Архивы ДМТ - ISLOH.net

Хушхабар: «дар назди ДМТ-Маркази Эмомалишиносӣ таъсис меёбад»
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар назди ин муассисаи таълимӣ Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Тоҷикистонро таъсис хоҳад дод. Эмомалӣ Насриддинзода, ректори ин Донишгоҳ ва яқинан, муаллифи ин идеяи «нобу ҷонона» аз таъсиси ин марказ дар нишасти матбуотиаш, ки авохири моҳи январ баргузор шуд, хабар додааст.

Ва, худи ҳамон рӯз, 28 январ, хабаргузории расмии «Ховар» бо ҳуруфи калон ва титри бузург  навишт, ки «Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Тоҷикистон таъсис дода мешавад».

Ба ростӣ, ин хабарро дидаму дар аввал дар тааҷҷуб афтодам. Аммо, баъди як каме мулоҳиза воқеиятҳоро дар назар гирифтаму ба ин натиҷа расидам, ки дигар хел шуданаш, номумкин аст. Чун ин мардум, дигар дар тамаллуқу лаганбардорӣ ва чоплусиву хушомадгуӣ на ҳад мешиносанд ва на марз. Бояд ончунон тамаллуқ кунанд, лесолес кунанд, ки касе то онҳо накарда бошад. Мамдуҳро ба ваҷд оварад, хушнуду хушҳол кунад, шодӣ афзояд.

Ташкили маркази омӯзиши паёмҳои Раҳмонов далели раднопазири тамаллуқ ва думликконӣ аст. Тамаллуқ ва чоплусӣ дар мағзу пусти нафароне мисли ин ректор ҷо гирифтааст. Инҳо нафароне ҳастанд, ки тамоми буду шуди худро мадюн ва вобаставу марбути Раҳмонов медонанд, худашон касе намебуданд, касе намешуданд, агар ҳукумат дар дасти Раҳмонов набуд. Ин воқеият аст. Аз ин рӯ аз умқи ҷон мехоҳанд, ки барои онки инҳоро сохтаасту одам ва кас кардааст ба вай хизмате, карда бошанд, то ризои ӯро ба даст оваранд, худро ширинтар ва ширештар кунанд ва сарсупурда нишон диҳанд, гушнишон созанд, ки Раҳмонов дар сохтани онҳо иштибоҳ накардааст ва онҳо бо ҳар чизе, ки доранд, дар ҳар ҷое, ки дар сари коранд, барои вай кор мекунанд.

Шаб хоб мераванд, дар тафовут аз мусулмонҳои олам калима арза намекунанд, салавот намефиристанд, астағфируллоҳ намегуянд, сар ба болин Раҳмонов мегуянд, ҷаноби оливу пешвову шоҳам мегуянд. Фикр мекунанд, ки чи коре бикунанд, ки мавриди марҳамат ва лутфи Раҳмонов қарор бигиранд, то онҳоро аз он курсӣ, ки додааст, маҳрум насозад.

Худоё,паноҳ!  Ин қадар тамаллуқ, хушомаду чоплусӣ ва ин қадар худширинкунӣ, худро то ин ҳад пасту поин овардан барои як нафаре, ки худро мард мешуморад, то чи ҳад муносиб аст?  Албатта, ки тамаллуқи оммавӣ ва лесолеси иҷтимоӣ барои ҳифзи курсиву мансаб аст. Дигар чизе нест.

Дар кадом гушаи дунё, дар кадом давлати дигари дунё ин вазъу ҳолро дидаед?

Чанд соли пеш буд, ки аз таъсиси Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешво хабар дода буданд. Дар ҳамин хабари «Ховар» аз ин «маркази илмӣ-таҳқиқотӣ» ҳам ёдоварӣ карда шудааст. Муаллифи хабар навиштааст:

«Бояд гуфт, ки аз 21 декабри соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дорад.

Тавре директори Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамолиддин Шарифзода иброз намуд, дар ин марказ барои омӯзиши таҷрибаи нодири мактаби давлатдории Пешвои миллат  пажуҳиши илмӣ гузаронида мешавад. Ба марказ магистрантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёне, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои гуногун доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳаёти сиёсии мамлакат анҷом медиҳанд, ҷалб мегарданд.

Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Президенти Тоҷикистон ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд».

Ба як нуктаи ҷолиб мутаваҷҷеҳ бишавед. Дар ин хабар таъкид мешавад, ки соли 2022 «бо ташаббуси Донишгоҳи миллӣ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат» ташкил  шуда буд. Яъне пеш аз ташкили маркази паёмшиносӣ, Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат низ дар назди ин Донишгоҳ ташкил шудааст.

Он замон ректори ин Донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода, як доктори тақаллубии илм буд, ки «диссернет» аз асардуздии вай ифшокориҳо кардааст. Аммо ин ташабускори ташкили «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат» бар ивази ин «ташаббус» бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов баъди чанде курсии раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ишғол кард.

Ку, бубинем, ки Эмомалӣ Насриддинзода, ки чанде пештар ёрдамчии Раҳмонов дар умури иҷтимоӣ буд, то чанд вақти баъд курсии вазорати маорифро соҳиб мешавад ё хайр? Чунки дар пайравӣ аз Хушвақтзода ӯ ҳам «ташаббус» нишон дод. Ҳам Қобилҷон Хушвақтзода ва ҳам Эмомалӣ Насриддинзода аз Данғара, ҳаммаҳалҳои худи Эмомалӣ Раҳмонованд.

Аммо, бале, боз ҳам аммо…дар ҳеҷ гушаи дунё надидам ва нахондам ва наёфтам, ки маркази паёмшиносии дигаре вуҷуд дошта бошад. Дар Гугл, Яндекс. Википедия амсоли инро ёбам гуфтам нест.

Рӯзи паёми Раҳмонов, 28 декабр айни ҷазу доғи светкушӣ, свет доданд. Коргарҳоро дар корхонаҳо, талабаву донишҷуёну муаллимону омузгоронро дар толорҳо, табибону беморонро дар бемористонҳо, вазоратҳоро дар вазорат, кумитаҳоро дар кумита, сарҳадбону сарбозонро дар казарма , хуллас, рамаҳоро дар кашар говҳоро дар фермаҳо ҷамъу ғун карданд, зиндагиро карахт карданду ях занониданд, то инки ҳама зери экранҳо шинанду паём бишнаванд. Ҳатто занҳоро дар родзали Истиқлол бо широкий ва плоский экран таъмин карданд, ки то аз паём канор намонанд.

Он рӯз свет доданд, он рӯз кору зиндагиро карахту ях занонданд, он рӯз прямой эфир, прямой транслатсия карданд. Свет набуд, аммо аз куҷое светро ёфтанду оварданду доданд. Лимитро фаромӯш карданд. Худашон, ки чӣ, паёмашон ҳам пурфайз бобаракат аст, барои то обед ҳам буд, он рӯз ба Тоҷикистон хушҳоливу хурсандӣ овард.

Ана, акнун ду моҳ мешавад, ки на шабакаҳои телевизионӣ дам мегиранд, на радиову газетаҳо. Ҳамин як ё ду соатӣ светдорӣ фақат паём мегуянд. Вакилони Маҷлис толор ба толор маъниҳои Паёмро ба мардум фаҳмонида истодаанд. Ингор Паёми Ҷаноб бо сабки ҳиндӣ, навишат шуда бошад, ингор ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил мушкилфаҳму лозим ба шарҳу тафсир бошад.

Хуллас, дигар паём гуӣ кас мехоҳад қай кунад, истифроғ кунад. Аз таги дил буроврад мекунад, зардаҷуш мекунад. Дар ҳамаҷо паём. Аз бозору бемористон бигир то фермаву рама ҳарф ҳарфи паём. Ин ҳама камӣ кардааст, дилашон хунак намешавад, боз дар садади ташкили «маркази паёмшиносӣ» баромадаанд.

Яъне чӣ?

Барои Раҳмонов рейтинг месозанд, барои Раҳмонов имиҷ месозанд, барои Раҳмонов ном месозанд, барои Раҳмонов электорат-пойгоҳи иҷтимоӣ месозанд? Ин чоплусони тардоман намедонанд, ки чи кор кунанд? Ба сарашон бардоранд, кулоҳ созанд, курпа кунанду дар руяшон гиранд, болояшон кашанд.

Намедонанд, ки чи хел лесанд, чи хел хушомад зананд, аз куҷояш доранду ба даҳонашон андозанд.

Инҳо дигар Раҳмоновро қотӣ кардаанд, ҳисобашон гум, фикр мекунанд, роҳу усулу васила меҷуянд, то худро наздик нишон диҳанд, очко гиранд, граммота гиранд. Важний ва умний, полний идея нишон диҳанд. Раҳмонов пеши назар гирад, руи хотир бинад ва бимонад, ки боз чанд солаке дигар дар мансаб бошанду битозанду ғорат кунанд.

Ғулом бояд бо забонаш ҳамаҷои хоҷаро билесад, ғулом бояд коре кунад, ки хоҷа хуш бошад. Ин мардум мехоҳанд бардорбардор кунанд Раҳмоновро, боло бардоранд, болои боло. Аммо намедонанд куҷо, то куҷо? Мехоҳанд бут созанд, аммо чи навъ буте? Бовар кунед ҳамин дини ислом ҳасту ибодати ғайри Аллоҳро иҷозат намедиҳаду чунин кунандагонро мушрик меномад. Боварам кунед агар роҳашро пайдо кунанд ҳатман дар мавриди тақдиси Раҳмонов коре мекунанд, то ӯ хушҳол бошад аз ин чоплусҳо. Руҳашон, номусашон, ғурурашон, нангашон, ҳайбаташон, салобаташон, тавҳидашон ҷароҳидор шавад, ҷароҳат гирад, алъаёзу биллоҳ мушрик шаванд ҳам боке не. Фақат хоҷа хушнуд бошад.

Чи кор кунанд, намедонанд, наметавонад. Дар масҷид оварданаш, дар ҷойи мавъизаҳо, дар китобҳо оварданаш дар ҷойи Ленин, ҳайкали модарашро шиноданд, дар ҷойи Надежда Константинова Крупская, ҲХДТро оварданд дар ҷойи КПСС, осорхонааш сохтанд, китобҳо дар номаш навиштанд, ҳатто тандиси сементии китобашро дар Ҳисор гузоштанд…

Мехоҳанд савори Буроқаш ҳам  кунанду ба олами боло ҳам фиристандаш. Куҷоҳое бурданашу бардоштанаш, аммо зурашон намерасад. Охир аз як ПТУшник ҳарчи бисозед намешавад. Камтар таъаммулу андеша кунед!

Тамоми миллату мардум ба сӯйи Аллоҳ рукуъу саҷда куанд,инҳо ба самти Раҳмонов.

Инҳо розианд каблук-пошна бошанд, памперсу подгузник-уребчаву кунгирак бошанд, пайтобаву пайпоқ бошанд, фақат инки Раҳмонов шод бошад. Инҳо дар ёди Худо, ёди Расули Худо нестанд ба ёди Раҳмонованд.

Чизе аз ғурур, чизе аз номус, чизе аз виҷдон, чизе аз одамият, чизе аз мардӣ намондааст.

Раҳмонов барои инҳо ҳама чиз аст: падар, модар, расул, Худо (наъузубиллоҳ). Агар як мусулмон зикри Аллоҳ кунад, инҳо аз Раҳмонов зикр мекунад.

Раҳмонов дар сираташон, дар сиришташон аст. Инҳо бе Раҳмонов худро одам намеҳисобанд. Инҳо на аз Худо, ҳамаро аз Раҳмонов медонанду мепиндоранд.

Боз як нуктаи ҷолиб

Кору амали Раҳмоновро бидуни истиҳола ва бидуни вақфа тамҷиду тавсифу  тавҷеҳу тарҷеҳ мекунанд. Аммо аз як кори вай чизе намегуянд. Раҳмонов трижди, четириждӣ ва ё зиёдтар ҳоҷӣ шуда аст. Инки маҳз барои тавоф рафта бошад, зери савол аст, аммо чанд бор умра рафт ва ҳатто лоф ҳам зада буданд, ки даруни ҳарам даромад.

Аммо аз ин боб ва қисмати рӯзгораш дам намезананд. Чунки худи Раҳмонов намехоҳад. Дар осорхонааш ҳам ҳеҷ аксу мусавварае аз ин боб нест. Чунки ҳаҷҷи умра  карда бошад ҳам бенамоз буд, бенамоз монд, арақхур буд, арақхур монд.

Онҳо руҳияи ва фикри Раҳмоновро хондаанду медонанд. Медонанд,ки  Раҳмонов бандагии Худоро қабул накардааст. Агар қабул мекард, намегуфт рӯзаро хуреду зардолу чинед, масҷид наоед. Масҷид омаден тез намозотона хонда бароед аз масҷид. Мабодо онҷо ҳама ҷамъшуда нақшае бар алайҳи ману ҳокимияти ман накашед.

Мехоҳанд аз Раҳмонов як фароинсон, як ғайриодӣ, як уъҷуба як хориқулодда нишон диҳад.

Ростӣ, намедонам ин шунавидаам то чи ҳад сиҳат дорад, аммо гуфтанд, ки мехоҳанд ҷасади наҷосати вайро Раҳмоновро мумиёӣ мисли ҷасади Ленин кунанд. Дар зери ҳайкали Сомонӣ гузоранд. Мавзолей созанд. Ва гапгап будааст, ки ба раёсати ин мавзолей номзадии Абдулло Раҳнаморо баргузиданианд. Ва, гуё ҳоло Раҳнамо рутбаи махфиёнаи полковники амният додаанд.

Ман, намедонам, ки ин хабар ба гуши Ато Мирхоҷа ҳам, ки паёмсарои дигари ӯст расида бошад ё хайр, аммо ҳатман мерасад.

Вале махсусан СС.Ятимов ба Абдуллои Раҳнамо бонии мурдаи Раҳмоновро бовар кардааст.

Як саволи оддӣ. Дар кадом донишгоҳи дунё Маркази омузиши паём ташкил кардаанд? Паём чист, ки онро омӯзанд? Дар донишгоҳҳои дунё илм меомузанд, дар донишгоҳҳои мо паём омузанд? Паём чӣ илм аст, чӣ илм дорад?

Масалан ҳаминки «Паёмбаронро модар ба дунё овардааст» ё инки: «Агар падар мурд ва кудак модар дошта бошад он кудак ятим нест» Маркази паём шиносӣ масалан ин ду сухани Раҳмоновро чи гуна шарҳу тафсир мекунанд ? Куҷои ин суханон оқилонаанд? Касе даъво кардааст паёмбаронро падаронашон ба дунё овардааст? Ё паёмбарон аз осмон ба замин ба гуфтаи дигар Раҳмонов «чакидаанд»? Ё мехоҳад бигуяд ман падар надорам ва танҳо модар дорам бо ин гуфтааш аз ҳама мардони миллат мехоҳад қасд бигираду мардонро зиндонӣ ва муҳоҷиру дарбадар кунад, то ҳама дарди бепадар калон шудани ӯро дарк кунанд? Охир ин чи тафсири дигаре метавонад дошта бошад?

Ховар навиштааст,ки:

«Иброз гардид,  ки ин маркази омӯзишӣ барои донишҷӯён таъсис дода мешавад, то  муҳтавои паёмҳои Президенти Тоҷикистонро, ки инъикосгари самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошанд, ҳамаҷониба омӯзанд».

Бор, Худоё! Ин чи рӯзу рӯзгоре? Ба ин ҳадду андоза, ба ин тарзу тариқ хушомад, тамаллуқ, кунлесӣ, чоплусӣ? Намедонанд, ки чи бигуянд? Байни ҳам дар сабқату соревнованний задаанд. Кӣ бояд бештар ва болотар, баландтар хушомад  занад?

Феълан, ончуноне мебинем Эмомалӣ Насриддинзода аз Абдулло Раҳнамову Ато Мирхоҷа ва амсолаҳум пешӣ гирифтааст, ҷилав рафтааст.

Аммо «Маркази омузиши паёмҳои Президенти Тоҷикистон

Бор, Худоё! Ин миллат ва ин мардумро ба чи хоки зиллате нишонда истодаанд. Чи гапе хабаре, ки намешунавӣ? «Паёми Президент яъне чӣ?»

Паёми Раҳмонов чи дорад? Ба ростӣ чӣ дорад, ки барои он «маркази омузишӣ» таъсис дода бишавад? Чиӣ онро, чи чизи онро бояд биомӯзанд? Паёми Раҳмоновро, ки биомӯзанд чи бишавад, чи хоҳад шуд?  Осори яксадуандҷилдии Ленин куҷо шуд, чи расад ба паёми Раҳмонов, ки ҳар сол содир ва истихроҷ мешавад ва як гузориши муқаррарии ҳукумат аст ки барои мисол раиси ҷумҳури Амрико, Русия, барои мисол Қазоқистону Узбакистон ва Белорус ҳар сол ироа мекунад. Инки ягон чизи дигаре нест, ки барои он маркази омӯзишӣ таъсис дода бишавад.

Масалан донишомӯзон, аспирантон, магистрантон, докторантон аз ин паём чи илм бигиранд? Фардо, ки Раҳмонов несту касе дигар меояд. Баъд чӣ? Ҳатто бигзор Рустам ояд. Пас бояд маркази паёмшиносии Рустам таъсис мешавад?

Шумо ҷомеаро, мардумро хар фарз кардаед? Ба кӣ даркор ин паёми бесарунугу дурударози каммояи бемаънии Раҳмонов? Яъне бояд мунтазир бишавем, ки фардо номзади улуми паёмшиносӣ, доктори улуми паёмшиносӣ хоҳем дошт? Паём як чизи муваққатӣ, як чизи даргузар аст. Омӯзиши он ба чи дард мехурад. Як донишҷу паём омузад, чи мешавад? Паём чи дорад, ки омӯхта шавад?

Озмуни беҳтарин хонандаи осори Пешво, ташкили осорхонаи пешво, ташкили маркази илмӣ тадқиқотии Пешво, яъне чӣ? Магар мардуми тоҷик чизе барои донистану омӯхтан надорад? Магар мардуми тоҷик касеву чизе набуд.

Барои онки ту худатро ширин кунӣ, бояд Донишгоҳи миллиро ба буткада мубаддал созӣ.

Бо омӯхтани он «облава» аз байн меравад? свети мардум доимӣ мешавад? аз муҳоҷират бармегарданд? дари масоҷид ҳуй мешавад? арзонию ободӣ мешавад? ба Мирриху Уторид мебароем? Чи дорад ин паём? Магар фақат Раҳмонов паём медиҳад? Президенти Амрико, Фаронса ,Русия, Узбекистон ва дигар давлатҳо паём намедиҳанд? Ва ё ҳадафи шумо ин аст ки бояд бо ин пешниҳоди «ҷолиби рангин» барҷаста шавед, намоён шавед, ҷалби таваҷҷӯҳи Озода кунед ва таҳсину офарини Раҳмоновро бигиред ва ё аз Ато Мирхоҷа яксару гардан бештар лаганбардорӣ кунед, ки мегуфт: Путину Трампу Си Ҷинпин вақти паёми Раҳмонов хапу дам шишта тамошову гушаш мекунанд ва ё хостед аз Абдулло Раҳнамои паёмшоир ё шоирпаём паёмсаро ҳам гузаронед.

Агар бихоҳед, ки Раҳмоновро бишиносед, ба ҳодисаи 3 феврали зиндони Ваҳдат муроҷиат кунед.

Ба ҳоли табоҳи Зарифӣ нигоҳ кунед. Як мусафеди 72андсола 27 сол гирифт. Мусодараи молу амвол шуд.

Ба Рухшона Ҳакимова ва ду кудаки ноболиғи якеаш ширхора ва инки 200.000 сомониашро ғасб карданд нигаред.

Гапҳое, ки берун аз тексти паём ё ҳар суханрониву суҳбатҳояш мегуяд ба донишомӯзон (донишомӯз) кори илмӣ диҳед. Масалан бо хун омадем бо хун меравем, Ислом Каримов отамиз,

Ё чуноне гутф буд: «мачида ки омадӣ намозта бхон бра ба сиёсат қуш шудӣ дар гушаи зиндон қарор мегирӣ».

Бовар кунед бо ин пешниҳоди шармандаатон, аслан бо ҳузури дилбеҷокунандатон ҳамаҷоро ҷазир кардед, на дар ҳукумат ва на дар миллат обру монд. Ҳамин илмро ҳам дуздидеду диссернетӣ шудед ва ҳукуматро то мушовиру вазиру дигару дигаратон аз диссернетӣ пур кардед. Акнун бояд илм ҳам мазоҳу мазҳака шавад. Қаблан унвонҳоро дуздидед. Мутаассифона ин ҳам бо номи тоҷик аст, тоҷик. Тоҷикро чи кор кардед. Хору залилу забун кардед, бадном кардед, Равшану Ҷамшуду террорист кардед, бас набуд? Ҳоло дигар чи мехоҳед аз ҷони тоҷик.

Ман пешниҳод менамоям, ки дар Маркази илмӣ-тадқиқотии Пешвои миллат ва дар маркази паёмшиносӣ ин мавзуъҳо:

-пешвои миллат чи гуна ба сари қудрат омад ва бо кумаки кӣ?

-пешвои миллат ва муносибати вай бо дину оини аҷдодӣ чи гуна аст ва чаро аз ислом ва мусалмонон сахт метарсад?

-пешвои миллат чаро олимон, нависандагон зиёиёни воқеъиро чашми дидан надорад ва то имрӯз ҳамаро маҳву нобуд кард?

-пешвои миллат чуноне худаш борҳо гуфтаанд, ки бе пул ва камбағал буданд вақте ба раёсати шурои олӣ расиданд. Ин ҳама маблағ ва ҳавопаймо ва қасрҳои бо ҳашамат дар тамоми ҷумҳуриро аз кадом пул ва даромадашон сохтанд?

-пешвои миллат агар ҳомии қонун ва мардуми кишвар бошанд чаро худашон ва оилаашон қонунро итоъат намекунанд?

—пешвои миллат, чаро ба мардум барқ намедиҳад?

— чи тавр пешвои миллат  ҳаммаҳаллу ҳамшаҳриҳову авлоду баччаву духтару домодҳои расмиву ғайрирасмиашро ба мансабҳои овардааст?

—пешвои миллат чаро маҳалгироӣ ва авлодпарастиро сиёсати давлатии хеш қарор додааст?

Онҳое ин нукот ва асрори ин саволҳоро пайдо карданд ба онҳо унвонҳои докторӣ диҳед!

Ҳатман нақши Данғара ва кадрҳои Данғара дар сиёсати кадрии Раҳмонов, нақши Раҳмонов ва авлоди вай дар сирқат ва тороҷи дороиҳои кишвар, то ғасбу тасарруфи кумури Ғузни Масчову Назарайлоқ то Кантеву Зиддиву Ҷиҷик, то конҳои тилло,то Талкову  дигару дигарашро ҳам кори илмӣ диҳед. IRS-ин роҳзани домоду духтари Раҳмоновро ҳатман кори докторӣ диҳед!

Аз ҳақ ҳам набигазарем рӯйи ин нукот ҳам кор кунед:

Фазои сиёсӣ чи гуна аст?

Чаро аҳзоби оппозитсионӣ нестанд?

Интихоботҳо чи гуна мегузаранд, нақши Абдуҳалим Ғаффорзода дар машруияти интихоботи Раҳмонов?

Чаро нашрияҳои мустақил нестанд?

Киҳо дар зиндонанд ва чаро?

Моликияти сарватмандонро Раҳмонов чи гуна забт кард?

Нақши Зоир, Шамсулло Ҷамолиддин Ашраф, Зарифбек, Рамз ва Сафар дар таҳкими давлати сохтаи Пешво ва дар афзоиши набераҳо Раҳмонов ҳам бояд мавзуи чанд кори курсиву дипломӣ шавад?

Дар ин марказ феҳристи корхонаҳо, ширкатҳои Пешво бояд омӯхта шавад?

Бояд шеваҳои дуздӣ дақиқан омухта шавад?

Бояд чи гуна ҳукуматро маҳаллӣ ва хонаводаӣ кардан омухта шавад?

бояд бесветии наздики сисола омӯхта шавад ва тули ин се даҳа мардумро чи гуна сокиту ором нигоҳ доштанаш хело муҳим аст?

Бояд чи гуна ба сари қудрат омаданаш омухта шавад?

Бояд ба шакли ҷиддӣ омухта бишавад, ки харҷу масрафи ин Оила ба бюҷети Тоҷикистон чи қадар нарх дорад?

Охраннаҳояш чи қадар музд мегиранд ва чи гуна афроде ҳастанд,ки ин ҳама бедодиро дида боз ҳам ӯро ҳимоят кардаанд?

Инчунин инро низ бояд омӯзанд,ки Раҳмон чанд охрана дорад, масалан Рустам масалан Озода, масалан Рухшона, масалан Зарина…масалан хонаи инҳо свет дорад, отопленний дорад, гарм аст ва чаро хонаи ин гарм асту хонаи мардум сард?

Ҳоло кӣ аввалин шуда доктор ё кондиди улуми паёмшиносӣ мешуда бошад? Ин «осори илмӣ» дар тақризи Абдулло Раҳнамо, паёмсарои бузург ҳимоя мешуда бошад?

Тавсияи хело муҳим!

Ман тавсия медиҳам, ки барои рушду ривоҷи ин маркази навтаъсис Абдулло Раҳнамо мудир ё раиси он таъин карда шавад. Шояд бо ин  баҳона якборакак бо Ҷаноби олӣ аз наздик дидор кунад, то дар дилаш ҳасрат намонад.

Ва дар охир аз устодони Маркази паёмшиносӣ ва махсусан аз Эмомалӣ Насриддинзода мехоҳем ба унвони адабиёти иловагӣ аз ин матолиб низ дар корҳои илмиашон истифода кунанд:

От Рахмонова до Рахмона. Как эволюционировал бессменный лидер Таджикистана https://aif.ru/politics/world/ot_rahmonova_do_rahmona_kak_evolyucioniroval_bessmennyy_lider_tadzhikistana

Дети и зятья Рахмона — что они контролируют и какие посты занимают

https://ru.sputnik.kg/20210503/tadzhiikistan-rahmon-deti-zyatya-vnuki-1052376753.html

18:02 03.05.2021 (обновлено: 14:27 14.12.2021)

Его превосходительство Предводитель нации: культ личности в Таджикистане

«Он предпочтёт 90% от пирога в десять баксов, чем треть от пирога в сотню баксов».

Кумовство, коррупция и загадочные смерти: как один и тот же человек правит Таджикистаном уже четвёртое десятилетие https://republic.ru/posts/113862

Чудеса и контрасты Средней Азии. Часть последняя — Таджикистан и его Рахмон⁠⁠ https://pikabu.ru/story/chudesa_i_kontrastyi_sredney_azii_chast_poslednyaya__tadzhikistan_i_ego_rakhmon_11710662

Восточные тонкости: Рахмон поговорил с Путиным на языке азиатской политики https://news.ru/cis/vostochnye-tonkosti-rahmon-pogovoril-s-putinym-na-yazyke-aziatskoj-politiki/

Что стояло за обращением президента Таджикистана к президенту России на саммите в Астане

18 окт 2022 в 01:00

Автор: Олег Кусов

ОХОТА ЗА «НАСЛЕДСТВОМ» ЭМОМАЛИ РАХМОНА https://www.sovsekretno.ru/articles/politika/okhota-za-nasledstvom-emomali-rakhmona200323

9 фактов о президенте Таджикистана, о которых вы не знали

https://ia-centr.ru/publications/9-faktov-o-prezidente-tadzhikistana-o-kotorykh-vy-ne-znali/

Месть, обида, манипуляции… Политологи расшифровали обращение Рахмона к Путину 15 октября 2022, 16:30

https://newizv.ru/news/2022-10-15/mest-obida-manipulyatsii-politologi-rasshifrovali-obraschenie-rahmona-k-putinu-369700

Из “шныря” в президенты. Как Рахмон пришел к власти Автор K-News — 20:29, 02.05.2021 https://knews.kg/2021/05/02/iz-shnyrya-v-prezidenty-kak-rahmon-prishel-k-vlasti/

Политический портрет «Э. Рахмон» https://infourok.ru/politicheskij-portret-e-rahmon-6255672.html

Эмомали Рахмон, абсолютный монарх Таджикистана

При использовании материала просим указывать источник argumenti.ru

Журналисты обнаружили у одной из дочерей Эмомали Рахмона «медицинскую империю» https://fergana.media/news/131570/

Сколько денег у Эмомали Рахмона https://www.rich-list.ru/emomali-rahmon

Фестивали “шикамченкунӣ” бо иштироки Эмомалӣ дар Хуҷанд https://isloh.net/festivali-shikamchenkun-bo-ishtiroki-emomal-dar-xu-and

Эмомалии террорист, мизбони Конфронси “Муқовимат бо терроризм

Эмомалии террорист, мизбони Конфронси “Муқовимат бо терроризм”

Э. Раҳмонов: «Дар вилояти Суғд бачаҳои Нуробод хостанд мана бикушанд?» https://isloh.net/e-rahmonov-dar-viloyati-suғd-bachahoi-nurobod-khostand-mana-bikushand

Э. Раҳмонов!!! Ғарм наё, мо ай афти хунукут безорем!

Э. Раҳмонов!!! Ғарм наё, мо ай афти хунукут безорем!

Асосгузор-пешво-қаҳрамони дуздию ғорату  тороҷ Эмомалӣ Раҳмонов https://isloh.net/asosguzor-peshvo-қahramoni-duzdiyu-ғoratu-toroҷ-emomalӣ-rahmonov

СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд? https://isloh.net/ss-yatimov-ham-rahmonovro-chapa-kardanӣ-bud

Э. Раҳмонов спонсори давлати террористӣ https://isloh.net/e-rahmonov-sponsori-davlati-terroristӣ

Раҳмонов рафтанӣ нест? Тоҷикистонро марг аз Раҳмонов наҷот хоҳад дод! https://isloh.net/rahmonov-raftanӣ-nest-toҷikistonro-marg-az-rahmonov-naҷot-khohad-dod

Чаро Раҳмонов дар доираи қонун намегунҷад https://isloh.net/charo-rahmonov-dar-doirai-қonun-namegunҷad

Бист миллиарди мардумро Э. Раҳмонов чи тавр дуздидааст? https://isloh.net/bist-milliardi-mardumro-e-rahmonov-chi-tavr-duzdidaast

Э. Раҳмонов асосгузори терроризми тандуристӣ https://isloh.net/e-rahmonov-asosguzori-terrorizmi-tanduristӣ

Раҳмонов Асад мешавад ё Қаззофӣ?  https://isloh.net/rahmonov-asad-meshavad-yo-қazzofӣ

Сообщение Хушхабар: «дар назди ДМТ-Маркази Эмомалишиносӣ таъсис меёбад» появились сначала на ISLOH.net.

Донишҷӯёни ДМТ: “Даромади замдеканҳо мисли прокуророн ва мақомдорон аст»
Номаи сарво,

аз донишомӯзони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Точикистон, ба «Ислоҳ.нет»  ва ба сардабири он муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин.

Мо, донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (ҷазира), мехостем як навор дар бораи аҳволи кунунии факултети мо ва кору амали муовинонидекани мо омода ва нашр кунед. Яке аз муовинони декани факултети ҳуқуқшиносӣ дар басти якум Саломов Исроил Исматуллоевич (соли таваллуд 6.09.1992) мебошад. Аз дасти вай  устодон ва донишҷӯёне, ки гуфти мардум таға надоранд, ба дод омадаанд. Як шахси порахур аст. Донишҷӯёне, ки аз худашон дифоъ мекунанд, онҳоро чап гирифта, дар санҷишу имтиҳонҳо ба ҳоли худашон намегузорад. Духтароне, ки маъқулаш мешаванд, бо ваъдаи баланд гузоштани балҳои ҳафтаина ва кумак карданашон дар имтиҳонҳо бо онҳо ҳамхобагӣ мекунад. Ӯ чи гуна замдекан аст, ки дар 5 соли таҳсиламон ҳадди акал як бор надидем, ки аз ягон фанне дарс дода бошад. Ҳар рӯз ба дарсҳо даромада дарсро халалдор мекунад. Аз донишҷӯёни дигар 1500 сомонӣ барои имтиҳонҳо мегирад. Ҳеҷ кас бо ӯ гап зада наметавонад, ҳатто декани факултет. Зеро ӯ ҷияни Насриддинзода Эмомалӣ (собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва вакили парлумон, худи хозир бошад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа) мебошад. Қасам мехурем, ки тамоман савод надорад. Ӯро дар донишгоҳ ҳама Саги сиёҳ меноманд ва сабабаш ҳам ба мисли сагон дод заданаш хаст.

Тақрибан як моҳ пеш Саломовро дар сайти “@hodisa_sheff” навор карда партофтанд ва обурӯяш ҳам дар назди донишҷӯён кам шуд. Дар асл обурӯ ҳам надораду аммо ҳамон обурӯйи набудагиаш ҳам рафт. Устодони факултет ба Саломов гуфтанд, ки « а,бача чи гапай, ки звездаи Инстаграм шидай»? Саломови ноодам ва паст дар ҷавоб мегуяд, ки «любой зур звезда мешава. Морам зурем, ки звезда шидем». Акнун қаҳрамони манфии Ислоҳ ҳам шуд.

Ва яке аз муовинони деканамон, муовини аввали декан оид ба таълим бо номи Мирзоев Парвона Зайналобиддин аст (01.01.1980 соли таваллуд дар ноҳияи Муминобод). Ставкааш 300$ барои хуб кардани балҳо. Бисёр шахси мутакаббир аст. Мошини Prado 2019 сиёҳ дорад. Чӣ гуна як ҷонишини декане, ки 1000 ё 2000 сомонӣ маош мегирад чунин мошин мехарад?!

«Чор духтарро, ки дар ҳусну ҷамол бисёр зебо буданд аз факултети филология пешниҳод мекунад, ки агар бо ман ҳамхобагӣ кунед ман шуморо ба факултети ҳуқуқшиносӣ перевод мегирам ва то вақте  ки ман дар факултети ҳуқуқшиносӣ ҳастам шумо хӯрда гардед. Номи ҳамон духтарон Н. (соли таваллуд 1999), П. (соли таваллуд 1999), М.( соли таваллуд 2001 мактаби раками 42-и 63-м микрорайон, назди бозори Саховатро хатм кардааст), Н. (соли таваллуд 2000). Духтарон ҳам он қадар духтарҳои хуб нестанд.Муҳим ончи ҳаст онро холисона мегӯем.(ному насаби комили ин духтарон дар Ислоҳ маҳфӯз аст)»

То ба ҳол касе намедонад, ки тағаи Мирзоев Парвона кист?! Дар асл хориҷ ва барқарор кардан аз Донишгоҳ дар салоҳияти Ректор ва Муовини аввали ӯст. Аммо Мирзоев Парвона чӣ гуна ин салоҳиятро доро шудааст, намедонем.

«Аз шахсони бесавод ва тағадорҳо 5000$ (панҷ ҳазор долар) гирифта онҳоро буҷавӣ дохил мекунад. Бовар кунед даромаде, ки замдеканҳои мо аз донишҷӯён ба даст меоранд, баробари даромади прокуророн ва мақомдорони ҳозира аст. Ин ҳаромхурҳо агар дар имтиҳонҳо ҳадди ақал аз 40 нафар 2000 (ду ҳазор) сомонӣ гиранд 80000 (ҳаштод ҳазор) мешавад, ки ин ҳам ҳисоби ҳадди ақал аст. Зеро дар факултет зиёда аз 2000 ҳуқуқшинос таълим мегиранд. Мо дар факултет ба гурӯҳҳо тақсим шудагӣ ҳастем. Масалан гурӯҳи АБВ, ГДЕ, ЁЖЗ, КЛМ, НОП. Ҳамаи донишҷӯёне, ки бо Маркази миллии тестӣ ва бо саводи худашон дохил шудаанд, ҳамагӣ дар гуруҳҳои АБВ ва ГДЕ ҳастанд. Дар боқимонда гуруҳҳо ҳамаи ҳамон шахсоне таҳсил мекунанд, ки пул дода дохил шудаанд. Аз инҷо маълум мешавад, ки гапи “Пешвои Миллат”-ашон ҳатто ба маорифчиён намегузарад. Зеро маҳз худи «Пешвои Миллат» буд, ки Маркази Миллии Тестиро роҳандозӣ намуд то шахсоне, ки лоиқи донишҷӯӣ ҳастанд, ҳамонҳо дохил шаванд.

«Дар факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамагон аз ҳамин ду замдекан меноланд. Чӣ гунае, ки пештар гуфтем Саломов Исроил бо лақаби «Саги Сиёҳ» ва Мирзоев Парвона. Бояд як чизро қайд намоем, ки айниҳол Мирзоев аз сабаби занона будани номаш, ному насабашро ба Мирзозода Парвон Зайналобиддин иваз кардааст. Тамоми донишҷӯён дар семестри дуюми курси дуюм ба курсҳои махсус (яъне спецкурсҳо) тақсим мешаванд. Дар факултет зиёда аз 11 спец-ихтисос амал мекунад, монанди ихтисоси ҳуқуқи инсон, ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ, соҳибкорӣ, нақлиёт, конститутсионӣ, криминалистика ва ғайраҳо. Донишҷӯён агар ба кадом ихтисосе, ки хоҳанд ба номи декани факултет Раҳмон Дилшод Сафарбек ариза менависанд, ва декан ҳам бояд аризаи онҳоро баррасӣ намуда онҳоро ба спецкурсҳои интихобкардаашон ҷобаҷо намояд. Аммо ин тавр нест ва аризаи нависташуда ҳам тамоман натиҷа нишон намедиҳад.»

Агар хоҳӣ, ки ба спецкурси интихобкардаи худат равӣ, бояд ба мудири кафедраи ҳамон тахассуси интихобкардаат пулашро диҳӣ. Гуфти гапхо аз ҳама ихтисоси бообру ҳамин  ихтисоси назорати прокурорӣ ҳаст. Маҳмудов Изатулло Тешаевич, мудири кафедраи назорати прокурорӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад, ки барои ба курси махсусаш 150$ аз донишҷӯён мегирад ва барои имтиҳон бошад 500 сомонӣ, зеро имтиҳони курсҳои тахассусӣ алоҳида аст ва имтиҳони дигар фанҳо алоҳида. Тамоми курсҳои тахассусӣ ставкаи худашонро доранд. Масалан курси тахассусии ҷиноятӣ 100 доллар, назорати прокурорӣ 150 доллар, криминалистика 100 доллар ва ғайра. Чи хеле гуфтем Маҳмудов Изатулло Тешаевич яке аз ҳамон порахуроне ба мисли Саломов , Мирзоев ва дигарон мебошад. Тамоми ҳуқушиносон чи бой ва чи камбағал ҳар семестр ҳадди ақал аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ хароҷот доранд. Масалан чанд нафари мо нависандагони ин шикоятнома пули шартномаҳоямонро модару падарҳоямон аз банк қарз гирифта супурдаем ва инчунин барои ҳар фан бояд пул диҳем, ки бали ҳафтаинаро хуб гузоранд. Фанҳое, ки тамоман ба мо манфиат надорад, алалхусус фалсафа, фарҳангшиносӣ, мантиқ, ставкаашон 300 сомонӣ аст. Ба таври мисол  устоди фанни сотсиологияамон бо номи Барфиев Абдурраҳмон Мирзоевич, ки соли гузашта аз тарафи кормандони коррупсия дастгир шуда буд ва қариб буд, ки инфаркт мешуд ва ҳатто, ки парвандаи ҷиноятӣ дорад, то ҳол ба ҳайси муаллими фанни сотсиология-ҷомеашиносӣ кору фаъолият мекунад. Ставкааш 50 доллар буд ва дирӯз як донишҷӯи курси дуюмро пурсидам, ки сотсиология аз шумо чанд сомонӣ мегирад, гуфт, ки 300 сомонӣ шудааст. Бисёр шахси мутакаббир аст.

Дар гирду атрофи факултети ҳуқуқшиносӣ бо ҳуруфи калон калон навишта шудааст, ки дар ҳудуди Донишгоҳ сигор кашидан манъ аст. Аммо устодони факултет ҳангоми танаффус озодона дар назди донишҷӯён сигор мекашанд ва баъзеашон аз донишҷӯён сигор мегиранд ё ба онҳо мегӯянд, ки рафта барои мо CHANGE биёр . Шахсоне, ки сигор мекашанд аз устодони факултет: 1. Кабутов Эраҷ муовини декани ҳуқушиносӣ оид ба таълим дар басти дуюм 2. Саломов Исроил, муовини декан оид ба тарбия дар басти аввал 3. Ибрагимов Далер Каюмович устод аз кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ 4. Куканов Айниддин Зайниддинович ассистенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ 5. Исозода Парвиз яке аз муовинони декан аммо намедонам оиди кадом масъала бошад.6. Барфиев Абдурраҳмон Мирзоевич устоди фанни сотсиология, ставкааш ки 50 доллар буд. 8. Юнусов Талабшо Абдулваҳобович, ки аз бинои марказӣ омада ба ҳуқушиносон аз фанни география таълим медиҳад. Донишчуён вақте, ки аз ӯ ҷавоб мегиранд, ки устод 10 дақиқа маро ҷавоб диҳед, мегуяд майлаш, рав аммо бе сигор наё. Мо аз соати 8:00 дар донишгоҳ шуморо дарс медиҳем, бояд асабамонро камтар ором кунем.

Декани факултети ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, ростӣ инсони хубмуомила, босавод ва мутавозеъ ҳам аст. Аз кадом касе пурсед, доимо таърифашро мешунавед. Кош ҳама ба мисли декани факултетамон мешуд. Ҳатто кафедраи ҳарбии ДМТ, ки дар рӯ ба руи сафоратхонаи Туркия ҷойгир аст, аз ҳисоби ҳуқуқшиносон пулҳои зиёде ба даст меоранд. Масалан агар хоҳӣ, ки ба кафедраи ҳарбӣ наравӣ аммо номат рафтан гирад, ҳар семестр (як сол аз 2 семестр иборат аст) 500 сомонӣ оварда медиҳӣ, яъне дар як соли таҳсил 1000 сомонӣ. Ҳар рузи панҷшанбе ҳуқуқшиносон дарси кафедраи ҳарбиро доранд. Агар дар дигар рузҳо нархи як самбуса дар ошхонаи кафедраи ҳарбӣ 1.5 сомонӣ бошад, дар рӯзҳои панҷшанбе ба 3 сомонӣ боло меравад ва мегуянд, ки ба ҳуқуқшиносҳо пул проблема нест. Рузҳои имтиҳон хоҳед нахоҳед бояд пули имтиҳонро150 сомонӣ супоред.

«Ҳамин семестри гузашта додарам ба назди командири взводашон (подполковник Сафарзода Амрулло) рафтааст ва гуфтааст, ки рафиқ подполковник, намешавад, ки ман имтиҳонро супорам пулашро надиҳам? Подполковник гуфтааст, ки хоҳӣ- нахоҳӣ бояд пулро супорӣ. Моро ҳам сардори кафедра полковник Назарзода Дилмурод ба ин кор амр мекунад. Агар пули гуфтаи ӯро чамъ накунем, боз моро ҷанг мекунад.»

Як рӯз дар кафедраи ҳарбӣ тамоми донишҷӯёнро ҷамъ намуда, филми Хиёнатро гузоштанӣ буданд. Аммо бо сабабҳои техникӣ компютерашон аз кор монд. Бовар кунед кафедраи ҳарбӣ ягон майда ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳатто ҷои нишаст ба донишҷӯён намерасад.

«Мо қариб 4 сол кафедраи ҳарбӣ хондем, аммо дар соли хатми мо қонун дар бораи хизмати ҳарбиро дигаргун карданд. Ва ба мо мегӯянд, ки то хизмат накунед, ба шумо рутбаи ҳарбӣ (лейтенанти хурд) намедиҳем. Аввал рафта хизмат кунед, рутбаи ҳарбиятонро гиред, баъд омада ҳуҷҷатҳоятонро барои ба кор қабул шудан супоред. Бояд ин қонун ба донишҷӯёни солҳои таваллудашон 2002 ва боло дахл дошта бошад. Намедонам ин мақомдорони мо ё босаводи босаводанд ё бесаводи бесавод. Шумо худатон аҳволи хизматро медонед. Шахс солим рафта носолим бармегардад ва дар муддати як соли хизмат мо тамоми чизро фаромӯш мекунем. Хоҳиш мекунем ба мо донишҷӯён кумак намоед!»

Як чизи дигарро фаромӯш накунам, имрузҳо Назарзода Шариф- сардори раёсати ВКД дар Душанбе, бо донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҷумла Донишгоҳи Миллӣ вохурӣ гузаронида аз онҳо хоҳиш он тараф истад зораю нола мекунад, ки ба суханони Муҳаммадиқбол гуш надиҳед. Онҳо хоинони миллатанд. Масалан санаи 15 ё 16 марти соли равон бо донишҷӯёни ДМТ мулоқот карда буд. Ҳамин қадар буд, ки гиря кунад. Мегуяд, ки илтимосу хоҳиш ба “ПешвоиМиллат”  хиёнат накунед. Дар маҷлисҳои Назарзода Шариф инчунин муовини раиси шаҳри Душанбе-Мавсума Муинӣ иштирок дошт. Мо аз дохили кишвар ба шумо навишта истодаем. Дар ҳаққи мо дуъогӯ бошед ва дуъо кунед, ки Аллох моро ҳифз намояд аз шарри милисаву амният. Мо доимо дар ҳаққи шумо дуогуем. Ҳатто дар факултет нафаре нест, ки наворҳои шуморо тамошо накунад. Ҳама бо завқ тамошо мекунем. Медонем ҳама ончи менависеду барнома мекунед сад дар сад дуруст ва вазъияти нобасомони кишварро,ки мо гуфта наметавонем шумо мегӯед. Умеди онро дорем,ки ин номаи навиштаи моро ҳам нашр кунед. Шояд ин устодон каме бошад ҳам шарм кунанд.

Донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Точикистон.

Сана: 07.06.2021 Душанбе.

Сообщение Донишҷӯёни ДМТ: “Даромади замдеканҳо мисли прокуророн ва мақомдорон аст»      появились сначала на ISLOH.net.

Осорхонаи “Пешвои Заочник”ҳо, шахсияти ӯро бармалотар кард
Осорхонаи “овони донишҷӯӣ”-и Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон….яке дигар аз алоим барои барҷастасозии  шахсияти Эмомалӣ Раҳмонов аст ки  имиҷмейкерони вай дар ин авохир ихтироъ ва ташкил карданд. То ба имрӯз ҳам ин дастаи мутамаллиқ ончунон саргарму масруфи тавсиф ва тамҷиди Раҳмонов шуда ӯр ба як инсони фавқулбашар ва фароодам табдил доданд, ки худаш низ ба ин ҳама кизбу ғулув муътақид шудааст ва ингор ӯ як шахси ғайриодӣ ва саршор аз хасоис ва хислату нерӯест,ки инсонҳо, ҳадди ақал наздики 10 миллион тоҷикистонӣ  надоранд. Қасдашон ин аст ки нишон бидиҳанд Раҳмонов ҳанӯз аз солҳои ҷавонӣ фавқулъода ва “нобиға” буд. Магар намебинед, ки чи солҳоеро дар “овони донишҷӯӣ” дошт ва чи донишҷӯи намнавӣ, аълохон ва хориқулъоддае буд. Оё дар аслу амал ҳамин тавр буд? Раҳмонов солҳои донишҷӯӣ чи донишҷӯе буд ва аслан ӯ “овони донишҷӯӣ” дошт?

Маълум нест, ки ин “идея”-и нобу боб маҳсули тафаккури аҳли дарбори худи Раҳмонов аст ва ё Қобилҷон Хушвақтов, ректори Донишгоҳи миллӣ ва яке аз дуздони осори дигарҳо, ки ба чанги “Диссернет” афтода шармандагиву русвоияш оламро фаро гирифт. Аз ҳар касе буд, аҷиб як коре кард. Чун як бори дигар гузаштаи хеле ҳам ғамангез ва надоматзадаи ӯро бармало кард. Зеро Раҳмонов, ончуноне, ки инҷо тавсиф шудааст, ки “овони донишҷӯӣ” дошт, надошт-ӯ ҳатто ба унвони як донишҷӯи қаториву одӣ донишҷӯ набуд ва ӯ ба донишгоҳ дониш ҷустан ва омӯхтан ҳам наёмада буд, дар талаби илму дониш набуд. Вагарна дар 30 солагиаш диплом намегирифт. Худаш ҳам бор, бор бо ҳасрату афсус гуфта буд, ки шароит ва имконият надоштанд. Ӯ барои гирифтани  диплом омада буду бас. Агар ӯ дониш мехост пирбузбала шуда студент намешуд. Биёед, инҷо бубинем, ки “овони донишҷӯӣ” чи мароҳил ва давраҳоро дар бар мегирад ва сипас онро ба гузаштарӯзҳои Раҳмонов нисбат бидиҳем, ки сидқ мекунад, татбиқ мешавад ё хайр?

Овони донишҷӯии як донишҷӯ шурӯъ мешавад аз абитурентӣ. Сипас курси аввал, дуввум,саввум…ва то госэкзамен ва хатми донишгоҳ. Бар фарзе, агар нашуд, ки шомили донишгоҳ бишавӣ, “подкурс”-курси омодагӣ мехондӣ.  Хуб,дигар семестру, зачет-санҷишҳову экзамен-имтиҳонҳову кори курсиву реферату кори дипломиву ғайраву ҳоказоҳо. Масалан ширкат дар олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишии байни факултетҳо, байнидонишгоҳӣ. Боз стипендия-идрорпулӣ, боз он замон буд, стипендияи ленинӣ. Он замонҳо буд стройотряд, пахтачинӣ….

Ҳоло, кадоме аз ин  мароҳилро Раҳмонов убур карду сипарӣ намуд, ки “овони донишҷӯӣ”-аш бошад. Вай абитурент буд, стипендия гирифта буд, хобгоҳ мезист ва ё иҷрора менишаст, конспект дошт ё надошт ва ғайра. Ҳеҷ яке аз ин чизҳо ва хеле чизҳои дигарро надошт. Навиштаанд,ки аз 1977 то 1982 донишҷӯ буд. Агар дар ин солҳо ӯ донишҷӯ буд, пас котиби раиси колхози Ленини Данғара кӣ буд? Инҷо ҳам барои ӯ тарҷумаи ҳол “дуруст” кардаанд, ҳамчуноне барои бобии Шарифи падараш сураткашон  симо ва чеҳра сохтанд. Аммо мисли ҳамон сурати 80 уандсолаи падари Раҳмонов,ки дар ин солу сол ҳатто на дар пешонӣ ва на дар руйҳояш як дона ҳам чину чурук дида намешавад, ва шакку гумонҳоро дар мавриди писари кӣ будани Раҳмонов бор овардааст, ин “овони донишҷӯӣ” ҳам ҳамин гуна шигифтиҳоеро рӯ занонид. Чунки Раҳмонов ба маънои тамоми калима ҳеҷ гоҳ донишҷӯ набуд. Ӯ як “заочник”-е буд, ки фақат ба хотири ба даст овардани диплом донишгоҳ омадааст ва “заочник”-ҳо он замон 40 рӯзӣ мехонданду халос. Дар асл онҳо намехонданд, Меомаданду номнавис мекарданду ба устодони донишгоҳ тӯҳфа медоданду пас мегаштанд. Онҳоро дар шумори донишҷӯҳо намеҳисобиданд. Сорти аз ҳама пойини донишҷӯ буданд. Раҳмонов ҳам фақат писта меоварду тухми мурғу маскаву чаккаву ҷурғот. Чунки дар он солҳои “овони донишҷӯӣ” ӯ котиби раиси колхоз буд на донишҷӯи УДТ ба номи В.И.Ленин. Барои ҳамин ин бор низ “дуздии таги саргини хар”-атон ошкор шуд ва инки партаи донишҷӯӣ, аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳоноти Эмомалӣ Раҳмоновро ба унвони экспонатҳои “нодир”-и ин осорхона муаррифӣ кардаед, як масхараву мазоҳи навбатии Раҳмонов асту бас. Дар аксҳо дида мешаванд, ки ин ҳама аснод комилан наву тозаанд ва тоза аз чоп даромадаанд ва ҳиҷ археологу ҳаффоре ва ҳиҷ лабораторияе наметавонад собит кунад, ки ҳатто як маротиба дар ҷайби кители котиби раиси колхоз ҳузур дошта бошанд. Агар онҳо моли он солҳо буданд ва дар ҷайби соҳибаш, ранг мебохтанд ва ҳатман осори куҳнагӣ ва фарсудагӣ дар он аснод намудор мешуд. Вале ин “студентческий билет”, -у “зачетка” ва диплом аз ҷадид будан ялаққост мезаданд. Албатта, аз ин қабил корҳои сохтаву сунъӣ барои  Раҳмонов на як бору ду бор анҷом додаанд, то ки ӯро бузургу бохираду ҷилва диҳанд. Ҳамчуноне аз тани ӯ китобҳо навиштаву интишор кардаву ба лисонҳои мухталиф баргардон карданд, ки худи Раҳмонов ҳам дар тааҷҷуб мезанад, ки ман куҷову китобнависӣ куҷо? Чи расад ба мардум, ки ҳайрон мемонанд, ки Раҳмонов бо кадом саводу ақлу дониш, ки ҳарфи хурдро аз калон фарқ карда наметавонад, ҷилд- ҷилд китоб менависад. Ӯ ин китобҳоро дар компютер ҳуруфчинӣ мекарда бошад ва ё дастӣ навишта бошад? Бало ба паси китобнависиаш. Ман ҳайронам,ки аризаи дохилшавии ӯро агарки ёфта бошанду экспонати нодир шуда бошад, ҳамин тавр ҳуҷҷатҳои дигарашро, чаро билети узвияти ӯ ба китобхонаи Фирдавсӣ, ба китобхонаи худи Донишгоҳашро архелогҳо пайдо накарда бошанд. Хеле беҳтар буд,ки “зачетной книжкааш”-ҳам пайдо мешуду авроқи онро интишор медоданд. Зеро то ҷое медонем баҳоҳои ӯ дар “овони донишҷӯӣ”-аш ба ҷуз аз “удовл” чизе дигар набудааст. Ва, ҳамин удовлҳоро ҳам Талбак Назаров ва чанд нафари дигар, ки ректору декан буданд, восита шуда гирифта медодаанд. Раҳмонов 5 сол 40рӯзӣ хондаасту халос. Овони донишҷӯии вай ҳамин 5×40 асту тамом. Осорхонаи студенти заошник –ғоибхоне, ки ба таъбири он солҳо “аз истеҳсолот канда ношуда” хондааст.

Агар дар ёдатон бошад, дар дарсҳо устодон  меоварданду медоданд, ки рӯбардор кунед: диктант, кори контролӣ ё иншо…хулоса барои “заочникҳо”.  Раҳмонов, ончуноне гуфтем он солҳо, котиб буд. Вале лозим ва зарурат дошт, ки дипломи таҳсилоти олӣ дошта бошад. Имкону шароит надоштанд. Борҳо худаш гуфта буд, ки таҳмолу шира ба ҷирғоту қурутоби оличадору тезова ва шакарови бо селендрин мехурданд. Дастони модараш аз заҳмати зиёд шахшул, ранги лапатка шуда буд,ин таҳқир нест аз гуфтаҳои акаааш Нуриддин ва худи Раҳмонов нақли қавл аст. Манзур ин аст ки барои як нафаре,ки йели-йели хондааст, осорхонаи овони донишҷӯӣ ташкил кардан, як мазоҳу масхарае беш нест. Чи зарурат дорад, ки тамоми гузаштаи моломоли камбуди ӯро ошкор бикунед? Ӯ, ки бо ҳазорҳо азоб, бар ивази пиставу тухми мурғу чаккаву фатирмаска як бало карда дар сисолагиаш соҳиби диплом шуд, онро шумо тамоман таври дигар маънидод карданӣ мешавед, барояш як автобиография дурӯғин месозед. Масалан, мешавад аз Раҳмонов пурсид,ки фанни дӯстдоштааш чӣ буд? Намешавад. Чунки аслан як фаннро дӯст намедошт, ба ҷуз аз як бало карда ҳамон чилрӯзро гузаронидану дипломро гирифтан.

Дар ҳамин экспонатҳои нодири насбшуда дар деворҳо  ҳам маълум аст ки ӯ чи пирстуденте аст, чунон ки ҳоло фартуттарин ва дарозумртарин президент дар қаламрави собиқи шӯравӣ аст. Воқеан ҳам ба корҳои археологҳои кашфкардаи “партаи донишҷӯӣ”-и Раҳмонов аҳсант ва як ҷаҳон ташаккур ногуфта намешавад. Аммо гуфта нашудааст, ки ин архелогҳо киҳоанд:-фаррошони он замонаи факелтети бухучет ё муаллимҳои он давра. Ва кӣ исбот кардааст ва кӣ муайян кардааст, ки ҳамон парта партаи Раҳмонов бошад. Шояд дар ояндаи наздик барои ин ҳаффори кашшоф ордени Исмоили Сомонӣ бидиҳанд?  Чи тур исбот кардаанд, ки маҳз дар ҳамон парта Эмомалӣ Раҳмонов нишаста бошад? Ва, ин парта чи хосият ва тафовут дошта бошад, ки ин ҳама солҳо ҳифз шудааст? Ва ин ҳама солҳо нашикастаст, то ба имрӯз расидаст? Ва ё инки танҳо ҳамин парта аз ҷамъи партаҳои он аудитория сиҳату саломат омада расида бошад? Партаҳои дигар харобу вайрон шуда бошанд? Шояд дар ягон ҷойи он партаҳо ранги сиёҳидони Раҳмон рехта бошад? Ва, шояд худи Раҳмонов онро нишонӣ гузошта бошад. Чун он солҳо ҳатман хуни гарм дошт ва ҳатман менавишт: “Данғара”. Ва, ё шояд бӯи сенажу селоси фермаи колхоз, то ҳол аз он нарафта бошад.

“Донишҳои андӯхтаи Сарвари давлат дар оғӯши ин даргоҳи илму маърифат…” навиштаанд дар васфи ӯ. Рости гап ангушти ҳайрат газидам, ки чи қадар дурӯғу дурӯғӯӣ дар ин кишвар ниҳодина шудааст. Мегӯянд мижаашон таҳ намехурад. Соли 1977 дуруст дар 25 солагиаш шомили шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳ мешавад. Дар ҳоле, ки дар ин син аллакай донишгоҳро хатм мекунанд. Касе, ки дониш гирифтан мехоҳад ғоибона намехонад.

Инҷо навиштаи яке аз блогнависони Белорусӣ хонум Людмила Георгиевна ки дар мавриди ғоибонахонҳо навишта буд ба ёдам расид:

“Группа заочников, в которую я попала, состояла преимущественно из великовозрастных производственников, давно закончивших школу и благополучно забывших все школьные науки.”

Мегуфта бошед дақиқан ин сухан дар хусуси “пешвои муаззами миллат” соҳиби даҳҳо китоб, дорандаи садҳо ордену медал ва бо зурӣ ва шаттоҳи мартабаи панҷум президенти ғайри қонунии Тоҷикистон, сарфармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳ, асосгузори сулҳу ваҳдат,ҷаноби олӣ, панҷсадумин мусалмони бонуфӯзи олам, аъло ҳазрат Эмомалӣ Раҳмони мо Исмоили Сомони мо гуфта шуда бошанд.

Бо онки осорхона кардед чи гуфтан мехоҳед? Раҳмонов, як донишҷӯи фаъолу донишманду фавқулодда буд? Дар кружокҳо иштирок мекард, олимпиадаҳо мерафт? Дипломи сурх гирифт? Стипендияи ленинӣ мегирифт? Ин ҳама тамаллуқу чоназанӣ ва ин ҳама хушомаду пуштлесӣ маҳлуси хиёли кӣ бошад? Мехоҳед аз Раҳмонов чи бисозед? Бароятон бояд рӯшан бошад, ки хар ҳиҷ гоҳ бори шутурро намекашад ҳамин тавр Газ-53 бори ЗиЛ-Камазро

Як нафаре,ки ба таври ғоибона хондааст,маълум нест, ки чи тавр хонда  аст, ба вай ҳамкурс сохтан ба вай зачетка сохтан ба вай  акси хотиравии ҳамкурсон сохтан? Ҳатто дар акси Раҳмонову ҳамкурсонаш, ки дар шабакаҳо нашр шудааст, дида мешавад,ки Раҳмонов дар қиёс бо он ҳамкурсонаш хеле бузргсолтар аст. Валлоҳ, ки худро шармандаи ду дунё карда истодаед. Зачеткаи вай писта буд, кори дипломиаш мурғу тухм. А карат А-ро намедонад. Ман гарав мебандам, ки агар аз ӯ диктант гиред, агар аз ӯ нақли хаттӣ гиред масалан бо як хатмкунандаи синфи 9 дар як парта шинонед, баҳои 2 он тараф истад 0-и гирдак намегирад.

Биёед мардона ҳамаи миллат ва мардум якҷоя эътироф кунем. То имрӯз шунидаед дар ягонҷои кишвар гӯянд ин шахс ҳамкурси пешво аст.Писари ҳамкурси пешво аст,наздики ҳамкурси пешво аст? Бо итминони комил мегӯям ҳеҷ яке аз шумо инро нашунидаед.Чаро? Чун ҳамкурс надошт, яъне заошник буд ва ғоибонахонҳо  хуб намешиносанд ҳамдигарро. Аммо ҳамсинф, ҳамхизмат, домодҳо, қудаҳо, апа, таға писарону духтарони ин ҳамаро шунидаед. Акнун фаҳмидед, ки бардурӯғ ӯро сохтаанду, то имрӯз мехоҳанд созанду билованду шахсият нишонаш диҳанд. Дар ПТУ и Сарбанд хондааст ҳамкурс дорад вале он бечораҳои ҳамкурсҳояш метарсанд ба ӯ наздик шаванд. Медонед барои чӣ? Охир наздикии онҳо ба Раҳмонов намефорад.

Мехоҳед аз Раҳмонов чӣ бисозед?

Дар ин осорхона аз мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ,ки   мутаваффои асри 19 мебошад вадар зери як сутум, бозёфтҳои таърихиро ҷой додаан чӣ маъно дорад?  Раҳмонов куҷо Мавлоно Юсуф куҷо? То имрӯз намедонед падараш кӣ ҳаст Раҳмон ё Шариф ба он бузургон ин бешарафро чаро рабт медиҳед?  Косаҳои кулолии аҳди Кушонӣ ба Раҳмонов чи рабте дорад? Бостоншинос Музаффар Азизов бечора намедонад чӣ бигӯяду шарҳ диҳад,ин беаслу насабро?  Вале ҳамон табақҳои чубӣ аз шакаров хурӣ,тезоба хуриҳояш шаҳодат медиҳанду вале нав тарошиданд,чаро ҳамон табақи сиёҳашонро наоварда монед?. Намедонед ба ин хирасар чӣ чизҳоро барчасп занед. Аммо намечаспанд ва барчасп надоранд. Агар ин осорхона оддитарин барчас ба Раҳмонов медошт ақалан як сухан мегуфт ва як оҳу вой мекарду вай вайе мекард,ки накард, ин маънои фалшиви буданро мекунад. Навад дарсади аксҳо фотшопанд ва ин худ баёнгари олии ин “осорхона”ро менамояд. Боз ин осорхонаро дар панҷ моҳ ташкил намуда будаанд.Ҳаёти сиёҳи 69 солаи ӯро дар панҷ моҳ пайдо кардан ин магар аблаҳи нест?

Тӯли ин ҳама солҳо ҳей месозеду месозед: Исмоили Сомонии сонӣ (Исмоили Сомонӣ як мусалмон буд ва 5 вақт намоз мегузорид, Исмоили Сомонии сонӣ чӣ? Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд (Бухоро номи давлат аст) Исмоили Сомонии имрӯза чӣ? Девори Данғара,ё Девори оилаи худаш!  Ё шахсе,ки хоки сарзаминро ба Чин доду “Бурди дипломатия” ношармида  унвонаш карданд. Самти шимоли кишварро имрӯзу фардо ҳамсоя кишвари Қирғизамон ба самти кишвари мо пешравӣ дораду заминҳои Хоҷа Аъло, Ворух, Чоркуҳ ва… талаб дорад. Магар мешавад ба чунин шахсе унвони нонавиштаи “Исмоили Сонӣ”, “Эмомалӣ Раҳмони мо Исмоили Сомони мо” дод? Ҳаргиз на,миллионҳо бор, на!

Ҷаноби Олӣ гуфтед. Чанд сол Ҷаноби олӣ шуд. Пули мардумро дуздиду саҳмия кард. Саҳмия ба Боинги Сомонэйр табдил шуд. Як заправшики дар ҳасрати Запорожетс ҳоло порки чанд ададии Боинг дорад. Ҷаноби Олӣ гуфтед. Ин Ҷаноби олӣ роҳи миёни шимолу маркази кишварро, ки танҳо ва ягона роҳ аст гирифту барои худи ин мардум пулакӣ кард. Ҷамолиддин ин пулҳоро гирифту Спитаменбонк сохт. Ҷаноби олӣ дигар дар Ҷаноби олӣ нагунҷид. Шуд “Пешвои миллат” ва ҳоло ҳолоҳо “Пешвои муаззами миллат”.

Ин “Пешвои муаззами миллат” қути лоямути мардум аз шираи камолро барои тоҷик манъ карду фақат ба “Фароз”-и шӯи духтараш дод. Ҳоло дорад Коммерсбонк. Ин феҳристи дуздиҳоро чаповулҳоро, яғмоҳоро мешавад беохир идома дод. (Раҳмонов домодҳояшро бениҳоят дӯст медоштааст. Ягон домоди номиллиардеру бебонк надорад. Ҳамаи домдҳояш бонки хусусӣ доранд). Аммо барои як нафари дар курсии донишҷӯӣ нанишаста шумо осорхонаи “овони донишҷӯӣ” месозед. Аммо, мутмаин ва муътақид бошед, ки лои хушк ҳеҷ гоҳ ба девор начаспидааст. Барои ин гуфтаам ду мисоли мушаххас меоварам. Хуб зеҳн монед ва бубинед, ки сатҳи саводи Раҳмонов, то куҷо қад медиҳад. Дар яке аз ин наворҳо китобро дар дасташ чапана доштаву “мутолиа” карда истодааст. Дар хонаи оилае дар ноҳияи Рӯдакӣ,ин намунае аз дониши воло ва ақли расою …..ӯст.

Ва,дар  навори дуввум

Дар Панҷакент ба мактаб омад  ва дар журнали давомот  соядаст гузошт: “Як ҷаҳон ташакур”. Бале, бибинед, ки ин ташаккур як “к” надорад. Раҳмонов як “к”—ро хӯрд. Агар савод медошт агар хондагӣ буд ва дар курсии донишҷӯйи менишаст ҳеҷ гоҳ як “к”-ро аз “ташаккур” намехӯрд. Аз ӯ нобиға ва аллома натарошеду ҳам худ ва ҳам ӯро шармандатар накунед!

Сообщение Осорхонаи “Пешвои Заочник”ҳо, шахсияти ӯро бармалотар кард появились сначала на ISLOH.net.

Донишгоҳи миллӣ ё Бонки миллӣ?
Фасоди сартосарӣ, ки Эмомалӣ Раҳмонов махсус роҳандозӣ ва ҳимоят мекунад, донишгоҳи миллиро ҳам хароб кардааст.Ончунон вазъият дар ин муассисаи олии кишвар рӯ ба вахомат овардааст,ки донишомӯзон намедонанд ба куҷо шикоят кунанду аз ин вазъият худ ва дигар донишҷӯёнро наҷот бидиҳанд. Вазири Маориф  ва илм худ аз инҷо ба вазорат гузашт ва вазъиятро хело хуб медонад.

(бахши аввал)

Агар бигӯем, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълими тадрис аз байн рафтааст ва қариб, ки вуҷуд надорад, хато намекунем. Аз ҳамон рӯзи аввали шурӯъи дарсҳо масъала мавзӯи асосӣ пул аст. Ҳамаи муаллимҳо нархи “ставка”-и худро мефаҳмонанд. Яъне нархномаи семестри аввал ва ё рейтинги якум. Ман муҳассили ҳамин донишгоҳам. Пасттарин нархномаи муаллимҳо аз 30 сомонӣ сар мешавад. Яъне барои 8 ҳафтаи хониш аз 30 сомонӣ то 300 сомонӣ муаллимҳо нарх доранд.

Нархи муаллимҳо вобаста аст аз унвони илмиашон ва ё ҷойгоҳи онҳо дар факултет ва миёни донишомӯзон. Аз ҳама ставкаи вазнин дар факултети ҳуқуқшиносӣ аст. Онҳое,ки инҷо дохил мешаванд, ба қавле сокашон ҷафида мешавад. Муаллимҳо мегӯянд, ки пули нашрияи донишгоҳ “Ба қуллаҳои дониш”-ро супор баъд балатро-яъне баҳоятро соз мекунам. Ин як навъ гӯшона ва киноя ба ҳамон маблағи “ставка” аст ки аз 30 то 300 сомонӣ нарх дорад.

Ҳар муаллиме, ки пулашро, яъне ҳамон ставкаашро гирифт муаллими хуб ба ҳисоб меравад. Дигар коре ба корат надорад. Медонӣ ё не балатро баланд мемонад. Вале вақти рейтинги дигар ё имтиҳон шуд, ҳамон Аҳмади порина. Намешиносад, бо ту гап намезанад. Мегӯяд,ки пули “Ба қуллаҳои дониш”-ро супоред, вагарна ба имтиҳон роҳ намедиҳам, калиди имтиҳонро намедиҳам ҳамаат ба кредит меафтед. Ҳама маҷбур қарз гиранд, дар бади падару модар мезанем. Бо чи роҳе набошад бояд пулро супорид. Муҳим саводи ту нест,муҳим пули ту ҳаст.

Дар ҷое, ки мо мехонем яке аз набераҳои Раҳмонов ҳам мехонад. Як духтари собиқ ректори Донишгоҳи миллӣ ва вазири ҳозираи маорифи Тоҷикистон низ. Онҳо бо чунон дабдаба ва карру фар меоянд, ки ақлат намегирад. Ҳаррӯз бо як мошини крутой ва то худи даромадгоҳи факултет. Набераи Раҳмонов чанд вақт пеш шавҳар карда буд, овоза омад, ки Раҳмонов супориш додааст, ки домод ва набераашро бо мошину хонаву тамоми шароит зуд таъмин кунанд. Набераи Раҳмоновро касе чизе гуфта наметавонад. На ректор, на декан, на замдекан на муаллим. Кайе хоҳад меояд кайе хоҳад меравад, боз бо муҳофиз таъмин аст. Муҳофизон аз кумитаи амният. Аз ҳама ҷолибаш ин аст,ки ӯ “Ба қуллаҳои дониш” пул намесупорад. Хуллас ин донишгоҳ саропо ба фасод олуда аст. Муаллимҳо маоши хуб надоранд. Ман худам буҷавӣ, ба саводи худам дохил шудам, стипендия мегирам. Аммо ин стипендия ақалан роҳкироят намешавад.

Дар факултети ҳуқуқшиносӣ қариб ҳама бо пул дохил шудаанд ва бо пул мехонанд. Ҳамаи онҳо бачаҳои ҳукуматдорҳою бизнесменҳо. Дар паси бинои донишгоҳ сигор, нос ҳама намудашро истеъмол мекунанд. Ҳатто  дар ҳоҷатхона, ки дар долони донишгоҳ аст даромада намешавад. Бӯйи сигору нос. Ҳоло касе пул дорад, номаш дар журнал бошад шуд. Ҳатто метавонад якбора дар курси 3 бихонад. Барои аз як факултет ба факултети дигар гузаронидан-перевод 10 ҳазор сомонӣ ректор ҳақ мепурсад. Фарқ надорад, ки ту коллеҷ мехонӣ, донишгоҳ мехонӣ, главний- пулат бошад, дипломатро медиҳанд.

Касе, ки пул надорад ягон кас переводаш намекунад:

Ба ректор 2 маротиба ариза навиштам, ки маро ба гурӯҳи буҷавии дигар ихтисос интиқол диҳед. Ректор имзо карду дар гӯшаи ариза навишт ”ба комиссия”. Комиссия проректор аст. Вай бояд бинад ва баррасӣ кунад. Ман нусхаи дафтари баҳоҳоямро бурдам. Пагоҳ рафтам, ки ҳатто нусхаи зачеткаи маро нодида рад кардааст. Ҳатто котибаи ректор мепурсад, ки дар пуштат кист? Пулро ба кӣ додӣ? Ман,ки пул надорам. Аммо проректор кай ва бо киҳо аризаи маро баррасӣ кардааст ва сабаби рад карданаш чӣ аст,номаълум.

Ҳаминҷо фаҳмидам, ки бояд ба ректор 10 ҳазор бидиҳам. Аммо як бозии аҷибе бароям  ошкор гардид. Байни ректор ва проректор дар кори интиқол ва ё ҳамон перевод як рамзи ҷолиб ниҳон будааст.

Мисол:-ман ариза менависам, ки маро интиқол диҳед, ректор таҳқиқ мекунад, ки пул додаам ё не? Ва агар пул надодаам дар гӯшаи ариза чунин менависад “ба коммисия” ‘ва агар пул додаам менависад «барои қабул «.

Ин ду мафҳум рамзи миёни ректору проректор аст.

Аризаро ба кадом муалиме нишон медиҳам мегӯяд “корот нашидай”. Чунки дар гӯшаи он “ба комиссия” навишта шудааст. Ҳатто тамоми муаллимон медонанд, ки  ин рамзи ректору проректор аст. Ин ду нафар роҳбарони болои донишгоҳ боз барои худ миёнаравҳо доранд. Ин миёнаравҳо ҳам аз шумори донишҷӯҳо ҳастанд ва ҳам аз шумори устодони донишгоҳ. Онҳо “клиент” мекобанд. Онҳо барои қабул ба донишгоҳ барои перевод ва барои ҳар кори дигар миёнаравӣ мекунанд. Онҳо бар болои ҳақи ректор як баробар ду бароар ҳақи худро мегузоранд. Донишҷӯе, ки донишгоҳи тарбияи ҷисмони мехонаду номашро нависонда наметавонад ба факултети ҳуқуқшиносӣ интиқол меёбад. Ваагар лозим шуд дипломи сурх ҳам мегиранд, муҳимм ва асос пул аст. Аламовар он аст ки ин хиёнаткорони миллат, ки соҳаи маорифро ҳам харобу хазон карда истодаанд боз сар боло мекунанду дар минбарҳои баланд сухан мегӯянд. Дар ҳақиқат кас дар ҳайрат меафтад, ки инҷо Донишгоҳ аст ва бояд тадрису илмомӯзӣ бошад ва ё Бонки миллӣ, ки фақат гап дар бораи пул аст. Баъд аз таъин шудани Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт ба мақоми ректор ва таъиноти Абдулмуминзода Насимҷон, ки Ойев ҳам номмебаранд ӯро ба ҳайси муовини аввал ва муовини ректор оида ба таълим таъин намуданд ҳоли донишгоҳи миллӣ бадтар шуд.

Инҳо худашон бесаводанд. Дар бораи асардуздии ректор “Диссернет” на як бору ду бор навишт.  Аммо шарму ҳаё надорад. Як қаллоби дузд аст. Либосҳои донишҷӯдухтарон масъалаи асосӣ аст. Ва онҳо чунон танг мепӯшанд, ки сар боло карда намшавад. Аммо онҳоеро,ки либоси кушодтар ва бо рӯмол оянда сахт таҳқир мекунанд. То ба дараҷае,ки аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Аксарият духтарони калоншавандаҳо бо ҳамин гуна либосҳои тангу нимаурён ва бо мошинҳо охирин маърка меоянд. Ман бо чашмони худам дидам ду духтари калоншавандаҳоро, ки бо мошини Ренҷровери сурхи спортивнийи рақами давлатиаш 68 68 омаданд. Ранги сақфи мошин сафед. Омаданд дар дами дарвозаи донишгоҳ, посбонҳоро ҳақорату дашном карданд. Касе чизе гуфтан наметавонад. 3 ҳафта пеш як донишҷӯеро, ки курси чаҳори ҳуқуқшиносӣ  хорич карданд. Бачаи кадом раис. Гоҳ бо  Лексус 570, гоҳ бо мерседес майбах, БМВ-и маркаи охир меомад. Гӯиё кадом муаллимеро лат кардааст. Аммо дирӯз дидам, ки боз ҳам омадаасту донишҷӯи курси 4 мебошад. Аз ин карда занг занад падар ва тағағоятон дипломро гирифтв тиянд хубтар аст. Боз шумо номзад ҳам мешавед,доктор ва академик ҳам мешавед. Давлат дар дастатон ҳаст унвону рутбаҳо ҳам дар дасти шумо,мо камбағалем рӯзамон тиед ақалан монед мо дарс хонем моро озор надиҳед.

Хуллас, вазъияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,макони илму дониш ҳамин тавр аст, мисли бақия донишгоҳу макони илму маърифат, ки дигар ҳамагӣ чизе, ба ҷуз аз ҷойи пулкоркардан ва фасоду ришват  нестанд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Хонандагони гиромӣ мо хуб медонем вазъияти ДМТ ва дигар донишгоҳ ва муассисаҳои олии кишварро. Барои беҳбуди вазъияти ин муассисаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ ба Ислоҳ нависед,то дар онҳо тағйроте сурат бигарад ва вазъ беҳбуд ёбад. Мо мунтазири номаҳои шумо ҳастем,натарсед ба мо нависед ва натиҷаашро бо чашмони саратон хоҳед дид.

Мунтазири навори ин матлаб бошед!

Сообщение Донишгоҳи миллӣ ё Бонки миллӣ?    появились сначала на ISLOH.net.