Архивы Бузургмеҳр Ёров - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №201
Ин нашри барномаро аз номаи як нафар узбекистонӣ, ки ба Ашт, ба аёдати пайвандонаш омадааст, шуруъ мекунем. Ин нафар мегуяд, ки ҳоли табоҳи хешу таборонаш дар Аштро дида сахт нороҳат шудааст. Вай гуфтааст, ки дар ин асру дар ин замон бесвет будани аҳолӣ, дар торикӣ ва сарди нигоҳ доштани онҳо ҷинояти сангин аст. Ба ҷуз аз ин ин нафар гуфтааст, ки набуди мард дар Тоҷикистон боиси баду бероҳа гаштани занҳо шудааст. Беҳтараш идомаи ҳикоятро аз забони худи вай бишнавем:

Ашт

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз як ҳодисае, ки ба сари мо омад, ҳикоят мекунам. Ана хамин рӯз аз Понғоз, аз гури торик омадем. Ман ин хел бекориро надидагиям. На светро дидам ва на оби тоза хурдам. Одамҳое, ки ман мешиносам барномаҳои Шумро гуш мекунанд, аммо метарсанд, ки гап зананд. Дар Понғоз як участковий будааст, ки ҳамаро тарсондагӣ. Ман бо ҳамаи аҳли хешовандон ва ҷамъияте, ки мешиносам гап задам. 80 % занон мондагӣ. Боқӣ ҳама дар муҳоҷират. Ҳамин ҳол бошад ҳам, бовар кунед, ки агар як  мард, бандаи мумини мусалмон бошаду бисёр не, як мох даъват кунанд, ҳамин занҳо ба Аллоҳ қасам мехезанд. Ман ин тули чанд рӯз ранги як махкум гаштам. Хоҳад светро медиҳад не бошад, не. Занҳои шавҳардор ранги беваҳо, шавҳаронашон дар муҳоҷират. Баъзеаш аз раҳ бероҳа шудагӣ, наркоман. Айб бошад ҳам барделро надидагӣ мардак почти нест. Заифхо голодный. Дар киноҳо надидам ин ҳолатро боварам кунед. Агар пеши ин вазъу ҳолро нагирем Аллоҳ як балои сахтро болои ҳамаи мо мефиристад. Ҳамин хел аз гранитсаи Садоқат гузаштаму худи аз гури торик баромадаги барин хурсанд шудам. Алҳамдуллиллоҳ, ки ватани ман интавр не. Ба Худо қасам оби чашмам рехт аҳволи тоҷикҳоро дида. Бовар кунед, ки Аллоҳ любой вақт як сел ё ягон балои сахтро мефиристад аз сабаби рафтори занҳои шавҳардор. Як меҳмон биёяд дар куча, дар сари бозор бо нигоҳи чашм ишора ба зино мекунанд. Ман дар ҳамин 43 соли ҳаётам зино накардаам. 6 хоҳар ва 2 апа дорам. Аз аллоҳ метарсам, аҳвол расо ҳам бад дар Понғози Ашт.

Ман худам шаҳрванди Узбекистон. Чанд рӯз меҳмон шуда будам дар Понғози Ашт. Ин ҳама даҳшатҳоро дидам, сарам гиҷу гаранг шуд.

Агар мардҳои Понғоз аз Россия барнагарданд баъд занҳоро управлять кардан наметавонанд.
Ба Худо қасам Аллоҳ ин хел ҷойҳоро ба як бало несту нобуд мекунад. Ин пулу молу мулк аз сараш мемонад. Духтараш фоҳиша занаш фоҳиша келинаш фоҳиша, ин хел бойгарӣ нафык ненужен. Бародар ман дуруст мегуям ё хато гап зада истодаам?
Ман аз Узбекистонам. Моро Ислом Каримови диктатор ин хел азоб надодаги буд. Ин рӯзи ганда сахт, бародар. Духтар медонад, ки модараш бероҳа, модар медонад, ки духтар беҷогард, келин медонад, ки хуштоману хоҳарарусаш фоҳиша, акнун ӯ ҳам ҳар коре кунад кӣ ӯро чи гуфтан метавонад?. Бовар кунед, ҳамин хел нақл карданд,ки як мард бо ҳама занҳои як оила, модар, келин, духтар робита дорад. Дар ҷое, ки ман истиқомат мекунам, 350 ҳазор аҳолӣ 95% тоҷикҳо зиндагӣ мекунем. Шукри Аллоҳ, ки ба ин хел вазъият Каримов наоварда буд моро. Он заифҳо ҳам нафс дорад. Ман мардам. Оби чашми ман «анча мунча чизба намерезад, ҳамин Понғоз ба рафтагимба рехт».
Аммо як чизро мушоҳида кардам, ки дар Понғоз тарафдорони шумо хеле зиёданд. Ин шо Аллоҳ ғалаба мекунед!

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Хоҳиш мкунам ин номаи моро ҳарчи зудтар нашр кунед. Ман аз Арбобхотун, як деҳаи машҳури ноҳияи собиқ Рудакӣ, ки ҳоло ба ҳайати ноҳияи Сино-1-и Душанбе даромадааст, мебошам.

Номи раиси Арбобхотуни ноҳияи Сино-1и Душанбе Восидов Табаралӣ. Мо мардум зери зулми ин нафар қарор дорем. Ман- манӣ бисёр мекунад. Халқи деҳаи Арбобхотун аз вай сахт безор шудагианд. Не маърака карда метавонанду не ягон сохтмон. Дар ҳавилиат ягон хона бунёд мекунӣ бо участкавой омада пул талаб мекунанд. Номи участкавойи маҳаллаамон Маъруф аст, аз Данғара аст. Бачай ҷавони бе зан аст.  Вайро рулавату контрол мекардагӣ додараш будааст, дар ширкати Фароз кор мекунад. Номаш Восидов Миралӣ. Он кас ҳам бо писараш дар Фароз кор мекардааст. Номи писарашро намедонам. Зани раис муаллима кор мекунад. Тамоми корҳои навис -нависашро занаш пеш мебарад. Худаш не навишта метавонаду не хондан. Саводи кофӣ ҳам надорад. Хулоса мардуми дехаи Арбобхотун яъне Афғоно ба дод омадагианд. Деҳаи Арбобхотун ном дораду лекин Афғоно мегуяндашу маъруф ба ин ном аст.

Барои як справка аз ҷои истиқомат меравӣ 20 сомонӣ талаб мекунад. Боз мегуяд, ки ин печат бо ранг истифода бурда мешавад. Мо ранги ин печатро мехарем гуфта гапҳои дағал мезанад, мақсад пул тиед.

Хулоса, ягон кори ҷамъиятиро пеш намебарад. Дар масҷид намемонад, ки мулло пеш аз намоз каме амри маъруфу наҳйи мункар кунад. Муллоро фақат дар бораи пешравии фарҳанги Тоҷикистон ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат гап зан мегуяд. Муллои масҷидамон Мулло Собир ном дорад.

Хулоса, ки ин раиси Арбобхотун сахт порахур аст. Ягон чизро аз пеши худам наменависам. Зокири бачааш рӯзи дароз дар кучаҳои маҳалла мегардад, назорат мекунад, ки кӣ дег мемонад, кӣ маърака дорад, кӣ хурсандӣ дорад. Ҳамаи  ин чизҳоро омада ба падараш мерасонад. Разветчики кучоҳои маҳаллаамон аст. Алишери бачааш бошад муддати ду сол мешавад аз падараш ҷудо зиндагӣ мекунад.

Аз он ҷиҳат, ки дар маҳала бисёр рафиқҳову шиносҳояш аз пушти падараш гапҳо дағал мефаҳмид. Мардум мегуфтанаш, ки ту писари калониаш ҳастӣ, падаратро бигу одамфурушӣ накунад, мардум озодона зиндагӣ кунанд, ба мардум ҷабр накунед. Ин писари калониаш аз шунидани чунин суханҳо безор аз ҷон шуду аз хонаи падар баромада рафт. Бо кудаконаш дар дигар манзил зиндагӣ дорад. Ҷои кораш нуқтаи фурӯши бензин-заправкаи Ориё, онҷо кассир кор мекунад. Писари кенҷагиаш Беҳруз аст. Кораш мошинбизнес. Опелҳои фарсудаву шалақро бурда дар Хуҷанд косметичиски ремонт мекунаду оварда дар Душанбе мефурӯшад. Дар бораи участкавой- Маъруфи данғарагӣ. Як кудаки аҳмақ  аст. Аз дасташ ягон кор намеояд. Сахт бесавод аст боварам кунед. Ҳатто навишта наметавонад. Кришааш дар дастгоҳи президент будааст. Номаш Абдусалом. Инҷо территорияи «тенҷ» аст гуфта Маъруфро участковийи мо мондааст. «Тенҷ» ба маънои онки дар инҷо пулкоркунӣ бисёр мешавад. Дар ин ҷамоат бангиву хулиганҳояш бисёр «чойпулита кор мекунӣ, мегардӣ». Дар маҳаллаи Ҷуйбодом як ҳуҷрааш карданд,   сари роҳи мошин, дарун ба дарун се то кабинет дорад. Ин ҳам як одами намешуданӣ аст. Намози шом пеши масҷид омада ҷавонҳоро намемонад, ки ба масҷид дароянд. Ҳар панҷшанбе ва шанбеву бозор кораш бо раиси маҳалла  пора гирӣ аст. Як сохтумон ҳам дорад. Ин Маъруфи участкавой кадом ҷавоне, ки ягон хатоӣ мекунад мегуфтааст, ки бар дар фалон ҷой як мошин қум ё шебен рез, баъд аз гуноҳат мегузарем.

Дар ёдатон бошад бародар Муҳаммадиқбол дар бораи заминфурӯшии раиси ҷамоатамон камтар дар барномат гуфта будед. Аз ҳамон вақт он одам нопадид шудааст, халос шудем аз н касифу касофат пас аз барномаи шумо. Барои як справка мерафтем як ҳафта пушти дараш мешиштем. Хеле зиёд интизори мекардем.

Як мошини Прадо дошт, як тоқии каҷала дар сар меомад, саломро алек нагирифта мебаромад мерафт. Эшонаш мегуфтанд. Аз рӯзе, ки дар борааш гап задед худаш гурехт рафт. Гуноҳи сахташ аз ҳисоби замин дуздиву заминфурушиаш буд. Мардум аризаи замингирӣ доштанд аз чойҳои хуб. Ҷойҳои хубро бо пули калон мефурухт. Аз Мирзочулу аз Учкул, як адири дашт ки онҷо свету об набуд мардумро замин медод. Кадоме маълумоташро ба шумо расонид Худованд падару модарашро раҳмат кунад. Шумо гап задед, ҳоло  гурехтане кард, ки не номаш ҳасту не нишонаш. Раҳмат кунад гузаштаҳои шуморо. Бародар шумо фикр накунед, ки мардум шуморо аҳамият намедиҳад.

Ҳамаи мардуми маҳаллаи Ҷуйбодом ва Арбобхотун 90% шуморо тамошо мекунад. Танҳо метарсанд, ки занг зананд, проблмема мешавад, гуфта метарсанд. Бародар мо ҳама вақт дар барат ҳастем. Ба мардуми Афғоно гуфтаниям мана ман гап задам ин номаро навиштам ҳичи нашудааст ба ман. Натарсед нависед мушкилоте дорем. Дар мавриди танзим ва зулмҳое мекунанд нависед. Охир ҷони ҳамаатоннро бар лаб овардаанд аз чи метарсед. Ин кормандони танзим танҳо барои кисаҳои худ кор мекунанд, на барои ҳукумат. Аз ҷиноятҳои Раис ва нозири минтақа нависед. Намехоҳед аз мусибатҳо халос шавед!

Рашт

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман худам аз Рашт ҳастам. Мехоҳам роҷеъ ба он корҳои бад,ки аз ноҳияи Рашт медонам ба шумо маълумот диҳам.

Солхои 2013 то 2014  кормандони РШВКД дар минтақаи  Рашт ба боғу кучаҳо мегаштаанд, то ки ягон ҷавонписарро бо ҳамроҳии ҷавондухтаре бинанд. Бо кадом мақсад?

Масалан ду корманди ШВКД ба боғу кучаҳо мегаштаанд. Агар ягон ҷавонписарро бо ягон духтар медидаанд, онҳоро мепурсидаанд, ки шумо чи кор мекунед? Он духтар ва писар аз тарс ҳеҷ гап гуфта наметавонистаанд.

Пас, он корманди ШВКД писарро аз пеши духтар дур мебурд ва писарро тарс медод, ки ту бо ин духтар бе никоҳ чи кор мекунӣ? Дар ҳоле, ки онҳо донишҷуянд. Ин писарро тарс дода ӯро муттаҳам мекунад. Ва он писар бошад мегуяд, ки рафиқ сардор чанд пуле гуӣ медиҳам, моро ҷавоб деҳ равем, шарманда мешавем. Дар ин ҳолат корманди дигари ШВКД духтарро тарс медиҳад, ки падару модаратро ба шуъба даъват мекунем, то бидонанд, ки духтарашон чи кор мекунад. Духтар бошад аз тарс пеши корманди  ШВКД зора мекунад, ки шарманда мешавем, ин корро накунед. Ин корманди бадбахт аз фурсат истифода бурда рақамҳои телефони духтарро мегирад ва ба духтар мегуяд, ки «пагоҳ фалон соат ба наздам биё, фалон утоқи корӣ». Ин духтар аз тарс розӣ мешавад. Вақте ба назди ин корманди бадбахт меравад вай духтарро занвор истифода мекунад. Яъне бакораташро мегирад ва ба ӯ мегуяд, ки ин корро дар гардани ҳамон писаре, ки ҳамроҳаш будӣ бор мекунем ва он писарро даъват мекунанд ва ба ӯ мегуян, ки ту ҳаёти духтарро сузондӣ. Он ҷавон қасам мехурад, ки ман ин корро накардам. Духтарро мепурсанд, ки ин писар ба ту дастдарозӣ кард? Духтар мегуяд бале. Хуллас, писарро латукуб мекунанд, то инки гуноҳро ба уҳда гирад ва ба замми ин кор аз ӯ пул мегиранд.   Солҳои 2014 ин воқеа ба сари ду донишҷе, ки онҳо аз ноҳияи Тавилдара, ҳозира Сангвор будаанд, омада буд.

Ду бачаи тавилдарагиро бо ду духтар кормандони РШВКД дар минтақаи Рашт меқапанд. Ин ду духтарро бо роҳи тарс додан бакораташонро мегиранд. Ин ду духтар ҳам донишҷуёни ДДОТ буданд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки дар ҳақи ин ду бачаи тавилдарагӣ туҳмат кунанд. Гуё онҳо маҷбурӣ ба ин духтарҳо расидаанд ва ҳаёти онҳоро гуё ин бачаҳо сузондаанд.

Муовини сардори РШВКД дар минтақаи Рашт Додарҷон буд бо тахаллуси Додарҷони достча. Ин бадбахт коре мекунад ва бо хурдоваҳояш сухан як карда ин ду бачаи Тавилдараро дело мекунанд ва директори донишгоҳро мегуяд, ки ин ду донишҷуро аз донишгоҳ хориҷ кунед. Инҳоро хориҷ мекунанд ва делоро ба прокурори ноҳияи Рашт пешниҳод мекунанд. Прокурор номаш Хушвахт буд. Аслу зоташ аз Вахёи Тавилдара, аммо худаш дар Панҷ зиндагӣ мекардааст. Дело вақте ба дасти прокурор меафтад, мебинад, ки ин бачаҳо аз Тавилдара. Делоро хом мебарорад, яъне бекор месозад ва ба Додарҷони Достча занг мезанад ва мегуяд занфалон инҳо ҳамшаҳриёни ман ҳастанд, онҳоро ба назди ман биоред. Рафта онҳоро аз СИЗО меоваранд. Прокурор ба муовинаш супориш медиҳад, ки инҳоро бареду шикамашонро сер кунед ва бурда аз пости Лаби ҷар дар ягон мошин савор кунед, роҳпулӣ диҳед, раванд хонаҳояшон, падару модарашонро бинанд ва боз биоянд дар донишгоҳ таҳсилашонро давом диҳанд. Баъд ба ректори донишгоҳ прокурор занг мезанад, супориш медиҳад, ки ин ду бачаи тавилдарачиро дар ҳамон курс востановит кунад, омада таҳсилашонро давом диҳанд.

Аллоҳи меҳрубон ба туфайли ин прокурор ин ҷавонписарҳоро аз туҳмати ногаҳон ва зиндон наҷот дод. Ин хел корҳои бад то ба ҳозир давом доранд.

Прокурор, раисони суд ва сардорони милисаҳо дар панҷ соли кориашон директорони  донишгоҳҳо ва омузишгоҳҳоро даъват мекунанд ва ба онҳо маслиҳат мекунанд, ки аз байни духтарони донишҷӯ як хушруяшро розӣ намоянд ва то аз вазифа рафтанашон занвор истифода мекунанд. Масалан чи хел?

Ин духтарро ба воситаи одамашон подробно мефаҳмонанд, ки то вақти дар вазифа буданашон дар донишгоҳ бе мушкили таҳсил мекунӣ, чи хели сару либосе, ки хоҳӣ мепушӣ, бакорататро мегирад ва ба ту дору медиҳанд, ки ҳомила нашавӣ ва пеш аз вазифа гирифтанаш ин духтарро ба духтур супориш медиҳад, ки бидузед, то ки мисли пешинааш духтар шавад ва ба ин духтар пул ҳам медодааст. Бубинед, ки чи корҳои зишт мекунанд.( Ному насаби ин духтарон дар Ислоҳ маҳфӯз аст ва ба хотири бадном нашуданашон нашрашон намекунем.)

Раҳмонов ин ҷиноятҳоро пешгирӣ кун. Ин шо Аллоҳ, ин гуна рӯзҳо ба сари ту ҳам хоҳад омад.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо мардуми деҳот ва ноҳияи Нуробод аз дасти шуъба ва вазорати маориф ҳол надорем. Дар як мох 2-3 маротиба ба мактаб як филми бемаъниро меоранд ва аз хонандагон маҷбурӣ 3 сомонигӣ мегиранд. Ин магар аз руи адолат аст? Корҳои ғайриқонунӣ бисёр аст Раҳмонов фақат ба Муҳаммадиқбол тамос дошта бошӣ ҷиноят мегуяд. Ба шаъну шарафи президент расидан ҷиноят будааст. Раҳмонов аввалҳо мегуфт ва қонун ҳам ҳаст, ки «Давлат ба дин дахолат карда метавонад», ва дин ба давлат дахолат карда наметонад. Магар ин аз руи мусалмонист, ки фарзанди худатро таълими динӣ диҳӣ ё ки хати Қуръонро омузонӣ ҷаримаи калон месупорӣ. Бинед, ки чи корҳо рафта истодааст. Дар маркази ноҳия фоҳишахона ҳаст. Номи фоҳишахона «Нури Нуробод» аст. Бубинед, ки фоҳишахонаро чи ном гузоштаанд? Онҷо агар ба ҳамон духтаре, ки дар пешат рақс кунад,10 сомонӣ диҳӣ куртаашро бадар мекардааст, боз 10 сомонӣ диҳӣ он духтар худашро лухт мекардааст. Магар Раҳмонов аз ин ҳол хабар надорад? Ин корҳо ҷиноят нестанд? Тамоми ҷавонҳо ба касалии СПИДу сузоку дигар касалиҳои зуҳравӣ дучор шудаанд. Ҳеҷ гоҳ шариати ислом мардумро ба роҳи бад даъват намекунад. Мисол

1-дуздӣ ҳаром

2-зино ҳаром

3-одамкушӣ ҳаром

4-ҳаққи мардумро хурдан, зулм кардан, озор додани як инсон ҳаром

5-шаробнушӣ ҳаром  ва ғайраҳо. Ку камбудиҳои дини муқаддаси мо мусалмонҳо?

Раҳмонов никоҳи хешутабориро манъ карда ҷиноят мегуяд. Мегуяд фарзандони носолим ба дунё меояд. Бинед ин гап хато аст ва зиди Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи вассалам аст.

Духтари Пайғамбарамон дар ҳамсари писари амакаш, саҳобаи беҳтарин- ҳазрати Алӣ, разияллоҳу анҳу, чаҳорумин халифаи мусалмонон буд, ки аз онҳо Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн ба дунё омаданд ва мо хуб медонем, ки инҳо дар дин чи хизматҳо кардаанд. Чаро инҳо носолим тавалуд нашудаанд. Раҳмонов аз пеши худаш ривоят месозад. Чаро ту худат Азизмои духтар тағоятро гирифтӣ 7 духтару ду писар дорӣ ягонтоаш девона параличанд? Чаро духтаронат бо ҳамдигар духтар медиҳанд барои онҳо иҷозат аст барои дигарон не ?

Ҳар як қонуне Раҳмонов мебарорад, зидди дин аст. Мегуяд рафтани то 18 сола ба масҷид манъ, таълими динӣ манъ.

Пайғамбарамон фармудаанд, ки аз гаҳвора то гур илм омуз. Ана факту далел барои қонунҳои Раҳмонов.

Дин мардумро ба роҳи рост ҳидоят  мекунад. Барои чи? Барои он, ки ҳақиқат аст, дили инсонро нарм мекунад, пас дин ва хоса дини мубини ислом дар кучо хатоӣ дорад?

Ба тамоми мардум хитоб мекунам! Аз барои Аллоҳ, ки ба якдигар хубӣ карда наметавонед, бадӣ накунед, рузи қиёмат вазнин аст.

Қубодиён

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародар ман аз совхози Тоҷикистон ҳастам. Дар инҷо ба дунё омадаам. Падару модари мо дар вақташ аз водии Қартегин ба инҷо омаданд.

Илтимос, бародар ҳамин номаи моро нашр намоед. Бахудо ин раиси ҷамоат дар ҷонамон задааст. Кораш фақат пулканӣ. Барои облава 30 ҳазор сомонӣ мепурсад. Руирост мегуяд, ки ман ин пулро 15 ҳазорашро ба амният медиҳам, ба военком, ба милиса, ба прокурор медиҳам.

Номи раиси ҷамоат Юсуф Нодиров. Раиси танзим Тоир бачаи Нусрат. Беҳад зулм мекунанд. Ин Тоир як вчерашний пацан аст. Лекин постоянний бо фалонаш ба одамҳо гап мезанад. 30 сола шудааст, кудак намеёбад. Занҳо ганда дуои бадаш мекунанд. Дастурхонро, ба худо ба шатта ба пояш мезанад.

Як рӯз баъди намози ҷумъа имомхатиби масҷид Саидаҳмад дар даруни масҷид, баъди намоз шуморо дашном кард. Ин имомхатиб кораш постоянний бузӣ аст. барои бузиаш маош мегирад. Бузии худаш бас набуд, ки бачаашро ҳам буз кардааст. Номаш Иброҳим.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман феълан ҳам милиса ҳастам. Замоне, ки дар раёсати тафтишоти МВД кор мекардам, зиёд дидам парвандаҳоро, ки гуногун буданд. Айни ҳол бошад сардори яке аз шуъбаҳоро дар МВД ба уҳда дорам.

Раҳмонов соли 2009, ки ҷашни бузургдошти Имоми Аъзамро гузаронд, нақшаи як мазҳабиро баҳона карда чисткаро сар кард. Мебоист нақшаи аз байн бурдани ҲНИТро, ки дар соли 2015 иҷро кард, дар соли 2010 амалӣ мекард. Сабаби накарданаш хомии нақшаҳо буд.

Нақшаи ҲНИТ-ро ба вақте монду Салафиҳоро сар кард. Шуруъ аз соли 2010 то имрӯзҳо давом дорад. Солхои 2013 то 2015 низ солҳои қапоқапи салафиҳо буд. Дар аввал намедонистем, ки онҳоро чи тавр доказат кунем. Баъдан, дар ёдам нест, кадом як кормандамон идеяи бо дискҳо подстава карданро пешниҳод кард. Он вақт ҳеҷ кас таҳкобӣ намекард. Меқапиданд салафӣ гуфта, тамом, мерафт. Бузмаков шахсан худаш контрол мекард. Меқапиданд нафарро, дарав хонаашро обыск мекарданд бачахои УУР.  Дар вақти обыск дискҳои равияи Салафиро мепартофтанд. Гуё аз хонаи дастгиршуда ёфтем гуфта, тамом баъд, капааш дуд кард. Дар вақти кофту коби хонаҳояшон, тилло, сум ва чизе қиммат меёфтанд, бачаҳои УУР мегирифтанд. Аз болои чандин корманди УУР монанди Бойматов Ф. Орзу, ки то хол дар УУР сардори яке аз шуъбаҳоро ба душ дорад, ҳоҷӣ Аминҷон ва дигарон, наздикони дастгиршудаҳо шикоятҳо карданд, бе фоида. Зиёд нафаронро бе ҳеҷ гуноҳи тасдиқшуда зиндонӣ кардем. Як хелашро ҳатто барои салом кардан бо ягон нафари салафӣ ва ё якҷо шиштану ғизо хурдан ва ё суҳбат кардан бо салафӣ зиндонӣ намудем. Ҳамааш барои результат.  Сардори раёсати тафтишоти он вақтаи МВД суми зиёд кор кард. Албатта, ҳақи Абдурраҳмон Бузмаковро ҳам хуб медод. Чандин муфаттишонро парвандаҳои сохта нисбаташон кушоданд, ки аз шури муриҳо бо делоҳои салафиҳо медонистанд ва аз кор холӣ карданд. Монанди Ҳалимов Бобоҷон, Спитамен ва чанд тани дигар, бо вуҷуди ҳамаи ин хизматҳо. Умуман корманд дар МВД қадр надорад.

Барои мисол парвандаи пурсарусадои Бузургмеҳр Ёровро яке аз муфаттишони ботаҷрибаи раёсати тафтишоти МВД, ки номаш Музаффар буд, мебурд. Музаффар, дар ҳақиқат нафари таҷрибадор ва поксиришт буд. Акнун шумо бе гуфтани ман ҳам медонед, ки дар ин гуна парвандаҳо аз боло бо чорчашм назорат мебаранду диктоват мекунанд, ки чи қадар даркор. Муфаттиш як кукла аст. Дар парвандаи Бузургмеҳр Ёров муфаттиш зиёд тафтишот бурд вале гуноҳ наёфт. Аммо,   чи тавре, ки гуфтем, аз боло команда буд, ки любой путем бояд Бузургмеҳр Ёров шинад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди ҷамъбасти парвандаи Бузургмеҳр Ёров , муфаттишро ҳам аз кор барои кадом гуё хатоие озод карданду маҳкам ҳам карданд. Дар вақте, ки маҳкам буд, муфаттиш, аз ӯ дастхатҳо гирифт, ки аввал аз кор меравад ва оиди ин парванда сухане дар ҷое намегуяд. Баъдан муфатишро озод карданд. Ана миннатдорӣ барои фаъолияти зиёди дуруст дар МВД. Инро як бародар аз МВД қисса кард.Ин бародар Бойматов Фарҳод ном дорад. Ҳозир дар УУР сардори шуъба аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд рӯз пеш Раҳмонов рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллирро ба 2 марти соли оянда таъин кард. Дар ҳақиқат Раҳмонов бисёр мехост, ки интихоботи президентиро ҳам бо ин интихобот якҷо тихо мирно гузаронад. Лекин аз чи сабаб бошад, ки нагузаронд.

Аммо якчро ба шумо мегуям.

Инҳо ганда сахт тарсонанд, ки баъди интихоботи депутатҳо чизе, ягон ҳодиса ва ё ягон митингу тазоҳуроте мешавад. Инҳо, намедонам барои чӣ, аз Русҳо сахт дар тарсу ҳаросанд. Ҳоло панҷ рӯз аст ҳолати омодабош ҳастанд ҳама ҷузву томҳои мусаллаҳи кишвар 10 фоиза. Ин ҳама пас аз инқилоби Сурия эълон шуд дар мо. Ба назари ман аз ин ба пас дар «Минбари муҳоҷир» бояд ба даъвати мардум сар кард. Мардумро даъват ба ҳақиқати интихобот ва интихоботи ҳақиқӣ бояд кард. Яъне содаву равшан бигуем дар барномаҳо мардумро ба интихоботи ҳақиқӣ хезонидан даркор.

Бигзор Раҳмонов то интихобот ва то натичаҳои он бидонад мардум ӯро дигар намехоҳанд. Худаш ҳам ҳила гашта истодааст. Шояд дилзанаку дилкафак шаваду ба ҷаҳаннам сарозер шавад.

Аз руи гапгапҳо ба Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов супориш додааст, ки интихоботро бепроблема гузаронанд ва ваъда кардааст, ки ман дар сари гапам меистам, шумоҳо ҳамроҳи худам аз кор меравед. Манзураш шояд интихоботи соли 2027и президентӣ бошад. Гуфтааст, ки интихоботро орому сокит бигзаронед, бо ҳам меравем. Аммо Ин шо Аллоҳ то он сол ҳаргиз ин режим боқӣ намемонад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №201 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(бахши саввум, давраи панҷум)

Ҳамлаҳои бидуни вақфа ва мудовими расонаҳои расмӣ ва тохтутозҳои «фабрикаи ҷавоб», ки то пойи шоир Бозор Собирро ҳам ба компайни зидинаҳзатӣ кашида буд, дар матбуоти он рӯз бо номи  маъракаи «Антинаҳзат» ном бароварда буд. Тамоми гуруҳҳои фикрии кишварро ба ҷони ҲНИТ андохтанд. Вале, ин ҳама барои бастани ҲНИТ танҳо фазосозии маснуиву ҷаълӣ беш набуд. Аммо, ҲНИТро Раҳмонов, онгуна ки дар Пртоколи 32/20 дидем ба дасти мақомоти қудратӣ супорида буд. Аз инҷо буд, ки билофосила, баъд аз анҷоми нақшаи ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим мақомоти Тоҷикистон ба боздошт ва ҳабси аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ кард. Дуруст аст, ки парванда алайҳи ҲНИТ то ин кудето ҳам омода шуда буд.

Аммо ташкили ин кудето охирин шонсу охирин илоҷ ва охирин чораи ҳукумат барои маҳву маҳори ҲНИТ буд ва ҳукумат барои иҷрои ин ҳадаф «калаву пуст» зад.

Акидан таъкид мекунем ки бастани ҲНИТ танҳо ва танҳо ба Раҳмонов муҳим ва зарур буд. Ин танҳо Раҳмонов буд, ки бо ҲНИТ хусумат ва ҳасодат дошт. Баъди омадани устод Муҳиддин Кабирӣ дар раъси ҲНИТ танаффур ва душмании Раҳмонов як бар ҳазор боло рафт.

Аммо ба рағми муроди Раҳмонов ҳар қадр ки вай болои ҲНИТ фишор овард, ҳар қадр ки  хост онро камрангу беқувват ва заиф нишон диҳад, баракс мешуд. Шумори тарафдору ҷонибдорони ҲНИТ меафзуду меафзуд ва аксарияти мардум бар ин бовар буданд,ки танҳо ҲНИТ аст ки метавонад кишварро аз зери юғи ҳукумати оилавӣ-қабилаӣ раҳо кунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон тарафдорӣ ва пуштибонии густардаи мардумро ба даст оварда буд. Ва,аз инҷо буд, ки ба ҲНИТ ҳамчун неруи наҷотбахш раъйу овози худро медоданд. ҲНИТ ба як воқеъияти қотеъ ва инкорнопазиру устувори ҷомеа бадал гашта имкон надошт, ки бо вай ҳисобу китоб карда нашавад. Ҳамин Абдулло Раҳнамо, ки ҳолоҳолоҳост роли ҳазордостони Раҳмоновро мебозад, дар он солҳо роҷеъ ба ҲНИТ мегуфт, ки «..имрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст» ва боз ҳам мегуфт, ки «Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст»  ва беш аз чунин тафсиру таъвил мекард: «дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳият на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.»

Қисматҳои суҳбати Абдулло Раҳнамо аз ҳамоише таҳти унвони «ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» овардем, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» мунташир шуда буд.

Ва, аммо  Прокуратураи генералӣ Ҳизби наҳзати исломиро тарроҳ ва пуштибону ҳодии ин кудето хонд ва аз Суди олии кишвар хост, ки фаъолияти онро манъ кунад.

Мурофиаи додгоҳии ҲНИТ махфиёна ва дур аз чашми ҷомеаи кишвар доир шуд. Инро ҳам бояд бигуем, ки алайҳи ҲНИТ на танҳо Прокуратураи генералӣ, чанде дигар аз ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам шикоят карданд.

Додгоҳи олӣ 29 сентябр, ҳануз ду ҳафта аз кудетои ҳоҷӣ Ҳалим нагузашта буд, ки ҲНИТро баст ва бадтар аз ин террористӣ эълон кард.

Бар алайҳи ҲНИТ ҳатто вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам шикоят кард ва намояндаи он аз додгоҳ хост ин ҳизб мамнуъ ва террористӣ шинохта шавад:

«Намояндаи Вазорати фарҳанг Сафаров Давлат аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирй намуда, баён кард, ки роҳбарон ва аъзои ин ҳизб давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллй гардида, асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият карда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад.»

Бале, ин ҳамин Давлат Сафар аст, ки ҳоло муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мебошад.   Аммо агар ҲНИТ тавассути васоити ахбори омма даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада буд, чаро як бор дар ин панҷ сол(!) –и мавриди назараш як бор огоҳинома ба ин ҳизб нафиристод. Ин ҳизб тайи он панҷ соле, ки Давлат Сафар дар назар дорад, дар кадом минтақа ва маҳалли Тоҷикистон бесуботиву ноамнӣ, ки боиси халалдор шудани ҳаёти осуда шудааст, ба вуҷуд овард? Ҳиҷ мисолу мадраке пешниҳод накардааст.

Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон ба Додгоҳ протоколҳои гуё бо хоҳиши худ бастани шуъбаҳои ноҳиявӣ ва ихтиёран аз суфуфи ҲНИТ хориҷ шудани масъулин ва аъзои онро пешниҳод карда талаб намудааст, ки ҲНИТ баста шавад, зеро вай дигар ҳуқуқи ҳамчун ҳизби умумиҷумҳурӣ амал карданро надорад:

«Дар суд далелҳои зерин мавриди омӯзишу баррасй қарор дода шудаанд; протоколи ҷаласаи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончй аз 06 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастҷоҳ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, протоколи Маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оиди қатъ намудани бахши ҳизб аз 07 майи соли 2015,…..» ва дар умум вазорати адлия ҳудуди 80 протоколро далел меоварад, ки бахшҳои ноҳиявӣ дигар амал намекунанд:

«Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодгардида қисмати зиёди аъзоёни ҲНИТ ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳояшон дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи чаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд.

Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ҲНИТ ва шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба ин ҳизб шомил гардида, баъдан ихтиёран аз узвияти ҳизб баромадаанд, дахолат накардаанд.

Суд муайян намуд, ки сабаби асосии ихтиёран хориҷ шудани шаҳрвандон аз ҲНИТ ва қатъ кардани фаъолияти бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо он мебошад, ки роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба ҷинояту амалҳои номатлуб даст зада, боиси коста шудани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа ва байни аъзоёни он гардидааст.

Доир ба масъалаи мазкур ба Вазорати адлия дар маҷмуъ, 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ ворид гардидааст.

Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуниаш ирсол карда бошад ҳам, аммо Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаҳои пешниҳодшударо баэътибор нагирифта, қарорҳо ва санадҳои дар боло зикргардидаро ғайриқонунӣ бе баррасӣ мондааст».

Ҳамин тавр Суди олии Тоҷикистон барои бори дуввум (бори аввал соли 1993) 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТро баст ва онро террористӣ эълон кард. Давлати Тоҷикистон аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ талаб кард, ки бо вай ҳамовозӣ ва ҳамраъйи кунанд. Аммо баракс, ҷомеаи байналмилалӣ ин кори ҳукуматро интиқод кард

Хабаргузории расмии Ховар ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистонро мунташир кард, ки он нусхаи иттиҳомоте буд, ки Прокуратураи  генералии Тоҷикистон нисбати ҲНИТ зада буд:

“Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Азизов Ш.О., бо котибии Искандарова М., иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ., Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Д.Ш., Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҳ.3. ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Медиков М., Мирзиёев Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ 29 сентябри соли 2015 парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, пайдо намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда,

ҲАЛ КАРД

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қонеъ карда шавад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шавад.

Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шавад.

Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ карда шуда, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj  ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии  www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст.

Ва, як соли баъд аз иттихози ҳалномаи Суди олӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон”,дар як мусоҳибаи муфассал бо Азизов Шамс Одинаевич,  қозии додгоҳи парвандаи ҲНИТ мусоҳиба орост ,ки ҳоло як қисмате аз онро инҷо меоварем:

“-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

—Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт.  Айнан хабари сомонаи “Payom net”-ро, ки тааллуқ  ба  ҳизби  мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки  байни  Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз  Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори  Давлат  аз  муовини  раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот  ред.) даст  дорад  бовар мекунад? Муовини  Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки  ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  дар  овардани  далелҳо  ба  сохтакорие  роҳ  доданд?

— Аз як ҷониб нишондоди Абдулазиз Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам” ”.Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим…..

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт». «Тоҷикистон» 30.10.2017

Ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон дар нисбати ҲНИТ на як санади ҳуқуқӣ, балки комилан сиёсӣ буд. Ин ҳалнома аз ягон ҷиҳат ба ҳалномаҳои дигари Суди Олӣ шабеҳ набуд. Барои таъйиди ин иддио аз арзёбиҳои  “Бунёди Бузургмеҳр”                       ( Buzurgmehr Foundation) ро роҷеъ ба ин ҳалнома чанд қисматеро иқтибос меоварем:

Дар қисми хулосавии Қарори судӣ навишта шудааст: “Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”.

Истифодаи калимаи “ба тарафхо” маънои онро дорад, ки дар мурофиа ду тарафи муқобил иштирок доштанд. Вале чи хеле, ки мо аз омӯзиши Ҳалнома мебинем дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт. Дар асоси нишондоди шоҳидон ва маълумотҳо аз мақомоти қудратии Тоҷикистон аризаро Прокурори генералӣ санаи 25 сентябри соли 2015 ба Суди Олӣ равон кардааст. Баррасӣ ва Ҳалнома бошад, дар як рӯз анҷом дода шудааст – 29 сентябри соли 2015. 25 сентябри 2015 сол рӯзи ҷумъа мебошад. Рӯзҳои дигар, яъне 26 ва 27 сентябр рӯзҳои истироҳатӣ мебошад ва судҳо кор намекунанд.

Ҳамин тариқ барои баррасӣ ва қабули Ҳалнома аз рӯи аризаи Прокурори генерлӣ ба Суди Олӣ фақат ду рӯз 28 ва 29 монда буд. 29 сентябр мурофиаи судӣ оғоз шуд, яъне барои Ҳайати Суди олӣ фақат як рӯз барои омодасозии парванда, ирсоли хабарнома ва даъватҳои судӣ, омӯзиши аризаи прокурори генералӣ ва санҷидани пуррагии далелҳои пешниҳодшуда барои оғози мурофиаи судӣ, ирсоли нусхаи ариза ба намояндаи ҷавобгар, пурсидани ҷавобгар оид ба аризаи пешниҳодшуда ва ғайра амалҳоеро, ки қонугузорӣ дар моддаи 153 КМГ овардааст, кофӣ кардааст. Гузаронидани чунин амалҳои мурофиавӣ аз қабили омодасозии парванда, маҷлиси пешакии судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ дар як рӯз ғайриимкон ва шубҳанок мебошад. Ҳол он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасии аризаҳои худро муддатҳои тулонӣ (се чор моҳ ва ҳатто солҳо интизор мешаванд).

Ба ғайр аз ин ба намояндагони ҲНИТ дар асоси муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун нусхаи Ҳалномаи судӣ супорида нашудааст.Дар ҳар ҳолат бояд суд ба намояндагони ҲНИТ хабарнома равон мекард. Дар ҳоле, ки намояндагони Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳабс буданд ва он вақт суд метавонист ба онҳо имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои ҲНИТ-ро диҳад, ё инки ба дигар намояндагони ҲНИТ, ки дар озодӣ буданд, хабарномаи фиристода шавад.

Ҳамин тариқ Суди Олии Тоҷикистон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 115 -118 КМГ рафтор намуда ягон хабарнома ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ташкилоти ҷаъмиятие, ки дар вақти баррасии парванда дар Тоҷикистон қонунӣ эътироф шуда буд, нафиристодааст. Ин амал боиси он гашт, ки намояндагони ҲНИТ дар баррасии парванда на фақат иштирок карда натавонистанд, балки имконияти овардани шикоят аз болои Ҳалномаро низ гум кардаанд. ҲНИТ дар бораи баррасии парванда умуман огоҳ набуд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 40 КМГ дар мурофиаи гражданӣ тарфҳо ин даъвогар ва ҷавобгар мебошанд. Мо медонем, ки даъворо Прокурори генралӣ кардааст ва ин ҳам дар Ҳалнома қайд карда шудааст вале дигар тараф ҲНИТ умуман напурсида шудааст ва ба ӯ сухан надодаанд. Ҳангоми омодасозии парвнда судя бояд амалҳоеро иҷро мекард, ки иштироки ҳатмии тарафҳоро тақозо мекунад: ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа; пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда; тарафе ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд; ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад ва -ғайра.

Суд низ бояд дар марҳилаи омодасозии парвандаи гражданӣ амалҳои муайянеро аз қабили: оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ сохтан; масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал кардан; экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намудан, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал кардан; бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда гирифтанро иҷро мекард. Вале таҳлили Ҳалномаи судӣ, мавҷуд набудани ягон шоҳид ва хулосаи экспертиза гувоҳи он аст, ки аз тарафи Суди Олӣ ин марҳилаи муҳими мурофиаи гражданӣ умуман гузаронида нашудааст. Ин ҳолатро низ боз муҳлати қабул, регистратсия, ба судя Азизов ирсол кардани баррасии ариза, омӯзиши ариза аз тарафи судя, навиштан ва ирсоли хабарномаҳои судӣ, омодасозии парванда, таъини санаи оғози муҳокимаи судӣ, ки дар якуним рӯз қисми рӯзи 25 сентябр ва 28 сентябри соли 2015 анҷом дода шудааст, исбот мекунад. Гузаронидани чунин миқдор амалҳои мурофиавӣ дар муддати кутоҳ гувоҳи дахолат ба фаъолияти Суди Олӣ мебошад.

Дар моддаи 4 КМГ оварда шудааст, ки ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Дар ҳолати таҳлилшаванда аъзоёни ҲНИТ аз ҳуқуқи ҳимояи манфиатҳои худ дар суд маҳрум карда шуда буданд. Дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт, огоҳ набуд ва адвокат низ аз тарафи суд ба ҷавобгар таъин карда нашуда буд.

Дар рафти мурофиаи судии мазкур ба тарафҳо ҳуқуқҳои баробар дода нашуда буд. Тарафи аризадиҳанда, Прокурори генералӣ, имконияти пешниҳоди даъво, далел ва дастгирии даъвои худро дар суд дошт. Тарафи муқобил ҲНИТ ин имкониятро надошт, ки бар хилофи талаоботи моддаи 13 КМГ мебошад: адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Намояндагони ташкилоти ҷамъмияти – ҲНИТ оиди пешниҳоди аризаи Прокурори генералӣ маълумот надоштанд, оиди вақти баррасии парванда огоҳ набуданд, имконияти иштирок ва пешниҳоди далелҳои худ, шоҳидон, таъини экспертизаҳо ва дигар амалиётҳои муқараргардидаи қонунро надоштанд.

Баъд аз қабули Ҳалнома ба намояндагони ҲНИТ нусхаи он супорида ва ҳатто ба тариқи почта ирсол карда нашудааст. Нусхаи Ҳалномаи мазкур баъди ду моҳ дар сомонаи расмии Суди Олӣ ҷой дода мешавад, ки аллакай имконияти шикоят карданро истисно мекунад. То ҳол низ ба тариқи расмӣ ягон намондаи ҲНИТ Ҳалномаи мазкурро гирифтагӣ нест.

Ҳамин тариқ дар рафти мурофиаи судӣ як қатор қонунвайронкуниҳо аз қабили вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавии судӣ; ирсол накардани хабарнома ва даъватномаҳои судӣ; вайрон кардани муқарарроти мурофиавии судии гражданӣ мавриди омодасозии парванда; маҳрум кардан аз ҳуқуқи ҳимоя; огоҳ накардан оиди аризаи пешниҳодшуда ба Суд; маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳимоя; роҳ надодан ба мурофиаи судӣ; вайрон кардани баробарии тарафҳо; маҳрумияти ҳуқуқ ба шиносоӣ бо ариза ва пешниҳоди далелҳо, дархостҳо ва шоҳидон; дастрас набудани Ҳалнома аз 29.09.2015 сол; вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҷинояткор эътироф намудани ашхос бе баррасии суди ҷиноятӣ, ҷой доштанд.

Аризадиҳанда, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз барои тақвият бахшидани даъвои худ барои бастани ҲНИТ ва эстремистӣ –террористӣ эътироф намудани он делелҳои мухталифро ба суд пешниҳод кардаанд.

Мутобики талаботи қонугузории граждании Тоҷикистон (м. 200 КМГ) суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд. Вале дар қисми асоснокунии Ҳалномаи мазкур дида мешавад, ки он пурра нусхаи (копия) матни аризаи Прокурори генералӣ аст. Яъне, ки баръало рубардор кардани навиштаҷоти аризаро Судя Ашуров ҳамчун асосноккунии қарори худ қабул намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ ягон шоҳид ва ё мутахассис пурсида нашудааст, ягон экспертиза гузаронида нашудааст ва ба тарафи муқобил имконияти ҳимоя дода нашудааст. Агар ягон далели иловагӣ мухокима карда шуда бошад хам, он дар Ҳалномаи судӣ номбар карда нашудааст.

Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигаp аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситахои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониpo дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд.

Барои исботи ин далели пешниҳод намудаи худ Прокуратураи генералӣ ба суд ягон маводеро пешниҳод накардааст ва ягон мавод низ дар рафти мурофиаи судӣ таҳти муҳокима қарор нагирифтааст. Ҳатто хулосаҳои экспертизаҳои дахлдори судӣ дар Ҳалнома оварда нашудаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом хабару маколаҳои барангезандаи кинаю адовати миллию динӣ меравад. Агар ин мақолаҳо дар рӯзномаи «Наҷот» паҳн карда шуда бошанд, пас чаро прокуратура онҳоро ба суд бо хулосаи экспертиза пешниҳод накард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои барангехтани бадбинию мухолифат нисбати сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии ҳукумат пешбинӣ нашудааст. Чаро прокуратура инро асоси эътирофи экстремистӣ ва террористӣ номиду Суди Олӣ онро қабул кард?

Прокуратураи генералӣ ҳодисаҳои рӯзҳои 4-12 сентябри соли 2015-умро, ки тафтишоти онҳо нав сар шуда буд, мансуб ба фаъолияти ҲНИТ шумурда, ҳамчун яке аз далелҳои қатъ намудани фаъолияти ҳизб шудааст.

Аз тарафи Суди Олӣ ва судя Ашуров ҳамчун далел қабул кардан ва исботшуда ҳисобидани иштироки ҲНИТ дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 ҳангоме, ки парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодисаҳо ҳоло дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ аст, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Дар ин ҳолат принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати аъзоёни РО ҲНИТ, ки дар тафтишот қарор доштанд вайрон карда шудааст.

Дар ҳалнома гуфта мшавад: «ҲНИТ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумат амал намудааст».

Ин далел умуман қобили қабул ва таҳлил ҳам нест. Ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ташкилот вазифадор нест, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ кунанд ва дар сурати дастгирӣ накардан ин ҳамчун асос барои эътирофи экстремистӣ ва террористӣ шавад.

16-уми сентябри соли 2015 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ тавассути КДАМ  боздошт шуданд.

Моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А,ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифт ва ҳамчуноне медонем дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифтанд. Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Ва, аммо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Аммо вокунишҳо ҳам дар дохили кишвар  ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба боздошт ва ҳукми Додгоҳи Олӣ дар нисбати ҲНИТ ва 13 нафар аз аъзои Раёсати олии бисёр ҳам шадиду сахт буд. Ҳеҷ касе бовар намекард, ки ҲНИТ дар ин кудето даст дошта бошад. Раҳматулло Зоиров,роҳбари пешини ҲСДТ ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар дар як мусоҳибаааш дар сеюми феврали соли 2016 дар ин бора чунин изҳори назар кардааст:

«Ман мехоҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин масъала баҳо диҳам. Аввал ин ки ҳукумат аз ҳизби наҳзат тарс дошт ва илова ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ ба иштибоҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ доданд. Вазорати адлия ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард дар ҳоле ки ин вазорат чунин салоҳият надорад. Онҳо метавонистанд ба ин ҳизб огоҳӣ диҳанд ва баъди даҳ рӯзи огоҳӣ ба суд пешниҳод кунанд. Яъне адолати судиро Вазорати адлия ба дӯши худ гирифт, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аз тарафи дигар, ҲНИТ ҳам ба якчанд иштибоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дод. Ин ҳизб набояд масъалаи ба Тоҷикистон баргаштан ва ё барнагаштани Муҳиддин Кабириро аз хориҷ баррасӣ мекард. Вақте ки Шӯрои сиёсӣ тавсия медиҳад, ки раиси ҳизб ба Тоҷикистон барнагардад, алакай суол ба миён меояд, ки раёсати ҳизб ба дӯши кӣ гузошта хоҳад шуд? Дар ин ҳолат Вазорати адлия имкон пайдо мекунад, ки аз ҲНИТ талаб кунад, анҷуман баргузор намуда ва раиси ҳизбро интихоб кунад.

Дувум, чанд нафар аз аъзои ҳизб ба Истанбул рафтанд ва эълон карданд, ки дар онҷо нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ягон ҳизб дар қаламрави кишвари дигар ҳаққи баргузор кардани Шӯрои сиёсиро надорад. Ин ҳақро натанҳо ҲНИТ, балки ҲСДТ ва ҳизби демократ ва ҳеч ҳизби дигар надорад.

Севум ин ки вақте ҳизби наҳзат эълон кард, анҷумани худро баргузор мекунад, вазорати адлия иҷоза надод, вале ҲНИТ намояндаҳои худро сафарбар кард, ки инро қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд. Ва мебоист ҲНИТ анҷумани худро ба вақти дигар мегузошт ва як созиш.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба масъалаи ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИТ нигоҳ кунем то кунун дар ҳеч куҷо ва дар ҳеч санад исботи худро наёфтааст. Ва агар инро бо назардошти ҳаводиси моҳи сентябр ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода вобаста карда ҳизби террористӣ гуфта шудааст, то ҳол тафтишоти пешакӣ ба анҷом нарасидааст, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст, ин аз рӯи қонун нест, ин супориши сиёсӣ аст.

Дар мавриди Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор гуфтаниам, ки вай аз нигоҳи сиёсӣ ба ҲНИТ ҳеч иртибот надошт ва шахси сиёсӣ ҳам набуд, бештар тоҷир буд. Назарзода бо Муҳиддин Кабирӣ робитаи хусусӣ доштанд инро ман эътироф мекунам, вале иртиботи Назарзода бо ҲНИТ аслан ҷой надошт.»

Ва, аммо роҳбарони КДАМ ва вазорати дохила,ки дастандаркорон ва иҷрочиёни бозии кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ва масъули боздошту зиндонисозии аъзои Раёсати олӣ ва ниҳоят бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ мебошанд, талош мекарданд, ки ин амали ҷинояткоронаи худро тавҷеҳ кунанд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаҳои сентябри соли 2015-и  кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон карда мегуяд, ки“Назарзодаҳо, кабириҳо абзори бозиҳои геополитикӣ ҳастанд” Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистонро «ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ» хондааст. Дар як матлаби Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки «Ҷумҳурият» — нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон декабр 17, 2015 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.Ба навиштаи Саидмӯъмин Ятимов, бозигарони геополитикӣ мушкилоти ба гуфтаи ӯ, «мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афрод»-ро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Ба бовари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд.  Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ошӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем.»

Устод Кабирӣ чанде пеш дар як суҳбати ихтисосӣ бо «Ислоҳ» аз он рӯзгорон ёдовар шуда гуфт, ки вай аз ҷумла бо Ятимов суҳбат кард ва Ятимов гуфт, ки тасмим дар бораи баста шудани ҲНИТ гирифта шудааст ва беҳтар ин аст ки худашон довталабона ва бо дастони худ барҳамдиҳии худро эълон ва иҷро кунанд. Аммо гуфт устод Кабирӣ, ки онҳо розӣ ба гирифтани ин ном ва лаккаи нанг нашуданд.

Аммо ҳамчуноне гуфтем, мақомоти қудратӣ талош мекарданд, ки бастани ҲНИТ-ро кори дуруст ҷилва диҳанд. Тибқи як навиштаи «Озодӣ» Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз маблағгузорон ва раҳбарони асосии ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат донистааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 декабри соли 2015  ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро «аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии» ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои кишвар донистааст. Генерал Раҳимзода, ки дар ин бора рӯзи душанбе бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суҳбат мекард, гуфтааст, пахши ин ҳамлаҳо ва боздошту безараргардонии омилонаш танҳо бо кумаки сокинон дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом ёфт: «Мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонда шуданд.»

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ даъват карда ва бештар аз ҳузури шаҳрвандони кишвар дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барои иштирок дар ин ҷангҳо беш аз 600 нафар рафта, ҳудуди 50 тани онҳо бо изҳори таассуф ба кишвар баргаштаанд ва бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

Ба дунболи бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва ҳабсҳои тулонии аъзои Раёсати олии он, аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад ба ду муовини раиси ҲНИТ созмонҳои байналмилалӣ вокунишҳои сахту сангинеро аз худ нишон дода ин амали ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карданд. Дар ин қисмати ин матлаб чанде аз ин баёния ва изҳори назарҳои созмони ҷаҳонии дифоъ аз ҳукуқи башар ва давлатҳоро, ки он замон расонаҳо мунташир карда буданд, аз сарчашмаҳои бози интернетӣ пешкаш мекунем, то манзара ва ҳавлу ҳоли он рӯзҳои ҲНИТ ва роҳи нимасраи пурталотуми он рушантар бишавад:  Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кайе ҳукми зиндони тӯлонии раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро маҳкум кард. Девид Кайе рӯзи 7 июни соли 2016 дар баёнияаш гуфт:  “ҳукми шадиди раҳбарони мухолифин афзоиши беҳадди маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Вай гуфтааст, ки “эъмоли чунин чораҳои тунду худсарона алайҳи мухолифон ва раҳбарони мазҳабӣ натанҳо қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст, чунки танҳо ба тундравтар шудани онҳое, ки берун аз арсаи баҳсҳои ҷамъиятӣ мемонанд, оварда мерасонад.”

Ҳолгер Грин – сафири Олмон дар Душанбе, рӯзи чоршанбе 8 июни сли 2016  дар ҳамоиши «Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” гуфт,  ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд, «Магар ба ҷуз аз боздошту зиндонӣ кардани афроди гумонбар ба ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”– суол кард сафири Олмон дар Душанбе.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «САҲА» дар баёнияаш аз 2 октябри соли 2015 бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки муборизааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” ибрози ташвиш кардааст.

СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст: “ ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.

Рӯзи 1 октябр Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як баёния гуфтааст, созмони террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарор дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Рӯзи 29 сентябр Freedom House ё Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеи озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саросари ин кишвар интиқод кард. Дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст: «Ҳукумати Тоҷикистон аллакай раҳбарони  аршади ҲНИТ-ро зиндонӣ карда, раиси ин ҳизбро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 ҳазор тан аз аъзои онро дар саросари кишвар бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ хоҳад кард”.

Сафорати Амрико дар баёнияи худ дар рӯзи 30 сентябр аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард.

Поёни бахши саввуми давраи панҷум, ин давра идома дорад….

Сообщение  ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3 появились сначала на ISLOH.net.

Бузургмеҳр асири “пешво” вале қаҳрамони миллӣ
Инсонҳое амсоли Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи зиндонии тоҷик дар ҷомеаи имрӯза ангуштшуморанд.

Дар дасту по завлона, пушти панҷараи зиндон, маҳрум аз тамоми хушиҳои зиндагӣ, бандии дасти кас, дар ҳасрати дидори падару модар, зану фарзанд, бо диле пур аз дарду ранҷу ғам, аммо ҳамоно бо иродаву бо имони қавӣ, собиту устувор, бо саре болову пур аз ғурур имзои коғази талаби бахшишро рад мекунад.

Танҳо як имзо, ва ин ҳама азобу азияти зиндон, ки шаш сол мешавад, асир ва бандии он аст, пушти сар мемонад ва ӯ ба озодӣ мебаромад. Аммо не, гуфт. Гуфт ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ!

Аз як номарди бешараф, аз як диктатори беномус, аз як наводаи Чингиз, аз як роҳзану дузду яғмогар, аз як душмани Худову душмани Пайғамбар, ки «аз каҷравии замона»  соҳиби қудрат шуда аст сар намехамонад, бахшиш нахоҳад пурсид, изҳори надомат намекунад.

Валлоҳ, на ҳар як инсон ҳамчунин тобу тавон дорад, таҳаммул ва тоқат мекунад, бавижа, бо ин шароити зиндон ва муносибати зиндонбонҳои Тоҷикистон. Дар пеши чашмони ӯ   куштанд, хунашонро резониданд, сар буриданд, ба шаҳодат расониданд, аммо боз ҳам сари қавлаш истод ва натарсид ва гуфт, кадом ҷурме накардааст, ки бахшиш бипурсад.

Се соли дигар зам карданд, барои онки президентро таҳқир кардааст! 29 сол шуд!!! 29 солро мешинам гуфт аммо аз Раҳмонови ватан, миллат, номус, шараф, динфурӯш бахшиш намепурсам!!

Бо чунин инсонҳои дона-дона чаро бояд ифтихор накард?

Воқеан ҳам Бузургмеҳр ба намоду рамзи мубориза ва муқовимат табдил шудааст. Ин аст як зиёии асил ва воқеӣ!!Имону ақидааш, ба инки роҳи рафтааш рост буд, ҳақ буд, боз ҳам росиху боз ҳам муҳкамтар шудааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои хушном ва машҳури тоҷик ҳанӯз дар шумори андаки адвокатҳои Тоҷикистон буд, ки барои худ шахсият сохт. Ӯро ҳама мешинохт, чун дар мураккабтарин парвандаҳо, ки тарафи сиёҳкунандааш Эмомалӣ Раҳмонов ва дору дастааш буд, сафедкунанда-вакили дифои тарафи мазлум мешуд. Вай аз як шаҳрванди қаторӣ гирифта то қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ, ё Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ё руҳониҳои муътабар ва ё собиқ вазирону раисони ҳукумат дар баробари додситону додрас истодагарӣ кардааст. Чунки ин миссия ва рисолати касбиву кори адвокат аст. Ҳамин кору пайкори Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров, Қаюм Юсуфов, Аъзам Бадриддинов, Сайидкомил Қурбонов, Ҷамшед Ёров ва бонуи зиндаёд Файзиниссо Воҳидова буд,ки ҳукумати диктотурии Эмомалии Раҳмонов ночор шуд, барои фаъолияти адвокатҳо монеа ва маҳдудият ҷорӣ ва вакилони дифоъро вобастаи вазорати адлия кунад.

Бузургмеҳр Ёров ноогоҳона ба дифоъи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон барнахост. Вай медонист, ки ба як кори бисёр ҳам хатаровар даст задааст. Аммо аз роҳу раъяш нагашт. Идома дод, то инки бо туҳмату буҳтон ба пояш завлона заданд. Мутмаин бошед, агар Бузургмеҳр Ёров аз дифои ҲНИТ даст мекашид, ҳеҷ парвандае алайҳи ӯ боз намешуд, ҳатто агар тамоми муштариҳо-корафтодаҳояш шикоят мебурданд, ки пуламонро гирифту одамамонро натавонист озод кунад.

Баракс, баъд аз дидору мулоқот бо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар боздоштгоҳ баромаду муфассал ҳамаро ба дасти расонаҳо дод. Дар ҳоле, ки ҳама нақшаҳо қаблан тарҳрезӣ шуда ва парвандаҳои дастисохти наҳзатиҳо ва худи Наҳзат пушти дарҳои баста ва зери муҳри комилан махфӣ ҷараён мегирифт, ифшо ва дар дасти умум қарор додани ин ҳама сиру асрор барои Раҳмонов ва Ятимов баробар ба марг буд. Барои ҳамин Бузурмеҳрро зиндонӣ карданд. Вагарна ин танҳо Бузургмеҳр Ёров буд, ки дар як баҳси додгоҳӣ муқобили Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов ва яке аз пурнуфузтарин аъзои ин хонавода пирӯз омад ва бинии Ҳасанро ба хок молид.100.000 доллари яке аз муштариҳояш, Нуриддин Маҳкамов, мудири ширкати «Бахт»-ро баъди 9 соли баҳсу баррасиҳо дар додгоҳ рӯёнд. Ҳасан Асадуллозода боз Бузургмеҳр ва Нуриддинро асбоби сафар ба ҳаҷ фароҳам кард ва тамоми масрафи ин дуро бар дӯш гирифт.

Ин танҳо маврид аст, ки наздиктарин одами Эмомалӣ Раҳмонов дар додгоҳ бой дод ва  дастонашро бардошту таслим шуд. Ва, ин корро Бузургмеҳр кард.

Имонам комил аст, ки Бузургмеҳр дар рафти муҳокимаи парвандаи ҲНИТ ва аъзои раёсати зиндонии он низ хеле қаҳрамониҳо нишон медод, дурӯғҳову тӯҳматҳои Раҳмонову Ятимовро ошкор мекард. Барои ҳамин ӯро нагузоштанд ва надоданд, ки корашро ба поён бубарад.

Аммо, имрӯз ҳам, ки дар маҳбаси ин фиръавн ва тоғути аз дину худобаргашта қарор дорад, заррае накостааст. Бо ҳузури худ бар рухи Эмомалӣ Раҳмонов ҳамеша шатронӣ мезанад, рӯсияҳаш кардаасту карда истодааст.

Бо номи ӯ як созмони дифои ҳуқуқи башар дар хориҷ аз Тоҷикистон таъсис дода шуд. Барандаи чандин ҷавоизи байналмилалии ҳомиёни ҳуқуқ эълон гардид

Созмони милали муттаҳид эълон ва эътироф кард, ки Бузургмеҳр Ёров, зиндонии сиёсӣ аст. Ва, ҳукумати Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмонов ҳарчи дар ҳақи ӯ гуфтанду карданд, асосу далел надорад, балки ӯро бо туҳмат шинонидаанд ва фавран бояд раҳояш куннад ва ҷуброн пардохт намоянд, чун Бузургмеҳр Ёров бегуноҳ аст….

Сообщение Бузургмеҳр асири “пешво” вале қаҳрамони миллӣ появились сначала на ISLOH.net.

“Афви зангбаста” ба ҷои “Афви тиллоӣ”
Чаро М.Искандаров, З. Сайид, Б.Ёров, М.Ҳайитов ва ҳатто писару домоди Сангак Сафаров афв нашуданд?

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсатмадоре,ки  ҳоло наздик ба 20 сол мешавад, барои раҳоияш лаҳзашуморӣ мекунад, шомили афви бахшида ба сӣ солагии истиқлол нашудааст.

5 ё 6 афв аз номи давлати Тоҷикистон аст, ки ӯро ноумед мекунад. Бори ахир дар соли 2011аз 23 соли ҳукми ӯ афви президентӣ 2 сол кам карду бас.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Борис Елтсин баъди ГКЧП тамоми душманонаш, ки мехостанд ӯро аз сари қудрат дуру зиндонияш кунанд, дар тули 1,5 сол бахшид ва ҷавобашон дод.

«Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба Истиқлоли кишвараш кулли муҷоҳиддинро, ки Шуравӣ онҳоро босмачияшон мегуфт, мавриди афви торихӣ қарор дод. Аз ҷумла Иброҳимбекро сафед ва афзун бар ин Қаҳрамони миллат эълон кард.»

Ӯ гуфт, онҳо барои истиқлол ва ватани худ ҷангиданд, гапу ҳарфҳоеро, ки солҳост, рӯшанфикрони асили миллат дар Тоҷикистон мегӯянду менависанд. Аммо гӯши шунавое дар ҳукумати вақт нест!

Огоҳони ҳол дар Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмонов ин гуна ҳиммату ҷавонмардиро мунтазир нестанд, аммо мардум, хоса хешовандони зиндониён ва гоҳе худи зиндониҳо умед мекунанд…

«Аммо ҳайҳот. Ҳеҷ яке аз зиндониҳои сиёсӣ, ҳеҷ яке аз шахсиятҳои муътабар ва номдори кишвар, ки бо иттиҳому  томот маҳбус шудаанд, раҳо намешаванд.

Ҳатто муйсафедону аз 70 сола боло ҳам!

Умеду орзуҳои садҳо ҳамсару духтару писару набера шикастанду зери пои беҳиммате рехтанд…

Гиряву нола аз садҳо хонаводаи тоҷик берун нашуд….»

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки то соати қабули Қонуни афв косалесони хони Раҳмонов воҳима мекарданд, ки ҷанобашон бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, ки як рухдоди муҳимми таърихӣ аст,  30.000-ро мавриди “афви тиллоӣ” қарор хоҳад дод.

Аммо маълум шуд, ки чизе зиёдтар аз нисфи ин рақам озод мешудаанду асосан аз шумуори онҳое, ки дар ҳар афви дигар ҳам шомил мешуданд. Ва, умдатан афроде, ки аллакай муҳлати ҷазои худро дар зиндонҳо гузаронида ба муасссисаҳои ислоҳии сукунатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Қиссаи “афви тиллоӣ” афсона шуд.

Қонуни афви Тоҷикистон солҳост, ки тавре таҳия ва қабул мешавад, ки нисбати ҳеҷ як нафари ба истилоҳ зиндонии сиёсӣ татбиқ нагардад.

Ин тарзи қабули қонун на ин ки қонунро ба унвони як санади ҳуқуқӣ беобрӯ карда ва ба як коғази камаҳмият табдил медиҳад, балки инро ҳам рушан мекунад, Раҳмонов ва дору дастааш ҳамоно аз афроде назири Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайид ва дигарон  сахт ҳарос доранд.

«Маълум аст, ки ин нафарон муртакиби кадом ҷурму ҷинояте нашудаанд. Гуноҳи онҳо ин аст  ки зидди мансабпарастиву қудратхоҳии якумрии  Раҳмонов қад алам кардаанд ё гуфтаанд,ки вориди сиёсат мешаванд.»

Искандаров 50 сол дошт, ки ба зиндон кашонида шуд. Инҷо моҷарои овардани ӯ, қиссаи ошкоршудани рабуданаш аз Маскав ва ҳукми Додгоҳи Страсбургро намегӯем. Вале ёдовар мешавем, ки чиро  Раҳмонов ӯро зиндонӣ кард ва бо зиндонӣ кардани ӯ чи тавр аз як рақиби билқувва халос хӯрд?

Искандаров ва ҳизби демократи ӯ соли 2003 баргузории референдум барои Қонуни асосиро бойкот эълон кард.

Худи ҳамон сол ва соли баъдиаш мубтакири ташкили Эътилофи сиёсии нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон шуд.

«ҲХДТ-и Эмомалӣ Раҳмонов тани танҳо ва яккамахав шуд. Зерои зери сақфи ин Эътилоф ҳама аҳзоб: коммунистҳо, наҳзатиҳо, демократҳо, сосиалистҳо ва сот сиал-демократҳо шомил шуданд. Ин амал як мушти сахт ва даъвои сатҳи миллӣ буд.»

Вай барои ҳабсу зиндонии Искандаров, дигар диранг накард. Ҳатто имкон надод, ки ба интихоботи парлумонӣ бирасад, чи расад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки Искандаров эълон дошт, номзади ин интихобот мешавад. Ӯро бо иттиҳоми бофта зиндонӣ карданду чанде аз дигар сиёсиёнро тарсонид ва чандеро ҳам моили худ кард.

Дар интихоботи соли 2006 ӯ дигар рақиб надошт. Рақибони эҳтимолӣ аз ҳамсафони худаш аз тарс қавлу қасами садоқат мехӯрданду обрӯяшон дар ҷомеа ба сифр баробар шудан мегирифт.

Интихоботи соли 2013 шуруъ нашуда, ки Зайд Саийд

бо ҳизби «Тоҷикистони нав» рӯи саҳнаи сиёсат омад, моҳе чанд баъд зиндонӣ шуд.

Раҳмонов новобаста аз он ки ин ҳама қудрати сиёсиву ваколатҳои беҳадду марзро дар даст дошт, боз ҳам аз  одитарин даъво ва даъвогари курсии раёсати ҷумҳурӣ мисли барги бед ларзид. Зеро хуб медонист, ки то ин дам фақат бо тақаллуб ва фиреб курсии қудратро дар даст доштааст.

Ин аст, ки ӯ ҳич бор дар Тоҷикистон интихоботи озод баргузор накардааст ва ба мардум ҳаққи интихоб кардани роҳбари давлаташонро қоил нест.

Аз ҳамон интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 то соли 2020 тамоми маъракаҳо саҳнасозӣ ба хотири як артист будаанд. Мардуми Тоҷикистон Раҳмоновро ягон бор интихоб накардаанд. Ин факти торихӣ аст, ки солҳо баъд низ собит хоҳад шуд.

Ин ҳама аз он далолат мекунад, ки ӯ аз ҳар нафари мустақил ва даъвои сиёсӣ дошта метарсаду ба мардуми Тоҷикистон бовар надорад! Ҳамин аст, ки мехоҳад бераҳмияшро дар баробари ҳар рақиби асливу тахминӣ мардум бидонанд!

«Сабаби асосии Қонуни афвро маҳдуд ва танг қабул кардан низ ҳамин аст. Танҳо ва танҳо барои ҳамин ӯ намегузорад, ки афродеро назири Искандаров, З.Сайид , Б.Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ озод кунанд.»

Мехоҳад, ки ҳама битарсанд ва дар  интихобот ширкат накунанд. Ӯ медонад, ки дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ ба ӯву писараш мардум  овоз намедиҳанд. Зеро аз ӯву Оилааш хаста шудаанд. Асоси стротежии ӯ тарс додани мардуми тоҷик аст. Вагарна медонад, ки он чанд зиндонии сиёсӣ, ки аслан муйсафедонанд, хатаре барои ӯ надоранд.

«Худ қазоват кунед, ки  шояд бори чандум бошад, ки Созмони милали муттаҳид аз Раҳмонов даъват мекунад, ки зиндониҳои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро раҳо созад чун онҳо бегуноҳ зиндон шудаанд, аммо Раҳмонов ин талабро нодида мегирад.»

Раҳмонов ин шабурӯзҳо худро ҳомии тоҷикони Афғонистон  ҷилва дода аз созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар талаб дорад, ки мутаваҷҷеҳи ҳоли онҳо бошанд. Аммо чаро ба ин талаби СММ беэътиноӣ мекунад?!

Инҷо ҷоиз донистем  талаби СММ-ро айнан биёварем:

«Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) уҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Бино ба хулосаи СММ, «хеле рӯшан аст, ки… заминаи боздошт ва баъдан зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар асл истифода бурдани онҳо аз ҳаққашон ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст».

Гуруҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи 11 узви ҲНИТ-ро озод кунад. Бо петитсия ба гуруҳи кории СММ аз номи 11 раҳбари дар тирамоҳи соли 2015 боздоштшуда ва сипас ба солҳои тӯлонии зиндон (аз ҷумла ба ҳабси умрбод) маҳкумшудаи ҲНИТ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom Now ва ҳуқуқдонҳои ширкати байналмилалии ҳуқуқии “Hogan Lovells” муроҷиат карда буданд. Петитсия ба Созмони милал аз номи  аъзои зерини ҲНИТ ироа шуда буд: Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматулло Раҷаб, Зубайдулло Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдулқаҳҳор Давлатов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Шариф Набиев ва Абдусамат Ғайратов».

Талаби рушан! Иҷрошуданӣ! Ва ба фоидаи имиҷи ӯ. Вале онро нодида мегирад.

Чаро?

Зеро метарсад? Не-не!

Дигаронро, мардумро, халқашро МЕ-ТАР-СO-НАД!

Ҳоло дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон одамони бегуноҳи зиёдеро бо иттиҳоми «ихвонӣ», «салафӣ», ”таблиғӣ» ва амсоли ин бандӣ кардаанд.  Аммо ҳатто як нафарро барои он ки ба “Шоҳидони Яҳво” байъат кард,  дини «баҳоӣ» қабул кард ва ё ба мисли ин зиндонӣ накардаанд. Чаро?

Чунки Раҳмонов танҳо аз Ислому мусалмонон сахт бим дорад ва тамоми ин ҳама солҳо, ки сари қудрат ҳаст, маҳз зидди ислом муборизаи бе амон кардаааст ва аз қудрати давлат барои саркӯбии диндорон сӯиистифода кардааст. Зеро медонад, ки Ислом ин мардумро ба ҳам меорад. Ба ҳам омадани мардум ба фоидаи ӯ нест. Ин аст, ки тухми нифоқ мекорад, ҳол он ки бояд ғамхори кулли миллат бошад. Бо ин қадар давлату сарват аз худ ҷавонмардиву ҳиммат нишон диҳад, вале намекунад. Ҳатто дар баробари писари Сангак Сафарови кушташуда, ки сабаби сари қудрат омадани як директори совхоз шуд. Директоре, ки ҳамагӣ 1 солу даҳ моҳ роҳбари хоҷагӣ кор кардаасту 10 рӯз раиси Кулоб будааст.

На рӯи хотири апаи Давлатмоҳро медонаду на хизматҳои падари Гулҷаҳону Наргисро қадр мекунад.

Барои иҷрои ин кор, барои қабули афве, ки ҳамаро ба ҷуз таҷовузгарону қотилони ашаддӣ фаро гирад, тарбиятдидаву таҳсилкарда ва огоҳ аз одоби ҷавонмардӣ ва хулқи айёрон бояд буд. Шахсе бояд буд, ки ба худаш, мақому мардумаш  бовар ва имон дошта бошад. Бачаи кампири Марямбӣ дар ҳафтод рафта, имрӯз ё пагоҳ худ соҳиби абераву чабера мешавад, вале ин ҳамаро надорад!

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки 18 сол боз дар кунҷи зиндон аст.  Як марди 50-сола буд, ки инак ба ба хонаи 70 медарояд. Вале боз ҳам ноумед аст. Хонаводааш парешону модараш дар ҳасрати писар даргузашт.

Ҳамин аҳволро хонаводаи Зайд Сайди хушному хуштарбия низ доранд. Ҳатто хонаҳои бастагонаш дар деҳот бо шумули хонаи падарашро  мусодира доранд.

Аҳволи наздикону бастагони  аъзои Раёсати Олии ҲНИТ низ ҳамчунон аст.Зубайдулло Розиқи 80 соларо зиндонӣ кард, дилаш хунук нашуд,омаду писари ҷавонашро ҳам бурду шинонд.

Эшони Қиёмиддинро дар зиндон куштанд. Ду писарашро ба солҳои тулонӣ зиндонӣ карданд ва ҳоло саввумашро ҳам дастгир кардаанд.

Мардум! Мутмаин бошед, ки Раҳмонов на дар фикри тоҷикони Афғонистон аст ва на тоҷикони Тоҷикистон.

Вай танҳо дар фикри он аст ки чи гуна Рустамро дар ҷойи худ овараду сарвату ҷоҳу ҷалолашонро ҳифз кунанд. Бо тарс додани мардум ва истифода аз имконоти давлат. Давлати ҳамаи мову шумо!

Ҳамин аст, ки “афви тиллоӣ”-и рекломкардаашон ҳатто миссиву алюминӣ набудааст, ки балки куҳнаи зангзада. Мисли ҳамон афвҳои қаблияш, ки барои пулкоркунианд.

Ps:  Миллат ва хонаводаҳои зиндониёни бе гуноҳи дар зиндон буда ҳаргиз ин зулми ӯро фаромӯш нхоҳанд кард. Бори дигар такрор мекунам,ки Раҳмонов гуфта буд: “ як афве мекунем ки таьрихи истиклолиятда нашуда буд.”

Аммо  ҳозир бошад лоихаш бромад ва порлумон онро тасдиқ намуд вале  аз ин афви Рҳмонов,то ин дафъа бадтаринаш нашуда буд. Тибқи иттилооте ба “Ислоҳ” расида аз манбаъи муътамад ҳоло хам пас аз қабули ин лоиҳа ва тақдим ба “Пешво”  ӯ имзо накардаст. Гуфта будааст: “ мухолифони сиёсати маара ҳоло ҷошон созаи монен бошанд дар зиндон  пас аз ШОС як фикр мекунем ва  имзош мекунам”

Бо тамоми сароҳат ва ҳисси инсоният ва шаҳрвандиям ба Раҳмонов инро мегуям: “Раҳмонов пас аз хондани ин матлаб имшаб якбор барои панҷ дақиқа фикр кун. Худат ва ё Рустам, Озода ва ё набераю духтаронат дар зиндон қарор медоштед ва боз пас аз 6 , 10 ва ё 18 сол будан дар он, чӣ орзӯ мекардед?. Ана ҳамон орзуе мекардед дар зиндон онро барои ин зиндониёни бе гуноҳ амалӣ намоед. Дунё ва ҳоли ин дунё тез тағйир хуранда аст ва ҳар коре карди ҷавобашро дар дунё пеш аз марг хоҳи дид!”

Дар охир ин шеъри Хоҷа Ҳофизи Шерозиро тақдим ба зиндониёни бегуноҳ ва хонаводаҳои онҳо менамоям. Ҳаргиз маъюс ва дилтанг набошед, Ин шо Аллоҳ Ҳар шом ки ояд зи паси ӯ саҳаре ҳаст.

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Қанъон, ғам махӯр.

Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.

Ай дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.

Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман

Чатри гул бар сар кашӣ, ай мурғи хушхон, ғам махӯр.

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доимо яксон набошад ҳоли даврон, ғам махӯр.

Ҳон машав навмед, чун воқиф найӣ аз сирри ғайб

Бошад андар парда бозиҳои пинҳон , ғам махӯр.

Ай дил, ар сейли фано бунёди ҳастӣ барканад,

Чун туро Нӯҳ аст киштибон зи тӯфон, ғам махӯр.

Дар биёбон гар ба шавқи Қаъба ҳоҷӣ зад қадам,

Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр.

Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,

Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.

Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,

Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр.

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуъову дарс Қуръон, ғам махӯр.

Сообщение “Афви зангбаста” ба ҷои “Афви тиллоӣ” появились сначала на ISLOH.net.

Бузургмеҳр Ёров – шаҳрванд ва посдори озодӣ
Муфаттиши Прокуратура,

Шогирди Ойниҳол Бобоназарова,

Ҳамнишини Раҳматилло Зойиров,

Писари нависанда Равшани Ёрмуҳаммад ва Модаре, ки мегӯяд “Писарам бояд барои мардум бо баҳои зиндонӣ шудан ҳам бошад мубориза барад”.

Адвокати Таҳмина Раҳмоноваю Ғаффор Седой Мирзоев.

Дӯсти рӯзноманигорони тоҷик ва ҳам Корбудкуни садҳо камбағалу нодор  аз 4 — и субҳ то соати 1- и шаб…

Падари … фарзанду ёри беминнати зиндониёни тоҷик дар ҳамин шабу рӯзи куруно.

Ин ҳама сифатҳои як тананд!

Сифатҳои як тоҷик ва ҳоҷии ҳарамайн!

Ин Шаҳрванд ва Посдори аслии Озодии Тоҷик

Бузургмеҳр Ёров ном дорад.

Номе, ки акнун ҷаҳони мутамаддин шинохтаву зиндонии сиёсияш хондааст!

Имрӯз намои тоҷики номусдору мардумдӯст 50 сола мешавад!

Соли шашум аст ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои тоҷик, роҳбари собиқи Коллегияи адвокатҳои «Сипар» рӯзи таваллуди худро дар зиндон сипарӣ мекунад.

Дар ин муддате, ки ӯ дар банди режими Эмомалӣ Раҳмонов қарор дорад тамоми созмону ташкилоти ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ  аз қабили Афви байналмилал, Кумитаи  Ҳелсинкии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, Дидабони ҳуқуқи башар, созмони  Мемориал, Хонаи озодӣ ва даҳҳои дигар боздошту ҳабси ӯро маҳкум карда ва озодии бидуни қайду шарти ӯро аз мақомоти тоҷик тақозо кардаанд.

Созмони милали муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико низ маҳкумияти ин адвокати маъруфи тоҷикро як амали сиёсӣ хонда ва ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки ҳукми ӯро бозбинӣ ва озодии ӯро таъмин намояд.

Вале чуноне мебинем, ҳанӯз ҳам ин вакили дифои хушноми тоҷик пушти милаҳои зиндон қарор дорад.

Агарчи ному корномаи ӯ дар тамоми олам маъруфу маҳшур гаштаасту ӯ барандаи ҷоизаи байнулмилалии Homo Homini  яке аз муътабартарин ҷоизаҳои аврупоӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар ҷумҳурии Чех дар соли 2020 шудааст, аммо ӯ ҳамоно бегуноҳ зиндонист. Бо ҳукми 23 соли зиндони золим!

Дар ҳоле, ки аз 29 соли ҳукми зиндони ин адвокати хушноми тоҷик дар соли 2019 шаш соли он дар пайи афви коҳиш ёфт,  ӯ ба ҳайси намод ва рамзи муқовимат алайҳи бесалоҳиятӣ ва ҳамоқати мақомост, хоса ВКД ва Прокуратураи генералӣ дархости мақомот барои хостани узр ва пузиш аз Раҳмонов бар ивази озодиро рад мекунад.

Вай, ки чанде аз иттиҳомоташ ҳам барои таҳқири президент  мебошад, завлона ва гушаи зиндонро, азобу заҷру ҳирмонро болотар аз узрхоҳӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов, як диктатори худкома донист, ки тайи сӣ сол мешавад, ки ҳокимият дар Тоҷикистонро дар қабзаи худ нигаҳ доштааст.

Бузургмеҳр Ёров бе баҳс зиндонии сиёсии як хонавода ва хизматгорони он, назири Рамазон Раҳим ба ҳисоб меравад, ки дер ё зуд бошарафона озод хоҳад шуд. Зеро ҳич гуноҳе надоштааст, балки барои рисолати касбӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони тоҷик пушти панҷараи зиндон равона шудааст.

Имрӯзҳо низ Ҳоҷӣ Бузургмеҳр, ки ҳамвора барои адолат ва ҳақиқат талош карда ва дар бештарин парвандаҳои шахсиятҳои машҳури кишвар ширкат доштааст, дар хизмати зиндониён аст ва гоҳ- гоҳе сару садоҳои аз талошҳои ӯ барои дигарон ба гӯши озодихоҳон мерасад.

Бузургмеҳр Ёров ҳанӯз дар парвандаи Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, бародарон Тураҷонзодаҳо, Зайд Сайидов бо мақомоти тафтишотиву додгоҳии Тоҷикистон сарбасар зада камбуд ва навоқиси ҳам тафтишот ва ҳам додгоҳҳоро ошкоро баён доштааст. Ӯ буд, ки муҳтавои аксари ин қазияҳо ба мардум мерасид, вагарна мақомот мехостанд хуфӣ амал кунанду рози зулму бедодияшонро пинҳон созанд.

Ин Бузургмеҳр Ёров буд, ки дар соли 2012 Ҳасан Асадуллозода маҷбур шуд баъди 9 соли баҳсу баррасиҳо 100.000 доллари мудири ширкати «Бахт» дар вилояти Суғдро бозгардонад. Касе бовар намекард, ки додгоҳ дар Тоҷикистон муқобили Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов ҳукм содир мекунад ва ӯро водор месозад, ки пули ин тоҷирро баргардонад. Вале пофишории Бузургмеҳр Ёров буд, ки Ҳасан Асадуллозода ночор шуд маблағҳои Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати «Бахт»-ро баъди 9 сол бозгардонад ва иқрор ва эътироф кунад, ки ба иштибоҳ роҳ додааст. Бузургмеҳр Ёров ва муваккили вай, ки баъдан ӯ низ адввокат шуд ва ҳоло  ӯ ҳам дар зиндон ба сар мебарад, он замон як қисме аз ин пулро барои зиёрати хонаи Худо сарф карданд ва дар ин кор ба онҳо ҷониби муттаҳам мусоидат карда буд.

Мавқеи иҷтимоиву сиёсии Бузургмеҳр Ёров  барои мақомдорони тоҷик сахт номаъқул буд. Хоса талошҳои ӯ барои муқовимат бо мафияи уйғурӣ, ки бозорҳои колофурӯшии Бишкеку Хуҷанду Душанберо зери по карда буданду дар Тоҷикистон аз ҷониби домоди президент Махмадзойир Соҳибов ва навкари ӯ Рамазон Раҳимов пуштибонӣ мешуданд. Хонандаи ҳушманд қиссаи издивоҷи уйғури 50 сола ва духтараки 12 солаи шаҳритузиро хуб дар ёд доранд, ки никоҳашон дар аз хонаи собиқ раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов иҷорагирифта анҷом дода шуда буд. Ҳабси Матраимов дар Бишкек ва куштори корманди ӯ дар Истамбули Туркия шохаҳои ҳамин қисса мебошанд, ки дер ё зуд расонаӣ хоҳанд шуд.

Чун Бузургмеҳр Ёров  барои  барқарории адолат миёни шарикони тиҷорӣ дар ин гуруҳҳо талош мекарду ҳуқуқҳои як тоҷири тоҷикро ҳимоя ва ҳам дар қазияи бозори Шаҳритус зидди манфиатҳои Муҳибулло Асадуллозодаи таҷовузгар аз моликони асосии бозор Баҳром … ва Мунаввара намояндагии ҳуқуқӣ мекард,  ба қарор омаданд, ки ӯро ба ҳар баҳонае набошад, зиндонӣ кунанд. Ва ин кори дасти Рамазон Раҳим буд, ки супориши Маҳмадзойир Соҳибовро иҷро мекард.

Нафаре, ки худро подшоҳи Қурғонтеппа медонисту акнун даъвои болотар ҳам дорад.

Замоне,ки ба қонуни адвокатҳо тағйирот ворид карда озодӣ ва ихтиёроти адвокатҳоро аз байн бурданд, яъне акнун адвокатҳо мебоист барои машруияти кори худ аз имтиҳони вазорати адлия гузашта ва танҳо баъди гирифтани шаҳодатнома ва ё муҷаввизи ин вазорат ҳуқуқи корро пайдо мекарданд, зери тозиёнаи шадиди танқид кашида давлатро дар таҳти назорат гирифтани фаъолияти адвокатҳо муттҳам кард. Акнун ӯ ҳамчун як чеҳра ва шахсияти ҷамъиятӣ барои дигар мақомоти тоҷик низ нафари нохушоянд шуд.

Аммо вақте ӯ ошкоро муқобили маҷро рафт ва барои боздошшудаҳои ҲНИТ, ки Раҳмонов ва мақомоташ  дар анҷоми кудетои давлатӣ шарик ҳисобид, довталабона адвокат шуд, баҳонае хубе гашт барои ҳабсу муҷозоти сахти ӯ аз ҷониби ҳукумат. Душманону бадхоҳони Ёрови саркаш аз вазъ истифода бурданд, то ӯро душмани давлат муаррифӣ кунанд, ҳол он ки ӯ пуштибони қонуну таблиғгари қонунмандӣ буд.

Бузургмеҳр Ёров баъди нахустин дидораш бо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, ки ҳоло ҳукми абад гирифтааст, баромаду ба рағми дӯғу дағдағаи тафтишот ба хабарнигорон тамоми воқеиятро аз забони домулло  Ҳусайнӣ ба мардум гуфт. Маълум шуд, ки Ҳусайниро аз ҳавопаймо берун кашидаанд ва барояш то пости вазирӣ пешниҳод намудаанд, то ки бар зидди ҲНИТ ва раиси он суҳбат кунад.

Ҷомеаъ аз асли кор то ҷое огоҳ шуду  Бузургмеҳр Ёровро рӯзи 28 сентябри соли 2015 ба бинои Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи ВКД даъват ва худи ҳамонҷо дастгир карданд.

Дар қиболи ин вакили мудофеъ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Тибқи нишондоди моддаҳои мазкур, ба ашхосе, ки ба қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам мешаванд, аз 2 то 3 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо ин ду ва се сол фурсате ва муҳлате набуд, ки Ёров бишинаду боз барояд. Ӯро бояд тавре шинонд, ки солҳо дар зиндон бимонад.

Бузургмеҳр Ёров, ки медонист ин фошкориҳо барояш дардисарсоз хоҳад буд аммо виҷдон ва имонашро нафурӯхт. Воқеиятро тибқи талаботи қонун баён кард.

Баъд аз он ки ӯро дастгир карданд барояш ҳазору як айбу иттиҳоми нав бастанд. Як парвандаи дурӯғиеро тайёр карданду барояш бисту анд сол доданд ва дертар дар даруни худи додгоҳ низ боз барои таҳқири президент айби нав бор карданд. Қиссаи бофтаи “Таҳқири президент” аллакай кори дасти прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон буд, ки мехост ба Озода Раҳмон наздиктар шаваду худро саги вафодори ӯ муаррифӣ кунад. Вале дарди сари зиёде ба “Раиса”-ву падараш овард, ки акнун барои онҳо низ возеҳ шудаасту “сари кафида таги тоқӣ” мегӯянд.

Ба ин тариқ Бузургмеҳр Ёровро бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карданду Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои «таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент» 5 соли дигар изофа кард. Соли 2019 бар асоси Қонуни авф ончуноне тазаккур додем ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд. Аммо ин ҳама фишори байналхалқӣ сари ҳукуматро кам накард.

Ахиран Анҷумани адвокатҳои ҷиноии Итолиё Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷикро зери ҳимояи худ қарор додаст. Дар як баёнияе, ки ин созмон моҳи пеш содир кард гуфта мешавад,ки “Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон ҳамчун вакили мудофеи зери хатар дониста мешавад. Ин тарҳ аз ҷониби Анҷумани вакилони ҷиноии Итолиё роҳандозӣ ва ҳимоят мегардад”, — омадааст дар ин гузориши кӯтоҳ.

Ба ин тартиб, номи ин сафедкунанда-адвокати маъруфи тоҷик, ки дар қораи Аврупо  беш аз пеш маъруфият касб мекунад, ба ҳамон андоза чеҳраи шум ва симои ваҳшиёнаи режими диктотури Раҳмоновро  ба ҷаҳониён шиностар мекунад.

Мо, ба ин родмарди зиндонӣ, рамзи мубориза ва муқовимат, соҳиби виҷдону имони росих рӯзи мавлудашро табрик мегӯем.

Ман пешниҳод менамоям,ки рӯзи 9 уми июлро “Рӯзи адвокатҳои бегуноҳи зиндонӣ” эълом намоем.То бо ин баҳона тавонем ҳама вакилони дифоъе, ки худашон ба дифоъ ва озодӣ ниёз доранд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Чун,ки ба мисли Бузргмеҳр даҳҳо вакилони дифоъи дигаре дар зиндон дорем, ки маҳз ба хотири ин вазифаи пуршарафашон мавриди таъарруз ва зиндонӣ шуданашон шудааст. Масалан адвокати Зайд Сайидовро дидем ба чи ҳол оварданд? Барои ин,ки  Исҳоқ Табаров ҳимоятгари Зайд Сайидов буд писараш Фирӯз Табарови 27 соларо бо иттиҳоми  «зархаридӣ» ва «даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон« ба 13,5 сол зиндонӣ карданд. Писари дигари ин адвокат Далер Табаровро  додгоҳ бо иттиҳоми “хабар надодан” ба шаш моҳ равонаи зиндон кард. Пас аз ин фишорҳои пай дар пайи мақомот Исҳоқ Табаров дар синни 61 солагӣ бо сактаи қалбӣ вафот кард. Адвокати фархорӣ Абдумаҷид Ризоев барои як шеъри ҳикматгӯна навиштан дар фейсбук ба панҷунимсол зиндон ҳукм намуд….

Ин аст бархурди ҳукумати хонаводагӣ ба Қонуни асосии кишвар!

Ин аст муносибати ҳукумати як Оилаи гушначашм ба инсонҳо ва шаҳрвандони қонунманд!

Ин аст зулм бар мардум ва афроде, ки аз дардҳои мардуми Тоҷикистон мегӯянд!

Аз ин бедодгариҳо бояд гуфт, то мардум бидонанду тақдири ҷомеаи худро ба даст бигиранд!

Озодӣ ба Бузургмеҳр Ёров!

Озодӣ ба Нуриддин Маҳкамов!

Озоди ба Абдумаҷид Ризоев!

Озодӣ ба кулли афроде, ки аз дасти режим зиндонӣ шудаанд!

Сообщение Бузургмеҳр Ёров – шаҳрванд ва посдори озодӣ появились сначала на ISLOH.net.