Архивы Фозилова Саодат - ISLOH.net

Қатли Оиша Каримова: оё ҳақиқатро бо 100 ҳазор доллар пӯшонданд?
Номаи маро алоҳида нашр кунед №55

Ҳикояте, ки ин бор дар барномаамон ҷой гирифт, аз ҳодисае мегӯяд, ки шояд дар филмҳои детективӣ ҳам надида бошед. Марди ҷавон хонумашро дар пеши чашми кӯдаки дусола мезанаду мекушад. Аммо мақомоти тафтишотиву ташхис-прокурори ноҳия ва додгоҳи ташхиси тиббӣ-судмедкспертиза тавре ҳуҷҷатгузорӣ ва парванда дуруст мекунанд, ки ин зани ҷавони 23-сола бар асари дуди движок ҷон бохтааст, на аз зарбу лати шавҳар.

Достони ин моҷаро хеле тӯлонист. Шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо, аз ҷумла радиои «Озодӣ» дар мавриди ин ҳодиса ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ гузориш дода буданд.

Муаллифе, ки ин ҳодисаро навишту ба унвони «Ислоҳ» фиристод, мегӯяд дар гузашта корманди ВКД (соҳиби рутбаи подполковник) буд ва феълан бознишаста аст, вале ин ҳама қонуншиканӣ ва ошкоро таҳқиру тавҳин шудани инсонҳо аз тарафи масъулинро таҳаммул накард ва шишту моҷароро он тавре иттифоқ афтода буд, навишт.

Абдураҳмони Ҷомӣ: ноҳияе, ки ҳақиқатро бо «дуди движок» пӯшондан мехоҳанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Қабл аз онки моҷароро нақл кунам, бояд бигӯям, ки мутаассифона мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодаанд бар ивази маблағ сиёҳро сафед ва баракс сафедро сиёҳ, ҳақро ноҳақ ва ноҳақро ҳақ ҳукм кунанд. Мардуми оддӣ, ки ҳамеша ҷабрдида онҳоянд, зарба ва зулм болои онҳо мешавад.

Ин ҳодисаи ваҳшатноки куштори ҳамсар аз тарафи шавҳар чоруми январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон рӯй дод.

Аммо хонанда ва бинандаи азиз, ҳикояти ин нома дар бораи ҳодисаи куштор аст. Куштори як бонуи 23 сола бо дастони шавҳараш ва дар пеши чашми кӯдаки хурдсоли ду солааш.

Ман собиқ афсари ВКД ҳастам, феълан дар нафақа. Ман ду соли қабл аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар ВКД ба кор даромада будам ва дар ҷангҳои шаҳрвандӣ бар зидди мухолифин иштирок кардаам. Мехоҳам аз қазия дур наравем

4 январи соли ҷорӣ Маҷидов Давлатёр ҳамсараш Каримова Оишаро зада кушт. Маҷидов Давлатёр мутаваллиди 1998, дорои душаҳрвандӣ аст-Русия ва Тоҷикистон. Вай бо Оиша Каримова як писари дусола доштанд. Маҷидов Давлатёр ҳамсарашро 4 январ кушт, писараш 8 январ дусолагиашро пур кард. Мурдаро аввал беморхонаи марказӣ меоранд. Баъд аз инҷо гирифта мебаранд Бохтар, собиқ Қурғонтеппа, баъд баргашта меоранд. Худи ҳамон шаб ба Шарифзода Камолиддин, прокурори ноҳияи Ҷомӣ наздики 100.000 (сад ҳазор) доллар ришва медиҳанд.

Ин Маҷидовҳо се бародаранд:-Диловар, Давлатёр ва Қурбоналӣ. Падарашон Суҳроб ва модарашон Шаҳтон ном дорад, ки ҳамаашон насаби Маҷидовро доранд.

Чаро Маҷидов Давлатёр зани ҷавони худро кушт?

Давлатёр дар Хабаровски Русия як зани рус доштааст бо номи Кристина. (Сабти навори суҳбатҳо ва рақами телефонаш пеши мо ҳаст). Кристина ба Маҷидов Давлатёр «условия» мемонад, ки агар бихоҳӣ бо ман идома бидиҳӣ бояд аз занат ҷудо бишавӣ ва бикушӣ «баъд меоӣ бо ман зиндагӣ мекунӣ».

Маҷидов Давлатёр роҳи чораро дар куштори ҳамсар, модари кӯдаки дусолааш мебинад. Ва овоза мекунанд, ки гӯё Оиша Каримова, ҳамсари Давлатёр аз дуди движок мурдааст.

Камолиддин Шарифзода, прокурори ноҳияи Ҷомӣ худи ҳамон шаби ин ҳодисаи мудҳиш 100 ҳазор долларро дар беморхона мегирад. Ба эҳтимоли зиёд бо машварати ҳамин прокурор Фозилова Саодат, пизишки ташхиси тиббии вилояти Хатлон-судмедэксперт бар ивази гирифтани 10 ҳазор доллари пора санадро ҳамин гуна тартиб медиҳад ва хулоса медиҳад, ки сабаби марг «угар»-и движок аст. Дар байни мардум гапгап ҳаст, ки сардори амнияти ноҳия ҳам бо гирифтани як миқдор пул (ин ҳам гуё 10.000 доллар гирифтааст) сукут ва бетарафӣ ихтиёр кардааст. Бинобар ҳарфи мардум инҷо  фақат  раиси ҳукумати ноҳия тарафдори он аст ки ҳақиқат ошкор шавад. Ҳоло, ман ба унвони собиқ милиса аз Фозилова Саодат пурсиданиам, ки дуди движок-генератор агар баромад магар Оиша Каримова дарро кушода баромада наметавонист? Дуд, ки якмарг намекунад, ҳамин тавр не?

Ин Фозилова Саодат барои гирифтани пора ба 7.5 сол зиндон маҳкум шуда ва тахминан  чор моҳи пеш аз маҳбас баромада буд. Аммо, чуноне мебинем дар муассисаи ислоҳӣ-зиндон ислоҳ нашуд ва боз даст ба ришваю фасод зад ва ҳодисаи куштори ошкоро ба таври тамоман дигар ҳуҷҷатгузорӣ кард. На фақат ба унвони табиб савганди Гиппократро шикаст, ба як нафар бонуи ҷавон, ки ҳазоруяк орзу дошт, ҳамагӣ 23 солаш буд, тараҳҳум накард, балки ба унвони нафаре, ки муйро бояд аз хамир ҷудо созад, аз хулосаи вай ҳақиқат рӯшан мешавад, дар касбу кору шарафи инсониаш иснод овард.

Ман чаро ин гуна даъво кардам? Барои онки бифаҳмед даъвои мо беасос нест, гузориши радиои «Озодӣ»-ро дар бораи ин ҳодиса тақдиматон мекунам:

«Марги асроромези Оиша. Заҳролуд шуд ё ӯро куштанд?

Волидони як ҷавонзани фавтида дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ иддао доранд, ки духтарашон бар асари шиканҷа дар хонаи шавҳар фавтидааст. Онҳо дар марги Оиша Каримоваи 23-сола шавҳари ӯро гунаҳкор медонанд, ба қавли онҳо, дар гузашта низ чанд дафъа ба ҳамсараш бадрафторӣ кардааст.

Мадина Салимова, модари Оиша Каримова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Се бор ҳамин хел духтари маро қуртуқҷаф кардагӣ буд. Арӯсаки якмоҳа буд ҳамин хел кард, беморхона бурданд. Як бори дигар дар Федератсияи Русия ҳамин хел кард. Сеюмбора духтарамро кушт.»

Волидони Оишаи марҳум мегӯянд, қабл аз дафни духтарашон дар ҷисми ӯ нишонаҳои латукӯб ва шиканҷаро дидаанд. Чанд акс ҳам аз осори шиканҷа дар бадани духтарашон дар даст доранд. Амирҷон Каримов, падари Оиша Каримова гуфт: «Дар гарданаш пайи буғӣ кардан ҳаст, аз гулуяш қапида, буғӣ кардааст. Баданаш ҳама сип-сиёҳ, кабуд, кандагӣ. Нишонаҳои қатлаш бисёр аст».

Ба нақли волидон ҷасади Оишаро муоинаи тиббӣ-судӣ кардаанд, аммо бо гузашти даҳ рӯз ҳанӯз хулосаро ба онҳо нишон надодаанд. Танҳо табибон ба онҳо гуфтаанд, ки духтаратон аз дуди движок ё генератор дар ҳаммом фавтидааст: «Вақте ки ба беморхона меоранд, аллакай вайро барвақт ҷонаш баромадагӣ. Табибон гуфтанд, аз дуди движок заҳролуд шуда, мурдааст»,- нақл кард, Амирҷон Каримов, падари Оиша.

Вале то ҳол ҳеҷ санади расмие ба хонаводаи марҳум пешниҳод накардаанд, ки марги ӯро аз дуди генератор собит кунад.

Тамосҳои батакрори мо бо бемористон ва мақомоти додситонӣ бепосух монд. Падари ҷавон бо шунидани пурсиш атрофи ин қазия гӯширо хомӯш кард.

Сартабиби Бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ гуфт, баъдан тамос гиред, вале дигар ба зангҳои мо посух надод. Танҳо яке аз наздикони хонаводаи шавҳари Оиша иддаои аз шиканҷа фавтидани ӯро беасос хонда, гуфт, ҳангоми шустушӯ дар ҳаммом, ки он ҷо генератор кор мекардааст, заҳролуд шуда, фавтидааст.

Бо ин ҳол наздикони Оиша мунтазири хулосаи тиббии додгоҳӣ ҳастанд. Амирҷон Каримов, падари Оиша мегӯяд, ҳоло фақат як хоҳиш дорад: » Ҳамин қотил дар назди қонун бо адолат ҷавоби худашро диҳад. Ҷазо дода шавад.»

Оиша Каримова ва шавҳараш Маҷидов Давлатёр дар 5 соли зиндагии муштарак соҳиби як писар шудаанд. Шавҳараш ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафта, ба қавли модари Оиша чанде пеш аз Русия баргашт ва зиндагияшон миёна доштанд….»

Хуб,аз ин матлаб маълум гардид, ки Оиша Каримова бар асари зарбу лат кушта шудааст ва имкон надошту надорад, ки судмедэкспертиза ин ҳама изу осори озору шаллоқро надида бошад.

Сарпечии прокурор ва бемористони марказӣ дар посух ба пурсишҳои ин расонаро ҳам пай бурдед, ки ҳатмани ҳатман ба ришвату пора рабт мегирад. Пулро мегиранду ба сарнавишти инсонҳо, ба ҳёти онҳо бозӣ мекунанд.

Бинобар маълумотҳое,ки дар дасти ман ҳаст, дубора аз Душанбе пизишки қонунӣ, судмедэкспертиза овардаанд ва феълан парвандаи Давлатёр Маҷидов дар марҳалаи додгоҳӣ қарор дорад.

Аммо Камолиддин Шарифзода, прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва писари генерал Шомуддин Шарифзода,сардори  собиқи КДАМ-и вилояти Хатлон ва феълан муовини КДАМи Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 100 000 доллар барои ба манфиати Маҷидовҳо ҳал кардани моҷаро гирифтааст, ваъда кардааст, ки Маҷидов Давлатёрро аз сари суд мебарорад: «Ман фалон мекунам одамеро, ки инро мешинонад. Шуморо ягон кас ягон чи карда наметавонад. Шумо 100 ҳазор доллар додагиед. Дар ин ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ман гап мезанам». Шумо медонен ма бачаи киям?

Ҳоло, мардуми деҳаи Қайнари ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд. Ва ҳукми ин додгоҳ маълум мекунад, ки дар ҳақиқат Камолиддин Шарифзода, прокурори ноҳия як шахси ришвахури дастдароз асту барои пул шуда як қотилро озод мекунад ва ё инки додгоҳ адолатро брқарор месозду ҳақро ба ҳақдор мерасонад.

Ман то куҷо сиҳат доштани ин овозаро, ки дар ин моҷаро Зафар Қурбонов (собиқ прокурори ноҳия ва домоди Нуриддини бародари Эмомлӣ Раҳмонов) ҳам даст ва дахл доштааст, намедонам, аммо гутфа мешавад, ки 100 ҳазор доллари пора ба Камолиддин Шарифзодаро Диловари бародари Давлатёр, ки бо Зафар Қурбонов  рафиқ будааст, додааст.

То он ҷое шунидам ҳамин айни замон Давлатёр Маҷидов, шавҳари Оишаи Каримоваи номуродро боздошт кардаанд. Чунки дуввумбора аз Душанбе мутахассиси экспертиза овардаанд. Мардум ва наздикони Оишаи марҳума бовар доранд, ки ин корро Камолиддин Шарифзода,прокурор ва Фозилова Саодат, судмедэкспертизаи вилояти Хатлон ташкил кардаанд. Чунки пора гирифтаанд. Дуди движок навиштаанд.

Аммо ягон грамм дуди движок нест. Ин бонуро шавҳари ваҳшиаш қуртуқҷаф карда ба марг расонидааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар охири нома аз шумо ин хоҳишро дорам, ки ба унвони Прокурори генералӣ ва Суди олии Тоҷикистон хитоб ва муроҷиати мо-мардуми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро дар мавриди ин ҳодисаи куштор бирасонед ва хоҳиш дорем, ки ин номаро ҳарчи зудтар нашру пахш кунед. Бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. Бигзор қотил ба сазои худ бирасад. Бигзор кӯдаки дусолаи бемодармондаи Оиша Каримоваи номурод, бидонад, ки чаро модараш кушта гардид. Ва дар ниҳоят мардум бифаҳманд, ки ҳукумат ва қонун ҳаст.

Ман аз ҷамъбасти додгоҳии ин моҷаро ҳам ба шумо хоҳам навишт ва низ дар бораи он менависам, ки падару амаки Камолиддин Шарифзода дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чи гуна дар навоҳии Куйбишев-Абдураҳмони Ҷомии имрӯза ва Ёвон ҷиноятҳои мудҳиш содир карда буданд ва дар қатли яке аз милисаҳои обрӯманди он замон афсар Малахов инҳо чи ҳисса доранд.

Ва, агар Камолиддин Шарифзода барои барқарории адолат дар ин ҳодиса аз мақом ва пуштибонии падараш ҷаноби Шарипов Шомуддин Ҳасанович суистифода кунад хеле аз сиру асрори вай ва наздиконашро ифшо месозам. Ин танҳо як огоҳӣ буд ва дигар худатон медонед.

P.S «Баҳор вақти умеду орзуҳо айёми бозгашти зиндагӣ. Вале на барои Оиша Каримова, ҳамоне, ки берҳмона се моҳ пеш кушта шуд. Аммо қотил дарр озодӣ шарики ҷиноят чун рӯзҳои одӣ зиндагӣ дорд.

Оё сардори КДАМи Вилоят ҷаноби генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат аз ин моҷаро огоҳ нест? Бигузор прокурори ноҳия аз пушти падараш менозаду ҷинояткорро ҳимоят мекунад. Сардори КДАМи ноҳия,ки зертобеъи шумост куҷоро нигоҳ мекунад? Ё аз он 10 ҳазор ба шумо ҳам чизе расидааст?

Савол ба Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии Тоиҷкистон-Генпрокурор  барои кӣ қонун навишта шудааст. Аз рӯи мантиқи мақомоти маҳаллӣ ва ниҳоду сохторҳои он «баргузидҳо» метвонанд кушанд, таҷовуз кунанд вале барои ин ҷиноят онҳо чизе нахоҳанд шуд?.

Нарх ё баҳои ин савол ва виҷдони шумо чанд аст муҳтарам Генпрокурор»?

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Қазияи марги фоҷиавии Оиша Каримова танҳо як ҳодисаи хонаводагӣ нест. Ин имтиҳони виҷдон, қонун, додгоҳ, прокуратура, КДАМ ва тамоми низоми адолати Тоҷикистон аст. Як модари ҷавони 23-сола, ки бояд зиндагӣ мекард, фарзандашро ба оғӯш мегирифт ва ояндаи худро месохт, имрӯз дар зери хок аст. Аммо саволи бузург ин аст: оё ҳақиқати марги ӯ низ бояд зери хок бурда шавад?

«Ислоҳ» ба таври ошкор эълон мекунад: мо ин қазияро то охир дунбол мекунем. Ҳар шахсе, ки дар кушта шудани Оиша Каримова, пӯшондани ҳақиқат, тағйири санадҳо, фишор ба наздикони марҳума, харидуфурӯши адолат ва озод кардани гунаҳкорон даст дорад, бояд бидонад, ки номи ӯ пинҳон нахоҳад монд.

Мо ба Прокурори генералии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти додгоҳӣ ҳушдор медиҳем: ин парванда набояд қурбонии пул, мансаб, хешутаборбозӣ ва пуштибонии гурӯҳӣ шавад. Агар дар ин қазия адолат таъмин нашавад, агар қотил ва пуштибононаш аз ҷавобгарӣ фирор дода шаванд, агар масъулони маҳаллӣ боз ҳам талош кунанд, ки ҳақиқатро бо «дуди движок» пӯшонанд, «Ислоҳ» ҳамаи маълумот, номҳо, робитаҳо, занҷираи ришва, нақши мансабдорон ва ҷиноятҳои пинҳоншудаи дигарро марҳила ба марҳила ошкор хоҳад кард.

Махсусан онҳое, ки бо номи Шарифзодаҳо ва атрофиёни онҳо дар ин қазия ё дар дигар парвандаҳои солҳои гузашта ёд мешаванд, бояд бидонанд: мақом, падар, рутба, генералӣ, прокуратура ва КДАМ сипари абадӣ нест. Ҳар зулме рӯзе ошкор мешавад. Ҳар ҷиноят рӯзе соҳиби ном мешавад. Ҳар хун рӯзе аз хок садо медиҳад.

Мо аз Прокуратураи генералӣ талаб мекунем, ки парвандаи марги Оиша Каримова зери назорати мустақими марказ гирифта шавад, тамоми санадҳои тиббӣ-судӣ дубора ва шаффоф санҷида шаванд, нақши судмедэкспертҳо, прокуророни маҳаллӣ, кормандони амният ва ҳар нафаре, ки ба гуфтаи муаллифи нома дар пӯшондани ҳақиқат даст доштааст, мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор гирад.

Мо аз КДАМ талаб мекунем, ки ба ҷои ҳимояи афроди соҳиби пуштибон, амнияти ҷомеа ва ҳаққи як шаҳрванди кушташударо ҳимоят кунад. Амният танҳо боздошти мухолифон ва тарс додани мардум нест. Амният он рӯз маъно дорад, ки як кӯдаки дусолаи бемодармонда бовар кунад, ки дар ин кишвар қонун ҳаст, адолат ҳаст ва хуни модараш беҳуда намеравад.

«Ислоҳ» дар канори хонаводаи Оиша Каримова меистад. Мо садои ин модари ҷавони кушташуда ва фарзанди ятими ӯро ба ҷомеа, ба мақомоти дохилӣ ва ба созмонҳои байналмилалӣ мерасонем. Ин қазияро фаромӯш намекунем. Номҳоро нигоҳ медорем. Санадҳоро ҷамъ мекунем. Ҳар касе, ки дар ин ҷиноят ё рӯпӯш кардани он даст дорад, дер ё зуд дар назди мардум ва таърих ҷавоб хоҳад дод.

Оиша Каримова дигар барнамегардад. Аммо ҳақиқати марги ӯ бояд баргардад. Адолат бояд барқарор шавад. Қотил бояд ҷазо гирад. Ва онҳое, ки ба ивази пул мехоҳанд ҷиноятро аз чашми мардум пинҳон кунанд, бояд бидонанд: «Ислоҳ» ин парвандаро раҳо нахоҳад кард.

Сообщение Қатли Оиша Каримова: оё ҳақиқатро бо 100 ҳазор доллар пӯшонданд? появились сначала на ISLOH.net.