ҳизбҳо пешбаришуда дода мешаванд ва ҷойҳо қатъиян мувофиқи шумораи овозҳои гирифтаи ҳизбҳо тақсим мешаванд.

3. Низоми омехта, ки моҳиятан ифодаи низоми мажоритарӣ ва пропорсиалӣ буда, ҳар як интихобкунанда дар як вақт ҳам ба тарафдории номзади мушаххас аз рӯи ҳавзаи интихоботии якмандата ва ҳам аз рӯи ҳавзаи интихоботии умумимиллӣ овоз медиҳад. Ин низом, маъмулан, барои ба даст овардани созиш дар байни ҳизбҳое истифода мешавад, ки тарафдори низоми мажоритарӣ ҳастанд ё низоми пропорсиалиро авло медонанд.

Вазифаҳои асосии И.: ташкили низоми доимоамалкунандаи намояндагӣ; омӯхтан, ҳамоҳанг кардан ва ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа; ба роҳ мондани рақобати солими манфиатҳо дар давраи И. Ва ба ҳамин васила бо роҳи осоишта ҳал кардани ихтилофҳои иҷтимоие, ки дар байни қишрҳои ҷомеа ҷой доранд; дастраси мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардонидани фикру мулоҳизаҳои мардум роҷеъ ба мушкилоти мавҷуди ҷомеа; бо роҳи қонунӣ ташаккул додани ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеапазирии сиёсии шахс ва ғ.

Таҷрибаи таърихии халқу миллатҳо собит кардааст, ки на ҳама вақт бо роҳи И.-и умумихалқӣ беҳтарин шахсиятҳо ба сари қудрат оварда мешаванд, зеро самарнокии И., ба як қатор шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангиву ахлоқие вобаста мебошад, ки фароҳам набуданашон метавонад И.-ро ба омили зиддииҷтимоӣ табдил диҳад. Муҳимтарин шароити хуби демократӣ инҳоанд: муносибатҳои пурқуввати моликиятдорӣ, ки фишангҳои бозаргонӣ ва озодии соҳибкориро пешбинӣ мекунанд (дар соҳаи иқтисодиёт); мавҷудияти «синфи миёна»-и аз ҷиҳати иқтисодӣ побарҷо (дар соҳаи иҷтимоӣ);

Мавҷуд будани анъанаҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандии баркамол, низоми бисёрҳизбии пурқувват ҳамчун инъикоси гуногунии манфиатҳои иҷтимоӣ, дастнигари давлат набудани ВАО ва гуногунандешии сиёсӣ (дар соҳаи сиёсат); мавҷудияти конститутсияи ҷавобгӯи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ ҳамчун навъи шартномаи байни давлат ва халқ (дар соҳаи ҳуқуқ); ташаккули сатҳи баланди фарҳанги сиёсии мардум, баланд будани шуури худшиносии миллӣ, аз ҷониби аҳолӣ дарк кардани мансубияти хеш ба умумияти таърихию миллии худ ҳамчун заминаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳисси масъулиятшиносии давлатӣ (дар соҳаи фарҳанг)[vii].

Аз он чи то инҷо хулосатан аз Энсиклопедияи навини миллии Тоҷик иқтибос овардем, ба ҳама маълум мешавад, ки режими Раҳмонов ба ягон талаботи мазкур дар интихоботи қарибулвуқуъ ҷавобгӯ набуда, балки баръакс як системаи тоталитариеро роҳандозӣ карда, ки Интихобот онро маҳкум мекунад. Ва аз онҷо ки тамоми фишангҳои сиёсӣ, иттилотӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, низомӣ, фарҳангӣ (телевизиону радиёву ВАО ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби буҷети миллат маблағгузорӣ шуда) дар хидмати ҲХДТ аст, тамоми шаҳрвандон, андозсупоранлагони кишварро зарурат аст, ки овози худро боз ҳам барои тақвият надодани ин режими номардумӣ сарф накунанд, балки барои аз байн бурдани ин ҳолати статус-квои дилгиркунанда ва ин режими ғайридемократии диктатурӣ, аз роҳкори БОЙКОТ ва даст кашидан аз овоздиҳӣ кор бигиранд. Хушбахтона, САҲА ва намояндагонаш (нозиронаш) алакай ин Бойкоти сиёсиро эълон карданд, ки мо бояд дар ҳамоҳангӣ бо аврупоиёну нозирони хориҷӣ аз ин амалкард пайравӣ кунем.

Зери ҳеч шароите Ҳукумати феълии мардумозори диктатурии Раҳмонов имкону ҳаққи бо зӯрӣ ба овоздиҳӣ бурдани ҳеч шаҳрвандро надорад, балки як бори дигар бо бойкотатон, шаҳрвандони огоҳи кишвар, нишон диҳед, ки дигар ба спектакли кӯҳнашудаи Раҳмонов бовар надоред ва барои зоҳиран сару сурат додан ба режими хунхор худро ба пойи сандуқҳои учаскаҳои интихоботӣ нахоҳед бурд.

Нарафтани шумо ба интихоботи дурӯғин ва бозори сарди «овоздиҳӣ» як бори дигар ба ҷаҳониён ва худи Режим нишон хоҳад дод, ки миллат  ба як интихоботи шаффоф, демократӣ, мардумӣ ва созанда ниёз дорад ва дигар аз ин гуна амалкардҳои кӯҳнашудаи «коммунистӣ» дар амри «таъйинот» хаста шуда аст.

Нарафтани шумо ба интихобот заминаи озодии ин миллат – худу бастгонатонро метезонад! Рафтанатон – идомаи ғуломӣ, бебарқӣ, бекорӣ, хастагию депрессия, дилмондагию рӯ бараҳми худоӣ, бепулӣ, бехонагиву зиндагии пасту фақиронаи кунуниятонро тӯлонитар мекунад.

Озодӣ мехоҳед – Интихоботро таҳрим кунед. Ғуломӣ мехоҳед – рафта, масхарабозӣ кунед.

Фикр мекунам, миллати огоҳ ниёз ба насиҳати сиёсӣ надорад, балки худ аз ҳар василаву фишанги дастрас барои раҳоӣ аз тори 33-сола танидаи диктатур талош меварзад.

Ва аз онҷо ки Раҳмонов душмани манфури ИНТИХОБОТИ ОЗОДУ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ аст, чун медонад никтое беш несту касе барои золиме ҷуз зулмпарастон овоз намедиҳад, ҳамеша ҳизббандӣ ва соҳиби ҳизб дарбандсозӣ карда аст. Айни ҳол дар зиндонҳои Шариповичи «демократ» на камтар аз 100 намояндагону муассисони ҳизбҳои қайдгаштаву  қайднагашта; манзурам Зайд Саид, ки мехост ҳизбе бо номи «Тоҷикисиони нав» ташкил диҳаду бо ин сабаб зиндон рафт[viii]. Мақсуд Иброҳимов, Шокирҷон Ҳакимов ва Маҳмурод Одинаев ҷонишинони  раиси ҲСДТ, 12 аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ва депутатшавандагоне чун  Завқибек Саидаминӣ, Фаромӯз Эргашев  ва ғайраҳо,  қарор доранд!

Раҳмонов бо роҳи диктатураи оилавӣ натанҳо арсаи сиёсату иқтисоду илму ҳунару фарҳангро барои мухолифину рақибони худ танг кард, балки ин арсаи ҳаётан муҳими як миллатро барои фарзанди туппойяш Рустам ҳам ружду ҳамвор кардан дорад!

Дида мешавад, ки дар ин, бо ном интихоботи соли 2025, ба ҷуз чанд аксу чанд брошюрҳои скочпеч дигар чизе барои миллат аз ин ошуфтабозори Раҳмонӣ дар корзори интихоботи «озоди шаффофу демократӣ» барнахоҳад расид. Инҷо интихоботи ҲИЗБИ ДУЗДИДАИ РАҲМОНОВ барои аз андоз озод кардани фарзандону бастагон  ва додани имтиёзҳои давлатӣ ба худу бастагон ва оилавӣ кардани тамоми сохторҳои кишвар,  ҷараён дораду бас. Тамоми курсиву мансабҳои тасмимгирӣ дар зери куни худу духтару писару домодҳову бастагонаш қарор дошта, бо номи қонуну интихобот миллатро каллаи хар карданист. Вақте дар низоми демократӣ пешвогарӣ нест, оилагарӣ нест, 33  сол рӯи курсии раёсатҷумҳарӣ нишастан нест, хусусӣ кардани тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат нест, балки баръакс омадану рафтан ҳаст, на омадану нарафтан, пас миллати тоҷик бояд ба ин масхарабозӣ ба номи Интихобот худро овора накунад. Бе ин ҳам инҷо диктатураи «конститутсионӣ» 33 сол аст ки барпо гаштаву ҷуз барандохтанаш аз он роҳи халосӣ нест.

Раҳмонов аз роҳи сохтакорию тақаллубу дуздии сандуқҳои блютинҳо то сатҳи Пешвои худхонда расида асту то ҳаст арсаро барои ҳизбу соҳибҳизбу интихобкунандагону интихобшавандагон ва як ҷомеаи озоду қонунӣ, танг хоҳад кард!

Дар фарҷом як чанд роҳбурдҳоеро зикр карданӣ будам, ки ВАО ва аҳли журналистикаи ҳирфаӣ бояд, дар ҷомеаҳои демократӣ, қабл ва дар аснои овоздиҳӣ, ба мисли: Маърака, модератор, бадномӣ (компромат), маркетинги сиёсӣ, мотив, пахши гардон, рекламаи сиёсӣ, электорат, ситора, пиарсоз, нишасти матбуотӣ, мусоҳиба ва ғ.. аз онҳо истифода кунанд, то мардумро аз раванди ҳодисоти қаблазинтихоботӣ ва тақаллуботи интихоботӣ  огоҳ созанд, вале дида мешавад, ки дар ин мазористон касе пайи коре нест: на оммиву на олиму на рӯзноманигорони мустақилу на ғайримустақил. На вакилшавандагонро касе дидаву на миллат хабар дорад, ки рӯзи 2-уми март чӣ хабар аст.

Эмомалӣ Шарипович ҳамаро кашида сар дода аст!!

Пас, оташро бо оташ бояд куфт: Раҳмонов бо масхарае бо номи «ИНТИХОБОТ» шуморо кашиданист, бо БОЙКОТ-и он Раҳмоновро кашида сар диҳед!

Поёни мақола.

[i] И.УСМОНОВ ТАЪРИХИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНИ

СОҲИБИСТИҚЛОЛ Нашриёти «Нури маърифат»

Хуҷанд-2003. С.162

[ii] Ҳамон ҷо. С.. 163

[iii] https://www.ozodi.org/a/2028294.html?utm_source=chatgpt.com

[iv] И.УСМОНОВ ТАЪРИХИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНИ

[v] ﴿ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا رَجُلًا فِيهِ شُرَكَاءُ مُتَشَاكِسُونَ وَرَجُلًا سَلَمًا لِرَجُلٍ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾

(سورة الزمر: 29)

[vi] Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.2. Гавҳарак- Ирланд. Душанбе – 1980. С.623

[vii] Энсиклопедияи миллии тоҷик. ИЛМ ‒ ИСҲОҚ ҶИЛДИ 8 Душанбе 2019. С. 304-306

[viii] https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20131225/zaid-saidov-ba-26-soli-zindon-ma-kum-shud?utm_source=chatgpt.com

Сообщение Бо байкоти «ИНТИХОБОТ» Раҳмоновро кашида сар диҳед! появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №218
Дар ҳоле, ки фазо ва муҳит обастани таҳаввулу тағйир ва руҳияи мардум инқилобист бархе аз навоҳии кишвар амсоли Обигарм, Файзобод, Шаҳристон, Спитамен, Панҷакент, Бохтар (Қурғонтеппа) Хуҷанд, Норак, Шаҳринав, Фархор, Восеъ, Кулоб пассив ва камфаъолият шуда истодаанд. Махсусан аз Исфара ва Мастчоҳ, ки қаблан фаъол буданд, номаҳо камтар расида истодааст.

Даъвати мо аз ин мардум ин аст, ки бо мардум бипайвандед. «Ислоҳ» минбари шумо, минбари инқилоб, сангари муқовимат ва мубориза бо ин диктатор ва режими хонаводагии вай аст. Дар ин сангар дар канори мардум бошед, ҳамроҳӣ кунед. Ҳар навиштаи шумо зарба ба ҷони режим аст ва ҳар навиштаи шумо ҷони инҳоро мекоҳонад, пояҳои зулмату истибдоди Раҳмонов реза реза мешавад. Сухан бифканад минбару дорро, гуфтаанд. Феълан, то замони фаро расидани он рӯзи мавъуд, он рӯзи ҳуррият, он рӯзи растагорӣ ва он давраи чапа ва ба хок кашонидани Раҳмонови палид инҷо ҷабҳа ва сангари шумост. Сангар ва ҷабҳаи худро холӣ нагузоред.

Ва ҳоло меравем ба мурури номаҳои мардум:

Нуробод

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол. Ман аз  Нуробод мебошам.

Манро кумитаи амнияти ноҳияи Нуробод барои даъвати писаронам ба хизмати ҳарбӣ ҳар призиви баҳорӣ ва тирамоҳӣ даъват мекарданд ва аз ман 3000(се ҳазор) сомонӣ мегирифтанд. Бовар кунед, безор шудам.

Як амри маъруфро гуш кардам. Амри маъруф дар бораи шахсони порадиҳанда, шахси миёнарав ва шахси порагир буд. Вақте гуш кардам он домулло як ҳадиси расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи васаламро гуфт, ки шахси порадиҳанда, шахси пора гиранда, ва шахси миёнарав аст дар ин кор ҳар се  аҳли нор мебошанд.

Бовар кунед аз шунидани ин ҳадис қалбам ба ларза омад. То ба ҳозир ба суи худо тавба мекунам, ки ман чунин гуноҳи бузург кардам. Ман фикр кардам, ки дар ин дунё аз хизмат писарони худро бо пулу пора халос мекунем, пас фардо аз азоби Худо ҷонамонро наҷот дода наметавонем. Ҳозир бошад як писарам муддати як сол мешавад, ки дар адои хизмат мебошад. Ман аз тамоми волидон хоҳиш менамоям, ки монед писаронатон ба аскарӣ раванд, то ки муссалаҳ шаванд. Мақомотҳоро бо пулу пора омухта накунед. Ин мақомотҳои тоғутпараст аз ҳақи шумо мехуранд ва тоғути гандапирро муҳофизат ва тарафдорӣ мекунанд. Агар ҳамаи мову шумо ба як гап бошем мақомотҳоро грет накунем, пас кормандони мақомотҳо худашон тарки вазифа мекунанд. Ба инқилоб омодаем ин шо Аллоҳ.

Парвардигори меҳрубон ин ҳукумати золим,ин ҳукумати қотили миллат ва ин гандапири бадмурро бо авлоди гадояш ба хоки куча яксон гардон!

Парвардигоро ин гандапирро, ки дар 92-миллион доллар самолёт харидааст ба он мақсаде, ки барои рӯзи инқилоб бо ҳамроҳии авлодаш дар он самалёт фирор намоянд, дар осмон нопадидашон гардон, омин!

Худо мададгоратон мубориз!

Душанбе

Ассалому алайкум бародари муборизи ҷонбаркаф Муҳаммадиқболи Садриддин! Чанд мақола ва наворҳои беҳтарини шуморо хонда ман ҳам илҳомам ба ҷуш омад ва хостам баъзе аз фикру мулоҳизаҳоямро нависам. Бигзор ин навиштаҳои маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва ё бихоҳед, дар шакли алоҳида нашр намоед. Ман дар Душанбеям. Дар тарафи маҳаллаи маъруф ба Гипрозем зиндагӣ мекунам. Солҳои пеш бо ному насаби худам барои нашрияҳои Душанбе менавиштам. Худам муаллим ҳастам. Ҳоло навиштанро қатъ кардам. Аз газетаҳо дилам монд. Чунки ҳамаашон фақат Раҳмонов мегуянд. Аммо аз одитарин мушкилоти мардум наменависанд. Чи расад ба интиқоди Раҳмонов ва сиёсатҳои вай, ки боиси хориву зиллати мардум шудааст.

Бовар кунед, ки то Раҳмонов мардуми тоҷик тамоман дигар буд. Ин омаду оҳиста-оҳиста ғурур ва шаҳомати тоҷикро аз байн бурд. Ҳозир миллат ва мардуми тоҷик ба ғуломи хонаводаи Раҳмонов бадал шудааст. Аммо Раҳмонов бояд ҳодисаҳо ва махсусан сарнавишти бадфарҷоми мисли худаш роҳбаронеро, ки курсиро раҳо карданӣ набуданд ва оқибат аз тарафи халқ сарнагун шуданд, пеши назар оварад ва андеша намояд.

Башор Асад чи шуд?Дур намеравем  Нурсултон Назарбоев чи шуд? Тамоми молу моликияташ давлатӣ ва духтару домодҳои миллиардераш овораву як қисмашон зиндонӣ шуданд. Гулнора Каримова духтари Ислом Каримов чӣ шуд? Ба наздикӣ пулҳои дар Шветсария доштаашро ба ҳукумати Узбекистон,ки беш аз 180 млн доллар будааст месупоранд. Чунки аз ҳисоби мардум навардиданду ҷамъ карданд ва оқибаташон чунин шуд.

Ман ба ин ба ном зиёиҳои имрӯза гуфтаниам, ки Шумо Раҳмоновро кур карда истодаед, бояд ростро нависед ва чашмонашро кушоед. Ин корҳое, ки шумо мекунед воқеъӣ нестанд. Шумо зур зада чиро нишон доданиед? Чиро исбот карданиед? Исбот карданиед, ки Раҳмонов зур аст. Агар Раҳмонов зур буд, ҳоло мардум свет доштанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо свет доштем. Раҳмонов Рустамро оварду баъди омадани он ҳатто дар пойтахт светмурӣ сар шуд.

Ба назари ман Шумо зиёиёни тамаллуқпеша тараканед, шумо магаси гирди шириниед.  Хиёнати шумо бадтар аз худи хоин аст. Агар Раҳмонов хоин аст шумо хиёнаткоред. Фақат Раҳмонов мегуеду ҳамду сано мехонед. Ин қадар ҳам набудагист. Ҳама чизатон фалшивий, ҳама чизатон сохта, ҳама чизатон ҷаълӣ ва ҳама чизатон дуруғ. Се даҳа аст, ки  як мушмурдаро, як гурбаи касали дилнокашро таърифу тавсиф карда қаҳрамону ҷанобу пешво мехонед ва ин пешвои дуруғӣ аз ин гапҳои шумо болу пар бароварда акнун мехоҳад, ки дар ҷойи худаш Рустами наркомани баччаашро орад. Вой бар ҳоли Шумо!

Бародар Муҳаммадиқбол! Махсусан навиштаи охиратон, ки дар бораи ҳодисаи зиндони Ваҳдат буд маро ба андеша водор кард. Чаро?  Чунки ду нафар аз ҳамсояҳои ман, яке писар ва яке бародараш дар зиндон буданд, ва вай сахт мунтазири амнистия буд. Ва мегуфтанд, ки ин шо Аллоҳ Раҳмонов афв қабул мекардааст ва онҳо то ноябри соли гузашта мебароянд. Бори охир соли 2021 амнистия карда буд ва маъмуалан ҳар се сол фармони афв медод. Аммо имсол надод. Дар ҳақиқат амнистия барои он дода нашуд, ки тарсид, ки  касоне мебароянд, ки мумкин барои интихоботи вай проблема кунанд. Масалан 307иҳо ё Муҳаммадрузӣ Искандаров, ки муҳлати адои ҳукмаш ба охир расида истодааст. Ман ба шумо мувофиқам, ки ошуби зиндони Ваҳдат кори худи Раҳмонов аст, кори касе дигар нест. На Ятимов ва на Мансур Умаров беиҷозати вай ин корро намекунанд. Баракс ман фикр дорам, ки ин ошубро ҳарсеи ҳаминҳо ба амал бароварданд. Секаса карданд. Раҳмонов аз ҳодисаҳои Сурия сахт тарсидааст. Ин як амри воқеӣ аст. Чунки Сурия аз тарафи Русия ва Эрон кидат шуд. Ду кишваре, ки Раҳмонов ба онҳо такя мекунад. Ҳоли Башор Асад ҳоли саг аст. Раҳмонов дида истодааст, ки ояндааш чи хоҳад шуд. Дар зиндон ҳама чиз подконтрол аст, идора мешавад. Ин як кори тамоман сохта ва дуруғӣ аст ки 9 нафар бихезанду бо оҳану корд ба тарафи кормандони мусаллаҳи зиндон ҳамла кунанд ва кор то ба онҷо бикашад, ки спетснази МВД ҷалб шавад чи расад бо воҳидҳои вижаи худи вазорати адлия. Бубинед нуҳ маҳбус мехезанд соати 15. Худи ҳамин фактро як каме дар борааш андеша кунед. Имкон надорад аз байни нуҳ нафар ҳади ақал се нафар нагуянд ки муқобили афроди мусаллаҳ бо корд чи гуна мехезем. Ҳамаи ин нуҳ нафар аблаҳу беақл не ку. Чи гуна мегурезанд? Амдан ва махсус чунин сабабро эълон мекуанд ки мардум сраза пай барад, ки ҳукумат дуруғ гуфта истодааст ва ҳукумат мақсадаш задан аст ва Раҳмонов ба любой кор қодир аст ҳатто ба дуруғ туҳмат.

Ҳам Мансур Умаров ва ҳам СС Ятимов сагҳои вафодоранд. Колхозник умний шудагӣ ва махсусан бо ФСБ сахт часпонидагӣ аст ва маълумотҳоро гирифтан мегирад. Камбуд надорад.

Раҳмонов дуздидан мегирад, қатлу куштору зиндон кардан мегирад, саркуб мекунад, вале аз ин тарафи кор бехабар аст ки хашму ғазаби мардум қабат дар қабат ҷамъ ва фарбеҳ мешавад. На фақат Раҳмонов фарбеҳ ва ба корди қассоб наздик мешавад, хашму ғазаби мардум ҳам беш аз пеш барои гирифтани чакушу теғу корд сахттар мешавад.

Раҳмонов бо ин тамомхоҳӣ-тоталитаризм ва диктотурӣ-худкомагие, ки пеша кардааст, айни Башор Асад ва дигар диктаторҳо мешавад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ин навишта маъқулатон шуд, чоп кунед ва ман ҳам кушиш мекунам, ки навиштан барои шуморо барои «Номаҳо аз ноҳияҳо»ро идома диҳам. Ман ҳамин барномаатонро писандидам. Чунки ба воситаи он аз вазъу ҳоли тамоми минтақаҳои кишвар бохабар мешавам.

.                                    Нуробод

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва бародарони мубориз, ман аз дехаи Сари Қош ҷамоати деҳоти Хумдон мебошам.

Бародар Муҳаммадиқбол, ман номаҳои 208 ва 209-ро гуш карда бениҳоят шод шудам. Тамоми мардуми деҳа ин номаҳои нашр гардидаро на кам аз чор маротибагӣ тамошо кардаанд ва дар ҳақи нависандаи он номаҳо дуои хайр мекунанд ва мегуянд, ки аз ин деҳаи мо ҳам шерони нар пайдо мешудааст. Бисёр дуои хайр мекунанд дар ҳақи шумо муборизони роҳи ҳақ.

Мақомот раиси маҳаллаи деҳаи Сари-Қош Асоев Баҳриддинро пас аз шунидани ин номаҳо даъват карда сахт танбеҳ доданд, ки эй занфалон ту чаро дар группаи ватсапи баччаҳои деҳа аз номи мақомотҳо гап задӣ? Гуё аз раёсати ноҳияи Рашт омаданд болои ту фишор оварданду супориш доданд, ки аз мардуми деҳа пул ҷамъ кунед ва ба мактаб стол ва стул харед. Ба ба ӯ сахт таъкид карданд, ки ту мақомотҳоро паст задӣ, чунки садоҳои ту нашр шудаанд. Ба ӯ гуфтанд, ки бори дигар дар группаи ватсапи баччаҳои деҳа садо мегузорӣ, ҳолатро бад мекунем ва ба ӯ гуфтанд, ки «даракашро биёв ин одам, ки ҳаст маълумотҳои пурра ба Ислоҳ мерасонад». Маълум, ки сахт парешон шудаанд аз мақомотҳои ба шумо мерасида. Баъди нашри он номаҳо раиси маҳалла ва дигар бузҳо дар кучаҳо кам ба чашм мерасанд. Ин суханчинҳои шарманда аз одамони бегуноҳ ин корро дида истодаанд. Эй, ҷанобони бузҳо шумо кур ҳастед. Аллоҳи меҳрубон шуморо кур кардааст. Ин шо Аллоҳ хору залил мешавед, баъд мемуред. Касоне, ки криша доред,шумо ҳам огоҳ бошед!.

Беҳтараш аз деҳа баромада равед бе номусҳо. Худо ёру мададгор бародарони муборизи ман омин.

Эзоҳ аз Ислоҳ: Вақте ба дасти мо аз бузҳо менависанд, мо онро боз аз чанд нафари дигари сокини он деҳа пурсида мушаххас ва диқи карда баъдан чоп мекунем, то мабодое туҳмат ба он ашхос нашвад, чуноне мебинед ин ҳама номаҳо аз тасдиқи номаҳои гузаштаи мо мебошанд.

Норак

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Норак ҳастам. Ман як хабари кутоҳ дорам. Феълан дар дохили ватан мебошам. Барои ҳамин ному насабамро пинҳон медорам. Чанд вақт аст ки ҳисобкунакҳо- счётчикҳои барқиро маҷбурӣ иваз карда истодаанд. Ин ҳисобкунакҳо як, ду маротиба зиёд пул кор мекардааст. Барқ лимит аст, аммо ҳамон хел ҳам моҳе 300-400 сомонӣ кор карда истодааст. Дар ҳоле, ки бисёрии вақт алову газ истифода мебарем.

Ман мехоҳам бо истифода аз минбари «Ислоҳ» мардумро огоҳ кунед, ки аз тарафи барқчиён фиребу найрангкорӣ зиёд аст

Рашт

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои ширинсухан Муҳаммадикбол.

Ман собиқ команди Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Рашт ҳастам.

Ман ҳамаи барномаҳои шуморо гуш мекунам.

Ман маълумот дорам оиди протокол пур кардани ГАИҳо. Масалан чихел?  Ҳар як корманди БДА маҷбур аст ҳаррӯз 6-(шаш) адад протокол супорад. Ҳади ақал 4-(чор)протокол бояд супорад. Ва боз аз ронандагон ба ҳар роҳу восита бояд пул гирад ва ҳар бегоҳ ба началники БДА ба камаш 100 сомонӣ диҳад. Аз чунин беадолатӣ ва зулму ситам болои ронандагон виҷдони мусалмониям маро азоб дод. Ман худам аризаамро супоридаму корро бас кардам. Аммо бояд гуям, ки ин корҳо бо амру супориши мақомоти болоӣ мебошад.

Давраҳои шуравӣ агар корманди БДА дар як моҳ протокол намесупорид, яъне ягон ронандаро протокол пур намекард, ӯро унвон медоданд, ки минтақае, ки ту назорат мекунӣ тинҷ аст. Ман ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамаи ин протоколҳо маблағашон ба куҷо меравад. Кормандони БДА хату савод надоранд, ба Худо қасам, аломатҳои манъкунандаро аз аломатҳои огоҳкунанда фарқ намекунанд.

Агар фарҳои мошин, масалан поворотник, ё ки стоп кор накунад, дарав протокол тартиб медиҳанд. Ягон намуди қонун нест барои кор накардани поворотник ё ки лампочкаҳои қафои мошин, ронандагонро тарс дода 20-(бист) сомонӣ мегиранд.

Ман ба ҳамаи мақомот гуфтаниям, ки болои мардум зулму ситам накунед, аз Аллоҳи меҳрубон битарсед. Наход, ки аз мардум бо роҳҳои ҳаром пул гиреду зану фарзандонатонро хуронед. Ин амалҳои шумо ба қонунҳои диниву дунявӣ рост намеояд.

Эй, Раҳмонов куҷоро нигоҳ мекунӣ, Худо лаънатат кунад. Мардум ба дод омадаанд, рӯзе аланга бархезад, ҷонатро куҷо мебарӣ? Худо ҳофиз бародарони мубориз.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман чанд вақт шуд, ки дигар барои шумо ягон чиз нафиристодам. Асосан аз газетаи «СССР» мақолаҳоро гирифта ба шумо мефиристодам. Дар ин мулки ғарибӣ дигар коре аз дастам барнамеояд. Вале чандин нафарро ба тамошои барномаҳои «Ислоҳ» ҷалб кардам ва онҳо ҳозир мухлисони доимии шумо шудаанд ва чанд нафарашон гуфтанд, ки чандин каси дигарро онҳо ба тамошои «Ислоҳ» ҷалб намудаанд. Бемуҳобот гуфта метавонам, ки фақат дар Волгоград ҳазорҳо тамошобин ва тарафдор доред.

Ин бор барои ман як навиште дар СССР ҷолиб тофт, ки ин навишат ба қалами Ато Мирхоҷа тааллуқ дорад ва дар сайти ин нашрия ба таърихи 29.01.2025 ба ин зайл чоп шудааст, ки онро айнан бо сарлавҳа ва зикри ному насаби муаллиф нусхабардорӣ карда ба шумо мефиристам ва сипас фикрҳоямро дар борааш менависам:

ДУРӮЯГӢ

29.01.2025

Дар маҷлиси рӯзи 17 январ Пешвои миллат аз дурӯягии хидматчиёни давлатӣ, аз ҷумла муносибаташон бо хурофот гуфт ва мисол овард, ки маҳз ҳамин вазъ боиси сар задани ҷангишаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд. Пешвоямон сад дар сад рост мегӯяд...

Соли гузашта бо 1 гурӯҳ нависандагон ба шаҳри Хоруғ рафтем. Дар кӯчаҳои он занону духтарони сатрпӯшро дида, ҳайрон шудем. Чизе, ки ҳеҷ гоҳ на танҳо дар Хоруғ, балки тамоми Бадахшон вуҷуд надошт!

Аз одамон сабаби ҳолро пурсидам. Ҷавобашон маро ҳайрон сохт:

Инҳо занону духтарони кормандони мақомоти қудратианд, ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ бисёранд.

Шумо ба инҳо намефаҳмонед, ки занони Бадахшонро ҳам гирифтори ин таассуб насозанд? -пурсидам аз онҳо.

Шахс пузханде заду гуфт: – Ба кӣ гӯем?  Ба шавҳарони  ҳамин занон, ки ҳифзи тартибот дар дасти худи онҳост?

Ато Мирхоҷа,

шоир ва нависанда

Устод Муҳаммадиқбол! Ман баъди қироати ин навишта пурсуҷу карда фаҳмидам, ки ин Ато Мирхоҷа худаш бадахшонӣ будаасту ҳоло муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Фаҳмидам, ки ҳамон байтҳои масхараомези Путину Трампу Си Ҷинпин пайёми Раҳмоновро шишта гуш мекарданд ба ҳамин тааллуқ доштааст.

Ман чи гуфтаниам? Ин навиштаи Ато Мирхоҷа намунаи рушани тамаллуқ ва хушомадгуӣ аст. Тамаллуқ ба наҳву навъ ва навбати худ. Ато Мирхоҷа мисли буз ба Эмомалӣ Раҳмонов хабар мекашад, ки милисаву амнияту прокурорҳои фиристодаат пеши ту як гап мезананд аммо дар ҷову маҳалли корашон рафтори дигар доранд. Яъне дар пеши ту аз сари занҳои дигарон сатру ҳиҷоб бармедоранд, аммо сатру ҳиҷоби занҳои худашон дар сарашон аст.

Яъне Ато Мирхоҷа ба Раҳмонов гуфтанӣ аст ки занҳои мо бадахшониҳо ҳамеша сарлуч буданд, акнун дар пайравӣ аз занҳои мақомоти фиристодаи ту, ки ҳамагӣ аз ҳаммаҳалҳои худат иборатанд сатру ҳиҷоб мегиранд. Хафа нашав, фарҳанги сатру ҳиҷобро ба Помир ҳаммаҳалҳои зердасти худат оварданд.

Аз тарафи дигар бузии Ато Мирхоҷа аз болои мардуми худаш ба Раҳмонов аст, ки ҳарчи қадар ту сатру ҳиҷобро фарҳанги бегона мехонӣ, аммо дар Помир онро реклама мекунанд ва ҳеҷ бадахшие, ҳатто Алишер Мирзонаботи кегебешник, ки раиси вилоят мондаӣ эрод намегирад, чи расад ба занҳои хоруғӣ.

Дар инҷо Ато Мирхоҷа худро дар сифати як саги бугир ба Раҳмонов нишон дода истодааст, ки чи гуна вафодори вай ва сиёсатҳояш аст.

Охир ту чи кор дорӣ, ки кӣ чи мепушад? Сарулибоси як шахс ба ту чи дахл дорад. Магар барои пушидани либоси як нафар нафари дигар бояд тасмим бигирад? Агар сарулибоси занҳои мақомот дар Бадахшон лучу бараҳна бошад, чи мешавад ва агар пушидаву мастур бошад чи мешавад?

Вале як нуктаи ҷолиб дорад ин навишта. Мегуяд, ки ин хурофот аст. Вой бар ҳоли чунин шоиру нависанда, ки фарзи худоро, ҳукми шаръиро аз хурофот ва таассуб фарқ карда наметавонад. Ва боз аз пешвояш зикр мекунад, ки ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи хурофт буд.

Э, марги ту барин шоир. Мур ба ин ҳолат. Ту барои Раҳмонов аз болои қудратиҳое, ки худаш таъин кардааст, бузӣ карда истодаӣ.

Ҳайфи ту,туф бар ту!

Нуктаи ҷолиби дигар ин навишта он аст ки мегуяд: «Инҳо занону духтарони кормандони мақомоти қудратианд, ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ бисёранд.»

Ба калимаи «бисёр» мутаваҷҷеҳ бишавед. Мирхоҷа, маълум нест, хоста ё нохоста тасдиқ кардааст, ки дигар ҳама қудратиҳо, ҳади ақал бисёриашон омадаанд, ҳаммаҳалҳои худи Раҳмонованд, ки зуд бегона буданашон маълум мешавад, чун муҳаҷҷаба ва сатрпушанд ва ҳамин «бисёрӣ»-и онҳо таваҷҷуҳи Мирхоҷаро ҷалб кардааст.

Инҷо Ато Мирхоҷа дуруст мегуяд, ки қудратиҳои Раҳмонов дар ҳақиқат на фақат дар Хоруғ дар тамоми ноҳияҳои кишвар бисёрианд, ки зуд ба чашм мехуранд. Чунки ҳам барои Хоруғ ва ҳам барои дигар ноҳияҳо «бегона»-анд ва ҳамин бегонагиашон аст, ки дидан замон ташхисашон мекунед, ки омадаҳо ва ба гуфти мардуми хуҷандӣ сойкелдиҳо.

Ҳамин сойкелдиҳо ҳатто ба ҳамин Ато Мирхоҷаи тамаллуқкор нафораманд ва нафоридаанд ва вай роҳи чораро ба фурӯхтани онҳо аз ин роҳ пайдо кардааст, то Раҳмонов онҳоро аз Хоруғ берун барад вагарна онҳо занҳои бадахширо бо вируси хурофот заразит мекунанд.

Бори дигар ҳайф бар ту Мирхоҷа ва туф бар ту!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №218 появились сначала на ISLOH.net.

СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд?
Ё «Берия тоҷикӣ» ва нақши вай дар воқеаҳои солҳои охир.

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз мухлисони ҳамешагии шумо мебошам ва сайти «Ислоҳ»-ро ҳамеша мехонам. Аслан зодгоҳи ман Фархор аст. Аммо мо дар Данғара калон шудаем. Ҳозир бошад ман дар хориҷа ҳастам. Навиштаҳои шуморо дар бораи СС.Ятимов мехонам ва махсусан навиштаи охирини шумо, ки гуфтааст пир шудаму нафақа мебароям хондам ва хеле писандам омад.

Шумо метавонед СС.Ятимов, яъне Саймумин Сатторовичро бемалол Берияи тоҷикӣ ном баред. Ин одам як умр дар КГБ кор кардааст, аммо тарҷумаи ҳолашро тавре навиштааст,ки гуё вай баъди солҳои зиёди кор ба ин идора рафта бошад. Ҳоло тарҷумаи ҳоли ӯро нигоҳ кунед, ки чи тавр сохта шудааст. Бале, бале, ин тарҷумаи ҳол сохта, ҷаълӣ ва дуруғӣ аст:

Ятимов C.C. (таваллудаш 23 июли 1955, ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадор ва дипломати тоҷик. Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010). Доктори илмҳои сиёсӣ дар соҳаи «Масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва рушди глобалӣ». Профессор. Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5-ум Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1972 — 1976 сол — донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб;

1976 — 1977 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи №15 ва №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1977 — 1979 сол — хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, ш. Каунас, Литва;

1979 — 1980 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1980 — 1992 сол — мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1992 — 1996 сол — мудири шӯъбаи Ҳукумати вилояти Хатлон; 1996 — 1997 сол — сафир оид ба вазифаҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1997 — 2000 сол — мушовир-сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон;

2000 — 2005 сол — Муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2005 — 2 майи 2007 — муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 2 майи 2007 — 2010 — Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар Подшоҳии Белгия ва ҳамзамон Сарвари Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷомеаҳои Аврупо (Комиссияи Аврупо, Иттиҳоди Аврупо оид ба саноати ангишт ва пӯлод, ва Иттиҳоди Аврупо оид ба энергияи атомӣ).

Дар солҳои 2000—2001 маълумоти дуюми олии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси «ҳуқуқшиносӣ» гирифт. соли 2001 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои идеологии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ҳимоя кард;

соли 2002 — рисолаи докториашро дар мавзӯи «Гуманизм ва идеологияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ» ҳимоя кард;

аз соли 2005 — дарсгӯии курси «Сиёсати байналмилалӣ ва дипломатияи муосир» («International Relationship and Modern Diplomacy») бо забони англисӣ бо даъвати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Бо ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи II (соли 2013) сарфароз шудааст. Оиладор, тибқи баъзе манбаъҳо соҳиби 5 фарзанд аст, вале дар манбаъҳои дигар, шумораи фарзандони «берун аз никоҳ» ё фарзандони ақди дуюм то 13 мерасанд.

…..Дар бораи шумораи фарзандони ин «қаҳрамонпадар» бигзор дигарҳо бигуянд. Аммо, чизе, ки инҷо ман мехоҳам бигуям, аз он навиштаи шумо кутоҳӣ нахоҳад кард. Сараввал як ҳодисаро, ки ҳақиқати маҳз аст мегуям, то аз хотирам набарояд. Солҳои 2000 -2001 С. Ятимов  чанд нафар чупонҳои ноҳияи Панҷро дар Фархор кушта рамаи мардумиро аз они худ мекунад. Барои онки аз ин кор мардум бохабар нашаванд, кори кардааш рӯпӯш шавад молҳоро бароараш Абдулмумин Ятимв бо ҳамроҳи писари холааш Исмат мефурӯшанд. Ва аз ҳамон вақт соҳиби молумулки зиёд мешавад. Баъдан солҳои 2005 ва 2006 фермаи колхозиро аз они худ мекунанд. Вале як каме баъд фермаро ба домоди Маҳмадсаид Убайдуллоев мефурушанд. Солҳои 2009-2010 ин фермаро боз аз нав пас мехарад. Ҳоло ин ферм ба Абдулмумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали Фархор тааллуқ дорад. Дар Кумитаи андоз ба номи духтари Абдулмумин сабти ном шудааст.

СС.Ятимов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, онгуна,ки нашрияи СССР навиштааст раиси КГБ дар ноҳияи Масковский буд ва маҳз СС.Ятимов буд,ки ҷони Одина Ҳошимро харида будааст. Солҳои давраи Союз ҳам бинобар навиштаи Сайиданвар Камолов, раиси собиқи КГБ-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон СС.Ятимов якҷо бо Султони Ҳамад, Ҳамрохон Зарифӣ, Суфибек Маҳрамов ва худи С.Камолов дар раёсати мубориза бо дин (муллоҳо) фаъолият кардааст. Ҳамчунин вай чандин сол ба ҳайси корманди фаврии КГБ дар Хоруғ кор кардааст. Аммо, онгуна, ки мебинед дар матни ҳасби ҳолаш навишта нашудааст, ки дар КГБ кор кардааст. Яъне ҳатто ҳувият ва шахсияташ машкук ва махфӣ аст. Чизи дигаре, ки дар ин шарҳи ҳол шакангез ва боварнакарданӣ аст дарёфти унвони илмии сиёсатшиносии уст. Вай баъди як соли ҳимояти кори номзадӣ дар соли дигар унвони докториро дарёфт мекунад. Кори илмиаш ҳам марбут ба муллову ислом аст. Зимнан СС.Яттимов ба унвони атташеи низомӣ яъне намоянлаи амният дар сафорати Тоҷикистн дар Ҷумҳурии Исломии Эрон кор кардааст ва мавзуъи корҳои номзадиву докториаш ҳам ба Ҷумҳурии исломӣ алоқаманд аст.

Аммо бояд як чизро тазаккур дод, ки СС.Ятимов ниҳоят шахси муғамбир, зирак ва ҷоҳу мансабталош аст. СС.Ятимов дар кудетои нофарҷоми Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров ҳатмани ҳатман шарик аст. Раҳмонов аз ин тарафи кор пурра дарак ва далел дорад, вале бо чи мулоҳизоте ӯро на аз кор гирифт ва на зиндониаш кард. Ин ҳамин СС.Ятимов аст, ки ин афроди фавқуззикрро ба клуби Валдай-и сохти Путин ҷиҳати таҳияи нақша барои сарнагунии Раҳмонов фиристода аст. Аммо чуноне мебинем ё бисёр ҳам пуштвонаи зур дар Крмелин дорад ва ё дар Пекин, ки Раҳмонов онҳоро шинонд, инро не. Агарчи аз руи баъзе аз маълумотҳо Саидҷаъфар Усмонзода кайҳо ҳама маълумотро дар кафи дасти Юсуф Раҳмонов ва Юсуф Раҳмонов ба самъи Эмомалӣ Раҳмонов гузоштаву равонидаанд. Тибқи маълумоти дигари расида дар ин қазия танҳо Акбаршо Искандаров дар Валдай иштирок намуда ва суҳбатҳояшро анҷом додааст. Аммо ошкоро ба Искандаров гуфтаанд,ки ҳоло мо машғули Украйна ҳастем ва феълан Тоҷикистон бароямон ончунон муҳим ва калидӣ нест. Аммо пас аз баргаштанаш ба Душанбе ӯро мефурӯшанд.

Муносибати СС.Ятимов на бо ҳама аъзои оилаи президент хуб аст. Масалан, писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сӯи ӯ тир холӣ кардааст. Расонаҳои интернетӣ  он вақт авишта буданд,ки «Ин хабарро бо истинод ба манбаъҳо дар сохторҳои ҳокимияти Тоҷикистон муовини раиси ПМТ (Паймони миллии Тоҷикистон) Алим Шерзамонов эълон карда буд.  Ба гуфтаи Алими Шерзамонов, шаҳрдори шаҳри Душанбе ва ҳамзамон писари Асосгузори Сулҳ ва Наҷотдиҳандаи Сайёра — Рустами Эмомалӣ аз Саймумин Ятимов талаб кардааст, ки амалиёти низомӣ-полисиро дар Хоруғ оғоз кунад. Тибқи иттилоъи мавҷуда, Ятимов гуфтааст, ки вазъият дар Хоруғ ва атрофи он ба нафъи гузаронидани амалиёти ҷазодиҳанда нест, зеро дар натиҷа шумораи зиёди шаҳрвандони осоишта ҳалок шуда метавонанд. Қайд мешавад, ки аксари низомиён муқобили истифодаи силоҳ алайҳи аҳолии осоишта изҳори назар карда, оқибатҳои манфии ин иқдомро таъкид мекунанд. Тибқи хабарҳои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба сӯи Саймумин Ятимов тир холӣ кардааст ва дар натиҷа1 генерали маҷрӯҳшуда дар беморхона бистарӣ шудааст.   Ҳамзамон, Алим Шерзамонов хабар дод, ки тибқи иттилоъ аз манбаъҳои ҳукуматӣ, дар ҷараёни амалиёти Хоруғ, Саймумин Ятимов бояд ба таври ҷисмонӣ нобуд карда шавад, монанди генерали Назарзода дар соли 2012. Ин вазифа гӯё ба генерали ВКД Аламшозода (Бузмаков) ва одамони ӯ супорида шудааст».

Дар Тоҷикистон, хусусан дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), аз соли 2012 то майи 2022 таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Ятимови СС. як қатор амалиётҳо баргузор шуданд, ки вокуниш ва маҳкумияти густурдаи ҷомеаро ба вуҷуд оварданд. Ин амалҳо ба пахши сокинони маҳаллӣ, ки аксарияташон помириён мебошанд, нигаронида шуда, боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва зӯровариро дар бар мегирифт, ки метавонанд ҳамчун табъизи системавӣ тавсиф шаванд.

Рӯйдодҳои ВМКБ дар солҳои 2021-2022 нишон медиҳанд, ки хатари эътирозҳои густурдаи зидди режим вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи баъзеҳо, мушкилоти ҷиддии дохилии сиёсиро барои интиқоли пешбинишудаи ҳокимият, ки шароити суботро барои таъмини қонуният талаб мекунад, эҷод мекунад.

Вазъият дар марз бо Қирғизистон низ пуртаниш буд ва бисёр ҳодисаҳои марбут ба муноқишаҳои марзӣ мушоҳида шуданд, ки ин вазъи аҳолии маҳаллиро вазнинтар кардааст. Фишорҳои ҳукуматӣ дар сарҳад бо Қирғизистон (ниг.ба ҳуҷҷатҳои 1-42 феҳристи адабиёт) ва низоъҳои дохилӣ дар дохили Тоҷикистон натиҷаи поймол шудани ҳуқуқҳои помириён ва хориҷ кардани онҳо аз идораи давлатӣ буд, ки эътирозҳо ва норозигии аҳолии маҳаллиро ба вуҷуд овард.

Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ахлоқии табъизи ақаллияти «Помирӣ» дар Тоҷикистон Табъизи помириён дар Тоҷикистон натиҷаи баҳсҳои тӯлонӣ оид ба марзҳо буд, ки ба ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо таъсири манфӣ расонд. Манъи истифодаи забони модарӣ дар муассисаҳои давлатӣ, бастани литсейи бахшида ба пешвои рӯҳонии помириён, инчунин маҳдудиятҳо барои чорабиниҳои фарҳангӣ — ҳамаи ин ҷузъи сиёсати васеътари пахшкунӣ шуданд.

Сокинони маҳаллӣ талабҳои худро дар бораи раъйпурсӣ оид ба масъалаҳои марзҳо ва ҳокимият баён карданд, вале овозҳои онҳо аз ҷониби парлумон нодида гирифта шуданд. Ин боиси бад шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии помириён, норозигӣ ва афзоиши танишҳо байни гурӯҳҳои этникӣ гардид. Бо дарназардошти контексти мураккаби таърихӣ, мушкилоти марбут ба додани қитъаҳои замин ба Чин дар соли 2002-ро нодида гирифтан мумкин нест.

Ин қарор норозигии мардумро ба вуҷуд овард ва саволҳо дар бораи қонунияти амалҳои ҳукумати Тоҷикистон ба миён овард, ки онҳо на танҳо аз омилҳои сиёсати дохилӣ, балки аз таъсири давлатҳои хориҷӣ низ бармеоянд. Далелҳо дар бораи «фурӯши» ҳудудҳо ба Чин танҳо қисми болоии яхбанди бузург дар заминаи мураккаби муносибатҳо байни ин давлатҳо ва танише, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба ҳисоб мераванд. Вазъият бо сабаби стереотипҳои иҷтимоӣ ва набудани каналҳои ошкоро барои баррасии мушкилоти помириён боз ҳам мушкилтар мешавад, ки ин ба ҷудоии бештар байни гурӯҳҳои гуногуни қавмӣ дар дохили кишвар оварда мерасонад.

Муноқишаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2022 — ин низоъ миёни низомиёни Қирғизистон ва Тоҷикистон буд, ки 14 сентябр, дар остонаи саммити СҲШ дар Самарқанд оғоз ёфта, то 19 сентябр идома ёфт. Ин муноқиша аз ҳама бузургтарину хунинтарин дар таърихи муноқишаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар оғози амалиётҳои ҷангӣ муттаҳам мекарданд. Ба маълумоти мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби қирғизҳо 63 нафар кушта ва тақрибан 140 ҳазор нафар кӯчонида шуданд. Ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, аз ҷониби тоҷикҳо 83 нафар кушта шуданд.

«Радиои Озодӣ» рӯйхати номии 83 нафар кушташударо аз ҷониби Тоҷикистон нашр кард. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, дар задухӯрдҳо зиёда аз 200 низомии тоҷик кушта шуда, тақрибан 400 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар 12 соли охир дар марзи тоҷикону қирғизҳо зиёда аз 230 ҳодисаи истифодаи силоҳ рух додааст. 20 сентябри соли 2022 кишварҳо созишномаи сулҳ ба имзо расонданд.

Идома доштани тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ, ҳамчунин дар давраҳои пеш, панҷ мансабдори баландпояи ҷумҳуриро, ки вазифаҳояшонро аз 11 то 14 сол нигоҳ доштаанд, дар канор гузоштааст. Ҷойи аввали миёни куҳансолони дастгоҳи давлатӣ ба раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимови 69-сола мерасад, ки аз соли 2010 ин мансабро нигоҳ медорад.

Дар ин ним-як соли ахир Эмомалӣ Раҳмонов тақрибан ҳамаи роҳбарони шуъба ва ва раёсатҳои амниятро дар марказу навоҳӣ ва вилоёт иваз карда ва дар ҷойи кадрҳои фархорӣ данғарагиҳоро монд. Чунки ба Рааҳмонов дар бораи СС.Ятимов маълумотҳои зидунақиз расида буд. Ин оғози коҳиш ва бе қадршавии СС. Ятимов ба назар мерасад.

Маълумот расида буд, ки СС.Ятимов гуё нияти нафареро дар ҷои Раҳмонов оварданро дорад. Баъдии ин маълумот чанд муддат як сукут ва хомушии мутлақ ҳукуматро фаро гирифта буд. Аммо дидору мулоқотҳои Раҳмонов бо Юсуф Раҳмон, Прокурори  генералии Тоҷикистон ва қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов  зуд-зуд сурат мегирифтанд ва сафарҳои Юсуф Раҳмон ба хориҷа ва бахусус Русия афзудан гирифт. Юсуф Раҳмон ба Эрон ҳам сафари корӣ анҷом дод. Ҳамон вақтҳо буд, ки овозаи омадани Юсуф Раҳмон ба ҷои СС.Ятимов, дар мақоми раиси КДАМ дар миёни доираҳои муайян паҳн гардида буд.

Ҳамин тавр, пас аз чанде, аввал аз наздиктарин дӯсти СС.Ятимов,роҳбари беморхонаи ибни Синоро шуруъ карданд. Ҳолати ва ҳадафи боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Сино дигар буд. Вале ӯро бо иттиҳоми нашри китоб, ки гуё бар хилофи қонун навишта шуда бошад, дастгир карданд ва ӯро барои 9 сол маҳкум ба зиндон намуданд.

Аммо пеш аз дастгир кардан, зиёд парешон буданд, ки чиро сабаби боздошт кунем.  Дар ин гуна ҳолатҳо камбудикобиҳо сар мешавад. Се нафарро дар сари китобу фаъолияти роҳбари беморхонаи Ибни Сино монданд, ки таҳлилу тафтиш кунанд. Ҳамин тавр китобро баҳона карданду рол бозиданд. Мақсади асосиро пинҳон нигоҳ доштанд, ки СС.Ятимов пай набарад. Гуё, роҳбари беморхонаи Ибни Сино тасдиқ карда бошад, ки СС чунин ният –табаддулоти давлатӣ дорад. Гуё СС ба воситаи Саидҷаъфар Усмонов, раиси ҲДТкорро шуруъ карда баъдан Убайдуллоевро низ ба бозӣ медароранд. Гуё дар ин кор кадом аз гурӯҳҳои дар Маскав ҳам шарик ва пуштибонанд ва чанд навбат дар нишасти Валдай афроди зикршуда иштирок кардаанд. Валдай ин як бунёде аст ки аз тарафи Путин ва тарафдоронаш дар соли 2004 ташкил шудааст.

Раҳмонов ин гапҳоро, ки мешунавад, қариб ду ҳафта андеша мекунад.  Баъдан ба хулосае омад ,ки бояд бо ин имконият ҳамаи куҳнаавторитетҳоро аз байн барад. Чун вай яқин кард, ки агар ӯро, ки ин қадар сиёсат дорад, мехоҳанд аз байн баранд, пагоҳ Рустамро дар ду ҳаракат меғалтонанд, ҷойро мегиранд. Вай махсусан аз СС.Ятимов бисёр ҳам дар хавфу хатар монд. Барои ҳамин Юсуф Раҳмонро дар ҷойи вай омода кард. Аммо ҳоло ба иллати аз ҳам пошидани ақди никоҳи Фарзонаи духтараш бо Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ҳатман ба ин нақшааш таҳрир медароварад. Вале Раҳмонов, чуноне ҳамон бародари масъул дар охранааш гуфт, дигар дар вазоратҳои ҳарбӣ касе ба ҷуз аз данғарагӣ ва одамони содиқи худашро нахоҳад гузошт.

Ҳамин тавр нақшаро явош-явош сар карданд. Мебоист дар вақти тафтишоти парвандаи роҳбари беморхонаи Ибни Сино Усмоновро дастгир карда пойи СС.Ятимовро бо дигар нафарони номдор мепечонданд. Аммо чун ҳар вақта ФСБ чи буеро пай бурд ва ба Путин шифровкаро расшифроват карда дод. Путин Раҳмонро сигнал дод, ки вақти чистка нест. Подожди гуфт.

ССро ҳам ФСБ огоҳ кард, ки Раҳмонов фаҳмидааст. СС чанд маротиба талоши назди Раҳмонов даромаданро кард, аммо қабул накард. СС. Ятимов ба воситаи Қамчибек Ташиев масъаларо расонд.

СС Ташиевро гуфт, ки услуга за услугу. Яъне ту Жапаровро гу бо Раҳмонов телефонӣ суҳбат ва аз ман пуштибонӣ кунад, ман бошам дар масъалаи марз тарафи шумо ҳал мекунам. Ҳамин хел ҳам шуд. Жапаров чанд бор бо Раҳмонов   телефонӣ суҳбатҳо оиди марз мекунад, ки дар ахбор намегуянд. Чунки махфист. Раҳмонов ССро қабул ва гуш кард. СС сахт тайёрӣ дида буд. Тавонист ва боз Раҳмоновро тоб дод. Раҳмонов ҳам сахт ҳушёр аст. Медонад, ки тамоми нақшаҳои ӯро СС.Ятимов иҷро кардааст ва маълумотҳои зиёд дорад.

Аммо Раҳмонов барои аз байн бурдани нафарони номдор корро пеш бурд.   Усмонов ва дигаронро дастгир карданд. Аз замоне, ки роҳбари беморхонаи Ибни Сино Абдухалил Холиқзодаро дастгир карданд, аз ҳамон вақт аз қафои Усмонов наблюдение сар шуд.   Дар руйхате, ки гуё дар он номҳои ҳаммаслакони Сайдҷаъфар Усмонзода ҳаст, ғайр аз онҳое, ки дастгир шуданд, боз Оқил Оқилов, Эркин Раҳматуллоев, Ғайбулло Афзалов, Муродалӣ Алимардонов, Убайдуллоев ва боз чанд нафари дигар, ки номҳояшонро мумкин ба наздикӣ фаҳмем, хастанд. Раҳмонов Ятимовро зинда намегузорад. СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода зиёд сиру асрори Раҳмоновро медонанду ҷиноятҳои зиёдеро бо дастони ин ду анҷом додааст.

Хусусан амалиётҳое,ки чандин сол дар ВМКБ ва водии Қаротегин, ду минтақаи таҳти нуфузи оппозитсион ва бар зиди ҲНИТ ва дигар нафарони номдор гузаронидаанд, ҳамаашон таркиби ҷиноёти башарии зиёд доранд. СС вақтҳои охир сахт эҳтиёт мекунад. Метарсад, ки ранги Саидамир Зуҳуроваш накунанд.

Ps: Инки СС.Ятимов худро масъули амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон эълон ва муаррифӣ мекунад дуруғи маҳз аст. Инҷо аз рафтору кирдори бародаронаш чанд намунаи мушаххасро бароятон пешкаш мекунем, то бифаҳмед, ки ин оила ба чи корҳои зишту палид қодиранд.

Ҷамшед Ятимов бародари хурдии СС ҳамсояҳояш бародарон  Абдурозиқ ва Абдухолиқ, писарони бобои Қурбоналиро маҷбур кард, ки хонаашонро ба вай бифурушанд. Аввал Абдурозиқро маҷбур кард, ки хонаашро бифурӯшад. Ин ҳамсояи бечора маҷбур шуд хонаашро, ки дар онҷо як ҳаёт зиндагӣ кардааст, бачаҳояш дар онҷо ба дунё омадаанд, ҳақу ҳамсоя ва хешу табор дорад ба вай фурӯшаду ба дигар ҷо кучбандад. Ҷамшед Ятимов дар деҳаи Аловиддин як хона ба Абдурозиқ харида медиҳад. Як хонаи нообод ва нимасохт. Ӯро мекучонаду хонаи ӯро ба замин ҳамвор карда дар ҷояш фермаи мурғу индуку фазан  месозад. Аз буйи бади фермаи мурғ бародари Абдурозиқ яъне Абдухолиқ маҷбур мешавад, ки аз инҷо бикучад. Моҳи марти соли равон Абдухолиқ ҳам хонаашро ба писари муллои деҳа фурӯхта ба Данғара меравад.

Маълумоти  дигари расида ин аст ки баъди дастгир шудани ронандаи СС. Ятимов ва Синои ҷиянаш барои ҷинояти қочоқи героин ҷияни дигараш Иброҳимзода Сунатулло судяи додгоҳи ноҳияи Фархор дастгир шуда буд. Аммо баъди як сутка озодаш карданд. Мегуянд, ки барои ҳамон «бор»-и Сино дастгираш карданд. Лекин аз кадом ҳисоб бошад, ки озодаш карданд. Ба гуфте Сино гуфта бошад, ки ин «бор» бори худаш аст. Дар он Сунатулло Иброҳимзодаи писари холааш шарик нест. Аз ҳамин ҳисоб судяро озод кардаанд.

Ҷинояти дигари Абдумумин Ятимов, бародари СС. Ятимов ин аст ки анбори деҳаро ба Шарофиддин Кабиров медиҳад. Хонаи падарии Шарофиддин Кабиров дар пушти ҳамин анбор воқеъ аст. Кабиров Шарофиддин дар паҳлуи хонаи СС.Ятимов замини хонагаҳ-участкаи наздиҳавлигӣ дошт. Он солҳо Абдулмумин дар хонаи бародараш СС. Ятимов зиндагӣ мекард. Худаш хона надошт. Ҳоло дар ин замини паҳлуи бародараш хона сохт. Ин хона не як қасри муҳташам аст. Замини анбори деҳаро бошад Шарофиддин Кабиров барои худаш хона сохт. Ин Кабиров Шарофиддин директори мактаб буд. Саги бовафои Абдулмумин мебошад. Ба замми ин бригадири заминҳои Абдулмумин ҳам ҳаст. Азбаски як пояш карахт шуд ба ҷояш писарамаки СС.Ятимов Файзалиро директори мактаби №15, ки ба номи Ятимов Саттор, падари СС мебошад, монданд. Бовар кунед, ки вай як пиёнискаи арақхур аст. Талабаҳоро руирост дашномҳои қабеҳ, ҳатто бар модарашон ҳақорат медиҳад. Ҳеҷ кас муқобилият карда наметавонад. Директориро ба «тағагӣ» гирифтагӣ аст.

Бо муаллимаҳои шавҳардору бешавҳар амалҳои шаҳвониашро ҳатто дар дохили мактаб анҷом медиҳад. Ҳатто талабаҳо аз ин амалаш огоҳанд ва чанд бор дидаанд. Аммо зури касе намерасад.

Ҷинояти дигари Абдулмумин  Ятимов  ин аст ки соли 2010 наваду ду участка замини наздиҳавлигӣ дар поёни деҳа, ки онро Навбунаҳо мегуянд ҳар кадоме аз онҳоро бо баҳои аз 2 то 4 ҳазор долларӣ мефурӯшад. Ногуфта намонад, ки 8 таҳҷоӣ дар ҳамин Навбунаҳоро Шарофиддин Кабиров ба аҳлу байти худ мегирад. Ба гуфти мардум онҳо бар ивази 700-800 долларӣ харидаанд. Ҳамин авлои Кабировҳо ними замини Навбунаҳоро гирифтаанд.

Ҷинояти дигари Абдулмумин ва Ҷамшед Ятимовҳо

Хирманҷои деҳа дар поёни хонаи муаллими Саттор қарор дошт. Ҳоло онҷо хонаи Ҷамшед Ятимов шудааст. Ними хирманҷоро Ҷамшед Ятиимов маҳкам карда гирифтааст. Ва нисфи дигарашро Абдулмумин истифода мебарад. Дар онҷо техникаҳояшро мемонад, яъне гараж кардааст.

Ҷинояти дигари Абдумумин ин аст ки гаражи колхозиро, ки дар чандин гектар масоҳат дошт, замини наздиҳавлигӣ карда фурухт. Аммо нисфи гаражро ба хусури бародари Ҷамшед Ятимов дод.

Ва боз  дар поёни қишлоқ замини котелний буд.Замини онҷоро ҳам 15 участкаи наздиҳавлигӣ карда фурӯхт. Аз он ҷумла ба қудои худаш Қурбонхон ҳам аз ҳамонҷо замини наздиҳавлигӣ дод. Тақрибан як гектар. Домодаш  дар онҷо қаср  бунёд кард.

Сообщение СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд? появились сначала на ISLOH.net.

Чаро Раҳмонов ба тарсу ваҳшат афтодааст?
Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков яке 16 ва дуввумӣ 13 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ораз Вазирбеков зодаи Хоруғ ва Рамзӣ Вазирбеков, ки аз тоҷикони Вахони Мурғоб аст, ки 15 соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифта буданд. Аммо ин ду бадахшонии шаҳрванди Русия танҳо помириҳое нестанд, ки дар ин шабурӯзҳо дар Душанбе барои солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешаванд. Баъд аз нооромиҳои маълуми имсола дар Бадахшон боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон пур аз зодагони ин вилоят шудааст.

Инчунин тибқи маълумотҳои расида ба “Ислоҳ” прес кардан дар зиндонҳо ва озору шиканҷаи бадахшониҳо хело ваҳшатнок аст. Ончунон мезананду мешикананд,ки падару модар ва наздиконашон пас аз чанд моҳ бо ин зиндониҳои бадахшонӣ ҳангоме мулоқот мекунанд осори таъзиб дар чеҳраҳои онҳо дида мешавад. Аз дидани ин ҳолатҳо чанд нафар аз падару модаронашон бо фишори баланд падруди ҳаёт ҳам кардаанд. Помириҳо чунин рӯзҳои сахту сангинро шояд садсолаҳост  ёд надоранд. Раҳмонов онҳоро чап гирифтааст, душман меҳисобад. Хонаводаҳои зиёде дар ин вилоят дар сугу мотам нишастаанд, хонаводаҳои дигаре як, ду нафарӣ дар зиндонҳои Раҳмонов доранд. Аз соли 2012 то соли 2022 тибқи маълумоти манобеъи “Ислоҳ” то имрӯз 2720 зодагони Бадахшон зиндонӣ шудаанд ва беш аз 312 нафар бо ҳар роҳу ҳеласозиҳое кушта шудаанд. Мо аз бе ному нишон шудаҳо дар инҷо чизе намегуем.

«Ораз ва Рамзӣ табааи Русия буданд. Онҳо дар пайи муомила ва додуситади хадамоти махсуси Русия ва Тоҷикистон дастгир ва ба таври машкук ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Дурусттараш мақомоти Русия бо дархости Тоҷикистон онҳоро боздошт ва сипас   фурӯхтанд. Кореро, ки Русия солҳост бо тоҷикҳои дигарандеш ва мунтақиди Раҳмонов анҷом медиҳад.»

Магар Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳои ҳам насаб вале чуноне дар боло гуфтем яке зодаи Хоруғ ва дигари Вахонии зодаи Мурғоб чи кор кардаанд, ки як чунин ҳукми сангин мегиранд. Муртакиби чи ҷурме шудаанд? Террористанд? Кафонданд, мунфаҷир карданд, куштанд? Силоҳ доштанд? Чи кор карданд? Сурия рафта буданд, узви ДОИШ ё ҲНИТ ё Гурӯҳи 24 буданд? Қочоқчиёни аслиҳаанд, наркобаронанд, дуздӣ карданд, одам куштанд, коррупсионеранд? Не, ба ҳеҷ яке аз ин корҳо муттаҳам нестанд. Пас чӣ?

Барои онки онҳо ҳукумати Раҳмоновро интиқод карданд. Яъне танҳои барои гап.

«Ин ду фаъоли иҷтимоии бадахшонӣ барои онки бархурд ва муносибати Раҳмонов бо помириҳоро интиқод карданд, ҳамин гуна муҷозот мешаванд. Раҳмонов болои Помир лашкар кашид, тазоҳуротро тирборон кард, садҳо нафарро кушт ва агар як помирӣ, барои мисол Ораз ва ё Рамзӣ гуфтанд, ки чи кор мекунӣ, бояд 16 сол бишинанд.»

Аммо,ба дурустӣ,ки махсусан дар ин авохир машинаи истибдоди Раҳмонов фақат хонаву манзили бадахшониҳоро валангор накардааст. Ин машинаи истибдод имрӯз бар муқобили «гап» ҷангида истодааст. Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Сайидаминӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ҳам танҳо барои «гап» ҳукм гирифтанд, ҳукмҳои сангин.

Имрӯзҳо тамоми дунё ба Раҳмонов муроҷиат карда истодааст, ки даст аз озору азияти фаъолони мадание амсоли Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо бардор ва ҳарчи зудтар ин журналистонро раҳо кун. Инсонҳоро бегуноҳ зиндон накун. Танҳо барои «гап» набояд зиндонӣ бишаванд.

«Раҳмонов чӣ мехоҳад? Бо мардум чи кор карданист? Ист мекунад? Ором мегирад? Агар ист мекунад ва агар ором мегирад, кай?»

Раҳмонов на тавсияву пешниҳоди созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар, на дархости ташкилот ва давлатҳоро гуш мекунаду на ҳатто садои эътирози дохилиро. Яксараву яктарафа фақат ҷабру зулму ситамро болои мардум оварда истодааст. Мақсади Раҳмонов аз ин гуна сиёсат чӣ аст?

Мардум бояд битарсад? Дақиқан. Ҳадафи Раҳмонов ҳамин аст. Мардум бояд битарсад ва ҳамеша дар даруни фазои тарсу ваҳшат аз Раҳмонов зиндагӣ кунад.

«Раҳмонов бо ният ва ҳадафи муайян чунин ҳукмҳои сангин содир карда истодааст ва бегуноҳонро ба зиндони кашонида истодааст. Бояд бишканад, бояд зарра, гард, хурд ва реза кунад, бояд зери пояш бошем, бояд, сар бар надорем, хулоса, сокит бошем, нафас набарорем, чи расад ба онки гап бизанем, чи расад ба онки интиқод кунем.»

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Сайидаминӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ва даҳҳову садҳои дигар, ки имрӯз зиндонианду фардо боз ҳам шуморашон садҳои дигар зиёд мешавад, танҳо барои «гап» аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Вале пурсиш ин ҷост. Мо бояд чи кор кунем? Миллат чи вокуниш дошта бошад? Неруҳои сиёсӣ, шахсиятҳо бояд чи ҷавоб диҳанд? Титу пит шаванд? Ба тақдир тан дарниҳанд ва яъне ба   Раҳмонов розӣ бошанд, розӣ бошанд, ки ҳамин тавр ҳам кушад, ҳам зиндонӣ кунад ва танҳо роҳи наҷот фирор аз ватан, хонаву кошона, хешу ақрабо ва зистан дар ғурбат бошад? Роҳи сар бардоштан, роҳи рад кардан, роҳи муқобала роҳи мубориза роҳи барандохтан ҳам вуҷуд дорад? Ва, ё инки саҳна ва арса, ватан, хонаву дар, зану фарзанд, кору коргоҳ, ҳама чиз ба Раҳмонов биспорида бишавад?

«Фақат Ораз ва Рамзӣ нестанд. Бубинед, ки тамоми бачаҳои помирӣ аҳкоми сахт гирифтанд. Помирӣ ҳоло дар Тоҷикистон рӯз надорад. Авлоди Шириншо Шотемур –Қаҳрамони халқи Тоҷикистон шикор мешаванд.»

Ҳоло аз ООНу ОБСЕву Амрикову Урупо бигзарем. Абдуқодир Талбаков яке аз тарафдорони ашаддии сиёсатҳои золимонаи Раҳмонов ҳам дигар виҷдонаш тоб наёвард. Гуфт, э,Ҷаноб! Дорӣ чи кор мекунӣ? Афв кун ин чаҳор журналистро, ки ҳеҷ гуноҳеро, ки муртакиб нашудаанд.

Бубинед, ки сиёсати золимона то чи ҳад ба ҷону руҳи инсонҳо кора карда истодааст, инсонҳое, ки гуфтем тарафдорони сарсахти Раҳмонованд.

» Чанд вақти пеш буд, ки Аҳмади Иброҳим, як журналисти дигари тарафдори Раҳмонов дархост карда буд, ки Шоҳида Мамадҷонова, модари Абдураҳмони блогерро озод кунед.»

Ин ду хомафарсои арҷманд барои онки ҳарфашонро Раҳмонов замин намонад гуфтанд, ки бо ин гуна ҳукмҳо набояд забони мухолифинро дароз кард.

Шумо, бародарони арҷманд росту дуруст мефармоед, ки забони мо дароз мешавад. Аммо,э кош ин тавр намешуд. Э, кош на Оразу на Рамзӣ ва на Далеру Абдулло Ғурбатӣ ва дигарҳо ба чунин сарнавишти сангин мувоҷеҳ намешуданд. Мушкил «забони дарози мухолифин»- нест. Мушкил Раҳмонов ва хонаводаи вай аст. Ин мушкил мушкили фақат мо мухолифин соҳибони «забони дароз» нест. Ин мушкил мушкили тамоми Тоҷикистон, аз ҷумла мушкили худи шумоҳо ҳам ҳаст.

Чаро бояд тамоми дунё як тараф бошаду Раҳмонов тарафи дигар?

Ин ҳама инсонҳои бидуни кадом гуноҳ магар зиндагӣ надоранд. Ҳоло Ораз ва ё Рамзӣ, ки барои узвият дар иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешаванд ва барои даъват ба сарнагунии ҳокимияти конститутсионӣ ва ё ин журналистону блогероне, ки номашонро таззаккур кардем низ бо айни ҳамин иттиҳомоти монанд, дар воқеъ гунаҳкоранд? Наход, барои гап задан, бигириву бишинонӣ? Кадом иттиҳоди ҷиноӣ, кадом даъват ба сарнагунии ҳокимияти конститутсионӣ ва кадом ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъа? Ин бародарон бо туҳмат ва бо дуруғ ба ин гуна солҳои дароз аз ҳаёт маҳрум мешаванд. Бовар кунед, ки дар он зиндонҳо аз ҳаёт маҳрум мешавед, гуем хато накардаем. Онҷо, ки ҳаёт вуҷуд надорад.

Вале агар ин бародарони бадахшонӣ ва хабарнигорон гунаҳкор бошанд, чаро бояд парвандаҳои онҳо пушида ва муҳокимаҳояшон пушти дарҳои баста сурат бигирад ва аз ин ҳам бадтар ҳатто адвокатҳои онҳо ҳақ надоранд чизе бигуянд. Ин ҳама зулму ситам аз чӣ ва ба чӣ далолат мекунад?

Агар Раҳмонов ҳамин гуна сиёсати хафақон, саркуб, зӯровариро пеша накунад чи мешавад?

Бо журналистҳо даруфтодани Раҳмонов ба ин маъност, ки аз ҳамагуна суҳбати озод, ҳатто агар он як суҳбат дар масъалаҳои иҷтимоӣ бошад ҳам метрасад. Аз ин ҷиҳат Раҳмонов тарси худро мехоҳад таҳмили ҷомеа кунад ва ҷомеаро дар зери тарсу ваҳшат қарор диҳад. Ҳамин гуна сиёсатро пеш гирифтааст. Набояд иҷозат бидиҳад, ки ягон касе гап бизанад. Чунки Раҳмонов дар ҳақиқат руҳияи ҷомеаро медонад, ки бар муқобили худи вай аст, мардум ӯро намехоҳанд. Барои ҳамин вай ҷомеаеро,ки намехоҳад, мезанад, мешиканад ва метарсонад ва бо онки ҷомеаро метарсонад, ҳукумати худашро дарозтар мекунад ва вай набояд аз ин сиёсат кутоҳ ояд, балки бештару бештар хашин бишавад, то ҳарчи бештар дар тани ин ҷомеа доруи тарс тазриқ кунад.

Вақте Абдуллоҳи Ғурбатӣ, як ҷавони ҳанӯз тоза ба маҷрои зиндагӣ воридшуда менависад:

«Агар ин миллат як соҳиб медошт…

Агар ин давлат як қонун медошт…

Агар ин ҳукумат як вазир медошт…

… ҷавони тоҷик аз тиреза поин фикандани худро аз хидмат ба ин миллату давлат боло намедонист!!! Ва ё ҷавони тоҷикро бо ҳиллаву фиребу найранг ба хидмати модар ватан намебурданд.

Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед ба ман бидиҳед, аммо ба «биҳишти рӯи замин»атон бовар надорам. Ба ягон идеяи миллӣ, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам. Ғурури миллӣ чӣ ки худи миллат буданамон зери суоли калон рафтааст.

Садсолаҳо мегузаранд ва ин саҳнаҳои нанговар дар ҳолномаву корномаи ҳукумат, давлат ва мову шумо хоҳад монд.»

Охир куҷои ин навишта дурӯғ аст? Агар чунин нест пас онро исбот кунед, то мо ҳам донем онро. Ё ҷавобатон бояд 7уним сол зиндон кардан аст, ки чунин нест ?

Раҳмонов лаҳза то лаҳзаи дигар даррандатар, гургтар, хуктар ва хартар мешавад.

Раҳмонов девона мешавад, саги сузанхурда мешавад, ки ин ҳама ҷаҳлу қаҳру зулми вай кора накардааст ва ҳамоно одамҳо доранд муқовимат ва муқобилият нишон медиҳанд.

Бале, мо бояд набишканем! Боядам ҷавоб бидиҳем.

Раҳмонов фикр мекунед худаш меистад ё ӯро бояд аз ин ҷиноятҳояш боздорем?

Аммо кӣ бояд Раҳмоновро «остановит» кунад, кӣ бояд пеши роҳи ин зулму истибдодро бигирад. Мо бояд мақсади Раҳмоновро набояд бигузорем, ки амалӣ бишавад.

Мо, ду роҳ дорем.Ё даври ҳам меоем, мутаҳид мешавем, хориҷу дохил яке мешавем, ин балои боли сарамонро аз болои сарамон бармедорем ва ё ба ин хориву зиллат тан медиҳему Рустаму Сомону Исмоилу Озодаву Таҳминаву Рухшона ба навбат навбат мемонанд: худамонро, бачаҳоямонро, ҳамаамонро.

Мо набояд шикаста, ноумед, афканда, тандардода, сухта бошем. Ин ватан аз мост. Мо, аз они ин ватан ҳастем. Мову ватан ватану мо як чизем, якем. Вале оне,ки моро дур аз ватан ва ватанро бароямон дастнорас, кобус ва ҷаҳаннам сохтааст, чаро бояд муҷозот нашавад?

Мо бояд тарсро бишканем. Аз тарс берун оем. Ба рағми Раҳмонов, ба рағми Оилаи вай худамонро ҷамъу ҷур кунем, бардам созем, сари поямон биистем, қоматамонро боло гирем, сарамонро баланд бардорем. Ба рағми Раҳмонов.

Кореро бикунем, ки дар вай ин бовар ва ин эътиимод нобуд бишавад, ки тавонист ҳамаамонро леҳ кард, зер гирифт, тарсонд, тарсончак кард, хонагӣ сохт, мурғ кард, хар карду саворамон шуд.

Мо бояд даст ба дасти ҳамдигар бидиҳем. Барои наҷоти Ораз, наҷоти Рамзӣ, наҷоти Фаромуз, наҷоти Зайд, наҷоти Бузургмеҳр, наҷоти Муҳаммадалӣ Ҳайит, наҷоти Далеру Завқибеку Абдуллоҳу Абдусаттор ва барои даҳҳову садҳои дигар, барои руҳи шуҳадо, ки ҳам дар зиндонҳо кушту ҳам берун.

Мо ин ҳама муддат фақат кам шудем, камамон кард. Дигар набигзорем. Дигар бар фарқи сараш бикубем.

Якто якто гирифт. Мо мустаҳақи ин сиёсат нестем. Чаро ин ҳама муддат, ин ҳама фурсат ин ҳама шароитро барояш додаем? Мо, дида истодаем, ки Раҳмонову дору дастааш, мақомоташ, фабрикааш, чоплусаконаш як тарафанд аммо

халқ, миллат, мардум тарафи дигар.

Раҳмонов бо ин ҳукмҳои тулонӣ тарси худ аз ҷомеаро пинҳон дошта наметавонад. Ин ҳукмҳои сахту сангин зӯрии Раҳмоновро не заифӣ ва залилии вайро нишон медиҳад. Раҳмонов ва тарафдоронаш ҳатто 1%ро ташкил намедиҳанд.

Шонздаҳ соли зиндон барои бегуноҳӣ, сездаҳ соли зиндон барои бегуноҳӣ, барои «гап».

Ватани ман девона мешавад. Хабари 16 соли зиндон шудани Ораз Вазирбековро мехонаму валлоҳ намедонам,чи бигуям?

Магар нафаре, ки бо пойи худ омад, ҳамин тавр ҳукм бояд бигирад. Ин чи давлату ҳукумат аст?

Сообщение Чаро Раҳмонов ба тарсу ваҳшат афтодааст? появились сначала на ISLOH.net.

Аврупо Раҳмоновро ботилу қотил хонду маҳкум кард
Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо қабули қатънома роҷеъ ба ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалан тамоми иттиҳомоти Раҳмонов алайҳи мардуми ин вилоятро бепояву асос хонда баръакс эълон кард, ки вай (Раҳмонов) дар инҷо даст ба ҷиноёти сангин задааст.

«Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов Улфатхонум Мамадшоева, як рузноманигор ва фаъоли иҷтимоии сокини Душанберо дар иртибот ба ин ҳаводис муттаҳам меҳисобад, аммо қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо ӯро бегуноҳ ҳисобида озодии ҳарчи зудтари ӯро талаб менамояд.»

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҷавонони бадахширо «ҷинояткор ва симои Бадахшон нестанд» мегӯяд, қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо Раҳмоновро дар дастгиру ҳабсу қатли онҳо муттаҳам мекунад.

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ки «мардуми Бадахшон вай ва сиёсати пешгирифтаашро дастгирӣ мекунанд» қонунгузорони Парлумони Аврупо Раҳмоновро дар озору азият, табъиз, ваҳшоният, саркуб ва қатли ақалиятҳои забониву мазҳабиву қавмӣ дар Бадахшон муттаҳам мекунад.

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҷавонони бадахшониро дар ташкили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, қочоқи маводди мухаддир, муқовимати мусаллаҳона, табаддулоти давлатӣ муттаҳам мекунад, қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо аз Раҳмонов тақозо карда истодаанд, ки Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашев, Хурсанди Муҳаммадшоев, Чоршанбе Чоршанбеев, Амриддин Аловатшоев ва чандин нафари дигарро билофоисла озод ва ҳама иттиҳомоти муқобили онҳоро бекор кунад.

«Мунтаҳо қонунгузорони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сиёсати Раҳмонов дар қиболи Бадахшон ва сокинони онро ба шиддат маҳкум карда рафтору муносибати вай бо ин мардумро ваҳшиёна ва саркуби ақалиятҳои қавмӣ арзёбӣ кард.»

Ва, чуноне мебинем на танҳо Парлумони Иттиҳоди Аврупо, балки дигар созмонҳои байналмилалӣ низ бар хилофи Раҳмонов ва генералҳои қотили вай бо сароҳат эълон карда истодаанд, ки Раҳмонов дар Бадахшон ҷинояткоронро не одамони бегуноҳу бесилоҳ, шаҳрвандони ин минтақаро кушту ба қатл расонду зиндонӣ кард. Ахиран созмони байнулмилалии «Genocide Watch»  ё Дидбони наслкушӣ низ бо нашри як баёнияе изҳор кард, ки «ақалиятҳои помирӣ» аз тарафи мақомоти Тоҷикистон куштаву дастгир шуда ва эътирози осоиштаи онҳо саркуб шудааст. Беш аз ин, ин созмон Раҳмоновро дар боздошту истирдод ва рабоиши фаъолони помирӣ дар Русия муттаҳам кардааст. Ин созмон ошкоро гуфтааст, ки Раҳмонов помириҳоро барои он қатли омм мекунад, ки ин мардум дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 аз Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони  тоҷик пуштибонӣ ва тарафдорӣ мекарданд. Яъне дар баёни мардуми Раҳмонов помириҳоро барои он таҳти шиканҷаву зулм қарордода ва даҳҳо нафар аз онҳоро кушту ҳабс намуд, ки бо сиёсатҳои вай мухолифанд. Ва ба ин тариқ ҳама иттиҳоми Раҳмонов, СС.Ятимов,Рамазон Раҳимзода, Юсуф Раҳмон, Аламшозода Абдурраҳмон (Бузмаков), Суҳроб Рауфзода ва Шодӣ Ҳафиззодаро, ки ҳамагӣ парварда ва баромада аз як маҳалли муайян ҳастанд дар нисбати мардуми Бадахшон беаслу беасос хонд.

Ҳол  Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо хоҷаи хориҷии Мамадбоқир аст.

Ҳол Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо мехоҳад, ки дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад.

Ҳол  Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо тарафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мегирад.

Ҳоло Раҳмонов хезаду гуяд, ки Парлумони Аврупо душман ва хоини миллат ва давлати Тоҷикистон аст.

Чунки, чуноне мебинем, Парлумони Аврупо ҳама иттиҳомот, ҳама айбу гунаҳкорсозии мардум ва ҷавонони Бадахшонро такзиб кард. Гуфт, ки баракс Раҳмонов болои аҳолии осоишта, болои муътаризин, болои онҳое, ки додхоҳӣ карданд, силоҳ кашид ва онҳоро қатли омм кард.

Дар воқеъ посухи Раҳмонов, ғайри инҳо чи хоҳад буд?

Ё ҳамон «ярмарка»-и силоҳу абзори ҷангиеро, ки ба ин мардум нисбат доду тавассути шабакаҳо нишон дод, ҳамчун далели террористу экстремист будани онҳо ба Парлумони Аврупо пешкаш мекунад?

Дар асл ҳамаи ин силоҳҳо аз они худи Раҳмонов мебошанд, ки ба хотири гул задан ва фиреб додани афкори умумӣ «кино» карда нишон дод. Ҳамчуноне силоҳи бисёреро баъди дастгир кардани Ғаффор Мирзоев (Седой) нишон дода гуфта буд, ки Ғаффор мехост табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад. Аммо, баъдан Ғаффор Седой гуфт, ки ин ҳама яроқу аслиҳа аз они худи Раҳмонов буд ва вай ин ҳамаро бо дастури худи Раҳмонов нигоҳ медошт.

Парлумони Иттиҳоди Аврупо бар хилофи Раҳмонов помириҳоро террорист нагуфт. Гуфт онҳо саркуб шуданд, гуфт онҳо онҳоеанд, ки додхоҳӣ карданд, онҳоеанд, ки ҳақу ҳуқуқ талаб карданд.

Воқеият ин аст ки Раҳмонов, чуноне худаш ҳам гуфт, солҳо (сӣ сол) сабр кард, вале ин бор сабраш тамом шуд ва амр дод, ки онҳоро кушанд.

Аммо воқеият ин аст ки Раҳмонов ҳиҷ гоҳ сабр накарда буд. Солҳои пеш иқтидор ва тавон надошт, зӯраш нарасида буд.

Ёдатон бошад вақте дар соли 2018 Шодихони Ҷамшедро аз вазифаи раиси ВМКБ барканор кард, гуфт:

«Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Агар наметавонед, пас дар курсӣ нишастан даркор нест. Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред ба сиёсати раҳбари давлату ҳукумат, вазифаи давлатиро холӣ кунед. Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ. Омӯзед! Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, қариб, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?»

Вай дар идома афзуд,ки «фармон додам, ман ба уҳда мегирам, лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед. Бас будагист.»

Ин иқтибосро ба он хотир ёдовар шудам, ки бароятон маълум ва рушан шавад, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ аз қатлу куштори мардуми Бадахшон ва қасосу ниқоргирӣ аз онҳо даст накашида аст. Вай, бо ин мардум ҳисоби китоби алоҳида дорад ва тӯли ин ҳама сӣ сол мунтазири ҳамин руз буд, ки битавонад онҳоро ҳам ба зону дароварад. Ин ҳама ҷинояткорхониҳо, ин ҳама намоишгоҳи силоҳу муҳиммот ва ин ҳама «хоҷаи хориҷӣ» ва ин ҳам «ҳизби террористии наҳзати исломӣ» гуиҳо дуруғ ва фиреби мардум буду бас. Албатта, мо муваззафем, ки хабари ба дасти мо расидаро ба самъи мардум бирасонем. Дар ин авохир хабари ба дасти мо расида мегуяд, ки Мамадбоқир аз тарафи Мирзо, як корманди Алфа-и КДАМ кушта шудааст. Ва, боқии ҷавонони бадахшонӣ, ки дар ин ҳаводис кушта шуданд, ҳамагӣ бесилоҳ буданд. Бубинед, ки ҳатто аҳкому муҷозоти ин бадахшиҳо то чи ҳад сахту сангин аст: 8 сол,10 сол 18 сол. Наход ба ин ҳад ҷиноят содир кардаанд? Бале, ин нишонаи хашму нафрату бадбинии Раҳмонов нисбати помириҳост? Агар дар пайи қасду қасос набуд, кинаву кудурат, уқда надошт, ҳамин гуна ҷазо медод?

Воқеият ин аст, ки акнун ин вилоят дигар барои абад муқобили ҳукумат шуд. Муфаттишон ба ҳадде бо ин мардум хасмона ва хушунатомез рафтор мекунанд, ки Абдураҳмон Гулобов, як мусафеди 60 сола болоро барои тафтиш бурданду аз онҷо ҷасадашро ба соҳибонаш баргардониданд. Аммо, чуноне мегуянд, кори дунё беподош намемонад. Парлумони Аврупо тарафдори ҲНИТ ва муқобили Раҳмонов нест. Ва, ин парлумон ба намояндагӣ аз 28 кишвари ғарбӣ ташкил шудааст. Ва, онҳо, ҳарфи муфт ва ҳавоӣ намезананд. Аз 755 вакили ин Парлумон 520 нафарашон ба тарафдории ин қатънома, аъне барои маҳкум кардани Раҳмонов ва ботил хондани амалиёти зиддитеррористии вай дар Бадахшон раъй доданд.

Яқинан Раҳмонов ва лесакони вай дар посух хоҳанд гуфт, ки Тоҷикистон кишвари мустақил аст, мудохила накунед, кордор нашед!! Яқин ҳамин хел мегуяд. Аммо вақте бонкҳои урупоӣ ва созмонҳои он масалан ба Роғун пул медиҳанд, ба низоми барқу энержии Раҳмонов сармоя мегузоранд, барои дастгирии бюҷет,барои рафъи ковид пул медиҳанд,Раҳмонов ин тавр намегуяд. Бидав, бидав мераваду ҷонҷон гуфта мегирад. Намегуяд, ки ба кори давлати мустақил «қуш» нашавед. Шояд Раҳмонов ба парлумони Иттиҳои Аврупо наворҳои дронҳои Бузмаковро нишон медиҳад? Бузмаков гуфт, ки дронҳояш (шояд Байракдорҳои туркӣ) ҳамаро навор гирифтааст, (яъне далелҳояш ҳатто тасвирӣ) аммо чаро як навореро, ки нишон диҳад террористҳои помирӣ муқовимати мусаллаҳона карданд, дар дасташон пулемёт буд, туфанг буд, автомат буд, пешниҳод нанамуд. Аммо вақте аз тааҳҳудоташ, аз уҳдадориҳояш, аз риояти қавонин, аз инки давлат танҳо мошинаи ҷазодиҳӣ ва василаи зӯровариву куштор нест, мегуянду ба инсофу ба рияоти қоидаву меъёр фаро мехонанд, вай «нағма» мекунад, вай «дингила» мезанад. Маълум аст ки Раҳмонов аз ҳукумат рафтанӣ нест. Тамоми ин ҳама муддат қатлу кушторе, ки дар манотиқи кишвар ба роҳ монд барои ҳифзи қудрат аст. Раҳмонов на парвои миллат дорад, на парвои кулобӣ, на помирӣ ва на ғармӣ. Раҳмонов ҷойи орому роҳат ёфтааст. Артиши 201-и Русия вайро аз балоҳои хориҷӣ ҳимоят мекунад. Вай бояд дохилро нафас бигирад, ба хок молад, ба замин хобонад. Фарқ надорад,ки вай кист.Ҳизб аст,маҳал аст,шахсият аст. Бояд ҳамин минвол бошад. Ба ҷуз аз Бадахшон ҳамаро ба ҳамин ҳол расонида буд.

Танҳо Бадахшон монда буд, ки гуиё акнун бо куштани Мамадбоқиру Ёдгор ва зиндонӣ кардани Толибу дигарҳо ва хона ба хона зеру забар кардану дуздидану таҷовуз алови чашми помириҳоро ҳам гирифт, «дух»-и онҳоро ҳам «снимат» кард. Чунки вай қудратро ҷойи «кайф» ёфтааст. Намехоҳад, ки аз он «кайф» ҷудо шавад. Дар он «кайф» ҳоло Рустаму занаш, Озодаву шуйи гурехта гаштаву бе вазифааш, Рухшони сафири кабиру шуяш, Парвинаву шуйи сафири кабираш Ашраф, хулоса ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷро шарик кардааст. Ва, онҳо доранд аз онки помирӣ куштаву зиндонӣ мешавад, хонаашро ба тароҷ мебаранд, деҳаашро, шаҳрашро, оғушта ба хун мекунанд, номусашро, мазҳабашро, забонашро медаранду помол мекунанд, шахсиятҳои муътабарашро таҳқиру дашном мекунанд, лаззат мебаранд, онлайнӣ тамошо мекунанд.

Чун Раҳмонов давлат ва мудирияти давлатро, функсияи давлатро ҳамин тавр фаҳмидааст. Чуноне гуфтем, соли 2018 гуфт, ки «бас будагист». Бас, яъне чӣ? Бояд, гушҳо таги тоқӣ, дастҳо пеши бар Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат бигуянду дигар чизе нахоҳанд?  Раҳмонов мегуяд сӣ сол тоқат кард: «30 сол! Ин беохир намешавад! Дер мешуд, дер! Талаботу корҳои онҳо дигар буд». Намегуяд, ки сӣ сол аст халқи тоҷикро гаравгон ва асир гирифтааст. Намегуяд, ки худаш кайҳост, ки дер кардааст, хеле дер кардааст. Савол ҳам ин аст ки чаро Раҳмонов бояд сӣ сол дар қудрат бимонад? Магар кӣ хоста аз Раҳмонов, ки сӣ сол бимонад? Барои онки Раҳмонов дар қудрат бимонад касе садо ва сар боло накунад, ҳақу ҳуқуқ талаб накунад? Мардуми тоҷик аз қирғиз, аз гурҷӣ, аз арманӣ, аз қазоқ, аз дигару дигараш чи фарқ дорад, ки Раҳмонов болои сараш сӣ сол бимонад?.

Агар Раҳмонов набуд, нафари дигар дар ҷояш буд, ҳоло барвақт мерафт. Қаҳҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиев рафтанд. Магар не?  Қатъномаи Парулмони Иттиҳоди Аврупо парда аз рӯйи ин ҳама кизбу дуруғҳои Раҳмонов бардошт. Амалан Аврупо Раҳмоновро ботил хонд ва маҳкум кард, вале вай, ки ҳарф ҳолаш намешавад, беҳад беҳаёву пуррӯ шудааст, хиҷолат намекашад, мекушад, медуздад, зиндон мекунад….то ки Рустамро биёрад ва боз «кайф» карда давом диҳад. Аммо мо ва шумо мардуми кишвар ҳамеша овора, муҳоҷир, зани ин миллат дар ин интизори шавҳару фарзанд буда ва дар ҳолати бихуру намур қарор доранд.

Сообщение Аврупо Раҳмоновро ботилу қотил хонду маҳкум кард появились сначала на ISLOH.net.

Генерал Шариф Назарзодаи қотили бадахшониҳо ва бадбини кулобиҳо, вазири дохилӣ мешавад?
Шариф Назарзода, сардори мақомоти милисаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, рӯзи 2-июл дар як ҷаласа бо ширкати занҳо-кормандони ниҳодҳои амниятии ин вилоят эълон кард, ки Бадахшон ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст: «ҳоло Бадахшон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта, фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ ва тартиботу низоми ҳуқуқӣ пурра ҷорӣ гардидааст».

Шариф Назарзода дар ин ҷаласа ба ходимони зани милисаи вилоят дар амри кумак ва мусоидат ҷиҳати ором кардани авзоъ дар вилоят изҳори сипос карда гуфтааст, ки «маҳз онҳо дар вақти гузаронидани суҳбату тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона бо иродаву тафаккури созанда моро дуруст дарк намуда, нагузоштанд, ки фарзандонашон фирефтаи баъзе гурӯҳҳо гардида, даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва бетартабиҳои оммавӣ зананд».

Маълум мешавад, ки Шариф Назарзода барои бештар маълумот ва огаҳӣ пайдо кардан аз вазъу ҳоли ҷавонони бадахшӣ як гуруҳи саднафараи занони дар гузашта амниятӣ ва милисаро якҷо бо ходимони имрузаашон ташкил дода ва аз онҳо бар суди барномаҳои саркуб ва қатлу куштори мардуми ин вилоят истифода кардааст ва ҳоло барои онҳо дар ин ҷаласа инъому подош медиҳад, чунки онҳо «бо усули хона ба хона…. моро дуруст дарк намуданд». Дар хабаре, ки аз ҷараёни ин ҷаласа хабаргузории «Ховар» чоп кардааст, гуфта мешавад: «Шариф Назарзода бо изҳори миннатдорӣ ба тамоми модарону бонувони Бадахшон, аз ҷумла модарони бошарафи шаҳри Хоруғ зикр дошт, ки аз рӯзи аввали корӣ такя ба неруи созандаи мардуми шарафманди Бадахшон кард. Аз ин рӯ, чорабиниҳои махсуси оперативии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, омилони асосии вайронкунандагони тартиботу оромӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд».

Бубинед, ки ин ҷаноби генерали аз маҳалли муайян ва сарсупурдаи Раҳмонову оилааш чи мегуяд: «Аз ин рӯ, чорабиниҳои махсуси оперативии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, омилони асосии вайронкунандагони тартиботу оромӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд».

Манзури ин генерал ин аст, ки бахше аз занони бадахширо, ончуноне ки ҷаноби олӣ гуфт ба самти худ кашидем ва онҳо ҳама ахбору маълумотро ба мо доданд ва оператсияи мо «дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд» ва «омилони асосии вайронкунандагони тартиботу оромӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд».

Дуруст арзёбиву баҳое, ки Раҳмонов ҳам чанде пештар, вақте мегуфт, ки амри безарар гардонидани помириҳоро ман додам, айни ҳамин гапро гуфт. Гуфт, ки амалиёт «дар сатҳи баланди касбӣ» гузаронида шуд. Раҳмонов гуфт, ки вай «ҳамеша мардумро дар онҷо ҷудо кардааст, Шумо ҳам ҷудо кунетон. Онҳо симои мардуми Бадахшон нестанд. Онҳоро ҷудо кунед».

Яъне Шариф Назарзода дурусту дақиқ дастури безараргардонии ҷавонони сарбаланду пурғурури бадахшониро ҳамзамон бо таъин шуданаш аз худи Раҳмонов гирифта буд. Ҳоло акнун бо ҳар роҳу васила ба Раҳмонов ёдрас карда истодааст, ки вай барномаи Раҳмоновро нарезондаву начаконида иҷро кард. Агарчи дар он баромадаш нагуфт, ки «вайронкунандагони тартиботу оромиро на танҳо дастгир карду ба ҷавобгарӣ кашид» беш аз ин кушту ҷонашонро гирифту ҳоло дорад ҳатто хонаву кошонаву корхонаҳояшонро ҳам ба нафъи Раҳмонов мусодира мекунад. Аммо ин ҷаласаву ин ҳама ёдовариҳо аз китоби корномааш дар Бадахшон ба ҳамин хотир аст ки Раҳмонов акнун бояд ваъдаашро иҷро кунад ва вайро вазири дохилӣ таъйин кунад. Маълум, ки аз ин ҳама Рамазон Раҳимзода хурсанд нест. Раҳимзодае, ки як вақтҳо сардори милисаи Данғара буду Эмомалӣ Раҳмонов ҳамагӣ як директори совхоз ва ҳар аз гоҳе ба ҷайби Раҳимзода пачкаҳои даҳсумии лениндор мегузошт, кореро, ки Назарзода дар Бадахшон карда натавонист. Вай, албатта Мулло Абдуллоро безарар гардонд, Мирзоҷагаро кушт, аммо беш аз даҳ сол аст ки хӯрду ҷамъ кард. бас аст.

Дар сайти вазорати корҳои дохилӣ аз ҷаласаи инъомсупории Шариф Назарзода ба занҳои милисаи бадахшонӣ хабаре нест, аммо дар бораи мулоқоти сардори Раёсати корҳои дохилии Хатлон бо сокинони ноҳияи Хуросон ва ҳамин тавр ҷаласаи Раёсати оташнишонии вазорат хабару гузоришҳо чоп шудааст, ки ин чорабиниҳо ҳам айнан рӯзи 2 июл сурат гиритфаанд. Рушан аст ки ҳоло Рамазон Раҳимзода рафтанӣ нест ва аз онки ҷояшро Шариф Назарзода гирифтанӣ аст, сахт нороҳат аст. Вале, чи чора?

Дар як суҳбати хусусӣ Рамазон Раҳимзода чунин гуфтааст: “ охир худаш ваъдамон када буд, ки ма идофа президент мешам, ту ва Ятимов кати ма,  то 2023 ҳастен. Ҳозир чихеле дидестем кор ранги дигар шидестаи” чунин изҳори нигаронӣ намудааст.

Шариф Назарзода, феълан нафари наздиктар шудааст. Зимнан танҳо милисае аст ки ду бор дар шаҳри Душанбе ҳамчун сардори Раёсати корҳои дохилӣ кор кардааст. Душанбе, ки ҳоло зери итоати Рустами Эмомалӣ аст. Бархеҳо мегуянд, ки Назарзода пуштибонии на танҳо Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин, ба фарқ аз Раҳимзода, ки акнун муҳлаташ ҳам сар омадааст, Рустамро ҳам дорад.

Шариф Назарзода ва қазияи хунини Бадахшон

Шариф Назарзода вақте ба Бадахшон омад ваъда дод ва гуфт, ки ин ваъдааш бо дастури Президент аст ки дар Хоруғ амалиёти ҷангӣ гузаронида намешавад. Вай гуфт, ки Раҳмонов аз ӯ хостааст, ки тамоми корро кунад, ки садои тир баланд нашавад ва мушкилу масоили Бадахшонро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ҳал намояд. Албатта, Шариф Назарзода ҳеҷ гоҳ ифшо ва иқрор намекунад, ки Раҳмонов ӯро ваъда кард, ки «агар масъалаи помириҳоро ҳал намоӣ, вазири ояндаи дохилӣ ту мешавӣ». Вале, ҳоло дигар яқин ва мушаххас шуда истодааст, ки байни Назарзода ва Раҳмонов як чунин тавофуқ сурат гирифта будааст. Ростӣ, мо ҳамон замон гуфта будем, Шариф Назарзода ба Бадахшон вазиршавӣ омад ва аз вай тамоми кори баду зиштро бояд мунтазир буд ва набояд фиреби гапҳои вайро хурд. Шариф Назарзода, на инки омаду ҳар гуна ваъдаҳо карду мардумро, мисле, ки сокиту ором намуд, беш аз ин ҳатто бо лидерони мардумӣ ҳам мустақилона,бидуни онки бо Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ва Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ ва сардори Ситоди байниидоравии мақомоти қудартӣ дар Бадахшон маслиҳату машварат намояд худаш вориди мулоқоту музокирот шуд. Натиҷаи ҳамин мулоқоти ӯ буд, ки Толиб Айёмбеков, ки акнун дастгир шудааст, худро дар ҳаводиси ахир бетараф мегирифт. Вале, маълум буд, ки ин домро ин рубоҳи маккор бисёр ҳам пардапушона гузошта буд. Вай ҳатто дар як ҷаласа дар ҳузури мардум эълон кард ва ваъда дод, ки Маҳмадбоқир ва ёрони ӯро ҷазои сабук медиҳад: «масъалаи дар назди қонун ҷавоб гуфтани 8 нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ва он ҳам аксаран ба авбошӣ муттаҳам мешаванд, низ аз роҳи гуфтугӯ ба роҳ монда мешавад, то ин ки худашон ба мақомот ҳозир шаванд». Шариф Назарзода ваъда  кард:  «нисбати онҳо ҷазоҳои минималӣ татбиқ карда мешавад». Вале батадриҷ яке паси дигаре ҷавонҳои бадахшонӣ ҳам дар дохили вилоят ва ҳам дар хориҷ дастгир ва бо ҳукми додгоҳ ба давраҳои тулонӣ зиндонӣ шуданд. Масалан чуноне имрӯз шоҳиди ҳатто ҳамон аъзои  комиссияи 44 ҳам шудаем,ки хело номардии бузург метавон онро унвон кард. Чи гуна 13 нафар узви ин комиссияро дастгир ва ба Душанбе интиқол ва яке паси дигар ба муҳлатҳои гуногӯн зиндонӣ мекунед? Имрӯз наворбардори ин комиссия Муяссар Саъдоншоевро ба 11 сол маҳкум ба зиндон карданд. Ҳатто Фаромуз Иргашеви боздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ адвокати маҳкумшудаи дигари аъзои комиссияи 44 мешавад,ки инаш боз дар ягон қонун ҷой надорад. Хулоса ҳаркоре хостанд бо мардуми Бадахшон бераҳмона анҷом доданд. Он вақт касе аз мардуми Бадахшонро, на лидерони мардумӣ ва на ҷавононро террорист наменомиданд. Бо онҳо ана ҳамин тавр суҳбатҳо ташкил карда талош мекарданд, ки ваҳдати онҳоро иттиҳоди онҳоро бишканнад ва байнашон мухолифат ва низоъ эҷод кунанд.

Ҳар аз гоҳе, ки вай дар маҳаллу рустову навоҳии Бадахшон мулоқотҳо доир карда ва мардумро афсун мекард, ки «ман ба мардуми шарифи Бадахшон,ба ақлу заковати онҳо такя мекунам»  ин як дуруғе буд, ки айни ҳамон дуруғҳои худи Раҳмонов, Раҳмонов дар ҳамон ҷаласае, ки дар бораи ҳаводиси Бадахшон суҳбат мекард, як дуруғи шохдоре гуфт, ки ҳама дар тааҷҷуб зад. Гуфт, ки агар дастгирии мардуми Бадахшон набуд, ҳоло ба ин рӯз намерасиданд. Назарзода ҳам дар пайравӣ бо Раҳмонов ҳамин тавр болои сари мардуми Бадахшон тамоми ин муддат шира молид вале оқибат автоматро гирифту ҳамаашонро қир карду кушт, чунки вай бояд аҷсоди онҳоро ҳамчун «трамплин» барои курсӣ истифода кунад. Мо дар зер як маълумотеро аз корномаи ин генерали вазиршав пешниҳод мекунем, ба гуфти Раҳмонов ин аз нуги хамир фатир: Тибқи маълумоти дастрасшуда падари Шариф Назарзода муътоди маводди мухаддир аст. Нашъаманд. 80 сола аст вале ҳоло ҳам банг мезанад. Падарашро бобои Раҳмон мегуянд. Вай ба 80 даромада бошад ҳам то кунун ягон бор сар ба саҷда нагузоштаасту рӯза ҳам надоштааст. Гуфтанд, ки бисёр як марди дағал ва дуруштсухан аст.

Як бародари ин генерал «барига» будааст, банг ва чарси афғонӣ мефурушад. Бародари дигариаш дар бозори шаҳри Кулоб савдо мекунад. Ду бародари дигараш бошад дар шуъбаи умури дохилии Кулоб кор мекунанд:-милиса.

«Агарчи қонунгузории Тоҷикистон чандҳамсариро манъ кардааст вале Шариф   Назар ду зан дорад. Хонаи  зани якумаш дар тарафи103 микрорайон хонаи зани  дуюмаш дар 82 аст. Шариф Назар мардони ришдору  занони босатрро сахт бад   мебинад. Ҳоло инҳо дорандаву бой шудаанд. Аммо Бобои Раҳмон ва оилааш  солҳои  шуравӣ  дар палатка  дар тори як  куҳ зиндагӣ мекарданд. Бобои Раҳмон дари ҳукумати Кулобро охурча карда буд, ки барояш сарпаноҳ диҳанд.»

Ба онҳо аз тарафи микрорайони 9уми шаҳр як  се  хонагӣ  медиҳанд. Дар ҳамон сехонагӣ зиндагӣ мекарданд.  Ҳозир  дар зери ҳамон домашон 10 сотих  замин  гирифта  хонахои  ду ошёна кард, ки Ҳасан ва Ҳисайн –ду бародараш зиндагӣ мекунанд. Дар лаби шаҳр як  маҳаллае ҳаст бо номи Тудакавш. Падару модар ва ду додари дигараш дар ҳамонҷо дар  ҳамсоягии  Муроди  телех зиндагӣ мекунанд. Бо Муроди телех қудо мебошад. Аз зани якумаш як  писар ва чанд духтар дорад. Комрон, писараш дар вазорати молия ҳамроҳи Дилшоди писари Муроди телех кор мекунад. Шариф Назаров дар асл яке аз хиёнаткорҳои мардуми Кулоб  мебошад. Вайро не коргарони вазорати дохилӣ ва на мардуми шаҳр Кулоб нағз намебинад. Дар   ҳар куҷо, ки ба кор таъин шуд фақат кулобиҳоро аз кор берун кард. Соле, ки ба манзили зисти Суҳроб Лангари мақомот омада то бегоҳ заданд аммо вориди хона шуда натавонистанд. Тарафи бегоҳ маслиҳат мекунанд, ки бармегардем, аз Кулоб мебароем, чунки шаб  мардуми Кулоб ҳамла мекунанд болои мо. Онҳо аз хашму ғазаби мардуми Кулоб сахт тарсидагӣ буданд. Шариф Назар ба худи Раҳмонов мебарояд, ки     «ман кафолат медиҳам, ягон гап намешавад».  Бегоҳ дар дари дарвозаи Суҳроби Лангарӣ 20 кило тратилро кафонда сипас онҳоро дар хона дастгир  мекунанд. Ҳатто вазири дохилиро «признават» намекунад, ки «ман қудои Муроди телехи призидент мебошам».

Салом Назарзода хонаи Сайдамир Зуҳуровро дуздида буд

Шариф Назаров  худашро  бисёр  коргари  «честни»  мегирад. Аммо аз вай дида милисаи ришвагири порахур нест. Дар душанбе барои зани дуюмаш тамоми як подъездро  харидааст. Дар Кулоб бошад куҳи баландеро гирифта арчазор  карда ва барои худаш бустонсаро сохтааст. Мардуми бегуноҳро барои кашидани банг меқапад, аммо додари  худаш «барига» аст вале ягон  милитса ӯро дастгир   намекунад. Чанд соли пеш Саломи додари Шариф Назар хонаи Сайидамир Зуҳуровро дуздӣ кард. Он солҳо Шариф Назар дар Кулоб кор мекард. Кормандони кофтукови ҷиноятиро маҷбур мекунад, ки дуздонро биёбанд: «дуздони хонаи Зуҳуровро ёфтед гуфта милисаҳоро ҳақорату  дашном мекунад. «Угаловник»-ҳо мегуянд, ки бале ёфтем рафиқ сардор. Мегуяд, ки рафта завлона зада биёред, к….очара. Онҳо мегуянд, ки  ин дузд Салом аст, Шариф Назарзода дар они воҳид худро ба карӣ меандозаду  гуе, ки  ҳеҷ чизро нашнавидааст «равед  аз  паи  коротон  шавед» .

Албатта, мо роҷеъ ба паҳлуҳои дигари фаъолияти ин генерали қотили бадахшониҳо боз ҳам хоҳем навишт. Агар шумо ҳам дар мавриди ҷиноятҳои ӯ чизе донед ва ё шоҳид шуда бошед ба “Ислоҳ” нависед, то онҳоро ба миллат тақдим кунем.

Вале дар инҷо тарҷумаи ҳоли расмии ӯро ҳам меоварем,то бештар бо вай ошно бишавед:

Назарзода Шариф Раҳмон

Рутба: генерал-лейтенанти милитсия аз 29.08.2019 сол

( генерал- майори милитсия аз 02.02.2006 сол).

Вазифа: Сардори Раёсати ВКД Чумурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 12.12.2017 сол

Соли таваллуд: 29 апрели 1966

Маълумот: олии ҳуқуқшиносӣ – соли 1991 Мактаби олии милитсияи шаҳри Тошканди ВКД ИҶШС-ро бо дипломи «аъло» ва соли 2010 Факултаи 1-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи «аъло» хатм намудааст.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии медали «Ҷасорат» (соли 2001) ва ордени «Спитамен — дараҷаи II» (соли 2013) мукофотонида шудааст:

С О Б И Қ А И Ф А Ъ О Л И Я Т:

Аз солҳои 1991 то 2000 — ваколатдор, ваколатдори калони оперативии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кулоб, муовини сардори шуъбача ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кулоб, сипас аз соли 2000- то 2002 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2002- то 2005 сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кулоб, аз 10.01.2005 то 09.01.2007 сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, аз 13.01.2007 то 01.10.2010 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 01.10.2010-12.12.2017 Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аз 12.12.2017 маротибаи дуввум дар вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад.12.02.2022 Сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКБ таъин мешавад.

Сообщение Генерал Шариф Назарзодаи қотили бадахшониҳо ва бадбини кулобиҳо, вазири дохилӣ мешавад? появились сначала на ISLOH.net.

Эмомалӣ Раҳмонов: «Рустам не, ман худам фармон додам, ки помириҳоро кушанд»
Эмомалӣ Раҳмонов эълон кард, ки дастури қатли омми помириҳо, поксозии қавмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро худи ӯ содир кардааст. Чун онҳо лаҷоми худро дар ихтиёри «ҳизби террористии наҳзат ва хоҷагонаш» гузоштанд. Ин ҳизб «26 миллион сомонӣ» ба онҳо додааст, аз ҳамааш хабадор буданд, ин силоҳу муҳиммот, ки нишон дода шуд, аз нуки хамир фатир аст.

Ростӣ, аввалин фикре, ки ба сарам омад ин буд, ки чи қадар Раҳмонов аз ҲНИТ тарсидааст, ки баъди ин ҳама сулуҳ салоҳу оштӣ ва баъди онки дубора онро заду торумор карду аз кишвар ронд, ҳоло ҳам аҷзу заъфии худро дар баробари он пинҳон дошта наметавонад. Аз тарафи дигар гуфтам ин мо бо таъбири баъзещо «шаурмахуракон», «наскидаридаҳо», «муллофихинҳо», «гуруҳи заиф» аз тарафи ин «кадушоҳ» боз ҳам бепул реклама мешавем ва ҳузури физикӣ дар кишвар надошта бошем ҳам аммо ҳамоно сояамон давлат ва роҳбари давлатро таҳти соя қарор додааст, ин шояд хуб ҳам бошад. Агарчи, шуморо саддарсад итминон медиҳам, ки ин як туҳмат ва як дуруғи бузург аст ки ҲНИТ дар ин ҳаводис даст дошта бошаду боз кам не зиёд не, ба 26 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардааст. Мо, ки сомонӣ надорем. Ва, дигар ин ки ин ҳама силоҳу муҳиммот, ки ба намоиш гузоштаед, фақат бомбаи атомӣ намерасид, агар дар дасти он гуруҳҳои террористӣ буд ва онҳо, ки террорист бошанд ва шумоҳо, ки бар сари онҳо силоҳ бардошта ба куштанашон рафтед ва онҳо яқин аҷалро рубару шуда буданд, чаро як файре тарафи шумо накарданд? Аммо ин террористҳо гуруҳ –гуруҳ маҳву нобуд шуданд. Ба ин дуруғи шумо фикр кардед, касе бовар кард? Магар кадом террорист «ручной пулемёт» дошта бошаду калашников дошта бошаду ақалан як нафари шуморо кушта натавонад. Пас, вай чи террористе будааст?

«Дақиқан назар ба ин иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмонов ба ҲНИТ ва садо додани маблағи 26 миллион сомонӣ ва ин ҷуръати ӯ, ки гуфт: “ман фармони қатли бадахшониҳоро додам “ аз раиси ҲНИТ ва ПМТ пурсидам ва ба ин саволҳо посухи мушаххасе додаанд. Феълан ба хотири тулонӣ нашудани матлаб посухи устодро  дар навори ин матлаб мегузорем ва онҷо бубинеду қазоват кунед.»

Аммо баргардем ба «ҳизби террористии наҳзат». Хоҷагони Ҳизби наҳзат ин бор кӣ бошад ё кӣ бошанд? Ҳамон кишвари дар нохунак дуст? Аҷаб! Агар ҳамон кишвари дар нохунак дуст бошад, он ки дигар барои Раҳмонов чанд адад не, заводи безпилотник месозад. Заводи безпилотник!!! Ё Эрон бозии дусамта пеш мебараду ҳамчуноне худи Раҳмонов гуфт, «мо медонистем», яъне медонад?  Ин бор хоҷаи наҳзат гуфта киро дар назар дошта бошад? Магар Русия? То онҷо ки маълумотҳо мерасанд Русия ба ҷонишинии Рустам розӣ нашудааст ва ин вазъ Раҳмоновро сахт ошуфта кардааст. Имсол Раҳмонов ба рузи истиқлолияти давлатии Русия (12-июн) Владимир Путинро табрик накард. Бархе аз манобеъ мегуянд, ки Путин дар сафари ахири Раҳмонов ба Маскав ӯро ахтор додааст, ки бо ҲНИТ бисозад ва мусолаҳа кунад. Ҳарферо, ки ду соли пеш Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия гушрас карда буд. Гуфтааст авзоъ дар он суи марз хуб нест, имкони рахна ва вуруд ва ҳамовозии исломиёни норозӣ дар дохил вуҷуд дорад ва набояд ба чунин пешомад-як ҷабҳаи дигари ҷанг- шароит фароҳам сохт, чунки Русия бе ин ҳам бар асари ҷанг бо Укроин дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад.

«Гуё задани Раҳмонов Бадахшонро дар ҳавои ҳамин суҳбатҳо сурат гирифтааст то нишон бидиҳад, ки тавонмандии вай кофист, ки аз ҳар навъи нофармонӣ ҷилавгирӣ кунад. Ва, собит кунад, ки Тоҷикистон комилан таҳти сайтара ва контроли уст. Аммо, кӣ ва ё кадом гуруҳе бар инки «амалиёти зиддитеррористӣ» вале дар асл дастури қатли омми бадахшониҳо аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифтааст, шубҳа кардааст? Инки дастури куштору қатли омм аз тарафи вазири милиса ва ё амният дода намешавад.»

Истифодаи неру ва силоҳи оташфишон болои мардуми бесилоҳ ва умуман истифода аз зӯри низомӣ мусаллам аст ки бо дастури роҳбари даввлат иҷро мешавад. (Аммо дар ягон давлати дунё ин функсияи давлат ва роҳбари давлат нест, ки ба сӯи мардуми бесилоҳ оташ бикушояд) Аммо чаро Раҳмонов ин масъаларо матраҳ кард? Масалан дар соли 2012 нагуфта буд, ки ман ба артиш дастур додам, ки Хоруғро бизанад. Ҳамон вақт ҳам артиш даромада ва зада буд. Ва, ҳамон вақт ҳам Раҳмонов дастур дода буд. Ҳоло чаро гуфт? Ба як раҳбари давлат таъкид кардан, ки ман фармон додам, ки безарар кунанд, ҳеҷ зарурат надошту надорад. Ҳоло кор, ки анҷом шуд, чи ҳоҷат ба онки боз як бори дигар ба мардум хунхор буданатро, аз болои хун омаданатро, бо хун омадем бо хун меравем гуфтанатро ёдовар шавӣ? Чи зарурат буд? Мардумро, ки куштӣ. Эълон кардани «ман фармон додам» ба чи хотир буд?

«Ба ин хотир буд, ки дар «Ислоҳ.нет» мо кушоду равшан гуфтем, ки хеле аз ҷавонони бегуноҳи бадахшӣ тавассути гурӯҳи вижаи марбути Рустам кушта шуданд. Ин гурӯҳ инҷо -репетитсияҳои амалӣ гузарониданд. Алфа ҳам буд, ОМОН ҳам буд. Аммо гурӯҳи ҷаррори одамкушони Рустам, ки инструкторҳои хориҷӣ (мураббиҳо) таълим дода ва аз 15 то 20-30 000 моҳиёна дарёфт мекунанд, низ бо дастури Рустам инҷо «машқу тамрин» карданд. Онҳо мустақил буданд ва мустақим ба Рустам ҳисобот медоданд. Аз тамоми амалиёт-одамкушиҳояшон наворҳо гирифта ба Рустам интиқол додаанд, то бибинад, ки онҳо то чи ҳад омода ҳастанд, ки дастуроти вайро иҷро кунанд. Даҳҳо нафар аз афроди мулкиро онҳо куштаанд.»

Зимнан вақте Шодӣ Ҳафиз ба Раҳимзодаву Ятимов ҳисобот дод, гуфт, ки 29 касро куштанд, аммо ҳоло ин рақам16 шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки танҳо дар Вамари Рушон беш аз 30 касро куштанд.Раҳмонов барои он эълон кард, ки фармони қатли омми помириҳоро худи у содир кардааст, то Рустамро сафед кунад, дар ҳоле, ки мо нагуфта будем, ки Рустам фармони куштор додааст, балки гуфта будем, ки гуруҳи махсус (спецсназ)-Рустам дар куштори помириҳо нақши калон бозид. Ҳоло, акнун Раҳмонов, ба дунболи Муним Оламов, директори «Имруз нюс»,ки вай ҳам гуфт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳақи Рустам дуруғ мегуяд, эълон мекунад, ки на Рустам, балки худи вай дастури қатл додааст. Мехоҳад нишон бидиҳад, ки Рустам дасташ хунолуда нест, мисли вай ба хуни помириҳо ташна нест. Вай бо ин эълонаш мехоҳад тамоми ҷурму ҷинояташ дар мавриди Бадахшонро ба худи вай банданд, ба Рустам кореро нисбат надиҳанд, чун мехоҳад Рустам як раиси ҷумҳурӣ бидуни ҷангу хунрезӣ ба қудрат расида бошад ва набояд ӯро бо помириҳо душман кард.

Ёдатон бошад Раҳмонов ҳануз дар соли 2018 дуғу пуписа карда гуфта буд, ки агар зуратон ба чор ҷинояткор нарасад аз зӯри артишро истифода баред. Ҳамон вақт истифода бурданд, аммо муваффақ нашуданд ва Раҳмонов ҳам сокит монд, нагуфт, ки ман фармон додаам. Раҳмонов вақте мегуяд, ки «илоҷи дигаре набуд» муталқо дуруғ мегуяд. Илоҷи саддарсадӣ вуҷуд дошт, ки ин фоҷеаи башарӣ дар ВМКБ руй надиҳад, пешгирӣ шавад ва даҳҳо нафари бегуноҳро накушад, ҷони онҳо ҳифз бишавад. Зеро, фаъолони ҷомеаи маданӣ, шахсиятҳо ва занону модарони бадахшонӣ аз вай борҳо дархост карданд, ки шахсан ба мушкилоти пешомада, ба буҳрони ба таври сунъӣ эҷодкардаи мақомоти қудратӣ расидагӣ кунад. Ҳам ба вай ва ҳам ба Рустам-нафари дуввуми Тоҷикистон муроҷиат карданд. Вале вай ин ҳамаро нодида гирифт. Маълум мешавад, ки вай дидаву дониста вазъиятро печида ва буҳронӣ мекунад, чун нақша ва нияташ ин бор нопок буд. Агар даъво ва арзу шикояти бадахшониҳоро, модари Гулбиддин,модари Тутишоро мепурсид, агар мақомоти вай бо «Комиссияи 44» менишасту буҳронро бо тариқи осоишта ҳал мекард, ин фоҷеа магар руй медод? Албатта, руй намедод. Вале вай ин бор мақсади саркуб, қатл, зиндон, хуллас, ба зону даровардани Помир ва помириҳоро дошт. Ҳоло, вақте вай мегуяд, ки ман ин кардам, ман он кардам, 15 бор афв кардам, тарбия карданӣ шудам, роҳ сохтам пас, чаро 16ум бор афв накард? Чаро боз тарбияро идома надод. Магар рехтани хуни инсонҳо, магар қатли омм, магар кашидани силоҳу тирборони мардум, ҷони инсонҳоро гирифтан кори давлат ва раҳбари давлат аст? Кори роҳбари давлат, ки гарант, зомин ва кафили ҳаёти инсонҳо аст ҷонгирӣ ва куштори онҳост?

Раҳмонов ин бор барои он мардумро бераҳмона парронду кушт, ки мутмаинаш карданд, ки «мо,метавонем» ва гуфт, ки агар битавонед, пас майдон аз шумост. Ба ҳамин тариқ одами даркории худашон, одами тарбияткардаи худашон Алишери Мирзонабот-генерали амниятиро оварданду сар аз авохири соли 2019 ба раисии шаҳри Хоруғ ва сипас ба раисии Вилоят ва то анҷоми ин амалиёт тамоми имконотро дар дасташ доданд. Ва, вай қадам ба қадам тарҳи тасдиқшударо иҷро кард ва тавре бо мардуми худаш рафтор кард, ки имрӯз Бадахшон ба хоки сияҳ шинонида шуд. Кореро, ки абадан Ёдгор Файзов анҷом намедод. Бадахшон тавре таҳқир шуд, ки ҳеҷ минтақаи Тоҷикистон шоҳидаш нашудааст.

«Улфатхонум Мамадшоева, як зани обруманди бадахширо ба сангинтарин иттиҳом-ҷосусӣ муттаҳам карда ва ӯро дар телевизионҳо намоиш доданд, ки бо рангу руи кабуду сиёҳшуда «иқрори гуноҳон» мекунад. Мардуми Бадахшон, зану мард, «ал-амон» гуфтанд, «гунакорем» гуфтанд. Ин танҳо як дастбурд ба нангу номус набуд, ин ҳамла ва таҷовузи гуруҳӣ ба шарафу иззати як зан ва дар умум сокинони Боми ҷаҳон буд. Мунтаҳо, ин бор ҳадаф шикастану мутеъ кардану худро фотеҳ ва ҳокими мутлақ ва муқтадир нишон додан буд, чун дигар вақташ хеле танг шуда аст.»

Ҳар рӯз замон барои иҷрои тағйироти Қонуни Асосӣ дар соли 2016-ро аз даст дода истодааст. Аз ҳисоби ноамниҳо дар марз бо қирғиз ва акнун як минтақаи бузург ва дорои аҳамияти геостратегии фармоннораво ӯро намегузоштанд, ки орому роҳат реферандуми соли 2016-ро ҷамъбасту натиҷагирӣ кунад. Ҳаводис дар кишвар таврест, ки ин тағйирот аслан як кори нолозим шуда истодааст, чун Рустам аз 35 ҳам гузашт ва институти Асосгузор-Пешво гумон аст ки дигар ба кор ояд, таҳаққуқ пайдо кунад, балки шояд ин зиёдаравиву зиёдахоҳиҳои вай боиси такрори сарнавишти Элбасӣ бишавад. Сохтани як ниҳоди сунъиву ҷаълӣ, ки як кори абалаҳона ва аҳмақонае беш нест ва намешавад тамоми дунёро гулу гумроҳ фарз кард, бар болои онки тамоми ҳокимиятро оилавӣ кардааст. Маълум аст ки ин овардани Рустам, ин Асосгузор ва ин ҳокимияти оилавӣ ба манфиати миллат ва давлати тоҷикон нест. Вале бояд ин корро кунад, чун гузинаи дигар барояш ҷаҳаннам аст. Раҳмонов аз аввали «ин бор» помириҳоро зад.

«Кореро, ки тули ин ҳама сӣ сол муваффақ нашуда буд. Бар фарзе, агар ин навбат ҳам мисли солҳои пешин наметавонист, муваффақ намешуд, ҳеҷ гоҳ ин масъаларо ба маҷлис ва маърази омма намекашид. Сукут мекард, гуё ҳеҷ ҳодисае руй надодааст, ҳамчунон ки 30 сол сукут кард, масалан дар соли 2012, 2014, 2018,2020 ва ҳатто дар ҳамон ноябри 2021, ки Гулбиддинро дидаву дониста куштанд, ҳеҷ реаксия нишон надод, гунгу кару кур буд. Аммо азбаски ин бор лидерони мардумиро кушт, истирдоду зиндонӣ намуд, худи мардумро парронид, тавонист, ки аз тазоҳурот ҷилавгирӣ кунад, хуллас ин бор, ки гуё ғалаба кард, мехезаду маддаи дил мекафонад, ки ман 15 бор афв кардам, гузашт намудам, аммо тарбият наёфтанд. Он вақт функсияи давлат нагуфт, чун палла ва ё каффаи мизон баробар набуд. Зеро Бадахшон раҳбари хойину халқфуруши номусбохтае мисли Алишер Мирзонабот надошт. Аммо ин бор неруҳои зиёд ҳам овард, неруҳои вижаи одамкуш. Одамкушони Рустам.»

Аммо овардани номи Ҳизби наҳзат ва ба пойи вай бастани ин ҳаводис, албатта, бо ҳадафи махсус сурат гирифтааст. Раҳмонов мушовирони амниятии вай ба яқин медонанд, ки ин як ҳарфи муфт, як дуруғи шохдор аст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин имкон ва тавони молиро надорад, ки 26 миллион сомонӣ ба лидерҳои мардумии ВМКБ дода бошад. Агар дошта бошад ҳам сири мардон пӯшида мегӯянд ва барои як митинг 26 миллион сомонӣ додан ин як саръ ва ҷунун аст. ҲНИТ  аз миллат ва мардум ҳеҷ сире надошт ва надорад ва мисли офтоб рушантар корашро, то имрӯз идома дода истодааст. Аз тарафи дигар аз даҳани ҳеҷ яке аз лидерони ҳамакнун ба шаҳодат расидаи мардумии Бадахшон, на Мамадбоқир, на Ёдгор, на Толиб на Хурсанду дигару дигараш ягон талабу дархости сиёсӣ, ки ба ҳокмияти марказӣ нигаронида шуда бошад, садо надодааст. Билакс онҳо, ҳатто занҳову модарҳои бадахшӣ бо нашру пахши даҳҳо муроҷиатҳои катбиву тасвирӣ ё ба Раҳмонов ё ба Рустами Эмомалӣ руи ниёз оварданд, ки онҳоро аз шарри мақомоти қудратӣ ва раҳбарони бекифояти вилоят ҳимоят кунанд. Аммо, ҳеҷ кадоме аз онҳо қасду ният ва ё ғарази табадулот ва ё сарнагунии ҳукумати Раҳмоновро надошт ва ҳатто агар ҳам медошт дар фосилаи 1000 километр то Душанбе ин корро чи тавр анҷом медод?

«Ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони онро зикри хос кардани Раҳмонов ҳамоно идомаи бадномсозии ин ҳизб аст ки бидуни кадом санаду мадрак ба ном табаддулот Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам бори душаш шуда буд.»

Аммо, саволи дигар ин аст ки чаро тамоми дунё дар фикри табаддулот дар Тоҷикистон бошанд? Раҳмонов ба ин тарафи масъала фикр мекарда бошад? Тамоми дунё барои Раҳмонов табаддулот мекунанд, аммо ин «супермен» ҳамаро яксараву якбара мекунад. Мо,ки бовар надорем….

Сообщение Эмомалӣ Раҳмонов: «Рустам не, ман худам фармон додам, ки помириҳоро кушанд» появились сначала на ISLOH.net.

Генерал Бузмаков кист? Чаро ба мардуми Бадахшон «дандон» дорад?
(бахши дуввум )

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо (Бузмаков), муовини аввали Вазири корҳои дохилии   Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия, роҳбари Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ, чуноне худаш ҳам мегуяд аз соли 2014 дар қасди ҷони мардуми Бадахшон ва ташнаи хуни Мамадбоқир ва ҳамроҳони вай лаҳзашуморӣ мекард. Ҳоло акнун ҳаррӯз бо як дуруғу туҳмат ба пойи ҷавонмардони рушониву шуғниву язгуломиву хоруғӣ-яъне ба пои мардуми Бадахшон завлона ва занҷир мезанад. Ситоди байниидоравии зери итоати Абдураҳмон Бузмаков дигар тамоми қонуну қоида ва одамиятро зери по гузоштааст. Иръобу шантаж, террор, эҷоди тарсу ҳарос, зӯровариву зӯргӯӣ, кофтани то оғилу коҳдони помириҳо ба он хотир аст ки «дух»-и помириҳо бишканад. Ин Ситоди байниидоравӣ дигар ба гестапо бадал шудааст.

Инки мегуяд ҷияни Мамадбоқир Ҷамшед Шаъбонов ихтиёран омад ва худро биспорид як дурӯғи навбатии Бузмаков аст. Вақти кофтукоби хонаҳо як афсари пулис сарпуши чойнаки як сокини Рушонро гирифта даруни онро нигоҳ мекунад. Соҳиби хона мепурсад, ки дар чойник чӣ аст, ки мекобӣ? Мегуяд, ки одамони Боқирро мекобад.

«Бузмаков мегуяд, ки ин мардум як қисмаш арақ задагӣ буд, як қисмаш маводди мухаддир. Вай бо ин туҳматҳояш мехоҳад, ки худро як афсари тоза ва дур аз ҳар гуна ҷиноят нишон диҳад. Аммо мо дар даст далелҳое дорем, ки дар бораи вай чизи дигар мегуянд. Вай яке аз қочоқчиёни асосии ҳероини афғонӣ дар Тоҷикистон буда ва як шабакаи хатарнокеро контрол мекардааст.»

Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) зодаи деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара аст. Дертар хонаводаи онҳо ба деҳаи Ғарғараи ҳамин ноҳия мекучад. Вай аз қавми қарлуқ аст. Лаҳни суҳбатҳои ӯ, ки ҳоло дар шабакаҳо ҳам шунавида шуд, тасдиқ мекунад, ки забони модарии вай дигар аст ва тоҷикиро баъдан ёд гирифтааст. Бобои Эмомалӣ Раҳмонов Раҳмон- чақир низ дар ҳамин деҳаи Бошбулоқ мезист ва вай ҳам ҳамқавми Бузмакови қарлуқ аст. Вай чупон буд. Тибқи хабарҳо падари Бузмаков дар Бошбулоқ дар совхози Ленини Данғара бо Раҳмонов якҷо кор мекард. Ҳамчун қавми қарлуқ бо ҳам муносибати ҳасана доштанд. Бок моли эҳтиром аз мардуми Қарлуқ, ки ин киллер аз қавму табори онҳост, мо ин мардумро эҳтиром дорем ва оила бе шағол намешавад.

«Бузмаков корро аз ШКД Шӯробод ба ҳайси корманди «ПС»-(постовой служба) сар кардааст. Баъзе аз роҳбарони ин шӯъба ба харидуфуруши «сафедӣ» машғул буданд. Ӯро ҳам кам-кам «грет» мекарданд. Бо ҷойи пойи худро ёфтан дар шӯъба ӯ оҳиста-оҳиста ба фурӯхтану «подстава»-и сардорони шӯъба машғул мешавад ва оқибат худаш дар ҷойи онҳо сардор шуд. Вай Кӯлоб омад. Дар Кулоб ҳам ҳамин корро идома дод. Аз Кулоб ба Қурғонтеппа оварданд. Дар Кулоб ду шогирд дорад. Якеаш Саъдии зард аз Пашадара якеи дигараш Саъдии сияҳ, аз кучаи Садиков.»

Вақте Қурғонтеппа рафт шогирдонашро бо ҳамроҳи худ бурд: «повишенӣ». Шогирдҳояш онҷо кор мекунанд. Як нафари дигар аз шогирдонаш аз Кулоб Сайидаҳмади кабуд аст. Аммо дар асл вай забзард аст. Чанд сол аст ки дар Қурғотенппа корманди «уголовний розиск» мебошад. Беҳад золим аст. Онҳо дар Қурған мегарданд. Абдураҳмон шогирдҳояшро супориш медиҳад, ки «брен шумарит кнен, ҷамъ кнен ису усун биёрен». Меоянд бо ургутиҳо сарбасар мезананд,  чун онҳо мардуми пулдоранд.Хуллас ,бо бачаҳои ургутӣ гапҳояшон мегурезад. Дуғу дағдаға карда тарс доданӣ мешаванд: «Мо задагием любойта, биги ҳақу ҳуқуқи моро биёр». Онҳо мегуянд:  «укоҷон ин тавр накунед,биёд ягон муомила кунем,муросо кунему кор кунем». Ургутиҳо бо инҳо муомилаи хуб мекунанд, аммо ин шогидрҳои Бузмаков дигар аз пушти ӯ паридан мегиранд. Мегуянд, ки «мо одаматонро ҳам задагиему худатонро ҳам задагием, «доля»-и мора биёрен». Баъд урутиҳо занг мезананд ба Зоир. Зоир Соҳибов-домоди Эмомалӣ Раҳмонов, роҳбари ғайрирасмии Қурғонтеппа. Шогирдҳои Зоир меоянду инҳоро мегиранду мебаранду ҳамашонро маҳкам мекунанд. Одамони Зоир ба Зоир мегуянд, инҳо моро сахт дашном карданд ва гуфтанд, ки «мо шефатам задагием худатам». Зоир мегуяд «ҳамаашро қоқсуд кунед, ки фалоншон мекунам». Бузмаков дигар ба даводав медарояд. Саъдии зарду Саъдии сияҳра мебарорад. Полний аз кор мегирад, мегуяд «равен Кулоб онҷо биистен, наоен аз Кулоб ба инҷо».

«Саидаҳмадро маҷбур мекунанд, ки ба кала гирад. Ӯро Саъдии зарду Саъдии сияҳ «уговорит» мекунанд. Саидаҳмад ба кала мегирад. Ҳоло шиштагӣ ё алакай шинонданд, номаълум. Саъдии зард дар Кулоб сум кофта истода буд, ки бояд бидиҳему ӯро бубарорем, ки «мабодо моро яке нафрӯшад. Ага надиҳем мора мефурӯшад, мора мекашану мебаран». Як опели астра ҷии сиёҳ дорад. Дар Кулоб аз паи баригаҳо мегарданд. Саъдӣ сияҳ дар Афғонистон одам дорад. Саъдӣ сиёҳ барои бор овардан ба он одамҳо дар симкортҳои афғониашон сесад -чорсад доллар сум мепартояд.»

Дар он тараф, дар Афғонистон ғуломбозор ҳаст. Он афғонҳои шиноси Саъдии сиёҳ аз ин ғуломбозор ба камбағале сад ё дусад доллар медиҳанд. Мегуяд ин «бор»-ро мебарӣ дар он тараф аз дастат мегиранд. Боз бармегардиву меоӣ. Он афғонҳо борро меоваранд. Вақте ки омаданд ҳам борро мегиранд ва ҳам онҳоро дастгир мекунанд, меоранду шинонд. Он афғон афғонҳои худашро мефурӯшад, подставит мекунад. Афғони қочоқчиро қапидем гуфта Бузмаков ҳам боло меравад, Саъдии сияҳ ҳам боло меравад. Аксари афғонҳои бо наркотик шиштагӣ бо заказ ё фаромишиянд. Аксарияти онҳоро Саъдӣ шинонидагӣ аст. Инҳо инҷо як қарор доранд. Пулро мегузаронанд дар телефонҳояшон. Онҳо афғонҳо афғонҳои худашонро курер мекунанду меқапонанд. Баъзеи онҳо 6-7кудак доранд. Хонаводаҳояшон дарак надоранд, ки дар куҷоянд. Зиндаанд, мурдаанд, намедонанд. Дар ҳоле, ки онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон хобанд. 17- 18 солӣ гирифтаанд. 99 % тавассути афғонҳо одам доранд, ҳамшаҳриҳои худашонро мефурушанд, ҳам борро мегиранд, ҳам «званий»   мегиранд ва ҳам мансаби боло.

«Акнун дар Кулобанд, сум ҷамъ карда истодаанд. Саъдӣ ҳозир худаш ҳамин кора аст. Дар инҷо баригаҳоро меқапад, сум меканад. Мошину заминҳояш дар фурӯш. Барои халос кардани Саидаҳмад.»

Саъдӣ сияҳ дар даҳани дари масҷиди Мулло Ҳайдар буд. Барои назорати аз 18 солаҳо поин. Одамони зиёдеро ҷарима кардагӣ аст. Масҷид пур мешуд, баъзеҳо дар даҳани дар мехонданд, барои ҳамин кор ҷарима мекард. Бачаҳои зиёди Кулобро шинондагианд. Бегуноҳҳоро шинондагиаст, барои вазифа. Бузмаков мефармуд, ки резултат кун, дар любой пастӣ меравад. Айни замон бо кудакош дари масҷидро гирифта мешинад, намозхонӣ меравад. Аммо ҳадафаш чист, маълум нест. Чанд бародарҳое, ки рафъи ядайн мекарданд, шумо салафӣ, шумо ину он  гуфта қапида тарсонида сумҳояшонро гирифанд. Яқин аст ки ҳамин хабар кашида буд.

«Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) дар қочоқ ва интиқоли героин ба Русия бо гурӯҳҳои мафиозӣ сахт алоқаманд аст. Вай, ки ҳанӯз аз даврони фаъолияташ дар Шӯроободу Кулоб ва Қурғонтеппа ба ин кор машғул буд, баъд аз онки ба Душанбе омад ва чанд соле сардори Раёсати дохилии пойтахт ҳам шуд ва бахусус баъд аз онки сардори Раёсати дохилии ВМКБ ва муовини аввали вазорати дохилӣ таъин гардид, метавон гуфт, ки ба яке аз муҳраҳои калидии мафияи қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон табдил шуд. Аламшозода аз ҳисоби тиҷорати героини афғонӣ даҳҳо миллион даромад дорад.»

Дар мавриди писараш ва дастдоштанаш ба қочоқи маводи мухаддир ва боздошти ӯ ва чӣ ултиматумҳо барои раҳоии писараш ба ӯ гуфтанд ва чи доду ситадҳо гузаштааст муфассал хоҳем навишт.

Пештар бархе аз расонаҳо дар бораи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии қочоқи маводи мухаддир навишта буданд, ки дар ин бонди мофиозӣ нақши Рамазон Рамазонзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хеле бузург аст. Вай бо истифода аз мақому мансаби давлатӣ, амнияти ҷонӣ ва бизнеси маводди мухаддир ин гурӯҳро таъмин мекунад ва низ аз мақоми давлатиаш суистифода карда барои барқарории тамос ва иртиботот бо намояндагони мисли худаш бевиҷдони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои онҳо «долони сабз» фароҳам мекунад Ҳамчунин дар ин кор ӯро домодаш генерал-лейтанант Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии вазорати дохилӣ  ва генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков),ҷонишини аввали вазири дохилӣ ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ мекунанд.

Моҳи март Иззат Амонро дар Маскав қапида буданд. Ҳама мегуфт бегуноҳ аст. Аммо Саъдии сиёҳ барқасди ҳама мегуфт, ки вай бо пулҳои муҳоҷирон хестагӣ. Ҳамон вақт дар деворҳои беморхона, истгоҳҳои Кулоб навишта буданд, ки «Иззат бегуноҳ аст», «Озодӣ ба Иззат Амон». Мардум мегуфтанд, ки Иззат халқи камбағалро кумак кард вале ин мегуфт хоин аст. Бар зидди Ҷаноби олӣ аст, «пушти хоинро нагирен,ки мебарем гаренитон мекунем» ва краска гирифта девор ба девор ҳамон навиштагиҳоро тоза мекард ва аз думби милисаҳо мегашт. Вай сахт умедвор аст ки Бузмаков онҳоро боз кор мегирад.

ЛЕВАКАНТ  ЗЕРИ ДАР ДУДИ БАНГИ БАРОДАРИ БУЗМАКОВ

Абдураҳмон Аламшозода як бародар дорад бо номи Муҳаббат. Дар шаҳри Левакант сардори КЖКП- “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ” мебошад. Вай аз хонаводаҳое, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд, ҳар моҳ барои «коммуналний услуги» сарикасӣ 9-10 сомонӣ меситонад. Маълум аст ки дар ҳар хона чандин нафарӣ зиндагӣ мекунанд ва инҷо пули калон ҷамъ мешавад. Лекин агар дар бино-баландошёнаҳо ягон мушкилӣ пеш ояд, садама шавад, тамоми харҷу хароҷоти барқарорӣ ва ё таъмирро аз ҳисоби халқ боз мегирад. Мегуяд «харида биёрен,мо соз када медиҳем». Масалан дар таҳхона ягон лӯлаи об мекафад, ё ҷумакҳо-крайникҳо хароб мешавад, ҳамаи онро харида меоварӣ, боз ба «сантехник»-кормандони Бузмаков 20 ё 40 сомонӣ ҳақи кор медиҳӣ, сипас онро таъмир мекунанд. Ин бародари Абдураҳмон Бузмаков хуни коргарҳояшро мемакад. Ҳато аз нафари мусоровоз, сантехник, хуллас ҳамаи коргаронаш ҳар моҳ вақте замони додани маош шуд аз ҳар кадоми онҳо 20 сомонӣ мегирад. Маоши онҳо ҳатто 500 сомонӣ ҳам нест: 380-420 сомонӣ. Вай боз иддио ва миннат мекунад, ки шукр кунед, ки ман ҳастаму маошҳоятонро сари вақт гирифта истодаед.

«Дар Левакант 60-70% бачаҳои ҷавон «гиёҳманд» шудаанд. «Гиёҳ» аз они ҳамин Бузмаков аст: хоҳ банг бошад, хоҳ афюну чакида ва ё хоҳ героин. Ҳамин Бузмаков таъмин мекунад.»

Дар Левакант ҳам хуҷаини асосӣ додарарусҳои Эмомалӣ Раҳмонованд. Яке аз онҳо ҳоҷӣ Амонуллои бародарзани Раҳмонов аст. Дар инҷо як дискоклуб  кушодааст, ки он дар асл як фоҳишахона мебошад. Ин дискоклуб аз они ҳоҷӣ Амонуллои хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Аз пушти ин дискоклуб чандин ҷавон ҳатто ба маҳбас афтод, чанд нафар дар дохили он «передозировка» шуда аз дунё гузашт.

«Албатта нашъаманд шудани ҷавонон ба манфиъати хусурбачаҳои Раҳмонов мебошад. Чун,ки ҷавонони нашъаманд бе ғайрат ва дигар ҳеҷ фикре ҷуз ин заҳри қотил надоранд. Хусурбачаҳои Раҳмонов инро мехоҳанд,то оромона битозанду ҳар ҷинояте анҷом диҳанд касе корашон надошта бошаду эътироз накунад.»

Дар назди ҳукумати шаҳри Левакант як масҷид буд. Онро бастанд. Аммо дискоклуби ҳоҷӣ Амонулло кор карда истодааст. Шаби дароз мардумро намемонад, ки дуруст истироҳат ва хоб кунанд. Як вақт назди раиси шаҳр, он вақт Патаков Қарахон Чиллаевич буд рафта шикоят карданд, ки моро нороҳат мекунад, то саҳар садои баланди мусиқӣ. Вай тарафи мардум гашту гуфт, ки «аз дасти ман ягон чиз намеояд, ин дискотека аз ҳоҷӣ Амонуло аст. Аз дастатон чикоре меод кардан, гиред». Дар Левакант ҳам идора дар дасти оилаи Раҳмонов аст ва таъмини маводи мухаддир дар дасти Бузмаков. Ба кӣ шикоят мекунед ?

Тарҷумаи ҳоли Генерал Бузмаков

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо — генерал-лейтенанти милитсия. 17 ноябри соли 1970 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1993. То соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёнаи роҳбарикунанда ҳамчун корманди оперативӣ фаъолият намудааст. Баъд ба ҳайси сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз моҳи декабри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз 18 сентябри соли 2018 то 11 майи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст. Ҳоло вай дар мансаби муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодааст.

РАҚОБАТ ДАР БАДАХШОНИКУШӢ МИЁНИ ДУ ГЕНЕРАЛ БАРОИ ВАЗИР ШУДАН

Айни замон байни Шариф Назарзода ва Абдураҳмон Бузмаков як навъ сабқат ва рақобат барои худро ширин кардан дар назди Раҳмонов барои курсии вазирӣ идома дорад. Ин ду хуни бадахшониҳоро барои курсӣ рехтанд. Талош карда истодаанд, ки бо кадом як коре фавқулъодда ба Раҳмонов нишон диҳанд, ки дигар помириҳоро тамом карданд.

Вақте хонаи Амриддин Аловатшоевро харобу валангор карданд, эҳсоси нафрату қину касосашон нисбати ин мардумро дошта наметавонистанд. Дар кадом гушаи дигари Тоҷикистон ин корро карданд? Ин корро танҳо бо мардуми бадахшӣ доранд мекунанд. Ҷараёни харобсозии ин хонаро Шариф Назарзода, сардори милитсияи ВМКБ навор карда ва шахсан ба худи Эмомалӣ Раҳмонов фиристодааст.

Абдураҳмон Бузмаков маросими мотами Мамадбоқирро навор карда фиристодааст, то Ҷаноби олӣ тамошо карда ба қудрат ва ҷасорати Бузмаков қоил шавад. Боз дар круги худаш бо ифтихор гуфтааст: “Боқира куштам ва лично худам ҷанобда навори мурдаша равон кадм. То надид дилш ором нашуде. Чида ай и гансо иқа парешонаи ҷаноб ма ҳайронм”

Кори ҳар буз нест хирман куфтан,                                                                                                Хирмани моро басо бузҳо куфтанд.

Поёни бахши дуввум, идома дорад….

Сообщение Генерал Бузмаков кист? Чаро ба мардуми Бадахшон «дандон» дорад? появились сначала на ISLOH.net.

Мақомот «СММ»-ро дар кушташудани Бадахшониён гунаҳкор медонад
Мақомот дар Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид-муҳимтарин марҷаи байналмилалиро дар маблағгузорӣ ва ангехтани сокинон ба тазоҳуроти эътирозӣ дар рӯзҳои14-17майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мазнун мешуморанд.

Дар баёния ва суҳбатҳои расмии мақомот ва масъулин аз Паймони миллӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашев ва Муҳаммадбоқир ва чанд нафари дигари зодагони бадахшонро ба унвони роҳбарони ҳаводиси рӯзҳои ахир дар ВМКБ ном мебаранд. Аммо  бино ба иттиллои дарёфтӣ, мақомоти тафтишотӣ дар Тоҷикистон гӯиё як сар маводу мадорике дар даст доранд, ки як гурӯҳи коршиносони СММ, ки дар арафаи ин ҳаводис аз ВМКБ боздид карда буданд, ба шуморе аз ин муътаризин доллар тавзеъ карда будаанд. Ин манбаъ гуфт, ки «ба назар мерасад, онҳо (СММ) ин сафари худро тибқи нақшаи қаблӣ ва ба манзури ноором кардани вазъият дар ин вилоят анҷом додаанд». Ин манбаъ гуфт, ки айни замон ин ҳолат аз тарафи хадамоти вижаи Тоҷикистон ба шиддат мавриди таҳқиқ қарор гирифта истодааст ва барои мусоидат дар ин кор як ҳайати ҳакерон аз Русия даъват шудааст ва барои онҳо дар пушти бинои марказии КДАМ дар Душанбе чанд хона ба иҷора гирифта шудааст. Ин гурӯҳи вижа корашон назорати телефонҳои афроди мазнун ва гумонбар будааст.

«Абдураҳмон Аламшозода, (Бузмаков) муовини аввали вазири дохилӣ ва раҳбари Ситоди мақомоти қудратӣ дар ВМКБ дар як ҷаласаи пушида бо маъмурони ин ниҳодҳо дар Хоруғ сармоягузории миссионерони СММ дар фоҷеаи моҳи май дар Бадахшонро дар миён гузошта ва дастур додааст, ки муфаттишон аз афроди боздоштшуда ҳамин ҳолатро бештар бозпурсӣ кунанд.»

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле ба сармоягузории СММ ба нооромиҳои ахир ВМКБ ангушти иттиҳом мегузоранд, ки як ҳайати монитории ин ниҳод дар арафаи ин ҳаводис ба ин вилоят сафар карда буд. Бинобар навиштаи «Pamir Daily News»  як ҳайати коршиносони СММ дар раъси Ленни Монтиел, раҳбари Барномаи рушди СММ (UNDP) аз Хоруғ дидан карданд.«Pamir Daily News» навишта буд, ки «аммо ин гурӯҳи мониторингӣ дар иҳота ва мушояати ходимони пулис аз шаҳри Хоруғ ва атрофи он боздид кард.”  Пойгоҳи хабарии мазкур дар ин хабари мухтасари худ навишт, ки «Дар ҳамон шабурӯз шумори низомиёни мусаллаҳ дар блокпостҳои Хоруғ ва атрофи он ба шиддат кам карда шуд. Дар микрорайони маъруф ба УПД ва гардиши марказии шаҳр низомиҳо бо калтакҳои резинӣ гашт мезаданд. Эҳтимол омадани миссияи СММ ба Бадахшон бо ҳадафи мониторинги вазъият чунин аксуламал ва бархурди ҳукумат ва қудратиҳоро  ба вуҷуд овард. Аммо, новобаста аз ин, сокинон барои баргузории эътирози осоишта омодагӣ мебинанд навишта буд»,Pamir Daily News.

Абдураҳмон Аламшозода, маъмури мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмонов дар ВМКБ дар як ҷаласаи изтирории баъд аз як рӯзи ин ҳаводис, ки бо иштироки масъулини шаҳри Хоруғу навоҳии ин вилоят ва афроди соҳибнуфуз доир гардид, вақте аз Алим Шерзамон, Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев ба унвони роҳбарони муътаризин ном мегирифт, дар хилоли сӯҳбатҳояш гуфт, ки «вай бо ташкилотҳои ҷосусӣ ҳамкорӣ кард». Инҷо аз Аламшозода, ки сӯҳбатҳояш дар ин ҷаласаро даҳҳо маротиба «ТВ.Бадахшон» нишон дод айнан нақли қавл мекунем:

«Мамадшоева Улфатхоним тамоми мардума якуним моҳ омада дар ҳаминҷо ташвиқот бурд, мардумро бар зидди сиёсат омода кард, гарчанде, ки ду маротиба ба мақомот даъват карданд, ҳам прокурори вилоят ҳам сардори амният бо ӯ сӯҳбати тулонии якунимсота доштанд. Фаҳмонданд, ки модари азиз, хоҳари азиз, шумо накунед, ки ин оқибати хуб надорад. Оқибат шумо мардума ба роҳгумӣ мебаред, мардум осеб мебинад, тартибот вайрон мешавад. Вай ай роҳаш нагашт. Тамоми ҷода рафт, тамоми шабакаҳо қатӣ вай кард, тамоми ташкилотҳои ҷосусӣ қатӣ ҳамкорӣ кард. Ҳамаи ин чизҳо исбот шудагӣ аст, ягон ҷои баҳсуш нест. Касе, ки мехоҳад далел, далелро мо нишон дода метавонем.»

Мо,наметавонем таъйид ва ё такзиб кунем,ки ин иттиҳоми мақомот то чи ҳад ҷиддӣ аст. Аммо онки онҳо дар бораи дасти дахолати «ташкилотҳои ҷосусӣ» ва «созмонҳои байналмилалии террористӣ» сӯҳбат мекунандро ҳамагон шоҳид ҳастем, агарчи ба ҷуз аз Паймони миллӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҳеҷ гурӯҳи хоси сиёсие, чи дохилӣ ва чи хориҷӣ ва ё чӣ байналмилалӣ ном набурдаанд.

«Ислоҳ» дар робита ба ин иттиҳомоти ворида бо  Раиси ПМТ Устод Муҳиддин Кабирӣ ин масаларо пурсон шудем. Комилан ҳама иттиҳомотро рад ва бе поя ва асос номиданд. Посухи пурраи устодро дар барнома хоҳед дид.

Манобеи мувассақ ба «Ислоҳ» гуфтанд, ки Холбаш Холбашевро мақомот барои он муттаҳам мекунад, ки тавассути «Вотсап» ба муътаризин ва масъулони Паймони миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Алим Шерзамонов дар тамос буда ва дар ташкили ин эътирозҳо даст доштааст. Ин иттиҳоми мақомот нисбат ба генерали Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то куҷо воқеият дорад, номаълум аст. Агарчи мақомот Холбаш Холбашевро сарҳанг мегӯянд вале ӯ генерал майор рутба дошту рутбаашро аз генерал майор ба Полковники пас карда ва боздошту иттиҳомаш намуданд.

“Ислоҳ” дар суҳбати телефоние бо Алим Шерзамонов муовини ПМТ ,ки дар ин ҳодисот айбдор мешавад ин саволро аз ӯ кардем. Шумо бо Холбаш Холбашев ягон тамос ва суҳбате бо вотсап ё воситаи дигаре доштаед?

Алим Шерзамонов ба саволи мо чунин посух гуфтанд: на имрӯз ва на дар гузашта аз замоне аз Тоҷикистон берун шудаам бо ҳеҷ касе тамос надоштаам ва ин як туҳмати маҳзи мақомот алайҳи мост. Ман хуб медонам суҳбат бо ёру дӯстон барои онҳо мушкилзо аст ва ман аслан инкорро намекунам.”

Аммо, вақте нафароне амсоли Холбаш Холбашев, ки баъди имзои Созиши сулҳ то ба имрӯз дар хидмати режими Эмомалӣ Раҳмонов қарор дошт ва гуфта мешавад, ки ҳатто як маротиба ӯро аз марг наҷот додааст, дар эътирози зидди ҳукуматӣ муқассир дониста мешаванд, водор ба мулоҳиза ва андеша мекунад. Иттиҳом ба чизе ҳеҷ шавоҳид ва далеле бар ин гуфтаашон надоранд.Магар афроде назири ӯ метавонад «террорист» бошанд? Магар афроде мисли Холбаш, ки як шахсияти низомӣ аст чи гуна даст ба «ғасб»-и ҳокимият мезанад, чун яқин аст ки имконот ва зарфиятҳо нобаробар аст.

Абдураҳмон Аламшозода дар ҳамин сӯҳбатҳояш ошкоро туҳмат мезанад, ки ин гурӯҳҳо аз соли 2014, ки вай ба Бадахшон омад, қасди «ғасб»-и ҳокимиятро доштанд. Вай, ки дигар ба унвони як фотеҳу ғолиб дар ин ҷаласаи изтирорӣ суҳбат мекард, ин бор ошкоро ба таҳдид ва дуғу дағдаға гузашт:

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат 30сол ба ҳамаи бетартибиҳое, ки дар қаламрави вилоят шуданд, тоқат карданд. Зиёда аз 20 маротиба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекарданд, бахшиданд».

Абдураҳмон Аламшозода тарзе гап мезанад, ки ту гӯӣ, Эмомалӣ Раҳмонов, на раиси ҷумҳурӣ, на нафаре, ки мардум барои як муддати муайян интихоб кардаанд, балки наъузу биллоҳ як Пайғамбар аст ва ё як шахсияти бузурги динӣ ва мазҳабӣ аст.

Аламшозода ба ҳайси раҳбари ҳарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаромӯш мекунад, ки ин мардум дар ватани худаш аст. Ин мардумро шумо душман гирифтаед, онҳоро хоин ва террорист иттиҳом зада истодаед. Ин шумо ҳастед, ки бо истифода аз қудрати давлат болои мардуми Бадахшон зӯроварӣ карда истодаед. Шумо онҳоро куштед. Шумо онҳоро нобуд карда истодаед. Вай миннат гузошта истодааст:

«Шумораи зиёди иштирокдорон зинда дастгир карда шуданд. Миннат гузошта истодааст дар ҳодисаи 25 ноябри соли гузашта якунимҳазооро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданд».

Савол инҷост, ки тоқати 30 солаи Раҳмонов ва Аламшозода дар баробари ВМКБ чӣ маъно дорад? Вай мехоҳад чӣ бигӯяд? Раҳмонов 30 сол помириҳоро тоқат кардааст, ва ҳоло сабраш ва тоқаташ сар рафтааст, ба охир расидааст?  Чаро?  Чаро 30 сол тоқат кардаасту дар поёни умраш сабраш аз даст рафтаасту онҳоро ба рагбор басту ҷӯи хунро дар кучаҳояшон сарозер кард? Яъне Раҳмонов ниқор ва қасди 30 соли пешашро мегирад ва ин ҳама террористу гурӯҳҳои муташаккли ҷиноӣ гуфтанҳо баҳонае беш нест?

Дар ҳамин ҷаласа Меликзода. М. И муовини раиси КДАМ, ки чанд ҳудаву беҳуда зикри номи СС.Ятимов кард, ошкоро таҳдид ва фишор меовард, ки агар роҳро накушоед ҳоли Рушонро ба саратон меоварем: «Ин таҳдид нест, ин воқеияти реалӣ аст». Ва, мардуми дар ин ҷаласа ҳузур дошта, то ҳамин Алишер Мирзонаботи лаганбардори ғосибон сарашро хам мекард. Дар чеҳраи ҳеҷ яке аз онҳо дида намешуд, ки онҳо аз ин амали мақомоти одамхӯри Раҳмонов розианд.

Аммо на Аламшозода ва на ҳамин Меликзода аз худ намепурсанд, ки чаро онҳо масъулу маъмур дар ин вилоятанд? Вақте мардуми ин вилоят аз дидани талъату дидори шумо «аллергия» доранд, шумо боз ҳам меоеду ба ин мардум «дикта» мекунед. Ин воқеиятро набояд сарфи назар кард, ки аз чанд сол ба ин тараф маҳз СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, ШералӣХайруллоев вазири пешин ва Шералӣ Мирзо, Абдураҳмон Аламшозода, Шариф Назарзода, ҳамин Меликзода ва боқии дигар, ки ҳамагӣ зодагони маҳаллеанд, ки мардуми помир бо онҳо мушкил доранд, тақдир ва сарнавишти помириҳоро ҳал мекунанд ва онҳо иҷозат медиҳанд ва онҳо таъйин мекунанд,ки помириҳо чи хел зиндагӣ кунанд? Корро ба ҳадде чигил ва печида карданд, ки раиси шаҳри Хоруғ маҷбур шуд, аз нифоқандозиву тавтиачинӣ кор бигирад ва дар ҳамин ҷаласаи изтирорӣ мегуфт : “помириҳои пайрави мазҳаби исмоилӣ ба ташкилоти террористии ҲНИТ чи кор доранд?” Манзураш ин аст, ки онҳо дар дигар мазҳабанду мо дар дигар мазҳаб. Аммо намегуяд, ки чаро барои сокинони ин вилоят ҳатман сардори милиса, сардори амният, раиси додгоҳ, додситон, сардори идораи андоз ҳамагӣ аз Данғара оянд. Чаро? Дар ҳоле, ки маҳз бо омадани ҳамин мардум дар қудрат пойи помириҳо аз Душанбе ва Қурғонтеппа канда шуд ва ҳазорҳо бадахшӣ танҳо барои бадахшӣ будан кушта шуданд.

Акнун, ин ҳолат айни ҳамон ҳолате аст ки болои сари Ҳоҷӣ Ҳалим оварданд: «ғасби ҳокимият». Холбаш Холбаш «ғасби ҳокимият» кардааст. Ва «виставка»-и силоҳу афзори ҷангӣ намоиш дода мешавад, ки аз дасти террористҳо мусодира шудааст. Агар онҳо ин қадар силоҳу муҳимот доштанд, магар аз шумори низомиҳо ҳамагӣ як нафар кушта мешуд? Агар онҳо снайперист доштанду позитсия гирифтанд, чаро касе аз мақомот кушта нашуд? Ҳамаи ин иттиҳомот туҳмат, дурӯғ, бофтаву сохта ва ҷаълӣ аст. Бардуруғ намоиш доданд то бо ин васила ҷинояти зиддибашарии худ, генотсиди мардуми Бадахшонро тавҷеҳ кунанд. Як сабаби қатлу куштори помириҳо он буд, ки тарсу ваҳшат аз дили тоҷик абадан берун нашавад. Раҳмонов тули ин ҳама солҳо фақат фазоро амниятӣ ва олуда ба ваҳшат кардааст. Мо, борҳо гуфтаему боз мегӯем, ки Раҳмонов дар замони осоишта мудирият ва раҳбарӣ карда наметавонад. Аммо савол ин аст ки дар чунин ҳол пас Рустам бояд чи гӯна риёсат кунад?

«Аммо Абдураҳмон Аламшозода аз ҳамон соли 2014, чуноне худаш ҳам иқрор карда ба забони ҳол омад, бо мардуми Бадахшон мушкил дошт. Зеро худи вай ҳам на як бору ду бор талош карда буд, ки лидерони ин мардумро дастгир кунад. Вақте вай мегӯяд, ки чунин корҳо дар ягон гушаи дигари Тоҷикистон такрор нашудааст, вақте вай мегӯяд, ки Раҳмонов онҳоро, саркардаҳои гурӯҳи муташаккили ҷиноии вилоятро қабул кард, бонкҳоро дастур дод, ки ба онҳо қарз диҳанд, тиҷорат роҳ андозанд….чи қадар заҳру дарди дар дарунаш бударо берун мекунад. Вай, ки бо дастони худаш генерал Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири дохилиро кушт ва дар пеши чашмони писари хурдсоли Солеҳов аз туфанг ба чаккаи сараш тир андохт ва ба садоҳои имдодталабонаи вай, ки зораву илтиҷо мекард  «Абдураҳмон, Абдураҳмон, чи кор мекунӣ»-ҳиҷ аҳамият надод, ҳоло фикр мекунед, ки ба мардуми помирӣ раҳм мекунад?»

Бинобар маълумоти дар ихтиёри мо расида Аламшозода дар ҳамла болои мардуми Бадахшон ин бор аз 40 то 50 нафар помириро куштааст ва ҳоло на ҳамаи аҷсодро таҳвил додаанд. Мардуми Помир бо чашмони сарашон на як бору ду бор диданд, ки ғосибони омада аз як маҳаллаи муайян бархурди инсонӣ бо онҳо надоранд, онҳоро дар чашми як ҳамватан намебинанд. Бахусус, ки ин бор ҳатто иҷозат надоданд, ки маҷруҳини ҳанӯз зиндаро ёрӣ бирасонанд ва онҳо бар асари хунрезии зиёд кушта шуданд. Феълан дар ВМКБ ҳам аз вазорати дохилӣ, ҳам аз вазорати мудофиа, ҳам аз Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам аз Гвардияи миллӣ неруҳоро муқобили мардум гузоштаанд. Абдураҳмон Аламшозода ин бор гӯиё дигар «кор»-и помириҳоро тамом кард. Гуфт Раҳмонов қасди 30 солаашро гирифт. Аммо манобеи мо мегуянд, ки ҳамин ҳоло ҳам бо мардум натавонистаанд канор оянд ва ҳамарӯза занҳо барои додхоҳӣ назди мақомот меоянд. Авзоъ дар Бадахшон зоҳиран ором аст. Зану марди бадахшӣ, ки ҳукумати Раҳмонов террористашон мехонад дар ҳифзу ҳимояти Муҳаммадбоқир ва ҳамроҳонаш омодаанд ҷон бидиҳанд. Агарчи Аламшозода онҳоро террорист мехонанд аммо Созмони Милали Муттаҳид баракс истифодаи неру аз тарафи давлат муқобили эътирози сокинони осоиштаро «ғайриқонунӣ» арзёбӣ кард.

«Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Тоҷикистонро дар куштори беш аз 40 нафар аз эътирозгарони осоишта муттаҳам кард. Дар баёнияи гузоришгари СММ зикр мешавад, ки  Аксуламали сангини ҳукумат барои хатми эътирози ақалиятҳои помирӣ, боздоштҳо, истифодаи аз андоза зиёди қувва ва ғайриқонунии он ва ҷалби артиш бисёр ҳам нигаронкунанда аст.»

СММ эҳтимоли аз контрол хориҷ шудани вазъ дар ВМКБ –ро истисно намекунад ва ба давлати Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки сари мизи муколама нишинад. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин тавсия маълум нест, аммо баъид ба назар мерасад, ки мадорику далелҳо ба иттиҳоми маблағгузорӣ ва барангехтани мардуми Бадахшон аз сӯи ин созмонро ироа кунанд, чун аз ҳамин ҳоло маълум аст ки ин як иттиҳоми бепоя ва бе асос аст.

Ҳангоми навиштани ин таҳлил хабари шаҳодати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқир дар “Озодӣ” чунин хабар интишор шуд:  “Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. Дар хабари оҷонсии расмии «Ховар» бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло «бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» рӯй додааст. Дар хабари расмӣ ӯро «саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ» номидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.”

Ps: Дар ниҳоят режими Раҳмонов бо зархаридони дар Бадахшон мустақар ва эъзомии худ Муҳаммадбоқирро бо снайпер аз дур ба шаҳодат расониданд. Боз шарм нокарда аз тарсашон ин ҷинояти ваҳшиёнаи худро «бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ» гуфтанд. Ҳатто аз дур монеъи гирифтани ҷасади бе ҷони  ӯ шуданд. Раҳмонов аз зиндааш ҷои худаш аз ҷасади бе ҷони Муҳаммадбоқири ин қаҳрамони миллӣ дар ҳарос аст. Тибқи маълумоти охир ҷасади Муҳаммадбоқирро, ки дар беморхонаи Хоруғ аст ба наздиконашон намедиҳанд. Баъзе маълумотҳои дигар ҳам ба “Ислоҳ” расидааст,ки ин куштор ё террор тавассути кишвари ҳамсоя сурат гирифта аст.  Ҷузъиёти онро дар таҳлили ҷудогона мӯшикофона баён хоҳем кард.

Сообщение Мақомот «СММ»-ро дар кушташудани Бадахшониён гунаҳкор медонад появились сначала на ISLOH.net.