Архивы Хайруллозода Қурбон Саттор - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №182
Панҷи ноором

Милиса-солҳост, ки дигар муҳофизи қонун, ҳимоятгари инсон ва нозири тартибот дар ҷамъият нест. Милисаи имрӯзаи Тоҷикистон дузд дар либоси милиса аст. Милисаи имрӯз фикру андешаи чи тавр як касро ғорат кардан, ғалтонидан, шинонида ва пул кандан аст.

Раҳмонов ин системаро асос гузошт. Раҳмонов системаи пораву ришват ва беқонуниро асос гузошт. Ҳеҷ нафареро наметавон пайдо кард, ки бигуяд милиса ба мушкилоти вай ҳақанҳақо расидагӣ кард.

Се номаи алоҳида аз Панҷ ба дасти мо расидааст. Ҳар се нома ҳам аз найрангу фиребу буҳтони милисаҳо ҳикоят мекунад.

Вақте ин номаҳоро мутолиа мекунед, шумо ҳам мутмаин хоҳед шуд, ки Панҷ ноором аст. Аммо на он нооромиву на он Панҷе, ки шоир Мирсаид Миршакар дар назар дорад. Достони «Панҷи ноором»и Миршакар дигар асту Панҷи ноороме, ки мо ҳоло мегуем. Ворид шудани номаҳои муфассал аввал аз Бохтар ва сипас аз Ҷайҳун ё Қумсангир ва ҳоло аз Панҷ, ки далолатгари иртиботи қавии мардум бо Ислоҳ аст. Барномаи номаҳо аз ноҳияҳо як минбари расонидани арзу шикоятҳо ва бозгӯйии ҳақиқатҳо шудааст.

Номаи аввал

Достонбек, Давлати кулобӣ ва Турдиев Давлат

Дар аввал ба худи мардуми ноҳияи Панҷ расонданиям, ки бузҳо ва қотилони ноҳияро бишносанд ва бидонанд, то худашонро эҳтиёт кунанд.

Ин бузҳо дар маъракаҳо мешинанд, худро одамони бегуноҳ ва беғубор метарошанд аз одамон гап гирифта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерасонанд,ки фалон одам ин хел гуфт, дигариаш нисбати давлат он хел гуфт. Яке аз чунин нафароне, ки дар ноҳияи Панҷ мардумро ба тамоми мақомот мефурӯшад ва худаш барои пул кор кардан ҷиноятҳоро ташкил мекунад, ба гуфти худашон «бо маслиҳати пешакӣ»   ва омада аз мардуми камбағали бечора пул меситонад, Давлати кулобӣ, ки ӯро ҳамчун «язна»- мешиносанд,Турдиев Давлат ном дорад. Ин буз худаш зодаи шаҳри Кулоб мебошад. Вақтҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар соли 1993 ба ин ноҳия омада ҳамчун раиси райпо то соли 1999 кор кард. Аммо бо маводи мухадир ба даст меафтад ва15 сол равонаи зиндон мешавад. Соли 2014 аз зиндон баромад. Аз ҳамон сол то ҳол кораш бузӣ аст. Ин шахс дар ноҳия бо муовини ШВКД- Табаров Давлатшо ҷураанд. Дар вақти ҷанг инҳо бисёр корҳои зишт кардагианд ва то ҳол ин корҳояшонро идома дода истодаанд. Ин муовини ШВКД аз тарафи Кулоб аст. Инҳо ҳамшаҳр ҳастанд. Ин Давлати кулобӣ аз пушти бузиаш, аз пушти даюсиаш соҳиби мошин шуда ва ба гуфти худаш дар Душанбе хона гирифтааст. Яке аз мавридҳои бузиаш ин аст ки писари аммаи худашро, ки Достонбек ном дорад ва дар як мағоза ҳамчун ёрдамчии мудири мағоза кор мекард, барои 2 кило конфети муҳлаташ гузашта хабар мекашад ва аз ӯ 70 ҳазор сомониашро мегиранд.

Воқеа чунин мешавад:

Тақрибан моҳҳои августи соли 2023 Давлати кулобӣ пеши Табаров омада мегуяд, ки «ман як роҳи пулкоркуниро ёфтам. Агар планмон туғрӣ бгира бовар кун чихел пул худаш меояд».Табаров мегуяд, ки чи кор аст?

Мегуяд, ки «ман як бачаи аммаи содафелак дорум ҳамура як ҷилавша кашидан даркорай….».

Чаро Давлат Достонбеки бачаи аммаи «содафеълак»-ашро чап мегирад?

Кадом вақте Давлати кулобӣ аз Достонбек хоҳиш мекунад, ки «ба ман 1мототсикл ҳезум биёр». Аммо Достонбек бепул намеорад. Давлати кулобӣ, азбаски Достонбек гапашро нагирифт, дар пайи қасдгирӣ мешавад ва амалиёти қасдгирӣ аз ҳаминҷо сар мешавад.

Давлатшо Табарови замначалники милиса гапҳои Давлати кулобиро мешунавад ва мегуяд, «инсуяшро ба ман гузор, инашро ман ҳал мекунам» .

Баъди 3 рӯз соҳиби мағозаро ба ШВКДи Панҷ гуё барои тафтиши ҳуҷҷатҳои мағозааш даъват мекунад. Соҳиби мағоза  Достонбекро мегуяд, ки манро ба ШВКД даъват карданд, то омадани ман ту мағозаро нигоҳ кун, савдо кун.

Соҳиби мағоза ба ШВКД меравад. Хайрулло, сокини инҷо ва як нафаре, ки бо  Давлати кулобӣ дар зиндон нишаста буд ва бо хоҳиши Давлат дар назди мағоза поида меистод дарав ба Давлат занг зада хабарро мерасонад, ки Достонбек дар мағоза аст.

Давлатшо Табаров, муовини сардори ШВКД, тибқи маслиҳати пешакӣ дарҳол аз санэпидемстансия ба мағоза чанд нафарро мефиристад. Одамони санэпидемстансия ба мағоза медароянд ва мегуянд, ки мо барои тафтиш омадем, ки мабодо ягон маҳсулоти просроченний надошта бошед. Достонбек мегуяд соҳиби мағоза нест, омад баъд биёед. Инҳо не, мо бояд ҳозир тафтиш кунем, аз вилоят комиссия омада истодааст, то омадани онҳо мо бояд мағозаҳоро огоҳ ва маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро нобуд кунем,мегуянд.

Достонбек ба соҳиби мағоза занг мезанад. Соҳиби мағоза дар ШВКД телефонашро аз назди КПП мегирад. Ин корманди санэпидемстансия мегуяд, вақт надорем. Мо як мебинем, ки ягон чизи просрочени доред ё не гуфта мағозаро проверка мекунанд. Ягон чиз намеёбанд ва ба складаш даромада ду кило шакалади «степ» ва «медунок»- и муҳлаташ гузашта меёбанд ва онро гирифта бо худашон мебаранд.

Баъди як ҳафтаи омадани санэпидемстансия аз прокуратура Достонбекро занг зада мегуянд, ки ба прокуратура биёяд. Достонбек меравад. Ӯро то соати 9-и шом дар отдел нигоҳ дошта, дело карда ҳамон шаб бурда дар ИВС-и Панҷ маҳкам мекунанд. Пагоҳаш идораи Суд оварда санксия гирифта ба СИЗО-и Қурғонтеппа роҳӣ мекунанд. Дар вақти аз идораи суд ба мошин савор кардани Достонбек, Давлат пайдо мешавад ва Достонбек Давлатро дида мегуяд: «тағо мара махкам кардестаст, хонагиҳо намедонад, хонагиёра бген, мара СИЗО-и Қурған бурдестан».

Давлат гуё аз ҳеҷ чиз бехабар «А бача, ма ҳамиҷадаем ку, тра кӣ қама мекна,бест, пеши суд бдром ку чи гапай» гуфта идораи суд медарояд ва бачаи аммаашро гирифта ба СИЗО мебаранд. Давлат ба хонагиҳои Достонбек ягон чиз намегуяд. Аҳли хонавода 3 рӯз пас даракашро ёфта СИЗО мераванд. Модараш Зиёда ном дорад. Рафта мепурсад бачаашро, ки чи гап аст? Бачааш мегуяд, оча ман намедонам барои чи манро маҳкам карданд. Ва аз модараш мепурсад, ки магар тағои Давлатам шуморо нагуфт, ки манро ба СИЗО оварданд? Модараш мегуяд, не моро ягон кас ягон чи нагуфт. Достонбек мегуяд, ки маро ба мошин савор карда истода буданд, ки тағои Давлатамро дидам: «гуфтумша, ки хонагиёра бген мара СИЗО бурдестас». Гуфт, ки «ма пеши суд бдром чи гапай. Ба ҳамин манро гирифта СИЗО оварданд. Ӯ даромада буд пеши суд. Ку брен пеши тағоии Давлат суд чи гуфта бошад»?

Модараш аз онҷо рост пеши Давлат меояд ва мегуяд, ки «ту писарамро дидай СИЗО бурдестанша ба мора нагуфтӣ»?

Баъд пеши суд даромадааст «ма мефаҳмум, ки чиба тура махкам кардай, ба ҳамин морам ягон чи нагуфтӣ? Ку пеши суд даромада бошӣ, бачама барои чи махкам кардан?»

Давлат мегуяд, ки «бачат прадуктаҳои прасрочни фурухтас, праверка рафтан қапиданша. Барои ҳаму маҳкам карданд. Мара ба и коро қуш накнен, брен пеши суд ҳамаша мега. Ай номи ман гап занен, мумкин ягон ёрдамтон куна, тамом ма ҳамиқа ёрдам карда метонум, брен» гуфта пеши суд роҳӣ мекунад.

Зиёда пеши суд медарояду мепурсад ва аз номи Давлат гап мезанад. Суд мегуяд «апа бачат ҳами гуноҳа кардаст, мо ба ҳабси пешакиш гирифтем, ҳоли судша баъди ба анҷом расидани тафтишот мебинем, ягон гап шавад ба Давлата мегем» гуфта пас мегардонад.

Модари бечора рафта дар пеши дари СИЗО хоб меравад. Дар СИЗО бачаашро он қадар мезананд, ки вақти бо модараш вохурдан гиря мекунад, ки «очаҷон хонара фурӯхта бошадам манро аз инҷо барор». Модараш гириста пеши суд меояд. Суд мегуяд: «бра Давлата бин, ма гапома Давлата гуфтагиюм». Боз пеши Давлат меояд.

Давлат ягон илоҷ надорад: «бачата 5 сол махкам мекнан» гуфта метарсона ва меафзояд: «бра хонат, бо брам қати суд маслиҳат кунум, мумкин ягон раҳ дорад» гуфта роҳӣ мекунад. Ва ҳамин тавр модари бачаро ҳар рӯз сарсону саргардон мекунад ва ин бача 22 рӯз дар СИЗО хоб меравад.

Чаҳор рӯз пеш аз суди Достонбек Зиёдаро мегуяд, ки «ма кати суд маслиҳат кардум 70 ҳазор сомонӣ гуфтестаст. Агар то судша ёфта тонистӣ, полни озод мекунаша бачата».

Ин зани бечораи мазлум гириста-гириста ҳарчи дар буду бисоташ буд, то курпаву болинашро фурӯхта меораду ба Давлати кулобӣ, бачаи тағоияш медиҳад. Инҳо пулро гирифта 6700 сомониашро ҳамчун ҷарима 10 ҳазорашро ба судя ва боқимондаро бо Табаров тақсим мекунад. Достонбекро аз сари суд озод мекунанд. Баъдан Достонбек ба Русия қарзканӣ рафтанӣ мешавад. Аз аэропорт мегардонанд, ки ту ба ягон ҷо баромада наметавонӣ. Модараш аз ин вазъият асабонӣ шуда пеши Давлати тағояш омада «пулҳоямро бигардон, ту ягон корро ҳал накардай» мегуяд. Давлат гашта мегуяд, ки «и*****уй. Бо шумора чи мефора, сағерата бровардум ай СИЗО, ту бо чи иқа нағмабозӣ кардестӣ? Бра ай дастут чи коре меоя букунен»

Зиёда аз ҳолати кор огоҳ шуда мефаҳмад, ки писараш фақат бо ҷарима озод мешудааст. Пеши суд меравад, запс мекунад Абдураҳмонзодаи раиси судро. Ва аз онҷо гашта боз пеши Давлат меояд. Мегуяд ман аз ҳамаи кор огоҳам, запс дорам дар дастам. Шумо бачаи маро махсус ташкил кардед ва аз ман пул кандед, ягон корамро ҳал накардед. Ман рафта запсҳоро ба коррупсия месупорам гуфта ба Идораи коррупсияи вилоятӣ меравад ва запсҳоро медиҳад. Бачаҳои Коррупсия мегуянд мо ин корро ҳал мекунем, пулҳоятонро гирифта медиҳем. Аз ин кор Давлат хабардор шуда ба Русия гурехта меравад. Ду рӯз пас аз рафтани Давлат раиси Суди ноҳияи Панҷро дастгир мекунанд. Апаи Зиёдаро боз коррупсияи вилоятӣ даъват карда ариза ва баёноташро мегирад ва мегуяд, ки «мо пулотона бар мегардонем».

Давлат аз Русия истода он рафиқаш Хайруллоро ба назди Зиёда равон мекунад, ки рафта аризаашро гирад: «набошад омада мекушам ва даркор бошад якумр турмаба мешинам» гуфта тахдид мекунад. Бечора зан чикор карданашро намедонад. Ин маблағҳоро раиси суд ба кала гирифта дар ҷояш востанавит мекунад ва бачаҳои коррупсия Зиёдаро даъват карда мегуянд: «мо ҳозир раиси судро оварда рӯбарӯ мекунем ва маблағатро гирифта меравӣ».

Зани бечора аз тарс «ман ба ягон кас пул надодаам, аризаамро мегирам» гуфта аризаашро пас мегираду пулро намегирад. Бо ҳамин Давлат аз Русия баргашта омада боз ҳамон бузию даюсиашро давом дода истодааст.

Давлат занашро ошкоро ба шуъбаи милисаи Панҷ ба назди Табаров барои ҳуҷҷатҳояшро дуруст кардан бурда месупорад ва худаш дар берун ждат мекунад. Давлат як писару як духтар дорад. Духтарашро ба Регар шавҳар дода буд. Духтарашро ҳам ҳамин хел «аделда кор мекунад» гуфта ба назди Табаров меорад. Аз ин кор домодаш хабар ёфта духтарашро талоқ кард. Табаров рафта барои духтараш аз Душанбе пеши Корвон квартираи1 хонаӣ гирифта медиҳад ва боз як мошини Шевролет мехарад.

Давлат як даюс ва як инсони бисёр ҳам пастфитрат аст. Арақро хурда маст мешавад ва боз мегуяд: «ма мардуми Панҷа ай духтари 5 солаш то занакои 50 соааш ме*****ша, даркор боша мардошам ҳаминхел». 90-90 Тойота -кемрии 2 мокрий асфалт дорад. Як рӯз Давлат савор мешавад, як рӯзи дигар Табаров.

Бародар агар ман дар бораи Давлат нависам ҷиноятҳояш тамом намешавад. Ман гуфтаниам, ки мардуми Панҷ чашматонро кушоед…

Номаи дуввум

Қурбони замнач, Бузмаков ва Аброру Ҷамшед Ҳисориевҳо

Ноҳияи Панҷ, колхози Кабут Сайфидинн. Раиси ҷамоати Кабут Сайфиддин Юнуси писар Кабут Сайфиддин аст. Ин раиси ҷамоат аз ҳар як сагу пишак қарздор аст. Раиси ноҳия буд, ҳозир раиси ҷамоат шудагӣ аст.

Аммо ин навиштаи мо дар бораи раиси ҷамоат нест. Дар бораи Ҳисориев Ҷамшеду Ҳисориев Аброр ва падарашон Алипиён (ба ҳамин ном мешиносандаш) аз деҳаи Партсъезд аст. Ин ду нафар наркобарон ва бузи ментҳо мебошанд.

Як хоҳари онҳо Ҳисориева Ситора мебошад. Шавҳари Ситора Ориф ном дорад. Як язнаи дигариашон аз Кулоб мебошад. Камазист аст. Ҳисориевҳо ҳоло дар Қазоқон мешинанд. Аммо онҳоро ҳама ҳамчун сокинони Партсъезд мешиносанд.

Ҷамшеду Аброр ва падарашон Алипиён, чуноне гуфтем бузҳои мақомотанд. Шуғли асосиашон қочоқи наркотик мебошад. Инҳо ба гуфти мардум фақат мент сер мекунанд. Орифи домодашонро бо борҳои Ҷамшеду Аброр қапиданд. Фақат гапашон ин аст ки мо «болоболоҳоро» мехуронем.

Чанд ҷойҳоеро, ки дар ноҳия гирифтаанд, фақат бар ивази «бор» ба даст овардаанд. Инҳо ба Ҳоҷӣ Раҳматулло-бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов ва Зоир –домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов «бор» медиҳанд ва дар ҳар куҷо аз номи ҳамин «катакатаҳо» гап мезананд.

Он язнаи дигариашон, ки вай ҳам камазист-далнебойшик аст, кори асосиаш кашонидани борҳои Ҷамшеду Аброр мебошад.

Як гектар дар ҳошияи роҳи ноҳияи тарафи Рудакӣ замин гирифта заводи шебен рост кардаанд. Аммо ин завод барои «отвод глаз» аст. Инҳо «бор»-ро мебаранд ва дар ҳамон территорияҳо, аз ҷумла ҳамон заводи шебен баҷо мекунанд ва аз онҷо ба харидорҳо мефурӯшанд.

Чанд бор ин ду язна ва чанд шогирдҳои Ҳисориевҳоро қапиданд. Бо Камаз ҳам қапиданд. Сад- дусад ҳазор доллар дода халос шуданд.

Автобазаи тарафи Маданиятро барои қарзи борашон гирифтанд. Ду мағозаи стройматериал-шиферу тахта доранд. Инҳоро ҳам бо «бор» бартер кардагинад. Ҳамин точкаҳояшонро бо Ваҳҳоби сиёҳ  ба бор иваз кардагианд.

Ситора хоҳари Ҷамшед як бераҳа аст. Орифи шуи Ситораро ду сол пеш қапиданд. 28 ҳазор доллар дода халос карданд. Ситора пештар телефонфурӯш буд.

Чанд вақт пеш яке аз язнаҳояшон-Орифро бо 70кило қапиданд. Гуфтанд, ки корро ба кала бигир, мо туро мебарорем. Аммо ин одам алайҳи Ҳисориев Ҷамшед показаний дод. Ба началник милитсияи пешина 80 ҳазор доллар пора дода наҷот ёфтанд.

Ҷамшед ва Аброр афғонҳои шарикони тиҷоратии маводди мухаддирашонро ба 350 ҳазор доллар кидат карданд. Афғонҳо, ки «мо любой солдата мезанем, бигзор давлат фаҳмад, ки чи гап аст. солдаторо мебарем мекушем ё меравем ягон заставаро тиршап мекунем.Сипас мегуем,ки Ҳисориев Ҷамшеду Аброр кардагианд». Ҷамшед, Аброр ва Ваҳҳоби сиёҳ қариб 1 миллион доллар аз афғонҳо қарздоранд. Ин қазияро бояд мақомот хуб диққат диҳанд,ки боз чанд вақт пас ҳазор туҳмати бардурӯғ накунанд вақте ягон ҳодисае сар зад!

Ҳисориев Ҷамшед бо афғонҳо  қатъи робита карда телефонашро кушт.

Аммо афғонҳо қасди Ҷамшед ва Аброрро аз сарбозҳои сарҳадбон гирифтанианд. Қасди куштани солдатҳои бе гуноҳро доранд. То давлат аз кирдорҳои Ҷамшед ва Аброр бохабар шавад. 350 ҳазор доллар Ҷамшед ва Ваҳҳоби сиёҳ 600 ҳазор доллар аз афғонҳо қарздоранд. Дар ин қарз ҳиссаи Суҳроби сурх ва махсуми Халил ҳам ҳаст.

Инҳо ҳамаашон як «круг»-анд. Маҳмади ниҳол, махсуми Халил, Суҳроби сурх ҳамагӣ аз як круганд.

Дафъаи гузашта афғонҳо чанд солдатро зинда гирифтанд-заложник. Амният чи коре кард пас гирифтанд , тавассути дигар шахсҳо. Ҳозир боз ҳамон нағмаро сар карданд.

Ҷамшеду Аброр афғонҳоро кидат карда пулҳоро ба ментҳо медиҳанд. Ҳисориев Ҷамшед як Прадо дорад, ки ба боркашӣ успет намекунад.

Ҷамшед Ҳисориев Аброр Ҳисориеви писарони Алӣ пиёнро Сардори собиқи ШВКД Панҷ Ҷумахон Назар боздошт мекунад. Ин боздошт бар асоси 2000 ҳазор доллари амрикоӣ қабул кардан аз харидорҳои масолеҳи сохтмонӣ сурат мегирад. Тибқи маълумот ин дуро як уголовний розыск подставиташон мекунанд. Танҳо 80 ҳазор доллар Ҷумахон Назар мегирад. Инчунин дар суд бошад 150 ҳазор сомонӣ доля медиҳанд ва 100 ҳазор сомонӣ ҷарима дода озод мешаванд.

Як вақт борҳояшонро қапиданд. Борҳоро аз Ваҳҳоби сиёҳ қапиданд ва вай баёнот дод. Ваҳҳоби сиёҳ, шарики тиҷорати наркотики Ҷамшед ӯро фурухт. Алайҳи Ҷамшед нишондод дод. Ба сардори милисаи пешина, ки Ҷумахон Назар буд 100 ҳазор доллар дода халос хурд.

Вақте Ҷамшедро қапиданду Ҷумъахон Назар 100 ҳазор долларашонро гирифт аввал Ҷамшедро тарсонд, ки СИЗОят мебарем. Азбаски Ҷамшед чандин нафарҳоро «подставит» кардагӣ буд ва баъзе аз онҳо айни замон дар СИЗО буданд ва имкон дошт, ки баъзе аз онҳоро барои ин ё он кор аз зиндон ба СИЗО оваранд, аз рубару омадан бо онҳо тарсид. Вақте Ҷамшед дар пушти отдели Панҷ,ки  (ИВС) буд милисаҳо вайро охурча ё хуррагаҳ кардагӣ буданд. Чуноне, ки Фаттоҳ Саид дар вақташ Низомхон Ҷураевро фуҷида қоқ карда буд.

Дар толори Раёсати корҳои дохилии Хатлон ҷаласа баргузор шуд. Дар он ҷаласа акси Ваҳҳоби сиёҳро бо ришу фашаш нишон доданд. Абдураҳмон Бузмаков Қурбони замначалники Панҷро хезонида пурсидааст, ки «ира мешиносӣ»?

Гуфтааст: «ҳо, қатиш як бор шишту хез кардагиюм».

Бузмаков ба Қурбони замначалник гуфтааст, ки «чи руи очата лахча мекунӣ? Паданаълати ҳаромхур! Постоянний ту қати ҳамин будӣ!»

Бузмаков дар ин ҷаласа Қурбони замначи Панҷро дашномҳои қабеҳ кардааст: «ку..зан мезанамат дар танаи девор келаск бори мечаспӣ»

Хайруллозода Қурбон Саттор  замнач гуфтааст, ки як бор кардам.

Бузмаков гуфтааст, ки як бор накардӣ, ҳамаи корҳоятро медонам.

Қурбони замнач агар кор накарда бошад, 500- 600 ҳазор доллар фақат аз Ваҳҳоби сиёҳ кор кардагӣ аст. Ҳамроҳи Хайруллозода Қурбон Саттор  сардори УУР-и Хатлон ҳам буд. Ҳоло дар кадоме аз ноҳияҳои вилояти Суғд сардори милиса шудагӣ аст.

Борҳои Ҷамшеду Аброрро Ваҳҳоби сиёҳ мекашонд.Хайруллозода Қурбон Саттор ва ҳамон началники собиқи УУР-и Хатлон сопровждаюший буданд. Ҷамшеду Аброр суми калон барои сопроваждаюшияшон ҷудо карда буданд.

Ҳозир бошад Ҷамшеду Аброр ҳам суд, ҳам прокурор ва ҳам началники милитсияи нав омада подполковники милитсия Шамсуллозода Баҳром Салом сардори ШВКД Панҷ низ дар «доля» шинонидагианд.

Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков, ки ҳоло кондиди №1 ба ҷойи Рамазон Раҳимзодаи буқача аст худаш Хайруллозода Қурбон Сатторро гуфтагӣ, ки «мезанам келаск боре деволда мечаспӣ. Сумои мардума мегирӣ бо отказ мекунӣ». Тибқи маълумоти дигар ин аст,ки Бузмаков пули хуб гирифтааст ва дигар Бузмаков ҳам кришашияшон мекунанд. Яъне корҳо ҳал шуд.

Аммо Хайруллозода Қурбони замнач ба ҳадде аз худ рафтагӣ аст, ки даже дар пеши пост хона рост кард. Қурбон аз сумҳои Ваҳҳоби сиёҳ дар пеши бозор як дастгоҳи пахтазанак харида ба кор даровард. Дар пеши Ҷумъабозори Панҷ «Лаби чаган» мегуянд, ки онро ҳар кас медонад.

Бузмаков дар маҷлис гуфтааст: «Муҳаммадиқбол тра чи барномае кардаст, ростат мега, мошини 60 ҳазор доллараро дар Данғара чапа кадӣ, корат фақат ин аст ки чи тавр туҳмат кунӣ ягон касрову бариву сум канӣ»

Ҳамон началник Уголовний розиски вилояти Хатлон  аз номи вазир ва аз номи Бузмаков гап мезад «супориш аз боло» мгуфт ва  ягон кас қуш намешуд. Ҳатто началникро «в курсе» намемонданд. Ҷамшед, Аброр ва Ваҳҳоби сиёҳ ҳам дар ҳавои ҳавобаландиҳои онҳо «летат» мекарданд ва аз номи Бузмаков гап мезананд.

Мо дар Ислоҳ чандин матлаб ва дуздиҳо ва наркобарон будани подполковники милитсия Хайруллозода Қурбон Саттор замначи Панҷ нашр намудем. Аммо боз ҳам Шариф Назар ӯро сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъинаш намуд. Тибқи маълумоти расида Хайруллозода Қурбон дар круги худаш дар Душанбе ?ки щангоми дарс якыо ыамъ шуда буданд гуфтааст:  «чикорам мекунанд менависанд барнома мекунанд Шариф Назара 70 ҳазор додам бояд Панҷда мемонданм гуфт, ки уҷа дига намешавад шумиха кард Ислоҳ вале Темурмаликда мондм».

Началник милисаи пешина Ҷумахон Назар буд. 80 ҳазор доллар аз ҳаминҳо гирифт. Ҷумахон Назар баъди Ваҳҳоби сиёҳро қапидан, яъне дар ду-се моҳи ахири кораш аз ниммиллион доллар зиёд гирифтуу рафт. Дилхоҳ касро мехост оварда мезад. Хоҳад салафӣ мезад, хоҳад дигар чӣ. Меканд 20 -30 ҳазор доллари он бадбахти бечорарову ҳуй мекард. Пеш аз Ҷамшед бачаи Расулро қапида чил ҳзор долларашро гирифта гуфтаст дар территорияи Тоҷикистон набинамут, гум шав.Гуфтааст, ки ман «куҷо мерам, охир ман ягон кор накардам».  Ҳоло бошад Ҷума Назар сахт машғули кору бори маводи мухаддир аст. Ба наздики якуним моҳ пеш чанд нафарашро дар Суғд бо маводи мухаддир боздошт карданд мардак барин рафта онҳоро озод кард.  Ҳоло бошад Ҷумъа Назар дар УУР вазифаи баланде надорад. Аммо гуфтааст Бузмаков вазир шавад вазифаи хубам медиҳад. Аммо Рамазон Раҳимзода сахт бадаш медидааст вале ҳимоятгараш Бузмаков аст вазир аз дасташ чизе намеояд.

Номаи саввум

Милисаҳои Панҷ мулло Нурмуҳаммадро чи гуна куштанд?

Дар ноҳияи Панҷ бо номи Фирузача машҳур аст. Дар пеши идораи ШВКД-и Панҷ як самбусахона ҳаст, ки дар онҷо ҳамчун пешхизмат кор мекунад. Ин зан бузи милисаҳо ва як подставчик аст. Ҳозир ӯро «вобаста» кардаанд.

Сардори УБОП-и ШВКД-и Панҷ Убайдулло ном дорад. Ин Убайдулло як мошини 99 шалақ дорад. Бо ҳамин Фирузача ҳамкорӣ мекунад, балки Фируза ҳам буз ва ҳам «постоянка»-и Убайдулло мебошад.

Ба наздикӣ як муллоеро, ки 70 сол дорад, аз ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат деҳаи Шакардашт ва ҳамсояи худи ҳамин Фируза аст, подстава кард.

Нурмуҳаммад Ҳимматов, қаблан имомхатиб буд. Аммо баъдан ӯро гирифта дар ҷояш чоплуси худашонро таъин карданд. Марди зиёӣ буд. Мардуми қишлоқ ҳурматаш мекард. Солим ва бардаму боқувват, ягон дард надошт. Мутаваллиди соли 1958. Милисаҳо ҳамин Фирузаро « ису усу карда ташкил» мекунанд. Мебаранд пешаш медароранд.  2-3 маротиба рафта ман тарс дорам бобои мулло манро бихонед гуфта ба бовариааш даромада бо вай худро мечаспонад. Ин бева ҳамсояи худи ин мулло аст. Пеши домулло меравад мегуяд, ки «домулло мазаам нестай, мара бхона, маро вай ку,ису ку осу ку». Меравад як –ду бор мехонад. Сеюмбора меравад худи бева движени мекунад. Ин муллоро чанд сол мешавад занаш нест. Фируза движений мекунад. Одам нафс дорад. Дилхоҳ мард нафс дорад. Як ду бор ҳамин корҳоро мекунад. Дафъаи дигар бева съемка мекунад, баҷоӣ ва ба отдел медиҳад. Ин воқеа рӯзи 8 сентябри соли 2024  шудагӣ аст. Хулоса, бева съемка карда ба милисаҳо медиҳад. Ва дафъаи дигар тавре шароитро месозанд, ки дар айни муносибат милисаҳо зада хона даромда муллоро дастгир мекунанд. Мегиранд мебаранд отдел.

Мулло дар аввал чанд бор рад карда мегуяд, келинам ин корро накун, ту шавҳар дорӣ, ягон кас бидонад, дар қишлоқ беобру мешавам.

Фируза бошад ҷавоб медиҳад, ки «домулло парво накун, шавҳари ман дар Русия, маро партофта рафтагӣ аст. Шумо ҳам бе зан, ягон кас пай намебарад» ва бо ҳамин гапҳо муллоро ба дом меандозад.

Дар ҳамин ҳолат кормандони милитсия даромада муллоро дастгир карда зада- зада ба отдел мебаранд. Муллоро он қадар мезананду дар каллаш мебанданд, ки ту ҳамин занро таҷовуз кардӣ, мо туро турма мекунем ва бо ҳамин гуна таҳдиду фишорҳо  метарсонанд ва мулло мегуяд, ки «ман ин шармандагиро намебардорам, чизе гуед меорам. Ин гап ягон ҷо овоза нашавад» гуфта илтимос мекунад. Убайдулло мегуяд: «мусафед 30 000 сомонӣ оварда диҳӣ, ҷавобат медиҳем набошад ба ВКД мебароем фалон мекунем. Агар 30 ҳазор сомонӣ овардӣ мо туро намешиносем ту моро.

Мулло розӣ мешавад. Ин мулло 4 фарзанд дорад ки дар Русия ҳастанд. Аз 10 сол зиёд дар онҷо кору фаъолият доранд. Пулро равон мекунанд. Ин мулло пулро гирифта пеши Убайдулло меорад. Убйдулло муллоро даруни кабинеташ дароварда Фирузаро занг мезанад. Мегуяд давида карда пеши ман биё. Фируза меояд ва аз пулҳое, ки ин мулло оварда буд Убайдулло 10 ҳазор сомониашро гирифта дар пеши чашми мулло Фирузаро медиҳад ва мегуяд, ки ин ҳақи ту. Муллоро мегуяд муйсафед «хай дар зиндагӣ чиҳо намешавад, кори шидагӣ шид, гап ҳаминҷа мурд мегуяд. Агар аз инҷо баромада ҳамин занакро ягон гап мегуӣ «куни турмада ҷот мекнм» гуфта қасам медиҳад ва ҷавобаш медиҳад. Ин мулло баромада писаронашро мегуяд манро ба назди худатон фарёд кунед. Ман дигар дар Тоҷикистон намеистам гуфта билет мегиронад ва аэропорти Душанбе меравад. Уро бо чи сабабе гузаштанӣ намемонанд. Мегуянд муйсафед ту аз Тоҷикистон баромада наметавонӣ. Гашта хонааш меравад. Дар аввал аз гармии дард он қадар намефаҳмад. Пагоҳаш аз даруну даҳонаш хун меравад. Дар ҳол фарзандҳояшро мегуяд саломатиам хуб нест, биёед. Фарзандонаш меоянд, мебаранд бемористони Панҷ. Онҷо қабулаш намекунанд. Рост мегиранд мебаранд Душанбе ба беморхонаи Истиқлол корпуси 5А мебаранд мехобонанд. Ва духтурҳо омада ташхис мегузаронанд ва фарзандашро пешаш фарёд карда мепурсанд: «падаратонро чи кор кард? Касе зад ё аз куҷое афтид гуфта аз писараш мепурсанд»?

Писараш аз духтур мепурсад, ки барои чи ин хел пурсида истодед?

Тамоми дилу ҷигараш дарида лахтаи хун шудааст мегӯянд духтурон. Инро мо табобат карда наметавонем ва аз беморхона ҷавобаш медиҳанд. Баъди се рӯз ҷавобаш доданд, ки одам намешавад, бигиред баредаш.

Уро дар милисахона зада полний ход маъюбаш карданд. Пулашро гирифта ҷавобаш доданд. Пагоҳаш дар хонааш ғалтид. Ҳамсояҳояш гуфтанд, ки аз милисахона омад мазааш тамоман гурехт.

Аммо Убайдулло, сардори УБОП-и Панҷ бохабар шуда  омада духтурҳоро чи коре кард, ки духтурҳо гуфтанд, мо ҳар кори аз даст ва имкониятамон бударо анҷом додем. Намешавад.

Писаронаш падарро оварда дар хона табобат мекунанд. Аммо фоида намекунад Баъди 5-6 рӯз яъне дар санаи 27 сентябр вафот мекунад.

Ман бо навиштани ин ҳикояти ҷонгудоз чи гуфтан мехоҳам? Нафақат муллои Панҷро, балки тамоми моро ин золимон, яъне авлоди Эмомалӣ кушта истодаанд. Ин Убайдулло ҳам аз ҳамон Данғара аст. Шавҳари Фируза аз ин кор огоҳ шуда мегуяд ман барвақт занамро талоқ карда будам. Ному насаби шавҳари Фируза Турдалиев Гулмад аст.

Ба мардуми Панҷ гуфтаниам чашматонро калон кушоед. Имруз муллоро мекушад, пагоҳ моро, бародару акаву хоҳарамонро мекушанд ин золимон. Фируза як духтари дигар дорад, ки нав 18 сола мешавад. Ин ҳам як қаҳба аст. Огоҳ бошед ҷавонҳо. Шуморо ҳам подстава накунад.

Тахминан як моҳ пеш ба деҳа мошини Убайдулло (любовник)-и Фируза меояд. Рақами қайди давлатӣ, яъне номери мошин 99 -90. Ин мошин соати 1-и шаб меояд. Бачаҳои қишлоқ мебинандаш. Мегуянд, ки «янга ин коратона накунед қишлоқи мора беобру кардӣ».Фируза бачаҳои қишлоқро мегуяд, ки « кортон набоша ку..теҳо». Яке аз ин бачаҳоро ин гап сахт мерасад, мегуяд «даҳанатро раҳ бги хафат мекунам».

Фируза пагоҳаш меравад ба Убайдулло ҳамаи моҷарор зиёду барзиёд карда хабар мекашад. Убайдулло ин бачаҳоро дастгир карда мебарад, статяи авбошӣ мезанад ва 5 суткаи маҳкам ва 7ҳазор сомонӣ ҷаримаашон мекунад.

Ин буд моҷарои Фируза, домуллои марҳум Нурмуҳаммад Ҳимматов ва милисаҳои Панҷ

Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ». Ончики инҷо хондед, воқеияти маҳз аст. Ҳиҷ ҳарфе изофа ва афзуда нашудааст.

Агар ҳукумат ҳукумат аст, агар прокурор прокурор аст, агар амният амният аст, агар милиса милиса аст, агар суд суд аст, ин ҳодисаҳо руй намедод.

Достонбек чи гуноҳ дорад? Вай на соҳиби мағоза аст, на мол қабул мекунад ва на фурушанда аст. Вай фақат бо хоҳиши соҳиби мағоза дар ғиёбаш барои чанд соат дар ҷойи вай истодааст.

Ва ё ҳамон мулло, ки акнун дигар зиндагиро тарк кард. Ҳам 30 ҳазор дод ва ҳам кушта гардид.

Милисаро бинед, ки амнияти роҳи қочоқбаронро таъмин мекунад. Яъне сопровождаюший. Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Аламшозода Абдурраҳмон ё Бузмаков медонад, ки як мақоми масъули милиса дар ноҳия бо қочоқи маводи мухаддир машғул аст. Ва ҳамин муовини аввал имкон дорад, ки курсии вазириро бигирад.

Ана ҳамин аст Раҳмонов ва ҳукумати вай.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №182 появились сначала на ISLOH.net.

Дар ШВКД-и Панҷ миёни “круг”-и Зоир ва Шоҳрух барои маводи мухаддир ҷанҷол аст
Дар ноҳияи Панҷ подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор, муовин- «зам по опер» ва полковник Шокирзода Баҳром Хол, сардори шуъбаи милисаи ноҳия мебошанд. Аммо байни ин ду ҳамкорӣ неву рақобати шадид дар ҷараён аст. Гап сари он меравад, ки Қурбон(муовин) талош дорад, ки ҷойи Баҳром(сардор)-ро бигирад. Ин матлаберо, ки ҳоло мутолиа мекунед, ончуноне манобеъи мо муайян кард, маълумоту далелҳояшро Баҳром Шокирзода ба воситаи “одамҳо”-яш ба мо фиристодааст, то инки тавассути “Ислоҳ” аз ниятҳои Қурбон ҷилавгирӣ намояд.

Полковник Шокирзода Баҳром вазифаро пас аз барканории Шамсулло  Маҳмудзода Хайрулло- бародарзодаи Муҳаммадсаид Убайдуллоев соҳиб шуд.

«Шокирзода Баҳром Хол 56 сол дорад ва дар деҳаи Охсуи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз соли 1993 дар ВКД корро шурӯъ кардааст. Маълум аст,ки дар ин солҳо чи афрод ва шахсиятҳое дар ВКД ба кор омадаанд. Аз соли  1995 дар воҳиди низомии 3502 (аз Суҳроб Қосимов) корро оғоз намудааст. Ҳамеша ва дар ҳар куҷо худро ҷияни генерал Суҳроб Қосимов муаррифӣ намуда ба ғорати одамон ва таҷовузи духтарони ноболиг дар Душанбе, Варзоб, Ваҳдат ва Рудакӣ машгул буд. Қатли садҳо афроди мулкӣ, сокинони Душанбе, ВМБК ва манотиқи шарқии кишвар дар сияҳномаи ӯ сабт шудааст.»

Як ҳамсилоҳи собиқаш,ки феълан дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад гуфт, ки Баҳром он солҳо бо як такаббур ва манманӣ мегуфтааст,ки

“агар ма як духтари ғармӣ ё шаҳрӣ накунам он рӯз безеб мегузарад. Ё инки агар натонистам карда бояд ягон ғармӣ ё помириеро азобу шиканҷа тиям, ки ором шавам.”

Ба гуфтаи ҳамин ҳамсилоҳаш “ҳамеша ҳар фармони қатл ё “безарар” гардонидан содир мешуд ӯ ин амалиётро бо се нафари дигар, ки намехоҳем номҳояшонро гӯем,ба ӯҳда мегирифт.Бераҳмона мекушт ва аслан раҳм ба ҳеҷ касе надошт. Ҳатто дар як амалиёт ба тарафи гаҳвора тир кушод вале дигар намедонем ҳоли он тифл чи шуд ва дар ҳол аз ҷои ҳодиса дур шудем. Мо шоҳиди ин ваҳшониятҳои ӯ ҳастем”

Ӯ чанд соле дар мақоми сардори милисаи фурудгоҳи  Душанбе ҳам кор кардааст. Он солҳо дар иҳотаи муҳофизони мусаллаҳ ва бо як дабдабаву савлату салобат мегашт. Ба интиқоли маводи мухаддир ба Русия машғул буду ба ғорати рӯйрости мардуми оддӣ. Ӯ дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла дар отряди махсуси милисаи ШВКД дар Варзоб ва қисми низомии 3502 -и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон кор кардааст.

«Сипас ӯ дар мақомҳои сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, сардори ШВКД- ноҳияи Шаҳринав, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор фаъолият доштааст.»

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Шокирзода Баҳром Хол вақтҳои охир иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буда аст.

Шокирзода Баҳромро соли 2015 бо ҷурми гирифтани пора аз тарафи СБ МВД(Хадамоти амниятидохилии ВКД)дасгтир карда буданд аммо бо навиштани ариза бо хоҳиши худ аз вазифа рафта буд. Аммо як каме баъдтар бо дастгирии бевоситаи директори Агентии коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб (Саидов Фаттоҳ Ғоибович) Шокирзода Баҳром Хол ба вазифаи муовини сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии коррупсия таъин шуд (аҷоибаш ин аст ки сардори милисаро бо далелҳои равшан, бо порагирӣ аз тарафи СБ ВКД дастгир мекунанд, аммо ба баҳонаи он ки корманди «хизматнишондода» будааст, аз кор намеронанд, ба зиндон намекашанд, баракс ин қотили порахурро ба вазифаи болотар таъин мекунанд.

«Албатта, оиди ин ҳолат полковник Раҳмоналӣ Давлатов, сардори Раёсати Амнияти дохилии ВКД дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ баромад карда Фаттоҳ Саидовро танқид ҳам карда буд. Аммо директори Агентии мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов (падари Шоҳрух Саидов, дусти Рустами Эмомалӣ) шантажисти моҳир ва модари афёра ва интригаҳои махуф аз ӯ ҳамеша ёд мекунанд, Баҳром Шокирзодаро дастгирӣ кард. Чунки  он вақтҳо Фатоҳ Саид бо президент Эмомалӣ Раҳмонов  наздикии сахт дошт. Дар ҳол  ин полковники бовиҷдони милиса Давлатов Раҳмоналиро (ҳол он ки ӯ акаи хусури Рустами Эмомалӣ аст) сиёҳ карда аз вазифаи сардори СБ МВД гирифта ба поён, яъне чуноне мегӯянд “понижений” ба мақоми сардори милисаи ноҳия Панҷакент бадарға кард. Айни замон полковник Давлатов Раҳмоналӣ сардори милисаи минтақаи Кулоб аст.»

Полковник Шокирзода Баҳром Хол дар соли 2021 сардори милисаи ноҳияи Панҷ таъин  шуд. Вай аз “круг”-и Фаттоҳ Саид аст. Ва дар ин “круг» муовини сардори Хадамоти гумрук генерал Ҳурматов Ислом (домоди акаи президент) ва генерал Сафаров Хуршед (бачаи ошнои президент ва “сабутилник”-и ӯ Сафар Шералӣ ) ҳамагӣ аз Данғара буда хешу табор ва “ҳамкеш”-у ҳамахлоқи падари Шоҳрух Саидов мебошанд.    Ин афрод барои вазифа ба ҳар номардӣ омодаанд, ҳатто барои сиёҳ кардани ҳамкор, рафиқ ё муовинонашон заррае виҷдон  азобашон намедиҳад.

«Ҳаминро мегӯем, ки Шокирзода Баҳром нафари наздики Фаттоҳ Саид бо мусоидати Шоҳрух Саид ба ин вазифа таъин шудааст. Овардани Баҳром Шокирзода ба вазифаи сардори милисаи ноҳияи Панҷ, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошад бо ин мақсад аст ки канали интиқоли маводди мухаддири Шоҳрух Саидро контрол ва ҳимоят кунад.»

Тибқи маълумоти охири расида Баҳром Шокирзода ҳар ҳафта ба назди Фатоҳ Саид меомадааст:  “ма ҳама вақт дар хидмати шумо ва Шоҳрухи ҷиян ҳастам ва чихеле ба   Суҳроб Қосимов  хизмат кадам шумода ҳаминхел хизмат мекунам. Қадри маро шумо донистед, на Рустам ва на Ҷаноб. Барои чанд суми пора қапиданма мара аз система берун кадан. Благодаря шумо ма зиндон нашудам ва то ҳозир дар миёни ин оила кор карда истодаам”

«Маълумоти амниятӣ ба “Ислоҳ” расида аз он ҳикоят мекунад, ки ин ҳама интригаҳои сиёҳ кардани муовинашро ба Баҳром Шокирзода Фаттоҳ Саид ёд додааст. Инчунин барои таъини ӯ ба ин мақом Шоҳрух чанд маротиба Рустамро фаҳмонида будааст, ки ин минтақа барои тиҷоратҳои мо муҳим аст ва Рустам ба ин пешниҳод розӣ шудааст. Ҳоло ба воситаи ҳар кас   ба сиёҳ кардани муовинони худ шурӯъ кардааст.»

Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор, муовини Баҳром Шокирзода як дузд ва порахӯри дигар аст. Албатта вай бе супориши сардори милиса ягон кор карда наметавонад. Чуноне бе супориши Президент ягон кор намешавад бе супориши сардорони милиса, кормандони милиса ягон корро ҳал ва ё анҷом дода наметавонанд!!

Қурбони «замнач»-и Панҷ кист ва ба чӣ корҳо  машғул аст?

Ё Ҷиноятҳои Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор

Моҳи апрели соли гузашта дар деҳаи Пограничний як ҷиноятро пинҳон карда хост сум кор кунад. Ин ҷиноят марбут аст ба таҷовуз ба номуси як арӯси ҷавон. Ному насаби ин духтарро намегӯем вале ӯро ду марди калонсол таҷовуз карданд. Он духтар бо шавҳараш милисахона рафта аз болои он ду мард шикоят мекунад.

Аммо Хайруллозода Қурбони «замнач» аризаро гирифта онро пинҳон месозад. Он ду нафар марди таҷовузкорро фарёд карда вазъиятро мефаҳмонад ва аз онҳо барои пӯшонидани ҷиноят пул талаб мекунад. Қурбон чунин корҳоро ба як кори маъмулӣ мубаддал кардааст. Вай дар байни мардуми инҷо чанднафарро ҳамчун «шестёрка» истифода мекунад.Ҳоло номи ҳамаи ин одамҳоро намегирем. Вале вақту соаташ ояд ҳатман мегӯем. Ин «шестёрка»-ҳо ҳамчун «посредник» ҳам кор мекунанд.Мегӯяд, ки бираведу гапзанон кунед,«соҳибош кати суҳбат куне, пулшон мекунем».

Яке аз рафиқони беҳтарини Қурбон  Ҳамза гуфтанӣ шахс аст. Вай раиси корхонаи пахтаи ноҳия Панҷ ва одами ҳоҷӣ Раҳматулло, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тамоми заминҳои Пограничний аз они ҳамин одам аст. Мардуми инҷо ранги ғулом ва Ҳамза мисли фиръавнча мебошанд. (Хуб диққат диҳед Ҳамза одами Ҳасан Асадуллозода аст ва ба “круг”-и сардори милиса хуш намеояд ва бояд ӯро аз ин ноҳия дур кунанд. Бори дигар мегӯем, ки диққат диҳед ба интригаҳои дохилии инҳо. Чи хел кор мехоҳанд кунанд дар ноҳияи Панҷ.)

Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор он арӯси ҷавонро ба шӯъбаи милиса меоварад. Он ду нафарро ҳам даъват карда меоварад ва мурданивор латту кӯб мекунад. Баъд Ҳамзаро мефармояд, ки биравад бо ин ду нафар маслиҳат карда пулашонро гирад, ҷавобашон медиҳем. Ҳамза, ки раиси ин ду нафар будааст ҳам аз онҳо сум мекунад ва ҳам муттаҳам карда ғуломвор кор мефармояд. Онҳоро «отдел» меоварад, мегӯяд, ки ҳар кадомат 50.000 сомонӣ зуд оваред, вагарна 12 солӣ зиндон мешавед. Онҳо мераванд вале ин қадар сумро пайдо карда наметавонанд. Онҳоро ҳаррӯз даъват карда, ба «подвал» дароварда мезананд.Маҷбур мешаванд,гову чизу чораҳояшонро мефурӯшанду 15-20.000 сомонӣ меоранд. Мегӯянд, ки дигар наёфтем, ҳамин қадар пайдо кардем. Вале онҳоро боз маҷбур мекунанд, ки рафта боқии пулро биёранд. Онҳо дигар ночор мешаванд мераванд идораи коррупсия ва ҳолатро ҳикоят мекунанд.

Аз коррупсия ба онҳо пул дода мегӯянд, ки раванду бигӯянд, ки пулро ёфтем, омада гиранд. Ин ҳодиса моҳи рамазон руй дода буд. Ин вақт дар Ворухи Исфара ҷанг бо қирғизҳо сар мешавад. Подполковник Хайруллозода Қурбон Сатторро бо ҳамроҳии дигар милисаҳо шабошаб Ворух «отправка» мекунанд.

«Саҳар Ҳамза пулро аз инҳо гирифтанӣ мешавад. Ҳамза пулро мегирад, кормандони коррупсия ӯро қапида ба дастонаш «наручник» мезананд. Ҳамза мегӯяд, ки ман ин пулро бояд ба подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор бидиҳам. Мегӯянд, ки занг зан, Қурбон омада сумро бигирад. Қурбон дар ҷавоби Ҳамза мегӯяд, ки ман дар Ворух ҳастам, омадан наметавонам. Кормандони идораи коррупсия Ҳамзаро бо худ ба Бохтар- маркази вилояти Хатлон мебаранд. Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳи Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, ки Ҳамза коргари вай мебошад аз дастгир шудани Ҳамза бохабар мешавад. Идораи Агентии коррупсияи вилоят омада мегӯяд, ки Ҳамзаро зуд сар диҳед, чунки Ҳамза на танҳо коргар, ҳамчунин бойфренди Раҳматуллоҳ будааст.»

(дар мавриди амалҳои нангини Раҳматулло даҳҳо далоил вуҷуд дорад, ки ӯ чунин амалҳоро анҷом медодааст. Шавоҳиди зинда бо эътирофоти онҳо дар “Ислоҳ” вуҷуд дорад. Каме аз онро мегузорем ,то дигар шакку шубҳае надошта бошед. )

Аммо дар ин мобайн як «генерал Фатҳулло» , муовини сардори Раёсати милисаи вилояти Хатлон, ки тағои подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор мебошад аз ҳодиса бохабар мешавад. Вай «криша»-и Қурбони ҷиянаш аст. Қурбон барои вай ҳам «кор» мекардааст, чунки Фатҳулло барои Қурбон «воля»-и зиёд додагӣ аст. Барои ҳамин аст ки кораш фақат «безпредел»-ӣ аст. Қурбон на сардори худ, на прокурору суд, на раиси ноҳия ва на ҳеҷ касро «признават» намекунад. Чизеро, ки хоҳад ҳамонро мекунад. Гӯиё ягон кори ӯро мақомот намебинад. Вай ду “дело” дорад: яке барои маводди мухаддир ва дуввум барои ришва, аммо ҳоло ҳам муовини сардори милисаи Панҷ аст. Ба баҳонаи бизнеси пахта наркотик савдо мекунад. Ба Москваи Русия мефиристанд.

«Аз сарҳади Панҷ Хайруллозода Қурбон Саттор худаш «бор»-ро мегирад. Қурбон дар Панҷ тавре мегардад, ки гӯиё ин ноҳия барои вай аз падараш мерос монда бошад. Вай ба баҳонаи шикор меравад ба сарҳад ва наркотикро мегирад. Қурбон дар ҳақиқат наркобизнеси калон аст. Тамоми «бор»-и Панҷ ба воситаи Қурбон аз ноҳияи берун мебарояд. Бо ҳамроҳии «шестерка»-ҳояш шабҳо шабнишинӣ ташкил мекунад ва духтарони ноболиғро бо пулу бо ягон чизи дигар фиреб дода меорад ва онҳоро водор месозад, «голий» шуда дар пеши онҳо рақс кунанд. Худашон арақу банг зада сипас бо онҳо ҳамхоба мешаванд. Қурбон як педофил аст. Инро ҳама медонад. Ба номуси кудакҳо мерасад. Аҷобат дар ин аст ки амнияти ин ҳукумат агар як кас мабодо як «лайк» мондаву  дар сайёраи марс ҳам бошад ӯро пайдо ва дастгир мекунад.»

Аммо подполковник Хайруллозода Қурбон Саттори замначро намебинад. Мегуянд, ки сардори амнияти ноҳия як каме инсони худотарсу ботақво аст аммо чаро ин ҳама корҳои Қурбонро намебинад, ҳама ҳайрон мешаванд. Мо аз амният хоҳишамон ин аст ки ин корро бубинанд.

«Подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор ҳам ришва мегирад, ҳам «подстава» мекунад, ҳам ноболиғонро таҷовуз   ва ҳам наркотик мефурӯшад. Як ҷинояткори гузаро аст аммо касе онро намебинад. ( ин ҳама суханинони Баҳром Шокирзода аст,ки хостааст тавассути “Ислоҳ” муовинашро аз кор барканаор кунад)»

Дар мсалаи Қурбон Хайруллозода маълумотҳои воқеъӣ аз кругҳои худашон дар ҳолати сархушияш расидааст,ки чунин гуфтааст: “пеш мегуфтанд Панҷ ҷой пулкоркунӣ ҳаст бовар намекадам. Масалан у ҳафта одамои полковникро қапидем 15 кг героин кати. Вақте пресшон кадем гуфтанд илтимос 3 кг нависен дигарша гирен худтон. Мо ҳам 3 кг навиштем 12 кг ро фиристодем рафт ҷоша гирифт» Акнун худатон фикр кунед,ки полковник кӣ ҳаст? Инчунин чихел инҳо пул кор мекунанд дар ин ноҳия вале чун кришаҳо муайян аст ва касе наметавонад ин ҷинояткорони дар либоси мақомоти вазорати дохиларо чизе бигӯяд.

Моҳи декабри соли 2021 подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор як чанд касро барои кашидани банг қапида оварда зада- зада дар «ток» монда дар сарҳояшон пакет мекашад. Бо баклашка дар сарҳояшон зада зери нохун ва дар сари мардияшон қувваи барқ мемонад, то онҳо бигӯянд, ки бангро аз кӣ гирифтаанд, бо кӣ кашидаанд. Як барбарро мебарад, қариб 20 нафарро. Номи баъзеи онҳоро, ки Қурбон сумашонро гирифта ҷавоб додааст, инҷо менависам:

Файзиддини бачаи доктор Раҳмуддин 28.000 сомонӣ дод, Неъмат аз Савзихар, ҷамоати Меҳвар 20.000 сомонӣ,

Зафар, бачаи Раҳмони Роберт аз деҳаи Қизилдуз, ҷамоати Меҳвар 22.000 сомонӣ,

Насим аз участкаи №2 50.000 сомонӣ,аз деҳаи Сангвор,ҷамоати Меҳвар.

Шахсе бо лақаби Камазист 20.000 сомонӣ ва аз ҳама зиёдтар Раҷаби Анвар аз деҳаи Кирови ҷамоати Меҳвар 130.000 сомонӣ ба Қурбон дода халос хурданд.

Ин гуна ҳолатҳову ин гуна одамҳо хеле бисёранд, ки дар доми Қурбон афтода барои наҷоти ҷонашон маблағҳои калон ба вай додаанд.( ин афрод комилан ба Баҳром Шокирзода бо ному фамиляҳояшон маълум аст. Шакле ин маълумотро фиристодааст,ки гӯйё мардуми оддӣ инро фиристодаанд,хуб диққат диҳед!)

«Яке аз «шестерка»-ҳои Қурбон дар Панҷ Ваҳҳоби сиёҳ аз деҳаи Сафедорон аст. Ҳамчунин Юсуфи раис, бачаи Кабути Сайфиддин бо ҳамроҳии бачаҳояш ва ҷиянаш Далер. Ин Юсуфро Қурбон «аво» садо мезанад. Мегӯяд, ки ман як отаву як аво дорам, ки номаш Юсуф аст. Юсуф ҳамроҳи Қурбони милиса аз мардум сум мекананд. Юсуф ва дигар «шестерка»-ҳо хабарҳоро мерасонанд ба Қурбон. Қурбон ба «отдел» мебараду мурданак мезанад, таҳдид ба ҳабсу зиндон мекунад.»

Дар ин вақт ҳамин «шестеркаҳо», масалан Юсуф «миёнадаро» мешаваду мегӯяд, ки «иқа сум бте корта ҳал мекунм». Он одам, ки дигар роҳе барои халосӣ надорад ба ҷуз аз розӣ шудан чораи дигар надорад. Яъне бо ҳамин гуна фиребу найранг болои мардум зулм ҷорӣ кардаанд.

Ин Ваҳҳобаш бошад ҷиянашро ба як шогирди Қурбон, ки корманди ОБНОН буд, дода буд. Вай бо ин роҳ «садоқаташ»-ро, ки то ин дараҷа паст аст, нишон дод. Қурбон бе вай об намехурад ҳамеша бо ӯ ҳаст. Аммо ин гуна «шестерка» ва чоплусҳо ҳоло дар район бисёр шудагианд. Агар ором нагиранд номҳои онҳоро ҳам  мегӯем.

Ps: Хонандаи гиромӣ агар хуб диққат карда бошед инҷо ҳадафи асосӣ подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор аст ки Шокирзода Баҳром мехоҳад ӯро аз мақомаш сабукдӯш намоянд ва ба ҷойи ӯ шахси худро биёрад, то тавонад корҳои ҷиноятияшонро ба шакли озодттар анҷом диҳанд. Чуноне исми генерале дар Бохтар рафт агар диққат дода бошед чунин навиштааст : “Генерал Фатҳулло, муовини сардори Раёсати милисаи вилояти Хатлон, тағои подполковник Хайруллозода Қурбон Саттор аст”. Дар ҳоле пурра ному насаби ин генералро метавонад нависад. Аммо барои он,ки яке нафаҳманд,ки инро кадом рутбадоре навиштааст ва кашф нагардад,танҳо бо рутба ва номаш иктифо намудааст.

Вақтамон камтар аст вагарна таҳқиқи бештар мекардем дар бораи шахсияти генерал Фатҳулло. Ба эҳтимоли зиёд ин Фатҳулло аз одамони Зоир аст. Зеро Бохтар “минтақаи таҳти нуфуз”-и Зоир, домоди Эмомалӣ Раҳмонов яке аз наркобаронҳои маъруфи кишвар мебошад. Ва, ин ҳама Фатҳуллову Қурбони милиса ҳам ҳалқаҳои занҷиреанд, ки ба Зоир рафта мерасанд. Вақте Шокирзода Баҳром, сардори милисаи Панҷ мегӯяд, ки Хайруллозода Қурбони муовинаш касеро писанд намекунад ин   аз он далолат мекунад, ки “криша”-и Хайрулло шахси боқувват ва бозуманде аст. Дар оянда ин масъаларо бештар пайгирӣ мекунем. Аммо як чиз мушаххас аст ки рақобати “клан”-ҳои наздик ба боло, масалан Баҳром Шокирзода одами Шоҳруху Рустам ва Қурбон Хайруллозода одами Зоир дар маҳалҳову минтақаҳо ҳам доман кашидааст.

Вале аз он ҷиҳат, ки  “одам”-и Фаттоҳ Саиду Шоҳрух (Баҳром Шокирзода) дар Панҷ натавониста истодааст кори дилхоҳашро анҷом диҳад ва аз ин хотир рӯй овардааст ба “Ислоҳ” ,то аз ин тариқ роҳро ҳамвор намояд, маълум мешавад, ки феълан Зоир дар болои аспи сафед аст. Вале мову шумо наззора хоҳем кард, ки идомаи ин моҷаро бо чӣ меанҷомад.

Ба иттилоъи хонандаи ин матлаб мерасонем,ки дар навори ин матлаб аз фактҳои дигаре, низ сӯҳбат мешавад,ки онҳоро дар матлаб наовардаем. Интизори нашри навори ин матлаб бошед,то аз ҷузъиёти бештаре огоҳ гардед!

Сообщение Дар ШВКД-и Панҷ миёни “круг”-и Зоир ва Шоҳрух барои маводи мухаддир ҷанҷол аст появились сначала на ISLOH.net.