Архивы Иззатулло Акобирзода - ISLOH.net

Сӯйи қасд ва куштори Рустамзода Абдухалил тавассути мақомоти раддаи аввали Суғд ва Мастчоҳ
Маълумоти сӯй қасд ва куштори як мақоми давлатӣ ва дурустараш раиси КДФ и ноҳияи Мастчоҳ ба “Ислоҳ” расид. Ҷузъиёт ва далоиле рӯй он бояд коршавад зиёданд. Аммо феълан мо шакли кутоҳи ин ҳодисаи қатлро тақдими шумо менамоем. Мунтазири тағйирёбии ин қазия ҳастем,агар ин қазияро чуноне худашон хулосабарорӣ кардаанд боқӣ монанд далоилро пешкаши ҳама мардуми кишвар менамоем. Меравем ба хулосаи ин ҳодиса ба шакли мухтасар бо зикри чанд ҳамшарики ин ҷиноят.

Ин ҳодиса дар 13 уми майи соли 2020  соати 22:10 рух додааст.  Корманди корҳои дохилӣ ҳастам ва ба ин ҳама номардӣ ва ҷинояткорӣ тоқат карда наметавонам. Медонам танҳо ин масаларо “Ислоҳ” метавонад нашр кунад, то дар ин қазия тағйире ба вуҷуд ояд. Ҳама далоилро бо ончи пайдокардам ба шумо мефиристам ва худатон онро таҳқиқ намоед.

Дар хабар танҳо чунин нашр шудааст:

“Рӯзи 11-уми майи соли 2020, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи аавтомашинаи тамғаи «Тайота CAMRY», Рустамзода Абдухалил, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Мастчоҳ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстон аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯб ва дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронанда Рустамзода А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Манбаъ : Сомонаи ВКД https://mvd.tj/index.php/tj/ruydodho/27713-alokati-ronanda-va-pisarbachai-khurdsol-bar-asari-sadama-oi-na-lijotii-margovar

Асли ҳодиса чунин аст:

«Охирҳои моҳи  шарифи Рамазон дақиқтараш 13 уми май соли 2020 дар назди  хонаи  раиси дастгоҳи собиқи ноҳия Рустамзода Рустам бо лақаби Достон садамаи  автомобилӣ руй дод. Албатта ҳоло Рустамзода Рустам дар ин мақом кор намекунад, чунки ӯро 28 уми феврали соли 2021 бо фармони раиси он вақт Тоҳир Азизода сабукдуш ва ба ҷойи ӯ Музаффар Азизовро таъин намуда буд.»

Бояд зикр намоем,ки Насаби пешинаи Рустамзода,  Ёрматов Абдухалил Рустамович буд ва насабашро ба Рустамзода иваз карда буд.

Мошинаи Рустамзода Абдухалил, директори КДФ (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул)и Масчоҳ бо суръати  баланд аз тарафи Хуҷанд  омада ба дарахти  назди  хонаи Рустамзода Рустам  бархӯрд. Бо як  азоб  ҷасадашро кашида  гирифтанд.  Марҳум  Рустамзода Абдухалил директори КДФ  ( Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул)и  Масчоҳ, хуҷандӣ ва кошелёки Раҷаббой Аҳмадзода, мулаққаб ба Қофлонбой ,раиси вилояти Суғд буд.

«Қофлонбой тибқи ваъдаи дода мебоист ӯро раиси шаҳри Хуҷанд мемонад. Аз  сабаби онки Аҳмадзода ваъдаи ба ӯ додаашро иҷро карда наметавонист, Рустамзода Абдухалил бисёр  асабонӣ  шуда дар баъзе  ҷойҳо гуфта  будааст, ки агар дар  ягон вазифаи  равғанӣ намонад, бисёр  сирру  асрори  ӯро медонам, ошкор мекунам. Аз барои  ҳамин  Раҷабой Аҳмадзода барои  ором  кардани  ин  дардисар ба  Масчоҳ  рафта  аввал директории  КДФ  (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул) ё МБТИ ва баъд  раиси  кумитаи  замини Масчоҳ мешавӣ гуфа  гуселонида  буд. Ӯ ба КДФ Масчоҳ директор  шуда омад. Аммо маъқулаш нашуд ва аз  Қофлонбой хост,ки ӯро раиси  кумитаи  замини  Масчоҳ  таъин намояд. Барои ин кор байнашон гап мегузарад ва ӯ  бо асабоният дари утоқи кори Қофлонбойро сахт зада  берун мебарояд. Қофлонбой  дигар нақшаи аз ӯ халос шуданро мекашад.»

Шодравон Рустамзода Абдухалил дар ноҳияи Масчоҳ ҳамчун  шахси бовариноки Қофлонбой пулҳои барои  ободонӣ аз  соҳибкорон ва аз  мардуми  бечора бо роҳи зӯрию зорӣ ҷамъкардаро дар ихтиёр дошт ва он пулҳоро дар дохили мошинаш нигоҳ медошт. Вақте ӯ вазифаи директории КДФ (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул )и  ноҳияро қабул карда гирифта буд маблағҳое, ки барои сертификаткунӣ аз мардум  мегирифтанд 2 моҳ  ва то 3 моҳ бурда (оборот дода) баъдан  дар  суратҳисоби банк  месупориданд. Дар вақти  супоридани корхона Достон 200.000 сомонӣ камомад дошт. Вай Рустамзода Абдухалилро  ваъда дода буд, ки ту корхонаро  қабул кун, ман  ин  пулро  оҳиста -оҳиста  гардонда  медиҳам ва агар  ту хоҳӣ  оборот  дода гард. Аз ин даъвои шодравон бо Қофлонбой, ки тезтар  вазифаи  Кумитаи замини ноҳияи Масчоҳро  ба ман бидеҳ  Зокирзода  Умед, раиси ин кумита  хабардор шуд. Ва барои аз сари роҳ дур кардан ва вазифаро ба ӯ надодан дар фикри нақшакашӣ  афтод.

Умед бо Рустамзода Рустам ҳар ду дар командаи Ғайрат Азиззода, раиси пешини ноҳияи Масчоҳ мебошанд. Ӯ ҳам барои 200.000 сомониро ба шодравон  надодан дар фикри аз сари роҳ дур кардани ӯ афтод. Гарчанде, ки Рустамзода Абдухалил кошелёки Қофлонбой аммо баъзе гапҳои дар нисбати Қофлонбой гуфтааш ба гӯшаш расида буд. Вай ҳам роҳи аз ӯ тамоман халос шуданро  меҷуст. Достон бо Қофлонбой дӯстии наздик  доштанд ва ҳатто барои  вазифаи раисии ноҳияро гирифтан бо Қофлонбой ба Москва моҳи январи 2020  сафар карда буд ва дар Москва бо наркодилер Абдуваҳҳоб вохӯрда буданд. Ду шабона рӯз  дам гирифта ва 120 вагон мазут ба Тоҷикистон  фиристода онҳоро фурӯхта як қисмашро барои  раиси  ноҳия  шудани Достон ва як  қисми дигарашро барои худи Қолфонбой дода буд. Дар ҳамонҷо нақшаи сарбанест кардани Рустамзода Абдухалилро чунон моҳирона кашида буданд, ки касе аз Қолфонбой гумонбар нашавад. Рустамзода  Рустам бошад барои  анҷом додани  ин кор Зокирзода  Умедро ҷалб кард. Барои онки Умед Зокирзода солҳост, ки раиси кумитаи замини Масчоҳ аст ва ин вазифаро аз ҷонаш ҳам зиёдтар муҳофизат мекунад. Зокирзода Умед барои шодравон як маъшуқа пешниҳод кард. Дигар барои Рустамзода Абдухалилро фарқ надошт, ки дар куҷосту дар кадом ҳолат аст ва ҳамеша бо маъшуқааш  саргарм буд. Ҳамин, ки занг мезад ӯ дар хонаи худаш дар Хуҷанд бошад, нисфишаб ва субҳи бармаҳал бошад ба назди маъшуқааш  аз Хуҷанд ба Масчоҳ  меомад. Ҳақиқатан инҳо  тасдиқ карданд, ки саргарми ҳамин маъшуқааш  аст ва дар фикри дигар чиз нест. Аммо ӯ намедонист, ки муқобилаш нақша кашидаанд.

Нақшаи сӯйиқасд ва қатли Рустамзода Абдухалил

«Нақша чунин буд. Зокирзода маъшуқаи шодравонро муваззаф кард, ки шаб ӯро занг зада саросема  мекунад, то аз Хуҷанд  ба Масчоҳ биёяд. Вақти омадани ӯ Рустамзода Рустам мошини дуланро  гапзанон  карда буд, ки  дар сари роҳаш  мебароӣ. Дулан дар сари роҳ то  наздик  шудани шодравон  мунтазир шуда  истдабуд. Ва як  шахси дигар 3 км дуртар мунтазири мошини ин шодравон буд. Ин шахс ронандаи дуланро огоҳӣ мекард, ки мошини мавриди назар наздик омад. Рустамзода Абдухалил дар роҳ баромада бошад ҳам аммо маъшуқааш ба ӯ ҳар замон занг зада куҷо  расидӣ гуфта ӯро  саросема  мекардааст. Шодравон  чизеро пайхас  накарда ба тарафи  Бӯстон  бо суръати  баланд  мошинро ҳаракат медод. Дулани мунтазир сари роҳ мебарояд. Шодравон барои ҷилавгирӣ аз садама тормозро пахш карда чанбари фармонро тарафи дигар тоб медиҳад. Ба дулан намезанад вале рафта ба дарахти назди хонаи Рустамзода Рустам бархӯрда дар ҷои ҳодиса ҷобаҷо ҳалок мешавад.»

Яъне ҷойи ҳодисаро чунон дуруст намуданд,ки дар ҳар ҳолат бояд ӯ зинда намонад. Ё мустақим ба мошини Дулан занад ва агар тоб ҳам диҳад ба дарахт занад. Тибқи нақшаи кашида дақиқан чунон ҳам шуд. Изи тормоз аз тарафи БДА ба қайд гирифта нашуд. Кормандони БДА бо сардории Муҳамадиев Валиҷон, ки таҷрибаи бой дорад хулоса доданд, ки дар сари чанбари мошин хобаш  бурда ба дарахт  бархӯрда ва дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. (таҳқиқоти “Ислоҳ” дар мавриди ин корманди БДА ва амалкардҳои дигари ӯ дар чунин ҷиноятҳо идома дорад)  То хабардор шудани кормандони БДА ва ёрии таъҷилӣ

Манбаъи дигари «Ислоҳ»,ки худаш дар ин ҳодиса онҷо қарор дошта аст ва ронандаи газел будааст ба «Ислоҳ» чунин гуфт: Дар ҳақиқат ман он шаб дар роҳ будам ва мошини сиёҳе бо суръати на камтар аз 200 гузашт ва ҳатто газели маро ҷунбонид. Аммо ҳеҷ мошини дуланеро надидааст. Дар заправка будам,ки ин ҳодиса рух дод ( нафаҳмидем,ки наздики онҷо заправка будааст ва ё Абдухалил гузашта аз ӯ , ва ин ронандаи газел ба заправка расида будааст) Муҳим роҳ сангрезаҳо дошт ва мошинро аз роҳ паронид,ки ҳатто тормоз ҳам дар ҳақиқат накардааст Абдухалил. Ронанда афзӯд худаш рафта Абдухалилро аз мошин берун баровард ва ҳатто заправкачӣ тарсид наздик шавад. Ҳангоме пурсидам Рустам Рустамзода буд онҷо? Гуфт ҳеҷ касе набуд ва ӯ занг зад ва пас аз он Рустам (достон) ва раиси ноҳия ва дигарон онҷо расида омаданд. Ронандаи газел афзуд дар мошин ҷуз ҳуҷҷатҳо чизи дигаре надидам ман. Он ҳамаро кормандони ҳукумат ҷамъоварӣ намуданд. Ончӣ ман дидам ин буд ва ман як шахси оддиям ва дар муҳоҷират қарор дорам.

«Рустамзода  Рустам, ки медонист кошелёки пул (дипломат) дар мошин аст, дарҳол то омадани шоҳидон онро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар дипломат 1000000  як миллион сомонӣ пул будааст. Аммо ӯ ҳам ин пулро мегирад ва ҳам ба соҳибони мурда 800000 ҳаштсад ҳазор  сомонӣ пули ободонии ноҳияи Масчоҳ барои омадани президент ва 200.000 сомонӣ пули корхона, ки барои сертефикат гирифта аммо ба сурат ҳисоби корхона ворид нашудаастро маҷбурӣ бор мекунад.»

Ана инро мегӯянд бераҳмӣ ва ташкилкунандаи ин қатл. Ҳоло дар мақомот кор карда мижааш намепарад.  Чунин маблағро  аз  соҳибони мурда гирифтанд. Ва ҳамин тавр аз ин “дардисар” аввал  Қофлонбой халос шуд дуюм Рустамзода Рустам аз он 200.000 сомоние, ки Рустамзода Абдухалил медод халос шуд ва сеюм Зокирзода, Ӯаз ҳарифи сарсахти худ раҳо ёфт. Аммо Рустамзода Рустам он 1000000 як миллион сомонии дуздидаашро бо прокурору милиса тақсим кард нақши прокурори ноҳия Иззатулло Акобирзода,ки подкришаи Азизмоҳ ҳамсари “Пешво” мебошад ва дар Мастчоҳ савлатмеронад хело бузург будааст.

Дар мавриди зане,ки Абдухалил Рустамзода мехост он шаб расад,ки нарасид ӯ кист?

Манобеъи «Ислоҳ» чунин гуфтанд: Холова Сабрина зани 23 ё 24 сола будааст. Се сол пеш МДТ  Коллеҷи омӯзгориро дар Мастчоҳ хатм кардааст. Пас аз хатми институт бо фармони Рустамзода Рустам (достон) Сабринаро  Зокирзода  Умед Раиси  кумитаи замини Мастчоҳ ба кор пазирӯфт. Сабрина маъшуқаи Рустамзода буд ин солҳо. Дар ин кумитаи замин як сол фаолият нокарда ба КДФ (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул ) рафт. Дар ин ниҳод котибаи Абдухалил Рустамзода шуд. Овоза ҳам шуда буд,ки Сабринаро никоҳ карда гирифтагӣ аст. Манобеъи «Ислоҳ» афзӯданд,ки дақиқан иллати тез омадани Абдухалил дар шаби 13 уми Май соли 2020 ҳамин хонум Сабрина буда аст. Манбаъе аз мошин ҷасади Абдухалилро хориҷ мекард афзӯд : Дар ҳолати берун овардани ҷасад як рақам бе ист занг мезад ва ҳамин хонум буд. Пас аз ин ҳодиса ва итмоми амалиёт хонум Сабрина аз кор рафт ва шавҳар кард ва феълан ҳамсари як корманди мақомоти милеса мебошад ва рақамҳои мошинаш 49 49 мебошад. Акнун хулоса кунед посдставаро, Зокирзода  Умед рафта буд аз вазифаи кумитаи замин Абдухалил омад ва бо ин кор боз тавонист дубора ба ин кумита баргардад. Ин кор ҳаминхел бе подства намешавад, инро ҳар шахси оқил мефаҳмад.

Як сабаби дигари ин корҳо ин буд, ки пули ҷамъоваришуда барои ободонии Масчоҳро як бало карда бигиранду корҳои ободонӣ анҷом нашавад ва Азиззода Тоҳир, раиси ноҳия Масчоҳ,ки як пеш вафот намуд беобрӯ шавад. Ман ба хешовандони марҳум Рустамзода.А ва мардуми Хуҷанд гуфтаниам, ки ба мардуми Масчоҳ, ки дар ҳама ҳолат бадноманд дандон тез накунед.Чунки ин ҳама найрангбозиҳои Қофлонбой бо баъзе беномусони лаганбардори Масчоҳ аст, на мардуми ин сарзамин. Агар дилмонда шавед набояд аз мардуми бо шарафи Масчоҳ шавед. Вой бар ҳоли чунин роҳбарони  номарди мардум ҷангандозе чун Раҷаббой Аҳмадзода.

Ps: Маълумот аз корманди бо шарафи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ ба “Ислоҳ” расидааст. Делои комили ин таҳқиқот дар дасти мо маҳфӯз аст. Агар мақомоти тафтишотӣ хоста бошанд ин қазияро дубора тафтиш кунанд “Ислоҳ” омода аст ҳамаро аланӣ дар ихтиёри мақомоти тафтишотӣ гузорад. Вале мо хуб медонем, ки мақомоти тафтишотӣ аз КДАМ ва ВКД ва Додситонӣ ҳаққу ҳуқуқҳояшонро гирифтаанду дар даҳон об гирифтаанд. “Ислоҳ” ин қазияро дунбол мекунад ва дар ҳолати бе тағйирот мондани ин қазия хронологияи ҳодиса ва чанд занги телефоние,ки дар ин қазия шариканду онро тарҳрезӣ намудаанд дар  ихтиёр дорем бо номҳои тарроҳон онро тақдими мардуми кишвар мекунем. Ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода ба ёдатон меорем “ Сарам дард дорад, худатон ҳал кунед….” мумкин ба ёдатон омад.  Ё шумо ислоҳ мешавед ва ё шармандаи ин дунё ва охират хоҳед шуд.

Сообщение Сӯйи қасд ва куштори Рустамзода Абдухалил тавассути мақомоти раддаи аввали Суғд ва Мастчоҳ появились сначала на ISLOH.net.

Ғорати Масчо пас аз истиқлол, то имрӯз
(бахши чорум)

Ин дафъа як корманди ШВКД Масчо ба “Ислоҳ” аз ду ниҳоди қудратӣ маълумот ирсол намудааст. Якум аз нишоде худаш кор мекунад ва дуввум аз прокуратураи ноҳияи Масчо.

Дар навиштаҳои пешинаамон дар бораи вазъияти мардуми Масчо ва бахусус аз талаву тороҷшавии заминҳои ноҳия  бо дастони  Зокирзода Умед, сардори Кумитаи замин ноҳия қисса карда будед. Баъди ҷамъбасти натоиҷи кори чаҳоряки саввуми сол ӯро аз кор гирифтанд,мардум хушҳол шуда буданд. Аммо баъди ҳамагӣ як моҳ дар 21.10.2020 Умед Зокирзода бар ивази додани пораи калон  дубора ба мансабаш фармон гирифт ва  раиси кумитаи  замини ноҳияи  Масчоҳ  таъин шуд. Акнун вой  бар ҳоли  деҳқони  бечораи  Масчоҳ  гуфтан гиред, чунки барои барқарор кардани маблағи порааш боқии заминҳоро ҳам Зокирзода Умед мефурӯшад.

Вале ҳоло мехоҳам аз беадолатиҳо дар бораи шуъбаи дохила-милисаи Масчо бигӯям. Ман ҳамчун коргари ШВКД дар ноҳияи Масчоҳ  дар ин маврид бетараф наметавонам бошам. Сардори ШВКД дар Масчо Ҷалилов Эмин (Ҷалилзодаи Эмин) сокини Конибодом, ҷамоати Лоҳутӣ, маҳаллаи Ҷаҳонзеб, пешин Қарашқум мебошад. Зиёда аз 2 сол аст,ки дар ноҳияи Масчо адои вазифа мекунад. Ӯ аз ШВКД шаҳри Хуҷанд ба  Масчо  омад. Ин вазифаро бар ивази 75,000 ҳазор доллари пора аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гирифтааст.

Ин гапи худи Эмин аст ки дар як нишасте маст шуда изҳор доштааст,ки 75 ҳазор додам. Акнун ба ҷои ҳифзи назму қонуният танҳо дар фикри пулкоркунӣ аст. Вазифаҳо дар шуъбаи дохилиро фурӯхта истодааст. Оҳиста-оҳиста дар отдел ҳамшаҳриёни худашро ҷо карда истодааст. Ҳатто бархе аз онҳоеро ҳам ки ба хатоӣ даст зада ва дар “распрожений кадр” ҳастанд ва бархеаш танбеҳ (виговор) гирифтагианд оварда дар милисаи Масчо ба вазифаҳо таъин карда истодааст. Албатта ҳар кадоме аз онҳо пули калон медиҳанд. Мисоли  равшани ин гуфтаи мо сардори шуъбаи шиносномадиҳӣ — Юсуфзода Зафар Яҳё мебошад, ки ҷои даромадноктарин  дар ШВКД мебошад. ИН нафар ҳам аз Конибодом аст. Ӯро ба ин мақом бар ивази  50.000 доллар таъин кардааст. Сардори собиқи  шуъбаи  шиносномадиҳӣ Тошев Шариф Ҷумабоевичро муовини милисаи ноҳия таъин кард. Ин нафар писари як наркодиллери калон Ҷумабой Тошев, собиқ раиси ҷамоати  Бӯстон аст. Ин вазифаро бар ивази 25.000 доллар фурӯхта аст. Яке аз роҳҳо ва воситаҳои пулкоркунии сардори ШВКДи Масчо ин аст ки ӯ ташхиси криминалӣ-тиббии парвандаҳоро дар зери контроли бевоистаи худ гирифта шахсони ҷиноят содир кардаро даъват карда аз онҳо барои рӯпӯш кардан пул меситонад. Ё тавассути Муталибов. Ҳ, сардори шуъбаи тафтишот чунин нафаронро тарсонида аз онҳо  маблағи  калон  ситонида ташхисро  ба  фоидаи  онҳо  анҷом  медиҳад. Дар ин кор ӯ махсусан Зокирзода Умедро, ки дар ҳуҷҷатгузории заминфурӯшӣ сохтакории зиёд дорад, дастгирӣ мекунад. Чунки аз вай пули кам намегирад. Ҷабрдидаҳои  бечораро, ки камбағаланд  ва аз онҳо “фоида”  нест дастгирӣ намекунад. Ошкоро тарафи ҷинояткарда ва қонуншиканонро мегирад. Тамоман қонун ва қонуниятро фаромӯш кардааст. Тамоми фикру хиёлаш ба пул банд аст.

Ҷалилов Эмин дар чунин кор ҳанӯз вақти кораш дар Хуҷанд  таҷрибаи  бой ҳосил карда будааст. Аҷиб ин аст ки  ташхиси  криминалӣ-  хатшиносиро худи Ҷалилов Эмин бо ёру  шиносбозӣ ва бо хости худаш анҷом  медиҳад. Бечораи камбағале,  ки бо  дасти худаш  имзо  накарда  бошад ҳам лекин  ташхисро тавре омода мекунад, ки  тасдиқ мекунад, ки ҳамин  шахс бо дасти  худаш  имзо  кардааст. Эмин Ҷалилзода ташхиси тиббиро бо  воситаи сардори БДА дар ноҳияи Масчоҳ  Муҳаммадиев  Валиҷон  мегирад. Сардори БДА бо пора ба даст афтода буд, аммо ҳамин Эмин Ҷалилзода миёнаравӣ карда ӯро халос намуд. Аз рӯи баъзе аз маълумотҳо сардори БДА бояд ҳабс мешуд вале бар ивази 100.000 доллар ҳам аз тафтишот озод шуд ва ҳам боз дар вазифааш монд. Чунки Муҳаммадиев.В одами даркорӣ аст. Бародари ӯ Муҳаммадиев Анварҷон, сардори ташхиси судӣ- тиббии вилояти Суғд буд. Ӯ ҳам бо пора дастгир шуд вале пули калон дода халос шуд ва дар ҷойи кораш ҳоло ба ҳайси муовини сардори судмедэкспертизаи вилоят кор мекунад.

Ғайр аз ин Ҷалилзода Эмин бо  наркодиллерҳои  пулдор алоқаи  зич дорад. Ӯ аксари вақти худро  дар қаҳвахонаи “Бустон”, ки соҳибаш Абдуваҳҳоб (Ваҳҳоб) мебошад мегузаронад. Ва бо воситаи Ваҳоб кадрҳои маҳаллиро ба кор мегирад. Ваҳҳоб, шуъбаи кадрҳо ва пулҷамъкунаки  Ҷалилзода Эмин мебошад. Ҷалилзода Эмин коргаронро маҷбур мекунад, ки  дар роҳҳо хусусан дар назди бозори шаҳраки Бустон истода номери мошинҳоеро, ки “парковка” кардаанд, канда бигирем ва ба БДА диҳем. Дар ҳоле, ки ин кори мо нест. Аммо коргарони БДА бар ивази як миқдор маблағ номерҳоро ба соҳибони мошинҳо бармегардонанд. Вале мо дар назари мардуми Масчоҳ бад мешавем. Аз ин пулҳои ҷамъшуда ҳатман ба сардори милиса Эмин Ҷалилзода ҳам медиҳанд. Чи хеле гуфтам Эмин Ҷалилзода аксаран онҳоеро, ки аз кор ронда шудаанд ва ё дар “қайди кадрҳо” буданд, бар ивази пул ба шӯъбаи Масчоҳ овард.

Ҳамшаҳриаш коргари БДА Муминов Назир, ки дар бораи кирдорҳои ҷиноятии  ӯ дар Конибодом “Ислоҳ” пештар навишта буд ва барои ин  мақола ӯро барканор ва дар ихтиёри шӯъбаи кадрҳо гузаронида буданд, 15.000 доллар гирифта ба назди худаш дар Масчоҳ ба кор барқарор кард. Солҳое, ки Ҷалилов Эмин  ШКВД шаҳри Хуҷандро роҳбарӣ мекард бо ҳазоруяк ҳилла бародарашро,ки роҳбари хоҷагии деҳқонӣ буд ва барои дуздии қубурҳои газгузар дастгир шуд аз СИЗО баровард.

Хати қубурҳои гази  табиӣ аз давлати ҳамсояи Узбакистон ба Тоҷикистон  кашида шуда буд. Азбаски он солҳо Узбакистон интиқоли газро қатъ кард, ин роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бародарашро пушт карда он лӯлаҳоро аз таги замин канда ҳамчун оҳанпора фурӯхт. Ин кор соли 2013 буд ва аз рӯи ҳисобҳо зарари расонидааш аз1миллион доллар бештар буд. Аммо Эмин Ҷалилзода бародарашро баъди 1 соли нишастан дар СИЗО бегуноҳ бароварда озод намуд. Бародари ӯ ҳоло ҳам раиси ҳамин хоҷагии деҳқонӣ аст. Ҳоло дар ҳамаҷо воҳима карда гаштааст, ки 150.000 доллар ба Рамазон Раҳимзода ва Озодаи Раҳмон додаасту имрӯзу пагоҳ фармони сардори шӯъбаи милисаи Исфара шуданаш имзо мешавад. Солҳое, ки Ҷалилзода Эмин як милисаи  қаторӣ буд ҳамроҳи шодравон Идибойи наркобарон мегашт. Баъдҳо Идибой худаш коргари Оҷонсии мубориза бо маводди мухадир шуд. Эмин бошад ҳамчун милиса мошинҳои ҳомили наркотикро “сопровождат” мекард ва аз инҷо буд, ки пули калон пайдо карда ба чунин вазифаҳои  баланд расидааст. Маълум аст ки чунин шахс ҳеч гоҳ нисбати ҷинояткор чора намебинад, фақат сумро мегираду ҷиноятро рӯйпуш мекунад. Ва то рӯзе, ки дар вазифа ҳастанд сабаби зиёд шудани ҷиноят мешаванд.

Ман ҳамчун корманди ШВКД виҷдони  инсониам тоқат накард. Ин  беадолатиҳоро ба  мардуми Масчо фаҳмонданиам вале ҳамзамон боз мехоҳам бигӯям, ки на ҳамаи  милисаҳо  бевиҷдонанд. Бо расонаӣ кардани аъмоли ҷинояткоронаи онҳо мехоҳам барояшон гӯшнишон созам,ки камбудашон, гунаҳашон ошкор мешавад ва бо ин васила  виҷдони  худро  таскин  медиҳам. Ба  мардуми шарифи  Масчо   гуфтаниам, ки  дар симои милисаҳо ҳамаро яксон набинад, ба инобат  гирифта холисона  баҳо  диҳанд.

Инро ҳам бигӯям, ки на танҳо  сардори милиса ҳамчунин прокурори ноҳия  Иззатулло  Акобирзода  ҳам фақат дар фикри пулкоркунӣ аст. Қонун ҳаст нест, иҷро мешавад намешавад, кор надорад. Инсони дағалгуфтор аст. Ҳолатҳое  мешавад, ки дар назди  дари идораи ӯ дар зери офтобу  борон   соатҳои бисёр  мунтазир  мешавӣ,  баъд  ба наздаш  қабул мекунад. Иззатулло Акобирзода дар зери кондитсионер ва дар утоқи корӣ баҳузур истироҳат мекунад. Се вақт ғизои ӯро дар худи ҳамин прокуратура аксари вақт наркобизнесҳо меоваранд. Бо навбат хурок оварда ишкамашро сер мекунанд. То  ишкамаш  сернашавад  мардумро  қабул  намекунад. Баъди хурок боз чанд маҳал пинак меравад. Аз пинак мехезад аз корафтодаҳо онҳоеро қабул мекунад, ки худаш мехоҳад.   Наркодиллерон  бенавбату  бепурсиш,  ранги  хонаи худашон  медароянд. Тамоми шароитро муҳайё кардааст дар худи бинои додситонӣ: ҷойи хоб, ҷойи ғизохӯрӣ, ҳоҷатхона, ҷойи нишасту истироҳат ва тамошои телевизион. Дар ҳоҷатхонае, ки даруни бинои прокуратура сохтааст, ғайр аз худаш ва тасодуфан  ягон  меҳмони  олиқадр метавонад дарояд, барои дигарҳо, ҳатто кормандони худи прокуратура ҳам иҷозат нест.

Калид дар дасти худи Прокурор. Кормандони прокуратура аз ҳоҷатхонаи Суди ноҳия истифода мебаранд. Як корафтода, ки хеле зиёд муъаттал шуда буд, гуфт ки “гособиспечений”-ро фаҳмида будем, ҳоло Масчообиспичениро ҳам дидем. Дар омади гап инро ҳам бигӯям, ки Акобирзода Иззатулло солҳои 2009 ум прокурори калони Данғара буд. Дар ҳамон солҳо мардуми Сангтуда аз болои раиси ин ноҳия Сайдалиев Маҳмадулло, ки чойкашаки марҳум Нуриддин Раҳмонов буд  ба президент аризаи шикоятӣ навишта буданд, ки на роҳи соз дорем, на об ва на свет.  Онҳо ултиматум монданд, ки ё ба мо обу свет дода роҳи моро соз мекунед ё  мо хонахез ба маркази Душанбе рафта митинг мекунем. Беш аз ҳазор оила имзо карданд. Президент аз ин ҳолат хабардор шуда раиси ноҳияро   мегуяд, ки халқи Сангтударо рафта ором кун, ки агар онҳо ба митинг оянд ҳамаи Тоҷикистон мехезад. Акобиров Иззатулло, ки ба воситаи телехи президент бо номи Бахтиёри калағавси чапаевӣ ба зани президент пул дода ин вазифаро гирифта буд, бо ҳамроҳии сардори КГБ-и Данғара бо номи Искандари калакачила мардуми Сангтударо фиреб карда муаллифони аризаро пайдо кардан мехоҳанд.

Журналист Эшони Сайҳомидин ва чанд нафари аризаро навиштаро бо роҳбарии раиси ноҳияи Данғара Сайдалиев Маҳмадулло  (ин раис соқ набуд, вақте гап мезад ба мисли як ҳофизае, ки “ана гул боғи ба боғ гуфта суруд мехонду сараш ин тарафу он тараф тоб мехӯрд, сари ин ҳам меҷунбид ва ӯро гаҳвораҷунбонак мегуфтанд) сахт азоб дода тахдид карда буданд. Аз сабаби онки бародари Сайдалиев муовини раиси Агентии мубориза бо коррупсия буд, миллион- миллион сумҳои дуздидаи Сайдалиев беҷавоб монд. Ҳамчунин барои Сайдалиев Маҳмадулло Нуриддин Раҳмонов ҳам кришават мекард.”

Баъди ин ҳама қонуншиканиҳо Акобирзода Иззатуллоро сардори Раёсати назорати Судҳо дар Прокуратураи генералӣ таъин карданд. Боз ҳам ба воситаи телехи зани президент Бахтиёри калағавс (барзагов) албатта бо пораи калон. Ҳоло акнун  ҳамин порахур дар Масчо прокурор аст.

Як ҳодисаи дигарро ҳам мехоҳам ёдовар шавам. Баъд аз  ишкамаш  сер шудан  моро  қабул карда  гуфт, ки  шумо  ҳамчун  намоянда  аз  тарафи  милиса  аз  тарафи  пракурор  шахсан  худам,  намоянда  аз  тарафи  маориф,  аз  тарафи ҳукумат муовини  раиси  ноҳия, аз  тарафи  беморхона як  намояндаи  дигар ва  инчунин аз  тарафи Суди  ноҳия ҳам  як  намоянда меояд, ҳамакаса  ба   мактабҳо дар робита ба Ковид-19 ба  ҳар  як  директори  мактаб супориши  қатъӣ медиҳем. Мо гурӯҳи корӣ ба мактабҳои  ноҳия  рафтем.

Прокурор директорҳои  мактабҳоро  маҷбур мекард, ки  бо  маблағҳои  худ  ҳароратсанҷ, антисептик ниқоб барои ҳар муаллим ва  хонандаҳо харида  ҳарораташро  санҷида ва бо антисептик  зиддиуфунӣ карда ҳатман  бо ниқоб  ба дарс  медароред. Акобирзода намояндаи  беморхонаи  ноҳияро ба  директорҳои  мактабҳо нишон дода гуфт тамоми маҳсулотро аз ҳаминҳо мехаред. Директор ва  муаллимҳо  пул ҷамъ карда  чунин  маҳсулотҳоро  хариданд. Дар ҳоле, ки худ шоҳид будам, ки ду мошин кумакҳои башариро аз даромади ноҳия қабул карда мо рост то бемористон оварда будем. Сардухтур  амбори беморхона ба талабот ҷавоб намедиҳад гуфта ҳамаи ин кумакҳоро ба дигар самт бурд. Моро барои  мошинҳоро  ҳамроҳӣ  кардан   иҷозат  надоданд ва    ду мошин  маҳсулотро  ба куҷо  бурданд  маълум нест. То ҳозир  духтурони  ноҳияи  Масчоҳ  аз ин ёрии  башардустона  баҳра  набурдаанд.

Иззатулло Акобирзода барои манфиат ва фоидаи шахсиаш тамоми корҳоро аз пеш нақша мекашад. Барои корҳое ба мисли гирифтани маблағи пора ва ё даровардани наркобизнесҳо ба қабулгоҳ Маҳмуди котибашро масъул кардааст.

Он корҳое ки масъулияташ бо Маҳмуд мебошад ба мисоли мактубҳоро аз прокуратура ба дигар ҷо бурдан ва шаҳрвандоне, ки ба назди прокурор меоянд бояд Маҳмуд номнавис кунад ба дӯши милиса вогузор мекунад. Милисаи дарбон. Чунки ин милиса корманди ВКД аст на прокуратура. Кори хаткашонӣ-курйерӣ, қабули шаҳрвандон ва ба назди прокурор даровардан, қабули шахсоне, ки барои Акобирзодаи шикамдам хурок меоваранд ва гирифтани табақу косаву озрас додани онҳо ҳамаашро ҳамин милисаи дарон анҷом медиҳад.

Саҳни ҳавлии прокурорро обзадан, нигоҳубини ниҳолҳо, шустани мошини прокурор ҳамааш кори милисаи дарбон. Инро ҳам бояд кушоду равшан гуфт ва мақомоти дигар бояд донанд, ки ронандааш наркодиллер  мебошад. Бо  мошини шахсии худи  Иззатулло Акобирзода Лендкрузери сафеди последний модел номери давлатиаш 7200 КЕ 02 ТҶ   хизмати шахсӣ  ва  давлатиашро  мекунад. Ҳар ҳафта  рузи  шанбе  мошинашро пур  аз  савғо:-нонҳои Масчоҳӣ, қурут, равғани зард, ҷурғот ваҳоказо  карда рост ба Қурған, Ваҳдат ва Норак  бурда  ба  занҳояш  тақсим карда  ва  боз  рӯзи  душанбе  шитобон  ба   Масчоҳ  ба  кор меояд. Номи ронандааш  Аслидин  аст.  Бародари Аслиддин  Турсун  соли 2013 бо  20 кело  героин дастгир шуда 16 сол  ҳукм  гирифтааст.

Чизи аз ҳама ҳайратовар,ки Иззатулло Акобирзодаро аз дигар мансабдорҳо фарқ  мекунонад ин аст ки  ба тамоми танқиду мазаммати расонаҳо ҳатто сари мӯ хам намехурад. Гарчанде баъди дар сомона ва каналҳои шумо нафарони танқидшунида руҳияашон авгор мешавад ва онҳо талоши пинҳон намудан ҳам кунанд, маълум мешавад, аммо ба Акобирзода камтарин асар намерасонад. Баракс гуфтааст ки ин ҳарфҳо ба ман тааллуқ намегирад. Ман чи коре  хоҳам  ҳамонро  мекунам,  ҳеч кас  пишакамро  пишт гуфтан  наметавонад. Ва то  нафақаам  дар ҳамин  ноҳия  кор карда  ва ба  сари  баланд  ба  нафақа  меравам. Ман кадри Азизмоҳи зани Пешвои миллат ҳастам. Пешвои миллат аз гапи занаш берун намебарояд!!

Давом дорад….

Ps: Поёни бахши чорум, он маълумотҳое аз Масчо ба Ислоҳ расидааст се матлаби дигар мешаванд.Аммо мо бо он се матлаб иктифо нахоҳем кард.Боз ҳам ҳарчи мебинед ва шоҳиди ҳодисаҳои мушобеҳи ҷиноятии мақомдорон дар Масчо ҳастед ба Ислоҳ нависед,то онҳоро расонаӣ кунем.

Сообщение Ғорати Масчо пас аз истиқлол, то имрӯз появились сначала на ISLOH.net.