Архивы Деваштич - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 365
Деваштич, Ваҳдат, Ғафуров, Душанбе ва Берлин.

Дар номаи Деваштич аз сардори Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия шикоят шудааст, ки милисахонаро ба макони айшу ишрати худ табдил  кардааст.

Як нафар аз дараи Ромити Ваҳдат нома фиристода аз тасарруфи ин дара ва маконҳои хушбоду ҳавои истироҳатбоби он аз тарафи оили Раҳмонов навиштааст. Муаллиф мегӯяд, ки номаашро баъди тамошои «Семейканюс»-и охир  навиштааст.

Муаллифи номаи омада аз ноҳияи Ғафуров дар бораи зиёду барзиёд ҳисоб кардани счетчикҳои биллингӣ навиштааст. Ин муаллиф ҳам дар тақвияти як матлаби чанд рӯзи пеши «Ислоҳ» номаашро равон кардааст.

Аз Душанбе дар бораи мушкилоти муштариҳои бонки Душанбе ситии Авестогруппи Рустами Эмомалӣ навиштаанд. Нависандаи нома аз мардум даъват кардааст, ки минбаъд ҳамкорӣ бо ин бонкро қатъ кунанд ва далел овардааст, ки аз ҳисоби муштариҳо маблағ нопадид шудааст.

Дар номаи омада аз Берлин бошад дар бораи эҷоди мушкилоти сунъӣ аз тарафи Сомонайри Ҳасан Асадуллозода шикоят шудааст. Низ дар бораи он сухан меравад, ки чи гуна ҷавонҳо қабл аз омадан ба Ватан риши худро дар ҳаммоми фурудгоҳ метарошанд.

Деваштич

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Деваштич, собиқ Ғончӣ ин номаро барои шумо ирсол менамоям.

Мехоҳам ба шумо нисбати сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Аҳмадзода Қобил Шуҳрат маълумот пешниход намоям.

Маълум аст ки Аҳмадзода Қобил ба вазифаи сардори шуъба аз тарафи роҳбарияти ВКД таъин карда шуд. Ин нафар баъди ба вазифа омаданаш тағйирот дар милитсияи ноҳияро сар кард. Аҳмадзода Қобил зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад ва як инсони ҳавобаланд ва дағалгуфтор аст. Вай дар шӯъба ба фурӯши вазифаҳо сар кард. Ба вазифаи сардори шуъбачаҳо одамони ба худ наздикро овард. Гӯё ротатсияро дар байни ҳайати шахсӣ ҷорӣ намуда маблағи пулиро аз ҳайати шахсӣ ситонидан гирифт. Бисёр шахси чашмгурусна мебошад. Маълум гардид, ки чунин усули корро ин сардор аз падараш омухта будааст. Падараш низ ба ягон вазифаи нав равад ба баҳонаи ротатсия маблағи ба вазифа додаашро аз байни ҳайати шахсӣ мебаровардааст.
Падараш Анварзода Шуҳрат айни ҳол сардори шуъбаи милитсия дар шаҳри Исфара мебошад. Вале баъдан фаҳмидем, ки вай падараш набудааст, балки падарандараш будааст ва модари Аҳмадзода Қобил аз шавҳараш ҷудо шуда, бо Анварзода Шухрат оила барпо намуда будааст ва Аҳмадзода Қобил аз ному насаби падари худаш баромада ба ному насаби падарандараш гузашта уро падар мегуфтааст. Аҷабо, ин чи тавр дунё шуд, ки марди бегонаро падар гӯӣ ва аз ному насаби падари аслият даст кашиву ба ному насаби падарандарат гузарӣ.
Аз маълумотҳои гирифтаамон Аҳмадзода Қобил дар ҳуҷраи кориаш машруботи спиртӣ истеъмол ва бо духтарони ноболиғ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Аммо аз ҳолу ҳавои оилаи худаш бехабар аст ки вақте ин дар Деваштич машғули айшу ишрат аст дар шаҳри Хуҷанд бо дӯстонаш айшу ишрат дорад. Беҳуда намегӯянд, ки дари касро куфтӣ, дари туро низ ба шатта мезананд:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Чанд маълумотҳои ҷолиб аз хонаводааш расидааст,ки онро мегузорем ба номаҳои баъдӣ.

Мегӯянд, ки ин Аҳмадзода Қобил дар вақташ бояд сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Хуҷанд мешудааст ва маблағи калон дода будааст. Аммо пулашро гирифта ба ноҳияи Деваштич мемонанд. Айни ҳол Қобил Аҳмадзода ба вазифаи сардори шуъбаи милитсияи 2 дар шаҳри Хуҷанд талош карда истода будааст. Тибқи маълумотҳои расида ба ин вазифа писари генерал -майор Иброҳимзода Нозим  муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимзода Аҳлиддин низ «зада» истода будааст. Аҳмадзода Қобил мехостааст, ки Нозимзода Аҳлиддин онҷоро нагирад, чунки ба ҳам хусумат доштаанд. Дар вақташ Иброҳимзода Нозим бо модари Аҳмадзода Қобил «гашту гузор» намуда будааст, яъне маъшуқааш будааст. Э, кошки аз макони мо мерафту соф мешудем.
Падарандари Аҳмадзода Қобил, сардори ШВКДи Девштич Анварзода Шуҳрат, сардори ШВКД Исфара- 1 мебошад.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Барномаи хуби «Семейкнюс»№29-ро кайф карда тамошо кардем. Дар бораи дараи зебомнзари Ромит ва ҳавзҳои моҳиву кони навкашфшудаи тилло дар ин минтақаи куҳистонӣ гуфтед, ки чи гуна бо масрафи миллионҳои доллари бюҷет ин ҳама боигариҳоро Раҳмонов ба зану духтару бачааш тӯҳфа мекунад.

Бародар, ҳоло шумо чизе нагуфтаед. Ин оила дараи Ромитро аз они худ кард гӯем хато намешавад, ки дар ин бора дар барномҳои оянда хоҳам навишт.

Аммо ҳоло чанд чизи дигарро мегӯям.

Чанд сол пеш бо як мӯсафед дар як ҷо шиштам. Он вақтҳо барои Роғун саҳмия ҷамъ мекарданд. Мӯсафедро гуфтам бобо Роғун соз мешаваду светҳоямон 24 соат мешавад, аз ранҷу азоби бебарқиву торикӣ халос мешавем.

Ӯ хандид ва гуфт: «бачам агар 100 Роғун соз шава света мардуми Тоҷикистон намебина». Гуфт: «и авлоди ҳаром сахт аз ислом метарса ва ман хавф аз он дорам, ки масҷидора, ҳиҷоба нагиран созай». Ман ба ин гапи вай хандидабудам.

Гуфт: «бачам то ин ки мову шумо мардуми Тоҷикистон сарҷамъ набошем, ино лубой кора мекнан. Агар 97 Тоҷикистон, ки куҳай ҳамаш тилло боша, ин оила  сер намекунан, бо ай мардуми Тоҷикистон мехуран».

Гуфт: «и авлоди ҳаром имон надорад. Аз касе тарс, ки ӯ аз Аллоҳ наметарсад. Битарс аз касе, ки натарсад аз Худо.

Мусафед гуфт «и барои ба қудрат расидан чанқа хуни мардуми Тоҷикистона резонд, то и дар қудрат ҳастаӣ бо мерезона».

Эй, мардуми азизу меҳрубони Тоҷикистон. Биёед ба гуфти Аллоҳ вазифаи имон дориро иҷро кунем. Дар пешгоҳи Худованд чи ҷавоб медиҳем? Ман миллатчӣ нестам. Вале ба худо қасам чем аз бе номус мурдан ба номус мурам он хуб аст. Ин Раҳмонову авлоди вай ба ҳеҷ кас раҳм накарда буд ва намекунад.

То онҷое аз дӯстонам шунидам он гӯристоне, ки дар Душанбе хезонда истодаанд дар онҷо дом мешудааст.

Дар иди Қурбон ҳаминсола нишаста будем. Як амниятии корманди СС.Ятимов   гуфт: «инҳо ҳоло сар намекунанд, фикри мардумро мебинанд. Мардуми Тоҷикистон нахезад, боз аз ин бадтар мешаванд, уже хеле заминҳоро фурухтанд».Тавба, ҳатто амниятҳо безор шудаанд аз ин авлод.

Даже мурдаҳои одамҳоро канданд. Амниятиҳо ба соҳибонашон таъкид кардаанд, ки «да ягон ҷо гап мезанӣ, да ҷойи ҳами мурда хоб мерӣ бо авлодут.

Супориши ай болоҳай». Боло кӣ аст? Боло ҳамин авлод аст, дигар кӣ аст боло?

Гуфт пул диҳӣ ин авлоди касиф «занша метия, даже ҳайкали Сомонира мекана». Гуфт ба инҳо гуфт пул деҳ, тамом-дин, ислом, мулло, масҷид, қабристон ва мардум ҳеҷ арзиш надорад.

Абдуллои русурхак Пешвои миллат гуфта гаштааст.

Ҳамин амниятӣ дар бораи пиряхҳо гуфт. Ва гуфт, ки Абдуллои русурхак гуфтааст бо шарофати пешво 30- 40 соли дигар пиряхҳо меистанд.

Ин амниятиҳо баъди рафтани русурхак байни худашон хандиданд . Гуфтанд, ки «и русурхак кати пешво илми ҷодурагира медонистиян ё халаделник бурдиян да пиряхҳои Тоҷикистон мондиян»

Ба худо қасам як хона одам фақат хандиданд. Лекин намозашро ҳамроҳамон хонд, пешин буд пеш даромад дар намоз. Ҳамакаса дар ҳақи ин авлоди ҳаром дуои бад кардем. Қасам хурд, ки «ма ай дидори и авлоди ҳаром безорм». Мегӯяд, ки  70 % тюрмаҳои Тоҷикистон бе гуноҳай статияи 307.

Мардуми маҳаллаи Ҳаёти навро хезонда истодаанд. Онҷо дом мебардоштаанд. Як нафар, ки дар ҷойи Исмати дулик дар аэропорт раис шуд, ҳамон домҳоро мебардорад гуфт ( Зайнулло Шарифзода) ».

Дар ин Ҳукумати Тоҷикистон ягон ниҳоду сохтори боимон нест.

Буқача, СС-махуф, Дастгоҳ, ГАИҳо, бемористонҳо, лесхоз, садик, мактаб, Прокуратура, бонкҳо, бозорҳо, домсозҳо ҳамааш дар хизмати ҳамин оила аст.

Началник отдели Тангаӣ як духтарро зино карда буд, ки дар ин бора радиои Озодӣ гуфт. Амо вай пулро доду вазифаи баланд рафт, ҳамшаҳрии Раҳмонов, аз Данғара буд.

Аммо инҳо бояд бидонанд, ки дар пеши Аллоҳ ҷавоб медиҳанд. Ин авлоди касофат ва мақомоташ болои мардум беҳад зулм карда истодаанд.

Дар ҳамон кони тиллое, ки дар Ромит ба Фарзона, духтари кенҷагиаш тӯҳфа кард, дар онҷо боз кони оҳак, алибастер, як маъдани дигар, ки барои электромобил истифода мешавад, онҳо ҳам будаанд.

Фоидаи ин конҳо ба мардуми Тоҷикистон набуд ва намешавад.

Мардуми Тоҷикистон фикр мекунанд, ки толко Душанбе дар азоб аст. Мо дар қишлоқ роҳат дорем. Не, ба Худо қасам, ки ҳама ҷои Тоҷикистон дар азоб аст. Дар Тоҷикистон фақат ҳамин оилаи касофат тамоми боигарӣ ва сарватҳои зери заминиро соҳиб шудааст.

Бобоҷон Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бароятон менависам. Ончиро, ки мехостам бинависам як рафиқ дар Фесбук ва худи шумо ба таври муфассал ва бо далелҳои инкорнопазир дар матлаби «Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд» аз 30 май (https://isloh.net/22653/billing-yo-ғorati-rustami-emomalӣ-schyotchikҳoe-ki-ҳatto-honai-holiro-қarzdor-mekunand ) навиштаед, ки бароятон сад бор ташаккур мегӯям. Чунки дарди дили тамоми мардуми Тоҷикистонро навиштед. Ман аз ноҳияи Ғафуров, аз ҷамоати Хистеварз (Қистакуз) аз кӯчаи Санъат менависам. Дар ин кӯчаи мо маблағи қувваи барқро ба пули нақд мегиранд.

Гап дар бораи он меравад, ки ба мо пештар рақами коди ғайринақдиро дода буданд. Чанд маротиба пул гузаронидем, аммо ҳоло гуфта истодаанд, ки пул нагузаштааст.

Чизи дигар ин аст ки светавойи мо, назоратчии қувви барқ пулро аз қувваи истифодашуда зиёд мегирад, муносибаташ ҳам дағалона аст.

Мо-25 оила барои беҳтар гардидани таъминоти қувваи барқ трансформатор харидем. Лекин фасли зимистон дар хонаи мо қувваи барқ тезтез канда мешуд. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки рубилники 3 хонавода, қувваи кам дорад. Оё ҳамин масъалаҳо ҳалли худро меёфта бошад?

Аммо  як нафари огоҳ аз ин масъал гуфт, ки дар  се хат сим ба ҳар як сими он бояд 8 нафар пайваст шавад, ки он вақт баробарӣ мешавад. Зиёд гирифтан пули барқ чи сире дорад, ки баъдтар маълум мешавад. Масалан вақте нозири барқ иваз мешавад, мебинад, ки қарзи шумо зиёд монда аст. Аз сабаби доим зиёд гирифтан дигар шумо ҳисобу китоб ҳам карда наметавонед, ки аслан чӣ қадар кор кардааст он ҳисобкунаки барқӣ.

Бародар Муҳаммадиқбол вазъу ҳоли мо ана ҳамин тавр аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Рости гап мехостам як каме пештар бинависам. Чунки ин бонки Душанбе сити мардумро беҳад проблема карда истодааст.

Ба назарам ин бонки герчики Рустам муфлис шудааст. Мардум саргардон, банкоматҳо холӣ. Боз аз 5000 сомонӣ протсент мондаанд, боз ин гуна  проблема пайдо кардааст Душанбе сити.

Як муштарии ин бонк ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда гуфта истодааст, ки дигар бо ин банк ҳамкорӣ накунанд.

Душанбе сити фикр мекунам, ки банкрот шудааст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мардум бирасонед, ки аз истифодаи ин бонк покиза даст кашанд. Чунки ба фиребу ғорати мардум гузаштааст:

«Бародарони азиз як чизро ба самъатон расониданиам, ки  дар Душанбе-сити маблағи калон намонед. Ман барои фоидаи худатон мегӯям. Аз они маро шаб тарафи Узбекистон  взломат кардаанд 5350 сомониамро. Узбекистон перевод кардагианд. Бародарҳои азиз суми калон намонед дар Душанбе-сити, ки ана ҳамин хел проблема шуда истодааст. Агар тавонед вообше дигар Душанбе сити истифода набаред. Ҳамин гапи маро ба дигар бародарҳо ҳам равон кунед, ки сумҳояшонро аз ин бонк сари вақт бигиранд, то сумҳояшон гум нашавад».

Як нафари дигар мегӯяд, ки 70000 сомониашро дар ин бонк дуздиданд.

Аҷаб аст ки ғорати буҷаи кишвар, ғорати мардум бо баҳонаи таъмири мактбаҳо ва ғайра кам буд, ки Акнун аз кортҳои мардум ғорат карданро шурӯъ кардаанд! Оилаи гурусна! Аз картаҳои Душанбе сити даст кашед. Пулҳоятон дар бонки Душанбе сити амният надорад. Ин бонки Рустами Эмомалӣ аст.

Эҳтиёт шавед мардум!

Берлин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз шаҳри Берлин мефиристам. Ин навиштаи ман дар асоси навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фесбук аст. Тибқи навиштаҳо ахиран як ширкати ҳавопаймоии Туркӣ пайдо шуд, ки бо нархи дастрас ва арзон аз Аврупо ба Тоҷикистон ва баракс мусофирҳоро мебурд бо номи Пегасус. Мегӯянд, ки даже дар booking билетро харидаанд. Ин ширкат ба эҳтимоли зиёд бизнеси ин оилаи касофатро зад ё чи коре кард, ки ин оила “конкуренсия”-ро бой надиҳем гуфта помехаш дод. Аз рӯи маълумотҳо ин корро Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯси гарданбалонигазӣ тавассути Зайнулло Соҳибов, раиси фурудгоҳи Душанбе кардааст. Ва ба ин ширкат отказ додааст. Мардуми мусофир маҷбур шудаанд ба Сомонайри бемаънӣ ва бо нархи Дубай тикет бихаранд. Дар ҳақиқат мардум дуруст мушоҳида кардаан ва мегӯянд, ки ино сершавӣ надоран, қавми яъҷуҷу маъҷуҷ муҳоҷирони Аврупо, Олмонро рӯз надоданд.

Ин лаънатиҳо ягон касро ход намедиҳанд. Аз Олмон як қирғизи ошноям «туда обратно» парид -500 евро дар тобистон. Аммо ин Сомонайр, ки ягончи надорад, даже ранги Туркиш аэрланс ягон телевизор ё ягон хуроки нормално надора вале нархаш дар осмон. Барои  як одам туда обратно 9-10000  сомонӣ, ҳатто зиёд. Боз дар июл август мумкин то 15-16000 сомонӣ шавад.

Инҷо навиштаҳои чанд нафарро аз фесбук меоварам. Нафари корбре бо номи «Смисл жизн» навиштааст, ки «э,мардуми тоҷик аз 50-90 евро мегурезем, аз ширкатҳое, ки ягон эътибор надоранд чипта мехарем ва такрор ба такрор ба ҳамин хел мушкилиҳо дучор мешавем, камтар қиматтар харему ва бо дили пур парвоз кунем. Мо ҳаррӯз ба ватан парвоз намекунем, охир. 1-2 бор дар сол наход, ки 50-90 евро аз ҷон азизтар шуда бошад.

Аммо нафари дигар навиштааст, ки «Саидова Дилшода, гуфтаҳотонро дастгирӣ мекунам. На кам аз 500 евро барои як нафар сарф кардем -моҳи март 2026. Ҳол онки мо оилавӣ парвоз кардем. «Сомонайр» тамоман намеарзад барои чиптаи 423 еврояаш, на аз тарафи қимати нархи чиптааш ва на аз ҷониби хизматрасониаш. Барои ҳамин бештари одамон тариқи дигар ҳавопаймоҳо ба ватан ва аз ватан масалан тариқи Узбекистон парвоз доранд, чунки чипта 211 евро қимат дошт. (шарқ қанот)

Бародар Муҳаммадиқбол. Чанд рӯзипеш ин сафири лаънаткардаи Раҳмонов дар Олмн Имомуддин Сатторӣ шаҳри Оснабрюки рафтааст. Ҳама бачаҳои ришдор дар давлати демократӣ аз тарс ришҳояшонро қоқоқоқ тарошиданд, ки боз сафир ҷангашон накунад. Ҳама дар ҳолашон хандида истодаанд. Бародари азиз!

Як бор аэропорти Мюнхен равед ҳоли бечораҳоро дар аэропорт бинед, ки чи гуна ба «ватани биҳишти рӯи замин рафта истодаанд».

Дар ҳамомҳои ин фурудгоҳ ҳамаи тоҷикҳо аз тарс ришҳоро бо хаф ва бе ягон крем, қоқоқоқ тарошида истодаанд. Боз мегӯянд хубаш тоҷикӣ гап назанед, ки обрӯи набудгиамон мерезад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 365 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 342
Аз Хуҷанд, Кӯлоб, Душанбе, Волгоград ва Ёвон номаҳоро ин бор барои барномаамон омода намудаем.

Як нафар аз маъюбон аз шаҳри Хуҷанд, ки мегӯяд аз мухлисони доимии «Ислоҳ» аст дар бораи вазъи нарху наво дар моҳи мубораки Рамазон навишта ва аз савдогарҳо хоҳиш кардааст, ки маҳз дар ҳамин моҳ бо поин овардани нархи наво аз савоб ва самараи ин моҳ баҳра баранд.

Муаллифи нома аз Кӯлоб дар бораи мушкилоти гузари Чармгарони ин шаҳр навиштааст. Мегӯяд вазъи обу обрасонӣ беҳад вазнин шуда истодааст.

Тайи як ҳафта дар кори Душанбесити, ки ҳоло ҳама аз он истифода мекунанд, мушкил пеш омад. Нависандаи нома аз Душанбе дар бораи иллат ва сабаҳои ин вазъ навиштааст

Аз Хуросон нависандаи нома ба ҳамватанон ҳушдор додааст, ки аз баҳри тамошои наворҳои мазҳабӣ бигзаранд .Вагарна агар ба чанги мақомоти милиса ва амният афтоданд, ҷаримаи калон мешаванд.

Муаллифи доимии мо аз Волгоград ин бор низ бо навиштани як нома бар мабнои як навишта аз сомонаи нашрияи чопи Душанбе масъалаи гаронии нархи гӯштро дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтааст.

Корманди пешини Хуаксин семент бо ирсоли як нома хеле аз факту рақамҳои ҷолиб дар бораи фаъолияти ин корхонаро ифшо намудааст, ки то кунун дар матбуот чоп нашудааст.

Хуҷанд

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман наворҳои шуморо бисёр тамошо мекунам,мебинам. Ман маъюби гурӯҳи 1,аз чашм нобино ҳастам. Аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо шумо сӯҳбат карда истодаам. Нафақаам дар як моҳ 650 сомонӣ аст. Ҳаминро ҳам дамбадам аз нав ба қайдгирӣ гуфта мо инвалидҳоро озор медиҳанд.

Ман чанд шикоят дорам. Шикояти аввали ман аз афзоиши нарух наво аст. Нархи маводи ғизоӣ тамоман боло рафтааст ва барои мо инвалидон дастнорас аст.  Нархи бозор ҳам гарон аст: -гӯшти гову гӯшти гусфанд беҳад гарон ва барои мо тамоман дастнорас аст. Мевагиҳову шириниҳо ҳам гарон аст. Ин фурӯшандаҳои беинсоф мехоҳанд, ки танҳо моҳи рамазон пули калон ба даст оранд. Оё онҳо аз Аллоҳ наметарсанд. Барои ин кирдорашон фардо дар пешгоҳи худо чи ҷавоб медода бошанд?

Нарху навои равған пиёз, сабзӣ, картошка, биринҷ, орд ва шакар ва боз маҳсулоти дигар дар ин моҳи рамазон боло рафтааст. Дар Тоҷикистон зиндагӣ беҳад вазнин шуда истодааст.

Ҳукумат ҳам нархҳои хизматрасонии иҷтимоиро рӯзбарӯз боло мебарад.

Нархи партов, нархи об, нархи неруи барқ ва ҳатто обе, ки аз кран меояд баланд аст. Ин чи хел зиндагӣ, ин чи хел умр ба сар бурдан аст.

Масалан нархи андоз. Вақте шумо ягон магазин ё ягон дӯкончаи тиҷоратӣ мекушоед, ҳоло як ҳафта кор накарда ба саратон аз налог, аз пожар, аз санэпидемстансия, аз Тоҷикстандарт, аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ меоянд. Ва ҳатман пул мегиранд. То кай мо ин тавр зиндагӣ мекунем?

Нархи беморхонаҳо ҳам гарон аст. Мошини Ёрии таъҷилӣ баъзе вақтҳо мешавад, ки то маблағашро нагирад аз хонаи мардум берун намешавад.

Ман, алҳамдулиллоҳ, панҷ вақт намоз мехонам, тиловати қурон мекунам.

Ман доимо барномаҳои «Семейканюс», «Минбари муҳоҷир»-ро мебинам ва худи ҳозир алҳамдулиллоҳ, «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро дида истодаам. Ман ҳамаашро тамошо мекунам. Минбари шумораи ахирро ҳам дидам

Як чизи дигарро мегӯям. Дар масҷидҳо танҳо барои хизмати сарбозӣ ва дар барои Раҳмонов сӯҳбат мекунанд.

«Фарзандонатонро ба хизмат роҳӣ кунед, фиристед». Доим, дар ҳар намоз ҳамин гапро мегӯяд. На аз расули Худо, на аз ҳадис, на аз Худо гап мезанад. Ягон амри маъруф нест. Пагоҳ дар қиёмат савол ҷавобаш ҳаст.

Устод, падари ман соли 2025 аз дунё даргузаштанд. Дар ҳақи падарам дуъо кунед. Дар моҳи мубораки рамазон, дар вақти ифтор гузашта буданд.

Агарчи ба чашми сарам дида натавонам ҳам ба гӯши дили худам, ба чашми дили худам шуморо мебинам.

Устоди азиз, илтимос, ин номаро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой кунед. Дар охир бори дигар гуфтаниам, ки ман барномаҳои шуморо пайваста гӯш мекунам, ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар пешгоҳи Худо шаҳодат медиҳам, ки ҳамааш ҳақиқат аст.

Кӯлоб

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин, муборизи роҳи ҳақ.

Ман сокини кӯчаи Чармгарони поёни шҳаҳри Кӯлоб. Ин номаи ман ба генерал Мурод Саидзодаи телехи Раҳмонов аст. Шикояти мо барои канализатсия,канализатсияро аз автодром то масҷиди ҳоҷӣ Мирзо канда ба пеши заводи шир ба кӯчаи Чармгарон, ба Чорбоғи 2 ба Таги ҷар, ба Рӯдакӣ ҳами роҳҳои асфалтро ҷазир карданд. Бо трубаи диаметри 800 канализатсияро бурданд, роҳҳоро ҷазир ва хонаҳои одамҳоро ба ҳолати аварейнӣ-садамавӣ оварданд.

Сабабаш медонед дар чӣ аст? Халқро намемонанд, ки дар канализатсияи кандагиашон трубаҳои хонаҳояшонро пайваст кунанд. Гуфтанд, ки ин аз бачаи Муроди телех аст. Кадоме мехоҳад сари ҳар хонае 5000 сомонӣ медиҳад, баъд мекашаду пайваст мекунад.

Бовар кунед, дар ин ҷойи мо тақрибан ҳамаи ҳамсояҳо оби ҳоҷатхона ва пасоби ошхонаҳояшон дар дарё мерезад. Ин ҳам гуноҳ аст ва ҳам касалиҳо ба вуҷуд меоварад.

Сабабаш медонед дар чӣ аст? Сабабаш дар он аст ки ним метр меканӣ  об мебарояд.

Муроҷиати мо ба акаи Муроди телех! Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем ба доди ин шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб бирасед. Шумо худатон аз Кӯлоб. Дар ҳамин Таги ҷар як хоҳарзодаатон зиндагӣ мекунад. Ҳар саҳар аз ҳамин кӯча мегузарад, шароиту вазъиятро нағз медонад.

Илтимос бародари роҳи ҳақ. Ин номаи моро бо номаҳои дигарон якҷоя кун чоп кунед.

Ба Худо қасам таҳоратшиканӣ меравӣ дигар ба ин либосҳо масиҷд ё берун рафта наметавонӣ. Аҳволамон хеле бад аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман боз ҳам дар бораи Шӯҳрат Солиев менависам. Қаллобтарин нафар ҳамин Шӯҳрат Солиев аст. Чанд рӯз пеш, аз сафари хориҷӣ омаду тамоми системаи кори Душанбе сити сбой дод. Мардум дод гуфта истодаанд аз дасти нокоромадӣ ва мушкилсозии Душанбе сити. Мардум на суми дору хариданашро, на суми харидашро, на суми парковкаашро ва умуман ягон чиро наметавонад гузаронад. Шӯҳрат Солиев бошад механдад, ки «мон мардум хезан, и кулобиҳоро дафъ кунанд». О, ҳаромхур! Миллионҳо доллари Авесто группро бо Рустами Эмомалӣ дуздида истодаӣ, ку. Мардум чи гуноҳ дорад?  Мардум имрузҳо дар пушти дари офисҳои Душанбе сити фақат Рустамро бо кӯдаконаш урра карда дуошап доранд, ки «хонаҳакот бсуза Рустам ба системаи кадагит».

Хуросон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ва ассалому алейкум авлодҳо, хешу таборҳо , ҳамвтаанҳо. Аз худованди бузург дар ин моҳи мубораки рамазон саломатии тану ҷони шуморо мехоҳам. Аз ноҳияи Хуросон як хабари бисёр ҳам бадро бо шумо мерасонам. Яку якбора ва бидуни кадом муқаддамичинӣ гуфтаниям, ки дар телефонҳоятон беҳад эҳтиёт кунед. Дар ин вақтҳои ахир боз мақомот як усули нави тарсу воҳима додани мардумро тавассути телефонҳо ба роҳ андохтаанд. Телефонҳоро  амният санҷиш бурда истодааст. Кадоме ягон салавот аст, ҳадис аст, ки ана ҳамин чизҳо дар телефонҳо пур шудагӣ аст, худашон меоянд  дар телефонаш дорад ва агар боз ин чизҳоро дар группа ва дар дигар одамҳо мепартояд данннийи ҳаминҳоро ёфта одамҳоро омада қапида бурда истоданд. Аз 9 ҳазор сомонӣ то 11 ҳазор сомонӣ штраф-ҷарима карда истодаанд. Ин гуна одамҳоро онҳо таълимдиҳанда гузаронида истодаанд. Мисол ту дар онҷо ҳамин ҳадис, ё сура, ё ки ягон амри маъруфҳоро дар  ягон кас мепартоӣ, ту ҳамчун таълимдиҳанда мегузарӣ. Ва гӯё дар қонун барои таълимдиҳанда будан аз 9 ҳазор сомонӣ то 11 ҳазор сомонӣ штраф  месупоридаӣ. Одамҳое,ки ҳамин партофтагиҳои туро гӯш кардагианд онҳо таълимгиранда шуморида мешаванд. Ҳамон таълимгирандаҳоро аз телефони ту ва пайдо мекунанд ва баъд фарёд карда штраф карда истодаанд. Авлодҳо эҳтиёт кунед. Мақсад, ки ҳамин гуна чизҳоро напартоед. Дар ҳамин самт сахт контрол рафта истодаст. Уже аз ҳамин Хурсони мо чанд касро қапида бурданд. Ҳатто шаб телефонатро  аз дастат мегиранд. Барои ҳамин гуфта истодаам, ки касе дар телефонатон  чи амри маъруф ва ҳамин хел чизҳо доранд удалит кунед. Дар ҳамин моҳи рамазон ақалан мардумро осуда намегузоранд ҳамаҷиҳата кофтуков карда истодаанд. Ту нагӯ, ки маро аз куҷо меёбанд? Аз сабти телефонҳо аз   хабардор мешаванд. Меоянд аз хонаат телефонатро бо худт мегиранду мебаранд.

Волгоград

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол. Дигар бесаброна ҳар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро мунтазир меистам, то бубинам, ки навиштаи маро ҳам чоп кардаед ё не? Ин бор аз сомонаи нашрияи СССР як навиштаеро интихоб намудам, ки дар бораи як маводи ғизои муҳим, гӯшт сӯҳбат мекунад. Нашрияи мавзӯъи хубро ба миён гузоштааст. Норасоии гӯшт барои аҳолии кишвар. Барои рафъи норасоӣ Тоҷикистон аз Белорусия ва Қазоқистон ба воридоти гӯшт шароит фароҳам овард. То ҷое шунидам ҳоло дар бозорҳо аз ин навъи гӯшти воридотӣ зиёд мефуршанд, аммо мардум аз мазза ва лаззати он шикоят доранд. Дар ҳақиқат тамъу лаззати гӯшти мо дигар аст. Дар ҳамин Русия, ки солҳои зиёд аст зиндагонӣ мекунам гӯшташ лаззати гӯшти моро надорад. Ҳоло инҷо ин матлабро пешниҳоди хонандагон мекунам ва сипас чанд мулоҳизаи мухтасар баён мекунам. Ин нашри бо чунин сарлавҳа ва бо чунин шарҳ аст:

«Нархи гӯштро дастрас бояд кард»

06.03.2026

Рӯз ба рӯз зиндагии мардуми мо хуб шуда истодааст. Инро мо дар харидории мардум мавриди маҳсулоти гӯшт дида истодаем. Мутааассифона, мо бо гӯшти истеҳсоли худӣ мардумро тавони таъмин кардан надорему соҳибкоронамон аз хориҷ, Белорусияву Қазоқистон онро ворид месозанд, ки бо вуҷуди арзон будан он маззаву лаззати гӯшти худиро надорад.

Инро ба эътибор гирифта, қассобони мо ба беинсофӣ даст задаанд. Аз гузашта медонем, ки ба 1 кг гӯшт 250 гр устухон дода мешуд. Дар деҳа касе, моле куштанӣ шавад, қассоби деҳа рӯйхат мекард ва молро кушта, ба халқ тақсим карда медод . Имрӯз қассобон дар шаҳр нархи гӯшти лаҳмро ба 120 сомон баровардаанду боз болои 250 гр устухон 200 гр равған ҳам илова мекунанд. Танҳо дар ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич Нарзулло Истамзода вобаста ба хариди мол 100 ва 105 сомонӣ бе ҷудо кардани лаҳму устухондор 1 хел мефурӯшад. Ҳама интизор мешаванд, ки ӯ кай мол мекушаду онҳо бихаранд. Ҳама ба ӯ ташаккур мегӯянд. Вақте ӯ гӯшташро фурӯхта тамом кард, қассобони ҷаллобро Худо медиҳад дигар…

Ҷ. Яҳеев ,н. Деваштич»

Чуноне мутолиа кардем дар ин навиштаи кӯтоҳ масъалаи барои ҳамаи мо муҳим бардошта шудааст. Ин масъала инсоф,ва ҳалолу дасти ҳалол доштани қассобон аст. Масъалае, ки муаллиф аз Деваштич бардоштааст, дар тамоми ҷойи Тоҷикистон роиҷ шудааст.

Ҳамин сол дар тобистон беш аз як моҳ ба ватан рафта будам ва ҳам дар Рашт будам, ҳам дар Ҳисору Кулоб ва ҳам дар Исфара. Дар ҳақиқат ҳамон вақт шунидам, ки мардум аз кори гӯштфурӯшон шикоят мекаранд, ки инсофро тамоман риоят намекунанд ва ҳиссаи устухонро дар гӯшт зиёд медиҳанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки ба ин кор давлат мудохила кунад.

Дар Душанбе ба ин кор мудохила карданд, ҳоло хабарҳо мерасад, ки нархи гӯшт дар ин моҳи шарифи рамазон хеле гарон шудааст. Аммо давлат метавонад бо кӯмак кардан ба фермаҳо ва онҳое, ки молу говпарварӣ карданианд ва ё карда истодаанд, нархро поин оварад.

Вале то ҷое шунидам ва хондам нархи гӯштро ҳам аз аъзои оилаи Раҳмонов, ки соҳиби фермаи «Мармарӣ» аст гарон кардаанд.

Ин авлоди чашмгушна барои як тин даромади худ ҳозир аст ки ба ҷайби мардум ҳазор сомонӣ зарар расонад.

Ёвон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз ноҳияи Ёвон бароятон менависам. Чанд сол дар ширкати сементи Хуаксин-семент кор кардам ва ҳоло дигар дар нафақа мебошам. Ман ба шумо як асрори ин ширкатро фош карданиам. Ин ширкат ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой аст. Акбари бачаи Асадулло Ғулом аз тарафи Тоҷикистон онро роҳбарӣ мекунад. Акбар хеле сумдор шуд. Аммо суми асосии ин ширкат ба ҳисобҳои худи Раҳмонов меравад. Раҳмонов дар Хитой ҳам суратҳисоб, қасру мошин ва тиоҷрат дорад. Ман аз ин чизҳо огоҳ ҳастам.

Аммо чизе, ки гуфтаниам ин аст ки барои истеҳсоли семент Акбар Ғуломов ба давлат тақрибан ҳеҷ чиз намедиҳад. Санге, ки барои истеҳсоли семент сарф мешавад барои ин ширкат метавон гуфт ройгон аст. Ҳам аз тоннааш мезанад ва ҳам аз сифаташ. Инҷо пули барқро ҳам бо имтиёз масраф мекунанд. Аз тарафи дигар барои тоҷикҳо маош дар қиёс бо хитоиҳо ду-се бробр поин аст. Мо дар ватани худамон худамонро паст мезанему хитоиро боло мебардорем. Дар ҳоле, ки ҳаҷми кори як хитоиву як тоҷик баробар аст, фарқ намекунад. Ин тавр нест, ки хитоӣ аз тоҷик зиёд кор карда бошад. Пеш, масалан ду соли пеш харидори асосии сементи Тоҷикистон дар хориҷа Узбекистони ҳамсоя ва Афғонистон буданд. Аммо ҳоло намехаранд. Сабаби онро ҳарчи гуфта истодаанд. Аммо сабби асосӣ ин аст ки сифиати сементи Хуаксин безеб шуд. Вале бо вуҷуди ин роҳбарият ва шахсан худи Раҳмонов сементро ба таври қочоқӣ ба Афғонистон фурӯхта истодааст. Аммо ҳам дар гумрук ва ҳам дар налог-андоз пул намедиҳад. Ҳатто дар матбуот ҳам фактҳои дуздии семент, яъне бидуни пардохти андозу боҷи гумрукӣ содирот кардан баромад.

Масалан  ҳисобу китоби содироти семент, ки вазорати саноати Тоҷикистон пешниҳод кард, бо омори ҳукумати «Толибон» мувофиқат намекунад. Вазорати саноати Тоҷикистон содироти семент ба Афғонистонро дар тамоми соли гузашта каме беш аз 300 ҳазор тонна ва ба арзиши 16 миллион доллар эълон кард.  Вазорати санъат ва тиҷорати «Толибон» гуфтааст, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон ба маблағи 30 миллион доллар ҳудуди 420 ҳазор тонна семент ворид шуд. Шумо фарқу фосилаи оморҳоро дидед? Толибон мегӯяд, ки дар ҳашт моҳ, на як сол аз Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ва ба маблағи 30 миллион доллар семент ворид кардаанд, аммо Тоҷикистон мегӯяд, ки дар тамоми соли гузашта 300 ҳазор тонна ва дар ҳаҷми 16 миллион доллар содирот кардаанд.

Ба назари шумо чаро оморро пинҳон медоранд? Ва фикр мекунед, ки дар Тоҷикистон кӣ чунин ҷуръатро дод, ки  ба даҳҳо миллион доллар маҳсулот содир кунаду онро давлат ва мақомоти он набинанд? Албатта, ва бидуни шак Раҳмонов ва оилаи вай аст ки ин корро мекунад ва карда истодааст.

Чанд соли пеш ҳам тафовути омори табодули мол бо Хитойро, ки ҳарду кишвар эълон намуда буд ё доред? Гумруки Тоҷикистон тақрибан 1 миллиард  як миллиард доллар камтар аз омори эълоннамудаи Хитой ҳисобот дода буд.

Ба назазри Шумо ин як миллиард доллар, ки пинҳон мекунанд, яъне молу маҳсулоти қочоқӣ, ки аз Хитой ба Тоҷикистон ворид шудааст, кори дасти кӣ буда метавонад? Кӣ аст ва ё киҳоанд он говҷигарҳо ва нотарсу боғайратҳо, ки дар ин ҳаҷму ба ин андоза моли қочоқӣ ворид мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки гумрук на замке аст ва раиси гумрук ҳам аз наздикони ин оила мебошад.

Яъне ман гуфтаниам, ки ин оила, аз худи Раҳмонов сар карда то Акбар Ғулому дигару дигараш серӣ надоранд. Ва, ба бахти бади мардум ва миллати тоҷик, инҳо ҳақу саҳму молу маҳсулоти миллатро ана ҳамин тавр талаву тороҷ карда истодаанд. Ман ҳоло метавонам дар бораи дигар амалҳои ширкати Хуаксин-семент нависам. Аммо онро барои оянда мегузорам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 342 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№313
«Раҳмонов аз хезиши мардум сахт метарсад, навиштааст муаллифи нома аз Душанбе, ки мегӯяд дар як ҷаласа Раҳмонов ба мақомот сахт дастур додааст, ки аз таъсири светкушӣ барои мардум сахт пайгирӣ кунанд:- «агентотона партоен да ҳама ҷо, гушбақимор   ҳамин, ки ягон кас овоз баланд кард, дарав вардорен»…

Ин бор масъалаи асосии ин нашри номаҳо ба ҳамин мушкилоти бебарқии шадид дар саросари кишвар ихтисос дода шудааст. Албатта, ин номаҳои пур аз изтиробу шикояти шумо, сокинони кишвар аст ки дар онҳо бештар аз лимити шадид ва бесобиқаи қувваи барқ гуфта шудааст ва бад-ин ҷиҳат аст ки бештари номаҳо ба ин мавзӯъ рабт гирифтааст

Нома аз Рашт, аз Ҷаббор Расулов аз Деваштич ва Рудакӣ омадаанд, хулос аз чҳор гӯшаи Тоҷикистони азизамон, ки дар зери юғи як қавми нокора, аммо носерам банд мондааст.

Аз Ҷаббор Расулов ҳам дар бораи набуди қуваи барқ навишта гуфтаст, ки наход дар асри 21 мардумро то ин ҳад дар шароити бебарқии шадид ин ҳукумат нигоҳ дорад? Аммо, гуфтааст муаллиф, агар пули изофӣ барои кормандони Идораи барқ диҳӣ соати интиқоли барқро дароз мекунанд.

Нависандаи нома аз Рашт корманди милисаи ин ноҳия аст, ки дар бораи ҷинояти раиси пешини идораи ҷамоат мегӯяд.

Аз Рӯдакӣ муаллиф нома қиссаи бисёр ҳам пурмоҷарои зиндагии худро ҳикоят кардааст, ки барои гирифтани порчаи замин чи қадар мушкилиҳоро дар сараш гардон кардаанд. Ва, то милисаву прокурор арзу дод карда бошад ҳам дар ниҳояти кор пул дода сипас соҳиби се сотих замин мешавад

Муаллифи номаи омада аз Деваштич (Ғончии собиқ) ҳам аз заминфурӯшии мақомоти ин ноҳия шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Душанбе

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Чанд рӯз пеш Раҳмонов бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ҷаласа доир кард. Дарон ҷаласа, ки баъди ду ҳодисаи куштор хитоиҳо дар марз доир шуд, СС.Ятимов ҳузур надошт. Ятимовро Афғонистон назди Толибон фиристода будааст. Масъалаи ҷаласа вазъи ноороми сарҳад буд.

Аммо дар ин ҷаласа масъалаи барои Раҳмонов муҳим қатъи қувваи барқ ва таъсири он ба мардум буд. Вай аз мақомот пурсидааст, ки мардум дар робита ба ин вазъ чи гуфта истодаанд? Чунки агар ин навбат ҳам ин «ход» аш гузарад, мардум оромона қабул кунанд, тамом. Мардумро маҷбур мекунад, ки дар хонаҳо батареяи офтобӣ насб кунанду худашон чораашро ёбанд ва баъд вай светро ҳарчи қадр бихоҳад ба хориҷа фурӯшад. Вай то ҳозрам бюҷетро пурра барои худаш ва авлодаш харҷ карда истодаасту идора ва вазоратҳо ба самообслуживания гузаштаанд. Таъмир, ободӣ, сохтумонхо, роҳу пулҳо ва дигар корҳое, ки бояд аз бюҷет ва дигар фондҳои дохилию беруна мешуд, сумҳои онҳоро мегирад бо авлоадш ва мардумро мегӯянд, ки ҳиси ватансозиву ободкориро бедор кунеду созед. Ҳамин тавр дар дигар самтҳо ҳам ҳама хароҷти давлатро бори дӯши мардум карда истодааст. Акнун навбати барқ омад, аммо ин навбат дар тарс аст, ки яке мардум нахезад ва ҳамин светкушӣ баҳона барои хезиши мардум нашавад.

Барои ҳамин мақомотро сахт таъкид кард, ки боз ягон ҷунбиш нашавад, дарон ҳолат ҳар кадомеат аз худат гила кун: «агентотона партоен да ҳама ҷо, гушбақимор   ҳамин, ки ягон кас овоз баланд кард, дарав вардорен»…

Раҳмонов сахт аз хестани мардум метарсад.

Ҷаббор Расулов

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам тинҷу сиҳат ва саломат ҳастед. Мо, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ин амали хоинонаи як тудаи авбош бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонови ватанфурӯш, ки қисми ноҳияи моро ба қирғизо фурӯхт, сахт дар хашму ғазаб ҳастем.

Мардуми ин ноҳия дилашон аз зиндагӣ дар ин сарзамин хунук шудааст. Мардум барқ надоранд. Дар як шабонарӯз 2 соат барқ доранду халос. Магар ин шармандагӣ нест? Ҳатто кормандони идораи барқ мегуянд, ки изофапулӣ диҳед 1 ё 2 соати дигар изофа мекунем. Ин як намуд пулкоркунӣ (коррупсия) аст. Мардумро фиреб карда об нест боришот кам шудааст гуфта, афсонаи бузаки ҷингалапоро нақл мекунанд, аммо мардум ба ин бовар надорад. Барқро фурӯхта истодаанд, парвои мардум надоранд, ин дар ҳақиқат шармандагист.

Асри 21 ним шуд. Дар Ватан то ҳол барқ нест. Дар ягон давлати ҷаҳон мисли Тоҷикистон бебарқӣ нест. Ин ҳукумати хоини ватанфурӯш мардумро фиреб карда истодааст. Ин ҳукумат ҳеҷ вақт ғамхори миллат нест ва нахоҳад шуд. Ин ҳукумат мардумро фақат ғорат карду дуздиду фиреб кард.

Ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки номаи моро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» пахш намоед. Сарбаланду саломат бошед.

Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммудаиқболи Садриддин! Шумо дар риштабарномаи Леди-3 дар мавриди Мансур ҳам навишта будед ва гуфта будем, ки ӯ чанд духтарро таҷовуз кардааст. Бархе аз наздикони Мансур  шикоят кардаанд, ки ин иттиҳом дар нисбати Мансур Беков туҳмат аст. Ман худам корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили умури дохилӣ дар минтақаи Рашт ҳастам. Метавонед ин навиштаи маро посхи ин Раёсат ҳисоб намоед ва ин посух чунин аст:

Беков Мансур Муқимҷонович соли тавалуддаш 1977, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт аст. Чанд сол раиси ҷамоати деҳоти Қалъанак буд. Дар вақти кориаш бо суистифода аз мансаб котибаи ҷавони худро, ки шавҳар нокарда буд бо ваъдаи замину чизу чора духтариашро гирифт. Вақте духтар дар кучаи Сомониёни шаҳраки Ғарм шавҳар мекунад, нодухтар мебарояд. Маҷҷбураш мекунанд ва ҳамаро қоил мешавад ва эътироф мекунад ва ҳолати шудаи корро мефаҳмонад. Ин духтарро як рӯз оварда дар ҷамоат мемонд.

Мансур бошад бачаро ба воситаи мақомотҳо ва Обид тарс медиҳад. Аммо бача дигар ба гардан намегирад. Аз рӯи шунидаҳоямон Мансур он духтарро никоҳ карда мегирад. Аммо маълум мешавад, гуё талоқаш додааст. Ин духтар Алиева Ҳалима Умарҷоновна ному насаб дорад
Ин гуна амалҳои ноҷавонмардонаи Мансурро чанд маротиба ба пуштибониҳои ҳоҷӣ Обид расонидан, аммо Обид, ки худ папароза аст аслан аҳамият надод.
Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Саломатӣ ва сиҳатии шуморо аз даргоҳи Аллоҳтаъоло дар талаб ҳастам.

Ман аз ноҳияи Рӯдакӣ бароятон менависам. Дар бораи вазъу ҳоли худам менависам.

Ман соли2006  зан гирифтам. Дар чор дар хона 5 оила зиндагӣ мекардем, нашуд. Падар оилаам пешниҳод кард,ки то сол биёеду дар хонаи мо зиндагиро идома диҳед, то кор кардан ва замин хариданатон. Фарзандони ӯ ҳам калон ва зан гирифтанд. Онҷо якҷо бо пайҷои хона 4уним сотих замин дораду халос. Онҷо ҳам 5 оила шуд ва ба худам гуфтам, ки то ба кай дар хонаи хусур меистам ва муроҷиат ба ҷамоат, ба Эшони тоқӣ, раиси ҷамоат кардем. Ба вай вазъияти зиндагиамро фаҳмонидам, аммо мижааш хам нахӯрд, раҳмаш наомад, гуфт замин нест. Гуфтам ё Аллоҳи меҳрубон, чора чист, чи кор кунам?

Пулро ҷамъ кардем- 6000 доллар ва рафтем пеши раис. Ин вақт як шахси мисли ман корафтода даромаду гуфт 30 000 доллар овардам. Ин пулро вай барои замин дод. Аммо ин пули дасти мо кам. Он қадар даводав кардем надод. Дар ҷамоат ба ҳолу рӯзамон аз қафоямон масхара карда механдиданд, бовар кунед.

Фикр кардам, ки ман аз дастаи ҷангу ҷангҷоли хонаводаи бегона бояд замин гирам. Аз тарс ҳама кудаконамро аллергия зад. Номус ба ман рӯз надод. Ба дилам гуфтам серавно инҳо бузанд. Дар ҷамоат аввал таклифи ба онҳо ва бо милисаҳои онҳо ҳамкорӣ кардан гуфтанд, ма розӣ намешудам

Худат мардӣ, мефаҳмӣ, ки милисае, ки пул гирад вай худатро ба бандитҳо  мефрушад ё не. Хуллас, рафтем пеши раиси нохия Рудакӣ ва ариза навиштем. Як моҳ гузашт дарак нест. Боз рафтем, гуфт фаромуш кардааст. Мо барои буз буданашон махсус нақша кашидем, ки онҳо ба қонун гунаҳгор бошанд. Гуфтем биистед, ки инҳо моро ин хел подставит мекунанд. Ба прокуратураи ноҳия рафтем ва ариза навистем, ки замин гирем. Аризаро прокурор ба муфаттиш бо номи  Қутбиддин дод. Як моҳ гузашт, хап. Рафтем Қутбиддин мегӯяд, ки «ҳози даста мегирм пеши Эшони тоқӣ, раиси ҷамоат мебарам. Ҳоло намедонад, ки мо кием. Боз вақт гиритфем. Хеле гузашт. Гуфт зурам намерасад. Фақат аз дур раиси ҷамоатро нишон медиҳам, дигар худат медонӣ. Рафтем рост ба онҷо. Мегӯяд нест замин. Пеши прокурор рафтем, чанд моҳ шуд, ҳиҷ гап нест, ба буқагӣ гап зад. Берун рафтем асабонӣ шудем. Гуфтам мезанемаш, чунки тибқи қонун неправ аст. Баъд разбират мекунанд. Гаштем ҳамин тавр. Дар гирдаш милисаи бисёр. Нашуд, омадем пеши Эшони Тоқӣ. Зангаш задаанд, ана коррупсия. Ман, ки ҳамаҷоро огоҳ кардам, натарсидам, агар чизе шавад ба прокурор мегӯям,ба ту гуфтам, ту аҳамият надодӣ, балки мисли бандитҳо рафтор кардӣ.

Тоқӣ масхаракунон дар кабинеташ хандид. Гуфтам киро масхара дорӣ, ки хест аз стул. Якто дар сараш задам, шишт. Чанд вақт пас рафтам. Муовинҳояш гуфтанд, ки худат биёву ков, мо аз куҷо дар ин коробка меёбем. Кофтан гирифтам. Аризаи як генерал-лейтенантро дидам, ки муовинаш ҳам дид. Ба тарафи дигариаш гуфт зани генералро кардем бо ту чийӣ? Хестам гуфта ту киро зан ҳақорат дорӣ, ки давид, се, чор мушт зад, нарасид. Ба кафи даст оҳиста задамаш, ки ғалтид айнакаш шикаст. Милисаҳо омаданд хона ва гуфтанд, ки чаро задӣ? Гуфтам брои онки суд шавад то ҳолу аҳволи моро фаҳманд. Милиса гуфт «ина бин чхел гап мезана? Мебаран ҳамуқа мезанант, ки худт худта фромуш мекун».

Як рӯз ба телевизион рафтам ариза навистам, ки биёянду ҳоло аҳволи моро ба халқ нишон диҳанд, то халқ гуяд, ки ба мо замин дода шавад ё не?

Мо замин барои хариду фуруш нагуфтем! Ин бесавод сардори телевизион   ба ман навиштааст, ки мо «замин намедиҳем». Ана ақлу ана савод. Фаҳмидам,ки ин ҳама такудавҳои ман бефоида. Ба як ҳоли зор 3 сотих замин харидем ва 2 времянка сохтем.

Ана акнун ҳар рӯз милиса бо ҷамоат меояд: «хунаҳой ҳаматуна, ҳамсояҳора чапа мекнем».

Дар ҷойи мо ҳама 3 сотихӣ доранд. Бечораи заминфурушро фурӯхтанду моро прокуратура бурданд, ки заминро аз кӣ харидӣ? Гуфтам, ки раҳматии хусурам ба духтараш додааст. Афсус дар ватан дар чунин вазъу ҳол гирифтор шудам. Гуфт, ки мурдаҳоро накаш, набиёр. Гуфтам, хуб хусурам дод. Гуфт ту моро аҳмақ хаёл накун. Нигоҳ кун деворҳоро ва аз таги столаш баровард. Вай 30, вай 40 то харидам гуфт. Гуфт, гап зан заминфурӯшро вагарна пулат месузад. Гуфтам сузам ҳам ман буз нестам, вай сари ману туро мехурад. Ҳиллаву найранг мекард, тоб медод, ки гапи даркориашро кашаду гирад, ки нашуд. Ман вайро тоб додам. Пуридам, ки бародар ин заминҳо фалшивианд? Гуфт, ҳо. Пурсидам, ки намешавад қонунӣ кард? Гуфт мешавад. Мегӯӣ, кӣ ба мо фурухт, он гоҳ мо настояший мекунем. Дилам пур шуд, ки руяшро сиёҳ мекунад муфаттиш. Заминҳо фалшивий нестанд, ҳақонианд. Заминфурӯшро гуфтаст, ки ҳамин, яъне ман бузӣ кардаам. Ман қасам хурдам, гуфта, ки чи гап дар пеши вай гуфтам ва гуфтам аз ман ташвиш нашав. Манро бовар кард. Гуфт, намешавад. Меравам мегуям ва мепурсам, ки ҳақашро гӯяд. Як рӯз шунидам аз як буз, ки 10.000 долларашро гирифтаанд.

Як рӯз милиса ҳамроҳи ҷамоат омад. Мегӯяд шахсони номаълум дар ҷамоат ба шумо замин фурухтаанд. Ман гуфтам дар сарҳояшон маска набуд, маълуманд. Ҳамсоя фундамент рехт, милисаҳо ҳо гуфтанд ва гуфтанд, ки 3 000 сомонӣ. Падараш дилаш пур, гуфт не. Фундаментро чапа карданд. Занаш бисёр гиря кард, ки 3 говро фурухта додему фундамент рехтем.

Шумо медонед пеш барои ҳақиқатро гуфтан раҳматнома медоданд, ҳозир зиндон мекунанд. Аммо нашуд. Бо ҳар баҳона додарамро барой лайк 5 сол шинониданд, маҳкам аст. Дар Русия акаамро барои регистратсия мегӯянд, ки шумо террористед. Мо автоматро дар хизмати давлат дидем, бешарм. Барои нон одамҳоро маҳкам мекунӣ.

Ин буд моҷарои ба сари ман омада дар Ватан.

Саломат бошӣ, бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Деваштич

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз ноҳияи Деваштич, аз минтақаи Калининобод дар бораи Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, нозири минтақаӣ-участковийи ҷамоати Ваҳдат, корманди уголовний розиск ва корманди шабакаи барқи Калининобод ва ҷиноятҳои онҳо ба шумо навиштаниам.

Ман ин ҷиноятҳоро бо чашми худам дидам ва аз сарам гузарондам!

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аст. Ин хел раиси дузди беинсофро дар таърихи ноҳияи Деваштич надидаем. Ман хостам барои замини наздиҳавлигиям сертификат кунам. Вақте ба Кумитаи замин муроҷиат кардам гуфтанд на кам аз 10.000 сомонӣ расход мекунӣ. Ман пурсидам, ки барои чӣ? Ман ягон кори ғайриқонунӣ накарда истодаам! Нархи давлатии ин санад 1450 сомониро дар бонк супоридан даркор будааст, ки ман супоридам ва санадро коргари Кумита тартиб дод. Ман хостам худам бе роҳи коррупсия, тоза ва қонуниву қоидавӣ сертификат кунам. Аз 6 мақомот имзо гирифтам, албатта, ҳар кадоме пора гирифт, аммо зиёд не 200-300-400сомонӣ. Сонӣ оварда барои бароврдани қарор ба раиси ноҳия.

Котиби раис санадҳоро дид ва гуфт хатоӣ дорад. Бояд дар ҷои ин калима дигар калимаро менавистӣ. Ман гуфтам ин хатоии ман не!

Назди шахсе, ки санадро омода намуда буд, омадам ва гуфтам. Вай ба ман гуфт, ки ин хатоӣ не. Мақсади онҳо пул, то пул надиҳӣ раис қарор намебарорад. Дар ҷои ҳамон калимаи хато навис «раис заната фалон кунам, сонӣ пулро ба қабати санади замин мону деҳ раис қабул мекунад»! Сонӣ санадро оварда додам. Баъд аз як моҳ рафтам, ки ҳоло қарори раис баромадаги не. Боз чанд маротиба рафтам. Охир котибаи раис гуфт, «ако шумо одами туғрӣ будед, ин кор ҳамту ҳал намешад то шапка натид (ришва)». Ман гуфтам чанд сум диҳам? Гуфт дар 7000сомонӣ раис қарор мебароранд. Ман хело хашмгин шудам. Ва рӯзи шанбе дар қабули шаҳрвандон ман ба назди раис даромадам. Либосҳоям одӣ буд ва каме риш доштам. Аз сабаби онки дар саҳро деҳқонӣ мекунам, дастам нарасид. Ба раис гуфтам ман фалонӣ, санади заминро қариб 1.5моҳ шуд додагӣ ҳастам, аммо ҷавобаш набаромадааст. Раис гуфт ту намоз мехонӣ? Ман гуфтам бале мехонам. Боз пурсид, ки ин чи гап риш мондӣ? Ман гуфтам ман деҳқон, дар саҳро кор бисёр. Барои ришгирӣ вақт нест. Бо телефони хонагӣ ба милисахона занг зада милисаро фарёд зад ва дастур дод, ки инро ба отдел бурда ришашро тарошед ва санҷед, ки ба ягон гурӯҳҳои ифротӣ аъзо набошад. Маро бурда дар отдели Ғончӣ ришамро гирифта 500сомонӣ ҷарима нависонда забонхат гирифтанд.

Баъди ин кори раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ман хостам интиқом гирам. Ба прокуратураи ноҳияи даромадам ва хабар додам, ки аз ман раис пул талаб дорад, бояд дастгир кунем. Прокурор маро ба кабинеташ фарёд кард. Гуфт ту як одами деҳқон будаӣ аҳволат барои худат маълум. Ба ту як маслиҳат медиҳам, ба фоидаи худат. Аз ин фикрат баргард. Ту раисро ягон кор карда наметавонӣ. Пулро раис через котиба мегирад, ягон асос надорӣ, фақат котиба ҷавобгар мешавад. Сонӣ, агар исботу далел дошта бошӣ ҳам ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Барои он ки пушти раис Ашуралӣ Ҷалилзода бақувват. Ӯ бо одамҳои ҷаноб наздикӣ дорад. Раис аз ягон кас наметарсад. Ман прокурор, 3 моҳ боз санадҳои замини ҳавлии истиқоматиам дар қабули раис Ашуралӣ Ҷалилзода имзо намемонад, аз ҳамин худат хулоса кун!

Ягон раиси ноҳия Деваштич аз 3-4сол зиёд истода наметавонад. Ин раис Ашуралӣ Ҷалилзода 6 сол мешавад. Ҳоло ҳам дар ҳамин вазифааш. Мақсад одамҳои ҷаноб ӯро дастгирӣ мекунанд!

Ана ин аст аҳволи мақомот!  Охир нашуд, 7000сомонӣ додам, дар як ҳафта қарор баромад! Дар минтақаи Калининобод ҷойҳое буд, ки фурӯхтану бино сохтан мумкин набуд:- назди болнитса ё ҷойҳои трансформаторҳо. Аммо ҳама ҷойро Ашуралӣ Ҷалилзода фурӯхт. Ҳатто заминҳои мактабу болнитсаро ҳам фурӯхт!

Участковий, уголовникҳо ва раиси танзим Ғуфронов Имомаддинро гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ гӯем ҳам мешад! Дар минтақаи Калининобод қариб 100ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Он қадар мардуми содаанд, ки пора доданро қонунӣ медонанд. Касоне, ки одам надоранд дар мақомот ё аз қонуну ҳуқуқ хабардор нестанд ва фарзанди синни хизмати ҳарбӣ доранд ҳар призив ба Ғуфронов Имомиддин аз 3000 сомонӣ сари фарзанд медиҳанд.

Ин маблағро хусусан ман бо тариқи Душанбе- ситии як шахс ба корти Имомиддин Ғуфронов гузарондам. Номашро гӯям маро мешиносад! Ин Ғуфронов Имомиддинро шумо шояд шиносед. Пештар корманди комиссариати ҳарбӣ дар ҷамоати Ваҳдат буд. Ӯро  мардуми деҳаи Қалъаи дӯст -150нафар маслиҳат карда ба коррупсия қапонданд. Аммо  баъд аз як моҳ озод шуда омад ва боз дигар вазифа гирифт. Раиси танзим шуд, ин аст қонун ва ҳукумати Точикистон!

Барои як лайк 8 сол аммо барои порахӯр боз мукофот!

Касе, ки туй мекунад, агар бачааш адои хизмати аскарӣ накарда бошад 2000сомонӣ ставка. Ба Имомиддин Ғуфронов медиҳӣ, сонӣ иҷозат туй!  Бачаҳое, ки баъд аз призив аз муҳоҷират бар мегарданд, участковий ва уголовникҳо ба хонаашон меоянд ва гирифт отдел бурда допрос карда телефонашро санҷидаи сонӣ гуноҳ дар гарданаш бор мекунанд. Як хеши наздики маро ҳамин хел карданд. Падараш 4000сомонӣ дод, сонӣ озод карданд. Ҳақиқатро танҳо дар «Ислоҳ» мебинам ва ман ягон касро туҳмат накардаам. Агар давлат адолат дошта бошад марҳмат омада санҷанд худашон мефаҳманд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№313 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №248
Мардуми кишвар беш аз пеш симову сурати Раҳмонов ва ҳукумати дузду фасодзадаи вайро шинохта истодааст. Халқ фаҳмидааст, ки Раҳмонов аслан дар фикри дигар аст, дар фикри он аст ки чи тавр ҳарчи зиёдтар мардумро фиреб диҳад ва ғорат кунад ва аз тарафи дигар дар ҳолати тангдастиву фақр нигоҳ дорад, то мардум фақат дар фикри чи тавр ба даст овардани луқмаи нон бошад. Вале мардум ин ҳамаро дида истодааст ва мунтазир аст, ки рӯзи инқилобу қиём дар ҳоли расидан аст ва ба ин нукта расидааст, ки роҳи халосӣ ва наҷот аз ин режими худкома ва тӯлонӣ фақат қиём ва хезиш аст. Номаи аввали ин нашри барнома далели ин гуфтаҳост:

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол, хонумон ва ҷанобон, ҳамватанони гиромӣ ва аҳли виҷдону номус!

Ман дар назди шумо на ҳамчун сиёсатмадор,балки ҳамчун  як нафар аз миллионҳо нафаре меистам, ки хаста шудаанд — хаста аз сармо, хаста аз торикӣ, хаста аз баромадҳои дуруғини Ҷаноб.

Мардумро барои мушкилоте, ки худат эҷод кардаӣ, гунаҳкор накун. Кори роҳбар на тарсонидан, дурӯғ гуфтан ё баҳонаҷӯӣ аст, балки ҳал кардани мушкилот ва хидмат ба мардумест, ки ба ту қудрат додаанд. Агар кишвар ранҷ мекашад, аз худ бипурс: ту дар ҳақиқат барои беҳтар кардани вазъият чӣ кор кардӣ дар ин 33 сол — бе таблиғот, бе хомӯш кардани овозҳо ва бе айбдор кардани дигарон?

Мардум фасодро эҷод накардаанд. Онҳо озодиҳоро аз худ накардаанд. Онҳо сарватро ҷамъ накардаанд, дар ҳоле, ки дигарон гурусна буданд. Ин ҳама ё кори туст, ё бо иҷозаи ту рух додааст. Пас, ба ҷои он ки ба мо бигӯӣ, мардум бояд чӣ кор кунанд, бигӯ: ту худ — бо ростгӯӣ, бо шаффофият ва бо фидокорӣ — барои ислоҳи вазъ чӣ кор кардаӣ? Агар ҷавобе надорӣ, ту роҳбар нестӣ. Ҳастии ту, будани ту худаш мушкилӣ аст.

Фурӯзонакҳою шамъҳо дар ҳар хонадон, нишони дуздию фасоди Эмомалӣ Раҳмонов.

Тоҷикистон сарзамине аст, ки Аллоҳ ба он неъмати табиъӣ ато кардааст — рӯдхонаҳоямон бо нерӯ метананд, кӯҳҳоямон аз иқтидор метапанд. Мо соҳиби яке аз баландтарин саддҳои дунё ҳастем. Мо он қадар барқ истеҳсол мекунем, ки метавонем онро ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигарон содир кунем.

Аммо — худи мардумамон аз бебарқӣ дар торикию сардӣ меларзанд.

Дар деҳаҳо ва шаҳрҳо модарон бо фарзандонашон дар зери кӯрпаҳо ҷамъ мешаванд ва дуо мекунанд, ки чароғҳо дубора равшан шаванд.Дар бемористонҳо дар мобайни ҷарроҳӣ барқ қатъ мешавад. Синфхонаҳо торик мешаванд. Тиҷоратҳо аз байн мераванд.Тамоми ҷомеа гаравгони низоме шудааст, ки онҳоро ба хиёнат додааст.

Ин фоҷиаи табиат нест — ин нокомии роҳбарист.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов ва режими ӯ рӯдхонаҳои моро ба манбаи даромади писараш (ширкати  барои ҷамъ кардани маблағи барқ бо усули ғайри нақдӣ) табдил додаанд, дар ҳоле, ки соҳибони аслии ин обҳо — шаҳрвандон — дар торикӣ мондаанд. Онҳо инро «рушд» меноманд. Мо инро «хиёнат» меномем.

Онҳо барқро барои фоида содир мекунанд, вале мо чӣ мегирем? Ранҷ. Хомӯшӣ. Ояндаи дуздидашуда.

Ин танҳо беҳаёии идорӣ нест. Ин фасодест, ки хуни гарми кишварро заҳролуд мекунад. Ҳар чароғи ларзони хона нишонаи он аст, ки кӣ дорои қудрат аст — ва кӣ не.

Аммо мо бемадор нестем.

Бигзор ин лаҳза оғози мавҷи наве бошад — мавҷи муқовимат, мавҷи ҷавобгарӣ, мавҷи адолат. Мо намехоҳем вайрон кунем. Мо мехоҳем талаб кунем он чизеро, ки ҳаққи мост: рӯшноӣ, гармӣ, шараф.

Мо хайр намехоҳем. Мо адолат мехоҳем. Адолати энергетикӣ. Саховат бояд аз хона оғоз шавад. Пеш аз он ки як ватт барқ берун равад, ҳар хонаи тоҷик бояд гарму рӯшан бошад. Ҳар мактаб бояд чароғон бошад. Ҳар бемористон бояд барқ дошта бошад.

Мо талаб дорем шаффофият дар бахши энергетикӣ. Мо талаб дорем хотимаи фасод ва хешутаборпарастӣ. Ва аз ҳама муҳим—мо талаб дорем, ки нерӯи Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон хидмат кунад.

Бигзор ин суханронӣ шарорае шавад—шарорае, ки қиёмро барангезад. Қиёми осоишта, вале нерӯманд. Қиёми мардум. Зеро қудрати ҳақиқӣ моли мардум аст.

Деваштич

Ассалому алейкум,домуллои азиз. Ман сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошам. Ман нисбати раиси Кумитаи замини ноҳияамон Абдуллозода Нуриддин маълумот ва шикоят дорам. Илтимос мекунам як барномаи махсус рӯзҳои наздик пахш кунед, то ки санҷишгарҳо омада чораашро дар ҷояш бинанд. Ин одам фақат ба пулситонӣ аз мардуми ноҳиямон машғул мебошад. Дар як рӯз як маротиба ва гоҳ ду маротиба як саҳар ва баъд бегоҳ як соат омада шаҳрвандони пулдорро қабул намуда маблағашонро гирифта баромада аз идора меравад. Камбағалҳо аз сахар то бегаҳ, хамёза кардаву даҳон кушода менишинанд.

Абдуллозода Нуриддин доғи судӣ дорад. Пештар роҳбари МБТИ-и ноҳия буд. Баъди таъин шудани вазири нав аз вазифааш озод карда шуд. Мардуми ноҳия каме оҳи сабук кашида буданд, ки дере нагузашта боз роҳбари Кумитаи замин шуда омад. Аз рӯзе, ки таъин гардид, мардум сарсону саргардон ҳастанд. Абдуллозодаро раиси Кумитаи замини ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода кришават мекунад ва чанд маротиба ронандаи Нуриддин Абдуллозода, ки Эгам ном дорад дар нишасташ тасдиқ карда гуфтааст, ки «то Хоҷазода ҳай шефи ман ягон ҷо намерад, зиндагиш тинҷ».

Дар ҳақиқат дар Хуҷанд квартира дорад, дар худи ноҳия бошад қариб 10.000 моли шохдор –гов ва фермаи калон дорад. 500.000 доллар ва 10 миллион рубл ҷамъ кардааст. Ҳамаи мақомотро ҳар моҳ пораҳои хуб дода мегардад. Рафиқи наздики ман, ки бо Эгам хешутаборӣ дорад, гуфтааст, ки роҳбар мисли ман доғи судӣ дорад, лекин ягон кас ягон кор намегирад.

Рӯзҳои наздик раиси ноҳияи мо раиси ноҳияи Спитамен мешавад ва гапгап аст ки Абдуллозода ба ҷои ӯ раис мешавад. Агар мабодо нашавад ба ҷои Маҳмадёрзода муовини аввали раиси ноҳияамон мешавад. Ставка-пулашро уже через Спартак, ки корманди коррупсия мебошад ва дӯсти наздик ва хешу табори Муроди телех мебошад, гӯё дода будааст.

Назари худи раиси ноҳияро аз ҳамин шинос пурсон гаштам. Вай гуфт ӯ раиси кумитаро беҳад бад мебинад. Пурсидам, ки барои чи? Гуфт гуё дар аввалҳои омаданаш доимо танқид мекарда бошад, ки бе пешниҳои ман ту раиси кумита шудӣ ва ахиран Нуриддин Абдуллозода  гуё ӯро барои имзо кардани қарор ва додани маблағи пулӣ запс карда шантаж мекарда бошад. Пас аз он раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода тавассути ҳуқуқшиносаш гуфтааст, ки барои имзо кардани қарор дигар аз Нуриддин Абдуллозода  пул нагиретон. Одами боваринок дар кумита Худойбердиев Муслимбой ва Муҳаммадиев Аброр мебошанд ва минбаъд онҳо пешниҳодро биёранд.

Дар масъалаи Худойбердиев ва Аброр гуфтаниям, ки ҳардуи инҳо ва низ Ғулому  Фахриддин зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулованд ва инҳо ҳамчун кормандони шартномавӣ дар идораи Кумитаи замин кор мекунанд. Ду маротибаӣ доғи суди доранд.

Суол ин ҷост мақомоти назораткунанда куҷоро нигоҳ мекарда бошанд? Прокуратураи ноҳияро, ки дар онҷо ҳамсинфи ҷиянам кор мекунад назарашонро пурсон шудам. Вай гуфт чанд маротиба барои корҳои ғайриқонуниашон дело карданӣ будаанд лекин Прокурори вилоят иҷозат надодааст. Зеро, ки пуштибони Абдуллозода Нуриддин худи прокурори вилоят будааст. Об аз боло лой.

Аз ҳамин бармеояд, ки пулро худи Абдуллозода танҳо ҳазм намекардааст. Вай ҳамроҳи Хоҷазода, раиси Кумитаи замин, Спартак ва Хоҷазода Фурқат, прокурори вилоят шариканд.

Наход як ноҳияи калон бо 200.000 аҳолӣ мутахассиси бе доғи судӣ ва дипломдор надошта бошад? Агар мутахассис бошад, барои чи нафарони доғи судӣ дошта Ғулом, Аброр, Фахриддин ва худи Нуриддин кор карда истодаанд ва бо вимогателство машғуланд? Куҷо шуд адолат?  Куҷо шуд ростӣ? То 5.000 сомонӣ надиҳанд, санадро регистрация намекунанд. Пули санадро медиҳӣ Нуриддин Абдуллозода иҷозат медиҳад, ҷиянаш Рамзиддин қайд мекунад. Бобати Рамзиддин гуфтаниям як ҳаромхури дигар аст ва бе 3.000 -4000 сомонӣ ягон ҳуҷҷат аз экспертиза намегузарад. Ӯ ҳамчун эксперт дар МБТИ кор мекунад. Магар кор кардани ҷияну амак дар як ниҳоди давлатӣ қонунан дуруст аст? Инчунин ҷиянҳои дигараш Бобур ва Навруз  низ   дар идораи мазкур миёнарав шуда ризқашро аз идораи амакаш ёфта мегарданд.

Ба ғайр аз инҳо хоҳари Абдуллозода раиси ҷамоати Ғазантарак ва бародараш Бобур раиси Идораи оби ноҳия кор мекунад, агар нодуруст бошад марҳамат, омада санҷед. Ҳар бор дар вақти нишаст Абдуллозода Нуриддин ба шогирдҳояш мегуфтааст натарсед пулро ҷамъ карда биёред ман ҳаминҷо, то ман ҳастам ягон кас ягон … хурда наметавонад, танҳо пулро биёред. Ман ҳамаи инро танҳо худам намехурам, барои гаштани Шумоён ба прокурори вилоят ва Спартак доляашонро медиҳам.
Бародари азиз, ман ин ҳама маълумотҳоро солҳо ҷамъ мекунам, гапу ахбори беҳад зиёд, лекин ягон мақомдор гуш андохтан намехоҳад.

Соли 2019 дар вақти сохтмони бинои идораи Кумитаи замин, ки сохтмончӣ ҶДММ Кордон буд Абдуллозода Нуриддин пули зиёдеро ба суратҳисоби Кордон гузаронида нақд карда аз они худ кардааст. Ин маълумотро кормандони Коруспсия огаҳӣ пайдо намуда ариза ташкил карда бо мақсади пул гирифтан Нуриддин Абдуллозодаро даъват намуда бо воситаи Спартак маблағашро гирифта муҳосиб Аҳадов Парвизро ба гарданаш монда дело карданд. Боз Абдуллозода Нуриддин аз об хушк баромад.
Боз як ҳолати ҷиноии дигар нисбати корманди Кумитаи замин Ҷумъаев Абдукарим ба коррупсияи вилояти Суғд моҳи март ворид мегардад, ки аз шаҳрванд маблағ барои омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани замин талаб карда гирифтааст. Лекин Ҷумъаев ба ваъдааш намеистад ва чанд маротиба мебиёяд шаҳрванд. Охир шаҳрванд маҷбур мешавад ариза мекунад.

Оиди ин ҳодиса Абдуллозода Нуриддин хабардор мешавад ва бо роҳи фиреб ба боварии кормандаш медарояд. Ва ҳамин тариқа Абдуллозода Нуриддин барои ҳалли кори Абдукарим   пули калон гирифта аз они худ менамояд ва ба Абдукарим ваъда медиҳад, ки кораш 100 фоиз ҳал. Аз ин байн чанд рӯз мегузарад. Кормандони коррупсия нисбати Абдукарим дело оғоз мекунанд ва баъдан Абдукарим ба назди шефаш   омада бо забони узбекӣ  мегуяд, ки «шеф мана дела кадан, шумо пула надодит мӣ?» Абдуллоза дар ҷавоб «вай пул барои ошкор накардани дигар ҷиноятҳо буд. Агар боз як бор пули додаатро пурсӣ дигар шаҳрвандҳоро даъват намуда, ариза ташкил намуда туро маҳкам мекунонам» гуфта таҳдид мекунад. Бо ҳамин Абдукарим хомуш  мешавад. Кормандони коррупсия делоро ба итмом расонида ба суди ноҳия ирсол мекунанд.

То ҳатто раиси ҷамоати деҳоти Ғазантарак Рузиматов Холбуттаро бо маслиҳати пешакӣ бо корманди коррупсия, яъне Спартак бо маблағ ба даст афтонда ба ҷои ӯ хоҳараш Абдуллоева Тахминаро ба вазифаи раиси ҷамоат таъин намуд. Абдуллоева Тахмина аз ин пештар директори мактаби Зарнисор буд ва баъди вазифаи навро қабул кардан ба вазифаи директори мактаб хоҳараш яьне Абдуллоева Мафтунаро директори мактаб таъин намуд. Дар ин бора пештар Ислоҳ барномаи муфассале дошта будед. Инчунин Бобур аз ҳар як сари хона 50 сомонӣ барои об мечинад, ки он об бе пул ва аз давлати хориҷа дар вақташ ба мо кумак карда буд. Агар хато накунам 1350 хочаги ҳаст ва дар як моҳ ва дар як сол ҳисоб кунед чи қадар фоидаи муфт ба даст меорад. Тақрибан 800 ҳазор сомонӣ дар сол аз мардум бе ягон заҳмат мегиранд. Ин ғорати ошкоро нест магар?
Устод, ҳозир аз мақомот тафтишгарон омадагиянд. Зудтар нашр менамудед хуб мешуд. Мо ғайр аз «Ислоҳ» дигар ҷойи шикоят кардан надорем.

Москва
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи як инсони нокасу беинсоф бо номи Салимов Юсуф Ҳокимшоевич гуфтаниам. Ин одам мутаваллиди соли 1996 аст. Аз Бохтар –Қурғонтеппаи пешина. Ин Юсуф дар сохтмон кор мекунад, крановчик аст. Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбекистонро бо баҳонаи регистрация кардан фиреб карда пули бачаҳоро гирифта кидат мекунад. Ба болои ин ҳама аз бачаҳо-муҳоҷирон бо фиребу макр пул қарз карда пулашонро барнамегардонад. Аз пушти ин бадбахти бешараф дигар миллатҳо тоҷикҳо ҳамин хеланд гуфта дашном карданд. Бовар кунед, ки номи тоҷикҳоро паст зада гаштааст. Аммо вақте мепурсӣ, ки канӣ регистрация, канӣ пул афсонаи деви безонтикро нақл мекунад.
Муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ҳастанду миллати узбеканд муҳоҷирони  Узбакистон аз руи ин бешараф миллати моро сахт дашному таҳқир мекунанд. Мегуянд, ки тоҷикҳо лафз надоранд. Илтимос аз ҳукумати Тоҷикистон, аз ВКД ва КДАМ хоҳиш мекунам, ки пеши роҳи ин бешарафро гиред. Ҳар рӯз мепурсанд бо1000 баҳонаву дуруғ гап мезанам. Ба Худо мардум дуъои бад карда истода аст.
Баъд фаҳмам ин беинсоф пулҳои мардумро бо фиребу фанд гирифта ба бева бозию нашакашӣ истифода мекардааст. Ду маротиба худам спайсро дар дасташ дидам, чени нахуд сиёҳ. Чандин нафаронро нашъаманд кард, ин бешараф. Шахсан худи ман медонам, ки як бача тоҷикро подставит карда ба милиса дода 40 ҳазор дода ҷонашро харид. Ришро мондагӣ вале аз шайтон ҳам бадтар аст.

Қариб сӣ сола шудааст, вале зан нагирифтааст. Не хона дорад, не зан, ақалан ба падару модараш пул роҳӣ намекунад. Майлӣ ин ҳама, проблемаи худаш. Бечора ғарибҳоро фиреб накунад. Не, баръакс боз ягон камбағалро ёфта боз фиреб мекунад, боз 4 бачаи тоҷикро регистрация мекунам гуфта пулашонро гирифт. Ин чор нафар аз куҷое қарз карда ба ин бадбахт дода буданд. Ва, боз аз ҳама аламовартар ин аст ки ин бачаҳо ду моҳа корашонро кидат шуда будаанд. Гуфтем, ки эй Юсуф «ихели накун камбағалоя, ҳамино қарз кардан, ту бошӣ бо фиреб мекунӣ, те пулшона гуфтем». Механдаду мегуяд, ки «беақлу чмо бошан,айби ман чӣ?»

Абдураҳмони Ҷомӣ (Куйбишев)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Ман яке аз мухлисони беҳтарин ва кумакрасонтарин шахси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ -Куйбеши собиқ  мебошам. Ин бори дуюм аст ки ман ба шумо дар бораи ғоратгарии ноҳияамон менависам. Яке аз қафомондатарин ноҳия дар Тоҷикистон  ноҳияи мо ба шумор меравад. Чуноне дар барномаи 63юми «Номаҳо аз ноҳияҳо» қайд кардем дуздию ғорат дар авҷи аъло мебошад. Баъди барномаи шумо каме ҳам  бошад мардум аз хоби ғафлат бархестанд. Вазъият рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Ман ҳозир дар Россия қарор дорам -бо аҳли оилаам. Мутаассифона дар Россия ҳам вазъият хело ҳам безеб мебошад, ҳар рӯз рейд, мардумро ором намегузоранд, ин чи рӯзи сиёҳ  аст? Чуноне ки дар барномаи 63 қайд кардем вазъияти мактаби таълимоти умуми ҳамагонии рақами 4 рӯз то рӯз бадтар шуда   истодааст. Директор Худойбердива Шамсия аз орду равған сар карда то меваҳоро ба қавли мардум чепс (медуздад) мекунад.

Ба ман нақл карданд, баъди пахши барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»№63 аз 6-ум отдели нохия омада директорро бо ҳамроҳи ҷонишинаш яъне Худойдодов Дилшод бо лақаби кал  бурданд. Чанд рӯз онҳоро ҷеғ заданд. Ба фикрам пул дода сонӣ худро хариданд. Охири мактаб омадааст ва талабагони бечораро бо ҳар баҳонае чиз ва пул мефармояд. Директор мегуфтааст ҳар саҳар ба талабагон маҷбурӣ, ки рафта ба ман  шакалод, меавгиҳо, қаймоқ, грил гирифта биоранд, зеро ман гурустна ҳастам. Ин чи бедодгарӣ мебошад. Ба хатмкунандагон гуфтааст, ки ман атесстати шуморо намедиҳам. Агар атесстат мехоҳед ба ман 800 сомонӣ супоред. Акнун ҳисоб кунед, ки чи қадар мешавад ин маблағ аз 150 хонандаи хатмкунанда. Имтиҳонҳо наздик аст  ва талабагонро ғам грифтааст, ки ман аз куҷо пул ёфта имтиҳонро гузарам. То дар имтиҳон пул надиҳем моро намегузаронанд. Вақти гандумам шудааст ва завучи мактаб Дилшоди кал боз талабагонро ба даравидани гандум ва юнучка мебарад. Талаба мактаб дарсхонӣ меравад, ё ки алафдаравӣ?

Бовар кунед, ки дар инҷо чунон ғоратгарӣ бисёр аст ки намедонам аз куҷо сар кунам? Охири мактаб омадааст ва сари ҳар як хонанда пул ба миқдори 150 сомонӣ фармудааст барои баҳоҳоро ба телефонҳои волидайн гузарондан, яъне онлайн. О, дар хонаи як хел одам нони хурдан нест, аз куҷо интернет, у телефону суме, ки ба шумо супоранд. Дар шаҳр чунин баҳои онлайн карда натавонистанд, аз куҷо дар як ноҳияи торикистони бе барқу связ чунин плани калонро иҷро карда наметавонанд. Хайр, дигар чи гӯям, аз дасти мо, чи меояд? Ин як бузи калон мебошад. Агар саркашӣ кунем моро ба отдел месупорад. Все равно ин кори инҳо намешавад. Ана акнун нигоҳ кун аз ин кор ба онҳо чанд сум мемонад. Аз 1200 талаба ба микдори 150 сомонӣ180 000  сомонӣ мемонад. Ба ин қадар сум мо метавонем як муассисаи нав бисозем. Муассисаи нав гуфтам як чизи дигар ба ёдам зад. Пули ремонт 30сомонӣ сари ҳар як хонанда ва аз ин ҳисоб ба микдори 36000 сомонӣ фоида ба кисаи инҳо медарояд. Аммо мераванду бе пул оҳак гирифта талабагонро оварда сафед мекунанд ва ба ҳамин ремонт халос. Пулро бошад ин гурустнаҳо мегиранд.

Чуноне дар барномаи 63 қайд кардем зиёда аз 15-20тон кумурро аз муаасиса ғорат карданд. Ва дар вақте бар кашида тақсим карданд 10 килоро 15 гуфта ба мактабҳо доданд. Аз руи ҳамин даромадҳои муфти мактаб шуда директор ва ҷонишинаш дар муддати кутоҳ соҳиби заминҳои зиёд, гову моли бешумор ва хонаҳои зебо шуданд.

Аз пушти ин шалашофка, ин ҳаром чандин духтарони мактаб бероҳа шудаанд. Ин директор ҳар вақте ки комиссия меояд худро орову торо дода пеши онҳо меравад. Онҳоро уговорит карда дари кабинетро маҳкам мекунад ва паси дарҳои баста….. Инро ҳама медонад. Ин беваи шайтон бо  коргарони давлат қариб ҳар руз чунин мекунад. Аз ҳамин сабаб ба мактаб комиссияҳо аҳамият намедиҳанд.

Дар мактаб талабагон як тараф даже муаллимаҳо бо муаллимҳо …..Пас талабагон аз инҳо чи ибрат гиранд.
Чуноне гуфта будем калиди кабинеташро ба 4 нафар дод. Санаи 7 марти  соли 2023 ин воқеа руй дод. Онҳо даромада корҳои маҳрамона намуданл. Ин бадбахт барои пул шуда бо номуси духтарони мо бозӣ дорад. О,мардум бовар карда фарзандони худро бо як ҳавасу армон ба мактаб мефиристанд. Дар ҷамоат зане, ки маълумотнома менависад, аз тарафи деҳаи Сотсиализм мебошад. Вай халқи тарафи худашоноро дастгирӣ ва мардуми тарафи моро бадбинӣ мекунад. Аз тарафи мактаб маҷбур карда паспорт гиранд, аз тарафи дигар коргарони ҷамоат бачагони моро «шумо террорстед» гуфта маълумотнома намедодааст. О, ин чи аҳвол аст? Баъди барномаи 63 мардуми озодихоҳ дар чанд мактаб «Нест бод пешво» навистанд. Ин хел шерони нар кам не, бисёранд. Ҳамаи инҳо мунтазири ишорат мебошанд, то митинг кунанд.

Худойбердиева Шамсия натсисти рақами як мебошад. Одамони худашро агар гуноҳ ҳам гунанд, лекин ҳеҷ чиз намегуяд. Вале агар аз одамони қишлоқи мо кунанд ин талабагонро буз мекашад ва суми дунёи онҳоро кашида мегирад. Дар охир қайд кардан мехоҳам, ки дар деҳаи мо овози азон нест. Аз ҳамон ру насли наврас ба корҳои бад даст мезананд. Дар деҳаи мо 5 масҷид ҳаст вале ягонтои он кор намекунад. Муддати 8-10 сол мешавад ҳамаашро маҳкам намуданд. Вазъият рӯз то руз бад шуд истодааст.

Нест бод Эмомалӣ. Бародар, мо бо туем, бародар Муҳаммадиқбол!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №248 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№96
Нашри аввали «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар соли 2024-ро бо матлабе шуруъ кардем, ки аз як идораи муҳим ба дасти мо расидааст. Ин гуна таҳдидҳоро мо дар ин чанд соли мубориза зиёд шунидаем ва бовар дорем, ки Раҳмонов шайка ва дору дастаи ҷинояпешаи вай барои онки ба ҳадафи нопокашон бирасанд, ба ҳар кори пасту палид, аз ҷумла қатлу куштор ҳам даст мезананд. Ва куштори мухолифин дар корномаи Раҳмонов ҳодисаи нав нест. Аммо, ин таҳдидҳо моро аз роҳ бадар намекунад.

То ҷое аз манобеи дигар хабар мерасад ҳатто барои «безарар» гардонидан ва «сокит» кардан, «харидан» ва ё истирдоди банда ҷоизаи калоне ҳам тахсис додаанд. Ҳар коре мехоҳед, бикунед. Аммо дониста бошед, ки бо куштани як нафар чизеро иваз карда наметавонед. Дар барномаҳо борҳо гуфтаам ва боз ҳам мегуям мактаби “Ислоҳ” ва  роҳи гузоштаи он идома дораду худатон хуб медонед, ки халқ дар садади барандозии шумост ва фурсати шумо андак мондааст:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мехоҳам боз аз як нақшаи махуф ва зишти мақомот бароятон хабар диҳам. Ин нақшаро мо метавонем   «контрнаступление»  ном гузорем. Ва он аз чанд марҳила иборат аст.

Марҳилаи аввал таҳдидҳои сохта  ва бофта ё сфабриковни. Яъне Исаков Аюб, ки ба ҳамагон маълум аст проекти мақомот аст, таҳдид ба қатл мешавад ва ҳоло дар Ютуб ин корро карда истодаанд. Ва гуё ин қатл бо дастури устод Муҳиддин Кабирӣ анҷом мегирад. Ҳатто сабтҳои аудиоӣ ҳам ҳаст.

Марҳилаи дуюм, марҳалаи баъд аз таҳдид, марҳилаи иҷрои таҳдидҳо аст ва ин таҳдидҳо бояд ба амал бароврада шаванд. Ин д…би Аюб ва монанди ӯ фикр мекунанд, ки онҳоро ба майдони ягон филм ё сериале баровардаанду онҳо номдори миллат мегарданд. Мақомот ҳатман ин д…ро «убрат» мекунанд ва ин корро бори души устод Кабирӣ мекунанд. Аюб намедонад, ки ин нақша бояд то охир амалӣ гардад.

Марҳилаи охир ва ҷамъбастӣ ин ҷамъи далелҳои сохта ва ифтитоҳи парвандаи дигар роҷеъ ба даст доштани устод Кабирӣ дар ин гуна амалҳои хунин ва бори дигар ироаи дархост барои дастгир ва истирдоди ӯ аз Аврупо ба Тоҷикистон аст.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, ин маълумот мувассақ аст ва фикр мекунам аз он бояд тамоми миллат ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам бохабар бошанд. Чунки ҳоло дар ҳукумат як навъ бебандуборӣ ва як навъ ташвишҳо ба мушоҳида расида истодааст.

Раҳмонов баъд аз сафари ахираш ба Маскав як навъ нигарон ва норозӣ ба назар мерасад. Натавониста истодааст, ки амалиёти валиаҳд-овардани Рустам ба ҷойи худашро ба иҷро дароварад. Мисли онки Путин комилан зид аст. Барои ҳамин бояд боз ягон тавтиаву дасиса карда нишон диҳад, ки неруҳои исломӣ ҳамчун манбаи хатар ҳанузам мушкил пеш меоваранд ва бояд, ки Раҳмонов ва ё фарзанди Раҳмонов ҳатман дар роҳбарии Тоҷикистон бошанд.

Шояд нақшаи «убрат» кардани Исаков Аюб кори худи мақомот бошаду Раҳмонов дарак надошта бошад ва бо ин васила СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода Раҳмоновро бори дигар тарс диҳанду аз фикри овардани Рустам мунсариф кунанд.Чунки бо ин роҳ метавонанд, ки ҳузури худ дар ҳукуматро ҳифз кунанд ва аз омадани Рустам ба қудрат ҷилавгирӣ кунанд. Чун Рустам ояд онҳо ҳатман аз вазифаҳо меравнад.

Эй Аюб ва нафарони монанд ба ӯ! Бишнавед ва пунбаро аз гушҳо баркандед, ки ин Раҳмонов ва шайкааш то шумоҳо ҳазорҳоро истифода бурду убрат кард, як қопча орд ба хонаи онҳо роҳӣ кардагӣ нестанд. Чи ин қадар пушту пеши болову поёнатонро медаронед? Раҳмонов ба ягон нафар тараҳҳум накардааст, ки ба шумо кунад. Ба вай шоҳид даркор нест!

Исфара

Ба номи Худо! Салом бародар Муҳаммадиқбол. Нома аз истиқоматкунандаи ҷамоъати деҳоти Сурхи  шаҳри Исфара. Ҷамоъати деҳоти Сурх аз 3 -деҳа иборат аст:

1) Деҳаи Сурх, 2) Сароб  ва 3) Чорбоғ, ки ҳудуди 17000 аҳолӣ дорад. Раиси ҷамоати деҳоти Сурх Аҳмадов Сарвар Обидович ва ҷонишини ӯ Ҷумъаев  Баҳодурҷон Сафарович  ҳарду аз мардуми деҳа ба ҳар роҳу васила ва фиреб пул меситонанд. Дар вақти облава  аз нафароне, ки фарзандони онҳо  синнашон ба хидмат расидааст, ба роҳи тарсонидан аз ҳар нафар аз 5000 то 10000 сомонӣ барои як мавсим талаб мекунанд. Ҳатто оилаҳое, ки дар Русияанд аз онҳо ҳам сум мегиранд. Ман худ шоҳиди онам, ки мардум аз дасти ин ҷинояткорон ба Русия фирор мекунанд, то каме бошад ҳам озод бошанд. Илова бар ин касе маъракае баргузор кунад, дарҳол танзим меояд ва ба таҳдид кардан шурӯъ мекунад барои сум кандан аз соҳибхона. Дар ҳудуди ҷамоъат 15 масҷид вуҷуд дорад. 8 тои онҳо баста шуд. Як масҷид ҳатто фурӯхта шуд. Бо мусоидати раиси ҷамоат масҷиди  Таги Сада фурӯхта шуд. Нафаре ин масҷидро харидори кард Алибой Наврӯзов ном дорад, ки бо лақаби Алӣ Ҷенго машҳур мебошд. Аз боқии масҷидҳо дар моҳи рамазони соли гузашта бо баҳонаи нарасидани сарбоз пул гирифтанд. Гӯё аз маҳалла касе ба артиш нарафтааст ё сарпечӣ кардааст. Маълум нест, ки ин масҷид аст ё военкомат. Намегузоред мо озодона намоз бихонем. Магар дигар ҷо ҷой надоред, дар масҷид сарбозонро ҷой мекунед? Боз масҷид ва намозгузорон гунаҳкоранд. Ва имомхатибон бошанд  ба монанди тӯтӣ  ҳар чи амният равон кард онро мехонанд.

Деҳаи Сурх бо Қирғизистон ҳамсоя аст. Моҳи январи соли 2022 дар маҳаллаи Таги Сада 11 хонаи сокинон аз тарафи сарбозони қирғиз хароб шуд. Ҳамаи коркунони ҳукумат аз амният, МВД, МЧС ва ҷамоат омада навор гирифта ваъда карданд, ки бо фармони Пешвояшон ба осебдидагон кумак карда мешавад. Як солу 6 моҳ гузашт аммо кумак    нарасид. Куҷо шуд ваъдаҳои дурӯғини  ҳукумати пешво? Падари  Сарвар Обид Аҳмадов ҳам дар ҷамоъати Сурх солҳои қабл раис буд. Вай  зидди дину масоҷид буд. Аз рӯи ҳамин корҳояш баъди қабули қонуни танзим дар Исфара раиси танзим шуд. Соли қабл ин душмани дин аз дунё рафт. Ва як бародари амаки Сарвар ба номи Ҳасанбой Аҳмадов дар ҷамоъат котиб аст. Аз справка ё метриска ё ҳар ҳуҷҷати дигар пул талаб мекунад. Ин ҳам ранги бародараш Обид Аҳмадов мебошад- зидди дин. Баъди дастгир шудани Камолиддин Шаропов бо иттиҳоми ҳамкори бо Ислоҳ, боз ба дили мардум тарсро ҷо кардааст. Аммо, мардум ҳам аз инҳо дигар сари тарс надоранд.

Бародар як чизро мехоҳам бигуям, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» таҳти № 54 ҳар чизе ба шумо  расонида шуда буд воқеъият аст. Ман худ шоҳиди ҳар чизе зикр кардед, ҳастам. Онҳое, ки номашон зикр шуд раиси ҷамоъат Аҳмадов Сарвар Обидович ва ҷонишини раис Ҷумаев Баҳодурҷон Сафарович дар таҳлука афтоданд. Дар байни коргарони ҷамоъат гумонҳо нисбат ба якдигар пайдо шудааст.

Соли 2022 дар моҳҳои июл ва август мардуми маҳаллаи Навободи ҷамоъати Сурх тақрибан 1- 1,5 км роҳи дохили маҳалларо асфалт карданд. Ин кор «барои ободии ватан» ва аз ҳисоби мардум ҷамъоварии маҷбурии маблағ сурат гирифт. Ва нафаре ба номи Каримов Мусо бо лақаби (кали Шариф) ба ҳар роҳ аз сокинон сум мегирифт. Мегуфт мошин дорӣ, бояд сум диҳӣ. Касе рад мекард  ба Сарвар хабар мекашид. Дар охир ба ман маълум нест чанд ҳазор $ ҷамъоварӣ карда шуд. Ин маҳалла бизнесменҳои зиёд дорад. Роҳ асфалтпуш шуд. Аммо суми боқимонда аз кисаи мардум ба киссаи раиси ҷамоъат ва ноибаш рафт. Ба гуфтаи кали Шариф  на камтар аз 15000 $ боқӣ монда будааст.

Дуздӣ аз Пешвояшон сар карда то раисони ҷамоъатҳо ба авҷ расидааст. Сарвар боз мегуфтааст, ки «давр дар даст аст, бояд давро биронем. Ин раисӣ ба ман мероси падар аст». Чи хеле медонед падараш солҳои 2000 ум раиси ҷамоъат буд. Боз мегуфтааст, ки «маро ҳеҷ касе аз раисӣ гирифта наметавонад, ҳамааш аз ман доляашро мегирад, расми манро бинад дуқат шуда салом медиҳад, ҳатто ҳукумат иваз шавад ҳам ман раис боқӣ хоҳам монд». Вақто Сарвар раис шуд ранги пешвояш  ҳеҷ чиз надошт, ранги гадо як тарафи пошнаҳои туфлиҳояш хурда шуда буд.Имрӯз  бошад аз ҳисоби дуздӣ сарулибосаш дуруст шудааст.

Дар барномаи №217- и «Минбари муҳоҷир» ранги Сарвар як раиси ҷамоъати дуздро дидам ба номи Қаҳрамон аз Шаҳристон. Ин ҳамаи раисони ҷамоат як хел будаанд.

Каримов Мусо ё Кал Шариф  қаблан дар Русия мент буд. Ба ҳамагон маълум  аст ки бо ҳамкорӣ ё ба дасти вай чанд нафар бизнесменҳои қишлоқ  ба қатл расонида  шуд. Ду нафар ака ва додар ба номҳои Ашурмуҳаммадов Орифҷон ва Ангурмуҳаммадов Амонуллоҳ  бо таври ваҳшиёна дар манзили зисташон дар шаҳри Москва, дар моҳи июни соли 2005 кушта шуданд. Ва чанд нафари дигар бо туҳмат зиндон шуданд.  Ҷинояти дигари Кал Шариф аз Тоҷикистон ба Русия меваи хушк интиқол медиҳад ба роҳи Оҳан ва дар дохили вагонҳо гераинҳои домоди  пешворо ба ҷо карда бурда ба нафарони маълум мерасонад.

Солҳои пеш 3 нафари дигар бор интиқол медод ба Россия  ба номҳои 1) Ҷураев Ҷура, 2) Додохонов Абдураҳим ва 3) Сафаров Камолиддин. Ҳар сеи ин нафарро бо ҳар баҳона  аз ин кор боздошт ва аз худ кард ин бизнесро. Гоҳо  борҳои онҳоро дар роҳҳои Қазоқистон аз вагон медуздид, ё дар дохили вагон гера ҳаст гуфта хабар мекард. Дар охир онҳо қарздор шудаву маҷбур шуданд аз ин кор берун шаванд.

Баъди барномаҳои шумо ман хеле чизҳоро фаҳмидам. Дар ҳукумати имрӯза ба  монанди  Сарвар кам нестанд. Дар бораи онҳо дар оянда ҳам менависам.

Дар охир як суоли шахсӣ дорам. Ман аъзои ҲХДТ будам. Оё Аллоҳ маро мебахшида бошад? Ин саволро аз ягон муллои буз пурсӣ даррав ба амният хабар медиҳад, барои ҳамин аз шумо пурсидам.

Бародар ҳоло мавсими сарбозшикор ба поён расида бошад ҳам аммо мешавад гуфт, ки дар деҳот идома дорад.

Дар ҳамин мавсими сарбозшикори тирамоҳӣ дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам чанд нафар барои фарзанд ё наберааш боздошт шуда рӯзҳоро дар боздоштгоҳҳо сипарӣ кард.  Нафароне, ки боздошт шуданд аз ҳамин маҳалла: 1.Ниёзматов Одилҷон

2. Носиров Абдумуталлиб 3.

Нусратов Ҳабибуллоҳ

4.Самадов Аблулҳафиз  ва афроди дигар.

Ҷурми онҳо чист? Сум надодан дар ин мавсим ба Раис ва ноибаш. Ин ҳукумат, бовар кунед, аз ҳад гузаронда истодааст. Касе ба ин ҳарду дуздони ҷамоъат-раис ва ноибаш сум медиҳад, ором ва бе мушкилӣ гашта истодааст. Чанд нафаре, ки Сарвар ва Баҳодур аз онҳо сум —  маблағҳои зиёд гиритфтааст, онҳо чанднафарӣ фарзандони ба синни сарбозӣ расида доранд.

Барои мисол Боирҷонов Ҳамидуллоҳ солона то 30.000 сомонӣ,

Лутфуллоев Сафиюллоҳ то 25.000 сомонӣ,

Исломов Миршафеъ 15000 сомонӣ,

Раҳимов Маннон 30.000 сомонӣ.

Ин нафароне зикр кардаам фақат аз маҳаллаи Масҷиди Сурхӣ мебошанд. Ба монанди инҳо боз шояд садҳо нафари дигар бошад. Сарвар ва Баҳодур, раис ва муовини раиси ҷамоат касе сум надиҳад ба 6-ой мефурушанд. Онҷо як  инсони кали бисёр луси хира аст:- Боқизода. Номашро фаромуш кардам. Чанд нафарро  даъват карда аз онҳо пурсидааст, ки шумо чи моликият ва чанд хона, чанд гов ва ҳатто мурғ доред? Дар Русия хона доред?  Охир шумо чи кор доред, ки кӣ чи дорад?  Аз шумо хоҳиш дорам дар бораи ин дуздон ва хиёнаткорҳо як барномаи махсус нашр кунед.

Ва дар охир дар бораи шахсияти домулло Насруллоҳ мехоҳам гап занам. Ин одам дар вақтҳои охир қаҳрамони барномаҳои шумо шудааст.

Азизов Насруллоҳ Ҳабибуллохонович 1966 дар деҳаи Сурх ба дунё омадааст. Ва таълимоти динии худро дар назди амаки худ Қорӣ Холиқ  оғоз кардааст. Баъд дар шаҳри Қуқанди Узбекистон дар назди домулло Баҳромҷони қуқандӣ, ки бо амаки Насруллоҳ дусти наздик буд, идома додааст. Насруллоҳ то солҳои 1995  ягон уламои Тоҷикистонро  эътироф намекард. Ҳамаи уламои ҷанубро бо исми ваҳҳобӣ ёд мекард. Ҳатто дар суханҳояш мегуфт мо ба Муфтиёти Тоҷикистон эҳтиёҷ надорем ва мо пайрави аз Узбекистон мекунем. То соли 1998 Насруллоҳро касе намешинохт. Амакаш Қорӣ Холиқ имоми масҷиди Ҷомии деҳа буд. Пеш аз маргаш Насруллоҳро имом таъин карда буд. Баъди омаданаш ба ин вазифа сар кард ба ҳамкорӣ бо милитция ва амният. Ҳама мардум аз ин огоҳ аст. Аз армия омад дар солҳои 1988. То соли 1995 як мопеди куҳна дошт. Ҳамроҳи бародараш Сафиюллоҳ Азизов бо навбат савор мешуд. Баъд як Запароже харид ва то соли 2005 ҳеҷ моликияте надошт.

Солҳои 2003 вақте Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ ба истироҳатгоҳи Зумрад меомад, Насруллоҳ бо воситаи амният ба Ҳикматуллоҳ гуё мурид шуд ва корҳои худро бар зидди ҲНИТ оғоз кард ва то ҳол идома дода истодааст. Ин Насруллои беақл ба муридонаш мегуфтааст вақте ҲНИТ пирӯз шуд дар Тоҷикистон аввалан сари маро мебурад.

Яке аз ҳуҷҷатҳое, ки шоҳидони зиёд дорад. Соли 2016 ҳамсинфони Насруллоҳ дар манзили Мусоев Бобои Мусо нишасте доштанд. Нафороне, ки дар дар онҷо буданд: Раҳимов Ҳоҷӣ Алиҷон, Ҳотамов Одил, Эгамов Усто Толиб, Ҳомидов Муродҷон, Хоҷаев Ҳоҷӣ Бурҳон ва Деҳқонов  Бобои Деҳқон. Бинобар гуфтаи Деҳқонов Бобои Деҳқон, Аллоҳ раҳмат карда бошад Насруллоҳ ба нишасти ҳамсинфҳо омад ва каме нагузашта намози ҷамоъат мехонанд. Дар вақти адои намоз пулисҳо ҳозир шуданд ва гуфтанд намоз ғайр аз масҷид дар дигар ҷойҳо манъ аст ва чизҳои дигар. Ба гуфтаи шоҳид Насруллоҳ пеш аз омаданаш ба пулис худаш занг зада адресҳоро дода будааст. Баъдан ҳама нафаронро ҷарима карда буд ва аз дигар нафарҳо ҳам ин ҳодисаро шунидам. Дар боло зикр кардам то соли 2005 ҳеҷ моликият надошт. Ҳозир дар назди хонааш ҳудуди 2 гектар заминро аз худ кардааст.

Ҷинояти дигари Насруллоҳ ин аст, ки ба шаҳрвандони Афғонистон шиносномаҳои тоҷикӣ гирифта медиҳад. Барои сум ба ҳама кор розӣ аст. Соли 2003 ё 2005 аз Узбекистон ба туйи ҷиянаш Азизов Қорӣ Нуруллоҳ аз Узбекистон муллоҳоро ғайрирасмӣ вориди Тоҷикистон  карда буд. Нафаре, ки меҳмонҳои ӯро ба таври қочоқӣ оварда буд ба номи Ҳоҷӣ Абдуллоҳ Комилов баъдан 4000 $ ҷарима шуд. Насруллоҳ  бошад худро бо ҳар роҳ халос кард.

Ва боз як ҷинояти дигари Насруллоҳ. Вай  ба Каримов Ҳомид фатво медодааст, ки куштани фалонӣ ҷоиз аст, ё моли фалониро гирифтан ҷоиз аст. Ва ба фатвои Насруллоҳ Каримов Ҳомид дар ҳудуди деҳа тақрибан 10 нафаро нобуд кард ва дар охир худ бо дасти ин ҳукумат нобуд карда шуд. Муйсафедон мегуфтанд бобои Насруллоҳ ба ҳукумати Ленин солҳои 1920 хидмат карда буд. Ин ҳам мисли бобояш: харбуза аз палакаш дур намеравад. Ва бобояш ба номи Мулло Мағзум бо ҳамкории ҳукумати комунистӣ муллоеро бо номи Қорӣ Абдуалим, ки донишманди беҳамтову беназир буд дар Гарди Тангӣ ба шаҳодат расонид. Онҷо то ҳол ба номи санги Шаҳидон ёд мешавад. Ва нафари дигар ба номи Муҳаммадшариф, ки шоҳиди ҳодиса будааст бо таври ваҳшиёна бо зарби санг кушта шудааст. Ва дар охир бобояш ба фарзандонаш гуфта будаст, ки маро ба қабристон нагуронед, метарсам,ки қабр берун накунад, чунк ман нафарони зиёдро ноҳақ куштаам. Ва барои ҳамин Бобои Насруллоҳ дар хонаи амакиаш Азизов Қорӣ Холиқ гуронида шудааст ва то ҳол қабраш дар онҷост.

Масчо

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини нохияи Мастчоҳ ҳастам. Рости гап ман   як сол мешавад аз вазифаи давлатӣ барканор шудам.

Ман пештар дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ кору фаъолият доштам.

Ман дар даврони кории худ низ шуморо тамошо  мекардам  ва мегуфтам оё ҳамин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»  рост бошад ва инҳоро кӣ менавишта бошад, гуфта  ба фикр меафтодам. Имрӯз дарк кардам, ки мардум беҳуда гап намезадаанд. Намедонам аз шармандагиҳои раиси бесаводу майзада оғоз кунам ё аз тарсу ваҳми мардуми Тоҷикистон.

Ноҳияи мо рӯз то рӯз валангору хароба гашта истодааст. Аз мактаб сар карда то беморхонаву роҳу масҷиду идораву  бозору дигару дигар ҳеҷ гуфта намешавад. Чун ҳамаш касиф аст. Пораву ҳарому зинову зулму тарс дар он ҷойҳо реша гирифтааст.

Амният дар Мастчоҳ чунон як режимеро пеша карда аст, ки мардум талхакаф шудаанд. Дар ҳамаи масҷидҳои Мастчох 99% гап да бораи қаҳрамониҳои  Эммануел меравад. Ализода Аъзами Навруз, раиси ноҳияи Мастчоҳ аст. Азбаски як майзада мебошад, ӯро аз раиси дастгоҳ — Атовулозода ҳамон одами Қофлонбой сар карда то архитектору Зариф Ҳомидов ва боз дигар коргарони кумитаи замину соҳибкорону дигарон дар нуги ангушонаш бози доронда заминҳоро ҳуҷҷат карда гирифтаву фурӯхта истодаанд.

Вазъ дар Мастчоҳ бисёр безеб. Мардуми Мастчоҳ дигар гӯё мастчоҳӣ нестанд, мисли маҳбус ҳастанд. Ҷавонҳоро аз хидмати ҳарбӣ сар карда фиреб медиҳанд. Чандин аскарбача кушта шуда омад, лек ҳама хомушанд. Ман ба ҷавонони Мастчоҳ гуфтаниям, дигар роҳ нест. Ҳадди ақал тихо подполи ягон кор кардан даркор. Падару бобоҳойи мову шумо дигар муҳтоҷи як тика нон ҳастанд. Дигар онҳо мову шуморо намегуянд, ки ин режим нодуруст аст, балки мегуянд зиндагӣ рафта истодааст. Ҷавонмард то 35 солагӣ боғайрат мебошад. Баъди 35 дигар пойбанд аст. Ҳоло қувват, ки доред ягон кори шоиста кунем то дар таърих русиёҳ набошем.

Фархор

Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаи ман аз ҷамоати деҳоти Ғайрати Фархор аст. Дар ҷамоати мо ҳаромхурӣ бисёр шудааст.

Аз мактаби №6 ба номи Пушкин сар мекунем. Директори мактаб Маҳмудов Сайдхуҷа ҳамаи авлодаш, аъзои хонаводааш ҳоҷию муллоанд. Аммо худаш пиёниска.

Дар арафаи соли нав аз синфҳои як- 5 сомонӣ, аз синфи ду-10 сомонӣ, аз синфҳои се- 15 сомонӣ ва аз синфҳои чор, панҷ, шаш ва ҳафт 17-20 ва аз ҳафт боло 25 сомонӣ талаб карда гирифтанд. Дар мактаби мо қариб чор ҳазор талаба мехонд. Як вақт маҷлиси падару модар шуд. Мо рафтем фақат як одам гапи хуб зад. Аммо ин мардуми беномус ба ҷойи онки дастгирӣ кунанд ҳама хандиданд. Он бачаро номашро намедонам, аммо фамилияаш Каҷаков буд. Ба фикрам номаш Зикур буд гуфт: “муаллимҳо ва муаллимаҳои муҳтарам гуш кунед. Ҳамин шуморо чихеле ки мефора шав ачон кунен ховрен, ами мардуми муҳоҷирам мефора ë ки заношона, ай даст сум гуфтани шумора бечоро наметонан хоношон омада агар пул натан кудакша ай мактаб пеш мекунен. Майлаш пешаш кунен, боз милесада метенуш ки намиëяа, агане хондани амуво бе фойдаҳай чунки мехонан атестата мегиран мераван Русия. Нест ҷой кор. Як вазифара мегиран 20 сол 30 сол ай даст наметан ино то инистут мехонан 30 ждать мекунан ҷой кора пир мешаван».
Ва ҳоло боз дар бораи ҷамоат гап мезанам.
Як раиси ҷамоат доштем ба номи Иззатуллоев Оймаҳмад, чанд сол раисӣ кард. Ягон 20 сол раисӣ кард. Баъди вай як даҳмардаро дар ҷойи вай раис монданд. Маҳмадалӣ Ғуломов. Як сол раисӣ кард, ки гирифтанаш. Бесавод буд. Баъди вай як раиси дигар омад, бо номи Одина Мирзоев. Раиси хуб буд, чунки дуздӣ намекард ва намемонд, ки дуздӣ кунанд. Уро Сайдакбар Мирзоев ва Гашов Сайфулло Ҷабборович подстава карданд. Дар болои столаш 1200 сомонӣ монданд, коррупсия даромада меқапад. Мебарандаш Кулобу чи кореаш мекунанд, шаш моҳ пас мемурад. Гашов Сайфулло Ҷабборович мешавад раис ва Сайидакбарро ҷонишин мегирад. Як панҷ ё чор сол раисӣ мекунад. Дар ин вақт раиси ноҳия иваз мешавад. Мегуяд, ки касе 5 ҳазор доллар диҳад вай раиси ҷамоат мешавад. Сайфулло намедиҳаду бас мекунад. Боз ҳамон даҳмарда гову молро мефурушаду пулро медиҳаду мешавад раис. Баъд корро сар мекунад. Бинои ҷамоати мо  калон ва дар бараш як зали калон дошт- кинотеатр буд. Ин даҳмарда ними ҷамоатро гирифту магазини ду этажа кард ва ними дигарашро ба ҳоҷӣ Суҳроб фурухт. Бародари директори мактаб. Вай магазини ордфурушӣ кард. Ними дигарашро артел кард. Талабаҳои мактаб бояд формаро аз у бояд бихаранд.
Як экскаватор ба хоҷагӣ аз ноҳия доданд. Барои тоза кардани заҳбурҳо. Вай ба водхоз тааллуқ дошт. Раиси водхози ҷамоати мо Саидакбар Мирзоев. Трактор нав буд. Ҳамагӣ як сол кор накарда буд. Тракторист Ҷабборов Нуриддин бо лақаби нукаш. Вай тракторро фурухт. Ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ тракторро Давлат Толибов харид. Вай устои мошин мебошад ва осиëб дорад. Уро мардум Давлати санифа мегуянд.
Нурулло Гашов муллои деҳа аст, вай дар масҷиди ҷомеъ фақат аз пешво ва аз пахтаву аз хидмати сарбозиву аз ҷамъоварии хошок гап пезанад ва фақат Наҳзати исломиро сиёҳ ва бад мекунад. Мегуяд, ки аз онҳо, хусусан аз Муҳаммадиқболи Садриддин эҳтиёт шавед. Дигар гап надорад. Хиёл мекунад, ки мардум куранд,  намефаҳманд.
Деваштич

Салому дуруд аз як бародари муҳоҷири шумо аз Русия, ки тули 10 сол аст берун аз ватанам. Хоҳиш мекунам бидуни тағйирот нашр кунеду хонед. Ман яке аз сокинони ҷамоати дехоти Ваҳдат ҳастам. Мехоҳам дар бораи бузҳо ва крисахои деҳаи Басманда гап занам, барои он ки ин мардум хомушанд. Яке аз ин крисаҳо Имомаддин Ғафуров мебошад. Дар ягонҷо хондагӣ нест. Бародараш, ки проректори Донишгоҳи миллӣ буд, дипломро гирифта додаги аст. Имомаддин  Ғафуров мардуми Басмандаро лох кардааст. Вай аввал дар военкомат буд. Ба ҷони ҳама расонд. Мардуми сарбаланди Қалъаи дуст кумак карданд, коррупсия бурдаш. Вале баъди чанд моҳ бо ёрдами бародаронаш бо зиёда аз 50 000 ҳазор доллар дода халос шуд. Айни ҳол ин аблаҳ дар вазифаи раиси танзими анъана ва ҷашну марорсимҳо кор мекунад. Вале ҳоло ҳам ҳамчун военкомат аз мардум доля мегирад. Имомаддин Ғафуров 5 бародар дорад. Се бародаронаш  дар вазифаҳои баланди мақомот  кор мекунанд:

1)Хайрулло, проректори Донишгоҳи миллӣ буд. Ҳоло дар вазифаи директори маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи миллӣ кор мекунад. Порахури хело маъруф аст ва дар Душанбе чанд хона дорад,ки аз порахур буданаш шаҳодат медиҳад.

2)Абдуғаффор дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад. Одами боимон аст, дузд нест.

3)Яке дигараш дар ВКД аст. Рутбаи подполковникӣ дорад.

Дар соли 2023 як бачаи деҳқонро аз деҳаи Овчи облава карданд. Бурданд хизмат. Чанд вақт пас аз ҷойи хизматаш, аз Масчо кушта оварданд. Аммо ҳеҷ расона дар ин бора нанавишт.

Имсол ставкаро хезонданд. Имомадин дар як мавсими облава аз як одам аз   то 5000 сомонӣ мегирад. Яке аз дорандаҳои деҳа Исмоил Ҳоҷӣ дар круги    Имомаддин аст. Бачаҳои бойҳо озод мегарданд, бачаҳои камбағал хизмат мекунанд. Масалан бачаҳои Исмоил Ҳоҷӣ ва ё хонаводаи ҳоҷӣ Ҳамроқули Юнус аскарӣ намераванд. Савол ба Имомаддин:-ё зурат намерасад ё пул гирифтаӣ? Тамоми ҳамсояҳояш ҳам ба хизмат намераванд.

Имомаддин ба кругаш гуфтааст, ки “акаҳом дар вазифа, мехураму мегардам зани гапзана ме..м”.

Имомаддин 2 зан дорад. Якеаш қонунӣ аз Басманда, якеи дигараш аз Бустон. Соли гузашта дар Душанбе дар 700 000 сомонӣхона харид. Худатон фикр кунед, ки як корманди танзими анъана бо маоши 1250 сомона чихел хона харида бошад?.

Дар Бустон низ хона дорад. Боз чанд бор аз пули ҳаром ҳаҷи умра кард.

Дар Басманда чанд гектар замини обӣ дорад. Аммо мардуми одӣ аз 5 то 10 сотихӣ. Мардум фарзандамро аскарӣ набаранд гуфта ба вай пора медиҳанд. Агар надиҳанд бачаашонро мебаранд. Баъзеашон ранги ғуломанд. Дар заминҳои ин палид бе пул кор мекунанд, то фарзандашонро аз Русия фарёд накунад. Мардум то ин ҳад лох шудаанд. Падару модари шахсоне, ки дар Русияанд мегуяд “ё пула биёр ё бачата, наовардӣ учаскавоя фарёд мекунам”. Чанд сокини деҳаро бурда бо зурӣ 15 шабонарузӣ шинонданд, то фарзандашонро фарёд карда оваранд. Боз “вариант” мемонанд: ё 10 то 20 ҳазор пул медиҳӣ ва ё бачаатро меорӣ. Ҳоло ҳамаро бо моддаи Муҳаммадиқбол тарсондагианд. Мардум лох шудааст. Як худозада шуморо тарсонидааст. Бачааш дар Донишгоҳӣ миллӣ дар курси 3 мехонад. Мегуянд уро ҳам бо ёрии Хайрулло дохил кардаанд. Муаллимонаш мегуянд як бесавод буд.

Мехоҳам дар бораи раиси  деҳаи Басманда ҳарф занам.

Раиси деҳа ҷияни Имомаддин Ғафуров, писари бародари калонаш аст. Номаш Ҳаётулло. Ин ҳам як бесавод аст. Чанд вакт дар Душанбе хонд, тамом накарда партофта омад. Вале дипломро бо ёрии тағояш Хайрулло гирифт. Ин аввал дар  танзими анъанаи ҷамоат кор мекард. Баъдан раиси Басманда шуд. Тамоми мошинҳои хоҷагиро ва заминҳоро фурухт. Сафедорҳои (дарахтони калони сояафкан)-и деҳаро обу лой кард. Аз ин ҳисоб опели вайронаи худро бо Хондаи сиёҳ, ки 15ҳазор доллари амрикоӣ аст иваз кард. Ин ҳам 2 зан дорад. Як занаш дар хонааш барои дигараш дар гаражи халқ хона кардааст. Онҷо зиндагӣ мекунад. Вақте раис шуд тамоми гову гусфандҳои ниммурдаеро, ки 10-15 сол пеш барои нигаҳбонӣ ба халқ дода буданд, ҳамаашро ҷамъ карда гирифт. Нимашро фурухту обу лой кард. Ин ҳам ҳамчун тағояш дар болои деҳа 2-3 гектар замин дорад. Дар ҳоле, ки мардум дар як ҳавлӣ 3-4 хоҷагӣ ва ҳатто баъзе 5 хоҷагӣ зиндагӣ доранд.

Имоми деха Маҳмадшукур як одами беимон аст. Ҳар намози ҷумъа фақат дар бораи хайр ва  таърифу тавсифи пешво машғул аст. Мегуяд бачаҳоятонро ба хизмат равон кунед, ҳукми подшоҳ фарз аст.

Э, домуллои беимон! Агар фарз бошад, чаро дар бораи дигар масалаҳо намегуйӣ? Масалан агар одам ноадолатиро дида бетарафӣ зоҳир кунад, чи мешавад чизе намегуйӣ? Ин домулло дар деҳа як  келинчакро расидааст, вале худаш инкор карда мардумро угрожат карда мегуяд: “ман амниятба метиям шуморо прократура ба метиям, шиносом вазнин, эҳтиёт шавед”.

Ман дар ҳайратам, ки ин мардум то ҳол аз пушти ту барин беимон намоз мехонанд.

Як бачааш дар як барномаи “Минбари муҳоҷир” баромада худро муаллими ҳарбӣ нишон дод. Аммо вай дар ҳукумати ноҳия кор мекунад, на муаллим. Домулло кам -кам бо гераву нашъа ҳам сару кор дорад. Дар деҳа як магазини калони 2 ошёна, дар Хуҷанду Бустон 3 хона дорад, ҳар якеш 2-3 хонагӣ аст.

Як бача аз деҳаамон домуллоро дар шаҳри Хуҷанд бо як зани бева меқапад. Мегуяд, домулло, ин чи кор аст?Домулло мегуяд ман хононда истодаам ин хохарамро. Бача мегуяд домулло дар ресторан мехононед? Домулло аз шармандагӣ мехезаду меравад.

Дар деҳа Чуназари чупон раиси кумитаи танзим шуд.Ин чи шурест,ки дар даври қамар мебинам.Ростӣ ин чизҳоро мебинаму ғамгин мешавам. Наход дигар одам набошад дар деҳае,ки зиёда аз 10 ҳазор аҳолӣ дорад, ин гуна ноҷавонмардро ба мансаб таъин кардаанд.

Дар бораи сару либос гуфтаниям. Дар мактаб хонандаҳоро маҷбур доранд, ки либоси мактабиро аз мактаб харанд. Ин чи адолат аст? Вазир публично ихтиёрӣ мегуяд. Аммо дар инҷо талабаҳоро маҷбур мекунанд. Ман ҳайронам.

Дар мактаби 7(ҳозир бо номи Рустам Ҳасанов аст)  Суҳроб гуфтанӣ муаллими адабиёт кор мекунад. Суҳроб ба ту гуфтаниям, чаро китобҳои куҳнаи фарсударо бо пул медиҳӣ. Дар ҳоле, ки ин китобҳо баъди 5 сол бояд бепул бошад. Аз ин пулҳо мошини портер гирифтӣ, бас нест? Мон, ки мардум рузашро бинад, лошахур.

Мутассифона дар Басманда буз хеле зиёд шудааст. Бузҳо руйрост мегуянд, ки ман бузи раиси деҳаам ва фахр ҳам мекунанд. Раиси маҳаллаҳо ҳам бузанд. Ҳамаатон эҳтиёт бошед. Мардум раисро дар пеши инҳо бад нагуед, ки мерасонанд хабарро.

Дар деҳаи мо 80% ҷавонон баъди хатми мактаб ба муҳоҷирати корӣ  ба Русия мераванд. Дар Русия (Красноярск) яке аз ҳамдеҳаҳоямон Субҳон Солиев бо лақаби (Субҳон строй) маълум аст. Ин номардпули мардумро мехурад. Ба бачаҳое, ки нав омадаанд дар стройка 30-50 ҳазор маош медиҳад.  Дар ҳоле,  ки дар ин шаҳр маош дар стройка дар як моҳ аз 70 то 120 ҳазор аст. Ин ҳаромхур аз ин пулҳои ҳаром дар Хуҷанд хонаи 3 утоқа харид. Вале баъди чанд вақт, ки мардум сар бардоштанду пуламонро деҳ гуфтанд хонаро фурухт ва пули мардумро дод. Фақат пули як соли охири кори бачаҳоро дод аммо зиёда аз 5-6 сол аст ки хуни халқро мемакад. Як шиносам гуфт, ки ман гуфтам “акоҷон пули маро чаро кам медиҳед охир ман дар 1 моҳ 30 руз кор кардам, чаро маошам 58 ҳазор гуфт, агар форад кор кун, нафорад пошел на.. инҷа хонаи додот нест” ҷанг кардам. Вале ҳамаи ҳамдеҳаҳоям хомуш дар тамошоянд. ягонтоаш дух намекунад, гап занад. Вале хешу табори худаш на камтар аз 100 ҳазорӣ мегиранд дар як моҳ. Дар стройкаи Субхон бузҳо низ ҳастанд, кори инҳо хабаркашӣ. Ба козёлҳо гуфтаниям шуморо рӯзе мешавад ин мардум тепача мемонанд,  эҳтиёт бошед.

Дигари команда камандаи бачаҳои Раҳматча

Бачаи калониаш Олам ном дорад. Инҳо ҳам ба сохтмон машғуланд, вале да Подмосков.

Инҳо ҳам ранги ҳамон Субҳони падарсаг хароман пули мардумро мехуранд, агар ягон кас норозӣ шавад аз маошаш инҳо намегуянд маъқул набошад, рав группавой мезананду маъюб мекунанд. Яке аз подхалимҳои ин гуруҳ бачаи Бобои Пир аст. Ин номард бо 5-6 нафари ба худ наздик бачаҳоро зада метарсондааст. Як одам гуфт ин номард ҳангоми мастӣ гуфтааст, ки “ма зани любойташа фалон мекунам”, яъне басмандагихоро гуфтааст. Шерони шуҷоъи Басманда куҷо шудед, ин номардро лаҷомашро кашед. Ин ҳам ранги падараш ҳаром мемурад Ин ша Аллоҳ.

Чи хеле мегуянд: Гандум аз гандум бируяд, ҷав зи ҷав.

Муроҷиат ба шахсоне, дар дасти ин падарсагҳо кор мекунед. Ҳеҷ гоҳ якатон ду намешавад, ҷои кори дигар ёбед. Аллоҳ ҳамаатонро нигаҳбон бошад.

Дар Басманда дар тули 2 соли охир 4-5 нафарро бо иттиҳоми ифротгароӣ 307 ҳабс кардаанд. Вале ин номардони порахур хурда гашта истодаанд. Ин чи адолат аст? Прокурори ноҳия биё тафтиш кун, агар бовар накунӣ, мебинӣ.

Бо ҳамин нома ба охир мерасад, агар тағйирот пеш омад, боз менависам Худованд нигаҳбони ҳамаи муҳоҷирон ва шумо бошад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№96 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №78
Як вижагии барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин аст, ки шароит барои муҳокима ва баррасии мавзуъро ба худи муаллифон во гузоштааст. Дӯстони тамошобин ва ҳаводорони барномаҳои “Ислоҳ” ниқоб аз рухи онҳое мекашанд, ки маълум аст бо дастури мақомот вориди барномаи онлайнии мо дар «Минбари муҳоҷир» шуда воқеиятҳои зиндагиро воруна ва чапа нишон доданӣ мешаванд. Мо хуб медонем, ки онҳо ночоранд, маҷбурӣ оварда мешаванд ва маҷбурӣ бо мо гап мезананд. Аммо, магар пеши раҳ ва даҳани мардумро мешавад гирифт? Бубинед, ки як нафар бародари ванҷӣ дар бораи нафаре, ки дар «Минбари муҳоҷир» ширкат карду дуруғ гуфт, чиҳо менависад. Аз ин ҷиҳат барномаи «Номаҳо…» ба як навъ бозрасу муфаттиш-аудит ва ревизори чоплусон ва маъмурину масъулини дуруғгӯ табдил шудааст.

Ванҷ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷ. Тақрибан 2-сол мешавад, ки барномаҳои Шуморо мебинам. Дар ин муддат хело чизҳоро дар бораи ин оилаи хуношом фаҳмидам. Худованд Шуморо нигаҳбон бошад ва ҳарчи зудтар пирузиро насиби ҳамаамон гардонад, то ин бачаи Майрами гурсухтаро дохили зиндони «Кирпични» кунем. Омин. Рӯзи 27.09.2023 дар барномаи «Минбари муҳоҷир»№ 212  муовини раиси ноҳияи Ванҷ Фурқати Ҳукумат бо лақаби ҷавони беномус бо Шумо ҳамсуҳбат шуда хеле дуруғҳои шохдор ҳам гуфт.

Бале ҷавони беномус. Вай ин лақабро ҳануз аз замони раиси бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Ванҷ буданаш гирифта буд. Ман суҳбати шуморо бо ҷавони беномус чанд бор такрор гуш карда таҳлил намудам. Акнун мехоҳам дар бораи дуруғҳои гуфтааш ба Шумо маълумот диҳам. Дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ пурсидед. Дуруғ гуфт, чунки танҳо аз ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев, ки тақрибан 15 ё 16 ҳазор аҳолӣ дорад, муҳоҷирон бештар аз он аст ки ин бадбахт гуфт.

Дар бораи камбизоатҳо тамоман як дуруғи шохдор гуфт. Бовар кунед, аксарияти аҳолии моро камбизоатон ташкил медиҳанд.

Дар бори облава руяшро сиёҳ кард. Бо язнаҳои амниятиаш падарони муҳоҷиронро пеш аз фармони «даъват ба хизмати ҳарбӣ» баромадан ҳамарӯза ба шуъбаи КДАМ фарёд карда «писаронатонро биоред, ватанро муҳофизат кунанд» гуфта безор аз ҷон карда буданд. Бечора муҳоҷирон падарам аз зулм наҷот ёбад гуфта аз Русия омада худро дар ихтиёри комиссариати ҳарбӣ гузоштанд. Ба занталоқ қасам хурд, ки аз пагоҳ сар карда ягон касро ба хизмат ҷалб намекунад, аммо мардуми Ванҷ ҳама шоҳиди бурида шудани никоҳаш шуд. Боз шарм надошта бо занаш якҷо зиндагӣ дорад. (хай беномусда фарқаш чи охир). Дар бораи аъзоёни ҳизби халқии демократӣ. Кормандони идораю муассисаҳоро маҷбурӣ аъзои ин ҳизб карданд.  Одам то аъзо нашавад дар ягон ҷо ба кор қабул намешавад.

Дар масъалаи барқ ҳам дуруғ гуфт. Бале, дар маркази ноҳия барқ ҳаст. Аммо як километр аз марказ боло ё поёнтар барқ хомуш аст.

Солҳои 90-ум тамоми вазифаҳо дар дасти шумо буд гуфт. Оё фаромуш кардааст, ки падари худаш Шарипов Ҳукумат бо лақаби Ҳукумати почарин яке аз мухолифон буд ва то Созишномаи сулҳ бар зидди ин ҳукумат ҷанг ҳам карда буд. Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияро намешиносам гуфт. Ба Аллоҳ қасам дуруғ гуфт. Ҳама амниятиҳоро мешиносад ва бузашон ҳам ҳаст.100% бовар дорам, ки ҳангоми бо Шумо суҳбат карданаш сагҳои амният аз ҷумла, сардорашон, ки аз руи шунидаам аз Фархор мебошад, дар наздаш буданд.

Сардори милитсия дар наздаш набуд. Ному насабашро гуфт. Аммо ному насаби язнаашро нагуфт чун ӯ дар наздаш буд.

Дар бораи корхонаҳои саноатӣ ва шумораашон гуфт. Аммо кор накарданашонро аз чи бошад нагуфт. Бовар кунед аксарияти ин корхонаҳо моҳҳост кор накардаанд.  Аз ҷавонони ҳамин сол мактабро хатм намуда 20 нафар ба хизмат рафт гуфтанаш дуруғи калонтарин буд. Чун призивникҳо аксарият муҳоҷирон буданд, ки падарам аз зулми сагҳои амният ва комиссарият наҷот ёбад гуфта аз Русия омада буданд. Чандин падарони дигарро забонхаташонро гирифтанд, дар даъвати баҳори соли 2024 писаронашон бояд ҳозир шаванд.

Дар бораи камбудиҳои Ванҷ пурсидед, гапро тов доду ҷавоб надод.

Акнун ман аз камбудиҳо мегуям. Ҳама ҷо коррупсия ва ҳаромхурӣ, надоштани беморхонаи ба талабот ҷавобгу, паст будани таълиму тарбия дар мактабҳо. Пурра куҳнаву фарсуда будани биноҳои мактабҳо, камбудии рафънашавандаи барқ, ифлос будани кучаҳо. Паст будани маош ва нафақа, набудани оби ошомидании тоза. Бовар кунед аз баҳор то тирамоҳ мардуми мо оби лойолуд менушанд.

Дар бори нафақа ҳам дуруғ гуфт. Нафақа бо 20 соли корӣ дар совхозу колхозҳо 250 то 290 сомонӣ. Мардуми ҷамоати Язгулом ва деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон умуман аз нафақа маҳруманд. Чун ҳануз дар замони СССР идораҳои совхозҳои ин минтақаҳо оташ гирифта ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кор кардани мардум, аз ҷумла китобҳои фармони раисони совхоз оиди ба кор таъин ва озод кардани кормандон ва ведомостҳои музди меҳнати кормандон сухта нобуд шудаанд. Бинобар ин ба мардум «ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дар совхоз кор кардани шумо вуҷуд надорад» гуфта нафақа намебароранд. Яъне бо шакле Язгуломиҳоро наказат доранд ва хело наказат ҳам кардаанду карда истодаанд. Ман худам Язгуломӣ нестам, боз нагуянд аз Язгулом аст. Воҳима карда гуфт, ки ман тайёрам ба мардуми камбизоат аз маошам кумак кунам. Як мошини шалақ дорад аз сабаби баланд будани нархи сузишворӣ мошинро ба куча бароварда наметавонад, пиёда ба кор рафта меояд бечора.

Дар охир худашро ҳамчун одами бо имону бо виҷдон гуфта таъриф кард. Охир Фурқатҷон, ту агар имону виҷдон медошти бузи амният намешудӣ ё амниятиҳо язнаи ту мешаванд?!  Ту агар виҷдону имон медошти лақабатро “ҷавони беномус” намемонданд. Ту агар имону виҷдон медоштӣ, пас аз онки қасам хурдӣ ва занат се талоқ шуд, дигар бо у зиндагӣ намекардӣ.

Ҷиргатол-Лахш

Салому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракатуҳу устод Муҳаммадиқбол!

Ному насабамро намегирам, чунки ҳоло дар системаи Раҳмонов фаъолият мекунам.  Аз оҳу нолаи мардуми Ҷиргатол мегуям. Мардуми Ҷиргатол мардумаш пештар хеле мусулмон буд ва муллоҳои зиёд дошт. Касеро ҷин мезад ё касал мешуд аввалан ба хости Аллоҳ шифо меёфтанд, баъдан сабаб ҳамон муллоҳо буднд, ки мардумро мехонданд ва дарс медоданд.

Дар Ҷиргатол дар деҳаи Карчин як буз ҳаст бо номи Дилшод. Номи писараш Шамшод. Дилшод раиси маҳаллаи Карчин аст. Вай бузи хеле калони мақомот аст. Ангишти масҷидро шабошаб медуздад. Як муллои калони қасидахон буд, ки хонааш дар поёни канал ҷойгир шуда буд. Номи он муллоро намегуям. Ҳамон муллоро ба КГБ фурухт. Ӯро бурда до того заданд, ки бечора қариб буд аз ислом рӯ гардонад.

Аммо Аллоҳ ба домулло қувват дод, сабру тоқат кард. Лекин пас аз зарбу шиканҷаи мақомот ҳоло бо асо мегардад. Магар ин ҷиноят нест? Дилшод хуб гуш кун!  Шербачаҳои дар роҳи ҳақ бисёранд. Бас кун бузиатро.

Агар як ҷавонро дар чойхонаи Карчин бинад, ки дар сафи намоз аст, дар ҳол хабар медиҳад. Мардуми Карчин ҳамааш туро медонанд, ки ту бузи КГБ ва МВД ҳастӣ. Умедворам одам мешавӣ.

Қаландаршо яке аз авлодони генерал Шоҳ аст. Бале ҳамон Шоҳи ҳойитӣ. Қаландаршо соли тавалудаш 1998. Оиладор. Соҳиби як фарзанд. Дар ноҳия дар отдел кор мекунад.

Вай ҳар зане, ки аз шавҳараш мебарояд,дарҳол аз қафояш мешавад. Агар духтар не гуяд, Қаландаршо сраза ягон гуноҳашро мековад ва уро таҳдид мекунад, духтар маҷбур розӣ мешавад ба ҳамхоба шудан. Яке аз ин духтарҳо номаш Орзугул. Пеш дар беморхонаи ноҳия кор мекард. Аммо ҳозир намедонам кор мекунад ё не?  Ҷолибии қиссаро гуш кунед. Зани Қаландаршо ҳамсинфи худаш аст. Номи акаи зани Қаландаршо Юсуф  мебошад. Зани Қаландаршо бо як ҳамкори худи Қаландаршо соз мегирад ва дар як утоқи ҷои хоби ҳамкори Қаландаршо бо у ҳамхоба мешавад. Бинед, ки зино кардӣ, занатро зино мекунанд. Он мард,ки зани ин Қаландаршоро зино кард, бисёри вакт бо Қаландаршо якҷо мегаштанд.

Дар як туй шиштем. Ҳамон ҷурааш бангро мезанаду мегуяд, ки ман зани ӯро ҳамин хел кардам. Ин гапро яке аз наздикони он мард ба ман расонд. Акнун замонаш расид, ки ба шумо гуям. Агар дар ягон деҳа туй шавад дар ҳол Қаландаршо хабар меёбад ва шаҳро занг зада мегуяд, нест ягон ташкилӣ? Шаҳи бечора ноилоҷ майлаш мегуяд ва баъди туй шаб дар хонаи туйдор мераванду арақу бангу чарс мезананду бо ҳамроҳашон як ҳофизи дигарам доранд. Он ҳофиз живой мехонаду онҳо ташкилӣ банг зада дам мегиранд. Э,мардум чаро ин қадар беномус шудаед?  Дар хонаатон даромада истодаанд, чаро хапед?

Дар Ҷиргатол дар 24 соат ҳамагӣ 8 соат свет медиҳанд. 4 соат рӯз 4 соат шаб. Вале дар хонаи раиси Ҷиргатол, хонаи Қаландаршо ва участковий ҳамавақт свет ҳаст.

Боз як шикояти дигар аз кумитаи замин. Кумитаи замин деҳқононро маҷбур мекунад, ки дар заминатон картошка шинонед. Мегуянд, ки фармони лаънаткардаи Аллоҳ аст. Мардуми Ҷиргатол1 сол ё 2 сол картошка мешинонад, заминро бояд дам бидиҳанд. Бояд1 сол ё 2 соли дигар беда ё ба лафзи ҷиргатолиҳо рушқа кишт куннад, ё 1сол дам диҳанд. Аммо ин ҳаромхурони кумитаи замин бо кумаки бузҳояш яке аз онҳо Дилшоди карчинӣ аст фахманд, ки дар фалон замин фалонӣ рушка ё беда кишта аст дарҳол рафта соҳиби заминро фарёд мекунанд.  Мегуянд, ки ту фармони Пешоби миллати моро рад кардӣ, ту хоини миллат ҳастӣ,  чаро дар заминат картошка накардӣ гуфта шантаж карда пулҳои калон мекананд. Халқро маҷбур мекунанд, ки заминҳои аз қувват мондаро кишт кунанд, албатта бар зарари худ. Чунки ҳосили дуруст намедиҳад.

Мактабҳои Ҷиргатол ҳоли хуб надоранд.
Дар ҳама мактабҳои ноҳияи Ҷиргатол сару либоси мактабиро маҷбурӣ ба талабагон доданд. Формаи духтарона аз 150 сомонӣ сар мешава то 200 сомонӣ. Писаронааш бошад аз 200 то 250 сомонӣ. Ба замми онки ин либосҳоро маҷбурӣ мефурушанд, боз пули обуна мегиранд. Аммо дар он газета фақат сурати ҳамин модарбахато рафтаи Раҳмонов аст .Як хел талабаҳо сум оварда наметавонанд, надоранд. Дар чунин ҳолат роҳбарони синфро маҷбур мекунанд ва аз маошҳояшон минус мекунанд. Як гап занӣ сраза директорҳо ба КГБ хабар медиҳанд, ана баъд тамом, мурдӣ. Меоянду ягон говатро мегиранду мераванд. Сумашро мегиранду баъд раҳоят мекунанд. Ин ҳолат дар дигар мактабҳо низ ҳаст.

Мактаби дар Қалъа, мактаби Майдунтерак, мактаби худи ноҳия ҳам дар чунин вазъият қарор доранд. Охир ин чи ҳол аст? Мактаби бечораи Ҷиргатолро дар ҳоли худаш гузоред.

Тоқати мардум тоқ шуда истодааст. Валлоҳӣ, биллоҳӣ ждат доранд, ки кай ягон марди ҳақиқӣ муборизаро дар роҳи ҳақ сар мекунад, ки мо ҳам бихезем.

80% бачаҳои Ҷиргатолро Қаландаршо бангӣ карда истоааст. Боз худаш номардона якто- якто меқапонадашон. Бангро аз Душанбе ана ҳамон марде, ки бо занаш ҳамхоба шуд меорад ва ин Қаландаршо мегирад ва ба баригаҳояш медиҳад. Онҳо савдо мекуннад. Ва мехаридагиҳоро якто- якто мебарад маҳкам мекунад, сум меканад.

Дар рубаруи Амонатбонки Ҷиргатол як магазин ҳаст бо номи Ваҳдат. Дарунаш медароӣ долони ростакӣ дорад. Тавассути долон дар тарафи рост 2- 3 кабинет ҳаст. Дар яке аз он кабинетҳо зани Қаландаршо бо дусташ ин амали бадро анҷом додааст.

Иншоаллоҳ митинг аз ҳамин Ҷиргатол сар мешавад, камаш мондааст.

Мо мардуми Ҷиргатол ҳамаамон шуморо тамошо мекунем ва дида истодаем, ки ҳақро гуфта истодаед.

Боз як ҳолати дигареро мегуям. Агар ягон кас зан гирад аз ҷамоат справкаро дар 25- 30 сомонӣ мегирӣ. Бояд бепул бошад. Боз баъди ҷамоат мегуянд, ки рав назди Раиси ноҳия ва аз онҷо иҷозатномаатро гир, ки дар он иҷозатнома соати туй ва аз  кай то кай ва чанд нафар бояд фарёд кунӣ навишта мешавад. Барои инаш боз аз ҳамон туйдор 250 то 300 сомонӣ талаб мекунанд. Надиҳӣ, иҷозат намедиҳанд.Охир ин чӣ танзим шуд ва чи зулм аст болои мо намедонем. Бовар кунед ин ҳукуматдории Раҳмонов як бало аст, дигар гап намеёбам гуям дар ин ҳама мусибатҳое болои мо овардаанд.

Зафаробод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳм ва баракатуҳу. Бародар, умедворам хубед! Як чанд фикру мулоҳиза ва саволу пешниҳодҳо дорам. Аз фикрҳо сар кунем.

Баъди ҳар як барномаи «Минбари муҳоҷир» тарафдорони ҳукумати сохтаи Тоҷикистон ночор аз пушти бартараф кардани камбудӣ мешаванд. Ба мисоли таъмири варзишгоҳи ноҳияи Зафаробод, ки бо айби ҳукумати ин ноҳия ва дастгирӣ накардани тими футболи «Равшан»-и Зафаробод баъди 2 соли ташкил шуданаш аз байн рафт. Вақте, ки командаи футболи «Равшан»-и Зафаробод ба лигаи олии Тоҷикистон баромад, (ин тим бо сарпарастии як ҷавонмарди зафарободӣ Хурсандмурод Ҷумъаев ташкил шуда буд) ҳукумати ноҳия ваъда дода буд, ки варзишгоҳи чанд сари сол валангор хобидаро таъмир ва тимро дастгирии молӣ мекунанд, лекин ваъдахилофӣ карданд. Ва аҳволи варзишгоҳро ба шумо бародар Салим нишон дод. Ва ҳоли ҳозир боварӣ дорам, ки бо сабаби расонаӣ кардани «Минбари муҳоҷир» ин варзишгоҳ таъмир шудаистодааст. Вақте шумо ин гуруҳи тарафдорон-чоплусонро қасам медиҳед, то росташро гуянд, онҳо каме ҳам бошад ошуфта мешаванд. зуд аз қуръону ҳадис мисол меоранд, ки: «Ту худат медонӣ, ки қасам чанд намуд мешаваду талоқро ба забон овардан дуруст нест». Ба фикрам инҷо Шурои уламои тарсу ва муллоҳои дарборӣ, «ёрдам»-и худро расонида истодаанд. Боварӣ дорам баъди барномаи № 216-и «Минбари муҳоҷир» ҳамон посбонхонаро ҳам аз пушти мактаби №19-и ноҳияи Шаҳристон «нест» ва ба хок яксон мекунанд ё ба посбонгоҳ (қаравулхона) бар мегардонанд. Ва як бори дигар ҳама, аз ҷумла мардуми муҳоҷир ва озодандешон шоҳиди ҳақиқат шуданд, ки«Ислоҳ» тавонист генерал Рашид Дустум (Собиров Ҳамроҳқул ба Дустум монанд будааст) ро дар соати 12-и  шаб маҷбур созад то ними мактабро чарх занад.

Ба мулоҳиза ва ақида мегузарем: Ба ақидаи банда тарс ҷои бесаводиро ишғол карда ва шахси донишмандро ҳам бесавод мебаровардаст. Мақсад аз ин чист? Мисол вақте савол медиҳем ба чоплусон, ки ҳамин пешвоятон бесавод аст, ё чаро дар чанд мансаб нишаста аст? Аз тарс худро бесавод вонамуд карда ҷавоб медиҳанд, ки Раҳмонов ва оилааш арзандааст.  Яъне худро бесавод меҳисобанд. (мухолифонро не) Дар ҳақиқат ҳукумати сохта ҳеҷ вақт дар мансабҳои болоӣ ба мухолифони худ ҷои кор намедиҳад. Ва тарафдоронашро ба чени як кирмаки пилла қадр намекунад. Ммсол оварданам аз пилла дар он аст, ки дар  вақти ҷараёни кори  кирмаки пилла  барқро медиҳанд ва лимит бардошта мешавад, (апрел -май) ва ин бо шарофати «пилла» аст.

Ба савол гузарем: Ба тарафдорони Раҳмонов савол диҳед, падарат қазо кард, чи мекунӣ акнун, зиндагиат чи тавр мегузарад? Сад дар сад боварӣ дорам, ки ҷавоб мегардонанд: «Хайр тақдир ҳамин аст, ҳамин қадар умр доштааст, зиндагӣ давом дорад, Аллоҳ ба шахси зинда ризқашро мерасонад». Лекин, вақте савол диҳӣ, ки зиндагӣ бе Раҳмоновро чи хел мебинӣ? 100 дар 100 ҷавоб медиҳанд, ки нее мо мехоҳем, ки 100 соли дигар дар сарамон соябон  бошад (астағфируллоҳ).

О, ношукрӣ сару руят «тухм»!. Вай кундаи хушк аст, ки меистад?

Пешниҳод! Пешниҳод ҳам ба тарафдорони Раҳмонов ва ҳам ба озодандешон ва мухолифон! Пешниҳод дар бораи ман -манӣ. Ба мисоли«номи ман Исҳоқов  Аюб». Ношукри сару руят тухм! Охир ҳамин ҳам бесаводиашро маълум мекунад (ба ҷои он ки гуяд ному насаби ман Исҳоқов Аюб, мегуяд номи ман Исоқов Аюб- гуфти мардуми Ёвон, охир г-ро хурдӣ?) Даҳ бор такрор мекунад.

Дар барномаи гузашта ( №215) 2-3 дақиқа такрор ба такрор таъкид кардед, ки ман нагуед, агар фаҳмед, ки шахсан банда   ( худро дар назар доштед) куҷое сухани ман манро гуям, ислоҳам кунед, лекин боз як бародари мухолиф аз ман гуфтан бефара нашуд. Дар вақти донишҷуӣ як устод доштем, ки дар бораи ман -манӣ як мисол оварда буд. Асли манӣ чист, ки ман манӣ мекунӣ? Бародар агар мо ҳам, ки ман манӣ кунем, дар он вақт аз чоплусон ва Раҳмонову вазиронаш чи фарқ дорем?

Мо ҳамагон тими Ислоҳем! Агар куҷое ноҷо ё хато бошад, он вақт «ислоҳам» кунед!  Боқӣ дар амони Аллоҳ. Ҳа, ногуфта намонад номи вай Исоқов Аюб!

Инро ҳам бигуям, ки ман ҳамаи барномаҳои шуморо мебинам. Он домуллое, ки аз Дустӣ баромада гуфт, ки ҳиҷоб мумкин ҳаст дар мактабҳо ва бо акаи Салмон баҳс карда буд ва шумо бо чанд оятҳои Қуръони карим ба у мисол оварда будед, маълум, ки дуруғ гуфт.

Ман як ҳамсинф доштам ҳамеша бо ҳиҷоб ба мактаб меомад . Вале мутаассифона ӯро муаллимаҳо маҷбур мекарданд, ки ҳиҷобатро каш

Он ҳамсинфам гиря карда мегуфт беҳтараш маро аз мактаб пеш кунед вале нагӯед, ки ҳиҷобатро каш.

Маҷбур мекарданаш, бечора духтар аз гиря чашмонаш сурх мешуд, болои парта пури об мешуд. Вале вай  гирякунон  танҳо сатрашро мекашиду руймолашро не. Бечора духтарро бисёр ғам медоданд аз барои ҳиҷобаш. Баъд он бисёри вақт ба дарс намеомад аз дасти муаллимаҳо. Мепурсиданаш, ки барои чи ба дарс наомадӣ, маҷбур дурӯғ мегуфт, ки бемор будам. Хуллас, як бало карда то синфи 9 хонд ва аз мактаб баромад.

Нафари дигаре, ки дар пахши мустақим бо шумо суҳбат кард Шералиев Сабур, сардори шуъбаи шуғли аҳолӣ буд. Шумо аз вай пурсидед, ки дар Зафаробод чанд литсей ҳаст, ҷавоб дод. Боз шумо савол додоед, ки чи хел таомҳо барои хонандаҳо медиҳед. Вай гуфт дар як ҳафта 2 бор ош, 2 бор гречка ва макарон медиҳем гуфт.

Дуруғ мегуяд. Худам як сол дар литсей 41 хондам, ягон бор гречка надидаам ва нахурдаам. Танҳо рӯзҳои ид ош мекарданд ва он ҳам ба номаш, касе успет кард мехурд

Хуроки ҳаррӯза: 1рӯз макарон ва1рӯз приловка.

Ҳисор

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини шаҳри Ҳисор мебошам. Айни ҳол дар муҳочират ҳастам. Аз шумо хоҳиши онро дорам то суханони маро дар барномаи номаҳо гузоред. Ман дар бораи набудани барқ ва зулм дар яке аз ҷамоатҳои шаҳри Ҳисор мегуям. Дар мо лимити сахт ҷорӣ шудааст. Ҳамин рӯз, зани акаам, ки ҳомила буд, падарам ӯро ба зоишгоҳ бурд. Аммо барқ нест.

Бародар дар ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳи ҳатто роҳи дурусти мошингард нест. Ҳатто дар маркази шаҳр, дар беморхонаи гӯшу гулу ва бинӣ, ки ҳаррӯз 100 одам муроҷиат мекунад лимит аст. Ман 22 сола. Аз сабаби хуб набудани вазъи оилавиамон донишгоҳи миллииро дар курси 4 партофтам. Сабаб дар он буд, ки аз ман барои кори дипломӣ ва хатм 2000 сомонӣ талаб карданд. Дар ҳолате, ки ман буҷавӣ таҳсил мекардам. Баъд аз омаданам чанд маротиба раиси ҷамоати Хонақоҳи кӯҳӣ бо комиссариати ҳарбӣ ва раиси деҳа ба хона омаданд барои хидмати сарбозӣ. Ҳатто падарамро таҳдид карданд, агар 7000 нархи як сарбозро надиҳӣ тюрмаат мекунем. Имоми масҷид аз тамоми одамон пул ҷамъ кард, то суми як сарбозро диҳад. Боз мегуянд, ки дар Тоҷикистон озодӣ аст.

Айнӣ

Салом, домулло Муҳаммадиқбол! Аз қишлоқи Рарзи шарифи ноҳияи Айнӣ менависам.  Мардуми Рарзи шариф барномаҳои шуморо гӯш ва тамошо мекунанд ва интизори барномаҳои наватон ҳастанд.

Ман дар бораи ГЭС-и деҳа дар манзили Осиёи мир Ҳофиз навишта будам. Ин ГЭС ро надуздидаанд ва на фурӯхтаанд. Лекин онро сохтем гуфта  ҳисобот доданд. Ин нотарсиро бинед!  Пули давлатро гириву ё ки пули кумаки хориҷаро гириву ГЭС сохтам гуфта ҳисобот диҳӣ ва боз дар телевизиони марказӣ нишон доданд, ки дар ноҳияи Айнӣ, қишлоқи Рарз боз як неругоҳи калонтарин ба истифода дода шуд. Шарм бидоред, аз ҳисоботҳои бардуруғ. Канӣ, бифаҳмем, ин хизмати хирсонаро кӣ ба души худ гирифтааст ва бо дастгирии кӣ? Кист ин марди ( шайтон) бишносед ӯро! Ин марди Ҳотам дар   чашми мардуми Рарзи шариф хок пошида гаштааст. Пули ГЭС-ро гирифта як таҳкурсии тахминан як ба як сохту гуфт марҳамат, мардуми қишлоқ. Ман даҳани калонҳои ин деҳаро маҳкам кардам!

Канӣ ҳукумат, канӣ органҳои дохила, канӣ прокурор, канӣ бехатарӣ? Чаро намепурсед, ки ГЭС сохта шуд ё не?

Чаро ҳисоботи дуруғ додӣ бо ин Бобои баксро муҳтарами номӯҳтарам Сангинов Абдулаҳад, собиқ раиси хоҷагии Рарз ва собиқ раиси ҷамоати Рарз дастгирӣ мекард.

Чойхонаи қишлоқи Рарзи шарифро қулф зада маҳкам кардааст. Як бор ҳукумат ва раиси ҷамоати Рарз бипурсед, ки бо кадом сабаб чойхонаро қулф мекардааст? Мусофирон чи кор бикунанд? Хати Оби шафит то ба охир нарасид, ГЭС нашуд, инҳоро кӣ мепурсад, ё ки Бобои бакс аз осмон чакидааст? Аз қонун ва давлат натарсидед, каме аз Аллох битарсед! Эй мардуми Рарзи шариф!  Шумо аз пушт гап назанед, баромада аз ҳукумат талаб бикунед!  Бас аст фиребу найранг.

Агар ислоҳ нашавед давом дорад, интизор бимонед. Огоҳӣ ба мактаби № 3-и Рарзи шариф. Муҳтарам директори мактаб!  Шумо бояд дар мактаб кадрҳоро иваз бикунед. Ҳамон муаллимони бе интизомро аз мактаб сурашон бикунед ва муаллимони бо виҷдонро монед, кор бикунанд. Мактаб ҷои зинокориву майнушӣ нест.  Интизори тағйирот ақалан дар мактаб ҳастем.

Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара. Дар як вазифаи давлатӣ адои хидмат мекардам ва аъзои ҲХДТам феълан, бекор.

Ҳамаи он барномаҳое, ки аз тариқи шабакаи Ислоҳ пахш мешавад, пайгирӣ мекунам ва барояш интизорӣ мекашам. Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» таҳти рақами 54  ҳар чизе ба шумо  расонида шуда буд воқеъият аст. Ман худ шоҳиди ҳар чизе дар он зикр намудед ҳастам. Онҳое, ки номашон зикр шуд раиси ҷамоъат Аҳмадов Сарвар Обидович ва ҷонишини раис Ҷумаев Баҳодурҷон Сафарович , дар таҳлука афтоданд. Дар байни коргарони ҷамоъат  гумонҳо бо якдигар пайдо шудааст.

Боз ман ҳам аз дуздии навбатии Раиси Ҷамоъат Сарвар ва Баҳодур.

Соли 2022 дар моҳи июл ва август  мардуми маҳаллаи Навободи ҷамоъати Сурх  тақрибан 1 -то 1,5 км роҳи дохили маҳалларо асфалт карданд, аз ҳисоби мардум  бо маблағҷамкунии маҷбурӣ ва «барои ободӣ».Ва нафаре ба номи Каримов Мусо  бо лақаби (кали Шариф) ба ҳар роҳ аз сокинон сум мегирифт. Мегуфт мошин дорӣ, бояд сум диҳӣ, касе рад мекард  ба Сарвар бузӣ мекард. Дар охир ба ман маълум нест чанд ҳазор $ ҷамъоварӣ карда шуд. Ин маҳалла  бизнесменҳои зиёд дорад. Роҳ асфалтпуш шуд. Аммо чи қадар суми боқимонда аз кисаи мардум ба киссаи раиси ҷамоъат ва ноибаш рафт ба ман маълум нест. Ба гуфтаи кали Шариф  на камтар аз 15000 $ суми боқимонда. Дуздӣ аз Пешвояшон сар карда то раисони ҷамоъатҳо ба авҷ расидааст.

Сарвар  боз мегуфтаст давр дар даст аст, бояд даврро биронем, «ин раиси ба мана мероси падар». Чи хеле медонед падараш раиси ҷамоат буд солҳои 2000 ум. Боз мегуфтааст, ки маро ҳеҷ касе аз раисӣ гирифта наметавонад: «ҳамааш аз ман доляша мегирад ,расми манро бинад дуқат шуда салом медиҳад, ҳатто ҳукумат иваз шавад ҳам ман Раис боқӣ хоҳам монд». Вақто Сарвар раис шуд ранги пешвояш  ҳеҷ чиз надошт. Ранги гадо буд, пошнаҳои туфлиҳояш яктарафаш хурда шуда  буд. Имруз  бошад аз ҳисоби дуздӣ тинҷ шудааст.

Баъди нашри ин нома Сарвар бояд ба ҷавобгарӣ кашида  шавад. Дар барномаи «Минбари муҳоҷир» №217 ранги Сарвар як раиси ҷамоъати дуздро дидам ба номи Қаҳрамон аз Шаҳристон. Ин ҳама раисони пасво якхел буданд.

Каримов Мусо ё Кал Шариф  қаблан дар Русия мент буд. Ба ҳамагон маълум  аст, ки бо ҳамкорӣ ё бевосита ба дасти вай чанд нафар бизнесменҳои қишлоқ  ба қатл расонида  шуд.2 нафар ака ва додар ба номҳои Ашурмуҳаммадов Орифҷон ва Ашурмуҳаммадов Амонуллоҳ  бо таври ваҳшиёна дар манзили зисташон  дар шаҳри Москва  дар моҳи ююни  соли 2005 кушта шуданд. Чанд нафари дигар бо туҳмат зиндон шуданд. Ҷинояти дигари Кал Шариф ин аст ки аз Тоҷикистон ба Русия меваҳои хушк интиқол медиҳад ба роҳи Оҳан ва дар дохили вагонҳо героинҳои домоди  пешворо ба ҷо карда бурда ба нафарони маълум мерасонад.  Солҳои пеш 3 нафари дигар бор интиқол медод ба Русия:

1.Ҷураев Ҷура, 2. Додохонов Абдураҳим ва 3. Сафаров Камолиддин. Ҳар сеи ин нафарро бо ҳар баҳона  аз ин кор берун  ва ин бизнесро аз худ кард. Гоҳо  борҳои онҳоро аз вагон медуздид дар роҳҳои Қазоқистон ё дар дохили вагон гера ҳаст гуфта  хабар мекард. Дар охир онҳо қарздор шудаву маҷбур аз ин кор берун шуданд. Баъди барномаҳои шумо ман хеле чизҳоро фаҳмидам. Дар ҳукумати имрӯза ба  монанди  Сарвар  кам нестанд. Ин мақомоти фасодзадаи пасво  чи кор мекунад барои Миллат? Ҳеҷ гоҳ дар дарду ғами миллмт ҳамроҳ нест. Гуфтаниҳои зиёд дорам дар оянда навишта хоҳам кард.

Ва, дар охир як чизро гуфтаниям. Аллоҳ маро мебахшида бошад, ки аъзои ҲХДТ ҳастам.

Ин суолро аз ягон муллои буз бипурсӣ, ба амният мерасонад. Барои ҳамин аз шумо пурсидам. Аммо мо дар ҳудуди ҷамоъат мардуми зиёд тарафдори шумо ҳастем.

Деваштич

Ассалому алейкум муҳтарам устоди азиз! Номаи маро аз оғоз то анҷомаш бихонед.

Ман сокини ноҳияи Деваштич, ҷамоати Ваҳдат, деҳаи Қалъаи Дӯст ҳастам. Гуфтаниям, ки раиси ноҳияи Деваштич хоини миллат аст. Заминҳои мардумро фурухта истодааст.

Замнҳои қади роҳи асосии назди беморхонаи ҷамоати Ваҳдатро фурухтӣ ба сокини деҳаи Чуянгарон кам набуд? Болои беморхона, роҳи деҳаи Қалъаи Мирзобойро ба сокини деҳаи Қалъаи Мирзобой фурухтӣ кам набуд? Сойи Басмандаро барои карер фурухтӣ кам набуд. Замини ҷамоатро, ки идораи ҷамоат дар он воқеъ буд, нисфашро барои сокини деҳаи Шоҳон, ки ба қавле тағоияш вазир аст, фурухтӣ кам набуд? Нисфашро ба сокини деҳаи Қалъи Мирзобой фурухтӣ, кам набуд? Оё ту фикр мекунӣ ҳеҷ кас намефаҳмад. Ба тамоми мардум мерасонам. Пешвоят хабар ёбаду огоҳ шавад аз туи палид. Ин қадар бад нафси ту. Поёни деҳаи Чуянгаронро ба тамом фурухтӣ ба сокини деҳаи Чуянгарон кам набуд?

Ҳамин сол барои зиёрати Каъба рафтан ба Ҳаҷ аз ҳоҷиҳо 25000 сомонӣ ришва гирифтӣ, кам набуд? Мард аз майдон аст, эй кормандони амният! Шумо ин суханони маро мешунавед? Мард бошед, раиси ноҳияро бароред ба барномаи онлайнии Ислоҳ ру ба руи Устоди ман! Агар ин суханони ман дуруғ бошад, исбот кунад. Ман ҳам медароям. Ман медонам аз дасти шумон палидҳо ҳеҷ коре ғайр аз порахурӣ коре намеояд .

Имоми деҳаи мо имоми военкомати ҷамоати Ваҳдат аст. Оё ту диплом дорӣ, ё бародаронат дипломи туянд?

Ин имом дар ҳар қишлоқ чоплуси худашро дорад, ки ҳама маълумотҳоро мерасонанд. Бар ивази 5000 сомонӣ дар як призив як ҷавонро ба комиссариат даъват намекунад. Вале боз призиви нав шавад боз 5000 сомонӣ талаб мекунад. Надодӣ, фарзандатро мебарад ва аз номи дигар ноҳия гусел мекунад.

Коргарони ҷамоати Ваҳдат ҳар қадаматон зери назорат аст. Аз ҳар шаҳодатномаи таваллуд 75 сомонӣ мегиред ва аз ҳар справка 10 сомонӣ мегиред. Ман ба гуфтану навиштан шуруъ кардам, ҳамаатонро фош месозам. Тими “Ислоҳ” дар Деваштич фаолияти худро оғоз кард ва интизор бошед!

Аввал аз раиси ноҳия сар кардам. Мебинед дафъаи навбатӣ аз коргарони ҷамоат ва раиси ҷамоат хоҳам гуфт.

Байни ману шумо фарқ хеле калон аст, эй чоплусҳо.  Шумо бо пешвои худ шикоят кардан наметавонед. Вале ман ба бародар Муҳаммадиқбол шикоят карда метавонам. Ана ин аст бо мардум будан ва фарқи байни ману шумо.

Ворух

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Агар огоҳ шуда бошед, чанд рӯз пеш раиси хонасухтаи деҳаи Ворух Меҳринисо Раҳматова як нома дар фейсбук чоп карда ба ҷавонони Исфара ва кишвар насиҳатҳои зиде кард. Ва онро бо Фарҳад Мирраҳматов ба тамоми группаҳо тақсим карда истодаанд. Дар бораи номаи ин раиси чизе намегуям. Бигзор ҳар кас худаш хонаду баҳо диҳад. Аммо худи ҳамин Фарҳад 2 фарзанди хизматнокарда дорад. Бачаҳояш дар Новосибирск. Аммо худаш бачаҳои мардуми камбағалро ба амният хабаркашӣ мекунад то амният оилаҳои онҳоро дастгир кунад. Мегуянд, ки дар мудатти кутоҳтарин агар бачаатро аз Русия наовардӣ туро ҳамчун хоини Ватан статья зада аз озодӣ маҳрум ва хонаатро ба давлат мегузаронем. Фарҳад ҳамроҳи амният ва начальник милиция доим ҳамроҳ нишаста картабозӣ мекунанд, албатта, бозӣ бо пули калон….
Ин хабар ҳамин имрӯз расид, Бояд санҷид. Як одами камбағал ва бемор, ки дар маҳаллаи Кучаи Боло зиндагӣ мекарду ду писар дорад ва якеаш аз паи ризқи оила ба Русия омада кор карда оиларо пеш мебурд. Моҳи май падари беморашро милиция бурда мегуяд, ки агар фарзандат наояд хафа нашав ва боз чи қадар угрожат мекунад. Фарҳад ин гапро фаҳмида ба хонаи ин бечора рафта мегуяд хоҳӣ ки бачаатро халос кунам 100 ҳазори русӣ медиҳӣ, ман фарзанди туро халос мекунам. Ҳамин хел 100 ҳазор қарз карда ба Фарҳад медиҳад. Аммо боз мохи октябр милисаҳо ба хонаи ин одам меоянду мегуянд то ҳол фарзандат наомадааст. Агар ба нағзӣ наояд ба у статьяи 307 мезанем. Ин одам ба хонаи Фарҳадро рафта мегуяд, ки пулро гирифтӣ, чаро боз милисаҳо ба хонаам омаданд? Фарҳад мегуяд, ки ман ҳамон вакт бачаатро озод кардам, ку, боз чи мехоҳӣ? Ман то охири умр ваъда накардам. Ман ҳамон вақт корамро иҷро кардам. Дигар ба хонаи ман наё, ки проблемаат мешавад.

Фарзандони Фарҳад инҳоянд, ки дар Новосибирск мебошанд:
1. Мирраҳматов Баҳманёр
2. Мирраҳматов Нуралӣ
Инҳо хизмат намекунанд ва касе ҳам аз инхо намепурсад, аммо фарзандони дигарон ба маҷбури ба хизмат бурда мешаванд.  Агар адолат ҳаст чаро инҳоро даъват намекунед? Фарҳад гуфтааст: “ ман раиси ноҳия ва военкамата задагӣ, медонам бо кӣ кор кунам ва чихел кор кунам”

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №78 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №9
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Кори хеле хубе кардӣ, ки ин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет»-ро ташкил кардед. Шак надошта бошед,ки ин барномаатон хеле муваффақ мешавад, чунки солҳост, дили мардуми тоҷик пур аз дард ва пур аз гап аст ва ҷое барои гуфтан ва холӣ кардани худро надошт. Ислоҳ ин корро кард ва ин шароитро фароҳам овардед иншоаллоҳ, бовар дорам мардум ба самти “Ислоҳ”  бештар меоянд. Савоби дорайн насиби шумо ва ҳама дастандаркорни ин тарҳи зебо ва хайр. Ман худатро нағз мешиносам,ту ҳам маро хуб мешиносӣ, аммо, маълум аст ки бо номам навишта наметавонам. Ҳоло, ман ҳам ин номаро бароят мефиристам.

Кушониён:

Дар ноҳияи Бохтар, деҳаи Дилбар дар ду мавсими «облава» аз масҷидҳо 5 000 сомонӣ мегиранд. Дар инҷо 3 масҷид амал мекунад. Пулро калонҳои деҳа маҷбурӣ аз мардуме, ки бачаҳояшон барои синни хизмат ҳастанд мегиранд, метарсонадашон, ки пул надиҳед маҳкаматон мекунанд, светотатонро мебуранд. Аз фонди масҷид ҳам бо ҳар баҳона пули кумур, пули свет, пули сухтор, барои обунаигазетаву дигару дигар пул ҷамъ карда медиҳанд. Шахсе, ки пулро мегирад, номаш Мурод, раиси ҷамоати Меҳнатобод аст. На фақат дар деҳаи мо дар дигар деҳаҳо низ ин корро мекунад.

Аз деҳаи мо пулро инҳо медиҳанд:

Мулло Зайниддин, имоми масҷиди боло, Асҳобиддин, имоми масҷиди мобайн, Зафар Ҳошим Алиакбар аз масҷиди поён. Ин се ҳамаи хабарҳоро ба Муроди дар боло зикр шуда бурда медиҳанд. Махсусан Алиакбараш руирост мегуяд, ки ман буз ҳастам, мулло Зайнидди ҳам инчунин. Бузҳои деҳаи Дилбари ноҳияи Кушониён Маҳмадёров мулло Зайниддин, имоми масҷиди боло ҳамаи хабарҳоро якта ба якта ба Муроди раиси ҷамоат мерасонад. Мулло Зайниддин худаш ошкоро мегуяд, ман бузи ҷамоат ҳастам. Дар ҷони мардум задааст. Шумо бародар Муҳаммадиқбол дар як барномаатон Мулло Зайниддинро пештар огоҳ карда будед.Мулло Зайниддинро1-ми декабр даъват карда нишонаш доданд ва ӯро гуфтанд, ки Муҳаммадиқбол туро кофир мегуяд ва ӯ дар масҷиди боло мардумро суханҳои қабеҳ гуфта аризаашро навист ва ба хоҳиши худ имомиро бас кард. (ҳошо лиллоҳ ҳаргиз мо чунин сухане нагуфтаем ва такфирӣ ҳам нестем) Ҳар коре дар масҷид мешуд бо пора будаш мекард ва мардумро минат мекард. Вай мардумро фақат таҳдид мекард, ки ман бас кунам ҷамъият вайрон мешавад, ҳоло бас кардааст, ҷамъият бараскс хуб аст.

Бузи калонӣ ва лесаки Муроди раиси ҷамоати Меҳнатобод Абдулазиз ва Асҳоби мулло имом айнан мисли мулло Зайниддин ҳама хабарро ба боло будаҳо медиҳанд. Бузҳои калонтарин дар масҷиди поёнанд. Алиакбар бузи аз ҳама калони деҳаи Дилбар аст. Ҳошим Чилаев, раиси маҳалла ва бузи ошкорои деҳаи Дилбар аст. Чи маъракае дар деҳа шавад, аввал фассаст мехуранд ва ба Мурод бузӣ карда мегуяд, ки ду хурок кардаанд, биёед ҷаримаашон кунед

Як каме маълумоти дигар дар бораи Алиакбар. Дар деҳаи дилбар як пул сохта истодаанд. Алиакбар бачаҳоро тарсонда 2ҳазор сомониашонро гирифта гуфтааст, ки надиҳед пулсозиатон намемонанд. Ин Алиакбар ҳамеша аз номи Сафари хеши президент гап зада мардумро метарсонад.

Бовар кунед, ин бузҳои номбаршуда дар назди мардум на қадр доранд, на қимат.

Дар масҷиди болои деҳаи Дилбар як ҳоҷатхона рост кардем. Танҳо барои кори сохтмонашро сар кардан зиёда аз 22 ҳазор сомонӣ додем. Ин 22 ҳазорро қисм-қисм:-4-у 3-у 5 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Бори охир 8.000 сомониашро пеш аз   соли нав гирфтанд. Аммо 3 рӯз пеш Муроди раиси ҷамоат бо як коргари дигараш Одинаев Асад омада имоми масҷид мулло Зайниддин, Шамсиддин ва Алиакбарро одамҳои амният бурда дар амнияти Кушониён маҳкам карда гуфтанд, то ҳочатхонаро наканед, онҳоро озод намекунем. Мо ҳоҷатхонаро,ки бо пули мардуми нодор рост карда будем кандем. Муроди раиси ҷамоати Меҳнатобод ва Одинаев Асади коргараш бо гуфти худашон навору сурат гирифта равон карданд. Баъд онҳоро озод карданд. Ин се нафари зикршударо дар амнияти ноҳияи Кушониён ҳама дашному ҳақорат ва Алиакбарро лату куб карданд, дар чанд ҷои руяш «синяг» дида мешуд.

Шахсони пулҳоро гирифта Мурод, раиси ҷамоати Меҳнатобод, Комил аз амнияти Кушониён, раиси ноҳияи кушониён, Мирзобек -коргари танзим ва дигар думраваконашон аз ҷамоату ноҳияи Кушониён. Имоми масҷиди боло мулло Зайниддин бояд бас кунад. Ҳамаи қавм дар руяш ва қафояш мегуяндаш бас кун. Ин мулло Зайниддин бахудо на шарм, на номус, на ақл дорад..

Рудакӣ

Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, ман як сокини деҳаи Қулпистаи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ ҳастам. Мактаби таълимоти миёнаи умумии № 71ноҳияи Рӯдакӣ ин ҷамоат аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст. Ин мактаб як майдони футбол дошт. Ин майдонро писари прокурор, ки ному насабаш Сафаров Зиёдуло аст бо раиси маҳалла, ки Воҳид ном дорад (ҳозир ӯ раис нест, баъд аз ошкор шудани дуздиҳояш ӯро аз раиси гирифтанд) аз худ карданд. Раиси маҳалла бо писари прокурор Сафаров Зиёдуло даст ба яке карда майдони футболбозиро ба писари прокурор медиҳад. Ин Воҳид як марди ҳаромхур ва ришвахор аст. Воҳид хеле пули масҷидро мегирад ва мегӯяд, ки «ма шинос дорм да масҷид дакумент даркор намешава, шиносои ма коргарои ҷанобай любой проблемара ҳал мекунан». Аммо як рӯз аз мақомот омаданду масҷидро маҳкам карданд. Барои он масҷид бизнесменҳои Қулписта хела пул харҷ карда буданд. Бояд масҷиди ҷумъахонӣ мешуд. Аммо махкам карданд. Бо як зораву нола тавонистанд, ки 5 вақта кунанд. Ин писари прокурор як рӯз омад ва даври майдонро девори тунукагӣ гирифт. Ба бачаҳои куча мегуяд агар якеатонро дар дуруни майдон дидам фалонтон мекунам. Бовар кунед ман ин гапро бо гушҳои худам шунидам. Баъди ин дашному ҳақорат сокиноне, ки назди майдон зиндагӣ мекарданд, додувой бардоштанд ва бо писари прокурор ҷанг шуданд. Аввал мо фикр кардем, ки майдонро директори мактаб Боқиев Пирмаҳмад фурӯхта аст. Баъди ҷанҷоли мардум фаҳмидем, ки ин кори раиси маҳалла будааст. Намедонем, инҳо чи тавр майдони бозии футболро фурӯхтанд, ҳайронем. Мардум ҳама бо директори мактаб Боқиев Пир, ки хеле марди хуб аст, (ҳозир дар маориф кор мекунад) ариза ҷамъ карда дар чанд идора пешноҳод мекунанд аммо ҳеҷ кадоме ба доди мардум намерасанд. Ба қайдгирии асноди Қулписта дар ноҳияи Рудакӣ сурат мегираду заминҳояш дар ноҳияи Варзоб дохил мешавад: «Ин масъаларо мо дида мебароем мегуянду тамом». Аз ҳар куҷо мебиёянду як, ду сурат мегиранду мераванд. Мардум диданд, ки ягон кас ба додашон намерасад дига ҳами хел ҳама «тишина» шуд.

Маълум аст ки дар паси ин кор коррупсия ҳаст, ришавдиҳиву ришвагирӣ мекунанд

Як писари прокурор ин қадар ноадолатӣ мекунад, аммо ҳеҷ яке аз мақомоти Раҳмонов ба доди мардум намерасад. Ин писари прокурор як ҷойи подахобравро гирифта магазин мекунад вале раиси ҷамоат ё раиси ноҳияро якҷо бо кормандони

телевизион фарёд мекунад ва онҷо воҳима мекунад, ки дар ин магазин 8 нафарро ба кор мегирад. Аммо онҷо ду кас кор мекунаду тамом.

Барои як магазини писари прокурор бисёри одамон аз гову молдорӣ монданд. Як  подаи калоне, ки барои бониаш дар ду моҳ як бор навбат меомад як магазинча барҳам дод. Аксарият гову молашонро фурӯхтанд. Чи қадар ба мардум зарар шуд. Дар ҳоле он мағоза ҳеҷ фоида ба мардуми камбағали мо надорад. Аммо дардамонро ба куҷо гӯем?

Номи прокурор Қутбиддин Сафаров ва номи писари прокурор Зиёдуло Сафаров, зани прокурор ва модари писари вай муаллима Давлатова аст, ки дар мактаби деҳа дарси ибтидоӣ медиҳад.

Чанд сол пеш мактаб милисаҳо омаданду маҷлис доир карда гуфтанд, ки як нафар бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин хоини миллат аст, дар деворҳои шаҳри Душанбе ҳар чизе бар зидди давлату миллат менависад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият мекунад, видеоҳои ӯро тамошо накунед гуфта насиҳат карданд. Барои ман «интиресни» шуд. Гуфтам ин одам, ки бошад? Дар Тоҷикистон Ютуб истифода намебурдам. Инстаграм даромадам ва якумин бор дар онҷо видеоятонро дидам. Ба назари ман аз ин шабака бештар истифода баред. Пас аз он дигар ҳар барномаи шуморо интизорӣ мекашам. Хулоса худи мақомот шуморо ба мо муаррифӣ намуданд.

Ғарм:

Ассалому алайкум, бародар хубед. Як сурат мефиристам ва каме маълумот барояш.

Ин шахс Нуъмон Исматов ном дорад ва дар ҳукумати ноҳия кор мекард. Аз ҳукумат баромад, феълан масъули кумакпулиҳо дар минтақа мебошад. Ман як муддат ҳамроҳаш кор кардам. Корро супоридам. Вақтҳои охир аз рӯи кормандонаш зиёд шикоят мешавад, ки ҳамон кумакпулии 130 сомонигиро, ки дар се моҳ як маротиба дода мешваад ва аз ҳукумати шаҳр «дело» медиҳанд ва он ҳам бепул аст аммо вай бо пул дар ҷамоат ба мардум тақсим мекардааст.

Ростӣ пеш аз якҷоя кор карданамон мешинохтамаш. Фикр мекардам чи қадар инсони бомаърифат аст. Аслан як марди хеле ҳам ба пурсупосу бисёр гап дон аст. Лек вақте ҳамроҳаш рафту омад мекуни тамоман дигар кас аст. Дар ҳоле, ки корманди ҳукумат аст ду зан дорад, ки тибқи қонун ҷиноят аст. Барои онки рафиқи Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) ёрдамчии кадрҳои президент аст ва ҳеҷ кас чизе гуфтааш наметавонад.

Дар корхона бо кормандонаш бисёр бо алфози дурушт муомила мекунад. Ҳатто зану модару хоҳари ҳамкоронашро ҳақорат медиҳад. Бо ҷамоатҳо маслиҳат кардаву ҳамон «дело»-и камбизоатии ройгонро 20 сомонӣ мефурӯшад.10 сомонӣ котиб ё худи раиси ҷамоат мегираду 10 сомониашро масъули кумакпулӣ, яъне ҳамин Нуъмон Исматов. Аммо, бовар кунед, ки баъзе аз ин камбизоатҳо ҳатто роҳкиро надоранд. Чи тавр боз ба ин одам 20 сомонӣ бидиҳад. Аз ҳама безебаш ин аст ки кумакпулиро бояд мардуми воқеан камбағал бигиранд, аммо ин Нуъмон Исматов кумакпулиҳоро ба ному ёру ошноҳояш менависад, чунки дар дохили он кумакпулӣ боз барномаҳои дигар ҳам ҷо дорад.

Мисли пули донишгоҳ. Агар камбизоат бошад аз ин кумита маълумотнома пешниҳод мекунад, ки эхтиёҷманд аст, 50% пули донишгоҳашро медиҳанд, ё ин ки мурдапулӣ аст, ё пули беморхона 50% дорад, ё агар маълумотномаи 50% пешниҳод кунанд, тамоман пули беморхонаро намедиҳанд. Ҳамсари дуюмаш коргараш буд. Ҳукумати ноҳияро дар вақташ Лоиқзода мисли бардел карда буд. Ин духтарроки таваллуди 1995 аст чи коре мекунанд,маҷбур мешавад мегирад. Аз ин зан як писар дорад.

Деваштич:

Салом, акаи Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Деваштич ва бинандаи доимии шабакаи «Ислоҳ» ҳастам. Барномаи шикоят аз ноҳияҳоро дидам. Дар бораи раиси хоҷагии Равот, Худойбердиев Боймуҳаммад ва бародаронаш гуфтед. Аммо шумо аз дарё як қатра гуфтед!

Дар хоҷагии Равот ва шояд дар тамоми Тоҷикистон ин хел раиси фиребгари дузди ғоратгар вуҷуд надошта бошад. Ман худам аз хоҷагии Равотам. Ҳозир вазъият дар хоҷагии мо бисёр бад. Мардуми деҳа ранги барги бед ларзидаву тарсида гаштанд.

Як қисми аъзои «Хоҷагии Равот» аз мардуми туркнажодем. Аммо ҳозир дар паспорт ва ҳам забонамон тоҷикӣ шудагӣ. Моро туркак гуфта раис мазоҳу масхара мекунад. Мо аз фиребу найрангҳои раис безор шуда, аз қимат кардани андоз аз заминҳоямон ва зӯракӣ гирифтани андоз хостем ҷудо шуда хоҷагии алоҳида ташкил кунем.Аммо 3 сол мешавад ҳама ҳуҷҷатҳоямон омода вале раис ҳар хел баҳонаҳо карда моро ҷудо шудан намемонад. Ҳатто одамҳои ҳукумат ва ҷамоаро харида гирифтааст. Ин раиси каззоб ҳозир хоҷагиро барҳам дода аз дигар хоҷагӣ кардаасту аммо мо халқ хабар надорем.

Хоҷагии нав ба ном «Равоти Алибердӣ» ном дорад ва ин номи бобокалони раис Худойбердиев Боймуҳаммад! Ҳамаи заминҳоро аз они худаш кардааст. Ба ҷуз аз  4 ако ва додараш дигар ягон аъзои хоҷагӣ хабар надорад!  Оё дар қонун ҳамин хел шуданаш мумкин аст? Моро бо 4 акаву додараш ҷамъ карда гуфт, шартномаю сертификатҳоятон бекор шудагӣ, бо ман аз нав шартнома мекунед! Мақсад аз ин шартнома 200 – 250хоҷагии мавҷударо аҳмақу аблаҳ карда пул гирифтан ва дар сурати нагирифтани пул заминашонро кашида гирифтан аст! Андозро аз ҳар 40сотик замин 800-1000сомонӣ мегирад. Дар дигар хоҷагиҳо нархи андоз аз1гектар замин 400сомонӣ! Боз шарм нокарда мегуяд дар хоҷагии мо андози аз ҳама арзон аст. Як нафар ҳоҷии гурсухта ҳаст номаш Ашуров Рузибой, як марди бесавод занаш фолбину ҷодугари маҳаллаи Равот. Ҳамин шахсро вақти андоз ҷамъ кардан ҳамроҳаш мегирад, барои он ки дар ҳама чекҳову квитансияҳо имзои ҳамин бесаводро мемонад. Худаш ин раиси дузди гурсухта собиқ корманди прокуратура аст, имзо намемонад, аз пеш паяшро тоза мекунад.

4 акаву додар дорад:

1) Худойбердиев Нормуҳаммад, ҳавлии истиқоматиаш 36 сотих,  боз замини наздиҳавлигӣ дорад 87 сотих. Нав онҷо хона барли бачааш андохт. Дар 87сотих замин! Боз замини саҳмаш 1.3 гектар. Қубурҳои оби хоҷагиро фурӯхта ҳаҷ рафта омад. Табааи Узбекистон, аммо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

2)Худойбердиев Бегмуҳаммад. Ғайр аз ҳавлиаш боз 2-то замини наздиҳавлигӣ 40 сотих гирифт. Замини обиаш 15 гектар аст.

3) Худойбердием Шермуҳаммад. Ҳавлии истиқоматиаш 35 сотих. Боз 2-то замини наздиҳавлигии 20 сотихӣ гирифтааст. Замини обиаш 2.5 гектар.

4)Худойбердев Аюбҷон. Ҳавлии истиқоматиаш 18 сотих,

боз 2-то замини наздиҳавлигии 35 ва сотихи гирифтагӣ аст.30 сотихашро аз акои раисаш ба 42.000 доллар харид. Замини обиаш 1 гектар.

Ин раиси дузд пулро гирифта ба як писараш аз шаҳри Бустон кваритараи 2 хонагӣ харид ва як мошини Хонда-Ҷипро дар 12.000 доллар харид. Мақсад савор шуда биёду сиёсат карда мардуми мазлуми деҳаро тарсонад. Оё дар ягон давлати дунё ҳамин хел қонун ҳаст, ки ин қадар заминро ба иморатсозӣ ба додаронаш диҳад?

Дар хоҷагӣ як нафар бо номи Расулов Неъмат дар ҳамсоягии ҳаминҳо зиндагӣ мекунад. Дар замини наздиҳавлигиаш иморат сохт. Ин беинсофи дузди раис ҳамроҳи акояш кормандони давлатиро оварда ними ҳавлиашро бо малютка вайрон кард. Сабаб дар ҳуҷҷати замин 12сотих нишон дода шудааст, аммо заминаш 15 сотих. Барои 3 сотих зиёд будан ними ҳавлиро вайрон кард! Ин беинсофиро бинед! Худаш дар 1гектар хона карда шиштааст!

Худи ин раиси муттаҳам 3.5 гектар боғи яке аз деҳқононро бо зӯриву таҳдид кашида гирифт. Дар хоҷагӣ одамоне ҳастанд, ки дар як ҳавлии 10 сотихӣ 5-6 оила зиндагонӣ мекунанд. Ва дар саҳро 1сотих замин надоранд. Инро ҳатто Эмомалӣ Раҳмонов дар баромадашон ҳам гуфта буданд. Аммо мисле гапи ӯро ҳам ин раисони мо аҳамият намедиҳанду барои покозуха ва гӯйё дилсӯзӣ гуфта бошад. Дар асл ҳеҷ раҳме ба мардуми камбағал дида намешавад.

Оё ҳамин қадар замини ҳақи мардумро гирифта барои худ хона кардан мумкин ми? Ин раиси дузди порахур он қадар беинсоф аст ки қариб 35-40% заминҳои хоҷагӣ дар дасти акаву додарҳояш ҳаст, аммо доим маҷлис карда мегуяд заминҳои шумо бисёр аст. Тамоми аъзои хоҷагӣ максимум 40 сотихӣ замин надоранд. Оиди ин масъала ба нозири минтақавӣ, ба коррупсияи ҷумҳурӣ, ба прокуратура бо тариқи почтаи электронӣ хабар додем, аммо ягон чора наандешиданд. Номаҳои мо сад дар сад мерасанд ва боз омада мошкоро мегуяд навиштед чи фоида кардед , ман одам дорам дар ҳама зинаҳо номаро ба ман медиҳанд ва ҳақашонро мегиранд. Пас мо ба куҷо шикоят кунем ? Ин раиси бо пули ҳароми бо фиреб аз мардум гирифтагиаш участковий ва кормандонимилисаро харидагӣ аст. Раис бо бародаронаш, автозаправка, мойка, мағозаҳо, мағозаи запчастфурушӣ дорад ва участковию милиса бо онҳо наздик шудагианд. Бори дигар дар бораи онҳо навор нашр кунед, шояд ягон мақомоти боинсофе дар кори давлатӣ бошаду ягон тадбире бар суди мардум биандешад. Ин раис 20сол қабл аз корҳои давлатӣ ронда шуда буд. Дар кадом сохторе кор кунад ба коррупсия ва ба дигар ҷиноятҳо даст задагӣ, зиндон ҳам шудааст. Аммо дар давоми ҳаёташ то имрӯз ягон маротиба бо роҳи ҳалол пул ёфтагӣ не, фақат бо роҳи фиреб пул ёфтааст. Номаҳои мо ба ҳеҷ ниҳод суд надоданд ва натиҷаҳои чашмрасе аз нашрашон дар “Ислоҳ”ро бо чашмони худамон дида истодаем. Пас дигар ягона ҷойи шикоят ин “Ислоҳ” будааст , худоро шукр шумо ҳастед ва дарди моро мерасонед. Вагарна мо аз ғуломҳои асрҳои гузашта ҳолатамон бадтар аст.

Панҷакент:

Ассалому алайкум,бародар Муҳаммадиқбол!

Худованд ҳамаи муборизонро фируз гардонад. Ман аз шаҳри Панҷакент, ҷамоати Моғиён. Номаро мефиристам то мардум ва мақомоти ҳукумат ҳам бифаҳманд. Дар ҷамоати мо 26.000 аҳолӣ  зиндагонӣ мекунанд. Аз маркази шаҳри Панҷакет то ҷои мо 48 км  роҳ ҳаст. Бовар кунед, ки равуо бисёр ҳам душвор аст. Агар барои ягон зарурат ба шаҳр равем, маслан беморхона, ё бозор ё барои ягон ҳуҷҷат роҳ хеле вазнин аст. Ағба ях бастааст. Ҳаво ниҳоят сард. Мақсади ман ин аст ки бигуям мо роҳи дурусту ҳисобӣ надорем ва касеро ҳам дар гумонаш намегузарад. Барои рафту баргашт 50 сомонӣ фақат роҳкиро харҷ мешавад. Автобусҳо кайҳост, ки баста шудаанд. Фақат корамонро бо таксӣ анҷом медиҳем. Раиси ҷамоати Моғиён Икром Истамов мебошад. Бесаводи бемаданият аст. Дасти чапашро аз росташ фарқ намекунад. Ҳоло дар ин ҷамоат мавсими туй, аз ҷумла туйи оиладоршавӣ рафта истодааст. Мардум фарзандонашонро оиладор мекунанд. Касе аз 27 сола поин бошад ва аскарӣ нарафта бошад аз вай Икром 10.000 сомонӣ мегирад баъд ЗАГС, яъне ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Рӯзе як нафар барои ҳамин кор ба наздаш даромадааст. Аз он одам ҳам 10.000 сомонӣ талаб мекунад. Он мард мегуяд, ки дар ҳеҷ ҷо кор намекунам, инвалидам, чи тавр ба ту ин пулро диҳам? Ҷавоб медиҳад, ки ман ин пулро худам намегирам, бурда ба военком ва амният медиҳам.

Ман дар тааҷҷубам, ки касе намепурсад, ки чаро барои оиладор кардани фарзанд бояд ба ҷамоат, военкомат ва амният 10.000 сомонӣ дод? Ин зулм то кай давом мекунад? То ба кай хуни халқро мемакед? Бовар кунед, ки мардум аз ин ҳукумат сахт норозианд ва нафрат доранд. Мо медонем шикояти мо ба ҳеҷ ниҳоде суд намедиҳад ва бар акс бар зарари шахси ариза диҳандаю шикояткунанда тамом мешавад. Аз ин хотир беҳтарин ҷое,ки шикояти мо ба болотарин маконаш мерасад ин “Ислоҳ” аст. Мо бачаҳои Моғиён ҳамеша барномаҳои шуморо дунбол мекунем ва дардҳоямонро дар барномаҳои шумо мебинем.

Ps: Дигар ниёз ба шарҳу тафсире надоред ва танҳо раисони ноҳияҳое аз сокинони шумо ба “Ислоҳ” маълумотҳо расидааст бояд ба ин мушкилот расидагӣ намоед.

Раиси тозаинтихоби ноҳияи Рудакӣ ҷаноби генерал Ҳикматуллозода Абдуғаффор дақиқан ба хотири ҳалли ана ҳамин мушкилот шуморо раиси ноҳия гузоштаанд. Мо ин қазияро наззорат мебарем,ки то куҷо ҳаллу фасл мешавад ва ҳатман дар барномаҳоямон аз он хоҳем гуфт. Ислоҳ ҳама кори шуморо наззорати ҷиддӣ мебараду онро мунсифона тақдими миллат ва мардум менамояд.

Дар мавриди раиси ноҳияи Деваштич воқиан хело шумо шахси ноуҳдабаро ва бе масулияте ҳастед. Шумо ҳатто аз уҳдаи як сомонаи ноҳия набаромадаеду онро дуруст накардаед. Аз соли 2018 аслан чизи дигаре надорад ин сомона. Бовар кунед як ноҳия сомонаи дуруст ҳисобӣ надошта бошад дигар сухан гуфтан ҳайф аст. Ҷаноби Ашуралӣ Ҷалилзода ин мартабаи панҷум аст аз ноҳияи Деваштич шикоятҳо мерасанд аммо ҳеҷ роҳи ҳалли худро пайдо накарда истодаанд. Раиси кумаитаи собиқи замини ноҳия Нуриддин Абдуллоев бо оилааш то ҳоло дар ноҳия нуфӯз дорад ва ду зани фарошро кушту  шахси дигарро ба ҷояш зиндонӣ кардед. Зулми узбекон дар ноҳия хело зиёд. Зуратон ба ин раисони дузди ҷамоат ва қотилон нарасад ошкоро гуед онро. Агар дар долия қуш бошед ин коратон ғалат аст ва ислоҳ намоед ин амалатонро. Мо ҳатман ин ҳолатҳоро наззорати ҷиддӣ менамоем, ки то куҷо ҳалли худро пайдо менамоянд. Мо вазъро зери назорати шадиди худ қарор медиҳем!

Дар мавриди раиси Панҷакент ҷаноби Абдухолиқ Холиқзода, ки то ҷое дар Панҷакент тартиботро ҷорӣ намуда ва сомонаашон мураттаб кор мекунад ва корҳояшон дар сомона дида мешавад аҳсан мегӯем. Аммо мушкилоти ҷой дошта дар Ҷамоати Моғиёнро ҳатман дида бароед,ки 26 ҳазор аҳолиро асир накунед ва масалаи кумитаи амниятатон мардумро хело ба мушкилот рӯ ба рӯ намудааст инро низ як дида бароед. Дар масалаи конҳои аз тарафи хитоиҳо кор карда истода дар Негнот, ки худатон аз мо бештар огоҳед таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунед.

Дар мавриди Рашт ҷаноби Раҳимҷон Набизода Муқимӣ дигар тамоман гап нест, бештар пора гиред ва то он рӯзе кришаатон Зокирзода Маҳмадтоир раиси порлумон ҳаст ҳатто  зури пешвои миллат ба шумо намерасад. Аҳсан шумо зур буданатонро нишон додед мо ҳама қоил. Қаноатшо Лоиқзода шумо гаштед Озода Раҳмоноваро криша гирифта. Бояд Шукурҷон Зуҳуровро криша мегирифтед ва ҳатман дигар дастҳоятонро пеши бар карда кали зиракро итоат карда гаштан гиред.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №9 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба“Ислоҳ.нет” №4
Деваштич

Бинанда ва хонандаи азизи «Ислоҳ.нет» огоҳанд, ки пештар низ дар бораи мушкилоти мардуми ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд (Ғончии собиқ) мо чанд матлаб интишор карда будем. Номаи аввали ин матлаби мо ҳам ба масоили ҳамин ноҳия марбут аст. Ва, ҳоло матни ин номаро пешкаши шумо менамоем:

Ман истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Равот. Ба шумо аз ҷиноёти раиси хоҷагии Равоти ин ноҳия менависем.

Ном ва насаби раиси хоҷагии Равот Худойбердиев Боймуҳаммад, соли таваллудаш 1966-67 сокини шаҳри Бустон (Чкаловск) мутаваллиди деҳаи Равоти Деваштич. Факултети ҳуқушиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Собиқ корманди Прокуратура буда мавсуф 2,3 бор ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст зада ҷиноятҳои вазнин содир ва ҳамин тавр аз корҳои давлатӣ як умра дур карда нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Яъне делояш сиёҳ шуда аст. То соли 2015раиси хоҷагии деҳаи Равот Дӯстмурод Дӯстмуродов буд, маълумоташ нопурра, коллеҷи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Соли 2015-16 Худойбердиев Боймуҳаммад Дӯстмуродовро бо ёри бародаронаш аз вазифаи раиси хоҷагӣ сабукдуш карда ҷои ӯро худаш гирифт.  Чор бародараш дар деҳаи Равот зиндагӣ мекунанд. Аъзои хоҷагии деҳаи Равотро ҷамъ карда ба онҳо ваъда дод, ки вақте ман раиси хоҷагӣ шавам, ба ҳамаи шумо замини назди ҳавлигӣ медиҳам.

Ҷинояти аввали Боймуҳаммад Худойбердиев:

Боймуҳаммад Худойбердиев соли 2016 раиси хоҷагии деҳаи Равот шуд. Гуё бо мақсади барқарории молу мулки аз тарафи Дӯстмуродов Дӯстмурод, раиси собиқ талаву тороҷшуда аз болои вай ба суди ноҳияи Деваштич  шикоят кард. Дар натиҷаи санҷиши суд наздик ба100.000сомонӣ камомадро ошкор кард. Суд Дӯстмуродов Дӯстмуродро ба 8 сол аз озодӣ маҳрум вале дар пайи барқарории зиёни расонида ӯро озод кард.

Худойбердиев Боймуҳаммад аъзои хоҷагиро ҷамъ карда гуфт агар 100000(сад ҳазор )сомонӣ маблағ ҷамъ карда ба ман диҳед ман Дӯстмуродов Дӯстмуродро аз зиндон мебарорам. Мардуми хоҷагии деҳаи Равот дар давоми 1.5сол 60.000сомонӣ ҷамъ карданд,то ки Дӯстмуродов Дӯстмуродро аз зиндон озод кунанд. Дӯстмуродов одами камбизоат буд! Ва маблағи ҷамъшударо Бердиев Фурқат, домкоми маҳалла, истиқоматкунандаи деҳаи Равот дар шоҳидии Бердиев Анвар, Ҷумъаев Иброҳим ба дасти Худойбердиев Боймуҳаммад, раиси хоҷагии Равот доданд ва аз вай забонхат ҳам гирифтанд. Сабти телефонӣ ва навор гирифтанд.   Навор ва забонхати раиси хоҷагӣ дар дасти домкоми маҳалла Бердиев Фурқат маҳфуз аст. Ин кор барои он анҷом дода шуд, то ки фиреб накунад ва маблағро ба ҳисоби хоҷагии Равот гузаронад ва Дӯстмуродовро аз зиндон озод кунад.

Аммо аз дусар ин Худойбердиев Боймуҳаммад мардуми деҳаро фиреб кард. Баъд аз 2 моҳ Бердиев Фурқат, Ҷумъаев Иброҳим ва чанд аъзои хоҷагӣ ҳисоби хоҷагии Равотро санҷиданд, маълум шуд, ки ягон сомонӣ ба ҳисоби хоҷагӣ надаромадааст! Ва Дӯстмуродов Дӯстмурод аз зиндон озод нашуд! Баъд аз 8моҳи пулро ба Худойбердиев додан, Дӯстмуродов Дӯстмурод, раиси собиқи хоҷагӣ бо амнистия (афв) ва озод шуд!

Ҷинояти дуввуми Боймуҳаммад Худойбердиев:

Соли 2021 дар хоҷагии Равот 30 сотих замини назди ҳавлигиро ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда ба фурӯш гузошт. Ду нафар яке Нусратулло ва дигар Мадмурод аз дигар хоҷагӣ, хоҷагии «Калаи Мирзобой» харидор шуданд ва нарх гузоштанд: яке 350000 сомонӣ ва дигаре 380000сомонӣ. Аммо раис розӣ нашуду ба бародари худаш Худойбердиев Аюбҷон бо нархи 420000сомонӣ фурӯхт. Худойбердиев Аюбҷон сокини хоҷагии Равот ба замин муҳтоҷ нест. Ҳавлие, ки зиндагӣ дорад 25сотих ва боз 30 сотих замини назди ҳавлигӣ дорад.

Ҷинояти сеюми Худойбердиев Боймуҳаммад:

Худойбердиев Боймуҳаммад аз аъзои хоҷагӣ то 3 баробар пули андозро зиёд меситонад. Аз 40 сотих замини обӣ 700-800сомонӣ андоз мегирад. Ва  аз андози ҳифзи иҷтимоӣ сари хоҷагӣ 380 то 450сомонӣ мегирад. Ҷамъ дар яксол аз ҳар як хоҷагӣ тахминан 1000-1100сомонӣ маблағ мегирад. Дар Равот ҳудуди 250 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, акнун худатон ҳисоб кунед ва бубинед ин ҳама маболиғи ҷамъовардаашро!

Ҷинояти чоруми Худойбердиев Боймуҳаммад:

Эшбоев Зиёваддин як нафар аз аъзои хоҷагӣ мебошад, ки соли 1993 дар 3 гектор замин боғи себ бунёд кардааст ва то соли 2031 шартнома дорад.

Раиси хоҷагӣ Худойбердиев Боймуҳаммад апрели соли 2022 боғи ин деҳқонро бо дуғу пуписа ва зурӣ гирифт. Шартномаашро ба инобат нагирифт. Эшбоев Зиёваддин ба суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат кард. Суд баъд аз 3 моҳ ба фоидаи деҳқон қарор содир кард. Аммо Худойбердиев Боймуҳаммад ба Суди Олии иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кард. Баъд аз 2 моҳ ин суд қарор кард, ки баҳси ин замин аз дигар дида шавад! Ва Худойбердиев Боймуҳаммад аъзои хоҷагиро ҷамъ намуда эълон кард, ки ман судро буридам ва боғро гирифтам, касе эҳтиёҷманди замини назди ҳавлигӣ бошад ба ман муроҷиат кунад. Чанд нафар аъзои хоҷагӣ муроҷиат карданд. Раис гуфтааст, ки 1сотих 10000( даҳ ҳазор) сомонӣ! Яъне мақсади раис ҳамин 3 гектар боғи себро сари сотих 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ фурӯшад! Агар ягон чора аз тарафи давлат дида нащавад ин раис ин боғро мефурӯшад!!!

Фикр мекунед, ки барои чи то ҳол ягон нафар оиди кирдорҳои ҷиноятии ин раис ба мақомоти дахлдор хабар надод? Барои он ки мардуми деҳа аз ин шахс ва бародарҳояш   метарсанд. Ду  ако ва  ду додар дорад, ки дар деҳаи Равот зиндагӣ мекунанд, ҳамаашон одамони сарватманди деҳаанд! Заправкаи маводи сухт, мағозаи автозапчаст, автомойка, қариб 10 гектар замини ва ғайра доранд.

Чи хеле гуфтам ин раиси хоҷагии мо корманди собиқи прокуратура мебошад, 20 сол дар прокуратура кор кардааст. Мардум аз шикоят кардан аз болояш метарсанд, чунки шиносони зиёд дар мақомот дорад ва шикоят кардан бефоида аст. Ҳамаи аъзои хоҷагиро ҷамъ ва маҷлис карда эълон намуд, ки шартномаи заминҳои обиро аз нав ва бо ман бандед. Замини ҳамаатон бисёр. Аз дигар чену чок мекунем, набояд аз 25 сотих зиёд бошад. Аммо ҳама 40 сотихӣ дорад ва дар сертификат ҳам 40 сотих навишта шудааст. Аммо мардуми деҳаро аҳмақ карда 15 сотихӣ аз ҳама гирифта ба фурӯш гузоштан мехоҳад. Мақсад бизнеси замини мардум. Шояд баъди нашри ин навишта дар «Ислоҳ» мақомоти болоӣ таноби ин раиси худсар ва фиребгарро мекашанд?

Нома аз Данғара

Сайфиддин Давлатзода, писари усто Хайрӣ, бисёр шахси бедину бевиҷдон ва порахури ашадӣ мебошад. Вай 6 бародар дорад. Яке аз онҳоТоҳир аст. Мардуми Талхоб Ҳасанаш мегуянд, яъне лақабаш Ҳасан мебошад. Бародарони дигараш Исомиддин, Баҳриддин, Тоҷиддин, Меҳроҷиддин ва хурдиашон Аслиддин. Сайфиддин ҳоло дар Бохтар кор мекунад. Баҳриддину Тоҷиддин ва Исомиддин дар Душанбе кор мекунанд ва Ҳасан ва Аслиддин дар Данғара дар ҳамон деҳаи Талхоб. Меҳроҷиддин дар Душанбе дар кадом вазифаи давлатӣ кор мекунад. Сайфиддин ба воситаи як амакаш Маҳмасаид Сафаров, одами бовариноки Нуриддин- бародари президент мебошад, ки 15 сол дар мақоми раиси кумитаи замини ноҳияи Данғара кор кард. Ҳамаи заминҳои деҳаҳои Талхоб, Боботубхона ва Эгуронро байни авлодашашон тақсим карданд. Сайфиддин бо воситаи амакаш Маҳмадсаид 90 дарсади заминҳои деҳаи Талхобро ба зурӣ гирифтааст. Аз ҷумла ангурбоғеро,ки аз шуравӣ монда буд ва дар рӯбарӯи деҳа қарор дошт бо истифода аз мақоми хизматӣ аз худ кард. Ҳамин тавр зиёда аз 100 гектар ангурбоғро вайрон карда бутаҳоро аловӣ карданду пояҳои бетониву симҳояшро фурӯхтанд. Гараже,ки аз шуравӣ мерос монда ва пур аз техникаву механизмҳои кишоварзӣ буд онро ҳам хусусӣ карда техникаҳоро як қисмашро фурӯхтанду як қисмашро байни худ тақсим карданд, ки то ҳол дар хонаҳояшон дида мешавад ва замини он гаражро ҳам байни худ тақсим ва хонаи истиқоматӣ бунёд карда дар он зиндагӣ доранд.

Соли 2019 соли рушди деҳот эълон шуд. Мебоист ҳар соҳибкору хизматчии давлатӣ, ки зодаи Талхоб мебошанд ягон иншооти хизматрасонӣ дар деҳа бунед мекарданд.

Тоҷиддин Пирзода роҳи 18 километрии Себистону Талхобро навсозӣ ва тармиму таъмир  ва кучаҳои деҳаро чароғон кард. Манучеҳри Ҷамилзода бунгоҳи тиббӣ бунёд намуд. Вале Сайфиддин бошад фақат дар фикри дуздиву дар фикри худашу авлодаш. Сайфидин ҳам бунёд кард, аммо на барои халқ, балки барои худ манбаи даромад кард:- сехи сементблокбарорӣ, заправка, мағозаи хурокворӣ ва сохтумони сехи дузандагӣ, меҳмонхона. Як тоҷири дигар мактаби замонавӣ ҳам сохта буд. Намедонам ин тоҷир, кӣ буд. Дар он сол барои ба истифода додани ин иншоот президент ба деҳаи Талхоб омад ва роҳро кушод ва аз ҳама иншооти барои мардум зарур -бунгоҳи тиббӣ ва мактабро ҳам кушод. Вале кору ҳиллаҳои Сайфиддинро, ки ҳама медонист, президент мағозаву заправкаву меҳмонхонаи Сайфиддинро накушод. Ҳатто ба пешаш, ки ҳамагӣ аз роҳ 3 метр дур мебошад, гузашту рафт, нигоҳ накард.

Ду бародари Сайфиддин бо падарашон дар деҳа зиндагиву фаъолият мекунанд. Ҳасан (Давлатов Тоҳир)бо воситаи бародараш Сайфиддин 10сол мешавад, ки директори мактаби раками 51 мебошад. Аз соле, ки Ҳасан директор мебошад, ҳама фарзандони мардум бесавод шудаанд. Дар солҳое, ки Соҳибов Маҳмашариф директори мактаб буд аксарияти хонандагон босавод буданд. Аммо ин авлоди гушна на танҳо замину боғҳои деҳаро аз худ намуда вайрон сохтанд, ҳатто фарзандони ин мардумро бесавод карданд. Ба гуфти мардуми деҳа Давлатов Тоҳир- Ҳасан нақша дорад, ки бинои мактаби куҳнаи деҳаро, ки дар назди мактаби нав ҷойгир мебошад, хусусӣ кунад ва ба боғча ё ягон манбаи даромад табдил диҳад. Бародари хурдиашон Аслиддин, ки феълу рафтораш аз зан фарқ надорад дар мактаб ҳамчун муаллим номнавис шудааст, вале як соат дар дарс нест. Зимистон таксӣ мезанад, тобистон бошад ба кори хоҷагӣ машғул аст. Ҳамаи узви ин оила дар мактаб “оформит” шудаанд, маош мегиранд, вале як соат дар  мактаб дида намешаванд. Сайфиддин замини хоҷагии акаи Ширинбекро, ки тули 30 сол буд дар он кишт мекард ба воситаи Сафаров Маҳмасаиди амакаш ба номи худ карда ҳамин тавр акаи Ширинбекро аз заминаш маҳрум карданд. Ман, ки собиқ корманди кумитаи замини ноҳияи Данғара мебошам аз дидани ингуна ноадолатиҳо хаста шудам. Худо мегуфтам, ки ин гушнаҳо аз кор раванду ба ҷояшон ягон инсони адолатхоҳ биёяд. Вале баракс, Сафаров Маҳмасаид нафақа рафту як шогирди дастпарвардааш, ки аз ӯ ҳам бадтар аст ба ҷояш омад. Ман ноумед шудаму тарки вазифа кардам. Ин авбошон як авлоди бузурганду ман танҳо як оиларо гуфтам.

Як шахси дигар акаи Сангмаҳмад аз деҳаи Кули суфиён, ки ҳамсояқишлоқи Талхоб мебошад. Мардум бо номи акаи Санг мешиносандаш, аммо ҳама ҳоҷии арақхураш мегуянд. Ин ҳоҷии арақхур хабаркаш аст. Бояд аз зулми ин мардум даст бардорад, вагарна ҳамаи ҷиноятҳояшро нашр мекунем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Матлаби пешинае,ки дар бораи Давлатзода Сайфиддин нашр кардед,ҳамааш рост буд ба Худо қасам шумо аз дарё як қатраро гуфтед. Агар шумо ин матлабро нашр кунед боз дигар ҷиноятҳои ин авлодро менависем. Мардуми деҳа ҳамаашро медонанд вале бигзор тамоми Тоҷикистон донад, ки ин беимонҳо ба чи корҳо машғуланд. Дар охир нисбати як сардухтури Данғарагии мо ки дар Қарияи боло кор мекунад бо номи Шамзода Хизматулло,ки пеш дар беморхонаи Данғара кор мекард ва гӯйё модари Президентро табобат карда будаст ва ӯ роҳхат ба Душанбе ба ӯ дода будааст маълумот мефиристем. Бедодгариҳое дар Қарияи болои Душанбе карда истодааст бо Маликаи котибааш,ки даҳшат. 12 шуъба 500 сомонӣ месупоранд ба саррекитери Қарияи боло. Тавассути “Сифатфарма” ҳама хешу таборашро духтуру фарматсев оформит кардааст. Дар дохили Қарияи боло МРТ томография кушодааст, фақд кораш ғорат аст. Се сол пеш аз ҳамин корҳои ҳаромаш писараш дар як авария вафот кард, аммо ҳеҷ неки дарсу ибрат гираду бас кунад. Мошинҳои пеши пеш дорад вале боз бо мошини беморхона мегардад. Хулоса як камтар маълумот додам вале шакли пурраашро боз менависем ва ҳар касе ҷабрдида аст боз бароятон фиристанд Душанбегиҳо якҷо карда нашр кунед, то мардум донанд, ки Майрам пеш аз маргаш ин балоро ба Душанбе фиристод, то мардумро азоб диҳад.

Нома аз Ашт

Ман як модари танҳоям. Маҷбур шудам қалам ба даст бигираму дарди дили мардуми Понғоз ва Аштро бинависам.

Ин пешвои худкома ба Понғоз омаду беморхонаро кушод, аммо дар асл онро накушод, ба тамом маҳкам карда рафт. Бизнесмени Понғоз Зайлобиддин Мақсудҷонов аз кисаи худаш ду мошини ёри таъҷилӣ барои беморхонаи пушидаи домулло Абдураҳим Понғозӣ харид. Он мошинҳоро пешвои лаънаткардаи аллоҳ аз номи худаш супорид. Баъди рафтани ин лаънат кардаи Аллоҳ аз ноҳия омада як мошини таъҷилиро зӯран кашида гирифтанд.  Ҳоло он ки он мошинҳоро Зайлобиддин Мақсудҷонов барои беморхонаи деҳаи худаш харида буд.

Боз як бало болои мардум шуд. Ин таъмири  роҳи Ашт-Хуҷанд дар тули 70км аст. Аз бизнесменҳои ноҳия маҷбуран маблағ ҷамъ карданд -барои таъмири  ин роҳ. Якумин шуда Зайлобиддин Мақсудҷонов 100 ҳазор сомонӣ дод. Ҳоло бошад 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуданд. Ба эҳтимоли зиёд аз ҳар ҷамоат аз мардум маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Коргарони ҷамоат бошад бо масҷидҳо омада аз мардуми мазлум пул ҷамъ мекунанд, барои хариди солдат мегуянд, аммо дар асл бештари онро бо кисаи худ мезананд. Ин чи зулм буд болои мардуми Понғоз: -ба масҷид омада бо газета обуна шав, ба пожарний пул ҷамъ кун, солдат мехарем, ба страховка пул ҷамъ кун.

Инҳо ҳамин хел зулм доранд ,ки мардум аз масҷид гурезаду наояд.

Агар намозхонҳо дар масҷид пул ҷамъ кунанд, барои таъмири роҳ бизнесменҳо пул ҷамъ кунанд, дар мактабу беморхонаҳову дигар ҷойҳо барои обуна пул ҷамъ намоянд, ин давлат ба мо чи даркор? Давлат бояд ин роҳро аз буҷа обод кунад. Худи пешво дар баромадаш ваъда дода буд. Ин чоплусон аз бизнесменҳо ва аз мардуми мазлум маблағ ҷамъ карда истодаанд.

Номаи дуввум аз Ашт Понғоз

Салом алейкум бародари гиромиқадр Муҳаммадиқбол

Аз Худо талаб мекунем,ки хуш боши.

Чаро Фархориҳо КГБ мешанд дигарон не?

Ҷонишини 1уми КГБ вилояти Суғд  Маҳмадалиев Ориф соли таваллудаш 1976 маълумоташ олӣ (Донишкадаи Тиҷорати Тоҷикистон)-ро соли 1997 хатм кард спецалностиш экономист-менеҷер  аз сабаби Фархори буданаш ӯ Ҷонишини 1уми КГБ вилояти Суғд таин шуд 2сол инҷониб кор мекунад.

Ҷавонони Ашт, Исфара, Конибодом  бо дипломи сурх Университети Давлати Тоҷикистон  факултаи Юридикиро тамом мекунад як прокурори қаторӣ ва оддӣ кор мекунад солҳо, ҳатто рутба ҳам намегирад.

Адолат куҷост?

Маҳмадалиев Ориф соли таваллудаш 1976 зодаи Фархор соли 1993 вақти бесарусомониҳо бо ёрдами боевикои Кулоби зӯран бо Донишкадаи Тиҷоратии Тоҷикистон  дохил мешавад ва соли 1997 хатм карда чаро экономист-менеҷер шуда кор накарда коргари боломақоми амнияти Суғд шуда кор мекунад?.

Номаи севвум аз Ашт Понғоз

Салому дуруди бепоён ба Муҳаммадиқбол Садриддин ва кормандони “Ислоҳ”

Зулми ҷамоат болои мардуми бечораи Понғоз хело зиёд аст.

Ба Шумо навишта маълум менамоям, ки коргарони селсовети Понғоз расо аз худ рафта болои мардуми бечора зулм доранд.

Танзими ҷамоат ХОЛМАТОВ  ФУРҚАТ худаш худашро танзим монд ва зулмро болои мардум давом дода истодааст. Ин Фурқат Холматов пештар дар ҷамоат бухгалтер буд ойлики чанд мактабҳоро хӯрда директорони мактабро дар хиҷолат монда буд. Баъдан бухгалтер шуда ба мактаби рақами 40 ба номи Пӯлод Ниёзи ба кор рафта мактабро бо кунаш шинонд 22 ҳазор сомонро дуздид. Дар Душанбе дар прокуратура хеш дорад мумкин кришааш ҳамон бошад, ки ба ҷамоат худашро танзим карда омад. Касе аз Россия ояд ҳатман ӯро ҷеғ зада мо солдат мехарем ёрдам кун гуфта маблағ меситонад. Дар бозори қишлоқ рафта фурӯшандаро бо ман 1пакет ангур ва 1 пакет шафтолу деҳ мегӯяд ман танзими қишлоқ. Фурӯшанда духтар инро шарм доронда мегӯяд пулат бошад хар ба ман фарқ надорад ту кисти.

Агар мардум тӯй кунад ё одамгуён  ҳатман фаҳмида рафта ҷарима мекунам гуфта аз туйгар пул меситонад ба кисаи худаш.

Агар барои 1 справка гирифтан равед 10 ё 20 сомон талаб мекунанд ҳоло он,ки справка ройгон аст.

Омори қишлоқ ба хонаи як бой медарояд чи кориди дар замин ҳамонро дида омада бардурӯғ омор менависад,ки ҳамма мардум картошка, помидор, пиёз, сабзи коштанд гуфта аммо дар асл бисёри мардум ҳеҷ чиз намекорад аз бозор мехарад назди ҳавлияш 4 сотих .

Як солдат отпуска биёяд ин коргарони ҷамоат гадои карда аз ҳамма магазин пул меситонанд барои роҳкирои солдат гуфта

Бародари азиз гуфтаниҳо расо бисёр масҷид равед мегӯянд, ки аз ҷамоат омада таъкид кард, ки ҳатман обуна шавед. Ин мӯйсафедон 220 сомон нафақа мегиранд ба куҷо диҳанд пул. Зулми ҷамоат болои мардум расо сахт.

Ps: Хуб дигар раисони ноҳияҳои Данғара, Ғончӣ, Ашт ва Рустами Эмомалӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои шумо ин ҷиноятҳо сурат гирифтааст бояд диққати ҷиддӣ диҳед! Медонем барои шумо аслан муҳим нест, ки мардум дар кадом ҳолатанд вале боз ҳам ҳушдоратон медиҳем,ки бисоти зулму зургӯёнро барчинед ва ба мардум зулмро раво набинед! Рустами Эмомалӣ ва вазири тандурустӣ қазияи Қарияи болоро бубинед,ки кор ба даҳшат накашад!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба“Ислоҳ.нет” №4 появились сначала на ISLOH.net.

Ба доди узбектаборони Деваштич, ки гаравгонони оилаи Абдуллоевҳоянд кӣ мерасад?
Нома аз муҳоҷирони узбеки ноҳияи Деваштич аз шаҳри Санкт-Петербург

Қариб 1000 сокини деҳаи Зарнисор дар муҳоҷират дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бештарини онҳо дар шаҳри Санкт-Петербурганд.Чанд рӯзи пеш дар як садамаи нақлиётӣ 3 ҷавони деҳаи Зарнисор ба ҳалокат расид.

Дар деҳаи Зарнисори Деваштич барои ҷавонҳо кор нест.

Авлоди Абдуллоевҳо дашт, замин, об, мактаб, танзим, мизи ҳарбӣ, хуллас ҳама соҳаҳоро монополия кардагианд. Домоди 20 рӯз пеш хонадоршуда маҷбур аз «облава» гурехта, рӯ ба муҳоҷират оварад. Дар шаҳри Новий Уренгой қариб 200 кас аз деҳаи Зарнисор кор мекунад.

Зимистон то 40 дараҷа сард бошад ҳам кор мекунем, дигар илоҷ нест. Зиндагӣ мушкил, нархи озуқа гарон. Авлоди Абдуллоевро сер кардан даркор. Барои замини бепул пул медиҳем, ба мактаби бепул пул медиҳем. Облава барои ҳар 6 моҳаш камаш 5000 сомонӣ медиҳем.

Абдуллоев Бобур аз моҳи апрели 2022 раисии хоҷагии идораи об дар Деваштич мебошад.

Ду хати лулаи об нушокӣ аз давраи Шӯравӣ мавҷуд буд, ки аз они худ кардааст. Дар 1 моҳ 40 сомонӣ медиҳем, 3 соат об медиҳад.

Оби полезӣ бошад соаташ 40 сомонӣ. Фишори об хеле суст аст. Як ҳавлии дорои 8 сотих 2 ё 3 соат об медиҳад. 100 литр дар 24 соат. 200 сомонӣ нархи 100 литр. Ба 3 тақсим карда ба 24 соат ҳисоб мекунанд. 2000 то 3000 сомонӣ мешавад. Кадом ташкилоти хориҷие ба татбиқи барнома шурӯъ кард. Бобур Абдуллоев  ҷойи дастгирӣ кардан зиёни худро расонд,то мардум бе пул сощиби об нашаванду тиыораташ касод нашавад. Барои мардум 1комбайн ва 2 то трактор доданд. Бобур Абдуллоев  онро гирифт ва барои 1 гектар гандум 500 сомонӣ ҳаққи комбайн таъйин кард. Барномаи ғайридавлатии омадаро барои худаш истифода мебарад. Наход як давлат бо ин қадар амнияту милиса ва мақомоти тафтишотӣ ин ҷиноятҳоро набинад? Ё мебинанду бо  ӯ  дар долия шариканд. Оби нушокӣ даркорӣ нест гуфта корҳоро ақиб монданд. Чихел оби нушокӣ лозим нест? Яъне тиҷораташ касод мешавад агар об расад ба аҳолӣ.Аз дасти инҳо на замин на об монд. Мардум шикоят карданд. Ягон кас мардумро гӯш накард.

Мардуми деҳа аз Абдуллоевҳо сахт метарсанд

Инҳо тӯҳматчӣ, дурӯғгу ва қасами ноҳақхӯр мебошанд. Нуриддин Абдуллозода раиси идораи замин ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.Аз дасти Нуриддин Абдуллозода раиси ноҳияи Деваштич 2 бор, раиси дастгоҳ 1 бор, раиси ҷамоати Ғазантарак дар соли 2018 ба дасти коррупсия афтиданд.

«Нуриддин Абдуллоев мисли бузи ваҳшӣ мебошад. Дар давоми кораш камаш 20 кас коргари идораи замини Деваштич суд шуданд. Баъзе аз он судшудаҳо Сарвар, Абдукарим, Фарух, Далер, Асадхон, Лутфулло, Илҳом, Равшан, Темур, Аброр, Обид ва дигарон.»

Дар идораи замини Деваштич ҷияни Нуриддин номаш Рамзиддин кор мекунад, соли таваллудаш 1998 аст. Вай эксперт аст. Бе  имзои Рамзиддин Қулдошев  сертификати замин дода намешавад. Як имзо камаш 5000 сомонӣ қимат дорад. Нуриддин бо Рамзиддин замини деҳаи Зарнисорро қариб 50 фоиз гирифтаанд. Пеш якто ҳочагии деҳқонӣ бо номи Бобур буд. Ҳозир Баҳористон, ҳоҷӣ Тӯйчибой, боз якто ҳочагӣ ба номи Гавҳар модари Қулдошев Рамзиддин. Инҳо сер намешаванд. 30 сол боз 2 гектар замини обии президентӣ дар дасти Нуриддин Абдуллозода. Аммо ба мардум як ваҷаб замин нест. Дар бораи заминфурӯшиҳои ин ғоратгарон як китоб нависем ҳам кам аст.

Таҳқиқоти “Ислоҳ” дар қазияи куштор дар Деваштич

17 июл 2022 дар идораи замини Деваштич ду ҳодисаи куштор ба амал омад. Сабаби ин куштор мо хуб медонем ва таҳқиқоти”Ислоҳ” бо манобеъи доштаамон дар ноҳияи Деваштич чунин хулосаҳо баромад. Ба хамагон маълум аст, ки “Ислоҳ” дар барномаҳои худ дар гузашта  аз ҷиноятҳо ва кирдорҳои  собик раиси кумитаи замини ноҳияи Деваштич  Абдуллозода Нуриддин Туйчиро мақола чоп карда буд. Агарчӣ ҳоло Нуриддин Абдуллоев дар мақоми кумитаи замини ноҳия кор намекунад. Аммо тавассути раиси амалкунандаи замини кунунии Деваштич ҳама хостаҳои  худро дар ноҳияи Деваштич ба сокинони ин ноҳияи амалӣ дорад. Озодона тавассути раиси кунунии кумитаи замини ноҳия ба заминхарҳо заминҳои дилхоҳашонро пешниҳод намуда аз онхо маблағи дилхоҳи муқаррар намудаашро  мегирад. Чунин рафти кор ба раиси амалкунандаи кумитаи замини ноҳия хуш намеояд ва хама вақт хоҳишоти мафияи Нуриддин Абдуллоевро иҷро намекунад. Абдуллозода Нуриддин барои ин амалҳои раиси кумитаи замин қасд гирифт. Нуриддин Абдуллозода ба ғазаб меояду тавассути ҷиянаш, ки  корманди кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич аст бо номи Қулдошев Рамзиддин  Турсунбоевичро дават намуда аз он тамоми шароити корхонаро мепурсад.Абдуллозода Нуриддин нақшаи ҷиноии худро кашида санаи 16 июл, рӯзи шанбе баъд аз  кор ба бинои кумитаи заминсозии ноҳия хозир шуда тамоми ҳуҷҷатҳои ба худаш тааллуқдоштаро  сузонида аз идораи замини ноҳия берун мешавад.Як рӯз мегузарад ва бори дигар  санаи 17 июли 2022 боз барои идома додани кирдори худ ба  бинои кумитаи замин ҳозир мешавад.Дар он вақт фарроши кумита Фозилова Ворисаи 56 сола ва Зокирова Умедаи 45 сола истиқоматкунандагони дехаи Ғазантараки ҷамоати  Ғазантарак барои тоза намудани корхона ҳозир мешаванду шоҳиди кирдори Нуриддин Абдуллозода мешаванд.

«Барои руйпуш намудани кирдори худ ҳар ду зани бегуноҳи шоҳидро яктаашро бо 13 захми корд дигариашро 11 зарби корд мезанаду аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. “Ислоҳ” ин қазияро дунбол кард вале ҷинояткори аслӣ бе ҷазо мондааст. Қотили ду зани бе гуноҳи шоҳид дар ноҳияи Деваштич бе ҷазо монд. Манзур аз қотили аслӣ аст, на қотили сохташуда ва подставной.»

Нуриддин Абдуллозода аз 19 октябри соли 2012 раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич кор мекард.Пас, аз навиштаҳо ва барномаҳои “Ислоҳ” ӯро аз ин мақомаш барканор ва муовини кумитаи замини Вилояти Суғд яъне хело болотар гузоштанд.Аз ин мақом на чандон хушаш омада буд, чун дуздияш бештар набудааст. Ба мақоми раиси идораи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин мегардад. Чун косякҳо дар ҷой кори собиқаш Деваштич дар тули 8 соли корияш бисёр буданд аз заминфурӯшиҳояш тули ин солҳо ва барои забонкутоҳ намонданш онҳоро бояд бе восита худаш тоза мекард.Вале ин ду зан садди роҳи ин кораш гаштанд ва ӯро ҳангоми содир намудани ҷинояташ диданд. Барои он ки ҳеҷ шоҳиде боқӣ намонад ин ду занро ваҳшиёна ба қатл мерасонаду меравад аз пай кораш. Аз он рӯзе ,ки “Ислоҳ” дар мавриди ҷиноятҳои Нуриддин Абдуллозода ва бародару хоҳар ва мафияи ташкил намудаи ӯ огоҳ карда буд,мақомот даст ба кор мешуданд, ин ҷиноятҳо содир намешуданд. Аммо боз ба ҷойи сабукдуш намудани ин ҷинояткор ӯро ба вазифаи нав гузоштанд,то идома диҳад корҳояшро. Билахира натиҷа ин шуд,ки дида истодаед. Вой ба ҳоли сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов,ки бо ин раиси кумитаи замини қотилаш чи хоҳад шуд.

«Дар деҳаи Зарнисор замин обӣ дар дасти Абдуллоев Нуриддин, ягон ваҷаб замин барои мардум намондааст. Идораи замин аз дасти инҳо кораш каша шудагӣ, мардум сарсону саргардонанд.»

Фаридун Қулдошев ҷияни Нуриддин писари хоҳараш Гавҳар масъули мизи ҳарбӣ дар ҷамоат Ғазантарак мебошад. Соли 2021фаъолиятро аз шӯъбаи кишоварзии ҷамоат сар карда декабри 2021 январи 2022 дар танзим буд.Аз март 2022 масъули мизи ҳарбӣ мебошад. Мобайни 1 сол дар 3 вазифа кор кардааст. Раиси ҷамоати Ғазантарак Рузиматов Бобур шин гуяд мешинад,хез гуфт мехезад. Фаридун соли таваллудаш 1996 хизмати ҳарбӣ нарафтааст. Аз дасти Фаридун муҳоҷирони деҳаи Зарнисор ба хона баргашта наметавонад. Ягон нафар аз авлоди Абдуллоевҳо хизмати ҳарбӣ нарафтааст. Фарҳод Олимов раиси маҳалла, Амир нозири минтақавӣ, пулчинаки Фаридун. Амир нозири минтақавӣ 1сол шуд омаданашро, мошини сабукрав хориҷӣ харид. Маоши нозири минтақавӣ 1000 сомонӣ аст, худатон хулоса бароред. Бо ин пул чи хел мошин мехарад ?Облава ва танзим гуфта пули халқро кашида гирифта истодааст.

Бобохон писари Бобур Абдуллоев  1998 таваллудаш аст. Диплом гирифта раис танзиму анъана шудааст. Ноҳияи Деваштич зиёда 170ҳазор аҳолӣ дорад. Кадрҳои ботаҷриба зиёд дорад. Аммо Бобур Абдуллоев мансабро харидааст. Қонун барои камбағалхо кора мекунаду татбиқ мешавад. Раиси танзими ноҳия худаш Бобур Абдуллоев  қонунро вайрон мекунад. Моҳи июни 2022 Тӯйчибой Абдуллоев падарашон вафот кард. 100 фоиз танзимро вайрон карданд. 3-юм рӯзи таъзия дар деги калон ош карду се бегаҳа гузаронид. Дар як ҳафта панҷ молу гов кушт. Дар чил 200 кас бештар омад. Маъракаи калон баргузор кард, зидди қонуни танзим мебошад ин амалаш. Раиси маҳалла худаш хизмат кард дар он маъракаашон.Ҳама медонанд,ки раиси маҳалла беиҷозати Бобур Абдуллозода кор карда наметавонад, чунки ӯ раиси танзими ноҳияи Деваштич аст дигар.

Тахмина Абдуллоева рӯйрост моро ғорат дорад

Таҳмина Абдуллоева хоҳари Нуриддин ва Бобур,то имрӯз  директори мактаби №13 мебошад. Дар мактаб аксарият занҳо дарс медиҳанд. Ягон тарс надорад. Аз ҳар як муаллим доля мегирад. Агар нафаре ба кор дарояд 1 моҳи маоши ӯро мегирад. Комиссия омадааст гуфта пул ҷамъ кардан мегирад. Ҳар баҳона карда пул ҷамъ мекунад. Масъалаи таълиму тарбия ба дараҷаи тамоман паст расидаст. Ҳайфи пули буҷаи маорифу кишвар. Бахшида ба 30 солагии истиқлолият дар соли 2021 дар мактаб 4 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Ҳисобот додааст, ки 78000  сомонӣ харҷ кардааст. Ин тамоман дурӯғ аст. Бо ин пул ду баробари ин хел иншоот сохта мешавад. Директори мактаб аз сохтмони мактаб ду баробар бештар барои худаш пул кор кард.Ҷойи садамаи иншоотро вайрон карда буданд, қариб 50% стройматериал истифода бурда мешуд. Ҳар як муаллим як моҳона маоши худро дод. Ҳар як ҳочагӣ ҳам 300 сомонӣ барои бунёди он дод.  Муҳоҷирон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ҳисса гузоштаанд. Аксарияти устоҳо тариқи ҳашар бепул кор  карданд. Хонандаҳо ҳар моҳ ба фонди мактаб пул доданд, ки ҳисоб надорад. Таъмири мактаб гуфта аз ҳисоби таъмири мактаб Таҳмина хонаашро таъмир карда қарзҳои калони шавҳараш аз банкҳоро баргарадонд. Амир  Абдуллозода (Илёс номи аввалаш) шавҳари Таҳмина Абдуллоева директори МҶХ як идораи ғайридавлатӣ мебошад. Як барнома (проект) омадагӣ барои деҳаи Зарнисор маблағаш 500.000 доллар. Якто нассоси обкашӣ бароварданд барои 10 фоизи мардуми деҳа. Оби полизи таъмин шуд. 90.000 доллар комбайн ва 2 то трактор қариб 50000 доллар меистаду мондагии пул барои обёрии заминҳои деҳа гуфта Абдуллоевҳо корҳои ақиб мондан об монополия карда гирифтааст.

Муҳоҷирони деҳаи Зарнисор аз ин авлод талаб мекунад, ки замин ва оби мардум  баргардонида шавад. Ҷавонон деҳа маҷбур ғулом нашаванд.Ҳозир аз дасти оилаи Абдуллоевҳо одамҳо бо зану бачаҳояшон шаҳрванди Русия шуда истодаанду аз ноҳияи Деваштич фирор доранд.

«Қариб 500 зану талаба дашт мардикорӣ мераванд. Корҳои саҳроӣ, рӯзи корӣ аз 50 то 70 сомонӣ. Дар Зарнисор президенту прокурору суд ҳамааш Абдуллоевҳо.»

Мо, хоҳиш мекунем, ки ба Шавкат Мирзиёев, Президенти Узбекистон оҳу нолаи муҳоҷирони узбеки Тоҷикистонро расонед. Раиси ноҳия ҳатто ба ҷанозаи се ҷавони муҳоҷир наомад. Деҳа аз маркази ноҳия 3 километр дур мебошад. Ба ҷанозаи Тӯйчибой падари ин оилаи дузду ғоратгар  коргарони мақомоти ноҳияи Деваштич омада дастҳо пеши бар хизмат карданд. Барои мардум ягон фоида намеоваранд. Як сол пеш роҳкирои байни Деваштич- Зарнисор 2 сомонӣ буд, ҳозир бошад 3 сомонӣ шудааст.Барои талбаҳо моҳона 50 сомонӣ буд ҳоло 80 сомонӣ шудагӣ. Истаравшан- Ғончӣ 12 км фосила доранд ва роҳкиро 5 сомонӣ буд 10 сомонӣ шудагӣ аст.

Тибқи шунидаи мо ҳоло Прокуратураи генералӣ масъалаи замин ноҳияи Деваштичро тафтиш карда истодааст. Хоҳиш менамоем қазияи Абдуллоевҳоро ҷиддӣ бубинанд. Замини ноҳия дар ихтиёрашон, танзими ноҳия дар ихтиёрашон, об ва кумакҳое меояд барои обёри дар ихтиёрашон ,мактабу мизи ҳарбӣ. Бовар кунед чунон ноҳияро тасхир кардаанд,ки намедонем чикор кунем. Наход як ҳукумат зурашон ба ин оила нарасад.

Аз Деваштич даҳҳо нома ба “Ислоҳ” расидааст, ки на ҳамеша метавонем онҳоро нашр намоем. Мехоҳем ҳамчун намуна як номаи шикоятиро тақдиматон намоем, то боз ҳам бештар аз ҳоли сокинони ин ноҳия огоҳтар гардед.

Нома ба “Ислоҳ” илтимос дарди моро расонаӣ кунед!

Дар деҳа як оилаи мансабдорон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат намекунанд.Онҳо худро ҳамчун ҳоким мегиранд ва ҳеҷ касро писанд намекунанд.Сокинони деҳаи мо ӯзбекзабонанд. Ин шахсони мансабдор сокинони деҳаро писанд накарда, ба онҳо чун ғулом рафтор мекунанд. Онҳо Абдуллоев Бобур-раиси ҳоҷагии оби ноҳия, писараш Абдуллоев Бобохон-раиси танзим, Абдуллоева Таҳмина-директори мактаби деҳаи Зарнисор, Абдуллоев Нуриддин-раиси Кумитаи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов, Қӯлдошев Рамзиддин-эксперти идораи замини ноҳияи Деваштич ва Қӯлдошев Фаридун — мизи ҳарбии Ҷамоати Ғазантарак мебошанд.

Рӯзи 1-уми октябр соати 14:00 онҳо бо иштироки раиси ҷамоати Ғазантарак ва бо иштироки хешованду наздикони худ наздик ба 40 нафар,ки бисëрии онҳо Абдуллоевҳо буданд, маҷлис гузарониданд.Сабаби гузаронидани маҷлис баррасии фаъолияти мақомоти хурдфаъолияти ҷамъиятӣ дар деҳаи Зарнисор оиди лоиҳаи барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ буд. Масъалаи маҷлис нав намудани раиси ташкилоти Мақомоти хурдфаъолияти ҷамъиятӣ буд.Барои лоиҳа аз тарафи мақомоти ғайридавлатӣ 500 000 доллар ҷудо карда шудааст. Мақсади Абдуллоевҳо ҳамин лоиҳаро ба даст овардан аст. Аз ин маҷлис ҳам сокинони деҳа ва ҳам Комиссияи лоиҳа бехабар буданд. Наздик ба соатҳои 15:00 аъзоëни Комиссия бохабар шуда, омаданд, аммо аллакай бо иштироки раиси ҷамоат бе розигии сокинон онҳо раиси лоиҳа ва аъзоëни комиссияро пешниҳод карда буданд.Ин шахс мисли раиси ҷамоат яке аз одамони Абдуллоевҳо ба шумор мерафт. Баъд аз ин сокини деҳа Мизомов Озод аз  ин  қарор норозигии худро баëн кард, аммо хешу таборони  Абдуллоевҳо якбора ба ӯ ҳамла карда, ба ӯ  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расониданд, ки  ҳоло  дар   беморхонаи ноҳияи Деваштич қарор дорад. Абдуллоев  Бобур  10 сол пеш дар давраи Шӯравӣ  2  лӯлаи обро, ки монда буд, аз  они худ  карда гирифта буд. “Ислоҳ” дар ин маврид барнома дошт, ки ҳамааш дуруст буд ва то имрӯз ҳеҷ тағйроте нашудааст.Ҳар як сокини деҳа сари касӣ аз 1- сола то 100-сола бошад ҳам  моҳона 3 сомонӣ медиҳанд. Дар деҳа зиëда аз 5 500 сокинанд. Лекин дар як рӯз фақат 3 соат об медиҳаду халос. Мақсади Абдуллоевҳо аз они худ кардани лоиҳа чун 2 лӯлаи об аст. Дар деҳа об ва замин ҳамаи инҳо дар дасти ҳамин оила аст. Зиëда аз 5000 гӯсфанд, 1000 гов ва ғ. доранд, аммо то ҳол сер намешаванд. Аз ҳамин сабаб Мизомов Озод норозигии худро баëн намуд,аммо ӯро заданд,ки ҷароҳат гирифт.Сокинони деҳа аз ин оила метарсанд, зеро ҳамаи онҳо туҳматчӣ , дурӯғчӣ ва қасамхӯранд. Аз дасти ин оила ҳамаи мо  азобу ранҷ кашидаем, лекин онҳо: Бобур, Бобохон, Рамзиддин коргари мақомот Мизомов Озодро лату кӯб карданду лекин то ҳол дар кӯча бемалол гашта истодаанд. Агар зодрӯз ë ягон маъракае, ки гузаронидӣ худи Бобохон, ки раиси танзим мебошад,  ба  нозири минтақа занг мезанад ва онҳо дар муддати кӯтоҳ ҳозир мешаванд, аммо Мизомов Озодро, ки заданд ба чанд нафаре, ки занг задем ягон шахс наомад ва ахиран маҷбур шудам, ки ба ШКВД-и ноҳияи Деваштич бурдем. Дар бораи кору амалҳои ҷиноятии Абдуллоевҳо як китоб нависем ҳам кам аст. Дар назди Прокурори ноҳия 80 варақ аризаи сокинон истодааст, аммо ягон кори ҷиноятӣ кушода нашудааст ва ҳамаи ин аризаҳо бекор истодаанд. Аз ҳамин сабабҳо ба хулосае омада, хостам аз Шумо Ҷаноби олӣ муҳтарам Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кӯмак талаб кунам ва мехостам, ки нисбати ин шахсон кори ҷиноятӣ кушода шавад ва деҳаи мо аз ғуломӣ халос шаваду сокинон озодона зиндагии худро баранд ва ҳама дорои замину оби худ шаванд.

«Дар Федератсияи Русия бисëр ҷавонони мо муҳоҷиранд ва сарсону саргардонанд, аммо вақте ки замину обро мегирем зиндагии худро дар ҳамин ҷо пеш мебарем бо кишоварзию боғдорӣ. Мо дигар ба прокурор ва милиса ва мақомоти ноҳияи Деваштич бовар надорем ва садҳо ариза навиштем вале ягонтои он дида нашуд. Хостем ин аризаро тавассути “Ислоҳ” нависем, то прокурору милиса ва дигар мақомот мушкилоти моро ҳал кунанд. Агар зуратон нарасад мо ба Узбекистон ё Русия кучида равем , дигар илоҷ надорем. Барои эътиборатон сипосгузорем.»

PS: Мо воқиан хело дар таъаҷҷубем аз чунин ранг гирифтани кор дар ноҳияи Деваштич ва хосатан бо узбектаборони ин ноҳия. Чаро ҳукумати ноҳия ва прокуратураи ноҳия ва амният ин мушкилотро намебинаннд? Пас аз нашри ин шикоятҳо мебинем кор то куҷо ҳал мешавад ва ин оилаи ғоратгару захватчикҳо ва одамкушҳо ҷазои муносиб мегиранд  ё не. Дар сурати бе тағйир мондани вазъият дар ин ҷамоат ва сокинони узбектабори он шуруъ мекунем ба худи мақомдорони ноҳия. Аз раиси ноҳия шурӯъ менамоем то прокурор ва милисаю амнияташ. Хуб медонед,ки “Ислоҳ” гуфт анҷом медиҳад ва қаҳрамонони “Ислоҳ” мегардед. То ниҳояти моҳи октябр вазъро назорат мебарем.Сокинони ин ҷамоатро аз асорати оилаи Абдуллоевҳо озод намоед. Бидуни ҳеҷ кофтукобе ва пурсишҳое, кӣ инро ба “Ислоҳ” навишт корро анҷом диҳеду ҳаллу фаслаш намоед. Хуб медонед худатон ин оиларо ва аз ҳама аъмолашон огоҳед.

Ба раиси ҳукумати ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода гуфтанием, ки дар ихтиёри “Ислоҳ” аз даврони дар Шаҳристон буданатон ва дар ин мақоми имрӯзаатон ва аз раиси дастгоҳи пешина ва ҳозираатон ва аз корҳои коррупсионии ҷамоати шаҳраки Ғончӣ маълумотҳои ҷолибе дар даст дорем. Прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ Қодирӣ дар се қазияи хело муҳим дар мавриди шумо маълумотҳои ҷолиб дорем. Зиндагиномаи шумо муфассал дар ҳоли комил шудан аст. Қазияро то ниҳояти моҳи октябр ҳаллу фасл намоед итминони комил медиҳем ба шумо кор надорем ва ҳадафи мо аз шумо болотарҳост. Мо гуфтему шумо ҳарду шунидед!

Сообщение Ба доди узбектаборони Деваштич, ки гаравгонони оилаи Абдуллоевҳоянд кӣ мерасад? появились сначала на ISLOH.net.

Ғорати пули буҷа дар Деваштич миёни директорони мактабҳо ва мудири молияи ноҳия
Идораи молияи ноҳияи Деваштич маблағҳои бюҷетиро ба мактабҳо бидуни ҳузури муҳосибон тақсимот карда истодааст. Нуриллозода Фаррух, сардори Идораи молия, мудири маориф ва бархе аз директорони мактабҳо аз ҷумла директори мактаби Даҳкат пули бюҷетро ба ҷайби худ задан доранд.

Ман Раззоқов Раҳим (ном иваз шудааст) сокини  деҳаи  Даҳкати  ноҳияи  Деваштич  мебошам. Дар  мактаби  миёнаи  умумии № 11  кор  мекунам. Моҳи сентябри соли 2018  ба  мактаби номбурда ба ҳайси  коргузор  ба кор  шурӯъ кардам. Декабри соли 2020  ба  ҳайси  муҳосиб  қабул  шудам. Аз  ин  пеш  директори мактаб  чандин сол аз  талабаҳо ба баҳонаи таъмир  аз талабаҳо пул ҷамъоварӣ мекард, ки камаш 12.000 сомонӣ ҷамъ  мешуд.

Бо он  пул чанд қуттӣ  ранги фарш ва оҳак барои девори беруни  бинои мактаб  мехариду  тамом. Ҳич кас гап  намезад. Ман делоҳои муҳосиби  пешинаи  мактабро  гирифтам. Танҳо соли 2020-ро. Дар он делоҳо дида мешавад, ки барои таъмири бинои мактаб 15 000 сомонӣ давлат ҷудо кардааст. Худбахуд  гуфтам бо 12.000 сомонии  пулҳои талабаҳо ҳамагӣ як  қуттӣ  ранг харид кард. Ин ҳама пулҳоро куҷо сарф карда бошад?Аз ҷиҳате,ки сол ҷамъбаст мешуд, гапе назадам. Гуфтам бюҷети соли 2021 ҷудо шавад, баъд мефаҳмем, ки  инҳо рост аст  ё  не. Дар ҳақиқат рост будааст.

«Як рӯз маро ба молияи ноҳияи Деваштич даъват карда  гуфтанд, ки токенро гирифта биё, мо  ҳамаи  мактабҳоро аз  сари нав ба қайд гирифта истодаем. Ман рафтам. Барои токен дар як, ду, се ҷо имзо гузоштам. Ба ман коргари  раёсати молия гуфт, бюҷети моҳи  январи соли 2021-ро ба директори мактабатон  додем. Онро барномасозӣ карда то 20 январ оред, мо ба барнома дохил  кунем. Аз ӯ пурсидам, ки ба бюҷети  мактаби мо чи қадар ҷудо шудааст? Гуфт директор медонад, мо  ба  директор  додем.»

Пагоҳ  ба  мактаб  рафтам  ва ба  директори мактаб  савол  кардам  бюҷети  мо  чанд  сомонӣ аст. Гиред  ҷудо созем. Ба  ман  гуфт  алакай  ман  ҷудо  кардам. Ман  гуфтам  бе  ман? Гуфт, ҳа молия  худаш  ҷудо кард. Сардори молия Нуриллозода  Фаррух дар инҷо имзо мон гуфту  пешниҳод  кард, ман  гирифтаму  хондам,  ки  аз  якум то квартали  чорум пулро  бе иштироки ман алакай тақсимот кардааст. 15000 сомонии барои таъмир ҷудо шударо 4000 ба  квартали сеюм  гузошта мондагиашро ба  квартали охирин  гузоштааст. Ман гуфтам чаро  пули таъмирро ба моҳи  декабр  гузоштӣ,  дар  моҳи декабр магар таъмир карда  мешавад? Директор гуфт инро молия худаш тақсимот  кард.

Ман имзо нагузоштам. Гуфтам инро ман  гирифта ба молия  мебарам. Гуфт бибар,  худаш ҷудо кард. Ман ба  якчанд  ҷо муроҷиат  кардам, ҳодисаро  фаҳмонидам.Ба ман  гуфтанд агар  пулро ба квартали охирон  гузошта бошанд, дар охири сол молия  худаш онро  мегирад. 30000 сомонӣ ба квартали охирон ҷудо карда  шудааст.Ба  ман  ягон  асбоби  бухгалтерӣ: компютер,пиринтер  ва кабинет  надодаанд. Пулҳои  мактабро  бағайри моҳонаи муаллимон дигарашро бо директор, молия  ва маориф  обу лой  карда истоданд. Касе нест, ки инҳоро пурсад. Директори мактаб чанд  нафарро  моҳи  август  аз  мактаб хориҷ карду моҳи сентябр қабул  кард. Баъдтар мефаҳмам, ки барои зиёд кардани нафақа ин корро карда будааст.

«Бюҷети нав 834500 сомонӣ ҷудо шудааст.Аз ин барои маош 622000 сомонӣ. Боқимондаи ин пул байни директор, молия ва маориф обулой мешавад. Яъне ба Нурализода  Фаррух, Одинаев Одина ва  Расулов Ботур.»

Бо як муҳосиб вохурдам. Гуфт инҷоро дар чанд ҳазор харидӣ? Гуфтам ягон сум надодаам.Гуфт ман дар 3000 гирифтам.Бовар накарда гуфт,ки ту дурӯғ мегуйӣ. Ҳайрон шудам.Аксарияти бухгалтерҳо илм  надоранд. Танҳо бо  пул  корроо  пеш  мебаранд. Ба молия пулро медиҳанду корҳояшонро буд мекунанд. Мудири қисми илмии мактаб (завуч) 80 сола аст. Нафақахӯр.Ӯ як нафар аз командаи директор аст. Ҳолати муассисаи таълимии рақами11-и деҳаи Даҳкати Деваштич хеле ногувор аст. Синфхонаи информатсиониро ба кабинети забони хориҷӣ табдил доданд. Дар асл забони хориҷӣ вуҷуд надорад. Талабагон аз технологияи муосир аслан хабар надоранд. Компютерро бомба мефаҳманд. Дар ин мактаб як адад компютери асри 20 вуҷуд дорад, ки ягон бор кор накардааст. Худи мактаб ба талабот ҷавобгӯ нест. Омузгорони  нафақахури  мо  мегӯянд, ки инҷо  барои  мо  аст. Шумо ҷавонон мардикорӣ  равед  муҳоҷират  кунед. То ин ҳол ва то ин нафақахӯрони пирсол ҳастанд ин мактаб рӯйи ободиро намебинад. Ҳамин ки “фронталний” омад бо  маблағи  ночиз  даҳони онҳоро  баста  гусел  менамоянд.

Ps: Хонандаи гиромӣ ин як қатрае аз баҳри ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин ноҳия ва дар як мактаб аст. Ҳама ниҳодҳо ва вазоратҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ин ҳолат қарор доранд. Агарчи оғози моҳи март директори мактабро кормандони коррупсия бардошт бурдааст. Аммо қазия то имрӯз норӯшан боқӣ мондааст. Аслан ба ин кӣ бояд ҷавоб гӯяд? Вазири маориф? Вазири молия? Ниҳодҳои санҷишӣ? Ё об аз боло лой асту ҳама масулон бояд ғорат кунанду бардоранд ва мардум рӯ ба Русия оранд? Ин як фоҷеаест хело бузург ва агар назоратро сахттар накунанд ин роҳе ки меравем ба гуристон аст.

Сообщение Ғорати пули буҷа дар Деваштич миёни директорони мактабҳо ва мудири молияи ноҳия появились сначала на ISLOH.net.