Архивы Хуршед Мирзоев - ISLOH.net

Семейка news №29
Кони тиллои Фарзона ва бӯстонсарои Сомонро «Ислоҳ» ифшо кард

Маҷаллаи ҷадиди «Семейканюс» аст, ки ин бор ҳам бо хабарҳои «обрнарехта» ва ҷазу доғ ва ҳамин тавр гузоришҳои ифшо ва ошкоркунанда аз зиндагӣ ва фаъолияти аъзои ин «Семейка»-и барои ҳамаамон маълум такмил шудааст, ки феълан дар дастраси якояки шумо дӯстону нодӯстон қарор медиҳем.

Дар хабарҳо аз Азизмои газетхонаку ҳавзи гулмоҳиҳояш, аз Сомону бустонсарояш аз Фарзонаву кони тиллояш, зан, писар ва духтари Раҳмонов-главар «Семейка» дар дараи Ромит мегӯем. Ва шумо хоҳед фаҳмид, ки Раҳмонов-главар «Семейка» чи гуна Ромитро бахшу тақсим карда ба аъзои оилааш додааст ва хоҳед фаҳмид, ки ончики мегӯяд соҳибкорҳо фалон-фалон чизҳо сохтанд ва Раҳмонов рафту ин иншоотҳо, масалан ҳавзҳои моҳӣ ва ё меҳмонхонаро ифтитоҳ кард, дурӯғ ва чашмбандие беш нест. Дар ин шумора дар бораи як ҷияни «весавой»-и Муҳиби бародари Азизмои газетхонак ҳам маълумоте дорем.

Ин бор низ бародарон Дилшод ва Даврон Ҷӯразодаҳо, рафиқони хуби хуби Рустами Эмомалӣ, қаҳрамони марказии моҳномаамон интихоб шуданд. Аз ин гузориш бохабар мешавед, ки ин ду бародар дар сар чи фикру хиёлҳое доранд ва чаро тиҷоратҳои миллионмиллион долларии худро ба Тошканд кӯч медиҳанд. Ва, иллати мухолифати онҳо бо Ҳасан Асадуллозода ва Хуршеди Мирзо дар чист?

Ва, ҳоло шурӯъ мекунем бо «Ахбор»-и Семейканюс

Ҳавзҳои моҳии Азизмои газетхонак дар Ромит

«Моҳи сентябри соли 2020 дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Эмомалӣ Раҳмонов ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ кард».

Тамоми расонаҳои онрӯзаи Тоҷикистон бо зикри ин хабар афзуданд, ки «ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардид.

Дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, моҳиҳои гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), дарёӣ (речной) ва тиллоранг (янтарний)  парвариш карда мешаванд.

Барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад».

Бинобар ин хабар  «соли 2020 дар ҳавзҳои мазкур 30 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шуда, соли 2021 бошад, дар нақша аст, ки беш аз 60 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ, ки роҳбариашро соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов ба уҳда дорад, бо Ширкати «Алераква»-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯрокаи моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд. Дар вақти сохтмони маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии «Баҳор» зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд. Акнун баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ 50 нафар ба кор ҷалб шуданд. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст».

Дар ҳамин қисмати дараи Ромит дар масоҳати 7 гектар аз тарафи як соҳибкори дигар бо номи Комилҷон Ғаниев, ки аз Муминобод будааст, боз чанд ҳавзи парвариши ин навъҳои моҳӣ сохта шудааст, ки онҳоро ҳам зимни ин сафараш Раҳмонов ифтитоҳ кардааст. ҶДММ-и Комилҷон Ғаниев «Меҳвари Душанбе» ном доштааст.

Ва, аммо воқеият чӣ аст? Дар ҳақиқат ин ду соҳибкор соҳибони аслии ин ҳавзҳои моҳипарварианд?

Чуноне манобеъи огоҳи «Ислоҳ» аз Ромит хабар доданд, ҳам ин соҳибкорҳо ва ҳам ширкатҳои мутазаккираи онҳо ба истилоҳ подставной буда ва ин ҳавзҳо бошад дар асл ба Азизмои газетхонак, зани Эмомалӣ Раҳмонов тааллуқ доштааст. Чунки ин ду соҳибкор ин қадар пулдор набуданд, ки дар як чунин баландӣ ва бо масорифи садҳо миллион сомонӣ даст ба парвариши моҳӣ бизананд. Ин  ҳам дар ҳоле, ки бозори тавлидоти ин ҳавзҳо ҳам аз онҷо хеле дур аст ки наметавонад харҷи худро бипӯшонад.

Манбаъи мо мегӯяд барои сохтмони ин ҳавзҳои моҳипарварӣ, ки соҳиби аслиаш Азизмои газетхонак аст Раҳмонов 90 миллион доллар масраф кардааст.

Ин манбаъ гуфт, ки кор дар инҷо беҳад душвор аст. Ба дараҷае, ки ба кормандон маоши таъйиншуда дода намешавад.

Барои ин ҳавзҳо шуда дар чандин километр роҳҳои куҳистонӣ мумфарш шуда чандин километр хутути интиқоли барқ кашида, чандин адад трансформаторҳо шинонида шуданд, ки ин ҳама масорифро ҳеҷ соҳибкоре бар уҳда намегирад.

«Дар онҷо свет проблема не, 24 соат бо барқ таъмин. Аз хати барқе, ки барои кони тиллои «Покруд» овардаанд, барои ин ҳавзҳо ҳам линияи алоҳида кашидаанд. Дар асл онҷо ҷои истироҳати Раҳмонову оилааш ва дигар мақомдорони наздик ба ин семейка аст»

Албатта, ин моҳиҳоро мардум мехаранд, баъзе аз шахсҳо аз инҷо гирифта ба мағозаҳову бозорҳои Душанбеву Бохтар (Қурғонтеппа) ва шаҳри Ваҳдат мебаранд. Аммо гумон аст ки ин ҳавзҳо худкифо ва фоидаовар бошанд. Бо бовари зиёди ин манбаъ харҷу масраф барои ин ҳавзҳо аз ҳисоби давлат гирифтааст ва онҳоро Раҳмонов ба ҳамсараш Азизмои газетхонак сохтааст.

Кони нави тилло дар Ромит. Туҳфаи Раҳмонов ба Фарзона

Манбаъи огоҳи мо ин хабари ҷолибро дар ихтиёри мо гузошт:

«Гапгапи кашфи кони нави тилло дар дараи Ромит ягон шаш-ҳафт моҳ пеш баромад. Кор дар ин кон ҳанӯз оғоз нашудааст. Вале омодагӣ барои баҳрабардорӣ аз он шурӯъ шудааст.  Ба наздики дар тарафи дигари Покрӯд кони дигар баромад. Онро ба духтари хурдиаш тӯҳфа кардааст. Онҷо бояд чанд қишлоқро барои ин кон шуда хезонанд. 15қишлоқ зиёд мехезад. Ин кон дар тарафи  Яфракнима кашф шудааст. Геологҳову археологҳову дигару дигарҳо омада чену чоқ карданд. Чанд вақт онҷо комиссияборон шуд. Асосан мутахасисини хитоӣ, ки дар кони Покруд кор мекунанд дар инҷо барои муайян кардани захираҳои он корҳои иктишофӣ, геологоразведка бурда истодаанд.

Бояд ба наздикӣ корро сар кунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки тамоми отходу отработкаи кони тилои Покруд дар даруни об мерезад ва солҳост, ки оби инҷо дигар ғайриқобили истеъмол шудааст.

Кони Покруд солона бо тона истихроҷ дар дасти хитоиҳост. Аз рӯи маълумоти муқаддамоти захоири кони нав кашфшуда ду баробар бештар аз кони Покруд дар Ромит будааст.

Раҳмонов гуфтааст, ки «Фарзона баъд аз ҷудошавӣ аз шавҳараш беҳаад зиқ буд. Ин конро ба вай ҳадя мекунам».

Ана падару ана ота. Кони марбути халқро ба духтараш тақдим кардааст.

Боз гуфтааст, ки оқибат барои Фарзона ҳам ҷойи кори хуби бо даромади ҳамгуфте пайдо кардам.

Меҳмонхона ё бӯстонсарои Сомон, писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов дар Ромит

Дар хабарҳое, ки аз ифтитоҳи ҳавзҳои парвариши моҳӣ дар Олучадара навишта шудаанд, ҳамчунин аз ба истифода додани бинои як меҳмонхонаи нав дар инҷо сӯҳбат мешавад.

Дар тавсифи ин бустонсаро гуфта мешавад: «бино аз ду ошёна ва 50 ҷойи қабули меҳмонон иборат буда, бо ҳамаи шароитҳои зарурӣ таъмин мебошад. Меҳмонхона аз ҳисоби даромади софи ширкат дар ин мавзеи дилфиреб бунёд шуда, дар он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст».

Вале асли кор чӣ аст? Ин меҳмонхона аст ё бустонсаро? Ва он аз тарафи ширкат сохта шудааст ва ё боз ҳам аз ҳисоби пули давлат? Манбаъи мо аз Ромит гуфт, ки ин бӯстонсаро барои Сомон, писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов сохта шудааст.

Ва, аммо дар ин бустонсаро-меҳмонхонаи Сомон рӯшод маводи мухталифи мухаддир:-нашъа, банг, ҳашиш, героин, кристал ва ҳар гуна ҳабҳо мефурушанд. Онҷо фақат толибаҳои мактабро мебаранд барои истироҳат ва роҳати худ.

Дар дохили он ягон кас намедарояд. Охранаи сахт дорад. Ин меҳмонхона-бустонсарои Сомон дар Лиҷак, дар лаби дарё воқеъ аст. Ду ҳазор сомонӣ як рӯзаш. Як ҳофизаро бисёр вақт ҳамонҷо мебарандаш, «живая музика» -Осия бону ном дорад. Ва онҷо масташ мекунанду ба саҳна мебароранд. Ин ҳофизаро кадом вақте аз кадом туй, ки маст мебарояд, меқапанд. Баъди он дигар «постоянка»-и ин меҳмонхонаи Сомон шудааст.

«Як вақт, шояд як сол баъди коронавирус буд, ки Сомонро як шаб бо Кемри-2 ГАИҳо қапида буданд. Он вақт рейди вазнин рафта истода буд. ГАИҳо ӯро дар роҳи Ваҳдат-Ромит масту калкот меқапанд. Нашинохтанаш. Кулулааш карданду бо мошин бурданд.

Ана баъд сар шуд. То началник Управления, хуллас як барбарро аз кор пеш карданд, ки  Сомонро хафа кардед. Дар ҳоле, ки мошинаш беномер, худаш маст. Ин ҳодиса дар Тангаӣ, аз чашма онсӯтар руй дода буд ва ҳама шоҳиди ин ҳодиса буданд. Қонун барои ин Семейка ҳеҷ таъсире намекунад ва ин оила фароқонунанд.

Он вақтҳо Сомон бо Сафари бачаи Юсуф Раҳмон, ки солҳо пас домоди Раҳмонов шуду боз духтари Раҳмонов, ҳамин Фарзонаи «кандидат наук», муҷаррад, модари танҳо ва ҳоло акнун молики як кони тиллоро сар дод.

Бинобар маълумоти манбаъи мо дар меҳмонхонаи Сомон дурбинҳои мадорбаста-скритий камераҳо насб карда шудааст. Ин камераҳо дар ҳамон утоқҳои ВИПи ин истироҳатгоҳ насб кардашудаанд.Инҷо, чуноне гуфтем, асосан вазирҳову писаронашон ва дигар мансабдорони баландпоя мераванд ва табиист, ки онҳо дарак надоранд, ки съемка мешаванд бо духтарчаҳои ёшёшаки ноболиғ. Камераҳоро гейнерал Шорух Саид, сардори Раёсати милисаи Душанбе ва наздиктарин одами Рустами Эмомалӣ барои компрамат  ҷамъоварӣгузоштааст. Ин корро махсус кардагӣ аст. «Ягон корро мефармояд агар накард бо он наворҳо шантаж мекунад».

Ин бустонсароро барои худи пешво сохтаанд. Раҳмонов онро ба Сомон туҳф кард. Дар онҷо дарахтҳои хориҷӣ оварда шинониданд. Ин бустосаро ду гектар масоҳат дорад. Аз Хушунг боло. Роҳҳоро барои ҳамин дача ё бустонсаро, ҳавзи моҳиҳо ва кони тилло мумфарш карданд.

Мебоист аз Ромит то дарвозаи Ваҳдат роҳ таъмир ва навсозӣ мешуд. Аз мардум солҳову борҳост пул мегиранду мехуранд. Як грейдер як бор ҳамвор мекунаду тамом.

Дар ин бустонсаро-меҳмонхона моҳӣ бизнесашон аст. Мардуме, ки мераванд-катакатҳо, вазирҳову раисҳову генералҳо мехаранду мехуранд. Бори дигар мегӯям, ки ба коргарони ҳавзи моҳӣ пули дуруст намедиҳанд. Боз раисаш ҳақорат мекунад: не зан мемонад, на оча. Ту пул гуфтӣ гуфта. Як пуле медиҳанд барои хурдану намурдани кормандон.

Ҷияни Муҳиб кист?

Мардӣ, ки аз номард бар намеояд, пас баҳри худ шиор мекунад: «номард бошаму зинда бошам»-ро бар худ барчасп зад ва барои як умр.

Мо дар бораи ин шахс қаблан ҳам навишта будем. Дастобрезаки Муҳиби додари  Азизмои газетхонак. Ин касофат Шарифзода Фирдавс, директори литсей касбии техникии ноҳияи Шаҳритус аст: «Мегӯяд, ки «гапзанша ма м****м». Ва Муҳибро тағои худ мегӯяд. Хулас, ҷияни Муҳиб. Тамоми ноҳияро ба дод овардааст. Аз мағозаҳо даромада чизҳои лозимашро мегирад, аммо пул намедиҳад. Мошинҳои касифашро, ки ба фоҳишахона табдил додааст, ба нуқтаҳои мошиншуӣ бурда мешӯяд, инҷо низ пардохт намекунад. Дар мошинаш ҳар рӯзе ҳар гуна занҳо саворанд. Боз катагӣ карда мегӯяд, ки «тағам мега ай литсейют ягон пистачаи хушруша мада биёр, ки хдт дастш нарасонда бошӣ».
Бинои хобгоҳи литсей дигар барои хонандаҳо нест. Онҷо маркази дилхушиву кайфу сафои Шарифзода Фирдавс шудааст. Ба гуфти худаш ҳатто раиси ноҳия аз ӯ метарсад. Чунки ӯро кришааш вазнин аст. Бале, чанд аксе аз Муҳиб дар пеши мошинаш дорад. Шояд гуфтаҳояш дуруст ҳам бошанд. Чунки чанд маротиба мардуми ноҳия аз бетартибиҳову худнамоишдиҳиҳояш ба Прокуратураи генералӣ шикоят карда буданд ва аз прокуратураи вилояти Хатлон омада санҷида ин директори тарбиятгари ба тарбия мӯҳтоҷро чизе нагуфтанд. Чунки кришаи вазнинаш болои сараш ҳаст.

Боз мегӯяд, «и Шаҳритус барои мо данғарагиҳо Русия аст. Бале, ҳамаи бесаводони Кӯлобу Данғараву Восеъ ҳаминҷо ҷамъ омадаанд. Барои сокинони ин ноҳия кор нест. Маҷбур мешаванд, ки тарки оила намуда ба муҳоҷират бираванд.

Акси дар назди мошини Муҳиб  гирифтааш ҳам ҳаст.

Шарифзода Фирдавс дасти рости Муҳиб аст. Тибқи ҳикояҳои худашу бинобар таърифҳое, ки атрофиёнаш мекунанд вазифаи роҳбари Дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритусро ба рафиқаш гирифта додааст. Чи тавр гирифта додааст? Ҳозир мефаҳмонам. Маблағро рафиқаш ба Шарифзода Фирдавс додааст. Шарифзода бурда ба Муҳиб додааст. Муҳиб ба раиси ноҳияро занг зада фармон додааст, ки лоиҳаи қарорро дар зудтарин фурсат тайёр куну коргари навро қабул намо.

Боз як дӯсти дигарашро ба вазифаи директори муассисаи таълимии литсейи болаёқатҳои ноҳия овардааст. Мегӯяд мудири маорифро ҳам ман овардаам «рафиқи наздикмай, ягон кас гав метона задан, чикоремон форад мекунем давлат да дастмонаи». Прокурори ноҳия ҳамдеҳаам, вай низ аз Кангурт аст мегуяд.

Хулоса, ҳама хешу табору рафиқонашонро ҳаминҷо ҷамъ кардааст. Бародарашро оварда дар литсей ба кор монд. Аниқтараш номашро навиштаасту худаш умуман кор намеояд. Лек маоши давлатро гирифта истодааст.

Бо зердастони шавҳардораш дар робита аст. Хонаи чандин нафарро ба вайронӣ овард. Шавҳарҳо дар Русияву ҳамсарон бо Шарифзода Фирдавс дар ишратанд. Ин девонаро ҳаст ягон нафар, ки ҷамъ карда гирад, то ноҳия аз чунин ифлосҳо тоза шавад?

Хубтараш ҳамин мардуми Кӯлобу Данғарагиҳо ва дигар ноҳияҳои наздики онҷо, ки ин Семейка овардаанд ба ноҳияҳои худ раванд, то мо мардуми ноҳия Шаҳритусу Қубодиён барои худ кор пайдо кунем. Савод надоранд, вале афсус дар ҳар сохторе ин бесаводҳо роҳбаранд. Мо мардуми босавод овораву сарсони мулки рус ҳоҷатхона тоза карда мегардем. Дипломро бошад барои таги сандуқ гирифтаем.

Дилшод ва Даврон Ҷӯразодаҳо, дӯстони Рустами Эмомалӣ дар фикри фирор

Маълумоти нав дар бораи Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯраев, вобаста ба аъмоли ҷиноятӣ, фаъолиятҳо ва ширкатҳояшон ба мисли  F-55 — ширкати букмекерӣ, Fifty five group Tajikistan, Fardo investment global Uzbekistan ва UFC GYM Uzbekistan .Ва низ маълумот дар бораи душмании пинҳонии шахсии Даврон ва Дилшод Ҷӯраевҳо нисбат ба Хуршед Мирзо ва Ҳасан Асадуллозода.

Ширкатҳои Fifty five group Uzbekistan, Fardo investment global ва UFC GYM Uzbekistan, ки ба Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯраев тааллуқ доранд, тавассути намояндаи худ дар Ӯзбекистон-директори генералии ин ширкатҳо Кабир Рустам дар яке аз биноҳои боҳашамати шаҳри Тошканд бо номи PIRAMIT TOWER бино харидаанд.

PIRAMIT TOWER дар шаҳри Тошканд, кӯчаи Бобур 44 ҷойгир буда, аз 48 ошёна иборат аст. Кабир Рустам бо супориши Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев дар ошёнаи сеюми ин бино 2000 метри мураббаъ масоҳатро харидорӣ кардааст. Кабир Рустам ин биноро ба маблағи 5 миллион доллари ИМА харидааст, яъне ҳар як метри мураббаъ 2500 доллар: (2000 м² × 2500 доллар = 5 000 000 доллар).

Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев ба Кабир Рустам супориш додаанд, ки дар ин бино ду тарабхона ва як толори варзишии UFC GYM таъсис диҳад. Ҳоло Кабир Рустам барои оғози корҳои таъмирӣ дар ду тарабхона ва толори варзишӣ омодагӣ мебинад.

Пас аз пахши маводи махсусан ахир дар канали YouTube Ислоҳ дар бораи бародарон Ҷӯраевҳо, онҳо сахт ба тарсу таҳлука афтода асабонӣ ва нигарон шудаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба онҳо саволҳо пайдо доранд ва онҳоро барои қонунигардонии маблағҳои ҷиноятӣ ва саркашӣ аз андоз ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ба ҳамин сабаб Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯраев фавран ба берун бурдани маблағҳои ғораткардаашон аз Тоҷикистон оғоз карданд. Пас аз нашри филми YouTube онҳо ҳамаи муовинон, ёрдамчиён ва хадамоти амнияти худро дар дафтари худ дар Душанбе ҷамъ намуда, ҷустуҷӯи манбаи хуруҷи маълумотро оғоз карданд.

Ҳамчунин ба Кабир Рустам супориши фаврӣ доданд, ки дар маркази шаҳри Тошканд қитъаи замин харад, то сохтмони меҳмонхонаи навро оғоз намоянд. Кабир Рустам зуд дар минтақаи Қушбегии Тошканд қитъаи замини 1 гектариро ба маблағи 4 миллиону 200 ҳазор доллар харид, яъне ҳар як сотих 42 ҳазор доллар. Дилшод, Даврон ва Кабир Рустам мехоҳанд дар кӯтоҳтарин муҳлат сохтмони меҳмонхонаро оғоз кунанд. Тибқи нақша, меҳмонхона 12-ошёна ва дорои 160 ҳуҷра хоҳад буд. Нархи пешакии сохтмони меҳмонхона 18 миллион доллар баровард шудааст. Онҳо мехоҳанд ин меҳмонхонаро дар соли 2026 бунёд кунанд.

Пас аз пахши барномаи видеоии Ислоҳ.ТВ Даврон Ҷӯраев ва Дилшод Ҷӯразода бисёр тарсидаанд ва ҳоло бо ваҳму таҳлука даромада бо амрикоиҳо музокира карда истодаанд. Онҳо мехоҳанд ширкати букмекерии F55 (Formula 55)-ро ба амрикоиҳо бо нархи 400–450 миллион доллар фурӯшанд. Тибқи маълумоти манбаъ аз дафтари бародарон Ҷӯраев, онҳо роҳҳои махфиёнаи таъсиси ширкатҳои офшорӣ дар кишварҳои ғарбиро барои интиқоли сармояҳои ҷиноятии худ баррасӣ доранд.

Чӣ тавре маълум аст, қиморбозӣ аз нашъамандӣ ҳам бадтар аст. Аз сабаби фаъолияти ҷиноятии ширкати букмекерии F55 чандсад нафар дар Тоҷикистон худкушӣ кардаанд, ҳазорон ҷавон қиморбоз шуда тамоми пулу амволи худро аз даст додаанд ва ҳазорҳо оилаи ҷавон аз ҳам пош хӯрдааст.

Тибқи арзёбии пешакӣ, фоидаи софи солонаи F55 тақрибан 55–60 миллион долларро ташкил медиҳад, ки онро аз Тоҷикистон берун бурда, ба ширкатҳои офшории худ мегузаронанд, то дар сурати фирор аз Тоҷикистон дороӣ ва амвол дошта бошанд.

Низоъи байни Дилшод ва Хуршеди Мирзо

Айни ҳол байни Дилшод Ҷӯразода, Даврон Ҷӯраев ва муовини аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо муноқишаи пинҳонии шадид дар ҷараён аст

Хуршед Мирзо, раиси Агентии навтаъсиси инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон мебошад, ки ширкатҳои букмекерӣ бояд ба он андоз ва маблағҳои иҷтимоӣ пардохт кунанд. Аммо ширкатҳои бародарон Ҷӯраевҳо аз ин пардохтҳо саркашӣ мекунанд. Бародарон Ҷӯраевҳо бо IP-адресҳои қалбакӣ даромадҳои худро пинҳон мекунанд, то система ҳаҷми воқеии маблағҳои дуздидашударо нишон надиҳад.

Ҳамчунин ин ду бародар чанде пеш дар Вашингтон буданд, вақте Эмомалӣ Раҳмонов моҳи ноябр ба Амрико рафта буд. Даврон ва Дилшод ба дӯстону шиносҳояшон мегӯянд, ки онҳо ҳамчун қисми ҳайати президентӣ ҳар вақт ба Президент ва роҳбари Дастгоҳи Президент дастрасӣ доранд ва метавонанд ҳар масъалаеро ҳал кунанд. Зеро Дилшод Ҷӯразода роҳбари ширкати давлатии Тоҷинвест ва Даврон Ҷӯраев президенти ассотсиатсияи TAJMMAF мебошад.

Тавре Шумо дар филми YouTube нишон дода будед, Даврон Ҷӯраев ба кулобиҳо нафрати беандоза дорад ва мехоҳад Ҳасан Асадуллозода ва Хуршед Мирзоро ба низоъи бузург кашад. Маълумоте ҳаст, ки Даврон Ҷӯраев қаблан борҳо кӯшиш карда буд, ки барои Ҳасан Асадуллозода мушкилот ба вуҷуд оварад.

Аз манбаъе дар Русия маълум шуд, ки Даврон Ҷӯраев дар солҳои 2016–2021 дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ кор мекард ва ба махзани маълумоти махфии давлатӣ дастрасӣ дошт.

Соли 2019 ширкати олмонии марбут ба Ҳасан Асадуллозода барои Тоҷикистон тавассути СММ ва Салиби Сурх аз Франкфурт ба воситаи Русия -аэропорти Шереметьево ба Душанбе бор фиристодааст. Вазни бор 4 тонна будааст ва гуфта мешавад, ки маводи аввалия барои доруҳои тиббӣ доштааст.

Даврон Ҷӯраев аз маълумоти хизматӣ истифода бурда, ба мақомоти гумруки Русия хабар додааст, ки ин бор ғайриқонунӣ ва эҳтимолан маҳсулоти асосии маводи мухаддири синтетикӣ мебошад.

Дар натиҷа, гумруки Маскав борро боздошт кардааст,ки дар пай ҷанҷоли дипломатӣ ба вуҷуд омадааст. Ширкати Ҳасан Асадуллозода бо истифода аз робитаҳои сиёсӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо душворӣ мушкилро ҳал кардааст.

Ба фикрам барои Ҳасан Асадуллозода донистани он ки фармоишгари ин мушкил кӣ буд, ҷолиб хоҳад буд.

Дар гурӯҳи ширкатҳои Fifty five group Tajikistan шахсе ҳаст, ки яке аз одамони калидӣ дар идоракунии бахши молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ тамоми ҷараёнҳои молиявӣ-доллар, евро, сомонӣ, USDT ва Bitcoin- ро идора мекунад. Ҳамчунин интиқоли ғайриқонунии пули нақд ба воситаи ба ном «почтаи афғонӣ» барои гурехтан аз андоз ва комиссияҳои бонкӣ анҷом дода мешавад. Ин шахс Ашуров Рифъат Абдурашидович-ҳамкурси Даврон Ҷӯраев дар Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия будааст.

Ҳамаи паролҳову кодҳо ва калидҳои электронии суратҳисобҳои бонкӣ ва депозитҳои бародарон Ҷӯраев дар дасти Рифъат Ашуров қарор дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон (Амният, Прокуратураи генералӣ, ВКД, Нозироти андоз ва Дастгоҳи Президент) ин маълумотро барои оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Даврон Ҷӯраев ва Дилшод Ҷӯразода истифода хоҳанд кард.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ва инак суоли асосӣ: ин ҳама сарват аз куҷо омад? Кони тилло, бустонсарои чандмиллиондоллара, ҳавзҳои моҳии садҳо миллионсомона, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои офшорӣ, толорҳои UFC GYM дар Тошканд, қиморхонаи F55 ва миллионҳо доллари ба хориҷ бурдашуда-магар ин ҳама аз маоши давлатӣ ҷамъ шудааст? Ё аз ҳисоби ҳамон миллате, ки имрӯз барои як бурда нон дар муҳоҷират сарсон аст?

Мардуми оддӣ дар Тоҷикистон барои пардохти барқ, андоз, иҷора ва як халта орд шабу рӯз азоб мекашанд. Ҷавонони кишвар дар Русия ҳоҷатхона мешӯянд, дар сохтмонҳо мемиранд, дар муҳоҷират таҳқир мешаванд. Аммо дар ҳамин вақт «Семейка» Ромитро байни худ тақсим мекунад: ба яке кони тилло, ба дигаре бустонсарои махфӣ, ба саввумӣ ҳавзҳои моҳӣ ва ба дӯстону шариконашон ширкатҳои миллионӣ.

Фоҷиа танҳо дуздии пул нест. Фоҷиа он аст, ки тамоми давлат ба як корхонаи хусусии як оила табдил шудааст. Роҳҳоро аз ҳисоби давлат барои дачаҳои худ месозанд, барқро барои бизнесҳои хусусии худ мекашанд, заминҳоро мисли мероси падарӣ тақсим мекунанд ва баъд дар телевизион онро «сармоягузории соҳибкорони ватанӣ» ё «шарикони рушд» меноманд.

Ҷӯраевҳо, ки имрӯз худро соҳибони империяҳои букмекерӣ ва молиявӣ нишон медиҳанд, хуб медонанд, ки ин сарват бе пуштибонии «Семейка» як рӯз ҳам пойдор намемонад. Барои ҳамин имрӯз пулҳоро ба Тошканд мебаранд, офшор мекушоянд ва роҳи фирор омода мекунанд. Чунки худи онҳо ҳам мефаҳманд, ки сарвате, ки бар пояи ғорати миллат ва фасод сохта шудааст, рӯзе ба гардани соҳибаш ҳалқа мешавад.

Таърих нишон додааст: ҳеҷ империяи фасод абадӣ нест. На конҳои тилло Фарзонаро наҷот медиҳанд, на бустонсарои Сомон, на миллионҳои F55 ва на дӯстии мансабдорон. Вақте миллат бедор шавад, тамоми ин қасрҳои сохташуда бар ашки мардум ба рамзи нафрат ва шармандагии «Семейка» табдил меёбанд.

То имрӯз ба «Ислоҳ» барои барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» Мақомотҳои гӯногун, раисони ноҳия ва шаҳру вилоятҳо пайваста занг мезананду мегӯянд: «чи мехоҳед, чи хизмат кунем, фақат ин барномаро нашр накунед». Чун дар ин барномаҳо аз дуздиҳо ва ғоратҳои худашон гап меравад. Мехоҳанд дигар ифшогарӣ нашаваду идома диҳанд. Аммо ҷолиб ин аст, ки то имрӯз аз тарафи ҳамин «Семейка» ва ё ягон мансабдори калоне, ки шабу рӯз «пешво, пешво» гуфта мегардад, ягон нафар занг назадааст, ки «барномаи Семейкаро дигар нашр накунед». Баракс, баъзе шахсони дар зинаҳои болоии ҳамин режим буда худ занг мезананду мегӯянд: «агар боз чи маълумот дар бораи ин семейка лозим бошад, медиҳем». Ин беҳтарин далел аст, ки ҳатто дар дохили худи система ҳам аз ин оила хаста шудаанд. Онҳое, ки имрӯз маҷбуран чоплусӣ мекунанду «пешво» мегӯянд, дар асл аз ин семейкаи носерам ба танг омадаанд.

Сообщение Семейка news №29 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №28
Илм ҳам моликият шуд-аз Фарзона то «Мармарӣ»

Фарзона номзади илми тиб шуд, корхонаи дуввуми ширкати «Мармарӣ»-и Рустам дар Данғара бунёд мешавад, Ҳасан ҷоизаи аввали бонкири муваффақро дарёфт кард, зиддияти дохили «круг»-и Рустам ва дигар хабарҳо муҳтавои нашри маҷаллаи «Семейканюс»-ро ташкил медиҳанд.

Аммо тафовути ин маҷалла аз маҷаллаҳои пешинаамон ин аст ки ин бор «қаҳрамон»-и марказӣ ё меҳварии «Семейканюс-28» аз аъзои Оила нест, аз ширкати мансуб ба Оила аст. Аслан гирем худи Тоҷикистон ба ҶДММ ва ё ширкати хусусии ин Оила бадал шудааст. Солҳо пеш буд, ки Раҳмонов бо ҳофизи хосаш Парда Қосим даҳанбадаҳан мемонд: «Тоҷикистон бо ҳама тару хушку бо ҳама суду фоидаҳоят аз манӣ». Ва ҳоло ҳамин корро карда истодааст.

Ахбори нав аз «Семейка»

Фарзона номзади нави илм дар Семейка

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари кенҷагии Эмомалӣ Раҳмонов (Раҳмонов  ҳафт духтару шаш домоди расмӣ дорад) собиқ келини Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният, феълан муҷаррад, тибқи хабарҳо номзади улуми тиб шудааст. Бинобар навиштаи расонаҳо, ки ба вазорати тандурустӣ истинод мекунанд

Фарзонаи Эмомалӣ,  сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад, рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Ҷанбаҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ба кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Зоир Набиев ҳимоя кардааст. Гуфта мешавад, ки «фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Фарзонаи Эмомалӣ дар 15 мақолаи чопӣ инъикос ёфта, 9-тои онҳо бевосита ба мавзуи рисолаи номзадии ӯ бахшида шудаанд».

Фарзонаи Эмомалӣ 27 сола аст. Бо Сафари писари Юсуф Раҳмон, ки он вақт Прокурори генералии Тоҷикистон буд, издивоҷ кард. Аммо, агарчи як фарзанд овард, ин оила ҷудо шуд. Моҳи августи соли гузашта вақте Фарзона ба вазифаи сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуд, дар шарҳи ҳолаш ӯро соҳиби фарзанд, аммо «муҷаррад» эълон карда буданд.

Фарзона тибқи шарҳи ҳолаш, ки вазорати тандурусти соли гузшта навишт Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи идораи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аммо он вақт дар бораи онки Фарзона рӯ ба илм овардаву мақолаҳо нашр кардаву болои кори илмӣ кор мекунад ва дар аспирантура мехонад, ҳатто ишора ҳам нашуда буд. Маросими ҳимояи номзадии Фарзона, кай, дар куҷо ва чи гуна баргузор шудааст, низ номаълум боқӣ мемонад. Шояд бо дарёфти унвони илмӣ Сафари шавҳари собиқашро дар баробари ингуна бо суръати баланд рушд кардани шахсияташ «сӯзу мур» мегӯяд, инаш ҳам номаълум. Ё гуфтани ҳаст ба домодшавандаҳои оянда,ки маро кӯзапушт набинед ма ғайр аз духтари пешво буданам номзади илм ҳам ҳастам. Аммо як чиз барои ҳар нафари аз илму пажӯҳишу таҳқиқ огоҳ маълум аст ки инҷо таги коса ҳатман нимкоса аст ва имкон надорад, ки Фарзона дар ин як муддати кутоҳ тавониста бошад рисолаи номзадӣ бинависад. Ҳамин қисмати кораш сахт мелангад. Ба эҳтимоли зиёд ҳамчуноне, ки аз тани падарашу ҳоло Рустам дигарҳо китоб менависанд, кори номзадии Фарзонаро ҳам касе навиштааст. Ва, агар боз аз «Диссернет» ҳам имдод наҷуста бошанд. Инчунин инро низ бояд тазаккур бишавем,ки агар бо кӯмаки Чат-ҶПТ чизе навишта бошад он ҳам дар хондани чанд сафҳа ошкору бармало мегардад. Инро ҳам бояд Фарзонабону қабл аз нашри рисолааш диққати ҷиддӣ диҳад!

Ба ин тартиб Фарзона духтари дуввуми Раҳмонов аст ки номзади илм мешавад. Қаблан Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷрои Президенти Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқ рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд.

Ҳасани «Ориёнбонк» барандаи ҷоиза

Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», додари Азизмои газетхонак, асосгузори ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистон, тибқи хабарҳо ба унвони бонкири муваффақ барандаи як ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Як хабаргузории маҳаллӣ навишт:

Раиси раёсати ҶСК “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода сазовори яке аз ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Бинобр ин навишта:

«Ҳасани ишкамба дар доираи ҷоизаи Global Banking & Finance Review Awards дар номинатсияи «Беҳтарин раиси бонк дар Тоҷикистон дар соли 2026» ғолиб дониста шуд. Ин ҷоиза сатҳи баланди касбият, дидгоҳи стратегӣ ва идоракунии самараноки роҳбарияти бонкро дар шароити бозори босуръат рушдёбанда ифода мекунад. Ин ҷоиза ҳамчун эътирофи байналмилалӣ арзёбӣ шуда, ба таҳкими нуфузи Ориёнбонк, баланд гардидани эътимоди муштариён ва шарикони он мусоидат менамояд. Ҳамзамон, он нишон медиҳад, ки низоми бонкии Тоҷикистон тадриҷан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро тақвият мебахшад».

Ва, аммо мову шумо хуб медонем, ки Ҳасани дар гузашта як чупон, ронандаи боркаш ва ниҳоятан заправшик бо бонку низоми молияву аз ин даст корҳо ҳеҷ сарфаҳм намеравад. Вай ин бонкро дар соли 2002 аз дасти раиси пешини он Ғаффор Идизода бо зӯр кашида гирифт, албатта, бо пуштибонии язнааш, Эмомалӣ Раҳмонов шӯи Азизмои газетхонак. Ва ғасби «Ориёнбонк» яке аз аввалин мавридҳои ғасбҳои рейдерии Ҳасан аст, ки баъдҳо то ба Талко-корхонаи бузурги алюминийи Тоҷикистон ва то ба чандин комбинатҳои орд, заводҳои коркарди пахта-хлопзаводҳо ва то ба бозори Панҷшанбе дар шаҳри Хуҷанд ҳам расиду камокон идома дорад…

Ҳасан чи гуна метавонад бонкири муваффақ бошад, ки корхонаи бузурги истеҳсоли алюминиюмро аз  450.000 тонна ба 60-80 ҳазор тонн поин овард. Ҳамчунин сабабгори асосии дилсардии кишоварзон ва дасткашии онҳо аз парвариши пахта маҳз Ҳасани ишкамба аст, бахусус дар навоҳии вилояти Хатлон. Зеро ин Ҳасан буд, ки ин бозорро аз сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ, боз ҳам бо пуштибонии язнааш холӣ кард, яъне нагузошт, ки аз берун омада пахтаи деҳқони тоҷикро бо нархи муносиб бихаранд ва худи Ҳасан бо пасттарин нарх ва инҷо ҳам бо иҷбор пахтаро аз деҳқонон кашида гирифт. Аз инҷо буд, ки имрӯз деҳқони тоҷик аз кишти пахта даст кашидаанд….

Ва, аммо «Ориёнбонк» аввалин корхонаи бузурги молиявии оила аст, ки тавассути он садҳо миллион ба суратҳисобҳои оффшории аъзои оила интиқол дода шудааст. Инчунин аввалин пулҳои ГЭСи Роғун тавассути ин бонк обу лой шудаанд ва маболиғ хело калон ҳаҷму беш аз шаш сифра ҳастанд.

Зиддиятҳои дар «круг»-и Рустам

Дар ҳоле, ки Рустам дастобадаст бо падараш маъракаи интихоботиашро шурӯъ кардааст, аммо на ҳама чиз онгуна, ки ба назар меояд «гладкий» пеш нарафта истодааст.

Дар байни дӯстони Рустами Эмомалӣ пинҳонӣ ва махфиёна зиддиятҳо ва ё ҷангҳои зерибӯрёӣ идома дорад.

Айни замон талошҳои бародарон Ҷураевҳо барои сиёҳ кардани Шорух Саидзода сахт ҷараён дорад.

Дилшод ва Даврон Ҷураевҳо умед доштанд, ки ин қадар сол Шоҳрухро мимо Рустам «финансовый поддержка» мекарданд, Шорух он нафаронеро, ки оиди Ҷураевҳо маълумотҳо ба Муҳаммадиқболи Садриддин равон мекунанд, меёбад. Аммо ягон гап нест.

Даврон Ҷураев ба Дилшоди додараш гуфтаст, ки «аз ин Шорух ягон понту толк нест. Мо худамон ҳастем як қуввае, ки гапамонро гузаронем то Президент. Шорух мисле, ки моро фақат истифода мебарад, ҳама ваъдаҳояш дурӯғ, афсус, ки мо дер фаҳмидем».

Ин гапҳоро Хушбахти ҷияни Ҷураевҳо чанд рӯзи пеш дар як толори варзиш гуфтааст.

Ҳамин тавр Даврону Дилшод Ҷураевҳо кушиш доранд, ки Шорухро аз УВДи шаҳри Душанбе гиранду ба ягон ноҳияҳои дуртар таъин кунанд.

Дилшод чанд схемаҳои пинҳонии Шорухро аз Рустам, ки аз чанд соҳибкор  доля мегирад, ба Рустам расонданӣ аст.

Барои онки Шорух «хит» накунад Дилшод чандин духтарҳо зеборо, ки алаккай худаш вербоват кардаасту барои Дилшод фидоиянд, бо Шорух шинос кардаасту онҳо гӯё арӯсҳои Шоруханд. Аммо Шорух бедарак арӯсҳо маълумотҳоро барои Ҷураевҳо ҷамъ карда расонида истодаанд.

Шорух ба наздикӣ ният дорад, ки чанд домсозро парванда карда шиканаду дар бозори пурравнақи сохтмони баландошёнаҳоро ба одамҳои худаш диҳад.

Дар зимн, Абдуфаттоҳ Саид, падари Шорух ҳам ҳоло ба домсозӣ рӯ овардааст. Ва, аз рӯи маълумотҳо чанд домеро дар ҷойи тарабхонаи «Лесная сказка» дар микрорайони 82 фирмаи Абдуфттоҳ Саид сохтааст.

Ва, аммо Дилшод Ҷураев соли гузашта аз ҳисоби букмекерский конторааш 70 миллион доллар фоида ба даст овардааст. Аммо дар нишондиҳандаҳо андоз ин рақам даҳ баробари кам нишон дода шудааст.

Мухолифат ва бозиҳои пасипарда дар дохили круги Рустам хеле зиеданд. Ҷураевҳо ҷудо, Нуршеди бачаи Хол Машраб ҷудо, Нурҷаҳон Исмоилови ҷонишини худи Рустам ҷудо. Ҳар кадоме талош дорад, ки бо Рустам наздиктар шавад. Чун гӯё ин бор Раҳмонов қатъан Рустамро дар ҷойи худаш меовардааст.

Музаффар Юсуфӣ,Прокурори нақлиёт таги Зайнуллои фурудгоҳро кофта истодааст.

Ягон ду ҳафта пештар дар бӯстонсарои Варзоб «нишасти наврӯзӣ»-и Прокуратураи Генерали Тоҷикистон гузашт. Музаффар Юсуфӣ, Додситони нақлиёти Тоҷикистон ҳам, албатта, аз ҳуззори он нишаст буд.

Музаффар Юсуфӣ баъди холӣ кардани чанд пиёла гуфтаст, ки «и к….зани Юсуф Раҳмон ҳамиқа вахт Прокурори Генералӣ буд ягон бор ҳами хел Наврузӣ накад. Фақат корш сумҷамкунӣ буд. Чанд шогирдои мара чанд коршон ғалтида буд, пешуш рафтум, доляша суруп гирифту неки буд накад. 25та телефонои нави я шогирдма гирифту корша буд накард».

Бинобар иттиллои як манбаъ Музаффар Юсуфӣ баъди нашри чанд барномаи Ислоҳ камтар хапу хомуш ва мунтазири кадом реаксия буд. Акнун бошад через як кормандаш, ки аэропорти Душанберо аз тарафи Прокуратураи нақлиет кураторӣ мекунад, маълумотҳо оиди Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), мудири ин фурудгоҳро ҷамъоварӣ дорад.

Баъди омадани Зайнулло Шарифзода  ба вазифаи мудири  аэропорти Душанбе, барои Музаффар Юсуфӣ ҳама «ход»-ҳо маҳкам шуд. Музаффар Юсуфӣ он кормандашро вазифа гузоштааст, ки бо кормандони аэропорт наздик шаву фақат ва фақат оиди Зайнулло маълумот ҷамъ кун.

Тибқи маълумоти ҷамъ кардаи корманди Музаффар Юсуфӣ Зайнулло низ чун Исмати Дулик «депутатский выходу вход»-ро барои арусҳояш истифода мекунад. Шабнами Сураё бо авлодаш, Зулайхо, Фируза Ҳафизова ва дигар ҳофизаҳои не намегуфтагӣ, бе сум- через депутатский, ки нархаш аз100 то 200 доллар аст мегузаранд.

Музаффар Юсуфӣ чи молу маҳсулот контрабанда через аэропорт мешавад низ  номнавис кардаасту бояд через каналхои КДАМ ба Президент пешниҳод кунад. Аҷиб он аст, ки худи Музаффар Юсуфӣ ҳамин корҳоро дар замоне, ки Исмати Дулик роҳбари аэропорт буд, мекард.

Самолёт аз Дубай нафаромада сару калаи Музаффар Юсуфӣ дар таги взлётный полоса пайдо мешуд. Самолёт мефаромад, Музаффар Юсуфӣ 200 то 500 дона телефонҳои гаронарзиши Айфону Самсунгро бе растаможка, яъне қочоқӣ мебаровард.

Ҳисоб кунед, ки аз ҳар кадоме аз онҳо 50-100 долларӣ ҳам «доля» мегирифт, чи қадар маблғ мешуд.

«Мармарӣ»

Раҳмонов, Рустам,Данғар ва «Мармарӣ»

Иштирок дар расми ифтитоҳи ин ё он корхона, бино, муассиса, чойхонаву тӯйхона, мурғхонаву говхона, сартарошхонаву ғайраву ҳоказоҳо аз амалҳои дӯстдошта-«хоби»-и Эмомалӣ Раҳмонов аст. Тӯли ин солҳо мардум ба ин навъи «фаъолият»-и Раҳмонов, чун худи вай одат кардаанд. Ва, дигар шабакаҳои  телевизионӣ, дафтари матбуоти раиси ҷумҳурӣ шӯр меангезанд: дар доираи барномаи саноатикунонии роҳбари давлат,….корҳои ободонӣ, сиёсати созанда, нишонаи рушду тараққиёт…Тоҷикистон солбасол ободу шукуфо мешавад, истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар, ба хориҷа содир мешавад… ин ҳама аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат.

Хуллас, тавсифу тамҷид ба авҷи фалак дака мезанад. Худи Раҳмонов беш аз ҳар каси дигар «кайф» мекунад, ки чи гуна мамлакатро обод карда истодааст.

Мо медонем, ки аввалҳо қайчӣ дошту лента мебурид, откривашка лақабаш монда буданду ҳолоҳо бошад як арғамчини хари ишқи аввалааш дар дасташ парда аз болои лавҳа мебардорад.

Яъне, ончиро, ки нишон медиҳанду мегӯянд, ба ҳамон бовар мекунад мардум.

Айнан ҳамин саҳнаҳо рӯзи 24 апрел ҳини сафари Раҳмонов ба Данғара ҳам такрор шуд. Ин карду он карду фалон карду беҳмон кард.

Аммо, аммо гап дар инҷост, ки дар ин сафар (зимнан сафарҳои Раҳмонов ба навоҳӣ ҳам фақат ба хотири «ифтитоҳ» Раҳмонов ду ширкати марбути Рустамро «дуъову фотиҳа дод».

Яке ба бахши дигаре аз ширкати «Мармарӣ» ва дуввум ба ширкати «Муосир».  Дар бораи ширкати «Муосир» ҳоло намегӯем. Фақат ёдовар мешавем, ки вай аз ширкатҳои марбути «Авестогрупп» аст.

Дар расми бунёди марҳалаи дуввуми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» дар Данғара дар канори Раҳмонов, Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммади Мирзо  Файзуллозода, соҳиби Авестогрупп ҳам ҳузур доштанд.

Инро ҳам бояд ёдовар бишавем, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 дар расми кушодани фермаи чорвопарварии «Мармарӣ» дар Ёвон, коргоҳи мурғпарварӣ дар Данғара ва забҳгоҳи он дар Душанбе дар канори Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, молики ширкати «Авестогрупп», низ ширкат дошт.

«Мармарӣ« як ширкати бузурге аст дар ҷануби кишвар, ки ба парвариши чорво ва мурғ машғул мебошад. Фермаи мурғи он дар Данғара ва фермаи гови он бошад дар Ёвон қарор дорад. Ва, чуноне фаҳмидед, ҳар гоҳе ягон дигаргунӣ дар кори он пеш меояд, яъне дар ин мурғхонаву говхона ҳатман Раҳмонов ва Рустам иштирок мекунанд. Чаро? Чунки ин мурғхонаву говхона аз они худи ҳаминҳо аст, дурусттараш аз он Рустам.

Ҳоло инҷо хабари Ховарро пешкашатон мекунам, то бифаҳмед, ки ин «Мармарӣ» чи ширкати бузургу калоне аст ва чи қадар заминро забт мекунад:

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд

Апрель 24, 2026 17:36

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахш ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ санги асос гузоштанд.

Иқдоми мазкур бо мақсади амалигардонии нақшаҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар роҳандозӣ шуда, аз самтҳои зотпарварӣ, истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолии гӯшти мурғ иборат мебошад. Амалисозии марҳилаи дуюм бо бунёди як силсила иншоот то сентябри соли 2027 ба итмом расида, мавриди истифода қарор мегирад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки татбиқи марҳилаи дуюм дар се самт ба нақша гирифта шуда, ҷойгиршавии он дар 5 мавзеи ноҳияи Данғара роҳандозӣ карда мешавад.

Се самти кор иборат аз парвариши чӯҷаи зотӣ бо сохтмони 5 мурғхона ва инфрасохтор, парвариши мурғи модарӣ- истеҳсоли тухми инкубатсионӣ бо сохтмони 6 мурғхона ва инфрасохтори лозима ва парвариши мурғи гӯштӣ бо сохтмони 12 мурғхона ва инфрасохтор ба нақша гирифта шудааст.

Ҳудуди заминҳое, ки ин иншоот дар он сохта мешавад, зиёда аз 36 гектарро ташкил дода, дар умум 23 фермаи иловагии парвариши паранда бо биноҳои маъмурӣ, санитарӣ, анборҳо, гузаргоҳҳо ва таваққуфгоҳҳои техника бунёд меёбад. Кашидани хатти барқ дар масоҳати беш аз 10 км ҳам пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои масъулин, 48 ҳазор сар мурғи модарии парваришшаванда барои истеҳсоли 7,3 млн. дона тухми инкубатсионӣ, омода карда шуда, иловатан ба хоҷагиҳои хурди парандапарварӣ пешкаш мегардад. Таъкид гардид, ки иқдоми таъмини тухми инкубатсионӣ дар вилояти Хатлон бори аввал татбиқ карда мешавад.

Мавзеи парвариши мурғи гуштӣ имкон фароҳам меорад, ки дар ҳар як мурғхона то 40 ҳазор сар паранда парвариш карда шуда, пайвастгари занҷираи истеҳсолоти имрӯзаи ширкат гардад. Тибқи дурнамо, истеҳсоли гӯшти мурғ бояд то 10 ҳазор тонна дар як сол расонда шавад.

Дар иншооти сохташаванда, таҷҳизоти муосири ширкатҳои ҷаҳонӣ насб гардида, хатҳои хӯрок, об, равшанӣ, гармӣ ва поксозии ҳаво бо таҷҳизоти рақамии худкор ба роҳ монда мешаванд.

Таҷҳизоти насбгардида ҳарорати заруриро ҳангоми парвариши паранда аз рӯи талабот ва меъёрҳо танзим намуда, барои парвариши мурғҳои хушзот шароити лозима муҳайё месозад.

Ҳамин тариқ, бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо дар як сол зиёда аз 5,8 миллион сар чӯҷаи мурғи гӯштӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ парвариш карда мешавад.

Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳои пешбинишуда мумфарш карда мешаванд.

Ҷиҳати амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҷамъият тасмим гирифтааст, ки марҳила ба марҳила дар ҳар мавзеъ барои эҳтиёҷоти худ панелҳои офтобӣ насб намояд.

Ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани мурғхона зиёда аз 47 техника ва механизмҳои махсус истифода хоҳад шуд.

Дар марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ зиёда аз 200 ҷойи кории доимӣ таъсис хоҳад ёфт.

Дар ин ҷода, маҷмаа тасмим гирифтааст, ки дар заминаи имкониятҳои мавҷудаи амалӣ ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа, бахусус дар самти чорводорӣ, парандапарварӣ, растанипарварӣ, механизатору бойтор, технолог ва мутахассисони дигар Академияи Мармариро дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва марказҳои омузишии Аврупо таъсис диҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи иншооти бунёдшавандаро мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои пешбинишуда ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ» ! Мутаваҷҷеҳ шудед, ки инҷо чи ҳарфу хабар аст? Шумо бовр доред, ки ин ҳама аз миёни Раҳмонову Рустаму Муҳаммади Авестогрупп аст? Ман саддарсад мутмаинам, ки ин ҳама масориф аз бюҷет аст.

«Ислоҳ» чанд соли пеш дар бораи фоҷиа ва фалокату хисороти овардаи «Мармарӣ» ба болои мардуми Ёвон навишта буд. Бо ду ҷумла бигӯям, ки он вақт бар пояи шикояти ёвониҳо маълум шуда буд, ки барои онки ферма ё говхонаи «Мармарӣ»  дар ноҳияи Ёвонро бисозанд, чанд деҳаро кучонида ва дар ҷойи он бинои фермаро сохтанд ва шабакаи обу обрасонӣ, системаи муосири таъмини барқ, роҳҳои асфалтпӯш сохтанд барои ин ферма. Замину мазореъи мардумро дар садҳо гектар гирифтанд. Оби наҳру чашмаҳои атрофро барои ферма «хусусӣ» карданд. Ҳеч дирҳаме ҷуброн барои мардум напардохтанд. Чор фасли сол ин ферма бо свет чароғон, аммо мардум дар торикиву сардӣ.

«Мармарӣ» ба фаъолият пардохту нархи гӯшту тухми мурғ ва гӯшти гов боло рафт. Шикояти мардум дар ин бора беҷиҳат нбуд.

Аммо «Мармарӣ» ҳанӯз коре накарда Раҳмонов ба ҳайси раиси ҳукумат онро бо имтиёзҳои касношунид саршор кард. Масалан дар гузориши Озодӣ аз 17 декабри соли 2021 мехонем, ки «Масалан дар ҳамон соли 2021 расонаҳо навиштанд, ки Раҳмонов ҳамчун раиси ҳукумати Тоҷикистон «Мармарӣ«, ширкати бузург дар ҷануби кишварро, ки ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Ширкат аз пардохти аксар андозҳо ба муддати 7 сол пурра озод шудааст. Ин гуна имтиёзҳо ширкатро дар баробари рақибонаш дар бозори дохилӣ, ки вазифадоранд, андоз диҳанд, дар мақоми истисноӣ қарор медиҳад.

Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ” аз пардохти

андоз аз фоида;

андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

андози замин;

андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.

Дар иваз ширкати “Мармарӣ” уҳдадор шудааст, бо харҷи 25 миллион доллар шумораи говҳоро дар фермае дар ноҳияи Ёвон ба 3500 сар расонида, дар як сол 20 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол кунад. Дар маҷмааи паррандапарварии ноҳияи Данғара аз 2,7 миллион парранда дар як сол 5 ҳазору 86 тонна гӯшти мурғ омода намояд».

Ва, аммо ин вогузории имтиёз бо ҳамин имтиёзҳо ба поён намерасад. Чанд моҳи пас Раҳмонов боз бо як қарори дигар барои «Мармарӣ» имтиёзҳои нав медиҳад. Боз ҳам дар ин бора расонаҳо он вақт, аз ҷумла «Озодӣ» навишта буд, ки

«Ҳукумати Тоҷикистон «Мармарӣ», ширкати азими чорво ва парандапарвариро дар ҷануби Тоҷикистон, барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард

Мувофиқи феҳрасти ҳукумат, «Мармарӣ« метавонад, аз ҷумла 40 трактор, 40 комбайн, 20 мошини борбар, 10 мошини обкашон, 120 ҳазор тонна пунба, ним миллион тонна хӯроки мурғ, 450 ҳазор тонна тухми зағер, 540 ҳазор тонна тухми рапсро бе ҳеч гуна пардохтҳо ба буҷет ба кишвар ворид кунад.

Дар ин санад миқдори пуле, ки буҷети кишвар аз ин қарори «саховатмандона»-и ҳукумат ба ширкати хусусии «Мармарӣ» бой медиҳад, зикр нашудааст. Ба арзёбии чанде аз брокерони гумрук, ки бо ин феҳраст шинос шуданд, боҷи гумрук ва андози ин миқдор молу таҷҳизот беш аз 20 миллион сомонӣ буда метавонад».

Ҳоло дигар фаҳмидед, ки ин ҳама суҳбатҳо аз ободиву сериву пурӣ ва пешрафту рушд дурӯғе беш нестанд ва дар аслу амал ба гуфтаи мусоҳибони ин расонаҳо «то вақте ин ширкатҳо набуданд, гӯшти парандаю чорво ва тухм арзонтар буд… Баъд аз имтиёз гирифтани чунин ширкатҳо, нарх ба осмон расид… Пас, фоидаашон чист?» Ва дар ҳақиқат мардум дуруст ҳам мегӯянд, ки  «Раҳмонов ва Рустам барои кисаи худ ҷон мекананд, на барои пешравии ҷомеа ва давлат.»

Ва инки Раҳмонов вақти таъини Рустам гуфта буд, ки «ту сер» як ҳарфи муфт ва дурӯғи дигари вай аст. Вагарна, мегузошт, ки ҳамин говпарвариву мурғпарвариро худи мардум мекард. Ва нафарон мисли Дости бурутро намешикаст. Агар сер мебуд бо ҳамон пахтаву алюминий иктифо мекард. Вале мебинем,ки «Мармарӣ» бо даҳҳову садҳо миллион доллари бюҷет сохта истодааст, то даромади тухму гӯштро аз мурғхонаву говхона аз они худ кунад. Ана барои чи Раҳмонову Рустам барои бунёди мурғхонаи чандинмиллиондолларии «Мармарӣ»-и семейка Данғара рафтаанд.

Раҳмонов пояш ба лаби гӯр расид, сер нашуд, Рустам, ки тоза аждҳои нафсаш ба чопидану балъидан шурӯъ кардааст, магар сер мешавад?

Пасгуфтори Ислоҳ

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»!
Ин шумораи «Семейка news» бори дигар нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон дигар танҳо мансабу мақом нест, ки байни як доираи маҳдуд тақсим шудааст; илм, бонк, тиҷорат, замин, фурудгоҳ, корхона ва ҳатто номи «пешрафт» ҳам ба моликияти як оила ва атрофиёнаш табдил ёфтааст.

Он чи имрӯз бо номи «ободонӣ», «саноатикунонӣ» ва «рушд» ба мардум нишон медиҳанд, дар асл бештар ба тақсими кишвар миёни фарзандон, домодҳо, хешон ва дӯстони наздик мемонад. Як тараф унвонҳои илмӣ бо суръати ғайритабиӣ пайдо мешаванд, тарафи дигар ширкатҳои хусусӣ аз имтиёзҳои давлатӣ сер мешаванд, тарафе ҷоизаҳои байналмилалӣ «муваффақият» эълон мешаванд, тарафи дигар дар дохили «круг» барои наздик шудан ба қудрат якдигарро мекобанду месӯзонанд.

Аммо ҳақиқат ин аст: кишвар моликияти шахсии ҳеҷ кас нест. Тоҷикистон на ширкати хусусии як оила аст, на фермаи меросии як гурӯҳ ва на саҳми бозии атрофиёни қудрат. Ин сарзамин ҳаққи мардум аст; ҳаққи ҳамон мардуме, ки имрӯз аз андоз, муҳоҷират, бекорӣ, гаронӣ ва беадолатӣ зери фишор қарор доранд.

Фиреби шиорҳои болохонадори Раҳмон ва чоплусонашро нахуред. «Тоҷикистон ба пеш» мегӯянд-аммо ба кадом пеш? Пеш ба тарафи адолат, рушди воқеӣ ва зиндагии шоистаи мардум, ё пеш ба тарафи тақсими бештари сарват миёни як доираи маҳдуд? Ин саволест, ки ҳар як шаҳрванди бедор бояд аз худ бипурсад.

«Семейка news» барои ҳамин аст: то пушти пардаи ин намоишҳои сохта рӯшан шавад, то мардум бидонанд, ки дар паси шиорҳои зебо чӣ гуна манфиатҳои шахсӣ пинҳон аст. Мо мегӯем, менависем ва нишон медиҳем, зеро хомӯшӣ дар баробари ғасби кишвар, худ шарикӣ дар он аст.

Сообщение         Семейка news №28 появились сначала на ISLOH.net.

Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор»
Номаи маро алоҳида нашр кунед № 35

Масъалаи сохтмони баландошёнаҳо дар пойтахти Тоҷикистон дар ду се соли ахир ба ҳадде дардисарсоз ва печидаву чигил шудааст, ки бархе аз огаҳони умур онро таҳдиди ҷиддӣ ба амният ва суботи Душанбе меҳисобанд. Садҳо не, ҳоло ҳазорҳо нафар аз муштариёни ширкатҳои домсозӣ дучори фиребу найранги домсозҳо шудаанд.

Домсозҳо саривақт, ва дар асоси қарордоди имзошуда сохтмонро ба анҷом намерасонанд ва муштариёни онҳо аз ин ҳолат дар азоби алим гирифтор шудаанд. Ҳазорҳо сокини пойтахтро хонаҳояшонро чапа карда дар ҷояш дом бардошта истодаанд. Аммо онҳоро, соҳибони хонаҳоро дар қади кӯча раҳо кардаанд.

Афзун бар ин бархе аз домсозҳо як квартираро ба чанд нафар санад карда пул гирифтаанд.

Хулоса, мардуми Душанбе бо як дурӯғ ва фиреби бузурге рӯбарӯ шудаанд ва намедонанд барои раҳоӣ аз вазъи мавҷуд пеши кӣ бираванд.

Чунки дар паси ин ҳама ошуфтабозор шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ истодааст.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Беш аз ду сол мешавад, ки номаҳои маро, ки дар асоси навиштаҳо аз сомонаҳои нашрияҳои чопи Душанбе таҳия ва ирсол мешаванд дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и  «Isloh.net» ва ««Isloh.TV» нашр ва пахш менамоед. Бори дигар барои ин дастгирӣ ба шумо арзи сипос менамоям.

Аммо ин бор мехоҳам ин навиштаро дар барномаи «Номаи маро алҳида нашр намоед» ҷой диҳед. Чунки ин бор масъала як каме печидатар аст ва номаам ҳам тӯлонӣ хоҳад буд ва дар он мушкили бисёр ҷиддии сокинони Душанбе ба баррасӣ гирифта мешавад.

Мутаассифона, нашрияҳои Тоҷикистон мушкилоти сиёсӣ як сӯ биистад, ҳатто масъалаҳои иҷтимоии кишварро хеле ҳам кам инъикос менамоянд. Вагарна бештар бароятон интихоб карда мефиристодам.

Ин бор ҳам як матлаберо аз сомонаи ҳафтаномаи СССР интихоб кардам. Чи хеле гуфтам ин бор ин навиштаро барои барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» роҳӣ кардам ва умедворам, ки хоҳиши маро рад накарда чоп мекунед.

Қабл аз ин матлаб ҳам дар чандин номаи алоҳида сокинони пойтахт ин масъала дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳам матраҳ шуда буд.

Манзури ман масъалаи «домсозӣ» дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки чандин сол аст хеле ҳам равнақ пайдо кардааст. Аммо ин равнақ на он равнақе аст ки мову шумо изҳори хушҳолӣ ва хурсандӣ карда битавонем. «Ободиву ободкориҳо»-и пойтахт, ки аз он зиёд лофу газоф мезананд ба ҳамин масъала гиреҳ мехурад. Гӯё сохтмони ин домҳо, ки ҳазору як муаммо ва фиребу найрангро ба ҳамроҳ дорад, сарсониву саргардонӣ, хуни дилу хуни ҷигарсозиҳоро ба бор овардааст, садҳо  нафарро муфлису қарздору бехонаву ҷову макон кардааст, мисоли кордониву ободкориҳои раиси шаҳр ҳисобида мешаванд.

Бояд ҳама чизро дар ҷояш ва бо номаш гуфт.

Масъалаи домсозӣ дар пойтахти Тоҷикистон баъди раиси Душанбе шудани Рустами Эмомалӣ бениҳоят дардисарсоз шудааст. Ин домҳо, аз ҷумла домҳое, ки Бег Сабури қудои Эмомлӣ Раҳмонов сохт дар ягон чаҳорчуба ва меъёри домсозӣ, ҳатто дар биёбон ё чӯли бекарон ва ё дашти пурвусъат ҳам сохта шуда бошанд, намеғунҷад. Бигзор ин тарафи масъаларо беш аз ин шарҳу тафсир надиҳем.

Аммо ин масъала, масъалаи домсозӣ барои ман ошно аст. Барои он ошно аст ки як бародарам ҳам айнан бо ин мушкилӣ, ки дар ин матлаб тасвир ёфтааст, гирифтор шудааст ва бо вуҷуди дуввуним сол гузаштан аз муҳлати қарордод миёни вай ва ширкати домсоз роҳи ҳалли худро пайдо намекунад.

Масъала инҷо аст ки ширкатҳои хонасозӣ, домсозҳо одамони бечораро ба бозӣ гирифта ҳуқуқҳои онҳоро поймол намуда истодаанд.

Биёед, аввал ин матлаби СССР-ро бароятон пешниҳод кунам ва сипас фикру мулоҳизаҳои худро дар ин масъала иброз менамоям. Ин матлаб таҳти унвони «Сохтмони гӯшти уштурхӯрда» дар 26 декабри соли гузашта чоп шудааст ва ба шарҳи зер аст:

Сохтмони гӯшти уштурхӯрда

26.12.2025

1 сол пас, аз ваъда

Оғози соли 2020- ум мо аз биносоз  дар шахси Иҷрокунандаи вазифаи директор БОЙГЕНОВ ПАРВИЗ НАЗАРМАМАДОВИЧ, ки дар асоси Онинномаи «Тибби Суҳайб» фаъолият дорад, тариқи шартномавӣ  хона харидорӣ кардем. Тибқи қарордод бино бояд то соли 2024 бо тамоми шароит сохта мешуд.

Факт: Қарор дод!

«ҶДММ «ТИББИ СУҲАЙБ» «ТАРАФИ 1» номида мешавад, аз як тараф ба ДОСТИЕВА ОМИРОНА САЙФУДИНОВНА, дорандаи шиносномаи А 04561620, ки аз тарафи ШВКД -1 дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, 09.11.2022 сол дода шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ, 366, дар оянда  «ТАРАФИ 2» номида, мешавад, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ «ТАРАФҲО» номида, мешаванд, шартномаи мазкурро дар он хусус бастаанд, ки «ТАРАФИ 1» пас аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани бино уҳдадор мешавад, ки ба «ТАРАФИ 2» квартираи дар банди 12 нишондодашударо ба «ТАРАФИ 2» бо таъмири миёна бо иҷрои ҳамаи марҳилаҳои корҳои сохтмонӣ ва рангу бори даруни хуҷраҳо, бо иҷрои васли дарҳои даромад, дарҳои байни ҳуҷраҳо, тирезаҳои беруна, часпонидани фаршҳои  хуҷраҳои истиқоматӣ ва даҳлез бо ламинат часпонидани миёнадеворҳои байни ҳуҷраҳо, андоваи деворҳо, часпонидани сафолакҳо (кафел)-ҳо зарфаҳо ва деворҳои ҳочатхонаҳо ва ҳаммомҳо, васли ташноб (унитаз) гузаронидани хатти қубурҳои оби нӯшоки, қубурҳои гармидиҳанда ва ноқилҳои барқӣ, супорад.

Мутаасифона, бино то ҳол нотамом мондааст. Тариқи шартонома бино бояд соли 2024 пурра сохта, ба харидорон супорида мешуд. Аммо тавре мо аз беруни бино дидем, на дар дошту на тирезаву на соҳибдарак. Лаҷоми биносозони фиребгарро кашидан як сӯ истад, хонаҳои мардумро кӣ мебардораду кӣ ҷуброн мекунад?  Як  сол қабл мо ба бинои мазкур рафта, онро дар ҳолати нотамом дарёфтем. Ваъдаи қатъию бардурӯғи биносозон то ҳол дар гӯшам садо медиҳад, ки як соли дигар фурсат диҳед ва мо хонаҳои шуморо  месупоремммм….

Як бому ду ҳаво

20.12.2025. Соат бо вақти Душанбе 11:44 дақиқа. Вақте мо ба мавзеи бинои мазкур, рафтем. Чун мақоли “Як бому ду ҳаво” гуфтагӣ ворӣ, ба ғайр аз онҳо чанд ширкати дигар сохтани биноҳои истиқоматиро ба уҳда доштанд, ки пурра анҷом дода, ба соҳибманзилон супурда буданд ва онҳо кайҳо боз дар он ҷо роҳат зиндагӣ менамуданд. Дар ҳоле ки биноҳои ширкати мансуб ба мо ҳанӯз дар хами пайроҳаанд, яъне анҷомёбии онҳоро касе аниқ гуфта наметавонад, ба ҷуз аз ваъдаҳои хушку холӣ. Ҳатто зинаҳои бетонӣ ҳанӯз пурра сохта нашуда, аз лифт дараке нест. Дар натиҷа одамони бечора овораю сарсон шуда гаштаанд. Махсус аз самти ба назарҳо намоён тирезаҳои бино, он ҳам то ошёнаи 5 насб шудаанду халос. Ақаллан нафаре пайдо мешуд, ки кори ба субут расонидани поймонак ва лифтҳоро анҷом медоданд. Албатта ин ҳам орзуи ширине беш буда наметавонад, чунки маблағро масъулони бино гирифтаанд ва бояд ҷавоб гӯянд. Касе ба ғайр аз онҳо ин амалро иҷро нахоҳад кард. Аз онҳо пурсида шавад, ки маблағи мардумро гирифта, куҷо карданд?

«Қочмаган номард!»

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Идиев Ҷурабек, сокини 35-солаи ш. Душанберо, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карданд. Номбурда шумораи зиёди шаҳрвандонро бо ваъдаҳои гуногун фиреб дода, маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Аз он шаҳрвандоне, ки ба доми фиреби Идиев Ҷ., афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Кормандони Раёсати тафтишотии ВКД дар шаҳри Душанбе сокини 32-солаи пойтахт Содиқ Ҳикматуллоевич Одинаевро низ барои содир намудани қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи тафтишот, Одинаев ба ҳайси роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ «Ҷамол-Басир» беш аз 160 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, маблағи калонеро, ки барои бо манзил таъмин намудани онҳо буд, аз худ кардааст. Гумонбаршуда як манзилро аз се то ҳафт маротиба ба харидорони гуногун фурӯхта, дар ҳаҷми махсусан калон қаллобӣ кардааст. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки зарари умумии ба шаҳрвандон расонидашуда ҳудуди 50 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нисбати Одинаев чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабси пешакӣ таъин карда шуда, бо моддаи 247, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот давом дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми анҷом додани муомилоти амволи ғайриманқул эҳтиёткор бошанд ва қонунӣ будани фаъолияти ташкилотҳои сохтмонро ҳаматарафа санҷида бароянд.

Хатари биноҳои нотамому валангор…

Бо муққоиса аз даврони шӯравӣ, ба ҳама маълум аст, ки дар давраи ҳозира ҳангоми сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ қариб, ки ба қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад. Дар як сӯ дар бинои бузурге одамон зиндагӣ доранд, дар шафати он бошад, кранҳои борбардори азим фаъолият мекунанд. Хурду калон бошанд, бепарво аз шафати биноҳои сохташаванда равуо менамоянд. Инаш ҳамро як тараф мегузорему ба ҳолати биноҳои гӯшти уштурхӯрда ва масъулони бемасъулияти ширкатҳои ҳатулкор таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки хатари биноҳои нимкола ба ҳаёти одамон, бахусус кӯдакон, ноболиғони ҳанӯз дур аз дарки пурраи ҳама пешомад, дар ҳоли таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Ҳар лаҳзае имкон дорад, ки оҳане, хиште,  санге, тахтае аз боло ба поён сарозер шаваду касеро маҷрӯҳ кунад ва чунин ҳодисаҳо на як бору ду бор рух додаанд. Бинобарин ин, бо истифода аз фурсати пешомада аз ҳама падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати бехатарии ҳаёти худу фарзандонашон боэҳтиёт бошанд.

Хоҳед, ки ба доми фиребгарҳо наафтед!

Қонун дар ҳама давру замону сохт вуҷуд ва таъсир дорад, ба шарте ки онро донистаю риоя намоем. «Эҳтиёт – ними ҳаёт» ном мақоле ҳаст. Пеш аз ҳама дар сурати зарурияти пеш омадани аз байн бардоштани хонаи истиқоматии шахсӣ, аз роҳбарияти ширкати хонасоз талаби муаяйн намудани арзиши хона ва тариқи идораҳои дахлдори ҳукуматҳои маҳаллӣ мушаххас ва дар Идораи нотариалӣ тариқи шартнома қонунӣ кунеду 1 нусхаи он дар дасти соҳибмулк бошад! Дар шартнома бояд тамоми паҳлуҳои таркибу сохти дохилии хонаҳо нишон дода шуда бошанд. Яъне ҳамаи иҷрои нуқтаҳои ишорашударо биносоз бояд бо имзо ва муҳр ба уҳда гирад. Чунончӣ:

– блок;

– айвон (балкон) аз ошхона ё аз ҳуҷра;

— ҷойгиршавй: масофа аз шахтаи лифт ва зинапояҳо, тарафи сояафкан ё офтобии бино, тирезаҳо ба саҳни ҳавлй ё ба тарафи роҳрав, дар мобайн, канор ё кунҷи бино;

– масоҳат ё метри мураббаъ;

ҳаммом дар шафати ванна ё алоҳида;

– бо таъмир ё бе таъмир;

– бо ва ё бе қисматҳои байни деворҳо (нақшаи кушода);

— ки пас аз гузаштан аз комиссияи давлатй пули ичрои ин шартнома ва шартномаро медиҳад.

Дар шартнома  кайд кардан зарур аст, ки дар давраи сохтмон «шахси дуюм» (ширкати сохтмон) хукук надорад, ки бе розигии хаттии «шахси якум» барои бегона кардан ё додани ҳуқуқи даъво ягон амал анҷом диҳад.

Чӣ тавр иштироки саҳҳомии худро дар сохтмони бинои нав таъмин кардан мумкин аст?

Шумо ҳуқуқ доред, ки аз ширкати сохтмонӣ дар бораи шартҳои иштироки саҳмӣ дар сохтмони бинои нав маълумот гиред. Пеш аз бастани шартнома фармоиш дар бораи додани ҳуқуқи сохтмонро дархост кунед, матни чопи шартномаро гиред ва бо ҳуқуқшинос дар соҳаи сохтмони манзил машварат кунед. Ба нуқтаҳое диққат додан лозим аст, ки ташкилоти бинокориро вазифадор мекунад,  уҳдадориҳои худро аз рӯи шартҳои шартнома пурра иҷро намояд ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳоро муқаррар. Барои гирифтани тасдиқи ба баланси ташкилоти бинокорӣ барои сохтмони бинои нав дохил шудани пул, тартиби пардохтро муайян кардан низ муҳим аст. Тавсия медиҳем, ки пардохтро ба суратҳисоби бонкии ширкати сохтмонӣ гузаронед, на нақдӣ супоред. Сохтмони бинои нав ба охир расид, бинокор тибқи кадом ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи моликияти манзилро ба иштирокчиёни сохтмони муштарак медиҳад? Шартнома дар бораи гузаштани ҳуқуқи моликият дар Идораи нотариалии ҳудуди давлатӣ тартиб дода, ба қайд гирифта мешавад, ки баъд аз он ҳуқуқи моликият ба бинои истиқоматӣ ё бинои истиқоматии сохташуда ба вуҷуд меояд. Барои ба расмият даровардани шартнома роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ ба нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳои мазкурро медиҳад:

– Шиносномаи техникии манзил;

– Маълумотномаи мақомоти андоз дар бораи набудани қарздорӣ;

– Шаҳодатномаи бақайдгирии амволи ғайриманқул.

Роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ вазифадор аст, ки санади қабул ва супоридани манзилро ба иштирокчии сохтмони саҳмӣ тартиб диҳад. Дар ҳолати мувофиқ  наомадани шартҳои шартнома бо санад , роҳбари ширкати бинокорй вазифадор аст аз ҳисоби худ камбудиҳоро бартараф намуда, квартираро ба шартҳои шартнома мувофиқ гардонад.

Омиронаи Сайёф, СССР

Ончуноне аз матлаб огоҳ шудед, нависандаи он яке аз фиребхӯрдаҳои яке аз ин домсозҳо мебошад. Омиронаи Сайёф ду сол, агарчи аз хатми муҳлати қарордодаш мегузарад, ҳамоно наметавонад вориди манзилаш бишавад.

Акнун меоем ба сари онки бо бародари худи ман чи рӯй дод. Ман ба бародарам як маблағи муайян дар соли 2022 қарз дода будам ва бародарам мехост хонаашро баъди гирифтан таъмири  капиталӣ карда фурушад ва каме ҳам бошад даромад бигирад. Чунки имкони Русия омаданро аз даст дода буд. Депорт шуда буд. Нигоҳубини модари пирам, оилаашро бо як фазанди мариз бар уҳда дорад. Хуллас, на метавонад он хонаро бигирад ва на метавонад қарзи аз ман гирифтаашро баргардонд.

Аммо он домсоз парвои дунёро надорад. Дар ҳоле, ки садҳо нафар амсоли бародари ман ва Омиронаи Сайёф ҳам азоби руҳӣ мекашанд ва ҳам гаравгони дасти чунин домсозҳои беинсоф ва фориғбол шудаанд.

Барои ман дарёфти посух ба ин савол, ки чаро бозори сохтмон ин қадар ошуфта ва пур аз ҳиллаву найранг шудааст, душвор нест. Ин домсозҳо пушташон ба чизеву касе гарм аст ки бо сокинони чунин муомилаи ғайриинсонӣ мекунанд, обрӯи пойтахти мамлакатро мерезонанд, сокинон  норозӣ, асабӣ.

Бег Сабур биноҳои ҳатто бистошёнаро дар маҳаллаи Зарнисор ва Зарафшон ба ҳадде зич ва паҳлубапаҳлу сохтааст, ки ҷое барои тафреҳи кудакҳо, барои шинондани буттаву дарахт ва бадтар аз ин ҳама даромадани мошини оташнишонӣ намондааст. Хеле аз домҳои дигар ҳам айни ин ҳолатро доранд. Мебиниву мегӯӣ, ки магар меъмори шаҳр куҷо буд? Магар генплани шаҳр ҳамин аст? Маълум аст ки ин домҳоро як одамҳои тоза аз куҳистон омада сохтааст.

Хуб, саволи асосӣ ин аст ки чаро дар масъалаи домсозӣ ин ҳама ошуфтагӣ ва қоидавайронкунӣ вуҷуд дорад. Кӣ бояд масъули ин ҳама ҳолат бошад? Маълум аст ки масъулияти умури шаҳр бар ӯҳдаи шаҳрдор аст. Аммо шаҳрдор чаро намебинад?

Бег Сабур ва ширкати Комил-2010-и вай, ки ба номи писараш, шавҳари Зарина, духтари Раҳмонов номнавис шудааст, барои як баландошёнаи панҷ ё ҳафтошёна котлаван, таҳдоб ё таҳкурсӣ сохта биноро то ба бистошёна бардоштааст. Фикр мекунед чаро?

Баъзе аз ширкатҳои дигар, ончуноне дар қарордоди бо Омирона ба таври катбӣ ваъда супоридаанд, то лифту канализатсияро бояд бисозанд. Аммо, дар амал ин тавр нест. Ҳатто дару тирезаро насохта хонаро ба муштарӣ медиҳанд. Фикр мекунед, ки чаро?

Баъзе аз домсозҳои дигар як квартира ба ду, се ва то чор нафар санад карда пули онҳоро гирифтаанд. Фикр мекунед, ки чаро?

Ва фикр мекунед, ки шаҳрдорӣ ин ҳамаро намебиад ва намедонад?

Мутаассифона инҷо суҳбат аз ғорат ва азонихудкунии миллионҳо миллионҳо пули халқ меравад, ки яқинан бе ширкат ва ҳузури шаҳрдорӣ ғайримкон аст.

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охираш гуфт, ки фаъолияти 1288 ширкати хонасоз  санҷида шуд ва 7330 ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор гардид ва ба маблағи умумии  547 350 сомонӣ ҷарима кард. Ба гуфтаи ин Кумита 72 ширкат корҳои сохтмониро бидуни дарёфти хулосаи экспертӣ шурӯъ кардааст.

Аҷаб! Магар ниҳодҳои масъули шаҳрдорӣ куҷо буданд, ки ин ҳамаро надида бошанд? Фикр мекунед, ки чаро ин тавр шуд?

Ҳамин Кумита гуфтааст, ки айни замон сохтмони 1600 иншоот идома дорад. Гӯё, ки анҷоми сохтмони ғайристандартӣ ва хилофи меъёр ин ободиву ободкорӣ бошад.

Тибқи маълумоти сармеъмори Душанбе раиси пойтахт барои сохтмони баландошёнаҳо 327 қарор  ба имзо  расонидааст. Хонандаи ҳушманди «Ислоҳ», ана ҳамин 327 қарорро дар ёд бигиред, ки каме поинтар дар борааш муфассалтар ҳарф мезанем.

Ба навиштаи расонаҳо Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе 29-уми январ  гуфтааст, ки дар назди сохтмонҳои пойтахт QR-код насб кардаанд то сокинон аз ин тариқ оид ба бино ва ширкати хонасоз маълумот гиранд.

«Шаҳрвандон пеш аз оне, ки бо ширкат шартнома мебандад, мебинанд, ки ширкат иҷозатнома дорад ё надорад. Он ширкатҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, ба рӯйхати сурх ворид шудаанд. Шаҳрванд бояд ҳуқуқи худашро донад. Вақте ширкат иҷозаи сохтмон надорад чаро рафта ҳиссагузорӣ мекунанд?», — гуфтааст сармеъмори Душанбе.

Акнун меоем ба ҳамон 327 қарори иҷозаи сохтмони баландошёна, ки Рустами Эмомалӣ ба домсозҳо додааст. Тамоми иллат, сабаб ва дарди сари мардум дар ин масъала дар зери сари ҳамин имзои Рустам аст. Фикр мекунед, ки чаро?

Барои он дар зери сари ҳамин имзоҳо аст ки Рустам ҳеҷ яке аз ин қарорҳоро бидуни гирифтани маблағ ва он ҳам на кам аз 400-500.000 доллар имзо накардааст.

Домсозҳо тавассути миёнаравҳо, масалан, Шоҳрух, маслан Зайнулло, масалан Хуршеди Мирзо, маслан Исмоили дастбахайр, хуллас тавассути нафароне, ки ба Рустам доступ доранд маблағро лағат мекунанд ва дигар тамом, чи коре хоҳанд мекунанд, чунки доляи раисро чи хеле мехост додаанд.

Бовар кунед, ки дар давраи Убайдуллоев ба ин андоза бозори домсозии пойтахт ошуфтаву пур аз қаллобӣ набуд.

Масалан ҳамин Бег Сабур барои як территорияи муайян, бигзор бигӯем ҳамон Зарнисори Душанбе барои бунёди панҷ баланошёна қарор гирифт. Аммо дар онҷо на панҷ, балки ҳашт-даҳ баландошёна сохтааст. Фикр мекунед чаро? Чунки барои ҳамон территория-ҳудуд ё замини зери ин домҳо ниммиллион доллар ба Рустам додааст ва акнун мехоҳад пулашро бо ин васила, яъне дар ҷои як дом ду дом ва дар ҷойи масалан 9 ошёна бистошёна бо фоидаи зиёд баргардонад.

Рустам ҳам медонад. Аммо, азбаски ниммиллион доллар пора гирифтааст, чашм мепушонад.

Ягон майда шубҳа надошта бошед, ки тамоми домсозҳои пойтахт айни Бег Сабуранд. Мехоҳанд пули ба Рустам додаашонро бо ҳар роҳе пас бигиранд ва ҳамаи онҳо барои қарори Рустам маблағҳои ҳангуфт додаанд. Яъне проблемаи домсозӣ дар пойтахт проблмеаи мардум ва домсозҳо нест, ин проблемае аст ки Рустам создават кардааст. Аз имзои қарор, ки пора мегирад то охири кор. Ва баъди анҷоми сохтмон боз як, ду, то чанде бифорадаш аз домсоз квартираи ройгон мегирад.

Барои ҳамин гуфтам, ки ҳамин имзои 327 қарор аз тарафи Рустам барои сохти баландошёнаҳо дар соли 2025-ро дар ёд бигиред.

Ҳоло акнун биёед ин тавр ҳисоб кунем. Рустам аз соли 2017 ба ин тараф, яъне ҳашт сол зиёд шуд, ки раиси шаҳр аст ва дар ин муддат вай бигзор 327 неву ба 300 қарори сохтмони баландошёна имзо кард. (Ҳоло имзо барои сохти иншооти дигар, масалан мағоза, ресторан, мактаб, кудакистон ва амсоли инро гузорем канор). Ва бигзор 500 ҳазор доллар неву барои ҳар як қарор 350 ҳазор доллар пора гирифт. Ва акнун биёед ин ҳашт солро ба 300 қарор зарб занем ва 300 қарорро ба 350 ҳазор доллар. Рустам аз ҳисоби фурӯши имзо барои қарор яъне иҷозати сохтмони баландошёна чи қадар «кор» кардааст, «ободӣ» кардааст, даромад доштааст? Ба ҳисоби миёна як саду панҷ миллион доллар. Аммо қарорҳои 500 ҳазораву 600 ҳазора ҳам дар ин миён кам нестанд.

Вақте ба ин гуна маблағҳои фантастикӣ даст меёбад, соҳиб мешавад, оё фикр мекунед, дар гӯшаи хиёлаш мегузаронад, ки ин сокинон, ки барои домсозҳо пул додаву чор солу панҷ сол мунтазир мемонанд, мисли Омиронаи Сайёф ва ё бародари ман ,чи вазъу ҳол доранд, бо чи азобу машаққат дучор шудаанд?

Агар ҳамин масъалаи фурӯши қарор аз тарафи Рустам набуд, масъалаи домсозҳо дукаратду ҳал мешуд. Ин масъала ҳал намешавад. Чунки ҳам домсозҳо ва ҳам сокинони пойтахт гаравгон ва асири нафси бади Рустам шудаанд…

Пасгуфтори Ислоҳ

Ончи имрӯз дар Душанбе бо номи «ободӣ» таблиғ мешавад, дар асл ба ободкорӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Ин раванд, ба бовари бисёре аз сокинон ва нозирон, бештар ба як схемаи густурдаи ғорат ва қаллобии системавӣ монанд аст, ки дар он манфиати мардум поймол шуда, сарнавишти ҳазорон хонавода қурбони бозори сиёҳи сохтмон гардидааст.

Солҳои охир домсозӣ дар пойтахт ба соҳае табдил ёфтааст, ки дар он қонун, меъёр ва ҳатто виҷдон гӯё аз эътибор соқит шудаанд. Садҳо бинои нотамом, ҳазорҳо хонаводаи фиребхӯрда, квартираҳое, ки ба чанд нафар фурӯхта шудаанд, ва одамоне, ки пас аз солҳо интизорӣ ҳанӯз соҳиби манзили худ нашудаанд, ин аст натиҷаи он чи «ободӣ» ном гирифтааст.

Ба андешаи бисёре аз таҳлилгарон ва худи зарардидагон, ин раванд бидуни пуштибонии доираҳои баландпояи шаҳрдорӣ ғайримумкин буд. Зеро вақте барои ҳар қарори сохтмони баландошёна, ба гуфтаи манобеи гуногун, аз садҳо ҳазор доллар то ним миллион ва ҳатто бештар маблағ ситонида мешавад, равшан аст, ки домсозҳо барои баргардонидани чунин хароҷот ба ҳар гуна қонуншиканӣ даст мезананд.

Ин маблағҳо, ки гуфта мешавад барои ҳар қарор гоҳо аз 350 ҳазор доллар оғоз шуда, дар баъзе мавридҳо ба 500–600 ҳазор доллар мерасад, дар ниҳоят аз ҷайби кӣ рӯёнида мешавад? Албатта аз ҷайби ҳамон мардуми оддӣ, ки бо орзуи соҳиби хона шудан тамоми пасандозу қарзашонро ба ширкатҳои сохтмонӣ месупоранд.

Бинобар ин, ончи имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад, аз назари бисёре аз шаҳрвандон «ободӣ» не, балки ғорати ошкор ва ҳамшарикии манфиатҳо миёни баъзе мансабдорон ва домсозони қаллоб аст. Ин як занҷираи мураттаб аст: имзои қарор-гирифтани маблағ-сохтмони бесифат-фиреби мардум ва боз ҳам гирифтани манфиат.

Ҳушдор ба мардум
Имрӯз ҳар касе, ки мехоҳад дар Душанбе хона бихарад ё ба сохтмони саҳмӣ маблағ гузорад, бояд даҳ бор андеша кунад. Вазъият ба ҳадде ноустувор ва пур аз фиреб шудааст, ки бисёре аз коршиносон ҳушдор медиҳанд:
ҳоло вақти хонахарӣ дар Душанбе нест.

То замоне ки шаффофият, ҷавобгарӣ ва назорати воқеӣ бар ин бозор барқарор нашавад, ҳар сомонӣ ё долларе, ки ба чунин лоиҳаҳо дода мешавад, метавонад ба доми қаллобон табдил ёбад.

Фиреби ваъдаҳои «ободӣ»-ро нахӯред. Пеш аз имзои ҳар шартнома, пеш аз супурдани ҳар маблағ, бояд донед, ки дар паси ин бозор на танҳо домсозони беинсоф, балки як системаи пурманфиати ғорати Семейка қарор дорад.

Мардум бояд бидонанд:
хонае, ки бар пояи пора, фиреб ва беқонунӣ сохта мешавад, дер ё зуд ба фоҷиа табдил меёбад.

Сообщение Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор» появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №23
Моҳномаи бистусеюми  «Семейка» аст, ки ин бор низ бо Ахбори ҷолибу рангин, ки фақат дар сафаҳоти марбут ба мо мунташир мешавад ва низ матлабе дар бораи Дилшод Ҷӯразода, раиси Бизнесинкубатори Тоҷикистон, раиси «гурӯҳи 55» ва аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Дуруст, ки дар бораи Дилшод қаблан ҳам дар шумораҳои пешини  маҷаллаи Семейка навишта будем.

Ба ин далел, ки дар бораи вай чандин маълумоти тару тоза ба дасти мо расид, лозим донистем дигарбора ӯро ба ҳайси  «қаҳрамон»-и имрӯза интихоб намоем.

Зиёд шуморо мунтазир намекунем ва шурӯъ мекунем аз ахбор ва реза ахбори маҷаллаи нави «Семейканюс-23»

Ахбори Семейка

Мактаби №15и Душанбе

Ин нақл аз як нафаре, ки бо Исмати дулик дар СИЗО нишаста буд ба дасти мо расид. Аэропорт ВИПзал –толори истиқбол ва бадрақаи сатҳи олӣ дорад. Табиист, ки мудири фурудгоҳ ҳамеша информатсияи мувассақ дорад, ки Президент кай берун меравад ва кай бармегардад. Ва ҳамин тавр аз сафарҳои аъзои оилаи президент ва меҳмонҳои баландпоя, роҳбарони давлатҳо, ҳайату комиссияҳои давлатӣ, ки аз хориҷа меоянду ба хориҷа мераванд, роҳбарони давлатҳоро пешвоз мегиранд, кӣ пешвоз меравад огоҳ мешавад. Духтарони 15 -16 сола, синфҳои 9,10-и мактаби рақами 15 Душанбе барои истиқболи меҳмонони баландпояи ҳукумат ба фурудгоҳ ва майдонҳои аз қабл омодашуда ҷалб карда мшаванд. Директори ин мактаб солҳои пеш зани Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҲХДТ-муовини Эмомалӣ Раҳмонов буд. Ин духтарҳо  дар ҷараёни машқу тамрин қариб ҳамааш аз тарафи охраннаи Президент таҷовуз ё мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи Исмати дулик дар онҷо боз ду синфро синфи протоколӣ мегуфтаанд. Дар ин ду синфи протоколӣ аз тамоми мактабҳои Душанбе духтарони хушруро ҷамъ мекунанд ва вақти пешвоз аз онҳо стифода мебаранд. Ҳоло аз он духтарҳои истифодаи ҷинсӣ шуда дар любой фоҳишахонаҳои Дубай, Туркия ва Русия ҳастанд.  На камтар аз 10 телехи президент аз байни онҳо зан гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта аз ин духтарони пешвозгиранда се нафараш мурд. Охирон духтари фавтида Шавкат Мирамонвичро пешвоз гирифта буд, ки ин соли  2017 ё 2018 буд. Бинобар ин маълумот Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният дар вақти Прокурори генералӣ буданаш аз ин мактаб чанд арус ҳам доштааст.

Талаби Тахмина аз падараш

Тахминаи Клеопатра аз падараш талаб кардаст, ки СС. Ятимовро аз кор гирад. Тахмина, ҳанӯз аз солҳои пеш СС.Ятимовро шум медид. Ба он ҷиҳат, ки СС.Ятимов  бо «слежка» амнияти духтарҳои Ҷанобро «таъмин» мекард ва гоҳо баъзе аз гапу гапчаҳо, ки берун мешуд, Тахмина онро аз СС. Ятимов медонист…

Тахмина ба Раҳмонов гуфтааст, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст, ки ягон источникро натавонист ёбад. Агар меёфт дар бораи оилаи мо ин қадар гап намебаромад. Гуфтааст: «ба фикри ма ҳамӣ паати муғул хдш через одамош роӣ мекна гапора ба Муҳммадиқбола».

Раҳмонов дар ҷавоб гуфтааст: «бачам камтари дига бестен, ҳамаша даф мекнум».

Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ қудои нав ё навбатии Озода

Муовини вазири нақлиёт Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ аз Данғара аст. Лоиҳаи навсозӣ ва тармими роҳҳои кишвар, мумфаршсозӣ ҳама дар дасти ӯст. Аз бист миллион доллар  5 миллион доллар откат мегирад. 25 фоиз ҳақаш аст. Корро медиҳад, вале тавассути дигар фирмаҳо аввал доляашро обналичка карда мегирад. Баъд як қисми суми корро медиҳад. Аммо баъд суматро пурра намедиҳад. Ана баъд бозор сар мешавад. Боз ҳатман «ҳақ» медиҳӣ, то инки пули корро бигирӣ. Арабзода дар солҳои пеш дар вазифаҳои директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик», директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо  кор кардааст. Рехтани хоки партов дар рудхонаи кони тиллоро ҳамин Арабзода сар карда буд. Дар як сол миллионер шуда рафт, дигар муҳити зисту экология ба ӯ чӣ? Арабзода соли 1975 таваллуд шудааст. 50 сола. Қарор аст бо Озодаи Раҳмон қудо шавад.  Духтари  Озодаро келин мекунад.

Муҳиб ва барканории Аваз Назарзода аз Прокуратураи Хатлон

Сарусадоҳо дар бораи аз вазифаи Прокурори вилояти Хатлон барканор шудани Аваз Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ то дер вақт идома дошт. Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар ин масъала андешаҳои худро иброз доштаанд, бахусус онҳое, ки ҷаноби Назарзодаро мешинохтаанд, аз вай ба унвони як корманди ҳирфаӣ ва боинсоф ном бурдаанд. Дар бораи ҳирфаӣ, мутахассиси арсаи ҳуқуқ будани ӯ чизе намегӯем, аммо дар бораи боинсофии ӯ  мешавад гумон зад, ки шояд дар қиёс ба дигар кормандони Прокуратура нафси бад надошт.

Вале иллати барканории ӯ тамоман чизи дигар будааст.

Бачаи Муҳиби номард бошаму зинда бошам, дар прокуратураи вилояти Хатлон кор мекардааст. Писари Муҳиб касеро дар ҷойи кораш писанд намекардааст, ҳатто  чанд навбат дар ҷаласаҳо нисбати роҳбарият ошкоро беэҳтиромӣ мекунад ва супоришҳоро ҳам агар ки худаш хост иҷро мекардааст. Аз ҷониби корафтодаҳо ҳам аз болои вай шикоят бисёр мерасад.

Дар як ҷаласа Аваз Назарзода мехезонаду «бар  падарт лаънат, дузд, ҳаромхур» гуфта ӯро сахт танбеҳ медиҳад. Аммо посухи писари Муҳиб дер давом намекунад. Аваз Назарзодаро  барои «кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад» ва низ барои «риоя накардани санадҳои меъёрии соҳавӣ», аз кор меронанд.

Ин ба он маъно аст ки на фақат Раҳмонову оилааш, балки наздиконаш ҳам ана ҳамин гуна нуфузу ҷойгоҳ доранд ва пишаки онҳоро пишт гуфтан номумкин аст.

Қиссаи «Бошукуҳ» дар бузкашии Ҳисор

Дар шабакаи Ютуб навори бузкашии Ҳисор, ки бахшида ба рӯзи 6 ноябр, Конститусияи Тоҷикистон баргузор гардид, дар ҳоли тоб хӯрдан аст. Аммо дар ин навор ончиро ки инҷо менависем шумо намебинед. Гап дар бораи зарбу латти як човандоз меравад. Ин човандоз вақте савораи аспи Бошукуҳ бузро гирифта самти марра меравад, бузро чанг мезанад ва канда мегирад ва меғалтонад. Шоҳбача-Рустам ҳам дар ин маъракаи бузкашӣ ҳузур дошт. Вақте ин ҳолатро мебинад, ки буз аз дасти човандози Бошукӯҳ гирифта мешавад, хеле ҳам оташин ва дар ғазаб мешавад. Охраннаи вай он човандозро мебаранд сахт латту кӯб мекунанд. Ин човандоз як бало карда худро наҷот дода аз майдон мегурезад. Бузро аз нав мегиранду ба дасти човандози Бошукӯҳ медиҳанд ва вай бурда ба марра мерасонад. Бояд ҳама бидонд, ки Бошукӯҳ аспи №1-и ҷумҳурӣ аст.

Амриддин (Амриддин Нахшов, раиси кони тиллои Шугнов, писархолаи Рустам)дар маъракаи буз регуровшик аст, то човандози дигаре онро напартояд. Фақт аспи худаш ва Рустам бояд партояд.

Бошукӯҳ аспи Рустами Эмомалӣ аст.

Телехи Раҳмонов: «Зани Ҷанобта….

Чанд соли пеш Эмомалӣ Раҳмонов ба Ваҳдат меояд. Барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани домҳои сохтаи раиси ширкати «Ёқут» Ҳалими сиёҳ. Ин бародар нақл намуд, ки

ба онҷо рафтам. Мехостам Ҷанобро бинам. Одам хело зиёд буд. Ҳамаи мардумро гузаштам ва то ба наздикии телехҳояш расидам.  Муҳофизаш пурсид,ки чӣ мегӯӣ? Гуфтам: «бе  ма Ҷаноба бинм». Муҳофизаш гуфт: «даф шаф, зани Ҷанобта б@ом, ма 3 рӯз шид хов нарафтум шабу рӯз ҳамира қаравулӣ дорм, ай рангу руш безор ть мегӣ бе ма Ҷаноба бинм»

Муроди телех ва Аҳмади калбаса

Табиати инсонҳо ҳамин хел аст. Ҳар қадар диҳӣ кам ва ҳар қадар созӣ насохтӣ мегӯянд.

Ҳар аз гоҳе, ки Муроди телех (генерал Мурод Саидов) ба офиси Аҳмади колбаса, ки дар қафои фабрикаи «Ширин» ҷойгир аст, меравад, соатҳо мешинанду ғайбату норозигиҳо мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов сахт курнамак аст. Аҳмади колбаса боз прикол мекунаду мегуяд: «Ҷаноби Олӣ кисаҳои мардума кади холӣ». Вале гапаш рост аст. Аҳмади колбаса ба Муроди телех фақат мегуяд, ки «Мурод хай т аз барои Худо ростша гап за, ҳами вақте, ки ҳами Эмомалӣ Президент шид, ҳиҷ ка бовар надош, ки ҳами ҳамара қир мекна, барои хдша шароит таёр мекна. Э, бача Мурод, онаша овбара ҳиҷ ка намонд, ай ҳар ду тараф ҳамара қир кад. Ҳар ду тараф и Фронти халқӣ ва оппозитсия… Камандирора иша ба иш ҷанг дохту кушт. Одамои бесавода нимша да вақти ҷанг куштаку ними дигаша бади ҷанг дору қати убрат кад. Ҳами ма ба гушои хдм ай даҳани шофири раҳмати Ҳумуддин Шарипов, вазири МВД фаҳмидм, ки вақте ки Раҳмон Гитлера задан, пеш ай хдша парондан номи чанд наздики Президента қати Президент гирифту гуфт, ки номард бдиян. Пеш ай Раҳмон Гитлера задан, чанд рӯз пеш, ҳами Ҳасани Ориёнбонк қати Саидамир Зуҳуров мераван пешш меган, ки «Раҳмон соф парво накн, Президент катит во мехра гапота мезанӣ қатиш. Ина Саидамир Зуҳурова я заҳре додан, ки ба ҷогаҳу ҷома хов. Ҳумудин Шариповам ба дору куштан.»

Шофири Ҳумдин Шарипов , ки Маҳмадӣ ном дошт, нақл кард, ки Вазира мазаш мегрехт, мегуфт:  «ҳамиё мара чи коре кадагиян».

Аҳмади колбаса идома дода мегуяд: «Хай аку кадом я қиссаша ма тра Муродҷон бугум, ту хдут ай мода хуб медони. Оли ниго кун, трам додагиян ягон чи. И Эмомалида ягонта шоҳид даркор нест».

Ба гуфтаи Алишери сармуҳосиби Аҳмади колбаса, ки «Шеф одамои калона фарёд мекна,ташкили мекна, пиён мекна ба гапошона запис мекна». Шеф гуфта Аҳмади колбасара дар назар дорад Алишери ургутӣ.

Дилшод Ҷӯразода дар чанд эпизод

Аз «бизнес-империя» то оффшорҳо ва паникаи дохилӣ

Ва ҳоло меоем ба қисмати «қаҳрамон»-и Семейка. Қаҳрамони ин шумора чуноне гуфтем. Дилшод Ҷӯразода аст.

Таййи рӯзҳои ахир дар бораи Дилшод ба дасти мо чанд номае расид,ки инҷо онҳоро бо навбат пешниҳод менамоем:

Дилшод Ҷӯразода: Аз «мансабдор»-и наздик то соҳибкори оффшорӣ

Ҷузъиёти амвол, шабакаи пинҳонӣ ва лоиҳаҳои 8–40 миллион долларӣ дар Тошканд

Мо дар Ютуб барномаҳои шуморо дидаем. Ташаккури зиёд ба шумо барои он ки чунин мавзӯъҳои ҳаётан муҳиме, мисли фасод ва беқонунӣ, ки аз ҷониби мансабдорон ва соҳибкорони наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон содир мешаванд, равшан менамоед.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқат ва шахсони фасодкорро бидонанд.

Дар ихтиёри мо 100%маълумоти дақиқ дар бораи Ҷӯразода Дилшод ва бародараш Ҷӯразода Даврон, инчунин шахси бовариноки онҳо дар Ӯзбекистон Кабир Рустам мавҷуд аст.

Ба шумо хабар медиҳем, ки Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯразода фаъолона маблағҳоро аз Тоҷикистон хориҷ карда, онҳоро дар Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо дар Ӯзбекистон ширкате бо номи Fifty Five Group Uzbekistan таъсис додаанд.

Ин ширкат дар маркази шаҳри Тошканд,оттели “Monday” (Понедельник, ки бо шаҳри Душанбе ассоциатсия дорад) биноест шашошёна бо 40 ҳуҷра, бо арзиши 8 миллион доллар харидааст.

Ҳамчунин Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯразода дар маркази Тошканд, дар маҳалли Tashkent City, Бизнес Маркази «Monday»-ро ба даст овардаанд. Арзиши ин бизнес-марказ 40 миллион доллар буда, бино аз 7 ошёна иборат аст. Масоҳаташ 12 000 метри мураббаъ буда, дар дохилаш ду тарабхона ҷой дорад. Ин тарабхонаҳо бо номҳои GOSHT ва ART Bazar машҳуранд.

Бо ҳамаи ин лоиҳаҳо меҳмонхона, бизнес-марказ ва тарабхонаҳо шахси бовариноки Дилшод Ҷӯразода бо номи Кабир Рустам идора мекунад.

Кабир Рустам дӯсти наздик ва ҳамсинфи Дилшод Ҷӯразода мебошад.

Кабир Рустам аз лиҳози миллӣ афғони этникӣ буда, ҳамзамон намояндаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Ӯзбекистон мебошад.

Кабир Рустам, ки намояндаи Дилшод Ҷӯразода ва ширкати «Fifty Five Group Uzbekistan»- аст, парвозҳои чартериро аз Тошканд ба Малайзия (масири Тошканд – Куала-Лумпур – Тошканд) тавассути ширкати ҳавопаймоии малайзии «Batik Air» роҳандозӣ намудааст.

Мардумоне, ки дар ин масъала огоҳанд, дар суҳбати махфӣ гуфтаанд, ки Кабир Рустам транзити «шакар»-ро (махфӣ – эҳтимол ишора ба маводи манъшуда) аз Тоҷикистон тавассути Тошканд ба Малайзия ба роҳ мондааст.

Ҳамаи супоришҳои ҷиноии Дилшод Ҷӯразода дар қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби Кабир Рустам иҷро мешаванд, аз ҷумла шустушӯи маблағҳо тавассути криптовалютҳо.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқатро бидонанд. Мо умед дорем, ки шумо ин маводҳоро дар филмҳои ҳуҷҷатии худ дар Ютуб нашр мекунед.

Суратҳои меҳмонхона, бизнес-марказ, тарабхонаҳо, инчунин аксҳои ҳамаи иштирокдорони ин нақшаҳои фиребгарона ба шумо мефиристем.

Даврон Ҷӯразода ва «55 Групп»: Паника пас аз фошкориҳо

Гуфтугузорҳои дохилӣ, пулҳои пинҳонӣ ва тарси «расидани гап ба Ислоҳ»

Даврон Ҷӯразода, бародари Дилшод, баъди сару садоҳо дар барномаҳои «Ислоҳ»  дар фикр мондааст, ки чи кор кунанд, ки фикру хаёли Рустам аз гапҳои «Ислоҳ» ба дигар чизҳо банд шавад. Даврон ба Равшан Қурбонов гуфтааст (Равшан аз Хуҷанд буда яке аз нафарони бовариноки Дилшод Ҷӯразода аст), ки барои чи именно ҳозир ҳамин гапу корҳо баромада истодаанд? Ҳамин сол мо бояд бо Дилшод корҳои калон мекардем, сумҳои калонро мебаровардем. Ин кӣ бошад, ки гапҳоро мерасонад ба Ислоҳ.
Бинобар маълумотҳое, ки аз худи «55 групп» ба «Ислоҳ» расид, Дилшод фармон додааст, ки капитал- маблағҳо ва чизҳои гаронбаҳоро ҷамъоварӣ ва ҳисоб карда ба ӯ гуянд, ки чи миқдор аст.
Як чёрный бухгалтерияи Дилшод Ҷӯразода чанд миллион мебарояд. Налогро ҳам кам месупорад. Умуман дар ин қадар сол, хеле капитали калон ҷамъоварӣ кардаанд, Ҷураевҳо.Чи тавре, ки модари Ҷураевҳо мегуяд, агар диди сагро, дарав як бурда нон деҳ, устухонаш деҳ, ки нагазад. Ҳукумат ҳам чунин аст. Ҳамин, ки дидед Рустам аз шумо дилаш дур меравад, дарав даромада пешниҳоди ягон боғча ё чизи дигарро кунед, тамом, ҳушаш ба ҳамон мешавад.

Хушбахти бачаи аммаи Дилшод Ҷуразода гуфтааст, ки ҳамин Дилшод содда аст. О, як дунё маълумотҳо медонед дар барои Рустам, шумо ҳам равон кунед, ба ҳамон хоинҳо гӯянд.
Таҳти таъсири наворҳои видеоии «Ислоҳ.ТВ» дар бораи махинатсия ва афёраҳои Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон, Дилшод сахт парешону хавотир шудааст. Даврон гуфтаст: «Дилшод, братишка, умуман хавотир нашав. Тамоми направленияҳоеро, ки ба Рустам фоидаҳои калон меоранд, ҳамаашро мо ташкил кардем. Мисол Федератсияи Футбол. Маркетингашро кӣ мекунад? Мо мекунем. Ҷаҳонгир Шералиевич бо бачаҳо мекунад. Направленияи игровойро Хушбахт бо дигарҳо мекунанд. Умуман ин Рустик (Рустамро дар назар дорад) соображения надорад. Вақте ки Бизнесинкубаторро кушодем Некруй чизат гуфт? Гуфт, ки «канен аз ин авлод». Ин гапҳоро додоямон гуфта буд. Ҳозир ана ман ТАЧММА ташкил кардам. Ҳоло бин аз дастамон мегиранд. Ин Рустам он Рустами пештара нест. Хайрият модарамон через Мультикид якҷо фонди ба номи падарам- фонди Музаффар, сумҳоро бароварданд. Ҳозир як илоҷ кун аз ҳамон инвесторҳое, ки оварда истодаӣ, ягон шапкаи калони сум доля гир, меравем. Бас аст. Ҷаҳонгир Шералиевичро ҳам гу аз маркетинги Федерацияи футбол сумҳоро бардораду ҳуй хурад. Рафтан даркор, рафтан ё читарие худашон мегӯянд «ҳуй хурдан даркор».

Боз фаромӯш накун: «Мо гражданстваи чанд давлатро дорем, бе малол любой гап шавад ҳам ҳуй мехурем…»

Ҳуши маснӯъӣ ИИ ё роҳи нави пулшӯӣ?

Нақши Дилшод Ҷӯразода, Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ дар схемаи тозаи шурӣ муриҳо

Ҳозир дар забони Раҳмонов, искусственный интеллект-ҳуши маснӯъӣ, IT -технология зиёд садо медиҳад. Аммо маълум аст ки тамоман тасаввуроташро надорад. Дар асл бигирем ҳоло ин ба як усул ва ба як намуд сумсофкунӣ-пулшӯии нав, табдил шудааст. Ду нафар шахсиятҳоеро, дар ин самтҳо масъул мондаанд, ки тамоман ба ин арса мувофиқ нестанд. Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ.

Хуршед Мирзоев умуман дар самти вобастакардааш тасаввурот надорад, фақат аз рӯйи нақлу барномаҳо тасаввурот дорад. Азизҷон Азимӣ бошад, ҷавон аст, қобилияти пешбариро тамоман надорад. Дуруст, ки давр -даври ҷавонони донишманд аст, аммо ҷавонро бояд пире роҳнамоӣ кунаду лоақал донишу малакай ҳамон соҳае раис аст донад, то корро пеш бурда тавонад.

Ҳар вақте Раҳмоновро мегуянд IT ва ИИ Раҳмонов дарав худро серьёзный мегираду мегуӣ, ки хуб тасаввурот дорад, ки гап сари чӣ меравад. Бо тантана IT парк кушоданду воҳимаҳо аз рӯйи миллион. Одитарин барномаҳои технологиро наметавонанд сохтан ё таҳлил кардан, аммо дар коғаз аллакай миллионҳо списат.

Дилшод Ҷӯразода, ки дар Алик малики виртуалӣ устухон надорад, сумҳои калони Рустамро маҳз бо ҳамин роҳ бароварда истодааст ва дар счётҳои оффшори худ ҷо ба ҷо дорад. Нафаронеро, ки оиди ин соҳаҳо тасаввуротҳо доранд, дарав ба тарафи худ ҷалб дорад. Дилшод Ҷӯразода гуфтааст, ки Худо накунаду ягонтоаш системаи кардаи моро (аз сари ҳар операцияи пулӣ, фоизи худро гирифта ба оффшор мефиристодаро) муайян кунад. Мо набояд ин Рустамро дар ин соҳа внедрят кунем ва тасаввуроташро бедор созем. Дилшод аллакай Азизҷон Азимиро ба тарафи худ кашидаасту гушпарӣ кардааст, ки мо мардуми бофарҳанги Суғд бояд якҷо бошему ин кулобиҳоро истифода барем.

Ин гапҳоро Хушбахти хеши Дилшод гуфтааст. Хушбахт сағераи чақчақӣ, любой гапро нақл мекунад. Хушбахтро ба депутатӣ пешниҳод карда буданд, дигар напурсидемаш, ки гузаштӣ ё не?

Даврони бародари Дилшод Ҷӯразода кушиш дорад, ки Ҳасанро бо Хуршед Мирзоев ҷанг андозад. Даврон гуфтааст, ки инҳоро мутит кардан даркор, ки ҳуши ҳама ба инҳо шаваду гапу чапи болои мо шудагиро фаромӯш кунанд. Мақсад аз гапу чап мақолаҳо дар барномаҳои «Ислоҳ» аст.

Даврон Ҷӯразода гуфтааст: «на самом деле ман да ҳамин кулобиҳо кайф мекунам. Свет нест дар Тоҷикистон, инҳо бошан искусственный интеллекту IT парк мекунанд. Наход ягон кас набошад нагуяд, ки о,аввал проблемаи барқро ҳал кунед, баъд дигар корҳо мешавад. Ҳамин хел феъли безеб доранд, ки фақат сумҳои дигарҳоро ҳисоб мекунанд аз худашонро не».

Рост гуфта буд Некруй Забиров, ки инҳо миёни ҳамаи соҳибкорҳоро мешикананд.  Яъне Раҳмонов бо Оилааш.

Дилшод Ҷӯразода чанд зан гирифта ҷудо шудааст. Бо ҳозира занаш зиндагӣ дораду фарзанд дорад. Зани пештарааш гуфтаст, ки хуни мардумро бо қиморхонаҳояшон ин акаву додар хурданд. Манзураш Дилшоду Даврон Ҷӯразодаҳо Мардум хонаҳояшонро бой доданду, зану фарзандҳояшон дар куча монд. Дуъои онҳо ҳатмани ҳатман мегирад Дилшоду Давронро. Метарсам, ки фарзанди манро ҳам дуъои мардум нагирад, гуфтааст зани пештараи Дилшод Ҷӯразода.

Тамоми проектҳое, ки Дилшод Ҷӯразода мекунад ва рекламаҳои калон мекунад, ҳамааш як фейканд. Аммо онҳоро як бор ревизия ё санҷиши ҳалол намекунанд.

Аз пушти номи Рустам миллионҳоро бароварданд. Ҳоло Рустам Президент нашуда аллакай Дилшоду бародараш сумҳоро аз Тоҷикистон  ҷудоҷудо бароварда истодаанду Хуршеду акааш ҷудо, Шоҳрух ҷудову Зайнулло ҷудо. Язнаҳои Рустам бошанд секунд  қарор нестанд. Ин Рустам бо ин ҳама аждаҳоҳое, ки пайдо шуда истодаанд, пагоҳ чи кор мекарда бошад? Ягон нафар аз апаҳову язнаҳову ҷиянҳову дигару дигарҳо гушаш намекунанд.

Пасгуфтор – ҷамъбасти «Семейка news №23»

Ончи дар ин шумора гуфтем, қиссаи як–ду шахс нест. Аз мактаби №15-и Душанбе, ки духтарони ноболиғро ба сафҳои «протоколӣ» мебаранд; аз Тахминаи «Клеопатра», ки сардори  КДАМ-ро мисли хизматгор иваз карданӣ мешавад; аз Арабзодаву Муҳибу телехҳои қароргоҳи президент то генерал Мурод ва Аҳмади «колбаса» – ҳамааш як занҷир аст. Ин ҷо ҳар кас, ки ба «семейка» наздиктар аст, қонуни шахсии худро дорад, ва қонун барои мардум мемонад.

Қаҳрамони асосии ин шумора-Дилшод Ҷӯразода-танҳо як эпизоди равшан аз ҳамин система аст. Як тарафи расмиаш «рақами 1»-и IT ва «бизнес-инкубатор», тарафи дуюмаш – меҳмонхонаҳои 8–40 миллион долларӣ дар маркази Тошканд, оффшорҳо, криптовалюта, «шакар», Кабир Рустам ва «Fifty Five Group Uzbekistan». Ҳар қадар ки фосила аз Тоҷикистон зиёдтар шавад, ҳамон қадар ҳисоби пулҳо дар берун калонтар мешавад. Вале ҳамаи ин маблағҳо аз куҷо меоянд? Аз ҳамин мардум, аз ҳамин замин, аз ҳамин барқи лимитдор.

Дар дохил бошад, «паника» аз як чанд навори «Ислоҳ» кофист, ки Даврону Дилшод капиталро ҳисоб карда ба гурез фикр кунанд: кӣ бо ТАЧММА, кӣ бо Федератсияи футбол, кӣ бо IT-парк, кӣ бо фонди нав. Ҳама чиз бо номи Рустам анҷом мегирад, аммо ҳар кадоме ҷудо–ҷудо халтаро пур карда истодааст. Феъли умумӣ якто аст: ҳеҷ кас ба фардо ва ба ин миллат фикр надорад, ҳар кас фақат ҳисоби роҳҳои гурезу «гражданствоҳои захиравӣ»-ашро мекунад.

Ҳуши маснӯъӣ ва IT-парк дар забони Раҳмонов ба як шӯхии сиёҳ табдил шудааст: кишвар бе барқ, бе عدالت, бе саноат мондааст, вале миллионҳо доллар «барои технология» навиштаву тақсим карда мешаванд. Дилшод Ҷӯразода ва шариконаш ин оламро на ҳамчун воситаи пешрафти кишвар, балки ҳамчун механизми нави пулшӯӣ дидаанд. Дар коғаз «интеллект» менависанд, дар амал истиқлолияти молиявии як даста хешу таборро таъмин мекунанд.

Аз тарафи дигар, қиссаҳои мактаби №15, духтарони «протоколӣ», телехҳо, қудоҳои нав, латту кӯби човандоз дар бузкаши Ҳисор, дафъ кардани прокурори як вилоят танҳо ба хотири писари «Муҳиби номард бошаму зинда бошам» – ҳама як чизро нишон медиҳад: давлат ба ширкати оилавӣ табдил шудааст. Қудрат на барои ҳифзи мардум, балки барои пӯшондани ҷиноятҳои худи «семейка» кор мекунад.

«Семейка news №23» ҳеҷ муамморо то охир ҳал намекунад, аммо пардаҳоро каме канор мезанад, то хонанда рамзи асосиро бубинад: ҳеҷ як Дилшод, Даврон, Арабзода ё Мурод танҳо нестанд. Онҳо маҳсулоти мантиқии ҳамин низоманд. То вақте ки низом ҳамон аст, қаҳрамонҳои фасод ҳам иваз мешаванд, аммо спектакл боқӣ мемонад.

Мо ин шумораро бо як суоли одӣ мебандем: агар имрӯз ҳар кас, ки дар ин матлабҳо номаш омад, фардо равад, оё система иваз мешавад ё танҳо чеҳраҳо? Ҷавобаш дар дасти ҳамон мардумест, ки ҳоло то ҳол дар торикӣ, дар навбати нону об, дар навбати муҳоҷират ва дар навбати ҳақиқат истодаанд.

«Семейка» танҳо нақл мекунад. Он ки ин қиссаҳоро ба поён мерасонад, худи ин мардум аст.

Сообщение Семейка news №23 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №20
Сарусадоҳо дар бораи Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии Раҳмонов, ки як, ду соли охир фурукаш намешуд, баъди касби мақому мансаби вай дар вазорати тандурустии Тоҷикистон аз нав авҷ гирифт. Бале, хонанада ва бинандаи закии «Ислоҳ»дуруст фаҳмидед. Ин навбат «қаҳрамон-симои марказии Семейка» Фарзонаи Эмомалӣ аст.

Фарзона ҳам ба амсоли апаҳову акааш ба ҳукумат омад. Ва чӣ омадане карду ба чи Раёсате роҳбар шуд? Ин ҳамаро поинтар мегӯем. Вале тибқи маъмул барномаро бо  Ахбори Семейка шурӯъ мекунем. Ва дар аввал аз афроди «круг»и Рустам:

Хуршеди Мирзо бизнесашро ба Ҳиндустон бурд

Хуршеди Мирзо, дӯсти наздик, аз раисони «Авестогрупп» ва мудири Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Тоҷикистон дар Ҳиндустон коргоҳи фарматсевтӣ дорад. Хоҳараш Сайёра дар ин коргоҳ директори генералӣ аст. Шавҳари Сайёра Муҳаммадиқбол ном дорад. Дар Роғун ба ҳайси раиси ТГЭМ кор мекард.

Хуршеди Мирзо, бинобар маълумотҳои дарёфтӣ дар ин авохир ба сарчашмаҳои фоидаовари вазорати адлия ва умури дохилӣ «нул» зада истодааст. Хуршед  пешниҳод дорад, ки тариқи системае, ки вай дар ин Агентӣ месозад, ҳамаи пардохтхо барои гирифтани ваколатномаи идораи нақлиёт ва гирифтани маълумот оиди доштан ё надоштани доғи судӣ анҷом дода шавад.

Дар ин ҳолат вазорати адлия ва дохилӣ аз манбаъҳои аслии даромад маҳрум мешаванд. Хуршед ба Рустам фаҳмондааст, ки бо ин роҳ контроли пардохти маблағҳоро дуруст карда, ҳамаи сумҳо дар якҷо ва зери назорати онҳо ҷамъ мешаванд. Як, ду суме, ки коргарони нотариус кор мекарданд, аз ҳамон ҳам меонанд.

Прокурори генералии оянда кӣ аст?

Идрисзода Илёс Мумин, яке аз дӯстони Рустами Эмомалӣ қарор аст дар оянда Прокурори генералии Тоҷикистон шавад. Як манбаъи огоҳ гуфт, ки Рустам командаи худашро аз шумори дӯстонаш аз ҳоло интихоб карда истодааст.

Идрисзода Илёс моҳи январи соли ҷорӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд. Қабл аз ин дар мақоми муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекард. Вай дар ноҳияи Вахш ва Ғафуров ҳам кор кардааст. Вақте Рустам ба ҷойи Убайдуллоев раиси Маҷлиси Миллӣ шуд Идрисзодаи рафиқашро роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ овард. Идрисзода аз Фархор аст.

Умед Авзалов, дӯсти нонамоёни Рустам?

Яке аз дӯстони Рустам Умед Авзалов аст. Умед Авзалов писари Ғайбулло Авзалов, раиси пешинаи вилояти Хатлон ва яке аз ҳамроҳони Эмомалӣ Раҳмонов аз давраҳои ҳанӯз депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон буданаш аст.

Умед Авзалов на фақат дӯст, балки яке аз кошелёкҳои Рустам аст. Умед яке аз нафарони ноаён круги Рустам, аммо гапаш дар Рустам мисли лезва. Маҳз бо мусоидати Умед Ҷамолиддин Абдуллозода, ки язнаи Умед аст аз курсии сардори Раёсати тандурустии пойтахт яку якбораи вазири тандурустӣ таъин шуд. Агар шумо хонандаи ҳамешагии Ислоҳ ҳастед, шумо хуб медонед, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тадурустӣ баъди зарбу лати писарони Қурбонбии хоҳари Раҳмонов, милисаҳо Фахриддин контузия гирифта буд. Чанд вақти пеш бо қарори Раҳмонов Саломиддин муовини вазири тандурустӣ таъин шуд, ки писараш бо ҷурми одамкушӣ дар зиндон аст.  Саломиддин Юсуфӣ то кунун сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат буд.

Умед Авзалов як бародар дорад, ки номаш Анвар мебошад. Ӯро Анвари Девона мегӯянд. Замоне, ки падари Умед раиси вилояти Хатлон буд, Анвар Авзалов ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардааст. Аз авбошиву наркотик то куштор. Вале нисбати вай ягон парванда ё ақалан ҷаримаи маъмурӣ карда нашуд. Боз як акаи дигар дорад Умед Авзалов номаш Искандар аст, ки дар аэропорт хона дораду ӯ хам монанди Анвар ҳоти ҳот аст. Аҷиб, фарзандони Авзалов нимаш Девонаву бадрафторанд.

Анвар Авзалов сари чанд занро хурд. Вақте, ки Анвар ба куча мебаромад, ҳама баҷо мешуданд, ки бо яке ягон каса накушад. Аз мағозаҳо чизеаш мефорид мегирифт вале сумашро баъд медиҳам мегуфту аммо тамоман намедод.

Умед Авзалов ба тиҷорати наркотик ва домсозӣ машғул аст.

Бубинед кобинаи ҳукумати ояндаи кишвар аз чи касоне ташкил меёбад.

РВК Душанбе ё ВКД- 2 ?

Бобозода Беҳрӯз, сардори яке аз шӯъбаҳои РВКД-Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе, Шоҳрух Саидзодаи сардорашро «генерали нохонда» мегӯяд. Ин корманди Шоҳрух гуфтааст, ки Шоҳрух бар хилофи майлу хоҳиши Рамазон Раҳимзода ва Абдураҳмон Бузмаков (Аламшозода) вазир ва муовини аввали вазорати дохилӣ ҷойгоҳ ва нуфузи худро ҳар рӯз болотар бурда истодааст.

Рӯзи 19.08.2025 Шоҳрух бори дигар нишон дод, ки ончики худи ӯ мехоҳад, ҳамон мешавад ва ҳамонро иҷро мекунад. Рустам дар дасти Шоҳрух ранги як кукла-арусак аст. Шоҳрух чи хеле, ки мехоҳад, «товш мета».

Шоҳрух барои худ фаъолияти дастаи махсуси ҷангии «Шоҳин»-ро, ки аз бачаҳои машқдида иборат аст бо иштироки Президент ва Рустам расмӣ кард.

Ҳатто СС.Ятимов хандааш омаду гуфт, ки «э, вой бар ҳолат Рамазон Раҳим, ки ранги марионетка шидай. О, дар ВКД дастаҳои зудамали СОБР, ОМОН, СПЕЦНАЗ ва дигарҳо ҳаст, боз қӯшунҳои дохиларо ҳам дорӣ, о,и «Шоҳин»-аш бо чияй?  .

Шоҳрух дар гуши Рустам парид, ки ин даста фақат барои муҳофизати худамон мешавад. Дар асл бошад барои худаш ташкил кард, ки ӯ ва тиҷоратҳои ӯро ҳимоя кунад.

Худи ҳамон рӯз бинои нави РВКД дар шаҳри Душанберо ҳам президент бо Рустам мавриди истифода қарор доданд. Ин бино аз бинои ВКД ҳам базебу ҳозиразамон аст. Вазир дандон ба дандон мехоиду СС.Ятимов мулоимхунукона механдид бар ҳоли вай. СС.Ятимов ба Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан гуфтааст: «ма гуфта будам, биё маълумотҳоро дар бораи бачаи кали Фаттоҳ- Шоҳрух ба Президент пешниҳод кунем, бина, ки чи ҷиноятҳо содир кардаасту дар чи корҳо даст дора, неее гуфтӣ. Ана акнун гир натиҷаша. Мемондӣ ҳаму вақт дар байни як сол полний гум мешид».

Воқиан ҳам вақте навори ифтитоҳи бинои РВКД ва дастаи таъиноти махсуси «Шоҳин»-ро нишон медоданд, манзараҳо бисёр ғайримаъмулӣ буд. Шоҳрух ба унвони раиси милисаи Душанбе дар байни Раҳмонову Рустам ва ё дар паҳлуи онҳо қадам мезад, аммо СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода дар фосилаи як ду метр дуртар аз онҳо мистоданд. Чунин манзараро қаблан дар расми ифтитоҳи ҳеҷ бинои милисае дар ягон манотиқи дигар наметавонед бубинед, ки вақте вазири дохилӣ ё муовини он ҳузур дошта бошад, биноро сардори Раёсат бо президент кушояд.

Инҷо Раҳмонову Рустам ошкоро аз Шоҳрух ба унвони вазири ояндаи дохилӣ ҳимоят карданд ва нишон доданд, ки ҷойгоҳи Шоҳрух дар назди онҳо то чӣ ҳад боарзиш аст.

Агар бинои милиса дар Кулоб, Бохтар ё Хуҷанд ифтитоҳ мегардид ва дар расми он Рамазон Раҳимзода ҳузур медошт Раҳмонов ҳатман бо вай ин корро мекард вале дар Душанбе ин корро бо Шоҳрух анҷом дод ва вазири дохилиро ба дур нигоҳ дошт.

Дар зимн, инро ҳам бояд бигӯем, ки Бобозода Беҳруз гуфтааст, ки «кунмон дарид ай расхода. Ҳамаи шуъбаҳомона худмон ремонт кардем. Ҳамаи сум дар шуъбаи УУР-и шаҳру тафтишоти шаҳр, неки мо кадем. Мегирифтан и лилипути Шоруха мемонданша ягон ҷои дигада»

Бобозода Беҳруз ва муовини аввали Шоҳрух бар зидди Шоҳруханд ва мехоҳанд, ки Шоҳрухро дафъ кунанд. Аммо маросими ифтитоҳи бинои милисаи пойтахт бори дигар тасдиқ кард, ки Шоҳрух вазири дохилаи ҳукумати Рустам аст.

Дар хабарҳое, ки роҷеъ ба ифтитоҳи ин бино ва бинои дастаи таъиноти махсуси милисаи Душанбе бо номи «Шоҳин» махсус таъкид гардид, ки онҳо бо пули бюҷети Душанбе сохта шудааст. Яъне Рустам ба ҷурааш Шоҳрух бино сохту инъом кард.

Нуктаи дигаре,ки нишон медиҳад,Шоҳрух то чи андоза наздик аст ин аст ки ҳеҷ Раёсат на дар Суғд, на дар Бохтар дастаи таъиноти махсуси хоси худро надорад. Аммо барои Душанбе онро ташкил карданд.

Чаро маҳз ШОҲИН?

Ҳама бинандагони Ислоҳ хуб огоҳанд,ки модераторони Ислоҳ бо номи Шоҳин дар ютуб амал мекунанд. Шоҳин рамзи шербачаҳои Ислоҳ аст на аз Шоҳрух. Аммо Шоҳрух бо гузоштани ин ном мехоҳад нишон диҳад,ки «шоҳин»ҳои ӯ дар муқобили шоҳинҳои мо тавони истодагариро доранд. Ин шо Аллоҳ ҳаргиз чунин нахоҳад буд!

Статияи ЛГБТ 307 чаро?

Ва ҳоло як номаи як шаҳрванди Тоҷикистон,сокини Душанберо, ки аз ҷабру ситами генерал Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати умури дохилаи пойтахт ночор аз ватан фирор кардааст, пешниҳод менамоем. Ин нафар навиштааст, ки мақомоти давлатӣ ба ман зӯроварӣ карданд. Масъала масъалаи ЛГБТ аст. Дар Тоҷикистон ҳамаро қапида, подстава карда статяи 307зада истодаанд: «Типа ба қонуну қоидаҳо гӯё ЛГБТ ин як экстремистский организации мебошад. Ин ҳама корора Шоҳрух кардестай.
Шоҳруха оташ вақташда вазифадор бд ку. Ҳаму вақти вазифадор будагишда бисёр мардако кати ҳами корҳора мекардай. Ҳозирам ҳамин кор кардестай.
Аз ҳамин сабаб Шоҳрух ҳама одамои ЛГБТра азоб дода, статья зада выездшона махкам карда азоб додестай. Одамора хдшон подстава мекнан. Трансодамо гуфтанӣ хастай. Ҳамуво бачаҳан. Просто либосои духтарӣ кати мегардан. Ҳамувора гирифта чандин касша подстава карда, спискаи ЛГБТ одамода монда запрет мондагиҳан. Бисёртар одамои мақомотҳои давлатӣ кор мекардагиҳора, бизнесменои бою ба қудрата. Якеаш Исмати Дулик ва хешу тавороша, через ҳамихел трансо подстава карда шантажу азобу азият додестан.

Ҳозир дар Душанбе ва дигар ноҳияҳо рейди сахт рафтестай барои ЛГБТ. Асосан барои мардакое, ки бо ин амалҳо даст мезананд. Мардума ай сайт знакомстваҳо қапида 307 задестиян. Как будто ЛГБТ ин организацияи экстремистӣ мебошад.
Шоҳрух и кора кардестай. Шоҳрух рейд сар додагиҳай. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мардума қапида статья задестан, яхелша 238, 241, 307.
Ҳамара қапида дар учёт мондестиян. Чандин одамора ма мешносам,ки ҳаминхели мебошад дар Тоҷикистон. Дар турмаҳо маҳкаман. Бисёрша 307 задагиян.
Шумо аҳамият доден, моҳи март буд 307одамора аминистия кардан ку. Ҳамуҷа бисёр бачаҳои ёш будан, ки кати мардако ин амалро  мекарданд, ҳамунора чавоб додан.
Дар Хуҷанд чандин каса қапида подстава кардагиҳан.
Мардум прокуратура ва МВДда жалоб кардестай, ҷавоб нест. Наоборот ҳолшона прокурору суд вазбин кардестан. Ин чи рузай? Наход ЛГБТ одамора бгиран экстремист статья 307 бзанан».
Ин нафар ҳамчунин навиштааст, ки
Як  собиқ коргари КДАМ гуфт манда, ки Шоҳрух коргари КДАМра подстава кардаст, ура ай вазифаш хорич кардан. Ҳозир дар Америка қарор дорад. Ҳамун касра ҳам барои ЛГБТ подстава кардабудаанд.
Мара худма подстава кардагӣ буданд. Руз надоштм дар Тоҷикистон. Ду сол мешава дар Канада зиндагӣ дорм 100% защита ПМЖ додагиянма.
Падару модари ман дар мақомотҳои давлатӣ кору фаълият мекарданд. Аз пушти ман ай кор хориҷ кардагияншона».

Тоҷикстандарти Исломиддини Нуриддин

Дар шумораи пешина (Семеканюс 19) аз русиро балад набудани Исломиддини бачаи марҳум Нуриддини, тракторчӣ бародари Эмомалӣ Раҳмонов, ки раиси Тоҷикстандарт мебошад гуфта будем. Аммо ин бор аз зани дуввумаш ва наздикони зани дуввумаш мегӯем.

Исломиддини Нуриддин, раиси «Тоҷикстандарт» зани дуюм гирифтааст, ки аз Конибодом аст. Ҳозир«праваи рука»-и Исломиддин бачаи ҳамин зан аст ва печату имзои Тоҷикстандарт дар дасти ҳамон аст.

Он зан аз Исломиддин чанд сол калонтар аст. Ин бачааш аз шавҳари якум ё дуюмаш, яъне то Исломиддин аст, номаълум. Дар мавриди онки он занро чи гуна ёфтаасту зани дуввум кардааст, ҳанӯз маълумот дар ихтиёр надорем. Вале инки бачаи вайро овардааст праваи рука мондааст, воқеият аст ва кадом корафтодае, ки барои санаду ҳуҷҷате меояд через назди ӯ мегузарад. Тоҷикстандарт отдели сертификат дорад, ҷои асосии ин идора, ҷои даромад ҳамин отдел аст. Барои ҳамон  бародари он занро овардаасту сардори управленияи мондааст, ки он отдел дар таркибаш аст. Сардори он управления то омадани додари зани дуввуми Исломиддин додари Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон буд, ӯро аз кор берун карда хусурбачаашро дар ҷояш монда аст.

Исломиддин мегуфтааст: «ин конибодомӣ зури бадаи». Ин ягон туҳмат нест Рустам як фармон те санҷанд ҳамаашро мефаҳмед. Ин дафъа бе ному насаб ҳаминхел мегуем, дар барномаҳои дигар мушаххастар бо ҳама шури муриҳои бачаи амакат мегуем.

Чаро Фарзона ба ҳукумат омад?

На фақат Фарзона, духтари хурдӣ ва охирин фарзанди Эмомалӣ Раҳмонов, ин диктатори худкомаи Тоҷикистон аст ки дар ин синни ҷавонӣ ба мансаби баланд мерасад.

Фарзонаи Эмомалӣ ҳамагӣ 27 сол дорад, ки ба курсии сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст такя зад.  Рустам як соат хидмати ҳарбӣ накардаст, генерал шуд, Рухшона чанд ҳафтае дар вазорат кор кард ё не сафири кабири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирланди шимолӣ, Озода низ ҳамчунин пиллаҳои нардбони мансабро мисли бабр тай карду то муовини вазир ва ниҳоят роҳбари Дастгоҳ таъин гардид ва кӣ медонад як, ду сол пас боз то куҷоҳо парвоз мекунад, Зарина ҳам муовини аввали раиси Ориёнбонк аст. Ин ё корхонаи тавлиди одами Азизмо чи хелӣ бошад?

Ба ин тариқ аз 9 фарзанд,7 модаву 2 нари Эмомалӣ Раҳмонов акнун Озода, Парвина, Рухшона, Зарина, Рустам ва инак Фарзона 6 нафар мансаби давлатӣ доранд, аз ҳисоби байтулмоли давлат мехуранд, охранна ва мошинҳои хидматӣ доранд.

Ҳеҷ кадоме аз инҳо, ҳанӯз, ки сӣ солашон набуд, соҳиби курсиҳо дар вазорату идораҳои давлатӣ шуданд-«ёши ёш». Мешавад ба ин натиҷа расид, ки зовути Азизмои газетхонак-модари инҳо фақат кадрҳои зӯр, соҳибмансаб истеҳсол мекардааст. Мешавад, ки ба китоби Гиннес ин зовутро пешниҳод кард.

Хуб, ҳоло биёем аз Фарзона, бигӯем, ки чуноне гуфтем симои марказии ин нашри «Семейканюс» интихоб шудааст.

Хабари таъиноти ӯ ба мақоме дар вазорати тандурустӣ дар сомонаи ин вазорат мунташир шуд. Сомона, кай ба ин мақом санаи дақиқи татини ӯро зикр накардааст, аммо тазаккур кардааст, ки як фарзанд дорад ва «муҷаррад» аст.

Аммо мо медонем ва қаблан ҳам навишта будем, ки Фарзона арӯси хонаводаи Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ ва ҳоло котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон шуда буд, вале ситораи вай бо Сафархон, писари котиби Совбез, ки он замон дар Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард, мувофиқ наомад ва онҳо ҷудо шуданд.

Замоне онҳо издивоҷ мекарданд, расонаҳо навишта буданд: «якшанбеи 4-уми декабри 2022 дар тарабхонаи нави «Магнолия»-и шаҳри Душанбе маросими «оши наҳор»-и издивоҷи духтари хурдии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  Сафархон Раҳмон, писари Додситони кулли Тоҷикистон баргузор гардид. Ба муносибати издивоҷи ин ду ҷуфт дар тарабхонае дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе оши наҳор дода шуд, ки дар он мансабдорони баландпоя ва наздикони ду тараф иштирок карданд. Ин минтақа ба муносибати омадани раисиҷумҳур бозсозӣ, поккорӣ ва рангубор шудааст».

Зимнан ресторани «Магнолия», ки ҳоло ҳам амал мекунад аз они худи Юсуф Раҳмон аст.

Бархе аз бадзабонҳои бадгӯ таъкиди «муҷаррад»-ии Фарзона дар шарҳи ҳолаш аз тарафи вазорати тандурустиро як амали мувофақашуда бо худи Эмомлӣ Раҳмонов мешуморанд. Таъкиди ҳолати оилавии Фарзона ба он хотир будааст, ки шояд харидори говҷигари серсуме пайдо шавад ва Фарзона ҳам аз нанги «бевагӣ» наҷот ёбад.

Чунки ба фарқ аз бақия апаҳои аждаҳояш ҳоло сармоя ва тиҷораташ номаълум аст. Ҷойи шавҳараш вакансия шудааст. Барои ҳамин мегӯянд, ки шояд инҷо ба хотири он муҷаррад буданашро эълон карданд, ки музояда эълон шавад. Номаълум аст, ки ин музояда бо усули ҳолландӣ ва ё инглисӣ доир мешавад.

Зимнан Фарзона тақдири талхи Тахминаи Клеопатраи апаашро, ки писари Ёрмаҳмад Гулов, собиқ раиси Тоҷикпишепром талоқаш кард, такрор кард. «Бахти аввала»-аш омад накард.

Бинобар гуфтаи як нафар, ки бо ин оила равубиё дорад «вақтҳои ахир Фарзона дар депрессия афтода буд, афсурдагии рӯҳӣ азияташ мекард. Иллати асосӣ ин набуд, ки аз Сафархон ҷудо шуд, иллат дар он буд, ки мехост ҷавони нағздидаашро гирад, аммо чунин нашуд, ӯро ба бачаи Юсуф Раҳмон доданд. Барои тадовӣ ва табобат тамоми чораҳоро ҷустанд, то аз депрессия бароваранд, зиёд корҳо аз ҷумла, азоимхонӣ карданд, муллоҳо оварданд, чанд бор чилёсин карданд. Фарзона чанд муддат сабук мешуд, ба худ меомад, аммо дар ниҳояти кор боз натиҷа намедод. Азизмо ин ҳамаро аз Эмомалӣ пинҳон анҷом медодааст, чунки ӯ ба ислом эхтиқод надорад ва бадаш мебарад.

Баъди чанд моҳ насиҳатҳо ва зориву илтиҷоҳо аз тарафи Азизмо, «барои онки ҳуши Фарзона ба коре банд бошад», ӯро ба ин вазифа монданд.

Сафархон аз ҳамзистӣ бо Фарзона ба ҷон омада буд. Вай бо изҳори андӯҳу пушаймонӣ гуфтааст, ки «ҳамиқа расходе, ки дар туйю даводаво барои гирифтани ҳами духтар, яъне Фарзона кардем, кошке мерафтм да хориҷа ягон бизнес ранги ҷураҳом мекадм, хубтар буд. Зани ма неки кати ким ки».

Дар бораи кӯдакаш ҳам сӯҳбатҳо хуб нестанд. Гуё Сафархон то охирин лаҳзаҳо ба Фарзона подозрений мекардааст. Махсусан ба кудаки Фарзона. Гумонаш ин будааст, ки ҳанӯз ҳам бо ошиқи пештинааш мегаштааст. Аммо мегуянд, ки кудак ба Сафархон шабоҳат дорад.

Юсуф Раҳмон мебоист барои бори сеюм ҳам Прокурори Генералӣ мешуд, аммо чуноне Тахмина сари Гуловро хӯрд Фарзона карйераи Юсуф Раҳмонро шикаст. Бори дигар мегӯем, ки «қудо шудӣ, вазир шудӣ, ҷудо шудӣ ҷазир шудӣ».

Аммо нуктаи ҷолиб, ки қаблан иттифоқ намеуфтод ин буд, ки нафар дар вазорати тандурустӣ сардори Раёсат бишавад, тарҷумаи ҳоли вай дар сомонаи вазорат нашр шавад. Боз ҷолибтар ин аст ки дар ин тарҷумаи ҳол бо хатҳои хоно «муҷаррад» будани Фарзона махсус навишта шудааст. Муҷаррад нафари танҳо. Вале вақте мебинем, ки навиштаанд як кӯдак дорад ҳайрон мешавед. Пас вай на муҷаррад беҳтар аст бева гуфта шавад.

Чаро маҳз бевагии Фарзона зикри хос шудааст?

Як нафар гуфт, ки ин навъе аз ҷаҳд ва даъват аст ки касе мехоҳад марҳабо. Фарзона ба подиум баромадааст, Фарзона ба ауксион ва ё тендер гузошта шудааст ва зикри муҷаррадаиш ҳам тибқи талаботи ауксион аст. Акнун харидорҳо бояд пеш бароянд.

Воқиан ҳам тарҷумаи ҳоли Фарзона ҳам аҷибғариб аст. Дар хабаре, ки аз расонаҳо овардем гуфта мешуд, ки Фарзона вақте издивоҷ мекард, кор намекард, Сафархон кор мекунад. Дар навишати вазорат ҳам гуфта мешавад, ки Фарзона

Соли 2014 ба факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2020 хатм намудааст.

Баъдан, соли 2020 ба ординатураи клиникӣ бо ихтисоси бемориҳои кӯдакона дохил шуда, соли 2022 онро хатм кардааст.

Ҳамзамон, соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намуда, соҳиби дипломи аъло гардидааст.

Аз соли 2021 ба ҳайси мутахассиси Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Яъне Фарзона дар 16 солагиаш(?!) литсейро хатм намудаву шомили донишгоҳ шудааст, соли 2022 ординатура ва соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намудаст. Ҳайратовар ин ҷост ки аз соли 2021 ба ҳайси мутахассиси Раёсати…вазорати тандурустӣ фаъолият кардааст. Шубҳанок нест. Ва боз вазорат афзудааст, ки

«Маҳз малакаву кордонии мутахассиси ҷавонро ба инобат гирифта, соли ҷорӣ бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзонаи Эмомалӣ сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд».

Аҷаб. Дар се соли корӣ, ки он ҳам чуноне фаҳмидем, дурӯғи дурӯғ аст «малакаву кордонӣ нишон додааст» ва дар мақоме оварда шуд, ки барои ишғоли он ҳадди ақал, масалан барои дигарҳо 15-20 сол таҷриба даркор аст. Ин ҳама масхарабозӣ ва мардумро аблаҳу аҳмақ гуморидан барои чӣ бошад?

Мо мутмаинем, ки Фарзона ҳатто укол карда наметавонад. Ва воқиан ҳам барои онки Фарзона аз депрессия барояд бояд ба ҳукумат ояд. Ё чуноне падараш гуфта буд: «Курси панҷда шавҳар мекуни, тамом карди донишгоҳа якта бача таваллуд мекуни ва баъд кора сар мекуни» Акнун Фарзона бошад чикор бояд кунад? Акнун Ислоҳ аз забони Раҳмонов ба Фарзона чунин мегуяд: «Аввал ма ҳар касера бгум мегирӣ, нахости у бачара талоқ мекунӣ. Бева мешавӣ соҳиби як фарзанд, ба вазорати тандурусти раиси шуъба таъин мекунумта ва онҷо выборат калон аст духтарам. Аку дига ма маҷбурт намекунум бачаи комша бгир. Ҳар комеша мехоҳи амура мегирӣ, дига у тарафаш кори худат»

Ана ин аст ҳукумати оилавӣ.

Сообщение Семейка news №20 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№268
Ин воқеият аст, ки на ҳама аз даруни ҳатто  Оила барои омадани Рустам дар ҷои Раҳмонов каф мекӯбанду даф мезананд. Баъзе аз инҳо, ки ҳоло дар айни авҷи роҳату ишратанд баъди омадани Рустам ҳатман ба маҳрумиятҳо мувоҷеҳ мешаванд. Ин дар табиати қудрату сарват ниҳон аст ки ҳар қадар нерумандтар шудӣ, мехоҳӣ, ки луқмаи ҳамаро дар дасти худат дошта бошӣ.

Муаллифи номаи аввали иннашри барнома аз бозиҳои пасипардагии командаи Рустам бар алайҳи Ҳасан Асадуллозодаи тағояш мегӯяд:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаро мутолиа фармоед, мефаҳмед, ки ман кӣ ҳастам. Мешавад гуфт, ки ман корманди тими «Ислоҳ»дар даруни даруни инҳоям. Шояд дар даруни амният,шояд дар даруни МВД ва ё шояд ҳатто дар даруни оила бошам. Аммо бо сароҳат мегӯям ман ҷонибдори Ҳаракати «Ислоҳотхоҳон»—ам!

Маълум аст, ки қудрат ва ҳифзи он дар вазъу шароите, ки Раҳмонову оилааш тамоми талошу қуввату зӯру пулашонро барои дар ҷойи худаш гузоштани Рустами наркомани гунгак сарф карда истодаанд, кори осоне нест ва ба назар менамояд, ки осон аст. Вақте худи Раҳмонов ба қудрат расида буд хелеҳо аз «Фронти халқӣ», масалан Маҳмадсид Убайдуллоев, Абдумаҷид Достиев ва чандин нафарони дигар, ки дар сиёсат ва мақому мансаб аз вай чанд сару гардан боло буданд, дар таааҷҷуб зада буданд, ки ҳамин тавр ҳам мешудааст ва гоҳо ниҳону гоҳо ошкоро қасди гирифтани курсии Раҳмоновро мекарданд.

Аммо инҷо ман,ки дар дохилашон ҳастам гапу ҳарфҳои дигар шунавида истодаам. Гӯё мехоҳанд, ки нафаронеро, ки ба омадани Рустам розӣ нестанд аз байн баранд.

Баъзе ҳолатҳои солҳои охир гувоҳӣ аз он дода истодааст, ки қуввае ё нафаре Ҳасан Асдуллозодаро аз байн бурданист. Рабудан ва куштани муовини аввали Шӯҳрат Исматуллоев, Ҳасани Ориёнбонк ва дастгир кардани Исмати Дулик ва боз чанд ҳолатҳои дар назар оддӣ баёнгари он аст, ки ин ҳама танҳо ва танҳо зарбаҳо барои Ҳасан мебошанд.

Муовини аввали Ҳасани Ориёнбонкро вақте дуздиданд ва баъдан куштанд, мардум гуфт, ки барои пул ин корро карданд. Аммо аз руи баъзе маълумотҳои махфие, ки баъди чанд рӯз аз они Раҳмонов як қатор кормандони КДАМ-ро аз мансаб дур ва тағйироти кадрӣ ба амалкард, рӯшод шуд. Мақсади рабудани муовини аввали Ҳасан барои гирифтани маълумотҳои махфие, ки ӯ оиди Ҳасан ва тиҷоратҳои вай медонист, будааст.

Аз руи маълумотҳо, он нафароне, ки ин амалро анҷом доданд, тавонистанд аз Шуҳрат Исматуллоев маълумотҳои даркориро гиранд ва ба нафар ё нафарони фармоишгар диҳанд. Ин амалиётро чунон моҳирона бозиданд, ки худи Ҳасан ҳам дар он бар зиди худ бозиду таги гапро нафаҳмид.

Ҳасан через Исмати Дулик баъзе аз он нафаронеро, ки дар куштори Шуҳрат Исматуллоев даст доштанд, гурезонд. Ислоҳ оиди ин ҳолатҳо гуфта буд. Мақсад он аст, ки аз он ҳолати дар он вақт ба вуқӯъ омада, чандин нафарро дар ҳолати шок ва афект қарор доданду тез -тез ин хел кунеду он хел кунед гуфта (гапу кор наброяд) истифода бурданд. Дар ҳақиқат як тактика ва методи қобили аҳсант буд, ки ҳатто наҳангҳои калонро дар такопу андохт.

Хулоса, аз Шуҳрат Исматуллоев зиёд маълумотҳоро дар бораи Ҳасан ва тиҷоратҳои паноҳии вай дақиқ ва пайдо карданд.

Ҳасан инро каме дер фаҳмид.

Аз руи маълумотҳо, аз Шуҳрат оиди ҳолатҳое, ки Ҳасан бо чанде аз намояндагони собиқ оппозиция чи муомилаҳо дошт, фаҳмидаанд. Пеш аз задани Алӣ бедакӣ дар Рашт, Ҳасани Ориёнбонк ду маротиба ба Рашт рафта буду бо мулло Абдулло ва Алӣ бедакӣ вохуриҳо карда буд. Аз ин ҳолат ба мақомот он вакт Мирзохуҷаи белгӣ хабар дода буд. Ҳасан бо худи Мирзохуҷа Аҳмадов, мулаққаб ба белгӣ ҳам чандин бор мулоқот намуда барои ва мошини Тойота прадо ҳам туҳфа карда будааст. Ҳолати дигаре, ки пеш аз инҳо буд, ин муносибати хуби Ҳасани бо марҳум генерал Абдулло Назар аст ки аз тарафи 30 фоизаи оппозитсион ба ҳукумат омада то ба мақоми раиси КДАМ дар Бадахшон расида буд ва сипас дар Бадахшон кушта шуд.

Ҳасан пеш аз қатли генерал Абдулло Назар, чандин маротиба бо вай дар назди ҳозира Прокуратураи шаҳри Душанбе, ки дар онҷо хонаи зани 2-юми Абдулло Назар воқеъ аст вохуриҳо баргузор кардааст. Баъди он Абдулло Назарро дар Помир ба катл расонданд.

Ҳасан чанд маротибае, ки бо ин ё он нафари собиқ оппозиция во хурд, он нафаронро аз байн бурданд. Ҳасан то имрӯз аз ҳолу аҳволи наздикони онҳо бохабар шуда меистад ва кумакҳо ҳам мекунад. Мисол ҷиянҳои Алӣ Бедакиро кумакҳо мекунад. Чанде пеш писари генерал Абдулло Назар, Парвизро ба ҳузур пазируфта ваъдаи вазифаи болотарро кард. Парвиз Назар ҳозир дар Прокуратураи Хуҷанд кору фаъолият мекунад.

Барои шумо ин гапҳо тааҷҷубангез нест? Ачоиб. Ҳасан дар командаи Раҳмонов асту Раҳмонов дар хуни 30-фоизаҳо ташна аст. Аҷоиб.

Ниҳоят Ҳасан ин ҳолатҳоро дарк кард, сонияия дигар интизор нашуд ва аз қафои ҳифзи худ шуд. Ҳамаи имкониятҳояшро ба кор даровард, ки бо Озода қудо шавад ва ҷони худро нигоҳ дорад.

Баъди қапидани Исмати Дулик, Ҳасан конкретно фаҳмид, ки навбат ӯ ҳам дур намондааст. Корро тезонду ба мақсад расид. Бо Озода қудо шуд.

Аз руи баъзе маълумот Хуршеди Мирзо дар ин ҳолатҳо даст дорад.Хуршед қасд дорад ба Ҳасан зарба занад. Баъзе аз қотилони Шуҳрати муовини Ҳасан ба назди Хуршед Мирзоев омада буданд ва Хуршед ба онхо маблағ ва хонаи иҷора дода буд. Дар қазияи Исмати Дулик ҳам Хуршед чандин фактҳоро тавассути шиносҳои худаш дар дастраси тафтишот қарор додааст.

Дар ҳар ҳолат ҳаракатҳои Ҳасани Ориёнбонк  тамоман иваз шудааст, аммо тавонист худро аз як гирдоби вазнин ҳифз кунад.

Ва, дар охир бо чанд хабарҳои ҷолиби шунавидаам номаамро ҷамъбаст мекунам, ки бархеашон ба Ҳасани Ориёнбонк дахл доранд.

Баъди барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки дар бораи Нусратулло Салимов, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳоло раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтед.

Нусратулло Салимов гуфтаст: «ягон кас мара ягон чи наметона када. Ма одами Ҳасан нестм, ки мара баран ранги Исмат махкам кунан. Ма чизе кадам бо иҷозату розигии Раҳмон кадам. Ба сумое, ки ма ҷам кадам, Президент камбағал намеша».

Ва, хабари дигар ин аст ва ин хабари мувассақ ва садфоиза аст. Ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзибадасти бародари Ҳасан сахт бемор аст варам карда хоб рафтааст. Ин гап аз даруни худи оила аст. Чанд рӯз пеш аз Чапаев ҳатто хабари маргашро оварданд ва Азизмо саркану мукан давид рафт, аммо намурда будаст. Гуфтанд, ки «ҳоҷира аҳволуш вазнинай». Тамоми ҳудуди ишками тағорааш вараму омос кардааст. Беш аз як моҳ аст, ягон касро намемонанд, дарояд бинад. Дар хонааш ҳам касе пурсад, мегӯянд, ки дар сафар аст, кай меояд, номаълум, вазъиятиаш турби турб аст.

Азбаски тамоми заминҳои ноҳияро ғасбу тасарруф кардааст, «меган, ки даже ҳаму ака додарошам хурсандай, ки ин касалай тезтар бмбра ҳаму дову дакаҳош бо да мо бимона. Хонашда ховай, як хонаша ранги палатаи больница кадагиан духтурои хидшон мебинан, ягон одами бегонара наздик намемонан, ҳамуқа эҳтиёт карда истодиан, ки ягон кас ягон чи пай набара гуфта».

Барномаи «Семейка»-и охир тамоман аҳволашонро бад кардааст. Ба Тахминаи Клеопатра нарезонда начаконда расондаанд.  Гуфтанд, ки «Зарифбека вазъиятша сахт безеб кардааст. Фармудаст, ки брен мактаби 8 ковен ай руи соли таваллуд ёвен. 3 рӯз срок шмода гуфтаст. И отаи ма зиндаҳай и (манзури Тахмина Зарифбек аст)итари кестай, пага набоша отам, худш базур гаштестай, касалай и мара чим чи кна мумкин».

Идиева Зарина, раиси ноҳияи Рашт тамоми Раштро аз худ кардаст. Худаш Раиса, як додарш налог, якеаш масъули шабакаи барқ. Тамоми авлодашро дар ҳама самтҳои ноҳия мондааст, ки ягон кас бегона ягон кор бар зидаш накунад. Минтақара тақрибан зери худаш карда истодааст. Фақат раиси Лахш, ки аз Данғара аз деҳаи Тоҷмаҳал аст беваи Заринаро признават намекунаду тамом. Зарина дар ин фикр афтодааст, ки «як илоҷ када и данғарагии говкаларо даф кадан даркор, ана бад тамом».

Исфара

Асалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Боз аз Чоркуҳи акнун бекӯҳ менависам. Имрӯз барномаи «Ғорати Лайс дар Чоркуҳ»-ро дидам. Нависандаи ин нома 100%дуруст навиштааст. Ман ҳам мехоҳам дар бораи ин авлод фикрҳои худро баён созам.

Ин  авлоди гушнаи ин золим ҳафт додаранд. Як нафари онҳо Олим ном дошт, ки дар вақти шуравӣ номашро касе мешунид, метарсид. Ҳатто одамони ҳамроҳаш мегаштагиро тарсонида пул мегирифт. Ҳамин буд, ки дар охири ҳаёташ забонхояк шуд, гап мезад ҳеҷ кас намефаҳмид, мисли Брежнев. Ин падари ҳамон Неъмати арканок буд. Хуб, бигзор дар бораи дигарҳояш нагуям. Лекин дар бораи падари Лайс мегуям, чунки як золими дигар буд. Дар вақте ки раиси селпои Чоркӯҳ буд фақат ҳақи маҳсулоти барои Чоркӯҳ меомадаро  ба қирғизҳо медод, ба хотири ин ки чорвои бисёр дошт ва қирғизҳо дар куҳ мечарондан. Бечора мардуми Чоркӯҳ маҷбур мерафтанду он маҳсулотро бо нархи гарон аз бозор мехариданд ва охири кор дуъои бади мардум гирифт. Бемори сахт шуд. Дар аввалҳои бемориаш дар рӯзҳои бозор фарзандонаш ба бозор мебароварданду назди дарвозаи бозор дар офтоби  гарм рост мемонданд, гуё одамтарсонак ё ба истилоҳи мо исфарагиҳо «бомкӯбак» бошад. Дар охир ҳамин Лайс як бурда нонаш надод, ки «ту бисёр ифлос карда истодаӣ»,гуфта.

Барои чи ман инҳоро навишта истодаам. Шояд ба хотираш ояд, шояд шунаваду ибрат шавад ба ин золим. Охир рӯзе ҳамин ҳам пир мешавад.

Инҷо мехоҳам дар бораи амаки Мухтораш ҳикоятамро давом диҳам. Сабаби раиси ҷамоат шуданаш ҳамин мушҳури Мухтор буд. Соле, ки Раҳмоналӣ Амирови боевик дар Исфара раис таъин шуд, дар маҳаллаи бо номи детсад стадион месохт ва ба Мухтор сум лозим мешавад. Ба Лайс ваъда медиҳад, ки 40.000доллар деҳ ва дар рӯзи омадани Раҳмонов як аспи тозӣ подарка кун дар ояанда ту раиси ҷамоат мешавӣ. Аз ҳамон сол ин ҷониб Лайс ба бетартибӣ сар кард ва ҳамин хел ҳам шуд, лекин бо кашмакашиҳои зиёд. Хело вақт мегузарад. Мухтор маблағи 40.000 долларро пас дода наметавонад. Лайс дар пеши ҳар касе бошад Мухторро ҳақорат мекард ва мегуфт, ки сумро баргардон, лекин наметавонист. Чунки Мухтор Шаропов як писари қиморбоз дорад. Ҳеҷ илоҷи дигар наёфта ҳамин стадионро ба ҳуҷҷат карда ба Лайс медиҳад, то ҳол аз они ӯ аст.

Боз як мавриди дигари пулканӣ. Аз як соҳибкори муваффақ, ки дар республикаи Беларусь фаъолият дорад Лайсиддин Абдусаломзода аз заминҳои аз қирғизҳо гирифта дар масоҳати як гектар бо пули калон мефурушад. Аммо амакаш Мухтор Шаропов ин замини ман гуфта ин бачаро танг карда сум мегирад ва боз дар маркази деҳа як ошхона, магазин ва як нонвойхонаро, ки гуё аз они Ҳошими кунқапаки хусури Лайс бошад ба ҳамин соҳибкор мефурушад ва он соҳибкор ба азнавсозӣ сар мекунад. Аммо ин Мухтор бо ҳамроҳии Ҳошими кунқапак аз болои ин бача, ки гуё биноҳоро вайрон карда бошад ба прокуратура менависад. Ин соҳибкори бечора айни замон ин ҳамаро мепартояду меравад. На ин аст симои асосии ин авлоди гушна ва бубинед, ки инҳо то кадом дараҷа беинсофу нокас ҳастанд.

Худи Ҳошими кунқапак аз пеши стадиони Лайс як гектар замини обиро гирифта як гармхона сохта боз ба фурӯш мондааст. Гуё ин заминҳо аз бобокалони ин золимҳо барояшон мерос монда бошад. Охир ҳамин Ҷаноби пешвояшон гуфта буд, ки заминҳои обиро барои сохтмон ва участка додан мумкин нест. Аммо инҳо бошанд мисли думбаи гусфанд буридаву фурӯхтаву хӯрда истодаанд. Прокурору милисаву амният куҷоро нигоҳ мекунанд, ҳукумати ноҳия магар намебинад?

Пештар, дар номаи гузаштаам дар бораи махинатсияҳояшон дар мавриди фурӯши барқ навишта будам, аммо чизе дигар нашуд, ҳамон асту ҳамон. Аз хонаи Мухтор ба чор тараф симҳо кашида шудааст. Баҳодурзода доляро гирифа хурда гаштааст.

Дар номаи гузашта дар бораи асфалти роҳ ҳам навишта будам. Аммо, шукри Худо ва ташаккур ба «Ислоҳ», ки ин дафъа нома «кор» кард. Роҳро Лайс ва раиси деҳаи Сурх аз ҳисоби худашон таъмир карданд. Гуё Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки ҳама ӯро бо лақаби Қофолонбой мешиносанд таъкид карда бошад, ки сифати кор паст аст.

Дар бораи дарвозаи Чоркуҳ, ҳамоне,ки шумо дар наворҳоятон нишон додед, ин дарвоза кайҳо  несту нобуд карда шудааст.

Барои бунёди дарвозаи нав дар даври аввал- чор сол пеш сум ҷамъ шуда буд. Инро ҳам Лайс хурд. Чи хеле гуфтам дарвозаи куҳнаро титупит карда партофт. Ана ин аст ободкориҳои Лайс Абдусаломзодаи чоркӯҳӣ.

Ҳа, қариб буд фаромуш кардам. Ҳозир ҳамин Мухтор дар саҳро як гектар замин гирифта гуё бо киштукор машғул шудааст. Дар асл ин тавр нест. Ҳаррӯз маст хоб аст дарсари замин. Дирӯз боз фаҳмидам, ки дар маҳалаи Холисон як мактаб-коллеҷ кушода шудаасту ин алкаш дар онҷо муаллим будааст. Аз ин алкаш талабаҳо чи меомухта бошанд?

Боз дар бораи ҷамъоварии пул. Ин бор бо баҳонаи таъмири бинои мактаб. Аввал ҳашар эълон мекунад, аз маҳаллаи мо даҳ нафар ба ҳашар меравем, ки ҳоло ягон намуд маводу маҳсулоти сохтмонӣ оварда нашудааст, нест. Мо ду соат мунтазир шудем, наомад. Мо пароканда шудему рафтем хона ба хона. Рӯзи дигар Лайс ба масҷид списка фиристода 3000 сомонӣ ҷамъ кунед, гуфтааст. Аз сабабе, ки гӯё мо то охир  интизор нашудем ва ҳамчун ҷарима мо бояд 3000 сомонӣ медодаем. Аммо ин нимчамулло масҷид худаш дар Чоркуҳ филиали Ориёнбанк кушода кор мекунад, номаш ҳоҷӣ Зайлов, ки моро ғулом карда истодааст.

Боз дируз барои обунаи газета 3500сомонӣ ҷамъ кунетон гуфт. Охир, то охири сол ҳоло панҷ моҳ ҳаст. Бубинед, ки инҳо то кадом дараҷа ҳаромхӯр шудаанд. Дар як сол ҳамагӣ 10дона газет ба масҷид меояд ёне? Агар ҳисоб кунем як дона газета 350сомонӣ мешавад. Ман ба мардуми Чоркуҳ ҳаминҷо муроҷиат карда гуфтаниам, ки «ҳой, мардум, биёед имсол обуна нашавем,чи мешавад».

Бародар Муҳаммадиқбол! Гуфтаниҳо зиёд, аммо, бадбахтона мардуми Чоркуҳ рӯз аз рӯз номуси худро фаромуш карда истодаанд. Дар байни худ як чиз мегуянд аммо вақте раисро диданд чизи дигар мегуянд.

Худоё аз мунофиқӣ ҳамаи моро нигаҳ дор.

Дар охир ба шумо ва коргарони «Ислоҳ» ва Ҳаракати «Ислоҳотхоҳон» тансиҳативу бозгашт ба ватанро орзу дорам. Бигзор, дар ватан ҳамдигарро ба оғуш бигирем ва пирӯзиро бо ҳам якҷо ҷашн бигирем.

Вахш

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон нафареам, ки дар зери барномаи Вахш дар бораи Қурбони бех комент навиштам. Ҳоло мехоҳам, ки ин коменти маро дар барномаатон ҳам ҷой диҳед. Бовар дорам, ки дурусту ислоҳ намуда чоп мекунед.

Эй Қурбони бех!

Вахши мо аз пули даромади даруни район то пятачок ҳамагӣ як роҳи калон дорад. О, Худо бигирад корҳоятро, дар ҳаминҷо 4 светофор мондӣ ва бо ҳамин ҷонатро «халос» кардӣ. Ту чи кор мекунӣ?

Солҳои дароз дар районӣ, дафъ кун  як тараф мошин-пошинатро ва пиёда куча ба куча бигарду аз аҳволи мардум бохабар шав. Бипурс, ки кадомаш дорад, кадомаш надорад шароити «зиндагӣ»?Дар ҳамон Вахш дар кучаи Интернат як оилаи Юнусувҳо ҳаст. Бачаҳо мегӯянд, ки се акаву додару як хоҳар доранд. Ба гуфтаи бачаҳо аз онҳо нафареашон Юнусов Шералӣ аст, ки пас аз ҷанг на дар қайди зиндаҳо ҳасту на дар қайди мурдаҳо, на шиноснома дораду на ҳушёриаш маълуму на девонагиашро мефаҳмӣ. Зӯрат намеояд, ҷин намезанад, ҳеҷ балоят намешавад, ки агар як раҳ равиву ҳамонҳоро бубинӣ, хабар бигирӣ, кӣ чи ҳол доранд?

Онҳо ҳам шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Вахшанд. 33 сол шуд, ки шиноснома надорад.

Колхози Ленинград, соҳиб надорад, раиси маҳаллаву нозири минтақавӣ надорад. Аммо Қурбон ту ба ноҳияву вилояту ҷумҳурӣ мебароӣ. Худат шахсан бирав ба ҳамон кӯчаи Интернат ва ҳамон Шералии нимкола девонараро биёбу аз ҳисоби худат соҳиби шиносномаву нафақааш кун. Фаҳмидӣ маро? Боз мегӯям, ки Вахш он қадар калон нест, ки ҳар бангиву ҳангиву  девона беҳуда гардад. Зери назорати шахсии худат бигир!

Ту бифаҳм, ки мардум аз рӯи мастиаш ба Муҳаммадиқболи дигарҳо наменависанд. Конкретно зӯраш омадааст, ки даст ба навиштан бар зидди ту мезанад.

Айб, айб, айб.

Қурбон ту сағираи вахшӣ. Наход мардум бихезан аз болои ту ба Муҳаммадиқбол бинависанд?

Шустра районро порядка кун.

Ман дигар гап надорам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№268 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №17
Ин бор қаҳрамони «Семейка» узв ва аз авлод, ҳатто аз ҳамшаҳриҳои Оила нест. Аммо узви хонавода набошад ҳам бо ҳамин хонавода аст, ва дар дастрасӣ ва кор ҳамсанги онҳост ва аз ин ҷиҳатҳост, ки мисли аъзои ин хонаводааст ва ҳеҷ камӣ аз онҳо надорад. Ҳукмаш равост, пулаш ҳам ҳаст, пеши касе, илло протежеаш, ҳисобот намедиҳад. Мисол вазири хориҷӣ ва ё сафирро ба дукаратду намегирад. Ҳисоботи вай на хаттӣ ва на шифоҳӣ ва ҳатто на еврову доллар, фақат тиллову зари холис аст. Вақте мутолиа мекунед, мебинед, ки бисёр монандӣ ва наздикӣ, масалан калавишҳои ахлоқӣ ва бетобиҳои шаҳвониаш бо Озода дорад ва худаш аз наздиктаринҳои Озода аст. Хуб, маълумоти бештарро дар мавриди ин узви муҳимтар аз аъзои «Семейка» дар зер мутолиа хоҳед кард.

Барномаро бошад, тибқи маъмул бо ахбори гирдоваришуда шурӯъ мекунем.

Ахбори «Семейка»

Рустам, то онҷо, ки манобеъи мо таъйид мекунанд, барномаҳои Ислоҳ «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва махсусан «Семейканюс»-ро бо мароқ ва ҳавсалаи тамом тамошо мекунад. Баъди нашри барнома дар бораи Исмати дулик бо Зайнулло Шарифзода (Зайка), мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чанд рӯз дар як мошин савор шуда тамоми ҳудуди фурудгоҳи Душанберо гашт ва аз назар гузаронд. Пеш аз ҳар омадани вай ба фурудгоҳ шумори зиёди амниятиҳо ва аз охраннаи вай меоянд.

Баъди рафтани Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон ба дастури бевоситаи Раҳмонов тамоми мақомот ва афроди ҳатто мулкиро ба полигонҳо тирпаронӣ бурда истодаанд. Аммо ба маълумоти шумо бирасонам, ки ин амниятиҳо, бисёриашон аз инҳо безор шудаанд. Худо мегуянд, ки ягон коре шаваду аз дасти инҳо наҷот ёбанд. Чунки на рӯз ва на шаб хоби роҳат доранд.

Баъди инқилоб дар Сурия, то Навруз дар ҳолати казармавӣ ба сар бурданд. Ин ҳолати казармавӣ 50 фисада шуд ва то нимаҳои апрел идома кард.

Маълум нест, ки Рустам аз назорати фурудгоҳ чизеро мефаҳмад ё не, вале гуфтанд, ки вай қасд дорад барои худаш ва оилааш самолёти мисли самолёти падараш бихарад, то вақти фирор роҳаттар бошад.

Инро ҳам манбаъи мо гуфт, ки Раҳмонов аз Душанбе ба Данғара бо вертолёт рафт аммо аз он тараф бо мошин ва роҳи заминӣ. Сабабашро касе намедонад. Аммо тарс лағташ кардааст. Боз ҳиларо бубинед,ки ба шакле дар фурудгоҳ муҳофизонро гузошта буданд,ки гӯйё тавассути фурудгоҳ бармегардад. Аммо тавассути мошин баргашт. Ин аз чи шаҳодат медиҳад?

Феълан самолети 100 миллиониаш ҳар рӯз муоинаи техникӣ мешавад. Як ҳайати хориҷиҳоро оварда дар кадом манзиле дар Душанбе ҷой додаанд ва онҳо мутахассисони ҳамин соҳа будаанд. Онҳо чандин нуқси техникӣ дар ин самолёт пайдо кардаанд. Вале боз гуфтанд, ки даруни-салони самолётро навсозӣ карданианд.

Барои ин самолёт дар чандин миллион ангари махсуси замонавӣ бо тамоми технологияи муосир сохтаанд.

Барои ангар ҷудо ва барои худи самолёт ҷудо муҳофизони то баногӯш мусаллаҳ ҷудо кардаанд ва онҳо дар 24 соати шабонарӯз сари поянд.

Иллати ин ҳама эҳтиёткорӣ ва тарсу ҳароси Раҳмонов ин будааст, ки гӯё дар Афғонистон Шарофиддин бо ҷанговарони тоҷик ҳам мулоқот карда бошад.

Кенти наздик ё кошелеки Рустам

Аммо Рустамро раҳо намекунему аз дӯстони вай мегӯем. Масалан аз Дилшод Ҷураев.

Дар шумораи пешинаи «Семейканюс» Дилшодро қаҳрамони барнома карда дар борааш бештар гуфтем. Дилшод сахт парешону хавотир шудааст. Аз ин ҷост, ки зуд бо «Азия плюс» мусоҳиба ташкил карда худро сафед кард. Дилшод хуб медонад, ки Рустам нафари гаправ аст ва чанд вақт боз «Ислоҳ»-ро зиёд тамошо мекунад. Аммо боз гуфтааст, ки дӯстии вай бо Рустам қавӣ аст.

Дилшод дар назди писари аммааш, ки шабу рӯз ҳамроҳаш аст ва номаш Хушбахт мебошад, гуфтааст, ки «мора ҳиҷ кас намераса, мо доляи калони хуб метем Рустама. Мо борин одамо даркоран Рустамда».

Хушбахт дар як ҷо нақл кардааст, ки Дилшод соле пештар бо Некруй Забиров  плани аз байн бурдан ва паст кардани нуфузи Авесто -группро кашидаанд. Онҳо бояд дар назди роҳбари дастгоҳ Озода Раҳмон нишон диҳанд, ки Авесто- групп як схемаи Алик малик беш нест ва бародарон Мирзоевҳо инҷо фақат барои худашон кор карда истодаанд ва Рустамро дар бештарини ҳолатҳо фанд карда истодаанд.

Чандин бор Некруй бо маслиҳатҳои Дилшод Ҷураев ба Озода Раҳмон маълумотҳои нодуруст оиди баъзе бизнес -проектҳои Авесто групп додаасту сиёҳ кардааст.

Озода бар асоси ин маълумотҳо эродҳои зиёд гирифтааст. Хуршед Мирзо, яке аз роҳбарони Авесто-групп маҷбур шудааст, ки ба саволҳои зиёди Озода ҷавоб диҳад ва парешониҳову шаку шубҳаҳои Озодаро нисбати Авесто- групп дур кунад. Рустаму Хуршед намедонанд, ки Дилшод Ҷураев бо Некруй Забиров нақшаҳои калон доранд.

Дилшод дар ду соли охир чандин миллионҳоро тариқи «Фонди Музаффар» ва дигар фирмаҳои урметаниҳо (Урметан як қишлоқ дар ноҳияи Айни аст, чандин «мутахассис» барои кушодани фирмаҳои однодневкаву обналичка кардан дорад) баровардаст. Дилшод ва акааш Даврон Ҷураев сумҳои калон ба Рустаму Шоҳрух додаанд. Онҳо айни замон ба воситаи гуё хайру кумакҳо маблағҳои калонро обналичка карда бароварда истодаанд.

Манобеъи «Ислоҳ» гуфтанд, ки Дилшод баъди барномаи мо рекламаи худро, ки нафари мавриди эътимоди Рустам маҳз ӯ мебошад, зиёд кардааст. Чанд рӯз пеш 10- солагии «Фонди Музаффар»-ро ҷашн гирифта, аз дастовардҳои беназири он филмгузоришҳо пахш кард.

«Фонди Музаффар» ва муассисаи Мультикид, инҳо як фирмаҳои маснуие беш нестанд, ки асосан ба пулшӯи ва интиқоли пул ба хориҷ машғуланд.

Мисол «Фонди Музаффар» мактаб месозад ё чизе дигар. Хуб, маблағ аз ҳисоби бюҷет ҷудо мешавад. Ҳатман ширкати сохтумонӣ аз худи Ҷураевҳо, коргарҳои сохтмон ҳам аз Ҷураевҳо ва дар кулл тамоми ҷараёнот айни алик -малик. О мехоҳӣ сохтан, пулро ҳалол ҷудо кун, мон дигарон созанду кор кунанд. Не, бояд сум через схемаҳои худшон тоб хурад ва баромада равад.

Даврон Ҷураев бошад, чи хеле, ки гуфта будем клуби муҳорибаҳои омехтаро кушода барои худ як армияи бовафо тайёр кардааст. Ҷураевҳо мегуянд, ки Рустам бе мо ягон стратегияи реальный дар бизнес карда наметавонад.

Ин схемаи «сума ҷудо куну бо дар худат мон», дар круги Рустам хуб фаъол аст. Чанд рӯз пеш Мирзоевҳо контрактҳои чандин миллион доллара баста омаданд.

Дар ин охирҳо Дилшод ба омухтани таърих машғул шудааст. Гуфтааст, ки таърихро бояд биомузам, ки чи тавр нафарони номдор шикаст хурдану бой доданд ва мо ин тавр нашавем.

Вазъу ҳоли Хуршед Мирзоев пас аз боздошти Дулик

Хуршеди Мирзо, баъди дастгир кардани Исмати Дулик гуфтааст, ки Худо ҳасту дуъои моро мустаҷоб мекунад.

«Ҳамиқа ма задм камбудиҳои Ҳасани Ориёнбонка ёвам, ина Худо худуш туғриш кадестай. Ҳами Исматака хушру ҷиқан ҳамаша мега. Ма ҳози через каналои худум Исматда расондм, ки ту нисбати Ҳасан показания те, чизе медони бугу, ма через Рустам тра ёрдам мекнм, мада ҳози даркорай, у гапоера, ки нисбати Ҳасан кофтаму ёфтам, я кас об тия…и шанса ма бояд ай даст натум. Исмат агар ба калаи дамш кор куна, метона ҷонша хара, и хел шанс намешаш дига ӯда.

Ҳози Ҳасани шкамба контрол дора, ки кӣ Исмати Дулика ай пуштш даводав дора. Ҳатто, ки дачкаш мекна, медона Ҳасан. Сахт Ҳасан хавотирай, сахт. Ҳасан гуфтай, ки ҳами ягон гапи зиётӣ гуфтанӣ шид сразу да даҳаш як дута бзанен.

Хуршед чанд рӯз пеш дар хориҷа буд бо Рустам, дар маросими рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок дошт.

Далери бачаи Рамазони Буқача

Далери бачаи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ Дубай меояд. Ва меравад кадом тарабхона-ресторани гаронқимат. Дар онҷо ба вай кадом духтаре, ки бо дугонааш дар столи дигар шишта буд маъқул мешавад. Ва, аз пешхидмат хоҳиш мекунад, ки столи ӯро аз ҳисоби Далер бигирад, гуё барои он духтар жест мекунад. Пешхидмат меравад ҳисоб мекунаду меояд мегӯяд, ки 4500 долар шуд. Дуд аз димоғи Далер ба ҳаво мехезаду аммо сари кафида таги тоқӣ гуфта мебарораду медиҳад.

Ин ҳодиса соли гузашта рух дода буд.

Ҳасани ишкамба (Ҳасан Асадуллозода) на фақат дузд, одамкуш ҳам будааст

Ин хабари мо бар пояи маълумоти як нафар зане, ки солҳои қабл дар зиндон (чандин зиндону СИЗОҳо) нишаста буд, таҳия шудааст. Ин хонум( сабти наворҳояш пешамон маҳфуз аст ва матлабе ҳам аз саргузаштҳои вай дар зиндон дар ҳоли омодан шудан қарор дорад) гуфт, ки як нафар аз ҳамкамераҳои вай дар зиндони занонаи Норак бо дастури яке аз болонишинҳои ҳукумат, узви пурнуфуз ва пуровозаи Оилаи Раҳмонов чандин нафарҳоро тариқи сузандору куштааст.

Ин зан, ки дар зиндон ба ҳайси ҳамшираи шафқат ҳам кор мекардааст дар бемористоне дар Колхозобод кор мекардааст. Ин зан нақл кардааст, ки намедонист аз вай гумонбар мешаванд, чун фикр мекард, ки фармоишгар –Ҳасан Асадуллозода ӯро ҳимоят мекунад.

Ба гуфтаи ин зани маҳбус солҳое, ки дар зиндон буд ҳамроҳаш 73 зане нишаста буданд, ки барои одамкушӣ ба маҳбас афтода буданд. Аммо, гуфт ин зан, ҳикояти ин қотили ҳадди ақал даҳ нафарро, вақте шунидам, мӯи танаам хест ва бахусус, ки вақте гуфт Шери бинӣ конвертро меовард, ки дар он сум ва номи нафаре, ки бояд кушта мешуд, буд ва ин ҳамшираи шафқат, ки аз миллати тотор буду дар Колхозобод зиндагӣ ва дар бемористоне кор мекард, худаш иқрор ва эътироф мекард, ки бар ивази пул ин корро мекард. Ин зан тотор буд, аммо сиёҳҷурда, дар ҳоле, ки тоторҳо зардинаанд. Ин зан гуфтааст, ки вай намедонист ва донистан ҳам намехост, ки онҳоеро, ки бо укол ба он дунё мефиристад,  киҳоанд. Вай гуфт кадом вақт кадом хеши Азизморо ҳам баъди гирифтани конверт укол мекунад, ки он замон меқапанаш. Аммо он нафар намемурад.

Ғайр аз Шери бинӣ ҳамчунин вай конвертро аз дасти Раҳматуллои дружбагӣ ҳам мегирифтааст. Раҳматуллои дружбагӣ началник охраннаи Ҳасан Асадуллозода будааст он солҳо ва он занро бо Шери бинӣ Раҳматулло шинос карда будааст. Ва ин зан Рафоат Маркаева ном доштааст, ки дар соли 2009 ё 10 аз зиндон раҳо мешавад ва гуё дар Бошқирдистон будааст. Аммо маълумоти дигар ин аст ки гуфт ҳамсуҳбати мо ин зан дигар зинда нест.

Вақте Маркаева ба он хеши Азизмо сузандору заданӣ мешавад аз амният меоянду дастгираш мекунанд. Дар утоқи  беморхона камераи пинҳонӣ насб карда будаанд. Вақте вай дар укол заҳрро омехта ва ба бемор гузарониданӣ мешавад, медароянду меқапанд.

Шери бинӣ ва Раҳматулло аз об хушк мебароянд, аммо як медбрат ва Маркаева зиндон мешаванд.

Ин зан худаш мегуяд, ки нуҳ касро бо укол ва аз тариқи капелнитса куштааст. Вақте закази даҳумро мегираду ба иҷро расониданӣ мешавад ба даст меафтад. Вай дар ҷайбаш маводи заҳрро оварда дар капел пайваст мекардааст. Ва ӯро полично меқапанд.

Ин нафароне, ки ӯ куштааст ҳамагӣ сокинони Колхозобод будаанд. Сипас маълум мешавад, ки фармоишгари асосӣ Ҳасан Асадуллозода будааст.

Маркаева Рафоат намедонистааст, ки нафари охир хеши худи Ҳасан Асадуллозода будааст. Чунки закази қатли ӯро аз  Шери бинӣ  гирифта будааст. Ин зан мегӯяд, ки дар мурофиа ҳама чиз ошкор шуд, аммо фақат вай ва як медбрат ҳукм гирифтанд. На Ҳасан, на Шери бинӣ ва на Раҳматуллои дружбагӣ аз Сари хосорро чизе нашуд.

Дастдарозии писари Ҳасан ба духтари ҳамхизматаш

Ва боз як хабари дигар аз Ҳасани ишкамба.

Аз мардуми Панҷ як нафаре буд бо номи Саидисо. Саидисо ҳамхизмати Ҳасан аст. Аз мардуми Тавилдара аз райони Панҷ. Саидисоро Ҳасан сахт бардошт ва то рутбаи полковникӣ расид. Дар ВКД кор мекард. Сардори милиса дар яке аз ноҳияҳои Душанбе ҳам буд.

Саидисо як духтари хушру дошт. Ин духтар гум мешавад. Духтар бо либоси тоҷикӣ мегаштааст ва сапсефд, бениҳоят хушрӯ. Саидисо чанд рӯз мекобад намеёбад. Се руз баъд духтар аз Варзоб телефон мекунад ва мегӯяд, ки «аво биё мна бар. Дар ҳамин Варзобум намедонум дар куҷош»

Саидисо меравад, ки духтар бо Муҳиддини бачаи Ҳасан. Муҳиддин, муовини раиси «Тавҳидбанк». Саидисо духтарро мегирад меояд.

Саидисоро Ҳасан фарёд мекунад ва мегӯяд, ки «э, ман дар фалони зани ту вовчик фалон кунам. Ман туро ин қадар сол кашидам ба азоб ба инҷоҳо расонидам, ту бо хестӣ бачаи маро инхелӣ кардӣ?»

Саидисои бечора ягон гап намегӯяд. Ҳамин қадар, ки меравад духтарашро мегирад меорад. Яъне набояд Саидисо рафта духтари 19 солаашро аз чанги бачаи Ҳасан берун меовардааст. Гуё бачаи Ҳасан гириста бошад, ки акаи Саидисо омад мана ҳақорат кард ҳарчи гуфт.

Аммо, нафаре, ки ин хабарро ба манбаъи мо гуфт, гуфтааст,ки  Саидисо меравад даже аз назди ҳамон дача бист –сӣ метр боло меистад, сигнал мекунад. Духтараш мебарояд «пушоко, сару ру ҳама кандагӣ, шапидагӣ, ҷазирбод.

Ин манбаъ гуфт, ки ин ҳодиса ҳамин чанд моҳи пеш руй дода будааст. Саидисо бо Ҳасану Зоиру круги ҳаминҳо шину хез мекардааст ва сахт бою бадавлат ва хонаҳои қасрмонанд дошта будааст.

Барои духтараш чанд нафар хостгорӣ меояд, аммо духтар рад мекардааст. Чунки бачаи Ҳасан меомадаст пешашу мерафтаст. Аммо ин дафъа мегираду мебарад Варзобу таблеткаву дигар маводҳои мадҳушкунанда медиҳад ва се рӯз ҷавоб намедиҳад.

Аммо ҳозир бошад ҳам худи Саидисоро антипартийний кардаанду ҳам духтарашро беномусу беобрӯ.

Садбарг Ғаниева устоди Озода Раҳмон

Ва ҳоло навбат ба нашри матлаби мо дар бораи қаҳрамони имрӯзаи «Семейканюс»

Садбарг «дипломат»-ест, ки зери сояи Озода комашро ширин мекунад

Вақте суҳбат аз дипломатияи тоҷик биравад, билофосила ҳарфҳои таърихии Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷӣ ва ҳоло яке аз маҳбусони сиёсии зиндонҳои ҳукумати Раҳмонов ба ёди кас мезанад. Ҷаноби Зарифӣ додани ҳудуди 1200 километри мураббаъ хоки Тоҷикистон ба Чинро бурди дипломатияи тоҷик маънидод карда буд. Инки додан ё фурӯхтани замин бурди дипломатия бошадро фақат дипломатҳои тоҷик мегуянд.

Аммо барои чи мо аз дипломатияи тоҷик гуфтем? Чунки 29 сентябр рӯзи дипломатияи тоҷик шинохта шуда будааст. Ва дар номаи аввали ин барнома сухан аз ҳаёту фаъолияти Садбарг Ғаниева, дипломати тоҷик ва устоди Озода Раҳмонова, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон меравад. Қаблан низ дар бораи ин дипломати пуртаҷриба гуфтаву навишта будем. Ҳоло боз ҳикоёти ҷолиберо пешкаш мекунем, то ин дипломатбонуи тоҷик бидонад, ки фаромушаш накардаем:

Дубай
29 сентябр Рӯзи дипломатия тоҷик аст! Дипломатҳо ид доранд! Мутаассифона дипломатияи тоҷик асири ду- се сабукпо шудааст ва дипломатия ва дипломатҳоро ба зону нишондаанд. Яке аз инҳо Садбарг Ғаниева аст. Шумо қаблан дар борааш барнома карда будед! Вақте ман дар Тошкент кор мекардам Садбарг Ғаниева ҳам онҷо кор мекард. Солҳои 2019-2022. Ман шоҳид будам. Ҳатто сафирони кишварамон аз кишварҳои дур барои «зиёрат»-и Садбарг меомаданд, барои муҳлати сафирияшонро дароз кардан ё инки баъди адои вазифа дар ВКХ вазифаи муносиб гирифтан. Дутои ин сафиронро мисол оварда метавонам. Ҷамшед Ҳомидов сафири қаблӣ дар Шветсария ва Мирзоҷалол, сафири кишварамон дар Япония. Ҳамаи консулҳо аз таги дасти Садбарг мегузаранд, баъд консул мешаванд. Аз баъзеаш пул мегирад. Ҷавонҳои зебову хушқаду қоматашро истифодаи шаҳвонӣ мекунад. Мисоли ин гуфтаҳо консули кишварамон дар Покистон Баҳром аст.

Уро он қадар истифодаи шаҳвонӣ кардааст, ки ҳатто мушкили оилавӣ пайдо кард. Баҳром қариб аз занаш ҷудо шавад. Вақти дар Тошканд кор карданаш ҳамин муомиларо бо Наим консул дар Тошканд кард ва вай ҳам бо мушкили оилавӣ дучор шуд ва қариб бо занаш ҷудо шавад.

Феълан принсесса Садбарг аз соли 2022 дар консулгарии кишварамон дар Дубай ба ҳайси мушовири фиристода кор мекунад. Инак се сол аст дар онҷо кор мекунад. Боре ҳам на консулӣ рафтааст, на сафорат ба Абу дабӣ. Ҳатто як нома ҳам навиштагӣ нест. Кораш аз саҳар то бегоҳ бозор ба бозор ва магазинҳои тилло гаштану танҳо бор харидан ва ба Душанбе равон кардан. Мушовири фиристода ин вазифаи калон аст. Ӯро мебояд ҷои аз бозор ба бозор гаштана вазорат ба вазорати ИМА(Имороти муттаҳидаи араб)  гардад, барои кишвари азизамон сармоя ҷалб кунад, мушкили шаҳрвандонро ҳал кунад, бо фондҳои хайриявӣ ва сармоягузор гуфтушунид кунад. Ин як шармандагӣ аст. Ҳукумат ба Садбарги бизнесвумен ҳамчун дипломат солона $100 000 барои маош ва хонааш дар Дубай аз ҳисоби андози мову шумо ҷудо мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон аз Садбарг қади ҷонаш метарсад. Садбарг вазифадор аст аз натиҷаи кораш ба вазорат ҳисобот диҳад. Аммо канӣ бинеду санҷед, ки вай дар ин се сол барои ватани азизамон чи кор кардааст?  Баъд сармоя мегуему иқтисод мегуем. Аввал бояд мо ҷавонони кордону забондонро таъин кунем. Як беваи фоҳишаро равон мекунанд, на консули генералиро гуш мекунад на сафирро. Садбарг Ашраф Гулов-сафири мо дар Аморатро признават намекунад.
Бачаҳои консулгарии генералӣ бо сарконсул аз дасти ӯ ба дод омадаанд.
Дар консулгарии Дубай як бачаи покистонӣ кор мекунад- номаш Имрон аст. Ӯро шабҳо барои алоқаи ҷинсӣ шуда бурда таблетка медодааст. Вай  безор шудааст аз таблеткахурӣ. Ҳатто дар пеши ҳамкорҳо шикоят кардааст, ки ман дигар наметавонам, зурам ба ин зан намерасад ин серталаб аст. Баъди анҷоми алоқаи ҷинсӣ он покистониро маҷбур мекардааст, ки зерпӯшҳои  ӯро шуяд. Боз ин корҳоро бо дигар корманди консулӣ анҷом медодааст, ки номаш Иззат мебошад. Хулоса, аз ин амалҳои Садбарг Ғаниева  Диловар, консули генералӣ ҳам огоҳ аст, аммо ӯ ҳеҷ кор карда наметавонад. Чун падараш Баҳром ба ӯ насиҳат кардааст, ки бо Садбарг сарбасар нашав чун дар пушти ӯ муаллима аст, яъне Озода, туро сиёҳ мекунад ва аз кор мегиранд. Садбарг ин амалҳои шаҳвонияшро бо дигар дипломатҳо ҳам мекунад. Ҳатто бо як шафёри сафорат аз Абу -дабӣ номашро фаромуш кардам, Садбарг ин амалҳоро анҷом медодааст. Он бача хешу табори сафири пешин Баҳодур Шарипов аст. Ӯро ба Дубай даъват мекардааст ва дар як ҳафта як бор- дубор бо ӯ ҳам чунин мекардааст. Он бача қадаш паст аст. Он бача ҳам дар Душанбе пиён шудааст ва дар пеши рафиқонаш таъриф кардааст, ки Садбарг маро хуш кардааст. Медонед барои чи? Чи хеле мегуянд дуғ дар халта ….Ман қадам пастам бошад зурам, аз ҳамин ҳисоб маро даъват мекунад наздаш.
Ба вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин гуфтаниам, ки намешавад солона, ки 100000$ барои Садбарг пардохт менамоед ба ҷои вай ду -се мутахассиси кордон равон кунед? Аз Садбарг тарсед, рафта ба президент расонед, ба Рустами Эмомалӣ расонед. Ин дипломатия аст. Шумо дипломатияро мазоҳу масхара кардед. Як беваи пири фартутро таъин кардед ба як кишвари муҳим аз ҷиҳати иқтисодӣ.
Садбарг дар ҷое шишта таъриф кардааст, медонед барои чи ман Дубайро интихоб кардам? Барои онки инҷо ба ҳамаи ҷо рейс ҳаст, ҳамаи дипломатҳо -сафирон омада «хабар» мегиранд, доляро дода мераванд.

Намедонам гирям ё хандам ба ҳоли дипломатияи тоҷик.
Мақомотҳои муҳтарам бинед.

Сироҷиддин Муҳриддин як бор дар назди виҷдонат савол гузор оё таъинотат дуруст аст? Пагоҳ чи ҷавоб медиҳӣ дар назди ин миллату давлат. Тарсӣ, рафта масъаларо ба Президент ва Рустами Эмомалӣ расон.
Солҳои 2019-2022 вақте Садбарг дар Тошканд кор мекард, сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода ба дод омада буд. Сафирро умуман гуш намекард. Дар онҷо ҳам кор намекард, бозор ба бозору магазин ба магазин мегашт. Ин ҳолатро сафир ба президент расонд, ӯро аз Тошканд гирифтанд. 2-3 моҳ бекор монд. Баъди ду -се моҳ ба Дубай таъйин карданд. Тибқи қонуни дипломатия бояд шахс аз сафорат биёяд, се -чор сол дар МИД кор кунад, баъд хориҷа равад. Аммо ин қонунҳо ба Садбарг дахл надорад. Аз соли 2016 инҷониб дар хориҷ аз кишвар кор мекунад.

Дипломати дигари тоҷик сафири кишварамон дар Покистон Юсуф буд. Ӯро сабзибадаст мегуянд,ки бесабаб нест. Вай аз аввал бо Садбарг бо ҷодугарӣ машғул буданд. Ҳама китобҳои ҷодугарие, ки лозим мешуд барои духтарони президент, махсусан Озода Юсуф таъмин мекард. Юсуф ҳам умуман вазирро писанд намекунад. Дастурро танҳо аз Озода мегирад. Хулоса, Сироҷиддин Муҳриддин вазир ва тасмимгиранда нест, танҳо як кукла аст.
Шумо медонед ВКХ як ниҳоди муҳим ва пешбарандаи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ аст. Вазираш кукла бошаду тасмим гирифта натавонад аз куҷо ин система рушд меёбад? Афсус, сад афсус. Дипломатҳо ҳама дилшикаста шудаанд аз ин гуна сиёсат ва дипломатияи ҳукумати кишвар.

Сообщение Семейка news №17 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №16
Нашри навбатии «Семейканюс» аст. Ин бор «қаҳрамон»-и барнома Дилшод Ҷуразода, яке аз дигар рафиқони Рустами Эмомалӣ аст. Дилшод ҳам мисли Хуршеду мисли Шоҳрух ба Рустам ва Эмомалӣ Раҳмонов «прямой доступ» дорад ва яке аз наздиктарин дӯстони Рустам аст ки пулу сарвати ҳангуфт ва дастрасии мустақим ба хазинаву байтулмоли давлат дорад. Хуб, ҳоло Дилшод ва шарҳи ҳасби ҳолоро дар қисмати охири барнома мемонем. То онҷо аз хабарҳои ҷолибе хоҳем гуфт, ки дар дигар ҷо пайдояшон намекунед, илло дар«Семейканюс».

Резаахбори «Семейканюс»

Шамсулло таксиҳои Душанеро ҳам тасоҳуб кард

Бинобар хабарҳои расида кор дар бозори мусофиркашонии пойтахт барои таксистҳои Душанбе бисёр ҳам душвор шудааст.

Барои онки гапро ба дарозо накашем, мухтасар мегуем. Аз тобистони соли гузашта ширкати нави таксӣ бо номи «Эко-таксӣ» вориди саҳна шуд, бо чорсад электромобил. Ин ширкат, бинобар маълумотҳои дарёфтӣ ба «Фароз» ва аз руи қавли дигар ба худи Рустам тааллуқ мегирад. Ин ширкат дар асоси дастури Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе бо баҳонаи гузариш ба иқтисоди сабз ташкил шудааст. Маълум аст, ки бо чорсад таксӣ ҳеҷ касе ба ҷуз аз аъзои оила вориди бозори таксӣ намешавад.

Нафаре, ки маълумотро ба мо расонид, худаш таксист аст. Ин таксист менависад, ки «Эко-таксӣ» аз «Фароз»  аст ва бозори таксӣ дар Душанберо «захватит» кард. Бинобар навиштаи ин бародар ё шояд хоҳар Фароз агар нафарро дар кор бо мошини шахсӣ ҷалб кунад ҳар рӯз он таксист муваззаф аст ки 100 сомонӣ бипардозад. Ва нуктаи муҳим инҷо ин аст ки сад сомониро бояд қабл аз кор баромадан, яъне сари субҳ ва ё бегоҳи рӯзи пеш пардохт намояд. Ва ин ширкат ба ин мошин рақами 9090 медиҳад.

Вале дар бархе аз расонаҳо, аз ҷумла «Озодӣ» ишораҳои пушида мешавад, ки ин ширкат шояд ба Рустами Эмомалӣ тааллуқ дошта бошад:

«Ронандагон мегӯянд, мушкилоти нав баъди ба бозори таксиҳо ворид шудани ширкати «Эко Такси» бо рақамҳои 90-90 пайдо шуд. Ин ширкат дар соли 2024 корро сар карда, шурӯи фаъолияташ дар саҳифаҳои шаҳрдории Душанбе таблиғ шудааст. Молики ширкат феълан маълум нест.

Баъзе аз ронандагон мегӯянд, пас аз баркандани рақамҳояшон аз нозирони БДА мепурсанд, ки акнун чӣ кор кунанд ва дар посух мешунаванд, ки «ба ширкати 90-90 равед». «Охир, ман чӣ хел ба ширкати 90-90 равам? Ман дар ин ҷо пул супоридаам, аз бонк қарздорам, ҳозир боз 10 ҳазор сомонии дигар дар он ҷо бурда бояд супорам?» – мепурсад Шуҳрат, яке аз таксиронҳои “Рахш Такси».

Бар асоси як қарори шаҳрдории Душанбе «аз моҳи июни соли 2024, бояд ҳамаи ширкатҳои таксӣ дар Душанбе то моҳи сентябри 2025 тамоми таксиҳояшонро ба мошинҳои барқӣ ё электромобил табдил диҳанд».  Яъне бо фишори шаҳрдор ширкатҳои дигар аз кор дар бозори мусофиркашонӣ берун карда мешаванд. Ва баҳона номери сабз аст ки барои ГАИшникҳо дастур шудаст, ки ба ҷуз аз ин ранги дигарро нагузоранд дар ҷодаҳои Душанбе пайдо шаванд. Воқеан ҳам чи бепусту руянд ин тоифа, ки чашму дили гушанашонро ба ҳамин пул духтанду бастанд.

Ҳар рӯз таксиҳои шахсӣ кам шуда истодааст. Чунки дигар «ход» нест. Маҷбуранд, ки Русия раванд. Вале агар мошини худи ин ширкати Эко-таксиро аренда бигирӣ бояд рӯзона аз 230 то 260 сомонӣ мепардозӣ.

Агар дар дигар ширкатҳо масалан ширкати111 ё ширкати Олуча-Авто, ширкати Рахш таксӣ кор кунӣ, ки онҳо номерҳои зард доранд, он номерҳоро дар раҳу ру гаишникҳо мекананду мегиранд. Дигар ин мардум намедонад додашро ба куҷо гуяд. Бояд номери мошин ранги сабз бошад ва номери ранги сабзро фақат «Экотаксӣ» медиҳад.

Хуллас, ҳар коре мекунанд, ки ҷойи рӯзбароии мардумро пахта пур кунанд ва ба ҳадде ин авлод гушна будааст, ки ҳатто пули роҳкирои таксиро ҳам ғасб карданду аз худ карданд.

Хуршеди Мирзо ва моҷарои харидории Челси

Хуршед Файзуллозода Мирзо, директори Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва аз муассисони ширкати  «Авестогрупп», кошелёк ва аз наздиктарин дӯстони миллиардери Рустами Эмомалӣ дар садади харидории командаи Челси ва туҳфаи он ба шоҳбача баромадааст. Садоқат, ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ нишон диҳад, ки дигарҳо накарда бошанд ва карда ҳам натавонанд. Вай рағбати Рустам бо футболро хуб медонад. Хуршед мехост, ки ин тими гароназишро бар ивази се миллиард доллар харидорӣ ва дар рӯзи аввали кори Маҷлиси Миллӣ, ки Рустам дигарбора раёсати он ро ишғол кард инъом намояд. Мо, дар мавриди онки Хуршед бо мақомоти Челси дар ин бора кадом гуфтушуниде анҷом додааст, хабари мувассақ дар даст надорем. Аммо ин нияти Хуршеди миллиардер, баъд аз онки Эмомалӣ Раҳмонов мефаҳмад ҷомаи амал намепӯшад. Хуршед, ки интизор меравад баъди омадани Рустам ба курсии президентӣ ба яке аз мақомоти калидӣ дар ҳукумат бирасад танҳо барои онки «шаҳбачча»-ро бисёр ҳам сахт хурсанд созад чунин «иқдом гирифта буд». Манбаъ гуфт, ки» «калон гуфтай, ки девонаен чиен? Шумо ҳозир ира мехарен мебиёен, ман тамоми давлато мерам талбиданӣ, сум мегирам, мебиём баъд меган сум надорум мега леки командаи семиллиарддолларагирешона бине».

Аммо Хуршед кам наомада истодааст. Фирмаеро бо номи IT Park кушода шуд. Ин яке аз иқдомҳои оғозини Хуршед дар мақоми наваш аст.

Дар ташкили ин IT Park, маблағҳои калон чун ҳар вақта аз ҳисоби бюҷаи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҷудо шуд, ки бештари онҳо аллакай ба суратҳисобҳои махсуси бародарон Мирзоевҳо рафт. Аммо огаҳон мегуянд, ки дар он IT Park ягон чизи нав нест.

Хуршед Файзуллозода Мирзо, бори аввал нест, ки нақшаҳояш пеши калон намегузарад. Вай қасд дошт, ки Талкро аз дасти Ҳасан Асадуллозода бигирад, ки боз ҳам Калон мухолифати шадид кардааст. Ҳоло намедонад боз киро шиканаду тиҷораташро гирад. Гуфтааст, ки ин Муҳаммадиқбол сахт зарараш расид. Камтари дигар хап мекард, Ҳасани ишкамбаро «ма ҷо ба ҷо мекадм, ба бигзор мегуфт гапоша. Хай ҳиҷ гап не, ма чизера гуфтам мекнм. Рустам бе иҷозати ма тувалет намера. Ма дараки Ҳасанака мерам», гуфтааст.

Манбаъи мо мегуяд, ки Хуршед рост мегуяд. Рустам натавонист роҳбар шавад: «умуман гапи худша надора. Нав я гап мега, ки Шорух ай ису, Хуршед ай усу, Дилшод аз суни худш, дигариш бо ай я ҷои дига».

Тахмина бошад бизнеси Ҷураевҳоро чен кардааст. Дилшод ва Даврон Ҷураевҳоро, ки Формула 55, Бизнесинкубатор, Фонди ба ном хайриявии Музаффар,ТАЧММА ва дигар самтхо аз онҳост, нияти гирифтанро дорад. Мехоҳад ба Зарифбек ё Шерзоди ҳевараш диҳад. Тахмина гуфтааст, «ки и сағераҳо хела хурдан, вақти бизнеса доданшон омад. Фармон додаст, ки агар ба хубӣ тиян, тиян, агар не тагшона ковен, бе камбудӣ нестан».

Давлаталӣ Саид ва шиму костюмҳои вай

Бинобар маълумотҳои расида Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ҳануз ҳам дар хариди шиму костюм ва туфливу галстук аз маблағи дигарҳо истифода мекунад. Манбаъи мо мегуяд, ки костюму шими Давлаталӣ Саидро аз Маскав, аз як аз бозорҳои ин шаҳр роҳӣ мекунанд. Тақрибан ҳар ҳафта як костюму брюкаш роҳӣ мекардаанд. Ин нафарон, ки ба Давлаталӣ Саид сарутан мефиристодаанд, ба чанде аз вазирони дигар ҳам ҳамингуна хушхидматӣ мекардаанд. Афзун бар ин инҳо ҳукуматиҳои ба Маскав меомадаро встречат мекунанд, бо меҳмонхона таъмин мекунанд ва дар роҳи баргашт барои бачаву арусу дигар аъзои хонаводаҳояшон туҳфаҳо мехаридаанд. Номи ин нафарон, ки ба Давлаталӣ Саид шиму костюм мехаранд, пеши мо ҳаст Аммо ин бор ифшо намекунем ва изо намедиҳем.

Давлаталӣ Саид аз хешовандони Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки чанд сол муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон буд.

Ғарғара

Сухан аз Абдураҳмон Аламшозода аст: «катагии ура бину ура хонаву дару дангу дунги ура бину, гавзан ҳозир ҳамунай. Да ҳамаҷоҳо Бузмакай. Яҷода садик кадестай. Садики у мардака задай я шата. Я гектар замини ҳамунуҷара гирифта садик сохтестай. Худуш супориш додагияй да ҳамун друни Ғарағара, наздики раҳи калонда. Я гектар замина садик кестай Бузмак барои кудакои Ғарғара».

Раҳмонов гуфтааст, ки ҳар кадомеат бикунед. «Мо аз будикҳо (манзураш хуҷандиҳо) чи камем. Ҳар боре меравам аз пешина ободтар кардаанд».

Нақшаашон ин аст ки Ғарғара район ва Данғара вилоят мешавад. Ғарғара аз Данғара 10 километр фосила дорад. Аҳолиаш эҳтимол 10 -12 ҳазор бошад. Биноҳои се-чорэтажаро лағат карда сохта истодаанд. Роҳи калони ба тарафи Кангурт мерафтагиро ҳамаашро парк карданд. Парке,ки на дар Кулоб ва на дар Қурғонтеппа нест. Боз чанд гектар заминро гирифтаву майдони Нишону Парчам кардаанд. Як парчами сӣ- чил метра. Бинои боҳашамати поликлиника, интернат барои 1000 нафар, мактаб барои 1000 нафар. Ҳамааш замонавӣ. Интернатро командир Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пушонида истодааст. Чунки ҳамаи инҳоро, чи хеле гуфтам Раҳмонов супориш додагӣ аст. Садикро чи хеле гуфтем генерал Бузмаков (Аламшозода). Мактабро ҳам кадоме аз ҳамин соҳибмансабҳо сохта истодааст. Паркро Сафар Назир, мақоми Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии амвол. Ин парк аз панҷ гектар ҳам зиёд масоҳат дорад. Дар дарунаш ҳавз, лодка савор мешавӣ, боз як майдон барои пешвозгирии Калон сохта истодаанд. Фаттоҳ Сайиду Шоҳрух ҳам дар Данғара як беморхонаи панҷошёна сохтагианд. Дар ошёнаи панҷуми он, ки ҳама дарҳояш аз ҷубҳои хориҷӣ ва ҳама маҳсулоташ аз Итлияву Хитойю Туркияву Эрон оварда шудааст, чанд кабинету ҷойи отдих махсус барои Рустами Эмомалӣ сохтаанд.

Ҳоло Данғараро нагу. Данғара тамоман дигар шудааст. Инҷо меоӣ, бо даҳ соли пеш тамоман қиёс карда намешавад. Инҷо маркази вилоят мешудааст.

Бузи Эргашқишлоқ ва ҷангҷоли Амриддин бо додари Зоир

Дар моҳи марти имсол дар Эргашқишлоқи Қурғонтеппа, тарафҳои Сангтуда як мусобиқаи калони бузкашӣ ташкил шуд. Онҷо човандозҳои зиёдеро фаро хонда буданд. Аммо тамоми солиму ҷоизаҳоро фақат аспи чанд нафар:-Рустами гунгак, ки мукичаҳояш барои президентӣ лак зада шудааст, Исмоили пингвин, Амриддин Нахшов гирифтанд. Човандозҳо ин тараф медавонанду он тараф медавонанд аммо мошинро аспи Рустам мепартояд. Боз мебинӣ, ки аспи додари Зоири мундуқ, шавҳари Фируза, духтари калони Раҳмонов, падари Исмоили пингвин аз суи дигар аспҳои бачаи холааш ба марра «мерасанд»-у ҷоиза мегиранд. Дигар мардуми бечора, ранги даҳани амак. Хулоса, фақат ҳамин чанд нафару боқиҳо, човандозҳо ҳам тамошобин ва дар бузкашӣ ҳам ин авлод ҳама чизро захват кард.

Дар як мусобиқаи бузкашӣ дар Восеъ, ки баъди бузкашии Эргашқишлоқ доир шуд, бештари мошинҳоро аспи додари Зоир партофт. Амриддин Нахшов сахт бадаш омаду аз шиддати ғазаб зад бинии човандозро шикаст. Човандози дигариро заду маъюб кард. Тоҷиддини човандозро заду даҳону биниашро ғарқи дар хун кард, Вафо палвонро заду сарашро даронд, чунки аспҳои Амриддин натавонистанд мошин  партоянд. «Чида аспои ман напартофту шумо патофтен»?

Амриддин Нахшов додарҳои Зоирро намонд, ки дар як бозии дигар иштирок кунанд. Байнашон баҳсу даъво дар гирифт. Мезанад ҳар як аспи садҳазордоллара меғалтад. Задзаду човандозҳои додари Зоирро аз мусобиқа канор андохт. Ин човандозҳо таға-Зоиру додарҳояшро назди Рустам давонданд, то ки Рустам иҷозат диҳад, ки онҳо ҳам тавонанд иштирок кунанд. Хуллас, ба Рустам баромаданд. Рустам тарафи Амриддини бачаи холаш гуфтааст:- «аспои мара нарас дигарш таваккалаш ба худо».

Амриддин Нахшов дар бузкашии бойбаччаҳо рэкети рақами 1 аст. Амриддин ҳиҷ  надошта бошад 70-80 асп дорад, ки нархи аспи аз ҳама пасташ  50 000 доллар аст. Дар Ҳисор, дар Данғара, дар Советский, кутоҳи гап, дар ҳар куҷо биравад, аспҳои худаш саривақт мерасад. Аспҳои тозии вай аз садҳазор доллар болоанд

Бешак шумори аспҳои Рустам зиёданд. Як асп дорад бо номи «Бошукуҳ». Дар ҳамон бузи Эргашқишлоқ ду бор мошин партофт. Ягон кас ҷуръат намекунад, ки аспии ӯро биқапад.

Дар сабқате, ки аспҳои вай иштирок мекунанд, интернетро қатъ мекунанд, съемка мумкин нест. Ин аспи ӯ аз Қирғизистон оварда шудааст. Дар Эргашқишлоқ шаш мошини аз садҳазор доллара боло монда буданд. Ин мошинҳоро бизнесменҳоро грузит карда буданд, онҳо хариданд.

Худи Рустам дар бари боло меравад дар болои кат мешинад. Ягон 50 ренҷровер дар гирдаш ҷамъ. Дар буз ҳар кадоме аз онҳо, маслан Исмоили пингвин, масалан Акбари Ҳуаксин, масалан Амриддин ва дигару дигараш, ҳар кадоме кати алоҳида ва тими худро доранд ва дар панҷ-шаш точка майдонро тақсим кардаанд.

Қаҳрамони асосии ин шумораи Семейка

Ва, ҳоло омадем ба бахши хотимавии ин нашри Семейка, ки гуфтем ба Дилшод Ҷуразода, яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ бахшида шудааст. Хонандаҳои ҳамешагии мо огоҳанд, ки як чунин ваъда дода будем, ки бо даст додани имкон дӯстони Рустам, яъне аъзои ҳайати ҳукумати ояндаро бо шумо шинос мекунем.

Дар чанд шумора дар бораи Хуршеди Мирзо навишта будем. Иттифоқан дар ин шумора ҳам дар борааш дар «Резаахбор» маълумоти расидаро пешкашатон кардем.

Дилшод Ҷураев кист?

Ҷуразода Дилшод Музаффар 10 ноябри соли 1987 дар Душанбе дар оилаи зиёии серфарзанд таваллуд шудааст. Дар шарҳи ҳоли ӯ, дар портали Бизнесинкубатор омадааст, ки вай соҳибкори тоҷик, витсе-президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мудири муассисаи давлатии «Бизнес-инкубатори Тоҷикистон»— «Муассисаи давлатии ташаккул ва соҳибкории Тоҷикистон», муассис ва аъзои Шурои мудирони ширкати  55 GROUP мебошад.

Яъне Дилшод ҳамсоли Рустам аст, як моҳ аз Рустам пеш ба дунё омадааст. Аммо вай ба фарқ аз Рустам на дар қишлоқ, дар пойтахт-Душанбе ба дунё омадааст. «Бачаи шаҳрӣ». Бачаи шаҳрӣ, ки бошӣ, ҳатман бояд «шустряк» бошӣ ва приёму методҳои пулкоркуниро зудтар омухта бошӣ. Чун дар шаҳр, ки аз хона бадар шудӣ, пул кор дорӣ ва Дилшод ҳам дар ин васат истисно нест. Буи пул ӯро ба командаи Рустам овард. Вай пулро аз тариқи технолгияҳои нав кор кард, аз интернет истифода бурд ва дуздиро бо роҳи зоҳиран қонунӣ — қимор вориди кор кард. Бизнесҳои Рустамро аз дигар роҳ аз дигар самт пеш мебарад. Ва, хуб ҷоеро ҳам барои пулёбӣ ва ҳам барои карйера сохт. Рустам, ки криша ва доляшарик бошад, дигар он тараф ҳамааш осон.

Дилшод Ҷуразода, Донишгоҳи миллиро бо ихтсоси ҳуқушинос ва Донишгоҳи русву тоҷикии маъруф ба Славянский университеро хатм кардааст. Дар аввал дар шаҳр букмекерский контораҳои «Формула 55»-ро кушода мардумро расо  ғорат ва бомж кард. Аз суми ҳароми аз қиморхонаҳояш ҷамъ карда аввал ба Шоҳрух часпонду кошелёк шуд, баъд через Шоҳрух ба Рустам часпонд.

Дилшод Ҷураев, ҳозир дар Федератсияи футболи Тоҷикистон, муовини Рустами Эмомалӣ мебошад.

Дилшод Ҷураев, бо ҳамроҳи бародари калониаш Ҷураев Даврон бо кумаки падараш ру ба тиҷорат овард. Падараш замоне, ки дар ҳаёт буд, онҳоро насиҳат мекард, ки мо мардуми бо фарҳангем, ҳеҷ вақт худро ғуломи камсавод ё бесавод накунед. Манзур аз ин гуфтаҳои Ҷураев Музаффар (марҳум падари Дилшоду Даврон) он буд, ки ин оилаҳои аз дашти қипчоқ омада чи тавре, ки омаданд, ҳамон хел боз мераванд, шумо бояд бо диққат бошед. Инҳоро фақат ва фақат бо пулу мол метавонед наздик кард. Ҳамин хел ҳам шуд. Бародарон Ҷураевҳо бо ҳар роҳ бо Рустам часпонданд.

Даврон замоне, ки дар Русия буд, дар гостинный двор-меҳмонхонаи ҳукуматии Тоҷикистон ба тиҷорати наркотик сахт машғул буду аз он маблағҳои калон ба даст овард. Чуноне гуфтем ибтидо онҳо нуқтаҳои букмекерии Формула 55 кушоданду фоидаҳои калон бардоштанд. Мардуми зиёд аз дасти ин қиморхонаҳои онҳо бе хонаву дар монданд. Бинобар маълумотҳои таъйидношуда ҳатто бархеҳо, ки муфлису хонасалот ва муътоди бозӣ дар букмеркерсики контораи формула 55 шуданд, нияти куштани онҳоро карданд, аммо чун дар пушташон Шоҳруху Рустам буд, боз қафонишинӣ карданд.

Даврон дар чандин ҷойҳо гуфтааст, ки мо кошелёки баччаи Президентему моро ҳиҷ кас кордор намешавад. Баъдан боз чандин мағозаҳо монанди «I,m different» ва дигарҳоро кушоданд.

Аслан ин муассисаи давлатии Бизнесинкубатор як чизи тақлидӣ ва барои Тоҷикистон нодаркор аст. Ин гуна ниҳод дар кишварҳоии рушдкарда муносиб аст. Офиси онро дар соли 2018 бо иштироки Раҳмонов кушоданд. Қароргоҳи он дар ошёнаи аввали ширкати хайётии Гулистон, ки ба соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт, дар хиёбони Теҳрон воқеъ аст. Буҷҷаи Бизнес- инкубатор аз ҳисоби давлат аст. Бизнес-инкубатори Дилшод як идорае аст барои шустушуи пулҳои дуздӣ ва ғоратшуда истифода мешавад.

Азбаски Дилшод васила ва шеваҳои пулёбиаш бар асоси афёра ва найранг бунёд ёфтааст, барои вай муҳим аст ки суратҳисобҳои таҳти ҳимояти давлат дошта бошад, то дигар ниҳодҳо ба он чашма ала накунанд. Ҳоло тақрибан 10 сол мешавад аз таъсису ташкили он. Касе намепурсад, ки ин ниҳод ягон натиҷа дод, чи даст овард дорад, чи пуле ба фоидаи давлат овард. Шумо худ қазоват кунед, ки нафаре, ки қиморхонаҳо дорад ва дар сари ҳазорҳо ҳазор тоҷик об рехта зиндагиашонро ба хоки сиёҳ шинонидааст чи гуна боз роҳбари муассисаи давлатӣ мешавад ва барои мардум ва давлат холисона кор мекунад? Тамоми зиндагиаш, ки бар асоси фиребу афёра ташаккул ёфтааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳама дӯстони наздики Рустам чи Хуршеди Мирзо, чи Акбари Ғулом ва чи Дилшоду дигару дигар ҳама амалан бизнесменанд, аммо бизнесҳои онҳо аз ҳисоби пули давлат аст. Ва ҳар кадоме аз онҳо ба навъи худ дузданду ғоратгар. Аммо Дилшод хеле дигартар аст ва такрор ҳам шавад ӯ тафовут дорад ва мешавад ӯро бо Мавродӣ ва МММ-и вай муқоиса кард. Аммо Дилшод барои Рустам ва шустушуи пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба дастовардаи вай бисёр ҳам шахси зарурӣ аст.

Баъзеҳо мегуянд дар ҳоле, ки дар давлат вазорати иқтисод ва савдо ва дигар институтҳои лозима ҳаст, ин гуна нағмабозӣ монанди Бизнесинкубатор чи лозим? Модари Ҷураевҳо, ки як муассиса бо номи «Мультикид» дорад, маълум нест, ба чи машғул аст. Аз руи баъзе маълумотҳо дар онҷо нафарони лаёқатмандро интихоб карда бо онҳо мавзуъҳои махсусро дар бораи сохти имрӯзаи давлатдорӣ меомӯзонидаанд.

Аз руи баъзе маълумотҳои таъйидношуда инҳо хоҳони тағйири сиёсати Тоҷикистон ҳастанд. Дар ҷавонон тарбияи чи хеле худи модари Ҷураевҳо мегуяд, қишлоқигиро гум карда мардумро барои талаби ҳақи худ омодасозӣ мекардаанд.

Як рафиқ нақл мекунад, ки аввалин бор бо Дилшод дар Аврупо ҳамсуҳбат мешавад. Дилшод бо ҳайати ҳамроҳони Эмомалӣ Раҳмонов ба Аврупо омада буд.

Ин рафиқ гуфт, ки ба назар мерасад дар ин охирҳо Дилшод як каме дилсард шудааст. Аввалҳо пуштибонӣ аз ҳукумат мекард вале ҳоло мегуяд, ки «безор шудам аз сумдиҳӣ». Вай ба назар орому сода аст. Аммо нисбати Рустами герчик ва Шоҳрухи гейнерал бисёр маълумотҳо дорад. Дар бораи Шоҳрух зиёд гапҳоро медонад. Бо Хуршед Мирзоев он қадар хуб нест. Айни замон бародарон Ҷураевҳо бо бародарон Мирзоевҳо конкурентҳои ашаддианд.

Хуршед Мирзоев гуфти гапҳо барои Дилшод помех  будааст. Пулҳои калонро Дилшод ба воситаи фирмаҳои модараш баровардагиву бароварда истодааст.

Дилшод дар як маҳфил гуфтааст, ки «сахт безор шудагиам. Боз Исмоилаш баромадаст. Бо иша доляша те». Ҳар моҳ доляи Исмоилро дар чамоданча бурда дар ҳудуди супермаркети Ашан, ки онҷо офис доранд, медиҳад.

Аммо, инҳо шояд гапе беш набошанд. Чунки Дилшод аз ҳисоби Рустам миллионҳо кор карда истодааст ва баъид аст ки дасти нондеҳи худро бигазад.

Дӯстии ин ду мақоли халқии «дузд дуздро дар шаби маҳтоб шинохтааст»-ро ба хотир меоварад.

Дар 12уми моҳи марти соли 2023 Дилшод Ҷураев дар Дубай яке аз бузурггтарин варзишгоҳҳо (UFC Gym) дар Иморати Муттаҳидаи Араб, балки Ховари миёнаро сохта ба истифода дод. Масоҳати ин варзишгоҳ дар 2500 метри квадратӣ доман густардааст. Ҳоло савол ин аст, ки ин варзишгоҳ барои шайхҳои араб, ки оруғашон тиллову нуқраву атсаашон доллару евро аст чи зарурат дорад? Маълум аст, ки ин варзишгоҳ варзишгоҳи худи Дилшод нест ва бинобар маълумотҳо онро Рустам барои Исмоили пингвин заказ додааст. Масорифи он чи ҳаҷмро ташкил кардааст, маълум нест. Аммо гуфта мешавад, ки фақат барои хариди замини он 35 миллион доллар масраф кардаанд. Вале баъзеҳо мегуянд, ки на 35 миллион, балки 350 миллион.

Худи Дилошод дар сафҳаи фейсбукиаш он замон навишта буд, ки «Мы три года упорно работали над этим важным событием, и, к счастью, этот день настал. Мы надеемся, что спортзал принесет пользу обществу своими уникальными тренировочными программами, подготовленными известным брендом UFC, но как предприниматели мы должны работать над качеством и сервисом, стандарты в ОАЭ намного выше, чем в Центральной Азии!»

Молики расмии ин варзишгоҳ фирмаи FIFTYFIVE GROUP аст, ки ҳамчун Гурӯҳи 55 дар соли 2011 дар Тоҷикистон сабти ном шудааст ва гуфта мешавад, ки дар ҳайати он 20 ширкат, ки дар арсаҳои маводи ғизоӣ, молия, сайёҳӣ, варзиш, авиатсия ва истеҳсоли либос фаъолият мекунанд, шомил аст. FIFTYFIVE GROUP ҳамчунин соҳиби то имрӯз ягона  ва аввалин Оҷонсии консалтингии Multikid Education Consulting аст ки хадамоти фиристодани донишҷуҳои ба хориҷи кишвар аз ҳисоби давлатро бар уҳда дорад ва гуфтем, ки раҳбари он модари Дилшод Ҷураев мебошад.

Аммо, онҳо, ки аз Дилшод ва тиҷоратҳои вай огоҳӣ доранд мегуянд, ки манбаъи асосии даромади вай ҳамоно Формула-55 яъне контораи букмекерӣ-қиморхона аст. Аз чанд сол ба ин су Дилшод бо мусоидати Рустам тамоми рақибонаш аз ин тиҷоратро аз саҳна дар тамоми Тоҷикистон берун кард ва ҳоло Формула 55 дар аксарияти навоҳӣ ва марокизи шаҳрҳои калони Тоҷикистон шуъбаҳои худро дорад. Ин ба истилоҳ тиҷоратро монополия кардааст.

Даврон Ҷураев , бародари калони Дилшод Ҷураев  клуби муҳорибаҳои омехта- ММАро дар Тоҷикистон кушодааст. Бародарон Ҷураевҳо фонди хайриявии Музаффарро, ки ба номи марҳум падарашон мондаанд, кушоданд. Аз номи он фонд хайрҳо мекунанду гуё бо ин васила номи худро баланд мебардоранд, барои худ имиҷ месозанд. Баъзеҳо мегуянд, ки бародарон Ҷураевҳо аллакай дар ҷамъи тарафдор ба худ, аз бародарон Мирзоевҳо ва ҳатто аз Рустам ҳам гузаштаанд. Агар интихобот шавад Ҷураевҳо яқин Рустамро мегузаранд.

Як нуктаи дигар, ки инҷо мешавад ишорат кард ин аст ки ҳама дӯстони наздики Рустам, ки онҳоро ба ҳукуматаш оварданист, миллиардеранд ва аз буи пулу сарват масту девона шудаанд. Инҳо бо ин вазъу ҳол, мардуми тоҷики умдатан муҳоҷирро, ки барои се –чор ҳазор доллар солашонро ба поин мебаранд, чи гуна муносибат мекарда бошанд?

Ва аммо хабарҳо аз он ҳикоят мекунанд, ки вақтҳои охир Тахмина Раҳмонова тиҷорату движенияҳоия Ҷураевҳоро таги чашм кардаасту бояд гирад. Ҳозир хапу дам муайян карданӣ, ки «ку чандқа молу пулу чиз доранд ва дар куҷоанд ин пулҳои нақдии онҳо» рафта истодааст. Модари Даврону Дилшод роҳбари Мультикид дар Душанбе буда низ зери назорати мақомоти СС қарор дорад ва гирдашон хат кашидаанд….

Сообщение Семейка news №16 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news№15
Семейканюси навбатӣ ҳадяи «идона»-и «Ислоҳ» ба Раҳмонов ва оилаи ӯ аст. Иди саъиди фитр барои мо мусалмонон ҷойгоҳи хосси худро дорад. Чун мо пас аз ба охир расидани моҳи мубораки рамазон моҳи тоъот ва ибодотро ҷашн мегирему таманнои қабули ибодот ва дуъоҳои як моҳаи анҷомдодаамон ҳастем. Бар фарқи солҳои гузашта,ки ҳамеша мардуми кишварро дар ин рӯз табрик мекардем. Имсол тасмим гирифтем,ки Раҳмонов ва оилаи ӯ, ки дар ин моҳ ҳеҷ хидмате ба ин мардум накарданд. Барқи мардумро надоданду онро ба хориҷ аз кишвар фурӯхтанд. Дар бозорҳо гаронӣ оварданд. Дар ин моҳ ба Русия сафар кард вале ҳеҷ беҳбудие ба муҳоҷирони кории Тоҷик наоварду баракс ҳама спетспрёмникҳои ин кишвар пур аз муҳоҷирони мо буданд. Муҳоҷири Тоҷик ин моҳро бояд ором гузаронанд онҳо дар навбати идораи муҳоҷират Сахарова ва дигар идораҳо бо сад мушаққат гузарониданд. Шаҳрвандони ин кишвар дар ҷанги Укроин бурда кушташуданду ҷасадҳояшон баргардонида шуданд. Қаламрави ин кишварро ба ҳамсояамон дар ин моҳ рафта бахшиду баргашт. Инчунин садҳо ҷиноят анҷомдод вале боз ҳам мехоҳем чунин ҷонвари зараррасонеро бо оилааш табрик намоям. Барояш таманнои ҳарчи зудтар аз қудратрафтану дар зиндони дурусткардааш қарор гирифтанашро намоем.

Мардуми кишварро Ин шо Аллоҳ мехоҳем дар яке идҳои хуҷастаамон аз наздик дар дохили кишвар табрик намоем.

Танҳо феълан ҳаминқадар мегуям:  «Аллоҳ ҳама тоъот ва ибодатҳоятон мақбули даргоҳи илоҳӣ бошад. Ҳама дуъоҳои кардаатон иҷобат шаванд. Хуб медонем дар чи ҳолед ва чи дуъоҳое кардаед».

Эмомалӣ Раҳмонов ба Наврӯз ба як гурӯҳи махсуси зиндониҳо туҳфаи хос кард, мо ҳам гуфтем, ки ба Ҷаноби абулҳул ҳадяе намоем. Аммо ҳадяи мо ба муносибати Иди саъиди Фитр аст.

Анҷоми орому сокит ва бемашғалаи маъракаи сиёсии интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ, ки гуё ҳизби Раҳмонов пирӯзи мутлақ шуд, хатми моҷарову баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон ва дар чанд рӯзи пеш сафари пурбору бобарор ба Маскав боис шудааст, ки Раҳмонов масту махмур бошаду шоду ғазалхон бошад. Бахусус, ки гуё Путин иҷозат додааст, ки Рустамро ба ҷойи худаш биншонад. Путин гуё гуфта бошад, ки ҳеҷ масъала нест, Рустам тавонист, ки худро нишон диҳад. Дар оянда ҳам умед аст ки метавонад.

Аммо хабарҳое, ки ба мо мерасанд аз он шаҳодат медиҳад, ки Раҳмонов ҳамоно ноором аст ва ҳамоно таҳлукаву ҳароси сарнагунии Башшор Асад ва дар ҷойи вай омадани ҳукумати исломиҳо, ки то чанд моҳи пеш террористӣ шинохта мешуданду то СММ дар листи созмонҳои террористӣ шомил шуда буд ва Амрикову Урупову Русияву Чин, хулоса ҳама ҳамин тавр террорист мешинохтанд, тану ҷони ӯро месузонад. Дигарбора ҳамла ба ришу ҳиҷобро сахттар кард. Дар тамоми макотиби мутавассита бо сафарбарии ходимони милисаву амният ҷаласаҳо доир карда аз зарари ҳамкорӣ бо мухолифин суҳбат карда истодааст. Агарчи интихоботи маҷлис бисёр ҳам ноаёну номаълум гузаронида шуд вале таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор гардид ва дар ҳама участкаҳои интихоботи чандин милисаву амниятӣ ҳатто кормандони пожарний службаро чанд шабу чанд рӯз дар синфхонаҳои мактабҳо, ки участкаҳо онҷо воқеъанд рӯзу шаб хобонд.

Вале дар ин авохир аз феҳристи афроди террорист баровардани исми Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва чанде аз наздикони вай тавассути ҳукумати Доналд Трамп ва лағви даҳ миллион доллар ҷоиза ба хабар дар бораи Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ки вазири дохилии ҳукумати Толибон аст ва ироаи кумакҳои изофӣ ба Иморати Исломии Афғонистон, боз ҳам Раҳмоновро дучори саръу васвос кардааст. Вай ҳар шаб хоби Сайфиддин Тоҷибоеви новии наҳзатиро мебинад, ки дар ҳукумати Сурия мақом касб кардааст. Раҳмонов аз Наҳзат ва наҳзатиҳо, умуман аз неруҳои исломӣ мисли қади аҷал ва то пойи ҷон метарсад. Ҳиҷ бовар надорад, ки сарҳади бо Афғонистонаш то ба охир боамну субот хоҳад буд ва боз аз он самт размандагон ворид ва ҳукумати вайро ин бор зерузабар хоҳанд кард.

Бале, хонанда ва бинандаи азизи моҳномаи «Семейканюс». Ончуноне пай бурдед, ин бор персонажи асосӣ ва марказии моҳнома худи Раҳмонов аст. Як хабари бисёр ҳам ҷолибу обнорасидаро бо каме шарҳу тафсир дар бораи чораҳои ҷавобии Раҳмонов дар робита ба хатари ҷониаш дар фарҷом меоварем. Ин хабар дар бораи бункери Раҳмонов аст. Аммо ҳоло як матлаби аҷиб дар бораи Озода Раҳмонова ва ҳамин таври матлаби дигар дар бораи Парвина Раҳмонова, духтарҳои миллионершаи Раҳмонов ва як хабари дигарро дар бораи Хуршеди Мирзо, ҷураи ҷонии Рустами Эмомалӣ пешкашатон мекунем:

«Заказчик»-и делои Ҳамрохон Зарифӣ Озода?

Ҳоло дигар Озода он Озодаи вазорати хориҷа нест. Вай на фақат роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст. Аз таъсиргузортарин нафарони наздики Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳама масоил ва махсусан дар масоили кадрҳо аст.

Аммо замон, замоне, ки дар вазорати умури хориҷӣ кор мекарду вазир Ҳамрохон Зарифӣ буд, ин тавр зуру ҳузарб ва катазан набуд. Он солҳо Озода ду проблема дошт. Вай ҳамагӣ панҷ сол дар вазорати хориҷӣ кор кардааст. Панҷ соли пурра ҳам не, чор солу чанд моҳ. Ва дар ҳамин муддат 4 кудак зоид. Яке аз ин кудакҳо «проблемний» буд. Аз он бачаи ҳисорӣ, ки ӯро кам- кам «меҳрубонӣ» мекард. Дар он кабинети бо тамоми шароит дурбинҳои мадорбастаи махфӣ- скритий камераҳо насб шуда будааст. Он вақт масъули камераҳо Мансурҷон Умаров буд. Дар ҳамон моменте, ки Зарифӣ аз дасти Озода девона шуда буд навори… ба майдони интернетии дохилияшон баромад.

Конфликти ин ду -Зарифӣ ва Озода он замон дар васоити ахбори омма дарз карда буд. Ин ду барои масъалаҳои корӣ ҳам мушкил доштанд. Барои инки сағираҳои КГБ утечка мекарданд. Гурӯҳҳои дигари рӯ ба русҳо ҳам буданд, ки зиди Зарифӣ бекор намеистоданд. Махсусан худи русҳо. Барои онки Ҳамрохон Зарифӣ аз соли 2008 тайёрӣ медид ва Раҳмоновро тайёр карда буд, ки базаи 201-и русҳо дар соли 2010 аз тарафи Раҳмонов имзо нашавад. Баъд як договори панҷсола карданд. Мувофиқи ин договор дар ду этап бояд база бароварда мешуд.

Хуллас, соли 2004 русҳоро аз мақарри чандинсолаашон дар шаҳри Душанбе ва  Қурғонтеппаву Кулоб бароварданд. Соли дигар шумораи сарбозону афсарони базаи 201ро кам карданӣ буданд. То 3 ҳазор афсар. Зарифӣ мегуфт бояд барои панҷ сол договор кунем. Вай   Раҳмоновро уговорит ва мутақоид карда буд, ки бо русҳо долгосрочний договор кардан невигодно.

Раҳмонов ризо шуда буд. Зарифӣ ду гурӯҳи экспертҳоро паноҳӣ ҷамъ карда буд- нелегално  ҳама сари ҳамин масълаи базаи 201 аналитика мекарданд.

Манбаъи мо мегуяд, ки барои татбиқи ин нақша ҳатто бархе аз экспертҳо ҳамроҳ бо Зарифӣ Афғонистон пеши Атомуҳаммади Нур, ки аз фармондеҳони пурнуфуз ва солҳо волии Мазори шариф буд рафта буданд.

Аммо ҳамаи ин нақшаҳоро генерал-лейтенант Шералӣ Хайрулло, вазири дифоъи Тоҷикистон ба русҳо мефурӯшад. Дар Маскав барои Шералӣ Хайрулло дар проспекти маъруфи Рублевка коттеҷ ва мақоми шаҳрвандӣ ва нафақаи калон медиҳанд. Гап дар бораи он меравад, ки русҳо ҳануз асноди байнидавлатӣ ниҳоӣ нашуд онро тавассути Шералӣ Хайрулло ба Раҳмонов мерасонанд. Ҳамон аснодеро, ки зери назари Ушаков, ки ёвари Путин буд, омода карда буданд ва он муоҳадаи 49 соларо дар назар дошт. Бо ин васила Раҳмоновро угрожат карданд.

Раҳмонов, ҳануз дар ҳамон солҳои хидмат дар морской флот ҷи ҷурму ҷиноёте содир карда будааст, ки сабтҳо он бортавой журнали киштие, ки хизмат карда буд, маҳфуз будааст назди русҳо. Шантажи дигар болои Раҳмонов снайперский винтовкае буд, ки ба василаи он муноқишаи хунини Сангаку Файзалӣ анҷом дода шудааст. Ин муноқишаи хунин тибқи закази худи Раҳмонов сурат гирифта буд ва иҷрокунандаи он як афсари рус ҳам будааст.

Хуллас, Шералӣ Хайрулло ин ҳама аснодро оварда ба Раҳмонов медиҳад. Дар ҳоле, ки асноди байнидавлатӣ фақат ва фақат тавассути ВУХ-вазорати умури хориҷӣ радду бадал мешавад. Ин кор дар соли 2010 буд ва он вақте буд, ки ҳануз Диана, духтари Шерали Хайрулло, ки аруси Раҳмонов буд гурехта Амрико нарафта буд. Раҳмонов фақат ба хотири Диана Хайруллоевро ҷазо надод вале аз мақом барканор кард. Аммо, дар ниҳояти амр ҳамон аснод қонунӣ ва байнидавлатӣ шуданд ва Зарифӣ аз мақом канор зада шуд.

Вале вақте ин ҳарду Озода ва Ҳамрохон Зарифӣ дар вазорати хориҷӣ кор мекарданд, байнашон мушу гурбабозӣ давом мекард. Вақте Абдумаҷид Достиевро аз муовинати аввали раиси Маҷлиси намояндагон озод ва сафири Тоҷикистон дар Русия таъин карданд, вай гуфт маошамро боло кунед, ман меравам. Вале, ин танҳо як баҳона буд аз тарафи Достиев ва Зарифӣ то ба Раҳмонов бирасонанд, ки духтарат Озода ҳамаро девона кардааст. Зеро Озода касеро дар вазорати хориҷӣ ба вазифа таъин мекунанд мегуфт, ки аз 30 то 50 000 доллар биёред-барои паспорти дипломатӣ ва брои паспорти хидматӣ- служебний 10-15 000 ҳазор доллар мепурсид. Аз чанд нафар торгпредҳо-намояндагони тиҷоратӣ то 5о ҳазор доллар ҳам гирифтагӣ аст. Масалан аз марҳум Абдураҳмон ва ё Файзулло Шариф. Гап дар иноҷст, ки онҳоро Зарифӣ таъин мекунад, мегуяд ин паспортҳо дода шавад. Аммо Озода бепул намедиҳад. Як ҷияни овозхон Парвина Юсуфӣ ёрдамчии Озода буд. Ҳамон одам он вақтҳо кошелеки Озода буд, ки баъдан бо 300 000 доллар ӯро қапиданд. Ин ҳам оператсияи Мансурҷон Умаров буд. Ин пул ба Озодаро ҳама медод. Достиев ба матбуот мусоҳиба дод ва масъалаи пулро бардошт. Раҳмонов аз Зарифӣ мепурсад, ки чи гап аст?

Вазир мегуяд, ки прблемаи ин пул ҳам нест, мо маошашро зиёд мекунем. Проблема проблемаи паспорт аст. Вақте Раҳмонов фаҳмид аввал худаш талхакаф шуд. Раҳмонов дигар чикор мекард духтарашро? Баъд барои онки Озода ба масоили давлатӣ мудохила накунад, чопу тақсими паспортҳои хориҷро ба вай доданд. Паспортҳо дар Германия чоп мешуданд. Гуфтанд аз инҷо пул кор куну ба корҳои давлатӣ «чаққа нашав». Дар ин миён буд, ки ҳамон навори русвоияш баромад. Ва формално бо Ҷамолиддини шавҳараш ҷудо шуд. Он бачаи «партнёр»-и Озода аз узбекҳои Ҳисор буд ва дар вазорати хориҷӣ фаъолият мекард. Ҳамон шабурӯзҳо ин навор «утечка» шуд.Зоҳиран ҷони Зарифӣ аз Озода халос шуд, аммо дер давом накард. Зеро Озода боло рафту муовин шуд. Вале Зарифиро ҷавоб доданд. То як сол якуним сол Ҳамрохон Зарифӣ бекор монд ва баъдан, вақте таги корро фаҳмиданд, Зарифиро сафири Япония таъин карданд. Аммо Озода то ба охир ба Зарифӣ уқдаи дохилӣ дошт.

Ҳодисаи дигар ин буд, ки сафири вақти Хитой ба Эмомалӣ Раҳмонов навишт, ки Хитой хоҳиши Эмомалӣ Раҳмонов барои ба Тоҷикистон фиристодани 1550 мутахассиси хитоӣ пазируфт ва Раҳмонов ҳам дастури додани иҷозати кор ба онҳоро дод. Аммо Озода барои ҳар кадоми онҳо 5000 доллар ставкаи худро монд. Он солҳо аз шаҳрвандони Афғонистон барои ҳар паспорт Озода 500 долларӣ мегирифт. Абдулфайз Атоӣ, ки ҳоло ҳамроҳ бо Зарифӣ ҳукми тулонӣ гирифт он вақт консули Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Вай аз афғонҳо 900-1000 долларӣ мегирифт ва 500 долларашро ба Озода медод.

Ҳамрохон Зарифӣ барои Раҳмонов ягон вақт душман набуд. Баракс аз саг ҳам вафодотар буд. Аммо баъзе аз суҳбатҳои интиқодии  вай дар бораи Рустами Эмомалӣ ва ҷойгузинсозии вай ки барои Раҳмонов ва хонаводаи вай масъалаи ҳаёту мамот аст расида ва расонида шудааст.

Дар як қисм аз суҳбатҳое, ки навори онҳо ба дасти Эмомалӣ Раҳмонов расидааст, аз ҷумла дар ҳамин бора ҳам гап рафтааст. Ба ин маъно, ки Зарифӣ гуфта бошад аз ҳамаи ин порагириву порахурии Озода Раҳмонов бохабар буд вале ӯро мақоми болотар бурду худи Зарифиро аз кор берун карда бошад. Бархеҳо мегуянд, ки гуё ин ҳама саҳнасозиҳои Юсуф Раҳмон буд. Ҳатто забти суҳбатҳои Зарифӣ  дар ҷаласаҳои маҳфили Валдай дар Санкт-Петербур тавассути Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов расонида шудааст.

Дар асл ва амал Озода бо Юсуф Раҳмонов, ки акнун котиби Шурои амният таъин шуд, наздик аст.

Дар омади гап инро ҳам бигуем, ки Юсуф Раҳмон ҳануз, қабл аз онки Додситони кулл бишавад ба бизнеси пурдаромади домсозӣ машғул буд. Ва аз домҳои месохтааш ҳатман 1 ё 2 хона –квартира ба Азизмои зани Раҳмонов ва ё Озода доля медод. То замони Прокурори генералӣ таъин шудан Юсуф Раҳмон 11 доми аз 10 ошёна боло дошт, ки сохтмонашон дар ҳоли ҷараён ва ё тамомшавӣ буд.

Яке аз сабабҳои асосии аз ҳабс берун мондани Тоҷиддин Пиров, ки соҳиби «Тоҷиксодиротбонк» буд, пуштибонии Юсуф Раҳмон аз ӯ аст. Вагарна ин бонк, ки дигар аз байн бурда шудааст, проблемаи зиёд дошт. Аммо Озода ва Юсуф Раҳмон дар пушташ истоданд.

Вақте Хитой барои сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ 280 миллион доллар қарз дод. Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар вазорати молия кор мекард ва он замон бо занаш-Озода проблема надошт 10%-онро ҳамчун миёнрав гирифт ва пулашонро аз Гонконг ба Тоҷиксодиротбонки Пиров гузарониданд. Аммо ин компромати Тоҷиддин Пиров то Озода ба шавҳараш соз буд, кор медод, баъд, ки Ҷамолиддин зани дигар гирифту бачадор ҳам шуд, дигар неважний шуд.

«Сифат-фарма» ва ҷиноёти молиявии Семейка

Нафаре, ки ин ҳама маълумоти зерро ба мо ирсол кард, мегуяд, асноди зиёде дар дастам омад. Ин аснод аз контрактҳои миёни ширкати «Сифат-фарма»,вазорати тандурустӣ ва ширкатҳои зиёди тавлиди дору дар Ҳиндустон ва Туркияву Покистон иборат аст.

Вақт лозим барои таҳлили онҳо. Беш аз 1000 варақ. «Сифат- Фарма» бо он бонки гуфта хело алоқаи калон доранд. Ҳамаро ҷамъ кардам, акнун бояд нишаста нависам.

Назари ман ин аст, ки бояд силсилаи барномаҳо оиди арсаҳои ба монополияи оилаи Раҳмонов табдилшудаи иқтисоду иҷтимоиёт ва сиёсати мамлкат ташкил ва нашр кард. Албатта, мардум ин ҳамаро хуб медонад. Аммо, сухани чопӣ ва дар доираи матлабу мақола таъсири дигар дорад. Ҳама чиз мадраку далел мешавад.

Барои мисол аз ҳамин «Сифат -Фарма» мешавад шуруъ кард. Боз ба ман баччаҳо гуфтанд, ки ҳатто воридоти гушти мурғу гову гусфанд ба монополияи ҳамин оила даромадааст. Яъне ба тасарруфи оилаи Раҳмонов. Мухолифон фақат масъалаи озодии сухану пора ва ҳиҷобу сиёсатро мебинанд, аммо аз ҷиноёти иқтисодиву молиявии семейка тақрибан чизе намегуянд.

…..Дар худи «Сифат-фарма» боз пинҳонӣ аз роҳбарият алик -маликҳо зиёданд. Кормандони марказии «Сифат- фарма» доруҳои зиёдро аз дигар ҷойҳо оптом харид намуда аз номи «Сифат- фарма» бо нархи қимат тақсим карда фоидаҳои хубро ба даст оварда истодаанд.

Ғайр аз ин, ин коргарони   пинҳонӣ аз Парвина Раҳмон маблағҳои калонро ба воситаи як фирмаи тобеи «Сифат- фарма», ки номаш Биолек аст, обу лой доранд.

Яке аз коргарони ин ширкат Миҷгона ном дорад, ки бисёр маккор аст, ки дар хеле аз ин корҳо даст дорад.

Аммо «Сифат-фарма» як гушаи бизнеси бузурги Парвина аст. Парвина зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати Муттаҳидаи Араб мебошад. Ба забони фаҳмо Дубай аст.

Ҳамин чанд рӯзи пеш як чиро фаҳмидам. ББТ-Бонки байналмилалии Тоҷикистон Международный Банк Таджикистана низ дар асл аз они Парвинабону аст ва гуё соҳиби он додари домоди Раҳмонов, писари Гул Шералӣ (аз Данғара) ва собиқ вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон.

Онҳо чандин вақт аст ки барои гурехтан аз санксияҳо ба русҳо ёрӣ дода истодаанд. Ин банки оила барои бизнесменҳои рус ва ба шахсони алоҳида счету картаҳои Visa ё Mastercard мекушояд. Аз Русия пули русӣ-рубл мегузаронанд ба счети худ ва бонк бошад доллар мепартояд ба счети онҳо. Баъдан он соҳибкори рус бе ягон мушкилӣ аз дилхоҳ канори дунё бор мехарад, тавассути он счети бонкии духтари Эмомалӣ Раҳмонов. Ин кумак барои гурехтан аз санкция аст.

Аммо ингуна транзаксияҳо ба системаи молиявии худи Тоҷикистон зиёни калон дорад. Чунки манбаъҳо ё даромади асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон хело кам аст. Асъори хориҷӣ, ки кам шуд қурби сомонӣ нисбати дигар асъори хориҷӣ бозӣ мекунад. Инро бояд финконтроли «Бонки Миллӣ» назорат барад ва барои ин нақзи қонун лисензияи кории бонкро бекор кунад. Ин расонидани зарар ба миллионҳо шаҳрвандони тоҷикистон аст. Зеро он ба норасоии асъори хориҷӣ барои хариди маҳсулоти импортӣ (яъне ба Тоҷикистон аз дигар давлатҳо маҳсулоти воридшаванда) мешавад, ки боиси қиммат шудани он маҳсулотҳо дар Тоҷикистон мешавад. Бояд «Бонки миллӣ» пеши роҳи ин корро бигирад. Вале хапу хомуш аст. Аз куҷо метавонад пеши пулкоркунии семейкаро бигирад?

Аз ҳама аҷибаш он ки аз Русия истода счёт мекушоянд. Ҳол онки ин вайронкунии ошкорои чандин қонун аст. Зеро шаҳрвандони дигар давлатҳо аввал бояд дар ҷои зист, яъне дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд. Бо забони русӣ регистрация бояд кунанд, дар ОВИР. Чи гуна онҳо аз Русия истода ин корро мекунанд?  Пулшӯйии тапа тапёр аст ин дигар.

Хуршеди Мирзо фақат медуздад!

Хуршед Мирзо, директори Оҷонсии навтаъсиси инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ назди президенти Тоҷикистон рафиқи Рустами Эмомалӣ дар як суратҳисоби пинҳонӣ, ки аз руи маълумотҳо ба номи кадом хешаш, баъзеҳо мегуянд ба номи кадом хеши занаш, баъзе мегуянд ба номи хеши зани дуюмаш, бисёр маблағҳои калон ҷамъ кардааст. Маблағҳо аз ҳисоби парковкаҳои пулакӣ ва камераҳое, ки ба системаи Нерӯ мутааллиқ аст, ба он суратҳисоб ворез карда мешаванд. Соли гузашта аз ҳамин ҳисоб Хуршед Мирзоев 34 миллион сомонӣ кор кардааст, ки Рустами герчик аслан хабар надорад. Ғайр аз ин, Муҳаммад Мирзоев акаи Хуршед Мирзоев аз шартномаҳо бо сармоягузорҳо, ки бо «Авесто -групп» ҳамкорӣ доранд, 27 миллион сомонӣ кор кардааст.

Дар ҳамаи он заводу корхонаҳое, ки аз сумҳои Рустам «Авесто-групп» сохт, дуздию изофанависиҳо ба дараҷаҳо рафта истодааст. Дар заводи Акиа, ширкатҳои Сиёма, Нерӯ ва умуман ҳамаи самтҳо, фақат изофанависӣ рафта истодааст. Хуршед бояд миёнаҳои моҳи апрел бо Олег Дерипаска, миллиардери наздик ба Путин вохурад ва масъалаву сабабҳои аз Тоҷикистон рафтани «РусАл»-ро фаҳмад. Хуршед ин вохуриро ба воситаи тоҷирони Хитой, ки доду гирифтҳо бо онҳо аз замоне, ки Хуршед дар Кумитаи сармоягузорӣ буд, мехоҳад ташкил кунад.

Бункери Раҳмонов дар Душанбе

Хабарҳое, ки аз даруни Оила ба мо мерасад, Раҳмонов ташвишу изтироб дорад, дар чанголи тарсу ваҳшат аст. Ҳар бор ба самти Афғонистон менигараду оҳи сард мекашад. Солҳо буд, ки Нурободро бад медид, чун хелеҳо, ки дар он параанд аз ин ноҳияанд, акнун ба ин ноҳия боз Нов илова шудааст. Вай ду масъаларо сахт ҷиддӣ гирифтааст. Яке инки роҳи фирор ва васоили фирораш ҳамеша дар ҳолати омодабош ва старт қарор дошта бошад, самолёти 100 миллион доллариаш ҳамеша дар ҳоли старт аст. Дигар инки дар ҳолат тағофул сарашро куҷо панаҳ кунад. Барои ҳамин дар маркази шаҳр барои худаш бункери махсус сохта истодааст.

Вай, маълум нест, ки ба масрафи чанд миллион доллар ин корро мекунад. Дар даруни бустонсарои ҳукуматӣ ба эҳдоси як паноҳгоҳ-бункери зери заминӣ шуруъ кардааст. Сохтмони ин стройкаи строго закритий бо ҷалби даҳҳо мошинҳои борбардори вазнин ва ҳамин тавр экскаватору булдозерҳо, ки гуфта мешавад аз неругоҳи Роғун ва ширкати пулчинаки IRS овардааст шуруъ шудааст ва хабари расида ҳикоят мекунад, ки чанд моҳ аст, ки ба кандани катлаван-таҳхонаи чандин гектара сар кардааст.

Аммо ин сохтмон сахт махфиёна, пинҳонӣ ва пушида ҷараён дорад. Кас намедонад, ки дар он дарун, дар рубаруи идораи Тоҷикматлубот ва Донишгоҳи тиббӣ чи корҳое дар ҷараён аст.

«Ин стройка тамоман дигар хел рафта истодааст. Танҳо як нафар аз роҳсозон мошини Дулан меронад. Ба ягон тараф нигоҳ кардан мумкин нест ҳангоме дохили он бункер мешавад ронанда. Дар шохҳои дарахтҳо садҳо камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Ҳар қадами коргарон таҳти контрол аст. Ба ягон тараф нигоҳ кардан мумкин нест. Онҳое, ки бо Дуланҳо бор медаронанд, арматура, семент, рег, санг ба ҷуз аз роҳ ба дигар самт набояд нигоҳ кунанд.

Даруни онҷо як баталён гуем ҳам хато намешавад сарбозон мусаллаҳ меистанд. Онҳо аз кадом вазорат ҳастанд маълум нест. Ягон хел аломат ва нишони таъйинкунандаи низомӣ надоранд. Аммо вооружженний до зубов. Онҷо дар маҳалли сохтмон дар ҳолати ҷангӣ истодаанд. Касе медарояд тавассути як дастгоҳи махсус муоина мешавад. Мисли дастгоҳ, ки дар фурудгоҳҳо ҳастанд.

Ранги падземка қариб як 2000 метр чуқурӣ кандаги аст. Қариб дар 4 гектар замин доман паҳн кардааст. Як армия дар дарунаш мусаллаҳанд.

Ба манбаъи Ислоҳ наздик чунин гуфтааст : бо мошини калон асфалт мекашидааст. Мегуяд дар маҳаллаи маъруф ба 8-март Раҳмонов чи чизе соз карда истодаст. Ҳазор охраннаву амниятӣ истодааст. Як навбат дар як мошин мум бурдам. Заминро ончунон кофта чуқур кардаанд, ки мегуӣ таги замин бошад, тагаш намоён нест. Ба таги замин раҳ карда истодааст, ягон сӣ этаж зери замин кофтаанд. Метарсӣ нигоҳ кунӣ, чашмат сиёҳ мезанад.

Сементи тайёрро аз корхона рост мебарем, нигоҳ кардан мумкин нест, ин сохтмон на сар дорад на охир. Шояд зиндони зери замини карда истода бошанд?

Аввал бо шлангу рудаҳои калон об мезананд, тамоман тар мекунанду сипас мекананд. Вагарна чангу гарду ғубори инҷо шаҳрро фаро мегирад. Дар маркази шаҳр қарор дорад.

Манбаъи мо гуфт, ки ду навбат мошинҳои ҷангӣ оварданд. Маълум нест, ки аз кадом давлат. Аммо гуфта мешавад, ки ин мошинҳоро гуё давлати Эрон додааст. Барои ин мошинҳо ҳам дар даруни ҳамин бункер гараж месохтаанд….

P.S.Хонанда ва бинандаи азизи Ислоҳ. Мо талош мекунем, ки дар бораи ин бункер дар барномаҳои баъдӣ низ ба шумо маълумот бирасонем. Вале шумо бояд бифаҳмед, ки Раҳмонов ва чоплусони вай дар зоҳир худро ватандӯсту ободгар ҷилва медиҳанд, аммо дар асл нақшаву ниятҳои вай шум аст. Ин кори вай, масалан ҳамин бункери чандинмиллиондолларии вай худ гувоҳ аст ки вай фақат дар фикри худ ва ҳукумати худ аст. Биандешед ва худатон натиҷа бароред, ки агар Раҳмонов бо халқ аст чаро барои худаш бункер месозад?

Сообщение Семейка news№15 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №13
Шумораи аввали маҷаллаи «Семейканюс»-и «Ислоҳ» дар соли ҷорӣ  таҳти таъсири руйдодҳои барои оилаи Раҳмонов мудҳишу дардноку пуртаҳлукаи Сурия ва сари қудрат омадани исломиҳо таҳия ва ба чоп супорида мешавад. Ба пойи ин тортанаки ҷаҳонӣ мепечонему ҳаволаи шумо, хонанда ва бинандаи муштоқу мухлиси худ мекунем.

Имрӯз, мошоаллоҳ дуди ғам аз бурҷу бораи кушки Раҳмонову диктаторҳои дигари олам баланд мешавад ва ин натиҷаи дуоҳову ниёишҳо ва оҳҳо аз ҷигарҳои дуддода ва қалбҳои лахташудаи мост.

Раҳмонов ва семейкаи касифаш ба охири хат расидааст. Мутмаин бошед, ки вақт ва фурсату фурҷаи зиёде надорад ва нахоҳад дошт.

Мутмаинан, ин ҳама заҳамоту истодагариҳои мо аз тарафи Холиқи яктову тавоноямон бо ваъдаҳое, ки додааст, бемукофот нахоҳад монд ва дар кучаи мо ҳам фараҳу хушбахтию сурур мешавад.

Ахбори Семейка

Хабарҳое, ки аз даруни Оила мерасад аз он ҳикоят мекунад, ки ин семейка-семейкаи мултимиллиардерони Тоҷикистон ва роҳбари он дар ҳолати вазнин, наздики сакарот, назъи ҷон қарор доранд. Рӯзе, ки Паём медод, пушти саҳна даҳҳо мошини Ёрии таъҷилӣ меистод, ки ин ҳолат дар солҳои пеш ин тавр набуд. Машшотаи тармашааш ҷаъбаи пудраву упо дар даст то дари даромади толори маҷлис ба руйҳои ғафсу фарбеҳу овезонаш андова мекард.

Агар урусҳои алкаши алтирро, ки дар кучаҳои Душанбе солҳои пеш дида бошӣ, дар ҳар куҷо мегаштанд, ранги руяш ранги руи ҳамонҳо шудааст. Чеҳра ё рожааш безебу баднамуди сурху кабуд шудааст.

Ҳозир руйҳояшро вақте баромад мекунад ё нафареро қабул мекунад шпакиловка мекунанд. Манбаъи «Ислоҳ» афзуд:  Ӯро  аз наздик бинӣ мефаҳмӣ. Бисёр кареҳманзар шудааст, қуту нури рӯй намондааст. Мебинӣ супсурх. Талхаат мекафад.

Ман ягон бор аз наздик надида будам. Якум бор дидам, талхаам кафид. Ин дар ТВ хушру менамудаст. Дар амал тамоман даҳшатнок, сахт дилнокаш, тамоман безеби бад шудааст.

Чизи дигар инки ҳаркӣ мегуяд одам аз арақи зиёд мемурад, ман бовар намекунам. Раҳмонов ин қадар арақе мехурад, ки мумкин аз тани сад кас мехурад. Агар аҳамият дода бошед вақти мулоқот бо Пизишкиён задагӣ буд, чашмонаш суп сурх буд. Он рӯз ҳам бо ҳазору як маъҷуну даво сари ҳуш оварданд, даҳонашро бо доруҳои бубар чандин бор шустанд, ки табъи Пизишкиёнро хароб накунад.

Маълум шуд, ки аз арақ одам намемурдааст. Шояд ҷигараш ва гурдаҳову дигар узвҳояш ҳам осеб дида бошанд, аммо рангу рӯяшро мебинӣ, метарсӣ:-супсурхи кабудчатоб, беҳад   безеби бад шудаст. Шояд пудра шпакиловкааш мекунанд, то ки свети руҳояш ба свети руи одамӣ монанд шавад, аммо свети руйҳояш ғайритабӣ аст, дилбеҳузуркунанда аст манзараш.

Он поймардаш, ки кифи варақҳои суханрониашро мебардошт, онро гоҳ аз ин даст ба он даст мегирифт, чун ин бор авроқ хеле зиёд буд, андозаи шрифти ҳуруф на 18, ин бор 24 буд ва ранги ҳуруф ҳам сиёҳтар.

Вақте вориди дари толор мешуд, Муроди бурут аз китфонаш имдодаш мекард, то руйи по биистад. Тарафи Мурод мегардаду бо ҳасрату алам мегуяд, ки «дилам мегуяд, ки ин «паёми охирам аст, соли дигар бошам ё не?»

Оиларо бебандуборӣ, таҳлука ва ваҳшат фаро гирифтааст. Ҳар кадоме аз онҳо, ки барои худ дар даруни зарқу барқ зиндагӣ сохтаанд, дар ҳавзи доллару тилло шино мекунанд, ҳар кадоме аз онҳо, ки хитаву бахшҳои мамлакатро тасоҳуб кардаанд, табиист, ки аз ин ҳолату аз ин ҳодиса ба шиддат дар изтиробу дар ташвишанд.

Ҳузури ҷиҳодиёни тоҷик, мақому мартаба касб кардани исломиҳои тоҷик, дар ҳукумати нави Сурия, ки Раҳмонов то ҳамин ҳоло онҳоро террористу экстремист мешиносаду муаррифӣ мекунад, дар аъмоқи қалбу равони онҳо зилзила андохтааст.

Раҳмонов тамоми дарду ранҷашро бар сари шишаи «Шоҳона» ва «Гург» кашида ва табобат ва дармонашро дар косаҳои паёпай ва бидуни закуска ҷуста истодааст. Ҳеҷ кадомеашон, на Азизмо ва на Эмомалии хурдакаку не Анушервон натавониста истодаанд шишаҳоро аз пешааш бигиранд.

Бале, Аллоҳи лоязол, ин собири басабр ҳамин тавр, диктаторҳои оламро, ки зиндагӣ ва рӯзгор барои халқи худоро сияҳ ва тираву тор мекунанд, ба кайфари аъмолашон хоҳад расонд. Қисосу интиқоми заҷру ранҷҳоро тавре мегирад, ки огоҳ намешаванд. Беҳуда намегуянд, ки задани Худо садо надорад, баъде, ки зад даво надорад!

Раҳмонов ва дудмони касифу палидаш, дору дастаи золиму хунхораш подоши ғурбат ва дардҳои вофири моро, ҳирмону ҳиҷрати моро, беватаниву дарбадарии моро хоҳад кашид.

Омадани фармондеҳ Сайфиддин Тоҷибоев, ин тоҷики силаҳшур дар ҳукумати исломиҳои Сурия тарсро дар ҷони Раҳмонов, дар ҷони Азизмову дар ҷони Рустаму ва дар ҷони ҳама  лаббайкзанону лесаконаш уфтондааст, аммо аз суи мардуми мазлуми тоҷик бо истиқболи гарму ҷушон ва густарда мувоҷеҳ шудааст.

Аз тариқи сандуқи рай ҳукумати Раҳмонов барчида ва дигар намешавад. Ҳисоби сандуқи райро солҳост Раҳмонов мисли каламуш хурдааст. Ин камонбадастро ҳатмани ҳатман камонбадастони хушноми ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ва силаҳшурони сангарҳои мубориза ва муқовимат ҳисобу китоб хоҳанд кард ва ба ивази ҳар як барга-бюллетенҳои басирқатбурдааш тора -тора муйҳои рангзадаашро хоҳанд канд ва ҳақи мусаллами мусалмонҳои тоҷикро бархоҳанд гардонд.

Мардум аз фатҳу нусрати Сайфиддин Тоҷибоев, муборизин ва равандагони масири илоҳӣ  хушҳоланд, хурасанданд, ки меояду ҷоҳу ҷалоли ин хунхораро кунфаякун мекунад.

Эҳоси тарсу таҳлука ва биму ҳароси Раҳмонов воқеӣ ва табиӣ аст. Раҳмонов аз ончики метарсид, аз ончики мутанаффир буд, ба сараш омад. Вай душманашро аз хеле барвақт мешинохт. Ва ин душман дар роҳ аст ва ба суроғаш баромадааст.

Зиндагии чанд насл аз дасти Раҳмонов табоҳу залилу завол шудааст. Тамоми халқ, ҳатто ҳамин Абдулло Раҳнамои тамаллуқпешаи аз шарафу мардӣ холишуда ҳам дар мағзи ҷон мехоҳад, ки сарнагунӣ ва заволи онро бо чашмони сараш бубинад.

Ин шо Аллоҳ, ки Холиқи яктои мо, мову шуморо ба ин рӯзҳои нек ҳам мушарраф хоҳад кард, навмед насохт.

Арзатон кунам, ки хабарҳо аз даруни оила, ба сахтӣ ва душворӣ ҳам бошад, расида истодааст.

Генпрокурор, Фарзона ва Сафар

Дар ниҳоят,ончуноне мардум пешгуӣ мекард гапгапи гирифтани Юсуф Раҳмонов аз вазифаи Прокурори генералӣ, ки дар ин авохир хеле зиёд буд, таҳаққуқ пайдо кард. Аммо баъди гуё ёфтани ҷинояткорони одамкуш дар Конибодом камтар шуда буд. Гуё ин ҷинояткоронро прокуратура ошкор ва дастгир кардааст. Аммо, мо пештар ҳам гуфта будем, ки «ҳатмани ҳатман ҷудо шудӣ, ҷазир шудӣ». Ва ҷудо шуду ҷазир шуд.

Сафари бачаи Генпрокурор сахт дерзкий баромад. Сафари шавҳари Фарзона, духтаркучулии Эмомалӣ Раҳмонов, ки дигар шавҳараш нест. Фарзона, рӯзҳои оғозини туйу ҳамбистарӣ як ду бор ба Сафар занг мезанад ва тергаву истинтоқ карданӣ мешавад: «қати киӣ, куҷодаӣ, чида да ин бевақтӣ хонада нестӣ»?

Ӯро дар наблюдений гирифтагӣ будаанд: «ҳиҷо нарав, дар ягонҷо нашин», ки Сафар на три букви посилат кардааст.

Гуфтааст:-«мада инхелин зиндагӣ дар кор нест, бра даф шав ай иҷа» гуфта, аслан писанд намекардааст. Дар ҳақиқат ин духтари президент Фарзона як бенамуд аст ва Сафар гоҳо Фионаш мегуфтаст. Чанд бор аз пушти Сафар одам мондааст, ки «брен биёренш» аммо вай ҷавобашон додааст, ки «ма ихели зиндагира задагӣ. Ман ҷураҳом қатӣ мешинум, ягонҷода тоқа мешинум, отдих мерам кор мерам, кори манай, и чи хелиай, ай думи ма фақад мепоянум».

Бачаи акнун собиқ Прокурор Сафар гуфтааст, ки «ма худум сурш кадум. И худуш куҷое брава мара напурса ман равам мепурсидай, ки ту гуҷодаӣ тезбиё ба хонара». Гуфтааст, ки «худум талоқи Фионара додум»

Сафар Гуфтааст:  «мара контрол накун. Ма да куҷо мешинум, бо кӣ мешинум ай думум панҷ даҳ одам мондагияй, ки ҳиҷо наравад, нигаҳш кнен, ки ҳиҷки қатӣ гап назанад».  Барои ҳамин Юсуф Раҳмонро гирифт. Мо Вақте, Ҳабибулло Воҳидовро аз раисии Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар дар соли гузашта гирифта Сарпрокурори ҳарбӣ ва ҷонишини Прокурори генералии Тоҷикистон таъин карда буд, ҳадс зада будем, ки Воҳидовро дар ҷойи Юсуф Раҳмон тайёр карда истодааст. Ҳамин пешгуии мо ҳам дуруст аз об даромад.  Ин тахминҳо ҳам зада мешуданд, ки дар ҷояш сардори Агентии зидди коррупсия Сулаймон Султозондаро, ки аз Данғара ва одами наздики Асадулло Раҳмони Сумбулоғо, ёвари масоили кадрии Раҳмонов аст, меоранд. Ҳатто гап гапи маблағи ҳангуфт додани Сулаймон Султонзода ҳам баромада буд. Барои ҳамин буд, ки музаҳои Султонзода аз чанд вақти пеш лок задагӣ ва галстукаш таранг бастагӣ мегуфтанд. Вале нашуд. Раҳмонов ин бор ба гапи мо кор карду Ҳабибулло Воҳидовро овард.

Дар ҳамин барномаи «Семейканюс»№12 (https://isloh.net/semejka-news-№12/) , ки 05.12.2024 ба

нашр расида буд мо чунин навишта будем. Иқтибосро айнан меоварам:

«Як гурӯҳ ба ҷои вай Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсияро оварданианд. Сулаймон Султонзода ҷияни Матлубхон Давлатзода, тағои президент Раҳмонов аст.

Варианти дуюм, ки эҳтимолияташ камтар аст Ҳабибулло Воҳидов сарпрокурори ҳарбӣ ва муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ҳабибулло Воҳидов дар

Душанбе ва дар вилояти Суғд ба ҳайси прокурор кор кардааст. Сипас Воҳидов директори Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъйин

шуд ва аз онҷо ӯро ба ҷои феълиаш Прокуратураи ҳарбӣ оварданд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ӯро аз Агентӣ ба Прокуратура  оварданд, ҳадс зада мешавад, ки ин «перевод» шояд барои курсии Прокурори генерлӣ бошад. Аммо минуси Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки вай фархорӣ аст. Баъди кудетои Саидҷаъфар Усмонзодаи фархорӣ фархориҳо аз назари Раҳмонов уфтоданд. Ҳамчунин Раҳмонов дар ин авохир афроди нафақахур ё наздик ба пенсаро ба вазифаҳои

масъул мансуб накарда истодааст. Инчунин чанд фигураҳои муҳимми дигар вуҷуд доранд, ки ба круги Рустам марбутанд онҳоро мегузорем ба қариби он рӯзи таъинот.  Раиси Суди Олӣ Шермаҳмади Шоҳиёни аспбозро низ ба нафақа равон мекунанд.  Ҳоло барои ҷойи вай ҳам кондидат кофта истодаанд. Гуё раиси Суди олии иқтисодиро меоваранд дар ҷойи вай».

Дар ҳақиқат ба ҷойи Шермуҳаммади човандози аспбоз, ки Суди олӣ ва тамоми зинаҳои онро ҳаром ва дар порахурӣ олуда кард Рустам Мирзозода, Раиси Суди олии иқтисодӣ ва рафиқу ҳамкурси  Озодаи Раҳмонро овард. Барои он ба Сулаймон Султонзода эҳтимолияти бештар дода будем,ки вай аз Данғара, рафиқи Сумбулоғо ва ҷияни Матлубхон Давлатзода, собиқ аз наздикони Раҳмонов мебошад. Ҳатто худи Юсуф Раҳмон ҳам ба кондидии ӯ розӣ буд чун Султонзодаро шогирди худаш медонист. Аз омадани Султонзода ба Юсуф Раҳмон зарари камтар мешуд аз ҷониби Генпрокуратура. Аммо ин наздикии Султонзода ба Юсуф Раҳмон ба Султонзода зарар расонид. Тибқи миш миш прес Султонзодаро ҳам барканор кардаасту ҳоло дохилӣ аст на аланӣ.

Вале чуноне мебинем ин бор, албатта таҳти таъсири интиқодоти мардум Прокурори генералиро аз Данғара наовард ва низ вазири мудофиаро ҳам аз Ваҳдат овард. Ин шо Аллоҳ зураш ояд, Рустамро ҳам мегираду Озодаро ҳам. Ба Юсуф Раҳмон ултиматум монда буданд, ки агар Сафар бо Фарзона зиндагӣ накунад, сарнавишти Ёрмаҳмад Гулови падараруси собиқи Таҳмина ба сараш меояд. Ҳоло давомашро мебинем, ки бо Юсуф Раҳмон чи мекунанд?

Хуршеди Мирзо ва Шоҳрух

Хуршед Мирзоев, тавонист Рустамро дар удочкааш биқапад. Хуршед бисёр проектҳои хуб пешниҳод мекунад (аз дигарҳо мегираду аз номи худаш пешниҳод мекунад, гуё худаш бисёр доно аст), ки ба Рустам ва Раҳмонов маъқул мешавад.

Хуршед аз замони шуруъи реализатсияи проектҳо, ки аз сумҳои Рустаму оила иҷро мешаванд, то анҷоми ин тарҳҳо хеле сумҳоро рыба мекунад. Чунки қабул тавассути   фирмаҳои худаш ва Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳани хешу табор, қудояш иҷро мешаванд. Баъд аз онки проект ба кор даромад ва фоидаҳо овард, як қисми маблағ рост бо счётҳои махсуси баҷоии Хуршед Мирзоев мераванд. Ин маблағҳои баҷоиро ёфтан ва ошкор кардан мушкил нест просто Мирзоевҳоро ҳеҷ кас дух намекунад ба расидану проверка кардан. Чунки одами Рустам аст. Аммо Рустам як супертупой аст. Худашро сахт  умный мегирад, гуё ҳама чиро мефаҳмад, вале дар таги фукаш фиребаш карда истодаанд, кур аст, намебинад ва намефаҳмад.

Хуршед Мирзоев дар як маҳфиле ба дӯстонаш барои дуову фотиҳа ба ёдбуди падараш рафта буданд, гуфтааст, ки давраи  «аштак паштакои бугини пир (мақсад одамҳое, ки дар командаи Раҳмонов буданд, масалан Ҳасани ишкамбаи Ориёнбонку дигару дигар) гузаштааст, ҳозир ҳамаи решенияҳора мо мекнем… мо, фақат мо ира хуб бдонен ҳамат!»

Як хабари ҷолиб ин аст, ки дӯстони Рустам, ин «магасҳои гирди ширинӣ»-таъбири шайх Саъдӣ ба Рустам ёғӣ шуда истодаанд. Масалан Хуршеди Мирзо, аз дӯстони наздик ва аз ёрони сарсупурдаи Рустам ҳатто ҳамон пули миёнравӣ (доля) барои бизнесменҳо ва махсусан домсозҳоро, ки бар ивази имзои Рустам мегирад, шурӣ мурӣ ва мухлават карда истодааст. Рустам, агарчи фаҳмида истодааст, бо таваҷҷӯҳ ба онки бахши аъзами дороиҳои дуздиаш дар дасти Хуршед ва бародараш аст ва Авестогруппу ДушанбеСитиву чанд ширкатҳои дигарашро идора мекунанд, сукут ихтиёр кардааст, ки «мабодо ҳамаашро ба хориҷа мунтақил кунанд». Ва худашро ба нодонӣ зада истодааст.

Шоҳрух Саид бошад дигар ончунон болу пар кушодаву давру даврон ронда истодааст, ки аз Рустам дида ӯро бештар суроғ мекунанд, пеши вай арзу шикоят мебаранд. Навбат барои дохил шудан назди генерал Шоҳрух ба маротиб бештар аз навбат дар назди Рустам аст ҳоло.

Албатта, ҳар рӯз ба номи Рустами Эмомалӣ зиёд шикоят ва дархосту хоҳиш тариқи аризаҳо ворид мегарданд. Аммо ягонтаи онҳо ба Рустам намеравад ва умуман ҳали худро пайдо намекунанд. Шуъбаи умумии ҳукумати Душанбе мисли шуъбаи умумии дастгоҳи Президент аст. Чи ариза ё шикояте расад, зуд алик малик мекунанд. Зуд аз болои кӣ омадааст, ӯро кормандони шуъбаи умумӣ огоҳ карда ҳатман хизматонаи худро мегиранд.

Чаро гуфтем, ки номи Шорух болотар аз Рустам шудааст?

Генерал Шорух Саид аз замоне, ки ба УВДи шаҳри Душанбе таъин гашт, пурра тактикаашро дигар кард. Ӯ ба худ имеджмейкери хуб пайдо кард, ки рейтинги ӯро боло бурда истодааст. Шорух на танҳо аризаҳо, балки муроҷиатҳои электронӣ ва интернетиро дида дарҳол амри ҳал карданро медиҳад. Мардуми пойтахт ба Шорух муроҷиат мекунанд.

Дар ҳақиқат Шорух тавонист фоҳишаҳо ва он марказҳои дилхушие, ки дар онҳо фоҳишагарӣ роиҷ буд, сахт қапад. Дар давраи Шорух танзими мошинҳо дар пойтахт тағйир кард ва таксиҳои шахсие, ки таҳтти рақами 8-у 3 ба Корвону дигар самтҳои шаҳр мегаштанду халали зиёд ба танзими ҳаракат дар роҳ буданд, кам шуданду онро ба танзим даровард.

Инро ягон сардори УВДи шаҳри Душанбе карда натавониста буд.

Танҳо дар даври Шорух барои кумак ба милитсияи пойтахт мукофотпулиҳои калон пешбинӣ шуданд. Мардум дар байни худ мегуянд,ки «э, ай Рустамда пеши Шорух брен хубтарай».

Шорух дарку фаҳмиши милитсаро надорад. Вай як бизнесмен аст аммо аз ин ҷиҳат пешравиҳо барои худнамоишдиҳи бошад ва ё чизи дигар вуҷуд дорад.

Умуман Рустам ягон масъаларо ҳал намекунад. Ҳамаро атрофиёнаш мекунанд. Шоҳрух як самташрову Хуршеди Мирзоеви дуздак самти молиявиашро. Мутмаин бошед, ки ин гунгаки Рустамро баъди сари Раҳмонов кругаш дар даҳ рӯз яктарафааш мекунанд.

«Фароз»-и Шамсулло

Яке аз хислатҳои мутафовити Раҳмонов ин аст ки сахт домоддустдор аст. Чи расмӣ ва чӣ ғайрирасмӣ дӯстони духтаронашро сахт нағз мебинад. Масалан ҳамин Шамсулло, шуи Рухшонаро бигирем.

Барои онки Шамсулло роҳат ва серсум бошад, тамоми мавонеъ барои ривоҷи бизнеси онро аз сари роҳаш якнима кард. Ҳатто Умаралӣ Қувватовро, ки Фароз асосан аз они уст, дар Туркия ба шаҳодат расонид.

Ва ё Раҷабалӣ Одинаев, мудири ширкати Умед-88-ро дар зиндон кушту тамоми нуқтаҳои фурӯши бензини вайро гирифту ба Шамсулло Соҳибов дод.

Ва ё шираи камолро, ки тамоми муддат дар ихтиёри Идораи ҷангал ва вазорати тандурустӣ буд бо як қарори махсус аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба моликияти хусусӣ (монополия)-и Шамсулло табдил кард.

Ва, ҳоло ба дасти мо аз ширкати Фароз маълумотҳои ҷолибе расидааст. Тибқи ин маълумот

ҶДММ Фароз аз ҳисоби санҷиши мошинҳои сабукрав, мотоцикл ва мошинҳои боркаш ҳар сол ба микдори (5.000000000 ) панҷ миллиард сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад. Мисол як мошини сабукрав тамоми намуди андоз ва аснодаш, ки арзишаш баробар ба 1800 сомонӣ мерасад ба Фароз месупорад. Аз ин 1800 сомонӣ, 300 -сомониаш ба бюҷети давлат мегузарад. Дигар тамом 1500 сомонӣ тоза ба Фароз-ширкати Шамсулло домодтура меравад. Шояд ҳоло шумораи ҳамин мошинҳои сабукрав ба камаш ду миллион бошад

Мошини сабукрав дар ҳама хонадон аст.  Дар баъзе хонаҳо ду, се адад. Мегирем (2 000 000 ) миллион мошини сабукрав зарби 1500 сомонӣ баробар ба се ( 3 000,000,000 ) миллиард сомонӣ мешавад. Ин фоидаи соф аст. Ин фоидаи соф фақат аз мошинҳои сабукрав аст! Ва зиëда аз (3 000.000.000) се милиард сомонии дигар аз ҳисоби мошинҳои боркаш, экскаватор, тракторхо ва дигар намуди техника даромади соф мегирад.

Ин як даромади муфти ҳангуфт аст ва ягон намуд хароҷот надорад ва 15 сол мешавад, ки ҷамъ мешавад. Дар куҷо масраф мешавад, молиёт месупорад ва пардохтҳои иҷтимоӣ дорад ё не, ҳеҷ кас намедонад, комилан номаълум аст.

Агар оддӣ карда гуем 15 сол зарби (600.000.0000) шаш миллиард маблағи солонаи пули мошинҳо) баробар ба (90, 000000000) навад миллиард сомонӣ мешавад! Ин маблағи софи ба даст овардаро, ки (90,000,000,000) навад миллиард сомонӣ аст, бо доллари амрикоӣ гардонем, ки дар байни солҳои 2008то 2024 давом ва тааллуқ дорад, агар гирем курси онвақта ва ҳозираро,1долларо, ки ба 7,5сомонӣ баробар мешавад ин навад(90’000000000) миллиард сомони баробар мешавад ба дувоздаҳ( 12,000,000,000) миллиард доллари амрикоӣ. Инҷо агар ба қарзи хориҷииТочикистонро, ки севуним (3,500.000.000) миллиард доллари амрикоӣ гуфта мешавад қиёс намоем, бубинед чӣ фарқи калоне дорад. Ва ин маблағ дар суратҳисобҳои хориҷии Шамсулло ва бонки хусуси вай нигаҳдорӣ мешавад.

Яъне пули ҷамъкардаи «Фароз» танҳо аз ин бахш қариб чор маротиба аз қарзи хориҷии Тоҷикистон зиëд аст. Худатон қазоват кунед, ки ин оилаи дузд чи гуна мову давлати моро талаву тороҷ карда истодааст.

Агар мо ин маблағро ба бозсозии роҳҳои Тоҷикистон сарф мекардем, ҳоло тамоми роҳҳои Тоҷикистон мумфаршу обод мешуд ва қарзи берунии Тоҷикистонро ҳам бар мегардонидем. Боз аламовараш он аст аст, ки қарзи севуним (3,500000000 ) миллиарддолларӣ дар гардани мардуми Тоҷикистон кашол аст. Дар ҳоле, ки ин пулро ҳам ҳукумати Тоҷикистон гирифтаву хурдааст.

Ҳоло ба балои ин пули утлизатсияро, ки инро ҳам «Фароз» санад ва ҳисобу китоб мекунад, ба болои ин пулҳо зам кунем як маблағи астрономӣ мешавад.

Дигараш  ин аст ки «Фароз» аз ҳисоби Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як сол ба маблағи соф бо пули сомонӣ баробар ба се миллиард(3, 000,000,000) сомоӣ фоидаи соф мегирад. Ин пулситонӣ ҳам зиëда аз 10-сол мешавад идома дорад.

Агар гирем10 сол зарби се миллиард (3,000,000,000) баробар ба сӣ (30, 000,000,000) миллиард сомонӣ мешавад. Мебинед, ки инҳо чи қадар фоидаи соф гирифтаанд. Мо ин миқдори бузурги сомониро ба доллари Амрико гардонем ва курси1доллари амрикоиро баробар ба 7,5 сомонӣ ҳисоб кунем, ин сӣ (30,) миллиард сомонӣ баробар ба чор (4.000.000.000) миллиард доллари амрикоӣ аст. Ончи ки инҷо гуфтем ин фақат ду манбаи даромади ин оила мебошад! Агар ин чор миллиард доллари амрикоро (1000) ҳазор бемористон месохтем маблағ кифоя буд. Ва даҳҳо фабрикаи дорубарорӣ месохтем вазъияти кишвар тамоман дигар хел мешуд.

Инҷо фақат аз як ҳиссаи даромадҳои «Фароз» гуфтем. Тамоми домодҳои Раҳмонов аз Зоир бигир, Шамсулло, Зарифбек, Ҷамолиддин, Рамз, Ашраф ҳар кадоме ҳамингуна даромадҳои миллиардӣ доранд ва мо беҷиҳат ин оилаи касифро «Семейкаи мултимиллиардерҳо» нагуфтем, ки ин шо Аллоҳ ба охири хати худ расидаанд.

Раҳмонов бо Пизишкиён чиҳо гуфт?

Чанд рӯзи қабл, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе омад. Раҳмонов аз дидору мулоқот ба раиси ҷумҳурии Эрон хурсанд ба назар мерасид. Ин сафар, ки баъди ҳодисаҳои Сурия ва сарнагунии як диктатори рӯ ба Эрон сурат гирифта буд, барои Раҳмонов боарзиш ба ҳисоб меояд. Бахусус Башор Асад, ин диктатори мисли Раҳмонов алайҳилаънаи зиддислом, ки аз дасти муҷоҳидин сарнагун ва фирорӣ шуд, дидору мулоқот бо раиси як давлати исломӣ гуё барои Раҳмонов подзаҳр шуд.

Яке аз масъалаҳое, ки Раҳмонов бо Пизишкиён ба миён гузоштааст, ин он будааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон набояд аз ҲНИТ дар ягон маврид ва мавқеъ дастгирӣ ва пуштибонӣ накунад.

Масъалаи дигар Эрон бояд дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар пеш омадани хавфу хатар аз тарафи Афғонистон ва Ансоруллоҳу Таҳрики Толибони Тоҷикистон ва Вилояти Хуросон дар бари Раҳмонов биистад

Саввум хоҳишу илтимосе, ки Раҳмонов аз Пизишкиён кардааст, ин буда, ки бо истифода аз нуфуз ва ҷойгоҳи Эрон бар болои Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос нафароне, ки аз Тоҷикистон дар суфуфи муҷоҳидини Ҳайати таҳрири Шом дар Сурия ҳастанд, фишор оварад ва ҳатто онҳоро безарар гардонад ва Раҳмоновро аз шарри онҳо эмин дорад.

Манбаъе, ки ин хабарро ба мо расонд гуфт, ки Раҳмонов тамоми шаб, ҳатто баъди зиёфат бо Пизишкиён тоқа зиёд суҳбат кардааст. Ду маротиба Рустамро фарёд кардаву се каса роҷеъ ба кадом масъалаҳое гуфтугу кардаанд ва сипас Рустамро ҷавоб додаанд.

Ин манбаъи мо гуфт, ки ҳодисаҳои Башор Асад Раҳмоновро талхакаф кардааст. Рангу руяш пуркидагӣ аст. Кадом беморие дорад, ки баъди ин ҳодисаҳо хуруҷ кардаву авҷ гирифтааст.

Мардуми Кулоб, гуфт ин манбаъ, наздикони Аҳмади Иброҳим, ки даҳ сол доданаш митинг карданӣ буданд. Аммо онҳоро фиреб карда гуфтаанд, ки «равен шикояти касатционӣ нависед, ҳукмша тағйир метан, Ҷаноб бехбар буд и корҳои Юсуф Раҳмон буд».  Аммо маълум ва мушаххас аст ки ин фиреб аст ва гуё, ки Раҳмонов аз чунин ҳукм додан ба Аҳмади Иброҳим бехабар будааст, воқеият надорад. Чунки аз ҳамагуна ҳодисаи монанд ба ин ҳатман Раҳмонов бохабар аст ва бахусус вазъият дар Кулобро барояш ҳамеша гузориш медиҳанд.

Ин сенарияро фақат бо наздикони норозии ин ё он нафари номдор мекунанд. Баъде, ки вақт гузашт, алангаи тасфи мардум паст мешавад. Агар не мардуми Кулоб мехест ва як рӯзи дигар наздикони Аҳмади Иброҳим ба кучаҳо мебаромаданд.

Ва, дар инҷо як маълумоти ҷолиби дигар. Баъди ҷаласаи ахири ниҳодҳои амниятии СНГ Александр Бортников, директори ФСБ ва Нарышкин Сергей директори СВР-и Русия ҳушдор додаанд, ки Амрико ва Аврупо бо такя ба гурӯҳҳои исломӣ, дар давлатҳои СНГ инқилобҳо барпо карданианд. Роҷеъ ба Тоҷикистон, ҲНИТ-ро зикр намудаанд, ки қасди инқилоб ва сарнагунии Раҳмоновро дорад.

Як ҳикояти ҷолиби дигар аз Раҳмонов
Шахсе, ки ин ҳикоятро нақл кард, номашро намегирам, то ба оилаи вай зараре нарасад.

«Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ 1994-1996 буд, ки бо раиси ноҳияи Колхозобод ба хонаи Эмомалӣ Раҳмонов ба Данғара рафтем. Он рӯз Шералӣ Сабзов ҳам ҳамон ҷо, дар назди дарвозаи Эмомалӣ Раҳмонов навбат меистод. Гуфт, ки назди Эмомалӣ  даромадем, корамонро буд накард. Ҳануз ҳамон вақт Эмомалӣ дар ҳамон ҷо гуфта буд, ки ин боевикҳоро бояд аз байн бурд.

Он вақтҳо части Маҳмуд Худойбердиев дар Чапаев қарор дошт.  Маҳмуд Худойбердиев инро дарк карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар қасди нобуд, кардани уст. Ҳатто ба назди Хуҷа -командир омада ҳолати корро фаҳмонид. Хуҷа аллакай ҳамон вақт гуреза буд. Ҳамон шабу рӯз одамҳои Хуҷа -командир дар назди ҳукумати Хатлон ҷамъ омада талаби  сафед кардани ӯро доштанд. Маҳмуд Худойбердиев аз фурсат истифода бурда ба Хуҷа -командир вохурда барои переворот власт пешниҳод карда буд, ки «чи қадар яроқ даркор аст медиҳам, ту мардуми Хуросони ҳозираро ба пой хезон». Аммо Хуҷа- командир отказ кард. Чунки медонист ин дафъа яроқ ба дасти мардуми Хуросони ҳозира расад, якум худи Хуҷа -командирро онҳо аз байн мебаранд, зеро Хуҷа хело ваҳшониятҳои зиёде карда буд.

Маҳмуд Худойбердиев одами наздики Ислом Каримов буд. Маҳмуд ба хотири он Тоҷикистонро тарк кард, ки русҳо ба Эмомалӣ Раҳмонов ëрӣ мекарданд. Барои ҳамин Тоҷикистонро тарк кард. Эмомалӣ Раҳмонов вақте бо русҳо нағз шуд, Ислом Каримовро кидат кард. Чунки намехост бо гапи Ислом Каримов гардад. Эмомалӣ Раҳмонов канали нав бо русҳо кушод. Барои ҳамин Махмуд Худойбердиевро аз Тоҷикистон ронд. Душмани №1-и Эмомалӣ Раҳмонов Махмуд Худойбердиев шуда буд. Чунки ба Маҳмуд Худойбердиев аз тарафи Ислом Каримов бо яроқу тупу танк таъмин карда шуда буд. Мусаллаҳ буд, зураш намерасид. Вақте Маҳмуд фаҳмид, ки русҳо ба ӯ ҳуҷум мекунанд, бе задухурд, аз Тоҷикистон баромаду рафт. Агар дар ёдатон бошад ҳамон солҳои баргашти ҲНИТ ва имзои созишнома. Э.Раҳмонов дар як баромадаш дар назди вакилони порлумон як ҳушдоре ба Ислом Каримов карда буд,ки агар ту Маҳмуд Худойбердиро дошта боши мо Ҷумъаи Намангониро дорем. Метавонем ӯро бар зидди ту такмил ва муҷаҳҳаз карда фиристем. Яъне чунин ҳолатҳоро ҳам дар хотир дорем.

Нақшаи шуми Раҳмонов,ки инқилобро хоҳад тезонд

Дар аввали ин барнома мутазаккир шудем, ки Аллоҳ ҳеҷ бандаи солеҳашро ноумед намекунад. Чуноне Сайфиддин Тоҷибоев ва ҳамроҳони вайро оқибат ба умеду орзуҳояшон расонд. Аммо нафароне амсоли Раҳмонов оқибат шармандаву расвову русияҳу ва рондаи дорайн хоҳанд шуд.

Бинобар маълумоте, ки ба дасти мо омад.

Раҳмонов қасд дошт як бозии ваҳшатнокеро ба роҳ андозад. Аммо баъди ҳодисаи Сурия ва сарнагун шудани Башор Асад як каме тарсидааст.

Дар минтақаи Ғарм нақшаи боз гуё нафаре ё нафароне бояд бар зиди ҳукумат хезандро кашида буд. Аз рӯйи баъзе маълумотхо мақомот ба воситаи агентҳояш дар гушҳои Малиши шогирди Ҷага парида истодаанд,ки «ҷамъ кун одаму хезен бар зиди ҳукумат. Аз тараф муҷоҳиддини Арсалон ба ёрӣ меоянд». Бояд Малиш дар ин кор Сайриддинро, ки ӯ гуё бо гурӯҳи Алии бедакӣ ҳамроҳ буд ва барои кирдорҳояш адои ҷазо карда баромад, ҷалб кунад. Ин Малиш намефаҳмад, ки мақомот истифодааш хоҳанд кард ва дар охир мекушандаш.

Малишро гуфта истодаанд, ки ту одамҳоро тайёр кун, бигзор хезанд, оҳиста худат аз бозӣ баро.

Мардуми Рашт ҳилла рӯз гузаронда истодааст. Ин ҳаромҳо намемонанд мардуми оддӣ ором бошанд. Ин нақшаро барои он амалӣ карданианд, то ба мардум нишон диҳанд, ки ҲНИТ то ҳол ором нест.

Аммо, кош Раҳмонов ин нақшаашро ба амал бароварад. Агар як ҷамоат ва ҳатто як деҳа дар ин минтақа бархезад, дигар пеши хезиши мардумиро дар саросари водӣ ва дар саросари Тоҷикистон гирифта наметавонанд.

Тамоми минтақаҳо мехезанд. Данғараву Кулобу дигар минтақаҳо мехезанд бар зиди ин авлоди ҳаром. Мардум ҳар кадомашро чен кардагианд.

Исмоили Пингвинро ҷудо, Озодара ҷудо, Тахминаро ҷудо, Рустамро ку агар қапанд эҳҳеее, Раҳмоновро бо духтаронаш медонед чикор  мекананд.

Инҳо хит намекунанд, аммо то устоҳое, ки хонаҳо, дачаҳо, бустонсароҳо ва умуман то кабинетҳои Раҳмоновро таъмир кардаанд, ҳамаи нақшаҳои дар куҷо чи ҷойгир ва дар куҷо кӣ астро додагианд.

Раҳмонов пеш аз ҳодисаи Сурия мехост ин нақшаи шумашро лар Ғарм ба иҷро дароварад ва бо ин баҳона як бори дигар хуни мардуми Ғармаро бирезад ва боз мардуми кишварро дар ҳолати тарсу ваҳшат қарор диҳад.

Аммо ин ҳодиса ӯро аз раъяш гардонд, чунки вай хуб медонад, ки мардум худашон як оташак ва як пуштибонии беруниро нигоҳ доранд. Ва ҳоло ин пуштибониро аз Сурия ва Афғонистон дида истодаанд.

Раҳмонов медонад, ки камтар ҷунбиши мардумӣ ба вуқуъ пайвандад, пушти вайро касе намегирад.

Сообщение Семейка news №13 появились сначала на ISLOH.net.