Архивы Ҳамрохон Зарифӣ - ISLOH.net

Семейка news№15
Семейканюси навбатӣ ҳадяи «идона»-и «Ислоҳ» ба Раҳмонов ва оилаи ӯ аст. Иди саъиди фитр барои мо мусалмонон ҷойгоҳи хосси худро дорад. Чун мо пас аз ба охир расидани моҳи мубораки рамазон моҳи тоъот ва ибодотро ҷашн мегирему таманнои қабули ибодот ва дуъоҳои як моҳаи анҷомдодаамон ҳастем. Бар фарқи солҳои гузашта,ки ҳамеша мардуми кишварро дар ин рӯз табрик мекардем. Имсол тасмим гирифтем,ки Раҳмонов ва оилаи ӯ, ки дар ин моҳ ҳеҷ хидмате ба ин мардум накарданд. Барқи мардумро надоданду онро ба хориҷ аз кишвар фурӯхтанд. Дар бозорҳо гаронӣ оварданд. Дар ин моҳ ба Русия сафар кард вале ҳеҷ беҳбудие ба муҳоҷирони кории Тоҷик наоварду баракс ҳама спетспрёмникҳои ин кишвар пур аз муҳоҷирони мо буданд. Муҳоҷири Тоҷик ин моҳро бояд ором гузаронанд онҳо дар навбати идораи муҳоҷират Сахарова ва дигар идораҳо бо сад мушаққат гузарониданд. Шаҳрвандони ин кишвар дар ҷанги Укроин бурда кушташуданду ҷасадҳояшон баргардонида шуданд. Қаламрави ин кишварро ба ҳамсояамон дар ин моҳ рафта бахшиду баргашт. Инчунин садҳо ҷиноят анҷомдод вале боз ҳам мехоҳем чунин ҷонвари зараррасонеро бо оилааш табрик намоям. Барояш таманнои ҳарчи зудтар аз қудратрафтану дар зиндони дурусткардааш қарор гирифтанашро намоем.

Мардуми кишварро Ин шо Аллоҳ мехоҳем дар яке идҳои хуҷастаамон аз наздик дар дохили кишвар табрик намоем.

Танҳо феълан ҳаминқадар мегуям:  «Аллоҳ ҳама тоъот ва ибодатҳоятон мақбули даргоҳи илоҳӣ бошад. Ҳама дуъоҳои кардаатон иҷобат шаванд. Хуб медонем дар чи ҳолед ва чи дуъоҳое кардаед».

Эмомалӣ Раҳмонов ба Наврӯз ба як гурӯҳи махсуси зиндониҳо туҳфаи хос кард, мо ҳам гуфтем, ки ба Ҷаноби абулҳул ҳадяе намоем. Аммо ҳадяи мо ба муносибати Иди саъиди Фитр аст.

Анҷоми орому сокит ва бемашғалаи маъракаи сиёсии интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ, ки гуё ҳизби Раҳмонов пирӯзи мутлақ шуд, хатми моҷарову баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон ва дар чанд рӯзи пеш сафари пурбору бобарор ба Маскав боис шудааст, ки Раҳмонов масту махмур бошаду шоду ғазалхон бошад. Бахусус, ки гуё Путин иҷозат додааст, ки Рустамро ба ҷойи худаш биншонад. Путин гуё гуфта бошад, ки ҳеҷ масъала нест, Рустам тавонист, ки худро нишон диҳад. Дар оянда ҳам умед аст ки метавонад.

Аммо хабарҳое, ки ба мо мерасанд аз он шаҳодат медиҳад, ки Раҳмонов ҳамоно ноором аст ва ҳамоно таҳлукаву ҳароси сарнагунии Башшор Асад ва дар ҷойи вай омадани ҳукумати исломиҳо, ки то чанд моҳи пеш террористӣ шинохта мешуданду то СММ дар листи созмонҳои террористӣ шомил шуда буд ва Амрикову Урупову Русияву Чин, хулоса ҳама ҳамин тавр террорист мешинохтанд, тану ҷони ӯро месузонад. Дигарбора ҳамла ба ришу ҳиҷобро сахттар кард. Дар тамоми макотиби мутавассита бо сафарбарии ходимони милисаву амният ҷаласаҳо доир карда аз зарари ҳамкорӣ бо мухолифин суҳбат карда истодааст. Агарчи интихоботи маҷлис бисёр ҳам ноаёну номаълум гузаронида шуд вале таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор гардид ва дар ҳама участкаҳои интихоботи чандин милисаву амниятӣ ҳатто кормандони пожарний службаро чанд шабу чанд рӯз дар синфхонаҳои мактабҳо, ки участкаҳо онҷо воқеъанд рӯзу шаб хобонд.

Вале дар ин авохир аз феҳристи афроди террорист баровардани исми Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва чанде аз наздикони вай тавассути ҳукумати Доналд Трамп ва лағви даҳ миллион доллар ҷоиза ба хабар дар бораи Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ки вазири дохилии ҳукумати Толибон аст ва ироаи кумакҳои изофӣ ба Иморати Исломии Афғонистон, боз ҳам Раҳмоновро дучори саръу васвос кардааст. Вай ҳар шаб хоби Сайфиддин Тоҷибоеви новии наҳзатиро мебинад, ки дар ҳукумати Сурия мақом касб кардааст. Раҳмонов аз Наҳзат ва наҳзатиҳо, умуман аз неруҳои исломӣ мисли қади аҷал ва то пойи ҷон метарсад. Ҳиҷ бовар надорад, ки сарҳади бо Афғонистонаш то ба охир боамну субот хоҳад буд ва боз аз он самт размандагон ворид ва ҳукумати вайро ин бор зерузабар хоҳанд кард.

Бале, хонанда ва бинандаи азизи моҳномаи «Семейканюс». Ончуноне пай бурдед, ин бор персонажи асосӣ ва марказии моҳнома худи Раҳмонов аст. Як хабари бисёр ҳам ҷолибу обнорасидаро бо каме шарҳу тафсир дар бораи чораҳои ҷавобии Раҳмонов дар робита ба хатари ҷониаш дар фарҷом меоварем. Ин хабар дар бораи бункери Раҳмонов аст. Аммо ҳоло як матлаби аҷиб дар бораи Озода Раҳмонова ва ҳамин таври матлаби дигар дар бораи Парвина Раҳмонова, духтарҳои миллионершаи Раҳмонов ва як хабари дигарро дар бораи Хуршеди Мирзо, ҷураи ҷонии Рустами Эмомалӣ пешкашатон мекунем:

«Заказчик»-и делои Ҳамрохон Зарифӣ Озода?

Ҳоло дигар Озода он Озодаи вазорати хориҷа нест. Вай на фақат роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст. Аз таъсиргузортарин нафарони наздики Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳама масоил ва махсусан дар масоили кадрҳо аст.

Аммо замон, замоне, ки дар вазорати умури хориҷӣ кор мекарду вазир Ҳамрохон Зарифӣ буд, ин тавр зуру ҳузарб ва катазан набуд. Он солҳо Озода ду проблема дошт. Вай ҳамагӣ панҷ сол дар вазорати хориҷӣ кор кардааст. Панҷ соли пурра ҳам не, чор солу чанд моҳ. Ва дар ҳамин муддат 4 кудак зоид. Яке аз ин кудакҳо «проблемний» буд. Аз он бачаи ҳисорӣ, ки ӯро кам- кам «меҳрубонӣ» мекард. Дар он кабинети бо тамоми шароит дурбинҳои мадорбастаи махфӣ- скритий камераҳо насб шуда будааст. Он вақт масъули камераҳо Мансурҷон Умаров буд. Дар ҳамон моменте, ки Зарифӣ аз дасти Озода девона шуда буд навори… ба майдони интернетии дохилияшон баромад.

Конфликти ин ду -Зарифӣ ва Озода он замон дар васоити ахбори омма дарз карда буд. Ин ду барои масъалаҳои корӣ ҳам мушкил доштанд. Барои инки сағираҳои КГБ утечка мекарданд. Гурӯҳҳои дигари рӯ ба русҳо ҳам буданд, ки зиди Зарифӣ бекор намеистоданд. Махсусан худи русҳо. Барои онки Ҳамрохон Зарифӣ аз соли 2008 тайёрӣ медид ва Раҳмоновро тайёр карда буд, ки базаи 201-и русҳо дар соли 2010 аз тарафи Раҳмонов имзо нашавад. Баъд як договори панҷсола карданд. Мувофиқи ин договор дар ду этап бояд база бароварда мешуд.

Хуллас, соли 2004 русҳоро аз мақарри чандинсолаашон дар шаҳри Душанбе ва  Қурғонтеппаву Кулоб бароварданд. Соли дигар шумораи сарбозону афсарони базаи 201ро кам карданӣ буданд. То 3 ҳазор афсар. Зарифӣ мегуфт бояд барои панҷ сол договор кунем. Вай   Раҳмоновро уговорит ва мутақоид карда буд, ки бо русҳо долгосрочний договор кардан невигодно.

Раҳмонов ризо шуда буд. Зарифӣ ду гурӯҳи экспертҳоро паноҳӣ ҷамъ карда буд- нелегално  ҳама сари ҳамин масълаи базаи 201 аналитика мекарданд.

Манбаъи мо мегуяд, ки барои татбиқи ин нақша ҳатто бархе аз экспертҳо ҳамроҳ бо Зарифӣ Афғонистон пеши Атомуҳаммади Нур, ки аз фармондеҳони пурнуфуз ва солҳо волии Мазори шариф буд рафта буданд.

Аммо ҳамаи ин нақшаҳоро генерал-лейтенант Шералӣ Хайрулло, вазири дифоъи Тоҷикистон ба русҳо мефурӯшад. Дар Маскав барои Шералӣ Хайрулло дар проспекти маъруфи Рублевка коттеҷ ва мақоми шаҳрвандӣ ва нафақаи калон медиҳанд. Гап дар бораи он меравад, ки русҳо ҳануз асноди байнидавлатӣ ниҳоӣ нашуд онро тавассути Шералӣ Хайрулло ба Раҳмонов мерасонанд. Ҳамон аснодеро, ки зери назари Ушаков, ки ёвари Путин буд, омода карда буданд ва он муоҳадаи 49 соларо дар назар дошт. Бо ин васила Раҳмоновро угрожат карданд.

Раҳмонов, ҳануз дар ҳамон солҳои хидмат дар морской флот ҷи ҷурму ҷиноёте содир карда будааст, ки сабтҳо он бортавой журнали киштие, ки хизмат карда буд, маҳфуз будааст назди русҳо. Шантажи дигар болои Раҳмонов снайперский винтовкае буд, ки ба василаи он муноқишаи хунини Сангаку Файзалӣ анҷом дода шудааст. Ин муноқишаи хунин тибқи закази худи Раҳмонов сурат гирифта буд ва иҷрокунандаи он як афсари рус ҳам будааст.

Хуллас, Шералӣ Хайрулло ин ҳама аснодро оварда ба Раҳмонов медиҳад. Дар ҳоле, ки асноди байнидавлатӣ фақат ва фақат тавассути ВУХ-вазорати умури хориҷӣ радду бадал мешавад. Ин кор дар соли 2010 буд ва он вақте буд, ки ҳануз Диана, духтари Шерали Хайрулло, ки аруси Раҳмонов буд гурехта Амрико нарафта буд. Раҳмонов фақат ба хотири Диана Хайруллоевро ҷазо надод вале аз мақом барканор кард. Аммо, дар ниҳояти амр ҳамон аснод қонунӣ ва байнидавлатӣ шуданд ва Зарифӣ аз мақом канор зада шуд.

Вале вақте ин ҳарду Озода ва Ҳамрохон Зарифӣ дар вазорати хориҷӣ кор мекарданд, байнашон мушу гурбабозӣ давом мекард. Вақте Абдумаҷид Достиевро аз муовинати аввали раиси Маҷлиси намояндагон озод ва сафири Тоҷикистон дар Русия таъин карданд, вай гуфт маошамро боло кунед, ман меравам. Вале, ин танҳо як баҳона буд аз тарафи Достиев ва Зарифӣ то ба Раҳмонов бирасонанд, ки духтарат Озода ҳамаро девона кардааст. Зеро Озода касеро дар вазорати хориҷӣ ба вазифа таъин мекунанд мегуфт, ки аз 30 то 50 000 доллар биёред-барои паспорти дипломатӣ ва брои паспорти хидматӣ- служебний 10-15 000 ҳазор доллар мепурсид. Аз чанд нафар торгпредҳо-намояндагони тиҷоратӣ то 5о ҳазор доллар ҳам гирифтагӣ аст. Масалан аз марҳум Абдураҳмон ва ё Файзулло Шариф. Гап дар иноҷст, ки онҳоро Зарифӣ таъин мекунад, мегуяд ин паспортҳо дода шавад. Аммо Озода бепул намедиҳад. Як ҷияни овозхон Парвина Юсуфӣ ёрдамчии Озода буд. Ҳамон одам он вақтҳо кошелеки Озода буд, ки баъдан бо 300 000 доллар ӯро қапиданд. Ин ҳам оператсияи Мансурҷон Умаров буд. Ин пул ба Озодаро ҳама медод. Достиев ба матбуот мусоҳиба дод ва масъалаи пулро бардошт. Раҳмонов аз Зарифӣ мепурсад, ки чи гап аст?

Вазир мегуяд, ки прблемаи ин пул ҳам нест, мо маошашро зиёд мекунем. Проблема проблемаи паспорт аст. Вақте Раҳмонов фаҳмид аввал худаш талхакаф шуд. Раҳмонов дигар чикор мекард духтарашро? Баъд барои онки Озода ба масоили давлатӣ мудохила накунад, чопу тақсими паспортҳои хориҷро ба вай доданд. Паспортҳо дар Германия чоп мешуданд. Гуфтанд аз инҷо пул кор куну ба корҳои давлатӣ «чаққа нашав». Дар ин миён буд, ки ҳамон навори русвоияш баромад. Ва формално бо Ҷамолиддини шавҳараш ҷудо шуд. Он бачаи «партнёр»-и Озода аз узбекҳои Ҳисор буд ва дар вазорати хориҷӣ фаъолият мекард. Ҳамон шабурӯзҳо ин навор «утечка» шуд.Зоҳиран ҷони Зарифӣ аз Озода халос шуд, аммо дер давом накард. Зеро Озода боло рафту муовин шуд. Вале Зарифиро ҷавоб доданд. То як сол якуним сол Ҳамрохон Зарифӣ бекор монд ва баъдан, вақте таги корро фаҳмиданд, Зарифиро сафири Япония таъин карданд. Аммо Озода то ба охир ба Зарифӣ уқдаи дохилӣ дошт.

Ҳодисаи дигар ин буд, ки сафири вақти Хитой ба Эмомалӣ Раҳмонов навишт, ки Хитой хоҳиши Эмомалӣ Раҳмонов барои ба Тоҷикистон фиристодани 1550 мутахассиси хитоӣ пазируфт ва Раҳмонов ҳам дастури додани иҷозати кор ба онҳоро дод. Аммо Озода барои ҳар кадоми онҳо 5000 доллар ставкаи худро монд. Он солҳо аз шаҳрвандони Афғонистон барои ҳар паспорт Озода 500 долларӣ мегирифт. Абдулфайз Атоӣ, ки ҳоло ҳамроҳ бо Зарифӣ ҳукми тулонӣ гирифт он вақт консули Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Вай аз афғонҳо 900-1000 долларӣ мегирифт ва 500 долларашро ба Озода медод.

Ҳамрохон Зарифӣ барои Раҳмонов ягон вақт душман набуд. Баракс аз саг ҳам вафодотар буд. Аммо баъзе аз суҳбатҳои интиқодии  вай дар бораи Рустами Эмомалӣ ва ҷойгузинсозии вай ки барои Раҳмонов ва хонаводаи вай масъалаи ҳаёту мамот аст расида ва расонида шудааст.

Дар як қисм аз суҳбатҳое, ки навори онҳо ба дасти Эмомалӣ Раҳмонов расидааст, аз ҷумла дар ҳамин бора ҳам гап рафтааст. Ба ин маъно, ки Зарифӣ гуфта бошад аз ҳамаи ин порагириву порахурии Озода Раҳмонов бохабар буд вале ӯро мақоми болотар бурду худи Зарифиро аз кор берун карда бошад. Бархеҳо мегуянд, ки гуё ин ҳама саҳнасозиҳои Юсуф Раҳмон буд. Ҳатто забти суҳбатҳои Зарифӣ  дар ҷаласаҳои маҳфили Валдай дар Санкт-Петербур тавассути Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов расонида шудааст.

Дар асл ва амал Озода бо Юсуф Раҳмонов, ки акнун котиби Шурои амният таъин шуд, наздик аст.

Дар омади гап инро ҳам бигуем, ки Юсуф Раҳмон ҳануз, қабл аз онки Додситони кулл бишавад ба бизнеси пурдаромади домсозӣ машғул буд. Ва аз домҳои месохтааш ҳатман 1 ё 2 хона –квартира ба Азизмои зани Раҳмонов ва ё Озода доля медод. То замони Прокурори генералӣ таъин шудан Юсуф Раҳмон 11 доми аз 10 ошёна боло дошт, ки сохтмонашон дар ҳоли ҷараён ва ё тамомшавӣ буд.

Яке аз сабабҳои асосии аз ҳабс берун мондани Тоҷиддин Пиров, ки соҳиби «Тоҷиксодиротбонк» буд, пуштибонии Юсуф Раҳмон аз ӯ аст. Вагарна ин бонк, ки дигар аз байн бурда шудааст, проблемаи зиёд дошт. Аммо Озода ва Юсуф Раҳмон дар пушташ истоданд.

Вақте Хитой барои сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ 280 миллион доллар қарз дод. Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар вазорати молия кор мекард ва он замон бо занаш-Озода проблема надошт 10%-онро ҳамчун миёнрав гирифт ва пулашонро аз Гонконг ба Тоҷиксодиротбонки Пиров гузарониданд. Аммо ин компромати Тоҷиддин Пиров то Озода ба шавҳараш соз буд, кор медод, баъд, ки Ҷамолиддин зани дигар гирифту бачадор ҳам шуд, дигар неважний шуд.

«Сифат-фарма» ва ҷиноёти молиявии Семейка

Нафаре, ки ин ҳама маълумоти зерро ба мо ирсол кард, мегуяд, асноди зиёде дар дастам омад. Ин аснод аз контрактҳои миёни ширкати «Сифат-фарма»,вазорати тандурустӣ ва ширкатҳои зиёди тавлиди дору дар Ҳиндустон ва Туркияву Покистон иборат аст.

Вақт лозим барои таҳлили онҳо. Беш аз 1000 варақ. «Сифат- Фарма» бо он бонки гуфта хело алоқаи калон доранд. Ҳамаро ҷамъ кардам, акнун бояд нишаста нависам.

Назари ман ин аст, ки бояд силсилаи барномаҳо оиди арсаҳои ба монополияи оилаи Раҳмонов табдилшудаи иқтисоду иҷтимоиёт ва сиёсати мамлкат ташкил ва нашр кард. Албатта, мардум ин ҳамаро хуб медонад. Аммо, сухани чопӣ ва дар доираи матлабу мақола таъсири дигар дорад. Ҳама чиз мадраку далел мешавад.

Барои мисол аз ҳамин «Сифат -Фарма» мешавад шуруъ кард. Боз ба ман баччаҳо гуфтанд, ки ҳатто воридоти гушти мурғу гову гусфанд ба монополияи ҳамин оила даромадааст. Яъне ба тасарруфи оилаи Раҳмонов. Мухолифон фақат масъалаи озодии сухану пора ва ҳиҷобу сиёсатро мебинанд, аммо аз ҷиноёти иқтисодиву молиявии семейка тақрибан чизе намегуянд.

…..Дар худи «Сифат-фарма» боз пинҳонӣ аз роҳбарият алик -маликҳо зиёданд. Кормандони марказии «Сифат- фарма» доруҳои зиёдро аз дигар ҷойҳо оптом харид намуда аз номи «Сифат- фарма» бо нархи қимат тақсим карда фоидаҳои хубро ба даст оварда истодаанд.

Ғайр аз ин, ин коргарони   пинҳонӣ аз Парвина Раҳмон маблағҳои калонро ба воситаи як фирмаи тобеи «Сифат- фарма», ки номаш Биолек аст, обу лой доранд.

Яке аз коргарони ин ширкат Миҷгона ном дорад, ки бисёр маккор аст, ки дар хеле аз ин корҳо даст дорад.

Аммо «Сифат-фарма» як гушаи бизнеси бузурги Парвина аст. Парвина зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати Муттаҳидаи Араб мебошад. Ба забони фаҳмо Дубай аст.

Ҳамин чанд рӯзи пеш як чиро фаҳмидам. ББТ-Бонки байналмилалии Тоҷикистон Международный Банк Таджикистана низ дар асл аз они Парвинабону аст ва гуё соҳиби он додари домоди Раҳмонов, писари Гул Шералӣ (аз Данғара) ва собиқ вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон.

Онҳо чандин вақт аст ки барои гурехтан аз санксияҳо ба русҳо ёрӣ дода истодаанд. Ин банки оила барои бизнесменҳои рус ва ба шахсони алоҳида счету картаҳои Visa ё Mastercard мекушояд. Аз Русия пули русӣ-рубл мегузаронанд ба счети худ ва бонк бошад доллар мепартояд ба счети онҳо. Баъдан он соҳибкори рус бе ягон мушкилӣ аз дилхоҳ канори дунё бор мехарад, тавассути он счети бонкии духтари Эмомалӣ Раҳмонов. Ин кумак барои гурехтан аз санкция аст.

Аммо ингуна транзаксияҳо ба системаи молиявии худи Тоҷикистон зиёни калон дорад. Чунки манбаъҳо ё даромади асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон хело кам аст. Асъори хориҷӣ, ки кам шуд қурби сомонӣ нисбати дигар асъори хориҷӣ бозӣ мекунад. Инро бояд финконтроли «Бонки Миллӣ» назорат барад ва барои ин нақзи қонун лисензияи кории бонкро бекор кунад. Ин расонидани зарар ба миллионҳо шаҳрвандони тоҷикистон аст. Зеро он ба норасоии асъори хориҷӣ барои хариди маҳсулоти импортӣ (яъне ба Тоҷикистон аз дигар давлатҳо маҳсулоти воридшаванда) мешавад, ки боиси қиммат шудани он маҳсулотҳо дар Тоҷикистон мешавад. Бояд «Бонки миллӣ» пеши роҳи ин корро бигирад. Вале хапу хомуш аст. Аз куҷо метавонад пеши пулкоркунии семейкаро бигирад?

Аз ҳама аҷибаш он ки аз Русия истода счёт мекушоянд. Ҳол онки ин вайронкунии ошкорои чандин қонун аст. Зеро шаҳрвандони дигар давлатҳо аввал бояд дар ҷои зист, яъне дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд. Бо забони русӣ регистрация бояд кунанд, дар ОВИР. Чи гуна онҳо аз Русия истода ин корро мекунанд?  Пулшӯйии тапа тапёр аст ин дигар.

Хуршеди Мирзо фақат медуздад!

Хуршед Мирзо, директори Оҷонсии навтаъсиси инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ назди президенти Тоҷикистон рафиқи Рустами Эмомалӣ дар як суратҳисоби пинҳонӣ, ки аз руи маълумотҳо ба номи кадом хешаш, баъзеҳо мегуянд ба номи кадом хеши занаш, баъзе мегуянд ба номи хеши зани дуюмаш, бисёр маблағҳои калон ҷамъ кардааст. Маблағҳо аз ҳисоби парковкаҳои пулакӣ ва камераҳое, ки ба системаи Нерӯ мутааллиқ аст, ба он суратҳисоб ворез карда мешаванд. Соли гузашта аз ҳамин ҳисоб Хуршед Мирзоев 34 миллион сомонӣ кор кардааст, ки Рустами герчик аслан хабар надорад. Ғайр аз ин, Муҳаммад Мирзоев акаи Хуршед Мирзоев аз шартномаҳо бо сармоягузорҳо, ки бо «Авесто -групп» ҳамкорӣ доранд, 27 миллион сомонӣ кор кардааст.

Дар ҳамаи он заводу корхонаҳое, ки аз сумҳои Рустам «Авесто-групп» сохт, дуздию изофанависиҳо ба дараҷаҳо рафта истодааст. Дар заводи Акиа, ширкатҳои Сиёма, Нерӯ ва умуман ҳамаи самтҳо, фақат изофанависӣ рафта истодааст. Хуршед бояд миёнаҳои моҳи апрел бо Олег Дерипаска, миллиардери наздик ба Путин вохурад ва масъалаву сабабҳои аз Тоҷикистон рафтани «РусАл»-ро фаҳмад. Хуршед ин вохуриро ба воситаи тоҷирони Хитой, ки доду гирифтҳо бо онҳо аз замоне, ки Хуршед дар Кумитаи сармоягузорӣ буд, мехоҳад ташкил кунад.

Бункери Раҳмонов дар Душанбе

Хабарҳое, ки аз даруни Оила ба мо мерасад, Раҳмонов ташвишу изтироб дорад, дар чанголи тарсу ваҳшат аст. Ҳар бор ба самти Афғонистон менигараду оҳи сард мекашад. Солҳо буд, ки Нурободро бад медид, чун хелеҳо, ки дар он параанд аз ин ноҳияанд, акнун ба ин ноҳия боз Нов илова шудааст. Вай ду масъаларо сахт ҷиддӣ гирифтааст. Яке инки роҳи фирор ва васоили фирораш ҳамеша дар ҳолати омодабош ва старт қарор дошта бошад, самолёти 100 миллион доллариаш ҳамеша дар ҳоли старт аст. Дигар инки дар ҳолат тағофул сарашро куҷо панаҳ кунад. Барои ҳамин дар маркази шаҳр барои худаш бункери махсус сохта истодааст.

Вай, маълум нест, ки ба масрафи чанд миллион доллар ин корро мекунад. Дар даруни бустонсарои ҳукуматӣ ба эҳдоси як паноҳгоҳ-бункери зери заминӣ шуруъ кардааст. Сохтмони ин стройкаи строго закритий бо ҷалби даҳҳо мошинҳои борбардори вазнин ва ҳамин тавр экскаватору булдозерҳо, ки гуфта мешавад аз неругоҳи Роғун ва ширкати пулчинаки IRS овардааст шуруъ шудааст ва хабари расида ҳикоят мекунад, ки чанд моҳ аст, ки ба кандани катлаван-таҳхонаи чандин гектара сар кардааст.

Аммо ин сохтмон сахт махфиёна, пинҳонӣ ва пушида ҷараён дорад. Кас намедонад, ки дар он дарун, дар рубаруи идораи Тоҷикматлубот ва Донишгоҳи тиббӣ чи корҳое дар ҷараён аст.

«Ин стройка тамоман дигар хел рафта истодааст. Танҳо як нафар аз роҳсозон мошини Дулан меронад. Ба ягон тараф нигоҳ кардан мумкин нест ҳангоме дохили он бункер мешавад ронанда. Дар шохҳои дарахтҳо садҳо камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Ҳар қадами коргарон таҳти контрол аст. Ба ягон тараф нигоҳ кардан мумкин нест. Онҳое, ки бо Дуланҳо бор медаронанд, арматура, семент, рег, санг ба ҷуз аз роҳ ба дигар самт набояд нигоҳ кунанд.

Даруни онҷо як баталён гуем ҳам хато намешавад сарбозон мусаллаҳ меистанд. Онҳо аз кадом вазорат ҳастанд маълум нест. Ягон хел аломат ва нишони таъйинкунандаи низомӣ надоранд. Аммо вооружженний до зубов. Онҷо дар маҳалли сохтмон дар ҳолати ҷангӣ истодаанд. Касе медарояд тавассути як дастгоҳи махсус муоина мешавад. Мисли дастгоҳ, ки дар фурудгоҳҳо ҳастанд.

Ранги падземка қариб як 2000 метр чуқурӣ кандаги аст. Қариб дар 4 гектар замин доман паҳн кардааст. Як армия дар дарунаш мусаллаҳанд.

Ба манбаъи Ислоҳ наздик чунин гуфтааст : бо мошини калон асфалт мекашидааст. Мегуяд дар маҳаллаи маъруф ба 8-март Раҳмонов чи чизе соз карда истодаст. Ҳазор охраннаву амниятӣ истодааст. Як навбат дар як мошин мум бурдам. Заминро ончунон кофта чуқур кардаанд, ки мегуӣ таги замин бошад, тагаш намоён нест. Ба таги замин раҳ карда истодааст, ягон сӣ этаж зери замин кофтаанд. Метарсӣ нигоҳ кунӣ, чашмат сиёҳ мезанад.

Сементи тайёрро аз корхона рост мебарем, нигоҳ кардан мумкин нест, ин сохтмон на сар дорад на охир. Шояд зиндони зери замини карда истода бошанд?

Аввал бо шлангу рудаҳои калон об мезананд, тамоман тар мекунанду сипас мекананд. Вагарна чангу гарду ғубори инҷо шаҳрро фаро мегирад. Дар маркази шаҳр қарор дорад.

Манбаъи мо гуфт, ки ду навбат мошинҳои ҷангӣ оварданд. Маълум нест, ки аз кадом давлат. Аммо гуфта мешавад, ки ин мошинҳоро гуё давлати Эрон додааст. Барои ин мошинҳо ҳам дар даруни ҳамин бункер гараж месохтаанд….

P.S.Хонанда ва бинандаи азизи Ислоҳ. Мо талош мекунем, ки дар бораи ин бункер дар барномаҳои баъдӣ низ ба шумо маълумот бирасонем. Вале шумо бояд бифаҳмед, ки Раҳмонов ва чоплусони вай дар зоҳир худро ватандӯсту ободгар ҷилва медиҳанд, аммо дар асл нақшаву ниятҳои вай шум аст. Ин кори вай, масалан ҳамин бункери чандинмиллиондолларии вай худ гувоҳ аст ки вай фақат дар фикри худ ва ҳукумати худ аст. Биандешед ва худатон натиҷа бароред, ки агар Раҳмонов бо халқ аст чаро барои худаш бункер месозад?

Сообщение Семейка news№15 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news№14
Ин нашри маҷаллаи «Семейканюс» ҳам аз кору зиндагии дар паси пардаи Раҳмонов ва аҳли байту домодҳои бешумори вай ривояту ҳикоят мекунад. Ин бор «қаҳрамон»-и ин  шумора Зоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов мебошад. Дуруст аст ки дар бораи Зоир на як бору ду бор ва на танҳо мо навиштаем. Зоирро ба унвони яке аз бойтарин домодҳои сарватманди Раҳмонов мешиносем, ки даҳҳо ширкату корхонаҳоро ғасбу тасарруф кардааст.

Масалан осоишгоҳҳои машҳуру маъруфу пурдаромади Зумрату Шоҳамбарӣ, бозори калони Қурғонтеппа бо номи Ҳоҷӣ Шариф аз они ӯст. Вай боз тамоми молу маҳсулот, умуман содироту воридоти марзи Чин ва Афғонистонро комилан контрол ва назорат мекунад ва чандин навъи дигари бизнес дорад. Ҳамчунин мо дар мудирияти тиҷорату қочоқи  наркотик, кришавати ҷинояткорон мансабфурӯшӣ дасти тамом доштани Зоир аслан шубҳа надорему дар ин бораҳо ҳам навишта будем.

Аммо ин бор дар шарҳи ҳол ва фаъолияти кории вай боз як маълумоти дигар ба дасти мо расид. Маълум шуд, ки Зоир «серий кардинал» аст. Ва ба таври ғайрирасмӣ аммо амалан Раҳмонов ва хонаводаи вайро контрол мекунад. Метавон ӯро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила-«Семейка» унвон кард. Кореро, ки Озода дар ҳукумат дорад, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, Зоир дар Оила иҷро мекардааст.

Маҷалларо бо хабарҳои гуногӯн аз «Семейка» шуруъ мекунем:

Ахбори «Семейка»

Баъд аз сарнагунии Башор Асад Раҳмонов чораҳо барои амнияти худ ва махсусан роҳ барои фирор ва воситаҳои фирорашро бисёр ҳам сахт карда истодааст.

Манбаи мувассақ ва муътамад гуфт, ки охраннаи самолёти хусусии Раҳмонов, ҳамон самолёти 92 миллион долларӣ ташдид карда шудааст. Муҳофизати самолётро пурра ба ихтиёри «охранна»-и худаш супоридааст ва аз охирҳои декабри соли гузашта онро телехҳои полний до зубов вооруженнийи худаш посбонӣ карда истодаанд. Вай ба амнияти фурудгоҳ бовар накарда онҳоро аз муҳофизати ин ҳавопаймо дур карда будааст. Вақте ба назорат ва муҳофизати амнияти фурудгоҳ буд, охранникҳо мусаллаҳ набуданд. Аммо ҳоло пурра вооруженниянд. Руву сари онҳо пушида аст. Ба онҳо на Исмати дулик, сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздик шуда метавонад, на каси дигар. Дар таги самолёт то дандон мусаллаҳанд.

Албатта, ҳавопаймоҳои Боинги «Сомонайр» ҳам аз они худашон аст. Вале ин ҳавопаймо шахсии худи Раҳмонов аст. Ин самолетро барои сафарҳои хориҷиаш истифода мекунад. Барои сафарҳои дохилиаш самолетҳои Сомонайрро истифода мебарад. Агар Хуҷанд равад скамейкаҳои Боинги «Сомонайр»-ро перекидка мекунанд, яъне салони онро переделка мекунанд, то бо ишкамбаи калони вай мишат накунаду орому бо ҳузур чанд дақиқа парвоз кунад.

Семейкаро «Истеъфо Раҳмонов» девона кардааст

Вақте хабарҳову наворҳо дар бораи пайдо шудани навиштаҷоти «Истеъфо Раҳмонов» дар навоҳии мухталифи кишвар дар «Минбари муҳоҷир» садо дод, талхаашон кафид. Тамоман калофа ва даступохурда шуданд. Ин навиштаҷотҳоро кори муборизони Наҳзат медонанд.

Он шабурӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар барои воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ- зиндонҳо ва СИЗОҳо ҳолати казармавӣ-казарменний положенийи 70% эълон карданд. Баъди ҳодисаи ба ном ошуби зиндони Ваҳдат казарменний положенний 100% ҷорӣ карда шуд.

Як манбаъ гуфт, ки мебоист ин ошуби дастисохт баъди ба зиндонҳо этап кардани фигурантҳои парвандаи табаддулот Акбаршо Искандарову Ҳамрохон Зарифиву Шокирҷон Ҳакимов ва дигарон ташкил карда мешуд. Аммо барои ин фурсати зиёд лозим буд, бояд интизор мешуданд вале вақт надоштанд.

Раҳмонов дар ҳақиқат вақтҳои ахир сахт дар тарсу ҳарос афтодааст, ки ояндаи ҳукуматаш чӣ мешуда бошад. Вай нақша дорад, ки шумори нерӯҳои Чинро, ки дар қаламрави Бадахшон ҷойгир карда аст зиёд кунад. Аммо Русия ба ин шадидан мухолифат кардааст. Чунки гуё дар ҳодисаи Крокус он нафароне, ки дар зиндони Ваҳдат кушта шудаанд, шарик будаанд. Русия гуё мушаххас кардааст, ки дар телефони чанде аз боздоштшудаҳои ҳодисаи Крокус рақамҳое аз Тоҷикистон мавҷуданд ва ин рақамҳоро пайгирӣ ва радёбӣ карда фаҳмидаанд, ки зангҳо аз дохили зиндони Ваҳдат рафта будааст.

Рости гап, мо ин хабарро на тасдиқ мекунем ва на рад. Аммо манбаъи «Ислоҳ» гуфт, ки ҳануз вақте муфаттишон аз Русия барои таҳқиқу тафтиш ва саволу ҷавоб ба Душанбе омада буданд, қасд доштанд, ки бо он нафарони дар зиндони Ваҳдат кушташуда суҳбат намоянд. Вале мақомоти тоҷик розӣ нашуда буданд.

Интихобот ва ҳаросафкании Семейка

Тибқи баъзе аз маълумотҳо қасд доранд, ки пеш аз интихобот ягон «кор» бикунанд, то мардумро дар тарсу таҳлука оваранд. Мақсад-мардум ба натиҷаҳои интихобот аҳамият надиҳад. Ва, тавре ҷилва диҳанд, ки ин кори душманони давлат ва Раҳмонов аст. Гуё Раҳмонов инро намедонаду бехабар аст. Аммо амру фармонро Раҳмонов шахсан худаш медиҳад. Ва, боз шуру ғавғо мебардоранду туҳмат мезананд, ки ана боз кори дасти Ҳизби Наҳзат аст. Муайян нест, ки дар куҷо бояд анҷом дода шавад. Баъзеҳо мегуянд дар Душанбе, баъзеҳои дигар ба ин назаранд, ки дар минтақаи Рашт,боз мегуянд, ки шояд дар чанд ҷой шавад, ки мардумро врасплох монанд.

Барои ҳамин бояд мардум аз хонаҳояшон набароянд ва овоздиҳӣ ба интихобот наравад. Наравед, ки ҷонатон дар хатар аст.

Интихобот ва фишор болои ғармиҳо

Бинобар маълумотҳои фиристодаи манобеъи «Ислоҳ» аз чанд вақт ба ин су ҳатто шабу нимшаб ба хонаҳои мардуми ғармӣ даромада таҳдид ва огоҳ карда истодаанд, ки боз ягон кор накунед. Хапу дам раведу овоз диҳеду омада дар хонаҳоятон шинед. Ин корро, ба назар мерасад махсус карда истодаанд ва мардумро спровотсироват карда исодаанд. Худашон таҳрик дода истодаанд. Дар ҳоле, ки на свет ҳасту на рушноӣ, торик ҳамаҷоро фаро мегирад, ҳатто телефонҳо успети зарядгирӣ намекунанд, беогоҳи, соати ҳафт аст, даҳ аст, 12 ё ҳатто дуи шаб аст ба хонаҳои мардум зада медароянд. Яке дарвозаҳо тақтақ карда ба зур кушода вориди хонаҳо мешаванд. Ҳатто хонаи хоби бачаҳову духтарҳои болиғашон медароянд, оғилҳоро мекованд. Дар масҷиду мактабҳо даромада истодаанд. Мардум аз тарс ба онҳо пул медиҳанд. Ин қишри тоҷиру савдогарҳо, маслан магазинчӣ, гуштфурӯш худашон хапу дам, сарҳо хам пул бурда дода истодаанд.

Ҳозир барои як коргари одии мақомот шудан дар Рашт нарх баланд шудааст, чунки ҷойи сумкоркунӣ шудааст.

Як нафар шабакӣ барои хабаргирии молҳояш ба оғилаш медарояд ва барои пеши роҳашро рушан кардан фонарики телефони дасташро рушан мекунад. Онҷо чанд нафар аз ин мақомот дар гашту гузор будаанд.

Ӯро қапида таҳдидаш мекунанд, ки ту ин вақти шаб чаро оғил медароӣ ва телефони дастиашро гирифта мегуянд, ки пагоҳ омада аз шуъба мегирӣ: «мо телефонатро хабар мегирм. Ту бо мухолифин алоқа дорӣ ё не». Вай аз тарс ба бағоҷи мошини онҳо як сар буз ва як сар гусфанд бор карда телефонашро аз дасташон пас мегирад.

Ашраф Гулов дар Дубай тиҷорати шаробро шурӯъ кардааст

Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар ИМА-Дубай ва шавҳари Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, молики ширкати фарматсевтии «Сифат-фарма» дар Дубай ба ташкили фурӯши кристалл ва шаробро шуруъ кардааст. Маълум нест, ки дар ин тиҷорати вай аз Оила боз киҳо шариканд. Вале баъд аз онки Ашраф сафир таъин шуд тавлиди метамфитамин, амфитамин, дар корхонаи «Сифат-фарма» чандин маротиба зиёд шудааст.

Ашраф бо баҳонаи онки обҳову нушобаҳои тоҷикӣ, махсусан «Сиёма»-ро ба Дубай мебарад шумори парвозҳои чартериашро ба маротиб зиёд кардааст. Манбаъи Ислоҳ афзӯд Ашраф чанд симкартаҳои гаронро дар Дубай алакай харидори намудааст. Дар ИМА фурӯши шароб ошкоро мамнӯъ аст ва барои фурӯши шароб ва кристал симкартаҳое ҳастанд,ки аз пеш дар фурӯши шароб миёни муштариҳо маъруфанд онҳоро муштариҳо медонанду супориш мекунанд харидорӣ намудааст. Ба гуфтаи манбаъ як симкарта то як млн доллар боло ва атрофи ин қимат дорад. Чунин симкартаҳо чанд адад харидорӣ намудааст. Манбаъ афзӯд ҳастанд симкартаҳое,ки 200 ҳазор арзиш доранд ва ҳарчи қадар қиматаш боло бошад симкартаро ҳамон қадар муштарӣ дорад. Муҳим Ашраф пас аз сафир таъин шуданаш ин сетро алакай роҳбарӣ мекунад. Дар гузашта тоҷикон ва қафқозитабороне будаанд ин корро анҷом медодаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд вале Ашраф сети муназзамеро ташкил намудааст. Манбаъи мо исми Садбарг Ғаниеваро ёдовар шуд ва гуфт: «Бева бо Ашраф худша часпонду чи коре бо ӯ ҳам ташкил кардааст» Садбарг Ғаниева пас аз фирор аз кишвар бо миёнҷигарии Озода Раҳмон феълан корманди Сафорати Тоҷикистон дар ИМА аст вале аслан ба сафорат намерафтааст ва ҳама вақт дар Дубай будааст ва ба пойтахт Абузаби тамоман намерафтааст. Кораш истироҳат ва ….

Ҷамолиддини шавҳари Фиона чи ҳол дорад?

Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистонро дар пушти хонаи Рамазон Раҳимзода, ки як толори варзишӣ ҷой гирифтааст, дидаанд. Мегуянд, ки сахт лоғар шудаст. Дар иҳотаи се нафар будааст. Гуё онҳо охранааш ҳастанд, аммо дар асл онҳо дар вазифаи наблюдений ва контроли ҳар як қадами Ҷамолиддин машғул ва маъмур карда шуда будаанд.

Ҷамолиддин, чи гуноҳе  содир кард, ки Раҳмонов ӯро аз назди худ ва ҳукуматаш дур андохт. Дар ҳоле, ки вай ҷонишини якуми раиси Бонки миллӣ буд ва ҳама суратҳисобҳои оффшории Раҳмоновро назорат мекард. Мегуянд, ки ҳоло Озода ӯро на три букви посилат кардааст ва ҳамроҳаш зиндагӣ намекунад.

Раиси Суди Олӣ,ки сармаҳкумкунандаи Семейка буд чи ҳол дорад?

Бинобар хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расидааст, баъд аз онки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз вазифаи раиси Суди Олии Тоҷикистон гирифтанд, дар худи пагоҳаш баччашро бо партияи калони героин қапиданд. Ин манбаъ гуфт, ки ин миқдори бузурги героини Шоҳиён дар оғили аспҳои Шоҳиён баҷо карда шуда будааст.

Ҳозир Шоҳиён дар руихати ҳизбӣ барои интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз ҲХДТ пешниҳод шудааст ва гапгап аст ки ҷонишини аввали раиси Маҷлиси намояндагон мешавад.

Ҳамарӯза вохуриҳо бо гуруҳҳои Авангарду дигару дигар баргузор намуда истодаанд, то дар барои дар байни мардум гардану гуш кунанд, ки ку чӣ мегуяд, кӣ оиди митингу инқилоб гап мезанад. 14 феврал дар ноҳияи Рудакӣ ҷамъомад буд бо Авангард. Масъалаи асосӣ ҳам ҳамин буд, ки ҷилави ҳар гуна овозаҳо гирифта шавад ва ба мардум фаҳмонида шавад, ки ба гапу ҳарфҳои мухолифон гуш надиҳанд ва бо мухолифон ҳамкорӣ карда ҳаёти худро дар паси панҷара нагузаронанд. Аз сармаҳкумкунандаи режиму оила ҳам барканораш кардаанд вале боз ҳам бояд лесиданро ба шакли бояду шояд анҷом диҳад.

Раҳмонов ва фармонҳои қатли ашхоси маъруфу зиёӣ

Вақте мурофиаи додгоҳии Хуҷа-командир, яке аз хунхортарин фармондеҳони Фронти халқӣ дар додгоҳ идома дошт, Хуҷа-командир дар мавриди ҳодисаи куштори ду депутати Шурои олӣ Саидшо Саидов дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 посух медиҳад,ки ин депутатҳоро бо фармони Абдумаҷид Достиев паронида куштааст. Достиев ба Хуҷа аз номи Эмомалӣ Раҳмонов фармон дода будааст, ки Саидшо Саидовро чи хеле набошад, убират кунад.

Як корманди додситонӣ, ки дар тафтишоти парвандаи Хуҷа-командир иштирок карда будааст, ба як рафиқаш мегуяд, ки Хуҷа бисёр сирҳоро фош кард. Аммо парвандаи ӯро тавре навиштанд, ки он ифшокориҳои Хуҷа-командир зикр нашуданд. Бисёре аз шахсиятҳоро, ки он замон кушта шуда будаанд, бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмонов карда будаанд. Аз ҷумла қатли Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ ҳам бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифта будааст. Барои ҳамин як сабаби аз хориҷа овардани Хуҷа –командир ҳам ҳамин будааст, ки аз ин сиру пиёзи Раҳмонов огоҳ буд ва Раҳмонов метарсид, ки боз мабодо Хуҷа ин ҳамаро ба мухолифон фош насозад. Беҳтар аст ки ин сирру асрорро дар зиндон бо худ ба гур барад.

Зоир( Маҳмадзоир Соҳибов), серий кардинал ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила

Чуноне дар муқаддимаи маҷалла гуфтем «герой»-ин шумора, персонажи асосӣ Зоир Соҳибов, мулаққаб ба Зоири ҷайра ва Зоири мундуқ, домоди калонии Раҳмонов мебошад.

Зоир ҳамаро аз Тоҷиддин-командир сар карда то Бег Сабур, Диловари фархорӣ, Юсуф Раҳмон, Боим ва дигарҳое, ки дар тиҷорати наркотик дар Тоҷикистон ҳамаро контрол мекунад.

Агарчи ин тарафи фаъолияти Зоир аз назарҳо пинҳон мондааст, вале ин  Зоири домоди Ҷаноб на фақат Бег Сабур дигар раису вазирони ҳукумати Раҳмоновро, бовар кунед, ки любойяшро бе ягон эҳтиром «б..м,б…ом» мекунад. Барои вай фарқ надорад. СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, Юсуф Раҳмон. Вай «серий кардинал» аст. Чунки бо Азизмои хуштоманаш бисёр наздик аст. Ҳама ҳукуматро рулит карда истодааст.

Аммо дар вақташ як бомж буд. Як Нексияи шикоф дошт. Кудакҳои Раҳмоновро ҷамъ карда морожнийхурӣ мебурд. Аз Амонулло Ҳукумумов, ки раиси корхонаи Нафтрасон буд меомад 300-500 доллар морожнийпуливу бензинпулӣ мегирифт ва аз лаби ҳамон боз барои худаш кор мекард. Шабурӯз дар хонаи Раҳмонов буд.

Кӣ чи кор мекунад, ки кӣ аст, чи дорад, в курсе шуд. Чунки Раҳмонов дар хона ҳамеша мезад, пиён мешуд. Зоир бо дастур ва машварати Азизмо як навъ телехи ғайрирасмӣ, қилкашаки Раҳмонов шуд ва ҳама кору ҳама чизро дар дасташ гирифт. Вақте дигар маст мешуд ва худашро контрол карда наметавонист, Зоир ягон баҳона карда раисро меовард то спалний ва ба ихтиёри Азизмо месупорид ва Зоир баргашта меомаду меҳмонҳо-рақибони собутилнки Раҳмоновро гусел мекард ва нишон медод, ки одами асосӣ аст ва ин дӯстону рафиқони собутилник аз нақш ва ҷойгоҳи Зоир дар даруни оила боз ба дигарҳо мегуфтанд ва ҳамин тариқа Зоир ба фигураи муҳимми пасипарда бадал шуд.

Дар ҳақиқат ин мундуқ шабуруз дар хонаи Раҳмонов буд. Раҳмонов доим пиён буд. Зоир меомаду ҳамаи гапҳоро гуш мекард. Ин ҳолат дар дарозои 10 -15 сол шудааст ва ҳоло ҳам давом дорад ва вақте Зоир нест. Исмоили баччааш Пингвин ӯро заменит мекунад ва гуё набераи любимчики Раҳмонов аст.

Аз чандин сол аст, ки кони тиллои Шугнов покиза барои Зоир кор мекунад. Ба ягон одам ва ягон ниҳод ҳисобот намесупорад. Миллион, миллион ба давлат, миллат ва ҳукумат зарар оварда истодааст. Онҷо аз обу аз санг пур шудагӣ аст. Ба қарибӣ ними Кулобро об мебарад.

Эргаш Маҳмадбеков, муовини Исмоили пингвин дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  яке аз шарикони асосии «сбит»—и наркотики Зоир мебошад

Зоир як ҷангали калонро дар Екатеринбурги Русия харидааст ва он ҷангал дар дасти ҳамин Эргаш Маҳмадбеков аст. Зоҳиран Зоир аз онҷо тахтаву чуб ба Тоҷикистон меорад. Аммо шогирдонаш кору борашро пеш бурда истодаанд.

Бинобар маълумотҳои таъйидношуда айни замон Диловари фархорӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, вазорати дохилӣ ихтор гирифтааст, ки таҳти пайгард қарор мегирад. Гап дар бораи он меравад, ки наздики 240 килло ҳероини «999»-и тавлиди Афғонистон, ки аз они Зоир мебошад тавассути Бег Сабур ба Санкт -Петербург расонида шудааст. Аммо баъд аз онки Бег Сабур аз мақом сабукдуш шуд, пардохти пули он «проблема» шуда истодааст.

Зоир Бег Сабур ва Рамазон Раҳимзодаро даъват карда «счетчик» подключат карда аст. Бег Сабурро гуфтааст, ки агар барнаградонӣ зинда намемонӣ.

Бег Сабур гуфтааст, ки маҷбур аст бачаҳо аз Сонтсевкий группаро ба сари Диловар равон кардааст. Диловар ваъда  кардааст, ки маблағро мефиристад. Аммо боз ба каналҳои худаш ба Зоир расонидааст, ки пули борро Бег Сабур барвақт гирифта ва ба як генерали рус, ки вай ҳам дар Солнтсевский группа ҳамкорӣ мекунад, додааст.

Хулоса байнашон ҳоло сахт кашокаш рафта истодааст.

Пушида нест, ки тиҷорати наркотик, маводҳои психотропӣ яке аз манбаъҳои муҳим ва миллионии даромади Оила аст. Бесабаб нест, ки чанд рӯзи пеш намояндаи вазорати дохилаи Иморати исломии Афғонистон, бидуни онки аз кадом кишваре тазаккур кунад, гуфт, ки маводҳои синтетикии нашъавор аз кишварҳои ҳамсояи мо вориди Афғонистон мешавад. Ин ишора пеш аз ҳама ба Тоҷикистон дахл дорад.

Мо дар яке аз барномаҳои қаблии худ аз он гуфта будем, ки ширкати фарматсевии «Сифат-фарма», ки ба Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати муттаҳидаи Араб мебошад ба истеҳсол ва тавзеъи ҳабҳои наркотикӣ машғул аст. Худи Ашраф Гулов ҳам вақти дар Туркия сафир буданаш доруҳои наркотикӣ, аз қабили кристалл ба Тоҷикистон медаровард. Талош мекунем, ки дар шумораи ояндаи «Семейканюс» дар бораи «Сифат-фарма» матлаби алоҳида пешниҳод намоем.

Пештар мақомдорон ё нафарони сумдор, сум медоданд нафаронеро, ки дар тиҷорати наркотик машғуланд ва фоизҳои хуб мегирифтанд.

Аз замоне, ки Зоир дар ин тиҷорат даст зад, сари зиёд нафарони «куҳнакор» дар ин тиҷоратро хурду зиндон кард. Эмом Хуяку Искандари бародари ӯ  ва боз чандеи дигарро Зоир «за бортом» кард. Қиссаи чи тавр Обиди баччаи Эмом Хуяк ва худи Эмом Хуякро Зоир чи тавр чингирк мондро гуфта будем. 25 кило героини навъи «ходовой»-и Эмомхуякро тавонист дар Русия кидат кунад. Аз тарафи дигар Зоир қариб, ки ҳама нафарони савдои калони наркотик-«катазан»-ҳоро тавонист ба худ часпонаду таҳти контрол гирад.

Боим, нафаре, ки замони тағиротҳои калон дар зиндон буд, аз тартиботҳои нав дар олами наркотик бехабар монд. Вақте Боим дар ин тиҷорат «асса» шуда буд, ҳоло Зоир касе набуд. Бо ин вуҷуд Боим замоне, ки дар Русия адои ҷазо мекард, аз дохили зиндон каналҳои савдои калони наркотикро контрол мекард. Баъди аз зиндони Русия баромадан Зоир чандин бор ба воситаи одамҳояш бо Боим ба алоқа баромаданӣ шуд. Чандин бор пешниҳод кард, ки биё бо ман кор кун. Боим, ки дар ин тиҷорат ветеран буд, Зоирро қабул накард. Зоирро ин сахт асабӣ кард.

Боимро дар Русия дастгир карда буданд ва адои ҷазо ҳам он ҷо кард.

Зоир яке аз сагҳои вафодори худаш-Ҷеки Чан-Раҳим Рамазонро гуфт, ки чи коре мекунӣ намекунӣ Боимро якнима мекунӣ.

Чаро Боимро дар Точикистон дастгир накарданд? Чаро барои ҷиноятҳо дар Русия   боз мақомоти Тоҷикистон Боимро дастгир карданд? Ҳол онки метавонистанд ҳамон вакт дастгираш кунанд.

Мо хуб медонем,ки спонсорҳои Боим мансабдорони калон буданд ва ӯро пуштибонӣ мекарданд. Боим чандин маротиба ба наздикони Раҳмонов ҳамон солҳо мошинҳои қиммат туҳфа карда буд. Ҳамон шабу рӯзе, ки Боимро дар Русия дастгир карданд, як барбар мансабдорон дар Тоҷикистон дилкасал шуданд. Боим мардӣ карду нафурухт. Аммо Боим ба номардии инҳо бовар надошт.

Боим баъд аз озод шуданаш ба хориҷа рафт. Тибқи як маълумот Юсуф Раҳмон дар Дубай бо Боим вохурӣ намуда буд. Шояд, Юсуф Раҳмон мехост пешниҳоди ҳамкорӣ бо Боим кунад. Чун ӯ хабар дошт, ки Боим Зоирро на три буквы посилат карда буд ва худи Юсуф Раҳмон ҳам Зоирро бад медид. Юсуф Раҳмон ҳам дар тиҷорати наркотик хуб «қадам»-ҳо мондааст. Аммо манбаъи дигар вохурии Юсуф Раҳмонро бо Боим дар Туркия гуфтанд, на Дубай. Муҳим ин вохурӣ сурат гирифта буд.

Тибқи маълумоти дигари расида ба Ислоҳ Боимро маҳз бо талаби Зоир аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар ҳоле Боим бо шиносномаи Қирғизӣ қарор дошт дар туркия, на бо шиносномаи Тоҷикӣ. Аммо Боим чандин мақомдори баландпояи Тоҷикро дар миёнаравӣ кидат карда будааст. Гуйё чандин адад мошинҳо дар Русия гирифта будааст,ки пулашро медиҳам ва Боимро кидат карданд ва дигар натавониста пулро баргардонад. Ин мошинҳо аз Зоир будаанд ва ин боздошт ба ин қазия бармегардад. Қазияи Боим хеле пур хаму печ аст ва дар бойгонии Ислоҳ беш аз 20 сафҳа маълумот вуҷуд дорад,ки онро дар шакли алоҳида тақдим менамоем.

Чанд рӯз пеш, Прокурори нақлиёт дар як ҷо дар омади гап гуфтааст, ки «ҳами рейси Дубай мешид, ғамам мегирифт. Мерафтм то париданша назорат мекадам. Хайрият и мардаки хуба гирифтан, камтар сабук шидем». Прокурори нақлиёт мардаки хуб гуфта Юсуф Раҳмонро дар назар дошт, ки контроли содироти наркотики ӯро то паридани самолёт дар даст дошт, токи бекамбудӣ равад.

Аз вохурии Юсуф Раҳмон бо Боим Зоир огоҳ шуда буд ва Ҷеки Чан –Рамазон Раҳимзодаро сахт ҷиқид, ки Боимро биёрад: «Любой ценой биёрша». Зоир ба мақсадаш расид, Боимро дастгир карданд ва оварданд. Айни замон тамоми схема ва системаи тиҷорати наркотикро дар Дубай ва Туркия Зоир таҳти контроли худ кардааст.

Боим ҳозир зиёд нишондодҳо дода истодааст. Аз як лаб фурӯхта истодааст.

Юсуф Раҳмон ба дараҷе мурда будааст, ки то рӯзи сеюми феврал, то рузи рафтанаш полний вазифаҳоро фурухтааст. Имзо кардаву фармон бароварда «ира да иҷаву ура да уҷа» мондааст. Чунки вай медонист,ки меравад.Хелеҳоро карда иваз карда ҷойҳои руғаниву сумдорро фурӯхтааст.

Дар вақташ Шерхон Салимзода ҳам ҳамин хел карда буд. Аммо Юсуф Раҳмон омадан замон резко ҳамаи фармонҳои Шерхон Салимро бекор кард. Вай одамони худашро, албатта, пулҳои калон гирифта оварда монд. Бисёр дарундори кинагир аст. Аммо Ҳабибулло Воҳидзода ба ин андоза нафси бад надоштааст. Вай ин корро накард. Феълан накард, шояд як каме баъдтар кунад.

Юсуф Раҳмон бошад пулҳоро гирифт, ҷамъ кард ва баъд рафт. Ҳатто задним числом имзо кардааст. Барои мисол прокурорҳои Турсунзода, Ваҳдат, Норак. «Доля»-и вазнин гирифту монд.

Аммо новобаста аз ин ҳолат фармон шудааст, ки ҳаҷму миқдор дороиҳо, аниқтараш дуздиҳои Юсуф Раҳмонро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он муайян кунанд. Ба назар мерасад сарнавишти Ёрмаҳмад Гулов, қудои пешини Эмомалӣ Раҳмонов, падаршавҳари собиқи Тахминаи Клеопатра ба сари Юсуф Раҳмон омаданӣ аст.

Манбаъи ин хабар сардори раёсати тафтишоти КДАМ дар шаҳри Душанбе аст. Чанд рӯз пеш дар як ҷо ба чанд нафар нишаста будааст, ҳамон ин гапро гуфтааст. Гуфта мешавад баъзе аз сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ тайёранд, ки нисбати Юсуф Раҳмон нишондод диҳанд. Онҳо сахт хафаанд, ки Юсуф Раҳмон сумҳои калонашонро гирифта кидаташон кард. Дар туи арусии Сафар баччаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов расходҳои зиёд карда буданд, аммо ягон фоида нашуд. Чунки Юсуф Раҳмонов он вазифаҳоро ба нафарони дигар фурӯхтааст.

СС.Ятимов гуфтааст, ки Юсуф Раҳмон переборшит карда буд, ба сазои аъмолаш расид. Юсуф Раҳмон баъд аз онки қудои Ҷаноб шуд дар дилхоҳ кор даст зад. Мақомдорони баландпояи ҳатто наздик ба СС.Ятимовро аз КДАМ оварда таҳти пурсиш қарор дод. Акнун бошад боз КДАМ гапзани асосӣ  шуд.

Бинобар баъзе маълумотҳо КДАМ-СС.Ятимов сахт кор кард барои аз вазифа гирифтани Юсуф Раҳмон. Юсуф Раҳмонро барои утечка ва қапонидани «борҳо»-и зиёди Зоир сиёҳ карданд. Албатта борҳо на танҳо аз Зоир буд, аз «Семейка» буд ва ҳар касе, ки ба кисса ва кассаи Раҳмонов назар мекунад, оқибаташ мушаххас аст.

Раҳмонов ҳама вақт дар интихоби кадрҳо хулосаи КДАМро гуш мекунад. Аз чи бошад, ки КДАМ аз чанд номзад ба унвони Прокурори Генералӣ Воҳидзодаро тавсия дод.

Воҳидзода кадри Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон ва аз хешовандони Маҳмадсаид Убайдуллоев  ва рафиқи хуби Юсуф Раҳмону фархорӣ ҳам мебошад. Вале барои вай вазифаи сахт мондааст. Фармони махсус дода шудааст, ки баъди «тенҷ» гузаштани интихобот, Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва боз чанд тани дигар бояд ҳатман «безарар» гардонида шаванд. Чи имконияте бошад бояд истифода бурда шавад.

Сообщение Семейка news№14 появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов куҷо мегурезад. Маскав ё Минск?
Ҳеҷ шаке надорам ва шумо ҳам тардид надошта бошед, ки Эмомалӣ Раҳмонов ин диктатори фартут, агар ба даст науфтод, ҳатмани ҳатман ба яке аз ин ду шаҳр- Маскав ва Минск хоҳад гурехт. Кишварҳои дигари олам ба руи вай дару дарвозаҳояшонро мебанданд.

Раҳмоновро Узбакистон қабул намекунад, Қирғизистон қабул намекунад, (заминфурӯшиҳояш ба қирғизҳо судаш нахоҳад кард) Қазоқистон қабулаш намекунад, Туркманистон низ ҳамчунин.

Хитой Раҳмонову амсоли вайро тамоман задагӣ. Ҳоло, ки дар сари кор аст бо вай муомила мекунад, ҳаминки рафт, дигар ҳатто ёдаш нахоҳад кард. Чун Хитой экспансияи иқтисодӣ мекунад. Ҳозир борони юану долларро болои Толибон рехта истодааст, аммо ин на барои Раҳмонов, на барои додани ҳазорон гектар замини Бадахшони шарқӣ ва на барои пойгоҳи низомӣ. Барои дигарҳо, масалан барои Қазоқистон даҳҳо маротиба бештар сармоя гузоштааст.

Хитой ҳоло ба Толибон бедареғ сармоя рехта истодааст ва Иморати Исломии Афғонистон низ ба навбати худ бузургтарин конҳои дастнахурдаи кишварашонро дар ихтиёраш гузошта истодаанд.

Наҳзати исломӣ ва ё ҳар неруи дигари исломӣ ҳам, ки омаду ҳукумат ташкил кард, Чин робитаашро бо Тоҷикистон намеканад, вагарна мебоист бо Толибон муносиботашро меканд, дар ҳоле, ки дуруст баракс дар замони қабл аз Толибон ба Афғонистон бо ин ҳаҷму миқдор пул надодааст.

Амрикову Бритониёву Фаронсаву Олмону дигарҳо фикр мекунед, қабулаш мекунанд? Аслан ва абадан! Ин диктаторро Эрону Покистону Арабистон ҳам намепазиранд, чун ин тоғути алайҳилаъна тамоми муддати ҳукуматаш бар зидди ислом ҷангид. Ҳиҷ гоҳ қабулаш намекунанд.

Ин эҳтимол, ки Бокуи Илҳом Алиев, як дарозумр ва меросбурдаву мерсохурда қабулаш кунад низ маҳол аст. Илҳом Алиев ҳам барои ин тоғути гандапир шуда худро хандахариш нахоҳад кард.

Инҷо мемонад Минску Лукашенко, як гандапири дигар ва инҷо мемонад Маскав ва Владимир Путин компаси диктотурҳое назири Раҳмонов.

Аммо ҳаводиси ахир, «табаддулот»-и Зарифиву Усмонзода ва дигарон дили Раҳмоновро аз Маскав монои тармаҳои Помир ҳам яхбандон кардааст. Бар илова ҳолату сарнавишти Асад ва Асмо ҳам, ки бираваду занҷирбанду завлонапечи дастони Путин шавад, шояд он қадар Маскав барояш ҷойи амну роҳат набошад. Вале ба ҳар ҳол…аз зиндони критийи Қурғонтеппа ва Кирпичнийи Ваҳдат барояш боз ҳам беҳтар аст. Чун ин гурез аз ноилоҷӣ аст. Роҳу чораи дигар, интихоби дигаре надорад. Бояд бигурезад. Ба охири хат расидааст. Фурсат барояш намондааст, они воҳидист.

Мисли соири диктотурҳо замон барояш дигар хеле дер шуда, дери дер. Бояд ишкамбаи тулумбашро, ҷони палидашро бардораду бигрезад!

Чунки хеле ба тул кашид. Ҳақи дигарҳоро гирифт. Дилбазан ва оби гандида шуд.

Оппортунисте дигар инҷо даркор нест.

Ин баҳонаи дарозумрон, ин дағдағаи бемояву асос аст. Тибқи қонун ва риволи пазируфт ду навбат ки истодӣ баст аст. Дунё иборат фақат аз ту нест. То ту ҳам буданд, баъди ту ҳам хоҳанд буд. Бозие, беруну даруне даркор нест. Мардона бояд бирваӣ, чун муҳлататро хатм кардӣ!

Вақте натавонистӣ ҳаял ва ҳиллае ба кор намеравад. Рафтани бообруй куҷову ҳифзи иззату ҷойгоҳ куҷо? Баҳонаҷуиву парту пало, ки оппортунистанд, машварат мегиранд, ҳаллу фасли мушкилӣ нест. Мушкилро дар худат ҷуй! Метавонистӣ, мекардӣ! Ҳеҷ «берун»-е ҳам даркор нест.

Даҳ сол не, сад соли дигар ҳам, ки Урупо биистем, чизе иваз намешавад.

Онҳо набояд ба ҳоли танҳо худашон бошанд. Чун онҳо ҳам моанд. Мо ҳам онҳоем. Аммо мо бояд иқрор ва эътироф бар аҷзу нотавониамон кунем. Дер ё зуд роҳи онҳоро хоҳем паймуд. Ин роҳи яқину дақиқ адиру куҳу пуштаву талу сойю сахраву дарё дорад. Онҳоро убур бояд кард.

Роҳ дар дохили Тоҷикистон нест. Роҳро бояд дар дохили Тоҷикистон бурд. Ин тоғут на як бору ду бор ва ошкоро ихтор дод, ки хонаи сохтаамро намедиҳам, масҷид рафтӣ, намозатро хону рав, ба сиёсат қуш нашав, бо хун омадаам, бо хун меравам.

Инҷо, ки ҳастему истодаем, сад сол не, даҳ сад соли дигар меистем, намешавад.

Тоҷикистон майдон ва саҳна аст. Аммо ин майдон ва ин саҳнаро онҳо, ки дохиланд гирифта наметавонад.

Ва, агар сиёсат ин бошад, ки муҳоҷирҳо дар Русия ва мардум дар дохил Тоҷикистонро аз ин диктатори гандамур наҷот хоҳанд дод, далолат ба он дорад, ки аз дохил воқиф нест огоҳӣ надорад. Сад афсус! Чун мардум беш аз пеш шикаста ва беш аз пеш леҳу лаварда ва тика пора шуда истодааст.

Заду кушту зиндонӣ кард. Айну ранги мурғ кардааст мардумро, ки ҳар қадр пару болаш меканӣ, худро боз пеши поят ҷафстар мекунад.

Ҳоло, дигар чизе дар дасташ намондааст, аз мардум пул канда истодаст. Мегуяд бо 5 миллиарди мардуми бонангу номус ва соҳибкорони дастбахайр ободӣ кардааст. Ин пул навъи дигари саркубу хафақон аст. Саркуб чунон аст ки ҷуръат, ҷасорат, шуҷоат ва ғайрат сархурда ва калакубак мешавад, танутушаш шилҳашилҳа шудааст. Аммо лому мим намегуяд.

Ин андеша ва ин гап ки ҷуз аз Афғонистон роҳе нест тахаюл ва таваҳҳум нест. Агар таваҳҳум ва тахаюл буд устодони шаҳид ва муҷоҳидони лолакафан онро тай намекарданд. Дигар инки мо бо оппозитсияи Туркия, Қазоқистон ва Русия шабеҳ нестем.

Мо ҷанги дохилӣ гузаштаем ва тарафи мухолифи мо ҳамоне аст, ки буд ва бо вай  мубориза ва муқовамат карда будем ва он тарафи ҷанги мо аст ки дар қудрат асту мо боз овораву дарбадару паноҳандаем.

Магар он шаклу шеваи дигар мешавад тарафи ҷангро, он мусалсалбадастро нагун ва хунсо кард? Яъне, чи кӣ ягона ва як бишавем? Ягона будан ба чӣ маъно?

Ин дуруст тарзи тафаккури Раҳмонов ва раҳмоновӣ аст, ки дар гирди пешвои худ ҷамъу ҷазб бишавем. Аммо ҳама чиро, буду набудро пешво тасоҳуб шавад, чи тавр ҷамъу ягона бишавем? Аҷаб. Ин тавр намешавад ва ин тавр чизе бор нахоҳад овард.

Мо, роҳи дигар надорем. Роҳи зурӣ ва зур овардан роҳи мост. Дигар ҳамааш фолклору фалсафагӯйи аст.

Шикасти Наҳзати исломӣ ҳеҷ муаммое надорад. Силоҳашро супориду худро ба дасти рақиби мусаллаҳ супорид ва ин мусаллаҳ давра бадавра танг карду танг карду ҳамаро заду гирифт. Аслу асос ҳамин аст. Бадтар аз ин дар муқобили ҷангсолор нафаре дар тарафи дигари ҷанг омад, ки фақат худкорро балад буд ва табъан, ки рақобат нобаробар шуд.

Мо ончунон худро ба оғуши сулҳу оштӣ задем, ки дигар аз ҳарфи сулҳу оштӣ диламон мешурад. Беш аз ин решакобӣ накунем беҳтар аст. Чун ковиши бештар буйи ганди зиёдтар меоварад.

Ҳоло ҳам ҳамин аст. Агар сад сол, агар дусад сол бигзарад ҳамин тарзи тафаккур аст. Чун инҷо тафаккур ивазношуданист. Воқиан ҳам дуруст гуфтанд, ки  сиёсатшиноси хуб аст вале сиёсатмадорӣ кори дигар аст. Сиёсатшинос аз сиёсатмадор фарқ дорад.

Бояд ошкоро ва босароҳат эълон кард, ки эй мардум, оппозитсион аз Димишқу аз Кобулу аз ҳар гушаи дигаридунё, маслан мо аз Урупо хоҳем хест ва моро мунтазир бошед. Мунтазир ва омода бошед. Руҳияи инқилобии мардумро бояд инқилобитар кард.

Чаро Раҳмонов метавонад дар тамоми навоҳиву вилоёту пойтахт милисаву КГБюу дигару дигарашро ба дасти ҳаммаҳаллу хешу таборонаш медиҳад, мижааш хам намехурад, чаро Раҳмонов якеяке тамоми бачаҳояшро ба ҳукумат оварда метавонад, чаро Раҳмонов метавонад моро аз ҳақи зистан ва мурдан дар ватан, ки ин ҳақи табии мост, ончики худои мо ба мо додааст, ончики аз обову аҷдоди мо мерос мондааст, маҳрум кунад, вале мо наметавонистаем бо бародарони имону исломии худ, ки дар кишварҳои дигар инқилоб мекунанд, истиқбол накунем ва онҳоро ҳамроҳ нашавем ва бо онҳо шарик набошем? Онҳо, ки дар гузашта наҳзатӣ буданд, онҳо, ки шиносномаҳояшонро аз ШВКД-ҳои кишвари мо гирифтаанд, онҳо дар даруни ин ватан таваллуд ва ба камол расидаанд? Онҳо ҳоло барои он дар онҷоҳоянд, ки дар инҷо ба мақсуд ва муродашон нарасиданд. Инро бояд фикр кард, ки чаро рафтанд? Чаро ватанро раҳо карданд?

Ин нафарони милисаву кгберо Раҳмонов аз халқ канда ба худаш ва барои худаш овардааст, то худашро ҳимоят кунанд. Барои ҳамин мо ин бародаронамро бояд биоварем, даъват бикунем, ҳатто агар онҳо бегуфти мо ҳам ҳамин нақша ва ниятро ҳам дошта бошанд, шарик бишавем, то биоянду халқро наҷот диҳанд, халос кунанд, ҳимоят ва ҳифозат кунанд. Мардуми мо хаста шуда истодааст, миёншикан шуда истодааст.

Воқеъият ин аст мардум ба ҷуз аз онҳо, ки силоҳ доранд, ба касеву гуруҳе бовар намекунад. Чун такрор ҳам шавад Раҳмонов ҳамоно нафари камондор боқӣ мондааст ва мусаллаҳ аст. Иллат ва асосӣ ин қадар зур шудани Раҳмонов ҳам ҳамин тарафи ҷанг, ҷангсолор будани вай-боевик будани вай аст. Ва, танҳо тарафи дигари ҷанг аст ки онро безарар мегардонад, чи ҲНИТ бошад, чи Ансоруллоҳ ва ё чи Сайфиддин Тоҷибоев.

Мардум ҳамоно ба ҲНИТ ва бақия неруҳои исломӣ барои он бовар доранд, ки таҷрибаи силоҳро доранд ва маҳз бо силоҳ Раҳмоновро ба замин шинонида буданд. Ҳамин рӯз ҳам ҳамон рӯз аст. Ба ҷуз аз исломиҳо касеву неруеву гуруҳе дар баробари ин тоғути зиддиисломии камондор қадбақад намешавад, панҷабапанҷа намеафканад.

Инки ман блогерам, инки ман ҳоло роҳи чораамро дар ҳамин ҷустаам ва инки ман сад соли дигар блогери кунам, дипломатия кунам, сиёсатмадорӣ кунаму ҳуқуқи башарӣ кунам, валлоҳи пинаки Раҳмонов намепарад. Дуруст аст ки аз ҳамин шакли блогерии ману моҳо ҳам метарсад, чун саропо ҷурму ҷиноят аст, чун ману моҳо ҳарчи аз ҷиноёту хиёнатҳо, ки тули ин се даҳа содир кардааст, аланӣ мекунем, ошкор ва зоҳираш мекунему кардаем. Аммо ин на онест, ки аз гапу ҳарфи мо ба тавври ҷиддӣ хавф кунад. Ман хуб ва ба вузуҳ медонам, ки бояд ҳарчи зудтар даст ба қиём зад, даст ба муборизаи баданӣ кард ва аз инҷост, ки роҳи сарнагунии Раҳмонов ҳамон роҳе аст ки Башор Асадро ба кайфари аъмолаш расонд.

Ин камондор ончунон зулму истибдодро афзудааст, бедод кардааст, ки мардум огоҳона ва бо майли тамом даври исломиҳо ҷамъ меояд, ҳамчуноне дар солҳои ҷанги дохилӣ ҷамъ омада буданд. Мардум муқобили инҳо мехезад, дандонҳо тез кардааст, аммо мардум бо онҳое мехезад, ки дастонашон холӣ набошад….

Ва он гоҳ аст ки Раҳмонов пеши Батко мегурезад ва дар канор Қурмонбек Боқиев хона мегирад ва Рустаму Максим ҷура мешаванд ва Раҳмонову Боқиев собтулник ва ё меравад Маскав, канори Янукович ва Асад ва Азизмои газетхонак бо Асмо дугона мешаваду мешинанду ҳасрати рӯзҳои тиллоӣ мекунанд.

Ба ҳафтоду анд даромад, ранги нархуг бақувват. Чор соат паём мехонад, чашмонаш сиҳат, дандонҳояш сиҳат, гушҳояш сиҳат.

Ба гуфти як мансабдори воломақом дӯ рӯз пеш бо ман дар суҳбат чунин гуфт: «Ба Худо қасам чеҳраашро аз пеш мебини метарсӣ хело махуфу суп сурх аст. Мегуянд шахсе шароб менушад ҷигараш тамом мекунад бовар кунед ҳамин Раҳмонов як ҳаёт маст аст вале ин пирсаг ҷигараш ҳам сиҳат аст ва ҳоло ҳоло ҳо мегуед намемирад ва интизори марги ӯ ҳаргиз набошед, ки хело бо қувват аст»

Болои минбар ки баромад э, дигар шери наррае, э, дигар афлотунае, э дигар, Буалии замонае, э.дигар абдуллораҳнамои мутафаккири ахируззамонае: «Пайғамбарро модар ба дунё овардааст», «бачаҳотона хононед» (гуё худаш ё Рустами герчикаш хондагӣ бошанд) Ана баъд тамошо кун, Луқмони ҳаким дар пеши ин ҳиҷ, ин баъд бо чашмони чарбубастаи руғанпечидааш, занахдони ранги хамири аз лаби карсон овезонаш, лунҷҳои монади дунбаи гусфанди ҳисориаш, пешонии ранги пустдумба чарбигирифтааш, гардани балонигазиаш гап медиҳад.

Аммо дар асл ва дар амал чӣ? Ончики мегуяд бо худаш ва ба худаш ва бо хонадонаш ҳамхонӣ дорад. Худаш ҳамин тавр аст.

Рустам кандидат наук, Озода доктор наук аст, Исмоили пингвин аспирантура хонд? Аммо ҳоло инҳо ҳокими ин ватананд, пулу моли мардум, дору мадори мардум дар дасти инҳост. Сарнавишти мардум дар дасти инҳост. Инҳоро намегуяд, ки чаро рисолаи кандидатӣ ҳимоя накардӣ? Инҳоро мегуяд: «пока ма ҳастум, бдузден, бзунан, бучарен бугирен, бугарден».

Ин низом ва ин сохтор ки се даҳа вуҷуд дорад, бахусус баъд аз соли 2015, яъне даҳаи ахир, баъди рондани ҲНИТ тамоми арсаҳои даромадноки Тоҷикистонро ба дасти худ гирифт. Ягон фарзанди Раҳмонов устоди донишгоҳ нашуд. Баракс то Назарайлоқу то кони Зиддиву то Ғузни Мастчоҳро гирифтанд. Чанд насл аст ки  бесвет мактаб хонд. Аз куҷо дониш гирад?

Аз таҷрибаҳои Исмоили пингвину аз таҷрибаҳои Тахминаву аз таҷрибаҳои Озода чаро намегуӣ, намефаҳмонӣ, ки чи тур мултимиллиардер шудаанд, чи тур вазифа ва мансабҳои давлатиро тасоҳуб ва ишғол ва забт карданд? Чаро инҳо неву кандидат наукҳо ва доктор наукҳо дар муҳоҷират, дар муздудрӣ дар Русия қарор доранд?

Рӯзбарӯз светро маҳдуд мекунад, на ба он ҷиҳат аст ки свет нест, обанбори Норак хушкидааст ва камоб шудаст, на ин тавр нест. Чунки дарунтару дохилтар медарояд ва агар дар аввал Ҳасанро «дар қаватуш» гирифт дигар Озодаро овард, дигар Рустамро оврад, дигар Рухшонаро овард, дигар Парвинаро овард, дигар Заринаро овард, дигар Ашраф, дигар Ҷамолиддин, дигар …ин номҳоро гирифтан охир надорад, беохир аст. Масалан Ҳасан номзади илми кадом соҳа аст? Тахмина чӣ? Роҳбари кори илмии Рустам кӣ аст?

Ин туву рафтори туву зиндагии ту аст ки мардум аз саводу донишу аз таҳсилу таълим дилмондашуданд. Диданд, ки нохондаҳо, нодонҳо чи турӣ бою сарватманду ва соҳиби ҳукумат мешаванд.

Бубин, ки нафсат то куҷо носерам аст ки ҳатто таксиҳои Душанберо гирифтед. Роҳро пулакӣ кардед, тоқат кардем, Талкоро дуздидед тоқат кардем, свет намедиҳед тоқат кардем, масҷиду мадрасаву намозу ҳиҷобамонро мамнуъ кардед, аммо ҳамин таксиро гирифтан, шираи камолро гирифтан, хуллас, тамоми ҷои ризқбуроии мардумро гирифта истоданд, мо чи кор кунем?

То ташхис, то справкаи синфи як, то права, то техталон, то банку то ҳатто аз лаби пули муҳоҷирон гирифтед, тасоҳуб кардед, то ба кай сокит бошем?

Бубин, ки террористнавозӣ кардӣ, террористҳо чи корҳо карда истодаанд. Тоҷикро дар саросари дунё террорист шиносондӣ, ин шо Аллоҳ ба зудии зуд натиҷаашро хоҳӣ гирифт.

Шумо шояд бипурсед, ки Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззам, Асосгузор чаро гурезад? Чи кори бад кардааст, ки бигурезад?

Тамоми сиву се соли ҳукуматш кори бад кард. Бо аскару афсари аҷнабӣ халқро кушта ҳукуматро гирифт. Халқро ба Афғонистону Русияву Туркманистону Қазоқистон гуреза кард. Даҳҳо ҳазорро кушту зиндонӣ кард.

Вай сулҳ накард. Сулҳро дуздид. На фақат сулҳро дуздид. Тамоми дороиҳои мансуб ба миллату давлатро дуздид.

Роғунро аз нисф зиёдашро дуздид, Талкоро хоку бод кард. Роҳи мардумро  пулакӣ кард, пулашро ба кисаи духтару домодаш дод. Бинои ҳукуматро нисфашро дуздид.

Ҷиноятҳои Раҳмонов ба гуфтан тамомӣ надорад. Ҷавоби соддаву одӣ ин аст,  ки бо фиребу бо найранг сиву анд сол аст ки қудратро, ҳукуматро намедиҳад. Бубинед, ки амсоли Раҳмонов ба чӣ ҳол афтоданд? Намунаи охираш ҳамин Башор Асади тоғути алайҳилаънат аст.

Раҳмонов Башор Асади тоҷикӣ аст. Мисли Башор Асад хоҳад шуд. Фақат чанд моҳу чанд ҳафтаву чанд рӯз боқӣ мондааст, ки бигрезад.

Агар успет кунад, самолёти 92 миллиондоллариашро сувор мешаваду мегурезад. Айнан мисли Асад чанд нафарашро бор мекунад, боқиашро успети савор кардан намеёбад. Ин ба абдуллораҳнамову атомирхоҷаву амсоли онҳо дар он самолёт, сад бори дигар тамаллуқу сад достону ғазали дигар нависанд ҳам ҷой нахоҳад буд.

Мо бояд давомашро фикр кунем, ки баъди гуреза кардани Раҳмонов, Пешвои паёмгуяк чи кор мекунем? Чунки ин алайҳилаъна тамоми соҳаҳоро бо худу авлодаш тақсим кардааст. 99% бонкҳо ба дасти оилааш аст. Аммо мо ҳам айни ҳукумати ҷадиди Сурия ҳукуматиҳои безор аз Раҳмоновро ба кор хоҳем гирифт. Онҳое, ки чоплусу хушомадгу ва шарики ин ҳама ҷурму ҷиноёти Раҳмонов буданд, албатта, дар назди мардум ҷавоб хоҳанд дод. Боварам кунед мардуми Тоҷик сахт қасдгиранд ва бахшиданашон хело сахт аст. Ончи бо ман ҳар рӯз дар тамосанду чи тасмимҳо ва чи хандақҳо барои ин оила ва золимони мақомдори Раҳмонов кашидаанд агар қисса кунам валлоҳи ҳушатон мепарад.

Бояд аз ҳамин ҳоло омода шуд ва аз ҳамин ҳоло ин масоилро ҷиддӣ бигирифт, то бо мардум кор карда шавад.

Аммо аз суи дигар ин тавр нест, ки Раҳмонов фориғ, лоқайд, бепарво буда бошад. На, қатъан ва ҳаргиз ин тавр нест. Барои вай ҷой, барои вай роҳи фирор, барои вай тарзи фирор, барои вай шароити фирор ҳатман омухта ва ҷустуҷу шуда истодааст. Ба афроди наздикаш дарстур додааст, ки ними бағоҷи самлетро аз арақи «Гург» ва «Сиёма» ва «Шоҳона» истеҳсоли заводҳои Рустам пур кунанд. Лукашенко махсусан ин арақҳоро нағз мебинад.

Вақте дар Сурия Аҳмад –аш-Шаръ ва Сайфиддин Тоҷибоев ҳукуматро дар он лаби дунё гирифтанд, Раҳмонов дар Тоҷикистон казарменний положений-ҳолати омодабоши ҷангӣ эълон кард. Яъне талхакаф шуд, дар ҷояш тар кард. Чунки ба валлоҳӣ, ба таллоҳӣ, ки ҷинояткор аст. Ҷиноёте, ки содир кардааст, аз муи сараш зиёд аст. Ва вай, агарчи дуғу дағдаға мекунад, ушутлум мекунад, худро донову забардасти замон ҷилва медиҳад, дар даруни худаш медонад, ки як ҷинояткори пургуноҳ аст ва режими вай ба ниҳояти худ расидааст.

Аммо воқеият ин аст, ки мутаассифона, ин заъф ва ин нотавонии феълии ҲНИТ аст ки наметавонад ин шароитро ба вуҷуд оварад. Ва ҳануз ҳам, маъалаасаф инки мо ҷанги шаҳрвандӣ ва хуну куштор дидаем, тарс боқист. Намешавад инкор кард. Аммо вақте ҷойи амну роҳату тиҷорат пеши дастат аст магар хоҳиш ва тамоюл ба бозгашт ба шароити бебарқиву торикӣ пайдо мешавад? Вақте тиҷоратҳои сердаромад ва сохту сози биноноҳо ва ҳотелҳо ва ширкатҳои ба мисли Амазону мошинҳои гаронарзиш дошта бошед аз куҷо мехоҳед мубориза кунед? Аз инҷост,ки ман мегуям роҳ ҳамон роҳи тайшудаи Сайфиддин Тоҷибоев аст ва роҳ ҳамон роҳи муҷоҳидини лолакафани ҲНИТ аст ки он солҳо заданду гирифтанд.

Артиш дар дасти худат, маориф дар дасти худат, масҷиду мадраса дар дасти худат, милисаву кгб дар дасти худат, прокуратура дар дасти худат, суд дар дасти худат, бонку, фурудгоҳу роҳи оҳан ҳатто билетфурушӣ дар дасти худат шуд. Ҳатто зоҳирӣ ҳамбошад дигар баланси маҳалро риоят накардӣ. Яксараву якбара ба олу авлоду ҳаммаҳалҳоят тақсим кардӣ.

Гуё дар Тоҷикистон дигар мардум вуҷуд надошта бошанд

Фикрат ин аст ки ҳамаро таги даст кардӣ. Маҷлис дар дасти Рустам, пойтахт дар дасти Рустаму бачаҳои Рустам, апарат дар дасти Озода, ҳукумату давлат дар дасти худат. Айни Башор асад. Барои ҳамин айни Башор асад мешавӣ!

Дар Данғар даҳҳо омузишгоҳу коллеҷу Донишгоҳ месозад аммо дар Ғарм барои як мактаб столу стул проблема. Чаро? Гуё ин ҳамаро мардум намебинад, намефаҳмад.

Гуё барои ин тамоми чиз раво ва мумкин. Гуё ин як махлуқ ва ҷисме байни одаму чизи дигар. Ин одам неву ин болотар аз одамҳо. Ҳамин тафаккур ва тасаввур дар мағзи чарбубастаи чунин диктаторҳо ҷо гирифтааст. Ва ин тафаккур ин шо Аллоҳ фурсаташ ба итмом расида истодааст.

Ту расмиву ғайрирасмӣ дастур додӣ, ки румоли занҳоро аз сарашон бигиранд, гуфтӣ ин  фарҳанги бегона, ин аз миллати мо нест. Миллати ту чӣ аст?

Ту дискоклуб карда будӣ, ту кинотеатр карда будӣ, ту идораи КГБ карда будӣ ва ҳар ношуштаву палиду ғажду палаштат дар дари масҷидҳо муҳр мезад: то  облава буд нашавад, то пули обуна буд нашавад, то барои раҳ пул надиҳед, ва чи шарту шуруте, ки намемондӣ.

Домуллоҳоро консерти Юлдуз бурдӣ. Дасти шикастаи Ленинрро бо онҳо мараммат кардӣ. Ин таҳқири домулло ва ин таҳқири ислом буд. Ту руирост фармон додӣ, ки рӯзаатонро хуреду зардолу чинед. Ту фармон доди ҳаҷи фарзӣ нараведу роҳу хиёбон созед ба ҷойи адои ин фаризаи Илоҳӣ, Ёдат ҳаст?

Ту ба қавонин, ба фарзи ислом иҳонат ва тавҳин ва таҳқир ва таҳрир кардӣ. Ту фармони худоро ба бозӣ гирифтӣ. Ту кореро кардӣ, ки Ленин муқобили ислом накард, Сталин накард, Брежнев накард.

Маҳкамов гуфта буд, ки ман диндор нестам. Аммо ин корҳои туро накарда буд. Аммо ту намедонам дваждийи, триждийӣ беохир ҳоҷиӣ, дар қатори 500 мусулмони дунёӣ, бо шоҳи Саудӣ вориди ҳарам шудӣ. Аммо ту намози барои кудаконро мамнуъ кардӣ, сатрро мамнуъ кардӣ. Ту сабби набӣ, ту хасми худову Расул ҳастӣ

Ин шо Аллоҳ масҷид дигарбора маҳалли растагорӣ ва наҷоту озодагӣ хоҳад шуд. Ин шо Аллоҳ масоҷид макони таълиму омӯзиши дини Аллоҳ хоҳад шуд. Минбарҳои он ҷойи уламои ҳақгӯ ва муваҳҳид хоҳад шуд.

ҲНИТ,  Сайфиддину Маҳдӣ Арсалон ва амсолуҳум мардони бо имони ин ватан масҷидҳоро раҳо мекунанд.

Бори дигар мегуем, ки барои Абдулло Раҳнамо дар он самолёт ҳатто дар отсеки он ҷой   намерасад.

Дигар на қонуни асосгузор фоидааш дораду на инки пешво аст ва на инки қаҳрамони Тоҷикистон буданаш. Ва на ҳайкал ва на мақбараи Марями гурсухта мемонад.

Хабарҳое аз дохил меояд, ки Раҳмонов Ҷамолиддин Нуралиевро (домоди банкираш) даъват карда, ҷосозиву ҷобаҷоӣ ва амнияти пулҳои дуздидааш ва харидории криптовалютаро дастур додааст. Дар андешаи сохтани як бонк дар Белорусия ҳаст. Гуфтааст, ки дар Маскав ҳам як Спитаменбонки бисозад, аммо Ҷамолиддин гуфтааст, ки Путин пулҳои Башор Асадро кашида гирифт ва ҳоло Асмои занаш рафтанӣ аст, он гоҳ апаи Азизмо куҷо меравад?

Раҳмонов гуфтааст, ки шояд бо дустам Сӣ Ҷинпин ҳам маслиҳат кунем. Ҷамолиддин гуфтааст, ки аз вай дида бо Пизишкиён  масъалагузорӣ кунем беҳтар аст ва дили оятулло Хоманаиро мешавад бо бозгардони он дувуним миллиард доллари Бобаки Занҷонӣ ба даст оварда мешавад.

Вақте ин матлабро менавиштам баъзе аз дӯстон гуфтанд,ки ин кори ту як навъ луқма андохтан ба даҳони вай як навъ роҳнамоӣ аст. Мо бояд вайро зинда дастгир карда ниқору интиқому қасосамонро бигирем. Ҷонҳои талафёфта, умрҳои дар зиндон хазоншуда, занону модарони бевамонда бояд интиқом бигиранд.

Дар охири матлаб дар мавриди ҳавопаймой 92 млн Раҳмонов,ки гоҳо дар Хуҷанд нишаст ба иллати туман, то рафъи он. Ин шеърчаро тақдими Раҳмонов кунам,то донад,ки ҳавопаймои омода ва берун аз ангараш дар муқобили ин миллат валлоҳи судаш намекунад.

Осмонанда ракета,

Ғуроскунон бурафсос.

Даруншанда Раҳмонов,

Гирякунон бурафсос.

Сообщение Раҳмонов куҷо мегурезад. Маскав ё Минск? появились сначала на ISLOH.net.

Зарифӣ сӣ сол мешинад,то Раҳмонов сӣ соли дигар дар курсӣ шинад
«Ман вазире будам, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекардам. Аз рӯи сиёсате, ки Ҷаноби олӣ пеш мебурданд, ҳамчун як раҳбари органи сиёсӣ ҳаракат мекардам, ки он муносибатҳои бисёрҷонибае, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя дошт, ҳамонро ташаккул диҳам».

Аз суҳбати расонаии Ҳамрохон Зарифӣ

Талаби сӣ соли зиндон ба Ҳамрохон Зарифӣ, бознишастае, ки 77 сол син дорад, далолат бар он дорад, ки Раҳмонов ба ҷуз аз худ ва аҳли хонаводаи худ, ки яксара ба мақому мансабҳои давлатӣ нишондааст, ба ҳиҷ каси дигар, такрор мекунам, ба ҳиҷ касе дигар, ҳатто агар ин шахс аз тану ҷонаш барои бақои курсии вай моя гузошта бошад ҳам, тараҳҳуму шафқат ва муруввату инсоф намекунад.

Беш аз ин, ин навъу шеваи муомила ва муносибат бақия руасову вузарои пешину ҳозири ҳукумати вайро дар ҳолати шадиди руҳиву равонӣ қарор дода, рубъу ваҳшат ва тарсу ҳаросро дар даруни онҳо ҷой хоҳад кард.

Ҳамрохон Зарифӣ, нафаре, ки тули наздик ба 7 сол сиёсатҳои Раҳмоновро дар ҷаҳони берун  матраҳ ва муаррифӣ мекард, дар сангинтарин баҳсу даъвоҳо дар канори Раҳмонов қарор дошт ва иттифоқан сангинтарин ва печидатарин масоили сиёсӣ, назири баҳси замин бо Чин, пойгоҳи 201-и Русия, ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо маҳз дар замони раҳбари Идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон будани ӯ ҳал ва файсала шудааст, акнун мардуди вафо, кудетогар, табаддулотчӣ ва хиёнаткорӣ давлатӣ эълон мешавад.

Ин ҳукм, ки амалан ба ҳукми қатл аст баробар аст ва агарки татбиқ шуд, на амнистия мешавад ва на срезка ва хулосааш ин аст ки Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2013 зиндон манзили қабл аз хонаи охирати ӯ хоҳад буд.

Ҳамин тавр Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шурои Олии Тоҷикистон, ки 73 сол син дорад ва барояш айбдоркунандаи давлати Раҳмонов 23 соли ҳукм пурсидааст, дигар, то замоне Раҳмонов дар курсӣ аст руи озодиро нахоҳад дид ва дар кунҷи зиндон ҷон хоҳад бохт. А.Искандаров бар зидди Раҳмонов чи тавр кудето мекунад, ки ҳукуматро «без бой» бурду дар Хуҷанд ба вай супурд. Вай оппозитсион ва Ҳукумати Мурои Миллиро фурухт. Бар ивази ин хидмат вай сафири ҳукумати Раҳмонов дар Туркманистон шуд ва аз онҷо, замоне, ки ҷанги миёни ҲНИТ ва Раҳмонов идома дошт барои тонку чархболҳои Раҳмонов, ки Ғарму Дарвозу Бадахшонро бомбит кардан маводи сухт таҳия ва ирсол мекард.

Дар ҳоле, ки зиди дигар аъзои Ҳукумати Муросои Миллӣ парванда боз шуд ва онҳо  овораву дарбадару гуреза шуданд, Искандаров, раиси Ҳукумати Муросои Миллӣ дар ҳукумати Раҳмонов мансаб гирифт. Агар вай кудетогару мансаби Раҳмоновро мехост он вақт Хуҷанд намерафт ва ҳукуматро намедод, дар ҳоле, ки ҷавону пурэнержӣ буд. Ҳоло, ки пир ва бознишаста аст ва табъан, ки орзуву ҳавасҳояш ҳам пиру фартут шудаанд, чи гуна кудетогар мешавад? Боқии персонажҳои парвандаи табаддулот ҳам, ки синнашон аз 60 боло аст, ки баъид ба назар мерасад иқдомоти носанҷида ва норушанро дар ин синну сол руи даст бигиранд.

Шокирҷони Ҳаким, як нафар аз мухолифини беозор ва шахсияте, ки тамоми тули умр ба ҷуз аз сухан кардан, изҳори назар додан, коре накардааст, баъид аст ки табаддулот кунад. Инсонҳое ранги доктор Ҳаким бо хушунат ва қулдурӣ кор надоранд.

Як далел меоварам. Соли 2010 дар округи интихоботии Конибодом Шокирҷони Ҳаким, ҳамчун номзади худпешбар аз Ҳизби оппозитсионии сосиал-демократи Тоҷикистон бар ҳарифи худ прокурор Насрулло Маҳмуд аз ҲХДТдар интихоботи вакилони Маҷлис ғалаба кард. Аммо ин пирузиро бо садуяк талбису ғиромӣ Раҳмонов тағйир дод. Раъйи ба даст овардаи Шокироҷни Ҳаким он қадар боло буд, ки аз тарси онки ин мардум шуриш ва қиём накунанд, натавонистанд, ки дар ҳамон давраи аввал бар манфиати намояндаи ҲХДТ-ҳизби Раҳмонов ҷамъбаст кунанд ва ночор ба давраи дуввум гузарониданд. Албатта, натиҷаи давраи дуввум маълум буд, вале як чунин интихобот дар он сол дар Тоҷикистон, як кишвари баставу худкома танҳо дар Конибодом руй дод. Яъне Шокирҷони Ҳаким ончунон бо дастгирӣ ва пуштибонии оммаҳо рубару шуд, ки барои номзади дигар ва ҳизби дигар муяссар нашуд.

Ва ин дар маҳуддаи Тоҷикистон он замон воқиан ҳам як сенсатсия буд. Тарафдорони Шокирҷони Ҳаким хеле зиёд буд, ки роҳи чораро ба даври дуввум кашондан диданд. Агар дарсадии ками тарафдорон медошт ҳатман дар ҳамон даври аввал рақиби Шокирҷонро дастболо ва баранда эълон мекарданд.

Ин нишонаи нуфуз, маҳбубият ва эътимоду эътиқоди мардум ба Шокирҷони Ҳаким ва ин нишнаи танаффур ва эътирози Конибодом ба Раҳмонов ва сиёсатҳои вай буд. Яъне Раҳмонов ҳануз аз ҳамон солҳо дар нисбати

Шокирҷони Ҳаким кина ва кудурат дошт. Агар Шокирҷони Ҳаким як сиёсатмадори радикал ва госпереворотчӣ дар ҳамон интихобот талоше ва иқдоме бар алайҳи режим мекард. Аммо вай режимро хуб мешинохт ва имкон надошту надорад, ки доктор Ҳаким бо ин ҳама фаҳмиш ва шинохт аз Раҳмонов ва мақомоти саркубгари вай ҳамроҳи кудетогарон бишавад.

Мо, қаблан ҳам дар чандин навиштаҳои худ гуфта будем, ки кобуси Раҳмонов табаддулот аст. Вай аз ҳеҷ чизе баробари табаддулот наметарсад.

Барои ҷурме, ки содир нашудааст, барои ҷинояте, ки муртакиб нашудаанд, ҳатто агар ин нақша буда бошад ҳам, ин ҳукм, ҳукме нест, ки як давлати устувору мутмаину побарҷо ва дорои иззати нафсу муътақид ба қудрату қувват онро содир кунад.

Ин ҳукм нишонаи он аст ки курсӣ ва қудрат барояш ҳама чиз аст ва қудрати беҳаду ҳисоб ақлашро зоил карда ба дараҷаи васвос расондааст. Вагарна барои ҷинояте, ки содир нашудааст, чунин аҳкоми сангинро намебурид.

Ҳоло, кӣ бовар мекунад, ки Сайидҷаъфар Усмонзода, ки зода ва парвардаи худи ин режим аст ва ҳамвора аз Раҳмонов пуштибонӣ кардааст ва агар Раҳмонов раиси давлат набуд, дар қади сад сол ҳатто вакили маҷлис дар як ноҳия намешуд ва тамоми дору мадораш аз ҳисоби ҳукумати Раҳмонов аст даст ба табаддулот бизанад ва ҳамин тавр Аҳмадшо Комилзода, ки ҳиҷ иқдоме, ҳиҷ ҳарфу ҳиҷое бар зидди сиёсатҳои Раҳмонов назадааст. Балки баракс, вақте роҳбарияти ҲНИТро дар соли 2015 Раҳмонов дастгир  кард ба манзили як нафар аз шиносҳои муштаракамон, ки ҳоло дар зиндон аст рафтаву гуфтааст, ки чи зарурат буд бо ин муллоҳои… ҳамроҳ бишавад? Агарчи ҷаноби Комилзода дар солҳои ҷанги дохилӣ  зиндонӣ ва сипас бо усарои ҳукуматӣ бо миёнҷигии намояндаи СММ табодул шуд ва чандин вақт дар суфуфи оппозитсион буд, аммо ҳаводору тарафдори ҲНИТ набуд. Ин нафар, шуморо саддарсад итминон медиҳам, ки бо ҲНИТ бар зидди Раҳмонов канор намеомад, чи расад ба онки даст ба табаддулот бар алайҳи Раҳмонов бизанад.

Бигирем мисли Акбаршо Искандаров ва ё Ҳамрохон Зарифӣ ҳам набуд, ки гуфта бишавад аз «номенклатураи Маскав» буд ва то ҳамин ҳоло ҳам «агент влияний»-и русҳост.

Акбаршо Искандарову Ансоруллоҳу Маҳдӣ Арсалон Ҳамрохон Зарифиву Кабириву ҲНИТ, Шокирҷон Ҳаким ва ё Саидҷаъфар Усмонову 10 миллион доллару ваъдаи дастгирии кадом давлати хориҷӣ ва ҷазбу ҷалби муҷоҳидин?

Ин иттиҳоду иттиҳодияи бар фарзи мисол шеру гургу палангу гуспандро кӣ бовар мекунад? Ин кадом Ансоруллоҳ аст ки бо як нафаре, ки як бор намоз нахондааст, ин кадом ҲНИТ аст ки бо нафаре, ки тули тамоми умр бар зидди исломи сиёсӣ мубориза кардааст якҷо мешавад? Барои Ансоруллоҳ фарқи миёни Зарифиву Раҳмонов дар чист? Магар Зарифӣ давлати исломӣ месохт, ки Ансоруллоҳро шефта ва моили ин табаддулоташ кардааст? Кӣ бовар мекунад бар ин ҳама иттиҳомоти бебунёд? Магар Зарифӣ Донкихот шудааст, ки бо Ансоруллоҳ як мешавад? Аҷиб нест магар? Раҳмонов ба ин параи масъала фикр мекарда бошад, ки ҷиҳати сарнагунии вай киҳо бо ҳам омадаанд? Ё киҳоро ночор ва водор крадааст, ки даври ҳам оянд? Зарифӣ ва Кабирӣ, Искандаров ва Ансоруллоҳ? Дар воқеъ аҷиб нест? Магар ин васвосу ханнос шудани Раҳмоновро нишон намедиҳад?

Магар ҳамин Зарифӣ набуд, ки мегуфт додани замин ба Чин бурди дипломатияи тоҷик, яъне сиёсати Раҳмонов аст? Зишти Раҳмонворо зевар ярмарка мекард. Аммо ҳоло чӣ?

Аммо ин ҳукм аз тарс аст, аз тарси эҳтимоли хезишу қиёми мардумӣ, ин аз нобоварӣ ба худ ва ҳукумати худ аст ки дар ҳақиқат пуштвонаи халқӣ ва такягоҳи мардумӣ надорад. Тарсаш аз он аст ки дар чунин вазъияту дар чунин шароите, ки халқро нигоҳ доштааст камтарин ҷарақа метавонад боиси алангагирӣ ва ба оташ кашидани пояи зулму истибдод бишавад. Раҳмонов дар ҳақиқат медонад, ки аҳволи мардумро то ҳадди охир бад кардааст ва медонад, ки мардум то пойи ҷон, то мағзи устухон аз вай ва оилаи палиди вай ва ҳукумати ғосибу дузду порхуру саркубгари вай безор шудааст. Тарсаш аз он аст ки барои ҳимояти вай, барои ҳифозати вай касе намехезад, дар пушташ касеро надорад. Тарсаш аз он аст ки камтарин бод ва шамол капаи хасии вайро ба хоки хунук яксон мекунад. Тарсаш аз он аст ки медонад мардум мунтазири як чунин гуруҳанд, ки бархезаду пеш дарояд ва дигар он тарафаш дар ихтиёри мардум хоҳад буд.

Агарчи медонад ҳеҷ кадоме аз онҳо чеҳраи шинохта нестанд, нуфуз ва ҷойгоҳи болои мардумӣ надоранд, лидер нестанд, касе ҷиддиашон ҳам намегирад, аммо аз онки авзоъ обастани дигаргунӣ ва таҳаввул аст, шароит, муҳит, фазо ва иқлими сиёсиву иҷтимоӣ ба тавре шакл гирифтааст, ки як ҳаё ҳуй, як доирахабар метавонад ин ҳама давлату курсӣ, ҷоҳу ҷалол, айшу ишратро кунфаякун кунад, ҳамин гуна ҳукми сангин медиҳад, то дигарҳо битарсанд ва дар сар чунин фикрҳоро напарваранд.

Аммо, магар онҳое, ки роҳу равишашон мушаххас ва рушан аст, масалан ҳамин ҲНИТ, масалан ҳамин Сайфиддин Тоҷибоев, масалан ҳамин Маҳдӣ Арсалон метрасанд?

Маълум нест, ки он сӣ нафар аз шербачаҳои язгуломӣ, ки дар шарикӣ бо Ансоруллоҳ дар соли гузашта боздошт шудаанд, дар парвандаи Акбаршо Искандарову Зарифӣ ҳамроҳ карда шудаанд ё хайр? Чун дар парвандаи онҳо муҳрӣ махфӣ задааст ва ҳам наметавонем чизе бигуем. Аммо инки ҳатто вакилони мудофи ин нафарон, ки ахиран бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ хостори раҳоии онҳо ва бегуноҳ эълон кардани онҳо шудаанд, аз суҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунанд ва тарс онҳоро низ ончунон лагад кардааст, ки аз ифшои исму насаби худ низ худдорӣ мекунанд.

Агар дар ин парванда найрангу талбису риёву реб вуҷуд надошта бошад ва агар ин парванда фақт барои ҳамвору ружд кардани саҳна барои Рустам набошад, чаро онро ҳам пушида доир кард? Чаро номи он давлат бурда намешавад, ки кумаки 10 миллиондолларӣ ба ин гуруҳ кардааст? Оё дар ҳақиқат 10 миллион пуле аст ки мешавад курсиро аз зери пойи Раҳмонов берун овард? Чи қадар арзону беарзиш будааст ин курсӣ?

Аммо Раҳмонов барои худаш ва хонаводааш Тоҷикистонро ба оташ мекашад, ними халқро мекушаду нимашро зиндон мекунад. Осону роҳат намеравад.  Раҳмонов ҳеҷ нафаре содиқ ва вафодор дошта наметавонад. Ҳозир ҳар касе бо вай ва дар бари вай ҳаст, эҳсоси биму тарс дорад, ки рӯзе бо тақдири Зарифӣ дучор нашавад. Ҳатто СС.Ятимов ҳатто Рамазон Раҳими Ҷеки Чан. Сарнавишти Зарифӣ онҳоро водор кардааст, ки ҳамин гуна биандешанд.

Раҳмонов ва сиёсати вай бар мабнои манфиати худаш, хонаводааш ва хешутаборонаш аст. Тамом. Боқии мардум бояд дастопеши бар, боқии мардум абдуллораҳнамоҳо, боқии мардум чоплусу лаганбардору шайтону хушомадгуву ҳамин турҳо бояд бошад. Гап аз даҳонаш афтид, бавл аз пушташ афид дурдона ва…нишон диҳанд. Масалан бо Эрон чап шуд, ҳамакаса Эронро заданд, бо Толибон чап шуд, ҳамакса Толибонро заданд, аз ҷумла ҳамин Аҳмадшо Комилзода ва Саидҷаъфар Усмонзода, бо Қирғизистон чап шуд, ҳамакса Қирғизистонро заданд, маслан ҳамин Абулло Раҳнамо ва Саломиддин Мирзораҳматов, бо Наҳзат чап шуд, ҳамакаса наҳзатро заданд, ҳамин тавр бо Узбакистон. Ҳоло акнун баракс шуд, ҳама аз бародариву ҳамдилӣ бо Эрон, бо Узбакистон ва бо Қирғизистон дӯсту рафиқ шуду дигарҳо ҳам чакчак мезананд.

Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо исломиҳо ба шумули наҳзатиҳо аз Шому Ироқу Идлибу Кобулу Панҷшеру Дарвозу сар барнамедоранд ва дар пайраҳаи Мирзо Зиё, Мулло Абдулло, Қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид, Муҳаммадрузиву Салам, Мансуру дигару дигар барнамегарданд? Ин Давлат Сафари хамбаи ахлоту ин Асад Раҳмони Сумбулоғову ин Шорухи гейнералу ин Абдулло Раҳнамои лектор болничний мегиранду аз мобилизатсия мегурезанд.

Ҳеҷ гоҳ Озодаву Парвинаву Тахминаву Фирузаву …Заринаву Рухшонаву Фарзонаву  Азизмоҳу дигару дигараш АКМ намегиранд. Ана баъд …муҷоҳидҳо яке яке ғаноими ҷангӣ мегиранд.

Солҳост, ки додгоҳу додситону додсаро ҳамааш худи Раҳмонов аст.  Инҳо барои амали анҷомнашуда ба чунин муҷозоти гушношунид гирифтор мешаванд. Барои як умр зиндонӣ мешаванд, то инки Раҳмонов умрбод дар курсӣ бимонад. Тамоми беш аз сӣ соли ҳукумати Раҳмонов баёнгар ва таъйиди он аст ки аз вай шафқат ва раҳм  умедвор будан монанди аз гови нар бача ва аз така шир интизор шудан аст. Ёдатон бошад судяи Зайд гуфта буд, ки Зайд Шерович тақозои замон сиёсат ҳамин будааст. Ин як нидои қаър ва умқи ҷигар буд. Судя иқрор ва тасдиқ мекард, ки вай ҳукми ҳуқуқӣ ва қонунӣ набаровардааст. Вай сиёсатро иҷро кардааст.

Ҳоло кӣ бовар мекунад, ки Зарифӣ бо Муҳиддин Кабирӣ противи Раҳмонов заговор кардааст? Кӣ?

Ps: Дар охир инро меафзоям,ки онҳое дар радаҳои болоии ин режим дар курсиҳо такя задаед хуб огоҳ бошед! Ин рӯзе бар сари Зарифӣ ва Искандаров омада метавонад шуморо ҳам интизор бошад. Имрӯз имкони анҷом коре, наҷоти худу оила ва давлату миллатро доред. Аммо рӯзе равонаи зиндон шудед дигар после пажар…

Ман дар ин миёни зиндоншудаҳо мазлумтаринашон Шокирҷон Ҳакимро мешуморам ва воқеан ба ӯ зулм шуд. Аммо ба Зарифӣ ва Искандаров «им так надо» ва онҳое феълан дар хидмати ин режимед агар пас аз ин ҳама воқеъиятҳо боз ҳам «моя хата с краю» гуфта гардед. Рӯзе ин сарнавишт ба саратон омад яқин дошта бошед дар зиндон кардану маҳви ҳар яки шумо чашми чапи Раҳмонов ку аниқ намепарад. Инчунин чашми росту чапи ин миллату мардум ҳам барои шумо нахоҳад парид!

Сообщение Зарифӣ сӣ сол мешинад,то Раҳмонов сӣ соли дигар дар курсӣ шинад появились сначала на ISLOH.net.

Аҳмади Иброҳимро кӣ маҳкум кард: додгоҳ ё раиси шаҳри Кулоб?
Вақте ба иттиҳомҳои задашуда ба Аҳмади Иброҳим, сардабири танҳо нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон мутаваҷҷеҳ мешавӣ, бидуни дудилагӣ ба ин натиҷа мерасӣ, ки парванда парвандаи маъмулӣ ва оддӣ нест, дар паси он дастҳое кор кардаанд, ки ғараз доранд. Ва, ангеза ва иллати ба даҳ сол зиндон кардани ин рӯзноманигори 63-сола, ки ҳаводор ва аз мубаллиғони Раҳмонов ва Рустаманд, ончи нест, ки мегуянду эълон карданд.

Худову ростӣ, мо ҳануз аз ҳамон рӯзҳои оғози кори ҷиноятӣ алайҳи Аҳмади Иброҳим далел ва ангезаи аслии боздошт ва муттаҳам кардани ӯро медонистем ва аз ҳамон давра манобеъи муътамад ва мувассақи мо моро дар ҷараёни асли қазияи гузошта буданд. Аммо, хоста ва таваққуъашон ин буд, ки дар интишори он сабр дошта бошем, чун имкон дорад, ки дар «боло» парвандаи вай бознигарӣ бишавад, чун ваъдаҳо дода шудааст ва нашояд бо аланӣ кардан мушкил бар мушкил афзуда бишавад.

Аммо, мо медонистем, ки ҳиҷ гузашт ва ҳиҷ тараҳҳуме нахоҳад буд, магар инки санади афв ба имзо бирасад ва моддаҳои қонуни кайфарӣ, ки ҷаноби Иброҳим бо он муттаҳам аст шомили ин санад бишавад. Ҳиҷ афву ҳиҷ санади афве ҳам нашуд ва ҳамчуноне интизор мерафт Аҳмади Иброҳим зиндонӣ шуд ва ба муддати даҳ сол!

Инки дар солҳои ахир режими диктотурии Раҳмонов ҳама  банду моддаҳои қавонини ҷиноии кишварро сахттару сангинтар кардааст, ҳарфи наве нест. Вагарна, барои мисол Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон, ки 76 сол син дорад, барои амали анҷомнадода, барои ҷинояти содирнашуда 30 сол маҳкум ба зиндон намешуд. Ва, ин ҳукм барои нафаре, ки дар тамоми даврони раёсати Раҳмонов аъзои пурнуфӯзи ҳукумати вай буд ва барояш ҷоннисорона кор кардааст, хеле ҳам осону роҳат содир шуд ва чашми чапи Раҳмонов ҳам напарид, ки ин ветерани ҳукумати вай то поёни умр рӯзи сафедро намебинад,балки огаҳон таъйид мекунанд,ки ҳамчунин ҳукми сангин барои Зарифиро худи Раҳмонов тавсия  кардааст.

Ҳол, агар Раҳмонов барои як чунин нафари содиқ ва ҷонсупор, ин гуна ҳукми вазнин содир мекунад, намоянда ва ё маъмурони вай дар манотиқ аз вай кутоҳтар меоянд? Ҳаргиз! Сарнавишти Аҳмади Иброҳимро низ на додгоҳ, балки раис ва он ҳам раиси Кулоб таъйин кард.

Бале, сухан аз раиси шаҳри Кулоб меравад, ки байни вай ва Аҳмади Иброҳим «задухурдҳо»-и пинҳонӣ аз чанд вақт ба ин тараф идома дошт, то инки раис муваффақ бишавад бо пардохти «гонорар»-и қобили мулоҳаза амниятро бар алайҳи ин журналист аҷир ва агент кунад ва дар ниҳоят ҳамин амниятӣ пойи Аҳмади Иброҳимро басту ба мақомот биспорид.

Проблемаи рӯзноманигори маъруф Аҳмади Иброҳим аз моҳи марти соли 2024 шуруъ шудааст. Аз ҳамон вақт аз ақибаш шуда буданд.

Аҳмади Иброҳим моҳи март як мақола менависад. Аммо он мақола чоп нашуда кадоме аз ҳамкоронаш ба раиси шаҳр хабар медиҳад. Дар мақола гап дар ин бора будааст, ки раиси шаҳри Кулоб раҳи гуристон, ҳамон қисмати то гури модараш рафтанро таъмир ва навсозӣ мекунад, лекин раҳи мардуми Кулобро дар дохил ҳеҷ тармим намекунад. Ва маблағи мараммати роҳи то гури модари раиси шаҳр дар гуристон қариб ба се миллион сомонӣ мерасад. Бахтиёр Назарзода раҳи то қабри модарашро мумфарш ва чароғон кардааст.

Назди Аҳмади Иброҳим меоянду мегуянд, ки чоп накунад, обруи раисро набарад. Хуллас, чи коре мекунанд мақоларо чоп намекунанд, ки дар он шумора намеравад.

Дуюм бор мебинад, ки ин ҳафта рӯзи чоршанбе чоп мешавад. Ва, ана дигар аз моҳи март ҳамон КГБешник старший летинант Раҳмонови Фархорӣ ҳар рӯз меояд ва худро мухлису ҳавохоҳи «Пайк» ва Аҳмади Иброҳим рост карда «устод ту зурӣ, ту бузургворӣ, ту фалонӣ, ту беҳмонӣ, ту гарени зурӣ, ту Ҷаноби олиро пуштӣ мегирӣ» гуфта таърифу тавсиф карда полний дар доверияи Аҳмади Иброҳим медарояд, яъне Раҳмонови фархорӣ шахси мавриди эътимоди Аҳмади Ироҳим мешавад. Раҳмонов аз Фархор аз колхози Правда аст. Рутбааш старшй летинант аст. Пас аз подставаи Аҳмади Иброҳим ба дигар минтақа интиқол дода шуд.

Он вақт буд, ки Аҳмади Иброҳим барои идомаи интишори «Пайк» мушкили ҳуқуқӣ дошт. Замони амали муҷаввиз-иҷозатномаи нашрияаш ба охир расида буд ва вай амалан ин санадро надошт. Агар возеҳу кушодтар бигуем барои вай иҷозатнома надода буданд. Аммо ба таври шифоҳӣ дар вазорати фарҳанг гуфта буданд, ки «хай чоп кардан гир то 6 моҳа».

Як рӯз ин Раҳмонови КГБешник меояд ва худаш пешниҳоди кумак барои дарёфти муҷаввиз мекунад. Як рӯз пеш мегуяд, ки «ака ман Душанбе рафта истодаам, меравам, масъалаи иҷозатномаатро мебинам. Онҷо шинос дорам»

Аҳмади Ибоҳим ҳам бидуни кадом шаку шубҳа ва фикри дигар мегуяд, ки «хайр, бубинӣ мо дар хизматем».

Ва ин Раҳмонови кгбешник боз худаш намекат мекунад, ки «хайр унҷо рафтӣ ягон касро зиёфат кардан даркор, грет кардан даркор».

Аҳмади Иброҳим ҳам мегуяд, ки «хуб, боке нест, медиҳам, кор буд шавад ва мегуяд чанд пул даркор ва меафзояд, ки ана 600-700 сомонӣ пули иҷозатнома, ягон чизи дигар боз ба худат медиҳам».

Хуб инхел бошад пагоҳ меоям мегуяд КГБешник. Ҷаноби Иброҳим мепурсад тахмин чанд пул мешавад?

Раҳмонови КГБешник мегуяд, ки «ягон дуввуним ҳазор сомониам бидеҳ, коратро ҳал мекунам».

Аҳмади Иброҳим ҳам майлаш гуфта розӣ мешавад.

Дар ин миён, то инҷои ҳодиса ягон20 -30 маротиба барои дастгир кардани Аҳмади Иброҳим бо дастури махсуси раиси шаҳри Кулоб Бахтиёр Назарзода попитка мекунанд. Сардори Раёсати молияи ноҳияи Восеъ ва сардори кадоме аз шуъбаҳои ноҳияи Шурободро медиҳанд, ки бурда ба Аҳмади Иброҳим бидиҳанд ва баробари гирифтан мақомот ӯро боздошт кунанд, яъне бо ҷурми гирифтани пора. Аммо Аҳмади Иброҳим ягон бор ҳам пул намегирад. Чи коре мекунанд, чи хеле мекунанд, аммо Аҳмади Иброҳим намегирад. Ӯро мехостанд, ки барои гирифтан ва ё додани пора бо наличий –дар ҷойи ҳодиса ва бо далели шайъӣ боздошт намоянд. То вай шарманда ва беобру шавад. Аммо наметавонанд, муваффақ намешаванд, ки биқапанд.

Ва, ҳамин тавр рӯзи дигар Раҳмонови КГБешник меояд ва мегуяд, ки ман Душанбе рафта истодаам. Ин кори худи коргари КГБ буд.

Аҳмади Иброҳим мебарорад ва мегуяд: «ана 600 сомонӣ пули иҷозатнома ба вазорати фарҳанг месупорӣ, хайр ина и дусад сумша раҳпулӣ кун, ина инаш пули зиёфат гуфтӣ, зиёфат кун. Ва ин пулҳоро дар дасташ пешаш бароварда мемонад».

(Ин нуктаро бояд таъкид ва гушпеч кунам, ки ин корро Аҳмад талаб ва хоҳиш накарда буд. Ин пешниҳоди худи ҳамон Раҳмонови КГБешник буд, ки Аҳмадро бовар кунонд бар ивази пул иҷозатнома барояш гирифта медиҳад)

Хуллас, ҳоло пулро ба он КГБешник надода, ки меоянд меқапанду мебарандаш. Буду шуди кор ҳамин аст.

Ва, ҳамин тавр ба Аҳмади Иброҳим айб эълон карданд ва боз баъди чанде замми иттиҳом намуд ӯро ба ифротгароӣ низ муқассир хонданд ва парвандаашро муҳри махфӣ заданд. Хуб, дар ниҳояти кор 10  сол равона ба зиндон намуданд.

Аммо, бояд бигуем, ки ин ҳама иттиҳомот яъне Аҳмади Иброҳим  «аз касе пул гирифт нагирифт» ин ҳама иншои қалам ва аз тахаюлоти мақомот аст ки заказ иҷро карданд, албатта, бо дарёфти подош ва «гонорар»-и хуб. Аммо бояд як нуктаро инҷо мутазаккир бишавем. Ончуноне огаҳони фаъолияти масъулони расонаҳо мегуянд, мансабдорони ҳаромхур медиҳанд ва газетаҳо мегиранд. Чунки ин ҳаромхурон манфиат доранд, дода меистанд, ки танқидашон накунанд. Худашон мебаранд газетаро пул медиҳанд ё худашонро бар ивази пардохт реклама мекунанд: роҳсозӣ, дарахтшинонӣ ва таъмири синфхона ва аз ин қабил корҳоро, ки дар асл бо пули мардум мекунанд ба расонаҳо пул медиҳанд, то бигуянд. Ин кор ягон масъалаи аҷибу ғариб ё боварнакарданӣ нест. Ин корро тамоми матбуоти Тоҷикистон мекунад, чӣ давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ…..

Бахтиёр Назар, раиси шаҳри Кулоб аз одамони наздики Асадулло Раҳмон, Сумбулоғо, ёрдамчӣ дар умури кадрҳои раиси ҷумҳурӣ аст ва вай ба Асадулло Раҳмон баромада гуфтагӣ, ки ҳамин журналист «мара ғам мета». Пуштибони Бахтиёр Асадулло аст.

Асадулло Раҳмон СС.Ятимовро дастур медиҳад, ки «чи коре мекунед намекунед, чи хеле мекунед намекунед, бардоредаш».

Се моҳи дароз аз пушти Аҳмади Иброҳим мешаванд, ки бо пора ғалтад, аммо чи хеле гуфтем ҷаноби Аҳмади Иброҳим ин шароитро барои онҳо намедиҳад.

Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки дар Тоҷикистон бе пора намешавад: духтур меравӣ пора ҳатман медиҳӣ, ҷамоат меравӣ ҳатман пора медиҳӣ,..чунки дар Тоҷикистон ҳама мегирад, бидуни истисно ва гирифтани пора як кори муқаррарӣ ва одӣ шудааст. Расонаҳо ҳам мустасно нестанд, мегиранд, чунки дигар грантҳо хушкиданд, ҳукумат намемонадашон, ки грант дода шавад. Сайт, газета, радио ТВ, блогерон ҳама-ҳама мегиранд. Набошад кору зиндагӣ карда наметавонанд. Нагиранд, наметавонанд. Як вақт буд, ки чандин сол ОБСЕ коғази расонаҳоро медод, албатта, ройгон ва бо ҳамин чоп мекарданд, рӯзашон мегузашт. Аммо ҳоло ҳамаро Эмомалӣ Раҳмонов мамнъ кардааст.Дар ҳоле боз шарм нокарда худро узви ОБСЕ ҳам медонад.

Аммо Аҳмади Иброҳим, шояд касе аз мақомот, ки шиносҳои зиёд дар дохилашон дорад, огоҳаш карданд, ки муқобилаш амалиёт дуруст кардаанд, ки намегирад ва ночор мешаванд, ки корро бо роҳи сохтакорӣ ва бо густардани дом ба иҷро бирасонанд.

Тамоми иттиҳому қазияву моҷароҳову достонҳои бар алайҳи Аҳмади Иброҳим бофтаву сохта аст. Асли қазияи «додани пора ба корманди КДАМ» -иттиҳоми зада ба Аҳмади Иброҳим ҳамин аст.

Аҳмади Иброҳимро ташкил карданд. Аҳмади Иброҳим, бори дигар мегуям, ки аз ҷонибдорони Раҳмонов буд ва бо ҳар касе, ки аз касофаткориҳои Раҳмонову режими хонаводагиаш суҳбат мекард, ба масоф бармехост. Ҷонибдори сарсупурда ва сарсахти Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустам буд.

Аммо Бахтиёр Назар бо Аҳмади Иброҳим боз аз он ҷиҳат кина ва қасд дошту дар пайи ниқору интиқом шуда буд, ки акси ҳайкали модари ӯро, ки бардуруғ ҳайкали Марями гурсухта месозам гуфта ҳайкали модари худашро гузошта буд, дар расонаҳо чоп шуд ва чопи акси тандиси модари худашро кори дасти Аҳмади Иброҳим гумон кард.

Аҳмади Иброҳим 63 сол дорад .Вай муаллифи китобҳои «Рӯди пурхун», «Ҷаҳиши охирини бабр», «Спитаман. Катан. Тахористон» ва «Куруши Кабир» аст. Вай аз соли 2012 чопи нашрияи мустақили «Пайк» дар вилояти Хатлонро аз соли 2012 ба роҳ андохта буд.

Нуктаи дигари ҷолиб дар моҷарои Аҳмади Иброҳим ин аст ки Додситони кулл ӯро ба ифротгароӣ ҳам мазнун донист. Ин дар ҳалест, ки мо хуб хабар дорем, ки Нусрат Назиров, бо тахаллуси ҷиҳодии  Абухолиди Кӯлобӣ, ки соли 2015 дар Сурия меҷангид, ҷаноби Иброҳимро таҳдид ба қатл карда буд, ки мавриди таҳдид қарор гирифта буд, агар аз «бад кардани муҷоҳидон даст накашад ӯро ба қатл мерасонад ва идораи нашрияро метарконад.»

Ва як нуктаи дигар, ки мехоҳам тазаккур бидиҳам ин аст, ки бадбахтона  ҳеҷ яке аз журналистон ва ташкилотҳои журналистӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамин Сайёфи Мизроб дар ҳимояти Аҳмади Иброҳим лаб во накарданд. Журналистҳои мо, мутаассифона муташобеҳи дарвешу дарюзаҳоеанд, ки ҳар кадоме аз онҳоро мешавад бо айни иттиҳоми Аҳмади Иброҳим масалан ҳамин тамаъҷуӣ дар канори Иброҳим бурда ҳамкамера кард.

Аҳмади Иброҳим як журналисте буд, ки дар амал, ҳамчуноне гуфтем тарафдори ҳукумати феълист. Аммо ончиро, ки вайро мутамоиз месохт ин буд, ки гапашро мегуфт. Типичний кулобӣ буд. Воқиан ҳам кулобии сунатӣ ва ҳақиқӣ. Кулобие, ки хуҷандӣ шуда бошад, ё кулобие, ки хуҷандиҳоро ба нул зада бошад набуд.

Чанд бор бо худи ман ҳам тавассути расонаҳо баҳсу даъво дошт ва мо бо нашри номаҳои боз ҳамдигарро интиқод кардаем. Ва, ҳамин таъбири имрӯз мудшудаи «Азизмои гаазетхонак» натиҷаи баҳсу даъвиҳои миёни ману Аҳмади Иброҳим аст. Чунки Аҳмад дар як мақолааш навишта буд, ки Азизмо «Пайк»-ро мехонад ва ҳатто барои як шумораи ин нашрия, ки натавонистааст дастрас бикунад, ронандаашро аз Душанбе ба Кулоб ба редаксия фиристодааст,то он шумораи рӯзномаро дастрас намояду хонад.

Ахиран Аҳмади Иброҳим бо ирсоли як нома ба унвони Раҳмонов ва Рустам асли моҷароро ҳикоят карда тасдиқ мекуанд, ки кори вай сохта аст ва дар он як раиси ва ду корманд даст доранд. Аммо, номаи Аҳмади Ироҳим посухи мусбат пайдо накард ва додгоҳи Э.Раҳмонов ӯро ба даҳ сол зиндонӣ кард.

Ps: Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим раиси Кулоб Бахтиёр Назарзода дар кругҳои махсӯсе мегуфтааст: «ба журналистон ва онҳое зидди ма менависанду мехоҳанд мара бадном кунанд расонен,ки ма ҷой пом сахтаи. Касера дар пошнаш бшинм медонм чикорш кунум. Ина Аҳмади Иброҳим гапа гуш накард рафт. Кӣ метона халосш кунад?»

Боз дар як ҷамъи дигар чунин гуфтааст: «то имрӯз дар кулоб чанд зурш раис шуд комш тонист ҳайкали очаша дар маркази Кулоб бмона?. Ягонташ натонист ин кора када, ма кадм. Бо ҷаноба овардм сюрпризш кадм, омад дид ба чашмш,ки ҳайкали очаи маҳаи неким ҳичи нагуфт молча хест рафт. Мора сармона кал набинен якчи ай дастмон меояд»

Тибқи маълумоте ба «Ислоҳ» расида ҳомиёни аслии Бахтиёр Назарзода Асадулло Раҳмон ва ахиран Мурод Саидов сармуҳофизони Э. Раҳмонов будаанд. Маблағи калонеро ҳам ба ин ду дода будааст,ки ба мақоми вазири молия таъин гардад. Барояш ваъда ҳам шуда будааст,ки аввал кушиш ба ин мақомро мекунем вале дар акси ҳол ҳатман ба ягон вазорати равғанӣ таъинат мекунем ва гапу чапҳо ҳам рафта истодааст. Гӯйё Бахтиёр Назарзода дар идораи Кулоб ва кулобиҳо сахт маҳорат дошта будааст ва ҳар кулобие, ки саркашӣ мекунад бе раҳмона муҷозоташ мекардааст ва барои ин хислаташ,ки танҳо ӯ метавонад ин корро кунад дар назди Э.Раҳмонов муаррифӣ шуда будааст. Чун Раҳмонов аз Кулоб ва кулобиҳо сахт ҳарос дорад ва чунин афроде кулобиҳоро тавонад задан ва шикастан писанд аст. Рустам ҳам ба кулобиҳо сахт нафрат дорад ва дар назди Рустам ҳам айнан чунин муаррифӣ шуда аст.

Дар охир ҳаминро меафзоям,ки онҳое аз ин режим ва оила ҳимоят мекунед донед ва огоҳ бошед барои мақомоти режими Раҳмонов содиқ буданатон ба режим ва оила муҳим нест. Бояд ба ҳама онҳое дар режим мақом доранд писанд бошед ва ончи мегуянд амал кунед. Албатта ин имконпазир нест,ки шумо ба ҳама мақомоти ин режим писанд шавед. Дар ғайри ин ҷоятон зиндон аст.

Сообщение Аҳмади Иброҳимро кӣ маҳкум кард: додгоҳ ё раиси шаҳри Кулоб? появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов рафтанӣ нест? Тоҷикистонро марг аз Раҳмонов наҷот хоҳад дод!
Авоили моҳи декабр замони баргузории маъракаи интихобот барои Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ маълум хоҳад шуд, аммо, баъид ба назар мерасад, ки Раҳмонов ин бор ҳам курсиро ба манфиати Рустам холӣ ва фармони интихоботи ҳамзамони раёсати ҷумҳурӣ бо ин интихоботро содир кунад. Раҳмонов рафтанӣ нест ва танҳо касалии саратон ё инсулту инфаркт, мунтаҳо марг аст ки Тоҷикистонро аз Раҳмонов наҷот бидиҳад.

Сабаби асосии нарафтани Раҳмонов ин аст ки ҳеҷ гурӯҳ ва шахсияте дар дохили кишвар нест, ки ба курсии вай дида духта бошад. На мухолифе дорад, на муқобиле! Қонуну сарқонунро ҳам барои «якумрӣ» истодан мувофиқ ва мутобиқ кардааст. Ҳар вақте бихост (мутмаин нестем) Рустамро меоварад, агар нахост ҳамин зайлу ҳамин минвол, ки ҳоло дорем, рафтан мегирад.

Бо омадани Толибон  ба қудрат сахт дар таҳлукаву ташвиш афтода буд. Ҳар гуна гумону хиёлҳое мекард, ки ин «муллоҳо» метавонанд барои вожгун ва нагунсор кардани вай ба муллоҳову исломиҳои тоҷик пуштибон ва такягоҳ бишаванд, аммо дили онҳоро ҳам ёфт. Дигар на аз «ҳамашумул» мегуяду на ба Аҳмад Масъуд, ки бар зидди Толибон Душанберо «ақибгоҳ» интихобида буд, эътино мекунаду на Тоҷику ҳимоят аз тоҷикони онсӯйи Омӯ забон мекушояд.

Ҳоло агар ин кудетои нофарҷоми Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршо Искандаров ва дигарон рост буда бошад, вай тавонист, ки ҷилави инро ҳам бигирад ва ба Русия, яъне Путин бирасонад, ки «лишний движени» накунад, чун дар дохили ҳукумати вай ҳам одам дорад ва аз нақшаниятҳояш воқиф мекунанд. Гап дар бораи ин меравад, ки ҳам Ҳамрохон Зарифӣ, ба унвони кегебешники собиқи шуравӣ (Русия) ва ҳам Акбаршо Искандаров, ки одами Маскав аст ҳеҷ гоҳ бидуни ризоият ва пуштибонии Русия ҳамчунин коре намекунанд, ки онҳоро ба зиндон бикашонад. Ин бозӣ чӣ бозӣ аст, ҳатман Русия дар пушташ аст. Аммо Раҳмонов тавонист, ки «перехватит» кунад.

Рустам, бо ин вуҷуд ки як муҳлати панҷсолаи раёсати Маҷлиси миллиро сипарӣ кард ва як панҷсола аст ки нафари дуввуми Тоҷикистон аст ва таҷрибаи раҳбариро касб кард ва Раҳмонов ба хотири овардани вай Қонуни асосиро тағйир доду сину соли Рустамро барои раиси ҷумҳурӣ мутобиқ кард, барои Раҳмонов на ҳариф аст на рақиб. Раҳмонов диҳад мегирад, надиҳад мунтазир мемонад, яъне ҳеҷ иқдоме намекунад, ки падарашро ба зер бикашад. Чунки айни замон Раҳмонов барои Рустам аз худи Рустам дида зиёдтар фоида (доллар) оварда истодааст, Рустамро бойтару бойтар карда истодааст.

Тардид надошта бошед, ки Оилаи Раҳмонов, аз худи Рустам гирифта то Амридин Нахшов (Зоир, Шамсулло, Ашраф, Зарифбек, Ҷамолиддин, Рамз, Фируза, Озода, Тахмина, Парвина, Рухшона, Зарина, Фарзона, Ҳасан, Раҳматулло, Амирулло, Амонулло.  ва Азизмо ва, ва, ва, ва…беохир) ҳам раводори омадани Рустам нестанд. Чунки Раҳмонов на фақат Рустам, балки ҳар кадоме аз инҳоро ҳам бойтру бойтар карда истодааст. Хулоса, феълан корди Оила ва олу авлод болои равған аст. Набояд ин муҳити фораму ин иқлими биҳиштӣ халалдор бишавад.

Раҳмонов барои Рустам боз як манбаъи даромади чандинмиллиондолларӣ фароҳам овард. Корхонаи «Азот» дар Леваканд (собиқ корхонаи нуриҳои азотӣ)-ро, ки соҳибкори зиндонӣ Зайд Саид харидаву ба миллионҳо доллар навссозӣ карда буд, ду соли пеш бо як пули ночиз ба «Осиё кемикал», ки аз Рустам аст, дод. На фақат Зайд Саид, даҳҳо тоҷирони кишварро барои он зиндонӣ кард, ки ширкату корхонаву тиҷоратҳояшонро бигираду ба бачаву духтарҳояш бидиҳад ва корхонаи «Азот» ҳам аз ҷумлаи онҳост. Вале, ахиран боз як қарори дигарро Раҳмонов барои Рустам имзо кард. Нархи масрафи киловатти неруи барқ ба ин корхонаро то 30 дирам, яъне баробари аҳолӣ поин кард. Ва, ин корхона дар қатори Талко ва Корхонаи металлургии Тоҷикистон, ки моликаш Шамсуллои Фароз, домоди худи Раҳмонов аст якунимбаробар каматр аз бақия корхонаҳо пули свет месупоранд.

Сабаби дигари асосии нарафтани Раҳмонов аз курсии раёсати ҷумҳурӣ ана ҳамин молу моликияти ҷамъоварӣ, балки дуздидаву ба ғорат бурдаву тасарруфкардаи Раҳмонову аҳли оилааш аст. Раҳмонов ин молу мулку пулу сарвату тиллову тангаҳоро кор накардааст, на худаш кор кардааст, на духтарҳову домодҳову бачаҳояш, аз ҷумла ҳамин Рустам, ки ҳоло мултимиллиардери Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва аз рӯйи баъзе маълумотҳо аз манбаъҳои огоҳ «состояни»-и Рустам ба чанд миллиард доллар расидааст.

Раҳмонов на фақат молу мулк ва дороиҳои бизнесменҳоро тасарруф ва ба манфиати худу оилааш мусодира кардаасту карда истодааст, балки бо кафолати ҳукумат ва аз номи ҳукумат бо кишварҳо шартномаҳое бастаасту баста истодааст, ки фақат ва фақат ба манфиати вай ва оилааш кор мекунанд. Ҳоло инҷо як намунаро меоварам. Агарчи як каме тулонӣ бишавад, ҳам аммо ин далели мувассақ аст. Хуб, ба ин хабар таваҷҷҷӯҳ фармоед:

«Тоҷикистон аз Чин барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошин ва нуриҳо садҳо миллион $ мегирад

22.08.2023

Калонтарин созишномаро ширкати «Осиё Кемикал»-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сару кор дорад, ба даст овардааст, то иқтидорашро бештар гардонад

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин ба арзиши беш аз 400 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ бастаанд.

Маросими баимзорасии созишҳо дар ҳошияи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин сурат гирифтааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти МНМОТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, калонтарин созишномаро ширкати «Осиё Кемикал»-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сари кор дорад, ба даст овардааст.

Ҳамин тариқ созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Тоҷикистон, ки моликаш «Осиё Кемикал» ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и чинӣ барои навсозӣ ба имзо расидааст.

Маблағи шартнома 50 млн доллар буда, дар доираи он қарор аст дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар «Азот» то ба 180 ҳазор тонна расонида шавад.

Ҳамчунин, миёни «Осиё Кемикал»-и ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп» оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, созишнома имзо шудааст.

Маблағи ин тарҳ 300 млн доллар арзёббӣ мешавад.

Инчунин ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»-и Тоҷикистон барои бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар кишвар бо ширкати «Джинчуен»-и Чин шарнома бастааст.

Маблағи шартнома 25 млн доллар буда, дар пайи амалисозии он қарор аст солона дар Тоҷикистон 1500 худрави барқӣ истеҳсол шавад.

Корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи маркази логистикӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро қарор аст ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.» сармоягузорӣ кунад.

Бо ин мақсад ҶДММ «Мармарӣ»-и Тоҷикистон бо он ба арзиши 26 млн доллар шартнома бастааст.»

Ин созишномаҳо дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ ба Хитой имзо шудаанд ва бубинед, ки чи ширкату корхонаҳо аз Чин пул дарёфт кардаанд. «Осиё Кемикал»-аз они рустами Эмомалӣ, ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»- аз они Рустами Эмомалӣ, ҶДММ «Мармарӣ»- аз они Рустами Эмомалӣ. Ин танҳо як намуна аз ҳиллаву хидъаи Раҳмонов аст ки бо гарантии ҳукумат ба корхонаҳои бачааш миллионҳо доллар сармояи Чинро гирифтааст.

Ана ҳамин аст як сабаби асосии нарафтани Раҳмонов аз курсӣ ва ҳукумат. Курсӣ ва ҳукуматро Раҳмонов барои ана ҳамин гуна дуздиву ғорати мардум намедиҳад. Фикр накунед, ки Раҳмонов барои ободиву осоиштагии мардум кор карда истодааст. Раҳмонов барои худаш ва бачаҳову духтарҳояш кор карда истоааст. Халқ барои вай пули пучак арзиш надорад. Халқро Раҳмонов задагӣ. Агар Раҳмонов халқро задагӣ намебуд, дар ин бесветӣ бо Қазоқистон барои фурӯши барқ қарордод имзо намекард, ҳаҷми фурӯши барқ ба Толибонро беш аз нисф зиёд намекард ва барои корхонаи Рустам бо ними нарх барқ намефурӯхт.

Инҷо феҳристи корхонаву ширкату дигар молу мулки Раҳмонову оилаашро овардан метавонем, аммо  сухан хеле ба дарозо мекашад. Вале, бубинед, ки масалан осоишгоҳи Зумрат ва ё Шоҳамбарӣ, пеш аз онки кӣ буд, ҳоло моли Зоири шуӣ Фируза, духтари калонии Раҳмонов шудааст. Заводи нуриҳои азотии Вахш пеш аз онки кӣ буд ҳоло аз они Рустам шудааст. Спиртзавод ва заводи нуриҳои кимиёвии Исфара пеш аз онки кӣ буд, ҳоло аз они Ҳасан шудааст. Фабрикаи «Ширин» пеш аз онки кӣ буд, ҳоло аз они падараруси Рустам шудааст. Бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон-Талко пеш аз онки кӣ буд, ҳоло аз они Ҳасан шудааст. Роҳи Душанбе-Хуҷанд пеш аз они кӣ буд ҳоло аз они Озодаву Ҷамолиддин шудааст. Хулоса даҳҳову садҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, то заводҳои пахтатозакунӣ аз они бачаҳову духтарҳову домодҳову ҷиянҳову хусурбурдаҳои Раҳмонов шудааст.

Ин бонкҳоро бубинед: Ориёнбонк, Коммерсбонк, Банки байналмилалии Тоҷикистон, Спитаменбонк, Тавҳидбонк, Душанбе –ситӣ,инҳо бонкҳои хусуси Раҳмонову бачаҳову домодҳояшанд.

Ба ҳайати ҳукумат нигоҳ кунед, ки кӣ аз киҳо иборат аст?

Масалан Озода, роҳбари дастгоҳу Рухшона сафир дар Бритониёву Ашраф-шуи Парвинаи Раҳмонова сафир дар Дубай.

Магар Раҳмонов ин ҳамаро монда меравад? Магар Раҳмонов барои он Қонуни асосиро иваз карду худро «пожизненӣ» сохт, ки биравад? Вай Рустамро барои «эҳтиёт» овардааст, ки мабодое ягон бало нашавад.

Ҳоло «Сифатфарма» ҳоло «Озода-кемикал» ҳоло Амирӣ, ҳоло Таҷэро….ки номи ҳамаашро инҷо овардан намешавад.

Масалан даромади Фароз аз фурӯши прававу техталону техосмотр, фурӯши шираи камол, фурӯши ташхиси лаборатория дар бемористонҳо, насби чипҳои ҳисобкунаки автозаправкаҳо….фурӯши ангишти саросари Тоҷикистон ба Афғонистону Узбакистон …воридоти бензину газу соляркаву мазут…

Хулоса, Раҳмонов хуни халқро макидан дорад. Вай аз макидани хуни халқ варам карда бошад ҳам сер нашудааст. Вай сер намешавад ва ин интизорро ҳам надошта бошед!.

Бори дигар мегуям, ки сабаби асосии нарафтани Раҳмонов ана ҳамин сарвату давлати ҳангуфт ва аз роҳи осону муфт ба даст овардааш аст. Вай аз ин ҳама дил канданӣ нест. Вай фукашро аз охур берун кашиданӣ нест.

Раҳмонов дар фикри ободии Тоҷикистон нест. Раҳмонов барои сохтмони роҳу амбулаторияву мактаб аз мардум ва аз «соҳибкорни бонангу номус» пул металабад, аз муҳоҷирони меҳнатӣ пул металабад, аммо худаш ва фарзандонаш на фақат бюҷет, на фақат сармояи хориҷӣ, ҳатто пули светро ҳам мебалъанду медузданд.

Арзиши корхонаи Азотро даҳ маротиба пойинтар карду ба Рустам дод. Аммо кӣ мегуяд, ки ҳамин пули арзонро ҳам Раҳмонов ба давлат супорид ё хайр?

Тамоми беш аз сӣ сол дуздид ва боз дуздида истодааст, аммо сер намешавад, сер шуданӣ нест.

Раҳмонов ҳатто агар Рустамро ҳам овард, фикр мекунед барои пешравиву ободии ману шумо ва Тоҷикистон аст? Ҳаргиз не. Ҳеҷ гоҳ не. Раҳмонов фақат ва фақат худаш, оилааш ва авлодашро мебинад, обод мекунад, сер мекунад.

Ба гапҳои ободиву ободонии Раҳмонов бовар накунед. Ин агар солҳои ҷанг одам кушт, тоҷик кушт, ҳозир маҳал ва макони ризқи мардумро гирифта мардумро аз ин ҳисоб мазлумтар карда истодааст. Пули муҳоҷирҳоро мегираду бинои ҲХДТ месозад. Аммо худашу бачааш Азот мехаранд. Аз куҷо?  Ва боз як ҳиллаву найранги Раҳмонов, ки ин ҳам рабт мегирад ба корхонаи «Азот». Ин корхона қаблан ду маротиба фурӯхта ва ду маротиба мусодира ва ба моликияти давлат бадал карда шуд. Аммо ин навбат дар қарордоди хариду фурӯш таъкид мешавад, «молу мулки сармоягузор» мусодира ва ё миллӣ (давлатӣ) нахоҳад шуд. Яъне   «Осиё Кемикал» онро фақат худаш мехурад.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд бо қарз аз давлати Хитой обод карда шуд, аммо фоидаи онро ширкати пулчинаки IRS, аз они Ҷамолиддин ва Озода мебинанд ва аз киссаи халқ ошкоро медузданд.

Паст кардани нархи барқ барои «Азот» ягона саховатмандии ҳукумат барои соҳибони нави корхона нест. Раҳмонов на фқат нархи масрафи барқ ба «Азот»-и Рустамро паст кард, ду соли пеш бо дастури Раҳмонов «Осиё Кемикал», соҳиби ширкати «Азот»- 5 сол аз пардохти «андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ» озод карда шуд. Даҳҳову садҳо корхонаҳои оилаи Раҳмонов аз пардохти ҳама навъи андозу боҷ озоданд. Ана барои чӣ Раҳмонов аз ҳукумат намеравад ва рафтанӣ нест.

Дигар ҳама кори Раҳмонов мисли як бозӣ аст. Ҳафтаи баъдӣ шоҳиди шуруъи бозии навбатии Раҳмонов бо номи интихобот мешавем…

Сообщение Раҳмонов рафтанӣ нест? Тоҷикистонро марг аз Раҳмонов наҷот хоҳад дод! появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№190
Ҳаёт дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ мечархад. Оромишу амнияти сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ ба воситаи заҳматҳои тоқатфарсои онҳо таъмин аст. Аммо онҳо ба ватан бозгашта бо чи вазъу ҳоле ва шароите рубару мешаванд. Инки онҳо 6-7 моҳ дар Русияву Қазоқистон мардикорӣ мекунанд ба ватан баргашт ба он панҷ –шаш моҳ, ки дар назди аҳлу оила меистанд, истироҳат мекунанд, дам мегиранд? Ва ё инки онҳо ҳануз по дохили кишвар нагузошта дучори мушкилу ҳазору як таҳқиру озор қарор мегиранд? Ҳамаи ин вазъиятро яке аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки мегуяд имсол ба ватан баргаштанӣ нест, дар номааш тасвир кардааст:

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ин номаи ман аз саргузашти худам ва ба монанди худам ҳазорҳо муҳоҷирони Тоҷикистон ҳикоят мекунад.

Ман ҳар сол моҳҳои октябр- ноябр ба хона мерафтам. Аммо соли ҷорӣ рафта наметавонам. Вазъиятҳо беҳад вазнин аст. Ду сол аст ки вазъияти тоҷикони Тоҷикистон безеб. Ҳамон сол омадам ҳуҷҷат карда натавонистам, бо он сабаб, ки ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам.  Соли гузашта ман 5 ноябр хона рафта будам. Рафтан замон яъсу ноумедӣ ва ғам дар дилам ҷо гирифт. Аз фурудгоҳи Душанбе сар шуд. Кормандони аэропорт, гумрук, сарҳадбонҳо, милиса, ҳар кадоме чашмонашон ба киса ва дасти мо-муҳоҷирҳо аст.

Мегуӣ, ки дар ин дунё мардуми Тоҷикистон барои зулму беқадрӣ халқ шуда бошанд. Ҷавонҳое, ки дар сини даъвати низомианд, болои онҳо тамоман зуму ситам ҷорӣ аст. Мегуӣ, ки аэропорт военкомат шуда бошад. Аз ҳар кадоми онҳо 10.000 рублӣ гирифтанд. Пурсу поси беҳудаву бемаънӣ, саволу ҷавобҳои бемаънӣ. Хона рафтам свет нест. Қарзи пешинаи бонкро маҳкам кардам.

Дар дастам 15ҳазор сомонӣ доштам. Гуфтам то баҳор, моҳҳои март мерасад, не нарасид. Нархи кумуру продукта гарон. Як моҳ нашуда15 ҳазор сомонӣ ҳиҷчӣ нашуд. Боз қарз гирифтам аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон, бо %-и баланд, 20%.5 моҳ истодам, не свет, не баракат, не адлу инсоф. Инсонҳо беҳад бераҳму бе инсоф шудаанд. Мегуям чаро инхелин мекунед? Мегуянд, ки чи кор кунем? Моро аз ҳама тараф зулм мекунанд: аз налог, аз суду прокуратура, тамоми органҳо. Шояд шумо бовар накунед. Ба номи Аллоҳи меҳрубон қасам. Ҳама тарафа зулми сахт аст. Ягон ҷое нест, ки бе ришваву фасод бошад. Мардум гарангу гумроҳ, ранги гову гуспанд шудаанд. Не либоси хуб мепушанд, не дар ишкамашон чизи хуб мехуранд. Ба ҳамин зиндагии паст омухта шудаанд. Сар боло намекунанд. Ин мақомдорон то луқмаи охирони мардуми камбағалро гирифта мехуранд. Мегуӣ, ки халқро ҷоду карда бошанд, нони хурдан надоранд. Ба мисли гову гуспанд шудаанд.
Хато накунам15 январ буд, соатҳои 22. 00.Свет мурад ман хоб меравам. Соати 23 20 буд, ки дарвоза тақ- тақ шуд. Баромада мебинам зани ҳамсоя. Ҳомила асту гиряву нола карда мегуяд, ки ба шавҳараш занг занам, биёяду роддом барад. Занг зада намешавад, свет нест, дар телефон ягон антенна нест. Ман симкорти Тселл доштам, мавҷ надошт. Телефони оилаамро гирифтам, симкорти Мегафон буд. Вай ҳам антенна надорад, занг зада нашуд. Свет мурад, телефонҳо ҳам аз кор мемонанд, чунки мавҷ нопадид мешавад. Давида баромадам дар қади роҳ мошин ёфта ин зани ҳамсояро бо ҳамроҳии зани худам ба таваллудхона бурдем. Таваллудхона хунук ва дар инҷо ҳам барқ нест. Духтури роддом омад, пули касаро супор гуфт. Ман пурсидам, ки касса кор мекунад? Гуфт, ки не, ба ман деҳ, ман месупорам гуфт. Он қадар баҳузуру бепарво буд, ки гуфтам «эй тез боше, ин зани ҳомила азоб кашида истодааст». Аммо  парво  надорад. Гуфт, ки чи кор кунам, ба ман фарқаш нест. Пулро деҳ гуфт ва 800 сомонӣ гирифт. Ва боз гуфт, ки пули хизмати моро ҳам деҳ — 500 сомонӣ. Баъд мо корро сар мекунем гуфт.

Ман гуфтам чаро ин қадар қимат? Гуфт шумо тоҷик мӣ? Ҳа, гуфтам. Хандида гуфт, ки нарх ҳамин хел аст. Хайрият, ки дар дастам пул буд. 1300 сомонӣ пулашонро додам. Баъди ду дақиқа медсестра омада гуфт, ки «Ака сивет нест, пули дивижока тиед, бе сивет чихели мешад?». Боз 200 сомонӣ гирифт.
Ман мард. Бо либоси ғафс дар ин роддом хунук хурдам. Ин бечора занҳои ин кудакон чи холи баде доранд? Нозу нағма карда ҳамаи пулҳоро гирифта боз қарздор кард. Соати дуи шаб таваллуд кард. Ин зани ҳомиларо разрив карда қариб куштанд. Зани бечораро азоб доданд. Зан мегуяд, ки чаро ин қадар дард додед? Ин кудаки сеюмам, чаро разрив кардед. Шавҳараш омад бо онҳо ҷанг шуд. Ба ин духтурҳо нигоҳ карда гуфт, ки тарафи шавҳари зани ҳомила шумоҳо узбек мӣ? Чаро барвақт нагуфтед? Маро пурсид, ки «Ака чиба барвақт нагуфтӣ мо узбек»? Ман гуфтам, ман тоҷик ин ҳамсояи ман узбек. «Э,гуфтан даркор буд», гуфта кабинет даромад.
Хулосаи гап ҳамин, ки ҳолати хуб нест дар Тоҷикистон.

Ман имсол намеравам. Имсол аз соли пешина бадтар шудагӣ. Мехоҳам равам пеши падару модарам, пеши зану фарзандҳо, дилам гум мезанад. Лекин рафта наметавонам. Медонам ризқдиҳанда Аллоҳ аст. Аммо дар ин шароити баде, ки дар ватан дорем таъмин карда наметавонам. Боз нархҳо гаронтар шудааст. Як кило гушт 95-100 сомонӣ. Дар Маскав ҳам гаштану кор кардан осон нест. Ба мисли муш ба ҷо шуда мегардем. Осон нест. Лекин ҳамин вагоне, ки мо хобем аз ҳамон шароити Тоҷикистон  хубтар аст. Агар ман равам аз аэропорт гузаштанам гарантия нест. Дар ҳама ҷо тоҷикон азоб доранд, ба дастуру ҳидоятҳои пешвои миллат. Дар атрофи ман бачаҳои тоҷик бисёранд, 100 мушкилӣ доранд. Гоҳе вақтҳо ба худ мегуям чаро ин ҳама мушкилиҳову ғаму андуҳ барои мо бошад? Наход чунин ҳолат як ҳаёт идома ёбад? Тоҷикистон конҳову канданиҳои фоиданок зиёд дорад, обу ҳаво ва заминҳои корами хуб дорад. Мо агар аз ин ҳама неъматҳои худо дода ба манфиати мардум ва давлат дуруст истифода кунем, тамоми халқи Тоҷикистон ободу серу пур мешавад.

Аммо Раҳмонов не сиёсат ва не иқтисодро дуруст ба роҳ мондааст. Конҳо ва канданиҳои фоиданокро ба Хитой бо шартномаҳои камарзиш ва шубаҳовар додааст. Ман аз пеши худ чизе намегуям. Чизеро, ки ман дидам ҳамонро  мегуям. Масалан кони ангишти Қаратоғ, Ҳакимиро ба хитоиҳо кор мекунанд. Хитоиҳо ангишти худи моро ба худи мо мефурӯшанд ва бизнес карда истодаанд. Ман пурсидам аз як хитоӣ. Гуфтам шумо чи кор мекунед ин ангиштро? Гуфт барои мо ангишт лозим нест. Мо дигар чиз кофта истодаем. Гуфтам ин чи чизи қимат аст? Гуфтан мумкин не, гуфт ва афзуд, ки бе ин ҳам шумо тоҷикҳо намефаҳмед. Агар шумоҳо донед, ки мо чи мекобем, худатонро намебахшед.

Данғара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Данғара ҳастам. Як рӯз дар як суҳбате нишаста будам. Дар ҳукумати Данғара кор мекунам. Мутахассиси ҷавон. Ҳамсуҳбатон байни ҳам гап мезаданд. Яке як нафараш гашту гуфт, ки

Мансур Умаров дар тамоми зиндонҳо ва СИЗОҳо магазин ҳуй кардааст. Ёдатон бошад Анвари таможнийро қапида буданд, шогирди Исломи домоди Нуриддин, Ислом Ҳурматов буд. Ӯро барои 19 ҳазор доллар пора қапида буданд. Вақте аз зиндон мебарояд, чуноне нақл карданд, ба дараҷае криса будааст, ки сосискаҳояшро пупанак задааст, аммо ба касе намедодааст, ки хуранд. Вайро Иззат Шариф-Зоро меқапад. Дар зиндон ҳама як тика нонашро бо ҳамроҳҳояш мехурад, аммо ин криса сосикаҳояшро баҷоӣ мехурдааст.

Ҳозир ҳамин Анвар мағозаҳои Мансур Умаровро идора мекардааст. Як арсикола дар берун 10 сомонӣ бошад дар он мағозаҳо 17 сомонӣ будааст. Пули ин маҳсулотро тюремшикҳо ба счети Анвар мегузаронидаанд. Ҳозир Анвар яке аз одамҳои асосии Идораи зиндонҳо –Мансур Умаров шудааст.

Дар ин суҳбате, ки иштирок доштам гап дар бораи Ҳамрохон Зарифӣ ҳам рафт. Як вақт овоза шуда буд, ки ӯро ҷавоб доданд. Дар ҳақиқат шаш соат ҷавоб додаанд. Бегоҳ ҷавоб додаанду саҳар омада боз бурдаанд. Ҳозир ҳам дар ИВС аст. СИЗО набурдаанд. Ҷамшеди домодашро ҳам доштагӣ будаанд. Дар ИВСи Фирдавсӣ. Вайро аз Япония овардаанду Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз Русия. Ба гуфтаи ҳаминҳо М.Убайдуллоевро ҳам панҷ рӯз шинонида будаанд.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Зери сарлавҳаи «Нуробод: Беморхонаи беоб ва ваъдаҳои дуруғ» дар сомонаи нашрияи «Фараж» аз 19.10.2024 мақолаи мухбири махсуси газета Саиди Ҳайдарро хондам. Ин мақоларо хондаму тасмим  гирифтам, ки онро ба шумо ирсол намоям то дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед. Чаро ман чунин тасмим гирифтам? Барои онки ман навиштаҳои «Ислоҳ»-ро ҳамеша мехонам. Аз ҷумла ин матлаби шуморо: «Диаспора: «Ин боиси ифтихор аст ки пешвои муаззами миллат як шаб дар ноҳияи Нуробод истоданд»,ки чанде пештар чоп шуда буд ва дар он чанд нафар аз лесакону тамаллуқкорон аз пешравиҳо дар Нуробод лофу газоф мезаданд ва худи Раҳмонов ҳам болои ин мардум миннат мегузошт, ки ман бароятон беморхонаи замонавӣ сохтам.

Аммо ҳоло ба мақолаи нашрияи Фараж таваҷҷуҳ кунед, ки хабарнигори он дар бораи Нуробод ва махсусан беморхонаи он чи менависад? Фараж бо ин навиштааш ҳама суханҳои Раҳмонов ва он чоплусро бо факту далел  рад кардааст:

«Асоси пешрафти иқтисодӣ барои Тоҷикистони азизи мо, ки 93% ҳудудҳои маъмурии онро кӯҳсорон ташкил менамояд аз энергияи сабз, яъне нерӯгоҳои барқи обӣ вобастаанд. Дар рӯди пуртуғёни Вахш бо пешниҳоди Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқӣ – обӣ Сангтӯда – 1 ва Сангтӯда – 2 аз тарафи давлатҳои Эрон ва Русия бунёд карда шудаанд вале ин барои миллати тоҷик басанда набуд.

Ин боис шуд, ки давлати Тоҷикистон тасмим гирифт то сохтмони калонтарин ва пуриқтидортарин нерӯгоҳи барқии Роғунро, ки дар замони Шӯравӣ сохтмонаш оғоз гардида буду аз сабаби ҷангҳои дохила мутаваққиф шуда буд, аз нав идома диҳад. Дар доираи ин лоиҳаи бузурги тақдирсоз, бояд деҳаву шаҳракҳое, ки оянда зери об мемонданд, кӯчонида мешуданд. Ҳамин тавр, қисмате аз деҳаҳо ба ноҳияи Данғара, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шуд. Марказӣ маъмурии ноҳияи Нуробод бошад, дар доираи ин лоиҳа 25 километр болотар, дар мавзеъи Дарбанд сохта шуд, ки меъмор ва бунёдгузораш маҳз Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва инфраструктураи лозима хароҷот карда шуда, аз мавзеъи Сари қош, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 11 километр дуртар ҷойгир мебошад, тариқи чоҳҳои амудӣ об бароварда шуд. Вале маҳз аз сабаби фориғболии масъулини дахлдори ноҳияи Нуробод ва идораи обу корези он оби Сари Қош давоми 10 соли охир аст, ки ба маркази ноҳия омада намерасад ва мардум тариқи захира намудани оби барфу борон дар кӯлҳои сунъӣ,  худро то як дараҷа бо оби ошомиданӣ таъмин менамоянд. Гузашта аз ин, дар Беморхонаи Марказӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, давоми 10 соли охир беморон худашон обро дастрас менамудаанд. Ба гуфтаи сокини деҳаи Кабутҷари ҳамин ноҳия, ки номи худро Сунатулло номид, ҳамарӯза ба миқдори 40-50 литр об барои фарзандаш, ки дар ин беморхона табобат мегирифтанд, аз деҳаи дурдаст об меовардааст. Сунатулло аз табобати духтурон басо розӣ аст, лекин аз масъулини дахлдори ноҳия норозигии ҷиддӣ намуд ва саволеро пеши рӯ гузошт:

«Оё дар ягон ҷо беморхонаи беобро дидаед?». Ба гуфтаи бародари шафқати беморхонаи марказӣ Ҳайдаров Маҳмадсобир, беш аз 10 сол боз дар беморхонаи маркази ноҳияи Нуробод ва марказӣ саломатии он об нест.

«Новобаста аз надоштани оби нӯшокӣ мо тариқи бочкаҳову зарфҳои ҳаҷмашон гуногун аз масофаи дур тариқи дасти ба беморхона об меорем  ва ба ин мушкилот нигоҳ нокарда фаъолияти пурсамар дорем»—  гуфт Ҳайдаров Маҳмадсобир.

Муовини сартабиби маркази саломатӣ Ғафуров Фарҳод низ гуфтаҳои Ҳайдаровро тасдиқ намуд.

Дар таърихи 11-уми сентябри соли 2024, Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаи дигари таъминоти оби нӯшокии Шолидараи ноҳияи Рашт – шаҳраки Дарбанд маркази маъмурии ноҳияи Нурободро ифтитоҳ намуданд, ки аз масофаи 14 километр оби пиряхҳои баландкӯҳи Шолидара тариқи қубурҳои металии қутрашон 273 ба шаҳраки Дарбанд меояд, вале аз чӣ сабабе бошад, ки ҳамагӣ баъд аз 3 соати кушода шудани ин хати оби нӯшокӣ,  об худ аз худ гум шуд, ва то ба имрӯз (1 моҳу 4 рӯз) аз он хабаре нест.

Гарчанде, ки милионҳо сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ барои овардани об хароҷот шуда бошад ҳам дар Дарбанд об нест. Танҳо дар соли 2024 дар ин ноҳия 348 га заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истеҳсоли картошка 19%, тухм 29% ва пилла 35% нисбати солҳои қаблӣ кам истеҳсол гардидааст.

Аз раис ва масъулини дахлдори ноҳия пурсида мешавад, ки кай онҳо ба ваъдаҳои додаашон вафо хоҳанд кард?»

Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Айнӣ бароятон менависам.

Ман мехостам дар бораи ҳоҷӣ Фируз — Фируз Сайфулоев, директори кони Ангишти Фон -Яғноби Айнӣ маълумот диҳам. Ин маълумоти мухтасар аст. Ҳоҷӣ Фируз ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев –шавҳари Озода Раҳмонова, духтари Эмомалаӣ Раҳмонов аст. Ҳоҷӣ Фируз корро аз ширкати алюминийи тоҷик сар кардааст. Кораш фақат дуздӣ тавассути Ҷамолиддин Нуралиев аст. Вай ба ширкати алюминий тоҷик бор оварда онро даҳчанд дар болояш пул монда аз корхона пулро мегирифт. Чанд муддат онҳо ҳамин хел пул кор мекарданд. Ягон даҳ сол ҳамин гуна пул кор карданд.

Оҳиста -оҳиста Фируз Сайфуллоев яъне ҳоҷӣ Фируз  ба бизнеси калон гузашт. Тамоми заминҳои гирду атрофи Турсунзодаро бо роҳи зурӣ ғасб карда гирифтанд ҳамроҳ бо Ҷамолиддин Нуралиев. Дар деҳаи Қаратоғ барои Ҷамолиддин Нуралиев бустонсароҳо сохт. Ва фақат ба айшу ишрат машғуланд. Ҳоҷӣ Фируз аз ҳисоби маблағҳои дуздидааш дар Туркия хона харидааст. Духонагӣ. Гоҳ-гоҳ ба Ҷамолиддин дар онҷо мулоқотҳову вохуриҳо ташкил мекунад. Дар онҷо чи нақшаҳое мекашанд. Онҳо онҷо бизнеси худро доранд. Ҷамолиддин чандин бор ба Фируз аз номардиҳои Эмомалӣ Раҳмонов ҳам гап задааст.

Фируз Сайфулоев бо Узбекистон ҳамкории зич дорад. Ангиштро ба Узбакистон мефурӯшад. Аммо қисми зиёди пулҳо тавассути Туркия ба суратҳисобҳои офшории Ҷамолиддин Нуралиев ворез мешавад. Ду соли пеш ҳоҷӣ Фируз бо кури Кабир қудо шуд. Ҳоҷӣ Фируз ҳам барои Озода Раҳмон кор мекунад ва ҳам барои Ҷамолиддин Нуралиев. Офисаш бошад дар маркази Рудаки -плаза дар ошёнаи 9 аст.

Додарони Хоҷӣ фируз  Фурқат Сайфулоев ва Суҳроб Сайфулоев бисёр бачаҳои беодоб ҳастанд. Хеле аз духтарҳоро бадном кардаанд, бисёр заминҳоро ғасб карданд, ягон касро гуш намекунанд. Фақат аз номи Озода Раҳмон кори худро бо роҳӣ зурӣ пеш мебаранд. Дар он бустонсроҳо-гаремҳои росткардаашон дар деҳаи Қаратоғ ҳар рӯзи шанбеву якшанбе духтарҳои зиёдеро оварда корҳои зишт анҷом медиҳанд. Мутаассифона, ҳоло вазъият дар мо чунин аст.

Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман боз дар бораи  яке аз эшонҳои Қубодиён мегуям. Ин нафар эшони Рустам, бародари эшони Муҳаммадёқуб ё ки Аюб аст. Аммо вай ба ҷавори ҳақ пайвастааст. Худо гураш дар бигирад, ки мардумро беҳад зулм мекард. Як заминро ба 3 -4 нафар мефурухт. Аз мардум 10 -20 ҳазор доллар қарздор буд. Вақте мемурад, мераванду мардумро мегуянд, ки бубахшедаш. Ва ҳатто ба баъзе аз қарздорҳо таҳдид мекунанд, ки ба амният медиҳамат. Кадоме дар хобаш мебинад, ки дар оташи дузах сухта истодааст. Мегуяд, ки «бра бародари мана Муҳаммадюба бгуш, ки ман барои қарзидорим дар дузах сухтайсам, қарзома бтиян, ки худованд мана раҳм кунад».Меояд мегуяд, ки ман ҳамин тавр хоб дидам. Ин суханро махсус ба Маҳмадаюб мегуяд. Маҳмадаюб меуяд, ки «э, бра гумша ,ки ман худам ай муи сарам зиëд қарзидорам».

Эшони Маҳмадёқуб ва эшони Лайс ҳозир роҳбалад дар ҳаҷанд. Баъди нашри нома эшони Маҳмадёқубро давлений задаст, дар бемористон хоб аст. Бемор аст.

Инҳо ҳамаашон круглий стол доранд. Дар хонаи Маҳмадёқуб ҳамаашон ҷамъ шуда маслиҳат мекунанд, ки  боз киро ба амният фурӯшем, пул кор кунем ва киро ғам диҳем. Эшони Лайс боз роҳбалад шудааст. Кадом роҳеро дар деҳа маҳкам кардаст. Э,Лайс аввал роҳро ҳуй кун, баъд зиëрати хонаи худо рав.

Бовар дорам, ки эшони Маҳмадёқубро дуоҳои мардуми мазлум гирифтагӣ аст. Вале боз дар масҷид мардум дар ҳақаш дуо карданд, ки соз шавад. Аммо ман бовар дорам, ки ин дуоҳо руякианд, аз таги дил нестанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№190  появились сначала на ISLOH.net.

СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд?
Ё «Берия тоҷикӣ» ва нақши вай дар воқеаҳои солҳои охир.

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз мухлисони ҳамешагии шумо мебошам ва сайти «Ислоҳ»-ро ҳамеша мехонам. Аслан зодгоҳи ман Фархор аст. Аммо мо дар Данғара калон шудаем. Ҳозир бошад ман дар хориҷа ҳастам. Навиштаҳои шуморо дар бораи СС.Ятимов мехонам ва махсусан навиштаи охирини шумо, ки гуфтааст пир шудаму нафақа мебароям хондам ва хеле писандам омад.

Шумо метавонед СС.Ятимов, яъне Саймумин Сатторовичро бемалол Берияи тоҷикӣ ном баред. Ин одам як умр дар КГБ кор кардааст, аммо тарҷумаи ҳолашро тавре навиштааст,ки гуё вай баъди солҳои зиёди кор ба ин идора рафта бошад. Ҳоло тарҷумаи ҳоли ӯро нигоҳ кунед, ки чи тавр сохта шудааст. Бале, бале, ин тарҷумаи ҳол сохта, ҷаълӣ ва дуруғӣ аст:

Ятимов C.C. (таваллудаш 23 июли 1955, ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадор ва дипломати тоҷик. Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010). Доктори илмҳои сиёсӣ дар соҳаи «Масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва рушди глобалӣ». Профессор. Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5-ум Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1972 — 1976 сол — донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб;

1976 — 1977 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи №15 ва №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1977 — 1979 сол — хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, ш. Каунас, Литва;

1979 — 1980 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1980 — 1992 сол — мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1992 — 1996 сол — мудири шӯъбаи Ҳукумати вилояти Хатлон; 1996 — 1997 сол — сафир оид ба вазифаҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1997 — 2000 сол — мушовир-сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон;

2000 — 2005 сол — Муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2005 — 2 майи 2007 — муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 2 майи 2007 — 2010 — Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар Подшоҳии Белгия ва ҳамзамон Сарвари Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷомеаҳои Аврупо (Комиссияи Аврупо, Иттиҳоди Аврупо оид ба саноати ангишт ва пӯлод, ва Иттиҳоди Аврупо оид ба энергияи атомӣ).

Дар солҳои 2000—2001 маълумоти дуюми олии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси «ҳуқуқшиносӣ» гирифт. соли 2001 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои идеологии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ҳимоя кард;

соли 2002 — рисолаи докториашро дар мавзӯи «Гуманизм ва идеологияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ» ҳимоя кард;

аз соли 2005 — дарсгӯии курси «Сиёсати байналмилалӣ ва дипломатияи муосир» («International Relationship and Modern Diplomacy») бо забони англисӣ бо даъвати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Бо ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи II (соли 2013) сарфароз шудааст. Оиладор, тибқи баъзе манбаъҳо соҳиби 5 фарзанд аст, вале дар манбаъҳои дигар, шумораи фарзандони «берун аз никоҳ» ё фарзандони ақди дуюм то 13 мерасанд.

…..Дар бораи шумораи фарзандони ин «қаҳрамонпадар» бигзор дигарҳо бигуянд. Аммо, чизе, ки инҷо ман мехоҳам бигуям, аз он навиштаи шумо кутоҳӣ нахоҳад кард. Сараввал як ҳодисаро, ки ҳақиқати маҳз аст мегуям, то аз хотирам набарояд. Солҳои 2000 -2001 С. Ятимов  чанд нафар чупонҳои ноҳияи Панҷро дар Фархор кушта рамаи мардумиро аз они худ мекунад. Барои онки аз ин кор мардум бохабар нашаванд, кори кардааш рӯпӯш шавад молҳоро бароараш Абдулмумин Ятимв бо ҳамроҳи писари холааш Исмат мефурӯшанд. Ва аз ҳамон вақт соҳиби молумулки зиёд мешавад. Баъдан солҳои 2005 ва 2006 фермаи колхозиро аз они худ мекунанд. Вале як каме баъд фермаро ба домоди Маҳмадсаид Убайдуллоев мефурушанд. Солҳои 2009-2010 ин фермаро боз аз нав пас мехарад. Ҳоло ин ферм ба Абдулмумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали Фархор тааллуқ дорад. Дар Кумитаи андоз ба номи духтари Абдулмумин сабти ном шудааст.

СС.Ятимов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, онгуна,ки нашрияи СССР навиштааст раиси КГБ дар ноҳияи Масковский буд ва маҳз СС.Ятимов буд,ки ҷони Одина Ҳошимро харида будааст. Солҳои давраи Союз ҳам бинобар навиштаи Сайиданвар Камолов, раиси собиқи КГБ-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон СС.Ятимов якҷо бо Султони Ҳамад, Ҳамрохон Зарифӣ, Суфибек Маҳрамов ва худи С.Камолов дар раёсати мубориза бо дин (муллоҳо) фаъолият кардааст. Ҳамчунин вай чандин сол ба ҳайси корманди фаврии КГБ дар Хоруғ кор кардааст. Аммо, онгуна, ки мебинед дар матни ҳасби ҳолаш навишта нашудааст, ки дар КГБ кор кардааст. Яъне ҳатто ҳувият ва шахсияташ машкук ва махфӣ аст. Чизи дигаре, ки дар ин шарҳи ҳол шакангез ва боварнакарданӣ аст дарёфти унвони илмии сиёсатшиносии уст. Вай баъди як соли ҳимояти кори номзадӣ дар соли дигар унвони докториро дарёфт мекунад. Кори илмиаш ҳам марбут ба муллову ислом аст. Зимнан СС.Яттимов ба унвони атташеи низомӣ яъне намоянлаи амният дар сафорати Тоҷикистн дар Ҷумҳурии Исломии Эрон кор кардааст ва мавзуъи корҳои номзадиву докториаш ҳам ба Ҷумҳурии исломӣ алоқаманд аст.

Аммо бояд як чизро тазаккур дод, ки СС.Ятимов ниҳоят шахси муғамбир, зирак ва ҷоҳу мансабталош аст. СС.Ятимов дар кудетои нофарҷоми Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров ҳатмани ҳатман шарик аст. Раҳмонов аз ин тарафи кор пурра дарак ва далел дорад, вале бо чи мулоҳизоте ӯро на аз кор гирифт ва на зиндониаш кард. Ин ҳамин СС.Ятимов аст, ки ин афроди фавқуззикрро ба клуби Валдай-и сохти Путин ҷиҳати таҳияи нақша барои сарнагунии Раҳмонов фиристода аст. Аммо чуноне мебинем ё бисёр ҳам пуштвонаи зур дар Крмелин дорад ва ё дар Пекин, ки Раҳмонов онҳоро шинонд, инро не. Агарчи аз руи баъзе аз маълумотҳо Саидҷаъфар Усмонзода кайҳо ҳама маълумотро дар кафи дасти Юсуф Раҳмонов ва Юсуф Раҳмонов ба самъи Эмомалӣ Раҳмонов гузоштаву равонидаанд. Тибқи маълумоти дигари расида дар ин қазия танҳо Акбаршо Искандаров дар Валдай иштирок намуда ва суҳбатҳояшро анҷом додааст. Аммо ошкоро ба Искандаров гуфтаанд,ки ҳоло мо машғули Украйна ҳастем ва феълан Тоҷикистон бароямон ончунон муҳим ва калидӣ нест. Аммо пас аз баргаштанаш ба Душанбе ӯро мефурӯшанд.

Муносибати СС.Ятимов на бо ҳама аъзои оилаи президент хуб аст. Масалан, писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сӯи ӯ тир холӣ кардааст. Расонаҳои интернетӣ  он вақт авишта буданд,ки «Ин хабарро бо истинод ба манбаъҳо дар сохторҳои ҳокимияти Тоҷикистон муовини раиси ПМТ (Паймони миллии Тоҷикистон) Алим Шерзамонов эълон карда буд.  Ба гуфтаи Алими Шерзамонов, шаҳрдори шаҳри Душанбе ва ҳамзамон писари Асосгузори Сулҳ ва Наҷотдиҳандаи Сайёра — Рустами Эмомалӣ аз Саймумин Ятимов талаб кардааст, ки амалиёти низомӣ-полисиро дар Хоруғ оғоз кунад. Тибқи иттилоъи мавҷуда, Ятимов гуфтааст, ки вазъият дар Хоруғ ва атрофи он ба нафъи гузаронидани амалиёти ҷазодиҳанда нест, зеро дар натиҷа шумораи зиёди шаҳрвандони осоишта ҳалок шуда метавонанд. Қайд мешавад, ки аксари низомиён муқобили истифодаи силоҳ алайҳи аҳолии осоишта изҳори назар карда, оқибатҳои манфии ин иқдомро таъкид мекунанд. Тибқи хабарҳои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба сӯи Саймумин Ятимов тир холӣ кардааст ва дар натиҷа1 генерали маҷрӯҳшуда дар беморхона бистарӣ шудааст.   Ҳамзамон, Алим Шерзамонов хабар дод, ки тибқи иттилоъ аз манбаъҳои ҳукуматӣ, дар ҷараёни амалиёти Хоруғ, Саймумин Ятимов бояд ба таври ҷисмонӣ нобуд карда шавад, монанди генерали Назарзода дар соли 2012. Ин вазифа гӯё ба генерали ВКД Аламшозода (Бузмаков) ва одамони ӯ супорида шудааст».

Дар Тоҷикистон, хусусан дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), аз соли 2012 то майи 2022 таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Ятимови СС. як қатор амалиётҳо баргузор шуданд, ки вокуниш ва маҳкумияти густурдаи ҷомеаро ба вуҷуд оварданд. Ин амалҳо ба пахши сокинони маҳаллӣ, ки аксарияташон помириён мебошанд, нигаронида шуда, боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва зӯровариро дар бар мегирифт, ки метавонанд ҳамчун табъизи системавӣ тавсиф шаванд.

Рӯйдодҳои ВМКБ дар солҳои 2021-2022 нишон медиҳанд, ки хатари эътирозҳои густурдаи зидди режим вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи баъзеҳо, мушкилоти ҷиддии дохилии сиёсиро барои интиқоли пешбинишудаи ҳокимият, ки шароити суботро барои таъмини қонуният талаб мекунад, эҷод мекунад.

Вазъият дар марз бо Қирғизистон низ пуртаниш буд ва бисёр ҳодисаҳои марбут ба муноқишаҳои марзӣ мушоҳида шуданд, ки ин вазъи аҳолии маҳаллиро вазнинтар кардааст. Фишорҳои ҳукуматӣ дар сарҳад бо Қирғизистон (ниг.ба ҳуҷҷатҳои 1-42 феҳристи адабиёт) ва низоъҳои дохилӣ дар дохили Тоҷикистон натиҷаи поймол шудани ҳуқуқҳои помириён ва хориҷ кардани онҳо аз идораи давлатӣ буд, ки эътирозҳо ва норозигии аҳолии маҳаллиро ба вуҷуд овард.

Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ахлоқии табъизи ақаллияти «Помирӣ» дар Тоҷикистон Табъизи помириён дар Тоҷикистон натиҷаи баҳсҳои тӯлонӣ оид ба марзҳо буд, ки ба ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо таъсири манфӣ расонд. Манъи истифодаи забони модарӣ дар муассисаҳои давлатӣ, бастани литсейи бахшида ба пешвои рӯҳонии помириён, инчунин маҳдудиятҳо барои чорабиниҳои фарҳангӣ — ҳамаи ин ҷузъи сиёсати васеътари пахшкунӣ шуданд.

Сокинони маҳаллӣ талабҳои худро дар бораи раъйпурсӣ оид ба масъалаҳои марзҳо ва ҳокимият баён карданд, вале овозҳои онҳо аз ҷониби парлумон нодида гирифта шуданд. Ин боиси бад шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии помириён, норозигӣ ва афзоиши танишҳо байни гурӯҳҳои этникӣ гардид. Бо дарназардошти контексти мураккаби таърихӣ, мушкилоти марбут ба додани қитъаҳои замин ба Чин дар соли 2002-ро нодида гирифтан мумкин нест.

Ин қарор норозигии мардумро ба вуҷуд овард ва саволҳо дар бораи қонунияти амалҳои ҳукумати Тоҷикистон ба миён овард, ки онҳо на танҳо аз омилҳои сиёсати дохилӣ, балки аз таъсири давлатҳои хориҷӣ низ бармеоянд. Далелҳо дар бораи «фурӯши» ҳудудҳо ба Чин танҳо қисми болоии яхбанди бузург дар заминаи мураккаби муносибатҳо байни ин давлатҳо ва танише, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба ҳисоб мераванд. Вазъият бо сабаби стереотипҳои иҷтимоӣ ва набудани каналҳои ошкоро барои баррасии мушкилоти помириён боз ҳам мушкилтар мешавад, ки ин ба ҷудоии бештар байни гурӯҳҳои гуногуни қавмӣ дар дохили кишвар оварда мерасонад.

Муноқишаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2022 — ин низоъ миёни низомиёни Қирғизистон ва Тоҷикистон буд, ки 14 сентябр, дар остонаи саммити СҲШ дар Самарқанд оғоз ёфта, то 19 сентябр идома ёфт. Ин муноқиша аз ҳама бузургтарину хунинтарин дар таърихи муноқишаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар оғози амалиётҳои ҷангӣ муттаҳам мекарданд. Ба маълумоти мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби қирғизҳо 63 нафар кушта ва тақрибан 140 ҳазор нафар кӯчонида шуданд. Ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, аз ҷониби тоҷикҳо 83 нафар кушта шуданд.

«Радиои Озодӣ» рӯйхати номии 83 нафар кушташударо аз ҷониби Тоҷикистон нашр кард. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, дар задухӯрдҳо зиёда аз 200 низомии тоҷик кушта шуда, тақрибан 400 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар 12 соли охир дар марзи тоҷикону қирғизҳо зиёда аз 230 ҳодисаи истифодаи силоҳ рух додааст. 20 сентябри соли 2022 кишварҳо созишномаи сулҳ ба имзо расонданд.

Идома доштани тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ, ҳамчунин дар давраҳои пеш, панҷ мансабдори баландпояи ҷумҳуриро, ки вазифаҳояшонро аз 11 то 14 сол нигоҳ доштаанд, дар канор гузоштааст. Ҷойи аввали миёни куҳансолони дастгоҳи давлатӣ ба раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимови 69-сола мерасад, ки аз соли 2010 ин мансабро нигоҳ медорад.

Дар ин ним-як соли ахир Эмомалӣ Раҳмонов тақрибан ҳамаи роҳбарони шуъба ва ва раёсатҳои амниятро дар марказу навоҳӣ ва вилоёт иваз карда ва дар ҷойи кадрҳои фархорӣ данғарагиҳоро монд. Чунки ба Рааҳмонов дар бораи СС.Ятимов маълумотҳои зидунақиз расида буд. Ин оғози коҳиш ва бе қадршавии СС. Ятимов ба назар мерасад.

Маълумот расида буд, ки СС.Ятимов гуё нияти нафареро дар ҷои Раҳмонов оварданро дорад. Баъдии ин маълумот чанд муддат як сукут ва хомушии мутлақ ҳукуматро фаро гирифта буд. Аммо дидору мулоқотҳои Раҳмонов бо Юсуф Раҳмон, Прокурори  генералии Тоҷикистон ва қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов  зуд-зуд сурат мегирифтанд ва сафарҳои Юсуф Раҳмон ба хориҷа ва бахусус Русия афзудан гирифт. Юсуф Раҳмон ба Эрон ҳам сафари корӣ анҷом дод. Ҳамон вақтҳо буд, ки овозаи омадани Юсуф Раҳмон ба ҷои СС.Ятимов, дар мақоми раиси КДАМ дар миёни доираҳои муайян паҳн гардида буд.

Ҳамин тавр, пас аз чанде, аввал аз наздиктарин дӯсти СС.Ятимов,роҳбари беморхонаи ибни Синоро шуруъ карданд. Ҳолати ва ҳадафи боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Сино дигар буд. Вале ӯро бо иттиҳоми нашри китоб, ки гуё бар хилофи қонун навишта шуда бошад, дастгир карданд ва ӯро барои 9 сол маҳкум ба зиндон намуданд.

Аммо пеш аз дастгир кардан, зиёд парешон буданд, ки чиро сабаби боздошт кунем.  Дар ин гуна ҳолатҳо камбудикобиҳо сар мешавад. Се нафарро дар сари китобу фаъолияти роҳбари беморхонаи Ибни Сино монданд, ки таҳлилу тафтиш кунанд. Ҳамин тавр китобро баҳона карданду рол бозиданд. Мақсади асосиро пинҳон нигоҳ доштанд, ки СС.Ятимов пай набарад. Гуё, роҳбари беморхонаи Ибни Сино тасдиқ карда бошад, ки СС чунин ният –табаддулоти давлатӣ дорад. Гуё СС ба воситаи Саидҷаъфар Усмонов, раиси ҲДТкорро шуруъ карда баъдан Убайдуллоевро низ ба бозӣ медароранд. Гуё дар ин кор кадом аз гурӯҳҳои дар Маскав ҳам шарик ва пуштибонанд ва чанд навбат дар нишасти Валдай афроди зикршуда иштирок кардаанд. Валдай ин як бунёде аст ки аз тарафи Путин ва тарафдоронаш дар соли 2004 ташкил шудааст.

Раҳмонов ин гапҳоро, ки мешунавад, қариб ду ҳафта андеша мекунад.  Баъдан ба хулосае омад ,ки бояд бо ин имконият ҳамаи куҳнаавторитетҳоро аз байн барад. Чун вай яқин кард, ки агар ӯро, ки ин қадар сиёсат дорад, мехоҳанд аз байн баранд, пагоҳ Рустамро дар ду ҳаракат меғалтонанд, ҷойро мегиранд. Вай махсусан аз СС.Ятимов бисёр ҳам дар хавфу хатар монд. Барои ҳамин Юсуф Раҳмонро дар ҷойи вай омода кард. Аммо ҳоло ба иллати аз ҳам пошидани ақди никоҳи Фарзонаи духтараш бо Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ҳатман ба ин нақшааш таҳрир медароварад. Вале Раҳмонов, чуноне ҳамон бародари масъул дар охранааш гуфт, дигар дар вазоратҳои ҳарбӣ касе ба ҷуз аз данғарагӣ ва одамони содиқи худашро нахоҳад гузошт.

Ҳамин тавр нақшаро явош-явош сар карданд. Мебоист дар вақти тафтишоти парвандаи роҳбари беморхонаи Ибни Сино Усмоновро дастгир карда пойи СС.Ятимовро бо дигар нафарони номдор мепечонданд. Аммо чун ҳар вақта ФСБ чи буеро пай бурд ва ба Путин шифровкаро расшифроват карда дод. Путин Раҳмонро сигнал дод, ки вақти чистка нест. Подожди гуфт.

ССро ҳам ФСБ огоҳ кард, ки Раҳмонов фаҳмидааст. СС чанд маротиба талоши назди Раҳмонов даромаданро кард, аммо қабул накард. СС. Ятимов ба воситаи Қамчибек Ташиев масъаларо расонд.

СС Ташиевро гуфт, ки услуга за услугу. Яъне ту Жапаровро гу бо Раҳмонов телефонӣ суҳбат ва аз ман пуштибонӣ кунад, ман бошам дар масъалаи марз тарафи шумо ҳал мекунам. Ҳамин хел ҳам шуд. Жапаров чанд бор бо Раҳмонов   телефонӣ суҳбатҳо оиди марз мекунад, ки дар ахбор намегуянд. Чунки махфист. Раҳмонов ССро қабул ва гуш кард. СС сахт тайёрӣ дида буд. Тавонист ва боз Раҳмоновро тоб дод. Раҳмонов ҳам сахт ҳушёр аст. Медонад, ки тамоми нақшаҳои ӯро СС.Ятимов иҷро кардааст ва маълумотҳои зиёд дорад.

Аммо Раҳмонов барои аз байн бурдани нафарони номдор корро пеш бурд.   Усмонов ва дигаронро дастгир карданд. Аз замоне, ки роҳбари беморхонаи Ибни Сино Абдухалил Холиқзодаро дастгир карданд, аз ҳамон вақт аз қафои Усмонов наблюдение сар шуд.   Дар руйхате, ки гуё дар он номҳои ҳаммаслакони Сайдҷаъфар Усмонзода ҳаст, ғайр аз онҳое, ки дастгир шуданд, боз Оқил Оқилов, Эркин Раҳматуллоев, Ғайбулло Афзалов, Муродалӣ Алимардонов, Убайдуллоев ва боз чанд нафари дигар, ки номҳояшонро мумкин ба наздикӣ фаҳмем, хастанд. Раҳмонов Ятимовро зинда намегузорад. СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода зиёд сиру асрори Раҳмоновро медонанду ҷиноятҳои зиёдеро бо дастони ин ду анҷом додааст.

Хусусан амалиётҳое,ки чандин сол дар ВМКБ ва водии Қаротегин, ду минтақаи таҳти нуфузи оппозитсион ва бар зиди ҲНИТ ва дигар нафарони номдор гузаронидаанд, ҳамаашон таркиби ҷиноёти башарии зиёд доранд. СС вақтҳои охир сахт эҳтиёт мекунад. Метарсад, ки ранги Саидамир Зуҳуроваш накунанд.

Ps: Инки СС.Ятимов худро масъули амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон эълон ва муаррифӣ мекунад дуруғи маҳз аст. Инҷо аз рафтору кирдори бародаронаш чанд намунаи мушаххасро бароятон пешкаш мекунем, то бифаҳмед, ки ин оила ба чи корҳои зишту палид қодиранд.

Ҷамшед Ятимов бародари хурдии СС ҳамсояҳояш бародарон  Абдурозиқ ва Абдухолиқ, писарони бобои Қурбоналиро маҷбур кард, ки хонаашонро ба вай бифурушанд. Аввал Абдурозиқро маҷбур кард, ки хонаашро бифурӯшад. Ин ҳамсояи бечора маҷбур шуд хонаашро, ки дар онҷо як ҳаёт зиндагӣ кардааст, бачаҳояш дар онҷо ба дунё омадаанд, ҳақу ҳамсоя ва хешу табор дорад ба вай фурӯшаду ба дигар ҷо кучбандад. Ҷамшед Ятимов дар деҳаи Аловиддин як хона ба Абдурозиқ харида медиҳад. Як хонаи нообод ва нимасохт. Ӯро мекучонаду хонаи ӯро ба замин ҳамвор карда дар ҷояш фермаи мурғу индуку фазан  месозад. Аз буйи бади фермаи мурғ бародари Абдурозиқ яъне Абдухолиқ маҷбур мешавад, ки аз инҷо бикучад. Моҳи марти соли равон Абдухолиқ ҳам хонаашро ба писари муллои деҳа фурӯхта ба Данғара меравад.

Маълумоти  дигари расида ин аст ки баъди дастгир шудани ронандаи СС. Ятимов ва Синои ҷиянаш барои ҷинояти қочоқи героин ҷияни дигараш Иброҳимзода Сунатулло судяи додгоҳи ноҳияи Фархор дастгир шуда буд. Аммо баъди як сутка озодаш карданд. Мегуянд, ки барои ҳамон «бор»-и Сино дастгираш карданд. Лекин аз кадом ҳисоб бошад, ки озодаш карданд. Ба гуфте Сино гуфта бошад, ки ин «бор» бори худаш аст. Дар он Сунатулло Иброҳимзодаи писари холааш шарик нест. Аз ҳамин ҳисоб судяро озод кардаанд.

Ҷинояти дигари Абдумумин Ятимов, бародари СС. Ятимов ин аст ки анбори деҳаро ба Шарофиддин Кабиров медиҳад. Хонаи падарии Шарофиддин Кабиров дар пушти ҳамин анбор воқеъ аст. Кабиров Шарофиддин дар паҳлуи хонаи СС.Ятимов замини хонагаҳ-участкаи наздиҳавлигӣ дошт. Он солҳо Абдулмумин дар хонаи бародараш СС. Ятимов зиндагӣ мекард. Худаш хона надошт. Ҳоло дар ин замини паҳлуи бародараш хона сохт. Ин хона не як қасри муҳташам аст. Замини анбори деҳаро бошад Шарофиддин Кабиров барои худаш хона сохт. Ин Кабиров Шарофиддин директори мактаб буд. Саги бовафои Абдулмумин мебошад. Ба замми ин бригадири заминҳои Абдулмумин ҳам ҳаст. Азбаски як пояш карахт шуд ба ҷояш писарамаки СС.Ятимов Файзалиро директори мактаби №15, ки ба номи Ятимов Саттор, падари СС мебошад, монданд. Бовар кунед, ки вай як пиёнискаи арақхур аст. Талабаҳоро руирост дашномҳои қабеҳ, ҳатто бар модарашон ҳақорат медиҳад. Ҳеҷ кас муқобилият карда наметавонад. Директориро ба «тағагӣ» гирифтагӣ аст.

Бо муаллимаҳои шавҳардору бешавҳар амалҳои шаҳвониашро ҳатто дар дохили мактаб анҷом медиҳад. Ҳатто талабаҳо аз ин амалаш огоҳанд ва чанд бор дидаанд. Аммо зури касе намерасад.

Ҷинояти дигари Абдулмумин  Ятимов  ин аст ки соли 2010 наваду ду участка замини наздиҳавлигӣ дар поёни деҳа, ки онро Навбунаҳо мегуянд ҳар кадоме аз онҳоро бо баҳои аз 2 то 4 ҳазор долларӣ мефурӯшад. Ногуфта намонад, ки 8 таҳҷоӣ дар ҳамин Навбунаҳоро Шарофиддин Кабиров ба аҳлу байти худ мегирад. Ба гуфти мардум онҳо бар ивази 700-800 долларӣ харидаанд. Ҳамин авлои Кабировҳо ними замини Навбунаҳоро гирифтаанд.

Ҷинояти дигари Абдулмумин ва Ҷамшед Ятимовҳо

Хирманҷои деҳа дар поёни хонаи муаллими Саттор қарор дошт. Ҳоло онҷо хонаи Ҷамшед Ятимов шудааст. Ними хирманҷоро Ҷамшед Ятиимов маҳкам карда гирифтааст. Ва нисфи дигарашро Абдулмумин истифода мебарад. Дар онҷо техникаҳояшро мемонад, яъне гараж кардааст.

Ҷинояти дигари Абдумумин ин аст ки гаражи колхозиро, ки дар чандин гектар масоҳат дошт, замини наздиҳавлигӣ карда фурухт. Аммо нисфи гаражро ба хусури бародари Ҷамшед Ятимов дод.

Ва боз  дар поёни қишлоқ замини котелний буд.Замини онҷоро ҳам 15 участкаи наздиҳавлигӣ карда фурӯхт. Аз он ҷумла ба қудои худаш Қурбонхон ҳам аз ҳамонҷо замини наздиҳавлигӣ дод. Тақрибан як гектар. Домодаш  дар онҷо қаср  бунёд кард.

Сообщение СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№169
Бо ин вуҷуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тирамоҳи соли 2015 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият намекунад ва Раҳмонов онро мамнуъ эълон кардааст, вале ҳамоно аз ҳайбату салобати он Раҳмонов ва дорудастаи вай дар тарсу ҳаросанд. ҲНИТ ҳазорҳо километр аз Тоҷикистон дур аст, аммо аз ҳамин дуриҳо истода ба шахсиятҳои ҳукуматӣ ва рубаҳукумати чунон суҳбатҳо кардаву пул ваъда додааст, ки онҳо омода ба сарнагунии Раҳмонов шудаанд. Ишораамро фаҳмидӣ, хонандаи азиз. Агар нафаҳмида бошӣ ҳамин қадар мегуям, ки барои мисол ҳамин Ҳамрохон Зарифӣ, ки акнун дар боздошт аст дар гузашта на фақат як вазири хориҷӣ, ҳамчунин генерали КДАМ ҳам буд. Ҳамин нафарро ҳам ҲНИТ тавонистааст, ки ба дом афканаду бар зидди Раҳмонов бихезонад.

ҲНИТ ин қадар зуру тавон доштаасту худи мо бехабар. Аммо дар ин нома, ки ҳоло мутолиа мекунед, маълум мешавад, ки дар ҳақиқат ҳамоно аз шабаҳи ҲНИТ Раҳмонов ва имомхатибони таъйинотии вай чун барги бед меларзанд. Матлаби охири навиштаи Наҷмиддин Шоҳинбод дар «Фараж» аз бохти муборизаҳои иттилоотии режим дар муқобили ҲНИТ шаҳодат медиҳад:

Турсунзода

Ассалому аллайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки номаи пешинаи манро чоп намудед. Ман боз як масъалаи дигарро ба шумо гуфтаниам.

Муллои масҷиди Аллома номаш Суҳбат мебошад. Ин Суҳбат як муллои лесаки висший сорт аст. Фақат дар бораи Наҳзат гап мезанаду бад мекунад. Дар бораи шумо, бародар Муҳаммадиқбол ҳам бадгӯӣ мекунад. Ҳар намози ҷумъа кораш фақат бад кардани шумо. Ним соат зиёд дар масҷид дар бораи шумо гап мезанад. Худаш савод надорад, намозро соз хонда наметавонад. Дар корхонаи алюминий кор мекард, як дузд буд. Ҳозир аз лесакиаш акнун мулло шуд. Ин мулло аз Қаратоғ аст. Аммо маълум нест, ки барои пагоҳ дар пеши Аллоҳ чи хел ҷавоб медода бошад. Кораш аз минбари масҷид наҳзатиҳо ва шуморо бад ва сиёҳ кардан аст. Вале аз дигар тараф кораш фақат таърифи Раҳмонов аст. Пешво гуфта ончунон мелесад, ки то бас гуфтан.
Дар алюминий завод кор мекард. Кораш фақат масладуздӣ буд. Ҳатто устоди худашро ба амният сиёҳ кардагӣ аст. Ҳар вақте шуморо гапҳои бад мезанад.

Мардум мефаҳманд, ки ин мулло лесакӣ дорад. Мардуми Регар медонад, ки шумо киву ин муллои лесак кӣ? Шуморо халқи Регар иззату ҳурмат мекунад.
Кори ин муллои чоплус ҷамъ кардани сум аст. Баъди ҳар ҷумъа се бор бо овози баланд дод мезанад, ки аз назди сандуқ мегузаред аз ёдатон набарояд. Руирост мегуяд, ки пул партоед, аз ёдатон пулпартоӣ набарояд мегуяд. Пули корманди масҷид, пули андоз, пули неруи барқро бояд пардохт кунем гуфта мардумро маҷбур мекунад, ки пул ба сандуқ партоянд. Тавба наход аз масҷид налог гиранд? Инҳо пагоҳ дар қиёмат чи ҷавоб медода бошанд? Ин мулло нест, ин шайтон аст. Мардуми Регар безор аз суҳбатҳои ин шайтон мулло шудаанд.

Ислоҳ: Ҳафтаи сипари гашта яъне ниҳояти 30 уми август дар тамоми кишвар бар алаҳи ҲНИТ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар фаолон имомхатибон дар намози ҷумъа суҳбат доштанд. Ин маълумот аз Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва Суғд расид. Ҳадаф маълум аст барои чи дар минбарҳои масоҷид ин корҳоро анҷом медиҳанд. Режим дар изтироб аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Беш аз сӣ сол дар мақомоти интизомӣ, милиса ва прокуратура кор кардаам ва ҳоло дар як ташкилоти хориҷӣ мушовири ҳуқуқӣ-адвокат мебошам. Нишастҳои хабарии масъулони ҳукумати Тоҷикистонро аз расонаҳо пайгирӣ кардам. Беш аз ҳама   суҳбатҳои Прокурори генералӣ таваҷҷуҳи маро ҷалб кард. Нишасти матбуотии Прокурори генералӣ 9 август сурат гирифт.

Юсуф Раҳмон фақат сухан аз таърифу тавсифи ниҳоди зери раҳбариаш кард. Масалан гуфт, ки «барои вайрон кардани танзиму ҷашну маросим 1100 нафар ва таълиму тарбияи кӯдак 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 138 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсили ҳатмии асосӣ ва 230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва тадбирандешӣ карда шуд».

Юсуф Раҳмон ба саволи хабарнигорон дар масъалаи пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ҷавоб гуфта дод ва боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди анҷоми амали террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт:

«Дар ҳақиқат, содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд ва дар робита ба он зиёда аз 20 аъзои ташкилоти террористии ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дастгир карда шудаанд».

Ман чи гуфтан мехоҳам? Ман гуфтаниам, ки масъулони мақомоти тафтишотиву тартиботу ҳифзи ҳуқуқ намедонам бо чи мақсад талош менамоянд, ки ҳатмани ҳатман аз тоҷикҳо унсурҳои террористӣ муаррифӣ кунанд? Ин кори онҳо ангезаи сиёсӣ дорад ва ман бовар дорам, ки як руз не як руз воқеиятҳо ошкор мешавад, ки ин ҳама иттиҳомот пучу бемоя аст. Масалан гуфт. ки «230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва тадбирандешӣ карда шуд». Аммо ин тарафи масъаларо шарҳу тавзеҳ намедиҳад, ки таълимоти қонунии диниро дар куҷо кудаку наврасу ҷавон бигирад? Дар назди падару модар ва дар назди як нафари чашми хатту савод дошта гирифтани таълимоти ибтидоии динӣ, масалан омузиши фароизи динӣ мамнуъ аст. Аммо як мусалмон муваззаф аст ки фарзандашро таълим бидиҳад. Пас,вай чи кор кунад? Чун ин фарзи гарданаш аст. Вақте мақомоти Тоҷикистон масалан ҳамин Прокурори генералӣ аз тоҷикҳо террорист муаррифӣ мекунанд ва дар ҳақи шаҳрвандони худ туҳмат мезананд ин тарафи масъаларо фикр намекунанд, ки миллионҳо тоҷик дар руи дунё ва махсусан дар Русия дар пайи ризқу рузӣ аст, дар ин ҳолат вай чи кор мекунад? Чунки мақомоти интизомии ин кишварҳо дигар бо вай бо шубҳа менигаранд. Баъди ҳодисаи Крокус-ситии Маскав тоҷик дигар ҳамчун террорист шинохта мешавад. Аммо масъулони мо боз ҳам бештар тоҷикро террорист муаррифӣ карда истодаанд. Оқибати он чи хоҳад шуд? Шумо бо ин кору амали худ зиндагиро барои садҳо, балки миллионҳо тоҷик, ки имруз дар саросари олам пароканад шудааст ва 99.99% барои нон рафтаанд мушкил ва ғайримумкин ва дузаху ҷаҳаннам мекунед. Вале фикр намекунед, ки агар онҳо бозгарданду биёянду авзоъи иҷтимоии кишвар чи мешавад?

Вале аз тарафи дигар баъзе аз шаҳрвандони мо, ки таҳти таъсири мубаллиғин монданд ва ё ба хотири пул рафтаанд, обруи тоҷикҳоро резонида истодаанд, ки бовар кунед ин ба ояндаи мардуми мо хатари ҷиддӣ дорад. Дар калисои Марияи Туркия инфиҷор кардан чи суд? Ба биҳишт меравӣ? Кӣ гуфт? Ҳушатро гу ба сарат баргардад? Ту агар Раҳмоновро маҳор ва безарар гардонӣ он гоҳ шаҳид мешавӣ ва биҳиштӣ мегардӣ. Ту агар биравию дар Олмон таркиш кунӣ, ҳеҷ чизе намешавад. Ту агар равию дар Эрон, дар Афғонистон ва дар ҳар ҷои дигари дунё амали террористӣ анҷом диҳӣ ва махсусан дар Русия бар зарари мусалмонони ҳаммилатат тамом мешавад.

Аммо ин Юсуф Раҳмон хоҳарзодаи доишии худашро аз Сурия оварда маҳкам накард. Вале ҳазорон кас маҳкум шуданд. Ин хоҳарзодааш ҳозир дар ширкати домсози  худи Юсуф Раҳмон кор мекунад вале дар мавсими ҳаҷ боз ҳоҷиҳоро мебарад. Як ҷияни Юсуф Раҳмон Шариф ном дорад, муовини прокурори Душанбе, ҷияни дигариаш Самад  дар коррупсияи Хуҷанд аст.

Аммо ин ҷиянашро, ки аз Сурия баргардонида овард, нашинонд. Балки бизнесмен кард ва ҳоло дар домҳои месохтаи худи Юсуф Раҳмон кор крада истодааст. Ана инро мегуянд нозиру ҳомии қонун!

Дар ҳамон нишасти хабариаш вақте  хабарнигорон роҷеъ ба боздошти Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ  вазири хориҷӣ пурсиданд аҷаб худашро донову сиёсатмадор тарошида гуфт, ки ҳар касе ба давлату миллат ва ба Президент хиёнат мекунад, новобаста аз он, ки дар гузашта кӣ буду чи хизмат кард ҷавоб мегуяд. Аммо, корҳое, ки худаш анҷом дода истодааст бадтар аз ҳар хиёнаткор аст. То ҷое маълум аст Юсуф Раҳмон яке аз наркобаронҳои асосии Тоҷикистон ба шумор меравад. Замоне, ки Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров мамлакатро тинҷу ором мекарданд, Юсуф Раҳмон ҳоло чизеву касе надошт ва тасаввурот надошт, ки давлат чисту ва рузе мешавад, ки вай Прокурори генералӣ мешавад.

Имрӯз дар давлати тинҷу тайёр омадаасту аз ҳаво гап мезанад. Шокирҷони Ҳакимро ҳам бо амри махсуси ҳамин Юсуф Раҳмон дастгир карданд. Як наздики Юсуф Раҳмон, ки бо ман ҳам ошноӣ дорад гуфт, ки Юсуф Раҳмон ба муфаттишон гуфтааст, ки «бо и к..зани будик мукунам намукунам када гап ёд мета имруз бо, к..зана ёдиш бтен гапзанира». (пузиш аз хонанда барои қавли айнан нақлшуда) Ба Акбаршо Искандаров бошад, Юсуф Раҳмон, ки шахсан  худаш пурсидааст гуфтаст, ки «уқа доно мебдӣ, вазифара намедодӣ. Акы ҳози ятина када шин».

Юсуф Раҳмон  Ҳамрохон Зарифириро гуфтааст, ки «ку шогирди тарифит?» Юсуф Раҳмон Озодаро дар назар дошт ва илова мекунад, ки « дидӣ,шогирд чи хел устода дынг мемона? Дидӣ? Хытона коммунист мегирифтену ҳмммм.

Ку Озода?

Бинобар маълумоте, ки ба ман расид ҳоло  Шокирҷон Ҳакимовро маҷбур доранд, ки номи Ойниҳол Бобоназароваро гирад. Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки «бояд и дела сенсация шава. Идомаи нақшаашон ин аст, ки ҳамон ҷавонони деҳаҳои Андарбак ва Жамаки ҷамоит деҳоти Язғуломро ба ҳамин гуруҳи Сайидҷаъфар Усмонов «қуш» кунанд.

ҶАЙҲУН

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз бемористонҳои калони  Қумсангир шикоят дорам. Зани ҳомиларо узи карда пеши духтури занона –женский духтур бурдем. Мегуяд ё мазро аз ман дар арзиши 175 сомонӣ мехари ё хоб мекунӣ. Мо он қадар пул надорем, ки хоб кунем. Мазро аз компанияи «Фаберлик» мефурушанду доруву укол аз Сифатфармаи гури Марям. Мо ҷон безор шудем. Як ҳафта кор мекунӣ налог ё пули свет мешавад.

Дар Тоҷикистон кор нест. Ҳамаро депорт карда истодаанд дар Қумсангир. Азон полний аз микрофон манъ шудааст. Дар масҷид меравӣ учасковий омада фақат пули роҳ металабад ва кадоме камтар дар дин сахт аст, ғам медиҳад. Номҳои занонаи духтурҳо главврач Обидова, Ганҷина ва Шукрона. Инҳо бо ширкати Сифатфарма ва Фаберлик маслиҳат карда хуни халқро хурданд. Ҳамаи занҳои Қумсангирро касалӣ карда партофтанд. Аз дасти инҳо як кудаки солим нест дар Қумсангир

Ашт

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Понғози Ашт бароятон нома мефиристам. Қарор аст Эмомтапак рӯзҳои наздик ба вилояти Суғд, аз ҷумла ба Ашт ояд. Ва чанд коргоҳ ба мисоли ҳавзи моҳипарварӣ, ки аз они раиси ноҳия аст, фермаи мурғпарварӣ, боғи гелос ва корхонаи истеҳсоли ҷуроб, ки аз они Зайнулобиддини понғозӣ мебошад ба истифода медиҳад

Ҳар рӯз Раҷаббой Аҳмадзода маъруф ба Қофлонбой ва СС. Ятимов инҷо омада дидаву бозпас  рафта истодаанд. Ин ҷаноб байни рӯзҳои 1ум то 7уми сентябри 2024 ба Ашт омаданӣ. Дар Ашт 4 иншоот кушода мешавад, ҳамонҳоро бо қайчиаш буридан мебиёд

Рузи 19 уми август Қофлонбой омад. Дар роҳ ҳама мошинҳоро аз ҳаракат боздоштанд ва то рафтани Қофлонбой движений ба тарафи Аштро маҳкам карданд.

Рӯзи дигараш бошад бо шиму костюми сиёҳ СС.Ятимов омада ҳама объектҳоро аз назар гузаронида рафт. Ҳар рӯз аз мақомотҳои гуногуни давлатӣ ҳар хел вазирҳо омада рафта истодаанд. Ҳамааш шуда барои ҳамин 4 коргоҳ. Коргоҳи истеҳсоли ҷуроб ҳам аз они раиси ноҳия аст, ки бо пули Зайнулобиддин Мақсудҷонови бизнесмен сохта истодааст. Ҳавзи моҳипарварӣ ҳам аз они Шуҳрат Мамадҷонов, раиси ноҳия аст.

Ҳамаи вазирҳо меоянд бо мошинҳои Лексус ва Ҷипҳои бадвоҳима. Ашт дар ин шабурузҳо вазирборон шудааст. Наход, ки роҳбари давлат ба як ноҳия омаданаш ин қадар воҳима дошта бошад? Яке аз раисони ҷамоат шиносам аст. Гуфт, ки омадани ин вазирҳо ба диламон задааст. Чунки барои ҳар як омадани онҳо бояд гусфанд кушанд. Ҳамаи ин харҷу хароҷотро раиси ноҳия ба ҷамоатҳо бор кардааст.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ шуморо аз бадиҳои замину осмон дар ҳифзи худаш нигоҳ дорад. Ман як бародари шумо аз шаҳри Кулоб. Айни ҳол дар Душанбе зиндагӣ мекунам ва дар бозори Корвон ба тиҷорат машғгулам.Чандин сол мешавад, ки як сирро дар қалби худ нигоҳ доштаам. Аммо дигар наметавонам ва тавассути барномаҳои шумо мехоҳам ба самъи мардум расонам. Бигзор  ҳама огоҳ бошанд ва бигзор ҷавонони солими миллат фирефтаи ин тоифа нашаванд. Ин воқеа чанд сол пеш руй дода буд. Ҳоло бошад ман соҳиби чанд фарзанд ҳастам. Якруз аз хона аз кучаи Чармгарони поёни Кулоб ба нияти сафар ба Душанбе барои кор пайдо кардан баромадам. Ба автовокзал ба назди таксиҳои Кулоб-Душанбе расидам. Дар онҷо мошин арзон-попутӣ интизор будам. Чунки он вақтҳо ман донишҷу будам. Се моҳи тобистон бозори Фаровон рафта грузчики мекардам. Дар онҷо мисли ман як чанд нафари дигар интизори таксӣ буданд, ки як мошини Лексус рақамҳои давлатиаш 2000 (то ҳол дар хотирам ҳаст) омада истод. Аз дарунаш як марди буланқад, гандумгун, ки дар тан шиму костюми сиёҳ дошт фаромада пурсид, ки ягон кас Душанбе меравад, ман танҳоям дар роҳ бо ман суҳбат карда равем. Ва таъкид кард, ки фақат як нафар кифоя. Пеш аз ман як марди дигар давида дар курсии пеши мошин нишаст. Вай бошад ба ман нигоҳ карда гуфт ту ҳам меравӣ? Ман гуфтам бале! Он марди мошинбударо гуфт ту фаро ва дар ҷои вай ба ман гуфт ту шин суҳбат карда меравем. Дар аввал он мард бисёр хушсуҳбат ба назар меомад. Мо дар роҳ бисёр шухию ханда карда рафтем. Шеър бисёр мехонд. Вақте, ки ноҳияи Данғараро гузаштем у гуфт зодгоҳи Ҷанобамон инҷо ҳаст. Вай ба ман гуфт:- ту медонӣ имруз бо кӣ ҳамсуҳбат шудаӣ? Ман гуфтам не, шуморо бори аввал мебинам. Вай гуфт ман солҳои зиёд мешавад, ки пеш аз ҳар баромадаш Ҷаноби Олиро муаррифӣ мекунам. Дар ҳама баромадҳояш аввал садои ман мебарояд. Як садои баланде, ки толорро ба ларза медарорад он садои ман аст:

Муҳтарам Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмон гуфта ман ҷанобро муаррифӣ мекунам ва баъдан ҷаноб ба минбар мебарояд, дасташро дар қафаси синааш зада гуфт, ки ана ҳамон кас манам ва инчунин назорати ҳамаи автодромҳои ҷумҳуриро Тахмина хоҳарамон бар уҳдаи ман гузоштааст. (Вай чи гуна назоратро дар назар дошт ман нафаҳмидам). Ман пеши ин оила эҳтироми хоса дорам, аз ҷумла бо Рустамҷону Тахмина муносибатам хуб аст, гуфт. Вай нушидагӣ буд. Вақте гап мезад аз даҳонаш буи бади арақ мебаромад. Аз ман пурсид ту наход, ки манро нашиносӣ? Ман гуфтам бале, ин садоро, ки ҷанобро муаррифӣ мекунад бисёр шунидаам, аз шиносоӣ бо шумо бисёр шод шудам! Вай аз ман ному насабамро, дар кадом донишгоҳ ва дар курси чандум хонданамро суроғаи хонаамонро ва инчунин ному насаб ва ҷои кори падарамро пурсид. Ман гуфтам ба шумо чи лозим ин маълумотҳи шахсии ман. Вай гуфт ту бисёр ҷавони хуб ба назар меоӣ. Ман мехоҳам туро дастгирӣ кунам. Ман бисёр хурсанд шудам. Ҳарчики пурсид ҷавоб додам. Ман он вақтҳо 22 сол доштам ва он вақтҳо аз зиндагӣ чизеро намефаҳмидам. Он кас дасти маро қапида гуфт бисёр ҷавони боқувват метобӣ, варзишгар ҳастӣ? Ман гуфтам баъд аз дарс ба зали гуштин меравам. Ба ман гуфт ба ту як пешниҳод мекунам. Агар қабул кунӣ тамоми зиндагиатро тағйир медиҳам ва туро аз Кулоб ба Душанбе меорам, дигар инҷо зиндагӣ мекунӣ, ба ту мошин гирифта медиҳам. Ба ректори донишгоҳат гап мезанам. Дигар ба дарс намеравӣ. Худаш дипломи сурх пур карда медиҳад. Дар кадом идораи давлатӣ  хоҳӣ онҷо ба кор мемонам. Ҳамаи зиндагиатро ман ба уҳда мегирам.

Ман ҳайрон шуда пурсидам чи пешниҳод доред? Вай гуфт ман Чернобил хизмат кардагиям, узви мардинагиям хуб кор намекунад. Ду зан дорам, наметавонам бо онҳо хуб робита кунам. Барои ҳамин ман маҷбур ҳастам ин корро кунам. Вай гуфт ман як марди 35 сола дорам, ки ҳар вақт хоҳам уро даъват мекунам. Аммо вақтҳои охир он ҳам аз уҳдаи ин кор намебарояд. Ба ман гуфт шербачаҳои Кулоб бисёр қавӣ ҳастанд мегуянд. Ту агар қабул кунӣ дар як ҳафта ду ё се бор маро истифода мебарӣ. Ҷои  махсус барои ин кор дорам. Натарс касе аз ин огоҳ намешавад. Ман ба ту занг мезанам. Ба онҷо меравӣ. Ман ҳам ба онҷо меоям. Кори ту фақат ҳамин тамом, мисли шоҳбача зиндагӣ мекунӣ. Танҳо ман ин хел нестам. Бисёрии вазирону кормандони Дастгоҳ ҳам чунин ҳол доранд. Аммо агар ба касе мегуӣ инро худатро ва тамоми оилаатро нест мекунам. Ман ба ту бовар мекунам. Ту ҷавони бофаҳм ҳастӣ гуфта аз ҷайбаш панҷто сад доллара гирифта ба пешам гузошт. Ба Худо қасам, дасту поям аз тарси зиёд ба ларза даромаданд. Он бадбахти лаънаткардаи Аллоҳ ханда карда гуфт аввалаш ҳаминхел. Натарс, ту мард ҳастӣ. Чи метарсӣ ва дасташро тарафи ман дароз кард. Хост аз узви мардинагии ман қапад. Ман дасташро ба қафо зада як мушти дигар ба сараш задам зану духтарашро ҳақорат кардам ва дод зада гуфтам мошинро манъ кун вагарна худамро мепартоям. Дари мошинро кушодам. Он бадбахт манъ кард. Ман аз мошин фаромадам ва аз тарси зиёд сумкаи либосҳоямро нагирифтам. Он вақт мо ба Ваҳдат расида будем. Ман аз Ваҳдат дар дигар мошин нишаста ба Душанбе омадам.

Барои ин ҳикояти воқеӣ аз ҳамаи хонанда ва шунаванда узр мехоҳам. Каме аз доираи ахлоқ берун буд ин гуфтаҳо. Аммо ин ҳақиқат аст. Ман ба чунин лаънаткардаи Аллоҳ рубару шудам дар ҳаёт…

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мехоҳам дар бораи камбудиҳо гап занам, аммо намедонам дар бораи кадом камбудиҳо гап занам. Камбудиҳо хеле зиёт аст. Турсунзода беҳтарин ноҳияи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аммо феълан ин тавр нест. Масалан шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода пур аз зулму туҳмату фасод аст. Соҳаи тандурустӣ ба мисли бозор гаштааст. Махсусан роддом- зоишгоҳ. Кори ман ба таваллудхона бисёр афтидагӣ аст. Инҷо аксарият кормандон аз узбектаборҳо ҳастанд, ки сахт миллатчигӣ мекунанд. Духтуру акушеркаҳову медсестраҳо агар бинанд зани ҳомила точик аст бо вай ба мисли инсони паст менигаранд, дуруст хизмат намерасонанд, ба кудакони навзоди онҳо бераҳмӣ мекунан.
Ман худ шоҳиди ин ҳолат будам, ки чандин тифли навзодро маъюбу дардманд карданд ва ҳатто ба қатл расониданд. Агар пули гуфтаашонро надиҳӣ, ё ки каме гапҳояш бо бемор ё ки бо шавҳари бемор гурезад инҳо қасд мегиранд. Ду ҷияни манро инҳо ба қатл расонданд
Бародари ман то Прокуратураи генералӣ арзу шикоят кард. Навзодро ташхис намуданд. Маълум шуд, ки дар кудаки навзод уколи бачаҳои калонро задаанд. Кудак судуроги зад, ҳалок шуд. Гарданаш маъюб ва бастагӣ буд.

Ҷияни дуввумам шаш моҳа буд. Шаб хоб накард. Гулудард буд. Назди ҳамин духтурон бурданд кудакро. Як укол заданд,кудак каб- кабуд шуда мурд. Дар муддати 25 дақиқа кудакро куштанд. Арзу шикоят кардем. Фоида надод. Ин духтурҳои қотилро бурда пулашонро гирифта ҷавоб доданд. Корманди вазорати корҳои дохилии Турсунзода тарафи духтурон таҳдиду сахтгуӣ кард, ки соз ва дуруст кор кунанд. Аммо ин як навъ сохтакорӣ дар назди мо буд, чунки инҳо пул гирифтанд аз ин духтурҳо. Боз тарафи онҳо хандида мегуяд, ки аз болои шумоҳо арзу шикоят бисёр. Аммо, баъди рафтани мо ин духтурҳоро ба кабинеташ дароврада пул гирифта ҷавоб дод.

Баъд аз дуруз рафта мебинам, ки боз ин қотилҳо кор карда истодаанд. Тарафи ман бо тамасхуру киноя хандиданд ва таҳдид ҳам карданд.

Як ҳамсояи ман гуфт, ки ҳамин коркунони роддом дар таги пои навзод оби ҷушро  бо боклажка гузошта пой тифлро сузонданд. Ду ҳафта кудакро ҷавоб надоданд. Падару модараш мераванд, ки кудак фақат хоб аст. Ин акушеркаҳо ба кудак фақат доруи хоб зада уро карахт мекардаанду мехобонидаанд. Баъди ду ҳафта ба модараш кудаки мурдагиро медиҳанд ва модараш мебинад ҳарду пой кудак сухта суп-сурх ва гуштҳои даруни по овезон.
Дар бахши тандурустии Турсунзода порагириву ришвахорӣ дар авҷи аъло ва руирост аст.

Инҷо мехоҳам боз дар бораи як шахсе, ки пур аз фасоду зулму ҷиноят аст гап занам. Ин нафар дар пеши кормандони ҳифзи ҳуқуқ пешвову пешвобозӣ ва сахт лесакиву чоплусӣ мекунад. Аммо дар назди одамони одӣ

пешвояшро дашном мекунад. Инсони дарундори тоҷикбадбин. Як ҳаёт тоҷикҳоро дашному таҳқир мекунад ва паст мезанад. Президенти Тоҷикистонро бесаводи тупой мегуяду президенти Узбекистонро зур, баақл ва умний мегуяд. Шавкат Мирзиёев «ихели кард ухали кард» гуфта мефахрад. Узбеко боақланд, тоҷикҳо тупой гуфта механдад. Ин инсон Чупонов Нурмат ном дорад. Хирург, духтури беҳтарин дар соҳаи худаш.
Ин Чупонов айни ҳол дар Қараболои шаҳри Турсунзода кор мекунад. Боз клиникаи шахсии худашро дорад. Бо ҳамроҳи фарзандаш Фарҳод кор мекунад. Фарҳоди писараш ба мисли падараш тоҷикбадбину золим дуруя аст. Бисёр ба Узбекистон сафар мекунад. Фақат таърифу ҳаваси Узбекистон мекунад. Мегуяд шумо точикҳо ҳамин хел хору залил шуда мемуред. Яке мебинӣ, ки чоплусӣ мекунад, боз мебинӣ, ки беҳад дашном мекунад. Фарҳод Раҳмонови пешвояшро гапи нагуфтааш намонд. Фарҳод вақте донишгоҳ хонда тамом кард бо падараш дар Қараболои Турсунзода кор мекард. Дар муддати кутоҳ соҳиби мошину пулу мол шуд. Бо пули пора туйи худашро ҳам кард. Хеле хароҷоти калон кард. Ҳофизи туяш Муҳаммадрафии Кароматулло, чунон фукаш чухт буд, ки гуё дар ҳаво парвоз дорад. Соли 2014 кормандони коррупсия дастгир карданд. Чунон ғамаш доданд, ки 30 кило хароб шуда буд. Мегуяд чунон саволу ҷавоб шуд, ки ду моҳ ба худ наомад. 15 000 $ дода халос шуд. Вале боз баъди якуним сол ба кор бо ёрдами Тоҷиддин, главврачи Қараболои Турсунзода ба кор даромад. Фарҳодро коррупсия се бор қапид, аммо ҳар бор пулашро гирифту сар медиҳанд. Ин падари Чупонов Фарҳод маро ягон бор ягон кас нақапидааст гуфта Фарҳоди писарашро дашном мекард.
Соли 2016 Чупонов Нурмат бо писараш Чупонов Фарҳод дар 1ум микрорайон дар назди поликлиника сохтмони клиникаи худашонро сар карданд. Дар аввал барои сохтмони клиникаи онҳо иҷозат доданд. Баъде, ки ду ошёна бардоштанд, баъд сар карданд ва аз тарафи ҳокимият, аз тарафи суд, аз тарафи прокуратура тала карданд. Бисёртар суд ғам дод. Хато накунам зиёда аз 20 000 доллар гирифтанд. Нома ба Озода, нома ба президент, нома ба Рустам навиштанд, ягон чи нашуд. Аз санг садо ҳасту аз ин куҳнаҷунуб садо нест. Баяк азобу даводави ва пора диҳию хушомат зани сохтумони килиникаро тамом кард соли 2019 кушоданд кленикай ба номи Чупон отаи ин Фарҳод нисбат бо беморон хело берахму сахт хаст вахте ки медарои дуруға пули анализ мегираду лекин анализ на мекунад бе чавоби анализ апиратсаро сар мекунад агар бемор тоҷик бошад бераҳму қаҳролуд мешад дард медихад ман аз даҳони худаш шунидам ман дарчи дар ҳайратам ёки чоплус бош ёки зиди чоплуси бош. Дар назди мақомдорон беҳад чоплуси мекунад дар назди мардуми оди ё бемори тоҷик тоҷик бадбини мекунад маро дарчи алам мекунад дар Точикистон кор мекунию тоҷиконро бадбини маро сахт мераса нисбат точикон беҳад таҳқир мекунад агар фақат Эмомали Рахмоновро бад медиду дашном мекард ман зид намебудам не ҳам пешвоашро бад мебинад ва миллати тоҷикро ин аз руи адолат нест.Ин Чупонов Нормат падари ин Фарход пеш аз ин килиника аз ин пештар даже солхоеки ин Фарход мактаби миёна мехонд падараш ғайри қонуни беморҳоро дар хонааш оварда апиратца ва личени мекард 100 касро дар хонаи шахсии худаш апиратца мекард бо ҳамроҳи бачаҳояш Эркин, Камол, Фарход онвахто ин Фарход бачаи мактабхон буд дар дуюм ошёнаи хонаашон ягон шароити хуб надошт тағои маро дар хонаш апиратца кард як шаб хов рафт саҳараш ҷавоб  дод ҳолаш хело бад шуда буд 2 моҳ азоб кашида буд. Баноми Аллоҳи меҳрубон қасам чизеки ман дар шумо навистам туҳмат  нест ва ғарази шахси надорам Аллоҳ худ шоҳидаст. Багуфти ин Фарҳод аз забони худаш шунидам ман гуё Фарҳод дар кумитаи Амният ноҳияи  Турсунзода бисёр омада аз хонаш мебурдиян ин духтури гемарое ку барои ҳамин ба гуфти  Фарҳод вақте ки мерафтаст уро бар падвал медаровардаан мегаки хамин одамоеки ҷиноят мекунанд хамонҳоро дар бутулка ва дар баклашка мешинондиян ақибашон ҷазир мешудаст баъд ин рафта 3 4 кук мегирифтаст гуё медухтаст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№169 появились сначала на ISLOH.net.

Рустам ҷойи Раҳмонову Озода ҷойи Рустам меояд. Раҳмонов болои боло меравад!
Инқилоб наздиктар мешавад?

Чунин як таҳаввулу тағйироти беназир ва бесобиқа дар моҳи марти соли оянда иттифоқ хоҳад уфтод ва Тоҷикистон давлату ҳукумати он амалан ба моликияти хусусии Раҳмонов ва Оилаи вай бадал хоҳад гардид, масалан мисли Спитаменбонк ва ё ширкати пулчинаки «IRS» ва ё фермаи ҳайвони калони шохдори «Мармарӣ» ва ё «Фароз» ва ё «Сифатфарма». Метавонед, ки Тоҷикистонро ҳам мисли ин корхонаҳо дар нохунак гиред ва моликияти частнийи Раҳмонову бачаву духтараш биҳисобед. Ва акнун на фақат Эмомалӣ Раҳмонов лидер ва пешво мешавад, аъзои Оилааш ҳам ҳамин тавр, мисли худи вай лидер мешаванд.

Тамоми тапуталош, ҷунбуҷул ва мисли дуздҳои шабрав омодашуданҳои Раҳмонов ва дорудастааш барои овардани Рустам аз он дарак медиҳад, ки вай қасд ва ният дорад ин протсессро дар замони баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ, ки қарор аст моҳи марти соли 2025 доир шавад, гузаронад.

Ба Рустам дар аввал курсии раёсати ҲХДТ-ро медиҳад. Яъне Рустам Раҳмоновро аввал дар Ҳизби халқии демократӣ ва сипас дар раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иваз мекунад. Интиқоли қудрат аз Раҳмонов ба Рустам тавассути  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Дуруст аст ки номзадии Рустамро Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонон ҳам пешбарӣ мекунанд, аммо бинобар маълумотҳои расида тайи ду- се моҳи ахир дар долонҳои болои ҳукумат ва дар даруни худи Оила «корҳо» барои баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ пуршиддат идома дорад. Агарчи бисёр ҳам ноаёну пушида сурат мегирад, аммо Раҳмонов марҳалаи вогузории курсии зери пояш ба Рустамро шуруъ кардааст. Инки Си Ҷинпин дар сафараш ба Душанбе дар ин бора ягон ишора кардааст ё хайр, вале баъди рафтани вай тадорукот дар ин самт тундтар шуда истодааст.

Инки ҳизбҳои демократ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сосиалистӣ бидуни кадом зарурате Анҷуманҳои ғайринавбатӣ доир ва «пир»-ҳоро гуселу «ҷавон»-ҳоро оварданд, беҷиҳат нест ва аз шуруъи иҷрои барномаи таҳвили қудрат аз падар ба писар дарак медиҳад.

Қарор аст Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ, ки дар он Раҳмонов истеъфо ва Рустам дар ҷояш раиси ҲХДТ интихоб мешавад, дар ҳамин наздикиҳо баргузор бишавад.

Овардани ҷавонҳо ба сари аҳзоби киссагӣ, ҳамчуноне қаблан ҳам гуфта шуда буд, дар чаҳорчуби барномаи таҳвили қудрат ба иҷро расида истодааст. Вагарна ҳиҷ зарурат ба баргузории Анҷумани ғайринавбатии ин аҳзоб набуд. Барои мисол Сайҷаъфар Усмонзода, раиси пешини ҲДТ ва намояндаи ин  ҳизб дар парлумони кишвар, ки феълан дар боздошт аст, замоне аз барузории Анҷумани ҳизбаш дарак ёфт, ки аллакай шахсияти раиси нави он мушаххас ва муайян шуда буд.

Хуб, агар интихоботи Рустам ва овардани вай дар дастури кор набуда бошад, чи зарурат бар иваз кардани раисони аҳзоб, масалан ҳамин Усмонзода? Ва, чаро дар ҳамин шабурӯз ҳукумат ба тағйири раисони аҳзоб даст зад?

Тибқи маълумотҳо интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз баҳори соли 2025 доир хоҳад шуд ва Раҳмонов курсиро барои Рустам ҳам дар ҲХДТ ва ҳам дар Раёсати ҷумҳурӣ тахлия хоҳад кард.

Шояд савол медиҳед, ки ин Анҷуманҳои ғайринавбатӣ кори худи ҳизбҳо аст, чаро бори ҳукумат мекунед? Саволатон дуруст аст. Вале бубинед, ки на Саидҷаъфар Усмонзода, на Ғаффорзода ва на Рустам Раҳматови ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ омода барои вогузории курсиҳо ва бахусус доир кардани Анҷуманҳои ғайринавбатӣ набуданд. Фикр мекунед, ки чаро яку якбора ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ Анҷумани ғайринавбатӣ баргузор мекунанд? Хуб, як ҳизб, ду ҳизб пеш аз вақт, ба иллати пеш омадани ягон ҳолати изтирорӣ ғайринавбатӣ Анҷуман доир кард, аммо, вале ҳамаи аҳзоби сиёсӣ чаро бояд дар як мақтаъи муайяни замонӣ ғайринавбатӣ Анҷуман ороянд ва  ҳатман раисашонро бигиранд ва ҳатман раисро нав кунанд?

Бубинед, инҳо, ки Анҷуманҳои ғайринавбатӣ доир карданд, ба чи даст ёфтанд? Чи бурд карданд? Касби обру карданд? Электорат зиёд карданд? Пойгоҳи иҷтимоияшон қавӣ шуд? Ва ё ягон баёния ва изҳороти сиёсӣ дар робита ба интихоботи оянда доданд?

На ва боз ҳам на! Ин аҳзоби киссагӣ дар асл филиал ва ё бахшҳои дигари ҲХДТанд, ки ба ҳангоми зарурат вориди саҳна карда мешаванд, то тавассути онҳо дар хидъаву шайтанати Раҳмонов сарпуш гузошта шавад. Ин бор фақат раисҳоро «ҷавон» карданд. Чунки ин навбат на худи пирамард, балки бачааш номзад ва довталаби асосӣ хоҳад буд. Бояд бо ҷавонҳо вориди интихобот шавад. Шарм карданд, ки акси Рустам ҳам дар ҷойи акси падараш якҷо бо Абдуҳалим Ғаффору Рустам Раҳмату Рустам Латипов ба унвони номзад нашр ва дар бюллетенҳои интихоботӣ сабт шавад. Барои ҳамин пешопеш доранд саҳнаороӣ ва маъракасозӣ ва «лабулунҷросткунӣ» мекунанд.

Агар ин Анҷуманҳои ғайринавбатии аҳзоб ба хотири компайни Рустам ва кори дасти худи Раҳмонов набошад, дуруғаш зуд ошкор намешуд. Ҳатман аз як ҷое дарз мехурад, ифшо мешавад.

Масалан Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сосиалист, як ё ду рӯзи пеш аз Анҷуман ба расонаҳо тасдиқ карда буд, ки ҳизбаш анҷумани ғайринавбатӣ мегузаронад, аммо курсии раёсат барояш ҳифз хоҳад шуд ва раис боз ҳам худи вай мешавад. Аммо, мебинем, ки як рӯз пасаш булбулаки Ғаффорзода дигаргуна ба сароидан сар кард. Гуфт пир шудааст ва ба ҷавонҳо эстафетаро супорид. Яъне  маҷбур карданд, ки биравад ва нафари ҷавонтар ояд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва  Анҷумани як ҳизби ба истилоҳ парлумонӣ ҳатто ним соат бештар тул накашид. Харҷу масрафи баргузори Анҷуманашро ҳам намедонад, ки кӣ пардохт кардааст? Ҳиҷ масъалаву ҳиҷ маърузаву ҳиҷ ҳисоботу ҳиҷ гузорише ҳам набуд. Чунки барои Раҳмонов фақат ҷавон кардани раисони ин аҳзоб муҳим аст, дигараш ҳеҷ.

Аз худи Ғаффорзод ҳам ғарибтару аҷибтар нафари дар ҷояш омада аст. Ин нафар Ғулом Ҳалимзода ном дорад. Вай дар аввалин суҳбати матбуотиаш мегуяд:

«ҳаракат мекунем ба парлумон мутобиқ бошем, сонӣ моро интихоб мекунанд. Мо аввал бояд худро нишон диҳем».

Ва ё ба саволи хабарнигор: «Шумо барои маъракаҳои калонтари сиёсӣ, масалан интихоботи президентӣ омодагӣ мегиред?» посух медиҳад, ки: «Ман ҳанӯз ба ин чизҳо омода нестам, ҳанӯз дар ин бора фикр накардаам. Ин кор барои ман нав аст, ҳадафамон набуд, ки интихоб мешавам, ё интихоб намешавам. Ман ҳам дар як ҳаяҷон ҳастам, росташ».

Ин марди Худо самимона суҳбат кард ва рости гапро гуфт,ки «ҳадафамон набуд», «омода нестам», «дар ҳаяҷон ҳастам, росташ». Ин гуна ҳарфҳоро як нафаре, ки раиси ҳизб мешавад  ҳаргиз нахоҳад зад. Маълум аст ки ин «раисӣ» таҳти таъсири бисёр ҳам сахту шадиди омили берунӣ иттифоқ афтодааст. Омили берунӣ ба ҷуз аз интихоботи қабл аз вақти раёсати ҷумҳурӣ ва овардани Рустам чи буда метавонад?

Албатта пас аз ончи бар сари Усмонзода оварданд ва ба ҷояш кадри ҷавонро шинонданд,мо гуфта будем ин корро бо ҳама аҳзоб анҷом медиҳанд. Имрӯзҳо худатон шоҳиди он шуда истодаед.

Инки Раҳмонов Рустамро дар ҷойи худаш омода карда истода буд, ҳарфи наве нест. Аммо савол ин аст ки Раҳмонов, ки ҳануз аз соли 2016 ҳама шароит барои таҳвили қудрат ба Рустамро фароҳам карда буд, чаро то ба имрӯз сокит буду ҳоло мехоҳад бо ин аҷала қудратро биспорад. Вай метавонист дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 Рустамро оварад ва ё ҳоло ҳам то поёни замони қонунии худаш ҳам ду-се соли дигар мондааст, метавонист он сол оварад, вале чаро онро ждат намекунад. Хуллас, чаро маҳз дар соли 2025 мехоҳад қудратро биспорад?

Дар воқеъ Раҳмонов хеле барвақттар мехост, ки Рустамро сари кор оварад ва то замоне худаш ҳаст вайро «раисӣ» ёд диҳад. Аммо авомили асосан берунӣ ва ба эҳтимоли зиёд ноқисии худи Рустам сабаб шуд, ки ин равандро кашол дод. Вале ҳоло ин корро барои он мекунад, ки дар моҳи марти соли 2025 давраи навбатии интихоботи Маҷлиси олӣ сурат мегирад.

Раҳмонов қасд дорад интихоботи раёсати ҷумҳуриро якҷо бо интихоботи Маҷлиси олӣ-Маҷлиси Намоянагон ва Маҷлиси Миллӣ доир кунад. Чаро? Мехоҳад интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар сояи ин интихобот бигзарад ва дар бораи он сарусадо камтар бошад, балки аслан набошад ва он ҳарчиқадар ноаёну номаълум бигзарад. Чунки Раҳмонов медонад, ки на танҳо Тоҷикистон, тамоми ҷаҳонро аблаҳу аҳмақ фарз карда истодааст, чунки Раҳмонов медонад, даст ба ҷинояти мудҳиши давлатӣ зада истодааст, тасарруф ва ғасби ҳокимият карда истодааст ва ҳокимиятро бо роҳи найрангу фиреб ба дасти худу оилааш гирифта истодааст.

Инки Раҳмонов бетоби кардаву Сайҷаъфар Усмону Акбаршо Искандару Ҳамрохон Зарифиву дигарҳоро дастгир кард, дар чаҳорчуби ҳамин барномаи овардани Рустам аст. Мақсад касе лому мим нагуяд ва лому мимгуро, масалан Маҳмадсаид Убайдуллоевро антенна монд. Чанд бор бурду аз гирбенаш гирфт. Дигар мурад, ки ғинг намегуяд. Агарчи аз ин пеш ҳам ғинг намегуфт вале ғинг-ғинг мекард. Мисли як бачамард вориди саҳна намешуду рубоҳвор аз паси саҳна мегашт, ки яке…толеъ мададаш мекунад. Инки Раҳмонов бираваду Рустам биёяд, мутмаин бошед, ки чизе иваз намешавад, ҳама чиз бад неву бадтар мешавад, як дузд меравад, як дуздбача меояд, гов меравад, гусола меояд, пиёниска меравад, наркоман меояд, водка меравад, метамфитамин меояд. Хулоса мардуми тоҷик аз таги борон ба таги новадон мезанад.

Аммо Раҳмонов мехоҳад, ки ин маъракаи бузурги сиёсӣ, ин маъракаи сартосарӣ мисли як ҷаласаи пушида ва камодам ва хеле ҳам бесарусадо гузарад, то аз ин ҷинояти гушношунид камтар гап зананд, ба он таваҷҷуҳ ва диққат камтар ҷалб шавад.

Иллати овардани раисони ҷавон ба аҳзоб аз як су бо соли Рустам баробар кардани соли онҳо-ҳарифону рақибони дастисохт бошад, аммо сабаби асосӣ поин овардани сатҳи онҳо то сатҳи Рустам ва поинтар кардан аз сатҳи Рустам аст. Бовар кунед, ки ҳатто ҳамин Абдуҳалим Ғаффоров аз Рустам шараф дошт. Табдили раисони аҳзоби киссагӣ ва муханнасҳои сиёсии Тоҷикстон, ҳамчуноне ба ҳангоми табдили Сайҷаъфар гуфта будем барои Рустам аст. Як навъ изо кашиданд ва хиҷолаташон омад, ки дар соли 2006, дар соли 2013  ва дар соли 2020 ҳамин Абдуҳалиму Рустам Латипову дигару дигараш  ҳарифони Раҳмонов буданд ва боз ҳарифи Рустам шаванд. Барои онки ҳарифҳо ҷадид бошанд бояд роҳбарони ин ҳизбҳо ҳам нав карда шаванд. Вале бояд рақибони Рустам ҳарчи пасттару поинтар, номаълумтару нонамоёнтар ва ношиностар интихоб шаванд. Ва ин нафарон гапҳое заннад, ки на дар белу на дар каланд меистад ва на дар қуттии аттор ҳаст. Рустам дар байни онҳо булфузул, шахсият, политик ба ҷилва ояд, фарзанди фарзона уже дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохташуда. Си Ҷинпин саломаш кард. Валентина Матвиенко мешиносад. Шавкат Мирзиёев мешиносад. Қосимжомарт Тоқаев мешиносад, Сердар Бердимуҳаммадов ва Илҳом Алиев мешиносанд. Шухӣ гап аст чӣ? Ин Шаҳбози Аброру Ғулом Ҳалиму дигару дигарашро кӣ мешиносад? Шахсияти шинохташуда, тем более бачаи Пешвои муаззами миллат, «сер»,раиси Маҷлиси Миллӣ. Ва сариву сарварӣ ҳақи ҳалоли ҳамин шахсият аст. (Ҳоло мебинед, ки маърака сар шавад, абдуллораҳнамоҳо, атомирхуҷаҳо, сайф мизробҳо, акамшонҳо, давлатсафарҳо ва амсолаҳум аз Рустам чи сифатҳое намекунанд)  Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки Раҳмонов «хитрий ход» карда мумкин  дар моҳҳои ноябр-декабр худро ба касалӣ андозад ва корношоям эълон шавад ва Рустам минҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ маъракаи интихоботиро таҳти назорати бевоситаи худ гирад ва таъйиду тасдиқ кунад, ки «кор ҳал шудаасту фақат расмиёташ бояд иҷро шавад».

Ин нақшаи Раҳмонов аз чанд соли пеш буд, ки мехост интихоботи раёсати ҷумҳурии пеш аз вақт ё зудҳангом баргузор кунад ва ҳоло айни вақт аст, ки онро бо интихоботи Маҷлиси намояндагон дар як руз доир кунад. Яъне дар моҳи марти соли 2025. То он вақт 7-8 моҳ боқӣ мондааст. Ва тибқи қонун марҳалаи интихобот се моҳ пеш аз рузи баргузории он эълон мешавад. Ба ин тартиб то шуруи марҳалаи интихоботӣ панҷ моҳ вақт боқӣ мондааст. Дар ин панҷ моҳ шарт набуд, ки аҳзоб внеочердной съез гузаронанд. Анҷумани интихоботӣ доир мекарданду вориди интихобот мешуданд. Аммо, масъала масъалаи раисҳо аст ки онҳоро тайи ин муддат ҳади ақал дар матбуот ном гиранд ва Рустам бо афроди ба он дараҷа гумном вориди корзор нашавад. Яъне раисҳоро то он вақт ақалан номҳояшонро мардум донанд ва Рустам ҳам гуё аз «қатор» намемонаду раиси ҲДТ мешавад ва ҳамакаса ба интихобот мераванд. То ин вақт раисҳои навро инструкторҳо ва советникҳо ёд медиҳанд, ки дар рубару, дар вохуриҳо  чи гуянд чи нагуянд. Мабодо боди корро набароранд. Ин шабурӯзҳо Раҳмонов дар фикри он аст ки чи гуна мардуми тоҷикро гул занад, аблаҳ аҳмақ кунад ва Рустамро президент кунад. Тамоми фикру зикраш ба ҳамин банд аст. Айни замон, чунон манобеъи мо аз Оила ва аз Дастгоҳ хабар доданд дар долонҳои ҳукуматӣ кор барои овардани Рустам дар раъси ҲХДТ ва баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ босуръат идома дорад.

Маълумотҳои шуми дигар низ ба мо мерасанд,ки чуноне бо Сайидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва… бо иттиҳоми кудато ё переворот боздошту зиндонашон карданд. Ин корро бояд дар кулли кишвар дар дохилу хориҷ ҳар шаҳрванде,ки каме маъруфият дораду дорои фикру андешаи мустақил ҳаст бояд ба ҳар шакле бе зарар гардонда шаванд. Ҳатто бо зиндониҳои маъруфи кишвар ҳам ҳам чунин нақшаҳои шуме ҳам доранд. Яъне фазо ва ҷомеъаву кишварро комилан суфта ва тозашуда барои ҳукуматронии Рустам омода кунанд. Рустам бояд ҳеҷ мунтақиду мухолифе набояд дошта бошад. Дар ин чистка хело аз рутбадорҳои маъруфи низомӣ шомиланду ҳатман бояд безарар гардонида шаванд.

Хулоса, ғалбер аз об ба дериаш то моҳи март бардошта мешавад. Чунки замони амали Маҷлиси олӣ, ҳам тамом мешавад ва Рустам аз мақоми дуввум-раиси Маҷлиси Миллӣ меравад ва Раҳмонов чунин натиҷа гирифтааст, ки айни вақт аст ки якбораи ба курсии аввал оварадаш. Аммо курсии раиси Маҷлиси миллӣ-нафари дуввум камтар аз курсии раёсати ҷумҳурӣ нест. Онро ба кӣ медиҳад? Ончики ба мо маълумот расид, ин курсиро ба Озода медиҳад, ба Озода Раҳмонова, роҳбари феълии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон. Дар марти оянда интихоботи нав мешавад. Раҳмонов мехоҳад ноаёну хапу хомуш ин раванд ва ин марҳаларо ба анҷом расонад, то хаси масҷид наҷунбад, барги дарахт наҷунбад.

Ва худаш ҳам орому осуда бишинад дар курсии Пешвои муаззами миллат. Ва дигар тозанду тозанду дозанду дозанд.

Ин ҳамон бозии куҳнаи Раҳмонов аст. Бозӣ бо демократия ва бозӣ ба тақдири давлату миллату мардум. Як интихобот неву намои интихобот, сурат ва зоҳири интихобот.

Яъне халқ манбаъ ва сарчашмаи ҳокимият неву Оилаи Раҳмонов, наздикону шиносони Раҳмонов, вазирону раисони ҳукумати Раҳмонов манбаъи ҳокимиятанд. Халқ фақат манбаъи даромаду ғорату порагириву зиндонисозиву облававу амсоли инҳо аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ садояш, эътирозаш, додаш шунавида намешавад.

Интихоботи ташкилмекардаи Раҳмонов ва овардани Рустамдар ҷойи худаш ана ҳамин ҳолатро идома медиҳад, балки садбаробар бадтар аз ин ҳолат мешавад. Хулоса ин ватан ва ин давлат ва ин мардум «гг»(гуҳандаргуҳ) мешавад. Тоҷик хандахаришу хандасор. Як оила як миллатро саворӣ мекунад.

Рустам пеши интихобкунандаҳо намебарояд. Мутмаин бошед. Дар ягон дебат ва гуфтугу ширкат намекунад. Чун наметавонад. Ҷуръат ва ҷасорат намекунад, ки бо мардум рубару шавад.

Як нуктаи ҷолиб. Ҳеҷ кадоме аз ин рақибон ва ҳизбҳои онҳо қароргоҳ-офис  надоранд.

Аммо, яке Рустамро завқаш боло гирифту гуфт аз қароргоҳи ҲСТ ва ё ҲДТ ва ё Ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ дидан карданӣ аст, куҷоро нишон медода бошанд? Ин барои Рустам мояи хиҷолат ва шармсорӣ нахоҳад шуд. Рустам –а!!?? Наход бо ҳамин гуна ҳарифон вориди сабқат шавад ва баъд гуянд бо чанд бомж интихобот омаду ғалаба кард, ба бомж кӣ овоз медиҳад?

Аммо барои инҳо муҳим нест. Муҳим ин аст ки «интихобот»-ро бигзаронанд ва то замони инқилоб ва шуришу қиёмҳои мардумӣ, ки танҳо чораи халосӣ аз ин Оила аст, дузданду тозанд,тозанду дузданд. Дигар ҳеҷ. Хулоса то интихоби Рустам хело бебандубориҳо ва буридани сарҳо, зиндонкуниҳо,ваҳшатафканиҳо аз тарафи режим сурат мегирад. Сангинтарин ҳолат мардуми кишварро интизор аст, мо гуфтему шумо шунидед!

Сообщение Рустам ҷойи Раҳмонову Озода ҷойи Рустам меояд. Раҳмонов болои боло меравад! появились сначала на ISLOH.net.