Архивы Гвардияи миллӣ - ISLOH.net

Аз «табаддулот»и Ғаффор Мирзоев то «табаддуллот»и Усмонзода 20 сол мегузарад вале…аммо… Раҳмонов?!
Бист соли қабл, дуруст дар ана ҳамин субҳи рӯзи 6 августи соли 2004, генерал-лейтенант Ғаффор Мирзоев, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва аз ҷангсолорони аршади Фронти халқӣ дар дари вурудии ин ниҳод, дар қасабаи 46-и Душанбе дастгир шуд.

Ғаффор Мирзоев, мулаққаб ба Ғаффор Седойро Олег Захарченко, сардори ОМОН-и ВКД ва афроди таълиму машқдидааш дар як ҳамлаи ғофилгирона аз по даровард, дар даҳонаш скотч ва дар дастонаш наручник зад, дар сараш тубра кашиду савори автозак кард, ва ин охирин рӯз ва лаҳзаҳои Ғаффор Мирзои 48 сола буд, ки нафас дар озодӣ мекашид. ОМОН саҳари барвақт дар камини Ғаффор буд ва замоне, ки по ба даромадгоҳи Ожонсӣ мегузошт ва афсари навбатдор даст ба чаккаи ҷабин рапорт медод, бо як ҷаҳиш Олег Захарченко ӯро ба замин хобонд ва бақия ОМОНиҳо худро дар болои вай афканда дасту даҳону сарашро муҳкам бастанд. Олег Захарченко, ҳамоне, ки чанд соли баъд дар даромадгоҳи Ғарм аз тарафи Мирзохуҷаи белгӣ яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва ёронаш кушта гардид.

Ва ҳоло Ғаффор 20 сол аст ки дар зиндон аст. Ҳукми абад «матат»  мекунад. Доду вою арзу шикояту гушнашиниву вакили хориҷӣ гирифтану даъвати СММ барои раҳоии вай ба инобат гирифта нашуд.

Раҳмонов дар нисбати Ғаффор Мирзоев санг шуда буд. Раҳмонове, ки Ғаффор барои вай хун рехт, қатлу куштор кард, ба Ғарм юриш бурд, ду -се навбат лашкари ҷаррору сартопо мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиевро, ки кам монда буд линги Раҳмоновро аз осмон оварад заду титу пит кард, Ғаффоре, ки интихоботи буридаи Абдуллоҷонов дар соли 94-ро ба Раҳмонов дод, ба душмани сарсахту ҷонии Раҳмонов бадал шуд.

Ғаффор Седой аз бонуфузтарин ҷангсолорони Фронти халқӣ буд, ки то соли 2004 фармондеҳии яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон-Горди раёсати ҷумҳурии ин кишварро бар уҳда дошт. Ҷузву томҳои ин Горд дар Турсунзода, Хуҷанд, Рашт ва Душанбеву Қурғану Кулоб мустақар шуда буданд ва ҳифозати ТадАз –муҳимтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, ки солона дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар савдо ва гардиши мол дошт дар ихтиёри вай вогузор шуда буд. Балки Ғаффор ин корхонаи бузурги санъатиро аз итоати неруҳои Маҳмуд Худойбердӣ зада гирифта буд.

Як нуктаро месазад мутазаккир гардид. Ончи иттиҳому ҷароиме, ки ба Ғаффор Седой зада шуд, дар нисбати ҳар фармондеҳи дигари Фронти халқӣ ҳам мешавад, бизад. Ғаффор, ки раҳбарии боевикҳоро бар уҳда дошт. Вай наметавонист истисно бошад. Қатлу куштору силоҳгардониву гаравгонгириву ба иҷбор ғасб ва аз они худ кардани иншоот ва замину замон дар он солҳоро на фақат Ғаффор, дигар фармондеҳони солҳои ҷанг ҳам карда буданд. Бо ин иттиҳом бидуни кадом муҳобот мешуду ҳамин имрӯз ҳам мешавад худи Эмомалӣ Раҳмоновро ҳам муқассир ва муҷрим шинохту бурду ба зиндон андохт.

Инҷо ҳарфу ҳадис дигар аст ва ин ҳарфу ҳадис бармегардад ба Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус курсии зери пойи вай. Агар Ғаффор беш аз ин ҳам, барои мисол, мекард, Раҳмонов сокит мемонд, ҳамчуноне имрӯз Шамсуллову Зоиру Ҳасану Хуршед Мирзоев ҳамаро яксараву якбара карда истодаанд, масалан Ҳасан бозори Панҷшанбеи Хуҷандро кашиду гирифт. Ва ё Шамсулло дар тамоми заправкаҳои Тоҷикситон чип задаву доляи худро дорад ва ё Зоир ҳам кассовий апарат часпонду моҳе тамоми нуқоти тиҷоратии тамоми Тоҷикистон 96 сомонӣ ба ҳисоби вай месупорад. Яъне манзур ин аст, ки иллати ёғӣ ва мардуд шудани Ғаффор барои Раҳмонов ин айбҳо нест, чун бидуни шакку шубҳа дар анҷому иҷрои аксарияти онҳо Раҳмонов шарик аст ва ё ҳатман бо машварати худи Раҳмонов анҷом шудааст, масалан пеш кардани Маҳмуд аз ҳифозати ТадАЗ ва ё ҷобаҷоии силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дар Балҷувон.

Аз марҳум Султон Қувватов, ки дар ҳукумати Раҳмонов раиси Кумитаи андоз ва дар гузашата сардори  идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохилаи Тоҷикистон буд, гуфта буд, ки силоҳу муҳимотеро, ки аз махфигоҳҳои Ғаффор пайдо кардаанд, бо дастури ҳукумат барои кӯмак ба нируҳои Ҷабҳаи Шимоли Афғонистон бурдаанд, вале чун Толибон сарнагун шуданд, ниёзе ба ирсоли ин муҳимот боқӣ намонд. Оқои Султон Қувватов гуфта буд: «Яроқҳоро бо супориши худи раисиҷумҳур ба он ҷо бурда буд. Вақте ки Толибон ҷумҳуриро таҳдид мекарданд, худи ман ҳам омода будам ба ҷанги зидди онҳо бархезам. Гуфтам, ки Ғаффор, ҳамин хел масъалаҳо баромада истодааст, чӣ фикр дорӣ? Мебинем, маслиҳат мекунем, гуфту рафт. Баъди як ё ду моҳ гуфт, ки бо супориши раисиҷумҳур ман он қадар аслиҳае бурдам, ки мо метавонем ба муқобили Толибон се соли дигар ҷанг кунем.»

Пас,чи сабаб шуд,ки Ғаффор Мирзоев ба ин ҳолу рӯз биуфтад? Андаке сабр дошта бошед, ҳама чиз гуфта хоҳад шуд.

Ғаффор Седой, чуноне гуфта шуд,6 августи соли 2004 дастгир гардид ва марҳалаи  тафтишу муҳокимаи парвандаи вай тули ду сол ба таври пушида баргузор шуд. Аммо ҳануз дар 27декабри соли 2004 дар як мулоқот бо мақомоти интизомиву қудратӣ дар Душане бахшида ба 80 солагии таъсисёбии милисаи тоҷик Раҳмонов Ғаффорро ба талоши анҷоми табаддулоти давлатӣ ва бо ин мақсад амбору захира ва ҷамъоварии силоҳу муҳиммот муттаҳам кард. Ана, гап дар куҷо ва ана сабаби асосӣ ва аслии зиндонӣ кардани Ғаффор седой!

Табаддулоти давлатӣ!! Ончизе, ки Раҳмонов то пойи ҷон, қади аҷал ва бештар аз марг метарсад:- табаддулоти давлатӣ, ғасби ҳокимият, кудето. Чи қадар инсонҳоро бо ин итиҳом печонду зиндонӣ карду кушт. Дар ин «масъала» Раҳмонов бисёр ҳам ҷиддӣ ва шадид бархурд кардааст ва оянда ҳам, то рӯзе ҳаст, ҳамин тавр бархурд хоҳад кард. Чандин нафар бо иттиҳоми табаддулоти давлатӣ ё кушта шуданд ва ё зиндонӣ гаштанд. Дар ин бора ҳам «Ислоҳ» на як бору ду бор  навиштааст. Ин «госпереворотҳо»,ки ахиран ба пойи Саидҷаъфар Усмонзода баста шуду шахсиятҳои маъруфе чун Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳамдастӣ бо вай дастгир шуданд, ба он ҷиҳат таваҷҷуҳангез аст ки судяи онҳо амалан худи Раҳмонов аст. Раҳмонов ба Прокурори генералӣ ва ба раиси Суди олӣ дастур медиҳад, ки масалан ҳамин Саидҷаъфар Усмонзода чанд сол бигирад ва парвандаи вайро кадом ниҳод пеш бибарад ва дигар ниҳодҳо, ҳатто Прокуратураи генералӣ «қуш» нашавад.

Ғаффор аввалин нафаре аз «окружения»-яъне ҳукумати Раҳмонов буд, ки бо ин иттиҳом маҳкум ба зиндон мешуд. Ва баъди як чунин суханронии Раҳмонов, ки Ғаффор дар қасди анҷоми табаддулти давлатӣ буд ва он ҳам ҳамагӣ баъди се моҳи дастгиршавии Седой, ки ҳоло тафтишот идома дорад, дигар сарнавишти Седой маълум шуда буд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи Олӣ ба Ғаффор Седой ҳукми қатл талаб карда буд, вале азбаски чанд ҳафта қабл Тоҷикистон ба ҷазои ҳукми қатл мораторий эълон кард, он бо ҳукми абад татбиқ шуд.

Аммо, инки Раҳмонов бо кадом далелу мадрак Ғаффорро ба анҷоми табаддулоти давлатӣ муттаҳам мекард, то ба имруз барои ҷомеаи кишвар рушан гуфта нашудааст. Вале сарусадоҳо ва шоеъот ҳам он замон ва ҳам ин замон пароканда шуда буд, ки дар пушти Ғаффор Седой Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, раиси Маҷлиси Миллӣ ва де-факто нафари дуввуми Тоҷикистон меистод.

Соли гирифтани Ғаффор соле буд, ки Раҳмонов бо бадтарин шароити ҳамкорӣ бо русҳо қарор дошт. Муносибати Раҳмонову Путин хароб шуда буд. Ҳатто бинобар навиштаҳои Викиликс, ки қаблан ҳам аз онҳо ёдовар шуда будем, Раҳмонов ба сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд шикоят карда буд, ки Путин мехост бо дастони Ғаффор ва Неруҳои марзбониаш дар Тоҷикистон госпереворот ба по кунад. Раҳмонов мегуяд, танҳо баъди барканории Ғаффор Путин аз раъяш гашт.

Гап дар ин бора мерафт, ки он солҳо Раҳмонов Неруҳои марзбони Русияро аз ҳимояти марзҳои Тоҷикистон берун кард. Русҳо марзҳои Тоҷикистонро ҳимоят мекарданд. Русия намехост, ки биравад вале Раҳмонов дигар созишномаҳоро имзо накард, балки руирост гуфт, ки русҳо бояд бираванд. Афзун бар ин ҳозир нашуд, ки шароити русҳо барои сохтмони Роғунро бипазирад. Хуллас, боз чанд проблемаҳои дигар пеш омада буданд, ки равобити Раҳмонов ва Путинро бад карда буд. Раҳмонов ҳатто ба сафири Амрико ваъдаи иҷозаи сохтмони базаи ҳарбии амрикоиҳо дар Тоҷикистонро дода буд.

Аммо дар дохил чи гап буд?

Раҳмонов шароит ва тавофуқоти Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро дар як соли пеш, яъне дар тобистони соли 2003 нақз кард. Вай бо баргузории референдуми Қонуни асосӣ шароити тамдиди боз 14 соли дигар дар сари қудрат мондани худро дар интихоботи баъдии раёсти ҷумҳурӣ, ки соли 2006 доир мешуд фароҳам кард.

Дуруст аст ки он солҳо Рустам ҳануз ҳафтдаҳсолаш буд. Ва ба яқин Раҳмонов дар сар ин тавр фикру хиёле надошт, ки ҳукуматро меросӣ ва Рустамро ҷойгузин мекунад. Аммо инки вай бояд якто-якто, дона-дона ҳар нафари барояш нохушоянд ва нофармонро леҳу лаварда кунад, маҷол ва имкон ва нафас надиҳад, аз ҳамон сооти аввали сари қудрат омаданаш кард, аз Абдуллоҷонов шуруъ карду сипас  Достиеву Убайдуллоевро дур андохт.

Раҳмонов маълумот гирифт, ки Ғаффор қасд дорад вайро сарнагун ва дар ҷояш   Убайдуллоевро оварад. Чунки бо тағйири Қонуни Асосӣ Раҳмонов он ваъда ва он аҳди мардиро, ки бо Маҳмадсаид Убайдуллоев дода буд, аз байн бурд.

Раҳмонов, вақте бо ИНОТ созиш кард, ду соли дигар бар замони риёсати худ афзуд ва ин афзудан ҳам ба тавассути ислоҳоти Қонуни асосӣ сурат гирифт. Ва, ҳамон замон Раҳмонов ба Убайдуллоев ваъда месупорад ва ду тан тавофуқ мекунанд, ки навбати баъдӣ Убайдулоев ҷойи вайро хоҳад гирифт. Ин тавофуқ ба он ҷиҳат буд, ки ҳукумат аз дасти ҳамин гуруҳи низомӣ-маҳаллӣ наравад. Ва, он шабурӯзҳо ҳолу ҳаво ва шароити сиёсиву амниятиву иҷтимоиву иқтисодӣ, мунтаҳо Тоҷикистон дар як давраи комилан дигар қарор дошт ва ҳануз шахсиятҳо ва неруҳои сиёсӣ қудрат ва нуфуз доштанд. Ин тавр, ки имрӯз ҳаст, набуд. Масалан Ғаффор мустақим медаромад пеши Раҳмонову гапашро мегуфт ва ё Суҳроб Қосимов на як бору ду бор Достиевро таги мушту лагад гирифта буд ва Достиев ҳам хуб мефаҳмид, ки дар пушти ин тавтиа ва иғво худи Раҳмонов меистад. Дар ин бозӣ бахусус бештари ҷангсолорони Фронти халқӣ, ки мантақа ва аҳолии маҳаллоти муайянро таҳти қудрат доштанд, ҳавохоҳӣ аз Убайдуллев мекарданд, ба Убайдуллоев таваҷҷӯҳ доштанд. Бахусус Ғаффор Мирзоев, ки аз миёни фармондеҳони Фронти халқӣ ҳамоно неруи бузурги ҳарбиро дар ихтиёр дошт ва метавонист, ки вазъияти амниятӣ дар мамлакатро ба ҳам занад. Вақте ӯро аз мақоми раиси Горди президентӣ гирифт, Ғаффор башиддат ғазабнок шуд ва бо баргузории як конфаронси матбуотӣ ҳарфҳое зад, ки Раҳмонов ночор шуд бо вай вориди музокира бишавад ва ҳатто раёсати Оҷонси мубориза бо маводди мухаддирро, ки тоза панҷ солаш мешуд ва муҳимтар аз ин сармояи фаъолияти онро СММ мепардохт бидиҳад.

Ҳароина Раҳмонов ҳамин гуна маълумотҳоро дарёфт, ки Ғаффор ӯро заданӣ аст ва дастури барканории вай аз мақоми раёсати Горди президентиро бо ин баҳона, ки он табдили ном карду Горди миллӣ шуд, рузи 15 январ содир кард.

Пагоҳи он рӯз Ғаффор Мирзоев бо баргузории як конфаронси матбуотии васеъу муфассал ошкоро Раҳмоновро ба нақзи қонун ва беэҳтироми нисбати шахсияташ, ки мегуфт «инқилоб» кардаву Раҳмоновро сари қудрат овардааст, муттаҳам кард. Ин воқеияти раднопазир ва инкорнашаванда аст ки Ғаффор Мирзо барои Раҳмонов ҳатто ҷони худро моягузорӣ кардааст. Ғаффор бунёдгузори Горди миллии Тоҷикистон аст. Ва Ғаффор ба ҳангоми юриши Маҳмуд Худойбердӣ дар ноябри соли 1998 ба Хуҷанд тасодуфан зинда мемонад. Чунки дар утоқи хобаш, ки бачаҳои Маҳмуд даромаданду таркониданд набуд. Аз тарафи дигар, такрор ҳам шавад, аксарияти ҷиноятҳои содиркардаи Ғаффор бо дастури мустақими Э.Раҳмонов иҷро карда шудааст ва ҳар қадар, ки Ғаффор ҷинояткор бошад, Раҳмонов ҳам ба андозаи вай ҷинояткор аст, балки бештар, чун фармоишгар Раҳмонов аст ва ӯ анҷомдиҳанда. Аз инҷо буд, ки Ғаффор Мирзоев, вақте бидуни огоҳии муқаддамотӣ аз мақом гирифта шуд сахт ошуфта ва хашмолуд шуд. Ва ҳарфи дилашро дар ҳамон конфаронси матбуотӣ дар муқобили Раҳмонов нотарсида зад.

Ғаффор Мирзоев бо баргузории конфаронси матбуоти иктифо накард, дилаш хунук нашуд. Неруҳои таҳти фармони худро дар Регару  Хуҷанду Ғарм дар ҳолати омодабош қарор дод ва постҳои даврони ҷангиро дар роҳи Ҳисору дараи Алмосиву  Шоҳамбарӣ то сарҳади Узбакистон эҳё ва мустақар кард. Кам монда буд, ки неруҳои вай қасри раёсати ҷумҳуриро ишғол кунанд.

Ба Раҳмонов ултиматум монд, ки нафари фармондеҳи Горд таъин кардааш, Раҷабалӣ Раҳмоналиевро бигирад ва аз худи Горд нафари дигарро таъйин кунад.

Вазъияти мамлакат дубора пуртаниш шуд ва Раҳмонов, ки бо баргузории тағйирот дар Қонуни асосӣ робита бо ҲНИТ-ро ҳам тира карда ва боиси нороҳатии  роҳбарияти он шуда буд ва низ ҳоло, ки дар пушт муттакои русҳоро ҳам надошт ва Убайдуллоев дар пушти гарданаш нафас мекашид, чорае ба ҷуз уступка ба Ғаффорро надошт.

Тавассути Шералӣ Хайрулло, вазири мудофиа, Ҳумдин Шариф, вазири дохилӣ, Амирқул Азимов, дабири Шурои амният бо вай музокиротро шуруъ кард. Ин музокирот дар утоқҳои ТадАз  мегузаштанд, ки Ғаффор давру бари онро пур аз тонку туп, зиреҳпушҳои ҷангӣ ва афсару сарбоз карда буд. Баъд аз се рӯзи фармони азл аз мақоми фармондеҳии Горди раёсати ҷумҳурӣ Ғаффор ба мақоми баландтар — Оҷонси мубориза бар гардиши маводди мухаддир таъин шуд ва фармон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳо пахшу нашр шуд ва Ғаффор ҳам «отбой» доду ҳолати казармавӣ дар ҷузъу томҳо Горди раёсати ҷумҳурӣ ба ҳолати одӣ бадал гардид.

Ғаффор дар воқеъ пируз шуд ва фуки Раҳмоновро ба хок молид. Аммо…. ин ғалаба муваққатӣ буд ва Раҳмонов мунтазири фурсати муносиб барои маҳву хунсосозии вай буд, балки акнун вай Ғаффорро ҳатто агар барояш аз осмон ситора ҳам меовард, намебахшид. Душмани ҷонаш шуда буд. Чун агар Ғаффор каме ҷилав мерафт, имкони вожгуншавии вай садфоиза буд. Зеро дар пушти Убайдуллоев Лужкову Путин буданд ва миёнаи Раҳмонов бо устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хароб гардида буд ва мардум ҳам аз вай барвақт безор шуда буданд. Барои ҳамин Раҳмонов зуд уступка карду Ғаффорро бо додани вазифаи баландтар фиребаш кард. Набояд фаромуш кард,ки дар муқобили Раҳмонов ҳеҷ вазифаву мақоме болотар аз доштани нерӯ ва қувваи мусаллаҳ нест. Агар Ғафор Мирзоевро ба ҷойи Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳам таъин мекард яъне нафари дуввум дар кишвар боз ҳам ҳеҷ буд. Чун ин мақомҳо сиёсиянд на низомӣ ва он мақоме,ки Раҳмонов аз он тарсу ҳарос дошта бошад. Чун ин мақомҳоро мешавад бо як фармон барканор кард. Аммо неру ва қувваи низомӣ ҳеҷ фармонеро намепазирад ҷуз зур ва қувваозмоӣ.

Аммо ҳамон замон маълум буд, ки дигар даврони Ғаффор ҳам сар омад ва Раҳмонов барои як муддат дар гушҳои вай лолоӣ хонду лапша кашол кард.

Раҳмонов бо вай  рубару намешуд, ҳазар ва парҳез мекард. Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳам дигар Ғаффор на дар онҷое мешишт, ки Рустам Назаров, ки то вай раиси Оҷонсӣ буд мешишт. Ё талош мекарданд, ки дар ҷаласаҳо даъваташ накунанд. Албатта Ғаффор «чуютса» карда буд. Вале хушбоварии тоҷикӣ, ки хизматҳои маро ба назар мегирад, ӯро фориғбол карда буд. Бе гумон аз он,ки Раҳмонов танҳо онҳое ба ӯ хидмат карда будандро куштаву нобуд кардааст.

Вале вақте Раҳмонов дар маросими панҷсолагии таъсисёбии Оҷонсии мубориза бар гардиши маводди мухаддир, ки ниҳоди муштараки СММ ва давлати Тоҷикистон буд

Вақте Ғаффорро дастгир карданд, аҷоиботи кор ва тамоман ғайримунтазира устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба тарафдорӣ аз Ғаффор, ки муқобилаш  ҷангида буд, садо баланд кард ва устод фармондеҳони ҷангиро сутунҳои амниятӣ ва ҳабсу зиндонисозии онҳоро иштибоҳ хонд.

Ва, аммо онеки Ғаффорро дошту дод, Олег Захарченко чи шуду ба куҷо расид?

Олег Захарченко сардори ОМОН буд. Вай хост, ки баъди солҳои хидмат баргардад Русия ва омаду аз сарфармондеҳи кулли қуво Эмомалӣ Раҳмонов иҷозат хост.

Раҳмонов, аз онки медонист Захарченко бо худ хеле аз сиру асрори ҷиноёти ӯро мебарад дар фикри «безарар»-гардонии вай шуд ва гуфт охирин амалиётатро дар Ғарм бигзарон ва аз Мирзохуҷаи белгӣ моро наҷот деҳ. Захарченко бидуни онки инҷо дому тавтиа чида шудааст, роҳӣ шуд. Вале то онки ба Ғарм бирасад Мирзохуҷаи белгиро, гуё тавассути «одамонаш» аз қасди Раҳмонов огоҳ карданд ва вай ҳам сангар гирифту Захарченкоро безарар гардонд. Хуб дарёд дорам моҳи феврал буд ва ҳаво хело сард буд,ки ин ҳодиса ба вуқуъ пайваста буд. Раҳмонов бисёр мехост, ки ин ду ба ҳам зананду аз байн бираванд.

Аммо кори худоро бинед, ки Раҳмонов маҷбур шуд аз шаҳомат ва нуфузу ҳайбати Мирзохуҷаи белгӣ дар ҷанги марзи бо қирғизҳо дар чанд соли пеш истифода кунад ва ҳарфҳои устоди марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ таҳаққуқ пайдо кард, ки дар вақти боздошти Ғаффор гуфта буд: «Мо ҳамин Ғаффор Мирзоеву Саидшоҳ Шамолову Қурбони Чолову… хиёл мекардем, ки ҳаминҳо аз ҳукумати аз сохти конститутсиониаш дифоъ мекунанд. Агарчӣ ҷанг як мусибат аст ва ҳамаи мо ба он нафрат дорем, вале ҳамин ҷанг як идда аз салаҳшурон, одамони ҷасуру қаҳрамон ва шахсиятҳои азҷонгузаштаро ба мо ҳадя кард, аз ҷумла қумандонҳо ва фармондеҳони ҳам ҷониби оппозитсия ва ҳам ҷониби давлатро. Ман боварӣ дорам ва мутмаин ҳастам, ки душманҳои миллати мо дар хориҷ ана аз ҳамин қумандонҳо метарсанд. Онҳо пеш аз ҳама қудратҳои асосиеро, ки аз онҳо метарсанд, дур мекунанд.»

Ва, суҳбатҳои худи Ғаффор Мирзоев ҳам аҷиб буд, ки дар он конфаронси хабариаш дар 16 январи соли 2004 зада буд: «Инқилобҳое, ки мешаванд, пас аз инқилобҳо ҳар як кас ба манфиатҳои худу дар он ҷо ба хидматҳои худ мешавад. Бисёр одамон барои Ватану барои миллату чизҳои дигар ҷони худро фидо намуда, хидмат мекунанд. Баъд марҳалае меояд, ки марҳалаи барқароршавиву марҳалаи аз ғалбер гузарондан, дар ҳамон ҷо маълум мешавад, ки кӣ барои Ватанаш хидмат кардааст ва кӣ — барои манфиатҳои худаш.»

Ҳукми абад дар Тоҷикистон ба тафовут аз аксарияти кишварҳои олам тағйираш на ба додгоҳ ба президент марбут мешавад. Бояд аз президент талаби авф ва бахшиш кунӣ. Ғаффор Мирзоев ҳамин корро ҳам кард, аммо аз санг садо хесту аз Раҳмонов не. Онҳое, ки аз Раҳмонов шиносии шахсӣ ва бевосита доранд ва низ аз кирдору муносибати худи вай ҳам бармеояд як инсони ниҳоят кинагир ва дарунсиёҳ аст. Чашми бениҳяот гушнаву қалби сиёҳ дорад, фаромуш намекунад-злопамятний аст. Ҳамеша ҳолати ниқору қасосро мунтазир аст. Бисёрии онҳое, ки ӯро дар қудрат овраданд, идораи давлатро ёд доданд ва барояш давлат сохтанд, оҷизу муҳтоҷ кард, ба зиндон андохт ва ҳатто кушт.

Сангак Сафар, Султон Қувват, Ёқуб Салим, Қурбони Чол, бобои Салмон, Саидшо Шамолро аз ҳама ҷо руфту канор гузошт. Ҳамин тарз Ҳабибулло Табаров, Саидамир Зуҳуров, Талбак Назаров, Иззатулло Ҳаёеву Султон Мирзошоевро ҳам, ки мегуфт инҳо падарони давлатдории мананд, хору залил кард. Акнун ҷойи инҳо ҳукуматро бо Рустаму Озодаву Парвинаю Заринаву Рухшонаву….. дигару дигараш дида истодааст.

Сахт номарду рашкину бахил аст ва бо хасоили зишти инсонӣ ху кардааст.

Вай мисли як гурги гушнавуТоҷикистон ба рамаи гуспанд бадал шудааст.

Дар воқеъ инҳо инстинкт ва ё ғаризаи ҳайвонии инсонҳоро дар афзалияти сиёсату давлатдории худ қарор доданд.

Замоне, ки Ғаффор Седойро маҳкум ба ҳабси абад карданд тамоми молу амволи вайро кашида гирифтанд, ҳатто молу маноли дар замони шуравӣ доштаи ӯро….

Ғаффор дар даруни камераи зиндони абад бист сол аз умри худро тай кард ва маълум нест, ки берун меояд ё хайр. 48 сол дошт, 68 сола шуд. Аммо манзили муҳташами вай дар шаҳри Кулоб ба боғчаи бачагона табдил ёфтааст. Баъид аст ки мураббияҳо дар бораи соҳиби ин манзили зебо чизе бигуянд.

Дар бораи худи Ғаффор ҳам расонаҳо дигар наменависанд ва агар нависнад ҳам ба нудрат…

Раҳмонов ҳатто омода нест ин муйсафеди 68 сола,ки се чор сол аз худаш хурд аст озод намояд. Медонед чаро ? Чун хело тарсӯ ҳаст ва аз ҳамачи метарсад. Чаро метарсад ? Чун диктаторон ҳамаашон тарсӯ мешаванд ва Раҳмонов бошад падари диктаторони олам ва ё агар маҳдудударо тангтар гирем кишварҳои собиқи шуравӣ аст.

Сообщение Аз «табаддулот»и Ғаффор Мирзоев то «табаддуллот»и Усмонзода 20 сол мегузарад вале…аммо… Раҳмонов?! появились сначала на ISLOH.net.

Сарбози Гвардияи миллӣ ифшои асрор мекунад
Фармони Эмомалӣ Раҳмонов барои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 31 авгуси соли ҷорӣ содир гардид. Дар моҳҳои октябр-ноябр мавсими «облава» шуруъ мешавад. Ин мавсим солҳост, ки дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ, ки писари сини сарбозӣ дорад, яъсу ғаму андуҳу тарсу ваҳшатро пеш меоварад. Бо ҳазору як макру фанду фиреб талош мекунанд, ки ҷавонҳоро маҷбур ба хидмати сарбозӣ баранд. Хидмати сарбозие, ки ҳеҷ замонату кафолат бар сиҳату солим ва зинда баргаштани ҷавонон дода намешавад. Ҳамасола даҳҳо нафар аз ҷавонҳо дар воҳидҳои низомӣ куштаву инвалид карда мешаванд.

Бинобар маълумотҳои ба мо расида имсол низ шумори даъватшавандаҳо дар қиё бо даъвати баҳорӣ зиёдтар шудааст.

Масъалаи ҷалби сарбозҳо, ки дар байни мардум бо «облава» машҳур аст як фоҷеаи бузург асту шароит онҳое, ки ба сафи Неруҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд, як мушкили ҷиддии дигар

Мардум намехоҳад, ки писараш ба хидмати аскарӣ бурда шавад ва худи ҷавонҳо ҳам ҳозир нестанд, ки ба аскарӣ бираванд. Ин ҳолат, дар шароити Тоҷикистон табиӣ аст. Чунки барои мисол аз хонаводаи Раҳмонов ва атрофиёнаш як кас хидмати сарбозӣ намеравад, аммо писари мардум бояд бираваду инҳоро ҳимоят кунад. Чаро? Чаро бояд Рустам дар 20-солагӣ генерал шавад, дар ҳоле, ки дар дасташ як маротиба автоматро нақапидааст, аммо писари мардум раваду мурда-мурад, бо шиками гурусна сарҳади Афғонистонро бонӣ кунад ва ё сарҳади Қирғизистонро? Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷавони сарбоз дар артиш рӯзи сиёҳе дорад. Инҷо ҳикояти як сарбозеро меоварем, ки солҳо пеш дар Гвардияи миллӣ хидмат карда ва ҳоло дар Амрико ба сар мебарад. Шароитеро, ки ин бародар ҳикоят кард, имрӯз ҳам ҳамон ҳолат аст, балки бадтар аз он мебошад:

Аз 2008 то 2010 дар Гвардияи миллӣ давраи хидмати сарбозиро анҷом додам. 13 сол шуд, ки мехостам ин масъаларо ба мардум бирасонам, аммо аз ҷонам метарсидаму хомӯш будам. Имрӯз он амниятро эҳсос намудаму онро тавассути “Ислоҳ” мегуям.

Аз хидмати ман дар Гвардияи миллӣ се моҳ мегузашт. Молодой будем. Се нафара дар сафи рост, дар қисми ҳарбӣ роҳ гашта истода будем. Аз ошёнаи сеюм як дембл моро фарёд кард, ки ба ман оби нушиданӣ биоваред. Мо розӣ шуда гуфтем, ки ҳозир мебарем. Ӯ сарашро даруни тиреза кард. Баъд байни мо се нафар як каме баҳс шуд, ки кӣ бояд обро бибарад: ту рав, ту бар, ту мебарӣ кардем. Дар ин вақт вай калаашро бароварда гуш мекардааст. Вай аз боло дод зад, ки ба ман об лозим нест, шумо ҳар сеятон пеши ман бароед. Мо пешаш баромадем. Вай гуфт, ки ҳамчун наказаний упор лёжа принимат мекунед. Упор лёжа истодем, ки моро бо пойҳояш ба задан даромад. Аввал маро се бор бо пояш зад. Баъд се бор як бародарро, ки аз Кулоб буд, уро зад. Вайро ду бор зада буд, ки дод заду руи фарш афтод. Тунук шуд, хоб рафт рӯи замин. Аммо ин дембл ист накарду уро боз зада гуфт, ки «ту ҳиҷчи нашудагӣ, худатро ба девонагӣ назан». Боз дутои дигар дар болои ишкамаш бо пояш зарба зад.

Ним дақиқа ногузашта рангу руи он бача тағйир шудан гирифт. Мо ҳамроҳи бачаҳо ӯро ба кампал печонида аз сеюм ошёна поин фаровардем. Коминдири қисми ҳарбии мо полковник Тоҳиров буд. Вай ин ҳолатро дид. Мошинашро оварду он  бачаро бор кард. Гуфт госпитал мебарам. Аз КПП як километр ҳам нарафта хабар омад, ки бача ҷон бохтааст. Аллоҳ ҷояшро фирдавс гардонад.

Баъд бачаро экспертиза бурданд, дар ҳоле, ки явно ин дембл уро зада кушта буд ва бовар доштам, ки ӯро суд мекунанд. Аммо аз ин миён чанд рӯз гузашт. Ба он бача чизе нашуд. Экспертиза қароре баровард, ки боваратон намешавад.

Рӯзи иди Қурбон буд. Ба қисмҳои ҳарбӣ одамҳои хайрхоҳ бо газелҳо дар дегҳо ош меоварданд, аллоҳ аз онҳо розӣ бошад, баракати корҳояшонро диҳад. Экспертиза хулоса медиҳад, ки ин бача нафсашро бад карда, ошро бисёр хурдааст.

Гуфтам, ки мо ҳамагӣ се моҳ хидмат карда будему моро «молодой» мегуфтанд. Экспертиза гуфтааст, ки аз ин пеш кам хурок мехурдааст, ҳозимааш (желудка) барои ин қадар хурок одат накардааст, барои ҳамин дар рӯзи иди Қурбон хуроки зиёд истеъмол карда ва ҳозимааш кафидааст.

Ягон касро ҷазо надоданд. Бачаи бегуноҳро зада куштанд. Маълум буд, ки агар ягон касро ҷазо медоданд, масалан демблро, бояд ҳамроҳи ӯ командири қисми ҳарбӣ, командири рота, муовинҳои Гвардияи миллӣ оид ба тарбия ҷазо мегирифтанд ва аз кор холӣ мешуданд. Барои онки ин одамҳо аз кор маҳрум нашаванд экспертиза чунин қарори дуруғин содир кард.

Чанд вақт пас падару модари он бачаи кушташуда қисми ҳарбӣ омаданд. Нолаву гиря мекарданд. Онҳо мехостанд бо ҳамхизматҳои бачаашон шинос шаванд ва дар бораи рӯзҳои охиринаш пурсанд.Ҷои хобашро ба ман нишон диҳед гуфтанд, ки мо ҳама дод зада гиристем. Дилҳо реш-реш шуданд. Ин падару модари шуртолеъ ин тақдири бадро қабул карданд. Он дембле, ки ин корро кард, фамилияаш Ҳазратқулов аз Ваҳдат аст. Таваллудаш тақрибан 86-87 аст. Бачаи здоровий- бузбала буд.

Моро, то инки савганди ҳарбӣ ёд кунему либоси низомӣ бар бар борҳо латту куб мекарданд. Дар ҳақиқат демблҳо молодой ё салдатаҳоро сахт азоб медиҳанд. Як ҳодисаро нақл мекунам. Взовди мо аз оружейка автоматҳоро бардошту омадем шагаткунӣ. Бояд то нимарузӣ қадамзанӣ мекардем. Баъд силоҳҳоро дар ҳамон ҷои режа равӣ мемондем. Як курсант взводро обед мебурд, дигар курсант силоҳҳоро посбонӣ мекард. Воқеа ин тавр шуд. Взводро хуроки нисфирузӣ бурдам. Ҷураи ман як бачаи узбек бояд то омадани мо силоҳҳоро нигоҳ мекард. Хоби вай мебарад.

Дембелҳо бохабар мешаванду бо офитсерҳои хурд забон як карда ҳамаи яроқҳоро медузданд ва бурда дар ҷои дастурушуии зимистона қулф мекунад. Бечора бача мехезад, ки яроқҳо нест. Мо бояд тибқи қоида бегоҳ силоҳҳоро ба оружейка супорем. Силоҳҳо нестанд. Онҳо-демблҳо омаданду руирост гуфтанд, ки 200 доллар медиҳед, силоҳҳоро бармегардонем. Мо ҳампризивҳо200 доллр ҷамъ карда додем. Чун илоҷи дигар надоштем. Вагарна он узбекбача барои хобаш зиндон мешуд. Рости гап дар ин қисми ҳарбӣ ҳар рӯз молодойҳоро мезаданд. Ҳам демблҳо мезаданд ва ҳам офитсерҳо ва офитсерҳо маҷбур мекарданд, ки молодойҳо ба хонаашон занг зада ба рақами телефони командир пул гузаронанд. Он вақт карта буд. Картаро мехариданд ва рақамҳояшро мегуфтанд. Сару либоси нави молодойҳоро демблҳо кашида мегирифтанд. Вақти дембл 100 то 20 доллар ба командир медодӣ то туро зудтар ҷавоб диҳад. Ҳатто агар қисми ҳарбӣ аз сарбози нав пур ҳам мешуд, то командир пул намегирифт, демблро ҷавоб намедод.

Бачабозӣ дар қисмҳои ҳарбӣ.

Командири қисми ҳарбии 051052полковник Тоиров бачабоз аст. Мо як ҳамхизмати қорӣ доштем. Ӯ дар воқеъ ҳам қорӣ ва инсони содаву мулоим буд. Ӯ сарбозҳоро масҳ-массаж мекард. Ин касбро медонист. Вай массажистиро худомузӣ кардааст ва ё хондааст, намедонам, аммо масҳгарӣ мекард.Тоиров мефаҳмад, ки вай массажист аст фарёдаш мекунад ва дастур медиҳд, ки ӯро массаж кунад. Вай як бор, дубор рафт. Се, чор бор рафт. Аммо ҳар боре, ки меомад, ҳолаташ бад мешуд, зиқ метофт. Аз баски хоксору хаппак буд, ҳама чизро намегуфт. Баъд як руз нақл кард, ки полковник Тоиров вақтҳои массаж дастҳои ин қориро ба аъзои таносул ва пушташ мебурдааст.

Рости гап, ин якум бор набуд, ки ин гуна муносибати ӯ бо сарбозонро мешунидам. Дигар бачаҳо ҳам нақл мекарданд, ки бо онҳо чунин корҳо мекунад. Маълум шуд, ки Тоиров на танҳо як ҷоро меқапид, балки бо онҳо ин корро мекардааст.

Дар қисмҳои ҳарбӣ чунин корҳо бисёр мешавад. Бачабозӣ дар он ҷойҳо мисли як касалии сироятёбанда шуда буд. Ин корҳо ҳоло ҳам идома дорад. Тоиров, бо бачаҳо ҳамхоба мешуд, водор мекард, ки уро «табобат» кунанд. Баъдтар маълум шуд, ки вай дар ҳақиқат лутии посивни  будаст. Албатта дар он дунё муҷозот мешаванд ,вале дар ин дунё ҳам бояд табли русвоии онҳоро куфт.

Коррупсия ва дуздӣ дар Гвардияи миллӣ.

Гвардияи миллӣ дар Лоҳур қисми хоҷагӣ дорад, ки дар он гову гусфанду харгушу мурғ парвариш карда мешавад ва бояд, ки қисмҳои ҳарбӣ аз он истифода барад. Картошкаву пиёз мешинониданд, чунки Гвардияи миллӣ замин ҳам дорад.

Аввалин нишонаи коррупсия ин аст ки мо ягон бор ба сери хурок нахурда будем. Дар наҳори сарбоз бояд тухм, равғани маска, чойи ширин бошад. Давоми ду соли хидмат мо як ё ду бор ин чизҳоро хурдаему халос. Ин ба қисми ҳарбии 051055 марбут аст. Ҳақи сарбозҳоро рӯирост мехуранд.

Як ҳафта ду бор гов мекуштанд барои бригадаи 051055. Мо, чуноне гуфтам картошка, пиёз, сабзӣ, лубиё ва дигар сабзавотҳо доштем. Лекин мо ҳеҷ чизро намедидем. Горох мехурдем. Ҳамин горох ҳам дар даруни коса ду -се дона буд.

Ҳама чизро аз қисми хоҷагӣ меоранд. Зампотил-масъули қисми таъминот, старший лейтенат ҷураи сардори қисми ҳарбии мо буд. Он вақт сардори қисми ҳарбии 051055 полковник Алиҷон Ҳасанов Тағоевич буд. Ман шахсан худам ин ҳама маҳсулоти ғизоиро ба мошинаш ҳамроҳ бо дигар сарбозҳо бор мекарем, ҳақи ҳалоли сарбозҳоро: гуштро бор мекардем, картошка, пиёз сабзӣ ва орду руғанро бор мекардем. Ҳар ҳафта ё ду ҳафта як бор ҳамаи ин продуктаҳоро бор мекардем гирифта мебурд. Агарчи гов мекуштанд, мо руи гуштро намедидем. Байни ҳам тақсим мекарданд.

Сарбоз бо ишками гурусна ё ним сер хоб меравад. Азоби зиёд мекашидем. Шароит набуд. Коррупсия дар авҷ аст, ҳозир ҳам ҳамин хел аст. Барои уволнений он вақт 20 сомонӣ мегирифтанд. Через забор мефиристонданд.

Дар қисм ҳарбии 051052 ҷавонони донишгоҳро хатм карда, маълумоти олидорро, ки ба аскарӣ меомаданд, мегуфтанд, ки як сол хидмат мекуниву рутбаи афсарӣ мегирӣ. Мо онҳоро шагат, тозасозии силоҳ разбору сбори автомат ва дигар чизҳоро ёд медодем. Мо курсант будем ёд медодем.

Онҷо командири қисми ҳарбии 051052 полковник Тоиров посилний-ёрдамчӣ дошт. Ҳамон полковники бачабоз. Посилнийи вай Мустафо ном дошт. Нафарони маълумоти олидорро метарсониданд, ки мо шуморо Оби гарм роҳӣ мекунем. Ман куҷо будани Оби Гармро намедонистам. Ягон бор рафтагӣ нестам. Аммо то ҳамин имрӯз ман онҷоро ранги дузах медонам. Тавба. Он ҷавонҳои дипломдорро, ки акнун афсар мешуданд, метарсониданд, ки агар 300 доллар надиҳӣ туро Оби гарм мефиристем. Онҳо маҷбур пул медоданд. Ҳамон посилний пулро ҷамъ мекард. Посилний ҳам сарбоз буд, ҳампризиви ман. Баъд пули ҷамъоварӣ кардаашро ба полквник Ториров медод. Вай аммо сари қавлаш намеистод. 90% онҳо пул медоданд, 200-300 долларӣ, ки ба Оби гарм равон накунанд. Панҷ-шаш моҳ бо ҳамин тариқа пулҳоро ҷамъ кард.

Як бор Мустафо тахминан дар як рӯзи муайян аз ҳама пул мегирад. 5-6000 доллар ҷамъ мекунад. Мустафо ин пулро ҷамъ карда ҳамон шаб аз забор баромада аз хизмат мегурезад, кидат мекунад полковник Тоировро. Ин чанд рӯза хабари  хурсандии мо буд. Чунки ин Мустафо дар корҳои коррупсионии Тоиров ёрдам мекард. Мо ӯро бад медидем. Вале ин корро кард, мо хурсанд шудем. Вай гурехт рафт Масква. Давоми кор чи шуд намедонам. Аммо Мустафо Тоировро хеле ҳам хушру кидат карда буд.

Боз як амали коррпусионӣ дар Гвардияи миллӣ, ки то ҳамин имрӯз идома дорад. Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ аз уволнений гирифта то дигар кор порагирӣ дар авҷ аст. Сержант шудам. Нағз хидмат мекардам.Аммо ягон бор уволнени ё отпуск нарафтам. Пул намедодам. Шароити оила ҳам хуб набуд.

Як намуди коррпусия дар артиш ин аст ки масалан падару модар мехоҳад, ки писараш дар ҷойи худаш хидмат кунад. Барои переводи як сарбоз аз Душанбе ба Суғд 600 доллар медоданд. Ин як бизнеси хеле калон аст. Хеле одамҳо пул дода бачаҳояшонро бурданд. Як вақт ин кор ру зад ва тафтишот шуруъ шуд. Командирҳо зуд он сарбозҳоро баргардониданд. Аммо ягон ду- се моҳ гузашта буд, ки боз аз нав он сарбозҳоро бар ивази боз 600 долларӣ ба Суғд бурданд. Ҳоло ҳам ин бизнес давом дорад вале нарх ҳоло ду баробар бештар шудааст.

Теревога

Соли 2009  моро бо теревога –бонги хатар аз хоб хезонданд. Гуфтанд, ки ба хоки ватани мо ҳуҷум шудааст. 36 зархарид аз Узбекистонро бо воситаи вертолет ба заминҳои Тавилдара, ба куҳҳо фаровардаанд. Мо бояд ватанамонро ҳимоя кунем. Мо, ки 17 сола будему он қадар намефаҳмидем, ягон кас ягон чизро намедонист, бовар мекардем ва хунамон ҳам дар ҷуш буд.

Намедонистем, ки ин чи хел ин ҳукумат аст, рост мегуяд ё дуруғ, кӣ ҳақ аст, кӣ ботил аст? Мо ягон кас мухолифат накарда ҳамакаса рафтем. Моро бурданд Тавилдара.

Онҷоро «Голубой озер» Ҳавзи кабуд мегуянд. Аркаро мегузарӣ 50-60 метраи даромадгоҳи Тавилдара як кӯл воқеъ аст. Онҷо ҷои блокпости спетснази Гвардияи миллӣ қарор дошт. Мо бисёрӣ рафта будем:- чанд сад нафар. Мо-24касро ҷудо карда гуфтанд, ки штаб ва блокпости спетснази Гвардияро иваз мекунед.

Ман бо як майёри спетсназ ҳамсуҳбат шудам. Пурсидам, ки инҷо чи гап аст? Намехостем, ки 17сола аз дунё равем. Гуфт, ки хавотир нашав инҷо ҳеҷ гап нест. Мо ду ҳафта аст инҷоем, ягон гап нест. Он болоҳо, тарафҳои Чилдара камтар нооромӣ аст, мо онҷо меравем, шумо инҷо мемонед. Ва ҳамин тавр камтар хотири моро ҷамъ кард. Мо 24 нафар мондем. 4 нафар сержант 20 нафар сарбозӣ қаторӣ ва се афсар. Мо-24 нафарро тақсим ва 4 блокпост ташкил карданд. Гуфтанд роҳҳо ва пайроҳаҳоро назорат мекунед, ягон чиз шуд, хабар медиҳед. Якум шаб ором гузашт. Соати сеи саҳари сеюм мо овози рехтану фаромадан ва баҳам хурдани сангро мешунавем. Санг фаромад дар пеши блокпост. Он вақт мо дурбинҳои шаббин доштем. Бо ин дурбинҳо дидем, ки чанд нафар аз боло фаромада итодаанду сангҳо аз зери пойи онҳо мерезанд. Ба алоқа баромада ба штаб гузориш додем, ки вазъ ҳамин хел аст. Гуфтанд коре накунед, нигоҳ кунед, ки чи кор мекунанд, куҷо мераванд, мо меоем. Баъди 2 дуним соат расида омаданд. Пиёда омаданд.

Он одамҳо аз болои куҳ фаромаданд. Дар он куҳҳо дарахт бисёр аст. Он одамҳо пушти ҳамон арчазор баҷо шуданд. Онҳоро дида намешуд.Чи кор мекунанд, куҷо мераванд, якҷо истодагианд, дар ҳаракатанд, маълум набуд. Ба гуфти русҳо онҳо засада фаромаданд. Мо аз боло будему онҳо дар поён. Ҷое гурехта наметавонистанд. Фармон шуд, ки тарафи арчаҳо тирпаронӣ кунем. Мо таҷриба надоштем. На танҳо мо, 99%сарбозони Тоҷикистон ҷанг карда наметавонанд,таҷриба надоранд. Мо то он вақт ҳамагӣ ду бор стрелбиши рафта, сетоӣ тир зада будем. Албатта, ки чизеро намедонем. 10 -12 соат фақат тир холӣ кардем. Парон -парон шуд. Аз тарафи онҳо ҳам ба самти мо тир меомад. Як сарбоз тир хурду ҷароҳат бардошт. Вале аз мо ягон кас кушта нашуд. Чунки мавқеъи мо дар баландӣ буд ва онҳо моро нишон гирифта наметавонистанд. Мо беист тир мепаронидем.

Баъд аз камтар вақт ҳама ҷо ором гирифт. Командир гуфт, ба фикрам инҳо ҳамаашон мурданд. Моро ҷамъ карду гуфт зачистка меравем. Рафтем зачистка.7-8 ҷасад пайдо кардем. Дар бадани ҳар кадоми онҳо камикам70-80 тир даромада аст. Мо нафаҳмидем, ки онҳо кӣ буданд. Ба мо гуфтанд, ки онҳо зархаридҳо аз Узбакистон ҳастанд. Террористҳои Ӯзбакистон барои тарконидани ГЭС омадагианд. Аммо бачаҳои танманд в аришдор буданд. Онҳо ба узбекҳо неву ба худамон монанд буданд.

Баъд гаштему омадем штаб. Шаб хоб кардем. Саҳар ду генерал ва як полковник омада совешаний гузаронданд. Гуфтанд, ки мо бояд ҷасадҳоро гур кунем. Азбаски куҳҳо сангӣ аст канда намешавад, мо манора кардему онҳоро гур кардем. Болояшонро бо санг пушидему омадем.

Як рӯз мегузарад. Ба мо фармон мешавад, ки пиёда бояд равем, се — чор куҳро гузарему ҷасадҳоро биоварем. Масофа се — чор соата роҳ аст. Гуфтанд, ки бо дасти холӣ он мурдаҳоро меоваред, экспертиза равон мекунем. Сарбозони қаторӣ ҳамакаса норозӣ шуданд. Гуфтанд мо ин корро намекунем. Командири қисми ҳарбӣ мо 4 сержантро пешаш даъват карду гуфт, ки ё инки шумо ҷасадҳоро мебиёред ё инки ба шумо-как непосредственний началник –сержант, дар Душанбе 10 солӣ тюрма опеспечит аст. Мо   чор кас рафтему якуним руз он мурдаҳоро кашонидем. Ду кас аз сарбозони қаторӣ бо мо ҳамроҳ шуданд. Мо намедонем он одамҳо, кӣ буданд? Шояд муҷоҳидини роҳи ҳақ буданд. Агар ин хел бошад аз аллоҳи ғафур бахшиш ва мағфират мепурсем, аз оилаи онҳо бахшиш мепурсем.Ҷояшон ҷаннат бошад.

Сообщение Сарбози Гвардияи миллӣ ифшои асрор мекунад появились сначала на ISLOH.net.

Даҳшат дар қисмҳои ҳарбӣ, вазир аз он огоҳӣ дорад?
(Бахши аввал)

Иншабурӯзҳо,ки дар кишвари азизамон боз ҳам мавсими “облава” идома дорад. Дар дасти мо як матлабе расид,ки дар бораи вазъияти хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Баъди мутолиаи ин матлаб шумо худ пай мебаред, ки чаро ҷавонҳо аз хизмати сарбозӣ  фирор мекунанд? Албатта, дар ин матлаб ҳамаи паҳлуҳои ин масъала, саркашӣ ва фирори ҷавонҳо аз хидмат дар артиш нишон дода нашудааст. Аммо ҷолибии ин матлаб дар он аст ки онро як нафар сарбоз ҳикоят кардааст ва ончиро рӯи коғаз овардааст, ки худ шоҳиди бевосита буда ва ҳаводисро бо чашми сар дидааст. Беш аз ин намегӯем ва матлабро ба қазоват ва қироати шумо ҳавола мекунем:

23 май соли 2016 довталабона барои хизмати аскарӣ ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон омадам. Маро ба қисми ҳарбии 051 052- маркази таълимии Гвардияи миллӣ гирифтанд. Командири ротаи таълимӣ капитан Намозов ва муовинаш капитан Давлатов буданд. (Давлатов  як  инсони пастфитрат ва ниҳоят бераҳму инсоф буд.) Вақте ки моро таълим медод, ба ман мегуфт:  “ту к…и апа, ту вофчик ҳастӣ, хез аз ҷоят, рост шин  ва то даҳонаш хаста шудан маро мешинонду мехезонд ва ҳамин тавр ҳар намуд азоб медод. Вақте мо ташна мешудем, ба ҳар  як одам як кружка об медод, ба ман як  даҳанаки кока-кола медоду мегуфт ту вофчики ҳамиш басай”. Баъди 19 рӯз вақте моро ба қисмҳои ҳарбӣ тақсим мекарданд, дар болои мо-сарбозҳо ҷанг мешуд.

Командирони баталонҳо пешакӣ  медонанд, ки бой кӣ ҳасту кӣ камбағал. Бойҳо ва сумдорҳоро ба дивизиони  артилерия ва ё  дастаҳои зудамал мегиранд. Камбағалҳоро  ба таъинотӣ ва баталони танк. Аз сумдорҳо пул кор мекунанд вале аз камбағалҳо кор карда намешавад. Командири қисми ҳарбии 051055 Аҳтам Одиназода-як инсони хушгапу  хушмуомила ва  бо тамкин буд, ба сарбозҳо кор надошт қисми ҳарбиро низ орому осуда нигоҳ медошт. Ҳикояҳои ҷолиб мекард аз зиндагии худаш ва ё аз шунидаҳову хондаҳояш. Ӯро аз вазифа барканор карданд. Дар ҷойи ӯ Ҷурахон Бобохонзода  зодаи Данғара омад. Вай дар гузашта дар мақоми сардори шӯъбаи таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ дар Рашт кор мекардааст. Дар вақти ҷанг дар Ғарм ӯро ба ҳайати шахсии дастаи таъиноти махсус сафарбар карда будаанд. Дар  яке аз задухӯрдҳо вақте ақибнишинӣ мекунанд вай ҳайати шахсиро  партофта гурехтааст. Тибқи қонунҳои ҳарбӣ ва низ тибқи талаботи шароити  ҷангӣ  ӯ  бояд ҷазои сахт мегирифт. Вале  азбаски ӯ аз Данғара буд ва як хешаш, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Прездент кор мекард, ӯро ба вазифаи нав -сардори штаби қисми ҳарбии 051 054 мегузаронад. Дар соли 2016 бошад  ӯро ба мақоми командири қисми ҳарбии  051 055 ба ҷой Одиназода Аҳтам  оварданд. Гӯиё Одиназодаро ҳамин Бобохонзода аз қисми ҳарбӣ пеш кардааст. Вале Одиназода рафиқи наздики Бобоҷон Ҷамолзода, фармондеҳи Гвардияи Миллӣ буд. Фармондеҳ  Бобохонзода  Ҷурахон ро нағз намедид. Вақте ки Бобохонзода  Ҷурахон  ба қисми ҳарби 051 055 омад ҷинояткорӣ, махсусан ришваву фасод авҷ гирифт. Ҷиноятҳои бештар дар баталони  двизиони артиллерӣ ба қайд гирифта мешуд. Командири двизия майёр Ҳусейнов Саттор Сулаймонович аз Ванҷ  аст. Ба Ҳусейнов подполковник Раҷабалӣ Иззатов аз Ёвон сахт халал мерасонд. Ҳусейнов Саттор пули рухсатиро ба се нафар тақсим мекард:-ба  командири қисми ҳарбӣ Бобохонзода  Ҷурахон ва муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба  масъалаи  сиёсӣ ва тарбиявӣ Иззатов Раҷабалӣ ва худаш. Иззатов Раҷабалӣ хушмуомила буд.

Бисёрии сарбозҳо мехостанд, ки  Иззатов Раҷабалӣ ба рухсатӣ ҷавоб диҳад. Ин кор ба Ҳусейнов Саттор писанд намеомад. Нақшаи  аз вазифа барканор кардани Иззатов Раҷабалиро кашиданд. Пӯшида нест,ки ҳамаи командирҳо посредник доранд. Посредники подполковник Иззатов Раҷабалӣ аз сарбозони баталони зудамал буд, ки командири он майёр Назиров Бахтиёр буд . Як рӯз посредники Иззатовро Саттор Ҳусейнов фарёд мекунад ба пеши столи зери арчаи двизия. Мегӯяд, ки ту чи хел дембли, ки шашак гушат намекунад. Вақте ҳоҷатхона меравад, бираву тарбия кун. Ман шумо-демблҳоро тарбия мекунам. Сарбози дембл Фрайдиновро аз ин гапҳо қаҳр ва ғазабаш меояд ва мравад ҳоҷатхона. Онҷо ҷангҷол мешавад. Як мушт мезанад,ки колингаш мешиканад. Майёр Назаров, командири онҳо зуд мебарад хонаашон ва дар онҷо баъди як рӯзи табобат бармегардонанд. Кайфияташ нохуб. Дар пеши дарвозаи қисми ҳарбӣ бо Ҳусенов Саттор вомехуранд. Саттор мегӯяд,ки ту чи хелӣ командири баталон ҳастӣ, ки демблҳоят аз худ рафтагӣ. Аз ин гап майёр Назиров ба ғазаб меояд. Шаб сарбозонашро мефармояд, ки либосҳоятонро кашед ,голий кунед ва  куни лич дар даҳлези ситод бо кун роҳ гардед.Ҳамин тавр дар рӯи даҳлези сементӣ роҳ мегарданд ва лабҳои кунашон меканаду хуншор мешавад. Баъд Ҳусейнов Саттор хапу дам-тихо ба Прокурори ҳарбӣ занг мезанад ва воқеаро нақл мекунад.

Мегӯяд,ки дар хонаи командири баталони зудамал колинги сарбоз шикастагӣ аст. Аз прокуратураи ҳарбӣ зуд тафтишот шурӯъ мешавад. Сарбози ҷоғаш шикастаро мебинанд. Ба қисми ҳарбии баталони зудамал омада аз 14 сарбоз  нишондод мегиранд ва парванда боз мекунанд. Иззатов Раҷабалиро аз мақомаш барканор карданд. Феълан Ҳусейнов Саттор пулҳои рухсатиро ба нафари сеюм тақсим намекунад. Ҳамчунин дар инҷо Тутиёев  Исматулло Фатҳуллоевич -соли тавалудаш1985, зодаи Норак кафедраи ҳарбиро хатм намуда дар двизияи артиллерӣ дар Гвардияи миллӣ кор кардааст. 2015 дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим иштирок кардааст. Ҳоҷӣ ҳалимро бо град зада кушт. Баъди ин муовин оид ба корҳои ҳарбии командири қисми ҳарбӣ таъин мешавад. Баъди 6 моҳ  сардори штаби қисми ҳарбӣ таъин мешавад. Сипас Русия равон мекунанд. Хонда омад. Ҳозир командири қисми ҳарбӣ аст.

Дар қисмҳои ҳарбӣ дуздӣ ошкоро сурат мегирад.  Барои мисол капитан  Ашурматов Ҳасан вақте қаровул меистад аз фурсат истифода бурда аз анбори хуроквории  амбори  дар  бари девори  қисми ҳарии 08.010 вазорати мудофиа картошка ва пиёз, лаблабу, сабзӣ, мураббо ва тушонка  медуздад. Вақте сардори қаровул меравад аз баталион бо сарбозоне,ки барои ин кор ҳамроҳиаш мекунанд, мераванду дуздӣ мекунанд. Яке аз ҷиноятҳое,ки Ҳасан Ашурматов кард ин аст ки гоҳ-гоҳе яке аз сарбозҳо аз телефони вай ба занаш гап мезадааст. Як рӯз зани сарбоз ба ҳамин рақам занг гап зада мехоҳад,ки бо шавҳараш суҳбат кунад. Ашурматов  чи хеле карда бо зани сарбоз гап мезанад ва ӯро тоб медиҳад. Хулас, вохӯрӣ карда ба номуси он зан таҷовуз мекунад. Сарбоз  дарак меёбаду занашро ҷавоб медиҳад. Дар қисми ҳарбӣ девонагӣ мекунад,ки фавран ба қисми ҳарбии дигар интиқол медиҳанд. Дигар щолати он сарбоз чь шуд намедонем.

» Командири ротаи дивизиони тупӣ- артиллерӣ капитан Қаланфуров Хушвақт аст. Вай аз ВМКБ мебошад. Омӯзишгоҳи Суворовро хатм кардааст. Дар вақти хондан қонуншиканӣ мекунад. Ӯро дар ҷойи душвор -дивизиони артиллерии Гвардияи миллӣ кор медиҳанд. Дар инҷо хеле ҷинотяҳо содир мекунад. Сарбозонро бисёр латту кӯб мекунад. Аз сарбозоне, ки сафари хизматӣ ба Блок пост мераванд, сум талаб мекунад ва аз 50 то 100 сомонӣ мегирад. Сарбозон то ки раванду як моҳ дам гиранд, роҳе надоранд ва  ин пулро медиҳанд. Агарчанде  бурдани сарбоз аз ротаи реактивӣ ба блокпост  мумкин нест, аммо мегӯянд, ки касе сум диҳад меравад. Ҳатто сарбозони “молодой”-онҳое,ки шаш моҳ  хизмат накардаанд.»

Ҷиноятхои муовини якуми командири дивизиони артилерӣ майёр Далери Абдуғаффор ,ки бо лақаби капитан  Далер машҳур ҳаст,низ хеле зиёд мебошад. Вай аз авлоди Чоловҳо аст,соли таваллудаш   1990 зодаи Кулоб, ҳамкурси Ҳусейнов Саттор, кафедраи ҳарбиро тамом кардагӣ аст. Соли 2017 як сарбозро  бо номи Азимов аз Чапаеви Колхозобод, ки аз рухсатӣ омада вале ба Далер 20 сомонӣ надод ӯро дар сараш  зада -зада девона кард. Ҳар гоҳе  касалиаш меқапид мебурду  баҷояш мекард,то ки Прокуратураи ҳарбӣ дарак наёбад. Аз ин ҷинояташ ҳама раёсати фармондеҳӣ бо хабар буд вале чашми Далер намепарид. Ҳама вақт мегуфт, ки “ма кулобӣ  ва аз авлоди Чолуфо ҳастам, касе фалони мара хурда наметавонад”

Як сарбози дигар,ки аз Кулоб ва номаш Холов буд ӯро зада девона карда пулашро гирифта ҷавоб доданд. Сарбози дигар бо номи Гулханов зодаи Помир буд, Ҳусейнов Саттор барои онки помириро таҳқир кунад, ӯро маҷбур таҷовуз карданӣ мешавад. Соли  2016 бо фармони Ҳусейнов Саттор Сержанти даъвати 46ум Тоҳирзода  Ҷумъабек Партоевич аз Қабодиён аз дасти ҷабри Саттор Ҳусейнов сузан хурд, қариб мемурд. Азиз сарбози дигар аз дасти зулми Ҳусейнов Саттор ҳамроҳ бо як сарбози даъвати 4,ки марҳалаи демблаш фаро расида буд дар соли 2017 дар вақти    уборкаи территория фирор кард. Як сарбози дигар аз Данғара рафт рухсатӣ рафту аммо то хонаашон нарасид, дигар барнагашт. Номаълум монд,ки ба ӯ чӣ шуд? Як сарбози дигар рафт рухсатӣ вале  рост прокуратураи ҳарбӣ рафта шикоят мекунад. Яке аз методҳои сумкоркунии Ҳусейнов Саттор ин аст ки сарбозонро дар казарма рост мемонад ва соатҳо ҳамин тавр нигоҳ медорад ва сарбозҳо миёндард мешаванд ва маҷбур ба ӯ пул медиҳанд. Онҳо миёндард мешаванд, пояшон шал мешавад,баъд  илтимосу зорӣ карда сум медиҳанд. То сум надиҳӣ ягон майда рухсатӣ намедиҳанд. Фармони президент ҳаст,ки сарбози зандор ҳақ дорад,ки 3 моҳ пас рухсатӣ равад. Вале агар сум надод,3 моҳ он тараф, шаш моҳ гузарад ҳам, рухсатӣ намедиҳанд. Ман худам оиладор шуда баъд аскарӣ рафта будам. 7 моҳ гузашт, то 200 сомонӣ надодам, рухсатӣ надоданд. Рӯирост мегӯянд, ки касе сум дорад меравад касе, ки сум набиёрад, намеравад.

Командири взводи зенитӣ лейтенанти гвардия  Худойбердиеов Муҳиддин зодаи Кулоб аст. Вай ҳар шаб пиён меояд. Навдаъватшудаҳоро аз хобашон мехезонад, издиватсия мекунад. Як рӯзи соли 2017 вақти барфрезӣ барои уборкаи территория бурданд. Лейтенант Худойбердиев Муҳиддин  сардори пости КПП- нуқтаи гузаргоҳӣ буд. Мо, сарбозҳо Ашӯров, Исобоев, Тағойбеков,Абдуллоев Нормат, Холов Раҳимҷон ва чанд нафари дигар рафта будем. Худойбердиев омад ҳоҷатхона ва ба Нормат Абдуллоев (сарбоз аз Суғд) гуфт,апаатро маро медиҳӣ. Нормат узбек буд, тоҷикиро хуб намедонист,чизе  ҷавоб надод. Худойбердив, ки пиён буд аз дасти Нормат гирифт бурд даруни ҳоҷатхона  ва ӯро сахт лату кӯб кард. Баъди тақрибан 20 дақиқа лейтенант Раҷабов Ҷурабек,зодаи Ваҳдат, командири взводи якуми ротаи тупӣ омад ҳоҷатхона ва аҳволро дида пурсид,ки чаро мезанӣ? Худойбердиев гуфт,ки “ин  узбаки ҳаром х..ет кадаст” .Ҷурабек ҳам шарик шуд ва дукаса ба задани ин сарбоз давом доданд. Ин ҳолро зуд ба “замполит”-и ротаи ракетавӣ лейтенанти калон Сайидабронов расониданд. Вай омад гуфт чаро мезанед? Худойбердиев гашту гуфт “ дар даҳани сагмонандат б..м, гумша ии узбакай”.Ӯ ҳам халос накарду рафт.

«Пагоҳи он рӯз аз Прокуратураи ҳарбӣ як капитани муфаттиш омад. Гуфт Нормат Абдуллоевро наздаш биёранд. Ман, ки наряди ҳоҷатхона будам маро фарёд карданд. Ҳасан Ашӯрматов-командири ротааш ба ман гуфт, ки илтимос роли Норматро бозӣ кун. Ман гуфтам гап нест. Гуфт рафтем.Назди муфаттиши Прокуратура. Ман 3 қадам задам ва гуфтам рафиқ  капитани адлия сарбози қатори Абдуллоев Нормат Наимович ба назди шумо ҳозир шуд. Ба ман як лаҳза нигоҳ кард. Гуфт, рафтем қисми махфӣ. Онҷо 3 духтар нишаста буданд. Гуфт билетҳои ҳарбии баталони дивизиони артилериро барор, муқоиса карду фаҳмид. Гуфт худи Нормат Абдуллоевро оваред. Ӯро оварданд. Камтар дертар Худойбердиевро якҷо бо Раҷабов Ҷурабек назди муфаттиш оварданд. То бегоҳ аз Худойбердиев 7 000 доллар гирифтанд ва аз Раҷабов Ҷурабек бошад 35.000 сомонӣ ва ҳардуяшро ба ҷавобгарӣ накашида сар доданд ва онҳо боз ҳамон корашонро давом дода истодаанд.»

«Як шаб соати 4.35 соли 2017 Исобоев Аъзам аз сарбозони даъвати 49ум зодаи вилояти Суғд якум бор ҳамчун навбатдор наряди казарма мешинад. Шаб хобаш мебарад ва Ҳусейнов Саттор меояд соати 4.35 ва ба даст меафтонад. Дастур медиҳад, ки як сатил оби хунук биоред ва  дар сараш мерезад.Мегӯяд,ки “ шумо к…и очаҳо  х…ет кадагиен, бо Тоҳирзода  Амон пушти шуморо мегирад, зани Тоҳирзодара б…м.Хулоса, то саҳар шудан ин сарбозро таҳқиру дашном кард.»

Каримов Гулбаршо аз соли 2015 то 2017  муовини командири дивизиони артиллерия  оиди сиёсат ва корҳои тарбиявӣ буд. Каримов Гулбаршо аз Ҳусенов Саттор талаб мекард, ки ба сарбозон  ҷабр накунад, рухсатӣ равон кунад ва ҳамин тавр аз ҳақи  сарбозон дифоъ мекард. Ин корҳои ӯ ба Ҳусенов Саттор маъқул намешуд. Ҳусенов Саттор  Каримов Гулбаршоро ба воситаи Тӯтиёев Исматулло аз  вазифа барканор кард.

Хубиёев, муовини командири дивизиони артиллерӣ оиди ақибгоҳ,  хурду хурок ва пушока  ва матрас ва простин буд. Ҳусенов Саттор ӯро ҳам аз вазифа барканор кард. Майёр Шоев фарзанди собиқ муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ мебошад.

То омадани ӯ офитсерҳо ҳатто зубной паставу шеткаи дандоншӯии сарбозҳоро гирифта ба хонаҳояшон мебурданд. Ин корро ҳам Ҳусейнов Саттор ва ҳам Далери Абдуғаффор мекарданд. Махсусан Ҳусенов Саттор ва як нафари дигар каптёршики ҳамонвақта Расулов Ҳусенҷон аз Ғончӣ (Деваштичи имруза)

Ҳусенов Саттор аз сарбозоне, ки дембл мешаванд ва аз муҳлати хизматашон 1 солу 8 моҳ мегузарад, шароит доранд ва ё надоранд 100 сомонӣ мегирад

Мегӯяд,ки барои таъмири казарма.Аммо дар 5 сол як бор таъмир мекунад ва он ҳам аз ҳисоби давлат. Сарбозонеро,ки муҳлаташон хатм ва бояд ҷавоб шаванд,баъди нашри фармони президент оид ба эҳтиёт ҷавоб додан Ҳусенов Саттор ба онҳо мегӯяд, ки ҳар касе 300 сомонӣ оварда ҳамон дар навбати аввал ҷавоб мешавад.Ҳамин тавр аз сесад сомонӣ сар мешавад ба хона ҷавоб додани сарбозҳо,ки 2 сол хизмат кардаанд. Вақте ҳама сумдорҳо рафтанду дигар бесумҳо монданд онҳоро ҷамъ карда аз забони командир мегӯяд,ки шуморо бояд полигон барам ва кор фармоям. Аммо ҳар касе 100сомонӣ диҳад “ҷошда” ҷавоб мешавад. Баъди ин охирини охиринҳо мемонанд. Вай мегӯяд, ки хайр якчи барои командир тийен . Пас он сарбозҳо 50 сомонӣ ва ё 30ву 20 сомонӣ медиҳанду ҷавоб мешаванд. Инҷо боз ду ҳолатро зикр мекунам. Барои сарбозҳо вақте дембл мешаванд бояд сарулибоси нав бидиҳанд. Аммо сару либоси навро кадом сарбозе пул медиҳад,350 то 500 сомонӣ барои ӯ медиҳанд. Ҳатто сарбозҳое буданд, ки аз хонаҳояшон барояшон либоси мулкӣ харида фиристоданд, онро пушида ҷавоб шуданд, чунки онҳо ҳам шароит барои хариди сару либоси низомӣ ва ҳам сару либоси мулкиро,ки ҳатман баъди ҷавоб шудан дар хона мепушанд, надоштанд. Чизи дигар ин аст ки барои сарбозҳо давлат вақти ҷавоб шудан роҳкиро пешбинӣ кардааст. Ба ягон сарбоз ин роҳкиро дода намешавад. Мо,сарбозҳо имзо мегузорем,ки он пулро гирифтем. Масалан 200 сомонӣ ва ё 300 сомонӣ ва ё 100сомонӣ. Вобаста ба фосилаи маҳалли зист аз қисми ҳарбии мо,ки дар Душанбе ҷойгир буд.

«Соли 2017 прокуратураи ҳарби алайҳи лейтенант Худойбердиев Муҳиддин ва лейтенант Ҷурабек Раҷабов делои ҷиноятӣ кушод. Инҳо аз блокпости ноҳияи Панҷ нашъа оварда ба сарбозҳо мефурӯхтанд. Ин гапу корро ба мо сарбозони даъвати 45ум ҳикоя карда буданд. Чанд нафар аз сержантҳои онвақтаро барои тақсимоти нашъа дастгир карда муфаттишони Прокуратураи ҳарбӣ ба соҳибони он мебароянд. Аммо бадбахтӣ дар он аст ки чанд сержант-сарбозони фаъол ба ҷойи ин ду нафар чандсолӣ нишастанду ин ду лейтенант пул дода худро халос карданд. Ин сержантҳо Ризоев Наҷибулло,зодаи Кулоб,Аҷиков, зодаи Пушинги Данғара, Шомамадов аз Душанбе, Қарокулов аз Суғд,сержантҳо Сафаралӣ Шарифов,Шарифов Муҳсин аз Суғд, Тоҳирзода Ҷумъабек аз Қабодиён. Атобоев,аз Қурғонтеппа, Исломиддин,аз Суғд, Парвиз Давлатов, аз Вахш, Назиров Валишер аз Кулоб, Акрамов аз Конибодом ва чандин нафари дигар бо шарикӣ ва ё хабар надодан гунаҳкор шуда ба солҳои гуногун ҳукм гирифтанд ва ё пули калон дода халос хурданд.»

Подполковник Мамадалиев Ҳасан собиқ сардори штаби қисми ҳарбии 051 055 буд. Мамадалиев дар назди қисми ҳарбӣ як ошхона барои афсарҳо дорад. Соли 2017 як шаб аз ҳоҷатхона мебаромадам. Дидам, ки як наряди КПП дар пушташ як халта орд омада истодааст. Бемалол КПП -ро гузашт. Ба вай гуфтам, кӣ ба ту фармон дод? Ин халтаи ордро бар ошхона. Гуфт сардори штаб фармон дод ва афзуд,ки маро ёвари навбатдори қисми ҳарбӣ  капитан Ботуралӣ  гуфт рав аз пикарни як халта орд гиру бар. Ман гуфтам навбатдори қисми ҳарбӣ кист? Гуфт майёр Элмуродов Ҳасан. Боз пурсидам,ки  шахси масъул кист? Гуфт подполковник Худойбердиев Парвиз. Рафтам ба суроғи пикарни, дараш маҳкам буд. Баъди ду шата задан дарро Азиз, ҳамон Азизе,ки аз дасти ҷабри Ҳусейнов Саттор фирор карда буд,кушод. Баъд ман гуфтам, ки Азиз мехоҳи имшаб ором хоб кунӣ. Гуфт бале. Ман гуфтам нақл кун халтаи орд куҷо рафт ва бо фармони кӣ? Як лаҳза хомуш шишт ва сипас гуфт халтаи ордро бо фармони подполковник Мамадалиев Ҳасан барои афсарҳо хурок мепазанд. Ман пурсидам,ки боз чиҳо мебаранд? Гуфт картошка, равған, тушонка, капуст, сабзӣ ва чизе бихоҳанд мебаранд. Пурсидам,ки  ин ҳамаро чи хел “списат” мекунанд? Гуфт, ки аз хурокие, ки ба сарбозҳо медиҳем минус мекунем. Баҷои 120 кило картошка 90 киломедиҳем ва дар ҳуҷҷатгузорӣ 120 кг менависем.Ман акнун мефаҳмидам,ки чаро командир ҳар саҳар вақти сафороӣ мегуфт,ки сарбозҳо фарбеҳ шудаанд?

3 рӯз пас ман ба воҳиди навбатдорӣ рафтам. Дар пеши пикарни(нонво) боз пурсидам боз киҳо мебаранд? Гуфт подполковник Мамадалиев,сардори ситод, командири қисми ҳарбӣ ба зани дуюмаш,капитан Ҳусенов Саттор,капитан Далери Абдуғаффор, сардори ситоди дивизияи артилерӣ ва Ашурматов Ҳасан, командири ротаи реактивии  дивизиони артиллерӣ ва муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба ақибгоҳ ва хурокворӣ майёр Холбобоев ва подполковник Бобоев, муовини командири қисми ҳарбӣ  оиди аслиҳа, техника ва капитан Наимов, муовини сардори ситод оид ба ҷобаҷогузории ҳайати шахсӣ ва нарядҳои шабонагузорӣ ва майёр Манучеҳр,сардори шуъбаи раёсати разведкаи қисми ҳарбии 051 064 ва подполковник Туев,сардори шуъба раёсати разведкаи  ҳамин қисми ҳарбӣ. Гуфт ба ҷуз аз прапоршик Меҳтаршоев дигар ҳамаашон аз маҳсулоти ғизоии ҳақи сарбозҳо ба хонаҳояшон мебаранд.

Полковник Айниев  Сатторҷон ,сардори раёсати разведкаи Гвардияи миллӣ, зодаи Кулоб, муовини якумаш полковник Назаров,муовини дуввумаш  полковник Муродов муовини сеюмаш,полковник Мирасанов, чорумаш  полковник Ҳасан мебошанд, ки ҳар кадоме  ҳатман аз ҳисоби сарбозҳо ба хонаҳояшон маҳсулоти ғизоӣ мебаранд.

«Дар раёсати разведка сарбози разведкачӣ  як шабонарӯз навбатдор мешинад. Афсарони раёсати разведка ва навбатдор фармон медиҳанд.Навбатдор ба сарбозони навбатчӣ, ки аз қисми ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд: “ рав картошка ва сабзӣ, пиёз ва тушонкаро дар як линча андохта биёр”.Сарбоз меравад ва аз амбор меоварад. Офитсер мегирад ва хонааш мебарад.»

Дар қисмҳои ҳарбӣ хонаи махсус барои сарбозони зандор мавҷуд аст. Сарбоз ҳақ дорад, ки дар вақт ва муҳлати муайян барои то се рӯз бо хонумаш онҷо биистад. Аммо Ҳусенов Саттор аз сарбозе,ки бо занаш шабро рӯз мекунад барои ҳар шаб 50 сомонӣ мегирад. Ин корро Далери Абдуғаффор ҳам мекунад. Ҳусейнов Саттор боз аз ин ҳисоб даромади дигар ҳам дорад. Вай масъули тозагӣ ва таъмири дивизияи артиллерӣ мебошад. Барои ҳамин ҳар вақте ин ё он сарбоз ба ӯ гуфт,ки хонумаш омаданист филфавр ба ӯ дастур медиҳад ки ранги фарш ва ё девор ва ё ягон асбоби дигар бо худ оварад. Ин ҷудо аз он 50 сомонӣ,ки барои ҳар шаб мегирад.

«Командири қисми ҳарбии  051 064 подполковник Ҷалилзода зодаи Данғара, хусурбачаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо сарбозонаш муомилаи  хуб дорад. Вале аз продуктаи ду қисми ҳарбии 051.055 ва 051.064,ки якҷоя хурок мехуранд, бебаркаш маҳсулот мегирад. Дар ошхонаи ин ду қисми низомӣ сарбозонеро ошпаз (повар) мондааст,ки ҳар чизе Ҷалилзода гӯяд,ҳамонро мекунанд. Як сарбози инҷо,ки ошпаз  буд ва номаш Далер асту даъвати 49ум мебошад ҳанӯз вақте,ки молодой буд як “дембл”ро суд мекунад.Барои бачабозӣ.Тақрибан аз тамоми баталонҳо рафта бо Далер бачабозӣ мекарданд. Далер ба онҳо мураббо,тушонка ва икра медоду онҳо шабона дар ҷогаҳи хоб баҷоӣ мехурданд.»

Соли 2018 замполити қисми ҳарбии 051064 зодаи ноҳияи Панҷмуовини командири ҳамин қисми ҳарбӣ ва  ду сарбози даъвати 47 ва 49умро барои кирдори бачабозиашон қапид. Вай пай бурд, ки ин касалӣ дар байни сарбозҳо аз куҷо пайдо шудааст барои ҳамин  муовинро аз кор фавран озод карданд.

Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Бобоҷон  Ҷамолзода, бародари собик фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва феълан фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ мебошад. Як рӯз бо подполковник Мирасанов    дар раёсати разведка нишаста  будем. Пурсидамаш,ки сардор  чаро мошинатро нав намекунӣ? Гуфт аз кучо харам зарплатам намерасад ба зиндагиам. Гуфтам ягон даходи дигар надорӣ чӣ? Гуфт,ки агар ман данғарачӣ мешудам соҳиби ҷип мешудам. Пурсидамаш,ки  нисбати фармондеҳ  чӣ медонӣ? Гуфт, ки фармондеҳи Гвардия  сахт қарздор аст. Аз Ёқут-2000 ҳазорон сарулибос гирифта пулашро додагӣ нест. Ҳозир Гвардия чанд миллион сомонӣ қарздор аст. Як вақтҳо  генерал-майор дар масоили сиёсӣ ва тарбия Тоҳирзода  Дилшод  Амон зодаи Данғара мехост фармондеҳ шавад. Ин кор соли 2018 буд. Инро фармондеҳ фаҳмид фавран аз вазифа озодаш кард ва сардори ситоди Қушунҳои сарҳади вилояти Хатлон таъин шуд.

Поёни қисмати аввали номаҳои ирсол шуда ба «Ислоҳ». Бахшҳои дигари онро дар фурсати муносиб тақдими шумо менамоем.Агар пас аз нашри ин матлаб ислоҳ шуданд аз нашрашон сарфиназар менамоем. Аммо дар ҳолати идома ногузирем ҳама ончи омадааст нашр намоем,ки шармандагии бузурге хоҳад шуд.

Ps: Хонандаи гиромӣ чунин номаҳо ба “Ислоҳ” 21 адад расидааст. Чунон ҳолатҳоеро аскарбачаҳое аз хизмати ҳарбӣ баргашта навиштаанд, ки шарм медорем онҳоро расонаӣ кунем. Шарм аз он, ки дуздӣ, зарбу, дашном ҷой худ. Амалҳое бо сарбозон анҷом медиҳанд, ки ҳеҷ душман ба асирҳояшон чунин рафтор намекунад. Амалҳои қавми Лут тақрибан дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ вуҷуд дорад. Истифодаи духтарҳои калоншавандаҳо дар амалҳои шаҳвонӣ аз сарбозон дида мешавад.Исми 11 зану духтарони воломақомҳо дар “Ислоҳ” мавҷуд аст.Агар онҳо расонаӣ шавад медонед чӣ валвалае барпо мегардад? Ҳолатҳои ба марг оварда расонидани сарбозон, ба кантузия ва бемориҳои табобатношаванда оварда расонидани сарбозон тақрибан дар ҳама ин номаҳо қарибки дида мешавад. Инчунин бо роҳҳои фиреб дастдарозӣ ба ҳамсарони сарбозон аз тарафи командирони қисмҳои ҳарбӣ ва даҳҳо ҷиноятҳе, ки бо нашри онҳо сипоҳ ва қувваҳои мусаллаҳи кишвар шарманда мешаванду обурӯйи кишвар дар арсаи байналмилал мерезад. Ана акнун фикр кунед,ки бо ин қувваҳои мусаллаҳ мо ватанро оё ҳимоят карда метавонем? Оё ин сарбози ба ин ҳол гирифтор шуда Раҳмонов ва ин ватанро дӯст медоранду барои ин ду ҷони худро фидо мекунанд? Қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!

Сообщение Даҳшат дар қисмҳои ҳарбӣ, вазир аз он огоҳӣ дорад? появились сначала на ISLOH.net.