Архивы Дараи Калот - ISLOH.net

Дар Ҳамадонӣ бо пули мардум роҳ месозанд — ифтихор ба номи Пешво. Ин давлатдорист?
Номаи маро алоҳида нашр кунед №58

Масъалае, ки дар ин нома оварда шудааст, қаблан ва на як бору ду бор дар сафаҳоти расонаҳо, махсусан дар «Ислоҳ.нет» матраҳ гардидааст. Дар чавкоти рисолати худ мо ин номаро ҳам нашр хоҳем кард, агарчи баъид аст ки ин ҳукумат аз чунин амалҳо даст бикашад, балки мо мутмаинем ва дида истодаем, ки беш аз гузашта ҳамчунин иҷбору фишорҳо болои мардумро афзуда истодааст. Раҳмонов ва ҳукумати вай ин сиёсатро пеша кардааст, ки набояд халқи Тоҷикистон нафаси осуда ва роҳат бикашад, ҳамеша дар банди як ташвишу саргардонӣ гирифтор бошад, ҷайби мардум бояд ҳамеша холӣ карда шавад.

Гап дар бори чӣ меравад?

Чанд соли ахир аст ки ҳукумати Раҳмонов тамоми масорифу хароҷоти арсаҳои иҷтимоӣ, масъулият ва уҳдадориҳои конститусионии худ дар ин заминаҳоро бар дӯш ва шонаҳои мардум бор ва вогузор кардааст.

Бо баҳонаи ин ё он сана ва ҷашн- масалан 30 солагӣ ё 35 солагии истиқлолият, ҷашни рӯзи конститутсия, ки фалон адад иншоот сохта бишавад, аз мардуми мазлум, муҳоҷирони корӣ ва соҳибкорони бонангу номус пул ситонида истодааст.

Бо татбиқи ин «таҷриба»-и нодир ва нестандарҷаҳон аз иҷрои уҳдадорӣ ва масъулиятҳои худ гурехта ва сарфи назар карда истодааст. Ва, аз ин ҳам бадтар ин ҳамаро ба номи худаш «документ» карда истодааст.

Ин номаро як тан аз ҷавонони ғаюр ва бебоки деҳаи Дараи калот фиристодааст:

Дараи калот

« Ман аз деҳаи Дараи калоти ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳастам. Феълан ман дар дохили ватан, дар ҳамин деҳаам. Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, бовар мекунӣ, аз ин вазъу ҳол безор шудаем, аз Тоҷикистон безор шудаем. Ман дар ҳайратам, ки ин пешоби миллат, худаш чи кор мекарда бошад? Ягонҷоро, ягончиро барои ин мардум месозад ё фақат барои оилааш кор мекунад?

Чанд рӯз аст ки мардуми деҳаро дар крючок, дар занҷир гирифтаанд. Ҳар рӯз ва ҳар шаб гап якто: «саҳмтона бигзоред», ин «хайри ҷория» аст, «савоби беҳад мегиред». Аҷаб, чаро саҳмро фақат мардум месупорад, хайри ҷория магар фақат барои халқи одӣ аст, савоби беҳад ба мансабдорон, ба Раҳмонов лозим нест?

«Ин шо Аллоҳ, ба наздикӣ Ҷаноби олӣ меоя, аз файзу баракати сафари ҷаноб деҳаамон обод мешавад». Эй, Худо бигирад шумову Ҷанобу пешвоятонро, ки мардум пул ҷамъ кунад, мардум ҳашар кунад, худаш харҷу масраф кунаду мумфарш созад, ба қудуми ҷаноб чи рабт дорад?

Ҳоло, мо зери фишору таҳдиду таъкид кучаҳои даруни деҳаро мумфарш карда истодаем: «сум бидиҳен, саҳмтона, ҳамон саҳми хонатона биспоред». Бале, сохта истодаем: «мактаб карда истодаем, болнитса сохта истодаем, варзишгоҳҳо сохтем». Ҳамааш бо пули мардум. Безор шудем аз ин гадоҳо.

Бародар Муҳаммадиқбол. Барои шумо навори сӯҳбатҳои се нафар аз калонҳои деҳаро дар робита ба ин масъала мефиристам. Ин се наворе, ки дасти шумо мерасад аз ҳамин гадоҳо аст ки якеаш Шараф, дигари Шокир ва саввуми  ҳоҷӣ Сайд ном доранд. Ранги гадоҳо хонабахона мегарданд».

Хонандаи азиз! Ин буд номаи як бародар аз ин деҳа. Ва ҳоло инҷо матни навори ин се нафарро, ки дар дастамон аст ба шумо пешниҳод менамоям. Ва худатон хоҳед фаҳмид, ки оё мумфаршсозии роҳҳо, ки чуноне дар Паёми охираш Раҳмонов эътироф ва эълон кард ҳудуди 3000 километрро ташкил додааст, бо майлу хоҳиши мардум аст ё ба иҷбору фишору таҳдид. Ин матн, суҳбатҳои ҳамон се нафар аз масъулони деҳаи Дараи калоти ноҳияи Ҳамадонӣ аст ки чи гуна мардумро водор ва маҷбур карда истодаанд, ки пул бидиҳанд:

«Ина бародаро дидем, ки ай ҳисоби ҷамоат, муовини раиси ноҳия, гурӯҳи Ситод, бобои Эшон ҳама, ҳама барои маблағ ҷамъоварӣ хонабахона рафтестан. Мақсад, ки саҳмотона бугзорен, ки ин авсал бо а ида ғафстар биёя. Ҳамаи ҳаминҳо ба дастгирии шумо шудагияй иншоаллоҳ. Зиндаву сарбланд боше. Ина дидм, ки  гурӯҳи Ситод шояд, ки хона нараванд ҳамиҷа болои асфал хов раванд иншоаллоҳ. Ҳоле, ман боварӣ дорум, ки имшаб чанд кас ҳамиҷа хов мерава. Неки хобам рафтен ай лави раҳ бераҳа хов раве, иҷа хов нарен. Байнда хов нарен. У байнакода ягон сиёӣ меҷуқа ҳам ё ягон мошин меҷуқа. Лавда хов брен»

«Медонум бародаро, ҳамин суханои ман бисёрта намефора. Бисёрта намефора. Неки иншоаллоҳ, ки баъди анҷоми кор ҳамата бо ҳамин суханои ма мефорат, ҳамат бо мана миннатдорӣ баён мекнен, ки ҳоҷӣ гап нест, кушиш кардӣ дар ҳамин деҳа ҳамин гапора гуфтӣ, мора намефорид, ҳозир ҳамун гапои ту маъқул шид. Ина ба ҳамун гапои ту мо омадем. Ҳама иншоаллоҳ, ки сари як хулоса меоед ҳоле, ба анҷом браса кор. Аз ҳамат эҳтиромона хоҳиш мекунам аз ҳамин деҳаи Дараи калот боварам кунед агар як тин, як тин мода фоида нест. Неки мо барои савобият барои ҳамин деҳа, барои мардуми деҳа, фарзандомон, ки баъди сари мо ба ҳамин роҳ браван, бган, ки ҳамин падари мо дар ҳамин деҳа хизмат кардагияй, падари мо да ҳамин деҳа саҳм гузоштагияй ҷияномону ҳама кадоме ҳамсоя бга, ки мо ҳами мардуми маҳал ҳами як иқдом гирифтем иқдоми нек гирифтем ҳамин раҳра мо мардуми маҳал, падарои мо сохт, бобоҳои мо сохт. Ина бубинед то ҳозира ҳама раиси Зарипов ҳамин роҳро кард, худо баракт бта. Бубинед, ки чи хел иқдоми хубай и кор, то вақте ки ҳастай ҳамин асфал дар савобияти дар ҳамаи мову шумо мераса бародарои азиз. Худо ҳамата баракат бта бародарои азиз».

« Салому алайкум бародаро, бародарои банангу баномус. Имрӯз ҳамат шоҳиден, диден, ки иншоаллоҳ, ки дар ин деҳа корҳои роҳсозӣ асфалтпушкунӣ сар шуд. Анакун виждона ғам бтен, ҳамун виждоне, ки ҳастай ҳамура як ғам бтен. Бброен берун бубинен. Як камтарак ғам бтен ҳамун виждона. Ҳамун виждона, ки ғам додӣ, иншоаллоҳ усун пул худуш ай кисат бромадан  мегира. Як камтарак виждона ғам бтен иншоаллоҳ, ки мегзара. Раҳо асфалт мешава.

Иҷа бо дарвоза кадан даркорай. Бачаҳо ҳамаи и ҳаму техникаҳое, ки мебине дар иҷа, бо ягонташ оши наҳор омадагӣ нест, ҳамаи у сум қатияй, ҳами ҳамун маблағ қатияй. Ҳамаи ҳамин расходай. Ба ҳамун хотир бародаро кадоме  саҳми хонаша нагзоштай, ай шумо эҳтиромона хоҳиш, пул доред саҳмотона бугзоред, бетарафӣ накунед.

Маҳаллаҳои 1,2,3,4 кадом маҳаллае набошад саҳмотона бугзоред. Иншоаллоҳ буд мешавад. Ин хайри ҷория буд мешава. Баъд иҷа дарвозата баҳазур ҳуй мекуниву мепушӣ, баҳазур. Ина ҳами саҳмата нагузошта бошӣ, худут бест фигр ку мегзарӣ ҳамита попушит дар асфалт мечаспа ай пот меброя попушиҳот, агар саҳматро нагузошта бошӣ. Лекин гузошта бошӣ агар, боварм ку пои лич гузар ҳиҷчит намешава. Барои ки ин хайри ҷорияй, ида саҳм гузоштай ту. Зиндаву сарбланд боше. Як ҳаракати дигар кунед».

«Аҳсан Ҳоҷи Маҳмадсаид Раҳимов аҳсан!! Зинда бошӣ. Ҳаракат кадестай. Иншоаллоҳ халқут хушру гуш кардестай, иншоаллоҳ лавпави латока тоза кнан асфалт ба сифат миёя бесифат намиёя. Иншоаллоҳ, ки масъалаи маблағдам агар ду се руз давоми ҳафтада ҳамин хел ҳаракат кнан иншоаллоҳ як беҳбудӣ мешава, як пешравӣ мешава дар ҳамин масъала асфалт қатӣ. Аҳсан ҳаракат кун иншоаллоҳ».

«Биёен бародаро бетарафӣ накнен, мардуми маҳаллаи 3! Аз ҳаматон эҳтиромона хоҳиш мекнам! Ҳамин техникаҳо ҳоло дар маҳалаи худмонай, биёен саҳмгузорӣ кнен, бетарафӣ накнен. Ҳаму саҳмое, ки дар хонаҳотон гузоштагӣ ҳастан ҳамувора хатяби бисупорен бародаро. Илтимос. Як се -чор рӯзи дига ин вахт бародаро. 500 сомонай, 300 сомонай, чанд суме зуррас дорӣ. Ҳами чени се -чор рӯзда иншоаллоҳ, да номтон ҷонум бародаро бспорен ҳамун саҳмотона.

Ина имрӯз масалан сесад сум парто, пага сесад суми дига парто, иншоаллоҳ, ки ҳамун саҳми хонат буд мешава. Биёен бародаро, ҳамин ҳамакаса лавз карда будем, сухан карда будем, ки аз як гиребон сар мебурорем. Ҳамун техникаҳо будуроян ҳамин асфалта биёя ҳамин ширкати бобои ҳоҷӣ Азиз ба нияти асфалт ҳамин деҳада бдроян ай ҳамин деҳа наброян. Бо иншоаллоҳ, ки саҳмои худмона мегзорем. Ина бубинен буродаро омадиян сумпартоитон сустай. Бениҳоят сустай. Бародаро ай ҳама хоҳиш мекнам биёен саҳмотона бугзорен ба анҷом брасонем ба сатҳи баланд.

Сафари кории муҳтарам Ҷаноби олияй, иншоаллоҳ, ки бениҳоят деҳамон обод мешава. Ба пайи қадами муҳтарам Ҷаноби олӣ иншоаллоҳ, баракат бо дар деҳамон бо бисёртар арзонӣ бигардона. Бубинед, худо баракат бта акаи ҳоҷӣ Олима, акаи ҳоҷӣ Некруза, Саидуфо чи хел иқдомои хуб гирифтан. Балнисара дар сатҳи бланд ремонт мекнан. Ҳама дар деҳаи худмон барои ободи деҳаи хуммон, кушиш кардестан бародарои азиз.

Ҳамун бародаро ҳози дар деҳаи хумон зиндагӣ накадесан. Неки берун аз деҳаан. Аслан барои ободи ҳамин деҳа кадесан. Саҳмгузорӣ кадесан, ки ҳамин обод шавад. Мардуми ҳамин деҳа азоб накашан, аз ҷиҳати беморхонашон, аз ҷиҳати ҳамаи коро. Аз ҳамат эҳтиромона хоҳиш мекнам бародаро биёен саҳмотона бугзорен.

Аллоҳ ҳамата баракат бта бародарои азиз».

Ана ин буд сӯҳбатҳои Шараф, Шокир ва Ҳоҷӣ Сайд дар деҳаи Дараи калоти ноҳияи Ҳамадонӣ, ки чуноне хондеду шоҳид шудед, чи гуна мардумро «тов» дода сум канданианд.

Ҳамчуноне дар муқаддимаи ин навишта тазаккур додем ҳукумат бо роҳандозии ҳамин гуна ҳилла ва найрангҳо кореро, дурусттараш хароҷотеро, ки худаш анҷом диҳад бар сари мардум бор кардааст. Ҳоло агар чунин маврид ва ҳолат ангуштшумор буд, чизе намегуфтем. Бар фарзи мисол сел ояду роҳ ё синфхонаҳои мактаб хароб шуд, мардум ҷамъ кунанду кумак кунанд. Аммо чанди сол аст, ки ин ҳолату вазъият характери умумикишварӣ гирифтааст ва барои мисол мумфаршсозии роҳҳо дар тамоми навоҳӣ ва рустоҳои кишвар ба як сабқати дурӯғии «нангу номус» бадал шудааст. Масалан, чуноне аз ҳамин суҳбатҳои «калонҳо»- и Дараи калот ҳам огоҳӣ ёфтед, мардумро маҷбурӣ «ба номус» меоваранд, ки «чаро фалон деҳа мекардаасту мо не? Ва ё ин ки «мо бароӣ кӣ мекунем, барои худамон ва фарзандони худамон мекунем». Ин як навъи ошкорои фишороварӣ ва зӯроварӣ бар болои мардум аз тарафи ҳукумат аст. Ин ҳам дар ҳоле аст ки мардум налоги роҳро ҳам месупорад.

Бубинед, наглост-беҳаёии ҳукумати Раҳмонов то куҷо боло гирифтааст, ки ин усули ба иҷбор аз ҷайби мардум анҷом додани миссия ва масъулияти худро ҳатто дар расонаҳои худаш ташвиқу таблиғ мекунад.

Барои озмуд ба АМИТ «Ховар» сайти расмии Ҳукумати Тоҷикистон як саре задам, ки ин масъалаи мумфаршсозӣ чи гуна мунъакис ёфтааст. Ҳоло инҷо мушт намунаи хирвор фақат чанде аз сарлавҳаҳои ин хабаргузории расмиро меоварам:

Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд

Июнь 2, 2026

ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳи кӯчаи Баҳром Фирӯз оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад

7.Май 2026

Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ оғоз гардид

28.Сен 2025

Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт

16.Июл 2025

Мумфаршкунии роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз гардид

24.Апр 2025

Дар ноҳияи Рашт мумфаршкунии зиёда аз 3 километр роҳи дохилии деҳаи Поҷеи поён оғоз гардид

РАШТ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва соҳибкори ватандӯст Муҳибҷон Бобоҷонов  мумфаршкунии зиёда аз 3 километр роҳҳои дохилии деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода оғоз гардид.

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Саҳми сокинон ва соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар мумфаршкунии роҳҳо назаррас аст

16.Июн 2024

ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода мумфаршкунии зиёда аз 300 метр роҳ оғоз ёфт

16.Сен 2023

ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҷалби соҳибкорону сокинони деҳоти Пахтаобод мумфаршкунии зиёда аз 300 метр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич мумфаршкунии роҳ оғоз гардид

13.Июл 2023

ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 июл дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ба корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод

Дар Фархор ба мумфаршкунии 6 километр роҳҳои маҳаллӣ шуруъ намуданд

6.Июл 2023

ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи кўчаи ба номи Ш. Насруллоеви шаҳраки Фархор дар масофаи як километр мумфарш гардида истодааст. Ин амал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ рўи кор омад. Дар ин хусус АМИТ

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Муъминобод роҳҳо таъмиру навсозӣ мегарданд

2.Ноя 2025

ДУШАНБЕ, 02.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 16 километр роҳҳои маҳаллӣ ҳамвор ва мумфарш гардонида шуданд. Дар назар аст, ки то соли 2026 24 километр роҳ пурра таъмиру навсозӣ

Беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияи Деваштич мумфарш карда шуданд

Октябрь 19, 2025

Беш аз 10 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи Роғи ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешаванд Сентябрь 14, 2025

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз 60 километр роҳ пурра мумфарш карда шуд

28.Авг 2025

Дар Конибодом 90 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шуданд

26.Авг 2025

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 70 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шудаанд

24.Авг 2025

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад

4.Июл 2025

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. 4 километр роҳи деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ мумфарш карда мешавад»

Ин сарлавҳаҳоро мебиниву ангушти ҳайрат ва надомат аз як чунин кору амали ин ҳукумати ҳиллагар мегазӣ. Ҷойи онки изо бикашад,дасти кутаҳаш рӯ шудааст,коре,ки мебоист мекард,мардум дорад анҷом медиҳд,баракс онро дастовард,пайю қадам файзу баракати қудуми пешво мегӯяду таблиғу ташвиқ мекунад. «Мардуми фалон деҳа пули ҳаҷи худро барои мумфаршии роҳ сарф карданд».

Ватанамона месозем ва биҳишти рӯйи замин мекунем

Агар ҳамин ахборро мурур кунед, ин корро солҳост дорад иҷро мекунад вале дар соли 2024-2025 авҷ гирифтааст, суръат гирифтааст. Дар ҳоле, ки масалан дар ин муддат Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки бо «иқдоми гирифтаи муаллифи Ислоҳ Қофлонбой лақаб гирифт ва ночор «бой»ро ҳазф кард ва Раҷаб шуд  аммо ҳамоно идома пулҷамъкуниаш идома дорад»

Дар Ховар фақат дар ҳамин мавзӯи асфалт 13 сафҳа пур шудааст, ки дар ҳар сафҳа 20  хабар аст, ки ҳамааш дар робита ба мумфаршсозии роҳҳо аз тарафи соҳибкор ё соҳибкорони бонангу номус ва мардуми азиз ва ҷамъоварии пулу «саҳмия»-и мардум навишта шудааст.

Чаро мардум «саҳм» дошта бошад барои мумфаршсозӣ?

Гуё бо ин корҳо «ватанамонро обод мекунем, ватанмона биҳшти рӯи замин мекунем».

Шумо як бор ва ё дар ягон ҷо шунидед ва ё дидед, ки дар миёни ин ширкату муассисаҳо ва ё соҳибкорони ватандӯст номҳои наздикони Раҳмонов бошад?

Масалан шунидед, Ҳасан Асадуллозода фалон миқдор роҳи совхози Чапаев, зодгоҳашро мумфарш кард. Аммо мешунавед, ки Ҳасан барои чанд ҳамсояаш аз дигар ҷо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода онҳоро хезонида дар замини ҳавлиҳои онҳо барои худаш қасре сохтааст, ки дар баробари он Buckingham — Букинҳеми шоҳони англис кулбаи муҳаққар аст.

Ва ё шунидед, ки Зоир, Шамсулло, Зайнулло, Зарифбек, Рамз, Ашраф, Ҷамолиддин дар фалон маҳал даҳ километр роҳро мумфарш карданд.

Дар соле, ки Кулобро сел зад як тоҷири худотарси тоҷик 12 хона сохту дод бо ҷиҳозаш аммо ягонтои инҳо ҳатто як бурё ё чумчаву табақу коса набурданд. Ва ҳоло ин тоҷири номдор дар кунҷи зиндон аст.

Рустаму Озода дар соли коронавирус кӯмакҳои башардӯстонаи Хитойро аз номи худашон ба мардум арза карданд. Инҳо кори хайру савоб ҳиҷ гоҳ накардаанд, намекунанд, баракс медузданд.

Серсумтарин бизнесмеҳои Тоҷикистон аз авлоди Раҳмонованд. Исмоили пингвини дастбахайр чанд соли пеш ба ду оила дар Узбекистон хонаву дар хариду дод. Аммо боре шунидед, ки фалон километр роҳро мумфарш карда бошад?

Вале мову шумо хуб медонем, ки мардум маҷбур мешавад, ки сум диҳад. Шумо бовар доред, ки ин мардум, ки бо азоби алим қути худро аз муҳоҷират ба даст меоварад мегираду барои мумфаршсозӣ чошалак мекунад.

Канал хароб мешавад мардум пул ҷамъ мекунад, трансформатор месузад, мардум пул ҷамъ мекунад, боғ месозад мардум пул ҷамъ мекунад, сел меояд барои рафъи авоқиби вай хонабахона пул ҷамъ мекунад.

Як савол ба Раҳмонов? Хитой якуним миллиард аҳолӣ дорад. Чаро онҷо кучаро мардум асфалт намекунад? Агар хитоиҳо як долларӣ-10 сомонигӣ, на панҷсад сомонӣ садақа, хайри ҷория кунад садҳо километр асфалтпӯш мешавад.

Ҳиндустон аз якуниммиллиард ҳам гузашт. Чаро онҷо аз мардум пул ҷамъ намекунанд, то роҳҳояшонро мумфарш созанд?

Аммо Раҳмоновро **ояи чапашро ғами мардум нест. Балки, чуноне гуфтем, мардумро ангу данг ва гӯлу гумроҳ карда пули ҷайби онҳоро бароварда истодааст ва ҳатто ин «масъала»-ро дар Паёмаш, бидуни шарму хиҷолат реклама карда истодааст. Худатон хонеду худатон қазоват кунед, ки ин пешво чиҳо гуфта истодааст: «Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён менамоям.

Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.

Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад.

Бо истифода аз фурсат, ман бори дигар ба ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатпеша ва шаҳрвандони ватандӯсту заҳматқарин, бонангу номус ва масъулиятшиноси мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям».

Бори дигар,такрор шавад ҳам гуфтаниам,ки чаро дар байни ин соҳибкорон ному насаби ҳеҷ яке аз наздикони Раҳмонов нест?

Дар фароварди ин навишта боз ҳам чанд ҷумла аз як хабари дигар дар бораи мумфаршсозии роҳ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳанӯз соли 2022 чоп шудааст  меоварам:

Июнь 4, 2022 09:57

ДУШАНБЕ, 04.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  пешвози 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ корҳои асфалтпӯшонии  роҳи мошингарди деҳаҳои Меҳнатобод – Гулистон оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Бозоралӣ Одиназода,раиси ноҳия зикр кард, ки  дар асоси нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия  бомаром идома дошта, дар он соҳибкорони бо нангу номуси маҳаллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Сокинон барои зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни таърихӣ — 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар пешрафт ва зебогардонии  ноҳия саҳми худро мегузоранд»….

Ҳоло, ки ин роҳ бо пули мардум ва соҳибкорон мумфарш мешавад причем тут «Сокинон барои зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   изҳори миннатдорӣ» намоянд?

Сообщение Дар Ҳамадонӣ бо пули мардум роҳ месозанд — ифтихор ба номи Пешво. Ин давлатдорист? появились сначала на ISLOH.net.