Архивы Диссернет - ISLOH.net

Илми Тоҷик мурд, ҷанозаашро хонданд!
Эмомалӣ Раҳмонов на фақат дар давлату давлатдорӣ, на фақат дар ҳукумату ҳукуматдорӣ, балки дар илму маориф ҳам ганд зад, ҷиғелу ҷазир кард. Як нафареро оварду Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин кард, ки ба ҷуз аз маҳалли таваллудаш, зодгоҳаш ҳеҷ тафовуте бо як омузгори одии донишгоҳ надорад. Кадом осору асару ихтироъоти илмӣ, ки мутафовит бошад, надорад. Баръакс исму ному шахсияти вай дар шумори онҳое аст, ки «Диссернет» ба асардуздӣ, ба плагиат муттаҳам кардааст.

Ёдатон бошад ҳамин Раҳмонов дар моҳи марти соли 2020 дар суҳбат бо зиёиён аз чиҳил маврид асардуздии олимони тоҷик, ки пойгоҳи «Диссернет» ошкор карда буд, интиқод кард. Вай дар Кохи Борбад 18 март гуфта буд,ки «маълум мешавад, баъзе аз унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд.»

Ин ҳарфҳоро Раҳмонов дуруст дар он вақте гуфта буд, ки ҳамин Қобилҷон Хушвахтзода, ки акнун Президенти АМИТ таъйин шуд, тоза курсии ректори Донишгоҳи миллиро бо як фармони Раҳмонов ба даст оварда буд. Аммо ҳамон шабурӯзҳо буд, ки вай ба яке аз «персонаж»-ҳо ё «образи манфӣ»-и «Диссернет» бадал шуда буд. Тайи ин се соли ректорӣ Хушвахтзодаи ҳамшаҳрии Эмомалӣ Раҳмонов чи дастоварди илмие дошт, чи ихтирое кард, ки яку якбора аз курсии ректорӣ ба курсии президентии Академияи улум нишаст? Бори дигар таъйид ва тасдиқ шуд, ки Раҳмонов ин қадр ба маҳаллу ҳаммаҳалҳояш шароиту имконият медиҳад, ки тамоми Тоҷикистон бояд дар дасти ҳаммаҳалҳои вай бошад. Шумо худатон қазоват ва хулоса кунед, ки магар ин мардака, ки асардуздиаш дар тамоми олам ифшо ва ошкор шуд сазовори роҳбарии Академи илмҳои Тоҷикистон аст? Ба ҷуз аз маҳал далели дигари Раҳмонов барои таъйини Хушвахтзода чист? Нафаре, ки дар илм ҳиҷ нуфузу ҷойгоҳу мақому мартаба ҳатто дар худи ҷумҳурӣ надорад, чи тавр мешавад ӯро раиси олимон монд. Раҳмонов сатҳи ҳамачиро то сатҳи худаш овард, ҳамин Академияро ҳам оқибат то ба ин сатҳ хамбонд.

Ва, инак бори дигар шинос бишавед, ки Президенти АМИТ кӣ аст:

Мақоларо аз шиносоӣ бо тарҷумаи ҳоли Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон оғоз мекунем. Инак Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар гузашта Барфиев Қобилджон Хушвахтович 5 ююни соли 1982 дар Данғара маҳалли таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов ва Асадулло Раҳмонов (Сумбулоғо) таввалуд шудааст. Соҳиби 4 фарзанд мебошад. Соли 1999 мактаби миёнаро хатм карда ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст. Тарҷумаи ҳоли пураашро метавон дар саҳифаи Академия Илмҳои Тоҷикистон дар ин суроға мутолиа кард: https://anrt.tj/tj/rajosati-ai-t/ro-bariyati-akademiyai-ilm-o/prezidenti-ai-t

Аммо барои ман ва шумо он тарҷумаи ҳоли бардуруғу сохтааш лозим нест ва ҳоло ман мехостам оиди кори илмиаш дар аввал сухан бикунам. Хушвахтзода Қобилҷон диссертасияи худро 24 апрели соли 2010 ҳимоя кард. Мавзуи диссертация: “КОНКУРЕНТОСПОСОБНОСТЬ ДЕХКАНСКИХ (ФЕРМЕРСКИХ) ХОЗЯЙСТВ В УСЛОВИЯХ МНОГОУКЛАДНОЙ ЭКОНОМИКИ : НА МАТЕРИАЛАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН” (Расми 1).

Расми 1.

Маънба(Саҳифаи 2):https://new-disser.ru/_avtoreferats/01004721857.pdf

Аммо ин диссертасияи академики Тоҷикистонро дар саҳифаи диссернет, ки фоизи плагиати корҳои илмиро меомузад, дарёфт кардем. Яъне каме бифаҳмонам ин чи маъно дорад. Дар олами илм дар вақти навиштани кори илмии худ агар фикр, ягон рақам, формула ва ғайра аз они худи муаллифи асар набошад, ӯ бояд ҳатман манбаъи аз куҷо будани фикр/рақам/формула ва ғайраро дар охири кори илмӣ бинависад. Яъне ба унвони сарчашма ва маъхази илмӣ, ки муаллиф ба ҳангоми навишти рисола аз он истифода намудааст. Агар на, инро плагиат ё дуздии фикр мегуянд. Дар вақти навиштани асар/реферат/диссератасия шахс ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ҷумла ба ҷумла ва ё калима ба калима аз дигар кори илмӣ копия/руйбардор бикунад. Инро бояд роҳбари кори илмӣ назорат бикунад. Ва, ин аз аввли дунё ва дар тамоми мамолики олам роиҷ аст, ки овардани фикри дигарон ба унвони иқтибос дар тақвияти фикри худ, бояд ҳатман тазаккур шавад. Афсус ки дар Ҳукумати узурпатории Раҳмонов мақомдорон ҳатто фикри дигар шахсро медузданд!

Шахсан муаллифи ин мақола донишгоҳҳои Амрикоро хатм кардаам ва ҳатто дар вақти навиштани корҳои курсӣ агар аз 10%-15% фикри дигар касро менавиштем, профессорон корҳои моро тамоман қабул намекарданд. Дар донишгоҳ барномаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки корҳои моро санҷида мебаромаданд, барои пайдо кардани фоизи фикрҳо/ ҷумлаҳои аз дигар манбаъҳо.

Манбаъи мо диссернет нишон медиҳад, ки фоизи дуздии фикр аз тарафи Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон, муҳтарам доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон хело баланд ҳаст(Расми 2).

Расми 2.

Маънба: https://www.dissernet.org/expertise/BarfievKH2010?ysclid=lsqegfipm7457354499

Худ хонанда ва ё бинандаи азиз қазоват кунед(Расми 3).

Расми 3.

Чи тавре ки мебинем аз 134 саҳифаи диссертасияи Академик ва акнун Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 92 саҳифаи он аз дигар диссертасия ё манбаъи дигар дуздӣ шудааст!

Биёед якчанд намунаро аз кори илмии АадемикиТоҷикистон мехонем.

Расми 4a.

Расми 4а, намуна аз диссертасияи академик Қобилҷон ва Расми 4b намуна аз кории илмие, ки дуздида шудааст ва ба қалами муаллифи дигар мутааллиқ аст.

Расми 4b.

Саҳифаи 35 аз кори илмии академик Қобилҷон(Расми 4a). Чи тавре ки мебинем ин академики Раҳмонов ҷумла ба ҷумла ва ҳатто калима ба калима аз асари дигар шахс дуздӣ кардааст.

Маънба: https://wiki.dissernet.org/wsave/BarfievKH2010/1026.html

Боз каме пеш меравем ва намунае мегирем аз кори илмии академики тоҷик Қобилҷон. Бояд қайд кард, ки манбаъҳои ҳама фикрҳо оварда шудаанд ва ҳар як шахс метавонад худ низ вориди ин манбаъҳо бишавад ва бисанҷад.

Расми 5a.

Расми 5а, ин намуна аз саҳифаи 76-и кори илмии Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон, ки асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамин чанд ҳафта пеш ба ин мансаби муҳим таъин кардааст. Оё як асардузд ва олими хасакӣ чи метавонад бикунад? Бо чи руе аз олимони дигар натиҷаи кор мепурсад? Акдемияи илмҳоро магар ба як дуздхона бадал намекунад?

Акнун дар расми 5b нигаҳ мекунем, ба манбае, ки аз онҷо академики Раҳмонов барои рисолаи илмиаш дуздидааст. Бояд қайд кард, ки дар асл ин кори илмии як олими рус аст ки оиди яке аз вилоятҳои Русия навиштааст. Аммо ин асардузд ва порахури Раҳмонов аз ӯ ҳам фикрашро (идеяаш) дуздидааст ва ҳам ҳатто ҷумлаву калимаҳои он олими русро беибову беҳаёёна дуздида ва дар рисолааш ҷо додааст, ки барои илми тоҷик, барои меросбарони Синову Беруниву Хоразмиву дигару дигар, барои Айнӣ, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Улмас Мирсаидов, Собит Неъматуллоев ва Фарҳод Раҳимӣ як шармандагист. Ҳатто дуруст дуздида наметавонад, яъне, ки фикрро дуздидӣ ҳадди ақал бо суханҳои худат ва ба иқтисоди Тоҷикистон мутобиқ карда бинавис. Бовар кунед, то ин дараҷа бесавод аст, калима ва ҷумларо иваз карда наметавонад. Ин нишонаи нотавонӣ ва аҷзу заифӣ аст академик Қобилҷон!

Расми 5b.

Маънба: https://wiki.dissernet.org/wsave/BarfievKH2010/1063.html

Магар бо чунин академики дузд илми тоҷик ояндаи дурахшон дорад? Ҳоло ман оиди мавзуи кори илмиаш ва ихтисосаш тамоман сухан накардаам! Ман шахсан дар донишгоҳи Тоҷикистон таҳсил кардаам ва аз руи таҷрибаи ҳаёти худ медонам, ки фасодзадатарин факултаҳо ин: молия (фин кредит), баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (бугалтерский учёт и аудит) ва ҳуқуқ аст. Зеро ин факултаҳо шуъбаҳои ғоибонаро ҳам доранд. Ҳама донишҷуён медонанд, ки касе ғоибона мехонад, аксарият бо пора зачету имтиҳонҳои худро месупорад. Ҳоло ин ки академики Раҳмонов, Қобилҷон Хушвахтзода аксарияти ҳаёти кории худро дар факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит гузаронидааст! Худ фикр кунед ва баҳо диҳед, ки дар чи қадар порагирӣ ва пора додан ин шахс даст дошт! Ин шахс дар ҳақиқат дар илми ришвату пора академик шудааст, таҷриба ва малакаи кофӣ ҳосил кардааст.

Акнун як суол ба дигар академикҳо, албатта, агар академикҳои ҳақиқӣ монда бошад. Оё шумо ҳуқуқи интихоби Президенти худро надоред? Чаро ҳатто президенти академияро як тракторчии аблаҳи порахури УЗУРПАТОР таъин мекунад? Чаро шумо мурдаҳои фикрӣ ва мантиқӣ як бухгалтерро ҳамчун президенти худ қабул кардед? Оё шарм намедоред?

Фарҳод Раҳимӣ бо ҳама камбудиҳояш бо физикаи назариявӣ машғул буд, ин аблаҳи ҳозира чи? Агар бо ҳамон лаҳҷаи кучагӣ гуем як ҳисбокунак — калькулятор, ки танҳо дебиту кредитро мефаҳмад, на беш!

Мо он ҷавононе, ки дар хориҷа унвонҳои худро ҳимоя мекунем баъд аз Инқилоб бар гуратон туф мекунем! Ба чунин академикҳои мурдафикр! Ба он академикҳои чоплусу танҳо шиками худро фикр мекарда! Ин миллат номи шумоҳоро дар қатори ҳамон золимоне ,ки ботинан ин миллатро мекушанд, номнавис мекунад! Шумоҳо зеҳнан ин миллатро нобуд карда истодаед, танҳо барои шиками худу авлодатон ба пора зачету имтиҳонҳоро мегузоред! Барои як бурда нон аз дастархони хоини миллат Эмомалӣ Раҳмонов нафақат худро бо замин яксон кардед, балки авлоди худро шарманда кардед. Ман тарафдори ақидаҳои Ленин нестам, лек акнун мефаҳмам чаро ӯ мисли шумо чоплусони дарбориро ба як киштӣ бор карда аз Русия бадарға кард! Ман то ҳол дар ёд дорам чи гуна яке аз ҳамон ба ном академикон барои зачет китоби таърихи худро ба ман фурухта буд! Нафрат бар шумо!

Замона хело ва хело пеш рафта истодааст, куҷо корҳои шумо оиди мавзуъҳои гуногун ?

Куҷо он биологҳо бо фикрҳои муосир? Куҷо тухмиву дарахтон, ҳайвонҳои ба иқлими мо мутобиқ карда шуда? Куҳҳоро намебинед пур аз эрозия ва ҳар сол сел мезанад деҳаҳои Ватанро. Куҷо он дарахтоне, ки ба иқлими мо мутобиқ карда шуда? Куҷо тухмии он хурокиҳои чорпо, ки дар доманакуҳҳои мо мутобиқ карда шудааст?

Математикони амалӣ куҷо корҳои шумо? Куҷо алгоритму дигар маҳсулоти фикрии шумо? Ё илми шумо то асри 20 буд? Чаро математикаи дискретиро пеш намебаред, то ки беҳтарин алгоритмҳоро барои суперкомпютерҳо аз номи мо ба бозори ҷаҳонӣ барояд! Ё шумо танҳо барои 100сомонӣ зачет гузоштанро медонеду халос? Шуморо шоҳи ҳама илмҳои дақиқ мешуморанд ва математиконро яке аз мардумони исботхоҳ мешуморанд, дар қатори олимон! Куҷост корҳои шумо?

Физикҳо шумо ҳатто ҳамон обсерваторияи аз замони Шуравӣ мондаро натавонистед нигоҳ доред, ки дар Бадахшон ҷойгир буд. Оҳир ҳамонро ҳам тарма нобуд кард! Kуҷо реакторҳои ҳастаии замони Шуравӣ? Чаро физикҳо бо табибон якҷоя кори худро пеш намебаред ва як маркази калони саратонро ташкил накардет. Бо Росатоми Русия шартнома бастед, лек ба ҷои тайёр кардани физикҳо шумо ба кадом МГИМО равон кардед донишҷуёнро. Чаро? Як маркази калон барои муолиҷаи касалиҳои саратон, ки беҳтарин ва калонтарин дар Осиёи миёна метавонист ташкил кард, дар Тоҷикистон. Аз ҳамон Росатом тариқи шартнома метавонист циклотронҳоро гирифт/ бихарид! Дар он беморхона ҳадди ақал шаҳрвандони худро, ки касалии саратон доранд метавонистем бепул муолиҷа бикунем ва аз хориҷиҳо маблағ бигирем. Лек афсус шумо ҳам дар ҳамон ботлоқи маънавии як авлоди ҳаром ғарқ шудед!

Маблағ нест барои реакторҳо? Лек пешвои шумо ба $92 миллион як тайёраи хусусӣ бихарид. Агар он пулҳои дуздидаи тамоми авлоди Раҳмоновро бигирем 1000 сола ва 10000 сола буҷаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон мешавад!

Олими тоҷик ҳатто оиди ҳавои ифлоси ҳамон шаҳри фахр мекардаи чоплусон Душанбе, метарсад сухан бикунад! Аз мо мухолифон зориву таввало мекунад, то ки кори илмии худро барои исботи ҳавои ифлоси Душанбе истофода набарем! Oиди ҳамон ҳавои ифлосу кучаҳои пур аз партов дар ояндаи наздик чоп мекунам!

Академикҳои беамали диктатор Раҳмонов! Оё намешавад, корҳои илмии худро оиди коркарди мисол жарфои ангишт ба Раҳмонов бесавод пешкаш бикунед! Илми худи шумо аз замона хело ва хело ақибмонда ҳаст! Маъданҳои зеризаминии ин Ватанро ҳамон Раҳмонови аблаҳ бо оилаи худ ва ё чиниҳо ҳамчун ашёи хом экспорт мекунад. Чаро пружаҳои худро пешкаш намекунед оиди коркарди он ашё дар Тоҷикистон?

Академикҳои номуҳтарами Тоҷикистон бахшиш, ҳатто ҳамон зерпуши (труси) худро аз Чину дигар давлатҳо меоред! Шумо чи тавр ҳамон тавре Ленин мегуфт «Гавно нации»! Дар ҳақиқат партови маънавии ин миллат гаштаед, қадри илму донишро ба дараҷае паст кардед, ки ягон майда дар байни мардум қадр надоред! То кай ин миллат зардолуву дигар маҳсулоти аграрии худро экспорт мекунад? То кай? Куҷо пружаҳои шумоён барои сохтани коргоҳҳои гуногун!

Бо интихоби ин гусфанди нав ва порахур Хушвахтзода Қобилҷон аз тарафи Раҳмонов бояд ҷанозаи илми тоҷикро бихонд! Шахсе, ки ҳам асардузд, ҳам порахур аст илми тоҷикро роҳбарӣ мекунад? Донишу илми Қобилҷон аз курси 2 бештар нест!

Биёед рост мегуем, ки дар қатори олимон мо ин ҳисобчиёнро, ё бо дигар лаҳфз КАЛЬКУЛЯТОР-ҳоро ба қавли русҳо «всерьез воспринимать» намекунем!

Академияи илмҳо на барои чоплусии як диктатори аблаҳ, ки фурсаташ ҳам кам мондааст, балки барои пеш бурдани ҳаёти ҷомеъа, осон кардани ҳаёти ҳамватани худ, барои фикр кардан оиди оянда, ҳадди ақал 20-30 сол бояд фаъолият кунад. На ин ки 10 асардузд омаданду худро академик ҳисоб мекунанд! Академик шудед, марҳамат вазифаи инсонии худро назди ин миллат иҷро бикунед! Даҳҳо ҳазорон ҷавонони ин миллат соҳиби унвонҳои гуногун хориҷ аз Тоҷикистон кор мекунанд, дар ҳама соҳаҳо. Оё боре ҳам тариқи сафоратҳо академикҳои аблаҳи режим бо мо дар тамос баромадед? Бо олимоне ҷавоне, ки дар чор канори дунё кор мекунанд. Бигзор мо, шахсан ман ақидаи дигари сиёсӣ дорам, лек ман фарзанди ин миллат ҳастам! Оё боре ҳам бигзор тариқи интернет як конфронс ташкил кардед? Бахшиш, шумо солхурдаҳо мисли ҳамон пешвоятон рашкин ҳастед ва аз фикрҳои нав, алалхусус аз олимони ҷавон метарсед!

Хонанда ва бинандаи азиз, бинед,ки аз дасти режими хонаводагии Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто Академияи Илмҳои Тоҷикистон пур аз фасодз ва асардуздон аст! Худ фикр кунед оянда чи мешавад, ояндаи фарзандони шумоён, ояндаи ин Ватан!

Ба қалами Далери Хуҷандӣ

Сообщение Илми Тоҷик мурд, ҷанозаашро хонданд! появились сначала на ISLOH.net.

Командаи падар бай бай, командаи Рустам хоҳи шави, сагвор хидмат мекунӣ…!
Барканории сардор (он)-и шуъбаҳои милиса дар ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон як руйдоди беназир ва бесобиқа аст. Зоҳиран вазъ ба ҳадде вахим ва ногувор будааст, ки Президент маҷбур шуд, мустақим дахолат кунад ва онҳоро аз кор биронад, он ҳам бо алфози дурушту бо мазаммату сарзанишҳову бо ҳамҳамаву бо валвала.

Аввалин пурсише, ки пеш меояд ин аст ки вазири дохилӣ -генерал Рамазон Раҳимзода куҷоро нигоҳ мекард, ки ин ҳама ҷурму ҷиноёти кормандонашро надид ва кор ба ҳадде доғу тафсон шуд, ки масъала ба «Шурои амният» кашонида шавад ва Раҳмонов ночор шаваду милисаҳои коррупсионер, кочоқчии маводди мухаддир ва қонуншиканро аз кор биандозад.

Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ дар куҷо буд, ки ин қадар тобеъини он, зердастони он, ки маъмуру масъули ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботу интизоманд, худ ба ҷиноёти сангин даст задаанд?.

Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал Файзулло Низомзода аз мақом ронда шуд. Ҳоло боз чандин нафар аз сардорони Раёсатҳо дар худи вазорат ва боз сардорони дигари ин вазорат дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва минтақаи Кулоб боястӣ дафъу рафъ шаванд.

Ба як ҳисоб Эмомалӣ Раҳмонов кори вазири дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро, ки ҳам шоиру ҳам драмматург ҳаст ва мову шумо медонем, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад 0 (нол)-О-и гирдак карду партофт. Аммо савол ин аст, ки чаро худи ӯро аз кор барканор накард ва намекунад? Магар ба ин шакли оптом-яклухт аз кор барканор кардани милисаҳо шаҳодат намедиҳад, тасдиқ намекунад, ки инҷо масъала ва мушкил дар мудирият, яъне дар худи роҳбари вазорат аст? Албатта, ҳам тасдиқ мекунад ва ҳам садфисад шаҳодат медиҳад!

«…Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифҳои хидматӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, афзудани ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайри касбӣ  дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҷониби мақомот»- ин аст тавзеҳи барканории милисаҳову прокурорҳову дигар мақомоти қудратӣ, ки дафтари матбуоти Раҳмонов эълон кард.

Магар се генерал:-Прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимов, сардори Агентии мубориза бо коррупсия Каримҷон Иброҳимзода ва сардори РВКД-и вилояти Хатлон Файзулло Низомзода касбияти паст доштанд, ноуҳдабаро ва шахсони тасодуфию коррупсионер ва қочоқчии маводи мухаддир ва дар амалҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекарданд?

Дар КДАМ-и вилояти Хатлон асосан Раёсати фаврӣ(опер)-ҳо аз мақом баркнаор шуданд ва айни ин иттиҳом ба онҳо ҳам рабт дорад. Ҳамин тавр кормандони баландмақоми Агентии мубориза бо коррупсия ва назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳам дар даруни ҳамин «формулировка» заду як шаттаӣ ба пушташон заду ҳай кард.

Бадбахтии ин миллат фақат адами риояти ҳуқуқи башар нест, адами аҳзоби сиёсӣ нест, адами плюрализм нест, адами озодиҳо, адами интихоботҳои озод ва набуди адолати иҷтимоӣ нест.

Бадбахтии бузург ва асосиву аслии ин миллати леҳу пораву тикаву лавардашуда ин аст ки тамоми иқтисодиёт ва истеҳсолот ва тиҷорат ва молия ва гумруку андоз, хулоса тамоми ончики инсон бо он зиндагӣ мекунад, дар дасти Раҳмонов ва оилаи Раҳмонов аст. Ва инҳо 1000 ба 1 молиёт (налог) намесупоранд ва инҳо 1000 ба 1( гумрук-растаможка намекунанд) ва ҷойи онҳо халқ месупорад ва аз барои ҳамин (ин як сиёсати махсус ва ҳисобшуда аст) яки ин мардум ҳиҷ гоҳ ду намешавад ва маошу пешааш ва даромадаш рӯзгорашро пеш намебарад ва ба ҷуз таъмини амнияти қаламрави ишками худу оилааш дар бораи ҳеҷ чизи дигар фикр карда наметавонад, фурсат намеёбад ва барои ҳамин ночору ноилоҷ дару палаашро қуфл мезанад, ба ҳамсояаш месупорад ва хонахез мекучаду меравад Русия.

Чунки дар ватан ишкамашро сер карда наметавонад, куҷо расад ба фикри ҳуқуқҳои инсониаш. Тамоми мушкилоти дигар бар болои ҳамин мушкилот (пора, коррупсия, маводди мухаддир…) зам илова ва афзуда мешавад ва миёни ин миллат камари ин мардум руи ростиро намебинад

Меравад мардикорӣ мекунад, девор мезанад, раҳ мерубад,…фалон фалон корҳоро мекунад ва ба хотири инки ба ҳамқишлоқиаш нишон диҳад, ки ӯ ҳам одам аст, ӯ ҳам метавонад деги ош монаду чор ҳақу ҳамсояро ҷамъу кунад хатнаи бачаашро баргузор кунад (Раҳмонов мегуяд хатна зарар дорад) ё туйи арусӣ танзим меояду биринҷи даруни дегашро чену баркаш мекунаду мераваду ҷарима мекунад ва туйи ин нафари бечораро ба азо бадал мекунад.

Ҳамин аст ҳукумати Раҳмонов

Ҳоло аз кадом тағйироти кадрӣ мегуяд?

Қунғуротро мегираду Ҷонузоқро мемонад, Буқачаро мегираду Бузмакро меорад, Хоркашу мераваду Хаскаш меояд, Достак мераваду Теша меояд. Магар чизе иваз мешавад?

Раҳмонов тавре гап мезанад, ки вай фаришта асту дигарҳо ҳама дуздунопоку коррупсионер.

«Ҷаноб худаш одами хубу давру бараш безеб, подножка медиҳанд, обруша мерезонанд,….ана дидед, ки боз чистка кард, лекин танҳо аст, тоқа аст».

Хулоса, тавре ребу найранг мекунанду худи Ҷанобро фариштаву давру барашро ғулу ифриту деву аҷинаву иблис мегуянд.

Э, мардум, бахудо қасам ин тавр нест! Валлоҳӣ ин тавр нест! Магар дар куҷо дидед, ки фаришта бо дев ё ҷину аҷину иблису ифрит ҳамкору ҳамнишасту ҳамканор бошад? Ин худаш иблис, ин худаш ифрит ва ин худаш деву даду ҷину аҷину мору аждаҳову наҳангу алабстиву ғул аст, ки ҳамнишасту ҳамроҳанаш ҳам айни худашанд ва айнан ҳамингуна тоифаро дар гирдаш гирду ғун мекунад.

Ин нақшаву нияташ тамоман дигар аст. На пешгирии коррпусия, на пешгирии маводди мухаддир ва ҷилавгирӣ аз қонуншиканиву дигару дигар. Бубинед, ки агар ин дилу нияти поку софу зулол дошт, дар раъси Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон киро овард? Дар ҷое,ки Муҳаммад Осимӣ, Улмас Мирсаидов, Собит Неъматуллоев, Мамадшо Илолов ва Фарҳод Раҳимӣ, ки ҳар яке дар арсаи улум на танҳо дар Тоҷикистон дар хориҷ аз он шуҳраи офоқ буданд ва навовариву ихтирооти ҷаҳоншумул кардаанд, кӣ омад? Як асардузд ва як плагиатор, ки сафҳасафҳа дуздиҳои вай аз китоби олими русро «Диссернет» ифшо кард. Магар як чунин нафарро овардан дар раъси Академия бо нияту хайру нек аст? Қобилҷон Барифевичи дузд барои он Президенти АМИТ карда шуд, ки данғарагӣ аст. Ҳамшаҳрии Раҳмонов. Аз ин зиёдтар кадр надорад. Шоиставу сазовораш ҳамин аст. Бале, намунаи барҷастаи тағйироти ахири кадрӣ овардани ҳамин гуна як номанорасида, як гузи фалак, як алифро аз таёқ фарқ намекарагӣ дар мақоми Презиенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст. Бор худоё, ин чи ихтироъ кардааст, чи навиштааст, чи кори илмӣ кардааст?

Бо аввалин омаданаш ба ҳайси президенти Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон таблиғро аз “Паёми пешво” ва ҷоннок кардани мубориза бар зидди “Ислоҳ”у мухолифинро шурӯъ кард. Охир ин чи бадбахтӣ ҳаст ? Ин давлат магар ҷуз ин дигар коре надорад ?

Тамоми тағйироти кадрии Раҳмонов дар намунаии  ҳамин дузди интернетӣ хулоса ва натиҷа мешавад. Танҳо инки вай аз Данғара аст, танҳо инки Сумбулоғо (Асадулло Раҳмон-ёрдамии умури кадрии Раҳмонов) аз Данғра аст, танҳо инки Озода Раҳмон аз Данғара аст ва танҳо инки Раҳмонов аз Данғара аст ин кор сурат гирифт.

Дар ҳиҷ давру замоне афроде назири Қобилҷон Барфиевич ҳатто котиб намешуд.

Чанд соли пеш бачаи Нуриддин Ҷартиевичро оварду раиси  Оҷонсии назорати хадамоти маориф монд. Ба даст ғалтиду пул доду ҷонашро раҳонд. Дукаратдуро намедонист. Аммо аз Данғара буд!!!

Магар раиси ҷумҳурӣ кори дигар надорад, ки сардори милиса, сардори управления дар Хатлонро аз кор мегирад? Ва боз дар як ҷаласаи махсуси Шурои амният. Зери коса чи нимкоса аст ва ё баракс зери нимкоса коса? Бовар кунед, ки инҷо зери нимкоса коса аст!

Дар ин мақомҳои холишуда дақиқу аниқ одамҳои Зоир, одамҳои Тоҷиддин -командир одамҳои Исмоил меоянд. Зоиру Бузмакову Шоҳруху одамҳояшон меоянд ва роҳ барои Рустаму Шоҳрух ҳуй шуда истодааст. Коррупсия, маводи мухаддир ва изофанавиву пули бюҷетро списат кардану дигару дигарро дар Хатлон кӣ мекунад?

Ними Қурған дар дасти Шариф богати падари Зоиру амаки Шамсуллову қудои Раҳмонову   Исмоили дастбахайр, ними дигараш ҳам дар дасти Ҳасану ҳоҷӣ Амону ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Раҳматуллову Муҳибуллои номард бошаму зинда бошам ва қисмати дигараш дар дасти Абдуҷаббор Зардию Абдумумин Ятимови додари СС.Ятимову Муроди телеху Мансур Умарову дигару дигар аст, ки инҳо дигар ҳам худро ва ҳам ақориби худро бо шароити «иқтисоди озод» ва мутобиқ карда ва «шарикони рушд»-и давлат, яъне Раҳмонов ҳастанд. Дар чунин вазъияту дар чунин ҳолат аз Зуҳра, аз Зуҳал, аз Муштариву Мирриху Офтобу Моҳтобу Уторид ҳам Прокурору Генпрокурори МВДеву КГБеву Коррупсия биёрӣ ҳам чи иваз мешавад? Вақте ҷиноятро Юсуф Раҳмонов содир мекунад, шарики пораву коррупсияи Абдураҳим Раҳимов аст аз гирифтани Абдураҳим Раҳимов чи тағйир мехурад?  Магар инҳо пораву ришвату наркобизнесро тоқа мекарданд? Магар Юсуф Раҳмон худаш наркобарон нест?

Дар Хатлон генерал адмирал, маршал оварӣ фоидаат надорад Раҳмонов. Муҳиб ва ҳоҷӣ Раҳматуллоҳо дар куни ҳамааш ба лагад мезанад, идт н…йшон мекунад. Задагӣ, фалон кардагӣ. Ва онҳо ҳам лому мим намегуянд. «сағра додари Азизмояе, хусурбачаи Раҳмоноваяе…» Кӣ душок мекунад?

Ана дар куҷо аст реша ва аслу бунёди тамоми бадбахтӣ! Бармегардад ба худи Раҳмонов ва оилаи вай.

Мантиқ талаб мекунад, ки дар ин ҳолат  Раҳмонов эълон карду эрод гирифт бояд вазир биравад, бояд Прокурори генералӣ биравад бояд раиси КДАМ ва Агентиҳо бираванд. Аммо… Дар таги пойи Умедаи духтари СС.Ятимов мошини Ҳоҷӣ Ҳалим аст. Инчунин беш аз сӣ мағоза ва хонаҳои бо ҳашамат дорад як Умеда. Магар сардори раёсати фаврии КДАм дар Хатлон чи кор бикунад? Надуздад? Нахурад? Пора нагирад? Бо наркотик шарик нашавад? Вай ҳам зиндагӣ дорад, вай ҳам бача, вай ҳам  деги сиёҳ дорад. Чаро танҳо як духтари Ятимов дар сентри Душанбе 30 мағозаи хуруд бузург дошта метавонаду он сардори Раёсати фаврӣ не?

Бори дигар қасам ба азамати Аллоҳ мехурам, ки ҳам дар пора, ҳам дар дуздӣ ва ҳам дар тиҷорати қочоқи наркотики ин афроди барканоршуда, аз ноҳия то Раёсати марказии мақомот худи роҳбарияти он шариканд.

Вақте Раҳмонов ҳукуматро ба бачааш вомегузорад дигарҳо чи бикунанд?

Домодҳо, духтарҳо, ҷиянҳо додарарусҳо руфақои Исмоил, Рустам Сомонҷон Таҳмина Муҳиддин, Зарина….

Кӣ аз хонаи Раҳмонов фукаш беруни охур аст? Ҳамаашон чаридестан

Прокурор киро дастгир кунад?

Магарам Далери Имомалӣ ва Абдуқодири Рустаму Абдухалил  Холиқзодаву амсоли инҳоро!

Ин тағйироти кадрӣ, ки гуё гузаронду сафҳои мақомотро тоза кард як масхарабозие беш нест. Прокурори Хатлон  ва ё сардори Раёсати вазорати дохилӣ дар ин вилоят ва ё сардори шуъбаи милиса ва ҳамин тариқ сардорони Раёсатҳо бояд дар назди Прокурор ва ё вазир ҷавоб диҳанд. Чаро бояд ба раиси ҷумҳур ҳисобот пас диҳанд. Дар ин ҳолат вазир ва раиси КДАМ ва Агентиҳо ва Додситон чи номаъқул мекунанд?

Чаро онҳо надиданду президент дид? Агар онҳо муртакиби ин ҳама ҷароим шуданд чаро вазир посух надиҳад? Вазир сокит буд чаро? Магар инҳо тули ин ҳама муддат, ки ҷиноят содир крадаанд, ҳатто ҷиноятҳои террористиву экстреместӣ ва наркотик чаро роҳбарони мақомот надиданд?

Мо бо итминон мегуем, ки мақсади ин поксозӣ дар ҳақиқат поккорӣ нест. Инҷо ҳадаф чизи дигар аст. Раҳмонов онҳоеро меоварад, ки беш аз инҳо ки то ҳоло буданд, садоқат ва вафодорӣ нишон бидиҳанд. Магар худи Раҳмон тофтаи ҷудобофата аст, пора намегирад, коррупсия намекунад, ба маводди мухаддир сарукор надорад?

Оптом, яклухт, три чи кӣ сто ва одном кардан барои чи? Ё инки Раҳмонов ҷамъ карду  ҷамъ карду (парвандаҳояшонро) баъд гирифт? Чаро. Манзурам инки агар Файзулло Низомзода муҷрим аст, агар Абдураҳим Раҳимов муҷрим аст, агар Каримҷон Иброҳимзода ҷиноят содир кардааст чаро ҳар кадомеашро дар вақташ айни ҷиноят нагирифт? Чаро оптом гирифт?

Фикр кардед? Ҳадаф тағйирот кадрӣ овардани шоистаҳо сазоворҳо аст? Албатат, ки не.

100% масъала масъалаи кадрҳо, масъала масъалаи коррупсия, маводди мухаддир нест. Масъала масъалаи дигар аст. Инҳо ҳам-ҳамонҳое, ки пешашон кард, худӣ буданд. Сала мегуфт каларо чобуқ мезаданд. Масъала масъалаи пул ҳам нест. Пас, масъала чи аст?

Масъала кадри боз худитар, боз оилатар, боз наздиктар боз сагисагтар аст. Саги саг. Сагвор бояд ҳифзу ҳимоят кунад.

Акнун бояд камар барои ҳифзу ҳимояти Рустам бубанданд. Бехунтарҳо, бенуртарҳо, бераҳмтарҳо, беинсофтарҳо, дуздтарҳо, гушнатарҳо меоянд.  Фикр накунед, ки созу дуруст меояд. Не.Валлоҳӣ не.

Як гурӯҳи сабзибадастҳо бо роҳбарии гейнерал Шоҳрих Саид меоянд ва хоҳ Бузмак ва хоҳ Шариф Назар ва хоҳ кали Барот ҳар касе дигар мешавад, дигар рули онҳо дар дасти Рустам ва Шоҳрух аст. Меоянд, аммо подчинатса мекунад. Агар поҳояшон шикаст, кунмолаку кунғеҷак меоянд, то пеши Шоҳрух. Ва, ба дасташ медиҳанду худаш ҳам меқапад. Ана ҳамин тоифа меоянд. Тоифае, ки сагвор ба Рустам хидмат кунанд.

Пуху прахи МВДро баровард, пухи прахи Рамазон Раҳимзодаро баровард. Дар ҷанги даруни гурӯҳи Рустаму Шоҳрух баранда шуданд. Паёми ин тағйирот дар МВД ва бақия сохторҳои қудратӣ ҳамин аст, ки дигар инҳо меоянд.

Дар ин муддат агар Раҳмонов хирс ҳам буд, мефаҳмид ва Раҳмонов хуб фаҳмидагӣ ҳам ҳаст ва возеҳу равшан медонад, ки дар манотиқу музофот чи гапу хабар аст. Чуноне домулло Зубайдуллоҳи Розиқ мегуфт : “туда хирс ҳайвонаи”. Воқиан дуруст гуфта буданд, фикр мекунед Раҳмонов  барои шумо чӣ аст?

Ҳамон гапеаш, ки гуфт як ба оина нигоҳ кунед, пеш кӣ будеду ҳоло кӣ шудед вай ҳозир лапосҳоро мебинед мана.. ва инки дар Паёми ахираш гуфт:  “ин нафси бади мост” ва “дар сотссетӣ моро масхара мекунанд”, таъйиди иддаои болои мост, ки Раҳмонов аз ҳама чиз бохабар асту хирс барои шумо ҳайвон аст? .

Аммо, ҳамаро чапғалат меандозад, роҳгум занониданӣ аст. Гуё вай ҷудо аст, гуё вай дигар асту бақия мардуми Тоҷикистон, ҳатто ҳамин СС.Ятимови махуф ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан, ки мисли вай дар ғами мардум ва миллат намебошанд ва фақат ва фақат дар фикри «нафси бади худ» ҳастанд. 100% рост мегуяд, ки инҳо аз нозири участкавӣ то сардори Раёсату то муовину то худи вазир дар фикри нафси бади худ ҳастанд.

Аммо, аммо худи Раҳмонов чӣ? Мухотаб ва муроҷеъи ин саволҳо дар аввали аввал худи худаш аст. Аммо амдан стрелкаро тоб медиҳад.

Дузди калон худи худаш аст. Магар дузд метавонад пеши роҳи дуздиро бигирад?

Ҳиҷ гоҳ гирифта наметавонад. Бадтар мешавад, аз бадтар боз садҳо, ҳазорҳо маротибаи дигар бадтар мешавад.

Ҳокимият ва ҳукумате, ки Раҳмонов сохтааст, ин система ва низоми сохтаи Раҳмонов агар аз буда бадтар нашавад, ҳукумат ва ҳокимият карда наметавонад.

Агар хоҳем хайрият шавад, беҳбуд ёбад вай бояд биравад. Система бояд биравад, режим бояд биравад. Аммо вай намеравад. Рустамро меорад, барои онки наравад. Рустам ин Авестогруппу Сиёмамолу Мармариву ..Ёвару …ҳазору як ташкилоту сохтори дигар, ки саропо дуздиву саропо ғасбу ғорат аст. Магар Рустам ояд дар ҳамин сатҳои Сиёма мол меистад? Дар ҳаминҷое, ки ҳаст меистад? Аслан ва абадан. Хуршед Мирзоеви Авестогруппашро бурду вазир монд ку?

Бояд хеле ҳам содаву ғули биёбон, нодон, аблаҳу аҳмақ буд, бовар кунӣ, умед дошта бошӣ, ки Рустам омад, хубтар мешавад. Бало намешавад. Бало мешавад, садраҳ ва садчанд зиёд бало мешаваду зиндагонии қашоқат қашоқтар ва оворагии Русияат ба сад мулки дигар иваз мегардад.

Сообщение Командаи падар бай бай, командаи Рустам хоҳи шави, сагвор хидмат мекунӣ…! появились сначала на ISLOH.net.