Browsing Tag
Имомони Аҳли Суннат
8 posts
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал
Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбали Шайбонии Марвазӣ, ки баъдан ба Бағдодӣ маъруф гардид, дар соли 164 ҳ.қ. дар шаҳри Марви Хуросон ба дунё омад, вале дар аёми ширхорагӣ ба Бағдод оварда шуд.
15.08.2017
Ибни Ҳазм амири уламои Андалус
Алӣ ибни Аҳмад ибни Саъид ибни Ҳазм ибни Ғолиб ибни Солеҳ ибни Халаф ибни Маъдон ибни Сафён ибни Язид, кунияааш Абумуҳаммад, машҳур ба Ибни Ҳазм дар ҷониби шарқии шаҳри Қуртуба дар Андалус (Испанияи кунунӣ) ба дунё омадааст. Бобояшро Язидӣ мегуфтан, зеро ӯ мавлои амир Язид ибни Абусуфён ибни Ҳарби Амавӣ (раз), яъне бародари Муъовия (раз) буданд. Дар таърих маъруф ба Язди хайр аст, ноиби амирулмуъминин Абуҳафс дар Димишқ буданд. Бобояш Халаф ибни Маъдон аз аввалинҳое буд,ки ба Андалус дохил гашт ба малики он сарзамин,ки он вақт Абдурраҳмон ибни Муъовия ибни Ҳишом буд, аз ин сабаб бобяшро дохилӣ мегӯянд. Дар 30-юми моҳи рамазони соли 384 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 7 ноябри соли 994 мелодӣ дар Қуртуба ба дунё омадааст. Вилодати ӯ дар он шаб баъд аз фаҷр ва қабл аз тулуъи офтоб будааст.
24.07.2017
Қиссаи имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) ва иҷобати дуои нонпаз.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) дар сафар қарор доштанд ва аз як минтақае гузар мекарданд, ки шаб шуд. Имом Аҳмад назди масҷиди маҳал омад ва хост он ҷо шабро рӯз кунад ва баъдан ба сафари худ идома диҳад. Аммо нигаҳбони масҷид барои ин иҷоза надод. Имом Аҳмад фаҳмид, ки нигаҳбон ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад, аз ин рӯ дубора муроҷиат кард ва гуф
24.07.2017
Зиндагиномаи имом Аҳмад ибни Ҳанбал
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал чаҳорумин имом аз имомони машҳури чаҳоргона аст, ки таърих мисоли онро надидааст. Мазҳаби имом Аҳмад охирин мазоҳиб ба шумор меравад. Қабл аз имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) мусалмонон атрофи се мазҳаб гирд омада буданд: Аввал мазҳаби имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ), дуввум мазҳаби имом Молик ибни Анас (раҳ), саввум мазҳаби имом Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (раҳ).
24.07.2017
Насиҳати Имом Аҳмад ибни Ҳанбал(раҳ) ба носазо гуён
Солеҳ ибни Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) гуфт: "Аз падарам шунидам, ки мегуфт: шахсе, ки асҳоби ҳадисро бузург дорад назди расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) бузург хоҳад буд ва шахсе, ки онҳоро ҳақир дорад ва зишту носазо гӯяд назди Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) қурбе нахоҳад дошт, зеро асҳоби ҳадис асҳоби Паёмбаранд"
24.07.2017
Имом Муҳаммад ибни Идрис аш- Шофеъӣ (раҳ)
Куннияаш Абӯабдуллоҳ, номаш Муҳаммад ибни Идрис ибни Аббос ибни Усмон ибни Шофеъ ибни Соиб ибни Убайд ибни Абд ибни Язид ибни Ҳошим ибни Абдулмутталиб Идрис падари имом Шофеъӣ дар Ҳиҷоз умр ба сар мебурд. Ӯ арабиюласл ва аз қабилаи Қурайш аст.
24.07.2017
Имом Молик ибни Анас (раҳ)
Имом Молик (раҳ) дуввумин имом аз имомони чаҳоргона ва аз машҳуртарини эшон аст. Мадинаи мунаввара, ки эшон он ҷо иқомат доштанд, даъватгоҳи хубе барои ӯ ва мазҳабаш маҳсуб меёфт. Толибилмон дар мулозамати дарсҳои имом Молик (раҳ) дар ҳамсоягии Паёмбар (с) худро саъодатманд медонистанд.
24.07.2017
Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)
Бар пояи пажӯҳиши мақолаи мазбур, ки аз ҳаёти босаодати имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ) нақл мекунад, мақолоте чанд аз рӯзгори имомони чаҳоргонаи “Аҳли суннат ва ҷамоъат”, ҳамзамон аз корозмоиҳои имомоне чун Ибни Ҳазм, Ҳасани Басрӣ, Лайс ибни Саъд ва Шавконӣ (раҳимаҳумуллоҳ) пешкаши шумо хонандаи азиз мегардонам.
24.07.2017