Архивы Бузмаков Абдурраҳмон - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №340
Ин бор аз шаҳрҳои Кулобу Душанбе ва ноҳияҳои Рашту Истаравшану Кушониён ва Тюмен номаҳои ҷолиберо барои шумо омода кардаем.

Аз Кулоб хабари кушта шудани бародари хурдии Имомхуяк-Имомалӣ Мақсудовро навиштаанд. Имомхуяк, раиси пешини кабелний заводи Душанбе аст, ки дар хеле аз барномаҳои ҳукуматӣ саҳм ва ҳиссаи худро гузоштааст.

Аз Душанбе дар бораи вазъи асафбори домсозӣ навиштаанд. Муаллиф, ки солҳо дар хориҷа будааст, баъди бозгашт ба ватан сохтумонҳои баландошёнаҳоро, ки бидуни риояти одитарин меъёр мисли замбуруғҳои баъди борон ҳамарӯза сар мекашанд, дида таассуроташро навиштааст.

Муаллифи номаи Рашт аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки кӯмакҳои хайриявӣ ё башардӯстонаи созмонҳои хориҷӣ тавассути масъулини ҷамоату ноҳия обу лой карда мешавад ва касе ҳам намепурсад, ки чаро раиси ҷамоат трактори хайри як ташкилотро ба деҳаи дигар фурӯхтааст.

Аз Истаравшан дар бораи корҳои ба шаъни як омӯзгор номуносиби директори мактаб ва мудири қисми таълимӣ-завучи он навиштаанд.

Номаи Кушониён дар бораи аъмоли пур аз ҷинояти як корманди ГАӢ навиштааст.

Нависандаи номаи охирин аз Тюмен аз қавли як шиноси амнияташ гуфтааст, ки СС.Ятимов баъди ҷарроҳи қалб дар Исроил феълан дар хонааш дар Душанбе аст.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Кулоб менависам. Хабари ман дар бораи бародари Имомхуяк (Мақсудов Имомалӣ) аст. Оқибат ин бародарашро ҳам мақомот куштанд.

Вақте Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонкро куштанд ин бародари Имомхуякро, ки Билол ном дошт ва дар он вақт дар Дубай буд оварда як солаш доданд ва дар ин куштор шарик донистанд. Нафаре, ки аз ҳама кам сол гирифт ҳамин буд. Вай як сол шишту баромад.

Бузмаков-Аламшозода, муовини аввали вазири дохилӣ Имомхуяк ва бародаронашро беҳад шум медид. Қурбон дар вақташ сағераи боксёр буд Солҳои 90 инҳо сахт гремет мекарданд. Шорух Саидзода, сардори милисаи Душанбе ҳам Имомхуяк ва бародаронашро сахт шум медид. Бинобар хабарҳо ин бародари Имомхуякро ҳамин Шоруху Бузмак ба ток зада куштаанд. Албатта, кормандони ҳамин ду нафарро дар назар дорем. Вайро бо пойи худаш мебаранд, аммо аз он тараф ҷасадашро мебароранд.

Билол мехост, ки Дубай биравад. Тайёрӣ барои рафтан ба Дубайро дошт. Вале барои чи коре –иттиҳоме дастгир карда мебарандаш ва дар онҷо бо ток зада мекушанд.

Имомхуяк кабелний завод дар дасташ буд, ки онро Ҳасан Асадуллозода бо зӯр кашиду гирифт. Имомхуяк ва бародаронаш, аз ҷумла Искандар асосан бо наркотика заниматса мекарданд. Як рӯз Ҳасан Асадуллозода меояду «250 ҳазор долларда харида будӣ ма ина ин 250 ҳазор» мегӯяду медиҳад ва кабелнийро аз дасти Имомхуяк кашида мегирад. Ва мегӯяд, ки зудтар аз инҷо баро. Аммо кабелний завод аз 20 миллион доллар кам намеистад.

То ҷое шунидам дар байни даҳ рӯз ин милисаҳо ба шумули додари Имомхуяк чор кас, аз ҷумла як нафар аз Ваҳдатро дар ток зада куштаанд.

Вақте ин оила шумат дид ба таври автоматӣ мақомот аз ҷумла милисаҳо ҳам шумат мебинанд.

Ин бача спортсмен буд. Ҳамеша бо пойи таҳорат мегашт, последний время дар ислом хизмати сахт кардагӣ буд. Инҳоро намефорид. Авлоди ин оиларо задагӣ буд. Инҳо, ки дар дарун вес доранд, дух доранд ба инҳо намфорад.

Ин бародари Имомхуяк, ки Билол ном дошт ният дошт, ки берун барояд. Аммо насибаш ҳамин қадар будааст. Аммо як чизро бояд ҳамаамон донем. Инҳо як кас, як касро кушта истодаанд. Ба инҳо дигар одамкушӣ одат шуд. Ранги Сурия карда истодаанд.

Панҷоҳ сол падараш президентӣ кард Башор Асадро боз бист сол зиёд худаш истод. Вале оқибат фирорӣ шуд. Дар ҳақиқат инҳо дигар роҳ надоранд. Инҳо худашон охираташонро, оқибаташонро медонанд. Ин бародари кушташудаи Имомхуяк бародари хурдиаш буд.

Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу муҳтарам домуллои азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам шумо ва наздикони шумо хуб бошед! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад ва шуморо ҳифз кунад.

Се сол мешавад, ки барномаҳоятонро доимо тамошо мекунам. Хоҳиш мекунам ин номаи  маро дар ягон шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Ман ин номаро баъд аз он навиштам, ки шумо як матлаб (Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор» аз 17уми феврали соли ҷорӣдар бораи домсозии Душанбе навиштед. Дар онҷо хеле аз мушкилиҳоро бо факту рақам зикр кардед. Ташаккур ба шумо. Аммо ман аз як мавриди мушаххас,аз як ҳолате,ки худам гирифтор шудаам гуфтанӣ ҳастам, ки албатта метавон онро идомаи ҳамон матлаби шумо дар бораи домсозӣ гуфт.

Инҷо на фақат фурӯши замини барои дом ба дигар чизҳо ҳам ҳангоми сохтмони баландошёнаҳо тамоман диққат дода намешавад. Ман инҷо мисоли мушаххас меоварам.

Дар Душанбе дар микрорайон-қасабаи 63 як доми баландошёна ҳаст, ки дар ошёнаи аввали он коркунони пожарный-идораи оташнишонӣ фаъолият мекунанд. Барои ҳамин мардум онро доми пожарка мегуянд.

Ин домро ширкати домсоз бо номи Нури шамс сохта ба истифода додааст. Бовар кунед, пеш аз сохтани ин дом ваъда дода буданд, ки он дар муҳлати 2 сол сохта ба истифода дода мешавад. Лекин қариб, ки 3 сол давом кард. Ин дом соли 2019 сохтмонро сар кард то соли 2023 давом карда буд. Аммо то ҳол ҳатто техпаспорти ин хонаҳоро ин ширкат ба соҳиби хонаҳо тайёр када надодааст.

Ду сол мешавад, ки ин домро бо оби гарм- отопления таъмин карданд. Лекин дар ин ду сол мардум аз ба ҷои хонаҳои гарм фақат хоноҳояшон зарар дид. Аз сабаби сифати паст трубаҳо доимо мекафад ва хонаи мардум таи об мемонад. Ҳеҷ кас ,   намедонад, ки ба куҷо муроҷиат кунанд.

Мардум пул ҷамъ карда ремонт-таъмир мекунад дере нагузашта боз мекафад.  Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам ин номаро нашр кунед. Шояд ин домсози бераҳм камтар инсоф пайдо мекунад ва ба дарди мардум мерасад!

Аллоҳ шуморо ҳифз кунад домулло.

Рашт

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва  баракотуҳу. Умедворем Шумо ва аҳли байтатон сиҳату саломат бошед. Барои барномаҳои муҳим ва саривақтӣ изҳори сипоси мо гурӯҳи ҷавонони деҳаи Шулмаки ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Раштро бипазиред.

Мо барномаҳои Шуморо пайваста ҳар вақте интернет нағз бошад, тамошо менамоем. Дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» шунидем, ки дар ноҳияи Нуробод трактори аз ҷониби ташкилоти хайриявӣ ба як деҳа додаро раиси ҷамоат ба дигар деҳа фурӯхтааст. Баъди баррасии он дар барномаи  «Номаҳо аз ноҳияҳо» мо худамон ҳам пайгирӣ намудем, ки дар воқеъ он трактор ба деҳаи вобасташуда оварда дода шудааст. Ба ҳамин монанд аз деҳаи мо раиси ҷамоатамон, ки дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекунад як трактори МТЗ-82- ро ба дигар деҳа додааст. Баъди пайгирӣ мо аниқ кардем, ки раиси ҷамоат аз он тракторист 100.000 сомонӣ ва раиси деҳа 30.000 сомонӣ гирифтаанд. Ба зами ин аз ҳисоби хайри як ташкилоти хориҷӣ раиси ҷамоат 30 оилаи замбӯри асал бо қуттиҳояшро аз худ кардааст. Инчунин аз ҳисоби погрузчик, ки дар деҳаи мо дода шуда буд, беш аз 60.000 сомонӣ гирифтааст.
Ҳасанов Ҳасан раиси ҷамоати мо ва раиси ташкилот акаи Сайдаҳмад ин амалҳоро бо маслиҳати пешакӣ анҷом додаанд. Инчунин ин ташкилоти хориҷӣ механизмҳо ва дигар воситаҳо дода буд, ки онҳоро ҳам ба шахсони дигар бо гирифтани пора додаанд ва он маблағҳоро дар ҳеҷ ҷой қайд накардаанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Мо ба воситаи барномаи Шумо аз раиси ноҳияамон хоҳиш менамоем, ки трактори деҳаи моро гирифта ба мо диҳад. Аз натиҷаи ин нома баъди нашр боз ба Шумо хоҳем навишт.

Истаравшан

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин нома аз шаҳри Истаравшан, деҳаи Қалъачаи Бакавул фиристода мешавад, ки дар бораи вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 49 сӯҳбат мекунад. Имрӯзҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 вазъият беҳад безеб аст. Аз директор сар карда то завуч-мудири қисми таълимӣ ҳаромхуранд. Хиёнат ба давлат ва мардум карда истодаанд.

Директори муассиса Нарзиева Шоира Рустамовна мебошад, ки дар баробари директор будан боз роҳбари синфӣ дорад, инчунин соатҳои зиёди дарсӣ низ дорад, ки тибқи қонун иҷозат нест.

Мудири қисми таълимӣ -завучи муассиса Тоҷиқул Маъруфов бошад як ставка вазифа ва ҳамчунин соатҳои дарсӣ дорад. Бечора падару модарон фарзандонашонро бо умед ба мактаб мефиристанд то ин ки илму дониш бигиранд. Аммо ин ҳар ду соатҳои дарсиашонро ба номи дигар омӯзгорон ҳуҷҷат карда ғайриқонунӣ маблағ мегиранд. Хонандагон бе соатҳои дарсӣ мемонанд. Ин ҳар ду соатҳои дарсӣ гирифтаанд вале бисёри вақт дарсҳояшонро намегузаранд. Ҳақиқат дар куҷост? Коргарони маорифи шаҳри Истаравшан  ҳаромхуранд. Кормандони коррупсия бояд рафта назорат баранд, тафтиши хеле хеле сахт кунанд.

Устоди азиз, барномаҳоятонро тӯли 6 сол аст ки тамошо мекунам.

Дар шаҳри Истаравшан «бузҳои хонагӣ» хеле бисёранд. Худамро барои риш 5 бор отдел бурданд.

Ман ҳоло дар Ватанам ва ҳамеша бо Шумо ҳастам.

Саломату сарбаланд бошед.

Кушониён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Кушониён менависам. Худам ронандагӣ мекунам, таксӣ мезанам. Ин номаи маро ҳамчун шикояти таксиҳои ноҳияи Бохтари пешина ҳозира Кушониён ва ин чунин шаҳри Бохтари ҳозира собиқ Қурғонтеппа қабул кунед. Мо маҷбур шудем, ки ба шумо муроҷиат намоем. Шикояти мо аз як нафар корманди БДА-ГАИ аст. Ин корманди ГАИ сержанти калон Эркинбойзода Муҳриддин ном дорад. Ман вайро ҳанӯз аз солҳои мактабӣ мешиносам.

Як талабаи бесаводтарин дар синф буд. Дар донишгоҳ ҳам тамоми корҳояшро аз танаш ҳамкурсонаш менавиштанд.

Имрӯз аз гардиши чархи фалак ҳамин нафаре, ки номи худашро дуруст навишта наметавонист, иншо навишта наметавонист корманди ГАИ шудааст ва  хеле ҳам ба гуфти худаш «гаишники бообрӯ». Дар асл як тракторчӣ буд. Ҳоло ҳам тракторчигӣ мекунад. Даҳ-понздаҳ рӯз аз Раёсати ГАИ рухсатӣ мегираду меравад пайи кишту кор ва ба ҷуфту шудгори замини мардум машғул мешавад.

Аввалҳо як опели одӣ дошт. Вақте корманди ППС шуд шурӯъ кард ба зулму азоб додани мардум. Оҳиста-оҳиста омад корманди БДА шуд. Ба қавле повишенний рафт ва соҳиби Тойота-королла шуд. Айни ҳол ба фикрам пиёда аст ва Тойота карола ҳам надорад. Чунки дар шаҳри Бохтар хона гирифтааст. Бо ҷабру зулм кисаи мадумро холӣ карду худаш дар  шаҳр соҳиби хона шуд. Хонаашон дар як деҳаи дурдаст, ки дар охирони нуқтаи ноҳияи Кушониён ҷойгир аст, ба дунё омадааст.

Баъди хатми донишгоҳ ба таври ғоибона ба академия супорид росту дуруғ тамом кард. Падараш ҳам тракторист буд. Соли 1995 таваллуд шудааст. Худаш ва падараш фақат аз пайи кишту кор дар замин буданд. Вай ҳам дар ППС ва ҳам дар ГАИ бо пора ба кор даромадагӣ аст.

Дар ин система умуман ягон таға ва дар боло шинос ҳам надорад, ҳамааш бо пораву шайтонгарӣ рафта истодааст.

Ду точкаи корӣ дорад-якеаш дар пеши бозори «Фаровон» якеи дигараш дар назди  «круговойи Шаҳло». Бисёртар дар ҳаминҷоҳо меистад. Номи деҳааш Қизилкуч аст. Дар ин деҳа ҳама лақай ва узбекҳо зиндагӣ мекунанд.

Эркинбойзода Муҳриддин, сержанти калон золимтарин корманди БДА аст.

Таксистҳои ноҳия аз вай сахт норозианд. Шикояти зиёд мекунанд. Вай на шинос ва на бегонаро рӯи хотир мебинад. Пули зиёд мегирад. Барои хурдтарин чиз баҳона мекунад. Беҳад дағалгуфтор аст. Асосан мошинҳои одиро ғам медиҳад. Ба мошинҳои баланду қиматбаҳо кор надорад. Ҳатто дар пеши чашмаш қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кунанд ҳам гӯё намебинад. Аксари ҷавру зулмаш ба ҳамин ронандаҳои таксӣ равона карда мешавад. Таксистҳои бечораҳо як сум, ду сум ҳила меёбанд. Чунки аз ҷабри электромобил, ки ноҳия ва шаҳри Бохтарро ҳам фаро гирифтаанд, умуман рӯз надоранд, муштариҳо ба онҳо савор мешавнад. Ба болои ин ҳама азобу меҳнат ин ГАИи ҳаромхур ғам медиҳад. Ду суми корашонро як сумашро мегирад.

Хоҳиш аз мақомот, ки ҷилави ин Эркинбойзода Муҳриддинро бигиранд.

Тюмен

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар дохил як ҷӯра дорам. Гоҳ -гоҳ ба алоқа мебарояд. Хулосаи гап барномаи «Минбари муҳоҷир»-и № 395 атонро, ки нашр намудед дар бораи СС.Ятимов буд вай ҳам дида будааст ва илтимос кард, ки ҳамин маълумоташро ба шумо бирасонам.
Мегӯяд, ки бо як амниятие дарди дил кардем. Гап дар бораи СС.Ятимов рафт. Он амниятӣ гуфтаст, вазъи саломати СС.Ятимов нохуб аст, мазааш сахт нест. Дар ҳақиқат табобат карда истодааст. Аввал Германия рафта будааст анализаш карда гуфтаанд, ки бояд стент монд. Аммо гӯё, ки немисҳо гуфтаанд, аммо кафолат дода наметавонем. Барои ҳамин Ятимов Исроил рафта дар он ҷо дилашро ҷарроҳӣ карда дилаш стент мондааст. Ҳозир дар Тоҷикистон будаасту дар хонааш табобат гирифта истодааст. Сабаби ба ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳузур надоштанаш ҳамин бемориаш будааст.

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,

Агаг сӯзад шабе сӯзад,шаби дигар намесӯзад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №340 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №272
«Хитойӣ- босс, як коргарро ба даруни дастгоҳи бетонмочалка, ки обу семент ва шағалро омехта карда ба мошинҳои бетонкаш мерезад маҷбурӣ даровард, то дохилашро бо перефератор тоза кунад. Чи тавре шудааст, ки апарат ба кор даромад ва раҳматӣ дар дохили апарати бетонмочалка тоб хурдаасту тоб хӯрдааст ва дандонаҳои ин апарат тахтапушт ва шикаму қабурғаҳояшро задаву шикастааст, ва дар дарнуи апарат ҷон бохт. Марҳум марди ҷавон, соҳиби кудакони хурд буд. Вале босси хитойӣ «вай худаш ба онҷо даромадааст гуфта корро ва гапи задаашро ба кала нагирифт». Вой тоҷики хору зоре, на дар ватан қадр дорад , на дар хориҷ аз он.

Дар яке аз шумораҳои пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз он гуфта будем, ки дар боғи марказии Душанбе ҷойи мусиқии тоҷикӣ аз субҳ то шом садои мусиқии чинӣ пахш мешавад. Ба назар мерсад, ки ин шурӯъи кор будааст. Ҳоло аз он мегӯем, ки як «босс»-и хитоӣ чи тавр як корманди сохтмони роҳ дар Хуҷандро дар даруни бетономочалка андохту кушт, аммо на як дирам ғаромат пардохт, на маъзарат хост, на касе ӯро ҳатто бозхост кард, балки баракс гуфт, ки ин тоҷик худаш дохили дастгоҳ шуду ҷон ба ҷонофарин супорид.

Солҳои пеш ҳам вақте чиноиҳо роҳҳоро мараммат ва навсозӣ мекаранд, аз ҷумла роҳҳои самти Қурғонтеппа ва роҳи гарданаи Анзобу Шаҳристон ин хабарҳо мунташир мешуданд, ки коргари чинӣ мошинеро зери бели булдозер ё кафлеси экскаватор монда қимаву майда кардааст, вале ягон ниҳоде наметавонад ӯро муҷозот кунад, чунки дар қарордоду созиши ҳамкорӣ бо Хитой чунин шарт сабт шудааст, ки шаҳрванди хитоӣ дар ҳолати нақзи қонун дар Тоҷикистон дар ватани худаш муҷозот мешавад.

Номаи зер аз шаҳри Хуҷанд, бо дастони нафаре навишта ва роҳӣ шудааст, ки шоҳиди бевоситаи ин ҷинояти мудҳиш будааст. Агар ҳоло тоҷикҳоро дар Русия соҳибони ватан азият ва озор диҳанд, аммо хитоиҳо моро дар ватани худамон мекушанд. Шояд, баъди интишори ин нома ҳамкорони журналисти мо дар Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса мешаванд:

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Хуҷанд ин навиштаро бароятон ирсол менамоям. Бародар ман то ҳамин моҳ дар сохтмони роҳ дар Хуҷанд дар участкаи Деҳмой кор мекардам. Ман чи гуфтаниам. Гуфтаниам, ки дар инҷо бригадирҳо ҳама золиманд, чунки ҳамаашон хитоиянд.

Ман дар бетонзавод, дар сохтани латок, кришка барои латокхо, колодесҳо ҳам кор кардам, бетон мерехтам ва армеровчик низ кор мекардам. Моро муваққатан 2- 3 рӯза ба дигар бригада, бригадаи сохтмони мостҳо, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чойгир аст бурданд. Онҷо рафтем коркунӣ. Муомилаи дигар бригадиронро низ дидем. Мо, тоҷикҳои коргар вазифадорем, ки онҳоро босс гуфта садо кунем. Бовар кунед, ки 2- 3 нафараш камтар инсоф дорад, дигаронаш бисëр золим ва беинсофанд. Мардумро мисли хар кор мефармоянд. Чандин кас ба онҳо зидият нишон дод, милисаҳоро фарëд карданд. Аммо милисаҳо тарафи онҳоро мегиранд. Барои онҳо бояд мисли апарат кор кард. Агар ҳуқуқатро талаб кунӣ «дамой» гуфта пеш мекунанд аз кор. Мардуми бекор ва камбағал маҷбур дар чунин ҷойҳо кор мекунанд. Технический безапаснот хело кам ва аслан вуҷуд надорад. Як ҳоҷӣ гуфтанӣ шахс корманди техникаи бехатарист. Меояду имзо мегирад ва худашро таъриф карда меравад ва мегуяд, ки эҳтиëт кунед. Агар ягон чиз талаб кунӣ гапро ҳар тараф тоб медиҳад. Духтараш низ дар ҳамон оффиси хитоиҳо, ки дар Ғафуров ҳаст бо ӯст ва бо калони хитойиҳо, ки хитоӣ асту Андрей ном дорад, дар як утоқанд.

Маоши мо -рӯзи корӣ- 130 -140 сомонӣ мебошад. Мегуянд, ки пеш дар як моҳ аз 7ҳазор боло буд, вале ҳозир 4 ҳазор мебарояд. Ин ҳаромхурҳо ҳеҷ сер нашуданд.

Рӯзи 4 август 2025 дар бетонзавод, ки дар поëни қишлоқи Қотма воқеъ аст, як ҳодисаи бисёр ҳам нохуш руй дод. Хитойӣ- босс, як коргарро ба даруни дастгоҳи бетонмочалка, ки обу семент ва шағалро омехта карда ба мошинҳои бетонкаш мерезад маҷбурӣ даровард, то дохилашро бо перефератор тоза кунад. Чи тавре шудааст, ки апарат ба кор даромад ва раҳматӣ дар дохили апарати бетонмочалка тоб хурдаасту тоб хӯрдааст ва дандонаҳои ин апарат тахтапушт ва шикаму қабурғаҳояшро задаву шикастааст, ва дар дарнуи апарат ҷон бохт. Марҳум марди ҷавон, соҳиби кудакони хурд буд. Вале босси хитойӣ «вай худаш ба онҷо даромадааст гуфта корро ва гапи задаашро ба кала нагирифт». Шумо худатон як бор андеша кунед, ки кадом одами солим даруни бетонмочалка медарояд? Аммо ба ин хитоӣ чизе нашуд. Ҳатто тафтишот ҳам набурданд. Намедонем ба хонаводааш кумак карданд ё не. Як нафар гуфт, ки гӯё 1000 сомонӣ кумак кардаанд. 1000 сомонӣ!! Нархи як Тоҷик 1000 сомонӣ шудааст.

Ин вазъу ҳолро бинед, ки тоҷик ба чи рӯз аст дар ватани худаш омада расидааст?

Дар Тоҷикистон мардум ба дигар давлатҳо ба кор мераванд, вале инҳо аз Африкаву Хитой ва Покистону Афғонистон коргар оварданд ва маоши онҳо 3 маротиба аз мо зиëд аст. Боз ба онҳо гуфтаанд, ки агар ҳамкорони тоҷикатон маошатонро пурсиданд, моҳона 2500 сомонӣ гуед.

Ягон африканс, афғон, хитоӣ ë покистонӣ дар ин пул кор намекунад, боз дар мулки бегона. Онҳоро тарсондаанд, ки дуруғ гуянд.

Бародар ин номаи маро ҳатман дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки ман ҳамеша тамошо мекунам ба нашр расонед.

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худоро шукр, ки ҳадди ақал шумо ва сомонаву шабакаи Ютубии шумо ҳаст, ки халқи тоҷик дарду доғи дили худро ба воситаи он баён месозад, аз мушкилоти рӯзмарааш гап мезанад. Агарчи мегӯянд, ки гӯши шунаво нест, яъне масъулону мақомот аҳамият намедиҳанд, нодида меангоранд, аммо бовар кунед, ки ҳатман мехонанд ва дар пайи ҳаллу рафъи он мешаванд.

Ман навиштаҳои «Ислоҳ» дар бораи раиси ноҳияамон Абдуғаффор Ҳикматуллозодаро мехонам ва навиштаи охиринатонро ҳам қироат кардам. Бояд бигӯям, ки муаллифони ин нома ҳам саддарсад дуруст навиштаанд. Ҳозир Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар ноҳияи Рӯдакӣ Президент аст гӯем ҳам хато намекунем. Ҳар чизе ҳамон бихоҳад ҳамон мешавад.

Гап-гап аст ки Раҳмонов моҳи октябр ба ноҳияи мо меояд. Бовар кунед, ки аз ин сафари Раҳмонов яке аз онҳо, ки хеле пули калон кор мекунад, ҳамин Ҳикматуллозодаи ғоратгар  аст. Айни замон аҳолӣ, муҳоҷирон, савдогарону тоҷирону мағозадорону гӯштфурушон «доля» баста шудаанд. Идораи ҷамоат, хоҷагии деҳқонӣ, ронандаҳо, хулоса ҳама бояд барои ин сафари Раҳмонов пул бидиҳанд.

Раҳмонов меояду иншоотҳои сохташударо ба истифода медиҳад. Аммо аз ин сафар беш аз ҳама халқи одӣ зарар мебинад. Фоидаи сафарро бошад ҳамроҳ бо раиси ноҳия, раиси ҷамоат, участковий ва мансабдорони мутасаддӣ мебинанд. Чунки ҳатмани ҳатман аз лаби пули ҷамъоваримешуда мезананд.

Айни замон ба ҷамоатҳо, ба шӯъбаи маориф, ба масҷидҳо, ба идораи кишоварзии ноҳия дастури ҷамъоварии маблағ содир шудааст. Ин пулҳо фақат барои зиёфати ҳайати ҳамроҳи Раҳмонов сарф мешавад. Ин ҳайати ҳамроҳ фақат аз онҳо, ки дар ТВ-ҳо бо ишкамҳои калон калон мебинед, иборат нест. Пожарний, скорийҳо, военийҳо, милисаҳо, амниятиҳо, хуллас тамоми сохторҳои қудратӣ, ки барои амнияти сафари Раҳмонов ҷалб мешаванд. Раҳмоновро ҳамроҳанд аз ҳисоби халқ мехуранд. Барои ноҳияи Рудакӣ хароҷоти сафарҳои Раҳмонов шояд он қадар вазнин наафтад, вале барои ноҳияҳои куҳистонӣ, ки як рӯз ду рӯз меистад бисёр вазнин меуфтад.

Як нафар аз кормандони идораи молияи ноҳия, ки рафиқам аст гуфт, ки хароҷоти чунин сафарҳо дар бюҷет пешбинӣ нашудааст. Воқиан ҳам ин масъала ва мавзӯъ ҷолиб аст. Агар масорифи сафари Раҳмонов ба навоҳӣ пешбинӣ дар бюҷет надошта бошад пас, инки ин сафарҳо аз ҳисоби худи халқ астро худи Раҳмонов ҳам медонад. Вале  ин рафиқам гуфт, ки бо дигар «статяҳо» часпонидаву буру дӯз карда раиси ноҳия харҷи ин сафарро аз бюҷет ҳам мегирад.

Ҳадафи ҳамаи сафарҳои Раҳмонов ба ноҳияҳо ин аст, ки нишон диҳад, ки бубинед, чи гуна дар замони раҳбарии ман коргоҳу муассиса ва ҷойҳои кории навбанав, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ сохтаву ба истифода дода шудааст ва ин аст натиҷаи роҳбарии ман, ки кишвар рушд мекунад. Аммо ҳамагон медонанд, ки ин иншоот аксарият бо пули мардум, муҳоҷирон ва соҳибкорон сохта мешавад ва Раҳмонов ҳиҷ саҳме надорад. Вале бештари онҳо баъди рафтани Раҳмонов аз кор бозмемонанд.

Бо иштироки Раҳмонов ба корандозӣ, баргузории маросими ифтитоҳ, буридани лента, бардоштани пардаи рамзӣ ба як сабқат миёни роҳбарони навоҳӣ табдил шудааст.

Дар ТВ-ҳо нишон диҳанд. Гӯянд, ки раиси ноҳия чи қадар кордону муваффақ аст ва дар доираи барномаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагӣ чи қадр ободкориҳо кард.

Аммо садҳо факту рақам ошкоро ва расонаӣ шуд, ки ин ҳама маросимҳои ифтитоҳу корандозӣ аксарият дуруғ чашмбандӣ ва хокпошие беш нест.

Бовар кунед як нафар гуфт, ки барои онки нишон диҳад чи қадар алафу беда дар фермаи бо ширкати Раҳмонов ба кор шуруъкарда захира шудааст, чор мошини Дуланро мондаву онро бо дарзаи алафу преси коҳ пӯшонидаанд, то инки захираи хошок зиёд намояд.

Мо аз матбуот борҳо хондаем, ки чи гуна коргоҳҳои дузандагии Раҳмонов ифтитоҳнамуда фардояш аз кор уфтоданд.

Фардои рафтани Раҳмонов хабарнигорон рафтанд, ки онҷо касе нест ва ҳама мошинҳо канда бурдагӣ. Ин ҳодиса чанд сол пеш маҳз дар ҳамин ноҳияи мо руй дода буд. Ин фиребу найранг барои кӣ ва барои чӣ? Ин фиребу найранг ҳам «ниҳодина» шудааст ва гуё як кори маъмулӣ аст.

Аз харбузаву помидору  боқилову банан пирамида месозанд, масалан дар Ғарм. Аммо харбуза аз Ҷиззаху помидор аз Регару зардолу аз Хуҷанд оварда шудааст, ин шармандагӣ барои кӣ ва барои чӣ?.

Барои ҳамин аст ки фикр мекунам, ки сафарҳои Раҳмонов барои доман задан, умумимиллӣ кардани дурӯғу найранг нақши асосӣ дорад. Ва, агар ман аз мушовирони Раҳмонов мебудам, маслиҳат медодам, ки дигар сафар ба ноҳияҳоро ба куллӣ бас кунад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам, ки хубу хуш бошед ва ин ҳаракати сиёсии ҷадид, ки бо номи Ислоҳотхоҳон ташкил намудед, Худо кунад, ки муваффақ ва пирӯз шавад. Вале ман аз шумо гила дорам. Мебинам, ки вақтҳои ахир ба навиштаҳои ман, аниқаш ба дурустии навиштаҳои ман шубҳа доред ва чанд чизи фиристодаамро чоп накардед. Хуб, дигар ихтиёр аз шумост. Вале ман боз бароятон ин номаро фиристодам.

Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан, вазири корҳои дохилӣ вазъи хуб надорад. На Бузмаков писандаш мекунад ва на Шоҳрух, худо гуфта шиштааст, ки «ба тенҷи брава ай вазифаш».

Дар ҳоли ҳозир дар ВКД кормандон ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Як гурӯҳ тарафи Бузмаков (Аламшозода),як гуруҳ як тарафди Шоҳрух. Дар ягон давру замон дар ВКД чунин парешониву парокандагӣ набуд, ҳатто дар давраи митингҳои солҳои навад ва ҷанг.

Ҷеки Чан гуфтааст, ки ҳатто дар вақти Ёқуб Салим, ки баъди ҷанг буд, МВД инхел бардак набуд. Гуфтааст ҳар рӯз аз кадр ва Бузмаков гузоришҳо оиди ноуҳдабароии сардори милитсияи Душанбе меояд. Вазир чанд бор Шоҳрухро замечания кард. Шоҳрух бошад ба Рустам бузӣ карду Рустам вазирро гапҳои сахт зад. Чеки Чан гуфтааст, ки «ай и хели вазирида, гиранма хубтарай».

Шоҳрух умуман савод, маҳорати оперативӣ, малакаи фаҳмиши таҳқиқу тафтишотиро надорад, гуфтааст Ҷеки Чан.

Рамазон Раҳимзода гуфттаст: «Намеравӣ дар КДАМ кор кунӣ, ки аз  МВД осонтар аст». Аз дасти шогирдони Шоҳрух баъзе соҳибкорҳо ба дод омадаанд. Ҷеки Чан гуфтааст, ки «чандташ баромад, гуфтан вазир пешгирӣ кун,о ай дасти ма чи мия. Я чи мегум, дарав ранги саги қанчық давида пеши соҳибш-Рустам мерава, тамом, бо ма ганда» гуфтаст Ҷеки Чан.

Айни замон УВДи шаҳри Душанбе аз танка ба ру ба руи Текстил кучид. Даруни бинои УВД-и нав бо тамоми техникаи нав таъмин аст. Ин ҳама на аз пули давлату бюҷет, аз хуну ҷони соҳибкорон аст.

Шоҳрух ба ҳар як корманди УВД амр додааст, ки «кабинетотона хытон ремонт кунен. Касе намекна ё наметона, ҷора холӣ куна». Кормандони УВД гуфтанд, ки Худо моро бахшад, «мо ай ноилоҷӣ чандин нафара маҷбуру хоҳишу зора кардем, ки ёрдам кунан».

Ва боз дар бораи Душанбе ин чизро ҳам бигӯям, ки ин шабурӯзҳо дар тамоми роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир рафта истодааст ва ҳаракат дар онҳо бисёр вазнин. Соатҳо меистӣ. Тамбашавӣ хело зиёд аст. Болои ин, боз имрӯз Пешвои оила бо ҳамроҳи пасвои оила Рустам, пурра роҳҳои боқимондаро маҳкам карда иншоот кушодаанд. Умуман на имон мондаасту на инсоф. Раҳм ба миллату мардум пурра аз байн рафтааст. Ҳамаи мактабҳо ва иншоотҳоеро, ки кушоданд аз ҳисоби нафарони соҳибкоранд. Аз ҳисоби бюҷет нест дигар. Ҳама шахсӣ, нархи хона дар осмон.

Яке аз мактабҳоеро, ки имруз кушоданд ва дар он Раҳмонов ҳам ҳамроҳи Рустам иштирок кард аз они Умар Алиматов, раиси тарабхона ва коргоҳи тавлиди пивои Сим-сим мебошад, ки гузашта киллер ва аз фармондеҳи Фронти халқ буд.

Умар Алиматов бо Рустам сахт часпондагӣ аст. Умар Алиматов бародари Содиқ Алиматов аст. Содиқ кӣ буд, ҳама медонад. Ин оилаи Алиматовҳо дар Данғара аз пеш ном доранд. Инҳо аз наркобаронҳои хеле ҳам куҳнакор мебошанд.

Эй, оқипадарҳои ҳукуматдорҳот нодида барои мардуми одӣ аз ҳисоби давлат созед. Фақат зури шумо   мерасад дар ин гуна мактабҳои қимат хондан. Миллат бесавод монда истодааст. Бо ин вазъу ҳол дар оянда «очатона шу метан».

Дар куҷое, ки як мактаб кушода мешавад, нархи солонааш аз 4-5 ҳазор сомонӣ болост. Ин фақат нархи солонааш. Ҳоло боз сумҷамъкуниҳои ҳар ҳафтаву моҳонааш ба роҳи худаш.

Барои синфи якум озмун. Дар даври шуравӣ кудакро барои ёд гирифтан ба мактаб медоданд, на инки ёд дода ба мактаб мефиристоданд.

Охири ин ҳама вазъу ҳол чи мешуда бошад?

Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳи меҳрабон умратро дарозу муборизаатро муваффақ гардонад.

Аз шаҳри Душанбе ҳастам. Ман як соҳибкори ватаниам. Мехоҳам, ки ба воситаи шабакаи шумо ҳамин касонро, ки дар поин исму насабашонро меоварам, ба мардум муаррифӣ кунам.

Бисёрии ин бефаросатҳо, ки дар курсӣ нишастаанд барои ҳифзи вазифа ҷонфидоӣ мекунанду аммо барои ватан не. Яке аз аждаҳорҳояш ин Бек Сабур буд. Алҳамдулиллоҳ, ки ҳамакаса бераҳааш кардем.
Ана ҳамин шахсон, ки ман ному насабашонро пешкаши шумо ва мардум мекунам вазифа ва масъулиятҳои давлатӣ доранд. Аммо чи кори мушаххасе анҷом медиҳанд, касе намедонад. Барои онки дар 5 канали Тоҷикистон инҳоро ягон бор намебинӣ. Инҳо бояд шабурӯз дар пайи хидмати миллат бошанд. Вазифаро мегиранд вале парвои мардум ва миллат надоранд. Инҳо:

Қурбон Ҳакимзода;
Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер
Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович
Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ
Набизода Мадина Раҳмат
Ҳакимова Карима Муқимовна

Муминова Фирӯза Исроиловна
Шукурзода Мурод Ҷӯра
Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ
Қонунзода Шодигул Худобахш
Додихудоев Фаррух Муборакшоевич
Мирзозода Мусо Одинамамад
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо
Рустами Эмомалӣ
Раҳмон Дилшод Сафарбек;
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Амонзода Илҳом Темур
Одилбекова Лола Қиёбековна
Раҳимӣ Фарҳод
Хоҷазода Фарзона Ҳамдам
Ҷумазода Шарифҷон
Вализода Абдуқодир Исуф
Шералӣ Кабир

Давлаталӣ Саид
Маҳмадшоҳ Гулзода
Шодигул Қонунзод
Раҷаббой Аҳмадзода ва чандин нафарҳои дигар.

Ман медонам, ки гӯшҳои аксарияти шумо ва махсусан ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзодаи раиси вилояти Суғд, ки бо кличкаи Қофлонбой машҳури Тоҷикистон шудаед, шунавоиашон хеле вазнин. Ҳангоми аз шаҳри Душанбе ба тарафи Суғд ҳаракат карданатон нарху навои ҳамон тарозуҳоро  намебинед. Дар як моҳ 9миллион ва дар як сол 108миллион ба ҳисоби миёна суми мардумро кашида мегиред. Дар ягон баромадатон дар ҳамин масъала гап занед ва нархро поёнтар баред. Онро бо пули ҳамин  миллат сохтанд, аз буҷҷаи давлат.

Буҷҷаи давлат аз сарватҳои табиии ҳамин сарзамин гирифта шудаггӣ аст. Сарватҳои табиӣ мувофиқи Қонуни асосии Тоҷикистон коркард ва баробар ба мардум тақсим карда мешавад. Роҳ ҳам сарвати умумимиллӣ аст, аммо чаро онро як нафар пулакӣ мекунаду боқии халқ ба он нафар пул дода мегузарад? Барои чи ба мардум ҷабр мекунед? Вазифаро барои ба мардум хидмат кардан гирифтаед ё барои ба худатон сохтани қасру кӯшкҳои боҳашамат, мисли Исмати дулик. Бубинед, ки молу сарвати мардум чи оқибат дорад? Исмати дулик дигар дар он қасри 60 миллиона неву дар даруни камераи зиндони усиленний режим мешинад.

Мардуми оддӣ гуштро дар як моҳ ду бор мехурад, ҳамон ҳам гушти мурғ аст, ки аз гушти гов дида арзонтар. То имрӯза худатон кати ҳафт пуштатон хурд. Ай ҳамирӯз хеста ҳамакаса бозорода тақсим шида нарху навора поён фарорен.

Эй, Эмомлӣ Раҳмон! Туро ронандаат мехарад, нарху наворо надонӣ. Барои ҳамин гарданат ранги балони газ аст. Маошро даҳ фоиз мебардорӣ, нарху навои бозорро сӣ фоиз мебардорӣ. Ин чӣ бедодӣ? Дар ҳаёт мисли ин касҳо нашавед, бародарони гиромӣ. Хонед, сиёсатро фаҳмед  ба ҳилаву найранги ҳукумат гирифтор нашавед.

1) Афзалшо Шодиев то дина гиря карда Самарқанду Бухоро гуфта худашро ҳуч карда мешапид. Имруз гуё ҳеҷчӣ нагузаштааст хапӣ. Марҳамат, ку бихон боз аз Сар дар бораи Самарқанду Бухоро намехонӣ. Чунки дар мобайн хусумати шахсӣ буд, ҳали худашро ёфт. Чунки ту як ҳофизи косалесӣ.

2)Абдураҳими кулобӣ «пот ба лави гур, шайтони иблиссифат шарм намекунӣ? Рузои ахирӣ бромада ҳадис хондестай, ки бояд шоҳра итоат кунем гуфта. У ҳадис барои шоҳи одил мисли ҳазрати Умар, на инки шоҳи золими касофати Раҳмонови золим.

Як касофати дигар бачат. Ку имруз бгу Муҳаммадиқбол ай тарафи Эрон маблағгузорӣ мешава, занта зани мардум накунан, ҳарчӣ мегуй бгу. Чаро имрӯз намегуй? Чун си1сат буд иваз шуд вале ту шуди калаки мурдашӯ.
3) Доктори гирёнчак Шарт нестай, ки ту ай ҷой шиштагит 10ҳазор киламетр Муҳаммадиқболи Садриддина хойн бгуй бе асосу далел.
Агар дар худмон озодии сухан бошад марҳамат бро гап зан, ки саҳмия харидан мардум зиёда ай 5000мл сомонида на падаромун нони басерӣ хурдану на мора басерӣ нон додан, ки саҳмия харем Роғун соз шава,свет доймӣ шавад гуфта. Дар хотират нағз ҳастай виждон агар дошта бошӣ, марҳамат, гушат мекнем.
Беномус бошӣ қарор бшӣ ягон ҷаноза шава хаварт мекнем, бисё хуб гиря мекнӣ, мебаремт катимон.
Конустутсия мега, ки ҳудуди Тоҷикистон ҷудонашавандаҳай. Даврай мо мехондем 143.1кми квадратӣ буд, агар хато накунам. А,ҳозир чӣ? Куҷо шуд боқимондаш? Куҷода доден чида ҳисобот наметен?.

Уқа мефорат ба мардум хидтам кунӣ марҳамат як камера бги биё Қараболо сума чихел мегиран фелшеро, медсестраҳо ё ки врач. Гуё умуман ойлик намегиран.
Ягон шаҳрванд намехоҳа дар мамлакат нооромӣ боша, ҳама сулҳу оромӣ мехоҳанд.
Бародар Муҳиддини Кабирӣ гапа росташ ту натонистӣ. Марифати гапзанӣ дорӣ масалай ҳуҷҷатгузориҳот созай, некӣ халқа дар гирдат ҷам када натонистӣ.

Як ҳизби калоне, ки дар Тоҷикистон буд зало пур мешидан, оста- оста ҳамара тору мор кадӣ, ҷонта гирифти грехтӣ Аврупо. Уҷадам хела одам буд, уворам тору мор кадӣ. Даста дар болой дил ва виҷдонат мону хулоса брор. Меган каҷ бшину сухана рост бгу.

Ту ай дастат ҳичи наёмад. Ҷой Шумо дигар касо мебуд ягон пешравӣ мекард. Дар баромади ахиратон гуфтен, ки ма зиракии Эмомалӣ Раҳмона нафамидам, барой ҳами ба ҳамин ҳол омадем. Вақте одам ба майдон, ки омад хоб намерава, ки ҳамраш бзанаш ҳишор мешава.Пешниҳоди ман ҳамин,ки ҳарчи зудтар равен. Ҷавонора роҳ тиен.Шуморам хела шид дар қудратен.

Кал ба ҳоли кур бояд наханда.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №272 появились сначала на ISLOH.net.

Вамар набиё! Коре ба ҷашни ваҳдатат надорем
Раҳмонов Вамари Рӯшон барои таҷлил аз ҷашни Ваҳдат омаданист. Вамаре, ки се соли пеш, дуруст дар ҳамин шабурӯзҳо мотам дошт ва дар ҳар гузару кӯйи вай  мардум дар азову сӯги наздиконашон нишаста буданд. Он сол Раҳмонов ин мардумро тирборон карда даҳҳо нафарро кушта буд. Аммо ҳоло, баъди се сол инҷо омаданист. Дуруст аст ки як соли баъди ин ҳаводис ба Бадахшон сафар дошт ва қарор бар ин буд, ки ба Рӯшон ҳам меояд. Аммо, аз роҳи сафар ба Рӯшон ва Вамар баргашт. Хоруғ омад, Вамар наомад.

Он замон, ки омад ҳанӯз парешону пуризтироб буд. Ончиро, ки дар нақша дошт охир нарасонд. Аз ними сафар қатъ карду чапасар баргашт. Гуфтанд «вазъи саломатӣ»-аш бад шуд. Аммо дар асл вай эҳсос кард, ки инҷо омаданаш дуруст нест, ҳарчи шуданаш мумкин аст, чун захму ҷароҳати мардум тоза аст, рӯ нагирифтааст.

Аммо ин бор гуфта мешавад сафари Раҳмонов барои таҷлил аз ҷашни Ваҳдат аст. Ҷашни Ваҳдат дар минақае, ки онҷоро Раҳмонов ба хоку хун шинонд ва ин ҳам на дар замони ҷанги дохилӣ, балки солҳо баъди хатми ҷанг, ки дар кишвар оромиву субот ҳукмфармо буд. Шуруъ аз соли 2008 то 2022 Раҳмонов чандин бор ба қуллаи Боми ҷаҳон лашкар кашид ва ҷони садҳо тан аз афроди мулкӣ ва низомиёнро гирифт.

Хабарҳое, ки дасти мо расид аз он мегӯяд, ки дар ин сафар Раҳмонов дар ҳайати он идда аз аъзои ҳукуматаш меравад, ки ширкати мустақим дар он кушторҳоро доштанд.

Бинобар хабарҳое, ки ба дасти мо расидаааст Раҳмоновро дар ин сафар СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, А.Бузмаков (Аламшозода) ва чанде дигар аз қотилони мардуми Помир ҳамроҳӣ мекардаанд..

Аз моҳи апрел аст ки талабаҳои аз синфи 7 боло аз субҳ то шом тамрину машқи рақсу суруд-маршировка карда истодаанд. Ва, тақрибан ҳаррӯз қотил ва хоини маҳаллӣ Алишери Мирзонабот, раиси ВМКБ аз ҷараёни маршировкаи талабаҳо дидан карда истодааст.

Раҳмонов Вамар меояд, Вамаре, ки онҷо даҳҳо нафар аз тарафи боевикҳои Раҳмонов қир карда шуданд. Вамаре, ки онҷо маркази маъмурии Рӯшон аст ки се соли пеш боевикҳои Раҳмонов оғушта ба хуни муътаризини осоишта карданд ва наздики 40 нафарро ба шаҳодат расониданд. Ва ҳоло акнун Раҳмонов инҷо Вамар меояд то ҷашн бигирад ва базм орояд ва шодиву хурсандӣ кунад ва аз сулҳу ваҳдат гап мезанад ва ин мардум бояд ӯро истиқбол бигиранд ва барояш шеър хонанд, ва барояш рақс кунанд ва нишон диҳанд, ки мотамашонро, шаҳидонашонро, аздастдодаҳояшонро, ҷавонмаргонашонро фаромуш кардаанд ва гӯё инҷо ҳеҷ гапу ҳарфе набуд ва инҷо хуни помириҳоро Раҳмонов нарезонида буд. Ва ин мардум дар замине, ки аз хуни шаҳидонашон гулранг ва ҷӯи хун равон шуда буд, бирақсанд, кафу даф бизананд, суруд хонанд, Пешворо, Ҷанобро

Асосгузорро тасаннову марҳабо бигӯянд.

Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» огоҳанд, ки аз Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ номаҳо ба мо камтар меояд. Аммо ,ин сафари Раҳмонов боис шудааст, ки ба суроғаи электронии мо аз Боми ҷаҳон чанд нома бирасад. Ва, ҳоло бо ин номаҳо навиштаро идома медиҳем:

Номаи аввал

Ассалому алайкум бародар Муҳммадиқбол! Ҳанӯз аз моҳи апрел омодагӣ барои истиқболи Раҳмонов дар Вамар, маркази ноҳияи Рушон шурӯъ шудааст. Хонандаҳои мактабҳои ноҳияро ҳар рӯз барои маршировка бурда истодааст. Ба аҳолӣ таъкид шудааст, ки ҳузур дар маросими истиқбол ҳатмист. Онҳоро гуфтаанд, бо хонаводаҳои худ ба маросими истиқбол бароед.

Имсол Раҳмонов барои ҷашни рӯзи Ваҳдат Рушон меомадааст.

Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон барои макотиб таътили тобистона фаро расидааст, аммо хонандаҳои мактабҳои Рушон таътилро канор гузошта барои истиқболи Раҳмонов, ки се соли пеш инҷоро ба қатлгоҳ мубаддал карда буд, рақсу суруд –маршировка карда истоданд. Муаллиму муаллима, талабаҳо аз макотиб, омӯзишгоҳҳо, депутатҳо аз ҷамоату шаҳр то вилоят, ҳама кормандони ниҳодҳои буҷҷавӣ масалан Хонаи маданияту беморхона ба ин як маъракаи тамоман бемаънову бемантиқ ҷалб карда шудаанд.

Дар ҳайати ин талабаву муаллиму кормандони дигар соҳаҳо, ки зери офтоби сӯзон рақсу суруд-маршировка омӯхта истодаанд, бачаву духтару хоҳару бародари шаҳидоне, ки се соли пеш онҳоро дар ҳамин Рӯшон Раҳмонов тирборон карда кушта буд, ҳам ҳастанд.

Бародар Муҳаммадиқбол, магар ин зулм ва ин таҳқири мо мардуми Помир нест? Мо чи тавр ба пешвози қотили хешу табору падару бародаронамон бароем ва либоси зебову нав бипӯшем ва дар васфи вай суруд хонему дар пеши вай дасту пойкубиву гулафшонӣ кунем? Руҳи он ҷавононе, ки Раҳмонов се соли пеш дар инҷо кушт, домангири мо намешавад, аз мо норозӣ намешаванд, мо онҳоро дар гӯр ноором намекунем? Руҳи ин шаҳидонро, ки Раҳмонов куштааст, мо хиёнат намекунем? Боз бо кадом пӯсту рӯ пеши мо меояд ва боз моро маҷбур карда ба маршировка бароварда барои пешвози вай сурудҳо ёд дода истодаанд?

Ин амали нангини Раҳмоновро ҳеҷ роҳбари дигаре, ҳатто Гитлеру Чингиз накардааст, ки ҳам бикушӣ ва ҳам водор ва маҷбур намоӣ, ки қотилатро бо гулу гулдаста, бо суруду рақс истиқбол кун ва барояш базм ташкил намо.

Ман ба халқи Помир, ба вамариҳо, ба тамоми ноҳияи Рӯшон гуфтаниам, ки Раҳмонов пеши мову шумо ҷашни Ваҳдат намеояд, Раҳмонов пеши мову шумо  барои таҷлили ғалабааш меояд.

Раҳмонов аз ҳамон рӯзҳои аввали ба қудрат расиданаш мардуми помириро дар Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Кулоб ва дар тамоми Тоҷикистон кушт. Ман худам дар Душанбе зиндагӣ мекардам. Донишҷӯ будам. Бо чашмони сарам дида будам, ки чи қадар мардуми помириро дар Душанбе куштанд.

Вале Раҳмонов зӯраш ба мо-помириҳо нарасида буд. То соли 2023, то ҳамон сол, ки Вамари Рушон ва Хоруғро ба хоку хун накашонд, даҳҳо нафарро накушт, қарор нагирифт. Чунки помириҳо ба вай гардан нафароварда буданд.

Аммо имрӯз як гурӯҳ хоинони дохилӣ мисли Алишери Мирзонабот, раиси вилоят барои пешвози ин қотили мардуми Помир  сахт тайёрӣ дида истодаанд.

Аз номи мардуми Вамар гуфтаниам, ки Раҳмонов мо туро намехоҳем, ту Вамари мо набиё, пойи касифатро ба сарзамини поки мо нагузор. Мо туро интизор нестем. Мо, ба ту нафрат дорем. То қотили мо ҳастӣ. Бо кадом пӯсту рӯ назди мо меоӣ?

Ту худат бо даҳани худат гуфтӣ, ки фармони кушторро додӣ. Раҳмонов ту моро издиватсия ва таҳқир кардан омада истодаӣ. Он солҳои ҷанг- помирикушиҳои оммавӣ дар Душанбеву Қурған аз автобусҳо фароварданд, моҳиқапӣ бурдан, аз қатораҳо фаровардан, ҳамаи ин дар ёду хотираи мардуми мо маҳфуз аст. Мо туро ҳеҷ гоҳ президенти худ намешуморем, нашуморида будем. Чунки ту на мусулмон ҳастӣ на тоҷик. Навори Файзалӣ Саиду навори Лангарӣ Лангарӣ, ки ошкоро мегуфтанд помириҳоро куштем дар ёдамон ҳаст. Раҳмонов нази мо қудрат ва зурӣ нишон додан омада истодааст. Инҷо набиё. Мо туро бад мебинем, нафрат дорем. Дар замини муқаддас ва поки мо хуни бегуноҳонро резонидӣ, мо аз ту безорем!.

Номаи дуввум

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худоро шукр, ки «Ислоҳ.нет» ҳасту мо тавассути он метавонем аз мушкилиҳои худ гап занем ва диламонро холӣ кунем.

Ман корманди собиқи «Литсейи Оқохон-4» дар шаҳри Хоруғ ҳастам. Ин литсейро моҳи сентябри соли 2023 Раҳмонов маҳкам кард ва ба ҳисоби давлат гузаронд. Номи онро ба «Литсей барои хонандагони болаёқат» иваз намуд. Литсейи Оқохон 25 сол фаъолият кард. Ман 15 сол дар он кор кардам. Маоши моро, вақте ин литсей аз они аълоҳазрат Оқохони 4 буд саривақт медоданд. Шумо хуб медонед, ки пешвои мо, аълоҳазрат Оқохони 4 барои мо мардуми помирӣ, ки пайравони мазҳаби исмоилия, муридони ӯ мебошем, ёриҳои зиёд расонидааст. Махсусан дар солҳои ҷанги дохилӣ, ки Раҳмонов ва Фронти халқии ба хуни ҳар як помирӣ ташнаи вай болои мо ҷабру зулми зиёд карда буд, Имоми мо моро аз чанголи маргу гушнагӣ раҳонид. Ва, ҳар як помирӣ аз ин кумакҳо бархурдор шудаанд ва то қиёмат фаромуш намекунанд.

Ин литсей бо пулу заҳматҳои Имоми мо, худо дар фирдавсӣ барин макону манзил дода бошад, сохта ва ба фарзандони пайравонаш тақдим шуда буд. Раҳмонови қотили мардуми Помир бо бахилӣ ва рашку ҳасуди рӯирост онро баст.

Аммо, ҳоло муаллимаҳову муаллимҳо ва хонандаҳои ин даргоҳи донишомӯзиро аз ҳисоби давлат маош мегиред гуфта аз моҳи апрел ба ин тараф ғайриихтиёри худи мо ба маршировка кашидааст.

Мо, бояд барои пешвози Раҳмонов машқи рақс кунем ва суруд аз бар намуда ҳангоми сафари вай барои вай бихонем. Чанд нафар-тренерҳоро аз Душанбеву Хуҷанду Кулоб барои машқу ёд додани мо овардаанд.

Як нафар аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфт, ки дигарҳоро ҳам огоҳ кунам ва худам ҳам ягон гапи зиёдатӣ дар пеши инҳо дар бораи Раҳмонов нагуям, чунки гуфт вай ин занҳо мумкин аст ки агент ё хабаркаши амният бошанд. Манзураш ҳамон тренерҳои омада аз берун аст.

Аммо ҳоло мо бо онҳо шинос шудем ва як ду нафари онҳоро мо бештар ҳамсуҳбат шудем.  Бахудо қасам он қадар аз маршировка ва аз Раҳмонов безор шудаанд, ки мегуянд ин қадар харҷу хароҷот, ин қадар пулро барбод додан, ин ҳама одамҳо, муаллимаҳо, кормандони идораҳоро сарсону саргардон кардан чи лозим? Фақат барои Раҳмонов. Фақат барои онки Раҳмонов раваду наворро бегоҳ аз ТВҳо тамошо кунад ва лаззат барад? Раҳмонов фикр намекунад, ки ин ду моҳ-се моҳ, ки мо аз хонаамон дур мешавем, мардум, ки аз кору бори зиндагиашон маҳрум мешаванд, чи фоида дорад.

Ин бону хеле огоҳтар аз як басаҳнагузоранда ва аз як устоди рақс будааст. Вай гуфт, ки хуб медонад, ки мардуми Помир Раҳмонов ва ҳукумати вайро қади хуг, аз хуг ҳам бештар бад мебинад. Ин зан мегуяд, ки Раҳмонов аз муҳаббат ва ишқу алоқаи бадахшониҳо ба Имоми марҳум Шоҳкарим Алҳусайнӣ-Оқохони 4 сахт рашку нафрат дошт. Аксҳои вайро канд, коргоҳҳову муассисаҳояшро барчид. Ҳатто дар рӯзи мотами саросарӣ барои суги вай ки исмоилиёни ҷаҳон баргузор карданд неруи барқи ҷамоатхонаи марказӣ дар Душанберо қатъ кард.

Раҳмонов на фақат литсеи Оқохонро басту давлатӣ кард, ҳамчунин замин ва Донишгоҳи   вобаста ба шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи «Серена» дар  Хоруғ низ ба мусодира карда ба ихтиёри давлат дод. Маркази тиббии Оғохонро ҳам кашида гирифт. Чунки Раҳмонов ба худобиомурз Оқохони 4 рашк мекард.

Хулоса, ин зан, ки аслаш намедонам аз куҷо будааст вале аз Душанбе омадааст, аз ҳама чиз огоҳ  аст.

Вай дар бораи онки Раҳмонов дар моҳи майи соли 2023 Рӯшон ва Хоруғро бо танку тӯпу вертолёт ба хоку хун кашид ва даҳҳо нафарро кушт медонад.

Мо намедонем, ки Раҳмонов аз ҷони мардуми мо чи мехоҳад?

Оқохон-4 барои мо Пешво буд, пешво мемонад. Мо ҳеҷ гоҳ Раҳмоновро пешво намеҳисобем ва намедонем. Оқохони 4 барои мо муътабар ва муҳтарам буд ва ҳамин тавр мемонад ва ҳоло писарашон Аълоҳазрат Шоҳзода Раҳим Оқохони панҷум дар ҷойи вай барои мо пешво ҳисоб мешавад ва ҳар гоҳе вай ба назди мо пайравону муридонаш биёяд мо ӯро аз самими дил ва сидқан пешвоз мегирем. Тамоми коргоҳу корхонаҳои ӯ хизмати мардумро мекард.

Мо, мардуми Помир агар аълоҳазрат Оқохони 4 набуд ҳазорон-ҳазор дар он солҳои сахт талаф меёфтем. Моро наҷот дод.

Мо, агарчи ҳоло барои пешвози Раҳмонов тайёрӣ мебинем, вале ин пешвозгирӣ маҷбурӣ ва ғайрихоҳиши мо аст. Ман ошкоро ва рӯирост мегӯям ва тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон бидонад, ки мо қотили худро пешвоз мегирем на каси дигар ва на бахусус пешвоеро.

Тамоми рақсу суруди мо, тамоми гулу гулдастаҳои моро, ки аз телевизионҳо намоиш медиҳанд, шумо баракс фаҳмед ва қабул кунед. Мо ба Эмомалӣ Раҳмон нафрати хос дорем ва инро донед!

Номаи севвум

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Се сол мешавад, ки аз дасти зулму истибдоди Раҳмонов овораи ватан шудаем. Ман, ҳозир дар Амстердам қарор дорам. Вақти ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 ҳамроҳ бо ҷавонмардони ғаюр ва шаҳидони роҳи адолату ҳақиқат дар Рӯшон будам ва яке аз онҳое ҳастам, ки дар тазоҳуроти осоишта барои бастани роҳ иштирок доштам. Инҷо аз он ҳодиса ёдовар намешавам. Тамоми ҷаҳон донист, ки Раҳмонов як президенти одамкуш ва қотил аст. Онҷо аҳолии осоиштаро, ки барои арзу шикоят  расонидан рафта буд тирборон кард ва дар пеши чашми худи ман чанд кас аз тири силоҳи афсарони амниятии Раҳмонов кушта шуданд. Аммо ҳоло шунидам, ки Раҳмонов барои таҷлили рӯзи Ваҳдат ба Рӯшон меомадааст ва чанд вақт будааст, ки барои пешвозгирии вай тамоми мақомоти ноҳия ва вилоят аҳолӣ ва махсусан талабаҳои мактабро маҷбурӣ ба маршировка бурда истодаанд.

Ёдатон бошад Раҳмонов баъди он ҳодисаҳо дар як маҷлис дар Данғара рӯирост гуфт, ки фармони безараргардонӣ яъне куштани аҳолии осоиштаи Помирро ман додам.

Ман онҷо будам ва мо мехостем пеш роҳбарон рафта сабаби куштори Гулбиддин Зиёбековро пурсем. Мо барои додхоҳӣ омад будем. Аммо болои мо сарбозону афсарон тир кушоданд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Онҷо касе силоҳ надошт. Мтинги мо митинги осоишта буд. Вале Раҳмонов на як бору ду бор буд, ки болои мо лашкар мекашид. Раҳмонов дар замони осоишта, дар шароити ғайриҷангӣ ҳазорҳо помириро кушту зиндонӣ кард. Бубинед, мо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гурезаву овораи ватан нашуда будем, аммо ҳоло дар ақсои олам гурезаю овора ва дарбадарем, ки яке аз онҳо ман мебошам.

Раҳмонов набояд Рӯшон ё Хоруғ равад. Раҳмонов агар ҳам, ки ояд бигзор биравад қабристони Хоруғ, биравад қабристони Рушон. Сари қабри Гулбиддин ояд? Сари қабри Аслан Гулобов ояд ва аз онҳо ва аз даҳҳову садҳо нафари дигар, ки ҷонашонро Раҳмонов гирифт узр хоҳад,

Дар воқеъ Раҳмонов бо кадом рӯ ба Рӯшон меояд. Раҳмонов агар ҳам, ки ояд бигзор хонаи модари Гулбиддин, хонаи зану фарзандони Мамадбоқир, хонаи даҳҳо шаҳид дарояд ва ба зону занад ва бахшиш, пиҳилӣ пурсад. Агарчи узри вай узри бадтар аз гуноҳ аст. Агарчи модари шаҳид Гулбудин ҳатто аз Помир хориҷ шуд ва дар Аврупо қарор дорад вале бояд Раҳмонов донад,ки мо интизори ӯ нестем!

Ман то ҳоло дар ҳайратам, ки чаро тазоҳуроту эътирози осоиштаро тирборон кард ва болои мардум танку тӯп кашид? Чунки Раҳмонов бо мардуми Помир душманӣ дорад. Раҳмонов помириҳоро бад мебинад. Мо инро хуб медонем.

Ҳоло агар Помир таҷлили Ваҳдат меояд, бигзор, ки бандиёни бегуноҳи помирӣ, ки аз 250 нафар зиёданд ва ҳамин чанд рӯзи пеш яке аз онҳо Аслан Гулобов кушта гардид, масалан Улфатхонум, Холбаш, Фаромуз, Ораз озод карда ҳамроҳаш оварад. Аз як хонаи Толиб Айёмбеков чор нафар дар зиндон аст.Онҳоро раҳо кунад ва ҳамроҳаш оварад ва сипас ҷашни Ваҳдат барпо кунад. Ин мардумро кушт, зиндонӣ кард, ҳоло боз меояд, ки ҷашни Ваҳдат барпо кунад? Куҷост мантиқ, куҷост инсофу куҷост имон?

Бародару хоҳарони ман чи гуфта қотили худро бо рақсу суруд пешвоз гиранд?

Фаромуз Иргашев як ҷавоне, ки аз сад гул як гулаш нашукуфта буд ба сӣ сол зиндон маҳкум шуд. Агар душмнб, агар хусумат бо помириҳо надошт, ин ҳама аҳкоми сангин, то ҳукми абад ба хотири чӣ буд?.
Шаҳбоз Раҷабзода, шавҳари ғайрирасмии духтарашро, ки ин қадар дуздиву ғорат кард, гуфт ҷавонӣ, вагарна ҳақат зиндон буд, аммо Чоршанбиевро, ки чемпиони ҷаҳон ва ҷавон аст Фаромузро, ки ҷавон аст бе ҳеҷ гуноҳе сӣ солӣ зиндон кард.

Мо, онҷо роҳро ба рӯи техника ва низомиҳо баста будем, ки даромада халқро напаронанд. Аммо дар худи ҳамонҷо паронданд ва куштанд. Ин манзараҳо ҳанӯзам пеши чашмони ман аст. Як маҳшар ва як қиёмат буд.

Шумораи зиёди аъзои Комиссияи 44, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи қатли Гулбиддин Зиёбеков бо ҳамроҳӣ ва маслиҳати худи мақомот ташкил шуда буд, маҳкум ба зиндон шуданд ва онҳоро террорист эълон карданд. Онҳо чи кори террористӣ карданд? Магар онҳо аз маҳалли зисти худ берун по гузошта буданд. Онҳо, танҳо як бор Душанбе рафтанд. Ва ин сафари онҳо ҳам, ки дар соли 2018 сурат гирифта буд, бо таклифу дархости худи Раҳмонов сурат гирифта буд. Манзури ман даъвати чанде аз пешвоёни мардуми ба шумули Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов буд,ки моҳи октябри он сол бо талаби худи Раҳмонов аз Хоруғ ба Душанбе омадаанд ва бо вай вохӯрданд. Аммо баъди чор сол онҳоро дастгир карду ба зиндон кашонду шуморе аз онҳоро кушт. Оё ин ҷавонмардист?

Раҳмонов, вақте дар Данғара гуфт, ки ман фаромони қатли помириҳоро додам, дигар ман тавассути Қирғизистон аз ватан баромадам ва мисли ман садҳо нафари дигар тарки ватан кардем. Чунки дигар Раҳмонов эълон кард, ки худам куштам ва ин маънои онро дошт, ки баъдҳо ҳам помириҳоро мекушам. Ҳамин тавр ҳам кард. Чандин нафарҳоро аз Русия қапиду дуздиду бурд. Аз ҷумла Ораз Вазирбековро, ки аслан дар он митингҳо иштирок надошт ва ӯро ҳам ба солҳои дароз зиндон кард. Ҳоло чи шудааст, ки Раҳмонов Помир меояд? Нишон доданист, ки вай зӯр аст. Ҳам мекушаду ҳам водор мекунад, ки ӯро ботантанаву бодабдаба пешвоз гиранд ва барояш достону қасида хонанд. Ҳама чиз бо вақту соаташ ва кори ин дунё ба охират нахоҳад монд ва мо ҳатман хунбаҳои ҳамватанонамонро хоҳем гирифт.

Номаи чаҳорум

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нафар аз кормандони умури дохила дар шаҳри Хоруғ ҳастам, ки се моҳ мешавад барои «маршировка» маъмур шудаам. Инро ба шумо бигӯям, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар Хоруғ  ва Рӯшон ба режими пуршиддати корӣ гузаронида шудаанд. Аз моҳи апрел ба ин тараф мо, агарчи расман эълон накардаанд вале амалан дар вазъияти режими казармавӣ қарор дорем.

Ду -се соли ахир аксарияти кормандон дар милиса ва амният дар инҷо аз «бачаҳакои боло» оварда шудаанд. Бо мо, мардуми маҳаллӣ камтар бовар доранд.

Ҳанӯз аз марказ гурӯҳи Алфа ва дигар хадамоти вижа наомадааст. Аммо аз амният ва Хадамоти муҳофизати Раҳмонов ва аз ВКД ҳар рӯз омада истодаанд.

Тадорукот ва омодагӣ барои пешвозгирии Раҳмонов ба шиддат ҷараён дорад. Раиси комиссияи тадорукот барои пешвозгирии Раҳмонов, ки барои иди Ваҳдат Рӯшон ва Хоруғ меомадааст хули раиси вилоят Алишер Мирзонабот аст. Роҳҳо аз тарафи ГАИи марказ назорат мешавад. Фурудгоҳ ҳам ҳамин тавр. Мо ҳолати казармавӣ расман набошад ҳам амалан ҳаминхелем.

Як нафар писари аммаам дар ҳукумати Хоруғ кор мекунад. Онҳо вазифадор шуданд, ки барои меҳмонҳои меомада шароити ғизову истироҳат омода кунанд. Мегӯяд, ки бисёр сахту сангин аст.

Волидон ва наздикони он нафароне, ки дар ҳодисаҳои моҳи майи 2022 дар Вамар кушта ва зиндонӣ шудаанд дар руихати махсус дароварда шудаанд. Онҳоро, бо фармони марказ мо ҳамарӯза таъкид ва огоҳ карда истодаем, ки ягон ҳаракати ноҷо накунанд.

Инҷо мисле, ки  кадом иду ҷашн неву тамрини ҳолати ҷангӣ ва изтирорӣ рафта истодааст. Техникаи вазнини ҷангӣ ҳам оварда истодааст. Як навъ тарсу таҳлука Вамарро фаро гирифтааст.

Рӯзҳои омадани Раҳмонов бояд ки ҷамоатхонаҳо баста шаванд. Ягон ҷои ҷамъшавии одамон кор накунад. Шаҳр пур аз ҳар гуна овоза шудааст. Аҳолии Вамар тамоман намехоҳанд, ки ба истиқболи Раҳмонов бароянд, вале онҳоро хонабахона гашта таъкид карда истодаанд, ки байрақчаҳо созанду пешвози Раҳмонов бароянд. Аммо мардум ҳеҷ ҳавасу ҳавсала ва рағбат надорад.

Шояд беҳтар бошад, ки ин сафар лағв ва қатъ карда шавад.

Он писари аммаам, ки ҳукумати шаҳри Хоруғ кор мекунад гуфт, ки маблағи   зиёд масраф мешавад. Ҳайати меомада калон аст. Хонаи сокинон ҳам барои эҳтиёт омода карда мешавда. Мо аз мардум ҳам пул ҷамъ карда истодаем.

Соли 2023 ҳам Раҳмонов омада буд. Аммо сафараш ба Вамарро қатъ кард. Чунки онҷо дар ҳақиқат мардум омодагӣ дида буданд, ки бо вай баҳсу даъво кунанд. Занҳо чодари сиёҳ ба бар карда ба пешвозаш бо нишони эътироз баромаданӣ буданд. Барои ҳамин тарсид ва ба баҳонаи вазъи саломатӣ аз омадан ба Вамар истиҳола кард. Чунки он вақт ҳанӯз захмҳо ва дардҳо тоза буданд. Акнун Раҳмонов, дарду доғи мардумро поин  фикр карда пеши вамариҳо омаданӣ аст.

моҳи август омада буд аммо аз миёна сафар қатъ кард, амният чи маълумоте дод барояш.

Мо бо роҳҳои имконпазир ба Раҳмонов фаҳмонидем, ки руҳияи мардум хуб нест аз гулуи инҳо ҷашну базм намегузарад, наояд беҳтар аст. Аммо ба назар мерасад, ки меояд ва бидуни шубҳа боиси хашму ғазаби мардум мешаванд. Магар мешавад қотили фарзандатро, шавҳаратро, бародаратро  дар рӯбарӯят бубиниву ором истӣ? Касе наметавонад саддарсад итминон диҳад, ки онҳо ором бошанд. Аммо нашавад, ки ояду  боз муҷиби хунрезии дигар шавад.

Ман, аз Худо мехоҳам, ки ин шумқадами шумнафас ором ояду ором равад, агарчи бисёр ҳам намехоҳам, ки пойи шуми вай ба замини поки мо бирасад.

Назари «Ислоҳ» дар мавриди ин сафари шуми Раҳмонов

Ин сафари Раҳмонов як сафари маънидор аст. Раҳмонов мехоҳад нишон бидиҳад, ки дигар тамоми манотиқи Тоҷикистон таҳти контроли вай аст, аз ҷумла Помир ҳам. Вай дар инҷо мардумро кушт ва ҳоло мехоҳад бигӯяд, ки куштаматон, акнун ба болои куштаҳоятон ба рақс меандозаматон ва рақс ҳам мекунам.

Раҳмонов, бо ин мардум душманӣ дорад. Инро худаш ҳам ошкоро изҳор дошт ва на як бору ду бор як бор гуфт, ки «чор ҷинояткорро гирифта наметонед» ва эълон кард, ки «ман фармони қатли помириҳоро додам». Раҳмонов то ба ҳадде бо ин мардум нафрат дорад, ки ҳатто санги мазор ва панҷараҳои сари гӯри Мамадбоқир Мамадбоқир, яке аз лидерони ба шаҳодат расидаи мардуми Помирро канд.

Бо дастури мустақими Раҳмонов аксу суратҳои Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони 4-ро аз ҳамаҷо барканданд ва муассисаҳои ӯро, ки барои ин мардум аҳамияти зиёд доштанд басту давлатӣ карданд, агарчи хуб медонад, ки марҳум Оқохони 4 дар назди ин мардум аз чи ҷойгоҳу эътибору эҳтирому иззате бархурдор аст.

Ман беҳуда намегӯям, ки Раҳмонов аз мардуми Помир бадаш меояд, бо ин мардум душманӣ ва танаффури махсусе дорад. Инҷо далел меоварам. Бубинед, ки Раҳмонов бо помириҳо чи кор кард? Раҳмонов Данғараро минтақаи озоди иқтисодӣ эълон кард, аммо шабакаи Оқохонро баст ва муассисаҳои онро давлатӣ кард. Раҳмонов Литсеи Оқохон дар Хоруғро баст, аммо дар Данғара литсейҳову коллеҷҳо кушод, Раҳмонов Маркази тибби Оқохон дар Хоруғро баст, аммо дар Данғара бемористони ҷумҳуриявӣ кушод, Раҳмонов Донишгоҳи байналмилалии Оқохон дар Хоруғро баст, аммо дар Данғара се Донишгоҳи давлатӣ ба шумули донишгоҳи давлатӣ фаъол кард, агарчи барои сохти ин муассисаҳо дар Хоруғ як пули пучак масраф накарда буд, аммо ин ҳамаро дар Данғара бо пули бюҷет, бо пули халқи Тоҷикистон кард.

Раҳмонов замини Помирро ба Хитой дод, Раҳмонов дар Помир базаи ҳарбии Хитойро овард.

Раҳмонов дар Данғара бо пули хитоиҳо чандин корхонаву муассиса сохт, аммо конҳои Помирро ба онҳо дод.

Раҳмонов Вамар барои таҷлили Ваҳдат намеравад, Раҳмонов Вамар барои намоиши зури бозу ва ҳамчун ғосиби қалъаи Вамар меравад.

Лоҷуварду ақиқу лаъли Бадахшонро гирифт, Гармчашмаро гирифт ва роҳҳои тиҷорати наркотикро ҳам тасоҳуб кард

Чаро бо он мардуми муътариз музокира накард? Чаро онҳоро се соли пеш Душанбе оварда тавонист, аммо ин навбат гапашонро шунидан нахост? Гапи зиёд набуд. Савол ин буд, ки Гулбиддин Зиёбоеков чаро кушта шуд?

Ҳамаи инҳо аз он шаҳодат медиҳад ва далолат мекунад, ки куштори мардуми мулкӣ ва бесилоҳи Помир  барномариезишуда аз қабл буд. Вай дар соли 2015 ҲНИТро зад ва мебоист Помирро ҳам мезад, то хотираш ҷамъ мешуд, ки дигар ҳарифу рақибе надорад ва ҳарчи бо ин мардум бихоҳад, мекунад:

Эй, забардасти зердастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор?

Ба чи кор оядат ин ҷаҳондорӣ,

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ.

Сообщение  Вамар набиё! Коре ба ҷашни ваҳдатат надорем появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №242
Тағйироти ахири кадрӣ дар ҳайати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, агарчи, дар зоҳир як кори идорӣ ва бо риволи маъмулӣ аст аммо чанд нуктае дорад, ки яке аз муаллифони огоҳи мо аз он тафсилоти ҷолибе додааст. Ҷузъиёти номаро худатон хонда бохабар мешавад. Аммо, номае, ки бо он нашри барномаи феълӣ шуруъ мешавад, низ ба милиса марбут аст. Милисае, ки дар Бадахшон бедодӣ кардаву аз хешовандони наздики Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ аст, ки дар масъалаи тағйироти ахири кадрӣ ҳам нақши ҳалкунанда доштааст. Ин номаи мо аз Роштқалъаи Бадахшони куҳӣ аст:

Роштқалъа

Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадикболи Садриддин.

Ман як зани помирӣ, сокини ноҳияи Роштқалъа, аз маркази ин ноҳия мебошам.

Бародари азиз, ман собиқ коркуни ҳукумат ҳастам. Ман бори аввал ба шумо менависам, гарчанде солҳои охир шуморо пайваста тамошо мекунам.

Бародари азиз, имрӯз дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» (ман ин барномаро ҳамеша тамошо мекунам ва барномаи ҷолибе таҳия ва пешниҳод мекунед) навореро бо номи «Фиғони модари бадахшонӣ» тамошо намудам.

Бисёр алам кардам, ин модар чи хел ҷасурона ҳикоят кард, ва аз он ҳамон илҳому ҷуръат гирифта навиштам ба шумо.

Бародари азиз, ман ҳайронам барои чӣ аз Помир ба шумо хеле кам, тақрибан, ки наменависанд? Ман нав якчанд рӯз шуд, аз Помир омадам.

Ман 2,5-сол сол пеш корро бас карда Русия омадам- пеши шавҳарам. Лекин ҳамин сол рафта дидам, оби чашмҳоям рехт, аз беадолатиҳои хукумат ва бузу чоплус шудани мардуми мо.

Муроҷиати ман, ба мардони далеру қаҳрамонони Помир!

Барои чӣ, шумо ба «Ислоҳ» наменависед? Дар айни замон силоҳу мушту бозуи мо ҳамин «Ислоҳ» аст ки ҳаррӯз бар фарқи сари Раҳмонови касиф ва қотили миллат ва қотили мардуми Помир (худаш руирост гуфт, ки ман фармон додам, ки помириҳоро «безарар» гардонанд, яъне кушанд) мекубад ва мо бояд бо «Ислоҳ» якҷону яктан, муттаҳид бошем.

Мо, занҳо сар кардем, шумо ҳам сар кунед, бимонед то бифаҳманд, чӣ ҳаромкориҳо мекунад ин ҳукумат.

Бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин, ман ба шумо дар бораи як одами бисёр золиму касофат менависам, Аслан ӯро одам гуфтан нашояд.

Ин одам, сардори милитсияи ноҳияи Роштқалъа, Сайидҷаъфар Икромзода аст.

Ҳанӯз солҳои 2019, он вақт ман дар ҳукумат кор мекардам, вайро онҷо оварданд.

Он вақт вай муовини сардори милитсия буд.

Ин одам бинобар маълумотҳо аз хешовандони Бузмаков Абдурраҳмон аст. Ба гуфти мардум, ин палид пеш аз омадан ба ноҳияи мо, дар тарафҳои худашон дар паспортний стол кор мекардааст. Онҷо ҳам фақат суми мардум хурдаст ва бисёр ҷиноятҳо содир кардааст. Ва, мебоист аз мақомот ронда мешуд. Аммо бо ёрдами Бузмаков ё Аламшозода Абдурраҳмон  вайро ҳамчун штрафник ба Роштқалъа оварданд. Ин одам бисёр одами бадахлоқ, дузд ва ҳаромхур аст.

Ин палид нав омадан замон дар кор, дар ҳол сар кард ба бевабозӣ ва дигар корҳои ношоям. Вай дар зодгоҳаш зан ва соҳиби 2 фарзанд аст. Вале дар Роштқалъа аз рӯзҳои аввали омадани худ, бо як духтар, ки дар санэпидемстансия кор мекард, фамилия вай Раҳмонбекова аст, сар кард ба ишқварзӣ.

Ҳамин сол ки ватан будам, ин духтар аллакай сардори санэпидемстансия шудаст ва ҳоло ҳам бо ин палид мегардад. Ҷиноятҳои вай аз мӯи сар зиёданд. Ман ҳамаашро ба қалам оварда наметавонам, лек як- ду ҷинояташро нақл мекунам.

Ин палидро соли 2021, моҳи ноябр, пеш аз куштани бародари шаҳид Гулбиддин Зиёбекв, сардори милитсия таъин карданд. Ман мефаҳмам, ин ҳаром дар куштани Гулбиддин, бисёр талошҳо кард. Аз барои ҳамин ҳаромиаш пирхари Раҳмонов ба вай мукофот дод. Ман бо чашмони худам дидам, ки ин номард ҳамроҳи он раҳматӣ дар ноҳия ин су он су рафт, типа ин одами вай аст, лекин вақте ки ӯро куштанд, аз ҳама хурсанд, ҳамин саг буд. Ва ин аруси вай, яъне маъшуқааш- Раҳмонбекова, хама хабарҳо ба вай расонд. Бигзор баччаҳо фаҳманд, чи хел ин одам вайҳоро фурӯхт. Соли 2023, ки аллакай ман аз кор он вақт рафта ва омадам Москва, дар ҳамон сол ҳамин одам бо муовини худ, ки дар уголовний розиск кор мекунад, мегӯянд, ки вай аз хешовандони СС.Ятимов аст, сахт ҷанг шуданд.

Ин хеши Ятимов бо табар Саидҷаъфарро зад аммо ин ҳаром намурд. Вайро бурданд балниса, беҳуш буд, камтар дӯхтан сари вайро ва саҳар бо вертолёт, Душанбе бурданд. Баъд ин ҳодисаро ба гардани мардуми маҳаллӣ заданд, типа шаб вайро бо маска одамҳо задаанд.

Лекин асли корро ҳамаашон ҳам Бузмакову ҳам Рамазон Раҳимзодаву ҳам СС.Ятимов хуб медонанд, намедонам ба Раҳмонов фаҳмониданд ё не, фаҳмонанд, ки чи мешавад, ҳиҷчи гап намешавад, аммо асли кор ҳамин хел буд.

Ва ба ин хеши СС.Ятимов ягон кор накарданд, ба Худо, как будто ягон гап нашудааст.

Ҳама хаёл мекарданд, тамом, ҳозир вайро сур мекунанд, лекин ин ҳаром баъд аз 2 моҳ омада корро идома дод, как будто ягон гап нашудааст.

Бори дуввум ман набудам, лек ҳамсояҳо гуфтанд, ки боз ҷинояти безеб содир кард, боз ҳам аз кор наронданд ва бори 3-юм ҳамин сол моҳи январ, ки он вақт ман ватан будам.

Чи хеле ҳаст ҳамон хел нақл мекунам. Аз гуфти як хеши наздики ман, ки дар ҳукумати Роштқалъа кор мекунад, нақл мекунам.

Аз ҷамоати поён, ду бародар ва зани яке аз ин бародарҳо сӯи шахри Хоруғ равона шудаанд. Дар роҳ, аз боло санг омада мошини инҳоро мезанад ва мошини ба сӯи дарёи Шоҳдара меафтад. Дар дарунаш боз як ду нафар ҳам буданд.

Ҳамаро гирифта болниса мебаранд, бо қудрати Худованд, ягон кас намурд, лекин ҷарроҳатҳои сахт гирифтанд.

Ва баъд аз табобат ҳамаро ҷавоб доданд.

Алқисса , баъд аз якчанд вақт Саидҷаъфар ин ду бародарро, ки якеаш шофери ҳамон Тангем буд ба отдел даъват кардааст.

Вақти пурсупоси бародарҳо ба онҳо дод задааст, ва гуфтааст айби шумо аст ки шумо даруни дарё афтодед, ва сум ҳам талаб кардааст ва боз баччаҳоро чунон задаанд, ки ҳама сиёҳ шудаанд. Дар ҳоле, ки инҳо нав аз беморхона ҷавоб шуда буданд.

Падари ин бародарҳо, рӯзи дигар пеши раиси вилоят Мирзонаботов ва сардори управления рафта шикоят кард ва ариза навишт, онҳо ваъда доданд, ки ҳатман ин палидро аз кор сур мекунанд ва пеши қонун ҷавоб медиҳад.

Ман моҳи апрел аз хона боз омадам, лекин ягон кор накарданд ва ин ҳайвони бадзот чи хеле буд, бо ҳамон хел гашта истодааст.

Рӯзи дароз шароб мезанад, чи хели форад, ҳамон хел мегардад.

Вале ин палидро аз кор сур накунанд, бисёр бадбахтиҳо мешавад. Ин палид ягон касро писанд намекунад дар Роштқалъа.

Дар маркази ноҳия бачаҳои ҷавон намондааст, ҳама аз ватан рафтагианд, бисёр аламовар аст. Пеш дигар хел буд, ҳозир ҳама ҷо ҷазир. Дар худи ҳукумати ноҳия 70 фоиз бузу чоплус шуданд, пеши онҳо меравӣ ягон масъала ҳал намешавад.

Дар инҷо ман ба охир мерасонам номаамро. Агар ягон хатоӣ бошад, бахшиш, чунки ман бори аввал ба шумо чунин нома менависам. Дар Хоруғ ҳам вазъият ҳамин хел, ҳама ҷо ҷазир шудааст. Дар охир ман аз мардуми Помир хоҳиш мекунам, ки нависед, ҳатман нависед. Чунки ман дидам, ки чи хел онҷо беадолатиҳо шуда истодааст.

Бародар, шуморо ба Худо месупорам ва ҳамеша дуо мекунам, зиндаву саломат бошед!.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман шумораи 340-и барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо кардам. Раҳмат, ба шумо, ки масъалаи муҳоҷирони корӣ ва мушкилоти зиндагию кори онҳоро дар Русия ба мавзуи барнома табдил доданд. Барномаи шумо «Минбари муҳоҷир» ном дорад. Барои ҳамин ба назари ман зиёдтар дар ҳамин мавзуъ суҳбат кунед, токи муҳоҷирон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ шаванд. Ҳозир ҳамаи муҳоҷирон барномаҳои шуморо тамошо мекунанд.

Вақтҳои ахир дар қонунгузории Русия дар нисбати муҳоҷирон тағйиротҳои зиёд сурат гирифта истодааст. Дар расонаҳо мехонем, ки Русия шароити зиндагии муҳоҷирин дар ин кишварро маҳдуд карда истодааст. Ман модари се фарзанд ҳастам. Бо падари фарзандонам дар Волгоград чанд сол аст ки зиндагӣ мекунем. Имсол мехостам, ки духтарамро аз ватан оварда ба инҷо ба мактаб диҳам. Гуфтанд, ки ҳозир имкон надорад. Чунки кудаки муҳоҷирҳоро баъди супоридани имтиҳон ба мактаб қабул мекардаанд.

Шавҳарам ронандагӣ мекунаду ман дар замини хозяин ба корҳои кишту кор аз ҷумла парвариши тарбуз машғулам. Ҳозир гуё дигар шавҳарам ҳам бо праваи дар дасташ буда наметавонад ронандагӣ кунад.

Мақсади навиштани ин нома ба шумо чӣ аст? Мо инҷо чандин оила аз гушаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастем. Ва, ҳар кадоми мо бо ҳамин гуна проблемаҳо рубару шудаем Қафо, ба ватан баргаштан маънӣ надорад. Чунки онҷо кор нест. Инҷо бошад сахт дар ташвиш мондаем, ки чи хоҳад шуд? Аз шумо мехоҳам, ки бо ягон адвокат, ки ин масъалаҳоро, масъалаҳои муҳоҷиратро мефаҳмад ва фаҳмонида метавонад, ҳамсуҳбат шавед ва дар барнома давъат кунед, то ки вай тағйиротҳои ба қонунҳои Русия шударо ба мо фаҳмонад. Бо забони одӣ, ки мо фаҳмида тавонем.  Ташаккур ба Шумо, бародар.

Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу, ҳамватани шоистаи ибрати мардонагиву шуҷоат, Муҳаммадиқбол.

Нома аз омӯзгори донишгоҳи тиҷорат, ки феълан нафақахуру бознишастаам.

Сад афсӯс, ки панҷ соли охир ман қобилияти роҳ гаштанро аз даст додаам ва имрӯз наметавонам, ки дар роҳи мубориза бар шумо кӯмаке кунам. Ягона воситаи вақтгузаронӣ ва муошират бо одамон ҳамин расонаҳои иҷтимоӣ асту халос. Муҳаммадиқбол одамон чӣ хел мекунанд, ки дар барномаҳои шумо дар эфир гап мезанад? Шумо ба онҳо даъват мефиристед ? Ҳар чанд кӯшишҳо намудам, вале ба сӯҳбатнигори шумо бо ссылкаи мондаатон ворид шуда натавонистам. Умуман кушода нашуд, бинобар онро бо воситаи камера сабт кардам ва сониян тамошо карда, гӯш мекунам. Ман суҳбати шуморо тамошо кардам, ки дар бораи муҳоҷирон  гап мезадед ва аз онҳо талаб мекардед, ки ба корҳои паст ру наоваранд. Аммо ман ба барнома ворид шуда натавонистам. Шояд дафъаи дигар ба ман муяссар шавад, ки ссылка кушода шавад. Умед дорам ки ин ша Алоҳ мешавад.

Дар ин суҳбатнигоратон маро нигоҳ ва назари шумо оиди машғул шудан бо тиҷорат хело хуш омад. Хусусан оиди идея. Шумо зина ба зина, нуқта ба нуқта оғоз намудани тиҷоратро бо мисоли дӯсти афғонатон бисёр равшан фаҳмонида додед, ки бовар дорам ҳатто дар донишкадаи соҳибкориву сервис ягон муаллим чунин дарс намегӯяд ва гуфта ҳам наметавонад. Ин муаллимҳо ягонтоаш таҷрибаи тиҷоратро надоранд, пас бо сафсатаи онҳо кадом донишҷӯй дар оянда тиҷоратчии росткор шуда метавонад? Ягон нафар !!!
Ман худ фалсафаи тиҷоратро аз устодам марҳум Ҷим Рон омӯхтаам ва то ҳол онро дар дарсҳои таҷрибавиам ба шогирдонам меомӯзонам. Вале афсӯс қариб 95%-и онҳо чун гуфтахои шумо ягон идеяи худро пешбарӣ карда наметавонанд. Ҳамаашон мегӯянд, устод пул бошад бизнес бисёр, вале аниқ гуфта наметавонанд, ки бо кадом тиҷорат машғул мешаванд.

«Тиҷорат набояд, ки танҳо хоҳиш бошад. Тиҷорат чун дигар корҳои ҷиддӣ, мисол сохтани тайёра, ё ҷароҳии бемори вазнин бояд асос дошта бошад. Инҷо асос: идея, дониш, таҷриба, тадқиқотҳо, анализи чӣ бозоргонӣ ва ё лабараторӣ, нақшаи корӣ, ҳисоби пешакии сарфи вақту маблағ ва баъдан даромадро дида баромадан лозим ва зарур аст». (Ҷим Рон). Файласуфи амрикоӣ, наттоқи беҳамто, рӯҳбаландкунанда дар соҳаи тиҷорат. (1930-2009).

Чӣ дарси беҳтарин барои хоҳишмандоне, ки тиҷорат кардан мехоҳанд. Фалсафаатон осонфаҳм, нутқатон бурро.

Насиҳати хело нек. Кош муҳоҷирон ғайр аз шикояту орзуҳои хаёлӣ кардан, боз ин гуфтаҳои шуморо ба худ чун дастурамали роҳи наҷот аз саргардониҳо мекарданд, нуран алонур мешуд.

Муҳаммадиқбол ҳеҷ гоҳ сиёсатшинос набудам ва пас аз гӯш кардани ҳар баромадҳоятон фикр мекунам оянда дар Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон афроде мисли шумо дар ҳар мақом сазоворед.

Ки ин давлатдориву режимро боз медорад ? Халқ ? Халқи 60% дар Тоҷикистон буда, чӣ хурду чӣ калон ҷони худро аз ҳар намуд инқилобу табадуллот азизтар медонанд. Магар бо чунин халқи аз тарс дар ҷояш тар карда ва бо аҳвол ягон кор кардан мумкин аст ? Ҳама мехоҳанд, ки нафароне аз Руссия, ё аз Аврупо ва ё аз Афғонистон омада ин давлатро дигар кунанд ва онҳо худ дар зери боми хонаашон оромакак нишинанд. Баъд ки табадулот шуд, ҳама чун калламуш аз сӯрохиҳо, аз ҳар тараф пайдо шудан мегиранд.
Яке мегӯяд Муҳаммадиқболи Садриддин баччаи холамай, дигаре Муҳиддин Кабирӣ ай қишлоқи мояй ва ба ин монанд нидоҳо.

Ин ша Алоҳ он рӯз мерасад ки китобҳои шумо чун дастурамал барои ҳар фарди мусалмон дар хонаҳои мо ҷои худро соҳиб мегардад. Шахсан аз шумову ҳаммаслаконатон ман барои ин сарзамину халқи азияткашида умедҳои нек дорам. Бигузор ҳама кори дунё ки бо розигии Офаридагор ба субот мерасад, амалҳои шумо низ бо хости Аллоҳ бенатиҷа намемонад.

Мехостам ба шумо оиди он идда аз мардуми Тоҷикистон,ки синнашон ба нафақа наздик шуда истодааст, сӯҳбат кунам.
Имрӯз дар як навор оиди нафақа таъин намудани Ҳукумати Узбакистон аз 1-марти соли 2025 ба шаҳрвандонаш шунидам, ки дар  бораи он мегуфт, ки занҳо аз синни 55 солагӣ ва мардҳо аз синни 60 солагӣ бояд ба нафақа бароварда шаванд. Тамоми даводави шаҳрвандонро боздоштаанд, ки ҳуҷҷату маълумотномаҳоро оиди мӯҳлати кор кардаашон ҷамъоварӣ кунанд. Акнун ба ҳар шаҳрванди синнаш ба нафақа расида ба телефонҳои мобилиашон паёмак мефиристодаанд, ки омада худро дар идораи пардохти нафақа ба қайд гузоред. Акнун ҳамаи амалҳо тариқи электронӣ иҷро мешудааст. Магар ин амали Ҳукумати Узбакистон лоиқи таҳсин нест ?
Дар мо чӣ, бечора шаҳрванд дари на камтар аз 10-15 идора даводав карда, албатта танҳо бо воситаи пора додан, ки маблағаш аз 2000 сомонӣ ва баъзан то 3500 сомонӣ бояд ширинкома диҳад, баъд пенсия мебарояд.
Ҳол он ки нафақаи таъин мекардаашон (барои шаҳрвандони собиқаи меҳнатиашон на камтар аз 30 сол аст) ҳамаги 300-350 сомонӣ аст. Аз рӯи фаҳмишам нафақа бояд сазовори умри «инсонӣ» бошад. Ин қадар дар телевизиону расонаҳо Ҳукумат ҷор мезанад, ки ҷамъи андоз ба буҷаи давлат ба 102% иҷро шуд. Маоши муаллимон, духтурон аз 2,500 сомонӣ зиёд нест, дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳатто аз ин камтар, аз 700 сомонӣ то 1100 сомонӣ аст ва ҳамонро хазинадору роҳбар тавре бо сиёсат ва бо як таккабурӣ медиҳанд, ки гӯё аз сандуқи шахсиашон медода бошанд. Куҷо рафтани пулҳои дар буҷҷа ҷамъ шударо аз баромадҳои шумо хуб фаҳмидам.
Ба гуфтаи русҳо: «Куда катится эта страна ???» Ба нобудӣ ва нест шавии давлату миллат !!

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Албатта, шумо аз тағйироти ахири кадрӣ дар вазорати умури дохилӣ бохабар ҳастед. Дар ин тағйирот ҳам Раҳмонов талош кард, ки боз онҳоеро ба вазифаҳо таъин кунад, ки бо ин ё он васила бо онҳо шинос аст ё хешу таборӣ дорад. Раҳмонов ҳатто обруи ҳукумату давлатро ба эътибор намегирад, ҳатто обруи худашро. Масалан яке аз тағйиротҳо ин бозгашти Суҳроби Рамазон аст. Суҳроби Рамазон солҳо сардори Раёсати кадрҳо дар ВКД буд ,аммо ӯро пеш карда буданд. Ҳамчуноне Фотеҳ Қунғуротзодаро аз сардории милисаи Кулоб ронда буданд. Боз ӯро овард. Суҳроби Рамазон ба курсии сардори Раёсати ташхиси (экспертӣ) криминалистии ВКД такя зад. Фотеҳ Қунғуротзода бошад муовини аввали сардори РВКД дар Бадахшон таъин шуд.

Нафари дигари рондашуда Файзулло Нозимзода, ки дар гузашта сардори милисаи минтақаи Кулоб буд ва аз ҳамин вазифааш худи Раҳмонов сур карда буд, боз баргашта омад ва ба ӯ мақоми муовини сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дода шуд. Ин тарзи кор на ба вазорати дохилӣ обру мемононад ва на ба худи ин генералҳо! Вақте онҳоро публично, барои ноуҳдабароӣ ва бемасъулиятӣ ва ҳатто порахурӣ гунаҳгор карда аз вазифаҳо рондӣ, боз чи гуна ва бар чӣ асосе оварда вазифаҳои баландтар медиҳӣ?

Рамазон Раҳимзода, вазири дохила баъд аз онки ин нафаронро дар ҷаласаи Шурои амният дар соли гузашта Раҳмонов аз мақомҳо барканор намуд гуфта буд, ки инҳо барои камбудӣ дар кор аз мақомҳо ронда шуданд ва дигар дар сафҳои милиса кор нахоҳанд кард.

Аммо ин Суҳроби Рамазон, писари Каромат Рамазони ҷураи Раҳмонов, қудои Қурбонбӣ апаи президент аст. Қурбонбӣ зани Холмуъмин Сафаров,  раиси Идораи ҳифзи ҷангали Тоҷикистон буд, ки чанд соли пеш дар Душанбе паронида кушта буданд. Ин апаи Эмомалӣ Раҳмонов дар коронавирус мурда буд. Хоҳари Суҳроб зани бачаи апаи президент аст.

Фотеҳ Қунғуротзода ва Файзулло Нозимзода ҳам барои он оварда шуданд, ки аз Данғараанд.

Ба назар мерасад Раҳмонов кадрҳои нав дар вазорати дохиларо бо машварати Абдураҳмон Аламшозда-Бузмакови ба ҳама маълум таъин кардааст. Як нафари огоҳ гуфт, ки Бахтиёр Назарзода, бародари Қудратулло Назарзода, ки сардори УУР-Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД таъин шуд, низ аз гейнералҳои сабзибадаст будааст. Вайро дар ҷои пешинаи Шорух Саид оварданд. Дар инҷо полковник Баротзода Тоир кор мекард. Вай муовини Шорух ва одами наздики Шорух мебошад. Уро дар мақоми поинтар овард: сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД. Ин раёсат, маълум аст ки мисли УУР пурдаромад ва ҷойи важний ва руғанӣ нест. Ва Бузмаков тавонист одами худашро инҷо оварад ва одами Шорухро як нима кунад.

Яъне дар ҷойи одами Шорух дар УУР одами Бузмаков омад. Генерал Бахтиёр Назарзода бародари генерали Қудратулло Назарзода, феълан сардори милисаи Рудакӣ аст. Рудакӣ ҷои сахти сумкоркунӣ аст. Қудратулло Назарзода Бобо солҳои қабл дар УУР сардор буд. Як вақтҳо воҳима буд, ки вазир ӯ мешавад. Аммо дар ин вазорат вазиршавҳо бисёранд. Яъне Бахтиёр Назарзода дар ҷойи пешини бародари калониаш омад.

Бинобар тағйироти ахир кадрӣ генерал Шоҳ Искандар (генерал-майор Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ) сардори милисаи Хуросон таъин шудааст. Ба эҳтимоли зиёд ин охирин курсии Шоҳ Искандар дар вазорати корҳои дохилӣ хоҳад буд ва дар Хуросон милисагиро ба поён хоҳад расонд.

Сардори ГАИ-БДАи Тоҷикистон як нафари ғармӣ шуд. Полковник Абдураҳмонзода Миралӣ, маъруф ба кали Миралӣ. Миралӣ одами Зоири мундуқ, домоди Раҳмонов аст. Миралӣ дар Новосибирск як параи як бозори калонро полний харидагӣ аст. Чекаш ро мечинад. Дар Масква дар 500 квадрат хона дорад. Миралӣ сардори ГАИи вилояти Суғд буд. Зоир попушиашро бадар мекард Миралӣ носкиҳоро мекашид, медавид, мешуст меовард, қоқ кардагӣ, мепушонд.

Бачаи Сироҷи Валӣ, аз рафиқони солҳои пешини худашро Раҳмонов оварда муовини вазири дихилӣ монд. Расонаҳо навиштанд, ки Илҳомиддин Вализода, ки муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шуд, маълум нест, ки ба курсии кадом муовини Рамазон Раҳимзода нишаст.  Чунки  вазири корҳои дохилӣ 4 ҷонишин, як муовини аввал ва се муовини соҳавӣ дорад, ки ҳамааш дар сари коранд. Писари марҳум Ҷурабек Назриро ҳам аз вазифа барканор кард. Полковники милитсия Содиқзода Камолҷон ба ҷои Назризода Шаҳриёр  сардори нави Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД таъин шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол, боз ҳарчи навигарие шуд, ҳатман бароятон хоҳам навишт. Манзур аз навигариҳое дохил ва моҳияти хабарҳо, на ончи дар хабарҳо меравад. Саломат бошед!

Натарс, эй халқи дилшикаста, аз чархи ситам,

Ки оқибат шикаста гардани ҳар бадам.

Агарчи абри истибдод осмон пӯшид,

Ба зудӣ мерасад хуршеди рӯзи равшанам.

Садои нолаи мазлумон баланд гардид,

Замин ба ларза ояд аз оҳи пурғамам.

Дигар бас аст хомӯшӣ, дигар бас аст бим,

Барои ҳаққи худ бояд, ки якдам бархезем.

Ҳақиқатро наметавон дар гӯр пинҳон кард,

Ки рӯзе сар занад чун лола аз шабнам.

Барои озодӣ бибояд ҷон нисор кардан,

Ки бе озодӣ зиндагӣ бошад чун мотам.

Ба ҳам орем қувватро, ба ҳам орем даст,

Барои баркандан бунёди ҳар ситам.

Фардо аз они мост, агар имрӯз ҷон фидо кунем,

Барои наслҳои оянда, барои ҷаҳони навдам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»          №242 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №197
Муҳоҷири тоҷик дигар ба як гови душои Раҳмонов ва мақомоти вай, махсусан дар навоҳии кишвар бадал шуданд. Қаблан ҳам дар ин бора гуфта будем. Аммо ҳоло ба назар мерасад истинтоқу  таҳдид болои муҳоҷирон характеру хосияти дигар гирифта истодааст. Аз ин номаи омада аз Екатеринбург ва сипас Исфара хоҳед фаҳмид, ки мо чиро дар назар дорем. Бубинед, ки барои онки суми ҷайби муҳоҷирро бигиранд аз чи шеваву усул истифода карда истодаанд:

Екатеринбург-Панҷ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Рости гап мо муҳоҷирони панҷӣ (ман аз деҳаи Чорсу) дар Русия ҳастем ва аз ин ҳама фишору тазъиқу таънаву маломат ва ҳатто таҳдид ба ҷон расидаем. Ҳафтае нест, ки бо як баҳона аз мо пул наситонанд. Мо, муҳоҷирони панҷӣ ҳануз се-чор соли пеш аз ин тарзи муносибат хаставу безор шуда бар ин қарор омада будем, ки бигзор моро дар сол як бор азоб диҳанд. Яъне як бор пул супорему халос шавем. Ва ҳамин қарорро ҳама қабул кард. Аммо нархи ба истилоҳ «солона»-и мо солтосол зиёд шуда истодааст.

Дар Русия мо пулро аз шохи дарахт намечинем. Як тини инҷо ҳам бо дарду ранҷу заҳмат ба даст меояд. Ман гапро ба дарозо намекашам. Ҳоло садои чанде аз масъулини диаспораи панҷиҳоро ба шумо мефиристам, ки чи гуна муҳоҷиронро таҳти таҳдиду фишор қарор дода истодаанд. Бигзор ин бор ному насаби инҳоро зикр намекунам, аммо дар оянда маҷбур хоҳам шуд, ки ошкоро эълон кунам. Ҳоло баъди мутолиаи ин ҳарфҳо худ хоҳед дид, ки мо дар чи вазъу ҳолат қарор дорем:

«Бародаро чиқа  ҳаракат кунед, э бародаро дига намедонум чи бигум. Ин мардум иқа қарор истоданд. Ҳамувора ку як бори дигар ин шо Аллоҳ спискара партоен. 2023ра касе напартофтаст ҳамувора номбар кунем. Э бародар, касе  ҳастӣ ҳамиям, фаъолиятай барои ободии деҳаи Чорсу як шуҷоатай, я номусай чорабиниҳоро дидан даркор. Худованд шумора нигаҳ дора, барори кору баракат дар касбу коратон».

Салому алайкум! Бале акаи Рустамшоҳ, бале. Хай аку намедонум, ки и мардум..неки бовар куне, агар кадоме ҳастӣ, нестӣ бисту сета махкам накардай ҳоле 24ай соли 24ай. 23та махкам накардай! То ҳозира номи тра ҳеҷ касда эълон накарда будем. Неки 100 борам номта мегирам. Ҳамин сад борам номта мегирум, ки э бача 23та махкам ку. Махкам наменӣ, дар ҳамин группа бубро бугу, ки, э бародар  ман намепартом пул, номи мара кур куне! Фаҳмидӣ! Дар ҳамин группа бро бугу, ки номи мара кур, куне намепартом пул. Бигиран номта кур кнан халос шем. Да қатори бо я хел. Да қатори Сабриддин ай ҳиҷчи пичи ҳамута бра қати Сабриддин бо да ҳақут бо дуо мекунем. Худованд ҳидоятут кна.. худо брори кору дар касбу кортон баракат бачаҳо. Узри калон, беҳад зиқ мешам да да ҳамин хелин йигитое , ки 23шон махкам нестан. Масъалаи 23ра спискара бровардем номошон мегирем мегуем бародар номта да списка мегирем бги биё. Намефорад партофтан  ай ҳамуҷа овоз бброр номта кур кунем ҷонмон халос шава, фаҳмидӣ? номта бояд гап намезанӣ, ки номи мна кур кне, гп намезанӣ мо худмон то гап заданта эълонут мекунем, э бача пулта парто

Салому алайкум ва раҳматуллоҳ мардуми шарифи деҳаи хушманзараи Чорсу. Бародароне,ки 2024атонро дар ҳол махкам накардед, медонед, ки соли 2024и мо махкам нокардаяй, имруз ҷумъа, худованд хайратонро қабул кунад, парвардигор барори кору баракат дар касбу коротон бтия. Илтимос ҳамин 2024атона чорашона бине. 2024атона бародарое, ки напартофте списка мебуроя баъд ҳамунҷа номотона мехонанд, списка мебуроя баъд ягон…. ҳамун номта мебинӣ ҳамунҷа хиҷолат мекашӣ. Аку я хел беномусуш, ку парво надорад. Неки 2024тона махкам куне. Аллоҳ баракатон бта. Худованд нигаҳбонтон боша. Барори кору баракат дар касбу коратон. Ҳар касе бо ай руи камдастиву ай руи қарздориву ай руи бекорӣ аку як майдаяк заҳмат мекашад. Неки кушиш куне, ки  солонотона махкам куне. Инам залулай. Я расчети кору ягон беҳбудимона гирем ягон кормон. Худованд шуморо нигаҳдору барори  кор дар касбу кортон.

100% ҳоҷӣ Саймурод,100% барои додари худут тоқа не,барои ҳама, ҳами касе, ки намепартоя ҳами да ҳамун касатса дора ба худуш мекаша, ба кунуш мекаша чи хеле мекаша, бкаша ҳами касе, ки намепатояд да ҳамун дахолат дорад.

Салому алейкум як бори дига мардуми Чорсу созен, тинҷен, саломатитон хубай. Хай худованд ҳама соз боше, тинҷ боше. Э бачаҳо, касе, ки ҳамин 2023 насупоридаст хай ина ҳамин барои 24 ҳоле вахтай. Ина мо худомон насупоридем, майлу. Некӣ ҳамин касе барои 2023 насупоридасу мақсадаш супоридан нест, намехоҳад, ки партоя, мардак боре буброя ба ҳамин деҳаи Чорсу бга, ки э бачаҳо ман флонӣ намепартом. Мақсад, ки мо ура ждат накунем дар у надежда ҳам накунем, 2024а ҷамъ кунем да 2025 мақсад худмон расчети худмона бигирем. Ягон ҷои хафагӣ нест. Касе, ки мардакай, мисол касе, ки ҳамин мардакай, ҳаминтарине, ки мисол ман бромада гап задам, буброяд ана ҳамин хел мардак боре гап занад, ки мн флониев флонӣ, мақсад ҳамин сума мн намепартом, да ман даркор нест, ҳамин корда мо да уво надежда накунем чан касе, ки мемонем ҳамиё расчета бигирем. Мисол мардонавор да итари к…гӣ неву мисол мардонавор буброяд мақсад баромад кунад. Бисёр не. Ё ки бинависад ё ки галасавой кунад. Беҳтаринуш галасавойяй. Галасавой кунад, ки ака мн флониюв флонӣ намесупорум ҳамин сума мисол, да мн даркор нест. Тамом. Мисол мо да уво надежда накунем. Ҳамин мардак боре бине я ришени канкретна ҳамин ду-се рӯза касе, ки ҳаст касе, ки мешунава ҳамин гапи мана касе, ки нашнавидаст одамои шунавидагӣ увора бшнавонен, мисол бгешон ҳамин галасавоя мана моненда гуш куна. Ҳамин се-чор рӯза мисол решинира бброран бганда мо буфаҳмем, ки чанд одам да ҳамин дарун кора пеш мебара.

Ҳамин бегаҳ якҷо меҳмон будем дар деҳаи Калли макс. (Карл Маркс) Худованд барактшон бта, худо ай умршон баракат ёбанд. Бовар кун я одамое,  я одамое, ки вақте ҳамин чойхона соз кардан  20 ҳазор партофтаст, 30 ҳазор партофтаст. Илоҳӣ тоба. Мардуми мо ҳамиқа миллион миллион ҷамъ менан я рафтагишун  корошон хуб мешан ҳар моҳ 300 ҳазор сум меёва, дар раҳи худо барои ободии деҳаи Чорсу ҳиҷчи. Меёра ҳамура расход мена 2 миллион кор мена 3 миллион кор мена, ихелӣ ақл нест, ки барои ободӣ я майда ба арзера ёрдам кна. Итари одам надорем мо. Дар соли оянда ё ҳамин сол  павароди Калли макс то хонаи ҳамин ҷойи акаи Файзулора ҷои раҳмати акаи Иззат, иёра полни асфалт мекунан. Занакошон гуфтан мн 10 ҳазор сомон дорум, иш  гуфтас мн 20 ҳазор сомон дорум …занакошун занакошун гуфтан ман биста дорему ман сита дорему…  мардакошон ҳама биста биступанҷта ҳамира асфалт кнем мо сум дорем. Э хушо бар ҳолшон, хушо бар ҳолшон. И мардуми моро чи офате расидаст, ки бовар кун ҳамин солонаша мегуӣ махкам намекунан. Илоҳӣ тоба. Худованд худуш шуҷоата зиёд куна. Барори кору баракат да касбу кортон бта. Парвардигор  хайратона аз и да зиёдтар кна

Худованд нангу номуса меҳмон букуна. Парвардигор шуҷоати бародарора аз ин дида зиёд куна. Беҳади беҳад суст, бовар кун. Қишлоқои дигая мебинӣ ,зану мардуш дар ҳамаи камбудиҳои деҳа чухт мекнан, зану мардуш. Иқа одамо, иқа одамои крахт. Э бачаҳо бхезе. Ихелӣ хов наше бачаҳо, дамтона ҳот кне. Сад ҷамъ кне, сад ҷамъ кне мийоре. Бо ҳар як одамера дидам, ки бовар кун ҳами хел хонагиҳошону оилашон ҳамин хел катахуре ҳастан, ҳамин як пуху прахшон мекнан меран, чум чи харидшон мекнан. Неки барои ободӣ ҳиҷчӣ. Ҳамура мебинӣ фарзандои мо истифода мебаран ҳамура.Ҳамура мебинӣ барои пешравии деҳаи мо истифода кӣ барои деҳаи моҳай. Бовар ку пури бад пури бад изо мекашем да. У мардума мебинӣ чи коро карда истодаанд субҳоналлоҳ. Худованд мора ҳам баробари ҳамин мардуми шуҷоъатманд шуҷоъатмона зиёд куна. Худованд барори кор дар касбу корамон баракат бита. Парвардигор раисамоя худуш нигаҳдор боша. Аллоҳи меҳрубон бо руи сурх барои ба сари бланд, ба киссаи пур ба пеши аҳли байтмн бирасонад. Омин ва рабулоламин

Исфара

Ассалому алайкум устод! Ман аз Найман. Муҳоҷирҳо бо заҳмат пул кор мекунад, инҳо на танҳо пули муҳоҷирро барои ин, барои он, барои мактаб, барои роҳ гуфта мехуранд, худи муҳоҷирҳоро низ мехуранд. Ин маълумоте, ки дар зер мутолиа мекунед ба пуррагӣ аз группаи Найман аст ва онро ман беягон таҳрир тағйир пешкаши шумо мекунам:

«Ассалому алейкум найманиҳои азиз! Отчёти Группаи Найман. Як бародар 1500 сомон ойи Шаълоя латокашонба дода будан, писарои Ойи Шаъло орият карда худошон пул партофт, манъ кунондам. 1500 сомона. Усуни латоки туғри холи Ранохона стяжка карем.

Расход:

Цемент 14×60=840 с

Шағал  1×250=250 с

Каммасраф стадионба 2×30=60 с

Қулф дарашба 20с

Кучабам  2×30=60 с

Пешеходба 150 с

Сурати муйсафедои худойинда будагиҳо

120 сомон

Итого1500 сомон

Пешеходба як бародар аз Россия краска исел каран, мондагиша аз Аюбҷон гирифтам.

Як бародар1080 сомон пафтан, одамои шароиташ танга аз дафтаратон хат занед гуфтан, хат задам.

Як бародар1080 сомон пафтан, шкафи ноловойоба, 700 сомон устоба додам 380 сомон монд. Ойнаки стадиона ремонт мекунам шикастаст.

Як бародар 1069 сомон пафтан, пули асфалтьба гузарондам.

Як бародар 319 сомон пафтан директорба додам.

1099 сомон пули таъзияи амаки Латифхон истодас, Худо хоҳад бардюр мекунем

Қарзамо асфалтьба121ҳазору 400с буд,

10ҳазору189 сомон пул ҷамъ шуд,111ҳазору211 сомонӣ дигар қарздор.

Ҳамотонба раҳмат. Худованд кушоиши коротона тияд ва аз балоҳош нигоҳ дорад

Хайр дар паноҳи Худо бошетон.

Спитамен

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Номаи ман ба падару модарони ин миллат аст! Ман 21 сола ҳастам. Миллатам узбек. Ҳама зулми ин давлат ва системаи палиди расво ва дуруғгуи Раҳмоновро асосан аз «Ислоҳ» фаҳмидам. Ман аз калонҳои оилаамон ва хешу таборонам норозӣ ҳастам, ки барои чи ман инро аз Ютуб фаҳмидам, ягон кас нагуфт, ягон кас нафаҳмонд! Барои чи? Барои он ки ҳама дар тарс аст! Эй, миллати ман, ҳамватанони ман бас! Бас! Бас! Шумо калонҳо хап будед зиндагӣ соз шуд? Мард шавед ва гуед зиндагӣ нағз шуд? Шумо беномусирову чоплусиро интихоб кардед ягон кас бар шумо раҳм кард? Барои чи писару духтарони худро ранги худатон мурғу чоплусу беномус карданиед?

-хап кь буз бисерай, хап кь ягон проблема нашавад, хап кь трмат накунанд!

Шумо чи карданиед? Мақсадатон чи аст? Эй беномусҳо шумо мигранту, террористу, чуркаву, мурғ шудед, магар мехоҳед ки бачаҳоятон ҳам ҳамин хел шавад? 30 сол шуд соз нашуда истодааст?

Шумо хап карден ва мо бачаҳои шумо дар ҳамин система зиндагӣ кардестем! Шумо хап карден имрӯз писаротон аз кудакиш дар Русия аст! Шумо хап карден имрӯз моро аблава саг барин сарсон кардестай! Шумо хап карден мо имрӯз дар Русия дар бадтарин ҳолат чуркаву террорист ҳастем! Эй номардҳо я бор дар хонат шишта фикр кь, натарс Раҳмонов наметона фикрота хонда! Проста барои хдт фикр кь!

Шумо тарсиден, шумо хап карден чи шуд? Мард шав, чи шуд? Я сукин сын дхтарта ҳиҷобша кашид, занта ҳиҷобша кашид, модарта ҳиҷобша кашид! Что дальше? Бо чи мехоҳен? Ай пушти ришт бачата трма кард, кушт, бо бадтарин дашном дар милисахонаҳо ришашро тарошид! Ҳаминай натиҷаи хап кардан! Аз ман сар карда барои хомуш шиштан аз падару модари хдам ва ҳамаи ин калоное, ки ин беномусию ғуломиро интихоб кардан норозӣ ман! Эй ҷавоно бас! Мо ҷанг надидем, ки моро бо ҷанг тарсонанд! Бас, вақташ омад! Аз калоно ягон гапи талковый интизор нашавед! Ҳақиқати  талх бошад ҳам мегуям инҳо беномусиро интихоб кардан, лекин мо не! Шердил бошед! Бовар кунед и милисаю амнияту армияш аз шумо бадтар тарсончак ҳастанд! Пирузӣ наздик! Инқилоб наздик, валлоҳи қасам наздик! Вақте ки инқилоб сар шуд, как говорится «до конса» мерем. Ин ҳукумат ба мо раҳм накард, моям раҳмш намекунем!

Бародар Муҳаммадиқбол! «И 1 % аст аз чизе, ки навистан хостам, бовар кунед ин миллат, ин калонҳо ранги худашон я авлоди мурғ тарбия кардестиян!»

Ман фикр дорам, ки ҳама тайёр аст! Шуд сар кунем! Имрӯзина видео беҳтарин премйера шуд! Надо готовит!

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳодисае, ки нақл мекунам, дар соли 2010 руй додагӣ аст. Худамро муаррифӣ намекунам. Рости гап, ман чандин маротиба ба маҳбаси Кулоб даромадаам. Сардори маҳбас он солҳо Қаюм Умар буд. Дар ҳақиқат вай кадом зани маҳбусро зино мекард. Маҳбусҳо ин кори вайро фаҳмиданд. Як бачаи дигар Ғайрат ном дошт. Устои сартарош-парикмахер кор мекард дар маҳбас. Началник як коргарашро дастур медиҳад, ки раву Ғайрати  парикмахерро биёвар муи сарамро паст кунад.

Мераваду меоварад. Сипас сардори маҳбас бо парикмахер тоқа мемонанд. Чи гапе байни ин ду мешавад. Ғайрати сартарош бо қайчӣ ба сари началник мезанад. Сардори тюрмаи Кулоб мемурад. Ин сардори тюрмаи ошнои наздики Абдураҳмон Бузмаков буд. Кормандони маҳбас ба Бузмаков занг мезананд .Бузмаков Кулоб меояд. Коняк задагӣ, дозааш баланд, маҳбаси Кулоб медарояд. Ғайрати парикмахерро марданивор таги шатта мегирад ва як гуши ӯро мебурад. Бо ҳамон қайчие, ки парикмахер Қаюм Умари срадори зиндонро кушта буд, Бузмаков як гуши Ғайратро мебурад. Бузмаков ба кормандони тюрма дастур медиҳад, ки парикмахерро бисёр зананд. Ва кормандони тюрма ҳам ин усторо ҳамчунон мезананд, ки дар давоми панҷ моҳ ҷон ба ҳақ таслим мекунад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Айни замон миш- мишҳо дар Прокуратураи Генералӣ баъди гуфтаҳои шумо дар барномаҳо роҷеъ ба ҷудо шудани бачаи Юсуф Раҳмон аз духтари Президент зиёд шудааст. Баъзе сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ мегуянд, ки Юсуф Раҳмонро дуои кадоме гирифт. Кадом коргар ё коргарони Прокуратураи Генералӣ дуо кардааст. Бисёриҳо дар туйи бачаи Юсуф Раҳмон қарз карданду расхҳодои бешеный кардан, ки ба Юсуфи Раҳмон вазифаҳои созашон мета гуфта.

Аммо надод. Баракс як хелашро ба мақомҳои поинтар фаровард. Миш -мишҳо ҳаст, ки чанд нафар аз кормандони Прокуратураи Генералӣ ҷои Юсуф Раҳмонро чен карда истодаанд. Хусусан сардорони баъзе раёсатҳо. Мегуянд, ки акнун тамом, сағераашро агар духтари Президент талоқ дода бошад, Юсуф Раҳмон дигар «ҳиҷ касай». Мо гуфта будем, ки ҳоло боз мегардаду мераваду мояҳои Зоирро мелесад. Хело ба Зоир подножкаҳои сахт дод Юсуф Раҳмон. Борҳои калони Зоирро фурӯхт, берун аз Тоҷикистон қапиданд. Боз маълумотҳо дод, ки гуё КДАМ фурухтагӣ аст маълумотҳоро. Ана акнун Юсуфҷон тайёр бош.

То онҷо, ки маълумот дорам баъзе нафарҳо аз Прокуратураи Генералӣ ба Зоир баромада истодаанд. Кушиши гирифтани ҷои Юсуф Раҳмонро доранд: «Любой суммада розиан». Ҳар як сардори сарраёсат ба худаш кошелёкҳои хуб дорад. Чандтоӣ бизнесменҳои хубро крышават мекунад. Вақти зарурат барои ягон расход шуд, сразу кошелёкҳо «сума метан, ки шефшон вазифара бигира». Дар умум вазъият дар Прокуратураи Генералӣ хуб нест. Барқасд ва дидаю дониста аризаҳои мардумро намебинанду корҳоро кашол медиҳанд, ки мардум ба Президент нависанду камбудиҳо дар кори Прокуратураи Генералӣ дида шавад.

Ва боз як маълумоти дигар, ки ҳамин пештарак ба дасти ман расид.

Як источник аз Прокуратураи Генералӣ расонд, ки нисбати Юсуф Раҳмон ва Шоҳрух фитнае карда истодаанд

Маҳмадализода Аминҷон, полковник, началник уголовный розыски РВКД- и Душанбе аст, ки яке аз нафароне аст ки худро саги вафодори Шоҳрух нишон медиҳад. Сағераи бузбалаи сияҳи бераҳм аст. Вақте Шоҳрух дар УУР буд, Маҳмадализода Аминҷон, ки ҳоҷӣ асту ҳоҷӣ мегуяндаш, сардори яке аз шуъбаҳои вазнини УУР буд. Шоҳрух Саидзода, ки УВД –и Душанбе рафт, уро ҳам бурд.

Хуб, ҳамин ҳоҷӣ Аминҷонро гуё аз номи Юсуф Раҳмон бо чи ҷурме қапанд. Ин корро як ду сардори раёсати Прокуратураи Генералӣ, ки сари Юсуф Раҳмонро хурданианд, карда истодаанд. Вақте «И кора, кардан, Шорух аз Юсуф Раҳмон мебинад. Аҷоиб, ки и коро баъди гап- гапҳое, ки духтари Президент ай бачаи Юсуф Раҳмон ҷудо шудааст, бромадан, нисбати Юсуф Раҳмон шидестан».

Хулосаи ин гапҳо ин аст ки Юсуф Раҳмон рӯзбарӯз никто шуда истодааст ва худаш ҳам инро хуб фаҳмида истодааст. Хуб фаҳмида истодааст, ки «алакай ай қафош одамои худуш корчаш задестан».

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №197 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№187
Таркибу таъбир ва иттиҳоми «хиёнат ба ватан» дар кишварҳои диктаторӣ зиёд истифода ва корбаст мешавад. Маъмулан, диктаторҳо ва низомҳои сохтаи онҳо бо ин иттиҳом ҷилави ҳамагуна тағйиру таҳаввул ва навовариро мегиранд ва ҳар он касе, ки ба завқу табъи онҳо намефорад, хати кашидаи онҳоро убур мекунанд, бо ин иттиҳом гунаҳкор месозанд: ё мекушанд ва ё зиндонӣ мекунанд. Дар бештарини ҳолат ин иттиҳом ба онҳое зада мешавад, ки назару афкори дигар аз назару афкори диктатор, роҳу равиш ва биниши ғайр аз диктатор доранд ва диктатор азбаски дар баробари ҳарфу сухани онҳо посухе надорад, бо ҳамин иттиҳом ва бо истифода аз қудрати ҳукумат онҳоро муттаҳам мекунад.

Ҳамин Суҳроби Зафар ва Насим Шарифов, роҳбарони Гурӯҳи 24 чи гуноҳ кардаанд? Номаи аввали ин нашри барнома кутоҳ аммо хеле масъалаи мубрамро бардоштааст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Шумо ҳам огоҳ шудед, ки барои Суҳроб Зафар ва Насим  Шарифов, роҳбарони Гуруҳи 24, як созмони оппозитсионӣ 30 ва 20 сол ҳукм доданд. Ман 100% мутмаинам, ки ин ҳукмро худи Эмомалӣ Раҳмонов ба монанди афроди сиёсии дигар содир кардааст. Барои онки мухолифин ва онҳоеро, ки ба вай душмани ақидавӣ ва сиёсианд ба чунин аҳкоми сангин маҳор созад ва битарсонад.

Чаро Хуҷа Карим ё Хуҷа командирро, ки  шояд шумори ангуштони дасту пояш ҷой худаш шумори муйи сараш дар шумори одамҳои куштааш камӣ кунад, ҳукми камтар доду ин ду нафарро бо  баҳонаи хиёнат ба ватан чунин ҳукми сангин дод. Раҳмонов ҷаллоду одамкушро ҳукми сабук дод, аммо инсонҳое, ки ба ҷуз аз муборизаи сиёсӣ кори дигаре накардаанд, чунин ҳукми вазнин дод. Ин аст Раҳмонов.

Гуфта буд ку, «ба сиёсат қуш шудӣ, ҷавоб медиҳӣ. Масҷид биё намозата хону рав». Мисли онки курсии зери пояш аз модараш монда бошад, мисли онки курсии зери пояш абадулобод барои вай бошад.

Ҳатмани ҳатман рӯзе, ин шо Аллоҳ, фаро хоҳад расид, ки ин мардум ӯ ва клану дудмонашро ба сазои аъмолашон хоҳанд расонд. Ва онгоҳ мефаҳмӣ, ки 30 соли умри як инсони бегуноҳро дар зиндон талаф ва ҳадар додан чи баҳое ва чиҷавобе дорад?

Рав гуфтан, натавонистӣ гуфтан, наметавонӣ гуфтан ҳақи мусаллами ҳар як шаҳрванд аст, ҳоло куҷо бирасад ба раҳбари як созмони сиёсӣ. Агар ин мардум ҳаминхел ором послушни нишастан гиранд боз даст ба ҷиноятҳои вазминтар аз ин мезанад. Агарчи дигар ҳеҷ ҷинояте намондааст,ки ӯ даст нозада монда бошад.

Амрико

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман матлаби «Чаро мо мубориз нестем»-ро хондам. Ман ҳам мехоҳам, ки фикру ақидаамро дар ин масъала баён намоям.

Дар инҷо якчанд омилҳое ҳастанд, ки дар матлаб зикр нашудаанд.

1.Ҷомеа бемор, аксарият баъд аз ҷангҳои шаҳрвандӣ касалии руҳи (психологӣ ва психиатрӣ) доранд, ки шифо наёфтаанд. Акнун он тарсуву беморҳо ҳозир худ соҳиби кудаканд ва синни он кудакон аз 15 то 25 аст.

2.Эмомалӣ Раҳмонов ба мафҳуми «ОИЛА» зарба зад. Замони Шуравӣ коммунистон оиларо мехостанд дар шароити консервативӣ нигоҳ доранд. Мисол: Согласно закону 1968 года: «Об основах законодательства о браке и семье СССР и союзных республик» родители «должны воспитывать своих детей в духе морального Кодекса строителя коммунизма, заботиться об их физическом развитии, обучении и подготовке к общественно-полезной деятельности». Коммунистон аз шахсони бе оила андозро бештар мегирифтанд. Касоне ҷудо мешуд, дар чорабиниҳои парткому райком дар ҷои кор ҷудо мешудаҳоро насиҳат мекарданд. Акнун давраи Раҳмоновро бо ҳамон коммунистон муқоиса мекунем.

3.Насл бе падар ё бе модар ва ҳатто баъзан куллан мисли ятим тарбия меёбанд. Яъне институти ОИЛА-и солим комилан вайрон шудааст. Ҳамон муҳоҷират, депрессияи занҳои бе шавҳар монда, депрессияи мардҳои бе зан монда, вайрон шудани психикаи кудакони хурд, ин ҳама роли худро мебозад. Ин як фоҷиаи хело калон, ки аксарият намебинанд ва ҳатто дарк намекунанд. Занҳо бе шавҳар мемонанд дар Ватан. Ин ҳол гармонҳои онҳоро вайрон мекунад ва касалиҳои неврозу дигар депрессия сахт ба пеш меояд. Мардони рафта ё зан нагирифта ҳам ҳамин тавр. Яъне дар онҳо гармонҳо иваз мешаванд, мисол тестостеронашон паст мешавад. Тестостерон ки паст шуд мард фарбеҳ ва ё лоғар мешавад. Ҳолати психикиаш, ку як тараф.

Мардҳо дар хунукиҳои Русия кор мекунанд, алалхусус ҷавонон баъди 40солагӣ. Хело пушаймон мешаванд. Аз касалиҳои мардӣ оғоз карда,то гурдаву миёну грижа, аз кори вазнин ва пойҳои пур аз варикоз. Оё он мардони ҷисман касал ва аз ҷиҳози руҳӣ шикаста инқилоб карда метавонанд? Ҳеҷ гоҳ.

4. Кудакон бепадар калон мешаванд. Алалхусус падар ба духтарон хело лозим, то ки меҳри падарӣ ва мардиаш он духтаракро аз ҷиҳати психикӣ солим тарбия кунад ва калон намояд. Акнун 3юм насл бепадар калон шуд. Он духтаракони ҳозир модар шуда чи гуна мардҳоро тарбия мекунанд? Замоне, ки он модарон аксарият мисли ятим бемеҳри падар калон шуданд. Ба писарбача модар хело зарур аст, то аз тарбияи мард берун оянд.

5. Замони Шуравӣ ҳама армия мерафтанд. Армия ин як мактаб аст.  Яъне дар онҷо писари «хом» мефаҳмад, ки ҷои куҷост ва нақши ӯ дар ҷомеъа чи аст? Ҳозир чи? Ҳама дизертир. Барои ҳамин ман ҳама вақт зидди гурехтани ҷавонон аз хизмат будам ва ҳастам. Ё рафта бошанд аз он бетарбияҳое, ки бе падар ё модар калон шуданд зарбаи ҷисмонӣ мехуранд. Ман шахсан ҳамавақт мегуям, ҳатто додари худам хизмат рафт, гуфтам, ки касе зад то онҷое метавони ӯро зан, то ки ба ҳазорон аблаҳони дигар намунаи ибрат гардад. Охир ҳама, бахшиш чмо-ҳоро тарбия карда, аз армия гурезондану ҳоказо. Хурок надоданд. Бираванд шабона яроқҳоро гирифта хонаи комбат ва талаб бикунанд.

6.Падару модарони чмо ва тарсу кудакони худро ҳам ҳамин тавр тарбия мекунанд. Э, шоҳ ин сояи Худову ҳар навъ гапҳои беҳуда гуфта. Бахшиш, ман шахсан задаги любой шоҳро ва ба ман ин тезисҳоро мегуфта ё муллою имомеро ҳам, ки чунон мегуяд. Ин мисли ҳамоне, ки Айни дар Ёддоштҳояш менависад, ки касе зидди амир чизе мегуфт, ӯро кофир гуфта муллоҳои дарборӣ ҳукм мекарданд. Дар натиҷа ё сангборон мекарданд ё дар Регистон сари онҳоро ҷаллодон мегирифтанд.

7. Миллат дар як кризиси хело калони иқтисодиву молияву, руҳӣ гирифтор шудааст ва аз ҳама бадтар ин набудани идеяи миллӣ аст. Идеяи коммунистон маълум, яъне баробарӣ, напарастидани ягон дину Худо, тақсимоти боадолатона ва ҳоказо. Ҳозир чи? Кадом адолат? Боз ҳамон замони судхурон, ки дар бонкҳо бо фоизи аз 12 боло ва феодалҳои муосир ба мисоли мақомдорону порахурон ва оилаи Амир ин ҳамон оилаи Эдик. Ҳатто қалобу ҷаллод ҳам ҳастанд. Ҷаллодон ин ҳамон амнияту милисаву прокурору ғайра ва қалобон ин ҳамон ба ном бизнесменҳое, ки дар Тоҷикистон монополияи худро ба пеш оварданд. Мисоли одии қалобон ин нархи гушту равған, аз Амрико ҳатто гарон ё баробар.

8.Мардум мисли тамошобин. Русҳо як мафҳум доранд: «Яхдон телевизионро бохт». Яъне, ки шумоён инқилоб бикунед, баъд мебинем. Ё ки шикам каме сер шуд, комфорт каме пайдо шуд тамом. Мисоли одӣ. Хешу табор дорам, ки дар Русия мисли хар кор карда Тоҷикистон омада мошин хариданд. Як мошинҳое, ки аслан он мошинҳо аз мусори Аврупо омадагӣ аст. Мошин ҳаст, лек ба бензин пул нест. Ё мисоли дигар бо қарзҳои калон зан гирифтан ва туйи хело пурхароҷот. Мисолҳо бисёр.

9. Вайрон шудани ҶОМЕА. Раҳмонов ба мафҳум ва решаи оилаи солим зарба зад, ки таъсираш ба ҷомеа омада зад. Яъне чи? агар ба русӣ гуям «моя хата с краю». Ё гуфти хуҷандиҳо: «э худата гӯ дигароя чо мекуни». Яъне пофиг ба ҳоли дигароне, ки ин ҷомеаро ташкил мекунанд. Дилхунукӣ ва нобоварӣ ба якдигар, ҳатто даруни оилаҳо сахт реша давондагӣ. Боз бо коммунистҳо агар муқоиса кунем, адади ЭГОИСТ-ҳо ва ЭГОИЗМ кам буд. Ман бошам шуд ва пофиг ба дигарону ҷомеъаю ҳама дунё.

10. Боз як зарбаи Раҳмонов ба ҷомеъа. Ин вайрон кардани институти маҳаллаҳо. Яъне чи. Мисол ҳатто замони ҳамон коммунистон дар ҳар як маҳаллаи Хуҷанд масҷид наздаш ҳавз ва чойхона буд. Чойхона ҳатто занҳо ош мекарданду алоҳида бе мардҳо менишастанд, гап мегуянд хуҷандиҳо. Боз ҳар маҳалла қазноқ (анбор) доштем, ки онҷо ҳама чи буд. Аз тобут оғоз карда, то самовору дегҳои калон барои маъракаҳо, столу стулу чойнику табақу пиёлаву ғайра. Ҳамаро нест карданд! Коре ки коммунистон накарданд! Ҳамон русе, ки ҳозир таҳқир мекунанд, ҳамин корро накарданд ва ҳатто дар кучаҳои мо русҳо бисёр буданд омада, маъракаҳои мо иштирок мекарданд. Чи мотам бошад ва чи туй. Яъне ин зарба ба ҷомеа шуд. Ҳамсоя ба ҳамсоя душман ё дигар ба якдигар бовар надоранд.

Замони гузашта, то мустаҳкам шудани ҳокимияти Раҳмонов мо ҳақораткунон номи вайро мегирифтем. Дар ҳама ҷой кушод оиди қонунҳои наваш сухан мекардем, тамоман задагӣ буд ҳама. Афсус ҳамон ҷомеаро шикастан оғоз шуд ва ҳозир касе ба касе бовар надорад! Замони гузашта дар Хуҷанд мисли қадимаҳо мо ба байни ҳавлиҳо ба хонаи якдигар дар доштем ҳавақт кушода, то ки ҳамсояи он тарафи девор хонаи мо мисли хонаи худ ояд. Ин ҳамаро Раҳмонов ва системаи сохтаи ӯ вайрон кард! Муғулу Чингизу русу коммунистон инро вайрон карда натавониста буданд.

Хайр дигар омилҳо бисёр, лек асосиаш ҳамин. Каме бо шитоб навиштам. Умедворам ин нукотро ҳам ҳатман дар матолиби дигар ҷой медиҳед. Сипос ва саломи фаровон аз Амрико.

Кушониён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам дар бораи совхози ба номи Ф.Саидови ноҳияи Кушониен, пештара совхозтехникуми ордени Лениндори   Куйбышев гап занам. Совхози Саидови ноҳияи Кушониен чор шуъба, шуъбаҳои 1,2, 3, 4,ГЭС , Нихи, Сарипул ҷои аҳолинишин ва тақрибан 50.000 аҳолӣ дорад. Ин совхоз то солҳои 1991 15.000 тонна пахта ба ватан месупорид. Чор комплекси фермаи зотпарварӣ ва наслгирӣ ва автобазаи хусусӣ бо техникаҳои бешумор дошт. Дар ҳар як шуъба гараж бо миқдори калони техникаи  кишоварзӣ, дар ҳар шуъба китобхона дошт. Совхоз заводи пахта дошт. Дар пойтахт, дар шаҳри Душанбе дар кучаи Зелёный бозор меҳмонхона дар масоҳати 0,5 га,ки дар як вақт 100 нафарро қабул мекард, дошт. Дар Ромит 13 гектар замин ва лагер барои фарзандони сокинони совхоз дошт, ки дар таътили тобистона дар як мавсим беш аз 1000 нафарро қабул мекард.

Аммо имрӯз ягонтои ҳамин иншооту муассисаҳо вуҷуд надоранд.

Беш аз 1000 гектар заминро участкаи наздиҳавлигӣ додаанд, аммо хонаҳои мардум ягон ҳуҷҷат надорад. Мақомотҳо раванду санҷанду тафтиш кунанд, агарчи аз ин ҳолат ҳама в курсе мебошанд, вале худро ба нодонӣ мезананд.

Дар бораи фуруши заминҳои мактабҳо бовар дорам то президент бохабар аст.  Зиёда аз 20-сол мешавад, ки совхози ба номаш совхози тухмипарварӣ шудааст, лекин тухмиро аз Хитой ва Узбекистан меоранд. Заминҳоро ба хитоиҳо барои кишти пахта мефурушанд. Аммо ба мардуми совхоз ҳатто оби нушокӣ намедиҳанд. Хитоиҳо нуриҳои минералии сахттаъсир истифода бурда заминҳоро корношоям кардаанд. Раиси совхоз Нусрати бе турсик гуфтанӣ шахс аст, лекин ин шахсро ҳеҷ кас надидааст. Ва намешиносанд. Мардуми совхоз мегуянд, ки кришаи Нусрат оилаи роҳбари давлат апаи Азизамоҳ аст ва кришаи дигараш Аламшоҳзода- Бузмаков аст. Нусрати бетурсик бародари Аламшозода — Сатторро дар совхоз смотрящий монда аст. Ба ҳама масъалаҳои совхоз  Саттор ҷавоб медиҳад.

Боз ҳар шуъба клуби зимистона ва тобистона дошт. Ҳамаи инҳоро фурӯхтанд.

Хирманҷоҳои бешумори пахта дошт, ҳамаашро фурӯхтанд.

Хар як шуъба бассейнҳои замонавӣ барои оббозӣ дошт, ки ҳамаи инҳоро фурӯхтанд. Стадиони футбол, баскетбол, волейбол ва теннис дошт, фурӯхтанд.

Ларёк, ҷои фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқро фурӯхтанд. Гаражҳо, ҷои таъмири техникаҳои бешуморро фурӯхтанд.

Ҳар шуъба ҷои нигаҳдории маҳсулотҳои нафтӣ дошт, бо тамоми таҷҳизоташ фурӯхтанд. Техникаи гуногуни зиёд, нефтебаза, хирманҷоҳои бешумори пахта, клуб, стадионҳо, бассейнҳо хулоса ин совхоз боигарии зиёд дошт, ки ҳамашро ба савдо заданд. Ин совхоз раисаш як яҳудӣ Мазо Владимир буд.

Пеш аз ҷанг Мазо Владимир рафт, раисаш як ғармӣ шуд-Холов, одами зур буд,

Баъди ҷанг Улфатов шуд. Баъд Сулайман Валиевич  ва охирон Нусрати бетурсик шуд.

Дар давраи Нусрат ҳамаро фурӯхтанд. Як қисми заминҳои совхозро Соҳибовҳо аз дасти Нусрат гирифтанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Номи ин барномаро «Молу мулки совхози Файзалӣ Саидовро апаи Азизмоҳ ва Аламшозода бо дасти Нусрати бетурсик аз байн бурданд» монед, хуб мешавад.  Ҳар як шуъба, стройдвор ва дар он стройдвор маҳсулот барои сохтумон дошт, техника дошт, бригадаи корӣ дошт, ки ҳозир чизеаш намонд, чунки хонаҳои мардум давлатӣ буд, бе пул таъмир мекарданд.

Дар ҳар як шуъба як комплекси бурдоқипарварӣ ва зотпарварӣ буд. Чор комплекс буд дар совхоз, қариб 1000 нафар кор мекард. Отделно техника дошт.

Ҳар як шуъба ҳаммом дошт. Барои мардуми совхоз рӯзҳои шанбеву бозор баний ден буд, бе пул буд.

Ҳар як мактаб дар совхоз замин барои кишти пахта ва полизи дошт бо гектарҳои  калон.

Ҳар як шуъба базаи водопровод  ва линия-хати обрасонӣ дошт. Ҳамаи шуъбаҳо полевой стантсия, хонаи истироҳатӣ коргарон дошт. Ин совхоз ҳоло расформироват шудагӣ нест.

Ҳоло дар зоҳир  совхоз-хоҷагии тухмипарварӣ дар назди вазорати кишоварзӣ аст.

Дар ҳар як шуъба зиёда аз 10 хонаи дамгирии деҳқонон буд. Дар умум дар совхоз савхоз беш аз 100 хонаи дамгирии деҳқонон буд. Ҳоло ягонтои ҳамин моли совхоз нест, фурӯхтанд.

Совхоз 10.000 дарахти тут дорад, ки ҳамаи онро фирмаи Фароз барои кирмакпарварӣ-пилла истифода мебарад.

Омузишгоҳи совхоз техникум дар назди соҳили Вахш шуъбаи 4 -ум заминҳои корами пахта дошт. Аз беаҳмиятии роҳбарони совхоз ва омузишгоҳ, заминҳо ба ботлоқзор табдил ефтанд.

Хоҷагии Ф. Саидови ноҳияи Кушониен дар асл шахсӣ нест, дар назди вазорати кишоварзӣ аст, лекин молу мулки савхоз ба яғмо  рафта истодааст. Боз чизи дигар ин аст ки баъзеҳо мегуянд, ки комбинати текстили шаҳри Бохтар дар асл аз савхози Файзалӣ Саидови ноҳияи Кушониён аст. Чанд соли охир дар совхоз зиёда аз 500 гектар боғҳои себу ноку анору гелосу  шафтолуву ғайра шинонида шуда  аст. Ҳоло  ягон информация нест, ки меваву сабзиҷот куҷо мешавад,

Дар 30-охир дар ягон ахбор нашунидем, ки совхоз чи қадар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ истеҳсол кард ва ба чи қадар маблғ.

Солҳои охир маълум  шуда истодааст, ки совхоз ягон техникаи худро надорад, ҳамаи техникаҳояш кироя аст.

Совхоз дар ноҳияи Хуросон  ва Сарбанд чанд карер ва заводи асфалт дошт.

Баъди ҳукумати советӣ роҳҳои валангори совхозро мардум таъмир мекунанд, аммо фоидаи онро Нусрати бетурсик мегирад.

Ман дар вақташ дар совхоз кор карда будам, каму беш медонам. Аммо як бор хутон фикр кунед, ки як шахсе аз Данғара омада дар умраш кори кишоварзиро намедонаду накардааст Раис мешавад.

Ин карру фарр ва катагии Нусратро бинед, ки чи тавр бо мошинҳои қиматбаҳо ва бо телехҳояш дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Данғара  мегардад.

Хонаи Нусрати бетурсик  рӯ ба рӯйи институти шаҳри Бохтар аст.

Мошинҳои гаронбаҳоро бо кадом пул харид?.

Ҳамаи ин кату кути Нусрати бетурсик аз ҳисоби ба яғмо бурдани молу мулки  совхози Ф. Саидоваст.

Ҳатто аз кормандони мақомоти андози ноҳияи Кушониен хабар расид, ки андози замин ва фоида аз даромадро паноҳ карда намесупоридааст ва аз андози ноҳияи Кушониён қарздор ҳам мебошад.

Пули барқро паноҳ карда бар гардани мардуми совхоз бор мекардааст. Пули обро ҳам намедиҳад, аз пули об қарздор аст.

Аз андози заминҳои совхоз қарздор аст.

Совхоз чанд ҳазор гектар замин дорад. Вале коргар надорад. Чунки агар коргар набошад, андоз аз маош намесупорад. Коргарон нелегалний мебошанд. Дар ҷои маош ғузапояи баъди чаридани  моли майдаро медиҳад.

Ба тамоми одамони калони Тоҷикистон заминҳои наздиҳавлигӣ туҳфа мекардааст.

Совхоз дачаҳои худро дошт, дар лаби дарёи Вахш.

Дар совхоз шуъбаи 2, станцияи обуҳавосанҷӣ буд ва амал мекард. Самолётҳои кукурузи дорузанӣ ва пушкаҳои тирпаронӣ барои абрҳо дошт. Территорияаш беҳад калон буд.

Совхози Файзалӣ Саидов зиёда аз 1000 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ дошт.

Ҳоло бошад аз ин заминҳои ғайрикишоварзӣ як сотих ҳам намондааст. Заминҳои ғайрикишоварзиро  ҳам сари сотих аз 500 то 1500 долларӣ фурӯхтанд.

Ғайри ин заминҳои кориеро, ки дар он бояд тибқи барномаи давлатӣ маҳсулоти тухми хоҷагии қишлоқ истеҳсол кард,ин заминҳоро бо пули нақд мефурӯшанд, харидорон ҳарчи хоҳанд, ҳамонро мекоранд. Гап дар сари заминҳои кишоварзӣ меравад, ки беш аз 1000 гектарро фурухтанд бо нархи гарон. Чи корхонае дар совхоз буд, ба нобудӣ оварда заминҳояшро ба мардум барои замини таҳҷои хона ва назди участкаи наздиҳавлигӣ фурухтанд.

Ҳисоб кардам, зарари расонидашуда бовар кунед, аз 2-миллиард доллар ҳам гузаштааст. Аммо ҳоло шунавидем, ки як химияи  гузаронидаи Нусрат (ба гуфтаи атрофиёнаш) 100.000 доллар будааст. Яъне як доруяш. Нобудаш. Мурд. Ин қадар одам мурда истодааст, ҳеҷ гап неву  Нусрат аз пули мардуми совхоз 100.000 доллар химия мезадааст. Яъне Нусрат ба бемории саратон мубтало шудааст. Боз маълумотҳои дигар ҳам расидаанд,ки гӯйё Нусратро чи доруе задаанд мисли Саидабдуллоҳи Нурӣ ки ба ин бемори мубтало шудааст. Нур Фақирро ҳам укол карданд ҳоло мисли девонаҳо шудааст рафиқи ҳамин Нусрат буд. Маҳмади хирсро укол карда куштанд. Инро дигар ҳама дар Қурғонтеппа ва Кушониён хуб мефаҳманд.

Зарари расонидашуда ба совхоз қариб ба 2-миллиард доллар мерасад. Кӣ совхозро ревизия, яъне тафтиш гузаронид, дар ин солҳо? Ҳеҷ кас!

Як сотих замини фурӯширо аз 500 доллар то 1500 доллар мефурӯшанд

Як гектар 100 сотик=100×1000доллар=100.000доллар. Як гектар замин 100.000доллар. Ҳазор гектар замин 1000долларӣ як миллиард доллар мешавад. Инҳо зиёда аз 1000 гектарро фурӯхтанд. Охир ин магар дуздӣ ва ғорати ошкорои сарзамину зодгоҳи мо нест ? ба ин хиёнатҳо кӣ бояд ҷавоб гуяд ?

Турсунзода
Ассалому алайкум бародари Муҳаммадиқбол!Худованд шуморо дар пушту паноҳаш нигаҳбон бошад. Шумо дар бораи ҷамоати Истиқлоли мо ва нафаре бо номи Аслиддин қаблан ҳамнавишта будед. Он матлабро худи ман фиристода будам. Аслиддин аз Чорроҳаи ҷамоати Истиқлол аст. Ин номард духтарҳои деҳоти ҷамоат, махсуан толибаҳои аз синфи 9 то 11 ва келинҳои мардумро дар шабӣ бо бачаҳо сурат ва камера карда сипас шантажашон мекунад ва ба онҳо дастдарозӣ ва зино мекунад. Ин маълумот  100%  рост аст. Инро дар «Номаҳо..» ҷой кунед. Дар ояндаи наздик ман пурра бо факту далел дар ин бора, бо мисолу далелҳояш навишта мефиристам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№187 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №186
Додситонӣ, ниҳоди муҳимми ҳар давлат ва Додситони кулл-Прокурори генералӣ, мақоми болои ҳар ҳукумат ба шумор меравад.Чунки ин ниҳод ниҳоде аст ки иҷрои қонун ва қонуниятро дар тамоми қаламрави давлат назорат мекунад. Прокурори генералӣ шахсе аст, ки бояд аз ҳар лиҳоз намунаи ибрат ва симо ва чеҳраи қонун бояд бошад. Аммо дар мо чунин нест. Бахусус дар ин беш аз даҳ соли ахир, ки раҳбарии ин ниҳоди муҳимми давлатиро Юсуф Раҳмон бар уҳда дорад.

Вай ба унвони Прокурори генералӣ ба бизнес машғул аст. Инки вай ба бизнеси наркотик машғул аст, инки вай ба бизнеси домсозӣ машғул аст, ҳамаамон медонем. Медонем, ки мансабҳо ва рутбаҳо дар Прокуратураи генералиро ба бизнес табдил дода аз ин ҳисоб садҳо ҳазор доллар даромад дорад. Дар номаи зер шумо аз бизнеси дигари вай огоҳ мешавед ва бовар намекунед:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Навиштаҳои пешини шуморо дар бораи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон хондам ва гувоҳӣ медиҳам, ки ҳар ончи дар борааш чоп кардед, ҳақиқати маҳз аст. Аммо ман чанд иловаҳо дорам, ки сирату сурати ин ба ном нозири №1-и қонун ва қонуният дар Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Юсуф Раҳмон дар Муминобод ва боз дар куҷои дигар заводи консервабарорӣ дорад. Истеҳсолоташ хуб, фоидааш ҳам хуб. Маҳсулоти заводош умуман бозор намеравад. Ҳамаашро дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон медиҳаду сумашро мегирад. Як мақоми масъули болоии давлат ба давлат маҳсулот мефурӯшад. Бозори тайёр, пули нақд(бюҷет). Андоз намесупорад. Маҳсулоташ талаф намешавад. Аз ҷое ба ҷое интиқол дода намешавад. Хулоса, як тиҷорати пурдаромад ва таҳти кафолату ҳимояти қавӣ бархурдор аст.

Ҳамаи хариди банкаҳои холӣ барои консерва ва ҷамъу гири сумро барои Прокурори генералӣ шофёри Юсуф Раҳмон, ки Олим ном дорад, ҳамон анҷом медиҳад. Олимшо дар ресторани Юсуф Раҳмон, ки номаш Магнолия аст, доду гирифтҳояшро анҷом медиҳад.

Юсуф Раҳмон дар системаи Идораи зиндонҳо чандин одамҳои худашро мондааст. Бо мақсаде, ки дар оянда ягонтоаш сардори Идораи зиндонҳо шавад. Аҷоиб ин аст, ки инҳо серӣ надоранд.

Юсуф Раҳмон ҳамаи чизи дунёро дорад, аммо боз чашмонаш гушна аст. Дар ягон давра Прокуратураи Генералӣ чун имрӯза расвову хароб набуд. Ягон муроҷиати шаҳрвандонро намебинанд. Соатҳо шаҳрвандонро дар берун манъ мекунанд. Прокурорҳо соати чанде хоҳанд кор меоянд, обед мераванд, чанд соат хоҳанд дам мегиранд. Мошинҳояшонро мебинӣ, талхаат мекафад. Фарзандони прокурорҳо ку мақъади  ҳамаро дарондагианд.

Дар замони роҳбарии дигар Прокурорҳои Генералӣ кам -кам адолат буд. Аризаҳоро дар худи Прокуратураи Генералӣ медиданд. Ҳозир ин тавр нест. Бозор шудааст. Мардум даҳборӣ ба номи Юсуф Раҳмон менависанд, бе фоида. Мо аз шикоятҳо ва аз нодуруст санҷидану тафтиши ҷиноятҳои вазнин намегуем, ҷиноятҳои одие, ки вазифаи ҷонии Прокуратураи Генералист, ки бояд маводро талаб кунаду ҳам замон шаҳрвандҳоро низ барои равшанӣ андохтани ҳолатҳо, даъват кунад, намекунад. Он прокуроре, ки дар Прокуратураи Генералист ва аризаи ин ё он шахрванд ба дасташ мерасад, филфавр Прокурореро, ки бояд дар ҷои ҳолати кор корро медид, занг зада мегуяд, ки «аризаи фалонча дар дасти маҳай, хыта бычынбон, ягон чи роӣ кн, ма намебинмша (яъне намесанҷамша), рост роиш мекнм хыта бо рад мекниш, чи коре мекни кадан гир».

Юсуф Раҳмон дар роҳбариаш ҳақиқатро покиза маҳву нобуд кард. Пештар супоридани ариза, гирифтани маълумот, даромадан ба Прокуратураи Генералӣ ва умуман ягон корат дар Прокуратураи Генералӣ меафтод, бисёр хуб буд. Аз тирезачаи даҳани дар мепурсидӣ, ҷавобро мегирифтиву мерафтӣ. Ҳозир аз гушаи бинои Прокуратураи Генералӣ дар боз кардаанд, аммо як бетартибӣ, соатҳо меистӣ барои пурсидани масъалае ё барои прокурореро, ки наздаш меравӣ, фаҳмиданки дар кор ҳаст ё не, аммо бо вуҷуди онки соатҳо меистӣ, бе натиҷа: « ай хонаи Ҷаноби Олида Прокуратураи Генералӣ проверкаш бисёрай».

Аҷаб!

Э, кавдани аблаҳи Юсуф Раҳмон, о ту ба саг даркор нестӣ. Агар даркор мебудӣ дар дари хонаат, дар хонаи арусат, дар саунаат ва умуман дар любой ҷо «дастрас ҳасти ба онҳое бо ту коре хоҳанд кунанд. О, чи иқа мардуми корафтодара ғам метиӣ? Ту кори худта аз рӯйи адолат ва вазифае дар ихтиёр дори анҷом деҳ!»

Санкт-Петербург

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Як хабар ба дасти мо расид. Хостам, ки онро ба шумо фиристам. Дар консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Бузмаков-Аламшозода омада ва муҳоҷиронро якҷо ҷамъ карда бо онҳо маҷлис гузаронидааст. Гуё агар мардум ягон шикоят ё прблема дошта бошанд ҳал мекардааст. Аҷаб! Дар дохил проблемаи мардумро ҳал карда наметавонад, Русия пролемаҳалкунӣ омадааст. Дар хиёбони Софийски-66 ҷаласа доир крадааст, ки 99% мардум нарафтааст, ки бо Бузмаков вохурад. 20-30 нафар рафтааст, ки ранги худашон бузҳову чоплусҳо ҳастанд.

Ҳамин бегоҳ бо як ду бародар нишастем сари як пиёла чой. Инсонҳои беҳтарин буданд. Гуфтанд, ки Бузмак проблема ҳал кардан ва ё мардумро дастгирӣ кардан наомада буд, мардумро шикор кардан омада буд. Тоҷикистонро шикор карда тамом карданд, ягон сумдор намонд дар ватан, акнун боз ба Русия чашм ало карда истодаанд. Нафарҳое, ки худам медонам, 40-50 нафарро истирдод карданд аз Санкт-Петербург. Ин одамҳо ҳам сумдор ва ҳам гапзан буданд, хулоса одамҳое,ки «якчи» буданд.

Ин номардҳо консулгариро гуфтаанд, ки «и одамое мо шикор мекнем, да мардум овоза кнен, ки машеникан, ягон каса фиреб кадагиян ё суми ягон каса гирифтагӣ, додаги нестан. Ҳами хели овоза кнен да байни мардум».

Раҳмонов худаш миллиард қарз дорад. Боз ин тараф заминро ба қирғизҳо медиҳад ба ҷои қарзҳояш. Боз ин тараф ба Хитой медиҳад. Аллоҳ хору залил кунад, инҳо яъҷуҷ ва маъҷуҷанд. Раҳмонов бо шайкаи гирду атрофаш 40 -50 одамро медузданд мебаранд ва дар ҷояш 500 -1000 одами дигар медонанд мефаҳманд, ки ин ҳукумат киву чист.

Панҷакент

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур барои нашри номаҳое, бароятон ирсол менамоям. Дар номаи пешина дар бораи Суннати чупон ва бародарҳояш гуфта будам, ки бо милисаву прокурор ҳамкорӣ доранд.

Ва ин Суннати чӯпон як бародари нашъаманд бо кличкаи Миша дорад, ки бо Ҳоҷиев Толиб бо Ҷӯраев Ҷӯрабек ба ҷав фурӯшон мегӯяд, ки ба аспи мо бе пул ҷав диҳед. Фурушандаҳо мегуянд, ки мо ҷавро фурӯхта зиндагиамонро пеш мебарем, бепул дода наметавонем. Аммо фурӯшандаҳоро онҳо грузит мекунанд. Мишаи бадкирдори наркоман омада аз номи Ҳоҷиев Толиб ва Ҷӯраев Ҷӯрабек ҷавро мегираду барои аспи онҳо мебарад.

Дар даври прокурори шаҳр будани Азимзода Сарвар (ҳоло муовини Прокурори генералӣ) Панҷакентро ба мисли 13-район ҳамчун криминальный шаҳр карда буд ва пайравони вай Ҷӯраев Ҷӯрабек ва Ҳоҷиев Толиб ҳоло ин корро идома дода истодаанд.

Дар муддате, ки Азимзода Сарвар прокурори шаҳри Панҷакент буд, ҷинояткорӣ аз қабили ҷиноятҳои вазнин:-одамкушӣ, изнасилование, наркотик ҳамааш иҷозат буд. Мо фикр кардем, ки баъди рафтани вай ягон дигаргунӣ мешавад вале афсӯс нашуд. Бадтар шуду беҳтар не. Охир чаро аз болои инҳо назорат нест? Ин ҳаромхурҳо бояд дар паси панҷара бошанд, вале Ҷӯраев Ҷӯрабек ҳам ба вазифаи баланд рафт. Ин исботи он аст ки   ҳама чизро пул ҳал мекунад. Пулро додӣ, вазифаи баландро соҳиб шудӣ. Фарқ надорад, ки пулро аз куҷо, чи хел ва аз кӣ гирифтааст. Дар Тоҷикистон пулро додӣ ҳама кор иҷозат. Инҳо уқоби баландпарвоз мебошанд.

Ҳоҷиев Толиб дар тамоми кори зиддиқонунӣ ҳамроҳ мебошад. Ин як майзада аст ва то ҳол аз ҳисоби шаҳри Панҷакент киссаи худро пур карда истодааст. Дар шаҳри Панҷакент ягон назорат нест ва аз номи писари ҷаноб Сомон ҳамаро метарсонад. Барои ҳамин ягон кас ба вай гап намезанад.

Ҳоҷиев Толиб бо собутылники худ Беҳрӯз Замонов як фирма дорад, ки борҳоро нелегално мегузаронад. Инҳо ҳардуяш борҳоро ғайри қонунӣ  оформит мекунанд. Аз руи қонун ин корро бояд Ҳоҷиев Толиб пешгирӣ кунад, лекин баракс ҳамкорӣ бо ҳамин хел ҷинояткор мекунад. Марги ин барин коргари давлат. Ин аз баҷое, ки қонунро ҳифз кунад, зидди қонун кор мекунад. Халқи шаҳри Панҷакент ба ингуна инсонҳо чихел бовар кунад?

Беҳрӯз Замонов дар шаҳри Душанбе як фирмаи ғайриқонунӣ (нелегално) дорад. Бо Ҳоҷиев Толиб ҳардуяшон шарикӣ кор мекунанд.

Вақте дар Панҷакент як бечора як мағоза кушояд аз тарафи давлат чанд намуд тафтиш мекунанд: налог, госстандарт, оташнишонӣ, бехатарии озуқаворӣ, санэпидемстансия, милиса, участковий ва дигарҳо, ки он бечора аз дасти ин ғоратгарон дигар кор карда наметавонад, банкрот мешавад ва мағозаро маҳкам мекунад. Аммо ин Ҳоҷиев Толиб, ки аз мансаби худ истифода бурда бо Беҳрӯз Замонов нелегально борҳоро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вориди кишвар ва миллионҳо даромад мекунанд. Ба инҳо ҳеҷ кас кордор нест ва ягон назорат ҳам нест.

Юсуф Раҳмон нигоҳ кун, ки кормандонат дар ноҳияҳо ба чи корҳо машғуланд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар Душанбе таксӣ мезанам. Дируз (14 октябр) дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе шоҳиди як ҳодисаи мудҳиш шудам. Ин номаамро ба воситаи шумо ба Рамазон Раҳимзода, вазир дохилии Тоҷикистон расониданиам. Дар фурудгоҳ милисаҳои ноҳияи Шоҳмансур  ба таври ғайриқонунӣ облава  ташкил карданд. Онҳо панҷ нафар буданд. Муҳоҷирони аз шаҳрҳои Русия баргаштаро қапида руирост тамаъҷуӣ мекарданд. Як камбағалбачаро қапиданд ва 20 ҳазор сомонӣ талаб карданд. Падари муҳоҷир, ки ба пешвози писараш омада буд, сарашро қапида ба онҳо мегуфт, ки ман ин қадар суми калонро аз куҷо меоварам? Писарам нав ду моҳ пеш рафта буд, бемор шуд, сум қарз кардему роҳиаш кардем, ки раҳпулӣ карда баргардад. Ин милисаҳои лаъин бошад гуфтанд, ки «мода  фарқаш не, хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ писарат ба хизмат меравад. Ба онҳо гуфтанд, ки фармони вазири мудофиа аст, ки дигар облава мумкин нест. Милисаҳо гуфтанд, ки вазир  гуфтан мегирад».

Баъд падари муҳоҷир бо ашки  гирён рафта  аз хешу табораш қарз карда 10000 сомонӣ гуфт, ҳамин қадар сум   ёфтам, агар нашавад писарамро  ба  хизмат баред: «иқа сума ма ай куҷо меёбам, ки ба хешонам баргардонам. Яке аз милисаҳое, ки сум мегирад, номерҳои телефонаш  973051505 аст ва мошини опели Астра ҷии  металлик  дорад. Мошинаш номер надорад, худашонро ҳам шинос намекунанд. Фақат мегуянд, ки моро сардорамон фармон дод. Сумро гирифтанду баъд ба муҳоҷирбача гуфтанд,ки «братишка хизмат накн, и хизмати Тоҷикистон ҳамаш   дуруғай»

Бародар, ман ин ҳодсаро бо чашмони худам дидам. Мо даҳҳо нафар будем, ки ин ҳодисаро дидем. Шояд дар камераҳои фурудгоҳ ҳам ин ҳодиса сабт шуда бошад. Барои ҳамин облава шуда ҳазорҳо ҷавон дар Русия меистанд, ки то вақти даъват тамом шавад.

Ёвон

Салому дуруд ба Шумо тими эҷодии «Ислоҳ. нет», ки имрӯз ҷонҳоятонро дар кафи даст гирифта аз дарду ғам ва нолаву фиғони мардум менависеду мегуед. Аллоҳ ëру мададгоратон ва дар корҳоятон муваффақият хоҳонем.

Албатта, ин номаи якуми мо нест, ки ба «Ислоҳ. нет» равон мекунем. Ин дафъа аз доду фиғони мардуми ноҳияи Ëвон, деҳоти Фурқат барои хонанда ва шунаванда кисса мекунем. Аз деҳаи Фурқат ë ин ки Пахтакори имрӯза ва аз оилаи «девонаҳо»- ё ки аз хабаркашиву подставаи ин бародарони буз, мо мардум аллакай ба дод омадаем. Қаҳрамонҳои номаи мо бародарон Солеҳов Раҷабалӣ бо лақаби лағр, Файзихони девона ва Файзалии буз мебошанд. Ин бародаронро тамоми маҳалла ва ҳатто дар шаҳраки ноҳия ҳам мешиносанду ҳам буз будани инҳоро ҳама хуб медонанд. Солеҳов Раҷабалӣ аслан ба хабаркашӣ ба коргарони БДА ë ин ки ГАИ сару кор дорад. Худо нокарда шунавад, ки ҳуҷҷатҳое мошини касе нодуруст ë муҳлаташ ба итмом расидааст вой бар ҳоли ронандаи он мошин. Дар муддати 20-30 дақиқа пас аз шунидани Раҷабалӣ омада ронандаро ҷарима мекунанд. Ва ин бародарон номус надоранд, тамоми маҳалла инҳоро мешиносанд, хонаву дарашон ҳаром аст. Маҳз ҳамин Рачабалии Лағр дар як рӯз 50 маротиба се зан талоқ қасам ëд мекунад, барои коре, ки ба касе муҳим нест. Ин бародарон ҳама дорои мошин ва ягонтои ин мошинҳои инҳо ҳуҷҷат надоранд. Ва ин бародарон шабу рӯз зино мекунанд. Пас аз соатҳои 22-23 дар болои мағозаҳои Қурбонбек дар даруни  мошин аз шаҳрак духтарҳои сабукпоро оварда то субҳ зино мекунанд. Дар болои деҳа роҳи хатсайри Ëвон — А.Ҷомӣ  мебошад мошинро аз суръати 100 поëн намеронанд. Ва худи Раҷабалӣ дар тамоми ҷое, ки нишинад мегуяд ман ин гаишникҳои гушнаро не ман зани начальник ГАИ-ро фалон мекунам.

Бародари дуюм файзихон ҳам бузи ГАИ ва ҳам бузи ШВКД мебошад.

Аммо бародари сеюм Файзалии буз, супербуз профессиональ мебошад. Ба тамоми мақомоти қудрати чи ШВКД чи амнияти ноҳия чи ГАИ ва ҳатто аз суду прокуратура дар баъзе мавридҳо мебинем ба вай занг мезананд ва бо онҳо шишту хез дорад.

Мардуми деҳа ба кулли огоҳ мебошанд, ки Файзалӣ аз дохил  бо маводи мухаддир дар Федератсияи Русия сару кор дорад. Чи расад ба мардуми деҳа ҳатто коргарони амният ва ШВКД- и ноҳия огоҳ мебошанд. Вале касе  ба ӯ чизе намегуяд барои ин оила, маҳз барои Файзалӣ қонун ва мақомот гуфтанӣ чизе нест. Ҷинояти бераҳме, ки Файзалӣ бори охир анҷом дод хонаи Сангалиро сухт. Писари дуюми Сангалиро, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргашта оиладор шуда буд, бо ҳар гуна ҳилаву найрангу шайтони билет гирифта ба Русия равон кард. Писари  Сангалӣ бо номи Сафар рафта тули чанд муддат кор карду баргашт ва ба Файзалӣ як мошини мерседеси дорои 2 дар (мошини 2 дара) бо маблаги 85 000 сомонӣ харид( Ин гапро худи Сафар вақте ки ба Тоҷикистон омад, байни мо дар як шабнишӣ ошкор кард. Сафар худ гуфт Файзалӣ маро ба Русия равон кард. Бо маводҳои ӯ тули 3 моҳ кор кардам, омадам. Ба ман гуфт агар ба ман мошин нагирӣ туро ба амният месупорам) .

Ва бори дуюм ӯро ба Русия равон кард. Ин бор моҳе нагузашта Сафар дастгир шуд. Ва ҳоло кору бори Файзалӣ дар дохил нотинҷ аст. Нотинҷ ба кадом маъно? Ба маънои  заҳмат кашидаву бо шиносҳои болоиаш кормандони суд ва амнияту прокуратура алоқа баромадаву корро хомуш карданист.

Хитоби мардуми дехаи Фурқат ба тамоми кормандони суд ва амният мо ба кулли  огоҳ мебошем. Гарчанде, ки писари Сангалӣ дар Русия дастгир шуд, вай кори Файзалиро пеш мебурд ва бо маводи мухаддири Файзалӣ ба зиндон афтод ва талаб дорем нисбати Файзалӣ чораҳои зарурӣ дида шавад.

Ин худ чи гап ҳой мақомоти ноҳия?!

Наврузи писари Қурбонбек Далерро бо трактор пахш карда кушт. Ду  бор мардуми деҳа ба «Ислоҳ» навишт, нома нашр шуд, ҳама шуниду фаҳмид. Вале то ҳол одамкуш дар озодист. Бо гирифтан аз вазифа бародари Наврузро Бахтиëр  кор ҳал намешавад ин номаи сеюм барои Навруз менависем, чора дида метавонед ë зуратон намерасад?!

Яке одам мекушад, дигаре ба хориҷ равон карда мисли асбоб ҷавонони ин деҳаро истифода мебарад, яке духтари мактабро таҷовуз мекунад вале ба занӣ намегирад. Ин ҳама худ чи гап қонун магар ҳаст амал мекунанд дар Тоҷикистон ë ин ки барои галочка мо қонун дорем.

Қотеъона аз мақомоти дахлдори ноҳия мо мардум талаб дорем нисбати Навруз, бародари Бахтиëр, собиқ раиси ЗАГС — и ноҳия бо моддаи 104 одамкушӣ ва нисбати Файзалӣ бо моддаҳои 200 парванда боз карда шавад!

Инчунин ҷавонони дар Русия буда аллакай мегуянд, ки безор шудаем ҳаррӯз дар шабакаи ватсап як гурӯхи нав кушода ободӣ барои роҳ, ободи барои майдончаи варзишӣ, ободӣ барои ину он мо магар ҳукумат дорем ë не ҳама корро мардуми муҳоҷир кунад пас мебахшед ҳукумат ….

То он даме, ки Наврузи одамкуш ва фурӯшандаи маводи мухадир Файзалӣ дар озодист ба вуҷуди ягон қонуният дар Тоҷикистон боварӣ надорем. Хуб аз дасти ноҳия агар чизе наояд гуë ин ки мақомоти болоӣ «Ислоҳ»-ро намехонанду намебинанд. Имрӯзҳо аллакай аз мардуми деҳқон сар карда то Рамазони Раҳимови Ҷеки Чан, СС Ятимови махуф ва пирбузбалаи аҳмақи гарданбалонигазии писари Марями гурсухта Эмомалӣ Шарифович ҳамагӣ «Ислоҳ»-ро мебинанд, пас чаро аз паи ислоҳи ҷиноятҳо намешавед.

Эмомалӣ Раҳмонов дигар мо мардум ба афсонаҳои шукрона кунед, обод кунед, дастгирӣ кунед бовар надорем. Ва худоро шукр имрӯзҳо аллакай дар байни мардуми мо ҳам сухан дар бораи «Ислоҳ»у Э. Раҳмонов митинг меравад. Ва ин шо Аллоҳ он рӯз наздик аст.

Каме дигар мондааст шуморо танхо «Ислоҳ»- ислоҳ хоҳад кард. Боқӣ Худо ëру мададгоратон мардуми сарбаланди тоҷик, ки зери зулму фасод ба сар мебарему «мардакбарин» хапу хомӯш интизори касе ва чизе нишастаем!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №186 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №164
Нишастҳои хабарии мақомоти масъули Тоҷикистон ба анҷом расид, аз ҷумла мулқоти рубаруи масъулини вазорати дохилаи Тоҷикистон. Дар нишасти навбатии вазорати дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, ки ҳам шоиру ҳам драмматург аст ва бо тахаллуси Ниҳонӣ мадҳияҳои зиёде дар васфи Раҳмонов навиштааст ширкат надошт. Вай шояд дар таътил буд, шояд дар ягон сафари хидматӣ.

Аммо Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков ин нишастро гузаронд. Вале дар суолҳои рузноманигорон посухҳои мушаххас ва қонеъкунанд надод. Масалан ҳамин ҳодисаи куштори занҷираии дар соли ҷорӣ дар Конибодом рухдодаро тавре посух дод, ки мардуми одиро қаноат дода натавонист. Номаи аввали ин нашри барнома бо ҳамин масъла марбут аст:

Конибодом
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Зиёд гапро кашол намедиҳам, мағзи гапро мегуям. Гуфтаниам, ки Абдураҳмон Аламшозодаи муовини вазири дохилӣ руяшро сиёҳ мекунад. Гуфт, ки ду оилаи аз 7 оилаи кушташуда дар Конибодом аз муноқишаҳои оилавӣ кушта шуданд. Вай ин ҳодисаҳоро «қатлҳои муқаррарӣ» гуфт. Ин муовини вазир 100% дуруғ мегуяд.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва СС.Ятимов, раиси КДАМ ҳам инҷо омада буданд. Ду ҳафта зиёд дар ҷои мо интернет набуд. Агар ин муноқишаҳо ва ин кушторҳо муноқишаҳои дохилӣ мебуд, ҳама гапро руирост мегуфтанд. Онҳо чизеро аз мардум пинҳон карда истодаанд. Ягон вақт чунин ҳодисаҳо дар Конибодом  руй надода буд, ки тамоми аъзои хонаводаҳо кушта шаванд. Ин қатлҳои муқаррарӣ нестанд.

Худи Абдусалом Тухтасуноғлу, раиси Конибодом гапи Юсуф Раҳмонро такрор кард ва охирон номаи чопкардаи шуморо  истифода бурд.

Палатаи ҳисоб дар нишасти охири матбуотиаш ҳамин чанд рузи пеш эълон кард, ки дар Конибодом маблағҳои зиёди буҷҷавиро аз онҳое, ки дуздидаанд,ошкоро ва қисми зиёди онҳоро ба давлат баргардонд. Аммо чаро ном нагирифт, ки ин кадом корхонаву муассиса аст ва оё Тухтасуноғлу ҳам дар ин ҷиноят шарик аст ё не? Чунки Тухтасуноғлу худро Пешвои муаззами Конибодом муаррифӣ мекунад.

Дар бораи номаҳои аз Конибодом ирсолшуда чи бигуям? Дар бораи Ҷалиловҳо   бекор нанавишта будем. Бояд менавиштем. Як нома дар бораи кланашон равон карда будам 5 руз пеш.

Ман боз такрор мекунам, ки бовар накунед ба Аламшозода. Ин Раҳмонов барои ошкор кардани номанависҳои конибодомӣ, ки ба isloh.net менависанд $10,000 доллар ҷоиза муқаррар кардааст, боз рутбаи нав, то ин ки милисаҳо ҳавасманд шаванду онҳоро биқапанд.

Чизи дигар, ки фаҳмидам ин аст, ки ба Ҷалилов номаҳо сахт таъсир мерасонад.Вале вай мардумро задагӣ.Бояд дар борааш боз ҳам бинвисем. Ман шахсан маълумот ҷамъоварӣ карда истодаам.

Вақте дар мақолаи «Раҳмонов наё Ғарм» як ҷумла дар бораи Ҷаббор Расулов хондам гирям омад. Онҳоро бо Эмомалӣ Раҳмонов муқоиса кардан мумкин нест.

Ман дар ҳукумати Конибодом кор мекунам. Метавонам дар бораи мансабдорони порахури ин ноҳия навишта фиристонам. Ин корро дар оянда хоҳам кард.

Ако ин номая нашр кнен ҳамаги маълумот буд. Саломат бошед.

Дар алоқа ҳастем бародар. Бег Сабур интернет дод

Охирин хабар ин аст, ки Раҳмонов ба наздикӣ Конибодом меомадааст. Барои мавриди истифода қарор додани роҳ. Аммо таърихаш маълум нест. Вале аз ҳамин ҳоло Тухтасуноғлую Қофлонбой дар тапартапар даромадаанд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Ончи, ки ман мегуям, шояд барои бисёриҳо қобили қабул набошад. Худамро муаррифӣ намекунам. Аммо он чиро, ки тавассути сайти шумо гуфтаниям, мегуям. Нашр мекунед ё не ин ҳам ихтиёри шумо аст.

Раҳмонов ва оилааш ба ин умеданд, ки агар ягон хезохези мардуми шавад, мақомот пеши роҳашро мегирад. Ё, ки армияро мехезонанд. Ҳозир дар қисмҳои ҳарбӣ ягон захира нест. Ҳама сумҳо барои захира ба зимистонро ҳам оилаи Раҳмонов медуздад. Боз вазир ва командирҳои қисмҳои ҳарбӣ муваззафанд, ки таъмин кунанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ қашшоқӣ ва гушнагӣ ҳукмфармо аст.

Маоши корманди КГБ зури зур 3000 сомонӣ, ки ҳеҷ чиз намешавад. Мақомот дар вазорати мудофаи 123 миллион сомонӣ зиёд камбуд ёфтанд. Фикр мекунед, ки ин пулҳоро кӣ медуздад? Гуфтанд, ки 52 кас барои ин пулҳо дастгир шудаанд. Ман бовар дорам, ки сад каси дигарро ҳам дастгир намоянд, аммо дуздони асосӣ дар озодӣ мемонанд. Чунки дуздҳои асосӣ хешу табор ва одамҳои наздики худи Раҳмонованд.

Аз руи баъзе аз маълумотҳо бояд Юсуф Раҳмон раиси КДАМ ё раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент равад. Сулаймон Султонзода, ки ҳоло раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия мебошад дар ҷойи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ мешавад. Султонзода аз Данғара аст ва дигар инки шогирди худи Юсуф Раҳмон мебошад

Баъди ҳодисаи Саидҷаъфар Усмонзода клани фархориҳо аз боварӣ баромад ва Раҳмонов ба СС.Ятимов гуфтааст, ки масъалаи марзро тезтар ҷамъбаст кунад. С.С медонад, ки ҷамъбаст кунад, «лингош ай ҳаво миёя». Юсуф Раҳмон бошад, кушиш дорад, ки тезтар мафияи СС-ро ғалтонад.

Ёдатон бошад мо дар соли гузашта баъзе аз маълумотҳоро аз компютери КДАМ чоп карда гуфта будем, ки соли 2024 соли ҳалшаванда аст ва СС.Ятимов дар коркарди як кудато ва бори души Юсуфу Раҳмон кардани онро машғул буд. Ҳамаи ин корҳоеро, ки ҳозир карда истодаанд, мо соли пеш гуфта будем ва шумо ошкор карда будед. Хусусан оиди он ки писари Мансур Умаров дар бари Исмоили Пингвин аст ва маълумотҳоро ба падараш медиҳад. Оиди оне, ки С.С.Ятимов, Мансур Умаров,  Музаффар Ашуриён, Мурод Саидов ва боз чандин нафарҳо ба саҳнаи сиёсат ба кумаки Убайдуллоев омадаанд.

Аммо ҳоло кор чапа шуду Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон нақшаҳои СС.Ятимовро тоб доду ба пойи худаш баст. Қазияи Саидҷаъфар Усмонзодаро бояд то сентябр ҷамъбаст кунанд. Аммо ҳоло боз чанд нафари дигарро кашиданианд ба ин моҷаро. Шояд боз қапоқап мекунанд. Ҳатмани ҳатман Убайдуллоевро ҳам мебаранд. Чунки Раҳмонов аз вай сахт хавф дорад. Иҷозат намедиҳад, ки ором бимонад.

Ман ростӣ, намедонам ин гапи шунидаам дуруст аст ё не, аммо писари Убайдуллоев дар Париж, ки сафир аст эҳтимол дорад дар онҷо даъвои паноҳандагӣ кунад. Чунки вазъияти падараш соз нест.

Дар МВД ҳам одамони як замон наздики худи Раҳмонов масалан Хуршеди ОМОНу Суҳроб Раупов, ки ҳарду генерал буданд, дур андохта шуданд. Худи ҳаминҳо, ки одамони преданний буданд, гуфтаанд, ки мо бас мекунем. Як хелаш сабабашро ин тавр мегуянд, ки моро ҳам мекушанд. Дар вақташ Суҳроб Қосимро кушта буданд. Рустам меравад дар ҷаласаи Федератсия дар гостиница бо қундоқи пистолет дар пушти сараш мезанад ва мегуяд, ки «ҷоя холӣ кун бте, ма одамои худма мемонем». Ҳамин Суҳроб Раупову онҳоро ҳам гап –гап аст, ки мекушанд. Чунки инҳо ҳам бисёр сиру асрорро медонанд. Хуршеди Амону аҷабе нест, ки ҳамин СС.Ятимовро ягон кор кунанд. Як чиз бояд бикунанд. Барои онки Раҳмонов ба ҳеҷ кас бовар надорад. Дастгоҳ ҷойи муҳим аст ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам. Маълум аст, ки Рустам бо муаллима –Озода дар Раёсати ҷумҳурӣ якҷо кор намекунанд. Аммо Сулаймон Султонзода ин шогирди Юсуф Раҳмон аст. Юсуф Раҳмон дар Дастгоҳ як вақт муовин  буд.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман мухлиси доимии «isloh.net» ҳастам. Ҳамеша сайтро мехонам. Дар Кулоб зиндагӣ мекунам. Ҳоло мехоҳам аз газетаи СССР як навиштаашро бароятон мефиристам. «СССР»-ро ба назарам хумори солҳои пешинааш гирифтаасту дар шумораи ахири  худ як матлаби солҳои пеш чоп кардаашро ба нашр додааст. Ин матлаби он соли 2008 аст. Ман бовар дорам, ки ҳоло ин қабил маводҳоро чоп намекунад. Он солҳо боҷуръат буд. Ҳоло тамоман дигар шудааст, нашрияи ҳукуматӣ барин. Аммо ин матлабаш мушкилотро бозгу мекард, мушкилоте, ки ҳамин ҳоло ҳам идома дорад. Матлаби мазкур таҳти унвони «Ҳасан – аробакашҳои даврони мо: Гап назанен, ки ҳамамона аскарӣ мебаран!» дар таърихи 7 августи соли ҷорӣ чоп шудааст:

«Ҳасани аробакаш» қаҳрамони асари устод Турсунзода аст, ки дар авоили ҳукумати СССР ба cap бурдаву то ахир намехост тағйири касби пуршарафи аробакашӣ кунад. Ҳасанҳои муосир аз касби худ шарм медоранд, вале барои дарёфти қути лоямут дастаи аробаро аз даст раҳо карданӣ нестанд. Чаро? Барои посух ба ин суол ва ошноӣ бо зиндагонии ҳамсолони аробакаши худ мо вориди бозори Шоҳмансури пойтахт шудем.

Дар нуқтае, ки истгоҳи аробаҳост, ҷавонони зиёде ҷамъ омадаанд. Аксарияти аробакашҳо гуфтанд, ки аз «касби барои Ҳасан пуршараф» шарм медоранд. Aммo зиндагонӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки партаи мактабу Донишгоҳро ба дастаи ароба бадал кунанд. Саид ном ҷавоне гуфт, ки «акнун шумо менависеду мо аз ҳамин ҷои кор низ маҳрум мешавем». Саид аслан бовар надошт, ки барои онҳо ҳукумат ҷои кор таҳия кунад. Ӯ бовар танҳо ба «клиент», чархи ароба ва зӯри бозӯ дораду бас. Насим, аробакаши дигар изҳор дошт, ки танҳо бо нияти ҷамъ овардани пули билети ҳавопаймо кор мекунад, то ба Русия ба муздурӣ равад. Дар ин маврид, яке аз ҷавонон ба шарикон гуфт, ки «гап назанен, ки ҳамата хизмат мебаран!»

Маълум шуд, ки ҳамаи мусоҳибони ман нияти тағйири касб доранд. Суоле матраҳ аст, ки чаро ишон аз касбе, ки онҳоро мехӯронаду мепӯшонад ор доранд? Шояд ин ҳавову ҳаваси ҷавонист ва ё онҳо дарк кардаанд, ки ин касб ба онҳо равшание дар пеш нахоҳад афрухт?

Байни ишон ҷавонони донишмандро низ дучор метавон шуд. Ба гунаи мисол Манучеҳр Шарипов, сокини ноҳияи Восеъ 2 сол дар Донишгоҳи исломии пойтахт таҳсил кардааст. Бо сабаби сангинии рӯзгор донишгоҳро тарк кардаву аробакаш шудааст. Манучеҳр умед дорад, ки боз донишҷӯ шавад. Ҳадафи нави аробакаши ҷавон Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон аст. Нафари дигар, ки номашро нахост бигӯяд, афзуд, сабаби усулии тарки Донишгоҳ кардану аробакаш шудани ӯ устодони ришвагир будаанд. Ин нафар гуфт, устодон аз ӯ ришва талаб кардаанд ва чун пул надошт «аз донишгоҳ хориҷ шудааст». Ӯ мегӯяд, «галстукҳои фасонро устодон аз ҳисоби пули мо мебанданд» …

Воқеан ҳам ҳини суҳбат бо аробакашҳо ва дар муҳити ишон будан ҳис менамоӣ, ки ҳар яке аз ин ҷавонон умеде, орзуе дар дил доранд, ки дар бисёри маврид аз ифшои он худдорӣ мекунанд. Ва аммо дақиқан ягон нафари онҳо орзӯи идомаи касби пуршарафи Ҳасани Турсунзодаро надошт. Пас чи орзуе доранд, Ҳасанҳои муосир??? Сиррест, ки мо натавонистем онро бикшоем. Аммо дилсардие амиқ ва ноумедие қавӣ дар ҳар сухани ишон ба гӯш мерасид, ки рӯи қоғаз овардани он барои мо гаронӣ дорад.

ФАРЗОНАИ ШАЪБОН, «СССР»,  №6  Панҷшанбе  16 октябри  соли  2008  СССР.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокин ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ ва яке аз мухлисони шумо ҳастам.

Ман шуморо тули 3 сол аст, ки тамошо мекунам. Мехостам дар бораи вазъияти ноҳияамон ба шумо маълумот диҳам.Яке аз пастарин, ифлостарин, бесоҳибтарин дар байни шаҳру ноҳияҳо ин ноҳияи мо мебошад. Ягон нафар дар инҷо аз ҳамин ноҳия дар вазифаҳои баланд кор намекунад. Ҳамаи одамҳояшро президент аз дигар шаҳру ноҳия махсусан аз Данғара оварда мондааст. Зулм  дар ҷои аввал меистад. Масҷидҳо маҳкам. Рузи ҷумъа дар назди масҷиди ҷумъа  амниятиҳо хеле зиёданд ва талабаҳои мактабу ва донишҷуёнро иҷозат намедиҳанд.

Дар инҷо порахурӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ дар авҷи аъло аст. Бозорҳоямонро чапа карданд, ду маротиба оташ заданд. Мо маҷбур  шудем чизу чораҳоямонро ҷамъ кунем ва ба бозори нав кучем. Дар бозори нав ҷой нест. Ҳарруз барои ҷой-точка ҷанг. 1м ²  20 ҳазор сомонӣ. Ба ғайр аз ин боз ҳар саҳар 5 сомонӣ, плюс, барқ, налог, ули участковий ва ғайра. Нарх дар осмони ҳафтум. Таксиҳоро  намемонанд, ки барои ризқу  рузиашон кор  кунанд. Ҳозир Зайнулло барои одамон даже  маршуткаҳои бепул ба муддати 6 моҳ овард, то ин ки халқ аз он бозори куҳна харид накунанд ва ба бозори онҳо оянд. Ҳоҷӣ Зайнулло  ҳавзҳои  моҳии мардумро аз дасташон зада гирифт. Канӣ  демократия, канӣ озодӣ? Боз дар қисми роҳи дарёи Вахш  аз тарафи роҳи Правда (Фрунзе), ки ба мо наздик буд, он роҳро маҳкам карда дар он ҷо шутур  парвариш  дорад.

Дар духтур ҳиҷ кас писандат намекунад. Паспортний стол- ин ҷойро нагуй. Дар инҷо  порахурӣ дар авҷи аъло. Дар ҳар як кор  аз 20 то 200 сомонӣ ғайр аз паспорт  аз ту мегиранд. ГАИшникҳоро  нагуӣ ҳам мешавад. Ҳамааш муфтхур.

Мардум аз дигар шаҳру навоҳӣ  омада состоянии  худаш ва звеноашро баланд  намуда меравад. Ман одамеро дидам, ки ду бор коррупсия уро дастгир  кард вале вай пул доду баромад. Дар ҷони мардум задагӣ аст. Насеби вай Бобохонов мебошад.

Дар прокуратура ҳамааш  муфтхур, саводи дуруст надоранд:- «иқа салдате, ки хизмата  бут када да банкҳо охранники кор мекардак оварда корда гирифтиян».

Дар бораи шуъбаи маориф нагуем ҳам мешавад. Яке аз сардорони ин шуъба, ки номаш дар ёдам нест, тарафи директорон мегуфтааст, ки «худо ризқи манро ба дасти шумо меорад». Вай бо котибааш робита доштааст, утоқи кори даромада дарро аз дарун занҷир мекардаанд, пардаҳои тирезаҳоро мебастаанд ва кори худро пеш мебурдаанд. Ин корро ҳама кормандони маориф медонанд. Ҳатто шавҳари беномуси он духтар ҳам медонистааст. Лекин пеши роҳи ин кори зиштро намегиранд. Дар инҷо духтарҳоро бероҳа карда истодаанд. Аз пушти маршировка садҳо духтар бероҳа шуд. Ман ин корҳоро бо дуто чашми худам мушоҳида кардаам.

Дар мактабҳо дарс нест. Ҳеҷ кас намехонад. Муаллимаҳоро гуш намекунанд, кадр нест, ҳама гурехта рафтааст ба Русия. Дар се моҳ муаллимҳоро як бор маош медиҳанд. Аз ҳамин сабаб  аз талабагон пул мегиранд.

Ман харҷи синфи 11-иамро ҳисоб кардам, ки маълум шуд дар ҳаҷми 3780 сомонӣ харҷ  кардаам. Аз ҳамаи чи мо талабагонро пул мепурсанд. Ман медонам, ки айби инҳоям нест. Инҳоро мачбур мекунад зиндагӣ ва одамони боло. Дар фарҳанги мо як чиз  мегуянд «ов аз боло лойяй аст «. Ин мақолро ҳамаи коргарони давлатӣ истифода мебаранд. Халқ ҳама безору ҷон ба лаб шудааст, ҳама гурехта рафта истодааст Русия.

Билети  ҳарбӣ  51,000 шудааст. Аммо ин маблағро дар банк месупорӣ. Ба ғайр аз ин ба миқдори 35-40 ҳазор сомонии дигар харҷ мекунӣ. Ман гирифтанӣ будам.  Аммо ин нархро дидам ва зури ман нараси. Дар ин ноҳия агар таға дошта бошӣ  тамом, «тда зелёный светафорай, любой кор мефорат мекни, тағадоро гаштиян, бе ягон военний  билет, мо гаштем хору зор дар Русия». Дар мавриди риш ва сатр нагуем ҳам мешавад, ин ба ҳамагон маълум аст. Дар бозор, қишлоқ, боғҳо умуман дар ҷойҳои ҷамъиятӣ амниятиҳо мегарданд ва одамеро, ки диданд ришаш  аз 1 см дароз, тамом капаш  дуд кард. Агар тағадор бошад, ҳеҷ гапе не, агар таға надошта бошад, мебаранд дар отдел мурданак мезананд ва ришашро хушк ба лезва мегиранд, агар муқобилият нишондиҳӣ ҷарима ва маҳкамат мекунанд,

Сардори шуъбаи маорифро дар аввалҳои соли 2023 аз вазифа барканор карданд. Вале вай сум дода боз ҷои худашро гириф. Ҷои руғаниашро. Дар охирҳои моҳи июн як қонуне баромад, ки 27 нафар директорон аз вазифа барканор ва дар ҷои онҳо занҳоро гузоштанд. Аз ин нафарон боз чор кас ҷояшро харид. Дар ноҳия ҳатто як завод ё фабрика  нест. Аз боло тамоман аҳамият дода намешавад. Ҳамааш пул. Аз вилоят меоянд сумашон медиҳанду дар ошхонаи нав, ки дар тарафи рости бозори ҳоҷӣ Зайнулло ҷойгир аст, мехуронанд,

Ман дар деҳаи Мирзообод, ки бо номи деҳаи террористон дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур аст, зиндагӣ мекунам. Дар мактаби ҳамон деҳа мехонадам, ҳамон мактабе, ки дар соли 2017- 17 августи соли 2017 Эмомпиён омада онро ба истифода дод ва гуфт «чи барои як ҳами оғил (говхона) маро ба иҷа даъват кардед?»

Ҳозир бошад бо аҳли оилаамон  дар Русия кор ва фаъолият карда истодаам.  Ҳамон солҳои 2016-17 буд, ки омада чор масҷидеро, ки фаъолият мекард, бо ҳар баҳона маҳкам карданд. Ба Аллоҳ қасам аз тарафи амният ва бо ёрии ҷамоат ҳофиз ва раққоса оварда дар назди бинои масҷид консерт баргузор карданд ва подстава карда масҷидҳоро маҳкам карданд. Кудакҳоро аз ҳамон аввал   ба намози боҷамоъат ва таробеҳ намемонданд. Ман аз хурдсолӣ шавқу завқ доштам ва ҳангоме 12 сола будам ба масҷид рафтам. Дар намози пешин маро қариб ҳеҷ кас аҳамият надод ва дар намози аср бошад маро аз пасам бузҳои маҳалла ба тиёқаш зад ва дар вақти намоз аз пасам бо овози баланд аз модарам ҳақорат кард. Аз руйи ман шуда як мард бо он ҷанг  кард. Зеро он мард имонаш мустаҳкам буд ва уро мардуми онҷо қапиданд. Пас уро гуфт «тамошо ку ма тра алов мезанм». Баъди ин кор уро бурда бо статияи салафӣ маҳкам карданд. Баҳори имсол аз маҳбас озод шуд. Ман дар панҷсолагӣ Қуръонро хатм намуда будам. Ман хеле шавқ доштам. Баъди ин кор дилам хеле сиёҳ шуд, то ба балоғат расиданам ба масҷид намерафтам. Он масҷидҳо ҳам дар ҳамон ду ё се сол маҳкам шуд.

Ман ҳақиқатро мегуям. Ҳозир дар Русия кору фаъолият карда истодаам, дур аз падару модар. Директори мактаб ҳоло Шамсия Худойбердиева аст. Пештар директори мактаб Давлатов Додарбек ва муовинаш Худойдодов Дилшод буд.

Давлатов Додарбек пешина директори мактаб пенсия баромад. Лек бо муаллимаҳо алокаи зич дошт. Ман худам бо чашмони худам дидам, ки муаллима нимлухт дар бағалаш буд. Номи ин муаллима Худойбердиева Шамсия директори ҳозира, ки пеш муовини Давлатов буд.

Дар солҳои кушодашавии мактаб, соли 2017 ба дили Давлатов даромада уро ба ҳаҷ равон кард. Давлатов ба вай гуфт, ки то омаданам дар ҷои ман кор кун. «Вақте , ки ма омадьм ҷома мегирм» ва билет  гирифт. Вале ҳангоми регистратсия дар назди даромади самолёт муаллима Худойбердиева Шамсия бо ҳамроҳи коргарони амният ҷамъ шуда бечораи Давлатовро маҷбур карданд, ки ба аризаи аз кор баромадан имзо кунад. Вай ҳеҷ чора надошт ва имзо карда ба самолёт савор шуда рафт. Пас аз он ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ, ғуломсозиву бероҳакунии духтарону муаллимон сар шуд. Муаллима Шамсия моро тарсонда мегуяд «агар сум натиен ма шуморо да ноболиғон метим».

Участковийи ноҳия оид ба ноболиғон Чиноров Шоҳрух, бачаи ҷавон бо у ҳамкорӣ дорад. Бардуруғ уро дар назди талабагон занг мезанад ва даъват мекунад ва мегуяд, ки «ҳамиқа сум те ҷонт халос». Мо аз маҷбурӣ медодем. Вай моро таҳдид карда мегуфт, ки «ма ай ягонтат наметарсм, ягон кас мара ай вазифа гирифта наметона, бра то президента шикоят кн, ай дастшон ҳичи намия, ма задагиюм любойша».

Муаллима шавҳар надошт. Аз соле ман ёд дорам, кавалерҳои у бисёранд, аз ҷумла сардухтури поликлиникаи ноҳия. Вай бо як мошини ЛАНД КРУЗЕР ПРАДО номер 1111 мегардад. Аз ягон кас ҳомила нашуд. Лекин дар сини 43 солагӣ чи кораеш кард, ки соҳиби як духтарча шуд. Дар солхои 2021-22 кавалери дигариаш Илҳом, муовини прокурор, кавалери дигариаш Абдурауф, сардори уголовний розиск. Вай, кутоҳи гап бо коргарони боломақом  робитаи наздик дорад.

Муовинаш Худойдодов Дилшод, ки ин дигар хел мегуяд ва он дигар чиз мегуяд, Дар ҳаёташ ягон бор рост гуфтагӣ нест. Гапаш ҳамеша дуруғ аст. Порахури №1.  Талабагонро таҳдид мекунад, ки рафта ришқа ( юнучқа ) ва гандуми манро даравед, вагарна аз имтиҳон меафторонам. Директор ҳам ҳамчунин. Наход муаллим талабаро бурда дар вақти дарсӣ ва берун аз дарс кор фармояд. Кани назорати ниҳодҳои давлатӣ?   Ман якумин одаме ҳастам, ки аз ин деҳа барои шумо менависам. Шояд пас аз ин боз дигарҳо ҳам ҷуръат пайдо карда менависанд.

Дилшод бо лақаби кал (лисий) ноболиғонро дар таробеҳҳо безеб нигоҳ карда дар вақти дарсӣ онҳоро ҷангу ҳақорат мекунад. Ин бадбахт духтарон ва писаронро аз роҳ мезанад.

Дар соли 2023, ки ба Тоҷикистон сафар карда будам, барои дамгирӣ, рузи 7 март буд, рузе, ки дар мактаб духтарон ид доранд, ман бо ду чашми худам дидам, ки ин кали бадбахт калиди кабинеташро ба ду писар дод ва онҳо 2 духтарро гирифта ба кабинет даромаданд. Он тарафашро худатон фаҳмед. Ман инҳоро хуб мешиносам, вале номҳояшонро намегирам. Эй мардум ҳушёр шавед, ин чи бадбахтист? Аз сабабе, ки ман камтар кори зарур доштам рафта муаллимаамро табрик карда ба аэропорт рафтам. Соат тақрибан 14:00 буд. Ҳама ба кори худ машғул буданд. Аз байни 3 сол гузашт. Вай соҳиби 4 замин ва 8-9 чорвои калоншуд, директорамон ҳамчунин, хонааш пур аз чорво. Кутоҳи гап соҳиби ҳамаи чиз шуданд. Худойдодов моро таҳдид карда мегуфт: «ман аз ҳеч кас наметарсам, рафиқи ман дар дастгоҳ кор мекунад, ҳеҷ кас маро аз кор гирифта наметавонад»

Як дигареро инҷо мехоҳам қайд кунам. Дар вақти ифтитоҳи бинои мактаб, ки лентаи онро Эмомалӣ Раҳмонов бурида буд, дар он ҳолат ҳамаи корхонаҳоро маҳкам карданд. Дар паси ҳар хона ду одам бо силоҳ, бо газел ОМОН-ҳоро оварданд. Ҳамаи онҳоро дар хонаҳо ва дар масҷидҳо ҷой кардем. Ба онҳо хурок аз ҳама тараф таъмин намудем. Чуноне дар боло қайд кардем Эмомтапак гуфт: «мара барои ҳами оғил барои чи даъват каден?» Бо ин гап ҳамаро шарманда кард ва роҷеъ ба деҳаи мо гапҳои безеб гуфт ва танқид кард. Моро дар ҳамаҷо террорист гуфта мешиносанд, именно деҳаи моро.

Якчизи дигаро хостам кайд кунам , аз тарафи давлат помощ меояд, орд ва кумур,  ман «Ба АЛЛОХ қасам мехурам» бо ду чашми худам дидам, ки Ин ХУДОЙБЕРДИЕВА бо ароба  ба хонааш гирифта бурд! Магар ин харом нест? Моли садхо кудаки дигарро мехури: дар авалҳои моҳи ноябр буд ба фикрам аз тарафи давлат проверка омаданд барои кумур,  дар ҳамонҷоҳам машеники карда  20 кг 25 кг шумурда худашонро озод карданд, хангоми бараси хар як синф муалим даромад ва пеш аз комиссия ба талабагон гуфт: агар пурсиданд алов мекунанд, чоятон гарм аст гуед ҳо ҳама сад фоиз аст,  дар вокеь ягон чиз соз нест,  ҳамаи рафиқонам аз хунукии мактаб шикоят мекунанд , то кай ОХИР?.

АКАИ Муҳаммадиқбол ман худи имрӯз аз рафиқонам фаҳмидам, ки як писар  бо номи Шералӣ ки соли тавалудаш 2002 мебошад ва дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад , дақиқ дар деҳаи мо ,тақрибан як сол шуд дар қисмати ҳарбӣ хизмат мекунад ва 4 рӯз пеш чашми онро камандирхо бо чизе намедонам зада кафонданд,  хозир  чанд рӯз мешавад дар балниса мебошад, писар дар ҷавони аз як чашм маҳрум монд, духтурҳо гуфтанд: «агар шумо камтар дер мекардед шояд он чашми дигараш  кур мешуд» ин дар вокеъ ҳақиқат дорад, агар бовар намекунед рафта бинед , дар хонаи ин сарбози ҷавон мотам аст, магар ҳамин аст хизмати ҳарбӣ? Одамҳоро инвалид карда ба дасти падару модарҳо медихед? то ҷон дар бадан дорам бар алайҳи шумо мубориза хоҳам бурд , ИСТЕЪФО ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №164 появились сначала на ISLOH.net.

Капаи СС.Ятимов дуд кард?
Боздошти пурсарусадои Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси пешини ҲДТ бо иттиҳоми талоши анҷоми «табаддулоти давлатӣ» аз як су ва аз суи дигар дур кардани СС.Ятимов ва муфаттишони КДАМ аз ширкат дар бозрасии ин парванда қазияро боз ҳам пуробурангтар кардааст. Гап дар бораи он меравад, ки иттиҳоми бастаи мақомот ба Усмонзода ва «дигарон», ки дар ин дигарон Акбаршо Искандарову Ҳамрохон Зарифӣ ва чанд нафари дигар шомил шудаанд, боварнакарданӣ аст. Аммо мавзуъи навиштаи мо боварбахш ё боварнакарданӣ будани ин «табаддулот» нест. Пуробурангии қазияи мазкур дар инҷост ки КДАМ аз ин бозӣ берун зада шудааст. Дар ҳоле, ки маҳз КДАМ аст ки тафтишу бозрасии аъмоли зидди давлатӣ ва бахусус кудето, ошуб ва ғасби ҳокимиятро бар уҳда дорад ва ин ваколати касбиву рисолати аслии КДАМ аст ки бояд ин гуна ҳодисаҳоро таҳқиқу тафтиш намояд.

Ин маълумот ба дасти мо хеле пештар расида буд. Аммо, мо маътал ва мунтазир мондем, то бубинем, ки воқеияти он то куҷост? Ҳамин ҳоло ҳам, ки менависем, он қадар мутмаин нестем. Аммо ногуфта ҳам наметавонем.

Гап дар он бора меравад, ки «бо дастури мустақими Эмомалӣ Раҳмонов КДАМ аз тафтиши парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода дур карда шудааст.» Бори дигар мегуем, ки  иттиҳоми ворида ба Усмонзода дар доираи моддаи 306-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банду баст шудааст, ки тафтиши он қонунан ба салоҳят ва ваколати мақомоти амният медарояд.

Раҳмонов ба мақомоти КДАМ таъкид ва амр кардааст, ки ба «парванда»-и Усмонзода «қуш» нашаванд. Маълум нест, ки ин дастурро мустақим ба худи СС.Ятимов додааст ва ё инки тавассути Юсуф Раҳмонов, Прокурори генералии Тоҷикистон расонида аст? Чунки, бино бар маълумотҳои расида Раҳмонов аз моҳи май ба ин тараф, баъди онки аз Маскав аз назди Путин омад (9 май) дигар СС.Ятимовро қабул накардааст.

Қабул накардани СС.Ятимов ва аз тафтишот дур андохтани вай дар доираҳои болоии ҳукумат ба ҳар шаклу мазмун таъвилу тафсир шуда истодааст. Дар ин доираҳо бар ин назаранд, ки «қуш» накардани СС.Ятимов ва кормандони вай дар тафтиши парвандаи Усмонзода ба ин маъно аст ки Раҳмонов ба вай эътимод ва боварро аз даст додааст. Вай СС.Ятимов коре кардааст, ки мардуди эътимоду бовари Раҳмонов шудааст. Аммо, ин чи коре аст ки СС.Ятимов метавонад анҷом диҳад, ки уро бо Раҳмонов ғаш ғалтонидааст? Магар ин тавр шуданаш мумкин аст,ки масъули идораи амният аз назари роҳбар биуфтад ва машкук бишавад? Бале, гоҳо ҳатто саги дастомуз пойи соҳибашро мегазад, чи расад ба одам, ки шири хом хурдааст.

Ба як нукта таваҷҷуҳ фармоед. Дар ҳодисаҳои ошуби ҳоҷӣ Ҳалим КДАМ бисёр ҳам фаъол буд ва баёнияҳову изҳоротҳо содир мекард, ҳоло аз нашри паёпайи матолиби «фабрикаи ҷавоб»-аш дар он шабурузҳо намегуем. Аммо ин бор чаро хомуш аст? Дар лабаш қуфли хамушӣ задааст. Ин бор Прокуратураи генералӣ «марди майдон» асту КДАМ ва «масъули даҳ миллион шаҳрванд» ҳарфе берун намеоварад?

Раҳмонов барои он ба СС.Ятимов машкук аст ки иттилои табаддулоти давлатии Саидҷаъфар Усмонзода ва дигаронро аз дигар ҷо ва аз дигар ниҳод шунид. Табиист, ки ҳар касе дигар ҳам дар ҷойи Раҳмонов буд, шаку шубҳа мекард, ки раиси Идораи амнияти кишвар аз табаддулоти давлатӣ бехабар мондааст. Наметавон гуфт, ки «бехабар» мондан ва бехабар будан дарди бахайр аст. Чун инҷо ва инкор –табаддулоти давлатӣ, коре нест, ки Кумитаи амният бехабар монаду маслан дигар ниҳоде бохабар бишавад. Аммо яқинан ин шабурӯзҳо гургон дилу ҷигари Раҳмоновро талаву тороҷ карданд, ки шояд СС.Ятимов ҳам «қуш» аст? Вагарна имкон надорад, ки то Акбаршо Искандаров, то Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳатто то чанд нафаре, ки дар вақташ аз муаллифони «фабрикаи ҷавоб» ҳам буданд, дар ин бозӣ «қуш» бошанду СС.Ятимов дарак наёбад, пай набарад?

Вале, мо гумон намебарем ва гуноҳи гумони бадро намегирем вале худо мегуем, ки ҳамин тавр бошад. Чун ин СС-и махуф аз саги вафодор ҳам ба Раҳмонов зиёдтар хизмат кардааст ва ба маҳзи хизматҳои вай аст ки имрӯз дар Тоҷикистон тамоми намуди озодиҳо аз байн бурда шудааст ва бадтар аз ин, роҳбари ин давлат ба ҳадде ақлу шуурашро аз даст додааст, ки бар муқобили амру дастуроти илоҳӣ қонун содир кард. Коре, ки ҳатто дар давраи комунистони бехудо, дар аҳди шуравӣ давлат накарда буд.

То куҷо дар паси бозии Усмонзода СС.Ятимов меистад танҳо вақт нишон хоҳад дод. Аммо радди эътимоду итминон шудани СС.Ятимов баёнгари он аст ки Раҳмонов роҷеъ ба вй маълумотҳои бад дар даст дорад ва вай корҳое барои Раҳмонов кардааст, ки хеле бад аст.

Албатта, мо бовар надорем, ки СС.Ятимов бар муқобили системаи сохтаи Раҳмонов буда бошад. Аммо ин эҳтимол, ки ҷойи Раҳмоновро ҳадаф қарор дода бошад имконпазир аст.

Вале аз тарафи дигар дар паси саҳна боз бозигарони навзуҳур тавре пеш рафта истодаанд, ки ба назар мерасад, дар ҳақиқат капаи СС.Ятимов дар ҳоли каҳдуд аст (дарундарун ва ноаён месузад) ва Раҳмонов на фақат аз кор канораш меандозад, ин имкон вуҷуд дорад, ки ба ҳабс ҳам бигирад ва он вақт аст ки дуди даруни каҳ ба забонаҳои дароз бадал шуда алангаҳои бадвоҳимаеро зоҳир мекунад.

Тими Юсуф Раҳмон, Прокурори генералииТоҷикистон, ки ҳоло бо Шоҳрух Саидзода, сардори милисаи Душанбе, Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ, Фарҳод Камолов, муовини аввали КДАМ ва Рустами Эмомалӣ такмил ва тақвият ёфтааст, сахт кор карда истодааст.

Бовараш сахт аст ки Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ кегебешники СССР ва аз  «кулобӣ»-ҳои ҷонсупор ба Фронти халқӣ ва шахси худи Эмомалӣ Раҳмонов Ансоруллоҳ ё Муҳиддин Кабириро ба Раҳмон тарҷеҳ диҳад ва барои барандохтани Раҳмонов бо Кабирӣ ҳамроҳ бишавад. Аммо аз тарафи дигар, агар ҳеҷ гап набуда бошад, барои Раҳмонов чи азоб аст ки пойи онҳоро дар ин бозӣ бикашад.

Маълум аст ки Раҳмонов ҳукуматро намедиҳад ва додан намехоҳанд ва барои ҳифзу бақои он на фақат Зарифӣ, тамоми Тоҷикистонро сар мезананд, аммо ин нафарон, масалан Зарифӣ, ки генерали амният аст дар руи чи ҳисобу китобе муқобили Раҳмонов мехезад ва ё Акбаршо Искандаров?

Ҳоло агар Раҳмонов ба амниятиҳо машкук аст амнияти давлату ҳукуматашро ба дасти кӣ супоридааст ва кӣ аст ки амнияти ӯро таъмин мекунад?

Ва ё ин ҳама фақат ва фақат як бозие беш нест ва Раҳмонов бо ин бозӣ ҳар каладору ҳар саладору ҳар шахсиятеро, ки метавонад, имкон дорад дар ҳукумати зери дасти Рустам коре бикунад аз саҳна руфтанист. Яъне як кишвару мамлакате, ки барои мудирияташ Рустам ягон зара мушкил надошта бошад:- аз ягон зовия ва ноҳия эҳсоси хатар накунад ва нафаре ба ҷуз аз худи вай набошад ва бигзор танҳо Шоҳрух Саиду Хуршед Мирзоеву Дилшод Ҷураеву Исмоилу ҳаминҳову амсоли ҳаминҳо бошанд ва ҳиҷ ному насабе ба мисоли Убайдулоев аслан вуҷуд надошта бошад, шунида нашавад?

Раҳмонов гумонаш ин аст ки СС.Ятимов медонисту пинҳон дошт. Раҳмонов гумонаш ин аст ки СС.Ятимов худаш дар ин табаддулот қуш аст?

Боз ҳам саволи асосӣ ва калидӣ ва дар ҳақиқат муҳимму ҷиддӣ ин аст ки чи гуна СС.Ятимов, ки дар Хоруғ ёдатон бошад худро масъули амнияти давлату миллат ва 9уним миллион тоҷикистонӣ муаррифӣ карда буд бехабар мондааст ва ин маълумот ба Раҳмон на аз тарафи СС балки аз роҳҳои дигар расидааст. Надодани иттилоъ аз ғараз ва ҳадафҳои пинҳонӣ гувоҳӣ медиҳад?

Бинобар маълумотҳои расида ҳоло Асадулло Қиматович –Сумбулоғо ҳам дар ин шайка ворид шудааст ва ҷолибтарин хабаре, ки дастамон расид ин аст ки яке аз коргардонҳои пушти ин саҳна Фаттоҳ Саид, падари Шоҳрух Саид аст. Вай, ки бо дастони маҳз СС.Ятимов беобру ва дар айни авҷи иртифоъи карйера аз тарафи СС.Ятимов зада шуд, айни замон на шаб хоб дорад на рӯз. Ва, бинобар маълумотҳо ҳамин гуё иттилои қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ доштани Саидҷаъфар Усмонзодаро ҳам Шоҳрух Саид тавассути «одамҳо»-яш аз хориҷа шунидааст.

Худи амниятиҳо ҳам тасдиқ карданд, ки онҳоро аз тафтиши қазияи Усмонзода якнима кардаанд. Дело дар дасти Прокуратура ва Прокурори генералӣ аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Рустам худаш шахсан мехост, ки СС.Ятимов ҳарчи зудтар дафъ   шавад. Ин тарзи корро Шоҳрух ҳам мехоҳад, ки дигар СС.Ятимов дар давру бари Раҳмонов парса назанад. Нафари дигар ҷойи вай ояд. Чун яқинан вақти вазиршавии Шоҳрух агар СС.Ятимов сари вазифа бошад справкаи безеб медиҳад.

Абдураҳмон Бузмков-Аламшозода ҳам баъд аз ВМКБ мебоист вазир мешуд, аммо маҳз характеристикаи додаи СС.Ятимов сабаб шуд, ки вай ноҷунбон бимонад. СС.Ятимов аз дуздии сангҳои қиматбаҳои Помир ва дар тиҷорати наркотик қуш будани Бузмаков маълумотро ба Раҳмонов ироа кард. Бузмаков аз Помир сангҳои қиматбаҳоро мусодира карда ба давлат насупорида будааст ва ҳамчунин вай наркобаронҳои Ёвон ва Масковскийро  «кришават» мекардааст. Ин маълумотҳоро СС.Ятимов ба Раҳмонов дода будааст.

Феълан барраси парвандаи табаддулоти давлатии Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон дар дасти Раёсати парвандаҳои махсусан муҳимми Прокуратураи генералӣ аст ки роҳбарии ин раёсат чанде пештар ба ихтиёри Машрабов Хушвақт аз вахёчиҳои Панҷ гузошта шуд.

Бинобар хабарҳое, ки ҳамин чанд лаҳза қабл аз нашри ин матлаб ба дасти мо расид СС.Ятимов ҳам даст руи даст нанишастааст. Манбаъи мо навишт, ки ахиран

СС.Ятимов тариқи се канал як папка маълумотҳо, ки дар зери муҳри «Top secret»-махфӣ қарор доштанд ба Бортников Александр Васильевич, раиси ФСБ равон  кардааст. Ҳам ба воситаи фельдиегерская служба, ҳам ба воситаи почтаи электронӣ ва ҳам бо дасти оперативный курьер. Ин гуна маврид бори аввал аст. Аз идораи кашфи КДАМ  гуфтанд, ки ин маълумот оиди Раҳмонов аст ки 6 моҳи охир чи переговорҳои махфии паси пардагӣ бо Толибон ва низомиёни хориҷӣ доир кардааст ва боз чи мақсадҳо дорад.

Қисмате аз ин маълумотҳо ба робитаи Раҳмонов ба Си Ҷин Пин, раиси ҷумҳурии Чин, ки ба Тоҷикистон омад, рабт дорад ва боз чанд маълумотҳои дигар, ки ҳатмани ҳатман диққати Кремльро ҷалб мекунад. Гуфтанд, ки ин ҳама маълумотҳоро СС.Ятимов омода кардааст, ки ҷони худ ва Маҳмадсаид Убайдуллоевро страховка кунад. Убайдуллоев ҳам, чуноне манобеъ гуфтанд дар шароити ҳабси хонагӣ қарор дорад ва шиносномаҳои дипломатии вай лағв шудааст.

Бидуни шак ҳар оғозеро фарҷомест. СС.Ятимов ва дору дастааш ба чоҳи кандаи худ уфтоданд. Аз ҳамон соот, ки дар курсии аввали амният нишаст, шуруъ кард ба тавтиа ва иғвову дасиса ва фитна.

Фирори 25 маҳбус ба шумули Абдурасули бародари Ғаффор Седой, ҳодисаи қатли Абдулло Назар, муовини раиси КДАМ дар ВМКБ, ҳодисаи ҳоҷӣ Ҳалиму қатъи фаъолияти ҲНИТ ва ҳама хунрезиҳои мукаррар дар марзи бо Қирғизистон ва низ ҳамон ҳодисаҳои Хоруғ дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори 2022 чеҳраи чингизии ин ноҷавонмардро дар оинаи тамомнамо намудор мекунад. Ташкили «фабрикаи ҷавоб»-у овардани фабрикантҳо ба бархе аз муассисаҳои ҳатто пажуҳишӣ ва аҷир кардани онҳо барои сияҳсозии мухолифин, бастани матбуоти озоду яксараву якбара кардани он, ба зиндон андохтани журналистҳову шахсиятҳои пулдору сиёсатмадор, мунтаҳо ба як диктатори тамомаёр бадал кардани Раҳмонов аз хадамоти ҳамин ноҷавонмард буд, ки барои истиқрор ва истеҳкоми Раҳмонову Рустам кард. Бахусус сиёсатҳои исломҳаросиву ислмситезӣ, ки

дар сатҳи давлат, ки дигар ба «бой безправила» монанд шудааст.

Тафтишоти парванди Усмонзода акнун на фақат таҳти контроли Прокуратура генералӣ, балки мустақиман дар ихтиёри Прокуратура вогузор шудааст ва Юсуф Раҳмон дастури махсус додааст ва ҳар руз бо пайдо шудани улик ва ваҷҳҳои нав  ба Эмомалӣ Раҳмонов доклад мекунад.

Берун карани муфаттишони амният аз ин қазия як кори муқаррарӣ нест. Раҳмонов ба СС машкук аст. Мусаввадаи фармони барканории СС.Ятимов аз чанд вақт бад-ин тараф дар болои мизи кории Раҳмонов қарор дорад.

PS: Ҳангоми омода намудани матлаб як занге аз афроде ба круги Шоҳрух Сайидзода омад. Пурсидам шефат чи ҳол дорад? Гуфт хуб аст нав ҷо ба ҷо шуда истодааст ва тақрибан корҳои ҷо ба ҷойи ба поён расида истодааст. Дар мавриди СС.Ятимов пурсидам дар ин ҳодисоти охир чи ҳол дорад? Гуфт ҳазрат мехоҳед СС.Ятимов зиндонӣ шавад ? Гуфтам инро ман не ҳама миллат мехоҳад. Гуфт илтимос ҳоло ҳеҷ чиз нагуед,ки ин кор ба таъвиқ меуфтад. Гуфтам чихел ? Гуфт ҳар вақте марҳалаи боздошташ наздик мешавад аввал худаш як ҳодисае анҷом медиҳад, ки ҳолати боздошташ каме дуртар гузошта шавад. Чанд мисолҳоро овард  масалан дид ҳолат безеб аст дар ҳол се ҳарфаҳои Русияро занг мезанад фишор болои муҳоҷиронро бештар кунанд, то ба он банд шаванд ва охираш оташсузии бозори Қумсангирро гуфт, ки ин ҳам яке аз корҳои СС.Ятимов аст, то ҳолати ошуб ва норозигиро аз як минтақаи кишвар ба бор овараду барои чанде ин ҳукм дуртар гузошта шавад. Дигар ҳар вақте менависед чизе ҳатто як пости кутоҳ дар Фейсбук ҳам ин равандро дуртар мебарад. Кушиш кунед чизе нагуед, то шеф масалаша тезтар бинад. (Манзур аз шеф Шоҳрух Саидзода аст. ) Дар мавриди Фаттоҳ Саиди падари Шоҳрух пурсидам ? Гуфт ҳозир мушоври тими амалии Рустам акаи Абдуфаттоҳ аст. Хуб дигар қазия бояд барои ҳамагон маълум ва равшан бошад, ки «капаи СС Аниқ сухтагӣ аст»!

Сообщение      Капаи СС.Ятимов дуд кард? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№152
Номи Абдураҳмон Бузмаков,ки чанд сол аст худро Аламшозода кардааст,барои хонандаи Ислоҳ- нет кайҳо шинос аст.Мегуянд,ки боз галстукҳояшро «транг» бастааст,ки фурссати Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан сар омадаасту даври вай омадааст.Барои ҳамин аст ки хешу таборони вай ҳоло дар минтақаҳо ҳарчи ғалате бихоҳанд,ҳарчи ҷинояте бихоҳанд содир мекунанд.Дар ноҳияи Қубодиён ҷиянҳои Бузмаков як нафарро ба отдел бурда ончунон латту куб мекунанд,ки дар дохили шуъба ҷон ба ҳақ таслим мекунад.

Қубодиён

Ассалом алллайкум устод Муҳаммадиқбол!Ин хабар аз нафаре аст ки дар яке аз мақомоти қудратӣ дар Бохтар кор мекунад.Гуфт он бачаро 20 июн оварданд ва шаби 23юм одамҳои Бузмаков зада куштанд.Ман пурсуҷу кардам.

Аз Қубодиён як нафарро рузи 20 июн хусурбачаҳои Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода ба 6-ой отдели Қургонтеппа –Бохтар меоранд.Шаби 23 юм дар отдел мемурад.Он нафарро милисаҳо зада мекушанд.Ин нафар номаш Элёр будааст. Ман пурсуҷӯ  кардам,ки Элёр аз куҷои Қубодиён аст.Мушаххас кардам,ки Уткиров Элёр Тошпулатович аз Қубодиён, ҷамоати Утақара Назаров,деҳаи 8-Март будааст.Рузи 19 июн аз хонаашон шаб баромада рафта то ҳозир барнагаштааст. Хешу таборонаш кофта истодаанд,дар куҷо будагиашро намедонанд.Ин бача тақрибан 15-16 руз пеш аз Масква ба Тоҷикистон омада будааст.Ба гуфти як- ду шиносҳояш нияти дар деҳааш мумфарш кардани роҳи деҳа сохтмони як боғчаи бачагон доштааст.

Уткиров Элёр Тошпулатович узбек буда соли 1989 таваллуд шудааст.Бо хусурбачаҳои Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода,муовини аввали вазири дохилӣ дар як ҷамоат вале дар ду деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекардаанд.Хусурбачаҳо дар Бошқалъа зиндагӣ мекунанду Элёри мурдагӣ дар 8-Март.

Боз ба гуфти як ҳамсояашон як чанд руз пеш хусурбачаи Бузмаков аз ин шаҳид барои асфалт ва боғча кардан доля пурсида будааст. «Доля» медиҳӣ, баъд ин корҳоро мекунӣ,набошад намекунӣ гуфта гапҳояшон гурехта  будааст,бо ин хусурбачаҳо

Номи хусурбачаи Бузмаков Балаҷон

Ҳозир боз як кас гуфт,ки шаби 19 бо ҳамроҳи Садриддинзода Ҷамшед дар назди отдели Қубодиён дида будааст шаҳид Элёрро

Садриддинзода Ҷамшед ҷияни пешини раиси ноҳия Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак мебошад.

Айнӣ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ба мардуми шарафманди Тоҷикистон.Банда шаҳрванди Тоҷикистон аз ноҳияи Айниам!То соли 2005 дар ҳукумати ноҳия кор мекардам.Аз режими ҳукумати Тоҷикистон ва аз фисқу фасод дигар корро бас карда ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадам. Фикр мекардам,ки  мақоли «Аз ноумедиҳо басо умед аст,»рузе дар зиндагиам ба кор меояд, вале афсус ки мақоли  «кулли явмин  бадтар» -ро дида истодаам. Мо  мардуми мусалмони тоҷик то ба кадом дараҷае  расидем,ки дигар ин ҳукумати тоғут — Эмомалӣ бо авлоди лаънатиаш,моро аз динамон бедин карда, даст ба ҳиҷоби зану духтар ва модаронамон зада истодааст. Мардум ақлҳоятонро кор фармоед ва чашмҳоятонро кушоед ва бубинед,ки дар асл кӣ террорист аст. То ба кай мо мардҳо дар ба дару зану фарзанди моро ин лаънатиҳо зери зулму шиканҷа мегиранд?

Бигзор ба гуфти Ҷаноб сатру ҳиҷоб либоси бегона бошад,вале барои чи либоси аврупоӣ (либосҳои бараҳна-)ро манъ намекунанд?Барои чи бар, ночной клуб,дискотека ва фоҳишахонаҳоро намебанданд.Чаро инҳо мумкин? Эй мардум бедор шавед!Охир мо бо дасти худ миллатамонро сарнагун карда истодаем.Дигар фикр накунед,ки ҳама хуб мешавад.Агар ҳукумати Тоҷикистон дилаш ба халқ месухт ба ҷои парчамҳои дар ноҳияи Айнӣ сохтааш завод ва фабрика месохт! Ё ки дар ноҳия ҳама намуд боигариҳои маъданӣ ҳаст, вале кони ангишт,тилло ва комбинати Анзобро  ба Хитой дод ва аз ҳама хатоии бузурге,ки ҳукумат нодида мегирад,ин соҳаи маориф аст.Ҷавонон дарс намехонанд.Агар пурсӣ барои чӣ, мегуянд,ки хонда чи кор мекунӣ, все равно Русия меравам ба мардикорӣ. Пешрафти давлат якум аз маориф сар мешавад.Барои он ки муаллим таълими нағз диҳад,бояд моҳонааш барои зиндагиаш басанда бошад,баъд пешравӣ мешавад.Дар Тоҷикистон фасод ба дараҷаи олӣ мебошад. Онҳое,ки корманду масъули идораи коррупсияанд худашон коррупсионеранд. Коррупсия аз маҳали зист сар мешавад ва зина ба зина то боло меравад.Боз болои сухта намакоб Идораи танзим ташкил карданд,ки маърака накунед,хайру саховат накунед,ҳаҷ наравед, меҳмонӣ хонаи хешу табор наравед.Танзим мебинад,доляашро мегирад ва иҷозат медиҳад.

Эмомалӣ ба ту як савол: мо чи хел зиндагӣ кунем? О,магар мо мардум ғуломи туву авлоди туем?Чаро мо он тавре,ки ту мехоҳӣ бояд зиндагонӣ кунем? Ё ки Тоҷикистон мулки ту аст? Мо ҳақ надорем,ки бе иҷозати туву ҳукумати ту зиндагӣ кунем? Ҳама Тоҷикистонро мулки худ ҳисоб мекунӣ? Ҳама шермардони тоҷикро паси панҷара кардӣ.

Бародарони азизам дилам ба миллатам месузад.Ман аъзои ягон гуруҳи сиёсӣ нестам ва мансабталош ҳам нестам. Фақат як хоҳиш дорам, ки мехоҳам дар ватани худам мувофиқи майли дилам зиндагӣ кунам!

Аз ҳама аламовараш барои ман ҳамин буд,ки ду сол пеш ҷасади 19-сола ягона фарзандамро аз Русия ба Ватан бурдам ва  Кумитаи танзим (яке аз хеши худам)дар мавриди чилаш маро штраф мекунам гуфта пора гирифт.

Дируз бо ватсап бо апаи калониам бо видео звонок гап задам ва дар ҳайрат будам.Апаам сатр дошт,аммо бесатр дидам.Пурсидам.Гуфт,ки штраф карда истодаанд барои ҳамин  ҳозир сатрамро кушоданд.

Апаам дар мактаб фаррош шуда кор мекунад. 600сомонӣ моҳона мегирад. Директор гуфтааст,ки аз ман хафа нашав,камера мондагӣ.Агар бинанд ҳам маро ва ҳам туро аз кор пеш мекунанд.

Ба ҳоҷи Мирзо як савол дорам.Ту барои сатр ба халқ видеоабрашенӣ кардӣ аммо фардо дар назди Аллоҳ чи ҷавоб медиҳӣ? Кам кам амри маъруфатро тамошо мекардам.Баъд аз баромадат дар Ютуб противи сатру ҳиҷоб ихлосам тамоман аз худат гашт.

Исфара

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Худо шумо ва кормандонатонро дар паноҳаш нигаҳ бидорад. Боз аз Чоркуҳ менависам.Санаи 21. 06. 2024 рузи ҷумъа дар масҷиди хоҷа устоди Валӣ маҷлиси пешвопарастон гузашт.Ман дар аввал нафаҳмидам.Фикр кардам аз идораи муфтиёт кадом муллолесак омадаасту суханронӣ мекунад.Вақти суханронӣ сар шуд.Ва шуруъ кард воиз ба аҳмақу аблаҳ кардани мардум: «Аввал худо ба паёмбар чи гуфт:- иқра -бихон гуфт. Нагуфт ку намоз хон ё сатр кун ё риш мон! Охир иқра кунед, ба ҳар хел муллоҳо бовар накунед. Дар куҷои Қуръон ришро гуфтааст, ҳиҷобро гуфтааст. Ҳиҷоб пушиш не, ин ба маънои парда омадагӣ. Мо худамо либоси миллӣ дорем. Дар тамоми миллатҳо либоси худашонро доранд. Мана ба Узбекистан нигох кунед, ба туркманҳо,қазоқҳо ва қирғизҳо нигоҳ кунед, либоси  худашонро доранд,чи шудас, ки ба либоси худамон баргардем.Ин қадар сару садо баланд мекунед! Ё ба гапои хоинои миллат,ки аз дур истода пешворо сиёҳ мекунанд,меравед? Шумо аввал иқра кунед,ба гапои онҳо бовар накунед…»

Ин мулло то охир дар ҳар суханаш иқра кунед,иқра кунед мегуфт.Безор кард. Бовар кунед,бъазе суханҳояшро ба забон оварда наметавонам.

Ва ҳамин тавр аз вақти намоз 30дақиқа гузаронд ва дар охир гуфт: «мо рафтем вакт кам аст» ва бо чуробҳои буйнокаш бо ҳамроҳи се нафари дигар ҷойнамози моро ифлос карду рафт.Баъдан фаҳмидем,ки ин аз МВД ҷумҳурӣ ва як масъули кор бо ноболиғҳо будааст.Умуман ҳозир 45 нафар коммисия аз ҷумҳурӣ омада то 30 июн фаҳмондадиҳӣ мекардааст.Тамоми мағозаву ошхонаҳо ба дарашон қулф овезон.

Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини ноҳияи Рудакӣ мебошам. Аз қишлоқи Роҳати калон. Дар бораи чанд ҷинояти инҷо руйдода гап заданиям.

Худам шоҳиди ин ҳол мебошам. Дар ин  деҳа як оила зиндагӣ мекунад. Номи ин инсон Шарипов Худойбердӣ аст.10 фарзанд:- 3 духтар ва 7 писар дорад.Писари калониаш Шодибек Шарипов буд,ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Писари дуюмаш Шарипов Аҳлиддин аст ки духтурӣ хонда милиса шуд.Баъан дар ҷамоат падару писар кор карданд. Дар бораи инҳо алоҳида менависам. Сеюмашон Шарипов Сунатуло аст ки дар ғарибӣ ба сар мебарад,инсони хуб аст, ба касе зарараш нарасидааст.Чорумаашон Шарипов Ориф,ки ҳоло бо маводи мухадир дар Русия маҳкам аст. Панҷумашон Мансур Шарипов,ки бо кличкаи Холдорак машҳур аст.Бузи амният ва отдел мебошад.Ҳозир бо кадом сабабе барои адои вазифа ба Русия роҳӣ кардаанд.

Писари шашумаш як оқипадари лаънатӣ аст ки рафтору кирдори вай маро водор кард қалам гираму ба шумо нависам. Ин писари аз ҳама «номдор»-и падар аст.

Писари шашумиаш аз ҳама аҷоиб аст. Ин писари номдори падар аст. Ман аз ҳоҷӣ бобо маъзарат мехоҳам. Барои онки бо ман дусти наздик аст. Вале сари роҳи як сағираи ҳаромиашро гирифта натавонист. Вай бо ҷияни ман ҳамсол аст. Мактаби миёна мехонданд. А-ро аз Б фарқ намекард соли таваллуди ин раис 1994 аст. Ҳоло чаҳор сол шуд,ки ба ҳайси раиси маҳалла кор мекунад. Ман шоҳиди бисёр ҳодисаҳо ҳастам. Масалан дар бораи комиссариати ҳарбӣ. Агар як даъватшаванда дар Русия бошад аз вай 5 ҳазор сомонӣ ситонида мешавад. Агар дар ватан бошад 2 ҳазор сомонӣ. Барои як коғази туй 2 ҳазор сомонӣ медиҳӣ вале агар як каме пулдор бошӣ, масалан мошин дошта бошӣ то 4 ҳазор сомонӣ медиҳӣ. Номи раиси маҳалла Нурмаҳмад шарипов соли таваллудаш 1994 аст ва зулмаш хело зиёд аст бовар кунед.

Ман шунидам мулло Шараф вақте писарашро зан дод дар вақти никоҳ доираву тавлак заданд.фақат барои ҳамин доираву тавлак ба раис 5 ҳазор сомонӣ медиҳад.

Сеюм бизнеси об. Дар як шабнишинӣ маст шудааст ва гуфтааст аз 100 зиëд фурухтам. Роҳати биҳишт аст бахудо гуфтааст.Касе чизе мегуяд гуяд гуфтааст.Ба ғайр аз ду одам «зани лубойша фалон мекунм».

Аз Шоҳрух Саид, аз Рамазон Раҳимзода,аз СС.Ятимов  ва аз Додситони кулл хоҳиш мекунем бо хонаҳоятон занг зада янгаҳоямонро гуед. Агар ба гушатон расад,ғусл кунанду баъд намоз хонанд,албатта, агар намозхон бошанд.

Чорум ободии қишлоқ. Ҳар моҳ 10 сомонӣ пули маҳалла, даҳ сомонӣ пули об ҷамъ мекунанду оварда ба раис месупоранд.Ба худо мегуям раис шавам- кори сердаромад.Дар якум сол як духонагӣ дар 9км харид. Соли дуюм як 07 ва боз як автомашинаи Лексус, рақами давлатиаш 0777.Айни замон раиси муҳтарами мо се автомашина дорад: як Лексус -0777,як Мерседес –бенс- 8083 ва боз як Лексуси дигар- 0808.

5ум бизнес. Дар Роҳати калон замини фермаро ҷои футболи мардум буд ҳамаро ба Шарифи Шер фурухт,онҷо ки магазин кард.Чанд ҷойи дигарашро худаш гирифтааст.

6 бизнес. Дар деҳаи хушманзараи Роҳати роҳсозкунӣ.Бар падари ин давлат лаънат. Охир безор шудем аз ин раисатон: пули обуна,пули роҳсозкунӣ,пули гул шинонӣ, пули Ҳилоли Аҳмар. Ман як чиро намефаҳмам.Ҳама ноҳияҳо ҳамин хел бошад.Пули свети набудагӣ 100 сомонӣ.

7бизнес -масҷид.Рузи ҳар ҷумъа як халта дасти Салимов ҷамъ мекунад.Раис як хонаи дигар кредит гирифтааст.Дар бораи ин хазинадори масҷид баъд мегуям. Бузи амният ва хабаркаши Роҳатӣ. Мурданат беҳ. Дарс нашуд, ки падарат дар вақти ҷон додан чи хел азобҳоро дид.Вай ҳам ту барин дар масҷид як буз буд.Агар  туҳмат бошад аллоҳ маро хор кунад. Дар бораи Толиби Сангаки буз, дар бораи Умеди Ғафур,муовини раиси маҳалла- буз бо килчкаи паша..ой, дар бораи мерседеси 7373.Тоқат кунед шумо.

Навбати шумо ҳам мерасад. Ин ҳаромиро тамом кунем.

8ум ҷиноят дар деҳа ин зинокорӣ мебошад.Муҳтарам раис бо чанд нафар занҳои шавҳардор алоқа дорад.Бародарони ғарибам ҳушёр бошед. Пеши раис барои ягон кор занҳоятонро нафиристед.Занҳоятонро танҳо ба боғ,канал,куча нафиристед. Дорухонаро намегуям.Агар муҳтарам раис хоҳад дар ин масъулият кор кунад дар бораи падараш, дар бораи раиси Аҳлиддин, муовину раиси ноҳия Рудакӣ- 2 мегуям.

Раиси ноҳия  рузи туйи додари хурдиатон омад. Раис гуфт,ки бираведу масҷидро хабар кунед,ки раис омадааст.Азонро баланд нагуянд,раиси ноҳия хафа мешавад.

Чи хел арақ руи дастархон буд,чи хел қорӣ Зубайдулло ва муллоҳо даҳани дар дар пеши Ҳафизова хуш омадед гуфта истода буд.Аҷаб дунё бахудо.

Ман дар бораи вай нависам намедонам.Аллоҳ шоҳид аст,ки ин мардум азоби бисёр дорад. Инҳо на мусулмонанд, на кофир, муаллақ дар байни роҳ мондаем. Иқрор шавед,ки мо дар дини шумо кор надорем. Оқои Худойбердӣ мо мазорпараст нестем, ки 60 қабрро канӣ, ва бар болояш роҳ созӣ, барои зиёрати мавлавӣ Ҷунунӣ. Мо Аллоҳро мепарастем ва аз мурдаҳо ҳоҷат ҳам намехоҳем, ҳоҷатамонро аз Аллоҳ мехоҳем.

Аз он соле,ки ту замини мазорро барои духтурхона гирифтӣ ва хонаи зисту магазини хурокворӣ кардӣ, сартарошхона, пойафзолдузӣ, ҷои либосшуӣ барои ин корҳои ту қасам мавлавӣ Ҷунунӣ обратна зодгоҳаш рафт Қандаҳори Афғонистон Ақли шайтон дар кори ту намерасад.

Муроҷиатам ба Фирузи шуи зани раиси маҳалла. Фирузи амниятӣ медонам, ки ин то имруз памперси кудакҳоятро мебурдааст. Кам –кам лаҷомашро каш.Ин духтари Убайдро шу доданд амо гардонда оварданаш. Амакаш пурсидааст,ки туро кӣ ба ин аҳвол овард? Гуфтааст муҳтарам раис Шаропов Нурмуҳаммад.

Рузҳои ҷумъа дар дари масҷид он қадар милиса меистад,ки дар солҳои ҷанги 91 ин қадар намеистоданд

Сафархон сардори учаскавой, Юсуф учаскавой,опел вектра дорад, Далер ва як нафари дигар. Агар стройка дошта бошӣ дар ҳамаҷо  бузҳои Раис ҳаст хабар медиҳанд. Сафархон бо Юсуф омад ва аз 500 сомонӣ то 2000 сомонӣ мегиранд.Халоси нест бародар.Инҳо Роҳатиро забт карда гирифтаанд.Мегуянд,ки аз падарамон мерос мондааст.

Шерҳо дар ин давлат кор намекунанд.Ба хотири як зани бева шерон дигар дар ин давлат кор намекунанд.Ман шоҳиди ҳолам.Агар номашро гирам маро мешиносанд ва медонанд,ки кӣ ҳастам.

Шумо фақат зуратон ба мазлумҳо мерасад.Ин беғайр аз Эмомаливу Рустам зани ҳамаатро шпли вили карда гаштааст.Шумо номус доред? Эй номарди беномуси Худойбердӣ ба ҳамин фарзандат.Ана ҳамин гапро ҳарруз миллион бор мегуянд.Ту ҳам як беномус будӣ хҳоҷибобо.Бахудо ногуфта намонад.

Як аптека аст дар деҳаи мо. Аптекачӣ ҳоҷӣ Баҳриддини Алӣ.Бисёр инсони хуб аст. Хизмати халқро мекунад.Ин намуд аптек дар ҷаҳон нест: таблетка,героин, бангдона, чарс,чакида ва ғайраҳоро агар даркор бошад бародарон дарëфт карда метавонед.Ҳаст марҳамат кунед.Бародар ин аптекаро реклама кунед.Хафа мешавад агар реклама накунед.Дар канали Ислоҳ аптекаи ҳоҷӣ Баҳриддинро реклама кунед.

Ман рубаруи аптека. Ҳар рӯз пеши дари магазини мулло Абдураҳмон сулфида  меистам. Мо ҳам як одам ҳастем. Як назар кунед. Охир Рустами мусулмон ту ҳам рӯзҳои ҷумъа ин сагҳои даҳани дари масҷидро ҳар рӯз ош накун. Худатро мардак мегирӣ, аммо аз раис метарсӣ,ки боз магазинатро маҳкам накунад. Ранги мурғҳо барин бачаҳоят ошро бо тухмҳои худашон кабинети муҳтарам раис мекбаранд, мо гурусна мешинем. Як маъдареди самарқандӣ намекунед ака гуфта ҳушат меравад, боз моро дафъ шав,мард ҳам набудӣ ту. Ман фақат аз Аллоҳ метарсам, зулми бисёр дидам ака, имонам, виҷдонам азобам дод. Агар лоиқ донӣ чоп кун.12 ҳазор хоҷагӣ мисли саг дар даводаванд. Ин тараф отдели Теппаи самарқандӣ, ин тараф паспортний стол, ин тараф ГАИҳои Моинкаҷ, ин тараф аз дасти раиси маҳалла бо бузичаҳояш бубахшед туалети хонаҳоямон аз духтурхона дида соз аст. Барои одамҳои мефаҳмидагӣ бас аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Дар ин чанд рӯзи ахир ҳодисаҳои боздошти Саидҷаъфар Усмонзода,Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ ва боз чанд нафари дигар маро ба фикри сахт фуру бурд.Барои онки қудраташонро ҳифз кунанд ба чи бозиҳои номардонае даст мезаннад ва ҳаёти одамҳоро мешикананд,зиндагиро барояшон ҷаҳаннам мекунанд.Ман солҳо дар ҳукумат кор кардаам.Ҳозир нафақахурам.Ин тарзу рафтори ғайриинсониро дар умри сарам надидам.Ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ,ки ду тараф ва бо ҳам душман шуда будем ин хелашро надида будам.Ман ҳиҷ гоҳ бовар намекунам,ки Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ бар муқобили ҳукумати имруза коре бикунанд,чи расад ба табаддулот.Ин ду нафар аз сиёсатмадорҳои ботаҷриба ҳастанд, пастиву баландиии зиндагӣ ва бахусус бозиҳои сиёсӣ,интригаҳоро хуб мефаҳманду хуб мешиноснад.Инҳо аз Раҳмонов чи бад дидаанд,ки муқобилаш мехезанд ва аз тарафи дигар бо кадом қувваву бо кадом такягоҳ?

Инҷо кадом бозии бисёр палиди номардона вуҷуд дорад.Ва,ба назарам боз дар пушти ин ҳама Русия ва хадамоти махсуси он қарор дорад.

Рузи 3-май Владимир Путин бо Раҳмонов суҳбати телефонӣ дошт.Баъд Раҳмонов ба ҷашни паради ҳарбии 9 май ба Маскав рафт.Ин рӯзи 9 май буд.Аз онҷо омаду раиси ҲДТро нав карданд ва Саидҷаъфар Усмонзодаро аз раиси азл карданд.Бо дастони чанд нафар донишҷу,ки тамоман ба ин ҳизб алоқа надоштанд.

То онҷо ки шунидам баъди ин кор шиносномаи хориҷии Усмонзодаро гирифта,аз пушти вай назорат ташкил карда зери контроли махсус қарор додаанд.

Аз тарафи дигар баъди ҳодисаи Крокус ситӣ дар Маскав вазъияти тоҷикҳо дар Русия бисёр бад шудааст ва боз бадтар карда истодаанд.Ҳатто мақомоти ҳифзи ҳуқуқи рус ба муҳоҷирҳо на як бору ду бор аз Раҳмонов ва ҳукумати вай бадгуӣ кардаанд,дар ҳоле,ки онҳо набоядам ин корро бикунанд.Асноди тоҷикҳоро таври дигар тафтиш мекунанд.Ба назар мерасад,ки онҳо мехоҳанд халқ бар зидди Раҳмонов шуриш бардорад.

Вале бовар кунед,ки ман ба ин тарзи кори русҳо бовар надорам.Русҳо ҳамаи инро сохта истодаанд.айни Путин ва Раҳмонов ҳеҷ гапе нест.Раҳмонов ҳамаи гапҳои Путинро иҷро карда истодааст.

Инҷо чи бозии дигаре ҳаст ки нишон доданианд байни Раҳмонов ва Путин проблема пеш омадагӣ.Аммо ин дуруғ ва сохтакорӣ аст.

Акнун талош доранд,ки ҳамин табаддулоти давлатии дуруғиро,ки ба сари Саидҷаъфар Усмонзода заданд бузург ва клон нишон диҳанд,то правдоподобний ба назар расад.

Дар ин миён Раҳмонов комилан ба чистка шуруъ карда кадрҳои фархрӣ дар мақомотро аз кор барканор карду карда истодааст.

Ман тамоман бовар надорам,ки ин нафароне,ки дастгир шуданд қасди табаддулоти давлатӣ доштанд…

Қумсангир

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол.Чандин руз буд,ки ман фаъол набудам.Чунки ватан рафта будам.Ҳоло ман дар ватан ҳастам.Мехоҳам як хабарро расонам.

Бародар! Илтимос мардумро гуед,ки «мурдана ва кала гиранду хизмати Раҳмоновро не.Ин корро бо ду чашми худам дар сарҳад дидам.Сарбозро мондаанд барои муҳофизати марзи давлатӣ.Аммо аз қисмҳои ҳарбӣ сарбозонро барои тарбузкашониву пиёзборкунӣ равон мекунанд.Боз як хари калонаш омада мегуяд обедашон надиҳед.Чил -чилуду дараҷа Қумсангир гарм аст.Дар ҳамин қадар гармии ҳаво сарбозҳоро чунон азоб медиҳанд,ки дилам сахт сухт.Вақте ман ин ҳолатро бо чашмони худам дидам аз фикрам гузашт,ки барои чи Сомон, Исмоил, Фаридун намераванд хизмату халқи камбағалу камбизоат меравад?

Оиди сатру риш вазъият сахттар шуд.Дар бозорҳо луч бигардӣ майлаш, ягон гап нест.Вале сатр ё риш мондӣ капаат сухт.Дар райони Қумсангир  чорто дискотека сохтаанд,ки ҳамеша кушода аст.Бештари вақт духтару бачаи аз ҳаждаҳ поин мераванд-талабаҳои мактаб. Духтарҳо тамом шудагианду бачаҳо ранги Шоҳрух ва РаҳмоовуРрустам к..те.Дар даруни мактаб бахудо талаба бо муаллима лесолесак мекунаду муаллим бошад бо духтарҳо.Як ҳоли рузи сиёҳе доранд мактабҳо.

Ашт

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу сиҳату саломат ҳастед.Ман як бародари кӯчаки Шумо аз Ашт ҳастам пайваста барномаҳои муборизинро пайгирӣ мекунам ва ҳамеша бо шумоён ҳамфикр ҳастам ва дасти ҳар як бародари муборизро ғоибона мефишорам! Афсӯс,ки мардуми ноҳияи Ашт бо муборизин камтарин алоқа доранд.

Муроҷиати ман ба мардуми ноҳияи Ашт! То кай хомӯширо пешаи худ мекунем? Магар хомӯшии мо зиндагии моро беҳтар карда истодааст? Тарсро як сӯ гузошта аз камбудиҳо, ноадолатиҳо ва қонуншиканиҳо нависед, овоз баланд кунед,то ки масъулон дар иҷрои вазифаи худ донанд,ки аз кирдору рафтори онҳо мардум овоз баланд мекунад ва  он сабабе шавад,ки то ҷое худдорӣ ҳам кунанд аз нақшаҳои худ.

Инак номаи ман дар бораи раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат! То раисӣ Шӯҳрат ҳамчун як соҳибкори муваффақи ноҳия ном бароварда буд. Аз гуфти ҳамдеҳагонаш як нафаре буд,ки худро ба ҳар сӯ мезаду тиҷорате мекард. Яке аз тиҷорати деринааш пӯсти гову гӯсфандро аз деҳа ҷамъ мекарду ба шаҳри Хуҷанд бурда мефурӯхт.Аз он давра мардум Шӯҳрати пӯстак номгузорӣ ҳам кардаанд. Баъд ба тиҷорати масолеҳи сохтмон гузашт, баъд ба пахтакорӣ ва бо чандин дигар тиҷоратҳо машғул шуд ва бо ҳамин роҳ як соҳибкори номдор дар ноҳия шинохта шуд. Вале ман ба шахсияти ӯ ва тиҷораташ коре надорам,баръакс хушам меояд як ҳамватанам муваффақ шавад.

Ба мақоми раиси ноҳия таъин шудан инсон бояд зинаҳои муайяни хизматчии давлатиро гузарад ва таҷрибае дар роҳбарӣ дошта бошад, маълумоти олиро нагӯем ҳам мешавад.Шӯҳрат на хизматчии давлатӣ буд, на таҷрибаи роҳбарӣ дошт. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ғоибона ба даст овардааст. Ба ҳамаи мо шароити донишгоҳҳои Тоҷикистон маълум аст,ки чӣ тавр донишҷӯён донишгоҳро хатм мекунанд.Аз шӯъбаи ғоибана сухан накунем ҳам мешавад. Ӯ гӯё вакили ноҳиявӣ ва вилоятӣ интихоб шуда будааст то раиси ноҳия таъин шуданаш. Хайр бало ба паси таҷриба ва маълумоташ.Аммо баъди раиси ноҳия шудан аз вазифаи худ сӯистифода бурда мардумро ба манфиати тиҷорати худ истифода карда истодааст:
1) Тахминан 500 гектар замин пахта дорад, ки ҳамасола аз он ҳосил мегирад ва дар яккакунии он, чидани пахта  муаллимони бечора ва талабагони мактабро маҷбуран истифода мебарад. Бар замми ин муаллиму талабагонро бо нақлиётҳои боркаш мекашонад,ки болояшон маҳкам нест.Дар вақти саҳарӣ ҳамаро шамоли хунук мезанад. Аксарият шамол мекашанд ва аз ҷиҳати бехатарӣ дар он нақлиёт одамкашонӣ қатъиян манъ аст. Агар як бечорае чунин корро кунад он ҳатман ҷарима мешавад. Агар муаллим аз рафтан дасткашӣ кунад директори мактаб ба ӯ мушкилии эҷод мекунад.
2) Дар масири ду тарафи роҳи байни деҳаи Қаҳрамон (собиқ Булоқ) — Шайдон ҳазорҳо гектар зардолузор ҳаст, ки аз дарёи Сир тариқи насосҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд.Соли гузашта насосҳои обкашии ҳамин боғзорҳо ба садама дучор шуд гуфта обро ба заминҳои пахтаи худ равон кард.Боғи мардум дар тобистони тасфон 1 моҳ бе об монд,обро надод,ки ин ба дарахтони зардолу бетаъсир намонд.
3) Автобазаи ноҳиявиро,ки дар Шайдон воқеъ аст харид ва дар он бозор, маҷмаъаи фарҳангиву фароғатӣ:- тӯйхона, ошхона, меҳмонхона, мағоза, сехҳои қанндодӣ дузандагӣ барпо кард. Савол ба Шӯҳрат.Барои чӣ як иншооти инфрасохториро, ки ба ҳаёти мардум вобастагии зич дорад мубаддал ба дигар чизҳо кардӣ? Оё аз мардуми ноҳия пурсидӣ? Агар бозор муҳим бошад,пас барои чӣ он ҷое, ки махсус ба бозор ҷудо шудааст,онро обод накардӣ? Барои чӣ ба тӯйхонаву ошхонаат ҷои дигаре наёфтӣ? Барои чӣ як бечора агар як иншооти давлатиро хусусӣ карда ба дигар чизе мубаддал  карданӣ шавад ба ӯ иҷозат не? Аммо ту як корхонаи аҳамият стратегии мардумиро ба хостаи худат ҳар чизе ки хоҳӣ мубаддал мекунӣ. Ба раиси ноҳия мумкин аст, он чизе, ки ба дигарон мумкин нест?
4) Ба директорони мактабҳои миёнаи ноҳия фармон ё дастур додаӣ, ки талабагони мактаб формаи мактабиро аз сехи дузандагии ту бихаранд ва он ҳам бо нархи болотар аз бозор! Боз бо таври пешпардохт 50 сомонӣ медиҳанд,боқимондаашро пешопеши саршавии мактаб.Ва он ҳам маълум нест чанд сомонии дигар? Барои он ки нархи ниҳоиро муайян накадаанд ҳоло! Мардуми ноҳияро гӯлу гарангу бесавод мешуморӣ? Ғуломи худ меҳисобӣ?
Шӯҳрат то он ҷое медонам инсони бад нестӣ, аммо ин корҳое ,ки нисбати мардум карда истодаӣ хуб нест ва оянда мардум туро бо некӣ ёд намекунанд, инро бидон! Он нафароне, ки туро раиси мардумӣ, раиси ватандӯст меноманду мегӯянд чоплусу маддоҳе беш нестанд ва он замоне,ки аз раисӣ рафтӣ ба сӯят назаре ҳам намекунанд! Мардумро аҳмақу нодон хаёл накун! Ҳама медонад чи тавр аз вазифаат сӯистифода бурда истодаӣ.Вале афсӯс,тарс намегузорад, ки ба рӯят бигӯяд дардашро! Умедворам ИСЛОҲ мекунӣ камбудиҳоро, дар акси ҳол номи ту дар ИСЛОҲ қаҳрамони ҳамешагӣ ва доимӣ мешавад!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№152 появились сначала на ISLOH.net.