Архивы Имомуддин Саторов - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 365
Деваштич, Ваҳдат, Ғафуров, Душанбе ва Берлин.

Дар номаи Деваштич аз сардори Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия шикоят шудааст, ки милисахонаро ба макони айшу ишрати худ табдил  кардааст.

Як нафар аз дараи Ромити Ваҳдат нома фиристода аз тасарруфи ин дара ва маконҳои хушбоду ҳавои истироҳатбоби он аз тарафи оили Раҳмонов навиштааст. Муаллиф мегӯяд, ки номаашро баъди тамошои «Семейканюс»-и охир  навиштааст.

Муаллифи номаи омада аз ноҳияи Ғафуров дар бораи зиёду барзиёд ҳисоб кардани счетчикҳои биллингӣ навиштааст. Ин муаллиф ҳам дар тақвияти як матлаби чанд рӯзи пеши «Ислоҳ» номаашро равон кардааст.

Аз Душанбе дар бораи мушкилоти муштариҳои бонки Душанбе ситии Авестогруппи Рустами Эмомалӣ навиштаанд. Нависандаи нома аз мардум даъват кардааст, ки минбаъд ҳамкорӣ бо ин бонкро қатъ кунанд ва далел овардааст, ки аз ҳисоби муштариҳо маблағ нопадид шудааст.

Дар номаи омада аз Берлин бошад дар бораи эҷоди мушкилоти сунъӣ аз тарафи Сомонайри Ҳасан Асадуллозода шикоят шудааст. Низ дар бораи он сухан меравад, ки чи гуна ҷавонҳо қабл аз омадан ба Ватан риши худро дар ҳаммоми фурудгоҳ метарошанд.

Деваштич

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Деваштич, собиқ Ғончӣ ин номаро барои шумо ирсол менамоям.

Мехоҳам ба шумо нисбати сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Аҳмадзода Қобил Шуҳрат маълумот пешниход намоям.

Маълум аст ки Аҳмадзода Қобил ба вазифаи сардори шуъба аз тарафи роҳбарияти ВКД таъин карда шуд. Ин нафар баъди ба вазифа омаданаш тағйирот дар милитсияи ноҳияро сар кард. Аҳмадзода Қобил зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад ва як инсони ҳавобаланд ва дағалгуфтор аст. Вай дар шӯъба ба фурӯши вазифаҳо сар кард. Ба вазифаи сардори шуъбачаҳо одамони ба худ наздикро овард. Гӯё ротатсияро дар байни ҳайати шахсӣ ҷорӣ намуда маблағи пулиро аз ҳайати шахсӣ ситонидан гирифт. Бисёр шахси чашмгурусна мебошад. Маълум гардид, ки чунин усули корро ин сардор аз падараш омухта будааст. Падараш низ ба ягон вазифаи нав равад ба баҳонаи ротатсия маблағи ба вазифа додаашро аз байни ҳайати шахсӣ мебаровардааст.
Падараш Анварзода Шуҳрат айни ҳол сардори шуъбаи милитсия дар шаҳри Исфара мебошад. Вале баъдан фаҳмидем, ки вай падараш набудааст, балки падарандараш будааст ва модари Аҳмадзода Қобил аз шавҳараш ҷудо шуда, бо Анварзода Шухрат оила барпо намуда будааст ва Аҳмадзода Қобил аз ному насаби падари худаш баромада ба ному насаби падарандараш гузашта уро падар мегуфтааст. Аҷабо, ин чи тавр дунё шуд, ки марди бегонаро падар гӯӣ ва аз ному насаби падари аслият даст кашиву ба ному насаби падарандарат гузарӣ.
Аз маълумотҳои гирифтаамон Аҳмадзода Қобил дар ҳуҷраи кориаш машруботи спиртӣ истеъмол ва бо духтарони ноболиғ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Аммо аз ҳолу ҳавои оилаи худаш бехабар аст ки вақте ин дар Деваштич машғули айшу ишрат аст дар шаҳри Хуҷанд бо дӯстонаш айшу ишрат дорад. Беҳуда намегӯянд, ки дари касро куфтӣ, дари туро низ ба шатта мезананд:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Чанд маълумотҳои ҷолиб аз хонаводааш расидааст,ки онро мегузорем ба номаҳои баъдӣ.

Мегӯянд, ки ин Аҳмадзода Қобил дар вақташ бояд сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Хуҷанд мешудааст ва маблағи калон дода будааст. Аммо пулашро гирифта ба ноҳияи Деваштич мемонанд. Айни ҳол Қобил Аҳмадзода ба вазифаи сардори шуъбаи милитсияи 2 дар шаҳри Хуҷанд талош карда истода будааст. Тибқи маълумотҳои расида ба ин вазифа писари генерал -майор Иброҳимзода Нозим  муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимзода Аҳлиддин низ «зада» истода будааст. Аҳмадзода Қобил мехостааст, ки Нозимзода Аҳлиддин онҷоро нагирад, чунки ба ҳам хусумат доштаанд. Дар вақташ Иброҳимзода Нозим бо модари Аҳмадзода Қобил «гашту гузор» намуда будааст, яъне маъшуқааш будааст. Э, кошки аз макони мо мерафту соф мешудем.
Падарандари Аҳмадзода Қобил, сардори ШВКДи Девштич Анварзода Шуҳрат, сардори ШВКД Исфара- 1 мебошад.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Барномаи хуби «Семейкнюс»№29-ро кайф карда тамошо кардем. Дар бораи дараи зебомнзари Ромит ва ҳавзҳои моҳиву кони навкашфшудаи тилло дар ин минтақаи куҳистонӣ гуфтед, ки чи гуна бо масрафи миллионҳои доллари бюҷет ин ҳама боигариҳоро Раҳмонов ба зану духтару бачааш тӯҳфа мекунад.

Бародар, ҳоло шумо чизе нагуфтаед. Ин оила дараи Ромитро аз они худ кард гӯем хато намешавад, ки дар ин бора дар барномҳои оянда хоҳам навишт.

Аммо ҳоло чанд чизи дигарро мегӯям.

Чанд сол пеш бо як мӯсафед дар як ҷо шиштам. Он вақтҳо барои Роғун саҳмия ҷамъ мекарданд. Мӯсафедро гуфтам бобо Роғун соз мешаваду светҳоямон 24 соат мешавад, аз ранҷу азоби бебарқиву торикӣ халос мешавем.

Ӯ хандид ва гуфт: «бачам агар 100 Роғун соз шава света мардуми Тоҷикистон намебина». Гуфт: «и авлоди ҳаром сахт аз ислом метарса ва ман хавф аз он дорам, ки масҷидора, ҳиҷоба нагиран созай». Ман ба ин гапи вай хандидабудам.

Гуфт: «бачам то ин ки мову шумо мардуми Тоҷикистон сарҷамъ набошем, ино лубой кора мекнан. Агар 97 Тоҷикистон, ки куҳай ҳамаш тилло боша, ин оила  сер намекунан, бо ай мардуми Тоҷикистон мехуран».

Гуфт: «и авлоди ҳаром имон надорад. Аз касе тарс, ки ӯ аз Аллоҳ наметарсад. Битарс аз касе, ки натарсад аз Худо.

Мусафед гуфт «и барои ба қудрат расидан чанқа хуни мардуми Тоҷикистона резонд, то и дар қудрат ҳастаӣ бо мерезона».

Эй, мардуми азизу меҳрубони Тоҷикистон. Биёед ба гуфти Аллоҳ вазифаи имон дориро иҷро кунем. Дар пешгоҳи Худованд чи ҷавоб медиҳем? Ман миллатчӣ нестам. Вале ба худо қасам чем аз бе номус мурдан ба номус мурам он хуб аст. Ин Раҳмонову авлоди вай ба ҳеҷ кас раҳм накарда буд ва намекунад.

То онҷое аз дӯстонам шунидам он гӯристоне, ки дар Душанбе хезонда истодаанд дар онҷо дом мешудааст.

Дар иди Қурбон ҳаминсола нишаста будем. Як амниятии корманди СС.Ятимов   гуфт: «инҳо ҳоло сар намекунанд, фикри мардумро мебинанд. Мардуми Тоҷикистон нахезад, боз аз ин бадтар мешаванд, уже хеле заминҳоро фурухтанд».Тавба, ҳатто амниятҳо безор шудаанд аз ин авлод.

Даже мурдаҳои одамҳоро канданд. Амниятиҳо ба соҳибонашон таъкид кардаанд, ки «да ягон ҷо гап мезанӣ, да ҷойи ҳами мурда хоб мерӣ бо авлодут.

Супориши ай болоҳай». Боло кӣ аст? Боло ҳамин авлод аст, дигар кӣ аст боло?

Гуфт пул диҳӣ ин авлоди касиф «занша метия, даже ҳайкали Сомонира мекана». Гуфт ба инҳо гуфт пул деҳ, тамом-дин, ислом, мулло, масҷид, қабристон ва мардум ҳеҷ арзиш надорад.

Абдуллои русурхак Пешвои миллат гуфта гаштааст.

Ҳамин амниятӣ дар бораи пиряхҳо гуфт. Ва гуфт, ки Абдуллои русурхак гуфтааст бо шарофати пешво 30- 40 соли дигар пиряхҳо меистанд.

Ин амниятиҳо баъди рафтани русурхак байни худашон хандиданд . Гуфтанд, ки «и русурхак кати пешво илми ҷодурагира медонистиян ё халаделник бурдиян да пиряхҳои Тоҷикистон мондиян»

Ба худо қасам як хона одам фақат хандиданд. Лекин намозашро ҳамроҳамон хонд, пешин буд пеш даромад дар намоз. Ҳамакаса дар ҳақи ин авлоди ҳаром дуои бад кардем. Қасам хурд, ки «ма ай дидори и авлоди ҳаром безорм». Мегӯяд, ки  70 % тюрмаҳои Тоҷикистон бе гуноҳай статияи 307.

Мардуми маҳаллаи Ҳаёти навро хезонда истодаанд. Онҷо дом мебардоштаанд. Як нафар, ки дар ҷойи Исмати дулик дар аэропорт раис шуд, ҳамон домҳоро мебардорад гуфт ( Зайнулло Шарифзода) ».

Дар ин Ҳукумати Тоҷикистон ягон ниҳоду сохтори боимон нест.

Буқача, СС-махуф, Дастгоҳ, ГАИҳо, бемористонҳо, лесхоз, садик, мактаб, Прокуратура, бонкҳо, бозорҳо, домсозҳо ҳамааш дар хизмати ҳамин оила аст.

Началник отдели Тангаӣ як духтарро зино карда буд, ки дар ин бора радиои Озодӣ гуфт. Амо вай пулро доду вазифаи баланд рафт, ҳамшаҳрии Раҳмонов, аз Данғара буд.

Аммо инҳо бояд бидонанд, ки дар пеши Аллоҳ ҷавоб медиҳанд. Ин авлоди касофат ва мақомоташ болои мардум беҳад зулм карда истодаанд.

Дар ҳамон кони тиллое, ки дар Ромит ба Фарзона, духтари кенҷагиаш тӯҳфа кард, дар онҷо боз кони оҳак, алибастер, як маъдани дигар, ки барои электромобил истифода мешавад, онҳо ҳам будаанд.

Фоидаи ин конҳо ба мардуми Тоҷикистон набуд ва намешавад.

Мардуми Тоҷикистон фикр мекунанд, ки толко Душанбе дар азоб аст. Мо дар қишлоқ роҳат дорем. Не, ба Худо қасам, ки ҳама ҷои Тоҷикистон дар азоб аст. Дар Тоҷикистон фақат ҳамин оилаи касофат тамоми боигарӣ ва сарватҳои зери заминиро соҳиб шудааст.

Бобоҷон Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бароятон менависам. Ончиро, ки мехостам бинависам як рафиқ дар Фесбук ва худи шумо ба таври муфассал ва бо далелҳои инкорнопазир дар матлаби «Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд» аз 30 май (https://isloh.net/22653/billing-yo-ғorati-rustami-emomalӣ-schyotchikҳoe-ki-ҳatto-honai-holiro-қarzdor-mekunand ) навиштаед, ки бароятон сад бор ташаккур мегӯям. Чунки дарди дили тамоми мардуми Тоҷикистонро навиштед. Ман аз ноҳияи Ғафуров, аз ҷамоати Хистеварз (Қистакуз) аз кӯчаи Санъат менависам. Дар ин кӯчаи мо маблағи қувваи барқро ба пули нақд мегиранд.

Гап дар бораи он меравад, ки ба мо пештар рақами коди ғайринақдиро дода буданд. Чанд маротиба пул гузаронидем, аммо ҳоло гуфта истодаанд, ки пул нагузаштааст.

Чизи дигар ин аст ки светавойи мо, назоратчии қувви барқ пулро аз қувваи истифодашуда зиёд мегирад, муносибаташ ҳам дағалона аст.

Мо-25 оила барои беҳтар гардидани таъминоти қувваи барқ трансформатор харидем. Лекин фасли зимистон дар хонаи мо қувваи барқ тезтез канда мешуд. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки рубилники 3 хонавода, қувваи кам дорад. Оё ҳамин масъалаҳо ҳалли худро меёфта бошад?

Аммо  як нафари огоҳ аз ин масъал гуфт, ки дар  се хат сим ба ҳар як сими он бояд 8 нафар пайваст шавад, ки он вақт баробарӣ мешавад. Зиёд гирифтан пули барқ чи сире дорад, ки баъдтар маълум мешавад. Масалан вақте нозири барқ иваз мешавад, мебинад, ки қарзи шумо зиёд монда аст. Аз сабаби доим зиёд гирифтан дигар шумо ҳисобу китоб ҳам карда наметавонед, ки аслан чӣ қадар кор кардааст он ҳисобкунаки барқӣ.

Бародар Муҳаммадиқбол вазъу ҳоли мо ана ҳамин тавр аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Рости гап мехостам як каме пештар бинависам. Чунки ин бонки Душанбе сити мардумро беҳад проблема карда истодааст.

Ба назарам ин бонки герчики Рустам муфлис шудааст. Мардум саргардон, банкоматҳо холӣ. Боз аз 5000 сомонӣ протсент мондаанд, боз ин гуна  проблема пайдо кардааст Душанбе сити.

Як муштарии ин бонк ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда гуфта истодааст, ки дигар бо ин банк ҳамкорӣ накунанд.

Душанбе сити фикр мекунам, ки банкрот шудааст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мардум бирасонед, ки аз истифодаи ин бонк покиза даст кашанд. Чунки ба фиребу ғорати мардум гузаштааст:

«Бародарони азиз як чизро ба самъатон расониданиам, ки  дар Душанбе-сити маблағи калон намонед. Ман барои фоидаи худатон мегӯям. Аз они маро шаб тарафи Узбекистон  взломат кардаанд 5350 сомониамро. Узбекистон перевод кардагианд. Бародарҳои азиз суми калон намонед дар Душанбе-сити, ки ана ҳамин хел проблема шуда истодааст. Агар тавонед вообше дигар Душанбе сити истифода набаред. Ҳамин гапи маро ба дигар бародарҳо ҳам равон кунед, ки сумҳояшонро аз ин бонк сари вақт бигиранд, то сумҳояшон гум нашавад».

Як нафари дигар мегӯяд, ки 70000 сомониашро дар ин бонк дуздиданд.

Аҷаб аст ки ғорати буҷаи кишвар, ғорати мардум бо баҳонаи таъмири мактбаҳо ва ғайра кам буд, ки Акнун аз кортҳои мардум ғорат карданро шурӯъ кардаанд! Оилаи гурусна! Аз картаҳои Душанбе сити даст кашед. Пулҳоятон дар бонки Душанбе сити амният надорад. Ин бонки Рустами Эмомалӣ аст.

Эҳтиёт шавед мардум!

Берлин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз шаҳри Берлин мефиристам. Ин навиштаи ман дар асоси навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фесбук аст. Тибқи навиштаҳо ахиран як ширкати ҳавопаймоии Туркӣ пайдо шуд, ки бо нархи дастрас ва арзон аз Аврупо ба Тоҷикистон ва баракс мусофирҳоро мебурд бо номи Пегасус. Мегӯянд, ки даже дар booking билетро харидаанд. Ин ширкат ба эҳтимоли зиёд бизнеси ин оилаи касофатро зад ё чи коре кард, ки ин оила “конкуренсия”-ро бой надиҳем гуфта помехаш дод. Аз рӯи маълумотҳо ин корро Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯси гарданбалонигазӣ тавассути Зайнулло Соҳибов, раиси фурудгоҳи Душанбе кардааст. Ва ба ин ширкат отказ додааст. Мардуми мусофир маҷбур шудаанд ба Сомонайри бемаънӣ ва бо нархи Дубай тикет бихаранд. Дар ҳақиқат мардум дуруст мушоҳида кардаан ва мегӯянд, ки ино сершавӣ надоран, қавми яъҷуҷу маъҷуҷ муҳоҷирони Аврупо, Олмонро рӯз надоданд.

Ин лаънатиҳо ягон касро ход намедиҳанд. Аз Олмон як қирғизи ошноям «туда обратно» парид -500 евро дар тобистон. Аммо ин Сомонайр, ки ягончи надорад, даже ранги Туркиш аэрланс ягон телевизор ё ягон хуроки нормално надора вале нархаш дар осмон. Барои  як одам туда обратно 9-10000  сомонӣ, ҳатто зиёд. Боз дар июл август мумкин то 15-16000 сомонӣ шавад.

Инҷо навиштаҳои чанд нафарро аз фесбук меоварам. Нафари корбре бо номи «Смисл жизн» навиштааст, ки «э,мардуми тоҷик аз 50-90 евро мегурезем, аз ширкатҳое, ки ягон эътибор надоранд чипта мехарем ва такрор ба такрор ба ҳамин хел мушкилиҳо дучор мешавем, камтар қиматтар харему ва бо дили пур парвоз кунем. Мо ҳаррӯз ба ватан парвоз намекунем, охир. 1-2 бор дар сол наход, ки 50-90 евро аз ҷон азизтар шуда бошад.

Аммо нафари дигар навиштааст, ки «Саидова Дилшода, гуфтаҳотонро дастгирӣ мекунам. На кам аз 500 евро барои як нафар сарф кардем -моҳи март 2026. Ҳол онки мо оилавӣ парвоз кардем. «Сомонайр» тамоман намеарзад барои чиптаи 423 еврояаш, на аз тарафи қимати нархи чиптааш ва на аз ҷониби хизматрасониаш. Барои ҳамин бештари одамон тариқи дигар ҳавопаймоҳо ба ватан ва аз ватан масалан тариқи Узбекистон парвоз доранд, чунки чипта 211 евро қимат дошт. (шарқ қанот)

Бародар Муҳаммадиқбол. Чанд рӯзипеш ин сафири лаънаткардаи Раҳмонов дар Олмн Имомуддин Сатторӣ шаҳри Оснабрюки рафтааст. Ҳама бачаҳои ришдор дар давлати демократӣ аз тарс ришҳояшонро қоқоқоқ тарошиданд, ки боз сафир ҷангашон накунад. Ҳама дар ҳолашон хандида истодаанд. Бародари азиз!

Як бор аэропорти Мюнхен равед ҳоли бечораҳоро дар аэропорт бинед, ки чи гуна ба «ватани биҳишти рӯи замин рафта истодаанд».

Дар ҳамомҳои ин фурудгоҳ ҳамаи тоҷикҳо аз тарс ришҳоро бо хаф ва бе ягон крем, қоқоқоқ тарошида истодаанд. Боз мегӯянд хубаш тоҷикӣ гап назанед, ки обрӯи набудгиамон мерезад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 365 появились сначала на ISLOH.net.