Архивы Девонаев Шарбатулло - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №227
Раҳмонов ва оилаи касифу касофати вай дар бади халқ задааст. Ин диктатори бо дасту панҷа курсиро қапида ҳеҷ гоҳ дар фикри онки рӯзе ин курсиро бояд бидиҳад нест. Барои ҳамин ҳукумати худро модомулумр кардаасту курсии давлатро аз худаш ба писараш мерос монданӣ. Дар номаи зер як нафар аз ҳамватанони мо ба мардум муроҷиат карда гуфтааст, ки беш аз ин чи бояд кард, ки шумо барои дифоъи нангу номусатон ба по хезед?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Як номае доштам, ки мехоҳам тавассути шумо ба мардум бирасонам. Номае аз марди тоҷик, ки аз 2/1 ҳиссаи дунёро гашта ва кор карда ва маълумот гирифтааст. Ин номаи ман дар асл муроҷиати ман ба мардуми тоҷик аст.

Эй мардуми сарбаланди тоҷик ба шумо чи шуд, ки дар гумроҳиву ғуломӣ афтодаед?

Мо ва шумо дар асри 21 зиндагӣ дорем аммо баргаштаем ба даврони пеш аз мелод -замони фиръавнҳои ҳазрати Мусо алайҳиссалом. Дар мою шумо ҳар он касе, ки гапи ҳақро гуяд ё талаби озодӣ аз ғуломиро кунад, ба ғазаби фиръавнони асри 21 падару писар Эмомалӣ Раҳмону Рустами Эмомалӣ дучор шуда ё зиндонӣ мешавад ё кушта мешавад. Ман қариб, ки 50 % и руйи заминро гаштам, бо мардумаш шинос шудам ва ба ин натиҷа расидам, ки дар гумроҳиву ғуломӣ мо аз ҳама гузаштаем.

Эй мардум, шумо ҳеҷ гоҳ натарсед аз як шахс, ки ӯ бар сари шумо фиръавнӣ мекунад. Бархезед!! Тоҷикистон ватани мост на аз Эмомалӣ Раҳмон! Молу мулки кишвар, боигарии кишвар аз мардум аст на аз як оила! Бархезед!! Рӯзе омадааст ки шумо бояд озодии худро аз дасти ин оилаи касиф  гиред. Дар таҷрибае, ки ҳосил кардаму гаштам агар Тоҷикистон аз дасти ин фиръавнҳо озод шавад ва шумо боз фиръавни наве интихоб накунед, шахсеро интихоб кунед, ки ояду 4-5 сол +истаду хизмати халқро кунаду бообру равад. Агар шумо кушиш накунед Аллох шуморо ба чизи мехостаатон намерасонад. Шумо аз соли 92 натарсед. Он вақт замоне буд, ки мо аз ғуломии русҳо озод шудему боз ин душманони милат дар байни мо фитна андохтаю моро бахоҷагони худ ғуломсохт. Тули 33 сол аст ки мо боз фиръавнеро, ки мо интихоб кардем, моро мекушаду медуздаду хароб мекунад. Замоне омадааст, ки мо вазъи худро иваз кунем. Агар Тоҷикистони мо ҳама чизи худашро барои худаш истифода барад, мо аз Аврупою англис пеш мешавем. Вале агарки моро барои як оилаи гумроҳ, бесавод, беномус , хоини милат, дузди миллат, душмани миллат истифода баранд, мо боз ҳам ба асрҳои пеш аз мелод бармегардем. Шумо пешравиро дар 2 адад доми аз берун замонавӣ ё 2 мошини замонавӣ дар Тоҷикистон ҳасту мегарданд, набинед. Инҳо чизҳое ҳаст, ки мою шумо истифода намебарем вале мебинем, ки чашмони мою шуморо  кур мекунад. Пешравии мою шумо ин озодии мост. Чизе ҳаст, ки аз мост ва барои мо истифода мешавад, на инки аз мост вале як оила медуздаду зиндони мекунаду ва мо боз ба онҳо шеърхонию раҳматгуию дастафшонӣ мекунем. Ин теша бар решаи худ задан аст.
Аввали қадам раҳматгуӣ, ташаккур ва шеърхониро барои ин оила бас кунед. Баъдан сар хам набошед назди ягон коркуни давлат. Онҳо бояд сархам назди мардум бошанд, ки пули мардум барои онҳо ҷудо мешаваду онҳо вазифадоранд дар хизмати мардум бошанд. Дар Тоҷикистон қариб 99% -и мардум мусалмон аст. Аз армия сар карда то амният, милиса. Эй сипари миллат, шумо дар ин дунё вазифадор нестед, ки сипари як оила бошед, иваз кунед, сохти давлатро. Шумо барои як оила сипар шудаед. Фардо, охират ҳисобу китоб дорад.
Ҳамаатон фарзанди мусалмонед. Мехоҳед бо пули ҳалол зиндагии ором дошта бошед, то дар болишт, ки сар мондед оромии зиндагиро ҳис кунед. Аммо шуморо ин як оилаи фиръавн ғулом кардааст, сохти давлатдориро иваз кунед.

Вазирону раисон! Агар хоҳед охирати обод дошта бошеду мардум шуморо дӯст дорад ин фиръавнро аз сари худ дур кунед. Ин гургсифатон ба ягонтои шумо раҳм ва шафкат надоранд. Шуморо барои дар сари қудрат истодани худашон бо пули ночиз истифода бурда мепартоянд дар охир. Боз шумо ҳабс мешаведу мардум мемонад пушти шумо. Мардум аст на Эмомалӣ. Болои ин фиръавн андаке мушкилӣ ояд, шуморо мефурушад. Аммо мутаассифрна мебинм, ки шумо худро фурухтаед, ҳоло ҳам вақт ҳаст баргардед!

Ба мардум гуфтаниам,ки шумо аз ягон гуна инқилобу талаби ҳақ  натарсед, ки боз ҷанги бародаркушию дигар сар мешавад. Акнун вақте омадааст, ки талаби ҳақ кунед. Аз ҳамин ҳукумат ба ғайр аз оилаи Раҳмонов дигар ҳама безор аст. Гуруҳ-гуруҳ нашавед дастҷамъу сарҷамъу муттаҳид шавед ва шахсеро интихоб кунед, ки хости дили шумо бошад. Ба ягон шахс ҳақ надиҳед, то ҳақи шуморо хураду ҳуқуқи шуморо поймол кунад. Доимо талаб намоед на сипосгузору раҳматгуву лаганбардор.

Ҳар касе лаганбардору хушомадгую сипосгузорӣ мекунад аз ин оила дурӣ ҷуед, ӯро дӯсти худ қабул накунед.

Озодии ҳизбҳоро бихоҳеду талаб кунед. Бигзор зиёда аз 20 ҳизб ташкил шавад, ҳар яки он интихоботи озод дошта бошад то ба ҳар самте ватанро пеш барад. Агар мо озод бошем зиндагиамон 4 баробар хубтар мешавад. Шумо пешравиро дар зиндагӣ кардану оромиши дил бинед. Дар чизҳое, ки шуморо кур мекунаду гушҳоятонро мебандад, масалан ба ин дуруғи сохтаи пешвои самозванец ё худхонда «Тоҷикистон ба пеш» гуфтан мо пеш намешавем. Ин сухани сохтаи фиръавнро нагуед. Моро шиносанду нашиносанд, чи иваз мешавад? Моро шиносанд, ки мо мардуми асри фиръавну дар сохти ғуломдорӣ зиндагӣ мекунем ё инки шиносанд давлати пешрафта зиндагии мардум хуб ё ҳоло калимаҳое, ки мардумро боз ҳам ба гумроҳӣ мебарад нагуйед, озодии дигаронро гуед, то муқоиса кунанд, ки мо аз чи кам ҳастем, фаҳманд, ки як бесавод як миллати таърихи чанд ҳазорсола доштаи бо илму бо фарҳангро то куҷо ба гумрохию бесаводию ғуломӣ бурдааст.
Боз мегуям!Эй, мардум!!! Шумо худ интихоб кунед чизеро, ки барои худ мехохед на як шахсе, ки барои худ роҳат ва барои шумо ғуломӣ мехоҳад.

Ғарм

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Қудуми моҳи шарифи Рамазонро дар хонадони Шумо ва ҳама муборизин хайрамақдам мегуям. Дар ин моҳи пок муваффақиятҳои пайдарҳами кор ва саодати беинтиҳоро дар оғӯши гарму меҳру муҳаббати аҳли оила ва наздикон таманно дорам. Бигзор рӯзаву ибодатҳоятон ба даргоҳи Аллоҳи меҳрабон қабул гардад. Моҳи шарифи Рамазон муборак бародари азизу меҳрабонам. Ман он қадар калимаҳоро шояд дуруст ҷобаҷо нанависам, аммо ба ҳар ҳол диламро бояд холӣ кунам.

Дар ноҳияи Рудакӣ яке рафту таъмиру бозсохти хонаи фарсудаатро сар кунӣ, мебинӣ участковий омаду документ пурсид. Нишон додиву проверка карду дид, ки ҳамааш ҳаст. Баъд мегузарад ба тарафи таҳдид ва бо ҳар баҳона суматро меканад. Ин меравау светбинак меояду мегуяд счетчикат нотуғрӣ кор мекунад. Инро канда бурда лаборатория гузарон. Мебинӣ лаборатория, онҷо мегуянд,ки инро иваз кардан даркор. Боз  400сомонӣ медиҳиву навашро бо пломбаи шабакаи барқии 112 ,ки тамоми минтақаро назорат мекунад оварда боз светбинакро занг мезанӣ, мегуӣ, ки ака биё бичаспонаш. Бовар кунед кори яксоатаро як ҳафта мекашаду омада мечаспонад. Мегуяд, ки 270сомонӣ маро медиҳӣ. Мепурсӣ, барои чи? Мегуяд, ки счетчикат қарздор аст. Мегуӣ, ки охир чи тавр? Ҳар моҳ, ки худат омада счетчикро дида пул мегирӣ, агар мисол 59.20дирам кор кунад ман 60сомонӣ дода здачи намегирам,ку?

Мегуяд шуморо аз боло штраф кардагианд. Вақте разборамон шуд, счетчикамро кандаму рафтам пеши як бародар, ки дар он ҷо кор мекунад. Гуфтам инро проверка кун. Вақти проверкааш гуфт ин ҳисобкунакҳо қариб,ки 70% назорат мешаванд. Мисол мебинанд, ки хоҷагие дар оилааш ду- се кас зиндагӣ мекунад 30сомонӣ счетчик кор мекунад, худашон ба воситаи компютер нархашро тағйир медиҳанд, ё инки ҳамон киловатте, ки бояд дар як минут гуфт соният гуфт аз ёдам баромадаст 100 маротиба давр занад, инҳо онро аз120 то 140 мемонанд. Мисол ба ҷои 10,12 ё14 сомонӣ кор мекунанд, ба он миқдори муқарраршударо монду оварда часпондаму он 270 сомониро ба ин светбинак попалам карда 135сомонӣ додамаш.

Гуфт «агар ҳамқа бте ма ай кампиютер рафта нолаш мекунам». Як ҳафта пеш омаду мегуяд боз қарздор аст.

Дар ҳоли ҳозир светро мо ба монанди як вақтҳо телефонҳои симкартаи Вавилони 10 секунда буд ҳамон тавр мебинем. Чаро инро мебинанду аммо гушҳояшонро ба карӣ ва чашмҳояшонро ба курӣ меандозанду «коме таға ёва ҷунаш халос, коме надора мурда- мурда боз бурда аз 2то 3ҳазор сомонӣ месупора».

Шахсан худам 2000сомонӣ аз хоҳарамро бурда супоридам дар ҷамоат. Ҳар сол бурда налогро месупорем ва квитансияҳояш ҳаст. Соли 2023 варақаи қарзи налог ба масҷиди деҳаамон омаду номи тақрибан ҳамаи маҳалла  буданд қарздорен ба налоги ноҳия биёед. Вақте рафтам мегуяд ҷамоат нотуғрӣ ҳисоб кардаасту  просент хурдааст. Ба тамоми мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам. Гуфтанд, ки бюҷет ба даҳан задааст, ягон имконият нест. Боз заҳри танашон бурда супоридем. Вақте ба ҷамоат меравӣ мегуянд, ки «обунаи газити 120сомона буд шидай 250сомонӣ мондай. Аввал рафта налогатро супор ва дар газит обуна шав, баъд омада справката гир».

Ба раисони маҳалла гуфтам ва гуфтаниям, ки пас хона ба хона мегардеву пули ободию обуна, купркроскунию наврузию каналкоркунию ҳоказоҳо ҷамъ мекунед, ба гуши кари ҷамоат расонед, ки мо пусти хукро дар руямон мекашему хона бахона даромада луқмаи нони даҳани фарзандони ин мардумро гирифта оварда ба шумо медиҳем, чаро боз як справкаро проблема мекунед? Ба директорони мактабҳо гуфтаниям, вақте аз талабаҳо суми китобу дафтару рангу бори мактабро бо роҳи таҳдиду зуроварӣ мегиред, нимашро худатон медузеду нимашро ба куратори КГБ медиҳед барои заднисатона мустаҳкам карданатон. Охири сол ин китобҳоро бояд шумо нагиред. Барои онки аллакай онро списат кардаед. Мегиреду он китоби 10 варақаш ҳасту 2 тояш нест, боз ба талабаи дигаре мефурушед. Барои чи ин мақомот инро тафтиш намекунад. Ин магар ҷиноят нест. Гуфтаниям директорон агар тафтишот нест, аммо   ман инро назорат дорам. Ин шо Аллоҳ рӯзе хоҳад расид ҷавоб хоҳед гуфт.

Инҷо каме дар бораи табибҳо-духтурон мехоҳам фикрҳоямро баён намоям.

Каме бемор шудаму ба назди уролог ба номи Акбар аз Фархор аст дар роддоми 1 муқобили Славянсикий институт бо адреси як бародар бисёр таърифаш кард рафтам ва анализ супоридаму дид гуфт простатити куҳна дорӣ рафта аз аптекаи  1,ки дар пушти СУМ-фурушгоҳи марказӣ ҷойгир аст як намуд оби сиёҳ, ки онҳо худашон тайёр мекунанд биёр. Аввал ман бояд бо ин об ҳамон ҳосилро бишуем рафта обро овардаму очеред истодам. Бо як бародар ҳамсуҳбат шудам. Гуфт бо як медсестра шинос шудам, бо у ҳамхоба шудам, касали вич -спид шудам. Ин врач табобатам мекунад. Ба  он берун баромаду ду духтар дар наздики ман буданд.  Ман барои гапи инҳоро гуш кунам гуфтам связи телам безеб шуд хеста дар наздикии инҳо дар назди тиреза шиштам, как будто наушник гуш мекунам. Гапи ин духтарҳоро гуш кардам. Аз ҳаминҷояш фаҳмидам. Яктоаш гуфт, ки ба чанд суми медиҳӣ? Дигариаш гуфт, ки «ма ҷавонро қатиш ҳамхоба мешавам, мада маҳқул шидӣ гуфта сураташ мегирам. Агар ҷавони ҳушёр бошад, пурсад барои чи сурат мегирӣ. Онеаш, ки кал аст сураташ мегирам, намефаҳмад. Нишонаш медиҳӣ. Сари ҷавоне 100 сомонӣ медиҳам,100-и дигар аз ҷавон мегирам. Ту нав ҳастӣ, бо ту маслиҳат мекунад, намедонам,ки овозаш баланд шуду маро фарёд кард. Ман даромадам. Гуфт биёр дорурову ба кабинети даруниаш даромадам, ки он ҷавоне, ки ҳикояти касалиашро карда буд оварду шинонду гуфт ин дору надорад, ба пагоҳ меорад, туро медиҳам. Аз шишаи 500 граммаи ман бо шпритси харидаи худам хариду шпритсро пур карду дар мардинаи он мард сар дод. Гуфт    «сарашро ҷиқ то оби сардодагӣ нарезад».Вай ҳамон тавр карду баъди 5минут дилаш шурид. Гуфт тоқат надорам. Гуфт сараш деҳ. Вазъият вазнин аст гуфт ба тарафи у. Сипас маро гуфт, ки нишин.«ма да устоли у шиштам, гуфт мардакита бедор куну сараша воз кун». Ҳамон тавр, ки гуфт кардам. Бинам бо ҳамон шпритсе, ки уро об гузаронида буд ,бо ҳамон хост манро низ укол кунад.

Гуфтам «доктор у бача ВИЧ-СПИД аст,касали у дар ман мегузарад, шприс 20дирам навашро гир, бо мехарам». Вай бошад бо зуроварӣ ва тахдид гуфт «ҳофиз манаму бародарам мехонад, хап шин ма медонам чикор кунам» гуфта обро сардод. Ман сар додаму аз ҷоям хестам. Хулосаи гап корро бо кадом додараш дар амният будааст андохту бо таҳдиду зурӣ халос шудаму дигар нарафтам.

Акнун диққат диҳед чихел бемории Вич Спидро ба дигарон барқастона мегузаронанд? Инро нақл карданам барои он аст,ки нофаҳмида бе аҳамиятӣ накунед ва мубталои беморӣ накунед худро. Ба назди ҳар духтур наравед!

Савол ин аст ки барои чи амниятиҳо меоеду дар масҷидҳо таҳдид мекунед, ки барои чи пеши масҷидро беиҷозат казерок кардед, роҳравакро брусчатка задед. Мегуем, ки фармони пешови миллат аст ки ободонӣ кунед. Мегуянд, ки пешво масҷидҳоро нагуфтааст: «баракс пешво мегуяд коре кнед, ки масҷидҳои дакументдор фарсуда шаванду резанду дигар мардум барқарораш карда натавонанд. Чанқае метонен ба ҳар баҳона масҷидҳоро махкам кунед, масҷидҳо барои мо зарароваранд!»

Дигар инки чаро бар назорати ин духтурҳои насли тоҷикнобуткун саъю талош намекунед. Барои чи чандин нафар зану марди тоҷик   вич -спид ҳастанд онҳоро уколҳо махсус намекунед?  То ба дигарҳо сироят накунанд. Боз, баракс барои касалӣ бисёр шуданаш онҳоро ҳавасманд мегардонед. Магар шумо тоҷик нестед, ё инки мусалмон нестед?

Ними ҷавононро дар ватан касал кардед, нимашро дар Русия. Шумо дар мавриди онки тоҷикҳоро ба зур ба ҷанги Украина бурда дар онҷо мекушанд ягон бор эътироз накардед. Чаро Ҷанобатон баромад мекунад мегуяд шукронаи ин давлат кунед, шукронаи ин миллат кунед, шукрона кунед, ки чунин давлати озоду демократӣ доред. Савол ба шумо:-кадом давлат?

Давлате, ки бо халқаш дар якҷоягӣ давлат аст ин корҳои шуморо намекунад. Як овози халқ барояд, як савол диҳад, мегиреду хоини давлат гуфтаву статияеро, ки дар глобус нест, мезанедаш.

Шукронаи ватан? Кадом ватан? Ватане, ки барои свет пулашро месупорӣ, аммо заводу фабрикаву озеру басейну дискатекаву Сафеддараву Шоҳамбариву Зумрату Обигарму……ва ҳоказоҳо, ки пули светро намесупоранд, хомуш меистӣ аммо омада халқи мазлумро бардуруғ штрафаш мекунеду хону монашро месузед?. Аз ҳамин гуна ватан чи қадар гап занем тамом намешавад. Зулме, ки шумо ба ин мардум карда истодаед, охир дорад ё не? Шумо меоеду мегуед, ки ин фармони Ҷанобай.

Чаро шумо худатон фармонашро ичро намекунед? Мисол дар баромадаш гуфт ки барои як лайк ин қадар мардумро озору азияту сарсону саргардонкардед бас аст, дигар накунед, аммо чаро бас намекунед?

Дар аэропорт як ҳамсояи манро қапиданд. Дар соли 2018 кадом муллоеро лайк монда будааст: махкамат мекунем фармони чанобай гуфтед. Ин корро баъди баромадаш кардед. Таҳдид кадеду 60ҳазор сомониашро гирифтеду гуфтед «братишки мег..и зани ҷаноба рафта боз лайка бҷуқ». Модоме худатон аз ҷанобатон безоред намешавад, ки пулнагиреду ҷавобаш диҳед.

Дар як маъракаи ментҳо -круги бачаҳои боло буд, меҳмон шудам. Яктоаш гуфт, ки вақте мулло Абдуллоро Шоҳ ба роҳи ҳила даромада паронд як муҷоҳид гурехт. Уро дар пояш паронда будаанд, дастгираш кардем ва бо рафиқам, ки дар амнияти минтақаи Рашт калон аст саволу ҷавобаш кардем.

Гуфт «ма ягон гап надорм, ма зани пешвотона фалон кадагиям 20 бор. Зиддаш ҷиҳод карда истодаам, кори кардагиамро кардам, чизе метавонед, бикунед».

Барф буд. Ман таги либос хунук хурдам. Вай луч буд. Вале ман фикр кардам,ки вай моро неву у моро қапидааст. Чунон таҳдидамон кард, ба он қадар шиканҷае,ки

мо ӯро кардем, заррае натарсид. Ана нар, ана шери нар. Ягона одаме дар минтақа дидам ҳамин мебошад.

Он рафиқи амниятиам гуфт «бизнесмон гаренияй, меқапем доляи сабук мегирем, мо сарш метием 6 адела барои коркунӣ ин тарсонидани халқи Нуробод аст».

Маълумотро медиҳем боз онҳо мекапанд гуфт. Ман мегуямашон, ки шумо вақте ҷуръат пайдо мекунед, лайкро мемонеду дастгир мешавед, мард бояд бошед. Гуед, ки гапи мухолифин дуруст аст.

Бигзор судатон кунад. Инҳо ҳам хаста мешаванд. Оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Вале шумо мард нестед. Зориву илтиҷо мекунед, ки нохост шуд ва аз 20 то 80 ҳазор сомониатонро медиҳед.

Мегуяд вақте маро ноҳияи Рашт равон карданд, бовар кунед «Сурхоба гзаштм дар брукм тар кардам, ки ма зинда намерам ай иҷа. Неки баде Ғарма дидм то вақте ҳами ҳолат аст и ҳамита мера гуфтанш. Чаро гуфт? Барои оне, ки бояд як гуноҳ мекунад меоранаш. Мегуяд «ҳамсояи ма когдата я гуноҳ дошт,ма ура мефрушам, маро сар те ура миёрӣ бо у дигариша мефрушад. Расияи бачаҳакои мо онҷост мегуяд».

Дар вақташ дар даромадгоҳи ноҳияи Ғарм сурати бузи оҳу буд вале шермардони зур дошт. Буз набуданд. Аммо ҳозир акси бузро аз даромадгоҳ гирифтанд ва суруди «Уқоб»-и Зафар Нозимро монданду дар ҷои он бузе,ки гап намезаду ҳеҷ касро озор намедод, ғармиҳо худ буз шудаанду бузӣ карда ҳамсоя ва хешу таборонашонро мефурушанд. Ман шахсан чандтояшро мегуям.

Мо дар ин ватани шумо муваққатием, шумо бас кунед мегуянд, то буданатон кадомеро мегуям биёреду буҷафед: «агар власт алиш шавад мега, ин кор мешиданист,ҳамаи ин бузҳоро худам меорам дар назди мардуми Ғарм ва мешиносонам».

Баъди гирифтани Сурия аз тарафи муҷоҳидҳо казармаи 100%эълон шуда буд. Баъди як, ду моҳ 70% карданд. Дигариаш гуфт, э,бача 4 соат шуд гап-гап: «ма мехезам, казармадаюм, дигариаш, ки дар пештар дар УБОП замнач будааст феълан нафақахур мебошад, гуфт «з…а …чи хелӣ казарма? Гуфт, баъди Сурия полни ридагиян да 70%не  казармапулиамон метан не ҳиҷчи. Худо мегем ҳами мардум бхезанда халос шавем».

Хуллас, гапи бисёр! Ин золимоне, ки зулм мекунанд, мо мегуем накунед, равед мегуянд. Агар чора набинед рафта ба боло шикоят мекунем. Мегуянд боло худаш моро фармон медиҳанд чи қадаре метонен мардума зулмкунед, то сар набардоранд. Ана ин аст ҳолати водии Рашту Нурободи мо.

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар ин моҳи шарифи Рамазон шуморо муваффақ гардонад. Ин номаи маро қабул кунед, чунки дар ноҳияи Вахш  бе адолатӣ бисёр аст.

Якум аз ҷониби раиси ноҳия Қурбони бех. Ин Қурбони бех чунон беинсоф аст ки дар гуфтан дуруст намеояд. Ҳангоме ба ноҳия раис шуда омад ва то ба ҳоло гуё  обод карда истодааст. Аммо ин ободиҳо қариб, ки ҳамааш аз ҳисоби худи мардум аст. Масалан дар ноҳия як чанд истгоҳ -остановка) сохтанд, лекин пули он истгоҳҳоро аз чанд коргарони давлатӣ аз маошашон кам-кам гирифтанд. Ҳатто дар як хел идораҳо руирост эълон намуданд, ки ин пулҳо барои сохтани истгоҳҳо ва дар як хел идораҳо гуфтанд пули обуна барои Имрузнюс ва СССР-у Минбари халқ ва ё ки ба ноҳия меҳмон меояд. Ҳатто аз чанд хоҷагиҳои деҳқонӣ пул ҷамъ карданд. Онҳоро ҳам гуфтанд, ки пул барои газета. Хулоса, ба ҳар баҳона аз мардум пул мегиранд.

Дуввум дар ноҳия мо фақат раисон, тағадорон ва криша дорон барқи доимӣ доранду тамом. Дигар ҳама халқи одиро ғулом кардаанд. Барқ дар хонаи ҳамаи Девонаевҳо ҳаст бо трансформатори шахсӣ дар хонаи Қурбони бех бо трансформатори шахсӣ якҷо бо авлодонаш ва дар хонаи домоди Раҳмонов Шириновҳо бо трансформатори шахсӣ, дар хонаи Ризоев ва як чанд тағадори дигар барқ доимӣ ва фаровон аст. Аммо халқи одӣ барқ надорад, фақат лаб мелесаду тамом. Чунки ин ноҳияи мо ҳамчуноне қаблан ҳам дигарҳо гуфтанд, бесоҳиб аст ва касе парвои кас надорад ва дар минтақаҳои дурдасти ноҳия чи гапу кор мегузарад аслан касе огаҳӣ надорад. Онҳо онҷо ҳатто роҳи одӣ надоранд, мактабу садик надоранд.

Як чизи муҳимро бояд бигуям. Дар ноҳияи мо аҳолӣ хеле зиёд аст. Лекин як ҷои бозӣ барои кудакон нест. Давоми 33 сол ноҳияи моро тамоман харобу ҷазир карданд, ки агар бигуем чизеаш намондааст, хато намекунем.

Севвум дар ноҳияи мо вақтои охир аз тарафи полисҳо чунон беадолативу бараҳмӣ дар рушду ривоҷ аст ки дар ҳайрат мемонӣ. Саҳари рӯз ҳануз хурус овоз надодааст, лекин якхел вақт ГАИҳо дар роҳ чухтанд. Мепурсӣ чи гап аст? Ба саҳар манъкуниро сар кардед? Руирост мегуянд, ки ин шаб мо дар смена-навбатдор будем:-«ягон сум парто» ва агар касеро, ки нашиносанд, сағераро капааш сухт. Ва як хел вақти дигар нотарсида мегуянд «барои началник милитсияда обедш, имруз аз шоти моҳай, як чи кумак кунен илтимос». Охир ин чи аҳвол аст?  Баъд, инҳо, ба Худо ранги саганд.

Дар ноҳияи Вахш қариб, ки знаки мошинҳо нест (манзур аломатҳои қоидаи ҳаракат дар роҳ) ва агар бошад ҳам хеле ва хеле кам ё ки куҳна аст. Ин ҳаромхурони сардори ГАИ ё началник милитсия куҷоро нигоҳ мекунанд. Ронандаҳо намедонанд, ки дар куҷо чи хел ҳай кунанд. Масалан «дар роҳи худут рост рафтестӣ ГАИ манъ мекунад ва мегуяд, ки ту каме тез ҳай кардӣ. Дар ҷавоб мегуишон, ки «охи кане знакҳотон, ки ман тез ҳай кардам?»?ГАИ мегуяд,ки «уш проблемаи ман нестай, ё ки лоя варақ бзан ёки пратакол мекунум».

Ана бесоҳибӣ. Мегуӣ, ки давлат дар дасти раҳзанҳо аст. Охир вазъу ҳолатро бароятон гуфтам, худатон ба як хулоса биёед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №227 появились сначала на ISLOH.net.

Императори Вахш-Вахш ноҳия аст ё ҷумҳурии худмухтор?
«Имрӯза раиси ноҳия Қурбони бех ё Қурбон Юсупов роҳ сохт, аммо барои худаш, то қабри падару модараш асфалт кард. Лекин барои кучаҳои ноҳияи Вахш бошад ҳеҷ кор накардааст. Ин ҳам бошад мисли Девонаев ҳамаи заминҳои маркази ноҳияро аз худ карда истодааст». Ин иқтибос аз «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 219 аст.

Исми Қурбони бех, раиси ноҳияи Вахш дар навиштаҳо ва наворҳои «Ислоҳ» аз чанд сол ба ин су садо медиҳад.

Як матлаби муфассале ҳам таҳти ин унвон «Қурбони бех Вахшро дар ваҳшат қарор додааст» https://isloh.net/qurboni-beh-vahshro-dar-vahshat-qaror-dodaast/ доштем, ки аз «ҳаёт ва фаъолият»-и ин раиси «худам шоҳу табъам вазир» дар се соли пеш 13.05.2022  мунташир шуда буд. Матлаби он вақти бо чунин ҷумлаҳо шуруъ мешуд: Дар Вахш чи мегузарад ва ё муносибати Қурбоналӣ Юсупови раиси ноҳия ва ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Амони бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо ин мардум чи гуна аст?

«Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бо шаш бародар ва ду хоҳараш ноҳияи моро ба  монополияи худ табдил кардааст.  600 гектар замини обии ноҳияро аз худ кардаву мардумро кор мефармоянд аммо моҳона ҳамагӣ 70,80 ва то100 сомонӣ медиханду  халос. Онҳо баҳонаи хубе ёфтаанд. Мегӯянд, ки чобуқ мекунед паяашро мегиред, ҳамин кофӣ аст. Он паяро танҳо дар пухтани нон дар дегдон истифода карда мешаваду тамом. Аммо барои он, ки ин паяро ҳамчун ҳезум истифода намоем дар танур нонашро ордашро чихел харидорӣ намоем аслан фикре намекунанд».

Дар ин авохир номаҳои мутааддиде ба нишонии электронии «Ислоҳ» роҷеъ ба ноҳияи Вахш ва раиси он ворид шуд ва мо ҳам чораеро ба ҷуз аз нашри онҳо дар чаҳорчуби як барномаи хос надидем.

Ончики инҷо мутолиа мекунед ва ончики аз ҳолу ҳавои Вахш хабардор мешавед, шояд дар навоҳии худатон ҳам мушоҳида кардаеду мушоҳида мешавад. Аммо инҷо ҳама чиз «як парда боло»-аст. Барои ҳамин муаллиф мегуяд, ки Вахш як ҷумҳурии алоҳида аст ва онро беҳтар «13-ий район», баргирифта аз унвон як кинои хориҷӣ биномем. Чунки дар Вахш бебандуборӣ, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар муқоиса бо дигар навоҳии кишвар бештар ва дар ҳоли равнақу ривоҷ аст. Ва, ҷиҳати мутафовиташ он аст ки менависанд муаллифон «ҳар касе омаду раис шуд, аз он фақат кашиду дуздиду бурду хурд, санге болои санг нагузошт. Ончи доштро ғорат кард, ба шумули ҳамин Қурбони бех, раиси имрӯзаи ноҳия, ки дигар худро на раис, балки «Императори Вахш» меҳисобаду мешуморад».

Ин иддио, айни даъвои  Абдуҷаббор Зардиев, раиси пешини Кулоб ва айни воҳимаҳои Абдусалом Тухтасунзода раиси собиқи ноҳияи Конибодом аст. Абдуҷаббор Зардиев мегуфт, ки агар Раҳмонов дар Тоҷикистон Президент бошад, ман Президент дар Кулобам ва Тухтасунзода худро пешвои муаззами Конибодом муаррифӣ ва шинос мекард. На ин монд ва на он. Зардиевро титу пит карданду, бачаҳояшро турма ва замину амволи тасарруфкардаашро пас гирифта истодаанд. Тухтасунзода ҳам аз Конибодом ронда шуд ва бинобар хабарҳо ҳайати тафтишот дар пайи бозрасии аъмоли ҷиноии вай аст. Қурбони бех ин императори Вахш ҳам зиёд дур намеравад.

Ва, ҳоло ру меоварем ба номаҳои сокинони Вахш, ки гуфтем ин бор дар як барномаи ҷудогона таҳия ва тақдиматон мешавад:

Вахш

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Бародар, Муҳаммадиқбол, ин номаи маро илтимос падари ҳамаи номаҳо ном гузоред. Ноҳияи мо ба гуфти русҳо отделный республика, ҷумҳурии мухтор ва ё бинобар гуфтаи мардумӣ  13-й район аст, на яке аз ноҳияҳои маъмуливу муқаррарииТоҷикистон. Барои ин гуфтаҳо далел ва ҳуҷҷат дорем. Чунки дар ноҳияи Вахш ҳамаи онҳое, ки омаданду раис шуданд чи коре форадашон ҳамонро иҷро мекунанд. Боқии мақомоти ноҳия бошад, аз онҳо бадтар. Қурбони бех бошад, худашро император мегирад. Ин Қурбони бех як императори ниҳоят бераҳм аст.

Номаи аввал

Бародар Муҳаммадиқбол, ман «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 219-ро хондам. Пас аз хондан рафтам ба он суроға, ба он деҳа. Дар он деҳа бачаҳо аз деҳаи Дустии ҷамоати Рудакии ноҳияи Вахш бисёранд. Номи ин деҳа Ҳофизи шерозӣ аст. Ин деҳа бо номи 70 гектара маъруф аст. Бисёртар бо номи 70 гектара ё Дуканала мешиносанд. Ин қитъаи замин дар давраи роҳбарии Шодӣ Мусо дар соли 2011тақсимот шуда буд. Ва он қитъаи замин комилан замини обӣ буд ва ҳоло ҳам ҳамвор ва обӣ аст. Он вақт аз ин 70 гектар як қисмашро бурида ба мардум тақсим карданд ва қисми дигарашро ҳоло фурӯхта истодаанд.

Аммо ин кор як ҷинояти бузург аз тарафи мақомот аст. Чунки тақсим ва ба ихтиёри мардум барои сохтани хона ва истифодаи замину участкаи наздиҳавлигӣ додани замини обӣ дар Тоҷикистон қатъиян ман аст. Барои ҳамин аст, ки мегуям ман беҳуҷҷат ин ноҳияро13-район ном накардаам. Чунки қонунро ҳукумати ноҳия ва мақомоти он вайрон намуда истодаанд.

Дар ин қитъаи замин дар соли 2011 аз руи ариза ба 204 нафар 8 сотихӣ замин барои хона доданд. Лекин инҷо кору бор тамоман дигар аст. Ҳар вақте мардум аз ҳукумат ё ки ҷамоат замин талаб мекарданд, раисони ҷамоат пул талаб мекарданд.

Барои гирифтани участка дар ин қитъа мардум аз 600 то 1000 ва ҳатто 1200- 1500 доллар додаанд. Дар ин миён ройгону бепул гирифтаҳо ҳам ҳастанд, аммо шумори онҳо хеле кам аст.

Аз инҷо Дамонов Абдусалом на камтар аз 30 — 35 участка фурухту Достиев 15 то вале он тарафаш номаълум. Рости гап Кумитаи замин ва идораи архитектура ва Тоҷиддини раиси кумитаи замин 2 замини10 сотихӣ аз мактабро ҳам фурӯхтанд.

(Айни замон Дамонов Абдусалом дар побег аст, дар Русия қарор дорад. Вале ҳатман кумтаи замин ва архитектура ҳам инҷо шариканд).

Дар аввал инҷо маслиҳат байни ҳукумат ва мардум ин тавр буд.

Кадоме  пули хуб медиҳад мо ӯро дар наздики район замин медиҳем. Бечора мардуми камбағал овард дод сум, як хелаш ҳатто қарз кард, як хелаш подпросент гирифтанд. Карочи, мардум ба умед, ки замини назди ҳавлигӣ мегирем. Бо хости Худо ҳамон рӯзи тақсимот расид ва мардумро бурданду бурданд хеле дуру дароз яъне 14 километр аз наздикии район дур ва ба мардум гуфтанд, ки ана ҳамин ҷои шумо. Дар онвақт на раҳ буд, на барқ, на пул, на мактаб. Ин аҳволро мардум дида талхаашон кафид ва шикоятро сар карданд: «охир мо бо шумо ихели маслиҳат на кардем ку, ин пустиня ба мо чи даркорай, маслиҳат дигар буд, шумо дигар кор карден, канӣ роҳ, канӣ пул, канӣ барқ ва мактаб. Хулоса, якхелаш ноилоҷ гирифт ва як хелаш партофта рафтанд. Ҳар касе партофта рафт, гуфт аз саратон сабил монад ҳамон пулу ҳамон замин».

Он вақт ҳукумат ваъда дода буд, ки мо ҳамаашро худамон месозем: мактаб, роҳ пул, барқ ва трансформатор ҳам дар сари ҳукумат аст. Лекин ин ваъда ҳама дуруғ баромад. Ин ҳамаро халқи бечора бо сад азобу машаққат худаш мурда мурда кард.
Номаи дуввум

Дар маҳалли70 гектара ё Дуканал сокинони аз ҳама бештар азобу ҷабрдидаи ноҳия зиндагӣ доранд. Аввалин ҷабре, ки болои ин мардум омад хариди трансформатор ва сохтани пул буд. Сипас боз болои ин мардум сохтмони мактабро маҷбурӣ бор карданд. Барои бунёди мактаб аҳолӣ сарикасӣ аз 1500 то 2000 сомонӣ ҷамъ карданд. Аммо ин ҳукумати дар даруни нохунак тарафдори мардум ба ин мардуми азобдидаву ранҷкашида ягон чиз ёрдам накард. Баракс, кандаву гирифта аз инҳо хурданд ва хурда истодаанд. Масалан ҳамин пулро барои мошин сохтанд. Вақте сохтмони он қариб буд мешуд аз ҳукумат одам омада сурат гирифт ва гуфт аҳсан ба шумо ва имзои як чанд нафарро ҳам гирифтанд, гуё, ки ин пулро бо маблағи гарон худи ҳукумат сохта бошад. Ҳамин корро дар вақти шинонидани трансформатор низ карда буданд. Лекин мардум мегуянд, ки ин сурату имзоҳоро гирифтан аз тарафи ҳукумат, барои он аст ки аз хориҷа грант бигиранд. Гуё, ки ҳукумат сохта бошад. Охир, то кай ин мардумро зулм мекунед ва бо номи мардум пул мегиред?

Номаи саввум

Дар ин қитъаи замин ва дар ин деҳаи 70 гектара мардум бениҳоят дар азоб ва дар фанду фиреб буданду ҳастанд. Чи хеле дар номаи аввал қайд кардем Шодӣ Мусо бо командааш яъне Достиев ва Дамонов Абдусалом ва дигар одамонаш бо сад ҳилаву найранг замини зиёд фурӯхтанд.

Лекин дар ин ҷо вазъият боз ҳам харобтар аст. Масалан як қитъа заминро ба ду кас фурухтаву ҳуҷҷат кардаанд. 30% -и аҳолӣ ҳуҷҷат надоранд. Чунки ин авбошоне, ки дар қудрат буданд, ҳамаро дар сари як кас заданд. Он нафар бошад Дамонов Абдусалом аст ва айни ҳол Дамонов Абдусалом дар Русия дар побег қарор дорад. Чунки инҷо кор гуфти гапҳо хеле каша аст. Акнун ҳар касе шикоят кунад ҳама ба сари Абдусалом мезананд, аммо Абдусалом бошад, нопадид аст. Чунки бачаҳои 70 гектара бо кумаки коррупсия Абдусаломро аз барои фурӯши заминҳо аз ҳамин деҳаи 70 гектара дело карда буданд. Лекин пул доду баромада рафт. Охир чаро барои лайку дидани барномаҳо мардумро аз Русия даъват мекунанд ва ҳатто мебаранд. Чаро Абдусалом Дамоновро ҳаминхел намеоранд? Охир ӯ мардумро ғорат кардааст чаро ӯро намеоваред?

Яке аз корҳои беадолатӣ ин аст ки дар ҳамин 70 гектара як камбағалбачча омада аз ҳамин қитъаи замини №58 замин харид аз Достиев ва як хонаи майдаҳак бунёд кард. Гуфт зуд зану кудакамро бигирам биёрам. Хулоса, қариб, ки хонааш буд мешуд, ки ин замин соҳиби дигар пайдо кард. Соҳибаш ҳамон Темур будааст, ки дар барномаи 219-и номаҳо дар борааш гуфта шуда буд.

Ин камбағалбачча дар адир монд. Вай заминфурӯшҳоро фарёд карду гуфт, ки    «иҷа чи гапай, ин замин соҳиб пайдо кард»? Заминфурӯшҳо аз тарафи Достиев гуфтанаш, ки ҳамин пуле, ки ту бар мо додӣ, мо мардак ворӣ ба Темур медиҳем, ё ки баТемур замини дигар медиҳем. Чунки ту камбағал ҳастӣ, туро кумак мекунем. Дар аввал бачча розӣ шуд ва камтар пас Темур бо бачаҳои тағояш угрожат карданаш ва гуфтанд, ки аз замини мо тамоман даст каш. То ҳол ин замини номери 58 дар номи тамоман дигар кас буд. Ба Темур Эшони Баҳроми электрик, баччаи холааш гуфт накун ин корро ва ҳатто Дамонов Абдусалом гуфт эшони Темур накун корро. Чунки якум ин инки ба номи ту ҳуҷат накардаанд дар 7 сол ва дуввум инҷо хона рост шудааст ва севвум аз руй мусалмонӣ нест ин кори ту.

Темур гуфт, ки «ма ҳамай расходша метум мона брава». Аммо як тин пул надод Темур ба тарафи он камбағал гуфт «ма ҳичкаса зора накардам,ки хона куна дар инҷа». Дар он вақт ҳама лаънат кард ин Эшони касифро. Чунки ин хел камбағалҳо муҳтоҷанд ба замин, на балки тағадорҳо. Дар он вақт Темур, ки тағояш хусури роднояш аст, началники милиса буд дар Душанбе ва аммаҳояш кормандони Кумитаи замин. Барои ҳамин ин хел ҷинояти бузург кард Темур ва он заминро бо маблағи 55 ҳазор сомонӣ фурухт ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои апааш яъне паспорти апаашро дар сари камбағали хонахар зад, ки ту ҳамаи ҳаминро мекунӣ. То ин дараҷа бе инсофиро бубинед.
Хулоса, дар ин деҳа хеле гапҳо зиёд аст, ки аз ин ба баъд навиштан мегирем ба Ислоҳ.

Номаи чаҳорум

Бародар Муҳаммадиқбол чи хеле ман гуфтам, ки ноҳияи Вахш айни13-район аст. Ҳоло инҷо мебинем, ки дар маркази ноҳия ва дар гирду атрофи он чи мегузарад. Масалан дар ин 13-район мактаб ҳатто дар наздикии маркази ноҳия намерасад.

Дар ҷамоати Рудакӣ, мактаби № 3 тамоман бардак аст. Ҳатто замини мактабро гирифта хона карданд. Масалан устохонаи мактаби 3-ро. Ва аз дигар тарафи он ҳам вазъ ҳамин хел аст. Ҳоло ин мактаби 3 ҷамоати Рудакӣ маъруф ба оғилхона шудааст. Дару тирезаҳои мактаб аз даври қадим аст. Даруни мактаби № 3 ранги киноҳои ужас аст. Ҳоҷатхонаи мактаб тамоман расво аст.

Мактаби № 2 ҳам ҳамин хел аст. Заминашро хона карданд ва кудакон дар мактаби 2 дар даҳлез дарс мехонанд. Медонед барои чӣ? Чунки ними мактаби 2 -ро литсей ва пулакӣ карданд. Аммо маълум нест, ки он пулҳо куҷо меравад. Аз ҳар як кудак аз 150 то 250 ва 300 сомонӣ мегиранд. Ин нархи ҳармоҳа аст. Дар он литсей фарзандони мақомот ва пулдорҳо мехонанд. Барои ҳамин гарон аст.

Дар тамоми мактабҳо, ба истиснои мактаби №56 ҳамаи партаву столу стулҳо шикастагӣ аст. Аммо дар мактаби №56 ҳам заминфурушӣ ошкоро сурат гирифт.

Кудакистонҳо бошад тамоман кошмар, ҳама чиркину ҷазир. Мураббияҳои хуб кам дорад. Заминҳои кудакистонҳоро ҳам фурухтанд. Кудакони бечора бошанд дар азоб. Кудакҳоро дар ин кудакистонҳо шапуш зад, аз пушти чиркинӣ ва ифлосӣ. Ин вазъиятро ҳамаи мардум хуб медонад аммо ҷое барои шикоят ва арз кардан надоранд.

Вазъу ҳоли боғи истироҳатии ноҳия чи гуна аст?

Мо, дар маркази ноҳияамон 15 сол мешавад, ки боғ надорем. Ними замини боғро фурухтанд ва ними дигараш вайрону ҷазир хоб аст. Дарахтони боғро фурухтанд ва симу оҳанҳои онро ҳам ба савдо заданд. Боғи марказии ноҳия ҷойи истироҳат ва  гашту гузори мардум ва махсусан ҷавонҳо буд, аммо ҳоло вуҷуд надорад.

Бузургтарини стадиони футболи вилояти Қурғонтеппа дар ноҳияи мо қарор дошт. Айни ҳол канӣ он стадион? Онро ин мақомоти авбоши ноҳияи Вахш чи кор карданд? Бовар кунед ин даҳшат аст. Як қисми замини стадионро толори варзишии хурдакак сохтанд ва як қисми дигарашро ба идораи Тоҷиксуғурта доданд ва як қисми дигараш барои муассисаҳои давлатӣ: нотариус ва ЗАГС дода шуд.

Бинои ин идораҳо пештар дар дигар ҷойи ноҳия буд. Лекин он биноҳоро фурухтанд, ба савдо заданд ва аз пули давлат боз аз сар дар стадион сохтанд. Ана давлату давлатдорӣ.

Дар як қисми замини стадион сауна ё ки бо ном ҳамом бо гаремаш сохтанд, ки дар он ҷо бисёртар мақомоти баландпоя меоянд. Агар як кас бо зану кудакаш оббозӣ биёяд, дарав паспорт мепурсанд. Лекин мақомоти давлатӣ дар як мошин то 5 духтар бо худашон меоранд, қариб ҳарруз. Аммо ҳама хомуш. Дар ин гарем садои мусиқӣ баланд мондагӣ. Шабуруз руй рост арақу бангу наша мезананд. Як кас сухан намекунад. Барои ҳамин ман ин ноҳияро беҳуда отделний республика ё 13-район ном накардам. Вале императори мо Қурбони бех бошад, парво надорад, ки дар ин ноҳия чи гапу корҳо шуда истодааст.

Саунаи бо гарем сохтан иҷозат аст аммо сохтани масҷид на фақат дар худи маркази ноҳия ҳатто дар деҳаҳо ҳам манъ карда шудааст.

Номаи панҷум

Ҳар чи қадаре мо пештар меравем кошмар болои кошмар намоён шудан мегирад.

Дар ин 13-райони мо кучаҳо пур аз мусор аст. Латокҳои ҷуйборҳои атрофи  роҳ вайрон асту кучаҳо асфалташон аз давраи Дақёнус мондагӣ. Аммо ин императори мо -Қурбони бех бошад, кучаҳои зисти худу бародару апаашро асфалт мекунад. Ҳатто роҳи то сари қабри падару модарашро асфалт кардааст. То масҷиди деҳа аз қабри падару модараш 100 метр намонда буд, аммо онҷоро асфалт накард.

Ин аст симои воқеии ин номарди касиф.  Дар ин ноҳия кучаи Девонаевҳо ҳам асфалтпуш аст ва кучаи Шириновҳои домоди Раҳмонов ҳам асфалт аст.

Ногуфта намонад, ки дар ноҳия Девонаевҳо хеле зарари бузург расониданд. Генерал Девонаев Азизулло лимонарний цехро гирифта полнирост хароб карда дар он ҷо барои худаш двореци пурҳашамат сохт. Ва дар хонаи ин генерал чанд сарбозу офитсер хизмати ин оиларо мекарданд. Ҳоло ҳам бошад ба ҷои хизмат хизмати ин авлодро мекунанд ва шахсан ҳамин Девонаев Азизулло чандин сарбозро зада -зада девона кард. Ҳатто бачаҳояш сарбозонро мезананд.

Ин авлоди нодидаи Девонаевҳо бисёр ҳам нобакоранд. Агар маро бовар накунед, метавонед аз ҳамсояҳояшон бипурсед, аз мардуми ноҳия бипурсед. Айни ҳол бачаҳояш ҳам дар военкомат кор мекунанд. Бачаи хурдиаш сахт нобакор аст, аз ягон кас сари му ибо намекунад, на пир, на кампир, на мусафеду на мусияҳ мегуяд.

Нотарсида любой кор мекунад ва ҳич кас гап зада наметавонад. Бори дигар мегуям, ки ин ноҳия бе соҳиб аст. Девонаев Шарбатуллояш ҳам чунин аст.

Ноҳияи Вахш калонтарин ноҳия дар вилояти Хатлон ба шумор меомад, аммо дар даври раиси ноҳия буданаш Девонаев Шарбат ҳама фермаи гову молҳоро комилан нобуд кард, ҳамаашро шахсӣ кард ва баъд фурухт. Ҳатто Машъалро ҳам ҳамин Девонаев Шарбат фурухт, ҳатто калисои русҳо- церковро ҳам шахсӣ карда дар он ҷо мағоза -мойка ва дискотека сохта онҳоро ҳам фурухт.Ба маблағи 150 ҳазор доллар.Чунки дар маркази ноҳия буд. Баччаи Девонаев Шарбат Акбар дар шаҳри Бохтар замначалники ГАИ аст. Бисёр ҳам одами ҳаромхур, мисли авлоди нодидаи падараш, гуфти русҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин кардагӣ аст. Савол чунин аст ки дар ин ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин Девонаевҳо ҷавоб мегуянд? Прокурори навтаъин метавонад ба прокурори вилоятӣ фармони тафтиш диҳад? Ё ин Ҳабибулло Воҳидзода ҳам пул гирифта дар фикри мусибати ин миллату мардум нест? Хуб натиҷаашро мебинем,ки чи мешавад.

Номаи шашум

Ба касе пушида нест, ки дар миёни ниҳодҳои давлатӣ яке аз фасодзадатаринашон   ин Кумитаи замин аст. Идораи меъморӣ-архитектура, МБТИ низ аз кумитаи замин монданӣ надорад.

Солҳои пеш дар ноҳияи мо раиси Кумитаи заминро «наски ворӣ» иваз мекарданд, ҳамчунин архитекторро. Аммо ҳозир инхел нест. Чунки усули ҳаромхурӣ дигар шудааст. Мисол пештар ҷиноят мекарданду ба қап мехурданд, пул дода мебаромаданду мегурехтанд ба Русия, ҳозир бошад ҳамааш тағаву криша доранд дуздони ноҳяи. Ҳар боре тафтишу санҷиш биёянд, пули нақдро мегиранд, обедро мекунанд дар ресторан ва мераванд. Ана ин аст кору бори ҷинояти қонунӣ ва паст рафтани онҳо. Кумитаи замин ва архитектура руирост пора мегирад. Барои мисол ягон кас меояд барои сертификати замин. Пули сертификатро қонунӣ месупорад ва назди сертификатдиҳанда меравад ва дар онҷо бошад хонум Бозоргул аст ва Бозоргул мегуяд, пули давлатии сертификатро додӣ, пули моро намедиҳӣ? Ана разбор руирост сар мешавад. Кадоме, ки саводи ин корҳора надорад, беразбор пула медиҳанд, агар пул надиҳӣ, бовар кун моҳҳо медавонанд. Кормандони Кумитаи замин ва идораи архитектура тамоман безпределанд. Раиси архитектура як патсани ҷавон, аслан дар ҷой кораш ӯро пайдо намекунӣ, номаш Тағоев Фарҳод аст. Патсани дируза дар муддати кутоҳ соҳиби мошини гаронбаҳо шуд. Боз мошинаш тимнит дорад. Ҳозир тимнит дар Тоҷикистон 6 ҳазор сомонӣ аст. Маошашон-1500 сомонӣ, обедашон қариб, ки фақат дар ресторан аст ва кор истироҳат ва арусбозӣ аст.
Ин кормандони Архитектура чунон фасодзада ҳастанд, ки ҳазор бор дар қап хуранд, боз мебароянд. Чунки тағаву кришаҳои бо қувват доранд. Аммо масъала ин аст ки

чаро мақомоти баландпоя ақалан як бор омада ин идораи фасодзадаро намесанҷад. Ин идораи фасодзада ноҳияро таҳти таҷовуз қарод додаву дода истодааст. Ман дурӯғ намегуям агар мардеду наметарсед аз Императори мо омада санҷед!

Дар Вахш шуъбаи милиса яке аз ҳаромхуртарин ва фасодзадатарин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст.

Махсусан Сардори ШВКД Ноҳияи Вахш полковник Истамзода Машраф Истамӣ,ки моҳи июни соли 2024 ба ин мақом таъин гашта аст. Тамоми нозирони минтақавиро долияи махсӯс баста будааст,ки ҳатман он маблағро бояд оварда ба ӯ супоранд. Кораш пулкандан ва ба занони ҳиҷобдор душмании махсӯс дорад. Рейдҳое мегузаронад,ки барои мардуми мусалмони ноҳия хело бад. Дар бастани масҷидҳо маҳорати хело зуру нотакрор дорад. Ҷавонони ришдори ноҳияро бе гуноҳ амри боздошт медиҳаду аз онҳо пулҳои калон меканад.Мегуфта бошед мусалмон набошаду аз кадом қитъаи дигари олам ба Вахш фиристодашуда бошад. Болои ҷиноятҳои ин нобурид кор карда истодаем ва бо фактҳои радношаванда дар номаҳои баъдӣ мефиристем.

Дар мавриди кормандони ГАИҳо оҳо тамоман як фатарот аст. Қапидагиашонро протокол мекунанд. Агар тағаву криша надошта бошӣ, ё ки пули хуб надиҳӣ, ҳатман протоколро бурда месупоранд, ана баъд даводаву ин тарафу он тараф гарданкаҷкунӣ. Яке аз ГАИшникҳои бераҳм Исҳоқ гуфтани ҷонвари зараррсон аст. Чанд бор аз кор мегирандаш, боз пул медиҳаду ба кор медарояд. 5-6 маротиба мешавад аз кор ӯро мегиранд, боз бо пул айнан дар ҳамон вазифаи қаблияш бармегардад. Худаш мегуяд, ки пул дорӣ, кор дорӣ.

Ин милисаҳо ҳамааш бераҳманд. Паспортний стол медароӣ, тамоман як дузах аст, метавон гуфт дузахро бо чашмонат дар ин шуъба мебинӣ. Аллоҳ шоҳид аст бисёриашон бесаводанд. Пули калон дода ба кор омадаанд. Пулро мегиранд, ҳуҷҷатро тайёр мекунанд, мегириаш, ки чанд ҳарф хато навишта шуда аст. Акнун ту боз пул медиҳӣ ва боз аз сар шиноснома месозӣ ва боз ҳам хато аст. Шоҳиди зиндаам як камбағал чор маротиба дар ному насабаш иштибоҳ карданд ва чор маротиба пул доду иваз кард. Ин кор ҳаррӯз ва ҳамеша ҳаст. Дар Вахш аҳволи мардум ҳамин гуна вахиму тоқатфарсо аст. Метавон гуфт Шуъбаи ВКД дар ноҳия як ҳаромхурхона ва гестапои ростӣ аст.

Номаи ҳафтум

Ҳама медонад, ки айни замон киштукори пахта яке аз пурмашаққаттарин кор дар Тоҷикистон аст. Чунки ҷуфту чизил карда мешинонӣ, об дода, чобуқу хишоваву ягона карда бо азоб дору дода ҳосил меруёнӣ. То инки ба ҳосил бирасад хеле кори зиёд дорад. Боз чидану ғун кардану хирман задану дар завод коркарди тоза кардан, чигиту прессу той ва кип кардан…ҳамаи ин кори тоқатфарсо аст. Ҳама ин корҳоро иҷро карда тайёр мекунӣ ва интизори харидор мешавӣ.

Дар ноҳияи мо як соҳибкор ҳамаи ин марҳалаҳои кориро иҷро карда интизори харидор буд. Ниҳоят як рӯз мебиёяд як харидор, хато накунам агар аз туркҳо буд. Аммо ин туркҳо нархи пахтаро арзон мекунанд. Соҳибкор розӣ намешавад ва мегуяд ман шитоб надорам, саросема ҳам нестам. Он туркҳо мераванд ба пеши Тахминаи Эмомалӣ,  духтари Президент, гуё кришакобӣ ба хотири арзон кардан. Чунки туркҳо ҳамара медонад, ки «чи гапай дар Тоҷикистон». Чанд вақт пас аввал Тахмина занг мезанад, баъд худаш меояд.

Тахминаи Эмомалӣ омада ҳасту нест накарда суи туркҳо мегуяд: «ҳамон пули гуфти ида, ин соҳибкор розӣ нашид мада теша, кипора боркун рав». Туркҳо ҳайрон мешаванд вале розӣ мешаванд. Таҳмина тарафи соҳибкор мегуяд: «агар фураҳо омаданд ягон гапи зиёд мезанӣ фураҳоро ҳам заправка мекунӣ, метӣ». Таҳмина лой-пулро суруп мегирад, меравад. Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол, ҳама дар шок мемонад ва ҳиҷ чи гуфта наметавонанд. Чунки инҷо, чуноне гуфтам 13 -район аст. Инҷо қонун нест, раҳму шафқат нест. Ана ҷумҳурии мухтор! Ҳамон туркҳо аз кори кардаашон сахт пушаймон мешаванд, аммо дигар дер шуда буд. Даҳшатро бубинед,ки духтари президент ба кори як деҳқон дахолат мекунад ва боз бе пул маҳсулоти ӯро мегирад. Ҳоло ҳам Эмомалӣ Раҳмонов президенти одил ва ғамхори миллат ва мардум мешиносед? Ин туҳмат ва дурӯғ нест ҳама ҳамсояҳо ва мардуми минтақа аз ин ҳодиса огоҳанд.

Номаи ҳаштум

Мо дар Вахш дар қафаси як авлоди нодидаи гушнаи бераҳм ғалтидаем. Вахш дуртарин минтақаи Қурғонтеппа дар давраи шуравӣ ба ҳисоб меомад. Дар инҷо падару бобоҳои мо солҳои шуравӣ омада буданд. Дар инҷо мо аз ҳамон солҳои пеш гову моли бениҳоят зиёд доштем. Аммо айни ҳол надорем, дошта бошем ҳам кам дорем. Аз ҳама дардовару таассуфуангезаш ин аст ки мардум аз инҷо хона-хона куч баста истодаанду Вахши зархезро тарк доранд.

Мо ҳатто дар ин дараву куҳу пуштаҳои дуру дароз ва душворгузар ҷойҳои бераҳ бо ҳама чизамон мактабу мағоза дар қафаси домоди Президент банд мондем.

Ин авлоди нодидаи касиф омада ин ҷойҳоро дида гуфт, ки ин мардум дар ин ҷо ҳамааш дар биҳишт гашта истодаанд, мо гаштем бе дарак. Ин гап аз забони додар аруси Президент Ҳоҷӣ Амирулло аст. Ва ҳамаро ҷазиру парокандасозиро сар карданд. Намояндагони ин авлоди касиф якум коре, ки карданд, ин буд, ки каме барои мардум роҳ сохтанд. Аммо маълум шуд, ки ин роҳ барои мошинҳои худашон будаст. Ва як бунгоҳи тиббии хурдакак ҳам сохта шуд, ки ин ҳам барои худашон будааст. Ва акнун ин дараву пуштаҳои дурудароз ва беҳисобро пора -пора карда тақсим карданд. Яъне чарогоҳ гуфта ба 10-ҳо кас дараву пуштаҳои дурудароз тақсим шуд. Ва ба ҳар заминдор трактор оварда заминҳоро окопи чуқур –хандақ канда тақсим карданд. Ва ҳар заминдор гову моли ин авлоди нодидаи касифро нигоҳубин мекунад ва ин заминдорон, аз касоне, ки замин надоранд, аз ҳар як бузу бузғола гусфанду бараашон аз 5-7 то 10-12 ҳатто 15 сомонӣ пул мегиранд ва аз гову гусолаву хару асп аз 10-12 то 15- 20 сомонӣ ҳар моҳ. Ин даҳшат аст, чунки ин мардум раҳму шафқату имону инсофро фаромуш карданд.То ин дараҷа пастиву разолатро мо надида будем.

Мо солҳои сол дар ин дараву куҳҳову пуштаҳои дуру дароз гову мол намечаронидем, ҳуй медодем, худашон мечариданд. Дар як руз, як бор, ду бор бо навбат нигоҳ мекардем, ҳозир бошад ҳар вақте бо кадом заминдор маслиҳат кардӣ, гову моли худатро нигоҳ мекунӣ. Чунки агар ин гову моли ту аз як замин ба замини дигар, худой накунаду гузарад тамом, ту аз 50 сомонӣ кам ҷарима намедиҳӣ. Чунки вай акнун андоздиҳанда аст ва ин андоз ҳамааш ба ҷайби ҳамин домоду аруси Президент меравад, вале штраф бошад ба ҳамон заминдорон. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ин минтақаро ҳамаашро ҷазиру пароканда карданд. Ногуфта намонад, ки онҳо наомада яъне пеш аз ин авлоди нодидаи касиф, мардуми одӣ то 80 сар гову гусола ва буқаву ғуноҷин доштанд ва ҳамчунин дар баробараш аз 70-120 то200-300 он тарафаш беҳисоб, моли майда яне бузу гусфанд доштанд. Айни ҳол бошад, ба Худо қасам як хелаш ҳеҷ чиз надорад ва ё бисёр кам дорад. Чунки вақтҳои охир аз дасти наҳсиву ҷанахсӣ ва пайи пойи шуми ин оила дар ин минтақа беборишӣ ва хушксолӣ  омадааст. Ва бо айби ҳамин Оила ҳоло байни тоҷику  лақай, қалуғу қатағану қунғурот, батошу дигар ақалиятҳо нофаҳмиҳо сар мезанад. Боварам кунед ин мушкилотро ҳам ҳамин хусурбачаҳои Президент андохтаанд. Охир мо солҳои дароз бо ин мардум зиндагонӣ кардаем ва ҳеҷ мушкиле ҳам надоштем.

Чунки омада дар ин минтақа бизнеси худашонро сар карданд ва ин мардуми нодону сиёсат бунобурдаро ба ғуломи худ мубаддал карданд. Ин гаронии гушту пуст ҳамаш айби ҳамин оилаи Раҳмонов аст.

Як чизи дигар

Аз минтақаи мо пештар мардум ба Русия кор намерафт, чунки гову моли бисёру беҳисоб доштанд, ҳозир бошад русиярав бисёр шудааст.

Ва дар ин ҷойҳои мо аксарият ҳуҷҷати хона надоранд. Он солҳои шуравӣ, ки ин хонаҳо сохта шуд, налоги хона арзише надошт. Чанд нафар ҷамъ мешудему ба налогчи як моли майда масалан буз ё бара медодем, онҳо иктифо карда мерафтанд.

Ҳозир бошад гап зада намешавад. Як гап бигуӣ, пури бузу шағолҳои ҳоҷӣ Амирулло ё ки дигараш. Ва онҳо дарав ва дар ҳол мегуянд, ки «э ношгри банда хап кун, ту чи намебинӣ, инҳо роҳ сохтан, об оварданд, бунгоҳи тиббӣ сохтанд.

Ин мардум ин қадар бесавод аст ки намефаҳманд. Инҳо ҳеҷ чиз аз ҳисоби кисаҳои худашон намесозанд. Чунки ин авлоди нодидаи чингизӣ ҳеҷ гоҳ дар фикри ободии ин миллату давлат набуд ва намешавад. Мақсад, ки бародар зулму беадолатӣ дар ин минтақа аз ҳама минтақаи Тоҷикистон бештар аст. Мо аз рӯзе, ин касифҳо омаданд ва ҳамаро ҷазиру хароб карданд, на ҳол дорем на рӯзи хуб. Ин Қурбони бех аз император ҳам вазнинтар будааст.

Номаи нуҳум

Ва, ҳоло омадем ба Қурбони бех, Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш

Аввал ман ба шумо бигуям, ки дар ин ноҳияи мо шумори ҷинояткорон хеле зиёд аст. Аммо аз ин Қурбони бех бояд алоҳид ва зиёдтар гуфт, чунки ҷинояти вазнин зиёд содир кардааст ва то ба ҳол карда истодааст.

Чи хеле ман қайд кардам Вахш яке аз бузургтарин ноҳияҳо дар вилояти Хатлон мебошад. Чунки ин ноҳия садҳо корхонаву ПМКаву мактабу кудакистон ва колхозу совхоз, фермаҳои гову гуспанд, мурғхона-птицафабрика, сехи тавлиди лимонад ва ҳазорҳо гектар замин корам дошт. Пахтаи маҳиннах дар Тоҷикистон асосан дар Вахш руёнида мешуд. Ҳатто то ҳол дар ин ноҳия 2 ГЭСи обӣ дорем, ки 100% кор мекунад. Яке аз боғҳои истироҳатии калон дар қаламрави шуравии пешин дар ин ноҳия қарор дошт. Гаражҳои калони колхозу совхозҳо пур аз мошини корӣ, садҳо адад трактору булдозеру кранҳо дошт. Инҷо автобазаҳо амал мекарданд, автобус хеле зиёд буд. Каналҳои бисёр бо оби тоза, пулҳои болои онҳо барои убуру мурури мошинҳо. Бале, ин ҳама буд, аммо ҳама рафту несту нобуд шуд, бо дастони касифи ин намуд одамҳои ин оила

Бовар кунед, ки то ҳамин рӯз ин диктатори Раҳмонов дар Вахш одами худотарсу боинсофро раис намондааст. Ҳама одамҳои мондагиаш бесаводу беинсоф буданд.

Аз Сайвалӣ Нуров сар карда то ҳамин Қурбони бех ҳама ҳаромхуру дузд. Раиси имрӯзаи ноҳия яке аз бесаводтарин ва беинсофтарин дар таърихи ноҳияи Вахш аст.

Ҳама заминҳои обии минтақаи ҷамоати Кулоб -колхози Москваро аз худ кардааст. Ҳатто чарогоҳҳо ва чарогоҳҳои атрофи каналро аз худ карда гаражҳои пур аз мошину техникаро несту нобуд кард. Инҳо аз колхози Москва сер накарда боз даст ба ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахш заданд. Хуни мардуми он тарафро ҳам кайҳо боз мемаканд. Бовар кунед, ки ин ҳолат даҳшат аст. Дар ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахш ҳатто алафи лабҳои каналро чарониданӣ намемонанд.  Дар ҳақиқат мардумро намемонад,ки гову гуспандонашонро дар лаби об чаронанд. Мардум мегуяд, ки «охи иҷа лаби каналай, лаби канал аз замини увос аст аз об то 20  метр берун аст».

Ҷиянаш ё ки ҷиянҳояш бошанд, мегуянд, ки «ҳамааш аз они мо аст, о налога то байни канала метем, барои ҳамин ҳич касут ҳақ надорен». Ҳатто хору янтоқу газонро намемонад даравӣ. Мардум ба инҳо мегуянд, ки «иҷа ҳавзи моҳияй, ки шумо налога то байни канала метиен?» Дар ҷавоб Барот ё ки ҷиянҳои дигараш, мегуянд «охи шумо хору ҷантоқу газона мезанен мора экалогия омада штраф мекунад».

Саволи мардум, чаро қариб, ки инҳо ҳарруз моҳиҳоро ба ток- қувваи барқ дар рузи рушан мезананду як кас сухан намегуяд. Моро бошад дар лаби канали давлат гову моламонро чаронданӣ намемонед. Мо мардуми Дуканала куҷо равем, дигар ҳамаро шумо монополия кардаед. Дар ҷавоб Барот бо ҷиянҳояш «мода пофиг нестай куҷое мерен брен фақат дар лаби канал набинум тон, ки идоф аниқ на говта мебинӣ на гусфандотона»

Аҳволи ҳаррузаи мардуми Дуканала ё 70 гектара ҳамин аст. Чунки ин ноҳия комилан бе соҳиб аст.

Дар ин ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахш Барот бо Қурбони Бех карйери сангу шағал дорад ва хеле заминҳоро чарогоҳ карда истифода мебаранд, мисли ҷамоати колхози Москва –Кулоб.

Ин Қурбони бех бо бародаронаш ҳамаро дар марказ  низ аз худ карда истодаанд.  Масалан замини поликлиникаи куҳнаро ба ном худашон гузарониданд. Ва баняи куҳнаро ба савдо заданд, ки ин ҳам дар марказ воқеъ аст ва замини бисёр дорад. Дар воқеъ масоҳати ҷойгиршавии ин баня ва замини он хеле калон буд. Ва дар стадион, дар бари баняи нав низ заминҳоро фурухт барои гарему дискоклуб. Ин корро шахсан худи Қурбони бех кардагӣ аст. Ва дар он замини поликлиника, ки аз они худ карданд, аз онҷо чанд хонаро хезониданд. Гуё дар онҷо дар генплан мағозаи Қурбони бех ғалтидааст. Вале  айни ҳол дар онҷо 6 оила зиндагӣ доранд. Лекин Қурбони бех барои ин 6 оила замини обӣ аз тарафи давлат ҷудо кардааст ва дар наздикии район. Ана бесоҳибӣ. Ва Қурбони бех ҳамон коллеҷи тиббӣ ва болнитсаашро ҳам дар замини обӣ сохта аст.

Қурбони бех дар текстил ҳам, ки дар маркази ноҳия воқеъ аст замин дорад ва дар онҷо чанд сол аст коллеҷи аграрӣ сохта истодааст. Хишти аввали онро ҳам Раҳмонов гузошта буд. Ин кор дар давраи Девонаев Шарбат шуда буд. Аммо Раҳмонов дар давраи Қурбони бех омада боз ҳам дар ин коллеҷ хишти аввал монд, ки мазоҳу масхараи мардуми ноҳия шуд. Чунки ҳамон схемаву коллеҷ ҳамон буд. Инро ҳама дид. Мардум гуфт, ки ин Қурбони бех тупой аст, аммо Раҳмонов бошад, чӣ? Бовар кунед ман ин ноҳияро беҳуда 13 район ном накардам.

Қурбони бех Раҳмоновро баъди санги асос гузоштан ба коллеҷ рост хонаи Бароти акааш мебарад, гуё, ки хонаи мардуми одӣ бурд, «захираи зимистона кардай, бинен ҷаноб». Аммо дар ин хона пешакӣ аз ҳама ҷо банкаву лубиёву мош ва картошкаву пиёз ва ғайраҳо оварда монда буданд.

Бародар Муҳаммадиқбол, бовар кунед, пас аз рафтани Раҳмонов аз хонаи Бароти акааш мардум қариб, ки байни ҳам ҷанг шаванд, барои онки банкаҳо перепутат шуданд.

Лекин Қурбони бех Раҳмоновро мактабу садикҳои вайронро нишон надод.

Кудакистони, №1 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст,
Кудакистони№2 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст,
Кудакистони №3 несту нобуд карда шуд,
Кудакистони №4 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст.
Кудакистони №7 вайрону ҷазир ва комилан хароб аст ва дар ҳама кудакистонҳо ё садикҳо ҷойхоби ҷазир, деворҳои ҷазир, ҳоҷатхонаи мактабу садик ранги мабразҳои давраи аморати Бухороанд.

Дар ноҳия пул бисёр аст вале ҳамаи онҳо хароб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ягонтои инҳоро Қурбони бех ё Барот соз накард ва карданӣ ҳам нест. Чунки пулҳоро Қурбони бех ба манфиати корхонаву  сохтмонҳои худаш истифода мебарад.

Дар ноҳия чунон каналу забурҳо бисёр аст, лекин ин Қурбони бех аз 1000 тоаш шояд якта максимум 4-5 тояшро барои паказуха тоза карда бошаду тамом.

Ҳама медонад, ки ин намояндагони авлоди Қурбони бех ва махсусан худаш бесавод аст. Дар идора бе ғайр аз бародаронаш кори ин бесаводҳоро Махсуми Шамсуиддин пеш мебарад, чунки Махсуми Шамсиддин коргари куҳна ва каме бо таҷриба аст. Инро Бех ва Барот ҳам медонад. Бовар кунед ин авлоди Бех ҳатто ҷавонҳояш бе савод. Масалан Қурбони бех ҷиянашро раиси КЖКП  мондааст. Ҳатто ҳамин кори мусор тозакуниро наметавонад пеш барад ва аз тани ҷиянаш бланка-коғаз пуркуниро эшони Раҳмат мекунад. Чунки эшони Раҳмат чанд сол дар КЖКП раис буд. Ҳозир бошад эшони Раҳматро давлени зад, дар ҷогаҳ хоб аст.

Ҳама медонад, ки дар Тоҷикистон имзои раиси ноҳияву шаҳрҳо бо пул аст. Вале дар ин 13-райони мо ин вазъ аз ҳама бадтар ва бераҳмонатар аст. Масалан имзои қарор барои сохтмони хона ё замин дар давраи Девонаев аз 100 то 200 сомонӣ буд, ҳатто гоҳо бе пул ҳам имзо мемонд Девонаев.

Ногуфта намонд, ки Девонаев яке аз ҷинояткорони ашаддӣ буду ҳаст, аммо дар муқоиса бо Қурбони бех инсоф дошт. Вай дар 100 то 200 сомонӣ имзо мемонд ва гоҳо  бе пул ҳам мемонд.

Лекин имзои Қурбони бех бошад минимум аз 5000 сомонӣ боло. Ҳатто як хел вақт имзо тамоман намемонад.

Барои чи 5000 сомонӣ ? Чунки Қурбони бех худаш мегуяд, ки «ма ҳар касда ва ҳар чида имзо намемонум. Коми, ки бошад аз 5000 сар мешавад. Чунки ман ин вазифаро ба осонӣ нагирифтам ва ма бояд пулша брорум».

Агар ту бо ӯ рост бо воситаи шиноси наздик даромадӣ 5000 агар на ёфтӣ, бо посредник бошад аз инсофи посредник вобаста мекунад. Барои ҳамин аз 5000 боло бо посредник аст. Бале ин ҷиноятҳои вазнини Қурбони бех ва бародаранаш аст. Ин ноҳия беҳуда бесоҳиб ва 13-район ном надорад. Шумо моро дуруст бифаҳмед ва ногуфта намонад, ки ин яке аз ҷиноятҳои Қурбони бех аст, ҷинотяҳои Қурбони бех аввал доранд охир не!

Бовар кунед, ки ин Қурбони бех вақтҳои ахир тамоман аз худ рафтагӣ. Раҳмоновро хар ва аблаҳу аҳмақ кардааст. Дар чанд ҷо гуфтааст: «ма дили Раҳмоновро тавассути ҳоҷӣ Амируллову ҳоҷӣ Амонулло ёфтагиюм. Онҳо ба Азизмо подаркаҳои мара бурда мерасонан. Барои ҳамин ма дига императори Вахшум. То вақте апаи Азизмо ҳастай ма императори Вахш мемонум».

Ps: Хуб чуноне аз вазъияти Вахши зархез огоҳ шудем хеле вазъаш табоҳ ва бе қонуният дар он ҳукмфармост. Чуноне аз суханони худи Императори Вахш Қурбони бех бар меояд инҷо дигар сухани Прокурори навтаъин ҷойи худаш, ҳатто гапи Эммомалӣ Раҳмонов намегузарад. Чунки ин ноҳияро Азизмои газетхонак бо бародаронаш ва гоҳо Таҳминаи клиопатра ҳам идора мекардааст. Вақте чунин аст пас дигар наҷоти шумо танҳо дар рафтани Раҳмонов аст. Чун,ки дигар ҳеҷ касе ба доди ин мардум расидагӣ кардан наметавонад.

Сообщение Императори Вахш-Вахш ноҳия аст ё ҷумҳурии худмухтор? появились сначала на ISLOH.net.