Архивы Ҳисор - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №289
Як нафар аз муаллифони яке аз номаҳои дар ин шумора гуфтааст, ки баъди анҷоми сафари Путин ба Душанбе муносибати мақомоти Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик бадтар шудааст. Номаи мазкур аз Маскав омадааст.

Номаи дигари ин шумора як навиштаи шумораи ахири сайти СССР аст. Муаллифи доимии мо аз Волгоград онро фиристода ишора кардааст, ки муаллифи ин мақола агарчи бо лаҳни хушомаду тамаллуқ навишта бошад ҳам, аммо як проблемаи пойтахтро матраҳ карда ва аз Шоҳрух Саид, ки ба пиндори СССР «дастпарвардаи мактаби давлатдории Рустами Эмомалӣ» хостааст, ки онро ҳаллу фасл намояд.

Муаллифи нома аз Бохтар (Қурғонтеппа) бошад аз вазъу ҳоли як бемористони шаҳри Қурғонтеппа шикоят кардааст. Ин муаллиф дар шумораи №283 ҳам як  як матлаб навишта будаанд,ки дар охири он барнома онро қироъат намуда будем, боз ҳам номаи дигаре навиштаанд.

Ҳамчунин як номаи дигар аз як марди корманди ширкати фурӯши барқ аз ноҳияи Ҳисор омадааст, ки аз дуздиву ғорати як масъули ширктаи фурӯши барқи Шаҳринав мисолҳои мушаххас овардааст ва мо онро дар аввали барнома ҷой додем:

Ҳисор

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Имрӯз ба шумо аз кору кирдори як нафар ҳаромхури корхонаи фуруши барқи ноҳияи Шаҳринав қисса карданӣ ҳастам. Ин ҳаромхур Хушимуродов Фирдавс, яке аз коргарони шуъбаи шартномавии ин корхона мебошад. Аз ин беимон пеш як духтар дар ҷойи вай кор мекард, ба ном Мадина. Ин духтар соҳиби ду фарзанд мебошад.

Вақте ба ҷои роҳбари пештара Тоиров Маъруф роҳбар таъин шуд ин бечора Мадинаро бадгуӣ карда бо кадом туҳматҳои беасос аз кор гирифт ва ба ҷояш худашро таъин кард. Ин роҳбари номард ҳам ҳатто фикри бевазанӣ ва ду сағирашро ҳам накард.

Имрӯз корди Фирдавс болои равған. Чи тавре хоҳад ҳамон тавр кор карда истодааст. Як санадро аз 30 то 50 сомонӣ мефурӯшад. Шартномаҳои корхонаро аз 500 то3-4 ҳазор сомонӣ пул мегирад,ч и аҳолӣ бошад, чи корхона

Агар бачаҳо санад пурсанд намедиҳад, бечораҳо маҷбур мешаванд бо пул харанд. Агар ба роҳбар гуянд, мегуяд ин ҳама пулҳоро мо тоқа намехурем, ба боло мебарем. Бе пул корамон ҳал намешавад, мегуяд. Ҳол онки шояд боло хабар надорад. Чунки то ҷое ман медонам пештара роҳбар бе пул санад медод, бе пул мешинонд ва боз назорат мекард, ки оё санадҳо дар барнома шиштааст ё не? Аз бозе, ки ин беинсофон руи вазифа шудаанд бечора коргаронро нафас кашидан намемонанд. Бо ҳар баҳонаҳо сиёҳ карда аз кор озод мекунанд. Аз чи бошад, ки роҳбарони поёнӣ то боло чизе намегуянд. Бо «амри маъруф»-аш худашро дар дили инҳо ҷо кардааст, аз худоям наметарсад.

Вақте Мадина дар ҷойи вай буд, инсофу адолату қонун буд, риоят мешуд. Коргар буд ва кори ҳамаро бе каму кост иҷро ва буд мекард.

Аммо ҳоло дар ин корхона гапи ҳақ занӣ ё ҳақатро талаб кунӣ, дигар дар ин соҳа дар ягон шаҳру ноҳияҳо ба кор қабул намекунанд.

Муҳтарам роҳбарони гиромӣ! Шумо ба куҷо нигоҳ доред? Чаро чашмонатон ҳақиқатро намебинанд? Чаро ҳақгуёни аслиро буз тамға мезанеду худатон бузонро парвариш доред. Шумо аз Худо тарсед. Ин корхона аз падаратон мондагӣ нест. Вақте коргари бечораро сиёҳ мекунанду аз кор озод мекунед, санҷиш гузаронед. Инҳо барои даромад ва пули муфт ба ҳама кор қодиранд. Ҳақиқатгӯро, ки санги сари роҳи инҳоанд, дарав як тарафа мекунанд. Ингуна ашхосеро, ки ба давлату миллат фасод ва бадномӣ меоваранд, чаро аз кор намегиреду кадом бевазанҳое, ки бечора марди хонаанд, сағир доранд, раҳм намекунед. Мефаҳмед, ки бевазан ва дар тарбият доштани фарзандони хурдсол чӣ маънӣ дорад, бевазан, бо чи ҳолу рӯз ин сағираашро калон мекунад? Аз банда шарм намедоред, ақалан аз Худо тарсед, оҳи дили мазлум хоҳед нахоҳед мегирад.

Боқӣ дар амони худо бошед.

Москва

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман аз Ваҳдат ҳастам. Аммо ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ дорам. Муҳоҷири меҳнатӣ. Ман дар навштаи баъдиам талош мекунам муфассал ва бо далелҳо гап занам. Ҳоло фақат ҳаминро гуфтаниам, ки баъди сафари Владимир Путин ба Душанбе ва мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмонов вазъу ҳоли тоҷикони муҳоҷир бадтар шуд. Дар фурудгоҳҳои Русия облаваи тоҷикҳо хеле зиёд шуд.
Хусурбачаи ман ҳуҷҷати ВНЖ дошт вале ба ин нигоҳ накарда якҷо бо зану кудаконаш дируз (14 октябр) депорт карданд. Рейди милисаҳо дар як обшежит дар Москва шуд. Онҳо даромаданд ва маҷбур карданд, ки дар ин контракт имзо кунед. Гуфтанд, ки дар ин обшежит-хобгоҳи умумӣ тоҷикҳову узбекҳо зиндагӣ мекарданд. Баъзеҳо ба ин контракҳо имзо карданд, ки ин контрактҳо барои ҷанги Украина буда аст. Дар ин миён 20 нафар аз бачаҳои тоҷик тавонистанд, ки гурезанд ва билет гирифтанду ҳуй хурданд. Баъзеҳоро мисли хусурбачаи ман депорт карданд. Аммо ҳоли бачаҳои узбекистонӣ бисёр бад аст, ҳоло ҳам ҳамонҷо будаанд. Ин вазъият чуноне бачаҳо гуфтанд, аз рӯзи 9уми октябр сар шуда буд вале баъди аз Душанбе баргаштани Путин боз зиёдтар шудааст.

Бохтар(Қурғонтеппа)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азизам Муҳаммадиқболи Садриддин! Саломат бошед, ки номаи модари қиёматиатро нашр кардӣ. Бародари азиз, ман бародари  қиёматии шумо ҳастам.

Ман аз Қурғонтеппа ҳастам. Дар номаи № 283  номаи манро нашр кардед. Баъд аз онки номаро бо шумо равон кардам боз чандин саргузашти аз сари ман гузашта ба ёдам омад. Як рӯз оилаи ман касал шуд,б а беморхона бурдамаш.

Аз дари беморхона бо оилаам даромадем. Онҷо як зан нишаста буд. Ба ман гуфт, ки бо чи мақсад омадед бародар? Ман гуфтам, ки апаҷон ин оилаи ман бемор шудааст, мехоҳам, ки ӯро бо табиби асаб нишон диҳам, албатта, агар табиб зан бошад. Гуфт, бале додар ҳаст. Дар фалон кабинет фалон зан табиб аст. Хулоса, ман ба ин зан 18 сомонӣ супоридам ва рафтам бо он кабинете, ки ин зан моро равон карда буд. Он зан ба ман гуфта буд, ки дигар пул насупор ва ба ман чек дода буд  ки ман пуламро супоридам. Кабинет даромадем, ки зан ба як мард нишаста суҳбат карда механдиданд. Ассалом апаҷон ман оиламро овардам, агар вақт дошта бошед оилаи маро медидед. Он мард гуфт духтури асаб ман ҳастам. Ман гуфтам маро гуфтанд, духтури асаб ки зан аст. Бародар оилаи ман подард ва сараш ҳам дард мекунад. Мард гуфт, ки 20 сомонӣ мешавад супоред, ман ҳозир мебинам. Ман  гуфтам, ки аввал инки ман пул супоридам, баъд, дувумаш инки ман иҷозат намедиҳам, ки шумо бо дастат зани маро қапед. Ва чекро нишон додам. Гуфт, ки «ин чек ба мана фарқ надорад, инҷо боз пул медиҳӣ». Ман баромадам аз пеши духтур ва тарафаш гашта гуфтам, ки «шумо ҳамато ҳаромхур ҳастен. Аз ин кори бади шумо камбағалон метарсанд, ки ба духтур биёян. Шумо хуни онҳоро мемакед ва аз духтурхона баромадем». Оилаам гуфт, ки «биё хона равем ман соз шудам». Оилаам тарсид, ки ман боз ҷанҷол мекунам.

Хулоса баргашта бо хона омадем. Модари азизам дар хона нишаста буд. Ин ҳодиса як сол пеш аз мурданаш руй дода буд. Пурсид духтур чи гуфт? Оилаам гуфт, ки ҷанҷол шудем, гашта омадем хона. Модарам ғазабнок шуда маро фарёд карда танбеҳ кард ва гуфт ту ин қадар буздил ҳастӣ, як мушт назадӣ дар даҳонаш, ки дуюмбор ин корро накунад.

Хулоса, аз байн 2 моҳ гузашт. Боз модарамро беморхона бурдам. Ман бо худам гуфтам, ки модари ман ҳозир табибонро шарманда мекунад. Вақте даромедем занҳои табибон модарамро беэҳтиромӣ карданд. Модарамро аҳамият надоданд. Як зани табиб омада гуфт мома шумо чи дард доред? Модари ман бо 80 қадам монда буд. Гуфт ман таваллудкунӣ омадам. Ин зан пурсид, ки «нафаҳмидам мома чхелӣ таваллуд»?

Бародар ин кор дар пеши худам рух дод, ман шоҳидам. Модарам гуфт «аз қаҳри туи беномус мехоҳам фарзанди баномус таваллуд кунам. Ман 10 фарзанд ба дунё овардам, алҳамдуллилоҳ ранги шумо беномус таваллуд накардам».

Хулоса, модари маро табибон дида гуфтанд мома аз шумо 35 сомонӣ мешавад.  Бародар ман мардам, лекин мардии модарамро дидам. Модарам гашта бо ин табиб гуфт ман 60 сол мешавад, ки дар ин давлат кор кардам. Пенсияи ман 200 сомонӣ аст, 1300 сомонияшро пешвои шумо бо фарзандонаш мехурад. Ин шо Аллоҳ дар ин дунё натавонам гирифта дар назди худованд аз имонаш мегирам. Боз модарам гуфт пешвои ту имон ку надорад, лекин гуноҳҳоямро дар сараш бор мекунам ва ягон сумашон надода аз духтур баромад ва ба хона омадем.

Бародари азиз, модарам беҳтарин зани нотарс ва ҷасур буд. Мегуфт агар шахси мусалмон ҳақи ҳалоли худашро талаб карда натавонад шахс худашро мусулмони хҳақиқӣ нашуморад.

Ман фикр кардам, ки ҳозир дар беморхона ҷанг сар мешавад. Лекин ягон табибе сухан карда натавонист. Ҷасорати модарамро дида ман худ ҳамчун модарам ҷасур шудам. Ин шо Аллоҳ дигар аз ягон чизе сари тарс надорам.

Бародари азиз, чи хеле, ки модарам шуморо фарзанди худ интихоб кард, ман ҳам модари шуморо ҳамчун модари худ  қабул мекунам. Ин аксе, ки фиристодам ин модаре буд, ки роҳи шуморо интизор буд, вале насибаш накард. Илтимос ба модарам нишон бидеҳ.Г ӯед, ки дар ҳақи ин пиразане, ки дидори шуморо интизор буд дуъо кунад.

Худованд шуморо дар паноҳаш нигаҳбон бошад. Бародари шумо аз  Вахш  ҳамсояи Қурбони бехи дузду ғоратгар? Онҷо ҳам хона дорем.

Бародари азиз, ин ҳамон модари қиёматии шумост. Иншоаллоҳ ғалаба мекунем ва бо ин расм пеши шумо омада дар ватан вомехурем.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз шаҳри Волгогради Русия бароятон менависам. Ва боз ҳам аз сайти нашрияи СССР як навиштаеро, ки ин бор дар зери «Гӯшаи сардабир» чоп шудааст, бароятон мефиристам.

Сабаби фиристодани ин навишта дар чӣ аст? Шумо хуб медонед, ки ман барномаҳои шуморо ҳам тамошо мекунам ва ҳам навиштаҳои сати Ислоҳро пайваста мутолиа мекунам. Чуноне, ки сайтҳои нашрияҳои чопи Душанберо ҳам ҳамеша мехонам.

Сабаби ин навиштаро фиристоданам ин аст ки дар чанд навиштаҳои Шумо, аз ҷумла яке аз онҳо дар ҳамин ҳафтаи пешина буд, фаъолияти Рустами Эмомалӣ ба баррасӣ гирифта шуд, ки ин баррасиҳоро худи мардум анҷом додаанд.

Навиштаҳои Шумо, ки таҳти сарлавҳаи «Рустам: «Ота мада ставка намон, натонистестум» ва аз он пештар зери сарлавҳаи «И Рустам бо и нафси бадуш читарӣ президент мешуда бошад?» чоп шуданд, дар ҳақиқат мардум дуруст навиштанд, ки Рустам аз дасташ намеояд ва набояд даъвои президентӣ кунад. Ин мақолаи СССР ҳам мустақим ба фаъолияти шаҳрдори Душанбе бахшида шудааст. Агарчи муаллиф онро ба генерал-майёр Шоҳрух Саидзод, сардори милисаи Душанбе навиштааст, вале он ба фаъолияти Рустами Эмомалӣ марбут аст. Ман бовар дорам, ки муаллифи ин навишта хеле ҳам боэҳтиёт ҳарфу калимаҳоро интихоб кардааст, чун беш аз ин бигӯяд, нашрияи ӯро мебанданд. Муаллиф бо хушомаду чоплусии ҳарчи боэҳтиёт бошад ҳам вале як масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ дар пойтахтро, ки боиси нороҳатӣ ва сарсониҳои сокинони Душанбе шудааст, матраҳ кардааст. Ин масъала масъалаи танбашии роҳҳо, ё пробка аст.

Ва сарлавҳаи ин навишта ППГ аст. ППГ чи маъно дорад,аз худи ин навишта ҷуё шавед. Ин мақола дар шумораи рӯзи 15 октябри имсола, баъди анҷоми сафари Путин ба Душанбе чоп шудааст:

ППГ

«Наёфтед! Ин аббревиатураи Пробка Проблемаи Глобалӣ! Акнун дар бораи пайдоиши ин мушкил ва роҳҳои ҳалли он баҳс мекунем!

Пештоз мегӯям, ин Пробка-Проблемаро дар пойтахт танҳо генерал-майор Шоҳрух Саидзода ҳаллу фасл карда метавонад. Зеро таври маълум баъди сари кор омадани ин ҷавони ғайюру серталаб, дар Душанбе қонуну қоида 100% ҷорӣ шудааст. Ва аксарияти сокинони пойтахт маҳз ба ин ҷавон, ки дастпарвардаи Мактаби Давлатдории Рустами Эмомалии ҷавон аст, бовару эътимод доранд. Мо Метавонем!

13.10.2025. Соат ба вақти Душанбе 16: 40 дақиқа. Банда дар тӯли ҳамагӣ 2 соату 19 дақиқа, аз Кӯлоб то пойтахт расидам. Зеро роҳҳо ҳамвор, гулкор ва муҳимтар аз ин ағбаҳо бо тунелҳо оро ёфтаанд. Роҳи 6-7 соатаро дилхоҳ, мошин, агар аз рӯи 80 км/соат ҳам ҳаракат кунӣ, дар 2,5-3 соат мерасӣ.

Чун аз маъракаи арӯсии додарзодаам меомадам, дохили мошин, шукри яздон, пур аз набера будӣ. Наберагон 1 шикамсер хобро заданду мо, аккурат, дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ҳозир шудем. Гуфтам, то чашмонро мемоланд, ки ба хона ҳам мерасем. Аммо аз куҷо?!

Сар аз мавзеи мавсум бар Садбарг Пробкаи бузурге таъсис ёфту ба ту дониву худо, хонанда, ки то мавзеи Яккачанор 2 соати 39 дақиқа омадем!!!

Кӯдакон дигар бедор шудаву дилгир гаштаву фиғон мекашиданд. Вале ягон чорае набуд, ки набуд. Зеро фураҳои гаронвазну калонҳаҷм, траллерҳои борбар, зилу камазу памаз, ки ҳамагӣ 4 рӯз манъ шуда буданд (ба хотири Саммити ИДМ ва сафари давлатии ВВП), имрӯз ба пойтахт штурм карда будаанд!

Вазъ дар чорроҳаҳо печида мешуд. Зеро то 1 Дулан ё Фура ё Траллери 15-20 метра мегузашт, ки чароғак, ҳамоно светофор, 10 бор зарду сабзу сурх мешуд. Дуруст аст, ки кормандони БДА дар такудав буданд, вале бо нозири роҳ ин мушкил ҳаллу фасл намешавад. Мушкилро бояд дигар хел ҳал кард…

Данғара ва Пробка

Айни ҳамин ҳол 15-20 сол пеш дар маркази шаҳраки Данғара будӣ. Зеро тамомии нақлиёти боркаши вилояти Кӯлобу Бадахшону Хитой аз байни ноҳия мегузашт ва ҳамарӯза қиёмат гардон буд ин ҷо. Гирифтанду роҳи алтернативии гардишгузар барои мошинҳои боркашу хурду бузург карданд ва Проблемаи №1 барои Данғара дар 2 рӯз абадан ҳаллу фасл шуд.

Душанбе чӣ кор кунад?

Албатта, роҳҳои гардишгузар ё убуркунанда дар пойтахт низ сохта шуда истодаанд, вале то инҳо бунёд мешаванд, ки гуфтаи Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ «думи шутур бар замин мерасад». Шумо тасаввур кунед, ки тамомии боркашҳои калонҳаҷми ба водии Кӯлобу Рашту Бохтару Хуҷанду Хоруғу Бадахшон мерафта, ҲАТМАН аз маркази Душанбе бояд гузаранд. Зимнан дар Душанбе бояд оҷилан чанд корро анҷом дод:

1. Режими ҳаракат: Нақлиёти боркаш, фураҳо, траллерҳо, дулану камазу умуман мошини калон набояд рӯзона дар шаҳр умуман ҳаракат кунанд. Танзими ҳаракати гаронвазнҳо бояд, ну, фарзи мисол, аз соати 10-и шаб то 7-и субҳ иҷоза дода шавад.

2. Танзими «новостройкаҳо»: Оре, хонандаи гиром, яке аз сабабҳои асливу усулии Пробка маҳз «домсозон» гаштаанд. Зеро «бетонмешалка», зилу камази хиштбарак, траллерҳои арматуркаши онҳо сабаби асливу усулии Пробкаҳо мешаванд. Инҳо низ бояд дар навбати шабона кор кунанд. Бигзор коргаронашон дар сменаи шаб кор кунанду хишту бетону арматураву семонташонро шаб оранд ва рӯзона роҳат онҳо кор кунанду мо, сокинони пойтахт ЗИНДАГӢ

3. Рӯзона манъи кори крану бетонрезҳо: Агар аҳамият додаед, дар дилхоҳ кӯчаи танг «домсоз» меораду 2 крану 2 бетонрезаки хитоиро чорпоя зада, мегузорад. То инҳо кор мекунанд, табиист, нақлиёт тамба мешавад, Пробка пайдо мегардад. Инҳо низ бояд танҳо шабона кор кунанд. Қимат меафтад кори крану сементкашак бар «домсоз» ин проблемаи вай аст, на сокини одии пойтахт.

4. Дар соатҳои Час – Пик нозирони роҳ танҳо не, ки хадамоти ба роҳу равиш масъул (танзими нақлиёт, милисаҳои нозирони маҳаллӣ), дар чорроҳаҳои ҷои кори худ, пайдо шудаву кумак расонанд, то Пробка нашавад.

5. Тамом вассалом!!! Бовар кунед, агар кори мошинҳои гаронвазнро танзим кунем, «домсоз»-ро маҷбур созем, то ба қонун итоат кардаву бар мардум ситам накунад, фураву дулану траллеру бетонмешалкаву зилу камазҳо соати маълум ба ҳаракат дароянд (воқеан ҳам гаронвазнҳоро ҳатто дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Бохтар танзим мекунанду танҳо шаб ба ҳаракат медароянд!), олам гулистон мешавад ва Пробкаҳо ба таърихи фаромӯшӣ мераванд.

Шахсан банда бовар дорам, муҳтарам Шоҳрух Саидзода бар ин амал камари ҳиммат бандад, дар 1 рӯз мушкиле, ки ба Глобал-Проблем табдил ёфтааст, аз байн меравад:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад!!!»

Сообщение   Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №289 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№282
Дар ин шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мо панҷ номаи пурдарду пуршикояти ҳамватанонро нашр мекунем. Ин номаҳо аз Вахш, Қубодиён ва Ҳисор расидаанд. Дар онҳо мардум аз беадолатӣ, фасод, порахурӣ, ғоратгарӣ ва зулми раисон мегӯянд. Аз сӯхтори хонаҳо ва ваъдаҳои иҷронашудаи раис то дуздии ҳаққи кӯдакон, аз гулом кардани омӯзгорон то бозии дасти мафия дар қиболи муҳоҷирон ҳама як ҳақиқатро нишон медиҳад:
давлате, ки ба мардум раҳм надорад, дигар давлат нест, балки асбоби ғорат ва зулм аст.

Ин номаҳо боз садое ҳастанд аз дили миллате, ки ба фарёд омадааст.

Вахш: шикояти мардум аз Барот ва беадолатиҳои замин

Ассалому алайкум фарзанди гиромӣ Муҳаммадиқбол, умедворам, ки хубу саломатед. Агар илоҷаш бошад, илтимос номаи маро ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расонед, чунки дар ноҳияи Вахш чунон бераҳмӣ ва беадолатӣ аст, ки кас парвои кас надорад. Агар таға надошта бошӣ, шояд аз ин корҳо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хабар надошта бошад, чунки наход ки ин қадар зулму беадолатӣ аз тарафи як оилаи раиси ноҳияи Вахш шавад ва касе чора наандешад.

Ман сокини ҷамоати Ваҳдат ҳастам (пештара совхози Вахш). Мо дар ин ҷамоати совхози Вахш бе замин ва бе чарогоҳ ҳастем. Медонед барои чӣ? Дар давраи ҳокимияти Барот заминҳоро ба одамони ҷамоати колхози Москва дод, чунки онҳо дар он ҷо бе замин монда буданд. Ҳамаи заминҳояшонро Барот Юсупов бо бародараш Қурбони Беҳ гирифтанд ва як қисми мардум сахт даъво карданд барои саҳмияшон. Дар он ҳолат Барот онҳоро оварда заминҳои моро дод. Ин яке аз бераҳмиҳо ва беадолатиҳои Барот нисбати ҷамоати совхози Вахш аст.

Ва кошки ба ҳама 50 сотихӣ медод, каме ҳам бошад ба мо мерасид. Охир, ҳамаашонро аз як гектар зиёд дод. Кам нест. Масалан аз лаби канал ҳисоб кунед: Ғиёз – 2 гектар, Раҷабалӣ Райпода – 2 гектар, Шарифи Шоҳдавлат – 1 гектару 20 сотих тақрибан, боз ҳам ба Ғиёз – 2 гектари дигар, ба Раҳмоналӣ Нонбой – 2 гектар, пас аз он ба «амниятӣ» – 7 гектар. Ин амниятӣ заминашро фурӯхт ва рафт аз ин ноҳия. Хулоса, бинед ин беадолатиро аз тарафи Барот Юсупов.

Ва ман намехоҳам, ки ин мардуми меҳнаткаши ҷабрдидаро омада аз дасташон заминҳояшонро гиранд. Ҳаргиз намехоҳам. Чунки онҳо дар ин заминҳо меҳнати бузург карданд ва ош шаванд, кори шидагӣ шуд. Аммо масъалаи муҳим ва махсусан муҳим ин ҷост, ки ин корро худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон донад!

Яъне моро дар лаби каналҳо ва заҳбурҳо намемонанд гову мол чаронем, аммо дар лаби канал ва дар лаби заҳбур сохтмон мекунанд, албатта бо иҷозати худи Барот, ҳамон Бароти бародари Қурбоналӣ Юсупови раиси Вахш.

Акнун бинед чӣ шуд. Дар вақти сохтмон дар лаби канал ман шахсан ба сохтмон (яъне соҳибкори устои хонасоз) рафтам. Ӯ устохона сохта буд. Ман пурсидам: «Ба шумо ки иҷозати сохтмон дод дар ин ҷо?» Ба ман гуфтанд: «Худи Баротали, раис.» Ман гуфтам: «Чӣ хел дар ин ҷо ба мо намемонанд гову мол чаронем, шумо бошед сохтмон мекунед?» Усто гуфт: «Ин проблема аз Баротали раис аст.»

Дар ин байн мо дарав арзу шикоят кардем ба УВОС ва дигар идораҳо. Воқеан омада сохтмонро манъ карданд ва гуфтанд, ки дар ин ҷо категорически манъ аст сохтмон. Мо фикр кардем, ки тамом – кор ҳал шуд. Не, усто ба худи Баротали раис занг зада ҳамаашро фаҳмонд.

Барот омад ба сари кӯпруки 2-каналара. Акнун бинед чӣ гап шуд. Барот назди усто омада гуфт: «Ҳай, ҳамаашро ман дар Вахш ниме аз мардумро замин тақсим кардам, ягон проблема нашудай. Дар марказ замин тақсим кардам, ҳатто замини обиро тақсим кардам, проблема нашудай. Барои ҳамин ҳеҷ проблема намешавад. Дар ин ноҳия мо ҳукумат ҳастем. Ту худат медонӣ, аз ҷамоат мо тасмим мегирем чӣ мешавад ва чӣ намешавад. Коратро кардан гир!»

Ана гапҳои худи Барот. Ман беҳуда нагуфтам – бераҳмӣ ва беадолатӣ аст дар ин ноҳия. Шояд раиси ҷумҳур одам фиристад, бубинад ва бисанҷад. Агар на, шояд худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қуш аст дар ин корҳо?!

Суроға: ноҳияи Вахш, ҷамоати Ваҳдат, рӯ ба рӯи заводи «Файзи Мурод».

Мо умедворем, ки чорае мебинанд нисбати Барот. Ин корҳо нав ба наздикӣ шуда истодаанд. Ҳама интизоранд, ки чӣ мешавад оқибаташ.

Минадорам аз шумо, фарзанди гиромӣ Муҳаммадиқбол!

Вахш: ваъдаи барот ба сӯхторзадагон чӣ шуд?

Ассалому алайкум акаи Муҳаммадиқбол.

Ман як зан ҳастам аз ҷамоати шаҳраки ноҳияи Вахш. Ман чанде шуд, ки наворҳои шуморо тамошо мекунам. Дар аввал на он қадар фаҳмидам, аммо оҳиста-оҳиста ҳамаашро аз худ карда фаҳмидам. Агар илоҷаш бошад, илтимос номаи маро қабул кунед, акаи Муҳаммадиқбол.

Дар ҳолати раиси ноҳия будани Барот, доми мо сӯхт дар маркази ноҳия, дар кӯчаи Карамова. Баракҳо дар ҳолати сӯхтор қарор гирифтанд. Мошини «пажарка» омад, аммо об надошт. Ҳама мардумро ханда гирифт. Дар чунин ҳолати нохушиву даҳшатнок, мошини «пажарка»-и шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) омад ва оташро хомӯш кард. Дар ин байн на камтар аз 10–14 хона комилан хароб шуд. Мо ҳама дар шок мондем.

Хулосаи гап, ака: кори шидагӣ шуд. Раиси ҷамоати шаҳраки Вахш омад ва гуфт, ки раиси ноҳия бояд кумак кунад. Ҳама номнавис шуданд, ҳуҷҷатҳоро гирифтанд. Хулоса, аз рӯи ҳуҷҷат кофта ёфта номнавис карданд. Ҳатто худи раиси ноҳия Барот омада буд ва гуфт: «Ба ҳама кӯмак мекунем, парво накунед.» Мо, мардуми ҷабрдида, интизор шудем, ки раиси ноҳия кумак мекунад.

Аз байн каме вақт гузашт. Мо ҷамъ шуда ба ҳукумат, назди раиси ноҳия рафтем. Дар аввал ба мо гуфт: «Дар наздикии ноҳия ба ҳаматон замин ҷудо кардам барои хонасозӣ, кумак мекунем.» Аммо боз вақти зиёде гузашт: на райис, на кумак, на замин.

Мо боз назди ӯ рафтем. Ба мо гуфт: «Мо ҳеҷкасда тамоман кумак карда наметавонем — на пул, на замин дар назди марказ.» Мо гуфтем: «Охир шумо ба мо ваъдаи ҷиддӣ кардед, ки кумак мекунед. Чаро имрӯз ин хел гап мезанед?» Дар ҷавоб Барот гуфт: «Аз мо ҳеҷ талаб накунед. Агар хоҳед, заминатонро ҷудо мекунем дар Тоҷробод — яъне 20 километр дуртар аз марказ. Вале хонаҳоятонро ба мо супоред, яъне ба ҳукумат. Мо чораашро мебинем. Аз тарафи мо ҳамин қадар мешавад, дигар чизе не.»

Акнун шумо бубинед, акаи Муҳаммадиқбол: ин раиси ноҳия аввал ваъда кард ба мо ва вақт гузаронд, аммо ҳатто як мех ҳам кумак накард. Мо ҳамаашро худ сохтем бо азоб. Ҳамсояҳоямон пул ҷамъ карда, каме ҳам бошад, кумак карданд.

Аммо медонед Барот чӣ кор кард? Дар ҷамоати шаҳраки Вахш як шуноси наздики ман гуфт, ки Барот ба номи мо замин ҷудо карда, дар назди марказ ҳамон заминҳоро фурӯхт. Яъне омада сурат гирифтанд, видео карданду рафтанд, аммо пулу молу заминро ба фоидаи худ заданд.

Имрӯз бошад, бародараш Қурбоналӣ Юсупов раиси ноҳия аст…

Ин буд кори бади Бароталӣ Юсупов раиси собиқи Вахш ва дуздии ҳаққи мо мардуми хонасӯхтаи мазлум. Худоҷон нигаҳбонтон, акаҷон!

Вахш: пулҷамъкуниву дуздӣ зери номи «Истиқлолият»

Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқбол.

Агар ҷой бошад, дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳамин номаи маро ҷой кунед дар барнома хуб мешавад. Ман намегӯям, ки аз кадом идора ҳастам, лекин кори ба наздикӣ гузаштаро ҳамаашро ба шумо мегӯям.

Дар омад-омади 9 сентябр Рӯзи истиқлолият — қариб аз тамоми идораҳо пул ҷамъ карданд аз сари ойликамон барои консерт. Аз санитаркаҳо 20 сомонӣ, аз духтурҳо ва медсестраҳо 30 сомонӣ, ҳамчунин аз муаллимону муаллимаҳои мактаб. Директор мегуфт: «Фармони раиси ноҳия аст, пул ҷамъ кардан.»

Пештар орду равғану ғалларо каме пинҳонӣ дуздида мефурӯхтанд. Ҳоло бошад, рӯйрост мефурӯшанд. Охир ин ҳаққи кӯдакон аст наход онҳоро фурӯшӣ? Ҳаққи кӯдакони бечораро мехӯранд. Пештар ҳам пинҳонӣ дуздида мефурӯхтанд, акнун бошад: «Рӯзи истиқлолият омадестай» гуфта, на тарс, на ҳарос ҳатто дар қопчаҳои орди кӯдакон навишта шудааст: «Барои фурӯш манъ аст.» Аммо инҳо дидаю дониста, чи пинҳонӣ бошад, чи ошкоро, дуздида мефурӯшанд.

Охир, ин чӣ гуна «истиқлолият» шуд? Ба ҷойи он ки ба мо кумак кунад ҳукумат, рӯзи иди муҳим аст, баръакс аз мо канда мегиранд. Кошки мо ойлики хуб медоштем… Ин хел бошад, ба мо чӣ лозим чунин истиқлолияти зулму беадолатӣ?!

Пештар раисони ноҳия то ин дараҷа зулму дуздӣ намекарданд. Имрӯзҳо бошад, аз тарафи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов (ҳамон Қурбони Беҳ), бениҳоят зулм бисёр аст. Масалан: «Ба ифтихори Истиқлолият пул ҷамъ кардан», «Ба ноҳия меҳмон меояд пул диҳед», «Барои истгоҳ сохтан пул диҳед», «Барои газетаву қавру бало пул диҳед»… Охир, чӣ гуна давлатдорӣ аст ин? Худашон як хулоса кунед.

Ҷое нест, ки мо арзу шикоят кунем нисбати ин раиси ноҳия. Наход ин қадар зулму дуздӣ ва ҳаромхӯрӣ дар ҳама ноҳияҳо бошад? Шояд бошад, вале на ба андозаи ноҳияи Вахш.

Илтимос, ин номаро нашр кунед. Шояд раҳми моро мақомоти боло бихӯранд. Ҳадди ақал обу нони мактаббачаҳоро надузанд!

Ман миннатдорам аз шумо, бародар Муҳаммадиқбол!

Қубодиён: пешниҳод ба Раҳмонов мардумро аз гурезонӣ наҷот диҳед

Салом алайкум устод.

Ман як сокини ноҳияи Қубодиён ҳастам. Мехоҳам як номаи шикоятӣ ба «пешвои миллат» Эмомалӣ Раҳмон кунам. Илтимос, номаи маро алоҳида дар барнома нашр кунед.

Ман борҳо ба Раҳмонови алайҳи лаънат нома навиштам тавассути «Ислоҳ». Боварам дорам, ки ин номаҳои шикояти моро мебинаду мешунавад. Вале боз як шикоят гӯем ё пешниҳод кунем, хато намешавад.

Хулоса гуфтаниям: вазъияти муҳоҷирон аз бад ҳам бадтар шудааст, беҳтар нашудааст. Аммо Раҳмонови алайҳи лаънат гӯё намебинад. Ҳар чанд гуфтем, боз ҳам мегӯем. Охир намешавад бо хап нишастан. Медонем, ки гапат ба фарзандонат намегузарад, вале ба Путин ҳам намегузарад ҳаргиз не. Раҳмонов, ин қадар бевиҷдон, беор набош.

Охир борҳо гуфтам: Тоҷикистон чени як Екатеринбурги Русия ҳам нест. Чаро мардумро ҷамъ карда дар Тоҷикистон ба кор таъмин карда наметонӣ?

Охир, ҳамон Қубодиён ва дигар ноҳияҳоро фармон додӣ, ки роҳҳоро асфалт кунанд, супориш додӣ, ки чоплусҳоят кунанд. Як супориши дигар деҳ: ҳар як ноҳия мисли Қубодиён ҳар як сари зандор 50 ҳазор рубл кашида маҷбурӣ мегиранд. Ҳамин корро ба ҷои корхона сохтан ва мардумро ба кор таъмин кардан фармон деҳ!

Ҳар як раиси ноҳия маҷбур шавад корхона ташкил кунад. Ман шахсан 100 ҳазор рубл медиҳам, рӯйхат ҳам медиҳам, пас аз сохтани корхона ҳамон одамонро ба кор гиранд. Маош то 4–5 ҳазор сомонӣ бошад, то мардум зиндагии нормалӣ дошта бошад.

Охир, на шароити кори муҳоҷиронро хубтару беҳтар мекунӣ, на ҷои кор дар Ватан муҳайё мекунӣ. Охир, ин миллат чӣ кор кунад?

Инак, бо ин лаънатиҳои русҳо қонунҳои нав мебароранд: муҳоҷирон дигар наметавонанд зану фарзандонашонро биёранд. Ҳар рӯз як қонуни нав мебароранд. Охир мо чӣ кор кунем? Ту чӣ гуна президентӣ? Чӣ хел туро мегуянд «пешвои миллат»? Агар хар мебуд, одам мешуд пас аз ин қадар шикояту доду вой ин мардум.

Калағавсии беақл! Фақат дар фикри оилаи худ, духтари майдаатро овардӣ, охир, тандурустӣ ҳам намонд. Ягон шарму ҳаё дорӣ? Пир шудӣ, мемирӣ — имрӯз ё пагоҳ. Тамоми миллат аз ту безор шудааст. Ҳар рӯз дар Ватан қатлу куштор, дуздӣ — ба ҳамааш ту гунаҳгорӣ. Одам гушна монд, ташна монд, ба ҳама кор даст мезанад.

Охир, ба ҷои ту бошам, ман — мардуми тоҷикро тавассути телевизион муроҷиат мекардам:
«Эй миллати тоҷик, вақти он расидааст, баргардед ба Ватан! Бас ин қадар таҳқир аз ҷониби русҳо. Баргардед ба Ватан! Ман шуморо ба кор таъмин мекунам, заводҳо месозам, корхонаҳо месозам. Ба кор таъмин мекунам шуморо, миллати азизам. Ман аз маоши худам ба шумо маош ҷудо мекунам. Баргардед ва якҷоя Ватани азизи худамонро обод мекунем.»

Гуфта: ҳамин корро ҳатман кун! Валоҳ қасам, мардум аз ту 100% розӣ мешавад. Ҳам дуздӣ намешавад, ҳам одамкушӣ намешавад, дигар миллатамон сарсон-саргардон дар Русия намегардад.

Мо ба Русия меоем: ҳам кор мекунем, ҳам пул медиҳем. Мегӯед, чӣ хел кор мекунем? Патент медиҳем — дар як моҳ 7 ҳазору 500 рубл. Бинед, дар як сол чӣ қадар маблағ мешавад. Боз ҳам гунаҳгор, боз ҳам таҳқир мешунавем.

Агар ҳамин ҷои кор дар Тоҷикистон мебуд — назди зану фарзандонамон мешудем. Бад намешуд, хуб мешуд. Охир ман намедонам ба ин калағавсии Раҳмон чӣ бигӯям. Чаро роҳбарони Русия ин қадар мардумро ба кор таъмин карда метавонанд, Раҳмон не? Чаро?

Охир шумо вазифаро барои чӣ гирифтед? Барои дуздиву ғорат? Агар аз ӯҳдаи кору вазифа намебароед — дафъ шавед! Як одами соз биёяд, кор кунад, миллатро ин хел хору зор накунад.

Ман аз таҷрибаҳои зиндагиам гуфта истодаам. Ман душмани ягон тоҷикистонӣ нестам, ман миллатамро дӯст медорам. Вақте мебинам, ки дар Русия миллати ман таҳқир мешунавад, дашном мешунавад аз ҷониби русҳо, дилам месӯзад.

Раҳмонов! Пешниҳоди маро қабул кун. Беҳтарин кор мешавад. Дар 32 соли ҳукуматдорият рекорд мезанӣ, агар қабул кунӣ ин пешниҳодро. Ман фикр мекунам ҳамин беҳтарин роҳ аст.

Ин пешниҳоди ман ба Раҳмонов буд. Умедворам, ки номаи маро мешунавад ва барои миллат ягон кори хуб мекунад.

Ҳисор: шикояти омӯзгорон аз собиқ директори Мактаби президентӣ Муҳаммадтоҳир Саидзода

Ассалому алайкум, акаи Муҳаммадиқбол бародари роҳи ҳақ. Худованд ҳамеша нигаҳбонатон бошад.

Ман зодаи шаҳри Душанбе, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҳастам. Номи вазифа ва бахшамро маълум намекунам. Дар бораи собиқ директори Мактаби президентӣ барои бачаҳои болаёқат дар шаҳри Ҳисор Муҳаммадтоҳир Саидзода менависам.

Муҳаммадтоҳир Саидзода доктори илмҳои филология аст, тамоми унвонҳои вазорати маорифро дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд: фарзанди дуюмаш дар Русия мехонад, сеюмаш дар Қазоқистон ва фарзанди якумаш дар ҳамин мактаб мураббия аст. Мошини «Мерседес» бо рақами “3000” дорад. Соли 2019 оиладор шуд, духтари прокурорро гирифт, аммо пас ҷудо шуданд.

Мегӯянд, ки занаш дар телефон бо касе «пинҳонӣ алоқа» мекарда қапидааст. Мураббияҳо мегӯянд, ки бо як мурабияи ҷавон алоқаи зич доштааст ва барои ҳамин занаш фаҳмида, аз ӯ ҷудо шудааст.

Ҳамсараш муаллима Собирова, омӯзгори фанни химия-биология, дар ҳамин мактаб кор мекунад. Як худаш соҳиби се хона аст. Бисёр такаббурӣ мекунад. Дар кори баҳодиҳӣ низ ноадолатӣ мекунад: агар ҳама фанҳоро «панҷ» (5) гиранд, дар назди ӯ «чор» мемонад; агар ҳама «чор-панҷ» гиранд, ин «ноодам» «се» мегузорад.

Мегӯем: «Собирова, хуб гӯш кун, баро ва дафъ шав аз ҳамин мактаб!» Се хона дорӣ: дар Шӯроб, Душанбе ва Ҷиликӯл. Ягон муаллим ё муаллима туро нағз намебинад. Аз рӯи ҳамон шавҳарат бадбахт шудӣ. Худо лаънатат кунад! Агар шавҳарат падарсаги хуб мебуд, келинат аз хона баромада намерафт.

Ҳолати очат ҳам аҷиб буд бечораро гуруснагӣ кушт. Ҳатто дар маргаш чор муаллима дар як синф рақсу бозӣ карданд.

Вақте ки хушдоманат мурд, барои ҷанозаш ҳам муаллимону муаллимаҳо ба маҷбурӣ рафтанд. Яке аз муаллимон гуфт: «Дар рӯзи туям ин қадар хурсанд набудам!» Ва то охири ҷаноза ҳама бо ханда гаштанд.

Ҳоло ҳамон Саидзода Маҳмадтоҳир директори Оҷонсии илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ бо баҳонаи сохтани амфитеатр дар мактаб аз соҳибкороне, ки фарзандонашон дар мактаб мехонданд, пул ҷамъ кард: баъзе 10 ҳазор сомонӣ, баъзе 100 халта семент, дигарон чӯбу тахта ва арматура. Аз ҳамон пул ва ашё хонаи дуошёна дар Шӯроб сохт бо тамоми шароит.

Ӯ ҳар ҳафта 4 бор маҷлис мегузаронад. Фақат як масъала: пули «договор»- 3800 сомонӣ, пули хобгоҳ-1000 сомонӣ. Мо то 5 соат дар зали сард меистодем. Баъзе муаллимаву муаллимаҳо бо касалии занона аз сармо хунрав мешуданд.

Муаллимонро таҳқир мекунад: «Ахмақ, ҳайвон, хар, гов, дафъ шав, гум шав!» мегуфт. Дар донишгоҳ 5 сол хондем, аммо ҳеҷ кас ба мо чунин сухан намегуфт.

Аз рӯзе, ки ӯ ба мактаб омад, тамоми муовинонро аз кор пеш кард ва одамони худро монд. Дар мактаб 750 талаба ҳастанд. Бисёре фарзандони соҳибкору мансабдорон. Ҳамаашон барои обед пул доранд. Муаллимон маҷбур бо талабаҳояшон «навбатдор» меистанд. Агар муаллим ҳамроҳи талабаҳояш обед кунад, дар маҷлис ӯро шарманда мекунад.

Муаллимонро ба корҳои иловагӣ маҷбур мекард: гандум кишт кардан, мева ҷамъ кардан, алаф даравидан… Ҳамаашро худ фурӯхта, маблағашро худаш мегирифт.

Ҳар як падару модарро, ки фарзандашонро ба мактаб қабул мекард, маҷбур мекард 1000 сомонӣ диҳанд. Барои дохил шудан 3800 сомонӣ, барои хобгоҳ 4800 сомонӣ. Ҳамаашро бо «забонхат» ва «имзо» мегирифтанд.

Наврӯз бошад, ҳама духтаронро маҷбур мекарданд, ки куртаи атлас пӯшанд. Атласро бо нархи баланд мефурӯхт. Ҳама муаллимону духтарон азоб мекашиданд.

Ошхонаи мактабро Мирзо Повур идора мекард. Дар он ҷо хӯрокҳои пастсифат, гоҳ бе гӯшт, гоҳ бе тухм. Ҳама талабаҳоро безор карда буд. Аз меваву сабзавот ва маҳсулоти боғу замини мактаб истифода мебурд ва мефурӯхт.

Ҳамин тавр, ҳама муаллимону муаллимаҳо мисли маҳбусон зиндагӣ мекарданд. Маош кам, талабот зиёд, таҳқир беинтиҳо.

Акаи Муҳаммадиқбол, ҳама чизро навиштам. Аз рӯзе, ки Саидзода Маҳмадтоҳир директор шуд, зулм сар шуд. Мо омӯзгорон — мисли ғулом кор мекардем.

Хулоса: ин номаро як гурӯҳ муаллимону муаллимаҳо бо имзо ва ному насаб ирсол карданд. Илтимос, нашр кунед, то мардум ҳақиқатро бидонанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№282 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №228
Ин нашри барномаро бо номае аз Қубодиён шуруъ мекунем. Муаллиф дар бораи имомхатиби деҳаашон навиштааст. Дар воқеъ имрӯзҳо имомхатибҳо дар масоҷид аз иҷрои рисолати худ комилан ба дигар тараф рафта муртакиби ҷиноёти мудҳиш  шуда истодаанд ва номаи аъмолашонро худашон бо дастони худашон сипсиёҳ карда истодаанд.

Вақте вазъу ҳолатон чунин аст беҳтар аст, ки аз ин масъулият бо ҳар баҳона даст бардоред. Вагарна минбару меҳроби масҷид ва намоз дар онро барои таблиғу ташвиқи як тоғут истифода кардан муҷозоти ҷуброннопазир ва сангин дорад. Инро, ки шумо хубтар медонед. Барои ин дунёи дурӯзаи фонӣ ва гузаро охират ва ҷаҳони ҷовидониатонро ба ҷаҳаннам бадал накунед:

Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз совхози Тоҷикистони Қубодиён ҳастам ва аз имомхатиби қишлоқамон ва дигар ҳаромхурҳо мехоҳам бароятон нависам.

Имомхатиби мо  Шарипов Муллосайдаҳмад аст. Вай фиръавни замон аст. Кораш фақат дуруғ гуфтан аст. Дар даруни хонаи Худо дуруғ мегуяд. Кораш мардумро тарсонидан аст. Бисмиллоҳ намегуяд, Аллоҳ намегуяд. Наузубиллоҳ фақат номи худои худашро мегирад- яъне амният. Худои ин мулло амният аст. Шарм накарда мегуяд худои ман дар роҳ аст. Сипас ба дуруғ гуфтан сар мекунад. Мегуяд ,касе мард аст «бхеза бга ма имсол ай тарафи масҷид хизмат мерам». Шарм намекунад, мегуяд, ки «хизмати ҳозира ай саюзнда созай ҳамай шароитош сад фоизай. Мара хдма бган ба Худо қасам мерам хизмат».

Эй муллои амниятӣ! Ман ба ту аз ин Пойгоҳи мардумии «Ислоҳ» мегуям:  «мехоҳам, ки рубару ба ту ин саволҳоро диҳам, лек афсус, ки ту мард нести ва чихеле худут мегуй ба худои худ занг мезанӣ ва мара мегиран мебаранд, аз дур ҳам бошад ин шо Аллоҳ ҳамаша ту худат мешинавӣ. Соз гуш кун саволҳои мара, ту худат нара хизмат вале Шарипов Сунатулло, Шарипов Ҳусайн ва Шарипов Абдураҳмон ва боз ду каси дигар ай духтарат дорӣ, ки номҳошона намедонам, ҳамааш панҷ нафар набераҳоятан, инҳора хидмат равон кун, ё инҳо мардбача нестанд? Хизмат танҳо барой мо камбағалоҳай? Агар хизмат шароитош соз мебд ту бачае, ки дар никоҳ кунӣ торти пеши шаҳа гирифт, майда кард, қати ҷураҳош хурд,ту қатиш разбор кардӣ, барой як торт, гуфти ту қафота ба шохи гов чанг надоз, ки ҳами сезон ма тра хизмат равон накнм мара чизе мегуй бгу».

Хизмат ҷои соз мебуд, ту он бачаро угрожать намекардӣ. Ту худат хубмедонӣ, ки ҷои бад аст, мисли саг азоб дорад хизмати частҳои Раҳмонов. Вале ту бошӣ дуруғ мегуӣ дар даруни хонаи Худо. Изо накашида мегуӣ, ки ҳама шароитҳояш созанд ва боз шарм накардӣ, ки дар намози ҷумъа гуфтӣ: «раиси ноҳия мега заминой масҷида картошка бкорен, ки ма ҳози дунё пеш рафтаст, ма медром спутник қатӣ мебинм. Агар шинондагӣ набошан ман бад қатии ӯ халқ дигахел гап мезанм».

Туро ба Худо қасамат медиҳам, ки дар Тоҷикистон ҳамин хелин пешравӣ ҳаст ё не? Камтар изо каш шарм кун. Ман ҳайронам, ки ин қадар одамҳое, ки аз ислом ҳиҷчи намедонанд аз рӯзи пурсиш метарсанд. Аммо шумо, ки медонед бо гуфти худтон, чаро наметарсед? Дуъои ман ҳамин аст барои шумо ва шумо баринҳо: ё Аллоҳ инҳоро ҳидоят ҳеҷ гоҳ накун, лоикам бошан ҳидоят накун.Мо дар ин дунё зурамон нарасида истодааст. Мехоҳем сухтани шумо ва шумо баринҳоро бинему камтар ором шавем. Ин дуоям хато бошад,илтимос маро ислоҳ кунед, Муҳаммадиқбол. Чунки дар ин ватан ягон муллои бовар мекардагӣ намондааст дигар.

Яке аз ҳаромхурони дигар раиси танзими мо мебошад, ки шаш ҳазор сомонӣ барои облава мегираду чор ҳазори дигар барои иҷозати туй. Агар яккаписар бошӣ шаш ҳазор сомониатро мегирад. Рост аст ё дуруғ мегуяд, ки «мара дар ҳар як празникҳо чанта гусфанд ва чанто индиюк мефарман ай боло, ма мебарм метим, бад ай халқ мекашм мегирм, ҳамашон медонан боло бдагиҳо ягон гап намеган». Ин Тоҳир  худаш як кудак аст, аз аввал соз буд.Лек қатӣ ҳамин раиси маҳаллаамон якҷоя шуд дигар тамом. Ин раиси маҳалламон як аждаҳо аст. Ҳама чизро мегираду мехурад, лек аз об хушк мебарояд. Мисле, ки ягон чиро намедонад, вақти облава мешавад тамом. Дар пеши мошини облава мешинаду бузиро сар мекунад, ба гуфте «бза бе раҳмш ана ҳамида сад фоиз туғрӣ мегирад». Як бачаро мешносам, ки то ҳозир кудак надорад, аммо ба худо қасам ҳар сезон панҷ ҳазор сомониашро мегиранд, аз ҳаждаҳ солагиаш то ҳозира ба медонистагии ман чил ҳазор сомониашро гирифтаанд. Ана ҳамин раиси маҳаллаамон Гулонов Додарбег ҳамроҳашон меравад ҳар сезон. Аз аллоҳ битарсед. Хайр, Аллоҳ ҳамон баччаро ҳамин хел дар имтиҳонаш гирифтааст, монед камтар сум ҷамъ кунад ва  як табобат кунад худашро ва ҳамон ҳам  соҳиби як фарзанд шавад. Аммо шумо беимонҳо шаш моҳ пас панҷ ҳазориашро мегиред. Аллоҳ фарзандони онҳоро, ки сумҳои ин одамро хурда бошад бигирад, то фаҳманд.

Ҳамаамон медонем, ки бе иҷозати раиси ҷамоат югурдаку думраваконаш ягон кор карда наметавонанд. «Раис мо хта соз мешносем,ту пеш ай раисит одами зур бдӣ, ба номус бдӣ, ҳама вақт ай пушти қишлоқ гап мезадӣ, чи балот задаст, ки ихели бе раҳм шидай. Касе, ки кудак намиёва сум бгирен аз ӯ?. Неки ихели бадам не, ақалан через сол бгиред. Ба Худо қасам дуъои ин нафарҳои бефарзанд зуд аст ки шумора мегирад. Фикр накунен, ки ма кудак надорм. Ба худо қасам ма кудак дорм, шукри худо. Лек дилм месуза, ма мебинм сумгирии бераҳмонаи шуморо. Чораи ҳаминро бин Раис!». Ин нома танҳо огоҳӣ буд барои шумо ва пас аз ин ҳар ҷиноятҳотуна бо далел менависам ба «Ислоҳ» равон мекунам, ман гуфтам шумо шуниден!

Санкт-Петербург

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ иззат ва эҳтироми шуморо бештар бисозаду мо пирӯз шавем.

Ман як бародари ваҳдатии шумо ҳастам. Ман дар Красний селои Санкт-Петербург будам. Як моҳ пеш маро полисҳои рус дастгир карда ба маркази депорти муҳоҷирон Красное село бурданд. Яъне як Сахароваи дигар, ки дар Москва ҳаст. Бурданду 18 рӯз маҳкам карданд. Маро рӯзи якуми моҳ онҷо бурданд. Дар ошёнаи мо номери телефони сафорати Узбекистон ҳаст аммо аз Тоҷикистон нест. Этаже мо будем бисёр страшний буд. Ҳамроҳи мо як узбек бачча буд. Аз вай телефон хоҳед, то ягон минут ба наздикҳо гап занем ҳазор рубл талаб мекард. Ягон масъули баимону мусулмон бошад як назар ба ҳамин бачаҳои Красное село кунад. Валлоҳ аҳволи шаҳрвандҳои Тоҷикистон хело  бади бад аст. Рамазон аст. Охир ин чи зулм аст. Ҳатто консулгарии Тоҷикистон дар  интернет номер надорад, мардум дар азобанд.

Дар инҷо ҳастанд нафароне аз Тоҷикистон, ки 4-5 моҳ мешавад маҳкаманд. Барои хатоӣ дар документҳо депорт кадагиянд, аммо ягон кас нест ба додашон бирасад. Ё   Аллоҳ! Инҷо занҳову модарҳои тоҷик ҳам ҳастанд. Бо чашмони сарам дидам. Аллоҳ шоҳид аст, занеро ҳамроҳ бо шавҳараш оварданд. Шавҳараш бо мардҳо дар этажи отделно.

Раҳмонов ин консулгарии генерали Тоҷикистон дар Санкт-Петербург чи кор мекунад, куҷоро нигоҳ мекунад, чаро маош мегиранд? Ё мо тоҷик нестем, ё онҳо мо- тоҷикҳоро назарашон намегирад.

Ин шо Аллоҳ шуморо зиндони Кирпичний ждат дорад. Ваҳдатиҳо тайёранд барои ин гуруҳи тоҷикозори одамкушу террористҳои дар боло нишаста, ки дар фикри тоҷикҳои имрӯз мазлуму мустаманд нестанд.

Мо ваҳдатиҳо, бардар Муҳаммадиқбол дар канорат ҳастем, тайёрем. Иншо Аллоҳ инқилоб аз Ваҳдат сар мешавад.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар ин гирду атрофи мо корҳое шуда истодааст, ки маро бетараф нагузошт ва мехоҳам аз онҳо ба шумо ҳикоят кунам.
Аз шуъбаи амнияти шаҳр чанд рӯзи пеш дар ҳангоми таровеҳ ба масҷиди қишлоқи Сароби ноҳияи Рудакӣ ҳамла карданд. Се борӣ тасбеҳ мегуетон гуфта масҷидро бастанд. Гуфтанд, ки агар масҷидатонро дӯст медоред 100 ҳазор сомонӣ месупоред, баъд масҷидтона мекушоем.

Домулло ман аз 2006 бо ҲНИТ будам. Метавонам 4 нафарро бо худам дар ҳар маврид дошта бошам. Мо ҳамагӣ 5 нафарем, вале метавонем бештар шавем. Ман ҳамон нафареам, ки аз Русия чанд навор бароятон роҳӣ карда будам. Иншоаллоҳ дар ватан вомехурем. Ҳоло мехоҳам боз дар як мавриди дигар га занам. Дар бораи як номарди касиф бароятон менависам. Ин номарди қишлоқи Чорбоғи шаҳри Ваҳдат Бобоҷонов Абдусамад Саидшоевич аст. Ин одам чанд соли пеш бо моддаи 200 қ.4 дар Тоҷикистон тюрма шудааст. Яъне муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори калон.  Баъди аз зиндон баромадан дар Душанбе ва отдели Ваҳдат як бузи тайёр шудагӣ ҳаст.

Ин номард дар куҷое бишинад мухолифонро дашномҳои қабеҳ мекунад. Ҳамаи  мухолифонро. Ҳатто мегуяд, ки «фалони маро хурда наметавонанд. Пешвои миллат ҳамаашонро фалон мекунад». Агар мухолифон ба Тоҷикистон дароянд, мегуяд, ман якум шахсе ҳастам, ки бар зидди мухолифон меҷангам. Ин одам дар шаҳри Влдимири Маскав наркобизнес аст.
Порина ё перор Америка рафту онҷо як сол истод. Тибқи баъзе маълумот аз онҷо пули кадом як бизнесменро ё зада ва ё бо фиреб мегираду ҳуй мехурад ба тарафи Тоҷикистон. Як шинос ба амнияти миллии Тоҷикистон «характеристика»-ашро мегуяд. Меқапанду мебаранд. Суми калон дода халос хурд вале худи ҳамон рӯз ба Хуҷанд рафта ва аз онҷо ба Маскав гурехт. Чунки ҳамсояашон адвокати калони Ваҳдат аст бо номи Акрам. Ҳамон одам через шиносҳояш халос мекунадаш. Акои адвокат раиси маҳаллаи қишлоқашон харктеристикаи сафед менависад ҷонаш наҷот меёбад. Аммо, валлоҳӣ, ин номард сари чанд камбағали бечораи бегуноҳро хурд, маҳкамашон карданд.

Абдусамад Бобоҷонов «доруҳо»-и шогирдони Боимро мефурушад. Хоҳиш аз шумо ин аст ки як бор дар барнома бароред то халқ ӯро бишиносад ва дар доми ин шайтон нағалтанд.

Вақте амниятиҳо қапиданд, условияаш монданд, ки ду моҳ дар чашми мардум натоб. Ва вай рафт Хуҷанд, як ҳафта пинҳон шуд ва рафт Маскав. Охир чаро инҳо ҷиноят мекунанд метавонанд гурезанд вале мардуми бе гуноҳро зиндон мекунед? Адолат куҷост?

Ҳисор

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол.

Номаи имрӯза аз шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Сомон, қишлоқи Вахдат фиристода мешавад. Инҷо навбунёд мебошад. Халқи бечора худаш маблағ ҷамъ карда 150 метр заминро кофта об баровард ва алҳамдулиллоҳ соҳиби об ҳам шудем. Аммо мутаассифона аз ҳукумат омада онро маҳкам карданд. Мегуянд, ки бояд шумо налоги давлатӣ супоред, ҳол онки он обро халқи камбағали бечора пул ҷамъ карда баровард, на инки ҳукумат. Боз ин мусибаташ кам буд, ки дар ин қишлоқи Ваҳдат муддати 3 моҳ мешавад 17 хонаро дузд ё дуздҳо зад. Аз баъзеяш пул аз баъзеяшон, ки пул наёфтааст ҳама ҷиҳози хонаро тагуру карда ордхоро рехта аз болояш ҳама маводи рӯзгор: намак, равған ва дигарчиҳоро рехта омехта карда мебароянду мераванд ва ҳеҷ кас ҳам ба доди мо намерасад. Участковияш меояд мегуяд мо доказателства надорем, меравад, ягон натиҷа надорад. Наход, ки ин ВКД-и Раҳмонов як дуздро дошта натавонанд. Мо дар муҳоҷират бо азобу машаққат пул ба даст меорем. Аммо занону кудакони мо бо тарсу ларз аз ин дуздону ҳаромзодагон дар ватан басар мебаранд. Мо ин дарди худро ва азобу машаққати худро ба кӣ гуем?

Дар инҷо як мактаб буд-вагонҳо. Талабагон дар ҳамонҷо дарс мехонданд. Баъд аз  суханони шумо, ки рӯзе он мактабро танқид карда навори онро дар Ютуб партофта будед, аз шарм вагонҳоро бурданду дар ҷояш арабҳо мактаб сохтанд. Хоҷагии инҷо зиёда аз 800 сокин мебошад.

Валлоҳу аълам, ман медонам ягона ҷое, ки дарди ин миллатро дарк мекунад, ин шумо ҳастед. Инро ба гуши раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода расонед то аз  ин мардуми камбағал ҳолу аҳвол пурсад ва ин дуздону ин ҳаромзодагонро дастгир кунад. Агар аз уҳдаи ин кор баромада наметавонад курсии раисиро холӣ кунад ва рафта гуспандчаронӣ карда гардад. Ин халқ ниёз ба раисе дорад, ки дарди ҷомеаро дарк кунад, на инки ин халқи камбағалро талаву тороҷ кунад.

Аллоҳ дар ин моҳи рамазон шуморо аз тамоми офатҳо дар ҳифзу амонаш нигаҳбон бошад ва ватани моро аз дасти ин золимону наҷасон ҳарчи зудтар озод бигардонад.

Бо эҳтиром бародари шумо….

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як бинандаи доимии шумо ҳастам. Илтимос ин номаи маро дар барномаи дустдоштании «Номаҳо аз ноҳияҳо»  ҷой диҳед, чунки ба арзу шикояти мо ҳеҷ кас ҷуз шумо намерасад.

Ман истиқоматкунандаи деҳаи Дуканала ёки 70гектара ҳастам. Дар ин деҳаи мо раиси маҳаллаамон муаллима Сафаргул аст ки дар шуъбаи маориф кор мекунад ва ба деҳа тамоман аҳмият намедиҳад. Чунки кораш бениҳоят зиёд аст. Ҳам дар маориф кор мекунад ва ҳам директори мактаб аст. Ва мо дар деҳаамон мактаб сохта истодаем, чунки мактаб надорем ва мактаб хеле ва хеле дур аст аз деҳамон. Айни ҳол бароямон бисёр душвор шуда истодааст, чунки сохти мактаби замонавӣ мушкил аст дар ҷойҳои мо. Дар мо одамони хайрхоҳ камтар аст. Масалан наметавонем, ки гарнт бигирем ва ё ягон шайхи арабро даъват кунем барои кумак ба сохти мактаб ё бунгоҳи тиббӣ. Дар қишлоқҳои ҳамсоя аз ин усулҳо истифода бурда буд карданд, корҳояшонро. Аз мо бошад монд. Зеро раиси маҳаллаамон чунон бепарво аст. Ҳатто сертификати замини мактабро баччаҳо худашон такудав карда ба даст оварданд. Раиси маҳаллаамон, ки дар шаҳр, дар шуъбаи маориф кор мекунад, ақалан ҳамин корро накард.

Барои трансформатор бошад сари ҳар як хона дар соли 2017 800 сомонӣ гирифт. Айни ҳол бошад аз сад хона гузашта рафт. Дар ин деҳа ва аз ҳамаи инҳо 800сомонӣ бигирад зиёда аз 80 то 100 ҳазор мешавад ва ин трансформаторро бо нархи 32 ҳазор харид. Дар бораи онки боқии пул куҷо шуд, ҳеҷ чизе намегуяд. Дар ин байн аз сабаби камқувват будани трансформатор ва истифодаи зиёд, чун аҳолӣ зиёд шуд онро иваз намудем ва боз аз 50 то 100 сомонӣ иловатан ҷамъ кардем.

Ва ҳар дафъа, ки дар деҳа одами нав меояд дарав 800 сомонӣ мегирад ва ин кор то ҳозир идома дорад. Ва ин трансформатор дар ин деҳа ва шаҳр шахсӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар гоҳе вайрон шуд, зуд барои таъмир пул ҷамъ мекунанд

Хулоса, дар деҳа проблема бисёр аст. Вале раиси маҳалла тамоман парво надорад, балки баракс бо кибру ғурур мегуяд, ки «ма одами ҳукумат астум».

Ва барои шикоят аз болои вай ба марказ ҷамоати Рудакии Вахш рафтем. Вале дар ҷамоат райси ҷамоатро бақап намекунӣ. Чунки раиси ҷамоат фақат масруфи пули налогчинӣ аст ёки ба дигар корҳо машғул мешавад. Намедонем ба кӣ арз кунем кор ва амали ин раисаро, дар ҳоле, ки дар маҳалла проблемаҳои ҷиддӣ бисёр аст масалан:
Якум: мактаб сохтан дар кор чунки дер шуда истодааст.

Дуввум: симу симчуб-столба ба кучаҳо кашидан ва шинонидан дар кор аст.

Севвум: дар деҳа квартирантҳои бетарбия ва сағираҳои бемаданияту бадахлоқро сур кардан даркор ва ё ки насиҳат кардан даркор, чунки ҳар шабу рӯз дар деҳа бо зану мард ин квартирантҳо дар ҷангу хархашаанд. Шавҳарони ин занҳо дар Русияанд аммо ин квартирантҳо ҳамаро ғам дода мегарданд. Масалан Хуршеди лаби каналги ҳамаро безор кардааст, овозаш то байни қишлоқ мебиёяд, аммо раиси маҳаллаамон руирост мегуяд «мада пофиг нестай».
Чаҳорум: ягон бор нисбати шикори ғайриқонунӣ, яъне бо ток задан моҳиҳо арзу шикоят намекунад охир ин ҷиноят аст.
Панҷум: бояд пули боқимондаи барои трансформатор ҷамъшударо ошкоро эълон карда ва онро барои сохтани мактаб масраф кунад.

Охир ин як зан аст. Наметавонад ду корро пеш барад.

Хоҳиш мекунем аз раиса Сафаргул, саркашӣ накарда ҷойро супор ба як каси дигар, то ҳамаи ин мушкилотро ҳал кунад. Аммо мо аниқ медонем, ки ин муаллимаи Сафаргул на худаш мекунад на мемонад касеро,ки бикунад.

Мушкилиамон дар деҳа хеле зиёд аст.

Сафаргул, зодаи Синакоси Вахш ва дуюм зан аст. Он трансформатореро, ки дар соли 2017 харида будем 27 ҳазор ва бо насбаш 32 ҳазор сомонӣ афтида буд. Дар деҳа тибқи нақшаи куллӣ 204 хона ҳаст. Аммо ҳоло аз 100 то 120 гашта рафтааст.

Барои сохти мактаб аз тарафи ҳукумат ягон кумаку дастгирӣ нест тамоман.
Масалан аз ҳар хона 1500 ҷамъ карда истодаем. Мушкил ин аст ки ин пулро на ҳама дорад. Аммо раиси маҳаллаамон вақт надорад, ки аз пушти ин корҳо биравад. Вале ҳар моҳ бе прогул пули моҳонаро ҷамъ мекунад. Ва ин раиси маҳаллаамон аз чанд мардуми бечора пул гирифта  ваъда кардааст, ки «ма камбизоатитон мекунум». яъне дар феҳристи камбизоатҳо мегузаронад. Аммо аз байн сол гузашт, на пул аст на камбизоатӣ. Мардумро боз мисли пулҷамъкунии трансформатор карда истодааст. Дар шуъбаи маориф фақат таъриф мекунад, ки «ма дар деҳамон мактаб сохтестам»
Ин Хуршед занашро, ки аз 50 сол зиёд умр дорад бераҳмона мезанад. Комили ҳамсояи апаашро бо табар зад. Участковий омад бурданду ариза карданд, аммо Хуршедро ҳатто ҷарима накарданд. Хуршедро на камтар аз 30- бор ба отдел бурданд, аммо милиса «ҷошда ҳуй метанша». Албатта  ҳамин полковник Машраф Исматзода. Бачаҳо аз Хуршед сабаб пурсидаанд. Гуфтааст, ки «ма айбошона медонум и сагҳора ва ма ҳаракат мекунум, ки ҷиноятҳои калон накунум». Охир одамро ба табар задан ин ҷинояти калон нест?, Хуршед не пули трансформатор ва  не пули барқ ва не пули бунгоҳи тиббӣ додааст. Ҳатто аз барқ як дона чеки пардохт надорад. Худаш мегуяд, ки «ма қл нестум ранги шумо пули барқа бутум». Чунки Хуршед ба раиси маҳаллаамон Сафаргул хешиву табори дур аст. Охир дар ин ноҳияи мо ягон идораи суд ё  прокуратура ё милисаву амният бе ришва чора намебинад.

Мо аз мақомот мехоҳем нисбати раиси маҳаллаамон Сафаргул чора биандешанд. Чунки пулҳои мондаги аз трансформатор  аз 120 хона 800 сомонӣ ин 96 ҳазор сомонӣ мешавад, номаълум аст ки куҷо шуданд. Дар асл шумораи хона аз 120 ҳам бештар аст. Дар ин ҳолат аз 100 ҳазор ҳам зиёд аст боқии пул. Чаро чораи моро намебинед?

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №228    появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №213
Порахориву ришваситонӣ дар Тоҷикистон ба як кори маъмулии мақомот бадал шудааст. Ҷолиб инҷо аст, ки масъулин масалан, дар навоҳӣ аз пора гирифтан на танҳо намешарманд, балки тавҷеҳ ҳам мекунанд, ки «ин пулро фақат худи онҳо намегиранд, барои раис мегиранд, барои военком мегиранд, барои прокурор мегиранд, началник милиса ҳам қуш аст». Ва аз гуфтани ин ҳарфҳо заррае ибо намекунанд ва ошкоро мегуянду мегиранд. Муаллифи номаи аввали ин барнома роҷеъ ба ҳамин масъала навиштааст.

Ваҳдат

Салом бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад, бо ин заҳматҳое, ки барои миллат ва мардум шабонарузӣ карда истодаед!
Номаи ман дар бораи яке аз корманди ҳукумати шаҳри Ваҳдат, инсони дузду ғоратгар ва таҷовузгар бо ном Давлатзода Вайсиддин аст, пештар дар вазифаи сардори ОКС-и ҳукумат кор мекард. Ин гурӯҳи дузду ғоратгар бо сардории раиси пештараи шаҳри Ваҳдат Раҷабмад Амирзода кору фаъолият мекард. Оид ба қабули иншоотҳо пули калоне гирифта аз шаҳрвандон барои хонаҳои носохта ба маблағи аз 3000(се ҳазор) доллар бештар ва аз домсозҳо аз фурӯши замин барои сохтани хонаҳои баландошёна сар карда то тамоми ҳуҷҷатгузорӣ маблағи хубе мегирифт ва ҳоло ҳам мегирад.

Айни ҳол бошад Давлатзода Вайсиддинро боз барои чунин «дуздиҳои хуб»-аш ба вазифаи сармеъмори Ваҳдат гузоштанд. Ин ватанфурӯш дар Ваҳдат куҷое як ҷойи холӣ ё детский площадка мебинад, ҳатман бо раис маслиҳат карда пешниҳод мекунад ва харидорро ҳам меёбад ва заминро мефурӯшад. Шаҳрро ҳамроҳ бо Раҳмоналӣ Амирзода ҷазирбоду расво намудабуданд.

Ҳоло бошад бо раиси нави шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим кори дуздию заминфурӯшию ғоратгариашро дучанд кардааст. Мутмаинам агар аз тарафи прокуратура ё коррупция аъмоли Давлатзода Вайсиддинро санҷида бароянд, дар номи хоҳару бародаронаш заминҳои обиро барои замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Мардум бошад солҳо дар навбат меистанд вале соҳиби як порча заминам намешаванд.

Муовини пештараи Ваҳдат як шахсе бо насаби Ятимов буд, ки вай ҳам аз Ваҳдат мебошад. Чунин корро яъне заминҳои нави назди стадиони навро чандтояшро ба номи келину фарзандҳояш карда буд ва бо писараш кадом корхонаи бекорро фурӯхтанд. Амният ӯро дастгир намуд ва ӯро аз кор гирифтанаш. Умедворем, ки нисбати Давлатзода Вайсиддин мақомоти дахлдор тафтиш карда Ваҳдатро аз чунин гуна сармеъмор тоза мекунанд. Хоссатан аз прокурори нав таъин Ҳабибулло Воҳидзода ин хоҳишро дорем. Нишон диҳед ба мардум кор мекунед.

Тахминан 80%домҳои сохта ба итмомрасида ба талабот ҷавобгу нест ва ягон намуд комиссия ташкил карда нашудааст, ки ин домҳоро бисанҷад. Фақат пулро ба Давлатзода Вайсиддин медиҳӣ, тамом, кор ҳал аст. Даруни таҳкурсии дом арматур дорад надорад ба инҳо аҳамият надорад. Фикри ҳаминрӯзаи нафси бади худро мекунанду халос.

Вайсиддин Давлатзода дар гузашта мегуфт, ки агар кадом намуди қарор барои пеши раис даровардани бошем, раис яъне Раҳмоналӣ Амирзода мебинад,ки пул дорад дарунаш баъд имзо мекунад ва агар пул надорад қарори шумо моҳҳо меистаду аслан таваҷҷӯҳ намекунад.

Давлатзода Вайсиддин чунин амалро бо раиси ҷадид Исмоилзода Мирзо Иброҳим давом дода истодааст. Пулро нотарсида мегирад ва корро буд мекунад ва мегуяд, ки ман танҳо нестам: ҳам доляи бачаҳои коррупсияро медиҳам ҳам прокурорро. Ва худаш мегуяд, ки то ҳол дар Ваҳдат раиси нав интихоб ҳам шуд вале ҳамаи корро Раҳмоналӣ Амирзода пеш мебарад. Раҳмоналӣ Амирзода дид, ки инҷо ҷойи равғанӣ аст. Ин раиси ҳозира Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо гапу кори раиси пешина Раҳмоналӣ Амирзода кор мекунад. Чи хеле мехоҳанд Ваҳдатро хурда тохту тоз мекунанд. Давлатзода Вайсиддин қариб ҳаррӯз дар тарабхонаи Бухоро дар назди пивзаводи Душанбе ва дискоклубҳо бо ҳамроҳии Карими ДЕУ ва дигар сабзибадастон машғул ба айшу ишрат ва ҳамавақт масту фаҳшо мегарданд. Аз баски Карими ДЕУ спецталон аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дорад, барои ҳамин дар ҳолати мастӣ ҳам бошанд, мошини инҳоро ҳеҷ кас тафтиш намекунад. Карим мегуяд, ки ин спецталонро аз вазир Раҳимзода Рамазон ман бепул нагирифтаам. Ман чанд километр барои ин вазир то дачаю дигар ҷойҳои маишии онҳоро мумфарш кардам ба ман ин талони махсусро дод (зато буду пользоваться) мегуяд. Ва дар охир ба Давлатзода Вайсиддин гуфтаниям, ки ин раисҳо рӯзе мераванд вале ту барои ҷазиру расво намудан ва барои детский площадкаҳо дар назди мардуми Ваҳдат ва дар назди қонун барои қабули иншоотҳои ба талабот ҷавобгу набуда чӣ ҷавоб медиҳӣ? Ҳозирам фурсат ҳаст. Ҳаромхуриву заминфурӯшӣ ва кошелёки раисҳо шудану лесиданро бас кун. Пештар муйи сар буд, камтар ақл доштӣ. Ҳоло бошад аз ҳаромхурӣ, шаробхурию духтарбозият дар сарат му намондааст ва нур тамоман дар руят вуҷуд надорад

Саломат бошед бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Номаи маро нашр кунед,   корафтодаҳо зиёданд, бо нашри ин нома онҳо ҳам ба ҷунбиш медароянду ҳолати Ваҳдат тағир мехурдагист. Мумкин аст Генпрокурори нав Ҳабибулло Воҳидзода аз Юсуф Раҳмон бо қонун рафоқатдортар аст.

Рудакӣ

Номае аз як ниҳоди махсӯс ба «Ислоҳ» расид,ки аз фасодкориҳо ва амалҳои шанеъи Раиси ноҳия генерал Ҳикматуллозода Абдуғаффор мудири бахши фарҳанги ноҳия Рустамҷон ёрдамчии раиси ноҳия ва раиси шуъбаи кадрҳо Исматуллоҷон Исомиддин. Ҷасур сардори ОКС ва …. дигар ашхосе марбут ба ин бандаи бадахлоқ ва… расидааст. Аллоҳ шоҳиду гувоҳ аст хело даст ба амалҳои шанеъу паст мезадаанд. «Ислоҳ» таҳқиқоти бештари худро дар ин замина анҷом медиҳад. Агар ҳар шахсе маълумотҳои дигаре доранд фиристанд, то ин қазияро хубтар ва мӯшикофонатар тақдиматон намоем. Ончи феълан расида воқеан фоҷеъа аст….

Нуробод

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол ва бародарони мубориз. Ман аз нохияи Нуробод мебошам.

Маълумот дар бораи азоб ва қатлу ғорат кардани мардуми Нуробод пешина Комсомолобод аз тарафи қувваҳои тарафдори Раҳмонов дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Нуробод пешина Комсомолобод ё Дарбанд аз тарафи   одамони Файзалӣ Саид одамони бегуноҳ бисёр кушта шуданд.

Гурезаҳоеро, ки аз вилояти Хатлон ба ин ноҳия омада буданд, онҳоро ҳам меқапиданд, вофчик гуфта бераҳмона дар дасту пояш тир ва бо шатаву мушт дар сарашон мезаданд азобу азият дода баъд як тир дар сараш паронида мурдаро ба дарёи Хингоб мепартофтанд.

Мо бар зидди инҳо будем. Чандеашонро асир гирифтем ва аз онҳо пурсидем, ки мақсадатон чист? Дар ҷавоб мегуфтанд, ки моро бо силоҳи оташфишон таъмин карда ба ин минтақа равон карданд ва гуфтанд, ки ҳар кореро метавонед анҷом диҳед ва ҳар ғанимате, ки мегиред, аз они худатон аст. Як гурӯҳи дигараш бо танку БТР гурехтанд ва як танкаи дигараш аз ноилоҷӣ худашро ба дарё партофт. Фикр кард, ки аз дарё баромада метавонад. Аммо таги дарё монд, барои онки таги дарё қум аст, ғутид ва аз дарё баромада натавонист. Ин танкро чор сол пеш хитоиҳо, ки дар лаби дарё шебен кор мекарданд ёфтанд.

Шери Хар як командири ин гурӯҳ дар Лаби ҷар пост ташкил карда буд ва ба баччаҳояш супориш дода буд, ки мошинхо ва автобусҳоро, ки аз Ғарм ба Душанбе мерафтанд, ё ки аз тарафи Душанбе ба Ғарм меомаданд манъ карда баччаҳои ҷавонро фароварда паронанд. Ҷасадҳоро аз баландӣ ба дарёи Хингоб мепартофтанд. Лаби дарёи Хингоб пур аз мурда буд: хуроки сагу рубоҳу зоғҳо шуда буданду мо ин манзараҳоро бо чашмонамон медидем. Мардум метарсиданд, ки ба сари мурдаҳо раванд.

Шери Хар як автобусро дар пости Лаби ҷар манъ мекунад ва ба автобус ворид мешавад. Мебинад, ки як баччаи ғармӣ савор аст. Бо пистолет дар сараш як тир мезанад ва боз ханда карда мегуяд, ки ман фикр кардам пистолет зарижать кардагӣ набуд. Ин Шери Хар аз ҳад гузаронд, ва ин дафъа ба армияаш супориш медиҳад, ки равед хонаҳои мардумро оташ занед ва ҳар кореро метавонед анҷом диҳед. Аз ин кор раҳматии Зубайд -қумандон дарак меёбад. Вақте армияи Шери хар дар мошини Урал барои қатлу ғорат кардани мардуми Обилурд ба деҳаи Обилурд меоянд дар онҷо Зубайд онҳоро окружения мекунад ва тамоми яроқҳои онҳоро бо мошинашон мегирад ва ба онҳо мегуяд, ки шуморо даст намерасонем. Рафта ба Шери Хар гуед, ки инҷоро тарк кунад, равад набошад мо ӯро тенҷ намемонем.

Шери Хар аз ин воқеа хабардор мешавад. Боз ба армияаш фармон медиҳад, ки мардуми Ғармро аз зан то мард ҳамашонро кушед, хонаҳояшонро оташ занед. Аз ин кор марҳум Зубайд қумандон хабардор мешавад. Зубайд ҳамроҳаш12 муҷоҳид дошт. Хуллас рафта дар пеши мазори Холибек дар танаи куҳ тайёр мешаванд ва якчанд муҷоҳиди дигар дар поёни деҳаи Тухчи ва ду муҷоҳиди дигар дар дараи Шуроб поёни дехаи Обилурд тайёр мешаванд. Армияи Шери хар, ки аксаран аз мардуми лақай буданд бо тамоми танку пушка ҳаракат мекунанд ба тарафи Ғарм. Дар таги мазори Холибек аввал як Камази пур аз салдатҳои лақайҳоро бо гранатомет мекафонанду дуввум мошини бензинавозро. Сеюм ду муҷоҳиди дигар дар дараи Шуроб як танкаро мекафонанд. Хуллас задухурд байни муҷоҳидин ва онҳо сар мешавад ва аз саҳар то шом ҷанг давом мекунад. Нафарҳои зиёд аз армияи Шери хар кушта мешаванд. Танкаҳо, пушкаву БТР-ҳо, чанд адад Урал ва Камаз кафонда мешавад. Чандин нафар аз армияи Шери хар ба даштҳову ҷангалҳо ва ба пости Лаби ҷар гурехта мераванд. Аз муҷоҳидин як нафар шаҳид мешавад ва Зубайд дар дасташ тир мерасад ва захмӣ мешавад. Дар ин ҷанг сарбозони лақай Шери Хар сахт шасташон мегардад… Ҳоло боварам кунед агар дар мо ҷанг ҳам набошад вале ҳолу рӯзгорамон аз он солҳо ҳеҷ фарқе намекунад. Танҳо бо роҳҳои дигар мардуми моро зулм доранд чи КДАМ ва чи ВКД ва Прокуратурааш. Ҳар ҷинояте хоҳанд мекунанд ва касе чизе наметавонад бигуяд.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мо як гурӯҳ ҷавонони шаҳраки Дарбанд ҳамеша видеоҳои шуморо тамошо мекунем. То ҳоло чи видеое дар бораи ноҳияи мо кардед, ҳамааш дуруст ва ҳақиқат мебошад.

Алалхусус ҳамин ду видеои охиратон. Чунки Ибодро дар ҳама  ноҳия мешиносанд, ки буз аст. Ва ин гапҳоеро, ки дар бораи вай ба шумо расониданд, ҳамааш ҳақиқат аст. Ман, рости гап, як муддат шуд, ки дар ғарибиам. Бо як дӯстам суҳбат доштам ба қарибӣ. Он нафар аз аҳволи як дӯсти дигарамон ба ман қисса кард, ки аз Русия омад бо риш буд. Чанд муддат гашт ва касе он касро медид, мегуфташ, ки ришатро гир, ки проблемаат мекунанд ва билохира ришашро гирифту пасон ба амният фарёдаш карданд ва гуфтанаш, ки «ту чаро дар сайти Инстаграмат амри маъруф мемонӣ ва ту салафӣ ҳастӣ». Ӯро таҳқир кардаву дашном мекунанд. Вай мегуяд, ки ман чи кори бад кардам? Магар ҷиноят аст ки ман барои шиносҳои худам як амри маъруфро поделитсия карда дар историяи инстаграм мемонам. Ва агар ман ин корро карда бошам ҳам аз Тоҷикистон берун карда будам. Хулоса онҳо ба вай таҳдид карда мегуянд, ки делоят мекунем, аз 2 то 5 сол  мешинӣ ва ё 60 000 сомонӣ медиҳӣ ҷавобат медиҳем меравӣ. Вай аз онҷо мебарояду мегуяд, ки чи коре мекунед, бикунед, ман сум надорам. Ва, он бечора аз Русия барои туй кардан омада буд. Ва вақте ин ҳодисаро ба сараш печониданд, дигар маҷбур мешавад, ки туй накунад ва чи суме дошт ба он ҳаромхурҳо дода ҷонашро халос мекунад.

Домулло, ман дар ҳамин ноҳияи Нуробод ба дунё омадаам. оби нушокӣ надорад. Раванду дар даруни кучаҳо давр зананд, раиси ноҳия равад ва бубинад, ки занону кудакон бо сатилу баклашка чи хел дар ба дар  об мекашанд ва бисёрии вақт аз Гардангаҳ об меорнад ва аз хонаи Ҷумъабой. Дар ҳамин умри кутоҳи ман ин раис панҷумин раис аст:

Саъдулоев.З, Сияҳмардов,  Дустов.Ҳасан, Ҷобирзода.Додарҷон Аммо ягонтои онҳо як обро ба ноҳия оварда натавонистанд. Боз ҳамин раиси нав як, ду кор кард, ки бар падараш раҳмат. Кори аввалине, ки кард ин аст ки биноҳои давлатиро аз он ҳаромхурҳои пешина, раисҳое, ки муфту ройгон шахсӣ карда гирифта буданд, аз дасташон кашида гирифт ва давлатиашон кард. Мардум бениҳоят хурсанд шуданд. Аз дастаи баччаи Сияҳмардов, аз дасти Дустови Ҳасани сиёҳ.

Ба худо имрӯз мақомотҳо аҳволи мардумро дар ноҳияи Нуробод бениҳоят сахт кардагианд. Камтарак риш дошта бошӣ, қапида мебаранд. Мегуянд, ки ту ё хоинӣ, бо гуруҳҳои мухолиф ҳамкорӣ мекунӣ ё салафӣ ҳастӣ. 5 -10 ҳазор сомониатро барои риш мегиранд. Яке аз чунин ҳаромхурҳои золим ин Фаррухи 6-ой отдел аст. Ин аз қишлоқи Тегирмӣ мебошад.

Эй,Фаррух! Аз худо битарсу ба мардум ҷабру ситам накун. Ин шо Аллоҳ рӯзи башморат мондааст. Ман ваъда медиҳам, ки ту барои ҳамаи корҳоят ҷавоб медиҳӣ. Ҳама ончи дори аз ҳисоби мардуми мазлум аст, он ҳама аз ту нест!

Ҳой мардони Нуробод, хезед. Ин ватан ватани мову шумо ҳам  ҳаст, бояд аз дасти ин ду-се кашталкашол раҳояш кунем.

Илтимос, бародар, ҳамин навиштаи маро куҷоеяш, ки ғалат бошад дуруст кун. Аммо чи хеле ҳаст чоп кун.

Ба мақомоти Нуробод расонед, ки ба ҷони мардум задаанд, косаи сабри мардум лабрез шуда аст.

Масъалаи ришро сахт қапидагианд. Ҳатто дар масҷид ҳам ғамамон медиҳанд. Фақат аз Эмомалӣ Раҳмонов таъриф мекунанд, аз дастовардҳои набудаи истиқлол гап мезананд. Ин имоми масҷиди калон, ки аз Хумдон аст, кораш фақат ҳамин гуна тавсифу таърифҳои бе асосу нолозим аст. Аз Худову расул тамоман гап намезанад. Кадом рӯзе ҳаст мемурӣ, дар назди парвардигор чи ҷавоб медода бошӣ?

Рашт

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!  Ман аз ноҳияи Рашт менависаму маълумот медиҳам. Маълумоти ман аз солҳои ҷанги бародаркуш ва азобу шиканҷаи аскарони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар пешина Ғарм ҳозира Рашт бисёрии мардуми минтақа фарзандону хешу ақрабояшон бе ному нишон гаштанд. Ғармро чандин бор ва бисёр ҳам сахт бомбаборон карданд. Тамоми МиГ-ҳо ва чархболҳои Раҳмонов болои ин минтақа меомаданду снаряду бомба меафканданд, то бомбаҳои хушаиву 50 килоӣ партофтанд.

Баъзе бомбаҳо дар ботлоқзор мезаданду намекафидад дар баданашон УЗ ССР навишта буд. Баъд аз ҳамлаҳои ҳавоӣ боз бо танку БТР меомаданду мардумро қатлу ғорат мекарданд ва ҳар коре мехостанд, анҷом медоданд. Мардумро бераҳмона мекуштанд ва ҷасадҳоро дар дарёи Сурхоб мепартофтанд. Чандин муддат мардум аз дарёи Сурхоб моҳӣ намегирифтанд, чунки аз дасти ин одамкушҳо моҳиҳои дарёи Сурхоб аз гушти одам сер шуда буданд.

Маълум буд, ки ҳамаи ин бераҳмӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов ба амал бароварда мешуд.

Шукри Аллоҳ, ки муҷоҳидин пеши роҳи онҳоро гирифтанд.

Як вақт муҷоҳидин яке аз нафарони онҳоро ба асорат дароварданд. Аз вай пурсиданд, ки чаро шуморо ба Ғарм барои куштори мо фиристоданд, Мо, ки ҳаммилату ҳамазҳаб ва хешу таборем. Он заложник гуфт, ки моро мусаллаҳ карданд, ки равед ба тарафи Ғарм, онҷо барои худ зан мегиред, мошин мегиред. Рости гап дар ноҳияи мо қалинг вазнин аст, барои ҳамин инҷо омадам, гуфт он нафари ба асоратафтода.

Боз аз забони як муйсафед шунидам, ки гуфт мо дар маркази Ғарм будем. Ҷасади даҳҳо солдатро ба мактаби рақами яки Ғарм оварданд ва ин муйсафедонро гуфтанд, ки мурдаҳоро фароред. Ин муйсафедҳо мурдаҳоро фароварданд ва шаб шуд муйсафедон дар як синфхона то саҳар хоб карданд. Саҳар бошад боз муйсафедонро фарёд карда гуфтанд, ки мурдаҳои солдатҳоро дар мошин бор кунед. Ин муйсафедҳо диданд, ки мурдаҳобе либос ва гулуҳояшон буридагӣ, лабхояшон буридагӣ, олоти мардиашон буридагӣ. Аз байни ин муйсафедон якеаш гуфтааст, ки ин мурдаҳоро мо бегоҳӣ фаровардем, ин хел бе гушу бинӣ набуданд. Дафъатан як силоҳбадаст он муйсафедро се тир зад дар пеши чашми мо ва моро сахт лату куб карданд. Дар инҷо маълум мешавад, ки онҳо кормандони КГБ будаанд ва солдатҳоро худашон пас аз ҷанг аъзоҳои баданҳояшонро шаб бо корд бурида ин корро дар гардани муҷоҳидин мезадаанд, то хашму ғазаби мардумро оранд ва ба Ғарму ғармиҳо бадбин кунанд.

Моҳи сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт аз тарафи амният як чанд сарбозу афсарро аввал бо гранатомёт ва баъд ба пулемёт ба ҳалокат расонданд ва ин гуноҳро дар гардани Алӣ бедакӣ бор карданд. Алӣ бошад худаш таслим шуда буд ва навораш дар интернет ҳам паҳн шуда буд. Қасам мехурад, ки ман солдатҳоро накуштам. Эмомалӣ Раҳмонов ин наворро надидӣ магар? Асирро парондан мумкин аст? Алӣ Бедакӣ худаш таслим шуд. Агар Бедакӣ қотил мебуд то мурдан зиди ту ва сарбозонат  меҷангид, аммо шумо диктаторон худатон ҷуръат намекунед, сарбозоне, ки онҳо кудаканд, ба ҷанг мебаред. Алӣ Бедакӣ медонист, ки кудакҳо гуноҳе надоранд, шумо ҳарромҳо гунаҳгор будед. Алӣ Бедакӣ солдатҳоро накуштааст, шумо ӯро туҳмат карда куштед.

Баъд аз он гуноҳро дар гардани баччаҳои домулло Зайналобиддини самсолиқӣ бор кардед, писаронашро парондед, домодашро парондед ва худи домуллоро зиндони кардед.

Баъд аз онҳо қатли солдатҳоро дар гардани Мулло Абдулло бор кардеду ӯро ҳам куштед.

Эй мардуми тоҷик, ин Раҳмонов, СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода дастонашон  олудаи хуни тоҷик аст. Ёдатон бошад, ки Эмомалӣ Раҳмонов гуфта буд курсиро бо хун гирифтам, бо хун медиҳам.

Мо, мардум бояд он бузҳоро, ки имрӯзҳо ба мақомот хабаркашӣ мекунанд, руихаташонро тартиб диҳем. Ва, ҳамин ҳоло ҳам ҳарчи аз дастамон ояд, ба онҳо зарару зиёнамонро расонем, то онҳоеаш, ки дар вазифаҳо ҳастанд, аз вазифаҳо раванд.

Фарзандонатон вақти даъват ба хизмат бошад, монед раванд хизмат кунанд. Ба амният дар ҳар призив баҳорӣ ва тирамоҳӣ пора надиҳед ба пулу пора омухта накунед. Барои коре анҷом додан бояд дар қушунҳо ва қувваҳои мусаллаҳ мардбачаҳо лозим дорем.

Ҳисор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам ҳамеша хуб бошед. Ман дар Русия дар Ютуб ба воситаи ВПН чанд барномаи шуморо тамошо кардам. Дар яке аз барномаҳоятон дар бораи Муродалӣ Алимардон ва вазири пешинаи савдо Ҳаким Ҳусейнович Солиев падари Зафар Солиев гап задед.

Ман ба шумо эрод дорам. Чаро шумо Солиев Зафарро таъриф мекунед. Солиев Зафар одами бисёрро ба қатл расондагӣ аст. Мисол меоварам.

Давлатов Рашид солҳои пеш худаш дар дастаи таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард. Ӯро барои як шапалоқ, ки як одамро зад аз кор ронда буданд. Дар Ҷуйбодом ҳамин Рашид он вақтҳо мошини иномарка дошту Маҳмадсаид Убайдуллоев, раис шаҳри Душанбе. Ва баччаи калонии Рашид ОМОН кор мекард. Давлатов Рашид баччаи калониашро хонадор кард. Келини Давлатов Рашид  аз кучаи ҳамин Даҷол, яъне Солиев Зафар, рубаруи хонаи Солиев Зафар буд. Соҳиби ду фарзанд шуданд. Давлатов Рашид ё Рашиди каратеист бисёр камбағал аст. Келин, ки ҳамсояи Солиев Зафар буд дар хонаи камбағалона зиндагӣ карда натавонист. Ва келин ҷангу ҷанҷол карда аз хона баромада рафт.

Аз байн чанд вақт гузашт. Як фарзандашро кушта оварда дар назди хонаи Давлатов Рашид монд. Аввал набераашро куштанд, пагоҳи дигараш баччаашро куштанд.

Вақте баччаи Давлатов Рашидро куштанд аз ҳамкорҳои баччааш пурсид, ки баччаи маро кӣ кушт? Худораҳматӣ дар ОМОН кор мекард. Дар ОМОН гуфтанд, ки мо намедонем.

Чуноне гуфта шуд Давлатов Рашид худ дар гузашта дар дастаи таъиноти махсуси ВКД кор мекард. Дар посух Рашид ба ОМОНҳо мегуяд, ки чи тавр шумо намедонед, ки писари ман дар бари шумо буд? Савол ба миён меояд, ки чаро келини Давлатов Рашид тюрма нашишт?

Барои он ки келини Давлатов Рашид ҳамсояи Солиев Зафар аст.

Солиев Зафар ё Зафари Даҷол келини Давлатов Рашидро, ки ҳамсояашон мешуд, халос кард. Ҳамон рӯз ҳам набераашро куштанд, ҳам бачаашро, ки дар ОМОН буд. Дар ҳоле, ки субҳи он рӯз  дар амалиёт буд. Чи хел куштанд, ки ҳамроҳонаш намедонистаанд. Беҳад сир аст. Рашид хеле одами хуб аст.

Ман дар як чиз  ҳайронам, ки чаро бозори ҳамин одамро нагирифтанд?. Муродалӣ Алмардонро лублуч карданд аммо аз они инҳоро даст накарданд. Ин саволи оддӣ. Духтари президент бозори ҳаминро бояд мегирифт. Бубинед, Султони Кабирро килет карданд, бозори «Осиё»-ро килет карданд. Аммо бозори инҳоро нарасиданд. Бозори Балх аз ҳамин Солиев Зафар аст.

Ман мегуям, ки бачаи Рашидро Солиев худаш куштагӣ аст.

Суҳайлӣ баччаи имомхатиби Ҷуйбодомро ҳам ҳаминҳо куштанд. Қорӣ имоми масҷиди совхоз буд ва бачаи вай Суҳайлӣ ном дошт.

Хоҳари Солиев Зафар пеши ҳамин меомад. Се- чор мусафед қоримомро маҷбур мекунанд, ки «биё хонаи министр брем, хай хубу ганда ягон фалокат накунанд бачаҳои ёш». Мегирнад қоримомро хонаи министр мебаранд Хиёл кардааст, ки қоримоми масҷиди совхоз хонаи ман талбиданӣ омадааст. Мебарорад пешаш панҷсад доллар мемонад, ки  имом мегуяд, ки мо хонаи ту ба сари пул наомадаем ба сари духтарат омадем. Дар хонаи министр ҳама розӣ мешаванд, ғайр аз ҳамин Зафар. Писари калониаш Алишер розӣ мешавад, ки «хоҳари мо ҳамин хели гуҳ хурдай, э хай бтему брава». Оқибати кор ҷасади Суҳайли писари қоримомро дар пеши даҳум базаи Ленинский, ҷои мошинсозкунӣ кушташуда пайдо карданд. Зафарро ин гапи қоримом, ки мегуяд хоҳаратро надодӣ «хай ҷамъуш кун ҳаррузай хонаи мо меравад» ,алам кардааст. Аммо касе аз мақомот пушти кофтукоби ин қазия нашуд.

Баъд дар бораи Раҷабалӣ Давлатов. Ҳайкали уро оварда дар пеши ферма мондаанд. У говҳоро қаровулӣ мекунад? Ҳайкалаш пеш дар назди Идораи совхоз буд, тарафи Роҳи Оҳан Онҷоро ҳам фурухтанд.

Боз як мисоли дигар меорам. Эшони Тоҷиро мешиносед- раиси ҷамоат. Бовар кунӣ накунӣ   идораи ҷамотро фурухт соли 2004 ё 2005, бинои калон буд. Интихобот дар даруни мактаб гузшт. Як меҳмон меояд меҳмонро рост мегирад мактаб меояд. Зали мактаб. Ҳозир идораи ҷамоати мо дар як параи болнитса аст. Се-чор ҳуҷраашро гирифта идораи ҷамоат карданд. Ҳамин қадар одам фиреб кард, ҳамин қадар заминҳоро фурухт. Аммо чаро ин Давлатбек нашишт? Чунки кришааш ҳамин Солиев Зафар аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №213 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №195
Раҳмонов бар муқобили манотиқи умдатан оппозитсионии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва навоҳии водии Қаротегин сиёсати хасмона ва хушунатбор дорад ва агарчи мехоҳад пинҳон кунад, нонамоён  бошад, вале боз маълум ва рушан аст. Баъд аз онки лидерони мардумии Бадахшонро кушт ва гуё ин вилоятро ҳам ғасб ва истило кард, дигар чокару навкару ходимакони ҳукумати Раҳмонов ин хиттаи дастнахурдаро ба маҳалли даромади худ бадал кардаанд. Аз як тараф пул кор мекунанд аз тарафи дигар «сиёсати Раҳмонов»-ро ба иҷро мегузоранд.

Хоруғ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман барои аввалин бор ба шумо нома менависам. Феълан дар Санкт-Петербург қарор дорам. Аммо хабарам аз Бадахшон аст. Мутаассифона хабари хуб нест. Ба ман хабар доданд, ки дар вилояти Бадахшон як гурӯҳ ғоратгарону порахурони ҳукумати худкомаи фасодзадаи Раҳмон аз Палатаи ҳисоби назди президент рафта ҳама муассисаҳои давлатиро  проверка гуён азият карда истодаанд. Хусусан аз мактабҳо ба маблағи 5000 сомонӣ, ки аз маблағи тафтиши маориф ҳам бештару  гаронтар аст талаб карда истодаанд. Аз шумо хоҳиш дорам, ки дар барномаҳоятон ин фактро бигуед. Аз ҳама аламовараш ин аст ва инро ман ногуфта наметавонам, ин комиссияи омадагӣ ҳамагӣ намояндагони  вилояти Хатлон ҳастанд, аниқтараш аз Кулоб.

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд шуморо дар пушту паноҳаш нигаҳбон бошад. Ин нома дар бораи ҳаёти худам ва саргузашти худам ҳикоят мекунад. Моҳи апрели соли 2008 як ҷиноят содир кардам. Бо дӯстонам ҷангҷоли гуруҳӣ кардем, яъне занозанӣ. Хуб дигар ҷавонӣ буд. Аз тарси падару модар ва аз тарси милисабозӣ ба хоҳиши худам ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Баҳор буд. Ман ва беш аз 30 касро аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Турсунзода ба военкомати марказии Душанбе бурданд. Рафтем, моро ба як казармаи майда дароварданд. Дар он казарма аз чил нафар зиёд буданд. Мо сӣ кас будем. Онҷо 14ҷойи хоб дошт. Вақти намози шом буд, ки дар кострюли алюминий пур аз приловкаи ҷушондагӣ оварданд, бе нон, бо як қошуқ бачаҳо дарунашро кофтан, ба Аллоҳ қасам дар дарунаш муш ҳамаашро расво кардааст. Ҳама зиқу пушаймон. Болои ҳамаи ин беэҳтиромӣ, дашному ҳақорат, паст занӣ. На модар монданду на хоҳару на ҳеҷ чӣ. Намедонм чи гуна хоб равем. Нисфи шабӣ буд, ки аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва аз Помир одамони нав оварданд. Ҳамаҷо ифлосӣ. Дарро маҳкам кардаанд. Барои ҳоҷатхона рафтан соатҳо зорӣ мекунӣ. Баъд дарро мекушоянд. Ба ҳамин қадар одам 30 дақиқа барои қазои ҳоҷат вақт доданд.

Одамони зиёд буданд, ки ҳафтаҳо дар онҷо нигаҳ дошта шуда буданд. Приловкаро медиданд, дилашон мешурид, аммо маҷбур мехурданд. Падару модарҳо меоварданд, аммо овардагиии онҳо ҳеҷчи намешуд. Даже як луқмагӣ намешуд. Ман дар онҷо 3 рӯз будам. Бовар кунед, ки ҳоли саг аз мо беҳтар буд. Калони ҳамин военкомат як генерал- майёр буд, қадбаланд, ишками калон дошт. Ва боз ду -се полковники мутакаббири фукчухти бераҳми назарбаланд.
Аз Файзобод як даҳмардаи девонаро оварданд, ранги хар бу мекард. Як вақт яке аз ҳуш рафт, приступаш гирифт, аз даҳанаш кафк мерехт, сарашро дар замин сахт- сахт мезад, меларзид. Даромада ба шата зада мегуянд, ки «дуруға мекуна ин фалони оча» ва боз мезадандаш. Ман бо як нафар берун баровардем. Дар берун боз заданаш, сараш кафид. Мо сарашро бастему боз обратно даровардем.

Боз аз ин бадтар як девонаи дигар аз Ҳисор буд. Ҳардуяшро саҳар дар ҳамин қисми ҳарбии Душанбе, ба политехникум бурданд. Маро бошад ба қисми ҳарбии 26-20 риссовхози Ленинский бурданд. Гуё инҷо тамрингоҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст ва инҷо 1500 сарбоз хизмат мекард. 22 апрел буд. Шаб омадем. Азоб сар шуд, шатахурӣ, ҳақоратшунавӣ, хуллас азоби саг. Саҳар хестем, як кружка чойи нимширин, 20 грам маска ва 3 бурида(кусок) хлеб. Сарбозҳо нигоҳ мекунанд, мегуянд, ки «ака нахурӣ манда те». Ба номи Аллоҳи меҳрубон қасам дар обед приловкаи ҷушондагии картошкадор кормае, ки мурғ мехурад, ку ана ҳамон хелӣ ҷушонида додандмон. Ҳаррӯз ҳамин ҳолат буд. Мо ки навоҳии аз тобеъи марказ будем падару бародарони ман омада манро зуд зуд хабар мегирифтанд.Аммо сарбозҳое, ки аз Бадахшону Суғду Хатлон буданд, ҳоли хуб надоштанд. Чунон лоғару нотавон шуда дар вақти сафкашӣ аз ҳуш мерафтанд. Ман аз барои коммисават госпитал хов рафтам, бо пули калон. 2 моҳ хоб будам. Аксари касалиҳо курруда ё аппендитсит ҷарроҳӣ мешуданд ва боз баъзеашон грижа оператсия мекарданд. Як хел сарбоз хоя- моя ҳояшон ба мисли пуфак дам мекард. Мепурсӣ, ки чи кор кард? Мегуфтанд, ки аз ҷабри задан, мояаш дам мекардааст.

Онҳоро ҷарроҳӣ мекарданд, аммо на духтур ва на командири часту дигару дигараш намепурсид, ки чаро ба ин ҳолат афтодаӣ?  Боварам кунед ҷавонписарон бе зурриёт аз онҷо мебароянд. Ба ҷое сарбозӣ хидмати ватан мардшудан равед аз онҷо бар акс бармегардед. Дар бораи вазъу шароити беморхонаи ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ гап занам,гапҳои хело бисёр аст.

Боз сайру гашт мебаромадем. Дидам, ки фермаи хук доранд. Гуфтам, ки инҳоро чи кор мекунед? Гуфтанд, ки бонӣ мекунем. Ҳар як хуку хукбачаи фарбеҳе доштанд, ки бениҳоят калон буданд. Гуфтанд, ки барои хуроки сарбозҳо меандохтаанд. Чунон бу мекард фермаи ин хукҳо дар дохили Душанбе. Онҳоро кушта ба беморхона ва военний частҳо медодаанд.

Хулосаи гап инки коммисават нашуда боз рафтам части 26- 20. Ҳаво гарм. Сарбозҳо аз ҳуш мераванд дар зери офтоб. Ғам медиҳанд, ишками гурусна бе мадор мегарди.

Як офитсер омад, ротаи моро бор карду бурд сари замини ангур ва фармуд, ки токҳои ин заминро, ки аз офтисери дигар будааст, хомток кунем. Бовар кунед, ки аз гушнагӣ сарбозҳо баргҳои дарахтони ангрурро мисли чукрӣ ба намак зада хурдем, ки дар дарахтҳо як дона барг намонд, лублучи урён шуданд дарахтҳо. Ҳамон вақт аз хонаи мо ҳеҷ кас хабаргирӣ намомад. Се рӯз аз гушнагӣ барги ангур хурдем. Офитсерҳо омаданду диданд ва то соати 12 -и шаб 150 нафари моро ангурҳоро хурдагед гуфта ғам доданд. Ин части 26- 20 тамрингоҳ набуд. Ҷойи нигоднийҳо буд.

Аз приловкаи чиркину кармаи мурғхурӣ аксари аскарон курруда мешуданд, грижа мешуданд. Онҳоро зада ахта мекарданд, маъюб мекарданд, ҳоли зор доштанд сарбозҳо. Вақти омадан ба хизмат фарбеҳу солим меоамданд аммо дар хизмат касалу лоғар мешуданд.

Моҳи июн моро отправка карданд ба чор тарафи Тоҷикистон. Ман ба Суғд, ба отряди сарҳадии Истаравшан рафтам. Ду рӯз дар отряд будам. Баъд ба дидбонгоҳи сарҳади 8 ба номи Бобо Тағо роҳӣ карданд. Сардори дидбонгоҳ Раҳмон ном дошт. Фамилияаш дар ёдам нест. Рутбаи ҳарбиаш лейтенанти калон буд. Сардори дидбонгоҳ парвои сарбозҳо надошт. Ҳаррӯз дембилҳоро мезаданд. Хонаи хобаш назди казарма буд. Назди тиреза хоб мерафт. Овози задани моро мефаҳмид, аммо парво надошт. Аз шаллоқи зиёд дил беҷо мешудем. Тарафи дембилҳо мегуфт, ки «эй паҳато бо ягонташа накуше, бо да рӯшон назанен, сиёҳу кабуд нашава». Баъд аз чанд рӯз ду сарбоз шикоят кард, ки моро азоб медиҳанд. Пагоҳаш баромада дембилҳоро гуфт, ки «ин ду буза назанен, неки аз задана батар кунен» ва боз гуфт, ки «бо устав ғам тиен орзуи задан кунан».
Ҳамон вақт фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ генерал маёор Шералӣ Мирзо ба дидбонгоҳ коммисия омад.

Эй Шералӣ Мирзо! Омадӣ дидбонгоҳ, класс даромада будӣ, нон ёфта будӣ. Ана ҳамон нон, нони ман буд, баҷоӣ хурда истода будам. Ту ин нонро дида хандида будӣ. Чаро ҷиддӣ тафтиш накардӣ, чаро продуктаҳоро аҳамият надодӣ. Гуште, ки аз тарафи давлат медиҳанд, напурсидӣ, чаро бо сарҳадбонон суҳбат накардӣ, чаро ба мошини ҳарбии ГАЗ-66 аҳамият надодӣ? Вақте ту омада будӣ, се сарбоз дар дидбонгоҳ набуд:-як истаравшанӣ ва ду исфарагӣ. Ҳар сеи онҳо донишҷу буданд. Аммо номашон дар хизмат буду худашон набуданд, яроқҳояшон дар боло-яъне дар криша пинҳон буд. Онҳо се кас гуё наряди сарҳади тарафи чап, тарафи Ниҷони аслӣ буданд. Ҳар вақт комиссия меомад ҳар сеи онҳоро наряди сарҳадӣ менавистанд

Яктоашро пурсидам ҳар моҳ 1500 сомонӣ ба Раҳмон медодааст.

Дидбонгоҳи мо як пост дар Шаҳристон дошт. Ҳар шаб 5  ё ки 7 мошини калони   боркаш меояд. Аз тарафи Тоҷикистон мо сарҳадбонон ҳақи тафтиш надорем. Мо мепурсидем, ки ин чи аст? Мегуфтанд, ки корат набошад. Ё ки мегуфтанд, гушти мурғ ё ки собун. Мегуфтанд, ки мо ҳақи даст задан надорем. Аз тарафи Узбекистон солярка, селитра, мочевин, тарбуз, харбуза ва ҳаргуна чизҳои дигар медароварданд.

Як шаб, нисфи шаб шаш хари болояш пури борро қапидем. Аз даруни сой қапидем. Ду зан ва ду мард меоварданд. Ин ду зан аз Узбекистон буданд. Пурсидем, ки ин чи аст? Гуфтанд, ки дору, доруҳои бисёр қимат. Гуфтем, ки рафтем пост. Он ду зан сраза ба Раҳмон занг заданд. Раҳмон ба онҳо нарасед, гуфт. Даже моро дашном кард ва гуфт, ки ба як сарбоз доруи сардард деҳ. Аммо он ду мард гуфтанд, ки нагиред: «ино доруи соз не. Афзуданд, ки «доданба метием доруву илоҷаш бошад нагир, фоида надорад».

Ин лейтенанти калон Раҳмон аз тарафи Узбекистон як марди шинос дошт. Ин марди узбекистонӣ говҳои Раҳмонро нигоҳ мекард. Хонаи ин мард дар лаби сарҳад воқеъ буд. Ҳар вақт, ки мо сарбозҳоро медид, нону чака медод. Аз гушнагӣ мехурдему хурсанд мешудем. Бисёр вақт мо мепурсидем, ки ба мо нону чака диҳад. Ҳар саҳар Раҳмон шир мехурд. Ҳар саҳар соати 5 мо 2 кас бе яроқ барои шир хонаи ҳамин мард мерафтем. Се бор сарбозҳои узбек сурониданд, аз қафоямон мепаронданд, мо мегурехтем. Ду маротибаи дигар сагҳои он мард суронда як сарбозро газиданд. Аммо вақте бе шир мерафтем Раҳмон боз роҳӣ мекард, шир биёр мегуфт. Қариб як сарбози моро меқапиданд. Мегуфтем биё бо яроқ равем, Ҷаббор не мегуфт. Ҷаббор бо мо ба сарҳад рафта буд. Ин Раҳмон соати 3 шаб аз тарафи Узбекистон гуспанду буз оварда буд, ки онҳоро харидорони истаравшанӣ мехариданд. Чандин бор соатҳои 22 -23-и шаб аз тарафи Узбекистон бо мардҳои шубҳанок   дар лаби марз вохурӣ мекард. Мо ин ҳолатро чандин бор шоҳид будем. Дар як вақту соат ин мардҳо баъди суҳбат дар дасти Раҳмон як сеткаи сиёҳи калонро медоданд. Фақат дар болои сетка нонҳои бозории калон- калон 5 ё ки 6 адад, маълум буд. Аммо сеткаро дар дасти ҳеҷки намедод, то дидбонгоҳ худаш бардошта меомад
Ҳамон вақтҳое ки Раҳмон сардори дидбонгох буд, он вақтҳо зану фарзандҳояш дар Зафаробод зиндагӣ мекарданд. Дузди тапа-тайёр буд. Лекин одами намозхон. Вақте корҳояш соз бошад ва дар дасташ пул омадан гирад, намозҳояшро мехонад. Аммо вақте камтар корҳояш суст бошад, арақ мехурад, намозҳояшро намехонад. Ин хислаташро сарбозҳо медонанд. Раҳмон аз Ховалинг аст. Аз рутбаи прапоршикӣ то лейтенанти калон расидагӣ. Донишгоҳи ҳарбиро нахондааст, аммо «таға» дошт. Раҳмон аз соли 2004 хато накунам то соли 2010 сардори дидбонгоҳи 8-и сарҳадӣ бо номи Боотағо буд. Ба гуфти одамони Душанбе перевод карданд. Ин агар хато накунам фамилияаш Мудинов аст. Шояд хато карда бошаму фамилияаш Мудинов набошад. Баъд аз дидбонгоҳи 8 маро перевод карданд ба тарафи Зафаробод, шаҳраки Меҳнатобод ба дидбонгоҳи рақами 2. Як соли мондагии хизмати аскариро дар назди капитан Тоҷиддин гузаронидам.

Ҳисор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Гачаки Ҳисор менависам. Ман мехоҳам барои номаи № 183 илова кунам. Ин бародари дар ҳукумат кор карда, ки аз Гачаки Ҳисор бароятон дар барномаи 183 навиштааст, ҳамаи гапҳояш рост аст, вале дар бораи мактаби байни деҳа чизе  нагуфтааст. Чаро?

Дар деҳаамон як мактаби нимколасохт буд, ки онро пеш аз солҳои 2000 ҷойи он ки соз кунанд ба 500доллар ба Расулов фурӯхтанд. Ин оила плитаҳои мактабро фурӯхт. То он вақте ки ҳукумат сохтанашро шуруъ кард дар соли 2010  натавонистанд кор кунанд. Барои онки ин мактаби куҳнаро фурӯхтагӣ буданд ва барои корро сар кардан бояд Расуловҳоро розӣ мекарданд. Баъдан мактаби куҳнаро  бо мактаби нав иваз карданд, ки дар маркази деҳа қарор дошт. Як сотих замини ин мактабро ба Ҷонибек фурухтанд, ҷои амбори ангиштро. 4 сотихашро ба муаллима Назарова Сурайё доданд. Боқимондаашро ҳамин Расуловҳо- Комил ва  Умед хона карданд. Ин ҳолатро бояд мегуфтед, ки дар 500 доллар соҳиби 40 — 50 сотик замин шуданд. Дар ҳоле, ки дар маркази деҳа як сотих замин 5000доллар меистад. Ҳоло бубинем, ки амният зур аст ё Ҷамол,  Гулбаҳор, Нуралӣ,  Баҳодур Ёрмаҳмад ё Расуловҳо. Ман аз номи халқи Гачак гуфтаниам, ки замини мардумро холӣ кунед.

Ногуфта намонад Расулов Ҷамолиддин, ки дар хариди бинои мактаб даст дорад, бо бародаронаш як сол пеш бо гумони одамфурӯшӣ дастгир шуд. Бародараш Иззат бо тахаллуси муломошеник дар адлия кор мекунад. Ва гап-гап аст ки бояд бародарашро дар авф барорад. Ҳоло чӣ шуд намедонам.

Қубодиён

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Қубодиён менависам. Дар бораи Абдураҳмон, вақтҳое ки дар Қубодиён буд ва дар бораи Лутфуллои гаишники Шаҳритуз менависам

Биёед аввал дар бораи Лутфулло гап занем. Ин ҳаромхур солҳои 1998 дар ноҳияи Шаҳритуз дар қисми ҳарбии Бобоҷон гуфтанӣ як командири ҳаромхури дигар, ки мардуми Шаҳритуз, Бешкент, ва Қубодиёнро ба дод оварда буд, хизмат мекард.
Баъди хизмат ба милисаи ноҳия ба кор даромад. Барои он ки дар онҷо язнааш Нуъмонов Раҳматулло началники милитсия буд, рутбааш полковник, инсони хуб буд, бо ҳама муомилаи хуб дошт. Пешаш мерафтӣ нағз қабул мекард.

Ин Лутфулло оҳиста ба ГАИ гузашт ва баъд сар кард ҳаромхуриро. Уро боз як ҳамраҳаш буд номаш Умед. Вайро ҳама Умеди сиёҳ мегуфтанд. Ягон 45 кг вазн дошт. Умеди сиёҳро шербачаҳои Қубодиён зада нимкуштааш карданд ва он қадар издеватсия карданд, ки беҳисоб. Ин Умеди сиёҳ ду нафари онҳоро ба муҳлати 5 солӣ шинонд. Вақте Лутфуллои ҳаромхур ба кор омад либоси пушиданӣ надошт. Якбора нодида диду сар кард ва ҳамин хел то ҳозир мардумро ғорат карда гаштааст.
Мегуянд, ки дар милиция 25 сол кор кунӣ ба нафақа мебароӣ. Инҳо қариб, ки 30 сол шуд дар милисаанд, аммо нафақа намераванд, ё инки сини нафақа ба инҳо дахл надорад?

Акнун меравем ба Қубодиён.  Дар вақти Союз як бародари Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар банки ноҳия кор мекард.
Ин бародари Абдураҳмон, ки вай ҳам фамилияаш Бузмаков буд барои ҳама намуд сейфҳои оҳанин калид мекард, сейфи бе калидро мекушод. Худи Абдураҳмон дар мактаби рақами 1ноҳия мехонд. Мактабро хатм кард, баъд ба фирмаи акаи Фозил Насимов ба кор даромад ба ҳайси нармировшик. Дар он вақт бародари акаи Фозил дар ноҳияи Шаҳритуз прокурор буд, номаш Фаррух Насимов- хело одами босаводу ба маънӣ буд. Ҳозир дар қайди ҳайёт нест. Ин Насимовҳо ҳамаашон хондагӣ. Дар оила 5 нафаранд, ки ҳамаашон маълумоти олӣ доранд.

Генерал ҳаминҷо кор карда мегашт. Як ҷавони спокойнии бо ҳама хушмуомила буд. Акаи Фозил генералро ба мактаби МВД дохил кард. Мактабро хатм кард ва ба ноҳия ба кор омад. Агар хато накунам соли 1995 буд. Уро помошники уголовного розыска монданд ва аллакай дар соли 1996 начальник уголовного розыск шуд.
Соли 96 бачаҳои Қубодиён муқобили бачаҳои марказ митеж карданд. Дар як шаб отдели милисаи ноҳияро бо постҳояш гирифтанд. Ҳамаро заложник гирифтанд. Онҷо генерал ҳам буд. Акаи Фозил он вақт дар хонааш қариб 50 нафар армияи худашро дошт. Миёндаро шуда генералро то ноҳияи Ҷилликул бурда гурезондан ва генерал рафт халос шуда буд.
Бародарони қубодиёнӣ бачаҳои ғаюр буданд. Ҳоло ҳам ғаюранд. Дар он вақт командир бо номи Бахтиер бо Маҳмуд Худойбердиев якҷоя шуда миёни бачаҳоро шикаст, вагарна Қубодиён шермардони бо нангу номус бисёр дошт ва дорад.
Бародар Муҳаммадиқбол, ман бо шумо ҳамкорӣ доштам ва ҳоло ҳам дорам. Дар номаҳои оянда мушаххас кунам дар бораи ҳоҷӣ Равшан менависам, ҳоҷӣ Равшан бародари Шоҳзамон, командири Фронти халқӣ. Дар бораи инҳо ман навишта будам. Боз бо фактҳои нав ва ногуфта менависам.
Исфара

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Найман ду нома фиристода будам, ки худоро шукр ҳардуяш ҳам барнома шуд. Инҳо он қадар пул ҷамъ карданд, аммо боз камӣ кардааст. Ҳоло бошад аз бизнесменҳо ва аз халқ боз пул мегузарад. Дар гурӯҳи Найман партофтан, ки ҳар хоҷагӣ 300 сомонӣ ҷамъ кунад. Чи магар ин мардум заводи пул дорад чи? Ё ба мисли Раҳмонов гови пул мезойидагӣ дорад? Ин мухоҷир обедашро эконом карда ба фарзандаш дорую таблетка мехарад. Барои хонаашро гарм кардан ангишт надорад. Аммо ин чоплуси Аҳмадов Сарвар боз пул мегуяд ва боз аз призивникҳо пул меситонад. Ҳар як призивник ба маблағи аз 3 ҳазор сар мешавад. То 15 ҳазор ҷамъ доранд, ки мо аз дигар район салдат мехарем гуфта гирифта истодаанд. Нашавад дар Найман як  заводи пул мекушоем ва аз ҳамон ба чопикҳои Раҳмонов медиҳем. Халқ ба ҳамин нимча муллоҳо бовар карда пул мепартояд. Яке аз ин нимчамуллоҳо қорӣ Ином.  Дар видео ҳаст дар группаи Найман. Ба ҷои насиҳат гап фақат аз садақа мепурсад, муред садақа наталбида.

Эй, халқи Тоҷикистон ва асосан ба Найманиҳо! Шумо худатонро худатон аз дасти ин хел навкару чоплусҳои Раҳмонов халос накунед ҳолатон ҳамин хел мемонад, ҳар рӯз пул мегирад ва масҷидатонро то рузи қиёмат намекушояд ва то рӯзи қиёмат пул ҷамъ мекунанд.

Бубинед, ки дар группаи Найман чи навиштаанд:

«Найманиҳои азиз, бародарон салом. Ин отчёти пурраи асфалт. Ин саҳар дар намози бомдод маслиҳат карда ба ҳама фаҳмондем, ҳама тасдиқ карданд. Одамҳои пул додагиро ҷудо кардем, одамҳои пул надодагиро пагоҳ списка мекунем. Ба ҳар як сари хоҷагӣ 300 сомонӣ қарор кардем. Худо хоҳад қарзи мондагиро аз одамҳои пул надода ҷамъ мекунем. Бародарҳо ба дастгириатон раҳмат. Худованд кушоиши корҳоятонро диҳад. Дар паноҳи Худо бошед.»

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №195 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №194
Дар ҳоле, ки чоплусону косалесон ва хушомадгуёну тамаллуқкорон аз Рустами Эмомалӣ як роҳбари корсозу муваффақ сохтаниву тарошиданӣ мешаванд, вале воқеият чизи комилан баръаксро нишон медиҳад.

Хабарҳое, ки ба мо мерасанд, ҳикоят аз он мекунанд, ки Душанбе на танҳо аз неруи барқ танқисӣ кашида истодаасту аз лулаҳои оби он дигарбора лою гил мерезад, ҳамчунин аз буи бади партовгоҳҳои он ки ҳафтаҳо ғундоштаву тоза карда намешавад, сокинони пойтахт ба ҷон расидаанд. Инҷо номаи як нафар аз мухлисони «Ислоҳ»-ро аз Волгоград ба мо ирсол намудааст, ҷой додем, то гуфтаи мо собит шуда бошад.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Баъд аз онки номаҳои пешинаи маро нашр намудед, ман дигар ҳама нашрияҳои Душанберо, ки дар шабакаи ҷаҳонӣ сафҳа доранд, мурур мекунам. Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки  дар шаҳри Душанбе Рустам, ҳеҷ коре карда натавониста истодааст. Новобаста аз таърифу ситоишҳои ноҷову номуносиб ҳатто нашрияи ҳукумати Тоҷикистон ноилоҷ мондааст, ки масъалаи «буй»-и Душанберо матраҳ кунад ва СССР, ки он ҳам як газетаи «придворний» асту ҳамвора аз Рустам ва корномаҳои вай лофу газоф мезанад, зиндагӣ дар пойтахти даврони Рустамро зиндагӣ дар Африқо номидааст. Барои онки шумо мутмаин бошед, ду матлабро, ки аввалиаш аз «Ҷумҳурият» ва дуввумиаш аз СССР ва ба қалами С.Достиев тааллуқ дорад, айнан  пешкашатон менамоем ва аз шумо бародар Муҳаммадиқбол хоҳиш мекунам, ки айнан чоп намоед:

«Фарҳанги шаҳрнишинӣ. Аз ҳоли табоҳи партовгоҳҳо»

05 ноябр 2024, Сешанбе

« Душанбе имрӯз ба туфайли раиси ободкораш куллан дигаргун шудаву ҳар гӯшаи он зеби тамошост. Ман, ки сокини шаҳрам, навгониҳои рӯзафзуни он чашмам мебарад, чи ҳоҷат ба онҳое, ки даҳ-понздаҳ сол шаҳрро надида якбора бинанд. Эътироф бояд кард, ки имрӯз Душанбе макони писандидаи на танҳо мо – тоҷикон, балки меҳмонони берунӣ низ ҳаст. Вале бо вуҷуди ҳама пешравиҳо, мутаассифона, баъзан, бо айби шаҳрвандон ва гоҳе бо бемасъулиятии ниҳоде, камбудиҳои кӯчаке чун доғ намудор гаштаву ҳусни шаҳрро коста мегардонанд.
Сухан аз партовгоҳҳо ва вазъи ногувори онҳо меравад, ки солҳост мегӯему ҳеҷ ҳалли худро намеёбад. Аз кор ба хона меравам. Ногаҳон бӯйи ғализе ба машом мерасад. Мебинам, ки аксар вақт қуттиҳои партов пур, чанд тӯдаи калони дигар дар замин…
Кӯдакамро ба боғча мебарам. Дар роҳ партов, боз бо ҳамон шакли боло. Ӯро ба кӯдакистон монда, сад-дусад қадам дуртар меравам, ин бор қуттиҳо холиву партов дар замин паҳну парешон, бӯи ғализаш нафасгир… Аҷибаш, ин ки акнун одати наве ҷорӣ шуда, партовро алоб мемонанд, месӯзонанд, дар дохили шаҳр, ки садҳо нафар хоҳу нохоҳ ин дуди ғализро бояд нафас бикашанд. Ғайр аз ин, мавсими тирамоҳ, ки сар шуд, дарди наве рӯ мезанад: хазонсӯзонӣ. Ҷо-ҷо чи дар партовгоҳу чи саҳни биноҳо мардум хазонро дар медиҳад… Бовар дорам,  хонандаи гиромӣ, ки шумо низ борҳо чунин ҳолро дидаед.
Аҷиб аст, ки чаро идораи коммуналии шаҳр ин ҳолатро зери назорат намегирад? Аксари нуқтаҳои партов дар наздикии кӯдакистонҳоянд. Магар намеандешанд, ки дар сурати сари вақт тоза нашудан, бӯйи партов ба саломатии кӯдакон зарар хоҳад расонд? Ҳоло ҳоҷат ба ҳоли зори калонсолону нафарони бемор нест.
Мо – шаҳрвандон, одат кардаем, ки гуноҳро ба сари сохтори марбута бор кунему ба ҳамин ҷони худро халос. Вале бемасъулиятии худамон пушти парда мемонад. Аксар вақт партов, ки овардем, ду-се кадами дигар монда даруни қуттӣ андохтани он магар мушкилӣ мекунад, ки сари роҳ мепартоему меравем. Ҳарчанд ҳамон роҳ гузаргоҳи худи мову атрофиёни мост.
Мушкили дигар сари вақт тоза нашудани партовгоҳҳост. Чаро шаҳрвандон ҳам маблағи партовро пардохт намоянду ҳам бӯйи ғализи онро нафас гиранд? Кӣ бояд пеши роҳи алоб дар партовгоҳҳоро гирад, ки акнун ба ҳукми анъана даромаданист? Имсол бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ чанд партовгоҳи атрофи кӯдакистонҳо, ки ҳоли ташвишовар доштанд, тоза карда шуданд. Дигар партовгоҳҳоро кӣ бояд назорат кунад? Агар партов бо ҷурми шаҳрвандон берун аз қуттист, чаро идораи сохторҳои дахлдор бо насби камераи назоратӣ чанд нафари онро ҷарима намекунад, то ба дигарон дарс шаваду одоби шаҳрнишиниро риоя кунанд? Масъулонро мебояд сари ин саволҳо андеша кунанд ва дар амал пайрави иқдомҳои созандаи раиси муҳтарами шаҳр бошанд, зеро шоҳидем, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти кишвар, ки оинаи Тоҷикистон аст, тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд. Дар истифодаи мизоҷон қарор додани  мошинҳои барқӣ маҳз ба хотири ҳифзи тозагии ҳавост. Дарахтшинониву кабудизоркунӣ аз ташаббусҳои дигареанд, ки Душанберо ба шаҳри сабз табдил додаанд.
Дар радифи он қадар корҳое, ки анҷом меёбанд, ислоҳи ин камбудӣ имконпазир аст, агар масъулият бошад.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,«Ҷумҳурият»

«Мо дар Африқо зиндагонӣ намекунем!!!

06.11.2024

Муҳтарам раис! Инак ҳафтаи 3-ум аст, ки бе эълони маҳдудияти барқ ва ҷоришавии лимит дар пойтахти кишвари азизамон, ш. Душанбе, идораи зертобеи Шумо ба аҳолии мавзеъи мавсум ба маҳаллаи Балх, собиқ деҳоти Арбобхотун, ки банда дар он ҷо ба сар мебарам, рӯзона куллан барқ намедиҳад!

Барқи ин мавзеъ аз соати 10 қатъ гашта, то соати 16 бебарқӣ давом мекунад. Ва агар Шумо фикр доред, бо ин коратон «барқ сарфа мекунед», нуқтаи назари комилан хатост ва ба масъули барқи пойтахти 1 кишвар зебанда нест. Зеро ин ҷо пойтахти Тоҷикистон асту дар ин мавзеъ ҳазорон нафар зану кӯдак, пиру барҷомонда, касалманду нафақагир ба сар мебаранд. Кори маҳаллаи мо ба ҳаддест, ки модарон ба кӯдакон ғизои гарм омода карда наметавонанд. Пирону барҷомондагон дар торикӣ ва сардӣ ба сар мебаранд. Ва агар кор дар ин мавсим чунин аст, вой бар ҳоли мардум, ки дар замистону баҳор ба чӣ мушкиле хоҳанд печид.

Аз сӯи дигар ин маҳалла соли 3-ум аст, ки ба ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ворид шудаст. Дигар ин ҷо ноҳияи дурдасти Рӯдакӣ ё Ҳисор нест, ки бояд лимити шадиди барқ ҷорӣ карда мешуд! Ин мардум, бар умеде буданд, ки баробари мутеъи н. Сино гаштан, аз азияти бебарқӣ ва лимит раҳо мегарданд. Аммо кор баръакс шуд. Мардуми маҳалла пушаймонанд, ки ба ноҳияи Сино ва Шабакаҳои барқи ш. Душанбе гузаштаанд. Ё корро уҳда кунед, муҳтарам раиси Барқи Тоҷики ш. Душанбе, ё моро бозпас ба шабакаҳои барқи н. Рӯдакӣ гузаронед. Зеро масъулини барқи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳар ҳол боинсофтар буданд.

Дар бораи ҷузъиёти ин бебарқӣ дар шумораҳои баъдӣ муфассалтар хоҳем навишт. Мо Метавонем!

С. Достиев,
ш. Душанбе, н. Сино, Арбобхотун,

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Регар бароятон менависам. Яъне аз ноҳияи Турсунзода ва дар бораи раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам гуфтаниам. Парвиз дар ноҳия худаш ҳам президент ҳасту ҳам сарвазир. Аз сокинони қишлоқи Ленин барои асфалти роҳ аз 450 сомонӣ то 1200 сомонӣ гирифт. Барои вай фарқ надорад, ки он нафар бой аст ё камбағал. Ин кор-сумҷамъовариро пеш аз омадани Раҳмонов карданд. Дар масъалаи домсозҳо чи бигуям. Инҳо микрорайонҳоро расво карда истодаанд. Парвиз ба онҳо ҳама заминҳои Регарро фурӯхта истодааст. Бисёр ҷиноят карда истодааст. Дар микрорайони якум гаражҳои зиёде барои мошинҳо мавҷуд буданд. Қариб 1000 мошин ҷой мегирифт. Ҳамаи онҳоро фурӯхт. Аз соҳиби гаражҳо тамоман напурсид. Сокинон то Суди олӣ навиштанд, аммо бефоида. Чунки Парвиз суми калон бурда додааст. Парвиз аз домсозҳо барои қарор 60-70 ҳазор доллар пора мегирад. Ҳозир кораш фақат заминфурушӣ барои сохтмони дом. Халқи Регар сахт норозӣ аст. Парвиз барои худаш дар пушти сафорати Амрико дар Душанбе як ҳавлии сеошёна харидааст, ки дорои таҳхона ва замини васеъ аст. Вай ин хонаро ба 2 миллион доллар харидааст. Ана пули халқи Регар ва домсозҳо ба куҷо сарф карда шудааст. Ман ҳайронам, ки ин мақомот прокуратура, амният, милиса куҷоро нигоҳ мекарда бошанд? Ягон нафари бовиҷдон доред? Ҳамаи роҳбарони ин мақомот аз Парвиз пул мегиранд, барои ҳамин муттаҳаманд, ва чизе намегуянду чашм мепушанд.

Ҳозир боз дар Регар гап баромадагӣ, ки Акрамзода Парвиз бо кадоме аз духтарҳои Раҳмонов қудо шудагӣ аст. Парвиз ту кай сер мешавӣ? Аз Аллоҳ битарс. Ягон рӯз Раҳмонов туро  аз кор мегирад. Он вақт мебинӣ, ки халқи Регар туро чи кор мекунад.

Ҷамшед архитектори калони Регар якҷо бо Парвиз Акрамзода заминҳоро ба домсозҳо фурӯхта истодаанд. Ҷамшед хуб гуш кун! Вақту соаташ, ки мебиёяд туро виноват эълон мекунад. Ту архитектори Регар ҳастӣ. Лекин ба ҷиноятҳои Акрамзода Парвиз қуш шудаӣ. Ҳама заминҳои обиву лалмиро яксара фурӯхта истодаӣ ба домсозҳо ва дуои бади халқи Регарро гирифта истодаӣ. Инро бидон, ки вақташ меояд Акрамзода Парвиз ҳамаи ҷиноятҳои кардаашро ба калаи ту мезанад. Бас кун, ва аз рӯйи қонун кор кун. Ҳамин хел гап бародар Муҳаммадиқбол. Тамоми ҳарфҳои навиштаам ҳақиқат аст. Чунки ин инсон дар ҳамин литсей кор мекунад. Бахшиш, ки агар хато навишта бошам. Чунки ман узбекзабонам. Аммо аз шумо хоҳиш ва илтимос мекунам, ки навиштаи маро нашр кунед. Ҳаракат карда навиштам. Бигзор халқи Регар ва тамоми халқи Тоҷикистон фаҳмад ин ҷиноятҳои Акрамзода Парвизро..

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Ҷаҳонзеби Конибодом ин номаро роҳиатон кардам. Ман аз қонуншикании як корманди Рамазон Раҳимзодаи мулаққаб бо Ҷеки Чан, ки дар деҳаи Ҷаҳонзеб ноҳияи Конибодом санаи 4 ноябр ба вуқӯъ пайвастааст менависам.
Баъд аз нисфирузӣ корманди БДА дар роҳ як мардро дошта хеле ғам дода угрожаташ мекунад барои ситонидани маблағ ва ин боиси марги он марди солхурда мешавад. Он мард касали қанд дошта будааст ва ин амали корманди Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан боиси ин фоҷиа шуд. Охир инҷо зиёда аз даҳ камераи назорати мондагианд. Аммо ин гургони дупои фурашкабарсар, кормандони БДА ва милиса фақат бадбахтӣ ба мардум меоваранд. То ҳоло иллат ва омилҳои кушторҳои занҷираӣ, ки дар Кониболом имсол руй дод, ошкор ва дастгир нашудаанд. Ранги мошини он гаишник сафед ва тамғааш Мерседес аст. Ман ба он одами аз ҷабри ин гаишник мурдагӣ ягон авлоду хешу табор нестам, танҳо як ҳамдиёри бетарафам. Мо бачаҳои Конибодом чор моҳи ахир ба шумо нома нанавиштем. Вале Раҳмонови номарди  аҳдшикан боз ҳамин фурашкадорҳояшро ба суроғи мо равон кард.
Дар ҳоле, ки Шоҳрух Саидзода инҷо 10 камера мондагӣ аст. Ва радиои Озодӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ онҳоро нишон дода буд. Саволи мо ин аст ки акнун, ки даҳ камера аз пули бюҷети мамлакат, яъне мардум барои назорати роҳ мондаед, боз ин гаишникҳо дар инҷо чи кор мекунанд? Наход Рамазон Раҳимзода то ҳамин дараҷа аз маоши ГАИшникҳо доля мегирифта бошад, ки онҳо худро ба обу оташ зада дар зери назари камераҳо ҳам аз ронандаҳо пул меситонанд? Ногуфта намонад, ки деҳаи мо ҳамсояи ҳамон деҳаи Санҷидзор аст.
Ин ҳодисаи нохуш аввалин рӯзи кории он гаишник ба амал омадааст. Баъди марги мард деҳа пур аз амниятиҳо шуд. Вале корманди Рамазон Раҳимзода дар назди ягон қонун ҷавоб нагуфтааст.
Акбар Шарифӣ, сухангуи РВКД дар вилояти Суғд дар барномаи телевизиониаш  аз ин ҳодиса чизе намегуяд. Мо ба ҷуз аз «Ислоҳ» дар дигар ҷое гуфтаву навишта наметавонем.
Мо мардум мехоҳем, ки ин корманди БДА, ки ба Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан итоат мекунад, тибқи қонун ва конститутсияи Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Баъд аз ин амали номардонаи Раҳмонови аҳдшикан ва мақомоти дар коррупсия ғутидаи вай мо бачаҳои Конибодом бештар ба шумо нома менависем.

Москва

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Номаи шикояти ман ба Раҳмонови касиф аст. Охир рӯз ба рӯз ҳоли мо муҳоҷирони корӣ дар Русия бад шуда истодааст. Ҳоламонро аз саг ҳам бадтар карда истодаанд. Мо тоҷикҳо бо ин ҳам дар Русия қадр надоштем, аммо ҳозир аз саг ҳам беқадртар шудем. Худаш чи гап?

Охир мо соҳиб дорем ё не? Худованд хору залил кунад ин Раҳмонови палидро. Миллатро ин қадар хору залил кард. Ҳозир 120 ҳазор муҳоҷири тоҷикро дар «чёрний» гирифтагианд. Маълум нест, ки тақдири онҳо чи мешавад?

Ҳозир пулисҳо хона ба хона гашта истодаанд. Одамҳои бедокументро бурда маҳкам карда истодаанд. Намедонем мо чикор кунем, ба кӣ шикоят кунем?

Охир дар давраи босмачиҳо ҳам ин русҳо аз мо истифода карданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мо тоҷикҳо ёрдам кардем ба русҳо, фашистҳоро ғолиб омаданд. Лекин як бор намегуянд ба тоҷикҳо раҳмат, ки ба мо кумак карданду дар ҷанг ғолиб баромадем. Мо ба инҳо якҷо шуда наметавонистем. То ҳозира мо тоҷикҳоро истифода бурда истодаанд.

Агар Раҳмонов бо инҳо «туғрӣ» нагирад, мо «туғрӣ» намегирем. Эй Раҳмонови аблаҳ, намебинӣ, ки ин қадар миллат азоб кашида истодааст. Номусу виҷдон дорӣ ё не? Ту бадбахт чи хел мемирӣ? Яке аз орзуҳои ман дидани мурдани ту аст. 10 миллион милдати тоҷик аз афти хунуки ту безоранд. Барои миллат як бор ягон кори хуб кун охир! Италия рафтӣ чи шуд? Путини хуҷаинат иҷозатат надод, ки рафту омад дошта бошӣ бо Италия? Ранги занҳо гилаву ҷингила кардӣ. Аммо ба гапат намекунад Путин.

Медонам, ки «Номаҳо…» -ро тамошо мекунӣ, фишорат боло мешавад. Аммо мо хуб медонем, ки ту беномус ҳастӣ, беор ҳастӣ, мезанӣ арақрову ҳамаро меолоиву хоб меравӣ. Фикр накун, ки русҳо моро беэҳтиромӣ мекунанд. Балки инҷо туро эҳтиром намекунанд. Мо, барои русҳо мисли ғулому каниз кор мекунем, аз мо онҳо ягон бадӣ надидаанд. Инки мо муҳоҷиронро азобу азият мекунанд, ин туро азобу азият мекунанд. Ту бояд инро дарк кунӣ! Журналистҳои Русия ҳатто номатро дуруст намедонанд.

Мо дар як магазин кор мекардем. Ному фамилияамон дар бейҷик навиштагӣ буд. Ҳар одаме меомад, медид моро, ҳатман мехонд, бейҷикамонро ва вақте мефаҳмид тоҷикем ҳақоратамон мекарду мерафт. Ман бо онҳо ҷанг мекардам. Ҳарчанд директор мегуфт, ки ту дар Русия зиндагӣ дорӣ, ҳамроҳашон ҷанг накун:

«мегуфтам дар Русия кор дорам, аммо ин маънии онро надорад, ки бо ман мисли ғулом рафтор кунанд».

Як зани пир омаду гуфт, ки ту тоҷик будӣ, ман дидам туро, фикр кардам рус ҳастӣ, чунки ман зардинаам ва бо русҳо монанди дорам. Худам ҳам аҳамият намедодам, тоза фаҳмидам. Ин пиразани густох ба ман гуфт, ки дар ин ҷо ягон рус кор намекунад. Ман гуфтам не, ҳама тоҷиканд. Пиразан сари қаҳр гуфт «мурдиян русҳо, ки ин магазини калон ба дасти шумо чуркаҳо ғалтидааст». Инро гуфту рафт. Баъдан ман «файродш кардм, марам қаҳрам омад. Ба тоҷикӣ ва ба русӣ ҳақоратш кардм. Пиразани аблаҳ фаҳмид ҳақоратома. Пешм омад гуфт чи ба ҳақорат мекнӣ? Гуфтм ту чи ба ҳақорат кардӣ, мора? Шумо Русҳо наёе кор накунед, баъд мо гунаҳгорем, ки омада кор дорем ва дар хидмати шумо ҳастем? ».

Ман ба ин пиразани рус гуфтам:  «бирав шавҳартаи, бачатай, домодтай, касе набоша биёрш да ҷой ма кор куна ман ҳозир кора бас мекунам мерам ватанам. Лекин шумо кор намекнед дар он корҳое мо Тоҷикҳо кор мекунем. Пиваву арақа мезаневу ранги Раҳмонов рақс мекунед. Шумо агар ба Раҳмонов туғрӣ бигирен мо ба шумо туғрӣ намегирем»

Як ҳамкори рус доштем мегуфт: «Президенти шумо дар ҳақиқат шуморо дар капека ҳисоб намекардай. Иқа рейдҳо, ин қадар азоб, мо дар ҷои шумо мардум мебудем, Раҳмоновро дар кунш антен мезадем. Гуфт,ки президенти шумо на самом деле сучка будаст. Ман аввал тоҷикора шум медидм барои онки дар ТВ ва интернетҳо ҳарчи мегуфтанд шуморо. Аз рӯзе ҳамин магазин кор омадум, насам деле фаҳмидм шумо тоҷико великий народ будаед, добрий буден, кор мекнед, аз Тоҷикистон барои кор меоед оилаҳотона таъмин мекнен. Маладиёжои мо на падарошона нигоҳ мекнанд на модарошона».

Э, мардум барои ҳамин ин қадар хомӯш наистед. Раҳмонови алайҳи лаънатро то аз қудрат дур накунем,мо ҳеҷ маҳал соҳиби обру намешавем, на дар дохил ва на дар хориҷи кишварамон ва ҳамеша дар азобем. Нест бод Раҳмонов. Нест бод диктатор!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №194 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №183
Ҳукумати Раҳмонов ба ҳадде дилгиркунанда аст, ки инсонҳои боимону боинсоф дар он кор кардан намехоҳанд. Ҳоло даҳҳо ҷойҳои холии кор дар мақомоти маҳалли шаҳру навоҳии кишварро дар расонаҳо эълон мекунанд, аммо касе ҳозир намешавад барои кор кардан дар он ҷойҳои холии корӣ.

Мегуянд, ки барои камии маош мардум намехоҳад, ки онҷо кор кунад. Аз ҳаминҷо аст, ки ҳатто дар вазифаҳои масъуле, мисли раиси ҷамоат, котиби ҷамоат ё дигар вазифаҳои давлатӣ ҳатто нафарҳое кор мекунанд, ки масту пиёнанд. Чуноне муаллиф аз Ёвон менависад, на фақат раиси деҳа муовинаш ҳам ҳамеша пиён мегардад.

Ёвон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки ҳамин номаи моро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед ва зудтар нашр кунед. Мо аз деҳаи Пахтакори Ёвон ҳастем. Мехоҳем аз дуздиҳои раиси қишлоқ ва муовинаш гап занем.Раиси қишлоқ Қурбонов Бобоназар ва муовинаш Ҷурақул мебошад. Инҳо ҳар вақти мавсими облава мардумро ба дод меовранд. Норма ва ё план буд мешавад, аммо ин ду нафар боз аз боқии бачаҳои синни хизмат аз  3000 то 5000 сомонӣ гирифта дар кисаи худ мезананд. Қурбонов Бобоназар бисёр инсони муғамбир ва ҳушёр аст. Муовинаш Ҷурақулро фармон медиҳад, ки ту корҳоро пеш бар «усунаш дар калаи ман, аз ҳамин мардуми қишлоқ чи тавре ки хоҳӣ ба ҳар баҳона пул гир. Ман усунша ҳал мекунам».

Ба худо қасам ҳамин раиси қишлоқ Қурбонов Бобоназар ду рӯз баъд се рӯз баъд маст аст. Бо ин ҳолу аҳвол чи гуна қишлоқро идора мекунад? Қурбонов Бобоназар бачаи амаки Қурбонов Бахтиёр аст, раиси идораи ЗАГС-и Ёвон пештар дар Қубодиён кор мекард. Дар бораи ин одам дар «Ислоҳ» ду-се бор барнома карда будед. Қурбонов Бахтиёр ҷиянашро гуфтааст: «худмон дар сари қил хастем. Чи хеле ки ҳаст корро хапу дам баред. Яъне манзураш дуздиву ришвахориашон аст, ки мардум нафаҳмад».

Ин амнияту милисаву прокурори Ёвон куҷоро нигоҳ мекарда бошанд, ки ҳамин хел одами масту алкашу дуздҳоро раис мемонанд?

Ҳисор

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нома дорам аз Гачаки шаҳри Ҳисор. Номаи ман ба амниятиҳо. Эй амниятиҳо, шумо барои ду сум пули бойҳо мардуми камбағалро зулм накунед ва азоб надиҳед. Шумо ҳам одам ҳастед ва аз инсон таваллуд шудаед. Ман сину солам аз 45 боло аст ва ман дар ҳукумат кор кардаам ва медонам чи қадар зулму ситам ва дуздиву ғоратгарӣ ва ҳаромхурӣ мекунед. Шумо агарки дар пайи амнияти тоҷикон ҳастед чаро мактаби мардуми Гачакро фурӯхтед?. Ин ки ҷиноят аст. Як шахс мактабро гирифту хона кард ва мардуми Гачак бесинфхона монданд. Вале шумо КГБ хап ҳастед. Барои онки шумо худатон хоин ҳастед ва мефурӯшед ватанро. Ёров Ҷамол мактабро гирифт, Нуралӣ шипангро, Ёрмаҳмад ҷои скважниро, Мумин шипангро, Гулбаҳор ҷои духтурхонаро гирифт ва шумо, ки пул гирифтеду муттаҳамед ва инҳоро чизе гуфта наметавонед. Барои онки шумо  аз одамҳои пулдор метарсед. Инҳо шуморо муттаҳам кардагианд.

Дар Гачак пули куҳнаро канда пули нав сохта истодаанд. Ман ҳар рӯз дар пеши ин пул ҳастам ва мебинам, ки чихел дуздӣ мекунад ва оҳанҳои куҳнаашро фурӯхтанд. Боз ҳамин Ҷамоли дузд дар инҷо дуздӣ кард. Агар кори бунёди ин пул як моҳ тул мекашида бошад,ин Ҷамоли дузд 3 моҳи дигар боз медавонад, то боз бисёртар пул ҷамъ шавад ва боз ягон замини мактабро харад барои дигар додараш.

Чи қадар пул ҷамъ шуда бошад, пулҳо куҷо шуда бошад, ҳеҷ кас намедонад.

Лекин ман ҳамаашро медонам ва ҳар рӯз ман бо Ҷамолу Илҳом, раиси маҳаллаи Гачак ҳастам ва аз ҳама дуздиҳои онҳо бохабарам. Бовар кунед, рӯзе мерасад, ки ин ҳукумати пешво ба охир мерасад ва ман зинда бошам, сину солам, ки аз 45 болост, агар намурам шумо хоинҳо ва дуздҳоро ҳатман ба ҳукумати оянда муаррифӣ хоҳам кард. Шумо Маҳмадраҳимро девона мегуед. Лекин ин кас шахсро ман хуб мешиносам дар Гачак ва ӯ воқеан  буз аст. Бузи амният аст. Кӣ туй ва кӣ мурда дорад аввл ҳамин Маҳмадраҳим бохабар мешавад. Дар КГБ связҳояш зӯр аст ва худаш ҳам инро инкор намекунад.

Дар Гачак ҳамин як одами ҳушёр аст. Шумо хато мекунед, ки ин ҷӯраи маро девона мегуед. Ин одам аз ҳамаи дуздҳои Ҷамол Ёров бохабар аст ва агар шумо амниятиҳо мард бошед гиред  мактабу шипангро аз дасти Ҷамол ва Нуралӣ. Он вақт маълум мешавад, ки шумо мардед ва барои амнияти тоҷикон кор мекунед, на ин ки бар зарари миллати Тоҷик.

Ман мехоҳам, ки мактаб, шипанг ва беморхонаи Гачак ба мардуми Гачак бар гардонида шавад. На ин ки як бригадири колхоз мактаби мардуми Гачакро гираду хона созад барои худаш. Агар ман хоин бошам, назди Аллоҳ ҷавоб медиҳам ва мардуми Гачак дида истодаанд, ки дуздҳо киҳоянд. Ман Худо мегуям,ки ҳақ ба ҳақдор расад ва КГБ –и Ҳисор ҳам мусалмон шаванду дар ғами миллати Тоҷик бошанд. Дар назди Аллоҳ ман ҳам якам шумо ҳам. Пулу моли дунёро ба қабристон намебаред. Нафси хукатонро нигоҳ доред ва аз Аллоҳ тарсед. Устод Лоиқ шеъре дорад:-«Баҳона чист? Номи халқ», аммо ҳозир наоборот «Баҳона чист? Номи камбағал». Барои онки пулдор сум медиҳад, одамро зада мекушад, лекин аз пулдор амният муттаҳам чун аз ӯ пул гирифтааст ва ҳарчи он одамкуш гуяд ҳамонро мекунад. Барои ҳамин зурашон дар камбағалон мерасад.

Пули Гачаки Ҳисор баҳор сел бурд. Як соҳибкорро аз Русия маҷбур крада истодаанд, муҳоҷирони меҳнатиро маҷбур карда истоданд, ки сум диҳанд, ба баҳонаи «ободонӣ». Боз маҷбур карда истодаанд, ки барои асфалти роҳ пул диҳем.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Рости ман чандин сол мешавад, ки сайти шуморо мутолиа мекунам. Шумо дар воқеъ ҳақиқатҳоеро менависеду чоп менамоед, ки дар Тоҷикистон дигар расона ҷуръат ва тавони гуфтани онро надорад. Навиштаҳои ахири шуморо дар бораи Раҳмонов хондам.

Ман чи гуфтан мехозам. Ончи аз рӯзгори пешинаи Раҳмонов дар матлаби ахиратон чоп намудед саддарсад рост аст.

Чанд рӯзи пеш Раҳмонов бо Рустам ба Роғун рафтанд. Онҷо як дӯсти ман ҳаст, ки дар охранаи Раҳмонов кор мекунад. Ман ҳам солҳо дар Дастгоҳи иҷроия вақте Амиршо Миралиев-ҳамон қунғузи сиёҳ, ки мегуед кор кардаам. Ҳурматов ҳам онҷо буд.

Он нафари корманди баландмақом дар охранаи Раҳмонов гуфт, ки гуфтугуи раиси ГЭС-и Роғун Хайруллоро бо як инжинераш шунидааст, ки мегуфт… «ҳами лимит сар шава, ҷаноб давида Роғун меояд, ки дар телевизор нишон бтан, ки ана Роғуна сохтмонш ба қизиқ рафтестайю ками дигаш монд,свето баъд мешаванд ҳама вақт».

Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Инро мо барвақт мушоҳида намуда будем. Пеш аз светкушиҳо Раҳмон мерава ва дар тамоми каналҳои телевизиони таърифҳо мешавад, ки «Роғун, ки шава, ҳама проблемаи барқ ҳал меша».

Раҳмонов чандин сол аст, ки бо ҳамин Роғун дар гушҳои мардум лапша овезон мекунад. Қувваи барқи ҷумҳурӣ барои мардум мерасад. Аммо Раҳмонов онро мефурӯшад. Агар нафурӯшад тамоми мардум ва тамоми корхонаҳо аз барқ танқисӣ намекашанд.

Вале, ман дар бораи дигар масъала инҷо мехоҳам гап занам. Мутаассифона ҳам Амрико, ҳам Чин ва ҳам Русия ҳарсе ба таври худ бо ҳаракатҳои мазҳабӣ ва миллӣ назари нек надоранд. Ин се мамлакати бузург қувваҳои исломиро дӯсти худ намешуморанд,ҳамкорӣ ва робита намекунанд.

Аммо воқеият барои мардуми тоҷик ин аст ки на Амрико ва на Чин ҷойи Русияро  гирифта ва пур карда наметавонад.

Бархе аз онҳое, ки аз Тоҷикистон дар Русия ризқу рӯзӣ касб мекунанд, бовар кунед аз ҳамон тангии  чаҳор куҳи деҳа ва хафоли худ қадаме намондаанд ва ба ҳукми ҷомадонанд, ки рафиқонашон мебаранду меоваранд ва онҳо бо ҳамин вазъу ҳол мераванду пул меоваранд.

Онки мегуянд 1 миллион ё 400 000 тоҷик муҳоҷир аст нодуруст мегуянд. Бовар кунед аз 2увумин 3 миллион кам нестанд. Ҳар кас оморҳо ва эҳсоияи муҳоҷиронро аз хонаводаи худаш, аз хонаводаи ҳамсояаш аз ҳаммаҳҳалу ҳамгузараш қиёс кунад. Даҳ соли пеш аз хона чанд муҳоиҷр буд ҳоло  чанд шуд? Масалан ман аз як минтақае хонаи падариям онҷост. 200 хонавода,ки 2000 ба ҳисоби миёна агар бигирем. Боварам кунед 3 мардро дидам, дигар худатон хулоса кунед. Як мурда мешавад гуркан ва мурдашӯ ва ҷанозагари мард нест мефаҳмед?

Даъвати муҳоҷир барои баргаштан ба ватан хуб аст аст, аммо бар иваз чи дода метавонӣ? Амниияти тану ҷон? Кофӣ нест. Бовар кунед кофӣ нест. Вай нонковӣ, пулковӣ меравад. Вай хона хоҳару додар, зану фарзанд, бачаҳо падару модар мехуронад. Вай бояд туй кунад. Вай бояд мошин харад. Вай бояд маросими мотами волидонашро камтар аз ҳамсоя накунад. Хонаи беҳтар дошта бошад. Мошин харад. Фикр мекунед ҳамаи ин чизҳоро дар Тоҷикистон меёбад?

Вай бояд замин бихарад. Вай бояд участкаи наздиҳавлигӣ бихарад. Бо кадом пул? Дар ҳоле, ки онҳое Русия мераванд меоянду мехаранд. Барои вай ҷонаш муҳимтар аст ё дунёяш нест.

Шумо агар ҳазор бор даъват мекунед, ҷону дилатонро месузед, ки баргардед ҷанги Укроин мебарандатон фоида надорад. Чун бозгашт на танҳо соҳиби ончизе ки гуфтему ҳамсояаш дорад намешавад, балки гушна мемонад.  Намеёбад. Вай танашро ба тир медиҳад, танашро ба туфон мегузорад. Чун дигарҳо рафтанду доранд. Боз инки баъзе аз ин дигарҳо, ки дар қишлоқ на худаш ва на падараш касе набуд ҳоло миллионер болои садҳо ҳамқишлоқӣ раис аст.

Ҳоло баҳси онки Русия ҲНИТ-ро дар чи шароите мамнуъ ва террористӣ эълон кард, ҷудо аст. Вале, мухолифин, минҷумла ҲНИТ масъалаи ихроҷи пойгоҳи 201 аз кишварро ба ин шитобзадагӣ пеш наяндозад беҳтар аст. Ҳамин гуна мухолифат ва урусситезӣ дар солҳои 92 буд, ки Русия ба Сангак такя кард. Бидуни Русия идораи Тоҷикистон ғайриимкон аст. Агарчи Амрико ҳамсола кумакҳои худро афзоиш бидиҳад. Русия амалан хонаводаҳои тоҷикро хуронида истодааст. Ин 2-3 миллион нафар Русия ҷаҳонгардӣ нарафтаанд ва турист нестанд. Онҳо муздур ва ҳамол ва мардикоранд. Зери сақфу чатр ва пушти сипар ва ҷавшани Чин паноҳ бурдани Раҳмонов танҳо қарзу пул нест, кафолат аст кафолати амнияти қудрат ва ҳокимият. Раҳмонов фаҳмид дигар русҳо ба вай доданӣ нестанд.

Тоҷикистон ба масал як мавизе дар зери дандони аждаҳо аст. Аммо инҷо фавоид ва манофеи вофире барои Чин дорад. Маҳз ҳамин адами узвияти Тоҷикистон дар Евразес аст ки Чинро маҷзуб ва мафтунаш кардааст. Вале оппозитсион набояд робитааш бо Русияро хароб кунад.

Рашт

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Рашт ин номаро бароятон ирсол менамоям. Ман ба шумо акс ва наворҳоро ҳам видеоӣ ва ҳам голосавой фиристода будам. Аз маросими пешвозгирии асосгузори қатлу куштор, ин барзагови Эмомалӣ Раҳмонов. Рузҳои 11-12 дар навоҳии минтақаи Қаротегин аз ҷумла Рашт омада буд. Он марде, ки дар гусел кардани Эмомалӣ суханронӣ карда истодааст, аз қишлоқи Кадара, номаш ҳоҷӣ Сафарбек будааст. Ҳоҷӣ Сафарбек бисёр марди арақхур, майзада мебошад. Барои адои фаризаи ҳаҷ, зиёрати хонаи Худо рафтан ба маблағи 10 ҳазор доллар пора гирифта баъд адои фаризаро ба кала гирифтааст.

Аз тарафи  фарзандонаш, ки дар Қазоқистон, шаҳри Алмаато кору фаъолият  мекунанд, хело соҳибкори муваффақ  ҳам ҳастанд. Бо ин падари бе ору номусашон бо пораву ришва 3 маротиба хонаи Худо маҷбурӣ равонаш карданд.
Муаллими мактаб ҳолашро бинед. Дар гармӣ барои пешвози гарданбалонигазӣ, бадбахти хабиси аҳмақ чи қадар дар азоб аст. Оё инқадар меҳнату заҳмат, чанд ҳазор одам аз кору бораш, аз зиндагиашон монданд, сарсону саргардон, толибилмон аз дарсҳояшон монданд, муддати 3 моҳ  ҳоли мардуми Ғарм ҳамин хел бад шудабуд. Барои як чандсоата рафтани як мӯйсафеди пирбузбалаи аҳмақ.

Ин чи маъно  дорад? Ин пирбузбала инҷо суханронӣ кард, аммо ягон суханаш маънӣ надорад ва бо ягон гуфтааш то ба ҳол амал накардааст ва намекунад.

Барои мисол дар сулҳи 1997 хиёнат кард. Мансаби Вазири дифоъ бояд  аз тарафи  мухолифон, аз ҲНИТ  мешуд,номард, ғиромӣ кард надод, вазифаро ва ҳатто таҳдид кард,ҷанг мекунам ва намедиҳам ин вазифаро ва роҳбарияти ҲНИТ  фанд хурд. Ба гуфтаҳои ин номарди дузди шайтон бовар карданд ва ба  ин ҳад намедонистанд, ки хабис ин қадар номарду  аҳмақ аст. Ва ҳоло боз мардумро гипнозу гумроҳ карда истодааст ва инҳо ҳам дар наздаш саҷда доранд ва ба ҳоҷӣ Муҳиб  Бобоҷонови 85-сола, падари  Раҳими ғармӣ гуфтанӣ ҳастам «нангу ор ба ту барин мӯйсафед. Бо он сину солат дар пеши як беимони, Даҷҷол ба зону мезанӣ, мегуӣ, ҳар амру хизмати дигаре бошад, ман омода ҳастам мекунам. Ҳоло сабр кун, ҳоли фарзандрнатро аз аҳволи Зайд Саид бадтар мекунад. Ҳамон Саидмурод Давлатови суғдӣ ҳам ба мисли фарзандони ту соҳибкори  муваффақ  аст. Аммо мисли шумо дар назди як пир бузбалай аҳмақ ба зону намезанад, ба ин андозаи  шумо!»

Эй, мардуми бо нангу номуси Раштонзамин куҷо шуд нангу номуси  Фузайл Махсуми шумо? Куҷо шуд нангу номуси Нусратуллоҳи Махсуми шумо ва Алии бедакии Шумо. Ҳайрони  ҷавонмардиятон мешавам….афсус..

Панҷакент

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур барои нашри номаи ман дар барномаи «Нома»-ҳо. Ин нома ҳам дар мавриди ҳамон муовини прокурори шаҳри Панҷакент Ҳоҷиев Толиб аст. Ҳоҷиев Толиб то ба ҳол аз корҳои худ даст накашидааст ва боз ҳам ҳамон ҳаромхуриҳои худро давом медиҳад.

Мо як чанд вақт пештар дар як чойхона нишаста будем. Дар чойхона як ҷинояткор омада дар байни мо нишаст. Вай дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ва ҳар хел суханҳо мегуфт. Яке гуфт, ки ҳозир як даврае шудааст, ки ҳар гуноҳе мекунӣ бо пул ҳал мешавад, кори зидди қонунӣ мекунӣ иҷозат аст. Пулро ба Ҳоҷиев Толиб медиҳӣ, тамоми корҳоро ҳал мекунад. Он одаме, ки ҷиноят карда буд пулро ба Ҳоҷиев Толиб дода буд кораш ҳал шуд. Маблағи додааш 25ҳазор доллар мебошад. Ин ҳароме, ки пулро дода буд, ҳамдеҳаи худро лату кӯб карда дар ку..аш «бутулкая задагӣ ва акс ҳам гирифтагӣ».

Ин ҷабрдида, даъво мекунад. Ҷинояткорро фарёд мекунанду мегӯянд, ки 25 ҳазор доллар ба мо деҳ, яъне, ки Ҳоҷиев Толиб ва Ҷӯраев Ҷӯрабек корро мо худамон ҳал мекунем. Инҳо бо раҳбарии Сарвар ин корро анҷом ва делоро маҳкам мекунанд ва ҷинояткорро ҷавоб медиҳанд. Толиб мегӯяд, ки «то президента равад, ки ягонҷоята ғам набошад, бзан бхур бгард, ҳамаш дар дасти худам ягон кас ҳеҷ кор карда наметавонад».

Вақте ки ин ҷинояткор дар ҳолати мастӣ мошин меронд,мо гуфтем,ки ГАИ дорад проблема мешавад. Гуфт, ки зинда бошад Ҳоҷиев Толиб ҳамаи ГАИҳоро очаашонро…..

Аспи Ҳоҷиев Толиб бо номи Мерседес AMG аз аввали бузкашӣ кори ҳаромашро сар кард. Аспи худро бо номи Умед, ки як бузи прокуратура мебошад аз номи он баромад кард.

Ин прокурори бе савод Ҳоҷиев Толиб дар Хуҷанд аз пули халқи Панҷакент падараш дом месозад. Аз болои ин дуздҳо ягон назорат нест. Чи коре хоҳанд ҳамон мешавад. Ҳаққи ҳамин 3 нафар зиндон аст: якум Азимзода Сарвар, дуввум Ҷӯраев Ҷӯрабек, сеюм Ҳоҷиев Толиб. Дар вақти сари кор буданашон инҳо ба зиндагии мардуми Панҷакент бисёр зарарашонро расонданд. Шахсан Ҳоҷиев Толиб мегӯяд, ки ман дӯсти наздики Сомон мебошам ба ман ҳеч кас кордор шуда наметавонад

Аммо пас аз нашри мақолаи мо дар Номаҳои №176 дар мавриди прокурори Панҷакент ва муовини прокурори генералӣ бародар ин хабарро ҳам расонам, ки камтар бошад ҳам натиҷа шуда истодааст.

Боз як иловаи дигар. Мо алҳол дар шаҳри Панҷакент қарор дорем, аз муҳоҷирати меҳнатӣ, ки омадем дар бораи ин ҳаромхурҳо инқадар маълумотҳо фаҳмидем китоб нависедам, кам аст.

Сунати чӯпон дар қишлоқи  Абдусамад бо бародарҳояш фермаи колхозиро   истифода мебурданд. Он ферма ва он чорпоҳо ,ки дар ҳисоби давлат буд бо ёрдами ҳаромхурҳо якум Азимзода Сарвар, дуввум Ҳоҷиев Толиб ва Ҷӯраев Ҷӯрабек шахсӣ карда гирифтаанд. Ана акнун вай фермаро ба худ источники доход кардаанд. Рӯзҳои истироҳат мераванд  ферма ва шаробнӯшӣ, маишат, гӯсфандкушӣ карда дам мегиранд.

Дар ҳамин ҷо бо ҷинояткорон муомила мекунанд: «пулро оварда дар ҳаминҷо- дар ферма мерасонӣ, тамом корат ҳал гуфта баъди пулро гирифтан ҷинояткорро ҷавоб медиҳанд». Ин Сунати чӯпон бо бародарҳояш мисли як ғулом дар хизмати онҳо мебошад.

Ҳамадонӣ

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,

Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.

Ассалому алайкум ва раҳаматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Дар аввал бояд бигуям, ки ман  барномаҳоятро тамошо мекардам ва фикр мекардам ин ҳама сохтааст ва шумо дуруғ мегуед ва аз худатон гап мебофеду барои сиёҳ кардани мақомот барнома месозед.

Вале инхел набудааст ва  яқин кардам, ки ҳама ончи нашр мекунед ҳақ астанду рост. Ҳамаи гуфтаҳоятонро дидаму тасдиқ менамоям.

Ман аз Ҳамадонӣ, аз деҳаи Ангурбоғ мебошам. Воқеан ин оилаи золими қотил як гурӯҳ шербачаҳои ҷойи моро дар вилояти Ленинобод, Суғди имӯза паронд. Ин кор дар солҳои пас аз ҷанг буд, тахминан  солҳои 1997- 1998

Масабур Саторов

Олимчон Сараев

Суҳроб Файзов

Инҳо рафиқони Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Олим Желез буданд. Инҳо  рафту омад доштанд. Ин нафарон бо Маҳмуд Худойбердӣ ҳам шинос буданд. Вақти ҷанг дар Қурғонтеппа инҳо бо Маҳмуд Худойбердӣ гап мезананд,  ҷангро хомӯш мекунанд. Пас аз чанд вақт ҳангоме, ки Маҳмуд Худоибердӣ аз тарафи Узбекистон ба вилояти Суғд зада медарояд ҷангро шурӯъ мекунад, Эмомалӣ Раҳмонов, ки инҳоро медонист шиносҳои деринаи  Маҳмуд Худойбердӣ ҳастанду ӯро мешиносанд, фармон медиҳад, ки раведу    Ленинободро «тенҷ кунен ва пас баргарден ва ҳатман пас аз  баргаштан ҳар кадомитонро вазифаҳои нав медиҳам».

Инҳо мераванд ва вақте бо Маҳмуд Худойбердиев дар як стол шишта гап зада истода буданд, ки аз қафояшон тирборонашон мекунанд. Дар ин ҳолат як нафарашон дар чашмаш тир мерасад, ҳамонаш зинда мемонад тамом.

Боз, пас аз чанде миёни размандагони Фронти халқӣ гап баромад, ки «иёра ҳукумат худуш паронда нобуд карда будаасту бори Маҳмуд Худойбердӣ карданшон».

Аммо дар бораи Комил Мирзоалиев, раиси Идораи Роҳи оҳвни Тоҷикистон. Ин шахс ҳам аз он нафарони дар боло зикр шуда метарсид. Баъди онки онҳоро куштанд Комил дар Ҳамадонӣ гапзан шуд. Як шери нари дигар баромада як ба як даъват мекунад Комилро ва мурданивор латукубаш мекунад, ки «хара дар лави замин ухели намезанан». Ин шахс Баҳром Мираков ном дорад. Ду бор Комил Мирзоалиевро мезанад то ҳатто дандонҳояшро мешиканад. Комил Мирзоалиев гуё рэкети Ҳамадонӣ буд. Вақте Баҳром Мираков Комилро мезанад, дигар ҳама райони Ҳамадонӣ аз деҳаи Ангурбоғ метарсид. Аммо ҳоло бошад Комил Мирзоалиев дар деҳаи мо барои Раҳмонов дача соз кардааст ва якбарбар заминҳоро гирифтааст. Онҷ ҳавзҳои моҳӣ доштем, ягон бор мерафтему моҳӣ меқапидем бо чангак дар лаблаби ҳавзҳо. Аммо ҳоло бошад Комил ҳамаро ришотка гирифтааст. Ин корро барои он мекунад, ки мардуми деҳаи Ангурбоғро Комил сахт бад мебинад. Иллаташро дар боло гуфтам, ки дар вақташ Баҳром ӯро зада буд.

Мо як гурӯҳ бачаҳои Ангурбоғ маслиҳат дорем, ки агар Комил Мирзоалиев обод карда истодааст, ҳозир кораш намегирем. Вале агар бинем гузаронд баъд мо ҳам мисли бародар Баҳром, ки зада будаш мо бачаҳо ва шогирдонашро медонем,ки чи хел наказат кунем.

Албатта ҳам  Комил ва ҳам тамоми мардуми Ҳамадонӣ медонад, ки ангурбоғиҳо чи хелӣ одаманд. Дар хубӣ хубем, дар гандагӣ дигар нигоҳ намекунем, ки ӯ кӣ аст, чӣ аст, «ҳамара ружд мекнем мерем Ин шо Аллоҳ».

Дар пеши дачаи Ҷаноб се ҷо барои фуруди вертолёт сохтагианд. Барои чи? Барои бор, барои героин. Чун аз тарафи Афғонистн бор мезананд, мебаранд ба мошинҳояшон отделно. Баъд мо –мардуми одиро барои ним грамм меқапанду 10-15 сол мешинонанд. Охир, ин чи хел ҳукумат шуд. Аз руи шунидагиҳоям 25-26 сентябр Баҳром бо Тоҷ командир аз сарҳад бор мегузаронанд. Аммо Комил, ки мардуми деҳаи мо, махсусан Баҳромро бад мебинад бо фармонаш сарбозҳо автоматшапак мекунанд. Чанд кас захмӣ мешавад. Ҳозир дар беморхоани Ҳамадонӣ хоб ва таҳти назоратанд. Солҳои 1997-98, вақте деҳаи моро об мезанад: «Ҷаноб мия ҷой аму овзадагӣ гапоша мезана ва сни бачаҳои Ҳамадонӣ мега,ки шмо меген, ки кор нест,сум нест дастша сни Афғонистон мекна ва мега,ки ина сум бгирен наркотик двежени бкнен зиндагитона хуб кнен».

Ҷаноб воля дод вале баъд оҳиста-оҳиста дар тули солҳои2005 то  2010 ҳамаро қапид, суд кардан гирифт:

«мардак мерава ай хоки Афғонистон бора мегира мия ай итараф сраза меқапан мебаран сутш мекнан». Охир ҳамаи бизнесро гирифтед: «ақалан ами наркотика монен, мо ҳам фурушем,морани машиной қимат хоноҳой баланошиёна мефора.Морани мефора зиндагии хуб дошта бошем, охи тоқа шмора мефора, ихели зиндагӣ? Мо ҳам ба як умеде ба ин дунё омадаем, ки зиндагии хуб дошта бошем, аз кадом роҳе набоша, нарокотикай чзи боша набоша, ҳаромхуро тоқа хтона фикр накнен,беномусой ҳаром».

Душанбе

Асалому алекум бародар Муҳммадиқболи Садриддин ман … истиқомат кунандаи  шаҳри Душанбе илтимос ҳамин номай маро чоп кунед, илтимос чун мо дигар ҷой шикоят кардан ва арзхоҳи намудан надорем.

Фарзандам дар кудакистон ё садики  82 микрарайон садики 56 меравад. Аммо директори ин садик Маҳмудова Ороста бе андоза зулм мекунад.  Бовар кунед дар дасти фарзандҳоямон як варақро навишта медиҳад:  парашок, собун, қоғази ташноб, ҷоруб ва ғ… ва фармон медиҳад ин ҳамаро аз хонаатон гирифта биёред. Аммо дар асл аз рӯйи қонун 250 сомонӣ пули садик аст. Агар ин пулро дар давлат супори мегуяд дар давлат насупор оварда дар дастаки худам 300 сомонӣ супор ва гапи зиёдати назан. Бовар кунед бе андоза зани ҳаромхур аст. Чанд вақт пеш  проверка омаданд рафтанд тафтишгарон ва пурсидем барой чи праверка омаданд?  Кадом падару модаре шикоят навишта будааст. Маҳмудова Ороста шарм нокарда бо садои баланд дар назди падару модарон ва кудаконамон мегуяд:  «мебиёян тафтишгарон чикорам мекунанд?  …. мехуранд. Ма таға дорум як занг мезанум ҳамара ҳал мекунанд». Номерҳои мошинаш 0777 Мо01

Номи духтари Маҳмудова Ороста Судоба номи хоҳараш Сабоҳат аст вале номи домодашро бо писараш намедонам инҳо ҳам омада мераванд.

Проверка омада буданд гуфтаншон ин хоҳарат ва ин духтараки хешу таборат инҷо кор накунанд ба номи дигар шахс дохил шудагӣ ҳастанду маош мегиранд?. Ба гуфти худаш як занги тағам кати кора ҳал кардам ягон кас дар Душанбе ягончи аз дастшон намеояд. Нанависен ягонҷода фоидатон намекунад. Бовар кунед давлати бе соҳиб Худованд хору залил гардонатон ҳаромхурҳо. Наход Рустами Эмомалӣ ва мақомоти тафтишотӣ зурашон ба ин зани бадахлоқ, ки мо бовар мекунем ва фарзандонамонро ба дасти ӯ супоридаем ояндаи ин насл чи мешавад? Умед дорам мақомот Ислоҳро ҳатман тамошо мекунанд ва ин мушкилоти бузургро аз сари мо дур мекунанд. Коррупсия якбор тафтиш кунед чаро пулро дар бонк нею дар дасти Маҳмудова Ороста супорем? Ин магар ғайри қонунӣ нест ?

Илтимос шабакаи Ислоҳ ин номаи маро чоп кунед.  Агар кадоме дурӯғ мегуяд Аллоҳ хораш кунад. Бо эҳтиром….

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №183 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №175
Ҳукумате, ки аз роҳи ҷангу хунрезӣ сари қудрат омадааст, ҳукумате, ки беш аз се даҳа зимоми онро қабза карда ва дар фикру нияти меросӣ кардани он аст тавассути интихобот ва ё дигар роҳҳои мардумӣ ва мутамаддин тағйир намекунад. Мардум дар чунин мамлакат ва давлатҳо ғайриихтиёру ноилоҷу ночор дар бадтарин ҳолат ба сар мебаранд. Дар номаи зер, ки як нафар аз собиқ боевикҳои Фронти халқӣ ирсол кардааст, роҳи халосӣ аз чунин ҳукумат пешниҳод карда шудааст:

Кулоб

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаи чаҳоруми ман аст. Алҳамдулиллоҳ ҳамаашро чоп намудед. Қабл аз навиштани ин нома як чизро мегуям. Ҳозир мо-собиқ аъзои Фронти халқӣ, ки сахт фиреб хурдаему пушаймонем дигар сари ин қарор омадем, ки пушти Раҳмонов ва оилаи касифи вайро нагирем. Баракс, бар зидди вай агар лозим шуд бармехезем. Ман барои мубориза бар зидди Эмомалӣ Шарифович якчанд роҳҳоро пешниҳод карданиям.

Чи гунае дида истодаед тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро хору залил, шиканҷа, маҳбас, таҳқир ва охирон ба қатл расонида истодааст. Ман бовар дорам Русия дар ин кор шарик ҳаст. Аз ҳукумати Русия талаб дорам тамоми муҳоҷирони тоҷикро ба пуррагӣ депорт намояд. Чунки мушкилоти мо рӯз то рӯз зиёд мешаваду кам намешавад.

Ман «Ислоҳ»-ро мебинам ва ҳақиқатро мешунавам ва ба тамоми дӯстонам ва ба дигар шаҳрвандони Тоҷикистон нишон медиҳам. Номаҳо аз ноҳияҳоро нишон медиҳам, мегӯяд рост аст ва дар зодгоҳам чунин вазъият ва ҳолат ҳаст.

Роҳҳои мубориза бар алайҳи ҳукумати диктатори Тоҷикистон аз ин қарор аст:

1. Мо бояд аввал тарсро аз худ дур намоем, зеро ки як грамм тарс, ба Шумо тарси бузургро меорад, ба мисли тонна аст. Ба хотир орем ҳар яки мо он рӯзҳое ки тарсидем муваффақ шудем ё он рӯзе, ки таваккал ба Аллоҳ гуфтему иҷро намудем, он рӯз муваффақ шудаем?
2. Ман «Ислоҳ»-ро дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мехонам ва мебинам, акнун ҳама бояд натарсида «Ислоҳ»-ро бубинад ва агар ҳабс кардан хост ҳукумати Эмомалӣ Шарипович, мо бояд ҳамакаса, тамоми хешутабор, дӯстон равем митинг намоем, ки ҳақ надорӣ барои дидани мухолифони давлат ҳабс ё ҷарима намоӣ. Агар маҳбас карданӣ хост мо низ бояд талаб намоем, ки онҳое, ки тарафдори аз ҳукумати Эмомалӣ карданд ва карда истодаанд, дар барномаҳои «Минбари муҳоҷир» дар гузашта ва ҳозир  иштирок кардаанд онҳо низ бояд ба маҳбас кашида шавад. Дар айни замон тақрибан аз ҳазор нафар гузаштааст. Ҳама шоҳидем,ки то муовинони ҳукуматҳо ва раисони ҷамоат, сардухтуру дигар мақомдорони ҳукуматҳои маҳаллӣ иштироки фаолона доштанд. Онҳо чаро зиндон намешаванду нашуданд, мо барои дидану лайк мондан зиндонӣ шавем ? Ин адолат нашуд!
3. Мо ҳамватанони азиз якҷоя бошем ва фурсат дигар ба ин ҳукумати Эмомалӣ Шарифович надиҳем, ки моро таҳқир, шиканҷа, ҳабс ва ғайра намояд. Ҳаққу ҳуқуқи худро талаб намоем ва ба ин золимон як зарра ҳам раҳм набояд кард.
4. Тамоми чоплусон ва хабаркашҳоро номнавис намуда ба «Ислоҳ» ирсол намоед, то ки дигар бародар ва хоҳари мо ба доми инҳо наафтанд.
5. Видеоро бубинед ва лайк гузоред, ҳама дар якҷоягӣ. Мо агар тарсидем, дониста бошед, ки мардҳои шуҷоъи моро як ба як ҳабс менамоянд.
6. Агар аз сиёсат дур шудӣ, сиёсат туро ҳамчу латтаи нодаркор истифодаат мебарад, ба  ҳамин хотир, аз мо ҳаракат ба Инқилоб, аз Аллоҳ баракат ва озодӣ дар ватани худ.
7. Агар як бародар ё хоҳарамонро ҳукумати Шарифович хост маҳбас намояд, мо ҳама ёру дӯстон ба майдон бароем, агар аз майдон ё баъди он моро қапида СИЗО, ки рафтан, мо то охир равем талаб намоем, корпартоӣ намоем ва ҳукумат ҳамаи шаҳрвандонро маҳбас карда наметавонад ва нахоҳад кард.
8. Дар кадом минтақаи Тоҷикистон свет нест, талаб намоем ҳамаи сокинони ҳамон шаҳр, ноҳия, ҷамоатҳо ва нагузорем дигар ба дигар давлатҳо бифурӯшад ва маблағи онро ба счётҳи офшории худ интиқол медиҳад.
Инқилоб барои Озодӣ ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  фарз ва қарз аст. Мо бояд давлатро аз ҳукумати оилашумул наҷот диҳем.
9. Дигар мо маблағ барои асфалти роҳҳо надиҳем, ба корҳои марбути ҳукумат   маблағгузорӣ накунем, мо дар ин ҷо савоб не, балки гуноҳ гирифта истодаем. Яъне мо обод мекунем ва ҳукуматдорҳо буҷаро медузданд. Ёрӣ кардан ба дузд, қотил ва золим худ ҷабр ва зулм мешавад. Мо хизмат менамоем вале дар ҷавоб бесветӣ, таҳқир, дузд ва террорист шуда истодаем. Агар роҳ соз накунад, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол кунад, ингуна сиёсати аҳмақона ва президенти ноӯҳдабаро ва ингуна ҳукуматдори ба мо лозим нест.

Ман агар нахезам!
Ту агар нахезӣ!
Пас барои ману ту кӣ бархезад?
10. Имрӯз дида истодаед, ки мо ҳама шаҳрвандон дар гирди «Ислоҳ»  ҷамъ шудаем.  Дида истодаед дар ҷанги иттилоотӣ бурд карда истодаем ва Ҳақ ба рӯ баромад ва он суханҳои дуруғи ҳукумат шикасти бузург хӯрда истодааст. Сабаб дар он аст ки мо як порча, якдил ва як миллати бофаҳм ва бонангу номус шуда истодаем.

Дар хонадон агар падар алкаш бошад фарзандон саргардон мешаванд, зеро зарари падари ноӯҳдабаро ба аҳли оила мерасад. Ин падари алкаши пиёниска фарзандони худро террорист ном гузоштааст, ки ин Тоҷик аст.
Як рӯзи муайяне аз моҳи октябр ҳамаи Шумоёнро ба Инқилоб даъват менамоям, то ки инқилоби октябр шавад ва ин ҳукумати золим аз байн биравад. Бигузор он рӯзро ҳама бо ҳам таъин намоем ва ҳаққи ҳалоли худро аз ин ғоратгарон талаб намоем.
Агар ҳама баромадем, дониста бошед, ки Эмомалӣ ба гурехтан вақт намеёбад.

Ба Инқилоб хуш омадӣ! Ба Озодӣ хуш омадӣ! Ба давлати тоҷикон хуш омадӣ! Ба ватани худ хуш омадӣ!
Агар озодӣ хоҳед ҳама барои инқилоби Октябр бароед ҳамватанони азиз!

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед. Аз бархе аз расонаҳои интернетӣ огоҳӣ ёфтем,ки Раҳмонов мехоҳад, ки дар баҳори соли меомада курсиашро ба писараш диҳад. Бовар кунед бародар, ки мардум аз ному рангу руи инҳо беҳад безор шудааст. Ҳама мунтазири онем, ки оппозитсия ва махсусан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як коре мекунад, ки пеши роҳи ин Оилаи табаҳкорро мегирад. Мардум тамоман аз инҳо хаста шуда ҷонаш ба лабаш расидааст. Шумо мутмаин бошед, ки мардум бедор аст. Як ҷарақа даркор. Рустам президентиро наметавонад. Раҳмонов бошад переборшит кардагӣ аст. Русия намемонадаш. Инро ба қарибӣ сарнагунаш мекунанд. Путин инро дафъ мекунад. Ин ҳар су рафта истодааст, аз ҷумла сахт худро зери пойи Хитой партофтааст. Ёдатон бошад Путинро соли 2022 ҳарчи ҳарчи гуфта буд. Уро қаҳр кардагӣ. Ин ин шо Аллоҳ то бачааш намерасад. Наметавонад мондан, то бачааш намекашад. Ё условияҳои Пуинро қабул мекунаду дафъ мешаваду меравад ё ки перевароташ мекунанду дафъ мекунанду меравад. Варианти дигар надорад. Ҳоло нигоҳ кунед, ба қарибӣ сарнагунаш мекунанд. Ин ва командаашро, ки ҳамааш аз хонаводааш мебошад, Путин худаш дафъ мекунад. Раҳмоновро дар Русия бад дидгианд. Сиёсати Хитой ҳамин хел аст ки бояд бизнесаш пеш равад. Хитой ҳарҷо ки меравад бо гузоштани сармояҳои бузургу калон меравад. Муносибатҳояшро бо бизнес таъйин мекунад. Барои Хитой бизнесаш ва равнақи бизнесаш муҳим аст. Ба сиёсати дохилии давлатҳо тамоман кор намегирад.

Аммо Раҳмонов аз пушти Хитой парида истодааст. То ҷое шунидам ҳам барои базаи ҳарби Хитой заминҳои нав ва ҳам ба ин кишвар аз Бадахшон территорияи дигар ваъда кардааст. Гуё шарташ ин аст ки ин ҳама баъди интихоботи Рустам ба амал бароварда мешавад. Рӯзҳои охир заминҷунбиҳои сунъиро дар минтақаи Бадахшон дар расонаҳо хондед. Тибқи маълумотҳо зери куҳҳо канданиҳои фоиданокро истихроҷ дорад. Албатта ба шакли тратил мондану таркондан. Оқибаташ ба хайр бошад.

Мо бояд даст ба тағйирот занем. Ин кор мушкил нест. Бояд муборизаро роҳ андозем.

Исфара

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Банда мехоҳам ба барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» №128, ки аз шермардони Зумрадшоҳ расида буд, чанд иловаҳо намоям. Дар он номаи қаблӣ дар шумораи 128,ҳар ончи гуфта шудааст,100% дуруст гуфта шудааст ва ягон сухани ғалат истифода нашудааст. Чи тавре, ки ин бародари шермард қайд кардааст Олимов Қозӣ яке аз бузҳо ва номарди деҳаи мо ҳаст ва ин шахсият бо роҳи муфт маблағ ба даст меорад ва худро ҳамчун сарватмандтарин шахси деҳа меҳисобад. Ҳар як нозири минтақаӣ, раисаи ҷамоат, ҳар нафаре нав ба ҷамоат таъин мешавад, нахустин нафароне, ки шинос мешаванд Олимов Қозӣ ва Мамадхӯҷаев Баҳодур мебошанд. Пас аз мудати кӯтоҳ он нозири минтақавӣ аз ҳама сиру асрори деҳа огоҳ мегардад. Ҳангоми як сокини маҳалла поруи говашро ба кӯчаи зери дарвозаи худ мебарорад дар як дақиқа нозири минтақавӣ участковий огоҳ шуда мардуми бечораро ҷарима мекунад. Ставка нафси нозири минтақавӣ аз 500 сомонӣ сар мешавад. Ҳангоми сохтмон кардан дар зери дарвозаи худ масолеҳи сохтмониро ба мисол сангу шағал қум мегузорӣ зуд участковий огоҳӣ пайдо мекунад. Боз як маълумот расид, ки Олимов Қозӣ дар тӯли сол бо якчанд занҳои шавҳардори маҳалла дастдарозӣ мекардааст ва барои гуноҳҳояшро шустан дар моҳи март, ки ҳамасола дар маҳалла чорвоеро мекушанд яъне бо лаҳҷаи маҳаллӣ «худоӣ» ташкил мекардааст. Ҳамасола аҳолӣ худаш маблағ ҷамъ карда ин корро мекард.

Дар якчанд соли охир Олимов Қозӣ ҳамчун Исмоили дастбахайр ман худоиро мекунам мегӯяд. Аз даҳони якчанд сокинони деҳа шунавидам, ки «аз нону оши ин хиёнаткорро хӯрдан нони қоқу оби хунукро дар хонаи худам хурам беҳ»  гуфтанд. Дар охир ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки Олимов Қозӣ соҳиби се писар мебошад, ки ҳамааш ба сину сол даъват ба хизмат мувофиқ аст. Аммо ба хизмат намераванд. Аз ҷиҳати саломатӣ фарзандонаш ягон камбудие надоранд.

Бори дигар ташаккур, ки номаҳои навиштаи моро чоп мекунед ва ба он бародар, ки дар шумораи 128 аз деҳаи Зумрадшоҳ навишт низ раҳмат мегуям. Инро пешакӣ бигуяматон, ки баъди роҷеъ ба Мамадхӯҷаев Баҳодур, ки колхози деҳаро ягон чизашро намонда фурӯхт яъне гараж, колхоз, участкаҳои колхоз, тракторҳои колхоз, ҳатто замини корами колхозро фурӯхт маълумотҳое ҷолиб дастрас шуда истодааст ва онҳоро ҷамъ карда дар як нома ба шумо мефиристам.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Шумо боз як чизи дигареро фаромуш накунед. Кремл ҳозир худаш дар ҳолати фавқулодда ва изтирорӣ қарор дорад. Аммо касе ёрдамаш накарда истодааст. Ҳама «кинут» карда истодааст. Маскав контрол дар давлатҳои шуравии собиқро аз даст дода истодааст. Барои ҳифзи ҷойгоҳи пешинааш «любой кора мекунад, барои манфиаташ террор анҷом медиҳад», ҳатто агар бихоҳад дар даруни шаҳри худаш.

Вале аз як ҷиҳат мусалмонҳоро ба худаш ҷалб карад истодааст. Масалан Путин Қуръони каримро бусид, ки ягон роҳбари давлати насронӣ дар тули таърих ин корро накардааст. Русия ҳоло тамоми талошашро карда истодааст, ки бо Толибон ва ҳукумати онҳо дар Афғонистон муносибаташро хуб кунад. Ва бо ин васила сигнал ба мусалмонҳои ҳақиқӣ, яъне ба ҳизбҳое, ки террористӣ эълон шудаанд, масалан ҲНИТ дод, ки айни замон берун аз давлаташон ҳастанд. Медонед чи тавр сигнал дод? Толибҳо ҳам дар чёрний спискаи Кремл буд ва онҳоро аз феҳристи сиёҳ гирифт ва бо онҳо ҳамкориро шуруъ кард. Мансабдорони ҳукумати Путин борҳо назди Толибон рафтанд ва ҳоло ба дунболи Русия Қазоқистону Қирғизистону Узбакистон низ Толибонро аз феҳристи гуруҳҳои террористӣ бароварданд ва ҳамкориро дар сатҳи баландтарин шуруъ карданд. Узбакистон эълон кард, ки дар кандани канали Қуштеппа ба Афғонистон кумак мекунад ва низ гуфт дар як ду соли дигар гардиши мол бо Афғонистон то се миллиард доллар боло бурда мешавад. Аммо Тоҷикистон пешниҳоди Путин дар мавриди шомил шудан ба ЕврАзесро нагирифта истодааст. Раҳмонов мақсадаш Рустам аст. Мехоҳад ҳар чи зудтар ба курсӣ шинонад. Аммо В. В. Путин мехохад, ки авал ба ЕврАзес дарояд. Баъд аз як сол иҷозати  ба курсӣ нишастанро ба Рустам диҳад. Аммо дар ин як сол тамоми харҷу масорифи Тоҷикистон, пулуи моли онро зери назорати худ мегирад. Баъд Рустам ба курсӣ менишинад аммо он вакт Рустам мисли як лата мешавад ва дуздиҳои оила ҳам кам мешавад. Ҳатто имкон дорад яке аз аъзо ва ё наздикони оиларо тюрма кунанд, мисли очишат кардани вазорати мудофиаи худаш. Калон аз инаш сахт нигарон аст. Ҳоло дар тупик ғалтидагӣ. Рулашро ба тарафи Хитой гардонд. Бале худатон ҳам шоҳид ҳастед ва аз бачаҳои УУР ҳам хабарҳо расида истодааст.

Ман ҳам барномаҳои шумо тамошо мекунам. Хабарҳоро мешунавам. Ҳамааш сад дар сад рост аст. Ҳар номае аз дохили оила ба шумо расидагӣ дуруст аст. Ин имкон низ вуҷуд дорад, ки Путин тавассути Толибон барои оштӣ додани М.Кабирӣ бо Раҳмонов нақшаҳоеро ба иҷро дароварад. Толибон бо ҳамон ришу дастору ҳайбату ҳашмат ва ҷазаба (внешний вид) аз дур тарс рақибонашонро фаро мегирад ва Наҳзати шумо ҳам дар назари Калон чунин метобад. Тарси Калон ҳам аз шумо хело бисёр шудааст. Ё аломати пирӣ ё аломати аз шумо тарсидан аст.

В. В. Путин ҳам бо чунин одамҳо мехоҳад робита кунад. Агар Тоҷикистон то 31 декабри соли 2024  ба дохил шудани Тоҷикистон ба ЕврАзес  созишнома иимзо накунад В. В. Путин ҳам рулро ба тарафи шумо наҳзатиҳову Толибҳо мегардонад.

В. В. Путин китоби Қуръонро буса кард. Кремл рулро ба тарафи шумо тоб дод. Ман бовар дорам, ки дар соли оянда Толибҳо бо шумо ба мулоқот мебароянд ва пешниҳоди ҳамкорӣ бо Кремлро ба шумо матраҳ мекунанд.

Ҳисор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман зодаи дараи Алмосӣ, деҳаи Наврузи Юсуфов Ҷонибеки ноҳияи Ҳисор. Хоҳиш мекунам номам ифшо нашавад. Раиси маҳаллаамон Қодир Аминов бо лақаби командир аст. Барои он командир лақаб додаанд, ки корманди военкомат аст. Дар военкомати Ҳисор кораш фақат военний билетфурушӣ аст. Руирост сум мегирад. Мегуяд, ки «инамиқа сум тие военний блет мекунум. Агар дар Ҳисор қапидан ман ҷавоб мегум, агар дар Душанбе қапантона ҷавоб гуфта наметонум». Аз ҳар як призивник 2000 сомонӣ ҷамъ мекард. Имсол 4000 сомонӣ шуд. Ҳозир аз зиëда аз 10 одам сум гирфтагӣ аст. Барои военний билет кардан то 25 ҳазор сомонӣ гирифтагӣ аст.Ин даҳ одам танҳо аз қишлоқи худамон. Аммо то ҳол ба ҳеҷ кадоме билети ҳарбӣ сохта надодааст. Ҳамаро аҳмақ карда гаштааст. Мегуяд, ки  «дар территорияи Ҳисор биқапаншона ман ҷавоб мегум».Ин раиси маҳаллаи деҳа Қодир Аминов кораш фақат сумҷамъкунӣ аст. Боз дар моҳи шарифи Рамазон зиёдтар ҷамъ мекунад: суми масҷид, суми чойхона, суми мактаб. «Лубой хел фреб мекуна сума ҷамъ мекуна».

Дар масҷид маҷлис мекунад, фақат аз номи амният гап мезанад. Бачаҳои қишлоқро бисëр подставит кардагӣ аст. Ба ҳар шакл подставит карда истодааст.  Аҷоиботи кор ин аст ки худаш подставит мекунад, боз пеши ҷабрдида мераваду мегуяд, ки «ман одам дорум дар дарун, инамиқа сум метӣ ҷавобут метан».

Инҳо ду нафаранд. Яктояш Қодир Аминов-камандир. Дуввумиаш Холов Шодмон. Ин ду нафар қишлоқро ба дод овардагианд. То келинчакҳои қишлоқро дастдарозӣ карда истодаанд. Ягон кас вой намегуяд. Намедонем чи хелӣ давлатдорию чи хелӣ ҳукуматдорӣ аст? То кай ин хел мерафта бошад? Сумро ҷамъ мекунанду фақат дар живой музикайи пости 27 мешинанд. Инҳо як группаанд, то занҳоро буз карданд. Қишлоқро дар ҳолати бад овардагианд. Хонаи ягон кас меҳмон биёяд, сразу бузҳояшонро роҳӣ мекунанд, ки «раве бине ку чи гапай».  Дар онҷо масҷид меравӣ, аз ҳамдигариаш ҳазар мекунанд. Дур- дур мешинанд ва ба тарсу ларз намозро мехонанду зуд мехезанд. То мусафед, то кампир, то бачаҳои мактабро буз кардагианд. Чандин бор аминят меқапад, сум дода халос мехурад. Дар маҷлис  мегуяд, ки «ман падари халқум, мара ҳурмат кне, яхели шумо х…ет кардаген. Агар Раҳмонуф падари миллат боша, ман падари халқум».

Намедонем гапҳои инро чи хел фаҳмем? Қасами мехурдагиаш зансеталоқ аст.

Вай барои худ боз бузҳо дорад, ки бузҳояш инҳоанд:

Қосимов Насрулло, Қосимов Азим, Каримов Ҷамол, Каримов Шамсиддин,  Одинаев Ҳусейн мебошанд. Ҳар тағйироте дар бузҳо ва амалкардҳояшон шуд ҳатман маълумотҳои дақиқтарро мефиристем.

Бохтар

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол.  Сипоси фаровон бар шумо, ки номаи маро дар барномаи «Номаҳо №168» ҷой додед ва як барномаро махсуси Бохтар намудед. Боз ҳам менависам ва ин номаи маро  дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Номи ман маълум ҳаст ба шумо. Ман давоми номаҳоямро менависам.

Дар бораи директоре, ки пеш аз Махсумов Зариф буд, Бобоев Садриддин Амонуллоевич дузди калон ва бузи шохдори КГБ дар маҳалаи Стаханов, ҷамоъати Заргар ноҳияи Бохтар гуфтаниам.Ин Раҳмонови хабис мегуяд, ки фақат мактаб сохтаам. Аммо директори мактаби мо аз соли 2008 то соли 2018 Бобоев Садриддин Амонуллоевич буд, фақат мактаби моро ғорат кард. Мисол  шаҳодатномаи имтиҳонотро бо маблағи шаш, ҳафт то даҳ ҳазор сомонӣ мефурухт. Ном бо ном медонам, ки ба киҳо фурухта аст. Соле, ки аз мактаб гурехт, то як миллион сомониро аз буҷети мактаб дуздида ба ш.Воронежи Русия рафт. То ин ки аз дуздиаш озод шавад. Дар онҷо чор сол истод.

Эй муаллими Садриддин! Мо пешвоятро ба партобгоҳи торих мефиристонем, барои  ин дуздиву ғорати кардааш дар муддати 33-сол, ҷавоб  медиҳад. Ба он тарафи дунё равад мо бар мегардонем. Бо ин шаклу намуди дуздиашон баъд ин мактабҳо чи гуна обод шаванд, аз ин мактаб чи хел донишманд барояд. Бо ин ҳаромхуриаш бачааш бемории руҳӣ шуд, номаш Бобоев Беҳруз Садриддинович мебошад. касофатии ин бадбахт ба бачааш зад. Бадбахти Садриддин фақат мардумро бесавод мегуяд ва муҳоҷиру гастрабайтер мегуяд. Охир чоҳкан зери чоҳ мегуянд. Худаш пули бюҷети мактабро гирифта гурехт ба Русия ва дар онҷо чор сол муҳоҷир шуд.

Ба ту мегуям ҳой Садриддини бадбахт! Чаро худат намегуӣ, ки сабабгори бесаводии мардум Раҳмонови террорист мебошад.

Садриддини буз дар ёдат ҳаст, ки соли 2005 дар синфи мо гуфта будӣ, ки Раҳмонов хабис дар маҷлис гуфт, ки «занҳои мо, хоҳарҳои мо ҳамуқа бесавод ҳастаанд, ки ҳатто як утукро дуруст истифода бурда наметавонанд  ва либосҳоро месузонанд». Моро ҳеҷ вақт Раҳмонови хабис ақл нишон надиҳад. Як даҳмардаи дузд аз куҳ омадааст ба як миллат фарҳангу адаб мегуяд.

Ҳой Садриддин, ту худат медонӣ, ки ҳамин Раҳмонови хабис ҳамаро ба суйи бесаводӣ ҳавола кард, чунки одами бесаводро лубой кор мекунӣ, ту худат гуфта будӣ ин суханҳои худат ҳаст ва туҳматат ҳам надорем.

Падари ин Садриддин, Бобоев Амонулло буд. Он шахс бисёр золим, исломситез, масҷидбадбин, муллобадбин буд. Падараш рӯзи 14.10.2011 сол мурд. Фақат мусалмонҳоро дашном медод. Ман як бор гуфтам, ба падараш, ки барои чи шумо фақат ислому мусалмонро бад мебинед, чи хусумат доред. Гуфт, ки исломро меомузанд, дарси маро намеомузанд. Падараш муаллими математика, алгебра ва геометрия буд. Аллоҳ лаънаташ кунад, Қуръони маҷидро дашном дод, сураи Ёсинро ҳам дашном дод. Инро ҳамаи мардуми деҳа медонанд, ки чи гуна одам буд. Ин Садриддини бадбахт бошад, дар солҳои директориаш фақат дуздиду ғорат кард, мактаби моро ва то 20 нафар хешу табораш дар мактаб набуданд, онҳоро маоши хуб медод. Ҳозир ҳам дар табели мактаб ҳастанд. Бо тамоми авлодаш мактабро ғасб кардаанд. Дар вақте, ки ҷонишини директор буд, директори ҳамонвақта Орзиев Сафар аз деҳаи Гулзор ва худаш дарвозӣ буд ва дар кучаи Шабчароғи шаҳри Қӯрғонтеппа квартирант мезист. Бобоев Садриддин дар вақти директориаш буҷети мактабро бо ҳамроҳии молияи ноҳия медузданд. Он қадар бюҷети мактабро дуздид, ки бо он пул мешуд аз сифр як мактаби дигар сохт. Ҳозир дар мактаб 1600 нафар талаба мехонад. Ҷойи нишаст намерасад, талабаҳо дар ду баст мехонанд, саҳархон ва нисфи рӯзихон. Синфхонаҳо торику сард, қувваи барқ нест, мизу курсиҳои мактаб аз даври шуравӣ ҳастанд. Муҳосиб Партибоев Абубакр буд, ҳамаи дуздиву ғорати мактабро бо дараҷаи олӣ бурда расонида буданд. Дар мактаб то синфи 4-ум хурок медоданд. Дар даври директории Садриддин то синфи 3 омада расид.ва дар даври Махсумов Зариф то синфи 2. Ҳақи кудаконро Бобоев Садриддини гуруснаву нодида ба мисли пешвояш Раҳмонов дузду ғоратгар бо авлодаш тақсим карда, зада мегаштанд.

Солҳои пеш мактабҳои  Бохтар аз тарафи давлати Украина кумак мегирифт.

Аз тарафи давлати Украина ба ин мактабҳо озуқаворӣ меомад, аз он ҷумла орд, руған, биринҷ, шакар, макарон, донагӣ нахуд, лубиё ва тамоми озуқаи мактабро барои кудакон таъмин мекард. Ҳамаи муаллимону муаллимаҳо дар ҳамин буфети мактаб хуроки нисфирузӣ мехурданд. Ва касоне, ки пул медоданд, таъомҳои болаззат ҳам омода буд, ҳам мефурухтанд, ҳам мехурданд, ҳам медуздиданд. Дар ҳамон соле, ки падараш Бобоев Амонулло мурд, дар ҳамон сол модари Садриддин ҳам мурд. Боз писари бародараш Бобоев Илёс ҳам мурд. Дар як сол се мурда аз як хона. То ҳол ин мусибат барои инҳо дарс нашуд, ки нашуд. Ҳатман маълумотҳои бештар менависем ва мардумро огоҳтар менамоем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №175                    появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№171
Мову шумо хуб медонем, ки Раҳмонов бо ислому масҷид миёнаи хуб надорад. Худоро қабул надорад. Аммо лозим шавад хонаи худоро ба манфиати шахсиаш истифода мебарад. Манзури мо ин нест, ки имомхатибҳо мавъизаҳову хутбаҳоро барои ва ба номи Раҳмонов мекунанд. Гап дар бораи ҳодисаи дигар меравад. Ва ин ҳодиса дар Исфара рух додааст. Як дастаи мусаллаҳи махсус ду сол мешавад, ки яке аз масҷидҳои инҷоро тасарруф ва ишғол кардаанд:

Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар Исфара зиндагӣ мекунем. Деҳаи мо як деҳаи ҷангзадаи ҷанги тоҷику қирғиз аст. Ними деҳаи мо ба ҷамоати шаҳрак нигоҳ мекунад. Ними дигараш ба ҷамоати деҳаи Сурх. Инҷо 130-140 хонавода ба сар мебарад. Мо як масҷид дорем. Дар вақти ҷанги бо қирғиз спетсназҳои МВД-ро оварда дар масҷиди мо ҷо карда буданд. Тақрибан якуним сол нарафтанд.

Масҷид  маҳкам буд. Чор мусафеде, ки дорем ҳеҷ ҷо баромада наметавонанд. Ҳамонҷое, ки мебаромаданду бо ҳам суҳбат мекарданд масҷид буд, ки ҳамонҷоро ҳам маҳкам карданд. Сарбозу нируҳои махсуси дунёро овардагӣ. Танҳо хурдаву хобанд. Як нафарро ту бачаатро ба хизмат надодӣ гуфта (вай оилавӣ Русия рафта буд) дар хонааш шишта буданд ва масҷидро холӣ карданд. Ана боз шаш-ҳафт моҳ  гузашта буд, ки он бача омада хонаи маро холӣ кунед гуфт. Ана акнун ҳозир омаданду боз масҷид даромаданд. Баъди баромадани онҳо масҷидро мардум  таъмир ва зебо карда буданд, гилемҳояшро партофта курпачаҳои нав андохта буданд. Боз омада масҷид даромада гирифтаанд. Ва боз ҳамон чор одаме, ки  намоз мехонд аз масҷид берун монда сахт зиқ шуда истодаанд:

«Ҳамин якҷои мерафтагӣ масҷид доштем, ки боз он бадбахтҳо омада гирифтанд. Дар дари масҷид қуфл заданд».

Ду сол пеш, моҳи сентябр вақте бо қирғиз ҷанг сар шуд, моро аз масҷид ронданду дар масҷид омада шиштанд. Қариб ду сол шиштанд. Ҳафт моҳ пеш хонаи як одам рафта шишта буданд. Онҳо баргаштанд аз Русия ва ин спетсназҳо боз омаданд масҷид. Пештар масҷидро ҷазир карда буданд. Ҳатто аристон (обгармкунанак)ашро  канда рафта буданд. Мардум аристонҳои нав харида таҳоратхонаи тоза сохта ҳамаҷоро нав карда буданд. Инҳо боз омаданду даромаданду шиштанд.

Онҷо хонаи худо аст. Аммо дар даҳони инҳо ҳамеша садои дашному ҳақорат ва фалони очаву отаҳояшон овезон: ачата фалон кунум,к..и ача аз руи ҳавлии масҷид бакуча мебарояд. Аллоҳ хоратон кунад наход хонаи Худоро дашномхона кунед ва эҳтироми ин хонаро риъоят накунеду ба ҷой наоваред? Як лагер дорем дар пушти масҷид. Онҷоро погранзастава военний част  кардгианд. Лекин ҷойҳои холӣ ҳаст. Мо намедонем чаро ин бадбахтҳоро оварда дар масҷид партофтаанд.

Раиси ҷамати деҳоти Сурх се сол шуд ҳамон одам аст. Инҷо як маҳаллаи майда. Барои ҳамин ду маҳалла якто шудагӣ. Номаш маҳаллаи Чорбоғ, ки пеш Қарабоғ мегуфтанд. Талаби мо ин аст, ки ин спетсназҳоро аз масҷид берун кунанд ва ҷойи мусафедҳои моро нагиранд. Муйсафедони мо гиря доранд,ки моро аз масҷидамон маҳрум кардаанд инҳо.

Ҳисор

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз деҳаи Гаҷаки ноҳияи Ҳисор ҳастам. Ҳоло дар Русия кор мекунам. Дар мактаби №24-и ба номи Рустам Назарови деҳа бениҳоят зулм рафта истодааст.

Як директори нав омад, аниқтараш оварданд. Кадом ҷияни Қосим Роҳбар будааст. Кадом талаба аз бозор хариди либоси мактабӣ кардааст. Ӯро зада маҷбур кардааст, ки аз мактаб либос гиранд. Боз маҷбур карда истодааст, ки то 9 сентябр пули китобҳоро супоранд. Ин муаллима хуҷандӣ аст. Боз 10 нафар притсеп овардааст ҳамроҳаш. Тамоми мактабро ғасб карда гирифтааст. Ягон кас шикоят кунад кабинет дароварда таҳдид мекунад. Номи ин муаллима Юнусова Наргиса аст. Ин аждаҳори гушна на ба муаллим ва на ба талабаҳо раҳм дорад. Агар шикоят кунӣ 4 милисаро ҳамроҳаш оварда таҳдид мекунад. Ягон касро пешаш даромадан намемонад. Мардуми Гаҷакро ҷушида хоб аст. Мардуми Гаҷак мурғ шудагианд. Як қисмаш бузи бегонапараст. Наход дар як деҳаи калон як директор наёфтед?. Мактаб барои хонанда аст. Аммо айни замон мактаб 1300 талаба дорад. Синфхона намерасад. Мо фаҳмидем, ки ин директорро дар ягонҷо ба кор нагирифтаанд. Аммо ҳамон Қосим Роҳбар оварду монд. Акнун кана барин часпидааст. Раиси маҳалла дар ин зулм ту ҳам шарик ҳастӣ. Мемуред, ки синфхонаҳои изофӣ созед? Директори номуҳтарами мактаб барои либос, бизнеси дигарҳо бачаҳои моро назан. Аз руи шунавидаи мо худи ту ҳам дар фоидаи ин либосҳои мактабӣ шарик ҳастӣ. Барои ҳамин ба муаллимҳо, роҳбарони синфҳо ба зурӣ формаҳоро додаӣ, ки ба талабаҳо фурӯхта сумашро ба дасти ту диҳанд

Истаравшан

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Ман дар шаҳри Истаравшан, деҳаи Ниҷонӣ зиндагӣ мекунам. Як навиштаи ман дар шумораи 155-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп шуд. Ин номаам дар барои деҳаи Ниҷонӣ мебошад.

Аввал дар бораи соҳаи маориф гап мезанам. Дар мактаби 55 ба номи Акмал Ҳомидов директор Достон аст бо лақаби зонтик. Мактабро таъмир намуданд. Боз   10-12 синфхона сохтанд. Аз муаллимҳо 200 -300 сомонӣ ҷамъ карданд. Боз ҳар як муаллим 5 -6 -7 рӯз бепул кор кард. Боз як чиз аламовар аст. Аз маорифи Истаравшан ҳар руз ду 3 ҳаромхур омада меистад. Боз ба талабаҳо формаи мактабиро маҷбурӣ фурӯхта истодаанд.

Мактаби дуввум рақами 9 аст ба номи Т.Зиёвиддинов. Директори мактаб Қушназарова Саодат як ҳаромхури зинокор. Мутаассифона, ин директори мактаб ба мисли як корманди барделҳо аст. Дар бораи беҷогардиҳову квартира ба квартира ҷурабозиҳову рестораншиниҳои ин директор мо маълумоти кофӣ дар даст дорем.

Директори мактаб ба фурӯши формаи мактабӣ чи кор дорад, ки ин директор талабаҳоро маҷбур мекунад. Агар талаба гуяд, ки ман аз дигар ҷо дастрас кардам туро ба амният месупорам гуфта тарс медиҳад.

Боз аламовараш ин аст, ки аз баъзе фанҳо 6- 8 соат дарсро гирифта ба кадом муаллиме, ки дарсаш кам бошад, мефурӯшад. Нархи як  соат дарс барои як сол 150 сомонӣ. Валлоҳи як беҷогарде аст, ки зери дасташ 25 -30 мард кор мекунад.

Агар дар мактаб духтарҳо  сараш румол ё ҳиҷоб бошад ана акнун тамом. Дар бало мемонад падару модари он духтар. Ин директор омаду чандин муаллимҳои ботаҷрибаро  аз мактаб сур кард.

Раиси қишлоқ ҳам як хоҳари Саодат. Номаш Қушназарова Нилуфар. Ин ҳам аз апааш ягон зарра фарқ намекунад. Бо ҳар баҳона ҳар рӯз аз мардум пул ҷамъ мекунад. Ном ба ном менависам:

1) барои мактабро нав сохтан

2) бари об

3) барои асфалт

4) барои барқ

5) барои  налог

6) барои пожар

7) стансияи барқӣ чапа шуд ё сухт.

Ҳама стансияҳои аз падарам калон. Газ ба нархи бензин расид. Дар деҳаи Ниҷонӣ чанд ҳазор мардҳо ҳастанд. Эй мардҳо биёед ин ҳаромхурро аз раисӣ сур кунем ва Абдурашидро аз нав раис монем.

Ин мардро подстава карда аз кор ронданд. Абдурашид хуб марде буд. Эй, мардҳои ниҷонӣ, куҷо рафт ғурури шумо, ору номуси мардии шумо?

«Ислоҳ.тв»-ро ҳама мебинад. Нависед, натарсед. 2 сол бозо мебинам, лайк мемонам, ягон чиз нашуд. Аз Эмомтапак натарсед. Замин осмон дар дасти парвардигор аст. Аз дасти Эмомтапак ягон чиз намеояд.

Боз дар бораи зоишгоҳ-роддоми Истаравшан. Дар ин бемористон аз охрана сар карда то главврачаш пул мепурсад ва ду чашмаш ба дасти бемору соҳиби бемор. Ҷойи хобонидани кудак пул мепурсад, кроват пул мепурсад, доя пул мепусрсад. Хуллас, инҷо ҳар касе халати сафед дорад, ҳатто ҳамон ошхоначӣ ҳам аз зани кудак ба дунё оварда пул мепурсад. Обший барои як тифлро то берун аз зоишгоҳ бароврадан то 2500 сомонӣ мепарӣ. Аммо маоши корманди ин зоишгоҳ, манзурам ҳамон врачҳо 1800-2300 сомонӣ аст.

Пеш аз туй барои аз духтур гузаштан рафтам. Духтур гуфт, ки аврататро нишон деҳ. Ман рад карда гуфтам, ки ин кор дар дину оини мо дуруст намегирад. Ва гуфтам, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи вассалам гуфтанд, ки …..Аммо гуфт, ки   пайғамбар гуфтан мегирад ман аврати туро диданам даркор, ба пайғамбар бовар  надорам, ту ба ман маъруза накун. Агар нишон надиҳӣ пулте печат монда медиҳам.

Ман пештар гуфтам, ки мактаби 55 бо ҳашар ва пули муаллимҳо таъмир карда шуд. Аммо ҳамон вақт аз маориф ҳар рӯз ду ҳаромхури коррупсионер омада болои муаллимҳо меистод. Боз аламовараш ин ки 1000 сомонӣ ба ҳар яктоаш доданд. Ин чи хел давлату давлатдорӣ аст, намедонам.

Бародар ин номаи маро нашр намоед. Номаи пешинаи маро дар шумораи 155 бароварда будед. Ҳамаи қишлоқ дид. Қишлоқи мо дар «Ислоҳ.тв» баромад гуфта ҳама тамошо кард. Ҳозир ҳам ҳама мебинанд.

Мастчоҳ

Салому дуруди бепоëн ба Шумо ҳайати эҷодии тими «Ислоҳ». Ташаккури зиëд ба Шумо, ки номаи ирсол намудаамро дар барномаи «Номаҳо»  дар №162 (дар мавриди фурӯхтани замин ба Узбакистон) ҷой додед. То ин дам банда худ, ки хонандаи доимии шумо ҳастам фикр мекардам, ки баъзе номаҳо бофтаи «Ислоҳ» мебошанд. Ва баъде оне, ки номаи худро фиристодам бе ягон тағир, ҳатто бе ягон калимаи зиëдатӣ нашр кардед, фаҳмидам ва  боварии комил ҳосил намудам, ки ягон камбудӣ, ғалат ë туҳмат дар «Ислоҳ» дида намешавад. Сад дар сад ҳар як калима аз мардум мебошад. Ва мардумро даъват менамоям нависед, ҳар он чи мегузарад, ҳар он ҷое ноҳақиеро мебинед, чи аз зулму ситам, чи аз пора нависед ва боварии комил ҳосил намоед, ки исму насаби шумо маҳфуз боқӣ хоҳад монд.

Хуб мегузарем ба ҳолати дарунии КМҶТ, ки сарбозон чи ҳол доранду афсарон чи муомила доранду чи мехуранду чи мепушанд. Сараввал инро хостам гуям, ки ман во нахурдам афсар ë прапоршикеро, ки бе дашном сухан гуяд.

Даромадан замон ба Маркази таълимии ноҳияи Спитамен қисми ҳарбии 0230 ба мо сару либос дода шуд. Вой! Танҳо вой метавон гуфт бародари азиз! Дар маркази таълимии Спитамен гуруснагии сарбозон дар дараҷаи олӣ аст. На танҳо сарбозон, ҳатто афсарон тамоми полковникҳо нишаста гарохшурбо мехуранд, чи расад ба сарбозон. Афсарон ҳама мисли муш аз паи сарбозон, ки телефони якеашро пайдо кунам, ҳеҷ набошад як обедча ташкил кунанд. Аз маоше ба сарбозон барои молу амволи шахсӣ (собун, хамираи дандоншуӣ, ҷуроб ва ғайра) дар тули хизмат дода мешавад, ман боре он пулро қапидан он су истад, ҳатто надидам. Намегуям пул гум мешуд, сардори ротаи мо майор Каримов меовард аз маоши мо, ки 29 сомонӣ буд.

1). Собун — 80 дирам

2). Шоткаи дандоншуӣ — 1 сомонӣ

3). Хамираи данданшуи -1,5 сомонӣ

4). 2 жилети ë ин, ки станоки ришгирӣ

Инҳо буданд барои як моҳ. Бо он жилетҳое, ки ба мо медоданд, ҳатто бо 4 -тои ин жилетхо риши баъзе аз сарбозро, ки риши ғафс дошт, гирифтан имкон надошт. Ва ин 2 жилет ë ин, ки станок танҳо барои риш не, барои тамоми бадан ба муддати як моҳ дода мешуд. Дигар чорае набуд, пусткан карда руйҳоямонро риш мегирифтем, бо оби хунук дар болои барф. Тамоми сарбозоне, ки дар 0230 буданд медонанд, ки ман куҷоро дар назар дорам. Ҷое, ки дасту руй мешустем ҳамон баняи тобистона.

Ба ҳамин тамом ва салом. Касе шояд пурсад дар куҷо ҳаст собун 80 дирам? Вале ман он замонро дар назар дорам ва ҳатто дар баъзе собунхо нархнома (ценники) часпонда шуда буд. Ин ҷинояти якуми майор Каримов. Мутобиқи оиннамомаҳои КМҶТ сарбози оиладор ҳуқуқ дорад ҳар моҳ муддати 2 шабонаруз рухсат шавад.   Сад афсус, ки оинномаҳо ва қонунҳои КМҶТ чун дигар қонунҳо дар коғаз боқӣ мемонанд. Майор Каримов аз ҳар як сарбози оиладор 200 сомонӣ мегирифт ва рухсат мекард, бе иҷозаи муовинони командири қисми ҳарбӣ. Ҳатто онҳо огоҳ намешуданд. Ва худ мегуфт «Ича ма сардори ротайм, ма гап мезанм, фақат ма задагийм командира кати муовинош». Хуллас, медидам чи рузи сахт, қин, азоб болои сари сарбозони оиладор.

Муддати 6 моҳ бо гуруснагӣ дар он ҷо хизмат кардем ва омадем ба отряди сарҳадии  0201 ноҳияи Мастчоҳ яъне интиқол-перевод шудем. Ва моро баъди 2 рӯз ба ДС-и 3юми Деҳсор равон намуданд ва шуруъ шуд хизмат. Дар мавриди лату куб (дедовщина) сухан намегуям, чунки ба ҳамагон маълум аст. Аз навраси мактаб то пири барҷомонда ҳамагӣ огоҳ ҳастанд, ки «хар дар даруни замини кишт он қадар шатта намехурад, мисли сарбозони Точикистон». Даромадан замон ба ДС пойафзолҳо (берсиҳоямон) ва тасмаҳои миëнамон (бляхаҳоямон) ва кулоҳҳоям шаби аввал дар ДС аллакай соҳибони аслии худро ëфтанд. Сардори ДС капитан Ҳабибов Файзалӣ ҷони мардум ва молдорони деҳаи Деҳсорро ба нуги бинӣ оварда буд. Сари ҳар моҳ як буз ва як гусфанд мегирифт ва иҷозат медод, ки лаб ба лаби симхор молҳо бичаранд. Ва ҳангоми фиристодани наряд дар фармон мегуфт «Лав -лави симхор чтоб ягон пашша набоша» . Ба чашму гуши наряди сарҳадӣ хок мепошид. Гуë ин, ки мо сарбозон аз ҳеҷ чизе хабар надорем. Худи чупонҳо ба мо худ мегуфтанд, ки сардори Шумо ин қадар инсони пасти нафскалон аст. Наход, ки сари моҳ 2 сар моли майда нарх монад. Вале чи илоҷ, ки деҳа дар марз қарор дошт ва зиндагии ин мардум дар марз асту чорае надоранд. Капитан Ҳабибов Файзалӣ маҳз барои овардани молҳо аз хонаи мардум сарбозеро барои худ ҷудо намуда буд. Танҳо барои овардани молҳо он сарбоз мерафт ва интихоб намуда сари ҳар моҳ 2 сар гусфанд мегирифт

Ва боз аз ҳамин деха ба марди дигаре мефурӯхт. Ҳамаи молҳои гирифтааашро маҳз ба он мард мефурӯхт. Сардори ДС ва муовини дуюми ӯ лейтенанти калон Ғозиев Ҳусейн сарбозонро мисли ғуломҳои давраи феодалӣ истифода мебурд. Бо ивази маблағ сарбозонро аз ҳама намуди наряд ба ҷуз 2 часавой (посбони назди дидбонгоҳ) ҳамаро аз наряд озод намуда ба бор кардани тарбуз ба алафдаравӣ ва ҳезум майдакунӣ ҳатто ба сохтмонҳои сокинон равон мекард ва даромад ба даст меовард. (Сарбозеро медонам, ки тули моҳҳои дароз танҳо шабҳо ба ДС меомад ва субҳгоҳон ба вақти подъëм ба деҳа ба кор ба сохтмон мерафт). Ва метавон гуфт ин шикоят нест. Мо баръакс он замон хушҳол мешудем, ки ба хонаи сокинон рафта кор мекунем. Маблағ ку не ва ҳеҷ набошад, шикамҳоямон сер мешавад. Зеро дар ДС приловкае, ки танҳо дар об ҷушонида шудааст, ба худо дар ҷонамон зада буд. Гуфти писари Марями гурсухта шукрона кунед гуëн шукр карда алаф медаравидем, шукр карда тарбуз бор мекардем ва шукр карда хонаҳои сокинони деҳаи Деҳсорро таъмир мекардем, шукр карда чуб майда мекардем ва шукр гуëн хизмат мекардем. Ягон сарбозеро намедидам, ки вақте уро ба кор ба деҳа фиристад у ғамгин ë ин ки «через не хочу» равад. Сардори ДС капитан Ҳабибов Файзалӣ чунон хашмгину бераҳм буд. Пас аз лату куби сардори ДС сарбозро не лаб, не ру не тани обод мемонд. Ва чунон даҳони ифлос дошт, ки сарбозро бе дашном ном намегирифт: Фалонӣ Фалонӣ апа, Фалонӣ Фалонӣ хоҳар гуëн ҷеғ мезад. Худаш ин чи гап, мо сарбоз ë ки ғуломи афсарон. Капитан Ҳабибов вақте ба ДС омад, як бомж буд. Ба ғайр аз як форма дар тан дигар чизе надошт. Ва оҳиста оҳиста аз деҳа хона ба иҷора гирифт, зананшро аз Кулоб ба ин чо овард. Аввал як мошини Жигули 06, пасонтар ӯро фурухта опели хачибек гирифт. Маводи хурокае, ки аз отярд ба ДС-и мо равон  мешуд старшинаи ДС Давлатов Диловар, ман намедонам меъдаи ӯ меъдаи асп буд чи буд 24 ба 7 кору ӯ танҳо хурдан ба телефон гап задан, синну солаш таи 40 бе зан кор танҳо зинокорӣ. Дар деҳа ҳатто ба кадом зане робита дошт. Ва мардуми деҳа ҳама инро медонист.

Рӯзе мардоне деҳа 10-12 нафар  ба ДС омада старшинаро пурсиданд. Вақте, ки навбатдори ДС ба ӯ расонд Давлатов дар синфхона нишаста буд ва аз тарс мисли токзадагӣ шуд ба навбатдори ДС гуфт рав гуй, ки «старшина ба отряд рафтааст баъди 1 ҳафта меояд».

Хуллас кадом як зулму фасоди ин давлату ин ҳукуматро гуем. Худи ман ҳукуматро мисли дарахте мебинам, ки фасод мисли кирми дарахт дарунашро кайҳо боз хурдааст. Не об, не барқ не ҷои кор. Не мемонанд зиндагиатро бинӣ. Ин чи намуди давлатдорист. Вале агар ба нуктаи асосӣ назар кунем гунбази бадбахтӣ дар Тоҷикистон ман танҳо раиси ҷумҳуриро мебинам, не вазир не кабирро. Зеро агар худи Раҳмонов дузду золим намешуд вазирону раисони шаҳру ноҳияҳо низ дузду ситампеша намешуданд. Чунончи гуфтаанд :

Абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад,

Шоҳ агар одил набошад мулк вайрон мешавад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Мову шумо ғоибона бо ҳамдигар шинос шудем ва намедонам ин чандумин хабару навиштаи ман аст, ки дар «Номаҳо…» чоп мешавад. Воқиан ҳам шумо бо нашри барномаи «Номаҳо…» кори моро осон кардед. Ҳарчизи будагиро мефиристем, шумо лабу лунҷашро рост карда чоп мекунед. Ва ҳоло хабаҳое, ки мехоҳам бароятон бирасонам:

«Омодагиҳои махфӣ барои гузаронидани маҷлиси ғайринавбатии Ҳизби халқии демократиро рафта истодааст». Хокзанҳои Раҳмонов намедонанд чи хел сценарияро пешкаш кунанд, ки то ҳол ин гуна корҳои воқеан баду…. надида буданд. Мондани Рустам як тарафи масъала бошад, боз муовинони раиси ҳизб як дарди сар. «Оҳ яке ира намонем, ки ба да оянда Рустама чнгрык мона. Оҳ ура намонем, ки бо дига кор кна»

Аммо Рустам кай парво дорад. Фақат кайф. Раҳмонов дар бари Рустам муовинҳои боақлу оддӣ ва бидуни амбитсия мехоҳад дар ҳизб монад. Аммо метарсад, ки боақл ҳатман як рӯз не як рӯз лингҳои Рустамро мебардорад. Чунки муовини аввал контроли ҳама чиз, аз ҷумла пул дар дасти вай аст. Вай бояд бисёр содиқ ва прослушанний ва бе амбитсия бошад. Чунин ҷавонро пайдо кардан албатта хело душвор аст.

10- 20 рӯз пас сар мешава лимит. Об нест. Ҳазор проблемаҳои зарурӣ дар пеш. Бюҷет комилан холӣ. Кураторони авлод чи коре кардиян, ки бюҷет холӣ аст.   Раҳмонов ягон амр медиҳад, ки «ай бюджет, ай фонди Президент гирен», аммо нест. Дар коғазхо ҳасту дар касса нест. Вақтхои охир Раҳмонов сахт менушад. Боз касалии старческий мразм дар ӯ пайдо шуда истодааст. Як амрро чанд бор медиҳад. Як корро чанд бор мепурсад.

Чанд рӯз пеш СС бо вай ва бо чанд нафари дигар якҷо буданд. Раҳмонов як корро чанд бор пурсид, СС руяшро мегардонаду механдад. Як нафар оҳиста аз СС пурсид, ки «генерал механден, тенҷияй, гуфт Ҷаноб бо осмонӣ шид».Он кавдани пурсанда хит накад маънои гапи СС-ро

Ва як хабари дигар. Ин хабар дар бораи Юсуф Раҳмони касиф.
Ин Генпрокурори домсоз, дар Душанбе, дар кучаи Қазоқон 2 дар пушти заправкаи «ГАЗПРОМ» як ресторани калони 2 этажаи аждаҳор дорад.
Дар 2 этаж, ресторан бо номи «МАГНОЛИЯ». Дар якум этажаш автосалони мошинҳои китайски, особенно модели  » «ЛИСЯН». Ин модел гибрид аст. Ва боз дигар моделҳои электромобили китайски!
То ҷое фаҳмидам дар ҳамин Душанбе дар як ҷои дигар ҳам стоянка полностью забитий, ҳама аз ҳамин мошинҳои электромобил задаги пур аст, дар онҷо ҳам савдо мекардаст. Ҳам дар якум этажи ҳамин зданий дорад ва ҳам як стоянкаи дигар дар пеши ҳамин ресторан, пури мошин аст.
Аз ҳама ҷои интересниш бародар!
Як оптовий фирма бо номи «РЕЛАКС» гуфтанӣ ҳаст дар Душанбе, ки ҳам хӯрока савдо мекунад ва ҳам битовой химия, (айнаву собун, ва ғайра) ва ҳамин фирма боз магазинҳои худашро дорад, бо ҳамин номи «РЕЛАКС». Яктояш дар Мехкалон дар наздикии масҷиди Мехкалон аст. То ҷое, ки фаҳмидам бо дар ду ё се ҷои дигар ҳам доштааст! Дар таҳхонаи ресторани «МАГНОЛИЯ», ки масоҳаташ беҳад калон аст, боз як магазини дигар сохтааст. Ин дар таҳхона. Ин магазин ҳам исми «РЕЛАКС»  дорад ва як фирма бояд бисозаду тармиму таъмир кунад. Он фирма ин ҳамаро аз ҳисоби худаш бояд дуруст карда диҳад. Ва боз условия мондааст, ки маҳсулоти савдои магазинро полности пур карда медиҳӣ, чи хурока бошад, чи маишӣ ва савдогаронашро ҳам худат меёбӣ. Гуфтааст, ки ман кор надорам. Кори ман фақат фоидаи савдоро гирифтан аст.

Бо як мошини «РЕНҶ РОВЕР»-и сафед меояд, як хабар мегирад кору боррову боз меравад! Шояд сохтмони ин магазин тамом шудаву он ба кор пардохта бошад. Барои онки ман ин хабарро чанд вақт пеш шунавида будам. Ҳатман боз месанҷем ва агар касе боз беҳтар донад ба «Ислоҳ» нависад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№171    появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№151
Садои хашмолуду пур аз кинаву танаффури мардум бар муқобили Раҳмонов ва корхонаҷоту ширкатҳои домодҳову бачаҳои вай рӯзбарӯз бештар шуда истодааст. Ҳар қадар, ки Раҳмонов болои мардум фишорро афзун мекунад, ҳамон андоза дучори нафрату ғазаби мардум қарор мегирад. Дар номаи зер мардуми босабру тоқати Ҳисор ҳам маддаҳои солҳо нуҳуфта дар дилашонро кафонидаанд. Беҳтараш худатон мутолаа кунед:

Ҳисор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман номи номаамро чунин мондам: «Нома дохили нома»-яъне якум: «Нома аз Ҳисор, дуввум -Нома аз ҷигару қалби деҳаи Ҳисор».

Бародар, умедворем хубед.

Шурӯъ мекунем аз номаи аввал:

Ба ҳамагон маълум, ки Ҳисор таърихи бой дорад. Ва дар гузашта бо номҳои Шумон, Шодмон, Ҳисори Шодмон, водии Ҳисор ёд шудааст. Ва ҳатто байни мардум ривояте дар сайр аст, ки   «Хуҷаи Хизр дастархонашро дар ин минтақа  афшондааст, (албатта ин овоза аз ҳисоби серҳосил будани ин ҷост). Ва аз ҳисоби доштани заминҳои серҳосил ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ Ҳисори зарнисор ё водии зарнисор ҳам мегуянд. Дар ноҳия ҳама гуна намуди сабзавот ва мева руёнида мешавад. Чорводорӣ низ хуб ба роҳ монда шуда буд. Ҳозир ҳама чарогоҳҳо соҳибдор шуда монд. Дар гузашта ҳар деҳае ба худ 1-2 чарогоҳ дошт. Ва дар адиру пуштаҳояш пиставу бодом, хуч ва каврак (шираи камол) ҳам меруяд. Мардуми  деҳаҳои поён ва наздик ба адиру кӯҳ  аз ҳисоби ҳамон пиставу бодом ва каврак (шираи камол) зиндагии худро пеш мебурданд. Ҳол онки аз об танқисӣ мекашиданд. Ва «балое» омаду мардум аз ин даромад ва манбаъи пешбарандаи зиндагӣ маҳрум шуд. Ин бало «Фароз» ном дошт. Ва роҳи деҳаҳои Булбулчашма ва наздикии онро бастанд.

Ва бо тарафи дохили деҳаи Кончӣ-Заря Востока-Юбилейни равона карданд, ки ин роҳ ба он мардуми деҳа 2-3 баробар дур мебошад. Хулоса, роҳеро, ки бастанд гар хато накунам ба деҳаи Сурх (Қизилқишлоқ), ки деҳаи раҳматӣ домулло Шарифи ҳисорӣ низ мерафт. Давоми ин роҳ то Чуҷааливу назди сарҳадии Боботоғи Ӯзбекистон ҳам мерафт. Ва ин бало яъне Фароз (ин Фароз аз он Фароз-и марҳум Умаралӣ Қувватов фарқ дорад), сари мардум шуруъ кард ба ширамолӣ ва кулоҳгузорӣ. Агар он Фароз барои ободии кишвар ва ҷойҳои корӣ барои мардум буд, инаш бошад яъне Фароз-и Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов баракси он-  ҷойҳои кории мардумро кашида гирифт. Ва ин Фароз омаду ин сарзамин аз он сарзамини серҳосил ва зарнисор  ба  «минтақаи заминҳои бекорхобида» мубаддал гашт ва  «худӣ» шуд. Ва мардуми ин деҳаҳо норозигӣ баён карданд. Чанде аз онҳоро бурда саркӯб ҳам карданд. Дар бораи он ҳодиса дар барномаи  «№127-и Номаҳо аз ноҳияҳо»  ба шумо расонида буданд ва шумо гуфта гузаштед. Пеш аз ине, ки Фароз ба ин ноҳия ояд, таърихи тулонӣ дорад. Сарчашма мегирад аз солҳои 1992. Яъне вақте Раҳмонов ва Сангак Сафарову дигарон ФХТ (Фронти халқии Тоҷикистон)-ро дар минтақаи Кӯлоб ташкил карданд, союзники худро дар водии Ҳисор ёфтанд: Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор. Ва дар аввал мардони инҷоро ба фиреби худ дароварда истифода бурданд, баъд ба монанди Нуралии лолагӣ ва дигарон якояк несташон карданд.

Мисоли дигар муфтии собиқи ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Фатҳуллои ҳисориро ҳам ин Фронти халқӣ ба қатл расонд, ки шумо дар барномаҳои гузаштаатон гуфта будед. Баъд,  сарватмандони ин ноҳияро ба доми худ дароварданду ба мисоли гов ҷушидандашон. Ба мисоли Алимардонов М, Иззатулло Ҳаёев-собиқ сарвазир ва раиси ширкати ХИМА  «дарвоқеъ ширкати ХИМА ба ҳардуи онҳо тааллуқ дошт,яъне Х-Хаёев И-Изатулло,М-Муродалӣ А-Алимардонов.» Ҷамолиддин Мансуров- раиси пешини шаҳри Душанбе, Абдувоҳид Каримов ( собиқ раиси ноҳияи Ҳисор )Тухтеав ( собиқ раиси ноҳияи Ҳисор).

Дар солҳои наздик бошад сарватмандони деҳаи Белайдузи шаҳри Ҳисор ба монанди Устонабот ва бародаронаш, оилаи Саидовҳо, Рустам (Рустам- командир) Абдураандззоқ, Латиф  ва ҳатто муллоҳову олимони динро ба доми худ андохта буд. Ба мисоли махсуми Исмоил, қорӣ Сунатуллои ҳисорӣ              ( бародари марҳум ҳоҷӣ Фатҳуллои ҳисорӣ,) 4 бародар, ки яке аз  маъруфтарини онҳо  раҳматӣ Қорӣ  Баҳриддин буд. Шумо дар барномаи  «Номаҳо аз ноҳияҳои №127»  гуфта гузаштед. Хулоса ин «оила» ягон қишри аз  ин ноҳияро намонд, ки фиреб надода бошад. Ва баъдан сар карданд ба фиреб додани савдогарони ин ноҳия.  Соли 2011 бозори марказии ба номи Хонақоҳро (ба Тоҷикматлубот рабт дошт) ба монанди дигар ноҳияҳо бастанд. Ва дар яке аз базаи савдо, ки объекти стратегӣ-ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб мерафт бозори шахсӣ ба номи бозори «Само»-ро кушоданд. Пеш аз сохтани ин бозори нав аз ин базаи савдо чи оҳану швеллер, уголокҳои оҳанӣ, ҳатто релси поездро, ки дар давраи СССР ба дохили ин база кашида шуда буд, канда бурданд. Гар хато накунам, ин кандану бурданҳо қариб 3 моҳ зиёд тӯл кашид. Ва гуфтанд, ки барои ГЭС-и Роғун мебарем. Лекин нафароне, ки онҷо кор мекарданд, нақл карданд, ки барои фоидаи худ ва қисми зиёдашро ба шаҳри Қурғонтеппа ба бозори ҳоҷӣ Шариф кашонданд. Албатта ба онҷо барои он, ки ин ба бозори Само рабт дорад, ба оилаи Соҳибовҳо. Ва аввалин директори ин бозор- Хайрулло шахсе буд аз ноҳияи Норак собиқ корманди амният. Бисёр шахси дағал ва даҳонаш гапашро намегирифт.

Як фиреб ва писханд задани ин семейка нисбати мардуми Ҳисор инаст, ки: «да дига районо мо мардума маҷбуршон мекунем, намешуд, бозоршона алов мезадем, баъд ночор меомаданд, аввалда бе пул ҷошон медодем, ин ҳисориёра боша ҳам бозоршона махкам кнем. ата н бозори навда ҷора сумакӣ фурухтем, розиянд». (барои банда ин суханҳоро гуфтан ҳам шарм ҳаст ҳам вазнин, лекин «ҳақиқати талх аст «! Хулоса мардуми Ҳисор бедор шавед! Наход раиси милиса, БДА аз минтақаи  Кӯлоб ё хешутабори семейка бошад, раиси шуъбаи шиноснома диҳӣ ҳам аз дигар ноҳия. Мо то ин дараҷа бесаводем, ки худамон кадр надорем? Ҳисор ба монанди дигар минтақаҳои Тоҷикистон соҳиби мардони бошараф, шоиру  нависандагон паҳлавонони гуштину човандозони номдор, олимони дину  донишмандони соҳаи тиб ва дигар соҳаҳо мебошад. Бояд мо ба мисли Далери Имомалӣ, ки фарзанди сарсупурдаи Ҳисор ва тамоми ата наст, бошем. Ба монанди ноиби ҳизби сотсиал демократ Маҳмурод Одинаев ва дигарон бошем. Лекин афсус хомушем. Бародар, дуъои маро ҳам хонед дар барнома:

Ё Аллоҳ олимону донишмандон, муллоҳову мардуми авом, хулоса ҳама мардуми мазлуми ватанро аз дасти ин ҳукумати номардумӣ озод бигардон.

Ва ҳоло номаи дуввум:

Нома аз ҷигару қалби деҳаи Ҳисор. Банда хостам то дигарон нависанд, вале ҳамагӣ ба даҳон об гирифтаву аз тарс нанавиштанд. Маҷбурам ба сину сол нигоҳ накарда нависам. Номаро шурӯъ мекунем.

Дар гузашта раиси ҷамоъат ва маҳаллаҳо бо супориши марказ яъне аз дастгоҳи ноҳия монда мешуданд. Ва як шахси баобруро мемонданд. Мисол собиқ муаллим, ё  бригадири колхоз, муллои масҷиди панҷвақта, ё ягон шахси пешқадам (албатта дорои савод бошад)-ро раиси маҳалла мемонданд. Ҳозир ба фикрам ҳатто раиси маҳалро «дигар» дастгоҳ  ба кор мемонад. Ба мисоли раиси маҳаллаи деҳаи  Қалъаи Ҳисор як нафар бо номи Камол Олимов бо лақаби Камол девона ё Камол ҷиндиш мегуфтанд, ба кор мондаанд. Соли таваллудаш 1980. Сокини ҳамин деҳа мебошад. Дар гузашта ӯ сабабгори қатли 2 нафар шудааст. Якеро дар ҳамин деҳа қариб наздикии 20 сол пеш бо чанд нафар зада буданд ва сабаби ҷанг, ҳамин раиси маҳалла, ки он вақт ҷавон буд ,шуда буд ва он нафар баъди 1-2 рӯз аз дунё даргузашт. Ва аз марди фавтида 7 кӯдак ятим монда буд. 4 моҳ шишту баромад. Албатта, худ фаҳмидед, ки дар ҳукумати имрӯза ҳама кор карда мешавад. Дар гузашта човандоз ҳам буд. Ин шахсро на фақат дар деҳаи Қалъаи Ҳисор, балки дар деҳаҳои гирду атроф ҳам «хуб» мешиносанд. Як бузи пеши пеш аст. Ба раиси маҳалла шуданаш ҳоло 1 моҳ нашудааст. Лекин дар солҳои ахир ӯро ҳам бо коргарони шӯъбаи милиса ва ҳам бо ходимони масҷиди ҷомеъ ва ҳам дар идораи ҷамоъат во мехӯрданд.

Дуюм шахс ҳам  аз дасти вай баъдан ба қатл расид. Ин ҳодиса дар Русия рӯй дод. Дар раҳу рӯ, дар туйҳову маъракаҳо худамон кардем мегуфтааст, ва мегуфтааст, ки номерҳои ҳама дастгоҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дахлдорро дорам. Хайр акнун худатон фаҳмед, ки чи гуна шахс аст. Аммо вай саводи ҳатто синфи 1-ро ҳам надорад. Ҳам гиря ва ҳам хандаи кас меояд вақте мефаҳмад, ки ӯ раиси маҳалла шудааст. Хитоб ба дастгоҳ ё нафароне, ки ин шахсро ба ин масъулият таъин карданд. Шумо як бор аз гузаштаи Камол Олимов дарак ёбед. Охир характеристика ва  ахлоқе, ки ӯ дорост, барои ин масъулият комилан дуруст намегирад. Ба ҷомеъа бисёр  шахси  хатарнок аст! Ин Камол Олимов, ки ҳозир гуноҳашро ба гардан намегирам, пеш як нафари фосиқ ва зинокор буд. 1-2 сол пеш як оилаи ҷавон бо гуноҳи ӯ қариб буд аз ҳам ҷудо шаванд. Ба фикрам СС.Ятимов раиси КДАМ дар ҳолати эҳтизор ва қабзи руҳ қарор дорад ва дигар дар фикри наҷоти худ ва оилаву пулҳои бо зулм ҷамъовардааш аст. Дигар бахшҳои амният дар ҳолати гузариш қарор доранду дар фикри сокинони кишвар нестанд.

Спитамен

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Спитамен навишта истодаам. Ташаккур, ки навиштаи пешинаи маро чоп намудед. Ҳоло дар бораи як корманди милиса навишта истодаам. Ин корманди милиса зан аст. Гавҳар Ашурова ном дорад. Вай лейтенанти калон аст. Сахт маккора в муғамбир ва беҳад ҳаромхур аст. Мардуми содаву одиро фиреб карда пулҳои онҳоро мегирад. Масалан барои иваз кардани ному насаб 6 ҳазор сомонӣ гирифта мегуяд, ки 1 моҳ пас биё, тайёр мешавад. Он бечора баъди як моҳ меояд, аммо баҳона пеш меорад, ки дар ҳуҷҷатат камбуд ошкор шуд, боз ду ҳафта пас, биё. Ҳамин тавр се-чор моҳ кашол медиҳад, медавонад ва баъд медиҳад.

Боз як кори дигари ҳаромаш ин аст, ки ваъда медиҳад фаврӣ шиносномаи хориҷӣ сохта медиҳам гуфта 3 ҳазор сомонӣ мегирад. Пулро мегирад, чизеро, ки барои се руз омода мешавад, 15 то 20 ру6з кашол дода медавонад. Ин зан ду фарзанд дорад. Калониаш номаш Фаррух. Вай баригаи бангфуруш мебошад. Мошини БМВ, Х6 дорад. Писари дуввумаш дар ППС кор мекунад. Бо ҳамон бачааш ба қишлоқҳои дур рафта паспортний режим мекунад. Одами содаро паспорташро талаб карда вақте мебинад, ки иваз накардааст ҷаримааш будааст, ку гуфта ба камияш 200 сомонии вайро мегирад ва боз аз номи началники милиса гап мезанад. «Ман ҷаримаро ба началники милиса бурда медиҳам мегуяд».

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман минбаъд аз Спитамен навишта меистам.

Лахш

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман аз ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ба шума навишта истодаам. Мо қирғизҳои Ҷиргатол шикояти бисёр дорем. Моро одамони ҳукумат -амният ва милитсия қирғиз гуфта бе ҳад бисёр ғам медиҳанд. Лекин худашон лақай мебошанд. Боз моро қирғиз гуфта, як проблемаро дар гарданамон мемонанд ва пуламонро мегиранд. Агар ягон айб наёбад, ту хонаатро мефурухтаӣ гуфта суматро мегиранд. Мо безор шудем аз дасти одамони амният. Аз дасти ин амният гарантия,ки 30% қирғизҳо гурехта хонаашонро арзон ё ки партофта рафтанд ба Қирғизстон.   Чандин одамро зада сумҳояшро гирифтанд: 20 ҳазор, 15 ҳазор. Дигар ягон илоҷ нест. Даже Қирғизистон через интернет занг зада гап занӣ гӯш мекунанд. Чанд одамро қапиданд. Бисёр бачаҳо чанд сол пеш рафта граждани Кирғизистон шуданд. Ҳозир падару модари ҳамон бачаҳоро ба амният фарёд карда сум гирифтанд. Бисёриашонро заданд, бачаҳояшонро оварда шаҳрванди Тоҷикистон карда армия роҳӣ карданд. Ин ҳаромхурҳо чи хеле форад ҳамон хел кор мекунанд. Инҳо фақат сум ҷамъ мекунанду корашон фақат бевабозӣ.

Аз тарафи шаҳр бо таксӣ омада аз Ҷиргатол Камри савор шуда мераванд. Бародар одамҳо безор шудаанд. Ҳама мефорад, ки ба шумо гӯянду гап зананд. Лекин телефонҳоро через интернет проверка мекунанд. Барои ҳамин ба шумо  гуфта наметавонанд. Одамонро амният ба зурӣ ба ҳукумат бурда дар вақте   прямой эфири шумо сар мешаванд маҷбур мекунанд, ки ба шумо занг зананду пешворо таъриф кунанд. Он бечораҳо, ки тоҷикиро ба зур гап мезананд дигар ноилоҷ монда ба шумо занг зада ончиро, ки инҳо ёд медиҳад, гуфтан мегиранд ва пешворо таъриф мекунанд.

Бародар мо қирғизҳои Ҷиргатол ба шумо бовар дорем. Ин номаи маро хонед, токи мардум бифаҳманд, ки тамоми корҳояшон дуруғ аст.

Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Исфара ҳастам. Феълан дар Русия қарор дорам. Чи гуфтанӣ ҳастам? Ман бо Аҳрор Каримов, ки чанд маротиба дар барноҳоятон аз вай ва кору кирдори вай гуфтаед даҳ сол дар тиҷорат якҷоя кор кардам. Ду сол шуд корро бас кардам. Бо Лайсиддин ва дигар калонҳои Чоркуҳ ҳам шиносам. То ҳоло онҳо телефон мекунанд, аммо ман телефон накардаам. Тоҷикистон рафта дидам, ки чи хел корҳо рафта истодааст. Бовар кунед, ки як даҳшат. Дар Чоркуҳ бениҳоят зулм бисёр шуда истодааст. Ҳар шаб чорто-чорто панҷто- панҷто одамро оварда маҳкам мекунанд. Руирост мегуянд, ки «лой»-яшро деҳ мо туро сар медиҳем. Аз чор нафари дастгиршуда яктоаш баромада аз қишлоқ пул ҷамъ карда соф мешавад. Се нафари дигар аз 5 сол то 12 ва аз ин ҳам боло ҳукм мегиранд. Одамҳоро бегуноҳ маҳкам карда истодаанд.

Шумо дар барномаҳои пешинаатон дар бораи Муҳибхон ҳам чандин бор гуфта будед. Муҳибхон дар Краснодар раиси ҷамъият буд .Ман уро мешиносам. Вай дар   Краснодар ду шогирд дорад. Аз 2008 то 2012 бо онҳо будам. Ин одам зиёд зулму хиёнатҳо кардагӣ аст.

Вай тавассути ментҳои бо пул харидааш ба аэропорт медаромад мегуфт, ки нос, нон, гушт ва дигар чизҳоро, ки ҳамватанон меоварданд намонед, ки дароваранд ба ахлотдон парофта шаванд. Ин чизҳоро дар пакетҳо гирифта хонааш бурда бо бародаронаш мехурд. Муҳибхон одамҳоро ҳам фурухтагӣ аст, вай буз ҳаст. Ба аскарӣ ҳам ҷавонҳоро фурухтагӣ аст.

Феълан аз Русия депорт шудааст ва ҳоло ҳар рӯз дар куни милисаҳо ва амниятиҳо мегардад ва онҳоро аз ҳисоби мардум, аз ҳисоби бузиву хабаркашӣ хуронида истодааст… Дар бораи ин ноинсон рӯзҳои наздик муфассал менависам.

Маскав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман шуморо нав аз Ютуб дидам ва нав шинохтам. Чанд рӯз мешавад, ки видеоҳои шуморо тамошо дорам. Аз наворҳои дидаам дилам чунон ғамгин шуд, ки то бас гуфтан. Ман сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам. Чанд сол мешавад, ки дар Русияам, шаҳрвандии Русияро ҳам дорам. Ба шароити бародаронамон сахт дилам месузад, пулиси Русия сахт ғам дода истодааст. Шумо, албатта аз ин хабарҳо бохабаред, ман ба Тоҷикистон кам меравам чунки оилаам ҳам инҷо аст. Баъди ҳодисаи Крокус Сити ба Ютуб тез -тез медаромадагӣ шудам ва бо видеоҳои шумо вохурдам ва подписаться кардам, ки шуморо гум накунам. Дар Тоҷикистон ин хел дуздодуздӣ ва одамкушӣ будаасту ман бехабар. Бовар кунед, ки сахт ғамгин шудам. Агар дар ватан мебудам ман шояд бо инҳо ҳарруз дастугиребон мешудам. Аз рафтори кормандони давлат, аз имомхатибхо дилам монд. Беҳад бераҳм шудаанд, бузӣ болои бузӣ, руирост порахурӣ. Нав баромади ҳоҷӣ Мирзоро дидам. Аз у умеди калон доштам. Вале уро ҳам касофатии ин дунë задааст. Ман як вақтҳо ҳавас доштам ин одамро ба хонаам даъват кунам. Лекин ин не тот ҳоҷӣ Мирзо о, ком я знал. Ман аз ҳаëти худам ин хел розӣ нестам. Ман дар ҳаëтам бисёр корҳоро кардаам. Аммо ҳолу вазъи ин режими Раҳмоновро дида бисёр руҳафтода шудам. Барномаи шумо чашмамро кушод. Агар, ки муқобили Раҳмонов хестед, ман якум ҳамон одамам, ки мехезам барои роҳи ҳақ ва бо мардумам мепайвандам.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Айни замон ҳама противи Раҳмонованд. Манзури ман дар масъалаи геостратегӣ ва геополитикӣ аст. Русия таклифашро бо Толибон мушаххас кунад, аз феҳристи созмонҳои террористӣ бароварад, баъд ба масъалаи Раҳмонов ва ҲНИТ мерасад. Ҳамаи ин валвалаҳо аз тарафи Русия ташкил шуда истодааст. Масъалаи баҳси уламои кишварҳои порсизабон бо уламои тоҷик дар бораи сатру ришу ҳиҷоб аз сӯе бо ташвиқи Русия ҳам ҳаст. Омилони нуфузии Русия инҷо дастбакор шудаанд. Онҳо мехоҳанд, ки тавассути олимони тоҷики Афғонистон мардуми тоҷикро зидди Раҳмонов хезонднанд. Ман гумон мекунам, ки ин ҳама, «затея» ва трактовкаи Кремл аст. Аллакай Раҳмонов дар тарс афтодааст. Маҷбур шудааст, ки он уламо ва воизинеро, ки худашон аз экрану минбарҳо дур карда буданд, бароварда бар зиди уламо ҷанг андозад.

Чи бозие ҳаст инҷо. Дар ҳама гушаҳои Тоҷикистон ҳукумат интизорӣ чизе аст. Хавотиранд. Ҳодисаҳои Конибодом-куштори занҷираии оилаҳои том ва боздоштҳои дастҷамъонаи ҷавонҳо дар Язгулом ва ҳолати охири таблиғотии уламои он тарафи руд оид ба сатру риш, конкретно Раҳмоновро ба хавотирӣ овардааст. Танҳо худи Раҳмоновро. Аммо ин герчики бачаашро не. И далбаёби Рустам нозукихои политикаро умуман намефаҳмад, « по*уяйша». Вале Раҳмонов бошад, дар 32 соли ҳукмрониаш бо ин хел ҳолат дучор нашудааст. Вай амалан дар муқобили Русия ва кишварҳои Осиёи марказӣ қарор гирифтааст. Қазоқистон Толибонро аз феҳристи созмонҳои террористӣ баровард. Ин бор авзоъ ҷиддӣ аст. Раҳмонов бо Бадахшон, бо Рашт, бо Суғд ва ҳатто бо Кулоб проблема дорад.

Ҳолатҳое ҳамчунонӣ пеш ҳам руй дода буд. Вале онҳоро худи мақомот бо ҳидояти Раҳмон ташкил мекард: Мулло Абдулло, Суҳроб Лангариев, Алии бедакӣ, Олег Захарченкову Мирзохуҷаи белгӣ ва ниҳоятан ҳаводиси қатлу куштори помириҳо, ки Раҳмонов иқрор ва эътироф кард, худаш супориш дод бикушанд. Аммо ин бор масъала фарқ дорад. Толибон расман эътироф мешаванд ва дар Имороти Исломии Афғонистон муборизини мусаллаҳи тоҷик амал мекунанд.

Рустам хиёл мекунад, ки ягон гап шавад, Шоҳруху Суҳроб Раупову, Хуршеди ОМОН мехезанду тинҷ мекунанд. Намефаҳмад, ки мардум хест, дигар як сели хурушон мешавад, ки ҳамаро «мешува мебара». Ҳозир дар боло тоб дода истодаанд, ки уламои Афғонистону Туркияву Эрон гуё бо диктовкаи ҲНИТ масъалаи сатру ҳиҷобро доғ карда истодаанд.

Як манбаъи дар боло гуфт, ки пиндорашон дар ҳукумат ин аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва Кабирӣ айни замон бо Толибон контактҳоро ба роҳ мондаанду «аз гуфтан ба кардан» яъне аз гап ба амал ру овардаанд. Гуё шумо барои ҳамин  имрӯзҳо барномаҳои мустақим ташкил накарда истодаед ва феълан бо роҳи таблиғ ва забони уламои Афғонистон мардумро ба хестан даъват карда истодаед:

« Ай қуртақи Раҳмон ҳичӣ нагузаштетсай. Талхакафай,ки Россия Толибора расмӣ шинохтанияй. Бояд уже брорашон ай руйхати террористон».

Аҷоиб он аст, ки чаро ба Язгулом СС.Ятимов ва Раҳим Рамазон нарафтанд. Раиси Суди Олӣ ва Юсуф Раҳмону Шералӣ Мирзо рафт.

Ва чизи дигар. Мардум барнома оиди Убайдуллоевро зиёд тамошо кард

Як нафар аз наздикони Юсуф Раҳмон гуфт, ки мақсад аз нафиристодани СС Ятимов ва Раҳим Рамазон дар ин гуруҳ, ки ба Язгулом рафт, ин аст, ки ҳоло ба СС.Ятимов сахт машкук шудаанд. Ҳамаи он нафаронеро, ки дар Язгулом дастгир карданд, КДАМ кардааст. Акнун Юсуф Раҳмон рафта ҳатман камбудиҳоро ёфта, оиди гуё ғайриқонунӣ дастгир кардани нафарон дар Язгулом ба Раҳмон мерасонад. Мавлави Абдулло Абдуллобековро боз се соли дигар ҳукмашро изофа карданд. Тибқи маълумотҳои расида феълан ҳудуди 50 нафар Язгуломӣ дар боздоштоҳи мақомт қарор доранд. Ин 50 нафар ҳамаашро аз худи Язгулом боздошт накардаанд. Аз Русия ҳам ба Душанбе оварданд. Вз қишлоқи Жамаги мавлави Абдуллоҳи Абдуллобек бештари боздоштшудагон мебошанд ва инчунин аз Андарбак ҳам ҷавонони бегуноҳи зиёд дар боздоштҳҳои мақомот қарор доранд. Ҳоло пас аз боздошт ҷавонони Язгуломиро ҳисобҳои бонкияшонро месанҷанд аз куҷо пул гирифтед ва чанд сум доред.

Ба ин маъно, ки СС.Ятомов ва КДАМ  ин корро барқасд кардааст, то мардум хезанд ва дар кишвар нооромӣ шавад. Дар назар бигиред, ки дар ягон маврид ва ҳолат, ягон бор Прокурори Генералӣ, Суди Олӣ ва вазири мудофиа баъди амалиётҳои КДАМ ё МВД ба маҳалли ҳодиса нарафта буданд..

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№151 появились сначала на ISLOH.net.