Архивы Имзои созишномаи сулҳ - ISLOH.net

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Гузаштҳо ё иштибоҳҳои сулҳсозӣ

(бахши чаҳорум)

Ҳар чи фосила аз замони имзои санади Созишномаи сулҳи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик мегузарад навоқис ва иштибоҳоти ин санад бештар намоён мешавад. Дуруст аст, ки сулҳи дар соли1997тавонист аз идомаи ҷанг ва рӯёрӯиҳои хунин ҷилавгирӣ кунад, аммо ҳосил ва натиҷае, ки бор овард, кишварро дар шароити вахимтар аз замони ҷангӣ қарор додааст. Далели рушани ин иддао ин аст, ки ҳамон неруҳои оппозитсионӣ, яъне ҳамон тарафи дигари сулҳ боз ҳам дар шароити табъид ва зиндон қарор дорад, балки бадтар аз ин, ҳукумат, ки ҳамон тарафи дигари ҷангу сулҳ  аст ин бор онҳоро на танҳо мамнуъ эълон кард, онҳоро «террорист» ва «экстремист» хонда ва то ҳамин имрӯз, ки инак 25 сол сипарӣ мешавад, соле нест, ки бо як баҳонае ё тарафдорон ва ё манотиқи ба истилоҳ оппозитсионнишинро ба хоку хун наниишонад.

«Ҳамин ҳолоҳо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, яке аз ду минтақаи таҳти нуфузи оппозитсион зери пойи ҷангиёни режими Раҳмонов хоку туроб ва обу адо шудан дорад ва Мамадбоқир Мамадбоқир, Холбаш Холбашу Толиб Аёмбеков, Ёдгор Ғуломҳайдаров аз фармондеҳони ИНОТ дуруст дар арафаи 25умин солгарди ин созишнома кушта ва зиндонӣ мешаванд. «

Дигар бояд ошкоро гуфт, ки ин сулҳ хому нопухта буд ва он гузаштҳое, ки дар он давра аз тарафи роҳбарияти ИНОТсурат гирифт, ҳоло бештар маълум мешавад, ки на гузашт, балки иштибоҳ,иштибоҳи марговар будааст, ки ҳар аз гоҳе қурбонӣ мегирад.

Бузургтарин қурбонии ин сулҳ, худи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст ки бо он ҳама гузашта ва собиқаи пурифтихор ва бо он ҳама ҷамъияти аъзову тарафдор ва бо он ҳама ҷойгоҳу мақому манзалат ба ҳадде заъифу нотавон гардид, ки натавонист аз худ дифоъ кунад. Дар ҳоле, ки қодир буд ва қудрат дошт режимро сарнагун созад, саҳна аз зери пояш гирифта шуд

«Аз ҳақ набигзарем, ки ҳануз дар ҳамон раванди сулҳофариниву оштишавиҳо шахсиятҳое буданд, ки ҳушдор медоданд, ин гузаштҳо авоқиби ҳалокатборе хоҳад дошт. Набоядам то ба ин ҳад содапиндору содаманиш буд ва бовар ба душман ва ҳарифе кард, ки ба ҷони ту афтода бошаду танҳо бо имзои чанд коғаз бо ту дуст бишавад ва ҳама кинаву душманиро ба дасти фаромушӣ биспорад. Душмани қасамхурда ва ба ночор ва ба иҷбор оштишуда, ки қудрат дорад, ҳукумат дорад, пул дорад, амру фармон дорад, силоҳ дорад, вақте туро зери даст кард, тараҳҳум мекунад? Ин ҳам дар ҳоле, ки ту ҳамоно ба масобаи як даъвогари ҷоҳу ҷалоли ӯ боқӣ мондаӣ.»

Дар воқеъ чунин сулҳу чунин гузаштҳо баробар ба худкушӣ буд, ки ҳамвора таъйиду тасдиқ шудан доранд. Вақте ҳарифи мусаллаҳ дар баробари ҳарифи мусаллаҳ халъи силоҳ шуд, ҳоли вай аз асир ва гаравгон ҳам бадтар мешавад.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва роҳбари ҳайати музокиротии тарафи оппозитсион, аз маъдуд нафароне буд, ки на як бору ду бор аз гузаштҳои ғайримаврид изҳори норозигӣ мекард. Ин сиёсатмадори коркушта, ки аз наздиктарин ва содиқтарин ёрони устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд аз табиат ва хуву хислати тарафи муқобил, ба хусус пуштибонони онҳо-Русия ба хубӣ огоҳ буд. Хуб ҳам медонист, ки тамоми талоши онҳо ин аст ки як бало кунанду «исломиёни сиёсии мусаллаҳ»-ро беяроқ карда дохил дароранд. Он тарафашро дигар вақт ҳал мекунад. Вай, он замон ва солҳо баъд ҳам мегуфт, ки роҳи мо ҷуз аз нишастан сари мизи музокирот, қатъи бародаркушӣ, пешгирӣ аз харобазор шудани ватан ва дарёфти сулҳ нест, аммо сулҳе бояд бошад, ки тадовум ёбад, на инки муваққат бошад:

«Шукр ба худо, ки таърих бознамегардад, аммо агар рафту ин кор ҳам шавад, мо чорае надорем, мо ҳамеша сулҳ мехоҳем ва ҳамон вақт ҳам сулҳ мехостем. Аммо татбиқи сулҳро мумкин каме бо услуби дигар таъмин мекардем. Бояд марҳилаи интиқолӣ баъд аз такмил ёфтани «сӣ дарсад» шурӯъ мешуд. Мо инро медонистем, аммо мутаассифона, ин амалӣ нашуд. Хуб, ин камбудӣ аз худи мо буд, гузаштҳои хеле зиёд аз ҷониби худи мо шуда буд. Ва ҳамчунин ман ҳеҷ вақт истилоҳи «афви якҷониба»-ро қабул надоштам, зеро ман ҳамеша дар музокирот талаб мекардам, ки бояд парвандаҳои ҷиноӣ лағв ва аз байн бурда шаванд. Инҳо масоиле буд, ки агар мо истодагарӣ мекардем, шояд ҳатман татбиқ мешуданд, аммо ҷанг кашол меёфт ва бисёр ҷавонони мо, дӯстони мо имрӯз зиндонӣ ва фирорӣ намешуданд.»

Мушоҳидаҳо ҳокист ва коршиносон ҳам ба ин тарафи масъала на як бору ду бор таъкид кардаанд, ки Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик дар майдони разм ва сангарҳои ҷиҳодӣ дасти боло ва мавқеи бартар дошт. Аммо, ин роҳбарони сиёсӣ буданд, ки муваффақ нашуданд ҳақу ҳуқуқи худро ончуноне, ки бояд тасоҳуб кунанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон солҳо баъд дар як суҳбати матбуотиаш эътироф кард, ки дар ҷараёни дастёбӣ ба сулҳ тарафи оппозитсион гузаштҳое кард, ки имрӯз ва ҳоло маълум мешавад сахт ҷуброннопазир аст:

«Хуб мешуд, агар ҳанӯз Кумисюни оштии миллӣ наомада, дар музокироти сулҳ ҳамон «сӣ дарсада» ҳалли худро меёфт. Маълум мешуд, ки моли мо кадом вазорат, идора, ноҳия. Агар маъқул намешуд, пешакӣ мегуфтем, ҳамин чизро намедиҳӣ, мо сулҳ намекунем. Сӣ дарсади ҳукумат маънияш ин буд, ки яке аз се вазорати қудратӣ — дифоъ, амният ва умури дохилӣ бояд ба мо дода мешуд, зеро мо ҳам нирӯи низомӣ доштем. Вале ин муҳимтарин вазорати моро, вазорати дифоъро ба мо надоданд.»

Аммо на танҳо масъалаи «сифоиза» хеле аз масоили дигаре ҳам буд, ки аз тарафи ИНОТ бо шитобу аҷала, бидуни онки чи паёмаде метавонад дар пай дошта бошад, қабул карда шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки неруҳои низомии оппозитсион ба ғалабаи комил наздик шуда буд ва дар дохили кишвар ҳам шароиту вазъият барои ҳукумати Раҳмонов бисёр ҳам тоқатшикан гардида буд. Ҳатто бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бо таваҷҷуҳ ба гузаштҳои беҳадду ҳисоби оппозитсион дар музокироту мулоқотҳо ба ин бовар расида буданд, ки бо таъсиси Комиссиюни оштии миллӣ тарафи ҳукумат муваффақ шуд, ки оғози фурурезии оппозитсион, бахусус муҳраи асосии он Ҳизби наҳзати исломиро, ки дар ҷараёни ин гирудорҳо то сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда буд, рақам занад. Зеро ин Комиссион ба фарқ аз ҳукумати Тоҷикистон-тарафи дигари сулҳ як ниҳоди мустақил набуд ва беш аз ин дастнигар ва вобастаи ҳукумат буд, ба мисли фарз кардем, вазорати меҳнат. Ҳеҷ кореро, салоҳият надошт мустақилона анҷом диҳад ва ҳар ончи ҳам таҳияву омода мекард, танҳо баъди тасвиб ва таъйиди тарафи дигар, ба иҷро медаромад. Ин нуктаро худи раиси ин Комиссиюн, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам иқрор карда буд, аммо хеле дер, замоне, ки дигар он ба хатми фаъолияташ расида буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон-тарафи дигари сулҳ то ҳамин имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмонов дар сари қудрат боқӣ мондааст.

«Бархе аз таҳлилгарони раванди сулҳи тоҷикон бар ин назаранд, ки ҳам мухолифин, ҳам СММ ба унвони сарпарасти ин раванд ва ҳам Эрон ба ҳайси пуштибони оппозитсион ба ҳангоми таҳияву тадвини аснод ва баҳсу баррасиҳову муколамаҳои сулҳ умдатан бо қатъи ҷанг иктифо карда шароити баъдиҷангӣ, фазо ва ҳаёти сиёсии ояндаро сарфи назар карданд.»

Мулломуҳаммадрасул Саломов, яке аз роҳбарони ИНОТ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки раёсати Кумитаи низомии оппозитсион дар Афғонистонро дошт ва ҳамроҳ бо садҳотнафар аз разманда баъди як соли сулҳ ба ватан баргашт, дар як суҳбаташ мегуяд, ки вақте муҷоҳидон ба ватан баргаштанду на ҷойи кор ёфтанду на кумаки модиву на кумаки маънавӣ, пеши ман омаданду гуфтанд, ин чи коре буд, ин чи сулҳе буд, ки шумо кардед?

Аммо Давлат Усмон, яке дигар аз раҳбарони ИНОТ дар даврони ҷанги дохилӣ, ки баъдан номзадии ӯро дар бар баробари Эмомалӣ Раҳмонов аз тарафи ҲНИТ ба унвони алтернатива ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999, аммо ба рағми хоҳиши худаш пешбарӣ карданд, мегуяд, иштибоҳҳои мухолифин хеле зиёд буд, ки мунҷар ба беэътибории он гардид. Вай низ дар як суҳбати расонаиаш мегуяд:

«Тарафи мухолифин дар вақти татбиқи Созишномаи сулҳ аз он потенсиале, ки дар натиҷаи мубориза ба вуҷуд омада буд, яъне як иттиҳоди қавии мухолифин аз ҳама табақаҳои ҷомеа ба даст омада буд, аз ин пурра истифода набурд. Манфиатҳои шахсиву қавмиву маҳаллӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ рафтанд. Ва натавонист он афродеро, ки дар атрофаш буданд, онҳоро муттаҳид нигоҳ бидорад, ки дар натиҷа Иттиҳоди неруҳои мухолифин аз як қувваи сиёсӣ-низомӣ ба як қувваи сиёсӣ табдил шавад ва ин як тавозуне эҷод кунад дар ояндаи раванди демократисозӣ ва бунёди як ҷомеъаи шаҳрвандӣ. Ин сабабҳо буданд, ки имрӯз воқеъан ҳам нишонаҳои бӯҳрон дар ҷомеъа ба мушоҳида мерасад».

Аз ҳар гузашт ва ақибнишиниҳои оппозитсиюн тарафи дигар неру ва зур мегирифт ва фишор болои рақибонашро ҳарчи бештар меафзуд, дар ҳоле, ки амалан дар тангно ва ҳолати мағлубият қарор дошт. Бархе аз огаҳони авзоъ мегуянд, ки роҳбарияти оппозитсион тамоми шароити идомаи мубориза ва пирӯзӣ то ба охирро дошт, зеро танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон ҳар кадоме дар алоҳидагӣ ҳам бо силоҳу муҳиммот ва ҳам бо пулу маводди ғизоӣ омода буданд кумак кунанд. Аммо фишори ҳукумати онвақтаи Афғонистон ба раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар мубориза бо Толибон ниёз ба кумакҳои Русия аз тариқи қаламрави Тоҷикистонро дошт, болои онҳо фишор овард, ки бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳ кунанд. Аз ҳақ набигзарем, ки ин як шарти бисёр ҳам вазнин барои оппозитсиони тоҷик буд. Вале он замон Раҳмонов ҳам айни ҳамин ҳолатро дошт ва раиси ҷумҳурии Русия ошкоро ба вай муҳлат дода буд, ки оштӣ бикунад, дар ғайри сурат аз кумак ва пуштибонии онҳо умедвор нашавад. Аммо боз ҳам оппозитсион буд, ки кутаҳ меомад ва гузашт мекард.

«Абдумаҷид Достиев, муовини раиси Комиссияи оштии миллӣ дар яке аз навиштаҳояш маросими истиқболи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар фурудгоҳи Душанберо тасвир мекунад. Вай мегуяд, ки раиси ҷумҳурӣ ба раиси шаҳр, ӯ ва вазири дифоъу чанд нафар мансабдорони дигар дастур медиҳад, ки ба истиқболи раиси Комиссияи оштии миллӣ бираванд. Аммо мегуяд ҷаноби Достиев дар фурудгоҳ танҳо ман омадам, аз раиси шаҳр ва дигар вазирон дараке набуд.»

Аммо, бо вуҷуди ин ҳама камэътибор ва пастзаданҳои тарафи ҳукумат устоди зиндаёд дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999, ки мухолифин таҳрим карда буданд, таҳримро шикасту боз ҳам бо гузаште дигар ба истиқболи Раҳмонов рафт ва интихоби ӯро машруият бахшид. Ин гузашт боис шуд, ки мухолифин эътибори худро дар ҷомеаи кишвар, ки аз вай интизороти зиёд дошт, аз даст диҳад ва ҳамин тавр дар интихоботи Маҷлиси намояндагон бо 2 курсӣ хулоса шуд. Воқиан ҳам мояи тааҷҷуб ва ҳайрат аст, ки интихоботҳоро тарафи дигари ҷанг,яъне ҳукумати Раҳмонов қазоват мекарду мешумурду натиҷа медод. Магар мешавад ду тарафи ҷанг вориди интихобот бишаванду тамоми ин маъракаро як тараф ташкил ва натиҷагирӣ кунад. Магар ин гуна гузашт ва ин гуна иштибоҳ марговар нест?

» Мунтаҳо оппозитсион, ки дигар ҳам дар раванди дастёбӣ ба сулҳ ва ҳам баъди ворид шудан ба кишвар бо гузашти ақибнишинҳо ва сабру тоқат хати «капитулатсия»-и худро  навишта буд, дигар дар баробари Раҳмонов-роҳбари тарафи дигари ҷанг ва сулҳ аҳамият ва нуфузи худро аз даст дод ва дигар руи онҳо ҳеҷ ҳисобе намекард ва ҳарчи мехост ҳамонро анҷом медод. Барои мисол тағйироти Қонуни асосӣ дар соли 2003 комилан бар хилофи талаботи Созишномаи умумии сулҳ буд, ки барои Раҳмонов танҳо як даври ҳафтсолиро пешбинӣ мекард.»

Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик ва яке аз ширкатдорони раванди музокирот аз ҷониби ҳукумат як иштибоҳи дигари оппозитсионро дар он мебинад, ки дар марҳалаи иҷрои тавофуқот аз афроди таъсиргузори худ даст кашиданд ва ин боис шуд, ки пароканда шаванд:

«Оппозисюн худашро пароканда кард. Чанде пеш тақрибан ба ин монанд як суол аз ман шуд, намояндагони мухолифин аз он гуфтанд, ки чаро на ҳамаи созишҳо амалӣ гашт, гуфтам, ҳамин хел маълум шуд, ки шумо он мардумеро, ки дар ҷараёни музокирот, дар ҷараёни мухолифати сиёсӣ ва ҷанг бештар ба онҳо такия мекардед, дар марҳилаи дуюм, онҳоро фаромӯш кардед ва ба плани дуюм партофтед. Барои ҳамин дар ин давра кори шумо он пешрафтеро надoшт, ки дар давраи аввал доштед. Ҳақиқатан ҳам, агар ҳамту нигоҳ кунед, назариётчиёни онҳо дар давраи дуюм шахсоне шуданд, ки аз назария хеле дуртар буданд. Ман давраи татбиқи созишномаҳоро дар назар дорам. Эътибори онҳое ки ин созишномаҳоро тайёр карда буданд, коста шуд. Ба хаёлам, ҳамин хел фикрашон пайдо шуд, ки ҳама чиз ҳосил шуд, дигар зарурати такия кардан ба ин афрод нест.»

Ва, аммо тавҷеҳи гузаштҳову ақибнишиниҳо ин гуна буд, ки ҳадафи мо сулҳу ваҳдат ва оштӣ аст ва мо мансабу курсихоҳ нестем. Аммо ба ин тарафи масъала, ки дар ин ҳолат чи гуна бояд ба ҳаёти сиёсӣ шарик шуду таъсир гузошт ва он қисмати аҳолии кишвар, ки тарафдору пуштибон –яъне пойгоҳи иҷтимоии мост, чи гуна аз шарри тарафи дигар ҳифзу ҳимоят бишавад, таваҷҷуҳ карда нашуд. Сулҳе, ки шикананда, нопойдор ва баъди чанд муддате бадтар аз ҷанг бишавад, ки шуд, чи лозим ва чи аҳамият дорад? Оппозитсион баъдро наандешид, ки чи хоҳад шуд. Оппозитсион дигар аз шахсҳо ва гуруҳу ҳизб иборат набуд, ҳадди ақал 35% аз аҳолӣ буд. Ва, онҳо мебоист дар баробари тарафи дигар, ки дигар ҳукумат шудааст ва бо бозгашти оппозитсион мехаш чилгаз куфта шуд, зиндагӣ мекарданд.

Иштибоҳи сангини оппозитсион ин буд, ки барои тарафи дигари ҷанг ҳукумат дод. Дасту пойи худро дар баробари он баст, машруияти интихоботҳои онро таъмин кард. Раҳмонов дигар ба ҳадде ғарра ва зурашро гирифт, ки ҳамин 30%-и тавофуқшударо ҳам то охир ниҳоӣ накард. Вазорати мудофиаро ҳам, ки мувофиқа шуда буд, надод. Ҳатто ошкоро гуфт: “на ,ман ба шумо ҳеҷ ниҳоди қудратие намедиҳам ва агар инро нахоҳед марҳамат ҷанг мекунем”  Дар охир пас аз хело суҳбатҳо як ҳелаи бадеро истифода намуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро ба вазорат табдил намуду ба он Мирзо Зиёевро барои чанд вақти маъдуде гузошт. Дақиқан пас аз иваз шудани ӯ ин вазоратро боз ба кумита иваз кард.

«Гузаштҳое, ки дар раванди эҷоди сулҳ ва оштии миллӣ аз тарафи Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик карда шуд, оқибат Тоҷикистонро ба як давлати мустабиди диктотурӣ табдил кард. Зеро тарафи дигари ҷанг дар қудрат боқӣ монд ва ҳоло дигар на аз гузаште хабару на аз ақибнишиние ва на аз сулҳеву на аз оштие, ҳамаро ба ном ва коми худ кардааст, аз ҷумла ҳамин сулҳро.»

Аммо ин ки гуфта шуд на ба хотири мазаммат асту на ба хотири чизе дигар, фақат ба ин манзур аст ки мо ва ё насли ояндаи мо, фарзандони мо дар оянда ибрат бигиранду фиреб нахуранд. “Мусалмони закиро аз як сурох мор ду маротиба намегазад”

Поёни бахши чаҳорум, идома дорад, бо Ислоҳ бошед.

Бахши панҷуми мо “Ангеза ва омилҳо барои дастёбӣ ба сулҳ ”то аз воқеиятҳо бештар огоҳ гардед!

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.

Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср
Имсол 25 сол ё чаҳоряк аср аз солрӯзи имзои санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сипарӣ мешавад. 27.06.1997дар Президент –оттели Маскав ин санади таърихӣ ба ҷанги дохилии панҷсола нуқта гузошт ва роҳ барои оштиву мусолаҳаву ободкориву созандагӣ дар Тоҷикистонро боз кард. Арзиш ва аҳамияти ин санади таърихӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон аз санади муътабари Эъломияи истиқлолияти давлатӣ камтар нест. Барои ҳамин шурӯъ аз соли 1998 рӯзи имзои ин санад, бо номи Рӯзи Ваҳдат дар шумори маросимоти расмии Тоҷикистон қарор гирифт. Аммо, оё ин санад ва ин сулҳ то куҷо тавонист ба аҳдофи худ бирасад ва оё як ҷомеаи озоду мардумсолор ва як давлати  демократӣ ба мардуми тоҷикро ба армуғон оварад? Бо гузашти чаҳоряк аср тарафҳои ин сулҳ дар чи вазъу ҳоланд ва мардум, масолеҳи асосии ин ҷанг дар чи ҳолу ҳавое қарор дорад? Чаро бо гузашти ин чаҳоряк аср тарафе, ки мусаббиби тамоми бадбахтиҳову мусибатҳо ва омили асосии ҷангу хунрезӣ шуда буд, дар сари қудрат боқӣ монд ва тайи ин ҳама солҳо бешармона дастовардҳоро ба номаш задаву худро Асосгузори сулҳ хондааст, вале тарафе, ки сулҳу оштӣ заҳамоти ӯст, боз ҳам дар ғурбат ва ҳиҷрат қарор дорад?

Пойгоҳи «Ислоҳ” талош меварзад, ки ба чанду чунии сулҳу санади сулҳ ва нақшу саҳми шахсиятҳо, созмонҳо ва давлатҳо дар амри ба даст омадани оштӣ миёни тоҷикон ва суолоте мушобеҳ, ки ҳамин имрӯзҳо ҳам дар сари забонҳост, посух бидиҳад. Бад-ин ҷиҳат ришта матолиберо барои нашру пахш омода кардааем. Ва, ҳоло бахши аввал:

Нақши Эмомалӣ Раҳмонов дар сулҳ. Оё Эмомалӣ Раҳмонов асосгузори сулҳ аст?

(бахши аввал)

Барои онки дар бораи нақши Раҳмонов дар амри истиқрори сулҳ суҳбат кунем, зарур аст ки як каме дар бораи гузаштаи вай бигӯем. Ҳеҷ кас рад карда наметавонад, аз ҷумла худи ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ҳам, ки вайро Русия ваУзбакистон ба раҳбарии Тоҷикистон оварданд. Ӯро оварданд, то пеши роҳи қишри бедору огоҳи халқи худашро, ки давлати мустақил, соҳибихтиёр ва миллиро ҳадаф қарор дода буд, бигирад, талошу муборизаҳои онҳоро саркуб кунад, онҳоро кушаду нобуд созад, аз раъяшон баргардонад, хулоса нагузорад, ки онҳо ба мақсади худ бирасанд. Раҳмонов беш аз тасаввур ва чашмдошти ин ду кишвар, талабу дархостҳои онҳоро иҷро кард. Ҳам кушт, ҳам зиндонӣ ва ҳам водор кард, то гурезаву дарбадару муҳоҷир бишаванд. Аммо, як сол ҳам нагузашта буд, ки авзоъ комилан иваз ва ин нақшаҳои шум хароб ва ботил шуданд. Раҳмонов ва дар пушту пешаш Русия ва Узбакистон маҷбур шуданд ба суроғи оппозитсиони тоҷик бираванд. Раҳмонов чору ночор ба сари мизи музокира омад. Нафаре, ки аҳзоби сиёсӣ, расонаҳои озодро баст, нафаре, ки даҳҳо нафар аз шахсиятҳои муътабари кишвар ба шумули Бозор Собир, Шоири Халқии Тоҷикистонро зиндон кард, нафаре, ки аз тарси тиру аслиҳааш мардум Афғонистон гурехт, нафаре, ки Ғармро бомбаборон кард ва дуғу таҳдид мекард, ки ҳеҷ гоҳ бо хоинону душманони миллат ва давлат музокира намекунад, на инки музокира мекард, худаш бархосту рафт Афғонистон.

19 майи соли 1995 ба Кобул омад ва дар кохи мавсум ба Гулхонаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон пойи суҳбати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нишаст. Инҷо як пора аз матни ин изҳороти муштараки ӯро бо устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нуриро айнан меоварем, то маълум бишавад, ки дар он солҳо дар чи вазъу шароите қарор дошт:

«Мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, манфиатҳои олии мардуми тоҷик ва мамлакати азияткашидаамонро ба инобат гирифта, ба хотири ноилшавӣ ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ободонию шукуфоии ҳақиқии Ватан, аз 17 то 19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул мулоқот доир сохтем».

Аммо вай бо танҳо ҳамин мулоқот бо устод Нурӣ наметавонист иктифо кунад.

«Он замон, замони «теғу оташу хун», замоне, ки дигар Ҳаракати наҳзати исломӣ даст ба муқовимати мусаллаҳона зада ва замоне буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов шояд, такрор мекунам шояд, санге дар бағал надошт, шояд ҳам дошту рӯ намекард, вале дар шароите қарор дошт, ки ба ҷон мехост, мухолифин бо вай оштӣ бишавад ва сулҳ кунад. Барои ҳамин буд, ки хесту Афғонистон рафт ва ба пойи суҳбати «домулло» нишаст ва аз устоди марҳум узру маъзарат ва кумаку ёрӣ хост. Агарчанде дар оғози роҳаш тамоми талошашро карда буд, ки несту нобудаш кунад. Чун дастур гирифта буд ва ваъда ҳам супурда буд, ки ислом ва исломиҳоро несту нобуд мекунад.»

Ин воқеият ва ин факту далел аст ки Раҳмонов на як бору ду бор ба суроғи роҳбари Иттиҳоди Неруҳои мухолифини тоҷик ба Афғонистону Эрону Русия рафт. Аммо воқеият ва ҳақиқати раднопазир ин аст ки ин устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки сулҳ сулҳ шуд. Ҷойи Раҳмонов ҳар касе дигар ҳам буд, дақиқан ҳамон роҳеро мерафт ва ҳамон кореро мекард, ки Раҳмонов паймуд ва иҷро кард. Аз он роҳ ва аз он хат по фаро гузошта наметавонист. Раҳмонов дар зоҳир роҳбари давлат буд. Амалан иҷрокунандаи ирода ва барномаҳои Русия дар Тоҷикистон буд. Вале ҷойи устоди равоншод нафари дигаре буд, баъид буд, ки айни ин сулҳ такрор бишавад.

«Баъди гузашти ин чаҳоряк аср боз ҳам бештар маълум мешавад, ки устод Нурӣ ба Раҳмонов чи гузаштҳое кардааст, аммо Раҳмонови курнамак ва носипос оқибат мункири ин ҳама гузаштҳо шуду дар ниҳоят санги бағалашро берун овард ва устод Нурӣ ва ҳаракату ҳизби ӯ ва ёрони ӯро хоину душман хонад. Кореро, ки як бор карду пушаймон шуду гуфтаҳояшро пас гирифту сулҳу оштӣ кард, аммо боз ҳам такрор кард. Хуб, дар ин бора дар матолиби баъдӣ муфассалтар хоҳем гуфт ,аммо ҳоло бозмегардем ба он даврони теғу оташу хун.»

Эмомалӣ Раҳмонов, такрор ба такрор аз устод Нурӣ дархост мекард, ки ӯро бипазирад, бо вай суҳбат кунад. Вақте хабари омодагии устод барои мулоқот бо худашро шунавид, болу пар баровард ва аз хурсандӣ дар курта нагунҷид ва котибашро гуфт бишину навис. Ва (пеш аз сафараш ба Хусдеҳ) навишт,ки

«Хушнудам, ки омодагии хешро ба мулоқот изҳор намудаед. Ман ҳам такроран мегуям, ки тайёрам дар ҳар вақти мувофиқ бо Шумо во хурам, то дар суҳбати рӯ ба рӯ мо битавонем масъалаҳои мубрами сарнавишти халқамонро баррасӣ намоем. Қазияро тавре ҳал кунем, ки он ба таври амалӣ ба ихтилофи миёни мо нуқта гузорад, дарди халқ ва ҷароҳати кишварро табобат кунад.»

Бисёр мехостам, Шумо рӯзеро, ки ба Маскав омада метавонед, хабар диҳед, то мо омодагии сафар гирем».

Хоҳиш, аз шумо хонандаи азиз, ки ба ин иқтибосҳо аз суҳбатҳои Раҳмонов сахт таваҷҷуҳ кунед ва ҳолати онрӯзаву имрӯзаи Раҳмоновро барои худ қиёс намоед. Қиёс кунед то бифаҳмед, ки то чи ҳад ба сулҳ ва ба оштӣ муҳтоҷ буд.

Ин, ҳоло ҳолост, ки Эмомалӣ Раҳмонов худро Асосгузори сулҳу ваҳдат ва яккаву яктои замон мехонад. Он вақтҳо вай, ана ҳамин тавр, мисли мурғи парканда ва гурбаи баобуфтода буд, ки наҷоти ҷонаш дар дасти устоди шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд.

«Суҳбати рӯбарӯ» мехост, барои дидор бо устод «омодагии сафар» мегирифт, «такроран мегуям, ки тайёрам дар ҳар вақти мувофиқ бо Шумо во хурам»,мегуфт. Ва мегуфт, ки «дар ҳар куҷои дунё, ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бихоҳад, омодааст, ки барои мулоқот биравад».

Аммо воқеият чизи дигар буд, агарчи имрӯз дар ин бора наменависанд. Воқеият ин буд, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехост бо оппозитсион сулҳ кунад. Дар соли 1993, ки оппозитсион худро дигарбора ҷамъу ҷур карда аз тасмимоти ҷиддияш барои бозгашти сарбаландона ба ватан аломатҳои рушан медод, Раҳмонов ва дору дастааш бо тамоми имконоти мумкин ва ғайримумкин талош мекард оппозитсиони худро дудаста сохта бо он гуруҳе, ки таъсири амалӣ надошт, равобит барқарор кунад. «Муаллимҳо»-и Раҳмонов дар вазорати хориҷии Русия уро раҳнамоӣ ва ҳидоят мекарданд, барнома месохтанд. Ҳамин тавр фиристодаҳои Раҳмонов ба шумули Қозидавлат Қоимдодов, Шукурҷон Зуҳуров ва чанд нафари дигар бо шодравон Отахон Латифӣ, марҳум Ҳабиб Сангинов ва нафароне дигар, ки дар Маскав ба сар мебурданд, дидору мулоқотҳо доир карда ва онҳоро таблиғ мекарданд, ки ба ватан баргарданд. Яъне аз канори устоди Нурӣ ва ҳамроҳонаш ҷудо бишаванд. Аммо, ин Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки ҳарфи охирро мезад ва маълум шуда буд, ки роҳи расидан ба сулҳ ва бозгашти сарбаландона ба ватан фақат ҷанг ва муборизаи мусаллаҳона аст, ки ин роҳро танҳо муҷоҳидини ҷон бар каф ва сангарнишинони ошиқи шаҳодат паймуда метавонистанду бас. Вай ва назариясозону тарроҳони сиёсаташ ба роҳбарони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон (баъдан Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик-ИНОТ) туҳмат мебастанд, ки онҳо то оринҷ дастони хунолуда доранд. Раҳмонов аз Узбакистон дастур гирифта буд, ки роҳбарони оппозитсионро душман ва хоин эълон кунад ва онҳоро ҷисман нобуд созад. Аммо чуноне гуфтем фишор дар сангарҳои муқовимат ва мубориза болояш зиёд шуд ва ӯ дигар сари мизи музокирот наомада наметавонист, чун имкони 100%-аи барканорӣ ва дар ҷояш нишондани як арӯсак ва хусаи шабеҳи худи ӯ аз тарафи Русия вуҷуд дошт ва ягон проблема ҳам пеш намеовард, ки бар фарзе ба ҷойи Раҳмонов Убайдуллоев ва ё Достиев оварда шавад.

Эмомалӣ Раҳмонов барои онки худ ва ҳукуматашро аз нобудӣ наҷот диҳад, панҷ бор ба мулоқоти устоди шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ омад. Вай омад, на барои онки сулҳу оштӣ кунаду ба мардум оромиш ва осоиш оварад, вай омад, ки худ ва ҳукуматашро ҳифз кунад. (Тамоми ҳаводис ва иттифоқоти сиёсии рухдода баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ далел ва бозгӯи ин гуфтаи мо аст)

Ва, ҳар гоҳе, ки бо устод танҳо менишасту дарди дил мекард, ҷудо аз онки аз «нафасҳои гушнаи Маҳмасаид Убайдуллоев» ва «чашмони пур аз нафрати Абдумаҷид  Достиев» шикоят мекард, ба устод   ҳушдор ва огоҳӣ медод, ки «идомаи ҷанги ману шумо боис мешавад, ки будикҳо ҳукуматро боз бигиранд. Мо, набояд ҳукуматро ба онҳо бидиҳем». Дар яке аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ.нет» дар робита ба инки Раҳмонов то куҷо омода барои сулҳу оштӣ бо оппозитсион буд ба ин тарз тасвир шудааст:

“Боз ҳам такрор бишавад, таъкид ва гӯшнишон бишавад, ки Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳ кардан намехост. Баракс, ӯ ки бо шиори “Нест бод ислом” вориди Душанбе шуда ва ошкоро изҳор дошта буд, ки “равед ба Афғонистон ба назди ҳамон бобову бибиҳои пештар рафтаатон ва онҷоҳоро обод кунед”. Вай нияти сулҳу созишро надошт. Ҳамин Раҳмонов буд, ки баъди курсии риёсатро ишғол кардан мусоидат кард, ки нерӯҳои аҷнабӣ дохили мамлакат бишавад ва водии Қаротегинро бомбаборон кунад ва мардумро ба Афғонистон гуреза созад. Агар Раҳмонов қасду нияти сулҳ медошт, баробари нишастан ба чавкии қудрат сари мизи музокирот мешуд. Вале ӯ эълон кард, ки мувофиқ ба кирдорашон ҷазо мегиранд. Дар ҳоле, ки худи вай ҷангро идома дод ва дар пушти неруҳои аҷнабӣ ҳокимият бунёд кард.”

Ҳамин чанд соли пеш буд, ки мегуфт Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баробар бо санади Эъломияи истиқлоли давлатӣ боаҳамият  ва боарзиш аст ва барои тоҷикон муқаддас ба ҳисоб меравад.

Раҳмонов соли 1999 барои худ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дод. Гуфта шуд, ки ин унвони олӣ ба вай барои он дода шуд, ки мардумро ба ҳам овард, гурезаҳои ҷанги дохилиро бозгардонд ва дар ба даст овардани сулҳ нақши муҳим гузошт. Ба баёни содаву одӣ бигӯем Раҳмонов ин мукофоти олии мамлакатро барои он ба худ ихтисос дод, ки тавонист бо устоди шаҳид сулҳ кунад (масалан Хусдеҳ рафтани ӯро айни шуҷоат ва шаҳомат ҷилва медиҳанд) ҳукуматашро бо ӯ тақсим кунад ва то ба сатҳи муовини аввали раиси ҳукумат нафареро оварад, ки як домулло ва як исломӣ буд ва дигар ҳарфи «Нест бод исломро» ҳам фаромуш кард. Устод Нурӣ дасти беҷони Раҳмоновро гирифту фишурду ҷон бахшид ва зери санади сулҳ имзо гузошту ба ҳукумати Раҳмонов умри дубора дод. Вагарна Раҳмонов амалан аз ҳама ҷо канда шуда буд ва ҳатто неруҳои ҷангии оппозитсион то километри 7уми Душанбе омада буданд, Қаротегину Бадахшон таҳти итоати онҳо қарор дошт ва имкони саддарсадаи ташкили маркази сиёсӣ дар яке аз ин ду минтақа барои мухолифин фароҳам омада буд. Узбакистон аз кумаку ёрӣ комилан мунсариф шуда ва Елтсин ошкоро Раҳмоновро ахтор дод, ки Русия дигар наметавонад ҳукумати туро рӯи даст бардошта гардад ва Назарбоев, Акаев, Ниёзов  ва Каримов ҳам таҳдид карданд, ки ё бо Нурӣ сулҳ мекунӣ ва ё дигар вуҷуд нахоҳӣ дошт. Ин аз зӯромад ва зӯровард буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик оштӣ бишавад ва сулҳ кунад. Ин ҳақиқат аст ки дар санади Сулҳ имзои Раҳмонов ҳаст. Аммо Раҳмон ба танҳоӣ онро имзо накардааст ва сулҳ амале нест, ки ба танҳоӣ бишавад ва сулҳро бо тарафе мебандӣ, чун сулҳ хатми ҷанг аст ва Раҳмонов, ки бо худаш наҷангида буд. Аммо ҳамеша маълум буд, ки самимӣ нест, кина ва кудурат дорад, пайт ва замон мехоҳад.

Вақе ӯ дар соли 2015 ба худ титули ҷаълӣ ва дуруғини «Асосгузори сулҳу ваҳдат»-ро эъто кард, ки дигар тарафи дигари сулҳро муталошӣ кард ва ғайриқонуниву ҳатто террористӣ хонд. Ҳоло савол ин аст ки агар санади Созишномаи сулҳ муқаддас аст, дар паҳлуи Раҳмонов имзои кӣ онро чунин мартаба бахшидааст ва агар бо устод Нурӣ сулҳ накард, чаро имзои ӯ дар ин санад вуҷуд дорад? Агар Раҳмонов Асосгузори сулҳ аст ин сулҳро бо кӣ кард? Бигирем, ки Раҳмонов Асосгузори сулҳ аст, пас устод Нурӣ чи мақоме дар ин сулҳ дорад? Дар ҳақиқат, вақте ба ин ҳама иттифоқот чира мешавед, мебинед, ки ба ҳеҷ гоҳ Раҳмонов холисона, сидқан ва аз дили соф сулҳ накарда будааст. Вақте дар соли 2003 ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кард, маълум шуда буд, ки вай ҳеҷ гоҳ қасду нияти хубе бо ин мардум нахоҳад дошт. Вай, на танҳо бо мухолифинаш-тарафи дигари сулҳ қатъи робита карду онҳоро душману террорист хонд, то ҳамин имрӯз аз онҳо зиндагӣ ва ҳаётро гирифта истодааст.

«Соли 1998, вақте Маҳмуд Худойбердӣ шимоли кишварро ғасб кард, ин муҷоҳидин буданд, ки ӯро водор ба тарки кишвар карданд ва курсии аз даст рафтаи Раҳмоновро боз барояш баргардониданд. Шоҳидони ҳодиса мегуянд, ки он шабу рузҳо Раҳмонов бо чашмони ашколуд ба тарафи устод Нурӣ гаштаву гуфтааст, ки «акнун гурезагӣ навбати мо шуд».

Аммо, ин «муқтазои табиат»-и Раҳмонов будааст, ки бо табиат ва хуву хислат ва урфу одати одамӣ ва бахусус мусалмонҳо дар тафовути ҷиддӣ қарор дорад, ки бар ивази ин ҳама некиҳо фақат бадӣ кард. Раҳмонов тамоми сулҳу дастовардҳои сулҳу ояндаи давлату миллат, ояндаи оромишу суботи кишварро бо ояндаи оилааш иваз кард. Вай миллат, мардум, Ватан, давлат ва мамлакатро ба пойи бачаҳову духтарҳову Оилааш қурбонӣ кард. Ҳамин ҳоло ва айни замон Раҳмонов танҳо касе аст ки аз Сулҳу оштӣ фоида ва манфиат мебардорад. Арсаро барои нозу ҷавлону уштулуми худ холӣ кард, худро Асосгузор хонд, писарашро нафари дуввум, духтарашро нафари саввум, домодҳояшро сафиру қудаҳояшро вазир кард. Мунтаҳо тамоми авлодаш дар гирди дастурхони пур аз нозу неъмати давлат ҷамъ омадаанд ва ҳамакаса ба саломати сари ӯ қадаҳ мебардоранд ва дуои ҷондарозии ӯро мекунанд. Аммо ин «Асосгузор» Бадахшонро дар арафаи 25умин солгарди сулҳ оғушта ба хун кард, то инки Рустамро ба қудрат оварад, Фаромузро ба зиндон кашид, то инки ба Рустам рақиб нашавад. Нафаре, ки барои мулоқот, барои побусиву дастбусии устод Нурӣ омода буд ба «ун вари дунё биравад»,ҳоло дар омад-омади 25 солагӣ бародари ӯ ва бародарзодаҳои ӯро ба зиндон кашид. Агар Асосгузори сулҳу ваҳдат дар ҳақиқат асосгузори сулҳ буд, ниёзе ба ин ҳама душманӣ ва кинаву адоват дошт?

Вале, фикр мекунед, ки ин ҳама беҷавоб хоҳад монд? Дар ҳоле, ки дур намеравем, дигар Нурсултон Назарбоев «элбасӣ» нест, Раҳмонов то кай «Асосгузор» мемонад, асосгузоре,ки ҳеҷ гоҳ набуд…

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед, то бештар огоҳтар гардед! Бахши дуввуми ин вижаматолиби бахшида ба имзои созишномаи сулҳи мо : «Нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, меъмори воқеии сулҳи тоҷикон» аст.

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Имрӯз метавонед навори ин матлабро дар шабакаи «ИСЛОҲ ТВ» бубинед!

Сообщение Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср появились сначала на ISLOH.net.