Архивы Исмат Абдуллоев - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№278
Ба назар мерасад, ки мақомдорони Тоҷикистон, бахусус худи Раҳмонов дар пеши мардум як гап мезананд, яъне дар суханрониҳо, дар ҷаласаҳо, аммо дар пас, гапи дигар.

Барои мисол Раҳмонов аз ин пеш ҳам чанд бор дастур дод, ки ханандаҳои мактабҳоро барои пешвозу гусели мансабдорон, аз ҷумла худи вай ба қади кӯча ё маҳалли баргузории ҷаласа ва ё фурудгоҳ набароранд. Ин суханҳоро Раҳмонов рӯзи 30 август, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Душанбе бахшида ба рӯзи дониш суханронӣ кард, боз ҳам такрор намуд.

Дар ин мулоқоташ бо аҳли маориф Раҳмонов ба ин кору амали муаллимҳо, яъне форма, сарулибоси мактабӣ фуршӣ эроди сахт гирифт. Аммо чуноне мову шумо медонем имсол низ ин кор сурат гирифт.

Агар ин муаллим ва махсусан директорони мактабҳо ба фурӯши сарулибос манфиат надошта бошанд ин корро намекунанд. Мактаб ҷои савдогарӣ ва бизнес нест. Вале  дузанда шиносашон аст, ё нафаре, ки ин формаро меоварад ва ё инки ҳатман ҳақи худро болои сарулибос мегузоранд ва моли пастсифатро маҷбурӣ ба хонандаҳои мактаб бо нархи гаронтар аз бозор мефурӯшанд.

Дар номаҳои зиёди падару модарҳо, ки дар «Ислоҳ» чоп шуданд ин масъала матраҳ шудааст ва онҳо бисёр ҳам ташвишу нигаронӣ изҳор кардаанд.

Дар ду номаи ин нашри барнома ин масъала аз тарафи муаллифон боз ҳам матраҳ шудааст, ки яке он аз нашрияи СССР аст:

Панҷакент

Ассалом алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман зодаи шаҳри Панҷакент ҳастам. Дар Панҷакент бисёр ҳам зиндагӣ мушкил аст. Дар деҳаи Шӯрчаи ҷамоати Халифа Ҳасан зиндагӣ мекунам. Қишлоқ тамоман ҷазирбод. Худам дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Муаллима ва муаллимҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 74моро тамоман безор кардаанд.

Солҳои пеш барои китоб, барои журнал, барои парда, ремонт ва ҳоказоҳо пул мепурсиданд, имсол ба бачаҳо гуфтааст, ки «очетон қати кортҳояшон (корти бонкӣ) мактаб биён корти маҳонба маблағ гузорад барои журналу китобу ҳоказоҳо». Ин чи тавр зулм аст бародар?

Ҷамоат ва раиси ҷамоатро тамоман гап назанед. Раиси ҷамоат Ахмедов Шавкат одами беҳад ҳаромхур. Ҳар вақте сизони облава шуд ба вай худо дод.

Сар мекунад аввал аз муллоҳо: «агар аскар надиҳед масҷида маҳкам мекунам». Мавсими туйҳо расад ҳам ба вай худо медиҳад. Туйҳо ставка дорад. Агар домод хизмат кардагӣ ё ки яккаписар бошад аз 12 ҳазор сомонӣ сар мекунад, агар домод хизмат накардагӣ бошад то 30 ҳазор сомонӣ. Ва  рӯзи тӯй барои ҷамоат боз ҳатман дастархон бурдан даркор. Масалан аз тӯй ош, шӯрбо, нон, мевагӣ, обҳои ташнашикан ва ғайра

Боз ҳамин хел ҳам пулро гирифта барои танзим роҳӣ мекунад. Боз як ягон чиз ба табъаш нафорад бечораи туйгарро ҷарима мекунонад. Худи вай аз қишлоқи

Куктош мебошад. Барои ҳамин аз Куктош ягон касро ҷарима намекунад ва ягон бача ҳам хизмат намеравад, аммо чашмаш фақат Шурча ва Қуштеппаро мебинад, медонистагиаш фақат Шурча ва Қуштеппа аст.

Бародар Муҳаммадиқбол, агар бинависам гап бисёр. Боз камбудиҳоро менависам. Аз шумо илтимос номаи маро зудтар дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед.

Ман ҳамаи «Номаҳоро…» мебинам. Аз Панҷакент тақрибан ягон кас наменависад, панҷакентиҳо нависед. Чаро хомӯш ҳастед?

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд вақт шуд, ки банд будам, ташвишҳоям зиёд шуд ва натавонистам, ки рӯзномаҳоро мурур карда ба шумо матолиберо аз онҳо ҷудо намуда бифиристам, чуноне пештар ин корро мекардам. Дар ин мусофират, мутаассифона ҳазоруяк мушкил моро домангир аст.

Вале боз як бало карда вақт ёфтам. Ва ҳоло як матлабро аз СССР бароятон менависам.

Мақолаи СССР таҳти унвони «Редаксия супориш дод: либоси мактаби хар»… аз 27 августи соли ҷорӣ, ба қалами Нуриддин Қосимзода, яъне се рӯз пеш аз мулоқоти Раҳмонов, ки рӯзи 30 август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо аҳли маориф сурат гирифт, нашр шудааст. Ин мақола таассуроти сафари муаллиф ба чанд мактаб дар навоҳии вилояти Хатлон аст, ки маҳз масъалаи доғ ва пурбаҳси фурӯши формаи мактабӣ тавассути муаллимҳоро дар макотиб санҷидааст. Барои онки суханро ба дарозо накашем аз ин мақола чанд иқтибос меоварем, ки исбот мекунад новобаст аз манъи фурӯши формаи мактабӣ дар мактабҳо ин кор ҷараён доштааст:

«Манбаъҳо бар он ишора доранд, ки имсол низ тибқи дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи намуди фурӯши либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ мебошад. Масъалаи хариду фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ тибқи тартибот танҳо тавассути шартномаи Кумитаи падару модар бо соҳибкорони ватанӣ сурат гирифта, ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон рабте надорад…..

Дар ноҳияи Шаҳритус мо бо мудири шӯъбаи маориф Нуриддин Ғафуров оиди ҳамин масъала сӯҳбат анҷом додем.

Тавре дар суҳбат маълум шуд, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия аз дастур ва Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳ аст ва иброз ҳам дошт, ки мо ин дастурро риоя менамоем. Лекин дар муассисаи № 15 воқеият акси инро нишон медиҳад. Дар муассисаи таълимии номбурда бинои махсусе ҷудо карда шудаст, ки омӯзгорон ҳамчун фурӯшанда барои хонандагон либосҳои тавсеавӣ тақсим мекунанд. Бинобар гуфти роҳбари муассиса Валиева Мавзуна ба онҳое, ки ба таблиғи либосҳои мактабӣ машғуланд, дар ҳаҷми 500 сомонӣ аз ҷониби ҶДММ мукофот тақдим мегардад. Яъне ҷониби ҶМММ” Ҷилои рангҳо” бо Кумитаи падару модарони муассиса ҳамкории пайваста дошта, аз ин ҷаъмият либосҳои мактабӣ харидорӣ менамоянд. Лозим ба таъкид аст, ки Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зодмандон уҳдадоранд, ки риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд…

Дар аснои сафар бо мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Эшонзода Умед дар бобати фурӯши сарулибоси мактабӣ ҳамсӯҳбат шуда, маълумот гирифтем, ки дар ноҳия танҳо 1 сехи дӯзандагӣ фаъолият дошта, ин ҷо низ ягон намуд фурӯши иҷборӣ ба роҳ монда нашудааст. Аммо чунончи дохили муассисаи таълимии рақами 1- и ноҳия, ки яке аз муассисаҳои калонтарин ба шумор меравад, равон шудем, бо 2 чашм дидем, ки ин ҷо низ ҳолат нигаронкунанда аст. Тавре аён шуд, бинои махсусе барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ ҷудо шудааст ва пушти дари ин ҷо волидон дар навбат барои харид даъватӣ буданд.

Директори муассиса иброз дошт, ки онҳо бо ҶДММ” Амир” ҳамкорӣ карда, аз ш. Хуҷанд (???) дар муассисаи ноҳия намояндаҳо ба хариду фурӯши либосҳо машғуланд (Хатлон надоштааст-мӣ корхонаи либосдӯзӣ?). Тибқи шартномаи тарафайн 1965 адад либос бояд то оғози сол фурӯхта шавад. Ин ҷо аз 300 сомонӣ то 350 сомонӣ сари 1 дона либос рост меояд….

14.08.2025. Соат ба вақти Бохтар 14:17 дақиқа. Худи ҳамон рӯз барои таҳлили пурратар баргаштем ба маркази маъмурии вилоят-шаҳри Бохтар. Ба гуфти директори МТМУ № – 2 и шаҳри Бохтар М. Қаландарова аллакай онҳо аз иҷрои пурраи таъмини либоси ягонаи мактабӣ барои соли хониши 2025- 2026 баромадаанд. Тибқи нақшабандӣ имсол ба 410 хонанда либоси тавсеавӣ тақсим карда шудааст. Ва он муассисаҳое, ки мо будем, амсоли муассисаҳои 3, ЛТТ, чекҳо дастнавис ҷамъоварӣ мешуданд. Ва аҷибии кор дар он аст, ки аксар ҶДММ-ҳо дар дохили муассисаҳо ярмарка ташкил кардаанд. Ва аз волидон «хоҳиш» намудаанд, ки барои гирифтани чекҳои сехҳо ба омӯзгорон мусоидат намоянд. Волидонеро, ки дар муассиса ҳозир шуда наметавонанд, ба худи сехҳо равон мекунанд, то чеки дастнависи сехро барои иҷрои нақша гирифта оранд!!!

Муаллифи матлаб барои таъйиди навиштааш акси чекҳое,ки волидон аз сехҳои фармудаи мактабҳо оварда ба мудир ва муаллимҳо нишон додаанд ва низ аксу тасвири синфхонаҳои бархе аз мактабҳоро, ки дар онҳо сарулибоси мактабӣ ба фуруш гузошта шудаастро низ дар навиштааш нашр намудааст.

Хуб,ҳоло баъд аз онки худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам дар мулоқоташ бо аҳли маориф дар рӯзи 30 август дар Донишгои сайёҳӣ ин кори омӯзгоронро интиқод кард, бубинем, ки маққомоти кишвар ба ин масъала чи посух хоҳанд дод?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!Бароятон аз Душанбе менависам. Нагӯям ҳам,аз рӯи навишта маълум мешавад, ки ман корманди мақомотам. Дар додситонии яке аз ноҳияҳои Душанбе кор мекунам.

Чанд маълумоти нав дорам дар бораи Музаффар Юсуфӣ, ки пешкашатон мекунам.

Музаффар Юсуфӣ, Додситони нақлиёт дар назди яке ҳамшаҳриҳояш, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ аст, гуфтааст,ки мақсади Муҳаммадиқбол пул аст. Мехоҳад, ки «ма алоқаш кнм, сумуш партом. Ма фарзанди фарзонаи миллатм, ма ҳиҷ вақт кати хоино гап намезанм. Через чанд каналҳои агентура бромадестан бачаҳо, Иқбола фаҳмонан, ки мара дига нага ягон гап».

Бинобар маълумотҳо Музаффар Юсуфӣ ба номи бачааш Юсуф пули зиёд ҷамъ кардааст. Гуфта мешавад чанд корҳои Юсуф Раҳмонро дар КДАМ фурухтааст. Ҳозир боз камбудиҳои Зайнулло (Зайнулло Шарифзода , мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанберо фиристодааст ба боло.

Як нафар аз шиносҳоям дар Прокуратураи Генералӣ гуфт, ки Музаффар Юсуфӣ яке аз сабабҳои аз вазифа гирифтани Юсуф Раҳмон шуд. Ба гуфтаи ҳамин шиносам Музаффар Юсуфӣ дар замони роҳбарии Юсуф Раҳмон дар Прокуратураи Генералӣ, ки раёсати назорати соҳаи КДАМ-ро дар уҳда дошт, бояд чи маълумоте, ки бар зиди Юсуф Раҳмон ё атрофиёнаш мешуд ба Юсуф Раҳмон мегуфт. Дар аввал ҳамин тавр буд.

Аммо баъд аз онки Юсуф Раҳмон бо президент қудо шуд, ҳолат тағйир ёфт. Пеш аз туйи писараш Юсуф Раҳмон ниёз ба кумакҳои моливу пулӣ дошт. Чандин бор дастархону майда -чуйдаҳои гарон ба хонаи Президент барои хостгорӣ равон кардан даркор буд ва ин расходҳоро маҳз монанди Музаффар Юсуфӣ чанде аз сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ мекарданд. Ҳамин, ки туйро гузаронд Юсуф Раҳмон, тамом, полний дигар шуд.

Музаффар Юсуфӣ интизор буд, ки баъди туй ӯро муовин ё ақалан Прокурори вилояти Суғд ё Хатлон мемонанд. Аммо чунин нашуд. Баъди ин Музаффар Юсуфӣ хусумату бадбиниро нисбати Юсуф Раҳмон сар кард.

Музаффар Юсуфӣ зиёд маълумотҳо оиди Юсуф Раҳмон ва писараш Сафарро ҷамъ мекард. Чандин маълумотҳоро оиди Юсуф Раҳмон Музаффар Юсуфӣ ба воситаи баъзе аз шогирдонаш ба Муҳаммадиқболи Садриддин равона кардааст.   Дар баробари ин, Музаффар Юсуфӣ тарики каналҳои махсуси почтаи махфие, ки ба номи Президент гузоришҳои махфӣ меравад нисбати ин ё он нафари мансабдор, ирсол кардааст. Ин шиносам гуфт, ки азбаски Музаффар Юсуфӣ пештар сардори раёсати назорати КДАМ дар Прокуратураи Генералӣ буд ва шогирдони бовафо дар КДАМ дорад, маҳз ҳамин шогирдонаш барои ирсоли маълумотҳо оиди Юсуф Раҳмон ва писараш Сафархон ба Президент кумак карданд.

Баъди зиёд гапу чап шудан атрофи Юсуф Раҳмон Президент гуфтааст, ки «бигирен ягон ҷо монедаш». Аз руи баъзе маълумотҳо ҳамон замон чанд вазифаро ба Президент гуфтанд, ки имконияти мондани Юсуф Раҳмон буд. Аммо Раҳмонов чизеро ба назар гирифта дар вазифаи ҳозирааш –Шӯрои амният Юсуф Раҳмонро монд.

Музаффар Юсуфӣ контактҳои хуб бо Прокуратураи Генералии Русия, Узбекистон, Белорусия дорад. Чандин бор намояндагони онҳо омада буданд ва Музаффар Юсуфӣ онҳоро меҳмондориҳои вазнин кард. Албатта аз кисаи шогирдонаш.  Музаффар Юсуфӣ шогирдони кошелёк зиёд дорад. Солҳои охир Музаффар Юсуфӣ молу мулки зиёд ҷамъоварӣ кард. То қапидани Исмати Дулик, Музаффар Юсуфӣ дар фурудгоҳи Душанбе Шоҳ буд. Аз замони Прокурори нақлиёт таъин шудан  ва то қапидани Исмати Дулик, Музаффар Юсуфӣ суми калон ҷамъ кард. Контрабандаи сум, тилло, телефонҳои қимат ва дигар чизҳое, ки доляҳои конкретӣ медоданд, наркотик, шуримуриҳои дохилаи фурудгоҳ ба Музаффар Юсуфӣ бойгариҳо калон овард. Вақте ки Исмати Дуликро қапиданд Музаффар Юсуфиро ток зад, талхааш кафид.

Музаффар Юсуфӣ гуфтааст, «и Муҳаммадиқбол дар вақти кайфам медидай мара. Манзураш ҳамон аксеаш аст ки дар «Семейка» дар бокс асту дар дасташ нушокии энергетика

Музаффар Юсуфӣ дар Ҳамадони канали доимамалкунандаи интиқоли наркотикро дорад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо вақтҳои ахир наркотикро якҷо бо Комил Мирзоалиеви раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон берун бароварда истодааст. Дар ин бора маълумотҳоро дертар мефиристематон.

Турсунзода
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Пеш аз ончики броятон менависам гуфтаниам, ки Аллоҳ шоҳид аст, ки нияти бадбинию қасди шахсӣ надорам. Мақсади ман ислоҳи ин вазъияту ҳолат ва ислоҳ шудани он аст. Аммо, аз шумо мехоҳам номаи маро бидуни таҳрир ба нашр расонед.
Муроҷиати ман ба пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов аст.

Ҷаноби Олӣ, Шумо хубам медонед, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо-и» шумораҳои №№ 169 ва 253,ки ҳам катбӣ ва ҳам навораш мунташир шуд,дар бораи ноҳияиТурсунзода ва мушкилоти он сухан мерафт.

Дар ин номаҳо дар бораи Чупоновҳои ноҳияи Турсунзода гуфтагианд. Аммо ҳоло ҳам ҳамон кору рафтори миллатчигӣ давом дорад: паст задани миллати тоҷик ва бераҳмӣ нисбати мардум. Ин падару писар Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод чи гунае, ки дар барномаи Номаҳои № 169 гуфта будед, боз бо ҳамон рафтору гуфтор нисбати беморон ва нисбати мардуми тоҷик идома дода истодааст. Намедонам чаро, аммо аз гузашта боз бераҳмтару золимтар шудаанд. «Тоҷикоя зулм кунам роҳат мекунам мегуяд».

Баъд аз ҷарроҳии геморой барои перевязка беморони тоҷик меоянд, риштаҳои ҷарроҳиро бояд гирад, зери назораташ бошад. Ин баръакс сахт сахт риштаҳоро канда хуншор мекунад ва боз 2 бораву 3 бора пулҳояшонро мегирад. Ман ба ду чашмам дидам. Зани калонсолеро барои кадом табобаташ дар Қараболои Турсунзода Чупонов Зариф барои пул шуда беҳад ноҳурматӣ кард. Ин зан маълум буд шароит хуб надошт. Ин Зариф тарафи он зан мегуфт, ки «ин тоҷико то Президенташон дар миллати ҷугиҳову лулиҳоанд». Он зани калонсолро қариб гирён кард.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ. Мо дар шумораҳои пешинаи Номаҳо дар бораи вай навишта ва аз мақомот хоста будем, ки пеши ин амалҳои ӯро бигиранд. Дар ду номаи №№169 ва 253 барои ин падару писар нашру видео шуда буд. Мо фикр кардем, ки инҳо ислоҳ ва дар ғами мардум мешаванд. Аммо баракс шуд. Ҳам таҳқирро махсусан нисбати тоҷикҳо сахт карданд ва пулканиро ҳам зиёд намуданд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Баъди нашри ин ду нома дар Ислоҳ мақомоти амният ва ВКД аз инҳо пулашонро гирифта ҷавоб додаанд. Инҳо боз зулми бештар, таҳқири бештар болои давлату милат карда ва бо бопуштибонии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ин амалҳояшонро давом дода истодаанд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат! Пеши роҳи ин корҳоро гиред ва инҳо бояд назди қонун ҷавоб диҳанд. Мақомдороне, ки аз ин пора гирифта ӯро пуштибонӣ мекунанд, бояд назди қонун ҷавоб гуянд.
Ман тафтиши кори он мақомдороне, ки аз инҳо пораву ришва гирифтанд маълум мекунам ва боз ба Ислоҳ менависам. Худи Фарҳод Чупонов гуфтааст, ки «ин қавми ҷӯгӣ барои пулу мол давлаташро мефурушад Боз мегуяд чи хеле,ки Президенти лулияш замини давлатро ба Хитой, ба Қирғизистон ва ба Узбекистон фурухта буд»

Ин гапи доимии Фарҳод Чупонов аст. Худи ман ду бор шунидам.

Дар охир ба мардуми Тоҷикистон чи гуфтаниам? Чи ҷинояте медонеду мебинед аз тарики Ислоҳ. тв ба Ҷаноби Олӣ арз кунед. Ҷаноби Олӣ Ислоҳ.ТВро мебинад.  Ҷаноби Олӣ ва Ислоҳ дар хизмати мову шумо мардуми Тоҷикистонанд.

Бо эҳтиром, як сокини шаҳри Турсунзада.

Сообщение   Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№278 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№268
Ин воқеият аст, ки на ҳама аз даруни ҳатто  Оила барои омадани Рустам дар ҷои Раҳмонов каф мекӯбанду даф мезананд. Баъзе аз инҳо, ки ҳоло дар айни авҷи роҳату ишратанд баъди омадани Рустам ҳатман ба маҳрумиятҳо мувоҷеҳ мешаванд. Ин дар табиати қудрату сарват ниҳон аст ки ҳар қадар нерумандтар шудӣ, мехоҳӣ, ки луқмаи ҳамаро дар дасти худат дошта бошӣ.

Муаллифи номаи аввали иннашри барнома аз бозиҳои пасипардагии командаи Рустам бар алайҳи Ҳасан Асадуллозодаи тағояш мегӯяд:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаро мутолиа фармоед, мефаҳмед, ки ман кӣ ҳастам. Мешавад гуфт, ки ман корманди тими «Ислоҳ»дар даруни даруни инҳоям. Шояд дар даруни амният,шояд дар даруни МВД ва ё шояд ҳатто дар даруни оила бошам. Аммо бо сароҳат мегӯям ман ҷонибдори Ҳаракати «Ислоҳотхоҳон»—ам!

Маълум аст, ки қудрат ва ҳифзи он дар вазъу шароите, ки Раҳмонову оилааш тамоми талошу қуввату зӯру пулашонро барои дар ҷойи худаш гузоштани Рустами наркомани гунгак сарф карда истодаанд, кори осоне нест ва ба назар менамояд, ки осон аст. Вақте худи Раҳмонов ба қудрат расида буд хелеҳо аз «Фронти халқӣ», масалан Маҳмадсид Убайдуллоев, Абдумаҷид Достиев ва чандин нафарони дигар, ки дар сиёсат ва мақому мансаб аз вай чанд сару гардан боло буданд, дар таааҷҷуб зада буданд, ки ҳамин тавр ҳам мешудааст ва гоҳо ниҳону гоҳо ошкоро қасди гирифтани курсии Раҳмоновро мекарданд.

Аммо инҷо ман,ки дар дохилашон ҳастам гапу ҳарфҳои дигар шунавида истодаам. Гӯё мехоҳанд, ки нафаронеро, ки ба омадани Рустам розӣ нестанд аз байн баранд.

Баъзе ҳолатҳои солҳои охир гувоҳӣ аз он дода истодааст, ки қуввае ё нафаре Ҳасан Асдуллозодаро аз байн бурданист. Рабудан ва куштани муовини аввали Шӯҳрат Исматуллоев, Ҳасани Ориёнбонк ва дастгир кардани Исмати Дулик ва боз чанд ҳолатҳои дар назар оддӣ баёнгари он аст, ки ин ҳама танҳо ва танҳо зарбаҳо барои Ҳасан мебошанд.

Муовини аввали Ҳасани Ориёнбонкро вақте дуздиданд ва баъдан куштанд, мардум гуфт, ки барои пул ин корро карданд. Аммо аз руи баъзе маълумотҳои махфие, ки баъди чанд рӯз аз они Раҳмонов як қатор кормандони КДАМ-ро аз мансаб дур ва тағйироти кадрӣ ба амалкард, рӯшод шуд. Мақсади рабудани муовини аввали Ҳасан барои гирифтани маълумотҳои махфие, ки ӯ оиди Ҳасан ва тиҷоратҳои вай медонист, будааст.

Аз руи маълумотҳо, он нафароне, ки ин амалро анҷом доданд, тавонистанд аз Шуҳрат Исматуллоев маълумотҳои даркориро гиранд ва ба нафар ё нафарони фармоишгар диҳанд. Ин амалиётро чунон моҳирона бозиданд, ки худи Ҳасан ҳам дар он бар зиди худ бозиду таги гапро нафаҳмид.

Ҳасан через Исмати Дулик баъзе аз он нафаронеро, ки дар куштори Шуҳрат Исматуллоев даст доштанд, гурезонд. Ислоҳ оиди ин ҳолатҳо гуфта буд. Мақсад он аст, ки аз он ҳолати дар он вақт ба вуқӯъ омада, чандин нафарро дар ҳолати шок ва афект қарор доданду тез -тез ин хел кунеду он хел кунед гуфта (гапу кор наброяд) истифода бурданд. Дар ҳақиқат як тактика ва методи қобили аҳсант буд, ки ҳатто наҳангҳои калонро дар такопу андохт.

Хулоса, аз Шуҳрат Исматуллоев зиёд маълумотҳоро дар бораи Ҳасан ва тиҷоратҳои паноҳии вай дақиқ ва пайдо карданд.

Ҳасан инро каме дер фаҳмид.

Аз руи маълумотҳо, аз Шуҳрат оиди ҳолатҳое, ки Ҳасан бо чанде аз намояндагони собиқ оппозиция чи муомилаҳо дошт, фаҳмидаанд. Пеш аз задани Алӣ бедакӣ дар Рашт, Ҳасани Ориёнбонк ду маротиба ба Рашт рафта буду бо мулло Абдулло ва Алӣ бедакӣ вохуриҳо карда буд. Аз ин ҳолат ба мақомот он вакт Мирзохуҷаи белгӣ хабар дода буд. Ҳасан бо худи Мирзохуҷа Аҳмадов, мулаққаб ба белгӣ ҳам чандин бор мулоқот намуда барои ва мошини Тойота прадо ҳам туҳфа карда будааст. Ҳолати дигаре, ки пеш аз инҳо буд, ин муносибати хуби Ҳасани бо марҳум генерал Абдулло Назар аст ки аз тарафи 30 фоизаи оппозитсион ба ҳукумат омада то ба мақоми раиси КДАМ дар Бадахшон расида буд ва сипас дар Бадахшон кушта шуд.

Ҳасан пеш аз қатли генерал Абдулло Назар, чандин маротиба бо вай дар назди ҳозира Прокуратураи шаҳри Душанбе, ки дар онҷо хонаи зани 2-юми Абдулло Назар воқеъ аст вохуриҳо баргузор кардааст. Баъди он Абдулло Назарро дар Помир ба катл расонданд.

Ҳасан чанд маротибае, ки бо ин ё он нафари собиқ оппозиция во хурд, он нафаронро аз байн бурданд. Ҳасан то имрӯз аз ҳолу аҳволи наздикони онҳо бохабар шуда меистад ва кумакҳо ҳам мекунад. Мисол ҷиянҳои Алӣ Бедакиро кумакҳо мекунад. Чанде пеш писари генерал Абдулло Назар, Парвизро ба ҳузур пазируфта ваъдаи вазифаи болотарро кард. Парвиз Назар ҳозир дар Прокуратураи Хуҷанд кору фаъолият мекунад.

Барои шумо ин гапҳо тааҷҷубангез нест? Ачоиб. Ҳасан дар командаи Раҳмонов асту Раҳмонов дар хуни 30-фоизаҳо ташна аст. Аҷоиб.

Ниҳоят Ҳасан ин ҳолатҳоро дарк кард, сонияия дигар интизор нашуд ва аз қафои ҳифзи худ шуд. Ҳамаи имкониятҳояшро ба кор даровард, ки бо Озода қудо шавад ва ҷони худро нигоҳ дорад.

Баъди қапидани Исмати Дулик, Ҳасан конкретно фаҳмид, ки навбат ӯ ҳам дур намондааст. Корро тезонду ба мақсад расид. Бо Озода қудо шуд.

Аз руи баъзе маълумот Хуршеди Мирзо дар ин ҳолатҳо даст дорад.Хуршед қасд дорад ба Ҳасан зарба занад. Баъзе аз қотилони Шуҳрати муовини Ҳасан ба назди Хуршед Мирзоев омада буданд ва Хуршед ба онхо маблағ ва хонаи иҷора дода буд. Дар қазияи Исмати Дулик ҳам Хуршед чандин фактҳоро тавассути шиносҳои худаш дар дастраси тафтишот қарор додааст.

Дар ҳар ҳолат ҳаракатҳои Ҳасани Ориёнбонк  тамоман иваз шудааст, аммо тавонист худро аз як гирдоби вазнин ҳифз кунад.

Ва, дар охир бо чанд хабарҳои ҷолиби шунавидаам номаамро ҷамъбаст мекунам, ки бархеашон ба Ҳасани Ориёнбонк дахл доранд.

Баъди барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки дар бораи Нусратулло Салимов, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳоло раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтед.

Нусратулло Салимов гуфтаст: «ягон кас мара ягон чи наметона када. Ма одами Ҳасан нестм, ки мара баран ранги Исмат махкам кунан. Ма чизе кадам бо иҷозату розигии Раҳмон кадам. Ба сумое, ки ма ҷам кадам, Президент камбағал намеша».

Ва, хабари дигар ин аст ва ин хабари мувассақ ва садфоиза аст. Ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзибадасти бародари Ҳасан сахт бемор аст варам карда хоб рафтааст. Ин гап аз даруни худи оила аст. Чанд рӯз пеш аз Чапаев ҳатто хабари маргашро оварданд ва Азизмо саркану мукан давид рафт, аммо намурда будаст. Гуфтанд, ки «ҳоҷира аҳволуш вазнинай». Тамоми ҳудуди ишками тағорааш вараму омос кардааст. Беш аз як моҳ аст, ягон касро намемонанд, дарояд бинад. Дар хонааш ҳам касе пурсад, мегӯянд, ки дар сафар аст, кай меояд, номаълум, вазъиятиаш турби турб аст.

Азбаски тамоми заминҳои ноҳияро ғасбу тасарруф кардааст, «меган, ки даже ҳаму ака додарошам хурсандай, ки ин касалай тезтар бмбра ҳаму дову дакаҳош бо да мо бимона. Хонашда ховай, як хонаша ранги палатаи больница кадагиан духтурои хидшон мебинан, ягон одами бегонара наздик намемонан, ҳамуқа эҳтиёт карда истодиан, ки ягон кас ягон чи пай набара гуфта».

Барномаи «Семейка»-и охир тамоман аҳволашонро бад кардааст. Ба Тахминаи Клеопатра нарезонда начаконда расондаанд.  Гуфтанд, ки «Зарифбека вазъиятша сахт безеб кардааст. Фармудаст, ки брен мактаби 8 ковен ай руи соли таваллуд ёвен. 3 рӯз срок шмода гуфтаст. И отаи ма зиндаҳай и (манзури Тахмина Зарифбек аст)итари кестай, пага набоша отам, худш базур гаштестай, касалай и мара чим чи кна мумкин».

Идиева Зарина, раиси ноҳияи Рашт тамоми Раштро аз худ кардаст. Худаш Раиса, як додарш налог, якеаш масъули шабакаи барқ. Тамоми авлодашро дар ҳама самтҳои ноҳия мондааст, ки ягон кас бегона ягон кор бар зидаш накунад. Минтақара тақрибан зери худаш карда истодааст. Фақат раиси Лахш, ки аз Данғара аз деҳаи Тоҷмаҳал аст беваи Заринаро признават намекунаду тамом. Зарина дар ин фикр афтодааст, ки «як илоҷ када и данғарагии говкаларо даф кадан даркор, ана бад тамом».

Исфара

Асалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Боз аз Чоркуҳи акнун бекӯҳ менависам. Имрӯз барномаи «Ғорати Лайс дар Чоркуҳ»-ро дидам. Нависандаи ин нома 100%дуруст навиштааст. Ман ҳам мехоҳам дар бораи ин авлод фикрҳои худро баён созам.

Ин  авлоди гушнаи ин золим ҳафт додаранд. Як нафари онҳо Олим ном дошт, ки дар вақти шуравӣ номашро касе мешунид, метарсид. Ҳатто одамони ҳамроҳаш мегаштагиро тарсонида пул мегирифт. Ҳамин буд, ки дар охири ҳаёташ забонхояк шуд, гап мезад ҳеҷ кас намефаҳмид, мисли Брежнев. Ин падари ҳамон Неъмати арканок буд. Хуб, бигзор дар бораи дигарҳояш нагуям. Лекин дар бораи падари Лайс мегуям, чунки як золими дигар буд. Дар вақте ки раиси селпои Чоркӯҳ буд фақат ҳақи маҳсулоти барои Чоркӯҳ меомадаро  ба қирғизҳо медод, ба хотири ин ки чорвои бисёр дошт ва қирғизҳо дар куҳ мечарондан. Бечора мардуми Чоркӯҳ маҷбур мерафтанду он маҳсулотро бо нархи гарон аз бозор мехариданд ва охири кор дуъои бади мардум гирифт. Бемори сахт шуд. Дар аввалҳои бемориаш дар рӯзҳои бозор фарзандонаш ба бозор мебароварданду назди дарвозаи бозор дар офтоби  гарм рост мемонданд, гуё одамтарсонак ё ба истилоҳи мо исфарагиҳо «бомкӯбак» бошад. Дар охир ҳамин Лайс як бурда нонаш надод, ки «ту бисёр ифлос карда истодаӣ»,гуфта.

Барои чи ман инҳоро навишта истодаам. Шояд ба хотираш ояд, шояд шунаваду ибрат шавад ба ин золим. Охир рӯзе ҳамин ҳам пир мешавад.

Инҷо мехоҳам дар бораи амаки Мухтораш ҳикоятамро давом диҳам. Сабаби раиси ҷамоат шуданаш ҳамин мушҳури Мухтор буд. Соле, ки Раҳмоналӣ Амирови боевик дар Исфара раис таъин шуд, дар маҳаллаи бо номи детсад стадион месохт ва ба Мухтор сум лозим мешавад. Ба Лайс ваъда медиҳад, ки 40.000доллар деҳ ва дар рӯзи омадани Раҳмонов як аспи тозӣ подарка кун дар ояанда ту раиси ҷамоат мешавӣ. Аз ҳамон сол ин ҷониб Лайс ба бетартибӣ сар кард ва ҳамин хел ҳам шуд, лекин бо кашмакашиҳои зиёд. Хело вақт мегузарад. Мухтор маблағи 40.000 долларро пас дода наметавонад. Лайс дар пеши ҳар касе бошад Мухторро ҳақорат мекард ва мегуфт, ки сумро баргардон, лекин наметавонист. Чунки Мухтор Шаропов як писари қиморбоз дорад. Ҳеҷ илоҷи дигар наёфта ҳамин стадионро ба ҳуҷҷат карда ба Лайс медиҳад, то ҳол аз они ӯ аст.

Боз як мавриди дигари пулканӣ. Аз як соҳибкори муваффақ, ки дар республикаи Беларусь фаъолият дорад Лайсиддин Абдусаломзода аз заминҳои аз қирғизҳо гирифта дар масоҳати як гектар бо пули калон мефурушад. Аммо амакаш Мухтор Шаропов ин замини ман гуфта ин бачаро танг карда сум мегирад ва боз дар маркази деҳа як ошхона, магазин ва як нонвойхонаро, ки гуё аз они Ҳошими кунқапаки хусури Лайс бошад ба ҳамин соҳибкор мефурушад ва он соҳибкор ба азнавсозӣ сар мекунад. Аммо ин Мухтор бо ҳамроҳии Ҳошими кунқапак аз болои ин бача, ки гуё биноҳоро вайрон карда бошад ба прокуратура менависад. Ин соҳибкори бечора айни замон ин ҳамаро мепартояду меравад. На ин аст симои асосии ин авлоди гушна ва бубинед, ки инҳо то кадом дараҷа беинсофу нокас ҳастанд.

Худи Ҳошими кунқапак аз пеши стадиони Лайс як гектар замини обиро гирифта як гармхона сохта боз ба фурӯш мондааст. Гуё ин заминҳо аз бобокалони ин золимҳо барояшон мерос монда бошад. Охир ҳамин Ҷаноби пешвояшон гуфта буд, ки заминҳои обиро барои сохтмон ва участка додан мумкин нест. Аммо инҳо бошанд мисли думбаи гусфанд буридаву фурӯхтаву хӯрда истодаанд. Прокурору милисаву амният куҷоро нигоҳ мекунанд, ҳукумати ноҳия магар намебинад?

Пештар, дар номаи гузаштаам дар бораи махинатсияҳояшон дар мавриди фурӯши барқ навишта будам, аммо чизе дигар нашуд, ҳамон асту ҳамон. Аз хонаи Мухтор ба чор тараф симҳо кашида шудааст. Баҳодурзода доляро гирифа хурда гаштааст.

Дар номаи гузашта дар бораи асфалти роҳ ҳам навишта будам. Аммо, шукри Худо ва ташаккур ба «Ислоҳ», ки ин дафъа нома «кор» кард. Роҳро Лайс ва раиси деҳаи Сурх аз ҳисоби худашон таъмир карданд. Гуё Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки ҳама ӯро бо лақаби Қофолонбой мешиносанд таъкид карда бошад, ки сифати кор паст аст.

Дар бораи дарвозаи Чоркуҳ, ҳамоне,ки шумо дар наворҳоятон нишон додед, ин дарвоза кайҳо  несту нобуд карда шудааст.

Барои бунёди дарвозаи нав дар даври аввал- чор сол пеш сум ҷамъ шуда буд. Инро ҳам Лайс хурд. Чи хеле гуфтам дарвозаи куҳнаро титупит карда партофт. Ана ин аст ободкориҳои Лайс Абдусаломзодаи чоркӯҳӣ.

Ҳа, қариб буд фаромуш кардам. Ҳозир ҳамин Мухтор дар саҳро як гектар замин гирифта гуё бо киштукор машғул шудааст. Дар асл ин тавр нест. Ҳаррӯз маст хоб аст дарсари замин. Дирӯз боз фаҳмидам, ки дар маҳалаи Холисон як мактаб-коллеҷ кушода шудаасту ин алкаш дар онҷо муаллим будааст. Аз ин алкаш талабаҳо чи меомухта бошанд?

Боз дар бораи ҷамъоварии пул. Ин бор бо баҳонаи таъмири бинои мактаб. Аввал ҳашар эълон мекунад, аз маҳаллаи мо даҳ нафар ба ҳашар меравем, ки ҳоло ягон намуд маводу маҳсулоти сохтмонӣ оварда нашудааст, нест. Мо ду соат мунтазир шудем, наомад. Мо пароканда шудему рафтем хона ба хона. Рӯзи дигар Лайс ба масҷид списка фиристода 3000 сомонӣ ҷамъ кунед, гуфтааст. Аз сабабе, ки гӯё мо то охир  интизор нашудем ва ҳамчун ҷарима мо бояд 3000 сомонӣ медодаем. Аммо ин нимчамулло масҷид худаш дар Чоркуҳ филиали Ориёнбанк кушода кор мекунад, номаш ҳоҷӣ Зайлов, ки моро ғулом карда истодааст.

Боз дируз барои обунаи газета 3500сомонӣ ҷамъ кунетон гуфт. Охир, то охири сол ҳоло панҷ моҳ ҳаст. Бубинед, ки инҳо то кадом дараҷа ҳаромхӯр шудаанд. Дар як сол ҳамагӣ 10дона газет ба масҷид меояд ёне? Агар ҳисоб кунем як дона газета 350сомонӣ мешавад. Ман ба мардуми Чоркуҳ ҳаминҷо муроҷиат карда гуфтаниам, ки «ҳой, мардум, биёед имсол обуна нашавем,чи мешавад».

Бародар Муҳаммадиқбол! Гуфтаниҳо зиёд, аммо, бадбахтона мардуми Чоркуҳ рӯз аз рӯз номуси худро фаромуш карда истодаанд. Дар байни худ як чиз мегуянд аммо вақте раисро диданд чизи дигар мегуянд.

Худоё аз мунофиқӣ ҳамаи моро нигаҳ дор.

Дар охир ба шумо ва коргарони «Ислоҳ» ва Ҳаракати «Ислоҳотхоҳон» тансиҳативу бозгашт ба ватанро орзу дорам. Бигзор, дар ватан ҳамдигарро ба оғуш бигирем ва пирӯзиро бо ҳам якҷо ҷашн бигирем.

Вахш

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон нафареам, ки дар зери барномаи Вахш дар бораи Қурбони бех комент навиштам. Ҳоло мехоҳам, ки ин коменти маро дар барномаатон ҳам ҷой диҳед. Бовар дорам, ки дурусту ислоҳ намуда чоп мекунед.

Эй Қурбони бех!

Вахши мо аз пули даромади даруни район то пятачок ҳамагӣ як роҳи калон дорад. О, Худо бигирад корҳоятро, дар ҳаминҷо 4 светофор мондӣ ва бо ҳамин ҷонатро «халос» кардӣ. Ту чи кор мекунӣ?

Солҳои дароз дар районӣ, дафъ кун  як тараф мошин-пошинатро ва пиёда куча ба куча бигарду аз аҳволи мардум бохабар шав. Бипурс, ки кадомаш дорад, кадомаш надорад шароити «зиндагӣ»?Дар ҳамон Вахш дар кучаи Интернат як оилаи Юнусувҳо ҳаст. Бачаҳо мегӯянд, ки се акаву додару як хоҳар доранд. Ба гуфтаи бачаҳо аз онҳо нафареашон Юнусов Шералӣ аст, ки пас аз ҷанг на дар қайди зиндаҳо ҳасту на дар қайди мурдаҳо, на шиноснома дораду на ҳушёриаш маълуму на девонагиашро мефаҳмӣ. Зӯрат намеояд, ҷин намезанад, ҳеҷ балоят намешавад, ки агар як раҳ равиву ҳамонҳоро бубинӣ, хабар бигирӣ, кӣ чи ҳол доранд?

Онҳо ҳам шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Вахшанд. 33 сол шуд, ки шиноснома надорад.

Колхози Ленинград, соҳиб надорад, раиси маҳаллаву нозири минтақавӣ надорад. Аммо Қурбон ту ба ноҳияву вилояту ҷумҳурӣ мебароӣ. Худат шахсан бирав ба ҳамон кӯчаи Интернат ва ҳамон Шералии нимкола девонараро биёбу аз ҳисоби худат соҳиби шиносномаву нафақааш кун. Фаҳмидӣ маро? Боз мегӯям, ки Вахш он қадар калон нест, ки ҳар бангиву ҳангиву  девона беҳуда гардад. Зери назорати шахсии худат бигир!

Ту бифаҳм, ки мардум аз рӯи мастиаш ба Муҳаммадиқболи дигарҳо наменависанд. Конкретно зӯраш омадааст, ки даст ба навиштан бар зидди ту мезанад.

Айб, айб, айб.

Қурбон ту сағираи вахшӣ. Наход мардум бихезан аз болои ту ба Муҳаммадиқбол бинависанд?

Шустра районро порядка кун.

Ман дигар гап надорам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№268 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №225
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвоза ва ё дари вурудии асосии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, тавассути он ҳамарӯза садҳо ҳамватани мо, меҳмонони кишварамон дарову баро мекунанд. Ва, зарур аст ки он аз ҳар лиҳоз дилкашу озода ва муносиб ба одобу расму русуми мо, тоҷикон бошад. Аммо дар асл вазъу ҳоли ин фурудгоҳ чи гуна аст? Ва, оё раҳбарони имрӯзӣ, ки ҳамаҷоро олуданду харобу хазон карданд, ҳади ақал бо ин дарвоза муносибати одамвор кардаанд ва ё баракс инҷоро ҳам шабеҳи дигар муассисаву корхонаҳои давлатӣ фақат барои манфиати шахсии худ доранд суиистифода мекунанд?

Муаллифи номаи зер ба ин савол посухи рушан додааст:

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Агар иҷозат диҳед, як нома дар бораи ваъзи ногувори фурудгоҳи Душанбе ба шумо барои нашр мефиристам.
Хадамоте, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба мусофирон мерасонад, дурусттар гӯем намерасонад, як қиссаи таассуфбори ҷудогона аст. Чунонки маълум аст, «Сомон эйр» ҳавопаймоҳои худро бо роҳи фиребу дуздӣ аз пули саҳмияҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун ҷамъ карда буданд, харида буд. Вале «Сомон эйр» ҳеҷ гоҳ ба суди мардуми Тоҷикистон кор накард. Сатҳи хадамоти он яке аз поинтаринҳо дар ҷаҳон аст. Дар парвозҳои худ ба мусофирон ду бурда нон, ки дар байнаш як барги карам ва ду бурида помидор дорад, медиҳанду бас. Бо як истакон об ё чой. Дигар ҳеч чиз. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ин гуна парвозҳо ҳатман хӯроки гарми хушмазза бо анвои зиёди обу нӯшобаю чою қаҳва пешниҳод мекунанд. Ин як шармандагист ва таҳқири мусофироне аст, ки билетҳои «Сомон эйр»-ро маҷбуранд бо нархи баланд бихаранд. Яъне ба шарофати мусофирони тоҷик аст, ки фурудгоҳу ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» фаъолият мекунанду даромадҳои ҳангуфте ба даст меоранд, вале ба ҷои сипос, мусофирони худро бо ин хадамоти пасташон таҳқир мекунанд. Ҳатто дар ин моҳи мубораки рамазон савоб нагирифтанд. Ҳоҷатхонаҳои ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» чун одат бисёр чиркин, бадбӯ ва бидуни собуну дастмол аст.
Умуман фазо ва атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як гадохонаи калонро мемонад. Аввалин дари он гадохона минтақаи паркинги мошинҳо аст, ки дар даромади он ду нафар ҳамеша меистанд ва аз ронандаҳо барои вуруд ба он минтақа пули нақд ҷамъ мекунанд, вале дар иваз ҳеҷ расиде ба ронандаҳо дода намешавад. Мегӯянд ин нуқтаи пулҷамъкунӣ ба яке аз домодҳои пешво тааллуқ дорад. Ногуфта маълум аст, ки ин гуна ҷамъ кардани пул ғорати ошкорои мардум аст ва ба буҷаи давлат ҳеҷ молиёте супурда намешавад. Ҳол он ки пешво дар суханрониҳояш борҳо таъкид карда буд, ки пардохти хадамот дар кишвар бояд ғайринақдӣ бошад, то фасод камтар шавад, вале дар амал чунин аст. Дар фурудгоҳҳои ҷаҳон ҷамъ кардани пул аз мошинҳо кайҳо комилан автоматикӣ шудааст ва касе ҳам даркор нест. Шумо бо корти бонкӣ пулро пардохт мекунед ва дарвозаи минтақаи паркинг ба руи мошини шумо боз мешавад ва ҳамзамон дастгоҳ ба шумо расид (квитансия ё чек) содир мекунад. Яъне ҳама чиз шаффоф аст.
Пас аз ин навбати гадоӣ ба милисаҳои таги дари бинои фурудгоҳ мерасад, сипас кормандону боркашҳо, чунки навори қабули бори мусофирон кор намекунад ва дар ниҳоят сарҳадбонону гумрукиҳо, ки ба истилоҳ ҳаққи онҳо аз ҳама калонтар аст. Ҳар яке аз онҳо мисли ҳайвонҳои даранда дар пайти қурбонии хеш ҳастанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе толорҳои ба истилоҳ CIP ва VIP ҳам ҳаст, ки дар ивази пул ба мусофирон хидмат мерасонад, вале ҳолат дар он ҷо аз толори умумӣ кам фарқ мекунад, дар баъзе мавридҳо ҳатто бадтар аст. Масалан, агар шумо аз тариқи толори CIP ба Душанбе оед, яқин донед, ки бори шумо дар охири охирон ба шумо мерасад. Фаронсавиҳо вақте розӣ шуданд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як терминали нав созанд, пешниҳод карда буданд, ки онро бузургтар созанд ва бо шароити беҳтар, вале он замон пешво ба баҳонаи камбуди пул розӣ нашуда буд, чунки 70 дарсади харҷро бояд Фаронса мекард ва 30 дарсади харҷро Ҳукумати Тоҷикистон.
Акнун мехоҳем ба аҷибтарин чизи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар сарлавҳа ҳам омадааст, баргардем. Ҳоҷатхона ё дастшӯӣ? Ҳоҷатхонаи мардонае, ки дар табақаи дуввуми бино дар толори интизорӣ қарор дорад. Ин ҳоҷатхона ҳамеша касиф ва бадбӯ аст. Маъзарат мехоҳам ҳамеша бӯи баду ғализ мекунад, зеро дастгоҳи обрасонии онҷо дуруст кор намекунад ва ҳеҷ кас онро тамиз намекунад. Масалан, писсуар ё туалети сарпоӣ, ки сенсорӣ аст (ба шарофати фаронсавиҳо), обрасониаш кор намекунад, бинобар ин пас аз ҳар идроре ғализии бадбӯӣ дар ҳоҷатхона меафзояд.

Дар ҳоҷатхона собундони деворӣ ҳаст, вале дар дохилаш ҳеҷ гоҳ собун нест. Аз ин рӯ, мусофирон пас аз қазои ҳоҷат имкон надоранд дастони худро ба таври лозим бишӯянд ва тоза кунанд.

Дар ҳоҷатхона дастмолдон ҳам ҳаст, албатта, ба шарофати фаронсавиҳо. Вале дар дастмолдонҳо шумо ҳеҷ гоҳ дастмол ё ҳамон салфеткаро пайдо намекунед. Гузашта аз ин, ошиқмаъшуқи поёнии дари ҳоҷатхона шикаста аст ва ба ин сабаб дари ҳоҷатхона на дуруст боз мешавад, на баста мешавад ва ҳамеша дар ҳолати хамида ва нимроғ аст. Ин нимроғӣ сабаб мешавад, ки қазои ҳоҷати мусофирон аз берун дида шавад ва бадтар аз ин бӯи гандаи ҳоҷатхона тамоми фазои толори асосии интизори фурудгоҳи байналмилалии Душанберо фаро гирад. Вале аҷибтарин чиз дар қазияи ҳоҷатхона дурбини мадорбастае аст, ки дар дохили (?) ҳоҷатхона насб шудааст ва дар зери он эълони русии зерин часпондаанд: «Внимание! Ведется круглосуточное видеонаблюдение!» Ба иборати дигар, масъулини фурудгоҳ ба мусофирон ҳушдор медиҳанд, ки раванди қазои ҳоҷати шумо аз тариқи ҳамин дурбини мадорбаста назорат мешавад. Намедонем дар ҳоҷатхонаи бонувон чи ҳолат бошад?! Дар ҷаҳон боз чунин ҳоҷатхона дар пойтахташ пайдо кардан мумкин бошад! Ба фикри мо, мо дар ин масъала фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истисно аст!
Умедворем, нашри ин мулоҳизаҳои мо, мусофирон, ба беҳбуди шароит дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъсир расонад, ҳарчанд ба ин чандон бовар надорем, зеро об аз сар лой аст.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман мехоҳам дар барои як бригадири ҳақикасхур ба шумо гап занам. Ин бригадир баччаҳоро фанд мекунад. Дар Москва пулҳояшонро 40% мегирад ва сумро дар картаҳояшон аз фирма мегузаронанд чанд фоизашро баъд ва боқимондаашро  наличка медиҳанд. Ин оқипадар ҳамонро, ки дар картаҳо мегузарад барои худаш мегирифтааст. Ин номард Ҳамидов Машраб  аз Яхчи Нуробод мебошад.

Хулоса, домулло, мо дар Москва кор мекунем. Бригадири мо аз ноҳияи Нуробод аз Яхч Ҳамидов Машраб аст. Қариб 80 -90 кас ҳастем. Фирма 20 % суми маошҳоро  ҳар моҳ дар карта мегузаронад. Ҳамидов Машраб ҳамин миқдор суми картаҳои одамҳоро мегирад. Баъди 10 -15 рӯз бошад фирма  80% маошро нақд медиҳад. Барои он 20% ро тавассути картаҳо медиҳад, ки он миқдори маблағ ҳамчун маоши мо ҳисобида шавад ва аз нуги он камтар налог пардохта шавад.

Мо як ҳафта кор кардем бароямон як рубл надоданд. Ба мо гуфтанд, ки ба як кори дигар меравем. Охир ин чи зулм аст? Дар Тоҷикистон ҷойи кор нест Русия омадем ба ин ҳолат гирифтор шудем. Охир мо чи кор кунем ва куҷо равем дигар? Ҳеҷ куҷо ҷойи шикоят надорем, танҳо «Ислоҳ». Бародар ин мусибати ба сари мо омадаро нашр кунед, то ҳоламон ислоҳ шавад.

Душанбе

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин номаро аз дидаву шунидаи худам навиштам. Бори аввал аст ки нома менависам. Агар хатоие бошад, худатон ислоҳ кунед. Чунки «Ислоҳ» ислоҳкунандаи дигарон аст. Ислоҳаш кунед, шояд ба гуши кари мақомот расаду даст аз азияту озору зулму ситам бардоранд.

Инҷо мехоҳам дар бораи як духтури касалиҳои пуст профессор Қосимов Олим Исмоилович, ки зодаи шаҳри Панҷакент асту дар беморхонаи Яккачинор кор мекунад бинависам. Марди хоксору донишманд оқилу кордон, бе анализ табобат мекунад. Шифо аз ҷониби Аллоҳ мешавад, аммо давояшро баъди табобати ин духтур мебинӣ. Аммо сахт пул мегирад. Аз 15то 20-касро қабул мекунаду сари ҳар як нафар 100сомонӣ мегирад. 20ум нафар буд шуд мехезаду меравад. Оё намешавад, ин корро дар фирмаи «Фароз» неву давлатӣ кунед ва бо маблағи муайян, масалан 50 сомонӣ.

Чунки ин одам сардори ин поликлиника мебошад, номзади илмҳои тиб аст, аз бюҷети давлат маош ва нафақа мегирад, боз аз ҷайби мардум мегиранд. Як зан мегуяд: «ма ай Шаҳритус омадам 50 сомонӣ дорм. Медсестрааш ошкоро мегуяд, ки фарқ надорад, қабули духтур 100 сомонӣ мебошад». Ман духтарчаамро, ки 8 сола мебошад, бурдам касал буд. Аммо он қадар касали сахт набуд. Диду як мазу 2 таблетка нависту гуфт 100 сомонӣ мешавад. 100-ро медиҳиву назначениро мегирӣ. Доруҳои навистагии ӯ фақат дар ҳамон аптекаи пеши ҳамон беморхона мешаванд. Як пачкааш 600 сомонӣ, камаш 3 ё 4 пачка менависад: биёву бигир.

Бо як эронию як афғон шиносам Як рӯз сухан дар бораи Тоҷикистон рафт. Ба онҳо гуфтанд Тоҷикистон ватани зебо аст, кутоҳ таъриф карданду баъд дар бораи  нарху наво гуфтанд, ки бениҳоят гарон аст. Аммо пулат бошад духтар беҳисоб. Афғон гуфт: «ма ҳами тоҷикода ҳайронам пастаяна нойит мекунану бурда доля метан». Ман гуфтам, хайр чи кор кунанд? Афғонӣ гуфт:  «ман 50 солаюм, то ҳозира ҷанг аст дар Афғонистон, аммо ин зулме дар Тоҷикистон дидам боварам кунед дар Афғонистон тамоман нест».

Эронӣ пурсид чи хелӣ зулм? Ман зулм намебинам. Гуфт тамоми даромад, чи конҳои тиллою сурмаю ангишту дигару дигар, андозу свет дар дасти оилаи Э.Раҳмон ва мақомоташ ҳаст. Боз барои як лайк аз 40 то 100 ҳазор сомониро мегиранд аз мардумаш, ки ин маблағро қарз мекунад мегирад ва рафта дар Русия ғулом мешавад ва дар ҷанги Украина кушта мешавад. Аммо Эмомалӣ хап. Ҳамин тоҷикҳо ҳастанд, ки Эмомалаӣ ҳаст, инҳо набошанд Эмомалӣ худаш кист?  Инро фикр мекарда бошад. Боз бар болои ин ҳама даст ба корҳои ғайриинсонӣ мезананд. Масалан духтарҳое, ки ба мақомот маъқул мешаванд, аз синфи 9 то 20 сола аввал худашон таҷовуз мекунанду баъд ба афғонҳо мефурушанд. Ё барои онки гап набарояд, гуфти ҷанобашон безарар мегардонанд. Кутоҳ, вале бисёр гапҳоеро гуфт, ки валлоҳӣ мани тоҷики ин сарзаминам тамоман намедонистам то ин андозаашро.

Баъд ман пурсидам, ки модоме шумо ҳамаро медонед, мумкин дар баъзе корҳо ҳамкорӣ доред? Мегуянд, ки аз 3 нафар 2тоаш буз аст. Якеаш бузи амният дигариаш бузи ВКД. Мо пас чикор кунем? Ва пешниҳод кард, ки дар минтақаҳое, ки зулм бисёр аст, ин минтақа бояд, ки ба шикор гузаранд. Пурсидам,ки чи хел? Гуфт Русия 20 сол зад Панҷшерро гирифта натавонист. Бо самолет зад, сарбозонаш шабона монданд. Ҷавонмардони тоҷики панҷшерӣ онҳоро селабур карданд. Барои ҳамин армияашро аз Панҷшер баровард. Вале шумо дар минтақаҳо корҳое бояд кунед. Мисол участковий ё амниятие, ки зулмкор аст ва ё афроди алоҳидаи доносчикҳоро мушаххас кунед зарари худатонро расонед, то дарс шавад барояшон. Агар чанд касеро,ки маҳкам мекунанд халқ шабона рафта (дар отдел шабона шумораи навбатдорон кам аст) онҳоро озод кунад, дигар оҳиста-оҳиста участковий аз Кулоб намераваду аз ҳамон минтақа мемонанд.

Аз чунин зиндагии даҳшатноке, ки ҳарруз фикр мекунӣ аз кучо ёбам, ки зиндагиамро пеш барам ва дар дилат даҳшат аст ки ҳозир меқапанду як айбро дар сарам бор мекунанд ва дигар чизе надорам «хонама фурӯхта сумашро онҳоро метиям» мардона мурдаву осуда хоб рафтан хубтар аст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман барномаҳои марбут ба Комсомолободро аз канали ютубии шумо тамошо кардам. Гуфтаниям, ки дар бораи Шоҳ мардуми онҷо ки кор кардаанд, нависанд. Чунки худам ба меҳмонӣ барои тамошои бузкашӣ рафтаму дар 3 юм тунел моро қапида гуфтанд, ки роҳ маҳкам аст. Онҷо мошинҳо ҷамъ мешаванду аз 20 мошин зиёд шуд сари мошине ҳамон шаб 20сомонӣ ҷамъ карданду роҳро кушоданд. Онҷо ман бо ҳамон корманди тунел камтар ҳамсуҳбат шудам. Гуфтам бародар чаро дар 2юм тунел аз шаҳр меоӣ мебароӣ роҳ ях баста. Пайи чархҳо мошин чуқур шуда таги мошинҳо мерасад ва баъд вақте тормоз медиҳанд ях намеқапад, авария бисёр мешавад. Инҷо дарозиаш зиёда 1км мебошад.Чаро дар ин подём пеш аз асфалт ягон кабел намондед, зимистон ключаташ мекардед,онҷо ях намешуд. Вай як нигоҳе карду гуфт:- мардак барин чи кораӣ, ягон агент набошӣ? Гуфтам не, аллоҳ шоҳид аст ягон агент нестам.

Баъд гуфт, ки онҷо сими махсус буд, ки метри онро бо доллар харидаанд. Ин маблағи калон аст. Аз ҳукумати шаҳр омаданду гуфтанд асфалтро канед. Хитоии роҳсоз пурсид, ки чаро? Гуфт шумо девонаед, ки ин сими қиматро дар инҷо мондед? Хитоӣ гуфт ин роҳ бояд ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгу бошад. Агар мо ин симро, дар асл ин сим нею чи номи дигар дорад, гуфт, ман намедонам, аммо ту сим гуфтӣ, ма аз гапи ту мегуям намекандем садама руй намедод. Гуфт: «ма задагиюм камисияи байналмилалира».Гуфт хайр, ту, ки задагӣ бошӣ зимистон авария бисёр ва роҳ маҳкам ва маргу мир зиёд мешавад.

Гуфт парво накун, муранда ғармӣ бошад, очаашонро фалон кунам, инҳоро нобуд кардан даркор. Мегуяд, хуллас кандему он симро, ки аз ду тарафи роҳ буд ҷамъ карда додем, гирифтанду бурданд. Хитоӣ ин роҳро то ҳозир аз комиссияи давлатӣ гузаронида натавониста истодааст. Агар боз дигарҳо дар бораи ин роҳ ягон маълумоте дошта бошанд, нависанд. Чунки бояд Раҳмонов фаҳмад, ки барои фармони ту мақомотат чи корҳоро мекунанд.

Пешниҳоди ман ба шумо ва ба миллати азизам ин аст ки хап нашинед, хезед аз худ ҳимоя кунед. Ё гапи ин афғонро гиреду дар қисми амал гузаред. Пешниҳод ба шумо ҳамин мақомоте баъди 2015 дар вазифаҳо аз участковий то началник кор кардаанд оянда аз пенса маҳрум созед. Чунки инҳо кроме маошашон хуни халқро макидаанд ва генералу полковник шуда пенсияи калон мегиранд. Полковник аз 3 то 4000 сомонӣ, генерал аз 4.5 то 7ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд.

Инҳо боз баъди пенсияашон боз ҳақи мардумро мехуранд. Барои ҳамин инҳоро маҳрум созед ва фарзандони инҳоро чи хеле худашон мегуянд фарзандону наберагони хоинони миллат нависед. Онҳо рафта дар Русия кор кунанду баъд худашон ба дашноми бобову падарашонро сар кунанд.

Фаромуш кардам аз духтуре, ки дар 10 корпуси Қараболо номаш Маҳмадлоиқ тақрибан 44-45 сола мебошад, бигуям, ки ба гузаронидани доруи химия барои касалиҳои рак машғул аст.

Як шиносам дируз гуфт ин ҳукумати моро кадом идораи фасодзадаашро гуем? Мегуяд, ки хоҳарамро бурдем касали рак гуфтанд. Ҳар сешанбеи саршавии моҳ оварда химияш мегузаронем. Гуфт як сол бурдемаш ҳар сешанбе. 2800сомонӣ месупоридем, аммо касаламон вазнин шуду тавсияи як шиносамонро гирифта Ҳиндустон бурдемаш. Ҳиндуҳо гуфтанд ин касал дар вуҷуди ин бемор тақрибан 1сол зиёд шудааст. Барои чи ҳамагӣ 2 маротиба химия гузаронидеду халос. Гуфтем не, мо ҳар моҳ химия мегузаронидем. Гуфтанд, ки фақат 2 маротиба гузаронидаанду халос, диграаш ба монанди оби ҷушомадагӣ гузаронидаанду тамом. Экспертизаашон ҳамин хел нишон дод. Илтимос касе дар бораи ин духтур маълумоти зиёде дорад нависад, то ки ин халқи ғуломи мазлуми мурғшуда ақалан аз чунин духтурон халос шаванд.

Кушониён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аввало дар ин моҳи шарифи рамазон дуо мекунам, ки Аллоҳи меҳрубон шумо  ва хонаводаи шуморо дар  паноҳи исматаш нигоҳ бидорад. Ва падари шумо руҳаш шоду ҷояш ҷаннат бошад

Ман аз Кушониён. Шумо дар барномаҳои пешина дар бораи раиси ҷамоати навтаъиншуда Лутфуллоев Неъматуло гуфтед. Ман чанд ҷумла дар бораи ин одам гуфтанӣ ҳастам.

Лутфуллоев Неъматулло мардумро бе ниҳоят зулм карда истодааст. Ин одам ба мардум на пули чобуқ медиҳад на суми пахта. Бар замин ин ҳарруз дар масҷид  маҷлис мекунаду мардумро мегуяд, ки «брен ариқҳо-ҷуйборҳоро биканену тоза кнен». Ин ҷуборҳоро худи ҳамин касиф истифода мебарад. Мардум мепурсад, ки дар як метраш чанд сум медиҳӣ? У дар ҷавоб мегуяд: «ман набошам шумора амният ято ба якто мебара фалонтон мекунад».

Ин раиси ҷамоат бародари Лутфуллоев Сайфулло Асадуллоевич аст ки дар донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Бохтар омузгор кор мекунад. Дар бораи чи гуна раиси ҷамоат шудани ин Неъматуллои даюс дар шумораи пешина гуфта будем.

Агар ин Неъматулло ин гуна азияту озори мардумро бас накунад, ин навбат муфассал қиссаи чи гуна раиси ҷамоат шуданашро, ки дар шумораи пешина мухтасар гуфта будем, ҳикояти пурра хоҳем кард.

Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ба шумо моҳи шарифи Рамазон муборак бошад. Аллоҳ шуморо ба ниятҳои некатон бирасонад. Ман як модарам. Мехоҳам аз як ноадолатӣ суҳбат кунам. Дар наворе, ки дар Инстаграм баромад, ки 6 нафар донишҷуи Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино байни ҳам ҷанг мекунанд, бачаи ман ҳам дар ин донишгоҳ мехонад.
Ду бачча чанг мекунанд барои як духтар, аммо баччаи ман онҳоро ҷудо мекунад, тамом. Аммо дар навор, ки дар инстаграм ҳаст ва онро духтарони донишгоҳ партофтаанд ҳамаи ҳамин 6 кас афтодаанд.
Милиция омада 6 баччаро бурда барои7шабонарӯз дар спецприемник маҳкам кард. Баччаро ягон дело накарданд, фақат 7сутка маҳкам карданду тамом. Хуб, майлаш гуфтем, ноҳаққӣ шуд. Ду кас ҷанг кардагӣ. Аммо инҳо бурданду 6 касро маҳкам карданд, аз ҷумла бачаи ман ҳам маҳкам шуд. Баъди 7 шабонарӯз инҳо аз спетсприёмник озод шуданд вале ҳамаи он 6 касро аз Донишгоҳи тиббӣ ихроҷ карданд.
Пеши декан рафтам ва пурсидам, ки барои чи бачаи маро хориҷ мекунед, чи гуноҳ кард, ки хориҷ мекунед? Вай баракс ҷанг накунед гуфта дар мобайн даромад, ҷудо   кард. Барои ҳамин кори хубаш магар хориҷ мекунед? Ку ҳақиқат ва ку адолат?

Деканаш мегуяд, ки «видео то боло рафтагӣ, барои ҳамин хориҷ кардем».Мегуяд ректор гуфт, ки то прездент ин навор рафтагӣ. Гуфтам, «ха, охи ягон кори бад шидагӣ нест ягон каса накуштан мисол».
Ман ба ҳамин ректори мединститути ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳриддини Нуриддин гуфтаниам, ки аз Аллоҳ магар наметарсӣ, ки чор бачаро ноҳақ хориҷ мекунӣ?
Хамин инсон ректори мединститут
Ту ҳам падарӣ, фарзанд дорӣ, фарзанди тура ноҳақ хориҷ мекарданд, чи кор мекардӣ?
Ман, расман ба Прокурори Генералӣ ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода муроҷиат карда гуфтаниам, ки ин ҳодисаи ҷанг ва ноҳақ ихроҷ кардани 4 нафар донишҷуи бегуноҳро тафтиш кунад ва адолатро барқарор созад.

Ректори Донишгоҳи тиббӣ Муҳриддини Нуриддин боз ин корашро ба каллаи Президент зада истодааст. Гуфта истодааст, ки фармон аз боло шуд, барои ҳамин хориҷ кардам. Президент дар як баромадаш гуфт, ки Донишгоҳи тиббӣ ояндаи мо аст. Наход барои ҳамин кор донишҷуй-табиби ояндаро хориҷ кунад?

Бародар Муҳаммадиқбол, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар нашр намоед.

ДАНҒАРА

Асалому алекум ва раҳматуллоҳ домулло Муҳаммадиқболи Садриддин.  Шикояти мардум Данғара аз ширкати мегафон.  9 сол шуд ман симкартаи ширкати Мегафонро истифода мебарм ягонбор бе шот яъне бе пул мондаги нест симкартам бе сабаб махкам шуд.  Данғара маркази ширкати мегафон рафтам дар маркази мегафон мардуми зиёд ҷамъ шуда буданд хуб маълум шуд,ки  аз онҳороҳам махкам карда будаанд. Акнун бадбахтиро бубинед дар маркази Данғара барқ нест ба мардум мегуянд равед бегоҳ барқ шуд баъд биёед. Медонед барқ кай мешавад? Барқ соати 17:30 мешавад то соати 18:00 ширкати Мегафон кор меркунад. Занҳо мегуянд мо кудакони хурди ширхор дорем, кудакони мактабхон дорем охир моҳи рамазон аст ягон илоҷ кунед.  Аммо кормандони Мегафон бошад аслан парвое надоранд. Бар замми ин боз коргарони ширкати Мегафон хело муомилаи бад ба занҳо ва солмандон бархурд мекунанду ҷавоб медиҳанд.  Мардум ҳама намедонанд, ки инҳам бозии худи ширкати Мегафон аст. Ҳатто як дивижок надоранд, ки мардумро сари вақт ҷавоб диҳанду мушкилашонро ҳал кунанд. Бадбахтӣ инҷост,ки намедонанд мардумро бо чи роҳ пулашонро гиранд дар ҳамин моҳи рамазон.  Мардум рузадор аз қишлоқҳо ба маркази Данғара зодгоҳи Президент меоянд кормандони Мегафон мегуянд свет нест мардумро ҷавоб медиҳанд. Агар ин шикояти моро ба мардум ва ба ин ҳукумати ҳаромхур ки доим аз пайи озори ин мардум асту пайваста бо ҳар роҳу услуб мардумро азоб медиҳад.  АЛЛОҲ лаънат кунад Эмомалӣ Раҳмонова ҳам роҳи оилаи дузду ғоратгараш. Охир агар қарзи ширкат зиёд шавад бояд онро шумо аз кисаи мардум бигиред? Охир мо ғулом нестем шаҳрвандони озоди ин ватан ва кишварем.  Худо лаънатшон кунад бо ин мушкилоти сунъие болои мардум меоранд ба хотири пул кор кардан. ИНШААЛЛОҲ мо дигар итминон дорем, ки охири рӯзҳои дар курси мондаанашон аст.  Бо эҳтиром аз номи мардуми Данғара. «Ислоҳ» илтимос номаи моро нашр кунед!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №225  появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №165
Вақте мудирияти кишвар аз тарафи афроди интихобӣ ва матлуби мардум сурат намегирад, вақте идораи кишвар тавассути як гуруҳи муайяни одамҳо, ки бо ҳам алоқаҳои таборӣ ва маҳаллӣ доранд, вақте дар раҳбарии мақомоти кишвар як қабила ва қавм аксариятро ташкил медиҳанд, ин қишр ва ин табақаи ҳоким на кори ҳокиму на кори мудиру на кори раис, балки кору кирдору мафияро анҷом медиҳанд.

Мафия фақат иборат аз гангстеру қочоқбари маводи мухаддир нест, мафия ҳамин тоифа ва гурӯҳи одамон аст, ки мансабу масъулияту маъмурияти давлатиро бар суди худу қабилаву авлоду таборонаш суистифода мекунад.

Дар бораи Шоҳрух Саид мо борҳо навиштаему боз ҳам менависем. Вай то ҳамин чанд вақти пеш сардори УУРи МВД буд. Ҳоло сардори УВД-и Душанбе мебошад. Аммо манбаъҳои мо мегуянд, ки ба таври ғайримустақим ҳамин ҳоло ҳам УУР-ро идора ва назорат мекунад, чунки сардори УУР нафари наздики вай аст. Акнун бубинед, ки чи гуна ин сардори нави УУР, шогирди Шоҳрух, кори бандаҳои мафиозиро карда истодааст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Тоҳир Барот, сардори нави УУР, «кычыкчаи Шорух. Чизе Шорух бга ҳамура мекна». Тоҳир як бародар дорад, номаш Саъдӣ. Саъдӣ солҳост, ки дар аэропорт кор мекунад. Ягон рӯз ҳушёр нест. Фақат маст мегашт ва мегардад. Арақро бо литр мезанад. Дар вақте, ки Тоҳир сардори милитсияи аэропорт буд, чандин бор Исмати Дулик Тоҳирро пиён қапида буд. Ё хотири Тоҳир ё аз тарс аз Тоҳир чизеяш намегуфт. Ҳозир бошад тамоман. Дар моҳи шарифи Рамазон ягон рӯзашро мегирад рӯзаву тамом дар дигар рӯзҳо бо задагӣ «кында пиён». Саъдиро Тоҳир чандин бор бурда табобат кард, бе фоида. Дуои мардум нагирифта намемонад. Ҳозирҳо Саъдӣ умуман худашро ҳушёр карда наметавоанд. Кор ба як азоб меравад. Любой корро дар аэропорт буд мекунад. Любой борро мегузаронад. «Мада по..яй мега. Сменаи корима ҳаст, нест ма да аэропорт гапзанм». Аҷиб. Агар ягон камбағали дига мебуд, кайҳо бо статя «сырыш када бдан». Як бечорае, ки нохост хобаш дар ҷои кораш мебарад, ё ки бо ягон сабаби узрнок наметавонад кор омадан, «ҷошда тамом». Аммо ин ҳафтаҳо кор намеояд, агар биёяд кор, пиён, дар пояш рост намеистад, меғалтад хоб. Ана ҳамин ҳолу ана ҳамин вазъият.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Арзи сипоси ман ба ҳама кормандони Ислоҳ. Мана як хушхабар, пайки бедории миллатро ба шумо расониданиам. Ман аз ноҳияи Ҷомӣ, аз ҷамоати Яккатут ҳастам. То ин вақт бовар надоштам, ки ин гуна корҳо сар мезанад. Аммо худоро шукр, ки шуруъ шудааст. Чунки корд ба устухони мардум расид. Хабаре, ки мерасонам ин аст, ки дар танаҳои деворҳои мактаб, магазин, сартарошхона ва бунгоҳи тиббӣ истеъфои Раҳмоновро навишта ва талаб кардаанд. Мардум истеъфо нависондаанд. Ҳоло аз ин навиштаҳо мақомот истифода карда ҳамаи халқи деҳаи Мирзо Турсунзода, ки дар наздикии ҳамон навиштаҷот воқеъ аст азият карда истодаанд. Ҳамчунин сокинони деҳаи Яккатут, деҳаҳои Шверник ва Аскари сурхро таҳти истинтоқ қарор дода истодаанд. Ҳамаи муаллимҳои мактабҳоро шуъбаи корҳои дохилӣ бурда телефонҳои онҳоро санҷидаву бо ҳар баҳона пул канда истодаанд. Телефонҳои чанд нафарро чандин руз мешавад, ки барнагардонидаанд. Кофта истодаанд, ки ягон айб ёбанд. Айбашон яъне чи? Ютуб даромада чиро тамошо карда бошанд? Бо кӣ гап зада бошанд, лайк монда бошанд? Гуё, ки числои 12 агар ёбанд, ки кӣ нависондааст, ин шиорҳоро корашон ҷамъбаст мешудааст. Агар намеёфтаанд боз 60-70 нафари дигар аз Душанбеву Бохтар меомадаанду боз корро яъне истинтоқ ва азияти мардумро давом медодаанд. Ҷои хобу хурокашон дар масҷиди Яккатут аст. Ҳамонҷо дам мегирифтаанд. Дар вақти хобашон гуё кадоме омада балони мошинашонро бурида ва бензин рехтааст, аммо успети алов задани нақлиётро накардааст ва ё инки аз раъйаш гаштааст. Аммо мардум мегуянд, ки ин кори охирон, яъне балони мошину бензин кори ташкилии худашон аст, то ки болои мардум зиёдтар зулм карда пули бештар ба даст оваранд. Ин ҷамоат ҷамоати калон аст. Садҳо телефони зану мардро гирифтаанд: аз муаллимҳо, аз кормандони ҷамоат, аз мардуми одӣ. Вале ин чиз хушҳол мекунад, ки миллат дорад бедор мешавад. Ва ин ҷабру зулми онҳо боз ҳам мардумро муттаҳид мекунад бар зидди онҳо. Барои ҳамин ман гуфтаниям, ки мардуми Киров, Пушкин, Қизилқалъа ва Уяливу Гаровутиву дигару дигарҳо ҳам бояд ором наистанд.

Ман ҳозир дар Русия дар Подмосковый ҳастам. Инҷо таги дасти арманӣ кор мекунем. 50-60 тоҷикем. Аз Кулоб, Ҳисор, Шаҳринав ва аз Қурған. Инҷо ман ва чанд бачаи ванҷиву дарвозӣ ҳам ҳастем, ки моро ҳамчун тарафдори мухолифин мешиноснад. Мо бо рабочикҳои арманӣ баробар кор мекунем аммо баробари вай ҳақи гап задан надорем, ҳақ ҳуқуқ, маош надорем. Охир мурданамон беҳ нест?. Бояд дар ватанамон ҷойи кор ёбем. Раҳмонов ватани моро барои худашу авлодаш ишғол кардааст. Мутаассифона дар байни мо дар инҷо шестеркаҳо аз худамон ҳам ҳастанд. Дар таърих ин қадар буз нагузашта буд дар оянда ҳам намеояд. Кундаи тоҷикро ҳамин хел кардагианд, чоплусӣ мекунанд. Арманӣ кайе хоҳад пул медиҳад, кай нахоҳад намедиҳад. анде, ки вай аз кор нагирад пули кораша тияд. Ин модарпурхато шерҳоро қир кард. Ва гумонаш ин аст, ки дигар тоҷик то қиёмат сар боло намекунад. Аммо, ин ша’а Аллоҳ, нишонаҳо ва аломатҳо намуддор шуда истодааст. Аз ин дарди бедаво худамон худамонро наҷот медиҳем. Як ҳаёт дигар сархаму гунгу кар будан намешавад. Яккатут бедор шуд. Бояд ҳама хезем, на як ҷамоат ва на як ноҳия.

Бохтар

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Хабари кӯтоҳ дорам, аммо фикр мекунам ҷолиб аст.
Дар бораи яке аз домодҳои бешумори Асосгузори зулму залолат, пасвои миллати тоҷик, бачаи Майрами гӯрсӯхта. Ин домоди вай супернаҳанги ҷумҳурӣ Шамсулло Соҳибов, раиси «Фароз» ва шавҳари Рухшона, сафири Тоҷикистон дар Британияи кабир аст.

Соли 2020 дар пушти бинои ГАИ-и ҷумҳурӣ дар Душанбе, наздикиҳои бозори Балх, ин оқи падар хонаашро аз нол бачаҳои Хуҷанд месозанд. Вақте тамом мекунанд, пули корашонро намедиҳад. Ҳар вақте, ин бачаҳо пули ҳалоли худашонро мепурсидаанд, он касифи бесоҳиб мегуфтааст, ки «ҳами хурӯс тухм мекуна? Кай вақте, ки кард, ана ҳаму вақт пулотана мегирен».  Ва, хулоса ҳамин тавр, кидаташон мекуна! Агар хато накунам, пули кори онҳо 20 ҳазор доллар будааст.
Як чизи дигарам гап заданиям бародар. Соли 2009-2010 буд. Мо дар Москва будем. Як бародар шарикдарси амакам мешуд, Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Барои табобат Маскав омада буд, чунки бемор буд. Ҷигараш «сироз печени» шуда буд.  Ному фамилияашро бигзор пинҳон дорам. Дар кумитаи андози Қурғонтепа кор мекард, вазифаи калон дошт. Ҳамон солҳо дар Тоҷикитон пул барои Роғун ҷамъ кардану «саҳмия» фурӯхтан дар авҷ буд. Вақте омад дар квартира бо мо зиндагӣ мекард,тва аз  қафои табобатош буд. Як бор гап дар бораи саҳмияи Роғун рафт. Ҳамон вақту ҳамон сол он бародар гуфта буд, ки ин ҳамаш кидат аст, пулро ҷамъ мекунанду мардумро кидат мекунанд.
Баъд гап дар бораи Зоири домоди бачаи Майрами гӯрсӯхта рафт.
Агар дар ёд дошта бошед, дар барномаи «Семейканюс» гуфтед, ки петухи бачаи Майрами гӯрсӯхта вақте, ки дар Қирғизистон переворот шуд, ҳамон сол уро аз кор гирифт.
Бародар гапатон сад дар сад рост аст. Он бародар дар ҳамин бора ҳам гап зада буд, ки вақте дар Қирғизистон переворот шуд, бачаи Майрами гӯрсӯхта дар эзораш тар кардагӣ буд. Ва на танҳо ин касифи Зоҳирро аз кор гирифт, ғайр аз ин дигар авлодҳояшро ҳам гирифта буд, ки яке мардум боз дар Тоҷикистонам возмушатса накунанду нахезанд.
Бародар Муҳаммадиқбол, агар дар ягон барнома ҷой карданӣ бошӣ, номи ин бародарро нагир. Боқӣ саломат бошӣ!
Файзобод
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия. Синам аз 60 боло. Аз Файзобод ҳастам. Ҳар 3 моҳ сарҳад мерафтем, Қазоқистон барои ду шабонаруз ва аз 8 то 10 ҳазор рубли русӣ хароҷот мекардем. Аммо ҳозир ин нарх барои узбакҳо ҳамин тавр мондааст, аммо барои тоҷикистонӣ аз 15 то 18 ҳазор. Аҳволамон бад. Ҳамин гапи маро дар ягон барномаатон гуед.
Перм

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!, Ин ша’а Аллоҳ, ки хубу саломат ҳастед.
Баъди нашри барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№148» ,ки дар он дар бораи масҷиди  маҳаллаи Ҷарқишлоқ — Панҷруди Душанбе гуфтед, бовар кунед, бародар ин зотҳои ҳаром дигар кунашон дар гирифт!
Рӯзи 9.08.2024, ки рӯзи ҷумъа буд, ягон 20 нафар милисаи бо форма ва боз чандин нафар бо либоси мулкӣ омаданд ва чор тарафи масҷидро печонида нагузоштанд, ки ягон нфар дар берун аз масҷид намоз хонад. Ҳамара сур карданд,   ин касифҳои беимон. Дигар дар ҳамон плашадкае, ки гуфта будам, ки агар дохили масҷид пур шавад, мардум онҷо намоз мехонданд ин касифҳо дигар дар ҳамонҷо ҳам намонданд, ки мардум намоз хонанд.
Оқи падарҳо ранги галаи сагу шағол доду вой карда, мардумро сур карданд.
Дигар ними мардум маҷбур шуд, ки гарданду раванд. Аллоҳ ин ҳаромзодаҳоро лаънат кунад, ки қади ҷонашон аз таҷаммуъи мардум метарсанд, аммо боз зулмро давом дода истодаанд.

Як чизро тамоми халқи Тоҷикистон фаҳмид, ки Раҳмонов ва ҳукумати вай аз мардуми мусалмон ва аз намозу рузаи мардуми мусалмон сахт нафрат доранд. Чаро инҳо ин қадар аз намозу намозхон ҳазар мекарда бошанд? Охир, инҳо худашон имом-хатибҳоро таъин мекунанд, худашон мавъизаи онҳоро навишта медиҳанд, боз чаро аз намозхонҳо метарсанд?

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман навиштаи шуморо дар бораи онки Раҳмонов Рустамро ба ҷойи худаш меовараду Озодаро ба ҷои Рустам хондам. Ростӣ бисёр ҳам маъқул шуд. Ман аз гузари Чармгарони Кулоб фикру мулоҳизаҳоямро дар бораи Раҳмонов менависам. Албатта, ба дасти худи Раҳмонов аст, ки ҳарчи бихоҳад мекунад, чунки дигар вай аз касеву чизе биму ҳарос надорад. Опозитсия, ки дар дохил бошаду муқовимат кунад нест. Барои ҳамин вай агар бихоҳад метавонад, ки Сомонӣ писарашро раиси Душанбе мемонаду Заринаи духтарашро раиси Бонки миллӣ ва Рухшонаро аз сафорати Тоҷикистон дар Британия оварда вазири хориҷӣ мемонад ва Парвинаи духтарашро вазири тандурустӣ. Бачаҳову духтарҳо ва домдҳои расмиву ғайрасмиашро ҳам метавонад ба ҳар яке аз постҳои давлатӣ таъин кунад. Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки агар фикратон ё андешаатон ин аст, ки Раҳмонов як нафаҳму нодон аст ғалат мекунед. Раҳмонов пеш аз ҳама як ҷуъулбақар аст. Ин дуруст аст. Раҳмонов пиёнискаи бетавфиқу беимон аст. Ин дуруст. Раҳмонов дузди дуздон, сархайли дуздон, раиси дастаи дуздони давлатӣ аст. Ин дуруст. Раҳмонов маҳалгаро аст. Ин дуруст. Раҳмонов хешутаборпараст аст. Ин дуруст. Раҳмонов носераму чашмгушна ва ҳаромхуру аст. Ин дуруст. Раҳмонов одамкуш аст. Ин дуруст.

Аммо Раҳмонов тули ин 32 сол нишон дод, ки барои бақои ҳукуматаш сахт айёру ҳушёру зирак аст. Ва барои таҳким ва бақои он ҳатто хоки ватан, ҳатто зану духтарашро ҳам мефурушад.

Раҳмонов ба вузуҳ медонад, ки халқ уро ва Рустамро тамоман намехоҳад. Раҳмонов ҳарчиқадар халқи ман, халқи ман мегуяд, дуруғ мегуяд. Вай дар ру халқи ман мегуяд аммо дар пушт «зану модари ин халқа дашном мегуяд».

Раҳмонов тоҷикҳоро террорист муаррифӣ карда тамоми камбуд ва навоқиси даруни кишварро бо ин рупуш карда истодааст. Чунки Раҳмонов бо ҳамин роҳ ва бо ҳамин шакл бо мавқеъи зиддираҳмоновии мардум муқобилият карда ва худро ва ҳукумати худро муҳофизат мекунад.

Мардумро террорист муаррифӣ карда истифодаи тиру туфангро бар алайҳи мардум дар оянда фароҳам карданӣ аст.

Аммо, мутаассифона, бархе аз тоҷикҳои мо, ки маълум нест ба кадом хотир ин корҳои хашинро, амалҳои террористиро дар Афғонистону Эрону Туркияву Русия ва ҳатто Аврупо анҷом медиҳанд, нохоста ба дуруғҳои Раҳмонов далелу мадраки ростиву дурустӣ фароҳам мекунанд. Ба ин маъно, ки таркиш дар ду шаҳри Эрон ё Туркия ва ё Афғонистон ва ё талоши анҷоми аъмоли террористӣ дар бархе аз кишварҳои урупоӣ бо дастони тоҷикҳо ва ахиран «Крокус ситти»-и Маскав, ки гуё онҳо аҷиркардаҳои ДОИШанд, на танҳо ҷони худи онҳоро таҳти хатар қарор доду бархеашон кушта гардиданд, балки барои миллионҳо тоҷик мушкил эҷод карда, баръакс дар идомаи ҳузури Раҳмонов дар қудрат ва забондарозии вай мусоидат кард.

Яъне иттиҳомоти Раҳмонов алайҳи даҳҳо ҳазор аз тоҷик, ки ҳоло таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доранд, таъйид ва тасдиқ шуда истодааст. Ба баёни содаву фаҳмотар ин амалҳои ҳамватанони мо бар манфиати Раҳмонов анҷом шуд ва анҷом шуда истодааст.

Ҳоло аз инки дар Шоҳчароғ ва ё дар Крокус сити таркишу куштор ба амал оварда шуд, ба мардуми тоҷик чи фоида? Бо ин амалу афкори хом ва бемаънӣ, ин бародарҳо тоҷикҳоро дар арсаи олам бадном карданд ва ин бидуни шак бар манфиати Раҳмонов аст ва Раҳмонов ба тамоми дунё хоҳад гуфт, ки вақте ман аз хатари терроризм ва он ҳам терроризми исломӣ мегуям, шумо саҳлу сода нагиред. Ва бо ин кори бемаънову аблаҳонаи тоҷикҳо Раҳмонов ба худ ҳақ медиҳад, ки барои саркуби тазоҳуроти эътирозӣ артиш ва силоҳро ба кор бибарад, намунаи ахири он истифодаи неруи низомӣ дар Хоруғ дар баҳори соли 2022 аст.

Раҳмонов чи мехоҳад? Мехоҳад ҳамин шароит дигар нашавад. Мардум мурғ бимонад. Азизмо, Озода, Фируза….. агарчи мокиёнанд дар болои ин мардум хурус бошанд, чи расад ба худи Раҳмонову Рустаму Сомониву Исмоили Пигвину Анушервону Зоиру Зарифбек Рамзу Ашрафу ва…ғайраҳо, ки нару модаи мардумро тозанду тозанду таҷовуз кунанд. Барои онҳо ин мардум галаи харони Олимтой аст.

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар соҳаи маориф аз даврони шуравӣ кор мекардам. Се сол шуд дар нафақаам. Вақте аз баҷои имтиҳони қабул тарзи тестии қабулро ҷорӣ карда буданд, ман дар матбуот чанд мақола навишта инро дуруст наҳисобида будам.

Ҳоло ҳам бар ҳамон фикр ҳастам. Чунки соҳаи маорифи Тоҷикистон рӯз то рӯз ба ақиб рафта истодааст. Ин соҳа тағйироти бунёдӣ ва куллӣ мехоҳад. Амалан соҳаи маориф, чи кудакистону чи боғча, яслиҳо ва чи мактабу омузишгоҳҳову литсейҳо ва чи донишгоҳҳо пулакианд, аммо боздеҳ отдача надоранд. Ҳатто муаллимҳое дарс медиҳанд, ки худашон диктант навишта наметавоанд. Ин соҳаро ҳам ба бизнес табдил доданд. Дар як сол аз 200 ҳазор зиёд синфи як меравад. Ҳисоб кунед, ки ин 200 ҳазор барои як справкаи тиббӣ яксаду бист сомонӣ месупорад. Ин пул садҳо миллион сомонӣ мешавад. Як нафар директори мактаб гуфт, ки ҳамаи ин пулҳо ба ҳисоби ширкати Фарози домоди президент меравад.

Дар мактабҳо директорон хешу таборонашонро ба ҳайси фаррошу муаллиму муаллима бардуруғ ба кор мегиранд ва ба номи онҳо пул мегиранд. Ин ғорати руирост аст.

Хадамоти назорати давлати соҳаи маориф меояду пул мегираду зиёфат мехураду бо ба муаллим, ки савод надорад категорияи олӣ медиҳад.

Ҳамаи инҳо ба хотири чӣ ё аз дасти чӣ аст? Барои онки  Раҳмонов худаш дарс нахондааст, бачааш нахондааст. Онҳо парво надоранд, ки мехонанд ё не. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти хабариаш хабар дод, ки дар мактабҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 норасоии 2670 омӯзгор ба қайд гирифта шуд. Яъне мактабҳои Тоҷикистон ҳамин миқдор омузгор надоранд. Вазир гуфтааст, ки барои рафъи ин камбуд аз ҳисоби донишҷуён ва бо мувофақа бо ҳукумат 2170 нафар ҳамчун муаллим ба кор гирифта шуданд. Оё бо ин аҳвол соҳаи маорифи Тоҷикистон чи мешавад? Мо ягон кадри дурусту босавод тарбия карда метавонем? Ҳеҷ гоҳ наметавонем.

Ман бовар дорам, ки Раҳмонов тамоман парвои соҳаи маориф надорад ва ҳар гапе дар ин бора мезанад дуруғ аст.

Исфара

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз хизмати ҳарбӣ, аз отряди сарҳадии боғдорӣ менависам. Ман дар онҷо хизмат кардам.  Як қиссаро мегуяматон. Аз ҳолу аҳволи сарбозон. Ман соли 2021 то 2023 хизмат кардам. Аз як хона ду нафар дар як призив. Ҳаминро махсус зикр намоед. Дар куҷои қонун ин омадааст, ки аз як хона ду нафарро дар як призив баранд., Илтимос ҳаминро дар номаҳоятон чоп намоед. Аз аввали ба қисми ҳарбӣ овардан то бароварданро мегуям.

Ман соли 2021 ба қисми ҳарбӣ оварда шудам. Якум рузе даромадем танҳо чою шакар доданамон. Гуфтанд, ки хурок тамом шуд. Ҳамин хел хизмат сар шуд. Хайр, задану шаллоқ хурданамро намегуям. Фақат дар бораи питания мегуям. Инро бигуед, ки ин гушнаҳо бифаҳманд.

Ягон намуд хуроки онҳо ба талаботи инсонӣ ҷавобгу нест. Дар ягон қисмҳои ҳарбии заставаи Исфара хуроки руғандор намедоданд. Ҳамаи хурокҳояшон тамоман руған надорад. Обпазу буғпаз.

Саҳар соати панҷ, рузи ҷанги бо қирғиз бонги хатар-теревога доданд. Соат 5:10 ё 15 буд. Ҷанг сар шуд. Аз тарафи қирғизҳо ба самти мо чанд тир заданд.

Баъд ба мо ҳам фармон шуд, ки паронем. Мо ҳам тир задем. Ҳамин хел ҷанг калон шуд. Аз онҳо ва аз мо чандин нафар кушта шуданд. Ман номҳои онҳоро бигуям мефаҳманд, ки кӣ нома навиштааст.

Баъд ОМОН-ҳову дигар спецслужбаҳо омад. Вале фақат срабозҳо дар аввали хат будем ва ҷанг мекардем. Ягон офитсери маошхур ҳатто наздик намешуд. Чанд нафар ОМОН-ҳо дар пушти застава баҷо шуданд. Қасам ба номи Аллоҳ ягонтоаш барои ёрдам намеоянд. Ҳамааш баҷо шуданд. Сарбозҳо дар окопҳо ҷароҳатдор ,ягонтоаш намеояд, ки бигирад. Ман намефаҳмам, ки чаро онҳо ҷангро сар кардануд аммо чаро моро гунаҳкор карданд.

Аммо дар ҳамонҷо фаҳмидам, ки ба воситаи ин роҳ Раҳмонов ва домодҳои вай бизнес мекардаанд.

Вале алами ман ин аст, ки бачаҳои баъзе аз мансабдорҳо тамоман аскарӣ намераванду аммо аз як хонаи мо ду касро ба сарбозӣ гирифтанд. Ваъда дода буданд, ки заминатон медиҳем, аммо фиребамон карданд, надоданд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №165 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №108
Ба ростӣ, мо бисёр мехоҳем, ки мардуми азиз, муаллифони гиромии мо аз пешрафту шукуфоӣ ва осудагию оромии кишварамон бинависанд. Аммо, мутассифона, ин тавр нест ва пешрафту шукуфоӣ ва оромишу осудагӣ дар ватанро танҳо Раҳмонов ва оилаи вай доранду бас. Мардум дучори сад дарду азоб аст, ки мусаббиби он ҳамин оилаи беҳад калони Раҳмонов аст.

Бубинед, ки тоҷик аз ҷабру зулми ин оила дар муҳоҷират мемирад, ҳадди ақал дар рӯз аз панҷ тобут камтар ба ватан намеояд, онҳое дар Русия мегуронанду дар дигар кишварҳо онҳо аз ҳисоб берунанд, дар зиндонҳо кушта мешаванд, дар воҳидҳои низомӣ кушта мешаванд. Дар номаи зер аз марги мармӯзи як афсари ҷавони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумот дода мешавад. Ин ҷавони посбони ватан бо ҳазоруяк орзу ба кор пардохта буд. Аммо аз сад гул як гулаш нашкуфта дар хоки хунук ба хоби абад рафт. Амсоли ин ҷавони номурод даҳову садҳои дигаранд, ки ҳамин тавр кушта мешаванду аммо масъулони ин режим аслан парво надоранд.

Панҷакент

Салом устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Рудакӣ менависам. Инро бароятон бигуям, ки феълан дар Ватан ҳастам. Участковий хона ба хона гашта телефонҳоро кофта истодааст. Ман дар бораи ҳодисаи куштори як афсари амният менависам.

Умарзода Бузургмеҳр соли тавалудаш 1995, хатмкунандаи МТМУ № 53 ба номи Бобо Худойдодов соли 2013 дар деҳаи Марғедар, ҷамоати деҳоти Рудакӣ хатм кард. Баъд аз хатм ба мактаби КДАМ дохил шуда 5 сол таҳсил намуд. Дар вилояти Бадахшон корро шуруъ кард. Чор сол истод. Ба Исфара перевод шуд. Як бародари Бузургмеҳр 6 мох пеш дар Русия аз тарафи тоҷикон ба қатл расонида шуд.

2 рӯз аз Бузургмеҳр хату хабаре пайдо намешавад. Бузургмеҳр ҳар рӯз баъд аз кор ба падару модар занг мезад. Вале ӯ ду рӯз бедарак шуд. Падару модар хавотир шуданд.  Ду  рӯз болои ҳам занг мезананд, аммо ягон кас телефонашро ҷавоб намедиҳад. Ӯро 17 январ ё заҳр дода ё зада мекушанд. Агар ин марги табӣ буд, падару модарашро хабар медоданд. Бузургмеҳр як сол зиёдтар шуда буд, ки оила барпо кард ва ҳоло аз вай як духтарча боқӣ мондааст. Аммо ин овоза дар деҳа ҳаст, ки зери баногушаш сиёҳу кабуд шуда буд.

Ин чи хел давалат, ки фарзанди одам кушта ё бемор мешавад, хабар намедиҳанд. Бузургмеҳр дар қушунҳои сарҳадии КДАМ дар Исфара ба қатл расонида мешавад. Баъд аз ду рӯз падару модар хабардор мешаванд, ки Бузургмеҳр бемор шудааст ва ӯро ба бемористон бурдаанд, вале ӯ дар онҷо аз дунё гузашта буд. Дигар корҳо, ки мегуянд, ин бозиҳои худашон. Ҷасадро бурда дар таги дстгоҳи танаффусӣ гузошта ин падару модари камбағалро фиреб мекунанд ва ҷасадашро 9 рӯз дар бемористони Исфара нигоҳ медоранд ва мегуян давлени зад: «бачаи шумо бе сознани шудагӣ» мегуянд ба падараш: «шумо равед мо фарзанди шуморо ба Душанбе мебарем». То падару модараш расидан ҷасади Бузургмеҳри ҷавонмаргро титу пора карда дилу ҷигарашро, тамоми аъзои даруниашро мегиранду мефиристанд груз 200. Вақте ҷасадашро мегиранд, тамоми аъзои даруниаш гиритфа ва бо ресмони сахт духта шудааст.

Инҷо куштори барқасдона руй додааст. Чи тавр як ҷавонро давлени зада мекушад. Ин бозиҳои ҳукумати касиф аст. Иллати маргро кафидани раги сар гуфтанд. Ӯро 24.01.24 ба деҳаи Марғедар оварданд. 25.01.24 соати 8 саҳар ба хок супориданд. Аллоҳ раҳмату мағфират кунад. Ман, бовар дорам, ки омилони куштори ӯро пайдо намекунанд.

Бузургмеҳр бо рутбаи капитан кор мекард. Ӯро дар дохили қисми ҳарбӣ мекушанд на дар сарҳад ва на дар майдони ҷанг. Экспертиза мегуяд, ки сабаби марг давлений аст. Аммо ин тамоман дуруғ аст. Ин ҷавон садфоиз сиҳату саломат буд аз ҳеҷ бемори ҳам шикояте надошт. Охир Тоҷик аз дасти ҳукуматиҳои дар қудратбуда кушта мешавад ва хулосаи дурӯғи тиббӣ ҳам медиҳанду списат мекунанд. То кай ин ҳол идома пайдо мекунад? Чуноне шумо борҳо мегуед, то он рӯзе,ки Раҳмонов дар қудрат аст. Ман ба ин дигар бовар кардам ва шакку шубҳае ҳам надорам.

Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худамро муаррифӣ накунам ҳам мешавад. Маро хуб шинохтед. Ман ҳамон корманди Дастгоҳ-коргари Озода Раҳмонова. Чанд номаи фиристодаамро чоп кардед.

Барномаи «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз»-ро дидем. Дигарҳо сабзибадаст бошанд, ин Шоҳрух сабзибадаҳан будааст. Ин ҳам як навигарӣ. Чанд сол шиносоӣ доштем, инашро нав фаҳмидем. Шоҳрух як вақтҳо черезчур гузаронидагӣ буд. Як мошин дошт, номераш 5100 буд. Кораш фақат таҷовуз ва кайфу сафо буд.

Ба ёд дорӣ Шоҳрух, ки дар латок хоб будӣ, мурданӣ заданат. Он одамро номашро нагирем мешавад. Боз рафта он нафарро азият мекунӣ. Болои зӯр боз зӯр ҳаст. Ба иззати нафси ягон кас мерасӣ, оқибати хуб надорад.

Солҳои 2010 -2013 ин пирхари Шабнами Сураё буд. Ранги саг шуда буд. Мерафт дар таги доми Шабнам дар пеши Домпечат мешишт. Агар кораш мебаромад, боз посбон мемонд. Мегуфт аҳамият диҳед, ки «мара изменят мекна, охи ту ҳамуда маъқул бошӣ чихел тура изменят мекна»?

Бечора Ҷонибеки Муродро задед- задед, моҳҳо хоб кард. Чаро ягон касро  ба ҷавобгарӣ намекашӣ Шоҳрихи сабзибадаҳан?

Шоҳрих ва Рустам як шофёр доштанд, ки папарозаашон ҳам буд -Исломи Дароз. Агар хато накунам хонааш дар «Голубой экран» буд. Да 8 корпус якҷоя хондагианд. Бисёр одами паст. Ҳама чиз аввал ба дасти ҳамин Ислом мегузашт. Гуфти тоҷикӣ шашак ҳам духтар таъмин мекард, ҳам бангу наша.

Як рӯз шоҳиди як воқеа шудем. Дар назди театри опера ва балет Рустам бо алулу булулаш «Чикен» даромада истода буданд, ки дар ҳамин ҳолат аз наздикиашон як зану шавҳар, ки сайру гашт баромадаанд, мегузаранд, ки Рустам нигоҳ мекунад. Ду охранааш мегарданду мераванд аз паси онҳо. Мо ҳам наздик будем. Ин охранникҳо мегуянд, ки ҳамин арус дар шеф маъқул шудаст. Мегуяд,ки «э,мардако, и зани никоҳимай». Гуфтанд, ки «мода фарқ надора ҷавоб бте реска, мо баремша, ки вақт надорем, ё ки трам катиш мебарем». Он мард бача он қадр ҳимоя кард, ки боз 2 каси дигар аз «охранна» омад ва зану шавҳарро бурданд. Аллоҳ медонад, ӯ мард зинда аст, дар куҷо аст. Дар рӯзи рушан ҷавонмардро бо занаш бор карда бурданд барои онки занаи никоҳияш ба Рустам маъқул шудаст.

Аз дасти ин ханигаи Рустам дар 8 корпуси Донишгоҳи миллӣ духтар намонда буд.

Гоҳо бо зурӣ ва гоҳо бо ваъдаҳои бисёр сари ҳамаро хурд. Имрӯз ин гунги наркоман дар сари вазифа. Мо чи кор кардаем? Мо ҳам диплом дорем. Баракс, мо маводи мухадир истеъмол намекунем, аз вай чи камӣ дорем? Вай раиси шаҳру мо дар 600- 700 сомонӣ кор мекардаем. Ба Худо қасам хизматчии давлатӣ будам 600 сомонӣ маош доштам. Ба роҳкиро ва маоши нисфирузӣ намерасид, кудакҳоро хурондану пушондану пули барқи набудара додан он тараф биистад.

Бародар Муҳаммадиқбол, барномаи «Семейка»-ро ҳам тамошо кардам. Дар ҳақиқат Рустам дар ҷазираҳои даруни обанбори Норак дачаҳо дорад. Дар болои об, дар саршавии платина дар лодка мешинӣ, як километр меравӣ, аз дасти рост, як гидроскутер мондагӣ аст, дар ҳамон мешинад. Аммо баъди раиси шаҳр шуданаш надидам рафтанашро. Як вақтҳо ҷои ҳаромкориашон онҷо буд. Онҷо Рустам як дачаи бадвоҳима сохта истодааст. Ҳамон дачаи Рустамро 2 — 3 км мегузарӣ, ба самти дасти рост мегардӣ, баъди 400 метр дар самти дасти чап як дачаи бадвоҳима сохта истодааст. Онҷо миллиард расход карда истодааст. Онҷо Ҳасан барои президент дача карда истодааст. Аз руи баъзе гапҳо онҷо клуб ҳам мешавад, барои бойбачаҳо. Ҷои маишат. Албатта, дар мобайни платина ҳар касро гузаштан намемонанд. Гузаштан дар ихтиёри амният аст. То қарибии платина рафтан 4 пост дорад. Онҷоро ҳам Ҳасан ва Исмати дулик шахсӣ кардаанд.

Он рӯзҳо зуд аз ёдатон мебарояд. Шофери раиси мелкомбинати Ҷалолиддини балхӣ будед, аз якдигариат баҷоӣ илтимос мекардед, ки «ака пагарам ма бром Ҳасана одих те, 5 кило орда ма гирм».

Ҳардуяш через ден шофёр буданд. Ҳаррӯз 5 кг орд медоданашон.
Дар як сафари хизматӣ будем. Ин Эмоматапак -муши буғуз девона аст. Раҳмонов бо як нафаре, ки онҷо кор мекард, салом кард. Мегуяд, ки «ма катит салом кадм, ту бояд ҳаму даста нашувӣ, дига, ки президент, пешвои миллат катит салом кад».

Дар ҳақиқат ин девона аст. Ӯро бояд статьяи 307 бизанем.

Солҳои пеш бачаҳои Исфара аз давлати ҳамсоя, ки ҳозир падари Раҳмонов шидааст- Қирғизистон цемент бизнес мекарданд, худашонро камтар гирифтанд, ки Таҳмина фаҳмид, ки дар инҷо суми хуб ба даст меоранд, аз дасташон гирифт.

Боз як гуруҳ бачаҳо ба бизнеси гул машғул буданд, гулҳои гуногун меоварданд, ки инашро Озода гирифт. Аммо даже як сол ҳам кор накарда партофт, натавонист. Он бачаҳо тарки ватан карданд. Охир чизе, ки аз дастатон намеояд, чи худатонро қуш мекунед?
«Мемонен халқи тоҷик я даҳан нонша ёфта хра».

Лекин мехоҳам як гап гуям: «ҳами мора хуб мекнан, айби хдмонай, ба тақдир тан дода мешинем, на дар хориҷа рӯз дорем на дар ватани худмон. Дар асри 21 на свет, на интернет, дузахи руи замин шудаву рафтааст».

Боз мегуяд, ки мактаб кушоед, бесаводӣ бисёр шудааст. Мактабҳо сарду бесвет, аз куҷо дарс хондан мешавад? Аз охири сентябр то апрел свет нест. Як моҳ-ду моҳ мактабҳо свет доранд. Чандин поколения бесвет мактабро тамом кард.

Ту худат намемонӣ халк бо савод шавад. Мегуяд, ки русиро ёд гиред. Барои муҳоҷир шудан ёд гиранд? Охир ту бирав вазирҳоро аттестатсия кун. Дур намеравем, вазири алоқа Бег Сабур, ё собиқ вазири маориф Нуриддин Ҷартиевич Саидовро. Наход мо чени ҳаминҳо савод надошта бошем? Наход вазир бошию рӯзи Парчамро надонӣ, ё ин ки Суруди Миллӣ ё Сарқонун кай қабул шудаастро надонӣ. Озодаи Раҳмонов куҷоро нигоҳ мекунӣ? Як бор дарову гузаронидани аттестацияро назорат кун. Медонам, ки ту ҳам намедонӣ. Вале аз руи варақча нигоҳ кун, ки коргарҳоят чи ҷавоб медиҳанд.

Вақте мо мактаби миёна мехондем хело соз буд. Муаллимҳо сум намегирифтанд. Аз ЮНИСЕФ кумак меомад: парта, доска ва дигар лавозимоти мактабӣ. Сатҳи маорифро бинед. Рӯз ба руз кудакҳои Тоҷикистон бесавод шуда истодаанд. Аз дасти сумбарӣ, кудакҳо фақат сум ҳисоб карда метавонанд. Эй, халқи мазлуми тоҷик ягон кор кунед, ҳар якеат бо аҳли оилаатон, аз ҳуқуқҳои худатон дифоъ кунед. Барои интернет гап зада метавонед, барои свет, ҷои кор гап занед. Ҳамаатон ранги моҳӣ дар даҳанатон об мегиред.

Раҳмонов, сағера, шикамат ранги муши буғуз. Як одами наздикам аз олам даргузашт, рафта натавонистам. 20 рӯз гузашт нав омадем. Бо оилааму фарзандонам вориди Тоҷикистон шудем. Ин ша Аллаҳ инҷо меистам, талаби ҷои кор бо маоши муносиб мекунему дигар муҳоҷират намеравем. 2 диплом доштам, бо дипломи Ислоҳ 3-то шуд. Банда миранда аст. Баъд як умр худатро намебахшӣ, ки «ма чиба рафтм муҳоҷират, да марги падару модарам, ёру бародарҳо набудам, мешава ку брем талаби ҷои кор кнем».

Охир ин ҳама свет, ки дар роҳ ва дар домҳо гирён сухта истодааст, он свети сари гури очаат аст, ки сухта истодааст, чи даркор? Ҳаминҳоро ба халқ бидиҳӣ намешавад, ки фарзандонашон гармакак хоб раванд. Ба худо қасам як хел вақт мешинам гиря мекунам. Кудаки тоҷик мегуяд гуштро намебинам, шакарро намебинам, свет он тараф истад. Падари вай ҳайрон аст ки пули светро аз куҷо медиҳад. Э, ҳароми калағавс! Худат дар хонаи гарм бо алулу булулт шикамат сер. Ту аз куҷо фикри миллатро мекунӣ? Тоҷикҳо як мақол доранд: як руз офтоб аз тарафи моҳам мебарояд. Дар «кирпичний» мебарамат ва мешинонамат.  Дар Кирпични ҷойи Раҳмонов продоли старый  мегуянд ҷойи маҳкумшудагони якумра, акнун ҳолати онҷоро нагуям ҳам барои ҳама фаҳмо аст.  Додситони ноҳияи Панҷро бо пора қапида метавонед, дигарҳояшонро чаро намеқапед? Ё инки ин додситон доляро саривақт надод? Ҳамаи мардум медонанд, ки порагиру порахури асосӣ ту ва аъзои оилаат ҳастед.

Исфара

Ассалому алайкум ва раматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар бораи як наворе, ки аз Исфара нашр кардеду хатои зиёд дошт гап заданиям ва бо далел исботи ҳол мекунам. Метавонам бигуям ин раддия аст ба як навишта ва барномаатон.

Ман зодаи деҳаи Сурх, писари Муҳаммадалӣ  Исмоилов мебошам. Шумо ин одамро Алӣ Ҷенго ном гирифтед. Аммо ин кас Муҳаммадалӣ ва ҳама бо номи домулло Алибой мешиносанд. Ин падар олими фиқҳ буда ҳалли масъалаи чаҳор мазҳаби диниро аз худ намуда ва то вазъияти саломатиашон нағз буд, даъвати дини исломро мекарданд. Ҳозир ба ҷиҳати саломатӣ ва шароити ҳоким дар Ватан камтар эҳтиёт мекунанд. Хуллас, ин падар то масҷидҳо давлатӣ шудан имоми маҳалла буданд. Баъди давлатӣ шудан аз руи диндорӣ туғрӣ наомад, бас кардан имоматӣ ва дигар корҳоро. Ҳеҷ вақт намехостанд, ки ба мардуми деҳа ҷабр шаванд.

Исмоилов Муҳаммадалӣ масҷидро харидагӣ нест. Балки  бари масҷидро аз ҷамоат ба фурӯш монданд, мо хостем, ки он дар ҳудуди масҷид монад, барои ҳамин харидем. Чунки масҷидро тенисний клуб кардан ва бо ин мақсад, ки то замон тинҷӣ шавад ба масҷид ҳадя мекунем гуфта гирифтем.

Чунки мо дар ҳудуди Тоҷикистон 9 хонаҷову хона дорем. Нияти мо холис аст. Мо хостем, ки аз номи падарам ҳамчун макони ибодат бимонад. Мо тоҷир ҳастем. Дар Русия ҳам моликияти худро дорем. Ин бари масҷидро мо  танҳо барои мардуми Таги сада гирифтем, то ки оянда ҳеҷ кас маҳкам кардан ё фурӯхтан натавонад, масҷиди доимӣ монад.

Бародари Муҳаммадиқбол! Шумо дар бораи Ҳомид Каримов гуфтед, ки гуё 10 одамро кушта бошад. Ин гапҳо туҳмат аст. Аз тарафи КГБ, Прокуратура, МВД, 6-ой отдел ва аз дастгоҳи Президент тафтиш карда ягон далел барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ наёфтанд. Ин одам бегуноҳии худро дар СИЗО-и Хуҷанд дар моҳи августи соли 2009 исбот кард. Туҳматчиҳо марги ӯро мехостанд. Барои ҳамин 10 не 18 мурдаро, ки бо сабаби гуногун фавтида буданд, ба вай туҳмат карданд.

Яке аз бародарони фавтида Суфиев Аюббойро мегуяд, ки ту навис, ки додарамро Каримов Ҳомид кушт. Ҳатто фишор меоранд, ки туро ҳам мешинонем. Вай зери фишор розӣ мешавад. Баъд ба Русия гурехта бо журналистҳо ва матбуот мегуяд, ки маро маҷбурӣ ва бо фишор нависонданд. Хулас, баъд аз дасткашӣ аз ариза ӯ дар Русия як чанд вақт гуреза мешавад.

Ҳатто худи Суфиев ба назди ман омада ҳамин ҳолати корро нақл карда гуфт, ки ман барои худро халос кардан гурехтам. Ман 22 сола будам Суфиев 40сола. Ман аз тамоми ин ҳолатҳо бохабар будам. Бо ҳам хурок хурдем. Суфиев чанд вақт дар Русия дар Москва монд.

Хислатҳои Каримов Ҳомид, ки ӯ тоҷири калон буда дар як ҳафта то 5 вагон аз Узбекистон ва аз дигар кишварҳо хушкмева ба Русия мебурд.

Хуллас, дар як сол зиёда 20 ҳазор одам фоида медиданд. Киҳоро аз милиция, киҳоро аз қаллобу дуздон, киҳоро аз наркобаронҳо халос мекард. Азбаски марди хайрхоҳ буд, дар рӯзи маргаш ҳазорҳо одам дод зада гиря мекарданд. Ҳатто милицияҳо дар ҳайрат буданд ва худашон ҳам мегиристанд. Кош мо ба ҷои ту мешудем ва мардум аз пушти мо мегирист. Домуллои ҷанозахон қариб 1 соат ҷаноза хонда натавонист. Аз гиряву фиғони мардум сафро рост кардан мушкил мешуд. Қариб 15минути дигар аз дарди гиря натавонист ҷаноза хонад. Мегуфт, ки Каримов Ҳомидҷон шери диёр буд. Тоҷирон аз тамоми кишвар ва кишварҳои ҳамсоя моли худро дар ҳудуди деҳа эмин медиданд ва тамоми меҳмонони ин деҳа эмин аз порахурҳову қаллобон буданд. Кормандони органи кишвари ҳамсоя дар поквиҷдонию хоксории ин мард дар ҳайрат буданд.

Чи хеле ҳамагон медонанд, мо як чанд бор шоҳиди ҷанги байни Қирғизистону Тоҷикистон шудем. Лекин чаро дар деҳаи Сурх инхел талош набуд. Сурх ҳам ҳамсарҳади Қирғизистон аст. Мо шоҳиди он будем, ки вақте ҳамин хел талошу кашокаш сар шуд Каримов Ҳомидҷон дарбайни ин талош даромада бо як суханаш ҳали масъала кард ва бо ин ҷони чандин ҷавонро аз хатар эмин дошт. Вай

марди далер ва обруманд буд. Барои шағолу рубоҳҳо сахт халал мерасонд. Наркобаронҳову наркобизнесҳо, ки кору борашонро бо дасти мардуми бечора ҳал мекарданд Каримовро сахт бад медиданд. Чунки ин гуна одамҳоро сахт муҷозот мекард. Аз зиндагии одамҳое, ки зиндон мешуданд, бохабар мешуд, дар нигоҳубини оилаашон он наркобаронҳоро вазифадор мекард, бар душашон мегузошт, то мардуми бечора дар ҳабсу «соҳиби кор» кайфу сафо карда нагардад. Албатта кормандони органҳо ҳам ҳастанд. Аммо ҳақиқат зери пой аст. Барои ҳамин  он касро 12 ё 15 оила бад медиданд, чунки рози аслии онҳоро Каримов медонист, ки ҳамин асрордонӣ, мутаассифона, сабаби маргаш шуд. Рӯзи маргаш дар моҳи шарифи рамазон, дар шаби лайлатулқадр иттифоқ афтод. Савол, магар мусалмон дар моҳи рамазон ба қатли мусалмон даст мезанад? Ин қотилҳо киҳоянд, ки дар моҳи Рамазон ба қатлаш даст заданд?

Рӯзе Каримов дар хона истироҳат мекунад, ки шабона дарашро ҳаммаҳаллаҳояш мекубанду  фарёд мекунад. Мебарояд ва мебинаду мепурсад, чи гап, чи хизмат ҳам. Он ҳаммаҳалла мегуяд келинам тавалуд карданӣ, моро зуд ба зоишгоҳ баред.

Каримов бо мошини худ савор карда бо духтур равон мешавад. Бемористон тахминан аз деҳаи мо то Исфара 30 ё 40 дақиқа роҳ аст. Ин зан дар нимаи роҳ, дар мошин таваллуд мекунад. Дар маҳалл одамони мошиндор бисёр. Лекин дари Каримовро кубидан ва ӯро интихоб карданд ҳаммаҳаллаҳо. Чаро дари одами бадро суроғ мекунанд?

Амаки Раҳимов Раҳимро коргарони орган бо кадом ҷинояти дуруғ айбдор карда ба отдел бурданӣ шуданд. Вай авлоду бародарони бисёр дорад, лекин дари Каримовро куфт то кумакаш кунанд. Кудакони маҳалла Каримовро хабардор кардан ва инкас аз мусибат халос шуд. Коргарони орган гуфтанд, ки мо бензин сарф кардем, то инкасро барем, Каримов аз кисаи худ бензинпулӣ дода раҳо кард, то дигар дари инкасро накубанд. Худи Раҳимов ин ходисаро нақл карда бо минатдорӣ мегуфт, ки ҷонам фидои Каримов Ҳомидҷон бошад, доимо дар ҳақаш дуогуям. Мисли Раҳимов одамҳо ҳастанд,аммо намегуфтагиҳо ҳам хеле зиёданд.

Дар тамоми муассисаҳои ҷамъиятӣ иштирок мекард ва дасти хайри худро дошт: детсад, мактабу ятимхонаҳо, беморхонаҳо, ягон маризи камбағал, ки ба духтур муроҷиат мекард, пули дорую муолиҷаи кардааш аз тарафи Каримов Ҳомидҷон пардохт мешуд. Ин кор давоми моҳҳова солҳо давом мекард.

Махсус фонди махфии худро ташкил карда буд, ки ҳар моҳ зиёда аз150 нафар ёрдам мегирифтанд: — орду руғану шакар ва ….. Инҳоро шабона дар пушти дари ҳар яке бурда медод, то ҳеҷ кас хабардор нашавад. Ҳар моҳ такрор мекард. Мо инро аз кӣ фаҳмидем? Яке аз одамоне, ки ҳар моҳ кумак мегирифт аз хешовадони ин кас дар ҳамин туҳмат шарик будааст. Ва гуфтаанд, ки мо аз ин хел хешованд безорем. Моро аз руйхати кумак маҳрум накунанд. Баъд мо донистем, ки фонди кумаки рӯзгор будааст.  Бо дархости ин мард кумак зиёдтар карда мешавад. Далелу тасдиқи ин гуфтаҳоро дорем. Фақат номашро нагирифтем то обруи ин шахсро ҳифз намоем. Чунки хеле вақт гузашт. Кудакони ин нафар калон шуда соҳиби молу хонаву дар шудаанд.

Ба фикри ман Каримов чанд маротиба мардуми ду миллат: қирғизҳо ва тоҷикҳоро   оштӣ доду муросо кунонд. Ҷони мардум ва сарбозҳоро ҳифз кард. Мо шоҳиди ҷанге шудем, ки зиёда аз 100 нафар ҷон дод. Ҳатто модар дар батнаш кудак зери оташ ҷон дода сухт,  ҳамроҳи шофёру духтур кудакони 8 -9 сола. Касоне, ки Каримов Ҳомидҷонро ганда мекунанд, худашон ягонтои ин корҳоро анҷом додаанд? Не ва 100 дар 100 не! Фақат туҳмат карда бе ягон далел гап мезананд.

Дар бораи Каримов Ҳомидҷон ҳатто китоб навишта шуда буд. Нависандаи китоб сардори  ШКД -2 Исфара буд. Номаш аз ёдам рафт. Вай таърихи зиндагии Каримовро шунида дар ҳайратмонда китоб навишт.

Як ҳодисаи солҳои 1992 ва 1993-ро ҳикоят мекунам. Он солҳо сахт душвор буд. Вай барои халқи Исфара аз Қазоқистон гандум овард, то мардум бо гушнагӣ дучор нашаванд. Ин яке аз ҳолатҳое аст ки Каримов Ҳомидҷон ҷони худро бо хатар монда ҷони мардуми Исфараро харидорӣ кард.

Бародар Муҳаммадиқбол! Агар Шумо ҳақиқатро хоҳед ин навиштаро чоп кунед.

Қиссаи Каримов Ҳомидчон то Прокурори генералӣ рафта буд. Ончики шумо пештар  навор кардед ҳақиқат набуд. Ин қисса деликатний аст ва ба гуфтаи русҳо особенно внимания требуется. Гапҳо бисёр аст. Баъди нашри ин навишта ҳаёти ман ҳам дар мусофират мемонад.

Писарони ин мард соҳиби молу мулку мошин шуданд. Мо нахостем номашонро бо забон гирем, ба ин сабаб, ки обруяшон нарезад ва худашонро нороҳат ҳис накунанд.

Хуҷанд

Бародари муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як сокини шаҳри Хуҷанд ҳастам. Барои шумо як матлаби ҷолибро айнан аз сайти интернетии нашрияи СССР копӣ карда мефиристам. Ин навишта ба қалами як сокини шаҳри Бохтар бо номи Фаришта Билолӣ дарҷ шудааст. Бовар кунед, ҳар ончи муаллиф навиштааст, садфисад дуруст аст ва воқеиятро мушоҳида кардааст.

Чизи дигар инки вақте мардум ба шумо аз камбудиҳо менависанд, ин чоплусҳову лесакҳо мегуянд, ки бовар накунед, чунки онҳо оппозитсияанд ва корашон бад кардану бад гуфтан аст. Барои ҳамин ман ин навиштаро аз СССР, ки 17 январи ҳамин сол нашр шудааст, барои барномаи «Номаҳо…» мефиристам ва аз шумо, хоҳиш мекунам, ки чоп кунед, то фаҳманд, ки ончики шумо чоп мекунед, бофтаву дуруғ нест:

«Салом СССР! Дар арафаи соли нав хостам, ки ба вилояти Суғд сафар карда, аз шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои он, ки пайваста тариқи ТВ таблиғу ташвиқ мешаванд, дидан намуда, Соли Навро ҷашн бигирам. Аммо ҳайрати ман пас аз дидани шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон дучанд афзуд, зеро ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки шаҳрҳои калони вилояти Суғд ин қадар қафомондаанд.

Пас аз дидани ободиҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказу вилояти Хатлон ва ҳатто шаҳри Хоруғу Дарвози Бадахшон, шаҳри Хуҷанд ба назарам хеле бетағйир намуд. Шаҳри Хуҷанд мисле, ки 5 сол пеш дида будам, ҳамон гуна мондааст, бе навгонӣ, бе ободӣ. Ҷо-ҷойе метавон биноҳои навро дид, вале аксарият маркази тиббӣ, биноҳои шахсӣ ва корхонаҳои хурданд, ки соҳибкорони маҳаллӣ барои тиҷорати худ бунёд кардаанд, на худи ҳукумати вилояти Суғду Хуҷанд.

Кӯчаҳои Хуҷанд ҳанӯз ҳам пур аз партов, бозори «Панҷшанбе» ҳамон «а… порина» на тартиб дорад, на тозагӣ ва на ободӣ. Нақлиёти ҷамъиятӣ мисли даврони рукуд на танзим дораду на тартиб ва ронандагону пулчинакҳо бо ҳамон ҳаёҳӯйу доду фиғон мусофиронро ҷамъ мекунанду ба газелҳо мешинонанд.

5 сол пеш вилояти Суғд тамоман дигар буд – дилрабо, зебо ва тозаву тамиз. Мутаассуф аз онам, ки мардуми кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон ба Суғд сафар намуда, ба Тоҷикистон аз рӯи ин вилоят баҳо медиҳанд.

Шаби Соли Нав вақте мардум дар назди арчаи асосии вилоят дар маркази ш. Хуҷанд ҷамъ омада буданд, расо соати 22 чароғҳои арчаро хомӯш карданд, ҳол он ки дар ш.Душанбе дар ин вақт мушакпарронӣ ба шарофати фарорасии соли нави 2024 оғоз шуда буд.

Бубинед шаҳри Бӯстон, собиқ шаҳри Чкаловскро. Шаҳри фаромӯшшуда, бетартиб ва ифлос, корхонаҳои саноатие, ки замоне шуҳрат доштанд, имрӯз қариб, ки аз кор мондаанд. Меҳмонхонаи «Хуҷанд»-и замоне овозадор ҳоло дар вазъи табоҳ қарор дошта, макони ҷамъшавии бероҳагардон ва муътодону майхорагон шудааст ва кам мардум шабонгоҳ ба маҳали ин меҳмонхона мераванд. Сокинони биноҳои баландошёна аз норасоии об ва сарти вақт набаровардани партовҳои сахти маишӣ меноланд, нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар асри 21 боз ҳамон газелҳоянд…Ба таъбири Бобои таърихиву тавсифӣ “Суғд ҳамон Аҳмади порина аст, ки буд…»

Истаравшан

Салому алейкум домуллои азиз! Ман як шикоят аз шаҳри Истаравшан дорам. Илтимос ин номаро нашр кунед. Шикояти ман аз масҷиди шаҳри Истаравшан, аз масҷиди маъруф ба бетонка мебошад. Дар ин масҷид 4- 5 нафар кор мекунанд, аммо ҳамаашон аз Деваштич-Ғончии собиқ.

Ин 4- 5 нафар  дуздону  муттаҳамону аз аз ҳақи масҷид мехурдагиҳо мебошанд. Инҳо ҳар ҳафта барои онки аз  масҷид ронда нашаванд, ба амният чанд нафарро бузӣ мекунанд. Инҳо аз худо наметарсида бошанд? Мардуми бечора хайр мекунад, то ҳатто ҳамин хайри мардумро ба кисаҳояшон мезананд. Зулми давлат бас набуд, ки боз  аз масҷид  зулм бинем.

Ман 20000 сомонӣ барои ободии масҷид додам. Домуллои азиз, ин маблағро ба ҷои ободӣ сарф кардан ба ҷайби худашон заданд.  Имомхатиб Акмалхон ном дорад. Инҳо ҳама ҳаромхуранд. Ҳаррӯз дар масҷид зиёфатхурӣ аз ҳисоби мардум. Мо аз дасти инҳо бо тарс намоз мехонем, боз ба участковий ягон бузӣ накунанд гуфта. Як бародари дигар 7000 сомонӣ дод. Ин пулро низ ба масҷид истифода   набурданд.  Охир,ин чи беадолатӣ аст?Масҷид меравем мавъиза дар бораи террорист, аз ҳадису Қуръон сухане нест.

Акмалхон савод надорад. Вай имомхатиб аст аммо фақат таърифи  писари Майрами гурсухта  мекунад. Дар охират чи мегуфта бошад? Аз инҳо яктоаш

шофёри домулло.

Дуюмиаш як нафари бисёр ҳам бад. Агар касе 50 сомонӣ диҳад, аз қафояш гап мезанад, ки 50 сомонӣ чи мешавад? Сеюмаш ба ном қорӣ-ҷонишини домулло. Ин ҳаромхур мебошад. Чорумаш бошад, аз ҳаромхурӣ пусташ сафед шуда рафтагӣ. Инҳо ҳатто пули хайрияи масҷидро бо  амният  ва бо учаскавой тақсим мекунанд. Ҳамон амниятӣ масҷид меояд ба назди бузҳояш ва чи гап гуфта мепурсад, хабар гирӣ намеравӣ мегуяд ба Акмалхон.

Инҳо бошанд дуқат шуда меистанд, дар назди  участковию  амният. Корашон одамфурушӣ. Чанд бародарҳоро фурухтанд. Бо маблағҳои калон аз инҳо халос  шуданд. Бовар кунед намоз хонданро бас карданд аз дасти ин касофатҳо

Ҳам хайроти мардумро мехуранд, ҳам бечора мардумро зулм мекунанд.

Мақсади ман ин нест, ки домулло аз Деваштич  нашавад. Бигзор шавад, аз  куҷое, ки набошад, аммо чаро хароҷоти мардумро барои масҷид истифода намебаранд. Сархатиб Абдушукурхон куҷоро нигоҳ мекарда бошад, ки аз масҷид дафъ кунад, ин ҳаромхурҳоро

Боз мегуям  барои  ман фарқ надорад, аз кадом ноҳия хатиб мешавад. Як инсони Худотарс бошаду ба мардуми ибодат мекардагӣ халал нарасонад. Ман шоҳидам, ки ин бародароне, ки ба масҷид хайр кардан 20.000 сомонӣ, 7000 сомонӣ, 4500 сомонӣ. Аммо ин пулҳо барои масҷид истифода  нашуд. Ман ҳаррӯз дар ҳамин масҷид мегардам ва ҳаромхуриҳои инҳоро мебинам Фардо дар назди Аллоҳ чи мегуфта бошанд?

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №108   появились сначала на ISLOH.net.

Семейкаnews №1
Нашри барномаи аввали «Семейканюс» дар рӯзи 3 январ беҷиҳат ва тасодуфӣ нест, ҳисобшуда аст. Имрӯз бонуи муҳтарам Озода Раҳмонова, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҷашни мавлуд доранд. Дастовези имсолаи «Ислоҳ» ба муносибати ин ҷашни фархунда ва ин «санаи таърихии давлатдории навин»-амон ҳамин барнома аст, ончиро, ки дар бисотамон дорем барояшон инъом мекунем. Бигзор ба туфайли хонум Озода ва ба шарофати рӯзи мавлуди эшон «Семейканюс» барномаи нави мо ҷойгоҳи хоссаеро касб кунад, ҳамчуноне Озодабону дар «Оила» аз нуфузу эътибори болое бархурдор аст.

Мо, пешопеш, итминон медиҳем, ки «Семейканюс» таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин оила бештар ҷалб мекунад. Солҳост, ки Тоҷикистон ва  ҳама қишрҳои шаҳрвандони кишвари азизамон ба ин оила вобаста аст. Барои ин оила кор мекунанд. Аз коргару деҳқони одӣ то раису вазир ва аз муҳоҷири корӣ то олиму донишманду тоҷир.”Семейканюс” мухтаси ин оила ва олу авлоди Раҳмонов аст, чунки ин оила дар ҳаёти ҳар як хонадони тоҷик ҳузур дорад:-аз китоби дарсӣ, сарулибос-формаи мактабӣ, аз қанди коғазпеч,-амирӣ, таҷэро, аз уребча (памперс) аз собуни дастшуву хокаи ҷомашуӣ то гелҳо барои мошини козурӣ, аз қувваи барқу соляркаю газу бензин, аз лабораторияву дору, аз билети ҳавопаймо, аз бозор, аз паспорту симкарата, аз прававу техталону техосмотр, аз пулу қарзу пасандоз, хулоса аз ҳама чиз сару сурати ин оила ба назар мерасад. Аз ин оила халосӣ надорем, балки барои ҳамин оила кор карда истодаем ва ин оила дар зиндагии ҳар кадоме аз мо таъсир ва ҳузур дорад. Масалан ман, ҳамроҳони ман, хешу таборони ман аз дасти ин оила гурезаву оворау паноҳанда ва дарбадар шудаем. Инчунин ҳам мислу монанди ман миллионҳои дигари ин миллат ва мардум.

Аммо дар ин оила Озода нақши муассир дорад.

Озода отаашро контрол мекунад, Озода ҳукумати отаашро контрол мекунад, Озода аппарати кории отаашро контрол мекунад, Озода даробарои вазиру кабиру раиси назди отаашро контрол мекунад. Бидуни шак, Озода нар мебуд, курсӣ ҳатман ба вай мерасид. Аз ин ҷост, ки “Семейканюс “ в двойной” таърихӣ шуд:-ҳам рӯзи таъсиси худаш ва ҳам рӯзи мавлуди Озода. То замоне Озода ҳаст “Семейканюс” ҳатман чоп мешавад.

Аммо “Семейканюс ба фарқ аз “Минбар….” ва “Номаҳо…” рӯзи муайяни нашру пахш надорад. Ҳар гоҳ, ки маводу маълумоти ҷиддию маълумоти мувассақе  расид омода дар Пойгоҳи баланду муҳками Ислоҳ овехта мешавад.

Боз ҳам мегуям, ки Озода нар мебуд Раҳмонов барвақт месупурду мерафт. Мо, ҳамин гуна як туҳфаи ғайриодӣ ва баёдмонданиро дар зодрузи Озодахонум барояшон пешкаш кардем ва аз ҳамин сана расман “Семейканюс” дар канори “Минбари муҳоҷир” ва “Номаҳо аз ноҳияҳо”дар пойгоҳи таҳлиливу сиёсии “Ислоҳ.нет” ҷой мегирад.

Аммо чаро маҳз Озода? Чаро Рустам, чаро Рухшона, чаро Парвина, чаро Заррина, чаро Фарзона, чаро Сомон, чаро худи Раҳмон ва ё чаро Азизмо не? Ҳар хел фикру гумони бад накунед. Каме ҳам бошад, дар боло ба ин пурсиш, ки ҳатман матраҳ мекардед, посух додам, аммо посухи асосӣ ба ин савол, бигзор мисли як роз, мисли як муаммо ва мисли як чистон пушида бимонад. Ва, ҳоло шуруъ кардем аз худи Озода.

Озода

Мурдаи Давлатов Тавар соли таваллудаш 1971-ро аз Душанбе ба Кулоб оварданд. Ин ҷондори зараррасон зодаи участкаи Шатали ҷамоати Кулоби шаҳри Кулоб буд. Тавар ба  хонаводаи  президент саги  вафодор буд. 20 сол  пеш дар ҳайати охранаи президент кор мекард. Ҳангоми сафарҳои хизматии президент ҳамеша ҳамроҳаш буд. Дар яке аз ин сафарҳо писари  хурдиаш  бемор мешавад. Занаш ин писарро гирифта ба пеши табиб  мебарад, ки бо амри илоҳӣ ҷони худро аз даст медиҳад. Тавар аз сафари хизматӣ бармегардад. Ба вай мефаҳмонанд, ки дар набудани ту писарча аз даст рафт ва оилааш ба Тавар ҳамаро ҳикоя мекунад. Тавар бошад ҳаррӯз  пачти  маст мегашт. Мастомаст рафта духтурро бо куни  пистолет  мезанад. Ин гап то президент меравад. Таварро аз кор озод мекунанд. Тавар чанд сол бекор мегардад. Аммо чанде баъд Озода ӯро дар ҳайати охраннаи худаш мегирад ва вай муҳофизи Озодаи Раҳмон мешавад. Боз беспределиро сар мекунад. Вақте Озода бо Ҷамолиддин соз набуд, Озода ба Тавар фармон медиҳад, ки Ҷамолиддинро роҳ надиҳад. Ҷамолиддин меояд, ки Тавар роҳ намедиҳад. Мегуяд фармони муаллима аст. Ҷамолиддин дашном мекунад, ки Тавар ӯро мезанад.

Тақрибан ду ҳафта пеш гапи Тавар бо як пррокурор дар Душанбе мегурезад.

Тавар он прокурорро латукуб карда мегуяд, ки «ма худтаму генпрокурортам задагиюм». Фармон мешавад, ки Таварро маҳкам кунанд. Ҳоло фармони Юсуф Раҳмон болотар аз тамоми мақомот аст. Амнияти Кулоб Таварро бурда маҳкам мекунад. Ҳамон вақтҳои СС.Ятимов дар амнияти Кулоб қарор дошт. Таварро аз Кулоб меоранду дар ШИЗО-и СИЗОи амният ҷо мекунанд.

Фаридуни писари Озода аз хурдиаш дар бағали Тавар калон шудааст. РӮзи маросими дафнаш ягон нафар аз авлоди  президент иштирок накард. Баъзан сару садоҳо дар ин маврид ҳам буд, ки Таварро Ҷамолиддин ҳам сахт бад медид ва Тавар дар вақташ «корҳое» бо Озода дошта будааст.

Тавар дар даври кориаш не хона дошту не сарпаноҳе. Кудакҳояш дар хоки хунук  мондагианд.

Дача-бустонсарои Озода дар Шаҳристон на фақат дар Тоҷикистон, шояд дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳамто надошта бошад. Дар ин ҷо дигар аъзои оила, Азизмов Рустам ҳам дача доранд, аммо аз Озода фарқ мекунад. Ин дачаҳоро сарбозони қисми низомии дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ «Шаҳристон» посбонӣ мекунанд. Қисми ҳарбии 03040-и вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам дар мавзеъи «Дуоба»-и ноҳия ҳам мустақар аст. Раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода аз мардум обу нону ҷамъ карда ба онҳо бурда медиҳад. Куҳу дараҳои гирду атрофи ин дачаҳоро ҳам соҳиб шудаанд.

Дачаи Озода дар Чехискии Шаҳристон  ҷойгир аст. Сарбозҳо гирду атрофи онро мерубанд, санг мечинанд, сангҳои дорожкаҳо-роҳравҳояшро бо оҳакоб ранг мекунанд. Ин ва дигар корҳои нигоҳубини дача бар уҳдаи сарбозҳо гузошта шудааст. Барои онки ҷавонҳои деҳаҳои гирду атроф ба ҳамин қисмҳои ҳарбӣ муҳлати сарбозии худро гузаронанд аз 10 то 15000 сомонӣ пора медиҳанд.

Дар маҷмуъ дар инҷо Озода ва дигар аъзои оила 10 дача доранд. Ҳеҷ кас инҷо омада наздик шуда наметавонад. Сарбозҳо охранят мекунанд. Аммо, ин дачаҳо дар Шветсарияву дар Италия ҳам нестанд. Дар тори куҳ, аммо бо қувваи барқ ва системаи обу ташноб таъминанд. Инҷо ҳар сол чанд бори омада истироҳат мекунанд. Озода истеъмоли гушти чорпоҳои ёбоиро нағз медидааст. Махсусан шурбои гушти гуроз-хуки ёбоиро бисёр мехурдааст. Шикорчиҳо хуки ваҳшӣ сайд карда як шаб дар намак ва дигар адвияҷот мехобонидаанд ва сипас барои Озода таббохҳо ғизо таҳия мекардаанд. Аслан парво намекардааст, ки деҳаҳо об ва свет надорад, аммо ин дачаҳо ҳам бо обу ҳам бо свет пурра таъминанд. Ҷолиб инҷо аст ки дар вақти истироҳату дамгирии Озода дар ин дача ҳамроҳи бо  занҳо надорад ва фақат мардҳо бо вай инҷо меомааданд. Вай бо бадани полуголий рӯи сабза ва зери офтоб дароз мекашад, загар мегирад ва чанд нафар бузбала бо навбат масжаш мекардаанд.

Дар дохили баҳри неругоҳи Норак дар яке аз ҷазираҳои он Озода барои худ ишратгоҳ сохтааст. Дуруст аст ки сохтмони онро Ҷамолиддини шавҳари Озода шуруъ карда буд. Аммо баъди онки вай «антипартийный» шуд Озода давом дод. Барои он ки аҳолӣ аз барқ танқисӣ накашад, бояд оби ҳавзро пур кунанд. Аммо агар обро пур кунанд он ҷазира зери об мемонад. Агар барқро пурра диҳанд аз оби ҷамъшудаи обанбор кам мешавад ва ба ҷазира рафта расидан намешавад, масолҳи сохтмониро кашонидан ва то маҳалли сохтмон расонидан проблема мешавад. Об кам, ки шуд ҷазира дар боло мемонаду баромада намешавад. Катер то пешаш намеравад. Тамоми мардуми Тоҷикистон бебарқ фақат ба хотири кайфу ишрати Озода. Инҳо мардумро задагианд. Барои кайфи худашон як корҳое карда истодаанд, ки боваратон намешавад.

Озода ҳар гоҳе омада дар ин ҷазира бо тани нимаурён ва гоҳо тамоман лублуч загар мегирифтааст. Дар болои сараш соябон месозанд, аммо танаш дар офтоб офтоб мехурдааст. Озода урён зери офтоби сузон баданашро медоштааст. Аммо ҷлиб инҷо аст ки фақат пешашро ба офтоб медоштааст.

Рустам

Рустамро Раҳмонов президент мемонад. Ҳама корҳо барои иҷрои ҳамин нақша аст.

Ҳар ҳафта Норак тарафи ГЭС-и Бойғозӣ меравӣ, онҷо -он параи об як боғ ҳаст. Рустам ҳамонҷо мераваду ҳафтаҳо берун намебарояд. Онҷо хонаҳои чубӣ ва боғи калон дорад ва дар он пара Хуршед дача дорад. Хуршеди данғарагӣ. Дар таможний як вақтҳо началник отдел кадр буд. Рустам ду ҷураи Хуршед дорад. Хуршед Мирзоеви Авесто ва боз як Хуршеди дигар -калонсолтар аст. Ин Хуршед дар Норак дача дорад. Дачааш дар ин параи об аст. Аз они Рустам дар он параи об. Аз дачаи ӯ меоянд бо катеру бо лодкаҳо-мотосиклҳои обӣ. Меоянду мераванд, ҳис надорад. Ҳар рӯз пиён хоб. Онҷо як қишлоқ аст- Далдахурон, ва боз як қишлоқи дигар ҳам ҳаст. Ин қишлоқҳо аз он параи обанд. Қишлоқҳо раҳ надоранд. Мошинҳоро аз ин тараф мемонанд. Як қишлоқаш як пули борикак дорад. Мошинҳоро дар ин тараф мемонанду бо лодкаҳо то хонаҳояшон мераванд.

Онҷо дар тарафи Бойғозӣ аст, обаш кабкабуд, хеле хушру аст. Ду тараф куҳ асту дар байн дара ва боғ.

Дачаи Рустам дар поёни қишлоқи Далдахурон воқеъ аст. Онҷо қаблан боғи калони зебое буд. Албатта, аз они мардум ва давлатӣ буд. Одамҳо дар он боғ кор мекарданд ва аз ҳисоби он зиндагиашонро пеш мебурданд. Ҳамаи он боғи калонро Рустам гирифт. Меравад онҷову отдих мекунад.

Аз чанд вақти пеш роҳеро, ки тарафи Себистон мерафт, онро ҳам маҳкам карданд. Байни ҳавзу дарё як остров буд. Он островро гирифтанд. Регу сементу хишту қумро бо мошинҳо меоранд дар болои пантон ва бо трактору экскватор бурданд брои сохтмони як бустонсарои афсонавӣ дар даруни баҳри Норак, дар як ҷазираи дохили он. Ҳамон остров, ки теғаи болои куҳи зери оби Норак монда будро ҳоло ҳамвор карданд. Тарафи роҳро не, чун мардуми роҳгузар мебинад, мардуме, ки Кулобу Данғара меравад, мебинад. Хулоса аз тарафи худи неругоҳи Норак он куҳро ҳамвор карданд. Дар онҷо ин қадар қуму семент регу сангу чубу хишт кашониданд, бо лодкаҳо ва дача сохтаанд. Ба он дача рафтан осон нест. Танҳо тавассути лодка метавонед биравед. Дар даруни об як соата роҳ аст.

Барои сохти ин дача шояд даҳҳо миллион пул масраф шуда бошад. Роҳе, ки ин ҳама масолеҳи сохтмонӣ кашонида мешавад, баъди ин дача баста шуд. Ҳоло сокинони ин деҳаҳо гову молашонро берун ба чаро бурда наметавонанд. Аммо барои Рустам пофик, ки мардуми инҷо чи ҳол хоҳанд дошт.

Эмомалӣ

Мо кудак будем, Эмомалӣ Раҳмоновро аз майдагиамон мешинохтему медонем. Дар совхоз кор мекард. Як мошини Москвичи куҳна дошт. Ин тарафу он тараф мегашт. Вай дар гирду атрофаш ҳеҷ кас, ҳатто ҳеҷ хешу табори казоӣ ҳам надошт он солҳо. Баъдтар дар совхоз директор шуд.

Он солҳо Эмомалӣ Раҳмонов ба ҷуз аз Азизмо боз бо як ҷавонзани дигар, ки аз Ғарғара буд бо ӯ ҳам зиндагӣ мекард. Ин зан шавҳар ва ду кудак дошт.  Ин занро барои ин кораш аз совхози Ленин сур карданд. Падари худаш ночор шуд сураш кунад. Чунки бародари ин зан мефаҳмад, ки хоҳараш бо Эмомалӣ бар болои шавҳараш мегардаду зиндагӣ мекунад, қасам мехурад, ки мекушад. Падар аз тарси писар духтарро фирорӣ медиҳад. Ҷавонзан тарафи Колхозобод рафт. Эмомалӣ соҳиби вазифа (директори совхоз) шуд. Ин ҷавонзан аз шавҳари худаш ҳам фарзанд дошт ва аз вай ҷудо нашуда буд, аммо бо Эмомалӣ ҳам мегашт ва аз Эмомалӣ соҳиби як писар ва як духтар шуд. Мо, рости гап, баъди ҷангҳо фаҳмидем, ки аз Эмомалӣ ҳам ду бача кардааст, як писар ва як духтар.

Ин зан Идимоҳ Давлатова ном дорад, зинда аст. Падараш Қурбоншоҳ Давлатов вафот кардагӣ аст. Падари Идимоҳ як бародар дошт. 96 сол дорад. Вай дар вақташ бо Эмомалӣ бисёр ҳам ҷанги сахт карда буд барои онки ҷияни шавҳардорашро дар байни халқ беобрӯ кард. Баъд аз онки Раҳмонов роҳбару раиси давлат шуд, амаки Идимоҳро аз як маърака бароварда пеш карда гум шав мегуяд. Идимоҳ Давлатова ё соли 1963 ё соли 1960 ба дунё омадааст. Шавҳараш аз ин корҳои вай бохабар шуда дилаш кафиду мурд.

Аммо, феълан дар бораи Идимоҳ Давлатова ва фарзандони вай аз Раҳмонов маълумоти мушаххас надорем вале дар ин маврид кор дорем ва ҳатман барномаи мушаххастар тақдим менамоем.

Азизмо

Дар расонаҳо ва дар асноди расмӣ соҳиби ширкати «Фароз» Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои бешумори Раҳмонов, шавҳари Рухшона Раҳмонова, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир гуфта мешавад. Аммо дар асл ва амал ин тавр нест.

Бинобар маълумоти дарёфтӣ ширкати ғулпайкари “Фароз”, ки дар тамоми арсаҳо “хидмат” мерасонад, аз они Азизмои газетхонак аст. Рули “Фароз” дар дасти Азизмо аст ва Шамсуллову дигару дигарҳо зердастони ӯ дар ин ширкат ҳастанд. Дар мавриди Шамсулло, шоҳиди ҳодиса ҳикоят кард, ки Азизмо рост монда саволу ҷавоб карда истодаасту Шамсулло дар пеши вай мисли бед ларзида истодааст. Парда Қосим, ҳофизи дустдоштаи Раҳмонов, ки чанд вақт радди дарбор шуда буд, гуфтааст бо чашмони худам дидам, ки чи тавр Шамсулло дар назди Азизмо ҳисобот дода истодааст.

Шамсулло дар назди Рухшонаи завҷааш ҳам мисли барги бед меларзидааст. Манбаъ мегуяд, ки ҳеҷ яке аз духтарҳои Раҳмонов, ки ҳафт нафаранд, шавҳарҳояшонро шавҳар кардагӣ нестанд. Балки ин духтарҳо шавҳари шавҳарҳояшон мебошанд.

Бобои Асадулло падари Азизмои зани Раҳмонов ду зан гирифтагӣ аст. Ҳоҷӣ Амон аз дигар оча аст. Онҳоро дар вақташ аз қишлоқи Шулуктут, ки ҳоло номашро Дустӣ гузоштаанд, бароварда пеш мекунанд. Очаи ҳоҷӣ Амон аз Қунғурот аст. Вақте кудак буду аз қишлоқ гузашта Данғара мерафт, дар роҳ бачаҳо ӯро дошта масхара мекарданду мезаданд. Ҳозир бошад бо мошинҳои калони воҳима мегардад.

Бинобар маълумоте, ки ба дасти мо расид, Азизмои духтари бобои Асадулло ва аммаи Узбакбӣ солҳои духтарӣ, ҳануз, ки шӯ накарда буд, трактори пахтачинӣ-комбайнро, ки он солҳо бо ифтихор «киштии кабуд»-аш мегуфтанд, мерондааст. Дар Колхозободи пешина инҳо 5 духтар буданд, ки бо комбайн пахта мечидаанд. Он вақтҳо комбайнҳои пахтачинӣ ҳам нав омада буд.

Сармеханизатор ё ҳамон главний механикашон аз ҳамсояқишлоқи Чапаев,  аз қишлоқи Исмат Абдуллоев-Исмати Дулик будааст. Он механизатор падари Хайрулло Раҳим, ки чандин сол дар гумруки вилояти Хатлон фаъолият кард ва баъд раиси «Тоҷикайр»  ва тюрма ҳам шуд, мебошад. Падари ӯ он солҳо сармеханизатор будааст. Модари Азизмо Узбакбӣ ном дорад.

Хоҳ бовар кунед хоҳ не, ҳоҷӣ Амонулло чанде пеш ишкамаш дарид, дар Эрон табобат кард. (Бовар мекунед, ки аз хурдан шиками одам медаридааст. Ҳоҷӣ Амон хурдаст, хурдасту шикамаш дарида аст. Охир намефаҳмем коҳ аз мардум ку маълум вале коҳдон аз мардум нест ку камтар хури мемури ?

Аммо, чуноне гуфтем комбайнёрии Азизмо пеш аз шавҳар карданаш  аст. Он вақтҳо қаноат мекард. Ҳозир нафсаш ранги ҳамон комбайни пахтачинӣ аст. Любой чиро чинда мегирад, дам мекашад ҳама кишварро фурӯ бурда истодааст бо нафси бе тагу нугаш. Мегуяд аз шуяш дида нафси худаш бад аст. Наздикони оила мегуянд Апаи Азизмо ба чени вазнаш чанд карат тилло ҷамъ карда аст.

Соли 2015 Раҳмонов омад мактаби хондагии Азизморо, ки дар деҳа навсозӣ карда буданд, лентаашро бурид. Дар онҷо шабона маҷлис шуд. Дар вақти гапзаниаш гуфт, ки ку ягон одам ҳаст, ки бихезад, ҳамин роҳро асфалт кунад. Манзураш роҳ аз деҳаи Чапаев то деҳаи Азизмошона, яъне то деҳе,ки мактабашро насвозӣ карданд. Ҳамаи хусурбачаҳояш онҷо нишаста буданд, аммо ҳеҷ кадомеаш намехезад. Баракс мехезанду аз маҷлис мебароянд.

Баъд Исмати дулик мехезаду мегуяд, ки ман худам ин корро иҷро мекунам, Ҷаноби Олӣ. Раҳмонов мегардаду мегуяд, «Исмат ман туро ждат надоштам, ман дигар одамҳоро ждат доштам, ки нахестанд». Мақсад хусурбачаҳояшро мунтазир будааст, ки ягонтоаш нахест. Ҳаминҳо мехезанд ягон кор мекунанд? Ягонтоаш ба гардан  намегирад. Исмати дулик баъд асфалт мекунад.

Хоҳарони Азизмо девонаавзоъанд. Аммо яке аз онҳо дар ҳақиқат беҳад камақли девонафеъл аст. Шумо фикр накунед,ки фақат мардҳои инҳо беҷогарду сабукпоянд. Шавҳари яке аз хоҳарҳои Азизмо ҳамсоли фарзанди дуввумаш аст.

Хоҳарони Азизмо ҳамаашон дар Чапаеви Колхозободанд. Ин хоҳари Азизмо як ҷавонмардро мебинад дар куҷое ва бо зури ӯро тай по  карда мегирад. Вай зану фарзандашро партофа омаду ӯро гирифт. Соли таваллуди хоҳари Азизмо1962 аммо соли таваллуди шавҳараш бошад 1978 аст. Вай Сураёи Қосим ё Алла Пугачёва нест, ки як марди 10-15 сол хурд ошиқаш шавад. Фақат барои онки хоҳари Азизмо аст ва фақат барои онки бо Раҳмонов боҷа бишавад ин зани девонавзоъро ба занӣ гирифтааст.

Ва, дар охир як эзоҳ:

Ин оила бар ивази харобии хонаҳои мо хонаҳояшонро обод карданд, роҳбарияшон ғайримуқаррарӣ аст. Инҳо ҷони миллатро мебароранд ва худашон чарбу мегиранд. Ғабғаби зери манаҳи бачаи майрами гурсухтаи гарданбалонигазиро бубинед. Дар як деги чилгуша гушти зирбаки палави маърака мешвавад. Агар дар Паёми имсолаи Раҳмонов Озодаро дида бошед, пай бурдед, ки ишкамаш чи қадар боло рафтааст: ё ҳомила аст ва ё қабати чарбиаш хеле бузург шудааст аз хукхурии ёбоӣ.

Барои он чунин гуфтам, ки ин оила, ки бояд зери заррабину дурбину пурбини мо қарор дошта бошад. Шумо барои идомаи барномаи «Семейканюс» кумак кунед ва ҳарчи диаву шунида ва маълумоте, ки дар бораи онҳо доред фиристед.

Сообщение Семейкаnews №1 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №7
Исмоили Маҳмадзоир дар орзуи Президентӣ

Аҷаб дунёеву аҷаб сару савдое! Чанд ҳафта пеш буд, ки хабарҳо дар бораи интихоби Исмоили Маҳмадзоир ба мақоми президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон гуши фалакро кар карда буд. Шояд ба ин хабар боваратон нашавад, худам ҳам дар қатори шумоям, аммо ба дасти мо маълумотҳое мерасад, ки Исмоили Маҳмадзоир набераи Ҷаноби олӣ, ҷияни Рустами Эмомалӣ, писари Зоиру Фируза ҳам қасди президентшавӣ доштааст.

Мардум бояд бидонанд, ки Исмоили Маҳмадзоир беҳуда худашро саховатманду дастбахайр нишон намедиҳад. Репсароҳову блогерҳоро ба ҳаҷ фиристод. Исмоили Маҳмадзоир яке аз саховатманди ҷавон набераи Эмомалӣ Раҳмонов президентшав будааст. Худашро саховатманд гирифта ба ҳама хайр ва кумак карда истодааст. То ки шаҳрвандҳои Тоҷикистон бидонанд,ки Исмоили Маҳмадзоир одами даст бахайр аст, одамони гумроҳро ҳаҷ равон карда савоб мегирифта бошад, ҳама хайру саховаташ худнамоист. Қорӣ Салоҳ дар мадрасаи Зоҳидони Эрон хонда аст. Баъди итмоми мадраса ва бозгашт ба ватан Кумитаи амнияти миллӣ дастгираш мекунад ва зиндон карданӣ мешаванд. Делои террорист кушода буданд. Делои террористии қорӣ Салоҳро Исмоили Маҳмадзоир маҳкам мекунад, бо ин шарт, ки ғуломи ман мешавӣ, ман чи фармоне додам, иҷро мекунӣ. Блогер ва репсаро бо подсказкаи ҳамин қорӣ Салоҳ Маҳмадзоир ба ҳаҷ фиристодааст. Ҳама ҷонканиҳои Исмоили Маҳмадзоир барои дар оянда Президенти Тоҷикистон шудан баъди марги Эмомалӣ Раҳмонов будааст.

Исмоили Муҳаммадзоир ҳоло тими интихоботии худро ташкил кардааст, ки аз ин қарор аст:

«Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон. Лутфуллозода Шавкат, муовини якуми Раиси Суди Олии Тоҷикистон, Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло, муовини Раиси Суди Олии Тоҷикистон, Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ, муовини Раис-Раиси коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон. Вазири Адлия Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад қудояшон.»

Ин тим ваъда додаанд, ки дар вақти интихобот пушти Исмоили Маҳмадзоир меистанд. Баъди вафоти Эмомалӣ Раҳмонов Исмоили Маҳмадзоирро дар курсии президентӣ мешинонидаанд. Чунки Исмоили Маҳмадзоир ба онҳо маблағҳои калон дода  ва онҳоро харидагӣ будааст. Тибқи маълумоти дигар гӯйё Зоир бо Озода Раҳмонова ин масаларо гузошта ва таъйиди ӯро ҳам гирифта будааст бо Ҷамолиддин Нурализодаи ҳоло бе вазифаву барканор шуда.

Дар кругҳои хосси худ гуфтааст,ки ҳозирааш ҳамин номи президенти дзюдоро соҳиб шавам дигараш осон аст. Ман одамҳои калон ва бо қувват дорам тақрибан ними оила розиянд барои ман. Бояд тазаккур бидиҳам, ки Эмомалӣ Раҳмонов бемории дил дорад. Агар асабӣ шавад нафастанг шуда аз пой меафтад .Чанд бор дар пеши Озода Раҳмон аз худ бехуд шуда дар долони ҳавли аз хуш рафта буд. Озода Раҳмон чунон гиря кард, гиря карда: «Ата намуред, мо бешумо чикор мекунем гуфта мегиряд». Аммо бардуруғ аз чашмонаш об мебароварад. Ҳама аъзои оила марги Раҳмоновро бе саброна интизоранд. Раҳмонов бо дору гашта истодааст. Касали дил ва қанд ва фишорбаландӣ дорад. Бо зарби дору гашта истодааст.

Исмат Абуллоев мулаққаб ба “ Дулик”

Исмати дулик дар Русия шаҳрвандӣ дорад. Домодаш Далер ном дорад, стоматолог аст. Тамоми дороиҳояш, хонаву дар ва магазинҳову ресторанҳояшро дар Маскав ба номи ҳамин домодаш кардагӣ аст. Додари Далер Шаҳбоз ном дорад. Падари инҳо яъне қудои Исмати дулик ҳам стаматолог аст. Ду бачаи безделник-бекорхуҷа дорад. Онҳо дар ҳиҷ кор кор наомаданд. Абдуллову Наврӯз, дар асл Дулик 22 бача дорад. Зани 17умаш духтари Малика Сайидова аст. Номаш Шукрона Раҳимзода аст. Хоҳари Шукрона Меҳрона ном дорад. Бо вай бо  Дулик хиёнат кардагӣ аст. Вай бо бачаи артист Зафарча ҳам буд.Бачаи Зафарча сараш дод. Вале ҳозир тайна-баҷобаҷоӣ мегарданд. Меҳрона бо бачаи Анвари текстил движений дорад. Писари Анвари текстил-ҳамон прокуроре, ки овозхони тоҷик Баҳром Ғафуриро дар садама кушт. Ҷонишини прокурори Фирдавсӣ буд. Як дасташро калта кардагӣ аст, бо Меҳрона мегардад. Як дақиқа ҳам зиндон нашудааст. Меҳрона бачаи Анварро хурондагиаст. Малика барои сеҳру ҷоду Непал меравад. Худи Малика дар Дубай бо Исмати Дулик ҳам алоқаҳо доштааст.Анвар бо Дулик сагу пишаканд. Додари Анвар Зафар духтари Нуриддини акаи Эмомалӣ Раҳмоновро гирифтагӣ аст, яъне бо оила қудоянд.  Аммо муносибати Зафар бо оила хуб нест ва инро ҳама медонанд.Дулик ҳамроҳ бо Ҳасан аст ҳамеша. Аз 1 қишлоқанд. Аз Чапаеви Колхозобод. Якҷо калон шудагианд. Малика дар байн аст ва ҳардуяшро истифода карда истодааст. Вай бо духтарҳояш инҳоро аз он ҷиҳат,ки баъзе сиру асрорашонро медонанд, шантаж карда гаштааст.

Нома аз корманди дастгоҳи Президент

Салом. Ман …., сокини Душанбе. Барои шумо як хабар мефиристам, шояд бовар намекунед. Аммо ин ҳақиқати маҳз аст.

Асомиддини Исломиддин, сардори қисми хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо 500 адад удостворенияҳои қалбакӣ ба даст афтод, аммо чизеяш нашуд. Ӯро бо «наличка» қапид КГБ. Ронандаҳо шаҳодатномаҳои гирифтаашонро пас доданд, аммо ба ӯ касе кордор нашуд. Ҳар моҳ музди меҳнати онҳоро худаш мегирифт, сари ҳар ронанда 60 сомонӣ. Как будто ҳоло ҳам онҳо кор карда истодаанд. Мошинҳои роҳтозакунак, водовоз 8-10 адад мисли онки ҳар рӯз кор мебароянд. Барои онҳо ҳар рӯз 100 то 150 литр соляркаву бензин-сузишворӣ мегирифт. Қисмҳои эҳтиётӣ-запчастҳои мошинҳои давлатиро бо ҳамроҳи ду -се одами дигар Аҳтам, зав гараж, Даҳриддини, ҷонишинаш  «левий» мезаданд. Ӯро кормандони Саймумин Ятимов қапиданд. Вале дар назди қонун ҷавоб нагуфт. Дар шаҳр аз 10 хона зиёдтар дорад. Як ҳавлӣ дорад дар назди бозори Балх. Ин хона, бовар кунед, аввал дораду охир не. Мардуми тоҷики моро айби худаш. Аллоҳ шоҳид, механикҳо, ронандаҳо ва ҳатто ҷонишинашро руирост оча, зану духтарошонро ҳақорат медод, хапу дам буданд, номус намонда аст. Соли 2016 буд, ки як удостворений қапиданд, ки ғайриқонунӣ ва қалбакӣ буд. Как будто, ки ронандаи давлатӣ аст. Аз багажи як нафари онҳо 2 кг тратил ошкор карда шуд. Аммо барои онки корманди аппарат президент буд ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Барои онки ки удостоверение ба аппарат президент тааллуқ дошт.

Номаи сарбаста аз КДАМ ба «Ислоҳ»

Ҷамшед Ятимов (бародари Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон) ҳамроҳ бо Ҷамшед Раҳимов бо лақаби Ҷамшеди кулобӣ буд. Инҳо тонна-тонна мезаданд. Вай бо бародари Рамазон Раҳимзода Раҳмонқул Раҳимзода ва ҳам бо бачаи худи муаллим ва зери сарпарастии худи муаллим СС . Ятимов ин корро мекард. Гап дар бораи Ҷамшеди кулобӣ меравад. Ҳардуи онҳоро  вазнин грет мекард ва кор мекард. Ҷамшеди кулобӣ аз Восеъ аст. Ҳозир ӯро 19 сол доданду шинониданд. Ду сол пештар ӯро шинониданд. Вай беҳад сум ҷамъ карда борзет кардагӣ буд. Дар Восеъ туй мекунад як милисаро мезанад. Вай пешкаи муаллим ва буқача шуд. Ин як сепочкаи калон аст. Инҷо Ҳабиб буд, Нуралӣ буд, Кострюл буд. Ҳамаро Ҷамшед курироват мекард. Бачаҳои КДАМ маълумоти зиёд доранд. Ҷамшеди кулобиро бо 200 кило бор подставит карданду қапиданд. Дар ҳар квартал 1миллион доллар ҳақи Ҷамшед буд ва 1миллион доллар ҳақи Раҳмонқули додари Рамазон Раҳимзода. Яъне дар сол 4 то 5 миллион даромад доштанд, то онҷое ман огоҳи доштам. Боз чаевие доштанд. Отаи Ҷамшеди кулобӣ дар бозор тиҷорат мекард, баъди ин боздошт мурд. Ин бозор ради галочки буд. Очааш ҳам мурд. Ҳалқаи муҳофизатии Раҳмонов сето аст. Якумаш сирфан одамони худаш, дуввум ва саввум аз ҳисоби милиса ва амният аст. Аммо, онҳоро зуд-зуд иваз мекунанд. Раҳмонов ду бор инсулт шуд. Навҷувонови кардиологи Қараболо тақрибан ҳамеша дар тори сараш аст.

Мо,24 нафар ба муддати 9 рӯз тафтишот аз болои кормандони ҳифзи ҳуқуқ гузаронидем. Вақте он видеоро тамошо кардем, дидем, ки чи гуна одамҳое меоянду мераванд, ҷиянҳояшон хешовандонашон. Аз прокуратура, аз КДАМ, аз милиса, аз коррупсия. Аммо ҳамаро харидагианд. То ҷое медонем Муаллим ҳам пули хуб гирифтагӣ аст,ки дигар ҳеҷ фармоне нашуд. Ин телефонфурӯшии бозори Корвон як бозори дигар бо миллионҳо доллару сомонӣ будааст. Метавон гуфт як дунёи дигаре ҳаст. Мо инро сахт кофтему маълум кардем, ки ин тарзи кор Нуршедро бо Ҷамшед беҳад мегазидаст, ҳамин чиз. Яъне ҳамин кор. Ҷамшед дар бозори оптовийи телефон аст  ва пули калон влажит кардагӣ аст  Тақрибан 3 миллион доллар, албатта то онҷое мо дастрасӣ пайдо кардем. Бачаи як нафар генерал(муфассал дар мавридаш мефиристем )  инҷо ҳамчун смотряший кор мекунад, савдои кучагиро ҳам контрол мекунад, марказҳои тиҷоратии ноҳияи Рудакиро низ. Худи ин  генерал якҷо бо генерал Юсуф Раҳмон вақте ҳамон навор аз бозори Корвонро шумо дар каналатон гузоштед, лично фармон медиҳад, ки раведу ҳамон одамҳоро биёбед. Манзур онҳое, ки дар навори Ислоҳ номашон рафта буд. Ҳамон телефонфурӯшҳоро. Аз таможний меояд, аз прокуратура- қисмати контрабанда меояд, шахсан худи ҳамин генерал- сардори СБ меояд пеши телефонфурӯшҳо ва ин корро тинҷ мекунанд. Одамҳои Юсуф Раҳмон тафтиш меоянд.Нуршед Машрабов, раиси бозори «Корвон» маҷбур мешаваду барои худи Юсуф Раҳмон  ҳам ду магазин медиҳад ҳама чиз орому тинҷ мешавад. Доляро мегираду ором мешад. Вай баъди ҳамон навор тафтиш омада буд. Вақте нашр шуд Юсуф Раҳмон аз қафояшон шуд, ки инҷо чи гап аст?

Ҳозир акнун коррупсия девона шудааст, ки онҷо чи гап аст, чаро мо нестем, доляи мо канӣ?

Аз коррупсия Далер як бачаи хуҷандӣ 5000 доллар гирифту корро ором кард. Пулро дар як опели серебро дар ҷойи балони запаска монда гирифт. Вай как таксии 5сомонӣ меравад ва дар 82 микрорайон дар доми 43 пулро мегирад. Пулро мавлавӣ, додари Сайфиддин Сайфов дар опел мегузорад. Бачаҳои телефонфурӯши Корвон мегузоранд, ки гираду корро тинҷ кунад, ягон гап нашавад. Инҷо ҳама корро ҷазир кардагӣ Баҳодур аст. Ҳамаро ба коррупсия фурӯхтагӣ. Худи Баҳодур ҳам шашак аст. Баҳодури ҳисорӣ ин ҳам телефонфурӯш аст. Ҳардуяшон хешу табори  бачаҳои кулобанд. Инҳо корашон фақат бузӣ аст. Инро мефурӯшанд, дигарашро мефурӯшанд, ҳамин хел. Инҳо боз як ҳамроҳ доранд Ориф кулобӣ ном дорад. Вай бузи калон аст. Вай ҳамроҳи амакбачаҳои Нуршед дар ҳамин система аст. Усмон ном дорад. Усмон ҷияни Нуршед аст. Инҳо фурӯши телефонро монополия кардагианд. Телефонҳо контрабанда ворид мешанд. Ҳоло инҷо бачаи Бег Сабур проблема шуда истода аст. Ҳозир Нуршед талош дорад, ки бачаи Бег Сабур-Рамзро барорад, роҳ надиҳад дар бозор. Нуршед ӯро подставит карданӣ аст. Нуршед бар бораи бачаи Бег Сабур видео дорад. Ҳамчун компромат истифода карданӣ аст. Бачаи Нуршед аз набераҳои Ҷаноб кадомеро келин карданӣ аст. Мехоҳад алянси оилавӣ созад. Мо фикр мекунем, ки Нуршед ақидааш хело безеб шуда аст. Касе даромадааст наздаш ва гуфтааст, ки аз барои худо фалон корро буд кун. Гуфтааст, ки дар пеши ман аз Худову Расул гап назан, ҳатто ҳақорат кардаст. Шерро қапиданд ва аз бозӣ бароварданаш. Шери чекчини бозор. Одами Нуршед, бачаи вай дар таможний кор мекард. Нуршед борро ба Шер медод. Шер дар вагон тавассути бачааш роҳӣ мекард. Борро он сол қапиданд- 83 кило ва 18 сол доданд. Роҳҳои Нуршедро дар тиҷорати наркотик бастанд. Феълан бародари генералаш ин корро карда истодааст. Инро аз бозӣ берун карданд, ҳоло мисли саги девона шудагӣ аст. Султони Кабирро Нуршед зад. Вай, ҳануз чанд вақт пеш аз бардоштани Султони Кабир мегуяд, Авазро чапа мекунанд. Кури Авазро ҳамин Нуршед сиёҳ карда будаст. Гуё Аваз бо Убайдуллоев Маҳмадсаид қасди табаддулот доштаанд. Бо ин васаила Нуршед рақибашро гирифту чаппа кард. Бачаи Аваз авария кард. Бачаи Нуршед як духтарро гирифту таҷовузкард. Дақиқан ана ҳамин шакле имрӯз дар Озодӣ аз Колхозобод ҷиянҳои Ҳасан карданд бо он духтараки камбағал.  Аммо темаи бачаи Нуршед дар ҷояш хомӯш шуд. Дар даруни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳама огоҳ буд аз ин ҳодиса. Инҷо ҷинояти таҷовуз ба номус буд, ки статяаш вазнин аст назар ба авария. Нуршед одами контрразведкаи Узбекистон аст ва мо далел дорему дар боло ҳам муаллим хуб медонад инро, аммо бо пул муттаҳамаш кардааст хомӯш аст.

Ps: Хонандаи гиромӣ чуноне дар ин қисмати ҳафтум хондед номаҳои ҷолиби дохили кланҳо ва мафияҳои оилавӣ ва гурӯҳӣ навиштаанд. Чунин маълумотҳои пароканда хело зиёд ба “Ислоҳ” расидаанду ҳар рӯз мерасанд. Бигузор мо нашр намоему мақомот ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ кашанд, на инки рафта аз онҳо пул кананду озодашон гузоранд. Ҳадафи мо аз ифшо сохтани ҷинояткорон ин нест,ки Юсуф Раҳмон, СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода , Сулаймон Султонзода рафта аз ин афрод пора гиранду боз онҳо идома диҳанд ба кори худашон. Ҷиноятро хондед дар ҳол ба санҷиши қазия бояд шурӯъ кунед, на ба пора гирӣ ва шантаж кардан.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №7 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №2
(бахши дуввум )

Ба унвонии “Ислоҳ” ҳар рӯза садҳо нома мерасад, ки кӯтоҳанд вале аз дарде аз мусибате, ки доранд менависанд. Ин номаҳо аз афроди қишрҳои гуногӯни ҷомеъа мебошанд, ки бархе шикоятӣ ва бархе маълумотӣ ва бархе ҳатто ҳимоятӣ аз ину оне дар мавридашон матолиб ва барномаҳо нашр менамоем. Агарчи дар моҳи августи соли ҷорӣ як чунин матлабе нашр намуда будем вале пас аз он дигар машғули бархе аз корҳои дигаре будем. Натавонистем ба ҳамаи он номаҳои пароканда расидагӣ намоем. Тасмим гирифтем ин номаҳоро дар як матлаб ҷамъоварему тақдим намоем. Чун мо ҳамеша дар мавриди ҳар ноҳия вилоят ва ё афрод,то маълумотамон пурра намешуд ба шакли кутоҳ нашр намекардем. Мақсадамон ин буд, ки ҳар матлабе нашр кунем он пурра ва хеле аз дардҳо ва ё амалҳои бештари ҷиноятии мақомдоронро дар худ дошта бошад. Чун мардуми мо дар навиштан хело заъифанд бо ин шакл мехоҳем корашонро осонтар намоем ва кори худро мушкилтар.  Умедворем бештар тавонем ба ин шакл дарҳо ва номаҳои мардумро пахшу нашр намоем.

Кулоб «Облава»

«Облава» сари ду корманди милисаи  минтақаи шаҳри Кулобро хурд. Як ҳафта қабл аз хатми он ду  милисаи шаҳри Кулоб, ки дар вазифаи «уголовний розиск»     кор   мекарданд ба облавашикор  баромада  дар роҳ як бачаи ҷавонро қапида   ӯро  лату   куб   карда   мегуянд, ки   мо  туро   ба   хизмати   аскарӣ  мебарем. Он ҷавон саркашӣ карда мехоҳад, ки чизеро бифаҳмонад. Аммо ин ду «уголовник»  имкон барои «сайд» надода хеле лату  кубаш мекунанд. Он ҷавон як илоҷ карда  худашро ба милисаҳо шинос  мекунад ва ба онҳо мегуяд, ки ман  коргари коррупсия дар минтақаи  Кулоб ҳастам. Корманди милиса узрхоҳӣ  мекунанду  бахшиш мепусанд: барвақт  худатро шинос накардӣ, моро бубахш гуфта зориву илтиҷо мекунан. Ин ҷавон тамоми моҷароро ба сардори  калонашон нақл мекунад. Сардор кормандони  коррупсияро маҷлис карда супориш медиҳад, ки фаҳмед он «уголовникҳо» киянд, санксия  гиреду ба  идора  оварда маҳкам кунедашон. Феълан ин ду «уголовник» дар идораи  коррупсия минтақаи шаҳри Кулоб дар боздошт қарор доранд ва сделка рафта истодааст бояд бо додани пул халос шаванд.Ва “тафтиш” рафта истодааст.

Ёдатон бошад дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» нисбати як  мошенник-қаллоб бо номи Далер гуфта будед, ки савдогарони бозори «Корвон»-ро фанд кард. Ин Далер дар ҳар ҷо худашро одами Зоир-домоди Эмомалӣ Раҳмонов муаррифӣ мекард. Вай дар ҳақиқат ҳамроҳи Зоир-падари Исмоил будааст. Аммо Зоир аз дасти мошенникии Далер  ба дод омада ӯро зада сур кардааст. Ҳар куҷо, ки равад аз номи Зоир храп мезадааст ин Далер . Рамазон Раҳимзода ба Бахтиёр Назарзода, сардори УБНОН фармон додааст, ки ҳамин  Далери қаллобро  оварда  маҳкам кунад.

Бахтиёр Назарзода ӯро кофта ёфта маҳкам кард. Дар вақти тафтишот Далер боз сирҳои зиёдеро ифшо кардааст. Гуфтааст, ки сардори милисаи Бобоҷон Ғафуров ба ӯ 100.000 доллар додааст, ки пеши Рамазон Раҳимзода дарову барои ман вазифаи баландтар гирифта деҳ. Корро, ки буд кардиву фармон баромад, боз садҳазор доллари дигар медиҳам.

Бахтиёр Назарзода ба сардори милисаи Бобоҷон Ғафуров занг  зада мегуяд, ки  «э,гузини боз ту вазифахарӣ»? Вай ҷавоб медиҳад, ки не Бахтиёрҷон, ин гапҳо ҳамааш дуруғ аст. Бахтиёр мегуяд чи хел дуруғ аст: «аму мошенник дар дасти ман аст, нисбати ту  паказани дода истодааст.” Сипас сардори милисаи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ки «илтимос Бахтиёрҷон  ҳамин  гапа  бкуш, ки  гапи  ман  набарояд, нобути  ҳамон  сад  ҳазор  доллар. Гап ба вазира наравад, ки вазир  маро аз  мақомот  дафъ  мекунад». Ҳоло бошад тафтишот идома дорад.

Шикоят нисбати Раиси шаҳри Кулоб

Раиси шаҳри Кулоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба одамони худаш дастур додааст, ки дар куҷои шаҳр ягон беҳбудӣ шавад, ба ман дар ҳол хабар дихед. Сипас бо одамонаш  рафта ба навор карда дар интернет мепартоянд ва бардуруғ:- «ана раиси шаҳри Кулоб  дар инҷои шаҳр  бехбудӣ кард»  гуфта ӯро таъриф мекунанд. Раис гуфтааст : «ҳами ҷаноби олӣ ҳам худаш ҳеҷоро насохтааст , месозанд ӯ рафта мекушояд, мо ҳам пайравони ҷаноби олием»

Як бародар як роҳи мошинро мумфарш кард. Аз ҳукумати шаҳри Кулоб омада «съемка» карда рафтанд. Он бародар сараш вайрон шуду гуфт, ки ҳоло ин бадбахтҳо овоза мекунанд, ки ана ин роҳро раиси шаҳри Кулоб ободӣ кард. Он бародар гуфт, ки “хайр, чи кор кунем,ҳоло ҳукумат дар дасташон аст. Мо ҳозир ҳиҷчи гуфта наметавонем ва афзуд,ки бало ба пасашон. Ман ин роҳро аз барои худо  кардагиам, худо худаш ҳамашро  медонад, рӯзи қиёмат ҷавобашро медиҳад.”

Чанде қабл президент Кулоб омад. Шабона ҳар гоҳ, ки биёяд дар резидентсияаш меистад. Бинобар нақли раиси Кулоб Назарзода Бахтиёр Худоёр тақрибан соати яки шаб ҳамаи раисҳоро ҷавоб дод раиси Кулобро манъ мекунад. Раис мегуяд, ки шабона ба мошини ман нишасту Кулобро чарх зад, хеле тамошо карда гуфтааст, ки Кулоб хеле зебо шудааст.

Ҳимоят аз Имомалӣ Мақсудов мулаққаб ба «Имомхуяк»

Дар бораи ҳоҷӣ Имомалӣ шумо хеле аз камбудҳояшро гап задед. Аммо, биёед аз корҳои хубаш ҳам бигуем.

Дар ноҳияи Темурмалик муаллимҳоро аз кисаи худаш маош медод. Китобҳои синфҳои ибтидоӣ -аз 1то синфи 4 умро ба уҳда гирифта буд. Ин корро солҳо анҷом медод.

Ин корҳоро дар мактаби№1 ва мактаби №2-и ноҳия анҷом медод. Вай чандин  камбағалҳоро зан дод, чандин фақиронро соҳиби хона кард, чандин одамонро ҳаҷ равон кард. Қуръонхонҳоро то ҳол дастгирӣ мекунад.

Дар ҳукумати мо то доля надиҳӣ ягон корат пеш намеравад. Аммо барои ин «криша»-и хуб даркор, ки дар ин офатҳои Тоҷикистон тобовар бошад. Сухан аз ҳодисаи соли 2005 то 2006  меравад.

Бачаҳо нақл карданд барои Салихов (Маҳмадназар Солеҳов)-ро вазири дохилӣ  таъйин кардан ҳоҷӣ Имом 800.000 доллар ба зани ҷаноб медиҳад. Ҷаноб ин вазифаро ба дигар кас медодааст. Дар набудани ҷаноб шаб рафта янгаро розӣ карда 400.000 долар медиҳанд. Вазифаро гирифтан пас 400.000 доллари боқимондаро. Ҷаноб аз сафар бармегардад ва янга розиаш мекунад, янгаи газитхони босавод. Салеховро вазир монд. Аммо сум -суми Боим буд. Янгаи газет хонакмон «доляаш»-ро постаяний мегирифт. Хуллас, чанд сол давом кард. Дар ин миён Боим ғалтид ва «доля»-и янгаи газетхонакмон  кам шуд. Вазъияти Салихов рӯз то рӯз дигар шуд. Омада-омада ба қатл расид. Чаро янгаи газитхонак пушташро нагирифт.«Кришагарӣ» накард ва дар охир вазифаро ба дигар кас фурӯхтанд.

400.000 дар аввали кор буд кардан ва пас аз он 400.000 дигар. Дар умум 800.000 доллар, ки дар он солҳо суми калон буд. Маҳмадназар Солеҳов аз 6 уми ноябри 2006 вазири дохилӣ шуд. Аммо ҳоҷӣ Имом дар «кабелний» сехҳояшро ба иҷора дода қисми ками бачаҳо ҳамроҳаш кор мекарданд. Бо Ҳасани хусурбачаи  президент соз нагирифта буд, он солҳо. Ҳасан гуфт  заводро ба ман фурӯш. Ҳоҷӣ Имом нафурӯхт ва дойираи кори ӯро танг карданд. Ба заводи алюминий гуфтанд, ки ба ҳоҷӣ Имом алюминий надиҳед. Яъне ашёи хом. Заводи ҳоҷӣ Имомро ҳаматарафа блокада карданд. Ҳоҷӣ заводаро ба номи занаш кард, то бо ягон баҳона  аз дасташ нагиранд. Занаш шаҳрванди Русия мебошад, номаш Мавҷигул. Доираи Имомхуякро ин хусурбачаи президент то дараҷае танг кард, ки не ашёяш доданд, не кабелашро гузоштанд, ки бифӯрушад. Ҳоҷӣ Имом ночор Ҳасанро гуфт: “биё як ба як мезанем, задӣ ҳами завода бе сум биги, яъне падарка, Ҳасан  ноилоч шуд”.  Медонад, ки мардуми Советский чи хел бачаҳои  нотарс дорад. Баъд Ҳасан рафта дар даруни заводи алюминий кабелний заводи худашро сохт. Хуллас, бизнеси ҳоҷӣ Имомро кушт ва Ҳасан ҳоло дар тамоми ҷумҳурӣ чанд намуд кабелҳои гуногуни  замонавии худро фурӯхта истодааст.

Исматчаро хубтар шиносед

Чанд ҷумла дар бораи Нусратуло  Турахонов бо лақаби Исматча. Аз Советский, ҳозира  Темурмалик. Дар вақти ҷанг  чи хизматҳое, ки накард. Дар байни ду майдон хайма зад, гуруснанишинӣ эълон кард. Гуфт ин миллат бояд ҷанг накунад. Ҳамин қадар кушиш кард, аммо натавонист. Гурӯҳе аз бачаҳои нофаҳми худамон ҳам  «вовчик» ҳам гуфтандаш.

Бачаҳо баъди мурданаш мегуянд, ки Исмат рост гуфта буд дар ҳамон соли1992.   Исматча ба бачаҳо гуфта будааст, ки ин ҷанг  барои чист!!!  Ба манфиати кист? Барои ҳамин дар байни ду майдон  палатка зада мухолифи ҷанг  баромада буд. Дар бораи Исматча китоб баромад, ман хондам. Ман ҳам ҳамсуҳбат шудам,бо ҳамон нафари китобро навиштагӣ. Аз газетаи СССР мисол овардагӣ дар ин китоб Гуфтам намешуд ин хел ё он хел мекардед. Дар вақти суҳбат ба ман гуфт, ки  китоб бояд калонтар  мешуд. Вақте мо китобро ба чоп бурдем, хонданду диданд. Гуфтанд, ки нимаш ба сиёсати имрӯза рост намеояд. Сипас бояд ҳатман аввали  ин китоб таърифу тавсифи Ҷаноби олӣ бошад, «аз боло ба мо амр шудагӣ, ягон мақоларо бе таърифи Ҷаноб  чоп  накунед». Баъд китобнавис гуфт  мо ноилоч розӣ шудем.Чи хеле, ки онҳо хостанд, мо ба гуфтаи онҳо китобро ба чоп додем. Қариб 50% воқеъиятҳое дар бораи Исматча буд аз китоб бардошта шудаанд.

Маънии ПТУ- ро медонед? Як урус бо мо кор мекард гуфт,ки ПТУ –помогите тупого ученика, мо тупой мегуем. Яъне ба шогирди кундзеҳн ёрдам кунед.

Эмомалӣ Раҳмонов  –шогирди тупойи ПТУ ақлашро хурдааст. Намедонад, ки чи гуфта истодааст, куҷо рафта истодааст. Халқро фуромӯш кардааст. Ноҳияҳо меравад. Як мох пешакӣ амнияташ рафта районро муҳосира мекунад. Аввал як сол пешакӣ раиси ноҳияро мегуянд, ки соли дигар президент ноҳияи мо меояд. Як соли тамом идораҳо суботник. Аз маошҳояшон 10%мегиранд, хоҳ раис бошӣ ё хоҳ фаррош.

Дар ноҳияи Темурмалик баъди 20 сол омад, қариб 30 минут истод, бо сабтҳои пешина монтаж карда ду соаташ карданд.

Дар як баромадаш мегуяд, ки «хонаҳотона аз хишти пухта яъне кирпичи сурх созед».

Дар як баромадаш мегуяд, ки «Сумтона оварда банкҳода монед. Пасандоз барои ояндаи фарзандон».

Э,шогирди тупойи ПТУ! Мардум имрӯзашро наёфта истодааст, ки бихурад, аз куҷо пасандоз? Ин ПТУшник мода фикри фардо кадесай.

Ин мардак мардум гуфта зиндагии гирду гушаи худашро мебинад. Фикр мекунад ҳама ҳамин хел аст. Гоҳо биҳишт гуфта ном мебарад.

Исмат Абдуллоев “Дулик” ва баъзе аз розҳои нопоки  ӯ

Исмати Дулик –Исмат Абдуллоев, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмонов овозхон Сафаргул Юсуповаро аз шавҳараш ба зурӣ кашида гирифтааст. Ин Сафаргул Юсупова 4  кудаки калон дорад. Падари кудакҳояш яъне шавҳараш Неъмат Асрорӣ навозандаи Зафар Нозим ва Ҷамшед Исмоилов буд.

Сафаргул дар куҷое бо вай муносибат мекунад. Аммо ин кор ҳам бо розигии Сафаргул шудагиаст ҳам бо он мард. Ба шавҳараш таҳдид мекунанд, ки знукатро бигир, аз дастат ҳеҷ коре барнамеояд.

Ин кор дар амал бо розигии Исмати Дулик ва худи Сафаргул шудагӣ аст. Бачаи ин мард бо Сафаргул Юсупова калон аст. 23 24 сола. Бачаҳояш ҳамроҳи падарашон гап намезананд. Ба қарибӣ духтарашро шавҳар дод. Ин Неъмат Асрориро зулми бисёр карданд. Аз хонаву дар маҳрумаш карданд.

Зиндагии нав сар карда зан гирифтааст бечора. Баъди ин ҳодиса ӯ ба Амрико гурехта рафт. Кутоҳи гап Сафаргул Юсупова фарзандонашро гуфт агар соҳиби пулу мошину хона ва зиндаги шудан хоҳед аз падаратон дур кунед , ман падари пулдортон пайдо кардам.

Дар мавриди Заводи Қолини Душанбе, ки писари Исмати Дулик Наврӯз Абдуллоев онро рӯзи 20.12.2022  кушод ва дар ифтитоҳаш Президент ва Рустам иштирок доштанд, ҳатто худи Исмати Дулик аз аробача бо зур росташ монданд ҳатман бо тафсил дар мавриди ин завод ва чи гӯна кушода шудани он бароятон маълумоти муфассал мефиристем, то аз асли ин завод ҳам мардум огоҳ гарданд.

Шералӣ Кабиров ва Ҳасан Асадуллозода боҷаанд

Шералӣ Кабир як аруси фоҳиша дорад аз Калинини Душанбе, номаш Умеда-духтари ҳоҷӣ Маҳмуд. Дар ҷодугарӣ бисёр маҳорат дорад. Ҳамин Шералӣ Кабирро хар гардондагӣ аст. Дар хонаи Шералӣ боз дигар бачахоро бурда ҳаромӣ мекунад ва мо ҳамсоя ҳастем ҳамаро мебинем. Барои онки Шералӣ ӯро қаноатманд карда наметавонад. Умеда гуфтааст, ки бо Шералӣ барои пулҳояш мегардам 27-30 сола. Дар баъзе ҷоҳо номашро Зарина гуфтагӣ аст. Инҳо сахт боҳуснанд, барои ҳамин ҳуши мардҳоро мебаранд ва муҳим ҷодугарӣ мекунанд. 10 сол аст ки ҳамроҳаш аст. Ҳатто пеш аз кор дар Талко ҳамроҳаш буд.

Як хонааш дар пеши опера- балет якеи дигараш дар пушти ҳайкали Ибни Сино. Ҳавлӣ тахминан бо ду гектар замин. Апаву хоҳар аруси Ҳасан ва Шералиянд. Ренҷровер доранд.

Ҷага ба никоҳаш гирифта буд ва як хонаи сеҳуҷарӣ дар назди Институти налог дошт. Ин духтар баъди кушта шудани Мирзо Ҷага чанд хонаи Ҷагаро гирифту аз они худ кард. То ҷое мо маълумот дорем Ҳасан Асадуллозода хонаҳои Мирзо Ҷагаро ба номи ӯ гузаронидааст мегӯянд. Мегуянд,ки чор- панҷ хонаашро ҳаминхел  гирифтагӣ аст. Таваллуди Парвина, ки худро Холида мешиносонад 88 ё 89 аст.

Таблеткаҳои экстазӣ мезананд ин духтарҳо ва ҳато як бор дар қапи милисаҳо мехуранд ва милисаҳо мефаҳманд, ки масту мадҳушанд. Ренҷроверро меқапанд, мебинанд, ки задагианд.

Апаи Умеда номаш Холида аст. Худашро Парвина муаррифӣ мекунад. Парвина аруси Ҳасан Асадуллозода аст. Пеш зани Мирзо Ҷага буд. Номаълум, ки зани чандумаш буд. Ин аз хоҳараш  ҷодугари вазнинтар аст. Инҳо як «круг»-анд. Аз Кашмир ҷодугар меоваранд, харҷи калон мекунанд. Дар вақти зани Мирзо Ҷага буданаш ин Парвина ҷодугарӣ мекард. Мирзо Ҷагаро бисёр шарманда карда буд. Ҳозир чи хеле медонем, Ҳасанро хар гардонидааст. Апаи инҳо яьне апаи Парвина ва Умеда зани Эшони дароз буд. Як духтари беҷогард дорад номаш Миҷгона, аммо худашро бо номи Закия шинос мекунад.

Ман бовар дорам, ки Ҷага инро то охир намедонист, нашинохта буд. Харҷаш зиёд буд. Дубленкаҳои қимат. Шубаҳои гаронбаҳо. Ин зан чуноне гуфтем феълан аруси Ҳасан Асадуллозода аст. Инҳоро авғон мегуянд, як қабилаанд. Духтари калонии ин ҳоҷӣ як вақтҳо зани эшони Дароз буд. Духтар дорад бо номи Закия, овозхон, духтари эшони Дароз аст ё каси дигар номаълум. Инҳо оилаи соқу сиҳат нестанд, нопоканд. Бо як кас никоҳ кунанд ҳам бо даҳ каси дигар мегарданд. Фоҳишаанд.

Формула 55 ё 5555 групп киҳоянд?

Ҷураев Дилшод, Роҳбари 5555 групп. Ҷураев Дилшод Донишгоҳи славяниро дар Душанбе хатм намудааст. Ӯ аввал контораҳои букмекерии 5555-ро кушода мардумро дар ставка ва қимор шинонда ба гадоӣ оварда расонд. Баъдан бо ҳамроҳии бародараш Ҷураев Даврон худро аввал бо Шоҳрух ва сипас бо Рустами Эмомалӣ часпонд. Инҳоро кошелек мегуянд. Тамоми букмекерхонаҳои Формула 55 ба инҳо тааллуқ дорад. Ҳамин тавр Дилшодро ба мансаби муовини Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон таъин намуданд. Ӯ бо бародараш як империяи махсуси худашонро доранд, ки дар он ҳама чи медарояд. Ба наздикӣ бизнес- инкубатор кушоданд, ки дар давлати мо ба он умуман ниёзе нест. Дар ҳоле, ки вазорати иқтисод ҳаст, инкубатор чи лозим? Бародараш Даврон клуби ҷанговарони ММА Тоҷикистонро дорад, ки дар он ҷавононро ба бераҳмӣ тарбия мекунанд. Модараш бошад ширкати Мултикидро дорад, ки дар он ҷавононро бо фарҳангҳои бегона ва дидҳои зидидавлатӣ ҷалб мекунанд. Боре аз бародарон Ҷураевҳо пурсиданд, ки ба Шумо ин чизҳо чи даркор? Дар ҷавоб онҳо гуфтанд, ки ин ҳама дар оянда барои ба сари қудрат овардани Роҳбаре аз вилояти Суғд лозим. Чун худи онҳо аз онҷо. Аҷиб инҳо дар бари писари Президент, аммо  мақсадҳояшонро нодида мондаанд. Сабаб дар он астки ин нафарҳо Рустамро фақат ба кайфу отдых меандозанд то ин ки вай аҳамияте надиҳад. Замоне буд, ки собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон-Шамсуддин Орумбекзода норозигӣ ба кори ширкати модари Дилшод намуда онро бастанӣ шуд. Дар ҳақиқат асос дошт. Аммо натавонист. Ӯро бародарон Ҷураевҳо ба воситаи Рустам ҷуқиданд.

Даврон гуруҳи бузургеро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ машку тамрин додааст, ки онҳо танҳо амри ӯро гуш мекунанд. Дилшод ҳар моҳ бо ҷамодончаи махсус маблағи муайянеро бурда ба Исмоили набераи Президент медиҳад. Дилшод мехоҳад байни Рустаму Исмоил ҷангеро роҳ андозад. Бовар кунед мардум қашшоқ шудааст аз дасти ин букмекерхонаҳои Дилшод Ҷураев.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (Куйбешеви собиқ)

Дар автобазаи ноҳия фурӯши нашъа ошкоро сурат мегирад. Инҷо ҳоло расман масолеҳи сохтмонӣ  фурӯхта мешавад. Нафаре ҳаст бо номи Алии оҳакфурӯш.Б а ин одам Пулод

Раҳимов, замначалники «уголовний розиск» нашъаро таъмин мекунад. Руй рост ошкор дар Афтабазаи строй матрял, Али охак фрӯшда нашаро Раҳимов Пулод угаловник оварда медиҳад ва ӯ фрӯхтай истодааст.

Ҳафтае нест, ки як нафарро «подстава» накунанд. Инҷо аксарият ғармианд. Нафари ба даст афтода  ба камияш 600 доллар медиҳад, вагарна аз 1000 доллар кам намегиранд. Музаффар Бойматов, сардори шуъба, Амиршо Ғайратов, сарнозири минтақавӣ ва корманди бахши ҷустуҷуи ҷиноӣ Раҳимов Пулод се нафаре ҳастанд, ки дар тан либоси милиса доранд, аммо аъмоли ҷинояткоронро дар ноҳия ошкоро бе ягон тарс мекунанд. Инҳо мераванд аз Душанбе аз Дӯстов Ҷумъабой корманди пешини милиса «бор»-ро меоранд ва халқро «подстава» карда истодаанд.

«Криша»-и инҳо Дӯстов Ҷамшед корманди Оҷонсии коррупсия ва рафиқи наздики Рустами Эмомалӣ мебошад.

Бойматов Музаффар, Ғайратов Амиршо, Пулод Раҳимов ва Дӯстов Ҷумъабой ҳамагӣ аз Ғарманд. Аммо бадии кор дар ин аст ки инҳо, ки як мафияро ташкил медиҳанд, фақат ватасосан ғамиҳоро «подстава» карда истодаанд.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба фасоду нашъамандӣ олуданд. Ин Алии оҳакфурӯш, ки баригаашон мебошад, ҳафтае нест, ки як нафарро туъмаи онҳо насозад. Дар кадом маҷлисе ба Пулод Раҳимов  Ҷаноб медал дода будааст. Вай ҳамонро ба мардум воҳима карда нишон дода метарсонад, ки ҳар куҷое шикоят мекунед фоидаатон надорад. Мегуяд, ки «ма қати худи Ҷаноби олӣ мешинуму мехезум». Бовар кунед ин мафияи милисаҳо ҳамаро наркоман кардаанд. Ин мафияи милисаҳои ғармӣ на танҳо нашъафурушӣ, ҳамчунин дуздӣ ҳам карда истодаанд. Гапи хубашон ин аст ки «мо ғармиёи худмонем бачай ача, кор ба болора нарава, 600 доллара бте ака, хапи ту хапи мо ғармиёем».

Алии оҳак фурӯш пеш аз подстава кардан пешакӣ хабарат мекунад, ки «бо номи мна Нагирӣ  ҳатиёт кун». Клент-харидораш аз пешаш 20 метр меравад, дарҳол  зангашон мезанад, ки «рафт бардореша». Ҳарсеяшон, ки мунтазири ин занганд, меоянду медоранду мебарандаш отдел. Бачаи ача 600 –ро медиҳиву мебароӣ. Бовар кунед Алии оҳак фурӯш ҳам ғармӣ аст, аз Куйбеши пешина, колхози Ленин. Вақте бо Пулоди уголовник «спорит» мекунӣ рӯйирост мегуяд: «мара кришам Дӯстов Ҷамшед коргари коррупсия ҷураи Рустами Эмомалӣ киҷое мерай бра жаловат кун».

Як рафиқи наздикам дар шуъбаи муҳофизат-отдел охрана кор мекард, басаш кард. Гуфт бо луқмаи ҳаром  фарзандонамро тарбият намекунам.

Аммо як чизро бигуям, ки ин милисаҳои ғармӣ дар инҷо ҳамаро нарокоман мекунанд ояндаашонро месӯзонанд. Ҳоло ҳудуди 73 нафар ҷавононро медонам муътоданду метавон гуфт аслан ояндае надоранд. Ин идораи назорати зидди маводи нашъаовар куҷоро нигоҳ мекунанд? Ман ҳеҷ шакку шубҳае надорам, ки ин ниҳодҳо худашон дар интишори маводи мухаддир ва доруҳои мадҳушкунанда саҳм доранду пул кор мекунанд.

Ps: Ислоҳ омодааст дар чунин шакл ҳар рӯз то панҷ чунин номаҳо аз ҳар ноҳия ва вилоятҳоро нашр намояд. Аммо имкони инкорро феълан надорем бо чанд далел. Умедворем дар ояндаи наздик ба он ҳам даст ёбем ва ё як рубрикаи махсӯсе дар мавриди ин шакл номаҳои мардумӣ ташкил намоем, ки он аз иртиботи қавии мардумӣ бо “Ислоҳ” ро бозгӯ менамояд. Аллоҳ муваффақамон гардонад, дар ончӣ ба хотири некӯ аҳволии мардуми азизи кишварамон анҷом медиҳем….

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №2 появились сначала на ISLOH.net.