Архивы Генпрокурор - ISLOH.net

Куштор барои «риш» дар фурудгоҳи Душанбе
Ҷавони 29 солаи тоҷик, ки сафари Маскав дошт, 6-уми октябр дар фурудгоҳи Душанбе аз тарафи кормандони КГБ-и СС.Ятимов барои риш боздошт ва13 октябр, баъди як ҳафта ба хок супурда шуд. Маросими шустани ҷасади ин ҷавон, кафан, намози ҷаноза ва хоксупории ӯро низ ҳамин кегебешникҳо анҷом доданд.

Саидаъзам Раҳмонов 29 сол дошт. Панҷ-шаш соли ахир дар Гамбурги Олмон (Германия) ба сар мебурд. Вай 6 октябр ҳангоми сафар ба Маскав дар толори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нопадид шуд. Телефони мобилиаш қатъ шуда буд. Нафароне, ки дар Маскав истиқболаш мекарданд, гуфтанд, ки наомад.

Бо Саидаъзам чи иттифоқ рух дод?

Раҳмонов Саидаъзам Ҳамроевич 14апели соли 1996 дар маҳаллаи Қазоқони Душанбе ба дунё омада аст. Саидаъзам мисли соири ҷавонҳои тоҷики дар суроғи нону зиндагиро чархи фалак ба Олмон мебарад ва 5-6 соли охир дар Гамбурги ин мамлакат ҳамроҳи оилааш зиндагӣ мекард. Саидаъзам соли 2022 ё 2023 бо як духтар дар Олмон издивоҷ мекунад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар Гамбург сурат мегирад. Ин духтари олмонӣ исломро қабул мекунад ва мусалмон мешавад.

Сайидаъзам дар Гамбург барои ҷавонони тоҷик кору ҷойи хоб ва мошин барои равуо то ба маҳалли кор пайдо мекард ва чуноне маълум шуд, бародароне, ки бо вай кор мекарданд, аз ӯ розӣ буданд.

Саидаъзам ду моҳ пеш ба Тоҷикистон меояд, то инки дигарбора тавассути раводиди издивоҷ- визаи воссоединение семйи ба Олмон баргардад.

Дар сафорати Олмон дар Душанбе ҳама аснодашро супорида мунтазири дарёфти раводид, яъне ҷавоби иҷозаи иқомаи доимиаш буд. Мехост ҳарчи зудтар баргардад ва ҳамроҳи занаш зиндагиашро идома диҳад.

Дар Душанбе ранги ҳама одӣ зиндагӣ мекард. Дар маркази шаҳр манзилеро барои иҷора гирифта буд.

Рӯзи 6 октябр ба самти Маскав билети самолёт дошт. Кадоме аз шиносҳояш дар Маскав ӯро ба тӯй даъват карда буд.

Ҳодиса дар фурудгоҳ

Яке аз дӯстони Саидаъзам бо вай барои бадрақа ба фурудгоҳ меояд. Дар фурудгоҳ, Саидаъзам, ки билет дошт, вориди бино-толори мусофирон мешавад, аммо нафари мушояаткунандаро иҷозат намедиҳанд. Зеро баъди раиси фурудгоҳ шудани Зайнулло Шарифзода бародари домоди Эмомалӣ Раҳмонов қоидаи нав ҷорӣ кардаанд ва нафароне вориди толор мешаванд, ки билет доранд. Гуселкунандаҳо иҷозат надоранд, ки  даруни бинои фурудгоҳ дароянд. Он рафиқи ҳамроҳаш ба Саидаъзам хайрухуш мекунд. Саидаъзам даруни бино медарояд.

Аммо бадрақагар аз оинаи тиреза мебинад, ки як нафар ба Саидаъзам наздик мешавад ва удостоворенияшро нишон медиҳад ва як ҷавоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард Саидаъзамро ба самти дигар мебаранд. Байни онҳо чи радду бадалҳое мешавад, ки рангу рӯи Саидаъзам тағйир меёбад. Хуллас, Саидъзамро аз сафи мусофирон ба дигар тараф мебаранд. Саидаъзам риш дошт, вале ришаш баланд набуд, шояд то се сантиметр ҳам набуд. Бо ҳамин дигар Саидаъзам нопадид мешавад. Ӯро амниятиҳо мегиранд, мебаранд маҳкам мекунанд.

Бо ҳамин дигар ҳеҷ хатту хабаре дар бораи Саидаъзам шунавида намешавад.

Обиски манзили пайвандони Саидаъзам

Пагоҳи нопадидшавии Саидаъзам дар фурудгоҳ,соатҳои 7у 50дақиқаи саҳарӣ як гуруҳи амниятиҳо ба хонаи бачаи холаи Муҳаммад (як рафиқи Саидаъзам) мерезанд. Мераванд, аммо Муҳаммадро пайдо накарда бачаи холаашро мегиранду мебаранд ба КГБ ва то шаб мурданивор мезананд ва дар куҷо будани Муҳаммадро мепурсанд. Вай мегӯяд, ки Муҳаммад куҷое баромад рафт, аммо нагуфт, ки ба куҷо ва ҳиҷ маълумоте ҳам надорад.

Дар рӯзи 8 октябр КГБҳо хонаҳои холаву тағо, амаку амма ва ҳар куҷое, ки Саидаъзам рафта буд, пахш карда обиск мегузаронанд. Аммо ягон чиз пайдо карда наметавонанд.

Ҳама ҳайрон мешаванд, ки барои чи омаданду хонаҳоро зерурӯ карданд ва чӣ мекофтанд. Ва Саидаъзам куҷо шудаасту бо вай чи ҳодиса руй додааст. Чунки амниятиҳо ҳеҷ маълумоте, ки ӯро дастгир кардаанд, намедиҳанд. Ҳамон хонаи иҷорааш дар маркази шаҳрро ҳам омада кофтукоб мекунанд.

Муҳаммад кист?

Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ телефони Саидаъзамро амниятиҳо мегиранду дар он навори амри маъруфро пайдо мекунанд. Сипас, ба кофтукоби даруни телефон мепардозанд. Мехоҳанд бифаҳманд, ки дар Душанбе бо кӣ ҳамроҳ будааст. Маълум мешавад, ки бо ду нафара ҷурагӣ доштааст. Аз вай мепурсанд, ки ин ду нафар киҳоянд. Маълум мешавад, ки аз он ду нафар якеашон ду рӯзи пеш ба Олмон рафта будааст, бо номи Муҳаммад. Муҳаммад чанд соли пеш таҳсилоти олии диниро дар Арабистони саудӣ гирифта будааст.

Муфаттишони амният бо вай телефон мекунанду мегуянд, ки «ҷураат, яъне Саидаъзам аллакай ҳамаро нақл кард, ки дар куҷо ва чи хел шумо шинос шудагиед. Ту бигӯ, ки сеюминатон дар куҷо аст»?

Аммо он нафар ҳеҷ маълумот намедиҳад ва чизе ҳам, ки намегуяд.

Боз амниятиҳо ба он нафар таҳдиду фишор оварда мегуянд, ки «и гуфт, ки дар куҷо шинос шудагиед ва шумо чи касоне ҳастед».

Мунтаҳо на Муҳаммад ва на Саидаъзам дар воқеъ намедонистанд, ки рафиқашон дар куҷо аст. Мегӯянд чанд рӯзи пеш дида будем, ҳоло намедонем, ки дар куҷо аст.

Вале зери зарбу шаллоқу шиканҷа ва қувваи барқ Саидаъзам гуфтааст, ки ҳамроҳи бачаи холааш будем ва адреси бачаи холааш фалонҷо. Ва, барои ҳамин амниятиҳо соати ҳафти субҳ ба хонаи бачаи холаи Муҳаммад юриш мебаранд.

Обиски хонаҳо ба хотири чӣ буд?

Саидаъзам дар шаҳр як хона дошт, ки онро 90 000 доллар нарх гузошта буд ва мехост бифурӯшад ва дар 30 000-и он як хона барои яке аз ҷиянҳояш бигирад, ё писари хола ё тағоияш. Аз ин нақшааш танҳо наздикону шиносҳояш воқиф будаанд. Шояд инро ягон буз фаҳмидаву хабар карда бошад. Шояд ин обиско барои пул бошад? Чунки ин хабар ҳам будааст, ки шаҳид Саидаъзам аз Олмон бо худ 100.000 доллар оварда будааст ва инҳо ҳам фикрашон ҳамин будааст, ки ин бача аз Олмон омаду пулҳояшро дар куҷое баҷо кардааст. Барои ҳамин ҳамаи ин хонаҳоро омада чапагардон карданд. Ин ҳама кофтукобу обискҳо баъд аз онки ӯро заданду куштанд.

Ё, шояд мехостанд, ки ягон китобу адабиёти динӣ биёбанду ӯро тамғаи террористӣ зананд.

Саидаъзамро кай куштанд?

Рӯзи 8 октябр, вақте ба обиски манозили пайвандони Саидаъзам шурӯъ мекунанд, ки ӯ дигар зинда набуд. Маълум мешавад, ки аллакай Саидъзамро кушта будаанд. Ӯро дар бинои КДАМ-и ҷумҳурӣ мекушанд, дар ягон утоқи фурудгоҳ мекушанд, номаълум.

Рӯзи душанбеи 13 октябр ҷасади Саидаъзамро худи кормандони амният оварда шуста, кафан карда гӯр мекунанд. Ҳеҷ  касро иҷозати гирифтани аксу навор намедиҳанд. Маълум нест, ки ба пайвандони Саидаъзам чи гуфта бошанд.( Бачаатон буд, дигар нест, бачаатонро куштем)

Ҳамчунин маълум нест, ки зарбаи чи касе аз амниятҳои СС.Ятимов ҷони Саидаъзамро гирифт. Чи қадар ӯро заданд ва зарбаи охирро кадоме аз онҳо зад, ки ҷонситон ва марговар буд ва Саидаъзамро ба шаҳодат расонд. Ин нафар ҳоло гирифтори азоби виҷдон аст, сари дастурхон ва ё шаби хоб ором бошад ва ё инки ҷоиза аз СС.Ятимов гирифт?  Ҷони як ҷавони бегуноҳро гирифт, зани ҷавони ӯро бева кард, зани олмоние, ки барои Саидаъзам ислом оварда буд. Ин зан, ки ҳоло дар сӯгу мотам нишастааси, ба ин мусалмонону мусалмонии онҳо чи мегуфта бошад? Вай шояд бовараш наояд, ки органҳои давлатӣ ва нафаре, ки масъули амнияти 9униммиллион нафар аст худаш мезанаду мекушад ва ба лаб кулӯх молида мегардад.

Дар Тоҷикистон солҳост, ки ҳукми қатл мамнуъ аст. Ҳатто агар ҳукми қатл ҳам роиҷ ва иҷорӣ буд магар КГБешник ҳақ дорад, ки онро бе суд ва бе тафтиш ба иҷро гузорад? Ин кгбешник муҷозот мешавад ё хайр? Вай одам кушт, одами бегуноҳро кушт. Одаме, ки дар даст билет дошту Маскав мерафт. Нагузоштанд, ки равад, фақат барои риш доштанаш, он ҳам як рише, ки ҳаҷму тӯли онро қонун иҷозат додааст.

Чаро ҷасади Саидаъзамро баъди як ҳафтаи куштор доданд?

Вақте ҷасади Саидъзамро бегоҳи 13 октябр оварданд, аллакай Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар Маскав қарор дошт ва сафари давлатиаш ба Душанбе хатм шуда буд.

Вале як нафари аз ин амниятиҳо, ки ҷасадро оварду гӯронд мегӯяд, ки сабаби дер овардани ҷасад ин буд, ки дар Душанбе меҳмонҳои зиёд омада буданд, аз ҷумла раиси ҷумҳурии Русия. Вай мегӯяд, ки «ҷасадро доштем, чунки паника нашавад, одам зиёд ҷамъ нашавад, хабар ба гӯши президентҳои омада нарасад».

Ин амниятӣ мегуяд, ки Саидаъзам худаш худашро кушт. Аммо, Саидъзам чаро худашро мекуштааст? Магар одами худкуш қасди сафари Маскав мекард ва омада-омада худро дар фурудгоҳ мекушт? Вай, ки дар дасташ чизе надошт, ки худро бикушад, чи гуна худро кушт?

Бубинед, ки қадри як тоҷик, як одам ончунон пасту поин шудааст, ки мегӯянд, ки барои он надодаем ҷасадро, ки меҳмонҳои президент нороҳат нашаванд. Ҳоло барои меҳмонҳои президент чи фарқ дошт, ки кӣ мурдааст. Дар асл тарсашон аз ин буд, ки имкон дошт мардум ҷамъ шаванд ва эътироз кунанд. Ҳамчуноне чанд соли пеш дар Кулоб милисаҳо як ҷавонро бо пойи худаш бурданд шӯъба ва дар онҷо куштанд ва мардуми ғаюри Кулоб чанд рӯз пушти ҳам ба майдони назди ҳукумат таҷаммӯъ карда буданд. Аз бими такрори он ҳодиса ҷасадро аз рӯзи 8 то 13 дар кадом морг ё таҳхонаи КГБ (шояд ҳоло дар он таҳхона морг сохтанду даруни он пур аз аҷсоди ҷавонҳои ришдор аст) нигоҳ доштанд? Бо бадани гарму зиндаи Саидъзам чи гуна муносибат карданд, ки надоданд бибишӯянду кафан печонанду дар қабр гузорнадаш. Нагузоштанд аксу навор бигиранд. Таҳдид карда, касеро наздик шудан намонданд, худашон то дар гӯр бурда монданд. Чаро? Чиро пинҳон карданд?

Магар Саидаъзам кӣ буд, ки ин тавр муносибат карданд? Вай магар Усома бен Лоден буд? Барои онки наздикон набинанд, ки ӯро чи гуна заданду дар куҷоҳояш заданду чи гуна изу нақши озору бадрафториашон дар бадани ӯ боқист, ана барои ҳамин ҷасадро то зери хок худашон гузоштанд. Аз инҷо маълум мешавад, ки СС.Ятимов саддарсад огоҳ аст ва нақшаи чи гуна супоридани ҷасадро ҳам бо вай ҳамоҳанг кардаанд.

СС.Ятимов аз паника тарсид. Вай аз онки фардо дар пеши худо ҷавоб хоҳад дод, парво надорад, чунки худонобовар аст ва бо ришу масҷиду ислом танаффури беинтиҳо дорад ва Идораи амнияти мамлкат ва кормандони онро ҳам дар ҳамин рӯҳияи худонобоварӣ ва даҳригӣ тарбият карда истодааст ва дар онҳо эҳсоси танаффур ва бадбинӣ ва ваҳшат ба исломро ҷой кардааст.

Яқинан барои ин куштор ҳеҷ яке аз кормандони КДАМ-и СС муҷозот намешавад.

Риш иллати шаҳодат?

Таълимоти даҳрӣ ва зиддисломии СС .Ятимов кормандони ин ниҳодро ба ҳадде аз ришу ҳиҷобу масҷид мутанаффир сохтааст, ки рӯирост зада мекушанд. Гуё Ятимов ба андозае душмани риш аст ки куштори ришдорро иҷозат медонад. Риш кофист, киҳоло туро дар Тоҷикистон ба қатл бирасонанд. Ҳоло агар бар фарзе хоҷа Ҳофиз- қори мураттаби Қуръон, мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз бузургони динӣ, Мавлонои Балхӣ , Шайх Саъдӣ, Ҳаким Носири Хусрав, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар ҳаштсолагӣ кулли Қуръонро ҳифз намуд то Аҳмади Донишу домулло Айнӣ, ки солҳо мударриси яке аз мадрасаҳои Бухоро буд, имрӯз ҳамроҳи мо буданд, барои он ришу сала зиндонӣ мешуданд, 307 мезаданд ё мекуштанд, мисли Сайидқиёмиддини Ғозиву Махдуми Абдусаттору ё ахиран домулло Зубайдуллоҳи Розиқ? Хуб, бигзор инҳо ҳам айни мо барои ришу намоз ҷазо бигиранд вале агар Марксу Энгелсу Ленин пирони мазҳаби СС имрӯз Душанбе меомаданд, яке гузорашон меуфтод, пас онҳо бо дастони кегебешникҳои СС кушта ё зиндонӣ мешуданд, Бо онҳо СС чи кор мекард?

Чаро маҳз Саидаъзамро аз ҷамъи мусофирони парвози Душанбе-Маскав ҷудо карда ба самти дигар бурданд. Чунки вай риш дошт.Т амом. Ҳамин риши кутоҳи ва боис шуд, ки ӯро дастгир ва сипас кофтукоб карда телефонашро бигиранд ва аз вай суроғи рафиқонашро бигиранд. Аз вай чи пурсиданд, барои чи рухсат надоданд, ки сафарашро идома диҳад, номаълум. Вале вақте ба кофткоби манзилҳо шуруъ карданд, аз ҷумла манзили наздикони Муҳаммади рафиқи Саидаъзам, мешавад тахмин зад, ки чи гумонҳое кардаанд, ки Муҳаммад ҳам риш дорад ва Саидаъзам ҳам риш дорад, шояд инҳо бесабаб риш надошта бошанд. Аммо ин фикр, ки риш сунати пайғамбар аст ва марди мусалмон онро мемонад ё мегузорад, дар мағзи онҳо ҷо надорад, чунки СС дар мағзи онҷо дигар чизро ҷой кардааст.

Акси якҷояи Саидаъзам ва Муҳаммад ҳам ҳеҷ улике наметавонад бошад, ки Саидаъзам барои он гунаҳгор дониста ва беягон сабаб дастгир карда шавад. Агар ҳамроҳӣ ва нишасту бархост бо як нафар ҷурм бошад, пас Эмомалӣ Раҳмонов ҳам барои нишасту бархосту ҳамкорӣ бо Зайд Саид, Ғаффор Мирзо, Муҳаммадрӯзӣ Искандар ва нафарони дигар бояд дастгир бишава ва ҷазо дар намуди қатл дода шавад. Тибқи мантиқи шумо бояд ҳамин тавр шавад.

Саидаъзам узви ҳеҷ гуруҳи ҳаракату ҳизби оппозитсионӣ нест, блогери намекунад, таҳти пайгарди қонунӣ қарор надорад, чаро ӯро подозрения карда дастгир намудед? Фақат барои онки риш дошт?

Вай агар таҳти ҷустуҷӣ буд, чи гуна омада аснодашро ба сафорати Олмон дар Душанбе месупорид, чи гуна аз КПП(гузаргоҳи марзӣ) дар фурудгоҳ мегузашт? Вай агар парванда дошт, табиист, ки намеомад аз Олмон. Вай баракс омад, ки визаи издивоҷ бигирад ва иқоматаш дар Гамбургро тибқи қонун пеш барад. ай мунтазири визо буд ва хонуми олмонии мусалмоншудааш интизораш буд. Аммо шумо ӯро баноҳақ ва ноҷавонмардона куштед.

Дигар мақомоти Олмон ва кишварҳои аврупоӣ бояд Тоҷикистонро давлати амн наҳисобанд. Шаҳрвандоне дар и н кишварҳо зиндагонӣ менамоянд набояд ба онҳо бигӯянд ба Тоҷикистон баргардед ва визаро гирифта ба аврупо баргардед. Дирӯз кишвари Фаронса як ҷавони дигари Язгуломиро ,ки бо туҳмати намедонам кадом моддаи ғариби дигар муттаҳам мешуда ӯро нахуст 40 рӯз зиндонӣ ва сипас ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ҳоло Олмон хело сахтгирӣ бо паноҳандагон дорад,ки рафта аз сафорат шиноснома оред ва пас аз он бароятон иқома медиҳем. Дар ҳоле сафорат шиноснома намедиҳад ва нома ҳам намедиҳад, ки дар кофтукобед. Мақсад ин паноҳанда бояд ба тоҷикистон баргардад ва онҷо зиндонӣ ва кушта шавад мисли Саидаъзам ва ҳазорҳои дигар. Мақомоти олмонӣ бояд қазияи тоҷиконро диққат диҳанд ва тоҷикистониро бо афғонистонӣ ҳатто монанд накунанд. Чунки дар Афғонистон ин даҳшатҳое дар Тоҷикистон мешавад нисбати шаҳрвандонаш аслан намешавад. Ба раҳмонов ва режими ӯ бовар кардан ин худ ҷиноят маҳсуб мешавад.

Кӣ ба ин ҳама ваҳшоният, барбарӣ, бебандуборӣ бояд ҷавоб диҳад?

Аз КДАМ тамоми пайвандони Саидаъзам Раҳмонов, ин шаҳиди 29 соларо даъват карданд, ки соати…рӯзи 14 октябр ҳозир шаванд. Ҳоло  онҳо чи хоҳнд гуфт номаълум. Бидуни шак таҳдид мешаванд,ки хомӯш бошанд ва чизе нагуянд. Аммо бидонеду огоҳ бошед! Хомӯшии имрӯзи падару модар ва бародарони Саидаъзам сабаби куштани ҳазорҳо фарзандони дигари ин миллат мешавад. Чуноне дар Ваҳдат бо Умар карда буданд хомӯш истодем, дар Кулоб карданд хомӯш истодем магар инҳо бас карданд? На бас накарданд ва дар оянда ҳам бас кардани ҳам нестанд!

Мо мунтазири ҳукми одилона нисбати ин куштор хоҳем буд. Агар прокуратураи генералӣ ин қазияро ҳамингӯна гузорад ва гӯйё ҳеҷ коре нашудааст пас интизори авоқиби вазминтар аз ин миллат бошед!

Сообщение Куштор барои «риш» дар фурудгоҳи Душанбе появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №13
Шумораи аввали маҷаллаи «Семейканюс»-и «Ислоҳ» дар соли ҷорӣ  таҳти таъсири руйдодҳои барои оилаи Раҳмонов мудҳишу дардноку пуртаҳлукаи Сурия ва сари қудрат омадани исломиҳо таҳия ва ба чоп супорида мешавад. Ба пойи ин тортанаки ҷаҳонӣ мепечонему ҳаволаи шумо, хонанда ва бинандаи муштоқу мухлиси худ мекунем.

Имрӯз, мошоаллоҳ дуди ғам аз бурҷу бораи кушки Раҳмонову диктаторҳои дигари олам баланд мешавад ва ин натиҷаи дуоҳову ниёишҳо ва оҳҳо аз ҷигарҳои дуддода ва қалбҳои лахташудаи мост.

Раҳмонов ва семейкаи касифаш ба охири хат расидааст. Мутмаин бошед, ки вақт ва фурсату фурҷаи зиёде надорад ва нахоҳад дошт.

Мутмаинан, ин ҳама заҳамоту истодагариҳои мо аз тарафи Холиқи яктову тавоноямон бо ваъдаҳое, ки додааст, бемукофот нахоҳад монд ва дар кучаи мо ҳам фараҳу хушбахтию сурур мешавад.

Ахбори Семейка

Хабарҳое, ки аз даруни Оила мерасад аз он ҳикоят мекунад, ки ин семейка-семейкаи мултимиллиардерони Тоҷикистон ва роҳбари он дар ҳолати вазнин, наздики сакарот, назъи ҷон қарор доранд. Рӯзе, ки Паём медод, пушти саҳна даҳҳо мошини Ёрии таъҷилӣ меистод, ки ин ҳолат дар солҳои пеш ин тавр набуд. Машшотаи тармашааш ҷаъбаи пудраву упо дар даст то дари даромади толори маҷлис ба руйҳои ғафсу фарбеҳу овезонаш андова мекард.

Агар урусҳои алкаши алтирро, ки дар кучаҳои Душанбе солҳои пеш дида бошӣ, дар ҳар куҷо мегаштанд, ранги руяш ранги руи ҳамонҳо шудааст. Чеҳра ё рожааш безебу баднамуди сурху кабуд шудааст.

Ҳозир руйҳояшро вақте баромад мекунад ё нафареро қабул мекунад шпакиловка мекунанд. Манбаъи «Ислоҳ» афзуд:  Ӯро  аз наздик бинӣ мефаҳмӣ. Бисёр кареҳманзар шудааст, қуту нури рӯй намондааст. Мебинӣ супсурх. Талхаат мекафад.

Ман ягон бор аз наздик надида будам. Якум бор дидам, талхаам кафид. Ин дар ТВ хушру менамудаст. Дар амал тамоман даҳшатнок, сахт дилнокаш, тамоман безеби бад шудааст.

Чизи дигар инки ҳаркӣ мегуяд одам аз арақи зиёд мемурад, ман бовар намекунам. Раҳмонов ин қадар арақе мехурад, ки мумкин аз тани сад кас мехурад. Агар аҳамият дода бошед вақти мулоқот бо Пизишкиён задагӣ буд, чашмонаш суп сурх буд. Он рӯз ҳам бо ҳазору як маъҷуну даво сари ҳуш оварданд, даҳонашро бо доруҳои бубар чандин бор шустанд, ки табъи Пизишкиёнро хароб накунад.

Маълум шуд, ки аз арақ одам намемурдааст. Шояд ҷигараш ва гурдаҳову дигар узвҳояш ҳам осеб дида бошанд, аммо рангу рӯяшро мебинӣ, метарсӣ:-супсурхи кабудчатоб, беҳад   безеби бад шудаст. Шояд пудра шпакиловкааш мекунанд, то ки свети руҳояш ба свети руи одамӣ монанд шавад, аммо свети руйҳояш ғайритабӣ аст, дилбеҳузуркунанда аст манзараш.

Он поймардаш, ки кифи варақҳои суханрониашро мебардошт, онро гоҳ аз ин даст ба он даст мегирифт, чун ин бор авроқ хеле зиёд буд, андозаи шрифти ҳуруф на 18, ин бор 24 буд ва ранги ҳуруф ҳам сиёҳтар.

Вақте вориди дари толор мешуд, Муроди бурут аз китфонаш имдодаш мекард, то руйи по биистад. Тарафи Мурод мегардаду бо ҳасрату алам мегуяд, ки «дилам мегуяд, ки ин «паёми охирам аст, соли дигар бошам ё не?»

Оиларо бебандуборӣ, таҳлука ва ваҳшат фаро гирифтааст. Ҳар кадоме аз онҳо, ки барои худ дар даруни зарқу барқ зиндагӣ сохтаанд, дар ҳавзи доллару тилло шино мекунанд, ҳар кадоме аз онҳо, ки хитаву бахшҳои мамлакатро тасоҳуб кардаанд, табиист, ки аз ин ҳолату аз ин ҳодиса ба шиддат дар изтиробу дар ташвишанд.

Ҳузури ҷиҳодиёни тоҷик, мақому мартаба касб кардани исломиҳои тоҷик, дар ҳукумати нави Сурия, ки Раҳмонов то ҳамин ҳоло онҳоро террористу экстремист мешиносаду муаррифӣ мекунад, дар аъмоқи қалбу равони онҳо зилзила андохтааст.

Раҳмонов тамоми дарду ранҷашро бар сари шишаи «Шоҳона» ва «Гург» кашида ва табобат ва дармонашро дар косаҳои паёпай ва бидуни закуска ҷуста истодааст. Ҳеҷ кадомеашон, на Азизмо ва на Эмомалии хурдакаку не Анушервон натавониста истодаанд шишаҳоро аз пешааш бигиранд.

Бале, Аллоҳи лоязол, ин собири басабр ҳамин тавр, диктаторҳои оламро, ки зиндагӣ ва рӯзгор барои халқи худоро сияҳ ва тираву тор мекунанд, ба кайфари аъмолашон хоҳад расонд. Қисосу интиқоми заҷру ранҷҳоро тавре мегирад, ки огоҳ намешаванд. Беҳуда намегуянд, ки задани Худо садо надорад, баъде, ки зад даво надорад!

Раҳмонов ва дудмони касифу палидаш, дору дастаи золиму хунхораш подоши ғурбат ва дардҳои вофири моро, ҳирмону ҳиҷрати моро, беватаниву дарбадарии моро хоҳад кашид.

Омадани фармондеҳ Сайфиддин Тоҷибоев, ин тоҷики силаҳшур дар ҳукумати исломиҳои Сурия тарсро дар ҷони Раҳмонов, дар ҷони Азизмову дар ҷони Рустаму ва дар ҷони ҳама  лаббайкзанону лесаконаш уфтондааст, аммо аз суи мардуми мазлуми тоҷик бо истиқболи гарму ҷушон ва густарда мувоҷеҳ шудааст.

Аз тариқи сандуқи рай ҳукумати Раҳмонов барчида ва дигар намешавад. Ҳисоби сандуқи райро солҳост Раҳмонов мисли каламуш хурдааст. Ин камонбадастро ҳатмани ҳатман камонбадастони хушноми ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ва силаҳшурони сангарҳои мубориза ва муқовимат ҳисобу китоб хоҳанд кард ва ба ивази ҳар як барга-бюллетенҳои басирқатбурдааш тора -тора муйҳои рангзадаашро хоҳанд канд ва ҳақи мусаллами мусалмонҳои тоҷикро бархоҳанд гардонд.

Мардум аз фатҳу нусрати Сайфиддин Тоҷибоев, муборизин ва равандагони масири илоҳӣ  хушҳоланд, хурасанданд, ки меояду ҷоҳу ҷалоли ин хунхораро кунфаякун мекунад.

Эҳоси тарсу таҳлука ва биму ҳароси Раҳмонов воқеӣ ва табиӣ аст. Раҳмонов аз ончики метарсид, аз ончики мутанаффир буд, ба сараш омад. Вай душманашро аз хеле барвақт мешинохт. Ва ин душман дар роҳ аст ва ба суроғаш баромадааст.

Зиндагии чанд насл аз дасти Раҳмонов табоҳу залилу завол шудааст. Тамоми халқ, ҳатто ҳамин Абдулло Раҳнамои тамаллуқпешаи аз шарафу мардӣ холишуда ҳам дар мағзи ҷон мехоҳад, ки сарнагунӣ ва заволи онро бо чашмони сараш бубинад.

Ин шо Аллоҳ, ки Холиқи яктои мо, мову шуморо ба ин рӯзҳои нек ҳам мушарраф хоҳад кард, навмед насохт.

Арзатон кунам, ки хабарҳо аз даруни оила, ба сахтӣ ва душворӣ ҳам бошад, расида истодааст.

Генпрокурор, Фарзона ва Сафар

Дар ниҳоят,ончуноне мардум пешгуӣ мекард гапгапи гирифтани Юсуф Раҳмонов аз вазифаи Прокурори генералӣ, ки дар ин авохир хеле зиёд буд, таҳаққуқ пайдо кард. Аммо баъди гуё ёфтани ҷинояткорони одамкуш дар Конибодом камтар шуда буд. Гуё ин ҷинояткоронро прокуратура ошкор ва дастгир кардааст. Аммо, мо пештар ҳам гуфта будем, ки «ҳатмани ҳатман ҷудо шудӣ, ҷазир шудӣ». Ва ҷудо шуду ҷазир шуд.

Сафари бачаи Генпрокурор сахт дерзкий баромад. Сафари шавҳари Фарзона, духтаркучулии Эмомалӣ Раҳмонов, ки дигар шавҳараш нест. Фарзона, рӯзҳои оғозини туйу ҳамбистарӣ як ду бор ба Сафар занг мезанад ва тергаву истинтоқ карданӣ мешавад: «қати киӣ, куҷодаӣ, чида да ин бевақтӣ хонада нестӣ»?

Ӯро дар наблюдений гирифтагӣ будаанд: «ҳиҷо нарав, дар ягонҷо нашин», ки Сафар на три букви посилат кардааст.

Гуфтааст:-«мада инхелин зиндагӣ дар кор нест, бра даф шав ай иҷа» гуфта, аслан писанд намекардааст. Дар ҳақиқат ин духтари президент Фарзона як бенамуд аст ва Сафар гоҳо Фионаш мегуфтаст. Чанд бор аз пушти Сафар одам мондааст, ки «брен биёренш» аммо вай ҷавобашон додааст, ки «ма ихели зиндагира задагӣ. Ман ҷураҳом қатӣ мешинум, ягонҷода тоқа мешинум, отдих мерам кор мерам, кори манай, и чи хелиай, ай думи ма фақад мепоянум».

Бачаи акнун собиқ Прокурор Сафар гуфтааст, ки «ма худум сурш кадум. И худуш куҷое брава мара напурса ман равам мепурсидай, ки ту гуҷодаӣ тезбиё ба хонара». Гуфтааст, ки «худум талоқи Фионара додум»

Сафар Гуфтааст:  «мара контрол накун. Ма да куҷо мешинум, бо кӣ мешинум ай думум панҷ даҳ одам мондагияй, ки ҳиҷо наравад, нигаҳш кнен, ки ҳиҷки қатӣ гап назанад».  Барои ҳамин Юсуф Раҳмонро гирифт. Мо Вақте, Ҳабибулло Воҳидовро аз раисии Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар дар соли гузашта гирифта Сарпрокурори ҳарбӣ ва ҷонишини Прокурори генералии Тоҷикистон таъин карда буд, ҳадс зада будем, ки Воҳидовро дар ҷойи Юсуф Раҳмон тайёр карда истодааст. Ҳамин пешгуии мо ҳам дуруст аз об даромад.  Ин тахминҳо ҳам зада мешуданд, ки дар ҷояш сардори Агентии зидди коррупсия Сулаймон Султозондаро, ки аз Данғара ва одами наздики Асадулло Раҳмони Сумбулоғо, ёвари масоили кадрии Раҳмонов аст, меоранд. Ҳатто гап гапи маблағи ҳангуфт додани Сулаймон Султонзода ҳам баромада буд. Барои ҳамин буд, ки музаҳои Султонзода аз чанд вақти пеш лок задагӣ ва галстукаш таранг бастагӣ мегуфтанд. Вале нашуд. Раҳмонов ин бор ба гапи мо кор карду Ҳабибулло Воҳидовро овард.

Дар ҳамин барномаи «Семейканюс»№12 (https://isloh.net/semejka-news-№12/) , ки 05.12.2024 ба

нашр расида буд мо чунин навишта будем. Иқтибосро айнан меоварам:

«Як гурӯҳ ба ҷои вай Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсияро оварданианд. Сулаймон Султонзода ҷияни Матлубхон Давлатзода, тағои президент Раҳмонов аст.

Варианти дуюм, ки эҳтимолияташ камтар аст Ҳабибулло Воҳидов сарпрокурори ҳарбӣ ва муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ҳабибулло Воҳидов дар

Душанбе ва дар вилояти Суғд ба ҳайси прокурор кор кардааст. Сипас Воҳидов директори Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъйин

шуд ва аз онҷо ӯро ба ҷои феълиаш Прокуратураи ҳарбӣ оварданд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ӯро аз Агентӣ ба Прокуратура  оварданд, ҳадс зада мешавад, ки ин «перевод» шояд барои курсии Прокурори генерлӣ бошад. Аммо минуси Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки вай фархорӣ аст. Баъди кудетои Саидҷаъфар Усмонзодаи фархорӣ фархориҳо аз назари Раҳмонов уфтоданд. Ҳамчунин Раҳмонов дар ин авохир афроди нафақахур ё наздик ба пенсаро ба вазифаҳои

масъул мансуб накарда истодааст. Инчунин чанд фигураҳои муҳимми дигар вуҷуд доранд, ки ба круги Рустам марбутанд онҳоро мегузорем ба қариби он рӯзи таъинот.  Раиси Суди Олӣ Шермаҳмади Шоҳиёни аспбозро низ ба нафақа равон мекунанд.  Ҳоло барои ҷойи вай ҳам кондидат кофта истодаанд. Гуё раиси Суди олии иқтисодиро меоваранд дар ҷойи вай».

Дар ҳақиқат ба ҷойи Шермуҳаммади човандози аспбоз, ки Суди олӣ ва тамоми зинаҳои онро ҳаром ва дар порахурӣ олуда кард Рустам Мирзозода, Раиси Суди олии иқтисодӣ ва рафиқу ҳамкурси  Озодаи Раҳмонро овард. Барои он ба Сулаймон Султонзода эҳтимолияти бештар дода будем,ки вай аз Данғара, рафиқи Сумбулоғо ва ҷияни Матлубхон Давлатзода, собиқ аз наздикони Раҳмонов мебошад. Ҳатто худи Юсуф Раҳмон ҳам ба кондидии ӯ розӣ буд чун Султонзодаро шогирди худаш медонист. Аз омадани Султонзода ба Юсуф Раҳмон зарари камтар мешуд аз ҷониби Генпрокуратура. Аммо ин наздикии Султонзода ба Юсуф Раҳмон ба Султонзода зарар расонид. Тибқи миш миш прес Султонзодаро ҳам барканор кардаасту ҳоло дохилӣ аст на аланӣ.

Вале чуноне мебинем ин бор, албатта таҳти таъсири интиқодоти мардум Прокурори генералиро аз Данғара наовард ва низ вазири мудофиаро ҳам аз Ваҳдат овард. Ин шо Аллоҳ зураш ояд, Рустамро ҳам мегираду Озодаро ҳам. Ба Юсуф Раҳмон ултиматум монда буданд, ки агар Сафар бо Фарзона зиндагӣ накунад, сарнавишти Ёрмаҳмад Гулови падараруси собиқи Таҳмина ба сараш меояд. Ҳоло давомашро мебинем, ки бо Юсуф Раҳмон чи мекунанд?

Хуршеди Мирзо ва Шоҳрух

Хуршед Мирзоев, тавонист Рустамро дар удочкааш биқапад. Хуршед бисёр проектҳои хуб пешниҳод мекунад (аз дигарҳо мегираду аз номи худаш пешниҳод мекунад, гуё худаш бисёр доно аст), ки ба Рустам ва Раҳмонов маъқул мешавад.

Хуршед аз замони шуруъи реализатсияи проектҳо, ки аз сумҳои Рустаму оила иҷро мешаванд, то анҷоми ин тарҳҳо хеле сумҳоро рыба мекунад. Чунки қабул тавассути   фирмаҳои худаш ва Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳани хешу табор, қудояш иҷро мешаванд. Баъд аз онки проект ба кор даромад ва фоидаҳо овард, як қисми маблағ рост бо счётҳои махсуси баҷоии Хуршед Мирзоев мераванд. Ин маблағҳои баҷоиро ёфтан ва ошкор кардан мушкил нест просто Мирзоевҳоро ҳеҷ кас дух намекунад ба расидану проверка кардан. Чунки одами Рустам аст. Аммо Рустам як супертупой аст. Худашро сахт  умный мегирад, гуё ҳама чиро мефаҳмад, вале дар таги фукаш фиребаш карда истодаанд, кур аст, намебинад ва намефаҳмад.

Хуршед Мирзоев дар як маҳфиле ба дӯстонаш барои дуову фотиҳа ба ёдбуди падараш рафта буданд, гуфтааст, ки давраи  «аштак паштакои бугини пир (мақсад одамҳое, ки дар командаи Раҳмонов буданд, масалан Ҳасани ишкамбаи Ориёнбонку дигару дигар) гузаштааст, ҳозир ҳамаи решенияҳора мо мекнем… мо, фақат мо ира хуб бдонен ҳамат!»

Як хабари ҷолиб ин аст, ки дӯстони Рустам, ин «магасҳои гирди ширинӣ»-таъбири шайх Саъдӣ ба Рустам ёғӣ шуда истодаанд. Масалан Хуршеди Мирзо, аз дӯстони наздик ва аз ёрони сарсупурдаи Рустам ҳатто ҳамон пули миёнравӣ (доля) барои бизнесменҳо ва махсусан домсозҳоро, ки бар ивази имзои Рустам мегирад, шурӣ мурӣ ва мухлават карда истодааст. Рустам, агарчи фаҳмида истодааст, бо таваҷҷӯҳ ба онки бахши аъзами дороиҳои дуздиаш дар дасти Хуршед ва бародараш аст ва Авестогруппу ДушанбеСитиву чанд ширкатҳои дигарашро идора мекунанд, сукут ихтиёр кардааст, ки «мабодо ҳамаашро ба хориҷа мунтақил кунанд». Ва худашро ба нодонӣ зада истодааст.

Шоҳрух Саид бошад дигар ончунон болу пар кушодаву давру даврон ронда истодааст, ки аз Рустам дида ӯро бештар суроғ мекунанд, пеши вай арзу шикоят мебаранд. Навбат барои дохил шудан назди генерал Шоҳрух ба маротиб бештар аз навбат дар назди Рустам аст ҳоло.

Албатта, ҳар рӯз ба номи Рустами Эмомалӣ зиёд шикоят ва дархосту хоҳиш тариқи аризаҳо ворид мегарданд. Аммо ягонтаи онҳо ба Рустам намеравад ва умуман ҳали худро пайдо намекунанд. Шуъбаи умумии ҳукумати Душанбе мисли шуъбаи умумии дастгоҳи Президент аст. Чи ариза ё шикояте расад, зуд алик малик мекунанд. Зуд аз болои кӣ омадааст, ӯро кормандони шуъбаи умумӣ огоҳ карда ҳатман хизматонаи худро мегиранд.

Чаро гуфтем, ки номи Шорух болотар аз Рустам шудааст?

Генерал Шорух Саид аз замоне, ки ба УВДи шаҳри Душанбе таъин гашт, пурра тактикаашро дигар кард. Ӯ ба худ имеджмейкери хуб пайдо кард, ки рейтинги ӯро боло бурда истодааст. Шорух на танҳо аризаҳо, балки муроҷиатҳои электронӣ ва интернетиро дида дарҳол амри ҳал карданро медиҳад. Мардуми пойтахт ба Шорух муроҷиат мекунанд.

Дар ҳақиқат Шорух тавонист фоҳишаҳо ва он марказҳои дилхушие, ки дар онҳо фоҳишагарӣ роиҷ буд, сахт қапад. Дар давраи Шорух танзими мошинҳо дар пойтахт тағйир кард ва таксиҳои шахсие, ки таҳтти рақами 8-у 3 ба Корвону дигар самтҳои шаҳр мегаштанду халали зиёд ба танзими ҳаракат дар роҳ буданд, кам шуданду онро ба танзим даровард.

Инро ягон сардори УВДи шаҳри Душанбе карда натавониста буд.

Танҳо дар даври Шорух барои кумак ба милитсияи пойтахт мукофотпулиҳои калон пешбинӣ шуданд. Мардум дар байни худ мегуянд,ки «э, ай Рустамда пеши Шорух брен хубтарай».

Шорух дарку фаҳмиши милитсаро надорад. Вай як бизнесмен аст аммо аз ин ҷиҳат пешравиҳо барои худнамоишдиҳи бошад ва ё чизи дигар вуҷуд дорад.

Умуман Рустам ягон масъаларо ҳал намекунад. Ҳамаро атрофиёнаш мекунанд. Шоҳрух як самташрову Хуршеди Мирзоеви дуздак самти молиявиашро. Мутмаин бошед, ки ин гунгаки Рустамро баъди сари Раҳмонов кругаш дар даҳ рӯз яктарафааш мекунанд.

«Фароз»-и Шамсулло

Яке аз хислатҳои мутафовити Раҳмонов ин аст ки сахт домоддустдор аст. Чи расмӣ ва чӣ ғайрирасмӣ дӯстони духтаронашро сахт нағз мебинад. Масалан ҳамин Шамсулло, шуи Рухшонаро бигирем.

Барои онки Шамсулло роҳат ва серсум бошад, тамоми мавонеъ барои ривоҷи бизнеси онро аз сари роҳаш якнима кард. Ҳатто Умаралӣ Қувватовро, ки Фароз асосан аз они уст, дар Туркия ба шаҳодат расонид.

Ва ё Раҷабалӣ Одинаев, мудири ширкати Умед-88-ро дар зиндон кушту тамоми нуқтаҳои фурӯши бензини вайро гирифту ба Шамсулло Соҳибов дод.

Ва ё шираи камолро, ки тамоми муддат дар ихтиёри Идораи ҷангал ва вазорати тандурустӣ буд бо як қарори махсус аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба моликияти хусусӣ (монополия)-и Шамсулло табдил кард.

Ва, ҳоло ба дасти мо аз ширкати Фароз маълумотҳои ҷолибе расидааст. Тибқи ин маълумот

ҶДММ Фароз аз ҳисоби санҷиши мошинҳои сабукрав, мотоцикл ва мошинҳои боркаш ҳар сол ба микдори (5.000000000 ) панҷ миллиард сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад. Мисол як мошини сабукрав тамоми намуди андоз ва аснодаш, ки арзишаш баробар ба 1800 сомонӣ мерасад ба Фароз месупорад. Аз ин 1800 сомонӣ, 300 -сомониаш ба бюҷети давлат мегузарад. Дигар тамом 1500 сомонӣ тоза ба Фароз-ширкати Шамсулло домодтура меравад. Шояд ҳоло шумораи ҳамин мошинҳои сабукрав ба камаш ду миллион бошад

Мошини сабукрав дар ҳама хонадон аст.  Дар баъзе хонаҳо ду, се адад. Мегирем (2 000 000 ) миллион мошини сабукрав зарби 1500 сомонӣ баробар ба се ( 3 000,000,000 ) миллиард сомонӣ мешавад. Ин фоидаи соф аст. Ин фоидаи соф фақат аз мошинҳои сабукрав аст! Ва зиëда аз (3 000.000.000) се милиард сомонии дигар аз ҳисоби мошинҳои боркаш, экскаватор, тракторхо ва дигар намуди техника даромади соф мегирад.

Ин як даромади муфти ҳангуфт аст ва ягон намуд хароҷот надорад ва 15 сол мешавад, ки ҷамъ мешавад. Дар куҷо масраф мешавад, молиёт месупорад ва пардохтҳои иҷтимоӣ дорад ё не, ҳеҷ кас намедонад, комилан номаълум аст.

Агар оддӣ карда гуем 15 сол зарби (600.000.0000) шаш миллиард маблағи солонаи пули мошинҳо) баробар ба (90, 000000000) навад миллиард сомонӣ мешавад! Ин маблағи софи ба даст овардаро, ки (90,000,000,000) навад миллиард сомонӣ аст, бо доллари амрикоӣ гардонем, ки дар байни солҳои 2008то 2024 давом ва тааллуқ дорад, агар гирем курси онвақта ва ҳозираро,1долларо, ки ба 7,5сомонӣ баробар мешавад ин навад(90’000000000) миллиард сомони баробар мешавад ба дувоздаҳ( 12,000,000,000) миллиард доллари амрикоӣ. Инҷо агар ба қарзи хориҷииТочикистонро, ки севуним (3,500.000.000) миллиард доллари амрикоӣ гуфта мешавад қиёс намоем, бубинед чӣ фарқи калоне дорад. Ва ин маблағ дар суратҳисобҳои хориҷии Шамсулло ва бонки хусуси вай нигаҳдорӣ мешавад.

Яъне пули ҷамъкардаи «Фароз» танҳо аз ин бахш қариб чор маротиба аз қарзи хориҷии Тоҷикистон зиëд аст. Худатон қазоват кунед, ки ин оилаи дузд чи гуна мову давлати моро талаву тороҷ карда истодааст.

Агар мо ин маблағро ба бозсозии роҳҳои Тоҷикистон сарф мекардем, ҳоло тамоми роҳҳои Тоҷикистон мумфаршу обод мешуд ва қарзи берунии Тоҷикистонро ҳам бар мегардонидем. Боз аламовараш он аст аст, ки қарзи севуним (3,500000000 ) миллиарддолларӣ дар гардани мардуми Тоҷикистон кашол аст. Дар ҳоле, ки ин пулро ҳам ҳукумати Тоҷикистон гирифтаву хурдааст.

Ҳоло ба балои ин пули утлизатсияро, ки инро ҳам «Фароз» санад ва ҳисобу китоб мекунад, ба болои ин пулҳо зам кунем як маблағи астрономӣ мешавад.

Дигараш  ин аст ки «Фароз» аз ҳисоби Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як сол ба маблағи соф бо пули сомонӣ баробар ба се миллиард(3, 000,000,000) сомоӣ фоидаи соф мегирад. Ин пулситонӣ ҳам зиëда аз 10-сол мешавад идома дорад.

Агар гирем10 сол зарби се миллиард (3,000,000,000) баробар ба сӣ (30, 000,000,000) миллиард сомонӣ мешавад. Мебинед, ки инҳо чи қадар фоидаи соф гирифтаанд. Мо ин миқдори бузурги сомониро ба доллари Амрико гардонем ва курси1доллари амрикоиро баробар ба 7,5 сомонӣ ҳисоб кунем, ин сӣ (30,) миллиард сомонӣ баробар ба чор (4.000.000.000) миллиард доллари амрикоӣ аст. Ончи ки инҷо гуфтем ин фақат ду манбаи даромади ин оила мебошад! Агар ин чор миллиард доллари амрикоро (1000) ҳазор бемористон месохтем маблағ кифоя буд. Ва даҳҳо фабрикаи дорубарорӣ месохтем вазъияти кишвар тамоман дигар хел мешуд.

Инҷо фақат аз як ҳиссаи даромадҳои «Фароз» гуфтем. Тамоми домодҳои Раҳмонов аз Зоир бигир, Шамсулло, Зарифбек, Ҷамолиддин, Рамз, Ашраф ҳар кадоме ҳамингуна даромадҳои миллиардӣ доранд ва мо беҷиҳат ин оилаи касифро «Семейкаи мултимиллиардерҳо» нагуфтем, ки ин шо Аллоҳ ба охири хати худ расидаанд.

Раҳмонов бо Пизишкиён чиҳо гуфт?

Чанд рӯзи қабл, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе омад. Раҳмонов аз дидору мулоқот ба раиси ҷумҳурии Эрон хурсанд ба назар мерасид. Ин сафар, ки баъди ҳодисаҳои Сурия ва сарнагунии як диктатори рӯ ба Эрон сурат гирифта буд, барои Раҳмонов боарзиш ба ҳисоб меояд. Бахусус Башор Асад, ин диктатори мисли Раҳмонов алайҳилаънаи зиддислом, ки аз дасти муҷоҳидин сарнагун ва фирорӣ шуд, дидору мулоқот бо раиси як давлати исломӣ гуё барои Раҳмонов подзаҳр шуд.

Яке аз масъалаҳое, ки Раҳмонов бо Пизишкиён ба миён гузоштааст, ин он будааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон набояд аз ҲНИТ дар ягон маврид ва мавқеъ дастгирӣ ва пуштибонӣ накунад.

Масъалаи дигар Эрон бояд дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар пеш омадани хавфу хатар аз тарафи Афғонистон ва Ансоруллоҳу Таҳрики Толибони Тоҷикистон ва Вилояти Хуросон дар бари Раҳмонов биистад

Саввум хоҳишу илтимосе, ки Раҳмонов аз Пизишкиён кардааст, ин буда, ки бо истифода аз нуфуз ва ҷойгоҳи Эрон бар болои Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос нафароне, ки аз Тоҷикистон дар суфуфи муҷоҳидини Ҳайати таҳрири Шом дар Сурия ҳастанд, фишор оварад ва ҳатто онҳоро безарар гардонад ва Раҳмоновро аз шарри онҳо эмин дорад.

Манбаъе, ки ин хабарро ба мо расонд гуфт, ки Раҳмонов тамоми шаб, ҳатто баъди зиёфат бо Пизишкиён тоқа зиёд суҳбат кардааст. Ду маротиба Рустамро фарёд кардаву се каса роҷеъ ба кадом масъалаҳое гуфтугу кардаанд ва сипас Рустамро ҷавоб додаанд.

Ин манбаъи мо гуфт, ки ҳодисаҳои Башор Асад Раҳмоновро талхакаф кардааст. Рангу руяш пуркидагӣ аст. Кадом беморие дорад, ки баъди ин ҳодисаҳо хуруҷ кардаву авҷ гирифтааст.

Мардуми Кулоб, гуфт ин манбаъ, наздикони Аҳмади Иброҳим, ки даҳ сол доданаш митинг карданӣ буданд. Аммо онҳоро фиреб карда гуфтаанд, ки «равен шикояти касатционӣ нависед, ҳукмша тағйир метан, Ҷаноб бехбар буд и корҳои Юсуф Раҳмон буд».  Аммо маълум ва мушаххас аст ки ин фиреб аст ва гуё, ки Раҳмонов аз чунин ҳукм додан ба Аҳмади Иброҳим бехабар будааст, воқеият надорад. Чунки аз ҳамагуна ҳодисаи монанд ба ин ҳатман Раҳмонов бохабар аст ва бахусус вазъият дар Кулобро барояш ҳамеша гузориш медиҳанд.

Ин сенарияро фақат бо наздикони норозии ин ё он нафари номдор мекунанд. Баъде, ки вақт гузашт, алангаи тасфи мардум паст мешавад. Агар не мардуми Кулоб мехест ва як рӯзи дигар наздикони Аҳмади Иброҳим ба кучаҳо мебаромаданд.

Ва, дар инҷо як маълумоти ҷолиби дигар. Баъди ҷаласаи ахири ниҳодҳои амниятии СНГ Александр Бортников, директори ФСБ ва Нарышкин Сергей директори СВР-и Русия ҳушдор додаанд, ки Амрико ва Аврупо бо такя ба гурӯҳҳои исломӣ, дар давлатҳои СНГ инқилобҳо барпо карданианд. Роҷеъ ба Тоҷикистон, ҲНИТ-ро зикр намудаанд, ки қасди инқилоб ва сарнагунии Раҳмоновро дорад.

Як ҳикояти ҷолиби дигар аз Раҳмонов
Шахсе, ки ин ҳикоятро нақл кард, номашро намегирам, то ба оилаи вай зараре нарасад.

«Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ 1994-1996 буд, ки бо раиси ноҳияи Колхозобод ба хонаи Эмомалӣ Раҳмонов ба Данғара рафтем. Он рӯз Шералӣ Сабзов ҳам ҳамон ҷо, дар назди дарвозаи Эмомалӣ Раҳмонов навбат меистод. Гуфт, ки назди Эмомалӣ  даромадем, корамонро буд накард. Ҳануз ҳамон вақт Эмомалӣ дар ҳамон ҷо гуфта буд, ки ин боевикҳоро бояд аз байн бурд.

Он вақтҳо части Маҳмуд Худойбердиев дар Чапаев қарор дошт.  Маҳмуд Худойбердиев инро дарк карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар қасди нобуд, кардани уст. Ҳатто ба назди Хуҷа -командир омада ҳолати корро фаҳмонид. Хуҷа аллакай ҳамон вақт гуреза буд. Ҳамон шабу рӯз одамҳои Хуҷа -командир дар назди ҳукумати Хатлон ҷамъ омада талаби  сафед кардани ӯро доштанд. Маҳмуд Худойбердиев аз фурсат истифода бурда ба Хуҷа -командир вохурда барои переворот власт пешниҳод карда буд, ки «чи қадар яроқ даркор аст медиҳам, ту мардуми Хуросони ҳозираро ба пой хезон». Аммо Хуҷа- командир отказ кард. Чунки медонист ин дафъа яроқ ба дасти мардуми Хуросони ҳозира расад, якум худи Хуҷа -командирро онҳо аз байн мебаранд, зеро Хуҷа хело ваҳшониятҳои зиёде карда буд.

Маҳмуд Худойбердиев одами наздики Ислом Каримов буд. Маҳмуд ба хотири он Тоҷикистонро тарк кард, ки русҳо ба Эмомалӣ Раҳмонов ëрӣ мекарданд. Барои ҳамин Тоҷикистонро тарк кард. Эмомалӣ Раҳмонов вақте бо русҳо нағз шуд, Ислом Каримовро кидат кард. Чунки намехост бо гапи Ислом Каримов гардад. Эмомалӣ Раҳмонов канали нав бо русҳо кушод. Барои ҳамин Махмуд Худойбердиевро аз Тоҷикистон ронд. Душмани №1-и Эмомалӣ Раҳмонов Махмуд Худойбердиев шуда буд. Чунки ба Маҳмуд Худойбердиев аз тарафи Ислом Каримов бо яроқу тупу танк таъмин карда шуда буд. Мусаллаҳ буд, зураш намерасид. Вақте Маҳмуд фаҳмид, ки русҳо ба ӯ ҳуҷум мекунанд, бе задухурд, аз Тоҷикистон баромаду рафт. Агар дар ёдатон бошад ҳамон солҳои баргашти ҲНИТ ва имзои созишнома. Э.Раҳмонов дар як баромадаш дар назди вакилони порлумон як ҳушдоре ба Ислом Каримов карда буд,ки агар ту Маҳмуд Худойбердиро дошта боши мо Ҷумъаи Намангониро дорем. Метавонем ӯро бар зидди ту такмил ва муҷаҳҳаз карда фиристем. Яъне чунин ҳолатҳоро ҳам дар хотир дорем.

Нақшаи шуми Раҳмонов,ки инқилобро хоҳад тезонд

Дар аввали ин барнома мутазаккир шудем, ки Аллоҳ ҳеҷ бандаи солеҳашро ноумед намекунад. Чуноне Сайфиддин Тоҷибоев ва ҳамроҳони вайро оқибат ба умеду орзуҳояшон расонд. Аммо нафароне амсоли Раҳмонов оқибат шармандаву расвову русияҳу ва рондаи дорайн хоҳанд шуд.

Бинобар маълумоте, ки ба дасти мо омад.

Раҳмонов қасд дошт як бозии ваҳшатнокеро ба роҳ андозад. Аммо баъди ҳодисаи Сурия ва сарнагун шудани Башор Асад як каме тарсидааст.

Дар минтақаи Ғарм нақшаи боз гуё нафаре ё нафароне бояд бар зиди ҳукумат хезандро кашида буд. Аз рӯйи баъзе маълумотхо мақомот ба воситаи агентҳояш дар гушҳои Малиши шогирди Ҷага парида истодаанд,ки «ҷамъ кун одаму хезен бар зиди ҳукумат. Аз тараф муҷоҳиддини Арсалон ба ёрӣ меоянд». Бояд Малиш дар ин кор Сайриддинро, ки ӯ гуё бо гурӯҳи Алии бедакӣ ҳамроҳ буд ва барои кирдорҳояш адои ҷазо карда баромад, ҷалб кунад. Ин Малиш намефаҳмад, ки мақомот истифодааш хоҳанд кард ва дар охир мекушандаш.

Малишро гуфта истодаанд, ки ту одамҳоро тайёр кун, бигзор хезанд, оҳиста худат аз бозӣ баро.

Мардуми Рашт ҳилла рӯз гузаронда истодааст. Ин ҳаромҳо намемонанд мардуми оддӣ ором бошанд. Ин нақшаро барои он амалӣ карданианд, то ба мардум нишон диҳанд, ки ҲНИТ то ҳол ором нест.

Аммо, кош Раҳмонов ин нақшаашро ба амал бароварад. Агар як ҷамоат ва ҳатто як деҳа дар ин минтақа бархезад, дигар пеши хезиши мардумиро дар саросари водӣ ва дар саросари Тоҷикистон гирифта наметавонанд.

Тамоми минтақаҳо мехезанд. Данғараву Кулобу дигар минтақаҳо мехезанд бар зиди ин авлоди ҳаром. Мардум ҳар кадомашро чен кардагианд.

Исмоили Пингвинро ҷудо, Озодара ҷудо, Тахминаро ҷудо, Рустамро ку агар қапанд эҳҳеее, Раҳмоновро бо духтаронаш медонед чикор  мекананд.

Инҳо хит намекунанд, аммо то устоҳое, ки хонаҳо, дачаҳо, бустонсароҳо ва умуман то кабинетҳои Раҳмоновро таъмир кардаанд, ҳамаи нақшаҳои дар куҷо чи ҷойгир ва дар куҷо кӣ астро додагианд.

Раҳмонов пеш аз ҳодисаи Сурия мехост ин нақшаи шумашро лар Ғарм ба иҷро дароварад ва бо ин баҳона як бори дигар хуни мардуми Ғармаро бирезад ва боз мардуми кишварро дар ҳолати тарсу ваҳшат қарор диҳад.

Аммо ин ҳодиса ӯро аз раъяш гардонд, чунки вай хуб медонад, ки мардум худашон як оташак ва як пуштибонии беруниро нигоҳ доранд. Ва ҳоло ин пуштибониро аз Сурия ва Афғонистон дида истодаанд.

Раҳмонов медонад, ки камтар ҷунбиши мардумӣ ба вуқуъ пайвандад, пушти вайро касе намегирад.

Сообщение Семейка news №13 появились сначала на ISLOH.net.

Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр?
Юсуф Раҳмон, ҳамакнун собиқ Додситони кулли Тоҷикистон дуруст дар рӯзе аз мақом барканор шуд, ки панҷ соли қабл, яъне 23 январи соли 2020 барои панҷ соли баъдӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.

Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз Юсуф Раҳмон танҳо Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешини кишвар буд, ки низ ду панҷсола дар ин мақом дошт додааст. Боқии нафароне, ки дар ин мақом кор кардаанд, Маҳмадназар Солеҳов, Амирқул Азимов, Саломиддин Шаропов ва Шерхон Салимзода пеш аз анҷоми муҳлат ва ё як давраи панҷсола дар ин мақом кор карда буданду тамом.

Аммо, ҳадсу гумонҳо зада мешуд, ки Юсуф Раҳмон дар давраи саввум ҳам курисро ҳифз хоҳад кард, ҳамчуноне СС.Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа мақому мансаби худро барои беш аз ду панҷсола тавонистанд, ки ҳифз намоянд. Чунки Юсуф Раҳмон ба ҷуз аз онки содиқона ва ба мисоли саги вафодор хидмати Раҳмоновро адо мекард, бо келин кардани Фарзона духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов, ҳадди ақал то ба расидан ба синни нафақа пояҳои курсии худро мустаҳкам карда буд. Ҳамчуноне, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа танҳо ва фақат барои онки қудо шуд, се навбати панҷсолӣ дар мақомаш, агарчи ин соҳаро ба қафо бурд, то инки пенсионер нашавад дар мақомаш боқӣ монд. Вале дурусту дақиқ Юсуф Раҳмон дар шароите аз мақом барканор шуд, ки байни оилаи вай ва оилаи раиси ҷумҳур ба иллати ҷудоии Сафари писараш аз Фарзона, духтури хурдии Эмомалӣ Раҳмонов сардии шадид пеш омад. Вагарна ҷойгоҳ ва ҳузури Юсуф Раҳмон, беш аз ҳар «силовик»-ҳои дигар дар ҳукумати Раҳмонов тақвият меёфт ва дар дарбор, оилаи Раҳмонов ва худи Раҳмонов тақарруб пайдо мекард.

Эмомалӣ Раҳмонов, ончуноне ҳаводиси чанд соли ахир маълум мекунад ба Юсуф Раҳмон сахт эътимод баста ва ӯро нафари аввали мавриди эътимоди худаш медонист ва он ихтиёроту имтиёзҳоеро, ки пештар ба СС.Ятимов дода буд, ба тадриҷ ба ӯ дод ва дар ҳар ҳарфу сухани вай бовар мекард.

Воқеият ин аст ки  Юсуф Раҳмон ва Бобоҷон Бобохонов, ду нафар аз Прокурорҳои генералие буданд, ки сари даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар, сиёсатмадорон ва рушанфикронро хурданд ва ин нафарон, ба вижа Юсуф Раҳмон ончунон ҷоннисори Эмомалӣ Раҳмонов шуда буд, ки ба ҷуз аз касби ризои Раҳмонов, фикри дигаре намекард ва сари муе бар адолат, ҳуқуқ ва бар қонун муроот ва тараҳҳум накард.

Инки ин ду тан ҳамин гуна бераҳму ноинсофиро бар адлу дод ва бар рисолат ва масъулиятҳои худ тарҷеҳ доданд, иллат ва сабаби асосии ба ду панҷсола дар сари кор истодани онҳо шуд.

Инҷо, ки ҷои зикраш омад бояд алоҳида ва махсус тазаккур бидиҳем, ки ҳиҷ яке аз Додситонҳои кулли Тоҷикистони ҳукумати сивусесолаи Раҳмонов бо обру аз кор нарафтанд. Агарчи Бобоҷон Бобохоновро ба ҳангоми аз мақом барканор кардан Раҳмонов изҳори сипосаш кард, вале вай, ки то расидан ба сини нафақа ҳамагӣ се моҳаш боқӣ монда буд, дошт дода натавонист ва нафаре, ки пеш аз вай заҳра ва ҷуръат намекард, вориди толори ҷалсаи ҳукумат бишавад, ҳамагӣ чанд моҳи баъд мавриди ҳамлаҳои шадиди «круг»-и Раҳмонов қарор гирифт ва ҳатто писари ӯ Файзуллоро, ки додситони Ҳисор буд, ба зиндон кашиданд.

Бобохонов, то онҷо дардаш карду дард кашид, ки худро дошта натавонист ва дар расонаҳо изҳор кард, ки пушти барканории вай Шерхон Салимзода, ки дар ҷойи вай таъйин шуд ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олии онрӯзҳои ҳукумати Раҳмонов меистанд ва ошкоро ба худи Эмомалӣ Раҳмонов намёк дод, ки ту ҳам баччаатро дар мансаби таҳти итоатат овардӣ ва руку рост гуфт, ки писараш бегуноҳ ва қурбонии интиқом шудааст:

«Агарчи ҳозир роҳбарияти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ барои ошкор кардани ҳақиқат монеа эҷод кунанд, аммо оқибати ин кор ошкор мешавад ва ҳақиқат болои об мебарояд, адолат ғалаба мекунад…..

Ин масъаларо метавонед, рафта аз Прокурори генералии ҳозира Шерхон Салимзода пурсед. Чӣ сабаб шуд? Мумкин онҳо хубтар донанд, ки ин ҷо ҳарфи қасду қасос аст ё чӣ? Худашон мумкин медонанд. Ҳар кас фарзанди худро дӯст медорад. Мумкин богуноҳ бошад, ҳамеша бегуноҳии ӯро дастгирӣ кунад. Лекин ба ин дараҷа қасосгирӣ ба касе даркор набуд….

Агар қонунро гирем, онҳоро тағйир ҳам доданд, дигаргуниҳо дароварданд. Коррупсия дар он ҳолат мешавад, ки падару писар, акаву додар, шавҳару зан дар он корҳое кор мекунанд, ки ба ҳам тобеъ ҳастанд ва аз ҷиҳати моливу пулӣ аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Агар ки ман хато карда бошам, имрӯзҳо ин хатоҳо намешаванд? Онҳоро ҳам дидан даркор».

Нахустин Прокурори генералии давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов Маҳмадназар Солеҳов буд, ки солҳо баъд ёғӣ ва мардуд шуд ва ниҳоят дар даруни манзили зисташ ва дар пеши писарбаччаи хурдсолаш ва дар рӯзи равшан бо тири туфанг аз тарафи Абдураҳмон Бузмаков, ҳоло Аламшозода, ки он вақт сардори милисаи Душанбе буд, кушта гардид. Вай, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроя Президент (ду бори се солӣ) ва вазири дохилӣ таъин шуда ва аз мансабдорони зинуфуз ва наздики Раҳмонов ва оилаи вай ба ҳисоб мерафт. Аммо ӯро дар талоши анҷоми табаддулот бо пуштибонии Узбакистони даврони Ислом Каримов, иттиҳоме, ки эълон нашуда буд, муттаҳам карда ва дастури «безарар» гардониашро содир кард. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Генпрокурорҳои дигари баъди вай Амирқул Азимов ва Саломиддин Шаропов, ду нафар аз ғайрикулобиҳо низ, агарчи дар хидмати Раҳмонов ҳамеша чухт, пушт дуто ва дастҳо пеши бар буданд, оқибат бо таҳқиру беэҳтиромӣ ва тард аз дарбор мувоҷеҳ шуданд.

Бачаи Амирқул Азимов барои автоавария ва домодаш бозраси аршади Оҷонси мубориза бо фасод  зиндонӣ карда шуданд. Кореро, ки барои мисол Раҳмонов ба қарибону ҳаммаҳалони худаш ҳиҷ гоҳ накардааст ва раво намебинад. Масалан бачаи Давлаталӣ Саид ва ё Нусратулло Абдуллоев ва ё Амнулло Ҳукумов ва инчунин Фаридуни писари Озода Раҳмонова ва Ҷамолиддин Нуралиев низ бо мошин одам куштанд, аммо ба онҳо чизе нашуд.

Ва ниҳоят худи Амирқул Азимовро ҳам, ончуноне маълумотҳо паҳн гуша буд, бо як шакли безеб аз Шурои амният (дабири он буд) аз кор гирифт ва дигар ҳиҷ гоҳ ба суроғаш нарафт.

Амирқул Азимове, ки дар солҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ Прокурори Генералӣ ва дар хидмати Раҳмонов камар баста буд, ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев аз бунёдгузорони Фронти халқӣ буд, ки Раҳмоновро сари кор овард ва дар амалиётҳо бар зидди Абдулло Раҳимов, (Муло Абдулло), Мирзо Зиё ва нобуд кардани онҳо ширкати мустақим дошт ва ба унвони яке аз роҳбарони ин амалиётҳо барои Раҳмонов ҷон дар кафи даст гирифта ва дар ҷанги дохилӣ тир хурдаву пояш ланг ҳам шуда буд.

Саломидин Шаропов ҳам, чуноне дар расонаҳо навишта буданд, ҳатто маҷбур шуда буд, ки қотилони писарашро, ки ошкор, боздошт ва муайян шуда буданд аз «сарвайронҳо» ва боевикҳои вобаста ба Раҳмонов буданд аз ҷавобгарӣ озод кунад. Агарчи он вақт ва то ба имрӯз ҳиҷ коре инчунонӣ бе «о,кей»-и худи Раҳмонов амалӣ намешавад, Раҳмонов марҳум Саломиддин Шароповро ба бепринсипӣ ва пулпарастӣ муттаҳам карда- «бар ивази пули калон қотилони писари худро ҷавоб дод» аз мақомаш ронд.

Шерхон Салимзодаро, ки Бобоҷон Бобохонов сабабгори аз мақомравии худ ва бадбахтиҳои писараш медонад низ тавре аз кор гирифт, ки нафас дар гулуяш печид ва дасту пояш карахт шуд.

Агарчи Раҳмонов хуб медонист, ки Шерхон Салимзода як порахури гузаро аст ва қабл аз онки Прокурори Генералӣ бишавад ба ҳангоми прокурори пойтахт буданаш алайҳаш парванда боз карда буданд вале бурду аввал дар ниҳоди навтаъсиси Оҷонси мубориза бо коррупсия раис таъин кард ва аз онҷо боз гирифту Прокурори генералӣ монд.

Вақте фармони аз кор барканории Шерхон Салимзодаро содир кард, Салимзода дар Маҷлиси Миллӣ аз аъзо хост, ки дар матни он илова кунанд, ки «ба иллати анҷоми муҳлати ваколат» аз кор гирифта шуд, чун ҳатто дар матни фармон иллати аз коргирӣ зикр нашуда буд.

Маҳмадсаид Убайдуллов, раиси Маҷлиси Миллӣ хеле ҳам дурушту дағал посухаш дод, ки «президент ба маслиҳати ту намекунад».

Ончуноне мебинед, ҳеҷ яке аз Прокурорҳои генералии ҳукумати Раҳмонов, агарки сала мегуфт, кала меоварданд, на бообру аз кор гирифта шуданд ва на баъди рафтан рӯзи хуш доштанд.

Ба фарқ аз Шерхон Салимзода дар матни фармони аз корравӣ ё барканории Юсуф Раҳмонов «ба сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр шудааст, аммо шарти асосӣ, ки «бояд Сафари бачаат бо Фарзона зиндагиро идома диҳад» албатта, ки сабт нашудааст ва хоҳем дид, ки бо вай чи хоҳад кард ва барои мисол то ба синни нафақа расидани Юсуф Раҳмон ҳоло чаҳор соли дигар боқист ва Юсуф Раҳмон барои мисол 59 сола асту прокурори нави таъиншуда Ҳабибулло Воҳидзода 60 сола мебошад.

Раҳмонов тули беш аз се даҳаи ҳукуматаш фақат худаш ва оилааш ва хешу табори худашро дидааст.

Инро бори дигар дар тимсоли сарнавишти ин Генпрокурорҳо шоҳид шудед. Барои мисол ҳамин Бобоҷон Бобохонов буд, ки Ёқуб Салимро шинонд, Муҳаммадрузӣ Искандаровро аз Маска оварду шинонд, Ғаффор Мирзоевро шинонд, Абдуҷалил Ҳомидовро шинонд ва  матбуоти мустақили кишвар масалан Рӯзи нав, Неруи сухан, Оламу одамро басту арзу шикояти соҳибони ин расонаҳоро тамоман ншунид. Чун закази Раҳмоновро иҷро кард, на ҳарфи қонунро.

Бобоҷон Бобохонов аз давраи ҳодисаи куштори Сангак Сафаров, ки прокурори Қурғонтеппа буд корҳоро мепечонд, дар ташкилу сохтани «сфабрикований» делоҳо устод буд. Масалан хуб медонист, ки Ғаффор Седой дар ҳеҷ ҷое яроқҳои баҷоӣ надорад ва он яроқҳо ҳамааш аз они худи Раҳмонов буд, аммо тавре кард, ки ӯро дар табаддулот муҷрим шинохт ва бо дастури шахси Раҳмонов ҳукми умрбод дод. Чунки ба гуши Раҳмонов расонида буданд, ки Ғаффор бо Таҳмина «роман» дорад.

Аммо ҷиноят ва хиёнатҳое, ки Юсуф Раҳмон дар мақоми Прокурори генералӣ алайҳи миллат ва мардуми Тоҷикистон содир кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ намедиҳад, ки бо прокурорҳои пешин муқоиса кард. Юсуф Раҳмонов дар сагигарӣ ба Раҳмонов аз ҳам гузаронд. Бо вуҷуди онки сарнавишту қисмати пешиниёни худро, масалан ҳамин Бобоҷон Бобохоновро ,ки устодаш аст ва Файзуллои писари ӯро, ки рафиқи наздикаш буд, бо чашмони сар дида буд, фақат ва фақат барои қонеъ кунонидан ва розӣ нигоҳ доштани Эмомалӣ Раҳмонов қонунро на инки муроат накард, балки таҷовуз кард, адолатро аз байн бурд.

Аввалин ҷинояти мудҳиш ва ғайри қобили бахшиши вай ин буд, ки алайҳи ҲНИТ парванда боз кард ва бо талаби маҳз ҳамин Юсуф Раҳмон ин ташаккули сиёсӣ террористӣ ва мамнуъ эълон гардид ва роҳбарияти олии он ба зиндон кашонида шуданд. Юсуф Раҳмон, ба унвони Прокурори генералӣ мебоист ин туҳмати бастаи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро дар кудетои дуруғии Ҳоҷӣ Ҳалим шарик донист, намепазируфт. Чунки вай, нозири риояти қонун аст ва ин ҳақро Қонуни асосии кишвар ба ӯ додааст.

Бубинед, ки имрӯз дар Амрико қонун ва прокурору судя ба чи корҳо даст мезананд. Ҳоло, ки Трамп як ҳафта ҳам тул накашид, ки судяҳои чанде аз иёлатҳои болои як фармони вай дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ касб накардани бачаи муҳоҷир эътироз карданд ва ин фармон муаллақ шуд. Албатта, мо воқеъбин ҳастем, чунинашро талаб надорем.

Вале бояд ҳифзи мақому мартаба ва каромат, шаҳомат бошад, арзише барои худ ва курсии худ ва шахсияти худ қоил шуд. Прокурори генералӣ ниҳоди назораткунанда аст ва иҷрои қонун ва қонунмандӣ дар кишвар аз ӯ сахт вобаста аст. Муҳим аз ин ҳама ин вазифа ва масъулияти давлатӣ аст на аз они шахс ва аз они Президент. Чоплусӣ, хушомадгуӣ ҳам бояд дар доираи қонун сурат бигирад, на бо нақзу поймол кардани қонун.

Дар давраи ҳеҷ додситони дигаре беҳуқуқӣ, беназоратӣ, қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ривоҷ ва равнақ наёфта буд, ки дар давраи Юсуф Раҳмонов сурат гирифт.

Бо туҳмату буҳтон чандин нафарҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон овард, токи табъи Раҳмоновро хуш бисозад. Масалан вақте Суҳроби Зафар, раиси Гуруҳи 24-ро аз Туркия оварду  СС.Ятимов давдав фурудгоҳ рафту аз трап ӯро бардошту СИЗо бурд. Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов гуфт, ки «кори СС аз трап то СИЗо аст. Суҳробро ӯ овардааст».

Ҳамин тавр худаш эълон кард, ки бо дастури шахсии вай Абдухалил Холиқзода, нависанда ва раиси бемористони Сино ва нависандаи хушном Абдуқодири Рустам бе ягон асосу далел боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳамин тавр дар давоми ду-се соли ахири прокурории Юсуф Раҳмонов наздик ба даҳ нафар рузноманигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Мисли онки як навъ ба журналистҳо бадбинии ботинӣ дорад.

Ҳақиқат, чуноне мебинем, дер ё зуд ошкор мешавад. Барои ҳамин бояд адолат ва қонунро ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷойи аввал бигзорад ва дар ҷойи аввал бипазирад, тем более, ки барои Раҳмонов ва ҳукумати вай фурсат кам мондааст. Аммо зиндагӣ идома дорад.

Ба хотир касби ризо ва ширин кардани худ ба Раҳмонов корҳоеро, дурусттараш ҷиноётеро, ки Юсуф Раҳмон алайҳи миллат содир кард, муртакиб шуд муртакиб нашавад, иҷтиноб варзад, бо як роҳу шевае бифаҳмонад, ки оқибати вазнин дорад ва Раҳмоновро мунҳариф созад. Ҷаноби Воҳидзода бубинад, ки Раҳмонов дигар на Бобоҷон Бобохоновро на Шерхон Салимзодаву на Юсуф Раҳмонро суроғашон мекунад. Ин тақдиру қисматҳо бояд сабақ шавад. Фардо дигар дер хоҳад шуд

Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода инро бидонад, ки Раҳмонов рафтанаш қариб омадаст. Ҳиҷ кас намондааст, ки Раҳмонов монаду то охири дунё бошад. Умрбодии вай бо умри худаш аст, умри дунё нест.

Виҷдону инсоф дошта бошед. Худо ва рӯзи ҷазоро ҳам фаромӯш накунед. Ба буи Раҳмонов худ, хонаводаи худ, ояндаи бачаву фарзандони худро ба хатар нагузоред. Ин ҳиҷ таҳдид нест, ин ёдоварӣ аст ки акнун баъид аст касе аз давру бариҳоятон ва тем более Эмомалӣ Раҳмонов ин гапҳоро бароятон  гушзад кунад.

Ба хотири курсӣ ва мансаби Раҳмонову духтару бачаҳову домодҳои расмиву ғайрирасмияш худро дар муқобил ва зидди халқи Худо ва Худо қарор надиҳед.

Мо таваққуъамон аз Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки сабақ бигирад. Сабақ бигирад ва бар асоси қонун кор кунад на закази Раҳмону Рустаму Озодаро бигираду инсонҳои бегуноҳро ба зиндон афканад.

Ҳабибулло Воҳидзода хуб медонад, ки ҳарчи дар Тоҷикистон Прокурор гуяд, ҳамон мешавад ва судҳои мо ҷуръат ва ҷасорати радди ҳарфи прокурорр надоранд. Аз ин ҷиҳат ҳам бояд сахт инсофро нигоҳ дорад. Масъулияти вазнин аст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё. Ҳамин тавр буд, ки имоми мо, Абуҳанифа (раҳ) зиндонро, зиндони ин дунёро аз дасти ҳоким қабул кард, аммо ба хотири растагорӣ дар он дунё, ки абадист, мақоми қозигиро аз  Шоҳ напазируфт. Иллаташ ин буд,ки мабодо ман шахсе хасми подшоҳ бошад ва барои ризояти халифа ман ҳукми онро тибқи хоҳиши ӯ содир кунам ва ҳукми одилона содир накунаму Холиқро норозӣ созаму охиратамро хароб намоям.

Юсуф Раҳмон мижааш хам намехурд. Ҳукмро дувойнову севайно медод ба ҳазорон бегуноҳони ин миллат.

Агарчи Юсуф Раҳмоновро ба сабаби ба кори дигар гузаштан барканор кард вале ҳиҷ изҳори ташаккур накард. Ба Бобоҷон Бобохонов барои хидматҳояш изҳори ташаккур карда буд.

Вале Юсуф Раҳмонро гирифту дураш андохт. Акнун он пуштдарониҳои Юсуф Раҳмон ,ки ҲНИТро парвандаи пур аз туҳмат сохта аз ақсои олам хост, террористияш бишиносанд, чи шуд? ҲНИТ, ки ба роҳ баромадаасту Юсуф Раҳмон барканор шуд.

Барканории Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, қудои последнийи Раҳмонов аз барканории Бег Сабур, сардори Хадамати алоқа, қудои передпоследнийи Раҳмонов фарқ дорад. Бег Сабур 14 сол дар мақомаш истод. Аммо қудои ахираш ин лутфу марҳаматро мушарраф нашуд ва ҳамин тафовут, ки қудои послединияшро шонси сеюм надод, бори дигар тасдиқ мекунад, ки «ҷудо шудӣ,ҷазир шудӣ».

Ҳарфу ҳиҷои ҷудоии Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аз чанд вақт ба ин су дар расона ва нашрияҳои электронӣ чарх мезанад ва мо гуфта будем, ки «эра»-и Юсуф Раҳмон ба интиҳои худ расид, аммо фақат ба хотири онки бадзабонҳо ва бахусус мухолифин мазоҳу масхараашон накунанд, Раҳмонов то вақти интихобот, ки кам монда буд, тоқат мекунад. Аммо Раҳмонов, агарчи тоқат накард, заҳрашро чаконд ва ҳатто Юсуф Раҳмонро маҷол надод, ки ба унвони Прокурори генералӣ гузориши солонаашро дар Маҷлиси Миллӣ ироа бидорад ва ӯро то чанд рузаке ҳам таҳаммул накард ва атояшро ба лиқояш бахшид ва кафшҳояшро пеши пояш гузошт, балки агар ошкортар ҳарф бизанем «як шатта дар пушташ зад»-у Хурюшовгираш карду аз давру бараш сур кард.

Кори худоро бинед, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмоновро мисли як ошғол, ки вуҷудаш ҳукумати Раҳмоновро олуда ва бадбу карда бошад, аз кашталаш гирифту дафъаш кард. Вагарна метавонист ранги Бег Сабур, ранги СС.Ятимов, ранги Рамазон Раҳимзода барои навбати саввум ҳам таъйинаш  кунад. Накард.

Ончики маълумотҳо ба мо мерасад, яке аз далоили барканории Юсуф Раҳмон «бадбахту бевашавӣ»-и Фарзонаи духтари кучули бокирааш бошад, далели дигар ин буда, ки «парвандаи табаддулот»-и Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ маҳсули фантазияи худи Юсуф Раҳмон будааст. Дар амал кадом табаддулоте даркор набудааст. Хуб бубинем, ки поёни ин моҷаро бо чӣ меанҷомад ва Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генералӣ дар ин парванда дигаргунӣ хоҳад кард ё не?

Аммо, агар ки Воҳидзода ҳам ба ҳамин масир роҳ гирифт, вою сад вой ба ҳолаш!

Сообщение Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №130
Сукути сангин ва бетафовутии ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ин ҳама иттиҳомот ва туҳмату буҳтон, ки дар Русия алайҳи тоҷикҳо бо шиддат идома дорад, касро ба ҳайрат меандозад. Чаро Раҳмонов ва ҳукумати вай чизе намегуянд? Чаро бар даҳон об гирифтаанд? Чунки мо медонем, ки Раҳмонов дар баробари Русия ва русҳо ҳамеша муттаҳам аст ва чизе гуфта наметавонад. Ин нуктаро дар ин навиштаи зер ҳам,  ки муаллифаш нахостааст,ки аз вай зикр бишавад, таъкид кардааст:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар  арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Баъд аз ҳодисаи ахир дар Маскав дар ҳақиқат вазъияти муҳоҷирони корӣ дар Русия бисёр ҳам бад шуда истодааст. Ман чи гуфтаниям? Ман гуфтаниям, ки ҳануз омилони ҳодисаи шоми 22 март дар толори мусиқии “Crocus City Hall» дар наздикии шаҳри Маскав дастгир нашуда буданд, ки мақомоти Русия се нафар тоҷикро ба ҳайси содиркунандаҳои ин ҷиноят эълон карданд. Аммо маълум шуд, ки ин се нафар ҳатто дар маҳалли ҳодиса ҳузур надоштаанд. Яке аз онҳо дар Самара қарор  дошта ва дуи дигар ҳануз 26 ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон омада будаанд.

Ҳоло нафари нуҳуме, ки гуё дар ин ҳодиса даст доштааст, низ шахсе будааст, ки ба ҳангоми вуқуи он бо пулис баҳсу даъво карда ва барои ин амалаш дастгир ва бо айби авбошӣ барои 15 шабонарӯз маҳкум шудааст. Ҳамин тавр аксарияти коршиносони ҳирфаӣ ва мутахассис бар инки инҷо як амали террористӣ ба амал омадааст ва омилони он тоҷикҳо ҳастанд бовар накарданд ва бархурду баррасиҳо аз он мегуяд, ки ин як сенарияи таҳия ва ба иҷрогузоштаи худи мақомоти Русия аст.

Аммо паёмади сангину ваҳшатноки онро ҳамоно муҳоҷирони тоҷик, ки барои пайдои ризқу рузӣ Русияро интихоб кардаанд, дар ҷисму ҷони худ эҳсос карда истодаанд. Ба назар мерасад ин ҳодисаи хунин алайҳи тоҷикҳо нигаронида шудааст ва ҳоло дар Русия тоҷик ба бадтарин вазиъияту ҳолат гирифтор шудааст.

Мақомоти вилояти Свердловск расман аз тоҷикҳо хостанд, ки шабона берун набароянд. Тоҷикҳои таксист дигар наметавонанд кор кунанд, чун ба мошини онҳо савор намешаванд. Ҳатто донишҷуёни тоҷики шаҳрҳои Русияро дар фурудгоҳҳо намемонанд, ки вориди ин кишвар бишаванд ва садҳо муҳоҷирро аз фурудгоҳҳо ба ватан депорт карданд. Хабарҳо дар бораи мавриди лату куб қарор гирифтан ва ҳатто кушта шудани тоҷикҳо баъди ин ҳодиса зиёд нашр шуданд.

Худи ҳамин факт, ки хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тоҷикҳои гуё дар ин ҳодиса дастдоштаро бо шадидтарин, фаҷеътарин шева заданду гушашро буриданду ҳатто якеашро задазада куштанд  ва ин ҳамаро намоишкорона ва ошкоро забту навор кардаву пахш намуданд, касро на танҳо мутааҷҷиб, балки ба шакку шубҳа мебарад.

Чаро ин ҳамаро ошкоро намоиш доданд? Оё дар ҳақиқат ин амали террористӣ кори дасти ДОИШ аст ва ё СРУ ва ё КГБ (ФСБ)? Аммо чаро тоҷикҳо абзор ва асбоби иҷрои ин саҳна шуданд? Дар ҳоле, ки тоҷикҳо беҳуқуқтарин ва беҳимоятарин қувваи кории хориҷӣ ва он ҳам бениҳоят арзонтарин дар Русия аст. Сангинтарин ва пасттарин корҳоро онҳо иҷро мекунанд.

Магар муҳоҷирони тоҷик барои Русия чи кори бад кардаанд?  Магар ҳукумати Русия бо муҳоҷирҳои тоҷик проблема дорад? Албатта, ки надорад.

Пас бо кӣ? Бо Раҳмонов? Зоҳиран бо Раҳмонов ҳам русҳо ва Путин кадом проблемае надоранд. Раҳмонов арусаки дастнишондаи худи русҳо аст ва то ба ҳол дар доираи манофеи онҳо бозӣ карда ва мекунад.

Вале як нафари дохили Дастгоҳи иҷроияи президент, нафари наздик ба Асадулло Қимматович Раҳмонов(Сумбулоғо) гуфт, ки баъди суҳбати телефонии байни Путин ва Раҳмонов ба дунболи ин ҳодиса Раҳмонов шабуруз арақ мезанад ва ҳамеша пиён аст.

Путин дар ин суҳбати телефонӣ Раҳмоновро гапҳои сахт зада, таҳқир карда ва таҳти фишор қарор додааст.

Ин нафар гуфт, ки ҳам гушбуриву ҳам куштору ҳам ин ҳамаро ошкоро намоиш додан аслан ба Эмомалӣ Раҳмонов нигаронида шудааст. Путин бо мардуми одӣ чи кор дорад. Ин ҳама таҳқирҳои оммавии тоҷикҳо на фақат нишонаи қадру эътибори Раҳмонов дар назди Путин, балки аломати нафрату хашму ғазаби Путин болои Раҳмонов аст. Раҳмонов ба вузуҳ дарк кард, ки ин бозӣ ҳадафмандона аст ва ин моҷаро ва тавтиаи сиёсӣ тибқи нақша сурат мегирад ва ҳадафи асосиаш ҳам Раҳмонов аст. Оё дар воқеъ ба Раҳмонов дахл дорад? Раҳмонов чи кор кардааст, ки Путин чап гирифтааст? Ва барои вай шуда як халқи томро дар чашми ҷаҳониён ва бахусус мардуми Русия сипсиёҳ кард?

Вазъияти руҳиву равониаш сахт безеб шудааст. Ҳолаш гирифта аст. Путин ултиматум мондааст. Ултиматуми сахт мондааст.

«Именно худат дар мобилизатсияи мо шарик мешавӣ. Солдату силоҳу ғизои онҳоро таъмин мекунӣ».

Путин гуфтааст, ки «ранги Тотористон мешавӣ. Бояд баромад карда эълон кунӣ, ки моро дар ҳайати Русия бигир, мисли Луганску Донеск. Мо ба Русия даромадан мехоҳем».

Путин ошкоро ултиматум мондаву угрожат кардааст, ки «ман ҳамин хел мекунам, ки ягон тоҷикро дар руи дунё дигар қабул намекунанд, дар куҷое, ки тоҷикро мебинанд шарахатса мекунанд»- гуфтааст,Путин.

Путин гуфтааст, ки ин манам, ки ту ва ҳукумати ту руи по истодааст. Ва аз он суҳбатҳояш, ки тарафи Путин гуфта буд «ту моро уважат намекунӣ» ва ҳамчунн аз ҳодисаи «самолету летчикҳо ёдовар шуда сахт таҳдид кардааст».

Ин нафари наздики Сумбулоғо гуфт, ки дар даруни кабинет калааш дам арақ зада истодааст. Дар даруни оила ҳама корҳо ҷиғелу безеб. Мисли онки Путин конкретно ултиматум мондааст:.

«Ман туро то ин вақт нигоҳ мекардам, набошаад барвақт чапаат мекарданд. Ман туро нигоҳ мекардам, даркор шавад дар 2 секунд гумат мекунам. Револютсияро худам ташкил мекунамат. Ман дар инҷо мотами миллӣ эълон мекунам, ту дар онҷо бо зану бачаат Навруз ҷашн мегирӣ, маст мешавию консерт баргузор мекуни. Ман дар ту уваженийро нишон медиҳам.

Ҳодисаи самолету летчикҳоро гушрасаш кардааст.

Он вақт Путин президент набуд.  Парида омад. Дар фурудгоҳи Душанбе истоду берун нарафт.Раҳмоновро фарёд кард. Ду соат ҳақоратшапаш кард. Раҳмонов аз даруни самолети Путин дастури раҳоии лётчикҳоро содир кард».

Аммо ин дафъа каллағафсро Путин сахт гирифтааст. Гуфтааст ман  агар дастгириат накунам як руз намеистӣ: « Ба умеди Рустам нашав. Рустам пустама намемонӣ»  гуфтааст. Ин дафъа конкретно гуфтааст.

Иллати хашму ғазаби Путин дар нисбати Раҳмонов чи бошад, маълум нест.

Ин ба сафарҳои ахири Раҳмонов ба Қатар ва муомилаҳое миёни вай бо роҳбарияти ин кишвар ва Толибону Ансоруллоҳ бошад, ки русҳоро дар беруни ин раванд қарор додааст ва ё марбут ба корхонаи банду басти паҳподи Абобили сохти Эрон дар Тоҷикистон   бошад, ё инки то иллати ин хашму ғазаби Птуин то  ҳол ба ЕврАзес шомил нашудани Тоҷикистон бошад, маълум нест. Эрон коргоҳи банду басти Абобилро дар Тоҷикистон дар асл барои русҳо сохта буд. Ин паҳподҳоро тавассути Тоҷикистон бояд бибаранд.

Ба назар мерасад, ки Раҳмонов дар суҳбатҳои пешинааш бо Путин ваъдаи кумаки сарбоз-ҷони зинда кардааст. Аммо ин ваъдаашро иҷро намекунад ва ҳоло аз пушти Раҳмонов шуда акнун халқ дар азоб аст.

Раҳмонов ҳамеша тоҷикро дар назди Русия сарафканда ва қарздор нигоҳ медорад. Чунки уро русҳо руи кор овардаанд.

Дар ҳар сурат ин нафари  наздик ба Сумбулоғо гуфт, ки «Чи гапе ҳаст, ки сахт нороҳат ва арақ бисёр хурда истодааст. Ба бачааш ҳам гуфтаст, ки дигар орзу накун»

Истаравшан

Ассаламу алейкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу! Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман яке аз сокинони шаҳри Истаравшан мебошам. Сабаб навиштани  нома ба шумо ин танҳо ҳақро гуфтан аст. Ман хоини Ватан нестам, баракс тарафдори осудагии Ватану кишварам ҳастам.

Яке аз наворҳои шумо суханронии муаллимаи гимназияи №1 Майсара Ҳасановаро  дидам ва хеле асабҳоям хароб ва хашмгин шудам. Ба хулосае омадам, ки ба шумо нома нависам. Ва хостам тариқи ин нома ба муаллима Майсара Ҳасанова ҷавоб диҳам. Муаллима Майсара Ҳасанова  шумо ҳамчун як зан, як модар, як тарбиятгар занҳоро бесавод номида истодаед, барои чи ба муҳоҷирати меҳнатӣ  мераванд гуфта истодаед? Магар барои занҳо ҳавас аст? Муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан? Аз Ватану Модар дур, аз наздикон дур будан? Аз маҷбурӣ мераванд, ба хотири ҳамон фарзандҳояшонро хонондан, ба хотири ба шумо барин муаллимаҳо музди маош додан. Шумо дар бораи кадом ободии шаҳр гап зада истодаед? Магар ҳамон Пешвои таърифкардаи шумо обод карда истодааст? Ҳамон ободии шумо гуфта гузаштаро худи мардуми тоҷик обод карда истодааст. Ҳамон шахсоне, ки шумо бесавод номида истодаед,  берун аз Ватан кор карда маблағ мефиристанд. Ҳама мисли шумо муаллимаи бе виҷдон, бе номус ва порагир мебуд, мисли шумо зиндагӣ мекард, муҳоҷир намешуд, тарафдории Пешво мекард. Таҳсил сар нашуда либосҳои бесифатро барои ҳар як хонанда маҷбуран мефурушед. Ҳастанд хонандаҳое, ки аз як оила 4-нафаранд маҷбур мекунед, то ин ки либоси мактабӣ харанд. Таҳсил сар нашуда маҷбур мекунед, то ин ки китоб харанд. Барои китоб, барои журнали синф, барои ҷилди журнали синф ва ҳоказо маблағ ҷамъ мекунед, барои газета маблағ ҷамъ мекунед. Аммо намепурсед, ки барои хонандагони ибтидоӣ газета чи лозим? Ҳоло номи худашро пурра навишта наметавонад маҷбуран газета мехаронед. Боз онҳо газетаро бо навбат бояд хонаашон баранд. То ба дасти дигарҳо газета мерасад, порапора мешавад. Барои шикасту рехти мактаб маблағ ҷамъ мекунед, канӣ ободии Пешвои шумо? Мактабро Пешво таъмир карда истодааст? Ё ин ки худи хонандагон? Боз ғайр аз пули таъмири мактаб хонандагоне, ки аз оилаҳои мансабдоранд бисёртар маблағ мегиред, маблағҳое, ки шумо ҷамъ мекунед, чанд мактаб таъмир мешавад. Вақте мактабро тафтиш мекунанд, барои тафтиш меоянд директори мактаб обед мекунонад, меҳмон мекунад ҳамон комиссияҳоро. Аз муаллимаҳо пул ҷамъ мекунад. Шумо муаллимаҳо аз хонандагони мактаб ҷамъ мекунед. Барои телевизор маблағ ҷамъ мекунанд баъзе муаллимаҳо. Барои хонандагони мактаб чи лозим телевизор? Дар хона телевизор доранд. Онҳо барои дарсхонӣ мераванд, на телевизор дидан. Муаллимаҳое, ки ҳастанд худашон саводи кофӣ надоранд. Таълим ба дарачаи нол. Маоши шуморо Пешво медиҳад? Пас, чаро аз хонандагон ҳар моҳ маблағ талаб мекунед? Аз қафои шумо барин порахур, бе номусҳо мардуми тоҷик муҳоҷир шуданд, ғулом шуданд. Ман ҳамчун як зан ва як сокини шаҳри Истаравшан аз ҳамон Пешвои шумон безорам. Мардум ҳама дар азобанду аз зулму ситами ин авлод хомушанд. Шумо ҳамон афсонаи бузаки ҷингалапое, ки нақл кардед. Рафта ба хонандагони мактабатон нақл кунед. Мардуми бо нангу номуси Истаравшан ё дар зиндонанду ё дар таги хок, ё берун аз Ватан. Дигар мардуми Истаравшан бенангу номус шудаанд, ё ин ки аз тарсу зулму ситам хомушанд. Тақрибан як ҳафта пеш барои тафтиш аз Душанбе комиссия омадааст дар мактабҳо. Ба хотири китоби дарсӣ надоштани хонандагон 500 сомонӣ ҷарима. Ин ҳақиқат аст. Дар МТМУ 1 ба номи Горкий рух додааст. Директори мактаб Ноил ном дорад. Чаро муаллимонро неву хонандагони мактабро ҷарима карданд? Пас китоби дарсӣ надорад муаллима чи тавр дарс мегузарад? Тафтиш намекунад? Руз аз руз хонандагони мактаб беномус ва зинокор шуданд, шумо муаллимаҳо пеши ин роҳи бадро гиред хуб мешуд.

Муминобод

Ба номи Аллоҳи бахшояндаву бениҳоят меҳрубон. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари муборизи роҳи ҳақ. Ман қариб тули 3 сол мешавад, ки барномаҳои шуморо пайгирӣ мекунам ва дар тӯли ин муддат танҳо як нома аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон Муминобод тамошо кардам. Муддати ин солҳо, ки дар Русия қарор доштам, фикр мекардам, ки зулму ситам ба он ҷо нарасидааст. Вале мутаассифона хато кардам. Ман барномаҳои шуморо пайгирӣ мекунам ва  ҳар як  барномаи шуморо лайк ва поделится мекунам. Ва бо бародар Салмон Холиқов ҳам як бор ҳамсӯҳбат шудаам. Аммо мутаассифона бо Шумо муяссар нагаштааст. Ман ин рӯзро бесаброна интизор ҳастам, то якбор бо шумо суҳбат кунам. Инро ба он хотир мегӯям,ки мардум аз гузоштани лайк ва поделится кардани барномаҳо натарсанд. Ман вақте ба Тоҷикистон рафтам аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фуруд омадам ва ягон гапу чап набуд. Танҳо телефонамро бо худ набурдам, тамом!
Мегузарем ба маълумотҳои Вилояти Хатлон, ноҳияи Муминобод ҷамоати деҳоти Шаҳрак деҳаи Буйдоқобод. Ин деҳа дар байни чаҳор кӯҳ ҷойгир буда аз Чилдухтароне, ки ба ҳама маълум аст як кӯҳ ҷудо мекунад. Дар болои ҳамин кӯҳ дар охири соли 2018 ва аввали соли 2019 бо фармони Ге(й)нерал Прокурори ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон, ки инҷо ҷои падариаш будааст, нақшаи обод кардани инҷоро дод. Иҷрои ин фармонро ба ӯҳдаи ҷиянаш Салимов Дилшод гузошта аз ӯ мехоҳад сараввал роҳҳои автомобилгардро таъмир намуда баъдан ба сохтмони бино ва бисеткаҳо ва умуман ҳар он чи ки дар нақшаашон доштанд, бипардозанд. Дар инҷо аввал мардуми деҳотро ба кор гирифтанд, онҳоро кор фармуда баъдан нисфи пули онҳоро дод ва нисфи дигари пулҳоро баъдан медиҳам гуфта ҳамин хел мардумро фиреб карда мегашт. Дилшод соли 1984 дар ҳамин деҳа ба дунё омадааст ва даврони мактабхониашро ҳам дар ҳамин деҳа гузаронида аст. Ба гуфти шахсоне, ки ӯро мешинохтанд ӯ бисёр босавод буд ва дар даврони мактабхониаш бисёр фаъол буд. Падараш Азиз ном дорад ва 3 бародари дигар дорад. Иброҳим, Исмоил ва Навруз. Падари Дилшод Салимов Азиз дар шаҳри Бохтар болотар аз маркази шаҳр дар назди дарё зиндагӣ мекунад. Ӯ бо падараш ва авлоди падараш муносибати хуб намекунад. Барои он ки падараш зани дуюм дорад ва бо модари Дилшод он қадар ҳам рафту о намекунад. Барои ҳамин модараш ба ӯ мегӯяд, ки ба хешовандони падараш кӯмак накунад. Яке аз шахсиятҳои ки дар ҳамин кӯҳ кор кардааст ба ман чунин гуфт, ки Дилшод дар як ҳафта як бор бо мошинҳои гуногун ба инҷо меомад ва аз рафти кор дидан мекард. Ҳама вақт дар бараш 2 одам буд. Номи яке аз онҳо Сӯҳроб буд, ки қади миёна ва шикам дошт. Ҳоло онҳо бо ҳам кор намекунанд. Барои он ки Дилшод ӯро низ фиреб кардааст. Дилшод дар Бохтар хонаи заминӣ ва дар ҳамон ҳавлӣ каме болотар боз як хонаи дуошёна дорад. Боз дар шаҳр ҳам дар якчанд ҷо дар хонаҳои 4 ошёна ва ё баланд ошиёна хонаҳо дорад ва ба иҷора медиҳад. Боз нонвохйона ҳам дорад. Ин ҷавон гуфт, ки ба фикрам акааш Иброҳим ба нонвойхона машғул аст. Боз дар Душанбе ҳам 3 хона дорад, ки ҳар кадомаш валлоҳ аз 1млн кам нест. Якеи онҳо дар маҳаллаи 104 рӯ бар руи бинои Миллано Мода. Ин бино ба фикрам 16 ошёна ҳаст гуфт ин ҷавон. Хона дар 5ум ошёна ҳаст. 2 хонааш дар назди бозори Меҳргон аст. Афсус ки номи кучаҳоро намедонам ва ягон бор он тараф нарафтаам гуфт он ҷавон.

Хулоса Дилшод мардуми ин деҳаро фиреб мекунад. Ҳатто талабагони мактабро суботники гуфта ба онҷо бурда кор мефармуданд. Чарогоҳҳои мардуми деҳотро гирифанд. Як нафар буд дар бари ҳамин кӯҳ як ферма дошт ва ӯ як нафари беозор ва бо меҳнати ҳалол нон ба даст меовард. Номаш Меҳрубон. Мардуми деҳаи Буйдоқобод ва деҳаҳои ҳамсоя ӯро бо номи Меҳрубони зард мешиносанд. Замин ва чарогоҳҳои ӯро ҳам бо фармони Юсфу Раҳмон гирифтанд ва ферма сохтанд. Аммо оҳи дили ин писар яъне Меҳрубони зард гирифт. Дар шабҳои баҳорӣ тарма фаромада фермаро зер кард ва тамоми чорвоҳо ҳалок шуданд. Ба гуфтаи ин шахс дар даруни ин ферма як намуди говҳое буданд, ки фарбеҳу калон ва бисёр сер шир. Хулоса Дилшод тахминан 3 сол дар инҷо кор кард. Аммо аз дасташ чизе наомад. Ҳамаи пулҳое, ки барои ободонии инҷо ҷудо шуда буд аз ҷониби Юсуф Раҳмон ӯ ба манфиати худаш истифода бурд.
Ҳатто тағои худашро ҳам фиреб карда мегашт. Билохира Юсуф Раҳмон Дилшодро аз онҷо дафъ кард ва дар муддати як сол ё зиёдтар инҷоро «обод кард». Дар болои кӯҳ кабкҳо, товус ва якчанд хел ҳайвоноти кӯҳи ва парандаҳо нигоҳубин мешаванд. Баъди дафъ кардани Дилшод Юсуф Раҳмон амаки Дилшод Салимов Сафаро ҳамчун бригадир ба кор гирифт. Тамоми ӯҳдадорӣ ва нигоҳубин ба дӯши ӯ аст. Сафар як марди тахминан 65 ё 67 сола буда бисёр крисса аст. Як буз ва як золим аст. Вақте чорвои мардуми деҳот ба ин заминҳо медарояд, ӯ дар ҳол ба боло хабар медиҳад ва аз он ҷо омада мебардоранд ва сари ҳар чорво зиёда аз 2ҳазор то 5ҳазор ва аз ин ҳам зиёд талаб мекунанд. Валлоҳ дурӯғ нест. Тамоми мардуми деҳоти Буйдоқобод ва деҳаҳои ҳамсоя аз ин огоҳанд. Аз деҳаҳои ҳамсоя Хуҷашаҳриёр, Синҷӣ ва Навобод. Ман ба ин шахс суол додам, ки метавонӣ аз ҷабр дидаҳо ягон  мисол биёри. Ӯ гуфт. Бале
1.Муродов Асад муаллим ва истиқоматкунандаи деҳаи Буйдоқобод аст. Муаллими фанҳои география, экология ва химия. Вақте ки говҳои ӯро бурданд ӯ ба сари ҳар говаш пули калон дод. На камтар аз 2500 сомонӣ. Аммо он муаллимро тарсониданд, барои ҳамин ӯ чиқадар пул доданашро нагуфт. Ва ӯ бисёр кашокаш кард. Қариб буд, ки суд мешуд. Валлоҳ агар бовар намекунед аз тамоми мардуми деҳот пурсед.
2. Ҷӯрахон хонааш дар поёни мактаби деҳа ҷойгир буда касбаш деҳқонӣ ва асалпарварӣ аст. Як марди беозор, ба касе зарараш намерасад ва нарасидааст то имрӯз. Ӯро ҳам ҷарима карданд. Бори аввал 5ҳазор дод ва бори дуюм 2 фляг асал дода говҳояшро гирифт.
Ба монанди инҳо бисёр аст. Ин деҳа қариб ду қисмат аст боло ва поён. Оби деҳаи боло аз ҳамин кӯҳ меомад. Обро ҳам гирифтанд. Мардуми деҳоти боло бе об мондаанд ва ҳатто зироат карда наметавонанд аз беобӣ. Ин мардуми бечора аз ҳамин ҳисоб 30% зиндагиашонро пеш мебурданд. Як хитоби мардуми деҳот ба ин Сафари кали буз.
Ту худат кӣ будӣ? Нони хурдан надоштӣ. Оё аз ҳамин деҳа набудӣ, оё мо ҳамсоя набудем, мо ба ту чи душманӣ кардем? Валлоҳ ин Юсуф Раҳмон доимо сари қудрат нест, рузе меравад ва ин шо Аллоҳ он рӯз дер нест. Аммо мо ва ту мемонем. Чаро ду бародари ту бо меҳнати ҳалол кор мекунанду нони ҳалол мехӯранд ва рӯзи онҳо ҳам гузашта истодааст, магар аз ту намегузарад?
Баъдан ман дар бораи ин Сафар пурсидам, хостам донам ки ӯ кист. Ва ӯ гуфт.
Салимов Сафар дар ҳамин деҳа ба дунё омадааст ва се бародар дорад: Азиз падари Дилшоди золим, Шариф, ки ӯ дар дохили ноҳияи Муминобод зиндагӣ мекунад ва Назар, ки ӯ сокини ҳамин деҳа аст. Шариф ва Назар нисбати ин ду бародаронашон зиндагии пастар доранд, аммо инсонҳои беозор ва ҳатто фоидаи ин бародари дар деҳа будааш ба мардум мерасад. Асосан дар инҷо аввал бародари хурдии Сафар Назарро бригадир монда будаанд ва худаш акааш Сафарро барои кумак ба ӯ даъват кард. Вақте ки Сафар дид, инҷо чунин ҷои лойдор аст ҳатто бародари худашро тӯҳмат ба дуздӣ карда ба Юсуф Раҳмон  мегуфтааст ва ӯро сиёҳ карда хулоса ӯро ронд. Ва Сафар худаш дар инҷо монд. Баъдан пурсидам мактаб доред? Ӯ гуфт бале, аммо аҳволи ин мактабро мебинӣ шарми инсон меояд. Аз ҷои он ки дар болои як кӯҳ дача ва дискотекаҳо сохтан намешуд, ки мактаб ва медпункт (дорухона ё беморхонаи хурд) созед. Бовар кунед роҳҳои мумфарш ва дискотека да болои кӯҳ. Оё ин ба мардум чи фоида меорад. Тахминан як сол бештар вақти кушодашавии инҷо ҳатто ин харкала «Пешвои миллат» омада буд. Мардуми деҳотро роҳ надоданд. Танҳо худи ба худи буд. Бовар кунед миллионҳо сомонӣ дар инҷо сарф шудааст. Мактаби ҳалол надорад, ҳатто фермаҳои болои кӯҳ аз ин мактаб зеботаранд. Ман шахсан худам аз ин мактаб дидан кардам ва ба навор гирифтам ва ба шумо мефиристам.

Ба шумо аз ҳар ноҳияе, ки нома мефиристанд дар ҳамааш раисони маҳалла ва муллохои шикампарвар вуҷуд дорад. Алҳамдуллилоҳ, ки да ин деҳа ин хел нест. Раиси қишлоқ Нуров Барот ва ҳам директори муассиса аст. Бисёр одами хуб, раҳмдил ва аз Аллоҳ метарсидагӣ аст. Ва имоми масҷид бошад номаш шарт нест одами хуб аст. Асосан масҷиди деҳа панҷвақта буда имоми доимӣ надорад. Инаш набошад дигараш баромада мехонад. Се масъаларо мехоҳам алоҳида қайд намоям:

1.Вазъи Динӣ:
Дар деҳа дин озод нест. Як ҷавон нақл кард, ки вақте ман талабаи мактаб будам инҷо як одам буд, номаш Сафар, риши дароз дошт. Дар маркази деҳа осиёб дошт. Тахминан солҳои 2009 ё 2010 риши ӯро тарошиданд. Масҷид ба ҷавонони то синни 18 ва муаллимони мактаб мумкин нест. Омӯхтани арабӣ ва таълими динӣ умуман мумкин нест. Аммо чорабиниҳои миллӣ ки пешворо хуш меояд мумкин ва ҳатто ҷоиз аст.
2.Вазъи Маориф:
Мактаби деҳа рақами 16 аст. Бисёр мактаби кӯҳна аст. Ҳатто падарм дар ин мактаб таҳсил карда аст. Аз ӯ пурсидам падарат чанд сола аст. Ӯ гуфт 67 сола. Худатон тахмин кунед, ки мактаб чи қадар кӯҳна аст. Ин ҷавон гуфт вақте солҳои 2015 ва 2016 буд гап гап пайдо шуд, ки бояд мактаби нав сохта шавад. Аммо бо гузашти 8-9 сол мактаб нашуд. Медонед чаро?
Пуле, ки барои ободонии мактаб ҷудо шуда буд дар кӯҳ барои кайфияти Юсуф Раҳмон ва қудоаш Пешоби миллат сарф намуданд.
Боз суол додам, ки муаллимонашон чигунаанд, оё савод доранд. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки бале. Ҳамон муаллимоне,ки солманд ва кадри пешина мебошанд, босаводанд. Аммо вақте, ки баҳо барои чаҳор як мешавад директори муассиса Шарифов Сайамон талабагони мактабро ба хонааш бурда дар корҳои деҳқонӣ аз ҷумла нарм кардани бехи дарахтон, дарав ва ба монанди инҳо кор мефармояд. Ва баъдан баҳояшонро мегузорад. Ин ҷавон гуфт, ки намехостам номи ӯро гирам аммо ман ҳис карда истодаам ки заволи ин ҳукумати золим қариб аст  ва дар ҳукумати нав ин гуна корҳо бояд набошанд ва ба касе барои ингуна рафтор, кирдор ва корупсия раҳм карда нашавад.
3.Қувваи барқ:
Ин ҷавон, ки 28 сол дошт гуфт, аз соле, ки худамро мешиносам дар деҳа свет нест. Солҳои пешин хубтар буд, ки шабҳои зимистон аз соатҳои 17:00 ва 18:00 то соати 22:00 ва субҳ аз соати 5 то 8 и саҳар қувваи барқро медоданд. Яъне 7 то 8 соат. Ҳозир дар 24 соат танҳо 3 ё 4 соат медиҳанд.

Дар соли 2023 аз сабаби он ки дар поёни деҳа дарёи Ёхсу мегузарад ва дар онҷо заводҳо барои коркарди тилло кор мекунанд, то моҳи январи соли 2024 қувваи барқ 24 соат буд. Аммо вақте дар пойтахт лимит карданд дар инҷо ҳам сар шуд.

Хулоса, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин зулми Юсуф Раҳмон бисёр зиёд аст. Мардум ҷои чарогоҳ надоранд. Об нест. Обро гирифт. Мардумро зулм карда истодаанд. Валлоҳ чизе навистам ҳамааш ҳақиқат аст.
Ман,феълан дар Русия ҳастам. Чи хеле ки шумо мубориза бурда истодаед, ман ҳам мубориза бурда истодаам. Аммо пинҳонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Чандин ҷавонҳоро бедор кардам. Онҳо ҳам инқилоб ро интизоранд. Доимо ба онҳо мегӯям, ки агар мурам ҳам бе ормон мемурам. Зеро каме ҳам бошад як чанд нафарро аз парастиши як муҷассама манъ ва тоғут будани уро фаҳмонидам. Ман хондагӣ ҳастам. Аммо диплом нагирифтам. Чунки бисёр ноҳақӣ карданд. Дар ин бора як номаи алоҳида карда мефиристам. Бо бародар Салмон Холиқов ду бор ҳамсӯҳбат шудаам ва бесаброна бо Шумо дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ҳамсӯҳбат шуданро интизорем. Бачаҳо бисёр мехоҳанд бо Шумо ҳамсӯҳбат шаванд. Боварӣ дорам, ки агар он касоне, ки тарафдорӣ аз шумо мекунанд, як- ду бор бо Шумо ҳамсӯҳбат шаванд, тарс аз онҳо дур мешавад.
Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ шуморо дар паноҳаш ҳифз кунад. Нома аз деҳаи Зарнисори ҷамоати Қаратоғи Турсунзода. Мехоҳам дар бораи як шахсе, ки пур аз ҷиноят аст маълумот диҳам. Ин одам Одил Буриев аст. Дар деҳаи Зарнисор таваллуд шудааст. Падараш Маҳмуд ном дорад, ки аз дунё гузаштааст. Як бародар дошт, ки дар ҷавониаш ба ҷавори ҳақ пайваст. Модараш дар бозор савдо мекард: қанд ва мевафурушӣ мекард. Одил дар донишгоҳи Душанбе мехонд. Маълумоти олӣ дорад. Баъди хатми донишгоҳ дар қисми ҳарбии Қамбар ба кор пардохт. Ду ё се моҳ кор кард. Сипас ба бозори Регар омад ва бо модараш ба савдо машғул шуд. Баъд дар идораи ҷамоати Қаратоғ ба кор омаду чанд вақт пас масъули танзим шуд. Ягон касро руи хотир намекард. Қаратоғ калонтарин ҷамоат дар ноҳияи Турсунзода аст ва ҳудуди 20 деҳа дорад:

Ҳаким, Лавичае, Шурхок, Налбек, Гулбута, Норобот, Қаратоғ, Арши Муминобод, Батош, Олтинҷилав, Шунук, Жданов,  Куйбишев, Комунна. Комунна 2, Зарнисор, Қамбар, Аҳорун, Кадучи, Ракасов, Андре, Чинор ва ғайра.

Дар ҳамин хел ҷойи калон Одил Буриев кор мекард дар танзим. Аз соли 2011 то 2015 кор кард. Баъд дар ҷойи вай касе омад. Як ё ду моҳ кор карда буд, ки боз аз нав Одил Буриев омад дар ҷойи вай. Мегуянд, амак ё тағояш уро худ кришават мекардааст. Чандин гектар заминҳои корам дорад.

Чандин хонаву квартираҳо дорад. Инсонҳои камбағалро барои маъракаву маросимҳояшон хеле зиёд туҳмату ғорат карда аст. Барои як иҷозатномаи туй ранги саг тала мекард. Бечора туйдор мисли дарахт меларзд дар пеши Одил, худашро бечораву гунаҳгор ҳис мекард одами туйдор. Ман чандин бор шоҳиди ин ҳолатҳо будам.
Ин Одил Буриев ғайр аз кори танзим бо наркобарон бо номи Ана кор мекард. Бо Ана чунон наздик буд,  ки мардум мегуфт Одил бухгалтери Ана аст. Касе пеши Ана медаромад, Одил гапзанӣ намемонд, дар мобайни гап медаромад. Одил Буриев ҳаҷи умра ҳам кардааст,  бо пули пораву наркотик.Вай ҳамаро бо нашаву бангу чарсу героину чакида таъмин мекард. Борҳои вай дар деҳаи Зарнисор дар чойхонаи Амак хушӣ, дар назди қабристони кудакон, дар назди дукони гуштфурушии Зубайди қассоб аст. Борҳои Одилро бачаҳои Амаки хушича мефурушанд. Ин амаки хушича чор бача дорад. Се бачааш чандборӣ шишта баромаданд. Бо ҳаргуна ҷурм: дуздӣ, ғорат ва маводи мухаддир. Ду ва се борӣ шиштанд. Охирон бор фарзанди хурдияш як сол шуд, баромад. Бо ҷурми покушени шишта буд, аммо амнистия шуд. Номаш Ҷамшед. Бачаи калонии Амаки хушича Хушназар ном дорад. Аз ягон чи ру намегардонад. Наркотик мезанад. Як ду рафиқаш гуфт, ки ҳозир укол мезадааст. Чакидаро бо оби ҷушомада омехта карда мехурдааст, сахт кайф мекардааст. Борҳои Одил Буриевро мефурухт. Бисёртар наша мефурухт дар қутии гугирд.

Бачаи дигариаш Суҳроб, сеюминаш. Ин доғи судӣ надорад. Шиштагӣ не. Борҳои Одилро ҳамин Суҳроб қабул мекарду мефурухт. Ин хонаи чанд камбағалро сухту қарздор кард. Беҳад муғамбир аст. Суҳроб айни ҳол дар Русия аст. Хушназар нашаро аз Шаҳринав, аз ҷамоати Ленинград ё ҷамоати совхоз меорад. Як худаш меравад. Бо телефон алоқа карда пулро зери дарахт ё ки зери санг мемонад ва боз бо ҳамин тариқа нашаву чарсу бангро мегирад.
Хушназар занҳои шавҳардорро бероҳа мекард. Шавҳаронашон дар муҳоҷират, келинчакҳои тоқаро шаб рафта ба роҳи маҷбурӣ таҷовуз мекунад. Даже ҳамсояҳояшро чунин мекунад. Боз ба дустонаш нақл мекардааст, ки аксари ин занҳоро ман мешиносам. Чандеяшро пурсидам чунин будааст. Агар ман ошкор кунам ин Хушназарро шавҳарони он занҳо медонед чикораш мекунанд. Як хели ин занҳо занҳои инсонҳои баобру ҳастанд. Чандин бачаҳоро нашакаш кардаас. Чакидаро дар қутии вазелин мефурушад. Вақте Аннаро як қапиданд ин Одил гурехта Русия омад. Аммо кришаҳояш корро ҳал карданд, албатта, бо пули хеле калон. Даже замину хонаҳояшро фурухт. Ҳозир дар хонаи падарияш зиндагӣ мекунад. Боз дар идораи ЗАГС-и Турсунзода ба кор даромад. Ин ҳукумат куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Значит пул бошад Озодаву Пешворо мехариву муттаҳам мекунӣ.
Ман дар охир ба ҳамдеҳаву ҳамшаҳриҳоям муроҷиат карда гуфтаниям, ки то кай мо хапу тарсу мегардем? Ин ҳукумати фасодзада кист,  ки мо сабру тоқат мекунем. Мо инсон ҳастем, Эй мардуми ҷамоати Қаратоғ. Пеш мо чи хел будему ҳозир чи хел шудем? Бас будагист. Гап занед ва ҳаракат кунед. Эй мардуми Аҳорун! Ба сари шумо чи гузашт, гуед ҳамин Раҳмонов буд, ки падару бародарони шумо ба қатл расиданд.Б а мисли дигар ноҳияҳо шумо ҳам нависед. Ман узбекзабонам мумкин аст дар навиштани калимаҳо ғалат карда бошам , илтимос номаи моро нашр кунед!

Ҷалолиддини балхӣ-Колхозобод

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ҷалолиддини балхӣ, ҷамоати  Маданият дар бораи Фахриддин Шертанақулов. гуфтаниям. Ин шахс облавачӣ аст. Дар ҷони ҳамаи қишлоқ задагӣ аст. Аз мардум пул мегирад, аз ҳама. Хонаи ҳама меояду аз оча ҳақорат мекунад. Нафари дигариаш Тулқин, дар ҷамоат танзим кор мекунад.  Ин ҳам облава мекунад. Бачаҳои худи инҳо ҳамаашон дар Русия кор мекунанд. Аммо аз падарону  модарони мардум суми калон мегирад. Ставкааш 5000 сомон. Ҳозир вес ҷамоат аз пушти облава шуданд. Якуним моҳ зиёд аст ки тамоман барқ нест.

Баҳор омад барои обёрии замин об нест. Насосро пайваст кардан намешавад, свет нест. Коргарони давлат ҳамаашон бо пули коррупсионӣ зиндагӣ мекунанд.

Ба ҳамин наздики участковийи Гулистон омада дар масҷид 10 нафарро қапид, дар намоз, ки 18 сола набуданд. Аз ҳар кадоме аз онҳо 200 сомонӣ гирифт. Дигар барои ифтор кардан ва ба мардум нон додан ҳам бояд сум диҳем. Вагарна ба отдели Ҷалолиддини балхӣ даъват мекунанд, ҳақорату таҳқир ва дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Ин ҷамоат мардумонаш узбекзабон. Дар отдел узбак гуфта масхараамон мекунанд. То 5000 надиҳӣ ҳарруз фарёд мекунанд. Ҳозир бисёрии мардум Узбакистон кучида рафта истодаанд. Ман кучидан намехоҳам. Ҳаминҷо ба дунё омдаам, ватанам Тоҷикистон аст. Вале агар ин хел зулм идома кунад, ҳеҷ кас намемонад дар ин ватан. Ҳозир масҷидамон толко бегоҳ таробеҳхонӣ меравед. Боз одам назар ба солҳои пештар 50% кам. Як вақт участковий дари масҷид истода паспортҳоро мебинад. Наход дар қишлоқи худамон бо шиноснома гардем. Ман узбекзабонам агар ғалат навишта бошам ислоҳаш кунед!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №130 появились сначала на ISLOH.net.