Архивы Ҳоҷӣ Ҳалим - ISLOH.net

Кулобро Хоруғ мекунанд,
чаро маҳз дар Кулоб куштор ва таркишҳо ба амал омада истодааст?

Таркиши мошини раиси ҲХДТ дар Кулоб, барканории дастаҷамъонаи масъулини ниҳодҳои қудратӣ дар ин минтақа ва интиқоду иттиҳоми шадиди Раҳмон аз нодида гирифтану пушонидан ва ҳатто мушорикати баъзе аз онҳо дар вуқуи амалҳои террористӣ аз оғози як бозии хунин дар ин шаҳр дарак медиҳад. Ҳамакнун мақомот талош дорад ончики бо мошини раиси ҲХДТ дар Кулоб дар 5 январи сои ҷорӣ рух дод, амали террористӣ ба қалам диҳад. Дар аввал ин ҳодисаро дар доираи моддаи 104-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон (қасди куштор) банду баст карданд. Инро бояд махсус таъкид намоям, ки ифтитоҳи парванда бо ин банди қонун қабл аз барканории масъулони ниҳодҳои қудратӣ дар Кулоб буд. Аммо баъд аз омадани масъулини нав дар ин ниҳодҳо, аз ҷумла дар прокуратураи минтақаи Кулоб ин ҳодиса дар чаҳорчуби моддаҳои дигар, моддаи 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) банду баст шуд ва матбуот ҳам навишт додситонӣ дар робита ба ин қазия бар муқобили 8 нафар парванда боз кардааст ва тафтишоти он бар души Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вогузор шудааст. Аммо чанд рӯзи пеш, қабл аз онки прокурори нави минтақаи Кулоб ба кор бипардозад  эълон шуда буд, ки ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ аз ҳисоби Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва ВКД ташкил шудааст. Ва он вақт расонаҳо, аз ҷумла «Озодӣ»  навишта буд, ки «як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафш ба гумони таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб дар боздошт аст. Мақомот ӯро рӯзи 9-уми январ дар фурудгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия, дастгир кардаанд. Падари ин ҷавон гуфтааст, ки ду рӯз боз фарзандаш дар боздошт аст.»Бароям пурра маълум нест, ки писарамро барои чӣ қапидаанд. Фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки як ҳамсинфаш дар Афғонистон будааст ва ӯро барои ҳамин мепурсанд. Овоза шуда буд, ки ҳамсинфаш барвақт мурдааст, вале намедонам, чӣ гузаштааст,» -гуфт ӯ. Як манбаъ дар ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб рӯзи 10-уми январ гуфт, аз маҳалли ҳодиса «боқимондаи маводи худсохти тарканда» пайдо карданд.

Вале, чуноне гуфтем прокурори нав,Ҳамзаалӣ Музофиров,ки қабл аз таъйиноташ дар мақоми прокурори минтақаи Кулоб дар Прокуратураи генералӣ Раёсати назорати кору фаъолияи Кумитаи давлатии амнияти миллиро раҳбарӣ мекард, ҳамин ки ба кор омад, аллакай 30 январ гуфт, ки ин 8 нафар бар асоси моддаҳои 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) муттаҳам ҳастанд. Додситони нави минтақаи Кӯлоб илова мекунад, ки «онҳо дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд».  Вале вай аз шарҳи бештар худдорӣ мекунад.

Азия плюс ҳам дар ин бора менависад «Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи  прокурори  минтақаи Кӯлоб имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, ду гумонбар дастгир шуданд ва алайҳашон бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид. “Парвандаро прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз карда, сипас онро ба гурӯҳи фаврии амниятӣ дар  минтақаи  Кӯлоб  буда, супориданд. Ҳоло парванда бо муҳри махфӣ дар дасти ин гурӯҳи фаврӣ аст ва баррасӣ шуда истодааст”, — гуфт Музофиров. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст доштаанд».

Маълум аст ки ин парванда ба таври махфӣ ва пушида баррасӣ мешуд. Чунки инҷо кадом амали террористӣ даркор нест ва як бозии дигаре аст ки аз тарафи мақомот тарроҳӣ ва ба иҷро дароварда шудааст.

Савол ҳам ин аст ки прокурор ва он ҳам нафаре, ки фаъолияти муҳимтарин аркони давлат-амниятро таҳти контрол дошт ва боястӣ аз ҳама чиз муталеъ бошад, аз чи дорад ҳарф мезанад? Яъне вай далелу мадрак дорад, ки дар Кулоб на як бору ду бор «корҳои террористӣ» анҷом дода шудааст? Пас, чаро масъулони қаблӣ, масалан прокурори собиқ аз он нагуфт, сукут варзид?  Магар мақомот, ба шумули Прокуратура пинҳон доштанд?

Воқеан дар Кулоб чи хабар аст? Инҷо акти террористӣ анҷом дода шудааст ва ё бозие дар пеш аст ки Кулобро ҳадаф қарор додааст. Чун ҳарфи прокурори тозатаъйини минтақа, ки гуфтем КГБ-ро контрол мекард, «онҳо дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд» аз вуҷуди кадом нақша ва ҳадафе дарак медиҳад. Ин гуфтаро, ки оё огоҳона ё ноогоҳона, хоста ва ё нохоста садо додааст ва он ҳам аз забони нафаре, ки акнун муҷрии калидии таҳқиқи ин нақша хоҳад буд, мешавад тавзеҳ кард? Бале мешавад, аммо як каме поинтар. Вале вай аз ҳамин ҳоло, ҳануз, ки тоза ба мақом расидаву тоза бо маводи парванда ошноӣ пайдо кардааст, чи тавр бо итминони тамом изҳор медорад, ки «дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд». Аз «корҳои террористӣ»-е мегуяд, ки қабл аз ҳодисаи ахири руйдода дар Кулоб бо мошини раиси ҳизби Эмомалӣ Раҳмонов дар Кулоб руй дода будаанд. Пурсиш инҷост,ки он «корҳо» чи «корҳоеанд», чанд ҳодисаи ҳамсон рух дода аст, ҳаҷми хисороти расида аз ин «корҳои террористӣ» чи қадар аст ва муҳимтар аз ин пурсиш ин пурсиш аст ки чаро ҳоло ва акнун ва баъд аз тағйироти кадрӣ, ки бо як дастури мустақим ва бесобиқаи раиси ҷумҳурӣ ва он ҳам дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Шурои амният сурат гириф, дам аз амалҳои террористӣ дар Кулоб ва ноҳияҳои дигари он мезананд? Ва, мояи нигаронӣ ҳам ин аст, ки қабл аз онки мақомот аз «корҳои террористӣ» лаб во кунад, раиси ҷумҳурӣ аз анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ дар Кулоб ва нодидаангории амдӣ ва ҳатто «қуш» будани маъмурину масъулини ин сохторҳо суҳбат мекунад. Дар воқеъ агар дар Кулоб амалҳои террористӣ анҷом дода шуда буд, чаро он замон нагуфтанд? Ва, ҳоло ки эълон карданд, ҳадафашон чӣ аст? Чаро ин бор эълон карданд, пинҳон надоштанд?

Мо, ба ростӣ, таъйид ва ё тардид карда наметавонем, аммо ночорем ва ногузирем ончиро, ки аз ҳамин мақомот дар дасти мо расид бо шумо дар миён бигзорем. Манбаъи мо мегуяд ин «кори террористӣ» бо ҳадафи заминагузорӣ, барангехтан ва шароитсозӣ барои анҷоми як амалиёти дигари хунин, айни амалиёт бар муқобили Салмон Лангариев дар соли 2008 дар Кулоб дар ин шаҳр ба иҷро дароварда шудааст. Бояд коре амсоли ошуби ҳоҷӣ Ҳалим дар Кулоб ташкил бикунанд ва бо ин баҳона мардуми инҷоро ба хун нишонанд. Яъне Кулобро Хоруғи дигар созанд. «Кулоб дар зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ояндаи наздик ба як маҳалли доғ-горячая точка мубаддал шавад. Чунки аз чанд вақт ба ин тараф Кулоб дар харитаи мақомоти амният бо ранги қирмиз ҳак шудааст».

Ин манбаъ гуфт, ки ҳадафи Раҳмонов дар воқеъ як бор «задан»-и Кулоб аст. Ҳануз ду соли қабл  корҳои ваҳшатноке дар Кулоб ва навоҳии давру бари он сурат гирифта буд, ки аз он чанд нафари ангуштшумор бохабар аст. Мақомоти амниятӣ дар ин шаҳр ва навоҳии акнофи он яроқҳоро баҷо карда буданд, яроқҳои вомонда аз давраи ҷанги дохилиро. Мақомот ба ин натиҷа расидаанд, ки дигар бо он услубу методҳои  боздошту дастгиркарданҳои мардум ва бо телефони ҳамроҳ тарс доданҳо, ки бо мухолифин дар иртиботед барои тарс додани онҳо таъсир накарда истодааст. Зеро истибдод болои мардум афзуда истодааст. Мавсими сарбозгирӣ ин бор аз ҳоло, аз моҳи феврал шуруъ шудааст. Мавсиме, ки Раҳмоновро бо мардум дар тарафҳои муқобил ва зид қарор медиҳад. Дар тамоми нуқоти марзӣ, дар худи дохили кишвар ҷавонҳои синни даъват ва волидони онҳо бо мушкил рубаруянд. Ҷавонҳо аз хонаҳо баромада наметавонанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки беш аз 80% ҷамъияти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамон Кулобу навоҳии атрофи он дар бесветӣ нишастааст. Нозирони минтақа-участковийҳо дар деҳот хонабахона даромада телефони мобилӣ мекобанд ва дар аксари маворид худашон ҷои мардум лайк мегузоранд ва поделитса мекунанд ва ҳазорҳо сомонии пули онҳоро бо зурӣ кашида мегиранд. Ин ҳамаро ҳукуматдорон аз ману шумо беҳтар медонанд, ки косаи сабр дар ҳоли лабрез шудан аст. Барои сарнабардоштан бояд боз бизананд ва ин минтақа Кулоб аст, ки бояд зада бишавад, чун норизоият ва эътироз дар инҷо бештар буруз мекунад.

«Ин як дасисаи хунини навбатӣ мисли ошуби сохтаи ҳоҷӣ Ҳалим аст, ки метавонад боз мардуми зиёди Тоҷикистонро саргардону гуреза созад ва дар баъзе ноҳияҳо ба хунрезиҳо оварад. Барои нарафтан аз мансабу омадан ба вазифа алакай ба ҷони халқу миллат «ставка» гузошта истодаанд.

Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шумораи зиёди яроқҳоро пинҳон кардаанд.

Рӯзҳои наздик бояд бо баҳонаи тарконидани мошини раиси ҳизби халқӣ- демократӣ  дар Кулоб ва минтақаи Кулоб як «амалиётча» гузаронида шавад. Гуё гурӯҳи нафарони дастдоштаро дастгир мекунанд. Агар ҳадаф фақат дастгир кардан бошад, гапе нест. Аммо нақша чунин аст, ки мақомот бояд чунон кунанд то ба изати нафси мардуми оддӣ расанд ва  мардумро то ба муқобилият ва задухурд водор созанд. Ба хонаҳо даромада занҳоро дастдарозӣ кунанд, то ки мардҳо ба ғазаб оянду хезанд. Баъдан нафаронеро тайёр кардаанд, ки ҷараёнро видео карда дар интернет партоянду бо лозунгҳои иғвоангез мардуми баъзе минтақаҳоро ба по хезонанд. Ҳатман он яроқҳоеро, ки пинҳонанд, ба мардуми хестагӣ тақсим мекунанд.

Ин корҳо нақшаи як- ду нафар аст ки мехоҳанд бо ин тавтиа ва фитна ба мақсад бирасанд. «Ҳатман Кулоб ва минтақаи Кулобро бояд барои як муддати кутоҳ ноором кард, Бадахшон автоматӣ мехезад. Ҳозир бояд дар Кулоб, Данғара, Восеъ ва боз ду ҷои дигар, ки нафаҳмидем куҷост, ин амалиётро гузаронданиян. Минтақаи Кулобро минтақаи ЧП эълон мекунанду аловро сар медиҳанд».

Манбаъи мо мегуяд аммо дар иҷрои ин амалиёт, ба назар мерасад, ки байни мақомот, ба вижа Прокуратураи генералӣ ва КДАМ суитафоҳум вуҷуд дорад.

Манбаъи мо мегуяд, «замоне,  ки мошини раиси Ҳизби халқӣ- демократиро дар Кулоб кафонданд, амният ҳама маълумотро дар ихтиёр дошт, ки кӣ, кай, аз куҷо  ва дар куҷо? Парвандаро оғоз карда ба Прокуратураи вилоятӣ меоранд. Прокурори онвақтаи вилоят Абдураҳим Раҳимов мегуяд, ки генерал -яъне Юсуф Раҳмон иҷозат надод, ки бо статяҳои  террористӣ онро кушоед. Амниятиҳо дар хашм омада гапашон бо Прокуратура мегурезад. Гап дар инҷо аст ки соли ҷорӣ вақти баргузории  маршировка барои омодагӣ ба ҷашни рузи Истиқлолият байни кормандони Прокуратура ва бачаҳои амният дар чи масъалае   баҳсу даъво мешавад. Прокурорҳо зурӣ мекунанд. Бачаҳои амният мезананд. Гап ба боло мерасад. Аз боло дастур мешавад, ки «гапа кшен». Аммо ин буғз дар дили прокурорҳо мемонад. Маҳз ин ҳодиса сабаб мегардад, ки он шабу рӯз Прокуратураи Генералӣ дар ифтитоҳи парванда бо статяи террористӣ «стоп» мемонад.

Аммо КДАМ тоб медиҳаду мегуяд, ки Прокуратураи Генералӣ дар таркишҳо ва дигар амалҳои террористӣ «қуш» аст. Мақсад минтақаи Кулобро ноором кардану шуришро аз онҷо хезондан кори дасти Юсуф Раҳмон аст.

«СС. Ятимов ин ҳолатҳоро нарезондаву начаконда ба Раҳмонов расонд, ки Юсуф Раҳмон бозии худашро пеш бурда истодааст ва барои ифтитоҳи парванда бо иттиҳоми экстремистиву террористӣ иҷозат намедиҳад ва вақте мо эълон карда наметавонем, ки амали террористӣ анҷом дода шудааст, Кулобро задан мушкил мешавад, ва мо наметавонем онро ба пойи ҲНИТ бипечонем»

Аз инҷо буд, ки баъди тағироти кадрӣ дар Хатлон, якум шуда Прокурори нави минтақаи Кулоб аз оғози парванда бо бандҳои марбут ба акти террористӣ суҳбат кард. Бо ин роҳ  Юсуф Раҳмон мехоҳад нишон бидиҳад, ки вай дар ин ҳодисаҳо «не причём» аст.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон ҳодисаи оташ гирифтани мошини Бобоҷон Давлатзода раиси Амонатбонки Восеъ дар шаби 26-ба 27 декабри соли гузашта яъне дар чанд рӯзи қабл аз таркиши мошини раиси минтақаии ҲХДТ-ро низ акти террористӣ эълон накарда буд ва худи он раисиАмонатбонки Восеъ ҳам изҳор дошта буд, ки мошинаш нуқси техникӣ дошт ва низ ҳодисаи дигари мушобеҳ бо мошини додситони ҳамин ноҳияи Восеъро ҳам Юсуф Раҳмон «амали қасдгирӣ» хонда ва омили ин корро як нафар корманди пешини нотариус эълон карда буд. Ҳодисаи оташгирии мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб шаби 12 ба 13-уми феврали соли гузашта сурат гирифта буд.

Айни замон Юсуф Раҳмон эзорашро тар кардааст, ки мабодо Президент «гапа накова».

Аз онки прокурори нави минтақаи Кулоб мегуяд «дар ноҳияҳои дигари Кулоб ҳам сурат гирифт» яқинан ҳам оташгирифтани мошини раиси Амонтабонк ва ҳам ҳодисаи сухтор дар мошини прокурори собиқ дигарбора бо банди марбут ба акти террористӣ корсозӣ мешавад ва табъан, ки мавқеи Юсуф Раҳмон дар инҷо суст ва осебпазир шудааст, чун дар иҷрои нақшаи задани Кулоб шояд нохоста ва ноогоҳона монеа эҷод кардааст. Юсуф Раҳмон хоста буд, ки бо ин кор мавқеи СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро заиф гардонад ва нишон диҳад, ки дар идораи авзоъ ва иҷрои вазоиф бемасъулиятанд ва содоқат ҳам надоранд. Аммо, кор чапа шуд ва ҳоло худаш зери зарба аст ва ба назар мерасад ҳоло ҳам СС.Ятимов тарҳҳои бузургро ба иҷро медароварад.

Манбаъи мо гуфт, ки «Маълум аст мақомот яроқҳоеро дар байни он яроқҳои баҷокардаашон нишон медиҳанду эълон мекунанд, ки инҳо аз они оппозитсия, яъне ҲНИТ аст ва ба Иттиҳоди Аврупо, кишварҳое, ки мухолифинро паноҳ додаанд маълумотҳои сохтаро пешниҳод мекунанд».

Аммо «нозукӣ»-и кор дар он аст ки худашонро худашон дар ноуҳдабароӣ ва ношоистагӣ ва ғайрипроффесионалӣ дар таъмини амнияти давлат ва мардум айбдор мекунанд. Вале ин тарафи масъала барояшон муҳим нест.

Инҳо «кор»-ро дигар хел нишон додан мехоҳанд. Ин далелҳои сохтаашонро бо аксҳои хунин, ки гуё аз кисаи кадоме аз кушташудаи иғвогар телефони мобилӣ пайдо шудааст ва дар он «инструктаж» аз ҷониби Кабириро ифшо намудаанд, нишон медиҳанд. Ва бо ҳамин ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои паноҳдода паём медиҳанд, ки шумо террористҳоро ҳимоят мекунед ва ҳамзмон талаб мекунанд, ки Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва чанд тан дигар барои «очная ставка» ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Прокуратураи генералӣ таркишро амали террористӣ эълон кард. Муфаттишони амният нафарони  дастгиршударо маҷбур карда истодаанд, ки баёноту нишондодҳояшонро тибқи гуфтаи инҳо бидиҳанд. Ҳамаро сабту навор мекунанду баъд амалиётро сар мекуннад. Аммо мегуяд манбаъи мо, «мисли онки аз чизе хавотиранд, яке ба мақсад нарасем, чи мешавад, авзоъ аз контрол берун шавад ва мардуми Кулоб ҳамакаса бихезад? Барои ҳамин як чанд нафарро аз зиндон бо расидани муҳлати адои ҷазояшон «колония поселения ва условно досрочное освобождения» бароварданду барои амалиёт омода карданд. Он нафарон як замон узи қатории ҲНИТ будаанду бояд бо ҳузури онҳо нақшаашонро тақвият кунанд, яъне боварбахштар бисозанд».

Анун ҳам Раҳмонов ва ҳам онҳое, ки дар даруни худи режиманду  ин корро ташкил карданд, онро кори 307-иҳо нишон медиҳанд, чун ҳарфи дигар гуфтан наметавонанд. Тамоми талошашонро ба он равона карда истодаанд, ки онро теракт-амали террористӣ нишон диҳанд ва то метавонанд ба ҲНИТ рабт диҳанд.

Аммо дар Тоҷикистон мардум ягон теракт ё амали монанди онро иҷро намекунад ва дар фикраш ҳам нест: «Мошинро ба воситаи наводящий взрыв, ки системаи махсусро талаб мекунад, кафондаанд. Дар Тоҷикистон агар бод шикастӣ, ҳануз буяш набаромада  хабаркашҳо онро мерасонанд. Ин корро танҳо худи мақомот кардааст. Именно раиси минтақавии ҳизберо, ки раисаш Президент  аст, кафониданд, ин тактикаи сад дар сади КДАМ аст. Ҳодисае, ки дар Кулоб шуд ин сигнал ба худи Раҳмонов ҳам ҳаст, ки бубин ба мо ниёз дорӣ.

Нуктаи дигари ташвишовар ин аст ки дар раъси милисаи вилояти Хатлон Шариф Назарзода ва дар Прокуроратури вилоят Аваз Назарзодаро гузоштанд, ки ин ҳарду дар саркуб ва куштори бадахшониҳо дар Хоруғ ва ташкили куштори Гулбиддин Зиёбеков, ки боиси аланга гирифтан Бадахшон шуд, нақши муассир бозидаанд. Яъне таҷрибаи ташкили хунрезии омавиро доранд, ҳадафе, ки бояд режим дар Кулоб анҷом диҳад.

Ps: Ҳангоми омода намудани ин матлаб маълумотҳои ҷолиби дигар аз ду ниҳоди қудрати дар қазияи инфиҷори охири Кулоб ба мо расид. Аммо мо бояд ҳама ончи омадаро пурра омӯзем ва сипас расонаӣ кунем. Чун,ки метавонад ин маълумот ба хотири таҳаққуқи нақшаҳои шуми ин ниҳодҳо бошанд. Чун,ки манбаъ аз он манобеъе нест,ки рӯйи ҳарфаш эътимод дошта бошем. Муҳим хело дар ҳаракот ва тавтиъаҳое мехоҳанд ба роҳ андозанд мардуми Кулоб ҳушёр бошанд!

Сообщение Кулобро Хоруғ мекунанд, появились сначала на ISLOH.net.

Ҳақиқати қатли Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо ривояти дигар
Генерал Абдуҳалим Назарзода-Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон чи гуна кушта шуд?

«Ҳодисаи Ромит»

8 сол муқаддам, дуруст дар ҳамин рӯз, 4 сентябри соли 2015 мақомоти қудратии Тоҷикистон ва шуморе аз тарафдорони генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи кишвар  дараи Ромити ноҳияи Ваҳдатро ба маҳалли ҷангу хунрезӣ бадал карданд. Исми дараи Ромит дигарбора дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ баромад ва генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи мақомот осӣ ва ба иттиҳоми «табаддулоти давлатӣ» муқассир дониста шуд. Аммо ҳамин ҳоло ҳам пурсиш ин аст ки агар худобиёмурз Ҳоҷӣ Ҳалим қасди табаддулоти давлатӣ дошт, чаро Ромит рафт, на Кохи раёсати ҷумҳурӣ?

Мо, қаблан ҳам дар мавриди ҳодисаи «ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим» на як бору ду бор навишта будем ва хонандаи ҳушманду закии мо онҳоро хондааст. Ин бор аз қавли як шоҳиди бевоситаи ин ҳодиса матлаберо таҳия кардаем, ки ҳоло бароятон тақдим мешавад. Ва, албатта, бо як тавзеҳе, ки дар охири ин навишта қироат хоҳед кард.

Муҳаммадиқболи Садриддин,мудири пойгоҳи «Ислоҳ.нет»

Шоҳиди ин ҳодиса бо Ҳоҷӣ Ҳалим ва бастагони вай ошноӣ доштааст. Вай феълан дар хорҷ аз кишвар аст. Мисли садҳо ҳазор аз ҳамватанамон азоби мардикорӣ дар Русияро мекашад. Вай гуфт:

….Ҳоҷӣ Ҳалим марди саховатманд буд. Дили поку соф ва бекина дошт, инсони нек ва хайрхоҳ буд. Ба садҳо, шояд зиёдтар одамони мустаманду муҳтоҷ дасти ёриаш расидааст. Вай,иншоаллоҳ дар боғҳои биҳишт макон ихтиёр кардааст.

Дар деҳаи Архуи Ромит дача дошт. Маъмулан рӯзҳои шанбеву якшанбе меомад, истироҳат мекард.

Як хеши мо раиси додгоҳ буд, ҳоло бознишаста шудааст ва дар кадоме аз шаҳрҳои Русия дар кадом як ширкати нафткашӣ ба ҳайси «охрана» кор мекунад. Вай гуфт, ки он шабу рӯзҳо ман аз кор се руз ҷавоб гирифта будам. Соати 2-и шаб буд, ки бародари Ҳоҷӣ Ҳалим занг заду гуфт, ки ӯро ба милисахонаи Ваҳдат фарёд кардаанд: «Мақомот мегӯянд, ки бисёр муҳим аст. Мегӯянд,ки ту ҳам зуд биё.Канӣ равем, бинем чи гап аст?» Дар ҳоле, ки бародари Ҳоҷӣ Ҳалим аслан аз таги гап, ё ҳодиса бохабар набудааст ва намедонистааст, ки чи иттифоқоте рух додааст.

Зани хеши мо, яъне зани ҳамон раиси додгоҳ мегӯяд, ки нисфи шаб асту кори шаб, хандаи рӯз гуфтаанд. Рӯз,ки шуд меравӣ, мебинӣ, ки чи гап аст?

Бародари Ҳоҷӣ Ҳалим се бор занг мезанад: хез, бача, аз боло занг зада истодаанд. Мегӯянд, ки срочно ҳамин шаб биёед. Биё, маро ҳамроҳӣ кун. Бо ман бирав. Аммо,кори худоро бинед, ки ин хеши мо намеравад.

Бародари Ҳоҷӣ Ҳалим меравад ба шуъбаи милисаи Ваҳдат. Расидан баробар аз мошин мефарояд, ки тиршап мекунанд. То субҳ дуруғ- дуруғ тирпаронӣ мекунанд. Гуё бародари Ҳоҷӣ Ҳалим ба мақомот ҳамла карда аст.

Аммо худи ҳодиса чи тавр руй дода буд?

Аз дохили худи ҳукумат ба Ҳоҷӣ Ҳалим занг мешавад, ки ҳар чи зудтар, ҳар ҷое ҳастӣ тарк кун ва сари ҳисобатро ёбу саришта шав, ки ҳукумат фармони қатлатро додааст. Тамоми хонаводаатро нест мекунанд.

Ин суханро фаҳмида Ҳоҷӣ Ҳалим рост ба суйи аэропорт меравад, ки онҷо барвақт маҳкам шудааст. Ночор бармегардад ва ба суйи дараи Ромит меояд. Аз 87ум километр мегузарад. Як саҳрои деҳаи Пичеф Мушкурут ном дорад.

Вай аз мошин фаромада аз як занбурбон (асалпарвар) гугирд мегирад. Роҳро идома дода боз ягон 6 километр боло ба саҳрои Мушкурут мераванд. Дар он дара яке аз наздиконамон  даҳмарда буд, рамаи гусфанд дошт. Дар қуши ҳамон даҳмарда (ҷойи зисту хоби чупон) дам мегиранд. Ба он даҳмардаҳо ҳамашро нақл мекунад. Мегуяд «ман қуввае надорам, ки зиди давлат ҷанг кунам. Ончи ки ба муқобили ман карда истодааст, ин як дуруғу туҳмат аст. Ман зидди давлат набаромадаам. Инҷо кадом нақшаи шумеро иҷро карда истодаанд. Ва, мехоҳанд аз ман истифода кунанд. Фақат гуноҳи ман ҳамин аст ки дар дини ислом мустаҳкамам. Намоз мехонам, рӯза мегирам, закот медиҳам. Зидди қонунҳои навашон будам. Масҷидҳоро маҳкам карданд, руймоли сари занҳоро манъ карданд, ришро манъ карданд, одамҳоро бе гуноҳ маҳкам карданд, гап мезадам, ки ин коратон нодуруст аст»…

То саҳар дар бораи бе гуноҳ буданаш ҳикоя мекунад. Субҳ, ки мешавад, боз ба куҳ мебарояд. Мехоҳад бо воситаи роҳҳои куҳӣ тарафи Ғарм равад. Лекин бемор мешавад. Боз ба назди рамаи наздикони мо меояд. Яке аз ин даҳмардаҳои лаънаткарда фаромада ба амният мегуяд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар рамаи мо мебошад.

Дараи Ромит пур аз милитсияю амнияту истихбороту 201-и Русия шуда буд.

Ҳоҷӣ Ҳалим ба деҳаи Пичеф бармегардад. Се рӯз даруни як мазор хоб мекунад. 8 ё 7 нафар буданд. Аҳволашон бад мешавад. Лаб- лаби дарё то деҳаи Гусгев меоянд. Амният хабардор мешавад. Онҳо аз он тарафи дарёву ин лаънатиҳо аз ин тарафи дарё.

Ҳоҷӣ Ҳалим бо радсия мегӯяд, ки «бародарҳо бимонед ба беморхона равам, саломатиям хуб нест. Ман ба ягон  нафари шумо кор надорам».

Амният мегуяд парво накун, мо туро худамон ба морг мебарем. Биё, таслим шав.

Мегуяд барои кадом гуноҳ таслим шавам?

Ин суҳбату раду бадалҳо дар ҳоле аст ки дар меҳмонхонаи муовини раиси деҳа вазир ва дигар коргарони давлат машғули зиёфатхӯрӣ буданд.

Муҳофизати лаби дарёро разведкаи вазорати дифоъ аз дасти амният мегирад. Ҳоҷӣ Ҳалимро нисфи шаб аз дарё гурезонда ба куҳи паҳлуи Гусгев боло мекунад.

Аммо фарози он куҳ маҳкаму баста-тупик. Бечораҳо баромада маҳкам мешаванд. Дар ҳамон ҳолат субҳ медамад.

Шаби дуввум як нафарашон барои нон ва об аз куҳ поин мефарояд, чунки қуллаи он куҳ об надорад.

Аз хонаи як гусгевӣ нон мегирад. Либоси даҳмардагӣ дар тан ба ҳавлии Алишер гуфтанӣ шахс меояд. Мехост бе раҳа -бераҳа аз деҳа берун шавад. Аммо духтарҳои дугоники Алишер Фотимаю Зуҳро ӯро мебинанду дод мезананд, ки ана як гуреза дар ҳавлии мо ва ҷеғу фарёд кашида ба суйи хонаи ҳамсоя медаванд. Он ҳамсоя кампири Гургак ном дорад. Мардуми деҳа ҳама ӯро мешиносанд ва «амма»-аш садо мезананд. Фотимаю Зуҳро  дод мезананд: «амма,амма дар ҳавлии мо гуреза. Худашро ба мисли даҳмардаҳо кардааст. Мегурезад».

Амма мегуяд даведу бобои ҳоҷӣ Хуҷамуродро хабар кунед.

Ин ҳоҷӣ Хуҷамурод садқаи номи ҳоҷиву мулло шавад, ба муҷарради шунидан меравад ба суйи раиси деҳа. Раиси деҳаро аз хоб мехезонад. Мегуяд биё, рав пеши вазири мудофиа даро. Дар меҳмонхонаи муовинат хоб аст.

Раиси деҳа Файзалӣ ном дошт. Раис мегӯяд, ки чаро ман гуям, худат гӯ, ё худашон ёбанд. Ҳоҷӣ Хуҷамурод мегӯяд, ки «биё супоремшон тезтарак,ин армия деҳаро тарк кунад. Мардум чанд рӯзай, ки рӯз надоранд. Чун ҳар рӯз хонаҳо даромада то курпаҳои хонаро чапа мекарданд. Мегуфтанд: «ачаи ромитиёро б…м боварида нестан. Ҳалим бе фоида ба инҷо нагурехтай».

Раиси деҳа меояд вазирро аз хоб бедор мекунад. Мегуяд, ки хоинҳоро ёфтем. Дар лаби дарё дар ҳавлии як шахс дида шудаанд. Дар ҳол вазир фармон медиҳад ба сарбозонаш, ки рафта дастгир кунанд. Рафтанду аз поёни деҳа дастгираш карданд. Чунон лату куб карданд, ки шинохтааш намешуд. Оварда дар мошин бор карданд. Маҷбур карда ҷойи ҳоҷӣ Ҳалимро ёфтанд. Ва ба суйи ҳамон куҳ саҳар, қабл аз намози бомдод тирборонро шуруъ карданд. То вақти намози пешин заданд. Пешин шуд, ки ҳоҷӣ Ҳалим бо ратсия ба вазир занг мезанад.

Вазир бо ҳамдеҳаҳои мо дар меҳмонхона масруфи зиёфатхӯрӣ: деги кабобу шурбову палав дар ҷӯш. Мегуяд «ҷаноби вазир маро барои кадом гуноҳ тирборон карда истодаед. Ҳамаи солдатҳои бе гуноҳро ба суйи ман боло карда истодаед. Дили ман намешавад, ки ягонтои ин бачаҳоро кушам. Бачаҳоро ҳайф накун. Ман то ҳол ягон касро напарондам. Чанд солдате мурд ҳамон пушкаҳои худатон зад. Боз бори ман накунед».

Вазир мегӯяд, биё фаро аз куҳ. Ҳоҷӣ Ҳалим мегуяд,ки «ман фароям ҳам мекушед, нафароям ҳам мекушед. Чун ман маҷлиси шуморо фаҳмидам. Биёед ман баромада равам сарҳади қирғиз. Қавл медиҳам ба ягонтаатон кор намегирам».

Вазир дарҳол ба президент занг мезанад, ки Ҷанбои олӣ мо ҷойи хоини миллатро ёфтем, чи кор кунем? Ҷаноб мегуяд ман ба он Ҳалим як -ду савол дорам, зинда ба зинда қапида оред пешам. Вазир мегӯяд ,ки таслим нашуд. Ҷаноб мегуяд, ки пас, худатон медонед, ки чи кор кунед. Вазир телефонро қатъ карда ба зердастонаш амр медиҳад, коре кунед, ки зинда пеши президент наравад. Дастур медиҳад, ки ба тарафи Ҳоҷӣ Ҳалим оташкушоиро шуруъ кунанд. Баъд аз чанд соати ҷанг ман ба Ҷаноб мегуям таслим намешавад, то ки ба мо чархбол фиристад. Ҳамин хел то аср заданд. Хеле ҳам бераҳмона мезаданд куҳро. Лекин ҳоҷӣ Ҳалим ба сад тири онҳо як тир ҷавоб медод ва он ҳам ба самти осмон. Чун ин воқеа дар пеши чашмамон гузашт ва ҳам ба деҳа бисёр ҳам наздик буд, хонаҳо ба гунае меларзиданд, ки напурс.

Аср шуд, ки чор адад чархбол омад ва аз фазо куҳро то шом заданд. Ду чархболашон рафт. Ҳамон ду чархболро заданд, дуд баромад. Ҳардуи чархбол ба суйи шаҳр баргаштанд. Ин дутои дигараш аз масофаи дур ҳамон куҳро задан гирифтанд. Ду рӯз сарбозҳоро дар ҳамон куҳ бе обу нон гузоштанд. Шикорчиҳои дехаро дар пушташон бочкаи 20 литраро  об пур карда ба сарбозҳо баред гуфт маҷбур мекарданд. Дам ногирифта мебаред. Вагарна мепаронем гуфта фармон медоданд. Кучак ном шахс гуфт борҳо дар бочкаи об паронданд. Хаёл кардам мурдам. Бочкаҳо то пеши сарбозҳо нарафта мерехтанд. Боз аз сар баред мегуфтанд. Акнун худатон хулоса намоед, ки ин режим чи гуна рафтору муносибат бо шахсе барои сарбозон об мебарад мекунад?

Аммо роҳбарияти амалиёт дар сари раҳи мошин дастурхон густурдаву машғули зиёфатхурӣ буданд. Фақат сарбозҳоро пеш меандохтанд. Аз мардуми деҳа чи қадар қаймоқ, гушт, қурутоб ва нон маҷбур ҷамъ карданд. Барои сарбозҳо фатири равғанӣ бипазед, то дар ҷанг барояшон қувват шавад, гуфта фармон медоданд. Мардум барои хотири сарбозҳо бештар тайёр мекарданд. Лекин як лахти нонро ба сарбозҳо надоданд. Ҳама командирҳо медонистанд ин як амалиёти сохта аст.

Ҳар боре, ки сарбозҳоро ба пеш гуфта фармон медиҳанд, аз боло онҳоро бо чархбол мезананду мегуянд: «ачаша г… хоино салдатора бе хисоб куштестиян». Бори Ҳоҷӣ Ҳалим мекарданд. Вақте солдат медавад тирборон мешавад, пушка аз поён сарбозони ба ҳоҷӣ Ҳалим наздик расидагиро мепаронданд. Мо, медидем, ҳайрон мешудем, ки инҷо чи гап бошад?

Ман қасам мехурам, ки Ҳоҷӣ Ҳалим фақат ду чархболу як командирро парондаасту халос. Чунки онҳо ба Ҳоҷӣ Ҳалим наздики бад шуда буданд. Як нафарро, ки баъдҳо дар газетаҳо аксашро ҳам чоп карданд, Рустам Амакиев командири калонашон буд, худи ҳукуматиҳо аз қафо паронида куштанд. Мо ҷасади ӯро берун бароварда ба мошин бор кардем. Вай аз пушти сараш паронида шуда буд. Онро худашон куштанд.

Хулоса, чунон тирборон карданд, ки рудаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим баромада буд. 8 нафарро пора- пора карданд….

Бо ин ҳама иктифо накарданд. Бачаҳояшро дар шаҳр дастгир карда дар дачаи Арху оварда қатор карда тирборон мекунанд. Додару акаашро дар шаҳр мекушанду бо ҳамроҳи бачаҳояшон ба ҳамон куҳ мебароранд. То ки шумораашон бисёр тобад. Гуё ҳамаи онҳо худашон куҳ баромаданд. Ин ҳамааш спектакл барин буд, дуруғ буд.

Мурдаҳоро солтдатҳо бароварданд. Қариби шом ҳамаи бачаҳои Гусгевро ҷамъ карда бо харҳояшон ба ҳамон куҳ бароварданд. Гуфтанд мурдаҳои солдатҳоро дар харҳоятон мебароред. Лекин мурдаҳои ин хоинҳоро ба банд баста ба замин мекашед. Фосилаи баландии куҳ то роҳи мошингард ягон 800 метр мебошад. То вақти шом ҳамаашонро фароварданд.

Ҷасади Ҳоҷӣ Ҳалимро дар Камаз бор карданд. Солдатҳоро дар чархбол. Баъди рафтанашон боз чанд ҷасади сарбозҳои бечора дар чуқуриҳои куҳ монда буд. Баъзеаш дар он куҳҳо пусида рафтанд. Ягон кас барои кофтан наомад. Ҳамаи он видеоҳоеро, ки дар интернет мебинед, дуруғ аст. Баъди се рӯз боз ҳамон армияю чархболҳоро оварданд, ҳам аз замин съёмка карданд, ҳам аз осмон. Яъне филми дуруғакӣ тайёр карданд.

Видеояшро бинед, бо банд аз болои душманашон мефароянд. Ҳамааш дурӯғ аст. Он вақт аз тарс на ҷанговари бақувваташ, на кормандони олимақомаш, на вазир аз меҳмонхонаи муовини раис баромаданд, на ҳавлу ҳол ва на вақти съёмка доштанд.

Бародари гиромӣ, ҳамаи ин воқеаҳо дар пеши чашмамон гузашт.  .

Вакте ки бачаҳояшонро дар истироҳатгоҳи Архуи Ромит мекушанд, дар дохили дача як корманди кони тилло дар онҷо дар як ҳуҷра аз пушти парда аз тиреза нигоҳ мекунад. Се рӯз дар ҳамон ҳуҷра пинҳон мешавад. То ки ӯро ҳам шоҳид шуд гуфта накушанд. Кормандони амният хаёл мекунанд, ки дар дача ҳеҷ кас нест.

Он шахс ба забони худаш ба мо нақл кард, ки чунон бераҳмона куштанд, ки ҳайвонро ин хел намекушанд. Аввал дар пойҳояшон заданд. Баъд ба дастон заданд. Он бачаҳои ҷавон аз рангу руяшон маълум буд, ки қорибачаанд. Чунон зебо буданд, ки дилам пора -пора шуд. Онҳо зораву лоба мекарданд. Ин ҳукуматиҳо бошанд, масхара мекаранд. Мегуфтанд аввал к…амонро леседу буса кунед, баъд дигар намепаронематон. Онҳо ин корро карданд, чун ҷавон буданд. Аммо ин ҳама ризоият ба зиллату хиффату хорӣ ва ин ҳама лобаву зорӣ ба қалби ин ҳайвонҳо кора накард, ҳамаашонро парониданду ҷодарҷо куштанд. Баъд гуфтанд, ки онҳо ба куҳ баромаданд. Аммо ба Аллоҳи якто қасам, ки ҳамааш дуруғ аст.

Ин буд,нақл ва ривояти шоҳиди он ҳодисаи сохта.

Тавзеҳи «Ислоҳ.нет»

Ҳоҷӣ Ҳалим, замоне кушта гардид, ки 51 сол дошт. Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай, бахусус СС.Ятимов, раиси КДАМ, ин нақшаро тарҳрезӣ карда буданд, ки ҲНИТро дар ин қазия гунаҳкор созанд ва бибанданд. Ҳоҷӣ Ҳалим, тибқи саҳмияи 30% аз тарафи ҲНИТ вориди ҳукумат шуда буд. Аммо талошҳо ва фишорҳои ҳукумат болои ҲНИТ, ки худаш довталабона саҳнаи сиёсиро тарк кунад, натиҷа намедод. То иҷрои ин нақшаи шум ва палидона ҳукумат тамоми имконот ва фишорҳоро болои ҲНИТ ба кор бурда буд. Барои онки ҳолу ҳавои он замон рушантар намоён бишавад, пораеро аз як матлаби «Озодӣ» вом мегирем:

«Вазорати адлияи Тоҷикистон авохири моҳи гузашта аз Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) тақозо карда буд, ки ба фаъолияти, ба қавли масъулони ин ниҳод, ғайриқонунияш хотима бахшад.Ҳакими Мирсайзод, муовини вазири адлия, рӯзи 28 август бо нашри гузориши расмӣ дар торнамои Оҷонсии «Ховар» гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 58 шаҳру навоҳии кишвар созмонҳои ибтидоии ҲНИТ барҳам хӯрдаанд ва ин ҳизб ҳақ надорад, худро умумиҷумҳуриявӣ эълон карда ва анҷуман баргузор намояд. Қаблан ҲНИТ эълон кард, рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии худро баргузор мекунад.Аммо ба дунболи ҳодисаи ҳамлаҳои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ба кормандони мақомоти қудратӣ дар Душанбе ва Ваҳдат дар рӯзи 4 сентябр, мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузории анҷумани худро ба вақти номаълум ба таъхир андохт. Мақомоти Тоҷикистон бо пахши як эъломия Абдуҳалим Назарзодаро узви ҲНИТ эълом карданд, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ инро рад кард ва гуфт, ки «Ҳоҷӣ Ҳалим» ҳеҷ рабте ба ин ҳизб надорад».

о ҳамин имрӯз ин ҳодиса ҳамчун «ошуб» ва «табаддулоти давлатӣ» маънидод мешавад. Аммо, дар асл чуноне гуфтем ин як барнома ва нақшаи худи Раҳмонов ва мақомоти вай буд ба манзури ҳазфи ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии кишвар буд. Он солҳо обру ва нуфузи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ чи дар дохил ва чи дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳадде боло рафта буд, ки Раҳмонов дар зери шуоъи он худро гарду ғубор эҳсос мекард.

Шоҳиди ҳодиса мегуяд, ки аз ҳукумат ба Ҳоҷӣ Ҳалим занг мезананд, ки худатро саришта кун, ки ҳукми қатлат содир шудааст. Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо барои наҷоти ҷонаш бо чанде аз ҳамроҳонаш ночор ба тарки хонаву дараш мешавад. Вагарна нафаре, ки қасди табаддулоти давлатӣ дошт бопойи босоножки ва як куртаи остинкутоҳ тарафи Ромт меравад? Ё ҳадди ақал бародарон ва хонаводаашро аз он огоҳ мекарду барояшон роҳи бурунрафтро омода менамуд.

Дар инҷо низ як нақли қавлеро аз генерал Николай Бордюжа, Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ-ОДКБ меоварем, ки дар худи ҳамон шабурӯзҳо иттиҳоми давлати Тоҷикистон-яъне табаддулоти давлатиро рад карда буд:

«Николай Бордюжа, ки рӯзи 18 сентябр бо шабакаи телевизионии “Россия 24” сӯҳбат мекард, гуфт, даргириҳои мусаллаҳона байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи генерал Назарзода боиси бесубот шудани вазъ дар Тоҷикистон нагардиданд. Ӯ афзуд: “Ман масъалаи марбут ба бандаеро, ки ахиран хунсо карданд, ҷиддӣ намегирифтам. Ман мефаҳмам, ки чӣ рух дод. Вале ман фикр намекунам, ки мо битавонем ин амалҳо, аз ҷумла амалҳои генерал Назарзодаро ҳамчун кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ё бесубот кардани вазъ дар Тоҷикистон маънидод кунем. Ман фикр намекунам, ки ин як рӯйдоди хеле ҷиддие бошад, ки битавонад кадом ҳаводиси манфиро дар Тоҷикистон ба дунбол дошта бошад. Вазъ дар онҷо ба қадри кофӣ босубот аст.»

Раҳмонов ва мақомоти вай Ҳоҷӣ Ҳалимро ба он муттаҳам карданд, ки барои 1 миллион доллари Кабирӣ шуда ин ошубро ба роҳ андохт. Аммо шоми 7 сентябр, ҳоло, ки ҳоҷӣ Ҳалимро накушта буданду вай дар куҳҳои Ромит қарор дошт тавассути шабакаҳои давлатӣ маълумоти гуруҳи фаврӣ-тафтишотиро нашру пахш карданд, ки нишон медод сарвату моликияти ҳоҷӣ Ҳалим аз даҳҳо миллион доллар ҳам зиёд аст ва ӯ ҳеҷ ниёзе барои 1 миллион доллари Кабирӣ надорад, ки барои оншуда ҷони худу наздиконашро ба хатар бигзорад.

Дороӣ ва моликияти Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ҳукумат мусодира ва байни вазирони худ тарака ва тақсим кард аз даҳҳо миллион доллар зиёд будааст. Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби корхонаи нонпазӣ, хоҷагии деҳқонӣ, фабрикаи мурғпарварию асппарварӣ мебошад ва се истироҳатгоҳ дар ноҳияи Варзоб дорад. Ҳоҷӣ Ҳалим дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе соҳиби корхонаи нонпазӣ буда, ба иддаои мақомот онро ғайриқонунӣ аз худ карда будааст. Ба иттилои мақомот, гӯё Назарзода дар дохили ин корхона як хонаи сеошёна низ пӯшида, гоҳо дӯстонашро дар онҷо ҷамъ меовардааст.

«Дар Варзоб се истироҳатгоҳи бузург бо номи «Зафар» дорад, ки гаронбаҳоянд. Бинои Донишкадаи геодезии Академияи илмҳоро дар маҳаллаи Қаротегин аз худ карда, баъд аз  таъмир онро ба хонаи истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парваришу нигоҳдории чорво ташкил намудааст,» — таъкид шуд дар ин гузориш». Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Абдуҳалим Назарзода молики як хоҷагии деҳқонӣ бо номи «Тобистон» будааст, ки заминҳояшро ба иҷора додаанд.

Бар асоси ин гузориш фабрикаи мурғпарварии «Тарз» низ ба Абдуҳалим Назарзода тааллуқ дошта, аммо чанде пеш ба маблағи 500 ҳазор доллар   онро  фурӯхтааст. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ толори варзишии «Лидер» дар шафати кӯчаи Зебуннисо ва тарабхонаи «Зайтун»-у кафе-бари «Бахтиёр»-ро низ ба ӯ мутааллиқ донистаанд. Фермаи чорвои калону майда ва асппарварӣ дар Рашт, 5 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва ошёнаи сеюми як бинои сеошёна дар хиёбони Рӯдакӣ-187-и шаҳри Душанбе низ аз дороиҳои Абдуҳали Назарзода  эълон шуданд. Бинобар ҳисобу китоби дороиҳои Абдуҳалим Назарзода як мағозаи фурӯши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Варзоб ба зани севуми ӯ нисбат дода шудааст.

Акнун пурсиш ин аст ки агар Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби ин ҳама сармоя буд ва мақому ҷойгоҳи барои як нафари низомӣ           ( муовини вазорати дифоъ, рутбаи баланди генералӣ) муносибро дошт, барои ӯ чи зарурат дошт, ки даст ба табадуллоти давлатӣ бизанад? Ва, он ҳам, агар ба иттиҳоми мақомоти режими Раҳмонов бовар намоем бар ивази ҳамагӣ як миллион доллар, ки Кабирӣ ба ӯ додааст.

Ҳоҷӣ Ҳалим як фармондеҳи ҷангидаву ҷангдида набуд, ҳоҷӣ Ҳалим як нафар ба истилоҳ фанати ҲНИТ ва «давлати исломӣ» набуд, ҳоҷӣ Ҳалим аз он шароит ва ҷойгоҳе, ки дошт ҳазорон маротиба розӣ буд ва беш аз онро ҳам таваққуъ надошт, чаро бояд «табаддулоти давлатӣ» анҷом диҳад.

Аз тарафи дигар Ҳоҷӣ Ҳалим ба унвони як нафари масъул медонист, ки он зарфият ва тавонеро,ки «табаддулоти давлатӣ» анҷом диҳад, надорад. Пас, бар пояи кадом ҳисобе, расчете вай даст ба амале мезанад, ки медонад имконнопазир аст?

Қаблан ҳам гуфтему ҳоло ҳам мегӯем, ки ин иттиҳоми табаддулоти давлатӣ як барнома ва нақшае макорона барои ба пойи ҲНИТ печонидани ин иттиҳом ва аз саҳна берун кардани он  ба манзури бидуни рақиби воқеӣ ва ҳамвор кардани роҳ ба Раҳмонову Рустам ва ҳокимиятро меросӣ ва авлодӣ кардан буду бас. Раҳмонову командааш ба вузуҳ медонанд, ки ҳифзу бақои вай ҳифзу бақои ҳамин шайка, бонди мафиозӣ ва ОПГ( гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ) аст ки ба бахти бади миллат бо тасодуфҳое ҳокимиятро гирифт. Малейши талоши гирифтани қудрат барои онҳо хатар дорад, хатарнок аст. Тем более агар ин хатар аз тарафи ҲНИТ таҳдид мекарда бошад. Онҳо, дар дохили худ ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳамин шароит бароямон биҳишти барин аст. Раҳмонов, Рустам, Озода   ҳатто бачаву набераҳои онҳо бояд бошанд. На инки Кабирӣ, ҳатто Убайдуллоев, Ятимов дигару дигараш ҳам бошад, фарқе надорад, ҳар касе дигар ба ҷуз аз оилаи Раҳмонов барои онҳо хатар ва таҳдид ҳисобида мешавад, ин низом ва ин шароитро мутазалзил мекунад ва якбору барои ҳамеша фикри онро, ки нафаре дигар ба ҷойи Раҳмонов ояд дар дилу андешаи худ куштаанд ва ҳар касе дигар ояд барои онҳо «конетс света» ҳисоб мешавад.

Яке аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим дар як сӯҳбат гуфта буд, ки вақте ӯ аз берун ба ватан баргашт барномаи хусусисозии моликияти давлатӣ шурӯъ шуда ва онҳое, ки ҳоло миллионеру мултимиллиардер шудаанд, маслан ҳамин Ҳасан Асадуллозода, дар ҷайб сад доллар надоштанд. Вале Ҳоҷӣ Ҳалим хеле ҳам пулдор баргашта буд. Чун дар Қазоқистон тиҷорати бисёр ҳам пурдаромад дошт. Аз инҷо буд, ки хеле аз корхонаву иншоот ва амволи ба фурӯшгузоштаи давлатро, ки харид бидуни кадом ғирому найранг, бо баҳои эълон ва таъйинкардаи худи давлат харид. Ин нафар гуфт, ки чанд соли баъд танҳо птитсфабрикаи дар Ваҳдат харидааш, ки ба тоҷирони эронӣ фуруӯхт тамоми харҷоти моликияти аз давлат харидаашро пушонд. Манзур ҳоҷӣ Ҳалим пулдор буд ва ниёз ба пул надошт.

Боз таваҷҷуҳи шуморо ба як нуктаи дигар аз нақли шоҳиди ҳодиса ҷалб мекунам. Шоҳиди ҳодиса мегуяд, ки бародари Ҳоҷӣ Ҳалимро водор карданд, ки нисфишабӣ милисахонаи Ваҳдат ояд. Ҳоло акнун бубинед, ки ин нафар, ки ба пойи худаш омада буд, омадани ӯро  мақомот чи гуна шарҳу тафсир мекунанд: «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич (1972), бародари Абдуҳалим Назарзода, ки барои ҳамла болои дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ва ШКД-и шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад, ихтиёрӣ худро таслим кардааст.»

Ҳатто ҷанозаи ҳоҷӣ Ҳалимро нагузоштанд, ки бо ҷамъи мардум ба хок биспоранд. Маросими ҷанозаи вай таҳти фишори мақомоти амниятиву милиса дар гуристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ва нисфи шаб доир шуд. Аммо кору пайкори инсонҳое амсоли ҳоҷӣ Ҳалим якрӯз не як рӯз маълум ва рушан мешавад. Ҳақиқат дер ҳам бошад, ошкор мешавад…Ҳоҷӣ Ҳалимро куштанду ҲНИТ-ро бастанду Раҳмоновро пешво эълон карданду Қонуни асосиро иваз карданду Рустамро оварданду монданду дигар давру даврон карда гаштаанд.

Ин қабила ва қавми шакарови бо оличахури масту махмур на Худоро медонанду на халқи худоро. Бубинем, ки то куҷоҳо хоҳанд рафт?

Сообщение Ҳақиқати қатли Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо ривояти дигар                       появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №30
Иртиботи рӯзафзуни мову шумо, мардуми азиз аз исроли номаҳоятон ба унвони «Ислоҳ.нет» ҳам барало зоҳир мешавад. Ва, ҳамин рӯ овардани шумо ба мо ва инки мо, бидуни  кадом рӯи хотирбинӣ ва сирфан аз рӯи виҷдону ахлоқи як ҳамватани мусулмон номаҳои пур аз арзу шикояти шуморо ба дасти чоп медиҳем, кайфу сафо ва айшу ишрати мақомдорони ҳукумати Раҳмоновро аз хобу хур маҳрум кардааст. Хабарҳои расида аз он далалт мекунад, ки махсусан роҳбарону масъулони давлатӣ аз чопи «Номаҳо аз ноҳияҳо» бештар ба тарсу ваҳшат афтодаанд. Ва, ҳар аз гоҳе номи ноҳияи худро дар ин матолиб надиданд оҳи сабук мекашанд вале боз ҳам дилашон сиёҳ аст ки «дар ин барнома набошад, дар барномаи оянда мегуянд». Бале, мо истиҳола намекунем, чоп мекунем,то мардум бишиносанд, ки қисмати онҳоро чи касоне доранд ҳаллу фасл мекунанд:

Кулоб

Салом, бародар Муҳаммадиқбол салом! Бовар кунед, ки заҳматҳои шумо барабас нарафта истодааст. Ин ҳукумати мустабиди худкомаи Раҳмоновро шумо дар тарсу ваҳшат андохтаед. Кам-кам бошад ҳам маҷбур шуда истодаст, ки ба мардум гуш фаро диҳад. Агар шумо намебудед, инҳо болои миллат зулми зиёдтар меоварданд. Ташаккур ба шумо. Дар ҳақиқат то мухолифин  набошад ҳукумат пеш намеравад.

Имрӯзҳо дар шаҳри Кулоб мурофаи додгоҳии Холов Зафар, Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Шарипов, се милисае, ки марҳум Абдуқаҳҳорро зада кушта буданд, рафта истодааст. Як шаб  Абдураҳмон Аламшозода, муовиини аввали вазири дохила, яъне ҳамон Бузмаков ба хонаи Абдуқаҳҳор  рафта, назди модари Абдуқаҳҳор ба зону зада таваллову зора мекунад, ки ин милисаҳоро бубахшад. Модари Абдуқаҳҳор мегуяд, ки не, ман онҳоро намебахшам. Агар ту ба ҷои ман бошӣ, чи мекунӣ? Писаратро зада-зад кушанд чи мекунӣ? Бузмаков ба тарафи модари Абдуқаҳҳор гашта чи хоҳише дорӣ иҷро мекунем. Лекин бубахшашон. Онҳо гуфтааст Бузмаков “бачаҳакои ёшанд”.

Модари Абдуқаҳҳор мегуяд, ки чи магар бачаи ман пир   буд? Бачаи ман ҳам ёш буд. Зани ҷавонаш бева шуд, кудаконаш ятим шуданд. Бузмаков хеле таваллову зорӣ мекунад, аммо модари Абдуқаҳҳор рад мекунад. Баъд Бузмаков қаҳр карда бо хашму ғазаб аз дар мебарояд ва ба отдели милисаи Кулоб рафта фармон   медиҳад, ки бачаҳоки кучаи Кубеши Кулоб бо ҳар баҳона қапида оварда маҳкам кунед.

Ҳозир суди ин милисаҳо рафта истодааст. Саъди сиёҳу Саъдии зардро оварданд сари суд. Комил Назаровро оварданд, саволу ҷавоб ва пурсуҷу карда истоданд. Комил  Назаров дар эзораш тар кардагӣ аст. Рамеши  амаки Абдуқаҳҳори худораҳматӣ ва аҳли оилашон  Комилу  Ҷумъа Назаровро хеле  ҳақоратҳои қабеҳ   карданд. Ҷумъа Назаров ҳам сахт тарсидагӣ аст. Бачаҳо ба Ҷумъа Назаров гуфтаанд, ки ту  гушна дар Қурған кор мекардӣ. Ҳар гоҳе ба тарафи  Қурғонтеппа раҳакӣ мешудӣ ба Абдуқаҳҳор занг мезадӣ: Абдуқаҳҳорҷон ман Қурғонтеппа рафта истодаам, баъд Абдуқаҳҳор бароварда ба вай 100 доллар медод, ки  дар он  вақт сад доллар қадру  қимат  дошт. Дере  нагузашта боз занг мезаду мегуфт, ки Абдуқаҳҳорҷон дар хона  ҳиҷ чиз   нест.

Абдуқаҳҳор дар даруни бозор кор мекард. Мерафт ду қоп орд, 15 кг гушт,10  кг  равған то шакару  собуну айнаву тамоми маҳсулоти рузгори хонашонро харид  мекарду ба додари Ҷумъа Назар, ба Комил занг мезад. Комил он вақтҳо дар пеши бозор таксӣ кор мекард. Мегуфт, ки биё гуфтагиҳои акаро гирифтам, ба хонаатон бар. Сипас ин Комили гушна бор карда ба хонаашон мебурд. Ин Комили гушна айни ҳол дар тарафи вилояти Суғд дар милиса кор мекунад. Ин ҳукумат сартопояш ҳаромиву накбат аст. Вагарна чи тавр одамкушро дар милиса ба кор мемонӣ?

Барои онки акааш шогирди Бузмаков аст. Ин бадбхти Бузмаков қири бачаҳои Кулобро баровард. Боз як хел бачаҳои Кулоб ҳамон бузҳояш куни Бузмаковро лесида мегарданд. Дар сари суд хонагиҳои Абдуқаҳҳори ҷавонмаргро зора доранд, ки биёед аз даъвоятон гузаред. Ба фарзандони Абдуқаҳҳор се то сехонаӣ мехарем. Аммо онҳо рад карда гуфтаанд, ки не. Мо аз худатон ҳам безору аз хонаҳоятон ҳам.

Ин Шамшоди бадбахт бошад дар вақташ дар деҳаи Зиракӣ духтари як муаллимро гирифта буд. Аз он духтар ду фарзанд дошт. Баъд аз он духтари камбағал ҷудо шуд. Сипас  ба шаҳр омада милиса  шуда як зани сабукпоро  мегирад. Ҳоло бошад ин зани сабукпо дар даҳанаш шошида гаштааст. Айни замон мурофиаро мавқуф гузоштаанд. Ҳамон бачаи ҷураи Абдуқаҳҳорро сари суд биёранд, гуфта талаб карда истоданд. Боз мурофиа идома меёбад. Он бача аз Ҳисор мебошад. Ҳамонро қапида буданд. Ҳамон шаб ба сари Абдуқаҳҳор омада буданд.

Пештар дар ВКД тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд.

Суҳроб Рамазон бо Раҳими Рамазони вазир хеле сум кор карда  буданд. Ставкаи як началники милисаи як ноҳия аз 30 ҳазор доллар боло буд. Дар пайравӣ ба инҳо Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, дар Сарраёсати сарҳадот як нафарро дар як вазифа се моҳ мемонаду боз пул гирифта дигар касро фармон медиҳад. Инҳо аз мулло Абдураҳими кулобӣ ёд гирифтагианд. Корашон фақат сумкоркунӣ,кори дигар надоранд. Дар бораи ин бадбахти мулло Абдураҳими кулобӣ ончики гуфтед, сад дар сад ҳамааш  рост аст. Як писараш дар   гумрук кор  мекунад бо номи Мавлавӣ. Як писари дигараш дар қушунҳои сарҳадӣ кор мекард. Аммо номашро намедонам. Сарҳадбонашро аниқ медонам, ки наркобизнес буд.

Қубодиён

Мо, дар барномаи пешина қавл дода будем, ки дар сурати расидагӣ накардан ба арзу додамон навиштани шикоятҳоямонро ба “Ислоҳ” давом медиҳем. Ин навбат дар бораи соҳаи маориф, аниқтараш мактаби №5-и ноҳияамон мегуем. Дар ин мактаб таълиму тарбия аслан вуҷуд надорад гуем ҳам хато намекунем. Одобу ахлоқи талабаву муаллим ҳам бо ҳарду по мелангад. Талаба аз мактаб мебарояд дар куча то хона рафтан якдигарро масхараву дашном карда меравад. Дар ин мактаб чи дарс мехонда бошанд мо ҳайрон Директори мактаб Саъдулоев Қисмат ба мактаб ва талабаҳо тамоман аҳамият намедиҳад.

Саъдуллоев сари хонанда 35 сомонигӣ ҳар охири сол барои таъмири мактаб пул мегирад, аммо тамоман таъмир намекунад. Синфхонаҳоро мебиниву ба ҳоли талабаву муаллим ва макони таълиму тарбия ангушти ҳайрат мегазӣ. Партаҳо шикастагӣ, линолиумҳо ҳарҷо-ҳарҷояш даридаву фарсуда шудагӣ. Синфхона медароӣ чангу хок ба ҳаво мехезад. Аз шуъбаи маориф комиссия меояд вале “додя”-ашро мегираду меравад, Номи доляи онҳо чойпулӣ аст. “Чойпулӣ”-иро мегираду аслан тарафи синфхонаҳо нигоҳ намекунад комиссия. Ҳар гоҳе комиссия меояд дасту пойи директорро ларза мегирад ва даррав пеши муаллимҳо омада ба пулҷамъкунӣ сар мекунад. Албатта, комиссия камбудии директорро ҳам меёбад. Барои он камбудиро ёфтаву ошкор мекунад, ки боз пораи калонтар бигирад. Вале чаро барои пушонидани камбуди директор муаллим пул диҳад? Ин ҳама соле, ки Саъдуллоев Қисмат директори мактаб аст ягон кадри боқувват аз ин мактаб набаромадааст. Дар инҷо духтарҳо то синфи 9 мехонанд. Вақте рӯзи таваллуди ягон талаба шавад то деворҳои синфхонаро бо овехтани пуфак ороиш медиҳанд. Пуфаки ранги дил кашол мекунанд, мисли онки синфхона неву хонаи арусу шаҳ бошад. Дар мактаби №5 хонанда худаш ба худаш хуҷаин. Чи хеле форад, чизе пушад, мехезад меояд мактаб. Касе ҳеҷ чиз намегуяд. Дар даруни дарси муаллим талабаҳо тортро майда мекунанду мехуранд. Обҳои нушокӣ медароранд. Ин ҳама девонагиҳоро директори мактаб 100% медонад. Бовар кунед ба чунин ҳол директор мактабро оварда расонидааст. Директр  як ландаҳури ноуҳдабаро аст. Талабаҳои маслан болоӣ синфҳои 8у 9у даҳу ёздаҳ бояд суруди Гимнро хонда баъд синфхона дароянд, яъне ҳар субҳ. Синфҳои 10у 11 ҳатто аз курсиҳояшон намехезанд. Ҳоло дар қатор истодан он тараф истад. Директор тамоман гап намезанд. Гапашро ҳиҷ кас гӯш намекунад. Директору завуч камтар доду фарёду дуғу пуписа мекунанд, вале талабаҳо боз кори худашонро мекунанд. Чун мебинанд, ки гапашон таъсир надора, бефоида аст, ”э,брен дароен ба синфхонатон” мегӯянду мераванд. Синфи 11 мехонанд, сарулибосашонро мебини хандаат мегирад. Куртаи сафед бо брюки сиёҳи классик ва бо крассовки ё кети. Ба худо шармандагӣ аст. Дар туалети мактаб шиишта намешавад. Дарҳояш шикастагӣ. Ҳоҷатхона меравӣ, шогирдҳо мебинанду механданд.

Саъдуллоев Қисмат мактаби №5-ро тамоман ҷазир кардааст. Вай бояд худаш истеъфо дода равад ва дар ҷояш ягон одами уҳдабаро ояд.

Кулоб

Салом, бародар Муҳаммадиқбол!

Ман, ҳоло дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Пештар дар милиса кор мекардам. Ҳам дар Душанбе кор кардаам, ҳам дар Кулоб. Раиси шаҳри Кулоб Бахтиёр Назарро, ин кали ҳаромхурро хуб мешиносам. Вақте ба Кулоб раиси шаҳр шуд, хусурбачаи худаш Қосим Сайидшарифро оварда началники милиса монд, то инки ӯро аз халқ муҳофизат кунад. Солҳои пеш хонаи онҳо рафту омад доштам. Аксарияти авлоди ин кали ҳаромхур мошшениканд. Аз зани Бахтиёр сар карда то худаш. Падари марҳумаш аз Шугнов буд. Додари хусурбачааш Саъдӣ дар УБОП-и Душанбе кор мекунад. Як додари дигараш сардори милисаи Кулоб Рустам ном дорад, бекор аст.

Қосими хусурбачаи Бахтиёр Назарзода пештар дар ноҳияи Рашт сардори милиса кор мекард. Вақте Бахтиёр раиси шаҳри Кулоб таъин шуд аз Эмомалии бачаи Майрами гурсухта хоҳиш кард, ки одамони наздикашро ба инҷо ба кор монад, то ки “мара ҳимоят кунан”. Барои ҳамин Қосими Сайидшарифро оварда дар Кулоб сардори милисаи шаҳр таъин карданд. Вай дар кучаи Айнӣ, дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад. Рустами бародари Қосим дар Шугнов як дачаи калон сохтагӣ аст. Ин дача масоҳати бисёр калон дорад. Ин дачаро ба бардел табдил додаанд. Фоҳишахона гуем ҳам хато намешавад. Духтарҳоро аз кулобу Ховалингу Фархору Восеъ, хулоса аз ҳар куҷое пайдо шавад ба ҳамин дача бурда таҷовуз мекунанд.

Бахтиёр Назарзода аз занаш сахт метарсад. Вай ба хусурбачаҳояш мегуфтааст, ки “мара апатон сахт ғам мета, бо мабодо дача омадани мара нафаҳма”.

Қосими хусурбачааш дилашро пур мекардааст, ки ман ҳал мекунам. Парво накун. Қосим ба унвони сардори милиса боз Бахтиёрро кришават мекунад: “ма дар кулоб гапзанша фалон мекунм, кадоми язнам хафа мекуна”. мегуяд. Рутбааш полковник аст. Инҳо дар вақташ дар Фронти халқӣ, аниқтараш дуздакони Фронти халқӣ буданд.

Дар давраи Сангак мо кулобием гуфта Суғду Хатлонро ана ҳаминҳо дуздиданду ба яғмо бурданд. Барои онки он солҳо ин куҳнаҷунуби Раҳмонов дар пеши инҳо ҳиҷ кас набуд. Ба шайкаи дуздони Кулоб воля додагӣ буд. Гуё ин куҳнаҷунуб ба Қосим супориш дода бошад, ки дар Кулоб ҳар каси гапзанро шиканаду шинонад, гуфтаст, ки чанд буқае дар кулоб ҳаст нобуд кунад. Ҳар нафари “гапзанша” гуфтааст, ҳисобашро ёб. Гуё раҳмонов ба Қосим Саидшариф ва бахтиёр Назар гуфта бошад, ки Кулобро ҳам бояд ранги Бадахшон кунем: киҳо гапи ҳақ мезананд, онҳоро бояд кушем, гуфтааст Раҳмонов. То ҳамин ҳоло Рустами герчики писараш ба кулобиҳо қасд дорад. Ҳамон чанд соли пеш дар майдони Кулоб шатта хурданашро аз хотир набаровардааст.

Кучаи Куйбеши Кулоб ҳама герчику бангӣ шудагианд. Милисаҳо ба он куча доля  ҷамъ кардан  меоянд. Як коргари уголовний розиск аз деҳаи Корези боло Холов Зафар ном дорад. Ин ва бародаранаш аптекаҳо доранд ва инҳо як вақтҳо наркобаронҳои калони Кулоб буданд. Ҳозир дар дасти Рустами герчик кор мекунанд ва дигар ба ин Рустами гунгак наркотик мефурушанд. Ҳамин Холов Зафар дар куштани бародар Абдуқаҳҳор 100% даст дошт. Ин Холов Зафар дар чанд ҷо аз номи началники милисаи Кулоб ҳамин хел гапҳо задагӣ, ки “мо гапзанои кулобира худошону заношона фалон мекунем. Мо бояд Кулоба тоза кунем” гуфта мегашт. Аммо задани худо садо надорад, баъде, ки зад, даво надорад, мегуянд мардум. Ҳоло акнун дастгир шудаасту барои қатли ин бародар мешинад.

Як ҳодисаи дигарро мехоҳам нақл намоям. Медонед барои чи Юсуфи бародари ҳоҷӣ Ҳалим ( генерали марҳум Абдуҳалим Назарзода) таслим шуд? Гуфт ман гуноҳе надорам. Бо бародарам ягон майда “қуш” нестам. Вай, рост гуфта буд. Ман онҳоро мешинохтам. Аммо дар раёсати ВКД ӯ аз зарби мушту лагад дар ҷояш ҷон дод. Ӯро бо як бераҳмии вазнин зада –зада куштанд. Чи гуна бо ваҳшоният ӯро куштанд шоҳиди бе восита будам.

Бо ҳисоби ман 78 мошини хориҷӣ аз ҳоҷӣ Ҳалим ва нафарони наздики вайро аввал дар майдони пушти Дастгоҳи иҷроияи президент оварданду ҷамъ карданд. Чунки инҷо касе, ки бо ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода шинос буд мошинҳояшонро конфискация карданд. Аз ин мошинҳо17-ададашро амният, ки ҳоло яке аз онҳо дар зери пои духтари Ятимов қарор дорад, 2 тояшро Озода Раҳмонова1 ададашро Рустами Эмомалӣ, 3 тояшро шахсан худи СС.Ятимов ва 5тояшро Прокуратураи генералӣ гирифтанд. Ин авлоди лаънаткардаи писари Майрами гурсухта фақат Ландкрузери 570, Тойота фортунер ва Прадоҳоро гирифтанд. Ҳамин ҳоло ҳам Музаффар Ашурзода, вазири адлия ва қудои Фирузаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва Файзиддин Қаҳҳорзодаи вазири молия бо мошинҳои ҳоҷӣ Ҳалим дар шаҳр мегарданд. Номерҳояшон: 042 ва 047 аст Яктои дигар аз мошини ҳоҷӣ Ҳалим дар дасти Қоҳир Расулзодаи сарвазири Тоҷикистон қарор дорад.

Инро ҳам бигӯям, ки ба соҳибкори муваффақи тоҷик Зайд Сайидов бисёр ҳам ҷабр карданд. Тамоми чизу чораи онҳоро кашида гирифтанд. Вақте зиндони навро дар Ваҳат месохтанд ба бачаҳои Зайд супориш доданд, ки агар бихоҳанд падарашон дар маҳбас азоб накашад дар ин маҳбас 5 ошхона ва 25 ҳоҷатхона сохта диҳанд. То набераҳои кудаки Зайдро барои допрос бурданд.

Аммо як бачаи Ҳасан Асадуллозодаи хусурбачаи Раҳмонов, директори клуби Лофт шабе нест, ки дар таҳхонаи клуб сафеди назанад ва 2- 3духтарро нодухтар накунад.

Зайд Саидро бо туҳмат қариб сӣ сол доданд. Аммо барои чи Фируз Холмуродзода, муфаттиши Агентии коррупция -бойфренди кали Фаттоҳ Саидро барои миллионҳо-миллионҳо зарар расонидан ва ба миллионҳо доллар пора гирифтан ҳамагӣ 9 сол доданд.

Ман худам навори допроси бачаҳои амниятро дидам. Мегуяд, ки “вақте ман арус меовардам 5 этаж меҳмонхонаи Тоҷикистон дар ихтиёрам буд. То инострансҳоро   сер мекадан, ки мара халал нарасонан”. Садҳо духтарҳоро нодухтар карда будааст. Бачабозоишро ҳам нақл мекунад: “ма бачабозира дар хориҷа мекадм. Турция, Дубай ва Хитой мебурдмшон, дар дохили кишвар намекадм”, мегуяд. Муфаттишҳо мепурсанд, ки барои чи бачабозӣ мекунӣ. Ҷавобро бинед, ки чи мегуяд? “Дхтаро муллогӣ мекнан, одам метарса, бачаҳо намекнан, барои ҳами ҳози чиновнико бачабоз шидагиян”. Он рӯзе, ки меқапандаш ҳамон шаб бо арусаш Фаттоҳ Саид будаст. Бо Фаттоҳ Саид 2 миллион доллар взятка мегиранду тақсим мекунанд ва ранги қавми Лут “дам” мегиранд. Барои ин ҳама гуноҳҳо уро 9 сол доданд, вале Зайди бегуноҳро бо туҳмату буҳтон 26 сол доданд.

Варзоб

Бародар Муҳаммадиқбол, ман як пешниҳод дорам, ки мехоҳам тавассути барномаи Номаҳо ба мардуми кишвар бирасонед. Ман, солҳои аввали ба кор шуруъ кардани ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе –Хуҷанд дар онҷо ба кор даромадам. Он вақт аз Душанбе то Махура се плазаи толлингӣ амал мекард ва ҳоло ду то шудааст. Ман, муаллим будам ва бо тавсияи як дустам ба онҷо омда ва ба кор сар кардам. Бояд рӯирост бигӯям, ки маоши мегирифтаи ман он солҳо дар нисбати муаллимӣ, ки ман мекардам се баробар бештар буд. Ду сол аз соли 2010 то 2012 онҷо кор кардам. Дар воқеъ ин як ширкати дузд ва роҳзан аст. Ҳамарӯза дар қопчаҳо пул ҷамъ меомад ва онро ба Душанбе мебурданд. Як вақт роҳбарони ширкат ба ман ва чанд нафари дигар шубҳа карданд, ки мо гуё ҳамаи маблағҳоро ба касса намесупоридаем. Хуллас, моро аз кор берун карданд. Ва, ман баъди як муддат кори муаллимӣ ба муҳоҷират ру овардам. Шукри Худо зиндагии бад надорам. Аммо манро як чиз азоб медиҳад. Чаро ин ширкат бо ин ҳама пулу даромаде, ки дорад ҳиҷ кори хайру боарзише намекунад. Ҳатто аз пардохту андозҳо озод аст ва ҳар чизе, ки барои эҳтиёҷоташ аз хориҷа меоварад ҳеҷ маблағе ба гумрук намесупорад. То имрӯз миллиардҳо ин ширкат ҷамъ кардааст. Дар асл ин ширкат ширкати худи Раҳмонов аст вале онро Ҷамолиддин Нуралиеви домодаш, то ҳамин чанд вақти пеш муовини аввали Бонки миллӣ буд идора мекунад.

Ман пешниҳод мекунам, ки тамоми пули ҷамъовардаи ин ширкат тули беш аз 12 сол му ба му ҳисоб карда шуда ба соҳибони аслиаш-мардуми тоҷик баргардонида шавад. Пешниҳоди ман ин аст ки як Фонди миллии рушди маориф дар кишвар ташкил карда шавад ва пулҳои ин ширкатро ба ҳисоби он гузаронанд. Ва аз ҳисоби ин миллиардҳои дар асл аз мардум дуздидашуда маоши омузгорони мактаб ва донишгоҳҳоро зиёд кунанд. Ба макотиби кишвар асбоби аёнӣ бихаранд. Хуллас, ин пулҳоро барои рушди маорфи кишвар масраф кунанд ва ин ширкати пулчинакро аз байн бибаранд. Вале қабл аз онки бибанданд ин ширкат бояд қарзи давлати Чинро, ки сохтмони ин роҳро ба анҷом додаааст, бо баҳраҳояш то тини охирин бипардозад.

Норак

Бародар Муҳаммадиқбол.

Ҳар ончи мегуям, ҳамин як ё ду рӯзи пеш руй дод. Инро аз забони як нафар аз коргари неругоҳи Норак шунидам. Вай қисса кард, ки ду рӯзи қабл истифода аз телефонҳои мобилии дар дастамон бударо ба ҳама сардорони шуъбаву коргарҳо манъ карданд. Супориш доданд, ки минбаъд ба ҷои он телефонҳои дастиамон телефонҳои тамғаи Нокиа, телефони одиро истифода барем. Ҳади ақал дар ҳудуди неругоҳи Норак бояд бо ҳамин Нокиа бошем. Гап дар бораи он меравад, ки чанд рӯзи пеш агрегати авали неругоҳро, ки навсозӣ карда буданд, аз кор мондааст ва тарсашон ин будааст, ки мабодое ягон коргари Норак аз харобшавии ин агрегат акс гирифта ба “Ислоҳ.нет” фиристад. Барои ҳамин се руз шуд, ки дар дасти ягон кас телефонҳои мобилии пештарааш нест.  Телефонҳои одии хитоии Нокиаро истифода мебарем.Айни замон қариб дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамарӯза ду ё се соат ҳатман қуваи барқро хомуш карда истодаанд. Ба ҳама фармон шудааст, ки бо ҳамин телефон оянд. Ҳозир дар дасти ҳамаамон ҳамин телефони одӣ аст, ки бо он на интернет даромада мешавад на акс гирифта. Коргаронро таҳдид кардаанд, ки дар дасти ягонтоатон телефони камерадор дидем, аз кор пешатон мекунем.

Ин агрегатро чанд вақт пеш Раҳмонов дар маросими ифтитоҳаш иштирок карда ва эълон карда буданд, ки фаъол шуда аст аммо ҳоло  наметавонанд, ки таъмир кунанд.

Руирост гуфтаанд, ки ба “Ислоҳ.”аксу тасвир нафиристед, ки пайдо карда аз кор пешатон мекунем.

Ваҳдат

Домулло, мо барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Шумо ҳар бор таъкид мекунед, ки агар хабареву маълумоте доред, бо мо дар миён бигзоред.

Барои шумо як маълумоти навро мерасонам ва бовар дорам шумо онро ба самъи тамоми мардуми азизи кишвар мерасонед. Ҳамсояҳоямон аз Тоҷикистон Маскав омада истода буданд. Ин кор дирӯз, рӯзи 4 июн ба амал омадааст. Дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав аз миёни мусофирони тоҷик 17 ҷавони қаду қоматбаланд ва танумандро ҷудо карда ба як утоқи фурудгоҳ медароваранд. Ба ин ҷавонҳо пешниҳод мекунанд, ки барои шумо ана ин миқдор пул медиҳем, шумо дар иваз ба ҷанги зидди Украина меравед. Ин ҷавонҳо рад карда мегуянд, ки ин ҷанг ба мо дахл надорад, мо намеравем. Гуфтаанд, ки барои шумо тамоми шароит, агар бихоҳед, ки шаҳрвандӣ бигиред медиҳем, фақат инки ақалан 6 моҳ бояд дар ҷанг иштирок кунед. Дар ғайри сурат депортатон мекунем. Ин ҷавонҳо ҳам паст наомада гуфтаанд, ки ҷанг намеравем, депортамон кунед, кардан гиред.

Ва, ҳамаи ин 17 ҷавонро ба муддати 60 соливу 100 солӣ депорт карда шаб дар фурудгоҳ нигоҳ дошта рӯзи дигар савори самолёт карда аз фурудгоҳ ба ватан депорт кардаанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №30 появились сначала на ISLOH.net.

Заминҳоро фурӯхтанд, ҳоло даст ба гӯристонҳо мезананд
Гӯристони деҳаи Боғи мирии ҷамоати деҳоти Ромитро ҳам фурӯхтанд. Ин деҳа ва ин қисмат аз дараи Ромитро ҳамчун заповедник-мамнӯъгоҳи Ромит мешиносанд. Бори охир моҳи 29 июли соли ҷорӣ як нафар муаллими деҳаро дар ин гӯристон бо як азобу ситаме ба хок супориданд. Ҳамонро ҳам бо дастгирии раиси ҷамоат ва муовини раиси шаҳри Ваҳдат. Вагарна вақти кандани қабр меоянду белу каланди қабрканҳоро аз дастонашон гирифта худашонро аз оромгоҳ берун мекунанд.

Дар бораи вазъияти ин гӯристон як филми ҳуҷҷатӣ ҳам дар шабакаи YouTube дар гардиш аст. Манзурашон Далери Имомалӣ аст,ки як наворе аз сокинони ин минтақа барои гуристон намуда буданд. Аммо сокинони ин деҳа гуфтанд, ки баъд аз нашри ин навор чандин нафарро бурда дар подвали милисаи Ваҳдат кормандони «6-ой» отдел мурданивор кӯфтаанд. Сокинони деҳаи Боғи мирии ҷамоати деҳоти Ромит бо мазмуни зайл барои мо нома фиристодаанд:

Номаи шикоятӣ:

«Ин номаро мо, сокинони ҷамоати деҳоти Ромит аз шаҳри Ваҳдат ба шумо мефиристем. Раиси ҷамоати мо Хурсанд Мирзоева мардуми одиро зери фишору зулм қарор додааст. Вай аз мардум барои участкаи наздиҳавлигӣ пули зиёд гирифт. Аммо то кунун барои ягон кас як ваҷаб ҳам замин надода истодааст. Вай ин пулҳоро тавассути домоди бародари калониаш Раҷабалӣ Ҷайлобов гирифт. Ҷайлобов барига аст, кораш фақат фурӯши наркотик мебошад. Худи Мирзоева Хурсанд ӯро дар ин кор «кришават» мекунад.

» Мирзоева Хурсанд  боз як ҷияни  дигар  дорад, ки номаш Асалбек  аст. Асалбек майдони футболи ҷавонҳои ҷамоатро ба зӯрӣ аз они худ кард. Вале арзу шикояти ҷавонҳоро касе аз мақомоти давлатӣ гӯш намекунад. Кор ба ҳадде расидааст, ки ин раиса муллоҳои Ромитро ҳам «давлатӣ» кардааст. Ин муллоҳо пеш аз намози ҷумъа фақат таърифу тавсифи Ҷанобро мекунанд. Садои азонро хеле ҳам паст карданд. Як муллои бузи амниятиҳо ҳаст, ки Мулло Ҳошим ном дорад. Дар бораи «буз»-и ҳои ин мулло дар барномаҳои дигаратон маълумот роҳӣ мекунем.»

Сардори Идораи хоҷагии ҷангали мамнӯъгоҳи Ромит Ҳамоиддин Маҳмудов ҷони мардумро ба лаб овардааст. Дар тамоми кор пул канда мегирад. Барои як хар алаф мардумро зери мушту лагад мегирад. Пули дудпулӣ те, алафпулӣ те, барои сиёалаф пул те, барои як дарза ҳезум пул те, барои гову мол пул те…фақат кораш ғорати мардум аст.

«Худу хешу табораш ҳатто ҳезуми тарро меоранду месӯзанд вале агар як камбағал як чӯби хушк ҳам биёрад, ӯро санад мекунад ва ҷарима мебандад. Домодҳои вай гуриситонро соҳибӣ кардаанд. Ҳоло дар гӯристон мурда дафн карданро манъ кардаанд. Бародари Ҳамоиддин, дар беморхонаи Ромит кор мекунад. Дар ҷамоат як раисаи дигар кор мекард. Бо вай ҳамхоба шуда ҳаромӣ ба бор овард. Номи ин раиса Бибимарям Сафарова аст.»

Як бародари дигар Ҳамоиддин муаллим аст. Маҳмудов Маъруф ном дорад. Як духтари 17соларо бачадор кард. Имрузу пагоҳ мегирам гуфта фиреб дода гаштааст. Маъруф муаллим дар деҳаи Кохут аст.

Дар ҳамон наворе, ки дар робита ба сарнавишти оромгоҳ ва роҳи деҳа,ки ба самти куҳу пушта меравад Ҳамоиддин Маҳмудов мардумро аз амният тарс медиҳад. Худи Ҳамоиддин рамаи бузҳои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро бонӣ мекунад. Заминҳои мардумро гирифта худи мардумро намемонад, ки ҳатто роҳро гузаранд. Роҳи ба самти чарогоҳро бастааст. Чанд нафар одамҳое, ки барои гӯристон эътироз карда буданд, масалан Зафарро бурда дар подвал ҳамчунон заданд, ки дар баданаш ҷойи ободӣ намонд. Гӯристони деҳаро Ҳамоиддини сардори мамнуъгоҳ гирифта ба кадом як генерал додагӣ аст. Рамазон Раҳимзода дар тори сари онҳо «кришават» мекунад. Ҳамоиддин аз инҷо барои Рамазон Раҳимзода кабку моҳиву оҳуву харгӯш сайд карда бурда медиҳад ва ё агар ба ин тарафҳо дамгирӣ ояд бо ҳамин гунна гӯштҳо барои вай ва ҳамроҳонаш дастурхон ороста мекунад.

«Раисаи ҳозираи ҷамоат Хурсанд Мирзоева, вақти ҳодисаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим дар сентябри соли 2015 ду- се нафар маҷрӯҳонро бурда супорид. Дар чанд ҷо лоф задааст, ки дугонаи Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай пештар дар боғчаи бачаҳо кор мекард. Ӯро раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амиралиев «кришават» мекунад. Ин раиса аз ҳар хона барои замин пул гирифтагиаст. 20 то 30 сар гуспанд ҳам гирифтагӣ аст. Аммо, чуноне гуфтем ҳоло аз ин заминҳо хабаре нест.»

Талабаҳои мактабро «буз» кардагианд. Ҳар касе барномаҳои «Ислоҳ»-ро бинад, мераванду хабар мекашанд. Лекин, бовар кунед қариб ҳама мебинанд барномаҳои шуморо.

Дар ШКВД-«отдел»-и Тангаӣ ду- се бачаҳои кулобӣ кор мекунад. «Фалони очаҳо шумо ихеле ухеле, «Ислоҳ»- наҳзатро тамошо мекунед” гуфта мардумро сахт мезананд. То пул нагиранд ҷавоб намедиҳанд. Милисаи участковийи Ромит Сафар ном дорад. Ин Сафар «шестёрка»-и ҳаминҳо аст.

«Чанд вақт пеш аз болои Ҳамоиддин дар коррупсия навиштанд.Омаданду бурданд, Вале чизе нашуд. Вақте корнавирус масҷидро бастанд. Якҷоро лагер мегӯянд, дар онҷо намози боҷамоат ташкил карда буданд. Участковий омада «шумо гапи Ҷаноби олиро намегиред» гуфта масҷидро ҷарима кард. Муллоҳо хонабахона гашта аз мардум пул ҷамъ карданд то ҷаримаи масҷидро пардозанд.»

Ҳоло акнун баргардем ба қабристон. Баъд аз он навор тамоми одамҳое, ки бо он журналист гап зада буданд, бурда дар 6-ой отдел заданд. Ин гуристонро кадом генерал гирифтагӣ аст. Гӯристони деҳаро ҳам ба мамнӯъгоҳи Ромит ворид кардагианд. Худи мамнӯъгоҳи Ромитро Рамазон Раҳимзода аз они худ кардааст. Мардумро дохил шудан намемонанд. Мардуми деҳа мурдаҳояшонро ба дигар гӯристон мебаранд. Аммо сокинони деҳаҳои дигар мегӯянд, ки дар гӯристони худатон дафн кунед. Атрофи оромгоҳро симтур гирифтагианд. Вақте ба хоксупории муаллим аз Идораи ҷангал ва идораи замин омада бо мо ҷангҷол карданд. Танҳо дахолати раиси ҷамоат ва муовини раиси шаҳр сабаб шуд,ки муаллимро дар ин қабристон дафн кунем. Як сол зиёд шуд, ки моро аз оромгоҳ маҳрум кардагианд. Ба тамоми ҷо навиштем, аммо бефоида. Ҳамоиддин Маҳмудов, мудири мамнӯъгоҳ аз деҳаи Хӯшон аст. Ҳамоиддин Маҳмудов, мудири хоҷагии ҷангали мамнӯъгоҳи Ромит. Бо Рамазон Раҳимзода рафтуомад дорад.

Соли ҳодисаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим (сентябри 2015) мардуми гирду атрофии мамнуъгоҳ шикоят карданд. Бояд Ҳамоиддинро аз кор мегирифтанд, ҳамин Рамазон Раҳимзода ёрдамаш кард. Қарор шуда буд, ки ҳар сол барои 10 нафар камбизоат замини наздиҳавлигӣ дода мешавад. Лекин Хурсанд Мирзоева ин заминҳоро аз 40 то 70.000 сомонӣ мефурӯшад. Дар деҳаи Боғи мирӣ 100 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Мақсади инҳо аз гирифтани оромгоҳ ва ба мамнуъгоҳ дохил кардани он дар он будааст, ки баъди чанд сол онро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба мардум фурӯшанд. Масоҳати он аз 4 гектар зиёд аст. Ҳоло нархи як сотих замин аз 1000 доллар ҳам зиёд аст. Айни замон чанд гаваз оварда дар болои гӯрҳои мардум сар додаанд. Ҳамчунин бузҳои Рамазон Раҳимзода дар инҷо мечаранд. Аммо мардум ҷойи дафни азизони худро надоранд».

Сообщение Заминҳоро фурӯхтанд, ҳоло даст ба гӯристонҳо мезананд появились сначала на ISLOH.net.