Архивы Бозори Корвон - ISLOH.net

Нуршед Машрабов бо ҳимояти Рустам: «хонахезонӣ бо паёмадҳои марг»
Номаи маро алоҳида нашр кунед №49

Дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №351 дар бораи моҷарои хонахезонӣ дар деҳоти атрофи бозори «Корвон», бузургтарин фурӯшгоҳи Тоҷикистон як номаи сокинони деҳаи Крупскаяро ба нашр расонида будем.

Дар он нома аз нимбаҳову нимнарх кашида гирифтан ва чапаву валангор кардани хонаҳо, амбору ошхона ва мағозаву ҳавлиҳои ин мардум аз тарафи Нуршед сухан мерафт. Идомаи моҷарои хонахезонии Нуршед ҳолатҳои бисёр ваҳшатнок дорад.

Нуршед, ки такя ба Рустами Эмомлӣ мекунад, ин бор корро то ҳадде барои мардуми ин деҳа сахту сангин кард, ки трактору булдозер оварда хонаҳои мардумро  чапа кардаву канда, кӯрпаву гилеми онҳоро ба камазҳо бор карда бурд ва боиси ба марг расонидани чандин сокини инҷо шуд.

Нуршед рӯирост гуфтаст, ки касе фалонамро  гирифта ва хӯрда наметавонад, чунки «шоҳбача» дар пушти ман аст, доляашро додаам, аз дасти шумо ҳеҷ коре намеояд, равед чор тарафотон қибла.

Давоми моҷароро дар номаи ин мардум, мехонед, ки ба шакли зайл аст:

Фоҷиаи Крупская: хонахезонӣ ва марг дар сояи зӯргӯӣ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон! Бародар Муҳаммадиқбол, шукр, ки «Ислоҳ» ҳаст, кор мекунад ва шукр, ки шумо ҳастед ва арзу доди мардумро нашр мекунед.

Ин номаи навбатии шикоятии мардум ва аҳолии қишлоқи Крупскаяи назди бозори Корвон аст. Дар бораи вазъу ҳоли ин мардум ва бебандуборӣ, зӯргӯӣ дар бозори Корвон, ошкоро ва ғайриқонунӣ мардумро аз хонаҳояшон маҳрум кардан дар барномаи 351-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта будем. Аммо ин Нуршед Машрабови раиси бозори Корвон зулмро сахттар карда истодааст. Ҳатто ду нафар аз таъсири зулми Нуршед Машрабов ҷон ба ҷонофарин супурданд. Ин ду нафар ба қарорҳои ноодилонаи Нуршед Машрабов тоб наоварда сактаи дил ва фишор-давлений шуда мурданд.

Дар назди масҷиди ба номи домулло Муҳаммаднабии назди Корвон, худо домуллоро раҳмату мағфират кунад, одамҳои Нуршед Машрабов ба хонаи ду нафар омаданд. Ва, гуфтанд «хонаатон дар план ғалтида аст, хонаҳоятонро мехезонем».

Инҳо розӣ шуданд. Гуфтанд маблағи хонаҳоямонро баробар бо арзишаш пардохт кунед, мо мехезем.

Аммо Нуршед Машрабов маблағи ночизе дар баҳои хонаҳояшон гуфт. Инҳо, соҳибмулкон розӣ нашуда норозигии худро изҳор намуданд ва ба назди Нуршед Машрабов одам фиристоданд. Ин соҳибмулкон одами одӣ набуданд. Аз амният хешу таборҳояшонро равон карданд ба назди Нуршед. Нуршед Машрабов баракс ба инҳо таҳдид карду гуфт:  «шумо одам фиристодед, ба шумо се рӯз муҳлат хонаҳоятонро холӣ кунед!». Вале инҳо мунтазир буданд, ки маблағи хонаҳояшонро пура пардохт мекунанд.

Баъди се рӯз Нуршед Машрабов трактору камазу булдозер дароварда хонаҳояшонро то бегаҳ бо чизу чораашон канда дар камаз бор карда бурд ва то бегаҳ катлавани хонаҳояшонро ҳам канд. Гуфт «аз пайи коратон шавед, шумо ба сари ман одам овардед, ягон чиз намегиред. Шумо медонед дар пушти ман кӣ ҳаст? Рустами Эмомалии шоҳбача». Ин ду оила одамои одӣ набуданд, аз кормандони давлат буданд. Аммо зӯрашон ба Рустами Эмомалӣ намерасад.

Ҳатто шахсоне, ки дар ҳукумат ва дар амният кор мекунанд, ҳеҷ қадре дар назди авлоди Эмомалӣ Шарипович надоранд, чи расад ба мо одамҳои оддӣ

Акнун дар ин қисмати нома дар бораи сарнавишти шахси сеюм, ки дар хонааш ошхона ва амбор (столовоя ва склад) мегӯем. Ба назди ин нафар ҳам одамҳои Нуршед Машрабов  раиси бозори Корвон омаданд ва ҳамон гапро ба ин нафар ҳам гуфтанд:

«хонаи шуморо мехезонем дар план ғалтидааст».

Ин шахс гуфт маблағи хонаам ва арзиши столовий ва складҳоямро пура пардохт кунед- ман розӣ.

Аммо инҳо дар ҷавоб ба он шахс гуфтанд, ки «факат масоҳати квадрати хона чи қадар бошад, ҳамон қадар хона мегирӣ, тамом. Аммо пули склад, столовий, магазин ё чизе, ки дорӣ, дигар намегирӣ. Агар андозаи масоҳати хонаат 150 мураббаъ бошад, ҳамон қадар мегири халос».

Табиист, ки ин шахс розӣ намешуд. Заминаш хонааш 8 сотих, буд складу мағоза ва столовий дошт. Барои ҳамин ба маблағи пешниҳод додаи Нуршед Машрабов розӣ нашуд.  Хусурбачаи ин нафар дар амният кор мекард. Ба вай муроҷҷиат кард. Гуфт ба ман кумак кун. Ин амниятӣ ба назди Нуршед Машрабов рафт. Гуфт маблағи хонаи язнаи маро пурра бидеҳ.

Аммо баъди ба назди Нуршед Машрабов рафтан ин амниятӣ аз кор дар амният ронда шуд.  Баъдан ин соҳибмулк таҳти фишори шадиди Нуршед Машрабов қарор гирифт ва дар муддати 2 моҳ аз фишору зулми Нуршед Машрабов ҷон ба ҳақ супурд. Ин шахс ҷавон ва солим буд. Ному фамилияшро бароятон менависам вале бигзор назди  шумо боқӣ монад, бародар Муҳаммалиқбол. Ва ҳамин тавр аз ҷабру зулми Нуршед Машрабов як нафарро аз амният аз кор ронданд, нафари дуюм ҷон ба ҳақ супорид.

Дар аввал Нуршед Машрабов якуякбора манозили зисти беш аз сад нафар мардуми Автосентрро хезонд. Мардум норозӣ шуданд ва эътирози худро баён карданд.

Он вақт Рустами Эмомалӣ ба Нуршед Машрабов, раиси бозори Корвон тавсия ва маслиҳат дод:-«коре бикун Нуршеду мардумро розӣ бикун, то ки ба назди офиси ман набиёянд.

Албатта, ин гапу ҳарф баъди нашри навори 85 ё 86 –и «Номаҳо аз ноҳияҳо» буд. Чунки ин мардум, ки бар ивзаи хонаҳо пули ночиз гирифта буданд якбора сад оила хест. Аммо баъди нашри он номаҳо дар «Ислоҳ» ҳама хуб шуд.

Вақте сад оила норозӣ буданд ва якбора ҳам эътирозу шикоят карданд,

Рустам дар эзораш тар кард.

Вале акнун аз поён хезондани хонаҳоро сар карданд. Ҳозир бошад ду оила, ду оила мехезонанд, то ки мардум норозигии худро дастаҷамъона баён накунанд ва мисли мардуми Автоцентр яке ҳамакаса нахезанд. Боз як ҷои Рустам, яъне бистуякшро нақапанд. Баъд супориш дод ба Нуршед Машрабов-агар ду оила, дуо оила хезонӣ маблағи ночиз диҳӣ ҳам, ду  оила ҳеҷ чиз  намегӯяд.

Ана ҳамин хел зулм болои мардум карда истода аст Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Нуршед Машрабов.  Ҳамин ҳоло ҳам зулми Рустам ва Нуршед Машрабов давом дорад болои мардуми Корвон.

Як нафар номаш фалонӣ, бигзор номаш назди «Ислоҳ» маҳфуз монад ҳама чизаш- амбор, хона, оғили говҳо анҷомхона ва заминашро гирифтанду роҳ карданд. Аммо як сумаш ҳам надоданд. Гуфтанд, ки ҳар вақте хонаатро мехезонем, баъд хисобу китоб мекунем, халос.

Як зани дигарро номаш апайи Б.. мебошад, бигзор номаш назди Ислоҳ маҳфуз монад, гуфтанд, ки хонаат дар генплан ғалтида аст, хонаатро мехезонем ва дар ҷои хонаи ту роҳи давлатӣ.

Ин зан гуфт пули хонаамро диҳед чи коре мекунед, баъди пардохти пул кунед: роҳ мекунед, дом мекунед, дигар кори шумо. Инҳо гуфтанд, ки дом мебардорем, баъдан хона медиҳем. Ин зан гуфт ман аз сексияи шумо рози нестам яке рафтаву шумо муред дом соз нокарда монад шуморо пулис маҳкам кунад, ман аз болоятон шикоят мекунам: «пули хонаамро нақд монед баъд ман мехезам». Азбаски ин апа «шери нар ҳаст», зани боғайрат аст, Нуршед Машрабовро буҷул монд ва Нуршед Машрабов пулро наличий дод ва ин апа рафт. Апа пули гуфтаашро гирифт, пули дилхоҳашро, бовар кунед, ин апа шери нар аст

Вале ҳамин ҳоло ҳам, ки ин маводро барои шумо мефиристем зулми Рустами Эмомалӣ раиси Душанбе ва Нуршед Машрабов, раиси бозори Корвон болои мардуми Корвон, яъне қишлоқи Крупская давом дорад.

Чанде пеш коргарони Нуршед Машрабов ба хонаи як марде омаданд. Коргарони Нуршед Машрабов ба он мард гуфтанд хонаатро мехезонем, инҷо дом мешавад. Ин шахс мисли дигар одамҳо эътироз ва норозигӣ кард.

Нуршед бо дастури Рустами Эмомалӣ ва бо баҳонаи калон кардани Корвон хонаҳои одамҳоро канду канда истодааст. Аммо ҷуброн ва ё арзиши молу мулки мардумро напардохту намепардозад.

Маълум аст, ки инҷо ҳардуи инҳо Рустами Эмомалӣ ва Нуршед Машрабов манфиатдоранд. Чунки бизнеси «дом» доранд. Худашон дом месозанд.

Албатта дар хотир дореду дорем, ки бозори Ҷалҷамро хароб карданд, бозори Султони Кабирро хароб карданд, Зелённийро хароб карданд. Дар ҷои ҳамаи онҳо «дом»-баландошёнаҳо рост карда истодаанд. Бизнес бар ивази хонахаробу беҷову макон намудани аҳолӣ.

Барои оила ҷамъ карда истодаанд, чашмашон аз пулу моли дунё сер нашуд.

Худо лаънат кунад Эмомалӣ Шариповичро бо ин авлоди тараканаш. Омин. Омин гӯед мардум.

Чи хеле гуфтам ба хонаи ин мард ҳам коргарони Нуршед Машрабов омаданд ва гуфтанд, ки хонаатон мехезад, ба план ғалтидагӣ.

Ин мард онҳоро гуфт ман розӣ нестам ба ин нархи карда ва маблағи шумо медодагӣ.

Онҳо рафтанд. Баъдан (зиёд тӯл накашид) фишору таҳдид сари ин мард сар шуд. Ин мардро беҳад ғам доданд ва рӯзе ин мард як арматураро гирифта инҳоро аз хонааш ронд, ҷангу ҷидол сахт шуд. Ин мард сар хам накард. Ин шахс дар гузашта марди сарватманд ва пулдор буд, мақомдор буд. Ҳоло нисфи авлодаш- ҷиянҳояш дар мақомот кор мекунанд. Шахси босаводу чашм сер ва бо молу мулк ва бисёр марди хоксору дастбахайр буд. Ин мард дар зиндагӣ марди боғайрату шуҷоъ, ба обуру буд ва дар назди мардуми Крупская эҳтироми зиёд дошт. Вале ин ҳама фишору таҳдидҳо оқибат корашро кард ва пас аз ин ҳама давлений зад сактаи қалбӣ гирифт.

Хонаи ин мардро ҳам гирифтанд, чунки дар ҷойи он Рустаму Нуршед Машрабов дом-баландошёна месозанд ва мефурӯшанд ва бизнес мекунанд ва пул кор мекунанд..

«Э, хонатон сузад, то кай ин мардумро фишору зуроварӣ мекунед. Аллоҳ шуморо хору залил гардонад».

Аммо азбаски ин мард марди боғайрат буд ба фишору таҳдидҳои Нуршед Машрабов сар хам накард, тан надод, то охир зад ва пулу молу хонаашро чанде мехост, ҳисобу китоб карду гирифт.

Аммо оқибат фишори сахти Нуршед Машрабов болои ин мард, ин шахси боиззатро ба касали фишор –давлений, касали дил ва касали қанд гирифтор кард. Баъди чанде ин шахс аз дунё даргузашт.

Ончуноне мебинем, Нуршед Машрабов айни ҳол дар қатли ду шахс айбдор аст ва аз дасти Нуршед Машрабов ин ду нафар мурданд. Иншоаллоҳ дар қиёмат аз ту дар назди Суди Олӣ яъне Парвардигори оламиён шикоят мекунанд ва онҷо ту роҳи наҷоте надорӣ, ин шо Аллоҳ!

Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки эй Рустами Эмомалӣ ва Нуршед Машрабов бас кунед ин ҳама ситам ва зулмро сари мардуми Крупская!.

Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов дар дунё набуд, ки падарону бобоҳои мо ин қишлоқи Бешкапаро рост карданд- 90 сол пеш, яъне ҳозира Крупскаяро. Инҷо 90 сол пеш як дарё буд. Акнун шумо омада замин моликияти давлат гуфта, худатонро давлат ва ҳукумат рост карда хонаҳои онҳоро мегиред ва чуноне ба гадо хайр мекарда бошед, як маблағи ночизе медиҳед.

Эмомалӣ Раҳмонов дар ин дунё набуд, ки ин қишлоқ буд. Гуфти президенти Беларус Александр Лукашенко « в грабу кармани нету сабой деньги не зобирёш». Ва дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки Нуршед Машрабов ва Рустами Эмомалӣ худо ҳардуятро лаънат кунад. Омин ё рабул оламин.

Номи ин марде, ки рӯзи 25 апрел мурд, яъне дирӯз Бурҳон Боронов буд.

Барои онки кори бозори Нуршед Машрабов равнақ гирад, мардум бояд аз хонаву дари меросиву ҳақу ҳалолаш маҳрум бишавад, бехонаву дар шавад ва Нуршед Машрабов доляи Рустамро дода бо ин мардум ҳар чизе дилаш бихоҳад карда истодааст.

Корро то ҳадде чигилу ҷиғел ва килет кард, ки соҳибони хонаҳо таҳти ин фишору таҳдиду тааддӣ ҷон ба ҳақ таслим карданд.

Ҳушдори «Ислоҳ»

Нуршед, фикр накун, ки бо зӯрӣ ва бо такя ба пуштибонии дигарон метавонӣ ҳар кореро анҷом диҳӣ. Ҳеҷ қудрат абадӣ нест ва ҳеҷ ҳимоя то абад намемонад. Имрӯз шояд худро бехатар ҳис кунӣ, аммо фардо вазъ метавонад тамоман дигар шавад.

Ба ин мардум зулм накун. Онҳое, ки имрӯз зери фишорат мондаанд, одамони оддӣ ҳастанд-бо умед, бо орзу ва бо ҳаққи зиндагӣ. Ашк ва нолаи онҳо беҷавоб намемонад. Зулм оқибат дорад-ҳам дар дунё ва ҳам дар назди Худованд.

Бо зӯрӣ ва бо такя ба ҳимояти мансабдорон наметавон ҳамеша бар сари мардум истод. Қудрате, ки бар зулм бино мешавад, дер ё зуд меафтад.

Агар ту имрӯз худро пушти «шоҳбача» мебинӣ ва гумон мекунӣ, ки ин пуштибонӣ туро аз ҷавобгарӣ нигоҳ медорад -иштибоҳ мекунӣ. Таърих борҳо нишон додааст, ки ҳеҷ ҳимоя абадӣ нест. Як бор ончи бо падарат худораҳматии Хол Машраб падари ин «шоҳбача» карду ӯро паралеч ва охирул амр кушт андеша кун!

Ба худ биандеш:
ин ҳама оҳу нола, ин ҳама дарди мардум, ин ҳама ашки мазлумон-беасар намемонад. Он чи имрӯз бар сари дигарон меорӣ, фардо метавонад ба сари худат баргардад.

Он чи имрӯз дар зиндагии худат ва хонаводаат мегузарад, як ишора аст-ки ҳар амал бе таъсир намемонад. Бо пул ва бо нуфуз на ҳама чизро ҳал кардан мумкин аст. Баъзе чизҳо ҳастанд, ки аз ҳар гуна қудрат болотаранд-адолат, ҳақ ва қазои илоҳӣ.

Фаромӯш накун Нуршед:
Рӯзе мерасад, ки ин ҳимояҳо нест мешаванд. Он вақт ту мемонӣ ва ҳамин мардум, ва он чи бар онҳо раво дидаӣ.

Пеш аз он ки дер шавад, аз зулм даст каш ва роҳи одилонаро интихоб кун!.

Сообщение Нуршед Машрабов бо ҳимояти Рустам: «хонахезонӣ бо паёмадҳои марг» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 351
Ин бор аз Душанбе, Волгоград ва як нома аз ноҳияи Андархони Узбекистон номаҳо дорем.

Нависандаи нома аз Душанбе дар бораи бозори калонтарини Тоҷикистон Корвон ва раиси он Нуршед Машрабов навиштааст. Муаллиф аз тахриби манзилҳояш тавассути раиси бозори Корвон ба шиддат интиқод карда ва ӯро ба адлу  инсоф даъват намудааст.

Муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ин бор дар бораи Душанбе сити як матлаберо интихоб ва бо шарҳу тафсири худаш фиристодааст.

Як нафар аз муштариҳои мо аз Андархони Узбакистон аз фаъолияти ниҳоди гумруки Тоҷикистон ва мушаххасан аз як корманди он шикоят кардааст, ки то дар ҷайби худ пул наситонад, иҷозаи ворид кардани колоро намедиҳад.

Душанбе

Салому дуруд ба тими Ислоҳ ва Ислоҳотхоҳон. Ман ба тими Ислоҳ ду нома аз бозори Корвон, қишлоқи Крупскаяи Автосентр фтотстода будам ба номи Нуршеди писари Хол Машраб, раиси бозори Корвон. Ман дар Автосентр, қишлоқи Крупская хона доштам. Ду сол пеш омаданд хонаҳои моро хезониданд ва сари квадрат хона ваъда ва таъин карданд. Аммо мо розӣ набудем. Баъд ман нома ба «Ислоҳ» фиристодам. Нома дар «Ислоҳ» чоп шуд. Он вақт Нуршед дар Ҳиндустон буд. Модарашро ба табобат бурда буд. Баъдан аз Ҳиндустон омад ва ба ҳамаи одмҳое, ки хонаҳояшонро хезониданд хонаҳои хуб дод. Ба ҳама аз ду то 12 хона ҳам дод. Ана ин хонаҳо, ки айни ҳол мо зиндагӣ дорем.

Раҳмати Аллоҳ ба тими «Ислоҳ».

Кадом одаме, ки дар хонааш склад дошт сари квадрат 3500 сомонӣ дод, кадоме мағоза дошт, пули мағозаро дод. Ҳоло мо дар ин домҳо зиндгӣ дорем.

Худо аз шумо розӣ бошад тими «Ислоҳ». Ин номаи шукргузории мо ба «Ислоҳ» буд.

Акнун боз шикояти навбатӣ аз Нуршед. Аз поёни бозори Корвон, аз назди масҷиди домулло Муҳаммаднабӣ, худо раҳматаш кунад.

Мо сокинони қишлоқи Крупская аз Нуршед мехоҳем, ки мисли саршавии Автосентр одамҳоро хона додӣ ба мо ҳам хона деҳ.

Мо сокинони қишлоқи Крупская аз домсози ту норозӣ ҳастем. Ҳозир аз қисмати поёни Корвон хона сохта истодааст. Мо розӣ нестем. Мо магазин дорем, столовя дорем, склад дорем. Ин магазинҳо, столовийҳо, складҳо ҳазорҳо ҳазор оиларо мехуронад. Аммо ту барои бизнеси бозорат моро аз хонаҳоямон, аз ризқу рӯзиямон монда истодаӣ.

Боз мегӯӣ, ки «ман аз тарси Худо ба шумо ҳаминқадарӣ хона дода истодаам. Аз Худо метарсам, барои ҳамин, вагарна ягонтоатро хона намедиҳам. Гуфтӣ, ки ман аз қишлоқи Крупская нафрат дорам, ки хокашро мебезам». Нуршед, ин қишлоқ ба ту чи бадӣ кардааст? Ин қишлоқи Крупская падари раҳматии туро нону об дод. Падари ту ба мақомаш расид, раис шуд, аз дасти кӣ? Аз дасти ана ҳамин

мардуми Крупская.

Падарат нону намаки ин қишлоқро хӯрд. Падарат шахси мард буд, мисли ту тарсончак набуд. Шахсан мо чанд нафар ба назди Хол Машраб рафтем сӣ нафар ва гуфтем раис ба мо замин лозим. Гуфт гап нест ва пурсид, ки чи қадар. Гуфтем 2 гектар. Падарат он қадар мард буд, ки гуфт ду тонна сӯзишворӣ биёред-солярка. Дар заминҳои поён кишту кор карда истодаем. Ду тонна солярка овардем, раҳматии Хол Машраб ду гектар замин дод.

Нуршед падарат мард буд. Мисли ту ҳариси молу пул, ранги Қорун набуд. Ту бо ин домҳоят чандин хонаро вайрон мекунӣ. Онҳо норозиянд. Оҳи дилу дуъои мардуми мазлум мегирад. Як занро хонааш дар ҳашт сотих буд, як сехонаӣ додӣ. Аммо Ҷалолиддин Назаров муллоимоми қишлоқро як хонаи сагӣ дошт дар хонааш склад дошт аз ин зани одӣ бисёртар додӣ. Муллои қишлоқ Ҷалолиддин Назаровро 600 квадрат хона додӣ. Куҷост адолат Нуршед? Мисли падарат мард бошӣ, то аз пушти ту ҳам мардум ҳарфи хуб зананд ва ба некӣ ёдат кунанд.

Нуршед, ту медонӣ падаратро Раҳмонов занг зад. Баъди занги телефони Раҳмонов падарат дар дачаи Дарёбодатон давлений зад. Фаромуш  кардӣ, ки Раҳмонов сари падаратро хӯрд, Рустам сари туро мехурад, аз пушти бозорат, аз пушти домсозиат. Мардум ҳаргиз золимро намебахшад. Ин режим ҳатман сарнагун мешавад, лекин туро намебахшем, дониста гир.

Нуршед мисли саршавии Корвон, Автосентр чи хеле мардуми болоро пули складҳо, пули магазинҳо ва пули столовийҳояшонро додӣ, хонаҳои хуб додӣ, ки аз ин навъи муомила ва муносибат мардуми боло розӣ ҳастанд, моро ҳам пули магазин, склад, столовийҳоямонро мардона деҳ. Мард шав, кадоме розӣ нест, розӣ намо.

Замин моликияти давлат мегӯӣ. Суду прокурор равон мекунӣ.

Раҳмонови ҳаромӣ набуд, ки 90 сол пеш бобоҳои мо ин қишлоқро ташкил карданд.

Ман чаҳор писар дорам. Метавонам ҳамаашонро дар ин ҳашт сотих заминам зан бидиҳам, акнун хонаи маро мегирӣ ва ду сексия медиҳӣ. Ман дар ин ду сексия бо12 нафар чи хел зиндагӣ мекунам?

Ин писарҳоямро зан диҳам чаҳор хона лозим аст, ин ду хонаи туро дар сарам мезанам? Аз Қорун ҳам бойтар шудӣ, вале мард набудаӣ.

Гапро бисёр намекунам. Боз мегӯям, ки пули замин, магазинҳо, складҳо ва сталовийҳоро пурра бидеҳ.

Баъзе одамҳоро то чаҳорсад ҳазор доллар додӣ, одамҳои авторитетдоштаро дар бозор магазин додӣ. Аз Худо тарс Нуршед:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Ман соли  2010 ҳамин хонаамро бо нархи 150 ҳзор доллар нафурӯхта ба миқдори 90 ҳазор доллар хона сохтам. Коттеҷ. Акнун Нуршед бизнес карда истодааст, дом ва магазин сохт истодааст, ба ивази маблағи ночиз моликияти маро мегирад. Дар замини ман дом месозаду бизнес-пул кор мекунад.

Моро мегӯяд, ки замин моликияти давлат аст. Ту дом бардошта истодаӣ барои бозори Корвонат. Агар замин моликияти давлат аст, магар бозори ту моликияти давлат аст?

Нуршед ин режим сарнагун мешавад, вале ту бо авлодат бо ин мардум мемонӣ, баъд, он гоҳ мебинӣ ин мардум авлодатро, ин бозорро чи кор мекунанд

Бародар Муҳаммадиқбо! Ин сеюмин номаи ман ба «Ислоҳ» мебошд. Дутои пешинашро чоп кардед. Номи сеюмамро низ хоҳиш мекунам чоп кунед.

Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман ин бор аз сомонаи нашрия як мақолаеро дар бораи фаъолияти бонки Душанбе-сити барои барномаи навбатии «Номҳо аз ноҳияҳо» гирифтам.

Фаъолияти ин бонк на як бору ду бор аст ки боиси нороҳатӣ ва хашму ғазаби муштриёнаш мешавад. Ман аз расонаҳо, аз ҷумла аз «Ислоҳ» нет дар бораи ин бонк хонда будам, ки Иттиҳоди Аврупо онро дар қатори ду бонки Спитаменбонк ва Коммерсбонк таҳти санксия қарор дод.

Аммо масъулони Душанбе-сити гуфта буданд, ки ин бонк дар амалиётҳои дохиликишврӣ ягон мушкил надорад ва муштариҳо метавонанд бемалол тавассути он доду гирифт намоянд. Аммо ин мақолаи СССР нишон медиҳад, ки фаъолияти Душанбе сити он тавре, ки роҳбарияташ мегӯяд нест ва барои мардум проблемаҳо сохтааст. Мақолаи мазкур таҳти унвони «Мавҷи шикоятҳо аз Душанбе сити» чоп шуда ва ба қалами Омиронаи Сайёф тааллуқ дорад:

« Мавҷи шикоятҳо аз «Dushanbe Citу»

Чанд рӯз пеш дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук сардабири газетаи мардумии СССР «посте» монданд, ки то ҳол аз ҷониби истифодабаран­дагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо бардош­тан дорад ва аз ин маълум мешавад, ки «Dushanbe City Bank» ба хотири рафъи камбудиҳо ва беҳтар намудани хизматрасонӣ аз болои худ кор намекунад.

«Ин бонк роҳбару танзимгаре дошта бошад, ки ба доди мардум бирасад? Имрӯзҳо мардуми зиёде аз бесалоҳиятии ДС дар вазъи ногувор мондаанд. Пардохти маблағи хидматрасониҳо мисли парковка, сӯзишвории нафту барқӣ, хариду фурӯш, ки бо ин бонк анҷом мепазиранд, ба ҷои осону сабук шудан, баръакс, душвор шудааст. Барои мисол 3 сомонӣ пули истгоҳ ё парковкаро медиҳеду намегузарад ва бо айби бонки мазкур 78 сомонӣ ҷарима медиҳед. Пул мегузаронед, намегузарад, 2-3 бор кӯшиш мекунед ва яку якбора 3 бор пулатонро кашида мефиристад. Дар асри 21 чунин хизматрасониро ягон давлати дигар ёд надорад! Ҳоло вазъ дар шаҳру навоҳии дигар хеле баду батар аст, ки беҳтар на! Бонки миллии Тоҷикистон ё ин бонкро зери назорат бигирад ва ё хизматрасониҳояшро маҳдуду масдуд ва ҳатто қатъ фармояд. Мардумро озор надиҳед, бонкирҳо!!!,- чунин омадааст дар ин пост.

Баъд аз паҳн шудан ин нигошта-пост ҳаводорони сомонаҳои иҷтимоиро ба шӯр оварду онҳо аз гум шудани маблағҳои ҳамёни худ аз ин бонк гиламандӣ намуда, фикру андешаҳои худро нисбати мушкилиҳои бонк баён карданд.  Чаро “Душанбе Сити” нисбати муштариёни худ бепарвоӣ, бетарафӣ намуда, нисбати рабуда шудани маблағҳои кортии одамон чораҷуӣ кардан намехоҳанд? Мо дар зер андешаҳои чанде аз ҷабрдидагони “Душанбе Сити” – ро меорем, ки воқеъан онҳо аз тарафи ин бонк ҷабр дидаанд.

Абдулқодир Талбаков, яке аз рӯзноманигорони шинохтаест, ки мутаассифона маблағи ӯро низ ситонидаанд.

Сайёра Маҳмадова мегӯяд, ки дирӯз маблағи роҳкирои таксиро бо воситаи корти “Душанбе Сити” пардохт кардам, аммо дар асл ба ронанда маблағ нагузаштааст. То ҳол умуман ин бонк кор накарда истодааст, акнун намедонам, ки маблағи таксист куҷо шуд. Ҳоло вай таксист фикр мекунад, ки ман ягон дузди гузаро, фиребгаре ҳастам, ки дар моҳи мубораки Рамазон ӯро фиреб додаам. Ба ҳамин монанд огоҳномаи пардохти ҳақи хизматрасонии барқ омадааст, ки намедонем, чӣ тавр пардохт кунем. Ба қавле тарсон шудем. Хулоса, 1 бенизомӣ ва беэҳтиромии маҳз аз тарафи бонки мазкур нисбати мардум!

Саъдӣ Маҳдӣ низ бобати ин мушкил гуфт, ки аз ҷабри “Душанбе Сити” гирифторему намедонем, ки ба куҷо муроҷиат кунем?

Муҳаммадалӣ Мақсадулло, журналисти саршинос ба доми “Душанбе Сити” гирифтор шудаву шарҳ гузоштааст, ки «Ман маблағи барқро ба суратҳисоб гузарондам, 2 рӯз мешавад, иттилооте намерасад, пули ман аз картаам ғайб заду куҷо гуму нест шуда рафт???»

Нуралӣ Шоев бошад, иброз намуд, ки субҳи дирӯз барои таъмири мошин ба корти усто 1000 сомонӣ гузаронидам. Аз суратҳисоби ман пул гирифта шуд, вале то ба ҳол ба корти усто нарасидааст. Ҳуҷҷатҳои мошин дар дасти усто мондаанд. Имрӯз писарам барои ташхиси хун ба маркази тиббие рафта, ҳақашонро аз корти «Душанбе Сити» 3 маротиба гузаронд, пул аз корташ гирифта шуд, аммо ба суратҳисоби маркази тиббӣ нарасидааст.

Аҳмадхуҷа Давлатов мегӯяд, ба фикрам, 1 сол пеш ё зиёдтар буд, 1 зани миёнасол чанд банкомати ДС меравад, ки пул надоранд.  Аз асабонияти зиёд охирон банкоматро ба санг зада мешиканад. Мана, мардумро ба чӣ аҳволе овардаанд!!!

Фаромузи Фирӯз:

-220 сомонӣ аз картаам дуздиданду ягон кас ба додам намерасад. Ба ширкати «Душанбе Сити» занг мезанем, телефонашон кор намекунад!

Нисо Тимурова пешниҳод кардааст, ки Бонки Милли Тоҷикистонро зарур аст, ки барои уҳдадорияшро иҷро накардани «Душанбе Сити» дар назди мизоҷонаш, иҷозатномаи додаашро бозпас гирад.

Ҳамза Т. дар бораи рабуда шудани корти «Душанбе Сити» ибрози назар карда, гуфтааст, ки «Ҳамин бонки «Душанбе Сити» бо Мегафон амакбача бошанд?»

Фозилҷон Бозоров бобати ин мавзӯъ рӯшанӣ андохта, шикоят кардааст, ки барои телефон тариқи «Душанбе Сити» пул гузаронидам. Даракаш нест!!!»

Муҳаммадвалӣ Орзуев, ғижжакнавози моҳир мегӯяд, ки «Ин бонк ягон соҳибдарак дорад ё не? Ба «Душанбе Сити» умуман пул гузаронида намешавад…»

Фаррухруз Шарифов пешниҳод кардааст, ки – Барои гум нашудани пулҳоятону дар ҷойи амн будани ҳамёнҳо ҳатман ба бонки мардумии Амонатбонк гузаред, бе ягон мамоният кор карда истодааст. Хубиаш дар он аст, ки кафолаташро 100 фоиз Ҳукумат медиҳад.

Дилшод Саидзода низ андешаи худро баён карда мегӯяд: «Гуфтаи роҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки набудани связ ин зиёд шудани муштариҳои алоқаҳои мобилист, шояд дар ин бонки DS мушкил ҳамин бошад?».

Нуралӣ Саидов қайд кардааст, ки «Душанбе Сити» аз дигар бонкҳо дида, тезтар пулро мегузаронд, қулай буд. Чӣ бало зада бошад, ки бонк ин қадар бемасъулият гаштааст?

Рустами Абдуллоҳ гуфт, ки «Аз инаш ба онаш, аз онаш ба инаш ҳавола кардан қатӣ масъала ҳал шуда наметавонад!!! Масъулони «Душанбе Сити» ҳатман шарм надошта барои худ баҳонае пешниҳод мекунанд»

Пули худатро бо азобе мегирӣ…

Чаро масъулоне, ки ба ин корхона вобаста ҳастанд, масъулиятро ҳис намекунанд? Ман шахсан худам чандин маротиба бо воситаи корти «Душанбе Сити» ба дигар кас пул интиқол кардам, бебарор. 1 бор вақти гузаронидан пули кортам нагузашту 2 юм бор аз сари нав пешпардохт кардаму 2 баробар пулам аз корт кам шуд. Ҳоло ин 1 масъала, мушкили дигар ин аст, ки телефонам дар дасти худаму аз корти «Душанбе Сити» ба ягон кас пул нагузаронидам, вале худ ба худ шумораи пулҳоям кам шуд. Худи ҳамон рӯз ба ин бонк занг задам, муддати ним соат мунтазир шудам, ки оператори «Душанбе Сити» телефонамро бардошт. Ҳанӯз суханамро нагуфта, якбора телефон қатъ гардид. Чанд маротибаи дигар ба бонк бо рақамҳои  сомонаи Телеграмми бонк муроҷиат кардам, бе натиҷа. Сабаби ғайбзании пуламро дар сомонаи Телеграмми бонки Душанбе Сити навиштам посухашон чунин буд: Ба бонки «Душанбе Сити» Соҳилӣ, яъне офиси асосӣ равед!

Рафтам ва баъди саргардониҳои зиёд, ки намедонистам, аз кӣ қарзи роҳкиро гирам, пуламро доданд. Пули худамро бо 1 азобу азият гирифтам ва мисли ман ун ҷо мардум фавҷ-фавҷ навбат мепоист…

Магар чунин муносибат зидди супориши роҳбарияти давлат мавриди гузаштан ба пардохти ғайринақдии маблағ, ба ибораи дигар алорағми сиёсати пешгирифта дар кишвар нест?

Омиронаи Сайёф, СССР»

Шикояти муштариёни Душанбе сити ва нашри ин матлаб дар ҳоле аст, ки бинобар маълумоти чопшуда дар нашрияҳо Душанбе сити феълан аз мумтозтарин бонкҳои кишвар ба ҳисоб мерафтааст. Ин бонк тибқи ин маълумотҳо дар соли гузашта дар муқоиса бо дигар бонкҳо ҳам даромди беҳтар ва ҳам муштариҳои зиёд доштааст.

Аммо чуноне аз ин мақолаи СССР бармеояд дар асл ин тавр нест ва кори Душанбе сити ба ҳарду по мелангад.

Ба эҳтимоли зиёд сабаби «пешравӣ»-и ин бонк ва тасвири мусбати  он ин аст ки ин бонк ба Авестогрупп тааллуқ дорад ва Авестогруппро чуноне мову шумо медонем бародарон Мирзоевҳо, мечархонанд. Роҳбари асосӣ ва дар пушти пардаи он Рустами Эмомалӣ аст.

Аммо СССР ҳам, ки ин фактро медонад, роҳбари асосии он Рустами Эмомалиро натавонистааст дар ин мақола интиқод кунад, ки аз уҳдаи идора ва назорати бонк набаромада истодаст. Он нафарҳое, ки дар ин мақолаи СССР ҳам роҷеъ ба фаъолияти Душанбе-сити изҳори нигаронӣ кардаанд, ҳамин тавр дар мавриди соҳиби асосӣӣ ин бонк чизе нагуфтаанд.

Андархон

Ассалому алейкум бародар Муҳамадиқболи Садриддин! Ман ба шумо аз шаҳри Андархони Ҷумҳурии Узбекистон менависам. Пештар ҳам ман ба шумо нома навишта будам, ки дар шумораи 334- «Номаҳо..» нашр кардед. Аммо баъди нашри он номаи ман ягон дигаргунӣ нашуд.

Куратори прокуратура дар самти таможний нав шудааст ва доляро баланд кард гуфта кормандони таможний борҳоро якчанд рӯз тамоман намонданд, ки гузаранд. Баъдтар ставкаҳояшонро баланд карданд ва борҳоро монданд, ки гузаранд.

Рӯзи 15 март худи куратори прокуратураи вилоят бо номи Манучеҳр ба шаҳри Исфара омада дар ҳудуди деҳаи Зархоки шаҳри Исфара панҷ мошини бордорро дошта ғам додааст ва пул гирифтааст.

Президенти Тоҷикистон дар минбари баланд аз пешгирии молҳои қочоқӣ мегуяду лекин ягон намояндаи мақомоти прокуратура, коррупсия, амният, таможний ва милисаҳо ба гапи ӯ гуш намекунанд.

Пешвои миллат мегуянд, лекин пешвои миллат не пасвои миллат мебошӣ. Ҷавонон ояндаи мо мегӯӣ. Пас, ба ҷавонон роҳ деҳ. Нафақа баромада дам гир. Ту акнун пир шудаӣ. Касе ба гапи ту гӯш намекунад. Агар туро ҳамчун пешво медонистанд, гапҳои туро ба як пули пучак намефурӯхтанд. Туро ҳамчун як замбар ахлот донистанд.

Муроҷиати ман ба президенти Тоҷикистон

Агар ту пешво бошӣ, хизматчиҳои давлататро назорат кун. Мисли Манучеҳру Исмоил назди гузаргоҳҳо мисли гадоҳо омада наистанд ва вазифаҳои худро ирҷо кунанд. Агар зурат ба онҳо нарасад чаро сарвари давлатӣ. Ба гуфтаи худат мегӯям, ки «наметонӣ курсира холӣ кун».

Бародар ман аз натиҷаи номаи навбатиам боз ба шумо менависам.

Ман видеоҳои чи гуна дар роҳ боздошт намудани борҳоро аз тарафи Манучеҳр мефиристам. Илтимос  дар барнома онҳоро ҷой диҳед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 351 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №229
Бисёр мехоҳам, ки дар «Номаҳо…» , ки аз дохилу хориҷи кишварамон ба дастамон мерасад хабару маълумотҳои хубу мусбат бирасад, аз ягон кори хуби ҳукумат ва ҳукуматдорон бигуянду бинависанду мужда диҳанд, ки инак рӯзу рӯзгори мо тағйир карда истодааст. Аммо ҳайҳот. Ин кор, то замоне, ки ин оилаи касофати Раҳмонов дар сари қудрат ҳаст, шуданӣ нест. Ҳар касе ба як вазифаяке расид, ҳатмани ҳатман аз ҳақи дигарон мехурад. Масалан дар ин номаи зер аз он гуфта мешавад, ки дар бозори Корвон-сити вазъият бисёр ҳам хароб аст ва ончики савдогарон бо лабони пуртабассум харидоронро истиқбол мекунанд, нишонаи равнақи корҳояшон нест. Балки дар ин бозор ҳам панҷаҳову дастҳои духтару домоди Раҳмонов аз гулуи онҳо қапидааст:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ Шуморо нусрат диҳад ва ҳарчи зудтар ба ватан баргардонад. Ман мехостам дар бораи бозори «Корвон», дарвозаи «Корвон-сити» ва қатори савдоҳои он ба Шумо маълумот диҳам.

Ин бозор аз Тахминаву Зарифбек, духтару домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. То 2-3 сол пеш як одами Зарифбек Давлатов онҷо раис буд. Номи раис Аҳрор. Аз ҳисоби бисёр корҳои ҳаром кардааш ӯро чанд сол шуд аз кор гирифтанд. Алҳамдулиллаҳ!

Ҳамроҳи ва начальники СБ- и бозор Абдусаттор бо 2 писараш ва амнияти бозор Худойдодро ҳам ронданд. Ин шахсон мардумро бисёр зулм мекарданд. Мисол барои риш, барои ҳиҷоб, ё агар халати савдо намепушидӣ ба баҳонаи ҷарима маблағи аз даҳонашон баромадаро меситониданд.

Алҳамдулиллаҳ инҳоро аз вазифа гирифтанд. Аммо мегуянд, ки дар дигар бозор вазифа додаанд акнун ҳоли савдогарони он бозорҳо чигуна аст онро бояд онҳо нависанд, то фаҳмем.

Ман дар ин нома дар бораи раиси дарвозаи «Корвон -сити» Саидов Алишер ва ёрдамчии ӯ Музаффар ва писари Музаффар- Маъмур маълумот доданиам.

Саидов Алишер раиси минтақаи пушти дарвозаи Корвон –сити мебошад. Бисёр маккору шайтон аст. Аммо худро хеле хуб байни мардум нишон медиҳад.

Барои мисол ба Музаффари ёрдамчиаш фармон медод, ки ин ва ё он шахсро озор бидеҳ ё пулашро бигир ва ё нороҳаташ бикун. Ман ӯро Музаффари саг меномам. Ҳол он ки агар саг забон пайдо кунад аз ин сухани ман хашмгин мешавад, ки наход маро ба ин Музаффар баробар кунӣ. Музаффари саг зуд ин корро анҷом медод. Ва агар он шахс шикоят ба Алишер мекард, он гох Алишер гуё ҳеч чизро намедонад ва гуё ба фоидаи савдогар корро ҳал мекунад.

Музаффар аз қавми ургутӣ буда (ман барои паст задани қавм намегуям) зиёдаравӣ мекард.

Солҳои пеш нисбати савдогарон дағалона рафтор карда ришу ҳиҷоби мардумро мегирифт. Аммо чизе сабаб шуд, ки ӯро аз ёрдамчигии Алишер гирифтанд.   Зиракии сиёсии пешвои миллаташро ба кор бурда писараш Маъмурро ёрдамчии Алишер монд. Ва худ ба савдогарӣ машғул шуд. Азбаски ба гуфти бисёриҳо Алишер савод надорад, бе Музаффар натавонист. Аввалҳо пинҳонӣ ва баъдан ӯро ба кабинети худ даъват карда роҳи пулситонӣ аз мардумро мепурсид ва машварат мегирифт. Музаффари саг, ки шайтони тайёр аст, советҳои хеле муфид барои Алишер медод. Ба Алишер писанд меомад ва ин идеяи Музаффарро Алишер ба Зарифбек расонд. Ба гумонам ба Зарифбеки келин писанд омад.

Яке аз маслиҳатҳо ин буд-бозоре, ки дар ҳолати хуб қарор дошт аз нав таъмир бояд кард. Мисол крыша-сақфи болои ҷои савдо-точкаҳо иваз ва замини савдоро сангҳои мозайка зананд. Дарҳои дуконҳои савдоро як навъ ранг намудан ва ҳоказо.

Ҳамаи савдогарон медонанд, ки дар инҷо масрафи агар аз ҳама зиёд мебуд 2000-3000 сомонӣ сари як контейнер харҷ мешуд. Аммо Алишер ҳамрохи Музаффар аз мардум 7000-10000-12000 ва ҳатто аз баъзеҳо то 15000 сомонӣ гирифтанд. Ин фарқияти пулҳо ба кисаи худи Алишер мерафт. Аммо Музаффари рубоҳӣ карда бисёри пулҳоро левый мекард. Ва ҳатто аз Алишер дида пулҳои зиёдро аз худ кард. Барои мисол агар Алишер 1 млн $ дошта бошад, Музаффар шояд10 млн $ дорад. Вай бисёр маккор аст. Ин проблемаҳо як тарафу вақти таъмири ҷойҳо аз квадратураи ҷойҳои мардум чанд метрӣ гирифта гуё дар номи бозор гузаронданд. Аммо ин пулҳо ҷамъ шуда гуё ба кисаи Зарифбек мерафт. Ҳавлиҳоро хариданду ҷойи савдо карданд. Якчанд млн $ ба Зарифбек Давлатов ҳам доданд. Хелеҳо 3-4 контейнерӣ ҷой доштанд. Касоне, ки 4 контейнер дошт 1 контейнерашро бо баҳонаи таъмир аз онҳо гирифта ба дигарон фурӯхтанд. Мардум хеле дар ғазабанд аз инҳо.

Дар бораи писари Музаффар – Маъмур. Вай мисли падараш рубаҳӣ мекунад. Аммо мурғ аст. Маъмур хеле пулҳои мардумро мехурад. Аз ҳама безебаш инки ҷуръат пайдо карда команда ташкил карда 4-5 муҳофизро гирифта ба ҷои савдогарон омада борҳои онҳоро бо шата зада ба модар ҳақорат мекунад, ки фалоночаҳо шумо аз хати сурх борҳоятонро набароред.

Аз номи фарзанди роҳбари давлаташон гап мезанад (гуфти пешвошон). Рақамҳои номери телефонш 2211 ва рақами мошинаш 8800АА01.Тамғаи Тойота кемри.

Дар охир як чанд хитоб доштам.

«1) Ба Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода:

Бигирен и сага ай иҷа. Хдтон ҳамара риден аку и шағоле, ки намешиносенш намоне ихе хдша Ҷаноби олии Корвон ҳис кна.

2) Ба Зарифбек Давлатов: дар 1-2 моҳ 1 бор биёву бозора хабар бги.

И паҳати Алишер Музаффар ҳар кора мекнан қати бачаҳош ва да номи ты оформитш мекнан. Меган Зарифбек Давлатов ихел гуфт ухел гуфт. Бафикрм хдт дарак надорӣ ай и коро. И масалара сахт бин, ки проблема калон мешава. Аввал Музаффара қатӣ бачаҳош даф кун ай дари бозор, дарун дромаданшон намон дига.

3)Ба Алишеру Музаффару Маъмур: Шумо фикр накне, ки ҳама вақт ҳамихе мерава. Бахудо қасам мардум қасамтона хурдагияй. Ҳами Музаффара қати Маъмур валлоҳи мунтазир бошен ӯ рӯзи бузурга!. Ва ҳар савдогар да пеши худуш шарт мондагияй, ки шумора чихели кунанд. Неки шумо ба осонӣ намерен ранги пешвотон».

Тавилдара

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Устоди азиз, умедворам хубу саломат ҳастед дар ин моҳи мубораки Рамазон. Ман ҳамон бачча аз Чилдараи ноҳияи Тавилдара ҳастам, ки барои шумо менависам. Ба Худо фақат дуъо мекунем, ки шумо ба орзуятон бирасед, ҷумҳуриро аз ин касифон озод кунед ва ман ҳамеша дар дохили кишвар омодаам бо шумо бошам. Чуноне ба шумо гуфтам ман асосан дар Душанбе зиндагӣ мекунам ва ба Чилдара баъзан вақт меравам. Бовар кунед дар  Душанбе беҳад зинову фаҳшо бисёр шудааст. Ман мебинам ва шаб меоям дар хона валлоҳ қасам ҳамин қадар фикр мекунам, ки мегуям Худоё, наход, ки модарону хоҳарони мо ба ин роҳи хато раванд? Духтари ҷавон шавҳар кардасту як фарзанд таваллуд кардааст ва талоқ гирифтааст. Агар аз қишлоқ бошад як бор ба шавҳар мебарояд ва дугона пайдо мекунад, дугонае, ки зиндагии дар дискоклуб  гузаронидааст ва қуш мешавад. Хулосаи гап ҳамин, ки Парвардигори бузург шуморо ба мақсад расонад ва ман аз шумо як хоҳиш мекунам, ки дар бари шумо бошам ва аввалин коре мекунам бо фармони шумо ҳамин духтари ҷавонро, ки бо роҳи хато рафтааст, ба шавҳар додан ва зиндагии хуб мерасонам. Агар падару модар духтари худро бо роҳи рост ҳидоят кунанд ва духтар нахоҳад ба мақомот шикоят кунад, бояд ин ҳукумат касифи ҷоҳилро ба ҷавобгарӣ бикашем. Ин коргарони ҳукумат мегуянд духтарон худашон ҳамин хеланд. Аммо дар асл инҳо-ҳамин ҳукуматиҳо  мехоҳанд, ки ҳамаи духтарони мардум ҳамин хел бошанд. Эй мардум наход, ки хоҳарону апаҳоятонро, ки мактабро тамом кард ба Донишгоҳҳо дохил шуданд, беназорат монед? Вақте ман донишгоҳро хондам шарму ҳаё буд, духтарҳо бо курта руймол меомаданд. Ҳозир ҳама сари лучу пойҳо то болои зону намоён ва шабҳо дар клубҳо ҳатто бо падару модаронашон баробару ҳамроҳ ва боз фахр ҳам мекунанд, ки хоҳари ман донишҷӯ аст. Эй марги шумо барин бародару падару модар!

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаи манро яке аз муҳимитарин номаҳои фиристодаам биҳисобед. Дар ноҳияи Вахши мо дар пушти парда бо худи Раҳмонов чи корҳое, ки намегузарад. Аз бозе, ки Раҳмонов президент шуд чанд дафъа ба ноҳияи мо омаду рафт кард ва дар ҳар дафъае, ки Раҳмонов меояд, гуё, ки ҷой кор ва идораи давлатӣ мекушояд ва дар телевизиони давлатӣ як чанд рӯз фақат ноҳияи Вахшро нишон медиҳанду ва мегуянд аҳсант ба мардуми ватандӯсту ободкори миллат. Вале дар аслу амал инҷо тамоман дигар гап аст. Ҳар навбат, ки Раҳмонов омаду бино ё коргоҳеро кушоду рафт, ба ҳамин ҳама кор тамом. Чунки баъди чанд рӯз он хоҳ корхона бошад, хоҳ мағоза бошад, дар байни як ҳафта ё ки як моҳ маҳкам мешавад, ҳатто як хел вақт пас аз як рӯз. Албатта ғайр аз бинои сохта барои идораҳои давлатӣ мисли милиса, прокуратура, ё ки Тоҷиксуғурта. Боқимонда 95% маҳкам ё банкрот мешавад, чунки пас аз рафтани Раҳмонов зуд пажарка ё ки налог ё санэпидемстансия ва ё дигар ҳаромхурони ҳукуматӣ меоянду ҳоло кор сар нашуда доля мепурсанд ва он соҳибкори он биноро сохта автоматӣ коргоҳро мебандад. 5%дигар бошад ин ҳамон корхонаи тағадорону кришадорон ва ҳамон идораҳои давлатӣ. Чи хеле гуфтам ин вазъу ҳолро ҳамаи мардуми ноҳия медонад ва рӯирост мазоҳ карда мегуянд, ки «ҳозир ҷаноб брава максимум ин ҷоҳой ҳуй кардагиш як ҳафта мекаша тамом».
Ва ҳар боре Раҳмонов ба ноҳия меояд чаро як бор, ақалан як бор намепурсад, ки канӣ пештара иншооти ҳуй кардагиам, чунки худаш медонад, ки ин ҳама дуруғ аст. Боз изо накашида тез -тез меояд ба ноҳия ва ба пеши ҳамон иншооти маҳкаму рустшуда ва аз кор уфтода мегузарад ва мардум ҳайрон мешаванд, ки «и тупой ақл надора як бор пурса канӣ пештара ҳуй кардагим ҷоҳой кору иншоотҳо»?

Бемористони куҳнаро немисҳо грант дода таъмир карданд ва Раҳмонов омад кушод ва гуё, ки инро давлат бо пули калон таъмир кардааст. Аммо дар ин бемор хона тамоман кори дигар аст. Масалан якум бор грант омад гуфтем, ки таъмирро сар кардан даркор. Дар ҷавоб дуздони ноҳия яне ҳукуматиҳо гуфтанд ба грантдиҳандаҳо, ки шумо пулҳоро ба мо диҳед мо худмон корро сар мекунем. Бе чораҳо доданд пулро. Рафтанду баъди чанде омаданд, ки тамоман ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро сар накардаанд. Дуюм бор худашон одам ёфта таъин карданд ва аз сар сар карданд сохтмони беморхонаро. Бовар кунед, ин як шармандаги бузург аст, бо ин ҳукумати ҳаромхур.

Ба мисли беморхона хона-интернати бачагонро, ки аз шуравӣ мерос мондааст, арабҳо таъмир карданд ва боз ҳам онро Раҳмонов кушоду ба номи худаш кард ва аз худаш миннатдор кард.

Раҳмонов ҳар дафъа ба ноҳияи мо биёяд ҳатман колхози Москва меравад пеши Қурбони бех ва аз дасти Қурбони бех пули чандсолаи андози заминҳоро мегирад. Қурбони бех пули андози заминҳои худашро рост ба Раҳмонов месупорад. Ин гапҳои ҷияни худаш аст. Барои ҳамин Қурбони бех мардумро зулм мекунад, ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта наметавонад, ҳатто амният, прокуратура ва коррупсия. Чунки кришаи Қурбоналӣ Юсупов  худи Раҳмонов аст. Чуноне, ки дар хонасозии Бег Сабур дар Душанбе ва Кулоб криша оилаи худи Раҳмонов буд ва дар инҷо ҳам чунин мушоҳида мешавад. Ана ин аст даҳшат дар ноҳияи Вахш!

Ва ҳар дафъа Раҳмонов, ки ба ноҳияи мо биёяд, мушкил болои мушкил мешавад.

Масалан дар ҳар омад- омади Раҳмонов аз чанд ҷои ноҳияи пулҷамъкуниро сар мекунанд, барои обеду ужини сарбозону охранаи Раҳмонов. Чунки пеш аз омадани Раҳмонов чунон сарбозон бисёр меоянд, ки мегуӣ, ки ҷанг сар шуд ва ҳамаи онҳоро боз ҳамин мардуми бечора пул ҷамъ карда ба онҳо 3 вақт ҳатто 4-5 вақт ҳам обу нон додан даркор. Охир ин мардум худашон ҳила-базур ва нукбанук зиндагӣ доранд, боз аз куҷо ин чандсад сарбозу охраннаи Раҳмоновро сер кунад. Худатон як бор фикр кунед. Аз омаданҳои Раҳмонов фоида нест боз зарар мерасад, наояд беҳтар аст бароямон. Ё чаро Қурбони бех не, ё ки Девонаевҳо пули масорифи саври ӯро намедиҳанд охир Вахшро ҳаминҳо хурданд? Ана ин аст даҳшат, ки дар ноҳияи мо солҳост идома дорад…

Душанбе—Шоҳмансур

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Яке аз кормандони прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мирҷон Бобохонов аст. Мирҷон набераи собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аст. Аммо кораш фақат подстава мебошад. Бачаҳои Кулоб қасамашро хурдагиянд. Ҳабибулло Воҳидзода куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Ин прокурор фақат аз номи Озода ва Рустам гап мезанад, ки «крышаи ма ҳамуноҳан. Ман ҳар моҳ доляшон метм». Баччаҳои айфонфурушро чандин бор подстава кардааст. Корҳояшро через оперативникҳои шуъбаи Шохмансур-1 мекунад. Занг мезананд ба телефонфурӯшҳо ва чанд адад айфонҳои киммат заказ мекунанд. Вақте бечора телефонфурӯш меорад телефонҳоро оперативник-корманди фаврӣ худашро харидор рост намуда як илоҷ карда дар ҷои сомонӣ доллар медиҳад ва сипас   меқапанд. Ана баъд туй сар мешавад. Савдову муомилаву тиҷорат. Мардум ба дод омадааст. Наход набошд ягон роҳбар, ки масъалаи ин Мирҷон Бобохоновро бубинад. Гуфтем, ки бачаҳои Кулоб қасамашро сахт хурдагианд. Агар Воҳидзода Ҳабибулло ҷамъаш накунад, «сахт наказатыш мекнан». Эй, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ наход ҳамин хел одамро крышават кунед?

Ҷаббор Расулов

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Барои шумо ин номаро фиристода аз шумо хоҳиш дорам онро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед ва пешкаши ин мардуми мазлум намоед.

Ман сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ( Пролетари собиқ) аз деҳаи Самиев ҳастам. Рости гап ягон бор пои ягон боломақоме ба ин деҳа нарасидааст. Ва парвои ин мардумро надоранд. Дар деҳаи мо мактабе ҳаст, ки то ҳол майдони варзишии худро надорад.

Мардум бо пули худ мактабро ободу зебо гардонда истодаанд, аммо ҳукумат як сомонӣ ҳам ҳатто ёрдам намедиҳад.

Соли 2018 ё 2019 мардум тасмим гирифтанд барои мактаб толори варзишӣ бисозанд. Дар деҳа тақрибан 1500 нафар зиндагӣ мекунад ва аз сари ҳар як одам мардум 100 сомонӣ партофт. Сохти варзишгоҳи мактабро шуруъ карданд. Аммо ҳукумат дар ин кор як зарра ҳам саҳми худро нагузошт.

Мардум бо пули худ месохтанд. Дар мактаб ҳамачи пулакӣ аст. Аз тарафи ноҳия ягон намуд кумак намерасонанд. Ана, соли 2025 расиду 6-7 сол гузашт. Лекин толори варзишӣ пурра сохта нашудааст. Охир ин мардум пули зиёдатие надоранд, ки тез барқарор кунанд. Ҳар сол баъди ҷамъоварии ҳосили деҳқонӣ пул партофта сохтмонро давом медиҳанд. Аммо бо ин пули ками мардум намешавад. Ин ҳама сол гузашт. Ҳукумат ягон чора намеандешад, худатон кунед мегуянд. Мардуми деҳа худашон столбаҳои нави интиқоли барқро насб намуданд. Дар ин столбаҳо чароғҳо барои равшан намулани кучаҳо чапониланд. Мардум худ ободкорӣ карда истодааст. Чандин бор трансформатор сухт, ҳукумаи тамоман парво надорад. Як соҳибкор харида оварда устувораш кард. Боз шарм нокарда пули барқро аз аввали моҳи апрел гарон мекунанду барои напардохтани пули барқи вуҷуд надошта ҷазо таъин кардааст пешвои ғамхори миллат? Ин магар адолат ва давлатест,ки орзуи мо Тоҷикистониён аст? Ҳаргиз на ва ҳазоронбор на!

Роҳҳоро бошад соҳибкоре бо номи Ҳоҷӣ Қувват асфалт кард, кореро, ки Эмомалӣ дар 33 сол накард. Агарчи мардум худаш обод мекунад, онҳоро боз рӯз намедиҳанд. Амниятиҳо чандин нафарро барои лайк мондан ё бо мухолифин, бо Муҳаммадиқбол шарикӣ гуфта туҳмат карда даҳҳо ҳазор сомониашро кашида гирифтанд. Мардум об надоранд. Обро барои заминҳояшон аз скважҳо мехаранд. Инҷо ҳамаи мардум мардуми Мастчоҳ мебошанд. Худ ободкорӣ мекунанд. Лекин афсус, ором намемонанд. Ба наздикӣ аз тарафи идораи барқи Ҷаббор Расулов ба  мардуми деҳаи мо пешкаш карданд, пешкаши ошкор набуд. Бо якчанд мардуми деҳа гап заданд, ки агар сари ҳар як хона 500 сомонӣ диҳед дигар барқи шуморо хомӯш намекунем.  Мардум пулро ҷамъ карда доданд.Тақрибан 2 ҳафта свет доданд. Гоҳ хомӯш карда гоҳ дар мегирдонданд. Баъди 2-3 ҳафта тамом, дигар свет надоданд. Мардумро гуфтанд, тамом, пулҳое, ки додед аз суми коркардаи светатон боз мо минус мекунем. Лек на пули мардумро доданд, на аз сари суми кор кардаи ҳисобкунакҳои барқӣ минус карданд. Мардумро тамоман масхара карданд. Ҳоло дар 24 соат мардум 4 соат свет дорад: 2 соат шаб 2 соат рӯз охир ин чи давлату давлатдорӣ аст?.

Мардум барои худ заҳмат мекашад, ободӣ мекунад, лек аз дасти мардум пули доштаашонро кашида мегиранд. Ба ҳар як баҳона ба отдел фарёд карда ҷарима мекунанд. Ҷамоат барои ягон справка меравӣ аз 50 то 100 сомониатро барои як варақи ночиз мегиранд. Ва дар милисахона вақте барои загранпаспорти тайёр меравӣ 20 сомонӣ ба милиса медиҳӣ баъд паспортатро медиҳад. Дар пеши милисахона як дискотека ҳаст бо номи Шодиёна, ки дар дасти Бозорбой гуфтани одам мебошад. Дар бараш коргоҳи дузандагӣ, мактаб ва Лимпопо ва дигар чизҳо ҳаст. Мегуянд, ки ҳамаи онҳо аз пешоби миллат мебошад. Охраникҳояш кормандони амният мебошанд, ки духтарон барои дискотекаро аз Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд меоранд. Ин буд номаи ман.

Дар оянда бо хости Аллоҳ ба шумо боз маълумотҳои бисёр ҷолиб мефиристам. Дар ҳақи ин мардум бо ҳам дуъо бигуем, то растагор ва озод бишаванд. Омин.

Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ин навиштаи ман аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҷамоати Навобод деҳаи Калинин аст. Дар бораи як нафар, ки бо номи эшони Шамс аст навиштан мехоҳам. Эшони Шамс, домоди эшони Картошка бачаи эшони Аловуддин бузи КГБ аст. Ҳозир ё дар Шаҳритуз ё дар Қабодиён кор мекунад, аммо дар чи вазифа аст намедонам. Бузи эшони Шамс тахминан 10 сол бачаҳоро через -через карда афюн ёфта мехурд, гуё барои воспаления. Эшони Шамс шуниду зора карда гуфт илтимос ба ман ҳам ёфта деҳ. Вақте овард гуфт эшони Шамс бигир амонатро, ман тез равам, кор дорам. Аз байн 10 дақиқа нагузашт ҳардуяшро печонда бурданд. Аз дари дигарӣ эшони Шамс баромад. Он бача бо пули калон халос шуд.

Падари Шамс эшони Аловуддин дуъохонӣ мекунад. Ман ӯро хуб мешиносам. Бародарҳо зану хоҳару очаатона роҳӣ накунед. Бе ҳаё аст:- тагпушат ухели аст, ….. ихелӣ аст мегуяд. Агар бовар накунед аз омадагиҳо пурсед. 2 сол пеш эшони Аловуддин бо як арусак мечаспад. Арусак  ҳақорат карда рафта ба шавҳараш мегӯяд, кор ба  милисаҳо мегузарад. Бачааш Шамси бузи КГБ ва қудояш  эшони Картошка шарманда нашавад гуфта корро хапхап мекунанд.

Бовар кунед бародарҳо ин эшони Аловуддин ягон ояти Қуръонро дуруст намедонад.

Як тағоям дар КГБ кор мекунад. Аз вай мепурсам, ки «тағо иқа халқ президента ҳақорат мекунад намеқапен»? Тағоям мегуяд, ки «и говкала бисёр гузаронд, кадомша меқапӣ»? Гуфт дар Чапаев ҳама говкала мегуяндаш. Ман ба тағоям Раҳмоновро президент бигуям тағоям бошад  говкала мегуяд. Мо ҳам безор шудагием гуфт тағоям аз ин говкала.

Сообщение  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №229           появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №212
Аз мақом барканор шудани Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов ҳоло низ боиси сарусадо ва ҳар гуна овозаву шоеъот шудааст. Чунки дар ду-се соли ахир ин прокурори табассумнакунанда ва ҷиддисимо худро «кимчӣ» ва дар «кимкуҷоҳо» хиёл мекард. Аммо кори Худоро бинед, ки бо як фармон ӯро аз вазифа барканор карданду дигар масхараву мазоҳи тамоми Тоҷикистон шудааст. Пас аз гузашти ду ҳафта дар торихи 4.02.2025 ӯро котиби Шӯрои Амният макони пенсиянерон фармонашро содир кард. Номаи аввали ин барномаро ҳам як рафиқи огоҳ аз қазия  навиштааст:

Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз ва муборизи роҳи ҳақ ва озодӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Дар ҳақиқат фармони аз вазифаи Прокурори генералӣ гирифтани Юсуф Раҳмон барои бисёриҳо «неожиданний» буд. Чунки гапгапи барои бори сеюм ба ин мақом таъйин кардани вай зиёд мерафт.

Чанд рӯз пеш дар худи Прокуратураи Генералӣ ҳам гапгап шудааст, ки барои чи Раҳмонов Юсуф Раҳмони қудояшро гирифт. Сардори Раёсати назорати милитсияи Прокуратураи Генералӣ гуфтааст, ки «ба фикри ма сари Генерала ҳаму Муҳаммадиқбол хурд қати барномаҳои Госпереворотш»…

Бо кадоме дигараш гуфтааст, ки «нея, Ненерал кунша ба шохи гов не ба к*и бқа ҷанг дохту противи акаи Зоир рафт. Зоир на Прокурор мегуяд на КГБ ва на МВД. Ҳамаша задагияй»

Аммо нафарони аҳли фаҳм мегуянд, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмонро дарси адаб доду гирифт ва шояд баъди як такон додан боз вазифаш медиҳад. Агар надод, значит безеб барои вай. Чунки СС.Ятимов ба Раҳмонов зиёд маълумотҳо оиди мишмишҳои Юсуф Раҳмон бо Красновро расонда буд. Красновро Путин боз муҳлати кориашро дароз карду Раҳмонов бошад Юсуф Раҳмонро гирифт.

Э.Раҳмонов пеш аз интихобот нисбати кадоме, ки каме шубҳа дорад, як таконашон медиҳад. Сахт хавотир аст.

Ҳатто аз Шералӣ Мирзову дигару дигар хавотир буд, ки он камбудиҳои пулие, ки дар вақти аудити  вазорати мудофиа пайдо гашту чандин генералҳоро маҳкам карданд, куҷо шуд:- «Яке паато барои переворот тайёр накада бошан» гуфта.

Раҳмонов бояд инҳоро ягон кор мекард, аммо чи тавре, ки гуфтем пеш аз интихобот сахт эҳтиёт дорад, ки яке ягонтошро нагирам, бо ошубе кунад? Барои ҳамин вазифа дод, ки то вақте машғул бошанду ҳар фикр накунанд.

Як нафари дигар гуфт, ки Юсуф Раҳмон барои онки муҳлаташ ба поён расид, гирифта шуд. Вале, ӯро мебоист дар вақте мегирифт, ки ҷаласаи Маҷлиси миллӣ баргузор мешуд. Аммо, Раҳмонов аз Юсуф Раҳмонов мисле, ки нохуш шуд.

«Базеҳо меган, ки Раҳмон бо ход конём кардестай ва масулияти оғози парвандаи Зарифӣ ва дигаронро ба гардани Юсуф Раҳмон заданист. Гуё Раҳмонов маҳз ба маълумотҳо ва маводҳои ҷамъкардаи Юсуф Раҳмон бовар карда, иҷозат додааст. Ира Раҳмонов как всегда барои давленияра ай сари худуш дур карданай. Зиёд фишорҳо ай замони дастгир кардани Зарифӣ ва дигарон кардестан сари Раҳмонов. Хусусан аз созмонҳо ва базе иттиҳодияҳои хориҷӣ.

Шумо хуб медонен Раҳмонова. Дид, ки камтар кунчаша зур омад, сразу ходи ногаҳонӣ ба гуфти худаш мекнад.

Аммо боз баъзеҳо мегуянд, ки гузоришҳои ҷамъкардаи СС сабаб гашт, ки Юсуф Раҳмонро гирифт. Яъне гуё Юсуф Раҳмон аз пеши худ, бо доштани маълумотҳои носанҷида ва баъзеаш сохта, ин амалиёти дастгир кардани нафарони намоёнро кардааст. СС.Ятимов гуфтааст, ки дар ин парванда ягон нафари конкретӣ аз тарафи қуввае, ки мебоист вориди Тоҷикистон мегашт барои ғасби давлат, нест.  Танҳо чанд нафар аз чеҳраҳои намоёни мост, ки инҳо агар сад нафар ҳам мебуданд, ягон имконияти низомӣи надоштанд. Ҳамааш пенсионеру нафарони офисӣ, ки ҳатто имконияти ҷангро надоранд. Дар парванда бояд нест номҳои нафароне, ки гуё аз Ансоруллоҳ ё дигар ташкилотҳои террористианд. Аммо

Бе вазифааш намемонад. Барои онки бояд Раҳмонов интихоботро тинҷ гузаронад. Ҳама тарсу ваҳми Раҳмонов барои интихобот аст. Қонунияти ҳокимияти Раҳмонов аз ҳамин интихоботҳои сохта ҳастанд дигар.

Юсуф Раҳмон ҳам, ки албатта, боз одамҳои худашро дорад, ки гапҳоро барояш бурда мерасонанд. Вай гуфтаст, ки «ма фикр мекадм, ки мардакан, неки иё одама истифода мебурдиян. Мара мегуфт, ки ту нафари бовариноки маи, ма бовар мекадм. Чи қадар камбудиҳора ма да делоҳои вазнин пушондам дига кам. Делоҳои ҲНИТ, делаи муовини Ҳасани Ориёнбонка куштан, делаҳои салафиҳову инаи бо Саидҷафар Усмонову дигарош. Э о..аша г..м худма ба ҳама ганда кам… хай ку бинен чи мега и Булдог (Бульдог як зоти саг мебошад, ки фукаш кашол аст). Юсуф Раҳмон Эмомалӣ Раҳмонвро бульдог лақаб мондааст). Ин гап аз забони Олими шофёри Юсуф Раҳмон баромадааст. Олими ронандаи  Юсуф Раҳмон бисёр хабарҳоро баҷоӣ ба Музаффар Юсуфӣ, ки Прокурори нақлиёт аст, мерасонд.

Аммо як чизи дигар дар ин таъинотҳои кадрии охир ошкор шуд. Превосходствои Озода дида мешавад, ки нишонаи беқурбии Рустам аст. Чи дар Дастгоҳ ва чи дар баъзе чойҳо, Озода нафарони худашро ба мақомотҳо шинонд.

Ҳатто ин гапгап ҳам ҳаст, ки Юсуф Раҳмонро котиби Шурои Амният бояд монанд.( ин маълумот ба ислоҳ охири моҳи январ расида буд)

Қариб як сол мешавад, ки як шогирди наздики Юсуф Раҳмоновро бо наркотик қапида буданд. Вай дар Прокуратураи шаҳри Душанбе кор мекард, тахаллуси эшонӣ дошт.

Юсуф Раҳмон пас аз барканорияш бо аламу дард гуфтааст : «Оҳ ин саги пир , о ҳароме. Ин ҳароми сахт кор мекунад. Ма медонистм ,ки ин СС аз қафои кормандои ҳама сохтору мақомоту вазоратҳо кор мекунад. Меқапа ягонташа дар ҳол крючекда мегирашу агентш мекунад.Албатта то вақти даркориша. Ма хуб медонистм дар Прокуратураи генералӣ чанд нафара ҳамихели када буд. Ма медонм ҳаму гапи мара ки Президента Булдог гуфта будум через агентош Муҳаммадиқболда ҳамуно равон кадагиян. Ма точно медонм куҷода гуфта будум ва пешмда кӣ буд. Хайр ҳеҷ гап не, ку бинем ӯра читари мегирифта боша…»

Ва, як хабари дигар ин аст ки баъди гирифтани Юсуф Раҳмон як ҳодиса шуд.

Чанд рӯз баъди гирифтани Юсуф Раҳмон аз соати 22:00 то 24:00 роҳҳои пешу қафои Парламент ва ЦК маҳкам шуд. Мақомот тревога доданд: Пожар!!!. Аз тамоми қисмхои зудамали гирду атрофи шаҳр техника ва спецназ омад. Фақат нақшаи митингу ҳолатҳои ошубро кор карданд. Як қисми спетсназҳо нақши тазоҳуротгаронро бозӣ карданд. Бовар кунед, сахт дар ташвишанд.

Бахусус баъди ҳодисаҳои Сурия ва ба сарикор омадани неруҳои исломӣ, ки онҳоро ҳам созмони террористӣ мешинохтанд, Раҳмонов сахт тарсидагӣ аст.

Баъди дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ҳолаташон тамоман бад шуд. Гуфтед, ки ба интихобот наравед, як хелаш тамоман соф кард.

Ва, як чизи дигар. Чанд рӯз аст, ки дар тамоми барномаи «Ахбор»-и ҳамаи шабакаҳои давлатӣ дар бораи баргузории ҷаласаи Шурои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Миллӣ ва инки дар ин ҷаласа ҳисоботи Прокурори генералӣ шунида мешавад хабар пахш карда истодаанд. Ва ин шабакаҳо хабари аввали худро аз ҳамин масъала сар карда истодаанд. Чунин ҳолат ягон бор пеш аз ин дида намешуд. Як бор хабар медоданд, ки фалон рӯз ҷаласаи Маҷлисӣ миллӣ баргузор мешаваду халос. Аммо ин бор ҳаррӯз гуфта истодаанд. Ва ҳатман таъкид карда истодаанд, ки даъвати Маҷлис бо имзои Рустами Эмомалӣ сурат мегирад. Воқиан чунин ҳолат пеш ягон бор ба мушоҳида нарасаида буд.

Нуробод

Салом домулло Муҳаммадиқбол!

Аз деҳаи Обилурди ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод мебошам.

Ман оиди зулму ситами мақомоти ноҳияи Нуробод, ки болои мо мардуми деҳа омадааст, гуфтаниам.

Муддати чанд сол мешавад, ки мақомоти ноҳия мардумро маҷбур карда истодаанд, ки дар деҳа як мактаби замонавӣ бунёд намоед. Бо таври маҷбурӣ мо мардум пул ҷамъ ва кори мактабро сар кардему ҳоламон зор шуд. Дигар сари моҳу охири моҳ аз мақомот меомаданд, ки «қариб овардед, кай муассиса ба истифода супурда мешавад?» Ҷонамон ба лаб омадааст.

11 сентябри 2024 Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳия Нуробод меомад. Бовар кунед аз тамоми мақомот боз омаданду гуфтан, ки то омадани Раҳмонов  сохтмони мактабро бояд анҷом расонед, бояд Ҷаноби олӣ лентаи мактабро бибурад ва ба истифода дода шавад.

Мо мардум сохтмони мактабро то омадани Раҳмонови дузд буд карда натавонистем. Худоро шукр, ки қадами нопокаш ба хоки деҳаи мо нарасид. Бубинед аз ҳисоби буҷети давлат дар ягон деҳа ва дар ягон шаҳру ноҳияҳо ягон муассиса, ё ки беморхона сохта нашудааст. Фақат мегуяд, ки «мардуми бо ору номус ободкорӣ мекунад». Мардум дар ҷонаш задааст, безор шудаанд, аз дасти Раҳмонов ва аз дасти мақомоти гушнаву гадояш ҳоламон бад шуда истодааст.

Дар Тоҷикистон фақат халқ худаш бояд ободкорӣ кунад. Кормандони давлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов сар карда то раисони маҳалла бояд чи фонду чи маблағе аз бюҷети давлат аст ғорат кунанд ва мардумро зулму шиканҷа диҳанд. Ин қадар андозҳо, ин қадар коркардҳои ангишт, неругоҳҳои барқӣ, конҳои тилло, алюмин ва ғайра куҷо мешаванд? Мо мардум ақлу савод дорем, мефаҳмем, ки шумо -мақомот аз Эмомалӣ Раҳмонов сар карда то мақомоти ноҳия ба фоидаи халқ кор намекунед, шумо ба манфиати кисаи худ дар сари кор шиштаед, халқро задагиед.

Дар Тоҷикистон як чанд неругоҳҳои барқӣ кор карда истодаанд, аммо чаро мо мардум аз бебарқӣ танқисӣ мекашем? Маълум аст ки шумо дар фикри халқ нестед,  сарупо ғутида дар нафси бади худатон ҳастед.

Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам ва хоҳиш менамоям аз тамоми модарон ва падарони Хатлон, ки фарзандонатон дар водии Рашт (Ғарми пешина) дар мақомотҳо кор мекунанд, ба онҳо фаҳмонед, ки мардумро бисёр озору азият медиҳанд, ин тавр муносибат накунанд, хоҳиш ба фарзандонатон аҳамият диҳед, ки аз куҷо пул меёбанду мошинҳои гаронбаҳо мехаранд. Маълум аст ки луқмаи даҳони фарзандони мардумро кашида мегиранд, пули ҳаром аст. Хоҳиш, насиҳат кунед, ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмонов накунед. Як балое ба сари Раҳмонов ояд шумо ҳеҷ коре аз дастатон намеояд.

Башор Асад куҷо шуд?

Қаззофӣ куҷо шуд?

Ашраф Ғанӣ куҷо шуд?

Нурсултон Назарбоев куҷо шуд?

Ҳамаашон шармандавор аз сари қудрат нобуд шуданд, ин шо Аллоҳ инчунин рӯз ба сари Раҳмонов меояд.

Мо намегузорем, ки дар интихоботи оянда Раҳмонов номзадии писари ҳаромиашро ба президентӣ монад, он рӯз мебинед, ки чи корро анҷом хоҳем дод!

Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва тамоми бародарони мубориз! Ман аз шаҳри Душанбе мебошам ва маълумот дорам дар бораи ҳукумати тоғутпарасти шаҳри Душанбе.

Ман аз дарвозаи ҳафтуми пажаркаи бозори Корвон аз як соҳибкор, ки номаш Дилшод буд доим харид мекардам. Дилшод дар точкаи савдояш плакат мефурухт ки дар он плакатҳо калимаҳои динӣ, сураҳо ва оятҳои Қуръон масалан ояталкурсӣ, Алҳамд ҷой доштанд. Як рӯз дар назди точкаи савдои Дилшод будам. Дидам, ки чор нафар корманди мақомот омада вориди точкаи савдои Дилшод шуданд ва ба ӯ огоҳии сахт карданд, ки дигар инхел плакатҳое, ки оятҳо ва калимаҳои динӣ навишта шудааст нафуруш, ки ин дафъа биоём ҳамаи боратро мебарем.

Дилшод ба онҳо гуфт, ки ин точкаи савдои ман нест, ин аз Муроди телехи Раҳмонов аст. Онҳо ба Дилшод гуфтанд, ки мо як бор огоҳӣ медиҳем тамом ва  баъд рафтанд. Хуллас , Дилшод ба Муроди телеха занг зад ва воқеаи шударо нақл кард. Муроди телех ба дили пур гуфт, ки «кадомеш омад, мада занг зан тамом, кор ҳалай». Дилшод бо Муроди телех сахт кент буданд. Мурод, куҷое маърака даъваташ мекарданд ба Дилшод занг мезад, ки «як падарка  равон кун, ки ман хонаи як дӯстам туй ё ки зодруз меравам».  Дилшод бошад подаркаро тайёр мекард ва ба ягон таксӣ ба Мурода роҳӣ мекард. Беҳад кенти сахт буданд.

Рӯзе ҳамон чор нафари корманди мақомот омаданд, мошин оварданд ва ҳамаи бори Дилшодро бор карданд. Ҳудуди дусаду панҷоҳ -350 ҳазор сомонӣ бор буд. Дилшод ба Муроди телех  даҳ маротиба занг зад. Мурод телефонашро ҷавоб надод. Он кормандони мақомот бошанд ба Дилшод гуфтанд, ки «агар Мурод телефони туро бардорад аз вазифааш озод мешавад».

Кормандони мақомот ҳоли Дилшодро бад карданд. Ӯро ҳамчун наҳзатии терорист гуфта нисбатат дело мекушоем, гуфта таҳдид карданду тарс доданд. Дилшод точкаи савдоро ҳафтод ҳазор сомонӣ фурухт ва боз қарз карду ба мақомот дод ва ҷонашро халос кард.

Бубинед, ки Муроди телех нисбати Дилшод чи кор кард.

Бародар Муҳаммадиқбол, мо мардум ҷонамон ба лаб омадааст. Ин ҳукумати тоғут зидди дин кор карда истодаанд. Аммо ин шо Аллох мо мардум ба Аллоҳи мехрубон такя дорем ва умедворем, ки ин ҳукуматро ба амри Аллоҳ мисли ҳукумати Башор Асад, Нурсултон Назарбоев, Ашраф Ғанӣ ва Аскар Акаев сарнагун месозем

Як аланга сар шавад, тамом. Дигар пеши роҳи халқро гирифта наметавонанд.

Раҳмонови алайҳи лаъна ба дини мо расидӣ ин шо Аллоҳ ту ба кайфари аъмолат хоҳӣ расид. Рӯзи Башор Асад ба сари ту ҳатман омаданист.

Мастчоҳ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман намедонам, ки бақия навоҳии кишвар чунин ҳолат ҳаст ё не аммо дар ноҳияи Мастчоҳ аллакай облава шурӯъ шудааст. Ҳол он ки вақт то облава хеле зиёд аст. Самандаров Нуралӣ аллакай корро шуруъ кардааст. Вай аз ҳар як даъватшаванда пул мегирад ва ваъда медиҳад, ки шаш моҳ ман туро суроғ намекунам ва баъди чандин рӯз дигар коргарони военкоматро мефиристад. Вақте ба ӯ занг мезанӣ мегуяд фармон аз боло аст, ягон сум да ӯ те корут ҳаллай. Вай аз қишлоқи мо нест. Аммо ҷавонони моро бисёр ғам медиҳад. Плани ноҳияи Мастчоҳ барои ӯ ҳеҷ вақт буд намешавад ва бояд ӯ хоҳ вақти даъват аст ё не аз даъватшавандаҳо пул гирад. Падарлаънат серӣ надорад. Дар яке аз номаҳои гузашта дар бораи ӯ навишта буданд, шумораи чанд буд намедонам ё 172 ё 174, ки ҳамааш сад дар сад дуруст аст ва ман ҳамчун як мастчоҳӣ тасдиқ мекунам ва шумо метавонед аз ҳар як мастчоҳӣ бипурсед.

Боз бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам як бузичаро ошкор кунам. Ин бузича Алимов Бахтиёр як кӯдак — таваллудаш 2004 ё 2003, ки аксаш ҳаст ва ба шумо хоҳам фиристод вай бузи номери яки ноҳияи Мастчоҳ якум участка маҳаллаи Сомониён мебошад. Вай худро дар ҳама ҷо корманди мақомот мегирад ва ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ чиз намегуяд. Вай бисёр нафаронро туҳмат ва пастава кардагӣ аст. Вай боз худро ҷияни муовини ноҳияи Мастчоҳ яъне Фатҳуллозода Муллосоқӣ мегирад. Ман фикр мекунам, ки шумо ӯро хуб мешиносед. Ман Муллосоқиро хуб мешиносам ӯ аз маҳаллаи мо нест ва ба ин буз ҳеҷ алоқае надорад. Ин буз дар ҳама ҷо мегуяд, ки кришаи ман Муллосоқӣ аст ва маро ҳеҷ кас ҳеҷ кор карда наметавонад. Ӯро ба наздикӣ дар район бо духтаре дастгир карданд ва сахт лату кубаш карданд ва то ҳол дар беморхона бистарӣ аст.

Эй мардуми ноҳияи Мастчоҳ ин бузро шиносед! Ин аблаҳ худро одами хуб нишон дода аз шумо бар зиди худатон гап мегирад.

Ӯ аввал ҳукумату Раҳмонови сагро дар назди шумо таҳқир мекунад ва вақте шумо ҳарфе задед онро сабт мекунад, аз ӯ дурӣ кунед. Вай ягон донишгоҳро хатм накардааст ва танҳо ПТУ ноҳияи Мастчоҳро хатм кардааст ва ҳоло таксӣ кор мекунад. Ба мошини ин касофат нашинед. Одаме, ки ягон донишгоҳро нахондааст, чи тавр коргари мақомот мешавад ман ҳайронам. Дар инҷо савол ба миён меояд, ки оё дар ҳақиқат Муллосоқӣ ӯро кришават мекунад ё не ва ӯ чаро худашро ҷияни Муллосоқӣ мегирад ва чаро Муллосоқи чизе намегӯяд?

Бахтиёр бузиятро бас кун вагарна ин дафъа ҳамаи ифлосиятро рӯи об мебарорам, ки бароят гарон меафтад. Аз ҳама корҳоят хабар дорам. Ту дар зери назорати ман ҳастӣ. Агар ислоҳ нашавӣ ин дафъа чи тавр бо духтари муаллима оиладор шуданатро ва чи тавр ҷудо шуданатро, ҳамаи сиру пиёзаро рӯи об мебарорам

Дар охир гуфтаниям, ки бародар Муҳаммадиқбол ҳар номае, ки аз ноҳияи Мастчоҳ чоп кардед мехонам ва кафолат медиҳам, ки дуруст аст. Чунки баъди он номаҳо, баъди ҳар як нашри номаҳо дар Мастчоҳ тағиротро эҳсос мекунам. Ҳатто нома дар Ютуб нашр ношуда аллакай таъсирашро нишон медиҳад.

Ва дар охир як мавзуи дигарро, ки як нафр мастчоҳӣ дар нашрияи «СССР» чоп кардааст, ба шумо мефиристам. Ин масчоҳӣ, ки худро З.Дилшод ном бурдааст, дар ҳақиқат як номаи бисёр саривақтӣ дар ин нашрия чоп кардааст, ки он таҳти унвони «Хонаи деҳқон кай гарм мешавад?» дар рӯзи 29-уми январ ба нашр расидааст ва ба чунин зайл аст:

«Маҳдудияти барқ дар ҳамаҷо баробар бошад, майлаш одамро алам намекунад. Мисол мегирем – шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он шабу рӯз чароғон аст, дар шаҳр ҳатто рӯзона ҳам лампаҳо даргиронанд. Аз мутасаддиён пурсида мешавад, ки мо, ки деҳқонзодаему дар деҳот зиндагонӣ мекунем, магар гунаҳкорем? Борҳо дар матбуот ин муаммо баррасӣ мешавад, аммо касеро парвое нест. Ё мисол орем мактабҳоро, мактаби миёнаи рақами 2-и ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, компютерҳо ва тахтаи электронӣ таъмин буда, дар фасли зимистон бекор монда, гӯё дар осорхона бошанд.

Шабакаи барқи ноҳияи Мастчоҳ ин ноадолатиро дидан намехоҳад. Бинобарон лимити муайяншуда дар ноҳия номуайян аст, мисол аз кай то кай барқ дода мешавад. Масъулин кадом вақт хоҳанд барқро дармегиронанд ё хомӯш мекунанд. Хонаи деҳқон гармиро намебинад»…

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар фароварди номаам ба шумо ва ҳамаи муборизон орзу ва умеди пирузӣ дорам, Пирузии шумо наҷоти Тоҷикистон аз дасти ин хонаводаи гадогушна аст, ки хеле ҳам болои мардум зулму ситам карда истодааст.

Тавилдара

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон бача аз ҷамоати Чилдараи Тавилдара ҳастам. Аммо ман бисёртар дар Душанбеям. Устод акнун хуб гуш кунед. Дар умри сарам аз шароб ва сигору  нос истифода намебарам. Як рафиқам аз ноҳияи Рашт аст ва вай маро занг заду гуфт, ки биё як сайру гашт кунем ва ман бекор будам, рад накардам. Аммо вай шаробу сигор истеъмол мекунад ва маро гирифт ба клуби ноҳияи Рӯдакӣ бурд.

Дар онҷо даромдем. Хеле истодем. 6 — 7хитоӣ омад ва як марди тоҷик бо онҳо буд. Ин марди тоҷик занҳоро аз дасташон мегирифт ва байни хитоиҳо медаровард. Ман дар умрам якум бор буд, ки клуб рафтам ва онҷо нушокиҳои гуногуни спиртиро медидам. Хеле исрор карданд, ки камтар бинуш, қасам ба Худо ягон қатра нанушидам ва дар умри сарам рақс намекунам ва накардаам. Устод бовар кунед, дар пеши шумо дуруғ бошад, дар пеши Аллоҳ рост аст. Тамоми одамон дар онҷо буда дар ҳайрат монданд, ки ман худамро ба ин гуна корҳо қуш накардаам.

Хулосаи гап ҳамин устоди азиз, ки ман хестам аз ҷояму рафтам духтарҳои тоҷикро аз байн хитоиҳо гирифтам овардам ва байни бачаҳо тоҷик мондам. Гуфтам инҷо рақс кун, ба сум шуда миллатро нафуруш. Ман, ки аз Русия рафта будам, дар барам сум доштам ва баччаҳое, ки рақс мекарданд, сум надоштанд ва духтарак ба ман гуфт «ака ман бо хитоиҳо барои пул рақс мекунам вале ягон кори бад намекунам ва дар чашмонаш ашк омад ва баровадам 100 сомонӣ додам. Гуфтам, ки танҳо бо баччаҳои тоҷик, чунки он ҷо русҳо низ буданд ва хитоиҳо берун баромаданд ва мо ҳам баромадем, ки як зани бузбалаи тоҷик дар пешашон. Вай забони хитоиро нафаҳмид, чи гап худо медонад ва хаёл кардам,ки дар тори сарам гранат кафид. Гуфтам эй зан, изо намекашӣ? Вай гуфт, ки кори худатро кун. Ман рафтам занро аз онҷо аз дастонаш қапидам, телааш додам ва хитоиҳоро заданӣ шудам. Ҳамаи коргарони клуб «эй бача ино муштариҳои моҳан» гуфта ба сарам ҳар гап гуфтанд. Хостам, ки ҷанги сахте кунам. Ду баччаи ванҷӣ буданд, ки таксӣ мезаданд ва ба фикрам як бачаи дигар аз Ваҳдат буд, ки вай ҳам хест ва дигарон ҳам хестанд : «Тоҷикистон ба пеш»

Худатон фаҳмед устод! Ман дар Тоҷикистон ҳастам ва ягон илоҷи тамос бо шумо нест.

Устод, бовар кунед, ки ман ҳама вақт тайёрам дар бари шумо мехезам.

Дар Тавилдара ман бисёр месанҷам. Мардуми Тавилдара ва Чилдара беҳад тарсон шудагӣ. Ман дар Душанбе лекин ҳамаи  мардуми Тавилдараро нағз мешиносам.

Ҳоло чанд хабар ба гушам расидааст. Хубтар бифаҳмам боз ҳам бароятон маълумот медиҳам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №212 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №210
Раҳмонов, агарчи дар масъалаи таъйини хутути марз бо Қирғизистон талош мекунад, ки ҳамачиро пинҳон дорад, аммо мардум аз ғирому хиёнатҳои вай аллакай огаҳӣ пайдо карда истодаанд. Аз ҳамон оғоз маълум буд, ки Раҳмонов заминҳои ғасб ва тасоҳубкардаи қирғизҳоро бозпас гирифта наметавоанд, агарчи садҳо нафар аз сарбозу аҳолии мулкиро талаф доду шаҳид кард.

Инчунин дар ин барномаи номаҳо дар мавриди зулмҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба қориҳои Қуръон дар Панҷ меравад. Воқиан хело даҳшат аст амалкарди мақомот дар ин ноҳияи назди марзӣ. Умедворем Фотимаи ҳамсари Рустам ақалан дар ин қазия дахолат мекунанд. Барои чӣ маҳз Фотима? Онро дар номаи Панҷ мехонеду мефаҳмед.

Номаи зер яке аз аввалин хабарҳо дар масъалаи баҳси таъйини хухути марз бо қирғизҳо аст ки далолат бар заминфурӯшии Раҳмонов мекунад. Мо ҳатман ин масъаларо дар барномаҳои баъдӣ пайгирӣ хоҳем кард, аммо ҳоло ин навиштаро пешкашатон мекунем:

Ҷаббор Расулов

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол Ман як сокини вилояти Суғд, ноҳияи  Ҷаббор Расулов ҳастам. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар деҳаи Маданият ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 300 гектор заминро барои қирғизҳо ин ҳукумати золим бо сардории Эмомалии кисафи ватанфурӯши предатели хоин фурӯхт.

Ин заминҳо аз канал боло ҳастанд. Деҳаи Маданият бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Соли гузашта аз канал боло ҳукумати золим бо ёрии мардум як застава барои 100 нафар аскар сохта буданд. Аммо мутаассифона ин заставаро бо 300 гектор заминаш ин ҳукумати золим барои қирғизҳо ҳадя кард. Бе ин ҳам Қирғизистон 1000 гектар заминҳои ноҳияи Ҷаббор Расуловро ишғол карда буд. Мардуми ин минтақа зиндагиашоро аз рӯи ин заминҳо пеш мебурданд. Аммо ҳоло мардум намедонад акнун чи кор кунанд. Дар инҷо на кор ҳасту на даромад, барқ нест. Ҳамаҷо қиматӣ. Мутаассифона дар тақсимоти сарҳад Тоҷикистон бо Қирғизистон 100 % бар фоидаи Қирғизистон ҳал карда шуд. Ин ҳукумат чи қадар зулм болои мардум овардааст, ки ҳатто аз даъво кардан метарсанд. Мо сокинони ин минтақа аз он метарсем, ки оянда бе ватан намонем. Ман дилам барои ватанам месӯзад.

Ин нома аз як гурӯҳ шермардони ин минтақа барои шумо навишта шудааст. Мо истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ин ҳукумати золим бо сардории Эмомалии касифи ватанфурӯш безор ҳастем. Нест бод Эмомалии касиф, ватанфурӯшу хоин. Дар таърихи тоҷикон ягон инсон мисли Эмомалӣ ванфурушӣ ва хоинӣ накардааст.

Ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи моро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» пахш яъне ҷой диҳед. Мо мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шумоем ва ба шумо муваффақият мехоҳем..

Кулоб

Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Кулоб бароятон ин номаро мефиристам. Ин номаи аввалини ман нест. Номаҳои пешинаи маро аз Кулоб чоп намудед, ки барои ин ба шумо раҳмат мегуям.

Дар шаҳри Кулоб ҳамаи сохторҳои давлаатӣ мегуянд, ки резултат   надорем. Ман барои шумо резултат нишон медиҳам. Ку бубинем, ягон кор мекунед ё не?

Камишов Самандар Юсуфович, муовини директори генералии фурудгоҳи шаҳри Кулоб амборҳои ин фурудгоҳро ғорат карда  истодааст. Дигар дар фурудгоҳ чизе   намондааст. Ба амборҳои фурудгоҳ даромада  моторҳои  самолёти  кукурузникҳоро, ки  аз  давраи Союз мондагианд ва инҳо чизҳое ҳастанд, ки  списат  намешаванд, крану мошин оварда бор карда бурда бо нархи арзон  мефурушад. Касе чизе намегуядаш, ки ту чи кор  мекунӣ? Ҳатто ин моторҳо ҳоло дар упаковка, муҳру печат ва знак  качествои СССР доранд ва Госкомимушество барои списат иҷозат намедиҳад.

Аммо кормандони фурудгоҳ панҷ моҳ мешавад, ки ранги маошро намебинанд. Аз дасти ин касофат бошад дар фурудгоҳ чизе намонд. Боз дар фурудгоҳ ҳар рӯз ташкиливу зиёфатхурӣ карда гаштааст. Аз корхона ҳар рӯз маст мебарояду меравад. Ҳар руз 5грамм таблеткаи наркотически истеъмол менамояд, ки 1 граммаш 1000 сомонӣ аст. Маст мешаваду мардумро храп мезанад. Мегуяд: «Мара акаи Зоир мега, ки бза бгард, то вақте ма бошм». Дар телефонаш як сурати Зоирро дорад, ҳамароҳ мегуяд, ки «ами сурати акамай, мара  мега буху  бза  бгард додар, туда ҳама кор иҷозатаи».

Ана барои шумо кормандони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ, факти тайёр, ана резултат.

Пеш вақт, раиси пешинаи фурудгоҳ 20 сол бо хуни ҷигар фурудгоҳро обод кард. Аммо ин наркоман дар 2-3 сол ҳамаро титу тор кард. Боз натиҷаашро мебинем мекунед коре ва ё ҳаминхел фаромӯш мекунед!

Панҷ

Салом бародар Муҳаммадиқбол.Устоди гиромӣ, умедворам хубу хуш бошед. Ман аз хоҷагии Правда, ҷамоати Кабуд  Сайфуддини ноҳияи Панҷ ин номаро ирсол менамоям. Хоҳиш мекунам, ки зудтар чоп кунед. Чанд рӯзи пеш, аниқтараш рӯзи 6 январ қорӣ Маҳмадсаидро маҳкам карданд. Барои аз Қуръон дарс додааст. Ба раиси ноҳияамон хошокгираш карданд. Як нафарро аз Ғозималик овардан, ҷияни Таваккалзода, раиси пешинаамон буд. Ҳозир неожиданно монданд Зариф Шоҳиёнро.

Кадоме қорӣ Маҳммадсаидро бузӣ кардааст, хабар кашидааст, қапиданаш дар отдел маҳкам аст.

Вазъияти қорӣ Маҳммадсаидро хеле бад кардаанд. 15рӯза маҳкамаш карда буданд, даҳ рӯзашро кадоме бо сум кам кард. Мо шомро хонда пеши бухорӣ ё печкаи даруни масҷид шиштагӣ будем, намози зуфтанро интизорӣ мекашидем . Яке мулоимомамон омад. Баъд қорӣ Маҳмадсаидро пурсидем. Гуфт ҳозир аз отдел омадам. Вазъияти қорӣ Маҳмадсаид сахт безеб.

Бо даҳ нафар қапиданаш, ришашро полний тарошидаанд. Мардуми қишлоқашон онҷо хеле буданд. Дар ду тарафи ҳамон зал, дар пеши мардум, на занаш монанд на хоҳару модараш. Ҳақоратҳои безеб кард, сардори милиса.

Дар телевизор бояд нишонаш бидиҳанд.

Устоди гиромӣ, ба назарам аз ин зиёдашро набояд ждат кард. Спичка мегуфтанд, ки ана ҳамин ҳамон спичка аст. Дигар чиро бояд бинем?

Қорӣ беҳад инсони ботақво ва нотарс буд.

Мардуми Панҷ бояд бархезем, вақти амал сар шуд.

Боз як ҳодисаи дигар шуд. Военкоми ноҳия як коргарашро чи гапеашон мешавад, ки як мушт ё шаппотӣ мезанад, ки дар ҷояш меафтаду беҳуш мешавад. Рост скорий мебаранд. Дар реаниматсионний хоб.

Бовар кунед, ки мардум ба як ҳолати сахт аст ва ҳозир ба тамоми кор омодаанд, то аз зулми ин ҳукумат наҷот ёбанд.

Панҷ

Ба номи худованди бахшандаву меҳрубон!Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аз Панҷ, аз деҳаи Чорсу ба шумо маълумот мефиристам. Ин номаи ман асосан ба Раҳмонови валадуззино ва мақомоти хунхораш дахл дорад, хусусан ба КДАМ-и  Панҷ.

Эй, кумитаи амният, эй суду прокуратура эй Сардори милисаи Панҷ бас будагист.   Ба худо қасам сукути Раҳмонови ватанфурӯш хело ҳам наздик аст. Шумо ҳамаатон ба хубӣ огоҳ ҳастед аз вазъияти Сурия, ки чи хел Башор Асади диктатор  фирор кард. Ҳатто наздиконашро наҷот дода натавонист. Шумо чи? Фикр доред Раҳмонов шуморо мебарад ҳамроҳаш куҷое гурехт? Не, ҳаргиз не! У падарлаънат ҳамон шикамбаи 180 килоиияшро ба зур бор мекунад ҳамроҳ бо 7 духтари сабукпояш ва 2 бачаи герчикаш. Ва шумо мемонеду ин миллат. Баъд сар мешавад ҳисобу китоб бо шумо.

Ба худо Устод, ман рӯзи инқилоб якум кори мекардагиам ҳамин аст ки кадоме аз ин мақомоти Раҳмонов, ки уламоҳои моро азобу шиканҷа кардан талаб мекунам ва баъд ба шумо месупорамашон, то ки оянда ҳама шиносанд. Ин рӯзҳо   хело наздик аст, Ин шо Аллоҳ.

Ҳозир дар Панҷ рейд баргузор карда истодаанд кормандони мақомоти Раҳмонов ва чанд муллову қориҳои калонро бурда маҳкам карданд, то дигар ба фарзандони мо таълими қуръон надиҳанд. Ва боз ҳамон шиоре, ки Раҳмонов ба сари қудрат омада буд: «нест бод Ислому қуръон» дар амал татбиқ шуда истодааст. Мисоли мушаххас боздошти қорӣ Муҳаммадсаид аст ки ин қорӣ беш аз ҳазор фарзандони ин миллатро қории кулли қуръон кардагӣ аст.

Ин қорӣ Муҳаммадсаиди бечораро аз солҳои 2000 то ҳозир барои дарс додан ғамаш медоданд.  Ҳар моҳ сагҳои хапгиру бугири Раҳмонов хонааш медаромаданд, рейд мегузарониданд ва ҳамеша азияташ медоданд. Азбаски ин қорӣ ба гуфти русҳо истинний мусалманин, ки буд он қадар аҳамияташон намедод ва то маҳкамаш накарданд, аз таълиму тадрис бас накард. Соли гузашта бародараш қорӣ Самариддинро қапида маҳкам карда буданд ва чунон бераҳмона шиканҷа карда ришаро тарошида ҷавобаш доданд.

Эй, миллати азизам гуноҳи он бечораҳо ҳамин аст ки фарзандони моро таълими Қуръон медоданд.

Ва имсол боз сар шуд зулми сагҳои Раҳмонов. Аввал додараш ва сипас худашро маҳкам карданд. Имсол додарашро чунон азобе доданд, ки баъди чанд рӯзи аз отдел баромадан тамоман ҳушаш ба сараш наомада истодааст.

Тибқи маълумоти охире ба «Ислоҳ» расида қори Муҳаммадсаидро ҷавоб доданд ва шарт гузоштанд, ки як бузи калон мети ва қори ҳам қабул кардааст. Як шогирди Қорӣ Муҳаммадсаид алоқа бромадаст ба сардори ШВКД Панҷ ва пурсидааст,ки  Сардор чандсум даркор барои буз кашиятон?  Ин сардори милисаи Панҷ гуфтабудааст, ки дусаду панҷоҳҳазор сомонӣ лозим аст то бузкаширо дар торихи 25 ум баргузор намоем. Гӯйё шогирди Қорӣ Муҳаммадсаид гуфта бошад ба сардори ШВКДи Панҷ,ки  бароямон карта ё ҳисоби мушаххас тиед ва ман омодаам 500 ҳазор сомонӣ диҳам вале қорӣ Муҳаммадсаидро озод намоед. Аммо сардори ШВКД Панҷ гуфта будааст озодаш мекунем вале тез аз кишвар берун шавад,ки аз боло фармон аст,то зиндонӣ шавад ва мо мусалмонем вале беимонҳо дар Душанбе ҳастанд,ки ба мо чунин фармон медиҳанд.

Манбаъ афзуд: Қорӣ Муҳаммадсаид ҳамсари Рустам Фотимаро, ки як вақт мубталои бемории ҷинзадагӣ шуда буд. Ҳарчи табобаташ карданд табобат наёфт ва ҳамин Қорӣ Муҳаммадсаид ӯро хонд ва аз бемории ҷинзадагӣ шифо ёфт. Аммо Рустам аз ин ҷиноятҳои мақомоти корҳои дохилӣ огоҳи дорад? Ё Рустам мисли падараш курнамак асту ба ислому қориҳои қуръон ва олимони дин бадбини дорад ? Мумкин аст ҳамсари Рустам инро ақалан фаҳмад ва дастбакор шаваду қорӣ Муҳаммадсаидро озод кунанд. Наход гапи ӯ ба шавҳараш Рустам нагузарад.

Ва инҷо мегузарем боз ба ҳамон чоплусҳо. Баъди нашри номаи №197 , ки худи ман онро равон кардаам, дар бораи чоплусҳои деҳа гуфта будам, ки он ҳам як огоҳӣ буд, хусусан ба ҳоҷӣ Амрулло.

Ана акнун гуш кун ҳоҷӣ Амрулло! Медонам, ки баъди тамошои навор сахт асабӣ ва касали занона ҳам шудӣ. Фикр кардӣ ин ки бошад? Ва фикр кардӣ «ин касе набоша душманмай». Лекин ба худо қасам ман душмани ту нестам, балки бародари қиёматиат ҳастам, ки ҳақро гуфта истодаам ва хуб медонам ин гапҳо намефорадат, ки дар публика бигуям. Хайр чи кор кунем ҳақиқат талх аст.

Ту ба умеди званиат ҳам нашав ва ба умеди шиносоҳоят ҳам. Бо кӣ ҷураӣ, киро мешиносӣ барои ман тамоман аҳамият надорад. Ту худатро ин қадар гаренний нагир. Одами гаренний дар ватани худаш кор мекунад. Ту омадиву дар Маскав таксӣ зада истодаӣ. Ва, Раҳмоновро падарҷон гуфта истодаӣ. Дар ин Маскав тоҷикони сарвайрон бисёр аст, ки аз зулми Раҳмонов гурехта омадагинад, боз случайно дар пеши ягонтоаш Раҳмоновро падарҷон нагуй, ки «челеста бшкананд».Ту ба ном ҳоҷӣ баъди барномаи №197-ро тамошо карданат чи гапҳои пасту баланд дар ҳақи ман гуфтӣ! Устод Муҳаммадиқболро ҳар хел туҳмат кардӣ. Аммо фаромӯш накун,ки  «ту ягон чи намешай оқибат ранги Эшони Сироҷиддинат мекунанд инҳо. Авал истифодат мебаранд,баъд турмат мекнанд, да група хела храп задӣ, ошкоро гуфтӣ, ки ман бо мақомот ҳамкори дорм, фикр кардӣ, ки метарсам». Агар дар ёдат бошад дар мавриди Эшони Сироҷиддин ва писараш Минҳоҷиддин дар барномаи минбар гап зада буданд. Манзур аз ҳамкории эшон бо мақомот ва мардуми мухолифро бад диданаш гуфтанд,ки сабаби озод шудани эшони Сироҷиддин шуд. Эй кош хомӯш меистоданд то ин эшони чоплусро як ҷазояшро медоданд дарси хуб барои дигар чоплусон мешуд.

Валлоҳӣ қасам то рӯзе нафас мекашам бар зидди Раҳмонови золим муборизаамро мебарам. Ман намедонам, ки ту ба кадом ақлат Раҳмоновро падарҷон гуфтӣ?

Ҳамон 300 нафаре, ки дар группаи деҳаи Чорсу фаъол ҳастанд, ҳамаи онҳо, чуноне гуфтам аз зулми Раҳмонуф гурехта ба Русия омадаанд.

Ту худатро мулло ҳам мегирӣ ва кам -кам ранги Валии девона  дуо ҳам медиҳӣ. Ана, бубин бо фармони падарҷони Раҳмоноват қориро маҳкам карданд.Ку ягон гап зан зур бошӣ. Ва дар охир ҳаминро бигуямат, ки ин қадар саратро гаранг накун, барои ёфтани ман!

Ман дар ҳамин Маскав ҳастам ва ҳар рӯз мебинам туро ва маро ҳам агар ҳар рӯз ҳам набини тез тез мебинем ҳамдигарро. Аз дастат ягон кор намеояд. Чунки ман чизе гуфта бошам ҳамааш ҳақиқат аст, ҳамаи мардум медонад. Ин шо Аллоҳ рӯзи инқилоб дар ватан худам пешат меоям ва худамро ошкор мекунам, бисёр зиқ нашав, акаи братан.

Мақсади ман ҳамин аст, ки бояд ҳар кас кори худашро кунад, яъне  роҳро, мактабро бояд давлат обод кунад, на муҳоҷири дарбадару хокбарсар.

Ва дар охир хитоби ман ба бачаҳои ҳамсояқишлоқамон Карлмаркс, Сталин, Ҷамъият шумо ҳам нависед ба Ислоҳ, натарсед, бо тарсидан умри шумо дароз ва азоби болои саратон кам намешавад.

Бо умеди пирузӣ! Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Садоҳои Амрулло дар барнома нашр мешавад, то мардум шунаванд чи гуна таҳдид мекунад!

Дар охир инро меафзоем,ки раиси ноҳияи Панҷ Зарифхуҷа Шоҳиён корношоям шудааст ва беҳтар аст ӯро барканор намоянду як инсони ватандӯстеро ба ҷой ин корношоям таъин намоянд.

Лахш(Ҷиргатол)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Ҷиргатоли пешина, ҳозира Лахш мебошам.

Мехоҳам ба дар бораи собиқ раиси ноҳияи Ҷиргатол дар солҳои 2008 ва 2009   маълумот диҳам.

Эмомалӣ Раҳмонов дар як баромадаш мегуяд, ки аввалин парчами исломӣ дар ноҳияи Ҷиргатол зада шуда буд. Бубинед, шарм накарда чихел дуруғги калон гуфтааст. Дар вақти ин баромадаш собиқ раиси ноҳияи Ҷиргатол иштирок дошт. Ва ҳамаи мардум инро тавассути оинаи нилгун тамошо карда буданд. Баъд аз суханҳои шайтонии Эмомалӣ Раҳмонов ин раисӣ бо ору номус, ки номуси мусалмонӣ дошт ва Аллоҳи меҳрубон ӯро чи қадар ҷуръаташ дода буд аз ҷояш хесту ба назди баландгуяк рафт, дар навбат истод, навбаташ омад то ки бо ин пиргови аллаи зотӣ гап занад.

Навбаташ расид ба Раҳмонов гуфт, ки муҳтарам президент шумо мардуми Ҷиргатолро паст назанед. Дар ноҳияи Ҷиргатол парчами исломӣ набардоштаанд, шумо нодуруст гуфтед.

Аз чунин суханҳои раиси ноҳияи Ҷиргатол Раҳмоновро сахт хашмаш омад, сурх шуд. Бегоҳӣ ӯро аз вазифа озод карданд. Ана шери наре, ки вазифа нагуфт, халқ гуфт номус гуфт. Тарафи тоғут ҷуръат карду гап зад.

Бовар кунед бародарам Муҳаммадиқбол! Мо мардуми Ҷиргатол аз дасти ширкати «Фароз» ҳол надорем. Тамоми заминҳо чарогоҳҳоямонро гирифтааст. Намедонем чорвои худро ба куҷо чаро барем? Аз дасти ин ширкат ҳолу рӯз надорем то заминҳои хоҷагии деҳқониро гирифта истодаанд. Додамонро ба кӣ гуем? Худо ҳарчи зудтар ин авлоди гушнаро аз болои мардум дур созад. Бисёр озор дидаем аз дасти инҳо.

Лахш

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Мууҳаммадиқбол! Ин номаро аз Ҷиргатол, аз Лахши имрӯза менависам. Ба назар мерасад ин модарони хатлонӣ фақат милисаву амният ба дунё овардаанд. Дар ноҳияи мо чунон зулм шуда истодааст, ки бо гап фаҳмонидан мумкин нест.

Кормандони милиса, аз началник сар карда то як участковий ҳама аз ҳамонҷо. Амнияти мо ҳам аз Кулобу прокурорамон ҳам аз Кулоб, раиси ноҳияамон ҳам аз Кулоб. Ин чи гап охир? Ягон ҷиргатолӣ нест? Мутаассифона ин милисаҳо аксарияташон бесаводанд, бахудо бархеаш номашро навишта наметавонад. Аммо дар Ҷиргатол шеф ҳаминҳо. Бе пурсиш любой хона даромада свет проверка мекунанд: иҷа чида ихел уҷа чида унхел гуфта тарсонда ҷарима гуфта пулҳои мардумро мегиранд. Сум надорам гуӣ «отдел биё, тра суд мекунем гуфта тарсонӣ дода маҷбурӣ сум мекананд». Дуконҳо даромада патент мепурсанд. Ин чи аблаҳиву аҳмақӣ аст? Охир милиса ба патенту налог чи кор дорад? .

Соли 2014 началники ГАИ буд бо номи Азам. Ё аз Фархор буд ё аз Кулоб. Уро бо як зани шудор қапиданаш. Шуи он зан қапидаш. Баъд Азамро то як  шпиливилӣ накунам видеора ба ҳама нишон дода шармандагиата набарорам гуфта  Азамро чикоре мекунанд. Баъд мардум фаҳмиданд. Азам аз шармандагиаш корро бас ва ба ноҳияи Файзобод перевод карда рафт.

Дар ноҳияи Ҷиргатол буз ҳам бисёр. Пеш дар ноҳия фоҳишаҳо набуданд, ҳозир  бисёри духтарҳои шудороҳоро ана ҳамин мақомот фоҳиша карданд. Инҳо шавҳаронашон дар муҳоҷират, инҳо бошанд халқро таҷовуз карда гаштаанд.

Боз як таҷовузгари дигар бо номи Шерафкан аз кулоб. Чандин оилаҳоро ҷудо кард. Шавҳаронашон дар муҳоҷират ин ҳароми бошад ҳамон занҳои мардумро чи хел дар бовариашон даромада таҷовуз карда охираш шавҳаронашон фаҳмида ҷудо шидагианд, чандин кудак ятим шуданд.

Боз як бузи ҷиргатолӣ аз деҳаи Карчин Файзиддин бо ду кулобӣ як духтари ҷавонро се каса таҷовуз мекунанд. Падари он духтар ба  мақомот хабар кард. Лекин он се таҷовузгарро ягон чиз нагуфтанд. Адолат дар куҷост охир? Ё мардуми Ҷиргатол барои зулмшудан ва таҳқиру таҷовузшудан ҳастанд? Бовар накунед комиссияи бо салоҳият ташкил кунад прокурори нав омада санҷад ҳама ончи гуфтам.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Душанбе ҳастам ва дар бораи бозори Корвон менависам. Ман шикоят дорам.

Ба раиси Корвон Нуршед Машрабов гуфтаниам, ки қавмпарастӣ накунад, бачаҳои хатлониро кам ғам диҳад. Як рӯзе мешавад, ки ҳамин бачаҳо сахт хафаат мекунанд:

«Ман ҳамеша аҳмият медиҳам шумо бачаҳои хатлониёра магазиношона печать мезанен, суми калоншона меканен, бад иҷозатш метен ҳуйкнан магазиношона. Миллатпарастӣ накнен. Шумо чхели дар маърака мешинен круги хтонда мазоқ мекнен роҳбари давлата. Накнен! Шумо фақат гаптон Гадоев Тапакшо Шарипович меген, ягом одамшона рои кна ягом корда. Агар раиси шаҳр рои кна мазоқ када меген ду каса бо Нурудин Гунгалиев Мрғак Шарипович рои кадай»

Шумо бозорро бесум тайёр кардед,а ммо бо нархи қимат ба мардум фурӯхтед. Ҳозир бошад барои як справкаи хариду фуруш, агар таги навес бошад, аз ду то панҷ ҳазор доллари камбағалро мегирад. Нуруддин мегуяд ман доляи Гадоева медиҳам аз ин сум.

Агар ягом кас магазин савдо кунад ставкаашро ҳозир аз 5 то 10- 12 ҳазор доллар маҷбурӣ мегиред, раҳм намекунед. Ҳамон мард хонаашро фурӯхта ин магазинро харидааст: «чантаҳошда ман худам шоҳид будам. Нуруддин мегуяд доляи ман амиқадарай, куҷои мефоратон брен жалб кнен, давида давида миян хавар мекашан, гадоҳо ягом ҷома хурда наметонан. Ай сари мғлш саркада то Гадоевша задагием».

Нуруддин ман як одами наздики шумоям. Ман ҳамаи корҳоятро нуқта бу нуқта   медонам- «кадом давлатода чантагӣ магазин дорӣ, чантаги хона, дар кадом банкҳо сум дорӣ. Ҳамаша неку 80 фоизша медонм. Мара виҷдонм ғам мета, амихел коротона мебинм. Бачаҳои камбағала сумошона мегирен, накнен ами коротона». Нуруддин ту фикр накун, ки сум дорам гап мезадагиашро фалон мекунам. Онҷо мардони ҳалолу покиза кор мекрадагӣ зиёданд. Ҳамроҳ бо сумҳоят «юзт» мемонанд

Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ҳаминашро чоп кардеду ислоҳ нашаванд запсҳову видеоҳояшонро роҳӣ мекунам. Он гоҳ сад дар сад бовар мекунанд.

Нуршед ва Нуридин нафсҳоятон крокодил барин шудааст. Аз Худо битарсед!

Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Як вақте буд, ки ноҳияи Рудакӣ. Ленини пешини калонтарин ва номдортарин ноҳияи Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Бисёре аз заминҳои мо тобистонҳо ташнаи об мешаванд, ҳатто агар дар зери канал бошанд ҳам. Об ба ин заминҳо намерасад вале налогро ҳамчун замини обӣ мебанданд. Бечора деҳқон аз ҳисоби коркарду кишту ҳосили замин налог супорида наметавонанд. Фарзандошон ба Русия аз барои супоридани налоги замин мераванд. Яке  аз ҳамон бародароне, ки дар дар Крокус-сити туҳмат шудаанд аз деҳаи Гулистони ноҳияи мо мебошад. Аз мо он қадар дур нест. Бо падараш салому алейк будем. Дар линияи Лоҳур танген меронд. Ин ҳамоне бачае аст, ки бо тарҷумон суҳбат мекард.

Истгоҳи барқи дар шафати деҳаи мо аст. Дар замони советӣ инҷойҳо боғи туту шафтолу буд. Ва аз сабаби аз болои он гузаштан симчубҳои пуршиддати неруи барқ мардум онҷо зиндагӣ намекарданд. Имрӯз заминфурӯшҳо заминро фурухтанд ба ҳама. Он заминфурӯшҳо як қисмаш мурду як қисмашон ва аз кор хориҷ шудаанд. Дар айни замон зиёда аз ҳаштод хоҷагӣ бе ҳуҷҷати истиқомати зиндагӣ доранд

Ба ҳукумат муроҷиат мекунем мегуянд, ҳозир раис имзо гузорад баъд метавонед документ кунед.

Бародар ман дар ҳамин ватсап менависам, дар зери ҳамин наворҳои фиристодаам. Ва шумо ин наворҳоро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гузоред, вале наворе, ки овоз дорад беовоз карда дар барномаатон гузоред ва ман кушиш мекунам, ки хуб нависам.

Дуо мекунам, ки Аллоҳ Раҳмоновро тезтар аз сари мо мардуми мазлум нест кунад. Омин.

Ман аз ноҳияи Рудакӣ наворе роҳӣ мекунам ва аз каналҳои обёрикунии маҳаллаам ҳарф мезанам вале намехоҳам маҳаллаамро ном гирам. Лекин номбар мекунам ҳамон ҷойҳоеро, ки ин канал аз он маҳаллаҳо мегузарад.

Ин канал саршавиаш аз куҷост намедонам, лекин аз онҷое, ки номбар мекунам аз он ҷойҳо пои пиёда ҳам гузаштаам.

Ин канал бо поёни беморхонаи марказии ноҳияи Рудакӣ мегузарад. Беморхона номаш МИС мебошад. Ҳамон мосте, ки ба болои канал мегузарад, тагаш пури лойоба аст ва ҳамин тавр канал мегузарад ба болои маҳаллаи геологҳо, стадиони марказии Куктош ва ба болои ноҳия ва инчунин ба болои ШВКД-и ноҳия ва ҳамин хел бо байни деҳаи пештара Карл Маркс ва ба болои посёлкаи панҷум микрорайон. Ва мактаби пешинаи № 203 ҳозира гимназия. Гимназияро низ трубаҳои обигармидиҳиро бо котелниаш канда фурӯхтагианд. Ҳудуди котелнийи мактабро замин карда фурӯхтанд.

Канал давом медиҳад бо байни маҳаллаи Кирпичний, деҳаи Заркамар, пештара Ттюбек, Лоҳур, Гулистон, ҷамоати Лоҳур, то маҳаллаи Қосимобод.

Раҳмонов! Туро бо роҳи калон як мегузаронанд ва дарунтари деҳаҳо намедароранд, ки аҳволи маҳаллаҳоро бубинӣ. Дар ин гузарҳо дар ҷавониамон мо аз барои чорвоҳои хонагиамон алаф даравида мебурдем. Як вақтҳо дар давраи советӣ аз ҳамин канал то ба тани куҳ, ки деҳаи Пахолсой аст бо лулаҳо об бурда буданд ва дар болои канал то деҳаҳои Заркамар замини юнучқа буд, ин заминҳои юнучқа обёрӣ карда мешуд ва дар байни деҳаи Пахолсойю ҳамин заминҳои юнучқа боғи ангур буд. Марҳамат худат бубин. Дар ин боғи ангур ягон стойкаашро намебинӣ ҳамаашро канда бурдаанд. Ин чи ҳукуматдорист? Стойкаҳои ангур ба монанди лулаҳои гармидиҳии мактаби пешина 203 ба номи Муқим Султонов ғорат карда шудаанд.

Ин аст навори заминҳои юнучқа ва то замини ангурҳоро нарафтам.

Худи мақомот бояд ин ҷойҳоро бинанд. Аммо баракс ин мақомот имруз худашон дастонашон олудаи ҳамин ғоратгариҳо мебошад. Раҳмонов он мошинҳое, ки дар таги пой доранд мақомотат ва хонаҳои дакаданг аз рӯи ҳамин заминҳои валангору аз рӯи ҳамин каналҳои пур аз лойю хок мебошад.

Раҳмонов мумкин аз моликияти давлат барои ҳамин каналҳо пул ҷудо кунанд вале то канал норасида пул тамом мешавад ва мақомот соҳиби мошину хонаҳои дакаданг мебошанд.

Як вақт Рустами писарат дар шабакаи Вайбер рақамашро гузошта буд ва ба мардум муроҷиат карда буд, ки ҳамин хел камбудиҳоро сёмка карда дар Вайбер  партоянд ва якҷоя кор кунем ва ватанро обод кунем. Аммо ӯ симкартаҳои телефонҳоро чи кор кард? Мардум медонад, мақсади мақомотро то худат бо ҳамин роҳ мехостед мардуми жалоб навистагиро яктачин кунед? Не, мурғе, ки туву писару хонаводаат пуст мекунад, ман барвақт хурда ҳал кардам. Ман давно мехостам ин каналҳоро дар вайбери писарат партоям, аммо вақте ӯ симкартҳоро документалний кард, аз навор карда фиристодан даст кашидам.

Имруз на як барномае ҳаст, ки мардум суханашро озод гап мезанад. Ту Раҳмонов мардуми озодфикрро яктачин карда истодаӣ. Ин зулмат то ба кай? Далери Эмомалӣ чи гуноҳ дошт? Ё Абдусатор Пирмуҳаммадзода, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва дигар рӯзноманигорон? Акбаршоҳи Искандар чӣ? Ва он Шокирҷон Ҳакимов чӣ, ки модараш ин ғами боздошти писарашро таҳаммул накарда фавтид, натавонист дар марсими ҷаноза ва видоъ бо модараш иштирок кунад.

Боз ту бо кадом рӯ ва обруят мегуӣ моро модар таваллуд кардааст.

Аз мавзуи канал берун шудам. Чунки ман як марди ватандӯст, миллатамро дӯст медорам. Дар ҳақиқат имрӯз нест расонае, ки мардум камбудиашро озод гап занад ва мо маҷбурем ба шабакаи «Ислоҳ» дардамонро гап занем.

Раҳмонов истеъфо те! Баромада рав ва бо писару авлодат аз сари ҳукумат нест шав! Як бор мард шав. Дар умрат як бор мардӣ кун.

Эй бародар Муҳаммадиқбол ҳамаи ҳамин видеоҳоро мон, нашр кун. Мон мардум бинанд. Хайр, қапиданд, маҳкам кардан гиранд. Манам қурбони ҳамин миллату хоки ватанам. Одам чи қадар ба як кас алам кунад то чанде оташ аз дарун аланга мезадааст. Агар зиндон мекунанд боз ҳамин мақомоте, ки вобаста ба ҳамин заминҳову каналҳо ҳаст ҳамоно зиндонӣ мекунанд. Лаънат ба он касе, ки хиёнат бар ин хоки сарзамин мекунад. Лаънати Аллоҳ ба он мақомотҳову бар он ҳукуматиҳо.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №210 появились сначала на ISLOH.net.

Пашми Риш? Ё Синдроми пашм?
Тоҷикон дар тӯли торихи мавҷудияти хеш ҳеч гоҳ як чунин давлатдориеро таҷруба накардаанд, ки дар он, ҳатто дар бадтарин лаҳзаҳои торихӣ, ки ҷонашон дар якваҷабии хатари маргу нобудӣ қарор дошт, динашон ва арзишҳои динӣ ё зоҳири физикияшон ин қадар таҳқиру поймол гашта бошад, ки дар аҳди навдавлатии ғайриоқилонаи кунуниямон, ки давлати Ҳуқуқбунёд, Дунявӣ ва Иҷтимоияш меноманд, поймол гашта аст!
Дар аҳди Тоҳириён, Саффориён, Сомониёну пасон ҳазор соли давлатравоии турку муғултаборон, то аҳди Шӯравӣ, то соли 1991 касе аз ҳокимон ба ришу пашму рӯсариву шалвору изору салаву ҷома ва дар  умум, ба  тарзи зиндагии Тоҷикон коре надошт!
Балки, тамоми қабоили кӯчманчӣ, ҳаминки аз биёбонҳо ба хиёбонҳои Бухоро пой мегузоштаанд, муаддабу маданиву тоҷиконапӯшу сару сураташон аз тоҷикони бомаданият пайравӣ мекард, ки охирин намояндаи онон Олим-хони Манғит умре бо салаву ҷомаву шалвори тоҷикӣ зисту мурд, ҳарчанде, аз ҷиҳати амалкард бароям ӯ як «Олими Гов», барои ҳамеша,  боқӣ мемонад!
Ва акнун, пас аз сулҳи шикасташудаи тоҷикон дар соли 1997 то имрӯз 2024, ҳукумати феълӣ гирифтори  як навъ бемории аҷибуғарибест, ки онро метавон «Синдроми пашми Риш» ва Синдроми «Сатру Ҳиҷоб» ташхис дод, ки маълум нест ин травма аз куҷо ба ин ҳукумати мардумозор ва кай асар кардаву роҳи табобаташ дар куҷост?
Вале, ба нигарам табобати ин «Синдроми пашми мардону пӯшиши занон», дар аз реша табобат ёфтани мақомотиёнест, ки сарҳуй тарбия ёфтаанду арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва эҳтиром ба дигарону боварҳо ва озодиҳояшонро наомӯхтаандашон, дар хонаҳошон, модаронашону падаронашон.
Дар кӯчаҳо бузург шудаву як ҷаҳонбинии «нижее плинтуса» дошта  ва иҷбори шаҳрвандон ба «қонунҳои нонавишта»-ми еро, ки ба заъмашон дар куҷое аз Сарқонун «дарҷ гашта» аст, ки бо ришу пашми рӯй гаштан, ё пашми сару мӯйи калларо пӯшидани занон, МАМНУЪ аст!.

Аҷиб махлуқоти кавдану аблаҳу туппое ҳастед, нозирони бозорҳову конструкторони пасипардагиятон!
Аҷобати ин «Синдроми пашм»-атон дар нигоҳи оқилон ошкортар аст.
Аз он бадатон меояд, ки пашме дар куни манаҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳоло кормандони юниформпӯш яктараф, ҳатто дар рӯи тоҷирон, ки соҳибкорони озоданду ҳар гуна ришу муйсару либосе хоҳанд, ба худ гирифта, мегарданд, натобаду мисли чурдаҳои бадмури бенуру бадхашми шумо, лисий- қоқтарош бошад.
Аммо, дар айни ҳол,  ки тоқати дидани пашми рӯйи мардонро надоред, орзуи дидани пашми сари бонувонро дар дили сиёҳатон мепарваред!
Чӣ фарқ аст байни пашми рӯйи марду пашми сари занҳо?
Якеро бояд тарошиду дигареро бояд «ҳуй» гузошт?
Мисли шумо, ки ҳама шаҳрвандони ин кишвар «сарҳуй»-у «дайду»-ву дар «кӯчабузургшуда» нестанд!

Каме аз ин бефаросатии хеш, дар асри 21, дар назди назари дигар миллатҳое, ки 100 сол пеш моро «бомаданият»-у худро «шогирд»-и мо мешумориданд, шарм кунед!!
Агар қонуне ҳаст, ки бояд ҳар як марди тоҷик тибқи он, бояд ҳар рӯз пашми рӯяшро битарошаду пасон ҳаққи зистан дар ин ҷомеаро дошта бошад, биёреду дар тоқи «Бозори Корвон+» ва дар даромадгоҳи ҳар раста ва ҳатто дар ҳар дукон биовезеду бичаспонед!
Ҳамон гуна, ки дар ин гармои тоқатфарсо дар танамон як «палатка»-ро бо номи «халат»-у як беҷики дигарро бо сӯзаник часпондаву пул гирифтан доред!!
Эй, Хидмати чекчину эй нимаваҳшии дигар, ки бо чурдаи недоволният назди мо омада мегӯӣ:
Чида ришт баланд шидай?
Чо кадай ришм?
Мумкин нест, бра ҳозӣ трош. То бегаҳа вақт дорӣ!
Пагоҳ метарошам. Барои чӣ ҳозӣ срочно рафта риш тарошам?
Ҳолӣ, наметрошӣ, ҳъ?
Ҳо, наметрошам… (медонам, ки як барзагови кӯчагардасту фаросати фаҳмиши баҳси қонуниро надорад, аз қонуну қонунмандӣ боҳош гап намезанам)
Ба Хизмати чалиш мегӯяд: ира дуконша печат задан даркор!
Ҳо, печатш мезанм.
Ва мераванд. — Гов аз пешу барзагов аз қафо.
Шояд, фардо меояму дуконам мӯҳргузорӣ шудаву рафта ба Раиси Бозор «ҷарима» пардохт карда, дуконамро бозкушоӣ мекунам!
Барои чӣ? Барои риши расидаам, ки хушам надод қоқтарошаш кунам?
Оё Раиси Бозор ин ҳақро дорад, ки бидуни мавҷудияти қонуне шаҳрвандеро «Ҷарима» кунаду он пулро ё дар Амонатбонк ё суратҳисоби Бозор, ё дар кабинеташ, дар киса зананд?
«Орифони ҳуқуқ» (таъбири «маърифати ҳуқуқӣ» бароям, моҳҳост чун уштуркуланг метобад), инҳо тибқи кадом талаботу меъёрҳои ҳуқуқӣ соҳибкоронро ҷаримабандӣ мекунанд?
Ку як мефаҳмондед, дар соли «Маърифати Ҳуқуқӣ»-ятон?!
Медонед, чӣ?
Сар аз соли 2020, ва аниқтараш пас аз соли 2022 , ки бар зидди як шаҳрванди комилҳуқуқи аз модараш дар соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ватани аҷдодии худаш озод ба олам омада аст, шумо «контраттака» ба роҳ мондаед, он қадар аксам гирифтаед (ошкорову пинҳонӣ, аз ҳама ниҳодҳо), зану мард, мӯсафеду кампиру ҳатто кӯдакони ноболиғи 13-14-16 сола, ки агар рӯзе бимираму ҷисмам ҳазор тикка шаваду бароям 1000 гӯр бикобанду рӯи ин ҳама тиккаҳои ҷасадаму «гӯрҳоям» аксҳои тӯли ин 4 сол гирифтаатонро насбу барчасп кунанд, боз ҳам дар архиву телефонҳоятон аксҳои зиёдатӣ боқӣ хоҳад монд!
Ҳар рӯзу маҳу солу ҳафта, шумо – «Худоёни Корвон+» омадаву рост бар дари дукони хӯрдакаки назарногири ҳақиронаву тангу торам, чун ҳуҷраи дилгиру ғамангези устодам-  Садриддин Айнӣ, истодаву бо чурдаҳои шабеҳ ба наберагони Ҳалекуву Чағатою Угадаю Темурлангу Чингиз, бо ришҳои кӯсаи тарошидаатону чашмони хунбори чингизиятон, ба ман бо хашм нигоҳ кардаву аксам мегиред- акс мегиред барои напӯшидани халат, халати кабуде, ки аз палаткаи чодарҳои бобоҳои кӯчманчиятон, барои пулкоркунӣ аз соҳибкорон дӯзондаву оварда, ба мо фурӯхтаед!
Дар ин чор сол 5 беҷикам додаед, ки барои ҳар кадомаш 10-20 сомонӣ пардохтааматон.
Ман як инсон, як соҳибкор, як касе, ки зери бори қаҳру ғазабу кинаи уштурии бетарбияву беасоси шумо намеравам!

Чӣ ин қадар зӯри беҳуда мезанед?!
Дар куҷои Сарқонуни ҶТ омада, ки барои мард риш мондан ё намондан мамнуъ ё иҷозат аст?
Риш доштану надоштан ҷузъе аз озодии фитрии Инсонии ман аст, ки Сарқонуни соли 1994 онро замонат дода аст. Демократия онро тазмин карда. Олами муосир, ҷомеаҳои мадании Аврупову Арабу Африқо пур аз «ришдорон»-и гуногунриш аст!
Ё сабаби ақабмондагии иқтисодӣ, молӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, беқадрии шаҳрвандони тоҷик дар дохилу хориҷ, лимити барқ, камбуди обу оби ошомиданӣ, мушкилоти демографӣ, набуди ҷои кор, камбуди ғизо, пастии маош, сатҳи фақр, бемориҳои ҳамагир, поймолшавии ҳуқуқҳои фитрии одамон,  ҳамин ришу сабил ё ҳамин риши сабил аст?!
Агар бо тароши риш ин ҳама мушкилот бартараф мешуд, ман ҳамагиро мутақоид ба тароши шабонарӯзии ришҳо мекардам!!! То ватанам ба осудагию рафоҳу оромишу пешрафту тараққиёт ноил гашта, дигар сархами русу арабу турк нашавем!!
Раиси бозорӣ, ҷонишини раисӣ, язнаи раисӣ, чекчинӣ ё  пулчинӣ,  кори худатро кун, ба ришу либосу тарзи зиндагии ман чӣ кӣр дорӣ?
На фарзандатаму на язнаат. Ту ҳам як шаҳрванду ман ҳам —  як шаҳрванди баробарҳуқуқ!
Озодии дасту даҳони ту то ҷоест, ки нӯги бинниву сари гӯши ман оғоз меёбад!
Ин тарафаш озодии ман, сарҳади шахсии ман асту ту ҳақи лезит надорӣ!!
Бесаводон! Ҷоҳилон! То кай ин ҳолу рӯз?
Муред ба ин ҳолу рӯзи табоҳе, ки ба 10 миллион тоҷик бардавом бор кардаед.
Шаҳрвандон хаста шудаанд аз шумову балоҳататон!
Қонун бошад, моддаву бобе онро мамнуъ карда бошад, пеш аз шумои говақл худам, ки ҳар рӯзе чанд, ҳамин Сарқонунро бо 3 забон, ки ҳарсеро баладам, гирифтаву мехонаму сари поймол гаштани ин 10 бобу 100 моддаи он ҳасрат мехураму бар балоҳати шумо нафрату туф мекунам, онро риоя хоҳам кард!
Ман «Синдроми пашм»-и шуморо медонам дар чист.
Ман шабу рӯз оид ба ирқу табору тарзи рӯзгору тарбияву рафтору сатҳи донишу фаҳмишу биниши шумо, ковиш мекунам. Дар ҳар китобе, маҷаллае, журнале, диссертатсияву рисолаи илмие, дар ҳар филми ҳуҷҷатие оид ба муғулзодагон далеле дастрасам шавад, бо диққат гаштаву баргашта онро, бо кадом забонҳои ба ман ошно, ки бошад, мехонаму мехонаму пасон ба ин хулоса расидаам, ки шумо кӯсаришони наберагони Чингизи бузриш, пеш аз ҳама аз чеҳраи тоҷикӣ бадатон меояд!
Оре, шумо ришро не, балки чеҳраи фарохи тоҷикона, чашмони зебои тоҷикона, рӯи сапеду беолоишу хандони тоҷикона, пешонаи бози тоҷикона, қади буланду бозувони паҳлавононаи тоҷикона, ва пеш аз ҳама хислати озодона зистани тоҷиконро бад мебинед!
Аз чеҳраи зебои ришдори тоҷикона бадатон меояд!
Чунки худ агар риш ҳам монед, кӯсаи бадрӯе беш намешавед!
Боз, шуморо ба дуэли қонунӣ фаро мехонам!
Бо таппончаву револверу туфангу гулӯлаву хумпораву мушаку мушакандозу тонку БТР ба ин дуэл наоед. С пулемётом на перевал, наоед.
Дуэли қонунӣ ин аст, ки рафта қонуни манъи Пашми Риш-ро аз бобу моддаву зербобу зермоддаҳои Сарқонун, кодекси гражданӣ, кодекси ҷиноӣ, кодекси оила ва дигар конвенсияҳои байналмилалие, ки онро ҳукумати феълӣ ва намояндаи тоҷикон Э. Раҳмон ба ҳайси сухангӯи ягона аз номи тоҷикону Тоҷикистон пазируфта аст, ёфта оварда маро мулзам кунед.
Баҳси пашми риш тамом.
Ман чанде қабл риши амрикоӣ, дар пайрави аз олимону муаррихоне чун Ричард Фолтз, Ричард Фрей, Бозор Собир ва дигарон гузошта будам, ки ҳамин мактабгурези пирчекчини бозор- Хизмат онро ҳам «мумкин» нест гуфта, «риштарошон»-аш карданӣ буду гуфтам: агар «ҷарима»-е ва қонуне баромада бошад, албатта ман омодаам нисфе аз онро пардохт намоям, чун ки ин риши «фиксатий» нимариш асту ҷаримаро  низ «нисф» тақозо дорад!
Ба гӯши хар бо забони харӣ гап мезанӣ!
Вале имшаб чун дигар саломатиям хуб набуду ҳавсалаи барои фардо вориди Конслагери рақами 2-и муассисаи «ислоҳотӣ-риштарошӣ»-и «Корвон+»-и Зарифбек шудан, ришамро насутурдам, албатта гову говмеше омада аксамро гирифтаву пуписа кардаву таҳдиди дуконамро «печат» (ин чалиштоҷикон вожаи мӯҳрро намедонанд)  задан намуданду рафтанд!
Эй Худо, чаро Ленин бо бехудоияш риш дошт?
Ф. Энгелс рише чун риши акси падари Эмомалӣ- пешвои тоҷикон дошт?
Дарвин бо он ҳама «Эволютсия»-ву худмаймунхонияш риш дошт?
Айнӣ риш дошт?
Тротский ришаку буруте дошт?
Фрунзе гаҳе буруту гаҳе ҳардуро дошт?
Че Гевара риш дошт?
Фидел Катро риш дошт?
Умуман, инҷо номҳои машҳуртарин ашхоси торихро овардаам, ки на мусалмон буданду на ришашон «динӣ» будаву на, дар умум, динро мепазируфтаанд!

Биёед, қонун нишонам диҳед. Ман аслан парвои ришу буруту пашм надорам, чунки арзиши худро дар озодагӣ ва озод зистану озодона мурданам мебинам.  Дар фикрам мебинам. Дар рӯҳам меҷӯям….
Вале барои ҳар ҳамоқате, ҳақорате ,таҳдиде, шантаже, манъу иҷозате, шумо, ки «ходими миллат» худро мехонед, бояд аз ҳамон Сарқонуне, ки табқи он худро салоҳиятдору мансабдору ходими давлатӣ унвон додаеду инсонҳоро ба итоати қонуну волоияти он дар ҷомеа, ва аҷибтараш ин ки ин соли наҳси 2024-атонро «Соли Маърифати Ҳуқуқӣ» номидаед, бароям танҳо қонуни манъи пашми ришро биёреду нишон диҳед, бас!

Ё рафта, лоақал ҳамин сол, ки дигаронро «маърифати ҳуқуқӣ» омӯзонданиед, худ як бор сарқонунро чун кудакони духонаки нодонак, ҳиҷҷа карда: моо- даа- ии 1-и сааъар- қоо-нуу-нии Ҷуум-ҳуу-рии Тоо-ҷии-кии-с-с-с-тоон» гуфтаву онро хонед!

Рӯзе агар дидед, ки алкаше дигаронро қонуни «арақ нанӯшидан», дузде «қонуни надуздидан»  бузе «бузӣ накардан», фоҳишае «танфурӯшӣ накардан» барораду одамон аз он «қонунҳое, ки қонунбаророни ҳангосӣ худ итоаташ намекунад», кай ва чӣ гуна итоат мекунанд?
Вале, ҳоло ки чунин қонунеро на Парлумон, на Президент, на Сароқонун ва на ягон қонунҳои мавҷудаи байналмилалии амалкунанда,  ки зери онҳо имзои Президент сояафканӣ дорад, напазируфта аст, лутфан, он пуштипардагардони «салоҳиятдор» ин бузакбозиро бас кунеду худ рафта қонуну маърифату ҳуқуқро, ки донистанаш  вазифаи аввалиндараҷаи шумост,  риоя кардану пос доштан биомӯзед!

Аввал устод шавед, баъд устодӣ кунед
Аввал мафҳуми қонун ва раванди тасбиту ниҳодинасозии онро, ки вазифаи шумо- даҳмарданозирони бозорист,  фаҳмеду пасон инсонҳо, шахсиятҳои масъули давлат, ки вазифаашон ниҳодинасозии ҳаряк қонунҳои конститутсионистро овареду худашон ба мо фаҳмонанд, ки ин «қонуни ришу пашм» аст ё «Синдроми риш»-и худи шумо?!
Лутфан,  қонунбаророн, таҳиягарон, татбиқкунандангон ва нозирони «пашму риш» аз пушти пардаҳо бароеду омада ба ҳар як соҳибкори ришдор, (ҳол он ки рише ҳам дигар солҳост ин ҷо намерӯяду пашме ҳам намонда, ки тоҷирон ҳангоми бекорӣ, онро чун бобоҳояшон хилол кардаву ба каф гирифта андаке дар бораи одаму оламу гӯру аъмолашон фикр кунанд!
Ман ҳоло ҳам риш надораму ба шахсияти ришдору беришон намерасам, вале шумо чаро берун аз доираи қонун «Риштарошонеме, метарошонеме»-ро тӯли ин ҳама солҳо фарокаш карданӣ нестед?!
Мардум барои шумо бузанду гуспанд, ки шумои замоне колхозник омада «пашм»-ашонро тарошида, планро буд мекунед?!
Мо дигар дар аҳди Колхозизатсия қарор надорем, ки барои амалӣ намудани  нақшаи «пашмсупорӣ»-и солона «отчет»-и солона назди Раиси Колхоз бисупоред!

Риш чист?
Риш пашмест, ки қабл аз пайдоиши теғу чоқуву лезваву жилету дукордҳо,, пеш аз асри Оҳану то кунун дар чеҳраи ниме аз башарият, ки мардашон меноманду шумо худро, баъзан дар зумраи онону баъзан чун забони русӣ, ҳатто дар «средний род» ё ба гуфти  устоди забоншиноси тоҷик- Шукуров Рустам, «ҷинси муханнас» қарор додаед, мерӯяд. Мебарояд, дароз мешавад.
Ва вақте башарият аз асрҳои Сангу Биринҷӣ ба ин марҳалаи Оҳан ворид шуд, риштарошонеме метарошонемеро сар кард.
Охир, он якеатон, ки раиси Ҷавонон асту аз насли кӯсагони торих, боре аблаҳона мегуфт: дар давраҳои қадим одамон қайчӣ (дукорд) надоштанду ришашонро бо даст гирифта, як татум қапида, бо шамшер(!) Калта мекарданд!!
Ана фаросати як «калтаақл»-е, ки раиси мо – Ҷавононаш мехонанд!
Ҳарче ки нагуфт: дар давраҳои қадим, дар аҳди Сангу Биринҷӣ,  одамони Неандарталиту нимаваҳшӣ ришашонро руи товасанг гузоштаву бо санги сартези дигар, «калта» мекардаанд!
Сад шукр, ки дар киноҳои Голевуду Болевуд ҳеч аблаҳе ин гуна сенария (намоишнома)-ро намоиш надода, ки ҷондоре бо номи мард, ришашро бо теғасанги дастсохт «калта» мекарда,  вагарна ин мақомотиёни ақлашон дар сатҳи «филмтамошокунак»-и зиоламбехабар, боз чӣ фантамасияҳои хандаоваре баромон қисса мекарданд!
Бало паси ин ҳама «маърифати ҳуқуқӣ».  Аслан, тахассусам соҳаи ҳуқуқ нест, вале ҳоло ки доштам ин хотиротамро дар соли «Маърифати Ҳуқуқӣ»-гароҳо дарҷ мекардам, аз Dushanbe.tj ин паёмак бароям ирсол шуду бо он ин гуфтовардамро хотима медиҳам:
«Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ».
Яке аз самтҳои мухими пешгири намудани конунвайронкунихо баланд бардоштани маърифати хукукии ахолӣ мебошад.
(Кумитаи забон куҷоро нигоҳ мекунад, ки барои шаҳрвандони ҶТ аз ҳар як соҳа, ин гуна паёмакҳое меояд, ки дар он аз ҳуруфоти кириллӣ-тоҷикии Ҳ, Ғ, Қ, Ҷ, Ӣ хабаре нест?!)
Айнан оварда шуд.
Лутфан, ин даҳмарда-нозирони Бозори «Корвон+» гӯед, ки дигар «қонунро вайрон»-у шаҳрвандонро ҳайрон накунанд!
Ман риш дорам, тибқи қонун дорам.
Риш ҳам надорам, тибқи қонун надорам!
Кори шумо ба доштану надоштанам чист?
Гузарондаед, медонед?!
Ба умеди тантанаи адолати гумгашта дар ин диёр!
Ё моддаҳои Сарқонун оид ба «озодии фитрӣ»-ро иваз кунед, ё худро дигар кунед.
Ё рафта «маърифати ҳуқуқӣ» касб кунед!

Ва хабарчаи иловагӣ, ки нав ба мо расид:

Имрӯз ҳашт нафар кормандони пулис ҳамроҳ бо нозирони бозор дар растабозорҳо гаштаву аз тамоми соҳибкорон, (бонувони сатрдор) бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда (удостоверение)-и худ вале бидуни ошкор намудани сабаби «рейд»-и ғайриқонунии худ, ҳар як нафарро оид ба нажод, ҷои истиқомат, сатҳи маълумот,  синну сол, ному насаб, шумораи телефон, шумораи фарзандону дигар маълумотҳои дорои хусусияти маҳрамона, истинтоқ доранд!
Эзоҳ: ҳар як корманди бесаводи ҳукумат бояд ин 3 қонуниятро дар рафти хидмати далатии хеш риоя кунад:

1. Муаррифӣ кардани шахсият ва вазифаи давлатии худ;

2. Нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва иҷозатнома аз ниҳоди масъул ва бо гирифтани имзои Раиси Бозор;

3. Бозгӯ намудани сабаби рейд ва дигар тафтишотҳо ва мутобиқати он бо қонунҳои амалкунандаи ҷории кишвар.
Дар акси ҳол, ин намуди рейдҳо ғайриқонунӣ буда, омилини он, барои безобита кардани шаҳрвандон дар рафти кору савдо, ба ҷавобгарӣ бояд кашида, ва ё лоақал, дар ҳолати берун аз доираи салоҳияти хидматии худ, ба чунин «худсарӣ» даст заданашон, танбеҳ ё аз вазифаҳояшон сабукдӯш карда шаванд!

Сообщение Пашми Риш? Ё Синдроми пашм? появились сначала на ISLOH.net.

Бо хукзӯрӣ кори давлат пеш намеравад ё бо зури силоҳ кай кас давлатмард мегардад?!
Кори он тифли шарархӯй, ки оташбозист,

Кош донад, ки киро сӯхта ё месӯзад.

Садри Сарир

Баргирифта аз Намунаи адабиёти тоҷик.  С. Айнӣ.

Ин давлатдорӣ аз аморати манғитии Бухоро, ки тӯли 100 сол аст танқиду нафринаш мекунанд, ҳанӯз дар 32 соли аввали барпоияш шикаста ва корношоям шуда аст.

Масалан, дар Ёддоштҳои Айнӣ ҷилди як сафҳаи  50-57 омада, ки мардуми тоҷики  Шофирком аз амири Бухоро Абдулаҳадхон тақозо мекунанд, ки бо маблағи худашон барои онон рӯди наве бикобад, чун рӯди қаблиро ҳамон сол рег пахш карда буд.

«Амир ба чор ҳокими туман – ба қозиву раису амлокдору миршаби Шофирком фармон фиристодааст, ки сар шуда кори рӯдинавбарориро ба анҷом расонанд».

Хуласи калом, ин 4 ҳокими фурсатталаб ба ҷои кумаку роҳнамоии мардуми мусибатзада, ҷамъоҷамъ бо худ 200 нафар гирди ҳам омада, бо худ аспу улоғҳошонро ҳам овардаву тамоми рӯз дар ёбон хайма зада ба рафти кор назорат мекарданд.

Рӯзе падари Сайриддин Айнӣ ба онҷо, ки хонаи падарарусаш воқеъ буд, хабаргирӣ рафта, аз шуримурии 4 ҳокиму 196 думраваконашон огоҳ гардида, рост ба дасти додарарӯсаш- тағои Айнӣ аризаи шикоят аз номи «инсоне, ки дар Шопурком на замин дораду на ба оби он ниёз» нигошта, ба суроғаи амир, дар рӯзи ҷумъа, дар масҷиди ҷомеъ ирсол мекунад.

Аҷобати ин ду давлатдорӣ- Аморату Пешводавлатӣ дар он аст, ки на амир, на вазир, на амин, на ҳокиму на шаҳрдорию на ягон мақомдораш «адреси муайян» надоштанду надоранд, ки

миллат ё  раъият арзу додашонро ба суроғаи дақиқи онон ирсол карда, посухашро дар вақти муайян бигиранд. Яке амир асту дар масҷиду дар тую дар наврӯзу наврӯзгоҳ доди мардумро мешунаваду медиҳад. (Барои показухаву худнамоӣ, ки ҳарчи бештар шаҳрвандон ё раъият бо чашми сар бубинанд, ки амиру пешвои ҷаноби олӣ то чӣ ҳад мардумпарваранд, вагарна дар идораҳояшон , тули солҳои мадид аризаҳову шикоятномаҳои миллат рӯиҳамрафта мехобиду амир пайи рақсу суруду кунҷунбонӣ ва пайи «дуогирӣ» аз раъият, ки дастаҷамъӣ думравону чилимбардорону косалесони даргоҳи амиру пешво, пас аз хатми ҳар ҷашну сур ва рақсу базму масхарабозӣ (бо номи давлатдорӣ), мегуфтанд: Ҳазрат ҷаҳонгир шавад! Ва он ҳама арзу додхоҳӣ ба гӯши касе намерасиду оқубат ин навъи давлатдориро, ҳанӯз 100 сол пеш дидем фарҷомаш чӣ шуд.

Ин аризаи падари Айнӣ ба ҳар ҳол кори худро кард. 4 ҳокиму 196 тайёрхӯраш, ки давоми 6 моҳи расо, ба зарби қувваи фуқаро, ҳамагӣ 4 км рӯд канда буданду аз субҳ то бегоҳ корашон гуспандкушӣ ё ошпазию кабобхорӣ  аз ҳисоби мардум буд, бо фармони амир сабукдӯш гашта, ба ҷояшон қозӣ  Абдулвоҳид Садри Сарири балхиро таъйин мекунад, ки дар як муддати кӯтоҳ он рӯдро ба ҷои лозима, бидуни хароҷоту вилхарҷӣ бурда мерасонад.

Айнӣ мегӯяд: «Ҳамин қадар шунидам, ки амир чор ҳокими Шофиркомро, ки то ҳол дар ҳашар роҳбарӣ мекардаанд, аз мансабашон бекор карда, молу мулкашонро ярғу (мусодира) намудааст».

Ва он байте, ки дар боло зикраш рафт, гӯё дар васфи Рустами Эмомалӣ гуфта шуда аст:

Кори он тифли шарархӯй, ки оташбозист.

Оре, ҳар бозореро инҳо зери чашм бигиранд, ин ҳама сол

бо «оташбозӣ» харобу валангор намуда заҳмати 10-солаи тоҷиронро дуду ғубор месозанд! Шахсан маро дукони боарзишамро чапа карда, пас аз 4 сол, ҳамагӣ 2000$  бароям доданду мушкилоти моддиям аз дасти мустақими ҳамин хонадон оғоз гашт. Боз дидам, ки зери видеои «Бозор оинаи ҳар миллат аст…» хокшапҳову нассосҳо шарҳ гузошта, ки «Ба ҳама тоҷирон дар ивази дуконашон дукон доданд». Шумо кистед? Мегӯед, ки мардакен биёен да Ватан гап занен. Иҷа ободияй. Иҷа озодияй». Биёед, бозор дарвозаҳои 5,6,7, секторҳои 10,11,12,13 ва ғ, баъд мебинед, ки «ба ҳама тоҷирон дукон доданд» чӣ маъно дорад! Боз бо русӣ ҳам шарҳҳои аҷибғарибе ҳам мекоред, ки  ба кӣ бозори ободу зебо намефорад? Ҳама чиз дар бозорҳо ҳаст. Чӣ ин қадар шикоят доред?».

Дуконҳоямонро раиси собиқ Оев Аҳрори Валӣ ғасб карданӣ буд, ҳақиқатро гуфтем (на бечораноливу шикоят кардем), Аҳрори Валиро бо язнаи тупояш,  Баҳриддини ҳалолагар аз кор ронданд! Мунтазир шудем, ки ин серёзний человек (хуса) чӣ мекунад? Чаҳор сол задний ход заду ғорат карду ягона дастовардаш ин шуд, ки пули чеку иҷорапулии моҳонаро, бидуни машварат бо соҳибкорон, якуякбора гарон кард! Вақте ба чекчини шикамбора гуфтам: «барои чӣ бе маслиҳату фаҳмидани фикру андешаи соҳибкорон иҷорапулиро гарон кард Раис? Гуфт: ту киӣ ,ки бо ай т мепрсан. Чанде гуфтм споридан гирен. Гапа бин…. соҳибкорора бо мепрсидиян…»

Чӣ шуда аст ин давлатрононро? Кистанд инҳо, ки на моро мефаҳманду на мо мефаҳмемашон? Имрӯз, ҳама қонуну тартиботу инсонгариро задагию пушти по задаед, вале мерасад рӯзе, ки ин вайронаатонро ба ҷои  шумо дигарон тармиму ислоҳ мекунанд…

Апарати шалақаи давлатдорӣ, бо 3 чарх то каю то куҷо пеш меравад? То нокуҷо…. Шумо бошед ҳамон масали «гушти хару дандони саг»-ро ба худ касб мекунед.

Чаро ин ҳама зулму ситам? Чаро дар вайронии дигарон ободии хешро меҷӯед?!

Чунки шумо на мазмуни давлату на мазмуни раъиятпарварию на салоҳияту дарки ҳокимиятмандиро мефаҳмед. Ба пилаҳои душвори давлатдорию сиёсатмадорӣ худро то ба курсиву риёсатҳо нарасонидаанд. Бо зури силоҳ кай кас давлатмард мегардад?!

Кудатогарон аз лиҳози низомӣ ҳарчанд нерӯманд ҳам бошанд, аз диди роҳбарӣ, кордонӣ, таконбахшӣ ба умури идорӣ оҷизанд. Доди мардумро шунидану ба додашон расиданро «западло» дониста, дар лаббайк гуфтан ба ниёзҳову ҳуқуқи мардум, худро «шикастхӯрда» мешуморед!

Гарданшаханд ин гунаҳо…

Якраванд…

Вале  ин навъи чашмпӯшию хукзурӣ коре аз кори ин давлатдориро пеш намебарад, баракс давлату миллатро ба чолиш мекашаду ба чолаи нобудӣ роҳнамуд месозад!

Агар бо ин услуб давлате пойдор мемонд, ҳоло Бухорои Шариф сари по буд! Нашуд, ки нашуд! Фурӯ пошид. Амир рамид! Он чӣ гуфтам, ки дар Аморати Бухоро бо як аризаи марди «номаълум»-ё амир 4 ҳокиму 196 думравашро аз кор дафъ карду ислоҳи кори ободониро ба як тан қозии балхии кордон супорид, ишорат ба он аст, ки он давлатдорӣ аз ин давлатдории «хирадмандона» солимтар буда аст! Бо он ҳама беқонунияш, ки ба он машҳури олам буд. Вале, сар аз соли 2020 то инак 2024, ба дарозои 4 сол, аниқтараш ба тули 1464 рӯзи Худо, ҳанӯзам рӯи мушкилоту сари мардуми бозори Корвон кулоҳгузорӣ доред!

Агарчи аморати Бухоро сар аз амири 9-уми он рӯ ба уфули ахлоқию номусию маънавию моддӣ гароид, ин давлататон, ки қонунмеҳвараш мехонед, ҳанӯз аз «амири якум» пояҳои бақояш рӯи истибдод мутазалзил гашта аст. Мисли зилзилаҳои паёмайи ин кӯҳистони ақабмондатарин кишвар дар Осиёи миёна, ҳар рӯз арзиши асъори миллию доллар дар ҳоли тазалзулу «зилзила»-анд.

Ҳеч раванде дар ин диёр пойдору рӯи по нест; на қонуне ҷористу на иқтисоде равон, на амнияте батамому на тамомии арзӣ барҷо.

Ҳама чиз, гӯё мисли регҳои равони кавирҳои бебаракат, дар ҳоли анбоштани ҳама ободиҳост….

Вақте оид ба мушкилоти ин бозор ҳар боре сухан равад, як даста пулису убопиву амниятиву ҳатто раиси бозору нозиронашро Худо дод- меоянду нисфе аз бозориёну бозориёни кӯчагиро зери  фишор қарор медиҳанд. Куҷо дидаед ин навъи давлатдориро? Як нафар мегӯяд: ислоҳ кунед ҷазирбодатонро мебароранд!

Меоянд пулисҳои муғулчурдаву прокурору дигар давлаткавданҳову аз як лав, тамоми колоҳои бечора майдафурӯшҳои ҷодаиро «протоколу санаду акт» намуда, ними борашонро ба идораҳояшон бурда, байни ҳам тақсим мекунанду колоҳои занонаро барои зану духтаронашон «туҳфа» мебаранд! Талхакаф мекунанд бечора тарсидатоҷиронро! Мекананд тамоми дукону дукончаҳои лаби ҷодаҳои берун аз бозори Корвон+ -ро вале ҷуръате надоранд, ки мушкилоти асосӣ- дуконҳои ғасбшудаи соҳибкорон аз ҷониби Раиси Корвонро ба «ҳолати аввала»-аш, тибқи талаботи қонун, баргардонанд.

Омаданду канданд танӯри самбӯсафурӯшро. Заданду чаппа карданд буткаи райҳониро. (приправфурӯшро).

Канданд соябонҳои хурдафурӯшони камбизоатро! Аз ҳама муҳимаш, ин ҳама дукону дукончаҳову кӯчабозориҳоро кӣ, сароғоз,  инҷо оварду ҷой карду иҷозат дод? Магарам худи ҳамин учаскавойҳо (нозирон) ва дигар масъулони шаҳрдорӣ!

Боз, вақте шаҳрванде аз мушкилоти худ дар дохили бозори Корвон+ лаб во кунад, ин беъурзагон 18-20 нафар ҷамъу тӯп шуда, галстукҳо дар гарданҳо кашол, костюмҳо дар тан аз шикамборагӣ намеғунҷад, омадаву аз як лав, тамоми он дуконакҳои самти ҷодаи 7-ахтарро мӯҳргузорӣ мекунанд! Чаро? Чунки, Муҳаммадиқболи Садриддин гузориш таҳия карда, ки дуконҳои корвониёнро баргардонед! Ва ин ҷамоаи пусидамағзи дипломхаридаи ғоибонахондаи вазифахарида, гӯиё доранд «камбудҳои ҷойдошта»-ро рейд гузаронда, ислоҳ доранд!

Мардум дар бало!

Аз ин ислоҳоти муфсидини тардомани нотавон харро ханда мегирду буза бозӣ! Гӯё мардум мушоҳида мекунанд, ки ин давлатсозон доранд корҳое анҷом медиҳанд. Бекор нестанд. Пайи ғамхории миллатанд. Аммо, мебинам, ки ҳатто аз гузоришҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам ба нафъи худ, ба гуфти тоҷирони он дуконҳои ҷодаӣ: «қумба  гирифта» пул кор доранд! Қисса аз инҷо шурӯъ гашт; вақте нигоштаи «Бозор оинаи ҳар миллат аст ё ҷои алик-малик», нашр гашт,  фардош як пода (бубахшед пода ҳайвоноти муфиданд) кормандон тамоми сохторҳо вориди кӯчаву бозорҳои ин минтақа гашта, вала дар дохили бозор, ки даргоҳи тоҷирон аст, танҳо чун мусичаҳакҳои думканда, каллакашаке чанд карданду думи ин бору он борро қапида, яку ду боракҳои арабихатро аксу сурати дуздакӣ гирифта, ба ҳамин доираи «ислоҳот»-ашон маҳдуд гашту рафтанд аз пайи кору борашон!

Вале, инак даҳҳо рӯз аст, ки мисли заҳрпечак ба ҳамон дуконҳои берун аз Корвон часпидаанд.

Ҳамагӣ он дуконҳоро мӯҳр заданду ҳамагӣ он тоҷирон якҷоя маблағ (қумба) ҷамъ карданду бурданду ба Началник отдели ин ноҳия супурда, дубора ба соҳибкорӣ идома доданд.

Бар илова, ҳамагиро ҷаримаи «давлатӣ» ҳам карданд!

Ҳаминро мо аз шумо дархост карда будем? Ин буд мушкилоти мо? Шуморо кӣ гуфт, ки рафта он дукондоронро ғорат кунеду рафта дар бачаҳакои болотон гузориш диҳед, ки оре «я гала мушкилот» пайдо кардем аз «Корвон». Кудомин Корвон? Корвон инҷост. Дар самти офтобшин, эй адиргардон! Агарчӣ ҳам шарқу ғарбу шимолу ҷанубро ҳам, мисли дасти чапатонро аз ростатон фарқ кардан натавонед, вале аз аҳди говбониятон огоҳед, ки офтоб аз кадом тараф мебарояду ба кадом тараф медарояд!

Шумо дар самти шарқ галагов кардед (на танзиму ислоҳот), мо бошем дар самти ғарби ин бозор бо мушкилоту бо раиси проблематичний даст ба гиребонем!

Ҳамин ҳам додхоҳӣ шуд? Ҳамин ҳам давлатдорӣ?

Як ду сухан оид ба худамон: Монополияи корвониён. Румоли Фирдавс Quality , Дабур, Ар-риҳоб, Қурон, Шейк, Дастмолакҳои намнок, Ӯребчаҳои туркӣ  ва ғ. Дар ҳоле ки Хадамоти Антимонополия (зидд инҳисори) назди ҳукумати ҶТ вазифаи аввалиндараҷааш ин- пешгирӣ аз инҳисор ё монополияи ҳама гуна молу колост, вале худи ҳамин мақомот, додгоҳ, додгустарӣ, КДАМ ҳама роҳҳоро барои инҳисори коло барои тоҷирон муҳаё ва қонунан роҳнамоӣ мекунанд. Ва, агар ду тоҷири гушначашм як навъи колоро, ки бозоргузар буда бошаду хоҳиши монополияи онро дошта бошанд, ба бозӣ дароварда, дар ҳар ҷаласаи додгоҳие якеро «баранда» эълон карда, пас аз хатми ҷаласа, он кормандоне, ки дигар тарафро кришават (соягӣ) мекунанду «бозанда» гаштаастро шерак мекунанд, ки фалон миқдор пул бидеҳ, ҷаласаи навбатӣ ту монополисти ин коло мешавӣ. Ака, шанста ай даст нате! Ту қади ҳаму конкурент пул надорӣ? Ва ин шерак ё шрек бурда боз пул медиҳаду боз ҷаласа пайи ҷаласа. Ин ду «гов»-ро то бениҳоят медӯшанду медӯшанд. Барои мисол, ҳамин Бренди Ал-риҳоби атриёти арабиро ду-тан аз тоҷирони Корвон солҳо қабл, ба дарозои солҳои мадид ҷаласабозӣ карданду дар ниҳоят Саидумаров Назаралӣ «бой дод»-у Ҳоҷӣ Ҳасан баранда ва то ҳол ин атриёт зери монополияи ӯ қарор дорад! Бубинед, Ҳоҷӣ. Ва ҳама ӯро бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳасани монополист» мешиносанд. 24 соат дар дасташ як тасбеҳаки рақамӣ «зикр» мекунад!

Дар ҳоле ки паёмбари Ислом (с)  мефармояд:  المحتکر ملعون

Монополист малъун аст. Ин гуна «малъунҳо» рӯз ба рӯз дар тиҷорат зиёд шудан доранд. Яке ӯзбек бренди рӯймоли «Firdaws Quality»-и истеҳсоли Туркияро дар инҳисор дораду дудигар як хонуми ӯзбек, Ҳанифа бренди духиҳои овозадори «Шейк»-ро аз банк садҳо ҳазор доллар қарз гирифта, монополия кард. Седигар  Назаралӣ Қуръони Карим, китоби муқаддаси мусулмонони оламро дар Тоҷикистон ба инҳисор кашиду як камаз Қурони воридкардаи як бародари афғонистониро забт карда, бо нархи воридгаштааш «харид»-у дуои он тоҷики афғонистониро ҳам гирифт, ки мегуфт: «Худо лаънаташ кунад. Худо баракаташ надиҳад. Дар қиёмат гиребонгирашам, дига».

Бар илова, бояд гуфт, ки Кумитаи дин ва  муфтӣ Саидмукаррам чандин сол шуд талош доранд, ки «Бренд»-и Қуръони Президентиро, ки дар Покистон чоп мешавад, монополияи худ кунанду ин фархориҳои Корвон+ ва Саховат сари «китобҳои исломӣ» ҷарру баҳс байни худ дорандро аз сари роҳ бардоранд. Ва чунин ҳам шуд; соле қабл аз ин ду оилаи «қуръонфурӯш», сари як разборкаи хонумонсӯз, 3 тан аз пушти ин разбор вориди зиндон гашт. Оне, ки аз Корвон буд, Юсуф ном дошта, барои фурӯши Қуръон ва тафсири «Анворул Қуръон» ҳукми зиндон гирифт. Чунки доляи бачаҳои мусулмони болоиро, ба гумонам,  надод….

Ва он Далери ношиносе омаду бренди овозадори » Пастаи Эпимедумӣ»-ро, ки истеҳсоли Туркия астро монополия кард.

Хуш омадӣ, Далер,  ба дӯзахи монополистҳои Корвон!

Ин Далераки шикамбора, сароғоз, бо дастае бас бешумори кормандони тамоми ниҳодҳо (гӯё ҳероинкобӣ омада бошанд)  вориди Корвон+ шуданду якояки дуконҳоро чапа-роста карданд, ки «Эпимедумная паста» ёбанду мусодира кунанд. Ҳаркӣ ҳушёрӣ кард, ончӣ дошт пинҳон кард, ҳаркӣ ғофил монд, ғофилгир шуд. Аз Корвон+ ҳарчӣ миқдор ёфтанд бор карданду бурданд. Пасон рафтанд ба бозори Саховат, дар онҷо аз ҳоҷӣ Абдуллову ҳамкоронаш ҳамагӣ ин маҳсулотро ғасб карда бурданд. Ва ҳатто рафтанду аз хӯрдафурӯшони «Мадраса»-и Саидмукаррам (оид ба шуримурии Саидмукаррам дар ин мағозаҳо ва доляаш рӯи ҳар дукон, пасон хоҳам гуфт), ҳарчӣ ёфтанд тасарруф карданду бо худ бурданд ба «ҷаримагоҳ»!

Ҳичкӣ надонист, ки ин пастаи малъун чаро ба ин фаврият «ҳаром» гашт!

Даҳҳо тоҷири гирифтафурӯш аз паси ин пастаи наҳс мусодираи амвол гашта, сар аз 10.000 сомонӣ то ба 70000 сомонӣ ҷаримабандии давлатӣ ва «ғайридавлатӣ» шуданд! Дар ин миён, аз ҳама бештар Сайидумаров Назаралӣ ва бародараш Муҳаммадисҳоқи «валӣ»  дӯшида шуданд. Ҳамагӣ, пастаҳояшон, ба миқдори 4000 дона мусодира гашта, пасон бо дигар конол (ба василаи Далер) сертификатсия шуда,  ба нафъи «давлат»?, ба фурӯш гузошта шуд.

Ҳоло Далерак, бо шиками даму ду лунҷи ифритияш ҳар рӯз ароба-ароба Эпимедӣ оварда, ба ҳамон тоҷироне, ки бо маслиҳати пешакӣ бо мақомотҳои фурсатталаб, бидуни огаҳӣ, омада эпимедумиҳошонро талаву тороҷ кардаву ҳар якро ҷарима баста буданд, кору бор дорад!

Ин яке Далер бешараф аст в-он дигар тоҷироне, ки бо ӯ ҳамкорӣ доранд!

Ниҳоди Зиддиинҳисори куҷоро назорат мекунад?  Ҳеҷҷоро! Вазифаи ин ниҳод аз чӣ

иборат аст? Чаро монополия дар ҳоли рушд аст? Кӣ сабабгори ин ҳама зулму зулумот аст?

На-ме-до-нам…Ва сертификати ин коло зери сертификати ширкати «Исмоил-фарма» қайди давлатӣ шуда аст. Исмоилро мешиносед,  мусулмонон? Намозхонон? Ҳоҷиён? Ононе ки даъвои «тиҷорати ҳалол»-у «суннати паёмбар»-ро доред?

Куҷо доред меравед? Чӣ доред мекунед?

Ин роҳ, ки меравед ба Туркистон аст! Як сабаб; асоситарин омили баланд гаштани нархҳо дар бозор, яке агар нархи гарону ноустувори роҳкирои Карго (торобарӣ) бошад, дигаре монополияи давлатист!

(Оид ба тарзи кору бори бачаҳакои соҳибкор ҳам, дар оянда, ба тафсил хоҳам нигошт).

Масалан, вақте ҳама, озодона духиҳои бренди «Шейк»-ро импорт менамуданд, рақобати бозорӣ буланд буду нархи он то ба 43 сомонӣ уфт кард. Духие, ки дар оғоз 100 сомонӣ нарх дошт, то ба сатҳи 43 сомонӣ нархаш паст фаромад. Аммо, вақте хонуми ӯзбак, Ҳанифа онро монополия кард, якбора нархаш, дубора то ба 65-70 сомонӣ боло рафт.

Ин Ҳанифа дважди монополист аст. Сароғоз Туркия назди ҳамхунони туркамани аламанаш рафта, ҳамаро ружду ҳамвор кард, ба ин маъно, ки туркаконро розӣ карда, ки пас аз ин ба ягон тоҷик, ҳатто як дона «Шейк» нафурӯшанд; пасон туркакон бо мо тиҷоратро пурра қатъ карданд.

Бубинед, дар кишвари тоҷикон як ӯзбак корҳое мекунад, ки сад тоҷик дар Ӯзбакистон ҳуқуқи кардани онро надорад. Дар кишвари худамон моро чумо кардаанд. Дар охирин пойгоҳи тоҷикон як зан меояду ҳамагӣ тоҷиронро аз фурӯши «Шейк» пурра маҳрум мекунаду ҳатто туркакон, (ҳамон гунае, ки ба Вазорати Мудофиаамон паҳподҳои «Байрактар»-ро тӯл доданду тӯл доданду дар фарҷом ҷангро қирқизҳо баранда гаштанду дар даруни масҷид даҳҳо тоҷикро шаҳид карданд),  ба мо  нафурӯхтанд! Ба ҳамин минвол, дар сатҳи тиҷорат, барои як «ҳамхунашон» тамоман бо тоҷикон тиҷорати Шейкро қатъ карданд!

Ин чӣ гуна давлатмадорию миллатдӯстдорияст?

Ҳукумати ҶТ ё пурра ҳамон атриётро ба хокаш роҳ надиҳад. Ё ин бренди туркиро, агар он қадар зарурӣ бошад, аз чанголи Ҳанифа озод кунаду ба шаҳрвандони тоҷик нишон диҳад, ки чуноне, ки дар Русия русҳо, дар Ҳиҷоз арабҳо, дар Исроил ҷуҳудон, дар Қирғизия қирғизҳо, дар Ӯзбакистон узбекҳо гапи аввалро мезананд, инҷо- дар Тоҷикистон тоҷикон гапи аввалу охирро бояд бизананд!

Аммо дар масъалаи монополия бошад рӯи турку тоҷик баробар сиёҳ аст. Ҳарду шаҳрванданд. Ҳарду барои сабуктар гаштани бори дигар шаҳрвандон бояд хидмату тиҷорат кунанд, на барои нафъи шахсӣ миллатро, бо гаронфурӯшию инҳисор ҳол табоҳ кунанд. Вақти он аст, ки ниҳоди Зидинҳисорӣ даст ба кор шавад. Ин ба нафъи миллат аст. Бигиред, ин ҳама ғӯлу занҷирро аз дасту гардани колоҳои монополишуда озод кунед.

Ва «Пастаи эпимедӣ» ҳам ҳамин гуна, дар натиҷаи рақобат аз 120 сомонӣ то ба 37 сомонӣ уфули нарх карду пас аз монополияи он ба 75-80 сомнӣ боло рафт!

Дар ин кор «ғамхории бевоситаи ниҳодҳои давлатӣ»  ба мушоҳида мерасад. Ана, ҳамин гуна барои некӯаҳволии миллат бояд «хидмат» кард!

Барои ҳарчӣ бештар сарватманд гаштани як беваи шаттоҳе ба номи Ҳанифаву як шикамбораи бадрӯе ба номи Далеру як ҳоҷии худобехабаре ба номи Ҳасан. Ва дигар ҳар ӯзбаку тоҷике, ки малъунтинат бошад, аз уребчаҳо сар карда то ба атру сигору санги мазор, ҳарчиро ёфтанд, ки бозоргир аст, монополия мекунанд. Муҳаммад  (с) ҳарчӣ мегӯяд, инҳо «Алҳамдулиллаҳ» мусулмонанд- ку….

Ҳаббатул мулуку руғани мӯрча ва «хатар»-и он ба давлатдории подшоҳӣ.

Аммо, дар ин миён тоҷирони хуберо ҳам бо «ёфтани баъзе ашёи майда-чуйда»  сахт дӯшидаанд.

Масалан, дар табиат, аниқтараш дар кавирҳои беҳосили Ҳиҷоз алафе мерӯяду ғура мебандаду онро барои тоза кардани бадан аз токсинҳову барои тахфифи вазн истеъмол мекунанд. Ин донаи «сунатӣ»-ро ҳаббатул-мулук, ё ба русӣ «королевская семечка» меноманду дар тибб машҳур аст.

Замоне ҳукумати Э. Шарипович ким-чӣ фикре карду тибқи ким-кадом меъёрҳои байналмилалӣ ба кормандони пулису нозирони роҳ супориш дод, ки кормандони,  (ба таъбири он подполковнике, ки нозири роҳро душном дода, мегуфт: «зани и яксаду чылкилоҳара г…») 140-килоҳа, агар дар давоми 10 рӯз ба меъёрҳои кормандӣ худро «мутобиқ» накунанд, аз кор хориҷ мегарданд, ин «шоҳдона» машҳур гашт. Меомаданд даста- даста кормандон, мехариданд шоҳдона! Мезаданд ду-се дона, мегаштанд шикамдард. Мешиштанд 24 соат дар хона, аниқтараш дар ҳоҷатхона…. мешуданд харобу «идоравӣ», ба талабот «ҷавобгӯ». Аз ин кормандони КДАМ хабардор шуда ворез шуданд ба Корвон+. Мекофтанд дона- дона «шоҳдона», ба гуфти худашон:  «ҳабата малмалук». Ва мутаассифона ё хушбахтона ёфтанд, як ҳазор дона шоҳдона аз Ҳоҷимуроду бурдандаш ба идора. Гуфтанд ин заҳру зуқумро овардаӣ аз кадом хона? Куштании мардумона? Заданд ду-се шапотӣ дар бари гардану пешона. Шабҳо хоб медид пас аз он рӯзаш «шоҳдона».

Гуфтанд: ин заҳрасту бурданд ба ташхисхона. Санҷиданд ташхисгарон ҳаряк дона дар санҷишхона. Баромад тозадона. На заҳру на зақуму на маргдона. Ҳама тозаи ҷонона. Аммо, зиён дид Ҳоҷимурод дар ин миёна. Ҷӯшидандаш амниятиҳои ҳомии тоҷикхона- гирифтанд аз ӯ доллар ба миқдори 70 дона! 70×100=7000$. Дар ҳеҷ кишваре накунанд ин  ситам ба ин гуна барои як ду дона шоҳдона! Пасаш омад корманди Генсел — Холов Кӯчаку гуфт: нафурӯшед равғани мӯрча. Ва сахт аз гиребони Сорбони тоҷир гирифту буғӣ кард: ин руғанҳо бас «зарарнок»-анд!

Канду гирифт 4000 сомонӣ, бо қонунӣ раҳмонӣ! Вале, то ҳол кас надида, ки ин руғани мӯрча киро куштаву куҷо кушта? Аммо инки 4000 сомониро дар киса зад Кӯчак, далелест бар нокасии ин фучаку пучак! Мегзарем ба «Монталин».

Як замоне дар Тоҷикистон монталин капсула бозоргир шуд. Ҳама аз он барои таскини дардҳо истеъмол мекарданд. Ин хабар то ба Генселу КДАМУ УБОПУ ПРОКУРАТУРА ҳам рафта расид.

Омаданду дукон ба дукон монталино мекофтанд. Мекофтанду меёфтанду намеёфтанд.

Ҳар рӯз Амниятиҳо Корвон+ монталинковӣ меомаданд.

Ва саркори ин колоро ҳам ёфтанду бурданду рӯзҳои мадид оид ба «бехатарии саломатии шаҳрвандон», «ҳимоя аз тандурустии аҳолии Тоҷикистон», «зарари Монталин ба шаҳрвандон» дикта хонданд. Вале, дар асл,  ҳар як корманди буғумдард аз зиёд рӯи курсӣ бекор нишастан, ҳамон шабу рӯз ва ҳоло ҳам доранд Монталин мехӯранд.

Мехӯранд, ки аз дард намиранд.

Вале ин қиссаҳои «зарарнок» реша дар манфиати Оила дорад. Ба ин маънои оддӣ, мисли 2×2=4 ҳамагӣ кормандону бозоргонону огаҳон медонанд, ки бозори фурӯши маводи доруворӣ дар Тоҷикистони «биҳиштосо» зери монополияи духтару писари Раҳмонов асту ҳеч нафаре ҳақ надорад, ҳатто як покет дорувориро аз хориҷа, ҳатто барои табобати хеш «қочоқ» ворид кунад. Онҳоро дар фурудгоҳ ғасб мекунанд. Барои ин далелҳо аз бемороне, ки дар Ҳиндустону Русияву Чину Исроил ҷароҳӣ шуда ба ватан баргаштаанд, шунидаам.

Кумитаи амният, зидиинҳисор, зидифасод, вазорати тандурустӣ, аниқтараш бехатарии озуқаворӣ ва Генсел, УБОП, пулиси минтақавӣ, ҳамагӣ дар хидмати «бехатарии иқтисоди аҳли Оила»-анд. Ва дар фикри кисаи даридаи худ. На парвои саломатии шаҳрвандон, на бехатарии ҳаёти ононро доранд. Парво ҳам надоранд, ки дар дохилу хориҷи кишвар чӣ миқдор аҳолӣ аз шаробу бангу ҳероину дигар маводҳои заҳрогин мемиранд ё кушта мешаванд.

Хоки Тоҷикистон мурдапарвар аст. Мурдаву зиндаи беқадри тоҷик, кай қадр дошт?

Ин ҳама даву пари ин ҳама мақомотиён дар растабозорҳо баҳри ҳифзу ҳимояи «бозори

пуравҷи тиҷорат»-и Хоҷаи Олияшон буду бас.

Бурданд монталинфурушонрову канданд пулу пайсаашонрову «гургтавба»-ашон доданд, ки то умр боқист ба тиҷорати аҳли авлод «қӯш» намешаванду «лезит» намекунанд.

Доруву даво мехоҳӣ пеши авлод рав, хар, хӯр, намур! Огаҳон огаҳанд, ки ин корро амир Абдулаҳад дар Бухоро мекард: барои амир ғуломону чокарону навкарону сагходимонаш ҳамеша бузу уштуру гову говмешу барраву гуспанд ба расми туҳфа «ширинкор» мефиристоданду қассобони амир дар дарбори ҳумоёнӣ кушта, дар кунҷе аз он Қасри наҳс Абдулаҳадхон пайи гуштфурӯшӣ, тӯли рӯз машғул буд.

Агар дар бозор килои гушт 10 танга мебуд, чоплусони амир рафта, аз пешвояшон гуштҳои бадсифатро бо нархи 15-20 танга мехариданд, то худро ширин карда бошанд, ки «бо амиранд»-у «тиҷораташ»-ро дастгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ Ленин мегуфт: «ҳар гоҳе тоҷирон сари давлат оянд, онон аз ғами миллат дида ғами тиҷораташонро бештар мехӯранд!».

Аз ин рӯ, ин ҳама мақомоти салоҳиятдор монои ҳамон кашталҳоеанд, ки ҳамеша дар фикри «чӣ гуна шод кардани табъи амир»,  дар Бухоро буданду парвои раъияту давлату саломативу рушди онро надоштанд. Чун ақлашон ба ин чизҳо намерасад, ва-гар расад ҳам, ба нафъашон нест ғами «почакандаҳо»-ро хӯрдан! Ин андаке аз намунаи «фаъолият»-и мақомоти кишвардорӣ (на тоҷирозорӣ) буд. Кӣ медонад, ки дар ин кишвари 10 миллиона, боз чӣ «қаҳрамониҳое» ба номи «бехатарӣ» ва «саломатӣ»-и миллат мекунанду бою бойтару фарбеҳу чоқтар мешаванд. Як назари бо тааммул ба пайкараи аҳолӣ кунед мебинед, ки миллат чӣ

ҷулҳундипӯш гаштаву чи соқаҳо харобу чи баданҳо лоғаранд! Ҳаққи инҳоро мақомотиҳое, ки қасами хидмати содиқона ба давлату миллатро хӯрдаанд, ба ноҳақ, тули солҳо мехӯранд. Танҳо ба нисфи қасамашон содиқанд: ба давлат содиқона, вале ба миллат хоинона хидмат мекунанд!

Ҳарҷо, ки расад пойи аспи қатаған

На мурда кафан ёбаду на зинда ватан.

Ёд доред, касоне, ки солҳои командирсолорӣ дар пойтахти мо зистаанд ин ҳодисаҳоро дидаанд, ки боевикҳои саҳроӣ омада аз бозорҳо, бо мили туфангу силоҳ ҳарчиро лозим доштанд, аз тоҷирон ғасб мекарданд. Гапзанша- як тир дар пешонӣ! Ҳоло ҳам идомаи ҳамон сиёсати турктозӣ. Фарқ танҳо дар ин ҷост, ки дигар дар китфҳо туфанг ҳамоил надоранд. Аммо ба номи қонун любой гапзанша — як протоколу як акт дар пешонӣ! Кори хирс тамом! Ҳамин ҳодисоти 32 соли охири кишвари тоҷикон- Тоҷикистон маро ба ёди рӯзгороне мебарад, ки халифаи Аббосӣ Муътасим Биллоҳ, ки модараш канизи турк буду ба тағоҳояш- атрок тамоми умури низомиро супурда, имом Ҳанбалро то дами марг истинтоқу таъзиб мекарданд, якатозӣ мекард. Ин ҳама қалуғу қатағану туркнажодоне, ки умури низомию сиёсии моро дар қабза гирифтаанд, бозмондагони ҳамон атроке мебуда, ки ҳазор сол қабл дар Бағдод мардуми он шаҳрро ба дод оварда буданд. Дар тамоми бозору ҷодаҳо тоҷирону аҳли зиммаву муҳаммадиро ошкоро ғорат  мекарданд. Ба духтарон дастдарозӣ мекарданд. Бачабозӣ дар байнашон, дар казармаҳояшон ривоҷ медошт. Касе дар пойтахти хилофат аз шарри он саҳронавардон дар амну осоиш набуд. Аз дасти касе ҳам коре дар баробари он ҳама тегинҳо (бардаҳо) барнамеомад, ба ҷуз Муътасим, ки ниматуркзода буду хӯю хислати турктозию ғорату чаповулу яғмогарӣ дар хунаш ҷорӣ буда.

Кор аз ҳад гузашт. Бағдодиён қиём карданд. Халифа ақаб зад. Тамоми туркзодаҳояшро бурда дар як казармаи (Ал-қоидаи)  фарох, чун сагҳои ваҳшӣ ҷамъу ҷӯр карду миллат аз шаррашон эмин гашт! Аммо, вале, лекин Э. Ш. Раҳмонов то кунун, тули 32 сол натавонист он кореро, ки халифа Муътасим Биллоҳ бо атроки ваҳшисифату даррандахӯяш кард, бикунаду шаҳрвандони ин кишвар дами осуда зананд.

КДАМиён ПАЙИ ҒОРАТ

УБОПиён ПАЙИ ТОРОҶ

ПУЛИСАКУ МАЪЛЕСАКУ УЧАСКОВОЙҲО ПАЙИ СИЁҲКОРӢ

НИЗОМИЁН ПАЙИ ТИҶОРАТУ АСКАРФУРӮШӢ

ҲУКУМАТИЁН ПАЙИ ЗАМИНФУРӮШИЮ ТАЛЛАВУ ТОРОҶ

Халифапешвои муқаддасу муъазҳаму муҳтарам пайи кору бори оилавии худ…

Ва, имрӯз, ки тамоми кӯчаҳои Пойтахтамонро Эмомалӣ ва Шавкати Мирзиёи ҳамтояш пур аз пайкараҳои Ҷомию Навоӣ кардаанд, бехабар аз онанд, ки Ҷомӣ инҳоро чунин васф карда аст:

Он шунидасти, ки турке васфи ҷаннат чун шунид,

Гуфт бо воиз, ки он ҷо ғорату тороҷ ҳаст?!

Гуфт: «Не». Гуфто: «Батар бошад зӣ дӯзах он биҳишт,

К-андар ӯ кӯтаҳ бувад аз ғорату тороҷ даст!».

Ғорат дар генаи инҳо, тули ҳазорсолаҳо нуҳуфта аст. Ҳар боре дасташон ба қудрату давлат  расид, турктозию ғорату тороҷ мекунанд!

Дар зоҳир тамоми кӯшишу талоши ин ҳукумати ноӯҳдабарои ҷомонда барои пешбурди технологияи рақамӣ нигаронида шуда аст. Вале дар асл, ҳатто давлатҳои африқоию кишвари ҳамсоя — Афғонистон, дар масъалаи сайберӣ, иттилоотӣ,  хадамоти интернетӣ, алоқаи рақамӣ, моҳвораӣ ва пеш аз ҳама, контроли маблағи он ва сифати хадамоти он ба миллату пастбурди нархи хидматрасониҳои интернетӣ, аз Тоҷикистон чандин гом доранд ба пеш мегузоранд!

Дар мо бошад рӯз то рӯз нархи интернету сифати он рӯ  ба гаронию вайронист.

Омилаш ҳамон Бек Сабур, аз бозмондаҳои насли қӯрбошиҳоест, ки давлати зебову фарохи Бухороро бо ландаҳӯриву корношоямиву зарпарастии худу авлодбозияшон ба табоҳӣ кашонида, саранҷом пора- пора карда будаанд….

Ин одам, аслан як қассоб аст, охир. Як касе, ки дар сатҳи як талабаи мактабрав китоб мехонад. Аз суҳбаташ маълум, ки умре дар полезҳои колхози умри ҷавониро, ба ҷои илмомӯзӣ, ба гуфти худаш:   «в детстве, мы собирали картошки. Туда сюда пригали. За ишаком ходили…. так было весело… так было хорошо» Тоҷикон миллати ҳакиманд. Аз ин рӯ, дар гузашта ҳаркиро, ки ноӯҳдабаро буда мегуфтаанд: дига ном наёфтен, ки буза Абдукарим номиден? Ва, суол ба Пешво: дигар кадр «дар кисаатон» набуд, ки Бек Сабури қассобро рӯи курсии вазорати алоқа шинонидед? Танҳо, нагӯед, ки дипломи соҳаи технологияи коммуникатсиониро дорад ё технократияро риоя кардаед, чунки ин инсон на дипломи соҳаи технологӣ дорад, на ақли модарзодӣ. Дар кишварҳои демократӣ, ки шумо, ҳатто ҳизбатон ҳам ин вожаро «Ҳизби Халқӣ- Демократӣ» дар худ дорад, кор чунин нест, бар илова, иддао доред, ки ҳар мутахассисро дар натиҷаи эълони рақобат ба вазифа таъйин мекунед, магар Бек Сабур дар ин соҳа аз ҳама «умнитар» баромад? Барои онки «внутрений» маълумотро «ҳалл» мекунад?!

Коре ба шахсияташ надорем, ки як чунин «кадрҳои ҷангалӣ» дар ин ҳукумат моломал гашта аст.

Суханамон рӯи тахассусмандии ӯ меравад, ки балоро дар ин соҳа намефаҳмад. Аз ҳамин рӯст ва аз дигар ҷиҳати «амниятӣ», ки тӯли 1 соли ахир, дар бозори Корвон (дар ҳарду самт) он қадар интернету мавҷи онро, огоҳона задаед, ки ҳатто дигар намешавад, ки бо ин интернет транзаксия ба роҳ монду ҳангоми хариду фурӯш барномаҳои «Алиф-мобӣ» ва  «Душанбе-Ситӣ»-ро, ки якеаш аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбешаҳр асту дигараш аз кадом як духтари дигарашро  ба кор даровард. Борҳо мешавад, ки вақти харидору фурӯшанда сари «мавҷковӣ» дар ин сӯ, он сӯ барҳадар мераваду аз мавҷи Бек Сабур хабаре нест. Савдо «фасх» мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон, дар «Биҳишти рӯи замину дар амнтарин Пойтахт»-и руи замин, дар бозори марказии «Корвон» мавҷи интернет аз 25-30 килобит/сония боло намеравад.

Ман, ки табиатан мусиқидӯстдорам, чандест, ки аз ин оромиш, бо сабаби пастии интернет маҳрумам. Тоҷирон ҳангоми бекорӣ ё видео тамошо мекунанд ё ахбор мебинанд ё ягон саргардонии дигар доранд. Вале, имрӯз ба ҷои Интернет, чун аҳди Сталин рӯи ҳар бурҷу бораи бозорҳо системаи ратсионӣ- радиоиро насб кардаву ба гӯши шаҳрвандон «лапша вешит» мекунанд. Магар инҷо конслагер аст?

Чаро дар маркази шаҳр интернетро дидаву дониста мавҷашро «мезананд»?

Аз чӣ меҳаросед? Аз онки тоҷикон ахборот мебинанд?

Бинанд, баъд чӣ?

Охир давлат сензураро манъ карда аст — ку.

Магар «задани мавҷи интернет» дар манотиқи муайян худ сензура нест? Ҳаст.

Боби 2. Моддаи 30

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Барои истифода аз воситаҳои ахбор, имрӯз ниёз ба интернети баландсуръат аст!

Бги, интернета балансуръат кун дар ин минтақа, патинкаҳот при лой, оқои Бек!

Бги дега! Проблемаи охрана ё худ «муҳофизон». Чуноне қаблан гуфта будем, ҶДММ Корвон+ ҳамчун ниҳоди ҳуқуқӣ уҳдадор аст, ки минтақаи зери тасарруфашро, ки худро соҳибмулки он мешуморад, бо об, барқ, бехатарӣ таъмин намуда дар тозагӣ ва оромишӣ он масъул бошад.

Маблағи ин хадамотро аз фонди худ пардохт намояд. Вале, чуноне дидем, худро дар назди ягон ниҳоду хадамот масъул намедонад. Ҳатто ба ҳамон бечора фаррошон як тин намедиҳанд, ки сахттарин корро мекунанд. Дар як моҳ, бечораҳо аз сари ҳар дукон 8 сомонию 10 сомонӣ, бо гарданкаҷӣ, худ ҷамъ мекунанд!

Ин бозори мост ё аз ту, Раис?!

Ҳама маблағҳои шартномавиро ба гардани тоҷирон мезанад. Барзиёд маблағ меғундорад. Назди иҷоранишинонаш гузориш оид ба масрафи миқдори маблағи  шартнома бо хадамоти ҳифозату бехатарӣ ва дигар ниҳодҳо, намедиҳад.

Ҳарчӣ қадаре хост меғундорад. Ҳарчӣ қадаре хост мепардозад. Боқимондааш дар кисаи мутасаддиёни муфтхӯр. Ростӣ, ҳоли зори муҳофизони ин бозорро ҳамагӣ тоҷирон медонанд. Медонанд, ки маблағи моҳонаи онон на ба либосашон мерасаду на ба палосашон, вале аз бекорӣ кадукорӣ!

Билфарз, дар бозори Корвон+ 4500 ё 5000 тоҷир бошад (миқдори аниқашро Раис бояд донад)-у ҳар моҳ аз якоякашон ба миқдори 40 сомонӣ барои «ахранапулӣ» ҷамъ кунанд, ки мекунанд, миқдори умумии ин маблағ мешавад: 5000×40=200.000 сомонӣ. (Ду сад ҳазор сомонӣ).

Ва, агар ба ширкати муҳофизатие, ки ҳифозати ин бозорро ба тарзи 24-соатӣ ба ӯҳда дораду 50 корманд дар 2 баста кор мефармояд, ба ҳар 50 нафар ҳам 2000 сомонӣ маош диҳад мешавад:

50×2000=100.000 сомонӣ. (Гумон намекунам, ки онон 50 тан ҳам бошанд, ба ҳар ҳол)

Ниме аз ин маблағ, ки (- +) 100.000 сомонист, ба қаъри кисаи бозоркомҳо меравад. Дар ҳоле ки, чи гунае қаблан зикр кардем, бояд ҶДММ КОРВОН+ худ маблағи шартномаҳои зарурияшро супорад. Чунки бозор бозори ӯст -ку. Уҳдадориҳо ба зиммаи Раис аст на «иҷоранишинон».

Ё не?

Шартнома бо ин ниҳод чунин аст: «Иҷрогар» ҶДММ «КОРВОН МУҲОФИЗ».

Суроға, ш. Душанбе, кӯчаи Даври ҷанубӣ, 3. Директор  Саидов З. Н. Мушкили аз ҳама безеби ин муҳофизини аз кӯчагирдоварда дар он аст, ки натанҳо бо харидорон,  ҳатто бо тоҷироне, ки рӯзашон аз ҳисоби инҳо мегузарад,  бадгуфторию дағалӣ мекунанд. Тибқи реҷаи тартибдодаи Раёсат аз соати 7:00 то 16:00  соҳибкорон ҳуқуқи тиҷоратро доранд. Аз соати 15:00 шурӯъ даромад ба ин ҷо манъ аст. Аз соати 16:00 то 18:00 ба мошинҳои боркаш иҷозат аст, ки бидуни пардохти як сомонӣ, колоҳои зарурии тоҷиронро ворид кунанд.

Вале, сагсифатии ин ҷамои «бечорамуҳофизон» ҳамин, ки ақрабаки соат ба 15:00 расид, оғоз меёбад. Ҳаркиро хостанд аз пушти дар, агарчӣ борҳояш дар дохил монда бошад ҳам, меронанду бадлафзиву дӯғу пуписа мекунанд. Аз шаҳрвандон ришва гирифта дохил мекунанд. Зарур шуд, кашталҳо «каштал ба каштал» мешаванд!

Аз соати 16:00 дигар тоҷирон ҳам аз бинӣ боло гап задан наметавонанд. Ака, иҷа хира наша. Бра ай дарвозаи якум фақат дро. Т соҳибкорӣ, тоҷирӣ кие бошӣ, мада фарқ нест. Бисёр дод наза, ки ҳози мезанм пачақт мекнм.

Намедрой, бги дара қлф кн! Брорш. Бро ай иҷа! Намедрой, чхел фаҳмидӣ?!

Ҳе, ака ай 10-ум дарвоза 1 -ум равм, барои дромадан?

Ҳо. Мерай.

Ҳамин аст дигар системае, ки бо пули худамон бар алайҳи худамон сохтаанд!

Арабҳо мегӯянд: сагатро фарбеҳ кун, поятро мегазад.

Носири Хусрав мегуфт: аз мост, ки бар мост!

Дуюм кори бадашон ин аст, ки ҳар тоҷире хоҳад, пас аз интиҳои рузи корӣ дар бозор монда, масалан дуконашро барои рӯзи фардо омода кунад,  ё борҳояшро оварда ҷоба ҷо кунад, ҳатман бояд рафта аз сармуҳосиб як варақаке, ки қаблан мӯҳру имзо аз номи Раёсат дар он дарҷ гашта астро ба маблағи 10 сомонӣ «брон» кунаду оварда, ба якояки муҳофизин, ки қаторак саф кашидаанд, ки касеро ёбанд, ки «иҷозатнома» надораду як чизашро канда, пасон дафъ шаванд, нишон диҳад. Пас аз он ҳамон реҷаи маъмулии иҷозати бепули то соати 18:00 -и худро ба даст оварад.

Аҷибаш инки, ҳамон дарвозаи 1-уми паҳлӯи «Пожарка» ҷои сердаромади муҳофизону сарваронашон буда. Ҳар мошине ворид гашт, то 10 сомонӣ 20 сомонӣ напардозад, иҷозати вуруд надорад. Худам чанде пеш маҷбур шудам 10 сомонӣ бипардозам, дар ҳоле ки 20 сомонӣ талаб мекард. Пас, муҳофизон ҳам аз ҳамон вазифадорони давлатӣ ҳеч камӣ дар амалкарду ғорат надоранд.

Ҳар мансабхаре омада мансабро вақте баҳо монда мехарад, ки барояш «отчет» диҳанд, ки агарчи маоши ин вазифа, масалан 3000 сомонӣ бошад ҳам, он «даромад» дорад! Даромаду мазмуни фалсафии он реша дар давлати Аморати Бухорои мо дошту дорад.

Вазифаи бо маоши 3000-сомонаро мехаранд бо 20 ҳазор доллар. Бонуси ин маоши 3000-а ҳаст, сари ҳар моҳ 10 ё 20 ҳазор доллар!

Ҳам маош мегирӣ. Ҳам стажи корӣ касб мекунӣ. Ҳам бо кору бори бачаҳакои боло дар шуримурӣ ва обулойи маблағу пулшӯӣ ошно гашта, ҳам «даромад» ба даст меорию ҳам фукт чухт, гапт да любой ҷо мегзарад, ҳам зани дуюму севвум мегирию ҳам дар маъракаҳо бологузару ҳам эътимод ба нафсат меравад боло!

Чуноне худи Раҳмонов мегӯяд: пеш чӣ доштен, ҳозӣ чӣ? Эй, шукрона намекнен?! И карру фарра мебинӣ….

Ҳамин гуна корҳо дар Корвон дар ҳоли  рухдодан асту сақаи касеро ғам нест.

Мошин дро 20 сомонӣ

Ароба 10 сомонӣ

Иҷозатнома 10 сомонӣ. Вале, вақте боре хостам бисанҷам, ки ҳамон иҷозатнома чӣ рангу раҳмон доранд, сарамнияти бозор гуфт, додар иҷозатнома пиҷозатнома гуфтанӣ гап нест. Бра ай дари якум бе проблема борота дрор. Ахраникора бгу кори хтона кнен.

Вале бори дуюм як охраник омад, ки ту ай боло ҳам иҷозат дошта бошӣ, да иҷа иҷозатнома нишон те. Гуфтам: кори хта кн. Гуфт, ҳолӣ бин. Точката печат мезанм.

-Печат зан.

-Ало, сардор, иҷада беиҷозатай бо гапгардонӣ дора.

-Кияй? Кадом дарвоза? 6-ум дарвоза. Сектори 12. Қатори 2-юм.

-Эй, дафша ай пешуш. Ӯ иҷозат дора. Зуд иҷа биё

Ва ман иҷозатномае даркор надоштам, чун он аслан ғайриқонунист. Роҳи осони пулканист.

Тоҷирони муҳтарам, дигар «иҷозатнома» нахареду  доля ба инҳо надиҳед. Чунки худи сарамниятии Корвон+ гуфт: ихелӣ гап нест. Иҷозатнома гуфтанӣ гап нест. То соати 18:00 бра кору борота дидан гир.  Барори кор. Баҳриддини халтабадаст ва навомадагони пайравӣ ӯ. Ё худ ҷӯгӣ рафту ҷӯгӣ омад. Тоҷирони муҳтарами бозори Корвон+, ёдатон ҳаст вақте Оев Аҳрор инҷо раёсат дошт, як язна дошт-  Баҳриддин? Ҳамон аблаҳ ҳар рӯз аз саҳар то бегоҳ як телефон дар дасташ дум-думи тоҷирону хурдафурӯшон мегашт, якеро ришашро акс мегирифту дигареро сатрашро ва он ҷодафурӯшонро ҳеч баҳона наёфта, аз себу ангуру хурмову нашпотию лимуву нону карамашон як-то, ду-тоӣ мусодира намуда, дар даст як селофан ҳамаро рӯи ҳам ҷамъ карда, мебурду бо зану кӯдакаш мехӯрд. Ӯ бо ҳама ҳамоқаташ, бо додарарӯсаш Оев рафту гуму гӯр шуд.

Бало ба пасаш, ҳоло як татум риш ҳам гузошта, муллочоптовранг шуда гашта аст….

Аммо, чӣ шуда ин низомро, ки ба гуфти сафири Русияи тазорӣ дар аҳди Аҳмади Дониш: Ҷаноби Аҳмад, ин давлати шуморо чӣ бало зада, ки ҳар боре як сафир Ҷаноби Олӣ мефиристад, баъдинааш аз пешинааш аблаҳу нодонтар аст?! Оре, ҳоло ҷои Баҳриддини ғулпайкару ғулсифатро, айнан мисли ӯ, бал аз ӯ кавдантар пур карда аст. Дар тан куртаи кабуд. Шикам барозида. Қад чун дев ёзида. Бо ин ҳама нерӯву дасту бозуи Рустамона, боз ҳам кулбори гадоӣ дар каф, аз дукон ба дукон як-та, як-та: собун, шампун, духӣ, влажний салфетка, хамираи дандоншӯӣ ва дигар ниёзҳои мубрами рӯзгори худу оилаашро бо чунин услуб мегираду дар борхалтааш чун ҷӯгиён меандозад: созӣ, брат.

-Соз.

-Хдо соз бошӣ.

— и чияй?

-и собун.

— ака, чансмай?

-фалон сомонӣ

— барои мо чӣ?

-12 -ай, 10 гир

— додар, ростӣ, ҳозӣ ягон см надорм,  Ба Хдо, баъд плша метм, мешава-мешава.Тамом гирифт рафт. Дига на пайш ҳаст на ҳайдарш. Боз чанде пас миёд. Такрори қисса. Такрори зиндагии шармовар. Нозеб барои як марди тоҷик!

Боз аз «мард будану нар будан» мелофанд….

Мутаассифона, Баҳриддини ландаҳур девонаи ба кори худ ҳушёр гурги танҳогард буд.

Ин нозирони нав 2 тан, якҷо мегарданд. Ҳама ҷо… ҷуфт….

Халат пӯшед. Ғалат пӯшед.

Ё чаро амнияту убопиёну прокуратура халатсанҷӣ меоянд, на ғалатсанҷӣ.

Кор надоранд нозирон. Кор надоранд ҳозирон. Кор надоранд убопиёну амниятмардон. Кор надоранд муҳофизон. Дар зоҳир гӯё касе ба касе дар ин кишвари Оҳуроӣ коре надоранд, ки орзуи ширини Афлотуну Ғаззолӣ буда, ки «Мадинаи Фозила»-ро хаёлпардозӣ кардаанд, дар дарозои таърих. Ва боз ягона орзуи ширини мо- демократияхоҳон низ як чунин давлатест, ки касе ба касе кор надошта бошад.

Ва шоир гуфта:

Ватан онҷо, ки озораш набошад

Касеро бар касе кораш набошад.

Аммо, ҳамин қадар гуфтему мегӯем, ки мо шаҳрвандони комилҳуқуқи ҶТ аз рӯзи аз модаронамон ба дунё омадан, то ба дами маргу нобудӣ озодона ба дунё омада, ҳуқуқи озодона зистану интихоби озодро дорем, вале на. Инҳо бояд ба ҷои мо тасмим бигиранд. Юниформҳои дар зершуурашон аз аҳди Шӯравӣ боқимондаро, беҷикҳои малъуни конслагерҳои аҳди Ҳитлерро оварда, ба танамон иҷборан мечаспонанд. Вале, ҳадафи ягонаашон, пеш аз ҳама,  пул кор кардан, сониян худнамоист, ки гӯё доранд «корҳое, навигариҳое» анҷом медиҳанд. Бекор нестанд. Ва, ҳамин, ки селаи мақомдорон вориди ин «конслагер» шуданд, нозирону муҳофизону масъулони бозор, зуд-зуд, ҳаккастзанон, шагаткунон, раста-раста мегарданду чун ҷорчиёни Бухорои Шариф, фашшост зада, меаранд: халатта пӯш! Зуд кн. Бачаҳои боло дромадагиян! Зуд кн. Мода гап нараса!

Оғоёне, ки имрӯз рӯи курсиҳои прокуратура, аминият, убопу УУР тулонӣ барнишастаед, магар дар Бозори Корвон+ чӣ кор мекунед ин ҳама?

Инҷо соҳиб дорад. Раис дорад. Реҷаи корӣ дорад. Низомнома дорад. Соати корӣ дорад. Тартибу интизом дора. 11 кабинети барҳаво, ҳамагӣ пур-пури саркорон.

Шумо боз чӣ мекунед инҷо? Гаштак? Чойгардак? ХАБАРГИРӢ? Зиёрат? Сафар андар ватан? Сафари корӣ? Тартибот? Танзимот? Аҳволпурсӣ? Назорат?

Чӣ?

Халатсанҷӣ? Ғалатсанҷӣ?

Проверка, ба гуфти худҳотон?

Доляситонӣ? «Мавводкобӣ»?

Не! Ҳичӣ. Бозори бедарвоза. Тоҷирони рӯ ба раҳми Худо.

Бас аст, дар ниҳоят. Дигар наоед. Касе шуморо инҷо мунтазир нест.

Ман он наям, ки яксара тадбири мамлакат,

Таслими ҳарзагарди қазову қадар кунам.

Ҳар падидаву раванде, ҳарчанде тулонӣ бошад ҳам, рӯзе фарҷом дорад, чун умри одам, ҳар муштзӯрие ҳам интиҳо дорад…

Ҳар ончӣ мекунӣ, бикун, эй душмани қавӣ

Ман чун, агар, қавӣ шудам, аз ту батар кунам?!

Ягон чизи мусулмонӣ дорӣ?

Имрӯзҳо дар растабозорҳо,  Фирдавси Раисаку Хидмати нозиру 2-3 думравонашон гаштаву «чизи мусулмонӣ» мекобанд. Ҳама шалвору ҷелакфурӯшонро дуконҳошонро муҳргузорӣ кардаву ҷаримабандӣ доранд. Ҷойнамозу тасбеҳу Қуръоне дигар боқӣ намонд. Омаданду моли «мусулмонӣ» ҷустуҷӯ доранд. Ҳамин Фирдавсе, ки ин қадар тоҷиронро ба дод оварда аст, имрӯз бо фуки чухт пайи «тафтиш» аст! Ана ислоҳоту мана қарор! Ба гӯши хар азону ба гӯши кар карнай!

Суҳбат бо  Ятимов. Гумон доштам, ки худат одами аҳли фаҳмӣ. Ҳам дар масоили атеизм ва ҳам ислому радикализм огоҳӣ дорию мақолаҳои «илмӣ»-ятро хондаам. Инки мунтахаботи осор ҳам дорӣ, огоҳам. Вале наход то ин ҳад мақоми зери тасаллутатро дар чашми мардум касифу кавдану нофаҳму аблаҳ ба намоиш гузорӣ? Ин амалкардҳо ба сатҳи амали як инсони «академӣ», аҳли илм, маърифат, хирад, огаҳӣ, амниятӣ, созгор нест. (Ҳамин услуби калимаҳои пайравро қаторак карданро аз шумо омӯхтаам. Хубу бадашро ҳоло намедонам). Наход дар олами материя, чуноне, ки шумо мегӯед, ягон  материяе «исломӣ», «ҷуҳудӣ», «тарсоӣ», «заратуштӣ» буда бошад? Наход собуну шампуну атру хамираи дандон «мусулмонӣ» бошад? Ва аслан, ҳамин мафҳуми «мусулмонӣ» аз дидгоҳи илмии  шумо ба чӣ мафҳуму зуҳурот итлоқ мешавад? Мусулмонӣ чист?

Колои мусулмонӣ, либоси мусулмонӣ, хӯроки мусулмонӣ, пули муслмонӣ…. шояд ақле ҳам «мусулмонӣ» бошад?

Ман намедонам. Аҳли ин қарору қонун нестам. Вале инсоне, ки мағзаш зери категорияи донишандешӣ  мефикрад, ин гуна набояд рафтор дошта бошад. Ин рафтори хирадмандонаву оқилона нест.

Амалкарди инсоне буда метавонад, ки ғайриоқилона андеша ронаду ҷоҳилона қарор барораду аблаҳона пайи иҷрояш кушад… Материя, чуноне медонед, қабл аз падидаҳое чун кешу мазҳабу ҳатто хирад арзи ҳастӣ карда аст.  Материя қадим, ки бошад бигзор ҳамчун материя тасниф шаваду зери бору овори «мусулмонӣ» воридаш насозед. Бигзор материя материя ва муҷаррад боқӣ монад.

Пешниҳод: мағозаи 169 ро харида бароям диҳед. Чунки ин фитнаро шумо барангехтед, ба василаи Муҳсини занмиҷоз дар байни соҳибкорон тухми нифоқ коридед. Туҳмату баду бадроҳа гуфта, балво барпо кардед, вале чуноне мегӯянд: ҷангеро, ки қудрати хотимаашро надорӣ, оғоз накун.

Шумо бесаводони мактабнахондаи ғоибхон (заошники) мебинам нотавонтар аз онед, ки тувалетеро роҳбарӣ кунед, чӣ расад ба шаҳрдорию бозордорию вазифаҳои қудратӣ-интизомӣ!

Агар хоҳед, ки раунди 4 -уми ин гиребонгирӣ хотима ёбаду ман ҳам қаламамро дар дигар самт равона кунам, пешниҳодро бипазиред.

Медонам, ки бо ин майдондорӣ коратон ба ҷое намерасад, ҳамон гуна, ки Ғаффор Седой мегуфт: ман аз тиру туфангу ҷанг наметарсам, вале ҳамин ки назди микрофону майдони иттилоотӣ қарор бигирам, пойҳоям меларзанд. Пешниҳоди ман ҳамчун як шаҳрванде, ки аз дасти шумову ҳомиёни мақомдоратон, ки вазифаи аввалиндараҷаашон ҳимоят аз якояки шаҳрвандони ҶТ аст, на ҳимояи дуконҳои ғоратию ғасбкардаи шумо, ин аст: шумо сар аз соли 2020, аз замоне, ки дуконамро дар дарвозаи 6-и Корвон+ чапа кардаву сарсонам кардед, ба ҷои дастгирию кумак, дар РКҶҶ ВКД бо дасисаи двоишники дипломхарида (Олимов Муҳсин ва Олимович Саид, ки гумон доштам ҳамсояҳои хубамонанд), барои руйпӯш кардани кирдори ҷиноятӣ ва ғайриқонуниятон, маро ғайриқонунӣ, берун аз доираи салоҳиятатон, бо як занги телефонӣ, ки гӯё ман «ба хориҷа бо касе алоқа карда бошаму ниёз ба тафтиши телефонам доред», аз хонаам дар 7-ум км Душанбе, дастгир ва бидуни ягон огоҳӣ ба душному шиканҷаам пардохтеду пасон, он кудаки мактабнахондаатон, ки даҳонаш бӯи ширу кунаш бӯи сиба мекард, бароям тарзи навиштани «забонхат оид ба шиканҷа нашудан»-ро дикта мекарду ҷумлаҳои бесаводона ва калимаҳои хатояшро аз пеши худ ислоҳ мекардам, ки фардо барои торих шуда нагӯед, ки ман- Исоев Суҳайлӣ Ҳабибович, фарзанди пулиси собиқ ва обигармии «аризабози ручкабакиса «шиканҷанома»-ро пурғалат менигоштаам! Вой бар ҳоли ин ниҳод, ки кӯдакистони деҳаи мо аз он як сару гардан дар ахлоқу инсонияту тоҷикият болотар аст.

Боз ришханд мезадед чун хукҳои парвоӣ, ки ман чаро «мн» мегӯям! Решаи маҳалгароиро ман дар ниҳону ниҳодатону дар косахонаи мағзпарешатон дидаам!

Боз он Ҳоҷӣ Аминатон пуписа мекард, ки «ина, ҳами мардак (ишора мекард ба акси Сарвари Фронти Халқӣ), рафт дар Афғонистон қатӣ пешвотон даст дод мардак барин, ҳамара бахшидем. Бо, чӣ ҳамӣ шумо мардуми ай Файзобод усу, да дилтон ким-чӣ хел бадбинӣ нисбат ба ҳами ҷанобу давлат дорен?! Ягон кас да қади раҳ боротона гирифтай? Амнияттона халалдор кадай? Дуконотона, ҳолӣ метиян. Чапа намекнан, бозсозӣ, ободӣ мекнан…

Аллоҳ ризқа мета, медонӣ?

-ҳо…

Да Қуръон ҳамӣ гап ҳаст, медонӣ да кадом сура?

-не…

-да сураи Нисо..

-хуб… мерам мебинм.

Ҳоҷӣ Амин, надонистӣ бо кӣ оид ба Қуръон дорӣ гап мезанӣ. Намедонистӣ, ки ман киям, падарам кӣ аст. Ҳамин, ки занмиҷоз Муҳсинатон ба гуфтӣ худаш «любойша я мебарм так-так мекнм, сокша меҷафм, миёнша мешканем, агар ҳичӣ нашид, званим боло мерава», мехост маро алови чашм бигирад? Маро шиканед? Ба василаи ман званияш боло равад?

На, ҷанобон,  кӯдакони кӯдакистони ба номи РКҶҶ, роҳ ғалат рафтед. Шумо суроғаро ғалат кардаед!

Ба дигар намуди «махлуқ»  случайно сар ба сар шудед!

Хирси хуфтаро бедор кардаед!

Пешниҳод: ман тоҷири дукони 130-и Сектори 12-и бозори Корвон+ дар натиҷаи амалкарди хашини шумо ҳам садамаи равонӣ ва ҳам моддӣ дидаам, ки тибқи ниме аз моддаҳои Сарқонун, дар пешгоҳи қонун, якоякатон ҷавобгаред! Бояд аз шоҳ то гадо ба доираи қонун баргардем. Бас аст анархияву манархияву «ҷанги ҳама бар зиддӣ ҳама» эълонкардаи «ғолибони ҷанги шаҳрвандӣ»!

Шумо, нисбат ба ман, шаҳрванди комилҳуқуқи ҶТ моддаҳои 5, 8, 10, 11, 12, 13, 30, 31, 32, 35, 36, 40, 42-ро дағалона поймол кардаед. Махсусан моддаҳои 32-ро Раиси собиқ, Оев Аҳрор ва ҳозираи Корвон+ Раҳмонов Т. Қ.  поймол кардаанд. Моддаи 5-ро бошад командаи ҳақири Шоҳрухи Фаттоҳ поймол кардаанд. Моддаи 36-и қонуни Асосиро судяи суди н. Шоҳмансури ш. Душанбе, Исозода Баҳром Чилахон бо бешармӣ, нисбат ба ман, нодида гирифт, ки қаблан арз карда будам.

Моддаи 42-ро ҳам, ҳамагӣ аз Сардори давлат ба дигар мансабдорони «сохти конститутсионипараст» ба пуррагӣ поймол кардаед! Боз дам аз риояи бечунучарои қонун нисбат ба шаҳрвандони ҶТ, ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, моликияти шахсӣ, ирзу номус, ҳуввияту ҳайсият, дороию манзил, дахлнопазирии ҳаёти шахсию ҷамъиятӣ мезанед?

Пешниҳод: Олимов Муҳсинро аз вазифааш, ки Раёсати УУР-ро дар назди шаҳрвандон бадному «кунтехона» муаррифӣ кард, аз вазифа, фавран озод кунед.

Ман дар мағз -мағзи вуҷудам, нисбат ба касби пуршарафи падарам эҳтиром дорам.

Ин ниҳодҳои ҳифзи миллати тоҷик набояд ҳизхонаи ҳизалакон бошад! Ҳазлу масхарахонаву сирк ҳам набояд бошад. Агар ӯро аз ин симат нарондед, пас оид ба тамоми амалкардҳои чандинсолаи Муҳсин, падараш ва амакаш, ки собиқ ҷинояткардаи озодгаштаи дубора ба мансаб баргашта асту дигар масоили оилавӣ (маҳрамона) маълумот пешниҳод хоҳам кард.

Тардоманон ҳамаро тардоман мапиндоред!

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо

Чӣ олимҳо шавад ҷоҳил, чӣ ҳоҷиён шавад расво…!

Мебинед, огоҳ шудед, ки дар байни шаҳрвандон киҳо ба ҷои оромишу дӯстию сулҳу сафову оромиш, фитнаву буғзу кинаву душманӣ мекоранд?

Кадом ниҳодҳо оромиши ҷамъиятро халалдор мекунанд?

Кадом мансабдорони бесалоҳияти «салоҳиятдор» ба ҷои ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба онон таҳоҷум ба роҳ меандозанд?

Ҷамъиятро ба дудастагию низоъ мекашонанд? Ба решаи ин миллат теша мезананд?

Шумо пиратед ё намояндаи давлати ҳуқуқбунёд?

Наберагони Чингизед ё аз табори ориёву дудмони овозадору некноми Сомониён?

Шумо кистед, ҳаюлоҳо?!

Пешниҳоди ниҳоӣ:

Ман, қаблан дар сафи аввали ин раста дукон харида будаму онҷо одат доштам. Ва 1 метр боқимондаи дуконам то ҳол аз ҷониби раиси Корвон+ ғасб шуда, ба шаҳрванд Самӣ фурӯхта шуда аст.

Аз ин рӯ, тибқи талаботи моддаи 32-и Сарқонуни ҶТ «Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад»-ро рӯёнда ба ман пардохт намоед!

Пешниҳодам барои хотимаи ин даъво ин аст, ки дукони 169-и ин растаро, ки аз ҳамсояам Фарҳод мебошад, харида бар ивази он ҳама амалкарди ғайриқонуниятон ҳамчун ҷуброн ба ман вогузор кунед, то ба ҷои собиқам интиқол ёбаму чуноне гуфтам, пайи дигар корам бошам.

Акаи Фарҳод, ки дар натиҷаи боз як амалкарди «сиёсати хирадмандона ва дастгирии соҳибкорони хӯрду миёна» аз ҷониби шумо, аз ҷойнамозфурӯшӣ даст кашид, дуконашро қасди фурӯш дорад.

Ҳамон гунае, ки аз ҳисоби ҳазорон дукони тоҷирон- шаҳрвандони ҶТ, шумо тули ин 4 сол миллионҳо доллар манфиат дидед, ман ин дафъа аз шумо, дукони 2×2 талаб дорам! (Аз дукони ман бошад тули 4 сол аст, ки ба тариқи иҷорасупорӣ ба Самӣ, зиёда аз 200.000 сомонӣ ё бештар пули нақд ба ҷайб даровардаед!)

Дуконашро бихаред, на бо нархи «давлатии масхарагӣ», балки он миқдор, ки арзиши бозорӣ дорад, бипардозедаш: ҳам ӯ сари пирӣ биосояд, ҳам мо ба ҷои хеш баргардем.

Аз шаҳрвандоне, ки бо сабабҳое берун аз ин марзу буми аҷдодии ҳамагиямон қарор доранд, бо як виқору ҳавобаландӣ дархост мекунед, ки биёед мард бошед, дар дохил аз ҳуқуқи худ бигӯед; дар Тоҷикистон ҳуқуқи ҳичкӣ поймол нашуда аст. Ҳама аз зиндагӣ розӣ. Фақат ҳамин шумо «хоино» ба сари ҳукумат, аз дур, «санги маломат» мезанену «туҳмат» дар ҳаққи раҳбари давлату мансабдорони «фарзонаи миллат» мекунед!

Ина…..

Ҳамин гӯю ҳамин майдон.

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рубаҳ далер афтод, ки шер аст.

Шояд шумо ҳам аз ин пас, ба ҷои рубоҳӣ далерию шерӣ кунед?!

Кӣ медонад…

Чу шерон шер бинанд, шерӣ кунанд.

Миёни палангон далерӣ кунанд.

Чу бузинагон гирди ҳам омаданд,

Ба шаҳват биғутанду серӣ кунанд.

Сообщение Бо хукзӯрӣ  кори давлат пеш намеравад ё бо зури силоҳ кай кас давлатмард мегардад?! появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов бар алайҳи хати форсӣ ҷанг эълон кард
«Ҳар рӯз як нақшае кашида вориди ин бозор мешаванд. Аввал мехостанд ҳама колои моро баранд, вале камераашон кардему даст кашиданду протоколашонро гирифта рафтанд.

Агар зарурат пеш ояд ҳама наворҳоро ба “Ислоҳ”  мефиристам. Вале имрӯз омада ҳама дуконҳоро сурат гирифта, пулису амниятиҳои зиёд раста ба раста гашта, тоҷиронро 2 руз муҳлат доданд. Агар муҳлат ба сар расид ҳамагӣ,чи ҷойнамозҳо чи колои арабинавиштаро забту мусодира мекардаанд.

Дар растаи мо умуман нагаштаанд. Чекчин гуфта, ки ин бародар бору колои арабӣ надорад. Вале дар дигар растаҳо даста-даста мақомдорон гаштаву муҳлат додаанд. Ба ман бошад чизе нагуфтаанд.

Девона шудаанд.  Бадашон меояд аз ислоҳот. Одат ба беқонунӣ кардаанд.

Аз қонуну адолат бадашон меояд».

Баъд аз ворид кардани тағйирот ба қонуни танзим дар парлумон дар авоили моҳи май як маъракаи фарогир бар алайҳи тамоми унсур ва нишонаҳои исломӣ аз тарафи мақомоти Раҳмонов ба роҳ монда шудааст. Ҳоло сатру ҳиҷоб ба канор муқобили молу колои бо ҳуруфи арабӣ муборизаро шуруъ кардаанд. Намунаи чунин турктозӣ бар муқобили хати Қуръону дабираи форсӣ дар бозори Корвон-бузургтарин фурушгоҳи Тоҷикистон дар ин матлаб мунъакис шудааст.

Аҷинабозор доштем, Янгибозор доштем, молбозору мошинбозор ҳам, вале акнун дар ин танҳо давлати чисто- демократӣ соҳиби девонабозор ҳам шудем.

Муборакамон бошад!

Имрӯз кормандони мақомоти марказӣ вориди растаҳои бозори Корвон+ шуда, дар даст қарори нонавишта, ба тоҷирони бозор, ки рӯи колоҳояшон бо форсӣ ё арабӣ ҳарфе нигошта шуда бошад, супориши акид доданд, ки ҳарчӣ бо ин дабираҳо доред, ҷамъу гир кунеду дигар нафурӯшед. Вале касе надонист, ки сабаб чист? Ин қарор тибқи талаботи кадомин қонунгузории Тоҷикистон иттихоз шуд? Аз ҷонибӣ кӣ? Муаллифи ин шоҳкории музҳик кӣ аст?!

Гумон мекунам, оҳиста-оҳиста, чун замони Иван Грозний барои свежий воздух ҳам «налог» хоҳем супорид.

Истеҳсолот қонунҳои бозории худро дорад: Хитой барои кулли ҷаҳон содирот мекунад вале барояш аҳамият надорад, ки забони кадомин миллат «исломӣ«, «тарсоӣ», «ҷуҳудӣ», «террористӣ» ё кудомин категория аст, муқаддасзабон аст ё ифлоси вай-вай. Ҳадафи Чин тиҷорати мол, тараққиёти иқтисодиёт, некӯаҳволии мардумонаш ва сайтараи иқтисодии фаромиллию минтақавист. Аз ин рӯ,  бо тамоми забонҳои дунё истеҳсолот ба роҳ мондаву молу коло тавлид ва содирот мекунад. Агар барои Аврупо импорт дошта бошад, ба забони так-таки онҳо менигорад; инглисӣ, олмонӣ, лаҳистонӣ, русӣ, фаронсавӣ… ва агар барои давлатҳои арабзабон бошад бо забони арабӣ, бо забони ин миллати бешумор менигорад; бо ъайну ғайну қофу лом ва агар барои Эрон истеҳсолоте дошта бошад, аз паси қоф гоф, аз паси ҷим чим, аз паси зе жеро ҳам илова мекунад, мешавад порсӣ.

Эй девонаақлбохтагон, агар барои шумо забони арабӣ забони «ғажду ҷазир» аст, бас кунед бо ин забон сафораткушоию алоқаҳои дипломатиро. Нагиред долларҳои садақаи арабиро. Аммо, ин забон пеш аз инки забони «исломӣ» шавад, забони миллатест, ки ҳаддиақал таърихи 1400 -солаи рӯшан дорад. Бо ин хат арабҳои тарсоию ҷуҳуд ҳам менигоранд. Чунки ин забони исломӣ не,балки арабҳост!

Чаро?

Чаро бо ҳама мо душман шудаем? Чаро ба навбат аз наздиктарин ҳамсояамон- Узбакистон душмантароширо сар кардему ба қирғиз часпидему имрӯз домани алифбои арабиро доштаем! Оғоён, вақте аз хати арабӣ бадатон меояд, ок, тайиб, аҳлан ва саҳлан!

Биёед, мард шаведу тамоми колоҳои арабинигоштаро, ки ҳатто худи арабҳо на, балки Тойланду Чину Индонезию Ҳинду Покистону Эрону Молезӣ истеҳсол кардаву барои фурӯш ба давлатҳои Халиҷи  Форс- ба ин бозори байналмилалӣ мефиристанд, дар маҳдудаи Тоҷикистон заводу минизаводу корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ кушода, сармояҳои миллионии дар оффшорҳо гузоштаатонро чун Шаҳбоз Раҷабзода, «баргардонида», ба кор оғоз карда,»ре-истеҳсолот» кунед! Яъне алтернативаи онро пешкаши миллат кунед!

Ва бо ҳамон нархҳои колои ворида, аниқтараш аз он ҳам арзонтар пешкаши истеъмолгарони ватанамон кунед, ҳам сармояҳои ин миллат дигар ба Чину Мочин намеравад, ҳам иқтисоду истеҳсолот тарақӣ мекунаду ҳам мо ҳам назди дигар миллатҳо «саги тайёрхӯр» боқӣ намемонем!

Ана, идея!

Ҷанобон, шумо вақте дар пушти дарҳои бастаи кабинетҳову толорҳои аз пули ин миллату будҷеташ сохташуда мешинеду бо мағзҳои мактабнахондаву ҷаҳоннадидаву маҳдуди мурғиятон «фикр» карда, «қарор»-и таъҷилӣ мебароред, як бор фикр намекунед, давлате, ки худ хас истеҳсол намекунаду тоҷиронашро ҳам дасту поча мебандад, талаботи шаҳрвандонашро аз кудомин роҳ қонеъ мекунад?!

Ба куҷоятон фикр мекунед?

Шумо-ку 33 сол аст дам аз хидмати миллату мардуми шарифи Тоҷикистони Шариф мезанед, ҳамин сариоббандиятон хидмати хирсона, ё ,шояд хидмати харона бошад?

Охир ба солҳои 1992-97 замоне пеши роҳи ақлу хираду донишу шеъру ҳунарро баста будеду Бозор Собир ба дод омаду гуфт:

Марзҳои ин Ватан чун мурда кафанбанд аст.

То кай ин вазъият дар ин ватани «биҳишти рӯи замин» идома хоҳад кард?

То кай ҳама зуҳуроту равандҳову иқтисоду истеҳсолоту зиндагии ин мардумро «кафанбанду манаҳбанд» мекунед?

То кай ба ҷои салла каллаҳоро хоҳед гирифт?

То кай ба баҳонаи дину дабира бедод мекунед? Як бори дигар, эй ҷамоаи аз роҳи одамият бадурмонда, биёед ин модда аз Сарқонуни Тоҷикистонро бароятон бихонам:

Боби 2, моддаи 26

«Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Чӣ фаҳмидед?

Инҷо баҳси колоест, ки рӯи онҳо бо хати арабӣ тарзи истифода ва дигар маълумотҳои лозима дода шуда аст. Дар ҳеҷ колое, ки аз Чину Мочин вориди Тоҷикистон мешаваду бо 2-3 забон «инструксия» забт гашта аст, ояти каломи шариф ё аҳодиси набавӣ ё роҳнамоию таблиғот нигошта намешавад. Тиҷоратро ба дин пайванд надиҳед!  Ҳамон гуна, ки дар сарқонун «Дин аз давлат ҷудо» аст, ҳамчунин дар тиҷорат ҳам «дин аз тиҷорт» ҷудост!

Дар бозори Корвон на типографияи арабихат асту на заводҳои итеҳсолӣ, ки пеши раҳи «интишори ин дабира»-ро бигиред! Шумо, замоне бо китобу таълимоти динию балову батар мушкил доштаед, имрӯз бо шампуну собуну атру равғани зайтуну сиёҳдона мушкил пайдо кардаед? Зайтун ба тоҷикӣ чӣ мешавад? Зайтун исломист?  Бо ин вожа, ки дар бештарин забонҳои шарқӣ ҳамин гуна навишта мешавад, чӣ дард доред? Ё бо зайтун, ки дар Қуръон зикр шуда, ҷанг эълон кардаед?  Эй мардум, эй мақомдорони саҳроӣ! Ҳамон суханону додаҳое, ки дар ин маҷмуаи чиниколоҳои ворида бо забони чиноӣ, русӣ, инглисӣ ва баъзан арабию форсӣ нигошта мешавад, суханони одиест, ки ҳатто аз мазмуни онҳо ягон тоҷику узбаке огоҳ нест. Чун ин мардумро то ба ҳадде умумию зомбию дарсгурезу бо пул баҳохар кардаед, ки ҳавсала ва қудрати хондани на порсиро дораду на,тем более, арабияшро!

Пас баҳона чист?

Роҳҳал куҷост?

Проблема чист?

Ҳамон инструксияе, ки чиноиҳо бо чинию англисӣ набиштаанд, бо арабию форсӣ ҳам онро тарҷума карда, барчасп задаанд, ки мабодо арабзане, эронидухте, агар зарураташ бошад, аз маълумотҳо  огоҳ бошаду тарзи истифодаи колои чиноиро донад! Ин ҳама ҷарру баҳси девонавор рӯи хатҳои ниёгону арабӣ, ки худ араби реконструксия шудаи хати аҷдодии мост, баҳри чист? Ба тоҷирони бе ин ҳам бесавдомондаи бозори Корвон+  чӣ мушкил доред, ки ба ҷои дастгирӣ хафгирашон кардаед? Барои ононе, ки колое мефурӯшанду тоҷирони чиноӣ- дӯстони стратегиятон, рӯи колоҳояшон бо дабираи форсию арабӣ ҷумлаҳакҳое нигоштаанд, муҳлат медиҳед, ки 2 рӯз ба шумо муҳлат, тамоми колоҳои «исломӣ»-ятонро бардореду ба куҷое хоҳед гӯру гум кунед. Оре, аз шумо дабираситезтар дар олами ҳастӣ ва ҷомеаи башарии хирадманди кунунӣ, ёфт наметавон кард! Чаро?- чунки: ҷуҳудон пас аз ҳазорҳо сол саргардонӣ, вақте гардиши рӯзгор барояшон фурсати давлатсозию давлатдориро дод, аввалин коре, ки Теодор Ҳертселу саҳюнистҳо карданд, ин зиндасозии  дабираи ибрӣ буд. Ҳатто ин забони замоне мурдаро он қадар маблағгузорӣ кардаву рушд доданд, ки ҳар як яҳудӣ озодона бидуни лакнату «вай-вай»-у «чиз-чӣ» бо ин забони модарии хеш буррову бехато суҳбат мекунад.

Мо чӣ? Мо бо дабираи аҷдодиямон, ки бо доштани ин қадар шоиру адибу олими порсинигор мефахрем, дар айни ҳол чун бузинагони аз ҷангал омадаи беҳувияту бедабира худрову миллату давлатамонро муаррифӣ карда, ҳатто бо чиноиҳову тойландиҳо, ки барои манофеъи иқтисодӣ бо дабираи порсии мо рӯи колоҳояшон менигоранду тавзеъи ҷаҳон мекунанд, ҷанг эълон кардаем! Аз ин дида ҳамоқати дигар мешавад? Аз ин дида бехирадӣ куҷо дидаед! Масали инҳо масали ҷуҳуди ҷулҳундипӯши девонаи беҳувиятеро мемонад, ки дабираашро душманонаш бо сарнайза аз кор барандозанду вақте, чиноиҳо барои ҷуҳудон колое истеҳсолу экспорт кунанд, яҳудии мисолии мо омада бигӯяд: эй, тоҷирон, эй ҷуҳудҳо, нафурӯшед ин колоҳои чиноиро!

-Чаро? Чунки дар руи ин колоҳо бо хати ниёгони шумо баъзе маълумотҳо дарҷ гашта аст!

Ҳеч чунин ҷуҳуде дар рӯи ин курраи хокӣ ба ин бехирадиро  нахоҳед ёфт.

Вале, дар пойтахти Тоҷикистон дар маҳди дабираи порсӣ, дар байни ориёдабирагону ориёпарастон ҳар чиро, ки ба дабираи аҷдодӣ рабт дошта бошад, ҳатто аз фурӯш манъу боз медоранд! Чуноне гуфтам, танҳо бехирадону аблаҳтарин мардумон бо дабирагони дигар миллатҳо писханду пузханд мезананд. Ё бо дабирае, ҳар дабирае бошад «душманӣ» доранд!

Дабираи ҳар миллат ин як рукни маданиятнокии он миллат маҳсуб мешавад.

Ори абадӣ рӯи он миллатҳое нақш баста аст, ки дар дарозои торихи мавҷудияти хеш, асло дабира надоштаанд. Яъне миллатҳои ақабмондаанд ва аҳли китоб набудаанд!

Айб аст! Мо- тоҷиконро «бузина» ва дар байни миллатҳои беториху бекитобу бепаёмбар муаррифӣ накунед!

Хати порсӣ ва арабӣ- писари ӯ аз хати ҳазрати Кирили хоҷаатон ҳеч камбуде надорад.

Агар рӯи колои арабию чиноию тойландӣ бо хати русӣ,чинӣ, инглисӣ ҳам нигоранд он коло «исломӣ» намешавад, бо хати порсӣ ҳам нигоранд он коло «ватанӣ» намешавад!

Агар мехоҳед чеҳраи «хунук»-и алифбои ниёгону арабиро набинед, дар Тоҷикистон истеҳсолот, чуноне зикр кардам,ба роҳ мондаву бо хати бобои Кирилатон ҳарчӣ мехоҳед нависед!

Бо хати ҳамин Кирил ҳам тоҷикон,дар аҳди шӯравӣ тавониста буданд,ки ҳазору як чизҳои  нағзу бозоргир истеҳсол кунанд! Вале имрӯз, боз ҳам, бо доштани ҳамин хат, сӯзану сари нахе ҳам истеҳсол кардан наметавонем!

Хат омили асосии тараққиёту ақабрафт нест! Чунки масали шумо масали муллоҳои ҷоҳили Бухороро мемонад, ки замоне лампаи Иличӣ, таззориро «ҳаром» ҳукм карда буданду аз керосину маҳсию галоши русӣ истифода намекардаанд, ки моли «кофирон» асту дар таркибаш «руғани хук» дорад!

Умедворам, аз ин 2 гузина якеро бармегузинед:

А) Ё истеҳсолоти ватании фарогир, чун Ӯзбакистону Қирғизистон ба роҳ монда, сармояҳои миллиро дар дохили кишвар ба гардиш меоред.

Б) Ё чун 32 соли гузашта, ба тоҷирон иҷозат медиҳед, ки ҳарчӣ колои хуби чиноию арабию молезию туркию ӯзбакию қирғизию ҷопонию ҳиндуиро ворид мекунанду миллати тоҷикро бо колои зарурӣ таъмин мекунанд! Агар колои арабию порсидабираӣ мушкил дорад, албатта колои чиноинигоштаву русихату инглисинабишта ҳам ба ҳамон дараҷа «мамнуъ»-анд! Чунки инҳо «дабираҳои ба миллати мо бегона» маҳсуб мешавад. Ва, биҷӯеду бигӯед, оне,ки ин қарорро баровард, шаб маст буд ё ҳушёр?

Чунки ин корҳо ба «сиёсати хирадмандона»-и мабнӣ ба дастгирии тиҷорати тоҷирони хурду миёна, ҳамхонӣ надорад!

Даст аз дабираҳо бардоред. Даст ба кори истеҳсолот ва дастгирию пӯштибонии он занед.

Сообщение Раҳмонов бар алайҳи хати форсӣ ҷанг эълон кард появились сначала на ISLOH.net.

Бозор оинаи фарҳангу маданияти ҳар миллат аст ё ҷои алик-малик?
Ё чаро ислоҳ намешаванд?!

Сар аз соли 2020 дар бозори Корвон  маъракаи «ободонӣ» ва « замонависозӣ» оғоз гардид.

Ҳама тоҷирон умедвори он буданд, ки азнавсозӣ ба нафъашон аст, вале раванди ҳодисот, сохтакориҳо, чаппакориву чаппакуниҳову «шоҳроҳсозӣ» дар даруни ин бозор, бесамару ақим буда, аммо фарзанде ба бор овард, ки номаш ҷуз бадбахтиву саргардонии дастаҷамъии тоҷирон ва кинаву буғзи бардавом набудааст.Чун, ҳар дигаргунӣ, наву азнавсозӣ, ислоҳот дар ин диёр тангаи дупаҳлӯ ва ё теғи дудамро мемонад.

Ҳунари ислоҳу беҳбуд, ки надоранд, ифсод мекунанду бедод.Чун ифсод карданду бо истибдод онро пардапӯш карданд, ба ҷои беҳбуд камбудҳо рӯиҳамрафта,сар аз гиребони кинаҳо дар синаҳо сар мебардоранд, ки оқубат ба гӯшҳо сироят намуда забонҳоро ба бадгӯӣ, дилҳоро ба сардӣ раҳнамун хоҳад шуд.

Агар ҷуз ин аст, бигӯед, ки чаро тӯли 4 соли Худо мушкилоти ин бозор замм шуду кам не?

Дукондорҳо овора шуданд.Ҳаннотҳову корчалонҳо аз фурсат истифода намуда, омаданду худро чун кукушка (чокак) дар дуконҳои дигарон ҷобаҷо карданд. Доранд тиҷорати пуравҷеро ба роҳ меандозанду барои ин ҳар моҳу сол ба «таға»-ҳошон «шапка» медиҳанд. Шапка медиҳанд то соҳибони аслии дуконҳо даъво накунанд.

Бозори замоне  ободу бемушкилотро бо номҳои барроқ чапу рост заданду пурмоҷаро карданд. Якеро аз дуконаш ронда дигареро оварда болонишин карданд.

Садҳо тоҷир тарки тиҷорат кард. Баъзеҳо овораанду баъзеҳо ба сафи муҳоҷирони дарбадар пайваста, қисмате пас аз «султонӣ раҳи гадоӣ» пеша карда, ё иҷоранишинанду саргардон. Муҳоҷири байналмилалӣ буд, дохиликишварӣ буд, байнишаҳрӣ буд, вале ҳоло муҳоҷири байнидуконӣ ё аниқтараш «дуконбардуш»-ро, ҳам,  соҳиб шудем.

Роҳҳои байнираставии бозорҳои ҷаҳони Шарқ, ки бозор намунае аз тамаддуну фарҳангаш, дар дарозои торих, буда аст, касногузар буда, ҳам дар Қудсу ҳам дар Бухорову ҳам дар Касабланкаю ҳам дар ҳама дунёи муосир. Бар илова, бо доштани бозорҳои торихӣ меболанд, вале мо, ки навдавлатем, ду бозори нимаасрае доштем: яке- Баракатро қасри Миллат кардему дигаре- Зелёнийро, ҳеч кор наёфтем, кандему дар ҷояш газон коштем!

Омадем, ки Корвон+ ро нав кунем, натавонистему ҳамагиро овора қисмеро бечора сохтем. Роҳҳои байнираставии ин бозор аз замони таъсисаш ба паҳнои 2 метр буду растаҳои асосияш 4 метр бар дошт. Ким кадом инженереро ёфтему оварда нақшаамон тартиб дод, ки роҳрави асосии ин Бозори Корвон бо плюсу минусаш, бояд, 8 метр! бошад. Ва канданд дуконҳоро саф-саф, чаппа карданд қатор-қатор, то инки ғорроҳе, бал «шоҳроҳ»-е сохтанд даруни ин Бозор. Бозори Корвон буд «Корвон Плюс» шуд «Корвон минус». Минусаш аз пилусаш афзуд.Корҳо инжинеру сармуҳосибу сардигармаъмуриятҳо шуд чатоқ! Хар ҳамон хар аст. Роҳашро кардаанд васеъ. Вале, наандешидаанд, ки ҳар метри мураббаъ дар бозорҳои ҷаҳон бояд банд бошаду ба касе суд биёрад. На инки «автомагистраль» сохт дар бозорҳо! Барои тавсиъаи ин роҳи 8-метрабар, чӣ қадар дуконҳоро канданду шапиданду куфтанду гуфтанд: сохтем бароятон Бозори замонавӣ!

Ва дар Сарқонун омада: Моддаи 32

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.

Мо, инҷо аз забони Сарқонун сухан мегӯем то дастандаркороне, ки иддао доранд, ки замини бозор аз давлат асту танҳо оҳанпораҳои дуконҳо- аз шумо, шинос шаванд, ки Қонуни асосии Ҷумҳурӣ чӣ гуфтаву инҳо чӣ мегӯянд?!

Ҳама, ҳамсадо мегуфтандамон: э, хап кунед, рафиқон, ҳаматонда метиян дуконҳои нав, ҷобаҷотон мекунанд, тибқи қонун, давлат бесоҳиб нест, ягонтатон беҷо намемонед! Фақат хап бошед! Ҳоло онҳо ҳам диданду мо ҳам дидем, бо ду чашми сарҳои модарзодамон, ки ба касе хасе надоданд.

Агар, тибқи талаботи моддаи 32-и Сарқонун талаб кунем, ки мекунем, ягон ниҳод, соҳиби замин, мансабдор, бозордор ҳақи инро надорад, ки аз пеши худ, бидуни ризоияти соҳибмулк, дуконашро нарх гузорад: 500 $ ×1 метри квадратӣ, ва он ваъда, ки доданд ҳама бодӣ ҳаво буд?!

Ва, ҳатто девонаҳои девонахонаҳо ҳам медонанд, ки дар ҳеч ҷое аз бозори Корвон метри мураббаъи дукон 500$ набуду нест! Ин нархномаҳоро киҳо, дар кадом меъёр чен мекунанду мебуранду мепайванданд?!

Ҳоло, худҳошонро кӣ дида, ки ба 500 дуллори амрикоӣ дуконҳояшонро ба шаҳрвандон (тоҷирон) фурӯхта бошанд?!

Дигар, дар тамоми олам, вақте як шаҳрванд, ҳатто як дучарха ё мошин ё хона ё биное харид, ҳатман барояш ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликияти хусусӣ дода мешавад, вале инҷо, дар бозорҳо, ба касе камтарин ҳуҷҷат ҳам намедиҳанд. Масалан, ҳатто афроде, ки мағозаҳоро аз биноҳои замонавӣ, ба маблағҳои аз 25.000$ долар ба боло харидаанд, низ, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибмулкияшонро надодаанд! Чунки, инҷо қонуни «фолклори даҳанаки халқӣ» ё  худ «говсавдо» аз асри Дақёнус ба меросмонда амал мекунад. Дар асри 21 по ба пои асри сангу кулух қадам мезанем. Кай ҳамгоми миллатҳои фарҳехтаву қонунмеҳвар мешуда бошем?

Эй, кош…!

Дар Бухорои ШАРИФ фатво дода буданд, мабнӣ бар ин: ҳама фуқаро (раъият), дороию писару духтаронашон «мол»-и амир аст. Аз ин рӯ буда, ки ҳам дороии «фуқаро» ва ҳам духтару писаронашону молу боғу сарваташон пешкашу тортӯқу навкару эл-навкарони амирони манғитӣ мегаштаанд.

Як далел ҳамаро сокит мекард, чун мегуфтанд, ки заминҳо «мол»-и амир ё тӯра(ҷон) аст. Ҳуҷҷат рӯи соҳибмулк қоим мегашту соҳибмулк (агарчӣ асрҳои мадид, ниё бар ниё он мулку дороиро дар тасарруф ҳам дошта буд), ҳаминки «мақбули назари ҷаноби Амир» моликияташ қарор мегирифт, фотиҳаи он дороиро бо чунин сухане, ки имрӯз дар забони ҳокимонамон роиҷ аст: «Тра чиву моли киёмиддин, чӣ?!» бетаҳорат мехонаданд! Чор тарафат қибла. Замин замини давлат (амир) асту шумо- фуқароёни амиред! Молу ҷонатон бар ҳоким ҳалол аст, ҳамон гуна, ки шири модари амир бар амир гуворост…

Аммо, боз ҳам, дар Сарқонуни ҶТ, ҳамон гунае, ки гуфта шуда аст: Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Моддаи 6, ба ҳамин мазмун ҳам омада, ки ҳар шахс дорои ҳуқуқ бар моликияти хусусист, чи он 1 сомонӣ арзиш дошта бошад, чи миллиард сомонӣ.

Агар дар Аморати Бухоро, ки бар асоси беқонунӣ бунёдаш ба соли 1747 гузошта буд, бингарем, он мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории имрӯзаи ҶТ мебошад, ки дар асоси 10 бобу 100 моддаи Сарқонуни Асосӣ, онро бунёд гузоштаем!

Ва, боз ҳам, вақте дар шаҳри Душанбе- пойтахти кишвари тоҷикон мехоҳанд хонаҳо, айвонҳо, ошхонаву оғилхонаҳои шаҳрвандони комилҳуқуқ (на фуқароёни амир)-ро чаппаву валангор кунанд, на бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва бо дарназардошти талаботи қонуни асосии кишвар (моддаи 32-и Сарқонун), балки  бо қонунҳои навишта-нонавиштаи асри 13-и Ясои Чингизхон (Тимӯчин) амал мекунанд; ба ин маъно, ки Чингизхон Ҳироту Ӯрганҷу дигар шаҳрдавлатҳои бостонии тоҷиконро, аз сабаби он, ки бар зидди лашкараш (қушунҳояш, қушӯн вожаи муғулист, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ бас нораво ривоҷ ёфта истодааст), сахт истодагарӣ карда буданд, дарҳам кӯбида, супориш медод, ки пурра ба хок яксон карда шаванд (чаппакардани имрӯза)-у ба ҷояшон, пурра шолӣ ё наску нахуд коранд. Ва мекарданд. Ба ҷои илму фарҳангу ҳунаристон мекоштанд шолӣ, чун ақл тиҳӣ бошад, лоҷарам, шикамҳо бора ва соҳибшикамон шикамбора мегарданд…

Ҳар қавме ба давлат расад ончиро бо худ биоварад, ки дар «хурҷин» дорад. В-аз ин рӯ, аз гузаштаву шоликорию калламанорасозӣ (санъатҳои ақвоми бодиягард) бигзарем, қадам ба остони Тоҷикистони навин, Тоҷикистони «ба пеш» Тоҷикистони «гулгуншукуфо» бирасем, мебинем, ки боз ҳам фарҳанге бас аҷибуғариб дорад бедод мекунад: ба ин маънӣ, ки бозорҳои мо имрӯз  насталҷияи қарнҳои пӯсидаро бо худ оварда аст: яке ёде аз Кушониён, дигаре Корвони шутурҳои қатору он дигар, бародарони узбек омаданду он қадар «саройҳо» сохтанд, ки гӯиё дар як КОРВОН+САРОЙ-и бузурге дорад пойтахтамон ҷой мегирад, ваё магар, худ шуда аст КОРВОНСАРОЙ. Душанбе имрӯз шуда пур аз Яккасаройу Корвонсаройҳову рӯи имороташ насб гашта аст рамзу розҳои уштурону говону аспу харон. Бо ин ҳама басанда накардему даруни тамоми боғистону фароғатҷоҳову майдонҳову кӯчаву гулгаштҳо гузоштаем гуспандони гирддунба, аспони дар ҳолати шиҳакашӣ, барзаговони хоякашолу мурғу тазарву мурғмарҷону кабку бедона, шудаем аз худ бегона, қарор гирифта дар як марғзори пур аз ҷонварон, ва барои ин ҷонваристон чӣ зарурат аст барқ, оби шаффоф, гармӣ дар сардӣ, шароит барои зист?!  Бозору бохоргонии рӯ ба роҳ? Ҳеч, ба гумонам….

Бар мегардем ба Корвону Сарқонун:

« Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Моддаи 13. Сарқонуни ҶТ.

Ба ёд оварем, вақте наздиктарин минтақа ба Корвонро ширкати сохтмонии «Машрабгрупп» ба чаппондан оғоз карду мардум- соҳибмулкон ба ҳаққталабӣ бархостанду то ба «Ислох» арзи додхоҳӣ карданд, тамоми намояндагони ДАВЛАТ, ҲУКУМАТ, ТАРАФДОРОНИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ магарам ба ҷои ин гуна суханони аз асрҳои пору перормондае чун: «Замин ай ҷаноби Оллияй» «Брен, арзу додтона да кҷое мефоратон, кнен», « Шумо, бар зидди тӯраҷон-шаҳрдори ш. Душанбе, зуртон мераса муқобилият кунед?», «Замин, замини давлатай, хонаҳои шумо да рӯи замини давлат бино шидагияй», «Хонаву сақфу тунукаву шиферу бому айвону мебелу телевизорҳо- моли шумо, замин бошад они давлат аст ва давлат Президент аст, ва писари Президент намояндаи Давлат асту шаҳрдори Душанбе», ва шумо, кӯчаи крупскинишинон рӯи замини давлат нишастаед, ва давлат хонаҳотонро аз рӯи заминаш чаппа мекунад, ва медиҳад ба Машраб групп ва месозем имороте бас замонавӣ ба мисли иморатҳои Имороти Араб! Ва, дигар на Крупская, Надежда Константиновна- беваи В. И. Ленин инҷо ҳақи бозмондани номаш ҳасту на шумо ҳақи сукунат дар инҷоро. Ҷои Крупская Надеждаро мегирад Хол Машраб! Замин аз Машрабқурбошист, Крупская вон- там дар Русия.Ва мо- давлат медиҳем бароятон сари ҳар метри мураббаъ 400$-ӣ! Ин ҳам барои онки дар Конститутсияи ҶТ омада: «Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад».  Моддаи 32 К.Ҷ.Т

Вале, бо як аммои дигар, ки нархро на бар асоси «розигии соҳиби он(,) бо пардохти арзиши пуррааш», балки бо ризомандӣ ё ризоият (вожаи розигӣ хатоест, ки ҳатто вориди Сарқонунамон тули даҳсолаҳо гашта асту вергули баъди «соҳиби он»  низ сарфи назар шуда аст!)- и соҳибаш гирифта мешавад, вале ин 400$-и малъун ва ё 500$-и наҳснархи давлатӣ бозмондае аз аҳди Шӯравист, ки миллати тоҷикро кае хост кӯҷое хост «муҳоҷир» мекарду лоақал ба ҷои маскани собиқаш, дар якон чӯли Дилварзине ё даштҳои пурҷонвари Вахше зистгоҳ медод! На 400-у 500-бозӣ мекард!

Ҳамин 400-у 500$-ро аз кудомин гӯру мазор овардаанд? Кадомин тоҷик розӣ аст, ки хонаву дукону фурӯшгоҳу дигар «ашёи ғайриманқулаш»-ро ба ин арзиши ночиз «фурӯшад»?

Дар ҳоле, ки Сарқонун дигар чӣ мегӯяд, садбора ин моддаро бихонед, эй касоне, ки китобнахондаеду қонун надонед: «бо розигии (ризоияти) соҳиби он(,) бо

пардохти арзиши пуррааш»! «бо розигии (ризоияти) соҳиби он(,) бо пардохти арзиши пуррааш»!

«бо розигии (ризоияти)(,) соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш»!

Бигзор, ин модда чун такрори матнҳои кутуби муқаддас, он қадар дар гӯши мақомдорон такрор шавад, ки ҳатто дар хоби шабашон там «бо ризоияти соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш», танинандоз бошад. Бошад, ки «сохти конститутсионӣ»-ро мазмунашро дарёбанд.

Аз ин ҷо пайдост, ки ҳеч нафаре аз тоҷирони Корвон+ аз ин 500$×1 м.кв розӣ нест, балки маҷбураст, ки ба таъбири «аз хук мӯй»-е ноилоҷ «розӣ» шавад!

Вагарна, чаро дар вақте Раиси ҶДММ КОРВОН+ , сармуҳандис, сармуҳосиб, сармутахассиси оид ба фурӯши мағозаҳои навбунёд дар қисмати пеши ин бозор, ҳар м.кв-ро бо нархҳои 2000$×1, 2500$×1 ва чунонеки ҳамагон огоҳанд дуконҳои паҳлӯии онро 11000$×1 м.кв, 15.000$×1 м.кв фурӯхтанд!

Бинигар, вақте мегиранд (ғасби қонунӣ мекунанд 500$×1м.кв мепардозанд, он ҳам кае хостанд (масалан, то ҳол, бо гузашти 4 сол, бисёре аз тоҷирони дукончаппанагунбахтгашта, «бо ризоияти худ» ҳамон 500$×1 м.кв-ро ҳам нагирифтаанд.

Мо дар аҳди Шӯравӣ доштем «НАРХИ ДАВЛАТ», чун тамоми моликият Давлатӣ буданд, ва давлат нархи ягонаи стандартӣ дошт, ҳар ашёи манқулу ғайриманқулро, ки « моликияти Давлат» маҳсуб мешуд, дар чунин ҳолатҳо нархгузорӣ мекард, вале чун Тоҷикистон пас аз касби Истиқлолият ба низоми бозоргонии озод ва рақобати бозорӣ ворид гашту тамоми обектҳои давлатии собиқро бо як имзову супориш де-натсионализатсия кард, нархи «Давлати» гузоштан рӯи хонаҳо, мағозаҳо ва дигар дороиҳои шаҳрвандон дар ин кишвар, нораво гашт. Аз инрӯ, бояд ин 6-у 5-бозӣ ҳангоми нархгузории моликияти шаҳрвандон ғайриқонунӣ буда бошад, ва тибқи талаботи Сарқонун «маблағи пурраи он» пардохт карда шавад!  Чун мо дигар дар аҳди СССР намезием!

Баъзеҳо, ҳатто аз дунё гузаштанд аз сабаби ё оташсӯзиҳои собиқ дар  Корвон ё аз сабаби онки бе ҷои кор монда буданд. (Мондаанд)!

Далел:  https://youtu.be/eUc3KCoSSY0?feature=shared

(Аниқ дар дақиқаи 15:17)

Пас аз сӯхтор ин оила бадбахтияшон оғоз гашта аст!

Ва он 6 нафаре, ки аз як оила имсол фавтиданд, агар хато накунам собиқ тоҷири ин бозор буд. (Шояд ҳамин «азнавсозиҳо»-и охир ӯро аз дукону ҷои кор маҳрум карда бошад).

Медонам, ҳам гуфтану ҳам шунуфтани ҳақиқати дарду мушкилоти як миллат сахту сангин аст, вале чӣ кунем?! Бояд нафаре бигӯяд, чун ҳама забонҳо мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задаву бояд ҳам гӯше аз ин «мақомот» шунавад, чун ҳамагӣ гӯшҳо ғуруп гирифта аст. Кӣ бояд бигӯяд, он «кӣ» нест, Рустам аст- дар Сиистон аст! Ва он «кӣ»-ст, ки ин гуфтаро гунуфта бошад, Анӯшервон аст, ки дар Зобулистон аст?!

Дигар, фалсафаи баъдиҷангии ашъори Лоиқ ҳам коргар нест, ки мегуфт:

Ту напурс, ҷони бобо!

Ту напурсу ман нагӯям!

Ҳарчанде буридану афтидани як дарахти пир дар Ҷангалистонҳо бас оқубати сангине дорад, ки бо худ садҳо дарахтону ҷонваронро нобуд месозад, вале барои рушди боз ҳам, боқимонда «ҷангалиён» заруристу ба онон идомати ҳаёт мебахшад. Пас, бояд роҳи чораву ислоҳу

ободӣ (на аз ҳисоби шаҳрвандан)-ро ёфт!

Ҳарчанде марг ногузир аст, вале аз он чора нест!

Ислоҳи давлату бозораш, ҳам мисли ҳаряк организми зинда дар табиат аст, ки барои саломатияш, бояд забони гӯё бошаду гӯши шунаво! Вале, вақте мо мегӯем: ин организми ичтимоӣ (бозорҳо) беморанд, бояд табобат шаванд, набояд «табибо»-и ин мақомот  вазифаи «қассобӣ»-ро пеша кунанду бо таҳдиду пайгириву шантажу беобрӯсозию зиндонисозии «забонҳои гӯё» рӯи ҷароҳатҳо, ба ҷои малҳами ислоҳот, боруту мазути тааффунзо бипошанд, то дардҳо бо «соҳибош» мурда раванд.

Агар, гурдае бемор аст, табиб сари бемор набурад. Агар дандоне дардманд аст, ҷоғро барнакананд. Агар мушкилот аст роҳҳал ёбанд, на инки чун дуконанҳои қатораки лаби шоҳҷодаи 8-метраи Корвон+ «пардапӯш» шаванду дар паси он «доля» ситонанду корҳоро «ружд» карда, «дальше» кору бори «бачаҳакои боло»-ро бинанд.

Ин бозору ин давлату ин ҳукумат набояд,  ба мисли аҳромҳои фароъина ба тарзи ҳарамии аз поён ба боло сохта мешуд, балкӣ, бояд ба мисли арасот ружду ҳамвор сохта мешуд, то «саг соҳибаш»-ро ёбаду дар ин ватан «бачаҳои болову поён» надошта бошем!

Тагобиҳову болообиҳо ҳам надошта бошем!

Гуфта шуда, ки дар арасот чун як тухм бигзоранд, ҳама башарият онро аз машриқу мағриб бубинанд, вале ҳоло чӣ мушкилоте ба миқдори тухм, ки агар мушкилоте ба мисли деву ҳингилдевҳои афсонаҳои ниёгон доштаем, пушти пардаҳое чун «Куҳи Қоф», он чунон ноаён гаштаанд, ки рӯзе сар бароваранд, миллатро заҳракаф хоҳад кард. Вале, бовар дорам, ҳаряк мақомдори «сохтиконститутсионипараст»  ин девҳое аз мушкилотро қабл аз мо- «шаҳрвандони одам» дида, вале кӯрӣ то кай,вақте мебинӣ?!

Ё китоби «Кӯрӣ»-ро бибояд хонанд, ки сардамдоронамон ҳамагӣ профессору номзади илманду китобхону муаллифони 10-ҳо осори «гаронарзиш».Мушкилоти ҳаётии як миллатро бо китобхонию китобдонию китобнависӣ ҳал натвон кард, ки ин китоби зиндаи як миллат аст, ки бояд бардошту диду хонду мушкилоташро ҳал бубояд кард…

«Шаҳри кӯрҳову якчашмаҳо рафтӣ, як чашматро кӯр бигир»,  дигар кореро барои ин миллат ба пеш намебарад,балки агар дидӣ, ки нобинову чоҳ аст, агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.Агар дар шаҳри кӯронӣ- роҳнамоӣ кун, чу биноӣ!

Агар табобатшавандаанд, ба ҷои «як чашматро кӯр» кардану ба саффи кӯрдилон ворид шудан, табобаташон кун, шояд, бубинанд рӯзе чоҳро аз роҳ ташхис диҳанд, ки ин олами мурдагону кӯрон нест….

Чӣ фалсафае бофта ин миллати ғофил, ки ба ҷои лаънат бар торикӣ шамъе намеафрӯзад, балки охирин чашми биноро ҳам кӯр месозад, ҳамон гуна, ки чашми бинои одамушшуарояшро «кӯр» кард, то то абад «кӯр» бимонад?!

Огоҳӣ: дар аввали чаппасозии дуконҳои Корвон+ тамоми  намояндагони мақомотии бозор ба тоҷирон ваъда медоданд:  «ҳеч яке аз Шумо бе ҷои кору бе дукон намемонед». Ин сухане буд, ки ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам кормандони ғайриштатии бозорияшон ба гӯшҳо, бор-бор мегуфтанду ҳамагӣ бовар кард. Хуб, дуконамонро барои ободии гӯшае аз диёр мекананду ба ҷояш дуконамон медиҳанд. Вале, тушбераро ҳамагӣ хом шумурда будем, ба ҷуз огаҳон!

Оғоз карданду канданд, бо даст ҷудову бо пехлопат ҷудо, бо по ҷудову бо экскватор ҷудо, шаб ҷудову рӯз ҷудо. Он қадар канданду канданд, ки ҳазорон тоҷир бе ҷову макон шуд. Ду пояшон чуноне мақомотамон метарсонадамон « аз ҳаво омад» ё «дар ҳаво монд».

Қисмаш иҷоранишин гашт дар бозоре, ки бо маблағҳои бас ҳангуфт, бо сад орзу барои «таъмини амнияти иқтисодӣ»-и худу фарзандонашон замоне харидорӣ карда буданд.

Дидгоҳи ҳукумату шаҳрдорию дигар мақомот ба тоҷирони ин миллат бояд як дидгоҳи миллӣ, мардумӣ, инсонӣ ва худӣ бошад, на ба мисли дидгоҳи лордҳои Инглистон ба мустаъмараҳои собиқаш, ки Террентов дар китобаш: «Россия и Англия в средной Азии» оварда аст: инглисҳо аз ҳиндуҳо, ҳарчанде, андозҳои ҳангуфт ҳам бигиранд, он ба некуаҳволии ин миллат таъсире надорад, чунки ин ҳама миллионҳо ба берун- ба метрополҳои Инглистон бурда мешавад ва ба миллати ранҷкашидаи Ҳинду  камтарин суде  надорад, чун барои ҳукумату давлати онон истифода намешавад. Обхезию хушксолию заминҷунбию қаҳтию чаппашавию «чаппасозӣ»-ҳои пайдарпай танҳо бар зиёни ҳиндуҳост, ба Инглисҳо асаре надораду онон ба ин ҳама мусибатҳо аз паси панҷа менигаранд.

Инглисҳо мекушанд, ки ҳама гуна истеҳсолоту заводу фабрикҳоро дар хоки Ҳинд ба нестӣ расонанд, бошад, ки ҳиндуён танҳо таъмингари масолеҳи хоми истеҳсолотӣ барои Инглисҳо боқӣ монанд. Барор ин болои ҳама гуна мошинолотҳои истеҳсолӣ боҷи гарон мегузоранд, то инки фикри истеҳсолот маҳв гардад. Кор то ҷое расид, ки ворид кардани ҳама гуна мошинҳоро ба ин сарзамин мамнуъ эълон карданд….

Вале миллат роҳи раҳоии худро меёбад… С., 260-63

Барои кӣ Мирзо Турсунзода ин шеърҳоро мегуфт? Барои имрӯзи тоҷикон, ки ҳолаш ба асри пору перори ҳиндувон баробар гашта:

Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст

Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набаст…

Ин шеъри тулонӣ дарди гузаштаи ҳиндувону имрӯзи мост. Ҳама дард дарди сарват, шаҳват, қудрат ва шуҳрати касонест, ки аз манзури «ғолибият» бар миллате фармонравоӣ кунад!

Мушкилоти ин бозор:

1. Чуноне қайд кардем, ба ҳеч тоҷире бар ивази хариди мағоза ё дукон ҳеҷ гуна ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибмулкӣ дода намешавад. Балки бо услуби «бобоӣ«» «говсавдо» мекунанд. Дасти мардӣ медиҳанду пас аз чанд соле, бо дигар дасташон онро фурӯ мекубанд: «рав ба куҷое хоҳӣ, арзу дод гу». На даъвои ҳуқуқӣ, на додгоҳӣ ва на «дасти мардонагӣ» ба дардат намехӯрад!

Қиссаи Маснавиро ба ёд меорад, ки дарвеше мегуфт: Хар бирафту хар бирафту хар бирафт!

2. Дар оғози ташкилёбии ин бозор одат ин буд, ки ҳар нафаре мехост ба тиҷорат машғул шавад, омада бо бозордор шартнома барпо карда, бо маблағи муайяне дуконеро ба иҷора мегирифт. Ва чун бозор гарм шуд, тадриҷан бозордор ҳар дуконеро, ки солҳо қабл ба иҷоранишинон иҷора дода буд, ба фурӯхтан оғоз кард. Ҳамагӣ дуконҳоро харида соҳиби дукон бояд мешуданду аз иҷорапулию иҷоранишинӣ барои ҳамеша озод мешуданд. Вале, ин гуна нашуд. Пас аз пардохти маблағи дуконҳо ҳам статусашон ҳамоно  иҷоранишин боқӣ монд, ки монд. Чеки ҳаррӯзаро месупоранд, иҷорапулии ҳармоҳа ҳам лағв нашуд. Яъне бозордор мегирад аз бозориён ҳам иҷораи ҳаррӯза, ҳам иҷораи ҳармоҳа!

Аҷабо, дуконҳоро чаро харидаем?!

3. ҶДММ КОРВОН ПЛЮС ҳамчун субекти ҳуқуқӣ (тиҷоратӣ) бо давлат шартнома дорад, модом, ки аз тоҷирон барои соҳибкорӣ маблағ меғундорад, бояд дар назди тамоми мақомотҳо (ба ҷуз Кумитаи Андоз) ӯҳдадор бошад, ки маблағҳои зарурӣ

ва ҳатмии давлатиро аз ҳисоби фонди худ пардохт намояд; дар назар дорам:

1. Амволи солонаи давлатӣ;

2. Хулосаи «Оташнишонӣ»;

3. Хулосаи санитарӣ-гигиенӣ;

Вале, ҳар 3 намояндагони ин мақомот ҳамроҳи «чекчин» (нозирон)-ҳо, дар даст як китоб ба мисли Низомулмулк, дар растабозорҳо гашта: «Ака пули амвол»!, меғундоранд. Ҳарчи қадаре хостанд- «мечинанд» чун дар Корвон+ «алафи пулбанд» мерӯяду ин чекчини пулчину амволчин мечинанд, дигар!

4. Генселчиён бошанд, ба Корвон бо хар омада, аз инҷо, пас аз гузашти чанд солаке, бо Лексус, БМВ, Прадоҳо, бо рақамҳои крутой аз кор мераванд. Зиёд нестанд, ҳамагӣ 4 нафараканд, бечораҳако. Ҳар кадоме, «дар Пойтахти мо, ҷуз рӯзи сахти мо»(Лоиқ), чӣ ҳам дораанд; 3-4 аптекаҳаку 1-2 хонаҳак дар маркази шаҳру як-ду ошхонкҳаке…..

Меоянд бозор барои «чиндан» боғи язнаҳошон, ки ворид шуданд, ҳарчӣ даҳонашон бурд « ставка» мегузоранду «тус андохта храб» мезананд, чун тоҷиканд, шиори тоҷикии бозорӣ доранд: « Бозор бардошт- зам кун, набардошт- кам кун».

Каму зам ку мекунанд, вале барои ветеринаҳои холимондаи аптекаҳояшонро пуркардан ҳам вақт доранд: (генселиён)- салом алекум ака, и борои ту бояд да аптека фурӯхта шавад!

Ака, хдтам инаи кремо, шампуно, вазелино, рӯғано, массажкаҳо, аппаратҳоеро, ки «бори аптекавиян»-ро ҳақи фурӯш надорӣ?!

Чӣ?!

Нашнидӣ?!

Иёра ай кҷо овардӣ? — ай хтан ё ай хориҷа овардӣ?! Ҳа, ай хориҷа овардагии…?!

Через кҷо ворид кадӣ и борои «мамнуъ»-а?!

Через гӯри модарат…!, рав каргора саволу ҷавоб кун.

Гӯш, кн! Я халта те, я шиваки биёр, Сафар, Зафар,  Алик, Малик. Сар кадем! Бор кадем! Мебарем « аловшон» мезанем. Ва алов мезанандашон дар ветеринаҳои мағозаҳояшон, чунки аптекзебанд- охир!

Дар Бухороямон ҳам охир роиҷ буд -ку! Ҳар духтаре дилрабо мегашт, «Зеби дарбори ҳумоюнӣ» мегашт, бояд мебурданаш, дар қопча-ми, дар рӯи хар-ми, дар думи асп-ми…

Боз ин Генсел ҳар сари 4-у 5 моҳ «ставка» доранд, меоянд Корвон: бачаҳо мо РЕД омадем.

Чо кнем?

Я мефаҳмидагит бра бачаҳора фаҳмон.

Чандӣ ҷам кнем?

И сол ставка боло рафтагияй. Ай боло супориш шудай, ки имсол 800 ё 900 ё ҳазорӣ сари ҳаряк дукон ҷам кнем. Хай хтон маслиҳат кнен, масалан 8 ҳазор сомон тиен. Да и рияд чанд касай?

Фалон қадар кас?

Хай, фаҳмо, то соати 11 ҳамаша да як селофан ҷам карда, оварда тиен. Мо мерем.

5. Ҳар сари соли Худо як варақаки сафедро бо номи « шартномаи иҷорадеҳу иҷорагир» тартиб дода, оварда ба так-таки тоҷирон бо « чидани» 120 сомонӣ тақдим» мекунанд! Урра, шумо як сол ҳуқуқи иҷоранишинӣ доред! Вале, ҳамин «ярлуқ» -и ҳумоюниро соли 2020 аз дасти мубораки чекчинон, бо имзои улёҳазрат Раиси Бозори Корвон+ дастрас карда, ба дида молида, дар тоқи болоии сарҳомон гузоштем, як вақт дидем, ки 6 моҳ нагзашта, ҳам тоқ бар сарамон фурӯд омаду ҳам қибла каҷ омад!  Туморҳои инҳо бас бешафоат буда….

6. Шумо тоҷирон, албатта «ҳуқуқ» доред, ки дукон ё мағозаҳои харидаи худро ба касе дигар фурӯшед, вале аввал рафта ба муҳтарам сармуҳосиб ё раис ба маблағи як кали амрикоӣ 100$ пардохт намоед, то ин ҳумоёнсиратон як назари иноят бар коратон нигошта, дар компутари муборакашон номи номубораки шуморо « хат» зада, номи « муборак»-и тоҷири навро забт намоянд. Душвор аст. Сахт душвор андар системаи компутар номи Аликро Малик кардан!!

Охир, мебахшеду лекин « бе пул суханат асар надорад»-ку мегуфт, устоди Тоҷикон- Мирзои Турсунзода. Ун марди майдон « Расми хуби точикон»-ро хуб медонист, ки ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН шуд!

7. Системаи бозордорӣ инҷо заъфу камбуд дорад.

Аз ин ҳама бигзарем, вақте роҳро васеъ карданд, вақте ҳазорон -ҳазор дукон дуди само гашт, вақте пулдорон дукон хариданду кампулон иҷоранишини ҳар мағор гаштанд, ба бепулон роҳи сафед!, нишон доданд. Кор тамом нашуд. Дар нақшаи- Генплан агар 8 -метр ҷодае сохта мешуд, чекчинҳо, сармуҳандис, собиқ Раис ва дигар «манфиатварон» 9-метр ҷодаро кандан, вале 8-метр роҳ сохтанд. 1- метри боқимондаи лаби ин ҷода, мурғи тухмитиллозои «дастандаркорон» шуд!

Чаро чунин шуд?

Чунки, борҳо- такрор ба такрор, дар гузашта ин таҷрибаи «алик-малик»-ро ин оғоён доштаанд, ки ҳар боре бозорро «азнавсозӣ» карда ё дар натиҷаи «оташакбозӣ» сухта хокистар мешудаву бодашро об пошида, парт мекардаанд: ҷайбҳои тамоми кормандони ҳарамии Корвон+

ҷои дастандозӣ надошта аст.

Худо дод. Аликро ба ҷои Малик меовардаанд, агар 100$ 200$ 300$ ришват диҳад. Боз ҳам ҳаннотӣ, боз ҳам шоҳмотбозӣ- ҷойивазкунаку пулкоркунак. Дар ин кор пирчекчини Корвониён Хизмат таҷрибаи калон дошта аст!

Доллар бидеҳ, пештар биё. Ришват бидеҳ, боло гузар!

Ҳарчанде раис рафту муовин рафт, басе дарбону харбон рафт, вале ҳол боқист ончуноне буд!

Сухан на танҳо сари 1 м.кв боқимонда аз дуконҳои саррезшуда аст, балки ин «таҷрубадорон»  2 соле қабл, шиштанду андеша карданд, ки чӣ кор кунанд, ки « қонунан» аз дукондорони 1-уму 2-юм (дар ҳар раста) низ дуконҳояшонро бо ҳар роҳу васила « бихаранд» ҳамон гуна, ки бо баҳонаи » азнавсозӣ» ҳазорон дуконро « Насия» « хариданд»!

Фаро хонданд ин ҷанобонро! Фаҳмондадиҳӣ карданд ҷавонмардонро! Тарсонданд тарсуҳошонро! Вале инҳо ба забони ҳол омада, якдилона, дастаҷамъона- чун Маҷлиси Сенати Амрико, тасдиқ карданд: медиҳем! Чӣ медиҳед? — пул!

Аз куҷо меёбед пул?!

Аз сари дилу шиками фарзандонамон!

Чаро пул додан мехоҳед ба мо- ҷанобон?!

Барои дар дуконҳоямон мондан!Куҷо равем?!

Пулкобӣ, пулёбӣ!

Ва оварданд дукондорон пулҳои зери болишту болинашонро ва доданд бо ду дасти адабу бо камоли мамнуният, бо хандаҳо дар лабҳо, бо ғамҳо дар дилҳо, ба раисон. Ва ҷояшон карданд дар собиқ дуконҳояшон!

Урра! Зинда бод адолат!

Адолате, ки 35000 сомнӣ ва 40.000 сомонӣ арзиш дошт.Ва гирифтанд аз эшон имзоҳои муборакашонро мабнӣ бар ин: Ман Фалонӣ писари Беҳмадонӣ, дар баробари забонхат навиштанам, ба самъи мубораки ҷанобашон мерасонам, ки ҳангоми «дуборасозӣ»-и боқимондаи Бозори Корвон + розиям, ки аз сафи аввал хеста, дар ҷои 3-юм рафта дукондорӣ кунам! (Ҷои якуму лаби ҷодаи пуродам ҳаромам бод, агар даъвое кунам). Розӣ (ба қазову қадар)-ам, даъвое надорам. Ака, ина 35 ина 40 ҳазор сомонии нақд, я дуои дига те. Рав дар дукони собиқат ҷумҷитак як ду солаки дигар шин. Аку я дуои дига хдт те. …

Ҳамин дурӯғ бошад, рӯям сиёҳ!

Хулоса бо иваз кардани раису муҳосибу корманде мушкилот ҳал намегардад, чуноне Тоҷикон гӯянд: «тарки одат- амри маҳол»! Ҳар дардеро давоест ҳар ифсодеро ислоҳе.

Аз инҷо бояд шурӯъ кард:

Ҳама тоҷиронро бо дукон дар баробари дукон таъмин кунанд. (На бо додани пули ночиз, он ҳам пас аз гузашти 3-4 сол) Ҳар касро дар макони собиқи худ бояд дукон сохта дод. Дукони якеро ба дигаре набояд дод!

Ҳама он тоҷиронеро, ки ноумедона тарки дукон карданд ё беҷои кор монданд ё иҷоранишинӣ дорандро дар ҷое аз ин бозор гирд оварда ба ҷои кор таъмин кард.

Ба ин суол кӣ ҷавоб медиҳад, инҷо бозсозӣ буд ё «сокращений» тақлили тоҷирон, ки дар ҶТ ягона манбаъи андозсупоранда ба давлат маҳсуб мегарданд?! Мардум чаро менигорад?

Шумо, ҷанобони мақомдори мақомотҳои «бологард»-у «болгард» намебинед? Намешнавед?

Мардум, агар мақомеро пуштибони худ медид, кай ба ҳазорон километр дуриҳо арзу дарз мекард?

Чаро ислоҳ намекунед? Чаро ислоҳ намешавед?

Гуфтанду гуфтему хоҳанд гуфт, вале натиҷа чист?

Якеро бурда мекӯбед ба номи қонун! Кадом қонунро худ риоя кардед?

Якеро бурда зиндонӣ мекунед, ба номи адолат, ҳол онки ӯ худ қурбони адолатхоҳӣ гашта аст!

Бурдеду дафъ кардед як раисро ва овардед дигар

раисро. Кор ҳамон, мушкил ҳамон. Ҳамон Аҳмади порина!

Система бемор аст! Беморе, ки тазоҳур ба сиҳҳатӣ мекунад!

Раиси нав чӣ кор кард?

Ислоҳоти бозору бозоргонӣ ба роҳ монд?!

На! Ҳичӣ!

Омаду системаи қаблиро боназокаттару дурандешонатару пӯшидатар идома дод.

Аликро ба ҷои Малик овард. Ҳамон услуби пӯшида- гӯр сӯзаду деги гадо ҷӯшад. Ва хуб ҳам дорад булоқӣ меҷӯшад!

Чуноне гуфтам, роҳеро, ки тибқи нақша (генплан) 8 метра буд, канданд 11 метр. Аз тарафи рости ин «шоҳроҳ» сохтанд дукончаҳо: қаторак. Муборак! Муборак! Тухмакотон қаторак!

Шоҳроҳ шуд 11-2=9 метр! Аз ин 9 метр, минҳои 1 метр монд ҳамон 8 метри стандартӣ! Вале, чуноне мегӯянд: ҳама як ваҷаб (метр) замин насибаш аст. Ва ҳамин 1 метри «лаби раҳ» насиби гӯри ҷаноби Раиси ҷадид шуд!

Ҳама соҳибдуконҳоро бо ин қавл (на риояи адолату қонун) : «замин, замини бозорай. Ай шмо бд, ай мо шид!», ғасбу тасарруф карданду рӯи ҳамин як метр сохтанд, аз самти чап (самти офтобнишин) дуконакҳо қаторак, иди раис муборак!

Сароғоз ҳар «корчалону ришватсупор»-ро хостанду гуфтанд: сари 1×2 м.кв бте

1000 сомонӣ иҷорапулӣ, мо дафъ мекнем соҳибои и дуконора: замин моли давлатай ку (давлат инҷо ба маънои ҳуқуқии бозордор аст).

Ва саргардону навмед шуданд мунтазиртоҷирон! Бирафтанд, ҳаркӣ ҳар тараф. Чунки бо зарби шаттаи 6-ум отдел, гӯиё ҳамаро рӯжд кардаанду дар оби лойи Корвон моҳӣ мегиранд. Моҳиҳои калон-калон, ҳайвон-ҳайвон! (Ин сухани ҳамон гуштимурғфурӯшест, ки мурғҳои ҳаром-ҳаром назди

бозори Корвон мефурӯхт).

Ва ин 1000 сомонӣ ба Раис кам тофту 2000-аш кард. Ва дигар гурусначашмтоҷирон тамаъ дар ин дукончаҳо карданд, ба раису ёрдамгаронаш 3000 сомонӣ дар моҳ пешниҳод карданду  нарх шуд гарон. Ва пас аз он нафсҳо ҳор шуданду 3 шуд 4, 4 шуд 5 ва 5 шуд 7 ҳазорак. Ва дуконакҳо шуд қаторак- мор-морак!

Раис сум меғундорад. Суми бедарди миён! 1,2,3 ва 100-ҳо чунин дуконакҳои «сабукборони соҳилҳо» СОҲИБ пайдо карданд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ҷаноби Раис!

Бо ин иҷорапулигирӣ қаноат накарда, барои боз ҳам «зеботар» кардани бозорамон, ҷаноби раису мушовиронашон аз ҳаряк тоҷири навсоҳибдуокони бодоварда аз 24.000 сомонӣ то 70.000 сомонии нақд, бар ивази насб кардани жалюзаҳои зардранг, гирифтанд. Ин пулҳои иловагиро танҳо барои ҳамон жалюзчики супориданд, на аз аренда (2, 3, 4, …7 ҳазор) дар моҳ озод гаштаанду на соҳибдукон шудаанд. Танҳо барои 2 солак ҷаноби Раис онҳоро мегузорад, ки дар ин «соҳил»-и сермоҳӣ «лой» ҷамъ кунанд.

Ҳеч яке аз ин садҳо тоҷири «бодоварда» ҳақи қонунии машғул шудан дар ин дуконҳои (мутаалиқ ба дигаронро) надоранд!

Головоломкаро ин раис калонтар аз ҳамтои собиқаш кард!

Бурданд раис, оварданд дигар раис, корҳо ҳамон корҳои саис!

Ин ҷамоат одат кардаанд бар шури-мурӣ. Ҳар боре бозореро бисӯзанд ё бисозанд якеро мебаранд болову якеро миёранд поён, пул кор мекунанд аз ин шоҳмотбозӣ!

Борҳо ин корро чекчинҳои пиртаҷруба дар ин бозор амалӣ кардаанд. Боковой, угловой, широкий рядҳоро (чуноне мегӯянд) аз соҳибонашон  меситонанду ба дигарон, бо нархҳои осмонбӯс

мефурӯшанд. Миллаашон намепарад. Чунки инҳое, ки дуконҳои дигарронро ғасб кардаву лабиҷарнишин гаштаанд, хуб нафси ин Раисонро омӯхтаанд, ки фурсати ҳар муомилабозӣ, айнан пас аз сухтору бозсозӣ, то мавъиди дигар, фаро мерасад! Даъво ҳаст?

Ҳаст. Дуконҳоямон!

Дуконҳотон дига нест!

Заминаш?

Замин моли дават аст! Касеро хоҳем, оварда болонишин мекунем.

Вассалом

Тамом?….

Сообщение Бозор оинаи фарҳангу маданияти ҳар миллат аст ё ҷои алик-малик? появились сначала на ISLOH.net.

Оё тоҷирони бозори «Корвон» омодаанд ба домоди пешво бигӯянд “Баро!”?
дасти харобиовари Раҳмон ва домоди вай ҳазорон тоҷики дигарро бекор мекунад.

Аз оғози соли гузашта дар бузургтарин бозори Тоҷикистон –“Корвон” ба баҳонаи навсозӣ ва муосиру замонавӣ кардани он дар инҷо корҳое рафта истодааст, ки тамоман дар ягон меъёр намеғунҷад. Дуруст аст, ки ба Нуршед Машрабов, раиси “Корвон” Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе нақшаҳои миёншикан бор карда аст. Вай маҷбур аст хонаҳои атрофи бозорро бихарад ва тамоми маҳдудаи бозори Корвонро бо тагхонааш бозсозӣ кунад. Аммо савол пеш меояд, ки пас, саҳми язнаи Рустам дар ин навсозӣ чи андоза аст?

Танҳо дар самти пеши “Корвон +”  биноҳои замонавӣ бунёд мешаванд. Дар боқии қисматҳои бозор таҳхона ё зермағоза сохта намешавад ва табиист, ки маблағ ҳам масраф нахоҳад шуд. Тибқи хабарҳо танҳо боми тунукагии он, ки воқеан офтобногузар ва дар зимистону сардӣ азиятдиҳанда аст, бисёр вақт ( ҳангоми барфу борон) мечакад, иваз карда мешавад. Ва, шояд ба ҷои дӯконҳои одӣ ягон тунукагие ё контейнерчае ё ягон «ҳилаи дигаре» «придумать» мекардагистанд ва боз аз тамоми соҳибони дуконҳо, ки борҳо барои «таъмири дубора»-и дуконҳои худ ба соҳиббозор маблағҳо додаанд, ин дафъа аз меъёри муқарарӣ зиёдтар ва дар ин як соли ковидию буҳронию камсавдоӣ охирин дороии худро «бо ду дасти адаб» бароварда хоҳанд дод. (Ба гуфте ҳар соҳибкоре новобаста ба дороияш бояд сари ҳар як метри квадратӣ 1000$ бидиҳад. Худ ҳисоб кунед, ки соҳиби дӯкони 4×2=8×1000$ яъне 8000$ ба оилаи носерам пули «ҷанобона» бипардозад).

«Мо- тоҷирон на онгуна, ки «васфамон» мекунанд: «беинсоф», «фиребгар”, “машеник»-у  «гаронфурӯш»-у «кучабозори» буда бошем, нестем; балки бахши зиёде аз тоҷирони Корвон +, ки мешиносем, кормандони собиқи маориф, ҳифзи ҳуқуқ, дипломдорҳои донишманду донишгоҳӣ, диндонону диндорон, занҳои поккору ҳалолкор, закотдиҳандагони содиқу амонатдорони бовафову ҳоҷиёни ҳалолхуру боинсоф, ҳам кам нестанд.»

Вале язнаи Рустам аз кулли тоҷирони Корвон + бояд дар ин соли барои Падарарусаш душвор доля бигирад. Фурсати хуб барояш даст дода аст, ҳам барои кисаи худ ва ҳам барои хусури носерамаш дар бадтарин сол ҳам маблағ «зарур» аст!

Молики Корвон+ дар асл ҳамон домоди обигармии Президент аст. Вале, ин қавми ҳама чизро ғораткарда, метарсанд, ки ашёи ғоратшударо мустақиман ба номи худ кунанд. Аз рӯзи мабодо метарсанд. Аз ин рӯ «барраҳои қурбонӣ» ва «чанголҳои гурбаӣ«-е барои соати (Х)- мабодо доранд.

Аммо ин қучқори қурбонӣ, кист, ки имрӯз «раиси бозори Корвон + «-аш меноманд?

«Ин дастнишондаи Оила аслан  аз Файзобод буда Оев Аҳрор ном дорад. Ҷонишинаш, ҷавони ҳузарбу тануманд Сӯҳроб ном дорад. Дар гирду бараш ҳам ҷавонони зиёде ба назар мерасанд, ки аз пасаш бо китфҳои дамидаву гарданҳои  ғафс, чун замони манғитиён курниш мекунанд. Ва ин «Раис» бо дӯғу пуписаву нописандӣ, дилхоҳ тоҷирро барои камтарин «камбудие» дар малаи омм, таҳқир мекунад. Ва барояш, ки бас бесавод аст, донистани моддаҳои 33 ва 36-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона ва «НОЛОЗИМ» аст. «

Масалан, бо баҳонаи ҳамин ниқоби тиббӣ, тоҷирони саҳван бениқоб омадаро руйирост таҳқир карда таҳдид мекунанд, ки «дафътон мекнм».

Қисмати “оптовий”-и бозори Корвонро домоди Эмомалӣ Раҳмонов аз дасти Нуршед Машрабов, раиси ин бозор чанд соли пеш кашида гирифта буд. Он тарафи бозор,ки ба худи Нуршед тааллуқ дошт, баъди расонаӣ шудани вазъияташ дар “Ислоҳ.нет” ба нафъи соҳибкорон ислоҳ гашт.

Аммо, акнун, домоди президент дар ҳақи соҳибкорон ҷабри зиёд кардан дорад. Ягон пурсишеву саволеву ҳарфе бо соҳибкороне, ки қаблан бо нархҳои гуногун ин дӯконҳоро харида ва то ба ҳамин қарибиҳо кор мекарданд нест. Тамоми дӯконҳои соҳибкоронро бидуни пардохти ҳатто 1$ чаппа карда, ба ашхоси пулдор фурӯхта истодааст. Ва медонед бо кадом арзиш?1 метри квадратӣ дар тарафи гузаргоҳи асосӣ, дар роҳи главный ба маблағи 12.000$.  Дар дохили иморати навсохт бошад, як мағозаи 16 квадрата ба маблағи аз 40.000$ боло. Ва аммо ашхосе, ки соҳибдӯкон буданд, ҳатто камтарин имконияти соҳиб шудан ба дӯкони 4 квадратаро ҳам надоранд.

Қисми зиёди тоҷирон, ки сармояи кофӣ ва имконияти калони молӣ надоранд, тадриҷан аз дӯконҳояшон, ки дар ин шароити курунои ягона ва охирин василаи бихуру намурашон буд, маҳрум мешаванд.

Баъди навсозӣ ва замонавӣ кардан қасд доранд, ки тамоми тоҷиронро аз низоми патентӣ ба низоми шаҳодатномавӣ (ҶДММ)-и гузаронанд. Аз ин рӯ, дар сохтани мағозаҳову таҳхонаҳои бинои мазкур усули аз 10 квадратӣ бештар роҳандозӣ карда шуда аст ки дар ин ҳолат на ҳама тоҷирони иҷоранишину кампул имконияти хариди дубораи дӯкони худро доранд.

«Нархномаи квадрати «Корвон»-и Нуршед аз  “Корвон +”-и Оила хеле фарқ дорад. Нархи 1 метри квадратии Корвони Нуршед 1300$ то 1500$ аст. Аммо нархи Корвон + 1500$ барои зермағозаҳо ва 2000$ барои ошёнаи якуми бино, дар 1 метри квадратист.»

Характеристикаи биноҳои Корвон +и «раис» Оев Аҳрор:

Бозори “Корвон+” аз боло ба поён дар самти рост қарор дошта, он дорои  10 даромадгоҳи асосӣ мебошад. Корҳои биносозӣ, аз поён ба боло, 6–7 моҳ қабл, пас аз шуюъи коронавирус, оғоз гашт. Ҳар марҳалаи сохтумони биноҳо, ки дар маҷмӯъ 4 иморати мустақилро фаро мегирад, 6 моҳ идома хоҳад кард. Сохтумон аллакай ба даромадгоҳи васати 6-ум расида аст.

«Раиси (дастнишондаи домоди президент) дар бозори ЧДММ “Корвон+” инсони хеле бад аст. Касе камтарин эътироз кунад, бо ҳамроҳии амниятиҳои бешумор ба дӯконаш рафта, ӯро таҳдид мекунад: «ай и бозор дафъат мекнм; фаҳмиди. Кчое рави ягон кас ба додт намераса»!!. Ва дигар суханаш ин аст: «Рута сиёх накы, чи рута сиёҳ дори?!».

Мардуми тоҷири ин самт, ки дар сӯхтори соли 2013 бузургтарин эътирозро ба роҳ монда, ва аз ҷониби Маҳмадсайид Убайдуллоев дастгирӣ ёфт буданд, ин дафъа сахттарин ҷаврро дида истодаанд. Яъне, дӯконҳояшон бидуни ҳеҷ пардохте чапа гашта, худашон бо бору амволашон, аз бозор берун бароварда шуда истодаанд.

Аммо, ин ҳама, ки сахттарин зарба ба иқтисоди онон аст, нафареро ҳам ҷуръат намедиҳад, ки назди ин ин раисча рафта эътироз кунад.

«Гап дар инҷост, ки ҳама дӯконҳои навсохтро ба наздикони худашон фурӯхта истодаанд ва бозори яклухтфурӯширо пурра гирифтанд. Инҷо мо пушти кор чисту кист намедонем, аммо мегӯянд, ки ин бозорро оқибат кадоме аз домодҳои президент тамоман аз они худ карданӣ аст. Инаш ҳам дарди бахайр. Аммо ҳоло мақсад доранд тамом “опотвик”-ҳоро ва чаканафурӯшиҳоро ҳам аз одамони худашон монанд ва онҳо пули ҳамин домодро бояд бичархонанд. Барои ҳамин бояд дар даруни бозор одами “бегона” боқӣ намемондааст ва ҳама аз они ҳамонҳо мешудааст. Худованд инҳоро кай сер мекарда бошад?»

Феълан инҷо ҳама чиз буҳронӣ аст. Соҳибкоронро, ки тамоми ин муддат дар инҷо кор карда ва боиси ободии ин бозор шуда буданд аз камтарин иттилоот маҳрум месозанд. Дар маҷлисҳо ваъдаашон додаанд, ки бароятон дар таҳхонаи бинои нав албатта ҷой медиҳем ва ҳама хомӯшона дар интизори анҷомёбии корҳо дар подвал буданд. Вале вақте мераванд, ки дар онҷо ҷобаҷо шаванд аммо дӯконҳои подвал соҳибдор ва соҳибони дуконҳои подвал инҳоро аз онҷо меронанд ва мегӯянд,ки “ин “точка”-ҷойҳоро мо кайҳо харидаем. Барои шумо инҷо ҷой нест.” Ва бечораҳо дар ҳайрат монданд, ки ин 6 моҳи тахрибу азнавсозӣ инҳоро раиси “Корвон плюс” фиреби маҳз дода буда аст.

Ва имрӯз боз маълумот расид, ки тамоми бинову гирду атрофи онро, ки “горячые линии” меноманд, мардуми Хуҷанд харидорӣ намудаанд. Дар инҷо бадтарин кор рафта истодааст. Бозорро тамоман инсонҳои наву тағадору бегона забт карда истодаанд. Бештари лақайҳову узбакҳову хуҷандихову ургутиҳо алакай ҷобаҷо шуда истодаанд,намехоҳем миллатчигӣ кунем онҳо ҳам шаҳрвандони кишваранд,ба Худо аламамон мекунад моро фаҳмед охир. Ростӣ, мардуми куҳистонии тоҷик, ки дар инҷо фаъолият доранд, аксаран «бетаға» ва кампуланд. 80% -и онҳоро ба ҳошия ва зовияҳо ронда истодаанд ва онҳо маҷбур бозор мекунанд. Корвон замоне сабаби ризқи аксари мардуми тоҷику узбек буд. Ҳоло инҷо низ ба дасти аҳриманони оила афтода, “отчистка” рафта истода аст.Аммо бояд ин Узбекҳо донанд онҳоро ҳам фиреб мекунанд ва мо гуфтему шумо ҳам шунидед!.

«Ин принсипҳову шартҳое, ки барои хариди дӯкони нав ба соҳибкорон гузоштаанд, барои он аст ки 80% соҳибкорони кампул бояд тарки инҷоро кунанд. Бозор аз унсурҳои «нохудӣ» «тоза» шавад. Ва миллионҳо доллар дар ин соли сахт ва шароити душвор аз ҳисоби тахриби дуконҳо ва таҷдиду бозфурӯшии онҳо ба кисаи домоди аждар хоҳад рафт,»

Дар оғози биносозӣ дар ин бозор нархҳо дигар буданд.Вале баъди онки мардуми зиёде (инсонҳои ғайрикорвонӣ) омада бо маблағҳои гароне мағозаҳои ошёнаи якуми бинои марҳалаи аввалро хариданду чашмони ҳарисашон барқ зад, берун аз бинои асосӣ, дар самти пушти он низ сохтани дукончаҳои 2×2, 3×2- ро «придумать» карданд. Аз сабаби дар роҳи асосии одамгузар қарор доштани ин «мағозачаҳако» ва «бозоргузар» буданашон, ҳар метри квадратии он бо маблағи 11.000$, алакай ба фурӯш рафтанд. (Дар ҳоле, ки бояд соҳибони асосии ин дуконҳо бояд дар онҷо ҷо ба ҷо мешуданд, ки нашуданд).

Аммо 60–70 дарсади тоҷирон, ки ду даҳсола «соҳибмулк»-у «бозорободгар» буданд, имрӯз ягона манбаъи ризқёбии худро, дар бадтарин соли бӯҳронӣ аз даст доданд; чун имконияти хариди дубораи дӯконҳои замоне «шахси»-и худро аз даст доданд. Ҳамаи тоҷирони “Корвонплюс” аз ин вазъияти ба амал омада ба шиддат ибрози нигаронӣ мекунанд. Вале сокиту хомушанд. Домоди Раҳмонов ҷойи кори онҳоро гирифта ва барои дигарҳо фурӯхта истодааст.

«Қисми дигари тоҷироне,ки тӯли ин солҳо барои ёфтани ризқи фарзандони худ, дар кишваре, ки мардумонаш зери  ду бало: коронавирусу диктатураи ғосиб қарор доранд, аз ин «бозсозии бозор» ва ситами домоди Раҳмонов ба сутӯҳ омадаанд, ба бемориҳои равонӣ ва ғамбеморӣ гирифтор гаштаанд. Аз ҳама намуди тазйиқу фишори равонии бадтарин, ба гумонам, ҳамин фишори пай дар пай ва тороҷи доимист, ки миллатеро  афгор мекунаду қобилияти коркуниро аз ӯ мегирад  ва умедашро барои оянда дар дилаш хафа мекунад. Ин гуна миллат бемор аст. Миллати захмхурдаи мағлуб аст.»

Вале, дар ин сардию соли буҳронӣ  ва фишори иқтисодӣ рӯи мо тоҷирон, як чиз моро маҷбур ба пардохти маблағ ба ин «соҳибмулкон» месозад, ин ҳам бошад набудани ҷои кории дигар, имконияте ғайр аз ончи ки дар Корвон худи мо солҳо қабл таҳия кардаем, ва фарзандонамон, ки ниёз ба хӯрдану пӯшидану зинда мондан доранд! Вагарна, дар ин бозори ғуломӣ, на ҳар касе тоқати «кор барои домоди Раҳмоновро«-ро дорад!

Корвонро солҳо шуд медӯшанд; бо роҳи таҳдиду фишор, шантажу «ёфтани борҳои зараровар» аз соҳибкорон хело ҳам пул канданд. Амниятиҳо, пожарка, налог, милиса –ҳамагӣ- Корвонро як  мероси падарияшон медонанд. Кай вақте маблағ лозим шуд, чи  , Соли нав, чи Наврӯз, чи Истиқлол, хариди таҷҳизоту мебел барои кабинети раисон, аз тоҷирон «озодона» пул меситонанд! Корвониён- дигар он корвониёни ғаюри соли 2013 нестанд, ки пас аз сӯхтор барои ҳақи худ Муҳаммадсаид Убайдуллоевро ба «зону дароварда» ва то дами ВКД юриш бурданд. Ҳукумати ғосиби Эмомалӣ Раҳмонов он замон хобҳои ҳавлноке медид, ки садои наърамонанди анбӯҳи тоҷирон яксадо мегуфтанд; » Баро!» Чунки тоҷирон хуб дониста буданд, ки ин сӯхторро қасдан ва барои онки ин қисмати бозорро домоди Раҳмонов бигирад, ташкил карда буданд. То ба ҳол ташкилкунанда ва иҷрочиёни он сӯхтор, ки боиси миллионҳо зарар дидани тоҷирон шуд, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

«Мо хуб медонем, ки ин ҳукумати тарсу, ки тамоми органҳои ҳифзи МИЛЛАТро барои ҳимояи худ сафарбар карда аст, аз нидои «Баро!» сахт метарсад. Аз ин рӯ, мисли морҳои шабгарду даруни ботлоқ, дар соярӯшанҳо мепалмосанд, мебалъанд; бесадо ва якто-якто.»

Бозори моро, ки тӯли зиёда аз 20 сол обод карда будему соҳибаш қаблан дигар кас буд, дар соли 2013 ҳамагӣ дороии бо арақи пешонӣ ҷамъкардаамонро оташ заданд- танҳо ба ин хотир, ки домоди Эмомалӣ Раҳмонов «соҳиббозор» шавад, он замон буд, ки асири ин хонадони носерам шудем. Оре, аз ҳамон вақт амниятиҳо пайхас карда буданд, ки корвониёнро бояд ҷиддан «сархам» ва «ғуломи коргари хоҷа» сохт.

Сароғоз сатрпушҳоро «очистка» карданд, ришҳоро «ба тартиб» дароварданд, дар баданамон либоси «ғуломӣ”-и кабуд кашиданд. Ин масхараро ҳам кабул кардем. Ва ҳар соле 1 ё ду бор ин либоси «кабуд»-и пастсифатро аз рӯи либосҳои шинаму зебову дилчаспамон аз субҳ то охири кор мепӯшем. Медонам, ин латтаи ғуломӣ, ки дар баъзе аз мароҳили таърихӣ дар гӯшаву канори олам аз сӯи ғолибону ғосибон ба миллатҳои мағлубу дигаркеш ба мисли «футаву зунору аломати фарқкунанда» маҷбур ба пӯшидан мекарданд, моро ҳам ҳамин гуна водор карданд. Ва ҳар рӯз мешунавем аз баландгӯякҳо, бор-бор огоҳамон мекунанду таҳдид, ки «дар ҳолати риоя накардани сару либоси ягона ва ба тан накардани нишонаи сарисинагӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 рӯз дуконҳоятон мӯҳргузорӣ шуда, ба миқдори аз 700 то 1200 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ мешавед»!

Тӯли зиёда аз 3 сол аст  ки ин ҷумалот дар гӯши мо чун садои дрелл каррас мекунад. Ва аз ҳама дардовараш ин ҷумлаи онон аст  ки ҳатто вақти навиштани ин матлаб дар гӯшам садо медод: » барои фарқ намудани соҳибкорон аз харидорон», магар соҳибкор аз харидор чаро фарқ дошта бошад?

Ё дурушттар карда гӯем, ин гуна мешавад: «барои фарқ намудани «ғуломон аз озодагон, пӯшидани кабудлаттаи зиштсифат, ҳатмист».

Тоҷирони  муҳтарами баҷонрасида! Ҳамаамон медонем, ки ҳатто, ҳамон либосҳои «фарқкунанда»-амонро ҳам бепул намедиҳанд! Онро бори 5-ум аст, ки мехарем!

Қиссае,ки воқеияти ҳоли тоҷирони Корвон аст

«Мо тоҷирон, мисли ҳамон қиссае гаштаем, ки шоҳе ба мардум ситам карду ситам карду касе садо набаровард. Шоҳ дар ҳайрат омаду гуфт, ҳамагиро дар майдоне гирд оваред, бошад, ки аҳаде садо баланд кунад. Ҳамагӣ, амри «Ҷаноби олӣ»-ро пазируфта, шитобиданд ба майдон. Шоҳ садо дод; ҳама нархҳои озуқаро гарон кардем, садое набаровардед! Ҳамагӣ роҳҳоро пулакӣ кардем, пул додед ки медиҳед! Ҳамагӣ васоили рӯзгоратонро гаронарзиш кардему мехаред. Ва инро ба назар гирифта, имрӯз супориш медиҳам, ки фардо ҳамагӣ шуморо дар ҳамин майдон ба дор мезанем!

Ҳама тоҷирон сокит гаштанд. Шоҳ бисёр диранг кард; садое нест. Билохира нафаре даст боло кард, шоҳ иҷозати гап задан дод, бигӯ бишнавам, магар эътирозе дорӣ дар баробари «прикази ман ҷаноби олӣ»?!

Бечора даступо ларзон бо садои «пурмуҳаббате» ба «Ҷаноби Олӣ»  хитоб кард:

«Ҷаноб, мебахшед, ҳамон бандҳоеро, ки моро бо онҳо ҳалқовез мекунед, онҳоро худамон фардо аз хонаҳоямон биёрем, ё худатон доред?!”

Ҷаноби олӣ дар посухи ин тоҷир мегӯяд: Ман барои ҳамаи шумо пул надорам банд харам,маълум аст,ки худатон бояд он бандҳоро имрӯз аз домодам харед. Дирӯз чанд контенер банд аз Хитой оварда аст. Агар ҳамаашро харед боз фардо фикр мекунем,ки чикор бояд кунем.

Тоҷир: мумкин аст моро афв кунед?

Ҷаноб: Ҳоло бояд бо Юсуф Раҳмон ва Озода фикр кунем дар хуроки шом, натиҷаашро фардо тавассути фармонам огоҳ мегардед.

Тоҷир: илтимос ҷаноби олӣ аввал фикр кунед пас аз он шароб нӯшед,ки мабодо фармони баде содир накунед.

Ҷаноб: ин тоҷирро ҳозир ба дор овезед,ки бисёр гап зад,то дигарошда дарс шавад.

Ҳама бо либосҳои кабуди ғуломият баргаштанд ба сари точкаҳояшон.»

Тоҷирони гиромие, ки инро мехонед, магар ҳар рӯз ҳамаамон ҳаминро ба ҳамдигар намегӯем: «Точкаҳомона бо медода бошанд, ё пулам бтем дар куҷое хдшона фора да ҳамунҷа ҷомон мекарда бошанд«?

Ҳатто ҳамин ибораи «ҷомон мекарда бошан» ҳам фалсафае дорад.

Мо бечоранолӣ намекунем,балки ҳаққи худамонро талаб дорем, даст аз зулму ситам бардоред!

Ps:  Тоҷирони гиромӣ “Ислоҳ” вазъияти сангини шуморо ва ончи навиштед бо ашки чашм ва гулӯйи гирифта омода намудем. Ислоҳ ҳамеша омода аст ҳама он мушкилоте доред ба мо нависед,то онҳоро расонаӣ кунем ва каме ҳам бошад аз ҳолати сангини шумо олам бо хабар гардад.  Агар он соли 2013 “Баро!”и гуфтагиятонро амалӣ мекардед,имрӯз дар ин ҳолати сангин қарор надоштед. Аммо бидонед ва огоҳ бошед, ки боз ҳам “Баро!”нагӯед ва ором либоси кабуди ғуломиятро бар тан кунед,рӯзатон ва рӯзгори оилаҳоятон хуб намешавад.Чуноне дар боло гуфтед мо гуфтем шумо шунидед.Мо мегӯем инро ва шумо ҳам шунидед!

Сообщение Оё тоҷирони бозори «Корвон» омодаанд ба домоди пешво бигӯянд “Баро!”? появились сначала на ISLOH.net.