Архивы Ҳошим Каримов - ISLOH.net

Ҳошим Каримови “НАРКОБИОТИК” домоди пешворо бо домоди Нуриддин иваз кард
(бахши севвум)

Баъд аз нашри ду матлаб дар бораи Наркобиотик бизнеси оилаи Каримовҳо рӯ ба поён овард. Дар Тоҷикистон  бо як сухани  на онқадар хуб  ё  бо як ишораи пешво нисбати ягон соҳибкор  ё мансабдор, ҳамон замон мардум аз пуштибониву рафиқӣ, ҳатто аз хешу таборӣ ру мегардонад. Албатта ин аз як тараф кутоҳандешӣ бошад аз тарафи дигар як намуди ғуломии мардум дар давоми 30 соли ҳокимияти Раҳмонов мебошад. Худатон фикр кунед, пешво ҳам мисли мову шумо одам аст, ӯ ягон фариштаву малак ё наъузубиллоҳ пайғамбар нест, бовар ва умед дорем 90% мардум аз пешво тозатару бегуноҳтар анд дар назди Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло.

«Раиси ҷумҳур шудан ин маънои онро надорад, ки ӯ бегуноҳ ва худодод аст. Ё сояи Худо дар замин асту барояш ҳама ҷурму ҷиноят муҷоз аст. Аллоҳ одамонро бо ҳар роҳ месанҷаду озмоиш мекунад. Фаромӯш накунед, ки Фиръавну Ҳомону Намруд ва ҳазорҳо золиму қотили дигар ҳам подшоҳ буданду ,то имрӯз мардумон нафринашон мехонанд.»

Ин муқаддима барои он аст ки пуштибонҳои Ҳошим Каримов аз Оила, Парвинаву Ашраф, Соҳибовҳо аз Қурғонтеппа ва аз мақомот Нусратулло  Давлатов- раиси Кумитаи андоз, Ҳурматзода Ислом-муовини Хадамоти гумрук , Раҳмонқул Раҳимов —  собиқ сардори қочоқи гумрук ва Зоир Ҷурахон- собиқ корманди ВКД, ҳама бо як ҳилаву найранг охирон маротиба як зарбаи калони дигар ба киссаи Ҳошим Каримов зада, баъд  бо баҳонаҳои ҳозир ҷамъбасти квартал,бо баҳонаи маҷлиси ҳукумат ва ғайраву ғайраҳо дар охир худро дур гирифтанд ва ба зангҳояш дигар ҷавоб намедиҳанд. Каримов Ҳошим маҷбур шуд ба назди як ҳамкасби худ оиди фурӯш ва истеҳсоли дорувориҳо ба сардори ширкати «Тиб барои шумо» Ҷабборов Қурбон (сиёҳ, бинӣ) рафта маслиҳат ва кумак пурсида аст. Ҷабборов Қурбон хуб гӯш карда ва ба хулосае омад, ки ӯро бо пуштибон ва гуё  партнёри худ Холназаров Баҳроми домоди Нуриддини тракторист бо тахаллуси  «гушчапар», ки  боҷаҳояш Ҳурматзода Ислом  ва Қурбонов Зафар бародари Анвари «пирожки» шинос намояд. Боз аъзоёни ҳамон  Оилаи гушначашм. Ҳошим Каримов  дигар илоҷ ҳам надорад. Барои он ки 3-4 фура дорувориҳои «подделка» ва муҳлати истифодаашон гузашта дар анборҳои Душанбе хоб ҳастанду агар ӯро дар давоми 5-6 моҳ нафурӯшад  мисли орди куҳна шуда, токсинаҳояш руй мезананд. Яъне ин ки одамон бояд тез харида истеьмол намоянд, ки Ҳошим Каримов аз ҳама фоҷиаи калонаш ин «сухтан ба пул» мебошад, на он ки касе заҳролуд шуда мурдааст. Махсусан ҳамин шабу рӯз аз як тараф савдо нест, аз тарафи дигар ҳамаи крышаҳо ба гуфтаи худаш номард баромаданд. Ва боз проблемаи асосиаш ҷангҷол бо шарики бизнесиаш Илҳом мебошад. Ин оила ҳеҷ вақт дар бизнес шахси бегонаро роҳ намедоданд, лекин Илҳом ҳамсинфу ҳамшаҳрияш мебошаду барои пешрафти бизнеси оила саҳми калон дорад. Албатта, дар навиштаҳои баъдӣ нисбати ин шахс ва ҳамкориҳояш бо оилаи Каримовҳо маълумоти пурратар медиҳем.

Тағйири крыша аз домоди «Пешво» ба домоди акаи «Пешво»

Дар охир Ҷабборов Қурбон Каримов Ҳошимро ба назди Холназаров Баҳроми (локатор ё гушчапар) овард, бахшиш мепурсем аз хонандагон,ки қаҳрамононро ботахаллусашон ном мегирем. Ростӣ, ба хонанда ҳам осонфаҳм мешавад, ки гап нисбати кӣ рафта истодааст.

Аз рӯйи  гуфтаи Ҳошим Каримов , пеш аз вохурӣ бо Баҳром ӯро як -ду соат Ҷабборов Қурбон тайёр намуд, ки бояд чи тавр салом кард, сар бояд хам бошад, тарафаш нигоҳ накарда гапашро гуш кунӣ ва фақат «хуб» ва «фаҳмо» гуфта  такрор ба такрор «мо дар хизмат» гуфта истодан лозим ва  суханашро набурӣ, ки табъаш нозук аст. Баъд аз репетицияи бисёр вақти вохурӣ ҳам шуд. Тахмин ду соат дер омад, қариб буд Ҷабборов Қурбон аз Баҳром барои дер намудани ӯ бахшиш бипурсад. Вақте бо Баҳром рӯ ба рӯ шуд, аз рӯйи ташвишу даводавии Ҷабборов Қурбон, Ҳошим ба ҳайрат омада, ҳис кард, ки бо Баҳроми домоди акаи троктористи Раҳмонов неву  бо пешво ё бо Рустами Эмомалӣ  вохури карда истодааст. Дар наздаш як марди бисёр ҳавобаланд ва аз ҳамаи дунё  норозӣ, гуё  аз ӯ 10 миллион долларашро гирифта, фиреб карда барнагардонида бошӣ, қавоқҳояш кашол, як даст дар киса, дар даҳон жвачка, рост меистод. Ба фикрам интизор буд дасташро Ҳошим ё Қурбон буса кунад. Ҷабборов Қурбон бошад мисли як хизматгор, дастҳо пеши бар, фақат «хуш омаден раис» мегуфт. Аҷаб давлати афсонавӣ сохтааст пешво, ки  хешу таборҳои дураш ҳам худро авлодони Оли- Раҳмон ҳисоб мекунанду одамро ҳамчун як хасе писанд намекунанд. Ин ҳама айби худи мардуми тоҷик ва ана ҳамин Ҷабборов Қурбон барин ғуломон аст,   ки як авлоди чашм гуруснаву бесаводро аз оғилхонаҳои Данғара оварда то ба ин дараҷаҳо бардор-бардор намуда ба сари худ ва ба сари дигарон бало кардаанд. Ҳошим рафтори Қурбони биниро дида ба дил мегузаронид, ки агар Қурбон бо худи пешво рӯ ба рӯ шавад, ҳатман аз ҳуш рафта меғалтидагист. Ин қадар хушомаду тарс, ин қадар рафтори ғуломона, чи лозим бошад ҳамин тавр соҳибкор шудан?Албатта ин ҳама ба хотири зиндагии хуби фарзандон мегуяд, вале ин хел одам дар назди фарзандҳояш ҳам обрӯй надорад. Мисли Ҷабборов Қурбон ҳазорҳо нафар соҳибкорону хизматгорон дар гирди ин авлоди гурусначашм  мисли ғулом рафтор мекунанд.

Ба номи Худо авлоди пешво агар гастарбайтер  шавад, ягон тои ӯ саводи бригадириро надоранд, лекин дар ин давлат худро авлодони шоҳу худро шоҳзода ҳисоб мекунанд. Махсусан Холназаров Баҳром бо вазиру раисҳо ҳам ҳамин тавр муносибат мекунанд. Агар домодҳо каме хуни мардӣ дошта бошанд, аз пушти занҳои худ ин қадар ҳавобаландиву худписандӣ намекунанд. Мисли қирғизҳо инҳоро бояд бо дастаи белу каланд то хонаҳояш сур намуд, ин ҳама иллати беҷазо мондан аст. Аз рӯйи  миш-мишҳо сабаби аз вазорати корҳои хориҷӣ пурра ронданашон ин аст ки Холназаров Баҳромро бо як духтар дар дачаи Варзобаш оилааш дастгир мекунаду ба назди амакиаш, яъне Раҳмонов омада гиря мекунад. Бо як супориши пешво аз тамоми корҳо ронда, дачаи Варзобро бо як трактори калон пурра чаппа мекунанд, ки раиси ноҳияи Варзоб худаш дар сари чаппа намудани трактор истода ва ин фармонро амалӣ намудааст.

Сабаби аз кор ронданашро дар расонаҳо навишта буданд, ки «Холназаров Баҳром аслан раёсати консулгариро ба як давлати алоҳида аз Вазорати корхои хориҷӣ табдил дод, ки худаш подшоҳ  буд. Бо хоҳиши худ, ӯ метавонист ба хориҷиён раводид диҳад, ё шояд онҳоро тамоман қабул накунад. Мардум ба зӯр ба идораи консулгарӣ ворид мешуданд, вориди меҳмононеро, ки барои ҳалли мушкилоти худ бо раводид ва дигар ҳуҷҷатҳо меоянд, манъ карда буд. Ҳамаи ин шикоятҳо  ба пешво расид ва дар он ҷо ба хулосае омаданд, ки чораҳои қатъӣ нисбаташ  дидан лозим аст». Инчунин дар ҳангоми сафирияш дар Қазоқистон бадтарин

«Воҳимаву мардии домодҳои оилаву наздиконаш, то ба ғазаб омадани хонумҳояшон асту халос, дигар ҳама ба асли пештара бармегарданд. Яъне ғазаби духтарон ва ҷиянҳои пешво ба хокистар табдил кардани домодҳо тамом мешавад. Домодпочоҳо ,то он вақте хуб хизмат мекунанду розӣ мекунанд ҳамсаронашонро ҳама хуб аст. Худо накунад хиёнат кунад домод, ба бадтарин бало гирифтор мегардад домод. Аммо барои худашон ҳама кор иҷозат аст.»

Вохурӣ баргузор гашт бо хело ҳолатҳои ногувор…

Умуман вохурии Каримов Ҳошим, Ҷабборов Қурбон ва Холназаров Баҳром баргузор гашт. Баҳромро пеш аз вохурӣ Қурбон дар ҷараён оиди проблемаҳои ҷойдоштаи Ҳошим Каримов , ки гуё мехоҳанд бизнесашро мисли дигарон кашида гирифта ба рафиқони Рустами Эмомалӣ «Авесто Групп» бидиҳанд нақл карда буд. Баҳром бо як ғурур ва калонгапӣ гуфт, ки  Тоҷикистон моли шахсии ҳеҷ кас нест ва ҳеҷ кас на Рустаму Озодаву Парвина ва на Ҳасану Ҳусейн бояд ба бизнеси кас чашм ало накунад. Ман шахсан намегузорам, ки ба нафарони ман ин воқеаҳо ва амалҳои рейдерӣ сурат бигирад. Ҷабборов Қурбонро мисол оварда гуфт, агар ман пуштибони ин «сияҳ» намебудам, давно титу порааш мекарданд ё не, пурсид Ҷабборов Қурбонро, дар ҷавоб Қурбон мисли як кудаки мактабхон фақат «рост меген раис, зинда бошен» ҳамин як гапро такрор ба такрор лаҳза ба лаҳза мегуфт. Рафтор ва вазъияти на фақат Қурбонро мо хуб мефаҳмем. Қурбон 15-20 дорухонаҳо, заводи калони дорубарорӣ, якчанд заводҳои дигари хишту масолеҳи сохтумонӣ ва дигар бизнесҳо ба арзиши якчанд миллион доллар дорад, дар Тоҷикистон ба ҳамагон маълум аст, ки бе вобастагӣ ё пайвастагӣ ба ин авлоди носерам кору фаъолият душвор аст. Лекин баъд аз ҳамроҳ шудан ба ин оилаи чашмгурусна, ҳаёт ба хоби даҳшатнок (кошмар) мубаддал мешавад, боз ба ҳамаи ин мисолу таҷрибаҳои дар пеши чашмашон гузашта истода, ҳайрон мемонем, ки соҳибкорони зиёде мехоҳад бо авлод ҳамроҳ бошад. Бовар дорем ба дасти Қурбон Ҷабборов маҷбурӣ пулҳои дуздии худро Баҳроми гушчапар додааст, то ин ки гардиш карда барояш  фоиз бидиҳад. Чунки дигар ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ дар дасти духтару домодони пешво асту бо тезӣ хабар меёбанд, ки Баҳром ин миллионҳоро аз куҷо аз худ кардааст. Қурбон ғайр аз % додан ва ҳисобот додан дигар илоҷ надорад, даҳҳо маротиба гуфтааст, ки «раис корҳо хуб нестанд, пулатонро бигардонум» ҷавоби Баҳроми гушчапар як аст, » мурданият расидааст», ана ҳамин тавр бадии кор дар ин аст ки на Ҳурматзода Ислом, на Баҳром Холназаров ва дигаронаш пулҳои худро қафо намегиранд, «бмонуш кор куна» мегуянд. Як -ду соҳибкор нақл мекунад, ки Ислом Ҳурматзода чор сол мешавад пулашро медиҳем қафо намегирад. Лекин охирон рӯзҳои моҳ бо соат % мегирад. Барои онҳо фарқ надорад бизнес боло меравад ё поён, бояд фоизҳои осмониро дар вақташ бирасонӣ.

Домод фармон медиҳад!

Баҳром Холназаров Ҷабборов  Қурбонро супориш дод, ки тамоми дорувории Ҳошимро бо 30% — арзиш қабул намо, пулашро кай фурӯхти баъд ҳисобӣ мекунем ва оянда ҳам дорувориҳояшро аз Русия  фармоиш кун равон кунад. Қурбон Ҷабборов  «хуб шудай  раис» гуфта бо Ҳошим Каримов  ҳамкориро шуруь намуданд. Ҳошим Каримов  хуб мефаҳмад, ки Парвинаву Ашрафро монда аз Баҳроми ба гуфтаи худаш «картааш бита шудагӣ» пуштибонӣ хостан ин як беақлист, лекин аз як тараф  ба хотири дорувориҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанду ба фурӯш нарафта истодаанд ба Қурбон Ҷабборов супоридан, аз даст надодани бозори Тоҷикистон, боз якчанд сабабҳои дигар ба ин роҳ рафтааст, аз тарафи дигар, тамоми сирру асрори Ҳошим Каримов  нисбати доруҳои фальшивый ва муҳлаташ гузашта ва фош шудани сирри фурӯши маводи мухадир баъд аз ба даст афтодани Азизи домсоз хеле картаҳои Ҳошимро «перепутать» карданд. Даромади асосии Ҳошим аз фурӯши героин буд, ки бо Азиз хеле хуб ба роҳ монда буданд. Боз барои Ҳошим хуб буд, ки Азиз Русия рафта наметавонисту Ҳошим чи хеле хоҳад ҳамин тавр фиреб мекард ӯро. Ҳоло бошад бар замми ин проблемаҳо писари Азизи домсоз  аз Ҳошиму дигар рафиқонаш талаб дорад, ки сум ҷамъ намуда падарамро бароред. Дар акси ҳол падарам ба шумоён низ нишондод медиҳад. Ҳошим Каримов ҳайрон мондааст, ки ин бачаи ҷавон шантаж карда пул гирифтанӣ ё ин ки дар ҳақиқат ба ҳамин роҳ мерафта бошад. Аз тарафи дигар доимо фишорҳо аз тарафи генерал- шайтон Зоиров Ҷурахон асабҳои Каримов Ҳошимро хароб намудаанд. Проблемаҳои Ҳошим Каримов  нав дар Русия сар мешавад, баъзе органҳои дахлдори соҳаи бехатарии саломатӣ ва бехатарии миллӣ аз «Ислоҳ» талабу дархостҳо нисбати ҳуҷҷатҳои мавҷудбуда карда истодаанд. Ба ҳама маълум аст ки органҳои қудратии Русия ҳам мисли Тоҷикистон як давлати фасодзада мебошанду вақти лозима шаҳрвандии 30 сол пеш гирифтаро бекор (анулировать) намуда ба ватанаш депортатсия мекунад…

Шайтан генерал дар чӣ ҳол аст? Каме аз гузаштаи ӯ бо мулло Абдурраҳим Каримов

Ба гуфтаи Ҳошим Каримов  Зоиров Ҷурахон тамоман девона шудааст. Тамоми гапу корҳои куҳнаро кофта истодаасту мехоҳад аз ӯ ҷубронпулӣ (компенсация) бигирад, ки  шаьну шарафи ин академикро Ҳошим Каримов ва  ду- се нафар бизнесмен аз Русия гуё паст карда бошанд. Ҳошим на он  ки  компенсация намедиҳад, ӯ чунон хасис аст, ки ҳатто ҳақи ҳалол, музди кории  коргаронашро намедиҳад. Боз як одат дорад, ки баъд аз вазифа рафтан ӯ ҳеҷ гоҳ ба он нафар пул намедиҳад, то вазифаи нав нагирад ва вазифааш ба ӯ ягон алоқамандӣ дошта бошад. Барои ҳамин махсусан, ба пенсионер як таблетка бепул намедиҳад, оҳо пул ҷойи худаш. Генерал- шайтан маҳз дар ҳамин масъала девона шуда, давраҳои як замоне  дар гумрук кор ва ёрдамҳои  кардаашро ба ёд овардааст.

Вақте ки соли 1995 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров таъин гашт, яке аз аввалин фармонҳояш аз ҳама кор озод намудани Зоиров Ҷурахон будааст. Ва гуфтааст то рӯзе ман дар ин вазорат роҳбар ҳастам, ба ту дар ин вазорат кор нест. Ӯ чекисти куҳна, боз аз вазирии КГБ  ба ВКД гузаштааст, ки маълумотҳои зиёде дар даст дошт. Зоиров низ ҷиддӣ будани корро фаҳмида бе ягон гап аз кор рафтааст. Баъд аз имзои 30% -и ҳукуматро ба оппозиция додан, Зоиров  Ҷурахон ба вазифаи муовини  раиси Кумитаи гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Мулло Абдураҳим Каримов таъин гашт, ки мулло аз ҳисоби оппозиция соҳиби ин вазифа шуда буд. Каримов Абдурраҳим низ мисли дигарон як номард, як иблис, як беимону одамфурӯш будааст, ки дар охир ҳамаи онҳое, ки ӯро ба сари вазифа оварданду соҳиби боигарӣ сохтанд тарафашон санг зад. Албатта хоинро ягон тараф дӯст намедорад. Каримови «харбоз» то ҳоло ба умед аст ки  пешвояш ягон вазифаи равғанӣ барояш пешниҳод мекунад,

Барои чи мо ба хотир овардем ин муллои шайтонсиратро? Баъд аз рафтан аз вазифаи раиси гумрук, якчанд соҳибкорони ҳамон давра ба ӯ вохурда даъво мекунанд, ки давраҳои раисиат аз мо беинсофона 100 ҳазор доллару 200 ҳазор доллар гирифта иҷозати баровардани пахтаву алюминий, оҳанпораву металҳои ранга ва тиллову сангҳои қиматбаҳоро дода будӣ, ту чи гуна муллову мавлавӣ ҳастӣ?  Мулло  Абдурраҳим ҳайрон мешаваду мепурсад, ки шумо пулҳоро ба дасти кӣ дода будед?  Онҳо мегуянд, ки ба муовини ту Зоиров Ҷурахон дода будем. Мулло Абдурраҳим  каме фикр карда гузаштаро ба хотир меорад ва қоил мешавад, ки ба назди ӯ Зоиров Ҷурахон бо ҳар хел коғазҳо дар даст зуд-зуд даромада, имзо ва муҳр мехоста асту  «Домулло як дуо кунен» гуфта 500$  баъзе вақт 1000$ дароз мекардааст. Мулло Абдураҳим  Зоиров Ҷурахонро  аз пасаш дашномҳои қабеҳ намуда гуфтааст, ки ин «нооинсофи машенник» миллионҳо доллар пулро ба худ гузошта, ба мани содда 4-5 ҳазор пул медода будааст, ман боз хурсанд шуда  пулҳоро ба кисса меандохтам.

Боварӣ ба ҳардуи ин шайтон нест. Барои он ки солҳои 1998-1999 давраи кории ин ду нафар дар кумитаи гумрук нафарони зиёд пахта, чушка-алюминий, тилло, мис, оҳанпора, сангҳои қиматбаҳоро хеле зиёд фақат  ба воситаи гумрук маблағҳои калон пора дода иҷозати баровардан мегирифтанд. Нисбати давраи кории генерал- шайтан ва муллои беимон  факту далелҳо хеле зиёданд, ҳамаашро бо як ду матлаб тамом кардан номумкин мебошад.

Мо проблемаҳои ҳоҷӣ Зоиров Ҷурахонро хуб мефаҳмем. Якчанд сол мешавад бо директор ва менеҷери  ресторани «Омар Хайям»— и  назди «Гостевой Дом»— и  Москва  оиди зиёда аз ду сол худаш ва меҳмонҳояш  дар як  VIP- кабинаи он ресторан, ин ба ном ҳоҷӣ, ба  маблағи зиёда аз 200 ҳазор евро хуроку нушокиҳои қимати спиртиро хурдаву бо худ бурда пулҳояшро надодааст. Ҳоло сари ин масьала баъд аз гузашти якчанд сол ҷангҷолҳо  зиеданд… Менеҷерони ресторан  аз рӯзи аввал ҳар як оби нушидаи уро сабт карда ба дафтарча навишта будаанд. Ба мақсади  «ягон рӯзи мабодои сиёҳе». Генерал -шайтан фикр кардааст, ки ҳамаи ин меҳмондориҳову шину хезҳо бепуланд. Ба хотири намояндаи ВКД дар Русия ҳасту ояндаи наздик вазири корҳои дохилӣ мешавад, лекин аз тарафи дигари масъала бингарем, генерал -шайтан бо куҳу мазори  «Чилдухтарон»  ва «Ғори Туркони» қасам мехурад, ки ваъда ва шарти соҳибмулки ресторан бо генерал аз ин иборат буд, ки як VIP кабина ҷудо менамоянду ҳар вақте хост омада инҷо истироҳат мекунад бо рафиқонаш ва ҳарчи  бинушаду бихурад аз ҳисоби ресторан, фақат инҷо аз ягон органҳои дахлдори Русия ё ин ки рекетирҳо набиёянду ба кори ресторан халал нарасонанд, яъне «крышаги» кунед. Аз рӯйи гапҳои генерал мувофиқи ваъда дар давоми ду сол ягон маротиба аз тарафи органҳо барои тафтиш касе наомаданд. Лекин менеҷери ресторан мегуяд, ки даҳҳо маротиба аз тамоми органҳо барои тафтиш меомаданд. Вақте ки мо ба генерал занг мезадем, ё телефонро намегирифт ё ин ки бо баҳонаи «ҳозир ман занг зада ҳал менамоям»,дар асл  ягон чорае намеандешид, мо худамон пул дода корҳоро тинҷ менамудем, боз бешармона пайдо шуда хурдану нушиданро давом медод. Ва ҳатто як маротиба намепурсид аз мо,ки чихел шуд коратон ва чихел ҳалаш кардед?

Охир генерал -шайтан ба шумо  «крышаи тоҷикӣ»  пешниҳод карда аст, мо ҳама тоҷикем  ку. Бечора дар шаҳри бегона ҳамин кадар  метавониста будааст. Генерал ҳам рост мегуяд. Бояд аз рӯйи  вазифааш ӯ дар ресторани меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон «Гостевой Дом»  хуроки бепул хурад. Ресторани «Омар Хайям» дар  территорияи ҳамин меҳмонхона мебошад. Боз дар дохили меҳмонхона утоқи корӣ ва ҷойи муомила «разбор» бо соҳибкорону сардорони гурӯҳҳои олами ҷиноятӣ (вор и авторитеты)  дошта будааст, ба ӯ ҳам мехоҳанд маблағҳояшро генерал -шайтан супорад. Дар воқеь  онҷо ду- се маротиба вохурии генерал -шайтан бо сардори олами ҷиноии тоҷикон Шуҳрат Яхшимуродов  бо тахаллуси «Шуха», ки соли 2014 кушта шуд, гузашта будааст. Боз Лутфулло Муҳаммадиев бо тахаллуси «Анвар» ,ки соли 2017 ба ҳукми абад барои якчанд куштор маҳкам шуд бо генерал- шайтан «чайковать» мекардааст. Даҳҳо дигар «авторитетҳо» омада дар ҳамин меҳмонхона ва ресторан вохуриҳо дошта будааст. Ногуфта намонад,ки аз руи муайян намудани тафтишот маълум гашт, ки  аксарияти ҷиноятҳои махсусан вазнини ин гурӯҳҳо дар давраи кории генерал- шайтан дар Русия содир ё ин ки тарҳрезӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Точикистон  ва Кумитаи амнияти Тоҷикистон ба фаъолияти Зоиров Ҷурахон бояд баҳои қонунӣ медод. Генерал- шайтан вақти хизмат дар Русия фақат ба фарзандони миллати тоҷик зарарҳои калон расонидааст, дигар намояндагони ВКД ҷумҳуриҳо бошанд, дастгирӣ  ва пуштибони миллати худашон дар Русия ҳастанд. Садҳо ҷинояткоронро то вақти лозимӣ пуштибонӣ менамуд. Ва рузе, ки лозим нашуданд ҳатман ба мақомоти Русия ё ба мақомоти Тоҷикистон бо ягон роҳе «подстава» карда месупорид. Давраи кориаш дар Москва миллионҳо доллар пора ва амвол дар Русия ҷамъ намуд, ки албатта мо кам-кам онҳоро рӯйи варақ меорем. Ба гуфти Раҳмонов: “аз нуги хамир фатир”

Генерал «Гадоалӣ» намояндаи ВКД дар Русия

Чун инҷо сухан аз намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Русия меравад. Ҳоло Генерал шайтанро дар ин кишвар генерал Абдусаттор Фатоев иваз кардааст,ки аз ин шайтан генерал ҳеҷ камӣ надоштааст. Кличкаи генерал Абдусаттор Фатоевро  тоҷирони Маскав “Гадоалӣ” мондаанд. Чандин ресторанҳои дар Маскав буда,ки номҳояшонро намегирем феълан моликони онҳо  ба “Ислоҳ” шикоят намудаанд, ки дар ҷонамон задааст ва ресторанҳои моро мисли хонаи очаш кардааст. Боз худаш дарди ба хайр аст. Як қатор дузду ғоратгари дигарро бо худаш меораду талабҳои калон калон мекунад аз мо. Ҷаноби вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ин масаларо бояд ҷиддӣ бубинанд. !

Ин генерал-шайтон Зоиров Ҷурахон якҷо бо Каримов Абдураҳим (Абдураҳими кулобӣ ва Фаттоҳ Сайид ва Алихон Рустамов аз Московский бо ҳам наркотик тиҷорат ҳам  мекарданд. Ин генерал-шайтон  дар Варзоб дачаи калон дорад. Ҳамшаҳриҳои муминободиашро ҷамъ мекарду ташкили арусбозӣ медод. Ҳамроҳ бо Юсуф Раҳмони Генпрокурор. Вақтҳое,ки Ҷурахон Зоиров муовини Кумитаи гумрук буду пораҳои калон-калон мегирифт як сехонагӣ дар Душанбе 1000 -2000 доллар нарх дошт. Он вақт ин мошенник хонаҳои зиёдеро харидагӣ аст, ки ҳоло дар бисёрии онҳо иҷоранишин дорад. Вақтҳои охир генерал шайтан аз ҳама рафиқон ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳр намуда будааст. Дар як сатили калон «қайла» ва як ду ящик водкаи тоҷикӣ гирифта бо як рафиқи ҳоҷии худ дар наздикии  «ғори туркон» маскан гирифтаасту аз интернет ва телефонҳо дур шуда, асаби худро ором карда истода будааст. Албатта, мо ба ҳоҷӣ истироҳати хуб орзу менамоем, вале камтар фикри сафари қарибулвуқуъашро ба он дунё ҳам бояд кунанд!!!

Вале қаҳрамони мо Ҳошим Каримов, ки др ду матлаби қаблӣ аз корномаҳояш ва аз бизнесҳои дар ҳоли рушдаш навишта будем, чуноне мебинем дар ҳолати бад гирифтор шудааст. Хабари дигаре ҳам ки расида аст,ки  хеле аз аптекаҳояш дар Тоҷикистон ҳам дар ҳоли муфлисшавианд, чун дигар мардум фаҳмидаанд, ки дорҳои вай фалшивиянд. Албатта,мо дар матолиби баъдӣ ҳам дар бораи Каримов Ҳошим ҳатман хоҳем навишт ва қазияи ӯро бо ҳама связҳояш дунболагирӣ намуда истодем.

Поёни бахши севвум, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед….

Сообщение Ҳошим Каримови  “НАРКОБИОТИК” домоди пешворо бо домоди Нуриддин иваз кард появились сначала на ISLOH.net.

Ҳошим Каримови «НАРКОБИОТИК «-ро“крышаҳо”яш кидат карданд
(бахши дуввум)

Хонандаи муҳтарами «Ислоҳ», чуноне ваъда карда будем, тадқиқоти худро нисбати ҷиноятҳои Ҳошим Каримов ва пуштибонҳояш давом медиҳем. Баъд аз нашри мақолаи аввал аз тарафи хонандагон, ҷабрдидагон ва ҳақиқатҷуён факту далелҳои нав ба дасти мо омада расид, ки баъзе аз онҳоро дар ин навишта ва боқимонда далелҳоро бори дигар санҷида дар матолиби оянда чоп хоҳем кард. Каримов Ҳошим баъд аз чоп ва пахши видеои барнома худро ба ҳар су то ҳоло  зада истодааст. Боз такрор шавад ҳам мегуем, бовар кунед мақсади асосии навиштани ин мақолаҳо, дар он нест, ки бизнеси вай ба касе лозим шудааст, чуноне, ки худаш фақат дар ин фикр мебошад, ё ин ки ба ӯ бахиливу ҳасудхурӣ мекарда бошад. Не. Мақсад фақат як чиз, дар инсоният каме бояд инсоф, виҷдон бошад, боз ҳоҷӣ ҳам ҳаст. Ба хотири пул шуда, имонро нафурӯхтан ва хиёнат ба мардуми ҷабрдидаи худ  накардан аст. Аз тарафи мо каме ҳушёр намудан, аст ки мардум ҳамаи корҳоро мефаҳмад, фикр накунед, ки шумо аз ҳама доно!

Каримов Ҳошим ба гуфтаи наздиконаш рӯзҳои аввал сахт ба умед буд, ки Ашраф Гулов бо Парвина ба ӯ дасти ёрӣ мерасонанду аз ин вазъияти ногувор тез мебарояд. Вақте ки ба Ашраф Гулов телефон карда кумак хост, гуё ӯ гуфта бошад, ки «ман масъаларо равшантар карда баъд ба ту занг мезанам, илтимос ту ба ман занг назан, мумкин аст телефонҳои туро алакай гуш карда истодаанд». Ҳошим 3-4 руз телефонро аз гуши худ дур накарда интизор шуд, вале аз мурда садо ҳасту аз «кришаҳо» не. Ҳошими содда, ки дар ин хел вазъият бори аввал афтида буд, тамоман худашро гум кард, ки ин чи тавр шуд. Ӯ доимо фикр мекард,  ки бо як телефони онҳо ҳама кор ҳал мешавад ва ҳатто аз ӯ кормандони  «Ислоҳ» ҳам бахшиш мепурсанд. Афсус, ки вазъият бадтар шуду беҳтар не. Боз видео ба мисли як филми Голливудӣ  пахш гардид, ба гуфтаи худаш «кршаҳо» тамоман шикоф  будааст. Чунки баъд аз пахши барнома ҳама якбора руй гардониданд. Ҳаёт нишон дод, касоне, ки бо ҳамроҳии  «оила» кор мекунанд, ё ин ки ҳамчун кришаи худ онҳоро маҷбурӣ ба худ қабул намудаанд, хуб медонанд, ки домодону духтарҳои президент, хусурбачаву бодигардҳояш ва баъдан вазиру раисонаш  «крышаи» боқуввати шумо, то он даме, ки шумо проблемаатонро худатон ҳал мекунед, ё ин ки  надоред  ва дар вақт-вақташ «доля»-ро оварда медиҳед, вақте ки майдатарин проблема пайдо шавад, ҳатман  барои ҳалли  масъала  «доля» якчанд маротиба зиёд мешавад, агар проблема махсусан ба «боло» вобастагӣ дошта бошад, кришахо тамоман худашонро аз шумо дур мегиранд, ба телефонҳо дигар намеёбед, қабул ҳам намекунанд, мабодо  мушкилии ба миён омадаро шумо худатон бо пулҳои калон (бе ин намешавад) ҳал намоед, шарм накарда боз ба шумо мегуянд, ки инро мо ҳал кардем, агар проблема ҳал нашавад, “крышаҳои оила» як гапи хуб доранд, «мо огоҳ карда будем, ӯ охирон вақтҳо аз худ рафта буд, нисбаташ гап зиёд буд, ё пулаш ҳам  зиёд шуда буд, « бо ана ҳамин суханҳо ҷони худашонро халос намуда,бо як  ноҷавонмардӣ  худро таскин медиҳанд. Боз дар охир шумо  миннатдор мешавед, ки ҳамаи амволамро гирифтанду 10-15 сол суд карданд, «агане  агар Ака намебуд, боз зиёдтар ҳам суд мекарданд». Ин қазия бояд дарсу омӯзаи хубе барои онҳое аст,ки ҷор мезананд “Крыша”и ма домоди пешво ё духтари ӯст! Хуб диққат диҳед қабл аз он,ки ҳамсарнавишти Ҳошим Каримов ва амсоли ӯ нашавед!

Ногуфта намонад, мабодо худи президент  мушкили шуморо фаҳмад ба ҳама китобҳои муқаддас қасам мехурад, ки шуморо намешиносад ё ҳамроҳи ягон кас як маротиба дидаанд. Бо ана ҳамин хел «крышагари» мардумро 30 сол шуд аҳмақ карда гашта истодаанд. Бадии кор дар он аст, ки ҳамаи ҳамин крышагариҳоро мардум бо чашмони худ  дида истода, боз дар навбат истодаанд, ки моро ҳам ҳамин тавр пуштибонӣ намоед. Ин гапҳои моро ҳама бо дил тасдиқ мекунад, агар бо забон гуфтан хатарнок ҳам бошад.  Бовари 100% дорам аз ҳамаи ин нағмаҳои атрофиёнаш, пуштибониҳо, ғасб кардани бизнесҳо, ноодилона кашокашу туҳматҳо пешво хабардор аст. Номумкин аст, ки дар як ҷумҳурии майда, бо ин қадар хешу табори зиёд, бо ин қадар органҳои қудратӣ, бо ин қадар хабаркашҳо, пешво бехабар бошад. Пешво мардуми аз синни 15-16 сола болоро мумкин аст ном ба ном, ё ин ки ақалан фарзанди кӣ буданашро донад, шубҳа надорем, барои он ки ӯ кори дигар хам надорад.

«Ҳошим Каримов бояд аз ҷурааш Азизулло Абдуллоев ибрат мегирифт. Ӯ ҳам то охир ва ҳатто баъди дастгир шудан 30 сол ҳукм гирифтан то ҳол дар он фикр аст,ки акаи Зоир Соҳибоваш хабар надорад. Барои он ки ҳамаи ҷумҳурӣ медонад, ки пуштибони Азизи домсоз ин Зоир Соҳибови домоди пешво буд. Вай баъд аз 10-15 сол мефаҳмад, ки «крыша» худаш ӯро супоридааст. Шояд дар маҷлиси оилавӣ ба хулосае омадаанд, ки овозаи Азиз баланд шуд, ӯро бояд  паси панҷара кард, чунки номи Зоир ба наркобаронӣ набарояд, аҷабе нест, ки худи Зоир супориш ҳам дода бошад ба ВКД, ин ҳама рӯзе аён мешавад!! Ба ҳама маълум аст,ки Зоир Соҳибов ВКД, Прокротураро курироват мекунад.»

Ин авлод ҳамаро вақти лозимӣ истифода мебаранд ва баъд ба ягон чуқурӣ тела мекунанд, оиди кидати оила садҳо мисолҳо дорем. Ҳошим ё Азизи домсоз кӣ ҳастанд, ки аз рафтори пуштибонҳо пурсиш кунанд. Фикр кунед, одамоне, ки Раҳмоновро ба сари қудрат оварданд чи шуданду ҳоло куҷоанд, инҳо хуб мефаҳманд, ки ҳеҷ кас дар ин замона то вақти муайян аз онҳо пурсиш карда наметавонад. Албатта, ин рафтору кирдорҳо мерос ва насиҳат аз пешво ба онҳо аст. Аллоҳ бузург аст, албатта, рузе миллати ғамдида бо чашмони худ ин шо Аллоҳ шоҳиди ҷазои онҳо мешавад.

Ҳошим Каримов ба раиси кумитаи андоз 200 ҳазор доллар пора дод

Ҳошим Каримов баъд аз чоп ва пахши видеоӣ, ба гуфтаи наздиконаш зиёда аз 500 ҳазор доллар барои як қисм корҳои худро тинҷ намудан ба баъзе кришаҳои майдааш ва органҳои Тоҷикистон  масраф кардааст. Фақат худи раиси кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло 200 ҳазор доллар маблағро гирифта насиҳат карда аст, ки кормандони ман ҳоло ба ширкатҳои ту чаққа намешаванд, «ту бра корҳоятро соз кун, агане гап зиёдай, роҳша биёв нанвисан» боз гуфтааст, ки агар «боло» супориш диҳад ман дигар илоҷ надорам. Аз як тараф  ҳаҷми фурӯши маҳсулоти дорувории Ҳошим Каримов  дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст, аз тарафи дигар тамоми он органҳое, ки ба  бизнесаш мусоидат мекарданд, ставкаро боло карда, илтимос доранд, ки пулро ба дасти каси дигар равон кун, худат наой назди мо,ки мода проблемаи калон мешавад. Ҳошим Каримов  ба дараҷае хасис аст ки ҳатман худаш бояд  пулро диҳад, розӣ нашуда истодааст. Ба гуфтаи хешу табораш ӯ вақти маблағдиҳиро ҳатман сабт ҳам мекунад, барои кадом рузе шояд лозим шавад мегуфтааст ва ин корро “крышачаҳакҳояш” ҳатто медонанд, калоно аз бало ҳазар гуфта шиштаанд.

Домоди «пешво» бо домоди аки «пешво» шарики ҷинояти фаромиллӣ

Тамоми корҳои ғайриқонуни гумрукии ӯро ба гуфтаи наздикони Ҳошим Каримов чанд соли охир бо супориши Ашраф Гулов, ҷонишини сардори  гумруки Тоҷикистон Ҳурматов Ислом домоди акаи президент иҷро мекардааст.

«Ҳошим Каримов вақте, ки ба Ҳурматов Ислом  муроҷиат менамояд, нисбати ба расмият даровардани 2-3 контейнери омада истода»мисли ҳарвақта» Ислом Ҳурматов  ҳатто то охир гӯш ҳам накарда маслиҳат медиҳад, ки ҳоло то нисбати ту ором шудани гапҳо борҳоятро свх (склад временное хранения) карда мон, баъд вазъиятро дида кор мекунем. Ва дигар гушакро қатъ мекунад, ба гуфтаи Ҳошим дигар то ҳозир ба алоқа набаромада аст.»

Аз тарафи дигар партнерҳои дар Москов буда ҳам каме худдорӣ намуда истодаанд аз ҳамкорӣ, гуё ба сари онҳо низ фишор аз тарафи роҳбарияти худ бошад.

Ҳошим Каримов дар чорсӯйи фишорҳо

Ҳошим Каримов ба хешу табор ва баъзе рафиқони худ маслиҳатҳо карда ба хулосае омад, ки об аз боло лой аст. Ба ӯ хабар доданд, ки дар маҷлиси оила ҷангҷол шудааст, ки нафари бегона ин қадар дорувориҳои куҳнаву арзонро дохил намуда даҳҳо миллион долларро аз пеши чашмамон бурда истодааст, бояд ин бизнес дар дасти одами наздиктар ба худамон бошад. Дар натиҷа ин бизнесро пурра ба «Авесто- Групп», ки аз наздикони Рустами Эмомалӣ мебошад гирифта дод. Дар Тоҷикистон 3-4 ширкати доруворӣ ворид мекарда ҳастанд, ки ҳама зери назорат ва наздикони оила мебошанд. Ҳошим Каримов ба гуфтаи худаш то индараҷа номард будани аъзои оиларо дар ақлаш ҷой намекард, ки бизнеси зери нигоҳубини оиларо ҳам боз аз даст бигирад, ҳол он ки солҳои охир ба гуфтаи Ҳошим аз 70% зиёди фоидаро онҳо мегирифтанд. Ҳоло сахт дар ташвиш аст, ки ба даҳҳо миллион доллар дар Тоҷикистон молу амвол дорад, оқибати онҳо чи мешуда бошад, аз ҳама асосаш солҳои дароз  бизнеси «перекидка денег», ки аз шаҳрҳои Русия бо Душанбеву  Истаравшану Хуҷанд хуб ба роҳ монда шуда асту тақрибан 40-50% тамоми пули аз Русия гузаронида мешударо назорат мекунад, ки аз ин бизнес аз 1% то 3% ҳаққи хизмат мегирад. Ин бисёр як миқдор ва ҳаҷми калон аст, чи мешуда бошад?! Инро ҳам ба касе гирифта медода бошанд, ё ин ки андозбандӣ мекарда бошанд, Ҳошим ҳайрон аст. Ин як тарафи масъала, тарафи дигари масъала Ҳошимро » генерали аждаҳори баднафс» Зоиров Ҷурахон зери фишори сахт қарор додааст, ки барои чи ту дар ҳама ҷой нақл кардӣ баъзе сирру асрорамонро. Масалан вагони гугирдчубро. Худат хуб медонӣ, ки ман 15-20 вагони гугирдчубу туалетный бумагаи туро чашм пушида сар додаам, ту бошӣ ба ҳама нақли ҳамон 150 ҳазор долларро кардаӣ.

Таҳдидҳои генерал Ҷурахон Зоиров ба Ҳошим ва баъзе дороиҳо ва корнамоиҳои ӯ

Ба гуфтаи Ҳошим генерал Зоиров Ҷурахон аз ӯ талаб  дорад аввал номашро аз «Ислоҳ» тоза кунад ва баъдан як суммаи калон гуё «за моральный ущерб» ба ӯ  пул диҳад. Зоир Ҷурахон ё “Шайтан генерал”  даъво дорад, ки вай яке аз намояндагони элитаи Тоҷикистон асту генерали ҳақиқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳоло корманди Академияи милли илмҳои Тоҷикистон мебошаду номи ӯ доимо то имрӯз ба некӣ гирифта шуда аст ва ӯро ҳамчун фарзанди бономус, дасти пок ва пушти тоза дошта, авлоди шоҳони Дарвоз ва содиқона ба давлату миллат хизматкарда мешиносанд. Дар ҳақиқат агар дар Сағирдашту Дарвоз нафаре вазифа гирад, ё ин ки каме бой шавад, масалан як Москвич ё Жигулии нав харад, албатта решаи худро ба решаи ягон шоҳони гузашта пайваст мекунаду дар охири номаш ҳатман ду -се ҳарфи дигар ба мисоли Шералӣ вақтҳои аввал, вале баъдан  Шералишо, Одилшо, Кишваршо ҳатман-шо ё шоҳро изофа менамояд. Онҳо то ҳозир ба фикрам хоб ҳастанд, ки 30 соли охир шоҳу шаҳзода ҳама дар Данғара асту онҷо таваллуд мешавад. Зоир Ҷурахон фикр мекунад, ки ӯ ягона генерал дар Тоҷикистон ҳасту ӯро бояд ҳама гуш кунад. Маслиҳати мо ҳамин аст ки бисёр дур наравад, биравад то қишлоқи Пушинги ноҳияи Данғара, ки тахминан 8-9 ҳазор аҳолӣ дорад, онҷо70 генерали ҳоло дар сари вазифа буда ҳастанд, ки бисёре аз онҳо баъд аз гирифтани рутбаи генералӣ, дар фикри ягон дипломи мактаби олӣ мешаванд. Зиёда аз онҳо то 35 солагӣ ин рутбаро мегирад, “худодод” ё “Раҳмондод” ҳастанд.

Зоиров Ҷурахон баъд аз ин мақола мисли девона шуда ба тамоми бизнесменҳову каме обруй дошта тоҷикони Русия занг зада таҳдиду фишорҳо ва ба разборҳои кучагӣ онҳоро тарсонида истодааст. Ва ваъда кардааст, ки кормандони МВД ва ФСБ-ро ба сарашон равон мекунад. Зиёде аз онҳо аз истеъдодҳои генерали баднафс хабардор ҳастанд, ки метавонад  барои пул шуда ягон «подстава» кунад, розӣ шуданд, ки маблағгузорӣ мекунанд,то ин  ки  «заказчик’-и мақоларо пайдо кунанд. Солҳое, ки Генерал шайтан Зоиров Ҷурахон намояндаи вазорати корҳои дохилӣ дар Русия буд, гирди худ як бандаи ҷинояткоронро гӯем ҳам хато намекунем, аз намояндагони бизнесу криминал ҷамъ карда буд, ки ҳар яке вазифаҳои худро доштанд,2-3 нафари онҳо бо насиҳату супоришҳои Зоиров Ҷурахон амал карда оқибат кушта шуданд, якчанд нафар зиндонӣ барои куштори 3-4 нафар солҳои дароз ба мисли Лутфулло Муҳаммадиев,  ва баъзе хушбахтараш просто банкрот шуданд. Яке аз дӯстони наздиктарини генерал Зоиров,ки намояндагони олами ҷиноӣ Яхшимуродов Шуҳрат (по кличке Шуха) ва дигаре Аҳмадов  Мустафо (по кличке Ахмед) пасу пеш дар назди хонаҳояшон бо 15-20 тири  аз автомат кушта щуданд, сеюмиро аз пешонааш парониданд. Ин аст натиҷаҳои ҳамкорӣ ва дӯстии онҳо бо генерал Зоиров Ҷурахон,баъзеашонро бо ҳамкорӣ бо генерал набахшиданд, дигаронашонро ба гуфтаи шоҳидон худи Зоиров Ҷурахон фурӯхта аст. Ин гапу корҳоро бисёре аз бизнесменҳо ва намояндагони олами ҷиноӣ хуб медонанд, ки генерал дар як вақти муайян  одамро мефурӯшад. Нисбати ин нафарони кушташуда ва чи гуна муносибатҳо бо генерал-академик доштаашон равшантар дар мақолаҳои оянда нақл мекунем. Аз ҳамин лиҳоз хавфи Ҳошим Каримов ҳам беасос нест. Худи Ҳошим Каримов  ҳаёти ҳамсинфи худро бо дасти ин генерали баднафс шикаста аст хуб мефаҳмад, ки ӯ ба хотири пул ба кадом роҳ тайёр аст, биравад ба ҳамаи ҳамин нигоҳ накарда, Ҳошим Каримов маҷбур шуд баъзе аз секретҳои байни худ ва шайтан генералро ба наздиконаш нақл кунад. Масалан ба гуфтаи Ҳошим таърихи 26/03 барои ӯ як рӯзи бадтарини сол аст. Чунки ин зодрӯзи шайтан генерали баднафс мебошад, ки аз соли 2008 то ҳозир, қариб 15 сол мешавад, ки зодрӯзи худро дар ресторанҳои беҳтарин, қимматтарин ва дар рейтинги топ-10 буда, ба 40-50 нафар одам мегузаронад ва худ ҳамчун меҳмони олиқадр 10-15 дақиқа пештар меояду албатта ягон камбудӣ пайдо намуда моро ҷангҷол мекунад ва то бастани шудани ресторан рақсу бозӣ, шаробнушӣ ва боз аз ҳисоби мо ягон шишагӣ нушокиҳои спиртии қиммат ба меҳмонҳои худ туҳфа мекунад, фикр мекунӣ хонаи падараш бошад ва дар охир миннатдорӣ ҳам накарда баромада меравад. Ҳар як зодрӯзи ин аждаҳор генерал барои мо аз 15 то 30 ҳазор доллар зарар меорад. Ҳамин сол 65 солагиашро  боз омада дар яке аз  ресторанҳои қимати Москва ба номи «Белуга» бо ҳамроҳии нафақахурони зиёди вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони СНГ қайд намуд. Ҳама ҳайрон, ки барои чи дар Тоҷикистон, дар назди аҳлу оилаат ҷашн намегирӣ, баҳона ин аст ки дар Тоҷикистон ин хел ҷашну маросимҳо манъ аст. Ғайр аз Ҳошим Каримов  боз даҳҳо нафар тоҷикони бо обруй омада дар назди дари ресторан табрик намуда туҳфаву конвертҳои худро супорида мераванд. Ғайр аз зодрӯзҳо доимо бо меҳмонҳояш дар ресторанҳои кавказиву шарқӣ вохуриҳо мегузаронад, ин ҳам аз ҳисоби тоҷикони Москва. Умуман аз ин каме беҳтар Девонаев Сафиалло буд, ки ӯ фақат пули нақд мегирифту баъди аз Русия баргаштан ба Тоҷикистон дигар ғам намедод.

Аз рӯйи нақлҳои баъзе дигарон генерали аждаҳор дар минтақаи «Бутоваи Москав» дар як Жилой Комплекси нав ду квартира ба масоҳати 320 кв метрро дар як площадка харида, евроремонт карда ба иҷора додааст. Ин хонаҳоро Ҳошим Каримов бо як бизнесмени дигар харида додаанд. Боз як ҳавлӣ- коттедж дар минтақаи Минский шоссе дар 25 км бо ёрии тоҷикони Русия сохта ҳоло якчанд сол мешавад ба ичора додааст.

Нисбати ба бизнеси «перекидка»- «ҳавола»-и пулҳои Ҳошим Каримов алоқамандӣ доштани Зоиров Ҷурахон ба воситаи домодаш Суҳроб, писари Маҳмадӣ Пиров  бо тахаллуси «тоқикалон», бародари Тоҷиддин Пиров ва чи қадар дар ин бизнес маблағи  гузоштааш нақл мекунем. Генерали баднафсро хотир расон намуданӣ хастем оиди 600 ҳазор доллари худро аз бонки «Тоҷиксодиротбонк»  гирифта ба бонки «Соҳибкорбонк»- ки раисаш Кабиров Одилшо, бародари Шералӣ Кабиров мебошад, гузоштааст. Зоиров Ҷурахон фаҳмид, ки вазъи «Тоҷиксодиротбонк» на онқадар хуб аст, бо тезӣ зиёда аз як миллион доллари худро гирифта қисми онро ба «Соҳибкорбонк» гузошт, баъд аз чанд вақт фаҳмиданд, ки «Соҳибкорбонк» ҳам ба  Оила, аниқтараш ба дасти Ҳасан Асадуллозода гузашта истодааст аз он ҷой низ ба тезӣ пули худро баровард. Мо аз ин гуфтаҳо чи мақсад дорем? Мақсади мо ҳамин аст, ки генерал Зоиров Ҷурахон худро ин қадар поку покиза ва ҳоҷиву доктори илмҳое, ки фақат ба халқ хизмат карда метарошад, савол ба миён меояд, ки ин қадар маблағҳоро аз куҷо ба даст овардааст, бо ин хел маошҳои хандааовар.

Дар бораи се квартираи дар Душанбе ба иҷора додаашу ба зани дуввуми худ ҳавлии калони сохтааш ҳоло гап намезанем.

Дар бораи 300 га замини дар Муминобод ва 100 га замини дар Сағирдашт гирифтаи Зоиров Ҷурахон ба воситаи Шералӣ Кабиров нақл менамоем. Фикр кунед, ки одами аз хама пок ва содиқона ба халқ хизмат карда, соҳиби чи қадар дороист.

Генерал Ҷурахон Зоиров пас аз нашри матлаби аввал ба бемории васвос мубтало шудааст

Мақолаи пештара чунон ба генерали баднафс таъсир намудааст, ки ду -се маротиба соатҳои ҳафти саҳари сару либоси генералии худро пушида то назди дарвоза рафтааст, ки   ба ВКД ба кор меравад. Бечора ҳамсараш гуфтааст «мардак худат 7-8 сол шуд дар нафақа ҳастӣ» шайтан генерал Зоировро ба хона бар гардонидааст. Бовар дорем фарзанде, ки имрӯзҳо дар ВКД кор мекунад аз хатоиҳои падар дарс меомузад.

Зоиров Ҷурахон  назар ба дигар генералҳои ин режим бо ин қадар камбудиҳояш боз тозатар аст. Мисолҳо хеле зиёданд, нисбати генералҳои  ин ҳукумат. Чи хеле худи Раҳмонов мегуяд  «фаромӯш накунед, ки ман шуморо аз оғилу замини саҳро оварда лампас пушонидаам»,дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳастанд.

Ҳошим Каримов кидат шудааст

Аммо, ҳоло вазъияти Ҳошим Каримови наркобиотик -партнери бизнеси доруи Ашраф Гулов -шавҳари Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, сафири Тоҷикистон дар Туркия хеле бад шудааст. Ашраф ӯро дигар барои идомаи тиҷорат ба Туркия даъват намекунад ва дар дорухонаҳои Тоҷикистон ҳам сару садоҳову овозоҳо бо суръати бод паҳн шудааст,ки доруҳои аптекаҳои уротеппагӣ «фалшивий» будааст ва барои ҳамин як бора фурӯши онҳо ба замин задааст. Қабл аз омода намудани ин матлаб як назарсанҷӣ дар чанд минтақаҳои кишвар, ки онҷо доруфурӯшиҳои Ҳошим Каримов буданд ё баста шудаанд. Пурсидем чихел баста шудаанд, оё касе болояшон фишор овард,ки баста кунанд? Дар посух гуфтанд,ки на мардум фаҳмиданд,ки доруҳои муҳлатгузашта фурӯхта мешаванд касе харидани намеояд ва дигар худашон маҷбур ба бастани онҳо шудаанд. Яъне матолибу барномаҳои “Ислоҳ” мисли соиқа нашру паҳн мешаванд ва мардум хубро аз бад ва зарарро аз фоидаашон ташхис мекунанд.

Поёни бахши дуввум, идома дорад ва то шаш матлаб тақрибан омода ба нашр аст.

Ps: Феълан чанд маълумоти ҷонибӣ аз амалҳои Ҳошим Каримов ба “Ислоҳ” расидааст. Маълумотҳои ҷолиби дигаре аз Ашраф Гулови додмод пошо ва ваҳшату изтиробҳои ин сафири Кабир,ки хело ҷолибанд.Инчунин аз генерал Ҷурахон Зоиров вале онҳоро бояд тасдиқ намоем,ки то чи андоза сиҳат доранд. Барои мисол як маълумоташ чунин аст: “Доруҳое аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешаванд қисме аз он дар дорухонаҳои худи Ҳошим Каримов тақсим ва фурӯхта мешаванд ва қисми дигараш ба дорухонаҳои “Сифат-Фарма»и Парвина ва Ашраф Гулов ворид мешаванду фурӯхта мешаванд. Агар ин ҷиноят тасдиқ шавад хело мудҳиш аст. Доруҳои муҳлатгузаштаро духтар ва домоди “Пешво” ба мардум мефурӯшанд,то пул кор кунанд” Ҳатман пас аз тасдиқ шудан онҳоро низ дар шумораҳои баъдӣ тақдим хоҳем намуд. “Ислоҳ”, то имрӯз ҳеҷ касеро туҳмат накардааст ва ҳама ончи нашр менамоем ҳатман месанҷем ва таъкид мекунем, пас аз он нашр менамоем. Дақиқан ин матлаб ва матолиби баъдӣ ин шо Аллоҳ бо шаклу омодасозии чуноне гуфтаанд “Голевудӣ” тақдими бинандагон хоҳад шуд. Бо “Ислоҳ” бошед, то ҳамаи ин моҷароҳои ҷолибу ҷиноятӣ бештар огоҳ гардед!

Сообщение Ҳошим Каримови «НАРКОБИОТИК «-ро“крышаҳо”яш кидат карданд появились сначала на ISLOH.net.

Ҳоҷӣ Ҳошим Каримов бо тахаллуси «НАРКОБИОТИК» кист?
Ё «Наркобиотик» бо Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов чи алоқа дорад?

(бахши аввал)

Имруз дар бораи оилае ба шумо маълумот пешниҳод менамоем, ки ӯ ҳам ба «Оила» худро наздик намуда ҳамроҳ бо хешу табор ва духтарони президент то айни ҳол тамоми ҷиноятҳояшро содир намуда истодааст ва дар давоми зиёда аз 25 сол дороиҳои бисёре ба даст овардааст. Албатта, фарзандони Тоҷикистон дар ватани бегона ба ягон қуллаҳои баланд расанд ё соҳиби нуфуз, соҳиби молу мулк шаванд, мо фахр мекунем, аммо шуморе аз онҳо берун аз ватан ҳам зиндагӣ намоянд, асоси бизнес ва манбаи даромадашон Тоҷикистон мемонад.Қаҳрамони имрузаи мо низ аз ҳамин тариқа инсонҳо мебошад.

Ҳама дар ёд дорем, ки соли 2020 касалии COVID-19 дар тамоми дунё паҳн гардид ва миллионҳоро аз байн бурд. Тоҷикистон то охир дар мо ин касалӣ нест гуфта садҳо нафар одамонро гуиё кадом сирри давлатӣ бошад беиштироки наздиконашон гуручуб намуданд. Ҳол он ки тамоми дунё кушоду равшан дар ин бора маълумот медод ва бо доруву ҷойҳои махсуси табобатӣ таъмин менамуд. Дар Тоҷикистон бошад акси ҳол ҳама махфӣ, шифохонаҳо мардуми оддиро қариб, ки қабул намекарданд ва имрӯз ҳам намекунанд, дар аптекаҳо барои доруворӣ одамҳо навбат, нархҳо дар осмон,доруҳои санаи истеҳсолаш номаълум ҳамаро пур кардааст, ягон назорат аз тарафи ҳукумат нест, умуман як даҳшат, касоне, ки бо бизнеси доруворӣ машғул буданд ба «худодагон» дар мусибати мардум табдил  ёфтанд.

Яке аз ҳамин нафарон оилаи Каримовҳо бо сардории Ҳошим мебошад. Дар давраи коронавирус ин нафар ба даҳҳо миллион доллар дорувориҳои сифати паст дощтаи истеҳсоли Русияро ба Тоҷикистон  ворид намуда дар Хуҷанду Душанбе то ҳозир фурӯхта истодааст. Аз як тараф кори хуб аст, ки ба Тоҷикистон доруворӣ дохил намудааст, аз тарафи дигар бадии кор дар он аст, ки Ҳошим Каримов доруҳои муҳлати масрафашон гузаштаро аз Русия бепул ва бо нархҳои ночиз гирифта ба Тоҷикистон  ворид месозад. Ва он доруҳоро на чун дору, балки ҳамчун салфеткаву туалетний бумага дар гумрук санад мекунад ва бо нархҳои даҳҳо маротиба арзонтар ба расмият медарорад (растаможка). Албатта бо маслиҳат бо гумрукчиҳо ин корҳо анҷом меёбанд. Масалан арзиши як вагон доруворӣ ҳудуди 400-500 ҳазор доллар мебошад, ё ин ки арзиши як мошини фура дар ҳудуди 150 -250 ҳазор доллар, албатта, вобаста аз номгуи доруворӣ  ворид мешавад. Худатон фикр кунед, ки аз ин ҳаҷми маблағ тахминан 18-20%  барои буҷаи давлат ҳамчун андозҳои ҳархела бояд ворид шавад, лекин дар инвойс ҳамагӣ ба маблағи 15-20 ҳазор доллар салфеткаву туалетний бумага навишта ба буҷаи давлат 2-3 ҳазор доллар маблағ месупоранд. Ҳамаи ин амалиётҳои хиёнаткорона бо дастгирии «криша»-ҳояш ба анҷом мерасад, ки аъзои «Оила» ҳастанд. Ҳошим худ зодаи Уротеппа-Истаравшан аст. Лекин  ба гуфтаи бародарон Каримовҳо ҳамаи пуштубонҳояш хешутабори пешво аз Колхозободу Данғара мебошанд. Бе пуштибонӣ ва дастгирии хешутабори президент номумкин аст, ки ин хел ҷиноятҳои ниҳоят калон ва хатарнок барои ҷамъиятро содир намуда беш аз бист сол беҷазо монед.

Каримов Ҳошим бо аҳли оилааш зиёда аз 25 сол мешавад, ки дар шаҳри Маскави Русия зиндагӣ мекунад. Каримовхо якчанд акаву додаранд, ғайр аз Ҳошим ва писаронаш Насиму Анис боз бародарон Олим, Абдураҳмон, Додочон ва писарони онҳо. То якчанд соли охир дар бизнес ҳама якҷоя буданду Ҳошим бо падараш роҳбарӣ менамуданд. Дертар байни акаву додарон пишаки сиёҳ гузашту ҳама бо якдигар душману ҷангӣ шуданд, бизнесҳо байни ҳамдигар тақсим, байни оилаҳо рафту омад нест. Фарзандон низ бо якдигар душманӣ ва ғайраву ғайраҳо. Албатта, баъд аз ин ҷангҷолҳо бо пуррагӣ сирру асрори бизнес ва ҷиноятҳояшон руи об баромад. Мо, умуман кордор набудем, то он лаҳзае, ки зарари ба мардуми оддии тоҷикистонӣ расонида истодаи ин оилаи “ҳоҷиён” ниҳоят калон намебуд. Аз ҳамин лихоз, вақти зиёде аз паси ин соҳибкорони «маьруф» як гуруҳ фарзандони дилсузи миллат ва фаъолони ҷомеа маълумоти лозимиро ҷамъ намуданд.

Зиёда аз бист сол шарики бизнеси Ҳошим ин Абдуллоев Азизулло, бо тахаллуси «Азизи домсоз» ва Фарҳод ном ҳамсинфаш  мебошанд. Ҳошим асосан аз бизнеси маводи мухаддир «героин» шуруь намуд, вале дар назди мардум ва бародарони худ гуё ба фурӯши дорувори «фармацевтика»  машғул  мебошад. Дар назари мардум ҳамчун ҳоҷӣ ва соҳибкори ҳалолкор, ҳамин тавр ҳам тавонист нишон диҳад.

«Дар бисёр давлатхои дунё яке аз ҷиноятҳои бузурге, ки ба он ҳукми қатл татбиқ карда мешавад, ин истеҳсол ва фурӯши доруворие, ки худсоз ё муҳлаташ хеле гузашта мебошад.  Аз рӯйи гуфтаи наздикони Ҳошим, дар давоми солҳои охир ӯ фақат ва фақат дорувориҳои муҳлати истифодааш гузашта ва дар сехҳои вилояти Маскав бидуни иҷозатнома истеҳсолкардаи худро ба Тоҷикистон ворид мекардааст. Бисёртар дорувориҳое, ки дар Тоҷикистон  аз тарафи дигар истеҳсолкунандагон дар вазорати тандурустӣ номнавис шудаасту бозори хуб доранд, айнан копияи ҳамонро дар сех- лабораторияҳои дар Русия доштаи худ истеҳсол ё ин ки қуттихояшро иваз карда ба Тоҷикистон ворид менамудааст, (видео ва аксҳояш дастраси “Ислоҳ”шудааст). Албатта ҳамаи номгуи доруворӣ, миқдори воридоти онро бо копияи  ҳуҷҷатҳои гумрук, ки ҳамчун дигар маҳсулот ворид гаштаанд, пешкаши бинандагони муҳтарам менамоем. »

Тахминан солхои 2006-2007як вагон маҳсулоти аз Русия омадаро кормандони милитсияи раёсати нақлиёти Душанбе бо гумони моли қочоқӣ зери назорат гирифтанд. Дар вақти санҷиш маълум гашт, ки дар борхати вагон  гугирдчуб (спички)навишта шуда буд. Лекин  дар вақти вагонро кушодан маълум гашт, ки фақат қатори охири вагон гугирдчуб буда боқимонда ҳама дорувориҳои гаронарзиши хориҷиву Русия мебошад. Дар рафти тафтиш маълум гашт, ки вагон ба Каримов Ҳошим тааллуқ дорад. Дере  нагузашта ба назди сардори раёсати нақлиёти ВКД ҶТ генерал Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович муфаттиши калони прокуратураи генерали ҷумҳурӣ Баҳром Файзиев омада гуфтушунид оиди озод  намудани вагонро бе оғози ягон парванда шуруъ намуд. Аз рӯйи гуфтаи Ҳошим Каримов бо «генерали аждаҳои баднафс» масъаларо ба маблағи 150 ҳазор доллари ИМА, писарамаки Ҳошим, собиқ корманди прокуратура Баҳром Файзиев ҳал намуд.

Генерал Зоиров Ҷурахон  аз солхои 2006 то имрӯз бо Ҳошим Каримов рафиқии наздик дорад, ва дар вақти намояндаи ВКД дар Москва буданаш доимо якчоя буданд ва хамаи хизматҳои ин генерали «носерам»ро ба зимаи худаш гирифта буд .. Хошим Каримов аз як тараф таьриф мекунад, ки Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович кор буд кун аст, аз тарафи дигар мегӯяд ки хуни одамро мемакад ин генерали баднафси хабис ва ошкоро аз баднафсии ӯ мегӯяд. Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович ҳангоме,ки сардори академияи ВКД буд маълумотҳои дақиқ ва санҷида шуда дар «Ислоҳ» вуҷуд доранд , ки  ставкаҳо аз 500$ то 5000$ боло рафта буданд. Бо дахолати баъзеҳо,ки ҷузъиёти ин афрод ҳам дар Ислоҳ маҳфуз аст, Зоиров Ҷӯрахон Маҷидовичро ба дигар вазифа гузарониданд.

Албатта он маълумотҳое ба мо расида нисбати ин генерал инҷо Каримов Ҳошим дуруст мегӯяд ӯ воқеан як коррупсионери гузарое ҳаст. Дар мавриди генерал Зоиров Ҷӯрахон дар матлаби алоҳида хоҳем гуфт.

«Инчунин дар мавриди Давлатов Далер хусурбачаи Рустами Эмомалӣ ва дороиҳои ӯ, истироҳатҳои ӯ дар Маскаву Қрим, Туркия, Белорус ва пулҳои бохтааш дар казиноҳо. Даромади рӯзонаи Далер ҳамчун сардори дидбонгоҳ 210 ҳазор доллар ва боз…..Ҳар сари чанд вақт бо ном “сафарҳои корӣ” гуфта ба чи корҳо машғул буданаш?. Чи гӯна пора гирифтанҳояш матлаби муфассале тақдим мекунем. Бовар дорам дар бархе ҷиноятҳои Далер Давлатови хусурбачаи Рустам, ангушти ҳайрат хоҳед газид.»

Ҳошим Каримов новобаста аз он ки ин қадар молу мулки зиёде дорад, бисёр марди хасис аст. Аз ҳамон рӯз  ба миёнаравии бачаи амаки худ шубҳа пайдо намуд, ки гуё 50-60% пулро ба худаш монд. Ҳол он ки солҳои аввал пуштибони сахти Ҳошим Баҳром Файзиев буд. Бо рафти замон Ҳошим Каримов бо бисёре аз аъзоён ва хешу табори президент шиносоӣ пайдо намуда, бо як туҳмати руирост Баҳром Файзиевро аз додситонӣ пеш кард, қариб буд зиндон ҳам кунад. Фақат ба хотири он ки Баҳром насиҳат кардааст, ки «худоба шукр гӯй, ки хеле сарватманд ҳастӣ, ба ҷиноятҳои қочоқи маводи мухадир (героин) ва қочоқи доруворӣ машғул нашав ва бо нафарони героинфурӯш дустиатро қатъ намо, ки ман дар  оянда ба ту ёри дода наметавонам».  Ҳошим,ки аллакай худро хеле устувор ҳис мекард, Баҳром Файзиевро бо як туҳмати хандаовар ба воситаи пуштибонҳои дар ФСБ- и Москва доштааш дар як амалиёт ҳамроҳ намуда ӯро аз прокуратура ронда аст. (Асли воқеъаро дар мақолаҳои дигар муфассалтар аз забони шоҳидон нақл мекунем)

Ҳамин тавр Ҳошим Каримов бо Ашраф Гулов домоди президент шиносоӣ ва ҷурагӣ пайдо намуд.   Ба гуфтаи худаш Ашраф Гулов домоди Эмомалӣ Раҳмонов яъне  шавҳари Парвина Раҳмонова мебошад дар Маскав бе ҳамроҳии Ҳошим Каримов ягон меҳмонӣ ё хурокхурӣ намерафтааст. Зани Ашраф Парвина духтари Раҳмонов ҳоло пуштибони тамоми бизнеси Ҳошим дар Тоҷикистон будааст, махсусан бизнеси доруворӣ. Чунки Парвина худаш дар вазорати тандурусти раёсати дорусозии онро бар уҳда дорад ва ҳамчунин вай раиси Ассосиатсияи  фарматсевтҳои Тоҷикистон мебошад ва дар Хуҷанд дар ду соли пеш як коргоҳи тавлиди доруро бо номи «Сифат-фарма» кушод. Дар Тоҷикистон тамоми воридоту содироти маводди доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши он ва тамоми дорухонаҳои Тоҷикистон зери назорати Парвина мебошад. Барои ҳамин Ҳошим рост ҳам мегуяд, контроли бизнеси дорувориро аз «Оила»  Парвина  дар даст дорад. Ҳоло бошад Ашраф Гулов ва оилааш гӯйё аз Ҳошим Каримов  илтимос доранд, ки ба Туркия кучида рафта, онҷо ҳамин бизнесҳоро ба роҳ монад, зери нигоҳубини сафорати Точикистон бо корти дипломатӣ, ки ҳеҷ кас ҳуқуқи ба Ҳошим халал расонидан надошта бошад. Ҳошим холо дар фикр аст.

«Тибқи гуфтаҳои худи Ҳошим Каримов: Ашраф Гулов ҳавли ва дигар амволҳояшро дар Москав нигохубинашро  ба ӯ вогузор намудаастю  Ҳошим Каримов бо гуфти худаш ин ҳама дороиҳои дар Русия доштаи Ашраф,ки Парвина аз онҳо огоҳи надоштааст якҷоя бо худаш дар тиҷоратҳои якчоя анҷом додаашон харидаанд. Аз онҳо танҳо ҳарду медонистаанду тамом.»

Ғайр аз Ашраф ва Парвина, Ҳошим боз бо оилаи Соҳибовҳо ҳам муносибатҳои бизнесӣ доштааст. Ба гуфтаи хешу табораш шиносоии Ҳошим Каримов бо Маҳмадулло Соҳибов вақти табобати Соҳибов сар шудааст. Гуё Ҳошим Каримов табобати ӯро пурра маблағгузорӣ карда ва худи ӯро нигоҳубин намуда, то рӯзи вафоташ рафтуо доштааст. Ба хотири ҳамин фарзандон ва наздикони Маҳмадулло Соҳибов Ҳошимро одами наздики худ қабул намуда ба тамоми бизнесҳояш дар Тоҷикистон «зелёний коридор»  додаанд.

Ҳошим Каримов  дар Душанбе ва Хуҷанду Истаравшан калонтарин аптекаҳои фурӯши яклухт (оптовий) дорад, ки писараш Анис ва бародараш Абдураҳмон кори онҳоро пеш мебаранд. Писари дигари Ҳошим дар Маскав лабаротрияи истеҳсоли доруҳои дар Тоҷикистон  бозоргир ва дорувориҳое, ки аз заводҳои Русия бо тарзи ройгон мегиранд, иваз намудани қуттиҳояш (переупаковка) ,ки  муҳлаташ кам ё ин ки гузаштааст, машғул мебошад. Дар Русия заводҳои истеҳсоли доруворӣ ҳамроҳи Ҳошим Карим солҳои дароз ҳамкорӣ менамоянду тамоми доруҳое, ки якчанд сол пеш вазорати тандурустӣ аз истеҳсолот  гирифта шударо ҳам ба Тоҷикистон равон мекунанд. (рӯйхати ин ҳамаро дар даст дорем) Доруҳои муҳлаташ гузаштаро мувофиқи қонун бояд «утилизасия» кунанд, лекин ба воситаи Ҳошим Карим ба Тоҷикистон  равон мекунанд. Дар фикри саломатии мардуми тоҷик ҳеҷ кас нест, асосаш пул пайдо намудан аст ва ба ҳоли саломатии ин миллат ва мардум ҳеҷ ниҳоди назоратие нест. Мақоли тоҷикӣ аст: “гур сузаду дег ҷушад”-ро мемонад. Ҳар соле ба миллионҳо доллар дорувориҳои «списат»- шударо аз амбори захираҳои давлатии Русия (госрезерв) Ҳошим ба қиматҳои ночиз ва хандаовар харида мегирад. Агар Ҳошим Каримов  аз онҳо нагирад, маҷбур ҳастанд пул масраф карда он дорувориҳоро утилизасия кунанд, ки ин барои онҳо харҷу масрафи зиёд дорад. Ба гуфтаи хешу табор ва кормандонаш даҳҳо тонна дорувориҳоро ба маблағи 3-4 ҳазор доллар аз амборҳои шаҳру вилоятҳои Русия ҷамъ мекунад ва онҳоро ҳамчун доруҳои аълосифат ба Тоҷикистон оварда ба миллионҳо доллар мефурушад, гӯйё хеле арзон назар ба дигарон!! Фақат дар давраи пандемия тақрибан ба 30-35 миллион доллар доруворӣ дар Точикистони камбағал савдо кардааст!! Худатон хуб фикр намоед, бе ягон сомонӣ супоридани андоз ва гумрук !!! Албатта, ҳақи андоз ва гумрукро одамони лозимӣ мисли Парвина ва Ашраф гирифтаанд.

«Баъд аз таҳлилу омухтани ин ҳолатҳое, ки имрӯзҳо дар фармасевтикаи Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, маҷбур шудем ба идорае, ки дар Русия  истехсол, сифат ва фурӯши дорувориро назорат мекунад, «Федералная служба по надзору в сфере здравоохранения (Росздравнадзор)» ба роҳбараш Самойлова Анна Владимировна муроҷиат намоем, ки Русия то кадом дараҷа назорати дорувориро ба роҳ мондааст, ки тамоми  партова (отход) ва доруҳои зараровари худро иҷозат медиҳад, ки ба Тоҷикистон содирот карда шавад. Бовар кунед, ки  баробар аст Ҳошим Каримов героини афғониро дар Тоҷикистон  бимонад, одамон камтар заҳролуд мешаванд, назар ба он ки бар ивазаш доруҳои токсинааш баланди заҳролудро  ба хотири пул ворид намояд.»

Бовар кунед ин факту далелҳои овардаи мо 5% -и ҷинотяҳои бизнеси оилаи Каримовҳо нестанд. Зиёда аз 50 объектҳои калони хусусӣ (рӯйхати он дар дасти Ислоҳ маҳфӯз аст) дар Тоҷикистон дорад. Аксарияти онҳо дар ду -се соли охир харида ва сохта шуданд. Аз ҳама аҷоибии кор дар он аст,  ки шарики бизнесиаш аз солҳои  2002-2003 ин Азизулло Абдуллоев бо тахаллуси  «Азизи домсоз» мебошад, ки дар Хуҷанд ду хонаи баландошёна ҳар яке бо 65-70 квартирагӣ сохта ба анҷом расонидаанду ягон хонаашро нафурухтаанд. Зеро зарурияти пул нест. Ду хонаи баландошёна дар Душанбе ҳамин тавр ба итмом расида истодааст. Ҳамроҳ бо Азизулло дар вилоятҳои Русия солҳои охир 10-12 мағозаи аз 100 кв.м то 1000кв.м, 15-20 хонаву амборҳои калонро харида ба иҷора додаанд (рӯйхат ва аксҳояшонро дар барномаи ин матлабдар “ИСЛОҲ ТВ” мебинед). Дар Истаравшан як поликлиникаи панҷошёна бо тамоми таҷҳизот ва ҷойи хоб барои 50-60 нафар доранд, ки ақалан як одамро дар давраи пандемия бепул  табобат накарданд, ғайр аз хешу табори роҳбарони шаҳр. Як заводи хиштбарории калони замонавиро, ки корҳояш хеле хуб буданд, бо фишору зуроварӣ аз тарафи органҳои қудратӣ ва  авлодони президент аз язнаи худаш кашида гирифта ҳоло соҳибӣ дорад. Бар замми ҳамаи ин бизнесҳо, солҳои дароз, шояд хато накунем 50-60% интиқоли  маблағҳо аз Русия  ба Тоҷикистон бо роҳи сиёҳро, яъне перекидка-ҳаввола Ҳошим Каримов бо писаронаш анҷом медиҳад, ки ин бизнес ҳам садҳо ҳазор фоидаи соф меорад, вале «андозаш»-ро  ба гуфтаи писараш Насим ба Колхозобод ва Ашраф  месупоранд.

«Дар Тоҷикистон  гӯйё дилери асосии 20-30 ширкати русиягии равғанҳои мотори мошинро бародари Ҳошим Олим дар даст дошта бошаду воридот мекунад. Ин ҳам мисли дорувориҳои сифаташ паст ва «подделка» мебошад, ки дар яке аз амборҳои ва дар шаҳри Тула ба зарфҳо рехта мешаванд. Ҳама аз як систернаи калон ва як навъи руғани пастсифат асту фақат номҳояшон дигар. Ин бизнес ҳам солҳои дароз дар дасти ин оила аст.»

Нисбати рафторҳои паст ва ноҷавонмардонаи Ҳошим гуфтанихо хеле зиёданд. Яке аз онҳоро нақл мекунем, аммо бидуни ном.3-4 сол пештар Ҳошим аз  зани дуввум ё сеюмаш ҷудо ва бо ду фарзанд ӯро аз хона меронад. Мегуяд, ки хонаро ба 18 ё 20 000$ фурӯхтааст ва зан бояд баромада равад. Бо ин қадар дороӣ, бо ин қадар бизнесҳои калон доштан, як хонае, ки аз нархаш маълум аст на онқадар  боарзиш бо ду фарзанд мефурӯшад. Ин тамоман пастӣ ва номардӣ!!! Канӣ он ҷавонмардии тоҷикӣ?!!! Албатта бо иҷозат ва розигии ҳамсараш дар мавриди муносиб мавқеъи манзил ва ному насабашонро менависем. Комилан ҳама ҷузъиёт ва ҳолати ба амал омадаро дар даст дорем.

Боз дар бораи як таърихчаи Ҳошим бо як дӯсту рафиқаш, ки ҳоло дар чи ҳол мебошад хоҳем гуфт. Ӯ ҳам мисли Азизи «домсоз» дар як вазъияти нохубе қарор дорад.

Фарҳоди ҳамсинфашро аз аввал бо бизнеси героин вобаста карда ваъда дода будааст, ки чи ҳолате нашавад, ту маро нафурӯш ман туро кашида мебарорам ва хуб роӣ мекунам. Фарҳод бачаи камбағал, лекин нотарсу чолок розӣ шуда ба ин роҳ рафт. Як маротиба дастгир карда буданд. Дар ҳақиқат дар муддати як сол Ҳошим кашида бароварда буд. Лекин маълум мешавад, ки ҳеҷ ягон ёрдам ба зиндагиаш накарда будааст. Барои он ки Ҳошим Каримов ниҳоят сахту хасис аст. Умуман ба ягон корафтода ёрӣ намерасонад. Ёрӣ ҳам расонад бо фоизҳои баланд  пул медиҳаду дар соати муайян назди қарздор ҳозир мешавад. Фарҳод баъд аз озод шудан қаҳр карда ба Тоҷикистон  баргашт. Баъд аз якчанд вақт боз бо зораву нола Ҳошим Фарҳодро ба Маскав даъват карда вазифаи пештараашро бо ҳаҷмҳои калон барои давом додан ҳамчун ҳоҷӣ дуо дод. Ӯ бозори наркотикаро хуб мефаҳмид. Корҳо бо ёриву дастгирии Ҳошим ва Азизи «домсоз» хуб ба пеш рафтанд. Лекин боз дар байни Ҳошиму Фарҳод нисбати маблағ ҷангҷол хест. Фарҳод ба хулосае омад, ки Ҳошим на фақат барои ӯ, балки барои бародарони худ қарзро бе протсент намедихад. Барои ҳамин аз Ҳошим ҷудо ва аз паси кори худ шуд. Ҳошим Каримов, албатта,ба  ин рафтори ӯ тоқат накарда Фарҳодро дар муддати кутоҳтарин ба ФСБ бо ҳаҷми калони героин супорид ва ба 20 сол аз озодӣ маҳрум шуданаш мусоидат кард. Ҳоло бошад Фарҳод дар зиндони шаҳри Красноярск адои ҷазо дорад. Ҳамсинфаш Фарходро бори аввал бо як маблаги калон аз зиндони Россия Генерал Заиров Ҷӯрахон халос карда будааст, ва баъд аз вайрон  шудани муносибати Ҳошим Каримов бо Фарход, бо илтимоси боз ҳамин Хошим Каримов Генерали қаллоб Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович ба солхои дароз бо маводи мухаддир зиндонияш карда будааст, то аз роҳи Ҳошим Каримов яктараф шавад. Дар умум ҳамаи  хоҳишу фармонҳои Каримов Хошимро Генерал  Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович ичро мекардааст. Дар Русия зиёда аз 95% тоҷиконро тоҷикони дигар шикаст медиҳанд ва ба органҳои қудратӣ месупоранд.

Нисбати  Ҳошим Каримов маводу маълумотҳо, навору аксҳо ва аудиё сабтҳои зиёде ҷамъоварӣ шудааст, ки дар маталабҳои оянда муфассалтар баён мекунему ба намоиш мегузорем. Махсусан фактҳое, ки нишон медиҳад Ҳошим Каримов чи гуна Парвинаи Раҳмоноваро дар масъалаи нархҳо фиреб карда пулҳои зиёдеро аз ин ҳисоб аз они худ кардааст.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҳамаи онҳо огоҳи ёбед….

Сообщение Ҳоҷӣ Ҳошим Каримов бо тахаллуси «НАРКОБИОТИК» кист? появились сначала на ISLOH.net.