Архивы Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода - ISLOH.net

ҲНИТ,ним қарни пурталотум №4\3
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши саввум, давраи чаҳорум)

Интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябри соли 1999 ва ҳамагӣ 2% овоз гирифтани номзади ҲНИТ ва дучори шикасти шадид шудани ҲНИТ ҳам дар сатҳи раҳбарӣ ва ҳам дар ин маъракаи сиёсӣ ба ин маъно буд, ки кор дар шароити осоишта душвортар аз даврони ҷиҳод ва муқовимати мусаллаҳона пеш меравад.

Имрӯз баҳо додан ва арзёбии он марҳила осону роҳат аст. Вале як нуктаро бояд мутазаккир шуд, ки таваққуъ ва бовар ба ҳариф ва рақибе, ки бо вай дар ҷангу муборизаи мусаллаҳона қарор доштед, балки вай аз ночор ва таҳти фишор ва ба иҷбор бо шумо сулҳу оштӣ карда буд, сангинтарин иштибоҳи оппозитсион ва бахусус ҲНИТ буд, ки ҳаста ва асоси онро ташкил мекард. Аз ҳақ набигзарем, ки хеле аз роҳбарияти онрӯзаи ҲНИТ, ки баъдан бо ин ва ё он баҳона худро канор кашиданд, ҳамон замони таҳияи асноду қарордодҳо ин рӯзҳоеро, ки баъдан ба сари ҲНИТ гардон ва бор карданд, пешбинӣ мекарданд, вале хушбоварӣ ва гузаштҳои хеле зиёд оқибат ҲНИТ-ро боз ҳам ба шароите, ки ҳоло дорад, бозгардонд. Инҷо, дар мавриди ин паҳлуи масъала тафсилоти бештар доданро ҷоиз намедонем, вале наметавон аз воқеиятҳо фирор кард ва ё пинҳон дошт, дар ҳоле, ки мо дағдағаи навиштани таърихи нимасраи ҲНИТ-ро карда истодаем.

Дар ҳақиқат ҲНИТ дар даврони муборизаҳои пинҳонӣ дар даврони шуравӣ, дар давраи талошҳо барои гирифтани иҷозати расмӣ ва дар давраи сангарнишиниҳои муқовимати мусаллаҳонаи панҷсола корҳое кардааст, ки аҳзобу ҳаракат ва созмонҳои сиёсии дигар кишварҳои дунё ҳаваси онро мехуранд ва ҳамин ҳоло, ки аз он марҳалаҳо ҳануз фурсати зиёд нагузаштааст, боваратон намеояд,ки ҲНИТ ҳамон мароҳилро тай кардааст ва фикр мекунед, ки он ҳама афсона аст. Аммо он ҳама афсона набуд. Воқеият буд, ки намояндаҳои устод Нурӣ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо қабулу бадрақа мешуданд ва СММ барои ҳамин муассисаи таҳти итоати устод Нурӣ як намояндаи вижа таъсис дода буд. Мешавад аз корнома ва дастовардҳои он мароҳили тайкардаи ҲНИТ дар ин тули 50 сол хеле зиёд навишту гуфт. Аммо, онки ин ҳама талошу пайкор ба роҳатӣ ва бисёр ҳам осон аз даст рафт хеле дардовар аст…..

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, агар нуқтаи оғози зарбахурии ҲНИТ шуда бошад, интихоботҳои парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 боиси аз даст додани мақому манзалати вай мешуданд. Давоми ин се навбати ширкат дар интихоботи парлумонӣ ҲНИТ ва ҳақу саҳми ӯро ҳамагӣ бо наздики 9% ҷамъбаст мекарданд. Яъне бо ду вакили Маҷлис. ҲНИТ садди 5%-ро бо як “азобе”тай мекард. Агарчи воқеият чизи дигар буд. Дар асл ҲНИТ раъйи мардумро соҳиб мешуд аммо саришта ва истифода карда наметавонист.Тайи ин се давра навбати интихобот: 2000,2005 ва 2010 қисмати аъзами овози мардуми Тоҷикистонро гирифта буд ва мардум ҳам ба хотири раҳоӣ ва наҷот аз манҷалоб ва ботлоқи сохтаи Раҳмонов ба ҳарифи вай раъй медоданд.

Бахусус дар интихоботҳои маҷолиси маҳаллӣ ва Маҷлиси Намояндагон ҲНИТ раъйи аксариятро ба даст меовард.

Аз соли 2000 то соли 2015 ҲНИТ тавонист, ки намояндагони худро вориди органи олии қонунгузори кишвар Маҷлиси намояндагон ва бархе аз маҷолиси маҳаллӣ бикунад. Ва, ҳамин тавр ҲНИТ ба унвони як ҳизби парлумонӣ ва дуввумин нерӯи сиёсии пурнуфус ва муқтадир баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Раҳмонов дар кишвар эътироф шуд.

Дар мавриди чандучунии ширкати номзадҳои ҲНИТ дар нахустин интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки феврлаи соли 2000 доир шуд, як пора аз хотироти Асадулло Вализода, узви собиқи ҲНИТ-ро пешкашатон мекунем, то манзара ва ҳолати он сол ва он интихобот рушан бишавад:

«Баъди эҳёи фаъолияти ҲНИТ соли 1999 ба узвияти РО интихоб гардидам. Дар интихоботи парлумонии соли 2000 дар ҳавзаи интихоботии Ҳисор номзадии маро ҳамчун намояндаи ҲНИТ ба вакилии МН МО ба қайд гирифтанд. Мақсад аз пешбарӣ нишон додани чеҳраи намояндаҳои ҳаракати исломӣ ва дар андешаи мардум шикастани қолаби куҳна буд, то онҳо бовар кунанд, ки наҳзатиҳо обод кардани охиратро дар масъулияти ислоҳу таъмири ҳаёти дунё медонанд. Аз дигар тараф, бо истифода аз минбари номзадӣ аҳдофи Наҳзатро бо риояи қонуни шариат ҳамаҷониба тарғиб мекардем ва ба мардум ин рисолатро мерасондем. Албатта, дар он шароити баъдиҷангӣ (имрӯз низ) аз ҷиҳати адами шаффофияти интихобот ва тазвири натиҷаи он баранда шудан имкон надошт. Ба ин нигоҳ накарда, дар байни се номзад тибқи ҳисоби «расмӣ» ба касби 14% орои интихобкунандагон ноил гардидам. Вале тибқи протоколҳои ба дасти намояндагони ҲНИТ расида, аз қитъаҳои интихоботӣ натиҷаи овозҳои ба банда додашуда 25%ро ташкил медод, ки дар ин сурат баргузории интихоботи такрорӣ ногузир буд. Бо машварати аъзоёни ситоди интихоботӣ дар асоси ин протоколҳо банда ба Комиссиюни марказии интихобот даъво пешниҳод намудам. Бо қарори ин Комиссиион гурӯҳи махсус иборат аз кормандони Вазорати адлия дар якчанд участкаҳои интихоботӣ тафтишот гузарониданд. Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки интихобот дар баъзе участкаҳо бо қонунвайронкунии фоҳиш сурат гирифта, варақаҳои зиёди хатназада дар байни тӯдаи варақаҳо партофта шудаанд. Бояд қайд намоям, ки мақсад аз пешниҳоди шикоят ба мардум нишон додани тақаллубу қонунвайронкунӣ дар баргузории интихобот аз ҷониби масъулони участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ ба шумор мерафт, ки маъмулан эшон бо фармони боло ба ин амри номатлуб даст зада, ҳеҷ гоҳ пурсишу кофтуковро нисбати ин аъмоли ҷурмовар гумон намекарданд. Бо ин тафтишот мо ин қолаби номатлуби бемасъулиятию беҷазо мондани раисони участкаҳои интихоботиро шикастан мехостем. Вале дар рӯзи эълони натиҷаи тафтишот дар ҳузури фаъолони ноҳия ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо иштироки номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки қарор буд ин натоиҷ сипас ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод карда шавад, барои монеъа шудан ба ин чорабинӣ ба муқобили банда сӯиқасди мусаллаҳона доир гардид. Бар асари ин сӯиқасд автомобиле, ки дар он савор будем, хароб гашта бошад ҳам, Худованд ҷони моро дар амон нигоҳ дошт. Бо вуҷуди ин тирборон, мо ҳадаф доштем масири худро ба сӯи Ҳисор давом дода, аз чорабинӣ дер намонем. Вале дар минтақаи Испечак якчанд мошинҳои сиёҳшиша моро дунболагирӣ карданд. Дар ин замон бо маслиҳату исрори дӯстон ба хотири муташанниҷ нагардидани вазъият ноилоҷ аз раъйи ба Ҳисор рафтан даст кашидем». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Ҳафтаномаи «Наҷот»-органи чопии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида ба сисолагии таъсисёбии ин созмони сиёсӣ як шумораи махсуси идонаеро дар апрели соли 2013 ба чоп расонд. Дар ин шумора як матлаби муфассале роҷеъ ба ширкати ҲНИТ дар интихоботҳои парлумонӣ аз ҷумла интихоботи парлумонии соли 2000 чунин наившт:

«Бо ҳазорон таассуф бояд бигӯем, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама он ҳаводиси ба сари миллат омада ибрати лозимиро нагирифтанд ва аз сулҳдӯстии ҲНИТ-у гузаштҳои пайдарпайи он суиистифода намуда интиихоботи соли 2000-умро бо тақаллубкории гӯшношунид баргузор карданд: ба овозҳои касбнамудаи ҲНИТ хиёнат намуда танҳо барои он ду курсии парлумонро лоиқ донистанду халос. Ба маврид аст агар дар ин замина масале зада шавад.

Дар яке аз интихоботҳои парлумонӣ дар ҳавзае, ки ноҳияи Нуробод, Файзобод, шаҳри Роғун ва як қисми ноҳияи Ваҳдатро фарогир аст, бародар Муҳиддин Кабирӣ номзади ҲНИТ дар ин ҳавза буд. Номзад дар маъракаи таблиғотиаш бо вуҷуди мушкилоти хеле зиёди ин минтақа ҷадидтарин услубҳои таблиғотиро истифоданамуд ва бо касби 52% овозҳо барандаи интихоботаш эълон карданд. Аммо баъди гузаштани як рӯз бо дахолати «боло» натиҷаи интихобот дар ин ҳавза нодуруст дониста шуду овозҳои Муҳиддин Кабирӣ на 52 фоиз, балки 48% эълон карда шуд ва интихоботро ба даври дуввум кашониданд. Дар даври дуввум бошад Кабирие,ки 48% овоз гирифта буд, пирӯзӣ ба даст наовард, балки рақибаш, ки танҳо бисту чанд дар сад овоз дошт, пирӯз гардид. Ин аст яке аз он тақаллубкориҳои гӯшношунид». №17(734)«Наҷот.26 апрели соли 2013».

Дар интихоботи маҷолиси маҳаллӣ ҳам ҳукумати Раҳмонов тамоми зарфият ва иқтидори худро ба он равона мекард, ки номзадҳои пешбаришуда аз тарафи ҲНИТ шомили маҷлис нашаванд. Дар ин интихоботҳо баҳсу муборизаҳо бештар аз баҳсу муборизаҳо барои  интихоботи Маҷлиси намояндагон сурат мегирифт. Аммо, аз он ҷиҳат, ки дар ҳайати участкаҳои  интихоботӣ аъзо аз тарафи ҲНИТ ворид карда нашуда буданд, баргаҳои раъйдиҳӣ ба манфиати ҳизби халқӣ-демократии Раҳмонов ҷамъбаст карда мешуданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама фишору тақаллубкориҳо дар бархе аз манотиқи мамлакат номзадҳои ҲНИТ вориди маҷолиси маҳаллӣ мешуданд. Қамариддин Афзалӣ, роҳбари пешини ҲНИТ дар вилояти Хатлон, ки ҳоло дар шумори аъзои раёсати ҲНИТ дар ҳиҷрат ба сар  мебарад, дар як суҳбаташ мегуяд, ки онҳо муваффақ шуданд, ки 7 нафар аз аъзои худро ба маҷолиси шаҳриву ноҳиявӣ ворид кунанд:

«Феълан дар минтақа ҳафт вакили ноҳиявӣ дорем. Вакилон дар ҳавзаҳои худ дар корҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ саҳмгузоранд».

Ба ин тартиб дар интихоботҳои баргузоршуда дар соли 2000, 2005 ва 2010 ҲНИТ тавонист, ки дутоӣ номзадҳои  худро соҳиби курсии Маҷлиси Намояндагон кунад ва ин вакилон ба истиснои нависанда Сайид Насриддин, ки ҳамроҳи устоди марҳум Ҳимматзода аввалин вакилони наҳзатӣ дар парлумон ба шумор мерафтанд, дигарҳо, Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ наҳзатӣ буданд.

ҲНИТ ва намояндаҳои он дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар се давраи интихобот, яъне тули 15 сол чи корҳое карданд ва ҷойгоҳи онҳо дар мақоми боқии вакилон чи гуна будро дар инҷо баён намекунем.

Аммо лозим ва зарур аст ки нақш ва таъсири ҲНИТ дар ин мақтаъ ва фосилаи таърихиро мухтасар ҳам бошад, бозгӯ бикунем.

Баъд аз онки ҲНИТ ба фаъолияти расмӣ пардохт ҷомеаи кишвар, ки таҳти фишори равонии ҳукумат ва сиёсати зиддидинии вай қарор дошт, ҲНИТ-ро ба худ пуштибон ва такягоҳ ҳисобида аз нав рӯ ба арзишҳои мазҳабии худ овард. Ба баёни сода ва оммафаҳм бигуем, мардум дигарбора рӯ ба ислом оварданд ва шумори масҷид ва масҷидрав афзуд. Мурооти аркони ислом аз тарафи мардум бештар мешуд. Ҷашну маросимҳои мардумӣ, аз қабили туйҳо ҳам бо шаклу шеваи исломӣ баргузор мешуд. Мунтаҳо ҷомеаи кишвар явош-явош исломӣ мешуд. Чунки ҲНИТ ва масъулони он аз мардум ошкоро даъват мекарданд, ки барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои динии худ талош биварзанд ва дар ҳарҷо, аз ҷумла дар матбуот ҳам, ки суҳбат мекарданд, изҳор медоштанд, ки ҳадафи онҳо эъмори ҷомеаи исломӣ аст, на давлати исломӣ. Чун интихоби сохти давлат марбут ба худи мардум аст. Аз инҷо буд, ки таййи солҳои 2000-2015 ислом дигарбора дар Тоҷикистон мақому манзалати худро ба даст овард.

Марҳум Файзиниссо Воҳидова, аз адвокатҳои саршиноси тоҷик фишорҳои мақомот болои ҲНИТ-ро натиҷаи ҳамин ҳолати ҷомеа медонад, ки боиси нигаронии Раҳмонов ва тими вай шудааст:

«Мо имрӯз ба таври ошкор мушоҳида мекунем, ки дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ фишор болои ҲНИТ хеле сахт шудааст. Ин ҳама омилҳоеанд, ки давлат аз исломишавии ҷомеа ба тарсу таҳлука уфтодааст, ҳол онки ба фикри шахсии ман давлат набояд аз исломишавии ҷомеа тарсу ҳарос пайдо мекард. ҲНИТ ҳам ҷонибдорӣ аз ҷомеаи исломӣ мекунад на аз давлати исломӣ. Айни замон ҲНИТ дар як даври ҳассос қарор дорад. Фишорҳо беш аз пеш афзоиш меёбанд, ки ба шӯҳрати пайвастаи ҳизб рабти мустақим доранд. Зеро Наҳзат воқеъан тарафдори зиёд дорад. Аз ин тарзи вазъият ва густариши нуфузи Наҳзт, албатта, ҳизби ҳоким меҳаросад ва зимоми идораи давлатро аз даст доданӣ нест.» №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013.

Бидуни шак, исломишавии ҷомеаи тоҷик Раҳмонов ва ҳукумати вайро сахт нороҳат ва нигарон мекард. Чунки онҳо, бар ин бовар ҳастанд, ки исломишавии ҷомеа шонсҳои пирӯзии ҲНИТ дар интихоботҳоро бештар хоҳад кард. Онҳо сахт ҳарос доштанд ва барои онки ин раванд ва ин таҳаввулро ҷилавгирӣ кунанд ба он зайл ва таври дигар баҳо медоданд: «ифротишавии ҷомеа».

Барои мисол, ҳамин Иброҳим Усмон, муаррихи тоҷик, ки дар ин риштаматолиб иқтибосҳои фаровоне аз навиштаҳои эшон истифода шудааст, дар ин авохир дар як матлабе нигаронии худро аз исломишавии ҷомеаи тоҷик ошкоро эълон кардааст:

«…..дар замони гузар аз идеологияи коммунистӣ ба иделогияи нав олимоне ва ҳатто гуруҳҳое ба миён омада истодаанд, ки ба рӯи ҳама чизҳои гузашта хати бутлон мекашанд, аз ҷумла ба масъала ва андешаҳои пешқадам низ. Аз ин неруҳои худхоҳ дар шароити Тоҷикистон-тундравони исломӣ суиистифода менамоянд. Дар шаҳри Душанбе ба миён омадани муҳити нимаисломӣ шояд аз намунаҳо ва нишонаҳои ҳамин андеша бошанд». (Омузгор№40,5-10.2013)

Аммо новобаста аз онки мақомот болои ҲНИТ ва масъулону аъзои он фишор меоварду зӯроварӣ мекард ва ҳатто афроди саршиноси он назири Шамсиддин Шамсиддин, муовини фарҳангии ҲНИТ ва Қосим Раҳим, узви Раёсати олии онро бо иттиҳомоти бепоя ба зиндон кашонд обру ва мақоми ҲНИТ на танҳо дар дохил, дар хориҷ аз кишвар ҳам боло мерафт.

Ойниҳол Бобоназарова, доктори улуми ҳуқуқ ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар як ёддоште дар ин маврид изҳори назар кардааст: «ҲНИТ танҳо ҳизби дохилӣ нест, аллакай ин ҳизбро дар бисёр давлатҳои Шарқу Ғарб хуб мешиносанд. Вақте ман бо бештари сиёсатмадорони Аврупо сӯҳбат мекунам, онҳо мегӯянд, ки ҳизб хеле ботаҳаммул аст. Ва он вохӯриҳое, ки бо нависандагону шоирон ва олимон мегузаронанд, рӯз аз рӯз сафҳои он, хусусан аз ҳисоби занону ҷавонон зиёд шуда истодааст». №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013

Дар ҳақиқат ҳамагӣ дар давоми ду — се соли фаъолият ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат тавонист, ки дар тамоми қаламрави кишвар созмон ва ячейкаҳои аввалияи худро фаъол ва як созмони мураттабу муназзам ташкил бидиҳад. ҲНИТ амалан ҳизби парлумонӣ шуда ва намояндагони он дар ҳукумати марказии Тоҷикистон фаъолият мекард. Албатта, ин ҳама комёбӣ ва муваффақияти як созмони сиёсии динӣ буд, ки ба мухолифат ва мухосаматҳои дохиливу берунӣ эътино нокарда собитқадамон пеш мерафт. Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҷаласаи бахшида ба сивумин солгарди таъсисёбии ҲНИТ аз ин ҳама дастовардҳо бо ифтихор суҳбат кардааст:

«ҲНИТ алҳол дар 61 шаҳру навоҳӣ ба таври расмӣ фаъолият пеш мебарад ва тақрибан 40 ҳазор узви фаъол ва ҳазорон ҷонибдорони худро дорад. Танҳо дар минтақаи Кӯлоб бо фишори баъзе аз масъулини тангназар ин ҳизб ба таври расмӣ натавонистааст, ки конфронсҳои худро баргузор кунад. Вале ман мутмаинам, ки оҳиста-оҳиста майдон барои кӯҳнапарастон танг хоҳад шуд ва адолат ғалаба хоҳад кард. Баргузори конфронсҳои ҳизб дар ноҳияи Фархор ба ин далолат медиҳад.

Иртиботи ҲНИТ бо намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилал сол то сол мустаҳкамтар мегардад. Вохӯрӣ ва мулоқотҳои ҳамешагии роҳбарияти ҳизб бо корпусҳи дипломатӣ ва баррасиву муҳокимаи масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон ва ҷойгоҳи баланди ҲНИТ дар миқёси ҷаҳонӣ, хусусан Аврупо ва ғарб, шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки намояндагони ҳизби мо дар мақомоти баланди ҳукумати ифои вазифа мекунанд. Аз ҷумла: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Зокир Вазиров, муовинони сарвазир, Зайд Саидов, вазири саноат, Мирзо зиёев вазири вазъи фавқулода, Ғайрат Адҳамов муовини аввали вазири дифоъ ва даҳҳо нафари дигар дар чорабиниҳои сиёсӣ ва мавқеъгириҳо бо мо нестанд, вале ҳамчун рамзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳизб ба шумор меравад, як пули иртиботие байни мо ва давлат хоҳанд буд. Ҳизб дар давоми сол конфронс, семинар ва мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо дар саросари ҷумҳурӣ баргузор хоҳад кард. Аз ҷумла соли ҷорӣ 1115 чорабинии сиёсӣ, 820 чорабинии фарҳангӣ ва 153 чорабинии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 190-тои он тавассути шӯъбаи ҷавонон ва 150-тои дигар ба василаи шӯъбаи бонувон бояд амалӣ гарданд. Роҳбарияти ҳизб ба ҷуз аз кӯмакҳои рӯзмарраи ҳоҷатмандон як ҳазор ятимро сарпарастӣ мекунад.

Манбаи даромади ҳизб аъзоҳаққӣ, хайрия, фурӯши рӯзнома ва маҷаллаҳои ҳизбӣ ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин теъдоди зиёде аз ҷонибдорони мо дар кишври Русия кор мекунанд ва аз даромади худ саҳмеро ба хазинаи ҳизб ирсол менамоянд. Масрафи чорабиниҳои калони моро ашхоси алоҳида, сарватмандони ҳизбӣ ва ихлосмандону ҷонибдорони мо мепардозанд».

С.А Нурӣ «Ормони мардуми мусалмони кишвар» Душанбе-2003

Нуҳуми августи соли 2006 қалби муассис ва бунёдгузори ҲНИТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз тапидан бозмонд. Унвонии дафтари ҲНИТ дар Душанбе аз ақсо нуқоти олам, аз роҳбарияти кишвраҳои муқтадир, аз созмонҳои бонуфузи дунё барқияҳои таслият ва таъзия сарозер мешуданд. Маҳмадсаийд Убайдуллоев  дар маросими дафни устоди марҳум номаи Эмомалӣ Раҳмоновро қироат ва ҳамдардии ҳукумати Тоҷикистонро баён дошт. Албатта бо рафтани устоди шаҳид ҲНИТ дучори бохти сахт шуд, вале пайравони мактаб ва сиёсати вай даступохурда нашуданд. Роҳи ӯро идома доданд. Ҳар ончики дар интихоботи парлумонии соли 2005, замони дар ҳаёт будани устоди марҳум болои ҲНИТ бор карда шуд, яъне натоиҷ комилан дасткорӣ шуд, дар интихоботи соли 2010-и Маҷлиси намояндагон низ такрор гардид. Вале ин бор ва ин дафъа истиқболи ниҳоят гарм ва саросарии мардум аз ҲНИТ ҳукумати Тоҷикистон ва раиси он Эмомалӣ Раҳмоновро дар ҳолати шок қарор дод. Чунки ин бор ҲНИТ бо тозакориҳое вориди ин сабқат шуда буд, ки нишон медод, зарфият ва тавоноияш дар ҳоли такмил шудан аст. Инҷо аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ» як пораеро иқтибос меоварем:

“ҲНИТ дар ин интихобот зери раҳбарии раиси ҷавони он Муҳиддин Кабирӣ вориди корзор шуд ва ҳузури ҳавасангезу бозии зебои ҳизб дар интихобот як навгонӣ ва тозакорӣ дар сиёсати Тоҷикистон буд. Аз шиору овеза ва роликҳои интихоботиву ширкат дар сабқат ва мулоқот бо интихобкунандаҳо таваҷҷуҳангез ва диққатҷалбкунанда буд.  Вале боз ҳам натиҷаи интихобот тавре ҷамъбаст карда шуд, ки барои ҲНИТ  аз ду курсӣ бештар надоданд. Аммо аксари коршиносон ва огаҳони умур, ки равандҳои сиёсии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд ҳамон солҳо ва ҳамин ҳоло ҳам бар ин андеша буданд, ки ин навбати охирини ширкати ҲНИТ дар интихобот буд.

Дар интихоботи баъдӣ, ки панҷ сол пас доир мешавад ба ҳизб овози гирифтаашро нахоҳанд дод ва шояд ҳам то он интихобот нарасад ва баста бишавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар интихоботи соли 2010 амалан ҲНИТ онро бурида буд. Агарчи Комиссиюни марказии интихобот барои ҲНИТ ҳудуди 10% қоил шуд аммо сифри болотар аз 60 ва ҳатто дар бархе аз ҳавзаҳо 70 то 80%раъйи мардумро ба даст оварда буд. Чунин тарафдорӣ ва истиқболи бузурги мардум аз ҲНИТ ҳукуматро дар муқобили он комилан дигар кард. Зеро як чунин истиқбол аз ҲНИТ-ро ҳукумат интизор надошт. Тамоми дастандаркорони қитаҳои райдиҳӣ, мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ диданд ки ҲНИТ баранда ва пирӯзи интихобот аст».

Нуктае дигар, ки бояд алоҳида мутазаккир бишавад ин аст ки ҳанӯз дар соли 2003 ҲНИТ соҳиби 40000 узв шуда буд, ки инро худи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суханрониаш бахшида ба сиюмин солгарди ҲНИТ дар соли 2003 иброз доштааст. Аммо дар соли 2010 ҳам ҳамин сифр, яъне 40.000.

Вале Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз суханрониҳояш аз он мегуяд, ки шумори нафароне, ки қасд ва ният доранд узви ҲНИТ бишаванд дар ҳоли афзоиш аст:

«Барои мисол,пештар агар 700-800 аъзои ҷадидро дар як сол ба қайд мегирифтем ва 10-12 нафари онҳо аз ҳизб хориҷ мешуданд, ҳоло оморҳо чизи дигарро тайид мекунанд: дар як моҳ 300-350 нафар аъзо мешаванд ва ҳизбро тарк намудаҳо 30-40 нафарро, инҷо таъсир ҳаст. Вале бартарият ба тарафи пайвастшавӣ ба ҳизб аст. Дар моҳи март аз нигоҳи оморӣ 450 нафар аъзо шудаанд ва 92 нафар аз ҳизб хориҷ шудааст. 92 нафар барои мо хеле зиёд аст, вале як чиз ҷои фикр намуданро ҳам дорад, ки соли 2012, 300-350 нафар дар сол буд ва дар моҳи марти имсол 459 нафар аъзо шудаанд». №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013

Аммо ҳарфи дигаре, ки бояд гуфта шавад ин аст ки ҳамин интихоботҳо, новобаста аз онки ҳукумати Раҳмонов чи натиҷаеро ва чи омору арқомеро барои ҲНИТ медиҳад, ҲНИТ-ро дар маърази хатар гузошт.

Дустону душманони дохилию хориҷӣ ҷойгоҳи ҲНИТ-ро ба дурустӣ ва хубӣ фаҳмиданд. Фаҳмиданд, ки ҲНИТ пуштибонии халқро касб кардааст. Дар сурати пешгирӣ накардан як рӯз не як рӯз ҳокимиятро хоҳад гирифт.

Бахусус интихоботи соли 2010 ва рӯи саҳна омадани як сиёсатмадори ҷавон аммо зарангу забардаст-Муҳиддин Кабирӣ, ки акнун раёсати ин ҳизбро бар уҳда дорад, пояҳои ҳукумати мустабид ва ғайримардумии Раҳмоновро ба ларза андохт. Раҳмонов, албатта, омори воқеии ин интихоботро дошт. Вай, ки дар ҳавои исломишавии ҷомеа талош мекард худро як нафари пуштибони мусалмонҳо ҷилва диҳад ва ҳатто маросими таҷлил аз 1310 солагии имом Абуҳанифа бунёнгузори мазҳаби ҳанафиро дар сатҳи давлат доир кард, то ибтикоротро дар дасти худ бигирад, ба якбор ҷомаи худро чапа пушид ва қасами ҲНИТро хурд.

Протоколи 32/20, ки ҳамагӣ баъди чанд моҳи баргузории интихоботи феврали соли 2010 қабул гардид, қасами Эмомалӣ Раҳмонов барои ҲНИТ буд, ки барои ба иҷро гузоштани он чаҳор соли дигар мубориза кард.

Ҳукумати Раҳмонов замони интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015-ро бесаброна интизорӣ мекашид. Агар Раҳмонов ва СС.Ятимов имкон медоштанд, қабл аз феврали соли 2015 корҳо, яъне Протоколи 32/20, ҳамин қасами катбии Раҳмоновро амалӣ мекарданд. Вале дасташон кутаҳӣ мекард, агарчи мепиндоштанд,ки замина ва афкору зеҳнияти иҷтимоъро барои иҷрои ин корҳо фароҳам ва мусоид карда буданд. Вале аз онки ҳанӯз ҲНИТ дар парлумон намоянда дошт, кор мушкил пеш меовард. Сохта ва бозӣ будани нақшаҳо дафъатан маълум мешуд ва бовар намекарданд. Албатта, пай бурдед, ки манзур бастани ҲНИТ аст, ки бо тамоми талош ва зарфияте,ки доштанд,комёб нашуданд. Ҳатто бо иҷрои кардани нукоти ҳамин Протоколи 32/20, магар инки кудетои ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода, муовини вазорати дифоъи Тоҷикистон)-ро тарроҳӣ ва татбиқ карданд.

Дар бахши панҷум ва ниҳоӣ бо иттифоқоти вобаста ба Протколи 32/20 ва кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ҳикояти мустанади худ аз таърихи нимасраи ҲНИТ-ро идома хоҳем дод.

Поёни бахши саввуми давраи чаҳорум, ин давра ба поён расид, мегузарем ба давраи панҷуми ин мақтаъи таърихӣ. Бо “Ислоҳ” бошеду огоҳҳтар гардед….

Сообщение ҲНИТ,ним қарни пурталотум №4\3 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\2
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши дуввум, давраи чаҳорум)

Фаъолияти расмии ҲНИТ ва ширкат дар корзорҳои сиёсӣ

«Дар робита ба ҲНИТ метавон гуфт, роҳбарияти давлати мо ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти ҲНИТ мухолифат надорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар як вохӯрӣ гуфтанд:

«Фаъолияти ҲНИТ дар асоси Конститутсияи Тоҷикистон аст ва Сарқонун моли мардуми Тоҷикистон мебошад, мақомоти давлатии кишвар ва мақомоти кишварҳои хориҷӣ ҳақ надоранд ин чизро мухолифат кунанд. Шумо дар чаҳорчӯбае, ки қонун муайян кардааст, фаъолият кунед, мо зери фишори каси дигаре сиёсатамонро нисбати ҲНИТ тағйир намедиҳем».  Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе -2013

Баҳси фаъолияти расмии ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат ҳанӯз дар замони музокирот ҳам бисёр доғу гарм шуда буд. Ҳукумат бо тамоми якравӣ ва гарданшахӣ талош меварзид, ки ҲНИТ ҳарчи дер ва дуртар ба саҳнаи сиёсӣ биёяд. Албатта, ин сабабҳои зиёде дошт. Аммо муҳимтарин сабаби эҷоди мамониат ва ҳарчи ба ақиб андохтани замони фаъолияти ҲНИТ дар кишвар он буд, ки Раҳмонов дар  симои он рақиби воқеӣ ва ҷиддии худро медид, чун аз ҳар лиҳоз  ва аз ҳар боис Раҳмонов наметавонист дар маъракаҳои сиёсӣ-интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ пуштибонии халқро ба даст оварад. Аз ин ҷиҳат буд, ки пайваста пофишорӣ мекард, ки ҲНИТ ҳарчи дертар ва агар тавонист муваффақ бишавад, умуман ба майдон ва ҳаёти сиёсии кишвар барнагардад.

«Ислоҳ», қаблан ҳам дар яке аз матолиби таҳлилиаш навишта буд, ки баҳси гирифтани иҷозаи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар ҳанӯз дар  яке аз давраҳои музокирот гарму доғ шуда буд. Роҳбарияти ИНОТ пешниҳод ва назараш ин буд, ки ба муҷарради вориди кишвар шудани КОМ аҳзоби сиёсии оппозитсион ба фаъолияти расмӣ шуруъ кунад. Аммо Раҳмонов ва ҳайати музокиротии вай қатъиян муқобили ин пешниҳод буд.

Устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустин раиси расмии ҲНИТ ва аз масъулони ҳайати музокиротии ҷониби ИНОТ дар як суҳбати расонаияш дар ин робита чунин ёдоварӣ кардааст:

«Ҳангоме, ки дар шаҳри Бишкек Протоколи сиёсӣ дар бораи ба фаъолият шурӯъ кардани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ИНОТ имзо мешуд, ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон талаб мекард, ки ин кор бояд баъд аз татбиқи марҳалаи дуввуми протоколи низомӣ сурат бигирад, аммо ҷониби мо тақозо дошт, ки бояд бо муҷарради имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ ва бозгашти роҳбарияти ИНОТ ба кишвар, монеъият аз болои фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ИНОТ бардошта шавад. Чанд рӯз музокирот бо миёнҷигии Раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон, ҷаноби Аскар Акаев ва ширкати бевоситаи Президенти Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(р) идома меёфт, вале он натиҷае намедод. Ҳарду ҷониб дар мавқеъҳои худ пойфишорӣ мекарданд. Вақте устод Нурӣ(р) дид, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мо дар мавқеи худ пофишорӣ дорем, гузашт кард, то ин ки протоколи сиёсӣ ба имзо расид ва ончи ҳукумат талаб мекард, тибқи ҳамон шуд. Бисёриҳо марҳум устод Нурӣ(р)-ро барои анҷоми ин амал мавриди маломат қарор доданд. Вале баъди гузашти замон мо ба ин хулоса расидем ва дарк намудем, ки мо саҳв карда будем ва мавқеъеро, ки устоди шодравон(р) гирифт, дониставу огоҳона анҷом дод». «Муҷаддиди аср».Душанбе. «Деваштич»,2007

Ин суҳбати устоди равоншод, дар он солҳое, ки дар ҳаёт буд, сидқ мекарду дуруст буд. Вале, мову шумо дидем, ки оқибат «зангӣ ба шустан сафед нашуд» ва «гургзода оқибат гург шуд» ва гургиашро карду дигарбора ҲНИТ-ро баст. Бале, дуруст пай бурдед, ки манзури мо Раҳмонов аст, ки гуфтем усулан розӣ набуд, ки ҲНИТ дигарбора мақоми расмӣ касб кунад.

Дар ҳамин қисмати ин бахш боз аз як ҳодисаи дигаре мутазаккир мешавем, ки чи гуна Раҳмонов талош мекард, ки ҲНИТ-ро сабти ном накунад ва тамоми солҳои муқовимату ҷиҳодӣ, пайрав ва аъзои ин ташаккули сиёсиро беарзиш кунад ва ба сифр табдил диҳад.

Иброҳим Усмонов, доктори улуми таърих ва аз ширкатдорони тамоми раванди музокироти сулҳ, ки китобҳои зиёде дар бораи ин марҳалаи таърихи давлати Тоҷикистон навиштааст, аз як ҳолати бисёр ҳам ногуворе ёдовар мешавад:

«Дар моҳи май ду воқеаи муҳим ба амал омад, ки он дар раванди сулҳ таъсири равшане дошт. Тавре қаблан зикр намудем КОМ дар қатори соири вазифаҳое, ки дошт дар моҳҳои ноябр-март лоиҳаи қонунро «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баррасӣ карда ба Маҷлиси Олӣ фиристод. Ин лоиҳа аввал дар зеркомиссияи сиёсӣ тайёр шуд. Онро сипас зеркомиссияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ якҷоя дида пурра карданд. Ниҳоят ба маҷлиси умумии КОМ манзур шуда моҳи март дастгирӣ ёфт ва ба Маҷлиси Олӣ фиристода шуд. Бо назардошти онки тарафи ҳукуматӣ ҳамчун ҷониби оппозитсион ҳамаи амали худро бо роҳбарият дар айни ҳол бо Президент ҳамоҳанг мекунад, бояд проблемае пеш намеомад. Ин лоиҳа ба лоиҳаи Маҷлиси Олӣ мувофиқат мекард. Аммо ҳангоми баррасии он дар Маҷлиси Олӣ бо ташаббуси иддае аз вакилон моддаҳои сеюм ва чоруми он тағйир дода шуданд ва чунин маъно ба миён омад, ки таъсиси ҳизбҳои равияи динидошта дар Тоҷикистон манъ аст. Дар маҷлисҳои минтақавии вакилон ва дар худи сессияи депутатҳо –аъзои КОМ мавқеи КОМ-ро дар ин мавзуъ ҳимоя карданӣ мешуданд. Аммо гапашон нагузашт. Депутатҳо бо назардошти онки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, қатъан зидди рухсат ба фаъолияти ҳизбҳои динӣ буданд. Ва моҳияти созишномаи умумиро дар ин маврид эътироф кардан намехостанд. Ин буд, ки қарори иҷлосияи Маҷлиси Олӣ ИНОТ-ро қонеъ накард. Онҳо ба СММ, ба Президент нома навишта ҳукумати Тоҷикистонро ба он гунаҳкор намуданд, ки Созишномаи умумиро вайрон мекунад ва бо ин ҳукумат ҳамкорӣ кардан  мумкин нест». Иброҳим Усмон. «Сулҳнома». Душанбе-2001,Матбуот.

Аммо, бо вуҷуди ин ҳама мухолифат ва бархурди хасмона Раҳмонов ночор буд, ки ба фаъолияти расмии ҲНИТ тан дарниҳад. Ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон 11 августи соли 1999 қарор дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ ва бақия ҳизбу созмонҳои шомили Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷикро лағв кард ва ҲНИТ  ба фаъолияти худ дар кишвар оғоз кард. Албатта, чуноне мутазаккир шудем, бо вуҷуди аҳду қавлу паймон ва дар асноди Созишномаи умумии сулҳ изофа кардани Протоколи алоҳида барои ҲНИТ ҷониби оппозитсион аз муносибати душманонаи Раҳмонов барои оянда ҳам бим дошт. Аз инҷо буд, ки «ҷиҳати тазмин ва кафолати ҳуқуқии фаъолияти Ҳизби Наҳзат дар Қонуни Асосии Тоҷикистон моддаи махсусеро таҳти рақми 28 ворид гардид, ки ин модда барои аҳзоби характери динӣ дошта иҷозаи амал медод ва ин модда дар натиҷаи мувофақаи ҳукумат ва оппозитсион дар шумори дигар аз тағйироти ворида ба ин санад дар раъйпурсии мардумӣ ҷиҳати ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 1999 аз ҷонибдории мардум бархурдор шуд».

Дар мавриди моддаи 28-и Қонуни асосӣ, ки онро моддаи Наҳзат ҳам номида буданд, метавон тулонӣ навишт. Чунки он дар ҷаласаҳои хеле зиёди КОМ мавриди мубоҳисаҳои ҷонибҳо гардида буд. Аммо дар ниҳоят, хулоса он шуд, ки пешниҳоди ҷониби оппозитсион пазируфта бишавад ва таъбири «ҳизби характери динӣ ва атеистӣ» дошта дар матни Қонуни Асосӣ ба таври хосу алоҳида мусаббат бишавад ва мақоми конститутсионӣ касб кунад, яъне ҲНИТ гарантияи конститусионии фаъолият бигирад. Ва,ҳамин тавр баъди бозгашт аз ҳиҷрат 18 сентябри соли 1999 Анҷумани ҲНИТ дар Душанбе доир шуд ва устод ва бунёдгузори он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси он интихоб гардид.

Устоди худобиёмурз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,ки акнун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шуда буд, солҳо баъд раванди баргузории Анҷумани нахустини баъд аз ҳиҷратро чунин ба қалам додааст: «Пеш аз барпо гардидани Анҷумани навбатии ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ ва кумитаи тадорукотӣ доир гашт ва дар он тасмим гирифта шуд, ки банда раисии ҳизбро гирифта ба уҳда бигирам. Воқеан, афроде пайдо шуд, ки ақида доштанд, ки камина ба мисли пешина дар ақибгоҳ дар фаъолияти пасипардагӣ бошам. Шахсан банда ба ин фикр розӣ нашудам. Чаро? Барои онки вақте мехостанд маро ба раисии КОМ интихоб кунанд ҳамин нафарон маслиҳат доданд, ки ба ин кор розӣ нашавам. Онҳо мавқеи пасипардагии манро ба манфиати кор меҳисобиданд. Вале камина ба ин розӣ нашудам ва роҳбарии КОМ-ро қабул кардам. Зеро медонистам, ки аксари мутлақи роҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони саҳроӣ ба сухани банда гӯш медиҳанд ва итоат мекунанд. Фикр кардам, ки агар раисии КОМ-ро ба ӯҳда нагирам барқарор гардидани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амри маҳол аст. Ҳамин корро кардаму шукри худованд ба сулҳу салоҳ муваффақ шудем. Аммо вақте хостанд маро раиси ҲНИТ интихоб кунанд мавқеи ҳизб дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле ногувор буд, яъне обрӯву эътибор ва ҷойгоҳи онро баланд бардоштан лозим буд. Камина дар вазифаҳои раиси ИНОТ ва КОМ обрӯи зиёди байналмилалӣ пайдо карда будам ва дар сурати раиси ҲНИТ интихоб шуданам престижи сиёсиам то андозае коста мегардид. Аммо ман инро зарур медонистам, ки бояд бо ҳамон обрӯи сиёсие, ки дорам дар сурати раиси ҲНИТ интихоб гардиданам мақом ва манзалаи ҳизбро баланд бардорам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Феълан намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои мамолики гуногуни ҷаҳон худашон барои мулоқот ба қароргоҳи ҲНИТ меоянд, ки ин аз баланд гардидани обрӯю эътибори ҳизби мо шаҳодат медиҳад. Имрӯз ҳизби мо ба эътибори таҳлилгарони сиёсии ҷаҳон яке аз ҳизбҳои бисёр обрӯманд ва зиндаи ҷомеаи кишварамон ба шумор меравад. Аз ҳаминҷост, ки намояндагони ҳизби моро ба нишастҳои байналмилалӣ, семинару симпозиумҳо тез-тез даъват мекунанд.

Моҳи ноябри соли гузашта камина ҳамроҳи ҷонишини раиси ҲНИТ Муҳиддин  Кабирӣ ба кишвари Таиланд барои ширкат дар конфронси ҳизбҳои сиёсии қитъаи Осиё рафта будем. Дар онҷо Тоҷикистонро танҳо ҳизби мо намояндагӣ мекард. Вақте аз масъулини конфронс пурсидем, ки чаро аз дигар ҳизбу ҳаракатҳои ҷумҳурии мо даъват ба амал наомад. Дар ҷавоб гуфтанд, ки мо ҲНИТ-ро ягона созмони фаъолу тавонои сиёсӣ дар кишваратон мешиносем. Бинобар ин шуморо барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват кардему халос.

Хайр, дигар чи гӯям? Чун раиси ҲНИТ ба фаъолият шурӯъ кардам. Ба як қатор комёбиҳо низ ноил гардидам. Мо аз соли 1999 то ин дам се марҳаларо аз сар гузаронидем. Соли аввал масъалаи ташкилию таъмирии шикасту рехти ҳизб буд, соли дуввум марҳалаи барқароркунӣ буд, соли сеюм марҳилаи сиёсикунонӣ эълон шуда буд. Имсол бошад соли ислоҳот барои ҳизб ба шумор меравад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар як узви ҳизб аз шахси қаторӣ сар карда то раиси ҳизб бояд ба кору фаъолияти худ ба назари танқидӣ бинигарад ва ҳатман бозсозиву навсозӣ ҷорӣ созад, камбудиву норасоиҳоро бартараф кунад». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Ин суҳбатҳое аст ки дар соли 2003, яъне дувоздаҳ соли қабл аз бастани дубораи ҲНИТ тавассути Раҳмонов ва дору дастаи вай, яъне ба муносибати сисолагии таъсисёбии ҲНИТ аз ҷониби муассиси он ироа шудааст.Аммо, он сол, яъне дар соли 1999, ки моҳи август ба ҲНИТ расман иҷозаи фаъолият дода шуд ва Анҷумани он ҳам, ки дар моҳи аввали фасли поиз баргузор гардид,ҲНИТ намедонист, ки то чанд ҳафтаи пас, яъне моҳи ноябр, замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо чи зарба ва ҳамалоти ҷонкоҳе мувоҷеҳ мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз онки Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарори манъи ӯро лағв кард,шуруъ ба фаъолияти расмӣ кард ва вориди маъракаҳои сиёсӣ шуд.  Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ ширкат варзид.Аммо ширкати ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ноябри соли 1999 боиси ҷудоӣ на танҳо дар ҳайати эътилофи ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ-ИНОТ гардид, ҳамчунин дар раёсати худи ҳизб низ ҷудоӣ ба амал омад ва мусаббиби тарки бархе аз шахсиятҳои калидӣ аз суфуфи он шуд.

Амалан ин нахустин ва ҳамин тавр охирин мавриди ширкати мустақим ва бо номзади худи ин ҳизби динии сиёсӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меояд.

Ҳузур ва ширкати ҲНИТ дар ин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи мардум бисёр ҳам гарму хуш  истиқбол гардид. Чунки аз бедоду ғорату зургуии «фронтовикҳо» ва ҳукумати руикоровардаи вай ба шиддат безор шуда чашми умед ба ҲНИТ духта буданд ва бовар доштанд, ки аз ин мусибат ва фоҷиа наҷоташон медиҳад.

Вале ҲНИТ дар оғози ин маърака дучори дудастаӣ шуд ва маълум гардид, ки барои бароварда кардани таваққуъоти мардум аз зери истисмору юғи фронтихалқичиён зарфияти кофӣ надорад.

Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ, ки тибқи саҳми 30дар100-ии оппозитсион вазири савдо ва рушди иқтисод шуда буд, ба ҳайси номзади ҲНИТ дар интихоботи 6 ноябри соли 1999 бо Эмомалӣ Раҳмонов вориди корзори интихоботӣ шуд. Аммо худи ҷаноби оқои Усмон дар як суҳбати расонаияш ёдовар мешавад,ки ҳануз дар даврони ҳиҷрат машварат ва қарор шуда буд, ки номзади ҲНИТ устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода хоҳад буд.Вале оқои Тураҷонзода бо сароҳат ва қатъан дар муқобили Раҳмонов қарор гирифтани ҲНИТ ва  номзади онро қабул намекард. Давлати Усмон мегӯяд,ки ҷаноби Тураҷонзода, ки он замон бар тибқи саҳмияи 30% муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд, барои ширкат нанамудан далелҳои худро дошт ва далелҳояш асоснок буданд.

Маврид ба тазаккур аст ки на танҳо устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ҳамчунин бархе аз дигар шахсиятҳои шинохтаи оппозитсион, аз ҷумла Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ҲДТ, ки раиси «Тоҷикгаз» ва Ҳабиб Сангинов, ки тибқи саҳми мухолифин муовини аввали вазири дохила таъин шуда буданд, эълон карданд, ки аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов ҷонибдорӣ хоҳанд кард ва ҳамин тавр шикофи васати роҳбарияти ҲНИТ ва ИНОТ бузург ва эълони ҷомеа шуд.

Худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар ҳамон суҳбаташ бо Салими Аюбзод мегуяд, ки ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ноябри соли 1999 аз рӯи иҷбор ва ночорӣ ва  ба хотири дифоъ аз сулҳ буд: «….мушкилоте ки дар сабти номи номзади мо Давлати Усмон ба миён омада буд, низ наметавонист, вазъиятро комилан тағйир диҳад ва муносибати ҳукумату оппозисюни собиқро тахриб кунад, чунки асли мушкил дар дохили худи мо буд. Шарте гузошта буданд, ки агар он шартҳо намешуданд, дигар ба комиссия ҳам рафта намешуд. Ва фаъолияти комиссия бо ҳамин қатъ мешуд. Дар он сурат раванди сулҳ ҳам агар аз байн намерафт, заъиф мешуд. Роҳи баромадан аз он бӯҳронро надоштем. Хуб, воқеъан дигар дар бораи Давлат Усмон, мо натавонистем ҳамон миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунем. Ин воқеъият буд. Вале онҳо ӯро ғайриқонунӣ, бидуни ҳамоҳангӣ бо мо, бо вуҷуди он ки мо шифоҳан ва хаттиву расман эълон кардем, ки омода шуда натавонистем, онҳо номзадии Давлат Усмонро ба қайд гирифтанд, яъне кореро карданд, ки мо розӣ набудем. Як рӯз пешаш мо ҷаласа доштем дар ситоди оқои Давлат Усмон. Ҷаласаи мо ҳудуди панҷ то ҳашт соат давом кард. Ҳама чизҳои марбут ҳам Кумиссюни оштии миллӣ, ҳам интихобот ва ҳам номзадии Давлат Усмон баррасӣ мешуд ва аммо онҳо барои он ки мабодо мо интихоботро таҳрим кунем, бойкот эълон кунем, барои пешгирӣ аз чунин қадам мақомоти ҳукумат моро ба гуфтушунид даъват карданд. Мо дар ситод сӯҳбат кардем ва ба ҳамин хулоса омадем, талаб кунем, он чизе ки мебоист, ба мо дар Кумиссюни оштии миллӣ дода мешуд ва дода нашудааст, ба мо бидиҳанд ва дар он сурат мо аз таҳдиди таҳрими интихобот мегузарем. Дар як ҷаласаи васеъи панҷ-ҳаштсоата мо талабҳои батаъхирафтодаи Кумисюни оштии миллиро муфассал навиштем ва аз оқои Давлат Усмон хостем, ки худашон бираванд барои сӯҳбат кардан, аммо он кас нарафтанд, мо ҳамроҳ бо устод Ҳимматзода рафтем ва ҳамон шаб аз соати даҳ то соати дувоздаҳ нишастем, он чизе ки дар протоколи Кумисюни оштии миллӣ гӯё мо, ҳамчун кормандони ситоди оқои Давлат Усмон, пешниҳод кардем, президент ҳамаи онҳоро қабул кард, роҳи фаъолияти комисия боз шуд, дархостҳое ки мо доштем, то як андоза мавриди иҷро қарор гирифтанд ва мувофиқи қароре, ки дар ситод гирифта шуда буд ва дар ҷавоб ба пазириши талабҳои Кумисюни оштии миллӣ оқои Давлат Усмон ҳақ надошт, ки бойкот эълон кунад. Ва ҳама розӣ буданд, ки агар ин протокол имзо шавад, мо фардо меравем ва дар интихобот ширкат мекунем. Протокол ҳамон шаб имзо шуд, мо рафтем ва агарчи соат аз як ҳам гузашта буд, эълон кардем, ки дар интихобот ширкат мекунем. Яъне ҳар кас ки хост, овоз медиҳад, нахост — кори ӯ. Ман ҳам рӯзи дигараш, дар поёни рӯз рафтам ва раъй додам ва ин ҷо дигар чизи бузургу фитнаангез ҳам вуҷуд надошт ва масъалаҳо бо тафоҳуми ҳамдигарӣ ҳал шуданд».

Дар қисмати дигари ҳамин суҳбаташ устод Нурӣ (р) иқрор мекунад, ки дар асл мансабу талоши мансаб, яъне ҳамин саҳмияи 30 фоиза оғози тафриқа ва азҳампошиҳо дар миёни мухолифин шуда буд:

«Саҳмия боиси эҷоди сабқату нафрату фишороварию тафриқа шуда, нобовариҳоеро миёни раҳбар ва пайравон ба вуҷуд овард. Баъд дигар вақте шуд, ки агар ман дар оғоз барои гирифтани ҷойҳо озод будам, акнун талаб пайдо шуд, ки бояд кадом ҷойро бигирам ва барои кӣ. Ва мебоист як вазифаро дар байни чаҳор гурӯҳ тақсим мекардам, ба шакле ки ҳамаи онҳо розӣ боқӣ монанд. Дар ин байн гирифтани ин ё он мақом аз тарафи ҳукумат низ мушкил шуд. Ин ду мушкил бо ҳам тамоми раванди гирифтани саҳм ва пур кардани онро ба омили ҷудоиву таҳдиду тафриқа табдил дод. Ҳукумат ин ҷо боз як кори дигаре кард. Дар номгӯи ибтидоии саҳмияи сидарсада, вазорати дифоъ низ мебоист ба оппозитсия дода мешуд, аммо дертар дар як номаи нави ҳукумат ин вазорат ҳазф шуд. Ҳукумат розӣ нашуд ин мақом ба намояндаи мухолифин дода шавад. Вақте ки ин ҳолат пеш омад, онҳое, ки ин вазоратро мехостанд, пеш аз ҳама аз ман норозӣ шуданд ва ҳолатҳое шуд, ки ҳатто ин афрод Душанберо тарк карданд, ба кӯҳистон баргаштанд ва ҷабҳагирӣ карданд, таҳдидҳо садо дод. Инҳо таҳдид ба сулҳ буданд».

Вале марҳум Ҷалолиддини Маҳмуд,яке аз собиқадорони огоҳи ҲНИТ, ки бо мақомоти раҳбарии он алоқаи қавӣ дошт дар як мусоҳиба бо «Озодӣ» гуфтааст, ки ихтилофи назар миёни устодон Нурӣ ва Тураҷонзода, ду раҳбари аввали Наҳзати исломӣ ҳануз дар марҳалаи музокироти ҷонибҳо вуҷуд дошт:

«Агар аҳамият дода бошед, дар худи музокираҳо ҳам мавқеи устод Тӯраҷонзода як зарра дигар буд. Вақте дар бораи афв миёни тарафҳо музокира шурӯъ шуд ва гӯиё, ки ба як натиҷа расиданд, устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки «ман ҷавоби қонеъкунанда нагирифтам аз ҳукумат. Онҳо метавонанд, ҳамаи моро зери он моддаҳои ҷиноӣ биоваранд. Дар ҳоле ки ду тарафи ҷанг аст ва аз ду тараф сулҳ мешавад, пас, барои чӣ бахшиш яктарафа мешавад. Мо тарафи ҳукуматро на дар кадом сатҳ, балки комилан бахшидем ва мо нагуфтем, ки моддаҳое дорем, ки ин нафаронро намебахшем. Пас, бояд тарафи дигар ҳам чунин кунад».

Устод Тӯраҷонзода ба тақсими сифоизаи ҳукумат низ бовар надошт ва мегуфт, ҳоло механизми ташкил ва иҷрои он тартиб дода нашудааст. Ваъда шуда буд, ки механизми онро Кумиссюни оштии миллӣ рӯшан мекунад. Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода мегуфт, ки то ин Комиссия (КОМ) корро шурӯъ мекунаду мустақар мешавад, умри ҳукумати сифоизаи мо, ки ҳамагӣ як солу нӯҳ моҳ — ду сол аст, ба охир мерасад. Фурсат тамом мешавад. Мегуфт, ки “биёед ин тақсимотро дар хориҷи кишвар ва қабл аз ворид шудан ба ватан анҷом диҳем. Яъне, ҳамин гуна нигарониҳо дошт устод Тӯраҷонзода».

Давлати Усмон, яке аз собиқадорони ҲНИТ, ки ҳам дар даврони муборизаҳои пинҳонӣ дар даврони шуравӣ ва ҳам дар даврони фаъолияти расмии ҲНИТ дар Ҳукумати мусолаҳаи Миллӣ ва махсусан барои сабти номи расмии он бо ин ташаккулӣ сиёсӣ буд ва низ дар даврони муборизаҳои мусаллаҳона сардори Ситоди кулли ҲНИТ буд, солҳо баъд дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» мегуяд, ки роҳбарияти ҲНИТ баъд аз бозгашт ба иштибоҳҳо роҳ дод, ва ин иштибоҳҳо боиси аз ҳам пошидани он шуданд:

«Оппозитсион баъди бозгашт пушти ҳам иштибоҳҳо кард. Дар тақсими вазифаҳо(манзур саҳмияи сӣ дар садӣ) дар дохили худаш ихтилоф пайдо шуд. Луқмае, ки доданаш, дуруст ҳазм карда натавонист. Шояд, панҷ дар садаш анҷом шуд, аммо онро ҳам пурра ҳазм карда натавонист. Баъдан оппозитсиони сиёсӣ (роҳбарият) аз ҳам пошид. Неруҳои низомияш тибқи қарордод ба сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи ҳукумат ворид шуд, аммо таъсирро болои онҳо аз даст дод, аз онҳо дур шуд, тарафдории маънавӣ ҳам накард. Шумо фикр мекунед, ки ба ҳамаи ин ҳукумат айбдор аст? Оппозитсион худаш худашро ба ин ҳол овард. Ҳатто аз дохили наҳзати исломии Тоҷикистон афроди саршиносаш берун рафтанд. Онҳо бармало диданд, ки бо он мушкилоте, ки пеши рӯ омад, оппозитсион заиф мешавад, Наҳзат заиф мешавад. Он қудрати сиёсӣ, он киштии бузург оҳиста, оҳиста хурду реза ва дар саҳна камранг мешавад. Шояд, баъзеашон ба ин хотир, баъзеи дигар бо шароити дигар рафтанд. Яъне ноумед шуданд, чун диданд, ки натиҷаи талошҳояшон ҳадар рафта истодааст». Давлати Усмон. «Нигоҳ»№17(345) 17.07.2013 «Наҳзатиҳо худро рақиби ҷиддӣ ҳисоб намекунанд».

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ солҳо баъд дар як суҳбаташ бо радиои «Озодӣ» ба ин суол, ки чаро онҳое, ки дар оғози мубориза ҳамроҳи Шумо буданд, аз ҷумла Давлати Усмон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, имрӯз ҳамроҳи Шумо нестанд. Чӣ боис шуд, ки онҳо аз Шумо ҷудо шуданд:  ақидаҳо тағйир ёфтанд ва ё муносибати байни ҳамдигарии роҳбарияти ҳизб сабаб гардид, ки ин ҷудоӣ ба миён ояд,чунин посух додааст:

« Ман тарафдори ин назар ҳастам, ки ҳизб бояд марбут ба шахсият набошад. Масалан, ҷаноби Тӯраҷонзода ва Давлати Усмон, ки рафтанд ва ҳоло бо мо кор намекунанд, аз ин ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ зиён ва зарар ворид нагаштааст. Ман шахсан аз ин чиз хеле хурсандам. Агар худи ман хаста шавам ва ё натавонам, ки кор бикунам ва ё биравам, чун системма ҳаст, ҳар каси дигар биёяд, метавонад кор кунад. Мехоҳам посухи ин суолро бипурсам, чаро ҳизбҳои ғайриисломӣ, ки ҳамеша афродашон тағйир меёбад ва ё дар давлатҳои ғайри низоми исломӣ як нафар президент мешавад аз мақом мераванд, ё вазир истеъфо медиҳад ҷояшро каси дигар мегирад, чизи ғайритабиие иттифоқ намеафтад, баръакс, ҳама хурсанд мешаванд. Вале чаро дар кишварҳои исломӣ аз ин амри оддӣ ва падидаи табиӣ проблема месозанд, ки чаро ва барои чӣ фалонӣ рафт ва даҳҳо суоли дигар ба миён мегузоранд. Ин шахсиятҳое, ки Шумо ёдовар шудед, ба ақидаи банда, аз лиҳози фаъолияти ҳизбӣ мутаваққиф шуданд, аммо ҳамчун фарди мӯъмину мусалмон барои нафъи ислом кор мекунанд. Модоме, ки онҳо дар ҳар куҷое, ки ҳастанд ва ба манфиати ислому имони хеш фаъолият мекунанд, ҳеҷ вақт аз чаҳорчӯбаи аҳдоф ва сиёсати ҳизби мо берун нестанд».

Поёни бахши дуввуми давраи чаҳорум, идома дорад ин давра бо Ислоҳ бошед!

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\2 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3\3
(бахши севвум, давраи севвум)

Идомаи муқовимату музокирот, имзои Созишномаи умумии сулҳ ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ

Яке аз бахшҳои умдаи фаъолияти Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди неруҳои оппозитсион дар даврони муқовимат ва музокирот таъсису роҳандозаи расонаҳои савтӣ ва катбӣ ба шумор меравад. Ҳаракати Наҳзат дар ин маврид ҳам таҷрибаи кофӣ дошт. Нахустин расонае, ки Наҳзати Исломӣ дар Толиқони Афғонистон фаъол кард, радиои «Тоҷикистони озод» буд, ки дастгоҳи онро, бинобар ҳикояти эшони Қиёмиддини Ғозӣ аз дасти яке аз қумандонҳои узбактабори таҳти итоати Аҳмадшоҳи Масъуд аз Буркаи вилояти Бағлон дарёфт карданд. Бинобар ин ҳикояти эшони Қиёмиддин ин дастгоҳи бузурги радиоӣ, ки садҳо ҳазор доллар арзиш дошт ба ихтиёри Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ройгон дода шуд. Беш аз ин қумандон тамоми масорифи интиқоли ин дастгоҳро, ки дар чанд Камаз бор карда ва аз Бағлон то Толиқон оварданд, худаш пардохт кардааст. Амвоҷи «Садои Тоҷикистон»-и озод то ба шунавандаи Тоҷикистон ҳам мерасид ва дар ватан шунавандаҳои худро пайдо карда буд. Таъсису роҳандозии ин радио дар ҳақиқат аз дастовардҳои беназири “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон” дар даврони ҳиҷрат ба шумор мерафт. Ҳаракати Наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин давра ҳамчунин нашрияи “Садои муҷоҳид” бо ҳуруфи кириллӣ дар чопхонаи ноҳияи Ғарм чоп ва паҳн мекард.  Ҳамчунин нашрияҳову гоҳномаҳои “Пайки пирӯзӣ” ,“Ҷайҳун”, ”Паёми муҳоҷир”—ро чоп ва ба дасти тарафдорони худ мерасонд. Ин расонаҳо дар таблиғи афкору ақидаи “Ҳаракати наҳзати исломӣ” ва сиёсати сулҳӯёнаи он нақши босазо гузоштаанд. «Садои муҷоҳид» органи чопии Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва дар он бар замми навгониҳо аз ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ҳамчунин аз иттифоқоти онрӯза хабарҳо ба нашр расонида мешуданд. Султони Ҳамад хабарнигори тоҷик дар он даврон дар қатори муҳоҷирон дар ҳиҷрат қарор дошт. Вай роҷеъ ба ин нашрия маълумоти ҷолиберо ба нашр расонидааст, ба ин зайл:

«……ҳайат чопи рӯзномаи АНИТ (Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон) «Садои муҷоҳид»-ро дар чопхонаи шаҳраки Ғарм ошкоро ба роҳ монд. То ин муддат «Садои муҷоҳид» ба таври махфӣ ба нашр мерасид ва он дар манотиқи таҳти нуфузи размандагони ИНОТ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Афғонистон, дар урдугоҳҳои муҳоҷирин тавзеъ мегардид. Нахустин шумораи он моҳи октябри соли 1993 дар яке аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ба таври хеле махфӣ дар чопхонаи яке аз рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба нашр расида буд. Вале барои дур бурдани шубҳа аз болои рӯзноманигороне, ки дар дохили кишвар бо мухолифини тоҷик ҳамкорӣ мекарданд, дар худи рӯзнома нишонии он вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон нишон дода шуда буд. Нахустин шумораи «Садои муҷоҳид» ба теъдоди 500 нусха дар чаҳор саҳифаи ҳаҷми рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба табъ расида буд. Рӯзнома бидуни акс чоп шуда буд, ба истиснои расми офтоби аз паси кӯҳ тулуъкунанда, ки дар паспорти рӯзнома ҷой дода шуда буд. Дар ҳамин паспорт рӯзномаро «Нашрияи маркази фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ном бурда буданд. Каломи зерини Худовандӣ шиори газета буд: «Онон, ки ҷиҳод карданд дар роҳи мо, албатта ҳидоят мекунем онҳоро ба роҳи худ».

Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба ҷои сармақола «Паёми раҳбари маҳбуб устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ ба муҳоҷирин ва муҷоҳиддини тоҷик» ба табъ расонда шуд. Паёми устод Нурӣ қариб се саҳифаи рӯзномаро дарбар мегирифт. Дар ин шумора инчунин  хабару шеърҳои сиёсӣ дарҷ гардида буд. Бахши аъзами шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-ро пинҳонӣ ба Афғонистон интиқол доданд ва он дар байни муҳоҷирин паҳн гардид.

Шумораи дуввуми «Садои муҷоҳид» як моҳ пас, моҳи ноябри соли 1993, аз чоп баромад.  Он пурра ба яксолагии воқеаҳои хунбори як сол қабли ҷумҳурӣ (соли 1992) бахшида шуда буд. Моҳи январи соли 1994 шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» бо ҳуруфи ниёгон дар Толиқон ба нашр расид. Ҷолиб он аст, ки дар ин шумора раҳбарияти мухолифин тарҳи пешниҳодии сулҳ ба мақсади хатми бӯҳрони ҳарбиву сиёсӣ дар Тоҷикистонро нашр кард.

Бо ибораи дигар бигӯем раҳбарияти мухолифин дар рӯзномаи муҷоҳиддини хеш роҳҳои мусолиматомези қазияи Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ пешниҳод карданд ва ин расо чор моҳ қабл аз оғози музокироти сулҳи байни тоҷикон дар шаҳри Маскав буд. Хулоса то апрели соли 1997 шонздаҳ шумораи нашрияи «Садои муҷоҳид» чоп шуда буд ва миёни муҷоҳиддин ва муҳоҷирини дар Афғонистон буда аз даст ба даст мегашт. Баъди омӯхтани вазъият дар байни муҷоҳиддин ва арзёбии имкониятҳои мавҷуда ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин зарур донист, ки ба хотири таъсири барои раванди сулҳ муфид гузоштан болои муҷоҳиддин нашрияи «Садои муҷоҳид» аз ин ба баъд дар ҳамин шаҳраки Ғарм бо истифода аз имконоти чопхонаи рӯзномаи шаҳрӣ ошкор ба табъ бирасад ва ошкоро дар байни муҷоҳиддини дохили Тоҷикистон паҳн шавад. Шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба таври ошкоро рӯзи Иди Қурбони соли 1997 (18-уми апрел) аз чоп баромад. Он дар ҳаҷми як варақ ё худ ду саҳифаи газетаи ноҳиявӣ ба теъдоди 500 нусха чоп шуд. Акнун дар паспорти он ишора мешуд, ки нашрияи Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Вокуниши ҳукуматдорон баъди ошкор ба чоп расидани нашрия дар дохил, бархилофи интизороти ҳайат, хеле ором ва таҳаммулпазирона буд. Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-и ошкоро ба нашррасида дар саҳифаи аввал номаи табрикии устод Нурӣ ба муҳоҷирину муҷоҳиддин ба ифтихори фарорасии Иди Қурбон, табрикоти фармондеҳон Мирзо Зиё, Маҳмадрӯзӣ Искандар ва Мирзохӯҷа Низомов ба ин муносибат, нуқтаназарҳои эшон оиди раванди сулҳ ба нашр расиданд. Дар саҳифаи дуввум таҳти рубрикаи «Дарси ахлоқ», «Насиҳатномаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба муҷоҳиддини тоҷик» ба нашр расид, ки дар он аз размандагони мухолифини ҳукумат даъват ба амал оварда мешуд, ки дар чаҳорчӯбаи талаботи ахлоқи исломиву инсонӣ фаъолият карда бо мардум ва мақомоти расмӣ муносибати хуб намоянд ва ҳамеша аз фармондеҳони худ итоат кунанд. Чор шумораи аввали нашрия дар ҳаҷми 1 варақ ё худ ду саҳифаи рӯзномаи ноҳиявӣ ба нашр расид. Шумораҳои минбаъда дар ҳаҷми чаҳор саҳифа чоп мешуданд. Тақрибан моҳе ду маротиба ба нашр мерасид. Ҳамин тариқ соли 1997 чаҳордаҳ шумора ва соли 1998 нӯҳ шумораи «Садои муҷоҳид» нашр ва асосан дар минтақаи кӯҳистонии кишвар, яъне водии Қаротегину Вахё, Бадахшон ва шаҳри Душанбе паҳн карда шуд. «Садои муҷоҳид» дар баробари воситаи ахбори умум будан, яъне иттилоъ паҳн кардан, инчунин ба ҳайси як василае, ки тавассути он болои фармондеҳону размандагони АНИТ таъсири барои раванди сулҳ мусбате гузошта мешуд, хизмат кард. Баъдҳо, яъне пас аз дар моҳи сентябри соли 1997 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи Оштии Миллӣ, нашрияи «Садои муҷоҳид» ҳамчун як навъ минбари сиёсии ин ниҳод, ба хусус, зеркомиссияи низомии КОМ, корҳои муфидеро дар тарбияи муҷоҳиддин анҷом дод. Ҳар коре, ки дар ин самт анҷом дода мешуд, дар ин нашрия инъикоси худро тақрибан пайдо мекард. Раванди истиқрори сулҳу оштӣ пасту баландиҳое дошт.

Сайидиброҳими Назар, масъули чопи нашрияи «Пайки пирузӣ» дар сӯҳбате бо сомонаи «Рӯзгор.тҷ» яке аз дигар нашрияҳои Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар даврони ҳиҷрат дар бораи ҳадафи нашри он чунин мегӯяд:

«Соли 1995 мо ҳамроҳ бо Устод ва чанде аз бародарон аз Теҳрон як сафаре доштем ба Кобул ва дар ҳамин сафар масъалаи таъсиси маҷалла ба вуҷуд омад. Зеро эҳсос мешуд, ки мо ниёз ба маҷаллае дорем, ки ахборро ба муҳоҷироне, ки дар дигар манотиқ мисли Эрон, Русия ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, бирасонад. Баъди он ки тасмими таъсиси ин маҷалла гирифта шуд, Устод ин масъулиятро ба дӯши банда гузошт. Ба мо дар Теҳрон дафтари корӣ доданд ва ҳамроҳи Аҳмадшоҳи Комил, дар ин маҷалла кору фаъолият намудем. Ин маҷалла ба муҳоҷирони тоҷик, ки берун аз Афғонистон ба сар мебурданд, дастрас мешуд».

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ,ки он солҳо дар радиои «Тоҷикистони озод» кор кардааст дар як сӯҳбати расонаияш мегуяд: «Банда замоне ба он ҷо омадам, ки радиои «Тоҷикистони озод» фаъолият дошт. Фикр мекунам, ки он бо кӯшишу заҳмати беандозаи устоди равоншод Нурӣ ва ёрони эшон роҳандозӣ шуд ва он як қисмате аз кишварро фаро мегирифт ва барномаҳои ҷолибе дошт. Радио як ҷузъе аз ҳукумати мардуми мусалмони тоҷик дар хориҷ буд».

Тавассути ин расонаҳо ва бахусус радиои «Тоҷикистони озод» роҳбарони Ҳаракати наҳзати исломӣ устодон Нурӣ, Ҳимматзода ва Тураҷонзода суханронӣ ва суҳбатҳо карда барои муҳоҷирони дар ғарибӣ уфтода сабру тоқат ва барои муҷоҳидон пирӯзӣ дар сангарҳоро таманно мекарданд.

Аммо идомаи ҷанг дар ҷабҳаҳо ва раванди музокироти тарафҳо дар шаҳрҳои мухталиф аз он дарак медод, ки то расидан ба марҳилаи сулҳу созиш ва қатъи ҷанги бародаркуш ҳоло фурсат ҳаст. Ҷабҳа ва сангарҳои ҷанг рӯзторӯз барои ҷонибдорони ҳукумати рӯ ба Кремлини Тоҷикистон маҳдудтар мешуд. Размандагони Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон то остонаҳои Душанбе пешрафт доштанд. Муборизаи мусаллаҳонаи муҷоҳидини Артиши Наҳзати исломӣ бақои ҳукумати Раҳмоновро зери савол гузошта буд. Аммо Раҳмонов талош мекард, ки мизони талафоти ҷонӣ ва аз даст додани назорат дар ВМКБ, водии Қаротегин ва бархе аз навоҳии тобеи марказро аз назари ҷомеа пушида дорад. Пешравиҳои муҷоҳидинро ночизу бетаъсир нишон бидиҳад. Талош мекард, ки ахбор дар расонаҳо дарз накунад. Вале расонаҳо одитарин ҳодиса дар ҷабҳа ва сангарҳоро муфассал инъикос мекарданд. Метавон гуфт, ки тамоми матбуоти байналмилалӣ ва ҳатто Русия тамоюл ба оппозитсион доштанд. Ва оппозисиюнро қурбонии сиёсатҳои султаталабонаи Русия тасвир мекарданд.

Нуктаи ҷолиби дигар дар даврони ҳиҷрат ва муқовимату музокирот барои “Ҳаракати наҳзати исломӣ” ин буд, ки роҳбарони он дар сатҳ ва мақоми роҳбарони як ҳукумат аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳо ва шахсиятҳои маъруфи оам истиқбол ва бадрақа мешуданд. Устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Урупо, Созмони милали муттаҳид, созмони конфаронси исломӣ борҳо дар робита ба вазъи Тоҷикистон ва муҳоҷирин суханронӣ кардаанд.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва ҳамин тавр Сафармурод Ниёзов президенти Туркманистон, Аскар Акаев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо онҳо дидору мулоқотҳо анҷом медоданд. Ба ин тартиб ҳукумати дар табъиди устоди равоншод Нурӣ ва Ҳаракати наҳзати исломии вай дар воқеъ дар даврони ҳиҷрат ва муқовимат оламгир шуд.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, ки дар ба қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмонов нақши тамом дорад, чанде баъд аз ин кораш ба шиддат пушаймон шуда ва шахсан аз роҳбарони ин Ҳаракат даъват мекунад, ки ба Тошканд ташриф фармоянд. Вай дар як суҳбаташ бо Аркадий Дубнов, ки он солҳо дар бахши русии радиои «Озодӣ» мегуяд Раҳмонов чорае надорад, ки бо мухолифинаш забон ёбад:

И. Каримов: Не, Аркадий, ман аз ибтидо мувофиқат карда будам, ки ба ҳамаи саволҳои Шумо ҷавоб хоҳам дод ва ҷавоб медиҳам. Вақти суҳбат ман инро дар назар доштам, ки аз нигоҳи расмӣ ба опозитсюн киҳо шомиланд. Онҳое, ки таҳти сарварии ҷаноби Нурӣ ва ҷаноби Тураҷонзода, ки мо бо он кас мулоқот доштем ва он бахши опозисюн, ки худро ба ҳайси ба ном гурӯҳи ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ, таҳти сарварии ҷаноби Отахон Латифӣ муаррифӣ мекард. Ба ақидаи ман, опозисюни муттаҳидаи тоҷик аз ҳамин ду гурӯҳ иборат аст.  Имрӯз шумо аз Абдуллоҷонов суҳбат мекунед, дар воқеъ оё худи Абдумалик Абдуллоҷонов худашро опозисионер мешуморад ё на? Ӯ дар бораи қувваи сеюм сухан мегӯяд, вале ман фикр намекунам ин нерӯи сеюм дар эътилофи иттиҳоди мухолифони тоҷик бошад.

Озодӣ: Не, ман инро тасдиқ намекунам. Ман гуфтам — агар ин нерӯи сеюм чунин бишуморад, ки имкониятҳои ӯ бо ёфтани таъсири воқеӣ дар сурати эътилофи он ба опозисюни муттаҳида беҳбуд хоҳад ёфт. То ҷое, ки ман медонам, ин нерӯи сеюмро дар Душанбе ҳам чандон хуш надоранд. Вақте ки ҳеҷ кадоме аз ду нерӯ сеюмро мақбул намешуморад, он маҷбур мегардад бо яке аз онҳо бипайвандад.

И. Каримов: Бале. Вақте ки ду тарафи даргир ва хасми якдигар ба созиш намерасанд, нерӯи сеюм ба саҳна мебарояд. Ин комилан мантиқист. Вале ба таври куллӣ ман бар инам, ки Раҳмоновро зарур аст бо ҷаноби Нурӣ созиш ёбад. Дар бораи ягон қувваи сеюм ростӣ, ман мавод ва маълумоти кофӣ надорам, ки сухан гӯям. Ман масалан, чунин мешуморам, ки агар гуфтушунидҳои сиёсие, ки байни ҷанобон: Нурӣ ва Раҳмонов баргузор мешаванд, натиҷаи хуб диҳанд, агар онҳо ба гузаштҳои дуҷониба иқдом кунанд, ба такрор мегӯям, гузаштҳои дуҷониба, он гоҳ нерӯи сеюм ҳам маҷбур мешавад ин созишро ба эътибор гирад. Созишеро дар байни ду тарафи даргир, ки аз дер боз ҳама интизор доранд. Як тарафро, ман медонам, ҷаноби Нурӣ сардорӣ мекунад ва тарафи дигар ҳукумати расмӣ, ки ба он ҷаноби Раҳмонов сарварӣ мекунад. Ман имрӯз намехоҳам ва далел надорам бигӯям, ки дар ин гуфтушунидҳо ё дар саҳна қувваи сеюм пайдо шудааст ва бояд онро ба назар гирифт. Ман чунин далел надорам».  «Роҳи душвори сулҳ» Мусоҳиб Аркадий Дубнов, 18 сентябри соли 1996, Тошканд.

Саидиброҳим Назар, собиқ мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар яке ду навбати музокирот ширкат карда будааст. Вай дар робита ба он давраҳои музокирот чунин суҳбат кардааст:

«Ман ба ҳайси ёвари Устод дар музокирот ширкат менамудам ва фазои музокирот якранг набуд, ҳар замон тағйир меёфт. Барои мисол дар охири соли 1995 дар музокироти Исломобод фазо он қадар муташанниҷ буд, ки ҳатто тарафайн бо ҳам саломи дуруст накарданд. Ёд дорам, чун Устод ворид шуд вазири фарҳанг барои эҳтиром аз ҷояш бархоста бо Устод салом кард. Фардо тамоми расонаҳо гуфтанд, ки гӯё миёни Устод ва вазир суҳбати пинҳонӣ доир шуда бошад. Вале оҳиста оҳиста фазои нобоварӣ аз миён рафт».

Гердт Дитрих Меррем, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милал дар Тоҷикистон, ки бо имзояш санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро мақоми байналмилалӣ бахшидааст, нақши ду кишвари таъсиргузор дар қатъи ҷанг дар Тоҷикистон ва ба сулҳу оштӣ омадани тарафҳоро чунин тавсиф кардааст:

«Ҳама кишварҳои нозир, махсусан – Федератсиони Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ба натиҷа расидан дар музокирот саҳми барозанда дошта, ба ақидаи ман, ҳамкории нағз байни Русия ва Эрон ошкоро ба ҳар ду тарафи тоҷик кӯмак кард, ки дарк кунанд, ҳадафи ниҳоӣ дар хатми буҳрон бояд ин бошад, ки онҳо ба рақобати солим ва сулҳомези сиёсӣ баргарданд, то оромӣ дар кишвар ва сар то сари минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин шавад, иқтисодро ба беҳбуд гузорад ва робитаҳои минтақавию байналмилалии солим эҷод шавад. Расидан ба чунин аҳдоф аз ҳама бештар ба фазои сулҳомез ниёз дорад»

Ҳукумат бо ин вуҷуд, ки сари мизи музокирот омаду нишаст, дар ибтидо талош мекард, тавре ҷилва диҳад, ки ин музокирот чизи муҳимме нест. Авзоъ дар кишварро комилан таҳти контрол гирифтааст. Барои ҳамин афродеро барои пеш бурдани музокирот мансуб кард, ки нуфуз надоштанд ва чизеро ҳал карда наметавонистанд. Дар ҳайати ҳукумат Шукурҷон Зуҳуров –раис, Саид Салимов, Иброҳим Усмонов- муовинони раис, Баҳодур Абдуллоев, Амирқул Азимов, Раҳим Ҳошимов, Усмон Холдоров, Толиб Юнусов, Ш. Мирзоев, Э. Ғоибов, Ш. Шарифов аъзои ҳайати музокиракунанда буданд.

Раҳбарияти мухолифин дар аввал Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари ИНОТ-ро раиси ҳайат ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода муовини дигари раҳбари ИНОТ-ро муовини раиси ҳайати музокиракунанда интихоб кард. Вале баъдан далел пеш овард, ки чун дар раъси ҳайати ҳукумат нафарҳои аввалу дуввум нестанд, онҳо низ аз ширкат дар гуфтушунидҳо дар ин сатҳ худдорӣ мекунанд ва расман Отахон Латифиро раҳбари ҳайати мухолифин дар ин гуфтушунид таъйин карданд.

Дар ҳайати мухолифин дар даври нахустини гуфтушунидҳо Абдунабӣ Сатторзода, Зайд Саидов, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҳабиб Сангинов ва Бозоралӣ Сафаров ба ҳайси аъзо ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ҳамон шабу рӯз ба Маскав омада буданд ва ғайрирасмӣ ба кори ҳайати мухолифин раҳбарӣ мекарданд. Даври аввали музокирот дар Маскав ду ҳафта идома дошт. Дар ин байн се гуруҳ масоил мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Масоили паноҳандагон, низомӣ ва сиёсӣ. Дар баёнияи муштараке, ки дар хатми ин даври музокирот мунташир шуд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар оянда гуфтушунидҳоро баҳри ҳаллу фасли ин се масъалаи мушаххас идома хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ музокироти Сулҳи байни тоҷикон то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, яъне 27 – июни соли 1997 иборат аз 5 давр идома кард. Бо ибораи дигар бигӯем гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон 3 солу 3 моҳу 3 рӯз ё худ 1180 шабонрӯз давом кардааст.

Давраҳои гуногуни музокироти тарафҳо дар Маскав, Теҳрон, Исломобод, Алмаато, Бишкек  ва Ишқобод баргузор шуданд. Бо вуҷуди ҷангу даъвоҳо мавқеи тарафҳо ба тадриҷ наздик мешуд. Ҳайати музокиротии ИНОТ-ро Отахон Латифӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, муовини раҳбари “Ҳаракати Наҳзати исломӣ” ва ҷониби режими Душанберо Шукурҷон Зуҳуров, Абумаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Талбак Назаров роҳбарӣ мекарданд. Музокироти тарафҳо то замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ идома пайдо кард, ки беш аз се солро дар бар гирифт

Бояд гуфт, ки ҳайатҳои музокиракунада ҳангоми гуфтушунидҳо ҳар боре, ки ба бунбаст мерасиданд, барои во кардани гиреҳи мушкилот роҳбарони ду ҷониби даргир вориди майдони амал мешуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ 7 маротиба берун аз кишвар дар шаҳрҳои Кобул (май 1995), Теҳрон (июли 1995), қаряи Хустдеҳи Афғонистон (декабри 1996), шаҳрҳои Маскав (декабри 1996), Машҳад (феврали 1997), Бишкек (майи 1997), Маскав (июни 1997) бо ҳам вохӯрданду мулоқот карданд, ки дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо роҳи сулҳ ҳамвор мешуд.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки бо як иштиёқу алоқа ва бовару эътимод ба кори сулҳу оштӣ машғул шуда буд дар як суҳбат ба пурсиши журналист дар бораи мулоқоти аввалинаш бо Эмомалӣ Раҳмонов чунин мегуяд:

«Ба фикрам, мулоқоти аввалини мо дар Кобул иттифоқ афтода буд. Вақте мо бо якдигар вохӯрдем, намедонам бархӯрду чеҳраи ман чигуна буд. Инро бояд аз президент Раҳмонов пурсид, зеро фикр мекунам, ӯ ин ҳолатро дар хотир дорад, вале чеҳраи ӯ хеле кушода ва хандон буд. Аз ҷояш бархест ва ба истиқболи ман омад ва ҳарду гарм ба сӯи якдигар оғӯш кушодем ва мисли касоне, ки гӯиё аслан ҷанг надошта бошем, аз кору зиндагии хеш пурсон шудем».

Яке аз дидору мулоқотҳои устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов дар Хусдеҳи Афғонистон бо тақозоҳо ва дархости мукаррари Раҳмонов дар 10уми ноябри соли 1996 доир шуд. Дар ин дидор тарафҳо ба хеле аз масоили мубрам аз ҷумла таъсиси Комиссиюни оштии миллӣ тавофуқ ба даст оварданд.

Ба ин тартиб 27 июни соли 1997 дар Президент отели Маскав маросими  имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси ҷумҳурии Русия Борис Елсин, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ИНОТ, Эмомалӣ Раҳмонов,раиси ҷумҳурӣ Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижаи СММ дар умури Тоҷикистон, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ва вузарои хориҷии кишварҳои кафил, намояндаи махсуси Департаменти давлатии Амрико ширкат карданд.

Комиссияи оштии миллӣ чи гуна таъсис ёфт ва чи корҳоро ба сомон расонд?

Комиссияи Оштии Миллӣ, органи муштараке, ки вазифадор буд тамоми асноди Созишномаи Умумии Сулҳро ба ҳаёт татбиқ намояд, расман аз 7- июли соли 1997 дар Маскав оғоз ба кор кардааст. Кори онро Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижаи СММ ва Евгенний Примаков, вазири хориҷии Русия ифтитоҳ карданд. Сипас раёсати он бар ӯҳдаи раиси он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ гузошта шуд. Ин комиссиюн як ниҳоди муштараки оппозитсион ва неруҳои мухолифин буд, ки 13 нафари аз ҳарду ҷониб аъзо дошт. Таъсиси ин ниҳодро дар оғози раванди музокирот ҷониби мухолифин пешниҳод карда буд, аммо ба он эътино нашуд. Баъдан устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як баёнияи худ, ки 21 январи соли 1995 пахш шуд, бори дигар бар зарурати таъсиси Шӯрои оштии миллӣ таъкид кардааст. Султони Ҳамад, яке аз муҳаққиқони раванди оштии миллӣ менависад, ки монанд ба ин комиссиюн аз тарафи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон пешниҳод шуда буд: «Дар ин миён Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, авоили моҳи апрели соли 1995 мулоқоте бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар Тошканд анҷом дод. Оқои Каримов он замон пешниҳод кардааст, ки як Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон баргузор шавад, ки дар он намояндаҳои тамоми ақшори ҷомеа, ҷамъиятҳои миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиву динӣ ширкат варзанд ва ба он Форум ё Конгресс барои ҳалли масоили мавҷудаи раванди Сулҳи тоҷикон салоҳиятҳои муайяне дода мешуд.”

Баргузории чунин як Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон бо як омодагии ҳамаҷониба, бешубҳа, метавонист дар раванди Сулҳи тоҷикон нақши мусбате бозад. Аз ин рӯ ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин онро дар мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон доир шуд, матраҳ кардааст. Моҳи августи соли 1995 аз ҷониби Сайид Абуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, протокол «Дар бораи усули барқарори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он аз ҳалли масъалаи Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон низ ёдовар шудааст. Ин санад ҳамчунин таъсиси «Кумисиюн оид ба мушоҳида ва назорати аз ҳарду тараф риъоя шудани созишномаи умумӣ»-ро дар назар дошт. Дар даври панҷуми музокирот ҷониби мухолифин дар баробари таъсиси Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати ташкили Шӯрои Оштии Миллиро бо қотеъият ба миён гузошт. Зеро ба қавли ҷониби иттиҳоди нерӯҳои мухолифин агарчи Форуми машваратӣ доираи васеъе аз аҳли ҷомеъаро ба таҳкими раванди сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале тибқи тарҳҳои пешниҳодии ҳарду ҷониб, тасмимоти он ҷанбаи машваратӣ доштанд ва наметавонистанд ҳукми қонунро бигиранд ва бечуну чаро иҷро шаванд. Бино бар ин дар пешниҳодоти иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар бораи ҳалли масоили сиёсӣ омада буд, ки Шӯрои Оштии Миллии доимоамалкунандае иборат аз 60 нафар ташкил карда шавад: 25 нафарӣ аз ҳарду ҷониби даргир ва 10 нафари дигар аз ҳисоби ҷамъиятҳои миллӣ. Тибқи ин пешниҳод раёсати Шӯроро бояд намояндаи ИНОТ ба ӯҳда мегирифт ва дар давраи гузариш, яъне давраи татбиқи Созишноми умумии Сулҳ, Президент ва ин Шӯрои Оштии Миллӣ ҳокимияти олии  ҳам қонунбарор ва ҳам иҷроия ба ҳисоб мерафт. Маҷлиси Олии Тоҷикистон бояд мунҳал мешуд. Вале ҷониби ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ ба таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ дар кадом шакле, ки набошад, розӣ набуд. Маҳз барои ҳамин ҳам даври панҷуми музокирот яке аз даврҳои хеле ҳам мушкил, пурбаҳсу мунозира ва хеле ҳам тӯлонӣ буд. Он дар се марҳила гузашт ва дар маҷмӯъ 63 рӯз идома дошт. Баъди анҷоми марҳилаи дуюми даври панҷуми музокирот, ки дар масъалаи таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ ба ягон пешрафте ноил нашуд, дар Душанбе иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар иҷлосия гузориши ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушуниди байни тоҷикон шунида шуд. Аз ҷумла, пешниҳоди мухолифин дар бораи таъсиси як Шӯрои Оштии Миллӣ баҳри аз буҳрони сиёсиву низомӣ баровардани кишвар матраҳ гардид. Вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ишғолкардаи ҳайати ҳукуматиро дар музокироти байни тоҷикон оиди ин масъала дастгирӣ намуданд.

Ин масъала бори дигар ба таври мушаххас танҳо дар мулоқоти севуми раиси ҷумҳурӣ ва раҳбари мухолифон дар моҳи декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон матраҳ шуд. Дар изҳороти муштараки хеш ин ду раҳбар аввалин бор эълон доштанд, ки дар мулоқоти навбатии қарибулвуқӯъи худ дар шаҳри Маскав аз таъсиси Кумисиюни Оштии Миллӣ дарак хоҳанд дод. Ба ин тартиб, дар ҷараёни музокирот нахустин бор аз истилоҳи «Кумисиюни Оштии Миллӣ» ба ҷои «Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон», «Шӯрои оштии миллӣ» дар асноди тасвибшуда дар Хустдеҳи Афғонистон истифода шудааст. Дере нагузашт, ки 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ роҳбарони ду ҷониб Созишномаеро ба тасвиб расонданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Бо дарназардошти он ки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи Сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комисияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин кумисиюн намояндаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъйин мешавад».

Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи худ дар Тоҷикистонро дар  15 сентябри соли 1997 бо ҳузури раиси ҷумуҳурӣ ва намояндаи вижаи Дабири кулли СММ баргузор кард. Донишманди тоҷик Рашид Абдулло дар як навиштааш мегуяд яке аз хидматҳои шоистаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин буд, ки дар раъси ин комиссиюн сулҳро дар кишвар татбиқ кард:

«Хизмати басо шоистаи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ дар назди Тоҷикистони мустақил – ба ҳайси сарвари Комиссияи оштии миллӣ таъмин намудани татбиқи амалии бахши аксари созишҳои сулҳ буд. Дуруст аст, ки на ҳамаи созишҳо пурра амалӣ гаштанд. Вале он ҳам дуруст аст, ки ба шарофати ҳатто нопурра амалӣ гаштани созишҳои сулҳ якпорчагии Тоҷикистон барқарор ёфт ва хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ ҳамчун як давлати мустақил бартараф карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистони имрӯза, аз ҷумла, самараи кӯшишу талошҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ мебошад. Яке аз хидматҳои асосии Сайид Абдуллоҳи Нуриро барои Тоҷикистони мустақил равост ба ҷумҳурӣ ва ҷомеъаи он ба мерос мондани худи “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” донист. Бояд гуфт, ки гарчанде ҳизб ҳоло тирамоҳи соли 1991 таъсис ёфта бошад ҳам, маҳз аз бозе, ки худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сарвари расмии он интихоб гашт, раванди табдил ёфтани он ба як муассисаи сиёсии шаҳрвандие, ки дар шароити нави дур аз муқовимати мусаллаҳона амал карда метавониста бошад, такони тавоно гирифт».

Аммо бо ин ҳама назарҳо дар мавриди фаъолияти Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон дар ҷомеаи кишвар мутафовит аст..

Барои онки роҷеъ ба фаъолияти КОМ маълумоти бештар дар ихтиёратон қарор бигирад ду назареро аз як гузориши радиои «Озодӣ» дар солҳои пеш инҷо айнан меоварем:

Иброҳими Усмон, устоди донишгоҳ ва узви КОМ, бар ин назар аст ки Комиссиюни оштии милли аз нуқтаи назари ислоҳоти ҳукумат ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ рисолати худро пурра иҷро кард: «рисолати он ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои гузаронидани интихобот буд. Интихоботе, ки тарафҳо дар он иштирок кунанд. Ва ба ин мақсад имкон фароҳам кардан барои иштироки мухолифон дар ҳукумат, яъне ислоҳоти ҳукумат ва таҳияи қонунҳои интихобот ва Қонуни асосӣ ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ. Агар аз ҳамин нуқтаи назар наздик шавем, КОМ рисолати худро пурра иҷро кард. Зеро қонунҳо таҳия ва қабул ва интихобот баргузор шуд ва ислоҳоти сифоиза ҳам ба шакле баргузор шуд. Аммо агар манзур баргузор кардани ислоҳот дар ҳамаи бахшҳои Тоҷикистон бошад, чунин нашуд».

Аммо Ҷалолиддин Маҳмудов, ҳамраиси Комиссиюни муштараки назорат бар оташбас аз сӯи мухолифин, ки баъдан ба гурӯҳи кори КОМ табдил шуд, мегӯяд, фикр намекунад ҳамаи таваққуъоте, ки аз ин комиссиюн вуҷуд дошт, бароварда шуда бошад.

«аъзои КОМ аз тарафи ҳукумат бо кӯмаки ҳукумат, талош кардан ҳама мавзуъҳои мавриди назари худро ҳал карданд, вале он чӣ ки орзуву омоли мухолифон буд, ҳамааш ҷомаи амал напӯшид. Сифоиза татбиқ нашуд, вазоратҳои қаблан ваъдагӣ дода нашуд, агар якнафар пешниҳод мешуд ва ба ҳукумат маъқул намеомад, мегуфтанд каси мавриди назари ҳукуматро пешниҳод кунед. Мухолифон медонистанд, ки агар пофишорӣ кунанд, ҳукумат тан хоҳад дод, аммо фурсат аз даст мерафт ва ин ба нафъи кор набуд. Вале аз ҳама муҳим сулҳ таъмин шуд».

11 сентябри соли 1997 ҳайати баландпояи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик дар раъси Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъди ҳиҷрати панҷсола аз Теҳрон ба Душанбе бозгашт. Яке аз тавофуқоти ба даст омада дар ин сулҳ таъсиси “Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон” -ниҳоди муштараки давлат ва мухолифин барои татбиқ ва назорати иҷрои раванди сулҳ дар марҳала гузариш, ки барои ду сол пешбинӣ шуда буд. Ин кор аз тарафи устод Нурӣ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва аъзои ин комиссиюн ба хубӣ ба иҷро расид. Ва, ҳукумат ва мухолифин ба шумули ҲНИТ дигар дар мудирияти кишвар муштарак фаъолият пеш мебурданд.

Поёни бахши севвуми Давраи севвум ва ин давра ба охир расид мегузарем ба давраи чаҳорум, бо “Ислоҳ” бошед ва аз он давраҳо низ ба хубӣ огоҳи пайдо намоед!

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3\3   появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум № 3\2
(бахши дуввум, давраи севвум)

Муқовимат, суйқасдҳои нобарор ва музокирот

Наҳзати исломии Тоҷикистон дар даврони ҳиҷрат дар Афғонистон фақат бо масоили муҳоҷирон пойбанд набуд. Устод Нурӣ ва ёронаш ба хубӣ дарк карда буданд, ки роҳи бозгашти онҳо ва муҳоҷирони ғарибуфтодаро танҳо муборизаи яроқнок метавонад боз ва ҳамвор бикунад. Дар ҷо-ҷое аз сӯҳбатҳои сарони ҲНИТ шумо дар бораи табдили ҳизб ба Ҳаракат ва пайваст шудани идораи Қозиёт, машоих ва ҳизби демократу Растохез ва Лаъли Бадахшон маълумот ба даст овардед. Ҳизби наҳзат дар Афғонистон ба Ҳаракати Наҳзати Исломӣ табдил шуд ва Шурои ҷиҳодии он бо ҷамъу ҷур кардани неруҳои парокандаи ба Афғонистон ҳазиматкарда шуруъ кард.

Замоне, ки Ҳизби Наҳзат ба Ҳаракати наҳзати исломӣ табдили ном кард, намояндагиҳои он на фақат дар Афғонистон ҳамчунин дар Эрон ва Покистон ҳам шурӯъ ба фаъолият карданд. Масъулияти намояндагии Ҳаракати наҳзати исломӣ дар Исломободро устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва аз Эронро устод Ҳоҷӣ Акар Тӯраҷонзода бар ӯҳда доштанд. Дар Маскав-пойтахти Русия ҳам созмоне бо номи Шӯрои ҳамоҳангии неруҳои демократӣ дар раъси Отахон Латифӣ, собиқ хабарнигори «Правда» ва ноиби пешини риси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва Ҳабиб Сангинов, сардори собиқи ГАИ-и ҷумҳурӣ ташкил ёфт, ки ба намояндагӣ аз Ҳаракат амал мекард. Шахсиятҳои муътабари мазҳабии кишвар, ки акнун дар ҳолати фирор ва оворагӣ дар Афғонистон қарор доштанд бо ин Ҳаракат мулҳақ шуданд. Албатта, ки кишварҳои олами ислом ва бахусус Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамроҳ ва дар канори ин Ҳаракат буд.

Мавлавӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раиси собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз як ҳолати таърихие ёдовар мешавад, ки мунҷар ба пайваст шудани қозии пешини Тоҷикистон ба ин Ҳаракат шудааст:

«Дар вохӯрӣ дар ҳузури Вилоятӣ (Алӣ Акбар Вилоятӣ, вазири умури хориҷии вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон) дар бораи ташкили Ҳаракат ва низ дар бораи бахшҳои он ва ҳамчунин масъулияти афрод дар ин ҳаракат маълумот додам. Дар ин ҷо аз оқои Тураҷонзода даъват кардам, ки ба Ҳаракат ҳамроҳ бишаванд. Устод Тураҷонзода гуфт, ки ҳанӯз намедонад ба ҳайси кӣ биравад. Гуфтанд, бояд мушаххас бишавад, ки бо чи масъулияте хоҳанд пайваст. Ман гуфтам ин масъаларо намешавад дар инҷо ҳал кард. Ҳамин тавр, аз ин ба пас байни мо ва устод Тураҷонзода ва устод Нурӣ алоқа барқарор шуда буд ва мо тавассути мухобира сӯҳбатҳо доштем. Устод ҳам даъват карданд аз ҷаноби Тӯраҷонзода, ки биоянд. Билохира, баъд аз чанд моҳ устод Тӯраҷонзоа ба Покистон омаданд ва мо ҳамроҳ ба Кобул рафтем. Тақрибан миёнаҳои тобистон буд. Дар Кобул дар сафорати Эрон як ҷаласаи маҳдуде бо иштироки банда ,устод Нурӣ, устод Тураҷонзода, Шодмони Юсуф ва як бародари эронӣ доир шуд ва тасмим бар ин шуд, ки масъулияти муовинати аввал ба дӯши оқои Тӯраҷонзода вогузор шавад».   «Фараж» феврали соли 2009

Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Ҳаракат ва Шурои ҷиҳодӣ дар сӯҳбат бо Салими Аюбзод, хабарнигори радиои «Озодӣ» дар соли 1994 аввалин талошҳо барои ташкили Ҳаракати наҳзатро чунин ёдоварӣ кардааст:

«… худи ин ҳизбу ҳаракатҳо пароканда буданд ва ҷудоии онҳо яке аз сабабҳои шикасташон шуда буд.  Дар Тоҷикистон идораи қозиёт буд ва гурӯҳи машоихи мусулмон ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳамагӣ ба қишри мусулмони кишвар такия мекарданд. Инчунин Ҳизби демократии Тоҷикистон буд, Созмони «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва бисёр созмонҳои дигари озодихоҳ. Ҳадафи онҳо озодӣ, истиқлолияти кишвар ва демокросӣ буд, вале барои ин ҳадафҳо ҳар кадом ба таври худ амал мекард. Ҳамоҳангие дар миён вуҷуд надошт. Яъне бо сабаби он ки ҷудо аз ҳам буданд, яке аз сабабҳои шикасташон ҳамин буд.

Бино бар ин вақте мо ба ин ҷо омадем, пеш аз ҳама фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии худро боздоштем ва гуфтем, ҳамон наҳзате, ки ҳанӯз баъд аз духули артиши Русия дар кишварҳои Осиёи Миёна як наҳзати исломӣ вуҷуд дошт ва онро мо дар соли 1973 эҳё кардем, ҳамонро идома медиҳем. Ҳарчанд бе ин ҳам он идомаи худашро дошт, валекин мо ҳизбро аз фаъолият манъ кардем ва гуфтем, ки тамоми идораи Қозиёт ва тарафдорони он, машоих ва тарафдорони онҳо ва инчунин Ҳизби демократӣ, созмони «Растохез», тамоми мардуми мусулмон ва миллати озодихоҳи Тоҷикистон, ки имрӯз ин мусибат болояшон омадааст, ҳама метавонанд, ки дар ин Наҳзат дохил бошанд ва ҳама метавонанд, ки дар ҳайати як танзими ягона шурӯъ ба фаъолият кунанд.

Ҷои шак набуд, ки қавитарини ҳамаи ин аҳзобу созмонҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва ҳаст. Дар ҳиҷрат дар Афғонистон низ бештар мардумоне буданд, ки агар аз ин ҳизб ҳимоят намекарданд, ба ҳар ҳол пайвандҳои бештаре бо он доштанд, дар нисбати аҳзоби дигар». «Роҳи душвори сулҳ». Мусоҳиб Салими Аюбзод.Теҳрон соли 1995

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар идомаи суҳбаташ мегуяд, ки вай намехост масъулияти раҳбарии ин Ҳаракатро бар дӯш бигирад. Вале ҳам талаби пайравону ҳамандешон, ҳам шароити болои мардум омада ва ҳам масъулияти бозгашту бозгардонидан ба ватан ӯро водор кард, ки ин масъулиятро бар зимма бигирад:

«Вале аз ҳама муҳимаш, шахсан ман намехостам, раёсати танзимро бар зимма бигирам. Вақте ҷаласаҳои аввалинро дар хориҷ гузарондем ва метавонем, бигӯем, ки ҳанӯз ҳам мо намехостем, ки масъулияти раҳбарии онро бар дӯш бигирем. Ончи ошкоро ба назар мерасид, ин буд, ки аксари масъулону фаъолони наҳзат ва ҳизбу созмонҳои дигар дар он вақт рӯҳан шикаст хӯрда буданд ва маъюс аз ин мусибатҳое буданд, ки болояшон омада буд. Бинобар ин онҳо ҳатто бо оби чашм аз мо талаб карда буданд, ки раҳбариятро бар ӯҳда бигирем. Хуб, роҳи дигаре набуд. Қабул кардем  ва шурӯъ ба фаъолият кардем ва қабл аз ҳама аз муҳоҷирин шурӯъ кардем. Ва мо чунин фикр кардем, ки барои бақои ин миллат, барои ҳифзи садҳо ҳазор муҳоҷире, ки бо вуҷуди сахтиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар шимоли Афғонистон дар ин минтақа паноҳ ёфта буданд ва барои ҳифзи ҳуқуқи наздик ба як миллион нафаре, ки дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд, барои бақои онҳо ва бозгашти сарбаландонаи онҳо, мо ҳақ надоштем, ором биншинем ва ё аз пайи зиндагии худ бошем. Мо худро масъули ин ҳол мешумурдем. Ва барои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамватанони худ роҳи дигаре надоштем, ба ҷуз ин ки амалиёти низомиро шурӯъ кунем. Бинобар ин гурӯҳҳои пароканда ва маъюсшудае, ки баъд аз шикаст дар ҷангҳои дохили Тоҷикистон, ба ин тараф, ба Афғонистон гузашта буданд, онҳоро даъват кардем ва як низому тартибе ташкил кардем ва алҳамдулиллоҳ, тавонистем, гурӯҳҳои зиёдеро сарҷамъ кунем, онҳоро мусаллаҳ кунем ва ҷиҳоду муборизаро шурӯъ кунем. Хуб, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷиҳоду муборизаи мо боиси он гардид, ки бори дигар ин миллати ҷафокашидаро ин абарқудратҳо бишиносанд». «Роҳи душвори сулҳ».

Шурӯъи муборизаҳои мусаллаҳона ба манзури бозгашт ба ватанро дигар аз масъулони он замони ҲНИТ низ дар суҳбатҳояшон гушнишон кардаанд. Дар суҳбатҳои расонаии Давлати Усмон ҳам ишораҳое мерафт, ки дар Фархори Афғонистон 250 размандаро дар як даста ҷамъ ва машқу тамриноти онҳоро ба роҳ мондааст.

Аммо қабл аз шурӯи музокирот ва таъйини ҳайати гуфтушуниди ҷониби оппозитсион Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикисон бо ҳамаи неруҳои ҳамроҳаш дигарбора табдили ном карда ва бо номи Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиони Тоҷик муборизаи худро идома дод.

Дар инҷо як нуктае, ки месазад тазаккур кард ин аст ки ҳанӯз дар Тоҷикистон дар як мулоқоти миёни устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар яке аз деҳаҳои куҳистони Ромит, ки Ризвон Содиров низ ширкат кардааст, суҳбатҳо дар бораи масъалаи идомаи муқовимат ва мубориза сурат гирифта будааст.

Устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар як сӯҳбаташ дар ин бора хеле ба таври фишурда ишора кардааст:

«…. Ҳаракат танзиму ташкил шуда буд. Вале дар дохил, дар Ромит ва ҳанӯз ба Афғонистон норафта, баъзе сӯҳбатҳо миёни устодон Нурӣ ва Тӯраҷонзода, ки кӣ бояд роҳбариятро минбаъд ба ӯҳда бигирад, сӯҳбатҳо шуда будааст. Аммо дар Афғонистон дигар ин масъала  матраҳ нашуда буд. Чаро, ки устод Нурӣ таъин шуда буд ва ӯ шахсан наметавонист, ки ин тасмимро бидуни назари роҳбарият ва Шӯрои ҷиҳодӣ тағйир диҳад». «Фараж» феврали соли 2009

Солҳо баъд, бархе аз огаҳони он мулоқоти то кунун мунъакиснашудаи устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфтанд, ки ин мулоқот ба эҳтимоли зиёд дар авоили декабри соли 1992 баргузор шуда ва дар ҳақиқат Ризвон, ба унвони фармондеҳи Артиши Наҳзати Исломӣ, ки ҳамоно муқовиматро дар дохили кишвар идома медод, ҳузур доштааст.

Ризвон ба онҳо суол мекунад, ки роҳбар барои оянда кӣ аст? Устод Нурӣ посух медиҳад, ки ҷаро бояд роҳбар бикобем, дар ҳоле, ки роҳбарамон мушаххас аст. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегуяд, ки на, аз ин ба пас роҳбари мо Шумо ҳастед ва тавофуқ мешавад, ки устод Нурӣ ба ҳайси роҳбар ва Ризвон минҳайси фармондеҳ мубориза идома хоҳад ёфт ва устод Нурӣ таъминоти ҷабҳаи ҷангро бар душ мегирад.

Он хона як кат доштааст ва вақте фурсати хоб меояд устод Нурӣ мегуяд, қозидомулло ин кат аз шумо аст. Аммо устод Тураҷонзода арзи сипос мекунад ва руи кат устод Нурӣ шабро саҳар мекунад.

Суоли дигари Ризвон ин будааст, ки ҳадафи ҷангамон чӣ аст ва барои чи бояд биҷангем. Агар бигуед, ки барои ҳуқуқи башар, барои курсӣ ва ё барои ҳар чизе дигар ман ҳамроҳатон нестам ва агар ҳам бигуед, ки барои давлати исломӣ вале баъди 50-60 сол ман ҳамроҳатон нестам ва агар эълон кунед, ки ҷанги мо барои ислом аст ман ҳамроҳатон ҳастам. Устод Нурӣ он замон гуфта будааст, ки вақте Ризвон бо ин оҳангу бо ин ният суол дод, муҳаббати Ризвон ба ҳайси на фақат як фармондеҳ, ба сифати як фарзанд дар қалби ман ҷой гирифт. Вале мутаассифона Ризвон то ба охир ба роҳбарият содиқ намемонад ва ба ҷиноятҳо ва қатлҳое даст зад,ки дар ҳеҷ чавкот ва муқаррароте намегунҷиданду созгор набуданд.

Ризвон Содиров вақте фармондеҳ таъйин мешавад, танзими ҷузву томҳои Артиши Наҳзати исломиро дуруст ба роҳ мемонад ва муваффақ ҳам мешавад, ки ҳамаро зери як сақф ва таҳти итоати як маркази фармондеҳӣ биоварад. Амалан ӯро вазири дифоъи ҳукумати дар табъиди Тоҷикистон муаррифӣ мекарданд. Аммо Ризвон Содиров  мағруру мутакаббир мешавад, то ба ҳаде, ки бидуни қазоват афродро худаш бе маҳкама ва додгоҳе ба қатл мерасонд.

Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз собиқадорони ҲНИТ, ки дар зиндон даргузашта шуд, дар як сӯҳбаташ бо расонаҳо роҷеъ ба фармондеҳ Ризвон Содиров чунин мегуяд: «Як чунин таҷриба ҳам ба кор гирифта шуда, ҳамаи нерӯҳоро зери назорати Ризвон супорида буданд. Ризвон аз худ рафту мухолифат ва нофармонӣ кард ва дарди сар шуд. Пас аз ин устод чунин тасмим гирифт, ки ҳар фармондеҳ дар алоҳидагӣ бо ӯ ҳамсӯҳбат шаванд, на ба воситаи якдигар. Вақте Мирзохуҷа Низомро мехостанд, фармондеҳи кулли минтақа эълон кунанд, устод аз ин ранҷид, ки ӯ ҳам шояд ба як Ризвони дигар табдил шавад. Устод дастур дод, ки Муҳаммадрӯзӣ, Шайх ё Мирзохӯҷа Низом ҳар кадоме мустақим ба ӯ муроҷиат кунанд. Ҳарчанд онҳо нисбат ба ҳамдигар эҳтиром доштанд, аммо расман якдигарро итоат намекарданд».

Дар ҳар сурат Ризвон Содиров на он нафаре будааст, ки раҳбарони Шурои ҷиҳодии Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон рӯи он ҳисоб карда буданд. Зимнан, вақте ҳам муҳокимаи масъалаи таъйини Ризвон дар ҷаласаи Шӯрои ҷиҳодӣ матраҳ мешавад, хелеҳо мухолифат мекунанд, аммо аз онки вай то инки ба Афғонистон бирасад бо неруҳои ҳукумати Раҳмонов ва пуштибонҳояш дар дохил танҳо меҷангид ва соҳиби обрӯи баланд гардида ва дар васфаш ҳатто шеъру афсонаву достонҳо эҷод шуда буд, ӯро фармондеҳи кулли қуво таъин карданд.

Вале чуноне гуфтем вай, баъдҳо маълум шуд, омили нуфузии хориҷиҳо буд ва ба ҳамин ҷиҳат ёғӣ шуд. Хайриддин Қосим, хабарнигори собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки дар он солҳо ба асорати Ризвон меафтад, бо нашри силсиламатолибе аз баъзе аз нақшаҳои шуми ӯ мегуяд:

«Ризвон дар поёни соли 1994 тасмим ба террори раҳбарони Наҳзат гирифт. Вай ибтидо қасд дошт, ки ба баҳонаи наздик будани Баҳораки Бадашон ба марзи Тоҷикистон қароргоҳи марказии наҳзатро ба Толиқон ба ин маҳал интиқол диҳад. Вай то поёни соли 1994 умед дошт, ки устодон Нурӣ Тураҷонзода ва Ҳимматзодаро ба Баҳорак меорад. Аммо дар оғози соли 1995 Ризвон фаҳмид, ки дигар кор аз кор гузаштааст.

Афроди наздик ба вай аз Раёсати Наҳзат хабар доданд, ки инак мавзӯъи барканориаш аз фармондеҳии артиш матраҳ мебошад. Бо шунидани ин хабар дар пайи террори ҳар се роҳбари Наҳзат шуд. Ба ин мақсад се гуруҳро омода кард. Сарпарастии дастаеро, ки мебоист дар шаҳри Толиқон устод Нуриро ҳадафи террор қарор диҳад, Зариф ном муҷоҳид аз миёни муҳофизони шахсии Ризвон ба уҳда дошт. Ман вайро хуб мешинохтам. Зеро дар рӯзҳои аввали вуруди мо ба Баҳорак дар хонаи Ризвон дар лаҳзаҳои фориғ аз нигаҳбонӣ ба акаи Абдураҳмон-ошпази шахсии Ризвон дар пухтани ғизо ёрӣ мерасонд. Чашмонаш аз дуди ҳезуми тар ба сӯзиш меомад. Ба андешаи банда Зариф асрори зиёде аз ҷиноятҳои Ризвон медонист. Инак Ризвон ва Баҳроми бародараш вайро барои террори устод Нурӣ тайёр карданд. Бо се тан аз муҷоҳидон таҷҳизоти ҳидоятшаванда аз роҳи дурро бардошта дар наздикии хонаи Нурӣ ҷойгир карданд. Бар асоси дастури Ризвон ва Баҳром мебоист ҳангоми утсод  Нурӣ минаи идорашаванда аз роҳи дур тарконда мешуд. Аммо Зариф аз ин кор худдорӣ кард. Яке аз ҳамроҳони худро ба Кумитаи амнияти Наҳзат фиристод ва пайғом дод, ки довталабона ҳозир аст худ ва таҷҳизотро ба онҳо супорад. Зеро қасди куштани ҳеҷ мусалмони бегуноҳро надорад. Вайро гирифтанд ва зиндонӣ карданд. Асли ҳолисаро баён кард. Баҳром бехабар аз ин қазия дар интизори дарёфти хабари анҷоми суиқасд ба ҷони Нурӣ буд. Ҳар субҳ ба хонаи мо меомад ва мегуфт: «Бачаҳо бояд ду-се нафарро аз байн бардоранд. Имрӯзҳо хабарҳои хуше хоҳед шунид. Аммо аз касе ном намебурд ва фақат ба Толиқон, Исломобод ва Теҳрон ишора мекард. Чанд рӯз бо изтироб пушти сар гузашта шуд. Баъд аз чанд ҳафта мушаххас шуд, ки Абдуллоҳ ва Муҳаммадҷон ном ду тан аз афроди Ризвон, ки ба террори устод Тураҷонзода ба Теҳрон рафта буданд,  дастгир шуданд. Амнияти Наҳзат ононро бо дастони баста ба Толиқон баргардонд. Пас аз анҷоми таҳқиқоту баррасиҳо озод карданд. Як миқдор пул ҳам дар ихтиёрашон гузоштанд ва онон ба унвони тоҷирони Наҳзат ба фаъолият пардохтанд. Гурӯҳе, ки барои террори устод Ҳимматзода ба Покистон рафта буд ҳадафи худро ошкор кард.» 11 октябри 2007 «Фараж» №41(43

Маълум аст ки рӯ ба ҳиҷрат овардани ҲНИТ ва пайравону тарафдоронаш аз рӯи иҷбор буд. Ҳамин тавр даст ба ҷиҳоду муборизаи мусаллаҳона задани он ҳам коре набуд, ки аз пеши худ анҷом дода бошанд. Ин роҳ чораи охирини бозгашт ба ватан буд. Афғонистон ва тамоми роҳбарони ҳатто байни ҳам дар ҳоли душманиву мухосимат дар ин амр кумаки Ҳаракати Наҳзати Исломирӣ карданд. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, раиси собиқи Комиссиюни тафтишотии ҲНИТба ин пурсиш, ки Наҳзат дар ҳиҷрат чаро даст ба муборизаи мусаллаҳона зад, ҳадафаш чӣ буд, чунин посух додааст:

« Ба ростӣ, то замони тарки ватан Наҳзати исломӣ ва мардуми бечораи тоҷик на силоҳи кофӣ доштанд ва на мутааллиқ ба ягон қудрати хориҷӣ буданд ва ҳар муқобилияте нишон медоданд, ба хотири дифоъ аз дину ҷону моли хеш анҷом медоданд. Табиъист, ки нияти таҷовуз ба ҳарими касеро надоштанд ва бо касе кинаву адоват дар дил намепарвариданд ва бо ҳама гуна ҷангу хунрезӣ мухолиф буданд. Мардуме, ки дар даст силоҳ надошт ва барои ҷанг омода набуд мавриди зулму ситам қарор гирифтанд ва роҳи ягонаи халоси ёфтани худро дар ҳиҷрат диданд. Чун ба Афғонистон рафтанд, ягона роҳи баргашт ба Ватан ва бозгардондани молу мулк ва хонаву дари хешро дар муқовамати мусаллаҳона диданд, зеро бо зӯргӯ танҳо бо забони зӯр сӯҳбат карда метавон, на бо нармию мулоиматӣ. Пас аз он шӯрои ҷиҳодиро ташкил доданд ва силоҳи кӯҳнаро аз афғонҳо харида, муборизаро оғоз намуданд. Ба таври хулоса гӯем, ҳиҷрати мо барои дифоъ аз ҷон буд ва муқовамати мусаллаҳонаи мо барои баргаштан ба ватан ва гирифтани ҳуқуқҳои аздастрафта». «40 соли наҳзат. Хотира, андеша,дидгоҳ».Душанбе-2013

Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳамчуноне тазаккураш рафт дар Афғонистон ба масобаи як ҳукумат фаъолият мекард. Раис ва муовинони он бо намоянда ва диломатҳо давлатҳои хориҷӣ,  бо масъулони ташкилотҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонии хайрия дидору мулоқот мекарданд. Аз инҷо буд, ки нахуст ин Ҳаракати Наҳзати исломӣ буд, ки тарҳи сулҳу оштиро матраҳ кард ва мубориза ва ҷиҳодашро ба хотири  ҳамин музокира ва бозгашт ба ватан ва таъмини сулҳу оштӣ медонист. Ҳам муқовимат   ва ҳам барои  дарёфти сулҳу оштӣ нишастан сари мизи музокирот даъват мекард. Мисли онки устод Нурӣ ва ёрони вай садсолаҳо ҳукумат карда бошанд, ҳама кору амалашонро ба таври мутавозин ва муваффақона ва тибқи барнома пеш мебурданд.

Дар сангарҳои ҷиҳоду муқовимат ҳам ба тавфиқу барор даст меёфтанд. Вале аз тарафи Ҳаракати Наҳзат ва масъулони он ошкоро эълон мешуд, ки сари мизи музокирот танҳо бо Русия хоҳанд нишаст, чун Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони дастнишонда ва арӯсак ба ҳалли ҳеҷ масъала қодир ва мухтор нест. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ он рӯзҳоро дар суҳбаташ чунин ёдоварӣ кардааст:

«Хулоса, ки ҳамин муборизаҳои мо имрӯз, масалан, пешравиҳои мо дар Бадахшон, дар Вахиё боиси он гардид, ки сардамдорони режими Душанбе, ки борҳо эълон карда буданд, ҳаргиз намехоҳанд, бо мо бишинанд ва ҳатто Русия ҳам ин чизро намехост, инҳо маҷбур шуданд, бо мо сари мизи гуфтугӯ нишинанд. Мо аввалан мехостем, бо Русия, ки сабабгори асосии даргириҳо дар Тоҷикистон аст ва ё метавонем,бигӯем, ки таъсири хеле бузург дорад дар қазияи Тоҷикистон, вориди гуфтушунид шавем. Яъне талаби мо буд, ки ҳама чиро дар Тоҷикистон Русия ҳал мекунад, пас бояд бо Русия тараф бошем ва бо он биншинем. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бо Русия нишастем, то инки музокираро бо режими Тоҷикистон таҳррезӣ кунем. Ва даври аввали музокирот дар Маскав гузашт. Ҳарчанд режими Душанбе ба ин мулоқот хеле хунукназарӣ карданд ва ҳайъатеро ба он фиристоданд, ки ҳеч салоҳияте надошт, локин бо вуҷуди ин ҳама як умеде буд дар инки шояд ин қадамҳои аввал барои оштӣ бошад, шояд як роҳ, як даре ёфтем, ки онҳоро бори дигар огоҳ кунем, ки ин коре ки ба вуҷуд омадааст, ба манфиати миллати тоҷик нест. Ва даври дуюм дар Теҳрон ҳам чизе  натиҷа надод, валекин натиҷааш ҳамин буд, ки онҳо якҷоя нишастанд, қишрҳои миллати тоҷик як ҷо нишастанду якдигарро диданд ва шояд ки ҳамин чизҳо як таъсире бахшиданд. Ва имрӯз ҳам, ки мову Шумо сӯҳбат мекунем, як нишасте, шӯрое ва ё машварате дар Теҳрон идома дорад ва ин ҳам иншоаллоҳ ки, чӣ хеле ки ман бо баъзе афрод аз ҳайъате ки аз Тоҷикистон омадааст, сӯҳбатҳо доштам, фаҳмидам, ки инҳо чизеро дарк кардаанд. Яъне ин нирӯҳои низомӣ ва муҷоҳидине, ки аз тарафи Наҳзати исломии Тоҷикистон ҷамъ карда шуд ва онҳо шурӯъ ба мубориза карданд, боиси ин шуд, ки ҷониби мухолиф як қишри дигари мардуми Тоҷикистонро бишиносад ва бидонанд, ки миллати тоҷик танҳо онҳое нестанд, ки ҳоло дар кишваранд, балки наздик ба як миллион нафар тоҷики дигар дар берун аст, ки фикру андешаи дигар доранд. Имрӯз онҳо ҳам барои бақои ҳамин миллат фикр мекунанд ва ба хулосае омаданд, ки бояд мо забони ҳамдигарро бифаҳмем, бояд ки фикри якдигарро бифаҳмем. Дар ҳақиқат, дар ҳоли ҳозир ҳам, мо ҷонибдори он ҳастем, ки чун дар ин ҷанге, ки дар Тоҷикистон идома меёбад, ғолибан тоҷикҳо аз байн мераванд. Агарчи дар миёни аксарҳои режими коммунистӣ баъзан муздурони русӣ, ӯзбакӣ ва ҳатто тоторӣ ҳам ёфт мешаванд, ки ба хотири дарёфти пул меоянд ва ҷанг мекунанд, локин аксарият бачаҳои тоҷик, фарзандони мусулмон ҳастанд. Масалан, дар ин авохир асирҳое, ки аз тарафи режим ба дасти муҷоҳидини артиши Наҳзати исломӣ афтоданд, ман онҳоро дидам, ҳама ҷавононе ҳастанд, ки на тарафдори режими коммунистиянд ва на тарафдори ягон ҳизбу созмон. Онҳо мехоҳанд, ки озод бошанд, мехоҳанд ки амният дошта бошанд ва дар ин синни ҷавонӣ орзуҳои худро амалӣ кунанд. Дигар коре надоранд ба ҳеч чиз ин бечораҳо. Ман онҳоро ба муҳоҷидини худ нишон додам, ба муҷоҳидине ки аз ғояти мусибати зиёд шадидан интиқомталаб буданд, нишон додам ва гуфтам, шумо имрӯз киро мекушед, ана ҳамин додаракҳои худро мекушед. Имрӯз душманони миллати тоҷик мехоҳанд, ин миллатро заъиф бисозанд, ин миллатро аз байн бубаранд. Озодию истиқлолият ва якпорчагии ин миллатро аз он бигиранд. Барои ҳамин шумо бояд коре бикунед, ки бо бародарҳои худатон забон биёбед, коре кунем, ки якдигарро бифаҳмем ва ҳарчи зудтар тоҷикон битавонанд, як давлати миллӣ ва мустақили худро ба вуҷуд оранд.”  «Роҳи душвори сулҳ» Мусоҳиб Салими Аюбзод. Теҳрон, апрели соли 1994

Ин сӯҳбатҳои устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 1994 дар даври дуввуми музокирот дар Теҳрон доир шудааст.

Аммо дар оғоз Раҳмонов ва бақия масъулони режими дастнишондаи русҳо аслан ҷонибдори музокирот набуданд, балки мегуфтанд ҳеҷ оппозитсияе вуҷуд надорад ва бо онҳо сари миз нахоҳанд нишаст.Вале,ҳодисаи посгоҳи 12 дар минтақаи Сари Ғори Шурообод, ки боиси кушта шудани 25 афсару сарбоз ва ба хоку туроб бадал гаштани ин дидбонгоҳи марзӣ шуд, сабаб шуд,ки фикру назарашон тамоман иваз шавад ва бе онки эълон кунанд Русия талаби ҲНИТ ҷиҳати нишастан сари мизи музокиротро пазируфт, Евгенний Примаков, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия( СВР) ба мулоқоти ӯ ба Афғонистон омад. Худи устод Нурӣ он лаҳзаҳоро дар як сӯҳбаташ бо хабарнигори «Озодӣ» чунин тавсиф кардааст:

«Воқеан, соли 1993 мо дар Кобул бо Евгений Примаков мулоқот доштем, ки он баъд аз вуқӯи ҳодисаи марбут ба постгоҳи 12-ум сурат гирифта буд. Дар ин мулоқот метавон гуфт, аввалин бор масъалаи бо роҳи гуфтушунид ҳал гардидани қазияи Тоҷикистон ба миён омад ва он замон Примаков пешниҳод намуд, ки чаро масъалае, ки бо роҳи гуфтушунид ҳал шуданист, бо роҳи хушунат ҳал гардад. Мо ҳам дар ин вохӯрӣ омодагии худро барои музокирот ва расидан ба сулҳ эълом кардем ва аз ҷумла гуфтем, ки мо мазлумем, аз хонаву кошонаи хеш берун карда шудаем ва имрӯз, ки мехоҳем баргардем ба манзилу Ватани хеш, нерӯҳои Шумо намегузоранд, ин кор сурат бигирад. Агар Шумо роҳеро пайдо намоед, ки мо битавонем баргардем ва касе дар ин роҳ садди мо нагардад, мо ҳозирем, пушти мизи гуфтушунид нишинем. Метавон гуфт, ки ин аввалин сӯҳбатҳо барои дастёбӣ ба сулҳ буд. Соли 1997, вақте Созишномаи сулҳ дар Маскав ба имзо расид, Евгений Примаков аз ин хусус ёдовар шуданд ва иброз доштанд, ки мо хишти аввали бинои сулҳро ҳамроҳ бо ҷаноби Нурӣ гузошта будем ва имрӯз ҳам охирин хишти ин биноро бо ҳам мегузорем. Мо мулоқоти танҳо ба танҳо надоштем ва вохӯрии мо дар ҳузури намояндагон ва ҳатто раисиҷумҳури вақти давлати исломии Афғонистон, сурат гирифта буд. Сӯҳбати мо асосан бо кӯмаки тарҷумон мегузашт, вале дар ин миён ману Примаков як каме бо забони русӣ бо ҳам гуфтугӯ ҳам намуда будем. Инҷо бояд ёдовар шуд, ки се соли музокирот байни тоҷикон он қадар натиҷаи ризоиятбахш надод. Баъд аз он ки ҷаноби Примаков вазири умури хориҷии Русия таъин гардид, ҳайати намояндагоне, ки аз ҷониби Русия буданд ва ҳам ҳайате, ки дар музокирот байни тоҷикон ширкат мекарданд, тағйир ёфтанд ва баъд аз ин таҳаввулот, фикр мекунам, ҳудуди як сол нагузашта, музокирот натиҷаи худро дод ва Созишнома ба имзо расид».  «Роҳи душвори сулҳ». Абдуқаюми Қаюмзод, Мусоҳиба бо муассис ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. 27-уми апрели соли 2003

Дар робита ба мулоқоти худ бо ин мақоми баландпояи ҳукумати Русия устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суҳбат бо Салими Аюбзод тафсили бештар дода таъкид мекунад, ки баъди онки Евгенний Примаков вазири хориҷии Русия таъин шуд, пешравиҳо дар раванди музокироти ҳукумат бо оппозитсион ба вуқуъ пайваст:

«Воқеан ман ҷаноби Примаковро дар қиёс бо дигар афроди русу русзабон як гуна дигартар дарёфтам. Ҳис кардам бо мардуми мусулмон алоқмандии бештар дорад, хуб мефаҳмад, бомутолиъа аст ва ба фикрам, дар робита ба мардуми мусулмон, ҳамаи мардуми мусулмон, на танҳо тоҷикон, кӯшиш мекард, ки масъалаҳои мавҷударо ҳал кунад ва ё ба ҳалли онҳо кӯмак намояд. Аввалин мулоқоти мо ҳамин таассуротро эҷод кард ва ман дидам, ки як одами нармгуфтор аст ва суханаш аз дохили дилаш меояд, барои некӣ, на барои ба бероҳагӣ кашидан ё мунҳариф кардан. Ҳис кардам, ба тоҷикон некӣ мехоҳад ва қадр мегузорад ба он ки тоҷикону русҳо солҳои зиёде бо ҳам зиндагӣ карданд. Паёми вай ин буд, ки ҷангро қатъ кунем ва бо роҳи дигар ба ҳадафҳомон бирасем. Ва дар ҷараёни гуфтушунидҳо низ расидан ба натиҷаҳо хеле сахт буд, гоҳе натиҷае ба даст намеомад ва намояндагони Русия дар гуфтушунидҳо ин гуна рафтор мекарданд, ки кас фикр мекард, онҳо ба масъала ҷиддӣ муносибат намекунанд. Вале аз он вақте ки Примаков вазири умури хориҷии Русия таъин шуд, мо дар фаъолияти намояндагони Маскав дар музокироти Тоҷикистон дигаргуниҳоро мушоҳида кардем. Акнун шахсиятҳое аз Русия намояндагӣ мекарданд, ки ҷиддитар ва тавонмандтар буданд ва ҳадафдортар буданд. Ва дар ҳамин давра буд, ки музокирот ҳам ба натиҷа расид ва сулҳ ҳам нуқтаи охирини худашро гузошт. Ва ҳангоми сӯҳбаташ дар Маскав дар рӯзи имзои созишномаи сулҳ он кас ёдовар шуд, ки мо хишти аввалро дар вақташ дар Кобул гузоштем, имрӯз хишти ниҳоиро дар Маскав мегузорем. Воқеъан метавон гуфт, ки саҳми ин одам дар расидани тоҷикон ба сулҳ бузург аст ба монанди саҳми оқои Вилоятӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, ки бештар бо оппозитсия сару кор дошт ва бо тамоми ҷиддият талош мекард. Яъне Примаков бо ҳукумати Тоҷикистон ва Вилоятӣ бо мо ҳамкориҳои наздик доштанд». «Роҳи душвори сулҳ» Мусоҳиб Салими Аюбзод.  21 июни соли 1994, Теҳрон.

Мулоқоти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Евгенний Примаков, раиси Хадамоти иктишофи хориҷии Русияро метавон оғози музокирот миёни тарафҳои даргири ҷанг дар Тоҷикистон ҳисоб кард. Зеро дар ин дидор, ки барои ҳамаи ҷонибҳо ва бештар аз ҳама барои Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон муҳим буд Примаков ваъда дод ва ба уҳда гирифт, ки дар сурати қатъ кардани амалиётҳои низомӣ, Русия метавонад нақши миёнҷиро дар байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бозӣ кунад. Ба бовари коршиносон ва огаҳони авзоъ маҳз пас аз ҳамон мулоқот кӯшишҳои дипломатияи Русия, Эрон, Афғонистон барои бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон торафт вусъат мегирифтанд. Билохира, бо ҷаҳду талошҳои ин кишварҳо ва миёнҷигарии Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 5 – уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон ба кори худ шурӯъ кард. Албатта, нақши Созмони Милали Муттаҳид дар амри баргузории музокиротро ҳам бояд ба таври хосса таъкид кунем. Чунки тамоми раванди музокироти тарафҳо таҳти сарпарастӣ ва миёнравии мустақими фиристодаи Дабири кулли СММ  доир мешуданд. Ҳаройина бештар маълум мешуд, ки менависад Султони Ҳамад, муҳаққиқи раванди музокирот ва сулҳсозӣ дар Тоҷикистон, «бе дахолати миёнҷиёни хориҷӣ тоҷикони дар ҳоли ҷанг наметавонанд ба якдигар бовар кунанд ва сулҳу оштӣ намоянд. Русия, ки дар аввали даргириҳо ошкоро аз намояндагони Фронти халқӣ дастгирӣ мекард, дар нимаҳои дуюми соли 1993 билохира дарк кард, ки вазъи ноороми сиёсиву низомӣ дар минтақа, ба хусус дар Тоҷикистон, ки марзашро сарбозони он ҳифз мекунанд, ҷавобгӯи манофеи стратегии ин кишвар намебошад. Бинобар ин дар пай ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон шуд. Дар ин самт сафари Е.М.Примаков, раиси хадамоти ҷосусии Русия, ки баъдан вазири корҳои хориҷа гардид, ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки 31 июли соли 1993 (ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12 – уми марзбонҳои русӣ) барпо гардид, сарнавиштсоз буд».

Аммо русҳо бо ин вуҷуд пуштибонии худ аз ҳукумати дастнишондаашон дар Тоҷикистонро пинҳон намедоштанд. Ва дар ҳар мавриди имконпазир аз ворид кардани фишор ва мухолифат болои Ҳаракати Наҳзати Исломӣ даст барнамедоштанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қоиммақоми Ҳаракати Наҳзати исломӣ ва роҳбари ҳайати музокиротии он аз мавриде ёдовар мешавад, ки ба маҳзи дахолати Анатолий Козирев кам монда буд музокирот комилан қатъ шавад. Устод Тураҷонзода мегӯяд  вақте сари мизи музокирот нишастему Андрей Козирев, вазири хориҷи онрӯзаи Русия омаду бо тарафи музокиротии режими Душанбе салом карду бо як шамотату вақоҳат суҳбат кард, ки ҳузури мо ва вуҷуди мо ба инобат гирифта нашуд, баргаштаму гуфтамаш, ки «ҷаноби вазир, мо инҷо барои шунидани мавъиза (проповед)-и шумо наёмадаем ва шумо ба ҳайси мизбон барои ин беэҳтиромӣ то аз мо маъзарат нахоҳед, нишастан сари ин мизро муносиб намедонем». Баъд аз се рӯз Козирев расман узр мепурсад ва музокироти тарафҳо идома меёбад.

Аммо чуноне ҳам гуфтем музокироти миёни Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳукумати дастнишондаи Русия ва Узбакистон дар Тоҷикистон ҳамзамон бо шиддат гирифтани амалиётҳо дар ҷабҳаҳо пеш мерафт. Ҳукумат ба тадриҷ мавқеъҳои худ дар шарқи кишварро аз даст медод:

Давлати Усмон, сардори Ситоди Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи майдони ҷанг дар он шабурӯзҳоро дар як суҳбаташ бо шодравон Султони Ҳамад чунин баён мекунад:

« … дар ахирҳои соли 1995 ва аввалҳои соли 1996 дар дохили кишвар тавонмандии нерӯҳои мусаллаҳи оппозитсион хеле боло рафт. Дар якчанд амалиётҳои хеле калон дар Тавилдара неруҳои ҳукуматӣ якҷоя бо нерӯҳои низомии Русия натавонистанд, ки неруҳои мусаллаҳи мухолифини Тоҷикистонро аз байн бубаранд ва ё ҳадди аққал шикаст бидиҳанд. Соли 1994 якбор Тавилдара аз сӯи неруҳои мухолифин гирифта шуд, вале боз неруҳои мухолифин онро тобистони соли 1994 тарк карданд. Ва аммо соли 1995 баъди гирифтани он дигар мухолифин Тавилдараро тарк накарданд. Ҳарчанд амалиётҳои ҳарбии ҳукумат ҳамарӯза идома дошт, вале бесамар буданд. Тавонмандӣ ва муқовимати неруҳои мухолифин дар дохил зиёд шуд ва дар тобистони соли 1996 ин бартарият эҳсос гардид.»  Султони Ҳамад. «Дар суҳбати соҳибдилон».Душанбе, «Деваштич»,2007

Албатта, ҳукумат даст рӯи даст наменишаст. Роҳи чора меҷуст. Бо ҳар роҳу васила талош мекард, ки як шикофе миёни фармондеҳони Артиши Наҳзати исломӣ, ки акнун дар навоҳии водии Қаротегин ҳукмфармо буданд ва роҳбарони онҳо ба вуҷуд оварад. Ғайричашмдошт моҳи сентябри соли 1996 миёни фармондеҳони оппозитсион ва баъзе аз масъулони баландпояи мақомоти қудратии ҳукумат як созишномае ба имзо расид, ки он бо номи «Пртоколи Ғарм» маъруф аст. Иброҳими Усмон, ки он замон дар ҳайати музокиротии ҳукумат аз афроди бонуфуз ба шумор меомад таъкид мекунад, ки аз ин созишнома роҳбарияти мухолифин баъдан огоҳ шуд. Вале худобиомурз Ҷалолиддини Маҳмуд, ҳамраиси Комиссиюни оташбас аз ҷониби Иттиҳоди Неруҳои Оппозисиони Тоҷик (Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон баъдан ба ИНОТ табдили ном карда буд) бо радди ин даъво мегуяд, ки аз ҷараёни имзои ин созишнома устод Нурӣ бохабар буд.

Фармондеҳи ИНОТ дар минтақаи Ғарм Мирзохуҷа Низомов, ки он замон аз ҷониби оппозитсион зери ин созишнома имзо гузошта ва чанде аз фармондеҳони дигар ҳам бо ташвиқи ӯ ҳамроҳияш карда буданд дар як суҳбаташ бо хабарнигори «Озодӣ» он лаҳзаҳоро чунин ёдоварӣ мекунад:  «Мулоқот дар меҳмонхонаи ҳукумати ноҳия баргузор гардид. Рӯзҳои аввал он ниҳоят вазнин ҷараён мегирифт. Чунки аз ҳарду  тараф:- ҳам нафарони мо ва ҳам нафарони ҳукуматӣ ҳамроҳ яроқ доштанд ва дар гирди хона низ ҳам бачаҳои мо ва ҳам бачаҳои аз ҷониби ҳукумат бо силоҳ, яъне мусаллаҳ истодагӣ буданд. Намояндагони СММ дар он ҷо буданд ҳамон нафаронаешон, ки дар минтақа буданд, аммо дар мулоқот ширкат надоштанд. Аз ҷониби мо дар ин мулоқот Абдунабӣ Сатторзода- узви ҳайати музокиротии ҷониби оппозисиюн ҳузур доштанд. Ва қариб тамоми ҳуҷҷату асноде, ки таҳия мешуданд аз ҷониби мо бо дастони Абдунабӣ  Сатторзода дуруст мешуданд. Албатта дар асоси таклифу дархостҳои мо ҳамаи матнҳоро он кас омода мекарданд. Ба ҳангоми гуфтушунид гоҳо асабӣ мешудем гоҳо доду фарёду ҷанҷол ҳам мекардем. Як маротиба то ҳатто гуфтушуниди мо ба хотири як нафар аз генералҳои ҳукуматӣ, ки ҳоло номаш дар ёдам намондааст, қариб буд, ки қатъ шавад. Зеро дар ин миён, ки дар Ҷиргатол ҷангҳо идома мекард, ӯ хеста даъвоҳои нодуруст кард. Боз ба ҳар ҳол баъди як-ду соати танаффус,  ки асабҳо ором шуданд мо боз идома додем. Хулоса, ки дар рӯзҳои аввал хело бо мушкилиҳои зиёд якдигарфаҳмӣ мекардем.
Аслан,  то Оби гарм минтақа таҳти назорати мо қарор дошт. Танҳо дар дохили худи Ғарм як қисми ҳарбии Сӯҳроб Қосимов буд ва камтар қувваи дигар дар Тоҷикобод аз Горди раёсати ҷумҳурӣ мустақар буд, ки ҳамагӣ дар муҳосира қарор доштанд. Ин нерӯҳо аз ҳамон ҳудуди муайянашон баромада наметавонистанд, чунки қувваҳои оппозисиюн хеле нерӯҳои боқувват шуда таҷрибаи зиёд низ ҳосил карда буданд. Қувваҳои асосии мо дар Оби гарм истода буданд. Ба хотири он ки боз ягон нохушӣ ё фалокат рух надиҳад, қувваҳои ман дар болои кӯҳ дар Оби гарм ҷой гирифта буданд. Дар тарафи Тавилдара ҳам қувваҳои Мирзо Зиёев хело ҳаракатҳои хуб карда буд. Қувваҳои оппозисиюн аллакай дар Шугнов дохил шудагӣ буданд. Хело пешравиҳо назаррас буданд. Аммо як сухани устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ёдам меояд, ки мегуфт, сулҳу салоҳ ҳама вақт бояд дар ҳолати пешравиҳо шавад. Шахсе, ки пешравӣ надошта бошад сулҳи вай аз маҷбурӣ аст. Шумо, ки имрӯз пешравӣ доред, шумо имрӯз сулҳ карда истодаед гуфта буд дар яке аз сӯҳбатҳои худ.
Дар ҳақиқат вақте мо бори аввал Протоколи оташбасро дар Ғарм имзо кардем, розигии роҳбариятро ман нагирифта будам. Чунки ман фикр мекардам, ки мумкин дар ҳамон лаҳзаҳо онҳо барои гуфтушунид розӣ нашаванд. Ва пештар ҳам, ки баъзе вақтҳо дар ин масъалаҳо сӯҳбат мекардам бо мухобира мегуфтанд, ки вазифаи қумандон бурдани музокирот нест, вазифаи қумандон ҷанг аст, аммо ба ҳар сурат шояд ман дуруст карда будам ё нодуруст карда будам вале як чизро аниқ медонистам, ки оқибати ҳамаи ҷанг, аз ҷумла ҷанги мо ҳам сулҳ аст. Ва аз ин рӯ бояд ақли худро низ кор мефармудам ва танҳо ба силоҳ такя бояд намекардам. Ва бинобар ин ҳис кардам, ки гуфтушунид ҳам барои ман даркор аст. Ва дар қисми сиёсат ҳам камубеш кор кардани ман даркор аст.
Ин ҷо ман дар бораи тарсидан ё натарсидани онҳо чизе гуфта наметавонам. Чунки роҳбари мо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бисёр одами ботамкин ва оқилу доно буданд. Ҳис мекунам, ки он кас ҳам аз сулҳу салоҳ кардани мо ва протоколи оташбас кардани мо дарк карда буд, ки дар дохил агар онҳое, ки ҷанг мекунанд ба сулҳу салоҳ оянд онгоҳ онҳо чора надоштанд ва маҷбур мешуданд ба ин итоат кунанд ба ин чиз бештар ва зиёдтар аҳамият диҳанд. Ва дар воқеъ агар исботи фикр ҳам, ки хоҳед ҳамаи гуфтушунидҳо ва музокиротҳо, ки то ин вақт миёни ҳукумат ва мухолифин ҷараён дошт баъди ҳамин протоколе, ки дар Ғарм омода шуд як каме ба таҳрик даромад. Аммо бо вуҷуди имзои Протоколи Ғарм ман даст рӯи даст нанишастам. Азбаски бархе аз бародарҳоямон муқобили ин протокол баромада ман ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода барои фаҳмонидан ба Афғонистон рафтам. Дар Афғонистон Шӯрои Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор гардид. Ман дар ин ҷаласа, ки тақрибан аз шаши бегоҳ то шаши саҳар идома дошт фаҳмонидам, суханронӣ кардам. Шоҳид Абдунабӣ Сатторзода ҳастанд, ки дар он ҷо чӣ қадар ҷангу ҷанҷолҳо доштем. Дар ин Шӯро ман исбот кардам, ки он чи мо кардаем дуруст аст. Баъди вай боз Тоҷикистон омадам. Боз гапу ҳарфҳо зиёд шуданд ва даъват ба Эрон шудам. Рафта дар Эрон ҳам фаҳмонидам, ки он чи ки ман имзо кардам онро дуруст мешуморам. Баъди ин протокол ба ростӣ сару садоҳои мухталиф зиёд буданд. Маро дар аввал бисёрии рафиқҳо дастгирӣ накарданд, ки сулҳ кардаам. Баъд, баъди муддатҳо боз дастгирӣ карданд. Аммо онҳое, ки ҳамроҳи мо буданд, ҳамеша розӣ буданд».

Поёни бахши дуюми Давраи севвум….

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум № 3\2  появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\2
(бахши дуввум, давраи дуввум)

Шуруъи фаъолияти расмӣ ва ошкорои ҲНИТ. Қатъи ин фаъолият дар тобистони 1993

Ба муҷарради сабти ном шудан ҲНИТ, ки аллакай тамоми сохтору созмонҳои он дар саросари кишвар ба таври ғайрирасмӣ амал мекард ва мунтазири фаро расидани як чунин рӯз буд, дар зудтарин фурсат ба фаъолияти аланӣ оғоз кард.

Нахустин шумораи органи чопии ҲНИТ бо номи «Наҷот» , ки ҳанӯз дар соли 1990 ба нашр расида буд, акнун ба таври расмӣ мунташир мешуд. Расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз фаъолияти расмии он хабару гузоришҳо ба чоп мерасониданд ва мақомоти ҳизб ҳам бо камоли майл ба хабарнигорон сӯҳбат мекарданд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки баъди ин ҳама солҳои пинҳонкорӣ ва зиндонӣ шуданҳову таҳти таъқиб қарор гирифтанҳо ва дар ҳавои шикастани ҳайкали Ленин, манъи Ҳизби комунист ва ба моликияти миллӣ бадал кардани дороиҳои он вориди саҳнаи сиёсати расмӣ шуда буд, то андозае худро ғолиб мешуморид

Воҳидхон Қосиддинов, яке аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ ва аз ширкатдорони Анҷумани нахустини ҲНИТ, ки ҳоло заҷри завлона ва зиндон мекашад, он рӯзҳоро чунин ёдоварӣ кардааст:

«Баъд аз баргузории Анҷумани аввали Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар соли 1991 ва расмӣ гардидани фаъолияти ҳизб, аввалин конфронси бахши ноҳиявӣ дар деҳаи Чоркӯҳ, дар маҷлисгоҳи совхози «Иттифоқ» бо иштироки уламои бузурги ноҳия, қорӣ Абдусамеъ ва домулло Сафиюллоҳхон (Худо раҳматашон кунад) ва зиёда аз ҳазор нафар аъзову ҷонибдори ҳизб баргузор гардид. Дар кӯтоҳтарин муддат шумораи аъзо дар ноҳияи Исфара ба беш аз 10 ҳазор нафар расиданд».

Ҳамин тавр Мавлавӣ Муҳаммадрасули Салом, яке аз собиқадорони ҲНИТ ҳам тасдиқ мекунад, ки баробар бо сабти номи ҳизб ва аз қайди давлатӣ гузаштани он бо як шавқу шӯр ба фаъолият пардохтанд:

«Вақте ҲНИТ ба таври расмӣ ба фаъолият шуруъ кард, дар ин марҳала ба пешрафтҳои калон ноил гардид. Махсусан дар собиқ вилояти Қурғонтеппа шуъбаи вилоятии ҲНИТ ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуд ва он ашхосе, ки пештар метарсиданд, ки бо ҳизби мо ҳамкорӣ дошта бошанд, акнун ба таври ошкоро дар бисёр риштаҳову соҳаҳо бо мо дар тамос буданд, ҳамкорию ҳамдастӣ мекарданд. Аз тарафи дигар, як қисм шахсоне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кор мекарданд, ба узвияти ҳизб пазируфта шуданд. Ба ғайри аз ин дар шӯъбаи бонки давлатӣ суратҳисоби махсуси ҳизбро кушодем, ки дар он маблағҳои зиёде аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ ҷамъ оварда шуда буд, ки онҳоро барои корҳои таълиму иршод, даъват ва дигар умури ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ сарф менамудем. Дар назди шӯъбаи вилоятии ҲНИТ маркази хайрия ҳам ташкил намудем, ки ба ашхоси бечораву нодор ва камбағал дасти кӯмаку ёрӣ дароз карда мешуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо шӯъбаҳои ҲНИТ-ро ба таври расмӣ таъсис додем ва онҳо фаъолияти расмӣ доштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамин давра, яъне аз конфаронси таъсисии шӯъбаи тоҷикистонии ҲНИ Иттиҳоди Шӯравӣ то давраи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат ба қаламрави Афғонистон, агарчанде давраи хеле кӯтоҳ буд, барои ҲНИТ хеле марҳалаи муҳиму босамар ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра дар тамоми минтақаҳо бахусус водии зарнисори Вахш ҲНИТ фаъолияти худро ба тарзи ошкоро ва расмӣ вусъат дод ва теъдоди аъзову ҷонибдоронаш  беш аз пеш зиёд гардид».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Аз сӯи дигар ҲНИТ ҳамроҳ бо дигар неруҳои нави сиёсии Тоҷикистон шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро қабул кард. Аммо явош-явош ба ташкили созмонҳои ноҳиявӣ ва ячейкаҳои аввалияи худ дар саросари кишвар оғоз кард. Ба баёни возеҳтар ҲНИТ ин ҳама созмону ячейкаҳоро то номнависӣ ҳам дошт вале баъди сабти ном шуруъ кард ба фаъолиятҳои расмӣ дар манотиқ ва маҳалҳо.

Аммо ҳанӯз аз сабти номи расмӣ, яъне номнавис шудани ҲНИТ чаҳор моҳ ва аз интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар шаш моҳ нагузашта буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар муассисаҳои маърифатӣ-масҷидҳо, донишгоҳи исломӣ, донишгоҳҳои олии кишвар аъзои фаъол дошт, ба рағми қарори қаблиаш, ки дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳо минбаъд ширкат намекунад, боз ҳам вориди майдон шуд.

Иллати баргузории тазоҳуроти баҳории соли 1992 (моҳи март-май) муҳокимаи таҳқиромези Мамадаёз Навҷувонов, вазири дохилии Тоҷикистон буд, ки рӯзҳои нахуст чанд тан аз ҷавонони бадахшӣ онро дар назди кохи Раёсати ҷумҳурӣ ташкил карданд. Ин тазоҳурот оқибат кишварро ба ҷанги дохилӣ кашид ва ҲНИТ ҳам ба ночор рӯ ба ҳиҷрат овард ва ватанро ба қасди Афғонистон тарк кард, агарчи барои камтар аз ним сол намояндаи ҲНИТ дар ҳукумати марказӣ мансаб гирифт ва ба маҳзи фишори ҳамин тазоҳурот Ҳукумати Муросои Миллӣ ташкил карда шуд.

Марҳум Сӯҳроб Шарифов, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як навиштааш ҲНИТ-ро ташаббускори ин тазоҳурот ба қалам додааст:

“Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) моҳи октябри соли 1990 таъсис ёфта, 4 декабри соли 1991 номнавис шудааст. Ҳамон сол ҲНИТ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба сифати ягона созмони намояндаи исломи сиёсӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ширкат варзид, вале намояндааш шикаст хӯрд. ҲНИТ яке аз ташаббускорони намоишҳои «ғайриқонунии» моҳҳои март-майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе буд. Дар натиҷаи ин намоишҳо Ҳукумати ваҳдати миллӣ арзи ҳастӣ кард, ки ба ҳайати он ҷонибдорони ҲНИТ дохил шуданд. Ин нахустин таҷрибаи бебароронаи ҳамкории сарварони динӣ ва сиёсӣ буд. Баъди давраи кӯтоҳи бенизомии сиёсӣ дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст. ҲНИТ ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва дар он ҷо Ҳаракати исломии Тоҷикистонро ташкил дод. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз июни соли 1993 фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди мамлакат манъ кард».

«Истиқрори бовари миёни исломиён ва дунявигароён-таҷрибаи тоҷикон» Душанбе, «Деваштич»,2004

Аммо воқеият ин аст ки ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон бо тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо ворид шудааст. Ҳатто барои сабти номаш ҳам маҷбур шуд даст ба тазоҳурот бизанад ва бо неру ва зарфияти худ мақомотро ба чолиш бикашад. ҲНИТ дар тафовут ва қиёс бо неруҳои нави дигари сиёсӣ, масалан ҳамин Ҳизби демократ, Растохез ва Лаъли Бадахшон як ташаккули комилан созмонёфта ва муттаҳид ва омода буд. Аз инҷо буд, ки ҳамзамон бо ворид шудан ба майдони сиёсат ва гирдиҳамоиҳо ҳарфи аввалу охирро ӯ мезад.

Раҳмон Набиев, собиқ Котиби аввали ҲКТ ва ҳамакнун раиси ҷумҳурии мунтахаб даст ба манёвҳоре зада талош кард, ки бар нуфуз ва эътибори ҳукумати худ шаҳомат ва неру бубахшад. Аммо дучори иштибоҳ шуд. Якеи он манёврҳо ҳамин муҳокимаи телевизионии Навҷувонов буд.

Иштибоҳи дигари ӯ овардани Сафаралӣ Кенҷаев ба ҷойи меросии намояндаи минтақаи куҳистони Қаротегин ва Бадахшони куҳӣ, яъне раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Роҳбарияти неруҳои нави сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ бардошташон ин шуд, ки Набиев ва Кенҷаев дар пайи ниқору қасосанд. Чун онҳо болои Мақсуд Икромов, шаҳрдори вақти Душанбе, ки ҷонибдорӣ аз неруҳои навзуҳури сиёсӣ мекард, ҳам фишор оварда ӯро ба ҳабс гирифтанд. Икромов шаҳрдори Душане дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пуштибони неруҳои нав буд ва Навҷувонов ҳам дастури мутафарриқ кардани митингичиёнро иҷро накард. Бар зидди чанде аз шахсиятҳои маъруф назири Мирбобо Мирраҳим парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бо ин вуҷуд раҳбарияти олии ҲНИТ барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии моҳи март мавқеи ягона надошт.

Давлати Усмон, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотиаш мавзеъгирии баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1991-ро чунин баён кардааст:

«Ман фикр мекунам, ки кашида шудани ҲНИТ ба тазоҳуроти охирине, ки боиси ба вуҷуд омадани Ҳукумати Эътилофӣ ё худ Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ гардид, ба таври ногузир ва маҷбурӣ буд. Чунки воқеан, муҳокимаи вазири умури дохиии ҷумҳурӣ М.Навҷувонов, сохтаю бофта буд ва мехостанд аз ӯ қасос бигиранд. Ба хотири он ки дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои гузашта ба саркубии неруҳои демокративу исломӣ даст назад. Мехостанд ӯро барканор кунанд ва ин амал сабаби дар аввал тазоҳуроти кучак ва баъдан бузург дар майдони Шаҳидон гардид. Раиси ҲНИТ оқои Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва як зумра аз роҳбарони дигари ҳизб ба ҳамроҳ шудан ба тазоҳурот муқобил буданд, қисмати дигари роҳбарон бар он буданд, ки ба дигар неруҳои демократӣ дар ин вазъияти душвор ёрӣ расонем ва онҳоро дастгирӣ намуда, ба тазоҳуркунандагон бипайвандем. Ман дар мавқеи дуюмӣ будам». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003

Устод   Муҳаммадшариф Ҳиммтазода, раиси ҲНИТ дар он солҳо, ки дар рӯзҳои оғози тазоҳуроти баҳории соли 1992 дар хориҷ аз кишвар қарор дошт мегуяд, вай комилан зидди ҳамроҳшавии ҲНИТ ба ин гирдаҳомоӣ буд. Вай аз Давлат Усмон ном мегирад, ки ба маҳзи пофишориҳои вай ҳизб ба ин моҷаро кашида шуд:

«Бале, дар он рӯзҳое, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, ман дар сафар будам. Ҳамон пагоҳие, ки гурӯҳе аз ҷавонони бадахшӣ ба нишони эътироз ва пуштибонӣ аз ҳамшаҳриашон вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадаёз Навҷувонов ба майдони назди қасри Президент ҷамъ омаданд, озими сафар будам. Дар майдони ҳавоӣ ба бародароне, ки барои гуселам омада буданд, гуфтам, ки мо набояд ба тазоҳуркунандагон ҳамроҳ шавем, зеро ҳизби мо ҳизби сиёсӣ аст. Барои аз кор гирифтани ин ё он мансабдор мо набояд орӯи созмонамонро паст кунем. Чанде пеш аз ин ҲНИТ дар гирдиҳамоие, ки барои пуштибонӣ аз мири шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов барпо карда буд расман иштирок накард ва ман шахсан масъалаи бойкот эълон кардани тазоҳуротро гузоштам, ки бо дастгирии аксарияти аъзои Раёсати ҳизб ба тасвиб расид. Вале мутаассифона бо ибтикори баъзе аз дӯстон махсусан кушишҳои Давлат Усмон ҳизби мо низ ба саҳна пайваст. Барои ҳамроҳ нашудан ба тазоҳурот ва пешгирӣ аз он то андозае, ки имкон доштам кӯшиш кардам. Аз Маскав ба қароргоҳи ҲНИТ чандин бор тамоси телефонӣ гирифта мавқеамро нисбати напайвастан ба гирдиҳамоӣ баён кардам вале дар набудани банда гуё бо дастгирии аксари аъзои раёсат қарори ҳамроҳшавӣ ба гирдиҳамоӣ гирифта шуд. Вақте баргаштам вазъиятро дидам, масъалаи истеъфо (манзур истеъфои худаш) низ дар он рӯзҳо матраҳ шуда буд. Вале буҳронӣ шудани вазъи сиёсӣ имкони тасмим гирифтани раёсати ҲНИТро дар ин замина аз байн бурд». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум» Душанбе-2003

Гирдиҳамоии баҳории соли 1992 дар ниҳояти амр мунҷар ба ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ бо ширкати намояндагони неруҳои нави сиёсӣ, ба шумули ҲНИТ гардид. Ҳукумате, ки аз тарафи ду вилояти калони ҷумҳурӣ Ленинобод (Суғди имрӯза) ва Кулоб пазируфта нашуд ва сабаб гардид, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ сар занад ва давлатҳои Русия ва Узбакистон ба қазияи Тоҷикистон мудохила карда ҲММ-ро аз байн бурданд. Русия ва Узбекистон таҳаммули ҳузури намояндаи исломи сиёсӣ дар давлати Тоҷикистонро надоштанд. Давлати Усмон, ноиби аввали раиси ҲНИТ дар Ҳукумати Муросои Миллӣ ба ҳайси муовини нахуствазир қабул шуда буд.

Баъд аз таъсиси ҲММ роҳбарони неруҳои оппозитсион эълон намуданд, ки минбаъд онҳо дар мухолифат бо ҳукумат қарор надоранд:

«Азбаски мо нафарони худро шомили Ҳукумати Муросои Миллӣ намудем, наметавонем, ки дар оппозитсия бошем. Лозим меояд, ки дар ин ҳукумат ба муросо бошем, зеро обрӯву эътибор ва бурду бохти он аз они мо ҳам хоҳад буд». Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҲНИТ «Чароғи рӯз» (45)№24.1992

Бад-ин ҷиҳат, ки Ҳукумати Муросои Миллӣ дар густураи шӯравии пешин як модели нави идорӣ буд, зарур донистем, як каме дар бораи он аз навиштаҳои қаблӣ иқтибос оварем. Зеро ин ҳукумат, чунон ҳам гуфта шуд бо саъю талоши ҲНИТ сохта шуд ва меъмори он маҳз исломи сиёсӣ-неруи навзуҳури сиёсии Тоҷикистон аст:

«Ҳукумати Мусолаҳа ё Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон дар густураи шӯравии пешин собиқа назир надошт. Дар Тоҷикистон, ба унвони як кишвари тоза ба истиқлолрасида вале ҳамоно таҳти нуфузи Русия қарордошта барои бори аввал ҳукумате бо ширкати тамоми аҳзобу ҳаракат, яъне неруҳои сиёсӣ ташкил шуд, амалан ҳукумати эътилофӣ. Дар таркиби ин ҳукумат, бахши аъзамашро намояндаҳои номенклатураи шӯравии пешин, ҳамон коммунистони дар сари қудрат буда, вале як ҳиссаи ками онро намояндаҳо аз неруҳои нави сиёсӣ:-ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократ, созмонҳои халқии «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва «Носири Хусрав» ташкил доданд. Раиси ҷумҳур-Раҳмон Набиев, коммунист, Раиси Шӯрои Олӣ-Акбаршо Искандаров, коммунист, раиси Шӯрои Вазирон-Акбар Мирзоев, коммунист буданд. Аз ҳақ набигзарем, ки тарзу роҳи равиши короии ин ҳукумат маъмулӣ набуд. Зери фишори неруҳои нави сиёсӣ ин ҳукумат таъсис дода шуд. Аммо, таъсису ташкили ҳамчунонии ҳукумат дар кишварҳои демократӣ як кори озмуда ва таҷрибашуда аст. Неруҳои милливу мардумӣ аз роҳи муҷоз ва қонунӣ ҳукуматро водор ба ҳамкорӣ карданд. Бидуни хунрезӣ, истифода аз силоҳ.”

«…..Ҳадафи асосии онҳое, ки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олиро дар Хуҷанд ташкил карданд, сарнагун кардани Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон буд, на чизи дигар. Вагарна ҳамонвақту ҳамонзамон метавонистанд сулҳи дар Президент –оттели Маскав дар соли 1997 ба имзо расидаро дар қасри Арбоб и Хуҷанд ба даст оваранд».

ҲНИТ, тули фаъолияти тақрибан нимасрии худ, ки бештарини онро дар муборизаҳои пинҳонӣ гузаронидааст, ҳамеша ошкор ва шаффоф амал кардааст ва дар интихоботҳои парлумониву президентӣ, ки ба таври расмӣ ширкат кард, ба ҳиҷ ваҷҳ берун аз доираи қонун по нагузоштааст. Инро мехоҳем ё не Ҳукумати Муросои Миллӣ ҷузъи таркибии Тоҷикистони навин ва соҳибистиқлол аст. Вай, новобаста аз онки муваффақ ба ислоҳоти сиёсӣ шуд ё хайр бо ҳузури кутоҳи худ дар амри таҳкими равандҳои мардумсолорӣ дар кишвар ва минтақа нақши муҳим ифо кардааст. Аҳдофи он озодӣ, истиқлол ва мардумсолорӣ то ҳамин имрӯз ҳам барои неруҳои милливу мардумӣ аслӣ ва асосӣ ба шумор меояд. Инки Ҳукумати Муросои Миллӣ барои ба арсаи сиёсати калон ворид шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва муаррифии ин ҳаракати бузурги сиёсии исломӣ дар саросари олам замина гузоштааст, воқеъияти холис аст.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва раиси Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон солҳо баъд роҷеъ ба ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ изҳори назар карда иқрор мекунад, ки ин заъф ва нотавонии ҳукумати он рӯза буд, ки онҳоро барои як чунин амал таҳрик кард, вагарна ҳеҷ ният ва омодагӣ барои гирифтан ва ё саҳим шудан дар ҳукуматро надоштанд. Ин нуктаро Давлати Усмон, аз роҳбарони онвақтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад ва беш аз ин ёдовар мешавад, ки ҳукумат ба ҳадде беқудрат буд, ки бархе комилан барандохтани онро ҳам матраҳ карда буданд:

«Он замон аксарияти роҳбарияти мухолифин суқут додан ва гирифтани қудратро ҳадаф надоштанд. Лекин баъзе аз роҳбарони он вақта нуқтаи назарашон чунин буд, ки баъд аз ин гуна нотавонӣ Раҳмон Набиев дигар наметавонад ҳукумат биронад. Ва бояд ҳукумати Набиев барандохта шавад ва як Шӯрои давлатӣ ё ки Шӯрои инқилобӣ ташкил дода шавад. Аммо дар дохили оппозитсион аксарият бар он буданд, ки бояд ҳукумат барандохта нашавад ва оқои Раҳмон Набиев сари вазифа бимонад. Зеро дар ғайри сурат боиси ташвиши кишварҳои хориҷӣ, Русия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Чунки неруҳои тозабунёди сиёсӣ бо онҳо ноошно буданд. Яке аз сабабҳои аслии эҷоди Ҳукумати мусолаҳои миллӣ ҳамин буд».

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ солҳо баъд дар як суханрониаш изҳор медорад, ки ташаккули зери раҳбарии вай қасд ва нияти гирифтани қудрати сиёсиро надошт вале раванди ҳодиса тавре сурат гирифт, ки онҳо нохоста вориди ҳукумат шуданд:

«Роҳбарият ва аъзои ҲНИТ аз рӯзи аввали таъсиси ҳизб то имрӯзу минбаъд ҳам нияти ҷангу хунрезиро надоштанду надоранд. Бояд изҳор кард, ки роҳбарияти ҳизб аз сабаби надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ва сатҳи баланди сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дунболи расидан ба қудрат набуд. Аслан лаззати курсӣ ва мансабро дарк намекард. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва беобрӯшавии Ҳизби коммунист мардуми кишвари мо аксаран рӯ ба ислом, аз ҷумла рӯ ба ҲНИТ оварданд ва наҷоти худро аз истибдоди ақидатӣ дар такя ба ҳизби мо диданд. Зеро ҲНИТ ягона гурӯҳи муташаккил ва мавриди эътимоди онҳо буд.

Душманони дохилӣ ва хориҷӣ аз ин фурсати барои онҳо муносиб истифода карда ҳизбро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Роҳбарият ва пайравони ҳизб дар тангно қарор гирифтанд. Назди онҳо ду роҳ буд, ки якеро бояд интихоб менамуданд. Ё даст ба яроқ бурда аз ҷону имони хеш дифоъ мекарданд ё бо хориву зиллат тан ба мурдан медоданд.

Метавон гуфт, ки муҳаррики асосии ҷанги дохилӣ дар кишварамон тоҷикон набуданд. Ҷанг ба болои мардуми Тоҷикистон аз берун таҳмил шуд. Тарроҳони ҷанг чанд сол қабл ин ҷангро тарҳрезӣ ва ба он омодагӣ дида буданд. Онҳо ба қудрат расидани гурӯҳи мавриди назари хеш ва ба ин васила ба даст овардани манофеи худ омодагӣ дианд ва дар камин мунтазири фурсат менишастанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои ба даст омада ин омодагиҳо ба қудрат расидани доираҳои ғайриисломӣ сурат гирифта буд. Мо роҳбарони ҳаракати исломӣ аз ин рози нуҳуфта, мутаассифона огоҳ набудем». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003

Инки Русия, Тоҷикистонро як минтақаи таҳти сайтара ва нуфузи худ мешуморид ва ҳеҷ тағйроту дигаргунии бидуни мувофиқа бо ӯро дар инҷо ва боқии кишварҳои Осиёи марказӣ қабул надорадро ҳамагон қабул доранд.

Нависандаи китоби «Моҷарои рафта» Абдухалил Холиқзода бар ин назар аст ки  фаъолиятҳои бобарори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон русҳоро ба ташвиш овард, ки дар ин кишвар таъсири ҳамсоне дар манотиқ мусалмоннишини Русия хоҳад гузошт:

«Дар масъалаи Тоҷикистон, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва муваффақиятҳои ба даст овардаи он нухбагони русро зуд ба ҳуш овард, гарчанде ки Ҳизби исломӣ аввал дар Русия таъсис ёфта буд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як шуъбаи он буд. Онҳо дарк карданд, ки пайдо шудани исломи сиёсӣ дар фазои ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ногузир дар Русия «асари домино»-ро ба бор меорад. Бахусус, ки дар ҷумҳуриҳои мусулмони дохили Русия, аз қабили Тотористону Чеченистон бе ин ҳам ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ боло мегирифтанд. Ин буд ки Русия тасмим гирифт дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дахолат кунад ва аз ба қудрат расидани исломиён пешгирӣ кунад».

Абдухалил Холиқзода. Моҷарои рафта. – Душанбе: “Мастер-принт”, 2018.

Ниҳоят, чуноне гуфта шуд Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки неруҳои навхези сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ дар таркиби он дар як муддати кутоҳ ба қудрат нишаст, таҳти фишори Русия ва Узбекистон аз байн бурда шуд.

Ҳукумати дастнишондаи Русия ва Узбекистон, ки то ҳамин ҳоло ҳузури худ дар қудрати сиёсиро ҳифз кардааст, ба муҷарради расидан ба ҳокимият ба таъқиби аъзо ва роҳбарияту пайравони ҲНИТ шуруъ кард. Дар қатори садҳо ҳазор аз гурезаву беҷову маконшудаҳо роҳбарону аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба хориҷа ва бештаринашон ба Афғонистон ҳазимат карданд.

Суди Олии Тоҷикистон бо як қарори худ фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократ, созмони мардумии Растохез ва Лаъли Бадахшонро дар моҳи июни соли 1993 дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.

Воқеият ҳам ҳамин аст ки ҲНИТдар тазоҳуроти баҳори соли 1992 ва дар рӯи кор овардани Ҳукумати Муросои Миллӣ нақши калидӣ дошт ва аксарият неруҳое, ки ба дифоъ аз ин ҳукумат дар водии Вахш меҷангиданд, низ аз ҳисоби тарафдорони исломиҳо буданд.

Бархе аз таҳлилгарон муътақиданд, ки «ҳамроҳӣ ба тазоҳуроти баҳори 1992 ва он ҳам ба хотири дифоъ аз вазири вақти дохила Мамадаёз Навҷувонов, ки на демократ буду на исломӣ, бузургтарин иштибоҳи стротегии ҲНИТ шуд. Иштибоҳе ки нафақат ба сарнавишти ҳизб, балки роҳи таърихии Тоҷикистонро дигар кард.

Ҳокимшоҳи Муҳаббат, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав гуфтааст, як далели чунин бераҳмона саркӯб шудани Ҳукумати Муросои Миллӣ ва неруҳои милливу демократӣ дар соли 1992 маҳз иттиҳоди онҳо бо ҲНИТ шуд:

“Агар ҲНИТ сиёсату идеологияи худро бор намекард, шояд касе барои иваз кардани ҳукумати соли 1992 ташкилшуда кӯшиш намекард. Вале инҳо бо рафтори худ тамоми ҷаҳонро тарсонданд. Ва он табаддулоте ки дар Тоҷикистон шуд,алайҳи ҲНИТ шуд.”

Ҳукумати дастнишондаи Маскав ва Тошканд дар раъси Эмомалӣ Раҳмонов, собиқ раиси колхози Ленини Данғара, ки туфайли Сангак Сафаров, як ҷинояткори бо бистусесол собиқаи зиндон аз Хуҷанд ба Душанбе омад, бо ҳама васоили таъсиргузор ба афкори омма ба бадном ва сияҳсозии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбарияти он пардохт.

Як нафар аз нависандагони таҳрифкори ҷонибдори Раҳмонов бо номи Г.Зокиров менависад:  «Роҳбари давлат ҳанӯз 31 декабри соли 1992 зимни ироаи паёми табрикотӣ ба муносибати соли нави мелодии 1993 таъкид намуда буданд, ки «ҳар гоҳ дар бораи фоҷиаи ҷомеаи мо амиқтар фикр мекунем, пеши назарамон сиёсатҷаллобии он пешвоёни ҳизбу созмонҳое ҷилвагар мешавад, ки вобаста ба забт кардани ҳокимият ниқоби идеологии худро ҳар замон дигар мекарданд.

Бо истифода аз фазои холии идеологӣ Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фишороварӣ ва силоҳи оташфишон ба ғасби ҳокимият кӯшиш намуда,   тамоми сохтору механизмҳои ҳокимиятиро фалаҷ намуданд ва ҳатто кор то ҷое расид, ки моҳи сентябри соли 1992   Президенти мамлакатро, ки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ интихоб карда буд, маҷбур намуданд  ба истеъфо равад.

Чунин амалкарди ҳамонвақтаи ин ҳизбу ҳаракатҳоро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «таҷовузи мақсадноки идеологӣ» унвон намуда, изҳор дошта буданд, ки фазои холии идеологӣ ва сиёсатҳои бепояи нобаҳангом имкон доданд, ки қувваҳои мухолифи сиёсии ҷомеа арзи ҳастӣ карда, ошкоро барои забти ҳокимият ба мубориза бархезанд.

Маҳз  фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои навтаъсис ва ҷунбишҳои сиёсӣ буд, ки 21 июни соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом, инчунин ҷунбишҳои сиёсии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» бинобар сабаби даст задан ба амалҳои ғайриқонунӣ  қатъ карда шуда буд.»

Поёни бахши дуввуми давраи дуввум, ин давра бо ин ду матлаб ба охир расид.Давраҳои дигарро дунбол кунед!

Идома дорад….

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\2 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\1
Давраи дуввум, бахши аввал

(Идомаи талошҳо барои сабти номи ҲНИТ, конфронси Чортут,мухолифати руҳониёни муҳофизакор, сабти ном, ширкат дар тазоҳуротҳо, Ҳукумати Муросои Миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат ба Афғонистон

«Мо бо таъсиси созмони худ ягон ҳадафи зиддидавлатӣ надоштем, фақат мехостем ақоиди исломиро дар байни ҷавонон густариш диҳем. Аслан созмон ё ҳаракати мо дар оғоз як ҷунбиши ислоҳотхоҳии исломии иҷтимоӣ буд, на ҷунбиши сиёсӣ».

Саид Абдуллоҳи Нурӣ. «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум».

Конфронси Чортут дигар барои мақомоти Тоҷикистон яқин кард, ки ҲНИТ қафо барнамегардад. Чунки замон ва сиёсати давлат аз Маскав иваз шуд ва ҷумҳуриҳо ба ҷуз аз итоат ва пайравӣ кардан ба марказ чорае надоштанд. Дар Маскав барои мисол Ҳизби демократи Русия сабти ном шуда ва дар тамоми умури сиёсӣ мушорикат мекард. Ахиран Ҳизби Наҳзати Исломи Иттифоқи шӯравӣ ҳам таъсис ёфт. Аммо мақомоти тоҷик ҳамоно барои сабти номи ҲНИТ монеа ва саддҳои зиёде мегузоштанд. Дуруст дар як рӯзи қабл аз баргузории конфаронс дар масҷиди деҳаи Чортут Шӯрои олии Тоҷикистон ба номаи Саидиброҳим Гадоев ва Давлати Усмон, муовинони раиси ҲНИТ дар иртибот ба иҷоза додан ҷиҳати дарёфти санади расмии фаъолият посухи рад дод. Қарор қабул шуд, ки ҲНИТ сабти ном нашавад.

Иброҳими Усмон донишманди таърихнависи тоҷик мегӯяд, ки ҳоло мақомоти Тоҷикистон барои қабули як созмони сиёсии мазҳабӣ омода набуданд:

«… 6 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷкистон «Дар бораи мактуби Гадоев.С, Исмонов.Д  ва дигарон» масъала муҳокима карда қарор қабул кард. Ва зикр намуд, ки барномаи пешниҳодгардидаи шуъбаи Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва қонуни СССР «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» мухолиф аст. Аз ин сабаб ба ташкили конференсияи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом дар шаҳри Душанбе рухсат надод ва қарор қабул кард,ки «дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ташкил кардани шуъбаи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ва умуман, таъсиси ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон манъ карда шавад».

Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат».

Аммо ҷараёни ҳодисаҳо ва таҳаввулоти босуръати вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон масъулони ҲНИТ-ро беш аз пеш ангеза ва таҳрик медод, ки дар ин равандҳо дар канор набошанд. Барои онки ширкати бевосита дошта бошанд, барояшон санади расмӣ ҳатмӣ ва лозим аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки чуноне тазаккураш рафт, аллакай дар Маскав Ҳизби наҳзати исломии умумииттифоқӣ ба кор пардохта ва амалан мубтакирону муовинонаш наҳзатиҳои тоҷик буданд.

Ба ибораи дигар, мақомоти расмии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳамон оғоз бо ҳам дар мухолифат қарор гирифта буданд.Воқеият ин аст ки ду мафкура ва ду назарияву ҷаҳонбинии бо ҳам зид:-ҷаҳонбинии даҳриёни бедин ва мафкураи исломӣ-миллӣ дар рӯбарӯи ҳам қарор гирифтанд.

Аммо на танҳо мақомоти расмии Тоҷикистон, ки садфисад аз коммунистон иборат буданд ба сабти номи расмии ҲНИТ мухолифат нишон медоданд, ҳамчунин руҳониёни анъанавӣ ҳам ошкоро бар зидди фаъолияти расмии ҲНИТ мавзеъгирӣ мекарданд. Ва,мухолифати ин руҳониён дар аз қайди давлатӣ гузаштани ҲНИТ бетаъсир набуд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби вилояти Кулоб ва депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон на як бор ду бор эълон кард, ки ислом ба ҳизб ниёз надорад:

«Ман аз аввал зидди Ҳизби наҳзати исломӣ будам ва чанде умри боқимонда дошта бошам, дар ин ақида мемонам. Агар ҳизб ба дини Ислом лозим мебуд, аз пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.в) билети ҳизбӣ ё ин ки низомнома мерос мемонд».

Эшони Сайидашраф, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Қурғонтеппа ҳам дар шумори руҳониҳое қарор гирифта буд, ки намехостанд, ҳизбе бо номи ислом рӯи саҳна ояд. Вай мегуфт, ки «Ислом бе ягон ҳизб 1300 сол фаъолият кард,аз ин баъд ҳам ба ҳизбе эҳтиёҷ надорад».

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода,қозии мусулмонони Тоҷикистон ва депутати Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам дар оғози талошҳои Ҳизби наҳзат бар муқобили фаъолияти расмии он суханронӣ ва суҳбатҳо мекард. Абдуллоҳи Раҳнамо, ки бо ин шахсият иртиботи наздик дорад аз қавли ӯ менависад, ки қабл аз конфаронси Чортут устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба манзили ӯ омада талош мекунанд, ки ӯро аз мавзеъи зиддинаҳзатияш мунсариф созанд, то дар Шӯрои Олӣ аз онҳо пуштибонӣ намояд. Аммо, ҷаноби Тураҷонзода, бо пеш овардани чанд далеле, зоҳиран ба онҳо қабул мекунонад, ки сабру тоқат кунанд, чун шароит барои густариши ислом ва барпо сохтани ҷомеаи исломӣ фароҳам шуда истодааст. Аммо даъво барои ташкили ҳизб на танҳо душманони дохилӣ, хориҷиҳоро ҳам бар зидди ин раванд ва ин авзоъ бармехезонад, ки мунҷар ба кундии ин раванд ва беш аз ин боз ҳам дар ҳошия қарор додани ислом   мешавад. Абдуллоҳи Раҳнамо менависад:

«Вале дар ин миён ба баҳси «масъалаи ҳизб дар ислом» ворид гаштани қозии онвақтаи мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ акбар Тӯраҷонзода ин масъаларо бисёр ҷиддитар намуд. Зеро ӯ дар ин замон на танҳо ҳамчун раиси идораи динии кишвар, балки ҳамчунин, ба унвони вакили парлумон ва узви Раёсти Шӯрои Олии ҶТ ва яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои динӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ дар сарнавишти чунин масъалаҳо таъсири ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ, мавқеи қатъӣ ва расмии Ҳ.А.Тӯраҷонзода дар мавриди дар ин марҳила зарурат надоштани таъсиси ҳизби сиёсии исломӣ боиси дар ин мавқеъ устувортар гаштани назари аксари рӯҳониёни расмӣ ва анъанавии кишвар буд.»

Абдуллоҳи Раҳнамо «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» Душанбе «Ирфон»-2009

Салими Аюбзод, хабарнигори тоҷик, ки гирудорҳои оғози даврони истиқлол ва ҳаводиси марбут ба онро дар силсилаи гузоришҳояш мунъакис кардааст, менависад, ки дар сабти номи ҲНИТ баробари Душанбе Маскав ҳам эҳсоси хатар мекард:

«Ҳассосияти ҳизб аз он ҷо меомад, ки сарони он чи дар Душанбе ва чи дар Маскав аз зуҳури ҷавонони исломӣ дар ҳарос буданд. Ҷавононе, ки бо номи ваҳҳобӣ ёд мешуданд. Ҷавононе, ки дар мактабҳои ғайрирасмии исломӣ сабақ мегирифтанд ва сипас ба ҷавонони дигар сабақ медоданд. Муҳаммадшариф Ҳимматов дар бораи нахустин дидораш бо Абдуллоҳ Саидов, ки ҳарду дертар ба сарони наҳзати исломии Тоҷикистон табдил ёфтанд, чунин мегӯяд: «Мо бо устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз соли 1966 инҷониб шинос ҳастем. Ман баъди хатми мактаби миёна ба ноҳияи Вахш, ба деҳаи онҳо омадам ва дар назди падари эшон, ки аз аҳли илм буданд, таҳсили фиқҳ кардам. Баъдан дар Душанбе бо ҳам будем, ҳам дар назди Қорӣ Муҳаммадҷон ва ҳам вақте ки ӯ ҳалқаҳои дарс дошту ман ҳам. Мо ҳарду бо таълим ва тадрис машғул будем.»

Салим Аюбзод. «Тоҷикон дар қарни бистум. 100ранги 100 сол» Прга. «Пост Скриптум Имприматур» 2002

Дар нашрияҳои расмии он давра мақомот, бахусус мақомоти амниятӣ маъракаи сияҳсозии неруҳои навзуҳур аз ҷумла ҲНИТ-ро ба роҳ монда ба онҳо тамғаи «ваҳҳобият» мезаданд. Гуё ҲНИТ ва масъулону пайравони он ваҳҳобӣ ҳастанд ва набоядам бо онҳо ҳамроҳ шуд. Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Тоҷикистони советӣ» ( «Ҷумҳурият) матлабе муфассале бо номи «Ваҳҳобӣ кист» бо имзои Сунатулло Иброҳим чоп шуд, ки дертар маълум гардид ин имзо ба СС.Ятимов, раиси феълии КДАМ-и Тоҷикистон аст тааллуқ доштааст ва аз инки имрӯз низ сиёсати расмии Тоҷикистон зиддидинист ба туфайли ҳамин нафари масъули амният роҳандозӣ ва пиёда мешавад.

Вале новобаста аз мухолифати шадиди ҳам ҳукумати коммунистии Тоҷикистон ва ҳам руҳониёни муҳофизакор масъулони ҲНИТ барои сабти номи ҳизб мубориза ва талошҳои худро идома медоданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки раванди рӯ ба исломоварии мардум дар кишвар афзоиш касб мекард. Шумори масҷидҳо ва мадрасаҳои динӣ дар назди онҳо зиёд мешуданд, ки ин ҳама агарчи тавассути Идораи Қозиёти ҷумҳурӣ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сурат мегирифт ва ин шахсияти мазҳабии дар он замона бонуфуз хилофи ҲНИТ мавзеъ гирифта буд, барои боз ҳам пурқувват ва неруманд шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боис мегардид.

Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани масҷидҳо мардумро, ки 70 сол ташнаи маърифат ва маорифи исломӣ буданд, ба самти эшон савқ медод.

«То соли 1989 дар ноҳияи Хуросони имрӯза ягон масҷиди ҷомеъ вуҷуд надошт.Пирамардон барои ҷумъахонӣ ба шаҳри Қурғонтеппа мерафтанд. Соли 1988 қозии мусалмонони ҷумҳурӣ ба нафақа рафт ва ба ҷои ӯ донишманди ҷавон ва равшанфикри исломӣ ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар шароите роҳбари Идораи мусалмонони Тоҷикистон таъин шуд, ки Наҳзати исломӣ қариб як даҳсола ба даъвати ошкори мардум пардохта ва домуллоҳои мухолифи наҳзат низ ҳамчунон даъват мекарданд. Дар натиҷа маърифати исломии мардум дар муқоиса ба солҳои ҳафтод боло рафта буд. Аз тарафи дигар бозсозии горбачёвӣ пояҳои заъифгаштаи Ҳукумати шӯравиро заъифтар карда буд ва хавфу даҳшат аз ҳукуматдорон низ рӯзбарӯз коста мешуд.

Мо як гурӯҳ аз фурсати пеш омада истифода намуда барои дар қаламрави ноҳия таъсиси додани масҷиди ҷомеъ саъю талоши зиёд ба харҷ додем ва ниҳоят баъди даҳ моҳ рафтуомад ба идораҳои ҳукуматӣ ба масҷиди номбурда муваффақ шудем. Он вақт моро дар доираҳои ҳукумат ба забони худашон «антисовет», яъне мухолифи сохти давлати шӯравӣ мегуфтанд. Ва вақте ҷаноби ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода барои эълони таъсиси масҷид ба ноҳияи мо меояд дар вохӯрӣ бо муншии ҳизби коммунистӣ ноҳия ӯ таъкид мекунад, ки «антисоветҳо эшони Қиёмиддин ва мулло Зубайдуллоро имомхатиб таъин накун». Вале вақте мардум барои ҷумъахонӣ ҷамъ шуданд қозидомулло дар охири мавъизааш гуфт: «ҳар касеро мехоҳед ба имомхатибӣ худатон интихоб куед». Бо ҳамин мардум бандаро интихоб карданд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Мавлавӣ Саъдиддини Рустам, мушовири фарҳангии раиси ҲНИТ, ки инак барои дуввумин маротиба аст бандии зиндонҳои Раҳмонов мешавад, низ изҳор медорад, ки ӯ ба кор дар Донишгоҳи исломӣ бо даъвати қозӣ ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода вале бо ризояти роҳбарони ҲНИТ меояд:

«Соли 1990 Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Тирмизӣ таъсис ёфт ва маро ба ин даргоҳи улуми исломӣ ба сифати омӯзгори риштаи забон ва адабиёти форсӣ барномаи махсуси «иқболшиносӣ» ба кор даъват карданд. Ман бо роҳбарияти ҲНИТ маслиҳат кардам ва онҳо салоҳ донистанд, ки ба мақсади пурзӯр кардани корҳои таблиғотӣ ва иршоди исломӣ дар байни ҷавонон ин даъватро бипазирам. Ҳамин тавр ман устоди Донишгоҳи мазкур таъин гардидам. Ва ба улуми тарбиявию ахлоқӣ, паҳн кардани ақоиди пешқадами мазҳабӣ ва миллӣ дар байни донишҷӯён бо шавқу завқ машғул шудам. Ба ростӣ он солҳо авҷи ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар ҷумҳуриамон буд ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои милӣ-озодихоҳӣ ва фарҳангиву мазҳабии кишварамон иштироки фаъолона доштанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп».

Худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори ҲНИТ иқрор ва эътироф мекунад, ки барои он даъвати ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро ба вазифаи сардабири «Минбари ислом» -нашрияи Идораи Қозиёти Тоҷикистон пазируфт, ки мехост ҳарду ҳаракати ҷадид ва навхоҳи исломиро бо ҳам ва муттаҳид бисозад:

« Чаро ба Идораи Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадам? Ин иқдоми камина низ якчанд сабаб дошт. Сабаби асосӣ ҳамин буд, ки оқои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода чун узви Президиуми Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон фаъолият мекард ва намояндаи мардумӣ дар раёсати парлумони вақти Тоҷикистон буд. Вақте ки мо ба унвони Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон барои гузаронидани конфронси таъсисии ҳизб нома навиштем, ҳангоми муҳокима дар ҷаласаи парлумон аз ҷумлаи касоне, ки мухолифат карданд, ишон буданд. Мо ба рағми сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони ҷумҳурӣ конфронси таъсисии ҳизбро гузаронидему сипас аз парлумон иҷозаи фаъолияти расмии онро гирифтем. Вале ин рафтори оқои Тураҷонзода таъсири бисёр баде дар зеҳнияти аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ боқӣ гузошта буд. Онҳо фикр мекарданд, ки як нафар намояндаи муъмину мусулмон дар парлумон доштем, он кас ба ҷои онки ҳизби моро тарафдорӣ намояд, баръакс мухолифат кард. Ин руҳияи носолим ва хатарнок буд ва боиси ҷудоии мусулмонон шуда метавонист. Мо бошем, ба ҳама мегуфтем, ки ин масъалаи ҷузъӣ набояд боиси тафриқа гардад, вале онҳо ин қазияро камаҳамият намешумориданд. Вале оқои Тураҷонзода бо худаш далел ҳам дошт. Ӯ мегуфт, ки ҳоло фурсати фаъолияти сиёсии Ислом фаро нарасидааст ва ҳоло ҳам барвақт асту ҷомеа ба ин кор омода нест. Далелҳояш аз нигоҳи таҳлил бемаънӣ набуданд, маъниҳои ба худ хосе доштанд. Ман ба хотири он ки ин ду ҷараёнро ба ҳам оштӣ бидиҳам, ба Идораи Мусалмонон ё худ Қозиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси сардабири маҷаллаи «Минбари ислом» ба кор даромадам. Зеро кормандони қозиёту руҳониёни расмӣ, кормандони масҷиду мадрасаҳо низ яке аз ҷараёни қавию бузурги исломӣ ба шумор мерафтанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Бо ин ҳол масъала ва ё дақиқтараш мушкилоти сабти номи ҲНИТ то як соли дигар тӯл кашид. Вале вазъ дар ҳукумати шуравӣ тавре тағйир кард, ки дигар имкон надоштанд ба фаъолияти ҲНИТ монеа эҷод намоянд.

Дар Маскав шуморе аз аъзои баландмақоми ҳокимияти марказӣ даст ба табаддулоти давлатӣ зада Михаил Горбачев, президенти СССР-ро аз мақом маъзул ва идораи давлатро ба даст гирифта аз ташкили Кумитаи давлатии вазъияти фавқулодда-ГКЧП хабар доданд.

Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз ГКЧП пуштибонӣ кард. Ин пуштибонии ӯ хашму ғазаби неруҳои нави сиёсӣ ва тарафдорони онҳоро ба бор овард ва Душанбе ба шаҳри тазоҳуроту эътирозоти мардум бадал шуд.

Сайидиброҳими Назар, узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ, ки он замон масъулияти сабти номи ҲНИТ-ро якҷо бо Давлати Усмон бар дӯш дошт, солҳо баъд дар як мусоҳиба бо нашрияи «Миллат» мегуяд:

«Ҳамон рӯзи оғози табаддулот бояд ба Маскав мерафтам. Вале ҳам дар ин ҷо ва ҳам дӯстони маскавӣ аз он ҷо тавассути телефон маслиҳат доданд, ки як чанд рӯз аз сафар ба Маскав худдорӣ кунам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Баъди дар Маскав ором шудани вазъият ба он ҷо рафтам, ки аллакай дар ин ҷо вазъият бӯҳронӣ шуда буд. Мардум ба майдон рехтанд. Мардум аз мавқеи дар қиболи ГКЧП гирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ норозӣ буданд ва ба нишонаи эътироз ба майдон баромаданд. Дар байни онҳо аъзои ҲНИ ИШ низ буданд.

Вале ман он вақт дар ин ҷо набудам. Аллакай Маскав рафта будам. Лекин медонам, ки ҳамон гирдиҳамоии моҳи августии соли 1991 билохира бо истиқлоли давлатии Тоҷикистон оварда расонд. Баъдан гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони ҳам ҳукумати вақт ва ҳам мухолифони ҳукумат, яъне нирӯҳои муттаҳидаи исломӣ -демократӣ дар майдони «Озодӣ» яке паси дигаре шуд. Бо талаби митингчиёни мухолифини ҳукумат ҳайкали Ленин дар майдони марказӣ поин карда шуд. Ёдатон бошад ҷонибдорони Ҳизби Коммунист барои барчидани ҳайкали Ленин тазоҳурот карданд ва Шӯрои Олӣ талаби онҳо, яъне манъ кардани фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломиро ба инобат гирифт.

Дар навбати худ ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва нирӯҳои демократӣ гирдиҳамоӣ карданд, ки ба ҳизби наҳзат иҷозаи фаъолияти расмӣ дода шавад. Ҳамчунин талаб карданд, ки фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ ва моликияти он миллӣ карда шавад, интихоботи президентӣ баргузор гардад. Шӯрои Олӣ ин талаби иштироккунандагони митинги ҷонибдорони нирӯҳои исломӣ-демократиро ба инобат гирифта ба ҳукми қонун даровард. Агарчи фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ нашуда бошад ҳам, моликияти Ҳизби Коммунист миллӣ кунонда шуд. Ба Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон расман иҷозати фаъолият доданд. Рӯзи интихоботи президентӣ таъйин гардид».

Муаррихи тоҷик Иброҳим Усмонов мегӯяд, ки бо вуҷуди онки Шӯрои Олӣ ду дафъа аризаи ҲНИТ барои сабти номро рад кард вале оқибат розӣ шуд, ки ин ҳизб сабти ном бишавад:

«Масалан, Ҳизби демократи Тоҷикистон 21 июн ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 ба қайд гирифта шудаанд. Ҳол онки то ин вақт ҳизби наҳзат ду дафъа дар мавриди бақайдгирӣ аз Шӯрои Олӣ ҷавоби рад шунида буд. Бории аввал 6 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷкистон «Дар бораи мктуби Гадоев.С; Исмонов.Д  ва дигарон» масъала муҳокима карда қарор қабул кард. Ва зикр намуд, ки барномаи пешниҳодгардидаи шуъбаи Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва қонуни СССР «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» мухолиф аст. Аз ин сабаб ба ташкили конференсияи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом дар шаҳри Душанбе рухсат надод ва қарор қабул кард,ки «дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ташкил кардани шуъбаи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ва умуман, таъсиси ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон манъ карда шавад».

Дафъаи дуюм Иҷлосияи 3 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1991 на фақат шуъбаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломро рад кард, балки умуман фаъолияти онро дар кишвар ғайриқонунӣ эълон намуд. Аммо баъди табаддулоти моҳи август мавқеи исломиҳо, аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон хеле беҳтар шуд. Ин маънӣ аз мусоҳибаҳои қозикалони Тоҷикистон А.Тураҷонзода ва раиси шуъбаи Тоҷикистонии Ҳизби наҳзати ислом М.Ҳимматзода бо мухбири «Независимая газета» бармеояд. Ҳимматзода умед мекунад, ки дар Тоҷикистон ислом ба сифати дини расмӣ эътироф мешавад ва мо аз рӯи шариати ислом зиндагӣ мекунем. Давлати исломии Тоҷикистон роҳи пешрафташро худаш муайян мекунад. Ба ақидаи ӯ демократияи мо (яъне демократияи исломӣ бо демократияи ғарбӣ созгор нест.) Дар мусоҳибаи Тураҷонзода омадааст, ки мо «демократяи исломӣ мехоҳем». Аммо Тураҷонзода мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз таъсиси ҳизби исломӣ барвақт аст ва аслан зидди таъсиси шуъбаи Ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон мебошад.»

Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат»

ҲНИТ ва майдоннишиниҳо

Неруҳои навхези сиёсии Тоҷикистон бар муқобили ГКЧП баромада даст ба тазоҳурот заданд. Ҳамаи неруҳои нави сиёсӣ-Растохез, Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони Лаъли Бадахшон як иттиҳоди оппозитсионро ташкил доданд. Аммо неруи пешбаранда ва асосии ин гирдиҳамоӣ пайравони ҲНИТ буданд.

Ба навиштаи радиои «Озодӣ» гирдиҳамомадагон барои дастгирии неруҳои демократии Маскав дар раъси Борис Елтсин, раиси ҷумҳури Русия ва бар муқобили ГКЧП шиор медоданд. Дар ин вақт, яъне 29 август Шӯрои Олӣ, иҷлосияи худро доир кард. Ба таъйиди марҳум Тоҳири Абдуҷаббор онҳо барои баргузории ин тазоҳурот аз шаҳрдори Душанбе иҷозат хоста буданд:

«Мо мехостем эътироз кунем ба ин ва барои он ки эътирози худро расман баён кунем, мо ба шаҳрдорӣ ариза додем барои гузаронидани як митинг. Шаҳрдорӣ ҳам иҷозаи онро дод ва мо ҳам ҷамъ шуда будем. Демократҳо ҳам ба ин пайвастанд ва ҳамин тавр дигарон ва мардум рафта-рафта зиёдтар шуданд баъдан. Сабаби асосиаш ГКЧП буд, ки мо онро ба унвони аъмоли ғайриқонунӣ ва як кудатои воқеъӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ талаққӣ кардем ва эътирози худро мехостем баён кунем.»
Вале бинобар навиштаи ин расона Давлати Усмон, муъовини раиси ҳизби он замон ғайрирасмии Наҳзати Исломии Тоҷикистон, гуфтааст, ки ин тазоҳурот ибтикори ҲНИТ буд:

«Пешниҳод ва ибтикор аз ибтидо аз ҷониби Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд. Ва чун дар он рӯзҳо Ҳизби Наҳзат нимарасмӣ буд ва созмони мардумии Растохезу Ҳизби Демократ расмӣ буданд, аз ин лиҳоз онҳо ҳамчун мубтакир садо баланд карданд. Дар асл ибтикор аз ҷониби шуъбаи тоҷикистонии Ҳизби Наҳзатии Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва тазоҳуроти рӯзи 29 август ҳам аз ҷониби ҳамин ҳизб бо ба саҳна кашидани афроде, ки ҳизбӣ набуданд, аммо ҳавохоҳи озодиву истиқлол буданд, аз нирӯҳои мазҳабӣ, (баргузор шуд). Ин сабаб шуд, ки як тазоҳуроти пуриздиҳоми бузург рӯзи 29 август ташкил шавад ва талаби истеъфои раҳбарони Тоҷикистонро, ки аз кудато ҳимоят карданд, ба миён бигузорад.»

Ба ин тартиб, ҲНИТ агарчи дар шароити ғайрирасмӣ вале бо бовару итминон барои аввалин бор ошкоро дар саҳнаи сиёсати хиёбонӣ ҳузур пайдо карда ва талабҳои сиёсӣ аз ҷумла барканории ҳамаи се нафар роҳбарони ҷумҳурӣ ва сабти номи худро пеш мегузорад.

Иброҳими Усмон, муаррихи тоҷик менависад, ки тазоҳурот ва хайманишинҳои майдон ва афзоиши ҳамарӯзаи шумораи иштирокдорони гирдиҳамоиҳо оқибат ҳукуматро фалаҷ кард ва Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳурӣ маҷбур ба тарки мақом шуд ва истеъфо дод:

“Баъди онки дар моҳи сентябри соли 1991 Ҳукумати Тоҷикистон аз нигоҳи сиёсӣ фалаҷ шуд, Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифаи президентии Тоҷикистон бартараф гардид, ба ҷойи давлатдории президентӣ давлатдории муваққатии парламентӣ ба вуҷуд омад, аниқтараш то интихобот ба зиммаи роҳбари парламент масъулияти Президент низ гузошта шуд, эътибори неруҳои сиёсии оппозитсионӣ, махсусан Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва муфтиёти Тоҷикистон баландтар гардид. Яке аз сабабҳои  ҷидди паст шудани эътибори роҳбарияти тоҷикистон мавқеи комиссияи фавқулоддаро, ки истеъфои Горбачевро эълон карда буд, ҳимоя кард ва ин сабаби маҳкуми неруҳои ҷадиди демократии Тоҷикистон шуд. Даҳаи ахири август(91) ва тамоми моҳи сентябр авзои сиёсии Тоҷикистон ниҳоят пуршиддат буд ва талошҳо сиёсӣ, гунаҳкоркуниҳо ба тарафдории ГКЧП будан бо авҷ давом мекард. Бинобар ин 4 сентябр ҲК Тоҷикистон аз ҳайати КПСС баромада, мустақил шуд. 21 сентябри соли 1991 анҷумани 12 ғайринавбатии ҲК Тоҷикистон баргузор шуд, ки он мебоист сарнавишти ҳизбро муайян намояд. Аммо ин ҳизб бо тазъиқи митингчиён-растохезиҳо, демократҳо ва исломиҳо, ки бо шиори «Ҳизби ҷинояткор ва анҷумани он пароканда карда шавад» амал мекарданд, кори худро дуруст анҷом дода натавонист. Рӯзи 21 сентябр митинг ба авҷи аълояш расид, дар майдони Озодӣ даҳҳо ҳазор одамон ҷамъ шуданд. Дар майдон шиори «Аз хоби гарон хез» баланд садо медод. Шоми 21 ва 22 сентябр  муҷассамаи Ленин аз ин майдон афтонда шуд. Рӯзи 21 сентябр дар ин майдон митинги коммунистон-тарафдорони бақои ИҶШС оғоз ёфт».

Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат»

Сарнагун кардани ҳайкали Ленин барои роҳбарияти Тоҷикистон ва Ҳизби комунист маънои кандани ҳокимияти 70-сола ва маҳрум сохтани онҳо аз ҳокимият ва хати бутлон кашидан ба ҳокимияти 70-солаи онҳоро дошт. Дар ҳоле, ки онҳо ҳамеша аз Ленин ба унвони доҳӣ, ҷовидон, абадзинда ситоишу мадҳ мекарданд ва Ҳизби коммунист ақл, шараф ва виҷдон муаррифӣ мешуд, акнун пайкараи ӯ зери пойи мардум қарор дошта ва болои вай туф мекарданду рақсу бозӣ. Баъд аз онки Маҳкамов истеъфои худро эълон кард, аҳли майдон аз талаби истеъфои Иззатулло Ҳаёев, сарвазир ва Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон даст кашиданд. Дар ҳоле, ки истеъфои ин ду нафар ҳам дар руихати талаботи онҳо ҷой дошт.

Давлати Усмон мегуяд, ки барои он аз истеъфои онҳо мунсариф шуданд, ки хабари боз як тавтиа роҳандозӣ кардани коммунистонро фаҳмиданд. Коммунистҳо талош доштанд, ки Набиевро ба ҷойи Маҳкамов оваранд.

Дар ин миён Шуравӣ дигар ба охири хат расид ва ҷумҳуриҳои таркиби он яке-яке эълони истиқлолият карданд.

Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам рӯзи 9-сентябр дар ҳузури муътаризини майдони Озодӣ истиқлолияти Тоҷикистонро, ки яке аз талабҳои тазоҳургарон, аз ҷумла ҲНИТ буд эълон кард ва дурусту дақиқ фармон дар бораи миллӣ кардани моликияти Ҳизби комунист ва қатъи фаъолияти онро, ки талаби майдоннишинҳо, аз ҷумла ҲНИТ буд, низ имзо кард.

Салими Аюбзод хабарнигори тоҷик, ки шоҳиди бевоистаи он лаҳзаҳову он рӯзҳо будааст, аз он ҳаводис чунин тасвир мекунад:

«Шикастани ҳайкали Ленин баҳонаи муносибе шуд, барои аксуамали ҷиддии коммунистон. Собиқ котиби Ҳизби коммунист Ваҳҳоб Воҳидов мегӯяд: «Маро бо тела-тела маҷбур карданд, ки баромада митингро кушоям. Як ё ду дақиқа асоси мақсадро гуфтам. Яъне, истеъфои Аслонов ва Икромов ва ғайриқонун будани қарору фармонҳои зидди ҳизби коммунист. Дар ҷараёни гирдиҳамоӣ якчанд маротиба аз митинг баромада, ба маҷлиси Шӯрои Олӣ даромадам ва дар онҷо суханронӣ кардам».

Салими Аюбзод. «100 ранги 100 сол. Тоҷикон дар қарни бистум.»

Ба ин тартиб Шурои Олӣ ҷаласаи изтирорӣ доир кард. Депутатҳои коммунисти ин Шӯро Аслоновро аз мақоми раиси он гирифтанд ва Раҳмон Набиевро ба ҷойи вай оварданд. Ин кори Шӯрои Олӣ неруҳои нави сиёсиро ба шиддат ғазабнок кард ва тазоҳурот дар Душанбе боз ҳам идома кард. Комунистон талош карданд, ки бо баргузории тазоҳуроти ҷавобӣ мавқеъи аз дар ҳоли суқути худ дар ҳокимиятро ҳифз кунанд. Аммо шароит ва авзоъ бар муроди онҳо тоб намехурд.

Маскав, ки ҳанӯз болои кишварҳо нуфуз дошт, мудохила кард ва академик Е.Велихов ва шаҳрдори Санкт-Петербург А.Собчак ба унвони намояндагони Маскав вориди Душанбе шуданд ва миёни ҳукумат ва гирдиҳамомадагон миёнаравӣ карданд. Набиев муваққатан, то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд ва Тоҷикистон барои аввлин бор ба нахустин интихоботи раиси ҷумҳурӣ аз тариқи ҳамапурсӣ омода шуд.

Дар ин интихобот, ки миёни Раҳмон Набиев, собиқ Котиби аввали Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва Давлати Худоназар, депутати Шӯрои олии ИҶШС ва раиси Иттифоқи синемогарони Шуравӣ доир шуд, ҲНИТ табъан, ки аз дуввумӣ пуштибонӣ ва ҳимоят кард.

Бо ин вуҷуд ки Набиев барандаи ин маърака гардид, Наҳзат ва бақия неруҳои нави сиёсӣ: Растохез, Ҳизби демократ ва Лаъли Бадахшон тавонистанд, ки ба номзади худ 33% овоз бигиранд.

Салими Аюбзод аз қавли устоди шаҳид Нурӣ менависад: «Собиқ сардабири рӯзномаи Қозиёти ҷумҳурӣ «Минбари ислом» Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин бора мегӯяд: «Як қисми аҳолӣ номзади демократҳо Давлат Худоназаровро тарафдорӣ мекард, аз ҷумла ҳизби исломӣ, қисми дигар, ки коммунистхоҳ буданд аз Раҳмон Набиев пуштибонӣ мекарданд, ки як коммунисти худфурӯхта буд.»

Сафҳаи фейсбуки С.Аюбзод

Устоди равоншод барои он Набиевро худфурухта баҳо дода буд, ки Набиевро муддати чандин сол комунистон парт ва узлатнишинаш карда буданд ва маҳз бо туфайли неруҳои нави сиёсӣ вай аз Душанбе депутати Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва дар ҳайати ҷиноҳи демократҳои Шурои Олии Тоҷикистон қарор дошт. Аммо, вақте равандҳо таҳаввул пайдо кард, вай дубора ба сангари ҳамҳизбиҳои собиқаш баргашт ва ниҳоятан кишварро ба ҷангу хун нишонд, ки инро дар идома хоҳем гуфт. (Ва,аммо мунсариф шудани майдоннишинҳо аз талаби истеъфои Ҳаёев ва Аслонов ва ба истеъфо фиристодани Маҳкамов, ки бар хилофи дуи аввал намояндаи шимоли кишвар буд, руҳияи фазо ва таҳаввулотро иваз кард ва клани шимол, ( сулолаи хуҷандиҳо), ки солҳо роҳбарият дар кишварро дар даст дошт бо неруҳои нави сиёсӣ, ба шумули ҲНИТ дар мухосимат қарор гирифт, ки натиҷа ва таъсири он дар ҳаводиси баъдӣ зуд ба мушоҳида расид. Барои мисол дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Хуҷанду Кулобро бародаршаҳр эълон карданд ва дар даврони муқовимати мусаллаҳона ва Иҷлосияи 16 ҳам ҳамин ҳолат ҳифз шуд.)

Аммо, бо ин вуҷуд интихоботи нахустини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо шаффофият ва демократӣ баргузор шудани он нотакрор боқӣ мондааст. Он интихоботро ҳатто мухолифин, ки аз натиҷаи он норозӣ буданд, низ эътироф кардаанд. Муҳаммадалии Ҳайит, яке аз муовинони раиси ҲНИТ,ки ҳоло бо ҳукми абад дар зиндони Раҳмонов аст дар ин бора чунин гуфтааст:

«Интихоботи президентии соли 1991-ро бо ҳама тақаллубу тахаллуфҳояш метавон ягона интихоботи озоду шаффоф дар таърихи Тоҷикистони мустақил унвон кард. Дар интихоботи президентии он сол, ки неруҳои исломӣ ва демократӣ дар он ҳамчун як ҷабҳаи воҳид ва дар эътилоф ширкат доштанд бо ба даст овардани беш аз 30% раъй интихобкунандагон боиси нороҳатии доираҳои ҳоким ва собиқ коммунистони шӯравӣ гаштанд. Дар интихоботи мазкур ҲНИТ худро ҳамчун неруи мунсаҷим ва пешрав ба намоиш гузошт ва неруҳои дигаре чун ҲДТ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Носири Хисрав» ва ғайра атрофи он ҷамъ омада буданд.

Агарчи иқдоми зарба задан ва заъиф сохтани неруҳои озодихоҳ ва истиқлолхоҳи тоҷикро мақомот ҳанӯз соли 1990 дар пайи ҳаводиси баҳманмоҳи хунин рӯи даст доштанд ва он замон ба таври пурра муваффақ нагашта буданд, пас аз ин интихобот ва ҳаводиси солҳои 1991-1992 марҳалаи дуюми ин амлиёт шурӯъ шуд. Дар ниҳоят ба мухолифони неруҳои исломӣ-демократӣ муяссар гашт, ки бо истифода аз пуштибонии кишварҳои беруна ҳукумати ба ном конститутсиониро сари қудрат биёранд, ки он аз он солҳо ба баъд интихоботҳоро мувофиқи сенарияҳои замони шӯравӣ баргузор менамояд»

Муҳаммадалӣ Ҳаит. «Наҷот» 25апрели соли 22013

ҲНИТ, ки гуфтем дар тазоҳуротҳои тирамоҳии соли 1991 неруи пешбаранда ва асосиро ташкил мекард, чанд рӯзи қабл аз рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 26 октябр бо ширкати наздики 1000 вакилу меҳмон дар Кохи “Ваҳдат”, дар маркази Душанбе нахустин анҷуманашро баргузор кард. Дар ин ҳамоиш Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро раис интихоб карданд, ҳарчанд ҳамагон медонистанд, ки раҳбари аслии он Саид Абдуллоҳи Нурист. Ва дар моҳи декабри он сол расман сабти ном шуд.

Саидиброҳими Назар, собиқ муовини раиси ҲНИТ роҷеъ ба чигунагии баргузории нахустин Анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд, ки барои аввалин бор дар ҷаласагоҳи доимии ҳизби коммунист дар Душанбе маҷлис бо қироати ояҳо аз Қуръони маҷид ва бо «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» шурӯъ шуд:

«Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Анҷумани таъсисии худро охирҳои моҳи октябри соли 1991 дар ҳамон қасре, ки замоне моли Ҳизби Коммунист буду чорабиниҳои асосии худро он ҷо мегузаронд, яъне «Кохи Ваҳдат», баргузор кард, ки дар он қариб ҳафтсад вакил ва меҳмон ширкат варзид. Дар ин Анҷуман раиси ҲНИ ИШ Аҳмад Қозӣ Ахтаев, меҳмонон Ҳайдар Ҷамол, Муҳаммад Салоҳиддин ва ғайра иштирок доштанд. Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҳизб интихоб гардид. Давлат Усмон муовини аввал ва банда муовин интихоб шудам. Баъдан дар интихоботи президентӣ ҷонибдорони мухолифин шикаст хӯрданд. Раҳмон Набиев ба сари қудрат омад. Фишорҳо болои мухолифин зиёд шуд, шахсиятҳои алоҳида мавриди таъқиб қарор мегирифтанд. Боз гирдиҳамоиҳо ташкил шуданд. Дар ду майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ».Мутаассифона, муқовиматҳои сиёсӣ билохира ба задухӯрдҳои мусаллаҳона табдил ёфтанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Поёни бахши аввал, давраи дуввум

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\1 появились сначала на ISLOH.net.

30 солагии16-умин иҷлосия ё ифлосия? №20
Қозӣ Тураҷонзода чаро дар иҷлосияи 16 набуд ва чаро Раҳмонов бо ӯ оштӣ накарду эълони ҷанг кард?

(бахши бистум)

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, депутати халқӣ, узви Раёсати Шӯрои Олӣ ва раҳбари Идораи  мусулмонони Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар қасри Арбоби Хуҷанд ҳузур надошт. Вай чуноне, ки худаш мегӯяд, дар он шабурӯзҳо дар як мусофират дар Маскав қарор дошт:

«Сабаби ширкат надоштанам ҳамин буд, ки дар рӯзҳои ин иҷлосия ман дар Тоҷикистон набудам. Дар сафар будам ва вақте ки ба Маскав ворид шудам, шунидам, ки Раҳмонов раиси Шӯрои олӣ интихоб шудааст. Ба Душанбе расидан замон ба эшон як барқияи табрикӣ фиристода, омодагии худамонро ба пуштибонӣ аз ҳукумати тозатаъсис ва роҳбарияти навинтихоби Шӯрои олӣ эълом дошта будем.»

Аммо вай ҳамчуноне худаш таъйид кардааст, ҳам ба ҳангоми эъломи интихоби Эмомалӣ Раҳмонов ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ҳам ба вақти шурӯи кори Раҳмонов дар Душанбе изҳори ҳамкорӣ ва дасти ошноӣ дароз кард. Ҳамон рӯзе, ки Раҳмонов ба ин мақом интихоб шуд, шоми он рӯз дар ТМТ-телевизиони мардумии Тоҷикистон табрикоти устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов садо дод. Раҳмонов аз Хуҷанд ба Душанбе омад. Устод Тураҷонзода чанд нафареро ба ҳузури Раҳмонов фиристод, ки дасти барои ҳамкорӣ ва бародарӣ дароз кардаи ӯ ва ҷонибдоронашро мепазирад ё хайр? Чун дар он иҷлосия оши оштӣ баргузор шуда Раҳмонов ҳам ваъда дод, ки корашро бо сулҳ шурӯъ хоҳад кард ва як қонуни афв ҳам қабул шуда буд. Иттифоқан маҳз қозии мусалмонон қумандонҳои Душанберо мутақоид мекунад, ки бираванд ба Хуҷанд ва дар иҷлосия ширкат ва бо қумандонҳои Фронти халқӣ оштӣ бишаванд, чун поёни ҳама ҷанг сулҳ аст ва акнун, ки ҳукумати нав эъломи сулҳ мекунад, бояд дасти вайро гирифт. Худи устод Тураҷонзода он рӯзҳоро дар як сӯҳбаташ чунин ёдовар мешавад:

«Мо паём дода будем, ки барои 10 то 15 рӯз, то барқарор шудани тамоми ниҳодҳои ҳукумат дар шаҳри Душанбе нирӯҳои Фронти халқӣ вориди Кофарниҳон нашаванд. Ин дар ҳоле буд, ки гурӯҳҳои таҳти фармони Файзалӣ як бор ба Кофарниҳон сар зада, даҳҳо нафарро кушта буданд. Се нафар аз мақомоти шаҳри Кофарниҳон бо пешниҳоде назди раҳбарияти нав рафта буданд, ки барои таъмини амнияти мардум, дар сари роҳи Кофарниҳон аз ҳисоби фирқаи 201-и Русия посгоҳе таъсис ёбад ва замоне ки мардум мутмаъин шуд, ҳамлае сурат намегирад, мо худамон нирӯҳои мавҷударо халъи силоҳ мекунем. Сабаби чунин пешниҳод ин буд, ки аксари фармондеҳони Фронти халқӣ он вақт саргамри пирӯзиҳо буданду ҷавонони беахлоқ буданд ва таърих ҳам инро нишон дод, зеро бисёре аз онҳо баъдан зиндонӣ шуданд, мардум намехост, онҳо вориди ноҳия шаванд. Ва пас аз 15-20 рӯз то як моҳ, вақте мардум бовар кард, ки Фронти халқӣ нияти ҷангу ҷидол ва интиқомгирӣ надорад, мо худамон ҳамаро халъи силоҳ мекунем ва бо ҳамин кишварамон аз ҷанг эмин мемонад. Аммо авзоъ таври дигар пеш рафт ва маро огоҳ карданд, ки дар ин ҷо боқӣ монданам хатарнок аст. Бо вуҷуди ин, ман то моҳи январ дар минтақаи Ромит боқӣ мондам.»

Аммо Эмомалӣ Раҳмонов хеле дурушт посух медиҳад, ки «ҳар кас тибқи кирдораш ҷавоб медиҳад». Ва, ҳамин тавр ба қатлу куштори мардуми бесилоҳи ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза) ва махсусан наздикону бастагон ва ҳамдеҳаҳои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода шуруъ мекунад. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар як суҳбаташ бо «Чароғи рӯз» дар он солҳо, ки дар Маскав ба нашр мерасид дар ин маврид чунин мегуяд:

…. «Он вақт 49 нафар хешу табори моро ба ҳалокат расониданд. На дар рафти амалиёти ҷангӣ, балки онҳоро дар хонаҳояшон, дар деҳаи худашон куштанд. 27 нафари онҳо аз шаст сол боло умр доштанд. Хонаи маро аввал тороҷ карданд, баъд оташ заданд, хонаи падару модар, хонаҳои бародаронамро, хонаи модаарӯсамро ҳам чунин карданд. Ҳатто масҷидҳоро, ки дар наздики хонаи ман воқеъ аст, оташ заданд. Се нафар хеши наздики маро, ки 76 ва 84 сола буданд, сар буриданд….

Барои ман аламовар ва нанг буд, вақте аз дараи Ромит бомбаборони деҳоти осоиштаро медидам.

Он вақт мо назди Раҳмонов намоянда фиристода аз ӯ хоҳиш кардем, ки ба Кофиарниҳон ҳуҷум накунад ва ба кумаки дивизияи 201, ки шояд кафили амният буда метавонист, ба халъи силоҳи ҳарду ҷониб замина эҷод кунем. Раҳмонов амр кард, намояндагонро ҳабс кунанд, танҳо бо дахолати Абдуллоҷонов, ки гуфтааст ин ашхосро шахсан Ислом Каримов мешиносад, онҳо зинда мондаанд.

Вақте намояндагон баргаштанд, суханони Раҳмоновро ба мо нақл карданд, ки бо оппозитсия ҳеҷ гуна шафқат нест, ё таслим мешавад. ё несту нобуд карда хоҳад шуд. Баъди он ки бовар кардем, урдуи рус бо танку вертолётҳои худ Кофарниҳонро оташборон мекунад, дигар чорае ҷуз аз гурез намонд.

Дар Кофарниҳон баъди бомбаборон ҷасади ба тикаҳо порашудаи духтараки якунимсоларо дидам…Моҳи декабр дар қишлоқи Варвараи дараи Ромит, соати сеи рӯз, пас аз наҳор, бомбаборон сар шуд. Хонаводаи Худойдод Худойдодов, бародари ректори донишгоҳи исломии мо, сари дастархон шаш духтар ва як писари дусола нишаста буданд. Падару модар ва панҷ фарзанд ҳалок шуданд, ду духтар …захмӣ. Ин хонавода акнун вуҷуд надорад..Чун ин ҳамаро мушоҳида кардам, талх ва сахт гиристам.» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода «Чароғи рӯз» №»,№1(173) .Бӯрӣ  Карим «Фарёди солҳо» .Москва, «Трансдорнаука»,1997.»

Баъди чунин муносибати хасмона ва хашин устод Тураҷонзода, бо ҷамъе аз дӯстон аз бародаронаш ба ночор аз тариқи куҳҳо ва қуллаҳои барфпӯши Ромиту Рашту Бадахшон бо сад азоби ҷонгудозе дар моҳи феврали соли 1993. баъди ду моҳи ғасби Душанбе аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов тарки ватан карда мерасад ба Қирғизистон ва ҳамин тавр Маскав ва ба Саудиву аз онҷо ба Теҳрон…

Эмомалӣ Раҳмонов, ки як шарти ба қудрат нишондани ӯ аз тарафи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ин буд, ки бояд роҳбарияти оппозитсионро ҷисман нобуд карда онҳоро душмани халқ эълон кунад аз ҳамон рӯзҳои аввали кораш, ҳатто дар маҷлиси ҳукуматӣ ба сиёҳ кардани Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва дигар роҳбарони мухолифин мепардозад. Дар маҷлисе дар 9уми январи соли 1993, ки ҳоло як моҳ шуда буд, ки ба Душанбе омад дар ҳақи устод Тураҷонзода тамоми бадгӯӣ ва туҳматро раво мебинад. Пораҳое аз суханони ӯро «Садои мардум»-нашрияи Шӯроии Олии онвақта чоп кардааст:

«Ба туйҳои мо назар афканед. Онҳоро Ҳоҷӣ Акар Тураҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Давлат Усмон, шодмони Юсуф ва дигарон ба чӣ аҳвол оварданд? Санъаткоронро нагузоштанд, ки дар туйи фарзандонамон иштирок кунанд. Худашон чандин зану хонаҳои олиҷаноб доштанд. Канӣ, акнун он падарону модарони миллат, ки ҳамроҳи мо халқро ором ва аз бало раҳо кунанд. Онҳо дар Маскаву Афғонистон, Арабистони Саудӣ, хонаи хешонашон маскан гирифтанд» Садои мардум 12. 01. 93 Эмомалӣ раҳмонов маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ .

Эмомалӣ Раҳмонов бо ҷӯшу хурӯш ва ҳаяҷони шадид ба аҳли толор қисса мекард, ки Тӯраҷонзода кист? Ӯ коняку арақро бо сатил мехурд. «Садои мардум.» 12. 01.1993…..

Аммо, воқеияти дигар бисёр ҳам нанговар ва сангини он солҳо ин буд, ки бо исму номи устод Тураҷонзода на фақат хешу таборони вай, балки хеле аз инсонҳоро Раҳмонов ва боевикҳои вай куштанду ба қатл расониданд. Кор ба ҳадде расид, ки устод Тураҷонзода паёме дод ва гуфт, ки ҳар касе барои қозӣ таҳқиру нафрин мефиристад, сахт осӣ хоҳад шуд, бигзор ҳар сақату ҳақорате ки мекунад бо номи исми ман-Тураҷонзода бифиристад.

Исми устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар ҳодисаи заминларзаи рустои Шарораи Ҳисор ва сипас ҳаводиси февралии соли 1990 сари забонҳо уфтод. Вай аз ҳамон оғози фаъолияти иҷтимоӣ бо забони баёни фасеҳу оммафаҳм ва бо мавқеъгирии умдатан мардумӣ ва гушоиши гиреҳҳо мавриди истиқболи ҳамагон қарор гирифт. Барои мисол, вақте як деҳа зери куҳ қарор гирифту ҳукумат (Қаҳҳор Маҳкамов) ва мардуми деҳа ноилоҷу музтар монданд, ки бо садҳо тан аз азизони зери ҳазорҳо тон лойу хок монда чи бикунанд ӯ фатво содир кард, ки онҳо ҳамин тавр шаҳиданд ва зарурате бо кофтукоби аҷсод боқӣ нест ва намози ҷанозаи онҳоро хонду мушкилро рафъ кард.

Шарофиддини Имом, муовини раиси «Растохез» ва солҳо баъд сафири ҳукумати Раҳмонов дар Афғонистон дар китобаш аз саҳми устод Тураҷонзода дар фуру нишондани  тазоҳуроти  ҳаводиси  февралӣ изҳори андеша карда, тавре ба назар мерасад ночор мешавад мусбат баҳо бидиҳад:

«Суханрони ахир Акбар Тӯраҷонзода буд. Ӯ таъкид ба таъкид мегуфт, ки намехоҳад ба сиёсат даст занад. чун «сиёсат ин ифлосист, сиёсат ин дуруягист», дар ҳоле, ки ба сиёсат сахт гаравида буд ва аз ҳама василаҳои он фахолона истифода мекард. Бо ин ҳама. фаъолияти ӯ дар рӯзҳи 11-18 феврали соли 1990 асосан мусбат будааст. Дар ин гирдиҳамоӣ ӯ дуои хатм кард. Гирдиҳамоӣ шаш соат идома дошт ва гиридиҳамомадагон оромона пароканда шуданд.». Шарофиддини Имом.

«Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон» Душанбе,2003.» Суннатулло»

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода ,яке аз муассисони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода қисса мекунад,ки «Акбарҷони ҷавон» (манзураш устод Тураҷонзода) ҷаласаи интихоботи раиси Муфтиёти Осиёи Миёна дар Тошкандро тавре раисӣ ва гардонандагӣ кард, ки ҳамагон аз дониши баланд, фаросати расо ва забондониву кордонии вай дар ҳайрат афтода будем: «Муфтӣ Муҳаммад Содиқ кадомеро мефаҳмид ҷавоб медод, баъзеашро мефаҳмид, лекин ба забони худаш аз ҷавоб гардонидан оҷиз мемонд. Ӯ ишора ба сӯи Акбарҷон намуд. Дар муқобили саволу ҷавоб омода мешуд. Ҳар хабарнигоре ба кадом забоне, ки саволаш дод, забони русиро бо забони русӣ, узбекиро бо забони узбекӣ, форсиро бо забони форсӣ ва арабиро бо забони арабӣ. Ба арабӣ чунон фасеҳу равон, бедиранг ҳамчун дипломат ҷавоб медод. Ҳамаро қаноатбахш намуд. Ин ҷавони бо илм ва зебоияш ва шаъну шарафаш ҳамчун нури офтоб ва ба ҳар тараф паҳн гашт. Мо ҳама дар шигифт будем, ки чунин ҷавони олими фаҳмидаи муосирро худованд аз диёри мо ба вуҷуд овардааст. Дере нагузашта буд, ки дар соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ пош хурд. Бо кушиши Акбарҷон идораи қозиёти Тоҷикистон мустақил гашт. Дар як муддати кори кутоҳаш идораи қозиёт ба зинаи баланде дар ҳаёти динӣ, сиёсӣ, фарҳангии ҷумҳурӣ мақоми ҳалкунанда ва ҷойгоҳи худро ёфт. Аз самараҳои кори пурмасъулиятшиносиаш чунон дар ҳоли пешрафт буд, дар як муддати кӯтоҳ, ки соле ҳам нагузашта буд, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳайси нахустин донишгоҳи динӣ кушода шуд. Дар ҳама вилояту ноҳияҳо дарсҳои динӣ расмӣ ба роҳ монда шуд. Масоҷиди ҷумъахонӣ аз 17 адад ба 360 адад расид. Суръати кушодашавии масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, инчунин маконҳои дарсхонии динӣ ҳамоно дар ҳоли густариш буд. Девори оҳанини роҳи Ҳаҷи Байтуллоҳи шарифро ёфтанд. Уламои исломӣ, аз ҷумла Акбарҷон худаш ва садҳо нафари дигар ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ ёфтанд. Ҷойи пӯшида набуд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чи дар миёни омма ва дар мақомоти аввали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар порлумон суханаш вазн дошт, ба осони сухани ӯро рад кардан кори осон набуд. Аз ҳама муҳиммаш Русия ӯро хуб мешинохт, дар ҳеҷ кораш пеши роҳи ӯро намегирифт, Узбекистон ҳам ҳамин назарро дошт. Дар олами ислом ҳам марди шинохташуда буд.»  Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода. «ҲНИТ: сабзиш, лағжиш, пешрафт». Душанбе-2013 «Муаттар».

Дар воқеъ устод Тураҷонзода дар солҳои фаъолияташ ба ҳайси раиси Идораи Қозиёти Тоҷикистон шӯҳрати баланд касб карда ва ба гуфтаи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ «престижи олӣ» дошт. Аммо ин ҳама шуҳрат ва обрӯву эътибори як руҳонӣ ва раҳбари динӣ ва як домулло барои сардамдорони режими вақт, комунистони лоик қобили қабул набуд. Бо ҳар роҳу васила талош мекарданд, ки сари роҳи вай чоҳе бикананд.

Дар тақвияти ин андеша аз навиштаҳои Сафаралӣ Кенҷаев аз қисми аввали китоби «табаддулоти давлатӣ»-и ӯ як иқтибос меоварем, ки нишон медиҳад, чи гуна аз хадамоти шоёни қозии мусалмонони Тоҷикистон эҳсоси нафрат ва рашки худро пинҳон накардааст:

« Қозиёти Ҷумҳурӣ  муносибати дохилию хориҷии худро бо дигар мамлакатҳо озодона,чи тавре, ки дилаш мекашад, бурда истодааст;  омузиши дини мубини ислом дар мактабҳои миёнаю олӣ ҷорӣ хоҳад гардид;  сессияи Шӯрои Олӣ рӯзи иди «Рамазон» ва «Қурбон»-ро рӯзи истироҳатӣ ва давлатӣ эълон кард; барои рӯзҳои истироҳат эълон кардани рӯзи ҷумъа ба кумитаҳои Шӯрои Олӣ супоришҳо дода шуда буд; заминҳои мадрасаву масҷидҳо аз андози давлатӣ озод гардид; аз рӯи қудрату тавоноӣ, касе, ки нияти ҳаҷ рафтан мекард, ягон мамониат ва ё зиддияте аз тарафи давлат зоҳир намегардид, баракс давлат кӯмаки худро дареғ намедошт; танҳо заводи нуриҳои минералии Вахш соли 1991 ба Қозиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҳаҷ фиристодани аҳли ислом 100 ҳазор арзи америкоиро ба нархи 50% арзон дод, касе намоз мехонад ё рӯза мегирад, ягон таҳқире набуд; дар Садову Симо барои ташвиқи дини мубини ислом вақти муайян ҷудо карда шудааст; аз хонаи як қисм кормандони дини ислом соле 7-8 кас ба хонаи Каъба ба ҳаҷ мерафтанд, вале ҳукумат намепурсид, ки ҳар яке онҳо 171 ҳазор сумиро аз куҷо ёфтаанд, аз ҳисоби кадом бечораи деҳқону коргар; соли ҷорӣ зиёда аз 80% кормандони Шӯрои Олӣ бо ҳамроҳии банда рӯзадор буданд;  рӯзҳои иди Рамазону Қурбон раиси Шӯрои Олӣ хаттӣ ва шифоҳӣ масҷид ба масҷид гашта, аҳли дини исломро табрику муборакбод мекард ва ғайраву ғайра.» Сафаралӣ Кенҷаев. «Табаддулоти давлатӣ» Душанбе 1993

Ин воқеият аст ки дар он солҳо нақши устод Тураҷонзода ва мақоми вай хеле ҳам баланду боло буд. Вай ҳам дар байни ҳукумат ва ҳам дар майдонҳо тарафдорону душманони сарсахт дошт.

Иброҳими Усмон, яке аз таърихнависони ҳаводор ва тарафдори ҳукумат чи дар давраи Набиев ва чи дар давраи Раҳмонов дар бораи устод Тураҷонзода навъе баҳогузорӣ мекунад, ки тамоми ҳаводис ва махсусан майдони Шаҳидон кори дасти ӯст:

«Бисёриҳо ба ҳайси коргардони «Шаҳидон» ба ҳайси коргардони тамоми фоҷиаҳои Тоҷикистон Қозикалони собиқ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ном мегиранд. Ин ҷавонмарди ҳануз чилсоланашуда аз давраи заминҷунбии Шарора, аз воқеиятҳои февралӣ шӯҳрат ёфт, ба бахташ ӯ вақте соҳиби курсии қозикалон шуд, ки бозсозӣ барои озодии виҷдон имкон дод, дар Тоҷикистон садҳо масҷиди нав бунёд гардид ва теъдоди масҷидраву рӯзадорҳо ҳазорҳо нафар афзуд. Дар ин шароит вай обруи воқеӣ пайдо кард, беғиромбозӣ депутати мардумӣ интихоб шуд, дар ҷаласоти Шурои олӣ исбот намуд, ки на фақат донишманди хуби илоҳиёт аст, балки сиёсату иқтисодро низ аз аксарияти кулли депутатҳо ва вазирҳо беҳтар медонад. Аммо ӯ ба зудӣ дину ташвиқи динро яксӯ гузошта, ҷиддӣ ба сиёсат пайваст, акнун мехост дар паҳлуи мадрасаи исломӣ руҳияи куллии сиёсати исломӣ ба вуҷуд орад. Ӯдар гуфтор муқобили давлати исломиасос буд, вале амалан барои он мубориза мебурд ва муқобилияти забониаш аз як тараф пардае бошад, аз тарафи дигар аз дарки воқеияти Тоҷикистон бар меояд. Гумон мекунам ӯ дар Тоҷикистон чунон ҳокимиятеро мехост, ки аз иродааш қадаме берун нагузорад.

Қозикалон барои мақсадаш пул ёфт: пули майдони Шаҳидон, пули хайрот, ба масҷидҳо ва шояд пулҳои дигар. Оғози соли 1993 «Ҷумҳурият» дар такя ба «Новое время» навишт, ки Эрон барои майдони «Шаҳидон» 3 млрд. доллар сарф кард, барои созмон додани одамон ба амале ҳам,барои таблиғ низ. Таблиғгарҳо барои ситоишу ҳамкорӣ музд мегирифтанд, барои хомушӣ ҳам ҳақашон мерасид, барои таваҷҷуҳро ба тарафи дигар ҷалб намудан низ.

Чунин андешаҳое ба вуҷуд меомад дар хусуси коргардони тахминии «Шаҳидон».

Иброҳим Усмон. «Соли Набиев». Душанбе-1995»

Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар тазоҳуроти моҳҳои март-апрели соли 1992 то охирин лаҳзаҳо ширкат накарда буд, вале аз тарафи роҳбарияти онрӯза, коммунистони соҳиби қудрат ба шумули Сафаралӣ Кенҷаев мавридди шакку гумонҳо қарор гирифта буд. Салими Аюбзод дар ҳамон матлабаш менависад:

«Ҳарчанд коммунистон ӯро таҳрикдиҳанадаи пасипардагии ҳизби исломӣ ва ҳавохоҳи бунёди ҷумҳурии динӣ медонистанд, вай ба сари худ як неруи мустақилро ташкил медод, асосан мустақилона ё дар ҳамгироӣ бо вакилони демократ ва рушангарони Шӯрои Олӣ амал мекард. Ва  дар хотираҳояш омадааст, ки дар масъалаи ширкаташ дар тазоҳуроти моҳҳои март-апрели соли 1992 «наҳзатиён» ӯро ба гуфтушуниде дар «маҳалли нейтрал» даъват карданд.»

Тураҷонзода минҳайси як сиёсатмадори зирак ва прагматик паёмади рӯёрӯии миёни муътаризин ва ҳукуматро эҳсос карда тамоми талошашро барои ҷилавгирӣ аз идомаи нобасомониҳо харҷ мекард. Вале ҷараёни ҳаводис тавре ҷилав рафт, ки Раҳмон Набиев, Сафаралӣ Кенҷаев ва бақия мақомдорон ба ин ҳаводис пойи мардуми манотиқи дигар, бахусус Кулобро кашиданд. Ва, майдони Озодӣ дар муқобили Шаҳидон ташкил карда шуд.

Сафаралӣ Кенҷаев, агарчи медонад, ки мардум ба майдони Озодӣ бо талаб ва дастури худи ӯ ва  Набиев  оварда шудаанд, аммо бо як бепӯстурӯӣ воқеиятро пинҳон карданӣ мешавад, вале медонад, ки ҳарфаш муътамад нест:

«Ҳамон рӯз аллакай тавассути ташкилотҳои дар ноҳияву вилоятҳо мавҷудбудаи КАМ хабар расида буд, ки амалиётҳои ғайриқонунии гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» ва чашмакзаниҳои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро  бо  Искандаров дар сессияи Шӯрои Олӣ  тавассути оинаи нилгун дида, мардуми вилоятҳои Кӯлоб, Ленинобод, ноҳияҳои Ёвон, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ленину Варзоб, Файзободу Кофарниҳон ва ғайраҳо дар гирдиҳамоиҳо ғазаби худро баён намудаанд».  «Табаддулоти Тоҷикистон»,ҷ.1

Шеравлиё Мирзоавлиёев, генерали мустаъфӣ ва дар он солҳо муовини сардори умури дохилаи вилояти Кулоб солҳо баъд дар як навиштааш дар нашрияи СССР аз он ёдоварӣ мекунад, ки дар воқеъ устод Тураҷонзода метавонист масъалаҳоро ҳал бикунад:

«Аз роҳбарон дар вазорат фақат муовини вазир А.Қаҳҳоров буданд. Ман наздаш даромадам ӯ хавотирпарешон буд. Вазъиятро фаҳмондам, ки мардумро безарар ва беталаф аз майдон гусел кардан лозим. Ӯ каме фикр карду супориш дод, ки сардори БДА Ҳабиб Сангинов ба наздаш ҳозир шавад. Баъди чанде ӯ ба назди Қаҳҳоров ҳозир шуд. Муовини вазир аз Сангинов Ҳ пурсон шуд, ки аз уҳдаи гусели мардум мебарояд не? Ҳабиб Сангинов дар ҷавоб гуфт, ки не, ҳоло бе иҷозати қозикалон ягон кор иҷро ё ҳал намешавад ва касе ҳам кафолат дода наметавонад. А.Қаҳҳоров савол карданд, ки бо он кас чи тавр ба алоқа бароянд? Ҳабиб Сангинов гуфтанд, ки ман инро ташкил мекунам. Баъди ним соат худи қозикалон Тураҷонзода ба онҷо ҳозир шуданд. Ӯ бисёр шод буд ва саволи аввалаш ҳамин буд, «калони кулобиҳо кист?», аз ҷоям хеста гуфтам, ки ман намояндаам.»

Рустами Абдураҳим (раиси созмони «Ошкоро») дар як суханрониаш дар назди тазоҳуротчиён дар Кулоб дар моҳи июли соли 1992 тамоми нооромиҳоро бори души устод Тураҷонзода мекунад:

«Аз моҳи апрели соли 1992 куштори одамони бегуноҳ сар шуд. Мошинҳоро месӯзонданд, хӯрокаро ба об мепартофтанд. Радио ва ТВ-и ҷумҳурӣ бошад,тамоми амалиёти сиёҳкоронро ба гардани мардуми Кӯлоб бор мекарданд. Сабабгори тамоми бадбахтиҳо ба ақидаи ман Тӯраҷонзода аст. Воқеаҳои баҳманмоҳи с.1990 пурра ба ӯ вобастагӣ дорад. Як тасаввур кунед, ки гирдиҳамоии майдони Озодиро 4 миллион одам тарафдорӣ кардаанд, вале гапи онҳо нагузашт. Имрӯз ҳам президент ва ҳам сарвазир ҳоҷӣ Акбар аст.»

Рустами Абдураҳим, ба унвони яке аз роҳбарони майдони «Озодӣ» дар як ҷаласаи Шӯрои Олӣ ширкат ва низ суханронӣ карда мегуяд:

«Тасаввур кунед, парлумон сарфаҳми як қозӣ нарафта истодааст. Ин қозӣ, ман як вақт дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ баромад карда будам, ман аз тарҷумаи ҳоли ӯ як камтарак нақл карда будам. Афсус, ки ҳозир ун кас дар инҷо нестанд… «Фарёди солҳо».Трансдорнаука.Маскав-1995

Сафаралӣ Кенҷаев, ки дигар барои майдони Озодӣ қаҳрамон ва «комиссар Каттанӣ» ба шумор мерафт ва барои майдони Шаҳидон, баракс як чеҳраи манфур ва душмани демократия ва озодиҳои мардум дар китобаш устод Тураҷонзода на танҳо роҳбарӣ пасипардаӣ ҳамчунин сармоягузори он муаррифӣ мекунад:

«Дар рӯзҳои гирдиҳамоии моҳҳои апрел-май майдони «Шаҳидон»  танҳо аз вилоятҳои Намангону Фарғонаи ҷумҳурии Узбекистон ба унвони ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз номи зиёда аз бист масҷиди ҷумъахонӣ барқия дохил гардидааст. Ба хазинаи гиридиҳамомадагони майдони  «Шаҳидон» аз муфтии мусулмонони Мовароуннаҳр»-и Осиёи Миёна ҳоҷӣ Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф 200.ҳазор доллари амрикоӣ, ҷонишини ӯ оид ба масҷидҳои Фарғона ҳоҷӣ Абдурауф Ғаффоров 100.000 сум ҳадя ирсол гардидааст.»

Сафаралӣ Кенҷаев бештар аз ин ба Ҳоҷӣ Акбар даруфтода ӯро ба ончизе, ки анҷом надодааст, муқассир меҳисобад, агарчи чуноне гуфтем, устод Тураҷонзода на як бор ва ду бор талош кард, ки миёни Кенҷаев ва муътаризини Шаҳидон тафоҳум ва мусолиҳа ба вуҷуд ояд:

«Агар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дилу дидаи пок медошт ва ботинан бандаро бародар мехонд, қиблагоҳи ишон маро аз дорулайтом (ятимхона) ба манзили хеш оварда,ҳамчун писари хеш нигаҳдорӣ карда бошад, пас чаро барои «бародарӣ худ» (банда) чоҳ кофт, бо мақсади аз сари қудрат дур сохтани  ӯ гирдиҳамоиҳо ташкил намуд, мардуми муъмину мусулмони аз сиёсат дурро бо суханҳои бофтаву сохта ба ман душман гардонид?! Чаро нисбати банда зоҳиру ботини ягона надошт?!

Чаро бегоҳии 7.05.1992 с.мошини зиреҳпӯшро бо бист нафар силоҳбадаст барои панҷа ба ҷони ман задан сафарбар намуд, ки маро сипас хонаи ману бародаронам ва дӯстам Ботурҷон Исҳоқовро тирборону талаву тороҷ карданд?! Ҳамон хонае, ки ӯ бо қиблагоҳу хешовандонаш борҳо нону намак хӯрда, сарулибос пӯшида, намоз хонда, ба худои бахшоянда розу ниёз гуфта буд. Охир банда ба муқобили Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва хонадони ӯ силоҳбадастони хуношомро бо БТР нафиристода ва хурдтарин хиёнатро раво надида будам-ку?! Пас кӣ худотарсу муъмину мусулмони комил будааст?!  Пас Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз худаш наранҷида, аз дигарон меранҷидааст?! Охир, боре ба ман иброз накардааст, ки кадом талаботи дини мубини исломро ба ҷо наоварда, хиёнате кардаам?!  Илова бар ин, А.Тӯраҷонзода роҳбари ниҳонии воқеаҳои майдони Шаҳидон буду хурсандиашро пинҳон намекард. Ӯ ба Искандаров, собиқ раиси комиҷроияи ВАБК, ки ҷои Кенҷаевро гирифт,гуфт: «Ба ин курсии манҳуси коммунистӣ нашин. Онро пешгузаштагонат касиф кардаанд. Мо барои ту курсии дигар меорем». Ва мисли ҳамақидаҳои маскавиаш ду ангуштро боло бардошт, ки ин ишора «Виктория»(Ғалаба)-ро ифода мекард. Суханону ишораи ӯро тавассути симо тамоми аҳолии ҷумҳурӣ диданд. Ҳайратовар бошад ҳам, маҳз ҳамин суханҳову ҳамин ишора халқи ҷумҳуриро ба ҷӯш овард». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон»,ҷ.1

Вале устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар китобаш «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам ,аммо…» ҳаводиси он солҳо ва бахусус бозиҳои бархоста дар атрофашро бо далелу бурҳони раднопазир ба ин тарз тавзеҳ медиҳад: «Яке  аз шиорҳои асосии гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ»  истеъфои банда аз вазифаи Раиси Идораи Қозиёти Тоҷикистон буд. Баръакси онҳо,  аҳли майдони  «Шаҳидон» аз мо дифоъ мекарданд. Аммо хулосаи шахсии ман ҳанӯз дар ҳамон замон ин буд, ки ҳадафи асосии тарроҳони  ҳақиқии гирдиҳамоии ҳар ду майдон бадном намудани шахсияти банда ва бо ин роҳ аз Риёсати Идораи Қозиёт ва дар кул аз саҳнаи сиёсӣ дур сохтани инҷониб буд. Гарчи яке ошкоро ба муқобили мо шиор дода тӯҳмату буҳтон мебаст ва дигаре гӯё зоҳиран аз мо пуштибонӣ мекард, вале мақсади асосии тарроҳони ҳар ду гирдиҳамоӣ дифоъ аз манофеи худ буд.»

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар тавзеҳи ин иддаояш чунин тафсилот медиҳад:

«Коргардонҳои асосии Майдони Озодӣ номенклатураи ҳизби давлатии минтақаҳои Ленинобод ва Кӯлобу Ҳисор буданд, ки баъди интихоботи Раиси Ҷумҳур мехостанд, мавқеи худро дар тамоми доираҳои қудрати давлатӣ аз ҳисоби саҳмияи номенклатураи Қартоегину Бадахшон, ки дар ин интихобот шикаст хӯрданд, таҳким бахшанд;

Номенклатураи комунистии Қаротегину Бадахшон, хусусан пас аз барканорииАслонов ва муҳокимаи ошкорои Навҷувонов ва паҳн шудани овозаҳое, ки гӯё «ҳамаҷо ва хусусан соҳаи савдо ва умури дохиларо помирию қаротегинӣ зер кардааст», манофеи худро дар хатар дида барои дифоъ аз худ аз ҳама гуна имконот истифода бурд ва тавонист, ки эҳсосоти маҳалчигиро таҳрик дода, мардумро ба майдон биоварад. Номенклатураи комунистии ин минтақаҳо ҳатто муваффақ шуд, ки гурӯҳҳои бо ҳам мухолиф, мисли эшонҳо, аҳли тасаввуф ва Ҳизби наҳзатро дар як майдон гирд оварда, ба манфиати худ истифода намояд;

Коргардонҳои аслии ҳар ду майдон ва хоҷагони хориҷии онҳо густариш ва бедории ислом дар Тоҷикистон, кушоиш ва сохтмони садҳо масҷид, ташкили донишгоҳу мадрасаҳои ислом, тақвияти нақш ва ҷойгоҳи Идораи Қозиёт, густариши нуфузи табақаи руҳоният, болоравии обрую эътибори шахсияти банда, дилгармии ихлоси мардумони бешумор, хусусан табақаи зиёиён ба инҷонибро, ки ин ҳама дар воқеъ оғози як таҳаввулоти бузург ва эҳёгаронаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа буд, хатари ҷиддие нисбат ба манофеи истеъморгаронаи худ медонистанд. Магар онҳо метавонистанд ин омилҳоро нодида бигиранд?!

Гурӯҳе аз коргардонҳои ҳизбӣ ва номенклатураи майдони Шаҳидон мехостанд, тавассути ин гирдиҳамоӣ Набиевро аз таъсир ва «шарри» Кенҷаеву Ҳувайдуллоевҳо дур сохта риштаҳои муносибати худашонро бо Раиси Ҷумҳур бештар устувор намоянд;

Дар баробари то рафт фалаҷ шудани сохтори давлатдории Тоҷикистон бародарони маскавиашон дар зеҳни коргардонҳои ҳарду майдон чунин шоиъаеро қавӣ гардонида буданд, ки «то хабардор мешавед, қозӣ ҳокимиятро ба даст мегирад». Айни ин иборотро муздурони Маскав –Ҳайдар Шарифзода ва Рустами Абдураҳим дар оғози гирдиҳамоиҳо дар шаҳри Кулоб ба хотири тарсонидани мардум аз низоми исломӣ такрор мекарданд. Аз ин рӯ коргардонҳои ҳар ду майдон номи моро байрақи «мубориза»-и худ қарор дода мехостанд нишон бидиҳанд, ки тамоми ин кашмакаш ва ҷанҷолу нооромиҳо ба номи ҳамин шахс вобаста аст ва ӯ сабабгори ҳамаи ин воқеаҳост. Ба ин васила онҳо барои бадном ва беобрӯ кардани шахси банда ва саркуб намудани бедории воқеии исломӣ талош мекарданд.»  Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода. «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам аммо…»

Игор Ротар, як журналист ва таҳлилгари рус, ки бо устод Тураҷонзода ва бархе дигар аз мақомоти Наҳзати исломӣ дар солҳои муқвоимат дидору мулоқотҳо кардааст, дар бораи ӯ чунин менависад:

«- Тоҷикистон имрӯз ба таври расмӣ дигар зери сояи Россия набошад ҳам, дар асл колоннияи Россия мондааст. Мухолифони мо он нафароне мебошанд, ки ба эҳёи СССР бовар доранд. Ин он тоҷиконанд, ки дар бораи гузаштагони худ, решаҳои авлодии худ фаромӯш кардаанду омодаанд бо русҳо ассимилятсия шаванд. Танҳо пас аз ғалабаи мо тоҷикон озод мешаванд, гуфта буд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, арбоби динӣ ва сиёсӣ, пешвои исломистони тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ.»

Аммо, замоне ҳам ки сулҳ ва шароити бозгашти роҳбарияти оппозитсион ба Тоҷикистон фароҳам омад, Эмомалӣ Раҳмонов бо ҳамон ҳирсу танаффур ва душмании собиқае,ки ба Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дошт, розӣ нашуд, ки вай ҳамроҳ бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вориди Душанбе бишавад. Аммо, баъдан, баъде фишори шуморе аз қумандонҳо болои Раҳмонов шиддат гирифт ва низ сокинони навоҳии атрофи Душанбе норизоияти худ аз наомадани қозидомуллоро ошкор карданд, вай ночор шуд фармони муовини аввали сарвазир таъйин кардани ӯро қабл аз онки ба Тоҷикистон баргардад, имзо кард.

Устод Тураҷонзода солҳои ҳиҷрат яке аз бузургони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва ҳайати музокироти тарафи Иттиҳоди неруҳои оппозитсионро раҳбарӣ мекард. Бештари таҳлилгарон ва сипас роҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ бар ин бовар шуданд, ки дар ҳолати татбиқи дидгоҳҳо ва пешниҳодоти устод Тураҷонзода шароити сулҳу созиш бо Раҳмонов ба гунаи дигар пеш мерафт.

Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода баъди оштӣ бо ҳукумат дар мақоми муовини аввали сарвазир ва сипас узви Маҷлиси Миллӣ фаъолият кард. Аммо ӯ танҳо ва то имрӯз ягона роҳбаре аз ҳарду ҷониб аст ки эътироф кард ва пузиш пурсид, ки иштибоҳ карданд:

« Гузашти солҳои охир рӯшан намудааст, ки дар ба миён омадани ин фоҷиаи азим бар сари миллат ҳамаи дастандаркорони ҳамонрӯза ва, аз ҷумла банда, гунаҳкор ҳастем. Банда ин мавзӯъро ба хубӣ дарк намуда гоҳе аз эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ ва гоҳе аз эҳсоси аҷзу но тавонӣ ба худ мепечидам, ки чаро пеши роҳи чунин шакл гирифтани ҳодисаҳо ва рехта шудани хуни поки фарзандони ин сарзамини муқаддас, ятиму бепарастор мондани даҳҳо ҳазор тифли маъсум ва таҳқир шудани ҳазорҳо хоҳару модари тоҷикро гирифта натавонистам.

Гарчи банда доираҳои ҷосусии хориҷиро тарроҳон ва супоришдиҳандагони (заказчик) ҳақиқии ин фоҷиаҳо меҳисобам, вале тамомаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ  ва ба хусус сарони неруҳои сиёсии Тоҷикистон-аз коммунист то демократу  либерал ва аз исломӣ то миллигарову «бетарафҳо»-ро, ки дарҳаводиси солҳои охир каму беш даст доштаанд, низ барои аз даст рафтани озодию истиқлоли кишвари азиз ва барои поймол шудани иззат ва ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон дар даргоҳи Худованд ва дар пешгоҳи миллат гунаҳкор меҳисобам ба ҳеҷ ваҷҳ худро аз ин ҷамъ истисно намедонам ва ин масъулияти сангинро аздӯши худ дур карданӣ нестам ва ҳеҷ кас ҳам ҳаққи ин корро надорад.» Ҳоҷӣ  Акбар Тураҷонзода. «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам аммо..»

Вале вай ҳеҷ гоҳ аз гуфтани воқеият сар боз назад ва бар ин назар аст ки «бадбахтиҳои мардум аслан баъд аз интиҳои сессия шурӯъ шуда буд. Мутаассифона, дар ин бора талош мекунанд, ҳақиқат пинҳон монад ва ё ҳатто баракси онро мегӯянд.»

Воқеиятҳое, ки дигарҳо аз баёнаш парҳез кардаанд.

Поёни қисмати бистуми ин сислсиламатолиби мо бахши 21уми силсила матолиби мо  “Чаро ба ҷони Давлати Усмон дар Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд сӯиқасд сурат гирифт?” аст. Дунбол намоед ин силсиламатолиби моро,то аз он ҳодисот ба хубӣ огоҳӣ дошта бошед!

Сообщение 30 солагии16-умин иҷлосия ё ифлосия? №20 появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

(бахши нуҳум ва поёнӣ)

Хеле аз дӯстон, баъди мутолиа ва дидани бахшҳои вижаматолиби мо роҷеъ ба раванди дастёбӣ ба сулҳ хоҳиш карданд, ки дар бораи худи санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва дар бораи шароити имзои он ҳам як матлаби алоҳида бинависем. Ҳоло ин хоҳиши шуморо бо ба қадри имкон иҷро мекунем.

Санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар воқеъ дар таърихи давлатдории Тоҷикистони мустақил дорои аҳамияти хос аст ва Эмомалӣ Раҳмонов дуруст мегуяд, ки дар баробари Эъломияи истиқлоли давлатӣ боарзиш ва муқаддас аст. Мутаассифона, ин боз худи Раҳмонов буд, ки бо муносибат ва бархурди номардона ба он барои имрӯз онро камаҳамият ва камэътибор кард. Чунки инҷо нақшу саҳми тарафи дигари сулҳро камранг кард, фақат худашро дид. Вале, ин муваққатӣ аст. Агар ба дасти Раҳмонов хурдтарин баҳонае буд бо Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ҳам айни ин муносибатро мекард. Вале ин санад, хушбахтона ҳеҷ баҳона ва маҷоле намедиҳад, чун аслан ба Раҳмонов заррае рабт надорад. Баракс, Раҳмонов дар шумори тарафдорони барқарории СССР буд. Эъломияи истиқлолро онҳое таҳия ва қабул карданд, ки дар майдони зиди майдони Раҳмонов буданд, аз ҳамон аввал то ба охир. Нафаре аз ҳаводорони ин режим гуфт, ки ҷойи Қадриддин Аслонов ҳар касе ҳам буд, имзо мегузошт. Бале, бидуни тардид. Аммо имзои  Қадриддин Аслоновро аз болои он намешавад ҳазф кард. Вай сазовори эҳтиром аст. Вале вақте исми ӯ ба унвони муаллифи имзои Эъломия пеш меояд дар бадани ин сангакиёни СССР барқароркун мурғак медамад. Чунки онҳо муаллифи Эъломияро куштанд. Ҳамин куштори муаллифи Эъломия басанда аст ки инҳо ба ҷазову лаънати халқ гирифтор ва то абад русиёҳи таърих бошанд.

Ба як нукта таваҷҷуҳ кунед:

Нусратулло Махсум, Қадриддин Аслонов ва устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Аммо аз тарафи дигар Сангак, Ғаффор седой, Раҳмонов ва…

Онҳо кӣ буданд, инҳо киҳоянд, онҳо чи кор карданд, инҳо чи кор? Тафовут рушан аст. Магар не?

Хуб, аз мавзуъ дур наравему биоем ба сари матлаби худ- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Аввал дар бораи муҳтаво ва мақоми ҳуқуқӣ ва эътибори байналмилалии он, яке ду ҷумла бояд бигуем.

Сергей Лавров, он замон намояндаи доимии Русия дар Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид, кишваре, ки мизбонии маросими имзои ин Созишномаро бар уҳда дошт бо ирсоли як нома ба унвони Дабири кулли СММ дархост карда, ки асноди ин Созишнома дар феҳристи асноди Созмони милал сабт шавад.

Вай дар ин нома менависад:

«Ман ифтихори онро дорам, ки матни Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва асноди марбут ба онро ба шумо ирсол дорам».

Ҷаноби Лавров ин номаро якуми июл, дуруст се рӯзи пас аз имзои Созишнома ба унвони Дабири кулл мефиристад, то мақоми байналмилалии он таъйид бишавад. Ва, дар охир меафзояд:

«сипосгузорам,ки ин нома ва асноди замима шуда ба онро дар ихтиёр дошта бошед ва тибқи банди 20 (б) Оинномаи Маҷмаи умумии СММ паҳн намоед».

Ба ин тартиб, ҷудо аз онки намояндаи хоси Дабири кулли СММ ҳамаи аснодро ба Шӯрои амният интиқол медод, Сергей Лавров, ба унвони намояндаи кишвари мизбон масъулияти мадор ва эътибори ҳуқуқӣ ва байналмилаӣ пайдо кардани Созишномаи сулҳро иҷро мекунад. Сергей Лавров, намояндаи доимии Федератсиони Русия дар СММ дар номааш феҳристи протоколҳоеро ҳам замима мекунад, ки дар ҷараёни музокироту машварату мулоқотҳои ҷонибҳо ба имзо расидаанд.

Ҳоло биоем бар сари онки ин Созишнома чи муҳтавоеро фаро мегирад? Ин Созишнома бо ин ҷумла оғоз мешавад:

« Бо мақсади дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва барҳам  додани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз 5 апрели соли 1994 сар карда то ҳамин рӯз зери сарпарастии СММ Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ давом кард.

Ҳангоми ҳашт даври ин музокирот байни ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ), ки минбаъд «тарафайн» номида мешаванд, шаш мулоқоти Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ, ҳамчунин се  машварати Тарафайн, ки дар Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод,  Кобул, Машҳад (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Москва, Теҳрон ва Хусдеҳ (Афғонистон) баргузор шуданд, протоколҳо ва дигар санадҳое, ки дар маҷмуъ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (Созишномаи умумӣ)-ро ба миён меоранд, мувофиқа ва имзо шуданд».

Дар Созишнома таъкид мешавад, ки Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ мувофақа ҳосил карданд, ки дар амри иҷрои тамоми тавофуқоти ҳосилшуда ҳамроҳ заҳмат мекашанд, «барои инкишофи демократии ҷомеа», «гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани иқтисоди кишвар» шароит фароҳам месозанд.

«Дар охир ин ду роҳбари тарафҳо тааҳҳуд супориданд, ки тибқи моддаи 102 Оинномаи СММ Созишномаи умумиро дар Котиботи СММ ба қайд бигиранд ва дар зери Созишнома Эмомалӣ Раҳмонов, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Герд Дитрих Меррем намояндаи хоси Дабири кулли СММ имзо гузоштаанд ва таърихи рӯз: 27 июни соли 1997 ва макони имзои он-ш.Маскав сабт шудааст.»

Дар бастаи асноди ирсол кардаи намояндаи доимии Русия ба Маҷмаи умумии Шӯрои амнияти СММ «Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик С.А.Нурӣ,ки дар шоҳидии намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ Г. Д. Меррем, вазири корҳои хориҷии Федератсиони Русия Е.М.Примаков ва вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон А.А.Вилоятӣ ба имзо расонидаанд, ҳамроҳ карда шудааст».

Як санади дигар дар ин баста «Изҳороти Маскав» ном дорад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик С.А.Нурӣ қабул шуда аз қатъи ҷанг ва оғози давраи осоишта ва дар ин амр мусоидат ва кумаки СММ, САҲА, Созмони конфаронси исломӣ, кишварҳои нозири музокирот тақдир карда шудааст. Дар зери ин изҳорот ҳам якҷо бо имзои роҳбари ҳарду тараф имзои намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ҳам гузошта шудааст ва ниҳоят дар шумори ин аснод Санади ҳамдигарбахшӣ бо имзои Раҳмонов ва устод Нурӣ замима шудааст.

Хулласи калом. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ин эълону таъйиди хатми ҷанг, оштии тарафҳо ва таъмини амнияту барқарорсозии баъдиҷангии кишвар аст.

Аммо, оё ин санад, ҳамин тавр осону роҳат ва бидуни баҳсу баррасӣ қабул шудааст? Барои онки манзара рушантар пеши назар оварда шавад аз «Сулҳнома»-китоби Иброҳим Усмонов, аз шоҳидони ин маросим як иқтибос меоварам:

«Ҳайати ҳукумат ба гуфтушунид 23 июн ба раҳбарии Талбак Назаров омад ва рӯзи 26 июн президент ба Маскав расид. То ин вақт ҳайатҳои музокирот борҳо бо ҳам вохурда тарҳи Созишномаи умумиро омода намуданд. Ҳуҷҷат ба имзо тайёр буд. Аммо рӯзи 25июн дар суҳбати байни Меррем ва Нурӣ роҳбари оппозитсия ду шарт гузошт, яке дар мавриди тақсими вазифаҳо ва дигаре дар бораи Кофарниҳон ва таъкид кард, ки то ҳал шудани ин масъалаҳо тарафи оппозитсия ба имзои Созишнома ҳозир нестанд. Албатта вазъияти ногувори намояндагони СММ-ро дарк кардан лозим буд: барои иштирок дар маросими имзои Созишнома, муовини муншии умумии СММ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои кафил омадаанд ва оппозитсия рӯзе пеш аз расми хотимавӣ чунин шарт мегузорад.

Президент Э.Ш.Раҳмонов низ аз лаҳзаи омаданаш ба Москав ба ин мавзуъ мувоҷеҳ  ва машғул шуд. Рӯзи 27 июн мувофиқи тақозои мухолифин соати 10, ду соат қабл аз маросими таъиншудаи имзои Созишномаи умумӣ президент бо С.Нурӣ ва Ҳ.Тураҷонзода во хӯрд. Онҳо дар суханонашон исрор карданд ва Тураҷонзода эълон намуд, ки агар шарт қабул нашавад, ба имзои Созишнома намераванд. Президент, ки дар ҳолати ноҳинҷор монда буд, маҷбур шуд, дар ҳузури Меррем, Примаков ва Вилоятӣ ваъда диҳад, ки ба яке аз вазоратҳои қудратӣ намояндаи мухолифинро вазир таъйин мекунад».

Ва, низ ба як Протоколи иловагӣ, ки тааҳҳуд медод чанде аз размандаҳои оппозитсион, ки дар Кофарниҳон дастгир шуда буданд, озод хоҳанд шуд, Раҳмонов ва устод Нурӣ имзо гузоштанд.

Ҳоло як иқтибоси дигареро барои боз ҳам рушантар шудан аз мусоҳибаи Рамазон Мирзоев, сафири вақти Тоҷикистон дар Русия меоварем:

«Ҷаноби президент ҳам буданд. Он кас аз тарафи мухолиф ва ҳам аз давлатҳои нозир хоҳиши онро мекарданд, ки бояд дар ин ҷо ба як хулосае оем. То ки субҳ дар Кремл бо иштироки Борис Елтсин, раисиҷумҳури Русия, ин қарордод имзо шавад. Чун ба натиҷа расида натавонистем, маслиҳат шуд, ки субҳ соати шашуними бомдод дар дафтари ҷаноби Примаков бояд ҳарду тараф ҷамъ шаванд. Зеро соати имзошавии қарордод дар Кремл таъйин шудааст. Соати шашуним 7-и субҳ дар дафтари Евгениий Максимович Пирмаков-вазири умури хориҷии Русия гуфтшуниди тарафҳо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари ИНОТ ва бо ширкати Примаков ва Борис Пастухов — муовини ӯ шурӯъ шуд. Ин ҷо бояд як нуктаро ишора намоям, ки дар баъзе аз марҳилаҳои гуфтушунид мо низ иштирок карда наметавонистем. Танҳо ҳайати ду тараф ва намояндаи СММ ва кишварҳои нозир ширкат мекарданд. Хуллас гуфтугузору гуфтугузору гуфтугузор, ҳеҷ не, ки мухолифин сар фароранд. Як лаҳзааш ҳеҷ аз хотирам намеравад. Примаков дасти Сайид Абдуллоҳи Нуриро гирифта ба як кунҷ бурда кадом нуктаеро фаҳмонд. Пас аз он дар онҷо нишаста лоиҳаи қарордодро омода карданд, ҳарду тараф ризоият доданд ва соати 10 санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.»

Аммо асли воқеа чи буд?

Шартҳое, ки устоди равоншод Нурӣ пеш мегузоранд, яке вогузории яке аз вазоратхонаҳои қудратӣ ва дуввум раҳоии бидуни қайду шарти размандаҳои Артиши ИНОТ  дар Кофарниҳон, ки мақомоти милиса дастгир карда буданд. Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бисёр ҳам сахт пофишорӣ мекунад, ки то рушан шудани ин ду шарт аслан Созишнома имзо намешавад. Е,Примаков, вазири хориҷӣ, мизбон ва масъули асосии имзои Созишнома то соати ду-се шаб устодон Нурӣ ва Тураҷонзодаро ба гап ғалтонданӣ мешавад. Ҳатто ба устод Тураҷонзода мегуяд, ки «Шуморо Русия кадри ояндадор мешуморад, ояндаи худро насузонед, Шумо дар Русия қарор доред» ва аз ин даст гуфтугузорҳо. Ба устод Нурӣ ҳам «обруи худро, обруи Русияро эҳтиром кунед, ба бозӣ нагиред» гуфта аз ҳар зовия медарояд, албатта ҳам бо таҳдид ва ҳам бо илтимос. Ниҳоят устод Тураҷонзода ба ӯ мегуяд:

«мо фардо дар айни имзои ин санад мегуем, ки бо айби Русия ва шахсан вазири хориҷии он санад ниҳоӣ нашуд, чун масоил ҳал нашуд ва ба ҷаноби Елтсин ҳам мегуем, ки шуморо маълумоти носаҳеҳ додаанд».

Баъд аз ин Примаков меравад ва Раҳмоновро мегуяд, ки илоҷи дигар надорӣ. Ҳам он размандаҳоро раҳо мекунӣ ва ҳам яке аз вазоратҳои қудратиро ба онҳо вогузор мекунӣ! Ва Ҳамин тавр ҳам шуд. Раҳмонов вазорати дифоъро дод ва дар мавриди раҳоии он размандаҳо то инки Созишнома ба имзо бирасад як Протоколи алоҳида имзо кард.

Ба ин тартиб дар маросими имзои Созишномаи умумӣ, Борис Елтсин, Эмомалӣ Раҳмонов, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини Дабири кулли СММ суханронӣ мекунанд.

Шояд яке аз пурсишҳо ин бошад, ки баъди имзои санад ва дастфишориҳо бо Елтсин ҳамчунин ҳама аз ҷумла роҳбарони ИНОТ-домуллоҳо ҳам дар дастҳо қадаҳ доштанд.

Рамазон Мирзоев, сафири Тоҷикистон дар Русия дар ҳамон суҳбаташ дар ин бора чунин мегуяд: «То омадани меҳмонҳо, рости гап, болои миз машрубот гузошта будем. Вақте ҳама ҷамъ шуданд, аз ҷумла оқои Нурӣ ва оқои Тӯраҷонзода аз сари миз нӯшокиҳои спиртиро гирифтем. Мо аз рӯи эҳтирому ҳурмати он тараф ҳама нӯшокиҳои спиртиро аз миз гирифтем ва як мизи тоҷикӣ шуд бо чою бо қаҳваву ҳар гуна нӯшобаҳо. Аммо барои бародарони рус ва дигарҳое, ки майл доштанд, хонаи алоҳида дуруст карда будем. Хуллас, коре кардем, ки шароит барои ҳама мувофиқ бошад ва ягон кас ягон мушкилот ҳис накунад».

Аммо, на танҳо дар ин ҳолат, дар тамоми давраҳои музокироту машварату мулоқотҳо дар Маскав кишвари мизбон  барои  ҳайати ҷониби оппозитсион-шароити зисту ғизо барои мусалмонҳоро фароҳам мекард ва сатҳи истиқболу гусели онҳо низ баробар бо роҳбарони давлатҳо буд.

Хабарнигори тоҷик, Соҷидаи Мирзо, ки барои бахши тоҷики радиои «Озодӣ» кор мекард ва дар маросими имзои Созишнома ҳузур дошт баъдҳо дар як суҳбаташ бо ин  расона аз он давра чунин ёдоварӣ мекунад:

«Фазо хеле ҳаяҷонӣ буд. Ҳама якдигарро табрик мекард ва чашмонашон пуроб буд. Ҳама шукр мегуфт ва ман фикр мекардам, ҳамин ҳоло мардум аз ин ҷо баромада ба ватан мерванад ва ватани наве месозанд. Ин баъд шуд, ки ба Душанбе баргаштем ва дидем, чӣ қадар ҷангу нооромӣ дар пеш будааст ва чӣ қадар нафарони оппозитсия кушта шуданд. Аммо он лаҳза ҳама ҳаяҷонӣ ва хушбахт буданд».

Рамазон Мирзоев сафири вақти Тоҷикистон дар Маскав ҳам мегуяд, ки баъди имзои Созишнома оши оштии аввалин дар сафорат баргузор шуд. «Ҳарду тараф соатҳои 12 дар бинои сафорат ҳозир шуданд. Мисле, ки ҳама ба хонаи худаш омад. Рӯҳия ва чеҳраҳои ҳарду тараф тамоман дигар шуда буд. Зеро ҳарду тараф ба мақсади худ, ба мақсади деринаи миллати худ расида буданд.»

Иброҳим Усмонов менависад, ки баъди се рӯзи имзои Созишномаи сулҳ Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 30 июни соли 1997ҷиҳати «шукргузорӣ» ба зиёрати хонаи худо меравад.

Ва нахустин ҷаласаи Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон ниҳоди муштараки ҳукумат ва оппозитсион таҳти раёсати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-меъмори асосии сулҳ рӯзи7июл баъди даҳ рузи имзои Созишнома дар Маскав баргузор мешавад.

Бале хонандаи гиромӣ ин ҳама ҳолатҳои аҷиби таърихи «имзои ин созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» буд. Ҳама талошҳо барои расидан ба сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, ки ин ҳамаро як шахс ба номи худ ва ба нафъи оилаи худ сабт карда ва тарафи дигарро комилан ҳеҷ кора ва террористу экстримист мехонад. Аммо бо итминони комил мегуям бо ин шево дур нахоҳад рафт. Чуноне ин шабу рӯзҳо мизбони хоҷаи калонаш дар Душанбе ҳаст. Бо итминони комил мегуям: «туро дигар ҳеҷ касе аз ин вартаи сангин наҷот дода наметавонад»  Ҳатман Раҳмонов бо ин тарфанду ғирому ҳелаву хиёнати кардааш ҷавоб хоҳад гуфт. Фардо барои шахси мунтазири он хело наздик аст. Ҳама интизори он рӯзи бузурганд. Номи ӯ дар торихи ин миллат бо хати калон «ХОИН»  сабт хоҳад шуд.

Умедворем аз ин матолиби мо баҳра бардоштеду он рӯзгоронро ба ёдатон овардем ва барои насли ҷавони,то 35 сола хело аз пӯшидаҳоро ошкор намудем.

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон

(бахши ҳафтум)

Хиёнати Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳу оштии тоҷикон билофосила, баъди бозгашти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик аз хориҷа ба ватан оғоз шуд. Сари ҳар қадам аз қавлу аҳди додааш сарпечӣ мекард. Ҳама чизро ба номи худаш сабт мекарду тарафи дигари сулҳро ба тадриҷ камрангу заъиф ҷилва медод. Соли 1999 худро «Қаҳрамони Тоҷикистон» эълон кард ва Маҷлиси Олӣ дар қарори эътои ин унвон гуфт, ки Раҳмонов барои овардани сулҳу ваҳдат сазовор дониста шуд, аммо тарафи дигари сулҳро аслан ёдоварӣ накард. Аммо, аз хиёнатҳои нобахшидании ӯ дар муқобили сулҳу ваҳдат ва дар умум инкишофу рушди давлатдории тоҷикон ин буд, ки вай дар тобистони соли 2003, ҳанӯз, ки аз замони имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чизе  бештар аз панҷ сол гузашта буд, аҳдшиканона Қонуни Асосиро ба манфиати шахсиаш   тағйир дод.

Устоди равоншод Саид Абдуллоҳи  Нурӣ ба унвони як сиёсатмадори руҳонӣ дили пок ва сода дошт ва бовар карда буд, ки Раҳмонов  мард аст ва сари аҳдаш меистад, қавлшиканӣ хиёнат намекунад. Хушбовар буд. Аммо Раҳмонов аз ҳар лаҳзаи имконпазир истифода карда хиёнат ва қавлшиканӣ мекард. Надодани пости вазорати мудофиа, такмил нашудани саҳми 30% ба баҳси дуруғӣ ва сохтагӣ кашонидани иҷозаи фаъолияти ҲНИТ дар Маҷлиси олӣ ҳамагӣ аз он хиёнатҳои вай дар ҳамон давраи сулҳсозӣ дар кишвар буд. Мунтаҳо, Раҳмонов ҷомаи хиёнат ба бар кардаву тавре рафтор мекард, ки дигар ҳама чиз бар вифқи муроди ӯ бояд ҳаллу фасл шавад.

Албатта, ба масъалаи “баҳснок”  табдил додани мавзуи иҷозати фаъолияти ҳизби динӣ ин як бозии худи Раҳмонов барои миннат ниҳодан ва худро сулҳпарвари ягона дар тарафи ҳукумат ҷилва додан буд. Вагарна вакилони Маҷлиси олиро қабл аз онки вазъиятро буҳронӣ насозанд, мефаҳмонд, ки ин банди пешниҳодшуда набояд баҳс бишавад. Дар ҳар сурат ин як амали ҳисобшуда ва амдӣ буд, ки иҷозаи фаъолияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистонро дар Маҷлис ба баҳс бикашонд.

«Шӯрои Амнияти СММ бо нашри як қатънома ин амали Раҳмоновро далели ошкорои банду муфоди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ талаққӣ кард, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ,ҳукумати Амрико ва дигар кишварҳои нозир низ изҳори норизоиятӣ карданд. Сипас Раҳмонов дар 13 ноябри соли 1998 ба Маҷлис омад ва суханронӣ намуд.»

Устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, ки он замон дар Комиссияи оштии миллӣ фаъолият мекард он рӯзҳоро дар суҳбат ба мо чунин ёдоварӣ кард:

“Он вақт Раҳмонов гуфт, ки ман шуморо мефаҳмам, бо шумо ҳамфикрам, ки чаро ҳизби  диниро иҷозат надодед, чун Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва набояд ҳизби динӣ амал кунад. Аммо чун мо дар ҳолат ҷанг будему дар дасти мардум силоҳ ҳаст ва ин масъулиятро ман бар уҳда гирифтам ва розӣ шудам барои ин ва шумо ба ман бовар кунед, ба ман вақт бидиҳед, ин масъаларо ман худам ҳал мекунам. Шумо ба ман бовар карда раъй бидиҳед ва онро қабул намоед.»

Албатта, парлумон қабул кард вале ин суҳбатҳои Раҳмонов аз тариқи баъзе аз дустон ба мо расид ва дар матбуот ҳам қисман чоп шуда буд. Мо, воқиан ҳам инҳоро шунида нигарон шудем, ки Раҳмонов, ки ин гуна суҳбат мекунад, боз чи фикре дошта бошад? Яъне як сол, ду сол иҷозат медиҳаду боз мушкил месозад. Устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода хеле нигарон шуду хост ин масъаларо дар ҷаласаи Комиссияи оштии миллӣ матраҳ кунад. Аммо устоди зиндаёд Нурӣ гуфтанд, ки “Раҳмоновро фаҳмидан мумкин. Вай депутатҳоро бо ҳамин роҳ орому фиреб карда истодааст. Дигар хел намешавад. Баъд кадоме аз ҳозирин ва ё ман будам гуфтем, ки устод нашавад, ки Раҳмонов моро фиреб карда бошаду ба онҳо рост гуфта бошад? Гуфтанд, ки не акнун ин хел имкон надорад. Он гап барои ором кардани депутатҳо аст.

Вале ҳоло мебинем, ки воқеан моро фиреб карда будасту онҷо дар Маҷлис рост гуфта будааст ва шояд ягона сухани рости Раҳмонов тули фаъолияти сиёсиаш ҳам ҳамин бошад”.

Маъсума Турфа, сухангӯи фиристодаи вижаи Дабири Кулли СММ дар масоили сулҳи Тоҷикистон дар як суҳбати матбуотиаш мегуяд, ки Раҳмонов хеле барвақт ба нақз, яъне хиёнат ба сулҳу созиш даст зад:

«Аз фардои рӯзе, ки тавофуқи сулҳ имзо шуд, мутаасифона давлати Тоҷикистон ва оқои Эмомалӣ Раҳмон, ба нақзи бисёре аз мафоди (бандҳои) он шурӯъ карданд. Шурӯъ карданд, аз онки раиси ҷумҳур метавонад, барои муддати тӯлонӣ дар мақомаш бимонад. Инро кам—кам идома доданд ва то ба онҷо расонданд, ки ҳоло раиси ҷумҳур, раиси ҷумҳури мудомулумр, ё дар воқеъ подшоҳ шудааст. Ва ин нақзи бисёре аз бандҳои созишномаи сулҳ аст. Ҳоло бисёре аз мухолифони исломӣ, ки имзокунандаи он тавофуқи аввалияи сулҳ ва ҳамроҳ бо давлат буданд, ҳама ё дар зиндонанд, ё ба кишварҳои дигар фирор кардаанд. Наметавон гуфт, ки ин ҳамон сулҳе ҳаст, ки соли 1997 ба имзо расид».

Тағйири Қонуни Асосии Тоҷикистон дар тобистони соли 2003 дар воқеъ хиёнати ҷиддӣ ба тавофуқоти сулҳ буд. Зеро Қонуни Асосӣ маҳсули баҳси тарафҳои ҷанг ва натиҷаи созиши онҳо дар Комиссиюни Оштии Миллӣ буд, ки дар соли 1999 бо баргузории як назарпурсии халқӣ қабул гардид. Ҳарду тараф ба хотири таҳкими сулҳу оштӣ розӣ шуданд, ки ду навбати панҷсолии муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ба як нафар ба як ҳафтсола иваз шавад. Ин «як нафар» касе ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмонов набуд. Фақат ба хотири онки Раҳмонов мехоҳад дар сари қудрат ду сол бештар бимонад муҳлати ду панҷослии конститутсиониро ба як ҳафтсола табдил карданд. Хуллас, ин муҳлати муқарраршуда яке аз талабҳои асосии тавофуқоти сулҳ буд. Ва, Раҳмонов мебоист, ки соли 2006 аз қудрат канор мерафт ва дигар даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ намекард, чунки муҳлати қонуниаш дар ин мақом ба охир мерасид. Аммо Раҳмонов ин талаботро нақз кард. Ва, шароити ҳузури худро барои боз ду ҳафтсолаи дигари баъд аз соли 2006 фароҳам кард. Чунин тарзи муносибат бо давлат ва миллати тоҷик аз тарафи Раҳмоновро на танҳо аҳзоби мухолиф, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ –тарафҳои сулҳи Тоҷикистон, ҳамчунин дар тарафи худи Раҳмонов ҳам қабул надоштанд. Ҳатто ҳамон ду сол изофа кардан барои муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999 аз тарафи Комиссиюни Оштии Миллиро Маҳмадсаид Убайдуллоев ки худро ба ҷои Раҳмонов омода мекард, қабул накарда буд.

Абдумаҷид Достиев, ноиби раиси Комиссиюни Оштии Миллӣ мегуяд, мо бо тарафи мухолифин аз ҷумла Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Отахон Латифӣ ва Абдунабӣ Сатторзода розӣ шудем, ки ба ҷои «ду панҷсола» як «ҳафтсола» аммо барои як навбат дар матни Қонуни асосӣ дохил карда шавад.

«Аммо Убайдуллоев гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ ба ӯ дастур додааст, ки ба шумо расонам ба он моддаи Қонуни асосӣ ислоҳот ворид накунанд ва бигзор ҳамон «ду панҷсолӣ» бимонад. Ва, дар соли 2003, дар арафаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни Асосӣ раиси шаҳри Душанбе ба назди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омада ӯро таҳрик медиҳад, ки ба ин амали ноҷавонмардона ва хоинонаи Раҳмонов, ки зидди талабот ва табиати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аст садо баланд кунад ва ӯ омода аст аз ҳар лиҳоз барои пешгирӣ аз ин аҳдшикании Раҳмонов ба мухолифин кумак кунад. Убайдуллоев мегуяд, ки Раҳмонов бо ӯ даст дода буд, ки баъди анҷоми муҳлаташ дигар курсиро барои ӯ холӣ мекунад, аммо вай номардӣ карда истодааст ва мо набояд ба ин кор роҳ диҳем.»

Устоди равоншод Убайдуллоевро ба хештандорӣ даъват ва насиҳат мекунад, ки набояд байни ду роҳбари аввали ҷумҳурӣ нифоқ бархезад, ки оқибатҳои ногувор дар пай дорад ва ба хотири таҳкими сулҳ даст ба чораҳои ҷиддӣ, масалан тазоҳуроти гирдиҳамоӣ намезанад. Аммо устоди равоншод ҳамчун роҳбари сиёсӣ дар муқбили ин амалкарди Раҳмонов истодагарӣ мекарданд. Ин оғози эпохаи ҷадид барои Раҳмонов ва оғози гузоштани асос ва таҳдоби подшоҳии ӯ ва оилааш буд,ки то имрӯз миллат аз он ранҷ мебарад. Гоҳо як иштибоҳи мардони сиёсӣ фоҷеаҳои бузурге барои насли оянда метавонад шавад. Мухолифини имрӯзӣ аз ин иштибоҳот бояд дарси ибрат бигиранду барои насли оянда худро мубарро созанд.

Аммо Раҳмонов таҳаммул ва пойбанд ба сулҳу оштӣ будани неруҳои оппозитсион, аз ҷумла Ҳизби наҳзатро ба гунаи дигар қабул карда беш аз пеш муртакиби хиёнатҳои сангинтар мешуд. Агарчи дар интихоботҳои парлумонӣ раъйи ба даст овардаи ҲНИТ ба маротиб бештар буд, ӯ ҳамоно бо ду ҷой дар парлумон хулоса мекард. Афзун бар ин намояндаҳои 30%-и Иттиҳоди неруҳои оппозитсионро аз масъулиятҳо барканор ва бархе аз онҳоро аз қабили Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Сайидов ба зиндон кашид ва афроде мисли Мирзо Зиёевро ба қатл расонд. Ин яке дигар аз хиёнатҳои нобахшидании Раҳмонов аст ки ба рағми тавофуқоти сулҳ дар солҳои баъдӣ болои Ғарм ва Бадахшони куҳӣ борҳо лашкар кашид ва садҳо куштаву маҷруҳ бар ҷой гузошт. Раҳмонов болои тарафи муқобил ва манотиқи таҳти нуфузи онҳо амдан фишор меовард, чун дигар онҳо ҳеҷ васила ва аҳруме, ки болои Раҳмонов фишор оваранд дар даст надоштанд. Дигар танҳо гилоя мекарданду халос.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз роҳбарони тарафи дигар сулҳ гуфта буд, ки дигар забонам ба табрики сулҳ намегардад, зеро шароит ба гӯнае иваз шудааст, ки аз сулҳу сулҳсозӣ нишоне боқӣ намондааст:

«Маънои сулҳ агар қатъи ҷанги гарм бошад, бале, ин ҷанг қатъ шуд. Аммо ваҳдати миллӣ ба вуҷуд наомадааст, таҳаммулпазирӣ ба вуҷуд наомадааст, эҳтироми якдигари тарафҳо вуҷуднадорад, баръакс ҳатто назар ба замонҳои пештар ба озодиҳои сиёсӣ ва динии мардум фишорҳо зиёдтар шуд. Тақаллубкориҳо дар интихобот зиёд шуд. Яъне он чӣ мо аз мусолиҳа интизор доштем, ки як кишвари демократӣ ва як ҷомеаи мардумсолор бисозем, амалӣ нашуд.»

Яке дигар аз хиёнатҳои дигари бисёр ҳам нобахшидании Раҳмонов ин буд, ки бар муқобили дини мардум ва масҷиду домуллоҳо ва муҳассилини тоҷик дар кишварҳои исломӣ муборизаи шадидро сар кард. Шуморе  аз донишмандону уламои диниро аз байн бурд ва бо ҳар роҳу василае саъй кард, ки ин қишри ҷомеа аз манзала ва эътиборе, ки дошт поийн шавад. Вай талош кард, то уламои динро бад ҷилва диҳад,то дину диндориро бикоҳонад ва худро фаротар ва болотар аз ҳама нишон диҳад. Қарори баргардонидани донишҷӯёни улуми исломиро аз хориҷ ба кишвар содир карда ва волидони онҳоро маҷбур кард, ки фарзандонашонро бозгардонанд, бо ин баҳона, ки таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор нагиранд. Бархе аз таҳсилдидаҳо баргаштанд вале бештари онҳоро ба иҷбор оварданд.

«Вай дар соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлил аз 1310 солагии ӯро эълон кард. Аммо айнан дар ҳамон шабурӯз  70 нафар аз пайравони ҷамоати “Таблиғ”-ро боздошт ва ҳабс кард. Хуб ёд дорам дар он шабу рӯзҳо падарам дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ ин боздоштҳо ва ба маҳкама кашидани ин ҷавононро маҳкум карда буданд. Дар маросими баргузории рӯзи ҷашни Имоми Аъзам ҳеҷ як аз уламои исломӣ ба мисли Эшони Нуриддинҷон, воизи машҳур Ҳоҷӣ Мирзоро даъват накард. Баракс Ҳоҷӣ Мирзоро аз минбари масҷид дар шаҳри Кулоб ва эшони Нуриддинҷонро пас аз он аз масҷиди Муҳаммадияи Ваҳдат барканор кард. Онҳоро нагузошт,ки дар минбари имомхатибӣ фаъолият кунанд.»

Беш аз ин масҷиди Муҳаммадияро аз ҳуқуқи баргузори намози ҷумъа маҳрум карда ва тавассути Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон ӯро ба додгоҳ кашид. Бар тибқи маълумотҳои мувассақ аллома Раҳматуллоҳи регариро  дар бемористон бо тазриқи заҳр ба ҳалокат расонд то аз нуфузу эътибори уламо дар минтақаи водии Ҳисор бикоҳонад. Ин ҳама хиёнату душманӣ ба он хотир буд, ки аз нуфузи уламои динӣ, ки бо ҲНИТ ҳаводорӣ мекарданд, бикоҳонад ва зарба ба наҳзати исломӣ бизанад.

«Аммо хиёнати нангин ва ниҳоят бузурги Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон ин буд, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва тарафи воқеии сулҳ тағйири мавқеъ карда ва ҳатто саҳму нақши роҳабри ин ҳизб ва худи ин ҳизбро мункир шуд. Нафаре, ки мегуфт барои сулҳ кардан омода аст бо раиси ҲНИТдар кадом гӯшаи дунё бошад мулоқот кунад, акнун мегуяд, ки бо ҲНИТ сулҳ накардааст. Вай дар соли 2014-2015 алайҳи ҳизби наҳзат зарфият ва қудрати давлатро ба кор бурд. Созмонҳои аввалияро ба бастан шуруъ кард. Масъулин ва аъзои Наҳзат дар ноҳияро маҷбур мекард, ки аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро нависанд ва дар наворҳо ҳатто ба шакли инфиродӣ ва дасатаҷамъона эълон кунанд. Сипас чопхона, нашарот ва ниҳоят дари қароргоҳи марказии ҳизб дар пойтахтро муҳру мум кард. Вазорати адлия ба ҳизб ҳушдор дод,ки довталабона худро «бибандад».

Бояд мутазаккир бишавем, ки тарҳи комилан берун кардани ҲНИТ аз майдони сиёсиро чанд соли пештар кашида буданд. Ин нақша дар шакли Протоколи 32/20 дар соли 2011омода шуда ва бар хилофи чашмдошти Раҳмонов моҳи ноябри соли 2011 дар сайти “Звезда.ру”-и Русия нашр шуд, ки роҳҳои бемаҷол ва оқибат бастани ҲНИТ-ро пешбинӣ ва таъйин мекард. Бар пояи қарори ин ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки зери раёсати Эмомалӣ Раҳмонов доир шуда буд ҲНИТ дигар ба “ихтиёр”-и мақомоти қудратӣ супорида шуд, то бо ҳар роҳу василаи мумкин ва ҳатто номумкин онро аз саҳна канор зананд. Ҳатто дар ин Протокол ба масъулони навоҳӣ ва ҷамоатҳо дастур дода шуд, ки аъзои ҲНИТ-ро аз лиҳози моддӣ, масалан бар ивази додани замини наздиҳавлигӣ ҳавасманд кунанд ,то аз узвият хориҷ шаванд. Гап сари он меравад, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз як маъракаороии ғайримунтазирае аз худ нишон дод, ки натиҷааш Раҳмоновро ба шиддат тарсонд. Раҳмонов, ки худро бо тамоми васила таблиғу ташвиқ мекард, ҳатто сохтмони неругоҳи барқи обии Роғунро ба як шиори асосии Ҳизби халқӣ-демократӣ табдил карда ва дар шаҳру навоҳии кишвар барои дастгирии мавқеи худаш ва ҳизбаш раҳпаймоиҳо ташкил кард, аз натиҷаи интихобот, ки беш аз 60%-ро дар асл ҲНИТ гирифт, сахт нороҳат шуд ва он замон буд, ки дигар қасами нобудсозии ҳизбро хурд. Протоколи32/20 дар асл иқдоми ҷавобии Раҳмонов ба интихоботи парлумонии соли 2010 ва ба унвони як раҳбари ояндаи кишвар зуҳур кардани устод Муҳиддин Кабирӣ буд. Раҳмонов, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қад боло кардани рақиберо дар муқобили худаш таҳаммул надошт.Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Бо як иттиҳому туҳмати гушношуниди ширкат дар ба ном «ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим» ҳизбро мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Иллат ва сабаби асосии чунин тағйири мавзеъ кардани Раҳмонов маълум буд. Зеро ҳузури ҲНИТ ба шиддат боло мерафт ва Раҳмонов дар симои он рақиби гуркови худро медид. Вай, ки дар сар фикри аз қудрат рафтанро надошт, барояш ҲНИТ сахт монеа эҷод мекард. Дафъатан бо бастани ҲНИТ ва террористӣ эълон кардани он боз ҳам ба Қонуни Асосӣ ислоҳот ворид кард ва ин бор шароити ба қударт омадани Рустами писарашро низ фароҳам овард ва дар ин миён худро Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои миллат эълон намуд. Моҳи сентябри соли 2015 Наҳзатро баст ва баъди ҳамагӣ як моҳ, дар ноябри ҳамон сол дар Маҷлиси намояндагон тарҳи қонун дар бораи Асосгузорро пеш кашиданд ва дар моҳи декабр он қабул шуд. Яъне гуё ин Раҳмонов буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оштӣ ва ваҳдат овардааст. Худро Асосгузори сулҳу ваҳдат эълон кард ва ин таъбиру рутбаи ҷаъливу дуруғиро боз баҳона карда дар Қонуни асосӣ барои худ шароити мудомулумр боқӣ мондан дар курсиро муҳайё сохт. Дар ҳақиқат ҳам ин кори Раҳмонов бузургтарин ва нангинтарин хиёнати ӯ ба сулҳу ваҳдати тоҷикон буд. Аммо, агарчи Раҳмонов то ба имрӯз талош дорад, ки аз ҲНИТ як созмони террористӣ тасвир кунад, ҳеҷ кишвар ва созмонеро натавонист мутақоид созад.

Аммо барои мисол Роберт Блейк, ёвари собиқи вазири хориҷаи Амрико дар хатми як дидор бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сентябри соли 2010 гуфта буд: «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон як созмон тундгароӣ ва терористӣ набуда, балки аз исломи мусолиматомез дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Вай афзуд, таи солҳои ахир аз ҷониби ин ҳизб ҳеҷ гуна амали тундгароӣ зоҳир нашудааст. Вай гуфт, то ба ҳол ягон муносибати ин ҳизб бо аҳзоби тундгарову террористро мушоҳида накардаем».

Эмомалӣ Раҳмонов барои ҳарҷи бештар коҳиш додани нуфуз ва эътибори неруҳои опозитсион, ки баъди ворид шудан ба кишвар бо як дили гарм ба кор пардохта буданд, баъзе аз шахсиятҳои маъруиф онро кушт. Куштори Отахон Латифӣ, раиси яке аз зеркомисиюнҳои Комисиюни оштии миллии Тоҷикистон бисёр ҳам ноҷавонмардона сурат гирифт. Куштори Латифӣ тавре ошкоро ва дағалона сурат гирифт, ки барои исботи онки ин кори ҳукумати Раҳмонов криминалист будан шарт нест. Ҳамон рӯзи ҳодиса тамоми муҳофизони ӯро аз кор рухсат медиҳанд ва ӯ, ки танҳо аз манзили зисташ берун мешавад ,қотилони дар камин тирборон карданд. Тамоми хавфашон аз шодравон Латифӣ ин буд, ки вай бо Евгений Примаков, ки акнун сарвазири Русия шуда буд, бисёр ҳам рафиқи наздик буд.

«Генерал Ҳабиб Сангинов-муовини аввали вазири дохила,ки аз нисоби 30% ба ин мақом расида буд дар соли 2001 бо ҳамин минвол кушта корро тавре вонамуд карданд, ки ӯ бо кадом гурӯҳҳое даъви пулӣ доштаасту онҳо сипас ӯро ба ҳалокат расонидаанд. Аммо ин як буҳтони дигар буд ва бо ин васила мехост нишон бидиҳад, ки ҳоло дар Тоҷикистон, кӣ роҳбари воқеӣ аст ва ҳеҷ умеде ба оппозитсион накунед, ки сарнавишташон чунин тамом мешавад. Албатта, ин хиёнати бисёр ҳам сахте буд,ки дар нисбати сулҳу осоиши кишвар Раҳмонов анҷом дод.»

Аслиддини Соҳибназар ва Лоиқ Шералӣ, шоири тавонои тоҷик низ баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ даргузаштанд, аммо дар дасти мо мадорике мавҷуд аст ки ин ду нафар аз шахсиятҳои муътабар дар асл кушта шудаанд. Дар фурсати муносиб дар бораи ҳодисаи куштори онҳо муфассалтар хоҳем гуфт.

Раҳмонов пас аз имзои созшномаи сулҳ ва пеш аз он ҳам дар қатлу куштори афроди намоён ва маъруфи кишвар даст зада буд. Барои намуна метавонем садҳо намунаҳо тақдим намоем,ки аз ваҳошният ва ҷиноятҳои боризи Эмомалӣ Раҳмонов ҳикоят мекунанд. Раҳмонов ҳатто афроди ҳақиқатгӯйи ва миллатдӯстро,ки дар хидмати ӯ бударо ҳам раҳм накард. Чун,ки ӯ як ҷинояткоре ба тамоми маъно аст.

Масалан 4 июли соли 1999, дар канори шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҳамлаи муташаккилона аз ҷониби “афроди номаълум” сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҷумъахон Ҳотамии 42-сола ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд. Ҷумъахон Ҳотамӣ шурӯъ аз соли 1993 аз оғози ба қудратрасии Раҳмонов то лаҳзаи ба шаҳодат расиданаш барномаи ҳарҳафтаинаи телевизионии «ВКД хабар медиҳад”-и дафтари матбуоти ВКД-и кишварро дар шабакаи 1 роҳбарӣ ва ровигӣ менамуд. Ба Ҳотамӣ ҳам раҳм накард, чун,ки чандбор ҳушдораш дода буд,ки баъзе аз қатлҳое мо анҷом медиҳем ва ё бо фармони бевоситаи ман сурат мегиранд онҳоро нашр накунад. Аммо Ҷуъахон Ҳотамӣ як шахси ватандӯст буд ва наметавонист аз ҷиноятҳое Раҳмонов ва мақомоти ҷиноятпешааш анҷом медоданд чашм пӯшад. Кутоҳ қазияи қатлашро мегӯем: Тибқи нақшаи кашида ба ВКД хабар медиҳанд,ки дар Зарафшон касеро паронданд.

«Ҷумъахон Ҳотамӣ ронандаашро даъват карда ба ҷои ҳодиса мераванд. Аммо ин камини қотилони Раҳмонов буд ва дар ҳамонҷо тавассути тапончаи макаров ба баданаш ҳафт тир мезананду дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Қабл аз ин ҳодисаи куштор нахуст ба пояш ҳамчун огоҳи ду тир мезананд,то дигар он ҷиноятҳое мекунем нашрашон накун. Аммо боз ҳам аз гуфтани ҳақиқат боз наистоду гуфт ва ниҳоят ба қатл расонида шуд. Дар дасти мо комилан ҷузъиёти ин қатл вуҷуд дорад,ки қотилон дар як УАЗи низомӣ буданд ва ҳадаф танҳо ӯ буд ва ба ронандааш ҳатто кордор нашуданд. Агар мо чунин ҷиноятҳои содир намудаи Эмомалӣ Раҳмоновро бозгӯй намоем ҳазорҳо матлаб ва навор мешаванд.»

Як нуктаро барои исботи хиёнату аҳдшиканиҳои Раҳмонов дар мавриди сулҳу оштии тоҷикон мехоҳам инҷо тазаккур намоям. Солҳои аввали имзои Созишнома Раҳмонов ҷаласаҳои сулҳро бо намояндаҳои тарафи дигар масалан бо ҳузури устоди фақид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ доир мекард. Аммо баъдтар онҳоро дар толор ҷой дод на дар минбар. Вале баъдҳо ҷаласаҳои тантанавии бахшида ба Рузи ваҳдатро бе даъвати онҳо доир мекард. Ва,ниҳоят мункири ҳама нақшу саҳми тарафи дигар шуд. Ин дар ҳолест, ки нақши оппозитсион ва муҳраи асосии он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар барқарории сулҳу оштӣ дар кишвар наметавон инкор кард, ҳатто агар беш аз ин низ Раҳмонов хиёнат кунад ҳам.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар ду соли пеш дар як мусоҳибааш дар робита ба вазъи Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия дар он солҳо оппозитсия ва ҳукуматро оштӣ дода буд: «дар Осиёи Миёна, масалан, соли 1996 (манзур имзои созишномаи сулҳи тоҷикон) пас аз чанд соли музокирот бо ширкати фаъоли Русия ва Эрон имкон даст дод, ки вазъият дар Тоҷикистон миёни ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ танзим шавад. Намояндагони ин ҳизби мухолиф ба ниҳодҳои давлатӣ, ҳукумат ва порлумон ҷалб шуданд. Ҳоло бошад боз аз нав ташаннуҷ пайдо шуд. Мо ҳамаи корҳоро анҷом медиҳем, ки онро коҳиш диҳем ва бартараф созем. Умед дорам, ин ба мо даст медиҳад».

Ин бад-он маъност, ки новобаста аз хиёнатҳои Раҳмонов дар қиболи сулҳу оштӣ ин Ҳизби Наҳзати Исломӣ-тарафи асосии сулҳи тоҷикон аст ки сулҳи фарогир дар кишварро ба армуғон хоҳад овард.

Поёни бахши ҳафтуми ин силсиламатолиби вижа ба хашида ба “Имзои созишномаи сулҳ ва  истиқрори миллӣ дар Тоҷикистон” буд. Бахши ҳаштуми ин силсиламатолиби мо “Кӣ ва чаро сулҳро хароб кард?” мебошад. Бо “Ислоҳ” бошед, то аз он ҳам огоҳӣ ёбед!

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев,Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Нақши Комиссиюни оштии миллӣ дар сулҳ

(бахши шашум)

Ҷаласаи нахустини Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон баъд аз зуҳри7-июли соли 1997дар Президент-оттели Маскав бо сухани муқаддимавии Гердт Дитрих Меррем, намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ ва Евгенний Примаков, вазири хориҷии Русия баргузор шуд. Ин ду нафар аз дастандаркорони сулҳи тоҷикон барои ин муассиса барори кор хоста ва баъд устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси КОМ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, ноиби аввали раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон кори ҷаласаро идома доданд.

Комиссиюни Оштии Миллӣ ниҳоди муштараки Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон ба манзури иҷрои қарордод ва муоҳадаҳои ҳосилшудаи раванди музокироти тарафҳо ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таъсис ёфта буд. Дуруст аст, ки ин ниҳод кадом мақоми давлатӣ надошт, вале ба души вай ҳам масъулияти шохаи қонунгузорӣ, ҳам масъулияти иҷро ва ҳам масъулияти назорату санҷиш вогузор шуда буд. Яъне вай аз ваколат ва салоҳияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ бархурдор буд.

Иброҳим Усмонов, раҳбари зеркомиссияи сиёсӣ, яке аз чаҳор зеркомиссияи Комиссияи Оштии Миллӣ дар китобаш «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар мавриди мақому ҷойгоҳи ин комиссиюн мегуяд:

«Солҳои 1997-2000 дар таърихи Тоҷикистон давраи муҳиме ба ҳисоб мераванд. Махсусияти ин замон аз он иборат аст ки гарчи ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми идораҳояш ва ба таври қонунӣ ва эътирофшуда амал мекард, аммо раванди давлатдорӣ ва ислоҳоти давлатдорӣ ба суи демократикунонии ҷомеа ба қувваи дигаре низ вобаста буд ва чунин қувва Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳисоб мерафт….КОМ мақоми ғайриҳукуматие буд, ки дар он намояндагони ҳукумат ва мухолифин дар якҷоягӣ кор мекарданд ва дар татбиқи Протоколҳои дар раванди музокирот ба имзорасида қарори вай баъд аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфтанашон барои тамоми мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аз ин ҷиҳат чунин мақом дар таърихи давлатдории дунё тимсол надорад».

Қабули тарҳи қонун дар бораи афви иштирокдорони муқовиматҳои дохилӣ ва таҳияи Санади ҳамдигарбахшӣ аввалин кори амалии Комиссияи Оштии Миллӣ буд, ки шаҳодат медод ин ниҳод барои эътимодсозӣ ва мустаҳакамсозии бовари тарафҳо ба ояндаи сулҳу оштӣ ба таври ҷиддӣ ва бо як ҷаҳон умеду дилгармӣ талош мекунад.

Дар зери Санади ҳамдигарбахшӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳам устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ даст монданд. Ва, ин Санад бо имзои ин ду роҳбари тарафҳои сулҳ ҳукми иҷроро гирифт. Дар ин Санад аз ҷумла таъкид шуд,ки:

«Мо(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Оштии Миллӣ) ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, афв мекунем.»

Ва, дар як банди дигари ин Санад  ин ду нафар ҳам савганди садоқати худро ба сулҳ ва ҳам аҳду вафодории худро ба идомаи ин раванд чунин иброз медоранд:

«Ғазаби худо ва лаънати халқ ба ононе бод ,ки аз паси қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд».

Аммо, раванди ҳодисаҳо нишон дод, ки ҳам қасдгирӣ шуд ва ҳам таъқибу озор ва ҳам, мутаассифона аҳдшиканӣ.

Аҳдшиканӣ ва фишору таъқибу озор аз замони фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ дар ватан аз ҷониби Раҳмонов ва мақомоти вай шурӯъ шуд. КОМ дар дохил ба ҳадде бо мушкил ва душвориҳо рубару сохта шуд, ки худобиёмурз, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на як бору ду бор ба Раҳмонов муроҷиат ва номаҳо ирсол дошт, ки сари ақл ояд ва бар аҳду паймони бастааш амал кунад. Кор тавре ҷараён мегирифт, ки оппозитсиюн дигар худро бо пойи худ ба дом ва он ҳам доме пур аз тазвиру риё афканда ва роҳи берун равиашро  аз даст дода буд. Чаро, ки Раҳмонов дигар он Раҳмонови Хусдеҳ ва он Раҳмонови афтодаву дар ҳоли сарнагунӣ набуд, вай дигар тавониста буд,  ки душмани мусаллаҳ ва муқтадирашро халъи силоҳ ва дар шароити дастнигарӣ оварда буд. Муаллифи китоби «Сулҳнома»,Иброҳими Усмон, ки шоҳиди ин вазъу ҳол буд аз қавли устоди шаҳид менависад:

«Корҳо пеш намераванд ва ман низ мисли М.Ҳимматзода аз ин дилмурда шудаам. Аммо зоҳир намекунам, то ба дигарҳо таъсир нарасонад. Ман президентро намефаҳмам. Аз суҳбати мо мегурезад. Наход суҳбати мо дар сарнавишти Тоҷикистон аз сӯҳбат бо раиси Бонки ҷаҳонӣ камтар бошад. Агар ин дафъа сулҳ вайрон шавад, дигар тамоми Тоҷикистон-Душанбе низ вайрон мешавад. Мо дар ҳолате ба сулҳ розӣ шудем, ки пирӯзӣ доштем, ба Ховалинг ҳуҷум мекардем. Ин сабақ аз Афғонистон буд.»

Ҳамчунон, шояд донед, ки Эмомалӣ Шарифович ҳануз 10 декабри соли 1996 дар Афғонистон розӣ буданд, ки яке аз вазифаҳои қудратиро ба мо диҳад. Гуфтам Протокол кунем, бигзор махфӣ бошад. Гуфт, лафз ҳалол аст, ду шоҳиди муътабар дорем-ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Бовараш кардам. Сипас, 27-июни соли 1997 дар Маскав боз инро таъкид намуд. Акнун имрӯз далел меорад, ки Суҳробу Ғаффорҳо мегуянд, ки мо туро ба сари вазифа нишондему чаро ба мо не, ба оппозитсия вазифа медиҳӣ ,пас ба мо низ бидеҳ. Ман ба ҷаноби президент фаҳмонидам, ки агар онҳо зур мешуданд, қувваи мо-оппозитсия ҳоло шикастхурда мебуд ва зарурати суҳбати эшон ба мо боқӣ намемонд.

Бале, Эмомалӣ Раҳмонов ҳамзамон бо ворид кардани раҳбарияти ИНОТ ба Душанбе бо онҳо тавре рафтор ва муносибат мекард, ки гӯиё онҳо дигар касе нестанд. Ба тамоми талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки худаш розӣ шуда ва имзо гузошта буд, як навъ бознигарӣ мекард ва аз ҳисса ва саҳми мухолифин коҳиш медод. Воқеият ин тавр шуд, ки неруи баранда ва ғолиб дар замони ҷанг ба ҷойи тарафи мағлуб қарор гирифт ва баракс акнун Раҳмонов амалан болои Комиссияи Оштии Миллӣ дикта ва ҳукм мекард.

«Агар устод Нурӣ мегуфту эътироз мекард, ки КОМ-ро ба унвони як ниҳоди Дастгоҳи иҷроия Президент табдил додаед ва пайомади ин ҳама шикастанҳои аҳду паймони Созишнома бар души Шумо хоҳад буд, Раҳмонов ҷавоб медод, ки вай таҳти шантаж ва ултиматум ҳеҷ гоҳ тасмим намегирад.»

На танҳо вазорати дифоъ, ки тибқи аҳду қавл ва асноди тавофуқшуда ба тарафи оппозитсион дода нашуд, балки квотаи 30% танҳо дар сатҳи мақомоти марказӣ ҳал гардид. Дар сатҳи вилоят ва навоҳӣ ҳатто 40% ҳам ба иҷро нарасид.

Дар мавриди масоили сиёсӣ, аз ҷумла иҷозаи фаъолияти аҳзоби сиёсии мухолифин ва расонаҳои мустақил ҳам Раҳмонов дигар ба найрангу талбис даст зад. КОМ қонуни аҳзобро омода ва ҷиҳати тасвиб ба ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард. Аммо ғайримунтазира, аммо маълум, ки бо «маслиҳат»-и худи Раҳмонов Маҷлиси олӣ қонунро тавре қабул кард, ки бар тибқи он аҳзоби динӣ ҳақи фаъолият дар Тоҷикистон, ки давлати дунявист надоранд. Ин гуна мавзеъгирӣ дар ҳақиқат тамоми раванди сулҳсозӣ ва фаъолияти Комиссияи Оштии Миллиро таҳти суол қарор дод ва табъан, ки устоди шаҳид бо як изҳороти шадидуллаҳн амалкарди ҳукуматро ба боди интиқод кашида ва ба СММ ва кишварҳои Гурӯҳи тамос, кафили сулҳ ҳушдор дод, ки минбаъд намешавад аз сулҳ дар Тоҷикистон суҳбат кард.  Билофосила СММ,Иттиҳоди Аврупо,департаменти давлатии Амрико ва кишварҳои Гурӯҳи тамос ин амали Раҳмоновро маҳкум карданд ва вай ногузир шуд ,ки туфи кардаашро пас хурад. Раҳмонов воқиан шахсест дар фитна ва шайтанат тар карда бардоштагист. Метавон ӯро хоини моҳир, дурӯғгӯйи моҳир ва ҳелагари бе ҳамто ҳам номид. Дар шикастани аҳду паймон бошад аслан ҳамто ва назире надорад.

«Албатта, аз ин гуна корҳои зишт дар раванди фаъолияти КОМ Раҳмонов ва мақомоти вай хеле зиёд карданд. Раҳмонов,барои онки обруи рехтаи худ дар он солҳоро барқарор кунад бо ҳар васила болои КОМ фишор меовард, талош мекард, ки нақш ва мақоми роҳабри онро бикоҳонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки садҳо, балки ҳазорҳо нафар аз сокинони кишвар барои арзу шикоят ва додхоҳӣ назди раиси Комисиюни Оштии Миллӣ меомаданд ва обруву манзалати фазояндаи устод рашку ҳасодати ӯро меовард.»

Яке дигар аз масъалаи муҳим ва калидӣ дар кори КОМ муайян кардани мақоми Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд, ки Раҳмонов бо ҳар васила талош мекард, ки ин масъаларо кашол диҳад ва ё умуман ӯ аз хориҷа боз гардонида нашавад. Фармондеҳони ИНОТдар гирду атрофи Душанбе, Кофарниҳон, (Ваҳдат) дараи Ромит ноҳия Ленин (Рудакӣ) ва Норак  ба ҳамоиш бо ҳукумат розӣ нашуданд.

Мансур Ҷалилов, аз афроди наздики устод Тураҷонзода дар Комиссияи Оштии Миллӣ мегуяд, ки агар шумо барои размандаҳои оппозитсион казармаҳое бисозед, ки беҳтар аз меҳмонхонаи панҷситора бошад, вале қозидомулло бозгардонида нашавад, ҳеҷ гуна ҳамоиш бо мақомоти қудратӣ сурат намегирад. Раҳмонов ҳатто дар яке аз ҷаласаҳо бо мақомоти қудратӣ ва аъзои КОМ ҳамчунин томотеро эълон мекунад, ки гуё Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бо Ёқуб Салим (он вақт аллакай гуреза шуда буд) ҷабҳаи дигар сохтанианд ва воҳима мекунад, ки то Тураҷонзода ба ватан наояд фармони таъйиноти ӯро имзо намекунад. Аммо ҳамагони шоҳидем, ки устоди шаҳид ба як номае ба унвони Раҳмонов масъалаи бозгардонидан ва таъиноти устод Тураҷонзода ба идомаи сулҳ марбут дониста қатъан тақозо кард, ки мақом ва ҷойгоҳи ӯ муайян шавад. Дар ҳар сурат устод Тураҷонзода танҳо баъд аз ду моҳи имзо ва тавассути расонаҳои давлатӣ эълон шудани фармон дар бораи таъиноташ розӣ шуд, ки ба ватан бозгардад.

Вале, новобаста аз ин ҳама монеагузорӣ ва пешподиҳиҳо Комиссияи Оштии Миллӣ масъулият ва маъмурияти бар душаш гузоштаро иҷро мекард. Аммо замони пешбиникарда барои фаъолияти он-18 моҳ, камӣ кард ва азбаски Раҳмонов роҳ ва илоҷи дигар надошт, ногузир шуд замони фаъолияти онро тамдид кунад.

Нақши падари Худобиомурзам дар зеркомиссияи КОМ оид ба муҳоҷирон

Инро низ дар ин бахш мехоҳам изофа намоям, ки падари Худобиомурзам Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода узви зеркомиссияи муҳоҷирони КОМ буданд. Дар баргардонидани хонаҳои ғасбшуда аз тарафи боевикҳои Раҳмонов хоссатан дар Вилояти Хатлон ва шаҳри Қурғонтеппа садҳо хонаҳоро ба соҳибмулконашон баргардонида доданд. Аз ҷумла хонаи худи мо низ бо шартномаи хариду фурӯши ҷаълӣ ва сохтагӣ фурӯхта шуда буд. Шартномаи хариду фурӯшро чунон сохта буданд,ки ҳатто мо аслан гӯйё дар он хона зиндагонӣ накардаем ва соҳибмулк шахсе пеш аз мо соли 1972, ки падарам аз он немис хонаро харида буданд . Сохтакорони боевикҳои “Пешвои миллат” гӯйё аз он шахс харида бошанд. Бо овардани ин мисол гуфтаниям,ки чунин сохтакориҳо дар Вилоят хело зиёд буд,ки падарам бо ҳайате,ки аз ҳама мақомот дар он қарор доштанд чунин хонаҳоро дубора ба соҳибонашон баргардониданд. Ҳар рӯз кори ин зеркомиссия расидагӣ ба чунин моҷароҳо ва ҳолатҳо буд. Раиси ин комиссияи Муҳоҷирон Шукурҷон Зуҳуров буданд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонед аз эшон пурсед. КОМ дар комиссия ва зеркомиссияҳое дошт хело барои дубора барқарор намудани ҳолатҳои пас аз ҷангӣ, хадамоти зиёде анҷом дод,то ин сулҳ то ҷое дар он шабу рӯзҳо таҳаққуқ пайдо кунад. Комиссия муҳоҷирон яке аз сангинтарин бахшҳое буд,ки хело ҳолатҳои баҳсбарангез дида мешуд. Як пирамарде омад ва ман бо падарам будам ва вазъияташро чунин баён намуд . Ман аз Қабодиён ҳастам мо аз Афғонистон баргаштем ва хонаи маро боевикҳои  Командир Бобоҷон гирифтаанд ва шартномаи хариду фурӯшҳам дуруст кардаанд. Ба ман гуфтанд ин хонаро аз мо касе гирифта наметавонад. Падарам гуфт хонаатро ин шо Аллоҳ бозпас мегирем ва аслан ғам нахуред. Шоҳид будам дар ҳол ҳайате ташкил намуда рафтанд ва дар муддати панҷ рӯз хонаро ба соҳибаш пас гардонида доданд. Чун,ки муҳоҷироне бар мегаштанд аз Афғонистон аксарашон бо чунин ҳолатҳо гирифтор шуда буданд.

«Тибқи мувофақаи ҳосилшуда дастаҳои охирини неруҳои низомии ИНОТ  моҳи сентябри соли 1998, яъне баъди як соли фаъолияти КОМ дарДушанбе аз Афғонистон ба ватан баргаштанд. Ва, ҳамин тавр дар декабри ҳамон сол ИНОТ бо як изҳороте эълон кард, ки урдугоҳҳо ва марказҳои омодасозии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буданд пароканда ва баста шуданд.»

Комиссиюни Оштии Миллӣ лоиҳаи қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, Қонуни Асосӣ ва қонуни афвро омода кард. Протоколи низомӣ-яъне иҷрои раванди ҳамоиш ё реинтегратсияи неруҳои худ бо ҳукуматро ба анҷом расонд ва ноқису нопурра ҳам буд аз ҳисоби 30% бархурдор шуд. Фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ ба ҳама камбуду пешравӣ боис шуд, ки Тоҷикистон аз як кишвари дар ҳолати ҷанг ба шароити сулҳ баргардад. Вале, шева ва роҳи пешгирифтаи давлат гувоҳи он буд, ки намешавад гуфт Тоҷикистон ба масири демократия ва мардумсолорӣ қадам мезанад. Баъди интихоботи президентии соли 1999, ки Раҳмонов барои 7 соли баъдӣ зимоми қудратро ҳифз кард, вазорати хориҷии Амрико дар гузориши солонааш дар бораи риояти ҳуқуқи башар дар ин бора чунин навишт: «Тоҷикистон аз ҷониби низоми авторитарие идора мешавад, ки чанд сохтори ба ном демократиро таъсис додааст. Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо тудае аз зодагони минтақаи Кулоб ҳамоно дар ҳукумат бартарӣ доранд. Моҳи ноябр Раҳмонов дубора дар маъракаи интихоботи раиси ҷумҳур, ки бо нуқсонҳои ҷиддӣ сурат гирифта на озод ва на одилона буд, пируз гашт. Ҳукумат ба чанд қумандоне, ки неруҳои худро  қариб ба сифати лашкари шахсии худ истифода мебаранд, такя мекунад».

«Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон, ки 11 сентябри соли 1997 ба кори худ дар Душанбе оғоз карда буд 31марти соли 2000 поён дод. Устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳангоми мунҳал эълон кардани кори КОМ аз зарурати таъсиси як ниҳоде шабеҳи он дар  дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ гушрас кард, аммо дигар Раҳмонов дар фикру андешаи тамоман дигар буд, дар ин фикр буд, ки устод Нурӣ ва тамоми тими ӯ ва ҳизби ӯро чи гуна аз байн бубарад ва интиқомашро амалӣ намояд.»

Поёни бахши шашум, идома дорад бо Ислоҳ бошед, то бештар аз аз ин қазияи муҳимми таърихӣ огоҳ гардед…

Бахши ҳафтуми ин силсила барномаҳо  “Хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон” аст. Ин мақтаъи хело муҳимро тарк накунед!

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев,Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.