Архивы Домсозӣ - ISLOH.net

Ҳоҷӣ Хол чаро ба Анӯшервони Рустами Эмомалӣ дача падарка кард?
Номаи маро алоҳида нашр кунед№ 42

Баъд аз мутолиаи мақола зери унвони «Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор», ки дар таърихи 17.02.2026 дар сомонаи «Ислоҳ.нет» ба нашр расид, дар фикри навиштани дидаҳову мушоҳидаҳоям дар бораи домсозҳо ва шароити кору фаъолияти афтодам.

Ман бо чанде аз ин домсозҳо аз наздик шинос ҳастам ва ҳанӯз аз давраи роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо баъзе аз онҳо ҳамкорӣ мекардам. Аммо навишта натавонистам ва ночор шудам, ки фикрҳоямро шифоҳӣ ба шумо ирсол дорам. Дуруст аст ки хеле аз ин домсозҳо бисёр ҳам беинсофанд ва ба мардум ҷабри бисёр мекунанд. Аммо онҳо зери фишор қарор доранд. Бахусус, баъд аз раиси шаҳр шудани Рустами Эмомалӣ шароити корӣ барои домсозҳо чанд баробар вазнин карда шуд.

Аввал дар бораи МБТИи пойтахт мегӯям.

Дар МБТИ як сол пеш як одами дигар буд, ки ному фамилияаш аз ёдам рафт. Мард ва мутахассиси хуб буд ва бо ҳама коргаронаш муомилаи баробар дошт. Нархи ҳама чиз арзон буд. Ҳозир раиси МБТИ хусурбурдаи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аст, ба зани Рустам чи хешу таборие дорад. Бо ягон кас гап намезанад. Ҳамин, ки меояд ва вориди коргоҳ мешавад ҳама коргарҳо аз ҷо мехезанд ва дар коридор боз ҳамин хел рост истода пешвоз мегиранд, ягон овоз намебарояд. Инро беҳад парастиш мекунанд, албатта, ки аз тарс, мақсад, ки ҳамаро задагӣ аст. Бародаре, ки онҷо кор мекунад гуфт, ки ҳама тамоман безор шудагианд. Ҳар 6 моҳ, 1 сол пас аттестатсия мегузаронанд ва гӯё касе ғайримутахассис ва бесавод бошад, аз кор сураш мекунанд. Аммо ин гап тамоман дурӯғ аст. Инҷо масъала тамоман дигар аст. Мебинанд, чун пурсуков мекунанд, ҳар касе бетаға бошад, уволит мекунанд ва баъд тағадорҳояшро мебинанд, ки касе дар пушташ ҳаст, аз онҳо сум мегиранд ва онҳо др ҷойи корашон меистанд.

Як вақтҳое буд, ки Президент дар ҳар ҷаласааш дар бораи аҳамияти донистани забони хориҷӣ бисёр мелақид. Ҳамин нафарҳо, ки узви комиссия барои баргузории аттестатсия мебошанд як талабашон донистани забони хориҷӣ аст. Аммо дар асл ин гапҳо ҳамааш барои «бизнес»-аст. Комиссияи аттестатсионӣ худаш забони хориҷӣ намедонад. Пулро медиҳӣ, санад пур мекунанд, ки забони хориҷиро омӯхта истодааст, дарс гирифта истодааст, ҳама хуб аст, агарчи ҳиҷ дарс барои забони хориҷӣ ҳам надонед, баъде пулро гирифтанд ҳамин гуна роҳи ҳал доранд.

Як бародар онҷо кор мекунад ва камкам роҷеъ ба кору бори корхона бо ҳамкоронашон гап мезанад.

Гуфт раиси пешинааш зӯр буд. Масалан пеш барои як имзо ба раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев 500 ҳазор сомонӣ медодӣ  ва қарори барои сохтмони домро мегирифтӣ. Ҳозир барои чунин қарор домсозҳо ба Рустами Эмомалӣ аз дувуним то се миллион сомонӣ медиҳанд. Домсозҳо талош мекунанд, ки илоҷе карда бо Рустами Эмомалӣ ва круги вай робита пайдо кунанд.Маълум аст ки ба хотири гирифтани қарори замин барои сохти дом дар ҷойҳои ба истилоҳ ходовойи шаҳр. Пораву ришваҳои калон медиҳанд ва ин пораву ришваҳо ҳар хел мешаванд. Масалан мошинҳои гаронбаҳо ё ягон намуд чизи пурқимат, маслан бриллиант. Аммо як нафар домсоз як намуд пораи тамоман аҷоиб ба Рустам медиҳад.

Ҳоҷӣ Хол яке аз домсозҳо барои Анӯшервони бачаи Рустам дар байни Қашқараҳа ва Мискинобод як дачаи бисёр ҳам бузург ва бадвоҳима сохта тӯҳфа кард. Ин домсоз соли пор буз дода буд, ки дар он мусобиқа Анӯшервон ҳам омада буд. Тамоми солимҳои асосӣ: мошин, уштур, доллар ва говро аспҳои Анӯшервон гирифт.

Худи ин домсоз аз қишлоқи Қашқараҳа аст Қишлоқи Қашқараҳаро домсозҳо хеле ҳам базеб обод кардаанд. Ин дачаро дар лаби раҳ барои Анӯшервон сохта дод. Ин домсоз ҳозир акнун нав «соз» шуда истодааст. Бо оила сахт часпондагӣ аст. Ҳоҷӣ Хол аввалҳо бизнесмен буд: тахта тунука, арматура, хулоса стройматериал мефурӯхт. Вале ҳоло полний домсоз шудааст.

Дар ҳамин моҳи Рамазон аз пеши домҳои Ватан сар карда, Додо-питсаю гулфурушиву дигар магазинҳо, хуллас ҳамаро фармон доданд, ки дарахт мехареду мешинонед. Фармони раиси шаҳр. Кормандони Рустам ба ин фурӯшандаҳо гуфтанд, ки ё дарахт харида лаби роҳи назди фурӯшгоҳҳоятонро зебо мекунед ё пулашро медиҳед, мо худамон мешинонем. Дар дасти онҳо, ки ба Додо-питса даромаданд панҷ дарахт буд. Гуфтанд, ки барои ҳар кадоме аз ин дарахтҳо панҷҳазорӣ медиҳед.

Мақсад гапам ин аст ки ҳамаи ин дарахту гулзорҳеро, ки дар шаҳр мебинед ва мардум гумон мекунанд, ки Рустам ободӣ кардааст, аммо дар асл ин тавр нест. Инҳоро, дарахтону гулҳоро ҳамин домсозҳо кардагианд, аммо бечораҳо дам намезананд.

Домҳое, ки домсозҳо дар лаби роҳ сохтагианд, худи домсозҳо пул медиҳанд, ки давру барашон бо рӯшноӣ таъмин карда шавад. Барои ҳамин светашонро саривақт гирён мекунанд. Вагарна домҳое, ки он тарафтар, ҷойҳое, ки аз бари раҳ берунтаранд масалан тарафи 102, тарафи 82 свети ҳама домҳо куштагӣ ва аз қишлоқ ториктар аст. Бениҳоят бетабъ аст. Тарафи 102 пеши ё тарафи масҷиди Зарафшон меравед, тарафи Зарнисору он тарафҳо, лаблаби канал ва аз ин тараф аз пеши қурутобхонаи Олим торик аст, свет надорад кӯчаҳоро полний куштагианд. Инҷо ҳам даруни Душанбе аст.

Аммо мардум дар телевизор ҷойҳои светдорро мебинанд. Ин ҷойҳоро домсозҳо худашон платит мекунанд, барои бизнеси худашон, ки барои  саривақт светҳояшонро гирён кунанд,  бизнесашон пеш биравад. Вагарна дар дигар ҷоҳо ҳама бесвет аст.

То ҷое медонам ҳозир домсози №1 Зафар аст. Дар тарафи кӯчаи Айнӣ дом месозад. Домҳои беҳад зӯр месозад, нархаш гарон, вале сифаташ хуб аст. Аммо ин Зафарро ҳамон тавреяш кардагианд, ки ногуфта худаш любой чизро мебарад медиҳад. Ҳамин хелаш кардагианд. Бечораро бузаш кашидагиянд.

Дар байн чи дарахтҳои зебое, ки мебинед то повороти аэропорт, аз Айнӣ ба тарафи Садбарг ҳамаи инҳоро домсозҳо худашон харидаву шинонидаанд. Як дарахтҳое, ки дар ҳамин кӯчаи Айнӣ, рӯбарӯи Скорий шинонидаанд худи Зафар ҳар як кадомеашро аз Италия заказ карда овард. Нархи як ниҳоли овардааш 10.000 сомонӣ.

Дарахтҳои наверо, ки дар лаби роҳҳои шаҳр мебинед, ки назаррабову дилкашанд ва дар танаи онҳо светомузикаҳоро насб кардаанд, ки кори худи домсозҳо аст.

Домсозҳо барои доми месохтаашон худашон платит мекунанд. Мусорҳоро худашон мебардоранд. Худаш харҷи партовкашро медиҳад. Барои онки аз шаҳрдорӣ болояшон грузит кардагианд, ки ин корҳоро худашон бояд иҷро кунад. Албатта, гирду атрофи бинои тозаву тамиз бошад, ҷалби таваҷҷӯҳи муштарӣ-харидор мекунад вале ин набояд ба он маъно бошад, ки кори хадамоти шаҳрдориро домсозҳо кунанд.

Бародар, ончики ман гуфтам, ин ҳолату мавриду ҳодисаро шахсан бо чашмони сарам дидаам.

Ҳозир Зафар дар пеши маркази тиҷоратии Садбарг дом месозад, дом дар ҷои китобхонаву панҷэтажкаҳои пешинаи хиёбони Айнӣ.

Дар назди маркази тиҷоратии Садбарг, дар параи рости проспекти Айнӣ, ки аз самти фурудгоҳ меоӣ, як мағозаи «Дунёи китоб» амал мекард, ки дар қафои он биноҳои панҷэтажка буданд. Онҷо як корпуси Донишгоҳи миллӣ ҳам қарор дошт.

Ҳозир дар онҷо, дар ҳамон маҳалл ё ҷойи бинои панҷэтажа домҳои 12 ва 13 этажка бардоштанд. Аммо бо ҳамон канализатсия. Бо ҳамон канализатсияи пешина, ки барои бинои панҷошёна сохта шуда буд, биноҳои 12 ва 13 ошёна сохтанд. Аслан канализатсия мутобиқ нест ва интизори садамаҳои калон дар оянда бояд шуд.

Барои чӣ? Барои онки дар ҳақиқат аз ин домсоз пули зиёдашро гирифтанд. Бечора натавонист, ки канализатсияи барои ин қадар одам бисозад.

Ман доми рӯбарӯи Садбарг, дар ҷойи панҷэтажкаҳо сохташударо дар назар дорам.

Давраҳое, ки ман дар Душанбе студент будам як фирмаи домсозӣ буд, ки офисаш дар тарафи 33 микрорайон қарор дошт. Фирмаи боқувват буд, автобазаҳои калон дошт. Номи фирма аз ёдам баромад.

Хуллас, ин фирма паркҳоро месохтанд. Парки дар пеши Лучоб, назди Донишгоҳи миллӣ дар биноҳои пеши Парчам то Товусро ҳамин компания сохта буд. Боз домҳои МЖК Қайроққумро ҳам пурра ҳамин фирма сохта буд. Болнитса сохтанд. Беҳад ташкилоти зӯр буд. Кори охирини ин фирма сохтмони бемористони Истиқлол буд. Аммо гап дар инҷо аст ки корҳои сохтмонии бемористони Истиқлол тамом нашуда духтари президент гуфт, ки ин беморхонаро ба номи ман мекунед, ман онро мегирам. Ҳоло тамоми аптекаҳои ин беморхона аз они «Сифат-фарма»-и Парвина Раҳмонова аст.

Духтари президент хоста буд, ки ин бемористонро ба номи вай кунанд ва мегуфт, ки ман онро мегирам. Аммо розӣ нашуданд. Вақте чунин баҳсу даъво пеш омад Озода дастур дод, ки полний ин фирмаро биковен ва аз қафояшон бигардед, ки чи кор мекунанд?

Санҷишу тафтишро аз коридани газони давру барои бемористон сар карданд- дар чанд сум гирифтед. Ҳатто барои санҷидан муфаттишҳоро роҳӣ карданд Хитой. Озода строгий приказ дод, ки «ҳамаша полний кофтуков кунед».

Бечораҳоро ҳамин хеле карданд, ки …

Ҳамаашонро тюрма карданд, бисёр одам буд. Чанд нафар аз бухглатерҳояшонро медонистам, шинос буданд. Бухгалтеҳоро фарёд карданд, чи санаду ҳуҷҷҷате, ки доштанд. гирифтанд. Онҳоро зиндон карданд. Як қисмашон аз моли дунё чизе дошт, масалан мошин, масалан дача фурӯхту доду ҷонашро халос кард. Он як муҳосиб, ки шиноси мо буд ҳаҷ рафт ва дар онҷо дилаш зад мурд. Нисфашон дар тюрма мурданд. Аз ҳамон қадар одам яктоаш монд. Баромад аз зиндон ҳозир, шунидам, ки боз дом сохта истодааст.

Маводи ғизоӣ, масалан орд аз Ӯзбакистону Қазоқистон меоварданд ва дар базаҳояшон бачаҳо кор мекарданд, тал задагӣ ва арзон буд. Ҳама чизашонро гирифтанд. Озода гуфт ҳамаи чизҳояшонро бигиред. Он вақт ними бемористони Истиқлол сохта нашуда буд. Ва худашон боқияшро ҳарому ҳалол сохтанд. Даже то ҳозира лифтҳояшон хушру кор намекунад. Аз берун хушрӯ асту аз дарун вайрон. Парки навро ҳам ҳаминҳо сохта буданд.

Як нафри онҳоро медонем. Чи молу мулке дошт фурӯхт ва худашу ҷонашро халос карда омад ба ҳамин Москва. База кушод, ҳамон охранникҳояш, ки дар ҳамонҷо буданду кор мекарданд ҳозир омадагӣ Москва ҳамроҳаш кор мекунанд. Як се сол пеш буд, ки ҳаминҷо кор мекарданд.

Шарҳи Ислоҳ:

Инҷо сухан аз «Маҷмааи тандурустӣ»-и Истиқлол меравад, ки дар замони раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Душанбе сохта ба истифода дода шуд. Ин бемористон бо харҷи 706 миллион сомонии бюҷети Душанбе сохта ва моҳи марти соли 2016 ба истифода дода шуд, ки дар вақти баҳрбардории он Раҳмонов чун ҳамешагӣ ширкат карда буд. Аммо сохтмони ин беморхона боис шуда буд, ки як соли пас, баъде Рустам дар ҷойи Убайдуллоев омад Убайдуллоевро барои ҳамин пулҳои ҷудошуда барои сохти ин бемористон ба мақомоти интизомӣ аз ҷумла ба Оҷонси мубориза бо коррупсия даъват карда таҳти саволу ҷавоб қарор доданд.

Ва ҳамин тавр ба навиштаи расонаҳо Оҷонси  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  Саидшариф Анваров, раҳбари собиқи муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Душанбе ё УКС-ро дастгир кард, ки ба «исрофкорӣ» ва «изофанависӣ» дар сохтмони Маркази тиббии «Маҷмааи тандурустӣ» ва пешниҳоди ришва ба шахси мансабдор, муттаҳам шуда буд.

Ҳамроҳи раҳбари собиқи УКС-и Душанбе, шаш нафари дигар Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов — раис ва муовини раиси «Тоҷикколхозсохтмон», Тоҳирҷон Тағоев – раҳбари «Жилестрой», Олим Саидов — раҳбари ПМК-278, Тоҳирҷон Мирзоҷонов – раҳбари ширкати «Хонасоз-4» ва Қосим Фатҳуллозода — раҳбари «Саманд 2010» ном бурда мешуд. Боздошти Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ бо амри Рустами Эмомалӣ дар сохтмони Маркази тиббии «Истиқлол» сурат гирифтааст.

Баъди омадани Рустам ба ҷойи Убайдуллоев ба тамоми дари утоқҳои шаҳрдорӣ мӯҳр зада шуд. Ва тафтишот шурӯъ гардид. Мақсади ин тафтишот муттаҳам кардани Убайдуллоев ва осебпазир кардани вай буд, ки Раҳмонов ба ин мақсадаш расид. Баъди анҷоми тафтишот худи Раҳмонов дар як ҷалса эълон намуд, ки дар давоми 10 соли охир ва дар паи 800 тафтишу санҷишҳо, ба қавли президент, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Вай гуфт, ки «истифодаи ғайриқонунии маблағҳо асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардидаанд ва яке аз ин сохторҳо – Раёсати сохтмони асосии шаҳр аст» Баъдтар бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров  ба муддати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Вай ба сирқати 16 миллион сомонии пули ин бемористон муттаҳам гардид. Нуктаи асосӣ ин аст ки ин Саидашраф Анваров писарамак , хулоса аз хешовадони наздики Убайдуллоев буд ва бо зиндонӣ кардани вай Раҳмонов ва Рустам ба чашми Убайдуллоев нишон  доданд, ки вай дигар «никто» аст.

Дар охир инро ҳам бояд гӯям, ки аз ҳамин қишлоқи Қашқараҳаи Файзобод домсозҳо дар Душанбе бисёранд: Убайд, Каромат, Аслик.

Лекин ҳоҷӣ Хол чи тавр бо ин авлод часпондагӣ аст, бо кадом роҳе наздик шудагӣ намедонам. Лекин, чуноне гуфтам барои Анӯшервони бачаи Рустам пеш аз даромадан ба Мискинобод як дачаи гизала сохтааст. Ман мехоҳам, ки оқибати ҳоҷӣ Хол ба хайр бошад вале аз таҷриба медонем, ки ҳар бизнесмени ғайри оила, ки бо ин оила «часпонд» оқибат банкрот ва зиндонӣ шуд…

Сообщение Ҳоҷӣ Хол чаро ба Анӯшервони Рустами Эмомалӣ дача падарка кард? появились сначала на ISLOH.net.

Рӯдакӣ-ноҳияе, ки қонунро бо нарх мефурӯшанд
Номаи маро алоҳида нашр кунед № 37

Ин шумораи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» аз ду номаи ҷудогона иборат аст вале марбути як ноҳия мебошад. Барои ҳамин ҳардуи ин номаро дар ин барнома ҷой додем. Хеле аз навиштаҳои ин муаллифон, манзур мушкилоти матраҳкардаашон ба ҳам наздик аст. Ҳарду ҳам аз раисони собиқ ва имрӯзаи ноҳия шикоят кардаанд. Аз ҷиноятҳое ёдовар шуда ва аз Прокуратураи генералӣ талаб намудаанд, ки машғули тафтиш ва таҳқиқ бишавад. Махсусан номаи дуввум, ки аз як домсоз фиристода шудааст, бисёре аз паҳлуҳои масъалаи заминфурӯшӣ дар ин ноҳияро ошкор месозад.

Рӯдакӣ (Номаи 1)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин мардуми ноҳияи Рӯдакӣ толеъи хуб надоштааст.

Чанде пеш Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рудакиро аз кор гирифтанд. Дар бораи ин раис, ки то ба Рӯдакӣ омаданаш муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон буд ва рутбаи генералӣ дошт, «Ислоҳ» чанд матлабу гузоришҳоро нашру пахш карда киву чӣ будани ин ба ном «нозир ва муҳофизи қонуну адолат»-ро ифшо ва ошкор кард ва мо гумон мекунем, ки нақши «Ислоҳ» дар аз мақом барканор шудани вай бисёр ҳам ҷиддӣ буд. Вақте ӯро оварданд, раиси ҷумҳур таъкид карда буд, ки масъалаи тақсимоти замин дар ин ноҳия хеле ҳам дардисарсоз шудааст ва аз генерал ин таваққуъро дошт, ки онро дар чавкоти қонун ва адолат ҳал мекунад. Аммо ин тавр нашуд, баракс шуд. Инки Абдуғаффор Ҳикматуллозодаро аз кор гирифтанд, кори хуб шуд. Кори «Ислоҳ» натиҷа дод. Аммо, маъаласаф дар ҷойи вай боз як ҳаромхури дигарро оварданд, ки аз пешинааш бадтар аст. Аз борон гурехта тайи новадон задем, гӯем хато намешавад.

Нусратулло Салимзодаро аз Бобоҷон Ғафуров оварда ба Рӯдакӣ раис монданд. Салимзода ҳам яке аз персонажҳои манфии навиштаҳои «Ислоҳ» аст.

Аз деҳаи Гулисойи ҷамоати Лоҳури Рудакӣ пеш ду нома навишта будем, алҳамдулиллоҳ ҳардуяшон ҳам нашр шуд. Деҳаи мо Гулисой аст ва дар ноҳия бо ҳамин ном маъруф мебошад ва ҳама мешиносад. Аммо шумо Гулистон гуфтед, ки лутфан ин бор Гулисой гуед. Гулисой, 4ум насос мегуянд.

Мо талабамон ин аст ки раиси пешинаи ноҳияи мо генерал Абдуғаффор Ҳикматуллозода насосҳои деҳаи моро баргардонида биёрад ва дар ҷойи қаблиаш устувор кунад. Ин насосҳои халқ ва аз қишлоқ аст. Насосро бо кабелҳояш бурд. Кабелҳои ғафс-ғафси медӣ. Як метри он як кило, ду килло мед медиҳад. Як метри он кабел то 200 сомонӣ арзиш дорад. Халқ боз ин гуна насос ва кабелҳоро аз куҷо меёбад? Бо ҳамон рубилникҳояш гирифта бурд.

Дар деҳа як мулло дорем, ки бисёр ҳам ҳаромхур аст. Ин насос сӣ сол шуд обро дидагӣ набуд. Аммо панҷ кас аз хонаи ин мулло ҳамчун корманди стансияи насос маош мегиранд. Ин мулло боз фурушанда ҳам ҳаст ва мо ба вай гуфтанием, бояд мардумро камтар фурушад.Кадом одаме, ки заминаш ҳуҷҷат надорад мефурушад. Аммо худаш ҳама заминҳои гирду гушаи насосро гирифта ҷойи хона кард барои бачаҳояш. Ҳозир агар ягон крани башний биёяд насосро чи хел мемонад? Чунки роҳи даромадро маҳкам кардаст. То ҳатто раҳро гирифтаву замини хона кардааст. Мо ба ин мулло гуфтанием, ки ту мардумро менависӣ бедокументҳоро бузӣ мекунӣ, о мардум магар намедонанд, ту чи кор карда истодаӣ? Муллоӣ, аммо ҳаром ва ҳақи мардумро мехурӣ. Ту муллоӣ, ҳукумат маҷлис меравӣ, ҳамин мардум пули раҳатро медиҳанд. Ту ҳар ҳафта маҷлис меравӣ халқ пули роҳи туро ҷамъ карда медиҳад. Бовар кунед бародар, ки то ҳамин дараҷа аст. Ин мулло ҳар рӯзи панҷшанбе ё ҷумъа маҷлис меравад, аммо аз халқ пул гирифта меравад. Боз нашармида, андеша накарда мехезиву ин халқро мефуршӣ, беномус. Насос сӣ сол шуд об надорад, аммо аз оилаи ту панҷ кас маош мегирад. Магар ин аз рӯи қонун ва шариъат дуруст аст?

Дар бораи як масъалаи муҳим инҷо гуфтаниам.

Ягон 7-8 моҳ пеш мардум ба маслиҳат омад, ки ду синфхона барои мактба рост кунанд. Синфхона намерасад. Раисони маҳалла ва халқ машварат карда розӣ ба пулпартоӣ шуданд.

Деҳаи мо 450 -500 хоҷагӣ дорад. Гуфтанд, ки сари ҳар як хоҷагӣ 350 сомонӣ ҷамъ мекунем ва ҳамин ду синфхонаро месозем. Мо медонем, ки ҳукумат намесозад. Ин маблағро ҷамъ карданд. Дар ин байн боз одамҳои пулдор 500 то 1000 сомонӣ барои савоб доданд. Одамҳое, ки надоранд 250- 300 сомонӣ доданд. Қариб, ки ҳама дод. Ягон даҳ-дувоздаҳ бевазан ва камбағал надод, аз онҳо касе напурсид, хонаҳояшон  ҳам нарафтанд, дигар ҳама дод.

Хулоса, ҷамъ карданд, 120 ҳазор сомонӣ барои ду синфхона. Ду синфхонаро рост карданд. Аммо гуфтанд, ки маблағ нарасид. Дар масҷид маҷлис карданду гуфтанд нарасид: «120 000 сомонӣ ҷамъ шуд, ана ин қадар расход шуд ба мактаб, аз устоҳо 9 ҳазор қарздор шудем, сумамон нарасид, аз магазинҳои район, ки масолеҳи сохтмонӣ гирифтем, аз онҳо қарздор шудем».

Хулоса, гуфтанд, ки боз ҷамъ мекунем ва ба қарзҳоямон медиҳем. 50- 100 сомонӣ мерасад, сари хона ҷамъ мекунем.

Ҳамаи мо медонем, ки масолеҳи сохтмонӣ дар бозор чи арзишу нарх дорад. Масалан хишт чанд пул аст, арматура, тахта ё шифер ва ё меху саморез чанд пул аст. Мо усто ҳам набошем, мефаҳмем ин чизҳоро. Чунки меравему мехарем аз бозор ё аз магазин, дар зиндагӣ даркор аст.

Боз сум ҷамъ карданӣ буданд. Онҷо як, ду кас аз мардум гуфт, ки чи хел пулро расход кардед, ки барои ду синфхона 120 ҳазор нарасидааст.

Ҳоло давоми қиссаро гӯш диҳед, ки боз ҷолибтар мешавад. Баъди маҷлис гапи тамоман навро фаҳмидем. Мову шумо хуб медонем, ки дар ҳар як деҳа 10-15 одами пулдор ҳаст. Фаҳмидем, ки як сумдори деҳа кирпичи он мактаб-синфхонаҳоро полний ба кала гирифта будааст, ду синфхона чанд ҳазор кирпич меравад 10-12000, харида оварда додааст, боз як сумдори дигариаш шиферу тахтаашро ба калла гирифта овардааст, боз як одами дигар сангашро, як одами дигар дару тиреза, яктои дигариаш потолоку сементу арматура овардааст. Хуллас, масолеҳи асосии синфхонаҳо ройгон фароҳам шуда будааст.

Ба ҳар ҳол аз рӯи ҳисобҳои ман (ман сохтмонро кам-кам мефаҳмам) максимум 50-60 000 сомонӣ расход кардаанд. Аммо гуфта истодаанд, ки 120 000 нарасид. Баъд ҳамонҷо як, ду кас гуфт, ки руихати кардагиатро бихон, ки чиву чиҳо гирифтӣ? Он нафаре, ки сумро ҷамъ кард –хазинадори он масҷид гуфт, ки «ман да ҳамаи шумо местум ҳамаи ира даклад карда , ман чи харидум нахаридум»

Кутоҳи гап ба мардум нагуфт, ки чи қадар хароҷот кардааст. Маълум мешавад, ки аз он пул хеле хӯрдаанд.

Мо ду раиси маҳалла дорем. Ҳамин раисони маҳалла ва хазинадор ин пулҳоро хурдагианд.

Барои ҳамин дар онҷо руихати хароҷоти кардаашонро нагуфтанд. Ба мо нагуфтанд, ки дар он ду синфхона чи қадар расход карданд. Вале маълум аст ки ҳақи мардумро бисёр хурданд. Ана акнун боз мақсади сумҷамъкунӣ доранд.

Бечора устоҳоро то ҳозира пулҳояшонро надодаанд. 9 000 қарздор. Пули устоҳо бисёртар шудааст, аммо 9 000-ашро надоданд. Боз аз магазинҳои даруни район 5000-6000 сомонӣ қарздоранд.

Аммо, мутаассифона мардум то ин дараҷа тарсончаканд, ки ягон кас руирост намегуянд, ки шумо ҳақи мардумро хурдед ва намепурсанд, ки ин қадар пул куҷо шуд? Наход барои ду синфхона, ки масолеҳи асосии онро одамони алоҳида таъмин кардаанд, 120 ҳазор сомонӣ нарасад?

Ҳамин як, ду кас кинояву гӯшона карданду баромада аз масҷид рафтанд.

То ин дараҷа ҳаромхуранд, ки агар мардуми бечора бигӯяд, ки «иқа сумро куҷо карден ҳисоб кунед», хазинадор қошу қавоқ карда ба кала намегирад. Намегуяд, ки «ина ман иқа расход кардам». О, барои мо расходи мелочийи вай даркор нест. Ду то диск харидааст, ду то жилка харидаст, се то мастерок харидааст, инҳо даркор нест. Бояд мард барин мегуфт, ки мисол 50 метр битон рехтем- 120 сомонӣ 6000 сомонӣ шуд, 10 000 хиштро як сомонӣ чиндан даҳ ҳазор шуд, 50 шефир буд, донаашро70 сомонӣ заданд -6000 шуд. Барои мо ин хел ҳисобҳои калонаш даркор буд, он хел мелочиҳояш даркор нест. Он хурду резаҳо ҷамъиҷамъ 500 -700 сомонӣ мешавад.

Мегӯяд: «ман меистам дар пеши шумо се соат доклад кунам. Ба касе даркор аст берун аз масҷид, ман меравам ба ҳамон одаме, ки даркор аст ман мегуям чи расход кардам. Ман намегуям гуфт»-у хулосаи гап нагуфт.

Хулоса, ана ҳамин хел пулро хурдагианд, аз нисф зиёд хурдагианд. Аз 120 ҳазор сомонӣ 60 тоашро хурдагианд. Боз бе ягон азоби виҷдон ва беҳаёёна гуфта истодаанд, ки боз ҷамъ кунед.

Дар ин қисмати нома боз дар бораи раисони маҳаллаҳо, ки дар номаҳои пешинаамон дар бораашон гуфта будем, навиштаниам.

Раисони маҳаллаи мо якеаш Шарипов Аҳмад ва якеи дигараш Алимхонов Ҳошим.

Бародарам домулло! Он номае,  ки ман навишта будам дар ҳақиқат таъсир кард, фоидаашро дидем. Баъди нашри он ва гапгапи зиёд дар бораи он нома дар қишлоқ ҳамон Алимхонов Ҳошим дар масҷид мегӯяд: «ман ай кадоми шумо, пули шуморо хурдам, шумо мара дар интернет навиштен, да давлатои Европа навиштен, ман ай кадоми шумора хурдам, ку мара бген».

Кошки он мардуми бечора ҳам бигӯяд, ки «ана ай мара хурдӣ, ана ай ду гектари мара суми мара гирифтӣ», аммо ин мардум намегӯяд, вагарна худи пагоҳ амният фарёдаш мекунад. Аз намози бомдод, аз хоб нахеста меоянд фарёдаш мекунанд, мегиранд мебарандаш.

Ҳамон одамҳое, ки пул додагианд хапанд ва инҳо бошанд то ҳамин дараҷа шайтони ҳароманд, ки агар мардум бигӯянд, ки «ҳо ина ман додагиам сума пагаш меган, ки ҳо ина номара значит ту навистагиӣ». Хулоса, ана ҳамин хел, ба кала намегиранд.

Боз ба наздикӣ ин раиси маҳалла пули чарогоҳ ҷамъ мекунад. Деҳаи мо ба чорводорӣ бисёртар машғул аст. Агар набошад 1000 сар гови калон ҳаст дар деҳа. Соли гузашта 10 сомонӣ ҷамъ карда буд. 10.000 сомонӣ фақат аз гов ҷамъ мекунад. Боз гусфанд, бузу бузғола бисёр аст. Аз ҳар сари онҳо 5 сомонӣ ҷамъ мекунад. Аз 5000 сар боз 5 сомонӣ ҷамъ мекунад, мешавад- 25 000.

Дар номаи пешина дар масъалаи заминҳо гуфта будам. Гуфта будам, ки суми халқро барои замин ҷамъ мекунад ва намегузорад, ки гандум бикоранд. Вале ҳоло, ки суми мардумро ҷамъ кардааст ва акнун иҷозат додааст гандумро кишт карда истодаанд.

1000 раҳмат ба шумо, ки номаҳои моро чоп мекунед. Ин шо Аллоҳ, ки натиҷа дода истодааст.

Ростӣ дар масҷид будам мегуфтанд. Ҳарҷо-ҳарҷо дар бораи он номаҳо мегуфтанд. Бисёр одамҳо раҳмат гуфтанд. Бисёр одамҳо дастгирӣ карданд. Гуфтанд кадоме навиштааст бар падару модари ҳамон одам раҳмат, ки ҳақ навиштааст. Ман аз бисёр одамҳо ҳамин гапро фаҳмидам .

Мо ҳам беақл нестем, дар ҳарҷо-ҳарҷо намегуем, ки мо навиштагием. Умуман ба ягон кас нагуфтаам. Танҳо худам медонам, шумо ва Аллоҳ медонад. Ба падару модарам ва ба ягон кас гуфтагӣ нестам.

Ҳатто падарам гуфт, ки кадоме навиштааст ба падару модараш раҳмат. Ман аз хурсандӣ намедонам чи кор кунам. Инсон бояд ҷавонмард зиндагӣ кунад ва бимирад. Ҳамин пайғамбарамон ҳам мардони баномусу мардони боғайратро дуст медошт.

Аммо бисёр одамҳо, ҳатто одамҳои калонсол гуфтанд, ки бар падару модари ҳамин инсон раҳмат, ки ҳамин номаро навиштааст.

Бародар Муҳаммадиқбол мо аз замину осмон мо аз шумо розӣ.

Падару модари шуморо раҳмат, ки ҳамин хел фарзанд тарбия кардааст. Ба туфайли шумо мо ҳам як зарра бошад ҳам ба халқ ва ҳамон деҳаамон хизмат мекунем. Мо бениҳоят хурсандем. Ин шо Аллоҳ, ки роҳи хубро интихоб кардагием. Мо дар бари шумоем. Дар тамоми пастӣ ва баландӣ дар бари шумоем.

Мо мухолифии ин режим мубориза мебарем. Шумо бидонед, ки як мубориз дар ҷамоати Лоҳур мо ҳастем. Ин шо Алдоҳ молодеж ҳамааш дастгирӣ мекунад шуморо. Ман хулосаи худамро баровардагиам, ки 80% мардум тарафдори шумоанд. 20% тарафдори шумо нестанд. Онҳо, ки тарафдори шумо нестанд, онҳо бузҳоанд. Ҳозир бузҳоро шанс додагианд ва бузҳо любой корашонро иҷро мекунанд.

Поколенияи ҷавонҳо, насли нав тарафдори шумо бисёранд. Як муборизи ҳамроҳи шумо аз тарафҳои Лоҳур, деҳаи Гулисой худи ман ҳастам. Чор сол мешавад, ки мо бо шумоем ва дар тамоми барномаҳои шумо ҳастем. Дар «Номаҳо…» ҳастем дар « Минбари муҳоҷир»  ҳастем дар «Семейка» ҳастем, хуллас  дар бари шумоем. Ин шо Аллоҳ, системаи Раҳмонов наздик омадагӣ, ҷушидаҷушида кадом рӯз аз лабаш мерезад. Коса, ки пур шуд аз лабаш мерезад.

Шумо, ки дар ғами мардум, дар фикри мардум ки ҳастед мардум шуморо дастгирӣ мекунад. Ними сокинони ин деҳаро узбекҳо ташкил медиҳанд. Мо инҷо аҳлона зиндагонӣ мекунем.

Шарифов Аҳмад раиси маҳалла дар чанд ҷо гуфтааст, ки ман номанависро меқапам авлодашро фалон мекунам, ину он мекунам.

Охир, рузе ту мемурӣ, ҳамин мардуми қишлоқ туро дар хок мемонад, дар маъракаат боз ҳамин мардуми қишлоқ, ҳамин қавми Гулисой меравад. Охир ту мисли раисони собиқ як хубӣ ҳам кун. Раисони пешини маҳалҳо ҳам бо кормандони комиссариати ҳарбӣ барои облава меомаданд, ҳадди ақал шарми мардум карда хонаи нафарро аз дур нишон медоданд, мегуфтанд мо шарм мекунем, мо намеравем, маълум, ки вазифадор аст бояд хонабахона бигардад. Вале ту рӯирост мегириву меорӣ: фарзандаш аз Русия омада аст руирост таҳдид мекунад сумро мегиранд.

Ин раисони маҳаллаҳои мо ва бузҳои қишлоқи мо якборӣ, дуборӣ дар милиса ғалтидагианд ва инҳоро мақомот буз кардагианд, маҷбурӣ бузашон мекунанд. Ҳоло ҳамин гуна система рафта истодааст. Агар ягон корат ба инҳо афтад ва наздашон рафтагӣ барои ҳалли ягон проблема пешниҳоди ҳамкорӣ мекунанд, ҳатто пул ваъда медиҳанд.

Азбаски инҳо дузданд ва инҳоро қапидагинад, борҳо дуздиашонро қапидагианд, инҳо дигар бо амниятанд. Амният сумашонро гирифта ҷавобашон додагӣ ва бузи амнияту бузи отдел шудагианд. Ин раисони маҳаллаҳои моро зури отдели Лоҳур ва район намерасад, ба бузҳои мо ҳам зӯрашон намерасад

Агар имконият бошад ба Прокурурори генералӣ гуфтан даркор, номаро ба номи ҳамон кардан даркор. Инҳо ба калонҳои он отделҳо, ба болоҳо доля медиҳанд.

Мардуми ҷамоати мо ин раисони маҳаллаҳоро намехоҳанд. Бигзор дафъ шаванд, кор накунанд. На Аҳмадҷон Шариповаш раиси маҳалла кор кунад ва на Алимхонов Ҳошимаш кор кунад. Мардуми мо аз инҳо безоранд. Инҳо низ ранги Раҳмонов ба хун гирифтагианд, ба хун месупоранд.

Ин Шарифов Аҳмад, раиси маҳалла ҳам аз отдели Лоҳур ва ҳам аз амният удостоворений дорад. Боз ҳамон ҳуҷҷаташро ба халқ нишон медиҳад, фахр мекунад. Дар чанд ҷо нишон додааст, ки «ина ман, ина амниятум, ду вазифа дорум». Изо накашида вазифаҳои бузиашро таъриф мекунад.

Ин Шарифов Аҳмад, бо як зани шудор, ки шӯяш дар Русия аст алоқа дорад. Номи он занро намегуем, шӯ ва фарзанд дорад, хонавайрон мешавад. Ман аз даруни оилаи вай гап мегирам. Бигзор бузиашро бас кунад. Дар даруни оилааш чи хабар аст медонем. Агар бузиашро бас накунад ва раиси маҳаллагиро насупорад ҳамаашро ифшо мекунам.

Рӯдакӣ (Номаи 2)

Номаи домсози Рӯдакӣ: шаҳодати зинда аз фасод

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман рӯирост мегӯям, ки ба шумо аз ноилоҷӣ муроҷиат мекунам ва ночор шудам, ки бароятон бинависам. Ман як соҳибкор ҳастам, домсоз. Ҳозир домсозҳо ба назари мардум сахт шум шудагианд. Аммо онҳо ҳам мушкилоти худро доранд, мушкилоти бисёр ҳам сахту вазнин. Онҳо ҳам мисли аҳолӣ бо ин ҳаромхӯрони мансабдор дастбагиребонанд ва гоҳо намедонанд, ки чи кор кунанд?

Роҷеъ ба ҷиноятҳое, ки масъулини ноҳияи Рӯдакӣ рӯирост содир мекарданд ва ба шумо навиштанду менавиштанд, мо ҳам ҳамаамон медонистем, ки ҳамааш сад фоиз рост буд.

Баъд аз онки генерал Абдуғаффор Ҳикматуллозода ,раиси ноҳияи моро аз кор гирифтанд ва Нусратулло Салимзодаи данғарагӣ, собиқ вазири тандурустиро аз  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда дар ҷои вай таъин карданд, вазъият бадтар шуда истодааст. Нусратулло Салимзода домсозҳо ҳанӯз вақте,ки дар ноҳияи Сино раис буд ва хуни домсозҳоро мемакид, мо хуб мешинохтем. Ин Нусратулло Салимзода

як шогирди худаш бо номи Тоҷиддинро архитектор-меъмори ноҳия таъин кард. Нав як ҳафта нашудааст, ки корро сар кард. Вале, аллакай бо кормандони прокуратураи ноҳия барои пулканӣ аз домсозҳо забон як кардааст. Гуё раиси нав супориш додааст, ки дар давраи Ҳикматуллозода касе қарор гирифтагиаст «ма медонм, ки уво пул додагиян, то модам хизмат накнан қаророша бекор мекнум».

Акнун инҳо бошанд аз як лаб ҳамаро фарёд карда гӯё «санҷиш» гузаронида пулҳои калон пурсида истодаанд. Бовар кунед, ки аз ҳамин дар Рӯдакӣ ба дунё омаданамон пушаймон шудаем. Намедонем, ки чаро дар Рӯдакӣ як одамҳоеро оварда мемонанд, ки гӯё як ҳаёт гушна будаанд ва бо тамоми санъати дуздӣ ошноянд, мо дар ҳақиқат ҳайрон мешавем. Барои чи маҳз ҳамин гуна одамҳои гушнаро ба ноҳияи мо мебиёранд.

То ин вақт ман хиёл мекардам, ки ин одамҳо, ки барои «Ислоҳ» менависанд, дурӯғу тӯҳмат менависанд.

Баъд аз онки дар ноҳия ман барои гирифтани сертификати як қисми ҷои сохтмонам машғул шудам, ба ман аз МБТИ гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоят дар прокуратура, онҷо бираву ҳал кун, сипас сертификатат медиҳем. Ман ҳайрон шудам, ки прокуратура ба сертификат чи алоқамандӣ доштааст. Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ рафтам, назди нафаре бо номи Саид, ки утоқи кориаш дар 3 ошёна будааст: «и катагӣ, и гапзании ура бину , фақат э ма итари, э ма утари», гуфта воҳима ва понт мекунад. Як камера надоштам, ки ӯро запс кунам. Он қадар фаҳмонидам,  ки тамоми ҳуҷҷҷатҳои даркориро дорам, имконият бошад тезтар равон кунед, то ман экспертизаро гузашта корҳои сохтмониамро сар кунам, вале дар пеши тирезааш як салафан ҳуҷҷат буд, онро нишон дода гуфт, ки ҳамаи ҳамин ранги ту ҳуҷҷатҳои сохтмонҳоанд: «раисда ку хизмат кадагиен, прокурордам ягончи «хизмат» кнен роиш мекнм мера ҳуҷҷатот».

Баъди чунин суҳбатҳояш ба зӯр худамро қапидаму баромадам аз прокуратураи ноҳия ва МБТИ рафтам. Дар онҷо ҳама корро бо ҳамин Саиди коргари прокуратура Абубакр ҳал мекардааст. Ӯро гуфтам, чи хел кунем, дар прокуратура ҳамин хел гуфтанд. Абубакр гуфт ҳо, то 40-50 ҳазор сомонӣ надиҳӣ Саид ҳуҷҷатҳоятро ба назди прокурор намедарорад. Баъди ин гапҳоро фаҳмидан до того асабҳоям вайрон шуд, ки…Охир, барои чи «ма бояд пул диҳем, ҳоло он ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҳаст, боз хонаҳои одамҳоро розӣ бошанд гуфта бо нархи гарон  харидем».

Дигар илоҷ надоштем: «чем ай уве, ки рафта ягон каса илтимос мекнм 40 ҳазор барои гирифтани серитификат додем».
Баъд аз онки дар ин ноҳия чанд муддат кор кардем боз ҳамин Саид якҷо бо чанд мутахассис омад, барои дидани офис, ки дар назди сохтмонамон қарор дошт. Пурсид, ки шумо барои офис иҷозат доред ё не? Қарори раиси ноҳияро нишон додем. Гуфт ғайриқонунӣ аст. Мақсадаш боз пулканӣ. Акнун барои инки ҳамин офисамон дар ҷояш истад, боз 2000-3000 доллар пурсиданд.

Ман ҳеҷ чизро нафаҳмидам. Вақт аз оне ки ин қарор ягон рол бозӣ намекардааст ё ғайриқонунӣ будааст, чаро дар вақташ онро надидед ва дар вақти оғоз намудани корҳо ҳеҷ чиз нагуфтед? Баъди камтар корро сар кардан ғам додан сар мешавад:

«ихе мекнем, ухе мекнем, қарорта бекор мекнем».

Чӣ, мо -сохибкоро барои шиками ҳароми ҳамин Саиду кудаконаш ё прокурораш кор мекунем?

Афту башарааш ранги одам нест. Як намуд катагиву кибр мекунад, ки ҳисобаш гум. Ин нафар як моҳа андозе, ки мо ба давлат месупорем дар тамоми умраш супоридаги нест, вале ин ғамдиҳиву пулгириаш дар ақл намеғунҷад. Охир барои чӣ пул диҳем вақте тамоми ҳуҷҷатро дорем? Аз як тараф роҳбари давлат мегӯяд, ки соҳибкоронро дастгирӣ кунед, ғамашон надиҳед вале аз ин тараф кормандони МБТИ ва ҳукумати ноҳия бо маслиҳати садфоизаи корашон ҷуқидан,

як бало карда пул кандан. Ҳамин қадар, ки дар ин ноҳия аллакай маблағи калон сарф кардагиам, вагарна як дақиқа намеистам. Шиносҳоям рафта дар Ӯзбекистон дом сохта истодаанд, як кас кор намегирадашон. Тоҷикҳои худамон гуфта истодаанд, ки корро дар онҷо бас куну биё, ман ҳам акнун нав фаҳмида истодаам, ки барои чи онҳо рафтанд. Ин ҳамин хел рафтан гирад, ба фикрам дигар ҳеҷ кас намемонад.
Баъди чанд муддати дар ин ноҳия кор кардан аз ин тарафу он тараф фаҳмидем, ки дар прокуратураи ноҳияи Рудакӣ барои 2 нафар кормандашон барои ҳамаи чиз, яъне барои ҳамаи кор иҷзотаи мудохиларо дода будаанд. Ин нафарон худашонро конкретно ранги гуруҳи ҷинояткор нишон дода истодаанд. Корашон заминҳои одамҳоро гирифта ба дигарон фурухтан будааст. Якеаш Саид ва дигараш Баҳриддин. Саид, ки шогирдаш Абубакр, ҳоло коргари МБТИи Рудакӣ ва Хуршед бо кличкаи афғон. Хуршедро раиси раиси пешина аз ноҳия сураш карда буд ва ҳозир бошад дар МБТИ шаҳри Душанбе кор мекунад. Вай холабачаи Саид будааст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дар ноҳия через ҳаминҳо анҷом медиҳанд. Ҳамин омода мекунад. Сокинони ноҳия, ки хонаҳояшонро сертификат караднӣ мешудаанд, ҳатто ҳамонҳо то 200-300 доллар намедодаанд аз прокуратура мактуб намедодаанд.

Нафари дигариаш Баҳриддин, шогирдаш Дилмаҳмад, яке аз заминфурушҳои нохия Рудакӣ мебошад. Ин Баҳриддин бо ҳамроҳии Саид дар заминҳое, ки президент солҳои пеш ба мардум дода буд, аз он сабаб, як хелҳо дар онҷо сохтмон накардаанд, заминҳои онҳоро гирифта ба дигарҳо бар ивази маблағҳои калон ҳуҷҷат соз карда медиҳанд. Ин ҳолатро ҳама сад фоиз медонанд, аз ҷумла прокуратураи ноҳия низ медонад.

Баъд Саид корманди МБТИиро мегуфтааст ва Баҳриддин бошад нозири минтақавӣ-участковийро мегуфтааст, ки ин заминро сохтмон мекунанд кордор нашав, ин ҳолатро ҳама медонад. Аммо ман намедонам, ки чаро ҳеҷ кас чизеашон намегӯяд.

Пештар ҳам дар ин ноҳия бачаҳо кор мекарданд. Худо шоҳид ба ин дараҷаи инҳо зулм набуд барои мардуми ноҳия ва соҳибкорҳо.

Агар ин навиштаи ман ва гапҳои ман дурӯғ бошад як бор ҳамон коргарони МБТИро ҷидди пурсанд тамоми гапро мегӯянд. Боз худи ҳамон Абубакр бо забонаш иқрор мекунад, ки барои страховка «ма ҳар дафъае ҳуҷҷат мебарм дар Саид чанд сум метиюм» ва ҳамаашро дар телефонаш сохранит мекардааст. Чанд бор раиси МБТИи Рӯдакӣ пеши раиси ноҳия рафта хоҳиш карда будааст, ки «бген прокуратура ғам натия», Вале аз сабаби онки раиси пешина Абдуғаффор Ҳикматуллозода аз Фархор буд  ва ин Саид ҳам аз Фархор аст ва ба раиси пешина гапу кори коргарони прокуратураро кам ё тамоман намегуфтааст. Аммо вақте гапу чап бисёр шуд, раиси пешинаи ноҳия ба Прокуратураи генералию Дастгоҳи президент мактуб кардааст, ки нисбати ин вазъият чора бинанд.

Аз руи гапҳои Саид барои ҳал кардани ин кор отаи Саид, ки дар солҳои пеш дар прокуратура кор мекардааст ва бо Прокурори генералии ҳозира Ҳабибулло Воҳидзода ҳамшаҳрӣ будааст барои онки бачаашро аз кор нагиранд ва делояш накунанд назди Прокурори генералӣ рафта маблағи калон дода корро «ҷошда» ҳал кардааст.
Ҳозир дар прокуратураи ноҳия байни Саид ва Фаррух, ки нав омадааст, разбор рафта истодааст. Разбор аз болои як делои легализатсия нисбати муовини раиc Қосимзода. Ин муовин легализатсияро фалшивий карда будааст ва барои ҳамин бар зидди вай дело карда будаанд. Барои онки Фаррух через кадом шиносаш аз Қосимзода 70.000 сомонӣ гирифта ваъда кардааст, ки делоятро мехобонем. Инро Саид фаҳмидааст. Ба Саид ҳам баромада будаанд, Саид «ира ма хдм мекадм» гуфта дар прокуратура байнашон разбор. Ин Фаррухаш до того кунуск будааст, ки коргарони шуъбаи танзими ноҳия ҳаррӯз ҳақораташ мекардаанд. Мефаҳмидааст, ки

дар ноҳия ҳар ҳафта маъракаҳо зиёд мешавад ва онҳо ба коргарони прокуратура мегуфтаанд, ки мисол 2 ё 3 тоаш иҷозат надоранд, барои онки мо харҷотҳоямонро аз онҳо пушонем, аммо ин мегуфтааст: «ай сари ҳар кадомш 1000 сумӣ биёре ва агар меовардаанд корашон намегирифтааст». Вале боз агар аз ягон кас мефаҳмидааст, ки бе иҷозат аз 3 то зиёд аст муовини раиси ноҳия ва он корманди шуъбаи танзимро фарёд када угрожат мекардааст, делоятон мекунам: ҳақи маро ҳам биёред.

Ба наздикӣ аз Прокуратураи генералӣ фаъолияти прокуратураи ноҳияро санҷиш омада буданд. Барои санҷишгар ҳаррӯз ягончи биёред гуфта коргарони шуъбаи танзими ноҳияра ба дод оварда буданд. Кормандони танзим гуфтанд, ки 2 ҳафта ҳаррӯз сетка сетка аз магазини Пайкари ноҳия чиз харида мебурданд. Аммо, баъд мефаҳманд, ки он санҷишгар ҳамагӣ ду рӯз будааст. Дигар ҳақорат карда гаштаанд, ки ин гадогушнаҳо ду ҳафта хуни моро макиданд.

Бародар ҳама ин навиштаҳои мо саҳеҳу дурустанд. Мо медонем, ки одамони шумо инҷо ҳастанд. Аз ҳамонҳо ҳам пурсед, ки ин одамҳои гуфтагии мо дар ин ноҳия чи корҳо карда истодаанд.  Вес ноҳияро ду корманди аблаҳи прокуратура ба дод овардааст. Намедонем инҳоро аз ҳисоби ҳамшаҳрии Прокурори генералӣ буданашон ҳеҷ кас ҳеҷ чизашон намегӯяд, ё чи сабабе дигар бошад. Намедонем ба кӣ муроҷиат кунем. Аз ин тараф заминбизнесиашон, аз он тараф пул гиранду баъд хонаи мардумро барои ҳуҷҷатгузорӣ иҷозат бидиҳанд, аз ин тарафи дигар мо домсозҳоро ғам диҳанду рӯзамон надиҳанд, умуман дигар шавқу звқи кор нест, қарздорем. Чи кор кунем? Нашавад, ки мардумро фиреб кунему биравем дигар давлат, виҷдон азоб медиҳад, бародар.

Ана, ҳоло бояд дуюм қисмати сертификатамро гирам, аммо боз ҳамон Саид коргари прокуратураи ноҳия тавассути коргари МБТИ, гӯё раиси нав супориш дода бошад, ки қарори дигарамро бекор кунад, боз ин тараф ба ӯ прокурор чи супорише дода будааст, бояд он корро мекардааст. Як пулҳое мегӯянду мепурсанд, ки магарам пули як ду хонагира «ай ҳиҷчи броварда тием».

Бародар, агар шумо ёрдам накунед, дигар намедонем чи кор кунем. Аҳволамон баде ҳаст, ки мондан гир, барои ҳамин ғамдиҳии ҳаминҳо, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Як ман не. Инҷо дилхоҳ домсозро пурсед, бародар, ҳамааш дар ҳамин аҳволанд. 4-5 моҳ мешавад, ки ҳуҷҷҷатҳо дар кабинетҳояшон дар прокуратураи ноҳия. Магар инҳоро ягон кас ягон чӣ намегуфта бошад? Мо мондем ҳайрон. Охирон инстансия мо ин «Ислоҳ» буд, ки навиштем.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ду номае, ки дар ин шумора нашр шуданд, ҳарчанд аз забони ду шахси гуногунанд-яке сокини оддии деҳа ва дигаре соҳибкори домсоз,-аммо як воқеъияти муштаракро бозгӯ мекунанд: дар ноҳияи Рӯдакӣ фасод ба низом табдил ёфтааст. Аз сатҳи маҳалла ва ҷамоат то идораҳои давлатӣ, мардум аз ғасби замин, пулҷамъкуниҳои бе ҳисоб, фишору таҳдид ва талаботи ошкорои пора шикоят доранд. Яке аз номаҳо аз ғорати ҳаққи мардум ва тарси сокинон мегӯяд, дигаре аз пулкании идораҳое, ки бояд пуштибони қонун ва соҳибкор бошанд.

Ин ду нома танҳо садои ду нафар нестанд. Онҳо нишонаи вазъияте мебошанд, ки садҳо сокини оддӣ ва даҳҳо соҳибкор дар Рӯдакӣ бо он рӯ ба рӯянд, аммо на ҳама ҷуръати гуфтани онро доранд. Умед аст, ки мақомоти марбута, бахусус Прокуратураи генералӣ ва ниҳодҳои зидди фасод, ба ин иттилоъ бетафовут нахоҳанд монд ва барои таҳқиқи ҷиддии далелҳои зикршуда чора хоҳанд андешид. Садои мардумро нодида гирифтан, маънои идомаи беқонунӣ ва беадолатиро дорад.

Хитоб ба мақомоти масъул

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода, мақомоти амниятӣ, шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода:
Ин номаҳо фарёди як ё ду нафар нест-ин садои мардум ва соҳибкорони як ноҳия аст. Агар дар ҳақиқат мубориза бо фасод шиори расмӣ нест, балки амалист, пас ба далелҳои зикршуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунед. Қонун бояд барои ҳимояи мардум бошад, на василаи пулканӣ.

Имрӯз Рӯдакӣ озмоиши виҷдони шумо аст: оё қонун болотар меистад ё шабакаҳои манфиатдор? Мардум посух ва адолат мехоҳанд.  Ислоҳ ин ноҳияро зери заррабини худ қарор додааст ва ҳар коре мекунед ҳатман нашр ва ҳамагонӣ мегардад!

Сообщение Рӯдакӣ-ноҳияе, ки қонунро бо нарх мефурӯшанд появились сначала на ISLOH.net.