Архивы Бег Сабур - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№331
Ин бор номаҳо аз Рашт, Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат матну муҳтавои барномаамонро ташкил додаанд.

Номаи Рашт аз як баҳси додгоҳӣ дар мавриди манзили истиқоматӣ суҳбат мекунад. Аммо ин баҳс, ки солҳо боз идома дорад ва ба прокуратура ва суд ҳам рафтааст, байни аъзои як оила аст.

Муаллифи мо аз Хуҷанд, ки мегӯяд тамошобини ҳамешагии «Ислоҳ» аст, номаашро баъди мутолиаи матлаби охир дар бораи Озода Раҳмон навиштааст. Вай мегӯяд, ки ду сол мешавад дар як фирмаи Озода кор мекунад. Ва дар ин ду сол фаҳмидааст, ки Озода ва бақия бародару хоҳарони вай ҳеҷ гоҳ сер намешаванд.Чаро ин гуна ҳукм кардааст? Посухи онро аз номааш мегиред.

Муаллифи номаи Душанбе аз Ҷӯра таксӣ аст. Барои ҳамин ҷузъитарин тағйиру таҳаввул дар пойтахти кишварро зуд пай мебарад. Дар пойтахт дар ин чанд рӯзи ахир ҳузури низомипушони мусаллаҳ бештар шудааст.

«Партизан»-и ваҳдатӣ, ки чанд вақт сокит буд, дубора теғу синонашро ба кор дароварда барои мо як нома аз кору фаъолияти Карими ДЭУ-и Ваҳдат фиристодааст. Дар бораи Карими ДЭУ дар номаҳои қаблиамон ҳам навишта будем. Аммо ин бор боз факту рақамҳои ҷолибтаре пешниҳод шудааст.

Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садридиин! Ман……, сокини ноҳияи Рашт, деҳаи… мебошам.

Мехоҳам баъзе маълумотҳои алоқаманд ба ин «оилаи»-касифро ба шумо расонам.  Воқеан аз дарду азобе, ки имрӯз як оилаи сокини ин дҳа мекашад ҳамаи мардуми қишлоқ хабар дорад, аммо касе коре анҷом дода наметавонад, чунки дар пушти ҳамаи ин «режими оилавӣ» истодааст.

Ҳолу вазъи мо аз ин қарор аст:

Дар даврони шуравӣ яке аз наздикони ҳамин оила Эшонҷонов Нусратулло бо Эшонҷонова Қурбоной оила барпо мекунанд. Эшонҷонова Қурбоной ин хоҳари ҳоҷӣ Шарифбек Давлатов, хусури Тахмина, яъне падари Зарифбеки Шарифбек мебошад.

Эшонҷонов Нусратулло ва Эшонҷонова Қурбоной дар давраи донишҷуӣ бо ҳам шинос шуда, оила барпо мекунанд ва соҳиби панҷ фарзанд мебошанд, ки чор фарзанди онҳо дар замони шуравӣ ва охирони онҳо дар соли 1992 ба дунё омадааст.

Эшонҷонов Нусратулло дар ноҳияи Нурободи ҳозира, ки пеш Комсомолобод ном дошт ба ҳайси инжинер кор мекард.

Ӯ дар замини наздиҳавлигие, ки дар номи бародари хурдияш Идрисов Зокирҷон буд хона месозад ва дар номи худаш ва оилааш ҳуҷҷатгузорӣ намекунад. Онҳо 3 ё 4сол дар ҳамон хонаҳо зиндагӣ мекунанд. Хонаҳо фақат як қарори замин дар номи Идрисов Зокирҷон дошт ва ҳамон хел  мемонанд.

Рӯзе ин наздики ин оила  бегоҳ аз кор бар мегардад ва мебинад,ки ҳамаи хонаҳо холӣ ва ҳамсараш Эшонҷонова Қурбоной ҳамаи чизхояшро ҷамъ ва дар як камаз бор карда бурдааст ва ҳатто люстраҳои хонаро ҷамъ карда бурдааст. Баъд маълум шудааст, ки Эшонҷонова Қурбоной кадоме аз бародаронашро таъин карда ҳамин корро анҷом додааст. Сабаби ин корҳоро нофаҳмии байни ҳамдигарӣ ва чанд сабабҳои дигар ҳам будааст. Ва дар ҳамон вақт онҳо чор фарзанд доштанд ва фарзанди панҷуми онҳо дар шиками модараш будааст. Бо ҳамин зиндагии онҳо аз ҳам мепошад ва онҳо ҷудо мешаванд ва ин ин сокини ин деҳа  ҳам аз қишлоқ баромада ба шаҳри Душанбе меравад ва дар онҷо хонаву дар ва аз нав оила барпо мекунад.

Инҷо баҳси асосӣ бар сари замин ва хонаҳо меравад.

Хулоса ҷанги шаҳрвандии соли 1992-97 шуруъ мешавад ва хонаҳо 2 сол бесоҳиб мемонаду чанд вақте гурезаҳо дар он хонаҳо зиндагӣ мекунанд.

Баъди ду сол худораҳматии падарашон Эшонҷон ба писараш  Нусратулло мегуяд то ин ки хонаҳоро ба писари дигараш Ғафурҷон бидиҳад, то ки хонаҳо аз даст наравад.    Нусратулло розӣ мешавад ва Ғуфронҷон бо ҳамсараш аз соли 1993 зиндагиро шуруъ мекунанд.

Дар ҳамон вақт Ғуфронҷон 2 фарзанд доштанд ва ҳамроҳи онҳо ба зиндагии мустақилона дар ҳамон хонаҳо шуруъ мекунанд.

Бо мурури замон ин оила панҷ фарзанд мешаванд. Ғафурҷон хонае, ки дар он  зиндагӣ мекард ва он хона ҳеҷ ҳуҷҷат надошт ба ғайр аз як қарори замин 10 сотих дар номи Идрисов Зокирҷон буда дар соли 2007 ин заминро15 сотих сертифкати қонунӣ карда ва дар номи худаш  мекунад ва барои техпаспорт кардани хонаҳо ба бародараш Эшонҷонов Нусратулло суҳбат мекунад ва аз ӯ дар ин кор  борҳо ёрдам мепурсад. Бародараш, ки дар ҳамон вақт дар вазорати нақлиёт кор мекард ва вазифаи баланд дошт, ба Ғуфронҷон  мегуяд ҳамон хонаҳо аз туст ҳеҷҷо намешаванд.

Дар ҳамон соли 2007 ҳамсараш  Эшонҷонова Қурбоной баъди 17 сол аз шаҳри Душанбе ба қишлоқ меравад ва аз Ғуфронҷон замину хонаҳоро даъво мекунад. Раҳматии Падарашон,ки хонаҳоро ба Ғуфронҷон дода буданд,ба вай мегуяд, ки ман аз шумо хона нагирифтам ва ба шумо хонаҳоро  намедиҳам, ҳар куҷое мехоҳед биравед.

Эшонҷонова Қурбоной дар вақти директори мактаб буданаш 7 сотих замин дар ҳамсоягии ҳамин замини баҳсӣ қарор дошт, мегирад. Баъдан Эшонҷонова Қурбоной ба назди раиси ҷамоат Салимов Абдураззоқ меравад ва бо ӯ дар ин масъала суҳбат мекунад ва бо ёрии котиби ҷамоат Каримов Сайнеъмон, замини худаш, ки 7 сотих  буд, ба ҷои он замини Ғуфронҷонро,ки 15 сотих буд, аз болои сертифкати ӯ боз сертифкат мекунанд. Дар ин ҳолат Ғуфронҷон маҷбур мешавад, ки ба суд муроҷиат кунад. Азбаски ягон ҳуҷҷаташон қонунӣ набуд се маротиба маъракаи суди сайёр мегузарад. Ду маротиба ҳалномаи суд ба фоидаи Ғуфронҷон анҷом меёбад ва бори сеюм Эшонҷонова Қурбоной бо додани пора ва тарс додани коргарони суду прокурор аз номи акааш ҳоҷӣ Шарифбеки хусури Тахмина суд хонаҳоро байни Эшонҷонова Қурбоной ва Эшонҷонов Нусратулло- шавҳараш дар соли 2010 ба ду ҳисса тақсим мекунад ва Ғуфронҷонро бо 5 фарзанд аз сертификати қонунӣ ва аз ҳақи зиндагӣ дар хонаҳо маҳрум мекунад. Баъди ин ҳама ноадолатӣ ва зулм Ғуфронҷон ба онҳо мегуяд касе аз дари хона дарояд сарашро бо табар мезанам. Дар ин муддати суду судбозиҳо Ғуфронҷон, ки як худаш кор мекард ва писари калоняш, ки 13 -14 сола буд ва ба вай ёрии молӣ карда наметавонист ва дар ҳамин вақтҳодухтаронашро ба шавҳар доданд, ба қарзи калон гирифтор шуда буд.

5-уми декабри соли 2011 Ғуфронҷон саҳари барвақт, ки одатан як соат пеш аз бомдод мехест,аз хоб хеста ба таҳоратхона меравад. Ҳамон шаб барф меборид. Дар назди дари таҳоратхона давленияш мезана ва меғалтад. Уро ба хона наздиконаш дохил мекунанд дар хона табобаташ мекунанд, аз ҷояш хеста наметавонист ва гап ҳам намезад. Ҳамаи хешу табор дар барашон буданд.Вале ҳеҷ кас намедонист,ки Ғуфронҷон қарздори вазнин аст. Баъди 24 рузи беморӣ,рузи 29-уми декабр Худованд раҳматашон кунад, аз дунё рафтанд.

Писари калонияш ҳамон вақт 15 сола буд,хамаи масъулияти зиндагӣ бар гардани ин писар мегузарад.

Дар ҳамон вақт ин писарбачаи 15 сола дар фикри хонаҳо буд ва борҳо ба амакҳояш гуфтабудааст,ки масъалаи хонаҳоро бинанд. Чунки дар ҳалномаи суд тақсим шуда буданд ва дар асл оилаи онҳо зиндагӣ мекард. Ва ҷавоби амакҳояш ин буд,ки Эшонҷонова Қурбоной дигар рӯяш намешавад хонаҳоро даъво кунад. Ва пас аз панҷ сол ин зани ҷодугар боз омаду хонаҳоро даъво кард ва аз руи ҳалнома хонаҳоро ду тақсим карданд. Писари Ғуфронҷон ҳам дар соли 2020 ба суд шикоят мекунад ва боз суд ба нафъи онҳо яъне наздикони семейка ҳалнома баровард. Писари Ғуфронҷон ба хулосае меояд,ки кор кунад ва ҳисаи онҳоро харад, вале онҳо ба ӯ нафурухтанд.

Дар соли 2025 онҳо хонаҳоро ба як шахси дигар фурӯхтанд, писари Ғуфронҷон мегӯяд, ки мо ҳамон пулро медиҳем вале боз ҳам ба ин оила нафурӯхтанд. Ин шахсе, ки хонаҳоро харид як инсони бадахлоқе ҳаст ки ҳарруз ҳақорату дошномҳои қабеҳ мекунад ва оилаи Ғуфронҷон аз инҳо халос нашуда зери ҳақорату дашном мондаанд. Ҳеҷ ҳимоятгаре надоранд.

Хуллас, мудати 20 сол мешавад ин оила зери зулми ин оилаи касиф ҳастанд ва ҳеҷ мақомоте наметавонад аз ин оила дифоъ кунад ва сабаби ҳамаи ин бадбахтиҳо оилаи  Раҳмонов аст. Воқиан ҳама мардум безор шудаанд аз ҳамаи ин зулму ноадолатии ин ҳукумати ноодил.

Бародар Муҳаммадиқбол мо барномаҳои шуморо ҳаррӯза пайгирӣ мекунем. Ҳоли ин оиларо дидам ва азоби ин оиларо, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагонӣ мекунам гуфтам биё ба Ислоҳ нависам, то ҳама аз он огоҳ гарданд. Худованд аз шумо розӣ бошад. Бо умеди пирузӣ.

Душанбе
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди гиромӣ Муҳаммадиқбол!
Аллоҳ таъоло тани сиҳату сари баланд бароятон насиб гардонад. Алҳамдулиллоҳ барномаҳоро кайф карда тамошо дорем, лайк монда истодаем, поделится ва пайгирӣ карда истодаем.
Хабари марги ин пешвои худхонда (самозванетс) нашунидем лекин 100% казарма аст. Як ҳафта шуд дар ҳамон мавқеъҳое, ки патрулҳои Газелу спринтери мошинҳои ОМОН дар вақти сафарҳои ин пиракӣ меистоданд, яъне казармаҳо ба ҳамин шакл амал мекард, ҳамон гуна амал карда истодаанд.
Дирӯз се марди нобинои қории модардзодро шинондам. Ба Худо қасам бисёр шикоят карданд. Якеаш гуфт «и хари пира ду ҳафта шид садош нест, Худо кунад, ки мо қавӣ бошем ва ҳамин фурсатро аз даст надиҳем.

Устод дар ҳақамон дуъо кунед!
Як чизи дигаро фаромӯш накунам. Дар атрофи шаҳр, гирду гӯша сарбозони зиёд гаштугузор доранд, шабона патрулҳо зиёд давр мезанад: бо 5 сарбоз ва бо як офитсер, минтақаҳои зиёдро назорат карда истодаанд, ки дар гузашта дар он ҷойҳо ягон гурӯҳи корӣ ё патрул аслан намегашт.

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Хуҷанд, аз микрорайони 19 менависам. Рости гап, хеле вақт аст ки барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Ман дар як ширкати Озода Раҳмон кор мекунам. Ду сол зиёд шуд. Мо барои магазинҳои шаҳри Хуҷанд ва Конибодом собуну айнаву фериву дигар чизҳои фирмаи «Озода кемикал»-ро тақсим мекунем. Мақолаи чопшуда дар бораи Озода Раҳмонро дар сайти шумо хондам. Ман саддарсад бовар дорам, ки Озода ва дигар аъзои оилаи Раҳмонов барои пул шуда ба тамоми кори паст, ба тамоми ҷиноят даст мезананд. Чунки ман дидам, ки нафси инҳо аз нафси аждаҳо ҳам бадтар аст ва таг надорад. Ҳатто соляркаву бензине, ки барои мошини мо медиҳад, тинбатин ҳисоб мекунанд. Муҳосиби мо мегуяд, ки ҳар охири моҳ одами Озода омада ҳамаро яктобаякто ҳисоб мекунад ва ягон хел бонус ё ҷоиза намедиҳад, баракс қарздорамон мекунад.

Вақте ман хабари ба 300.000 сомонӣ кумак кардани Озода Раҳмонро ба Нилуфар Сафоева ,модари Қобилҷон Алиев ,он мактаббачаи даҳсолаи дар Маскав кушташударо фаҳмидам, гуфтам, ки ин 300.000ро ҳатман аз ягон мансабдор ё ягон бизнесмен ба зӯрӣ гирифта додааст. Чунки инҳо барои як дирам, болои як копеек худро мекушанд. Ман инро бо чашмони худам дидам. Дар вақти тақсими борҳо барои мисол баъзе бастаҳо меафтаду мекафад, баъзеҳояшро соҳибони мағозаҳо намегиранд, аммо онҳоро ба гардани мо бор мекунанд. Беҳад гушнаву хасисанд ин оила. Вақте хондам, ки 300.000 кумак кардааст, гуфтам, ки аз кулӯх ҳам шарора мепаридааст. Вале ин матлаби нашркардаи шумо, ки Озода дуздону қаллобони байналмилалии интернетиро дар Душанбе кришават мекунад, ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки 100% дуруст аст. Бародар, қанд занед, ки симои ин хабисонро ҳамин тавр барои мардум ошкор мекунед.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Як номаи фаврӣ аз Ваҳдат, аз партизани ваҳдатӣ.
Расулов Карим Ҳабибуллоевич раиси ДЭУ-и Ваҳдат аст. Ин Карим Ҳабибуллоевич вазифаро ба зури яроқ, яъне пистолет гирифта аст. Вақте дар соли 2010 Қодиров Анвар Вайсиддинович раиси шаҳри Вахдат шуд, ин Карими сорвоӣ як одами прастой буд. Вай ҷураи додари Анвари Вайсиддин буд. Як шаб бо мошини додари хурдии Анвари Вайсиддин, ки прадои сафед дорад, ба хонаи собиқ раиси ДЭУ-и Ваҳдат меравад. Раиси ДЭУ-и Ваҳдатро Карими сорвоӣ бо ҳамроҳии додари Анвари Вайсиддин аз хонааш мебароранд ва бо пистолети Макаров угражат мекунанд, ки аризаатро бо хоҳиши худат бинавис. Агар нанависӣ мепаронемат. Он бечораи раиси ДЭУ-и собиқи Ваҳдат, ки марди калонсол буд метарсад ва дар даруни Ҷипи додари Анвари Вайсиддин аризаи худро менависад, ки ҷонаш халос шавад.

Расулов Карим Ҳабибуллоевич аризара пагоҳ саҳар якҷо бо додари раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин мебаранду фармони аз кор холӣ кардани собиқ раиси  ДЭУ-и Ваҳдатро мебароранд ва ҳамон замон раиси нави ДЭУи Ваҳдат  Расулов Карим Ҳабибуллоевич мешавад. Договор бо раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ин буд, ки фоида попалам мешавад.

Дере нагузашта аз қазияи маҳкамкунии масҷиди эшони Нуриддинҷон, ки 12.12.2012 рӯзи ҷумъа руй дода буд, дар масҷид бетартибӣ шуд, Анвари Вайсиддинро аз вазифа барканор карданд ва дар ҷояш раиси нав омад — Амирзода Раҳмоналӣ Амир, аз Муминобод. Ин бояд ҳамаро тоза карда одамони худашро мемонд. Ҳамин тавр ҳам кард. Вале Расулов Карим Ҳабибуллоевич, ки сорвоии доно аст, бо додараш Ҷунайдулло машварат карду аз шаҳри Ваҳдат тарафи ҷамоати Гулистон, ки беҳад ҷои хуб ва биҳиштосост як котеҷ бо арзиши 100 ҳазор доллар бо тамоми лавозимоташро ба раиси нав туҳфа кард. Раҳмоналӣ Амирзода раиси ДЭУро иваз накард ва то ҳоло аз Расулов Карим доля мегирад. Инро бояд ҳама бидонад, ки раиси ДЭУ-Ваҳдат Карими сорвоӣ бо зури оружия вазифаро гирифтагӣ аст. Нафари ба Амирзода Раҳмоналӣ калиди коттеҷро бурда додагӣ Ҷунайдулло бародари Карими ДЭУ аст. Ин Ҷунайдулло бузи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ мебошад.
Бародарони Карими ДЭУ-и Ваҳдат тамоман аз рамкаи инсонӣ баромадагӣ ҳастанд.
Як бародараш ба номи Расулов Амрулло Ҳабибуллоевич 2 духтари ҷавони тоҷикро ….. Волидайни духтарҳо дар прокуратураи Ваҳдат шикоят карданд. Карим Расулов ҷони бародарашро бар ивази 10.000 доллар харид. Бори дуюм ин волидайни духтарҳо шикоят ба суди шаҳри Ваҳдат карданд. Он замон раиси суди Ваҳдат ба ном Вайсиддини седой буд, аз Дангара. Боз Карим 10 ҳазор доллари нақд дод дар дасти раиси суди Ваҳдат ва темаро хомуш кард. Баракс угрожат карданд ба падарони ин духтарҳо, ки ҳоло телефонҳоятонро мебинам, мумкин Сурияро тамошо мекунӣ, худатро суд мекунем, гуфта тарсонд, бечора камбағалҳоро ва кор бо ҳамин хомӯш шуда рафт.
Бародари хурдии Карим ба номи Очилдӣ дар Ваҳдат як тарабхона дорад. Ин тарабхона барои бойҳо ва раисҳо аст. Дар тарабхона духтарони базеби ҷавонро ба ҳайси танфуруш истифода мебаранд. Мамарозаи ресторани Очилдӣ
як зани бузбалаи сипсиёҳ ба номи Чаман Аброровна аст. Ин зан аз Сорво мебошад. Дар вақташ «сафедӣ» мефурухт ва протсент медод ба муҳоҷирон. Ин Чамангул Аброровна ҳамдеҳаи Очилдӣ аст. Бешубҳа Очилдӣ ба вай боварӣ дорад Ин мамарозаашон спокойно духтарони хушруро меорад, барои танфурушӣ дар тарабхонаи Очилдӣ.
Карими ДЭУи Ваҳдат як апа дорад ба номи Лутфия ва духтар дорад ба номи Бивисанг. Ин духтарро ба шавҳар доданд ба писари мулло Бобишои ҷодугари Ваҳдат, қишлоқи Лолазор. Мулло Бобишои ҷодугар авария карду мурд. Касабаи падарро писараш ба номи Эраҷ гирифт- ҷодугариро.
Ин Эраҷ домоди апаи Карими ДЭУ аст. Даже китоби Канзул -Ҳусайн дорад. Амниятиҳо 2 сол пеш рейд карданду Эраҷро қапиданд ва бо китобҳояш бурда  дар подвали амният маҳкамаш карданд.
Очилдӣ, ки тағои зани Эраҷ аст, худаш бузи СС.Ятимов мебошад. Бо маблағи 20 ҳазор доллар ҷони домоди апааш Ҳамид ва ин Эраҷи ҷодугарро раҳонида гурезонд, Русия равон кард. Ду сол наомад, кор тишина шуд, баъд омад. Ман ҳайрон, ки чаро амниятиҳо ин ҷодугарҳоро ҷавоб медиҳанд, аммо толибилмони Қуръонхонро статяи 307 ва 401 мезананд. Ҳоло ин Эраҷ оҳиста- оҳиста боз ҷодугариашро сар кардааст. Китоби бақуввати Эраҷ дар хонаи хуштоманаш, дар ҷамоати Ромит деҳаи Соне аст. Агар он хонаро тафтиш кунанд ҳатман он китоби ҷодугариро меёбанд.

Мо ин номаро ба «Ислоҳ» менависем, ки шумо бинеду аз рӯи адолат кор кунед.

Писари апаи Карими ДЭУи Ваҳдат бо номи Оятулло Аҳлидинович дар ДЭУи тағояш ҳамчун ронандаи Камаз кор мекунад ва то ҳол кор карда истодааст. Вай дар деҳаи Ёс камазро бо суръати баланд ронда набераи Вайсиддини ёсиро зер карда кушт. Ин хонавода даъво карданд ба мақомоти шаҳри Ваҳдат. 3 рӯз маҳкамаш карданд вале баъди се рӯз билет гирифта ба Маскав гурезониданд. То ки дар назари мардум натобад, как будто маҳкам аст. Ин Оятуллои одамкуш дар Масква дар назди ҳамсояашон Давлат Файзалиевичи сорвоӣ пинҳонӣ кор мекард.
Бародар, инҳо пул доранд, мансаб доранд, одам мекушанд, духтарҳои мардумро мерасанд, ҷодугарӣ мекунанд, вале ягон мақомот ҳеҷ чиз гуфта наметавонанд, чунки ба одамони болоӣ инҳо сум медиҳанд.

Якеаш Амирзода Раҳмоналӣ Амир, собиқ раиси шаҳри Ваҳдат, дигарӣ СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаанд.
Ман ба як чиз ҳайронам будам, ки чаро мақомоти Ваҳдат муллоҳои дузанаро меқапанд, ҷарима мекунанд, аммо Очилдии бародари Карими ДЭУ ду зан дорад чизеаш намегуянд. Дертар фаҳмидам, ки ин Очилдӣ бузи амниятиҳо аст.
Зани якуми Очилдӣ Расулов аз Сорво духтари Икромов Музаффар Юсуфович аст
Зани дуюми Очилди як духтари хушрӯ мебошад, таваллудаш 1995, ки аз писари Очилдӣ майда аст. Дар шаҳри Ваҳдат, кучаи Ватан дар якум подъезд хона дорад.

Ин Очилдӣ Расулов 500гр сафедӣ-героинро бояд ба воситаи хусурбачааш Икромов Усмон Музаффарвич ва писари амаки занаш Икромов Икромҷон Меҳроҷович ба Русия равон мекард. Борро тайёр кард, аммо инҳо дар 9ум километри Душанбе ба даст афтиданд.

Очилдӣ Расулов сразу пули калон дода хусурбачаашро баровард. Вале писар амаки занашро натавонист бароварад. Икромов Икромҷон сроки вазнин гирифт.   Очилдӣ Расулов сум доду сроки ин писар амаки занашро кам кард ва охир баровард
Як бародари Карими ДЭУ ҳоҷӣ Абдулазиз ном дорад. Абдулазизи мошенник мегӯянд. Вай аз акаҳояш объектҳоро мегирад, мардуми камбағалро кор мефармояд, сумашонро намедиҳад.

Лутфияи хоҳари Карими ДЭУ хуштомани ҳамин Эраҷи ҷодугар аст.
Сайёра Расуловаро, ки медонед, ҷияни Карими ДЭУ ва постоянкаи Амирзода Раҳмоналии раиси пешинаи Ваҳдат.
Сабоҳат Расулова ҷияни дигари Карими ДЭУаст, ки дар роддом кор мекунад ва арӯсҳои ҳомилакардаи амакашро бар ивази пули калон хапу дам исқоти ҳамл ё аборт мекунад.
Бародари калони Карими ДЭУ Мустафо аст, ки дар Ромит ҳамаро бо ҳамроҳии  фарзандонаш ғам медод.

Сабоҳат Расулова ҷияни Карими ДЭУ дар родом кор мекунад ҳамроҳи падараш Мустафои Сорвои,ки ӯ акаи Карим Расулов ДЭУ ҳаст.

Писари Расулов Карим Хабибулоевичи ДЭУ-ро

Рамазон Раҳимзода вазифаи милисаи калон дар шаҳри Вахдат мондааст.

Очилди Расулов додари Карим Расулов ДЭУ аст. Ин ҳамон наркабизнес аст.

Писари калонии Карими ДЭУ,ки ба номи Расулов Оятуло Каримович аст.Ӯ дар шахри Ваҳдат карери калон дорад.

Очилди Расулов  додари Карими ДЭУ аз собиқ раиси шаҳри Вахдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир як гектар заминро гирифт. Ин замин дар ҷои сел миемадаги карор дорад.  Замин дар дохили дарёи Симиганҷ аст. Пеши дарё ҷоест, сел меомадаги сангзор буд домуло. Ин Очилди Расулов 6 сотики карду ба мардуми Ромит фурӯхт. Бо маблаги 10 ҳазор доллар ва 15 ҳазор доллар. Аммо бадбахтияш инҷост,ки то ҳол документ накарда аст ин заминҳоро. Ҳама онҳое замин харидаанд ғайри қонунӣ зиндаги доранд. Замин дар пушти гов мол бозори шаҳри Ваҳдат қарор дорад. Ин хулосаи ман нест, балке аз КҲФ  ё МЧС  аст. Сохтумон ва зиндагӣ кардан хатарнок аст, минтақаи селой ва кадом рӯзе ҳолати нохуше сар мезанад, аммо касе дар фикрашон нест.

Ин Очилди Расулов додари Карими ДЭУ бо ичозати Рамазон Раҳимзода писталет дорад. Дар ҳоле худаш як безделник ва як посредник ҳаст, на ягон корманди мақомоти қудратӣ.

КҲФ ва мақомоти тафтишоти аслан дар фикри ин қазияҳо нестанд вале танҳо чашмашон болои мардуми камбағал ҳасту озору азият медиҳанд мардумро.

Ҳама ончи навиштем факту далелҳои радношаванда мебошанд. Умедворем прокуратураи генералӣ ва дигар ниҳодҳои тафтишотӣ ва раиси тозатаъини Ваҳдат ин ҳамаро мебинанду мушкилотро ҳаллу фасл менамоянд. Мебинем ягон коре мекунанд ва ё аз оилаи Расуловҳо метарсанд. Ҳар тағироте шуд боз ба «Ислоҳ» натиҷаи онро менависам.

Бо эҳтиром, Партизани Ваҳдатӣ

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№331 появились сначала на ISLOH.net.

Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор»
Номаи маро алоҳида нашр кунед № 35

Масъалаи сохтмони баландошёнаҳо дар пойтахти Тоҷикистон дар ду се соли ахир ба ҳадде дардисарсоз ва печидаву чигил шудааст, ки бархе аз огаҳони умур онро таҳдиди ҷиддӣ ба амният ва суботи Душанбе меҳисобанд. Садҳо не, ҳоло ҳазорҳо нафар аз муштариёни ширкатҳои домсозӣ дучори фиребу найранги домсозҳо шудаанд.

Домсозҳо саривақт, ва дар асоси қарордоди имзошуда сохтмонро ба анҷом намерасонанд ва муштариёни онҳо аз ин ҳолат дар азоби алим гирифтор шудаанд. Ҳазорҳо сокини пойтахтро хонаҳояшонро чапа карда дар ҷояш дом бардошта истодаанд. Аммо онҳоро, соҳибони хонаҳоро дар қади кӯча раҳо кардаанд.

Афзун бар ин бархе аз домсозҳо як квартираро ба чанд нафар санад карда пул гирифтаанд.

Хулоса, мардуми Душанбе бо як дурӯғ ва фиреби бузурге рӯбарӯ шудаанд ва намедонанд барои раҳоӣ аз вазъи мавҷуд пеши кӣ бираванд.

Чунки дар паси ин ҳама ошуфтабозор шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ истодааст.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Беш аз ду сол мешавад, ки номаҳои маро, ки дар асоси навиштаҳо аз сомонаҳои нашрияҳои чопи Душанбе таҳия ва ирсол мешаванд дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и  «Isloh.net» ва ««Isloh.TV» нашр ва пахш менамоед. Бори дигар барои ин дастгирӣ ба шумо арзи сипос менамоям.

Аммо ин бор мехоҳам ин навиштаро дар барномаи «Номаи маро алҳида нашр намоед» ҷой диҳед. Чунки ин бор масъала як каме печидатар аст ва номаам ҳам тӯлонӣ хоҳад буд ва дар он мушкили бисёр ҷиддии сокинони Душанбе ба баррасӣ гирифта мешавад.

Мутаассифона, нашрияҳои Тоҷикистон мушкилоти сиёсӣ як сӯ биистад, ҳатто масъалаҳои иҷтимоии кишварро хеле ҳам кам инъикос менамоянд. Вагарна бештар бароятон интихоб карда мефиристодам.

Ин бор ҳам як матлаберо аз сомонаи ҳафтаномаи СССР интихоб кардам. Чи хеле гуфтам ин бор ин навиштаро барои барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» роҳӣ кардам ва умедворам, ки хоҳиши маро рад накарда чоп мекунед.

Қабл аз ин матлаб ҳам дар чандин номаи алоҳида сокинони пойтахт ин масъала дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳам матраҳ шуда буд.

Манзури ман масъалаи «домсозӣ» дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки чандин сол аст хеле ҳам равнақ пайдо кардааст. Аммо ин равнақ на он равнақе аст ки мову шумо изҳори хушҳолӣ ва хурсандӣ карда битавонем. «Ободиву ободкориҳо»-и пойтахт, ки аз он зиёд лофу газоф мезананд ба ҳамин масъала гиреҳ мехурад. Гӯё сохтмони ин домҳо, ки ҳазору як муаммо ва фиребу найрангро ба ҳамроҳ дорад, сарсониву саргардонӣ, хуни дилу хуни ҷигарсозиҳоро ба бор овардааст, садҳо  нафарро муфлису қарздору бехонаву ҷову макон кардааст, мисоли кордониву ободкориҳои раиси шаҳр ҳисобида мешаванд.

Бояд ҳама чизро дар ҷояш ва бо номаш гуфт.

Масъалаи домсозӣ дар пойтахти Тоҷикистон баъди раиси Душанбе шудани Рустами Эмомалӣ бениҳоят дардисарсоз шудааст. Ин домҳо, аз ҷумла домҳое, ки Бег Сабури қудои Эмомлӣ Раҳмонов сохт дар ягон чаҳорчуба ва меъёри домсозӣ, ҳатто дар биёбон ё чӯли бекарон ва ё дашти пурвусъат ҳам сохта шуда бошанд, намеғунҷад. Бигзор ин тарафи масъаларо беш аз ин шарҳу тафсир надиҳем.

Аммо ин масъала, масъалаи домсозӣ барои ман ошно аст. Барои он ошно аст ки як бародарам ҳам айнан бо ин мушкилӣ, ки дар ин матлаб тасвир ёфтааст, гирифтор шудааст ва бо вуҷуди дуввуним сол гузаштан аз муҳлати қарордод миёни вай ва ширкати домсоз роҳи ҳалли худро пайдо намекунад.

Масъала инҷо аст ки ширкатҳои хонасозӣ, домсозҳо одамони бечораро ба бозӣ гирифта ҳуқуқҳои онҳоро поймол намуда истодаанд.

Биёед, аввал ин матлаби СССР-ро бароятон пешниҳод кунам ва сипас фикру мулоҳизаҳои худро дар ин масъала иброз менамоям. Ин матлаб таҳти унвони «Сохтмони гӯшти уштурхӯрда» дар 26 декабри соли гузашта чоп шудааст ва ба шарҳи зер аст:

Сохтмони гӯшти уштурхӯрда

26.12.2025

1 сол пас, аз ваъда

Оғози соли 2020- ум мо аз биносоз  дар шахси Иҷрокунандаи вазифаи директор БОЙГЕНОВ ПАРВИЗ НАЗАРМАМАДОВИЧ, ки дар асоси Онинномаи «Тибби Суҳайб» фаъолият дорад, тариқи шартномавӣ  хона харидорӣ кардем. Тибқи қарордод бино бояд то соли 2024 бо тамоми шароит сохта мешуд.

Факт: Қарор дод!

«ҶДММ «ТИББИ СУҲАЙБ» «ТАРАФИ 1» номида мешавад, аз як тараф ба ДОСТИЕВА ОМИРОНА САЙФУДИНОВНА, дорандаи шиносномаи А 04561620, ки аз тарафи ШВКД -1 дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, 09.11.2022 сол дода шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ, 366, дар оянда  «ТАРАФИ 2» номида, мешавад, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ «ТАРАФҲО» номида, мешаванд, шартномаи мазкурро дар он хусус бастаанд, ки «ТАРАФИ 1» пас аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани бино уҳдадор мешавад, ки ба «ТАРАФИ 2» квартираи дар банди 12 нишондодашударо ба «ТАРАФИ 2» бо таъмири миёна бо иҷрои ҳамаи марҳилаҳои корҳои сохтмонӣ ва рангу бори даруни хуҷраҳо, бо иҷрои васли дарҳои даромад, дарҳои байни ҳуҷраҳо, тирезаҳои беруна, часпонидани фаршҳои  хуҷраҳои истиқоматӣ ва даҳлез бо ламинат часпонидани миёнадеворҳои байни ҳуҷраҳо, андоваи деворҳо, часпонидани сафолакҳо (кафел)-ҳо зарфаҳо ва деворҳои ҳочатхонаҳо ва ҳаммомҳо, васли ташноб (унитаз) гузаронидани хатти қубурҳои оби нӯшоки, қубурҳои гармидиҳанда ва ноқилҳои барқӣ, супорад.

Мутаасифона, бино то ҳол нотамом мондааст. Тариқи шартонома бино бояд соли 2024 пурра сохта, ба харидорон супорида мешуд. Аммо тавре мо аз беруни бино дидем, на дар дошту на тирезаву на соҳибдарак. Лаҷоми биносозони фиребгарро кашидан як сӯ истад, хонаҳои мардумро кӣ мебардораду кӣ ҷуброн мекунад?  Як  сол қабл мо ба бинои мазкур рафта, онро дар ҳолати нотамом дарёфтем. Ваъдаи қатъию бардурӯғи биносозон то ҳол дар гӯшам садо медиҳад, ки як соли дигар фурсат диҳед ва мо хонаҳои шуморо  месупоремммм….

Як бому ду ҳаво

20.12.2025. Соат бо вақти Душанбе 11:44 дақиқа. Вақте мо ба мавзеи бинои мазкур, рафтем. Чун мақоли “Як бому ду ҳаво” гуфтагӣ ворӣ, ба ғайр аз онҳо чанд ширкати дигар сохтани биноҳои истиқоматиро ба уҳда доштанд, ки пурра анҷом дода, ба соҳибманзилон супурда буданд ва онҳо кайҳо боз дар он ҷо роҳат зиндагӣ менамуданд. Дар ҳоле ки биноҳои ширкати мансуб ба мо ҳанӯз дар хами пайроҳаанд, яъне анҷомёбии онҳоро касе аниқ гуфта наметавонад, ба ҷуз аз ваъдаҳои хушку холӣ. Ҳатто зинаҳои бетонӣ ҳанӯз пурра сохта нашуда, аз лифт дараке нест. Дар натиҷа одамони бечора овораю сарсон шуда гаштаанд. Махсус аз самти ба назарҳо намоён тирезаҳои бино, он ҳам то ошёнаи 5 насб шудаанду халос. Ақаллан нафаре пайдо мешуд, ки кори ба субут расонидани поймонак ва лифтҳоро анҷом медоданд. Албатта ин ҳам орзуи ширине беш буда наметавонад, чунки маблағро масъулони бино гирифтаанд ва бояд ҷавоб гӯянд. Касе ба ғайр аз онҳо ин амалро иҷро нахоҳад кард. Аз онҳо пурсида шавад, ки маблағи мардумро гирифта, куҷо карданд?

«Қочмаган номард!»

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Идиев Ҷурабек, сокини 35-солаи ш. Душанберо, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карданд. Номбурда шумораи зиёди шаҳрвандонро бо ваъдаҳои гуногун фиреб дода, маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Аз он шаҳрвандоне, ки ба доми фиреби Идиев Ҷ., афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Кормандони Раёсати тафтишотии ВКД дар шаҳри Душанбе сокини 32-солаи пойтахт Содиқ Ҳикматуллоевич Одинаевро низ барои содир намудани қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи тафтишот, Одинаев ба ҳайси роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ «Ҷамол-Басир» беш аз 160 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, маблағи калонеро, ки барои бо манзил таъмин намудани онҳо буд, аз худ кардааст. Гумонбаршуда як манзилро аз се то ҳафт маротиба ба харидорони гуногун фурӯхта, дар ҳаҷми махсусан калон қаллобӣ кардааст. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки зарари умумии ба шаҳрвандон расонидашуда ҳудуди 50 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нисбати Одинаев чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабси пешакӣ таъин карда шуда, бо моддаи 247, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот давом дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми анҷом додани муомилоти амволи ғайриманқул эҳтиёткор бошанд ва қонунӣ будани фаъолияти ташкилотҳои сохтмонро ҳаматарафа санҷида бароянд.

Хатари биноҳои нотамому валангор…

Бо муққоиса аз даврони шӯравӣ, ба ҳама маълум аст, ки дар давраи ҳозира ҳангоми сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ қариб, ки ба қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад. Дар як сӯ дар бинои бузурге одамон зиндагӣ доранд, дар шафати он бошад, кранҳои борбардори азим фаъолият мекунанд. Хурду калон бошанд, бепарво аз шафати биноҳои сохташаванда равуо менамоянд. Инаш ҳамро як тараф мегузорему ба ҳолати биноҳои гӯшти уштурхӯрда ва масъулони бемасъулияти ширкатҳои ҳатулкор таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки хатари биноҳои нимкола ба ҳаёти одамон, бахусус кӯдакон, ноболиғони ҳанӯз дур аз дарки пурраи ҳама пешомад, дар ҳоли таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Ҳар лаҳзае имкон дорад, ки оҳане, хиште,  санге, тахтае аз боло ба поён сарозер шаваду касеро маҷрӯҳ кунад ва чунин ҳодисаҳо на як бору ду бор рух додаанд. Бинобарин ин, бо истифода аз фурсати пешомада аз ҳама падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати бехатарии ҳаёти худу фарзандонашон боэҳтиёт бошанд.

Хоҳед, ки ба доми фиребгарҳо наафтед!

Қонун дар ҳама давру замону сохт вуҷуд ва таъсир дорад, ба шарте ки онро донистаю риоя намоем. «Эҳтиёт – ними ҳаёт» ном мақоле ҳаст. Пеш аз ҳама дар сурати зарурияти пеш омадани аз байн бардоштани хонаи истиқоматии шахсӣ, аз роҳбарияти ширкати хонасоз талаби муаяйн намудани арзиши хона ва тариқи идораҳои дахлдори ҳукуматҳои маҳаллӣ мушаххас ва дар Идораи нотариалӣ тариқи шартнома қонунӣ кунеду 1 нусхаи он дар дасти соҳибмулк бошад! Дар шартнома бояд тамоми паҳлуҳои таркибу сохти дохилии хонаҳо нишон дода шуда бошанд. Яъне ҳамаи иҷрои нуқтаҳои ишорашударо биносоз бояд бо имзо ва муҳр ба уҳда гирад. Чунончӣ:

– блок;

– айвон (балкон) аз ошхона ё аз ҳуҷра;

— ҷойгиршавй: масофа аз шахтаи лифт ва зинапояҳо, тарафи сояафкан ё офтобии бино, тирезаҳо ба саҳни ҳавлй ё ба тарафи роҳрав, дар мобайн, канор ё кунҷи бино;

– масоҳат ё метри мураббаъ;

ҳаммом дар шафати ванна ё алоҳида;

– бо таъмир ё бе таъмир;

– бо ва ё бе қисматҳои байни деворҳо (нақшаи кушода);

— ки пас аз гузаштан аз комиссияи давлатй пули ичрои ин шартнома ва шартномаро медиҳад.

Дар шартнома  кайд кардан зарур аст, ки дар давраи сохтмон «шахси дуюм» (ширкати сохтмон) хукук надорад, ки бе розигии хаттии «шахси якум» барои бегона кардан ё додани ҳуқуқи даъво ягон амал анҷом диҳад.

Чӣ тавр иштироки саҳҳомии худро дар сохтмони бинои нав таъмин кардан мумкин аст?

Шумо ҳуқуқ доред, ки аз ширкати сохтмонӣ дар бораи шартҳои иштироки саҳмӣ дар сохтмони бинои нав маълумот гиред. Пеш аз бастани шартнома фармоиш дар бораи додани ҳуқуқи сохтмонро дархост кунед, матни чопи шартномаро гиред ва бо ҳуқуқшинос дар соҳаи сохтмони манзил машварат кунед. Ба нуқтаҳое диққат додан лозим аст, ки ташкилоти бинокориро вазифадор мекунад,  уҳдадориҳои худро аз рӯи шартҳои шартнома пурра иҷро намояд ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳоро муқаррар. Барои гирифтани тасдиқи ба баланси ташкилоти бинокорӣ барои сохтмони бинои нав дохил шудани пул, тартиби пардохтро муайян кардан низ муҳим аст. Тавсия медиҳем, ки пардохтро ба суратҳисоби бонкии ширкати сохтмонӣ гузаронед, на нақдӣ супоред. Сохтмони бинои нав ба охир расид, бинокор тибқи кадом ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи моликияти манзилро ба иштирокчиёни сохтмони муштарак медиҳад? Шартнома дар бораи гузаштани ҳуқуқи моликият дар Идораи нотариалии ҳудуди давлатӣ тартиб дода, ба қайд гирифта мешавад, ки баъд аз он ҳуқуқи моликият ба бинои истиқоматӣ ё бинои истиқоматии сохташуда ба вуҷуд меояд. Барои ба расмият даровардани шартнома роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ ба нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳои мазкурро медиҳад:

– Шиносномаи техникии манзил;

– Маълумотномаи мақомоти андоз дар бораи набудани қарздорӣ;

– Шаҳодатномаи бақайдгирии амволи ғайриманқул.

Роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ вазифадор аст, ки санади қабул ва супоридани манзилро ба иштирокчии сохтмони саҳмӣ тартиб диҳад. Дар ҳолати мувофиқ  наомадани шартҳои шартнома бо санад , роҳбари ширкати бинокорй вазифадор аст аз ҳисоби худ камбудиҳоро бартараф намуда, квартираро ба шартҳои шартнома мувофиқ гардонад.

Омиронаи Сайёф, СССР

Ончуноне аз матлаб огоҳ шудед, нависандаи он яке аз фиребхӯрдаҳои яке аз ин домсозҳо мебошад. Омиронаи Сайёф ду сол, агарчи аз хатми муҳлати қарордодаш мегузарад, ҳамоно наметавонад вориди манзилаш бишавад.

Акнун меоем ба сари онки бо бародари худи ман чи рӯй дод. Ман ба бародарам як маблағи муайян дар соли 2022 қарз дода будам ва бародарам мехост хонаашро баъди гирифтан таъмири  капиталӣ карда фурушад ва каме ҳам бошад даромад бигирад. Чунки имкони Русия омаданро аз даст дода буд. Депорт шуда буд. Нигоҳубини модари пирам, оилаашро бо як фазанди мариз бар уҳда дорад. Хуллас, на метавонад он хонаро бигирад ва на метавонад қарзи аз ман гирифтаашро баргардонд.

Аммо он домсоз парвои дунёро надорад. Дар ҳоле, ки садҳо нафар амсоли бародари ман ва Омиронаи Сайёф ҳам азоби руҳӣ мекашанд ва ҳам гаравгони дасти чунин домсозҳои беинсоф ва фориғбол шудаанд.

Барои ман дарёфти посух ба ин савол, ки чаро бозори сохтмон ин қадар ошуфта ва пур аз ҳиллаву найранг шудааст, душвор нест. Ин домсозҳо пушташон ба чизеву касе гарм аст ки бо сокинони чунин муомилаи ғайриинсонӣ мекунанд, обрӯи пойтахти мамлакатро мерезонанд, сокинон  норозӣ, асабӣ.

Бег Сабур биноҳои ҳатто бистошёнаро дар маҳаллаи Зарнисор ва Зарафшон ба ҳадде зич ва паҳлубапаҳлу сохтааст, ки ҷое барои тафреҳи кудакҳо, барои шинондани буттаву дарахт ва бадтар аз ин ҳама даромадани мошини оташнишонӣ намондааст. Хеле аз домҳои дигар ҳам айни ин ҳолатро доранд. Мебиниву мегӯӣ, ки магар меъмори шаҳр куҷо буд? Магар генплани шаҳр ҳамин аст? Маълум аст ки ин домҳоро як одамҳои тоза аз куҳистон омада сохтааст.

Хуб, саволи асосӣ ин аст ки чаро дар масъалаи домсозӣ ин ҳама ошуфтагӣ ва қоидавайронкунӣ вуҷуд дорад. Кӣ бояд масъули ин ҳама ҳолат бошад? Маълум аст ки масъулияти умури шаҳр бар ӯҳдаи шаҳрдор аст. Аммо шаҳрдор чаро намебинад?

Бег Сабур ва ширкати Комил-2010-и вай, ки ба номи писараш, шавҳари Зарина, духтари Раҳмонов номнавис шудааст, барои як баландошёнаи панҷ ё ҳафтошёна котлаван, таҳдоб ё таҳкурсӣ сохта биноро то ба бистошёна бардоштааст. Фикр мекунед чаро?

Баъзе аз ширкатҳои дигар, ончуноне дар қарордоди бо Омирона ба таври катбӣ ваъда супоридаанд, то лифту канализатсияро бояд бисозанд. Аммо, дар амал ин тавр нест. Ҳатто дару тирезаро насохта хонаро ба муштарӣ медиҳанд. Фикр мекунед, ки чаро?

Баъзе аз домсозҳои дигар як квартира ба ду, се ва то чор нафар санад карда пули онҳоро гирифтаанд. Фикр мекунед, ки чаро?

Ва фикр мекунед, ки шаҳрдорӣ ин ҳамаро намебиад ва намедонад?

Мутаассифона инҷо суҳбат аз ғорат ва азонихудкунии миллионҳо миллионҳо пули халқ меравад, ки яқинан бе ширкат ва ҳузури шаҳрдорӣ ғайримкон аст.

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охираш гуфт, ки фаъолияти 1288 ширкати хонасоз  санҷида шуд ва 7330 ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор гардид ва ба маблағи умумии  547 350 сомонӣ ҷарима кард. Ба гуфтаи ин Кумита 72 ширкат корҳои сохтмониро бидуни дарёфти хулосаи экспертӣ шурӯъ кардааст.

Аҷаб! Магар ниҳодҳои масъули шаҳрдорӣ куҷо буданд, ки ин ҳамаро надида бошанд? Фикр мекунед, ки чаро ин тавр шуд?

Ҳамин Кумита гуфтааст, ки айни замон сохтмони 1600 иншоот идома дорад. Гӯё, ки анҷоми сохтмони ғайристандартӣ ва хилофи меъёр ин ободиву ободкорӣ бошад.

Тибқи маълумоти сармеъмори Душанбе раиси пойтахт барои сохтмони баландошёнаҳо 327 қарор  ба имзо  расонидааст. Хонандаи ҳушманди «Ислоҳ», ана ҳамин 327 қарорро дар ёд бигиред, ки каме поинтар дар борааш муфассалтар ҳарф мезанем.

Ба навиштаи расонаҳо Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе 29-уми январ  гуфтааст, ки дар назди сохтмонҳои пойтахт QR-код насб кардаанд то сокинон аз ин тариқ оид ба бино ва ширкати хонасоз маълумот гиранд.

«Шаҳрвандон пеш аз оне, ки бо ширкат шартнома мебандад, мебинанд, ки ширкат иҷозатнома дорад ё надорад. Он ширкатҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, ба рӯйхати сурх ворид шудаанд. Шаҳрванд бояд ҳуқуқи худашро донад. Вақте ширкат иҷозаи сохтмон надорад чаро рафта ҳиссагузорӣ мекунанд?», — гуфтааст сармеъмори Душанбе.

Акнун меоем ба ҳамон 327 қарори иҷозаи сохтмони баландошёна, ки Рустами Эмомалӣ ба домсозҳо додааст. Тамоми иллат, сабаб ва дарди сари мардум дар ин масъала дар зери сари ҳамин имзои Рустам аст. Фикр мекунед, ки чаро?

Барои он дар зери сари ҳамин имзоҳо аст ки Рустам ҳеҷ яке аз ин қарорҳоро бидуни гирифтани маблағ ва он ҳам на кам аз 400-500.000 доллар имзо накардааст.

Домсозҳо тавассути миёнаравҳо, масалан, Шоҳрух, маслан Зайнулло, масалан Хуршеди Мирзо, маслан Исмоили дастбахайр, хуллас тавассути нафароне, ки ба Рустам доступ доранд маблағро лағат мекунанд ва дигар тамом, чи коре хоҳанд мекунанд, чунки доляи раисро чи хеле мехост додаанд.

Бовар кунед, ки дар давраи Убайдуллоев ба ин андоза бозори домсозии пойтахт ошуфтаву пур аз қаллобӣ набуд.

Масалан ҳамин Бег Сабур барои як территорияи муайян, бигзор бигӯем ҳамон Зарнисори Душанбе барои бунёди панҷ баланошёна қарор гирифт. Аммо дар онҷо на панҷ, балки ҳашт-даҳ баландошёна сохтааст. Фикр мекунед чаро? Чунки барои ҳамон территория-ҳудуд ё замини зери ин домҳо ниммиллион доллар ба Рустам додааст ва акнун мехоҳад пулашро бо ин васила, яъне дар ҷои як дом ду дом ва дар ҷойи масалан 9 ошёна бистошёна бо фоидаи зиёд баргардонад.

Рустам ҳам медонад. Аммо, азбаски ниммиллион доллар пора гирифтааст, чашм мепушонад.

Ягон майда шубҳа надошта бошед, ки тамоми домсозҳои пойтахт айни Бег Сабуранд. Мехоҳанд пули ба Рустам додаашонро бо ҳар роҳе пас бигиранд ва ҳамаи онҳо барои қарори Рустам маблағҳои ҳангуфт додаанд. Яъне проблемаи домсозӣ дар пойтахт проблмеаи мардум ва домсозҳо нест, ин проблемае аст ки Рустам создават кардааст. Аз имзои қарор, ки пора мегирад то охири кор. Ва баъди анҷоми сохтмон боз як, ду, то чанде бифорадаш аз домсоз квартираи ройгон мегирад.

Барои ҳамин гуфтам, ки ҳамин имзои 327 қарор аз тарафи Рустам барои сохти баландошёнаҳо дар соли 2025-ро дар ёд бигиред.

Ҳоло акнун биёед ин тавр ҳисоб кунем. Рустам аз соли 2017 ба ин тараф, яъне ҳашт сол зиёд шуд, ки раиси шаҳр аст ва дар ин муддат вай бигзор 327 неву ба 300 қарори сохтмони баландошёна имзо кард. (Ҳоло имзо барои сохти иншооти дигар, масалан мағоза, ресторан, мактаб, кудакистон ва амсоли инро гузорем канор). Ва бигзор 500 ҳазор доллар неву барои ҳар як қарор 350 ҳазор доллар пора гирифт. Ва акнун биёед ин ҳашт солро ба 300 қарор зарб занем ва 300 қарорро ба 350 ҳазор доллар. Рустам аз ҳисоби фурӯши имзо барои қарор яъне иҷозати сохтмони баландошёна чи қадар «кор» кардааст, «ободӣ» кардааст, даромад доштааст? Ба ҳисоби миёна як саду панҷ миллион доллар. Аммо қарорҳои 500 ҳазораву 600 ҳазора ҳам дар ин миён кам нестанд.

Вақте ба ин гуна маблағҳои фантастикӣ даст меёбад, соҳиб мешавад, оё фикр мекунед, дар гӯшаи хиёлаш мегузаронад, ки ин сокинон, ки барои домсозҳо пул додаву чор солу панҷ сол мунтазир мемонанд, мисли Омиронаи Сайёф ва ё бародари ман ,чи вазъу ҳол доранд, бо чи азобу машаққат дучор шудаанд?

Агар ҳамин масъалаи фурӯши қарор аз тарафи Рустам набуд, масъалаи домсозҳо дукаратду ҳал мешуд. Ин масъала ҳал намешавад. Чунки ҳам домсозҳо ва ҳам сокинони пойтахт гаравгон ва асири нафси бади Рустам шудаанд…

Пасгуфтори Ислоҳ

Ончи имрӯз дар Душанбе бо номи «ободӣ» таблиғ мешавад, дар асл ба ободкорӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Ин раванд, ба бовари бисёре аз сокинон ва нозирон, бештар ба як схемаи густурдаи ғорат ва қаллобии системавӣ монанд аст, ки дар он манфиати мардум поймол шуда, сарнавишти ҳазорон хонавода қурбони бозори сиёҳи сохтмон гардидааст.

Солҳои охир домсозӣ дар пойтахт ба соҳае табдил ёфтааст, ки дар он қонун, меъёр ва ҳатто виҷдон гӯё аз эътибор соқит шудаанд. Садҳо бинои нотамом, ҳазорҳо хонаводаи фиребхӯрда, квартираҳое, ки ба чанд нафар фурӯхта шудаанд, ва одамоне, ки пас аз солҳо интизорӣ ҳанӯз соҳиби манзили худ нашудаанд, ин аст натиҷаи он чи «ободӣ» ном гирифтааст.

Ба андешаи бисёре аз таҳлилгарон ва худи зарардидагон, ин раванд бидуни пуштибонии доираҳои баландпояи шаҳрдорӣ ғайримумкин буд. Зеро вақте барои ҳар қарори сохтмони баландошёна, ба гуфтаи манобеи гуногун, аз садҳо ҳазор доллар то ним миллион ва ҳатто бештар маблағ ситонида мешавад, равшан аст, ки домсозҳо барои баргардонидани чунин хароҷот ба ҳар гуна қонуншиканӣ даст мезананд.

Ин маблағҳо, ки гуфта мешавад барои ҳар қарор гоҳо аз 350 ҳазор доллар оғоз шуда, дар баъзе мавридҳо ба 500–600 ҳазор доллар мерасад, дар ниҳоят аз ҷайби кӣ рӯёнида мешавад? Албатта аз ҷайби ҳамон мардуми оддӣ, ки бо орзуи соҳиби хона шудан тамоми пасандозу қарзашонро ба ширкатҳои сохтмонӣ месупоранд.

Бинобар ин, ончи имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад, аз назари бисёре аз шаҳрвандон «ободӣ» не, балки ғорати ошкор ва ҳамшарикии манфиатҳо миёни баъзе мансабдорон ва домсозони қаллоб аст. Ин як занҷираи мураттаб аст: имзои қарор-гирифтани маблағ-сохтмони бесифат-фиреби мардум ва боз ҳам гирифтани манфиат.

Ҳушдор ба мардум
Имрӯз ҳар касе, ки мехоҳад дар Душанбе хона бихарад ё ба сохтмони саҳмӣ маблағ гузорад, бояд даҳ бор андеша кунад. Вазъият ба ҳадде ноустувор ва пур аз фиреб шудааст, ки бисёре аз коршиносон ҳушдор медиҳанд:
ҳоло вақти хонахарӣ дар Душанбе нест.

То замоне ки шаффофият, ҷавобгарӣ ва назорати воқеӣ бар ин бозор барқарор нашавад, ҳар сомонӣ ё долларе, ки ба чунин лоиҳаҳо дода мешавад, метавонад ба доми қаллобон табдил ёбад.

Фиреби ваъдаҳои «ободӣ»-ро нахӯред. Пеш аз имзои ҳар шартнома, пеш аз супурдани ҳар маблағ, бояд донед, ки дар паси ин бозор на танҳо домсозони беинсоф, балки як системаи пурманфиати ғорати Семейка қарор дорад.

Мардум бояд бидонанд:
хонае, ки бар пояи пора, фиреб ва беқонунӣ сохта мешавад, дер ё зуд ба фоҷиа табдил меёбад.

Сообщение Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№286
Cипос ба ҳама онҳое, ки барои «Номаҳо аз ноҳияҳо» боҷуръат ва ҷасорат менависанд. Навиштаҳои шумо мисли нештар ба қалби масъулину маъмурини режими Раҳмонов дар маҳалҳову манотиқ мехалад. Инҳо мехоҳанд, ки касе ба корашон хурда ва эрод нагирад ва орому сокит дуздӣ кунанду пора хуранд, вале нигоштаҳои шумо, маълумотҳои шумо онҳоро водор мекунад, ки аз пайи ислоҳ ва рафъи камбуд шаванд. Барои ҳамин бештар бинависед.

Дар ин навбати барнома се нома аз ноҳияи Восеъ, як нома аз пойтахти мамлакат ва номе дигар аз Обигарм дорем, ки ҳар яке аз онҳо роҷеъ ба камбудиҳои минтақаи зисти худ маълумот додаанд. Муаллифиони обигармӣ навиштанд, ки баъди нашри номаи қаблии онҳо хеле аз камбудиҳоро мақомот ислоҳ кардаанд. Мо, пайваста ин нуктаро, ки мақомот ногузиранд ба навиштаҳои Ислоҳ вокуниш нишон диҳанд гушнишон кардаем.

Вале, дар ин авохир муаллифони мо аз навоҳии Масчо Спитамен, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Зафаробод аз вилояти Суғд, Левакант, Муминобод, Бохтар, Ёвон, Норак аз вилояти Хатлон коҳилӣ мекунанд ва камтар навишта истодаанд. Мо, аз шумо даъват мекунем, ки навиштан ба Ислоҳро кам ва қатъ накунед. Мо набояд бигзорем, ки ин режим ва намояндаҳои вай фориғболӣ кунанд. Ончики шумо менависед, худ маънои ширкат ва ҳамроҳӣ ба муборизаро дорад. Бо «Ислоҳ» бошед,то зиндагиамонро дигаргун созем

Восеъ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

бародар ҳамаи номаҳо аз ноҳияи восеъанд номаи .

Номаи 1

Раҷабзода Ширинбек дар ноҳияи Восеъ дар уголовний розиск кор мекунад: «шабу рӯз патсанора меқапад барои ришашон, сум талаб мекуна, сумошона мегира ва агар, ки кадомиш сум надошта бошад, ё сумш ната аделш мебара, карочи суткаш метан яъне махкамаш мекунанд».

Вақте ба отдел-шуъбаи умури дохилӣ мебаранд, онҷо боз бо ду милисаи дигар

Аҳмади саркал ва Ғаффоров Шодӣ телефонҳоро мегирад, мекобад, ки ту «Муҳаммадиқбола тамошо кардай ё не? Ба номи Аллоҳ хдшон мегиран лайк ё падписатса мекнан, бад пастава мекнан. И патсано меган ҷаноб дар баромадаш гуфтак, ки барои лайк падписатса ҳичи наген, шумо гапи ҷаноба намегирен? мега ура ҷаноб барои худнамоишӣ суханронӣ кардааст. Бо ту к@и оча, модарта фалон кнем,ту бо мора гап нишон мети. Ва и ақоратора ҳамаш мекунанд, сум мекананд».

Боз мегуянд,ки «аму Муҳаммадиқбол очатона б@я к@аш да к@тон,чаро дастгирӣ мекунен,у хоини миллатай».

Ширинбек, Аҳмади кал ва Шодӣ патсанҳои тарсончакро як намуд тарс медиҳанд ва бо ин роҳ суми бисёрашонро мегиранд. Сипас Раҷабзода Ширинбек бо Аҳмади кал ва Шодиву дигарҳо сумро тақсим мекунанд. Бовар кунед,ки дар ҷонамон задаанд.Риш як ҳафтаина бошад меқапад мебарад проблемат мекунанд.

Илтимос, дар бораи ин худозадаҳо гап занед.

Бародар Муҳаммадиқбол худо зафарат диҳад. Забонатро бурро гардонад. Мо дигар намедонем, ки дар куҷо шикоят кунем, ҷонамон дар нуки биниамон омадааст.

Номаи 2

Дар ҷамоати Абдӣ Авазов Ашуров Далер раис мебошад. Ин Далер деҳқон буд, пахта об медоду мегашт. Амакаш Раҳим ном дорад. Бо Қурбоналӣ Мирзоалиев дӯсти наздики ҷаноб ва Бег Сабури қудои Раҳмонов ранги акаву додаранд. Яъне кришааш Мирзоалиев ва Бег Сабур мебошанд. Дар ин ҷамоат як камбағал раис шуд, Сулаймон ном дошт.Чанд моҳе раисӣ кард, ки ин Ашуров Далер Душанбе рафт ба назди амакаш ва бо ҳамроҳии амакаш назди Бег Сабур рафтанду 100 ҳазор сомонӣ доданд. Ба Бег Сабур гуфтаанд, ки «шумо қудаи Ҷанобен, аз дастат меояд, ин пулҳоро гир манро дар ҷамоати худамон раис монед». Бег Сабур хуб шудааст, гуфтааст ва гуфтааст, ки рав фармонатро интизор бош. Моҳ накашид, ки фармонаш баромад. Он раиси камбағалро аз кор гирифтанду Ашуров Далерро дар ҷои вай дар ҷамоати Абдӣ Авазов раис монданд.

Баъди раисӣ Ашуров Далер аз ӯзбекҳо 15 ҳазорӣ гирифтааст, ки бачаҳотоян хизмат намераванд «ман ҷавоб мегуям».Вале бачаҳои узбекҳоро облава қапида бурд хизмат.Падарони узбекбачаҳо ба тарафи Далер яъне раиси ҷамоат гуфтанд, ки ту 15 ҳазориро гирифтӣ, бачаҳоямонро хизмат бурданд, суми моро бар бигардон бидеҳ. Далер мегуяд, ки ба шумо сум –пум нест, равед дар куҷое шикоят мекунед бикунед. Сипас, падарони ин узбекбачаҳо назди началник милиса рафтанд вале началник милиса гапашонро нагирифт, боз прокуратура рафтанду шикоят карданд, прокурор ҳам гапашонро нагирифт. Дигар намедонанд, ки ба куҷо шикоят кунанд,ки Ашуров Далер, раиси ҷамоати Абдӣ Авазов суми онҳоро барбигардонад. Ин раис соати 1 ба 2 шаб дар роҳ ба тарафи ҷамоат рафта истода будам, ки дар пеши ҷамоат як мошин Опел астраҷи истод. Ман дар ҷои торикӣ будам, онҳо маро намедиданд. Истодаму нигоҳ кардам, ки аз даруни мошин раиси ҷамоат, яъне Ашуров Далер бо ҳамроҳии як духтар фаромад ва боз як инвалиди дигар. Ин инвалид таксии ҳамин раис аст. Ин инвалид, ки Нуралӣ ном дорад бо чигас мегардад. Инвалидро дар пеши дарвозаи ҷамоат қаловур монду худаш бо ҳамроҳии духтар ба ҷамоат даромаданд. ,убинед,ки кор то куҷо ҷазир аст, ки  дар корхонаи давлатӣ арус меораду ними шаб зино мекунад.

Бародар Муҳаммадиқбол, ба фикрам ин ҷаноб худаш иҷозат додагӣ аст ки дар корхонаи давлатӣ зино кунед. Дар кабинеташ як дивани як одама дорад, дивани якодама незаметний аст.

Як рузи дигар дар дискотекаи ҷавонҳо будем. Яке як ахранаи дискотека гуфт, ки «ҳамада ҷавоб, дискатекада меҳмон дорем имшаб, бачаҳо бахшиш пага шаб биёен». Ба берун баромадем дидем, ки раиси ҷамоат Ашуров Далер бо началники милисаи Муминобод ва началники милисаи ноҳияи Восеъ ва хоҳарзодаи Юсуф Раҳмон, ки Одинаев Кароматулло ном дорад даромаданд. Баъдан ман назди охрана рафтам ва уро ба гап гирифтам. Аз пеши дар нигоҳ кардам, ки раққосаҳои дискотека ҳамааш дар пеши ин худозадаҳо рақс доранд. Ашуров Далер бо  хоҳарзодаи Юсуф Раҳмон пачкаи сумро бароварда дар болои раққосаҳо чолчала доранд.

Ба ин худозадаҳо гуфтаниам, ки «аз у чолчалада мемуранд равен як камбағалда бтен савоб бгирен».

Бародар Муҳаммадиқбол, хоҳиш мекунам, ки чоп кунед ин гапҳоро то мардум фаҳман, ки инҳо кианд ва аз корҳои ҳароми ин ҳаромиҳо огоҳ шаванд.

Номаи 3

Дар ин нома, ки кутоҳ ҳам бошад дар бораи як нафар фиребгар менависам, ки номаш Шакуров Барик аст. Шакуров Барик аз ҷамоати Абдӣ Авазов мебошад.  Суми халқро гирифт, ки учаскаи наздиҳавлигиатон медиҳам. Аммо участкаамон надод. Даже сумҳоямонро намедиҳад. Кришаи ин Шакуров Барик Бег Сабур, раиси собиқи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Мо, халқ дар куҷое жалоб мекунем гапамон намегузарад. Вақте онҳо медонанд,ки кришааш Бег сабур аст як мақомот корамонро буд намекунад, арзамонро намешунавад. Мо,он сумҳоро аз шохи дарахт начиндаем, ба меҳнати ҳалол кор кардаем, баъзеҳо қарз гирифтаанд.

Илтимос бародар ин номаи моро чоп кунед, дар борааш гап занед, ки чораашро бинанду ин Шакуров Барик сумҳои моро барбигардонад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин. Сокини Душанбе ҳастам. Чанд вақт пеш аз Душанбе омадам ба Маскав. Бовар кунед, ки ин муҳоҷират ба дилу ҷонам задааст. Мо ҳоламон аз ғуломони давраи аморати Бухоро ҳам бадтар аст. Мо дар ватани худ ҳама чизро дорем, ки дар сурати истифодаи дуруст метавонад ҷилави муҳоҷирати даҳҳо ҳазор нафарро бигирад. Масалан мо конҳои тилло дорем, конҳои ангишт дорем, ГЭС –ҳо дорем, аммо мо то ба кай мо ғуломӣ мекунем. То кай?

Валлоҳӣ аз ҷонам сер шудагиам. Шабурӯз дар ин фикру хиёлам, ки бачаҳои ман ҳам ҳамин ҳолу аҳвол мешаванд?

Ман, бародар Муҳаммадиқбол, ҳар касеро бинам, бо чи намуд одаме ҳамсӯҳбат шавам, мешинаму мефаҳмонам, ки ҳаёту зиндагӣ ин хел нест, набояд ин хел бошад. Агар мардум ҳама ҳамин хел бикунанд, ҳама одами дидагиашро бифаҳмонад, валлоҳи мардум мефаҳмад. Мардумро мо бояд фаҳмонем, ки дигар набояд хап кард.

Ман ва мисли ман садҳо ҳазор дар  ҳамин Русия ғуломем. Раҳмонову чоплусонаш мегуянд, ки шукри истиқлол ва шукри ватан кунед, ки чунин ватани ободу зебо доред. Вале ман дар ин ватани ободу зебо на ободӣ мебинам на зебоӣ. 10 сол зиёд мешавад, ки меравам меоям. Ман кай рӯи зану фарзандамро ба серӣ мебинам? Чаро ман дар ватан кору зиндагӣ пайдо карда наметавонам. Бовар кунед, бародар нав аз Тоҷикистон омадам. Дар аэропорт саг қадр дораду тоҷик не.

Мебинам, ки баъзе беномусҳо боз шеър ҳам мехонанд. Э,худо бигирадатон ба ин ҳоли зиндагӣ. Чи шеър мехонед? Биёд биравем ватан, биёед якҷоя шавему бихезем, ватанро озод кунем. Як Эмомалӣ кӣ аст?Гирифтани вай ҳиҷ чизе нест.Эй мардум ҷамъ шавед.

Мо бояд то кай хап кунем. Шерони нарамонро аз даст медиҳем. Ҳатто журналистҳоро бегуноҳ бурда турма кард. Ҳамаамон мурғ шудаем.

Валлоҳӣ, мардум, агар мо ҳамин хел хап кунем, шермардони мо дар даруни турма ҳамин хел мемуранд, онҳоро мо аз даст медиҳем, ҳамаамон ғулом, ғулом ғулом мемонему фарзандони мо ғулом мешаванд. Майлаш, нобути худамон, ояндаи фарзандонамон чи мешавад? Э, ҳамин ғарибӣ чӣ ҷои хуб дорад. Валлоҳӣ, ман агар дар Тоҷикистон 30000 бигирам аз рангу рӯи ҳаминҷо безорам. Аз рангру рӯи Русия ман безорам. 30000 рубл агар дар Тоҷикистон бигирам,вале бародар охир кор нест дар Тоҷикистон. Мардум намедонанд чи кор кунанд?

Ё, Аллоҳи меҳрубон ҳамин Эмомалиро хору залилуш бигардон.

Э, Аллоҳи меҳрубон «ира накуш, ира хору залилш бигардон.

Э,Аллоҳ ҳамин одам дар турмаи Кирпичний бпусад.

Наход шумо як занро баред ай тифли ширмакаш ҷудо кунед Рухшона Ҳакимоваро. Э,шумо имон надорен. Валлоҳӣ, дар Тоҷикистон инқилоб шавад, бимирӣ шаҳид мемурӣ.  Бародарҳо главний бароямон динамон аст, динамонро аз даст додем. Фарзандамро наметавонам аз дасташ бигирам масҷид барам. Мегирӣ, мебарӣ, милиса мегирад мебарандат отдел. Чи кор мекунӣ ака, мепурсӣ? Мегуяд кудак даромаданаш ба масҷид манъ аст. Э,мардум, мо то кай хап мекунем?

Э,мардум дар шумо ҷонам. Як ҷойи кор надорем, ба нони хурдан зор. То кай интавр хомушӣ. Ин Эмомалӣ кӣ аст? Валлоҳӣ, агар 20 000 нафар ҷамъ шавем аз Тоҷикистон  мегурезад меравад. Полний тайёр аст.

Э, мардум ба худ оед!

Дар ҷонум задааст ҳамин ғарибӣ, ҳамин ғуломӣ, ҳамин Росия. Намедонам, ки фарзанди худам чи хел калон шуда истодааст.

Валлоҳӣ бародар «пага бхе бра дар пеши Сомонӣ инқилоб кун, валлоҳӣ мерам дод мезанам, заррае агар ма тарс дошта бошам,аллоҳ мара хору залил бигардонад».

Озода, Тахмина,Рухшона,ҳоло шумо ҷавон ҳастед, ёшед. Магар намебинед, ки падаратон як зани ҷавонро аз тифли ширхорааш ҷудо кард. Иншоаллоҳ, дар оташи дӯзах месузад падари шумо.

Иншоаллоҳ ин мардуми мо мехезад, ман бовар дорам ва он гоҳ Тахминаҷон, Озодаҷон шумову фарзандонатон дар ҷойи он зан кунҷи зиндони занонаи Норак меравед. Шумо як дунёед, бар падари ҳамат лаънт намедонам дигар номи кадомеатро бигирам перепутат мекунам.

Э, оқипадари Раҳмонов! Як бор фарзанди худут ай худут дур биистад чи мешавад, як бор аз фарзанат дур бишавӣ чи мешавад.

Э,судяе, ки ҳукми Рухшона Ҳакимоваро додӣ,аз тифли ширмакаш ҷудо кардӣ, бар падарат лаънат, хонат бсуза.

Иншоаллоҳ инқилоб мешавад, ана ҳамин судяи бадбахте, ки хоҳари азизро аз фарзандаш ҷудо ва 8 сол турмаш кард, мо бояд пожизнений тюрмааш кунем, ки ин хоҳар Рухшона ҳашт сол фарзандашро намебинад.

Валлоҳ, агар ҳамин Рустами Эмомалӣ ба қудрат биояд моро мурданамон беҳ: «мара да ҳамун группаҳо қуш кун, бародар, да,любой кор тайёрум. Паспортма мегирум суратша роӣи мекунум, дар любой кор қуш мешум, ака,любой кора мекунум».

Бародар 1000 раҳмат, ки ҳама корро мекунӣ барои ин миллат.

Ман хизмати сарбозӣ анҷом додагиам. Як чизро мегуям. БМПро завадит мекунем то пеши дарро мерафт мемурд, мо тела карда, тела карда меовардем. Ҳар чи техникае ҳаст дар Душанбе ҳаст. Аз тарафи Хуҷанд меравӣ БМП завадит намешавад, ҳар рӯз ҳамин ҳол, показуха мондагӣ. Пагоҳ ягон ҷанг шад мо чи кор мекунем? Камаз завадит намешавад, ба чашмонам дидагиям. Ҳама техникҳояш аз асри 19.Аҳволи салдатро мебинӣ гиряат меояд.

Солҳои 2013-2015 части 04 533  командир капитан Каримов буд. Валлоҳӣ,як намуд солдатҳоро азоб медиҳад.

Сум барои садрӯзагӣ ҷамъ кардем. Вақте дембл шудӣ сад рӯз мемонад, садрӯзагӣ мегуфтем. Пулҳоямонро полний гирифт. 22 ҳазор сомонӣ буд. 22 дембл будем, 1000 сомонӣ ҷамъ кардем, ҳамаашро гирифт. Солдатоҳоро хонаи беваҳо роҳӣ мекард, брои кор. Аммо беваҳоро худаш меовард «истифода» мекард. Валлоҳӣ агар дар Тоҷикистон ҷанг шавад, аз дасти ин сарбозу афсарҳо ҳеҷ кор намеояд.  Мардуми мо дух дорад, мехезад перёд меравад.

Ягон БМПамон завадит намешавад, то пеши дар мерафт,боз солдатҳо телатела карда меовардем. Пагоҳ, худо нахоста ҷанг шавад чи мешавад ин Тоҷикистон. Вақте сарбоз будам фақат ҳамин фикрро мекардам.

Солҳои 2013- 2015 генерал Абдуҳалим Назарзодаро, ки куштанд, он солҳо мо хизмат мекардем, части мо омада буд. Инсони бараҳм буд, сарбозҳоро дуст медошт ба онҳо хушру рафтор мекард.

Част зиёфат орост. Банкаҳои компоту мурабборо бароварданд. Командирамон капитан Каримов гуфт «ман очаҳотона фалон мекунам агар якеи ҳамин банкаҳоро ҳуй мекунед».

Банкаҳоро дар багажи мошин мезаданд, рост хонаҳояшон мебурданд. Орд, руған, шакар, биринҷ гречка, макаронро рост хонаҳояшон мебурданд. Солдатҳо як ҳоли зор доштанд. Солдатҳо фақат дар хонаҳои беваҳо нони серӣ мехурдем. Онҷо як ҳолу рӯзе буд, бародар. Ман бо ин ҳама азоб ва муҳоҷир буданаму бекориям ва дур аз зану фарзандам фикр мекунед ин Раҳмонов ва ҳукумату оилаи ҳароми ӯро ҳимоят мекунам ? Ман аз аввалин нафарҳои зидди ӯ ҳастам ва қариб ҳама шаҳрвандон мисли мананд. Танҳо вақти муносибро интизоранд.

Обигарм

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!

Як нома аз як гурӯҳ модарони шаҳраки Обигарм равон карда будем. Ҳоло боз як номаи дигар равон мекунем.

Мо, як гуруҳ заноне, ки ба шумо нома фиристонда будем, бародари роҳи ҳақ, ки шумо номаи моро нашр кардед. Шикоят аз мактаби рақами 3 Обигарм, дар бораи муаллимҳову муаллимаҳо. Ин ҳаромхурҳо, як моҳ шуд,ки мактаб сар шудааст, боз безорамон кардаанд.

Мо модарҳо ҳаррӯз пули сталовий, пули рузнома-обуна, пули ремонт медиҳем. Боз инҳояш бас набуд, бо рузи 5 число иди муаллимҳо будааст. Ба сабабе, ки ин ид дар рузи якшанбе мешудааст, дар рузи шанбе монданд ва дар рузи 4 октябр безорамон карданд.

Ба куҷо арзу шикоят кунем намедонем. Агар саркашӣ кунӣ боз дарҳол аз мақомот тарс медиҳанд. Ин мақомоти ҳаромхур гуш ба қимор нигоҳ дорад, ки шикоят шавад ва дарҳол дари хонаҳоямонро мегиранд ва ба як сиёсату дағалгуфторӣ гунаҳгор мекунанду сум мегиранд.
Бародари азиз ҳоло ҳам об надорем. Дар хонаҳои этаж, дар сексияҳо дар як сутка 2 соат об медиҳанд. Гуфтанд об барои шаҳри Роғун аз ноҳияи Файзобод оварда истодаанд. Ҷаноб биёяд лентаи онро мекушояд ва он вақт об барои Обигарм фаровон мешавад. Аммо ҷаноб Файзобод омад, ҳеҷчи нашуд.

Бовар кунед, ки мардони муҳоҷирамонро ҳам безор кардагианд. Сум ҷамъ карданду садик-боғчаи кудаконро таъмир намуданд, боз сум ҷамъ кунед, роҳро таъмир кунед, сум ҷамъ кунеду мактабро таъмир кунед, безор шуданд ҳамин мардуми мо.

Кай рузе мешавад, ки озод шавем. Худованд нигаҳбонт бошад бародари азиз Муҳаммадиқбол. Худованд доим болои миллати тоҷик нигаҳбонт бошад, ки дарди мардумро ба гуши кари ҳукумат мерасонӣ.

Дар куҷое як даҳмарадаи бесавод бошад ҳамчун милисаву амният ба Обигарм равонашон мекунанд. Аммо як моҳ пас мебинӣ, ки соҳиби хона, соҳиби мошини қимат мешаванд.

Бародар баъди он номаи чоп намудаат хеле дигаргунӣ шуд ва натиҷа ба даст омад. Дар мактаб камера заданд, дигар пули китобҳоро тамоман ба даст намегиранд, чек медиҳанд, мегуянд пулро бурда дар банк супоред.

Лекин ҳоло талабҳоро сахт мегиранд, ки барои ину он сум оваранд. Ин шо Аллоҳ инаш ҳам оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

Бародари азиз, барномаҳоятро бо оилаам тамошо мекунем, лайк мемонем, коммент менависем.

Саломат бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№286 появились сначала на ISLOH.net.

Кони Назарайлоқро кӣ ғорат мекунад?
Номаи маро дар «Ислоҳ.нет» нашр кунед! №2

Муроҷиати сокинони водии Рашт ба бародари муборизи роҳи озодӣ Муҳаммадиқболи Садриддин
Дуруд ба бародари  муборизи роҳи озодӣ ва адолат, шиканандаи тилисми порахурону дуздони Тоҷикистон, Муҳаммадиқболи Садриддин!

Мо, сокинони заҳматкашу меҳнатқарини водии Рашт, бо дарду изтироби бузург ба Шумо муроҷиат менамоем. Сабаби асосӣ кони ангишти Камароб аст, ки ифтихори меҳнати мардум ва манбаи ҳаётбахши сӯзишвории минтақа буд, аммо имрӯз зери дасти шахсе бо номи Обид Шарипов ба василаи андӯхти сарват, ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҷӯии бераҳмона табдил ёфтааст.
Ин кон бо заҳмати беш аз 20-солаи падару писар Роҳат ва Мурод Хушвахтов ба кор даромад. Барои расидан ба он зиёда аз 100 километр роҳ аз миёни кӯҳҳои хатарнок бо заҳмати мардум сохта шуд ва соли 2009 мавриди истифода қарор гирифт. Он вақт ангишти Камароб сабаб гардида буд, ки тамоми деҳаҳои навоҳии водии Рашт, инчунин мактабҳо,тбемористонҳо, биноҳои сохторҳои мақомоти иҷрорияи ҳокимияти маҳаллӣ бо нархи арзон бо ангишт таъмин гарданд.
Аммо соли 2016 бо роҳи шиносбозӣ ва пуштибонии гурӯҳҳои хешутаборӣ, ин кон  аз соҳибони асосиаш бо зӯрӣ ва шантаж гирифта шуда ба ихтиёри Обид Шарипов гузашт (ӯ қудои Бег Сабур будааст). Бародари вай Абубакр Шарипов язнаи Бег Сабур будаасту ӯро кришават мекардаст. Аз он замон то имрӯз мо шоҳиди амалҳои зерин ҳастем:

1. Вайрон кардани инфрасохтор: роҳҳои ҳаётии маҳаллӣ, ки бо меҳнату сармояи Раҳими ғармӣ ва бародаронаш сохта шуда буданд,аз ҷониби мошинҳои пурбор хароб ва пулҳои мошингузар шикаста бидуни таъмир мондаанд.

2. Фиреб ва напардохтани андоз: бо вуҷуди он ки нархи давлатӣ барои як тонна ангишт 350 сомонӣ муқаррар шудааст, ӯ онро бо нархи 1200 сомонӣ мефурӯшад. Аз ҳаҷми воқеӣ- 1,6 миллион тонна ангишти истихроҷшуда, танҳо 600 ҳазор тонна расман ҳуҷҷатгузорӣ мегардад.

3. Маҳрум сохтани муассисаҳои иҷтимоӣ: мактабҳо, бемористонҳо ва дигар ниҳодҳои ҳаётан муҳим аз ангишти Камароб. Ин муассисаҳои бюҷетӣ комилан маҳрум шудаанд.

4.Истифодаи ғайриқонунии маблағҳо: бо фоидаи аз ангишти ғайриқонунӣ бадастомада, заводҳои хишт ва таҷҳизоти гаронбаҳо харида шуда дача ва ҷойҳои фосидкунандаи ахлоқу (аз ҷумла сохтмони фоҳишахона лаби дарёи Сарбоғ дар сари пули Навобод) бунёд карда шабу руз дискатека ва ба кайфу сафо машғул аст. Дар даруни шаҳраки Ғарм бо маблағи фурӯш ва дуздии ангишт 3 дом сохта истодааст. Дар деҳаи Қалъанак дача сохтааст

5.Ришвахорӣ барои идомаи кор: барои гирифтани дубораи литсензияи истихроҷ, ба гуфтаи шоҳидон 15 миллион доллар ҳамчун «доля» пардохт шудааст.

6. Таҳқиру зӯроварӣ нисбат ба мардум: маъюбон ва камбағалон, ки барои миқдори ночизи ангишт меоянд, таҳқир ва азият мешаванд; молашон мусодира гардида, бо ронандагон дағалона рафтор карда мешавад.

Пешниҳод ба Эмомали Раҳмонов!

Имсол хатари воқеӣ вуҷуд дорад, ки ҳазорон оилаи минтақа бе ангишт монанд. Агар чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, зимистони сард ва ноумедии бе ниҳоят зиёд мардуми моро фаро хоҳад гирифт.

Мо ба Шумо ҳамчун шахсе, ки масъулияти олӣ дар роҳи мубориза барои адолат доред, муроҷиат менамоем ва аз Эмомали Раҳмонов хоҳиш мекунем:

-кони Камароб аз дасти ғосибон бозпас гирифта шавад;

-нархи давлатӣ ва таъминоти муассисаҳои иҷтимоӣ барқарор гардад;

-шахсоне, ки бо роҳи фасод ва фиреб ин сарвати миллӣ тороҷ намудаанд, ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шаванд.

Бо эҳтироми зиёд,
аз номи гурӯҳи шаҳрвандони водии Рашт

Шарҳи «Ислоҳ»

Хонанда ва бинандаи доимии «Ислоҳ» бояд дар ёд дошта бошад, ки роҷеъ ба масъалаи кони ангишти «Назарайлоқ» мо аз ин пеш ҳам чанд матлаби муфассале навишта будем, ки инҷо нишониҳои як дутои онҳоро пешкашатон менамоем: «Ҷиноятҳои оила дар шарқи кишвар ва тасарруфи сарватҳои миллӣ (02.09.2020) https://isloh.net/inoyat-oi-oila-dar-shar-i-kishvar-va-tasarrufi-sarvat-oi-mill » , «Бег Сабур дар Ғарм боғ бунёд карданист, ки хатари ҷиддӣ ба сокинони се деҳа дорад 24.07.2021 https://isloh.net/beg-sabur-dar-gharm-bogh-bunyod-kardanist-ki-hatari-jiddi-ba-sokinoni-se-deha-dorad »

Ин  матлабҳоро шумо метавонед ба дунболи қироати ин номаи ташвишангези сокинони Рашт мутолиа кунед ва маълумоти мукаммал дар мавриди қазияи матруҳа ба даст оваред.

Ин кон, дар воқеъ, мисли соири коргоҳу корхонаҷоту ширкату заводҳо дар саросари кишвар аз тарафи як идда аз гурӯҳҳое, ки ба афроди алоҳида дар ҳукумати марказӣ қаробат доранд, чанд соли пеш тасарруф гардид.

Ин корхонаро аз Мурод Хушвақтов, ки бо харҷу заҳмати зиёд гардон ва фоидаовар скарда буд, кашида гирифтанд ва гӯё ба моликияти давлатӣ табдил доданд. Чи гуна ва киҳо кони Кафтархона, ки бо номи ангишти Назарайлоқ машҳур астро   кашида гирифтанд дар ду матлаби радиои Озодӣ дар соли 2019 муфассал дарҷ шудааст, ки линки ин ду матлабро ҳам пешкашатон менамоем:- « Оё камари «Камароб» мешиканад? апрел 26, 2019 https://www.ozodi.org/a/29903700.html» ва  «Додгоҳ сарнавишти «Камароб«-ро ҳал кард май 03, 2019

https:// www. ozodi.org/a/29916869.html ».

Лутфан ҳам мақолаҳои «Ислоҳ.нет» ва ҳам гузоришҳои «Озодӣ»-ро,ки нишониҳояшонро мутазаккир шудем бихонед. Ва хоҳед фаҳмид, ки Мурод Хушвақтов конро кушод, ба кор даровард тамоми боҷу хироҷ ва молиёти давлатро саривақт супорид роҳ кушоду харҷу масрафи миллионҳо долларӣ кард, аммо Кумитаи сармоягузори ва назорати амволи давлатӣ даъво кард ва табъан, ки Додгоҳ тарафи онро гирифт, агарчи дар оғоз бархе аз вазоратҳои Тоҷикистон ошкоро аз соҳибкор Мурод Хушвақтов пуштибонӣ намуда буданд.

Аммо дар пушти қазияи даъвои ин кон Бек Сабур раиси онвақтаи Хадамоти алоқа ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов меистод, новобаста аз даъвову шикоятҳои қонунии Мурод Хушвақтов кони «Кафтархона»-ро Бег Сабур ба тасарруфи худ даровард ва дар ҳаҷми 50 миллион сомонӣ (бо курси соли 2016 ҳисоб кунед, ки 8 миллион доллар мешавад) техника ва таҷҳизоти кории соҳибкорро ҳам ғасб намуд.

Худи Мурод Хушвақтов дар вақти баҳси додгоҳӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки  бо қарори додгоҳ розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард:

«Чӣ хел бо молу мулк ва техникаи мо як корхонаи дигар таъсис дода мешавад? 25 сол фаъолияти мо ба зарари кӣ буд? Сустии кори мо чист? Мо андози давлатро саривақт месупоридем. Дар сохтани мактабу роҳҳо саҳм мегузоштем, дар ободии ноҳия ширкат доштем ва корхонаҳои муҳими кишварро бо ангишт таъмин мекардем». https://www.ozodi.org/a/29916869.html

Хулосаи моҷаро маълум буд, киДодгоҳ баҳсро ба тарафи Бек Сабур тамом мекунад ва Кумитаи сармоягузорӣ ҳам муҷаввизи истихроҷи конро ба ширкати «Ангишти Анзоб», ки амалан аз они Бек Сабур аст дод.

Ба маврид аст инҷо аз як навиштаи пешинаи «Ислоҳ.нет» сархатеро биоварем: «Бег Сабур, вазири алоқаи Тоҷикистон бо мусоидати келинаш Зарина Эмомалӣ Раҳмон, духтари президенти Тоҷикистон кони ангишти Кафтархона, воқеъ дар Камароби ноҳияи Раштро аз дасти саҳмдоронаш бо сӯистифода аз мақому мансаб кашида  гирифтааст. Ин хабарро ба сомонаи Ислоҳ аз деҳаи Камароби ноҳияи Рашт фиристоданд. Гуфта мешавад, соли 1998 ду бародарони соҳибкор Роҳат ва Мурод Хушвақтовҳо бо маблағи шахсии худ то кони Кафтархона роҳ сохта, коркарди ангиштро оғоз намуда будаанд. Ҳамон сол ҳатто литсензияи коркарди ангиштро ба мӯҳлати 10 сол, яъне то охири соли 2017 ба даст меоваранд……

Мутаассифона, ҳамин, ки замони аз кони ангишт фоидаи назаррас ба даст овардан фаро мерасад, муҳлати литсензияи коркарди ангишти Хушвақтовҳо ҳам ба поён мерасад. Соли 2017 дигар ба Хушвақтовҳо муяссар намешавад, ки мӯҳлати литсензияро тамдид кунанд.

Айни ҳол литсензияи коркарди ангишт дар дараи Камаробро Бег Сабур ба даст оварда, Хушвақтовҳоро ба тамом аз кон рондааст. «Конҳои ангишти дараи Камароб аз они Бег Сабур шуд» (02.09.2020 https://isloh.net/kon-oi-angishti-darai-kamarob-az-oni-beg-sabur-shud)»

Бег Сабур ба сари кон одами худашро могд ва урсии роҳбарии онро ба Обид Шарипов дод, яъне ин Обид Шарипов қудои Бек Сабур ва бародари Обид Абубакр шавҳари хоҳари Бек Сабур будааст. Ҳоло дар бораи онки ин Обид ё Обидхӯҷа кӣ аст як маълумоти мухтасаре аз як навиштаи қаблии «Ислоҳ» иқтибос меоварем:

«Салом домулло Муҳаммадиқбол!

Мехоҳам  дар бораи афроди мунофиқсифат, ки шумо низ ӯро хуб мешиносед ба лақаби Шайхи фонӣ номаш Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ ва бародари вай Ҳоҷӣ Обид  маълумот диҳам. Ҳоҷӣ Обид  ҳоло намояндаи Бег Сабур дар Ғарм  аст.

Ман аз ҷамоати Қаланаки Ғарм, аз деҳаи Белгӣ. Инҷо мехоҳам дар бораи шахсе ба ном Ҳоҷӣ Обид, ки раиси кони Камароб аст ва намояндаи Беги Сабур бигӯям. Ҳоҷӣ Обид  кони ангишти Камаробро аз дасти Мурод, ки бисёр заҳмат кашида буд маҷбурӣ кашида гирифт.

Ҳоло гӯр бар сари ин кон. Бо ин ҳама дорандагиву бойигарӣ тамоми чарогоҳи  мардуми деҳаи Шаҳринавро гирифт. Ҷойҳое, ки мардум алаф медаравиданд, онҳоро ҳам тасоҳуб кард.

Ҳоло гӯр бар сари ҷойҳои алафдаравӣ.

Ҳамонҷо кӯҳе аст бо номи Новод. Болои он куҳ дашт дорад. Онҷоро роҳ зада боғе бунёд кардааст. Аммо онҷо об нест. Қариб 10 километр об мебарорад. Аммо ин об барои се деҳаи пойин таҳдиди бузург дорад. Се деҳаи  Шаҳринаву  Каланаку Белгӣ дар маърази хатари нобудӣ қарор мегиранд. Зеро инҷо камтар об ҷаъм шавад, замини инҷо ковок аст ва кӯҳ меканад. Худову ростӣ касе намедонад, ки барои бунёди ин боғ ва овардани 10 километр об дар як тори куҳ чи қадар «расход» мешавад. Боз гуфта истодаанд, ки дар тори он куҳ барои Бег Сабур қаср бунёд мекардаанд». «Ҷиноятҳои оила дар шарқи кишвар ва тасарруфи сарватҳои миллӣ» (02.09.2020) (https://isloh.net/inoyat-oi-oila-dar-shar-i-kishvar-va-tasarrufi-sarvat-oi-mill)

Хуб,ин Обид Шарипов чи кор кард? Обид Шарипов ба тамоми қабоҳат ва ҷиноят даст зад. Зиёд истихроҷ мекард, кам нишон медод, ба мошинҳо кам бор мекард, борхатро зиёд нишон медод, хулоса аз тор мезад, аз пуд мезад. Вале пуштибони дилпур, ки дошт ҳар чи мехост мекард.

Барои онки қазия фаҳмотар ва манзара бозтар шавад як иқтибоси дигарро аз навиштаи пешинаи «Ислоҳ» ногузирем биоварем, чунки ҷойи ҷояш аст: «Директори кони ангишт Ҳоҷӣ Обид ном шахс аз деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанак будааст, он ҷо ӯро дидем. Аз ду  писаронаш, ки дар онҷо буданд, якеаш Содиқ ва дигаре Қорӣ ном гирифта мешуданд. Яктояш дар тарозӯ ва дигарияш дар муҳосибот  кор мекардааст. Бо харидорон бениҳоят муносибати бад доштанд.

Мо ба кон раҳсипор шудем. Ҳамин ки аз баландӣ ба дарёи дараи Дидиҳӣ нигаристам, оби дарё аз боло мусаффову зулол омада, дар наздикии кон  чиркину сиёҳ шудааст. Гӯё, ки аввали баҳор бошаду сели баҳорӣ ё ярч ба дарё афтода бошад. Аз ронанда пурсидам, ба ин оби соф чӣ шудааст, ки ба лойобаи сиёҳ табдил ёфтааст. Ронанда сар ҷунбонду оҳи ғамангезе кашида гуфт, ки ин Ҳоҷӣ Обид барои манфиати шахсии худаш, ҳама хоку ангиштҳои корношоями конро ба об мепартояд, то дар ин наздикиҳо хоку ангиштҳои корношоями зиёд ҷамъ шуда, барояш дарди сар нашаванд.  Ба ин гапи ронанда ҳеҷ боварам намеомад. Аммо, вақте мо ба кон расидем, бо чашмони худ дидам, ки ду экскватор ва ба истилоҳ як погрузчик хокаҳои сиёҳи корношоямро ба дарё мепартоянду болои ангиштҳоро холӣ мекунанд». (https://isloh.net/inoyat-oi-oila-dar-shar-i-kishvar-va-tasarrufi-sarvat-oi-mill)

Ва, аммо ҳамин иқтибоси дигарро ҳам меоварем, ки ин ҳам аз навиштаи пешинаи мост.

«Манбаъ афзудааст, ки вақтҳои охир васиқаи талаву теппа ва дараҳо ба пайвандони президент муд шудааст.

“Ҳар куҷое меравӣ, мегӯянд ин дара истироҳатгоҳи Тахмина, он теппа аз они Озода, ин токзор азони Рустам, он чорбоғ аз они Асадуллоҳ, ваяш азони Муҳибуллоҳ, ин кони тилло аз они Асадулло вай кони ангишт азони Зарина, ин бозор азони ин қудои президент ваяш азони он қудои президент. Магар хеши президент ё фарзанди президент набошӣ ҳақ ба сарвату замини ин миллат надорӣ? Адолат куҷост?»  https://isloh.net/inoyat-oi-oila-dar-shar-i-kishvar-va-tasarrufi-sarvat-oi-mill

Ҳоло, ин Обид, чуноне ба мо маълумот расид, ончунон соҳиби сарвату давлат ва пули ҳангуфт шудааст, ки дар Рашт дар чандин гектар на фақат боғ, ресторан,бардел ва ҳотел сохтаву ҳар шаб ба айшу ишрат машғул аст.

«Шабҳо одамҳоро ҷамъ мекунад ва дискотекаву дамгириву отдих. Ресторан дар сари пули Навободу дар даромади дараи Камароб дискотека рост кардааст, кайфу сафо рақсу бозиву танс. Ҳар бегаҳӣ духтаракои ёшёшқатӣ дамгирӣ аҳволуш. Ҷойи фасодхона рост кардааст. Дар куҷое лоф задааст, ки барои ин ҳама сохтмонҳояш аз се миллион доллар зиёд расход кардагӣ. Гуфтааст, ки Бег Сабуру бачаашу келинаш Зарина инҷо тамошову дамгирӣ омада буданд. Зарина қатӣ хушрӯ дам гирифтам, гуфтааст, гуё зарина гуфта бошад, ки бо бачаи Бег Сабур маҷбурӣ зиндагӣ дорад».

Сақфу арши ҳамаи биноҳояш хеле ҳам баданд. Се чор гектар заминро тасарруф кардааст».

Мо, ҳоло чизе наметавонем бигӯем, ки мақомот, аз ҷумла худи Раҳмонов ба ин муроҷиати мардуми Рашт расидагӣ мекунад ё не? Вале, ба як чиз бовар дорем, ки бо онки ин кон,тибқи маълумоти расмӣ 400 миллион тонна захира дорад ва ангишти он барои арсаи саноат ва коргоҳҳои истеҳсолӣ мувофиқ аст ва аз навъи пурхаридори ангишт мебошад, баъид аст ки Обид Шарифов инҷо дер давом биоварад.

Ҳатман як нафари наздик ба аъзои Оилаи Раҳмонов онро тасоҳуб хоҳад кард, ки Обидхӯҷа дар он гурӯҳ шомил намешавад, ҳамчуноне Исмати дуликро бо Зайнуллои ҷияни Зоир дар фурудгоҳ иваз карданд.

Обид, то инки ба мардум ноинсофӣ ва номардӣ кардан, ривоҷдиҳандаи ахлоқи фосид будан дар фикри ояндаи худаш бошад беҳтар аст.

Агар бихоҳанд баъди нашри ин мақола мегиранду мебарандат пеши Исмати дулик.

Сообщение Кони Назарайлоқро кӣ ғорат мекунад? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №234
Суҳбат ва ҳарфу ҳадис аз «бесоҳибии ноҳия» аз ҳар минтақаи кишвар баланд шуда истодааст. Манзури бесоҳибии ноҳия ин аст ки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ даст ба корҳое зада истодаанд, ки мардум дар ҳайрату тааҷҷуб мемонанд. Гап дар бораи он меравад, ки дар ноҳия ва ҷамоатҳо онҳое, ки масъулиятҳоро бар душ доранд, тамоми мушкилоти худро бо истифода аз зуру таҳдиду фишор овардан болои мардум ҳал карда истодаанд. Ин муаллиф менависад, ки ҳатто табибу омузгор, куҷо расад ба раиси ноҳияву ҷамоат ва милисаву прокурору кгб, то пора нагиранд, аслан ба шумо таваҷҷӯҳ намекунанд. Ин муаллиф як мисоли мушаххас оварда исбот мекунад, ки аз ин кор худи Эмомалӣ Раҳмонов хабардор аст, аммо худро ба нофаҳмид мезанад.

Хуросон

Ассалом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бори аввал аст, ки менависам, хатогие бошад узр. Ташаккур ба Ислоҳ, ки метавонем дарди диламонро гуем. Ман аз ноҳияи Хуросон, истиқоматкунандаи маркази ноҳия ҳастам.

Бовар кунед дар ҷумҳурӣ ин хел бесоҳибтарин ноҳия нест. Намедонам аз куҷояш сар кунам. Аз раису дигар роҳбарияти ноҳия то табибу омузгору муаллиму коргари ҷамоат ҳама порагиру порахуранд. Ман мехоҳам аз беморхона ва табибони фасодкор сар кунам. Боз дар оянда дар бораи дигарҳояш ҳам ҳатман менависам, то мардуми Тоҷикистон ҳама бидоннад, ки дар ноҳияи мо чи гапу хабар аст. Инҷо ҳар кас раис, сардори милиса, сардори амният, прокурор, раиси суд мешавад фақат халқро ғорат ва занҳоро таҷовуз мекунанд, касе чизе гуфта наметавонад. Занҳои мардони муҳоҷир, агар корашон ба инҳо ғалтад, дар дасти инҳо мисли зани худашон мешавад, ин туҳмат ва бофта нест.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон Файззода Ҷурабек  як шахси коррупсионер ва таҷовузгар аст. Аз ҳама кормандони беморхона пул мегирад. Аз бунгоҳҳои тиббии саросари ноҳия, аз ҳамшираҳои шафқат, ки ба кор мондааст, ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо аз 100 то 200 сомонӣ мегирад, чунки «доля» бастааст. «Сума наметӣ, вазифара холӣ кун мега». Ин шахси бадсиришт чандин оилаҳоро низ ҷудо кардааст ва то ҳозира ҳамаро таҷовуз карда гаштааст. Бо пули ҳаром пора пулмаст шудааст. Корпуси зоишгоҳи беморхона бояд ба сармоягузогии давлати Олмон таъмиру навсозӣ карда мешуд. 2 бино месохтанд ва дар тагаш подвал-таҳхона сохта мешуд. Аммо подвал ҳам нашуду биноро ҳам якошёна сохтанд. Худи президент омад дид, аммо шунидем, ки маъқул нашудааст. Чунки пули сармоягузорро бераҳмона ва ноинсофона хурданд. Президент замони ифтитоҳи беморхона омад, дид, настаренияҳояш тамоман гашт. Супориш дод, тафтиш карда ҳамаашро қапиданд. Сардухтурро қапиданд, гуфтем акнун халос шудем. Вале чанде пас пули хубашро гирифтанду озодаш кардану омаду боз корашро давом дод. Бовар кунед, ки ин сардухтур   бисёр ҳам одами бадкирдор аст.

Дигараш бо номи Намозов Азам, ки духтури чашм аст. Ин духтур бисёр зинокори ифлос аст. Бисёриҳо қасами ӯро хурдагинад. Кадом зан ва келинҳои ҷавон фарзандонашонро мебаранд барои муоина вақти ба қайд гирифтан рақамҳои телефонҳояшонро мегираду баъд сар мекунад занг задану гапро тоб доданро ва ба боварашон даромада корашонро мекунад. Чандин оилаҳоро вайрон кард. Ҳар зане ҷавон, ки наздаш меояд мепурсад, ки шавҳараш дар куҷо аст ва агар онҳо «бган Росиядай ида дига Худо дод ,сар мекунад ҳуҷума». Ҳеҷ кас чизеаш намегуяд. Отдел мебаранд, пулро медиҳад ба милисаҳои беномуси ноҳия, ягон нафари онҳо пеши роҳи инро намегирад: на амният ва на милиса. Гуфтааст:  «пула метум, лозим шава зану духтарои милисаву амниятам фалон мекнум».

Аламовараш ҳамин аст ки бечора бародарҳои мо дар ғарибӣ. Албатта, худи ин занҳо ҳам, ки чанд вақт мешавад мардро надидаанд, бештарашон зуд ба домаш меафтанд. Ягон аломат медиҳанд ва тамом. Ва боз ин касиф дар маърака мешинаду мегуяд, ки фалон зан …дод, беҳад кайф кардам. Амнияти ноҳияи Хуросон аз тамоми ин кор бохабар аст.

Ман мехоҳам як чизро қайд кунам. Вақте духтур ва милиция таҷовузкорӣ мекунанд бадтарин хатар болои миллат мешавад. Чунки ин ду бояд тарбиятгари ҷомеа бошанд ва бояд намуна бошанд, ҳарому ҳалолро донанд, на инки касе пешашон рафт таҷовуз кунанду кудаконашон дар берун утоқ ва шавҳаронашон дар ғарибӣ бошнад. 70 фоизи мардҳо дар ғарибианд, онҳо дар кадом ҳолат қарор мегиранд? Ин лаънатиҳо бо мардону занони мо чи кор карда истодаанд?

Имрӯз ҳукумат даъво мекунад, ки мо Оли Сомонем. О, Худо бигирад туро, охир Олӣ Сомон мусулмон ва диндор буданд. Ин Азам Намозов даҳ оиларо вайрон кард. Занҳои шавҳару фарзандорро расво ва аз шавҳаронашон ҷудо кард. Худо занад инҳоро.

Бародар Муҳаммадиқбол, бовар кунед, хун дар танаам бетоқатӣ дорад. Чи хел давом диҳам намедонам.

Гапи дигар инки ҳамаи заминҳоямонро Фароз гирифту писта корид. Ин шо Аллоҳ дар барномаи дигар дар ин бора ва лулаҳои обгузари деҳаи боло ва инки раиси собиқи ноҳия чи хел дуздид, менависам.

Файзобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман барномаи Семейканюсро тамошо кардам. Шумо дар ин барнома гуфтед, ки Оила бизнеси гуштро ҳам тасоҳуб кард. Бизнеси гушт, ҳама намуди гушт, гушти паранда ҳам, тухмро ҳам гирифтагианд. Барои ҳамин дар куҳҳо масалан Айнӣ, Яғноб, Мастчоҳи куҳӣ, тарафи Ховалинг, Муминобод, Сари Хосор ҳамаи ҳамин куҳистони кишварро Рустам гирифта дар онҷойҳо ферма кардагӣ аст. Полний чарогоҳҳоро гирифтагианд. Мардум ба дод омадагианд. Подаҳояшонро ба чаро бурда наметавонанд. Ин кор аз чандин сол аст давом дорад. Дар Данғара як заводи пахта сохтагианд. Бисёриҳо мегуянд, ки аз Хитой аст. Аммо ин гап ин тавр нест, аз худашон аст. Аз худи Эмомалӣ аст. Тамоми пахтаи ҳамон территория аз Данғара, Кулоб, Восеъ, Темурмалик, Фархор ҳамаи ҳамонҷо тракторҳои калони истеҳсоли Хитой мераванд пахтаро мехранд меоваранд дар ҳамин завод месупоранд. Дар ин завод мисли пешина пахтаро қоқу хушк намекунанд. «Прямой медозаш худуш автоматӣ қоқш мекуна, переработкааш мекнад».

Ин фирмае, ки ин корҳоро мекунад номаш «Мармарӣ» аст. Мармарӣ аз Рустам аст.

Як, ду шиносҳои ман дар ноҳияи Рудакӣ фермаи мурғ доштанд. Онҳоро рӯзбарӯз таҳти фишори налогу байториву дигару дигараш карданд. Маҷбур шуданд корро қатъ кунанд.

На фақат гушт, тамоми намуди бизнесро инҳо монополия карда гирифтагианд. Барои ҳамин тамоми нарху наво гарон мешавад.

Дар вақташ дар заводи пахта кор мекардам. Солҳои 2006-07-2008, ба гирифтани бизнеси пахта сар карданд. Ҳамон вақт литри равған севуним сомонӣ буд. Гирифтан замон бизнеси пахтаро байни як ҳафта як литр руған 6уним то 7 сомонӣ боло шуд. Кадом тиҷоратеро, ки ин оилаи Пешво гирифтанд нархро сразу як баробар хезониданд. Ҳамин гуштро ҳам ҳаминҳо намемонанд, ки арзон шавад. Одамҳо мебаранд мекушанд, арзонтар намемонанд, ки бифурӯшанд.

Ҳозир светро надода истодааст. Агар батареяи солнечний хариву дар хона истифода кунӣ, меоянд штраф мекунанд. Мегуянд, ки ҳар моҳ ин қадар сомонӣ бояд налог бисупорӣ. То ҳамина намехоҳанд, ки мардум осуда ва осонтар ва дар рушноӣ  зиндагӣ кунанд.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман як хоҳари шумо ҳастам аз Восеъ. Ҳоло дар ватан ҳастам. Лекин чандин сол дар Маскав кору зиндагӣ кардаам. Ман чи гуфтан мехоҳам? Барномаҳои шуморо ҳам дар Маскав ва ҳам дар Восеъ тамошо мекунам. Дар Маскав, агар ҳамаи муҳоҷирон набошанд ҳам, аммо, бовар кунед 80-90% мардум шуморо тамошо мекунанд. Мо чандин занҳои муҳоҷир пеши худ аҳд кардаем, ки ҳар гоҳе мухолифин ба ватан баргаштанд ва ин ҳукумати золими номардро дафъи муминон карданд бо гулу гулдаста ба пешвози шумоҳо мебароем. Чунки ҳозир фақат шумоҳо ҳастед, ки пушти мардуми камбағал ва пуразоби тоҷик истодаед.

Барномаҳоятон дар бораи Бег Сабурро ҳам тамошо кардам. Аз ҷумла шумо дар бораи мағозаҳои Бег Сабур дар Маскав гуфта будед. Валлоҳӣ қасам, худам дар ҳамон мағоза кор кардаам. Он магазинро Зафар ва Диловар ном ҷиянҳои Бег Сабур пеш мебурданд. Дар подвали буйини намноки заҳзада ва пури чирку пури каламуши он магазин, ки ҳаво намедаромад маҷбурӣ хоб мекардем. Як хурокои нимкола медоанд, ки нимсеру нимгушна мегаштем. Мо ранги ойликро намедидем. Валлоҳӣ қасам, хар ворӣ кор мефармуданамон. Ҳам кори мардҳоро мекардем, бор мефуровардем, ҳам кори занонаро, тоза мекардем, мешустем. Боз як намуд гапе мезаданд, ки гуё мо одам набудем. Мегуфтанд, ки айни хона рафтан шумо ойлик мегиред, расчет мешавед. Ранги талбанда будем, дар он магазин. Ман худам якуним сол кор кардаам. Азоби сагро дар он магазин кашидаам, касалӣ шуда аз онҷо баромадам. То ҳозира 59 ҳазор рубли ман, ки он солҳо қариб ба се ҳазор доллар баробар буд, дар дасти Бег Сабур монд, он пули ҳалоли кор кардаи маро надоданд.

Бовар кунед, ки як инсони беҳад хасису мумсики гушна аст.

Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Мехоҳам аз шаҳри Ваҳдат як хабарро ба шумо расонам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не дар мактаби рақами 3 ба номи Валентина Терешкова талабаҳои аз синфи 7 то 11ҳатто духтарҳои мактабро алкаш кардаанд. Ин бадбахтҳо мактаббачаҳоро ба запахи клей ва бензин омухташон карданд. Талабаҳо аз бозор суперклей мехаранд, буи клейро буй мекашанд ва масту беҳуш мешаванд. Яке аз онҳо ҷияни худам, духтари холаам буд. Ончунон омухташон кардаанд, ки гоҳо аз истеъмоли зиёд ба мурдан ҳам наздик мешаванд.Ҷияни худамро падару модараш қариб аз задана кушта буданаш.

Духтарҳоро бо буйи клей ва бенизин масту беёд мекарданд ва бойбачаҳову сумдорҳо онҳоро аз ақибашон таҷовуз мекардаанд. Шумо, шояд гумон кунед, ки ман афсона гуфта истодаам. Вале ин ҳақиқат аст, ҳақиқати талхи рӯзҳои мо. Ба ман гуфтанд, ки ба ин кор баъзе аз муаллимҳову муаллимаҳо шариканд. Онҳо духтарҳоро ба ин ҳол расонида ба сумдорҳо дода пул мегирифтаанд.
Чанд духтар, толибаҳои мактаби Аҳмади Дониши шаҳри Ваҳдатро бо ҳамин усул бачаҳои калон таҷовуз кардаанд. Айни замон онҳоро мақомот қапидаанд муқобили онҳо делои ҷиноятӣ кушода тафтишоташон давом дорад. Аммо намедонам инки тафтишот идома дорад ё пул гирифта ҷавобашон додаанд. Муҳим ҳаминхел гуфтанл ончи шунидам онро гуфта истодаам.

Ана ин аст натиҷаи фасоду фасодкорӣ ва рӯзгори сиёҳи мардум, бахусус ҷавонҳоро аз таълиму омӯзиши динӣ маҳрум кардани мақомот бо фармони пешвои шайтонашон.

Панҷ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед. Ончики бародарҳо дар бораи Панҷ номаҳо фиристоданду шумо чоп намудед, валлоҳӣ ҳамааш 100% росту дуруст аст.

Талбику бачаҳояш дар ду ҷои хуб кору фаъолият карда истодаанд, бо тамоми қуввае доранд ғорат мекунад. Барои чунин ғоратгариҳояшон Комрони началникамонро дафъ карданд. Дар ҷои вай Эмомӣ панҷии худамон шуд.

Аммо ин Эмоми Гаи аз он пештарааш бадтар кор карда истодааст.

Ман инҷо як гап гуфтаниам.

Муллоимоми мо бо началник милисаи Панҷ мегуфта бошӣ, ки акаву укаанд. Чанде гуӣ кор доранд. Мотосиклҳоро меқапанд. Як бизнес ташкил кардаанд. Як муллоимоми беимон. Через ҳамон ҳазор -дуҳазор сомонӣ мегиранаш аз отдел вале агар нашавад, ҷаримааш панҷ ҳазор сомонӣ мегуяндашон ба соҳибони мотосикл.

Имрӯз як воқеа дар военкомат руй дод. Бояд навдаъватшавандаҳо, ки 40 нафар буданд роҳиашон мекарданд. Аммо чи хеле мекунанд, ки мегурезанд. Ду нафарашро қапиданд, дигарҳояшонро наёфта истодаанд. Аммо падару модарони онҳоро маҳкам кардаанд. Имрӯз дар масҷиди ҷумъахонӣ махсуми Асадулло бисёр таҳдид кард «биёвеншон, ки делои ҷиноӣ мекунаншон, трма мекнан падару модарошона». Охир ҷавон гурезад падару модари онҳоро барои чӣ зиндон кунанд?

Ана ҳамин аст давлатдории ин Раҳмонови модарпурхато. Албатта, роҳи ҳалли ин масъала ҳаст. Масалан муҳлати хизмати ҳарбиро яксола кунад, ҳама бо хоҳиши худаш меравад. Аммо ин корро барои бизнеси худ намекунанд.

Аллоҳ мову шуморо аз зулми ин золимон раҳоӣ бахшад!

Ваҳдат

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи  Садриддин. Аллоҳ шуморо дар паноҳи худ нигаҳбон бошад. Имрӯз мехоҳам дар бораи мактаби ронандагии шаҳри Душанбе, ки дар 9-ум километр воқеъ аст, нависам

Автошколаи 9 -ум на ҷои ронандагӣ, балки ҷои бизнеси муаллимҳо шудааст. Дар инҷо порагирӣ ба авҷи аъло расидааст. Дар ҳолати супоридани экзамен менишинӣ, пулро медиҳӣ, ҳамаашро муаллимон мегуянд ва ронанда танҳо рақамҳоро меҷуқаду халос.

Аз муаллимоне, ки рондани мошинро меомузонанд нагуем ҳам мешавад, дар барат менишинад, вай меронад, ту бошӣ чорзону карда мешинӣ, вақт буд мешавад, тамом мефароӣ. Меоиву якчанд рӯз баъд, ҳуҷҷати ронандагиро мегирӣ. Ба валлоҳ қасам, хеч кас парво надорад, ки ин ронда наметавонад, оқибат чи мешавад. Ҳеҷ кас саволе пеши худ намемонад, баъд натиҷаашро мо мебинем, ки чи қадар садамаҳо руй медиҳанду инсонҳои бегуноҳ мемиранд

Дар ватан ягон ҷое намондааст, ки корат бе пул ҳал шавад. Ҳамаҷо пулу порагирӣ. Ҳамин ҷои экзаменсупорӣ барои гирифтани сертификати забони русӣ, барои бахилаке, ки мепушӣ 3 сомонӣ аз ту мегиранд, ки охир ин як бахилаки салафанӣ аст, чаро бояд се сомонӣ бошад? Охир дар Русия медароӣ латагияш бе пул мондагӣ аст. Дар мо бошад дар тамоми беморхонаву дар ҳама ҷо барои ин бахилак пул мегиранд.

Тамоми мардум то пои ҷон аз Эмомтапак безор шудаанд, аммо тарс доранд. Ҳукумати Раҳмонов дар болои тарси мардум рост истодааст. Ҷигарам месузад барои ватанам. Дар ин сини ҷавониам гоҳо гиря карда дуъо мекунам дар намозҳоям, ки ё Аллоҳ Тоҷикистони моро аз чанголи Эмомтапаки золиму қотил  наҷот бидеҳ.

Ин режимро зудтар аз сари қудрат дафъ кун. Ҳамон сухани бародар Суҳроб Зафарро мегуям, ки «ма дар гур ором хов намерам, то и режим ай байн наравад».

Устод, ин навиштаҳо як қатрае аз баҳри дарди дили ман аст. Дар оянда боз менависам. Аммо ҳоло илтимос ин навиштаамро чоп кунед.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд вақт шуд, ки наменавиштам. Аммо боз қалам ба даст гирифтам. Маълум аст ки на номамро ва на ҷойи корамро ифшо намекунам. Шумо ҳам табъан, ки намепурсед чун хуб мешиносед маро. Ҳоло чи гуфтаниям?

Як ҳафта шуд, ки конкретно чистка рафта истодааст. Дар тамоми ҷумҳурӣ. Аз чандин минтақаҳо нафарони зиёдро дастгир карда оварда истодаанд.

Баъзеҳо мегуянд, ки ин як роҳи мардумтарсонист.

Баъзеҳо мегуянд, ки ин корҳои СС. Ятимов аст, ки бояд вай ва Ҷеки Чан-Рамазон Раҳимзодаро моҳҳои май аз кор гиранд, барои ҳамин боз авантюраи навбатӣ карда истодааст.

Ин гуна бенизомӣ ва бесоҳибӣ дар ҳиҷ давру замон дар Тоҷикистон набуд. Ҳама зур. Ягон кас ба ягон кас гардан намедиҳад. Мақсад — нафарони мансабдор. Чунки ҳамааш вазифаҳоро бо маблағҳои калон через наздикони Раҳмонов харидаанд.

Мисоли одӣ Шаҳбоз Раҷабзода, ки Раҳмонов ӯро дар назди ҳама шарманда кард, аммо ҳозир гапзану корбудкун-посредники байни оила ва мансабталабу корафтодаҳо. Мардум пешаш мераванд любой касро наказат мекунаду любой корро буд мекунад. Шаҳбоз Раҷабзода дар чанд ҷо гуфтааст, ки «к@ри хуб қанатай. Озодара я видеозвонок мекнм танаша лич када нишонш метум,тамом,бева ҳуй мета,любой кор буд».

Ва, як маълумоти дигар:

Сардори раёсати мубориза бо терроризми КДАМ  бо такя ба маълумотҳои ҷамъ кардааш гуфтаст, ки он намоишҳое, ки байни мухолифҳо дар хориҷ мегузарад, як спектакл беш нест. Гуё ба ном ивази роҳбари ҲНИТ ва монанди ин, ин ҳама танҳо барои нишон додани он аст ки дар ин 10 соле, ки онҳо дар хориҷанд, гуё нақшаҳое доранд. Аммо ҳеҷ чизе нест ва ҳеҷ чизе на аз дасташон меояду на метавонанд кардан…

Аллакай базеҳояшро саволҳое, ки «о дар ин 10 сол чи тавонистем кардану боз чанди дигар бояд сабр кард, парешон карда истодааст». Он нафароне аз мухолифҳо, ки каме тасаввур ва идрок доранд, мушоҳида намуда истодаанд, ки вазъи молиявии танҳо Кабирӣ рушд карда истодаасту аммо ҳаракатҳои лозима нест.

Гуё ду маротиба писари шумо, ростӣ нафаҳмидем кадомаш, берун аз Фаронса бо резиденти мақомот (писаратон намедонист ва то ҳол намедонад, ки он нафар резидент буд) дар кадом ҷое шиштаанд. Ҳамон замон он резидент бо КДАМ алоқа намуда ҳаракатҳои дальнейширо пурсидааст, ки агар иҷозат бошад ман сари инро аз танаш ҷудо кунам. Аҷиб, аммо аз КДАМ иҷозат нашудаасту гуфтаанд, ки фақат назорат кунед. Аллоҳ меҳрубон аст,раҳм кардааст. Алҳамдулиллоҳ.

Тибқи маълумотҳо бояд дар ҳамин ду -се моҳ чи тағйироте, яъне амалҳои ғайримунтазирае анҷом шаванд (шояд дар дохил, шояд дар берун- дар байни шумоҳо), ки решающий бошад. Аллоҳ боз хубтар медонад.

Раҳмонов ва мақомот сахт хавотир буданд, ки шумо дар давраи интихобот табаддулоте анҷом медиҳед. Бовар кунед самолёташ, тайёр дар ҳолати старт,истодагӣ буд..Мардум ҳам интизори як толчоканд, ҳатман мехезанд.

Ҳозира вазъият дар дохили кишвар як хаоси сиёсиро мемонад. Мақомот конкретӣ мехоҳад,  ки дар минтақаи Рашт, Ваҳдату Файзобод нооромиҳоеро ташкил кунанд ва бо ин боз диққат ва хаёли мардумро ба ин ҷалб намоянд. Ин ҳама танҳо ва танҳо барои овардани Рустам аст, ки ягон қуввае саволҳои зиёдатӣ надиҳанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №234 появились сначала на ISLOH.net.

Кӣ ва чаро Искандари Хатлониро террор кард?
Имрӯз дар Душанбе, пойтахти ватанамон аз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил ба амал меоваранд ва ҷаласа доир мешаваду ҷоизаву инъомҳо медиҳанд. Вале, яқин аст ки аз ҳамкасбони зиндониашон ёдовар намешаванд. Ва, аз онҳое ҳам, ки ёдоварӣ аз онҳо ҳам қарзу ҳам масъулияти касбиашон аст, ба мисли Искандари Хатлонӣ, ки 25 соли қабл дар Маскав ҳадафи террор қарор гирифт, гумон аст ки зикри ном кунанд.

Мо ғурбату мусофирату муборизаро ба ҷон харидем, то бо ифшои ин гуна ҳақиқатҳо чеҳраи воқеии ин режими зиддимардумиро намоёнтар кунем.

Дебочаи матлаб

Баъд аз 25 сол, чаҳоряк аср асрори куштори даҳшатовари журналист ва шоири хушном дар қаламрави форсӣ-Искандари Хатлонӣ аз забони як нафаре, ки он солҳо дар Маскав кору зиндагӣ мекард, ошкор мешавад.

То кунун асрори ин фоҷеа ба мисли кургиреҳ ва номаи сарбамуҳр боз нашуда боқӣ монда буд. Тафтишоти Русия аслан ҳеҷ коре накард, балки эътино ва эътибор надод, ки Искандари Хатлонӣ чи шахсияте буд ва чаро ҳадафи як чунин террори ваҳшиёна қарор гирифт. Барои онҳо ҳамин кофӣ буд, ки Искандар дар як расонаи амрикоӣ кор мекард ва гуфтанд, ки «Прокуратурой Москвы возбуждено уголовное дело. Основная версия — профессиональная деятельность журналиста. Пока следствие не дало никаких результатов».

На танҳо он вақт, ҳамин ҳоло ҳам, ки ин ҳама сол аз он фоҷиа мегузарад: «никаких результатов»

Аммо, ҳақиқат дер ё зуд рӯ мезанад. Рӯ задани ҳақиқат аст ки умри кизбу дуруғ кутоҳ мешавад. Беҷиҳат умри дуруғ кутоҳ ва ростиро заволе нест намегуянд. Искандарро бо табар куштанд. Аммо киҳо ва чаро куштанд? Барои онки то посухи ин саволҳо пеш биравем, месазад дар ибтидо дар бораи худи Искандар бигуем.

Искандари Хатлонӣ кӣ буд?

Замоне Искандари Хатлонӣ кушта шуд, ки дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Маскав фаъолият мекард. Гузоришу хабару маводи таҳлилӣ, ки аз Искандар нашру пахш мешуд, аз руйдодҳои Тоҷикистони ҷангзада, аз раванди сулҳи тоҷикон, аз татбиқи банду модаҳои муоҳадаи сулҳ, аз вазъу ҳоли мардуми бенаво ва бедодии ҳукумату боевикҳову сарвайронҳо ва аз террору куштори шахсиятҳо ҳикоят мекарданд. Тасвиру бозтоби ин ҳавлу ҳол дар расонаи ҷаҳонӣ, табъан, ки ба завқу табъи сардамдорони режим хуш намеомад. Зеро онҳо мавриди мазаммат ва интиқоди навиштаҳои Искандар қарор мегирифтанд.

Искандари Хатлонӣ аз зумраи равшанфикроне буд, ки аз рӯзҳои аввали омадан ба арсаи адабиёту журналистика дили бедор дошт ва бо низоми ҳокими худкома руҳан мухолиф буд. Вай як зиёии бедор ва ҳамсангари мардуми бедор ва ҳамроҳи ислоҳотхоҳони ватан буд.

Чи дар солҳое, ки дар ВВС ва чи дар солҳое, ки дар «Озодӣ» кор кардааст, ҳамин руҳия ва ҳамин масирро идома додааст. Ва дар навиштаҳояш режими имрӯзаро  ба таври ҷиддӣ мезаду мекуфт. То замони сокит кардани садояш дар сентябри соли 2000 кораш ҳамин тавр пеш мерафт.

Искандари Хатлонӣ ҳамчуноне тазаккур додем яке аз мухолифони низоми пусида ва тоталитарии комунистӣ буд. Ҳеҷ гоҳ чунин мавқеъу мавзеъи худро пинҳон намекард ва табиист, ки зоидаву сохтаи ин низом- Фронти халқӣ ва дастнишондаи вай- Раҳмоновро чашми дид ва руи хуш надошт. Қабул накарда буд ва намекард. Мисли бархеҳо гирифтори дарди маҳал набуд ва аз онки ҳамшаҳриҳояш қудратро гирифта буданд, хушнуд набуд, чун кулобиҳое ҳукуматро гирифта буданд, ки бадтар аз хуҷандиҳои вобаставу бардаи Кремлин буданд. Вай на аз он ҷиҳат, ки ҳукумат дар дасти хоҷагони хуҷандӣ, онгуна, ки бархе дардашон ва азобашон ҳамин буд, аз он ҷиҳат, ки фарҳангу оину ахлоқу сиёсату давлати бегона болои ин миллат ва ин мардум омада буд, нороҳат буд. Вай аз онки тамоми масофу муборизаи пинҳону ошкорои зиёиёну огаҳони миллат бар боди фано рафт ва ҳукумат боз аз тарафи Кремл мудирият мешавад, шадидан норозӣ буд. Искандар дар шумори маъдуд рушанфикроне буд, ки миллат, давлат ва ватанро аз бунёду реша ва яклухт дӯст медошт. Он тарафи ағба ва ин тарафи ағба, тоҷикони асил ва муғулҳо намегуфт. 100дар 100зидди Раҳмонов буд. Чун ин ҳукумати арусак ва лухтакро дар шароите, ки ҳама ҷамоҳири ҷудошуда аз Кремл, масалан Қирғизистон, масалан Гурҷистон масалан Озарбойҷон, масалан Туркманистон дар талоши тай кардани роҳу равиши худ буданд, батамом ва билкулл бар итоат ва қабзаи Маскав қарор дошт, наметавонист таҳаммул кунад.

Онҳое омада буданд, ки дар айни соҳиби давлату ватани мустақил шудани дигарҳо ба «рублевий зона» даромаданд, сарҳадоти кишварро ба марзбонони русӣ ва амнияти давлатро бо пойгоҳи 201 доданд ва бадтар аз инҳо бо дасти ҳамин неруҳо ва ба рағми барномаву нақшаву ниятҳои неруҳои озодихоҳу миллӣ ва мардумии навзуҳур ними Кулобу ними Ғарму кулли Помиру ними Хуҷанду Ҳисорро душман хонданд ва онҳоро ночор ба тарки ватан карданд.

Онҳое фирориву овора шуданд, ки ҳамаашон дӯстону рафиқону ҳамнишинону ҳамандешон, хулоса ҳамраҳони ҷисмониву руҳонии Искандар буданд.

Искандари Хатлонӣ дар августи соли 2000 дар Маскав маҳфили гиромидошт ё шаби ёдбуди Лоиқро ташкил кард. Лоиқе, ки бо омадани ҳукумати дастнишондаи русҳо тарки Душанбе кард. Муъмин Қаноат гуреза шуд, Тоҳири Абдуҷаббор гуреза шуд. Гулрухсор кам монда буд, ки бо дастони афроде аз хайли лангариҳо кушта бишавад, Бозорро ин ҳукумат «турма» кард, хуллас, Искандар ҳамроҳ бо ҳамин гурӯҳи афрод ва бо неруҳои таҷаддуд ва ислоҳотхоҳи миллат буд.

Искандар дар ташкили созмони «Ру ба ру» ва дар ташкили ҳаракати мардумии «Растохез» аз пештозону пешгомон буд. Ин созмону ин ҳаракатҳоро ҳукумати вақт ва Раҳмонову режими вай хуш надоштанд ва то ба ҳоло хуш надоранд. Чунки инҳо демократия ва озодӣ мехостанд.

Искандар бо он таҷрибаи сиёсӣ, ки дар Афғонистон ҳосил карда буд (мушовири тарҷумони раиси ҷумҳури Афғонистон ва устоди донишгоҳ дар Кобул) шинохти амиқ ва бештар аз ҳодисот ва паёмади он дошт ва медонист, ки бо дигарбора дар асорати Кремлин бурдани давлату миллат ҳама ормону нақшаҳои бунёди давлати мустақилу миллиро аз байн мебаранд. Барои ҳамин Искандар бо ин ҳукумати ҳамшаҳриҳояш проблема дошт, проблемаи бисёр ҳам сангину хатарнок, барои ҳамин Искандар бадашон медид, барои ҳамин Искандарро куштанд…

Ҳодисаи қатли Искандар

Искандари Хатлонӣ 20 сентябри соли 2000, баъди як моҳи баргузории шаби ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ ва дар соли аввали ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишастани Владимир Путин дар манзили зисташ бо шеваи қуруни вустоӣ ба қатл расонида шуд. Аксарияти хабаргузориҳои русӣ он замон навишта буданд, ки «Искандар Хатлони был убит 20 сентября 2000 года в Москве  в результате нападения неустановленного лица». Ва навишта буданд, ки «случайные прохожие обнаружили истекающего кровью журналиста на Онежской улице около дома номер 2, где он снимал квартиру. Машина «скорой помощи» доставила И. Хатлони в Боткинскую больницу, где 20 сентября 2000 г, несмотря на все усилия врачей, он скончался от тяжелой черепно-мозговой травмы».

Прокуратураи Маскав ангеза ва сабаби куштори Искандари Хатлониро    «профессиональная деятельность» донист. Аммо тафтишотро ба охир нарасонд, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст. Агар Маскав мехост қазияро ошкор мекард, вале чи сабабе шуд ва ё чи авомиле сар зад, ки тафтишот муаллақ гузошта шуд?

Мо, пештар гуфтем, ки навиштаҳои Искандар барои режими Душанбе ташвишовар, нороҳаткунанда ва нофорам буд.

«Профессиональная деятельность»-фаъолияти касбӣ арзёбӣ кардани мотиви куштор аз тарафи додситонии Маскав беҷиҳат нест. Вале, додситонии Маскав нагуфт, ки ин фаъолияти касбӣ киро нороҳату безобита ва ошуфтаву ноором  кард, ки дар қасди ҷони вай баромад?

Ин версия дар оғози ифтитоҳи кори ҷиноӣ, ки ҳануз ба тафтишот таъсире аз берун ва дарун нашуда буд, садо дода буд, вале баъдан ин масъаларо ҳам покиза фаромуш карданд.

Ҷузъиёти қатли ваҳшиёнаи Искандари Хатлонӣ

Ва ҳоло ҳикояти асрори ҳодисаи қатли ваҳшатноки Искандари Хатлонӣ, ки баъди биступанҷ сол аз забони як нафар, ки ҳам бо Искандар наздикӣ ва ҳам бо қотилони вай ошноӣ доштро бароятон пешкаш мекунем.

Вай гуфт, ки баробар бо расидани хабар бо суръати ҳарчи тамом худро ба маҳалли зисти Искандар расонд.

Онҷо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, милиса, ФСБ ва прокуратура коргарони зиёд омада буданд. Вориди манзили иҷораи Искандар мешавад. Даруни лифт хун, деворҳои даруну беруни долон-коридор ва ошхона пур аз хун. Пайи панҷаҳои хунолуди Искандар дар даруни лифт ва девори дари хона нақш баста буд.

Ҷангҷол дар даруни ошхона сурат мегирад. Маълум набуд, ки кадом хархашае буд ё не, аммо аз онки лаккаҳои хун дар фарши ошхона ва болои мизи ғизо ҳам шах шуда буд, тафтишот ҳамин тавр натиҷа мегирад.

Искандар аз дар, аз пушти онҳо мебарояд ва ё мехост, ки зуд ба духтурхона биравад, аммо дар даруни лифт аз мадор меравад, чун хуни зиёд рехта буд ва дигар аз онҷо барнамехезад, ҷон аз қолибаш тиҳӣ мешавад. Дигар Искандар тавони ба хиёбон ва ҳатто саҳни ҳавлӣ баромаданро аз даст дода буд. Вай дар лифт ҷон бохт ва мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки баъди дарёфти хабар ӯро ба бемористони Боткино мерасонад, фақат вазифаашро иҷро карда буд.

Тафтишот мегуяд, ки ин кор кори дасти тоҷикҳо, балки ҳамшаҳриҳои худи Искандар аст.

Ба таъйиди тафтишот Искандар қотил ва ё қотилони худро мешинохтааст ва онҳоро худаш вориди манзили зисташ мекунад. Ҳатто тафтишот ин эҳтимолро ҳам рад намекунад, ки онҳо ё бо даъвати Искандар омадаанд ва ё инки худашон пешакӣ Искандарро огоҳ кардаанд, ки ба назди вай меоянд.

Онҳо дар матбах мешинанд. Матбах танг ва онҷо панҷ –шаш стул ва як столи пур аз хуроку хурданиҳо. Дар кухни нишаста будаанд. Аз руи зарфу ҳолати болои мизи таом панҷ-шаш нафар буданд, мумкин чор нафар.

Аммо ин хурокҳоро мисле, ки бо ҳам омода кардаанд. Қотилон ва худи Искандар.

Ҳодисаи куштор баъди сарфи таом ва нишастану хурдан ба амал омадааст. Искандарро дар охирин лаҳзаҳо вақти баромадан аз хона мезананд.

Як нафар аз онҳое, ки ҷасадро муоинаи криминалӣ мекард, гуфт, ки чунин шеваи куштор хоси рус ва ё урупоӣ, ҳатто агар он киллер ҳам бошанд, нест. Ин куштор аз як тараф бисёр ваҳшиёна аст, аз тарафи дигар киллер ин тавр фурҷаи зиёд надорад, як тир мезанаду халос мешавад, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, инҷо ин корро онҳое кардагианд, ки аз ҳайвони дарранда ҳам бадтаранд, чунки бо табар зада -зада куштаанд, бо табари ошхона-кухонний тапор. Ва, ин корро ба ҷуз аз тоҷикҳо ва он ҳам тоҷике, ки қабл аз ин ҳам бо корду табар одам куштааст, каси дигар намекунад:

«Ва ба гуфти худашон «а…т» карданд. Ин тарзи кушторро гуфтанд ягон урупоӣ ё рус намекунад. Ин корро қатъан, исключително «азият –осиёӣ» тоҷик кардагӣ аст. Ягон урус ё урупоӣ одамро бо ин бераҳмӣ- табаршап намекунад, ин тавр намекушад. Ва агар мекушт як тир дар пешониаш мезад. Туфанги бесадо пур ва дастрас буд. Ин корро тоҷикҳои худатон кардагианд.

Ва, далели дигар ин аст ки онҳо шиносҳои худи мақтуланд, ба ҳайси меҳмон нишастаанд. Чунки дастурхони орододаи болои миз баёнгари ҳол аст.

Дару тирезаҳои манзил ва аз ҷумла ошхона ҳамааш дар ҷояш. Нишонаи ҳарбу зарбу ҷангу пархош нест. Муқовимат ҳам нест.

Безпошадно-бисёр ҳам ваҳшиёна ва ба таври ҷаллодона, нафаре, ки таҷриба дорад, дасташ намеларзад, хато намекунад, куштаанд. Чашмаш ҳам психический омода аст. Куштани инсон ба ин шаклу шева бисёр ҳам сахт аст. «Дар сараш се табар задаанд». Худатон қазоват кунед дигар.

Ин ноҷавонмардони аҷиршуда нону намакашро хурданд, аз сари дастурхонаш баланд шуданд ва бо он табарчае, ки чанд соат пеш гушт реза карда ва пухтаву хурда буданд, бар фарқи сараш заданд.

Искандарро кӣ кушт?

Нафаре, ки ин ҳикоятро нақл кард, бо итминон мегуяд, ки паси ин кор нафарони раддаи аввали ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд ва иҷрои ин корро ба души Бахтиёр Лангариев онҳо вогузор карда буданд, ки он шабурӯзҳо дар Маскав ба сар мебурд.

Искандари Хатлонӣ бо Бег Сабур рафтуомад дошт. Искандар Лангариевҳоро, ба эҳтимоли зиёд дар ватан мешинохт. Бо онҳо равуо дошт ё не, барои мо номаълум боқӣ мемонад. Аммо як вақт, дар яке аз магазинҳои Бег Сабур дар Маскав бо онҳо рубару мешавад. Лангариев ва ҳамроҳонаш як рӯз тарафи бегаҳ меоянд ба магазини Бег Сабур ва ҷангҷол ба роҳ меандозан, чун кадоме аз шарикони бизнеси Бег, ки бо Искандар низ дустӣ доштаву аз як вилоят будаанд онҳоро аҷир карда будааст. Ду яхдони шишагии «продуктовий»-ро, ки дар раста-витрина насб ва ҷогузорӣ шуда буд зада шикастанд. Худи Бег Сабурро ҳам хеле сахт шатакаш кардаву гушмолаш доданд. Бег Сабур онҷо ҳиҷ даст барнадошт, муқобилият ҳам накард.

Аммо Бег Сабур ба яке аз наздиконаш мегуяд, ки «инҳо барои ҳукумат кор карда истодаанд ва корҳои бадтаре дар инҷо хоҳанд кард».

Бинобар як маълумот он солҳо Бахтиёр дар кадом омузишгоҳ ва ё Академияи низомии Русия барои таҳсил омада будааст. Он вақтҳо чунин овозаҳое низ паҳн шуда буд, ки гуё Бахтиёр Лангариев бо ҳукумат кадом проблемае кардаасту аз Тоҷикистон баромадааст.

Ба дасти Искандари Хатлонӣ баъзе асноде расида будааст, ки барои Раҳмонов бисёр ҳам хатарнок ба ҳисоб мерафтанд. Гуё дар бораи қатли шахсиятҳо-Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Муҳаммад Осимӣ. Гап дар он бора будааст, ки кадоме аз  Лангариевҳо дар яке аз ин ҳаводис шариканд.

Гуфта мешавад, ки ин хабар тавассути Бег Сабур ба ҳукумат расида будааст, ки Искандар ҳамчунин асноде дар ихтиёр дорад ва ин аснод тавассути кадоме аз кормандони дар ҳамон замон баландпояи Прокуратураи генералӣ расида будааст.

Искандар, гуиё барои ин аснод, ки дар садади ошкор кардани онҳо будааст, боз аз бархе аз одамҳо маълумот ҷамъоварӣ мекардааст, ки Бег бохабар ва ба ҳукумат хабар медиҳад.

Он замон Искандар роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Ичкерия-Чеченистон низ ба кадом гуруҳҳои ҳуқуқибашарӣ кор мекардааст, дар кадом проект.

Тафтишот ба магазинҳои Бег Сабур омада бо чанд нафар аз кормандони онҳо саволу ҷавоб карда буд. Бархеашонро даъват намуда ба прокуратура мебаранд.

Нафаре, ки ҳикоят кард гуфт, ки дар ҳамон шабурӯзҳо Лангарӣ ва одамонаш дар Маскав мезистанд. Ба ҷуз аз Лангариевҳо ва чанд нафари ҳамроҳонаш он вақт дар Маскав аз гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ ҳузур надошт.

Ҳайратовар инҷост, ки баъди бозгашт аз Маскав Бахтиёр Лангариев яку якбора повишений меравад ва дигар барои онҳо дар Тоҷикистон зеленний светофор мешавад.  Ва ӯ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохила таъин мешавад.

Ва, аммо Бахтиёр Лангариев на фақат дар он соли куштори Искандари Хатлонӣ бо Раҳмонов муносибати нохуш дошт. Вай соли 2008, вақте хонаи падариаш дар Кулоб бо штурм гирифта ва бародараш Суҳроб Лангариев дастгир ва сипас барои ҳабси абад равона ба зиндон шуд, фирор карда буд. Суҳроб Лангариев домоди Сангак Сафаров буд. Баъдтар ин сарусадоҳо ҳам, паҳн ва баланд шуда буд, ки Бахтиёр Лангариев бо марҳум Умаралӣ Қувватов ва «Гуруҳи24»-и вай, ки сарнагунии ҳукумати Раҳмоновро ҳадафи худ эълон карда буд, пайвастааст. Аз инҷо буд, ки Бахтиёр Лангариевро соли 2015, баъди 7соли гурезагӣ ва бедаракӣ ба Тоҷикистон оварданд. Дурусттараш ӯро баъди музокироти тулонӣ бо дастури Раҳмонов оварданд. Чунки Раҳмонов аз ҳамроҳшавии Лангариев бо Гуруҳи 24 сахт тарсида буд. Бар изофа Раҳмонов ҳамон сол, аллакай нақшаи аз байн бурдани ҲНИТро руи даст дошт ва аз бими онки Лангариевҳо мабодо бо ҲНИТ напайвандад ӯро боз ҳам аз Русия овард. Марҳум Умаралӣ Қувватов дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд,ки ӯ бо Бахтиёр Лагариев суҳбат дошта аст вале ӯ узви ин гурӯҳ набудааст. Ин мталаб дар Тоҷ.нюс соли 2015 нашр шуда буд.

Ваъда ин буд, ки замминистри мудофиа мешавад. Вале баъди ду ё се моҳи овардани Бахтиёр ӯро сардори Раёсати ташкилӣ ва омодагии ҳарбӣ дар вазорати мудофиа таъин мекунанд. Мақомеро, ки то омадани вай бародараш Файзалӣ дар он ифои вазифа мекард.

Бинобар таъйиди ин нафар, ки ҳикояти ҷонсузи куштори Искандари Хатлониро кард, Бахтиёр хеле аз фармоишҳои махфӣ ва бисёр ҳам мудҳиши Раҳмоновро иҷро кардааст ва асрор зиёди ӯро медонад.

Ин нафар мегуяд, ки барои он болои ҳодисаи қатли Искандар сарпуш гузошта шуд, ки Искандар аз тараф бесоҳибӣ карда шуд, идорае, ки дар он кор мекард, радиои «Озодӣ» ҷиддан аз пайи тафтишот нашуд, аз тарафи дигар ҳукумати Тоҷикистон тамоми талошашро кард, ки парванда аз ҳаракат биуфтад.

Нафаре, ки ин ҳама маълумотро дар ихтиёри «Ислоҳ» қарор дод, ҳарфҳои дигаре ҳам зад. Гуфт шумо аз ин минбар ба чанд нафар муроҷиат намоед, аз ҷумла ба Саидамир Зуҳуров, ба Хайриддин Абдураҳимов, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, чунки онҳо аз аксарияти қатлу кушторҳои он солҳо огоҳанд ва медонанд, ки дастурро кӣ доду кӣ ба иҷро расонд. Агар метарсанд ва ошкоро гуфта наметавонанд ҷиноятҳо ва қталҳои занҷиравии анҷомдодаи ӯро ба шакле сабт кунанду гузоранд ва ё ҷузъиёти он қатлҳоро навишта ҳар касе ӯро бовар мекунанду эътимод доранд диҳанд, то рӯзи «Х» ошкор шавад.

Ҳоло инҳо бубинанд, ки худашон дар чи вазъу ҳоланду Раҳмонову баччаҳову духтарҳову домодҳояш дар чи вазъу ҳоланд?

Аз ҳама шаковару ҳайратовар ин буд, ки давлати Тоҷикистон ҳеҷ даъвову талоше накард. На гурӯҳи корие ташкил кард ва на аз пайи тафтишу пурсиш шуд. Шаҳрванди вай, нафари одӣ не, хабарнигори як расонаи байналмилалӣ кушта шуд, кадом вокуниш накард. Бисёр ҳам шубҳавоар буд. Хомуш истод. Ҳеҷ расонаи расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфт. Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳатто суроғ накард.

Ва, чуноне гуфтем, барои ошкор нашудани қатли Искандар ва ҷиноятҳои занҷираии дигари Раҳмонов Лангариев, ки гуё бо ҳукумат мушкил дошт баргашт ба Душанбе ва вазифаи калон дар ВКД гирифт. Албатта мо рӯйи ин қазия кор хоҳем кард, то ҳақиқат ошкор гардад вале ҳар нафаре дар ин қазия чизе медонад ба «Ислоҳ» нависед,то ин ҷиноят пӯшида ва нокушода намонад.

Сообщение Кӣ ва чаро Искандари Хатлониро террор кард? появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news№14
Ин нашри маҷаллаи «Семейканюс» ҳам аз кору зиндагии дар паси пардаи Раҳмонов ва аҳли байту домодҳои бешумори вай ривояту ҳикоят мекунад. Ин бор «қаҳрамон»-и ин  шумора Зоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов мебошад. Дуруст аст ки дар бораи Зоир на як бору ду бор ва на танҳо мо навиштаем. Зоирро ба унвони яке аз бойтарин домодҳои сарватманди Раҳмонов мешиносем, ки даҳҳо ширкату корхонаҳоро ғасбу тасарруф кардааст.

Масалан осоишгоҳҳои машҳуру маъруфу пурдаромади Зумрату Шоҳамбарӣ, бозори калони Қурғонтеппа бо номи Ҳоҷӣ Шариф аз они ӯст. Вай боз тамоми молу маҳсулот, умуман содироту воридоти марзи Чин ва Афғонистонро комилан контрол ва назорат мекунад ва чандин навъи дигари бизнес дорад. Ҳамчунин мо дар мудирияти тиҷорату қочоқи  наркотик, кришавати ҷинояткорон мансабфурӯшӣ дасти тамом доштани Зоир аслан шубҳа надорему дар ин бораҳо ҳам навишта будем.

Аммо ин бор дар шарҳи ҳол ва фаъолияти кории вай боз як маълумоти дигар ба дасти мо расид. Маълум шуд, ки Зоир «серий кардинал» аст. Ва ба таври ғайрирасмӣ аммо амалан Раҳмонов ва хонаводаи вайро контрол мекунад. Метавон ӯро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила-«Семейка» унвон кард. Кореро, ки Озода дар ҳукумат дорад, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, Зоир дар Оила иҷро мекардааст.

Маҷалларо бо хабарҳои гуногӯн аз «Семейка» шуруъ мекунем:

Ахбори «Семейка»

Баъд аз сарнагунии Башор Асад Раҳмонов чораҳо барои амнияти худ ва махсусан роҳ барои фирор ва воситаҳои фирорашро бисёр ҳам сахт карда истодааст.

Манбаи мувассақ ва муътамад гуфт, ки охраннаи самолёти хусусии Раҳмонов, ҳамон самолёти 92 миллион долларӣ ташдид карда шудааст. Муҳофизати самолётро пурра ба ихтиёри «охранна»-и худаш супоридааст ва аз охирҳои декабри соли гузашта онро телехҳои полний до зубов вооруженнийи худаш посбонӣ карда истодаанд. Вай ба амнияти фурудгоҳ бовар накарда онҳоро аз муҳофизати ин ҳавопаймо дур карда будааст. Вақте ба назорат ва муҳофизати амнияти фурудгоҳ буд, охранникҳо мусаллаҳ набуданд. Аммо ҳоло пурра вооруженниянд. Руву сари онҳо пушида аст. Ба онҳо на Исмати дулик, сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздик шуда метавонад, на каси дигар. Дар таги самолёт то дандон мусаллаҳанд.

Албатта, ҳавопаймоҳои Боинги «Сомонайр» ҳам аз они худашон аст. Вале ин ҳавопаймо шахсии худи Раҳмонов аст. Ин самолетро барои сафарҳои хориҷиаш истифода мекунад. Барои сафарҳои дохилиаш самолетҳои Сомонайрро истифода мебарад. Агар Хуҷанд равад скамейкаҳои Боинги «Сомонайр»-ро перекидка мекунанд, яъне салони онро переделка мекунанд, то бо ишкамбаи калони вай мишат накунаду орому бо ҳузур чанд дақиқа парвоз кунад.

Семейкаро «Истеъфо Раҳмонов» девона кардааст

Вақте хабарҳову наворҳо дар бораи пайдо шудани навиштаҷоти «Истеъфо Раҳмонов» дар навоҳии мухталифи кишвар дар «Минбари муҳоҷир» садо дод, талхаашон кафид. Тамоман калофа ва даступохурда шуданд. Ин навиштаҷотҳоро кори муборизони Наҳзат медонанд.

Он шабурӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар барои воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ- зиндонҳо ва СИЗОҳо ҳолати казармавӣ-казарменний положенийи 70% эълон карданд. Баъди ҳодисаи ба ном ошуби зиндони Ваҳдат казарменний положенний 100% ҷорӣ карда шуд.

Як манбаъ гуфт, ки мебоист ин ошуби дастисохт баъди ба зиндонҳо этап кардани фигурантҳои парвандаи табаддулот Акбаршо Искандарову Ҳамрохон Зарифиву Шокирҷон Ҳакимов ва дигарон ташкил карда мешуд. Аммо барои ин фурсати зиёд лозим буд, бояд интизор мешуданд вале вақт надоштанд.

Раҳмонов дар ҳақиқат вақтҳои ахир сахт дар тарсу ҳарос афтодааст, ки ояндаи ҳукуматаш чӣ мешуда бошад. Вай нақша дорад, ки шумори нерӯҳои Чинро, ки дар қаламрави Бадахшон ҷойгир карда аст зиёд кунад. Аммо Русия ба ин шадидан мухолифат кардааст. Чунки гуё дар ҳодисаи Крокус он нафароне, ки дар зиндони Ваҳдат кушта шудаанд, шарик будаанд. Русия гуё мушаххас кардааст, ки дар телефони чанде аз боздоштшудаҳои ҳодисаи Крокус рақамҳое аз Тоҷикистон мавҷуданд ва ин рақамҳоро пайгирӣ ва радёбӣ карда фаҳмидаанд, ки зангҳо аз дохили зиндони Ваҳдат рафта будааст.

Рости гап, мо ин хабарро на тасдиқ мекунем ва на рад. Аммо манбаъи «Ислоҳ» гуфт, ки ҳануз вақте муфаттишон аз Русия барои таҳқиқу тафтиш ва саволу ҷавоб ба Душанбе омада буданд, қасд доштанд, ки бо он нафарони дар зиндони Ваҳдат кушташуда суҳбат намоянд. Вале мақомоти тоҷик розӣ нашуда буданд.

Интихобот ва ҳаросафкании Семейка

Тибқи баъзе аз маълумотҳо қасд доранд, ки пеш аз интихобот ягон «кор» бикунанд, то мардумро дар тарсу таҳлука оваранд. Мақсад-мардум ба натиҷаҳои интихобот аҳамият надиҳад. Ва, тавре ҷилва диҳанд, ки ин кори душманони давлат ва Раҳмонов аст. Гуё Раҳмонов инро намедонаду бехабар аст. Аммо амру фармонро Раҳмонов шахсан худаш медиҳад. Ва, боз шуру ғавғо мебардоранду туҳмат мезананд, ки ана боз кори дасти Ҳизби Наҳзат аст. Муайян нест, ки дар куҷо бояд анҷом дода шавад. Баъзеҳо мегуянд дар Душанбе, баъзеҳои дигар ба ин назаранд, ки дар минтақаи Рашт,боз мегуянд, ки шояд дар чанд ҷой шавад, ки мардумро врасплох монанд.

Барои ҳамин бояд мардум аз хонаҳояшон набароянд ва овоздиҳӣ ба интихобот наравад. Наравед, ки ҷонатон дар хатар аст.

Интихобот ва фишор болои ғармиҳо

Бинобар маълумотҳои фиристодаи манобеъи «Ислоҳ» аз чанд вақт ба ин су ҳатто шабу нимшаб ба хонаҳои мардуми ғармӣ даромада таҳдид ва огоҳ карда истодаанд, ки боз ягон кор накунед. Хапу дам раведу овоз диҳеду омада дар хонаҳоятон шинед. Ин корро, ба назар мерасад махсус карда истодаанд ва мардумро спровотсироват карда исодаанд. Худашон таҳрик дода истодаанд. Дар ҳоле, ки на свет ҳасту на рушноӣ, торик ҳамаҷоро фаро мегирад, ҳатто телефонҳо успети зарядгирӣ намекунанд, беогоҳи, соати ҳафт аст, даҳ аст, 12 ё ҳатто дуи шаб аст ба хонаҳои мардум зада медароянд. Яке дарвозаҳо тақтақ карда ба зур кушода вориди хонаҳо мешаванд. Ҳатто хонаи хоби бачаҳову духтарҳои болиғашон медароянд, оғилҳоро мекованд. Дар масҷиду мактабҳо даромада истодаанд. Мардум аз тарс ба онҳо пул медиҳанд. Ин қишри тоҷиру савдогарҳо, маслан магазинчӣ, гуштфурӯш худашон хапу дам, сарҳо хам пул бурда дода истодаанд.

Ҳозир барои як коргари одии мақомот шудан дар Рашт нарх баланд шудааст, чунки ҷойи сумкоркунӣ шудааст.

Як нафар шабакӣ барои хабаргирии молҳояш ба оғилаш медарояд ва барои пеши роҳашро рушан кардан фонарики телефони дасташро рушан мекунад. Онҷо чанд нафар аз ин мақомот дар гашту гузор будаанд.

Ӯро қапида таҳдидаш мекунанд, ки ту ин вақти шаб чаро оғил медароӣ ва телефони дастиашро гирифта мегуянд, ки пагоҳ омада аз шуъба мегирӣ: «мо телефонатро хабар мегирм. Ту бо мухолифин алоқа дорӣ ё не». Вай аз тарс ба бағоҷи мошини онҳо як сар буз ва як сар гусфанд бор карда телефонашро аз дасташон пас мегирад.

Ашраф Гулов дар Дубай тиҷорати шаробро шурӯъ кардааст

Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар ИМА-Дубай ва шавҳари Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, молики ширкати фарматсевтии «Сифат-фарма» дар Дубай ба ташкили фурӯши кристалл ва шаробро шуруъ кардааст. Маълум нест, ки дар ин тиҷорати вай аз Оила боз киҳо шариканд. Вале баъд аз онки Ашраф сафир таъин шуд тавлиди метамфитамин, амфитамин, дар корхонаи «Сифат-фарма» чандин маротиба зиёд шудааст.

Ашраф бо баҳонаи онки обҳову нушобаҳои тоҷикӣ, махсусан «Сиёма»-ро ба Дубай мебарад шумори парвозҳои чартериашро ба маротиб зиёд кардааст. Манбаъи Ислоҳ афзӯд Ашраф чанд симкартаҳои гаронро дар Дубай алакай харидори намудааст. Дар ИМА фурӯши шароб ошкоро мамнӯъ аст ва барои фурӯши шароб ва кристал симкартаҳое ҳастанд,ки аз пеш дар фурӯши шароб миёни муштариҳо маъруфанд онҳоро муштариҳо медонанду супориш мекунанд харидорӣ намудааст. Ба гуфтаи манбаъ як симкарта то як млн доллар боло ва атрофи ин қимат дорад. Чунин симкартаҳо чанд адад харидорӣ намудааст. Манбаъ афзӯд ҳастанд симкартаҳое,ки 200 ҳазор арзиш доранд ва ҳарчи қадар қиматаш боло бошад симкартаро ҳамон қадар муштарӣ дорад. Муҳим Ашраф пас аз сафир таъин шуданаш ин сетро алакай роҳбарӣ мекунад. Дар гузашта тоҷикон ва қафқозитабороне будаанд ин корро анҷом медодаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд вале Ашраф сети муназзамеро ташкил намудааст. Манбаъи мо исми Садбарг Ғаниеваро ёдовар шуд ва гуфт: «Бева бо Ашраф худша часпонду чи коре бо ӯ ҳам ташкил кардааст» Садбарг Ғаниева пас аз фирор аз кишвар бо миёнҷигарии Озода Раҳмон феълан корманди Сафорати Тоҷикистон дар ИМА аст вале аслан ба сафорат намерафтааст ва ҳама вақт дар Дубай будааст ва ба пойтахт Абузаби тамоман намерафтааст. Кораш истироҳат ва ….

Ҷамолиддини шавҳари Фиона чи ҳол дорад?

Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистонро дар пушти хонаи Рамазон Раҳимзода, ки як толори варзишӣ ҷой гирифтааст, дидаанд. Мегуянд, ки сахт лоғар шудаст. Дар иҳотаи се нафар будааст. Гуё онҳо охранааш ҳастанд, аммо дар асл онҳо дар вазифаи наблюдений ва контроли ҳар як қадами Ҷамолиддин машғул ва маъмур карда шуда будаанд.

Ҷамолиддин, чи гуноҳе  содир кард, ки Раҳмонов ӯро аз назди худ ва ҳукуматаш дур андохт. Дар ҳоле, ки вай ҷонишини якуми раиси Бонки миллӣ буд ва ҳама суратҳисобҳои оффшории Раҳмоновро назорат мекард. Мегуянд, ки ҳоло Озода ӯро на три букви посилат кардааст ва ҳамроҳаш зиндагӣ намекунад.

Раиси Суди Олӣ,ки сармаҳкумкунандаи Семейка буд чи ҳол дорад?

Бинобар хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расидааст, баъд аз онки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз вазифаи раиси Суди Олии Тоҷикистон гирифтанд, дар худи пагоҳаш баччашро бо партияи калони героин қапиданд. Ин манбаъ гуфт, ки ин миқдори бузурги героини Шоҳиён дар оғили аспҳои Шоҳиён баҷо карда шуда будааст.

Ҳозир Шоҳиён дар руихати ҳизбӣ барои интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз ҲХДТ пешниҳод шудааст ва гапгап аст ки ҷонишини аввали раиси Маҷлиси намояндагон мешавад.

Ҳамарӯза вохуриҳо бо гуруҳҳои Авангарду дигару дигар баргузор намуда истодаанд, то дар барои дар байни мардум гардану гуш кунанд, ки ку чӣ мегуяд, кӣ оиди митингу инқилоб гап мезанад. 14 феврал дар ноҳияи Рудакӣ ҷамъомад буд бо Авангард. Масъалаи асосӣ ҳам ҳамин буд, ки ҷилави ҳар гуна овозаҳо гирифта шавад ва ба мардум фаҳмонида шавад, ки ба гапу ҳарфҳои мухолифон гуш надиҳанд ва бо мухолифон ҳамкорӣ карда ҳаёти худро дар паси панҷара нагузаронанд. Аз сармаҳкумкунандаи режиму оила ҳам барканораш кардаанд вале боз ҳам бояд лесиданро ба шакли бояду шояд анҷом диҳад.

Раҳмонов ва фармонҳои қатли ашхоси маъруфу зиёӣ

Вақте мурофиаи додгоҳии Хуҷа-командир, яке аз хунхортарин фармондеҳони Фронти халқӣ дар додгоҳ идома дошт, Хуҷа-командир дар мавриди ҳодисаи куштори ду депутати Шурои олӣ Саидшо Саидов дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 посух медиҳад,ки ин депутатҳоро бо фармони Абдумаҷид Достиев паронида куштааст. Достиев ба Хуҷа аз номи Эмомалӣ Раҳмонов фармон дода будааст, ки Саидшо Саидовро чи хеле набошад, убират кунад.

Як корманди додситонӣ, ки дар тафтишоти парвандаи Хуҷа-командир иштирок карда будааст, ба як рафиқаш мегуяд, ки Хуҷа бисёр сирҳоро фош кард. Аммо парвандаи ӯро тавре навиштанд, ки он ифшокориҳои Хуҷа-командир зикр нашуданд. Бисёре аз шахсиятҳоро, ки он замон кушта шуда будаанд, бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмонов карда будаанд. Аз ҷумла қатли Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ ҳам бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифта будааст. Барои ҳамин як сабаби аз хориҷа овардани Хуҷа –командир ҳам ҳамин будааст, ки аз ин сиру пиёзи Раҳмонов огоҳ буд ва Раҳмонов метарсид, ки боз мабодо Хуҷа ин ҳамаро ба мухолифон фош насозад. Беҳтар аст ки ин сирру асрорро дар зиндон бо худ ба гур барад.

Зоир( Маҳмадзоир Соҳибов), серий кардинал ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила

Чуноне дар муқаддимаи маҷалла гуфтем «герой»-ин шумора, персонажи асосӣ Зоир Соҳибов, мулаққаб ба Зоири ҷайра ва Зоири мундуқ, домоди калонии Раҳмонов мебошад.

Зоир ҳамаро аз Тоҷиддин-командир сар карда то Бег Сабур, Диловари фархорӣ, Юсуф Раҳмон, Боим ва дигарҳое, ки дар тиҷорати наркотик дар Тоҷикистон ҳамаро контрол мекунад.

Агарчи ин тарафи фаъолияти Зоир аз назарҳо пинҳон мондааст, вале ин  Зоири домоди Ҷаноб на фақат Бег Сабур дигар раису вазирони ҳукумати Раҳмоновро, бовар кунед, ки любойяшро бе ягон эҳтиром «б..м,б…ом» мекунад. Барои вай фарқ надорад. СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, Юсуф Раҳмон. Вай «серий кардинал» аст. Чунки бо Азизмои хуштоманаш бисёр наздик аст. Ҳама ҳукуматро рулит карда истодааст.

Аммо дар вақташ як бомж буд. Як Нексияи шикоф дошт. Кудакҳои Раҳмоновро ҷамъ карда морожнийхурӣ мебурд. Аз Амонулло Ҳукумумов, ки раиси корхонаи Нафтрасон буд меомад 300-500 доллар морожнийпуливу бензинпулӣ мегирифт ва аз лаби ҳамон боз барои худаш кор мекард. Шабурӯз дар хонаи Раҳмонов буд.

Кӣ чи кор мекунад, ки кӣ аст, чи дорад, в курсе шуд. Чунки Раҳмонов дар хона ҳамеша мезад, пиён мешуд. Зоир бо дастур ва машварати Азизмо як навъ телехи ғайрирасмӣ, қилкашаки Раҳмонов шуд ва ҳама кору ҳама чизро дар дасташ гирифт. Вақте дигар маст мешуд ва худашро контрол карда наметавонист, Зоир ягон баҳона карда раисро меовард то спалний ва ба ихтиёри Азизмо месупорид ва Зоир баргашта меомаду меҳмонҳо-рақибони собутилнки Раҳмоновро гусел мекард ва нишон медод, ки одами асосӣ аст ва ин дӯстону рафиқони собутилник аз нақш ва ҷойгоҳи Зоир дар даруни оила боз ба дигарҳо мегуфтанд ва ҳамин тариқа Зоир ба фигураи муҳимми пасипарда бадал шуд.

Дар ҳақиқат ин мундуқ шабуруз дар хонаи Раҳмонов буд. Раҳмонов доим пиён буд. Зоир меомаду ҳамаи гапҳоро гуш мекард. Ин ҳолат дар дарозои 10 -15 сол шудааст ва ҳоло ҳам давом дорад ва вақте Зоир нест. Исмоили баччааш Пингвин ӯро заменит мекунад ва гуё набераи любимчики Раҳмонов аст.

Аз чандин сол аст, ки кони тиллои Шугнов покиза барои Зоир кор мекунад. Ба ягон одам ва ягон ниҳод ҳисобот намесупорад. Миллион, миллион ба давлат, миллат ва ҳукумат зарар оварда истодааст. Онҷо аз обу аз санг пур шудагӣ аст. Ба қарибӣ ними Кулобро об мебарад.

Эргаш Маҳмадбеков, муовини Исмоили пингвин дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  яке аз шарикони асосии «сбит»—и наркотики Зоир мебошад

Зоир як ҷангали калонро дар Екатеринбурги Русия харидааст ва он ҷангал дар дасти ҳамин Эргаш Маҳмадбеков аст. Зоҳиран Зоир аз онҷо тахтаву чуб ба Тоҷикистон меорад. Аммо шогирдонаш кору борашро пеш бурда истодаанд.

Бинобар маълумотҳои таъйидношуда айни замон Диловари фархорӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, вазорати дохилӣ ихтор гирифтааст, ки таҳти пайгард қарор мегирад. Гап дар бораи он меравад, ки наздики 240 килло ҳероини «999»-и тавлиди Афғонистон, ки аз они Зоир мебошад тавассути Бег Сабур ба Санкт -Петербург расонида шудааст. Аммо баъд аз онки Бег Сабур аз мақом сабукдуш шуд, пардохти пули он «проблема» шуда истодааст.

Зоир Бег Сабур ва Рамазон Раҳимзодаро даъват карда «счетчик» подключат карда аст. Бег Сабурро гуфтааст, ки агар барнаградонӣ зинда намемонӣ.

Бег Сабур гуфтааст, ки маҷбур аст бачаҳо аз Сонтсевкий группаро ба сари Диловар равон кардааст. Диловар ваъда  кардааст, ки маблағро мефиристад. Аммо боз ба каналҳои худаш ба Зоир расонидааст, ки пули борро Бег Сабур барвақт гирифта ва ба як генерали рус, ки вай ҳам дар Солнтсевский группа ҳамкорӣ мекунад, додааст.

Хулоса байнашон ҳоло сахт кашокаш рафта истодааст.

Пушида нест, ки тиҷорати наркотик, маводҳои психотропӣ яке аз манбаъҳои муҳим ва миллионии даромади Оила аст. Бесабаб нест, ки чанд рӯзи пеш намояндаи вазорати дохилаи Иморати исломии Афғонистон, бидуни онки аз кадом кишваре тазаккур кунад, гуфт, ки маводҳои синтетикии нашъавор аз кишварҳои ҳамсояи мо вориди Афғонистон мешавад. Ин ишора пеш аз ҳама ба Тоҷикистон дахл дорад.

Мо дар яке аз барномаҳои қаблии худ аз он гуфта будем, ки ширкати фарматсевии «Сифат-фарма», ки ба Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати муттаҳидаи Араб мебошад ба истеҳсол ва тавзеъи ҳабҳои наркотикӣ машғул аст. Худи Ашраф Гулов ҳам вақти дар Туркия сафир буданаш доруҳои наркотикӣ, аз қабили кристалл ба Тоҷикистон медаровард. Талош мекунем, ки дар шумораи ояндаи «Семейканюс» дар бораи «Сифат-фарма» матлаби алоҳида пешниҳод намоем.

Пештар мақомдорон ё нафарони сумдор, сум медоданд нафаронеро, ки дар тиҷорати наркотик машғуланд ва фоизҳои хуб мегирифтанд.

Аз замоне, ки Зоир дар ин тиҷорат даст зад, сари зиёд нафарони «куҳнакор» дар ин тиҷоратро хурду зиндон кард. Эмом Хуяку Искандари бародари ӯ  ва боз чандеи дигарро Зоир «за бортом» кард. Қиссаи чи тавр Обиди баччаи Эмом Хуяк ва худи Эмом Хуякро Зоир чи тавр чингирк мондро гуфта будем. 25 кило героини навъи «ходовой»-и Эмомхуякро тавонист дар Русия кидат кунад. Аз тарафи дигар Зоир қариб, ки ҳама нафарони савдои калони наркотик-«катазан»-ҳоро тавонист ба худ часпонаду таҳти контрол гирад.

Боим, нафаре, ки замони тағиротҳои калон дар зиндон буд, аз тартиботҳои нав дар олами наркотик бехабар монд. Вақте Боим дар ин тиҷорат «асса» шуда буд, ҳоло Зоир касе набуд. Бо ин вуҷуд Боим замоне, ки дар Русия адои ҷазо мекард, аз дохили зиндон каналҳои савдои калони наркотикро контрол мекард. Баъди аз зиндони Русия баромадан Зоир чандин бор ба воситаи одамҳояш бо Боим ба алоқа баромаданӣ шуд. Чандин бор пешниҳод кард, ки биё бо ман кор кун. Боим, ки дар ин тиҷорат ветеран буд, Зоирро қабул накард. Зоирро ин сахт асабӣ кард.

Боимро дар Русия дастгир карда буданд ва адои ҷазо ҳам он ҷо кард.

Зоир яке аз сагҳои вафодори худаш-Ҷеки Чан-Раҳим Рамазонро гуфт, ки чи коре мекунӣ намекунӣ Боимро якнима мекунӣ.

Чаро Боимро дар Точикистон дастгир накарданд? Чаро барои ҷиноятҳо дар Русия   боз мақомоти Тоҷикистон Боимро дастгир карданд? Ҳол онки метавонистанд ҳамон вакт дастгираш кунанд.

Мо хуб медонем,ки спонсорҳои Боим мансабдорони калон буданд ва ӯро пуштибонӣ мекарданд. Боим чандин маротиба ба наздикони Раҳмонов ҳамон солҳо мошинҳои қиммат туҳфа карда буд. Ҳамон шабу рӯзе, ки Боимро дар Русия дастгир карданд, як барбар мансабдорон дар Тоҷикистон дилкасал шуданд. Боим мардӣ карду нафурухт. Аммо Боим ба номардии инҳо бовар надошт.

Боим баъд аз озод шуданаш ба хориҷа рафт. Тибқи як маълумот Юсуф Раҳмон дар Дубай бо Боим вохурӣ намуда буд. Шояд, Юсуф Раҳмон мехост пешниҳоди ҳамкорӣ бо Боим кунад. Чун ӯ хабар дошт, ки Боим Зоирро на три буквы посилат карда буд ва худи Юсуф Раҳмон ҳам Зоирро бад медид. Юсуф Раҳмон ҳам дар тиҷорати наркотик хуб «қадам»-ҳо мондааст. Аммо манбаъи дигар вохурии Юсуф Раҳмонро бо Боим дар Туркия гуфтанд, на Дубай. Муҳим ин вохурӣ сурат гирифта буд.

Тибқи маълумоти дигари расида ба Ислоҳ Боимро маҳз бо талаби Зоир аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар ҳоле Боим бо шиносномаи Қирғизӣ қарор дошт дар туркия, на бо шиносномаи Тоҷикӣ. Аммо Боим чандин мақомдори баландпояи Тоҷикро дар миёнаравӣ кидат карда будааст. Гуйё чандин адад мошинҳо дар Русия гирифта будааст,ки пулашро медиҳам ва Боимро кидат карданд ва дигар натавониста пулро баргардонад. Ин мошинҳо аз Зоир будаанд ва ин боздошт ба ин қазия бармегардад. Қазияи Боим хеле пур хаму печ аст ва дар бойгонии Ислоҳ беш аз 20 сафҳа маълумот вуҷуд дорад,ки онро дар шакли алоҳида тақдим менамоем.

Чанд рӯз пеш, Прокурори нақлиёт дар як ҷо дар омади гап гуфтааст, ки «ҳами рейси Дубай мешид, ғамам мегирифт. Мерафтм то париданша назорат мекадам. Хайрият и мардаки хуба гирифтан, камтар сабук шидем». Прокурори нақлиёт мардаки хуб гуфта Юсуф Раҳмонро дар назар дошт, ки контроли содироти наркотики ӯро то паридани самолёт дар даст дошт, токи бекамбудӣ равад.

Аз вохурии Юсуф Раҳмон бо Боим Зоир огоҳ шуда буд ва Ҷеки Чан –Рамазон Раҳимзодаро сахт ҷиқид, ки Боимро биёрад: «Любой ценой биёрша». Зоир ба мақсадаш расид, Боимро дастгир карданд ва оварданд. Айни замон тамоми схема ва системаи тиҷорати наркотикро дар Дубай ва Туркия Зоир таҳти контроли худ кардааст.

Боим ҳозир зиёд нишондодҳо дода истодааст. Аз як лаб фурӯхта истодааст.

Юсуф Раҳмон ба дараҷе мурда будааст, ки то рӯзи сеюми феврал, то рузи рафтанаш полний вазифаҳоро фурухтааст. Имзо кардаву фармон бароварда «ира да иҷаву ура да уҷа» мондааст. Чунки вай медонист,ки меравад.Хелеҳоро карда иваз карда ҷойҳои руғаниву сумдорро фурӯхтааст.

Дар вақташ Шерхон Салимзода ҳам ҳамин хел карда буд. Аммо Юсуф Раҳмон омадан замон резко ҳамаи фармонҳои Шерхон Салимро бекор кард. Вай одамони худашро, албатта, пулҳои калон гирифта оварда монд. Бисёр дарундори кинагир аст. Аммо Ҳабибулло Воҳидзода ба ин андоза нафси бад надоштааст. Вай ин корро накард. Феълан накард, шояд як каме баъдтар кунад.

Юсуф Раҳмон бошад пулҳоро гирифт, ҷамъ кард ва баъд рафт. Ҳатто задним числом имзо кардааст. Барои мисол прокурорҳои Турсунзода, Ваҳдат, Норак. «Доля»-и вазнин гирифту монд.

Аммо новобаста аз ин ҳолат фармон шудааст, ки ҳаҷму миқдор дороиҳо, аниқтараш дуздиҳои Юсуф Раҳмонро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он муайян кунанд. Ба назар мерасад сарнавишти Ёрмаҳмад Гулов, қудои пешини Эмомалӣ Раҳмонов, падаршавҳари собиқи Тахминаи Клеопатра ба сари Юсуф Раҳмон омаданӣ аст.

Манбаъи ин хабар сардори раёсати тафтишоти КДАМ дар шаҳри Душанбе аст. Чанд рӯз пеш дар як ҷо ба чанд нафар нишаста будааст, ҳамон ин гапро гуфтааст. Гуфта мешавад баъзе аз сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ тайёранд, ки нисбати Юсуф Раҳмон нишондод диҳанд. Онҳо сахт хафаанд, ки Юсуф Раҳмон сумҳои калонашонро гирифта кидаташон кард. Дар туи арусии Сафар баччаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов расходҳои зиёд карда буданд, аммо ягон фоида нашуд. Чунки Юсуф Раҳмонов он вазифаҳоро ба нафарони дигар фурӯхтааст.

СС.Ятимов гуфтааст, ки Юсуф Раҳмон переборшит карда буд, ба сазои аъмолаш расид. Юсуф Раҳмон баъд аз онки қудои Ҷаноб шуд дар дилхоҳ кор даст зад. Мақомдорони баландпояи ҳатто наздик ба СС.Ятимовро аз КДАМ оварда таҳти пурсиш қарор дод. Акнун бошад боз КДАМ гапзани асосӣ  шуд.

Бинобар баъзе маълумотҳо КДАМ-СС.Ятимов сахт кор кард барои аз вазифа гирифтани Юсуф Раҳмон. Юсуф Раҳмонро барои утечка ва қапонидани «борҳо»-и зиёди Зоир сиёҳ карданд. Албатта борҳо на танҳо аз Зоир буд, аз «Семейка» буд ва ҳар касе, ки ба кисса ва кассаи Раҳмонов назар мекунад, оқибаташ мушаххас аст.

Раҳмонов ҳама вақт дар интихоби кадрҳо хулосаи КДАМро гуш мекунад. Аз чи бошад, ки КДАМ аз чанд номзад ба унвони Прокурори Генералӣ Воҳидзодаро тавсия дод.

Воҳидзода кадри Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон ва аз хешовандони Маҳмадсаид Убайдуллоев  ва рафиқи хуби Юсуф Раҳмону фархорӣ ҳам мебошад. Вале барои вай вазифаи сахт мондааст. Фармони махсус дода шудааст, ки баъди «тенҷ» гузаштани интихобот, Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва боз чанд тани дигар бояд ҳатман «безарар» гардонида шаванд. Чи имконияте бошад бояд истифода бурда шавад.

Сообщение Семейка news№14 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №220
Ин навбати «Номаҳо аз ноҳияҳо ба..»  асосан ба «вокунишҳо»-и хонандаҳои «Ислоҳ» бахшида шудааст. Навиштаҳои «Ислоҳ»-ро хонда посух додаанд ва ё фикрҳояшонро дар тақвияти матолиби мо навишта ирсол кардаанд. Ин ҳолат баёнгари он аст ки навиштаҳои «Ислоҳ» беш аз пеш хонанда пайдо мекунад. Дар инҷо ошкоро намекунам, вале як матлаби моро дар моҳи гузашта ҳудуди ду миллион нафар мутолиа кардааст. Хуб, ҳоло аз вокуниши як нафар шуруъ мекунем, ки ба матлаби ахирии «Ислоҳ» дар бораи Бег Сабур фиристодааст.

Маскав

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап ман якум бор барои шумо менависам, агарчи пайваста навиштаҳои «Ислоҳ»ро мехонам. Маро навиштаи охирини шумо дар бораи Бег Сабур водор кард, ки бинависам. Бег Сабур инсони касиф ва нобакор аст. Бисёр корҳояшро медонам. Дар ҳақиқат вай ба қочоқи наркотик машғул буд ва ҳоло ҳам ин корро дар Русия мекунад. Ин дуруғ нест ва ҳақиқати маҳз аст.

Аммо як кори дигар ҳам мекард. Вай бузи мақомоти Тоҷикистон миёни тоҷикҳои Маскав ҳам буд. Дуруст, ки сумдор буд. Аммо ҳамеша дар он солҳо баччаҳо ба вай шубҳа мекарданд.

Ман як ҳодисаро нақл мекунам. Ин ҳикоятро марҳум Муҳаммадраҳими Сайдар, нависандаи тоҷик, ки баъдҳо дар Маскав хабарнигори «Озодӣ» буд нақл кардааст.

Дар кадом вақт, шояд дар рӯзҳои наврӯзии соли 2000 чанде аз зиёиёни тоҷик ҷамъ мешаванд дар Маскав. Мехоҳанд вазъи ҳуқуқиро дар Тоҷикистон дигаргун бикунанд. Онҳо ҳамин қадар хатоӣ мекунанд, ки ҷаласаашонро дар офиси Бег мегузаронанд. Бег ҳам иштирок мекунад. Вай ҳамаи нақшаҳои баччаҳоро ба мақомоти Тоҷикистон хабар мекашад ва коре мекунад, ки ин гурӯҳро аз ҳам дур созад. Хулоса, ҳама аъзои гурӯҳро аз роҳ мезанад. Бачаҳоро байни ҳам ҷанг меандозад.

Баъдтар маълум мешавад, ки аз амнияти Тоҷикистон дастур мегирифтааст. Як сабаби вазифагириаш ҳам ҳамин бузиаш будааст. Аз бачаҳои он гурӯҳ Искандари Хатлонӣ ҳам буд. Искандари Хатлониро ҳамон сол ба таври бисёр ҳам ваҳшатнок, бо табар зада куштанд. Вай барои радиои «Озодӣ» кор мекард. Як нафари дигар Боғшоҳи Лашкарбек буд ва нафари дигар як шоир, инсони зардранги ба русҳо монанд …ҳам буд. Боз чанд нафари дигар ҳам буданд, ки онҳоро намешинохтам.

Шавҳари ман ҳамон вақтҳо дар яке аз мағозаҳои Бег Сабур кор мекард. Ҳозир шунавидам, ки дар Кулоб аст ва хеле хафа, дилмонда, обиженний, тише вода, ниже трава, гашта истодааст, ки боз мабодо «чизои ҷамъовардамро накованд, аз паяш нашаванд». Бег Сабур вақте бессмертний буд, ки дар боло буд акнун дигар ҳолаш табоҳ.

Он писарашро, ки домоди ҷаноб шуда буд мешиносам. Бачаи орому мулоимтабиати хуб буд. Ҳаёти ӯро Бег Сабур барои нафси бади худаш сӯзонд.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Худоро шукр, ки байни ману шумо ҳамдигарфаҳмӣ ба ваҷҳи аҳсан идома дорад. Ин бор низ аз сайти газетаи наздидарбории СССР як навиштаеро таҳти унвони «Риш ва қоидаи ришмонӣ», ки муаллифаш худро  адиб Зариф Ғулом, муаррифӣ кардааст, ба қироати муштариёни «Ислоҳ» мегузорам. Агарчи як каме тулонӣ аст, вале месазад инро хонду ба фикру ақидаи ин адиб ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии он ошно шуд.  Дар мавриди навиштааш, фикрҳоямро баъди онки матлабашро комилан пешкаши хонандаҳои «Ислоҳ» менамоям, баён месозам. Ва инак ин навишта, ки рӯзи 19.02.2025 чоп шудааст:

«Риш ва қоидаи ришмонӣ»

«Ба автобуси ҷамъиятӣ нишастам. Дар истгоҳи навбатӣ рӯ ба рӯям марди болобаланди тахминан 45 – 50 сола бо симои дилписанд, вале бо риши дарози то болои шикамаш расида, ки он ҳусни зеборо мекоҳонд, нишаст. Ҳамин сабаб шуду китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» – ро варақ задам. Дар саҳифаи 139 хондам: Риш мӯйҳои чакка ва манаҳи мардон будааст ва дар ин бора Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакии бузургвор оварда:

Риши худро ҳаме ҳизоб кунӣ,

Хештанро  ҳама азоб кунӣ.

Аз ин таъқиди устоди сардафтари адабиёти классики форс – тоҷик маълум мегардад, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум ба ин тарзи рафтор муқобил будаанд.

Мутолиаро давом додам. Поёнтар пажӯҳишгарон навиштаанд: риш кандан киноя аз ташвиш ва заҳмати бефоида кашидан омадааст. Баъдтар риш шона задан киноя аз омода шудан ба кори бефоида машғул шудан будааст, ки Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:

Яке аз ҷамъ харфурӯшона,

Баҳри ин кор риш зад шона.

Омӯзишро идома дода, ин ҷумларо хондам: риш дар дасти дигаре доштан ихтиёри худро ба дасти дигаре супурдан, дар кору рафтор мустақил набуданро олимони нуктасанҷ ифшо карда будаанд ва Саъдии бузургвор нисбати ин гуна афрод 2 мисраъ шеър ҳам гуфтааст:

Ҳар ки дил пеши дилбаре дорад,

Риш дар дасти дигаре дорад.

Риш зебу зиннати кист?

Баъди мутолиаи ин ақидаҳо ба худ савол додам, ки ба кӣ умуман мондани риш равост? Якум ба онҳое, ки касалии пуст доранд. Дуюм ба онҳое, ки дар бари рухсораҳояшон ягон иллате вуҷуд дорад. Баъдан риш аз ҷиҳати паҳнӣ набояд аз нармаки гӯш гузарад ва аз ҷиҳати дарозӣ аз 2 сантиметр зиёд набошад. Чуноне, ки дар ҳамаи мамлакатҳои араб ин қоида ҷоиз мебошад.

Саволи дигар маро ба хислату кирдору рафтори миллатам мувоҷеҳ намуд. Онҳое риш мемонанд, ки беҳавсала, танбал буда, аз ҷиҳати фарҳанги зебопарастӣ фарсахҳо дуранд. Тарафи дигари масъала дар он аст, ки бо натарошидани риши дароз аввалҳо онҳо гӯё фахр мекарда бошанду баъдан маблағ сарфа менамоянд. Чунки барои риш гирифтан, онҳо маҷбуранд, ки ба назди сартарош рафта, ҳаққи хизмат супоранд ва ё собуну теғу чуткаи ришмолӣ хариданашон даркор аст.

Размери риш чанд аст?

Ҳама чизи дунё ҳадду ҳудуд ё худ размер дорад! Ба худ савол медиҳам, сабаби риши дароз мондани мардон дар чист? Якум, мардон бо ин васила мехоҳанд, ки дарозумрии худро ба намоиш гузошта, мардум онҳоро ҳурмату эҳтиром кунанд. Ҳол он ки сабаби асосии эҳтиром бояд донишу хиради инсон бшад. Баъдан ин гуна фардони бе фарҳанг мехоҳанд, ки бо ин амали ношоиста ба дили ҷавонон тарсу ваҳм ҷой диҳанд. Зеро аз навори синамо мебинанд, ки ҳамаи ифротгароён бо риши дарози бадвоҳимаи шонанадида ба сари мардуми бечора қатлу ғорат меоранд.

Пас бо кадом роҳ мо ба мардуми Тоҷик фаҳмонем, ки симои зебову дилписанди худро ба андоми ваҳмангез табдил надиҳанд? Якум, ба кормандони синамо зарур аст, ки ҷиҳати зебопарастии мардон барномаҳои дилписанд таҳия намоянд. Дуюм, занҳои Тоҷикро зарур аст, ки ба шавҳарҳо фаҳмонанд, ки  симои зебои худро барвақт ба риш мондан одат накунонанд (дар масъалаи носкашӣ ҳам). Чунки фарзандони онҳо аз навҷавонӣ ба рафтори волидайн пайравӣ намуда, ба ришмонӣ даст мезананд. Сеюм, табибон ва дизайнерони муҳтарами моро низ лозим аст, ки бобати фоидаву зарари ришмонӣ бетараф набошанд. Чорум ва аз ҳама асосӣ он аст, ки имомхатибон дар мавриди маъвизахонӣ мардонро аз риояи қоидаҳои ришмонӣ огоҳ намоянд.

Дар сурати иҷрои ин шартҳо мо симои Тоҷиконаи худро ҳифзу ҳимоя намуда, хандахариши қавмҳои бегона намегардем. Мо Метавонем!» Зариф Ғулом,адиб

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман, чуноне аллакай шумо медонед, чандин сол аст ки дар Волгогради Русия ҳастам, бо оилаам. Дар инҷо фарзандонам ба дунё омаданд, мактаб мехонанд. Хуллас, ҳаминҷо зиндагӣ мекунам ва гоҳе барои аёдат меравам ба ватан. Ду соли пеш рафта будам, ки дар ватанамон масъалаи ришро мақомоти милиса, махсусан уголовникҳо ва участковийҳо сахт гирифта дар бозору кучаҳо одамони ришдорро қапида аз онҳо пул меканданд ва ё отдел бурда протокол мекарданд.

Ман ҳайрон мешудам, ки ин чи гапу кор аст? Ришу бурут магар кори хусусии ҳар нафар нест?

Дар ҳаминҷо, дар Волгоград баъзе русҳо риш доранд, баъзеашон надоранд, риши баъзеашон дароз, аз они баъзеяшон кутоҳ. Хуб, ба риши як кас шуморо чи кор аст? Аз тарафи дигар, ин сунати Расулуллоҳ аст. Ҳар марди мусалмон бояд сунати Расулро биписандад, аммо риш нагузорад хилофи суннат кардааст ва ин кори ӯ, вале агар риш гузорад ва суннатро татбиқ кунад касе набояд ба он дахолат кунад. Ин кори хусусӣ ва ҳарими шахсии ҳар шахс аст ки худаш ба он хуҷаин аст. Чаро масалан ман ба онки шумо шапка мепушед, тоқӣ мемонед, телпак мепушед ё дастору ҷома мебандеду мепушед ва шиму брюк кордор шавам. Кори ман чӣ аст,ки шумо чи мепушед?

Ман ба ин адиб, ки рости гап номашро аз ин пеш нашунавида будам, ҳайрон ҳастам. Наход, ки адиб, намедонам, нависандаӣ, шоирӣ, кори дигар надошта бошӣ. Баракс шумо бояд тарафдори озодии ҳар шахс ва озодии интихоби сарулибоси ҳар як шахс бошед!

Қубодиён

Салом, устод Муҳаммадиқбол! Ман мехоҳам аз Қубодиён гап занам. Бовар кунед, ки дигар дар Қубодиён аз дасти ин чоплусони моябардор зиндагӣ карда намешавад. Солҳо мешавад, ки ба дод омадаем. Акнун намедонем чи кор кунем. Сохтани роҳу пулҳо дар ҳар ноҳия, таъмири мактабу беморхонаҳо вазифаи давлат аст.

Аз раиси ноҳия сар карда то як коргари муқаррарии ҷамоат болои мардум фишор оварда истодаанд, ки сари ҳар як зандор 50 ҳазор рубл бояд супорӣ. Гуфта истодаанд, ки барои корҳои ободии деҳа.

Майлаш, гапи шумо қабул. Вале шумо 500 сомонӣ,1000 сомонӣ бипурседу биталбед. Аммо, ончики шумо сари мардум бор карда истодаед, 50 000 рубли русӣ, ин 5000 сомонӣ мешавад. Ин маблағро мардум аз куҷо ёфта ба шумо диҳад?

Мо ҳама пули харҷи рӯзгорамонро аз Русия таъмин мекунем, аммо ҳозир ҳамаро аз онҷо сур карда истодаанд. Мо, дар Тоҷикистон магар рубли русӣ маош мегирем? Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол як хел оилаҳо базуру баазоб рӯзашонро мегузаронанд.

Аввал як бор андеша кунед. Як намуд маблағе бигуед, ки мардум дода тавонанд. Ин маблағи мепурсидаи шумо ҳатто барои сумдорҳо гаронӣ мекунад. Он нафарони бесум, депортшудагӣ, ягон нафари дар Русия надоштагӣ тамоман иҷрошаванда нест.

«охи ҳозир маҷбур доранд ҳамаро, ки бхоҳӣ нахоҳӣ, бояд ин маблағро супорӣ. Надорӣ мега ай хдшон метан. Бад ту маҷбур қарз меканӣ. Барои ами, чи коре мекнӣ букун».

Охир ҳамин хел ҳам мешавад?

Ҳади ақал раиси ноҳия бо техника мардумро кумак кунаду мардум суми асфалтро диҳанд. Ҳамааш ба калаи мардум. Охир кани ҳамон ҷои кор дар Тоҷикистон, канӣ ҳамон маблағ? Бовар кунед чоплусҳои қишлоқ илоҷ намеёбанд занҳояшонро медиҳад ба ҳамин давлату ҳукумат. Охир виҷдони тоҷикӣ куҷо шуд, номуси шермардони тоҷик куҷо шуд?

Як маъракӣ кунӣ меоянд мехуранд, шикамҳояшонро сер мекунанду зуд ба участкавой, ба танзим занг мезананду хабар мекашанд, ки хонаи фалони биё маърака дорад. Милисаву танзим меоянд ҷарима мекунанду мераванд. Маъракаро ба тани соҳибаш заҳр мекунанд. Охир агар ҳамин бузҳо хабар накунанд участковий аз куҷо медонад, ки дар кадом хона чи маърака аст? Охир мардум орзуву ҳавас дорад, мехоҳанд ягон буз ё гусфанд бикушанд, барои маъракашон. «Иҷозат нест, манъ аст мегуянд».

Охир ин худаш чи гап? Кори ту ба киссаву ҷайби ман чӣ аст? Ман аз ҳисоби худам мехарам, аз шумо кумак напурсидам ку! Ман тамом, намехоҳам дар ин ноҳия дигар зиндагӣ кунам. Меравам Русия, ҳар вақте ватан оям як ё ду моҳ меистам, фишорам доим баланд мешавад аз ҳолату вазъияте инҷо мебинам. Бовар кунед маблағе, ки муҳоҷирон мефиритсанду эълон мекунанд, як маротиба ду маротиба кам аст , инҳо медузданд фиреб мекунанд.  Муҳоҷирони гиромӣ пул натиед ба инҳо бигузоред ҳарчи мегуянду таҳдид мекунанд кардан гиранд.

Тибқи омори расида :

Барои сохмони ин роҳи Қубодиён, то имрӯз 13 млн  рубл аз муҳоҷирон ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳоло ҷамъоварӣ тамом нашудааст ва бояд 40 млн рубл ҷамъоварӣ кунанд.

Боз бадбахтии дигараш инҷо аст,ки дирӯз як ҷаноза шуд иштирок доштем. Мулоимом дар рӯй ҷаноза,ки бояд амри маъруф кунад мардума гуфтаистодааст,ки саҳми худатонро дар роҳсози гузоред ва ин садақаи ҷория аст савобаш хело зиёд аст. Охир агар гап зани бузаку чоплусак зиёд аст. Падарам ночор 50 ҳазор рубл супорид. Ин аст вазъияти мо дар ноҳия.

Мехоҳам дар бораи беморхона гап занам.

Ин беморхонаро Узбекистон сохтагӣ аст, аз дигар сохтмонҳои Тоҷикистон хело беҳтар аст. Аммо як духтури соз надорад. Соли гузашта як духтари тамоман сиҳату солими нозанинро куштанд. Дарди ӯро ташхис накарданд. Апендисит-курруда гуфта ҷарроҳӣ карданд. Аммо касалии вай дигар будааст. Куҷоеашро буриданд, ки хун ист накард, мурд духтари ҷавон. Боз ҳамин як моҳи пеш духтари акаи Ҷамшеди шрамро (дар барномаҳои пешина гуфта будед, дар бораи Ҷамшеди шрам, ки зиндонаш карда буданд), ки нав озод шуд, пули калон дод. Чанд домаш додаанд, ки бояд бисозад. Боз гови ҷушоӣ кардаанд, хуллас духтари акаи ҳамин Ҷамшеди шрам ба фикрам синфи 9 ё 10 мехонд, бо сармохурдагӣ-беморхонааш мебаранд. Духтур проба карда наметавонад, уколро дар раги даст мезанад,

«духтарча чошда мемурад». Авлодҳои Ҷамшед тамоми он духтурҳоро футбол карданд. Духтурро суд карданд. Қариб 10 бор шуд ҷасади он духтарро аз қабр мекананд. Барои озмоиш ба Русия роҳӣ карданд. Барои онки ба духтурони инҷо бовар надоранд. Мо рӯзи шанбе ба ин беморхона омадем. Тамоми духтурон ба ниҳолшинонӣ рафтаанд. Наход духтур ба ниҳолшинонӣ равад?  Охир, баъд ҳоли беморон чи мешавад?
Маро бисёр қаҳр кард. Гуфтам охир наход духтур ниҳолшинонӣ равад. Баъд яктоаш   гуфт: «охи морам безор шидем, ай ҷонмон, мешава ай бозор чорта коргар баранд бшнонан ниҳол, лекин намекнан гуфт бародар, чикор кунем мо?» Ҳатман ниҳодҳои назорати ин вазъият ва ҳолатро назорат баред, ин давлат аст ва ё ягон калонаву зиндон? Прокуратура санҷед илтимос ба додамон расед , мо ҳам инсонем ва ҷонамон ба нуки биниямон расидааст ва аз ҷонамон сер шудаем дигар бо ин бе адолатӣ ва беқонуният.

Данғара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман чанд сол аст ки барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Дар Данғара бисёриҳо тамошо мекунанд. Мухлисони зиёде доред.

Ман ба шумо як ҳикояи воқеиро аз саргузашти худам нақл мекунам. Чанд соли пеш   ин ҳодиса руй дода буд. Шояд даҳ-дувоздаҳ сол шуда бошад. Ман чанд забони хориҷиро медонам. Дар хориҷа таҳсил кардаам.

Як нафар аз дӯстон, бидуни онки бо ман машварат кунад, ба як мақоми масъули  КДАМ, ки ҳоло ҳам кор мекунад дар бораи ман гуфтааст. Як вақт (ҳамон солҳо) маро барои кор ба ин идора даъват карданд. Як сол ба унвони коромуз-стажер, мешавад гуфт, давраи омодагӣ, маро санҷиданд. Забондониву донишу малакаи маро баҳои аъло доданд. Чанд вақт тарзи истифодаи навъҳои силоҳҳоро ҳам омӯзониданд.

Баъд, нафаре, ки куратори ман буд (бигзор номаш пушида бимонад) ман буд гуфт, ки омодагиатро сахт бубин, рузҳои наздик дар назди жюрӣ имтиҳони сахт мегиранд. Ман дар Раёсати контрразведка давраи омодагиро мегузаронидам.

Ва, маро фарёд карданд. Чанд нафар баландмақомҳо шиштаанд. Аз ин тарафу он тараф саволҳо доданд. Саволҳоро такроран мепурсиданд.

Яке яке аз ҷонишинҳо савол дод, ки агар фармон шавад, ки ба дастони отаву очаат завлона зада меорӣ, меоварӣ?  Чунин супориш шавад иҷро мекунӣ?

Ба тарафи кураторам (ҳоло вай дар дигар Идора раис аст) нигоҳ кардам, ки ноаён сарашро ба нишони тасдиқ ҷунбонд.

Гуфтам, барои давлат, барои ватан, барои Президент бошад, иҷро мекунам.

Боз нафари дигараш савол дод, ки супориш шавад, ки эшони Нуриддинҷонро аз минбари масҷид дар рӯзи ҷумъа, дар байни мардум, поин карда ба дасташ завлона зада кашон –кашон меоварӣ? Росташро гу!

Гуфтам, барои давлат, барои ватан, барои Президент бошад, иҷро мекунам.

Савол ин бор ин тавр шуд: Намоз мехонӣ?

Гуфтам, бале. Намозамро тарк накардаам.

Як нафарашонро ин ҷавоби ман сахт қаҳрашро оварду гуфт, ки «э, баре, и фанатикора ай гиҷо меёвен?»

Хуллас, ҷаласаи саволу ҷавоб тамом шуд.

Гуфтанд, ки бирав, дар утоқи корӣ мунтазир бишин.

Баъди ягон даҳ-понздаҳ дақиқа буд, ки куратор омад маро табрик кард ва гуфт, ки дар фалон ноҳия (яке аз ноҳияҳои дурдасти куҳистонӣ) ба ҳайси муовин меравӣ. Як сол ё ду сол кор мекунӣ, дигар инҷо меоӣ, марказ.

Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, аз дари он идора баромадаму гуфтам, дигар инҷоро пушти сарам бинад. Ва фардояш билет гирифтаму баромада аз Тоҷикистон рафтам ва ҳоло дар берун ҳастам ва дар як ширкат ба кори тарҷумонӣ машғуламу шаҳрвандии ин кишварро гирифтаам.

Ин буд қиссае, ки аз сари худи ман гузашт. Агар форад, нашр кунед, нафорад ихтиёратон.

Пекин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чандин вақт фикр кардам, ки нависам ё нанависам. Чанд бор шиштаму навиштам вале аз фиристоданаш худдорӣ кардам. Ҳоло ҳарчи бодобод мефиристам.

Мақолаи шуморо дар бораи Рамазон Раҳимзода ва баччаҳояш («Моҷарои як бону ва писарони Рамазон Раҳимзодаи ВКД») хондам. Ман бачаи Рамазон Раҳимзода, яъне Далерро хуб мешиносам ва он бону-духтарро ҳам дар борааш шунидаам. Ончи дар он мақола овардаед ягон зарра хатогӣ надорад. Ҳамааш воқеият аст. Пеши худам азоби виҷдон гирифтам. Он духтарро, рости гап ман мешиносам. Ман ҳам дар Пекин хондаам ва аз ҳама моҷарои онҳо огоҳам. Вайро як нафар бо фиреб ба Далер шинос кард. Ҳатто кор то ҳолатҳои нозук ҳам рафт.

Далери писари Рамазон Раҳимзода ду сол дар Донишгоҳи Пекин хонда буду он духтар як сол. То онҷо, ки ман медонам дар паси ҳамаи ин корҳо генерал Қудратуллло Назарзода меистад, ки шумо дар бораи вай (Генерал майори чатоқи МВД) ҳам навишта будед.  Ҳамин Назарзода ин ҳама корҳоро, аз ҷумла ҳамон духтарро барои шинос кардани он духтар ба Далер вобаста кардагӣ.

Чуноне ба ман ҳикоя карданд, ҳамон духтари шиноси Қудратулло Назарзода ва Далер, ки ба ин духтар ҳоло ҳам дар ҳар куҷо таҳдидаш мекунанд, тавассути интернет мебарояд ва фақат аз Далер гап мезанад. Тахминан 6 моҳ. Мегуяд, ки зани пешинаи Далер лесбиянка будааст, барои ҳамин аз вай ҷудо шуд.

Хулоса, Далер ва он духтарро бо ҳам шинос мекунад. Аввал аксҳои онҳоро ба ҳамдигарашон мерасонад.

Он духтар, ки дар нақши миёнрав буд бо Далер дар Пекин мехонд. Ин духтар ҳам мехонд дар онҷо аммо дар дигар донишгоҳ.

Барои ҳамин бо рақамҳои мобилии хитоӣ суҳбат мекард. Ин духтар аз он духтари миёнарав мепурсад, ки агар Далер ин тавр таърифӣ бошад, чаро худат бо вай робита намекунӣ, намегирӣ? Гуфтааст, ки «худам дилу гурда пайдо накардам, баъд тра гуфтам, ки бо вай шинос шав»

Ҳамин тавр шинос мешаванд. Ба гуфтаи он духтар Далер як бачаи занфеълаки тарсончак будааст. Духтарро ваъдаи қатъӣ кардааст, ки ба занӣ мегирам.

Духтар пурсидааст, ки ту уверенний? Далер ҷавоб додааст, бале на сто %

Навори видеоӣ карда мефиристад. Духтар ба модараш мефаҳмонад ва мегуяд,ки

«оча ҳамин хел одам мебиёяд».

Аммо Далер Тоҷикистон меояду бо ин духтар дигар тамоман гап намезанад. Баракс хонаводаи Далер ба ин духтар ранги душман муносибат мекунанд. Ва то ба имрӯз ҳам ин духтарро дар ҳар куҷо таҳти фишору озору таъқиб медиҳанд.

Он духтари миёнарав, ки буд як руз ба ин духтар занг зада хабар медиҳад, ки Далер зан гирифт.

Ин духтар тамоман парво намекунад. Чунки духтари хеле ҳам зебо аст. Бихоҳад, хостаашро ҳатман ёфта мегирад.

Аммо, аз онки фиребаш кардаву вақти тиллои ҷавониашро бо ваъдаҳои дуруғ гузаронидааст, сахт асабонӣ мебошад. Чунки зиндагии духтарро шикаст ва боз зери назораташ гирифта аст.

Ин духтар ба отдели милиса рафта аз онки бачаҳои Рамазон Раҳимзода намегузоранд, ки ором бошад, ҳамеша таъқибаш мекунанд, шикоят мекунад. Мегуяд,ки агар ман ягон гуноҳ дошта бошам маро гиред суд кунед, охир бас кунад аз қафои ман гаштану поидану фишор оварданҳояшро. Ба гуфтаи ин духтар, ҳатто бародару акаи Далер ҳам мисли худаш беғайрату беҷуръатанд. Рӯзе, ки отдел меравад онҳо дар даруни мошини сиёҳшиша нишаста баҷо мешавнад, назди ин духтар ба шуъбаи милиса намераванд

Духтар мегуяд, ки ман ҳамин ба духтариам, оҷизиам, бекасиам аз отдел баромадам, дар ҳоле, ки ин хелин корҳо дар шаъну шарафи хонаводаи мову ман нест.

Отдел даромада мегуяд, ки «гирен бачаҳота ҷамъ кунен, охир ман чи гуноҳ кардам. Ман гуноҳ дошта бошам баре мара суд кунен, лекин ман гуноҳ надошта бошам бас кунед аз қафои ман гаштана.

Ба гуфтаи ин духтар вақте Далер ва он духтари миёнарав дар зиндагиаш пайдо мешаванд, Қудратулло Назарзода барбабари онҳо мегаштааст. Ин духтар мегуяд,ки як бор шармандагии Қудратулло Назарзода дар назди ҳамаи онҳо баровардааст. Аммо Назарзода дусти ҷонии оилаи Далер будааст.

Дар ин миён падар ва як бародари ин духтар бандагӣ мекунанд.

Модараш мегуфтааст, ки марги онҳо муи сарашро сафед накардааст, қисмати талхи духтараш муяшро сафед кардааст. Сари ҷонамоз мешиштаасту фақат гиря мекардааст.

Мегуяд, ки ҳар боре модарамро дар ин ҳолат мебинам ҷону танам дард мегирад. Фақат оби чашмам резон аст.

Ин духтари бечора сахт дилшикаста шудааст, аммо инҳо ҳануз ҳам раҳояш намекунанд.

Ин аст он қисса, ки баъди мутолиаи матлаби шумо ночар шудам нависам ва ин аст вазири дохиливу бачаҳои вай, ки бояд ҳимоятгари инсон бошанд, аммо мебинем, ки душмани як духтари муштипар шудаанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №220   появились сначала на ISLOH.net.

Бег Сабур кӣ буд ва куҷо шуд?
-Ака, мегум ҳами Бег Сабур я чи пулдор шид. Бист сол муовини вазиру вазири алоқа, бо қудои Ҷаноб буд, пула суруп ҷаъм кард. Ҳаф пуштша таъмин кад.

-Э, сарша хура ин пулҷамъкунӣ. На номусш монда буд, на мардӣ. Ҳар вақте Зоир файродуш мекна поҳоша монда ба калаш медавид. Занта, духтарта, очата, апата хоҳарта б..м…

Сараш хам, гарданаш каҷ шиштагӣ, ранги гудак назди муаллим сарш хам ва забонша қурт кадагӣ, гунг, бо гардани қаҷала сари ду зону меистад…Ин чи сумдорӣ?

Бег Сабур дар ВАО

Бег Сабур, собиқ сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин ниҳоди ҳукумат аз соли 2004,аввал ба ҳайси муовин, сипас, 2006, муовини аввал ва ниҳоят аз соли 2011 ба ҳайси сардор кор кард ва дар январи соли 2025 ба сабаби расидан ба синни нафақа аз мақом барканор карда шуд.

Бег Сабур, танҳо ба истилоҳ вазири ҳукумати Раҳмонов буд, ки тули ин ҳама сол дар Хадамоти алоқа фаъолият кард. Дарозумратин мансабдори ҳукумати Раҳмонов.

Нуктаи дигар, ки Бег Сабурро бо дигар мақомдорони ҳукумати мутафовит мекунад, ин аст, ки алайҳи вай на танҳо расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мо, ҳам қаблан ҳам дар бораи Бег Сабур навишта будем ва ин навиштаҳо дар сомонаи мо таҳти номҳои  «Конҳои ангишти дараи Камароб аз они Бег Сабур шуд», «Вой дод аз дасти Бег, бги Бега», «Қудо шавӣ, вазиршавӣ, ҷудошавӣ, ҷазир шавӣ», «Ҷиноятҳои ҷияни Бек Сабур, домоди боҷаи Раҳмонов» ба нашр расида буданд.

муштариёни фиребхурда ва пушаймоншудаи домҳои сохтаи вай, ширкатҳои тавзеъкунандаи интернет, ҳамчунин аксарияти ниҳодҳои давлатӣ, то ҳифзи ҳуқуқуқ соҳавӣ забон тез карданду аснод таҳия карданд, ҳатто худи Раҳмонов ҳам дар як ҷаласаи ҳукумат дар соли 2022 интиқоди шадидаш кард, аммо то ба синни нафақа нарасид, ӯро аз ҷояш ҷунбонида натавонистанд.

Кумитаи андоз на як бору ду бор аз миллионҳои напардохтаи Бег Сабур ба молиёт мегуфту додситону додгоҳ огоҳаш мекарданду ҳушдораш медоданд, ки ислоҳ шаваду ислоҳ кунад. Кумитаи сохтмон ва меъморӣ эълон кард, ки дигар ширкати домсозии «Комил-2010»-и Бег Сабур ба руихати сиёҳ ворид ва аз ҳуқуқи домсозӣ маҳрум карда шуд. Марҳум Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон,   дар як нишасти хабарӣ гуфта буд:  «минбаъд барои сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ба ин ширкат «Комил-2010» қарордод баста намешавад». Вай гуфта буд:  «бо супориши шаҳрдорӣ умуман ба Бег Сабурович дар шаҳри Душанбе барои сохтмон ягон қарор намедиҳанд». Аз вай ширкати «Барқи тоҷик» даъво мекард, аз вай ширкатҳои тавзеъкунандаи хадамоти мобилӣ ва интернет даъво мекарданд, аз вай муштариҳои биноҳои каҷу килеб сохтааш даъво мекард, комиссия қабули дом даъво мекард, вале ягонҷоша ғам набуд. Ҳамаро задагӣ буд.

Дар соли 2020 Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кулоб дар як нишасти хабарӣ аз қарзҳои бузург ва молиёти напардохтаи Бек Сабур интиқоди сахт карда ва ӯро бо пичингу киноя «Хоҷа Аҳрори Валӣ» ном бурд ва таҳдид кард, ки дар Кулоб ба дару дарвозаи корхонаҷоти ҷаноби Сабур печат мезанад, аммо ҳукми Бег Сабур ончунон раво будааст, ки он бечораро на инки аз мақом барканор, балки ба 14сол зиндон маҳкум карданд.

Бег Сабур дар гузашта кӣ буд?

Нуктаи дигари ҷолиб ва ҳайратангез ин аст ки Бег Сабур, то инки ба Хадамоти алоқа биёяд, ҳадди ақал як ҳафта ҳам дар ин ниҳод кор накардааст, яъне як нафари комилан ғайритахассус ва дур аз ин соҳа буд. На инки дар вазорати алоқа кор накардааст, балки дар ҳеҷ ниҳоди давлатӣ кор накардааст, ҳатто бригадири колхоз набудааст, гузашта аз ин ҳама шаҳрванд ва як бизнесмен дар Русия буда ва аз Маскав ба Душанбе омадаву мустақим дар курсии ноиби сардори Хадамоти алоқа нишастааст.

Шояд бигуед, ки аз авлод ва таборони Раҳмонов будагист ва ончуноне мегуянд, қудои раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Дуруст, қудои Раҳмонов аст, аммо ин қудоӣ дар соли 2013 иттифоқ уфтодааст, на дар соли 2004 ,ки Бег Сабур аз Маскав омаду ноиби сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъин шуд.

Бег Сабур балҷувонӣ нест, ончуноне Раҳмонов аст, Бег Сабур шугновист ва то инки қудо бишавад, ҳиҷ робитаи таборӣ бо Раҳмонов надошт, мегуфтаст модрам аз туркои балҷувон аст.

Шумо агар тарҷумаи ҳоли Бег Сабурро як назар андозед, мебинед, ки ҳатто тарҷумаи ҳолаш «фалшивий» ва дуруғин аст. Масалан навишта шудааст, ки вай устоди Донишгоҳи омӯзгории Маскав ва номзади улуми физика аст. Ҳеҷ аҳаде ин ҳарфҳоро таъйид накард ва карда ҳам наметавонад. Вай на номзади илм асту на ҳеҷ гоҳ аспирантура, ки куҷо, донишгоҳро хатм кардааст ва он ҳам дар Маскав. Бале, солҳои зиёд дар Маскав буд ва пулдор ҳам шуда буд, аммо аз илм ба фарсахҳо дур аст.

Бег Сабур аз Восеъободи Восеъ аст. Вай дар солҳои 90 Маскав меравад. Қиссаи Маскавравиаш ҳам ғайриодӣ аст. Ҷавонҳои деҳа ва атрофи Восеъободро ваъдаи кор дар Русия, аниқтараш Астрахан медиҳад. Мегуяд Астрахан тарбузчинӣ меравем ва пули хуб кор карда бармегардем. Аз даҳҳо нафар ҷавонҳо ба баҳонаи роҳпулӣ пул ҷамъ мекунаду он пулҳоро гирифта ҳуй мехурад ва меравад Маскав. Ва, онҷо мемонад, чун дигар роҳи бозгашташ, баста буд, чун пулҳои рафиқонаш ва баччаҳои дигарро гирифта ҳуй хурда буд.

Бархе аз нафароне, ки дар солҳои 90 дар Маскав мустақар шуда буданд, ба кору бори Бег Сабур бо шакку шубҳа менигаристанд ва мегуфтанд, ки вай ба савдои «хоки ватан»-героин машғул аст.

Ин хоҳаре, ки намехоҳем аз вай бигуем, чун феълан дар ватан аст, танҳо ҳаминро, ки солҳои зиёд дар шумори наздикони Бег Сабур дар Маскав будааст, қиссаи ҷолибе кард. Вай гуфт, ки дар Маскав Бег Сабур бо Диловар Абдуллоев, бо кличкаи фархорӣ ва бо гурӯҳи муташаккили ҷиноии «Солнтсево» робитаи хуб ва ниҳоят дӯстона дошт. Диловари фархорӣ аз наркобаронҳои асосии тоҷик дар Маскав аст. Ва гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии «Солнтсево» як гурӯҳи муташаккили бисёр ҳам қавӣ дар олами ҷиноии Русия мебошад, ки онро дар асл худи Хадамоти амниятии Русия (ФСБ) барои аз олами ҷиноӣ дур андохтани гурӯҳҳои умдатан чеченӣ, ки баъди фурупошии СССР шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла Маскавро таҳти контрол доштанд ва таҳти сайтараи хеш даровардани даромадҳои ҳангуфти олами ҷиноӣ ташкил карда буд ва хеле аз аъзои он имрӯз бо рутбаи генералӣ вориди Думаи давлатии Русия шудаанд. Масалан афроде мисли Николай Патрушев ва Алексей Бортников, раиси собиқ ва феълии ФСБ ҳам «баччаҳо»-и ҳамин ОГП-и «Солнтсево» мебошанд. Худи Бег Сабур дар як сӯҳбаташ тасдиқ мекунад, ки вай бо ФСБ ҳамкорӣ дорад ва ӯро дар ФСБ хуб мешиносанд:

«Ман ҳамаи марҳилаҳоро гузаштам. Ҳатто метавонед ФСБ ё хадамоти амнияти Русияро бипурсед, ки ин одам кӣ буд. Аз нафароне ҳастам, ки дар кори худ аз адолат кор мегирам».

Бег чи тавр Бег шуд?

Он солҳо Бег Сабур дар Маскав дар проспекти Вернадский -113 панҷ –шаш магазини хурокворӣ дошт. Зиндагиаш мечархиду пеш мерафт. Аммо ин магазинҳояш он қадар пулдораш накарда буданд ва намекарданд. Яке як ҳодисае аҷибе руй дод.

Як фабрикаи дузандагӣ дар наздики метрои кунцевская дар назди бозори Кунтсево (Кунцевский рынок) воқеъ буд. Ин бозор ба мисли собиқ бозори Путовскийи Душанбе, бозори давраи СССР аст.

Он фабрикаи дузандагӣ иборат аз бинои сеошёна буд. Як ошёнааш дар таҳхона, дар поён қарор дошт. Ин бино тақрибан 1000 метри мураббаъ ё ҳатто зиёд ҳам масоҳат дорад. Ин биноро дар он давраи бесоҳибӣ Бег Сабур харид.

Қиссаи хариду фурӯши ин бино ҳам ҷолиб аст. Тахминан байни солҳои 2001-2002лулаи оби гарми ин бино ё кадом крани он мекафад ва аз таҳхона-ошёнаи аввал, чун девори он баланд-се метр аст, то ошёнаҳои боло об пур мешавад ва азбаски зимистон буд, пурра ях мебандад. Дар натиҷа деворҳои бино аз чанд тараф дарз пайдо мекунад, трешина медиҳад. Деформатсия мешавад. Ҳукумати вақти Маскав ин биноро ҳамчун бинои садамавӣ ба савдо мемонад. Барои онки харидор онро аз нав бисозад ва дар ҷояш нав кунад. Хуллас, ин биноро Бег Сабур тавассути сафири ҳамонвақти Тоҷикистон, ки ба он сафир ҳамчун папароза «кор» мекард, ба нархи 60 ҳазор доллар мехарад. Мебоист канда аз нав месохт.

Он вақтҳо рабочикҳои тоҷик дошт, ки дар магазинҳояш кор мекарданд. Бо истифода аз дасту бозуи онҳо он биноро як косметический ремонт карду ба Диловари фархорӣ -Диловар  Абдуллоев, ки дар Маскав «команда ва бизнеси вазнин» дорад ба нархи 850 ҳазор доллар фурӯхт. 60 ҳазор харид 850 ҳазор фурӯхт. Ҳуҷҷат карду дод. Ин бино бо тамоми таъмиру навсозӣ ба Бег Сабур бисёр ғалтида бошад 100 000 доллар ғалтид. Ана баъди ҳамон Бег Бег шуд.

Дар мағозаҳояш ҳамон вақт духтарҳои украинӣ, молдаванӣ ва тоҷикҳо ҳам, тахминан 10-15 нафар кор мекарданд. Тавассути баччаи ҳамон сафир ба меҳмонҳои аз Душанбе меомада он духтарҳоро барои истироҳат пешкаш мекард.

Бег чи тавр мансаб гирифт?

Бег Сабур, он солҳо, ки дар Маскав буд, чанд навбат ва дар чанд ҷо бо рафиқонаш шарт мебандад, ки аз ҳаминҷо рост ба ҳукумати Тоҷикистон меравад ва вазир мешавад. Шоҳидони он солҳо, ки аз Бег Сабур шинохти кофӣ доранд, гуфтанд, ки ҳатто қасам мехурд, ки меравад ва вазир мешавад.

Дар ҳақиқат, дере нагузашта ба Душанбе омаду дар вазорати алоқа лангар андохт. Ин вазифаро бар ивази пардохти 200 000 доллар харид. Аммо чи гуна?

Бег меояд Душанбе ва Зоирро (Зоир Соҳибов, шавҳари Фируза, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмонов) 200 ҳазор доллар медиҳад. Бег мехост, ки курсии вазирии энергетикаро тасоҳуб кунад. Аммо он замонҳо дар он курсӣ нафарони наздиктар, Шералӣ Гул нишаста буд.

Зоир ин маблағро мегираду Бегро раиси Федератсияи ҷумҳуриявии бокс мемонад. Бег Сабур аз ғаму алам гирифтори касали қанд мешавад. Қариб ду моҳ  аз ҷояш хестан ва роҳ гаштан наметавонист. Охир, ба як маълумот 200 аммо ба маълумоти дигар 300 000 долларашро гирифтанду ягон вазифааш надоданд.

Хабари касали қанд шуданаш ба Зоир мерасаду Зоир фарёдаш мекунаду мегуяд, ки «хайр, биё бачча як 200 тои дигар парто алоқада мемонем». 200 ҳазор доллари дигар «мепартояд» ва бо қарори ҳукумат ва имзои Эмомалӣ Раҳмонов, муовини раиси Хадамоти алоқааш мемонанд. Маълум нест, ки аз пули «партофта»-и Бег Сабур чи миқдораш ба ҷайби Эмомалӣ Раҳмонов даромадааст, аммо бо ҳамин дигар Бег Сабур то ҳамин сол, новобаста аз номуносибиву номувофиқативу нодониву нокоромадиву ношоистагиву  носазоворӣ бист сол бештар дар ҳукумати марказии Тоҷикистон, дар як мақоми калидӣ ва муҳим истод, ки чунин иқболи баланд ба каси дигар ҷуз худи Э.Раҳмонов насиб нашудааст….

Бег ҳамаро задагӣ буд

Масалан Бег Сабур ончунон задагӣ буд, ки бинои 16 ошёнаро то 20 ошёна мебардошт. Як нафар аз сардорони пешини Хадамоти назорати сохтмони Кумитаи меъморӣ дар он солҳо дар як нишасти хабариаш гуфта буд, ки «Дар натиҷаи чораҷӯиҳое, ки анҷом додем, сохтмони ду объекти ин ширкат дар Душанбе боздошта шуд. Ин як бинои бисёрошёна дар «Зарафшон» ва бинои баландошёнаи дигар дар хиёбони «Рӯдакӣ»-и пойтахт мебошад. Дар шаҳри Кӯлоб низ як сохтмони иншооташро манъ кардем ва нисбати як объекти дигараш ба прокуратура ва раиси шаҳри Кӯлоб мактуб ирсол намудем».

Як ду ховалингӣ сардори хадамоти техникии Тоҷиктелеком буданд. Вақте ба телефонҳои мобилӣ 0.80 дирам муштарипулӣ зам карданд дар ҳамон шабурӯзи подключат карданд Бег Сабур дар моҳ аз 185 то 300 миллион сомонӣ даромади соф ба даст меовард.

Агар ягон дармондаву муҳтоҷ пешаш меомаданд, даҳ-бист сомонӣ медоду мегуфт, ки надорад. Ақалан сад-дусад сомонӣ намедод. Аз Хадамтои алоқа беҳад суми калон кор кард.

«Баччаҳо»-и «Сонтсевкий группа» рӯзи дароз онҷо буданд. Пулҳояшро ба онҳо медод ва как будто ҳамонҳо проектҳои Бегро сармоягузорӣ мекарданд. Ҳамон сумҳое, ки дӯстони маскавиш барои тарҳҳои Бег вложит мекарданд. Дар асл пулҳои дуздиаш буданд. Баъд пулро аз ҳисоби Хадамоти алоқа ҷудо мекард ва ба онҳо-бачаҳои «Сонтсевкий группа» маош ҳам медод. Яъне двойнову севайно кор мекард.

Бо вуҷуди онки ширкат ва корхонаҳои таҳти идораи Бег Сабур аз ниҳодҳои давлатӣ даҳҳо миллион қарздор буданд, аммо солдармиён Раҳмонов онҳоро мебахшид. Бори охир ба 135 миллион сомонӣ бидеҳии «Тоҷиктелеком»-ро муоф кард. Ба Бег Сабур имтиёзҳои зиёд медод. Он вақт ҳама гумон мекард, ки ин ҳама ба хотири он аст ки Заринаи духтари Раҳмонов келини Бег Сабур мебошад. Масалан Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 0.80 дирами изофашуда ба арзиши пардохти моҳонаи муштариҳои телефонҳои мобилӣ интиқод кард ва гуфт ин як амали ғайриқонунист, ки ба ҷайби Бег Сабур даҳҳо миллион доллар даровардааст, на ба арсаи алоқа ва на ба буҷҷаи мамлакат. Аммо боз ҳам Бег Сабур аз об хушк мебаромад. Раҳмонов ба вай гузашт мекард, Раҳмонов ба вай имтиёз медод, Раҳмонов ба вай на танҳо мақом, балки яке аз калонтарин тарҳҳои сохтмони бинои Хадамоти алоқаро ба қиммати наздики як миллирад сомонӣ ба вай дод.  Аз ҳамон деҳаи Восеъобод як зани ҷавон гирифта буд. Вай таваллуди 93-94 аст. Аз вай соҳиби як кудак шуд ва ҷавобашро дод. Вайро як хонаи похсагӣ сохта доду тамом. Он зан ҳоло ҳам дар Восеъобод аст. Боз як зани фархорӣ ҳам гирифт. Вай ҳам ҷавон буд. Фарзанд дорад аз вай ҳам, аммо намедонем чандто.

Бег як зани яҳудӣ ҳам дорад. Аз Бирабидҷон, вилояти яҳудинишини Хантимантии Русия. Аз он зан се духтар дорад. Духтаронаш бист- биступанҷсола шудагианд. Ин духтари яҳудиро, ки сахт зебо буд дар Маскв гирифта буд.

Бег панҷ тарафа қудои бо «Семейка» дорад

Бег Сабур ба ин оила як духтар додаву чор духтар гирифтааст. Як духтари апааш-ҷиянашро ба бародари Зоир, ки Зубайдулло ном дорад, додааст.

Як духтари Файзиддин Нахшов, боҷаи Эмомалӣ Раҳмоновро Бег Сабур ба Саид Зуҳуров бачаи акояш додааст. Ин духтар дар хонаи Раҳмонов калон шудааст ва духтархонди Раҳмонов аст. Як баччаи апаи Бег Сабур хоҳари Зоири домоди Раҳмоновро гирифтагӣ аст. Одами дуввуми фурӯдгоҳи Душанбе аст. Зафар ном дорад. Бег Сабур хоҳари ҳамин Зафарро ба додари Зоир дод.

Хасисиву мумсикии Бег Сабурро бо як ҳикояти воқеӣ исбот мекунем. Сабур, яке аз писраҳои Бег Сабур, ки ба номи бобояш гузоштааст пояш ланг аст. Он вақтҳо ба камияш Бег Сабур дар обороташ аз 500 ҳазор доллар кам надошт. Як нафар, ки он солҳо дар Маскав аз Бег Сабур бохабар ва равуо дошт гуфт, ки як шиносе барои ин баччаи Бег Сабур духтур гапзанон мекунад. Духтур мегуяд,ки бар ивази 1000 доллар пояшро шикаста аз нав мебанданд ва пояш соз мешавад.

Аммо вақте Бег Сабур мешунавад сахт ошуфта мешавад, ки «1000 доллар аз куҷо? Ман нони хурдан надорам.»

Мегуянд, ки Бег баробари як кудаки синфи як ақл надорад. Аммо дар сумёбӣ беҳад бало аст. Буи пулро эҳсос мекунад ва мефаҳмад ва мебинад. Шабу рӯз дар фикри пул аст. Ва, барои худ планҳо кашид. Бег фаҳмид, ки инҳоро, яъне Раҳмонову Зоиру Азизмову Тахминаву дигару дигараш фақат ба ҳамин пул наздик карда мешавад. Ва, аз қазо ин роҳ худаш рост шуд. Бегро ҷалб карданд. Дар назди «Домпечат» як мағозаи чандошёнаи замонавӣ ҳаст бо номи «Ситора»,ки он аз они Тахмина буд. Ин мағоза дар рубаруи «Домпечат» воқеъ аст. Тахмина онро ба Бег ба нархи 3 миллион доллар фурӯхт. Ягон одамизод бо он рах дар он шабурӯз бо ин нарх ин мағозаро намехарид. Як вақтҳо ин мағозаро Маъруф Орифов, соҳибкоре, ки шабакаи мағозаи «Орима» дар Душанберо ташкил карда буд ба иҷора гирифта буд.

Сирри 21 сол дар вазифа будани Бег чӣ буд?

Бег Сабур як корбудкунак шуд, корбудкунаки Оила. Масъалаи сохтмонҳо ва домҳои Бег Сабур аҷиб аст. Ин сохтмонҳое, ки дорад аксарияташон дасти дуюманд. Масалан Тахмина як домро мегирад. Вай вақт надорад, ки биёяду онро бисозад. Меояд Бегро фарёд мекунад ва ба Бег тахминан чунин мегуяд: «ана ҳамин дом дар фалон сомонӣ сохта мешавад, фалон сомонӣ фоида дорад. Баъди сохтмон ту моро 70- 80% бидеҳ. Бигир дигар корро шуруъ кун. Ягон кас аз ягон идора пеши ту намеояд».

Ин тарзи домсозӣ, навъи тиҷорати муосирро бо Бег ҳама аъзои оилаи Раҳмонов то Зоиру дигару дигараш ва то худи Азизмо анҷом медиҳанд. Тамоми ҳуҷҷату кришавату ҷой барои сохти домро инҳо-Тахмина, Азизмо, Рустам, Зоир ва дигару дигараш мегиранду таъмин мекунанд, Бег Сабур бошад корро буд мекунад. Яъне Бег Сабур корбудкунаки оила буд. Ҳам ба онҳо хизмат мекард ва ҳам худаш,бо 20-30%-и даромад аз сохтмони дом даромад дошт, даромади конкретӣ, бо гарантия ва бидуни кадом тафтишу санҷишҳо ва бидуни кори кадом комиссияи қабул. Барои ҳамин буд, ки бо ҳамин қадар ҷазириву вайронӣ ҳеҷ кас ҳеҷ чизаш намегуфт. Чунки он домҳо дар асл аз они худи Оилаанд.

Ана ҳамин аст розу асрори асосии Бег Сабур. Ва чаро вай бо ин ҳама қабоҳату ҷиноят муҷозот намешуд, домҳои каҷу килеби ғайристандартиаш қабул мешуданд, сабабаш ҳамин «бизнес»-и муштаракаш ба Оилаи Раҳмонов буд. Яъне Бег як гови душоии Раҳмонов ва оилаи вай буд.

Барои ҳамин касе натавонист, ба дасти Бег об резад, касе наметонад пишакашро пишт гуяд, буруташро табар намебурад. Оё масъала фақат қудоӣ аст, дар ҳоле, ки Зарина  ҷудову Сиёвуш ҷудоанд.

Дар ҳақиқат ҳама дар ҳайрат буд, ки ин Бег Сабур чи дорад, ки ҳамаро тавонист яксараву якбара  кунад. Зури касе нарасидаш.

Тоза фаҳмидем, ки ин домҳо аз они Бег Сабур набудааст. Ин домҳо дар асл аз они духтару зану домодҳои Раҳмонов будааст ва Бег Сабур фақат ходими онҳо будаву хидмат мекардааст. Чуноне мегуянд: « Ба номи кӣ, ба коми кӣ» Инки Раҳмонов ба Бег Сабур гузашт мекардааст, имтиёз медодааст, дар асл ба худашу баччаҳову домодҳояш гузашт мекардааст. Пулҳои Хадамоти алоқа, пулҳои Тоҷиктелеком ва пулҳои муштариёни домҳои Бег Сабурро барои сохтмони домҳои Тахминаву Зоиру Азизмо сарф мекардаанд. Мегузоштанд,ки Бег ғорат кунад ва дар биноҳои афроди ин оила сарф кунад. Дар охир худашон мефурӯхтанд хонаҳоро ва чанд дарсаде ба Бег медодаанд. Ин буд ҳаёти воқеъӣ ва пушти пардагии Бег Сабур.

Сообщение Бег Сабур кӣ буд ва куҷо шуд? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №217
Раиси нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ҳоло ҳеҷ кореаш нашуда Бег Сабурро гузаронд. Дар тамоми макотиби мутавасситаи кишвар як маъракаи васеъмиқёси ҷамъоварии маблағ сари ҳар талабаро ба роҳ мондааст. Ҳади ақал Бег Сабур ба мактабҳо кор намегирифт.

Вайфай мегузаронем ба мактабҳо гуфта аз ҳар талаба 150 сомонӣ пул гирифта истодаанд. Ин гуна хабарҳои ташвишовар аз навоҳии махсусан вилояти Қурғонтеппаи собиқ: Ёвон, Дустӣ, Ҷалолиддин Балхӣ ба мо расида истодааст.

Намедонем ин вазири нав бо прокурори нав ин масъаларо «ҳамоҳанг» карда бошад, чун ин як амали оммавии қонуншиканӣ ва суиистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои корӣ аст. Бубинем, ки Прокурори нави кулл Ҳабибулло Воҳидзода пеши ин қонуншикании вазирро мегирад ё қуш намешавад?

Дустӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо ҷавонони ноҳияи Дустӣ, собиқ Ҷиликул намедонем чи гуем бо ин гуна роҳбарону раисону директорони мактабҳо ва раисони қишлоқ дар мактабҳо. Маҷлиси падару модар ҷеғ задан рафтем, пешниҳод карданд, ки дар мактаб вайфай мечаспонем. Мо фикр кардем, ки 10 ë 5 сомонӣ ҷамъ мекунем. Неее 150 сомонӣ!!! Баъзе аз модарон хестанду гуфтанд, ки мо надорем шароит: « ма 3 талаба дорам, дигариаш гуфт ма шаш талаба дорам». Заноне ҳам буданд, ки хеста гуфтанд, ки «мо рози чияй 150 сомонӣ, мардакомон барои баччаҳошон да Русия кор када равон кунан, фарзанда хонондан даркор». Ана ҳамин намуди занони камандешаву ингуна гапҳоро дар ҷомиа мегуянду розигӣ медиҳанд, аммо фикр намекунед, ки фарзандони шумо, шавҳарони шумо дар таги пой урусанд, лагат зада мебарад лагат зада меорад.   Фикр кунед як бор, ки дар муҳоҷират шавҳарат чи азобе мекашад. Надиданд азобро, пулро дидану бозорро.

Воқиеяти кор, инки бародар, сари ҳар як талаба 150 сомонӣ, бор карданд. Ками кам 500 талаба дар як мактаб. Ҳисоб кун дар инҷо 0 лавой-синфҳои тайёрӣ. Мактаб баччаҳоро ҳисоб мекунанд. Мактаберо медонам, ки то 700 талаба дорад:- 150 сомонигӣ мегиранд, ки  ҷамъи ин маблағ мешавад 105 ҳазор сомонӣ. Боз 13 сомонии дигар барои сурат мегиранд- 9100 сомонии дигар.

Аллоҳ лаънатат кунад Эмомалӣ. «И чи рузи сиëҳай сари миллати мазлум овардӣ»? Муҳоҷирон худашон дар Русия дар азоб, милиса меқапад, бардуруғ регистрацияат фалшивий мегуяд. 10 ҳазор рубл медиҳӣ, надиҳӣ депорт. Бечора депорт накунад гуфта копеекҳои ҷамъовардаашро медиҳаду қарз мегирад ва боз барои қарз кор мекунад.

Мо гуфтем Бег Сабур рафт ягон одами боимон меомадагист. Аммо ин одами овардааш мақъади Бег Сабурро даронд. Мо ҳайронем, ки дар деҳа вайфай чи кор меояд? Свет нест. Саҳар талабаҳо мактаб норафта свет мемурад. Баъди дарс хона меоянд ,то ҳол свет наомадааст. Вайфайро дар онҷои Азизмои газетхонак мезанӣ, ё дар зани Рустам, ё дар они Озода? Свет нест вайфайро чи кор мекунем, гуфта мепурсем. Мегуянд, ки аккумулятор мемонем. Вайфайро дар аккумулятор мезанӣ, компютерро дар ягонҷои Азизмо мезанӣ?

Ман аз сокинони тамоми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки пул надиҳанд. Ба фикрам раиси нави Хадамоти алоқа чи безнесе карданӣ аст, ҳамроҳ бо гунгаки Рустам девона кардаанд.

Аз директор мепурсем, ки чи ролро бозӣ мекунад вайфай. Аз бесаводиаш мегуяд, ки    «талабае дарсда ҷавоб ната бе тарбиягӣ кунад дар тилфони падаруш ë модарш равон мекнем, баҳои чанд гирифтаст ë бад ахлоқӣ кадестай фарзандт». Тавба охир модарони фарзандҳомон ҳар рӯз дар мактабанд ва бо вайфай ба куҷо чи равон мекунанд ин аҳмақҳо? Охир мегуфта боши мо почтаи электронӣ дорем ва номаҳои директори мактабро мехонем дар Русия. Ин чи девонагист?

Аҷаб!! Ҳозир ҳама интернет дорад, агар ҳамонро роҳӣ карданиӣ ба телефони   дастиат равон кунӣ ҳам мешавад.

Ман аз муҳоҷирони мазлум хоҳиш мекунам, ки ба қадри заҳматҳои кашидаатон расед, аслан пул равон накунед.

Инро фаромӯш накунед, ки агар он тавре, ки муаллимҳо мегуянд, ба номи Худо номерҳои занҳоятонро мегиранд, баъд аз ин тараф меравед, ки «янга муаллима шидагияй, аз ман хафа нашен».

Ба Худо қасам рост мегуям, чизеро дидам ҳамонро мегуям. Хоҳиши ман аз бародарони Дустӣ ҳамин аст, ки гуфтам. Қишлоқи 8-Март, Первомай, Бадахшон,  Агроном, Сурх, Миравой, Лоҳутӣ, Гаровутӣ, Ленин, совхози Москва, бародарҳо ҳушёр бошед: « Худтон бестен як фикр кнен, ҳо мегем 150 сум чияй, не ки ту мактаба бин ки чан талабаҳай. Ҳисоб кун сари талаба, ба и пул як мактаби дига месозӣ, э, бародаро ҳишëр бошен. Ба ма гуфтаниям, ки райсони қишлоқ вахте ки ягон модари мазлум хеста гап мезана ба ҷой мардони мурғ шумо унора наген, ки ҳе хап кун ҳамиҷа мардо ҳастан. Як хел раист ҳамихел мразай. Накнен и кора монен, ҳами модаро Раҳмонова чапа кнан вақте хдт ҷуръат намекнӣ».

Рудакӣ

Асалому алекум ва раҳматуллоҳ.Мо хонандагон ва бинандагони доимии «Ислоҳ»-ем. Мо пеш дар бораи Тошев Амир ва Тошев Саид навишта будем ва собиқ раиси пешинаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ, заминфуруши №1 Алихон аз деҳаи Кишоварзӣ пешина Ҷугибод. Аммо дар бораи ин нафарон ягон чорае дида нашуд. Маълум, ки ба «боло» ҳатман устухон додагиаст. Тошмуроди наркобизнеси калон ба яке аз рафиқони ҳамдеҳааш гуфтааст: «ин тоҷикора ва данғарагиҳора …» Хуб, дигар беодобӣ нашавад,.. «ису усу кадан беҳад осонай» гуфтааст.

Бародар изои мумин ҳаром аст гуфта хеле фикр кардем ва хамуш истодем, дигар нашуд. Ин бадбахт худаш як гадо буд. Миллати вай қалуғ аст, тоҷикҳоро бад мебинад. Ҳоло мардумро ба коррупсия подстава мекунанд ва аз пули ҳаром ба куҷоҳо расиданд. Ин кличкааш Муха аст. Мухаи бадбахт дар ноҳияи Рудакӣ дар колеҷи трактор созкунӣ хондагӣ аст. Чандин ҷавонро шинондан ва камтар сумдор ҷавонҳоро подстава карда суми калон гирифтанд.

Насиба гуфтанӣ як духтар буд аз деҳаи Алибоӣ, ҳамдеҳаи ҳамин Муха. Ин оқипадар бо ҳамроҳи ҳамон духтар чандин ҷавонро аз элак гузаронд, бо дастони   кормандони коррупсияву мақомот бовар кунед. Бародар то ин дараҷаҳояшро нав дидем. Ман ҳам яке аз кормандони мақомот ҳастам, бовар кунед, виҷдонам намебардорад вақте ин корҳоро мебинам. Хуллас Насиба бачаҳои нав аз Маскав омадагиро хонааш даъват мекард ва дар онҷо айшу ишрат мекарданд. Дар ҳолати ҷушии кор Муха бо кормандон медаромад ва баччаҳоро то саҳар вақт медоданд, ки ҳаминқадарӣ сум меоред. Аз як бародари Олисоветӣ маблағи як мошинро гирифта буд. Ҳайратовар ин аст ки  ин корҳоро боз дар байни рафиқони наздикаш таъриф мекард. Ин Насиба дар ноҳияи Рудакӣ дар тарабхонаи Ситора ба ҳайси раққоса кор мекард ва дар он ҷо баччаҳоро ҷалб карда дигар рӯзҳо хонааш даъват мекард. Ин Мухаи бадбахт 8 помещение магазин танҳо дар ноҳияи Рудакӣ дорад ва 4 хонаи истиқоматӣ ва 4 аспи бузии18 ҳазор $ дорад ва дар Душанбе ҳамчунин помещение ва хона дорад. Дар Садбарг хонаи бачааш ва мошини мерседеси 80 ҳазор $ баччаашро медонем, ки бачааш 18 сола аст. Ин помещение ва хонаҳояш ягонтоаш дар номи худаш нест

Дар бораи раиси маҳалла ва як коргари отдел боз менависем ва бузҳои ҳозираро, ки дар пули як порс ош бародаронашро мефурӯшанд. Дар мавриди баъзе амалҳои раиси ноҳияи Рудакӣ гуфта будед мо ҳам ин амалҳоро шунида будем вале аҳамият надода будем. Ҳатман аз пушти ин масала ҳам мешавем ва чизе пайдо шуд бароятон мефиристем.

Екатеринбург

Ассалому алейкум Устод Муҳаммадиқбол! Умедворам, ки хубу саломат бошед.

Банда, дар ғарибӣ ҳастам ва ҷои буданам муҳим нест, ки куҷост! Бигзор нависед, ки Екатеринбург. Аллоҳ худ

шоҳиди асосист ва ӯро ман ба расонидани ин амонат ба шумо ва тамоми халқи мусалмони тоҷик зомин, ё худ гарант қарор медиҳам.

Мехостам амонати як бародари ғарибро, ки ӯ низ як сол мешавад, тарки Ватани азиз кардааст, расонам. Рости гап ӯ лаҳҷавӣ суҳбат карду ман ба қадри имкон нақли ӯро адабӣ навишта кардам. Ӯ ба ман чунин нақл кард:

«Бародар сабаби ба ғарибӣ омадани ман ин нангу номусам шуд. Ман, ки ҳамсардор шудам, ҳарду худотарс будем ва ин сабаб шуд, ки ҳамсари ман ниқоб ба бар кунад. Ҳар кучое, ки мерафтем, хоҳ ба берун, хоҳ ба ягон бинои давлатӣ, ҳамсарам ҳамавақт ниқоб мекард. Аввалҳо ягон мушкил надоштем, ҳама хуб буд. Вале пасон, сахтгириҳо оиди сатру ниқоб, ки шуруъ шуданд, ба мо низ аллакай таъсири бади худро расониданд. Ман ҳис мекардам, ки чи хел бо мурури замон имонам заиф шуда истодаасту лекин рашки исломиям не. Чун аз ҳадис медонем, ки марди берашк ин даюс аст ва даюс буи ҷаннатро ҳис нахохад кард, куҷо монад ба дидани ҷаннат. Хуллас, бо мурури замон, бо сабаби ин режими худонотарс ба ҳамаҷо рафтан мушкилӣ пайдо кардем. Ҳар ҷое,ки намерафтем, аллакай чашми ман ҳар тараф чор буд, ки мабодо ягон корманди милиса, ё амният ҳозир омада ягон чиз пурсон мешавад. Ман барои худам умуман бепарво будам, чунки аз давраҳои баччагиям бо ин одамон вохурдааму рафторашонро медонам, ки чи гуна аст, аммо барои ҳамсарам ҳарос доштам. (Бовар дорам, ки ҳатто волидайну хешонаш ғами дини ҳамсарамро мисли ман намехурданд.Режими худонотарс аз мардонашон умуман рашку нанги исломиро бардошт. Ҳатто хусурам ин рашки мардонагиву исломиро аз даст дода буд).

Ва худ ба худ мегуфтаму ҳатто омода будам, ки мабодо ягон корманд омада ҳамсари маро ба ягонҷо бурданӣ шаваду ё ин ки ниқобашро кашиданӣ бошад, омодаам, ки гарданашро бо дандонҳоям канда партояму лекин ба ҳамсарам ягон чиз нашавад. Аллоҳ худ шоҳид аст аз дили ман. Чунки ҳазрати Усмон (Аллох аз у розӣ бод) мурданро ба калла гирифту розӣ нашуд, ки ҳамсараш пеши хавориҷон ниқобу сатр кашаду то ки онҳо тарки хонаи ӯ кунанд. Ба ҳамсараш гуфта буд, ки розиям маро ҳаминҷо тикка-тикка кунанд, аммо як тори муи туро набинанд. Ё ин ки ҳазрати Алӣ (Аллоҳ аз ӯ рози бод) мегуфт, ки магар шумо ҳамсарҳои худро рашк намекунед, вақте ки як нигоҳи марди номаҳрам ба онҳо меуфтад?».

Устод, ҳангоме, ки бародар ин нақлро мекард, ашк гулугираш мекард. Чунки дар воқеъ толибилми хубе буд дар вақташ.

Давоми қисса:

«Аз пушти ҷангу нофаҳмиҳо бо ҳамсарам, ки худсарона бе иҷозати ман тарки ниқоб кард, ҷудо шудаму як сол пеш тарки Ватан кардам, чун номусам набардошт.

Ва ҳаргиз на дар ин дунё ва на дар он дунё ин чизро ба Раҳмонов, ки созандаи ин режими Худонотарсон аст, намебахшам. Ба ҳамсару авлодаш ҳам, ки тоқати ин имтиҳони Аллоҳро сабр накарданду бо номуси исломии ман бозӣ карданд, намебахшам. Чунки ман хонаамро бо ҳама маҳсулоти ғизоӣ ва тамоми чизашро бо зиёдатӣ таъмин мекардам ва ниёз ба кашидани ниқобу беиҷозат ба берун баромадан лозим набуд. Ҳатто ба он нафароне, ки барои ингуна қонунҳои зиддиисломӣ машварат доданд, кумак карданд, қабул карданд, иҷро карданд, на дар ин дунё ва на дар он дунё намебахшам. Бидонед, эй нафароне, ки рӯзе дар ҷанозаи Раҳмонов ҷамъ мешавед ва нафаре, ки имоматии ин ҷанозаро мекунад, ишора ба туи аҳмақ дорам. Вақте пеш аз ҷаноза туи имом бар ҷамъомадагон амри маъруф мекунӣ ва мегуӣ, ки дар дунё 2ҳақ аст – Ҳаққулоҳ ва ҳаққулъабд. Яъне ҳаққ дар назди Аллоҳ ва ҳаққ дар назди банда. Аз Аллох дуо мекунӣ, ки ҳақи худро ба майити Раҳмонови Худонотарс бубахшад, чунки У — Раҳмону Раҳим аст.

Пас,мегуӣ,ки агар майит-Раҳмонов аз шумо қарздор буд, ё ҳаққе дар болояш доштед, бубахшедаш. Ана ҳаминҷо, эй имом ва эй нафарони ҷамъшуда донед, ки ман умуман намебахшам. Чунки ман доим дар намозҳоям дуо мекардам, ки эй Аллоҳи Бузург ба Раҳмонов ва тудаи гирду атрофаш инсофу имон ато намо, то қонунҳояшонро иваз кунанд. Ҳадди ақал, кор нагиранду монанд, ки мо зиндагиву нафаси озод дошта бошем. О, мо низ фарзандони ҳамин Ватан ҳастем ва угай нестем, агарчи ба ту-Раҳмонови Худонотарс ин чиз писанд наояд ҳам!

Агар ҳатто ёбеду мисли Рустами Абдураҳим дар куни БТР баста, на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми ҷумҳурӣ аз болои хору сангу гил кашед, намебахшам. Танҳо аз Аллоҳи Пок дуо мекунам, ки он лаҳза аз ман розӣ бошад, гуноҳонамро бахшад ва шаҳодатамро қабул кунад, тамом.Чун, ман барои бозӣ ба тарзи исломӣ зиндагӣ карданро дар ҳаётам ба роҳ намондам. Барои ҳазлу шухӣ зану фарзанддор нашудам, ки имрӯз аз пушти қонунҳои зиддиисломии шумо аз онҳо ҷудо ва дар ғарибӣ зиндагӣ кунам, чунки номусам набардошт. Ман ҳақи худро дар назди режими худонотарси Раҳмонов пурра иҷро мекардам, ягон қонунвайронкунӣ намекардам. Андозамро, ки аз супориданаш норозӣ будаму ҳастам, сари вақт месупоридам. Бинобар ин, ман дар болои Раҳмонов ҳаққ дорам, чунки ба қавли худаш «подшоҳ»-и мост. Оҳ, агар у лаҳзае медонист, ки ҷавобгарӣ болои халқу раъият чихел мушкил аст, ҳаргиз ин вазифаро қабул намекард. Ҳатто, пул медоду мегурехт аз ин вазифа. Аммо афсус, ки дили ӯ кур аст, аммо мурдан-ку дорад. Ва ба қавли қонунҳои режими худаш, ки «надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад», надонистани қонунҳои Офаридгор рӯзи маҳшари ҷонгудоз аз ҷавобгарӣ озодат нахоҳанд кард. Ҳатто як тангаи пуче, ки аз захираҳои қимматбаҳо, аз тамоми чизи Ватан, ки дар он ман ҳақ дорам, ҳамчун раъият, ман намебахшам. Гуноҳонам зиёданд. Ин ша Аллоҳ ба сарат бор хоҳам кард. Агар тамоми Тоҷикистон бубахшадат, дон, ки шуруъ аз ҷанозаат то вохурӣ дар рӯзи маҳшар ман намебахшамат. Аввал барои қонунҳои зиддиисломият, ки сабаби ҷудо шудани ману модари фарзандонаму фарзандонам гашт ва дуввум барои тамоми чизе, ки бо мардум бояд тақсим мекардӣ, иҷро накардиву худу авлоди носераматро пур кардӣ.

Бовар ҳам накунӣ агар, дар дунёи абадӣ ҳамаи ин дарди сарат хоҳанд шуд. Чунки он рӯзи адолат, рӯзест, ки бузи якшоха аз бузи душоха барои ноадолатияш қасдашро хоҳад гирифт».

Устод, бовар кунед, вақте ин бародар нақл мекард, тани маро ларза мегирифт ва Худоро шукр мекардам, ки дар ҷои Раҳмонов нестам. Чаро, ки ин нафар ин қадар нафрат дорад ва рӯзи қиёмат аз каштали ба ном «подшоҳ» мегирад, пас онҷо миллионҳо тоҷики мусулмону баномус ҳастанд, ки ин корро хоҳанд кард. Шукри Аллоҳ, ки дар ҷои Раҳмонов нестам.

Устод, ман ба шумо амонатро расондаму он тарафаш қазоват аз шумо, ки онро чоп кунед, ё на! Амонатро ба шумо ва шуморо ба Аллоҳи Пок месупорам!

Бо эҳтиром,

Мусалмони миллатдӯст!

Нуробод

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Аллоҳ шумо ва ҳама муборизон бар зидди ин режимро ҳифз намояд. Ман мехоҳам дар бораи рӯйдодҳои соли 2010- 2014, ки дар деҳаи Қалъаи назари ҷамоати Самсолиқ (Сафедчашма)-и ноҳияи Нуробод ба амал омада буданд, дар як нома рӯи коғаз нависам.

1.Соли 2010 муҷоҳидин бо роҳбарии қумандон Мулло Абдулло  Раҳимов дар ҷамоъати Самсолиқ, деҳаи Қалъаи Назар ҳузур доштанд. Инҳо аз шермардони ҳамин диёр буданд. Ин муҷоҳидини ҷон ба каф молу дунё ва зану фарзандону падарону модарони хешро гузошта ба сангар ба тарафи кӯҳ баромада буданд, то дину миллати хешро аз ин тоғутиён озод намоянд ва юғи бардагиро аз дӯши ин миллат бардоранд. Аммо афсус, ки ин ҳукумат баҳори он сол бар алайҳи ин шерон амалиёт гузаронд ва ҳамаашонро ба қатл расонид. Аз ҷумла Мулло Абдулло Раҳимов ва Мавлавӣ Зикруллоҳ, ки як донишманди хуб ва шермарди ҷасур ба шаҳодат расонида шуданд. Ҷасадашро ба масҷид оварданд. Сипас модарашро оваранд ва ба ӯ дашном мекарданд ва мегуфтанд писари террористатро куштем. Ин модар, ки огоҳии динӣ дошт монанд ба модарони замони Паёмбар буд. Писарашро дидан замон дар оғуштаи хун гуфт Алҳамдуллилоҳ писарам шаҳодат муборак. Қумандонҳо ва афсарон ҳайрон шуданд, чун ин модар на нола ва на гиря кард, балки гуфт Алҳамдуллилоҳ. Ин якумин фарзандаш набуд. Пас аз ин Аллоҳ боз 5 фарзанди ин модарро аз ӯ гирифт. Онҳо ҳам дар ҳамон ҷанг ба шаҳодат расонда шуданд. Ҳамаи он муборизон, ки дар кӯҳ буданд ба қатл расиданд. Ҷанг то 10 рӯз давом кард ва мурдаи ягонтои онҳоро ба соҳибонашон надоданд ва онҳоро бор карда бо худ бурданд. Ва ҳатто видоёҳое дидем, ки онҳо дар як сардхонае луч партофта шудаанд. Ин золимон на танҳо ба зиндагон, балки ба мурдагон низ раҳм надоранд. Аллоҳ шоҳид аст, аз мурдаҳои ин шаҳидон низ метарсиданд. Вақте медиданд, ки ҷасадашон шах намешавад, хунашон беист ҷорӣ мешавад, дар ҳайрат монда буданд. Онҳо ба ин чизҳо имон надоштанд. Аз ҳамин сабаб ҳатто пас аз шаҳодати ин шаҳидон низ дар деҳаҳо солдатҳо ва ротаҳои худро партофта буданд, ки мабодо боз Муло Абдулло Раҳимов пайдо шавад.

2) Режими Раҳмонов дуюмбора зимистони солҳои зикршуда боз ҳуҷумро болои мардуми деҳаҳои Шербегиён ва Қалъаи Назар гузаронд, ки дар натиҷа 12 нафарро боздошт намуданд. Онҳо рост ба масҷидҳо ворид мешуданд ва телефони ҷавононро тафтиш намуда онҳоро таҳқир ва таҳдид мекарданд то бо Ансоруллоҳ робита надошта бошанд. Он ҷавононеро, ки ба отдел бурданд, шиканҷаҳои зиёд карданд, сузанро ба нохунҳояшон медароварданд. Ва ҳатто ба узвҳои мардиашон  тевана-сузани ғафс  мехалониданд, то дигар ба зидди ҳукумат аз ин деҳа касе гап назанад.

Як бародар гуфт, ки замоне дар хонаи яке аз мардони хуби деҳа будам. Амният ҳамаи хонаро муҳосира намуд ва ҳоҷиро ба ҳавлӣ бароварда пурсуҷу ва хонаро кофту коб намуданд. Ва китобҳои исломӣ, аз ҷумла Қуръону ҳадис ва дигар китобҳои диниро дар мобайни ҳавлӣ бо беэҳтиромӣ карда ҷамъ карда ва ин шахсро ҳамроҳи китобҳо гирифта бо худ бурданд. Ба мисли ин ҳоҷӣ чандин  олимону мусафедони ин деҳаро бо худ бурданд. Аз онҳо маблағҳои калон1000 долларӣ гирифта ва боз онҳоро бо шиканҷаҳои гуногун таҳдид мекарданд, ки салафӣ буданшанро эътироф кунанд. Аммо салафӣ гуфтани онҳо баҳона буд то ба чашми мусалмонон хок бипошанд. Гуноҳи онҳо фақат гуфтани ҳақиқат дар баробари режими золим буд. Аз дехаи дигар чандин муллоҳои хубро, ки аз ҳукумати золим безор буданд бурда зиндон карданд ва ҳатто волидайни муҷоҳидинро бурда зиндону шиканҷа намуданд.

Ва модари яке аз муҷоҳидини ба шаҳодат расидаро писарат террорист гуфта зада ба қатл расониданд ва падараш бошад дар зиндон мурд. Аллоҳ ин шаҳидонро қабул намояд ва хуни ин шаҳидон сабаби бедории ин миллат гардад. То дуюмбора инқилоби шерон барпо шаваду режими золим аз байн равад ва як ҳукумати одил барпо гардад.

Зулми режими Раҳмонов болои мардуми деҳаи мазкур то ҳол идома дорад . То кунун амният дар ин деҳа кор мебарад ва ҳар киро хоҳад бурда пулашро канда ӯро сар медиҳад, албатта бо ёри бузҳои дар дохили мардум буда.

Падарони писаронеро, дар ҷамоати Ансоруллоҳ ҳастанд зиёд азобу машаққат медиҳанд ва таҳдидҳои зиёд мекунанд. Ва ҳатто мисли андоз барин аз онҳо ҳар вақт хоҳанд ё пул ё мол мегиранд ба мисли дуздон ва ғоратгарон.

Масҷидҳои деҳаро қаҳвахона карданд ва ба масҷидҳо телевизорҳоро гузоштанд то мардум паёми Раҳмоновро гӯш кунанд, ба ҷои амри маъруф ва зикру тиловати Қуръон дар масҷид.

Дар Афғонистон агар як ҳодисае рух диҳад ин амниятиҳо мардумро боз азоб дода онҳоро ба отделҳо фарёд карда аз нав баёнотҳо мегиранд. Ин ҳам аз тарси он ки мабодо Ансоруллоҳ вориди Тоҷикистон гардад.

Як сол Раҳмонов ба ноҳияи Нуробод сафар кард ва амният пеш аз омадани ӯ мардумро сахт муҳосира кард ва ҷавонҳое, ки дар рӯйхати сиёҳ буданд ҳамаашонро оварда дар амният маҳкам карданд. Вақте ки Раҳмонов аз Нуробод баромада рафт онҳоро боз озод карданд. Сахт метарсанд, то ин шерон мабодо дили пешобашонро ранҷонанд. Чандин нафарон аз ин деҳаҳои Ҷавонон ба зулм тоб наоварда ҳиҷратро пеша намуданд ва ба Ансоруллоҳ пайвастанд. Ва аҳд бар он бастанд, ки бо нусрат ва ё бо хуни шаҳодат ин Ватани мусалмоннишинро аз дасти ғосибон ва ифротгароёну золимон наҷот бидиҳанд. Ва яке аз сабабҳои ҳиҷраташон ҳамин зулми режими золими хунхори Раҳмонов аст.

Хабаркашони деҳа (бузҳо) :

Бузҳо зиёд шуданд, ҳамкорони амният хуб кор мекунанд. Мардумро бо андак сухани исломӣ ё сухани бар зиди ҳукумат гуфт гуфта бурда мефурӯшанд. Ҳатто шунидам мегӯянд, ки дар як хона агар 4 бародар бошанд, ҳатман яктоаш буз ва хабаркаш аст. Бовар ва эътимод аз байн рафтааст. Дигар аз тарси ин бузҳо ва амният касе бо касе танҳо сӯҳбат намекунад, чун фардо ба амният мерасад, ки ду нафар сӯҳбати тӯлонӣ доштанд. Амният бошад онҳоро бурда дар чи бора суҳбаташонро аз онҳо пурсон мешавад, ё ҷаримабандӣ мекунад, маблағ меситонанд аз онҳо ё таҳдидашон мекунад.

Бузҳои деҳа:

1.Абдухолиқ. Ин шахс руирост таҳдид мекунад мардумро, ки онҳоро ба амният мефурӯшад. Шиносҳои зиёд дорад ва ҳар киро бинад, ки мусалмон аст ва аз ҳукумат безор аст,мефурӯшад.

2.Шамсуллои бо лақаби сабзӣ. Ин духтури деҳа аст ва ду пояш ланг бо чигас роҳ мегардад. Дуо мекунем дастҳояш ҳам шал гардад. Чунки ҳамаи мардумро мефурӯшад ва таҳдид мекунад бо амният робитаи хуб дорад.

3.Додарбек, ин ҳам буз. Буз будани ин ҳам исбот дорад ва барои он навиштем то мардум эҳтиёт бошанд.

4.Саидашраф, Раиси ҷамоат аст. Ӯ бузи шохдори бераҳм аст ва мусалмононро ба ҳукумат мефурӯшад. Хуллас, бузҳо зиёданд. Мо онҳоеро навиштем, ки мардум бояд эҳтиёт бошанд .

Ин буд нома аз куҳистони дурдаст. Аз Нуробод, ҷамоъати Самсолиқ, деҳаи Қалъаи назар ва ногуфта намонда, ки ҳукумат хуб бидонад бо ин шиканҷа ва азияте, ки болои ин мардуми мазлум меорад. Баракс сафи ҷавонони ин минтақа рӯз то рӯз  зиёд шуда истодааст. Дар ахир бояд ин бузҳо бидонанд, ки ин шо Аллоҳ сар -сари девор париданашон ба охир мерасад. Мо дар фиристодани нома ба «Ислоҳ» аз ноҳияи Нуробод дигар кутоҳи намекунем. Умедворам шермардони ноҳия набояд кутоҳи кунанд. Бояд нагузорем ҳеҷ барномаи номаҳо бе нома аз ноҳияи Нуробод бошад!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №217   появились сначала на ISLOH.net.