Архивы Деваштич – Ғончӣ - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №345
Ин бор аз Нуробод, Деваштич, Исфара, Душанбе, Кулоб ва Волгоград номаҳо дорем.

Аз Нуробод дар бораи даъвати баҳорӣ ба артиш ва маҳкамсозии дари масҷидҳо навиштаанд.

Дар номаи омада аз Деваштич дар бораи бори дӯши мардум кардани масъулият ва уҳдадориҳои ҳукумат шикоят карда мешавад. Яъне бо пули аз мадум ҷамъкарда талош карда истодаанд,ки роҳҳоро таъмир намоянд,ки ин як кори зӯракӣ аст.Муаллиф мегӯяд фарқи рекэтҳои солҳои пешу милисаҳои имрӯза намондааст.

Муаллифи мо аз Волгоград дар бораи қиморхонҳои муосир- букмекерҳо навиштааст. Дар ҳақиқат ин букмекерҳо боиси бадбахтиҳои зиёде шуда истодаанд.

Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №343» шикояти як зани тоҷир аз Исфара нашр шуда буд. Ин бор муаллиф идомаи моҷарои ба сари ин зан омадаро навиштааст.

Нигорандаи нома аз Душанбе, ки мегӯяд ҳоло дигар аз мутолиаи нашрияҳо даст кашидааст, сабаби рӯ ба матбуоти оппозитсионӣ овардани мардум худи ҳукумат аст.

Муаллифи нома аз Кулоб аз Раҳмонов даъват кардааст, ки ин бор як амнистияи ҳисобиву дуруст қабул кунад, ки нафароне мисли Ғаффор Мирзоев ва Суҳроби Лангарӣ ҳам шомили он шаванд.
Нуробод

Ассалому алайкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳи меҳрубон нигаҳбонатон бошад. Ин номаро аз ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод менависем. Амният дар ин ҷамоат зулму ситамро ба ҳадди ифрот расонд. Масъала масъалаи даъвати баҳорӣ ба сафи артиш аст. Падарони даъватшавандаҳоро бурда шиканҷа карда истодаанд, ки бачаҳоятонро биёред сипас раҳоятон мекунем. Дар ин моҳи шарифи рамазон ниҳоят бераҳмона мезананд. Ин ҳукумати хунхорро худованд хору залил гардонад. Кай халос мешавем аз ин ҳукумати хунхор?

Дирӯз дар деҳаи Ҳакимии боло як падарро бурданду шиканҷа карданд, ҳоло дар маркази ноҳияи Нуробод маҳкам аст. Гуфтаанд, ки то фарзандатро наорӣ, сар намедиҳем.

Чанд ҷумла дар бораи бузҳои Нуробод. Яке аз бузҳои шохдор Ҷангӣ, бачаи Сайдалӣ Назар бо кличкаи Назари кумурфӯруш аст. Худованд ин бузҳоро несту нобуд гардонад, аз Ҳакимии поёнанд. Ҳамчунин ҳамин хел бузҳои Ҳакимии поён:- Абдураҳмон Исломов, Раҳим бачаи Наим, Сулаймон бачаи Сайдаҳмад.

Аллоҳ ҳамаи ин бузҳоро несту нобуд гардонад. Ин Абдураҳмони буз раиси танзим аст. Вале боз дар куҷое мешинад, мегӯяд, ки ин бузиро ман аз Табаров Муминшо дасти пир гирифтаам.

Ин вазифаи танзими он қадар даромаде надорад, аз ҳисоби бузӣ даромади хуб ба даст меоварам. Худованд ин ҳаромхурҳоро несту нобуд гардонад. Ана ҳамин тавр мардуми ҷамоати Ҳакимӣ дар азобем ва ҳеҷ кас ба додамон намерасад. Мардум ҳамааш медонад, ки ҳаминҳо бузанд.

Табаров Мӯминшо боз дар куҷое мешинад мегӯяд, ки ҳамин началник поми ҷамоати Ҳакимиро нобуд кунам боз ба ҷамоат меоям. Дар ин ҷамоати Ҳакимӣ роҳи сумкоркунӣ осон аст.

Началик пом дангарагияй дар ҳама деҳаҳои Ҳакимӣ буз доранд амниятиҳо. Ин шо Аллоҳ дар барномаҳои оянда ному насаби онҳоро маълум намуда дар дастрасии Ислоҳ қарор медиҳам. Менависам ба шумо.

Бародари роҳи ҳақ ба доди мардум ҳеҷ кас намерасад, муҳоҷират меравем, дар азобем, меоем дар ватани худамон  дар азобем.

Ё Аллоҳи меҳрубон кай аз ин золимон халос мешавем?

Деваштич

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Ман тамошобини чандинсолаи шумо ҳастам ва аз узбекзабонҳо мебошам. Дар баъзе ҷойҳо хато нависам, ислоҳ кунед. Ман ҳамон нафареам, ки аз деҳаи Лолазор.

Ин деҳа аз ҷиҳати масоҳаташ яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Деваштич ба шумор меравад. Лекин масъалаҳову муаммоҳояш пури пур. Яке аз инҳо масъалаи роҳ аст. Қариб 35 сол мешавад, ки ягон ремонту ягон беҳбудӣ нест! Чизе, ки кард мардум худаш кард ва аз кисаи худаш. Лекин, азбаски ремонт дурӯғину қалбакӣ аст ба як сол нарасида боз вайрон мешавад. Боз дар маҷлисҳо мегуянд, ки чаро дигар деҳаҳо роҳ карда метавонаду мо не? Биёед якҷо шавем ва роҳро соз кунем!

Барои чи мо бояд роҳро соз кунем? Пас, давлату ҳукумат барои чи? Фақат барои ҳамин ҳаво (воздух) пул намедиҳему халос. Бояд ин корҳоро давлат кунад. Ҳамаи ин корҳоро! Фаҳмида мешавад, ки аз давлат ягон бӯи умед барои ободиву пешрафт нест.

Ҳама ҷоро буз зер кардааст. Одамҳо аз ҳамсояаш метарсад, шубҳа мекунад, дилаш пур не. Хешу табор уже ба як дигар боварӣ надоранд. Ҳамаро ба як аҳвол овардаанд, ки ягон гап шуд милиса аз скорый помош тезтар расида меояд. Ду кӯдаки синфи 5 ҷанг кунад ҳам, саги ҳамсоя бо саги ҳамсоя ҷанг кунад ҳам омада як илоҷу як намуд воҳима карда пул мекананд. Баъзан як намуд гапҳо мешавад, ки одам шарм медорад, то ки бинависад. Чизҳои одие, ки одамҳо метавонанд байни якдигар осон ҳал кунанд. Аммо, милисаҳо мебиёяду боз ба якдигар против карда аз ҳарду одам пул мекананд.

Мардум як намуд тарсончаку лесак шудаанд, ки одам шарм медорад. Эй мардум бас охир! Натарсед, ҳақи худро талаб кунед! Дар деҳа ягон бизнес карда намешавад. Налог, санэпидемстансия, пожарный омада аз таги нохун чирк мековад, то ки пул гирад. То ягон одамро наёбиву доля надиҳӣ коркарданат намемонанд.

Рекетирҳои давраи пешу  милисаҳои ҳозира ягон фарқ надоранд. Ҳар вақте ки участковый нав шуд, рост меояду доля талаб мекунад.

Магазину сохибкорҳо як моҳба агар се бор иваз шавад бояд се бор доля бояд бти. Боз як намуд гап мезанад катит гуеки ту одами 5ум сорти.

Масъалаи бузҳо

Ин мардум худаш медонад ки, ки буз хаст. Як рӯз мебиеяд дар ин шубҳа накунед ман эмони комил дорамки он рӯзи бузург мерасад ва ин сагҳо уже ҳимоятатон карда наметонанд! Бад коротон безеб мешавад!

Домло шаморо Худо нигахбонтон бошад тамошобини шумо аз Лолазор!

Исфара

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол.Ташаккури зиёд, ки номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №343 ҷой додед. Ҳоло ҳеҷ хату хабаре нест. Аммо баъзе аз шиносҳоям хондаанд, зангам заданд. Инҷо мехоҳам, ки боз камтар ба он номаам илова намоям, ки қазия бештар ва беҳтар рӯшан шавад.

Вақти боздошти мошини писари ин зан кормандони ШВКД- 2 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди прокуратураи ин ноҳия бо номи Ҳамзазода Асомиддинро даъват карданд. Чунки онҳо бо ҳам мошинҳои бордорро дошта ва бо ҳам пора гирифта сар медоданд. Аммо ин навбат шикорашон барор нагирифт. Зеро писари ин зан бо худ пул надошт.

Ман пурсиданиам, ки чаро Ҳамзазода вақти даъвати милисаҳо отдел бареду мактуб карда баъд ба прокуратура  супоред нагуфта хеста омадӣ, чаро соҳиби аслии борро накофтӣ? Барои муайян кардану санҷиш ба прокуратура фирсонданд агар фақат протоколи маъмурӣ тартиб додан мебуд аз руи тобеият бояд ба гумрук мефиристоданд. Аммо протоколи ин зани сарсахтро суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз ба прокуратура баргардонид. Оиди ин кор зан ба прокуратураи вилоят ҷиҳати чораҷӯӣ нисбати Ҳамзазода шикоят кард. Чунки маводро санҷиш накарда лоақал баёноти ҳуқуқвайронкунандаро нагирифт ҳеҷ чизро насанҷида ба суд фиристод ва мошини писарашро ба соҳибаш баргардонед, паспорташро диҳед гуфта муроҷиат кард вале корманди прокуратураи вилоят Далери Юсуфӣ  онро дида баромаду аммо нисбати Ҳамзазода чорае надид, ба суд муроҷиат кунед гуфт. Чаро писари ин зан бори як узбекро бурда гунаҳгор мешаваду аммо кормандони прокуратура ягон санҷиш накарда маводро ба суд месупоранд, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, паспорти хориҷии ошнои писараш ва шиносномаи худашро то ҳол намедиҳанд, яъне нисбати вазифаи давлат хунукназарӣ мекунанд, чизе намешаванд?

Далери Юсуфӣ ҳуҷҷатҳоят дар милисахонаи Бобоҷон Ғафуров рафта гиред гуфт. Лекин ин зан худи Душанбе қабули вазир рафт. Муовини вазир қабул карда муроҷиати ӯро ба  амнияти дохилии вилояти Суғд фиристод. Онҷо низ ҳуҷҷатҳои шумо дар милитсия нест ба прокуратура равед гуфта ҷавоб доданд. Корманди амнияти дохила низ хунукназарӣ кард нисбати вазифааш ва муроҷиатро  аслан насанҷид.

Баъди онки кормандони собес ба вай занг зад вай боз ба шуъбаи амнияти дохилаи Суғд рафт ва назди сардор даромад ва оиди ин кор ба у гуфт. Сардори амнияти дохила дар назди зан ба корманди милитсияи Бобоҷон Ғафуров занг зад, ки ҳуҷҷатҳо дар дасти мо гуфт. Ин зан ба сардори амнияти дохила оиди чораҷӯӣ намудан нисбати кормандони милитсияи Бобоҷон Ғафуров ва корманди амнияти дохила муроҷиат карда омад. Лекин то ҳол шиносномаашро нагирифтааст, баракс нафақаи ин занро маҳкам карданд. Зеро аз сабаби надоштани шиноснома барои аз нав ба қайдгирии нафақа рафта натавонист.

Ман аз Рамазон Раҳимзода Ҳамро, вазири дохилӣ ва аз Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло. Прокурори генералии Тоҷикистон пурсиданиам, ки то кай хонаи як бечораро барои камтар пули ҳаром месузонед? То кай аз хунукназарии кормандони шумо халқи бечора зарар бинад?

Ман, ба ҷои он зан ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғайрат муроҷиат карда гуфтаниям, ки то кай хонаи як бечораро месузонед? Чаро мошини шахсии ба ин бор алоқаманд набударо залог гирифтаанд дар суди шумо? Агар судя  медонист, ки ҷаримаро супорида наметавонад, чаро ҷарима карда мошинро гарав гирифт?

Ту чи хел раис ҳастӣ, ки ба коргарҳоят қонунро нағз намефаҳмонӣ ва онҳо қарорҳои ноодилона мебароранд.

Бародар ман номаи 334 ва 343-ро гуш кардаму боварии ҳосил кардам оиди беадолатиҳои  кормандони мақомот, боварии комил ҳосил кардам.

Душанбе

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Як мақолаи шуморо ҳафтаи гузашат дар бораи Рӯзи матбуоти тоҷик хондам. Рости гап бисёр ҳам маъқул шуд ва шумо ҳама далелу фактҳоро дуруст, ба маврид ва сари ҷояш овардаед. Матбуоти мо ноозод аст.

Ман яке аз хонандаҳои доимии нашрияҳо будам. Аммо чандин вақт аст ки дигар намехонам, чизи хонданӣ ҳам аслан надоранд.

Ҳукумат нашрияҳоро баст, шароити корашонро маҳдуд ва журналистҳро зиндон кард. Барои ҳамин имрӯз мардум пеши нашрияҳои оппозитсионӣ мераванд. Яъне мешавад гуфт, ки дар ин кор, суроғи шуморо гирифтан, бо вуҷуди хатарнок будан худи ҳукумат саҳм гузоштааст ва хизмат карда аст.

Ҳар нашрия ва ҳар журналисти танқидгарро ё баст ё ба даҳонаш мӯҳру мум зад. Даҳҳо журналистҳо фирорӣ, чандин журналистон дар зиндонҳо, нашрияҳои мустақил тамоман вуҷуд надоранд. Пас, мардум назди шумо наравад, бо шумо ҳамкорӣ накунад, ба шумо дарди дилашро нагӯяд, шикояташро набарад, чи кор кунад?

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҳар вақте дар сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе як мақолаи хубу ҷолиб ва бадардбихурро мебинм ҳатман дар фикри он мешавам, ки бигзор онро одмони зиёд бихонананд.

Ин бор ман аз сайти СССР як навиштаеро интихоб кардам, ки масъалаи дар он гузошта масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ аст. Гап дар бораи қиморхонаҳо, букмекерский контораҳо дар пойтахти кишврамон меравад, ки боиси хонсалоту муфлис шудани одамҳо, бахусус ҷавонҳо ва бар қарзу қавола гирифтор шудани падару модарҳо ва ҳатто сабаби даст ба худкушӣ задани ҷавонҳо мешаванд.

Чанд вақти пеш дар як барномаи шумо ба назарам «Семейканюс» буд, аз худкушии як донишҷӯ, ки худро ба дор овехта ба ҳалокат расонида буд, бохабар шуда будам. Ин ҷавон дар бозии букмекерии қиморхонаи  555-и Душанбе, ки ба яке аз рафиқони наздики Рустами Эмомалӣ Дилшод Ҷураев қарздор мешавад ва роҳи халосӣ аз қарзро дар худкушӣ мебинад.

Ҳоло дар инҷо матлаби СССРро, ки дар рӯзи 11марти соли ҷорӣ чоп шудааст ва дар бораи ҳамин қиморхонаҳо сӯҳбат мекунад пешкаши ҳаводорони «Ислоҳ» мекунам ва сипас дар бораи он чанд мулоҳизаи худро баён медорам.

«Дод аз дасти  1 XBET  ва контораҳои букмекерӣ»

11.03.2026

25.02.2026. Соат ба вақти Душанбе 16:45 дақиқа. Муродов Мирзоалӣ, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР, аз деҳаи Бобосафоли н. Фархор меҳмони идора шуда, аз ҳоли зор ва оқибатҳои бади гаравиши ҷавонон ба хурофоту бегонапарастӣ, ҳамзамон, ба амалу шуғлҳои номатлуби ба монанди қиморбозӣ, фурӯш ва истеъмоли маводи нашъаовар шикоят намуд:

Шукри Худо хонаи обод, духтарони соҳиби хонаю дару набераҳои дӯстрӯяк дораму, мутаассифона, писари яккаю ягонаам, хатмкардаи ДДТТ ба номи С.  Раҳимови пойтахт, хизмати аскариро ҳам гузашта, боиси ташвиши ҷиддиамон гардидааст. Аз тарси он ки духтари инсоне ва фарзандони ояндаашро бадбахт накунад, хонадораш накардаем. Аслан, чандон ҷавони бад наменамояд. На ба сигор, на ба арақ майле надорад, вале чӣ шуду чӣ монд, ки ба дарди қиморбозӣ гирифтор шуда, аз пардохти қарзу қаволаи зиёд ба қавле, хонахаробу аз зиндагӣ дилсардамон кардааст.

Ӯ дар казинову қиморхонаҳои ниҳонӣ не, дар қиморхонаҳои расман амалкунандаву ҳамарӯза таблиғу ташвиқмешудаи 1 Xbet  ва контораҳои букмекерӣ қимор мезанаду моро хонахаробу рӯсиёҳ кардаст…

Корро бинед, ки боз инсонҳои фақат солеҳ ба доми ӯ афтода мемонанду дар баргардондани маблағашон таҳаммул пазиранд, набошад, намедонем дигар ҳоламон чӣ мешуд? Ману модар ва апаю хоҳарашро хеле зиқ кардааст. Аз фикри зиёд  худам ҳафтаи гузашта, дар Беморхонаи ба номи Синои пойтахт амалиёти ҷарроҳҳии дилро гузарондам. Аз тангдастию дилмондагӣ ба ҷарроҳӣ тамоман розӣ набудам. Хушбахтона бо исрори бародарам, ки пардохти 60 000 сомонӣ ҳақи ҷарроҳиро ба уҳда гирифт, ризоят додам.

Аз зиндагӣ сахт дилмондаю бармаҳал пир ва ноумед шудаам. Боз ҳам мутаассифона, чунин аҳвол на танҳо бар сари ману оилаи мост. Ҷавонони зиёде мубталои ин қиморхонаҳо шуда, миёни падару модаронро шикастаанду марги онҳоро метезонанд. Занҳои ҷавон бо кӯдакони хурдсол беваю ятим мемонанд.

Ҳайронам, ки ҳоло ку, замони солҳои 90 – ҷанги шаҳрвандӣ нест. Дар шаҳру ноҳияҳо ҳама мақомоти қудратӣ мавҷуданд. Пас, чӣ тавр мешавад, ки Марказҳои бозиҳои компютерии тарғибгари ҷангу куштор, фисқу фасод, қиморхонаҳо, қуллобхонаҳо таъсис ёфтаю бозорашон гарм аст? Аз ҷумла, дар ш. Душанбе қариб ки дар сари ҳар қадам рекламаҳои ҷалбкунандаи рангаю муҳташаму электорнии бозиҳои ҷавонони миллатро ба бадбахтиҳо мебурда, овезонанд. Наход касе ёфт нашавад, ки пеши роҳи ин ҳама бесарусомониҳоро гирад, аз тақдири миллат, ояндаи Ватан андеша кунад? Ба қавли Хусрави Деҳлавӣ:

Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун!!!»

Ин буд он навиштаи СССР, ки дар ҳақиқат ба як дарди сахти ҷомеаи имрӯза таваҷҷуҳ кардааст.  Муаллифи ин матлаб ҳамаи гапҳоро гуфтааст ва гуфтааст,ки бояд мақомот сари роҳи ин қиморхонаҳоро бигиранд.

Аммо гап дар сари он меравад, ки худи ҳамин мақомот, масалан худи ҳамин Рустами Эмомалӣ соҳиби асосии қиморхонаҳои Душанбе мебошад ва дар ин ҳолат кӣ ва кадом ниҳод ҷуръат мекунад, ки пеши роҳи ин қиморхонаҳоро бигирад.

Бадбахтии миллат ва мардуми мо ҳамин аст ки роҳбарони имрӯза, ки як ҳукумати оилавӣ ва авлодӣ ташкил кардаанд, барои он кушида истоданд, ки ҳарчи пештар сармоя ва маблағ ҷамъ оваранд. Барои ҳамин ҳатто корҳои ғайриахлоқиву ғайриинсониро, ки умуман ба урфу анъанаҳи мо марбут нест иҷозат додаву қонунӣ карда истодаанд. Мо бо ин вазъу ҳол ба куҷо равона ҳастем?

Афсус, сад афсус.

Кулоб

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Худоро шукр, ки ҳамин расонаи шумо ҳаст, ки тавассути минбари он мардум арзу шикоятҳои худро баён месозанд,назару пешниҳодҳои худро иброз менамоянд.

Ман мехоҳам, ки ба Раҳмонов муроҷиати худро пешниҳод намоям. Муроҷиати ман ба Раҳмонов дар бораи авфи зиндониҳо аст. Чанд рӯзи пеш дар маҳбаси Якуми Советский як бародарамро дидам. Имсол соли 8ум аст ки вай дар зиндон аст. Гуфт, ки зиндониҳо беҳад мунтазири афв ҳастанд. Имсол ба муносибати 35умин солгарди истиқлолияти давлатӣ Раҳмонов як афви калон мекардааст.

Ман мехоҳам, ки ин бор Раҳмонов тавре қонуни афвро қабул кунад, ки дар он бигзор шахсоне, ки солҳои тулонӣ дар зиндон буданд, мисли Ғаффор Мирзо, мисли Суҳроб Лангарӣ ва Давлати писари бобои Сангак, мисли Зайд Саид ҳам дохил шаванд ва ба озодӣ бароянд.

Ин бародарам гуфт, ки шумораи маҳбусон дар ин зиндон ду, се баробар аз норма зиёд аст. Вазъияти зиндониҳо ниҳоят тоқатфарсо аст. Ҷойи хоб намерасад. Свиданкаҳо ҳам аз сабаби зиёд будани зиндониҳо бисёр дер–дер иҷозат дода мешавад.Тамоми маводи ғизоӣ дар зиндон беҳад гарон аст.

Маънои авф ҳамин аст ки ҳукумат ва давлат аз гуноҳи шахси гунаҳгор мегузарад. Роҳбари давлат дар асоси принсипҳои инсондӯстона меҳру шафқат ва ғамхорӣ зоҳир карда афв мекунад.

Аммо дар чанд  навбати афви ахир асосан ба наркотикфурӯшҳо, дуздҳову автоаварияву аз ин қабил ҷиноятҳо қонуни авф татбиқ шуд.

Ин бор мардум умедвор аст ки як афви дар ҳақиқат умумӣ ва тиллоӣ (золотой амнистия) қабул карда мешавад. Бигзор, журналистҳои зиндонӣ, зиндониҳои сиёсӣ аз ҳизбу ҳаракатҳо, сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, онҳое, ки барои узвият дар равияҳои гуногуни динӣ зиндонӣ шудаанд, озод мешаванд.

Бо қабули афви калон Раҳмонов метавонад нишон диҳад, ки вай аз раҳоии ин гуна ашхос сари мӯе бим надорад. Чунки дигар онҳо вақте раҳо мешаванд ба ҳеҷ кори дигар ба ҷуз аз зиндагии шахсии худ даст намезананд, балки дигар ҳеҷ коре аз дасташон барнамеояд. На тазоҳурот ташкил карда метавоннд ва на кори дигаре, ки бар зидди ҳукумат бошад.

Аммо вақте онҳоро озод намекунад ин маънои онро надорад, ки давлат ҷинояткронро зиндон кардааст, ин маънои онро дорад, ки Раҳмонов ҳарифону рақибони сиёсиашро зиндон кардаааст ва аз озодшавии онҳо метарсад, барои ҳамин онҳоро тамоман бегуноҳ дар ҳабсхонаҳо нигоҳ медорад.

Дар охири муроҷиатам ба Раҳмонов гуфтаниам, ки бигзор исбот кунад, ки вай дар ҳақиқат соҳиби ҳокимияти боқувват аст ва бо озод кардани зиндониҳо ҳеҷ ҳаросу тарсе надорад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №345 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 314
Нашри имрӯзаи барнома аз номаҳои мардум аз навоҳии Деваштич, Данғара, Ғафуров,Темурмалик, Нуробод ва Ашт омода шудааст.

Аз Деваштич-Ғончии пешина муаллиф аз порагириву порахӯрии масъулин, аз ҷумла раиси ноҳия ошкоро ҳарф задааст. Ба навиштаи муаллиф раиси ноҳия барои сохтмони беморхона, ки бо пули муҳоҷирон ва ҳашари мардумӣ сохта шудааст, то 50 ҳазор сомонӣ ришва нагирифтааст, иҷоза надодааст.

Муаллифи мо аз Данғара аз он шиква кардааст, ки Раҳмонов тӯли 33 соли кориаш фақат ба он деҳаҳои ноҳия меояд, ки дар онҷо ин ё он мансабдор сохтмоне дуруст карда бошад. Ин муаллиф аз Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) шикоят кардааст, ки барномаҳои сафари Раҳмонов ба ноҳияро тавре таҳия мекунад, ки Раҳмонов аз аҳволи ними мардум бехабар мемонад.

Нависанда аз ноҳияи Ғафуров аз Нусратулло Салимов, раис  ин ноҳия навиштааст, ки кораш фақат дуздиву порагирӣ аст.

Вале муаллифи мо аз Темурмалик дар бораи як муллои зинопеша навиштааст. Беҳтараш ин номаро худатон бихонед.

Ва номаи аз Ашт омада аз мавридҳои таъқиби доимии амниятиҳо қарор гирифтани ашхоси намозхон шикоят кардааст:

Деваштич

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ташаккур, ки қисмати аввали номаи моро дар барномаи пешина ҷой додед. Дар номаи пешинаи ман аз Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, аз участковий ва аз кормандони Уголовний розиск шикоят карда мешуд.

Инро бояд зикр намоям, ки дар мо участковий, уголовникҳо ва раиси танзим Ғуфронов Имомаддинро гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ гӯем ҳам хато намекунем.

Дар ҳар деҳаҳои минтақаи Калининобод группаи Ватсап- Ободии диёру маҳал фаъол кардаанд ва бо зӯриву шантаж, маҷбурӣ аз муҳоҷирон пул ҷамъ мекунанд.

Соли гузашта роҳи дохили Калининободро бо пули муҳоҷирон асфалтпӯш карданд. Бовар кунед он қадар мақомот ва ҳукумати Деваштич беинсофанд, ки барои иҷозати асфалткунӣ пора талаб карданд. Ҳар деҳа 10000-15000сомонӣ ба ҳукумат бурда дод, сонӣ ҳукумати Деваштич, яъне Ашуралӣ Ҷалилзода иҷозат дод, ки асфалт кунанд! Аз пушти дер додани иҷозат як қисми роҳ, ки дар зимистон асфалтпӯш шуд, аллакай то баҳор  вайрон гардид!

Дар деҳаи Қалъаи Дӯст имсол президент омад, видеояш дар Ютюб ҳаст, барои кушодани беморхона. Ин беморхонаро аз пули муҳоҷирон ва сарватмандони деҳа сохтанд! Барои иҷозати сохтмони ин беморхона 50ҳазор сомонӣ  ба ҳукумати ноҳия доданд, токи иҷозат диҳад. Ба ҷои онки ҳукумат 50ҳазор кӯмак кунад, мардум иҷозати сохтмонро хариданд.

Масъалаи барқ! Дуздии коргарони барқи Калининободро ҳама медонад, аммо касе кор намегирад. Дар ин минтақа зиёда аз 100скважи обӣ ҳаст. Ҳар хоҷагӣ гурӯҳ шуда дар масофаи 10-15км линия труба кашида ба заминҳояшон бурданд. Ҳама мардуми ин минтақа картошка мекоранд. Барои иҷозати светавой сари як скваж 8000-10000сомонӣ медиҳӣ. Дар худи хоҷагии мо 5 скваж ҳаст, ки барои иҷозати кори он 40000сомонӣ медиҳем. Лимити барқ дар мо ҳатто дар тобистон ҳам ҳаст. Дар мо доим рӯзона 7-8соат баркро хомӯш мекарданд. Вақте сабаб мепурсӣ-светавой ремонт мегуяд. Агар хоҳӣ, ки барқи скваж хомӯш нашавад 5000сомонӣ медиҳӣ ту аз лимит озод!

Ҳар як скваж то тирамоҳ 10000сомонӣ зиёд пул мезанад. Маблағи мо деҳқонҳо   барои пардохт тайёр. Аммо светавой намехоҳад, ки мо ин пулро пардохт кунем. Ба мо мегӯяд, ки барои шумо 50% скидка, 5000сомонӣ диҳед, чек напурсед, мо худамон рафта счёчикро нол мекунем! Ин маблағро ба ҷайбаш мезанад ва бо коргарони барқ меравад счёчикро нол мекунад ё счётчик вайрон шудаааст гуфта нав мезанад. Вале агар розӣ нашавӣ соли дигар иҷозат намедиҳад ва мегӯяд бояд 10ҳазор сомонӣ пешпардохт кунед, сонӣ иҷозат. Маълум аст ки дар вақти кишту кор дар дар деҳқон пули нақд нест. Маҷбур ба шарти световой розӣ мешавем!

Хулоса, инки обро худамон дар масофаи 10-15км труба хобонида меорем, трансформаторҳоро худамон мехарем, роҳро худамон таъмир мекунем, болниса ва  мактабро худамон бо муҳоҷиронамон месозем. Аммо бар зами ин болои мо мардум ин қадар зулм аз тарафи мақомоти давлатӣ!

Боз ба ин дурӯғ мутаваҷҷеҳ шавед. Аз Хуҷанд рафта станоки пойафзолдӯзии як соҳибкорро оварда ва мошинаи либосдӯзӣ оварда насб карданд. Баъди баргашта  рафтани президент бурда додем. Ин пойафзолҳо, ки намоиш доданд аз они мағозаҳои Қлъаи Дӯст буд. Ин станокҳоро аз соҳибкор раиси ноҳия ва раиси вилоят то рафтани президент гирифта доданд, то ки президент бинад. Ин появфзолҳо ини магозахои дехаи Калъаи Дӯст. Раҳмоновро ранги кӯдак фиреб карданд.

Мардуми деҳаи Қалъаи Дӯст нақшаи сохтани ин беморхонаро соли 2021 кашиданд ва аз мардум маблағ ҷамъ карданд, аммо ба таъхир афтод, аз сабаби норозигии раис ноҳия. Сонӣ боз маблағ ҷамъ карда роҳҳои даруни деҳаро асфалт карданд.

Боз соли 2023 маблағ ҷамъ карданд барои сохтани беморхона ва ба раиси ноҳия 50ҳазор сомонӣ ришва доданд, сипас раис розӣ шуд. Охир то ба кай мо дар ин зулм ва сахтӣ бояд зиндагонӣ кунем?

Данғара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаро аз Данғара бароятон менависам.

Ман як ҳолати воқеӣ вале аламоварро ба шумо ҳикоят мекунам. Чанде пеш сафари навбатии Раҳмонов ба Данғара сурат гирифт ва Раҳмонов чун ҳарвақта ба қишлоқҳое рафт, ки аз он қишлоқҳо мансабдорон ҳастанд. Ягон маротиба дар ин ҳама сол, ки Раҳмонов Президент аст- 33 сол зиёд мешавад, як ё ду маротиба ба Сангтуда ҳамон ҳам барои ГЭС ва як маротиба ба Саргазон, ки хатти роҳи оҳан кушоданд, рафтааст.

Э, мардум шумо боз аз вай хафа мешавед, ки дигар ҷойҳо намеравад, намебинад. Ин курнамаки Эмомалӣ мардуми ҳамсояҳои худашро 30 сол мешавад намеравад намебинад, шумо куҷо?

Ба дараҷае ин лаънатии Сумбулоғо Раҳмонов ранги Кукла тоб медиҳад, ки намемонаш рафтан.

Ман ба ин кукловод гуфтанам, ки бидон, ки Данғара аз район ва чанд қишлоқе, ки ту меравӣ, иборат нест. Барои чи дар 33 сол дигар қишлоқҳо Раҳмоов намеравад? Арвоҳи ҳамон бачаҳои Данғара, ки хестану бо фиреби шумоҳо вориди майдони ҷанг шуданд, ки Эмомалӣ ба қудрат расид шуморо ором намегузорад. Ту имон надорӣ Асадулло Раҳмон.

Аллоҳ шоҳид дар 30 сол зиёд ягон маротиба ба кишлоқҳои Гумсу, Лаҳур, Чолтов, Эгизак, Паси гачу нарафтааст.

Бо ин аблаҳи Эмомалӣ дар пеши ҳама сағераашро мехезонад кино мекунад, спектакл нишон медиҳад, мегӯяд, ки «ту серӣ, ту ҳама чи дорӣ, ту бояд хонаҳои одамои одӣ рави пурсӣ».

О ту к@зани курнамак худат ҳамсояҳоят, қишлоқҳои ноҳияро дар 33 сол намеравӣ бубинӣ, «и герчик ай кҷо и корора мекна». Қишлоқҳо 33 сол мешавад об надоранд. Мардуми Данғара ганда дилаш аз ту мондагӣ. Баъзеи онҳоро дар Маскав бачаҳо диданд, ки ҳоли зор доранд. Дар қишлоқи Пушинг замину хонаҳояшонро гирифтаанд барои сохтмонҳои нав аммо бар иваз дар як ҷойи беоб замин додаанд. Барои баъзеҳояшон бошад фақат ваъда додаанд, ҳатто дар ҳамон ҷо ҳам замин надодаанд.

Онҷоҳо, ки ту меравӣ ва мардум мебароянд нимаш хешони ҳамон вазифадорон дигарҳояшро маҷбурӣ мебароранд пешат:

«Эмомалӣ тра сарта и Сумбулоғои к@ндарида хурдай, дарак надорӣ. Мардуми Данғара сахт ай ту хафаҳан, сахт. Наход ту заррае виҷдон надошта бошӣ, ки я рӯз равӣ қишлоқҳои Данғарара бинӣ вале ҷудо карда ва фақт ба қишлоқҳое равӣ, ки пешакӣ барои омадани ту тайёр кардаанд. Агар баъзеи и қишлоқаро бинӣ, мумкин ё Сумбулоғо убратат кунад ё ту Сумбулоғоро  чунгурак монӣ. Руи ин Сумбулоғо дар ду дунё сиёҳ. Ба ном «куратори Данғара».  Дар чанд ҷо гуфтааст Сумбулоғо: «Паҳ и муаллима аҳ серӣ надорад. Миёном шалақ шуд. Ҳар рӯз дору мехурам, ки талаботша қонеъ кнам» Майлаш дигар минтақаҳора соҳибкоро обод мекунанд, дар ҳоле, ки ин кори давлат аст ва набояд соҳибкорҳоро ба ин корҳо маҷбур кард.

Рост гуфтаанд Тоҷиддин Пиров ва Анвари текстил, ки бояд «и калағавса вақтшда убрат мекадан».

Б.Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед.

Дар чанд барнома дар бораи Салимов Нусратулло Файзуллоевич, раиси ноҳияи Ғафуров, аз калонтарин навоҳии Тоҷикистон гуфта будем. Тибқи маълумотҳое, ки аз ҳукумати ноҳия ба дасти мо расид Нусратулло Файзуллоевич, ки худро дар ноҳия шоҳу табъашро вазир медонад аз чанд нафар хафа шудааст ва шубҳа карда истодааст, ки шояд ҳаминҳо ба «Ислоҳ» гапҳоро равон кардаанд. Яке аз онҳо котибааш Мунирахон аст. Ин Мунирахон фақат котиба нест. Ҳамаи корҳои «черний»-и раисро медонад ва аз тамоми сиру асрораш бохабар аст. Ҳамин котибааш Мунирахон гуфтааст, агар раис «ай ма бадгумон боша, ма доказатш мекнм, ки ма нестм. Ма, ки мегуфтм кору борои раиса, оли кайҳо раис бари Зайд Саид мерафт. Манам беақл нестм. Ҳамаи движенияҳои кадагии раиса чи да вақти вазири тандурустӣ бданш, чи да вақти раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бданш ва чи ҳозир, копия када мондестам. Агар яке мара убрат каданӣ шава ё кна, ма дар дасти одами боваринокм додагийм, сразу Прокуратураи Генералӣ, Коррупция, Президент, Рустамда рои мекна, ана ба гуҳша гашта мехра».

Я ай ЮНИСЕФу WFP ва дигар созмонҳои хориҷӣ, аз грантҳо ва проектҳояшон чандин миллион доллар гирифтагӣ аст дар вақти вазири тандурустӣ буданаш. Як моҳ пеш аз вазирӣ гирифтанш, кадоме аз дастгоҳи Президент хабараш дод, ки мегиранат, пулҳояшро ба номи дигарҳо дар банкҳои хориҷӣ счёт кушоду гузаронд. Камтар, ки тинҷ шуд баъди аз вазирӣ рафтанш, оҳиста-оҳиста пулҳояшро обратно даровардан гирифту бачааш домсозиро сар кард. Бачааш ҳам як чи сағераи сохтакори қаллоб аст. Дом месозад, ними ҳуҷҷатошу имзоҳош сохтакорӣ кардагиян. Э, хуб мекнан ҳами ҳукумата ғорат мекнан. То чи дараҷа куран калоно, ки намебинан дуздиҳора. Аҷоиб.

Темурмалик

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз қишлоқи Ҷайралии ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик аммо ҳоло дар муҳоҷирати кориам ва берун аз ватан қарор дорам. Як маълумот, хабари бисёр ҳам нохуш ва риққатборро дар бораи як нафар мулло бо номи Носир Ҳалимов ба шумо ирсол менамоям. Худи ман феълан дар Русия ҳастам. Ин маълумтро аз деҳа фиристода хоҳиш намуданд, ки ба шумо бирасонам.

Носиров Ҳалимро ҳама дар ин ҷамоат ҳамчун мулло Ҳалим мешиносанд. Вай муллоӣ мекунад. Аммо, аз ин гуна муллои зишткори зинопеша худо ҳам безору халқ ҳам безору мақомот ҳам ва боиси обрӯрезии муллоҳои дигар ва забондарозии душманони ислом мешавад. Ин ба ном мулло бо чанд духтар ва ҳатто занҳои шавҳардор робитаҳои маҳрамона карда ва он духтарҳову занҳоро расво ва шарманда кард. Як духтарро бо номи М ва духтари дигареро бо номи А чунин кард, ки ҳоло дар деҳа ҳама аз онҳо ҳазар мекунанд.

Зани шавҳардор номаш М… соҳиби се кудак, ки шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт. Ин зан ҳамсояи ин мулло аст. Шавҳараш З. дар Русия буд.

Шуъбаи амнияти миллӣ, ШВКД-милиса аз ин амали шанеъу зишти ин мулло бохабар ҳастанд. Ҳозир муҳоҷирони қишлоқи Ҷайралии ноҳияи Темурмалик, ҷамоати деҳоти Танобчӣ ба мақомот муроҷҷиат кардаанд. Аммо ин мулло

З- шахси ҷабрдидаро чи ба таҳдид ,чи ба зораву нола, ё чи бо пул  даҳанашро баста ба ҷодугарӣ маҳкам кардааст. Мутаассифона ин нафари ҷабрдидаро аз деҳа гуфтанаш, ки «занта қати фарзадот гир ҷота ёб ин маҳала қишлоқ ҷои ту нест».

Ин бечора як сағераи камбағал аст ки аз рейди милисаи рус гурехт, ки ҷанги Украина наравад. Вай депорт шуда баргашта омад, бепул чи кор карданашро намедонад.

Ин мулло боз ҷойи онки шарманда бошад забонаш дароз аст.

Гуфтааст, ки ин  гапи афсона аст. Вақте ба вай мегӯянд, ки гуноҳи бузург кардӣ, дар ҳақи ҳамсояат раҳм накардӣ, на ба худаш ва на ба фарзандонаш. Ту номи муллоӣ дорӣ, медонӣ, ки зино гуноҳи кабира аст.

Ҳозир баъзе аз бачаҳо гуфта истодаанд, ки ҳамаи кору кирдори ин муллоро, ки навору сабтҳои садоияшро доранд расонаӣ мекунанд ва ба мақомот таҳвил медиҳанд.

Аммо ин мулло он марди муҳоҷири камбали бекасро тавассути баъзе аз калонҳои деҳа тарсонида ором кардааст.

Мо, аз амнияти миллӣ ва аз милиса талаб дорем, ки ин масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ кунанд. Ин ҷинояти сахт аст. То ки барои ашхосе  мисли ин муллои зинокор сабақ ва дарси ибрат шавад. Зеро садҳо ҳазор мардҳо ва ҷавонҳо имрӯз занҳояшонро дар ватан монда барои ризқу рӯзӣ Русия мардикорӣ мераванд. Онҳо бояд ором бошанд.

Ин ҷинояти зинокорӣ ҳамчун масъалаи амниятӣ миллӣ бояд дар қонун дарҷ карда шавад.

Агарчи тамоми СМСҳо, гапҳои фаҳшои ин мулло дар телефон ҳаст, ки гуфтааст, «к**та бухрум, иҷата бхрум, уҷата бхрум» боз инкор карда гуфта истодааст, ки дар ҳақи вай туҳмат карда истодаанд.

Ба як нафар гуфтааст, ки ин СМСҳо аз рӯи хатоӣ ба он зан рафтааст. Чи гуна хато будааст, ки соли дароз мукотиба карда будааст.

Боз гуфтааст, ки ин проблемаи зиндагии шахсӣ аст. Ва ҳатто бо таҳдиду воҳима ва беҳаёёна гуфтааст, ки «брен да любоҷо арз кнен, касе ҳиҷҷома хурда наметавона, да лубой ҷо бтен» гуфтааст».

Ҳама шоҳиданд як хешашон аз Данғара як духтараки зардинаи русмонанд доштаанд. Ба хонаи ҳамин Носир Ҳалимов меҳмон шудаанд. Пас аз чанде ин духтар ҳомила мешавад ва шарм нокарда духтарро бурда ба хонаашон Данғара мемонаду мегуяд бачаам як аҳмақи кард бо духтари шумо хай мебахшен. Дар ҳоле худаш ин корро бо он духтар карда ва бачаашро гунаҳкор кардааст. Омада бачаша гурезонида Русия равон мекунад. Бо ҳамин кор тенҷ ягон гап нашуд доду вой соҳибони духтар ҳам бе фоида. Чун амниятиҳо пуштибонияш мекунанд.

Ана барои ҳамин бояд КДМ ва ВКДи ноҳияи Темурмалик ин масъаларо расидагӣ кунанд ва ин ба ном муллои фосиқ ва зинкорро ба сазои аъмолаш бирасонанд. Ин Носир Ҳалимов бо амнияти ноҳия сахт дар иртибот аст ва бачаҳора бо амният таҳдид ҳам мекунад. Гӯйё амният гуфта бошад ба Носир Ҳалимов,ки ҳар касеро чикоре хоҳи кардан гир парво накун мо ҳимоятат мекунем. Ягона чизе мехоҳем ҳар шахсе диндор бошад ба мо маълумоташро расон тамом, дигар дар худат зелёни свет!

Нуробод

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баркотуҳу домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз Нуробод менависам. Барномаи навтонро тамошо кардам ва ба ёдм зулми амниятиҳо зад, ки муллоҳоро дашном мекард.

Ҳайдар дар ноҳияи Нуробод, дар Сафедчашма началники амният мебошад. Беҳади бад муллоҳоро дашном мекунад, муллоҳоро шум мебинад. Шогирдаш Сиёвуш мегуяд «ин давлати мо якум айбаш ҳамин аст ки мардум намоз мехонанд. Барои ҳамин ҳама камбағаланд. Ана мардуми Амрико  ё Русияро бин бой ҳастанд. Тоҷикистон аз руй мусалмонҳо камбағал аст».

Ин гапро Сиёвуши амниятӣ ба раиси маҳалла дар ҷамоати Комсолобод мегуяд. Муллоҳи қишлоқоро ҳамаашро ба ҷамоати Комсолобод фарёд кард Ҳайдари амниятӣ ва гуфт, ки  «ин гапро дар назди худованд ҷавоб мегуям ма».

Ҳоҷӣ Мирзоро гуфт 70 фоизи мардуми Кулобро Сурия роҳӣ кард. Эшони Нуриддиҷонро ҳақорат кард, ки вай як ҷангандози маккор ҳаст, барои ҳамин Ҷаноб овози ин сагро баст. Ҳайдари амниятии ҷамоати Сафедчашма саг  мегуяд ҳамаи муллоҳои Тоҷикистонро. Занҳояшонро ҳақорат мекунад, духтарони ҳоҷӣ Мирзо ва мулло Абдуқодирро ҳақоратҳое мекунад, ки ногуфтанӣ. Муллоҳои бечора дам намезананд. Аз ҷумла хатиби Тегирмичи бечора аз ҷояш хеста гуфт «и гапҳоят таҳқир ва гуноҳанд».Ҳайдар тарафи хатиб гуфт, ки «хап кун,ки турам ҳози хойнат мезанм, делат мекнум ҳамаш дасти худам ҳастай».

Баъди ана ҳамин таҳдиди ошкорои Ҳайдар се рӯз пас хатибиро партофта гурехта ғарибӣ, ба Русия рафт. Ҳама мардум ошкоро мегӯянд, ки ин Ҳайдар бо шогирдаш Сиёвуш ҳардуяш шайтони калон ҳастанд.

Сиёвуш шогирди Ҳайдар Ҳайдарро дар амнияти райони нав меравад мефурӯшад. Мегуд, ки Ҳайдар мардуми Самсолиқ, яъне Сафедчашмаро гуфтааст, ки «намозотона дар масчид бхоне». Ба гуфте ин Сиёвуш вазифаи Ҳайдар дар Сафедчашмаро гирифтанӣ аст. Ҳайдар дигар ҷо меравад. Ин Нуробод барои онҳо ҷои пулканӣ будааст. Ба Сиёвуш маъқул шудааст. Сивуш гуфтааст, ки Нуробод ҷой сағерапарвар бдай. Иқа ғамшон метем бо мардум асал, гусфанд меорамон ки катишон хушру гап занем. Ба Ҳайдар фляги асал меоранд аз Сафедчашма, то зулмшон накунад.

Ҳозир дар райони нав 6-ой отдел кушода шудааст. Фақат барои риш мубориза бурда истодаанд. Дар Однокласники мекобанд, аз Нуробод бошӣ, бароят менависанд. Бо сайти духтарҳо  аввал ҳамроҳат гап мезананд. Баъд мегуянд сурат  парто. Партофтӣ, дар Русия бошӣ, тамом, вой бар ҳолат.

Аз мардуми Муҷахарф чанд касро фарёд карданд ба 6-ой отдел. Барои онки дар Одноклассники дар Русия будааст. Як ҷавон риш доштааст ва як муллои афғонро лайк мондааст. 20 ҳазор сомониашро гирифтанд.

Аз қишлоқи Қаланак, аз Тутхор, аз Шашволон, аз Сайдон бачаи камбағалро аз сайти Одноклассники як ҷураашро мебинанд, через ҷураи дигариаш – ҳамсинфаш тамом ин ҳамин аст ҳоли зори мо.

Боз ҳамин хел мардуми Нурободро 6-ой отдел шикор карда истодааст. Намефаҳмем мо ин давлати мо зидди дин буданаш маълум аст барои риш ва диндорӣ азоб медиҳанд. Охир бо акаунтҳои духтрҳо даромада шинос мешаванд ва сипас меқапанд ки чаро бо духтар гап задӣ пул мекананд. Охир ин чи гӯна низоми давлатдорӣ аст намедонем.

Ашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Хубу хуш ҳастед?

Алҳамдулиллоҳ барномаи Номаҳо аз ноҳияҳоро дида хеле хурсанд шудам. Таъсираш дар ҳақиқат ба ноҳия мерасад.

Ҳамин Аҳлиддин Ҳайитов, ки дар бораи вай дар номаҳои қаблӣ гуфта шуд гарчанде дар группа пул ҷамъ карда номерҳои Душанбе ситиашро гузошта бошад ҳам вале вай танҳо дар муддати се рӯз ба ин кор машғул буд ва идомаи корро ба Диловар Мамараҷабов дод. Ин маблағро дар асл ҳамин Диловар Мамараҷабов ҷамъ кардагӣ аст.

Ҳозир Диловар Мамараҷабов завучи калон аст. Падари вай Дилбар ако -як одами навча -дар бозор пахта ҷамъ мекунад, пулҷамъкунак. Ин корро вай анҷом додагӣ.

Ҳозир дар минтақа чунин гапу корҳо гузашта истодааст.

Участковийи Шайдон мо меёбем гуфта ваъда дода гусел кардаст. Намедонам чаро дар участкаи Шайдон ин корро карданианд? Участка. Понғоз истодаст аммо Шайдонро чиғидагӣ.

Ман ба ҷуз аз озодии ин миллат чизе намехоҳам, ба касе душманӣ надорам. Ин Дилмурод бачаи намозхони нағз буд. Русия рафта омад имсол. Ба масҷидҳо медаромад.

Рӯзи нашри барнома барои адои пешин мерафтам, Дар ҳавлии хонааш нишаста буд. Лекин, мутаассифона, инҳо ғоратгарони мардуманд ва бо Раҳмонованд.

Додоҷон Мақбулов ҳам бачаи нағз , Худо ҷазои хайраш диҳад. Ин корҳоро барои ҳамин мардум кард. Лекин пул талаб кард.

Дар вақташ  вақти зинда будани раҳматӣ домулло Абдураҳим Додоҷон Мақбулов бо домулло Абдураҳим хонаи ҳоҷӣ Мирзо рафтагианд. Хонаи ҳоҷӣ Мирзо рафтан пас, ҳоҷӣ Мирзо дар пеши Қаландар ман сухан намекунам гуфта сухан кардагӣ не. Домулло сухан кардагианд

Додоҷон Мақбулов ба домулло Абдураҳим қайнағо. Ман фикр мекардам, ки ин одам таълимоти одамро грифтагӣ аммо хато кардаам.

Дирӯз намози ҷумъа рафтанба. Дар роҳ амниятие, ки чанд нафарро чанд вақт  пеш бурда буд ҳамин поида шиштагӣ будааст. Бо як мард  гап зада истода будааст. Вақте ин бародар гузаштааст дидаасту истодааст. Баъд боз ба раҳи бозор омада бо як зан гап зада истодааст, боз ин бародар гузаштааст пиёда. Аз ҳамин бари масҷди домулло Абдураҳим пиёда рафтанӣ будааст, боз дидаст. Боз рафта аз мактаби Пулод Ниёзӣ дар росташ расидааст, ки боз гузашта рафт. Дар дари беморхона рафта истодааст дар ҳамонҷо назоратро давом додааст. Ин бародар рафта ба масҷид даромадааст намозро хонда баромадаасту дигар надидааст ӯро, ҳаминхел мардума мепоянд,ки куҷо меравад.

Амниятиҳо ҳозир ҳамааш медонад гапу корҳоро.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 314 появились сначала на ISLOH.net.

Деваштич: авлоди Абдуллозодаҳо бо номи Президент мардумро ғорат мекунанд,пул ҷамъ карда мансаб мехаранд
Номаи маро алоҳида нашр кунед №3

Деваштич: авлоди Абдуллозодаҳо бо номи Президент мардумро ғорат мекунанд, пул ҷамъ карда мансаб мехаранд

Редаксияи «Ислоҳ» пайваста номаҳои зиёдеро аз сокинони ноҳияҳои гуногуни кишвар дарёфт мекунад, ки аз фасод, порахӯрӣ ва фишору зулми мансабдорон шикоят доранд. Ин бор номае аз ноҳияи Деваштич ба мо расид, ки сокинон бо исм ва нишон додани ашхоси мушаххас нола мекунанд. Мо ин матнро бе каму кост, танҳо бо таҳрир ва ба тартиб овардани ҷумлаҳо, нашр мекунем ва аз мақомоти расмӣ, додситонӣ ва ҳукумат даъват мекунем, ки нисбат ба ин иттиҳомот посух диҳанд. Агарчи дар мавриди ин оилаи Абдуллоевҳо Ислоҳ , то кунун беш аз 5 матлаб ва барнома тақдим намудаем вале ҳоло ҳам ниҳодҳои танобкаш бо гирифтани пора лаҷоми ин оиларо нагирифтаанд. Хуб медонед,ки Ислоҳ вақте даст ба кор шуд, дигар таваққуфро намедонад!

Аввал: пулҷамъкунӣ бо номи Президент

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин

Мо, чанд сокини деҳаи Зарнисор, маҷбур шудем ба воситаи «Ислоҳ» нолаи худро ба мардум ва ҷаҳон бирасонем. Дар ноҳияи Деваштич як авлод-хонаводаи Абдуллозодаҳо- ноҳияро ба моликияти шахсӣ табдил додаанд ба доди мо расед!.

Дар ноҳияи Деваштич, деҳаи Зарнисор, раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Абдуллозода Нуриддин бо хоҳараш Абдуллозода Тахмина (раиси ҷамоати Ғазантарак) ва бародараш Абдуллозода Бобур аз тамоми мардум маблағ ҷамъ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин «қарори Президент» аст ва бо номи Рустами Эмомалӣ ва ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон мардумро таҳдид мекунанд: «Кришаи мо Президент ва Рустам аст».

Аз ҳар хоҷагӣ 8-10 ҳазор сомонӣ талаб мешавад. Дар деҳаи Зарнисор 1600 хоҷагӣ аст. Ба гуфтаи шӯии Тахмина- Илёс Бобоҷонов-то имрӯз қариб 1 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст.

Нуриддин Абдуллозода мегӯяд: «Пулро тезтар чамъ кунед». Барои ҷамъоварии маблағ дар деҳаҳо одамони махсус таъин шудаанд: Жураева Саодат, Бобожонов Аҳрор ва Ходиев Расулхон.

Мақсади аслӣ: харидани курсӣ

Нуриддин бо ҳамин пул мехоҳад, то моҳи ноябр курсии раиси ноҳияи Деваштичро аз Ашурали Ҷалилзода бихарад. Ӯ бо воситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ният дорад бо додани 100 ҳазор доллар ба Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Деваштич таъин шавад. Агарчи ҳоло ҳам ноҳия дар дасти ин оила ҳаст, боз ҳам мехоҳанд қонунӣ аз ин оила бошад.

Асфалти қалбакӣ

Маблағ бо баҳонаи асфалт ҷамъ мешавад, аммо роҳҳо бо шағал ва хокпораҳои арзони дуздида аз корхонаҳои бародараш Бобур Абдуллоев пур карда мешаванд. Рӯяшро ҳамагӣ 5 сантиметр асфалт мепӯшонанд. Ба қавли мардум, ин «асфалт» танҳо рӯйпӯш аст, то чеҳраи онҳо сиёҳ нашавад, аммо мардум фиреб мехӯрад.

Таҳдидҳо ба мардум

Агар касе пул надиҳад, Нуриддин таҳдид мекунад:

замини наздиҳавлигӣ ё хонаи истиқоматии аз 6 сотиқ калонро мегирад,

онро ба «замини захиравӣ» мегузаронад ва мефурӯшад,

ба прокуратура дода, парвандаи ҷиноӣ боз мекунад.

Ҳамаи мақомоти ноҳия-прокуратура, милиса ва амният- бозичаҳои дасти ӯянд.

Дороӣ ва бизнеси шахсӣ

Абдуллозода Нуриддин:

хонаи чорошёна дар Зарнисор ва як хона дар Ғазантарак,

5 квартира дар Хуҷанд, 6 квартира дар Душанбе, 2 квартира дар Бохтар. Хонаҳоро ба хотири ошкор нашуданаш хонаҳоро ба номи зани дуюмаш Заррина,ки корманди нотариуси Деваштич аст гузаронида аст.

мошинҳои гаронарзиш, аз ҷумла Тайота Ланд Крузер бо нархи 950 ҳазор сомонӣ,

4 ферма бо зиёда аз 10 ҳазор гову мол ва 6 ҳазор гӯсфанд.

Абдуллозода Бобур:

4 корхонаи шағал ва хокфурӯшӣ,

обанбори Даҳнасойро бо 120 ҳазор доллар «харидорӣ» кардааст, бо гуфтаи устодаш Маҳмуд Бобоев духтари Маҳмуд Бобоев Мавзуна Бобоева дуюм зани Бобур Абдуллозода аст бо тариқи Раиси Вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Рустам Эмомалӣ дода онро харидори намудааст.

дача ва хонаҳо дар Зарнисор, 8 квартира дар Хуҷанд, 10 квартира дар Душанбе,

2 фермаи бузург бо 5000 сар чорвои калон ва 4000 сар гӯсфанд,

зиёда аз 2000 гектар замини обии хоҷагии деҳқонӣ дорад.

Албатта ин оморҳоест мо тавонистем дастрас намоем, дороиҳои зиёди дигар ҳам дорад, ки мо намедонем.

Абдуллозода Тахмина:

Ҳангоми ташрифи президент ба Деваштич аз мардум 300 ҳазор сомонӣ ҷамъ кард. Аз ин маблағ 200 ҳазор сомониро ба писараш Абдуллозода Ислом мошин харида дод ва 100 ҳазор сомониро ба раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода супурд. Ӯ бо раиси ноҳия муносибати танго танг ҳам дорад ва рӯзҳои истироҳат ба Хуҷанд бурда мешавад.

Фоҷиаҳои ахлоқӣ ва номуси мардум

Аз сабаби зулм ва фақр дар мактаби №13 Зарнисор соли гузашта 9 духтари 16-сола ҳомиладор шуданд. Нуриддин Абдуллозода  ба шофёраш, ки номаш Эгам ҳаст фармон медодааст, ки духтарони ноболиғро фиреб диҳад ва барояш биёрад.

Бо чанд духтари ноболиғ дар Ғазантарак низ таҷовуз шудааст. Нуриддин ҳатто мегуфтааст: «Агар духтари зебое бинед, биёред, мо криша дорем».

Сокинони Зарнисор ҳолати зиндагонияшон сахт вазмин ва қашоқу нодоранд. Мардҳояшон дар Русия мардикоранду занҳояшон аз нодорӣ дар заминҳои Нуриддин Абдуллозодаи феодал кор мекунанд. Хело аз дастдарозӣ ба номусҳо дар ин заминҳояш сурат гирифтаанд. Ҳатто ба номуси занҳои шавҳардор дастдарозӣ кардаанд,ки шавҳарҳояшон дар Русия ҳастанд. Инро ҳама занҳои дар заминаш кор мекардагӣ хуб медонанд ва агар комиссияи бо салоҳият ташкил шавад ва натарсанд ҳамаашон тасдиқ мекунанд.

Ду зан кушта шуданд. Пеш аз куштор, як духтари 12-сола ва модараш мавриди таҷовуз қарор гирифтанд. Ин ҳама факту далелҳои раднашаванда ҳастанд. Аммо мақомоти ноҳия чун пора мегиранд чизе наметавонанд бигуянд.

Дигар аъзои оила

Мафтуна Абдуллозода, директори мактаби №13 Зарнисор: аз ҳар хонанда 150 сомонӣ ҷамъ карда (ҳамагӣ 255 ҳазор сомонӣ) ба ҷои «киршаи ошхона» ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ квартира дар Хуҷанд харид. Дар муассисаи таълимӣ 1700 хонанда аст. Бо гуфти муовинаш Инобат 35 ҳазор сомониба масолеҳи сохтмонӣ оварда бо ҳашари мардум кришаи ошхонаро сохту боқияш кисаи муаллимаба рафт.

Илёс Бобоҷонов, шӯии Тахмина: бо ваъдаи додани замин занони оиладорро фиреб дода, чанд оиларо вайрон кардааст. Ӯро бо лақаби «Снайпер» дар Зарнисор мешиносанд.

Абдуллозода Хумоюн, бо лақаби «Шайтон»: писари бародари Нуриддин Абдуллозода, корманди уголовни розыски милиса дар Деваштич кор мекунад. Вай мардумро бо «подстава» шиканҷа мекунад. Хело порахури калон аст.  Ба қарибӣ мошини «Лексус»-ро бо 400 ҳазор сомонӣ харидааст. Чанд нафар аз сокинони Зарнисорро подстава карда аст. Масалан Малаев Расулро туҳмат кардааст,ки ту ба аруси ман дубор занг зади ва барои ин якбор 30 ҳазорашро гирифта ва бори дигар 40 ҳазор сомонияшро бо таҳдид гирифтааст.

Як сол пеш дар вазифаи участкавойи ҷамоати деҳоти Калининобод буд дар ноҳияи Деваштич бо гирифтани полични пораи 100 ҳазор сомони коргарони коррупсия дастгираш менамоянд. Чун кришаи Абдуллозодаҳо Спартак яъне раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (Антикоррупсия) Султонзода Сулаймон Саид аст тавассути ӯ ҷиянашро озод ва боз ба вазифаи нав угаловники милитсияи ШВКД Деваштич ба кор мемонад. Вазири дохилӣ куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Наход ҷаноби Султонзода Сулаймон даст ба чунин ҷиноят занад?

Таъсири иҷтимоӣ

Аз пушти ин амалҳои оилаи Абдуллозода зиёда аз 40 оила вайрон шудааст, даҳҳо кӯдак ятим мондаанд, беш аз 60 духтари маҳаллӣ ба номусашон таҷовуз шудааст. Бисёрҳо пушти панҷара афтодаанд, чанд нафар кушта шудаанд. Аммо ин оила ноҷунбон ва гӯйё дахлнопазирӣ доранд.

Нидо ва муроҷиат

Мардум мегӯянд:

Ҳар моҳ аз онҳо садҳо ҳазор сомонӣ ҷамъ мекунанд,

заминҳои ҳосилхез- беш аз 10 ҳазор гектар-пурра дар дасти Абдуллозодаҳост,

аксарияти мардум-97 фоиз-аз муҳоҷират зиндагиашонро пеш мебаранд,

мақомот-прокуратура, милиса ва амният -ҳама бо онҳо ҳамдастӣ мекунанд.

Бечора сокинони инҷо 97% зиндагонияшонро аз муҳоҷират меёбанд.Шароити мардум бе ниҳоят вазмин аст.Тамоми заминҳои деҳа 10 ҳазор кг замини лалмӣ ва 2000 гк замини обӣ , боғу дашту токзорҳои деҳа дар дасти оилаи Абдуллоевҳо мебошад.

Бизнеси асосии Нуриддин Абдуллозода дар Деваштич заминфурӯшӣ мебошад. Ҷиянҳояш Абдуллозода Наврӯз, Абдуллозода Бобохон, Қулдошев Рамзиддин, Қулдошев Фаридун ҳамаашон дар кумитаи замини ноҳия кор мекунанд. Метавонем бигуем кумитаи замин дар Деваштич дар идораи як оила яъне Абдуллозодаҳо қарор дорад.

Нуриддин Абдуллозода заминҳои назди ҳавлигиро бо қимати 200 ва 250 ҳазор сомонӣ ошкоро мефурӯшад.

Ҳодиев Расулхон дирӯз раиси маҳаллаи Зарнисор таъин гашт, боз як мусиббати дигар.

Муроҷиати мардум аз деҳаи Зарнисор, ноҳияи Деваштич

Саволи редаксия ба мақомот:

Оё додситонии вилояти Суғд ва Додситонии кулл ҷуръат доранд нисбат ба ин иттиҳомот ва шикоятҳои мардум санҷиш гузаронанд? Оё раиси вилоят ва раиси ҷумҳурӣ омодаанд, ки беадолатии як авлодро, ки бо номи худи онҳо мардумро ғорат мекунад, пешгирӣ намоянд?

Ин нома бо масъулият аз ҷониби «Ислоҳ» нашр мешавад. Мо омодаем, ки агар мақомоти дахлдор посухи расмӣ ирсол кунанд, онро низ нашр намоем. Агар Абдуллозодаҳо ҳам раддияе нависанд онро низ омодаем нашр кунем, то акси садо бошад!

Сообщение Деваштич: авлоди Абдуллозодаҳо бо номи Президент мардумро ғорат мекунанд,пул ҷамъ карда мансаб мехаранд появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №248
Мардуми кишвар беш аз пеш симову сурати Раҳмонов ва ҳукумати дузду фасодзадаи вайро шинохта истодааст. Халқ фаҳмидааст, ки Раҳмонов аслан дар фикри дигар аст, дар фикри он аст ки чи тавр ҳарчи зиёдтар мардумро фиреб диҳад ва ғорат кунад ва аз тарафи дигар дар ҳолати тангдастиву фақр нигоҳ дорад, то мардум фақат дар фикри чи тавр ба даст овардани луқмаи нон бошад. Вале мардум ин ҳамаро дида истодааст ва мунтазир аст, ки рӯзи инқилобу қиём дар ҳоли расидан аст ва ба ин нукта расидааст, ки роҳи халосӣ ва наҷот аз ин режими худкома ва тӯлонӣ фақат қиём ва хезиш аст. Номаи аввали ин нашри барнома далели ин гуфтаҳост:

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол, хонумон ва ҷанобон, ҳамватанони гиромӣ ва аҳли виҷдону номус!

Ман дар назди шумо на ҳамчун сиёсатмадор,балки ҳамчун  як нафар аз миллионҳо нафаре меистам, ки хаста шудаанд — хаста аз сармо, хаста аз торикӣ, хаста аз баромадҳои дуруғини Ҷаноб.

Мардумро барои мушкилоте, ки худат эҷод кардаӣ, гунаҳкор накун. Кори роҳбар на тарсонидан, дурӯғ гуфтан ё баҳонаҷӯӣ аст, балки ҳал кардани мушкилот ва хидмат ба мардумест, ки ба ту қудрат додаанд. Агар кишвар ранҷ мекашад, аз худ бипурс: ту дар ҳақиқат барои беҳтар кардани вазъият чӣ кор кардӣ дар ин 33 сол — бе таблиғот, бе хомӯш кардани овозҳо ва бе айбдор кардани дигарон?

Мардум фасодро эҷод накардаанд. Онҳо озодиҳоро аз худ накардаанд. Онҳо сарватро ҷамъ накардаанд, дар ҳоле, ки дигарон гурусна буданд. Ин ҳама ё кори туст, ё бо иҷозаи ту рух додааст. Пас, ба ҷои он ки ба мо бигӯӣ, мардум бояд чӣ кор кунанд, бигӯ: ту худ — бо ростгӯӣ, бо шаффофият ва бо фидокорӣ — барои ислоҳи вазъ чӣ кор кардаӣ? Агар ҷавобе надорӣ, ту роҳбар нестӣ. Ҳастии ту, будани ту худаш мушкилӣ аст.

Фурӯзонакҳою шамъҳо дар ҳар хонадон, нишони дуздию фасоди Эмомалӣ Раҳмонов.

Тоҷикистон сарзамине аст, ки Аллоҳ ба он неъмати табиъӣ ато кардааст — рӯдхонаҳоямон бо нерӯ метананд, кӯҳҳоямон аз иқтидор метапанд. Мо соҳиби яке аз баландтарин саддҳои дунё ҳастем. Мо он қадар барқ истеҳсол мекунем, ки метавонем онро ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигарон содир кунем.

Аммо — худи мардумамон аз бебарқӣ дар торикию сардӣ меларзанд.

Дар деҳаҳо ва шаҳрҳо модарон бо фарзандонашон дар зери кӯрпаҳо ҷамъ мешаванд ва дуо мекунанд, ки чароғҳо дубора равшан шаванд.Дар бемористонҳо дар мобайни ҷарроҳӣ барқ қатъ мешавад. Синфхонаҳо торик мешаванд. Тиҷоратҳо аз байн мераванд.Тамоми ҷомеа гаравгони низоме шудааст, ки онҳоро ба хиёнат додааст.

Ин фоҷиаи табиат нест — ин нокомии роҳбарист.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов ва режими ӯ рӯдхонаҳои моро ба манбаи даромади писараш (ширкати  барои ҷамъ кардани маблағи барқ бо усули ғайри нақдӣ) табдил додаанд, дар ҳоле, ки соҳибони аслии ин обҳо — шаҳрвандон — дар торикӣ мондаанд. Онҳо инро «рушд» меноманд. Мо инро «хиёнат» меномем.

Онҳо барқро барои фоида содир мекунанд, вале мо чӣ мегирем? Ранҷ. Хомӯшӣ. Ояндаи дуздидашуда.

Ин танҳо беҳаёии идорӣ нест. Ин фасодест, ки хуни гарми кишварро заҳролуд мекунад. Ҳар чароғи ларзони хона нишонаи он аст, ки кӣ дорои қудрат аст — ва кӣ не.

Аммо мо бемадор нестем.

Бигзор ин лаҳза оғози мавҷи наве бошад — мавҷи муқовимат, мавҷи ҷавобгарӣ, мавҷи адолат. Мо намехоҳем вайрон кунем. Мо мехоҳем талаб кунем он чизеро, ки ҳаққи мост: рӯшноӣ, гармӣ, шараф.

Мо хайр намехоҳем. Мо адолат мехоҳем. Адолати энергетикӣ. Саховат бояд аз хона оғоз шавад. Пеш аз он ки як ватт барқ берун равад, ҳар хонаи тоҷик бояд гарму рӯшан бошад. Ҳар мактаб бояд чароғон бошад. Ҳар бемористон бояд барқ дошта бошад.

Мо талаб дорем шаффофият дар бахши энергетикӣ. Мо талаб дорем хотимаи фасод ва хешутаборпарастӣ. Ва аз ҳама муҳим—мо талаб дорем, ки нерӯи Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон хидмат кунад.

Бигзор ин суханронӣ шарорае шавад—шарорае, ки қиёмро барангезад. Қиёми осоишта, вале нерӯманд. Қиёми мардум. Зеро қудрати ҳақиқӣ моли мардум аст.

Деваштич

Ассалому алейкум,домуллои азиз. Ман сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошам. Ман нисбати раиси Кумитаи замини ноҳияамон Абдуллозода Нуриддин маълумот ва шикоят дорам. Илтимос мекунам як барномаи махсус рӯзҳои наздик пахш кунед, то ки санҷишгарҳо омада чораашро дар ҷояш бинанд. Ин одам фақат ба пулситонӣ аз мардуми ноҳиямон машғул мебошад. Дар як рӯз як маротиба ва гоҳ ду маротиба як саҳар ва баъд бегоҳ як соат омада шаҳрвандони пулдорро қабул намуда маблағашонро гирифта баромада аз идора меравад. Камбағалҳо аз сахар то бегаҳ, хамёза кардаву даҳон кушода менишинанд.

Абдуллозода Нуриддин доғи судӣ дорад. Пештар роҳбари МБТИ-и ноҳия буд. Баъди таъин шудани вазири нав аз вазифааш озод карда шуд. Мардуми ноҳия каме оҳи сабук кашида буданд, ки дере нагузашта боз роҳбари Кумитаи замин шуда омад. Аз рӯзе, ки таъин гардид, мардум сарсону саргардон ҳастанд. Абдуллозодаро раиси Кумитаи замини ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода кришават мекунад ва чанд маротиба ронандаи Нуриддин Абдуллозода, ки Эгам ном дорад дар нишасташ тасдиқ карда гуфтааст, ки «то Хоҷазода ҳай шефи ман ягон ҷо намерад, зиндагиш тинҷ».

Дар ҳақиқат дар Хуҷанд квартира дорад, дар худи ноҳия бошад қариб 10.000 моли шохдор –гов ва фермаи калон дорад. 500.000 доллар ва 10 миллион рубл ҷамъ кардааст. Ҳамаи мақомотро ҳар моҳ пораҳои хуб дода мегардад. Рафиқи наздики ман, ки бо Эгам хешутаборӣ дорад, гуфтааст, ки роҳбар мисли ман доғи судӣ дорад, лекин ягон кас ягон кор намегирад.

Рӯзҳои наздик раиси ноҳияи мо раиси ноҳияи Спитамен мешавад ва гапгап аст ки Абдуллозода ба ҷои ӯ раис мешавад. Агар мабодо нашавад ба ҷои Маҳмадёрзода муовини аввали раиси ноҳияамон мешавад. Ставка-пулашро уже через Спартак, ки корманди коррупсия мебошад ва дӯсти наздик ва хешу табори Муроди телех мебошад, гӯё дода будааст.

Назари худи раиси ноҳияро аз ҳамин шинос пурсон гаштам. Вай гуфт ӯ раиси кумитаро беҳад бад мебинад. Пурсидам, ки барои чи? Гуфт гуё дар аввалҳои омаданаш доимо танқид мекарда бошад, ки бе пешниҳои ман ту раиси кумита шудӣ ва ахиран Нуриддин Абдуллозода  гуё ӯро барои имзо кардани қарор ва додани маблағи пулӣ запс карда шантаж мекарда бошад. Пас аз он раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода тавассути ҳуқуқшиносаш гуфтааст, ки барои имзо кардани қарор дигар аз Нуриддин Абдуллозода  пул нагиретон. Одами боваринок дар кумита Худойбердиев Муслимбой ва Муҳаммадиев Аброр мебошанд ва минбаъд онҳо пешниҳодро биёранд.

Дар масъалаи Худойбердиев ва Аброр гуфтаниям, ки ҳардуи инҳо ва низ Ғулому  Фахриддин зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулованд ва инҳо ҳамчун кормандони шартномавӣ дар идораи Кумитаи замин кор мекунанд. Ду маротибаӣ доғи суди доранд.

Суол ин ҷост мақомоти назораткунанда куҷоро нигоҳ мекарда бошанд? Прокуратураи ноҳияро, ки дар онҷо ҳамсинфи ҷиянам кор мекунад назарашонро пурсон шудам. Вай гуфт чанд маротиба барои корҳои ғайриқонуниашон дело карданӣ будаанд лекин Прокурори вилоят иҷозат надодааст. Зеро, ки пуштибони Абдуллозода Нуриддин худи прокурори вилоят будааст. Об аз боло лой.

Аз ҳамин бармеояд, ки пулро худи Абдуллозода танҳо ҳазм намекардааст. Вай ҳамроҳи Хоҷазода, раиси Кумитаи замин, Спартак ва Хоҷазода Фурқат, прокурори вилоят шариканд.

Наход як ноҳияи калон бо 200.000 аҳолӣ мутахассиси бе доғи судӣ ва дипломдор надошта бошад? Агар мутахассис бошад, барои чи нафарони доғи судӣ дошта Ғулом, Аброр, Фахриддин ва худи Нуриддин кор карда истодаанд ва бо вимогателство машғуланд? Куҷо шуд адолат?  Куҷо шуд ростӣ? То 5.000 сомонӣ надиҳанд, санадро регистрация намекунанд. Пули санадро медиҳӣ Нуриддин Абдуллозода иҷозат медиҳад, ҷиянаш Рамзиддин қайд мекунад. Бобати Рамзиддин гуфтаниям як ҳаромхури дигар аст ва бе 3.000 -4000 сомонӣ ягон ҳуҷҷат аз экспертиза намегузарад. Ӯ ҳамчун эксперт дар МБТИ кор мекунад. Магар кор кардани ҷияну амак дар як ниҳоди давлатӣ қонунан дуруст аст? Инчунин ҷиянҳои дигараш Бобур ва Навруз  низ   дар идораи мазкур миёнарав шуда ризқашро аз идораи амакаш ёфта мегарданд.

Ба ғайр аз инҳо хоҳари Абдуллозода раиси ҷамоати Ғазантарак ва бародараш Бобур раиси Идораи оби ноҳия кор мекунад, агар нодуруст бошад марҳамат, омада санҷед. Ҳар бор дар вақти нишаст Абдуллозода Нуриддин ба шогирдҳояш мегуфтааст натарсед пулро ҷамъ карда биёред ман ҳаминҷо, то ман ҳастам ягон кас ягон … хурда наметавонад, танҳо пулро биёред. Ман ҳамаи инро танҳо худам намехурам, барои гаштани Шумоён ба прокурори вилоят ва Спартак доляашонро медиҳам.
Бародари азиз, ман ин ҳама маълумотҳоро солҳо ҷамъ мекунам, гапу ахбори беҳад зиёд, лекин ягон мақомдор гуш андохтан намехоҳад.

Соли 2019 дар вақти сохтмони бинои идораи Кумитаи замин, ки сохтмончӣ ҶДММ Кордон буд Абдуллозода Нуриддин пули зиёдеро ба суратҳисоби Кордон гузаронида нақд карда аз они худ кардааст. Ин маълумотро кормандони Коруспсия огаҳӣ пайдо намуда ариза ташкил карда бо мақсади пул гирифтан Нуриддин Абдуллозодаро даъват намуда бо воситаи Спартак маблағашро гирифта муҳосиб Аҳадов Парвизро ба гарданаш монда дело карданд. Боз Абдуллозода Нуриддин аз об хушк баромад.
Боз як ҳолати ҷиноии дигар нисбати корманди Кумитаи замин Ҷумъаев Абдукарим ба коррупсияи вилояти Суғд моҳи март ворид мегардад, ки аз шаҳрванд маблағ барои омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани замин талаб карда гирифтааст. Лекин Ҷумъаев ба ваъдааш намеистад ва чанд маротиба мебиёяд шаҳрванд. Охир шаҳрванд маҷбур мешавад ариза мекунад.

Оиди ин ҳодиса Абдуллозода Нуриддин хабардор мешавад ва бо роҳи фиреб ба боварии кормандаш медарояд. Ва ҳамин тариқа Абдуллозода Нуриддин барои ҳалли кори Абдукарим   пули калон гирифта аз они худ менамояд ва ба Абдукарим ваъда медиҳад, ки кораш 100 фоиз ҳал. Аз ин байн чанд рӯз мегузарад. Кормандони коррупсия нисбати Абдукарим дело оғоз мекунанд ва баъдан Абдукарим ба назди шефаш   омада бо забони узбекӣ  мегуяд, ки «шеф мана дела кадан, шумо пула надодит мӣ?» Абдуллоза дар ҷавоб «вай пул барои ошкор накардани дигар ҷиноятҳо буд. Агар боз як бор пули додаатро пурсӣ дигар шаҳрвандҳоро даъват намуда, ариза ташкил намуда туро маҳкам мекунонам» гуфта таҳдид мекунад. Бо ҳамин Абдукарим хомуш  мешавад. Кормандони коррупсия делоро ба итмом расонида ба суди ноҳия ирсол мекунанд.

То ҳатто раиси ҷамоати деҳоти Ғазантарак Рузиматов Холбуттаро бо маслиҳати пешакӣ бо корманди коррупсия, яъне Спартак бо маблағ ба даст афтонда ба ҷои ӯ хоҳараш Абдуллоева Тахминаро ба вазифаи раиси ҷамоат таъин намуд. Абдуллоева Тахмина аз ин пештар директори мактаби Зарнисор буд ва баъди вазифаи навро қабул кардан ба вазифаи директори мактаб хоҳараш яьне Абдуллоева Мафтунаро директори мактаб таъин намуд. Дар ин бора пештар Ислоҳ барномаи муфассале дошта будед. Инчунин Бобур аз ҳар як сари хона 50 сомонӣ барои об мечинад, ки он об бе пул ва аз давлати хориҷа дар вақташ ба мо кумак карда буд. Агар хато накунам 1350 хочаги ҳаст ва дар як моҳ ва дар як сол ҳисоб кунед чи қадар фоидаи муфт ба даст меорад. Тақрибан 800 ҳазор сомонӣ дар сол аз мардум бе ягон заҳмат мегиранд. Ин ғорати ошкоро нест магар?
Устод, ҳозир аз мақомот тафтишгарон омадагиянд. Зудтар нашр менамудед хуб мешуд. Мо ғайр аз «Ислоҳ» дигар ҷойи шикоят кардан надорем.

Москва
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи як инсони нокасу беинсоф бо номи Салимов Юсуф Ҳокимшоевич гуфтаниам. Ин одам мутаваллиди соли 1996 аст. Аз Бохтар –Қурғонтеппаи пешина. Ин Юсуф дар сохтмон кор мекунад, крановчик аст. Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбекистонро бо баҳонаи регистрация кардан фиреб карда пули бачаҳоро гирифта кидат мекунад. Ба болои ин ҳама аз бачаҳо-муҳоҷирон бо фиребу макр пул қарз карда пулашонро барнамегардонад. Аз пушти ин бадбахти бешараф дигар миллатҳо тоҷикҳо ҳамин хеланд гуфта дашном карданд. Бовар кунед, ки номи тоҷикҳоро паст зада гаштааст. Аммо вақте мепурсӣ, ки канӣ регистрация, канӣ пул афсонаи деви безонтикро нақл мекунад.
Муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ҳастанду миллати узбеканд муҳоҷирони  Узбакистон аз руи ин бешараф миллати моро сахт дашному таҳқир мекунанд. Мегуянд, ки тоҷикҳо лафз надоранд. Илтимос аз ҳукумати Тоҷикистон, аз ВКД ва КДАМ хоҳиш мекунам, ки пеши роҳи ин бешарафро гиред. Ҳар рӯз мепурсанд бо1000 баҳонаву дуруғ гап мезанам. Ба Худо мардум дуъои бад карда истода аст.
Баъд фаҳмам ин беинсоф пулҳои мардумро бо фиребу фанд гирифта ба бева бозию нашакашӣ истифода мекардааст. Ду маротиба худам спайсро дар дасташ дидам, чени нахуд сиёҳ. Чандин нафаронро нашъаманд кард, ин бешараф. Шахсан худи ман медонам, ки як бача тоҷикро подставит карда ба милиса дода 40 ҳазор дода ҷонашро харид. Ришро мондагӣ вале аз шайтон ҳам бадтар аст.

Қариб сӣ сола шудааст, вале зан нагирифтааст. Не хона дорад, не зан, ақалан ба падару модараш пул роҳӣ намекунад. Майлӣ ин ҳама, проблемаи худаш. Бечора ғарибҳоро фиреб накунад. Не, баръакс боз ягон камбағалро ёфта боз фиреб мекунад, боз 4 бачаи тоҷикро регистрация мекунам гуфта пулашонро гирифт. Ин чор нафар аз куҷое қарз карда ба ин бадбахт дода буданд. Ва, боз аз ҳама аламовартар ин аст ки ин бачаҳо ду моҳа корашонро кидат шуда будаанд. Гуфтем, ки эй Юсуф «ихели накун камбағалоя, ҳамино қарз кардан, ту бошӣ бо фиреб мекунӣ, те пулшона гуфтем». Механдаду мегуяд, ки «беақлу чмо бошан,айби ман чӣ?»

Абдураҳмони Ҷомӣ (Куйбишев)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Ман яке аз мухлисони беҳтарин ва кумакрасонтарин шахси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ -Куйбеши собиқ  мебошам. Ин бори дуюм аст ки ман ба шумо дар бораи ғоратгарии ноҳияамон менависам. Яке аз қафомондатарин ноҳия дар Тоҷикистон  ноҳияи мо ба шумор меравад. Чуноне дар барномаи 63юми «Номаҳо аз ноҳияҳо» қайд кардем дуздию ғорат дар авҷи аъло мебошад. Баъди барномаи шумо каме ҳам  бошад мардум аз хоби ғафлат бархестанд. Вазъият рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Ман ҳозир дар Россия қарор дорам -бо аҳли оилаам. Мутаассифона дар Россия ҳам вазъият хело ҳам безеб мебошад, ҳар рӯз рейд, мардумро ором намегузоранд, ин чи рӯзи сиёҳ  аст? Чуноне ки дар барномаи 63 қайд кардем вазъияти мактаби таълимоти умуми ҳамагонии рақами 4 рӯз то рӯз бадтар шуда   истодааст. Директор Худойбердива Шамсия аз орду равған сар карда то меваҳоро ба қавли мардум чепс (медуздад) мекунад.

Ба ман нақл карданд, баъди пахши барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»№63 аз 6-ум отдели нохия омада директорро бо ҳамроҳи ҷонишинаш яъне Худойдодов Дилшод бо лақаби кал  бурданд. Чанд рӯз онҳоро ҷеғ заданд. Ба фикрам пул дода сонӣ худро хариданд. Охири мактаб омадааст ва талабагони бечораро бо ҳар баҳонае чиз ва пул мефармояд. Директор мегуфтааст ҳар саҳар ба талабагон маҷбурӣ, ки рафта ба ман  шакалод, меавгиҳо, қаймоқ, грил гирифта биоранд, зеро ман гурустна ҳастам. Ин чи бедодгарӣ мебошад. Ба хатмкунандагон гуфтааст, ки ман атесстати шуморо намедиҳам. Агар атесстат мехоҳед ба ман 800 сомонӣ супоред. Акнун ҳисоб кунед, ки чи қадар мешавад ин маблағ аз 150 хонандаи хатмкунанда. Имтиҳонҳо наздик аст  ва талабагонро ғам грифтааст, ки ман аз куҷо пул ёфта имтиҳонро гузарам. То дар имтиҳон пул надиҳем моро намегузаронанд. Вақти гандумам шудааст ва завучи мактаб Дилшоди кал боз талабагонро ба даравидани гандум ва юнучка мебарад. Талаба мактаб дарсхонӣ меравад, ё ки алафдаравӣ?

Бовар кунед, ки дар инҷо чунон ғоратгарӣ бисёр аст ки намедонам аз куҷо сар кунам? Охири мактаб омадааст ва сари ҳар як хонанда пул ба миқдори 150 сомонӣ фармудааст барои баҳоҳоро ба телефонҳои волидайн гузарондан, яъне онлайн. О, дар хонаи як хел одам нони хурдан нест, аз куҷо интернет, у телефону суме, ки ба шумо супоранд. Дар шаҳр чунин баҳои онлайн карда натавонистанд, аз куҷо дар як ноҳияи торикистони бе барқу связ чунин плани калонро иҷро карда наметавонанд. Хайр, дигар чи гӯям, аз дасти мо, чи меояд? Ин як бузи калон мебошад. Агар саркашӣ кунем моро ба отдел месупорад. Все равно ин кори инҳо намешавад. Ана акнун нигоҳ кун аз ин кор ба онҳо чанд сум мемонад. Аз 1200 талаба ба микдори 150 сомонӣ180 000  сомонӣ мемонад. Ба ин қадар сум мо метавонем як муассисаи нав бисозем. Муассисаи нав гуфтам як чизи дигар ба ёдам зад. Пули ремонт 30сомонӣ сари ҳар як хонанда ва аз ин ҳисоб ба микдори 36000 сомонӣ фоида ба кисаи инҳо медарояд. Аммо мераванду бе пул оҳак гирифта талабагонро оварда сафед мекунанд ва ба ҳамин ремонт халос. Пулро бошад ин гурустнаҳо мегиранд.

Чуноне дар барномаи 63 қайд кардем зиёда аз 15-20тон кумурро аз муаасиса ғорат карданд. Ва дар вақте бар кашида тақсим карданд 10 килоро 15 гуфта ба мактабҳо доданд. Аз руи ҳамин даромадҳои муфти мактаб шуда директор ва ҷонишинаш дар муддати кутоҳ соҳиби заминҳои зиёд, гову моли бешумор ва хонаҳои зебо шуданд.

Аз пушти ин шалашофка, ин ҳаром чандин духтарони мактаб бероҳа шудаанд. Ин директор ҳар вақте ки комиссия меояд худро орову торо дода пеши онҳо меравад. Онҳоро уговорит карда дари кабинетро маҳкам мекунад ва паси дарҳои баста….. Инро ҳама медонад. Ин беваи шайтон бо  коргарони давлат қариб ҳар руз чунин мекунад. Аз ҳамин сабаб ба мактаб комиссияҳо аҳамият намедиҳанд.

Дар мактаб талабагон як тараф даже муаллимаҳо бо муаллимҳо …..Пас талабагон аз инҳо чи ибрат гиранд.
Чуноне гуфта будем калиди кабинеташро ба 4 нафар дод. Санаи 7 марти  соли 2023 ин воқеа руй дод. Онҳо даромада корҳои маҳрамона намуданл. Ин бадбахт барои пул шуда бо номуси духтарони мо бозӣ дорад. О,мардум бовар карда фарзандони худро бо як ҳавасу армон ба мактаб мефиристанд. Дар ҷамоат зане, ки маълумотнома менависад, аз тарафи деҳаи Сотсиализм мебошад. Вай халқи тарафи худашоноро дастгирӣ ва мардуми тарафи моро бадбинӣ мекунад. Аз тарафи мактаб маҷбур карда паспорт гиранд, аз тарафи дигар коргарони ҷамоат бачагони моро «шумо террорстед» гуфта маълумотнома намедодааст. О, ин чи аҳвол аст? Баъди барномаи 63 мардуми озодихоҳ дар чанд мактаб «Нест бод пешво» навистанд. Ин хел шерони нар кам не, бисёранд. Ҳамаи инҳо мунтазири ишорат мебошанд, то митинг кунанд.

Худойбердиева Шамсия натсисти рақами як мебошад. Одамони худашро агар гуноҳ ҳам гунанд, лекин ҳеҷ чиз намегуяд. Вале агар аз одамони қишлоқи мо кунанд ин талабагонро буз мекашад ва суми дунёи онҳоро кашида мегирад. Дар охир қайд кардан мехоҳам, ки дар деҳаи мо овози азон нест. Аз ҳамон ру насли наврас ба корҳои бад даст мезананд. Дар деҳаи мо 5 масҷид ҳаст вале ягонтои он кор намекунад. Муддати 8-10 сол мешавад ҳамаашро маҳкам намуданд. Вазъият рӯз то руз бад шуд истодааст.

Нест бод Эмомалӣ. Бародар, мо бо туем, бародар Муҳаммадиқбол!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №248 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№77
Дар номаи аввали ин шумораи барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо» нафаре аз саргузашт ва мушоҳидаҳову дидаҳояш ҳикоят мекунад,  ки солҳои зиёд дар ҳукумат, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст. Албатта, ҳодисаҳое, ки ӯ ҳикоят кардааст, мо борҳо шунидаву мушоҳида кардаем. Аммо, вақте нафаре, ки дар сари вазифа буд ҳикоят мекунад, таъсираш дигартар аст. Масалан ӯ аз ду мавриди сармоягузории хориҷиҳо дар муассисаҳои Душанбе нақл мекунад, ки ба айби мақомот ва шахсиятҳои алоҳида сармоягузорон яке хитоӣ ва дигаре афғон корро дар нимароҳ тамом карда ҷони худро мегиранду мегурезанд. Сабаб коррупсия аст, коррупсияе, ки ҳоло он ҷузъи муқаррарии ҳукумати Раҳмонов шудааст:

Душанбе

Салому алейкум бародари азиз! Худамро муаррифӣ намекунам. Чанд номае, ки роҳӣ кардам, чоп кардед. Раҳмат. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Ин ҳукумати гушна ва гушнаҳо шабурӯз фикраш фақат ин аст ки «чо кнем,ки якаса фреб кнем, сумша бигирем». Дар фурудгоҳи Душанбе кор мекардам. Шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шудам. Ҳодисаҳое, ки бо чашмони худ дидам вале ҳоло бовар намекунам, ки ҳамин кор иттифоқ афтодааст. Як рӯз соат тақрибан 2 –и шаб буд. Парвозе набуд. Дар толор шишта будему танафус доштем. Як бародари афғон омаду пурсид, ки чаро дар фурудгоҳи байналмилалииатон шумо хостел- меҳмонхона надоред? Гуфтам бародар ин фурудгоҳи нав аст, куҳнаашро надидӣ? Бо ман ҳамсуҳбат шуд. Баъд ман пурсидамаш, ки худат чи кораӣ? Ҳар ҳафта ду маротиба мебинамат? Хандиду гуфт гоҳо ҳафтае мешавад, ки се-чор маротиба ҳам меоям. Ва чиптаҳои ҳавопаймояшро нишон дод, ки боз куҷоҳо парвоз мекунад. Ними Аврупоро мегардам гуфт. Боз ҳафтаи дигар меоям Тоҷикистон. Гуфтам чи гум кардаӣ? Гуфт ман тоҷирам. Дар ними давлатҳои Аврупо заводу фабрика дорам. Аммо танҳо дар Тоҷикистон мебинам, ки нисбати халқ ин қадар зулму беинсофӣ карда мешавад. Гуфтам, наметарсӣ, ки ин гапҳоро ба як одами ношинос мегуӣ? Гуфт, ки не. Ман тамоми чизамро аз Аллоҳ мебинам ва фақат аз Аллоҳ метарсам. Ва илова кард, ки чеҳраат нишон медиҳад, ки буз нестӣ! Баъд нақл кард: ман дар Тоҷикистон як заводи арматур ва як заводи пластика кушодам. Маслиҳату қарордод, чи хеле шумо мегуед, гапзанон дигар хел буд. Моҳи якуми сохтмон мерафт. Барои сохти давлатӣ аст арматур, пластика аз барои Аллоҳ розӣ буданд. 50% сохтмонро кардем. Маслиҳат дигар шуд. Ба ғайр аз инҳо гуфт, ки боз 30% медиҳӣ. Гуфтам, бошад. Чунки расходи зиёд карда будам. Қариби буд кардан, яъне анҷоми сохтмон буд, ки гуфтанд 50х50. Ҳозир ҳамонро фикр дорамки чи кор кунам. Мегуяд, ки ман барои беҳбуди давлат, барои ҳаммазҳабу ҳамзабонони худам ёрдам шавад гуфтам, аммо ман нафаҳмидам, ин хел бад будаанд. Пурсидам,ки розӣ шуда барои 50х50. Бар замми ин гуфт боз дар сохтмонҳои давлати масолеҳи бепул медодам. Гуфт,ки ҳоло чизе нагуфтам барои ин пешниҳод. Ҳафтаи дигар меоям,агар қабул накарданд,аз барои Аллоҳ ҳамон заводро носохта мепартояму меравам. Гуфт ман дар Афғонистон чанд ҳавопаймо дорам. Ба фурудгоҳи Кобул супоридагиям. Гуфт дар инҷо дошта бошӣ, супорӣ, дигар пасаш намегирдӣ. Гуфт барои як заводи шаҳрванди дигар кишвар инҳо ин тавр муносибат мекунанд, шаҳрвандони худашонро магар мемонанд, ки кор кунанд? Гуфт инҳо дар тамоми дунё номи тоҷикро шарманда мекунанд. Боз шарм нокарда мегуянд сармоягузорҳо аз кишвари мо чаро мегурезанд?

Ҳолати бади фурудгоҳи Душанбе

Ман дар фурудгоҳ кор мекардам ва дар ҳамон солҳо касе аз фурудгоҳи Душанбе 200 кг героин мегузаронад. Дар фурудгоҳи Домодедово Москва меқапанд. 1ҳафта дар фурудгоҳи Душанбе тафтишот гузарониданд. Амният, СБ, коррупсия, таможния, Прокуратура. Ман началник смена будам. Аз СБ пурсидам, ки чи гап аст? Гуфт 200 кг героинро кӣ гузаронд дар сменаи шумо? Гуфтам марҳамат камераро бинед: аз депутатский нагузаронида бошанд, аз инҷо гузарондагӣ нест. Гуфт «бо звонт дроз, гап мезанӣ, Дар тамоми дунё шармандамон каден». Хулоса тафтишот карданду ягон чи наёфтанд. Суми одамони зиёдеро гирифтанд. Як хелҳоро аз кор сур карданд. Бахудо қасам духтарҳое дар гумрук ва сарҳадоти фурудгоҳ кор мекарданд, ки як барбараш маълумоти олӣ надошт. Дар байнашон раққосаҳо ҳам буданд. Гуфтам чи тавр инҷо кор даромадӣ? Гуфт зинда бошад диван! Ин ҳикоятро хоҳед чоп кунед, нахоҳед не. Аммо ин воқеа 100% рост аст.

Сӯйқасд ба Президент дар фурудгоҳи Душанбе

Ин муши буғуз, писари Марями гурсухтаро дар фурудгоҳи Душанбе дар депутатский покушений карданӣ мешаванд. Вақте даромад онҷо як корманди давлатӣ чой хурда менишаст. Интизори рафтани Эмомомалӣ Раҳмонов. Вақте медарояд ҳама аъзои муҳофизҳо ба кори худашон машғул буданду ман медидам ҳама ҳолатро. Ин аз фурсат истифода бурда мехезаду медавад, ки як бародар мебинад дар таги костюмаш граната дорад. Ин бародар ронанда кор мекард. Ин ҳолатро мебинаду он мардро дастгир мекунад. Ин корро то ҳоло Президент намедонад. Ин охранникҳои ҳаромхур баъд дарак меёбанд. Мегуянд, «если чё мо қапидемш хап кн, ҳамара тишина мекнем ту хела мукофот мегирӣ. Ман номи ронандаро махфӣ мекунам. Баъди ин корҳо як бор занг зада гуфт «ака ҳаму мукофот чи шид, ақалан ягон ҷои кори таъин кнен». Гуфт «знкта гир, ира ай ёдт брор, ки хдтам кати ҳами наравӣ, медони куҷо?» Бовар кунед,ки ин оқи падарҳо ҳамин қадар одамгарӣ доранд.

Боз як ҳодисаи дигар

Ман дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунам. Дар мавсими режими барқ аввал чанд рӯз пайи ҳам светҳоро мекушанд, манаҳашро мебанданд.  Тоқатам тоқ шуду рафтам горсвет. Ба худо қасам дигар худамро қапида натавонистам.  Дар хонаи кудаки майда хунук аст. Даромадан баробар дашномҳои безеб кардам. Гуфтам ҳар чизе бишавад,шавад. На очашон монд, на дигару дигараш. Гуфтам «кияй калонтон, ма пешуш дром». Гуфтанд нест. Додзании маро бо дашномҳои қабеҳ фаҳмида ҳама баромад аз утоқҳои кориашон. Як мард баромад, рости гап ному насабаш дар ёдам намондааст. Худашро ҷонишин муаррифӣ кард. Ман ҳам дар сари каҳр дашном карадм. Гуфт додар доду вой накун, биё дар  кабинет гап мезанем. Гуфтам айб нест дар маркази шаҳр одам бе свет бошад. Гуфт хабар дорем, ҳоло трансформаторро таъмир карда истоданд. Гуфтам бинед, ки ягон кас дар пеши трансформатор ҳаст ё нест? Гуфтанд, не. Гуфтам дигар баҳона наёфтед? Трансформатор бегаҳ соз мешудааст, саҳар боз аз кор мемондааст. Гуфт «чи иқа дод задестӣ, ҳози мақомоти қудратира занг мезанм бад бин». “Ма задагагийм мақомота, ма ай ҳуқуқҳои худам талаб кардестам, паҳати нархар», Мегуяд,ки «бародар бра дар хонат печкаи аловӣ мон агане ба умеди свет нашин».  Гуфтам «ай ком шаҳру ноҳияи дурдаст омадай, бра ҳамуҷада печкаи аловӣ мемонӣ, тапак алов мекунӣ. Ма дар маркази шаҳр зиндаги мекнм, айбай, дар асри 21. И гапа ича гуфтӣ, дига ягонҷода нагу». Гуфтам ним соат пас ҳамаи маҳалларо ҷамъ мекунум меоям ва баромадам. Ҳоло аз дари корхона набаромада занг заданд, ки свет омад. Бароед, эй мардум ва ҳақи худро талаб намоед. Ҳеҷ кас ҷонатонро намегирад. Ҷони шумо дар дасти инҳо нест. Мо аз қирғизу туркману узбаку қазоқ чи кам дорем, ки онҳо бо барқ таъминанду мо не? Ин аз тарсуӣ ва беҷуръатии мо аст, ки барқи моро ба Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мефурушанд, вале дар худамон намедиҳанд, дар сармои замистон тоқат карда мешинем.

Ногуфта наметавонам. Як бародар соҳиби 4 фарзанд.
Фарзандонаш дар мактаби 42 ноҳияи Рудакӣ, ки акнун ба ҳудуди ноҳияи Фирдавсии Душанбе пайваст шуд, мехонад. Тарафи Корвон. Мегуяд пули китоби бачаи майдааш 80 сомонӣ ва се бачаи дигараш аз 100 то 130 сомонӣ. Мегуяд, шароит надорам. Вале нахонанд ҳам намешавад. Боз ҳар моҳ ҳар яки онҳо 10 сомонӣ пули мактаб месупоранд. Боз ҳар моҳ сари талаба 20 сомонӣ ремонтпулӣ. Гуё ин ремонтпулӣ то имсол дар сол буд, ҳоло моҳона кардаанд дар мактаби №42.
Вақте дар Дастгоҳи иҷроияи Президент кор мекардам сафари хизматии бачаи Майрами гурсухта ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сурат гирифт. Мо ҳамчун меҳмон таклиф шудем. Моҳи рамазон буд. Ҳар касе мегуяд, ки ин мусулмон аст, ман тайёрам бо вай спорит кунам. Хулоса рафтем Бадахшон. Рузи расиданамон ба ужин таклифамон карданд. Ҳама каса шиштагӣ будем, харкалаам ҳам нишаста буд. Мо аз нушидани чойи кабуд фармудем. Моҳи рамазон мо спиртной намехурем гуфтем. Мо рузадор будем.

Рӯзи дароз интизори ифтор будем. Гуфт,ки ака ба ғайри шумо дигар ҳеҷ кас рузадор нест. Ҳама столҳо вискиву коняк заказ карданд. Як столи шумо бе арақ коняк. Гуфтем мо чор кас рузадорем. Барои ҳамин бори дигар ба шумо гуфтаниям, ки он харкалаи бачаи Майрами гурсухта як оқипадари номусулмон аст. Зад арақ конякро дар моҳи мубораки Рамазон дар пеши ҳамаамон.

Бародар Муҳаммадиқбол! Боз як воқеи дигарро нақл мекунам. Баъзе аз роҳҳои Душанберо як ширкати хитоӣ таъмир мекард, аз ҷумла яке аз он роҳҳо, роҳи назди ширкати «Ёқут- 2000» буд. Таъмири роҳ  як ҳафта идома кард. Як вақт буд, ки хитоӣ гум шуд.

Баъд телефон -телефон карданд ва бо воситаи як донишҷуи тоҷик, ки дар Хитой таҳсил мекунад, ёфтанаш,ки дар Хитой будааст. Гуфтанд, пурсаш, ки куҷо гум шудӣ? «Ин ҳама  корҳо партофтагӣ, як моҳ зиёд шуд, ки гумӣ»?

Донишҷу хитойиро мепурсад, ки мумкин аст запс кунам? Мегуяд, бале запс куну ба ин ҳаромхурҳо парто то бифаҳманд, ки чи қадар одамҳои пастанд. Тендери буридаро нисфашро ба кисаашон мекунанд. Корро сар карда будам,ки пагоҳаш аз МВД омад ва руирост гуфт, ки хоҳӣ корро сар кунӣ ва хушру тамом кунӣ 14 ҳазор доллар бояд ба мо бидиҳӣ. Гуфтам барои чӣ? Гуфт қонуни  ҳаминро талаб мекунад. Бе проблема коратро давом медиҳӣ. Яъне ишора мекунад, ки «кришават» мекунем. Хитоӣ мегуяд, ки 14 000 долларро додам. Як ҳафа гузашта буд, ки аз Прокуратура омад.2 0 ҳазор доллар талаб кард. Гуфтам бошад. Пагоҳ биёед. Фикр кардам,ки баъди ин яқинан амният, коррпусия, налог, раиси ноҳия ва раиси шаҳр меояд. Он вақт ман чи кор мекунам? Шаб хобидам фардояш ҷомадонамро ҷамъ кардаму гурехтам.

Гуфтаст, ки ман таъмири ин роҳҳоро аз ҳисоби худам мекардам. Маро ҳеҷ кас сум намедиҳад. Ҳамчун тоҷир барои кумак ба давлтаҳои камбизоат ёрдам мекунем.

Ҳоло, акнун ман барои ин корро ниматамом партофта омаданам давлати Хитой маро ҷарима мекунад. Вале онҷо имкон надоданд. Ин хитоӣ мегуяд, ки дигар поямро ба Тоҷикистон намегузорам. Беҳтар аст Африқо равам. Онҷо об мебарорам. Хитоӣ мегуяд, ки мо ҳамсоя гуфта ёрдам карданӣ шудем, аммо садқаи ёрдам шавад ҳукумату ҳукуматдорони Тоҷикистон.

Ин Раҳмонов харкала давлати Тоҷикистонро бо чунин корҳову кормандонаш шармандаи олам кардааст. Худо туро ё хар ё хук меофарид хубтар буд, вале ҳамон хару ҳамон хукро ҳам ҳаром мекунӣ, ту бешарафи дузди носерам.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар навиштаҳои баъдӣ дар бораи Рустам ва Шоҳрух мегуям. Инҳоро хуб мешиносам. Аз пушти духтарҳо, ҳофизаҳо, чи тавр бачаҳоро лату куб мекарданд, сарояндаҳоро мезаданд. Шоҳрух ба фикрам худат «хит» кардӣ. Ҳушёр шав, ки шармандагиҳоятро мебарорам.
Медонам тамошо мекунӣ, Рустами муттаҳам, ту ҳам хело харигарӣ кардагиӣ ва ҳоло ҳам карда истодаӣ. Ту ҳам фаҳмидӣ, ки чиро дар назар дорам. Куронамак! Дар вақташ «ака мегуфтенша, даже хоҳару апатона мепрсид, не намегуфтен,ируз ваё ганда,даже мебинен рутона усу мекнен. Хдтон хит каден, бо ҳамаша иншо мекунум».
Бародар барномаи «Абдуҷабори кавлука» дидем хело ҷолиб. Ин Нуриниссо янга ҳоло бисёр чизора мефаҳмӣ. Ин харкалаи бесавод бисёр г..ҳ хурдагӣ аст. Худат одами хубу хоксорӣ апаи Нуринисо, лекин шавҳарат як ҳайвон аст: на ақл дорад, на тамиз.
Бародар Муҳаммадиқбол чени зуррасамон саҳм гузошта истодаем: ҳам ба лайк ҳам бо даъват кардан ва ҳам бо моддиёт.

Чоркуҳ

Салом устод! Умедворам,ки хуб ҳастед…ҳастам аз Чоркуҳ.
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№ 60»-ро гушкардам, ки мегуед Лайс бо келини Неъмати арканок мегардад. Баробари шунидан хело асабӣ шудам. Чунки ин дуруғ аст. Келини Неъмат хеши ман аст. Ин Апа покдоман аст, дар ҳақаш туҳмат мекунад. Падараш духтарашро бисёр тарбияи хуб кардааст.
Падари ин зан зиёда аз 20сол имомхатиби деҳа дар масҷиди маҳалаамон Қуруқ буданд ва аз дасти режими Раҳмонов ҳоло инвалид ҳастанд. Ҳамаи фарзандонашро хело хуб тарбия кардагианд. 2 духтар ва 2 писар дорад. Духтари калонияш  бо амри тақдир келини Неъмати арканок шудааст. Бо ин арканок чихел ин домулло  қудою анда шудагӣ  то ҳол намефахмам. Вай зидди дин асту падари ин зан бошанд домулло. Дустони домулло  баъзан ӯро накуҳиш мекунанд, ки Мусо духтарашро ба фиръавн додааст. Неъмат Олимов як фиръавн аст. Абулайс Юсупов, Шаропов Бадриддин як авлоданд. Авлоди калонанд, ки дар Чоркуҳ империяи авлодии худро сохтагианд. Байни худ аз пушти вазифаву пулу мол ҷанҷол карда ба 2 оила ҷудо шудаанд ва аз паи якдигар нависнавису давутоз доранд. Якдигаршонро ба коррупсияву амният фурухта истодаанд. Нафаре, ки ба шумо навистааст гуфтахояш дуруст аст. Аммо ба ин зан туҳмат задааст. Шояд у мехоҳад, ки бо ин суханҳо ин2 оиларо боз ба ҳамдигар шуронаду ба оташашон аланга диҳад. Ончи дигар гуфтаҳояш сад дар сад дурустанд, танҳо ҳаминҷояш ғалат буд.
Дар барномаи баъдӣ, ки оиди Чоркуҳ мешавад, илтимос, гуед, ки ин гуфтаҳо нодуруст ва асос надорад.

Ман оиди Абдувакили чоркуҳӣ, ки дар Макка ба амният бузӣ мекунад ва ин империяи авлодӣ, ки солҳо болои мардуми Чоркуҳ зулм мекунад ,аксу навор ва  маълумот ҷамъ карда будам то, ки ба шумо равон кунам. Аммо дар рузи ҷанг дар сарҳад меҷангидам, ки куҷое телефонамро афтондам ва дигар пайдо карда натавонистам. Маълумотҳо дохили телефон буданд.
Ҳоло аз сари нав маълумотҳоро ҷамъоварӣ дорам ва ин шо Аллоҳ рӯзҳои наздик равонатон мекунам.
Хоҳиш мекунам,ки як барномаи махсусе барои Чоркуҳ намоиш диҳед, чунки ин империяи авлодиро ҳама миллат бубинанд, ки инҳо киҳоянд:
1.Шаропов Бадриддин, собиқ раиси ҷамоати Чоркуҳ
2.Олимов Неъмат, собиқ раиси хоҷагии деҳқонӣ
3.Шаропов Обид, собиқ суд, прукурор, коррупсия ва дину танзим дар сатҳи вилоятӣ
4.Юсупов Бобоюсуф, раиси Селпо буд. 10сол бистарӣ буд. Азоби сагро кашид ва  бандагӣ кард. Падари Лайс ва Зарбдор.
5, Юсупов Абулайс, собиқ паҳлавон ,рэкет, разборчик, буз,ва ҳоло раиси ҷамоат
6.Икромов Фурқат, собиқ тренер, рэкет, шпион, мутилла, буз, подполковники милиция, соҳибкор, тоҷири бонуфуз дар Русия ва тарелкаи Рамазон Раҳимзода
7.Насриев Шукур, собик раиси ҷамоат, тренер, соҳибкор ва ҳоло корманди молия дар ҳукумати шаҳри Исфара
8.Ваҳҳобов Ғанӣ, собик таможенний, соҳибкор, тюремчик, домулло, баранда, нависанда, буз ва ҳоло радди маърака
9.Ваҳҳобов Умед, вакил, буз, нависанда, соҳибкор, захватчик, дузд, зинокор тарелка, чоплус,
10.Юсупов Зарбдор, соҳибкор, монополист ва буз,
11.Домулло Рақиб, сархатиби Чоркуҳ, буз, шайтон, мутилла, мошенник, роҳбалад ба зиёрати ҳаҷ, тоҷир
12.Домулло Абдувакил, бузи амният дар Макка, роҳбалад ба зиёрати ҳаҷ, тоҷир ва корманди сафорат дар Арабистони Саудӣ
13.Шаропов Таҳмос, тоҷир, буз, монополист
14.Шаропов Мақсад хулиган, таҷовузгар, дузд, буз
15.Ҳомидов Абдураҳмон хулиган, таҷовузгар, буз
Криша ба чавонони чоплус
16. Аюбхонзода Фатҳуддин, паҳлавон, шикамба, чоплус, буз, поставшик ва ҳоло  корманди милиция кор бо ноболиғон
17 Сангинов Қамбар одамкуш, наркоман, киллер, криша, рекет, долячи, тюремчик
18.Афсиёхуҷа, сохибкор, монополист, буз, домсоз, кантрабандисти калон дар сархад
19.Шаропов Домуллошароп, сархатиб дар масҷиди ҳазрати Шоҳ
Инҳо ҳама ҳоҷӣ ҳастанд ва боз шаҳрвандии Русияро доранд. Оиди ин авлод гап занед, гап тамом намешавад. Аммо ман кушиш мекунам кутоҳ- кутоҳ оиди ҳар кадомашон маълумот диҳам ва бо аксҳояшон равон мекунам.
20.Фарход Олимов, раиси бозори Чоркуҳ
21.Нусратулло Ахтамов чоплус, буз, агенти Шаропов Бадриддин ва муовин дар шахтаи Шуроб
22.Муҳаммадов Усмон, собиқ корманди ҷамоат, бузи зоташ тоза, бобокалонаш низ буз буда, меросӣ омадагӣ, гаврики Бадриддин Шаропов
23.Нуриддинов Бузург, собиқ ронандаи Шаропов Бадриддин ва заминсози ҷамоат ва далла байни заминфурушу замин хар ва ҳоло дар бистари беморӣ, ҳолаташ хело бад
24.Нуриддинов Додохон буз, подставшик, валютчик, соҳибкор ва яке аз наздиктарин гаврикҳои Лайси раиси ҷамоат мебошад.
25.Аюбов Сулаймон, футболист, тренер, бузи №1, маддоҳ, чоплус ва гумоштаи наздики Лайс мебошад.
Инҳо ҳама солҳост, ки мардумро зулм мекунанду Чоркуҳро аз они худ медонанд ва ҳар сардори милисаю амниятие, ки аз Кулобу Данғара ба Чоркуҳ меояд, аввал бо инҳо шинос мешаваду баъд корро оғоз мекунад ва ин бузҳо ба онҳо роҳ нишондеҳ ҳастанд.
Фархор

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Фархор ба Ислоҳ менависам. Барномаи №60- и «Номаҳо…»-ро тамошо кардам.

Дар ҳақиқат он ҳоҷиро барои роҳро асфалт кардан ҷарима карданд. Вале ҳоло мардуми ҷамоати «Ватан» ба як по боз ба пулҷамъкунӣ сар карданд.

Аз соли таваллуди 1988 то 2000 ҳар поколений дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ватсап, дар телеграм группа кушода ҳама хамсинфҳо якдигаро ба ҷамъ овардани маблағ даъват карда истодаанд. Гуё барои ободии деҳа ҷамъоварӣ мекардаанд ва боз аз шариат ва аз ислом барои якдигар мисол оварда, ташвиқи ҷамъоварии маблағ карда истодаанд. Ҳеҷ яке аз ин ҷавонҳо намегуянд, ки ин ҷамоат масъул дорад, ин ҷамоат бюҷет ва роҳбар дорад. Ақлу ҳушашон ба шиорҳои  «пешвояшон» аст.  Ба шумо хитоб карданиам, ки ҳой ҷавонони ҷамоати Ватан бас аст, ғуломӣ ба ҳуш оед! То кай ғуломи Эмомтапак мешавем. То кай моро ин чорто авбош истифода мебаранд. Ба шумо як мисол меорам мардуми ҷамоати Ватан. То вақте ин чорто авбош пайдо нашуда буд, мову шумо аз ҳамин куҳи Қаратов зиндагиамонро меёфтем! Дар вақти писта, писта ҷамъ мекардем. Дар зимистон ҳезум меовардем. Ҳозир чи? Як нафарат ҳамон тарафи куҳ рав поятро Фирузаи духтари песво, зани кали Зоир, модар Исмоили пингвин зада мешиканад

Мардуми ҷамоати Ватан аз хоби гарон хезен!!!

Вахш

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини ҷамоати 20 –солагии Вахш ҳастам.

Қурбони бех –Қурбон Юсуфов, раиси ноҳия Вахшро ба вахшат овардааст. 22 сол мешавад тамоми заминҳои ноҳияи Вахшро шахсӣ кардааст. Зиëда аз 500 ҳазор гектар. Зиндагии мо мардуми камбағал аз руи деҳқонӣ буд. Аз дасти зулми Қурбони бех чи кор кунем, намедонем ба куҷо шикоят кунем?

Дар «Номаҳои№ 12» шикояти сокинонро аз Қурбони бех нашр карда будед. Ин шикоят 100%дуруст аст. Қурбони бех заминҳоямонро гирифтӣ бас набуд, ки чарогоҳоямонро маҳкам кардаӣ! Мо мардуми камбағал зиндагиямон аз руй гову мол мегузарад.

Аллоҳ хору залилат гардонад.

Мо дар таги дасти Қурбони бех як соли дароз чобуқ мекунем. Мисли хар кор мекунем. Дар як моҳ 70 ё 100 сомонӣ музд медиҳад. Паяашро мегирему тамом. Паяро дар нонпазӣ истифода мебарем.

Ҳоло аз облава мегуям. Ба худо касам ставкаашон аввал 200 сомонӣ буд, ҳозир бошад 500 то 1000 сомонӣ мегиранд дар як мавсими облава. Боз баҳор шуд, боз меоянду боз пул мепурсанд, ранги гадоҳо. Дар масҷидҳои деҳаи Хлоппункт ягон кас имомхатибиро ба кала намегирад. Метарсанд, ки ин амнияти бадбахти ноҳияи Вахш имомхатибҳоро ба амният фарëд мекунад. Муллоҳои Вахш ба Русия гурехтанду рафтанд.

Ҳоло аз мактаб мегуям. Дар мактаби рақами 21ҷамоати 20- солагӣ тамоман дарси ҳалол намидиҳанд. Директори ин мактаб Ёров Давлат аст. Ӯро ба лақаби Давлатча мешиносанд. Саводи кофӣ надорад. Аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс медод.

Мо намедонем ӯро, ки директор мондааст. Бобоеви завуч аз дасти Давлатча ба дод омадааст. Омузгорҳо аз дасти ин директор корро бас карданд. Як омузгоре, ки корро бас кард гуфт, ки кори директор аз омузгорҳо пул кандан аст. Маҷбур шудам рӯ ба муҳоҷират оварам.

Ёров Давлат бузи амният аст. Бачаҳоро ба облава мефурушад. Ман ба вай хитоб мекунам. Чаро худат хизмати аскарӣ нарафтӣ?

Ин Ёров Давлат бангӣ ҳам ҳаст. Аз бачаҳои мо пул гирифта банг мехараду мекашад.

Хитоби мо сокинони Вахш ба Эмомалӣ Раҳмонов!

Ин Қурбони  бехро фармон деҳ, ки то соли нав  заминҳои тасарруф кардаашро ба мардум баргардонида диҳад. Агар надиҳад мо сокинони Вахш рузи 31декабр аз  Вахш митингро сар мекунем. Мо зиëда аз 1000 нафар маслихат кардем, ки рузи 31 декабр дар Соли нав ба митинг мебароем.

Эмомалӣ, мо медонем, ки Қурбони бех ба ту пора медиҳад. Ҳар соли нав як чамадон доллар ба ту доля медиҳад. Мо инро медонем. Бо ин чамадон даҳони туро замок задааст. Аз ин ҳам хабар дорем, ки Қурбони бех соли 2018 ба ту самолёт харид аз Япония ва туҳфаат кард. Барои ҳамин Қурбони бехро ягон чи гуфта наметавонӣ. Қурбони бех Давлаталӣ Саидро писанд намекунад.

Дар ҷамоати 20 солагӣ бародари Қурбони бех Ғоиб Юсупоф кор мекунад. Вай чанд ёрдамчӣ дорад дар ҷамоат. Коргарҳояшро мисли ғулом кардааст. Ҳар соли нав аз коргарҳояш 10.000 сомонӣ доля мегирад. Агар

дар муддати кутоҳ 10ҳазор сомонӣ надиҳӣ аз кор сурат мекунад. Ҷамоатро захват кардааст.

Қурбони бех 6 бародар дорад. Яке аз онҳо Раҳмоналӣ аст. Дар совхози Вахш зиëда аз 100 коргар дорад. Коргарҳояшро мисли ғулом кор мефармояд. Аксарияти онҳо зан ҳастанд. Раҳмоналӣ мубталои зино шудааст. Кадом духтар маъқулаш шавад, ҳатман зино мекунад. Ба мардуми совхози Вахш гуфтаниям, ки духтарҳоятонро ба чобуқ равон накунед, ки аз дасти Раҳмоналии бадбахт обод намемонад. Агар зани шавҳардор бошад ҳам фарк надорад. Як вақт овоза шуда буд, ки гуё Раҳмоналӣ гуфта бошад, ки мардонагиям пуст партофтаст. Бахусус духтарҳои ғармӣ ва узбечкаҳро зиёд таҷовуз кардааст.

Қурбони бех дар хлоппункт заводи пахтатозакунӣ дорад. Ба коргарҳояш аз 700   то 1000 сомонӣ маоши моҳона медиҳаду ранги ғулом кор мефармояд. Аз чангу гарди ин завод туберкулез мешавӣ.

Мо ба хулосае омадем, ки агар заминҳоямонро надиҳад митинг мекунем. Интизор бош Қурбони бех. Деҳаҳои чорум, панҷум, сеюм, аз деҳаи Хлоппункт, дуюм посёлка. Мо ҷавонҳо аз 1000 нафар зиёд сарҷамъ шудему маслиҳат кардем, ки агар  Қурбони бех то соли нав заминҳоямонро надиҳад, митингро аз Вахш шуруъ мекунем ва то қасри Раҳмонов  меравем. Раҳмонов то соли нав фурсат дорӣ!

Агар зурат нарасад ба Қурбони бех мо худамон ҳал мекунем.  Дар Вахш зиëда аз 30 ҳазор зиндагӣ мекунад.Агар проблемаи моро ҳал накунӣ, вой бар ҳолат. Роҳи 30 ҳазор аҳолиро чи хел мегирӣ Эмомалӣ? Ба задний ходат  фикр накун.  Юсупов Қурбоналиро набояд камтра аз 55 сол ҳабс кунӣ. Ҷиноятҳои ин Юсуповҳо аз муй сар ҳам зиëданд.

Хитоби ман ба шербачаҳои Вахш!  Натарсед, нависед!  Худо хоҳад мебинем дар соли нав. Барои заминҳоямон митинги бузург ташкил мекунем.

Шаҳритус

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол!

Номаи навбатӣ аз Чилучорчашма. Дар онҷо ҳоҷӣ Раҳматуллои хусурбачаи Эмомтапак сардорӣ мекунад. Инҷоро ба монанди як бозор кардааст. Барои як холоделники морожниро монда савдо кардан дар моҳ 1000 то 1500сомонӣ медиҳӣ, аммо барои давлат налог нест. Фақат ва ҳамааш дар кисаи ҳамин ҳаромхур.

Бовар кунед, дар як моҳ 10миллион сомонӣ аз инҷо даромад дорад. Аммо ягон ҷоро обод накардааст. Меҳмонҳо аз Узбекистон ва аз дигар ҷойҳо меоянд. Ҳамааш мегуянд, ин ҷои таърихист. Аммо чаро ободаш намекунед? Хоку чангро мебинӣ, хурок мехурӣ, пури хок аст. Як катро мегириву мешинӣ 50сомонӣ. Туалеташ ду сомонӣ. Онҷо бозорча дорад. Ягон фурушандааш андоз намедиҳад. Фақат ба вай доля медиҳанду тамом.

Ман гуфтаниям, ки аз онҷо нон мехуреду дар онҷо мериҳед, зино руирост. Бовар кунед, ки мардуми Шаҳритус ва Қабодиëнро ин авлод фоҳиша кардааст. Шабҳо маст. Занҳову духтарон дар диско –клубҳои инҳо.

Милиса, прокурор, амният аз ин шағолҳо метарсанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғуломи инҳо шудаанд. Дар ноҳияи Шаҳритус се бозор фаъолият мекунад .Фоидааш дар дасти ин ҳаромхурҳо аст. Боз ду бозори дигари муваққат дар рӯзҳои якшанбе ташкил мешавад, ки фоидаи онро ҳам ҳамин ҳаромхурҳо мегиранд, чунки аз они ҳаминҳоянд. Ин қадар пулро чи кор мекунанд, мо ҳайрон мешавем.

Ба имомони масҷид 1900 сомонӣ маош медиҳад. Аммо онҳо мегуяд мо аз худамон 2000-и дигар расход дорем, яъне харҷ мекунем ва ин пуле, ки медиҳанд, баракс пули моро мебарорад. Ҳар рӯз маҷлис. Ягон одам имомиро қабул намекунад. Аммо инҳо маҷбураш мекунанд, ту наҳзатӣ будӣ, ту дигар будӣ, туҳмат карда дар имомӣ мемонандаш.

Якеаш ҳамсояам мебошад. Мегуяд, бовар кун, аз рӯзе,ки имоми масҷидам монданд, қарздор шудам. Як чоплуси ноҳияи Шаҳритус сархатиб Мулло Ҳисом аст. Ҳамаи муллоҳоро ба амният мефурушад, ки ин наҳзатӣ буд, имомиро қабул надорад

Тамом, капааш сухт, муллоро. Намедонам ин чигуна ҳукумат шуд, ки мардум безор шуданд. Амният вазифааш аз халқ дифоъ кардан аст. Аммо мардумро бурда лату куб ва риштарошӣ мекунад. Он имоми ҳамсояи мо риши бениҳоят зебо дошт. Аммо ӯро бурданду ришашро ранги риши Саймукаррами мунофиқ карданд. Мегуяд чанд бор рафтам, ки басаш кунам, пир шудам, қуввати ҳарруз рафтан ба маҷлисро надорам, мегуянд, ту наҳзатӣ будӣ. Як фикр кун. Муллои бечора ҳазорон шогирд дошт, ҳозир бошад як шогирд надорад. Таълимоти ғайриқонунӣ мегуянд. Чанд бор ҷаримааш карданд. Мо ҷавонҳоро дар хурдсолияшон таълими динӣ надиҳем, фардо вай калон шуда Русия меравад, кай мехонад ва аз Қуръону намозаш огоҳ мешавад?

Деваштич

Салом домулло Муҳаммадиқбол!

Мо чанд нафар ҷавон аз Деваштич дар бораи як чоплуси порахур менависем. Номаш Машарипов Муҳаммадаюб Абдуҷалолович аст. Тайи 5 моҳ аст ки ин одам директори мактаби №22-деҳаи Қалъаи Мирзобой мебошад. Тамоми мардуми деҳаро ба дод овардааст. Дар таътили тобистона сари ҳар як сокини деҳаамон аз кудак то муйсафед маблағ ба миқдори 25 сомонӣ барои ба ном «таъмири мактаб» пул гирифт. Дар деҳаи мо аз зиёда аз 7000 аҳолӣ пул ситонд. Ғайр аз ин аз деҳаи Равот дар мактаби мо таҳсил мекунанд аз онҳо чи қадар ситонд, маълумот надорем. Қисмати мактабе, ки онҳо ба ном таъмир карданӣ буданд, фарсуда мебошад (шурахок) , ниёз ба таъмир надошт. Фақат шиферашро иваз кард, ки ягон маъное надорад.З имнан ин шиферҳоро чанд соли пеш харида барои таъмир монда буданд. Ин одам пулҳоро аз худ карда ба мардум гуфт, ки агар пулҳоро ба ман надиҳед, ман намегузорам, ки шумо масҷидро созед. Соли гузашта аз пушти чанд нафар аҳмақ масҷиди деҳа сӯхт. Машарипов Муҳаммадаюби аҳмақ бо кормандони амният забон як карда гуфтааст, ки агар мактабро таъмир накунӣ, масҷидро намемонам, ки созед. Мардуми деҳа ҳама пул дод. Бар замми ин, онҳоро маҷбур кард, ки «ҳар рӯз шумо бадбахтҳо ба устоҳои мактаб хурок мебиёред. Ба ман фарқ надорад, ки шумо чи доред, надоред, ҳамаат маҷбурӣ, ки ош биоварӣ, вагарна коратро безеб мекунам».

Дар як нисфирӯзи зане бо кӯдакаш ба мактаб оши устоҳоро бурда истода буд, ки кудаки бечорааш гирёну нолон бо либосҳои ҷанда, бе пойафзол, дар рӯзи гарми тобистон,аз пушти модараш давида рафтода буд. Кудак аз модараш талаб дошт, ки «очаҷон ба ман ҳам ош те». Модари бечорааш аз шарм ба мо гуфт: “чи кор кунам, ки шавҳари ман дар муҳоҷират аст, дар хонаам каме биринҷ буд, палав кардам ба кудаконам намонд».

Машарипов Муҳаммадаюб ин зани бечораро аз дур дашном карда бо овози баланд: «чи инҷаба бачи апаат кор карсодасмӣ, ки соат чанд шуд,тарбузаш канӣ,» гуфта дод мезад. Ин чоплус мардумро барои ҳашар даъват мекард. Ба замми ин ду устое, ки шифер мезаданд, онҳоро бо роҳи тарс маҷбур карда гуфтааст, ки агар шумо шиферро бепул назанед, ман оиди шумо ба кумитаи андоз хабар медиҳам, ки онҳо бе патент дар деҳа кор мекунанд.

Рузе аз муаллимае 2000 сомонӣ ё 2тонна семент талаб кардааст, ки шавҳараш чанд сар гусфанд дошт. Дар сурати надодани пул ё наовардани семент таҳдид кардааст, ки агар гусфандонат дохили боғи мактаб шавад аз гусфанд мемонӣ.

Машарипов Муҳаммадаюб дар вақти омузгориаш низ палид буд. Ҳамаи хонандагоне, ки мактабро хатм мекарданд як ба як хонаҳояшонро нишон дода ба комиссариати ҳарбӣ онҳоро мефурухт.

Дар шаҳри Хучанд дар Донишгоҳ (ХГУ) сухтор ба амал омад. Мо якчанд донишҷуёнро гуфтанд,к и аз ҷои иқомат ва мактабатон справка биёред. Мо барои гирифтани справка ба мактаб ба назди Машарипов Муҳаммадаюб омадем. Ӯ ба мо гуфт,ки «он вақтҳои бепул гирифтани справка гузашт, пула мебиёред баъд справка».

Мо ба Донишгоҳ баргаштем. Онҷо аз мо 2000 сомонӣ талаб карда гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои шумо дар сухтор сухта нобуд шудааст.

Мақсад аз ирсоли нома бародар Муҳаммадиқбол ин аст ки масҷиди сухтагии деҳаамонро аз нав бунёд намоем. Лекин ин Машарипов Муҳаммадаюб бо амният забон як карда намемонад, ки мо масҷидро бунёд кунем. Мегуяд, ки то мактаб обод нашавад намегузорам,ки масҷид сохта шавад. Як марди сахӣ барои масҷид 15 плитаи сементӣ харид, Машарипов Муҳаммадаюб уро ба амният супорид, ки барои масҷид плитаи сементӣ харидааст.

Бо эҳтиром як гуруҳ ҷавонон аз деҳаи Қалъаи Мирзобой

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№77 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№76
Хонанда ва дӯстони азизи Ислоҳ! Аз шумо хоҳишамон ин аст ки суҳбат аз низоъу хусумати байни худу ҳамсоя ё ҳамдеҳаро барои мо нафиристед. Аз мушкилоти маҳалла, деҳа, ҷамоат ва ноҳияатон ва шаҳру вилоят ва Душанбе бигуед, ки нашру пахши онҳо бароятон натиҷабахш бошад ва мақомот ва масъулинро водор созад, ки пайи анҷоми рисолат ва вазифаҳои худ бошанд. Дар ин нашри барнома як шикояте аз сокини Деваштич нашр мешавад. Вай ба номае дар барномаи № 49 посух дода ва ҳамдеҳаҳои худро дар дуруғгуӣ ва туҳмат бастан ба падараш айбдор мекунад. Мо, аз нашри ин нома сарфи назар карданӣ шудем, бо ин мулоҳиза, ки ба моҷароҳои оилавӣ, баҳсҳои хонаводаӣ ва низоъи байни худу ҳамсоя ва ҳамдеҳа кордор намешавем, вале муаллиф худи моро иттиҳом зад, ки ҷониби тарафе шудаем.

Дӯстону нодустон, Худоро гувоҳ мегирем, ки ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд ва нахоҳад шуд. Мо, ҳамеша холисона ва бидуни суистифода аз минбар кор кардаем ва оянда ҳам ҳамин тавр мешавад.

Аммо, бори дигар таъкид ва гушрас мекунем, ки масоили хусусии худро ба мо нафиристед, ки минбаъд нашр нахоҳад шуд.

Вале ин навбати «Номаҳо…» ҳам ҷолибу хонданӣ аст:

Деваштич

(Раддия ба барномаи №49 )

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Деваштич, аз деҳаи Чуянгарон. Шумо дар барномаи №49 дар ҳақи падарам туҳмат кардед.

Падари ман Бобоев Худойназар раиси маҳала буданд. Аммо 6 моҳ шуд, ки кор намекунанд, раиси маҳалла нестанд

Инсонеро, ки дар маҳалааш хост роҳбар шуда барои охираташ ободӣ кунад имрӯз ӯро таҳқиру туҳмат мекунед, аз Худо шарм намекунед?

Мо тарафдори ҳақиқат мегуед ва гуфтед, ки 4 фарзанди падар ман хизмат накардааст. Ин тавр нест. Фарзанди калонии падари ман солҳои 2003 то 2005 хизмат кард. Гуфтед, ки тракторро гирифта ба фарзандонаш дод. Аз ҳар сари хона картошка ҷамъ кард гуфтед. Ҳамаи ин гапҳо дуруст нест. Магар сафари ҳаҷ ҷиноят аст, падари ман ҳиҷ гоҳ 5 бор ҳаҷ нарафтааст.

Соли 2015 хостанд раванд. Инсоне, ки посредник буд фиреб кард. Дигар нияти сафар накардаанд.

Магар як инсоне, ки барои деҳааш масҷид, ҷанозахона, скваж, оби нушокӣ баровард, албатта бо дастгириву кумаки халқ, дар як чунин инсон шумо чи фикр мекунед?

Падари ман маошхур набуд, холис барои ризоияти Аллоҳ хизмати халқ кард.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман медонам, ки ин номаи пур аз туҳмату таҳқир нисбати падари ман ва оилаи моро кӣ ба шумо ирсол кард. Ҳозир ҳамин номард оби кран хурда истодааст, заминаш ҳам соҳиби об шуд.

Ҳар касе дуруғ мегуяд, бигзор зани вай талоқ бишавад. Валлоҳӣ, биллоҳӣ, таллоҳӣ бародар Муҳаммадиқбол ҳамаи гапҳои навиштааш дар бораи падари ман дар барномаи №49 дуруғ аст.

Ма ба шумо паёми садоӣ ҳам фиристодам. Шумо чоп накардед. Вале ин бор бар асоси қонуни матбуот ҳақ надоред, ки чоп накунед.

Боқӣ дар амони Худо бошед.

Ҷалолиддин  Балхӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Кайҳон, ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бароятон менависам. Дар деҳаи мо суръати интернет хеле суст аст. Мо аз Хадамоти алоқа талаб дорем, ки ба деҳаи мо як базаи нави стансияи антенна оварда монад. Ҳатто бо телефон, чи расад ба интернет суҳбат карда наметавонем. Даруни хона интернет тамоман кор намекунад. Дар берун камтар истифода мебурдем, ҳозир ҳаминро ҳам бало зад, кор намекунад. Танҳо месенҷер кор мекунаду халос. Ютубро тамоман истифода карда наметавонем. Ягончиро наметавонем тамошо кунем.

Чанд бор ба ширкати Мегафон занг зада шикоят кардем, аммо бефоида. Мегуянд, ки дар тарафи шумо базаи стансияи антенна вайрон аст: «мутахассисон кор карда истодаанд, дар фурсати наздик бартараф мекунанд». Аммо ҳеҷ бартараф намекунанд. Соли дароз ҳамин гапро мегуянд. Ҳар моҳ мо маблағи симкартаро месупорем, аммо дуруст истифода бурда наметавонем. Аз Хадамоти алоқа дархостамон ин аст ки биёянду тафтиш кунанду ширкати Мегафонро муваззаф намоянд, ки ин мушкилиро бартараф созад

Масчо

Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Илоҳо ҳамеша соқу саломат бошӣ. Мо як гуруҳ муҳоҷирон аз Масчо дар шаҳри Маскав ҳастем. Мо ҳамаи барномаҳои Шуморо тамошо мекунем. Мо муҳоҷирон аз тарафи пулиси Русия ҳамарӯза сахт таҳқир мешавем. Аммо аз ватан ҳам хабарҳои баде ба мо мерасад. Дар ноҳияи Масчо қувваи барқ аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз  18 то 22-и шаб дода мешавад. Боқии тамоми рӯз қувваи барқ дода намешавад. Мардум барқ надорад. Худо шумо барин роҳбарро дар лаънату нафраташ гирифтор кунад ва иншоаллоҳ, ки бо ин зулму ситам дар нори ҷаҳаннам хоҳед сӯхт. Охир, то ба кай мардуми тоҷик зимистону тирамоҳи худро бе қувваи барқ мегузаронад. Боз шарм накарда Тоҷикистон биҳишти рӯи замин мегуед.

Ин депутатҳои калушу маҳсӣ фақат ваъда медиҳанду иҷро намекунанд. Фардо дар пешгоҳи худо чи ҷавоб медода бошанд? Пешоби миллат, СС.Ятими лаъин бисёр одамҳои бегуноҳро тюрма карданд. Шумо намояндаи халқ ҳастед, ягон бор ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ эътироз намудед, зид баромадед? Не! Азиззода Ғайрати беғайрат Масчоро ҳаром карда боз депутат шудӣ! Ту ҳамон Ғайрати беғайрати бешрафи арақфуруш ҳастӣ. Вой бар ҳоли ин мардум! Агар ин Раҳмонову Рустаму Озода роҳбарони халқ мебуданд, имрӯз ҳазорҳо ҳазор модару зани тоҷик дар Русия таҳқиру таҷовуз намешуданд. Ин корношоямону беномусон гумон мекунанд, ки касе намебинад, аммо камераҳои худованд ҳамаашро фиксироват карда истодааст. То кай ғорат ва таҷовуз мекунед? Ин шо Аллоҳ рӯзе фардо фаро мерасад ва ҳамаат сарнагун хоҳӣ шуд.

Бо фармони Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбойи раиси вилояти Суғд Азиззода Ғайрат, Умед Зокиров ва дигар мунофиқу даюсҳое, ки бо шумоҳо ҳамкорӣ мекарданд, ҷони марди накукори ватан Тоҳир Азиззода( худо раҳматаш кунад)-ро гирифтед ва ба куштор даст задед:

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Шумо нукару югурдакҳои Қофлонбой гумон накунед, ки мардуми Масчо ин воқеаро фаромуш мекунад. Ҳаргиз не! Хулоса. Оё Муаммар Қаззофӣ ва Саддам Ҳусейну Нурсултон Назарбоев ба инҳо дарс нест?

Дар бораи инҳо чи қадар сухан кунем ҳам кам аст. Ин шо Аллоҳ инҳо ҳамааш аз Муаммар Қаззофӣ ва Саддам Ҳусайн бадтар мешаванд.

Ба шумо барори кору фатҳу нусрат мехоҳем!

Қубодиён

Салому устод Муҳаммадиқбол!

Мехостам дар бораи ноҳияҳои Шаҳритуз ва Қубодиён каме суҳбат кунам. Аммо пеш аз он мехоҳам як чизи дигарро бипурсам. Ин чоплусҳо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ворид шуда сухан мекунанд. Барои чи мақомот онҳоро боздошт ва ба ҷавобгарӣ намекашанд? Боз ошкоро мегуянд, ки «шишта барномаи шуморо тамошо доштам, хостам дохил шуда суҳбат кунам».

Магар дар Тоҷикистон ин барномаҳоро тамошо кардан мамнуъ  нест ё ин ки барои чоплусҳо иҷозат аст, ман намефаҳмам. Магар қонун барои ҳама як нест? Ин қадар бесавод ҳастанд, ки Барқи тоҷик лимитро эълон кард, аммо ин чоплусҳо мегуянд дар ҳама ҷо барқ ҳаст. Наход ин қадар кур ё беномус будан мумкин бошад.

Дар Қубодиён бозорро сузонда ба соҳибкорон ҷойҳои худашонро боз дубора фурухтанд. Аксарияти тоҷирони бозор аз 30 то 40 ҳазор сомонӣ аз бонкҳо қарздор ҳастанд.

Ва боз аз назди беморхонаи кӯҳна то маҳаллаи 8 -март чанд сол пеш муҳоҷирон пул равон карданд ва мардум худ ин роҳро асфалт кард, албатта, бо як ҷанҷоли калон. Пеш  аз ин чанд маротиба пули мардумро гирифта асфалт накарда буданд. Ин маротиба худи мардум техникаҳоро пул доданд ва асфалтро низ худи онҳо хариданд. Инро АЛМАЗ 500+ хубтар медонад.

Ана акнун мегузарам дар бораи Шахритус каме бигӯям. Дар ноҳияи мо низ айни чунин кор шуда истодааст. Аз маҳаллаи Искра то маҳаллаи Карл Маркс халқ худаш пул ҷамъ кард- муҳоҷир то деҳқон- асфалт карда истодаанд ва бунгоҳҳои тиббӣ  сохта истодаанд.

Ҳамаи инро мардуми оддӣ ва муҳоҷир  созад, давлату ҳукумат чи кор мекунад? Кай ба мардуми одӣ фоида ин давлат мерасад? Ман намедонам (хоҳиш мекунам маро нодуруст нафаҳмед, миннат карданӣ нестам) Муҳоҷир оилаашро хуронад, хона созад, мошин гирад ба бечорагон кӯмак кунад ё дар Русия барои вафот шудагон пул ҷамъ кунад, то ки ба ватан фиристанд, асфалт, мактаб, роҳҳоро таъмир  кунад, кадоми инҳоро кунад? Охир мо муҳоҷирон пулро аз шохи дарахт намечинем, ё инки аз замин руфта намегирем. Боз дар инҷо аз дасти мақомоти Русия дар азобем. Ба мо кӣ кӯмак мекунад, кӣ дарди моро гӯш мекунад. Ҳадди ақал монед падару модарон, апаву хоҳарони мо тинҷу ором зиндагӣ кунанд. Безор шудем охир. Ин қадар номард нашавед. Осиёб бо навбат аст гуфтаанд. Бо изну иродаи Худованди меҳрубон мо бар мегардем ва аз шумо посух хоҳем гирифт.

Дар охир гуфтаниям, ки мардуми Шаҳритус аз шумо хохиш мекунам хап наистед. Медонам ҳамаи мову шуморо ин мақомот азоб додааст. Нависед то ин ки ин палидҳоро тамоми  мардум бидонанд ва шиносанд.

Исфара
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин!Аз Чоркуҳ,аз мактаби №49 ва аз камбудиву ситами шуъбаи маорифи Исфара менависам.

Рузи10 октябр дар хона нишаста будем. Бачаҳо аз мактаб даъватнома барои падару модар оварда доданду гуфтанд агар наравед ба ҷавобгарӣ мекашидааст. Даъватномаро мебинам, ки дар ҳақиқат дар он аз падару модарон даъват шудааст, ки биёянд ва низ таъкид шудааст, ки барои наомадан ба ҷавобгарӣ кашида мешавед. Ин дар асл даъватнома неву таҳдиднома буд. Бояд рӯзи 11октябр соати10.30 мерафтем.

Соати10.30 ҳама кору зиндагиашонро партофта рафта буданд. Мардоне буданд, ки синнашон ба 70 расида буд. Ҳатто беморҳо рафта буданд, ки мабодо ба ҷавобгарӣ накашанд. Дар синф қариб 50 мард ва наздики 60 зан ҷамъ омаданд. Соат аз 11 гузашта буд, ки сардори амният Шофизода Шамсидин ва кормандони ҷамоат, шуъбаи кор бо ноболиғони милиса Аюбхонзода Фатҳидин ва муаллимаҳои дигар даромаданд. Касе сухан намекард. Ҳама сукут карда буданд.

Директори мактаб Олимова Отун маҷлисро сар карда суханро ба сардори амният медиҳад.
Сардори амният Шофизода Шамсидин суханро аз таърифи ҷанобашон оғоз карда баъдан аз қавли ҷанобошон тарсондани аҳли толорро сар мекунад.
Аз терроризму ҷанги 92, сарҳади қирғизу сарҳади Афғонистон гуфту баъд аз ҷанги Ховари миёна ва баъд дар бораи ҳизбҳо мисол оварда баъд ба руймоли
духтарҳо гузашт. Вай мегуяд руймол ин ахлоқи духтарро нишон намедиҳад, дилашон пок бошад, ин ахлоқи неки духтаронро нишон медиҳад. Дар ҳамин вақт дар миёни ин қадар мардон ягон кас намегуяд, ки руймол ахлоқу илму маърифати духтарон нест, балки ин фармони Аллоҳ аст. Хусури раиси ҷамоат Ҳошимхон, ки худро мулло мегирад ҳеҷ чиз намегуяд. Вақте   Шамсидин Шофизода мепурсад: «мана домулло шумо гуед, рост ҳаст?» Домулло каллаашро ҷунбонда мешинад.
Баъдан суханро ба коргарони ҷамоат медиҳад. Онҳо ҳам  гуфтанду гузаштанд. Суханро ба муаллимаи номдор,  хоҳари раиси пешини колхози Чоркуҳ Олимов Неъмат Мутайбахон бо кличкаи Фифи муаллима дод. Вай бо худ даҳ варақ оварда буд ва шуруъ кард ба қироати он, ки он қонун дар бораи падару модар буд. Коргарони ҷамоат ба вай гуфтанд, ки муаллима кутоҳтар кунед.

Муаллима ҳам мухтасар гап мезанаду мегуяд, ки ончики фарзандонатон бесавод ҳастанд, ин ҳама аз шумоҳо вобастагӣ дорад.
Хитоб ба Фифи Фифиҷон карданием!

Шумо, ки ягон ҷоро нахонда бо ёрдами акоҳоятон муаллима шудед, намедонед, ки агар бача дар мактаб дарс ёд нагирад, дар хона падару модар масъалаҳои мактабиро аз куҷо медонад. Ҳой, муаллимаи нохонда, падару модар фақат метавонанд, гуянд, ки бачам дарсҳоятро хон. Бача, ки вазифа аз мактаб нагирифта бошад, аз куҷо падару модараш маҷбур кунад. Ҳой, муаллима, аввал дар мактаб дарс диҳед, баъд ба бача вазифаи хонагӣ диҳед, он вақт бача дар хона дарс мехонад.
Баъдан директори мактаб Олимова Отун додарзодаи муаллима Фифи ва Олимов Неъмат гапро сар кард. Ин муаллима аз илму маърифат гап назад. Гапро бар сари формаи мактабӣ бурд. Гуфт, ки 1200 форма заказ кардааст, аммо ҳамагӣ 450 форма харидаанду 750 нафари дигар ҳам бояд аз номи мактаб рафта харидорӣ
кунанд, ҳадди ақал яктоӣ!

Хитоб ба муаллима!

Ҳой муаллимаи аз ошхона бо ёрдами амакҳоят ба курсии директор омадагӣ, гуш кунед!  Вақте шумо ба мактаб омадед, ба омузгорӣ наомада будед. Шумо аввал зарфшу, посудамойшики мактаб будед. Он вақт мактаб ба талабагони то синфҳои 4 хурок медод. Мо аз муҳоҷират омадему фаҳмидем, ки шумо муаллима шудаеду баъд директори мактаб. Шумо, ки аз ошхона ҳастед   намедонед, ки кай формаи мактабиро бихаранд. Муаллима! Мардум формаро моҳи август мехаранд, на мохи октябр. Формае, ки ба шумо боло супориш кардааст, касоне мехаранд, ки пулдоранд. Одамоне, ки пул надорад, моҳи август меваҳои боғашро хушк карда бо пули ночиз фурухта форма харид. Онҳо аз кучо пул ёбанд? Ё боз ягон чизашонро маҷбур бурда бо пули ночиз фурухта ба шумо обру харанд? Шумо бошед ба боло рӯям гарм шавад гуфта маҷбур мекунед.
Мисоли шумо пулро ба осонӣ намеёбем.

Ногуфта намонад, ки инҳо беҳад забонашон сахт будааст. Духтарҳоро аз пушти руймолашон бисёр ҷанг мекунанд. Вале вақте духтарони ашхоси бою сарватмандро мебинад забонашон лол, гап намезанад. Э, муаллима, шумо ки руймолатонро аз пушт мебандед, бастан гиред. Дили шумоҳо «пок» ҳаст,ку!  Барои ҳамин бо як муаллим гапатон баромад, аммо духтарҳои мардум дилҳояшон бо руймолашон поку тозааст.
Шоир мегуяд:

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

То ба охир мерасад девор каҷ.

Ба гуфти пешвоятон шумо ҳам мусулмон ба дунё овардааст. Аз барои ҳамин, пули директориатонро гиреду фақат ба ҳаёву иффати духтари мардум нарасед. Рӯзе мерасад, ки аз вазифа меравед ва боз ба ҳамин мардум мемонед, ин тарафашро хуб фикр кунед хоҳар.

Номаи дуввум аз Чоркуҳ
Бародар Муҳаммадиқбол, салом! Ҳамсояи Лайсиддин Шароповам. Мебинам, ки касе дар бораи Сангинов Акрам суҳбат намекунад. То ҷое медонам вай дар шахтаи Шуроб кор мекард. Сардор буд. Соли 2019 ё  2020 коррупсия дастгир карда аз кор пеш мекунад. Соли 2021 боз через карда ба кор медарояд. Вай пули коргаронро пура намедод. Вай дар кучаи Таги сада, сари обҷувоз, пеши нонвойхонаи Лайс, дар поини он магазин ва дар болои он хона сохт. Чаҳор асп ва дар Гулистони Исфара 1 гектар замин дорад. Вай ба ғайр аз шахта дар ҳеҷ куҷое кор намекунад. Ман ба вай гуфтаниям, ки аз аллоҳ битарс. Хонае, ки ту сохтаӣ ба сарат бало мешавад.

Аз мо як гуфтан буд, вақташ расад ҷавоб медиҳӣ, ин шо Аллоҳ. Ин  нафар пеш наркотик бизнес мекард. Аз пушти ӯ як мард ба зиндон шишта баромад-Солеҳ Раҳимов. Лақабаш гитам. Писараш дар суди Исфара кор мекунад. Дар охири гап ба Лайс Шаропов гуфтаниям: Ба ту 1 моҳ муҳлат. Агар истеъфо надиҳӣ, чи хел ва бо кадом роҳ дар Сари ҷар дар пушти ҳамом заминро гирифтӣ, чи хел бо любовникҳоят дар Шуроб одих мекардӣ, чи хел ба занат зулм мекардиро навишта чоп мекунам. Беҳуда дар бригадаи 9 аъзои тими Ислоҳро накобеду напоед, мо медонем, ки аз куҷо ва чи хел роҳӣ кунем.

Панҷакент

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман сокини шаҳри Панҷакентам. Хостам ин номаро нависам, ки дар барномаи «Номаҳо….» бихонед. Ин, алъон ягона роҳест ба режиме, ки руз аз руз ба ин мардум зиндагиашонро душвортар карда истодааст, эътироз ва мухолифати худро баён кунам. Вале ҳар гоҳ мардум бар зидаш хестанд, ман ҳам дар канори онҳо ва дар қатори муборизон хоҳам буд.

Ин мардум ҳамаруза, хонахез гурехта рафта истодаанд аз зодгоҳ, аз ватани худ аммо ин оилаи гушназада ва одамони вай дар тамоми ноҳияи мо реша давонида истодаанд. Ман, медонам, ки дар дигар ноҳияҳо ҳам вазъ чуунин аст. Инҳо мисли ҳамон қавми муғуланд, ки ҳоло ҳатто хонаҳои моро соҳибӣ мекунанд.

Бародари азиз! Ман чандин сол дар ҳукумати ноҳия кор кардаам. Ҳоло кору бори ин «омадаҳову овардаҳоро» мебинам, сахттар ва душмантар аз муғуланд. Аслан задагианд. Пофикашон аст. Фақат пул! Тамом!

Дар Панҷакент хеле вазъият бад. Мардуми одӣ умуман вазъияташон безеб. Проблема хеле бисёр шуда истодааст. Лекин ин коргарони ҳукумату дигару дигар фақат дар фикри аз кӣ чи хел пул канда гирем. Ба мардум раҳм надоранд. Ин мардум милати худашон ку?! Барои чи тараҳҳму шафқат надоранд?

Гоҳо фикр мекунӣ, инҳо фарзанди одам нестанд. Манзурам ин раисону кормандоне, ки мардумро ба ҳар роҳ фақат пулашонро мекананду дигар ягон сабукие барояшон намебиёранд. Бобою бибӣ ва падару модар инҳо ҳам одам буданд. Ба инҳо чи шуд? Охир чашм кушоеду азоби халқро бинед!

1 проблемаи ҷиддӣ ин бемористону поликлиникаҳои шаҳр аст. Аз ҳама фасодзадатарин муассисаҳои давлатӣ дар Панҷакент мебошанд. Нафари бепул агар касал шавад, ягон касали гузаранда, ки худи организм табобаташ мекунад, ва ин одам болнитса равад, барои вай як намуд ретсепте мнависанд, ки мегуӣ, касали руи ҷогаҳ бошад. Ва, боз ҳатман метарсонанд, ки шумо бояд хоб кунеду таҳти назорати мо духтурҳо бошед. Ана баъд байту ғазал сар мешавад. Дар таги қарз меғутед. Вале баъди қарз боз аз беморхона бо даҳ касли дигар берун мешавед. Чунки қарз худаш як касли бисёр ҳам сахту дер табоатшаванда аст ва фикри пардохти он шахсро сактаи мағз ё дилзанак мекунад.

Духтурҳо ва медсестраҳо дар поликлиникаи шаҳр як намуд суҳбат мекунанд, ки как будто вай инсон не саг бошад. Гапзаниҳо аз осмон, худашон шоҳ табъашон вазир. Бе пул назначени нест! Дар ҷоят ғалтида мурӣ ҳам, нигоҳат намекунанд.

Дуюм ҷои фасодзадатарин идораи ЗАГС аст. Тамоми документ дошта бошӣ, боҷи давлатиро супорида бошӣ ҳам бояд «ҳақ»-ашонро диҳӣ. Вагарна имрузу фардо гуфта чунон кашолкорӣ мекунанд, ки дар ҷонат мезанад.

Хулоса дар ЗАГСи Панҷакент коргарони он бе пул сухан намекунанд.

Дар Панҷакент дар кадом идорае надароӣ, нотариус, паспортный стол, милиса, санэпидемстансия, судхона, экология, пожар, водоканал, ҳукумати шаҳр, кумитаи замин, хуллас ҳама ҷо бепул ба тарафат нигоҳ намекунанд. Ҳамин тавр ҳаромхурӣ карда бо мошинҳои хориҷӣ ва ресторанҳои қиммат кайфу сафо карда гаштаанд.

Э, мардум, илтимос чашматонро кушоед. Ин сойкелдиҳои омада ҳоло духтарҳои шумову келинҳои шуморо «кайф» карда истодаанд, набераҳоятонро, духтарҳои ноболиғатонро ҳам кайф карда мегарданд. Ақалан гап занед, нависед ба «Ислоҳ».Як руз не як руз ин ҳаромхурҳо дафъ мешаванд. Садо баланд кунед!

Инро ҳам бояд бигуям, ки дар Панҷакент чи ободие шуду шуда истодааст, фақат соҳибкорони худӣ ва худи мардум карда истодаанд. Аммо онҳоро коррупсия, милиса, амният ва прокурор бовар кунед, ки сокашонро меҷафанд.

Бо вуҷуди ин ҳама ғорату зулм обод карда истодаанд. Вале ҳокиму ҳукумати ноҳия аз дасташ чизе намеояд. Туф ба чунин ҳокиму туф ба чунин ҳукумат.

Пешниҳоди ман ин аст ки нархи ҳар як услугаи коргарони давлатиро дар дари кабинеташ нависанд ва мардум бояд донад, ки ба ғайр аз боҷи давлатӣ ба ягон коргар пул надиҳанд. Вале ман бовар дорам, ки шумо худатон ҳамаро спетсиално фасодзада карда истодаед. Ин система дар дасти шумо!  Шумо имруз мардум ва ватанро ба қафо бурда истодаед.

Ҷавонҳо, бедор шавед. Бас кунед бефарқиву беҷуръатиро. Бубинед, ки дар дунё мардум чи тавр зиндагӣ доранд?

Вақте ба сари қудрат ин оилаи гурусна нишастааст, чи хел мо пеш меравем? Дароеду бубинед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин оила бо набераву абераву ҷураи набераву охранники аберааш ҳама дар охирин маркаҳои мошин савранд. Ин ҳама аз куҷо?

Дар телевизион дидам, ки Исмоили набераашро бо худаш гирифта дар ноҳияҳо сафар мекунад. Ин қадар масту махмуру азхуд бехуд шудааст.

Ин мошину бустонсароҳо, ин зиндагии ба дабдаба аз куҷо? Бобояш 30 сол боз сари қудрат аст. Ҳоло агар тағояш Рустам ояд вазъ беҳтар мешавад? Не. Сад қасам, ки бадтар мешавад. Чунки инҳо аз ин бобояшон фақат илми дуздиву ғорату зулму ситамро ёд гирифтанду ба мерос мебаранд. Инҳам бадтар аз бобояшон ҳаромхуру зинопешаву алайҳи дин мешаванд. Инҳо давоми ин ҳама солҳо омухтанду дар хуну устухонанд дуздии молу мулки давлату мардум ҷо шудааст. Инҳо фақат ба дуздӣ ва бойшавӣ фикр мекунанд. Фиребу найранг омухтанд.

Ага коре кардеду аз ин Оила тавонистем наҷот ёбем бу рӯзҳо ва ояндаи нек метавон умед кард, вале агар тағйир наёфт, ояндаи шумову бачаҳоятон бадтар аз имрӯз хоҳад шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол раҳмат ба ту ва бар падари ту, ки тавониста истодаӣ, ки чашми ин мардуми ба хоби ваҳшатноки зимистонӣ рафтаро боз кунӣ. Ман як орзу дорам, ки мардуми тоҷик ҳам, мо тоҷикҳо ҳам озод бошем, озоди воқеӣ.

Хуросон

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин нома аз деҳаи Сабзазори ноҳияи Хуросон фиристода мешавад. Аммо намедонам аз кадом мушкилотамон шуруъ кунам.

Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳия омада ваъда дод, ки мактаби №7-ро ман худам омада мекушоям. Мактабамон аз асри Ленин монда буд. Аммо ҷояш ҷои хуб буд. Чанд ба ном активи ин ноҳия бо номи Ҳаким ва Шери раис онро ҳам аз худ карданд. Ҳаким заминсози ноҳия буд ва Шер, раиси ҷамоат. Ин дуздон чустучолокиашонро боз дар инҷо истифода бурданду нақшаи мактабро, ки дар ҷои худаш сохта мешуд, дигар карданд. Як зданийро, ки 50 сол пеш сохта шуда вале «хоб» буд, каме краскаву шпаклёвка карда онро мактаб сохтанд. Имсол сарвазир лентаашро қайчӣ кард. Магар инро Эмомалӣ Раҳмонов намедида бошад? Ба ин мардум ваъда дод, ки  ман худам ин мактабро омада мекушоям. Охир ин зданий-бино барои садик-боғчаи кудакона сохта шуда буд. Синфхонаҳо он баро талабагони мактаб мувофқ намеояд. Танг аст. Дар синфхонаҳо ҳамагӣ 6 парта ҷо мегирад. Талабаҳо дар як парта 5 нафарӣ мешинанд. Эй, Эмомалӣ Раҳмонов! Магар ин аст он мактаби замонавии ваъда кардаат.

Ҳаким ва Шери раис бошанд ҷо ва замини мактаби пешинаро дар номи худашон карданд, ки масоҳати он аз 3 гектар ҳам зиёд аст .

Ин Ҳакими дузд бошад заминҳоеро, ки дар куҳ мардум гандум мекориданд ҳамаашро ба номаш карда гирифт. Мардум дар онҷо гандум корида зиндагиашонро пеш мебурданд. Ҳоло аз дасти мардум бо зурӣ гирифтааст.

Ҳоло аз чанде аз бузҳои деҳа ҳам  гуфтан мехоҳам. Мардум аз дасти инҳо ба дод омадаанд. Якумаш Махмадулло бо лақаби каргас, дуюмаш Абдуллаев Боймаҳмад, сеюмаш Исматов Салим, ки дар ҷамоат кор мекунад. Писароне, ки синашон ба хидмати ҳарбӣ расида бошад бо ҳамроҳи чанд лошахур ба хонаҳои онҳо рафта аз онҳо то 10 ҳазор сомонӣ мегиранд. Ин беномусҳо ҳатто талабагони мактабро аз масҷид зада берун мекунанд.

Ноҳияи мо дар аҳди шуравӣ ҳамаҷоҳояш ба об таъмин буд. Ҳоло бошад 10% бо об таъмин нест.

Имсол Исмоили дастбахайр ба деҳаи ҳамсоя об баровард. Аммо оби баровардаи вай ҳамагӣ 7 минут омад ва ба ҳамин тамом шуд. Вале онро дар телевизион нишон додаву воҳимаю ҳамҳама карданд, ки деҳаро аз об таъмин кардем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳишам ин аст ки ин номаи маро нашр кунеду хонед.  Ман боз аз дастдарозии директори ин мактаб ба талабаҳо ба шумо видео ирсол мекунам ва аз дуздиҳои раиси ноҳия, мудири шуъбаи маориф менависам. Ман дар ҳукумат кор кардаам ҳамаи дуздиҳои инҳоро хуб медонам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№76 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №16
Маълум аст ки мақомот ба навиштаҳои «Ислоҳ» ҳатман таваҷҷӯҳ мекунанд ва он қазия ва ҳодисаҳои матраҳшуда дар сайт ва барномаҳои телевизионии моро тафтишу таҳқиқ мекунанд. Албатта, тавре тафтиш мекунанд, ки гуё маълумотро аз «Ислоҳ» нагирифта бошанд. Аммо, ба мо маълумоту хабарҳо мерасад ва гоҳо натиҷаашро ҳам мушоҳида мекунем. Барои ҳамин, аз шумо хонанда ва бинандаи арҷманд хоҳиш мекунем, ки дар ирсоли нома ва дар ошкор кардани ҷурму ҷинояти мақомоти маҳалли зистатон кӯтоҳӣ накунед. Аз як тараф, бо воситаи ин минбар, ки барои шумо сохтаем, онҳоро шармандаву шармсор мекунед, аз тарафи дигар, ҳатман ба навиштаҳои шумо аз мақомоти болоӣ вокуниш ва расидагӣ мешавад. Ҳамчунин барои онҳое, ки дар вазифаҳо ҳастанду қасди анҷоми ҳамин гӯна корҳои ғайриқонуниро доранд, як навъ ҳушдор мешавад. Боҷуръаттар бошед ва аз имконияти бароятон фароҳам шуда истифода кунед. Ва, ҳоло идомаи « номаҳо..»

Исфара —Ворух

Баъд аз нашри ду барнома дар бораи Ворух, вазъияти мо бадтар шуд. Меҳриниссо Раҳматова, раиси идораи ҷамоат бо забони дароз ҳар чизе бихоҳад, гуфта истодааст.

Гӯё раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода- Қофлонбой гуфта бошад, ки рав коратро давом додан гир, то ман ҳастам туро ҳеҷ кас беҷо кардан наметавонад. Ин суханҳо ба он хотир буд, ки аз зан будани раиса истифода бурда тамоми Ворухро фурӯхта хӯрдан осонтар аст. Ҳатто саҳми замини деҳқони бечораро, ки сертификат шудааст ба фурӯхтан сар кардаанд- баҳона як гап –ободӣ, қарори Ҷаноби олӣ. Дар асл бошад дар қарор ба заминҳои обёрӣ шуда ва корам ягон намуди сохтумон мумкин нест.

Баъди ҷанги охирон бо қирғизҳо ба ҳарду ҷониб кӯмакҳои башардӯстона ҳам пулӣ ва ҳам молӣ миллионҳо доллару сомонӣ ёрдам шуд. Акнун бинед чи бозиҳо рафта истодааст. Қирғизҳо ҳамаи ёрдами аз дигар давлатҳо гирифтаашонро барои сохтумон, яъне барои сохтумони хонаҳои замонавӣ сарф карда истодаанд. Ҳозир ба он ҷо рафта як назар кунед. Дар як муддати кӯтоҳ маҳали қирғизнишин ба як шаҳрча мубаддал гаштааст ва ба ҳамаи сарбозонаш хонаҳои нав тӯҳфа карда истодаанд.

Тоҷикистон чӣ?

Тамоми хонаҳое, ки соҳибонаш дар муҳоҷират ҳастанд, бе асос ва бе ягон огоҳӣ қулфҳои дарҳоро шикаста сарбозонро ҷой карда истодаанд. Чуноне дар барномаи пештара гуфта будем гуфтаҳои раисаи ҷамоат Раҳматова Меҳринисо ҷомаи амал пӯшида истодааст.

Ба қавли мақомот ва ҳама структураҳои давлатӣ ҳама якдилона Ҷаноби олӣ ва ватанашонро дӯст медоранд, пас барои чи аз хизмат мегурезанд? Инҷо як буз ҳаст, ки бо номи Ширин –бахшӣ машҳур аст. Ширин худро бахшӣ эълон кардааст. Ман бо як сокини маҳаллае, ки ин бахши зиндагони мекард ҳамсӯҳбат шудам.

Тахмин даҳ сол пеш як духтар ҳомила мешавад. Хешовандону пайвандон бохабар мешаванд, маҷбур мекунанд то духтар гӯяд, ки бо кӣ зино кардааст. Дар охир номи Ширин бахширо ба забон мегирад. Ин номарди палидро ҷеғ мезананд. Ба занаш се талоқа қасам мехӯрад ва мегурезад. Аҷоиби кор дар он буд, ки аз дар омада даромада аз девор ҷаҳида мегурезад. Ана ҳамин имрӯз бо амнияту милисаҳо ҳамроҳ, ҳамчун як «дилсуз»-и ватан кору фаъолият мекунад. Ин ҳукуматиҳо ҳамаашон ҳамин хел. Мардуми Чоркӯҳ нағз гуш кунед. Назди Ширин бахшӣ хоҳару занҳои худро намонеду нафиристед. Қариб тамоми занҳо ва духтароне, ки назди ӯ аз Чоркӯҳ омадаанд ҳамаашонро т….карда баъдан ба милисаҳо месупорад.

Бо баҳонаи даъват ба артиш қариб тамоми «светҳо»-и маҳаллаҳоро хомӯш кардаанд. Ҳатто дари тамоми масҷидҳоро бастаанд. Раиси ҷамоат бо муовинҳояш маош мегиранд. Гуё онҳо ҷавобгар нестанд. Домулло ва раиси маҳалла ва депутати маҳаллӣ ягон сум маош намегиранд. Тамоми вазниниро ба сари онҳо овадаанду халос. Ин даъвати раиси маҳалла ва домуллое аст ки дар ҷаласае чунин гап мезанад

«  …фалонибой  худашон медонанд, ки ситоди давлат чи хел мешавад. Ҳар як маҳалла аз натиҷаи кори рӯзонааш гузориш медиҳад. Чор нафар даъватшавандаи мо маъулм шудагӣ. Бояд 6 нафар сарбози даъватшавандаро тайёр кунем. Ду нафари дигар мондагӣ. Ин чор нафар бо хоҳиши худашон-доброволно ариза дода омадагӣ. Якеаш писари бобои…Донишгоҳи омӯзгориро тамом мекунад. Ин плюси мо. Йигитои мо бо ору бономусанд. Обрӯи маҳллаи моанд. Аз комиссия мегузаранд.

Ҳолат бениҳоят вазнин. Ҳаматон медонед. Маҳалларо бо кофтуков надиҳем. Ба ин кор мақомот вобаста шудагӣ: амният, корҳои дохилӣ, комисариати ҳарбӣ, ҷамоат. Баъзе вайҳоро ҷустуҷу кардаистодиян. Ба ҳар ҳол натиҷа ҳаст. Светоя куштагиаш не, масҷидо бастагиаш не. Маҳаллаҳои зиёди Воруханда свето куштагӣ масҷидҳо бастагӣ. Ба ҳар ҳол худоро шукр ки корбарӣ шуда истодааст. Гуфти амният дар мо ҷунбиш ҳай. Дастгирӣ аз тарафи шумо шуданаш даркор. Соли гузашат гурӯҳи даъватшаванда ташкил карда будем. Боз такрор мешавад ин гуруҳ. Аммо чанд рӯз шуд, ҳеҷ кас ҷириқӣ кардагиш не. Боз нашавад, ки моҳи рамазон светора кушанд, дари масҷидҳоя бандан, ё инки дари хонаи як кас ба рафта озор диҳанд, ғам тиян. Ҳозир худатон фаҳмидед, ки дар дигар маҳалҳо одамошона бурда қаба карда мондагӣ».

«Баъди як ҳафта моҳи рамазон. Барои мо номус, ман номус медонам. Ҷое, ки нағзӣ ҳай, гандагӣ лозим не. Ба гандагӣ буд мекунад. Хоҳем- нахоҳем вайҳо маҷбур мекунад. Баъд мегуяд, ки бо фишори мо шуд, маҳалла ягон кор накард. Ҳамон чор каси мо ёфтагӣ ҳам номаълум мешад. Баҳои паст мемонад. Дар дигар маҳалҳо ду се оиларо дапрос карсодиян, бурда азоб додосиян.

Дар мо сетадор нест, дутадор, яктадор ҳаст (Манзураш оилаҳое,ки се,ду ё як даъватшаванда доранд) Мо списка мекунем дуто призивникдорро ҷудо, якто призивникдорро ҷудо. Баъзеаш дар ҳақиқат вазъияташ танг аст. Касе маҳаллая подержка кунад дастгирӣ кардан даркор. Вале, не агар зӯри мақомот қати бурод, вай аллакай маҳалая дастгирӣ карда ҳисоб намешад. Ин рӯи сахт аст. Лекин гурехта сонӣ ахираш зӯри мушту лагад кати бурод дастгирии маҳалла ҳисоб намешад.

Бояд яккаписар, студент, каслаӣ коғазашро оварда диҳад аз спискаи призивнико барояд. Агар инҳо набараоняд дар списка мемонанд. Проблемаи худатон мешавад. Аз мо гуфтан, огоҳ кардан, он тарафаш кори мақомот.

Қарор ҳамин хел шуд, ки касоне, ки дарҳоя маҳкам кара даъватшавандаро бурд, дарҳояшон кушода мешавад, бачаҳои зиндагӣ мекардагӣ зиндагӣ мекунад. Замину боғҳое, ки тааллуқ дораду призивникоро мегирад мегурзонад ба ҳукумат гирифта дода мешавад, ҳукумат кашида мегирад. Чанд бор гуфтем аҳамият надодед огоҳ ҳам кардем ҷавоб надодед. Ҳатто агар студент, яккаписар, касалӣ  аз счет баровардагӣ набошад, проблемаи ҳавайҳо   вайҳо ҳам призивник ҳисоб. Фикр кунед йигито даратона шикаста даромада зиндагӣ кунад, он вақт пушаймон нашаветон».  ( Садоҳоро дар барномаи ин матлаб мешунавед Ислоҳ)

Турсунзода

Салом бародар Муҳаммад Иқбол. Мо мехоҳем, ки дар бораи раиси маҳаллаи Тойчии шаҳри Турсунзода маълумот фиристем ба “Ислоҳ” ва шумо онро расонаӣ кунед.

Раиси маҳаллаи Тойчӣ Сайраҳмон бо кличкаи Самурай. Мо мардум аз Нуробод ҳастем. Моро аз Нуробод ба Турсунзода кучониданд. Чунки мо дар минтақаи таҳти ҳавзи Роғун қарор доштем. Барои ҳамин моро оварданд ба инҷо ба деҳаи Тойчӣ. Ин раиси маҳаллаи мо пули бинои масҷидро хӯрд. Пули аз давлат барои сохтмони масҷид ҷудо шударо хурд ва масҷидро насохт. Мардум аз вай мепурсанд, ки пули масҷидро чи кор кардӣ? Мегуяд ба шумо чӣ? Боз таҳдид мекунад, ки агар як бори дигар аз пули масҷид пурсед ҳамаатонро руихат карда ба амният месупорам. Пас, мебинам, ки амният шуморо ба чи ҳол мерасонад. Сайраҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муҷоҳид буд ва кличкаи Самурай аз ҳамон солҳо ба номаш изофа шудааст. Ҳозир бошад гуфта истодааст, ки ӯро амният гуфта бошад, ки масҷид насозу пулашро худат истифода кун. Мегуяд, ки ин хоҳиши амният аст ки набояд масҷид сохта шавад. Худашро корманди амният рост кардааст.

Айни замон мавсими даъват сар шудааст. Дар деҳаи мо беш аз 800 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аз тамоми ин хоҷагиҳо яъне аз ҳар сари хоҷагӣ 100 сомонӣ гирифта истодааст. Ҳатто агар дар он хоҷагӣ фарзанди ба синни даъват надошта бошад ҳам 100 сомонӣ ба зӯрӣ гирифта истодааст. Аммо ҳеҷ касро ба хизмат нафиристода истодааст. Мардум аз рӯи сат об мегиранд. Аммо дар хонаи вай об «постоянний» рехта истодааст. Аммо худаш пули обро намесупорад. Тамоми бачаҳои ҷавон, ҳатто талабаҳи мактабро бангӣ кардааст. Ҳамеша банг мезанад. Милисаҳои Турсунзодаро харидагӣ аст. Ин Самурай бо генерал Шоҳ Искандар, ки чанд вақт дар Турсунзода сардори милиса буд, рафиқ аст. Аз ҳамон давра милисаҳоро харидагӣ аст. Сабоев Сайраҳмон як мошини Мерседес –бенс дорад. Падари онҳое, ки синнашон ба даъват расидагӣ аст, маҷбур мекунад ба ин мошини вай бензин резанд.

Барои масҷид аз давлат пул ҷудо карданд. Барои ҳамин масҷид дар Нуробод будаамонро накандемаш. Халқу давлат сум доданд, ки масҷид бисозанд. Аммо ин Самурай ҳамаи пули масҷидро хурд ва банг кашид. Ду зан ва 7 ё 8 кӯдак дорад. Аммо вақте хидмати аскарӣ сар мешавад, тамоми халқи деҳаро мегӯяд 100 сомонӣ ҷамъ кунед.

Самурай мардуми деҳаро мегуяд «фалонтон кардагиям. Ман дар амният кор мекунам, ай бинӣ боло гап задӣ, тамом, капат дуд кард» мегуяд. Вақте генерал Шоҳ Искандар сардори милиса буд, ин самурай 10 нафарро буз кард. Ҳатто удостворенний сохта дод, номи чанде аз ин 10 нафари бузшударо инҷо меоварам:

Сангалӣ,

Зойиршо,

Юсуф,

Меъроҷ,

Раҳмон ба кличкай каду

Хуршед,

Изатулло ба кличкаи рубаҳ.

Самурай аз Душанбе бангро меоварад ва рӯирост мефурушад. Бангро бачааш меоварад: «бори нав омад,биёен» гуфта бачаҳои ёш-ёшро бангӣ карда аст. Мо ҳайрон, ки мақомот куҷоро нигоҳ мекарда бошад?

Мо мардум аз деҳаи Чанори Нуробод ҳастем ва ҳоло дар деҳаи Тойчии ҷамоати Ҷура Раҳмони Турсунзода зиндагӣ мекунем. Наход ба додамон нарасанд пас аз нашри ин зақиқате ҳеҷ сокини Ҷамоати Ҷура Раҳмон ва деҳаи Тойчӣ наметавонанд инкор ва рад кунанд ин ҳамаро. Мебинем адолат тантана мекунад ва ё на?

Панҷ

Бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам як чизи дигарро бароятон бигуям. Ҳамон заминҳое, ки дар деҳаи Коммунизми ноҳияи Панҷ  экскаватор гирдашонро меканду мардум хеставу сурашон карданд 40-50гектараш, аз они ҷиянҳои Абдуалим ва 60-70гектараш аз они Сайдаҳмади муовини суди ноҳияи Панҷ. Сайидаҳмад говҳои хориҷӣ харидааст. Зимистонро дар деҳаи Коммунизм, дар хонаи Бегалӣ нигоҳ доштанд. Моҳона 2000 сомонӣ медод.

Бегалӣ ду моҳ нигоҳашон кард. Ҳозир дар хонаи Ҳикмат ва Раҳматулло-бачаҳо  и Маҳмадалӣ бо тахаллуси фоида нигоҳ медорад. Ҳаинҳо нигоҳубин мекунанд. Аз пушти ин заминҳо бисёр одамҳоро бурда штраф карданд. Чаро ин қисматашро дар барномаи «Минбари муҳоҷир» нагуфтеду партофтед? Ҳозир ҳамин Сайидаҳмад, заминеро, ки дар бораи он шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» гуфтед ба дигар кас фурӯхт. Чунки қонунӣ нагирифта буд онро. Тарсид, ки пас аз нашри барнома дар “Ислоҳ” ҳатман тафтиш мешавад.

Дар Санкт-Петербург милисаҳо бисёр мардумро ғам дода истодаанд. Ҳуҷҷат дорӣ-надорӣ меқапанду мебаранду маҳкам мекунанд. Рӯзи 9-март аз автобус фаромадам. Дар истгоҳ қапида «отдел» бурданд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо-патент, регистратсия ва ҳатто хобгоҳамон тасдиқнома ҳам доштем. Аз соати 7-бегоҳ то 4-и саҳар доштанд моро. Шаш нафар будем. Дар байнамон як духтари узбекистонӣ ҳам буд. Як нафари дигар нав аз Узбекистон омада буд. Ҳамаамонро 5300 рублӣ ҷарима карданд. Савол додам барои чи ин хел мекунед, мо ҳуҷҷатдорем. Ошкоро гуфтанд, ки барои мо «пофикай» .

Дар даруни камера бо ҳамроҳии одамони алкаш маҳкам карданамон то соати 4-и саҳар. Руирост гуфтанд, ки агар 5300надиҳед, се рузи дигар маҳкаматон мекунем. Гуфтем мо ба сафорат мехоҳем муроҷиат кунем. Телефонҳоро кашида гирифтанду надоданд. Ва, мо натавонистем гап занем. Боз гуфтем, ки хуб, худатон ба сафорат занг занед. Онҳо гуфтанд, ки мо посоли шуморо задагием. То пули гуфтаи моро надиҳед, фоидаатон надорад. Гуфтанд, ки фармон аз старшиямон аст.

Он духтари узбекистониро дар байни 10нафар тоҷику узбекистони ва алкаши урус дар як камера маҳкам карданд. Дар камера ҳаво намерасад. Одами сип-сиҳат дар ин хел ҷо касал мешавад. Як нафар узбек аз Тоҷикистони худамон дар он камера беҳуш шуд. Дар дежурнийро тақ-тақ кардам, омад. Гуфтам, ки ин шахс беҳуш шуда аст ҳозир мемурад, аққалан тирезаи майдаро кушоед, ҳаво дарояд. Мегуяд пофик. Мурд, мурдаҳоятонро бурда алов мезанем. Бовар кунед он қадар ғам доданд моро , то саҳар. Ҳама маҷбур шуданд, ки ба гуфтаи ин хугҳо розӣ шаванд ва маблағи гуфтаи инҳоро пардохт кунанд. Ман дар Русия бо намояндаи ҳамаи миллатҳо вохурдам. Як чизро мушоҳида кардам, ки хитоиҳоро пасолашон мебарад, кор таъмин мекунад, сару либос, ҷои хоб ва назорат мекунад, ки ягон кас онҳоро ғам надиҳад. Аммо сафири Тоҷикистон ва намояндаҳои Тоҷикистон дар баромадҳояшон ончунон таърифу тавсиф   мекунанд, ки гӯё ғамхори миллату давлатанд, аммо дар асл ягонтааш парвои миллаташ надорад, факат дар фикри ҷайби худашон ҳастанд.

Мардуме, ки тарафдорӣ аз Раҳмонов мекунед ва ё ба суханҳои дуруғинаш бовар мекунед, хоҳиши ман ин аст ки дигар ба сафсаттаҳояш бовар накунед. Вай фақат дар фикри авлоду бачаҳои худаш аст.

Панҷакент

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародар Муҳаммадиқбол. Мо аз ҳукумати шаҳри Панҷакент ва раиси ҷамоати Хурмӣ Камолиддинов Ҳусниддин Фазлиддинович сахт шикоят дорем. Мардуми ҷамоати Хурмӣ аз ин касифи дузди ноуҳдабаро ба дод омадагианд. Соли 2016 Ислом Зиёзода раиси шаҳри Панҷакент буд. Вай сарбанди дарёи Зарафшонро мустаҳкам кард замини зиёде ҳам сохта ба мардум дод. Соли 2022 дарё калон омад. Қариб буд сарбандро мезад. Аз пули Fарибак поёнаш мустаҳкам буд, зарар нарасонд. Аммо қисмати болояш бошад хело заминҳои шоликории мардумро шуста бурд. Боз мардуми ҷамоати Хурмӣ аз кисаи худашон соҳил ва сарбандро маҳкам карданд. Ин раиси ҷамоати дузд дар заминҳои поёниии пул 4 гектар замини шоликорӣ дорад. Ҳоло бошад вазъияти сарбанд хело вахим аст. Ин раиси ҷамоат бе парво гашта истодаст. Боз маҷлис гузаронида мо бояд маблағ ҷамъ карда сарбандро соз кунем. Агар мардуми камбғал ҳамаҷоро худашон обод кунанд, пас ҳукумат чи даркор, раиси шаҳру чамоат чи даркор? Боз як дузди гузаро пешина раиси кумитаи замини чамоати Хурмӣ Ёров Анушервон буд. Чанд сол бекор буд. Соли 2022 ёдатон бошад корманди идораи замини шаҳри Панчакент Фирдавс Аминзодаро бо гирифтани пора дастгир карданд. Навораш дар канали «Бомдод» ҳаст. Модари Фирдавс дар ҷамоати Хурмӣ кор мекард. Мақомати шаҳри Панҷакент бошад дарҳол ҷамоати Хурмиро тафтиш карданд ва ҳамин дузди корманди собиқи идораи замини ҷамоати Хурмӣ Ёров Анушервонро бо додани 50. 000 сомонӣ пора гурезониданд ба Русия. Ин дузди гузаро Ёров Анушервон дар ҷамоати Хурмӣ кор мекард, раиси шаҳр Ислом Зиёзода қариб 15-20 гектар замини нав боз карда фармон дод ба мардуми безамини ҷамоат бидеҳ. Ин гуруснаи дузд ҳамаи заминҳоро ба одамҳои пулдор фурӯхт ва худаш ҳам қариб 3 гектарашро соҳибӣ карда гирифт. Инҷо мехоҳем ба раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси ҷамоати Хурмӣ Камолиддинов Ҳусниддин хитоб кунем. Агар масъалаи ҳамин сарбандро дида набароед, ҷиноятҳои раиси ҷамоати Хурмӣ, чанд зан дорад бо нуктаву вергул ҳаёти шахсиашро ба ИСЛОҲ мерасонем ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолик Холиқзода падарарусу боҷаҳову заминҳову, гармхонаҳо, дар ҷамоати Саразм ва хусуратон оқои Ҷура Ҷураев ба ИСЛОҲ дастрас мешавад. Ба камбудиҳо дар сарбанди Зарафшон дар ҷамоати Хурмӣ диққати ҷиддӣ диҳед.

Кулоб

Бародар Муҳаммадиқбол салом!Дар нашри №15-и номаҳо дар бораи мактаби рақами шаҳри Кулоб ва директори он чанд маълумоти ҷолиб ва воқеъӣ нашр кардед. Ҳоло мехоҳам як хабари муҳимро баҳри шумо ва ба мардуми Тоҷикистон дар бораи ин мактаб бирасонам.

02.2023 ба мактаби миëнаи 18 деҳаи Хонободи шаҳри Кулоб як гурӯҳ милисаҳо омада ба синфхонаҳо зада даромаданд. Ба синфхонаҳои аз 1 то 6 зада дохил шуда мисли ҳайати НКВД аз онҳо пурсиданд, ки хати форсиро медонанд ё не, хонда метавонанд ё не. Ҳар касе хонда метавонад назди доска барояд. Баъд чанд талаба даст бардоштааст, ки мо метавонем. Ҳамаи онҳоро ба назди доска бароварда санҷидаанд, ки дуруст мегуянд ё не. Баъд кабинети директори мактаб дароварда аз ҳар кадоми онҳо баёнот гирифта ва аз онҷо ин талабҳои синфи севу чору панҷу шашро рост милисахона бурдаанд. Сипас падару модарони онҳоро фарёд карда ҳар кадоме аз онҳоро барои таълими ғайриқонунии таълимоти динӣ 2000 сомонӣ ҷарима караанд. Охир, бародар Муҳаммадиқбол донистани хати форсӣ, яъне хате,ки бо он асарҳои адабиёти классикиамон чоп шудааст, ба давлат чи таъсири манфӣ мерасонад, ки мо нафаҳмидем. Зеро барои донистани ин хат ин мақомот моро ҷарима карданд?. Чи хеле дар барномаи қаблӣ гуфтед директори ин мактаб Одинаев Даврон писари Одинаев Шариф бо лақаби Шариповский мебошад. Падари директор дар колхоз бухгалтер буд. Баъд раиси колхоз шуд. Як дузди калони колхоз буд. Агар ба замин эҳтиёҷ доштӣ, руирост мегуфт даҳҳазор биёр замин мегирӣ. Ҳозир ҳамин одам дар Доншгоҳи Кулоб кор мекунад. Донишҷӯён мегуянд, ки ин Шариповсий ҳам муаллим аст ва ҳам «посредник» миёни ректор ва донишҷуҳо. Ҳоло бознишаста шудааст. Ин Шариповский 25 гектар замини саҳми одамонро аз они худ кардааст. Борҳо аз болояш ба мақомоти гуногун шикоят карданд, аммо бенатиҷа. Ин Шариповский чор бача дорад. Бозор, Фарҳод, Ҷамшед ва Даврон. Сетои онҳо деҳқонанд. Дар ҳамон 25 гектара кор мекунанд. Даврон, писари хурдиашон. Соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи омӯзгории Кулобро тамом кардааст. Ба гуфтаи ҳамкурсонаш савод надорад ва кораш фақат бангзанӣ аст. Ҳозир ҳамин бесавод директор аст. Аҷаб дунёе шудааст.

Деваштич – Ғончӣ

Аз Деваштич ба “Ислоҳ” маълумот расид,ки ниҳояти моҳи феврал кормандони ВКД ин ноҳия 48 ҷавонро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия оварда ва чанд шиша арақро оварда гуфтаанд,ки агр шумо террорист ва эустримист нестед дар пеши мо арақ нӯшед. Тибқи маълумоти дигар 98 нафар дар умум будаанд вале чанд маротиба ин кор сурат гирифта будааст ва 48 нафар якҷо буданд ва ин маълумот сару садо баровардааст. Аммо дигар ҷавонон ададашон кам кам будааст ва маълумот берун набаромадааст.  Ин кор барои аввалинбор дар кишвар сурат мегирад. Чанд ҷавоне дар ҳузури ҳама шароб нӯшидаро дар ҳол ҷавоб доданд ва онҳое нанӯшиданду худдори карданд онҳоро ҷарима ва ба алайҳи чанд нафари дигарашон делои ҷиноятӣ  бо моддаи 307 кушоданд. “Ислоҳ” ин қазияро дунбол дорад ва пас аз таҳқиқи комил онро тақдиматон менамоем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №16 появились сначала на ISLOH.net.