Архивы Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода - ISLOH.net

Наврӯз барои ҳама вале на барои ман
Шаш сол мешавад, аз замоне, ки падари бузургворам дар ҳамин рӯзи оғози соли нави бостонии мо -мардуми форсинажод даъвати ҳақро лаббайк гуфт ва ҷон ба ҷонофарин супорид, имрӯз нафақат бароям шуруъи соли нави ҳиҷри шамсӣ ва як рузи муқараррӣ аст.

Агарчи ҳама рӯзҳо рӯзҳои Худост ва намешавад рӯзеро бад ва ё хуб гуфт, мисли бархе ташоум кард чун ин мухолифи эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоъат аст. Рӯзҳои хуб рӯзи ҷумъа ва даҳ рӯзи оғози моҳи зилҳиҷҷаро метавонем тибқи фармудаи шариъат унвон кунем. Дигар рӯзе бар рӯзе афзалу бартарӣ надорад, магар инки бештару зиёдтари онро ба тоату ибодат ва дуову ниёиш ва ё дар хидмати халқи Аллоҳ бигзаронида бошед.

Чархи гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нагашт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон ғам махур.

Ин дар хилқат ва табиати инсонӣ аст ки рӯзе бар муроди туст, чуноне мегуянд, дар кӯчаат ид асту кулча мехурӣ ва баракс рӯзе бар азияту ту ба шом хатм шудааст ва дуруст гуфтааст, ки «навмед набояд шуд», чун ҳамин аст чархи рӯзгор.

Шаби 21 марти соли 2019 дар Лаҳистон, дар мулки ғарибӣ, дар дуввумин даври ҳиҷраташ падарам чашм аз олам  барбаст. Шашумин сол аст ки эҳсоси набуди ӯ дарднокам мекунад. Махсусан дар ин шабурӯзҳо, ки муштоқи машварат ва маслиҳатҳои ӯям. Чун манзилу мактабе, ки вай ва ёрони бовафояш сохтаву баланд карда буданд, ниёзи сахт ба мараммат ва бозсозӣ дорад.

Пайваста дар ҳаққаш дуъо мекунам. Кореро, ки як фарзанди солеҳ метавонад анҷом диҳад ин аст ки пас аз даргузашти волидон дар ҳаққашон дуъоҳои хайр кунад.

Падарам марде буд бо чеҳраи кушодаву ҳамвора бо лабони моил бар табассум ва ҳеҷ сухане, ки касеро озор диҳад аз ӯ сар намезад. Агар сахт аз коре хашмгин мешуд, сарашро хам мекарданд ва ё бо дастанаш пешонияшро медошт. Дар ҳол мефаҳмидем аз чизе норозӣ ва ё ғамгинанд.

Ҳеҷ гоҳ кина ва ҳасад бо касе намегирифт, дили софу бараҳм   дошт.

Ман аз хурдсолӣ, ки даврони Иттиҳоди шуравӣ тай кардаам падарамро ҳамеша медидам ё менавишт ва ё мехонд ё радио гуш мекард. Навишти зебои настаълиқ дошт, дар китобхонааш дастхатҳои зиёде аз навишти худаш ҳифз мекард. Ҳеҷ рӯзномае набуд, ки обуна набошанд ва ҳар рӯз ба хона қосид-почталон рӯзномаҳоро меовард ва падарам субҳ, то рафтан ба кор ҳатман мурур мекард. Ёд дорам кадом як шумораи газета он рӯз нарасида буд, ба фикрам интизори чопи матлабе буданд, бисёр беқарор шуданд ва то кор рафтан такроран мегуфтанд, ки чаро рӯзнома нарасид? Он бегоҳ омаданд ва дар дасташон ҳамон рӯзнома буду даромаданду ба хондани он шурӯъ карданд.

Пайваста радиои Озодӣ, Садои Амрико, ББС инчунин як ду мавҷи арабӣ ва русиро гуш мекарданд. Радиоҳои хурди хориҷӣ доштанд ва якто ҳам не чандто доштем. Агар аз ахбор ҳолатҳои нохушеро аз олами ислом ва ҳодисоти ҷаҳон мешуниданд, мегиристанд. Пайваста мегуфтанд Худо моро аз ин Шуравӣ кай озод мекарда бошад? Миллати мо бояд озод шаванду мустақил бошанд. Ҳеҷ шоме набуд, ки дар хонаи мо меҳмон набошад. Меҳмонҳои доимӣ доштем. Низ онҳоеки шогирдони падарам буданд ва барои дарс гирифтан меомаданд ва сабақашонро мегирифтанду мерафтанд. Аввалҳо дар хона чандин муллобачаҳо меистоданд вале баъдҳо хонае хариданду ҳама муллобачаҳоро онҷо ҷой карда буданд ва акнун онҳо меомаданд дарс мегирифтанду мерафтанд. Меҳмонҳои доимии падарам Устод Нурӣ, Домулло Абдуллоҳи хурдӣ, Домулло Қамариддин, Махсуми Кароматуллоҳ, Эшони Сайидумрон, Домулло Айёмиддин, Мулло Азизхӯҷа Ваҳҳобов, Домулло Неъматуллоҳ Эшонзода, Махсуми Абдурозиқ, Акаи Хайриддин, Акаи Санг, Акаи Афғон, Домулло Абдуҳалими ҳамсояамон ва баъзеҳои дигар, ки дар як ҳафта ҳатман як маротиба ду маротиба меомаданду бо ҳам менишастанд.

Масорифи толибилмони вилояти Қурғонтеппаро, ки ададашон хеле зиёд буд худ мепардохтанд ва чандин хона барои таълиму тадрису омӯзиши толибилмон харида буданд.  Ҷавонони зиёде аз Кулоб  ва манотиқи дигари кишвар барои фаро гирифтани улуми шаръӣ ба Қурғонтеппа меомаданд, ки дар ҳалқаҳои дарсии муназзами ташкил кардашон илм фаро мегирифтанд. Инчунин ҷавонони зиёдеро омода барои дохил шудан ба Пединститут (Донишкадаи омузгорӣ) ва педучилиши (омӯзишгоҳи омӯзгорӣ) Қурғонтеппа  мекарданд, то ҳамзамон бо омӯзиши улуми шаръӣ аз улуми дунявӣ низ бархурдор бошанд.

Соли 1986 аз тарафи КГБ хонаи мо кофтукоб шуд ва падарам барои омӯзиши улумӣ динӣ ва гӯш кардани радиоҳои хориҷӣ ва инчунин бо ҷурми «Антисоветский пропоганда» мазнун дониста шуданд. Ин иттиҳом бар алайҳаш иттиҳоми сиёсӣ буд. Ман диққат медодам ҳар субҳ ҳангоме радио гуш мекард номашонро дар радиои Озодӣ ва ББС мегирифтанд, ва низ чанд нафарро мешунидам, ки бо чунин ҷурм боздошт кардаанд аз Тоҷикистон.

Саволу ҷавоб ё истинтоқи бозраси КГБ аз падарам ҷолиб буд

Падарамро вақте КГБ пурсид, ки радиои хориҷӣ гуш мекунед? Гуфтанд бале.

Таълими динӣ медиҳед? Гуфтанд бале.

Ташвиқоти зидди Иттиҳоди шуравӣ кардаед? Гуфтанд, не,ман фақат мухолифи вуруди қушунҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистонам ва набояд тоҷикписарҳои мо дар Афғонистон кушта шаванд.

Он вақт КГБ гуфт ҳама ончиро, ки дар парвандааш мехостем бошад худаш эътироф кард ва муфаттиш гуфт шумо имзо гузоред боздошт намешавед, вале то рӯзи додгоҳ аз маҳалли зистатон берун нашавед.

Падарам дар боздоштгоҳ ҳаргиз набуданд ва он шабурӯзҳо ҳама вақт дар хона буданд. Кор мерафтанд ва хона меомаданд ва аз Қурғонтеппа берун намешуданд.

Ёд дорам агар ягон бегоҳ вақте ба хонаи амакам барои аёдат мерафтем ба ман мегуфтанд «бачам ин мошине мебинӣ аз пушти мо омада истодааст КГБ ҳаст ва назорат дорад мо куҷо меравем».

Бовар кунед агар соати 12 шаб ҳам, дидаву дониста новақт карда бармегаштем ҳам он мошинро медидам аз пуштамон меомад, то хона ворид шуданамон. Ҳамеша зери таъқиб ва контрол қарор дошт.

Рӯзи додгоҳ расид ва ману модарам дар толор будем ва ҳама ончи дар саволҳоро, ки боло овардам судя пурсид ва падарам гуфтанд, бале дуруст аст. Боз акс ҳам гирифта будаанд:- «ана дар инҷо дарс гуфтаед, дар ин маҳфил суҳбат кардаед, зидди Иттиҳоди шуравӣ ва ана ин акси фриконсҳои радиоҳои хориҷие гуш мекунед. Ин акси ҷойнамоз, ки намоз хондаед» ва ба ҳамин шакл бо факт ҳамаро гуфт. Падарам ҳамаро қабул карданд. Модарам мегиристанд вале падарам механдиданд. Ман мегуфтам ҳозир зиндонаш мекунанд чаро механдад. Судя, ки Мирзоев ном доштааст, бо садои баланд гуфт: «ҳе мулло, медонӣ ҳозир ҳукмта мехонам меравӣ Сибир ҷангалда дарахт мебурӣ фаҳмидӣ?»

Падарам  гуфтанд: «ин ҳама ҷурме бар алайҳам эълон кардед инҳо ҷиноят нестанд ва ҳаққи шаҳрвандии ман буд ва ман як тоҷики мусалмонам. Медонам қазияи мо ба хориҷ рафта аст ва аз мо ҳимоят мекунанд. Агар ман мурдам писаронам кори маро идома медиҳанд.» Хуб дар ёд дорам модарам сари маро ба оғуш гирифт ва бо ашк гуфт: «охир бубинед худаш дар чунин ҳолат боз мехоҳад бачаҳояш ҳам бо роҳи худаш раванд».

Чанд лаҳза пештар аз модарам пурсидам, ки чи он ҳолат ёдатон ҳаст?   Гуфт бачам, падарат коре мехост кунад, касе ва чизе ӯро наметавонист боздорад.

Судя Мирзоев ва ҳайати ҳамроҳаш ба хонаи машваратӣ дохил шуданд ва пас аз чанд дақиқа хориҷ шуданд. Судя дар пушти курсӣ он тараф мерафт ин тараф меомад. Охир дар курсӣ нишасту гуфт мулло чи дуъое кардӣ? Ҳама дар таъаҷҷуб ва дар ҳайрат будем. Чи шуда бошад? Мирзоев гуфт: «ҳукми шумо ба гласность ғалтидаст, бо қарори Шурои вазирони Иттиҳоди Шуравӣ шуморо аз толор озод менамоем, вале ду сол бояд шумо аз маошатон ба фоидаи давлат супоред».

Ва ҳамин тавр аз толор падарамро ҷавоб доданд. Вале чуноне огоҳӣ доред чандин бузургони дигаре чун Устод Нурӣ ва Шамсиддини Саид маҳкум ба зиндон карданд. Қазия ва ҳукмашон як буд дар асл. Вақте пурсида будам иллаташро падарам мегуфт ман ҳама он иттиҳомоти ба ман ворид кардаро бар душ гирифтам. Мумкин аст аз ин ҷиҳат бошад.

Соли 1990 бо дигар бузургон ҷузъи аввалин қофилаи 100 нафараи ҳоҷиён буданд, ки маблағи он солаи ҳаҷ 17 ҳазор рубл буд. Вале шоҳи Саъудӣ онҳоро ба ҳайси меҳмонҳои хос қабул кард ва ба ин хотир маблағҳояшонро баргардонида дод  ва падарам аз ҳаҷ омадануд он пулро дар бинои масҷид сарф намуданд, ки он масҷид то имрӯз дар кӯчаамон аст. Вале номи масҷидро пас аз репрессияи соли 2015 иваз карданд.

Пас аз ҳиҷрати аввал ва имзои Созишномаи сулҳ узви зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи Оштии Миллӣ буданд.

Пас аз он аз соли 2000, то соли 2010 ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Хатлон кор карданд. Пас аз он дар вазифаи муовини раиси академияи ҲНИТ кор кард. Соли 2015 пас аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ аввал дар ватан буд. Вале азияту озораш карданд, ба ҳолатҳои мушкил мувоҷеҳ шуд. Аламшозода Абдурраҳмон ҳамон Бузмакови маъруф, ки муовини ВКД ҳаст феълан шахсан падари худобиёмурзамро латту куб кард. Дучори осеби майнаи сар шуд. Дар хона ва дар бемористонҳо бистарӣ шуд. Дар бемористони Бохтар, ки табобат мегирифт вале шифо намеёфт, боз ҳам мавриди азияту озори мақомот қарор мегирифт. Мехостанд тавассути укол дар капелница ӯро ба қатл расонанд вале ба ин кор муваффақ нашуданд.

Пас аз шуруъи суҳбатҳои расонаии ман дар интернет дар соли 2016 чандин маротиба ӯ ба КДАМи Душанбе даъват ва мавриди озору азият қарор гирифт

Аммо ҳатто ишора ҳам накард ва ба ман нагуфт,ки «бачам мубориза набар ва ё бас кун ин коратро». Ҳар вақте занг мезадам танҳо мегиристанду аҳволпурсӣ мекарданду тамом. Соли 2017 моҳи сентябр дар ҳоле вориди Лаҳистон шуданд, ки ҷисму ҷони пур аз дарду доғ доштанд ва вазъи сиҳатиаш рӯ ба вахомат гароида буд. Аммо ягон бор бар дурустии роҳи худаш ва ёронаш ва пайравонаш, аз ҷумла ман шакку шубҳа накард.

Пас аз якунм соли аз ҳиҷрат ва бар асари бемории тулонӣ дар бемористон аз олам даргузашт ва дар Варшава мадфун аст.

Рӯҳаш шод бод ва ин шо Аллоҳ роҳи нотамоми эшонро мо идома медиҳем. Аз Аллоҳ таманно дорам пирӯзӣ насиби мо гардад.

Сообщение Наврӯз барои ҳама вале на барои ман появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\2
(бахши дуввум, давраи дуввум)

Шуруъи фаъолияти расмӣ ва ошкорои ҲНИТ. Қатъи ин фаъолият дар тобистони 1993

Ба муҷарради сабти ном шудан ҲНИТ, ки аллакай тамоми сохтору созмонҳои он дар саросари кишвар ба таври ғайрирасмӣ амал мекард ва мунтазири фаро расидани як чунин рӯз буд, дар зудтарин фурсат ба фаъолияти аланӣ оғоз кард.

Нахустин шумораи органи чопии ҲНИТ бо номи «Наҷот» , ки ҳанӯз дар соли 1990 ба нашр расида буд, акнун ба таври расмӣ мунташир мешуд. Расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз фаъолияти расмии он хабару гузоришҳо ба чоп мерасониданд ва мақомоти ҳизб ҳам бо камоли майл ба хабарнигорон сӯҳбат мекарданд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки баъди ин ҳама солҳои пинҳонкорӣ ва зиндонӣ шуданҳову таҳти таъқиб қарор гирифтанҳо ва дар ҳавои шикастани ҳайкали Ленин, манъи Ҳизби комунист ва ба моликияти миллӣ бадал кардани дороиҳои он вориди саҳнаи сиёсати расмӣ шуда буд, то андозае худро ғолиб мешуморид

Воҳидхон Қосиддинов, яке аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ ва аз ширкатдорони Анҷумани нахустини ҲНИТ, ки ҳоло заҷри завлона ва зиндон мекашад, он рӯзҳоро чунин ёдоварӣ кардааст:

«Баъд аз баргузории Анҷумани аввали Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар соли 1991 ва расмӣ гардидани фаъолияти ҳизб, аввалин конфронси бахши ноҳиявӣ дар деҳаи Чоркӯҳ, дар маҷлисгоҳи совхози «Иттифоқ» бо иштироки уламои бузурги ноҳия, қорӣ Абдусамеъ ва домулло Сафиюллоҳхон (Худо раҳматашон кунад) ва зиёда аз ҳазор нафар аъзову ҷонибдори ҳизб баргузор гардид. Дар кӯтоҳтарин муддат шумораи аъзо дар ноҳияи Исфара ба беш аз 10 ҳазор нафар расиданд».

Ҳамин тавр Мавлавӣ Муҳаммадрасули Салом, яке аз собиқадорони ҲНИТ ҳам тасдиқ мекунад, ки баробар бо сабти номи ҳизб ва аз қайди давлатӣ гузаштани он бо як шавқу шӯр ба фаъолият пардохтанд:

«Вақте ҲНИТ ба таври расмӣ ба фаъолият шуруъ кард, дар ин марҳала ба пешрафтҳои калон ноил гардид. Махсусан дар собиқ вилояти Қурғонтеппа шуъбаи вилоятии ҲНИТ ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуд ва он ашхосе, ки пештар метарсиданд, ки бо ҳизби мо ҳамкорӣ дошта бошанд, акнун ба таври ошкоро дар бисёр риштаҳову соҳаҳо бо мо дар тамос буданд, ҳамкорию ҳамдастӣ мекарданд. Аз тарафи дигар, як қисм шахсоне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кор мекарданд, ба узвияти ҳизб пазируфта шуданд. Ба ғайри аз ин дар шӯъбаи бонки давлатӣ суратҳисоби махсуси ҳизбро кушодем, ки дар он маблағҳои зиёде аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ ҷамъ оварда шуда буд, ки онҳоро барои корҳои таълиму иршод, даъват ва дигар умури ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ сарф менамудем. Дар назди шӯъбаи вилоятии ҲНИТ маркази хайрия ҳам ташкил намудем, ки ба ашхоси бечораву нодор ва камбағал дасти кӯмаку ёрӣ дароз карда мешуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо шӯъбаҳои ҲНИТ-ро ба таври расмӣ таъсис додем ва онҳо фаъолияти расмӣ доштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамин давра, яъне аз конфаронси таъсисии шӯъбаи тоҷикистонии ҲНИ Иттиҳоди Шӯравӣ то давраи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат ба қаламрави Афғонистон, агарчанде давраи хеле кӯтоҳ буд, барои ҲНИТ хеле марҳалаи муҳиму босамар ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра дар тамоми минтақаҳо бахусус водии зарнисори Вахш ҲНИТ фаъолияти худро ба тарзи ошкоро ва расмӣ вусъат дод ва теъдоди аъзову ҷонибдоронаш  беш аз пеш зиёд гардид».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Аз сӯи дигар ҲНИТ ҳамроҳ бо дигар неруҳои нави сиёсии Тоҷикистон шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро қабул кард. Аммо явош-явош ба ташкили созмонҳои ноҳиявӣ ва ячейкаҳои аввалияи худ дар саросари кишвар оғоз кард. Ба баёни возеҳтар ҲНИТ ин ҳама созмону ячейкаҳоро то номнависӣ ҳам дошт вале баъди сабти ном шуруъ кард ба фаъолиятҳои расмӣ дар манотиқ ва маҳалҳо.

Аммо ҳанӯз аз сабти номи расмӣ, яъне номнавис шудани ҲНИТ чаҳор моҳ ва аз интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар шаш моҳ нагузашта буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар муассисаҳои маърифатӣ-масҷидҳо, донишгоҳи исломӣ, донишгоҳҳои олии кишвар аъзои фаъол дошт, ба рағми қарори қаблиаш, ки дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳо минбаъд ширкат намекунад, боз ҳам вориди майдон шуд.

Иллати баргузории тазоҳуроти баҳории соли 1992 (моҳи март-май) муҳокимаи таҳқиромези Мамадаёз Навҷувонов, вазири дохилии Тоҷикистон буд, ки рӯзҳои нахуст чанд тан аз ҷавонони бадахшӣ онро дар назди кохи Раёсати ҷумҳурӣ ташкил карданд. Ин тазоҳурот оқибат кишварро ба ҷанги дохилӣ кашид ва ҲНИТ ҳам ба ночор рӯ ба ҳиҷрат овард ва ватанро ба қасди Афғонистон тарк кард, агарчи барои камтар аз ним сол намояндаи ҲНИТ дар ҳукумати марказӣ мансаб гирифт ва ба маҳзи фишори ҳамин тазоҳурот Ҳукумати Муросои Миллӣ ташкил карда шуд.

Марҳум Сӯҳроб Шарифов, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як навиштааш ҲНИТ-ро ташаббускори ин тазоҳурот ба қалам додааст:

“Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) моҳи октябри соли 1990 таъсис ёфта, 4 декабри соли 1991 номнавис шудааст. Ҳамон сол ҲНИТ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба сифати ягона созмони намояндаи исломи сиёсӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ширкат варзид, вале намояндааш шикаст хӯрд. ҲНИТ яке аз ташаббускорони намоишҳои «ғайриқонунии» моҳҳои март-майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе буд. Дар натиҷаи ин намоишҳо Ҳукумати ваҳдати миллӣ арзи ҳастӣ кард, ки ба ҳайати он ҷонибдорони ҲНИТ дохил шуданд. Ин нахустин таҷрибаи бебароронаи ҳамкории сарварони динӣ ва сиёсӣ буд. Баъди давраи кӯтоҳи бенизомии сиёсӣ дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст. ҲНИТ ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва дар он ҷо Ҳаракати исломии Тоҷикистонро ташкил дод. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз июни соли 1993 фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди мамлакат манъ кард».

«Истиқрори бовари миёни исломиён ва дунявигароён-таҷрибаи тоҷикон» Душанбе, «Деваштич»,2004

Аммо воқеият ин аст ки ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон бо тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо ворид шудааст. Ҳатто барои сабти номаш ҳам маҷбур шуд даст ба тазоҳурот бизанад ва бо неру ва зарфияти худ мақомотро ба чолиш бикашад. ҲНИТ дар тафовут ва қиёс бо неруҳои нави дигари сиёсӣ, масалан ҳамин Ҳизби демократ, Растохез ва Лаъли Бадахшон як ташаккули комилан созмонёфта ва муттаҳид ва омода буд. Аз инҷо буд, ки ҳамзамон бо ворид шудан ба майдони сиёсат ва гирдиҳамоиҳо ҳарфи аввалу охирро ӯ мезад.

Раҳмон Набиев, собиқ Котиби аввали ҲКТ ва ҳамакнун раиси ҷумҳурии мунтахаб даст ба манёвҳоре зада талош кард, ки бар нуфуз ва эътибори ҳукумати худ шаҳомат ва неру бубахшад. Аммо дучори иштибоҳ шуд. Якеи он манёврҳо ҳамин муҳокимаи телевизионии Навҷувонов буд.

Иштибоҳи дигари ӯ овардани Сафаралӣ Кенҷаев ба ҷойи меросии намояндаи минтақаи куҳистони Қаротегин ва Бадахшони куҳӣ, яъне раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Роҳбарияти неруҳои нави сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ бардошташон ин шуд, ки Набиев ва Кенҷаев дар пайи ниқору қасосанд. Чун онҳо болои Мақсуд Икромов, шаҳрдори вақти Душанбе, ки ҷонибдорӣ аз неруҳои навзуҳури сиёсӣ мекард, ҳам фишор оварда ӯро ба ҳабс гирифтанд. Икромов шаҳрдори Душане дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пуштибони неруҳои нав буд ва Навҷувонов ҳам дастури мутафарриқ кардани митингичиёнро иҷро накард. Бар зидди чанде аз шахсиятҳои маъруф назири Мирбобо Мирраҳим парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бо ин вуҷуд раҳбарияти олии ҲНИТ барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии моҳи март мавқеи ягона надошт.

Давлати Усмон, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотиаш мавзеъгирии баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1991-ро чунин баён кардааст:

«Ман фикр мекунам, ки кашида шудани ҲНИТ ба тазоҳуроти охирине, ки боиси ба вуҷуд омадани Ҳукумати Эътилофӣ ё худ Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ гардид, ба таври ногузир ва маҷбурӣ буд. Чунки воқеан, муҳокимаи вазири умури дохиии ҷумҳурӣ М.Навҷувонов, сохтаю бофта буд ва мехостанд аз ӯ қасос бигиранд. Ба хотири он ки дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои гузашта ба саркубии неруҳои демокративу исломӣ даст назад. Мехостанд ӯро барканор кунанд ва ин амал сабаби дар аввал тазоҳуроти кучак ва баъдан бузург дар майдони Шаҳидон гардид. Раиси ҲНИТ оқои Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва як зумра аз роҳбарони дигари ҳизб ба ҳамроҳ шудан ба тазоҳурот муқобил буданд, қисмати дигари роҳбарон бар он буданд, ки ба дигар неруҳои демократӣ дар ин вазъияти душвор ёрӣ расонем ва онҳоро дастгирӣ намуда, ба тазоҳуркунандагон бипайвандем. Ман дар мавқеи дуюмӣ будам». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003

Устод   Муҳаммадшариф Ҳиммтазода, раиси ҲНИТ дар он солҳо, ки дар рӯзҳои оғози тазоҳуроти баҳории соли 1992 дар хориҷ аз кишвар қарор дошт мегуяд, вай комилан зидди ҳамроҳшавии ҲНИТ ба ин гирдаҳомоӣ буд. Вай аз Давлат Усмон ном мегирад, ки ба маҳзи пофишориҳои вай ҳизб ба ин моҷаро кашида шуд:

«Бале, дар он рӯзҳое, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, ман дар сафар будам. Ҳамон пагоҳие, ки гурӯҳе аз ҷавонони бадахшӣ ба нишони эътироз ва пуштибонӣ аз ҳамшаҳриашон вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадаёз Навҷувонов ба майдони назди қасри Президент ҷамъ омаданд, озими сафар будам. Дар майдони ҳавоӣ ба бародароне, ки барои гуселам омада буданд, гуфтам, ки мо набояд ба тазоҳуркунандагон ҳамроҳ шавем, зеро ҳизби мо ҳизби сиёсӣ аст. Барои аз кор гирифтани ин ё он мансабдор мо набояд орӯи созмонамонро паст кунем. Чанде пеш аз ин ҲНИТ дар гирдиҳамоие, ки барои пуштибонӣ аз мири шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов барпо карда буд расман иштирок накард ва ман шахсан масъалаи бойкот эълон кардани тазоҳуротро гузоштам, ки бо дастгирии аксарияти аъзои Раёсати ҳизб ба тасвиб расид. Вале мутаассифона бо ибтикори баъзе аз дӯстон махсусан кушишҳои Давлат Усмон ҳизби мо низ ба саҳна пайваст. Барои ҳамроҳ нашудан ба тазоҳурот ва пешгирӣ аз он то андозае, ки имкон доштам кӯшиш кардам. Аз Маскав ба қароргоҳи ҲНИТ чандин бор тамоси телефонӣ гирифта мавқеамро нисбати напайвастан ба гирдиҳамоӣ баён кардам вале дар набудани банда гуё бо дастгирии аксари аъзои раёсат қарори ҳамроҳшавӣ ба гирдиҳамоӣ гирифта шуд. Вақте баргаштам вазъиятро дидам, масъалаи истеъфо (манзур истеъфои худаш) низ дар он рӯзҳо матраҳ шуда буд. Вале буҳронӣ шудани вазъи сиёсӣ имкони тасмим гирифтани раёсати ҲНИТро дар ин замина аз байн бурд». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум» Душанбе-2003

Гирдиҳамоии баҳории соли 1992 дар ниҳояти амр мунҷар ба ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ бо ширкати намояндагони неруҳои нави сиёсӣ, ба шумули ҲНИТ гардид. Ҳукумате, ки аз тарафи ду вилояти калони ҷумҳурӣ Ленинобод (Суғди имрӯза) ва Кулоб пазируфта нашуд ва сабаб гардид, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ сар занад ва давлатҳои Русия ва Узбакистон ба қазияи Тоҷикистон мудохила карда ҲММ-ро аз байн бурданд. Русия ва Узбекистон таҳаммули ҳузури намояндаи исломи сиёсӣ дар давлати Тоҷикистонро надоштанд. Давлати Усмон, ноиби аввали раиси ҲНИТ дар Ҳукумати Муросои Миллӣ ба ҳайси муовини нахуствазир қабул шуда буд.

Баъд аз таъсиси ҲММ роҳбарони неруҳои оппозитсион эълон намуданд, ки минбаъд онҳо дар мухолифат бо ҳукумат қарор надоранд:

«Азбаски мо нафарони худро шомили Ҳукумати Муросои Миллӣ намудем, наметавонем, ки дар оппозитсия бошем. Лозим меояд, ки дар ин ҳукумат ба муросо бошем, зеро обрӯву эътибор ва бурду бохти он аз они мо ҳам хоҳад буд». Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҲНИТ «Чароғи рӯз» (45)№24.1992

Бад-ин ҷиҳат, ки Ҳукумати Муросои Миллӣ дар густураи шӯравии пешин як модели нави идорӣ буд, зарур донистем, як каме дар бораи он аз навиштаҳои қаблӣ иқтибос оварем. Зеро ин ҳукумат, чунон ҳам гуфта шуд бо саъю талоши ҲНИТ сохта шуд ва меъмори он маҳз исломи сиёсӣ-неруи навзуҳури сиёсии Тоҷикистон аст:

«Ҳукумати Мусолаҳа ё Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон дар густураи шӯравии пешин собиқа назир надошт. Дар Тоҷикистон, ба унвони як кишвари тоза ба истиқлолрасида вале ҳамоно таҳти нуфузи Русия қарордошта барои бори аввал ҳукумате бо ширкати тамоми аҳзобу ҳаракат, яъне неруҳои сиёсӣ ташкил шуд, амалан ҳукумати эътилофӣ. Дар таркиби ин ҳукумат, бахши аъзамашро намояндаҳои номенклатураи шӯравии пешин, ҳамон коммунистони дар сари қудрат буда, вале як ҳиссаи ками онро намояндаҳо аз неруҳои нави сиёсӣ:-ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократ, созмонҳои халқии «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва «Носири Хусрав» ташкил доданд. Раиси ҷумҳур-Раҳмон Набиев, коммунист, Раиси Шӯрои Олӣ-Акбаршо Искандаров, коммунист, раиси Шӯрои Вазирон-Акбар Мирзоев, коммунист буданд. Аз ҳақ набигзарем, ки тарзу роҳи равиши короии ин ҳукумат маъмулӣ набуд. Зери фишори неруҳои нави сиёсӣ ин ҳукумат таъсис дода шуд. Аммо, таъсису ташкили ҳамчунонии ҳукумат дар кишварҳои демократӣ як кори озмуда ва таҷрибашуда аст. Неруҳои милливу мардумӣ аз роҳи муҷоз ва қонунӣ ҳукуматро водор ба ҳамкорӣ карданд. Бидуни хунрезӣ, истифода аз силоҳ.”

«…..Ҳадафи асосии онҳое, ки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олиро дар Хуҷанд ташкил карданд, сарнагун кардани Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон буд, на чизи дигар. Вагарна ҳамонвақту ҳамонзамон метавонистанд сулҳи дар Президент –оттели Маскав дар соли 1997 ба имзо расидаро дар қасри Арбоб и Хуҷанд ба даст оваранд».

ҲНИТ, тули фаъолияти тақрибан нимасрии худ, ки бештарини онро дар муборизаҳои пинҳонӣ гузаронидааст, ҳамеша ошкор ва шаффоф амал кардааст ва дар интихоботҳои парлумониву президентӣ, ки ба таври расмӣ ширкат кард, ба ҳиҷ ваҷҳ берун аз доираи қонун по нагузоштааст. Инро мехоҳем ё не Ҳукумати Муросои Миллӣ ҷузъи таркибии Тоҷикистони навин ва соҳибистиқлол аст. Вай, новобаста аз онки муваффақ ба ислоҳоти сиёсӣ шуд ё хайр бо ҳузури кутоҳи худ дар амри таҳкими равандҳои мардумсолорӣ дар кишвар ва минтақа нақши муҳим ифо кардааст. Аҳдофи он озодӣ, истиқлол ва мардумсолорӣ то ҳамин имрӯз ҳам барои неруҳои милливу мардумӣ аслӣ ва асосӣ ба шумор меояд. Инки Ҳукумати Муросои Миллӣ барои ба арсаи сиёсати калон ворид шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва муаррифии ин ҳаракати бузурги сиёсии исломӣ дар саросари олам замина гузоштааст, воқеъияти холис аст.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва раиси Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон солҳо баъд роҷеъ ба ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ изҳори назар карда иқрор мекунад, ки ин заъф ва нотавонии ҳукумати он рӯза буд, ки онҳоро барои як чунин амал таҳрик кард, вагарна ҳеҷ ният ва омодагӣ барои гирифтан ва ё саҳим шудан дар ҳукуматро надоштанд. Ин нуктаро Давлати Усмон, аз роҳбарони онвақтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад ва беш аз ин ёдовар мешавад, ки ҳукумат ба ҳадде беқудрат буд, ки бархе комилан барандохтани онро ҳам матраҳ карда буданд:

«Он замон аксарияти роҳбарияти мухолифин суқут додан ва гирифтани қудратро ҳадаф надоштанд. Лекин баъзе аз роҳбарони он вақта нуқтаи назарашон чунин буд, ки баъд аз ин гуна нотавонӣ Раҳмон Набиев дигар наметавонад ҳукумат биронад. Ва бояд ҳукумати Набиев барандохта шавад ва як Шӯрои давлатӣ ё ки Шӯрои инқилобӣ ташкил дода шавад. Аммо дар дохили оппозитсион аксарият бар он буданд, ки бояд ҳукумат барандохта нашавад ва оқои Раҳмон Набиев сари вазифа бимонад. Зеро дар ғайри сурат боиси ташвиши кишварҳои хориҷӣ, Русия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Чунки неруҳои тозабунёди сиёсӣ бо онҳо ноошно буданд. Яке аз сабабҳои аслии эҷоди Ҳукумати мусолаҳои миллӣ ҳамин буд».

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ солҳо баъд дар як суханрониаш изҳор медорад, ки ташаккули зери раҳбарии вай қасд ва нияти гирифтани қудрати сиёсиро надошт вале раванди ҳодиса тавре сурат гирифт, ки онҳо нохоста вориди ҳукумат шуданд:

«Роҳбарият ва аъзои ҲНИТ аз рӯзи аввали таъсиси ҳизб то имрӯзу минбаъд ҳам нияти ҷангу хунрезиро надоштанду надоранд. Бояд изҳор кард, ки роҳбарияти ҳизб аз сабаби надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ва сатҳи баланди сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дунболи расидан ба қудрат набуд. Аслан лаззати курсӣ ва мансабро дарк намекард. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва беобрӯшавии Ҳизби коммунист мардуми кишвари мо аксаран рӯ ба ислом, аз ҷумла рӯ ба ҲНИТ оварданд ва наҷоти худро аз истибдоди ақидатӣ дар такя ба ҳизби мо диданд. Зеро ҲНИТ ягона гурӯҳи муташаккил ва мавриди эътимоди онҳо буд.

Душманони дохилӣ ва хориҷӣ аз ин фурсати барои онҳо муносиб истифода карда ҳизбро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Роҳбарият ва пайравони ҳизб дар тангно қарор гирифтанд. Назди онҳо ду роҳ буд, ки якеро бояд интихоб менамуданд. Ё даст ба яроқ бурда аз ҷону имони хеш дифоъ мекарданд ё бо хориву зиллат тан ба мурдан медоданд.

Метавон гуфт, ки муҳаррики асосии ҷанги дохилӣ дар кишварамон тоҷикон набуданд. Ҷанг ба болои мардуми Тоҷикистон аз берун таҳмил шуд. Тарроҳони ҷанг чанд сол қабл ин ҷангро тарҳрезӣ ва ба он омодагӣ дида буданд. Онҳо ба қудрат расидани гурӯҳи мавриди назари хеш ва ба ин васила ба даст овардани манофеи худ омодагӣ дианд ва дар камин мунтазири фурсат менишастанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои ба даст омада ин омодагиҳо ба қудрат расидани доираҳои ғайриисломӣ сурат гирифта буд. Мо роҳбарони ҳаракати исломӣ аз ин рози нуҳуфта, мутаассифона огоҳ набудем». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003

Инки Русия, Тоҷикистонро як минтақаи таҳти сайтара ва нуфузи худ мешуморид ва ҳеҷ тағйроту дигаргунии бидуни мувофиқа бо ӯро дар инҷо ва боқии кишварҳои Осиёи марказӣ қабул надорадро ҳамагон қабул доранд.

Нависандаи китоби «Моҷарои рафта» Абдухалил Холиқзода бар ин назар аст ки  фаъолиятҳои бобарори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон русҳоро ба ташвиш овард, ки дар ин кишвар таъсири ҳамсоне дар манотиқ мусалмоннишини Русия хоҳад гузошт:

«Дар масъалаи Тоҷикистон, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва муваффақиятҳои ба даст овардаи он нухбагони русро зуд ба ҳуш овард, гарчанде ки Ҳизби исломӣ аввал дар Русия таъсис ёфта буд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як шуъбаи он буд. Онҳо дарк карданд, ки пайдо шудани исломи сиёсӣ дар фазои ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ногузир дар Русия «асари домино»-ро ба бор меорад. Бахусус, ки дар ҷумҳуриҳои мусулмони дохили Русия, аз қабили Тотористону Чеченистон бе ин ҳам ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ боло мегирифтанд. Ин буд ки Русия тасмим гирифт дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дахолат кунад ва аз ба қудрат расидани исломиён пешгирӣ кунад».

Абдухалил Холиқзода. Моҷарои рафта. – Душанбе: “Мастер-принт”, 2018.

Ниҳоят, чуноне гуфта шуд Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки неруҳои навхези сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ дар таркиби он дар як муддати кутоҳ ба қудрат нишаст, таҳти фишори Русия ва Узбекистон аз байн бурда шуд.

Ҳукумати дастнишондаи Русия ва Узбекистон, ки то ҳамин ҳоло ҳузури худ дар қудрати сиёсиро ҳифз кардааст, ба муҷарради расидан ба ҳокимият ба таъқиби аъзо ва роҳбарияту пайравони ҲНИТ шуруъ кард. Дар қатори садҳо ҳазор аз гурезаву беҷову маконшудаҳо роҳбарону аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба хориҷа ва бештаринашон ба Афғонистон ҳазимат карданд.

Суди Олии Тоҷикистон бо як қарори худ фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократ, созмони мардумии Растохез ва Лаъли Бадахшонро дар моҳи июни соли 1993 дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.

Воқеият ҳам ҳамин аст ки ҲНИТдар тазоҳуроти баҳори соли 1992 ва дар рӯи кор овардани Ҳукумати Муросои Миллӣ нақши калидӣ дошт ва аксарият неруҳое, ки ба дифоъ аз ин ҳукумат дар водии Вахш меҷангиданд, низ аз ҳисоби тарафдорони исломиҳо буданд.

Бархе аз таҳлилгарон муътақиданд, ки «ҳамроҳӣ ба тазоҳуроти баҳори 1992 ва он ҳам ба хотири дифоъ аз вазири вақти дохила Мамадаёз Навҷувонов, ки на демократ буду на исломӣ, бузургтарин иштибоҳи стротегии ҲНИТ шуд. Иштибоҳе ки нафақат ба сарнавишти ҳизб, балки роҳи таърихии Тоҷикистонро дигар кард.

Ҳокимшоҳи Муҳаббат, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав гуфтааст, як далели чунин бераҳмона саркӯб шудани Ҳукумати Муросои Миллӣ ва неруҳои милливу демократӣ дар соли 1992 маҳз иттиҳоди онҳо бо ҲНИТ шуд:

“Агар ҲНИТ сиёсату идеологияи худро бор намекард, шояд касе барои иваз кардани ҳукумати соли 1992 ташкилшуда кӯшиш намекард. Вале инҳо бо рафтори худ тамоми ҷаҳонро тарсонданд. Ва он табаддулоте ки дар Тоҷикистон шуд,алайҳи ҲНИТ шуд.”

Ҳукумати дастнишондаи Маскав ва Тошканд дар раъси Эмомалӣ Раҳмонов, собиқ раиси колхози Ленини Данғара, ки туфайли Сангак Сафаров, як ҷинояткори бо бистусесол собиқаи зиндон аз Хуҷанд ба Душанбе омад, бо ҳама васоили таъсиргузор ба афкори омма ба бадном ва сияҳсозии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбарияти он пардохт.

Як нафар аз нависандагони таҳрифкори ҷонибдори Раҳмонов бо номи Г.Зокиров менависад:  «Роҳбари давлат ҳанӯз 31 декабри соли 1992 зимни ироаи паёми табрикотӣ ба муносибати соли нави мелодии 1993 таъкид намуда буданд, ки «ҳар гоҳ дар бораи фоҷиаи ҷомеаи мо амиқтар фикр мекунем, пеши назарамон сиёсатҷаллобии он пешвоёни ҳизбу созмонҳое ҷилвагар мешавад, ки вобаста ба забт кардани ҳокимият ниқоби идеологии худро ҳар замон дигар мекарданд.

Бо истифода аз фазои холии идеологӣ Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фишороварӣ ва силоҳи оташфишон ба ғасби ҳокимият кӯшиш намуда,   тамоми сохтору механизмҳои ҳокимиятиро фалаҷ намуданд ва ҳатто кор то ҷое расид, ки моҳи сентябри соли 1992   Президенти мамлакатро, ки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ интихоб карда буд, маҷбур намуданд  ба истеъфо равад.

Чунин амалкарди ҳамонвақтаи ин ҳизбу ҳаракатҳоро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «таҷовузи мақсадноки идеологӣ» унвон намуда, изҳор дошта буданд, ки фазои холии идеологӣ ва сиёсатҳои бепояи нобаҳангом имкон доданд, ки қувваҳои мухолифи сиёсии ҷомеа арзи ҳастӣ карда, ошкоро барои забти ҳокимият ба мубориза бархезанд.

Маҳз  фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои навтаъсис ва ҷунбишҳои сиёсӣ буд, ки 21 июни соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом, инчунин ҷунбишҳои сиёсии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» бинобар сабаби даст задан ба амалҳои ғайриқонунӣ  қатъ карда шуда буд.»

Поёни бахши дуввуми давраи дуввум, ин давра бо ин ду матлаб ба охир расид.Давраҳои дигарро дунбол кунед!

Идома дорад….

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\2 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\1
Давраи дуввум, бахши аввал

(Идомаи талошҳо барои сабти номи ҲНИТ, конфронси Чортут,мухолифати руҳониёни муҳофизакор, сабти ном, ширкат дар тазоҳуротҳо, Ҳукумати Муросои Миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат ба Афғонистон

«Мо бо таъсиси созмони худ ягон ҳадафи зиддидавлатӣ надоштем, фақат мехостем ақоиди исломиро дар байни ҷавонон густариш диҳем. Аслан созмон ё ҳаракати мо дар оғоз як ҷунбиши ислоҳотхоҳии исломии иҷтимоӣ буд, на ҷунбиши сиёсӣ».

Саид Абдуллоҳи Нурӣ. «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум».

Конфронси Чортут дигар барои мақомоти Тоҷикистон яқин кард, ки ҲНИТ қафо барнамегардад. Чунки замон ва сиёсати давлат аз Маскав иваз шуд ва ҷумҳуриҳо ба ҷуз аз итоат ва пайравӣ кардан ба марказ чорае надоштанд. Дар Маскав барои мисол Ҳизби демократи Русия сабти ном шуда ва дар тамоми умури сиёсӣ мушорикат мекард. Ахиран Ҳизби Наҳзати Исломи Иттифоқи шӯравӣ ҳам таъсис ёфт. Аммо мақомоти тоҷик ҳамоно барои сабти номи ҲНИТ монеа ва саддҳои зиёде мегузоштанд. Дуруст дар як рӯзи қабл аз баргузории конфаронс дар масҷиди деҳаи Чортут Шӯрои олии Тоҷикистон ба номаи Саидиброҳим Гадоев ва Давлати Усмон, муовинони раиси ҲНИТ дар иртибот ба иҷоза додан ҷиҳати дарёфти санади расмии фаъолият посухи рад дод. Қарор қабул шуд, ки ҲНИТ сабти ном нашавад.

Иброҳими Усмон донишманди таърихнависи тоҷик мегӯяд, ки ҳоло мақомоти Тоҷикистон барои қабули як созмони сиёсии мазҳабӣ омода набуданд:

«… 6 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷкистон «Дар бораи мактуби Гадоев.С, Исмонов.Д  ва дигарон» масъала муҳокима карда қарор қабул кард. Ва зикр намуд, ки барномаи пешниҳодгардидаи шуъбаи Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва қонуни СССР «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» мухолиф аст. Аз ин сабаб ба ташкили конференсияи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом дар шаҳри Душанбе рухсат надод ва қарор қабул кард,ки «дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ташкил кардани шуъбаи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ва умуман, таъсиси ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон манъ карда шавад».

Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат».

Аммо ҷараёни ҳодисаҳо ва таҳаввулоти босуръати вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон масъулони ҲНИТ-ро беш аз пеш ангеза ва таҳрик медод, ки дар ин равандҳо дар канор набошанд. Барои онки ширкати бевосита дошта бошанд, барояшон санади расмӣ ҳатмӣ ва лозим аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки чуноне тазаккураш рафт, аллакай дар Маскав Ҳизби наҳзати исломии умумииттифоқӣ ба кор пардохта ва амалан мубтакирону муовинонаш наҳзатиҳои тоҷик буданд.

Ба ибораи дигар, мақомоти расмии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳамон оғоз бо ҳам дар мухолифат қарор гирифта буданд.Воқеият ин аст ки ду мафкура ва ду назарияву ҷаҳонбинии бо ҳам зид:-ҷаҳонбинии даҳриёни бедин ва мафкураи исломӣ-миллӣ дар рӯбарӯи ҳам қарор гирифтанд.

Аммо на танҳо мақомоти расмии Тоҷикистон, ки садфисад аз коммунистон иборат буданд ба сабти номи расмии ҲНИТ мухолифат нишон медоданд, ҳамчунин руҳониёни анъанавӣ ҳам ошкоро бар зидди фаъолияти расмии ҲНИТ мавзеъгирӣ мекарданд. Ва,мухолифати ин руҳониён дар аз қайди давлатӣ гузаштани ҲНИТ бетаъсир набуд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби вилояти Кулоб ва депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон на як бор ду бор эълон кард, ки ислом ба ҳизб ниёз надорад:

«Ман аз аввал зидди Ҳизби наҳзати исломӣ будам ва чанде умри боқимонда дошта бошам, дар ин ақида мемонам. Агар ҳизб ба дини Ислом лозим мебуд, аз пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.в) билети ҳизбӣ ё ин ки низомнома мерос мемонд».

Эшони Сайидашраф, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Қурғонтеппа ҳам дар шумори руҳониҳое қарор гирифта буд, ки намехостанд, ҳизбе бо номи ислом рӯи саҳна ояд. Вай мегуфт, ки «Ислом бе ягон ҳизб 1300 сол фаъолият кард,аз ин баъд ҳам ба ҳизбе эҳтиёҷ надорад».

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода,қозии мусулмонони Тоҷикистон ва депутати Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам дар оғози талошҳои Ҳизби наҳзат бар муқобили фаъолияти расмии он суханронӣ ва суҳбатҳо мекард. Абдуллоҳи Раҳнамо, ки бо ин шахсият иртиботи наздик дорад аз қавли ӯ менависад, ки қабл аз конфаронси Чортут устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба манзили ӯ омада талош мекунанд, ки ӯро аз мавзеъи зиддинаҳзатияш мунсариф созанд, то дар Шӯрои Олӣ аз онҳо пуштибонӣ намояд. Аммо, ҷаноби Тураҷонзода, бо пеш овардани чанд далеле, зоҳиран ба онҳо қабул мекунонад, ки сабру тоқат кунанд, чун шароит барои густариши ислом ва барпо сохтани ҷомеаи исломӣ фароҳам шуда истодааст. Аммо даъво барои ташкили ҳизб на танҳо душманони дохилӣ, хориҷиҳоро ҳам бар зидди ин раванд ва ин авзоъ бармехезонад, ки мунҷар ба кундии ин раванд ва беш аз ин боз ҳам дар ҳошия қарор додани ислом   мешавад. Абдуллоҳи Раҳнамо менависад:

«Вале дар ин миён ба баҳси «масъалаи ҳизб дар ислом» ворид гаштани қозии онвақтаи мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ акбар Тӯраҷонзода ин масъаларо бисёр ҷиддитар намуд. Зеро ӯ дар ин замон на танҳо ҳамчун раиси идораи динии кишвар, балки ҳамчунин, ба унвони вакили парлумон ва узви Раёсти Шӯрои Олии ҶТ ва яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои динӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ дар сарнавишти чунин масъалаҳо таъсири ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ, мавқеи қатъӣ ва расмии Ҳ.А.Тӯраҷонзода дар мавриди дар ин марҳила зарурат надоштани таъсиси ҳизби сиёсии исломӣ боиси дар ин мавқеъ устувортар гаштани назари аксари рӯҳониёни расмӣ ва анъанавии кишвар буд.»

Абдуллоҳи Раҳнамо «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» Душанбе «Ирфон»-2009

Салими Аюбзод, хабарнигори тоҷик, ки гирудорҳои оғози даврони истиқлол ва ҳаводиси марбут ба онро дар силсилаи гузоришҳояш мунъакис кардааст, менависад, ки дар сабти номи ҲНИТ баробари Душанбе Маскав ҳам эҳсоси хатар мекард:

«Ҳассосияти ҳизб аз он ҷо меомад, ки сарони он чи дар Душанбе ва чи дар Маскав аз зуҳури ҷавонони исломӣ дар ҳарос буданд. Ҷавононе, ки бо номи ваҳҳобӣ ёд мешуданд. Ҷавононе, ки дар мактабҳои ғайрирасмии исломӣ сабақ мегирифтанд ва сипас ба ҷавонони дигар сабақ медоданд. Муҳаммадшариф Ҳимматов дар бораи нахустин дидораш бо Абдуллоҳ Саидов, ки ҳарду дертар ба сарони наҳзати исломии Тоҷикистон табдил ёфтанд, чунин мегӯяд: «Мо бо устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз соли 1966 инҷониб шинос ҳастем. Ман баъди хатми мактаби миёна ба ноҳияи Вахш, ба деҳаи онҳо омадам ва дар назди падари эшон, ки аз аҳли илм буданд, таҳсили фиқҳ кардам. Баъдан дар Душанбе бо ҳам будем, ҳам дар назди Қорӣ Муҳаммадҷон ва ҳам вақте ки ӯ ҳалқаҳои дарс дошту ман ҳам. Мо ҳарду бо таълим ва тадрис машғул будем.»

Салим Аюбзод. «Тоҷикон дар қарни бистум. 100ранги 100 сол» Прга. «Пост Скриптум Имприматур» 2002

Дар нашрияҳои расмии он давра мақомот, бахусус мақомоти амниятӣ маъракаи сияҳсозии неруҳои навзуҳур аз ҷумла ҲНИТ-ро ба роҳ монда ба онҳо тамғаи «ваҳҳобият» мезаданд. Гуё ҲНИТ ва масъулону пайравони он ваҳҳобӣ ҳастанд ва набоядам бо онҳо ҳамроҳ шуд. Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Тоҷикистони советӣ» ( «Ҷумҳурият) матлабе муфассале бо номи «Ваҳҳобӣ кист» бо имзои Сунатулло Иброҳим чоп шуд, ки дертар маълум гардид ин имзо ба СС.Ятимов, раиси феълии КДАМ-и Тоҷикистон аст тааллуқ доштааст ва аз инки имрӯз низ сиёсати расмии Тоҷикистон зиддидинист ба туфайли ҳамин нафари масъули амният роҳандозӣ ва пиёда мешавад.

Вале новобаста аз мухолифати шадиди ҳам ҳукумати коммунистии Тоҷикистон ва ҳам руҳониёни муҳофизакор масъулони ҲНИТ барои сабти номи ҳизб мубориза ва талошҳои худро идома медоданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки раванди рӯ ба исломоварии мардум дар кишвар афзоиш касб мекард. Шумори масҷидҳо ва мадрасаҳои динӣ дар назди онҳо зиёд мешуданд, ки ин ҳама агарчи тавассути Идораи Қозиёти ҷумҳурӣ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сурат мегирифт ва ин шахсияти мазҳабии дар он замона бонуфуз хилофи ҲНИТ мавзеъ гирифта буд, барои боз ҳам пурқувват ва неруманд шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боис мегардид.

Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани масҷидҳо мардумро, ки 70 сол ташнаи маърифат ва маорифи исломӣ буданд, ба самти эшон савқ медод.

«То соли 1989 дар ноҳияи Хуросони имрӯза ягон масҷиди ҷомеъ вуҷуд надошт.Пирамардон барои ҷумъахонӣ ба шаҳри Қурғонтеппа мерафтанд. Соли 1988 қозии мусалмонони ҷумҳурӣ ба нафақа рафт ва ба ҷои ӯ донишманди ҷавон ва равшанфикри исломӣ ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар шароите роҳбари Идораи мусалмонони Тоҷикистон таъин шуд, ки Наҳзати исломӣ қариб як даҳсола ба даъвати ошкори мардум пардохта ва домуллоҳои мухолифи наҳзат низ ҳамчунон даъват мекарданд. Дар натиҷа маърифати исломии мардум дар муқоиса ба солҳои ҳафтод боло рафта буд. Аз тарафи дигар бозсозии горбачёвӣ пояҳои заъифгаштаи Ҳукумати шӯравиро заъифтар карда буд ва хавфу даҳшат аз ҳукуматдорон низ рӯзбарӯз коста мешуд.

Мо як гурӯҳ аз фурсати пеш омада истифода намуда барои дар қаламрави ноҳия таъсиси додани масҷиди ҷомеъ саъю талоши зиёд ба харҷ додем ва ниҳоят баъди даҳ моҳ рафтуомад ба идораҳои ҳукуматӣ ба масҷиди номбурда муваффақ шудем. Он вақт моро дар доираҳои ҳукумат ба забони худашон «антисовет», яъне мухолифи сохти давлати шӯравӣ мегуфтанд. Ва вақте ҷаноби ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода барои эълони таъсиси масҷид ба ноҳияи мо меояд дар вохӯрӣ бо муншии ҳизби коммунистӣ ноҳия ӯ таъкид мекунад, ки «антисоветҳо эшони Қиёмиддин ва мулло Зубайдуллоро имомхатиб таъин накун». Вале вақте мардум барои ҷумъахонӣ ҷамъ шуданд қозидомулло дар охири мавъизааш гуфт: «ҳар касеро мехоҳед ба имомхатибӣ худатон интихоб куед». Бо ҳамин мардум бандаро интихоб карданд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Мавлавӣ Саъдиддини Рустам, мушовири фарҳангии раиси ҲНИТ, ки инак барои дуввумин маротиба аст бандии зиндонҳои Раҳмонов мешавад, низ изҳор медорад, ки ӯ ба кор дар Донишгоҳи исломӣ бо даъвати қозӣ ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода вале бо ризояти роҳбарони ҲНИТ меояд:

«Соли 1990 Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Тирмизӣ таъсис ёфт ва маро ба ин даргоҳи улуми исломӣ ба сифати омӯзгори риштаи забон ва адабиёти форсӣ барномаи махсуси «иқболшиносӣ» ба кор даъват карданд. Ман бо роҳбарияти ҲНИТ маслиҳат кардам ва онҳо салоҳ донистанд, ки ба мақсади пурзӯр кардани корҳои таблиғотӣ ва иршоди исломӣ дар байни ҷавонон ин даъватро бипазирам. Ҳамин тавр ман устоди Донишгоҳи мазкур таъин гардидам. Ва ба улуми тарбиявию ахлоқӣ, паҳн кардани ақоиди пешқадами мазҳабӣ ва миллӣ дар байни донишҷӯён бо шавқу завқ машғул шудам. Ба ростӣ он солҳо авҷи ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар ҷумҳуриамон буд ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои милӣ-озодихоҳӣ ва фарҳангиву мазҳабии кишварамон иштироки фаъолона доштанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп».

Худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори ҲНИТ иқрор ва эътироф мекунад, ки барои он даъвати ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро ба вазифаи сардабири «Минбари ислом» -нашрияи Идораи Қозиёти Тоҷикистон пазируфт, ки мехост ҳарду ҳаракати ҷадид ва навхоҳи исломиро бо ҳам ва муттаҳид бисозад:

« Чаро ба Идораи Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадам? Ин иқдоми камина низ якчанд сабаб дошт. Сабаби асосӣ ҳамин буд, ки оқои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода чун узви Президиуми Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон фаъолият мекард ва намояндаи мардумӣ дар раёсати парлумони вақти Тоҷикистон буд. Вақте ки мо ба унвони Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон барои гузаронидани конфронси таъсисии ҳизб нома навиштем, ҳангоми муҳокима дар ҷаласаи парлумон аз ҷумлаи касоне, ки мухолифат карданд, ишон буданд. Мо ба рағми сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони ҷумҳурӣ конфронси таъсисии ҳизбро гузаронидему сипас аз парлумон иҷозаи фаъолияти расмии онро гирифтем. Вале ин рафтори оқои Тураҷонзода таъсири бисёр баде дар зеҳнияти аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ боқӣ гузошта буд. Онҳо фикр мекарданд, ки як нафар намояндаи муъмину мусулмон дар парлумон доштем, он кас ба ҷои онки ҳизби моро тарафдорӣ намояд, баръакс мухолифат кард. Ин руҳияи носолим ва хатарнок буд ва боиси ҷудоии мусулмонон шуда метавонист. Мо бошем, ба ҳама мегуфтем, ки ин масъалаи ҷузъӣ набояд боиси тафриқа гардад, вале онҳо ин қазияро камаҳамият намешумориданд. Вале оқои Тураҷонзода бо худаш далел ҳам дошт. Ӯ мегуфт, ки ҳоло фурсати фаъолияти сиёсии Ислом фаро нарасидааст ва ҳоло ҳам барвақт асту ҷомеа ба ин кор омода нест. Далелҳояш аз нигоҳи таҳлил бемаънӣ набуданд, маъниҳои ба худ хосе доштанд. Ман ба хотири он ки ин ду ҷараёнро ба ҳам оштӣ бидиҳам, ба Идораи Мусалмонон ё худ Қозиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси сардабири маҷаллаи «Минбари ислом» ба кор даромадам. Зеро кормандони қозиёту руҳониёни расмӣ, кормандони масҷиду мадрасаҳо низ яке аз ҷараёни қавию бузурги исломӣ ба шумор мерафтанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Бо ин ҳол масъала ва ё дақиқтараш мушкилоти сабти номи ҲНИТ то як соли дигар тӯл кашид. Вале вазъ дар ҳукумати шуравӣ тавре тағйир кард, ки дигар имкон надоштанд ба фаъолияти ҲНИТ монеа эҷод намоянд.

Дар Маскав шуморе аз аъзои баландмақоми ҳокимияти марказӣ даст ба табаддулоти давлатӣ зада Михаил Горбачев, президенти СССР-ро аз мақом маъзул ва идораи давлатро ба даст гирифта аз ташкили Кумитаи давлатии вазъияти фавқулодда-ГКЧП хабар доданд.

Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз ГКЧП пуштибонӣ кард. Ин пуштибонии ӯ хашму ғазаби неруҳои нави сиёсӣ ва тарафдорони онҳоро ба бор овард ва Душанбе ба шаҳри тазоҳуроту эътирозоти мардум бадал шуд.

Сайидиброҳими Назар, узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ, ки он замон масъулияти сабти номи ҲНИТ-ро якҷо бо Давлати Усмон бар дӯш дошт, солҳо баъд дар як мусоҳиба бо нашрияи «Миллат» мегуяд:

«Ҳамон рӯзи оғози табаддулот бояд ба Маскав мерафтам. Вале ҳам дар ин ҷо ва ҳам дӯстони маскавӣ аз он ҷо тавассути телефон маслиҳат доданд, ки як чанд рӯз аз сафар ба Маскав худдорӣ кунам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Баъди дар Маскав ором шудани вазъият ба он ҷо рафтам, ки аллакай дар ин ҷо вазъият бӯҳронӣ шуда буд. Мардум ба майдон рехтанд. Мардум аз мавқеи дар қиболи ГКЧП гирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ норозӣ буданд ва ба нишонаи эътироз ба майдон баромаданд. Дар байни онҳо аъзои ҲНИ ИШ низ буданд.

Вале ман он вақт дар ин ҷо набудам. Аллакай Маскав рафта будам. Лекин медонам, ки ҳамон гирдиҳамоии моҳи августии соли 1991 билохира бо истиқлоли давлатии Тоҷикистон оварда расонд. Баъдан гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони ҳам ҳукумати вақт ва ҳам мухолифони ҳукумат, яъне нирӯҳои муттаҳидаи исломӣ -демократӣ дар майдони «Озодӣ» яке паси дигаре шуд. Бо талаби митингчиёни мухолифини ҳукумат ҳайкали Ленин дар майдони марказӣ поин карда шуд. Ёдатон бошад ҷонибдорони Ҳизби Коммунист барои барчидани ҳайкали Ленин тазоҳурот карданд ва Шӯрои Олӣ талаби онҳо, яъне манъ кардани фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломиро ба инобат гирифт.

Дар навбати худ ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва нирӯҳои демократӣ гирдиҳамоӣ карданд, ки ба ҳизби наҳзат иҷозаи фаъолияти расмӣ дода шавад. Ҳамчунин талаб карданд, ки фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ ва моликияти он миллӣ карда шавад, интихоботи президентӣ баргузор гардад. Шӯрои Олӣ ин талаби иштироккунандагони митинги ҷонибдорони нирӯҳои исломӣ-демократиро ба инобат гирифта ба ҳукми қонун даровард. Агарчи фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ нашуда бошад ҳам, моликияти Ҳизби Коммунист миллӣ кунонда шуд. Ба Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон расман иҷозати фаъолият доданд. Рӯзи интихоботи президентӣ таъйин гардид».

Муаррихи тоҷик Иброҳим Усмонов мегӯяд, ки бо вуҷуди онки Шӯрои Олӣ ду дафъа аризаи ҲНИТ барои сабти номро рад кард вале оқибат розӣ шуд, ки ин ҳизб сабти ном бишавад:

«Масалан, Ҳизби демократи Тоҷикистон 21 июн ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 ба қайд гирифта шудаанд. Ҳол онки то ин вақт ҳизби наҳзат ду дафъа дар мавриди бақайдгирӣ аз Шӯрои Олӣ ҷавоби рад шунида буд. Бории аввал 6 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷкистон «Дар бораи мктуби Гадоев.С; Исмонов.Д  ва дигарон» масъала муҳокима карда қарор қабул кард. Ва зикр намуд, ки барномаи пешниҳодгардидаи шуъбаи Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва қонуни СССР «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» мухолиф аст. Аз ин сабаб ба ташкили конференсияи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом дар шаҳри Душанбе рухсат надод ва қарор қабул кард,ки «дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ташкил кардани шуъбаи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ва умуман, таъсиси ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон манъ карда шавад».

Дафъаи дуюм Иҷлосияи 3 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1991 на фақат шуъбаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломро рад кард, балки умуман фаъолияти онро дар кишвар ғайриқонунӣ эълон намуд. Аммо баъди табаддулоти моҳи август мавқеи исломиҳо, аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон хеле беҳтар шуд. Ин маънӣ аз мусоҳибаҳои қозикалони Тоҷикистон А.Тураҷонзода ва раиси шуъбаи Тоҷикистонии Ҳизби наҳзати ислом М.Ҳимматзода бо мухбири «Независимая газета» бармеояд. Ҳимматзода умед мекунад, ки дар Тоҷикистон ислом ба сифати дини расмӣ эътироф мешавад ва мо аз рӯи шариати ислом зиндагӣ мекунем. Давлати исломии Тоҷикистон роҳи пешрафташро худаш муайян мекунад. Ба ақидаи ӯ демократияи мо (яъне демократияи исломӣ бо демократияи ғарбӣ созгор нест.) Дар мусоҳибаи Тураҷонзода омадааст, ки мо «демократяи исломӣ мехоҳем». Аммо Тураҷонзода мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз таъсиси ҳизби исломӣ барвақт аст ва аслан зидди таъсиси шуъбаи Ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон мебошад.»

Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат»

ҲНИТ ва майдоннишиниҳо

Неруҳои навхези сиёсии Тоҷикистон бар муқобили ГКЧП баромада даст ба тазоҳурот заданд. Ҳамаи неруҳои нави сиёсӣ-Растохез, Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони Лаъли Бадахшон як иттиҳоди оппозитсионро ташкил доданд. Аммо неруи пешбаранда ва асосии ин гирдиҳамоӣ пайравони ҲНИТ буданд.

Ба навиштаи радиои «Озодӣ» гирдиҳамомадагон барои дастгирии неруҳои демократии Маскав дар раъси Борис Елтсин, раиси ҷумҳури Русия ва бар муқобили ГКЧП шиор медоданд. Дар ин вақт, яъне 29 август Шӯрои Олӣ, иҷлосияи худро доир кард. Ба таъйиди марҳум Тоҳири Абдуҷаббор онҳо барои баргузории ин тазоҳурот аз шаҳрдори Душанбе иҷозат хоста буданд:

«Мо мехостем эътироз кунем ба ин ва барои он ки эътирози худро расман баён кунем, мо ба шаҳрдорӣ ариза додем барои гузаронидани як митинг. Шаҳрдорӣ ҳам иҷозаи онро дод ва мо ҳам ҷамъ шуда будем. Демократҳо ҳам ба ин пайвастанд ва ҳамин тавр дигарон ва мардум рафта-рафта зиёдтар шуданд баъдан. Сабаби асосиаш ГКЧП буд, ки мо онро ба унвони аъмоли ғайриқонунӣ ва як кудатои воқеъӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ талаққӣ кардем ва эътирози худро мехостем баён кунем.»
Вале бинобар навиштаи ин расона Давлати Усмон, муъовини раиси ҳизби он замон ғайрирасмии Наҳзати Исломии Тоҷикистон, гуфтааст, ки ин тазоҳурот ибтикори ҲНИТ буд:

«Пешниҳод ва ибтикор аз ибтидо аз ҷониби Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд. Ва чун дар он рӯзҳо Ҳизби Наҳзат нимарасмӣ буд ва созмони мардумии Растохезу Ҳизби Демократ расмӣ буданд, аз ин лиҳоз онҳо ҳамчун мубтакир садо баланд карданд. Дар асл ибтикор аз ҷониби шуъбаи тоҷикистонии Ҳизби Наҳзатии Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва тазоҳуроти рӯзи 29 август ҳам аз ҷониби ҳамин ҳизб бо ба саҳна кашидани афроде, ки ҳизбӣ набуданд, аммо ҳавохоҳи озодиву истиқлол буданд, аз нирӯҳои мазҳабӣ, (баргузор шуд). Ин сабаб шуд, ки як тазоҳуроти пуриздиҳоми бузург рӯзи 29 август ташкил шавад ва талаби истеъфои раҳбарони Тоҷикистонро, ки аз кудато ҳимоят карданд, ба миён бигузорад.»

Ба ин тартиб, ҲНИТ агарчи дар шароити ғайрирасмӣ вале бо бовару итминон барои аввалин бор ошкоро дар саҳнаи сиёсати хиёбонӣ ҳузур пайдо карда ва талабҳои сиёсӣ аз ҷумла барканории ҳамаи се нафар роҳбарони ҷумҳурӣ ва сабти номи худро пеш мегузорад.

Иброҳими Усмон, муаррихи тоҷик менависад, ки тазоҳурот ва хайманишинҳои майдон ва афзоиши ҳамарӯзаи шумораи иштирокдорони гирдиҳамоиҳо оқибат ҳукуматро фалаҷ кард ва Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳурӣ маҷбур ба тарки мақом шуд ва истеъфо дод:

“Баъди онки дар моҳи сентябри соли 1991 Ҳукумати Тоҷикистон аз нигоҳи сиёсӣ фалаҷ шуд, Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифаи президентии Тоҷикистон бартараф гардид, ба ҷойи давлатдории президентӣ давлатдории муваққатии парламентӣ ба вуҷуд омад, аниқтараш то интихобот ба зиммаи роҳбари парламент масъулияти Президент низ гузошта шуд, эътибори неруҳои сиёсии оппозитсионӣ, махсусан Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва муфтиёти Тоҷикистон баландтар гардид. Яке аз сабабҳои  ҷидди паст шудани эътибори роҳбарияти тоҷикистон мавқеи комиссияи фавқулоддаро, ки истеъфои Горбачевро эълон карда буд, ҳимоя кард ва ин сабаби маҳкуми неруҳои ҷадиди демократии Тоҷикистон шуд. Даҳаи ахири август(91) ва тамоми моҳи сентябр авзои сиёсии Тоҷикистон ниҳоят пуршиддат буд ва талошҳо сиёсӣ, гунаҳкоркуниҳо ба тарафдории ГКЧП будан бо авҷ давом мекард. Бинобар ин 4 сентябр ҲК Тоҷикистон аз ҳайати КПСС баромада, мустақил шуд. 21 сентябри соли 1991 анҷумани 12 ғайринавбатии ҲК Тоҷикистон баргузор шуд, ки он мебоист сарнавишти ҳизбро муайян намояд. Аммо ин ҳизб бо тазъиқи митингчиён-растохезиҳо, демократҳо ва исломиҳо, ки бо шиори «Ҳизби ҷинояткор ва анҷумани он пароканда карда шавад» амал мекарданд, кори худро дуруст анҷом дода натавонист. Рӯзи 21 сентябр митинг ба авҷи аълояш расид, дар майдони Озодӣ даҳҳо ҳазор одамон ҷамъ шуданд. Дар майдон шиори «Аз хоби гарон хез» баланд садо медод. Шоми 21 ва 22 сентябр  муҷассамаи Ленин аз ин майдон афтонда шуд. Рӯзи 21 сентябр дар ин майдон митинги коммунистон-тарафдорони бақои ИҶШС оғоз ёфт».

Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат»

Сарнагун кардани ҳайкали Ленин барои роҳбарияти Тоҷикистон ва Ҳизби комунист маънои кандани ҳокимияти 70-сола ва маҳрум сохтани онҳо аз ҳокимият ва хати бутлон кашидан ба ҳокимияти 70-солаи онҳоро дошт. Дар ҳоле, ки онҳо ҳамеша аз Ленин ба унвони доҳӣ, ҷовидон, абадзинда ситоишу мадҳ мекарданд ва Ҳизби коммунист ақл, шараф ва виҷдон муаррифӣ мешуд, акнун пайкараи ӯ зери пойи мардум қарор дошта ва болои вай туф мекарданду рақсу бозӣ. Баъд аз онки Маҳкамов истеъфои худро эълон кард, аҳли майдон аз талаби истеъфои Иззатулло Ҳаёев, сарвазир ва Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон даст кашиданд. Дар ҳоле, ки истеъфои ин ду нафар ҳам дар руихати талаботи онҳо ҷой дошт.

Давлати Усмон мегуяд, ки барои он аз истеъфои онҳо мунсариф шуданд, ки хабари боз як тавтиа роҳандозӣ кардани коммунистонро фаҳмиданд. Коммунистҳо талош доштанд, ки Набиевро ба ҷойи Маҳкамов оваранд.

Дар ин миён Шуравӣ дигар ба охири хат расид ва ҷумҳуриҳои таркиби он яке-яке эълони истиқлолият карданд.

Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам рӯзи 9-сентябр дар ҳузури муътаризини майдони Озодӣ истиқлолияти Тоҷикистонро, ки яке аз талабҳои тазоҳургарон, аз ҷумла ҲНИТ буд эълон кард ва дурусту дақиқ фармон дар бораи миллӣ кардани моликияти Ҳизби комунист ва қатъи фаъолияти онро, ки талаби майдоннишинҳо, аз ҷумла ҲНИТ буд, низ имзо кард.

Салими Аюбзод хабарнигори тоҷик, ки шоҳиди бевоистаи он лаҳзаҳову он рӯзҳо будааст, аз он ҳаводис чунин тасвир мекунад:

«Шикастани ҳайкали Ленин баҳонаи муносибе шуд, барои аксуамали ҷиддии коммунистон. Собиқ котиби Ҳизби коммунист Ваҳҳоб Воҳидов мегӯяд: «Маро бо тела-тела маҷбур карданд, ки баромада митингро кушоям. Як ё ду дақиқа асоси мақсадро гуфтам. Яъне, истеъфои Аслонов ва Икромов ва ғайриқонун будани қарору фармонҳои зидди ҳизби коммунист. Дар ҷараёни гирдиҳамоӣ якчанд маротиба аз митинг баромада, ба маҷлиси Шӯрои Олӣ даромадам ва дар онҷо суханронӣ кардам».

Салими Аюбзод. «100 ранги 100 сол. Тоҷикон дар қарни бистум.»

Ба ин тартиб Шурои Олӣ ҷаласаи изтирорӣ доир кард. Депутатҳои коммунисти ин Шӯро Аслоновро аз мақоми раиси он гирифтанд ва Раҳмон Набиевро ба ҷойи вай оварданд. Ин кори Шӯрои Олӣ неруҳои нави сиёсиро ба шиддат ғазабнок кард ва тазоҳурот дар Душанбе боз ҳам идома кард. Комунистон талош карданд, ки бо баргузории тазоҳуроти ҷавобӣ мавқеъи аз дар ҳоли суқути худ дар ҳокимиятро ҳифз кунанд. Аммо шароит ва авзоъ бар муроди онҳо тоб намехурд.

Маскав, ки ҳанӯз болои кишварҳо нуфуз дошт, мудохила кард ва академик Е.Велихов ва шаҳрдори Санкт-Петербург А.Собчак ба унвони намояндагони Маскав вориди Душанбе шуданд ва миёни ҳукумат ва гирдиҳамомадагон миёнаравӣ карданд. Набиев муваққатан, то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд ва Тоҷикистон барои аввлин бор ба нахустин интихоботи раиси ҷумҳурӣ аз тариқи ҳамапурсӣ омода шуд.

Дар ин интихобот, ки миёни Раҳмон Набиев, собиқ Котиби аввали Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва Давлати Худоназар, депутати Шӯрои олии ИҶШС ва раиси Иттифоқи синемогарони Шуравӣ доир шуд, ҲНИТ табъан, ки аз дуввумӣ пуштибонӣ ва ҳимоят кард.

Бо ин вуҷуд ки Набиев барандаи ин маърака гардид, Наҳзат ва бақия неруҳои нави сиёсӣ: Растохез, Ҳизби демократ ва Лаъли Бадахшон тавонистанд, ки ба номзади худ 33% овоз бигиранд.

Салими Аюбзод аз қавли устоди шаҳид Нурӣ менависад: «Собиқ сардабири рӯзномаи Қозиёти ҷумҳурӣ «Минбари ислом» Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин бора мегӯяд: «Як қисми аҳолӣ номзади демократҳо Давлат Худоназаровро тарафдорӣ мекард, аз ҷумла ҳизби исломӣ, қисми дигар, ки коммунистхоҳ буданд аз Раҳмон Набиев пуштибонӣ мекарданд, ки як коммунисти худфурӯхта буд.»

Сафҳаи фейсбуки С.Аюбзод

Устоди равоншод барои он Набиевро худфурухта баҳо дода буд, ки Набиевро муддати чандин сол комунистон парт ва узлатнишинаш карда буданд ва маҳз бо туфайли неруҳои нави сиёсӣ вай аз Душанбе депутати Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва дар ҳайати ҷиноҳи демократҳои Шурои Олии Тоҷикистон қарор дошт. Аммо, вақте равандҳо таҳаввул пайдо кард, вай дубора ба сангари ҳамҳизбиҳои собиқаш баргашт ва ниҳоятан кишварро ба ҷангу хун нишонд, ки инро дар идома хоҳем гуфт. (Ва,аммо мунсариф шудани майдоннишинҳо аз талаби истеъфои Ҳаёев ва Аслонов ва ба истеъфо фиристодани Маҳкамов, ки бар хилофи дуи аввал намояндаи шимоли кишвар буд, руҳияи фазо ва таҳаввулотро иваз кард ва клани шимол, ( сулолаи хуҷандиҳо), ки солҳо роҳбарият дар кишварро дар даст дошт бо неруҳои нави сиёсӣ, ба шумули ҲНИТ дар мухосимат қарор гирифт, ки натиҷа ва таъсири он дар ҳаводиси баъдӣ зуд ба мушоҳида расид. Барои мисол дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Хуҷанду Кулобро бародаршаҳр эълон карданд ва дар даврони муқовимати мусаллаҳона ва Иҷлосияи 16 ҳам ҳамин ҳолат ҳифз шуд.)

Аммо, бо ин вуҷуд интихоботи нахустини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо шаффофият ва демократӣ баргузор шудани он нотакрор боқӣ мондааст. Он интихоботро ҳатто мухолифин, ки аз натиҷаи он норозӣ буданд, низ эътироф кардаанд. Муҳаммадалии Ҳайит, яке аз муовинони раиси ҲНИТ,ки ҳоло бо ҳукми абад дар зиндони Раҳмонов аст дар ин бора чунин гуфтааст:

«Интихоботи президентии соли 1991-ро бо ҳама тақаллубу тахаллуфҳояш метавон ягона интихоботи озоду шаффоф дар таърихи Тоҷикистони мустақил унвон кард. Дар интихоботи президентии он сол, ки неруҳои исломӣ ва демократӣ дар он ҳамчун як ҷабҳаи воҳид ва дар эътилоф ширкат доштанд бо ба даст овардани беш аз 30% раъй интихобкунандагон боиси нороҳатии доираҳои ҳоким ва собиқ коммунистони шӯравӣ гаштанд. Дар интихоботи мазкур ҲНИТ худро ҳамчун неруи мунсаҷим ва пешрав ба намоиш гузошт ва неруҳои дигаре чун ҲДТ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Носири Хисрав» ва ғайра атрофи он ҷамъ омада буданд.

Агарчи иқдоми зарба задан ва заъиф сохтани неруҳои озодихоҳ ва истиқлолхоҳи тоҷикро мақомот ҳанӯз соли 1990 дар пайи ҳаводиси баҳманмоҳи хунин рӯи даст доштанд ва он замон ба таври пурра муваффақ нагашта буданд, пас аз ин интихобот ва ҳаводиси солҳои 1991-1992 марҳалаи дуюми ин амлиёт шурӯъ шуд. Дар ниҳоят ба мухолифони неруҳои исломӣ-демократӣ муяссар гашт, ки бо истифода аз пуштибонии кишварҳои беруна ҳукумати ба ном конститутсиониро сари қудрат биёранд, ки он аз он солҳо ба баъд интихоботҳоро мувофиқи сенарияҳои замони шӯравӣ баргузор менамояд»

Муҳаммадалӣ Ҳаит. «Наҷот» 25апрели соли 22013

ҲНИТ, ки гуфтем дар тазоҳуротҳои тирамоҳии соли 1991 неруи пешбаранда ва асосиро ташкил мекард, чанд рӯзи қабл аз рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 26 октябр бо ширкати наздики 1000 вакилу меҳмон дар Кохи “Ваҳдат”, дар маркази Душанбе нахустин анҷуманашро баргузор кард. Дар ин ҳамоиш Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро раис интихоб карданд, ҳарчанд ҳамагон медонистанд, ки раҳбари аслии он Саид Абдуллоҳи Нурист. Ва дар моҳи декабри он сол расман сабти ном шуд.

Саидиброҳими Назар, собиқ муовини раиси ҲНИТ роҷеъ ба чигунагии баргузории нахустин Анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд, ки барои аввалин бор дар ҷаласагоҳи доимии ҳизби коммунист дар Душанбе маҷлис бо қироати ояҳо аз Қуръони маҷид ва бо «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» шурӯъ шуд:

«Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Анҷумани таъсисии худро охирҳои моҳи октябри соли 1991 дар ҳамон қасре, ки замоне моли Ҳизби Коммунист буду чорабиниҳои асосии худро он ҷо мегузаронд, яъне «Кохи Ваҳдат», баргузор кард, ки дар он қариб ҳафтсад вакил ва меҳмон ширкат варзид. Дар ин Анҷуман раиси ҲНИ ИШ Аҳмад Қозӣ Ахтаев, меҳмонон Ҳайдар Ҷамол, Муҳаммад Салоҳиддин ва ғайра иштирок доштанд. Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҳизб интихоб гардид. Давлат Усмон муовини аввал ва банда муовин интихоб шудам. Баъдан дар интихоботи президентӣ ҷонибдорони мухолифин шикаст хӯрданд. Раҳмон Набиев ба сари қудрат омад. Фишорҳо болои мухолифин зиёд шуд, шахсиятҳои алоҳида мавриди таъқиб қарор мегирифтанд. Боз гирдиҳамоиҳо ташкил шуданд. Дар ду майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ».Мутаассифона, муқовиматҳои сиёсӣ билохира ба задухӯрдҳои мусаллаҳона табдил ёфтанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Поёни бахши аввал, давраи дуввум

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\1 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №1\3
(Бахши севвум давраи аввал)

«Устод Нурӣ замоне ба саҳна омад, ки ҷомеъаи тоҷикон тақрибан замони ҷоҳилияти замони Расулуллоҳро  мемонд. Дар фаъолияти худ айни рафтори Расулуллоҳро дар ҷомеъаи мо кард. Ӯ мисли ҳазрати Иброҳим бутшиканӣ кард. Ӯ мисли ҳазрати Мӯсо, ки қавми худро аз дарёи Нил барои наҷот аз Фиръавн гузаронд, қавми худро аз дарёи Ому барои наҷот гузаронд.

Ӯ мисли ҳазрати Юсуф зиндонро дид ва мисли ҳазрати Аюб ба тамоми машаққату балоҳое, ки Худованд ба сараш овард, таҳаммул нишон дод. Шояд ҳеҷ кадоме аз мо бо вуҷуди ин ҳамаи дардҳои тоқатфарсо ашки чашми эшонро надида бошем. Ин мактабро бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба мо шогирдону пайравон ба мерос гузошт ва дуъо мекунем, ки Худованд моро вафодор ба ин мактаб ва пайрав аз ин суннат бигардонад». Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, аз суханронӣ дар шаби таҷлил аз солрӯзи вафоти устод Нурӣ аз 24 сентябри соли 2007.

Устод Сайид Абдуллои Нурӣ соли 1987 бо ҷурми «Роҳ додан ба таблиғоти зидди сохти давлатдории шӯравӣ»  ба ҳабс гирифта шуд. Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ замоне мутаваҷҷеҳи ин амалаш шуд, ки ин амалаш боиси вокунишҳои тезу тунди созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар гардид. Ин созмонҳо бидуни вақфа раҳоии ҳарчи зудтари ӯро талаб мекарданд. Бинобар маълумотҳои мунташира аз 72 созмону давлати дунё ба унвони Михаил Горбачев, Дабири аввали Иттифоқи Шуравӣ ҷиҳати озодии устоди равоншод нома ва барқияҳо меояд.

Дар зиндонҳои Русия устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шикаста нашуд, баракс дар роҳи интихобидааш устувортар, муҳкамтар ва бар сари азмаш росихтар шуд. Ҷазаба ва азамати ӯ ба ҳайси як мулло ва олими исломӣ ба ҳадде муассир уфтода буд, ки даҳҳо нафар аз пайи ӯ ба намозу ниёзу рӯза пардохтанд. Раҳоии ӯ ҳамчуноне,ки дар рӯзҳои боздошт ва муҳокимааш иттифоқ афтод тавссути расонаҳои байналмилалӣ босуръат ва мукаррар нашру пахш мешуд.

Радиоҳои хориҷӣ

Дар зимн ҳамин радиоҳои байналмилалӣ яке аз восила ва ё авомиле будааст, ки дар ташаккули афкори ин ҷавонмуллоҳои тозакору тозапиндор нақши бузург бозидааст. Аксарияти онҳо ба шумули худи устод Нурӣ эътироф мекунанд, ки гӯш кардани ин радиоҳо дар таҳаввули афкору андешаи онҳо нақши муассир гузоштааст. Маҳз ҳамин радиоҳои байналмилалӣ будааст, ки ошноии онҳо ба ҷаҳони ислом ва навигарҳову дигаргуниҳо дар кишварҳои оламро таъмин кардааст. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш изҳор доштааст, ки ҳатто падари ӯ, ки дар ҳамин ҳукумат кор мекард, радиои «Озодӣ» гуш мекард, дар ҳоле, ки гуш кардани ин расонаҳо мамнуъ буд:

« Ба ғайр аз шуғли диние, ки анҷом медоданд, (падарашонро дар назар доранд) ишон барномаҳои радиоҳои хориҷиро ба забони форсӣ, аз ҷумла барномаҳои радиои «Озодӣ»-ро гӯш мекарданд. Дар баъзе мавридҳо суханонеро мегуфтанд, ки мо ва дигар бародарҳоямон, ки дар замони Шӯравӣ калон шуда будем, бисёр нороҳат мешудем. Хаёл мекардем худашон аз пеши худ чунин ҳарфҳоро мезананд. Баъдтар маълуми мо шуд, ки он кас ин суханонро  аз дунболагирии сиёсатҳои байналмилалӣ, аз манбаъҳои мухталиф ҷамъоварӣ мекардаанд.»  Саид Абдуллоҳи Нурӣ. «30 сол ҲНИТ зодаи ормони мардум».

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода яке дигар аз муассисони ҲНИТ низ тасдиқ мекунад, ки ҳамин расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла «Озодӣ» ва ВВС буданд, ки дар тағйироти мафкуравии онҳо саҳми босазо гузоштаанд:

«Дар ин миён ман ба шунидани радиоҳои хориҷӣ даст задам. Ба ҳамагон маълум аст, ки он замон шунидани гуфторҳои радиоҳои хориҷӣ ба забонҳои форсиву русӣ сахт мамнӯъ буд. Касеро, ки ин корро мекард, зери таъқиби сахти КГБ қарор мегирифт. Вақте ки камина он радиоҳоро гӯш мекардам, ба андеша фурӯ мерафтам, ки чаро ҳамзабонони хориҷии мо, аз ҷумла дар Афғонистону Эрон давлатҳои мустақил доранду дину мазҳаб ва фарҳанги миллии худро озодона пеш мебаранд, вале кишвари мо -мардуми мусулмони Тоҷикистон аз ин неъматҳо бебаҳраанд?  Ҳамеша ин мисраъи шоири муборизи афғон: «неъмате беҳтар зи истиқлол нест»-ро зери лаб замзама мекардам. Аз гӯш кардани барномаҳои радиоҳои хориҷӣ КГБ хабар ёфту маро мавриди бозпурсӣ ва истинтоқ қарор дод, вале ман наҳаросида, пинҳонӣ кори худро давом медодам».

Дар идомаи ин сӯҳбаташ Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода афзудааст, ки шунидани радиоҳои хориҷӣ барои бедории фикрӣ ва таҳаввулу инкишофи андешаи истиқлолталабӣ барои ҷавонон таъсири мусбат гузошта буд:

«Роҳи дигар чуноне, ки аз ҳаёти шахсии худ мисол овардам, гӯш кардани гуфторҳои радиоҳои хориҷӣ ба забони форсӣ буд. Тавассути ин барномаҳо мардуми мо, бахусус ҷавонон ба афкори пешқадам ва ислоҳотхоҳи исломӣ ошно мегардиданд,  ҷаҳонбинӣ, фаҳмишу биниш васеъ мешуд, ба зиндагӣ, ба олам ба чашми дигар менигаристанд ва дар пайи ислоҳи камбудиву нуқсонҳои ҷомеъа кӯшиш мекарданд». Ҳоҷӣ Қаландар Садриддин. «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

Раҳоӣ ва истиқбол аз муассиси ҲНИТ

Бо ин ҳол, бархе аз шогирдону пайравони устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳангоми бозгашти ӯ ба ватан аз зиндон хостанд як истиқболи пурҷамъият ва бошукуҳеро дар майдони фурудгоҳ ба роҳ андозанд. Аммо шуморе дигар аз аъзои Раёсати ҳизб бар ин қарор меоянд, ки ҳеҷ гуна иқдоми барангезанда набояд кард.

Сайидумар Ҳусайнӣ он лаҳзаҳои бозгашти устод Нурӣ, бунёдгузори ҲНИТ ва пешвози ӯ дар Душанберо чунин тасвир мекунад:

«Баъди онки устод аз маҳбас озод гардид ва ба ватан бар мегашт, тамоми бародарони аҳли раёсат дар Душанбе дар маҳаллаи Мавлоно дар хонаи яке аз наздикони ман ҷамъ шуданд ва барои чӣ тавр пешвоз гирифтани устод машваратҳо менамуданд. Баъзеҳо ба хусус аъзоёни ҷавонтари ҳаракат мақсад доштанд, ки ҳама дар назди фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷамъ шуда, устодро истиқболи вижа намоем, вале хулосаи машварати Шуро бар он шуд, ки шуру валвала накарда танҳо 2 мошин ба фурудгоҳ рафта устодро мегиранд ва ба ҳамин хона оварда баъди зиёрат ба хонааш ба Қӯрғонтеппа мебаранд. Ҳамин тавр устодро аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе гирифта ба хонаи акаи Сулаймон дар маҳаллаи Мавлоно меоранд ва зиёда аз 50 нафар бародарон, ки онҷо будем устодро зиёрат намуда эҳтиромоти худро нисбати эшон анҷом додем ва баъди сарфи таъоми андаке бародарони муваззафшуда устодро гирифта ба хонаашон бурданд. Бояд қайд намоям, ки дар ин зиёрат ман устодро чунон лоғар дидам, ки гӯё моҳҳо таъом нахӯрда бошад. Вақте инро ба бародари Ҷумъабек, ки зиёда аз як моҳ ҳамроҳи устод буданд, гуфтам, ӯ гуфт: Ҳоло шумо фарбеҳии ӯро дидаед. Мо ӯро якуним моҳ бо гӯшти гӯсфанду дигар таъомҳои лазиз меҳмонӣ карда хеле тарбияаш намудем, вагарна дар аввал аз дидани ӯ метарсидед. Баъдан устодро бо ду мошин ба хонааш фиристодем ва ман ҳамроҳашон нарафта будам». Сайидумар Ҳусайнӣ. «Хотираҳо».Душанбе 2013

Ва, аммо раҳоии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз зиндон баъди якуним сол, дуруст дар давроне иттифоқ уфтод, ки кишвари Шӯравӣ дучори тағйиротҳои азими сиёсӣ мешуд. Сиёсати перестройка ва гласност ( бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ), ки Михаил Горбачев, Дабири аввали Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар роҳандозӣ кард, саҳнаро барои аланӣ ва ошкор шудани ҳаракату ҳизбҳои гуногун фароҳам кард. Дар воқеъ ин сиёсат барои Наҳзатиҳои тоҷик як туҳфа ва инъоми илоҳӣ буд, ки солҳои сол дар суроғаш буданд. Бахусус ҳазфи нақши гегемонии ҳизби коммунист аз Конститутсияи СССР, яъне барҳам додани моддаи 6-и он иҷоза дод, ки муассисони Наҳзати исломии ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ин миён дар тамоми кишвар нуфуз пайдо карда ячейка ва созмонҳои аввалия ва дар сатҳи вилоёту навоҳиро ташкил ва таъсис дода буданд, дар фикри таъсиси Ҳизби наҳзати Иттифоқи шӯравӣ бишаванд. Чунки аллакай дар Маскав-пойтахт ватани паҳновари Шӯравӣ  аҳзобу ҳаракатҳои мухталиф руи кор омаданд ва дар Тоҷикистон ҳам созмон ва ҳаракатҳои мардумие назири Рубарӯ, Растохез арзи андом намуда  маҳофилу маҷолис мегузарониданд.

Собиқадорони ҲНИТ мегӯянд, ки устод Нурӣ вақте сӯҳбат аз масъалаи ташкили ҲНИТ рафт, ба ин маъно, ки бояд аз ҳукумат маншури расмӣ гирифта бишавад, гуфт, ки мо ба ин ҳадафи худ он вақт расида метавонем, ки ҳизби исломӣ дар маркази ин давлат, Иттифоқи Шуравӣ таъсис ва расман сабти ном бишавад. Устод Нурӣ ба ёрону пайравонаш мегӯяд, ки бидуни доштани як ташаккули сиёсӣ дар сатҳи марказ наметавонем дар Тоҷикистон ба омол ва ҳадафи худ бирасем. Аз ин рӯ роҳи дуруст ва мантиқӣ ин аст ки аввал дар Маскав ташкилоти умумииттифоқӣ ба қайд бигирем. Дар ғайри сурат мо ноком хоҳем буд.

Зубайдуллои Розиқ,яке аз собиқадорони ҲНИТ он лаҳзаҳоро чунин ёдоварӣ мекунад:

«-Устод С.А.Нурӣ маро ба назди худ хонда сӯҳбати як ба як орост ва дар ҷараёни сӯҳбат аз созмон додани ҷамъияти исломӣ дар кулли қаламрави кишвари Шӯрвӣ гап кушод ва гӯшгузор намуд, ки то созмони умумииттифоқӣ таъсис дода нашавад, дар Тоҷикистон ҳукуматдорон ҳаргиз иҷозаи таъсиси созмонро намедиҳанд. Бояд бо бародарони озодандеши дар Русия ва ҷамоҳири дигар машварат кард ва заминаро дар Русия ба вуҷуд овард, вагарна дар ягон ҷумҳурии дигар имкони заминагузорӣ вуҷуд надорад.

Банда дар навбати худ пешниҳод кардам, ки агар мо дар маҳдудаи Иттиҳоди Шӯравӣ созмон таъсис доданӣ бошем, ба номи ҳизб таъсис бидиҳем беҳтар аст, чаро ки дар ин минтақа ҷамъиятро ба унвони созмони сиёсӣ намедонанд. Устод аз пешниҳоди банда истиқбол кард ва маслиҳат шуд, ки мо ба Доғистон сафари корӣ анҷом диҳем. Ҳамин тавр бо бародар Абдумалик, ки аз шогирдони устод Ҳимматзода буд бо ҳавопаймо ба шаҳри Боку ва аз он ҷо бо қатора ба шаҳри Махачқалъа, сипас ба Хасавюрт ба хонаи Муҳаммад Баҳоуддин, ки ҳашт сол муқаддам дар Маскав шинос шуда будем, рафтем. Ӯ буд, ки моро бо бародарони доғистонӣ ва чеченӣ ва дигар манотиқ шинос мекард ва ба ҳарду ҷониб итминон медод, ки аз ҳамдигар бовар дошта бошем. Фардои он рӯз ҳамаи бародарон аз манотиқи Маскав ва Қафқоз ҷамъ омаданд ва ҷаласа ороста, ба унвони Кумитаи тадорукотии анҷумани таъсисӣ дар мавриди кай ва дар куҷо баргузор намудани он, дар бораи номи ҳизб, оиннома ва барномаи он баҳсҳои ҷолиб сурат гирифт». Зубайдуллоҳи Розиқ. «40 соли наҳзат: Хотира, андеша, дидгоҳ»  Душанбе-2013

Аштархон ё Астрахан

Анҷумани муассисони ҲНИ-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Астрахан ва ё Аштархони Федератсиюни Русия дар шароити ғайримаъмулӣ баргузор мешавад.

Сайидиброҳими Назар, яке аз мубтакирини баргузории Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шуравӣ  ва муовини аввали раиси ин ҳизб дар як суҳбати расонияш бо нашрияи «Миллат» мегуяд, ки дар соли 1989 робитаи масъулони Наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷ ва бахусус мусалмонони Русия афзоиш пайдо кард:

«Мо бо намояндагони ҳаракатҳои исломии ғайрирасмии Қафқоз, аз ҷумла Доғистон ва Чеченистон робита барқарор кардем. Мо Муҳаммад Салоҳиддинро аз Тотористон мешинохтем, Аҳмад Қозӣ Ахтаеви доғистониро мешинохтем. Бо онҳо ҳамон замон дар хусуси таъсиси як ҳизби исломии умумииттифоқӣ машваратҳо мекардем. Билохира соли 1990 тасмим гирифта шуд, ки Анҷумани таъсисии Ҳизби НИ ИШ дар Астрахан баргузор гардад. Дар ҳамон қаторае, ки ба Астрахан мерафтем, мо аъзои Наҳзати Исломии Тоҷикистон тақрибан 35-40 нафар будем. Аз ҷумла устодам мулло Абдуллоҳи Хаттоб низ буд. Умуман аз Тоҷикистон дар ин анҷуман 80 нафар вакил буд. Боқимондаҳо бо дигар роҳҳо ба Астрахан рафтанд.  Мо ба Астрахан тақрибан нисфи шаб расидем. Аниқтараш истгоҳе, ки мо бояд мефаромадем, аз Астрахан дар масофаи сӣ-чил километр дур воқеъ буд. Шаб автобус набуд. Касе набуд, ки моро пешвоз гирад. Ин анбӯҳи одамон дар як шаҳри бегона таваҷҷӯҳи кормандони мақомоти дохиларо ба худ ҷалб кард. Пеши роҳамонро гирифта пурсиданд, ки аз куҷоему ба чи кор ба ин шаҳр омадаем. Рости гапро гуфтем. Боз пурсиданд, ки роҳбаратон кист? Касе ҷавоб надод. Баъд аз ин банда гуфтам, ки ман роҳбари ин гурӯҳ ҳастам. Дигар бо ман саволу ҷавоб мекарданд. Маълум буд, ки аз баргузории Анҷуман хабардор ҳастанд. Моро ба ҳамон маҳали баргузории Анҷуман бурданд. Рӯзи дигар Анҷуман баргузор гардид. Рости гап, аз тарафи мақомоти амниятӣ ва ё дохила кӯшиши халалдор кардани кори Анҷуман буд. Вале ба ҳар ҳол Анҷуман баргузор гардид. -Вакилони Тоҷикистон хеле фаъол буданд. Дар тақдирам будааст, ки маро муовини аввали раиси ҲНИ ИШ интихоб карданд. Раиси ҳизб Аҳмад Қозӣ Ахтаев, олими хуби исломӣ, ки табиби хуб низ будааст, интихоб гардид. Забони русиву арабиро хеле хуб медонист. Дар ин Анҷуман Муҳаммад Салоҳиддин аз Тотористон, Ҳайдар Ҷамол аз Маскав буданд. Вакилон аз Озарбойҷон, аз Доғистон, аз Чеченистон буданд. Аз Ӯзбакистон як ё ду нафар буданд. Анҷуман гузашт. Мақомоти ҳизб интихоб гардид. Қароргоҳ Маскав муайян шуд. Аз вакилони тоҷикистонӣ Сайид Умар Ҳусайнӣ дар ҳайати комиссияи тафтишотӣ буд, Давлат Усмон раиси шӯъбаи ташкилии ҳизб интихоб шуд. Банда бо ҳамроҳии раис Аҳмад Қозӣ Ахтаев Масква рафтем то ҳизбро дар мақомот расман сабти ном кунем. Моҳи июли соли 1990 Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди шӯравӣ расман дар вазорати адлияи СССР ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тариқ аз моҳи июни соли 1990 то моҳи ноябри соли 1991 ман расман корманди ҲНИ ИШ будам ва дар Маскав зиндагонӣ мекардам. Моҳе як маротиба ба Тоҷикистон меомадам».

Саидумар Ҳусайнӣ яке дигар аз ширкатдорони Анҷумани таъсисии ҳизб дар китоби «Хотира»-ҳояш дар мавриди баргузории он чунин изҳори назар кардааст:

«Рӯзи 8уми июни соли 1990 ҳамчун рӯзи инсиҷому якдилӣ ва ваҳдату якпорчагии ҳаракатҳои ҷудогона ва парокандаи исломӣ, ки дар саросари кишвари паҳновари Шӯравии собиқ фаъолияти динӣ сиёсӣ мебурданд, дар таърихи ин ҳаракати бузурги динӣ сиёсӣ сабт гардидааст. Дар ҳақиқат ҷамъомади онрӯзро меарзад, ки таърихиаш номид. Барои ин ҷамъомади таърихӣ шаҳри Астрахани Русияи федеролӣ, ки дар онҷо ҳеҷ ҳаракати исломие амал намекард ва аз тамоми марказҳои мусулмоннишини кишвар дур буд, интихоб гардид. Ин ҳам ба он хотир буд, ки таваҷҷӯҳи хадамоти ҷосусии кишвар (КГБ) нисбати ин ҷамъомад камтар бошад. Он рӯз фаро расид ва аз ҳама гӯшаву канори ин мамлакати бузург вакилони ин ҷамъомад гурӯҳ гурӯҳ ташриф меоварданд. Бародарони тотор ва доғистонию чеченӣ, ки ташкилотчигии ин ҷамъомадро ба дӯш доштанд вакилонро тавре ҷо ба ҷо менамуданд, ки шубҳаеро дар мақомот бар наангезад. Ҳамчунин дар бораи макони баргузории ин Анҷуман аз эҳтиёткории хеле болое истифода намуданд, ки ҳатто хадамоти махфии Ҳукумати Шӯравӣ (КГБ) иттилоъ надошт, ки анҷуман дар кадом макон баргузор мегардид. Онҳо барои ин ҳадаф чунин манёвр анҷом доданд, яъне се макони дигарро, ки асосӣ набуданд низ иҷора гирифтанд ва ҳатто овозаи он ҷойҳоро бароварданд. Аммо макони асосиро махфӣ нигоҳ дошта рӯзи баргузории анҷуман вакилонро бехабар ба он макон, толори корхонаи ДОССАФ буд бурданд. Метавон гуфт, ки эҳтиёткории онҳо сабаби он гардид, хадамоти амниятии кишвар макони дигареро ҷои баргузории анҷуман хаёл намуда, тамоми роҳҳои он маконро баста буд, вале вакилони анҷуман дар макони муайянгардида ҷамъ омада анҷуманро ифтитоҳ намуданд. Аз шуруъи анҷуман тақрибан ду-се соат гузашта буд, ки шуъбаи корҳои дохила огоҳӣ ёфта ба бинои анҷуман ворид гардиданд, вале хешбахтона онҳо дер карда буданд ва монеъи кори анҷуман шуда натавонистанд. Он рӯз буд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Умумииттифоқ расман таъсис шуд ва аз вуҷуди худ ба саросари ҷаҳон эъломия дод. Дар кори барномарезӣ ва баргузории ин ҷамъомад ва анҷумани таърихӣ саҳми  шуъбаи дар Тоҷикистон будаи ҳаракати исломӣ назаррас мебошад, аммо дар корҳои ташкилии ин анҷуман саҳми бародарони доғистонӣ, тоторӣ ва чеченӣ хеле калон буд. Панҷ нафар аз бародарони Тоҷикистонӣ дар раёсати Олии ин Ҳизб узвият доштанд ва бародар Сайидиброҳим Гадоев ноиби аввали раиси Ҳизб интихоб гардида буд ва банда низ ба симати раиси коммиссиюни тафтишотӣ ва хазинадори муваққатии Ҳизб интихоб гардида будем. Дар ин ҷамъомади бузург, ки ба мухолифатҳои шадиди ҳокимони давр мувоҷеҳ буд, тамоми бародарони ширкаткунанда аз худ ҷасоратҳои беназирро ба намоиш гузоштанд». Сайидумар Ҳусайнӣ. “Хотираҳо” аз нахустин ошноиям ба Ҳаракати исломии Тоҷикистон то расмияти он”.Душанбе2013.”Муаттар”

Ва, аммо шева ва ҳолати сабти номи ҲНИ-и Иттиҳоди шуравӣ низ ҷолиб ва таваҷҷуҳангез аст. Дар ҳоле, ки тамоми муқомоти қудративу амниятӣ бар муқобили фаъолияти расмии он ҷабҳа гирифта буданд, ин ташкилоти сиёсии ғайримаъмулӣ хеле ҳам зуд ва осону роҳат дар қайди давлатӣ гирифта мешавад. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз ташаббускорони Анҷумани таъсии ҲНИ-и ИШ ҳолати сабти номи онро  чунин тавсиф мекунад:

«Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав, ки раиси ҳукумати он ноҳия аз аъзои ҳизби демократ интихоб шуда буд, кумитаи ташкилии ҳизбро дар он ноҳия ба осонӣ ба қайд гирифтанд. Баъд аз ба қайд гирифта шудани кумитаи ташкилӣ ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии ҲНИ-и Иттиҳоди Шӯравӣ ба вазорати адлияи ИҶШС супурданд. Баъди саъю талоши зиёд ва сӯҳбатороиҳои кормандони вазорати адлия бо сарварони ҳизбу созмонҳои навтаъсис ва дар охир суҳбат бо худи вазири адлияи Иттиҳоди Шӯравӣ, моҳи октябри соли 1990 Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ба қайд гирифта шуд ва орзуи деринаи мусулмонони кишваре, ки даҳсолаҳо азияти озори ҳизби мулҳиди яккаҳукмронро мекашиданд, ҷомаи амал пӯшид.» Зубайдуллоҳи Розиқ. «Наҷот» 25.04.2013

Ончуноне тазаккураш рафт мубтакирони асосии ташкили Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди шӯравӣ тоҷикон буданд ва аз инҷо буд, ки 60% вакилони анҷуманро ҳам онҳо ташкил кардаанд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба онки марказ Русия ва Маскав аст тоҷикон аз пазируфтани курсиии раёсати ин ҳизб даст мекашанд. Давлати Усмон, ки ӯро вакилони ин Анҷуман барои раисӣ пешбарӣ карданӣ мешаванд дар ин бора дар сӯҳбат бо нашрияи «Рӯзгор» чунин мегӯяд:

«Ба фикри мо бояд раиси ҳизб аз Русия мебуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Маро раиси шӯъбаи ташкилии ҲНИ ИШ интихоб карданд. Раиси ҳизб Аҳмад қозӣ Ахтаеви доғистонӣ интихоб шуд. Калимаи наҳзат аз ҳамон сол ба ин тараф дигар вирди забонҳо шуд. Худи ҳамон сол 5-уми октябр дар деҳаи Чортути ноҳияи Ленин Конфронси таъсисии шӯъбаи тоҷикистонии Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравиро гузаронидем. Вале дар аввал онро нахостанд ба қайд бигиранд, дар ҳукумат таъсиси онро ғайриқонунӣ  арзёбӣ карданд».

Шояд  гумон кунед, ки ҳамакнун, ки Маскав ба унвони маркази давлати шӯравӣ ба фаъолияти сиёсии як ҳизби мазҳабӣ иҷозат дод, дар ҷамоҳири ба истилоҳ «бародарӣ» мушкил дар сабти номи он пеш намояд. Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд вақте аз Русия баргаштанд болои онҳо фишор афзоиш пайдо кард:

«Ман вақте, ки ба Кӯлоб, ба хона омадам ба ман гуфтанд, ки чанд маротиба шудааст, ки ҳам аз мақомоти дохила ва ҳам аз мақомоти амниятӣ нафарҳое туро суроғ карда ба хона меоянд. Хулоса баъди омадани ман ҳам чанд нафаре омаданду хостанд, ки маро ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр баранд. Гуфтам: «Бе даъватнома ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Марҳамат, расман даъватнома биёред, ман аз қонун итоат мекунам». Ҳамин тариқ даъватнома оварданду маро ба идораи милисаи шаҳр бурданд. Дар он ҷо чанд нафар ҳамзамон бо ман сӯҳбат мекарданд. Корманди мақомоти дохила тунду тез бо ман сухангӯиро шурӯъ кард. Ба ӯ гуфтам, ки оҳиста гап занад. Ман на ягон муттаҳам ҳастаму на ягон ҷинояткор.

Агар гап дар бораи ҲНИ ИШ равад, ба Шумо ҳамчун раҳбари дуввуми он эълон медорам, ки ин ҳизб дар вазорати адлияи СССР номнавис шудааст. Шумо ҳақ надоред бо ин оҳанг бо ман гап занед. Ва аз ҷоям хестам. Гуфтам: «Ман ин тарзи муомиларо қабул надорам». Дар ҳамин вақт як нафари дигаре, ки зоҳиран корманди мақомоти амниятӣ буд ва хеле зирак ба назар мерасид, ба тарафи ҳамон корманди милиса рӯ оварда гуфт: «Ман як чиз мегӯям. Дар давоми 70 соли даврони шӯравӣ мо аз Тоҷикистон, ягон нафаре, ки дар ягон созмони умумииттифоқӣ шахси дуввум ба ҳайси раҳбар бошад, надоштем. Барои ман фарқ надорад, ки он ҳизби исломӣ ҳаст ва ё ягон ҳизби дигар. Шахсан ман фахр мекунам, ки ин мардак тоҷик аст ва роҳбари як ҳизби умумииттифоқӣ». Баъд аз ин суханони корманди амниятӣ бо ман муносибати дуруст карданд ва баъди сӯҳбати на чандон тӯлоние маро ҷавоб доданд». Сайидумар Ҳусайнӣ. “Хотираҳо” аз нахустин ошноиям ба Ҳаракати исломии Тоҷикистон то расмияти он”.Душанбе2013.”Муаттар

Баъди сабти номи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Маскав новобаста аз таҳдиду мавонеъи мақомоти Тоҷикистон масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бидуни хастагӣ ҳамоно дунболи ба даст овардани иҷозаи расмии фаъолияти худ буданд.

Аммо то конфаронси Чортут дар ноҳияи Ленин (Рудакии имрӯза) дар Тоҷикистон ҳодисае руй дод, ки то ба имрӯз аз он ҳамчун Баҳманмоҳи хунин ёдоварӣ мешавад. Феврали соли 1990 аз 12 то 14-и он дар Душанбе нахустин тазоҳуроти даҳҳо ҳазорӣ иттифоқ уфтод, ки мақомот оқибат онро бори гардани ҳаракат ва аҳзоби навзуҳуре чун «Растохез» ва ҲНИТ кард. Ин гирдиҳамоӣ 25 кушта бар ҷой гузошт. Зеро хадамоти вижаи СССР, аз ҷумла «Алфа» тарафи издиҳом тир андохт ва хун рехт. Ин хунрезӣ боиси хашми издиҳом шуд. Ва онҳо ба ҳадде фишор оварданд, ки се нафари аввали давлати Тоҷикистон эъломи истеъфо карданд. Аммо намояндаи Маскав омад ва тавре кард, ки ин се нафар аризаи худро дар Пленуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пас гирифтанд. Мунтаҳо, комиссияи тафишотии ташкилшуда, ки ба он Сафаралӣ Кенҷаев, додситони нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, ин гирдиҳамоиро ба сари неруҳои нави сиёсӣ зад. Он замонҳо Сафаралӣ Кенҷаев дар шумори рӯшанфикрони озодихоҳ ва миллихоҳ қарор дошт ва бо пешниҳоди тазоҳургарон ба роҳбарияти ҳайати комиссияи тафтишотии февралӣ пешниҳод шуда буд. Дурст аст ки ин комиссиюн Бӯрӣ Карим, Раиси Госплани Тоҷикистон, Нур Табаров, вазири маданият, Абдулло Ҳабибов, корманди дастгоҳи марказии ҲКТ Тоҷикистон, Мақсуд Икромов, раиси Душанберо бегуноҳ ба қалам дод, аммо гуфт, ки ин гиридиҳамоӣ аз тарафи неруҳои навхези сиёсӣ ба шумули руҳониҳо, масоҷид ва ҲНИТ, ки ҳоло сабти ном нашуда буд, сурат гирифтааст. Ва, аз инҷо буд, ки ду нафар аз муллоҳо Аъзам Бобоев ва Соқиҷон Бедимоғов ба зиндон кашида шуданд.

Дар пайи ин тазоҳурот ва хунрезӣ мақомот дар кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард. Интихоботи депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҳамин гуна шароит доир гардид. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони доватлаби ин интихобот дар яке аз ҳавзаҳои ноҳияи вилояти Қурғонтеппа муаррифӣ гардид. Аммо маъулм буд, ки мақомот ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат нахоҳад дод. Вале бо ин вуҷуд дар ин Шӯро се нафар аз руҳониёни расмӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии мусулмонони Тоҷикистон, Ҳайдар Шарифзода ва Ҳадятуллоҳи Одил, имомхатиби масҷиди ҷомеъи ҳоҷиёни Исфара дар шумори Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони мардумии «Растохез» ва шоири дигарандеш Бозор Собир депутат интихоб шуданд. Воҳидхон Қосиддинов, роҳбари собиқи дастгоҳи ҲНИТ ва яке аз зиндониёни феълии ҲНИТ ва дар он солҳо директори матаби миёнаи № 49-и Исфара дар сӯҳбате бо хабарнигори «Наҷот» аз он солҳо ва аз муборизаҳои ҲНИТ, ки ҳоло пинҳонӣ амал мекард, чунин мегӯяд:

«Интихоботи парлумонии соли 1990 нахустин ва охирин интихоботи замони бозсозӣ буд, ки дар фазои озод ва демократӣ гузашт. Наҳзат, ки ҳанӯз фаъолияти расмӣ ва ошкор надошт, бахши исфарагии он тасмим гирифт, то як шахсияти рӯҳониро ба номзадӣ пешбарӣ намояд ва билохира бо имомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҳоҷиён Ҳадятуллоҳи Одил машварат шуд. Ӯ таклифи наҳзатиҳоро пазируфт ва номзадии худро пешниҳод кард. Баъд аз он дар маъракаи пешазинтихоботӣ мо наҳзатиҳо ва тамоми шахсиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва умуман мардуми Чоркӯҳ ба таблиғот машғул шуданд, дар натиҷа номзади мо бо касби 59% овозҳо пирӯзӣ ба даст овард. Рақиби ӯ шахсияти маъруфи минтақа, сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» бо вуҷуди пуштибонии тамоми дастгоҳи ҳукумати ноҳия шикаст хӯрд».  40 соли Наҳзат.Хотира, андеша, дидгоҳ. Душанбе 2013.

Ба ин тартиб ҲНИТ тавонист аз Исфара нафареро вориди Шӯрои олӣ кунад, ки аз ҷойгоҳ ва нуфузи вай дар он солҳо дарак медиҳад.

Иброҳими Усмон, таърихнависи замони муосири Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолату вазъи он рӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон таъйид мекунад, ки намояндаҳои руҳонияти кишвар ҳарчи бештар мақому манзалат касб  мекунанд:

«Воқеаҳои моҳи феврал исбот мекард, ки акнун дар Тоҷикистон  ислом дар ду сифат-кормандони муассисаҳои  динӣ ва сиёсатгарони динӣ таборуз мекунад ва ҳардуяш низ комёб аст.  Амалан, воқеаҳои моҳи феврал муттаҳид шудани қувваҳои сиёсии зидди ҳукуматӣ, камқудрат гардидани системаи идораи советиро исбот менамояд.” И.Усмонов. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд-2003

ЧОРТУТ

Амалан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вазъияте вориди саҳна ва корзори сиёсӣ дар кишвар шуд, ки давлати шӯравӣ дар ҳолати сакарот қарор дошт вале дар солҳои аввали касби истиқлол бошад, ин ҳизб ба як нерӯи умдаи сиёсӣ дар кишвар бадал шуда буд.

Давлати Усмон, яке аз мубтакирони баргузории конфронси ҲНИТ дар масҷиди маҳаллаи Чортут дар як мусоҳиба бо «Рузгор» тазаккур медиҳад, ки сиёсати динситезона ва исломбезории Ҳизби коммунисти шӯравӣ яки дигар аз авомиле буд, ҷавонони мутадаййин ва бономусу боимони мусалмонро дар муқобили он ба як неруи бузург табдил ва ба муқовимати он сабаб шавад:

«Аз ибтидо фикри мо ҷавонони шаҳри Душанбе тамоман дигар буд. Мо мехостем, ки дар Донишгоҳҳо нуфуз кунем, дар корхонаҳои давлатӣ ба кор истихдом шавем. Ва ба тадриҷ ба як нерӯи қавӣ табдил шавем. Ин аз як тараф буд. Аз тарафи дигар набояд фаромӯш кунем, ки ҳаракати мо ҷанбаи озодихоҳӣ низ дошт. Мо орзу мекардем, ки кишвари мо мустақил бошад. Мо медидем, ки дар дунё кишварҳои зиёде аз мо кучактар мавҷуданд, вале озоданд, мустақиланд. Ҳамин тариқ то соли 1989 марҳилаи таблиғу иршод буд, ки бештар аз маъракаҳо истифода мекардем. Дар тӯю маросимҳои мотам ҷавононро ба ислом даъват мекардем. Баъди он ки банди шаши Сарқонуни Шӯравӣ дар бораи манъи бисёрҳизбӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ лағв гардид, тахминан аввали соли 90-ум дар раҳбарияти ҷамъият фикри расман таъсис додани як ҳизби сиёсӣ-динӣ ба вуҷуд омад. Амалан дар шӯравӣ дар ҳамон сол бисёрҳизбӣ ҷараён дошт. Мо низ сари ин масъала андеша кардем. Як гурӯҳи роҳбарони ҳизб бар ин назар буданд, ки ҳизбро ошкор кардан лозим нест. Ҳанӯз маълум нест, ки дар оянда чи таҳаввулот пеш меояд. Қисмати дигар тарафдори он буданд, ки аз демократияву ошкорбаёнӣ бояд нафъ бурд ва расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар натиҷаи баҳсҳои доманадор ба ин хулоса расидем, ки ду тақсим шавем. Як гурӯҳ ошкор шавад ва бо расман сабти ном шудан ба фаъолият пардозад, гурӯҳи дигар худро ошкор насозад, вале фаъолиятҳои ҳизбии хешро пайваста идома бидиҳад». “40 соли Наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ”. Душанбе 2013”.

Бо вуҷуди якдасту якназар набудани раёсати худи ҲНИТ ва мухолифати шадиди мақомоти расмӣ ҳизб конфронси муассисони худро доир кард.

Марҳум Мавлавӣ Қосими Раҳим, аз ширкатдорони конфаронси Чортут ба унвони муҳимтарин воқеаи дар таърихи ҲНИТ ном мебарад:

«-Конфронси Чортут яке аз муҳимтарин воқеаҳои таърихии Наҳзати Исломӣ ба шумор меравад, ки баъди Анҷумани Астрахан баргузор шуд. Ду моҳ қабл аз баргузории конфронс ҷаласаи тадорукотӣ бо иштироки ҳайати роҳбарияти Наҳзат ва ҳамаи намояндагони ҳизб аз навоҳии Тоҷикистон дар ҳавлии шаҳид Муҳаммадраҷаб баргузор гардид, ки дар ин ҷаласаи тадорукотӣ ситоде бо номи Ташаббускор (ташрифотӣ) иборат аз 15 нафар интихоб гардид. Давлат Усмон ба ҳайси раиси ситод ва банда ба ҳайси муовин интихоб шудем, вале аксарияти масъулият бар дӯши банда афтод. Ин ситод дар фурудгоҳ меҳмонони хориҷӣ ва дохилиро пешвоз гирифта, онҳоро бо ҷои хоб ва мошин таъмин мекард. Азбаски ҳукумати вақт баргузор намудани конфронсро мамнуъ эълон кард ва мо онро пинҳонӣ гузарониданӣ будем, пазироии меҳмонҳо ниҳоят боэҳтиёт сурат мегирифт, то неруҳои бехатарӣ, ки дар фурудгоҳ моро назорат мекарданд, меҳмонҳои моро нашиносанд. Мо чанд тан ҳар меҳмонро бо ишора ба ҷавонони ҳизбӣ, назораткунандагони бехатарӣ онҳоро намешинохтанд, муаррифӣ мекардем ва онҳо аз эшон истиқбол намуда, ба василаи таксӣ ба ҷои даркорӣ мерасонданд». «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ» Душанбе-2013»

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҲНИТ ва феълан яке аз маҳбусони ин ташкилот ва аз ташабббускорони баргузории ин конфаронс он рӯзҳоро дар китоби «Хотира» -аш чунин ба қалам додааст:

«Баъди баргаштан аз ин анҷуман (манзури Анҷумани Аштархон-М.С) омодагиҳо барои баргузор намудани конфронси минтақавии ҳизб дар Тоҷикистон бо ирсоли номае бо имзои Гадоев Сайидиброҳим – муовини аввали раиси ҳизб ва Исмонов Давлат масъули таъсиси ҳизб дар манотиқ унвони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Мухолифатҳо на танҳо ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳизби ҳоким, балки мухолифатҳои мақомоти расмии динии кишвар нисбати ин ҳизб хеле шадид буданд. Ҳатто метавон гуфт, ки мухолифати мақомоти расмии динӣ барои таъсиси шуъбаи Тоҷикистонии ҲНИ шадидтар аз дигарон буд. Номаи Гадоев Сайидиброҳим ва Исмонов Давлат ҷиҳати баргузории конфронси минтақавии ҲНИУ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Олии кишвар ба овоз монда шуд. Нахустин касоне, ки ба мухолифати он 41 овоз доданд ва дигаронро низ барои мухолифат ташвиқ карданд, намояндагони доираҳои динии расмии кишвар буданд. Бо вуҷуди ин ҳама монеъаҳо Шуъбаи Тоҷикистонии ҲНИ тасмим бар он дошт, ки конфронси хешро баргузор намояд, раёсати шуъба ва ниҳодҳои раҳбарикунандаи шӯъбаро интихоб намояд. Барои ин ҳадаф ситоди махсусе ташкил гардид ва ҳар шахсе аз бародарон масъулияти хосеро ба душ дошт, ки ҳатто масъулияти ҳамдигарро намедонистанд. Банда он рӯз масъули таслими мандатҳои вакилони конфронс будам. Ситод ба ин хулоса омад, ки хонаи ман дар маҳаллаи Мавлоно ҷои истиқболи муваққатии вакилон барои таслими мандатҳо ва маводҳои конфронсиашон бошад. Ҳамин тариқ ду рӯз қабл аз конфронс дар хонаи ман фаъолият барои номнависии вакилон ва он ҷо ба ҷойҳои дигар тақсим намудани онҳо шурӯъ гашта буд. Вакилон гурӯҳ гурӯҳ омада номнавис мешуданд ва аз он ҷо ба ҷойҳои дигаре, ки ҳатто ман намедонистам, сафарбар мешуданд. Субҳи рӯзи баргузории конфронс буд, ки бародарони масъул вакилон ва меҳмонони конфронсро тавассути мошинҳои хеш ба макони номаълуме мебурданд. Танҳо суроғаи ронандагон гардиши Политехником буд. Чун мо низ ба он ҷо расидем, ҷавононеро дидем, ки дар он гардиш истодаанду бо дастҳои худ ҷониби роҳи Ҳисор ишора мекунанд. Ронандагон аз ин ишораҳо масири роҳро медонистанду халос. Ҳамин тариқ дар ҳар гардиши роҳ то расидан ба масҷиди деҳаи Чортут, ки макони баргузорӣ буд ҷавоне истода буд ва ишораҳои махсусеро барои ронандагон анҷом медод. Вакилон ва меҳмонон комилан даври ҳам омаданд ва конфронс кори худро оғоз бахшид. Аз кори конфронс 23 соат гузашта буд, ки мақомоти амниятии кишвари Шӯравӣ бо хабар шуда ба толори конфронс ҳамла оварданд. Аммо боз ҳам ҷасорату фидокории бародарон ва баёноти қонеъкунандаи онҳо сабаб гардид, ки онҳо хору залил шуда аз толор берун бираванд ва ба кори конфронс халале ворид насозанд. Бо баргузории ин конфронс шуъбаи Тоҷикистонии ҲНИУ фаъолияти худро расман шурӯъ карда, аз вуҷуди хеш эъломия дод. Ҳамчуноне, ки мегӯянд: «ҳар коре, ки ихлос дар он вуҷуд дошта бошад, Худованд дар он кор ҳамроҳ аст». “Хотираҳо” “ аз нахустин ошноиям ба Ҳаракати исломии Тоҷикистон то расмияти он”. Душанбе2013. ”Муаттар”

Акоша Кабирӣ, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ низ дар кори конфронси таъсисии ҲНИТ дар Чортут ҳузур дошт. Вай таассуроти худ аз он иттифоқотро дар арафаи таҷлил аз чилумин солгарди таъсиси ҲНИТ дар соли 2013 дар Душанбе ба ин зайл ҳикоят кардааст:  «Барои баргузор намудани конфронси бахши ҲНИ-и ИШ дар Тоҷикистон ҳайати тадорукот дар ибтидо ба ҳукумат ариза пешниҳод намуд, то онро ошкоро баргузор намоянд. Аммо вакилони онвақта бо қарори парлумон гузаронидани як чунин конфронс ва фаъолияти ҳизби характери динидоштаро дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон карданд. Ҳайати тадорукотӣ баъди машварат бо роҳбарияти Наҳзат ба хулоса омаданд, ки новобаста ба қарори парлумон конфронсро баргузор намоянд. Зеро, аллакай ҳайати тадорукот меҳмонони зиёдеро даъват намуда тамоми омодагиро дида буданд. Танҳо як масъала боқӣ монда ва он пайдо кардани ҷои баргузоркунии конфаронс буд. Чанд пешниҳод шуд ва бо баъзе масъулони амокини пешбинишуда суҳбатҳо ҳам сурат гирифт. Аммо чун конфаронси мо ғайриқонунӣ шуморида мешуд, касе барои ҷой додан омодагӣ нишон намедод. Бинобар ин, ҳайати тадорукот ногузир чораи дигар андешиданд.  Барои баргузории ин конфронс масҷиди деҳаи Чортутро интихоб намудем.» «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ”. Душане-2013 «Муаттар».

Баргузории ин конфаронс боиси бар он шуд, ки ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ба шиддат ширкатдорони онро таҳти таъқиб қарор бидиҳад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, ки он солҳо дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон таҳсил мекардааст, мегуяд, ки ба маҳзи мухолифати ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода барои сабти номи ҲНИТ аз  идомаи таҳсил даст кашид:

«Воқеан аз чунин бозпурсиҳо хеле хаста шудам ва тасмим гирифтам, ки ба назди қозӣ Тӯраҷонзода меравам ва ҳақиқатро барояш мегӯям. Ба дафтари кори ӯ рафтам ва ба назди ӯ даромада чунин гуфтам: «Қозӣ-домулло! Чанд рӯз мешавад, ки масъулони мадраса моро ором намегузоранд ва мехоҳанд бидонанд, ки ман дар конфронси ҳизб ширкат доштам ё на. Аммо ман барои онҳо баёноте додам ва гуфтам, ки дар он конфронс ширкат надоштам. Ҳоло бошад дар назди Шумо ва танҳо барои иттилоъи шумо мегӯям,ки ман на танҳо аъзои ҳизб ҳастам, балки аъзои раёсати он ва раиси комиссияи тафтишотии он низ мебошам. Он кас безобита шуда чунин гуфт: «модоме, ки чунин аст пас, ту ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин мадраса наметавони бихонӣ, бинобар ин,ариза навишта баромада рав».

Ман ҳам баъди машварат ба устодон мадрасаро тарк намудам. Чун тавонистам барои ҳизбам аз мадраса, ки он замон донишгоҳи дараҷаи аввали кишвар ба ҳисоб меомад, даст бикашам. Худованд барои ҳамин фазилатро лоиқ дид, ки як рӯз баъд аз тарки мадраса маро низ тавассути нозири минтақавӣ ба шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ленин дар қатори дигар бародарон даъват намоянд.» «Хотираҳо». Душанбе 2013 «Муаттар»

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии пешини Тоҷикистон дар оғози талошҳои ҲНИТ барои гирифтани санади фаъолияти расмӣ сахт муқобилият нишон медод, ки дар матлаби баъди ба он хоҳем пардохт.

Вале дар қисмати поёнии ин бахш як хотираи ҷолиберо аз Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин лозим донистем инҷо иқтибос кунем. Марҳум ҳоҷӣ Қаландари Садриддин аз он мегӯяд, ки замоне кишвар ба гирдоби мусибати ҷанги шаҳрвандӣ мубтало шуд, ҳамон хонае, ки дар он ҷаласаи нахустини бунёдгузорони Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон мавриди ҳамлаи мошинҳои ҷангии русҳо қарор гирифт:

«Ин ҳамон манзиле буд, ки Наҳзат дар он ҷо таъсис шуда буд. Илова бар ин, дар ҳамин хона нишастҳои зиёде сурат мегирифт ва чандин масоили фарҳангию иҷтимоӣ баҳсу баррасӣ мешуд. Ҳамчунин маҳз дар ҳамин хона чанде пештар нишасте миёни гурӯҳҳои даргир сурат гирифта ва онҳо ба тавофуқ расида, бо ҳам оштӣ карда буданд. Рӯзе аз дохили гарнизони СНГ, ки дар шаҳри Қурғонтеппа воқеъ шуда буд, танкҳо берун омада ҳамла намуданд ва ҷангро дубора шуруъ карданд. Баъд аз берун омадани танкҳо бенизомӣ шурӯъ шуд ва ҳар кас дар фикри ҷони худ буд. Ман ва қорӣ Муҳаммадҷон, ки яке аз муассисони Наҳзат аст, якҷоя ба тарафи хонаи мо равон шудем.(падарам ва Қорӣ Муҳаммадҷон дар масҷид қарор доштанд ва масҷид ҳам дар назди роҳи оҳан қарор дошт М.С)  Роҳи оҳан аз назди манзили мо мегузашт, ман аз қорӣ Муҳаммадҷон хоҳиш кардам, ки дар он тарафи роҳи оҳан маро мунтазир шавад, то мошини худро аз ҳавлӣ берун барорам ва якҷоя ба ягон ҷо равем. Қорӣ Муҳаммадҷон ба он тарафи роҳи оҳан гузашт ва ман вориди манзил шудам. Вақте дарвозаро кушодам, дидам, дар рӯбарӯи манзили ман БТР истода ва мили худро ба тарафи дарвозаи ман гардондааст. Дар БТР СНГ навишта шуда буд. Ман фавран дарвозаро пӯшида, ба хона даромадам. БТР шурӯъ кард ба тирборон кардани дарвоза ва хонаи мо ва ман зуд аз қафои манзилам баромада гурехтам. Хушбахтона, тири БТР ба ман нарасид». «40 соли ҲНИТ. Хотира, андеша, дидгоҳ»  Душанбе-2013» «Муаттар».

Поёни бахши сеюм, давраи аввал

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №1\3   появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Нақши Комиссиюни оштии миллӣ дар сулҳ

(бахши шашум)

Ҷаласаи нахустини Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон баъд аз зуҳри7-июли соли 1997дар Президент-оттели Маскав бо сухани муқаддимавии Гердт Дитрих Меррем, намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ ва Евгенний Примаков, вазири хориҷии Русия баргузор шуд. Ин ду нафар аз дастандаркорони сулҳи тоҷикон барои ин муассиса барори кор хоста ва баъд устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси КОМ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, ноиби аввали раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон кори ҷаласаро идома доданд.

Комиссиюни Оштии Миллӣ ниҳоди муштараки Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон ба манзури иҷрои қарордод ва муоҳадаҳои ҳосилшудаи раванди музокироти тарафҳо ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таъсис ёфта буд. Дуруст аст, ки ин ниҳод кадом мақоми давлатӣ надошт, вале ба души вай ҳам масъулияти шохаи қонунгузорӣ, ҳам масъулияти иҷро ва ҳам масъулияти назорату санҷиш вогузор шуда буд. Яъне вай аз ваколат ва салоҳияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ бархурдор буд.

Иброҳим Усмонов, раҳбари зеркомиссияи сиёсӣ, яке аз чаҳор зеркомиссияи Комиссияи Оштии Миллӣ дар китобаш «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар мавриди мақому ҷойгоҳи ин комиссиюн мегуяд:

«Солҳои 1997-2000 дар таърихи Тоҷикистон давраи муҳиме ба ҳисоб мераванд. Махсусияти ин замон аз он иборат аст ки гарчи ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми идораҳояш ва ба таври қонунӣ ва эътирофшуда амал мекард, аммо раванди давлатдорӣ ва ислоҳоти давлатдорӣ ба суи демократикунонии ҷомеа ба қувваи дигаре низ вобаста буд ва чунин қувва Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳисоб мерафт….КОМ мақоми ғайриҳукуматие буд, ки дар он намояндагони ҳукумат ва мухолифин дар якҷоягӣ кор мекарданд ва дар татбиқи Протоколҳои дар раванди музокирот ба имзорасида қарори вай баъд аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфтанашон барои тамоми мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аз ин ҷиҳат чунин мақом дар таърихи давлатдории дунё тимсол надорад».

Қабули тарҳи қонун дар бораи афви иштирокдорони муқовиматҳои дохилӣ ва таҳияи Санади ҳамдигарбахшӣ аввалин кори амалии Комиссияи Оштии Миллӣ буд, ки шаҳодат медод ин ниҳод барои эътимодсозӣ ва мустаҳакамсозии бовари тарафҳо ба ояндаи сулҳу оштӣ ба таври ҷиддӣ ва бо як ҷаҳон умеду дилгармӣ талош мекунад.

Дар зери Санади ҳамдигарбахшӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳам устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ даст монданд. Ва, ин Санад бо имзои ин ду роҳбари тарафҳои сулҳ ҳукми иҷроро гирифт. Дар ин Санад аз ҷумла таъкид шуд,ки:

«Мо(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Оштии Миллӣ) ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, афв мекунем.»

Ва, дар як банди дигари ин Санад  ин ду нафар ҳам савганди садоқати худро ба сулҳ ва ҳам аҳду вафодории худро ба идомаи ин раванд чунин иброз медоранд:

«Ғазаби худо ва лаънати халқ ба ононе бод ,ки аз паси қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд».

Аммо, раванди ҳодисаҳо нишон дод, ки ҳам қасдгирӣ шуд ва ҳам таъқибу озор ва ҳам, мутаассифона аҳдшиканӣ.

Аҳдшиканӣ ва фишору таъқибу озор аз замони фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ дар ватан аз ҷониби Раҳмонов ва мақомоти вай шурӯъ шуд. КОМ дар дохил ба ҳадде бо мушкил ва душвориҳо рубару сохта шуд, ки худобиёмурз, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на як бору ду бор ба Раҳмонов муроҷиат ва номаҳо ирсол дошт, ки сари ақл ояд ва бар аҳду паймони бастааш амал кунад. Кор тавре ҷараён мегирифт, ки оппозитсиюн дигар худро бо пойи худ ба дом ва он ҳам доме пур аз тазвиру риё афканда ва роҳи берун равиашро  аз даст дода буд. Чаро, ки Раҳмонов дигар он Раҳмонови Хусдеҳ ва он Раҳмонови афтодаву дар ҳоли сарнагунӣ набуд, вай дигар тавониста буд,  ки душмани мусаллаҳ ва муқтадирашро халъи силоҳ ва дар шароити дастнигарӣ оварда буд. Муаллифи китоби «Сулҳнома»,Иброҳими Усмон, ки шоҳиди ин вазъу ҳол буд аз қавли устоди шаҳид менависад:

«Корҳо пеш намераванд ва ман низ мисли М.Ҳимматзода аз ин дилмурда шудаам. Аммо зоҳир намекунам, то ба дигарҳо таъсир нарасонад. Ман президентро намефаҳмам. Аз суҳбати мо мегурезад. Наход суҳбати мо дар сарнавишти Тоҷикистон аз сӯҳбат бо раиси Бонки ҷаҳонӣ камтар бошад. Агар ин дафъа сулҳ вайрон шавад, дигар тамоми Тоҷикистон-Душанбе низ вайрон мешавад. Мо дар ҳолате ба сулҳ розӣ шудем, ки пирӯзӣ доштем, ба Ховалинг ҳуҷум мекардем. Ин сабақ аз Афғонистон буд.»

Ҳамчунон, шояд донед, ки Эмомалӣ Шарифович ҳануз 10 декабри соли 1996 дар Афғонистон розӣ буданд, ки яке аз вазифаҳои қудратиро ба мо диҳад. Гуфтам Протокол кунем, бигзор махфӣ бошад. Гуфт, лафз ҳалол аст, ду шоҳиди муътабар дорем-ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Бовараш кардам. Сипас, 27-июни соли 1997 дар Маскав боз инро таъкид намуд. Акнун имрӯз далел меорад, ки Суҳробу Ғаффорҳо мегуянд, ки мо туро ба сари вазифа нишондему чаро ба мо не, ба оппозитсия вазифа медиҳӣ ,пас ба мо низ бидеҳ. Ман ба ҷаноби президент фаҳмонидам, ки агар онҳо зур мешуданд, қувваи мо-оппозитсия ҳоло шикастхурда мебуд ва зарурати суҳбати эшон ба мо боқӣ намемонд.

Бале, Эмомалӣ Раҳмонов ҳамзамон бо ворид кардани раҳбарияти ИНОТ ба Душанбе бо онҳо тавре рафтор ва муносибат мекард, ки гӯиё онҳо дигар касе нестанд. Ба тамоми талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки худаш розӣ шуда ва имзо гузошта буд, як навъ бознигарӣ мекард ва аз ҳисса ва саҳми мухолифин коҳиш медод. Воқеият ин тавр шуд, ки неруи баранда ва ғолиб дар замони ҷанг ба ҷойи тарафи мағлуб қарор гирифт ва баракс акнун Раҳмонов амалан болои Комиссияи Оштии Миллӣ дикта ва ҳукм мекард.

«Агар устод Нурӣ мегуфту эътироз мекард, ки КОМ-ро ба унвони як ниҳоди Дастгоҳи иҷроия Президент табдил додаед ва пайомади ин ҳама шикастанҳои аҳду паймони Созишнома бар души Шумо хоҳад буд, Раҳмонов ҷавоб медод, ки вай таҳти шантаж ва ултиматум ҳеҷ гоҳ тасмим намегирад.»

На танҳо вазорати дифоъ, ки тибқи аҳду қавл ва асноди тавофуқшуда ба тарафи оппозитсион дода нашуд, балки квотаи 30% танҳо дар сатҳи мақомоти марказӣ ҳал гардид. Дар сатҳи вилоят ва навоҳӣ ҳатто 40% ҳам ба иҷро нарасид.

Дар мавриди масоили сиёсӣ, аз ҷумла иҷозаи фаъолияти аҳзоби сиёсии мухолифин ва расонаҳои мустақил ҳам Раҳмонов дигар ба найрангу талбис даст зад. КОМ қонуни аҳзобро омода ва ҷиҳати тасвиб ба ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард. Аммо ғайримунтазира, аммо маълум, ки бо «маслиҳат»-и худи Раҳмонов Маҷлиси олӣ қонунро тавре қабул кард, ки бар тибқи он аҳзоби динӣ ҳақи фаъолият дар Тоҷикистон, ки давлати дунявист надоранд. Ин гуна мавзеъгирӣ дар ҳақиқат тамоми раванди сулҳсозӣ ва фаъолияти Комиссияи Оштии Миллиро таҳти суол қарор дод ва табъан, ки устоди шаҳид бо як изҳороти шадидуллаҳн амалкарди ҳукуматро ба боди интиқод кашида ва ба СММ ва кишварҳои Гурӯҳи тамос, кафили сулҳ ҳушдор дод, ки минбаъд намешавад аз сулҳ дар Тоҷикистон суҳбат кард.  Билофосила СММ,Иттиҳоди Аврупо,департаменти давлатии Амрико ва кишварҳои Гурӯҳи тамос ин амали Раҳмоновро маҳкум карданд ва вай ногузир шуд ,ки туфи кардаашро пас хурад. Раҳмонов воқиан шахсест дар фитна ва шайтанат тар карда бардоштагист. Метавон ӯро хоини моҳир, дурӯғгӯйи моҳир ва ҳелагари бе ҳамто ҳам номид. Дар шикастани аҳду паймон бошад аслан ҳамто ва назире надорад.

«Албатта, аз ин гуна корҳои зишт дар раванди фаъолияти КОМ Раҳмонов ва мақомоти вай хеле зиёд карданд. Раҳмонов,барои онки обруи рехтаи худ дар он солҳоро барқарор кунад бо ҳар васила болои КОМ фишор меовард, талош мекард, ки нақш ва мақоми роҳабри онро бикоҳонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки садҳо, балки ҳазорҳо нафар аз сокинони кишвар барои арзу шикоят ва додхоҳӣ назди раиси Комисиюни Оштии Миллӣ меомаданд ва обруву манзалати фазояндаи устод рашку ҳасодати ӯро меовард.»

Яке дигар аз масъалаи муҳим ва калидӣ дар кори КОМ муайян кардани мақоми Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд, ки Раҳмонов бо ҳар васила талош мекард, ки ин масъаларо кашол диҳад ва ё умуман ӯ аз хориҷа боз гардонида нашавад. Фармондеҳони ИНОТдар гирду атрофи Душанбе, Кофарниҳон, (Ваҳдат) дараи Ромит ноҳия Ленин (Рудакӣ) ва Норак  ба ҳамоиш бо ҳукумат розӣ нашуданд.

Мансур Ҷалилов, аз афроди наздики устод Тураҷонзода дар Комиссияи Оштии Миллӣ мегуяд, ки агар шумо барои размандаҳои оппозитсион казармаҳое бисозед, ки беҳтар аз меҳмонхонаи панҷситора бошад, вале қозидомулло бозгардонида нашавад, ҳеҷ гуна ҳамоиш бо мақомоти қудратӣ сурат намегирад. Раҳмонов ҳатто дар яке аз ҷаласаҳо бо мақомоти қудратӣ ва аъзои КОМ ҳамчунин томотеро эълон мекунад, ки гуё Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бо Ёқуб Салим (он вақт аллакай гуреза шуда буд) ҷабҳаи дигар сохтанианд ва воҳима мекунад, ки то Тураҷонзода ба ватан наояд фармони таъйиноти ӯро имзо намекунад. Аммо ҳамагони шоҳидем, ки устоди шаҳид ба як номае ба унвони Раҳмонов масъалаи бозгардонидан ва таъиноти устод Тураҷонзода ба идомаи сулҳ марбут дониста қатъан тақозо кард, ки мақом ва ҷойгоҳи ӯ муайян шавад. Дар ҳар сурат устод Тураҷонзода танҳо баъд аз ду моҳи имзо ва тавассути расонаҳои давлатӣ эълон шудани фармон дар бораи таъиноташ розӣ шуд, ки ба ватан бозгардад.

Вале, новобаста аз ин ҳама монеагузорӣ ва пешподиҳиҳо Комиссияи Оштии Миллӣ масъулият ва маъмурияти бар душаш гузоштаро иҷро мекард. Аммо замони пешбиникарда барои фаъолияти он-18 моҳ, камӣ кард ва азбаски Раҳмонов роҳ ва илоҷи дигар надошт, ногузир шуд замони фаъолияти онро тамдид кунад.

Нақши падари Худобиомурзам дар зеркомиссияи КОМ оид ба муҳоҷирон

Инро низ дар ин бахш мехоҳам изофа намоям, ки падари Худобиомурзам Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода узви зеркомиссияи муҳоҷирони КОМ буданд. Дар баргардонидани хонаҳои ғасбшуда аз тарафи боевикҳои Раҳмонов хоссатан дар Вилояти Хатлон ва шаҳри Қурғонтеппа садҳо хонаҳоро ба соҳибмулконашон баргардонида доданд. Аз ҷумла хонаи худи мо низ бо шартномаи хариду фурӯши ҷаълӣ ва сохтагӣ фурӯхта шуда буд. Шартномаи хариду фурӯшро чунон сохта буданд,ки ҳатто мо аслан гӯйё дар он хона зиндагонӣ накардаем ва соҳибмулк шахсе пеш аз мо соли 1972, ки падарам аз он немис хонаро харида буданд . Сохтакорони боевикҳои “Пешвои миллат” гӯйё аз он шахс харида бошанд. Бо овардани ин мисол гуфтаниям,ки чунин сохтакориҳо дар Вилоят хело зиёд буд,ки падарам бо ҳайате,ки аз ҳама мақомот дар он қарор доштанд чунин хонаҳоро дубора ба соҳибонашон баргардониданд. Ҳар рӯз кори ин зеркомиссия расидагӣ ба чунин моҷароҳо ва ҳолатҳо буд. Раиси ин комиссияи Муҳоҷирон Шукурҷон Зуҳуров буданд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонед аз эшон пурсед. КОМ дар комиссия ва зеркомиссияҳое дошт хело барои дубора барқарор намудани ҳолатҳои пас аз ҷангӣ, хадамоти зиёде анҷом дод,то ин сулҳ то ҷое дар он шабу рӯзҳо таҳаққуқ пайдо кунад. Комиссия муҳоҷирон яке аз сангинтарин бахшҳое буд,ки хело ҳолатҳои баҳсбарангез дида мешуд. Як пирамарде омад ва ман бо падарам будам ва вазъияташро чунин баён намуд . Ман аз Қабодиён ҳастам мо аз Афғонистон баргаштем ва хонаи маро боевикҳои  Командир Бобоҷон гирифтаанд ва шартномаи хариду фурӯшҳам дуруст кардаанд. Ба ман гуфтанд ин хонаро аз мо касе гирифта наметавонад. Падарам гуфт хонаатро ин шо Аллоҳ бозпас мегирем ва аслан ғам нахуред. Шоҳид будам дар ҳол ҳайате ташкил намуда рафтанд ва дар муддати панҷ рӯз хонаро ба соҳибаш пас гардонида доданд. Чун,ки муҳоҷироне бар мегаштанд аз Афғонистон аксарашон бо чунин ҳолатҳо гирифтор шуда буданд.

«Тибқи мувофақаи ҳосилшуда дастаҳои охирини неруҳои низомии ИНОТ  моҳи сентябри соли 1998, яъне баъди як соли фаъолияти КОМ дарДушанбе аз Афғонистон ба ватан баргаштанд. Ва, ҳамин тавр дар декабри ҳамон сол ИНОТ бо як изҳороте эълон кард, ки урдугоҳҳо ва марказҳои омодасозии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буданд пароканда ва баста шуданд.»

Комиссиюни Оштии Миллӣ лоиҳаи қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, Қонуни Асосӣ ва қонуни афвро омода кард. Протоколи низомӣ-яъне иҷрои раванди ҳамоиш ё реинтегратсияи неруҳои худ бо ҳукуматро ба анҷом расонд ва ноқису нопурра ҳам буд аз ҳисоби 30% бархурдор шуд. Фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ ба ҳама камбуду пешравӣ боис шуд, ки Тоҷикистон аз як кишвари дар ҳолати ҷанг ба шароити сулҳ баргардад. Вале, шева ва роҳи пешгирифтаи давлат гувоҳи он буд, ки намешавад гуфт Тоҷикистон ба масири демократия ва мардумсолорӣ қадам мезанад. Баъди интихоботи президентии соли 1999, ки Раҳмонов барои 7 соли баъдӣ зимоми қудратро ҳифз кард, вазорати хориҷии Амрико дар гузориши солонааш дар бораи риояти ҳуқуқи башар дар ин бора чунин навишт: «Тоҷикистон аз ҷониби низоми авторитарие идора мешавад, ки чанд сохтори ба ном демократиро таъсис додааст. Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо тудае аз зодагони минтақаи Кулоб ҳамоно дар ҳукумат бартарӣ доранд. Моҳи ноябр Раҳмонов дубора дар маъракаи интихоботи раиси ҷумҳур, ки бо нуқсонҳои ҷиддӣ сурат гирифта на озод ва на одилона буд, пируз гашт. Ҳукумат ба чанд қумандоне, ки неруҳои худро  қариб ба сифати лашкари шахсии худ истифода мебаранд, такя мекунад».

«Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон, ки 11 сентябри соли 1997 ба кори худ дар Душанбе оғоз карда буд 31марти соли 2000 поён дод. Устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳангоми мунҳал эълон кардани кори КОМ аз зарурати таъсиси як ниҳоде шабеҳи он дар  дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ гушрас кард, аммо дигар Раҳмонов дар фикру андешаи тамоман дигар буд, дар ин фикр буд, ки устод Нурӣ ва тамоми тими ӯ ва ҳизби ӯро чи гуна аз байн бубарад ва интиқомашро амалӣ намояд.»

Поёни бахши шашум, идома дорад бо Ислоҳ бошед, то бештар аз аз ин қазияи муҳимми таърихӣ огоҳ гардед…

Бахши ҳафтуми ин силсила барномаҳо  “Хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон” аст. Ин мақтаъи хело муҳимро тарк накунед!

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев,Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.

Дар роҳи Худо, муқобили маҷро
Азамату бузургии инсонҳоеро, ки бо онҳо будед, якҷоя зиндагӣ мекардед, дар дастрасатон қарор доштанд, замоне дарк мекунеду мефаҳмед, ки дигар бо шумо нестанд, ба макони дастнорас рафтаанд, аз даст додаед. Бахусус, ки ин гуна инсонҳо аз шумори азизони наздики шумо, масалан бародар, хоҳар, модар ва ё падари шумо бошанд.

«Се сол мешавад, ки дигар падари бузургворамро надорам. Вай ба дорулбақо рафтааст. Худобиомурз бегоҳи ҷумъа шаби 21 уми марти соли 2019 ин оламро падруд гуфтанд. Аллоҳи меҳрубон манзили охираташро дар яке аз гӯристонҳои мусалмонони Лаҳистон, дар 26-марти соли 2019 муайян кард. Ҳазорҳо мил дур аз ватанаш. »

Падари ман, ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода,68 сол дошт, ки даъвати илоҳиро лаббайк гуфт. Вай як инсони маъмуливу муқаррарӣ набуд. Азамат ва бузургии вай ҳам дар ҳамин буд, ки аз ҳамон сини ҷавонӣ, роҳеро интихоб карду рафт, ки дар афсонаҳо он роҳро роҳи пурхатар ва саъбулубур мегӯянд. Он роҳро танҳо ӯ ва ҳаммонандони ӯ интихоб мекунанд, чунки ба дурустӣ ва ҳақиқати он роҳ имон доранд.

» Имрӯзҳо, ки сарнавишти вай, қисмати пур аз достону ҳикоёти вайро дар худам ва зиндагиам таҷриба мекунам, Худоро гувоҳ мегирам, ки ӯ аз қаҳрамонони ростин ва аз соликони воқеии дини муҳаммадӣ аст.»

13 декабри соли 1992 бо аҳли байташ ватанро ба қасди Афғонистон тарк кард. Чун дигар ватанашро калоғону шағолон ишғол карданд ва ба хотири ҳифзи ҷону номуси худ ва хонаводааш ва муҳимтар аз ин, ба хотири идомаи муборизаҳои тамоми умраш, танҳо ҷилои ватан ягона роҳ монда буд. Қиссаи ин мусофирату муҳоҷират ва зиндагӣ дар Афғонистон хеле дароз аст. Аммо инро бигӯям ва тамоми онҳое, ки моро медонистанд, воқифанд, ки ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода ва аҳли байташ,ки банда ҳам узви ин хонадонам бо модару бародарону хоҳаронам аз Хостави Дарвоз то Хоҳони Афғонистон, ки роҳи хело пурхтар ва як одам имкони роҳ рафтанро дошт ва дар наздамон чандин афғониҳо бо хару аспҳояшон дар дарёи Омӯ ,ки 50 метр ва ҷоҳое бештар аз он иртифоъ дошт меафтоданд. Аммо мо роҳамонро идома медодему мерафтем. Мо,ки ҳаргиз гуруснагӣ, ташнагӣ ва камоӣ ва нодориро аслан надида будем. Пайваста аз падар мепурсидем дадаҷон кай хурок мехурем? Чун намедонистем,ки хурок ва ҷое,ки  хурок бояд хурем аслан вуҷуд надошт ва танҳо нон ва об бояд хурему тамом. Аммо як хислати хубе дар мардуми Афғон ин буд,ки аз ҳар касе мепурсидем,ки чи қадар то Хоҳон мондааст? Мегуфтанд камтар пас мерасед. Аммо дар ҳоле бояд 13 рӯз пиёда мерафтем. Ҳаргиз дилшакаста намекарданд,ки ҳоло хело дер аст , то Хоҳон. Муҳим ҳама ин роҳи пурхатарро тай намудем ва ба Хоҳон расидем. Каму беш аз як моҳ мондем дар Хоҳон ва пас аз муҳовала ва сӯй қасде падарам шуд дар Хоҳон,ки мехостанд ба ноҳияи Московский ,ки дақиқан аз он тарафи Хоҳон буд моро таслим менамуданд ва натавонистанд. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳимояти моро ба уҳда гирифту тавассути ду ҳелекуптер (вертолёт) моро ба Тахор маркази Вилояти Толиқон расониданд.  Ҳамзамон бо расидан ба Тахор як ҳавлиеро хариданд. Падарам дар як ҷомадони калоне аз ватан бо худ валюта оварда буд. Чун он солҳо доллар намегуфтанд волюта мегуфтанд. Дар роҳ чанд бор маро таъкид кард,ки агар чизе бо ман шуд,ин ҷомадонро эҳтиёт кун,василаи зиндагиатон мешавад. Ёдам ҳаст, ки баъди чанде ба ин ҳавлии мо зану фарзандони устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омаданд ва мо то як муддат бо ҳам зиндагӣ мекардем.

Соли 1973, дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ дар Қурғонтеппа дар манзили Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода нахустин ҷаласаи муассисони созмоне баргузор шуд,ки ин созмон баъдҳо ба як ҳизби муқтадири сиёсӣ-Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бадал шуд. Ҳизбе, ки тӯли камтар аз 20 соли фаъолиятҳои зеризаминиву аланӣ тавонист дар сиёсати давлат нуфуз кунад, беш аз ин нисфе аз идораи давлатро дар ихтиёр бигирад. Ва, инки мегӯям, падарам дар шумори бузургону қудратмандон қарор дошт ва як инсони қаториву одӣ набуд ба ҳамин ҷиҳат аст. Онҳо панҷ ёри мубориз, муассисони ҲНИТ, таҳти раёсати устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ корҳое карданд, ки имрӯз бештар ба афсона мемонад. Онҳо танҳо муллобача буданд. Дипломи олии донишгоҳро падарам баъдан гирифт. Вале, ҳоло вақте барои онҳо ва кору пайкорашон андеша мекунам ва бо шароити имрӯзи худам ва дӯстонам ва ҳамталошонам муқоиса мекунам, боварам намеояд, агарчи хеле аз ин ҳама ҳаводису таҳаввулот дар пеши чашми худи ман руй додааст.

Падарам,ба унвони яке аз муассисони ҳаракати исломӣ ва яке аз муборизони сарсупурда дар ин роҳ дар Афғонистон дар назди роҳбарияти ин кишвар устоди шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид Амир Исмоилхон ва дигарон эҳтирому эътибори хосе дошт. Бахусус Амир Исмоилхон ӯро сахт эҳтиром мекард.Падарам соли 1994 ба Ҳирот омад ва дар онҷо чаҳор дӯкони умдафурӯшӣ хариду фаъол кард. Даромади моҳиёнааш на камтар аз 50.000 доллар буд. Ба ростӣ, вай дар Тоҷикистон ҳам нафари доранда буд. Садҳо нафар аз муллобачаҳоро таъмин мекард, барояшон ҳам дар Қурғонтеппа ва ҳам дар Душанбе беш аз 20 хона харида дода буд, то бо хотири ҷамъ дар назди домуллоҳо ва муддарисин улуми исломӣ биомӯзанд. Вай дар роҳи эҳё ва истиқрори динаш аз ҳеҷ чиз дареғ намедошт. Омода буд тамоми дору мадорашро дар ин роҳ харҷ кунад.

Аз ман ва аз корҳои ман бисёр розӣ ва қонеъ буд. Маро ба унвони фарзанди бузургаш ва инки роҳи ӯро идома додам, бисёр ҳам дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Вақте ба нашру чопи кутуби шаръӣ шурӯъ кардам, бисёр ҳам хурсанд буд. Мегуфт, ки Аллоҳи меҳрубон ҳатмани ҳатман ин ҳама заҳамоти туро беподош намегузорад.

» Вай дар соли 2017 дигарбора ночор шуд, ки тарки кишвар кунад. Чун «давлатсозон» ва нукарону чокарони онҳо имкони зиндагиро аз ӯ гирифтанд. Вай беш аз 100 маротиба ба умури дохила ва амният кашонида шуда пайваста мавриди азият ва озор қарор мегирифт. Ҳатто бар асари ин шаллоқҳо саломатиашро аз даст дод, инсулт гирифт. «

Аллоҳи пок хонаи охираташро мунаввар ва муаттар гардонида бошад, бо вуҷуди ин ҳама азобу азият, ба ҳеҷ ваҷҳ бар дурустии роҳаш хаста ва дудила нашуда буд. Вай сактаи қалбӣ гирифту бемору бистарӣ шуд, вале сари мӯе сар хам накард. Бо дили чоку кашол-кашол тарки ватан кард. Гуфт зиндагӣ дар ғурбат афзалтар аст аз гузаронидани он дар ғуломиву даступобастагӣ. Руҳашро, ҷисмашро гирифту баромад, гуфт озодӣ ба ҳеҷ қимате муомила намешавад ва дар сари пиронсолӣ ғарибиро ихтиёр кард. Вай тамоми умр ҳамин тавр буд. Ҳеҷ гоҳ афкору ақида ва мавеъашро тағйир накард, напӯшонд. Вақте кормандони КГБ дар соли 1985 хонаамонро «обиск» карданд, ёдам ҳаст ба тамоми саволҳои онҳо рӯирост ҷавоб медоду онҳо мегуфтанд, ки «ин одам барои бадарға шудан ба Сибир» худаш ёрӣ дода истодааст.  Ҳарчи мепурсиданд аз ӯ мегуфт : “бале намоз мехонад, бале мутадаййин аст, бале радиоҳои хориҷӣ гӯш мекунад, бале муқобили фиристодан ҷавонони мусалмони тоҷик ба ҷанги Афғонистон аст».

«Вай, ҳеҷ гоҳ пинҳон накарда буд, ки муқобили маҷро ва дар роҳи Худо аст. Таъкид ва тавсияаш ба ман ва боқии фарзандонаш ҳам ҳамин буд, ки ҳеҷ гоҳ аз ин роҳ мунсариф нашавем ва ҳеҷ шубҳае ба дурустии ин роҳ надошта бошем.»

Чанд муддате пеш аз бозгашт аз ҳиҷрати дар Афғонистон дар Мазори шариф дар назди як қабристони маркази шаҳри Мазории Шариф,ки бо номи Хоҷа обҷӯш ном дошт ба 46.000 доллар хона харид. Самти мазорро дар имтидоди 40 метр девор бардошт. Ҳавлиро таъмири куллӣ (капиталний ремонт) кард. Дар он хона ду сол бештар зиндагони карданд. Вақте бозгаштем 140.000 доллар  он хонаро фурӯхт. Падарам аз ҳеҷ чизи дунё кам надошт. Ҳатто дар ҳамон муҳоҷират ҳам. Моро ҳам серу пур бузург кард.

«Бо далоили маълум дар маросими хоксупориаш ширкат накардам. То ба имрӯз ва то ба охири умр аз дӯстону бародаронам, ки дӯстону бародарон ва раҳравони сулуки вай буданд, миннатдорам, ки бо адои тамоми фароиз тадфину такфин кардаву ба манзили охират, ба дунёи абадӣ бадрақааш карданд. Ба монанди Эшони Давлатхӯҷа, Домулло Муҳаммадсаид Ризоӣ, Эшони Абдусаттор Бобоев , Домулло Исломҷони Саид, Муаллим Ҷумъа ва бародар Нуруллоҳ ва дигар бародароне дар ин маросими ташеъ ҷаноза иштирок намуданд.»

Вай дар ҳиҷрати дуввумаш, дар дори ғурбат,ки чизе бештар аз ду сол идома кард бемор ва рӯйи ҷогаҳ буд. Ҳар гоҳе ҳамроҳаш сӯҳбат мекардам, пинҳон намедошт, ки аз доштани ман ифтихор мекунад. На танҳо ба ҳайси писари бузургаш,ки табъан меҳру муҳаббате ҷудогона дар қалби волидонро дорад, бештар аз он ҷиҳат, ки роҳи ӯро давом медиҳам, барои интишори маорифи исломӣ, нашру чопи осори бузургони исломӣ хурсанд   ва қонеъ буд. Ҳамеша дар ҳақи ман ва боқии раҳравони ин роҳ дуои хайр мекард.

Бо ин роҳ ба Парвардигорат қурбат хоҳӣ ёфт. Мегуфт ҳар коре мекунӣ, бале, зиндагӣ ҳаст, хӯрдан пӯшидан истироҳату фароғат аммо барои касби ризои Худо ва аз рӯи сидқу ихлос ва ишқу муҳаббат ба дини Худо бояд анҷом бидиҳӣ. Вай мегуфт дар иҷрои ин роҳ ба ҳар мушкилу душворӣ ва ҳам пеш гирифтор шавӣ, ғусса нахур. Аз ҳеҷ касе ҳеҷ таваққуъе надошта бош дар шинохти дӯсту душман иштибоҳ накун! Мубориза ва алайҳи маҷро кори саҳлу осоне нест, ҳар мусибат ва мушкилоте бароят расид онро ба хубӣ таҳаммул кун ва собир бош аҷрат назди Аллоҳ аст.

Марги устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи  Нуриро бисёр ҳам ба дард қабул кард. Сахт мегирист. Чанд рӯз ба ҷуз аз обу чой чизе хӯрда натавонист. Падарам устодро на фақат эҳтиром мекард, бисёр дӯсташ медошт. Аммо як чизро бигӯям, ки падарам ба Раҳмонов сахт нафрат дошт. Ба устод мегуфт, ки Домулло ҳеҷ гоҳ ба вай бовар карда наметавонам. Дилаш намешуд бигӯяд, ки шумо ва сулҳи шуморо фиреб медиҳад. Вале, Худову ростӣ, ва наздикони падарам ҳам медонистанд, ки аслан ба Раҳмонов бовар надошт. Мегуфт вай имон надорад, имон, ки надорад, аҳду қавл ҳам надорад. Ҳеҷ гоҳ ихтилоф миёни ҳамҳизбиёнашро қабул надошт ва ҳеҷ гоҳ ҷудоиро интихоб намекард. Хуб ёд дорам ба Ҳирот аз афроде ҳоло дар ҳукумати Раҳмонов ҷойгоҳи бадеро доранд омаданд,ки биё мо ҷудо мешавем ва гурӯҳи худро ташкил мекунем рӯй рост гуфт : “шумо меҳмонед ва ҳурмати меҳмониятонро донед ва ман ҳаргиз ҷудо аз ин ҳаракат ҳаракати дигаре нахоҳам дошт. Дар ҳоле ҳама имконотро ҳам дошт ва нуфӯзи ҷойгоҳи ин тарҳро ҳам амалӣ карданро ҳам дошт. Чун медонистанд,ки Амир Исмоилхон пурра дастгирияш мекард ва ин тарҳҳо амалӣ метавонист кунад. Инчунин пас аз имзои созишномаи сулҳ хуб дар ёд дорам,ки Мулло Абдурраҳим Каримов бо се нафари дигар, ки дӯст намедорам номҳояшонро зикр кунам ба Мазори Шариф омаданд махсӯс барои ин тарҳ. Субҳ буд Абдурраҳим Каримов бо ман каме дар масоили шаръӣ баҳс кардем ва чанд иштибоҳ кард дар ҳол гуфтам, на ин чунин аст ва фаҳматон иштибоҳ аст. Эшони Қиёмиддини Ғози ҳам бо ӯ буд ва як нафари дигар,ки исмашро набарам беҳтар аст. Ба падарам пешниҳод карданд,ки мо мехоҳем аз Нурӣ ҷудо шавем ва ӯ бо Раҳмонов сулҳ кардааст мехоҳем як гурӯҳи ҷадидеро ташкил кунем ва муборизаро идома диҳем. Дар ин кор шумо ҷойгоҳи мардуми доред ва имкони пеш бурдани ин тарҳро ба хубӣ метавонем анҷом диҳем. Хуб фаҳмидед инҷо чӣ тарҳе аст? Абдурраҳим аз Кулоб Эшони Қиёмиддини Ғозӣ аз Ғозималик ва он нафари севвум,ки каме нуфӯз дошт бо падарам метавонистанд як гурӯҳи хуберо роҳандозӣ ва идомаи корзорро дунбол диҳанд. Падарам ба Амир Исмоилхон тамоси мухобиравӣ карданд ва Амир Исмоилхон гуфтанд ҳоҷи соҳиб аз тарафи ман ҳар хидмате бошад мо омодаем кумак намоем. Устод Ато,ки он замон қумондонии амнияи Мазори Шарифро ба уҳда доштанд тамос гирифтанд он кас ҳам гуфтанд бо Дустум дар миён мегузорем вале Амир Исмоилхон тоҷик аст ва бештар ба он кас такя кунед дар ин тарҳ. Аммо устод Ато гуфтанд ман ончи метавонам дар ҳамроҳи бо Амир Исмоилхон кумак мекунам. Устод Ато он солҳо онқадар нуфӯзу ҷойгоҳи вижае надоштанд дар Афғонистон. Ҳарсе хело хушҳол буданд,ки корро шурӯъ мекунем. Падарам гуфт шурӯъ кардем вале Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд мухолифи ин тарҳ мебошанд ва комёбии мо намедонам то чӣ андоза пеш меравад. Чун самти шимол дар қабзаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва шурои наззор мебошад. Ман мухолифи Раҳмонов ҳастам ва медонам ӯ фиребамон медиҳад вале инҷо ин сулҳро набояд дигар зери суол барем. Имзои ин созишнома ва кафилони сулҳ бояд назорат бубаранд ва фиреби Раҳмонов инҷо камтар бояд бошад ва ин кишварҳо намегузоранд ин қадар заҳмат зери суол бурда шавад. Дар се рӯз 350 разманда омода карда буданд ва омода ба пайкор буданд. Пас аз зуҳр аз берун бо як муҳофизашон рафтанд се соат набуданд ва аниқ кадом мулоқоте анҷом доданду баргаштанд хона. Нишастанду Мулло Абдурраҳим пурсид чи шуд ҳама хуб аст ин шо Аллоҳ? Падарам каме чизе нагуфтанду гуфтанд: ман дигар ҷанг намекунам ва ин сулҳро агарчи медонам ниҳояташ ғиром асту фиреб аст. Чорае надорем ва ман дар ин тарҳ нестам бо шумо. Қиёмиддини Ғозӣ шурӯъ кард ба ҳар гап гуфтан. Ман гуфта будам ин бо Нурӣ аст ва ӯро хиёнат намекунад вале Мулло Абдурраҳим пофишорӣ кард,ки на чунин нест ва ӯ норозӣ ҳаст. Муҳим ним соат ҳам наистоданд ин се нафар нишастанду рафтанд ба Толиқон. Ҳатто шабашонро рӯз ҳам накарданду баромаданд. Пеш аз баромадан Мулло Абдурраҳим гуфт: “ин гапҳо монад инҷо,то боз Нурӣ нафаҳмад. Инхел нашуд он тарафашро қапем боз аз он тарафаш ҳам намонем.!

Хуб медонам баъзе аз бақоёи ин афроди дар боло исмҳояшонро гирифта метозанд вале ҳақиқат бояд гуфта шавад. Агар нагӯем ин мақтаъи таърих барои ҳамеша пинҳон мемонад ва шахсиятҳо ношинохта мемонанд. Ҳама ончӣ таърихи воқеъӣ аст бояд ба миллат ва мардум гуфта шавад.

Аммо имрӯзҳо мебинам ин гиряҳои Мулло Абдурраҳимро ба Худо хандаам мегирад. Аввал кофир муртад мушрик мегуфт баъд Раҳмонов мегуфт. Худо биомӯрзӣ Эшони Қиёмиддин ҳам дар Тоҷикистон шурӯъ карда буд ба ҳарчи гуфтан алайҳи устод Нурӣ ва дигар ба ҳама маълум аст хушбоварӣ ба Раҳмонов ба чӣ расонид.

Падарам ҳамеша мегуфтанд: “писарам ҳаргиз хиёнат ба касе накун, зеро хиёнат кардӣ ҳатман хиёнат мешавӣ. Ҳар нофаҳмиро дар суҳбат ва гуфтугӯ метавон бартараф кард. Ҳар касе дар мавриди касе чизе гуфт дар ҳол бовар накун ва кушиш кун хунсардона ин суханро аз худаш пурсӣ. Ҳаргиз ба гуфти ҳеҷ касе тасмиматро нагир, то дақиқ накарди онро.”

Пештар, дар навиштаҳои қаблӣ дар бораи падарам гуфта будам, ки ҳеҷ натавонистам як чизе муносиби ӯ бинависам. Вай ҳамеша дар лабонаш табассум дошт. Табассуми зебо ва хоси лабони худаш.Беш аз пеш набуди ҳузури ӯ азиятам медиҳад.

Имрӯз 21 март аз даргузашти падарам се сол сипарӣ мешавад. Падарам ҳоҷӣ Қаландари Садруддин соли 2019 дар Лаҳистон, дар мулки ғарибӣ даъвати Аллоҳи меҳрубонро лаббайк гуфт. Вай бегоҳи ҷумъаи 21.03.2019 ба ҷавори ҳақ пайваст. Вай шикояташро назди аҳкамулҳокимин аз Раҳмонов-Фиръавни замони мо хоҳад кард. Мисли дигар шаҳидони тоҷик, мисли кушташудаҳои бегуноҳ дар зиндонҳои Раҳмонов

Нидои ҷонкоҳи занону модарон ва фарзандони ин мазлумин ҳам бо шикояти қиблагоҳам якҷо садо хоҳад дод ва ӯро ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Дар солгарди саввуми реҳлаташон ҳама аҳли оила якҷо шудему барояш ашк рехтему аз ӯ ёди хайре кардем. Падари бузургвор! Ҳеҷ саҷдае аз ман бе дуъо дар ҳаққат нест ва ҳама фарзандонат якҷо бо модар дар фироқат месӯзем. Ҳатман мо он роҳе то охир нарасонидӣ тай хоҳем кард.

Руҳат шод ва хонаи охиратат обод бошад қиблагоҳи азизу як дарвозаи ҷаннатам….

Сообщение Дар роҳи Худо, муқобили маҷро появились сначала на ISLOH.net.