Архивы Далери Имомалӣ - ISLOH.net

Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ»
Имрӯз -11 март, рӯзноманигорони Тоҷикистон иди касбии худ, Рӯзи матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд. Ҷойи аввалу, ҷойи дуввуму ҷойи саввумро таъйину ташхис мекунанд, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон медоранд. Яъне кору амалеро, ки ҳар солу ҳамасол иҷро мекунанд. Аммо савол инҷост, ки аз ин сол то ба соли дигар матбуоти тоҷик ва рӯзноманигорони он рушду пешравӣ доштаанд, шумораи нашрияҳову радиои телевизион афзудааст, нақши васоити ахбори омма дар ҳаёти кишвар тақвият ёфтааст, хуллас, журналистикаи тоҷик дар чи вазъу ҳолат қарор дорад?

Бо камоли таассуф наметавонам бигӯям, ки «бале, ҳама о,кей аст», журналистика ва журналистони тоҷик қишри бисёр ҳам бонуфуз ва муассири ҷомеи кишвар мебошанд, ҳарфу гуфтори онҳо шунида мешавад, нақши онҳо дар рафъу бартарафсозии навоқис ва камбуди ҷомеа хеле ҳам назаррас ва калон аст.

Шумо, худо шоҳид аст, аз онки аз деҳаҳои дурдаст, аз шаҳрҳои кишвар барои «Ислоҳ» номаҳо менависанд, шикоят ва арзу дод мекунанд, бовар кунед, хушҳолу хурсанд нестам. На, ин тавр, ки барои мо нанависанд, беҳтар аст, на, ин тавр нест. Бигзор барои мо бештару бештар бинависанд. Чунки ҳар як нома ва ҳар як арзу шикояти мардум, ки ба «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқбол меояд, тире аст ки ҷигари Раҳмонов ва дорудастаи вайро шикоф ва сӯрох мекунад. Онҳо, аз шиддати, аз як сӯ рашку ҳасодат, ки чаро мардум ба мо муроҷиат мекунад, дар оташ месӯзанд, аз тарафи дигар, аз бими онки ҳамарӯза шумори муроҷеъин ба мо дар ҳоли зиёдшавист, талхакаф мешаванд.

Аммо, мо инҷо ҳамчун як ҳаракати иҷтимоӣ ва нерӯи сиёсӣ ҳузур ва зуҳур дорем. «Ислоҳ» ҳам, агарчи расона ва воситаи ахбори омма аст, вале миссия ва рисолати он бо як нашрия ва расонаи маъмулӣ тафовут дорад. Ана аз ҳамин манзар ва ана барои ҳамин гуфта истодаам, ки хушҳолу хурсанд нестам. Хушҳолу хурсанд нестам барои онки мардум ва ҷомеаи кишвар дар дохили мамлакат як нашрия ва як расонае наметавонад пайдо кунад, ки арзу шикояташро нашр кунад ва ба гӯши мақомот ва масъулин бирасонад. Барои ҳамин аст ки  ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунанд ва менависанд. Ва «Ислоҳ» танҳо ба расонае табдил шудааст, ки ҳамроҳи мардум ва дар канори мардум аст ва бо ифшову изҳори шикоёти мардум мақомот ва масъулинро водор мекунад, ки пайи шунуфту расидагии ин шикоятҳо бошанд. Ҳадафи ташкил ва роҳандозии барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҳам ҳамин ҳамроҳӣ бо мардум аст. Агарчи мо медонем, барои мардум навиштан ба «Ислоҳ» сахту гарон меафтад, рисолати матбуотро бар ӯҳда гирифтаем.

Дар ҳоле, ки ин ҳама шикоят, ки аксарияти мутлақи онҳо ҷанбаъи иҷтимоӣ  доранд боястӣ дар матбуоти дохили кишвар нашру чоп шаванд ва матбуоти кишвар ҳамгому ҳамроҳи ҷомеа бошад. Маъаласаф, ки ин тавр нест, балки журналистони тоҷик рӯзи иди касбиашонро дар вазъияте таҷлил мекунанд, ки ҷони зинда ва солим дар майдони матбуот дар Тоҷикистон намондааст.

Ин режими нобакор ҳанӯз аз оғози фаъолияташ бо матбуот ва журналистика мушкил дошт ва бархӯрди хасмона ва хушунатомез мекард. Инҳо (ин «инҳо» ҳамин режим аст) омаданду журналистика дар Тоҷикистон мисли соири аркони ҷомеаи мардумсолор ва маданӣ маҳву нопадид гардид. Нашрияҳои озоде назири  “Сухан”,“Растохез”(Дунё),”Адолат”, “Наҷот”“Чароғи рӯз”, “Минбари ислом” ”Ҳафтганҷ”,“Ҷоми ҷам”,ки дар кишвар то омадан  «инҳо» фаъолият мекарданд аз байн рафтанд.

Инҳо даҳҳо хабарнигорро куштанд, зиндонӣ ва  фирорӣ карданд ва ин корашон ва ин тарзи муносибаташон то ба имрӯз идома дорад, тағйир накардааст.

Солҳои баъд журналистони тоҷик боз ҳам нашрияҳое ҳамчун  “Нерӯи Сухан”,”Оламу одам”ва“Рӯзи нав”  таъсису ташкил доданд. Дертар дар арсаи матбуот «Миллат», «Фараж» “Нигоҳ”, ва  “Озодагон”  қадам ниҳоданд.

Аммо «хиради азалӣ»-и  «пешвои миллат», пешвои худхонда (самозванетс») тобу таҳаммул накард ва  ҳамаро яксара қатъ намуд. Ва ҳоло даҳҳо тан аз хабарнигорони беҳтарини ин миллат дар дори ғурбат ва берун аз ватан ба сар мебаранд. Онҳо паноҳандаанд.

Ва чандин нафар аз журналистони тоҷик ба шумули Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов,  Хушом Ғулом,   Далери Имомалӣ,  Улфатхоним Мамадшоева ва ахиран Аҳмади Иброҳим аз 7у 10 то ба 20 сол зиндонӣ шудаанд.

Бале, ҳар фарди огоҳ ва бедордили ҷомеаи Тоҷикистон аз муносибату муомилаи Раҳмонов бо матбуот воқиф аст ва медонад, ки ин режим бо онки бо дуздиву ғорати мардум машғул аст, ҳиҷ намехоҳад, ки хабаре аз он ба берун дарз кунад. Муносибати дастандаркорони бахши идеологии он бо «Ислоҳ» дар ин чанд соле, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият дорем борҳо тағйир кард. Аз ҳамон оғоз то ба имрӯз талош доранд, ки муассис ва роҳбари он, ман Муҳаммадиқболи Садриддинро дастгир кунанд ва баранду зиндон кунанд. Аммо, як чизро бояд бидонанд, ки бо ҳатто ба ҳадаф расиданашон, ки ин шо Аллоҳ нахоҳанд расид, боз яке чун ман ва шояд даҳҳо ва садҳое чун ман вориди корзор мешаванд.

Дар ҳамин ду-се соли ахир фабрикаи ҷавоб бо усулу методҳои мутааддид талош кард, ки моро биуфтонад. Як вақт буд, ки солҳои 2022-2023 аз мақомоти ҷамоату ноҳияву шаҳру дигару дигар ба барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ворид шуда ҳамлаҳои густардаеро алайҳи мо шурӯъ карданд. Аммо яке кадом ақлакаш фаҳмонд, ки шумо ин корро накунед, чун бо дастони худатон онҳоро бузургу барҷаста карда истодаед ва ҳамзамон фабрикаи ҷавоб ҳам шабурӯз маводи бадномкунанда чоп мекард.

Яке буд, ки комилан хапу хомӯш шуданд. Гӯё дигар «Ислоҳ»-е вуҷуд надорад. Аммо боз ба ин натиҷа расиданд, ки на, набояд бепосух гузошт ва ҳоло аз соли гузашта ба ин тараф боз ҳам матолибу маводи бадномкунанда зидди «Ислоҳ» ва муассиси онро ҳамарӯза нашру пахш карда истодаанд.

Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки дуздро то дузд нагӯӣ ва нашиносонӣ, номаълуму ноаён боқӣ мемонад. Ҳоло «Ислоҳ» аст ки ин дуздро пайваста мегӯяд, ин дурӯғро ифшо ва ошкор мекунад.

Аммо, боз ҳам мегӯям, ки матбуоти дохилӣ, нашрияҳои Тоҷикистон ҳадди ақал аз ифшову бозтоби камбудиҳои иҷтимоӣ, ки ба Раҳмонов ва оилаи вай муртабит нест, масалан ба домсоз марбут аст, масалан ба беморхона марбут аст, масалан ба мактаб марбут аст иҷтиноб наварзанд. Вагарна аз будани онҳо чи суд? Беш аз пеш хонанда ва майдони худро аз даст медиҳанд.  Нороҳатӣ, норозигӣ ва нигарониҳои мардумро бояд бигӯянд. Мо намегӯем ва исрор намеварзем, ки барои мисол Абдулло Роҳнамо, ки Раҳмоновро тавсиф карда метавонад чаро танқид карда наметавонад? Дар вақташ матбуот Қаҳҳор Маҳкамовро танқид мекард, Раҳмон Набиевро танқид мекард, чаро ҳоло фақат таъриф мекунад. Роҳнамо ҳозир сармуҳаррири нашрия аст. Бигзор танқид ҳам кунад.

Масалан мушкили мусофирбарӣ дар Душанберо магар гуфтан мамнӯъ аст. Мо мавзӯъҳои табу барои матбуоти тоҷикро медонем. Бигзор онро дар ихтиёри мо гузоред.

Мо, аз фашҳу фаҳшои духтарҳояш ҳам мегӯем аз домодҳояш ҳам мегӯем аз Муҳибулло номард бошаму зинда бошам, аз Ҳасани ишкамбаи дузд, аз Шмсулло, аз Зоири наркобарон, хуллас аз онҳо мегӯем ва гуфтанро идома медиҳем. Аммо шумо маслан аз КЖКП, аз хадамоти таксӣ, аз бебарқӣ, аз партову, аз пулгирӣ дар бемористону мактабҳо гӯед, чи мешавад?

Бори дигар гӯшрас мекунам, ки фикр накунед, ки ман хурсанд ё қонеъам, ки аз як ноҳияи дур менависанд ва ба Муҳаммадиқболи Садриддин санову сипос мекунанд, ки «як шумо ҳастед». Ин «як шумо» танҳогии ман фоҷиа аст, ин мусибат аст. Набояд як ману Ислоҳ бошем. Бояд бисёр бошем.

Сукут ва тарсуии мо моро ана ҳамин тавр маҳдуд ва кам кард. Матбуот ба як ҳисобу ба як назар миёнарав миёни ҳукумат ва ҷомеа аст. Ҷомеа ва афкори иҷтимоӣ пуштивона ва тавону иқтидори матбуот аст. Ҳарчи қадар, ки сокит бошем, ҳар чи қадар ки дар мавқеъи Абдулло Роҳнамо биистем болои мо зӯр ва қулдур мешаванд. Набояд гӯшамонро кар, чашмамонро кӯр кунем. Бояд бигӯем. Матбуот бояд бигӯяд

Барои ҳатто ҳамин ҳукумати қулдури иқтидоргаро агар нашрия муҳим ва зарур набуд масҷидро маҷбур намекард, ки обуна бишавад.

Дуруст аст ки матбуотро чашми дидан надорад, аммо матбуотеро, ки Абдулло Роҳнамо бошад истиқбол мекунанд

Шумо, журналистони муҳтарами тоҷик бо нашру дарҷ ва инъикоси масоилу мушкилоти мардум дигарбора ҷойгоҳи аздастрафтаи матбуоти тоҷикро барқарор мекунед.

Бубинед, як нафар, ки барои мо менависад, огоҳ аст ки навиштан барои мо барояш хатарнок аст, аммо хатарро ба ҷон мехарад ва менависад? Чаро? Чунки матбуотро беҳуда ҳокимияти чаҳорум намегӯянд. Он нафар ҳамаҷо рафт, аммо мақсудаш ҳосил нашуд ва омад пеши матбуот.

Оё ҳамин имрӯз дорем ҳамин гуна нашрия ва расона, ки як нафар аз пулгирии кормандони зиндон, аз шароити бади зиндон бинависад, чоп кунад? Инҷо на номи Эмомалӣ, на Азизмо, на Рустам, на Озода, на Рухшона ва на Ҳасану Зоиру дигару дигараш нест, ку? Шумо чоп намекунед ва он нафар ночору ноилоҷ ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунад. Мо дидем ва санҷидем, ки бо вуҷуди онки моро хоин мехонанду Ислоҳро ифротгаро аммо ба навиштаҳои мардум дар сомонаи мо вокуниш мекунанд, расидагӣ мекунанд.

Ростӣ, мо даҳҳову садҳо хабару маълумотҳоро фақат ба хотири онки ба нависанда зарар мерасад, чоп намекунем ва гоҳе дигар ба воқеияти онҳо машкук мешавем ва мутаассифона имкони санҷидани онҳоро на ҳама вақт дорем. Аммо шумо, ки «хоин» нестед, бо шумо ҳамкорӣ «ҷиноят» ҳисоб намешавад, чаро мунташир намекунед?

Ҳамин чанд рӯзи пеш ду хабар дар оҷонсии Ховар хондам. Ва дар тааҷҷуб афтодам.

Якеаш он буд, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи чоруми март ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як конфаронси илмӣ-амалӣ зери унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» доир шудааст ва дар хабар омадааст, ки «Зимни конфронс иброз гардид, ки матбуот яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мегузорад.

Дар хабари дигари ҳамин хабаргузорӣ омадааст, ки Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» конференсия баргузор гардид: «Матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст».

Дар хабари аввал Ховар зикр шудааст, ки  «Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми босазо мегузоранд».

Аммо ҳанӯз ду соли қабл маълум шуда буд, ки ки теъдоди расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дар сад кам шуда, мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум поин рафтааст. Гуфта мешавад, ки адади матбуоти хусусӣ 166 дарсад кам шуда, шумораи онҳо аз 264 дар соли 2021 ба 63 номгӯй дар соли 2024 коҳиш ёфтаааст. Бар хилофи расонаҳои суннатии касбӣ, мухотабони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Хуб, дар соли гузашта ҳам ин шумора боз ҳам коҳиш ёфт. Чаро? Чунки матбуоти даврии Тоҷикистон беш аз гузашта  камҷону камқудрат мешавад, балки ба ҷисми беҷон дорад табдил меёбад.

Ҳамин нишастҳои матбуотии ахири мақомотро як бор назар афканед, ки мақомот бо журналистон чи гуна муносибат карданд. Масалан вазир ба журналист мегӯяд, ки ту як савол додӣ бас ва ё мегӯяд, ки инро аз ман напурс.

Агар ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, барои журналистикаи тоҷик  мешавад марсия бихонд. Набояд гузошт, ки барои мо марсия бинависанд.

Ман мехоҳам, ки ранги «Ислоҳ» даҳҳову садҳо расона амал кунад, ки ҳамроҳу ҳамгоми мардум бошад ва аз ин ҳарфҳо, ки «танҳо шумо мондаед, шуморо ҳамчун умеди охирин ҳисоб кардем», набошад беҳтар аст.

P.S.
Миёни матбуоти тоҷик имрӯз таъсири «Ислоҳ» хеле бузург аст. Инро ҳам хонандагон мебинанд ва ҳам худи мақомот эҳсос мекунанд. Ҳар матлабе, ҳар номае, ки дар «Ислоҳ» нашр мешавад, дар ҷомеа садо медиҳад ва ҳатто онҳое, ки моро танқид мекунанд, маҷбуранд онро бихонанд ва пайгирӣ кунанд.

Аммо мо ростӣ як орзу дорем: мехоҳем «Ислоҳ» дар дохили кишвар амал кунад, на дар хориҷ. Ҷойи табиии як расона ва як минбари озод дар миёни ҷомеаи худ аст, дар дохили кишвар, дар паҳлуи мардум.

Хабарнигор бояд озод бошад, на зиндонӣ. Вақте даҳҳо журналист зиндонӣ ва боқӣ дар муҳоҷирату паноҳандагӣ қарор доранд матбуот чигуна бояд рушд кунад?

Вале то замоне ки низоми ҳозира вуҷуд дорад ва матбуот озод нест, чунин имконият фароҳам намешавад. Барои он ки матбуоти тоҷик воқеан озод бошад ва расонаҳо дар дохили кишвар озодона фаъолият кунанд, пеш аз ҳама бояд ин низом ва сиёсатҳое, ки матбуотро хомӯш кардаанду дар хафақон қарорашон додаанд, тағйир ёбанд.

Он гоҳ на танҳо «Ислоҳ», балки даҳҳо ва садҳо расонаҳои озод метавонанд дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва матбуоти тоҷик дубора ҷойгоҳи ҳақиқии худро дар ҷомеа пайдо намояд.

Сообщение Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№306
Номаи аввали ин шумора хеле ҳам ҷолиб аст. Нома аз як мансабдори ВКД омадааст, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмонов ва олу авлоди вай маълумотҳои нав медиҳад.

Номае, ки аз Леваканд омадааст, аз нафаре аст ки чанд муддат дар як корхонаи хитоӣ кор кардааст. Ин муаллиф мегӯяд, ки хитоиҳо махсус тоҷикҳоро аз ин коргоҳ танг карда бароварда ва ҷойи онҳоро бо мардумони худашон пур карда истодаанд.

Аз Нуробод навиштаанд, ки масҷиди дуввуми деҳаи Самсолиқ-Сафедчашмаи имрӯзаро ҳам мақомоти амният бастанду дар ҷойи он артел кушоданд. Коре, ки режими Раҳмонов дар дигар маҳаллу музофотҳо ҳам анҷом дода истодааст. Кам кардан ва аз байн бурдани масҷидҳо дар саросари кишвар аст.

Ин бор муаллифи доимии мо аз Волгоград як матлаберо аз як расонаи интернетӣ мазмунан нақл карда ва ишораҳои муаллифи он матлабро бозкушоӣ  кардааст. Ин нома шумораи имрӯзаи барномаро ҷамъбаст кардааст:

Данғара

Ассалому алейкум муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири «Ислоҳ.ТВ»

Илтимос, ин номаи маро чоп кунед. Ман, полковник, корманди вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳастам. Аз Данғара.

Дар оғози номаам як масъаларо бароятон равшанӣ андохтаниам. Илтимос, дигар Эмомалӣ Раҳмон нагуед. Номи бобои вай Раҳмон Чақир аст.

Отааш Шариф қизил -Шариф Сурхак дар гаражи Данғара қаровул буд. Раҳмон Чақир гуед, вай бишнавад, сразу дилаш мезанад. Вай таърихи бобогиашро медонад. Мардуми Данғара авлоди Раҳмон Чақирро ҳоло аз ёд набаровардаст. Ному насаби Эмомалӣ Раҳмоновро Бузбонов Бузбон Бузбонович гуед, дуруст мешавад.

Генерал -майор Ёқуб Салимов, вазири корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон

14 сол маҳбуси СИЗОи Раҳмон Ҷақир шуд.

Солҳои 1994 ман лейтенанти хурд будам. Он вақт вазирамон Ёқуб Салимов буд ва дар вақти маҷлисҳои ҳаррӯза, ки мегузаронд ин Раҳмон Чақирро Бузбон гуфта ном мегирифт. Ин гапро на фақат ман мешунавидам, ҳама ҳайати вазорат мешунавид.

Бародар Муҳаммадиқбол! Соли 1994 ба шоҳидии худам Ёқуб Салимов Раҳмон чақирро дар даруни утоқи кориаш бо шапалоқ зада Бузбон «занта фалон мекнм агар бинм я тоҷика зулм мекнӣ» гуфта сахт тарсонида буд.

Ман шоҳидам он вақтҳо ин Ҷаноби олии имрӯза қади ҷонаш метарсид аз Ёқуб Салимов. Дар назди Ёқуб мисли мурғ буд. Баъди аз кор гирифтани Ёқуб ин шерак шуд ва баъд сар кард тоҷиккуширо ва то ҳозира тоҷик мекушад.

Ман полконики ВКД мебошам вале як солдати Шумоям бародар. Шумо ҳаракатҳои хуб доред. Бояд мо сарҷамъ бошем ва ин хунхурро аз сари миллат барканор кунем.

Тамоми ВКД аз ин режим ва аз ин авлоди бешумори беномус безор шудааст.

Ин Раҳмон Чақир як ҷура дошт, Тоҳир Остона мегуфтанд, аз Данғара буд. Вай фақат мегуфт, ин набераи Раҳмон Чақир бачаи Шариф Қизил аз қавми қарлуқ аст. Вале миллати бобоияшро баҷо мекунад, бисёр маккор ва шағол аст, ҳамроҳи ман калон шудагӣ. Аз ёшиаш ҳилаву найрангбозӣ мекард, мегуфт Тоҳир Остона.

Дар соли 1994, дар хонаи генерал- майор Ёқуб Салимов бо Ҷаҳонгир Рӯзиев, раиси Тиллои тоҷик Тоҳир Остона ҳамроҳ бо Ёқуб Салимов шиштагӣ буд. Ёқуб Салимов прикол кард, ки шумо ҷураҳои Бузбон ҳастед ва ҳардуяш хандиданд.

Ин Раҳмон Чақири миллатдузд ҳеҷ гоҳ дилаш намесузад барои миллат. Ҳама ҷойҳои таърихиро дар пойтахт чапа кард. Яъне таърих аз ин миллат намонад . Яъне миллат гуё худаш-Раҳмон Чақир бошад.

Раҳмон Чақир, бишунав, ки ин шо Аллоҳ пирӯзӣ наздик мондааст.

Раҳмон Чақир худаш фаҳмида истодааст, аммо илоҷи дигар надорад. Яъне задний ход надорад.

Фарзандони худашро Раҳмон Чақир дигар ҷамъ карда натавониста истодааст.

Шумори авлод то 10 000 расидааст, дигар як бозори Корвон шудааст. Миллат сер шудааст аз ин ҳаромиҳои бенамоз.

Кори духтарҳояш пушоки бренд харидану пушидан аст. Ҳар кадомеаш дар як моҳ то 100 000$  расход дорад. Аз куҷо баъд свету газ мешавад?

Дар Тоҷикистон баракат ҳам намондаст аз пушти ин авлоди миллатдузди Раҳмон Чақир. Хиёнатҳои ин миллатдузди Раҳмон Чақир ба тамоми тоҷикҳо ва тоҷикистониҳо то банди устухонҳояшон расидааст. Мардум намедонад ояндаи ин миллат чи мешуда бошад.

Кори Раҳмон Чақир дуздӣ, порахӯрӣ, мардумфиребӣ, маккорӣ ва зинокорӣ мебошад.

Раҳмон Чақир дар давоми сивусесоли роҳбариаш тамоми олимҳову зиёиҳоро кушту зиндонӣ ва овораи ватан кард.

Ин гушначашм ба ғайр аз духтарҳову домодҳои расмиву ғайрирасмиаш дигар проблема надорад. Ҳар бегоҳӣ хонааш ранги як бозорча мешавад, ҷамъ мешаванд духтарҳову набераҳояш, дигар проблемаи миллат аз ёдаш мебарояду меравад, то саҳар базму бозӣ ва шоколадҳои Швейцария хурдан аст, баъд аз куҷо газу свету пешравӣ мешавад?

Мо бояд тактикаи партизанскиро омузем, ҳаракатҳои аниқ бояд кунем, то ки ин барзагови Раҳмон Чақир дарди миллатро ба худаш қабул кунад. Ин бояд азоб кашида мурад.

Хиёнатҳои Раҳмон Чақир ба мардуми Кулоб

Соли 2005- 2006 ин маккор дар болои мардуми Кулоб ҷанги хунин, яъне кулоби куширо эълон кард. Ранге, ки болои мардуми Бадахшон кард, тамоми прокурорҳо, амниятиҳо ва милисаҳоро амр кард,ки дар болои мардуми Кулоб ҳамла кунанд, тамоми ҷавонҳои Кулобро зиндон кунанд, ба туҳмат, ба зулм дар героин, дар наркотик шинонанд, ки дигар сар набардоранд. То ҳоло ин корро бар муқобили кулобиҳо давом дода истодааст. Кори ин маккор куштани миллат  аст .

Ҳамаи духтарҳову домодҳояш аз 300 миллион $ то 500 миллион$ дар хориҷи Тоҷикистон недвижимость харидагианд, барои як рузи сиёҳам-черний денашон.

Ба гуфтаи як дугонаи ҷонии Тахминаи Клеопатра соли 2023 ба шаҳри Париж Франция мераванд. Дар онҷо як таҳпуши брилиантӣ -синабандак ва трусии шахсии Мэрлин Монро-як актрисаи Голливудро дида ҳушаш рафт. То нахарам намеравам гуфт.

Аз Франция ало, ало кард: «3 рузда доллари қиёматро аз Тоҷикистон ташкил карданд, бойфрендҳояш. Ба маблағи 500 000$ доллари амрикоӣ харид-коллекцияи чандкаратаи бриллианти таърихиро. Гуё, ки 10 сол пас то 10.000.000$   нархаш мехеста бошад. Ҳозир дар сандуқ-сейфи хонааш, ки дари он бо изи ангушт ва лазери чашмонаш кушода мешавад, хоб аст. Ба гуфтаи дугонааш Тахмина кайф мекардаст аз  коллекцияи шахсии Мэрлин Монро.  Мефорадаш звезда шавад: Клеопатра Тахмина Монро

Як фикр бикунед бародарҳо, ҳар якеи духтаронаш барои як чизи ночиз ин намуд масраф – расход кунанд, пули миллатро дуздида дар Европа титу чош диҳанд, аз куҷо газ, свет, ҷои кор, маош ва нафақа барои пирсолон мешавад?

Дар пеши ҳама ҳамсояву мамлакатҳои олам ин Раҳмон Чақир миллатро шармандаву сархам  кардааст.

Ҳатман яке аз статяҳое, ки бояд ба ин Рахмон Чақир ва Тахминаи Клеопатра зада шавад 247,қисми 4 мошенникиву маккорӣ аст.

Раҳмон Чақир муҳоҷиронро ранги хари бобояш истифода мебарад. Ба бачааш Рустам Чақир ҳар замон маслиҳат медиҳад, ки ҳеҷ вақт муҳоҷирҳоро бе назорат намон, ки сар бардоранд. Қувваи асосие, ки муқобили мо мебарояд ва переворот мекунад муҳоҷирҳо ҳастанд. Ҳаракат кун наояд аз хориҷа ва бахусус аз Россия. Зулм болои зулм кун. Бо ҳар гуноҳ ва бо ҳар баҳона ва бо ҳар ҳила аз ватан сурашон кун. Асоси муваффқияти 33 солаи политикаи давлатдории ман ҳамин ҳаст: сур кардани ҷавонон аз Ватан аст. Онҳо бояд ҷамъ нашаванд. Авлодро бе пул намон. Ман 73 сола шудам, пир шудам. Ногоҳ мурам, ин миллат бисёр қасдгир аст. Ҳама вақт ҳамон самолёти 92 миллион доллар харида дар аеропорт бояд тайёр бошад.

Бачам «ман агар ногоҳ мурам маро Данғара бар гур кун. Ҳамаи боигариамонро   шахсан худат контрол кун. Шахсан аз мардуми Кулоб эҳтиёт шав. Бисёр ниқорталбу қасдгиранд. Хонаҳои дар хориҷа будаамонро худат ҳар моҳ одам равон кун, бинанд, ҳамаашро бо маблағи калон харидем.

Бачаҷон, ин суханҳои ман мумкин охиронаш бошад, саломатимам соз нест. Як насиҳати дигар ва асосиам, ки махсус дар охир бароят мегӯям ва дар гушҳоят нигоҳ дор-масҷиду муллову намозхону ҳиҷобпӯшу ришдорҳоро ҳарчи зиёдтар азобу ғам деҳ, аз зери контролат хориҷ накун. Инҳо бисёр хатарноканд барои ману ту. Аз инҳо беҳад ҳушёр бош. Зиракии сиёсиатро аз даст надеҳ бачам.

Леваканд

Ассалому алейкум бародар домулло Муҳаммадиқбол!Ман  дар як корхонаи хитоӣ кор мекунам, ки Биҷилӣ ном дорад, дар шаҳри Леваканд аст, дар ҷойи Главснаби пешина.

Дар ин корхона ҳудуди 600 то700 одам кор мекард. Аввали кор хеле хуб буд. Яъне моҳи якум, моҳи дуввум коргарҳо маоши худро гирифтанд. Аммо дар моҳи сеюм буридани маоши коргарҳо сар шуд.

Коргарҳо кор набаромадан ва пули меҳнати худро талаб карданд. Дар ҷавоб тарсонидан ва таҳдиди аз кор хориҷ карданро сар карданд. Коргаро дар он моҳ пул кам гирифтанд.

Назрӣ дар отдел кадр кор мекунад аз Қурғонтеппа мебошад. Мошин надошт, дар муддати кӯтоҳ соҳиби мошин шуд. Рақамҳои мошинаш ҳам крутой ва одӣ нест:   0707нz07Лексуси сиёҳ. Мумкин ин мошин дар номи худаш набошад. Вазъият боз тинҷ шуд. Вале боз баъди як моҳ маоши коргаронро буриданд. Касе ҳақи худро талаб кард аз кор хориҷ карданд.

Назрӣ баромада баини коргарон сиёсат мекард. Ҳамчунин як полис нигоҳ мекард ки кадом коргар бисёр ҳақи худро талаб мекард, акс мегирифт ва сиёмка мекард. Номи ин полис Олим поставой аст.

Кампирҳои пеш мегуфтанд, ки инҳо ҳамааш аз як хамир, яъне ҳаромхӯр. Дар ивази онҳо, ки аз кор хориҷ карданд, коргарони хитоӣ оварданд.

Ин корхона ба ном давлатӣ аст. Раҳмонови гушна, аз Данғара фаромадагӣ куҷоро нигоҳ мекунад? Ин корхона тафтиш мешавад ё не?

Моҳи октябр коргарҳо боз маоши кам гирифтанд. Барои кори имсола муҳлати шартномаҳоямон 30 ноябр буд мешавад,  аммо ин ҳаромхӯрҳо ба коргарон расчётной доданӣ нестанд.

Ман гуфтаниам, ки свет нест, газро то ин дараҷа гарон кард, руи қурбоққашаклатро  Майрам бинад, дар заправкаҳо газ пур накарда истодаанд барои 5 ва 10 литра.

Ту раиси давлат, ҳиҷ хабар дорӣ? Гури очаат дар гирад Раҳмонов. Бо ин давлат дорият,ин шо Аллоҳ саратро мехурӣ.

Нуробод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ҷамоати Сафедчашма (Самсолиқ) менависам. Сироҷов Илҳомиддин директори мактаби №2-и Сафедчашма аст.

Ин шахс бо фармони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Даёнов Кабут, Раҷабов Сайдалӣ Маҳмадхоҷаев Талабшо дуюм масҷиди Офтобрӯро ба артел табдил дод. Ё,Аллоҳ инҳо ҳамаро ғулом кардаанд, доду фиғонро ба куҷо кунем? Парвардигоро ин золимонро несту нобуд кун. Як марди дерзкий Абдузоир ном дорад гуфт  «нун бзанам ҳами кора накуне хор меше». Гуфтанд, ки фармон аз боло, аз худи Ҷаноб аст. Даёнов Кабут ҷойнамозҳоро шабошаб бурда шабошаб дар Сурхов партофт. Гуфт фармони Ҷаноби олӣ аст. Як ҳафта нагузашта буд, ки дасти бачааш шикаст, Аллоҳ Кабутро нишон дод. Ин ҳоло ҳам занҳои Офтобрӯро таҷовуз мекунад.Ҳамаро муттаҳам кардааст.

Холов Саям аз деҳаи таг медбрат мебошад. Ин шахс раиси бузҳо аст. Бо МВД ҳамкорӣ дорад. Бузи пеши пеш. Дар пеши амниятиҳо чорғов меравад. Маълумот медиҳад, ки дар ҷамоати Сафедчашма ҷавонҳо ришҳояшонро намегиранд, ягон роҳи дигарашро ёфтан даркор.

Чи роҳ? Гуфт як мазе роҳӣ кун, ки ҷавонҳоро ришҳояшонро бигирем маза бишакем дигар риш набурод. Ё Аллоҳ. Ин золим ана ҳамин гуна тавсия додааст.

Саидов Маҳмадсолеҳ ҳар соату дақиқа мақомотҳоро аз Сафедчашма даний медиҳад. Бо фармони ҳамин Шарифбеки улфатободӣ як камбағал рӯзашро ҳила мегузаронад, ҳамин салафӣ гуфта фурӯхташ. Бурданаш отдел шикастанаш. Заставиташ карданд, ки автомат дорӣ дар хонаат, ба гардан бигир. Ҷонаш тангӣ кардааст, гуфтааст дигар дар свет намонед, биёед бараму нишонатон бидиҳам автомати набударо.

Вақте меорандаш светро қап  мезанад, ки дар хунаш бизанаду бикушадаш аз ин азобҳоро тоқат кардан, вале намемурад. Мегӯянд, ки чаро ин тавр кардӣ? Мегӯяд, ки аз ин қадар азоб зудтар бимирам, халос шавам.

Ин азобҳоро аз дасти ана ҳамин гуна козёлҳои одамфурӯш кашид як ҷавони бегуноҳ.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ҳар вақте чизҳои фиристодаи маро ба нашр мерасонед, фикр мекунам, ки барои мубориза кумаки худро расонидаам. Агарчи ончиро, ки ман мефиристам аз нашрияҳои чопи Душанбе аст, вале барои онки дар оянда ин мушкилиҳо камтар ва бартараф шавад, гумон мекунам, нашри такрории онҳо дар Ислоҳ бисёр ҳам саривақтӣ ва муфид аст. Аммо ин бор дар бораи як пешниҳоди  чанд рӯзи пеш дар  саҳифаи гуруҳи «Ахбор барои афкор» садо дода мехоҳам ба шумо бинависам.

Масъули ин гурӯҳ баъд аз мушоҳидаҳои вазъи риққатангези воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе-пойтахти азизи кишварамон ба вазорати маориф пешниҳод намудааст,ки оғози дарс барои мактабҳоро аз ҳашт ба нӯҳ иваз намояд. Ба навиштаи «Ахбор барои афкор» иллати чунин пешниҳод намудани вай он аст ки талабаҳо наметавонанд дар соати ҳашт ба мактаб ҳозир шаванд. Чунки нақлиёти ҷамъиятӣ субҳгоҳон пуродам аст ва низ камчин. Набуди васоили нақлиёти ҷамъиятӣ ангезаи чунин пешниҳод шудааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам дар ҳошияи ин пешниҳоди гурӯҳи «Ахбор  барои афкор» баъзе аз мулоҳизотамро баён кунам. Ин тарзи пешниҳод, агар малеҳ карда гӯем, як илоҷ карда моломол карда гуфтани проблема аст. Мисле, ки санксияро давр мезанӣ. Вагарна агар солҳои қабл буд, роҳбари ин гурӯҳ ошкоро ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат мекард ва мегуфт, ки масъулияти худро дуруст иҷро намо, ва агар наметавонӣ, ба гуфтаи падарат ҷойро холӣ кун.

Барои онки нақлиёти ҷамъиятӣ таъмин нест, набояд соати шурӯъи дарс ба қафо бурда шавад, балки нақлиёти ҷамъиятро ислоҳ кард.

Аммо, то онҷо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем зиёд будани шумори талабаҳо, сард будани синфхонаҳо, норасоии омузгорон, ҷангу ҷангҷол ва ҳатто чандин бор мавридҳои куштор бо корд дар мактабҳои Душанбе нишон медиҳанд, ки шаҳр мудирияти дуруст надорад. Аммо журналистон тавре, ки ҳаст намегӯянд, вокруг до около мегарданд. Аслан худи ҳамин пешниҳод маънояш ин аст ки Рустам натавониста истодааст, аммо гапро ғозу кашол дода илоҷе карда проблемаро гуфта истодаанд, то худашон дар бало назанад, мисли Абусаттор Пирмуҳаммадзода ва Далери Имомалӣ ва  Абдулло Ғурбатӣ набаранд ва нашинонанд

Аммо инки проблема аз ноуҳдабароии кӣ сар задааст, кӣ бояд ҷавоб диҳадро мову шумо медонем. Медонем, ки дар ин навишта мухотаб на вазорати маориф, балки раиси шаҳри Душанбе аст…..

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№306 появились сначала на ISLOH.net.

Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр?
Юсуф Раҳмон, ҳамакнун собиқ Додситони кулли Тоҷикистон дуруст дар рӯзе аз мақом барканор шуд, ки панҷ соли қабл, яъне 23 январи соли 2020 барои панҷ соли баъдӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.

Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз Юсуф Раҳмон танҳо Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешини кишвар буд, ки низ ду панҷсола дар ин мақом дошт додааст. Боқии нафароне, ки дар ин мақом кор кардаанд, Маҳмадназар Солеҳов, Амирқул Азимов, Саломиддин Шаропов ва Шерхон Салимзода пеш аз анҷоми муҳлат ва ё як давраи панҷсола дар ин мақом кор карда буданду тамом.

Аммо, ҳадсу гумонҳо зада мешуд, ки Юсуф Раҳмон дар давраи саввум ҳам курисро ҳифз хоҳад кард, ҳамчуноне СС.Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа мақому мансаби худро барои беш аз ду панҷсола тавонистанд, ки ҳифз намоянд. Чунки Юсуф Раҳмон ба ҷуз аз онки содиқона ва ба мисоли саги вафодор хидмати Раҳмоновро адо мекард, бо келин кардани Фарзона духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов, ҳадди ақал то ба расидан ба синни нафақа пояҳои курсии худро мустаҳкам карда буд. Ҳамчуноне, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа танҳо ва фақат барои онки қудо шуд, се навбати панҷсолӣ дар мақомаш, агарчи ин соҳаро ба қафо бурд, то инки пенсионер нашавад дар мақомаш боқӣ монд. Вале дурусту дақиқ Юсуф Раҳмон дар шароите аз мақом барканор шуд, ки байни оилаи вай ва оилаи раиси ҷумҳур ба иллати ҷудоии Сафари писараш аз Фарзона, духтури хурдии Эмомалӣ Раҳмонов сардии шадид пеш омад. Вагарна ҷойгоҳ ва ҳузури Юсуф Раҳмон, беш аз ҳар «силовик»-ҳои дигар дар ҳукумати Раҳмонов тақвият меёфт ва дар дарбор, оилаи Раҳмонов ва худи Раҳмонов тақарруб пайдо мекард.

Эмомалӣ Раҳмонов, ончуноне ҳаводиси чанд соли ахир маълум мекунад ба Юсуф Раҳмон сахт эътимод баста ва ӯро нафари аввали мавриди эътимоди худаш медонист ва он ихтиёроту имтиёзҳоеро, ки пештар ба СС.Ятимов дода буд, ба тадриҷ ба ӯ дод ва дар ҳар ҳарфу сухани вай бовар мекард.

Воқеият ин аст ки  Юсуф Раҳмон ва Бобоҷон Бобохонов, ду нафар аз Прокурорҳои генералие буданд, ки сари даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар, сиёсатмадорон ва рушанфикронро хурданд ва ин нафарон, ба вижа Юсуф Раҳмон ончунон ҷоннисори Эмомалӣ Раҳмонов шуда буд, ки ба ҷуз аз касби ризои Раҳмонов, фикри дигаре намекард ва сари муе бар адолат, ҳуқуқ ва бар қонун муроот ва тараҳҳум накард.

Инки ин ду тан ҳамин гуна бераҳму ноинсофиро бар адлу дод ва бар рисолат ва масъулиятҳои худ тарҷеҳ доданд, иллат ва сабаби асосии ба ду панҷсола дар сари кор истодани онҳо шуд.

Инҷо, ки ҷои зикраш омад бояд алоҳида ва махсус тазаккур бидиҳем, ки ҳиҷ яке аз Додситонҳои кулли Тоҷикистони ҳукумати сивусесолаи Раҳмонов бо обру аз кор нарафтанд. Агарчи Бобоҷон Бобохоновро ба ҳангоми аз мақом барканор кардан Раҳмонов изҳори сипосаш кард, вале вай, ки то расидан ба сини нафақа ҳамагӣ се моҳаш боқӣ монда буд, дошт дода натавонист ва нафаре, ки пеш аз вай заҳра ва ҷуръат намекард, вориди толори ҷалсаи ҳукумат бишавад, ҳамагӣ чанд моҳи баъд мавриди ҳамлаҳои шадиди «круг»-и Раҳмонов қарор гирифт ва ҳатто писари ӯ Файзуллоро, ки додситони Ҳисор буд, ба зиндон кашиданд.

Бобохонов, то онҷо дардаш карду дард кашид, ки худро дошта натавонист ва дар расонаҳо изҳор кард, ки пушти барканории вай Шерхон Салимзода, ки дар ҷойи вай таъйин шуд ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олии онрӯзҳои ҳукумати Раҳмонов меистанд ва ошкоро ба худи Эмомалӣ Раҳмонов намёк дод, ки ту ҳам баччаатро дар мансаби таҳти итоатат овардӣ ва руку рост гуфт, ки писараш бегуноҳ ва қурбонии интиқом шудааст:

«Агарчи ҳозир роҳбарияти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ барои ошкор кардани ҳақиқат монеа эҷод кунанд, аммо оқибати ин кор ошкор мешавад ва ҳақиқат болои об мебарояд, адолат ғалаба мекунад…..

Ин масъаларо метавонед, рафта аз Прокурори генералии ҳозира Шерхон Салимзода пурсед. Чӣ сабаб шуд? Мумкин онҳо хубтар донанд, ки ин ҷо ҳарфи қасду қасос аст ё чӣ? Худашон мумкин медонанд. Ҳар кас фарзанди худро дӯст медорад. Мумкин богуноҳ бошад, ҳамеша бегуноҳии ӯро дастгирӣ кунад. Лекин ба ин дараҷа қасосгирӣ ба касе даркор набуд….

Агар қонунро гирем, онҳоро тағйир ҳам доданд, дигаргуниҳо дароварданд. Коррупсия дар он ҳолат мешавад, ки падару писар, акаву додар, шавҳару зан дар он корҳое кор мекунанд, ки ба ҳам тобеъ ҳастанд ва аз ҷиҳати моливу пулӣ аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Агар ки ман хато карда бошам, имрӯзҳо ин хатоҳо намешаванд? Онҳоро ҳам дидан даркор».

Нахустин Прокурори генералии давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов Маҳмадназар Солеҳов буд, ки солҳо баъд ёғӣ ва мардуд шуд ва ниҳоят дар даруни манзили зисташ ва дар пеши писарбаччаи хурдсолаш ва дар рӯзи равшан бо тири туфанг аз тарафи Абдураҳмон Бузмаков, ҳоло Аламшозода, ки он вақт сардори милисаи Душанбе буд, кушта гардид. Вай, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроя Президент (ду бори се солӣ) ва вазири дохилӣ таъин шуда ва аз мансабдорони зинуфуз ва наздики Раҳмонов ва оилаи вай ба ҳисоб мерафт. Аммо ӯро дар талоши анҷоми табаддулот бо пуштибонии Узбакистони даврони Ислом Каримов, иттиҳоме, ки эълон нашуда буд, муттаҳам карда ва дастури «безарар» гардониашро содир кард. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Генпрокурорҳои дигари баъди вай Амирқул Азимов ва Саломиддин Шаропов, ду нафар аз ғайрикулобиҳо низ, агарчи дар хидмати Раҳмонов ҳамеша чухт, пушт дуто ва дастҳо пеши бар буданд, оқибат бо таҳқиру беэҳтиромӣ ва тард аз дарбор мувоҷеҳ шуданд.

Бачаи Амирқул Азимов барои автоавария ва домодаш бозраси аршади Оҷонси мубориза бо фасод  зиндонӣ карда шуданд. Кореро, ки барои мисол Раҳмонов ба қарибону ҳаммаҳалони худаш ҳиҷ гоҳ накардааст ва раво намебинад. Масалан бачаи Давлаталӣ Саид ва ё Нусратулло Абдуллоев ва ё Амнулло Ҳукумов ва инчунин Фаридуни писари Озода Раҳмонова ва Ҷамолиддин Нуралиев низ бо мошин одам куштанд, аммо ба онҳо чизе нашуд.

Ва ниҳоят худи Амирқул Азимовро ҳам, ончуноне маълумотҳо паҳн гуша буд, бо як шакли безеб аз Шурои амният (дабири он буд) аз кор гирифт ва дигар ҳиҷ гоҳ ба суроғаш нарафт.

Амирқул Азимове, ки дар солҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ Прокурори Генералӣ ва дар хидмати Раҳмонов камар баста буд, ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев аз бунёдгузорони Фронти халқӣ буд, ки Раҳмоновро сари кор овард ва дар амалиётҳо бар зидди Абдулло Раҳимов, (Муло Абдулло), Мирзо Зиё ва нобуд кардани онҳо ширкати мустақим дошт ва ба унвони яке аз роҳбарони ин амалиётҳо барои Раҳмонов ҷон дар кафи даст гирифта ва дар ҷанги дохилӣ тир хурдаву пояш ланг ҳам шуда буд.

Саломидин Шаропов ҳам, чуноне дар расонаҳо навишта буданд, ҳатто маҷбур шуда буд, ки қотилони писарашро, ки ошкор, боздошт ва муайян шуда буданд аз «сарвайронҳо» ва боевикҳои вобаста ба Раҳмонов буданд аз ҷавобгарӣ озод кунад. Агарчи он вақт ва то ба имрӯз ҳиҷ коре инчунонӣ бе «о,кей»-и худи Раҳмонов амалӣ намешавад, Раҳмонов марҳум Саломиддин Шароповро ба бепринсипӣ ва пулпарастӣ муттаҳам карда- «бар ивази пули калон қотилони писари худро ҷавоб дод» аз мақомаш ронд.

Шерхон Салимзодаро, ки Бобоҷон Бобохонов сабабгори аз мақомравии худ ва бадбахтиҳои писараш медонад низ тавре аз кор гирифт, ки нафас дар гулуяш печид ва дасту пояш карахт шуд.

Агарчи Раҳмонов хуб медонист, ки Шерхон Салимзода як порахури гузаро аст ва қабл аз онки Прокурори Генералӣ бишавад ба ҳангоми прокурори пойтахт буданаш алайҳаш парванда боз карда буданд вале бурду аввал дар ниҳоди навтаъсиси Оҷонси мубориза бо коррупсия раис таъин кард ва аз онҷо боз гирифту Прокурори генералӣ монд.

Вақте фармони аз кор барканории Шерхон Салимзодаро содир кард, Салимзода дар Маҷлиси Миллӣ аз аъзо хост, ки дар матни он илова кунанд, ки «ба иллати анҷоми муҳлати ваколат» аз кор гирифта шуд, чун ҳатто дар матни фармон иллати аз коргирӣ зикр нашуда буд.

Маҳмадсаид Убайдуллов, раиси Маҷлиси Миллӣ хеле ҳам дурушту дағал посухаш дод, ки «президент ба маслиҳати ту намекунад».

Ончуноне мебинед, ҳеҷ яке аз Прокурорҳои генералии ҳукумати Раҳмонов, агарки сала мегуфт, кала меоварданд, на бообру аз кор гирифта шуданд ва на баъди рафтан рӯзи хуш доштанд.

Ба фарқ аз Шерхон Салимзода дар матни фармони аз корравӣ ё барканории Юсуф Раҳмонов «ба сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр шудааст, аммо шарти асосӣ, ки «бояд Сафари бачаат бо Фарзона зиндагиро идома диҳад» албатта, ки сабт нашудааст ва хоҳем дид, ки бо вай чи хоҳад кард ва барои мисол то ба синни нафақа расидани Юсуф Раҳмон ҳоло чаҳор соли дигар боқист ва Юсуф Раҳмон барои мисол 59 сола асту прокурори нави таъиншуда Ҳабибулло Воҳидзода 60 сола мебошад.

Раҳмонов тули беш аз се даҳаи ҳукуматаш фақат худаш ва оилааш ва хешу табори худашро дидааст.

Инро бори дигар дар тимсоли сарнавишти ин Генпрокурорҳо шоҳид шудед. Барои мисол ҳамин Бобоҷон Бобохонов буд, ки Ёқуб Салимро шинонд, Муҳаммадрузӣ Искандаровро аз Маска оварду шинонд, Ғаффор Мирзоевро шинонд, Абдуҷалил Ҳомидовро шинонд ва  матбуоти мустақили кишвар масалан Рӯзи нав, Неруи сухан, Оламу одамро басту арзу шикояти соҳибони ин расонаҳоро тамоман ншунид. Чун закази Раҳмоновро иҷро кард, на ҳарфи қонунро.

Бобоҷон Бобохонов аз давраи ҳодисаи куштори Сангак Сафаров, ки прокурори Қурғонтеппа буд корҳоро мепечонд, дар ташкилу сохтани «сфабрикований» делоҳо устод буд. Масалан хуб медонист, ки Ғаффор Седой дар ҳеҷ ҷое яроқҳои баҷоӣ надорад ва он яроқҳо ҳамааш аз они худи Раҳмонов буд, аммо тавре кард, ки ӯро дар табаддулот муҷрим шинохт ва бо дастури шахси Раҳмонов ҳукми умрбод дод. Чунки ба гуши Раҳмонов расонида буданд, ки Ғаффор бо Таҳмина «роман» дорад.

Аммо ҷиноят ва хиёнатҳое, ки Юсуф Раҳмон дар мақоми Прокурори генералӣ алайҳи миллат ва мардуми Тоҷикистон содир кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ намедиҳад, ки бо прокурорҳои пешин муқоиса кард. Юсуф Раҳмонов дар сагигарӣ ба Раҳмонов аз ҳам гузаронд. Бо вуҷуди онки сарнавишту қисмати пешиниёни худро, масалан ҳамин Бобоҷон Бобохоновро ,ки устодаш аст ва Файзуллои писари ӯро, ки рафиқи наздикаш буд, бо чашмони сар дида буд, фақат ва фақат барои қонеъ кунонидан ва розӣ нигоҳ доштани Эмомалӣ Раҳмонов қонунро на инки муроат накард, балки таҷовуз кард, адолатро аз байн бурд.

Аввалин ҷинояти мудҳиш ва ғайри қобили бахшиши вай ин буд, ки алайҳи ҲНИТ парванда боз кард ва бо талаби маҳз ҳамин Юсуф Раҳмон ин ташаккули сиёсӣ террористӣ ва мамнуъ эълон гардид ва роҳбарияти олии он ба зиндон кашонида шуданд. Юсуф Раҳмон, ба унвони Прокурори генералӣ мебоист ин туҳмати бастаи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро дар кудетои дуруғии Ҳоҷӣ Ҳалим шарик донист, намепазируфт. Чунки вай, нозири риояти қонун аст ва ин ҳақро Қонуни асосии кишвар ба ӯ додааст.

Бубинед, ки имрӯз дар Амрико қонун ва прокурору судя ба чи корҳо даст мезананд. Ҳоло, ки Трамп як ҳафта ҳам тул накашид, ки судяҳои чанде аз иёлатҳои болои як фармони вай дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ касб накардани бачаи муҳоҷир эътироз карданд ва ин фармон муаллақ шуд. Албатта, мо воқеъбин ҳастем, чунинашро талаб надорем.

Вале бояд ҳифзи мақому мартаба ва каромат, шаҳомат бошад, арзише барои худ ва курсии худ ва шахсияти худ қоил шуд. Прокурори генералӣ ниҳоди назораткунанда аст ва иҷрои қонун ва қонунмандӣ дар кишвар аз ӯ сахт вобаста аст. Муҳим аз ин ҳама ин вазифа ва масъулияти давлатӣ аст на аз они шахс ва аз они Президент. Чоплусӣ, хушомадгуӣ ҳам бояд дар доираи қонун сурат бигирад, на бо нақзу поймол кардани қонун.

Дар давраи ҳеҷ додситони дигаре беҳуқуқӣ, беназоратӣ, қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ривоҷ ва равнақ наёфта буд, ки дар давраи Юсуф Раҳмонов сурат гирифт.

Бо туҳмату буҳтон чандин нафарҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон овард, токи табъи Раҳмоновро хуш бисозад. Масалан вақте Суҳроби Зафар, раиси Гуруҳи 24-ро аз Туркия оварду  СС.Ятимов давдав фурудгоҳ рафту аз трап ӯро бардошту СИЗо бурд. Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов гуфт, ки «кори СС аз трап то СИЗо аст. Суҳробро ӯ овардааст».

Ҳамин тавр худаш эълон кард, ки бо дастури шахсии вай Абдухалил Холиқзода, нависанда ва раиси бемористони Сино ва нависандаи хушном Абдуқодири Рустам бе ягон асосу далел боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳамин тавр дар давоми ду-се соли ахири прокурории Юсуф Раҳмонов наздик ба даҳ нафар рузноманигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Мисли онки як навъ ба журналистҳо бадбинии ботинӣ дорад.

Ҳақиқат, чуноне мебинем, дер ё зуд ошкор мешавад. Барои ҳамин бояд адолат ва қонунро ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷойи аввал бигзорад ва дар ҷойи аввал бипазирад, тем более, ки барои Раҳмонов ва ҳукумати вай фурсат кам мондааст. Аммо зиндагӣ идома дорад.

Ба хотир касби ризо ва ширин кардани худ ба Раҳмонов корҳоеро, дурусттараш ҷиноётеро, ки Юсуф Раҳмон алайҳи миллат содир кард, муртакиб шуд муртакиб нашавад, иҷтиноб варзад, бо як роҳу шевае бифаҳмонад, ки оқибати вазнин дорад ва Раҳмоновро мунҳариф созад. Ҷаноби Воҳидзода бубинад, ки Раҳмонов дигар на Бобоҷон Бобохоновро на Шерхон Салимзодаву на Юсуф Раҳмонро суроғашон мекунад. Ин тақдиру қисматҳо бояд сабақ шавад. Фардо дигар дер хоҳад шуд

Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода инро бидонад, ки Раҳмонов рафтанаш қариб омадаст. Ҳиҷ кас намондааст, ки Раҳмонов монаду то охири дунё бошад. Умрбодии вай бо умри худаш аст, умри дунё нест.

Виҷдону инсоф дошта бошед. Худо ва рӯзи ҷазоро ҳам фаромӯш накунед. Ба буи Раҳмонов худ, хонаводаи худ, ояндаи бачаву фарзандони худро ба хатар нагузоред. Ин ҳиҷ таҳдид нест, ин ёдоварӣ аст ки акнун баъид аст касе аз давру бариҳоятон ва тем более Эмомалӣ Раҳмонов ин гапҳоро бароятон  гушзад кунад.

Ба хотири курсӣ ва мансаби Раҳмонову духтару бачаҳову домодҳои расмиву ғайрирасмияш худро дар муқобил ва зидди халқи Худо ва Худо қарор надиҳед.

Мо таваққуъамон аз Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки сабақ бигирад. Сабақ бигирад ва бар асоси қонун кор кунад на закази Раҳмону Рустаму Озодаро бигираду инсонҳои бегуноҳро ба зиндон афканад.

Ҳабибулло Воҳидзода хуб медонад, ки ҳарчи дар Тоҷикистон Прокурор гуяд, ҳамон мешавад ва судҳои мо ҷуръат ва ҷасорати радди ҳарфи прокурорр надоранд. Аз ин ҷиҳат ҳам бояд сахт инсофро нигоҳ дорад. Масъулияти вазнин аст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё. Ҳамин тавр буд, ки имоми мо, Абуҳанифа (раҳ) зиндонро, зиндони ин дунёро аз дасти ҳоким қабул кард, аммо ба хотири растагорӣ дар он дунё, ки абадист, мақоми қозигиро аз  Шоҳ напазируфт. Иллаташ ин буд,ки мабодо ман шахсе хасми подшоҳ бошад ва барои ризояти халифа ман ҳукми онро тибқи хоҳиши ӯ содир кунам ва ҳукми одилона содир накунаму Холиқро норозӣ созаму охиратамро хароб намоям.

Юсуф Раҳмон мижааш хам намехурд. Ҳукмро дувойнову севайно медод ба ҳазорон бегуноҳони ин миллат.

Агарчи Юсуф Раҳмоновро ба сабаби ба кори дигар гузаштан барканор кард вале ҳиҷ изҳори ташаккур накард. Ба Бобоҷон Бобохонов барои хидматҳояш изҳори ташаккур карда буд.

Вале Юсуф Раҳмонро гирифту дураш андохт. Акнун он пуштдарониҳои Юсуф Раҳмон ,ки ҲНИТро парвандаи пур аз туҳмат сохта аз ақсои олам хост, террористияш бишиносанд, чи шуд? ҲНИТ, ки ба роҳ баромадаасту Юсуф Раҳмон барканор шуд.

Барканории Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, қудои последнийи Раҳмонов аз барканории Бег Сабур, сардори Хадамати алоқа, қудои передпоследнийи Раҳмонов фарқ дорад. Бег Сабур 14 сол дар мақомаш истод. Аммо қудои ахираш ин лутфу марҳаматро мушарраф нашуд ва ҳамин тафовут, ки қудои послединияшро шонси сеюм надод, бори дигар тасдиқ мекунад, ки «ҷудо шудӣ,ҷазир шудӣ».

Ҳарфу ҳиҷои ҷудоии Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аз чанд вақт ба ин су дар расона ва нашрияҳои электронӣ чарх мезанад ва мо гуфта будем, ки «эра»-и Юсуф Раҳмон ба интиҳои худ расид, аммо фақат ба хотири онки бадзабонҳо ва бахусус мухолифин мазоҳу масхараашон накунанд, Раҳмонов то вақти интихобот, ки кам монда буд, тоқат мекунад. Аммо Раҳмонов, агарчи тоқат накард, заҳрашро чаконд ва ҳатто Юсуф Раҳмонро маҷол надод, ки ба унвони Прокурори генералӣ гузориши солонаашро дар Маҷлиси Миллӣ ироа бидорад ва ӯро то чанд рузаке ҳам таҳаммул накард ва атояшро ба лиқояш бахшид ва кафшҳояшро пеши пояш гузошт, балки агар ошкортар ҳарф бизанем «як шатта дар пушташ зад»-у Хурюшовгираш карду аз давру бараш сур кард.

Кори худоро бинед, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмоновро мисли як ошғол, ки вуҷудаш ҳукумати Раҳмоновро олуда ва бадбу карда бошад, аз кашталаш гирифту дафъаш кард. Вагарна метавонист ранги Бег Сабур, ранги СС.Ятимов, ранги Рамазон Раҳимзода барои навбати саввум ҳам таъйинаш  кунад. Накард.

Ончики маълумотҳо ба мо мерасад, яке аз далоили барканории Юсуф Раҳмон «бадбахту бевашавӣ»-и Фарзонаи духтари кучули бокирааш бошад, далели дигар ин буда, ки «парвандаи табаддулот»-и Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ маҳсули фантазияи худи Юсуф Раҳмон будааст. Дар амал кадом табаддулоте даркор набудааст. Хуб бубинем, ки поёни ин моҷаро бо чӣ меанҷомад ва Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генералӣ дар ин парванда дигаргунӣ хоҳад кард ё не?

Аммо, агар ки Воҳидзода ҳам ба ҳамин масир роҳ гирифт, вою сад вой ба ҳолаш!

Сообщение Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №205
Ҳамарӯза садҳо мошини Дулану Камазҳои калон ангишти куҳистони Масчоҳу Фалғар(Айнӣ)-ро ба марзи Самарқанд интиқол медиҳанд. Конҳои ангишти водии Зарафшон-Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакентро чанд сол мешавад, ки Оилаи Раҳмонов-Ҳасан Асадуллозода, Шамсулло Соҳибов, Исмоили Маҳмадзоир ва ҳоло  маълум мешавад, ки Ҷамолиддин Нуралиев низ ба манбаъи даромади муфти худ табдил кардаанд. Номаи аввали ин барнома дар ҳамин масъала ҳикоят мекунад.

Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар мавриди як нафар бо номи ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев гап мезанам. Ҳоҷӣ Фируз ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев аст. Ҷамолиддин Нуралиев, молики Бонки Спитамен ва раиси ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, яъне яке аз домодҳои расмии Эмомалӣ Раҳмонов аст. Номи пурраи ин ҳамкурси Ҷамолиддин Фируз Сайфуллоев аст. Инҳо аз соли  2010 ба ҳам дӯсту рафиқанд.

Ҳарду донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар Душанберо хатм намудаанд. Он солҳо коммерческий институт мегуфтанд.

Ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев директори кони ангишти Фон- Яғноб аст. Ин кон дар ноҳияи Айнӣ воқеъ аст ва аз тарафи Ҷамолиддин Нуралиев идора мешавад. Кори ҳоҷӣ Фируз пеш бурдани фаъолияти ин кон ва пулҳои ба даст меомада аз фурӯши кумурро ба суратҳисобҳои оффшорӣ ва Спитаменбонк ирсол намудан аст.

Дар соли 2016 ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев дар назди сафорати Амрико манзилеро ба маблағи 600ҳазор доллари америкоӣ харидорӣ намуд. Аммо то ин дам ин манзилро паноҳ мекунад.

Онҳо-Ҷамолиддин ва ҳоҷӣ Фируз ҳарду ҳам ҳам риштаи тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон доранд ва  ангишти Фон -Яғнобро ба он ҷумҳурӣ содир мекунанд. Ҳаҷму миқдори содироти ангишти онҳо мефурӯхта ба Узбакистон ва нархи онро касе намедонад. Аммо ягон намуд андози давлат ва боҷи гумрукро намесупоранд.

Ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев директори кони ангишти Фон- Яғноб ду сол пеш азТуркия низ манзиле харидааст. Бинбар маълумотҳои ба мо расида номбурда шаҳрвандии Туркияро ҳам дастрас намудааст. Кораш сад дар сад танҳо ғорат кардан аст.

Ин Фируз Сайфуллоев  ҳатто то дараҷае фоида мегирад, ки пулро бо қопча оварда дар байни хона мерехтааст ва ба завҷааш мефармудааст, ки пулҳои даркориатро ҳисоб карда гир мондагиашро ман ба шефам мебарам.

Номбурда дар ҳаёти кории худ 10сол зиёд мешавад, ки директори кони ангишти Фон -Яғноби Айнӣ аст. Пул ҷамъ карда ба фондҳои оффшории Ҷамолиддин Нуралиев мегузаронад.

Бародари Ҳоҷӣ Фируз номаш Суҳроб Сайфуллоев аст ва ӯ яке аз ашхоси боварии Озода Раҳмонова мебошад. Метавонем бигӯем ҳам бо Озода кор мекунад ва ҳам бо Ҷамолиддини шавҳари Озода. Дар ин маврид дар Номаҳо №190 навишта будему шумо ҳам нашр намудед.

Ман аз шумо хоҳиш менамоям кам ҳам бошад маълумоти ирсолкардаи моро дар ягон барномаатон ҷой диҳед.

Тавилдара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як шаҳрванди Тоҷикистон аз ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) ҷамоати Чилдара мебошам. Бародар аз рӯзе қумандонҳои муҷоҳидин аз Тавилдара рафтаанд бовар кунед ин ноҳия ҳеҷ рӯзи хуберо надидааст. Ин Ғайратовҳо ҳама мардумро аз Ҳавзи кабуди ҷамоати Чилдара то Ҳазрати Бурхи Валӣ зин зада савор шуданд. Ман хело видеоҳо шуморо тамошо мекунам. Наход мардумиТавилдара ин қадар даюс шуда бошанд ва ягон чи дар ин зулмҳои оилаи Ғайратовҳо нанависанд.

Зиёев Аъзамшо Аҳтамович амакбачаи Мирзо Ҷага дар роҳи қишлоқи Сурхоб ва чанд деҳаи дигари қади роҳ пулҳои мошингузари зиёдеро обод кард. Сел меомад зарар мерасонд. Боз  соли оянда ҳамин Аъзами Панҷара буд, ки обод мекард.

Вақте  Мирзо Ҷагаро куштанду Аъзами Панҷараро зиндон карданд ҳамин Ғайратовҳо аз фурсат истифода бурда ҳамаи ин пулҳоро ба оҳан бизнес фурухтанд. Ҳозир ягон ободӣ нест. На раиси ҷамоат парво дорад, на ҳеҷ кас. Дар масҷид вақтҳои пеш барои адои намози ҷумъа мерафтем амри маъруф хело хуб буд. Ҳозир амри маъруф нест, аз аввал то охир фақат дар бораи президент падари миллат Пешвои миллат мавъиза мекунад, ки як бадбахтӣ аст. Чунки ба ҷои расули Худо саллаллоҳу алайҳи вассалам аз Эмомалӣ тоғут мегуянд.

Вақте Мирзо Ҷагаро куштанд як гуруҳҳое ҳам буд, ки хурсанд шуданд. Ҳозир 90% мардум ба қадри Мирзо Ҷага ва дигар муҷоҳидон Тавилдара расида ба хоки кафи пойи онҳо зор шудагӣ ҳастанд. Аммо дигар ҳеч фоида нест. Чи тавре, ки русҳо мегӯянд после пожара хокистар.

Бародар Муҳаммадиқбол агар ягон хатоӣ бошад бахшиш. Ман камтар асабам хароб шудааст. Илтимос дар видео Сангвор нагуед Тавилдара гуед.

Медонед, чи тавр Тавилдараро Сангвор карданд? Аз номи Тавилдара Раҳмонов тарсу ваҳшат орад.

Ман шоҳиди ҳолам, ки якчанд бачаҳо азТавилдара барои номи Сангвор зид буданд. Аммо дар он вақт додситони Тавилдара онҳоро гуфт, ки биёед ариза нависед, агар мардум шикоят кунанд ҳукумати Тавилдара ҳеҷ кор карда наметавонад ва додситониТавилдара онҳоро фиреб дод. Вақте онҳо ариза навиштанд ва хостанд, ки митинг кунанд ва додситон ба милитсия хабар дод, ки биравед фалон одамонро боздошт кунед. Онҳоро боздошт карданд ва ба милисахонаи Тавилдара интиқол доданд ва 3 одами калонро ба Душанбе интиқол доданд, ки яке аз онҳо дар Тавилдара коргари радио буд. Онҳоро аз кор озод ва хеле шиканҷа ҳам доданд.

Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз тамошобинони доимии шумо ҳастам. Мехоҳам дар бораи як масъала фикрҳоямро баён созам.

Имрӯз дар ҷомеаи мо блогерӣ дар авҷи аъло расидааст. Блогерон ҳастанд, ки мардуми мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди инстаграм ва ютуб ворид мешаванд ва тамошо мекунанд. Шумораи онҳо рӯз то руз зиëд шуда истодааст. Ин номаи ман ба блогерони тоҷик нигаронида шудаст.

Ҳукумат барои блогерҳо  як маросими ҷоизасупориро ташкил кард. Соли якумро гузарониданд, ноадолатӣ шуд дар ҷоизасупорӣ. Блогерон руҳафтода ҳам шуданд,  ки ҷоизаро нагирифтанд, чун сазовори ҷоиза буданд. Баҳсҳои бисëр сахте рафт. Шумораи блогерон кам нест, бисëранд. Медонед дар вуҷуди блогерони мо чи ҳаст? Танҳо даромад, пул ва чоплусӣ кардан. Ба фоидаи мардум видеои хуб кам аст. Аммо таърифу тавсифашон аз  Раҳмонов тамомшавӣ надорад ва зиëд ҳам ҳасту аз андозаву ҳама маҳдуда гузаштааст.

Махсусан Президенти ассосиатсияи блогерон ба лақаби Баха, ки на саводе, на илме дар сар дорад. Кораш фақат ба дигар блогерон расондан, ки таърифи Раҳмонов ва чоплусӣ ба Исмоили пингвин кунанд. Э, блогерон чаро таъриф аз Раҳмонов мекунед, чаро таъриф аз Исмоил мекунед, чаро таъриф аз Рустам мекунед. Ҷомеаи имрӯз шуморо тамошо мекунад. Аз ин чиз Исмоил аз шумо истифода бурда ба пулаш ва ба молаш шуморо харидагӣ аст. Шумо блогерон аксариятатон ба Худо қасам мисли бозичаи дасти ин оилаи ҳаром шудаед. Шумо намебинед, ки ин оила ба мардум раҳм накарда истодааст. Ба мардум зулм мекунад. Мардумро бе ватан кард, ба мардум хиëнат кард кушт, мардумро дуздӣ кард, ба ҳеҷ касе раҳм накард.

Бидон ту  имрӯз таъриф аз Раҳмонов кардӣ, фардо дар таги пояш мемонӣ ва ба ту ҳам раҳм нахоҳад кард. Шумо ҳеҷ қадру қимате надоред, дар пеши Раҳмонов.

Махсусан ту Барон (кличкааш) номаш Беҳруз, ҳайфи ту барин мард, ҳайфи ту барин мусулмон. Ту фикр кардӣ суханоне бар зидди ҳиҷоб задӣ, беҷавоб мемонад? Суханоне задӣ, ҳеҷ қадру қимате, ҳеҷ обруе нагирифтӣ. Падарат инсони хуб, бо фаҳм. Чаро ту аз Раҳмонови оқи падар дифоъ кардӣ? Вай ҳиҷобро манъ кард? Чаро сухан гуфтӣ бар зиди ҳиҷоб? Бар зиди ҳиҷоб гап задӣ беҷавоб намемонад. Ба суханонат ҷавоб хоҳӣ гуфт.

Либоси миллӣ кунед, мегуӣ, э чоплус! Аллоҳ гуфтааст, зан муйҳояшро маҳкам кунад. Ту либоси миллӣ мегуӣ, ҳамин қадар суханам барои ту бас аст. Номи ту дар таърихи тоҷики мо ба чоплусиву лесакӣ, Раҳмонови оқи падар хохад монд. Ин ша Аллоҳ камаш мондагӣ аст пешвоятро. Ба суханҳое,ки чанд мох пеш зада будӣ ҷавоб хоҳӣ гуфт, рузаш хоҳад расид, наздик ҳам ҳаст

Нигматов Мансур блогери, ки хайр мекунад, спонсори асоси ин хайр Исмоил не балки муҳоҷирон ҳаст. Кори ту аз як ҷиҳат ҳам, ки гирем хуб ҳам ҳаст. Чоплусӣ мекунӣ, дар гирди куни Исмоил давон давон мешавӣ. Аммо фоидаат каме ҳам бошад ба мардум мерасад.

Се бор мекушоӣ. Бояд муҳоҷирон як дирҳам ҳам надиҳанд, бояд як сомониям надиҳанд. Худашон дар азобанд муҳоҷирон, дар зери шиканҷаи русҳо ҳастанд, ба азобу меҳнат пулро ба даст меоранд, набояд инҳо пул диҳанд. Ҳамаи ин камбудиҳоро бояд Исмоили пингвин ва Раҳмонови фиръавн бартараф кунанд. Раҳмонови фиръавн ва Исмоили пингвин ҳар як видеоҳои туро ва дигар камбудиҳоро мебинанд, аммо парвое надоранд, задагӣ анд камбудии мардумро. Ту бошӣ чоплусиву лесакӣ бар ин оилаи ҳаром мекунӣ. Дида истодаӣ, ки шароити мардум дар дараҷаи хело вазнин аст, боз ҳам чоплусӣ ба Раҳмонов мекунӣ.

Блогерон хуб гушҳоятонро боз кунед. Ин суханонам бар ҳар яктои шумо дахл дорад. Шояд дарси ибрат ҳам бишавад. Аз оилаи касифи Раҳмонов дурӣ ҷуед.

Негматов Мансур ҳамсари Шабнами Собирӣ аст. Як рӯз занг мешавад аз тарафи одамони Исмоили пингвин ба Шабнами Собирӣ ҳамсари Мансур ва ӯро ба як ҷое даъват мекунанд ва Шабнам як шофиëрашро гирифта ба ҷои даъвати Исмоил меравад ва Исмоил дар комната медарораду корашро «тамом» мекунад ва долларро Шабнам гирифта аз комната мебарояд ва ба самти шофиëраш меравад. Як чанд пуле ба шофиëраш ҳам медиҳад, ки гап байни худамон монад. Аммо гап ба мо ва ба ҳама расид.

Ин ҳодиса хело пештар буд, медонам. Аммо ба блогерон як дарсе шавад, ки ин оилаи Раҳмонов ба шумо раҳм нахоҳад кард. Даст аз ин чоплусие, ки доред бардоред.

Блогерон, илтимос чашмҳоятонро бикушоед ва бинед таърифи киро карда истодаед. Мебинед, ки дар Тоҷикистон ягон ободкорӣ нест, ягон чизи хуб нест, ягон пешравӣ нест. Ҳамаи инро мебинед, чаро таъриф аз Раҳмонов мекунед? Дар видеоятон чаро тарафи Исмоил босс гуфта таъриф мекунед?

Блогерони дигар Саид Шукуров ва Муҳаммад ба тахаллуси Ковид- 19. Инҳо ҳамагӣ лесаки Раҳмонов ҳастанд. Тасаввур кунед як хона мукофот мегиранд аз Раҳмонов ва то охири умри аз Раҳмонов тарафадорӣ мекунанд. Бовар кунед чи хеле Раҳмоновро ҳурмату иззат мекунанд, падари худашонро ин қадар ҳурмат намекунанд. Илтимос ин корҳоятонро бас кунед. Шумо кудак нестед. Ин фиръавни лаъин хуни мардмуро макида истодааст.

Тоҷикистонро дар пасттарин ҷо зада истодааст. Шумо бошед Тоҷикистон ба пеш гуфта дастро боло мебардоред. Мардум дар гуруснагӣ ҳастанду шумо тарафдорӣ аз Раҳмоновро доред, мардум дар азоб шумо таърифи Раҳмоновро доред, мардум дар муҳоҷират, шумо тарафгирӣ аз Раҳмоновро доред, мардум дар бе барқӣ шумо тарафдорӣ аз Раҳмоновро доред, мардум дар муҳоҷират дарбадар, шумо тарафдорӣ аз Раҳмонови оқи падар мекунед. Дида истодаед мардум дар азоб аст.  Чаро тарафдори аз ин лаъин мекунед? Дар ягон давлати дунë дидаед ягон блогери онҷо ин қадар тарафдори таъриф ситоиш аз президенташ кунад. Қасам ба Аллоҳ чуноне шумо мелесд ягон блогери дигар давлат ин корро намекунад.

Ба наздикӣ боз маъракаи ҷоизасупорӣ доред. Маълум, ки ин ҷоиза ба касе, ки бисëртар Раҳмоновро лесидааст дода мешавад. Ягон блогере намонд, ки аз Раҳмонови фиръавни миллаткуш таъриф накарда бошад. Афсус.

Медонед сазовори ин ҷоиза кӣ аст? Далери Эмомалӣ. Далери Эмомалӣ сазовори 1000-ҳо ҷоиза аст. Тамоми блогероне, ки имсол ҷоизаро мегиред, шарм доред. Чунки сазовортарин блогер Далери Эмомалӣ аст. Вай аз камбуди мардум гап мезад, фикри мардумро мекард. Бо ҳар як видеоҳояш зарба ба Раҳмонов мезад. Ҳар як видеоҳояш бо факт буд, чоплусӣ намекард. Як инсони одӣ буд. Номаш дар таърихи миллати тоҷик хоҳад монд ва мо фақат ӯро сазовори ҷоиза медонем. Ин ша Аллоҳ, ки пирӯзии мо наздик аст. Вақти чапа кардани ин оила ҳам  омад. Рӯзаш меояд, чашматон боз мешавад дар ҳақиқат мефаҳмед: кӣ ҳақ хаст ва ки ботил. Аллоҳ ҳамаи мардуми моро нигахбон бошад, озодиро ба мардуми мо насиб гардонад ва пирузӣ ҳам насибамон шавад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Прокурори генералии Тоҷикистон қудои собиқи Раҳмонов одамони бегуноҳро дар содир кардани «ҷиноятҳои қаллобӣ»-мошенничество 247, қисми 4 гунаҳкор ҳисобида нисбати ин бегуноҳон парвандаҳои ҷиноятии сохта ва бедалел оғоз намуда баъзеашонро ба кофтукоби байналмилалӣ медиҳаду дар тамоми воситаҳои ахбори омма паҳн мекунад.

Нисбати Иззат Амон, Зайд Саидов, Умаралӣ Қувватов ҳатто нисбати Муҳиддин Кабирӣ, нисбати Муҳаммадиқбол, нисбати ҳазорҳо шахси бегуноҳ. Маҳз бо моддаи қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда ба судҳо пешниҳод мекунад. Аммо барои чи нисбати язнаи худаш Ҷалоли КГБ (буз) супермошенник бо моддаи қаллобӣ (мошеничество) моддаи 247 қисми 4 ,моддаи 170 (бисёрзанӣ) моддаҳои дигари кибертехникии ҳакерӣ парвандаи ҷиноятӣ намекушояд.
Ин як муаммоест, ки дар оянда аниқ хоҳад шуд.
Ман дар бораи ҳамин одам, ки аз Ҳисор аст Ҷалоли КГБ (буз) гуфтаниам. Худашро дар ҳама ҷо язнаи Прокурори Генералӣ муаррифӣ карда (гуё,ки ҷияни роднойи Юсуф Раҳмон зани дуюмаш аст бо номи Зебо. Ин зан дар 6-ой отдели МВД муфаттиши калон мебошад).

Ду сол пеш ба Туркия омада маҳз тоҷиконро фиреб кард, бо ҳамроҳии як зани молдованка бо номи Наталя Янчиева. Гуё шавҳари ин зан миллиардер аст. Аз тоҷикон бо роҳи қаллобӣ- мошеникӣ аз 120 000 доллар то 300 000 доллар аз як қирғизи ноҳияи Ҷиргатол бо номи Худойназар 140 000 долларашро гирифта аз худ кардааст. Бо ин қирғизи Ҷиргатол бо ӯ ба Эрон рафта дар Эрон аз ӯ боз маблағи 50 000 долларро гирифтааст. Аз ҳамаи ин одамон, ки зиёда аз 70 нафар мебошанд маблағи умумии тақрибан 6 700 000 (шаш миллиону ҳафтсад ҳазор доллари ИМА ро ) бо роҳи қаллобӣ аз худ карда аввал ба Эрон баъдан ба Тоҷикистон гурехта рафтааст.

Саидов Абдуҷалол Раҷабович (худро эшони Абдуҷалол муаррифӣ мекунаду дар бисёр ҷойҳо ҳатто худро аъзои ҲНИТ ҳам мегуфтааст (ҳол он ки ӯ ба ҲНИТ ягон алоқамандӣ надорад-дар назди муллоҳои Туркия худро наҳзатӣ муаррифӣ мекардааст) аз ноҳияи Ҳисор деҳа Туда аст. Пештар ба нақли худаш муфаттиши МВД СССР дар Тоҷикистон будаасту баъдан гуё дар вазифаи эмомхатиби ноҳияи Ҳисор ҳам кор кардааст. Баъдан ба тиҷорати молу масолеҳи сохтумонӣ машғул шуда дар ҷараёни ин кор бо ин зани молдованка мошенитса шинос шуда аз картаҳои шахсони воқеъӣ ва счётҳои хобрафтаи Аврупо ва дигар давлатҳо маблағҳоро ба воситаи ҳакерҳо медузданду дар дипломати бо худ доштааш ба ҳама нишон медиҳад, ки ана дар ҳисобҳои ин зани олигарх 500 000 000 (панҷсад миллион евро )мавҷуд аст. Шумо ба ман 150 000 доллар диҳед, ман баъди ду- се моҳ 300 000 доллар медиҳам. Аз нафари дигаре ки номаш Амин аз Ҳисор (бигзор номаш махфӣ монад ) эшони Ҷалоли КГБ(буз) маблағи 175 000 долларро накд дар Стамбули Туркия бо роҳи фиреб гирифта ба ӯ маблағи 350 000 доллари ИМА (дар муҳлати се моҳ ) ваъда дода будааст. Акнун ин шахс тули ду сол аст пулҳояшро интизор аст. Айни замон боз эшони Ҷалоли КГБ язнаи Прокурори Генералӣ, собиқ қудои Президент ваъда кардааст, ки мо маблағҳоятонро се вайно баргардонида медиҳем. Яъне 175 000 доллар гирифта бошанд 500 000 доллар медиҳем гуфта фиребу шайтонӣ карда махсусан тоҷиконро фиреб карда аз онхо маблағҳои бениҳоят калонро аз худ карда мегуяд, ки «Мана крышаам Прокурори Генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон қудои Президент Эмомалӣ Раҳмонов аст. Мана пишакама ҳеҷ кас пишт гуфта наметавонад. Ман язнаи Прокурори генералӣ» гуфта воҳима ва дағдаға карда гаштааст.

Инро низ илова карданиам, ки ин Ҷалоли буз бо як гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ҳамкор аст ва ӯ худро генерали Интерпол муаррифӣ ҳам мекунад. Яке аз онҳо
миллаташ арманӣ аст ва як зани мошенитсаи дигар бо номи Наргиси Ғафс, инчунин нафари дигари аъзои ин гурӯҳ Сулаймон аз ноҳияи Ваҳдат ва додараш Неъмат, инчунин Маҳмад Зоиров (собиқ раиси бонки ноҳияи Роҳи оҳани Душанбе ) бо статяи 247 қисми 4 (мошеничества ба муҳлати 11 сол суд шуда буд, айни замон дар Туркия карор дорад) ва инчунин як эронӣ бо номи Маҳдӣ ва чанд нафари дигар ҳамроҳ мебошанд, ки главари ин гурӯҳи ҷинояткор «Эшони Ҷалоли КГБ-буз» мебошад. Ин шахс худро эшон муаррифӣ мекунад ва Эмомхатиб. Аммо аз руи гуфтаи ҳамсояҳояш аз деҳаи Тудаи Ҳисор ҳам худаш ва ҳам акаааш ҳамеша арақ задагӣ маст мегаштаанд дар Ҳисор. Яъне ин Ҷалоли КГБ (буз) агенти КДАМ  аст ягон эшон ё мулло нест! Ҳангоме мақомоти қудратии Тоҷикистон даҳҳо нафарро аз Туркия дуздида бурда 30 соли ва 20 соли маҳкум ба зиндон мекунанд. Ин корро карда метавонанду чаро ин гурӯҳи ҷинояткорро чизе намегуянд? Инҷо ҳатман бо ин гурӯҳ шариканд ва ё инҷо чи тавтиъа ва ҳелаҳое пинҳон аст. Мо назорат мекунем пас аз нашри ин нома ҳолашон чихел мешавад ва комилан бароятон менависам.

Норак

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Норак ҳастам, ҳоло дар Ваҳдат истиқомат дорам. Дар бораи ҳамин донишгоҳу коллеҷҳо суҳбат кардан мехоҳам. Ба Аллоҳ қасам духтарҳо чи дар донишгоҳу коллеҷҳо на кам аз 90% ба ҳаромкорӣ машғуланд. Ҳамин суханҳои маро дар шабакаатон пахш кунед. Ман  тамоми барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Номаҳо аз ҳама шаҳру ноҳияҳо ҳастанд вале аз Норак танҳо як нома дидаму халос. Мутаассифона аксарият чмо шудагианд. Мардуми Нораку Ваҳдат аксарият хокакзани як авлод шудаанд. Ман бисёр гуфтанихо дорам. Ман аз як деҳаи куҳистонии Вахдат ҳастам. Ман барои додари худ келин кофта истодаам. Ба ҳар хона, ки меравӣ ҷавоби рад мешунавӣ. Сабабаш дар ин ки ҳама мегуяд: «духтарам дар коллеҷу донишгоҳҳо мехонад, хатм кунад баъд». Лек онҳо   намедонанд, ки духтарони онҳо ба хондан машғул нестанд, онҳо барои хуш гузаронӣ мераванд.

Вақте ман дар донишгоҳ мехондам худам ҳамаашро дидам. Ман як писарро медонам, ки писари зебост. Ба аллоҳ қасам бо 63 духтар гап мезаду онҳоро истифода мебурд. Баъзеашонро ба мисли зани худ ба квартираи худашон бурда бо онҳо… мекард. Оё он духтар розӣ буд ё не ба он бе шахсият фарқ намекард.

Ҳоло бошад дар коллеҷу донишгоҳҳо Раҳмонов ба директорҳо фармон додааст, ки то донишгоҳро буд накардед, шуй накунед. Хоҳиши ман ин аст ки  навиштаи маро ба ғарибоне, ки дар ғарибӣ азоб кашида барои хондани духтари худ кор мекунанд хубаш аз хондани духтарҳо даст бикашанд. Сабаби аслӣ дар он аст ки якум дар Тоҷикистон ҷойи кор нест. Дуюм худатон мебинед, ки ҳар сол танҳо дар Донишгоҳҳо на кам аз 17000 одам донишгоҳро хатм мекунанд. Худатон Фикр кунед дар Тоҷикистон барои 17.0000  одам як сола кор ёфт намешавад ҳоло худ фикр кунед барои 5,000000 миллион одам аз куҷо кор пайдо мешавад? Худи Донишгоҳ бо ҳар писаре, ки ба худи духтар маъқул аст ба квартираҳо рафта ҳаромӣ мекунанд . Дар 2 ва 3 курси ҳомила  мегардад. Модари духтар шарманда нашавам гуфта зуд ба сари писари дигаре бор мекунанд.

Мо имрӯзҳо ин гуна корҳоро хар рӯз мешунавем. Ба Аллоҳ қасам шармам меояд ба инро гуфтан. Духтар дар сараш сатр, бо рафиқи мо дар телефон гап мезанад. Ҳаррӯзи худо худашро лухти модарзод карда сурат гирифта мепартояд. Духтарро мебинӣ бо сатр мегардад, сараш хам, хаёл мекунӣ, ки беҳтарин духтар аст. Баъде мефаҳмӣ, ки   уже ҳомила аст. Бовар кунед, як рузи сиёҳу як бадбахтӣ аст дар ин Тоҷикистон.

Писарбачаҳо ҳам ҳамин хел. Қариб 40% дар дискотекаҳо, арақхуру пивохур шудагианд.

Ҳозир барои аксарияташ дискотека аз масҷид пеш аст. Масҷид намераванд вале дискотека мераванд. Баъзе духтарҳо бо либосҳои шайтонии худ ба писарҳо, кӣ   будани худро нишон медиҳанд. Аммо баъд, ки нодухтар шуданд дар сар руймол карда худро духтари хуб нишон медиҳанд то ин ки шавҳар пайдо кунад.

Ба ин ҳама ин пешоби миллат гунаҳгор аст. Духтарон дини худро хуб намедонанд, аз ҳиҷоби аслӣ маҳруманд. Писарон бошанд ақида, имон ва ахлоқи ҳамида. Чаро барои риш мондан чора андешида мешаваду барои ҳомила нашудани духтарон чора андешида намешавад? Чора андешидан сад дар сад мешавад вале инҳо худашон инро намехоҳанд. Як маротиба як писарро бо духтар дида ҳардуро 10ҳазорӣ штраф кунанд, дигар ҳеҷ духтаре бо писар дигар гап намезанад. Лек барои ин пешоби милат бамаънӣ будани духтарон писанд нест. Чунки ҳама духтарони худаш бо фасоду айшу ишрат машғуланд. Барои ҳамин писароне, ки зангиред аввал бодиққат аз паси духтар бигардед, бо чашми худ бинед, санҷед, ки духтар бо касе мулокот надорад, баъд хостгораш шавед.

Ҳоло дар шаҳри Вахдат хеле зиёд духтарон ба фасодӣ машғуланд. Мо дар Ваҳдат зиндагӣ мекунем. Ҳар рӯз мебинем, ки оилаҳо вайрон мешавад. Медонед аз чи сабаб худи духтарон дигар як шуйро намехоҳанд? Барои ҳамин бо як баҳонае бо шавҳари худ ҷанг карда аз он ҷудо мешаванд. Ҳоло модарони ин духтар фикр мекунанд, ки духтарамон раваду бихонад то ин ки бо шавҳараш якҷо кор кунанду зиндагии худро пеш баранд. Вале хатои бузург мекунанд. Худи модарону падарони мо мегуянд, ки ин гунае, ки ҳоло шудааст: « духтар писаро вибр кардан» ин тавр набуд. Вибор кардан яксу истад. Як дусти ман дар ҳамин Ваҳдати мо як хонаи 3 этажаи зебо дорад, барои хостгорӣ ба духтаре мераванд. Модару духтар ҳарду дар пурсуҷуи писар медароянд, ки хонаатон чанд этажа аст. Баъд хандида гуфтааст, ки хонаамон 3 этажа аст. Баъд мегуяд, ки дар хонаатон гов дошта бошед ман ба гову мол кор надорам, ман ин чизҳоро намефаҳмам. Ин рафиқи ман бошад мегуяд: «ҳо, бале, мо дар хона гов дорем, говбизнес мекунему лек мо гов ҳам, ки намедоштем бо ин суханҳое,ки ту гуфтӣ даркор нестӣ барои мо. Ин рафиқи ман боз ба дигар хона меравад. Боз пурсупос. Ин духтар бошад мефаҳмад, ки ин рафиқи мо писари хурдии ин хона аст қабул намекунад. «Ман хизматгори хуштоман нашавам» гуфта рад карда аст.

Боз гуфтаниам, ки бисёри модарон дар асл намедонанд духтари онҳо дар он хобгоҳҳо ба чи корҳо машғуланд. Ҳар гоҳе, ки мепурсӣ мегуянд, ки ҳар шаб бо духтарам гап мезанам, духтари ман дар ҷои хоби худаш аст. Ҳамин яктои онҳо холаи худи ман аст: «мега, ки ма аделна дгоноша мепрсум, ки бо ҳами духтари ма кати ягон кас гап назана, ки мара оташ мекуша, дугонаш меган, ки не и духтари бе мани нестай намозоша мехона».

Ана ҳамин хел гапҳо мезананд. Аммо ман медонам, ки ҳамон духтари холаи маро   як чорумкурс ду руз пас дар мошинаш савор карда мебарад. Ман худам рафтам, якчанд рӯз поида дидам. Модараш холаам, мехост, ки ҳамонро ман бигирам. вале ман гуфтам, ки ман хеш намегирам. Ман гуфтаниам, ки падарони азиз агар бихоҳед, ки духтаронатон бебахт нашаванд аз зери чашми худ дур накунедашон. Ба Донишгоҳ дохил шудани бисёри духтарҳо ин як бахона аст. Боз худ медонед, ки дар Тоҷикистон ҷои кор нест. Ин худи пешвоятон намехохад, ки духтарон бомаънӣ бошанд. Барои он ки духтаронро худи онҳо истифода мебаранд.

Баъд гуфтаниам, ки худатон дар як моҳ ду- се маротиба рафта аз дур тамошо кунед.

Модари ман ҳам аз рафиқонам мепурсиданд, ки ҳамин писари ман бо ягон арақ ё банг назанад. Рафиқони ман всеравно мегуяанд, ки «не бачаи зурай, бачаи нағзай».Аммо модари ман, падари ман аз куҷо медонанд, ки ин рафиқони ман дуруғ гфта истодаанд. Баъд як руз ҷанг шудем, ҳамаро фош карданд. Гуфтам, барои ҳамин писарони худро бе назорат нагузоред.

Боз як масъалаи дигар. Дар Душанбе 3 оилаи пулдоре ҳаст, ки барои онҳо ҳар  рӯз як духтари созро вибор мекунад бо 1000 доллару Ду хазор доллар дода бо он ҳамхобагӣ мекунанд. Ҳамин хел одам боз дар Қурған Нусрати бетурсик. Наздикии Донишгоҳ қаҳвахона аст. Ҳамин хел чиз дорад, ки дар ҳамонҷои шиштагиаш духтарҳои гузаштагиро кадомеаш, ки маъқулаш шавад хизматгоронаш гирифта меоранд, то ки бо Нусрат отдих кунад. Барои вай шудор ё инки бе шуй фарқ надоштааст. Маъқул шудӣ «бо лубой ҳила» фиреб карда мебаранд пеши Нусрати бетурсик.

Чи дар Донишгоҳҳои Душанбе бошад ва чи дар Кулобу чи дар Қурған ва дигар дар тамоми ҷойҳо  ҳамин хел фасодист. Медонам барои баъзеҳо мумкин аст аҷоиб тобад вале охир ман ончи дидаистодаам ва ҳар рӯз дар ин ватанам онро гуфтам. Мумкин ба баъзеҳо хуш наояд вале мутаассифона воқеъият ҳамин аст,ки гуфтам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №205 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№189
Соҳаи тандурустӣ, ҳифзи сиҳати омма дар Тоҷикистон низ олуда ва ғутида ба фасод аст. Ҳиҷ табибе бидуни гирифтани «ҳақ» ҳатто тарафи бемор нигоҳ намекунад. Мутаассифона ватани моро ин режим пурра ба фасоду ришват олуда кард.

Духтурҳо ба шахси бемор на ҳамчун бемор, балки ҳамчун муштарӣ муносибат мекунанд. Муштарӣ пули бештар диҳад бемори асосии духтур ҳамон мешавад. Вале агар пулаш кам ва аз тоифаи нодори ҷомеа бошад, духтур муносибаташ бо вай сардтар мешавад. Муаллифи номаи аввал беморхонаро ба бозор шабоҳат додааст, ки воқиан ҳам мувофиқ аст:

Ҳамадонӣ

Ассалому алайкум  бародари шуҷоъу далер Муҳаммадиқболи Садриддин!

Парвардиор умри ҳазрати Нуҳ алайҳисалом диҳад ва дар роҳ мубориза доимо устувор бошед. Ман аз ноҳияи Ҳамадонӣ бароятон менависам. Ҳар вақте фарзандҳо бемор мешаванду ба беморхона меравам, валлоҳ мегуӣ, ки  беморхона неву бозор рафта бошам. Барои мисол духтури кудакона Ҳакимов дар якум этаж якум кабинет дасти рост, бурутҳояш паҳнкардагӣ, аз ҳаромхурӣ чени фил шудааст. Дар пеши таксиҳои Ҳамадонӣ-развилка, аптека дорад. Вақте дорухатро менависад, таъкид мекунад, ки «бра дорувора ай ҳамуҷа гир». Бо духтур Нуров доду гирифт дорад. Агар рентген карданӣ бошад, кудакро пеши ҳамон роҳӣ мекунад. Дар коғаз менависад, ки аз ҳамин чанд сум бигир. Бо ҳарфҳои морморак менависад, фикр мекунад, ки мардумсавод надоранд. Барои мисол дар коғази мо 80сомонӣ навишта буд. Аз руи қоида кудакҳои хурди то яксола бе пул аст. Пеши кадом духтур наравӣ, мегуяд, ки даҳ сомонӣ, бист сомонӣ бидеҳ. Магар инҳо маош намегиранд? Ман ҳайрон мешавам. Мардуми бечора сум надорад. Як рӯзи сиёҳе дорем мо мардуми оддӣ ва камбағал. Духтури гуш дуюм этаж, се нафар дар як кабинетанд. Фамилияҳояшонро намедонам.

Шифохонаро ду тақсим кардаанд. Бояд ки анализҳоятро дар лабораторияи Фароз супорӣ, дигар ҷо намешудааст. Зури мо ба Фароз намерасад. Як даҳшат аст. Ақалан дами раҳи ҳаминҳояшро камтар бигиред.

Барои оби хонаи мо ва ҳамсояҳо счочик заданд. Нархаш 120 сомонӣ. Бо зури мечаспонанду суматро мегиранд. Ҳамин шуравӣ чени шумо ақл надошт, ки то ҳаминруза начаспонд?

Эй, фермаи ҷавоб! Вақте ҳамин нома пахш мешавад шумо беғайратҳо дар комментҳо хоин гуфта ҳарчи нанависед. Тамоми давлатҳо мухолифин дорад. Лекин тоқа ҳамин шумо бекалаҳо мухолифонро террористу экстремист баровардаед. Як давлати дигарро нишон диҳед, ки мисли шумо мухолифҳоро ҳаминхелин бигуяд, он вқт ман тамоман наменависам. Эй, худкушҳои бегонапараст. Шумо пагоҳ дар назди Аллоҳ чи ҷавоб медиҳед? Ҳақиқатро гуфта наметавонед, ақалн дахолат накунед. Агар  барои бародар Муҳаммадиқбол пул даркор бошад, даҳҳо бор мақомот пул пешниҳод кард, ҳамонро мегирифт, хап мешишт. Аммо аз ҷонаш гузашта баромада барои бародарҳои мусалмони худаш дифоъ карда истодааст. Эй, мардуми тоҷик, ҳама медонад, ки шумо чи хел бағайрату баор ҳастед. Ин гапи ман дар ҷанги қирғизу тоҷик тасдиқи худашро ёфт.

Аз мурдан наметарсед, аммо аз ҳақи худ дифоъ кардан метарсед. Яке туҳмат карда падар ё модаратро ба пулис даъват карда таҳқир мекунанд. Куҷоянд ҳамон 63 депутат? Чаро дар ягон расона баромад намекунанд? Аз ҳақи мардум дифоъ намекунанд. Барои чи ба мардум хидмат намекунед? Шуморо ҳам мисли ҳамон Усмонзода говсуд кунанд, баъд мардум мешиносад шуморо, ки депутат дошта будаам. Як вазир даҳ хона дорад. Барои чи бачаи як вазир дар муҳоҷират нест? Барои чи набераи як вазир дар хидмати аскарӣ нест? Ватан тоқа ватани бачаи камбағал аст? Агар ҳамин хел  бошад курсиҳоро холӣ кунед. Мо аз шумо безор шудаем инро медонед!

Барои мардум маълумот бидиҳед, ки ин қадар сарватҳои зеризаминӣ куҷо шуд ва куҷо мераванд: ангишт, тилову нуқраву симоб, сангҳои лоҷуварду алмосу лаъли Бадахшон ва дигарҳояш куҷо мешаванд? Бароед маълумоту ҳисобот диҳед. Дар ҳамин даврони истиқлолият мурдаи бачаи кадом вазирро аз хидмат ва ё муҳоҷират оварданд? 100 вазир зиёд аст. Бачаҳои онҳо бача будаанду бачаҳои мо тухми ҷоруб? Барои чи дар деҳаҳо светҳоро мекушанду дар хонаи вазирҳо чароғон? Чи вазир гуфта калаи шер овардааст? Вазир шуд бояд ҳақи мардумро бихурад? Ва бо чаҳор Ландкрузер бигардад? Тамоми номаъқулиҳоро бачаҳои вазирҳою раисҳою муовинонашон  мекунанд. Ҳама дар даҳонатон об мегиреду хапед. Ақалан даҳ рӯз маҳкамашон намекунед.

Далери Эмомалӣ баромад гуфт, ки як прокурор ё раиси ноҳия чи хел бо як маош БМВ ё мерседеси 50-60 ҳазор долларӣ мехарад, ягонтоат ҷавоб наёфтед, зуратон омаду туҳмат карда бурдеду маҳкамаш кардед. Шумо аз гуфтан ва шунидани ҳарфи ҳақиқат сахт метарсед. Чаро? ки ба гуфтаи мардум таги думатон тар аст.

Тоҷикобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз Тоҷикобод мефиристам. Нома дар бораи Тоҷикобод аст, аммо худам  дар яке аз шаҳрҳои Русия ҳастам. Муҳоҷири меҳнатӣ. Аз деҳаи Капали ҷамоати Қалъали лаби об. Дар бораи зулми як нафар болоии мардуми деҳа мехоҳам нависам.

Шумо дар чанд наворатон гуфтед, ки агар ҳато бародарам зулм кунад, ман онро мегуям. Барои чи ин суханро инҷо ёдовар шудам? Зеро ин шахс номаш Ваҳҳобов Мустаон бародари як нафар одами шинохта. Бовар дорам шумо ҳаммешиносед. Он нафар як вақтҳо дар Наҳзат фаъолияти расмӣ дошт. Шарт нест номи ӯ дар ин матн ва ё навор гуфта шавад. Зеро намехостам номи вай ба хотири додари хунхораш сиёҳ шавад. Аммо дар бораи додараш ногуфта наметавонам.
Маълумот:

Ваҳҳобов Мустаон Илёсович 20 августи 1974 ба дунё омадааст. Зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Капали ноҳияи Тоҷикобод аст. Маълумоти олӣ дорад. Шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.   Шахси босавод аст. Дар баробари ин ҳилагару маккор аст. 2 писар дорад:- Абдулло ва Порсо.
Пеш муҷоҳиди шайх буд. Баъди ҷангҳо аз солҳои 2000, 7-8 сол директори мактаби ҳамин деҳа буд. Аз ҳисоби ҳукумат ангишту орду равған ҳам барои хонандагони то синфи 4 ва ҳам барои «помощ»-и ҳамин деҳа меоварданд. Ончунон ғорат мекард, ки ҳатто фарзандонаш ки он вақто хурд (7,8,9- сола) буданд, дар куча мегуфтанд ки мо ҳаргиз орд ва ангиштро аз бозор намехарем.
Мисли аждаҳори калони Тоҷикистон (яъне Раҳмонов).

Се бародарашро дар гирдаш ҳамчун муаллим ба кор гирифта буд. (Аҳтам, Маҳкам ва Баҳром )
Баъди 7-8 сол ӯро боз ба мактаби рақами 1-и ноҳияи Тоҷикобод ба вазифаи директорӣ монданд. Дар онҷо 2-3 сол кор кард, ки ӯро бо як духтари синфи 11 номаш Ситора буд, чанбор якҷоя диданд. Баъди ин ӯро аз онҷо ҳам пеш карданд. Қариб, ки тюрмааш мекарданд. Аммо бо ёрии бародараш Ваҳҳобов Суҳроб, ки он вақт командири част дар Хуҷанд буд, ҷонашро халос карда ба Русия шаҳри Санкт-Петербург гурехта омад. (Ин тахминан солҳои 2013-2014 буд) Дар ягон ҷо кор намекард. Дар Питер ҳамаи муҳоҷирони ин  деҳаро (Капалӣ) як рӯзи якшанбе ҷамъ карда маҷлис гузаронд, ки бояд як фонд ташкил кард. Бояд гуфт, ки дар кори ташкили фондаш боз ду лошахури дигар ҳам аз ҳамон деҳа буданд: Абубакр ва Абдуқаҳҳор. Худи Мустаон ташкилотчии фонд, Абубакр раиси фонд, Абдуқаҳҳор, ки дар Москва бригадири калон буд, бухгалтер таъин шудаанд. Ин фонди муҳоҷират тақрибан 2-3 давом ёфт, баъдан барҳам хурд.
Вай фонд куҷо шуд то ҳол ҳеҷ кас намедонад.
Чанд сол дар Россия гашт баъд Тоҷикистон рафт. Чанд сол бекор буд. Дар вақтҳои бекориаш бо дуздони деҳа бисёр ҳамкории хуб дошт. Аз оғилҳо фақат гӯсфанд медуздиданд. Ҳатто аз оғили апаи худаш, ки шавҳараш дар Русия буд, гусфандашро дуздида бурданд.
Хуллас, чанд соли ҳаёташро бо дуздӣ дар деҳа гузаронд.

Ҳозир 3-4 сол мешавад,ки ин дузд боз раиси деҳа шудааст. Дар ҳама ҷабҳа бузҳои худашро дорад. Масалан дар Русия дар байни муҳоҷирон, дар мактаб, дар масҷид, дар байни ҷавонони деҳа, ҳатто дар байни занҳо. Хуллас, гушу чашмаш дар ҳама ҷо ҳаст. Ҳозир як шиор дорад:

«Муҷоҳидам шудам ба қадрам нарасиданд, директорам шудам ба қадрам нарасиданд, дар Русия ба муҳоҷирони деҳаамон фонд ташкил кардам, онҷо ҳам ба қадрам нарасиданд. Акнун дар хизмати ҳукумат мешаваму ҳамаи қасдамро аз ин деҳа мегирам».

Ин ҳадаф ва шиораш аст ки доим такрор мекунад. Ба ҳамин наздикӣ аз тарафи ООН маблағ ҷудо карда шуд барои кашонидани оби нушокӣ ба деҳа. Ин раиси номуҳтарам (Мустаон) аввал маҷлис карда гуфт, ки ҳамаи маблағро ООН пардохт мекунаду вазифаи мо фақат қубурҳои обро аз куҳ то деҳа кандан аст.
Баъдан, баъди чанд моҳ боз маҷлис кард, ки аз ҳар хоҷагӣ 500 сомонӣ ҷамъ карда шавад барои музди меҳнати коргарон. Инашро худо медонад, ки ин пулро куҷо кард. Аҳолии ин деҳа зиёда аз 1500 хоҷагӣ аст.
Баъдан боз бародари командираш Суҳробро, ки командири част дар Хуҷанд буд, аз кор озодаш карданд (сабабашро намедонем) ҳозир ӯро директори мактаби деҳа монданд.
Тасаввур кунед одаме, ки командири части ҳарбӣ буд, ӯро ба ҷуз муаллимӣ дигар дар ягонҷо кор нагирифтанд, чунки додараш ҳамин Мустаон як вақтҳо муҷоҳид будаст.
Бародар Муҳаммадиқбол! Мо ҳамаи барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Бубинед, ин фақат зулми як раиси деҳа буд. Мо мебинем аз ҳама манотиқи Тоҷикистон ба шумо маълумот дар бораи золимонро меависнад. Аммо мутаассифона аз ноҳияи Тоҷикобод ҳама мурғ шудаанд. Мардуми Тоҷикобод бояд бедор бишавед!

Кулоб

Ассалому алейкум  бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз шаҳри Кулоби бостонӣ ҳастам. Ин номаи ман ба Эмомалӣ Раҳмонов аст. Эмомалие, ки хуни тоҷикони моро макида истодааст. Эмомалӣ Раҳмонов қасам ба бузургии Аллоҳ ту дар назди мардуми тоҷик як қотил, хиëнаткор, дузд ва ватанфурӯш ҳастӣ. Ин гапҳо дар ҳақи ту кам ҳаст.

Ту мардуми халқи моро бе ватан кардаӣ, мардуми тоҷики моро ба ғулому канизу батраку мардикори русҳо табдил додаӣ. Чаро ба муҳоҷир табдил додӣ? Чаро ба Русия меоӣ аз аҳволи онҳо хабардор намешавӣ? Чунки медонӣ, ки

«уво беҳад тра бад мебинан, ба ин хол ту расондӣ инҳоро, ть фикр мекнӣ инҳо туро нағз мебинан? Не, не худатам медонӣ ҳеҷ қадар обуруе надорӣ да назди муҳоҷиро».

Моро сӣ сол мешавад, ки зери зулми худату аводат кардаӣ.

Гуфти Саймурод Давлатов мо 30- сол аз илм дур шудем. Ҳамаи ин бесаводӣ ва  беилмиро сабабаш ҳамин Раҳмонов хиёнаткор аст.

30- сол, ин ба даҳан осон аст гуфтанаш! Ин чи ҳолу рӯз аст барои миллати тоҷик. Ҳатто аз ғуломиву мардикорӣ моро задазада пеш карда истодаанд. Аммо ин шо Аллоҳ барои пирузии мардуми тоҷики мо камаш монд. Мардуми Кулоби бостонӣ ба шумо чӣ шуд? Шумо таҳти зулм мондаед:

«хезен сартона вардорен. Ворухда ҷанги қирғизу, тоҷик шид рафтен, мубориза будрден ,мешудаст, ку!  Мо олям метонем  амин амала ба Раҳмонови лаин кунем». Ба Худо қасам падарони мо ин кори хаторо карданд, ки инро ба қудрат оварданд. Аммо мо бояд ислоҳ кунем хатогиямонро, мо бояд намонем Рустами лаинро дар сари қудрат монад. Бархезед мардуми Кулоби ман, бархезед! Дар хуни шумо нотарсӣ ҳаст медонам. Аммо чаро аз як лаин ин қадар дар дил тарср доред. Илтимос бархезед. Мо бояд намонем писарашро ба қудрат биëрад.

Раҳмонов, падарони мо туро ба қудрат оварданд, мо писаронашон туро аз қудрате, ки ба чангу дандон қапидаӣ хоҳем гирифт.

Аввалин муборизаи мо ин муқобили бо облава, одамдуздӣ бояд бошад. Намонед, ки шуморо дузданд. Ба онҳо ҳуҷум кунед. Ҳеҷ вақт нагузор бародар, ки сарат хам бошад. И чист охир? Одамдуздии тайёр аст. Эй,бародаро! Бахудо монеъашон шавед нагузоред бо зури коре кунанд.Ҷавонҳои мо аз дасти ин лаъин муҳоҷир шудаанд, аз дасти ин муҳоҷир аз Русия баргашта омада наметавонанд, Русия бошад моро сур карда истодааст.

Мо, ҳар кадомамон дар маҳаллу деҳаамон шиносу хешу табори ҳамдигар ҳастем. Дустони зиёд дорем. Бар зидди ин лаъин бояд бархезем, ҳамакаса якҷояшуда хезем. Мо дар ҳукумат ҳам одамони худамон, хешу таборони худамонро дорем.

Як руз маслиҳате кардем. Як бародари ҳукуматии мо гуфт: «агар ҳукумат амихел рафтан гирад зарари мардум то чанд зиëдтар мешавад. Мо аз Фронти халқӣ будем. Ҳозир сахт афсус мехурем, пушаймонем бо он хатое кардем 32 сол пеш».

Инқилобе, Раҳмоновро ба ларза меорад наздик аст. Боре як дустамон гуфт ( ҳаргиз тарҳе мекашед дар нома нанависед!)

Мо намехоҳем, ки ранги Раҳмонов ба хуну ба қатл ҳукуматро гирем. Лекин нашавад ин коро карданамон даркор.

Бародар Аллоҳ нигаҳбонатон бошад. Ин ша Аллоҳ шуморо дар ватан интизорем.

Раҳмонов! Ин нома аз писарони ҷанговарони Фронти халқӣ фиристода шуд. Баъд  ту фикр накун падарҳои моро шикастӣ моро ҳам мешиканӣ. Не, қасам ба Аллоҳ ҷавоб мегуӣ!

Ё  безарар гардонида мешавӣ дар Тоҷикистон ë дафъ мешавӣ, меравӣ бо оилаи лаъинат.

Аллоҳ нигаҳбонатон бародарони мубориз! Ҳеҷ вақт натарсед, ҳеҷ вақт зулмро ба гардан нагиред, мардуми азизам!

Истаравшан

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Нома аз Ниҷонии Истаравшан фиристода мешавад. Дар деҳаи мо ноадолатиҳо бисёр шуда истодааст. Аз деҳаи мо ба шумо зиёд нома рафтааст, ки Шумо чоп намудед. Бисёр хуб. Мардуми мо Ислоҳро хуб шинохтааст. Аммо худи ман ба Шумо бори аввал нома навишта истодаам.

Ба ман номаҳои аввалин руҳ ва ҷуръат дод. Миннатдории худро ба он бародарони номаҳо аввалро навишта изҳор дошта гуфтаниам, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ бошад.

Бародар Муҳаммадиқбол ман низ муҳоҷир мебошам! Рафта омада ризқ насиба карда боз бармегардам. Ҳозир айни замон дар ватани худ қарор дорам. Дар инҷо аҳволи аҳолӣ тамоман муташанниҷ. Асосан иллати барои ба шумо мактуб навистан ҳамин шуд, ки як бачаи 17 ё 18 солаи синфи 11 хон худашро ба дор кашид. Ин ҷавон ба бозор ангурфурушӣ меравад. Бо ментҳои бозор гапҳояшон мегурезад. Таги гап чи бошад барои ман номаълум. Ментҳо бачаро «ту ҳоло бо мо гап мегардонӣ» гуфта телефонашро мегиранд. Ва аз телефони бача чи чизҳое меёбанд, ё ки худашон мемонанд. Хуллас коре карда туҳмат карда бачара мебаранд. Баъд бечора падар модар сарсон шуда   пули калон дода халос мекунанду ба хона меоваранд.

Дар милисахона ба бача чи хел таъзиқ фишор меоваранд, азоб медиҳанд, ки хуллас пас аз як ҳафта ё 10 рӯз ҷавонписар худашро ба дор овехт. Ман дар ҷанозаи ҳамин ҷавон иштирок кардам. Маросими намози ҷаноза дар санаи 13.10.2024 доир шуд. Бародар Муҳаммадиқбол! Аҳволи модарашро дида қарор истода натавонистам. Бечора апаи Ойҷамол чунонам аҳволаш даҳшатнок буд ҳеҷ инсони солим онро дида ором наметавонист бошад.

Бародар як дуо мекунам. Шумо омин гуеду ва Шуморо тамошо карда гуш мекардагиҳо  низ омин гуянд, зоро дуоҳои ҳамаи мардум иҷобат шавад.

Ё Аллоҳ  ин Эмомтапак бо ин ҳукумату бо ин коргаронаш то мурдаи Рустаму Сомону Исмоилро набинад намурад. Азизмоҳ ба чунин аҳволи апаи Ойҷамол гирифтор гарданду мо бубинем ин ҳолатро…

Озодаю Тахминаю Фирузаю Парвина ва дигар духтарҳояш ба ҳамин аҳвол гирифтор шаваду мардум тамошо кунад. Ҳар касеки чоплус бошад илоҳо хору залил шавад. Милисаю амнияташ низ хору залил шуда дар таги пои халқи мазлум қарор бигирад. Омин ё Раббул ъоламин !

Эй халқи Ниҷонӣ! Бедор шавед. Як сабукпо раиси деҳа, як хоҳари аз худаш бадтар директори мактаб, як артисти муфтхур дар мактаби дигарӣ директор. Эй,вой бар аҳволи шумо.

То ин замон, номаҳои ба шумо навишта ҳаммаш ростанду ҳақиқатанд. Чандин нафарро аз деҳа қапида бурданд, ки онҳо ба шумо навиштаанд, аммо маълум шуд, ки онҳо набудаанд, боз сар доданд. Аммо ин корҳои онҳо сафи муборизон ва сафи номанависон барои шуморо зиёд кард. Барои мисол худи ман якум бор менависам. Минбаъд ҳамеша менависам.

Хитоби дигар ба тамоми мардуми Истаравшан. Кани шуҷотаи истаравшании шумо?. Наход то ҳамин дараҷа мурғ шудаед? Ягон нафар ҷунбида наметавонад. Ин чи гап аст? Деҳаи Ругунд канӣ шумо? Ако Салимҷон Султонзодаро мешиносед? Гарчанде аз Зафаробод бошад ҳам аслан аз деҳаи Шумо.

Ман фахр мекунам бо он одам!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№189 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№87
Бо шумо бо итминони комил мегуям, ки барномаҳои «Ислоҳ» ва бахусус силсилаи нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо» сардамдорони режими зиддимилливу зиддимардумиву зиддиисломии Раҳмоновро девонаву васвосу калофа кардааст. Ҳар қадар, ки болои мардум фишор меоваранд, мардум ҳам ба рағми онҳо робитаи худро бо мо қавитар мекунанд ва номаҳои худро ба мо мефиристанд ва аз ҷурму ҷиноёти масъулону мудирону раисони ин режим мегуянд.

Ахиран хабаре ба дастамон расид, ки Раҳмонов, барномаи вобаста ба рӯзи мавлудашро, ки дар ду қисм таҳия ва нашр гардид, шахсан тамошо карда ва фавран Шурои амниятро ба хонааш даъват карда сари онҳо дуғу дағдаға кардааст, ки шумо пайи чи корен, чиро муҳофизат мекунен, ки ҳарчи Муҳаммадиқбол навиштааст, рост аст. Он гапҳову ҳодисаҳоро, ки дар даруни хонаи ман гузаштааст, ӯ аз куҷо фаҳмидаву навиштааст. Пас, маълум мешавад, ки амнияти онҳо аз амнияти мо беҳтар кор мекунад!

Коре кунед, ки даҳонашро бандед!!

Аммо, ин Раҳмонов касиф намефаҳмад, ки дасташ ба ман кутоҳ аст ва агар ҳатто, бар фарзе тавонисту ба шаҳодатам расонид, аммо дигар пеши даҳони мардумро гирифта наметавонад. Мактаби Ислоҳ ва роҳи он идома дорад ва пирӯзӣ насиби ин миллат ва мардум хоҳад шуд!

Ғарм

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин шо Аллоҳ, ки «номаҳо» кори худро карда истодааст. Дар лона ва ҳеҷаи ин золимон оташ дардодааст. Худоро шукр! Ҳоло аз як мавриде гап мезанам.

Баъд аз номаҳои пай дар пай Фаридун Зардаков қасам хурдааст, ки бача ин кори ман нест. Ин кори худи бачаи кури Нусрат аст ва аз боло фамон дорад, зури ман намерасад, ман ягон ҳуҷҷат имзо накардаам.

Нисбати Фаридун чунин гуфтанием, ки модоме зурат ба бачаи кури Нусрат намерасад, пас ин чи кор аст ки зиёда аз 25000 хоҷагиро паси сар мекунию аз як нафар метарсӣ? Марги ту барин раис, пас вазифаро холӣ кун, то ба ҷои ту шахси содиқу лаёқатманд ояду ба дарди мардум расад. Ва боз гуфтааст, ки мардуми Кулоба хап наистед, рафта арзу шикоятатонро ба ҳар куҷое мекунед, кунеду обатонро гиред, зури ман шахсан намерасад.

Агар ман дар масъалаи оби Кулоба гап занам на инки маро аз вазифа мегиранд, ҳатто ба ҷавобгарӣ ҳам мекашанд. Субҳоналлоҳ, ин чи ҳукуматдорӣ ва ин чи беҳокимиятӣ аст? Ин ҳукумат ба воситаи чунин раисони ҷамоатҳо обруи ҳукумат ва ноҳияро мерезонанд. Магар дар як ҷамоати калон дигар шахси комил ёфт намешавад, ки ин порахури буздили касифро мондаанд. Раиси ноҳия бояд фавран ин раиси касифро аз вазифа гираду ба ҷояш як шахси комилу солиму кор будкунро монад. Агар ин Фаридун каме дигар кор кунад, тамоми ҷамоат ва обруи ноҳияро мерезонад. Ин раиси касиф сабаб шуд, ки мо нисбаташ ба гурӯҳи мухолифон шикоят кардем. Ин хукумати имрӯза аст ки моро маҷбур мекунад, мо шикоят ба мухолифон кунем. Зеро медонем, ки ин ҳукумат ба додамон намерасад.

Аз раиси ноҳияи Рашт талаб мекунем, ки оби деҳаи Кулобаро ба мо баргардонад. Вагарна мо арзу шикоятҳои худро идома медиҳем ва нисбати ин хукумат менависем.

Қасам ба Аллоҳ, ки ин раис аз вазифа раваду оби деҳаи Кулобаро баргардонад мо дигар ба мухолифон номаи шикоятӣ нахоҳем навишт. Мо фақат мехоҳем обро баргардонед ва Фаридун, ки аз уҳдаи ин кор набаромад   ҷояшро холӣ кунад.

Душанбе

Бародари муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин салом аз Тоҷикистони офтобруя! Аз даргоҳи офаридгор ба шумо сиҳативу саломат,умри дарози пурбаракат ва хонаободӣ талаб дорам.

Ман барномаҳои шуморо ва махсусан «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо мекунам. Бовар кунед, ки бо ин барномаатон ин ҳукумати дузду ғоратгарро шармандаву русияҳ ва ҷонбарлаб кардаед.

Аммо мехоҳам дар бораи як масъала, ки дар номаҳои 68 гуфтед камтар равшанӣ андозам. Гап дар бораи Олим Ҷалолов меравад. Олим тули 7-8 сол мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ҳайси мутахассиси мудофиаи гражданӣ кор мекард. Ҳафт моҳ пеш ба вазифаи Агентии хададмоти авиатсионии фурудгоҳ гузашт. Дар ин вазифа се моҳ кор кард ва барои гузаронидани 5 кг тилло то роҳи қочоқ кормандони амният дастгир карданд.

Модари Олим Ҷалолов дар мақоми раиси Иттифоқи касаба-профсоюзи фурудгоҳ кор мекунад. Ман чи гуфтаниям? Вай дар роҳи оҳани Кулоб ё Душанбе кор накардааст. Ва шумо нисбати ин одам маълумоти носаҳеҳ нашр кардаед. Олим Ҷалолов як инсони хоксоре буд, ки аз дасташ паша озор намеёфт.

Агар Абдуллозода Исматулло Файзулло яъне Исмати Дулик директори генералии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маоши коргарон бо надбавка саривақт медод, коргарони фурудгоҳ ба қочоқ даст намезаданд.

Ашт

Ассалому алайкум! Ман аз ноҳияи Ашт аз як деҳаи бисёр машҳур. Наметавонам худамро ба мардум муаррифӣ кунам, зеро ман на фақат худ балки қаҳрамони ин суҳбатро низ метавонам зери хатар монам.

Ман номи аниқи он мардро то ҳол намедонам ва мехоҳам ҷустуҷу кунам. Ман солҳои дароз дар муҳоҷиратам ва бо мардум кам алоқамандам.

Воқеаҳо ва гуфтаҳои он шахс ҳикоя нест, ҳақиқат аст. Рӯзи ҷумъабозор сарходими милитсияи Ашт, ки аз бачаҳакои боло аст дар бозори шашликчиёнро бо лагад зад ва нону гуштро бо хок яксон кард. Ҳама хап буд. Ин мард пайдо шуд ва пурсид, ки чӣ гап. Мардум ба ин мард даъво карданд ва он мард мардумро даъват кард ва он милитсяро ёфт ва то бахшиш напурсид сард надод. Боз дар ҳамин бозор коркуни андоз молҳои беваю бечора ва камбағалонро кашид гирифт, касе дам назад. Боз ин мард ба сарвақташон расид ва мардумро ҷамъ овард ва молҳои онҳоро баргардонд ва ба коркунони андоз гуфт «дигар ман нафаҳмам, ки шумо мардумро озор медиҳед».

Рӯзе коркунҳои назорати роҳ дар тангии қишлоқ дар бегоҳ, пас аз кор мардумро манъ мекарданд, банди панҷ шаш ҷақрима ташкил карданд. Ин мард ҳам дар ин банд буд. Мошинаш газ 21 сафед буд, то қарибии назорати роҳ расидем. Ин мард мошинро хомуш кард ва гуфт «эҳ,мардуми ман, ин чи гап, то ба кай хап мекунед? Хезед мошинаи ин нозиронро бо чоҳ чапа кунед, то ки инҳо аз вазифа истифода карда ҳуқуқи мардумро поймол накунанд.” Мардум хестанд ва он шахс айби нозирҳоро ба гарданашон бор кард ва аз мардум бахшиш пурсиданд.

Рӯзе дар сари бозор мегуянд, ки дар онҷое, ки идораи ҷамоати қишлоқ вуҷуд дорад меистодем, ки он мард аз тарафи идора бо овози баланд ҳам раиси ҷамоат ва ҳам раиси совхози боғдориро сахт дашном мекард ва мегуфт, ба мардуми ман як гусфанди кунаш қоқ ба маросими ид дода барои комиссияи кулобӣ ин қучқори серғизо?! Ту то кай мардуми худро поймол мекунӣ ва куни дигарҳоро мебардорӣ, шумо потхалимҳо мегуфт. Намедонам ин мард дар ин маҷлис чи кор дошт ё ягон вазифадор буд. Лек ман дар ҷамоати қишлоқ ҳам ҳамчу вазифадор ин шахсро намешиносам. Баъд маълум шуд, ки чоплусони он вақт бо комиссия гусфанди хушруи совхозро овардаанд. Рӯзи дигар дар бозор як марди ифлоси ҳамқишлоқ доштем, ки вайро семейка на колесах мегуфтанд.

Ин мард вай ҳаромро талқин мекард ва бо мардум муроҷиат мекард, ки ин ифлос ин мардакро гуфта истодаст, ки ин гов чанд пул? Ин мард гуфт фалон пул. Ин бе ҳаё мегуяд, ки ба ин сум ба болои гов зан ё духтаратро ҳам медиҳӣ?

Акнун аз гуфтаҳои он одам ба мардум. Дар ҳар куҷое он мард, ки тақрибан аз ман ҳашт- даҳ сол калон буд мегуфт. Агар ҳақ ба ҷониби ҳақдор набошад ин сиёсатдорон мардумро поймол мекунанд. Тарсончак набошед ва ҳаққи худ ва афродатонро ҳимоят кунед. Хушомадгу ҳама вақт бо дуруғ одамро туҳмат мекунад ва ҳамчу кур куркурона рафтор мекунад ва вақте мерасад, ки модари худро ҳам мефурушад. Хабаркаш инсон нест. Мард руйирост мегуяд ва мушкилро дар ҷояш ҳал мекунад. Аввал мо бояд теша бо решаи дуруғ занем то бо далели дуруғи худ боз чанд дуруғи дигар назанад ва мардуми ин диёрро бадном накунад. Хушомадгу   хабараш оламро вайрон мекунад. Сири хона дар хона, сири деҳот дар деҳот бояд монад. Бадномии як нафар бадномии ҷамъият. Мард ба душ гирад бояд иҷро кунад. Майдон доим аз далер бояд бошад, ки натарсад ва сухани ҳалолашро бо ҷуръат байон бикунанд. Вай мегуфт дод аз дасти бедодиҳои худи мардуми нодон, ки худро ба оташи ғам меандозад ва моро ҳам паси худ мебаранд. Ҳоло мебинед ин лаънаткардагон, ки аз худо бехабаранд мардумро ба чоҳ меандозанд. Дар аввал қоҳ- қоҳ механданд ва худашон низ ба он чоҳ меафтанд ва аз мардуми дар чоҳ буда бахшиш пурсиданӣ мешаванд. Аммо ба инҳо касе бовар нахоҳад кард. Мегуфт, ки имрӯз мо дида истодаем. Ба монанди ин бисёр суханҳои бо маърифат ва бо мантиқ дошт, ки ман бисёр гуш мекардам. Ин ҳамон солҳое, ки Раҳмонов ба сари сиёсат омад ва дар гирдаш чоплус ҷамъ мекард. Ва инро ҳам гуфта буд, ки ин бесавод ҳоло фарбеҳ мешавад ва ин суханҳо аз хотираш ҳатман мебарояд ва мегуяд, ки ин аз аввал шоҳзода буд ва ин зани ширҷушаш моҳсанаму фарзандонаш тавоно. Ин сухани он марди оқил солҳои то 1995 мебошад, ки пас аз он ман он мардро надидаам .Ин мардро бисёр шахсони ин қишлоқ бояд донанд.  Вай волейбол ҳам бозӣ мекарду футболро ҳам дӯст медошт.   Гуфта буданд, ки бо мардум якҷоя дар як дашт трактор овард ва майдони футболро рост ҳам кард. Афсус, ақли кофӣ надоштам, аз наздик шинос набудам. Мардуми қишлоқ илтимос ин қаҳрамонро дар хотир доред ва ба ман кумак кунед. Домулло ин илтимоси маро ба мардуми ноҳияи Ашт расонед ва ин мардро ҳатман бояд ёфт ва аз гузаштаи ин инсон ман бояд китобе нависам. Чунки ин мард марди далер ва ҳалоли қишлоқи ман буд. Ба беваву бечораҳову тангдастҳову беморон низ ёрӣ мерасонд, бо номардон сахт ҷанг мекард, на аз шоҳаншоҳ метарсид, на аз об, на аз азоб. Хушомадгу набуд. Баъзан одамҳо Раис мегуфтанд, лекин ба фикрам раис ҳам набуд, худ илтимос мекард, ки Раисаш нахонанд. Мардуми деҳот агар метавонед сурат ва корҳои ин мардро дореду донед дар сайти деҳот монед ва аз корҳои ин мард нависед. Мехоҳам ҳама мардум аз корнамоиҳои ӯ маншаъ гиранду бо ноадолатиҳо панҷа нарм кунанду истодагарӣ кунанд.

Кушониён
Ассалому алайкум марди боҳиммату ҷасур ва заҳматкашу хастагинопазир, Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як корманди давлатӣ аз ноҳияи Кӯшониён. Имрӯз мехоҳам аз ду мушкилоти фарогири кишвар гӯям, ки таъсири бештар ба ноҳияи мо доранд. Яке масъалаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, дигаре формаи ягонаи мактаббачаҳо мебошанд.
Имсол аз авоили моҳи октябр сар карда дар маҳаллу деҳоти ҷамоатҳои «Сарвати Истиқлол»,»Меҳнатобод» ва «Ориёно»-и Кӯшониён даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба таври шадид оғоз шуда дар моҳи декабр ҳам идома кард. Тарзи даъват чӣ гуна рафта истодааст? Аз ҳар ҷавони синаш ба хизмати аскарӣ расида, рӯйи рост 10000 сомонӣ пора гирифта истодаанд. Ду роҳ дар пешат ҳаст:  ё фарзандатро ҷеғ зада аз Русия меорӣ ё 10000 сомонӣ пора медиҳӣ.
Албатта, ин кор тавассути кормандони комисарияти ҳарбии ноҳия, кормандони амният, милисаи маҳаллаҳо, раисони маҳаллаҳо ва баъзе бузҳои маҳаллаҳо бо таври муташаккил иҷро мешавад.
Сар аз соле, ки хизмати ҳарбӣ пулакӣ шуд, аз ҳар як нафари даъватшаванда, ҳатто аз ҳар мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, хоҷагидорон, раисони маҳалла, имомхатибон ё 3000 сомонигӣ ва ё як солдат ҳар шаш моҳ пас медодӣ, ҷонат халос буд, вагарна ҳолат бад мешуд. Аммо имсол бошад, ки ставкаи хизмати пулакӣ аз 27-30ҳазор сомонӣ ба 60-67 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст, аз сари ҳар ҷавони солаш ба хизмати ҳарби расида 10000 сомонигӣ бо таври пора аз падару модари онҳо ситонида истодаанд. Ҷараёни кор чӣ гуна амалӣ шуда истодааст? Падару модар, бародарон ва наздикони ҷавонписаронро кормандони амният ба отделҳо бурда, ҳафтаҳо онҳоро маҳкам мекунанд, ҳатто онҳоро латту куб ва дашномҳо медиҳанд,ки бо чашмони худ мебинем. Дар ниҳоят онҳо маҷбур мешаванд, ки ё фарзандашонро аз Русия ҷеғ зада ба хизмати ҳарбӣ равон кунанд ё 10000 сомонӣ пора диҳанд ва то даъвати навбатӣ озод шаванд. Бовар кунед, ҳоли падару модари ҷавононро дар ноҳияи Кӯшониён кас дида, солҳои ҷанги 41-45- асри гузашта ба ёдаш мерасад. Волидайни дару дарвозаҳояшонро қулф карда, гурехта дар хонаҳои наздиконашон ва ба дигар ҷойҳо паноҳ бурданд. Дар ин бора бисёр гап намезанам, чунки дар тамоми ҷумҳурӣ ин ҳолат идома дорад. Як хешамон аз Истаравшан занг зад. Вай гуфт, ки барои хизмати пулакӣ гӯён 40.000 сомонӣ додаем, лекин пулро гирифтанду аммо «бачата ҷеғ зан гуфтостанд. Ин пулат намешад, ин кам».

Ҳозир нархи раҳои аз хизмати аскарӣ расман 52000 сомонӣ аст. Аммо боз ҳамин миқдор «шапка» дорад. Чунки дар тамоми ноҳияҳо барои хизмати пулакӣ квота ҷорӣ кардаанд, аммо талабгорони пул дода раҳо мешуда чанд баробар зиёд аст. Барои ҳамин онро ауксион карда кӣ зиёд диҳад ҳамонро озод карда истодаанд.

Хитоб ба шумо кормандони амният, мерседеси сиёҳ, ҷабру зулматонро кам кунед, ҳамаи корҳоятон сабт шуда истодааст. Ҳеҷ куҷо гурехта наметавонед, шумо мемонеду ҳамин халқ. Худ андеша кунед!.
Мегузарем ба сари мақсад. Дар ин нома мехоҳам муроҷиати худро ба сардабири ҳафтаномаи СССР Сайёфи Мизроб ироа намоям. Шумо тарафдори хизмати пулакии ҳарбӣ будед. Чандин сол ҷор задед ва ин кор амалӣ ҳам шуд ва аз ин иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ хушнуд ҳам шудед, ки пешниҳодатон амалӣ гардид. Акнун муҳтарам Сайёфи Мизроб, бигӯ, ки оё ҳамин хизмати пулакӣ чӣ фоидае ба ҳамин миллати қашшоқи тоҷик овард?. Ман ҳамчун як нафар собиқ мухлис ва хонандаи газетаи  СССР ба Сайёфи Мизроб пешниҳодам чунин аст, ки як таҳкиқоти журналистӣ гузаронед.

Биё ба ҳукумати Кӯшониён. Тарзи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбиро санҷида баро, ки нақшаи даъват чӣ гуна иҷро мегардад? Чанд нафар аз ноҳия даъват бояд шавад? Чӣ қадар нақша иҷро шуд? Чаро ҷавонрн аз хизмат гурезонанд? Чаро аз мардум ришва меситонед? Чаро сари вақт нақшаи даъват иҷро намешавад? Биё як мусоҳибаи мардакӣ бо ҳамин раиси ноҳияи мо гузарон. Шиори шумо » Мо метавонем»-ҳаст ку!? Аммо ман қатъиян мегӯям, ки натавониста истодаӣ. Месазад, ки дар ибтидои шиори ҳафтаномаат як ҳиссачаи инкории «На»-ро изофа кунед, яъне ба ҷои Мо метавонем, Мо наметавонем, монед, ҷудо ҳам нағз мешавад. Аммо чаро ман собиқ мухлиси газетаи шумо гуфтам. Барои он ки аз ибтидои фаъолиятатон то солҳои 2012-ум матолиби ҳафтаномаи СССР як кам миллӣ ва мардумӣ буд. Аз солҳои 2012 то 2016 маҳаллӣ ва минтақавӣ гардид. Масалан қаблан ҳамин ,ки рӯзи панҷшанбе нашр мегардид рӯзи ҷумъа қариб, ки аз дуконҳои рӯзномафурӯшӣ ёфт намешуд. Аммо ҳоло қариб касе СССР- намехонад.
Чунки аз соли 2016 ба ин тараф дар хизмати ормонҳои миллат нею дар хизмати як оила банд гардидааст ва дигар метавони газетаатро мардумӣ нею оилавӣ ном ниҳӣ. Ман метавонистам ин матлабро рост ба адреси газетаи шумо нависам, вале давраи номардӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармост. Аз рӯзе, ки Далери Эмомалӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода зиндонӣ шудаанд, дигар намешавад, ки ин Ҳукуматро ҳукумати демократии озод ва интиқодпазир номид. Аз ҳамон як Далере, ки ҳамаги 45 кило вазн надош, дидӣ чӣ гуна ин ҳукумати кунунӣ аз ӯ тарсид. Росташро гӯй акаи Сайёф худатро чӣ хел ҳис кардӣ, ки як ҳамкасбатро маҳкам карданд? Чаро хомӯш истодӣ?
Бармегардем сари мақсад. Биё, мардак барин як таҳқиқот гузарон. Ҳамин хизмати пулакӣ чӣ фоидае ба буҷаи давлат овард? Он маблағ дар куҷо масраф мешавад? Тавассути кӣ ҷамъоварӣ мешавад? Чанд нафар дар ҷумҳурӣ, ақалан дар ноҳияи мо адои хизмати пулакӣ карданд?
Сониян як хоҳиши дигар аз шумо Сайёфи Мизроб. Ҳамон ҳунарпешаи ҷумҳурӣ, актёр, академик,  нависанда, хулоса ифтихори миллати тоҷик, яъне устоди ҳунар Ҳошим Гадоро мон ба кори худаш биравад. Агар воқеан давлати миллӣ ва мардумӣ медоштем, ҳоло ҳам метавонистем, аз ин абармарди миллат истифода мекардем. Ман бовар дорам, ки ҳоло ҳам дар як филми миллӣ нақши Сомонхудот ё Исмоили Сомониро бозида метавонад. Беҳтараш ин аст, ки ӯро раҳо кун. Дар чанд соле, ки дар ин даврони номардӣ аз саҳнаи театру кинои тоҷик дур буд, зиёда аз 150 ҷилд китоб навишт, ки барои миллати тоҷик дастоварди бузург аст.
Муроҷиати баъдӣ ба Сафват муовини сардабири газетаи СССР дорам, ки намедонам ҳоло дар куҷост. Сафват яке аз ҷонибдорони қатъӣ ва аввалини формаи ягонаи мактабӣ буд, ки ҳоло ин масъала проблемаи рақами яки макотиби ҷумҳурӣ гардидааст. Вай бо навиштани мақолае бо номи «Қуръонро хонеду вазирро нахоед» (ба гумонам ҳамин гуна сарлавҳа дошт), гӯё мардумро мутақоид кард, ки ҳамагон розӣ гардиданд. Агар ба муҳтавои ин мақола дақиқ назар андозем, мебинем, ки ин рӯзноманигори муҳаққиқ ба таври худаш сураи муборакаи Масад ё ҳамон Таббатро тафсиру таҳлил мекунад. Ба қавли худаш дар ин тафсираш ҳама қабоили Қурайшро ба фаҳшову фасоди ахлоқӣ бурда расонд. Ба назари Сафват занони араб он қадар фоҳиша шуда буданд, ки синаҳои худро танҳо бо як лифи хурмо мебастагӣ шуданд ва тани бараҳна ба ҷуз як лифи хурмо дар гардан гаштугузор мекардаанд. Ва дар охир ҳам ҳазрати Муҳаммад (сс)омаду онҳоро амр ба пӯшидани либос кард, ки ин бӯҳтони бузург аст, бар занони араби қабл аз ислом. Ҳеҷ сиҳияте пайдо намекунад, ки Худованд аз як қавми фоҳишаву зинокору фосиқа фармонравоёни дунёро дуруст кунад. Ва баъдаш хулоса карданист, ки кори Вазири маорифи кишвар (ЛАТУКУБИЗАТСИЯ) дуруст ҳасту мо ҳоло то ин ҳад нарасидаем, ки занҳои мо танҳо бо як такпӯш (турсику лифчик) гаштугузор кунанд. Яъне хостори ин ҳаст, ки то ин ҳад бирасему пасон як пайғамбар ва ё ягон инсони солеҳро Худованд ба сӯйи  мо бифиристаду ӯ моро аз ин роҳ баргардонад. Инчунин ҳамон ҷо худашро саидзода муаррифӣ карду танқид аз ҳукуматҳои исломӣ карду хубу нағзакак лесиду фучиду чоплусии ҳукумат ҳам кард.
Бар фарзи мисол, ин ҳарду масъала идеяи шумо сардабир ва муовини ҳафтаномаи СССР буданд, ки дастгирӣ шуда, амалӣ гардиданд. Имрӯз бошад аз меваҳои талхи ин идеяҳои созандаатон дар нохунак, миллати тоҷик коми худро талх доранд. Бояд ба ин кор ҷавоб гуфт.
Акнун ту ҳам, Сафват, доир ба формаи ягонаи мактаббачаҳо як таҳқиқот гузарон, ки хонаи чӣ қадар муаллиму талабаҳо ва аҳолиро ба ғамхона табдил кардааст. Биё мардак барин фақат ҳамин Прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро оиди муроҷиатномаҳои ҶДММ Дарз, ки мутаалиқ ба вазири маориф аст бисанҷ.
Прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳри Бахтар муроҷиатномаи сехи дӯзандагии Дарз, аз они вазири маорифро асоснок карда чандин директори муассисаҳоро барои сари вақт насупоридан ва ҷамъ гардидани фоизи онҳо ё ба истилоҳ ҳамон пения ҷаримаҳои ҳангуфт кардаанд. Ҳаминро дида баро (ишора ба Сафват аст).
Агар ба ҳамин ду проблемаи мазбур, шумо таҳқиқот гузаронед ва агар ин проблемаҳоро бартараф кунед, шояд обрӯи рафтаи худ ва ҳафтаномаи СССР-ро баргардонед.
Хитоб ба шумо кормандони амнияти ноҳия, милиса, кормандони ҷамоати Сарвати Истиқлол, аз ҷумла собиқ раис ҳоло котиби ҷамоат Мирзохонов Ҷамшед! Заминҳои мардуми бечораро ҷудо карда деҳ ё пулҳояшонро баргардон, ки сарнавиштат мисли собиқ раисони ҷамоат Одинаев ва Ҳакимов мегардад. Ҳаррӯза кай ба кор рафтанат, кай ба хона баргаштанат, бо кӣ шишту хез карданат зери назорат аст. «Агар корои бадта бас накунӣ ҳама ҷиноятҳои коррупсионита факту далелҳош катӣ менависам. Проста камтар мужикӣ мужик мон».

Муаллима Сайёраро раиси Ҷамоат мондед, чи хеле, ки худаш мегуяд: «мара раиса мондену гӯҳи сари чӯб карден». Муаллимаро ин хел накунед.
Ҳамчунин ногуфта намонад, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён ҳам зери назорат мебошад. Мудири шуъба Валиев Бобоҷон аз дари дарвозаҳои мактабҳо рафта пулро гирифта барнагард. Ту ҷавонӣ, ягон ташаббус нишон деҳ! Ё ту ҳам мафкураи пусидагӣ дорӣ?. Бо ронандаат бо мерседес аз пеши дари мактабҳо 300 сомонигӣ тавассути вай мегирию як бор саратро ба муассисаҳо намехалонӣ. Як бор ягон суҳбат гузарон бо ҳамон муаллимони бечораат. Ақалан ҳамин масъалаи муоинаи тиббиро ҳал кун. Охир дар ноҳияи Шаҳристон ба 47 сомонӣ оварда расонида шуд. Дар ноҳияи мо бошад ҳоло ҳам 300 сомонӣ. Гап мезанӣ ҳамон ширкати Фарозу ҳамон каллаи пӯсидаи аз тан ҷудо. Ман ҳайрони ҳамин муаллимони муассисаҳои Кӯшониёнам, ки чаро як бор аз ҳақи худ дифоъ намекунанд.
Дар охир як чанд маслиҳати муфид ба мардуми кишвар медиҳам. Дигар ба ягон мақомот пул надиҳед! То кай фиреби инҳоро мехӯрем? Дигар барои харидани праваи мошин пул надиҳед, ба заминфрӯшони ҷамоатҳо ва мардуми миёнарав пул надиҳед, барои хизмати фарзандатон пул надиҳед, ба директорону ба мудирон пул надиҳед. Хулоса, ба ягон нафари мақомоти гушнаи ин ҳукумат ҳатто ягон дирам надиҳед. Ин ҳукумат худ ба худ нобуд мешавад.

Ванҷ

Салом бародар. Дар вақти дар қушунҳои сарҳадӣ кор карданам интихобот баргузор шуд ва барои Эмомтапак бояд овоз диҳем. Барои Эмомтапак ҳама овозҳоро доданд. Сарбозон бюлеттенҳоро мегирифтанду фақат ба қуттиҳо мепартофтанд. Чунки аллакай аз тани онҳо ба Эмомтапак овоз дода буданд. На танҳо дар қушунҳои сарҳадӣ, дар тамоми ҷузъу томҳои ба ҳамин минвол овоз доданд. Сарбозҳо даруни ғурфаи овоздиҳӣ намедаромаданд, ба дасташон ручка намегирифтанд.

Як чизи дигарро бояд бароятон бигӯям. Аз хуроку ғизои сарбозон ҳама аз командири қисми ҳарбӣ то сардори дидбонгоҳҳо медуздиданд. Ёд дорам, ки зимистон ҳангоми убури хати сарҳад аз ҷониби афғонҳо ва амри ҷанг бар зидди онҳо сарбозонро дар ҳайъати 12 нафар бо хлеб ва оби аз кран ба ҷанг равон карданд. Касе ба додат намерасад. Худамро ҳақ гирифта хостам шикоят кунам. Аммо шикоят сари худамро хурд. Ба ман гуфтанд, ки марг мехоҳӣ ё зиндон? Баъд аз ин хулоса баровардам, ки ман кӣ ҳастам, ҳеҷ кас.

Вақти дохил шудан ба КДАМ мегӯянд бигӯй намоз намехонам, рӯза намегирам.Ту мусалмонӣ, аммо бояд ҷавоби куфр диҳӣ. Агар бигӯӣ мо намоз мехонем, рӯза мегирем, алҳамдулиллоҳ мусалмон ҳастем дохил шуда наметавонӣ, чунки ту мусалмонӣ. Бовар кунед, ки дар даруни қисми ҳарбӣ дар ягон даҳ ҷой суратҳои калону хурди Эмомтапак овезон ва ё часпонида шудааст.

Широри инҳо ин аст ва худашон ҳам мегуянд, ки «ова лой бкн,  мурғобиро бигир зато Брусли ай Данғара ҳаст».

Дар давоми ду соли хизмат шояд се ё чор бор тирпаронӣ карда бошем. Аммо тирҳоро командирҳо ба шикорчиҳо мефурушанд. Пул ва гушти сайд мегиранд. Бовар кунед, ки инҷо ягон аскарӣ нест. Фақат ҳамин ки ду соли умри як ҷавон барҳадар ва беҳуда мегузарад.

Ваҳдат
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Эмомалӣ Раҳмонов талаб мекунам, ки барқи моро ба дигар кишварҳо нафурушад ва ба ҷойи он худамонро бо барқ таъмин кунад. Бе барқ, гармиву равшанӣ зиндагӣ кардан хеле мушкил аст. Чунки бебарқ на телефон кор мекунд, на интернет. Аммо мо ҳар моҳ маблағи симкарт ва обунаи интернетро месупорем. Вале истифода бурда наметавонем. Ҳар сол нархи интернетро боло мебардоред, аммо сифати алоқа хуб нест. Сифати алоқаро таъмин намоед. Бовар кунед дар даруни хона тамоман истифода бурда наметавонем. Магар мо ҳақ надорем мисли шумо бо барқ таъмин шавем? Албатта, ҳақ дорем. Мо ҳам мехоҳем бо барқ таъмин шавем, интернети хуб дошт бошем. Шумо ба Бег Сабури қудоятон, вазири алоқа супориш додед. Аммо як сол мешавад, ки вазъ бадтар шуду беҳтар не. Дигар чиз ин аст ки пардохтҳои нақдиро аз байн бурдед. Ҳоло бо ин вазъ мо чи гуна андоз ва пули барқ обу дигару дигарро бисупорем?

Талаби дигари ман ҳамин аст ки аз ҳақи маъюбон дифоъ кунед. Барои одамони маъюб алоқаи мобилиро арзон кунед. Ман одами нафакахур ҳастам. Дар як моҳ 420сомонӣ нафақа мегирам. Ба ин маблағ чиро харидорӣ кардан мумкин аст? 65сомонӣ ба телефонам месупорам. Нархи хуроквориро нагуяам ҳам мешавад Шумо худатон хуб медонед.

Ба шумо савол! Баъд аз онки аз вазифа рафтед бо ҳамин қадар маблағ зиндагиатонро пеш бурда метавонед? Албатта, наметавонед. Боз ишками шумо мисли ҷуволи коҳпуркунӣ хеле калон аст. Барои ҳамин нафақаҳоро ҳам нормалний боло бардоред.

Ҳамин кадар сол интизор шудам. Ҳеҷ вақт барои маъюбон дар робита ба алоқаи мобилӣ ягон чизи сабукӣ накардед. Барои ҳамин ин чизҳоро аз шумо талаб мекунам.

Дар ширкати мобилии Мегафон барои нафақагирон тарофаи 15 сомонӣ муқаррар шуда буд. Лекин он бе интернет буд. Ба мо беинтернет намешавад. Ин арзон кардан ҳам қонунӣ набуд, як навъ чашмбандӣ буд гуем хато намекунем. Чунки барои ҷалб кардани муштариён  арзон карда буд. Агар ҳамин талабҳои моро иҷро накунед, талаб мекунем, ки шумо ҳамчун раиси ҷумҳури корношоям ва номукаллаф истеъфо диҳед!

Қубодиён
Салом бародар! Мехостам як маълумот пешкаши шумо кунам. Маълумот дар бораи эшонҳои ғоратгари Қубодиён бо номи Шарифзода дар ҷамоати Зиракӣ. Бародар ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорам.

Ба ман як кампири 70-сола ин номаро дода хело хоҳиш кард, ки ба шумо бирасонам.

Ин кампир менависад, ки эшони Шарифзода Ғариб Сайбурҳонович як духтари ҷавонро аз ҳамсояқишлоқи онҳо бо зурӣ ва маҷбурӣ ба занӣ гирифт.
Ин эшон  Шарифзода Ғариб Сайбурҳонович 01.02.1993 таваллуд шудааст. Таваллуди ин духтар соли 2002 мебошад. Яке аз бародарони ин ғоратгар Шарифов Мизроб аст. Соли 2021 волидони ин духтарро маҷбур карда гуфтанд, ки агар надиҳед мо шуморо аз Қубодиён мекучонем. Ва инҳо оилаи камбағал ҳеҷ кор аз дасташон наомад ва розӣ шуданд ва духтари бечораро ба у ба занӣ доданд.
Ҳоло ин духтари бечора аз ин ғоратгар 2 писар дорад. Ин ғоратгар пеш як зан дошт аз Пахтакор.

Онҳо бо ҳам 8 сол зиндагӣ карданд. Аммо кудак наёфтанд. Духтурҳо гуфтанд, ки ту метавонӣ зани нав бигирӣ. Аммо ин духтар борвар намебошад. Занашро 3 талоқ дод. Як сол гузашт. Тамоми Қубодиёнро кофтанд. Ба инҳо касе духтар надод. Аммо омада ин духтари оилаи камбағалро бо зӯрӣ гирифт. Ин духтари бечораро ҳаррӯз дар сараш зулму шиканҷа мекунад, аммо ин духтари бечора аз тарс намедонад, чи кор кунад. Ростӣ модари ин духтар дунёро падруд гуфт.

Аммо шаш моҳ пеш ин беномуси касиф мегуяд, ки ман ҳамон зани 3 талоқаамро аз сари нав мегирам ва туро талоқ медиҳам ва писарҳоро аз дасти ту мегирам.

Ба ту ҷавоб! Ин духтари бечора 6 моҳ шудааст хонаи падару модаро надидааст. Ҳамчунон ин духтарро мезанад, ки харро ин тавр задан номумкин аст. Хар тоб намеоварад ва дар як рӯз мемурад.

Дар хонааш ин духтарро ранги хар кор мефармояд. Боз ба он духтар таъна мезадааст, ки хешу табори ту мурдаанд. Ин духтари бечора чор бародар дорад, ки як умр дар муҳоҷиратанд. Вақт намеёбанд, ки ба хонаи хоҳарашон бираванд, аз у аҳволпурсӣ кунанд. Духтари бечора як умр дар азоб.
Мехоҳам, ки ин садои мани модари70 соларо мардум бирасонед ва ман аз мардум талаб дорам, ки ба ин ғоратгарҳо духтар надиҳед!.

Сообщение  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№87 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳои мардумӣ ба «Ислоҳ.нет» №3
Агарчи дар ин матлаби маҷмуъаи номаҳо аз ноҳияҳо ҳам ҳаст масалан аз ноҳияи Сино ва Вилояти Суғд . Аммо чун бештар характери мардумитар дорад чунин номаш гузоштем.

Нома аз корманди СИЗО

Акбар Мирзошарифов аз Пушинги Данғара, аз кормандони бисёр ҳам золими УИК-Раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ва ҷияни генерал Иззатулло Шарифов, мулаққаб ба Зорро, сардори собиқи УИК-и Тоҷикистон аст. Ин нафар бениҳоят маҳбусонро дар зиндон азобу азият додааст. Замоне, ки дар СИЗО кор мекард, тамоми маҳкумшудаҳо ва мазнунинро дар тавқифгоҳ «доля» баста буд. Мегуфт Зорро, яъне Изатулло Шарипов иҷозат дода, ки дубинкаро то нимаш дар мақъади зекҳо бизанем. Замоне, ки начальники критыйи СИЗО буд, ки дар онҷо зиндониҳои пожизненно мешиштанд, медаромад то мурданашон мезад ва баъд телефон медодашон  ва мегуфт очаҳоятонр бигуед сум даркор аст, сум биёранд. Ставкааш аз 100$ боло буд. Ҳар моҳ. Як хел нафароне, ки камтар пул доштанд, ончунон меҷуқидашон ва то 500$ боло мегирифт. Ҷиноятҳое, ки вай содир кардааст охир надорад. Ман дар дастам ёдоштҳои зиёд дорам ва торих ба торихи зулму шиканҷаро,ки ҳатман ба шакли хубу беҳтаре тақдиматон менамоям,то нашраш намоеду ҳама огоҳ бошанд аз зулми ин нобакорон. Ягон касро гуш намекард. Вақте Мансур Умаров омад, аввал ҳаминро сур кард. Аммо ҷиноятҳояш монд. Одамҳое,ки бо ҷурми узвият ва ё ҳамкорӣ бо ҲНИТ дар СИЗО буданд сахт шикаст онҳоро.

Нома аз Модарони ҷавононе ба иттиҳоми “Салафӣ” зиндонӣ шудаанд

Ҳайдар Бозоров дар ширкати Азия Сет роҳбар кор аст. Ҳайдар дар Кулоб таваллуд шудааст. Азия Сет ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул аст. Аз соли 2009 то имрӯз сари чандин бачаҳои баномусро хурдааст ва дар он ҳеҷ шакку шубҳае надорам. Ӯ яке аз чеҳраҳои намоёни равияи салафия аст. Аз соли 2008 Ҳайдар бачаҳоро ба равияи салафия даъват мекунад. Дар тули 14 сол мақомот садҳо нафарро бо ҷурми салафия зиндонӣ кард. Қариб дар ҳар парванда номи Бозоров Ҳайдар мегузашт. Мутаассифона Ҳайдар аз об хушк мебаромад. Махсусан дар солҳои 2016, 2017, 2018 мақомот нафарони зиёдеро бо ҷурми Салафия парванда сохта зиндонӣ карданд. Боз Бозоров Ҳайдар беҷазо монд. Модарони зиндониҳо шабу рӯз дар ҳақи Ҳайдар дуо мекунанд, ки хонаат сӯзад. Бозоров Ҳайдар худро хеши наздики СС Ятимов ва Прокурори Генералӣ мегирад.Чандин бор модарони онҳое, ки бо ҷурми салафия зиндонӣ шудаанд, ки онҳоро Ҳайдар даъват ба ин равия кардааст, наздаш рафтаанд,аммо Ҳайдар онҳоро дашном дода рондааст аз офисаш. Модарон ба МВД рафтанд то пурсанд, ки чаро Ҳайдар дар озодисту фарзандҳои онҳо маҳкам. Бе натиҷа. Вазири дохилӣ, Прокурори генералӣ куҷост адолат ?Ҳайдар солҳои баъди ҷанг яроқи зиёд ҷамъ карда ба хариду фуруши он машғул буд. Солҳои 2010 ӯро дастгир карданд Бозоров Хайдар ва Зафари бародараш,ки дар барномаи “минбари муҳочир” гап задед соли 2011 дар хакикат акаву додар хардушон срок гирифта буданд дар Сизои ш Душанбе адои чазо гирифтаги буданд дар бораи оне ки аз чои вай дигар кас гунохро ба калла гирифт хатост.  Дуруст барои хранение оружия срок гирифта буданд. Ман, то  охири соли 2016 инро сад дар сад тасдиқ мекунам.

Зафар кати Хайдар бо статияи хранение оружия и недонисения шиштаги буд срокаш аникаш да хотирам нест хато накунам агар 5 сол буду то охири срокаш нашишта УДО кардабуданд.  Бародари Ҳайдар, ки номаш Зафар аст, дар шаҳри Дубай ба тиҷорат машғул аст. Дар Дубай Зафар чандин бачаҳоро дар ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва М. Кабирӣ туҳмат зада, ба воситаи акааш Ҳайдар ва шиносҳои Ҳайдар дар Прокуратураи генералӣ ва амният, шикастааст. Ҳайдар бениҳоят маккор аст.Ӯ барои бо ягон роҳбар шинос шудан, бениҳоят талош мекунад. Мисол вай,ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ сару кор дорад, ду -се телефони пеши пеша гирифта ба ин ё он мансабдор ё корманди мақомот туҳфа мекунад. Тамом, он нафар ғуломи Ҳайдар шуд. Наход замона ба ин дараҷа расида бошад, ки мансабдор ба телефон худашро фурӯшад? Бозоров Ҳайдар ба воситаи фирмаи Азия Сеташ маблағҳои калони бюҷетӣ ва дигарро алик- малик карда ба хориҷа баровардааст. Зафар додари Ҳайдар дар Дубай маблағҳоро гирифта тоза карда ба соҳибонаш медиҳад. Ҳатто кумитаи андоз ҳам, зураш барои санҷиши шаффофи Ҳайдар Бозоров намерасад.

Ҳайдар бо яке аз наздикони Рустам, ки номаш Нурик аст, часпондааст. Нурик чандин бор Ҳайдаро ба назди Рустам бурдааст. Дар қафои чойхонаи Роҳат як ҳавлии зебост, ки дар он ҷо Шоҳрух бо Рустам масъалаҳои ҷиддиро ҳал мекунанд. Ҳайдарро ба он ҷо бурда бо онҳо Нурик шинос кардааст. Ҳайдар ба Нурик доляи махсус, ки аз маблағ ва чанд телефони мобилӣ иборат аст медиҳад. Ҳайдар Бозоров бениҳоят дороии зиёд дорад. Мо диламон ба бачаҳое, ки ин акаву додар шикастаанд, месузад.

Номаи Полковники СИ ҶҶ ВА ба “Ислоҳ”

Дар масъалаи Маҳмадалӣ Ҳаит Саидумар Ҳусайнӣ ва Назар камандир  палковник. Хело маълумотҳо дорам. Аз шиканҷа шуданҳояшон, аммо устувор буданд воқеан.

Бад аз ҳукм гирифтаашон аз сизои КГБ ба Спец Критий гузарондан дар  Спец Критий ғайр аз якумраҳо маҳбусҳои срокдоштагиҳо ки аз муассисаҳои дигар барои нарушений адои ҷазо мекунанд бениҳоят зулму шиканҷа бисёр мешаванд. Аз тарафи сардори Сизои ҳамонвақта Шарипов Садриддин аз ноҳияи Ҳамадонӣ рости гап нисбати якумраҳо муносибати бад надошт. Асосан Раҳмонов Нуриддин ки дар Сарраёсат буд мебиёд бо ҳар баҳонаҳои мелочи проблема мекунад.

агар дар камера ягон кас камтар хатогӣ кунад фармон медод ҳамаи ҳуҷрабудагиҳоро броварда дубинкашап мекунанд ё агар настраенияш набошад умуман чихеле хоҳад ҳамунхел издиватся ва истинтоқ мекунад.

Юлдошев Сангали начальник Спецкритий аз ноҳияи Ёвон тағоиш ба гуфти худаш началник охранаи Озода Раҳмонова чихеле мехост зулму золими карда пули хуб ҳам кор мекард аз ҳисоби маҳбусҳо  ин як оқипадари дигар инам аввал вақто признават намекард Раҳмонов Нуридина баъдтар аз гуфтагиҳош намебуромад чизе фармон медод иҷро мекард инҳо именно ба маҳкумшудаҳои ҳизби наҳзат бисёр зулм кардагиянд. Шарм медорам аз гуфтани он ҳама шиканҷаҳо ва озорҳое медоданд ба ин бечораҳо.

Дар ҳуҷраҳои 2 ба 4 аз 4 то 6 нафар нигоҳ дошта мешаванд дар ҳуҷра 1 тефал ва 1 дона радио иҷозат ҳаст тамом ҳаминҳам агар дар ҳуҷра ягонхел нарушений шавад тефалу радиора мегиранд. Аз соати 6 и саҳар падём мешавад, то соати 10 и шаба матрасҳои ҷои хоба ҷамъ мекунанд бе матррас дар катҳои оҳанин мешинанд.

Дар прадол назоратичҳо смена ба меистанд дар давоми рӯз чанд маротибае ки назоратчи глазока кушода назорат мекунад бояд маҳкумшудагон дар қатор истода ҳисобот диҳанд фарқ надорад то вақти хоба 500 бор кушояд глазока ҳамакаса ҳисобот медиҳанд.

Рости гап ман дар аввал нисбати  қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим бовар карда будам аммо баъд аз гузаштани вақт  фаҳмидам ки  дар асл,ки гапу кор дигар будааст. Бо маҳкум шудаҳо сӯҳбат мекардам бовар кунед ҳамаашон тамоман бе гуноҳ буданд.

Ман маълумотҳои хело зиёд аз :

Махмадали Хаит

Саидумар Хусайни

Гаффор Мирзоев

Сухроб Лангари

Назар Камандир

Бачаи сангак

Кури Малиш ва баъзеи дигар дорам ва хамаашро муфассал бо ҷузъиёташ дар ихтиёри “Ислоҳ” қарор медиҳам. Аммо то ниҳояти соли 2019, ки онҷо кор мекардам.

Писари вазири Адлияро бинеду ба адолат падруд бигӯед

Ашуриён Парвиз, писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффари Ашуриён, ки пештар муовини аввали Озода Раҳмон дар Дастгоҳи иҷроияи Президент буд. Парвиз айни замон муовини прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбест. Ҳамин Парвиз буд, ки Далери Имомалиро ба кабинеташ кормандони «уголовный розыск»-и Шоҳмансур оварданд, мурданӣ зери лату куб қарор дод. Парвиз дар таърихи кориаш ягон масъаларо ҳал накардааст, магар фақат «доля» мегираду кидат мекунад. Замоне, ки падараш муовини аввали Озода Раҳмон буд, ҷиноятҳои зиёдеро анҷом додааст. Ҳатто чандин корманди «уголовный розыск»-ро лату куб карда боз таҳдиди кушодани парванда нисбати онҳо, кардааст. Айни замон Ашуриён Музаффар бо Зоири домоди Президент қудо шудааст ва ин Парвизро боз ҳам хунхортар кардааст. Парвиз Ашуриён чандин духтарони бокираро таҷовуз намуда   сахт тарсонидааст. Парвиз ҳар вақте  ки зино мекунад, яку якбора ду духтарро мебараду онҳоро маҷбур месозад, ки онҳо, яъне духтарҳо байни худ ишқварзӣ кунанду Парвиз кайф кунад. Бечораи духтарҳо ҷазир шуданду модарошон оби дида мекарданд. Ҳар духтар ё зане, ки пешаш бирвад ин ҳаромзода ҳатман дар кабинеташ таҷовуз мекунад.  Далери Имомалиро ҳамин ҳаромзода шикаст. Писари хурдии Ашуриён домоди Зоир шуд. Нафари дигар Самиев Шуҳрат Саидмуродович бениҳоят шахси палид,дар ширкати «Авесто –групп» кор мекунад. Дар яке аз бахшҳо роҳбар аст. Барои занҳояш хонаву мошинҳо харида аст. Ҳамсояҳо аз вай сахт шикоят мекунанд. Вай дар ҳар куҷо аз номи Алимардонов гап мезанад. Дар бораи ин нафар маълумот зиёд аст. Аммо ба вақти баъд мегузорем.

Шикояти сокинони ноҳияи Сино ба “Ислоҳ”

Дар шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Сомонӣ, кучаи Лоиқ Шералӣ, соҳибкор Тоҳир Муродов барои сохтмони биноҳои баландошёна шуморе аз хонаҳои заминии мардумро чапа кард. Бояд 10 блок, ки ҳар кадоме иборат аз 8 ошёна буд,месохт. Ширкати сохтмонии Бунёдкор-Т ин масъулиятро ба зимма дошт. Чанд вақт гузашт, аммо ҳама хапу хомӯш. Бечораи соҳибкор хонаҳои мардумро чапа карда барои онҳо пули иҷораашонро пардохт мекард. Аммо ҳоло ҳама чиз ва аз ҷумла сокинон муаллақ мондаанд. Чунки аз ҷониби ҳукумати шаҳр сохтмони биноҳоро манъ карданд. Дар вақташ архитектори шаҳр «доляи хушру» гирифта иҷозаи соҳибкорро барои сохтмонро дода буд. Усмонзода Қосимҷон архитектори шаҳр буд. Вай кошелек барои Рустам буд. Бечораро ранги рифола истифода бурданд. Рости гап он қадар бечора ҳам набуд. Ширкати сохтмонии Бунёдкор-Т, ки роҳбараш ҳоҷӣ Тоҳир Муродов аст, айни замон дар ҳолати сахти номуайянӣ мондааст. Чунки архитектори нав омада корҳои архитектори собиқро мансух кард. Аммо, маълум аст ки пешинааш ҳам аз пеши худаш, бидуни иҷозати Рустам коре намекард. Ҳоло ин бечораи соҳибкор, ки миллионҳо масраф кардааст, намедонад, ки чи кор кунад. Як меҳмонхонаеро дар назди амфитеатр ҳамин Усмонзода Қосимҷон сохта истодааст. Дар вақташ президент фақат ӯро таъриф мекард.

Раҷаббой Аҳмадзода- Қофлонбой

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, мулаққаб ба Қофлонбой тамоми соҳаҳои тиҷорат дар вилоятро ба дасти худ гирифтааст. Замину молу соҳаҳои даромаднокро ба аъзои оила дода аст. Кораш танхо пулкашонӣ, мекашонаду мекашонад. Безор шудем!

Ҳар як соҳибкор қарздор, ҳар як соҳибкор безор шудагӣ аз ин ғоратгар!

Доим пул мечинад ва аз ҳамин пулхои мардум курсии худро мустаҳкам мекунаду халос.

Мехмондориҳои баҳудаю беҳуда, зиёрати собиқадорон, ятимон ва дигарон -ҳамааш аз киссаи соҳибкори маҳалӣ. Худаш мансабфуруш, алоқаи мустаҳкам бо Озода дорад. Ваъда медиҳаду пул мекашонаду бо мансаб таъмин мекунад. Як писари Раҷаббой дар Маскав взяткаҳоро қабул мекунад. Кораш ҳамин. Доду гирифт ҳамааш дар Маскав мегузарад.

Раҷаббой бо писарони худаш, қудоҳояш бо доруфурушӣ ва майфурушӣ машғул аст.

Як қудояш Ваҳҳобов ном дорад, ки тамоми аптекаю воридоти доруҳо ва лабораторияҳои вилоятро контрол мекунад.

Дигар қудояш Маҷидов аз идораи корхонаи «Апрелевка» пул макидаю дуздида ба Раҷаббой месупорад. Байни худ Маҷидов ва Ваҳҳобов Раҷаббойро «оҳакфуруш» меноманд. Маҷидов ба ҳама борҳо гуфтааст, ки мансаби Раҷаббойро ӯ харида додааст.

Раҷаббой ҳама хоҳарони худ, зан ва зани додарашро бо кор таъмин мекунад. Бесаводон ба мансабҳои баланд ҷойгир шудаги, мудири боғчаву мактабҳо ҳастанд. На илму на таҷрибаи корӣ доранд. Раҷаббой ду зан дорад,аз зани дуюмаш як фарзанд ҳам дорад.

Маҷидов се зан дорад, аз зани якум панҷ фарзанд, аз зани дуюму сеюм шаш фарзанд дорад. Ҳамаи хароҷоти се оилаашро аз Апрелевка ғорат карда мехуронаду мепушонад.

Апрелевка корхонаи давлатӣ мебошад, тули 30 сол ин ғоратгар роҳбарӣ мекунад. Кормандонаш моҳҳо маошашонро гирифта наметавонанд, корхона даромад намегирад, ба ҳамаи дигар шарикон корхонаҳои дигар қарздор аст. Ғорат мекунаду як қисм даромадшро ба Раҷаббой месупорад, дигарашро се оилаи ҳаромашро мепушонаду мехуронад.

Аз пули давлат Маҷидов ресторан пушидагӣ, дачаю коргоҳи боҳашамат дар Душанбе, пулҳояшро дар хориҷа нигоҳ медорад. Писарони Раҷаббой «ланч» гуфтаги бизнес доранду дар он ҷо май мефурӯшанд. Ҳама медонаду  чашм мепушанд.

Писари худаш -Баҳодур Маҷидовро ҷонишини директори генералии Апрелевка таъин кардааст. Дар коргоҳи давлатӣ. Агентии коррупсия ба куҷо нигоҳ мекунад?! Падар -директори генералӣ, писар — ҷонишини директори генералӣ. Агар пурсӣ, мегуяд ман аз Президент чи камӣ дорам?

31 август Баҳодур Маҷидов бо мошинаи худ як одамро зер мекунад, он нафар  мемурад, вале аслан тафтишот намешавад. Тишина карданд. Ин бача нашъа мекашаду бадахлоқ аст, Одамкуш мебошад. Лекин Раҷаббой рӯпӯш мекунад, барои он ки аз пулҳои Маҷидов вобаста мебошад.

Макони шикоят махфи чунки ҳамеша зери назоратем

Салом бародари азиз.

Шикояти кормандони Агентии Таъминоти Амволи махсӯси назди ҳукумати ҶТ-ро ба самъи Савзаали Назирзода раиси ин кумита расонед мӯҳлати 4-моҳ мешавад маош нест дар сехҳои дӯзандаги, ки ба дӯхтани либосҳои афсарон машғуланд

Аксари дузандагон занҳо ҳастанд намедонанд ба ки шикояти худро  кунанд роҳи ҳал танҳо “Ислоҳ” бошад

Илтимос расонед:

Август

Сентябр

Октябр

Ноябр

Декабр ҳам ба охир расид

Аз ҳама мағозаҳо карздор шудем намедонем чи кор кунем.

Савзаали Назирзода Директори агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати ҶТ

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини якуми Д.А.Т.А.М назди ҳукумати ҶТ.

Баҳром Давлатзода Раиси сехи дӯзандагии н.Данғара дузди номери-1

Ҳама аз Ғарғараи н.Данғара

Бовар кунед бародар ин се нафар  ҳақи афсаронро хурда истодаанд.

Агенти фасодзадатарин сохтор шидаст назорат аз болои ин ниҳод нест. То кай мо ба ин ҳолат сабр кунем?

Ps: Мо чуноне ваъда намуда будем номаҳои расидаро ба ин шакл тақдим менамоем. Бидуни тасарруф ончи омадааст онҳоро тақдим намудем.

Сообщение Номаҳои мардумӣ ба «Ислоҳ.нет» №3 появились сначала на ISLOH.net.

Ҳузури ПМТ дар САҲА хашми генпрокурор ва…овард
Дархости даҳуним соли зиндон ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигори мустақил ва яке аз блогерони муваффақи тоҷик аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ як бори дигар дурустии мавқеъ ва сӯҳбатҳои намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти имсолаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро таъкид ва таъйид кард. Вақте сӯҳбат аз сарнавишти рӯзноманигорони дар ин авохир зиндонишудаи тоҷик, аз ҷумла роҷеъ ба ҳафтунимсоли зиндони Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҳамкор ва наворбардори Далери Имомалӣ мерафт, ҳадсу гумон зада мешуд, ки Раҳмонов барои Далер ҳукме сангинтар аз Абдуллоҳ Ғурбатиро содир хоҳад кард. Ва, ҳамин тавр ҳам шуд ва ростӣ, набоядам таваққуъ дошт, ки ранги дигар мешавад. Раҳмонов ва мақомоти вай, ба шумули додситону додгоҳ, ҳамчуноне борҳо тазаккураш рафт, қонуну қоидаро кайҳо канор гузоштаанд ва боядам тавре қарор содир кунанд, ки ҷомеа дар тарсу ваҳшат даступо занад.

7уним сол!!!

10уним сол!!!

Барои кори журналистӣ, барои чизи дигаре не!! Барои қатлу куштор, барои таҷовуз, барои дуздӣ, барои садама не, барои инъикоси воқеият барои нақду интиқод, ки кори журналист ҳамин аст!!!

Аммо, барои онки ҷомеаро гул бизанад, ба дохилу берун тавре дигар тавзеҳ диҳад иттиҳом ҳатман дигар мешавад. Далери Имомалӣ ва ё Абдуллоҳи Ғурбатӣ барои кори журналистӣ не бо ҳамон иттиҳоми «муд»-шуда, ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24, яъне гурӯҳҳои мамнуъа муҷозот мешаванд.

Ҳоло ин гурӯҳҳоро ва ин дархости 10уним соли зиндонро каме раҳо кунему биравем ба нишасти ахири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар аввали навишта ишорат ба нишасти он ва алоқаи он ба талаби даҳуним сол ҳабс ба Далери Имомалӣ кардем.

Гап дар сари он аст ки имсол дар ин нишаст ширкати Паймони миллӣ ва созмонҳои узви он бисёр ҳам таваҷҷуҳангез ва диққатҷалбкунанда буд. Ба он ҳадде, ки аксарияти намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар бо намояндагони мухолифини тоҷик бештар сӯҳбат ва дархости сӯҳбат карда ва ағлаб масоили матраҳ ва пешниҳодкардаи онҳоро мавриди мубоҳиса қарор доданд. Ҷолибияти кор дар он буд, ки ин навбат суханронон аз Паймони миллии Тоҷикистон, Бунёди Бузургмеҳр ва Гурӯҳи 24 ва вакилони дифоъи мустақил ба ҳангоми тарҳи масъала ва мавзуъ ангушт рӯи нукот ва далели мушаххас гузоштанд.

Вақте Фирузи Маҳмадалӣ, писари Муҳаммадалии Ҳайит мегуфт, падари ман фақат ба хотири онки аз масъулони ҲНИТ буд, ҳукми абад гирифт ва ё вақте Абдусаттор Бобоев мегуфт, ки 200 тан барои онки узви ҲНИТанд ва ё 500 нафар ба иттиҳоми бепояи узвият дар «Ихвон-ул-муслимин» ба давраҳои тулонӣ ва ҳатто то ҳукми абад зиндонӣ шуданд, аҳли нишаст тааҷҷубзада мешуд, ки чаро инсонҳо барои ақида маҳкум ба зиндон мешаванд?

Абдусаттор Бобоев раиси кумитаи шаҳрвандии наҷоти гарвгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфт,ки  имрӯз зиндонҳои Тоҷикистон пур аз афроди бегуноҳ аст ки барои ақида ва дидгоҳҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд.

«Ман аз Тоҷикистон ҳастам ва беш аз 200 ҳамкорам ҳамин алъон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ду нафари онҳо ҳукми абад доранд. Танҳо гуноҳи ин зиндониён ин аст, ки онҳо аъзои аҳзоби мухолифи Тоҷикистон будаанд. Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро дар соли 2015 ба иттиҳомоти сохтаву беасос ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард ва чанд тани онҳо бо сабабҳои мухталиф дар дохили зиндонҳо кушта шуданд. Соли 2020 ҳукумат эътироф кард, ки 113 нафарро ба иттиҳоми узвият дар “Ихвонул-муслимин” равонаи зиндон кард, вале далелҳое вуҷуд дорад, ки ба ин иттиҳом ҳудуди 500 нафарро боздошт, шиканҷа ва зиндонӣ кардааст.»

Абдусатор Бобоев дар ин ҷаласа пешниҳодҳоеро матраҳ  кард ба ҳукумати Амрико, ки аз ҳама ҷолибаш вобаста ба қонуни Магнитский буд:

“Аз ҳукумати Амрико талаб менамоям, ки “Қонуни Магнитский” (Global Magnitsky Human Rights Accountability Act)-ро алайҳи мақомоти тоҷик, ки дар нақзи ҳуқуқи башар, шиканҷа ва фасод бевосита даст доранд, татбиқ намояд”

Дар воқеъ ҳузури намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳ ва афроди мухолифи режими Душанбе дар нишасти солонаи Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,ки аз 26сентябр то7октябр дар Варшаваи Лаҳистон доир шуд,бисёр ҳам муассир ва сутуданӣ буд,чун бо мисолу бурҳонҳои мушаххас як бори дигар чеҳраи касифи режими Раҳмонов ва худи вайро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намоён карданд.Барои мисол Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо нашру тавзеъи як маҷаллаи вижа аз ҳаводиси ахири Бадахшон, мавориди фаровони боздошти фаъолони ҷомеаи маданӣ ва зиндонсозии онҳо, ҳамчунин дастгиршавии оммавии хабарнигорон  ва низ низоъи мусаллаҳона дар марзи бо Қирғизистон бо забони англисӣ ва русӣ ба аҳли нишаст маълумоти мувассақ ироа дод.Манзур маҷаллаи вижаи Бадахшон бо номи “Наслкушӣ дар Бадахшон” ва тарҷумаи он бо забони англисӣ “ GENOCIDE IN BADAKHSHAN” ,ки бо матолиби ҷолиб ва мудаллал ва чопи зебо диққати аҳли    конфронси САҲА –ро ба худ кашид ва мавриди баррасии онҳо қарор гирифт.Раиси “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” Абдусаттор Бобоев гуфт,ки дархости ҳама муассисаи ҳуқуқӣ ва намояндагони давлатҳои гуногун дар ин нишастро барои дастрасӣ ба ин маҷалла таъмин кардаанд. Ҷаноби Бобоев гуфт,ки дархостҳо хеле зиёд шуданд ва маҷбур ба нашри такрории маҷалла шудаанд.Дар нишастҳои ҳошиявии ин конфронс,ки ба ҳаводиси Тоҷикистон тааллуқ доштин маҷалла тавзеъ шуд.

Раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати ихтисосиаш бо “Ислоҳ” гуфт: “Мулоқотҳое дар нишасти САҲА ва ҳошияҳои он бо намояндагони давлатҳо ва муассисаҳои ҳуқуқии хориҷӣ доштем, хело муҳим ва судманд буданд. Таваҷҷӯҳи хело зиёдро аз кишварҳои гуногун ва муассисаҳои ҳуқуқии хориҷӣ нисбати Тоҷикистон бедор карданд,ки дар гузашта надоштем.”

Посухи савтии Муҳиддин Кабириро дар навори видёии ин матлаб бо дигар шарҳҳо мебинед.

Дар зимн баҳсе дигар,ки дар ин нишаст фазоро гарму доғ кард посухҳои устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон ба ҳомии ҳуқуқи инсон аз Қирғизистон Айдар Содиқов, ки мегуфт Тоҷикистон ба қаламрави кишвараш таҷовуз кардааст. Аз САҲА хост сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ кунад.

Раиси ПМТ ба ҳайси як лидери мардумӣ ва соҳибватани ростин ба иддао ва иттиҳомоти намояндаи қирғиз дар робита ба ҷанги ахири ду кишвар дар марз ҷавоби муҳкам ва дандоншикан дод.

Нуктае,ки мешавад бар сари он як каме тааммул ва андеша кард ин аст ки ҳомии ҳуқуқи инсон аз Қирғизистон Айдар Содиқов ба таври зимнӣ ва бо ишораҳое Русияро муқассир ва таҳрикдиҳандаи низоъҳои марзӣ бо Тоҷикистон меҳисобад. Ба гуфтаи вай вақте Қирғизистон бо хости худ ва бидуни мувофақа корҳое анҷом медиҳад русҳо бо дасти Тоҷикистон ба марз тир холӣ мекунанд.

Ҳомии ҳуқуқи инсон аз  Қирғизистон шарҳу тавзеҳи бештар надод.

Вале бояд ҳар тардоманаку сангандозе бидонаду огоҳ бошад,ки мо мухолифи ин режим ҳастем.Аз хоки ватан ҳамеша ҳимоят кардаему хоҳем кард. Онҳое ,ки иттиҳоми “хоин” ва “хоҷадор”-у “террорист”-у дигар тамғаҳоро бар ПМТ ва ҲНИТ  ва роҳбарияти он мезананд камтар таъаммул кунанд.   Шоҳид будед, ки дар ҳодисаи низоъи охир миёни қирғизу тоҷик  роҳбарияти ПМТ аз ватани худ ҳимоят кард, на дипломатҳои режими Раҳмонов.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар нишасти ИДМ ба Санкт-Петербург нарафт, баргузории размоиши ОДКБ дар қаламравашро лағв кард ва худаш ҳам эълон кард,ки ҷиҳати ширкат дар ин машқҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон намеравад. Ва, нуктаи ҷолиби дигар ин аст ки дафъатан Тоҷикистон баргузории ин размоишро ба кишвари худ овард ва Путин ба Раҳмонов орден ҳам дод. Хуб, ҳоло пушти ин ҳама қазия чи аст, ба вақти дигар мегузорем вале ончки ишорат шуд ба он хотир буд, ки ин баҳс дар нишасти солонаи САҲА дар Варшава бархост ва устод Кабирӣ онро беҷавоб нагузошт, мақомоти Тоҷикистон ин бор дар ин нишаст ҳузур надоштанд.

Раиси Паймони миллӣ ва ҳамзамон раиси ҲНИТ метавонист дар таъйиди иттиҳоми қирғизҳо,ки гуфтанд аз ҷониби Тоҷикистон террористҳо дар ҷанг ширкат карданд, суҳбат намояд. Зеро дар ҳақиқат муҷоҳидони артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон Мирзохуҷа, Намоз, эшони Дароз таҳти фармондеҳии Шоҳ Искандаров дар ин набард ширкат варзиданд. Маълум нест ин фармондеҳон, ки бархеаш дар остонаи 70 аст бо чи шароите дар ин ҷанг иштирок карда бошанд. Кабирӣ метавонист бигӯяд, ки чаро ҲНИТ террористу асту аммо фармондеҳони асбақи он барои ин ҷанг ҷалб мешаванд. Ин ҳамкории Раҳмонов бо террористон нест? Ва вақте қирғизҳо мегӯянд, ки тарафи тоҷикӣ террористҳоро вориди ҷанг кард, магар дурӯғ гуфт? Чун Раҳмонов ҲНИТро террорист эълон кардааст. Аммо,ҳеҷ кадоме аз инҳоро ба забон наовард.

Вале Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳороте сӯҳбатҳои Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов дар ин нишастро ба боди интиқод кашида талош кард, ки ба навъе ба САҲА аз ҷониби режими Раҳмонов посух бидиҳад.

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ин ҷаласа дуруст ва бамавқеъ ишора кард, ки ҳукми ҳафтунимсоли журналист ва блогери тоҷик Абдулло Ғурбатӣ посухи ҳукумати Тоҷикистон ба САҲА аст:

«Мақомоти Душанбе бо судури ин ҳукм нишон доданд, ки ба онҳо он ҳама чизе, ки дар бораашон дар анҷумани Варшава мегӯянд, арзише надорад»

Аммо посухи Додситони кулл аз ҳамон иттиҳому буҳтоноти қаблӣ саршор буд, ки мегуфт онҳо террористанду оромиву суботро хароб мекунанд. Изҳороти Додситонӣ бори дигар нишон дод, ки террористӣ хондани ҲНИТ як дурӯғе беш нест ва ҳадаф аз ин ҳама иттиҳому буҳтонҳо аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҲНИТ буд, то дар интихоботҳои баъдӣ курсиро аз зери пойи Раҳмонов натавонад бикашад. Вагарна чи тур мешавад, ки ҳизб террорист бошаду ҷангсолорони он не ва баракс онҳо дар ҷанг бо Қирғизистон ҷалб бишаванд?

Аммо чизи дигаре, ки мояи тааҷҷуб аст ин аст ки дар изҳороти Додситони кулл исми ман ҳам ба унвони иштирокчии нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо тазаккур шуда ва ҳамчунин аз онки алайҳи банда парвандаи ҷиноӣ мавҷуд аст ишорат шудааст. Бале, медонам, ки парванда дорам ва шояд ҳам чандин ҷилд бошад. Вале ман дар нишасти САҲА ҳузур надоштам. Намедонам, ки чи қадар додситонӣ маълумот дорад, ки як дуруғеро бо ин сатҳ дорад расман изҳор медорад. Аммо як матлабе ба нашр расонида будем дар оғози шуруъи кори САҲА зери унвони “Биравад ба ОБСЕ, ки чӣ бигӯяд?”, мисле, ки таъсир кардааст ва диданду аз воқеият ҳаловат бурданду моро ҳам узви иштирок дорони ин конфронс намудаанд.

Ҳоло, барои онҳое, ки мегуянд ва ё дағдағаву даъво мекуннад, ки «агар мардӣ,биё дар дохил гап зан» гуфтаниам, ки агар Далери Имомалӣ ва Абдуллои Ғурбатӣ барои ҳамкорӣ бо мо ва ман ба ин қадар ҳукми золимона мувоҷеҳ мешаванд, ман биравам, ки чи мешавад? Бо онки ман сад бор ва лозим бишавад ҳазор бори дигар такрор мекунам, ки на Далер ва на Абдуллоро намешиносам ва иртиботе надоштаму надорам, чизе иваз нашуд, ҳоло бархезаму биравам, ки бидоранду зиндонӣ кунанд, чи хоҳад шуд?

Мо, инҷо мемонем, табли расвоии Раҳмоновро менавозем ба ҳадде, ки ҷуръат намекунад, ки ба нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо биояд. Раҳмонов барои он наомад, ки дар баҳсу сӯҳбати рӯбарӯ бо мо шикаст хурдааст ва шикаст мехурад. Ҳамин мурофиаҳои додгоҳии Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалиро ҳам агар ошкоро мегузаронд, вай яқинан шикаст мехурд, чун чизе барои муттаҳам кардан надошт. Барои ҳамин мурофиаҳои онҳо пушти дарҳои пушида баргузор мешавад….

PS Ҳузури муассир ва пурранги Паймони миллӣ ва дигар гуруҳҳои сиёсӣ дар ин нишаст,дар асл натиҷа ва паёмади рушди диктотурӣ,саркубу хафақони тамоми озодиҳо,нобуд кардани ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ дар кишвар аст.

На танҳо Додситони кулл буд,ки аз дасти боло ва фаъъолияти муассири оппозитсион дар САҲА нороҳат шуду чун муйи оташдида бипучид ҳамчунин хашму ҳасодати  тардоманакҳои аврупоиро ба бор овард. Ва,онҳо,ки дигар аз ҳар саҳна ва маъракаҳо тард ва парт шудаанд,бо интишори постҳо ва сангаандозиҳо худро ба ҳайси косалесони аврупоии режим,ки мавқеъу ҷойгоҳашонро ҳам дар назди худи режим ва мардум гум кардаву аз фаъолияти ПМТ дар САҲА дасту похурда шудаанд,ба намоиш гузоштанд.

Ҳарчи бигӯянд, ҳам ину ҳам онаш, мо як ҳадаф дорем ва он ҳадафи ҳама миллат ва мардуми кишвар аст:раҳидан ва раҳонидан аз ин режими диктотурӣ.

Сообщение Ҳузури ПМТ дар САҲА хашми генпрокурор ва…овард появились сначала на ISLOH.net.

7уним сол ҳукм ба А.Ғурбатӣ, ҳадя ба 70 солагии “пешво”
Нолаву лобаи хонуми Абдулло Ғурбатиро Эмомалӣ Раҳмонов нашунид, намешунавид ва нахоҳад ҳам шунид. Ба мисли ин хонум, ки тоза нахустин фарзандашро ба дунё овардаасту модар шудааст, даҳҳово садҳо модарону ҳамсарони ҳамқисмат бо вай бо умеди додхоҳӣ, ҳақталабӣ ба Раҳмонов рӯйи ниёз оварданд аммо садои онҳо дар гулӯяшон буғӣ ва баста шуданд, шевану шикояти онҳоро нашунид, ки нашунид.

Танҳо Ғурбатӣ нест, ки айнан ва бо ҳисобҳои пешакӣ дар шабурӯзҳои ҷашни таваллуди Раҳмонов қурбонӣ мешаванд. Мисли онки аз ин ҳама Раҳмонов хушаш меояд, хурсанд мешавад. Ва, судяву раиси Суду дигар ниҳодҳои татбиқи ҷазо ҳам ӯро хуб омӯхтаанд, ки бо чи коре мешавад ӯро хурсанд кард. Бо ҷазо, ва он ҳам чи ҷазое, Раҳмонов сахт хушҳол мешавад ва бахусус дар рӯзи таваллудаш- «сюрприз»!  Ёдатон бошад Муҳаммадрӯзи Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистонро ҳам айнан дар ҳамин рӯзи таваллуди Раҳмонов ҳукм содир карда буданд. Метавон боз чандин ҳолату лаҳзаҳои монандро инҷо зикр кард. Аммо ҳоло ин қурбониҳои ҷашни таваллуди Раҳмонов аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров-як сиёсатмадор шурӯъ шуда ва то ба Ғурбатии блогер ҳам расид. Дар ҳоле, ки Искандаров як сиёсатмадор як шахсияти миллӣ буд, ки даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ кард, аммо Ғурбатӣ ҳамааш шуда як рӯзноманигор ва як блогере буд, ки танҳо барои касби маош ва пешбурди зиндагӣ кору амал мекард.

«Озода Раҳмону Рустаму Таҳминаву Рухшонаву Фирӯзаву Сомону Анушервону Парвинаву (бовар кунед, ба гуфтан тамом намешаванд, мухтасар мегӯем, ки қавми яъҷуҷу маъҷуҷ) ҳамон рӯз, ба гуфтаи худи Озода дар пушти дастурхони пур аз файзу сипос нишастанду хурданду нӯшиданду рақсиданд, аммо хонаводаи Ғурбатӣ шоми заҳрогин, ҷомаи кулфат ба бар карданду косаи оби сард ба пеш кашиданд»

7уним сол!!!!  Худоё, худовандо ҳарчи зудтар бигирад шуморо, ки шурашро даровардед, валлоҳ, ки гузаронидед!!! Охир, барои чӣ? Барои кадом гуноҳ? Фаридуни Озодаву Ҷамолиддинро, ки одамро заду кушт, гурезонидед, Амриддин Нахшови ҷияни Азизмоҳро, ки одамро корд зад, ҷарима кардеду раҳо намудед, аммо Ғурбатиро ба 7уним сол шинонидед! Валлоҳ, ки дар бисот ва бутаи шумо аз одамият ва инсонигарӣ заррае боқӣ намондааст.

«Аммо аз тарафи дигар ҳукми Ғурбатӣ шаҳодат ва далелу гувоҳи он аст ки чи қадар ин Раҳмонов касал, залил, забун, оҷиз, заъиф, осебпазир ва дар ҳақиқат ларзону шикананда ва тарсу аст. Ҳар қадар, ки аз замони раёсати Раҳмонов бештар мегузарад, ҳар қадар, ки гӯиё ҳукумати Раҳмонов «ниҳодинатар», мустаҳкамтар ва муҳкамтар мешавад, аммо дар дарундаруни он ба ҳамон андоза тарсу ваҳшат бештар ҷо мегирад. Ва, аз инҷост ки аз камтарин, хурдтарин, кучактарин, ночизтарин муқовимат ба ларза медарояд. Ҳол агар он муқовимат камтарин асаре ҳам надошта бошад, ба назари Раҳмонов хеле ҳам калону хеле ҳам бузург менамояд.»

Ба хари кӯр ҳам маълум аст, ки ҳукми Абдулло Ғурбатӣ ҳукме нест, ки як судя бароварда бошад. Ин ҳукме аст ки худи Раҳмонов содир кардааст. Бо ин гумону бо ин хиёлу бо ин нияту бо ин бовару бо ин умед, ки «ҳамаро бояд шиканад: «ба сиёсати давлат қуш шудӣ,тамом»». Ҳамаро бояд шиканад!  Касеро изну амон надиҳад. «Хоҳ вай як сиёсатмадор аст, хоҳ вай як имомхатиб аст, хоҳ вай як журналист ё блогер аст, хоҳ вай пир асту хоҳ ҷавон» Дар ин кишвар ва дар ин мамлакат ин танҳо Раҳмонов аст ки бояд сиёсат кунад. Ҳар касе дар муқобили сиёсатҳои вай сухан кард, рост меравад зиндон. Ва, агар дар зиндонҳо ҷо намонд, зиндони нав месозаду мебараду ҷо мекунад. Ҳадафи зиндонӣ кардани Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Сайидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳамин аст. Гӯё онҳо муқобили сиёсатҳои Раҳмонов гап заданду навор мунташир карданд ва бо…..мухолифин алоқа ва ҳамкорӣ доштаанд. Ҳоло дигар «мухолифин» ба як уъҷуба, ба як устура, ба як душмани китобӣ ва сарсахти Раҳмонов бадал шудааст, ки агарчи чандин сол аст дар кишвар вуҷуд надорад, фаъолият намекунад аммо ҳамоно аз он барои тарс додани мардум истифода мешавад. Бо ин ҳисобу бо ин сиёсат бояд ҳадди ақал 70% аҳолии Тоҷикистон зиндонӣ бишавад.

«Ман бо сароҳат ва қотеъият мегуям ва агар бихоҳед ба азамати Аллоҳи бузург қасам мехурам, ки Ғурбатиро намешиносам, суҳбат накардаам, чи расад ба ҳамкорӣ. Аз дигарҳо ҳам ки пурсидам, айни ҳамин гапи маро такрор карданд.  Ҳатто ба яке аз бародарони Наҳзатӣ,ки саломаш навишта будааст носазо ҳам гуфта будааст Абдулло,ки нанависед ба ман ва ман шуморо намешиносаму шинохтан ҳам намехоҳам. Пас, чаро шумо он бечораро туҳмат ба ҳамкорӣ бо мо  мезанед? Ба хотири онки бо бачаи вазири адлия ва домоди Суди Олӣ баҳс кард? «

Шумо, воқиан ҳам гузаронидед. Ҷони мардумро ба ҳулқумаш расонида истодаед! Наход барои ҳиҷчӣ 7 уним сол диҳед?  Ва,он ҳам дар зиндони «строгий». Мехоҳед чи кор кунед? Боз ҳам ба азамат ва бузурги Аллоҳи бузург қасам, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва ҳар касе дигарро ҳам, ки бо ин гуна методҳои ғайриинсонӣ мебареду мешинонед, ҳеҷ муродатон ҳосил намешавад. Мо, корамонро, ҳарфамонро, хабару гузоришу наворамонро мекунем, мегӯем, пахшу нашр мекунем.

Агар Ғурбатӣ ва ё Пирмуҳаммадзода зиндонӣ бишавад,  зиндагӣ хотима намеёбад. Шумо медуздед, мебалъед, зулм мекунед, ҳукм мебароред, мо мегӯем ва мардумро ва ҷаҳонро аз кору кирдори шумо огоҳ месозем. Огоҳ месозем, ки чи гуна як тоифаи бешарафи беномуси азхудобаргаштаи ҷиноятпеша ҳукумат ва қудратро идора карда истодааст.

Боз ҳам мегӯям, ки ҳукми Ғурбатӣ ҳукми суд ва судя нест

Ҳукми Абдулло Ғурбатӣ ҳукми Раҳмонов аст. Раҳмонов Ғурбатӣ ва ғурбатиҳоро «турма» карда истодааст ки Сомону Исмоилу Анӯшервон «проблема» надошта бошанд, чун худаш бо маҳкум кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандарову Ғаффор Мирзоеву Ёқуб Салимову Зайд Сайидов ва даҳҳову садҳои дигар гӯё «проблема»-и худро ҳал кард.

Аммо, бубинед, ки сатҳу дараҷааш то чи ҳад уфтод, поин омад? Агар ин шахсиятҳо, чуноне гуфтам, сиёсатмадору пулдор буданду тарафдор доштанду кадом даъвое ва ё нияте дошта буданд, ҳоло Абдулло Ғурбативу Пирмуҳаммадзодаву Сайидаминиву Далери Имомалӣ, ки чизе нагуфтаанд, на ҳизбе доранду на даъвои курсӣ кардаанд. Барои ҳамин ҳам мегӯям, ки дигар тарсу ваҳшат ҷисму ҷони Раҳмоновро фаро гирифтааст, ки аз ҳамин журналисту блогер эҳсоси хатар ва тарсу ваҳшат мекунад. Дигар аз вазиши бод, лаппиши мавҷи ҷуйбор, хишхиши шохи дарахт, рашъа дар андомаш меафтад. Мабодо аз пеши Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин наомада бошанд, бо онҳо ҳамкорӣ надошта бошанд, дигарҳоро вайрон накунанд, бояд зуд пеши роҳашро бигирифт ва филҳол ба Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов фармони «фас» медиҳад. Юсуф Раҳмон ку дигар қудаанда шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, ки барвақт саис аст, як нуки қамчинро нишон деҳ, тамом, чорхез мезанад.

Агар ин афрод, ки номашон зикр шуд, як майда хуни инсонӣ дошта буданд, ба Раҳмонов мебоист мегуфтанд, ки дуои ин мазлумон оқибат мегирад, набоядам то ин ҳад бошад. Аммо ин вазири милиса, вазири кгб, раиси суд ва прокурор ҳам миҷозу Раҳмоновро хуб омухтаанд, ки бо айни ана ҳамин гуна ҳукуму ҷазоҳо вай шод мешавад, ҳукуматашро устувортар ва боқувваттар ҳис мекунад. Яъне то ман ҳастам ва то ман зидди ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ ҳастам, ҳар касе ки бо онҳо аст ва ё ҳавои онҳоро дорад ва ё мисли онҳо интиқод мекунад, дарди сар меофарад, бояд зиндонӣ ва кушта бишавад. Вале, вақту соате расид, ки назари ман дигар шуд, боз ҳам фикру назари манро дуруст ҳисобад ва талқин кунад. Масалан ман чандин сол ба Узбакистон душман будам, шумо ҳам ба дунболи ман будед, ҳоло ки дӯстам шумо ҳам дӯст ҳастед ва ё инки Эронро бигирем, ки чанд сол ман «кишвари дар нохунак дӯст» гуфтам шумо ҳам такрор кардед, ҳоло ки аз Эрон абобил мегирам шумо ҳам бо Эрон дӯст бишавед.

Акнун имрӯз ҳамин Узбакистону ҳамин Эрону ҳамин Муҳиддин Кабириву ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддину дигару дигарҳо Абдулло Ғурбатӣ аст. Барои ҳамин Ғурбатӣ бояд сахт шинад.

«Боз ҳам мегуям, ки «ма да поф…й», ки кӣ чи мегуяд: ОБСЕ чӣ мегӯяд, ООН чи мегуяд, Амрико чи мегуяд…пофик. Барои ман муҳим Путин аст. Ин Путин аст ки ман имрӯз боз поҳоям дар дастҳоям бо сару калаам давида-давида Санкт –Петербург рафта истодаам.»

Барои Раҳмонов аслан фарқе намекунад ва аз кучаи сиёсати берӯна ва радабандиҳое кишварҳо ва муассисаҳои хориҷӣ,ки чӣ мегӯянд. Аммо барои сиёсатмадорони давру бараш ва дипломату стратегҳояш чӣ ? Наход то ин андоза кавдан бошанд ва ё ин ҳама ҳолату вазъро ба ин бе хирад нагӯянд,ки ин кор оқибати бад ва шуме дорад. Ҷойгоҳи давлатро дар арсаи шохиси индексҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ  пойн мебарад. Охир чанд бор сарашро аз қоғаз бардошта гуфт: “мо ҳам мисли дигар кишварҳо дар созмонҳои бонуфӯз як садо дорем” Охир бо ин амалҳо аз он як садо маҳрум мешавад давлат. Агар ҳаминхел фаҳмонед мефаҳмидагист.

Ҳузури намояндаи САҲА, хонум Тереза Рибейро ки дақиқан дар мавриди озодии матбуот феълан  дар Тоҷикистон қарор дорад. То куҷо бо ӯ ин масаларо мақомот дар миён мегузоранд муаммо боқӣ мемонад. Чун,ки Раҳмонов танҳо аз муассисаҳои хориҷӣ ва кишварҳо пул мехоҳад, на амалкардан ба муқаррароти байналмилалӣ. Ӯ ҳамон як овоз дорам мегӯяду тамом. Аслан барояш дигар муқаррароте таъсиргузор нест. Феълан дар побусии Путин қарор дорад ва «не до этого» барои ӯ.

Аммо нуктаи дигаре, ки дар анҷоми ин навишта мехоҳам тазаккур бидиҳам ин аст ки вазъу ҳоли Раҳмонову Путин дар ин авохир хеле баҳам шабоҳат дорад. Аз дасти Путин русҳо доранд аз ватанашон фиро мекунанд, ҳатто ҷонибдоронаш аз канораш канда мешаванд, ҳамчуноне имрӯз дар Тоҷикистон ҳам баъди ҳукми Ғурбатӣ хелеҳо, ки ҳатто сахт ҷонибдори Раҳмонов буданд аз вай дилсардии худро буруз медиҳанд. Номашро намеоварам, ҷинсашро ҳам зикр намекунам, вале як нафар журналист, ки ҳар аз гоҳе булфузулӣ мекунад, гоҳе ба наълу гоҳе ба пошна мезанад, он қадар оҳу воҳ кардааст, ки «акнун забонҳои бастаи журналистика ….андеша изҳор кунанд,….имсол барои ҳамкасбони ман соли пурмоҷаро буд…» ва аз ин қабил гилояву шикваҳо, ки чаро 7уним сол? Яъне, оқибат таркидаст, ки ҷабру зулм шуд истодааст, мисле, ки ин ҷабру зулм имсол буд, ҷабру зулми ниҳодина шударо акнун мебинад, ҷабру зулми беш аз сисоларо. Вале,  маъаласаф аз асп фуруд омадаву рикобро раҳо намекунад ва менависад,ки «Дар бораи онки ҷуръат сархӯр аст ё сархӯрони бурунмарзӣ ҷавонҳо моро ба дом кашида тавониста бошанд»?

«Сархӯрони бурунмарзӣ»-яъне мо?

Намедонам ба ин муаллиф чи бигӯям. На, валлоҳӣ медонам, ки чи бигӯям. Аммо ин бор сукут мекунам, чун дар ҳар ҳол кам ҳам бошад, чизоеро гуфта истодааст. Фақат хоҳишам ин аст як бор барои ҳадди ақал биандешад, сахт биандешад, ки дар асл сархӯрҳо дар беруни марзанд ё дар дохил?

Сообщение 7уним сол ҳукм ба А.Ғурбатӣ, ҳадя ба 70 солагии “пешво” появились сначала на ISLOH.net.