Архивы Исматзодаи Машраф - ISLOH.net

Шоҳрух вазир ношуда вазоратро гирифт!
Омадан ё дақиқтар бигуем овардани Шоҳрух Саидзода, сардори УУР-Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ба Раёсати ин вазорат дар пойтахти Тоҷикистон таъйиноти ғайримунтазира набуд. Шоҳрух ба мисли уребча-памперси Рустами Эмомалӣ аз пушт ва ё дар пушти вай рафтан мегирад. Ҳаминки Рустам дар курсии падараш нишаст ва нақшаву нияти шумашон ҳам ҳамин тавр аст Шоҳрух низ дар курсии вазири дохилӣ хоҳад нишаст. Ва Шоҳрух чашму гуши Рустам дар мақомот ва сохторҳои қудратии кишвар хоҳад шуд ва КДАМ-у прокуратураву вазорати мудофиаву дигар ниҳодҳои қудратӣ ба мисли Кумитаи изтирорӣ, Оҷонсии зидди фасод ва Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир дар ҳукумати Рустам дар мақоми  баъд аз вазорати дохилӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин ба он маъно аст ки на Прокурори генералӣ ва на раиси КДАМ-и оянда он ҷойгоҳ ва нуфузеро, ки вазири дохилӣ, яъне Шоҳрух ба даст меоварад, нахоҳанд дошт. Ҳоло агар Юсуф Раҳмони Генпрокурор ва СС.Ятимови КДАМ ҷойгоҳи баланде дошта бошанд, дар ҳукумати Рустами Эмомалӣ ин ҷойгоҳу мақомро Шоҳрух хоҳад дошт.

Таъиноти ахири кадрӣ дар вазорати дохилаи Тоҷикистон, ки 7 июн сурат гирифт,дар  воқеъ аз таъйиноти пешина мутафовит ва дигартар буд. Дуруст, ки фармони таъиноти кадрҳои тозатаъйинро Рамазон Раҳимзода имзо кардааст, аммо ин бор ин кадрҳо кадрҳои Шоҳрух Саиданд ва Рамазон Раҳимзода чору ночор зери фармонҳое имзо гузошт, ки онҳо интихобу таъиноти Шоҳруханд ва Рамазон Раҳимзода мисли саги гарданбаста ресмончаи гарданашро дар дасти Шоҳрух додааст.

Як мисоли одӣ меоварам, тасбит мекунад,ки «давр»-и Рамазон Раҳимзода ба поён расидааст ва Шоҳрух имрӯзу фардо курсиро аз зери вай мегирад. Бубинед, ҳамагӣ ду моҳу чанд рӯзи пеш генерал Шодӣ Ҳафиззода, домоди бародари Рамазон Раҳимзода, ки то чанде пеш сардори яке аз Раёсатҳои муҳим-мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ-УБОП, яъне ҳамон 6-ой отдел буд ва дар пайи интиқоди шадиди Раҳмонов аз кор сабукдуш шуда ва чанд вақт дар «распоряжений кадр» қарор дошт ва охиран бо имзои Рамазон Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи ВКД таъйин шуда буд, дигарбора аз вазорат берун карданд. Мусалламан ин берунандозӣ кори Рамазон Раҳимзода нест ва ба назаратон домоди Рамазон Раҳимзодаро ба чунин шеваи таҳқиромез кӣ ва барои чӣ мегирад? Рамазон Раҳимзода ӯро роҳбари дастгоҳи худ таъйин карда буд, аммо маълум мешавад, бармеояд, ки онҳое, ки тавонистанд ӯро аз ин мақом барканор кунанд, ба раҳбари Дастгоҳи ВКД таъин кардани Шодӣ Ҳафиззода розӣ набуданд. Ӯро Шоҳрух,ки дар пушташ Рустам аст муваффақ шуд, аз вазорат дур афканад. Ин ба он маъно ва хотир аст ки Рустам ва Шоҳрух ин вазоратро бо «кадрҳои худӣ» таъмин мекунанд ва дигар барои «кадр»-ҳои махсусан Рамазон Раҳимзода рузҳои охир ва сиёҳ пеш омадааст. Вагарна барои ҳамагӣ ду моҳ дар дастгоҳи вазорат роҳбар таъйин кардани Шодӣ Ҳафиззода тамоман маъно надорад. Дурандозии вай аз вазорат далели он аст ки «тим»-и Шоҳрух дорад вазоратро мегирад ва «кор»-и Рамазон Раҳимзода низ ру ба поён аст ва дигар Шоҳрух дар ин вазорат ҷавлон ва ҷавлона мезанад.

Акнун Шодӣ Ҳафиззода, ки моҳи феврал, пас аз 7 соли кор аз сардории Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) барканор ва апрел раҳбари дастгоҳи ин ниҳод шуда буд, пурра аз сафи кормандони пулис берун карда шуд.

Агар омадан ва ё ҳамчуноне гуфтем овардани Шоҳрух Саид ба Раёсати дохилаи Душанбе ғайримунтазира набуд, вале дар воқеъ, барканории Ҳафиззода ва бархе аз масъулони ин вазорат дар ноҳияҳо ғайриинтизор ва гуфта мешавад, ки то охирин лаҳза аксари барканоршудаҳо аз он хабар надоштанд.

Нуктае дигар бозии миёни Рамазон Раҳимзода ва Шоҳрух Саид, ки ишора ва то ҷое мешавад гуфт тасдиқ мекунад, ин аст ки Шоҳрух «пуху прах»-и Рамазон Раҳимзодаро бароварда истодааст ва барои онки то ҳадде ӯро таскин бидиҳанд, эълони «мақом»-и нави   Шодӣ Ҳафиззода аст. Шодӣ Ҳафиззода  машваратчӣ-мушовири котиби Шурои амният таъйи шуд. Ва эълони мақоми нави Шодӣ Ҳафиззода тавассути дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифт. Фикр мекунед чаро? То ҳамин ҳоло кӣ, кай ва дар куҷо хондаву дидааст, ки таъйноти мушовир -машваратчии котиби Шурои амният аз тарафи дафтари Раёсати ҷумҳурӣ эълон шавад. Масалан Амирқул Азимов ва ё Маҳмадалӣ Ватанов ҳам, ки котиби Шурои амният буданд мушовир машваратчӣ доштанд, аммо чаро онҳоро касе намешинохт ва намедонист ва дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳурӣ ҳам эълон намекард. Магар Шодӣ Ҳафиззода чи корнома доштааст, ки таъйиноти вай дар як мақоми кории як ниҳоди нонамоёни ҳукумат эълон шавад?  Чаро таъйиноти вай эълон шуд? Ин кадом вазифаву мансабе нест. Дар асл ин эълон на барои Шодӣ Ҳафиззода аст, балки барои Рамазон Раҳимзода аст, ки як каме таскин ва тасаллояш дода бошанд. Боз як ҳолати дигар дар ин таъйинот аст ки нишон медиҳад Рамазон Раҳимзода бояд кафшу ҷомаашро барои рафтан аз ВКД омода дошта бошад.

Полковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул 18 апрели соли 2023  ба вазифаи сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуд, аммо баъди чизе бештар аз як солу як моҳ, яъне дар таъйиноти ахир ӯро барканор ва дар ҷояш подполковники милитсия Шамсуллозода Баҳром Салом, яке аз рафиқони наздики Шоҳрухро таъин карданд. Табиист, ки Ҷумахон Назарзода «сухт»,пули додааш барои ин мақомро ҳануз успет накардааст, ки биканад.

Хуб, ҳоло сухтан ба канор. Инҷо гап дар сари он аст ки сардорони милисае ҳастанд, ки чандин сол дар як курсӣ кор мекунанд ва ин тавр, ки барои як сол сардори милиса бишавад, редкий случай аст. Албатта, агар нафар ба мақоми боло биравад, гапе нест. Вале комилан аз система биравад ва ё дар ҷойи поинтар таъйин шавад, инҷо ҳатман «гап» дорад. Ва ҳамин таъйиноти ахири кадрӣ дар вазорати дохили хеле «гапдор» аст. Масалан  капитани милитсия Умарзод Муҳаммад Мирзоҳайдарро дар ҳамон 18 апрели соли гузаштаи 2023 сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда буданд аммо ҳоло Шоҳрух дӯсти худаш– майори милитсия Ниёззода Саидмақсуд Сайдамир ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва ё полковник Алихони Рустам дӯсти хонаводагии Шоҳруху падараш дар ҳамон апрели соли гузашта   сардори ШКД-и ноҳияи Хуросон шуда будба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД оварданд то бо Фаттоҳ Саид коракояшонро давом диҳанд ва хумор бшкананд.

Ва инки гуфтем ин тағйироти кадрӣ мутафовит ва дигартар аст беҷиҳату бесабаб нест. Бубинед, боз як «факт»-и дигари ҷолиб. Дар ҳоле, ки дар Конибодом дар ним соли ахир кушторҳои ваҳшиёнаи оила дар чанд маврид (ҳадди ақал шаш хонавода) бо шумули пирону мусафед ва кудакон   сурат гирифт ва то ба имрӯз касе дастгир ва мазнун эълон нашудааст, сардори милисаи Конибодом полковник Пирзода Маҳмадсафар Қудратулло «повишенний» меравад ва РВКД ё сардори милисаи вилояти Суғд таъйин мешавад. Феълан сокинони Конибодом дару дарвозаҳои худро ҳатто рӯзонаҳо қуфл мезананд ва амнияти онҳо таъмин нест ва ҳуқуқи онҳо барои зиндагӣ помол шудааст, сардори милисаи Конибодом сардори милисаи вилояти Суғд мешавад. Инҷо касе чаро ҷавоб намедиҳад? Сокинони Конибодом аз Абдулло Навҷувонов шикоят мекарданд қотилонро пайдо кунад. Пах раиси милисаи Конибодоми ноуҳдабаро мешавад РВКД Суғд.

Ва, таъйиноти дигари баҳсбарангез таъйини полковник Машраф Истамзода аст. Ин Машраф Истамзода сардори милисаи Вахш таъйин шуд. Дар бораи шахсияти ин нафар милиса зидди ҳиҷобу зидди сатр на як бору ду бор навишта будем ва матбуот инро ҳам навишта буд, ки ҳамин дар моҳи январи имсол бародари вай Ашраф Истамзода, сардори кумитаи ҳифзи муҳити зисти Паҷакент бо 1 миллиону 200 ҳазор ба дасти коррупсяи афтода буд. Худи Машраф Истамзода вақти дар шуъбаи Синои Душанбе кор крадан виговор гирифта ва ахиран аз мақоми муовини сардори Раёсати дохилаи Суғд барканор шуда буд. Аммо имрӯз уро дар Вахш дар ҷойи асосии занҳои муҳаҷҷаба ва мастур бурданду монданаш. Хуб, дигар рушан аст ки курсии вазоратро барои пушти Шоҳрух дуруст карда истодаанд. Пуште, ки достону қиссаҳои онро ҳам гуфта будем.

Эмомалӣ Раҳмонов дар хеле аз корҳо водор ва исрор меварзад, аммо ба овардани Рустам тамкину сабр карда  истодааст. Рустамро ёд дода истодааст. Аммо Рустам новобаста аз онки гусолаи шаво ҳаст ё хайр як нуктаро ба вузуҳ пай бурд ва мутмаин гардид, ки Раҳмоново ба ҷуз аз вай чорае дигар надорад.

Раҳмонов 100% дилпур аст ва аз онки барои иҷрои ин нақшааш дар сари роҳаш кудом мумониат ва халал меуфтад, ягон бим надорад. Барои ҳамин воляро ба Шоҳрух, ки писархондаш ҳам ҳаст дода истодааст. Раҳмонов бар ин фикр задааст, ки вақте худаш ҳаст имкон диҳад ва бубинад, ки Рустаму Шоҳрух сиёсати кадриро чи тавр пеш мебаранд ва онҳое, ки мемонанд, содиқ ҳастанд, корро метавонанд.

«Шоҳрух Саид соявор ва чун аъзои пайрави ҷумла аз қафои Рустам кашолу молон рафтан мегирад. Рустам аз раиси шаҳр Президенту Шоҳрух аз сардори милиса вазир мешаванд.»

Маҳмадсафар Пирзода, сардори РВКД-и вилояти Суғд  дар Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам кор кардааст. Суҳроби Каромат, писари дӯсти собиқ ва мурдагии Эмомалӣ Раҳмоновро аз вазорати гирифтану ба Хуросон фиристоданд. Нафаре, ки умедвор буд ҳадди ақал муовини вазир ва ё сардори УВД-и Хатлон таъйин мешавад.

Баротзода Тоҳир Барот, ки акнун курсии Шоҳрухро дар вазорат гирифт яъне УУР  аз шогирдони худи Шоҳрух аст. Чанд вақт сардори милисаи фурудгоҳ ҳам буд. Аз Данғара аст. Ин Тоҳир тамоми пайдову пинҳони Шоҳрухро медонад ва мисли саги бовафо ба Шоҳрух кор мекунад.Тоҳир Барот  тамоми корҳои Шоҳрухро дар УУР анҷом медоду Шоҳрух кайфу сафо карда мегашт. Ҳоло акнун Шоҳрух тамоми вазорати дохиларо дар таҳти контрол гирифт. Тамоми сардорони милисаҳои ноҳияҳои Душанбе одамони Шоҳрух шуданд. Дар худи вазорат ҳам чандин нафарони Шоҳрух роҳбарии Раёсатҳоро гирифтанд.

Дар мавриди гейнерал майор Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳҳор ки сардори РВКД дар минтақаи Рашт таъин шуда хело маълумот дар барномаҳои пешин доштем. Бовар кунед ин гейнерал аниқ бо машварат ва тавсия Фаттоҳ Саид ба Ғарм фиристода шудааст. Мардуми Ғарм хуб бо диққат писаронатонро назорат кунед!

Вале акнун Рамазон Раҳимзода низ мисли СС.Ятимов дигар фаҳмидааст, ки давронаш ба фано расидааст. Вай мехост, ки Шодӣ Ҳафиззодаро сардори милисаи Душанбе монад.

Аммо кадрҳое, ки бигуем Шоҳрух овард бадномтар ва расвотар аз кадрҳои Рамазон Раҳимзодаанд.

Ҳоло акнун бубинем,ки Машраф Истамзода дар Вахш чи корҳо хоҳад кард? Як милисаи бадномшударо дигарбора аз таги кадом хандақ бардоштанду овард. Ҳамин Машраф намунаи кадри Шоҳрух аст ва овардани Машраф паёми рушани Шоҳрух ва Рустам аст ки мегуяд аз мо умеди беҳбудӣ надошта бошед….

Сообщение Шоҳрух вазир ношуда вазоратро гирифт! появились сначала на ISLOH.net.

Бедодгариҳои ҷияни Убайдуллоев дар Исфара, кашфи 9 кг героини Исмоили набераи “пешво”
Аз мардуми барӯманди Исфара номаҳои зиёде ба мо мерасад.Ҳоло номаеро аз як корманди собиқи милисаи ин шаҳр бароятон пешкаш менамоем.

Ман собиқ корманди ШКД Исфара  мебошам. Аз соли 2011 то  2016 дар  Исфара сардори милисаи Маҳмудов  Шамсулло ё Маҳмудзода Хайрулло ҷияни Маҳмадсаид  Убайдуллоев  буд. Дар утоқи кории ӯ ба ҷойи расми президент расми Маҳмадсаид Убайдуллоев  овезон буд.

«Полковник Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло  сардори милесаи Истаравшан,Исфара ахиран сардори милесаи Панҷ таъин шуда буд.Чанде қабл аз ин мақом низ сабукдуш гардид. Мо ин сабукдушшуданашро ба қазияи Меҳроншо Ҷумъаев ,ки дар ин шуъба бо шакли мармузе ба қатл расид медонем. Ҳоло дар «захираи кадрҳо« қарор дорад. Агар чи мақомот  ин сабукдушшуданро як чизи рутини ва маъмулӣ унвон кардаанд. Метавонад ин масала аз тарафе  ба дуркардани наздикони Убайдуллоев аз арикаи қудрат низ бошад. Муҳим ин марди хашин сабукдуш ва дар «захираи кадрҳо» қарор дорад.»

Агар ягон комиссия меомад муваққатан расми президентро меовехт. Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло дар Исфара корро бо наркобизнесҳо оғоз кард. Вале бизнеси наркотик авҷ гирифт. Наркобаронҳоро ҷамъ карда таҳти “криша”-и худаш қарор дод. Аз деҳаҳои Сурх, Чоркуҳ, Хоҷаиаъло, Ворух роҳ тавассути марзи  Қирғизистон ба самти Русия кушода шуд. Барои ҳар кадоме аз онҳо алоҳида сӯҳбатҳо ва алоҳида шартҳо гузошт. Яке аз шартҳо ин буд, ки дар бораи одамҳои пулдори Исфара дар шаҳрҳои Русия маълумот оварда мерасониданд ва агар ягон исфарагӣ бо мошини қимматбаҳо меомад ва ё мехарид ӯро бо ҳар баҳона ба назди сардор Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло меоварданд. Агар бо он одам гапаш мепухт-яъне ягончи меканд вай дар Исфара бемалол мегашт вале агар намепухт ӯро ҳатман бо наркотик ”подстава” мешуд. Тамоми пулҳояшро харҷ мекард вале боз зиндонӣ ҳам мешуд. Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло тавре сиёсаташро гузаронида буд, ки наркобизнесҳо давон-давон наздаш меомаданд. Вақте ӯ сардори милиса шуд бовар кунед, ки Исфара монанди Афғонистон шуда буд. Тамоми тоҷироне, ки меваи хушк мебурданд ҳатман дар қабаташ наркотик мезаданд.

Агар бори худи ин тоҷирон ҳам набуд вале бори як наркобизнесро Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло маҷбур мекард, ки дар даруни меваи хушк ҷо карда баранд. Нафарҳое буданд, ки Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло тарсонида доляи калон баста буд. Чанде аз онҳо хостанд,ки “мимо” Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло бор баранд. Хабаркашҳои Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло расониданд ва Шамсулло  тавассути каналҳояш онҳоро дар Русия “подстава” кард. Онҳо то ҳамин имрӯз ҳам бо “срок”ҳои калон дар маҳбасҳои Русия шиштаанд. Кори дигаре,ки дар тиҷорати наркотик Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло дар Исфара анҷом дод ин он буд, ки наркотики “бачаҳои боло”-ро ба гардани онҳо бор кард. Дигар “поставшик” бачаҳои боло буданд. Исфарагиҳо маҷбур буданд,ки онро ба тамоми кунҷи канори Русия бурда пул карда оварда ба Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло диҳанд.

«Тиҷорати дигареро,ки Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло дар Исфара ба роҳ монд заминфурӯшӣ, тақсими участкаи наздиҳавлигӣ буд. Тамоми мақомоти Исфара ба даҳани Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло нигаҳ мекарданд. Ҳоким, Прокурор, Амният, коррупсия, суд ҳамааш аз гапи ӯ берун баромада наметавонистанд.»

Ҳамон  солҳо  Амиров  Раҳмоналӣ ҳокими шаҳри Исфара  буд. Ин ду омадаи бераҳм  Исфараро  ба  дод  оварданд. Заминфурӯшҳои асосии Исфара Шукур, Абдурасул, Абдувақос, Файзулло ва Абдуразоқ ҳамаашон “подкриша”-и ин ду нафар кор мекарданд. Барои онки замини бештар фурӯшанд ва манбаи даромадашон калон шавад ба ин заминфурӯшҳо салоҳият ва ваколатҳои калон ва ҳатто мухолифи қонунро ҳам доданд. Ҳатто заминҳои корхонаҳоро фурӯхтанд. Бар асоси ҳисобҳои мардум беш аз 100 га замини корхонаҳои Исфараро фурӯхтанд. Ин нафарон дар тиҷорати наркотики Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло ҳам саҳм мегузоштанд.

Охирҳои соли 2015 ба Исфара як нафар сардори шӯъбаи КДАМ таъин шуд. Вай кори худро муқобили наркобизнесҳо ва заминфурӯшон сар кард. Номи ин сардори амният Эмомалӣ буд. Ва ӯ мавқеи Шукур, Абдурасул ва Абдувақосро  танг кард ва дере нагузашта  бо  нишондоди Эмомалӣ Оҷонсии коррупсияи вилояти Суғд  Шукурро барои фурӯши   ғайри қонуни замини наздиҳавлигӣ ва гирифтани  ришва  бо  миқдори  10000 сад ҳазор доллар  дастгир кард. Ин ҳодиса тахминан  охирҳои соли 2016 сурат гирифта буд ва Шукурро бурданду дар СИЗОи Хуҷанд маҳкам карданд. Он сол  Маҳмудзода Хайрулло “криша”-и Шукур ба шаҳри Истарафшан  перевод  шуда буд. Шукур  ҳамон  шабуруз  бесоҳиб  монда буд. Аз ин сабаб коррупсия дастгираш кард. Аммо хато накунам ҳамагӣ 3 ё ки 4 моҳ  дар СИЗО нишасту бо воситаи Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло озод шуд. Ҳамон рӯзе, ки баромад гӯё,ки Президент Исфара  омада  бошад,  зиёда аз 20  мошини қимматбаҳои Ҷипи хориҷӣ бо як  нағмаи сурнаю карнай ва бо як воҳимаву сигналдиҳиҳо Шукурро дар кӯчаҳои Исфара  давр занонида соатҳои наздики 8 шаб  ба хонааш  бурданд. Чаҳор гурӯҳи наворбардор дар Ҷипҳо савор шуда буданд ва ин ҳама корҳоро навор мегирифтанд. Шукур 2 буқаи пеши бозорро кушта 3 шабу рӯз зиёфат дод. Вақте ӯро дастгир карданд раиси бозори маркази Исфара буд. Ҳоло дар ҳамин бозор сармуҳосиб мебошад. Ҷойи ҷолибии ин қисса он аст ки ҳамин корвони мошинҳоро дар назди бинои КДАМ-и Исфара таваққуф кунонида 5 дақиқа аз тамоми онҳо садои сигналро баланд кард. Бо ин ба сардори КДАМ нишон дод, ки аз дасти ту чизе намеояд. Гузашта аз ин Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло ва Шукур барномаи  нобудсозии сардори КДАМро кашиданд. Ҳамин тавр аввали соли 2017 кормандони коррупсия сардори КДАМ-и Исфараро дар утоқи кориаш дастгир намуданд. Гӯиё сардори амният Шукурро доляи калон баставу ба ҳангоми додани пора ӯро дастгир карданд. Ҳамин тариқ ӯро шинониданд. Аммо Эмомалӣ бадрафтор набуд. Бо заминфурушон  ва наркобизнесҳо бештар дар ҷанг буд. Аз дигар сардорони амният фарқ мекард. Фарқаш дар он буд, ки таъкид мекард ба мардуми одӣ сахт нарасед. Дар ҳоле,ки Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло ҳамаро ба дод оварда буд. Ин як қиссаи кутоҳе буд аз кори як сардори амният дар Исфара.

Инро ҳам бигӯям, ки Раҳмоналӣ Амиров, раиси собиқи шаҳри Исфара,ки ҳоло Ваҳдатро тохтутоз карда истодааст, дуто ҷондор-телех дошт. Соҳибкороне ,ки гапи Амировро намегирифтанд Амиров онҳоро даъват мекард ва ба телехҳояш супориш медод, ки ин гарданшахро мурданивор бикӯбанд. Дар кӯчаи Колхозчӣ як соҳибкори зихна зиндагӣ мекард. Мебоист он кӯчаро мумфарш мекарданд. Амиров ӯро маҷбур мекунад, ки ба буҷҷаи ноҳия 100000 доллар  гузаронад. То бо ин мабалғ 4 км роҳи ин кӯчаро асфалт кунем. Ин  соҳибкор мегӯяд агар  ман   асфалт  мекардагӣ  бошам    барои  чи  ин қадар  пулро   ба буҷаи  Исфара  бигузаронам? Худам асфалт кардан мегирам. Лекин  мақсади  Амиров Раҳмоналӣ ин кӯчаро асфалт  кардан  набуд. Мақсад рӯёнидан  ин миқдори пул аз соҳибкор буд. Аммо  соҳибкор  розӣ  нашуд.  Амиров Раҳмоналӣ  роҳи  зӯриро  пеша  кард.  Бо Маҳмудов Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло маслиҳт карда ва бо  баҳонаи  “пинҳон кардани андоз” ин  соҳибкорро  оварда  дар  маҳкамаи  милисахонаи Исфара банд карданд. Номи ин  соҳибкор  Муртазо  мебошад.  Муртазо  дар  маҳкама  3  моҳ  шишт. 500.000 доллар  дода баъд  озод шуд. То вақте маҳкам накарданд Муртазо  бовараш   намекард, ки ӯро ягон кас мешинонад. Вақте Амиров Раҳмоналӣ  ва Маҳмудов Шамсулло   пули Муртазоро “почти” ошкоро гирифта байни  ҳам  тақсим  карданд, муртазо он вақт фаҳмид,ки гап чӣ будааст? Вале кӯчаи Колхозчиро баъди 4 сол мардум пул  ҷамъ асфалтпӯш намуданд. Агар Муртазо бегуноҳ буд чаро 3 моҳ шишт ва агар гунаҳкор буд чаро озод шуд? Инро касе то ба ҳол напурсидааст. Амиров Раҳмоналӣ Муртазоро барои он шинонд, то  дигар соҳибкорҳо  тарсида  пули ӯро зуд бидиҳанд. Дар давраи кории Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло нафаре бо номи Исматов Машраф (Исматзодаи Машраф) ҷонишини ӯ буд. Ин Машраф  бераҳмтарин  ва ҳаромтарин корманди  милисаи Исфара  буд.

«Дар мавриди  подполковник Исматзода Машраф ва қатли Умедҷон Тоҷиев як узви ҲНИТ дар ШКД Исфара ки пас аз қатл ӯро аз ошёняи дуввум ба замин партофт. Дар мавриди чандин ҷиноятҳои хашини дигараш маълумотҳо вуҷуд доранд. Ончи бо духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб  Нилуфар Раҷабова карда буд онро ҳам ҳама шоҳидед. Аммо ҳоло боз дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиканҷа карда гаштааст.Аммо вазири корҳои дохилӣ дар суҳбаташ бо хабарнигорон гуфт номи шиканҷагарро гуед.Ин ки аст ,агар шиканҷагар набошад ҷаноби вазир? «

Барои  резултат  шуда  тамоми  мардуми Чорқишлоқ ва Зумратшоҳи  Исфараро  террорист  гуфта  оварда  шинонд. Аммо дар асл онҳо аъзои ҲНИТ буданд ва ягон гуноҳе содир накарда буданд. Даҳҳо нафар аз мардону ҷавонмардони ин деҳаҳоро бо “срок”ҳои калон зиндонӣ карданд. Ҳатто занҳои  маҳаллаҳое, ки  зикр  кардем,  оварда  бо баҳонаи  террорист маҳкам  карданд ва   ё ки  ба  номусашон  расиданд. Ҳамаи ин  бераҳмиро Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло бо  ҷонишинаш Исматзодаи Машраф  дар  ҳақи  мардуми  Исфара  раво диданд. Нафратангез ин буд, ки пулдорҳои Исфара аз ҳамаи  ин  корҳо  бохабар  буданд  бадбахтона ва  ин  ҳаромхуронро дастгирӣ  мекарданд. Ман ҳамчун корманди собиқи милиса ба мардуми Исфара рӯй оварда гуфтаниам, ки ҳой мардуми Исфара аз ҷоятон бархезед вагарна мондагиҳоятонро низ террорист гуфта оварда маҳкам мекунанд.

Низомхон Ҷураевро ҳама мардуми Исфара мешиносанд. Ӯ ба мардуми Исфара зиёд хизмат кардааст. Вақте ӯ сари кор буд ягон мансабдори мақомоти қудратӣ дилёб намешуд, ки мардуми  Исфараро  азият  диҳад. Ҳозир кадом милиса,ки аз  тарафи  ҷануб  ояд худашро данғарагӣ гирифта  мардумро  азият  медиҳанд.  Аммо онҳое, ки имрӯз ҳамчун соҳибкорони Исфара шинохта мешаванд, Абдурасул, Абдуваққос, Файзулло, Шукур, Абдураззоқ ва Муртазо мардони  бономуси  Исфара  нестанд. Абдуррасул ва Абдуваққос феълан дар боздошт қарор доранд ва аз сарнавишташон чизе огоҳи надорем.Низомхон тамоман дигар буд. Бономус буд.Агар инҳо мард буданд заминҳои корхонаҳи Исфараро бо роҳи  ғайриқонунӣ ва  ба  мардуми  худ  бо нархҳои  баланд  намефурӯхтанд ва  душманони  мардуми  Исфараро  пулдор  намекарданд. Низомхон ҳамон  одаме буд,ки милисаҳои  бераҳму  хунхори  порахур  монанди Насимов Каромат ва Тошовро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид. Ҳоло куҷост  монанди  Низомхон  соҳибкоре,  ки  ин  милисаҳои бераҳми хунхорро    дар  ҷояшон  шинонад. Соҳибкорони нави Исфара бошанд бо ёрии  милисаҳо  мардуми  худро     бар дуруғ тӯҳмат ва тюрма карда  бизнеси онҳоро  номардона тасарруф мекунанд.

Дар номаи дигар,ки ҳоло ба шумо пешниҳод мешавад сухан аз вазъи сарҳади деҳаи Чоркӯҳ меравад.

Дар ҳақиқат  дар 3,4 соли  охир  дар   сарҳади Чоркуҳ  бо  Қирғистон нооромӣ вуҷуд дорад. Аммо ин  нооромиҳоро  худи  кормандони  Амният ва милисаҳои Чоркуҳ  ташкил мекарданд. Барои  бизнеси  наркотик   ва ворид кардани маводди қочоқии як оилаи барои ҳама маълум мардуми Исфараро ҳамчун шит-сипар истифода карда истодаанд.Ҳар гоҳе дар масъалаи тиҷорат бо ҳам гапашон напазад дар бало мардуми Чоркуҳ мемонад. Сардори контрразведкаи амнияти Исфара  Ҳакимов  Саид беш аз ҳама ба ноамнии марз манфиатбардор буд. Ҳакимов Саид бо  супориши  Ятимов ба  Исфара  ба кор  омада   ва  сардори шӯъбаи худро итоат ва гӯш намекунад. Ба гуфти русҳо “признават” намекунад. Баъд аз онки як қисм аз корҳои инҳоро Шумо тавассути “Ислоҳ.нет” ошкор кардед ҳоло ором ҳастанд. Вале аъзои  собиқ ҲНИТ-ро  аз  тамоми шаҳри Исфара  оварда дар шӯъба ғам дода истодаанд. Як айби дурӯғиашон ин аст ки гӯиё маълумотҳо ба “Ислоҳ.нет”ро ҳамин аъзои ҲНИТ мефиристода бошанд. Ҳоло боз бо баҳонаи  дузанагӣ  маҳалла  ба  маҳалла  гашта  мардумро  номнавис  карда  ба  милисахона  бурда пул кандаву дар сурати надодани пул 15 шабонарӯз ҳабс карда истодаанд. Мардуми тамоман бегуноҳро. Мо  мардуми  Чоркуҳ  ба  амниятиҳо  ва милисаҳо  намехоҳем бигӯем,ки  17.08.2020 дар назди  милисахонаи Чоркӯҳ  дар муқобили бинои амният аз  даруни  автомошинаи  сардори шӯъбачаи милисаи  Чоркуҳ  9 кело  героини тозаи Афғонистонро    кормандони ОБНОНи вилояти Суғд кашфу мусодара карданд. Мабодо  инро ҳам  кори  аъзои собиқ ҲНИТ мешуморед, ки онҳо сардори милисаи Чоркӯҳро барои ОБНОНи вилоят”подстава” карданд?  Ин қадар   миқдор  героинро аз даруни  мошини сардори милисаи Чоркуҳ Шоҳмаҳмадов Фирдавс дар рӯзи  кориаш  ёфтанд. Аммо расонаҳои  давлатӣ дар  бораи ин ҳодиса  чизе чоп накарданд. Мо дар бораи ба наркобизнес шарик будани Шоҳмаҳмадов Фирдавс маълумоти кофӣ дар ихтиёр дорем ва ҳақиқат як рӯз рӯ мезанад. Аммо гуфта мешавад ин героинҳо героини набераи духтарии Президент бо номи Исмоил будааст. Ҳамон Исмоиле, ки барои як узбакистони хона инъом кард. Шунидем,ки агар ин ҳодиса расонаӣ шавад як корманди милиса ҳамаро ба гардан мегирифтааст, чунки ӯро пешакӣ тайёр кардаанд. Варианти дигариашон як сокини Чоркӯҳ будааст. Бори қапидаи ОБНОНИ вилоят то вилоят нарасид. Бо дахолати мустақими домоди Президент он борро оварда ба дасти Фирдавс додаанд. Ҳоло фаҳмидед,ки чаро марз ноором мешавад дар Чоркӯҳ? Ҳайратовар набояд бошад агар бигӯям,ки Президент Шоҳмаҳмадов Фирдавсро,ки ба номи корманди милиса иснод овард, баракс қадрдонӣ кард. Аз рӯи чунин муносибат маълум мешавад, ки худи Раҳмонов ҳам дар ин гуна тиҷоратҳои наркотика “қуш” аст.

«Президент рӯзи 04.09.2020 Шоҳмаҳмадов Фирдас- ро  бо  медали Шараф  сарфароз кард. Аз инҷо мардум бояд хулосаи худро бароранд, ки касе  барои  осоиши мардум хизмат  кунад  душмани  мардум  ҳисобида  мешавад  ва  касе  барои  ин  оила  хизмат кунад  бо  ҳар хел  медалҳо  қадрдонӣ карда мешавад.Чуноне,ки худи Раҳмонов худашро барои қатлу куштор ва ҷиноятҳои вазминаш бо мукофот ва ҷоиза ва титулҳои нестамдарҷаҳон мукофотонидааст.»

Баъди онки дар “Ислоҳ.нет” ин ҳама гапу хабарҳо чоп шуд қочоқчиҳо самти маршрути  худро  дигар  карданд. Бо сарҳади Чоркуҳ, Хоҷаи Аъло ва  Ворух  қочоқи борҳоро кам карданд. Аммо ҳоло тавассути марзи Боғистон бо роҳи  пинҳонии  маҳаллаи  Садвинсавхоз  бо  сарҳади  Лакон  борҳои қочоқиро гузаронида истодаанд. Мо,ба ин қочоқчиён огоҳии охирин медиҳем,ки аз ин кирдорҳо даст бикашанд вале агар идома доданд,мо ном ба ном онҳо ва “тиҷорат”-ҳои дуздиашонро ошкор хоҳем кард.     Шумо  барои  фоидаи  як  оила шуда мардуми  худро  қурбон накунед. Мо халқи оддӣ фикри шуморо намекунем, шумо ҳам дар фикри мардум бошед, на дар фикри Оилаи дузди Раҳмонов

Ps: Хонандаи гиромӣ ин матлабе нашр шуд муҳтавои се нома аз мардуми ғаюр ва шуҷоъи Исфара буд. Акнун худатон хулоса намоед,ки дар ин ноҳияи дурдасти кишвар чи ҷиноятҳо сурат мегиранду ба вуқуъ мепайванданд. Номаи боло аз як корманди бо шарафи милеса буд, ки аз ҷиноятҳои ҷияни Маҳмасаид Убайдуллоев Полковник Шамсулло Маҳмудзода Хайрулло навишт.Пас аз Исфара ӯ боз дар кадом мақомҳо кор кард ва чи мусибатҳоеро овард. Ҳоло боз ба ягон мақоми болотаре ин сарҳанг таъин мегардад. Рамазон Ниҳонӣ пас аз хондани ин матлаб боз ҳам ба ӯ мақоме медода бошад ва ё на? Ё дар ВКД  муҳим пора аст ва ҳар ҷинояткоре пули бештаре диҳад ба мақоми болотаре таъин мегардад? Ҳатман Ислоҳ диққати ҷидди ба Шамсулло Маҳмудзода хоҳем дод. Агар аз ҷиноятҳое дар Истаравшан ва Панҷ анҷом дода бошад,ки сад дар сад анҷом додааст онҳоро фиристед,то онҳоро нашр намоем.

Дар нимаи моҳи июл бо фармони вазири дохилӣ Рамазон Раҳимзода “Полковник Набиҷон Исозода, ки  то ин дам сардори ШКД дар шаҳри Бохтар буд, сардори ШКД-1-и шаҳри Исфара таъин шуд. Ислоҳ корномаи Набиҷон Исозодаро назорат мекунад ва ҳар ҷинояте аз ин сарҳанги тозатаъин сарзанад дар ин минтақа онро расонаи хоҳад кард.

Бо Ислоҳ ҳамкорӣ кунед,то ҷиноятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро расонаӣ намоем.

Ислоҳ дар хидмати шумо шаҳрвандони азизи кишвар….

Сообщение Бедодгариҳои ҷияни Убайдуллоев дар Исфара, кашфи 9 кг героини Исмоили набераи “пешво” появились сначала на ISLOH.net.