Архивы Бек Сабур - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№82
Обруи ин ҳукумати беобру беш аз пеш рехта истодааст. Дар идораи раиси ноҳияи Рашт Набизода Муқимӣ Раҳимҷон мо қаблан ҳам навишта будем. Баъдан Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар як ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ зимни суханронии худ аз ҷурму ҷинояти ин узви Маҷлиси Миллӣ ҳарф зада ва аз аъзои Маҷлис хост масъулияти вакилии ӯро қатъ кунанд то битавонад, аз дохили толор ба дастонаш завлона зада ва дар баробари тафтишот қарор бидиҳад, Ин ҳам дар ҳоле, ки дар оғози соли ҷорӣ ин раисро Агентии мубориза бо фасод «по наличий» дастгир кард, вале бо дахолати боло раҳо шуд.

Ҳоло дар дасти мо матлабе  расидааст, ки гумон меравад муаллифи он аз Прокуратураи генералӣ аст ва аз маводи парвандаи ҷиноии раиси Рашт огоҳӣ дорад. Аммо савол ин аст ки чаро ду ниҳод, Прокуратураи генералӣ ва Агентии мубориза бо фасод зурашон ба  Набизода Муқимӣ Раҳимҷон нарасид?

Рашт

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз ноҳияи Рашт менависам. Саволам ин аст ки чаро раиси ноҳияи Рашт бо 10-ҳо ҷинояти коррупсионии ошкоршуда то ҳол дар вазифааш фаъолият мекунад ва боз нотарсида ҷиноятҳояшро идома дода истодааст?

Раиси Рашт Набизода Муқимӣ Раҳимҷон аз моҳи марти соли 2019 дар ин вазифа   фаъолият мекунад. Мо хостем, ки ҷиноятҳои Набизода Муқимӣ Раҳимҷонро таҳқиқ кунем ва ба самъи ҷомеъа бирасонем. Ман ҳамчун як фарди фаъоли ҷомеъа натавонистам, ки худро ба канор гирам ва дар оянда назди виҷдонам худро гунаҳкор ҳисобам.

Муқимӣ Раҳимҷон дар ин 4-5 соли фаъолияти кориаш даст ба ҷиноятҳое зад, ки вазъияти молиявии Раштро дар ҳолати буҳронӣ қарор дод.

Раиси ноҳия аз раиси ҷамоати Ҳоит Шарифзода Умедҷон барои таъини мансаб ба вазифаи раиси ҷамаоти Ҳоит 75 ҳазор сомонӣ пора гирифта ӯро ба ин вазифа таъин кардааст. Тамоми корҳои сохтмонӣ, ки аз буҷети ноҳия маблағгузорӣ мешавад, ба ҳар роҳу восита ғорат карда мешавад. Ин дуздиҳоро ба воситаи муовинаш Шарифзода Ҳамдулло анҷом медиҳад. Вай аз пули ғорат мекардааш 10% ҳақбар аст. Аз ин 1% ҳиссаи Ҳамдулло мебошад.

Барои мансаби бахши танзими ноҳия аз Искандаров Оятулло 10 ҳазор сомонӣ гирифт. Искандаров Оятулло бо соати дастиаш, ки дар дохили соат камера ва диктофонгузошта буд, ҳангоми додани пора раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷонро сабт карда аст. Айни замон ин сабт дар Агенти назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор дорад.

Дар таъин намудани мансаби раиси ҷамоати Ҳиҷборак Лочинбег раиси ноҳия бо воситаи ҳоҷагидори ҳукумати нохия Рашт Асалов Маҳмадҷон 65 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифт. Пасон Лочинбекро раиси ҷамоати Ҳичборак таъин намуд.Баъдан раиси ҷамоати Ҳиҷборак нафс ва пастии раиси ноҳияро мефаҳмад. Ба раиси ҷамоати Қаланак гуфтааст:-« Мансурҷон ин раиси ноҳия 65 ҳазори мана гирифту ягон корамро буд, накарда истодааст». Мансур бошад ба ӯ ҷавоб додааст, ки ин раиси ноҳия ба мисли пилесос ҳамаи чизро кашида мехурад. Ба ману ту ягон манфиате надорад, хубаш бас кунем. Ман ҳам 75 ҳазор ва як дулан ангишт додаам, боз қарзидор мешавем.

Ҳаминро қайд кардан лозим аст ки Набизода Муқимӣ Раҳимҷон аз тамоми роҳбарону ташкилотҳои ноҳия барои мансаб маблағҳои калон ба ҳар роҳу восита талаб намуда мегирад.

Раиси ноҳия аз Мирзомаҳмудов Ҳомидҷон як миллион сомонӣ дар давраи раиси ҷамоати Каланак буданаш гирифтааст. Гуё барои сокинон участкаи наздиҳавлигӣ тақсим карда медоданд.

Аз мудири маориф садҳазор сомонӣ 20 январи соли 2023 худи раиси ноҳия талаб намуда буд: «мана гуфт, ки бар роҳбари дастгоҳма бтешон, ман маблағро аз дасти роҳбари дастгоҳам мегирам. Коргарони агентӣ роҳбари дастгоҳашро боздошт намуданд.

Б ӯ гуфтааст, ки бар маблағро ба дасти роҳбари дастгоҳм Холмаҳмад Ортиқов бидеҳ Мудири маориф Додарбек маблағро ба дасти роҳбари дастгоҳ медиҳад. Раиси ноҳия мегуяд   ман маблағро аз дасти роҳбари дастгоҳам Оритқов Холмаҳмад мегирам.

Ва баъдан коргарони Агентии мубориза бо коррупсия роҳбари дастгоҳашро боздошт намуданд. Дар баробари раиси дасттгоҳ худи раиси ноҳияро ҳамроҳ бо маблағи пора  боздошт, карда мебаранд, Вале бо сабаби дар Тоҷикистон набудани қонун ва инки раиси ноҳияи Набизода Муқимӣ Раҳимҷон аз тарафи Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон пуштибонӣ мешавад, уро раҳо карданд. Чунки «даромад»-и Набизода бо раиси Маҷлиси намояндагон 50 ба 50 аст.

Дар баробари ин раиси ноҳия ҳар моҳ маро мегуфт, ки маблағҳои муайян аз директорон гирифта биёр. Дар посухаш мудири маориф гуфтааст, ки омузгор чи дорад, худаш ба зур рузгорашро мебарад.Ва инчунин ҳаштсадҳазори дигар дар давраи раиси ҷамоат будани мудири маорифи ҳозира аз шаҳрвандон барои қарори заминҳояшон  гирифта аст. Нисбаташ оиди ҳамин ҳолатҳо делои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ногуфта намонад, ки раиси ноҳия аз шаҳрвандон аз 20 то 100000сомонӣ пора мегирад. Мардум ба дод омадаанд. Раиси Рашт аз Шеров Ғазалшо ба маблағи 3000доллари амрикоӣ пора гирифта дар бари бозорчаи шаҳраки Навобод ба вай замин додааст.

Баллаев Хурсанд раиси молияи ноҳия Рашт бо супориши раиси ноҳия аз буҷаи маорифи ноҳия 1млн сомонӣ ҷудо карда дар 200000 барои мактабҳои ноҳия компютерҳои пастсифат харидорӣ ва 800000дигарашро ба фоидаи худашон истифода намудаанд. Дар маҷмуъ дар муддати чор соли фаъолияти кориаш 3млну 200000 ба буҷаи давлат зарар расонид.

Хонандаи гиромӣ! Худ қазоват, кунед! Як раиси ноҳия ин қадар ҷиноят содир кунад, буҷаи давлатро ба сифр баробар кунад, пас чи гуна ин давлат метавонад пеш равад, сатҳи зиндагии мардум, маош ва нафақаи мардум боло равад?

Соҳаи маориф соҳаи ҳаётан муҳим ба шумор рафта тамоми пешрафтҳо дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон аз маориф вобаста мебошанд. Чаро Набизода Муқимӣ Раҳимҷонро бо ин қадар ҷиноятҳо касе чизе намегуяд?  Ҳама ин маблағҳои ғоратшуда аз соҳаи маорифро бо ҳамроҳии Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тақсим намуда барои маишати худ истифода мебаранд. Ояндаи фарзандони мардум барояшон аҳамият надорад.

Дар Рашт Набизода Муқимӣ, раиси ноҳия, Кишварзода Абдурашид, прокурор ва Маҳматоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон як мафия буда ҳар ҷинояте, ки бихоҳанд, анҷом медиҳанд валея, касе нест онҳоро чизе бигӯяд. Зеро Прокурор -назоратчии қонун бо раиси ноҳия ҳамдаст мебошанд. Кришаи ин ҳаромхурҳо Маҳмадтоир Зокирзода мебошад. Ба гуфти худаш гапаш ба Эмомалӣ Раҳмонов лезва аст. Агар чунин намебуд, Муқимӣ Раҳимҷон бо 10000 доллар пора ба дасти кормандони Оҷонси зидди фасод афтод, вале то ҳол дар озодӣ аст. Чунки Маҳмадтоир Зокирзода дарҳол дахолат кард ва ҷони Муқимиро харид. Акнун ӯ бояд як ҳаёт ҷуброн пардозад ба Зокирзода. Хуб, дигар он тарафаш ҳукумати ҷинояткори Раҳмоноваст. Дуздиву ғорат мекунӣ «лоя ғафс»медиҳӣ, боз кор карда мегардӣ.

Ҷиргатол

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!Ман як шаҳрванди Тоҷикистон. Номам махфӣ. Аз ноҳия Лахш, собик Ҷиргатол. Номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Ман ростӣ, «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро хеле тамошо мекунам. Ман мебинам,тки аз ноҳияи мо кам навишта истодаанд. Намедонам аз чи сабаб бошад?

Дар ноҳияи мо як сехи дузандагӣ ҳаст, ки барои мактаббачагон форма медузад.

Намедонам роҳбари он кист? Аммо либосҳои медухтагиаш барои талабагон мувофиқу муносиб нест. Вале мактабҳоро маҷбур мекунанду сари ҳар хонанда бор мекунанд.Сари як хонанда 170 сомонӣ. Либосҳоро як намуд духтаанд, ки брюкаш ба муаллим ва муаллима калонӣ мекунад.

Аммо падару модарро меоранд ба сари муаллиму муаллимаҳо мезананд. Муаллимҳо ба навбати худ мегуянд, ки равед сехи дузандагӣ, онҷо шикоят кунед, инро мо намедузем. Онҷо мераванд, ҷавоб медиҳанд, ки «брен куҷошикоят кнен кадан гирен, фармон аз боло».

Баъдан дар мактабҳо ҳамаи либосҳоро ба хонандагон фурухта наметавонанд. Аз он тараф сехи дузандагӣ ҳарруз занг мезананд ва издеватся карда гап мезананд:«ҳа,муаллими советӣ, пулро кай мебиёрӣ».

Мудири маориф бовар кунед, як раққосаро мондагианд, ному насабашро нависанд, чор ҳарфашро хато мекунанд. Ӯро раиси собиқ, ҳамон даҳмарда таъин карда буд. Боз изо накашида мегуяд, ки инро кӣ вазифа додааст. Бовар кунед, як корҳое мешавад, ки одам шармаш меояд. Он раисаи раққоса бошад дар гирдаш пур аз духтарони бе шарму ҳаёро ҷамъ карда маорифро ба фоҳишахона табдил дода истодааст. Мактабҳо пур аз муаллима шудааст. Ҳамаашон не, вале баъзеашон беимонҳо барои вазифа шуда номусашонро мефуршанд. Муаллими мард кам мондааст. Монда бошад ҳам онҳо дар қатори муаллимаҳоянд. Мактабҳо ҷазир шудаанд.

Аз талабаҳо сар карда то муаллиму муаллимаву директор буз шудаанд. Бузҳои деҳа, бузҳои ноҳия. Хоҳиш мекунам, бас кунед. Ин дафъа бо исму насабатон зикр мекунам.

Кормандони шуъбаи милиса гушна монанд, мисли шағол ба шикор мебароянд. Якум мактабҳо меоянд ва конспекти омузгоронро тафтиш мекунанд. Надоштагиашонро ҷарима мебанданд. Ҷарима барои кисаи худ. Дар асл муаллим конспект дошта бошад ҳам онро корманди милиса худаш намефаҳмад, ки муаллим чи навиштааст ва чӣ навишта шудааст. Мактабҳо тамом мешавад, ба хонаҳои мардум сар мекунанд. Аз хона ҳеҷ чиз наёбанд счетчики хонаро мебинанд. Бовар кунед, ки аз иваз кардани счетчик безор шудаем. Ҳар сол як счетчик иваз мекунем.

Бадии кор дар ин аст ки ҳар касе барои ин ё он вазифа дар ноҳияи мо таъин мешавад, одами одӣ нест: ё ҷияни генерал меояд, ё ҷияни ягон мансабдори дигар, аммо аксарият аз «бачаҳакои боло».

Маълум аст ки дар ноҳияи мо тоҷику қирғиз зиндагӣ мекунанд. Аз дасти як хел бузҳо дар ноҳияи мо масъалаи миллат пеш омадааст: ту қирғиз, ту тоҷик. Ин хел гапҳо пеш вақтҳо тамоман набуд.

Нуробод

Ассалому алейкум бародар  Муҳаммадиқбол. Аз Нуробод менависам. Ҳоло дар ватан нестам, дар муҳоҷиратам. Аз ватан фақат хабарҳои нохуш мешунавем. Ҳоло гуфтанд, ки кормандони ҷамоат аз ҳар як хонаи ҳар деҳа 20 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Бо ин баҳона, ки дар ҷамоат ҳосили картошка хуб нашудааст. Аз халқи камбағал пул ҷамъ карда истодаанд. Гуё харида месупоридаанд. Ман намедонам ин корро чи хел фаҳмем? Хуб, картошкаи ҷамоат нашудааст, ба ин халқ чи дахл дорад? Чанд сол шуд аз халқ ҳам ҳосили картошка хуб намешавад. Худи ман ҳар сол 8 линча картошка мехарам. Боз ин ҳаромзодаҳо худи ҳамин руз пул ҷамъ карда истодаанд. Раисони ҳар як деҳаро занг зада мегуянд, ки пул ҷамъ кунед. Инаш дарди ба хайр. Ҳар сол 1000 сомонӣ аз деҳаҳо барои обунаи газета мегиранд. Боз барои пажар ҳар сол 1500 сомони аз деҳаҳо мегиранд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Мо ҳама шуморо тамошо мекунем. Нурободиёнро мурғ нагуед. Ҳамаи мо аз Эмомтапак безор шудаем. Бо данат кумак мекунем, боз лайк мемонем ва агар ҳар вақте лозим шуд, хонахез омода ҳастем.

Ваҳдат

Салому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Ваҳдат менависам.

Мехоҳам дар бораи як муаллими порахури Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба шумо нависам ва илтимос дар барномаи «Номаҳо…» нашраш кунед.

Ин порахур Шарипов Тиловатулло,муовини директори коллеҷ мебошад. Зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, аз деҳаи Элоко аст. Ҳангоме, ки дар ин ҷо таҳсил мекардам ба гуруҳи мо омада гуфт 50 сомонӣ барои ремонти синфхона ҷамъ кунед.тДар гуруҳ 50 нафар таҳсил мекард.Талабаҳо ҳама бароварда ин пулро додем.

Як  ҳамкурсам пул надошт уро маҷбур кард. Ҳамкурсам гуфт устод се руз пас меорам, ҳоло надорам. Ин порахур бо дағалӣ гуфт, ки «надорӣ коллеҷ наё». Боз ин порахур қории Қуръон ҳам будааст. Боз мегуяд «ма шогирди махсуми Зубайдулоюм, дар ҳамсоягиаш зиндагӣ мекнм».

Як руз гуфтам устод шумо Донишгоҳи миллиро хатм кардаед, званий доред. Гуфт шогирд «устодут ай авал органай». Ҳангоме аз мо 50 сомонӣ ҷамъ кард гапу чап шуд, ки комиссия меояд. Шарипов омада тарафи мо гуфт, агар пурсанд, ки пули ремонт ҷамъ кардед, шумо гуед, ки агар даркор бошад ҷамъ мекунем, аммо ҳоло ҷамъ накардаем. Як руз дар кабинеташ будем. Гуфт шогирд одамҳо худашонро тағадор мегиранд: «агар ма таға намедоштм дар и кабинет намешиштм, мара бисёриҳо паставит карданӣ бдан, ай дастшон ягон кор наёмад. Барои таъмири синфхона сари донишҷу 50 сомонӣ девори онро оҳак заду тамом.   Директори коллеҷ Бахтиёр Камолов, аз Варзоб аст, ки ӯ ҳам як порахур мебошад. Барои перевод аз як факултет ба факултети дигар 1000 сомонӣ азхуди ман ба воситаи муовинаш Шарипов гирифт. 1000 сомонӣ додам, баъд як печату имзо кард.

Нуробод

Салому дуруд ба шумо бародар Муҳаммадиқбол! Сокини ҷамоати ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нурободам.  Соли гузашта моҳҳои ноябр ё декабур буд, ки Эраҷ Наимов бо ҳамроҳии шайкаи гуруснааш ба деҳаи Миёнадара омада дар борои мактаб маҷлис гузаронд. Гуфт:- «боми мактаб хароб аст ба шумо айб нест, ки дар сари фарзандонатонмечакад». Раиси маҳалла аз сокинон190- 200 сомонӣ ҷамъ кард. Аз дорову нодор як хел.

Дар ҳоле, ки бархе ҳатто 200 сомонӣ нафақа намегирад. Пулро ҷамъ карда бо тариқи ҳашар боми мактабро пушониданд. Шиферу тунукаи куҳнаашро ба мардум бо нархи арзонтар фурухтанд ва то инки суми ҷамъ шударо барои ягон кори дигари деҳа истифод баранд. Лекин Эраҷ Наимов хост, ки аз ин маблағ доля гирад, аммо надоданаш.

Муддинов Баҳриддин котиби ҷамоат аст. Ҳамаи шаҳодатномаҳои таваллуди кудакҳоро тамоман хато навиштааст. Вақте муроҷиат мекунӣ, мегуяд ин сабт шуд, адлия равед. Дар адлия 4 нафаранд. Лутфия Соҳибназар, Ғаюр аз дараи Мучахарф, Бегиҷон ва Манучеҳр. Инҳо, бовар кунед тамоман инсофу диёнат надоранд. Коратонро буд намекунанд.

Бармегардем ба куҳҳои Миёнадара. Дар кухо заминдор дехаи Миёнадара хаст.  Ҳудуд ва марзи он аз Сари манор, аз замини Шоабдулло то сари Дараи намак рафтагӣ аст. Қисми поинаш то Чашмаи Босичо. Ин заминҳо ҳамааш ба Миёнадара тааллуқ дорад. Чашмаи босича то роҳо ҳозир ба деҳаи Кумбак таалуқ дорад, аммо ба фикрам андозашро мо месупорем. Мегуяд чи шартномае байни деҳаи Миёнадара ва Кумбак ҳаст, аммо касе надидааст.

Ҳар сол куҳҳои моро ба чупонҳо мефурушанд, аммо мо андоз месупорм. Ба ин кор раиси ноҳия, ҷамоат ва хоҷагии деҳа даст доранд. Моҳи май як чупон ёфтанд, ки моли деҳаро бо ҳамроҳии моли худаш ба айлоқ бурда 2 ё 3 моҳ бонӣ кунад. Чупон куҳро нодида ризо мешавад. Омода моли халқро гирифта ба куҳ мебарояд. Аммо дар куҳ дигар чупон ҳаст. Ӯ чупонро ронданӣ мешаванд. Чупон мегуяд, ки ман ба Эраҷ Наимов 4000 сомонӣ додам, ҳеҷ куҷо намеравам. Чупон моли мардумро партофта рафт. Ҳозир раиси хоҷагӣ ва маҳалла Фақиров Мурод як бадмасти арақхур аст ки мардум ва деҳаро дар як шишаи арақмефурушад.

Хуҷанд

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Мо мардуми ранҷдида- сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ГАИ-ҳои роҳи Хуҷанд — Конибодом ва облавачиҳои ин минтақа,намедонем доди ҷонкоҳи худро ба Қофлонбой гуем ё ба Эмин Ҷалилову Абдулло Навҷувонов.

Ягона роҳе, ки мо интихоб кардем, ба шумо навиштани дарди мардуми Суғд,танҳо шумо ҳаст. Мегузарем ба ГАИҳои роҳи Хуҷанд- Конибодом. Дар номаи пешинаи худ шумо дуруст гуфтед, ки ин роҳро як аквариуми ғорати мардум кардаанд. Охир ин «бачаҳакои боло» фикр доранд, ки мо аз ягон давлати бегонаем? Ё хуни мардумони Конибодому Хуҷанд сабзу кабуд аст. Илтимос, беиваз нашр кунед. Баъди номаи «Нафрати хистеварзиён» танҳо дар худи Хистеварз зиёда аз 17 -то, ман худам шумурдам шумораашро,корманди ГАИ дар як деҳа.Тамоми мардумро фарқ надорад ҷавон ё пирамард, ришдор ё бе риш, ҳамаро рейд карда телефон ва дигар ҷойҳои телефонҳоро гуфти худашон «проверка»доранд. Ин аст демократияи Эмомтапак? Дар бораи ғорат кардани мошинҳои ин роҳ чи гуям? ГАИ-ҳои бесавод ҳамаашон аз як минтақаи Тоҷикистон ҳастанд ва лаҳҷаашон ҳам як лаҳҷаи муайян аст. Ҳамин тавр дашном мекунанд, ки фаҳмида наметавонӣ. Як коргари ГАИ дар Хистеварз як кудакро бо мошинаш зад. Мо мардуми Хистеварз мехоҳем ин ГАИ- ҳое, ки17 нафар танҳо дар як деҳаи мо-дар Хистеварзи вилояти Суғд ҳастанд, фаъолияти ғоратгаронаи худро пурра қатъ кунанд. Мо намахоҳем инҳоро дар райони худ бубинем. Чунки инҳо на марзро ҳимоя доранд, на мардум ва на ватанро. Корашон говдуздӣ, таҷовуз, пулгирӣ аз мошинҳои роҳ.

Ман Хистеварзро дуст медорам. Ман ватанам-Тоҷикистонамро дуст медорам. Лекин ғоратгарону ҳаромхурҳо ва хатлониҳоро не.

Мехоҳам хистеварзӣ дар сентри Данғара ГЕНЕРАЛИСИМУС шаваду Тоҷикистонро обод кунад. Ман намедонам шумо чи хел ба ин суханҳоям реагироват мекунед. Лекин агар ки нашр кардед, бигӯед ба лаҳҷаи худашон ба ин «бачаҳако», ки роҳи Хуҷанд-Конибодом ва Хистеварзро «пулакӣ» накунанд.

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол.Ман ин ҳикоятро аз нафаре, ки дар Қушунҳои сарҳадии КДАМ кор мекунад ва рутбаи баланди ҳарбӣ ва мақоми низомӣ дорад, шунидам. Аммо, маълум аст ки номи вайро пинҳон медорам. Вай дар бораи як нафар гап зад, ки вақте мефаҳмед, ки чи корҳое мекунад, боваратон намеояд. Вай гуфт, ки ин одамро мешавад, Рембо ё одамробот гуфт. Вай Хоҷаев Сорбон ном дорад. Соли тавалудаш 1997, аз Тавилдара мебошад. Ин одам баъди хизмати ҳарбиӣ курси кутоҳмуддати Кумитаи давлатии амниятро хондааст. Вақте ба кор шуруъ кард, аз дигарон фарқи хеле зиёд дошт. Корро дар Хуҷанд, дар қушунҳои сарҳадӣ сар мекунад. Шуруъ аз соли 2017 ба ҳар куҷое, ки ин одам меравад, дар онҷо бисёр мурдаҳоромеёфтанд.Дар Чоркуҳ корро давом додааст. Вақте ба сарҳад, ба постҳо меравад, бидуни фармони  командир ва танҳо меравад.  Ҳол онки дар вақти ҷанги Тоҷикистону Қирғизистон ба тарафи пост равон кардани як нафар мумкин набуд. Аммо ӯ бе ягон монеа танҳо мерафтааст. Дар гуруҳи алохидаи махсуси разведка кор карда танҳо бо як командир кор ва фаъолияти худро пеш мебурдааст. Ва дигар ягон касро гуш намедодааст. Аз дасти ӯ началникҳои штабҳо ба дод омада будаанд.

Кадом вақте мехостааст ба хона мерафтааст ва кадом вақтеки мехостааст боз ба кор меомадааст. Дар вақти ҷанг  бо қирғизҳо барои вай зану мард фарқ надоштааст. Кадоме аз сари роҳаш мебарояд ӯро мекуштааст.

Ва як рафтори аҷибаш ин будааст, ки агар бо вай касе ҳамсуҳбат мешавад, ҳеҷ вақт бовар намекардааст, ки ӯ қотили одамкуш аст.

Соли 2021 29 апрел дар Хоҷаи аъло ҷанг мешавад. Аксарияти сарбозони қирғизро, ки онҷо мегузаштанд, бо антиснайпер мепарондааст. Ниҳоят бераҳму шафқат аст.

Ба кадоме, ки разбор мекардааст, дар ягон ҷанг  вай мемурдааст  ва мегуфтаанд, ки ӯро қирғизҳо парондаанд. Дар як моҳ то 20ҳазор сомонӣ расход мекардааст. Ҳол онки афсарон 3 ҳазор сомонӣ мегиранд. Пулро барои вай аз куҷо медиҳанд ва кӣ уро пуштибонӣ мекунад маълум нест.  Командири уро аз кор мегиранд ва ба ҷояш Мирзо Абдулло меояд ва сардори комендатураи Чоркуҳ мешавад. Ин ҳам як ҳаромхури дигар. Аммо Мирзо ба Сорбон ҳеҷ маъқул намешавад. Мирзо бошад ҳамаро кор мефармояд, фиреб мекунад, ки иморати Чоркуҳро месозад бо ёрии афсарону сарбозон . Вале дар онҷо танҳо Сорбон кор намекунаду тамом. Дигарҳо ҳама аз кор безор мешаванд. Аммо Сорбон парвои кори онҳоро надорад. Вакте аз пости Шуроб меояд бо Мирзо ҷанг мекунад ва бо чи сабабе худро ба дигар комендатура перевод мекунад. Дар онҷо ба кор умуман аҳамият намедиҳад. Ҳатто сарбозон баром вай алоҳида моҳи бирён карда медоданд. Як моҳ дар онҷо кор карда бе ягон фармон тамоми заставаҳои Исфараро мегардад ва ягон кас ба вай ҳеҷ чиз намегуяд. Аҷибаш дар он аст ки дар кучҷое меравад дар онҷо ҷанг сар мешавад. Тирандози беҳтарин аст ва аз снайпер ба наҳви аҳсан истифода мекунад. Кадомеро, ки мехоҳад мекушад. Тамоми сарбозоне, ки вай меомузонад бо онҳо рафтори бад надоштааст. Дигарон умуман барои вай одам ҳисоб намешудаанд. Ягон тирпаронӣ бе ӯ намегузаштааст. Вай дар шаҳри Конибодом ва дигар ҷо бо вазифадорон вомехурад. Аммо барои чи вомехурад, номаълум. Дар кадом ҷойи Конибодом (ресторан), ҷойҳои дамгирӣ ба у хизмат мекардаанд. Ҳатто особий отделҳои минтақа ба ӯ ягон кор карда натавонистаанд. Ҳарчанд, ки замполитҳо чандин бор дар бораи вай арзу шикоят кардаанд. Баъд аз қушунҳои сарҳадӣ рафтани ӯ дигар ҷанг байни тоҷику қирғиз нашудааст.  Кадоме, ки ин одамро мешиносад аз ӯ худашро дур гирад, чунки чандин одамҳо бедарак шудаанд, то ҳол ҳеҷ кас онҳоро намеёбад

Дар Исфара як духтарро бо зӯрӣ аз Душанбе меорад. Духтари 19 сола. Як вақт ин духтар гуммешавад, дигар ӯро ҳеҷ кас намебинад. Инро ман аз як коргари қушунхои сарҳадӣ гирифтам. Ба вай таҳдид кардааст, ки ӯро дар кутоҳтарин муҳлат нест мекунад. Ба ӯ гуфтааст маро танҳо Худо аз ин роҳ мегардонад. Ҳеҷ кас дар ин дунё монеаи ман шуда наметавонад.

Ба ҳар коре, ки ин одам даст мезанад, дар онҷо ҳатман куштор рух медиҳад. Ман бовар дорам, ки баъди паҳн кардани ин видео ин одам ҳатман бо шумо тамос мегирад.

Интернет ва Бек Сабур

Ассалому алекум ба «Ислоҳ» ва кормандони он. Мехоҳам дар мавриди як хабари аналитикии ҷолиб нависам. Бек Сабур ва мақомдорони БЕСАВОДАШ ҳатто трафики интернетро дар наздики ба Хитой медиҳад. Дар Хитой як пружа ҳаст ба номи «Золотой щит«, ки трафикҳо ё сайтҳои нохоста, яъне мухолифи Чинро блок мекунанд. Мисол дар Хитой сайтҳои ютуб ва фейсбуку садҳо дигар махкам ҳаст. Раҳмон ва Бег Сабури бесавод майли он «Золотой щит«-и Хитой, лек онҳо боз маълумотҳои шахсии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз бесаводи ба дасти Чиниҳо медиҳанд! Агар Сабури аблаҳ дар ҳақиқат мехост суръати интернетро тез бикунад, аввал бояд дар дохили Тоҷикистон Интранетро ташкил кард, баъдан бо магистралҳои интернетии ҷаҳони пайваст шуд. Омилҳои дигар ин гузоштани серверҳои азимҷусса дар дохили Тоҷикистон! Чи лозим бо нархи арзон ба дигар давлатҳо фурухтани барқи зиёдати бигзор ҳамон барқро ба он серверҳои азимҷусса равон кард бо нархи арзон, ки боиси воридоти миллионҳо доллар ба буҷа мешавад. Бо пеш бурдани суръати Интернет ва Интранет хело дигар секторҳои иқтисод пеш меравад, ҳатто барои соҳаи туризм.

Мисол: кудакону ҷавонони мо ҳамчун фриланс аз тамоми ҷаҳон метавонад корҳои барномасозиро бигиранд ва барномаро сохта ба доллар фурушанд. Мисоли дигар ин сохтани бозиҳову филмҳои тасвири барои кудакон дар асоси ҳикояҳову афсонаҳои халқии худамон, яъне бо мотивҳои тоҷики. Аз ҳамон «Эраҷи Тилисмшикан» оғоз карда то садҳо дигар ҳикояҳову афсонаҳо Филмҳои тасвири ҳам ҳамин тавр. Мисол филми тасвирии «Маша и Медвед«-и руси миллионҳо просмотр, яъне бинанд доранд ва ҳатто дар давлатҳои мусалмони онҳоро мебинанд кудакон. То кай тоҷику тоҷикистониро мисли як аблаҳони Ҷаҳон ин ҳаромони бесаводон дар Ҷаҳон моро намоиш медиҳанд. Тоҷикистон беҳтарин ҷуғрофияро дорад барои пешбурдани соҳаи ИТ. Мисол мо метавонем ҳамон серверҳои азимҷуссаи гуфтаҳоро дар боло дар Мурғобу дигар ноҳияҳои сардтар ҷой бикунем ва гармии он серверҳоро барои гармкардани хонаҳои шаҳрвандон ва ё гармхона истифода барем. Бо пеш бурдани Интеранет ва Интернет мо метавонем мактабҳое, ки дар ноҳияҳои дурдаст муаллиму ва ё муаллима надоранд тариқи интранет дарс диҳем ва ба донишгоҳҳои оли тайёр кунем кудаконро. Ҳамчунин пизишкони ноҳияви аз пизишкони пуртаҷрибаи дигар шаҳрҳо ва ё дигар давлатҳои маслиҳатҳо бигиранд ва садҳо корҳои дигар. Ҳамчун дар ноҳияиҳои дурдаст Шуғли Аҳоли метавонад ҷойҳои кори ба монанди операторони телефонҳои мобили,бонкҳо ва ғайра ташкил бикунанд.

Мисол: Шумо ба бонк занг мезанед он оператор тариқи компютер дар як гушаи дигари Тоҷикистон ба суолҳои шумо посух медиҳад, ё фикр кардем ягон сайёҳе занг мезанад. Омили дигар ҳамон серверҳои азимҷусса вақти кории худро ва ё ҳамон мегабайту терабайтҳои худро ба компанияҳои Ҷаҳони ба доллар ба иҷора медиҳанд. Дар замони муосир Интернет  ин танҳо бозиву филмҳову маън кардани мухолифон, балки яке аз манбаҳои беҳтарини ташкил кардани ҷои кори барои шаҳрвандон. *- Интранет ин ташкил кардани пайвасти дохили як хона,шаҳр, вилоят ва давлат ва кори саҳлу осони сердаромад.

Сообщение  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№82 появились сначала на ISLOH.net.

Ҷиноятҳои ҷияни Бек Сабур, домоди боҷаи Раҳмонов
(бахши аввал)

Саид Зуҳурзода кӣ аст ва ба Эмомалӣ Раҳмон ва Бек Сабур чӣ нисбат дорад? Авлоди Раҳмонов,ба истиснои бачаҳову духтарҳову домодҳову хусурбурдаҳову ҷиянҳо бақияи ин қавми бадтар ва гушнатар ва ҳаристар аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ба чи корҳо машғуланд ва чи тавр хуни халқро макида истодаанд. Бо таҳқиқоти нави “Ислоҳ.нет” ошно бишавед:

Саид Зуҳурзода, сардори Хадамоти назорати истифодаи амволи давлатӣ ҷияни Бек Сабури Зуҳур аст. Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон,қудои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Саид Зуҳурзода, шавҳари духтархолаи Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон бо пешниҳод ва пуштибонии Бек Сабур дар мақоми сардори Хадамоти назорати амволи давлатӣ фаъолият мекунад.

Вай дар ин мақоми баланди давлатӣ тайи чанд сол мешавад, ки бо ревизия-тафтиши ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳое, ки бо пули бюҷет сару кор доранд, машғул аст. Ин шахс чуноне гуфтем, бародарзодаи Бек Зуҳур буда солҳои пеш дар мағозаҳои Бек Сабур (Зуҳур) дар Москва ҳамчун хазиначӣ фаъолият мекардааст. Дар тиҷоратҳои амакаш дар Маскав аз ҷумла тиҷорати маводди мухаддир шарик буд. Ростӣ,ӯро чанд вақт омӯхтам. Дақиқ кардам,ки вай аз як хизматгори дарбори оилавӣ беш набудааст.

Ва ҳоло инҷо биоям сари матлаб ва ё моҷарои миёни ман ва Саид Зуҳур,ки оқибат аз дасти ӯ ночору ноилоҷ тарки ватан кардам. Банда ба соҳибкорӣ банд будам. Дар вилояти Суғд амборхонаҳои валангори як корхонаи давлатиро бо бастани шартнома иҷора гирифтам. Харҷи зиёде карда таъмиру обод намудам. Кору борам хеле нағз буд: андозро саривақт месупоридам, ба коргарон маоши хуб (7 нафар коргар) ва пули иҷораро ҳам дар муҳлати таъйиншуда медодам. Дар ҳар ҳол зиндагонии хуб доштам. Як вақт роҳбари корхона даъват мекунад ва ба ман ҳуҷҷате нишон дода мегӯяд, ки омода бошам: “аз боло омадагӣ, моя тафтиш мекунанд”. Ман ҳам гуфтам хуб, марҳамат бинанд. Ва, ман фикр кардам боз шояд аз андоз бошад. Вале ин тавр набудааст. Ин аз Хадамоти назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия будаст. Маро даъват карданд. Чи ҳуҷҷату санаде гуфтанд,бо ду дасти адаб ба дасти онҳо расонидам. Баъди як рӯз даъват карда ба ман гуфтанд, ки ту барои иҷорапулии пардохт накардаат бояд ҷарима супорӣ, зеро моҳи сеюм мешавад,ки иҷорапулӣ ба бюҷети давлат ворид нашудааст.

Барои ҳамин мо ба ту ба маблағи 12 500 сомонӣ ҷарима ҳисоб кардем. Ҳамин тавр ман бо як ҳолу рӯзе ними ҳамон ҷаримаро оварда супоридам. Ба ман ҳатто квитансия ҳам надода рафтанд. (Бо сабаби онки айб на дар мош асту дар ош, ман ному насабамро инҷо ифшо намесозам, чунки бо ману оилаам ҳарчи метавонад рӯй диҳад). Дере нагузашта буд, як вақте ба телефони дастиам занг мезананд. Бо овози шинос нафар номи маро мегирад. Ман мегӯям бале, гап занед. Ва ин шахс худро корманди ҳамин хадамот муаррифӣ карда мехоҳад дар коргоҳе, ки ман онҷо кору фаъолият мекунам, рӯбарӯ шавад. Ман ҳам розӣ шудам ва ниҳоят шинохтам, ки ӯ хамон шахсе , ки соли гузашта омада аз ман ҷаримапулӣ гирифт ва квитансия надода рафт ҳамон мебошад.

Дар худи хамон рӯз ба ман амр дод, ки моликияти давлатӣ бо озмун (яъне манзураш амборхона) ба иҷора супорида мешавад ва ту бояд барои он ки қимати моҳонаи иҷора боло наравад бо мо маслиҳат намоӣ. Ман гӯш дода хомӯш меистодам, то дилу нияти ин одамро то охир бифаҳмам. Дар охир ба ман пешниҳод кард, ки аз ҳисоби боло рафтани қурби долллар ва нарху навои бозори ҷаҳонӣ якмоҳаи иҷорапулии коргоҳ ба маблағи 3000 сомонӣ зиёд карда мешавад ва бояд истифодабаранда бо додани «доля» ин нархро поин карда шартнома барои 2 сол ба имзо расонида оянда дар ин коргоҳ кор барад. Ва, ман пурсидам, ки ҳамагӣ бояд ман чанд пул ба шумо диҳам? Дар ҷавоб гуфт,ки 40 000 сомонӣ медиҳӣ ва барои иҷора ба ҳар моҳ танҳо 600 сомонӣ илова мешаваду халос. Ду соли дигар бе проблема кор карда мегардӣ. Агар розӣ набошӣ, иншооти давлатро холи кун! (дар ин миён ман фақат ба хотири таъмири бому атрофи ҳамин амборхона аз банк қарздор будам).

Ман ду рӯз вақт гирифта ба пуррагӣ аз ҳамон иншоот бо дарду алам баромада рафтам ба давлати ҳамсоя. Инак 3 сол мешавад ба кору бори беминнат машғул ҳастаму озод.

Ва ҳоло инҷо нуктаи асосӣ, кулминатсияи қиссаро ҳикоят карданӣ ҳастам. Он корманди Хадамот, вақте ман бо аламу дарду ғазаб рафтанӣ шудам, бо ман тунду тез шуда шӯриш ба по карда ҳушдор дод, ки ту медонӣ бо кӣ сару кор мегирӣ? Вакте пурсидам манзурат чӣ аст? Ҳамин Саиди Зуҳурзодаро муаррифӣ кард. Гуфтам ҳамаи шуморо ба даъво мекашам. Коргари Саид Зуҳурзода гуфт медонӣ вай кӣ аст? Вай домод мешавад, домод!!!

«Даркор шавад аз хаминчо бардошта мебарад ба пешаша. Мардак шаву суханша рад кун. Вакте ӯ сухан кард ҷура кор ранги дигар мегирад ва на арзи туро ягон кас мепурсад на суханат ба ягон ниҳод мерасад. Давомша худут фикр кун».

Имрӯзҳо,ки ҳамроҳ бо чанд нафар аз бачаҳои тоҷик дар давлати ҳамсоя кору зиндагӣ мекунем, яке аз онҳо,ки ӯро мешинохтааст, таърихи Саиди ҳаромхӯрро бароям гуфт.

Саид Зуҳурзода, бародарзодаи БекСабур ва падараш Хол Сабур мебошад. Ӯ духтархолаи Рустами Эмомалиро ба занӣ гирифта соҳиби ду писар ва ду духтар мебошад. Аз ҳисоби домод буданаш дар чанги кормандони зиддикоррупсия ягон вақт намеафтад ва доимо дар фикри тафтишҳои ғайриқонуниӣ пайи ҳам аст ва аз паси маблағ роҳзанҳои худро равон карда интизори тангаву тилло мебошад. Баъд аз онки ман он коргоҳро тарк кардам, чандин маротиба тафтишҳои пайдарпай дар ҳамон коргоҳ гузаронида мешавад. Ба ҳадде мерасонанд,ки роҳбари корхона бо аризаи худаш аз вазифааш даст кашидааст. Вақте ба як корхона корманди як мақомоти давлатӣ як бор ба тафтиш меравад, соли оянда боз ҳамон меравад ва боз соли дигар низ маҳз хамон меравад, ин алаккай худ фаъолият ва амали коррупсионӣ ҳисоб мешавад.

Агар Саид Зуҳурзода Алибобо бошад, коргарони вай роҳзан мешавад. Ин Саидбобо ва 40 роҳзанро кадом ҳукумат ва кай пеши роҳашро мегирифта бошад? Дар давлати ҳамсоя чунон шароит фароҳам шудааст, ки дар ватани хеш ин шароитро надоштам. Фикр мекунам, чунин домодҳо, ки ба роҳзанӣ машғуланд, шумораашон кам мешуда бошад ва аз ҳаромхӯриву ҳаромталабкунӣ сер мешуда бошанд ё не? Ҳаминаш ташвишовар аст.

Ман то имрӯз бо соҳибкороне, ки дар Тоҷикистон дар ҳамон корхонаҳои «Госимушество- амволи давлатӣ» фаъолият доранд, дар тамос ҳастам ва доим мегӯянд, ки ба тафтиш омад ва чи қадару чанд талаб кард ва чанд гирифта рафт. Ҳамаашро мегӯянд ва ҳатто мегӯянд дар Тоҷикистон дигар шаҳру ноҳия вуҷуд надорад, ки фақат ба шаҳри Хуҷанд меоянд коргарони Саидбобо? Мегӯянд,ки тасмим гирифтаанд дар оянда сангсор карда равонашон мекунем.

Як бародар,ки дар корхонае муҳосиб аст, гуфт,ки аз коргарони Сайидбобои домод ду нафар меоянд, гӯиё бо роҳбари корхона ошнои сахт шудаанд. Ноомада ҳаққ-«доля» ашонро тайёр мекунад роҳбар. Вақте расиданд ду рӯз меҳмондорӣ карда баъд бо пачкаи 50 сомонаи нав гусел мекунад. Баъди рафтани онҳо ин роҳбар тамоми дашному ҳақоратро дар ҳақашон мекунад: на зан, на модар,на духтар, на хоҳар, ҳамаашонро ҳақорат медиҳад. Аммо дар ин вақт онҳо аз туннели Шаҳристон ҳам гузашта рафтагианд. Барои ҳамин инҷо ман танҳо нестам. Тамоми вилоят мешиносад ва медонанд, ки Саид Зуҳурзода, кӣ аст ва дар пушти ӯ кӣ меистад то ӯ боз ҳам ҷиноятҳои худро дар дохили кишвар идома дихад. Ӯ дар маҷлиси президент ҳам иштирок мекунад. Аз фаъолияти ӯ президент медонад. Аммо аз ӯ ягон чизро махсус намепурсад. Ва Саид Зуҳурзода ҳам аз маҷлисҳо бо табъи баланд берун мешавад. Гӯё бахти баланд ӯро ҳамеша ҳамроҳ аст. Ба мо маълумот расида буд, ки баъд аз пурсиши Шаҳбоз Рачабов, сардори Терминали хадамоти гумруки Душанбе бояд Саидро низ ба пурсиш мекашид, вале бо сабабе, ки ӯ шавҳари духтархолаи Рустам ва Озода мебошад, дигар тарафи ин сухан тоб нахӯрд.

Айни ҳол дар Душанбе чанд маркази савдо дорад ва як осиёби истеҳсоли орд (мелница)-хориҷӣ харида аз Қазоқистон гандум оварда ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул мебошад. Дар назди Домпечать як шоколадница аст аз они уст. Бинои маркази савдои «Ситора»-ро ҳам гӯиё бар ивази намедонам чанд миллион доллар аз Таҳминаи духтари холааш, бале ҳамон Таҳминаи Раҳмонова харидааст. Пештар шаҳрванди Русия буд. Ҳоло аз ин шаҳрвандӣ даст кашидааст ё не,маълум нест. Зеро тибқи қонун шаҳрванди хориҷӣ дар вазифаҳои давлатӣ ҳаққи кор надорад. Албатта, мову шумо хуб медонем,ки аъзои Оила ва наздикони он «в не законе» ҳастанд.

Зани ӯ Нақшова Мунира чанд вақт дар кадом филиали «Амонатбонк»-и Душанбе кор кардааст. Дар бораи хонаводаи Нақшовҳо ҳам гапу ҳарф бисёр аст. Танҳо ҳаминро гуфтаниам,ки аз дасти ҷабру зулми яке аз Нақшовҳо,ки муовини раиси Тоҷиксемент аст, даҳҳо нафар соҳибкор зарарҳои миллионӣ дидаанд. Амалан онҳоро «кидат» кардагӣ аст,ки ин мавзӯи навиштаи дигар мебошад. Вале Саид Зуҳуров,ки дигар кассир ва магазинчии Бек Сабур нест. Вай дигар як муфаттиш ва мансабдори калони давлатӣ аст.

Дар идомаи навишта саргузашти талхи як нафари дигарро ҳам меоварем,то маълум шавад,ки Саид Зуҳуров бо ӯ чи гуна муносибат ва рафтор кардааст. Ҳикоя аз ин қарор аст:

Ман тӯли 8 сол дар яке аз зерсохторҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳайси мутахассис кор мекардам. Вале баъди як нафар аз домодҳои ин Оила,ки роҳбари мо шуд ва маро сахт беқарор кард, аз кор рафтам. Ман аз тарси ҷони ҷавонам ва аз тарси он ки ба падару модар ва фарзандонам хатар наоварам ба касе ҳам арз накардам. Ин лаънатӣ писари Хол Сабур, бародарзодаи Бег Сабур ва домоди Накшов Файзиддин, боҷаи Рахмон аст. Номи ин лаъини палид Саид Зуҳурзода аст. Сардори Хадамоти назорати истифодаи амволи давлатӣ мебошад.То имрӯз на амният ва на коррупсия, на прокуратура аз ҷиноятҳое, ки ин палид содир мекунад, пайгирӣ ва тафтиш намекунанд.

Сабаб дар инҷост,ки оилааш дар хонаи Раҳмон ба воя расидаву то имрӯз ҳамчун духтари он хонадон ҳурмат доштааст. Рустам ӯро ҳамчун хоҳари калон нағз медидааст ва барои духтарҳои Эмомалӣ ҳам ҳамчун хоҳар ба ҳисоб мерафтааст. Аз инҷо аст ки Саид Зуҳур аз соли 2014 сардори Хадамоти назорати амволи давлатии Тоҷикистон мебошад. Ӯ ҳисоби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ милионер шуд. Амволи давлатиро, ранги бозор,бидуни кадом ибо ва нотарсида ҳаққи худро дар болояш мемонаду аз соҳибкорон маблағ мегирад. Ӯро ҳама органҳо мешиносанд ва аз кору кирдораш ҳам 100% огоҳанд. Аммо ба он хотире, ки занаш дар хонаи Раҳмонов ба воя расидаву хеле наздикашон аст, метарсанд ба санҷиши ӯ оғоз кунанд. Дар бозорҳо ва тамоми мағозаву тарабхонаҳое, ки дар шахр ҳаст бо баҳонаи амволи давлатӣ (замини ин иншоотро кай гирифтӣ,чи хел гирифтӣ?) санҷиш мегузаронад ва бо тарсонидан аз соҳибони ин нуқтаҳои савдо пул-пора гирифта ҷавобашон медиҳад!

Соли таваллуди Саид Зуҳурзода 1980 аст. Дипломи кадом ВУЗ- и Русияро харидааст, ба фикрам. Чунки русиро хуб намедонад. Вай метавонад аз утоқҳои ширкати Тоҷиктелеком, ки Бек Сабур дар чанде аз онҳо офисҳои ширкати сохтмониашро бо номи «Комил-2010» ҷо додааст, пули иҷора бигирад. Зеро ин утоқҳои корхонаи давлатианд, ки бидуни пардохти як дирам пули иҷора ба давлат Бек Сабур барои фурӯши биноҳои истиқоматиаш истифода мебарад. Қарори ҳукумат дар бораи иҷораи амволи давлатӣ аз соли 2011 амал мекунад. Аммо Саид Зуҳур ба ҷои ин кор рӯзи дароз дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр барои пайдо кардани истифодабарандагони амволи давлат машғул аст. Аммо чаро ба офисҳои амаки худаш, ки бе иҷора истифода мешавад як бор назар намекунад? Чаро қонун дар бораи иҷора танҳо барои мардум тааллуқ мегирад аммо барои наздикони оила дахл намекунад. Ҳатто аз ошхонаҳои донишгоҳҳо (студенческие столовий), ки он ҳам дар асоси озмун супорида мешавад, ҳатман Саид Зуҳрови ҳаромхӯр аз нафари ба иҷора гирифта маблағ меситонад. Нархи моҳонаи ичорапулиро худаш мемонад ва шартномабандиро ҳам худаш анҷом медиҳад.

Ҳамаи ин аъмоли зиддиқонуниро Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ медонад ва дастгирӣ мекунад.Чун метарсад, агарки чизе бигӯяд аз вазифа дафъаш мекунанд. Тамоми соҳибкороне, ки аз Кумитаи амвол коргоҳе, амборе,иншооте ба иҷора гирифта соҳибкорӣ мекунанд аз дасти Саид ба дод омадаанд. Зеро чи хеле мефорадаш моҳона ва ё солонаи иҷораро нархгузорӣ мекунад. Агар розӣ нашавад он объекти иҷора аз дасташ гирифта мешавад ва ё коре мекунад,ки нархро боло мебарад, то худи соҳибкор партофта ва аз баҳраш баромада равад. Гуфтем,ки Саид Зуҳуров домоди Файзиддин Нақшов аст. Нақшов аз Данғара аст,ки чанд моҳ пеш мурд. Ҳозир раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе яке дигар аз домодҳои Нақшов аст.

Нақшов, раиси филиали «Амонатбонк»-и назди Мохинави қасабаи Маяковскийи Душанбе буд. Чи хеле мебинем домодҳои боҷаи Раҳмонов назорат ва идоракунии моликияти давлатиро дар контрол доранд.

Як факти ҷолиби дигарро мехоҳам зикр намоям. Ҳоло фурӯш ва ба иҷора додани хонаҳои Фонди манзили ҳукумати Душанберо боҷаи Саид Зуҳуров ба даст гирифтааст. Дар ҳоле,ки дар ин соҳа заррае таҷриба надорад.Мағоза ва дорухона ва офисҳое, ки дар ҳисоб ва тавозуни биноҳои хукумати шахр аст ҳамин домоди Нақшов ба иҷора медихад ва Саид Зуҳуров шароиту санадҳои иҷораи онҳоро назорат мекунад. То ин дам раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволаи давлатӣ дар Душанбе Одинаев Ҷаҳонгир буд. Ӯ низ аз ноҳияи Ховалинг буд. Хулоса,хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ ба дараҷаи олӣ расидааст.

Бовар кунед, агар як сол аз 12 моҳ иборат бошад, чанд санҷишгаре,ки Хадамоти Саид Зуҳуров дорад 8 моҳро дар Хуҷанд мегузаронанду ба киссаи ӯ пора ҷамъ мекунанд. Мардуми Хуҷанд аз санҷишҳои беасосу бемавриди ин аблаҳ ба дод омадаанд. Кадом муассисаи тиббӣ, мактабу донишгоҳҳои вилояти Суғдро бипурсед ҳамагӣ дилгир ва безор шудаанд. Ҳаминро ҳам зикр намоям,ки ҷудо аз Палатаи ҳисоб ва Агентии зидди фасод,ки ҷойи гап надорад, дар боқии мақомоти санҷишу тафтишот низ 90% кормандонаш аз Данғара ва наздикони Оила мебошад.

Дар охир аз ҳама тоҷирон ва соҳибкороне,ки аз дасти Саид Зуҳуров ранҷ ва озор дидаанд ба пойгоҳи «Ислоҳ» нависед,то ин корупсионерро ба сазои аъмолаш расонем. Поёни бахши аввал,идома дорад…

Сообщение Ҷиноятҳои ҷияни Бек Сабур, домоди боҷаи Раҳмонов появились сначала на ISLOH.net.