Архивы Ҷаноби Олӣ - ISLOH.net

Психологияи ҳаромкории 800 соларо чи гӯна решакан намоем?
Ё

Психологияи ҳаромкорӣ ба  фаҳмиши «тоҷикиш»

Ростӣ, то дербоз ба ин назар будам, ки бо фурӯпошии Шӯравиии оҳанинпанҷа ва қонунмеҳвару ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани тоҷикистониён дар мо, гӯё, ахлоқу рафтору кирдору амалкарду ҳаромкорию дуздию тағабозию ҷурму ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар «психологияи ҳаромкорӣ» (тоҷикиш кн) падид омада бошад, вале пас аз таҳлилҳои амиқу тулонӣ ва баррасию пажӯшиши осори аҳди Шӯравии тоҷикизабон ба ин хулоасаи ниҳонӣ расидам, ки ин миллат, ин менталитет, ин психологияи ҳаромкорӣ, ин тағабозӣ, ин тортуқгарӣ, ин хиштакҳаромӣ, ин дӯздии давлатӣ, ин изофанависӣ, ин ҳама бадбахтию беэмонию бадкирдорӣ, натанҳо сарчашмааш дар «фасоди идории Шӯроҳо», балки, ба ақабтар, ба аҳди давлатдории беқонунию сарҳӯйии манғитиён рафта мерасида аст. Ақаби ақаб равем, ин ҳама касофатҳову касофаткориҳо дар лашкари чингизиён ба соли 1220 вориди ҷаҳони поки тоҷикон шуд, ки имрӯз, пас аз гузашти 800 сол, дигар аз он покии тоҷикӣ чизе намонда, балки «тоҷикӣ кардан», эквиваленти «ҳаромкорӣ» карданро мефаҳмонад!

Ва имрӯз, ки як мушт зуррияи наҳси чингизтабор худро «тоҷик» номидаву бо амалкардии пасту палиди муғулонаи худ чеҳраи тоҷикро дар оинаи торихи навин нангину хадшадор кардаанд, чӣ бад кардаанд?!

Вале, аминам, ки ин ҳама рӯсияҳсозии мо – тоҷиконро ин нотоҷикони «тоҷикшумурдагон» қасдан доранд анҷом медиҳанд, то тоҷик баробари  «дузд», «қотил», «чумо», «тарсӯ», «камақл», «нотавон», «нотавон дар кишвардорӣ», «нотавон дар ҳизбу ҳарактдорӣ» «ақабмонда», «ҳероинфурӯш», «беимон», «танфурӯш» ва «террорист» бошанд.

Ин корро солҳост, ки русҳову узбекҳои Узбекистон амалан доранд анҷом медиҳанд: русҳо бо филми «Бригада», ки аксаран ин филмро дидаед намоиш медоданд, ки тоҷик як шеърро аз тоҷикӣ ба русӣ баргардонда наметавонад!

Ҳероинфурӯш аст!

Мафиоз аст!

Дузд аст!

Бадкора аст!

Вале дар фарҷом ҳамагияшон сагмур кунонида мешаванд!

Ва миллати ҳувиятбохти тоҷик то ҳол мелофад, ки урусҳо дар филмашон мо – тоҷиконро «таъриф» кардаву шеъри Тӯрсунзодаамонро бозхонӣ кардаанд.

На, ҷанобон! Шуморо русҳо бо ин филм таҳқир кардаанд!!! Худ хабар надоред!

Аммо ҳеҷ зиёии ин миллат эътирозе накарданду онро пазирӯфтанд,ки чунонем.

Баргашт ба мавзӯъ…

Барои идомаи ин муъзали ахлоқӣ ва мушкилоти равонию психологияи ҳаромкории ин миллат-ҳо (ӯзбеку тоҷик дар нигар аст, чун ба аҳди манғитиён сар занем) -ро решаёбӣ кардан, боз ҳам ба осори парокандаи мунавварфикрони охиири асри 19-у аввали асри 20, ки саромадашон Аҳмад Маҳдуми Дониш аст, руҷуъ кардааму боз ҳам аз аъмоқи ин осор нидои ҷонгудози мунавварфикрони ислоҳотхоҳи тоҷикро шунидаам, ки ба як садо нидо медиҳанд: ин Аморати Бухоро, ки «шариф»-аш мехонанд, «Шаҳристони Лут» асту ин миллат, ки «миллати баргузида»-аш мехонанд, миллати «ҳаромкор» гашта аст. Аз амиру вазир то тоҷиру ҳокиму беку понсадбошию амлокдору миршабу ҷаллоду харбонаш, ҳамагӣ расми «корчалонӣ»-ю» «даллолӣ»-ю «миёнҷигарӣ»-ро рушд додаанд, ки вабои ин кишвардорист.

Оне кораш хоҳад саришта ёбад, ба «восита», «миёнрав», «корчалон», «ҷаллобу даллол» бояд ришват диҳаду он бадбахт, ки худро чун  «воситаи байни Амиру кабиру вазиру надим»-у «коруфтодагону арзудодхоҳону ҳақиқатталабон» — бо мардумон, фуқароёни амир, карда аст, кори ӯро сомон диҳаду мушкили ӯро, агарчи ҷиноят ҳам карда бошад, осон созад. Барои ин ҳама «миёнаравӣ» албатта ришва, пул, маблағ, тангаву тилло додан зарурат буд.

Ба гуфти Садриддин Айнӣ ин шахсияти шумрӯро тоҷикон, дар он замон, «Ҷабраили дурӯғин» меномиданд. Дар ҳоле Ҷаброили амин асту Аллоҳ ӯро амин гуфтааст. Ин туда яъне гӯё расонандагон ё воситаҳои дурӯғин будаанд.

Гову бузу гуспанди гирддунба «ширинкорона» тақдим кардан зарурат буд, агар толиби вазифаву ҷоҳу ҷалолу зиндагии мураффаҳу обруву ҷойгоҳу маконату зиндагии волотаре мебудаанд, бар замми тангаву тиллову гову аспу хару гуспандон, мебоист як-ду гулдухтари дӯшизаи худ, ё дигаронро ба расми «тортуқ» бо «туқуз-туқуз» (туқуз ё тоқуз,ки мегуянд ин рақами 9 аст, ки назди ҳокимони муғултабор хосияти асроромезе дошт, ки ҳар ҳадияи олиеро бояд 9-то, 9-тоӣ мепазируфтанд. Масалан, амири девонаавзоъи Бухоро, Музаффархон аз таззори рус талаб карда буд, ки барош аз духтарони «ғаниматгирифтаи словянӣ» 9-то фиристаду ин талаби аҳмақонааш радд гашта буд), амволу матоъу ҷомаву «сару тан» фиристанд, онгоҳ кордашон рӯи равғани миллати фақир мечархид; як додаашонро аз фарқи сари ин миллати ҷафокашидаи торих, ҳазор карда мегирифтанд!

Аз ҳамин рӯ буда, ки миллати тоҷик аз нониқоқхӯрӣ қоқу як идда тайлоқи духтарфурӯши бешараф  шуда буданд – чоқ !

Ин бадбахтӣ, мутаассифона, бо барҳам хӯрдани Аморати Бухоро барҳам нахӯрду чун дигар «психологияи ҳаромкорӣ» аз Аморат ба Шӯравӣ, ки ядрои асосии ғуломонашон ҳамоно Осиёи Марказӣ буду аз ин кишварҳои 5-гонаи мусулмонкеш тамоми ашёи хом, сарватҳои нодири табии, пахтаву гандуму боигариҳои табиии лозимаро  — аз сурма то урану алюмин мекашиданду мебурданд, сироят кард.

Русҳои болшевик ҳам, ба ҷои ин «миллатҳои ваҳшисифат»-ро чун худ «бомаданият»-у аврупоӣ кунанд, омаданду дар «чайхана»- чай заданду дар «ашхана»- аш.

Пасон, диданд, ки бо он ҳама принсипҳои сахтгиронаи Марксию Энгелсӣ рӯзашон хуб намегузарад, аз осиёиҳо, ки мо ҳастем, дасти пир гирифта, «психологияи ҳаромкорӣ»-ро кам-кам, тадриҷан аз худ карданд – аз ғуломонашон омӯхтанд! Чун ин ғуломон 700 сол қабл аз хоҷагони чингизияшон ин ҳама ҳаромкорию ҳашарро омӯхта буданду ин русҳо, боз, ба ғуломонашон «колхозникӣ»-ро омӯзониданд!

Русҳо омада буданд, ки ин «ваҳшиҳо»-ро «одам» кунанд, вале ба нигар омад, ки ин «ваҳшиҳо» он қадар ҳам ваҳшиҳои тупой нестанду шиорҳои пухтаи торихие чун: «Пора санги хораро об мекунад»-ро хуб дарк мекунанд.

Ва ин ҳама «тортуқбозӣ» дар аҳди Шӯравии «адолатпарвар» чун заҳри мори манғитӣ дар баданаи ин давлатдории «русӣ» низ сироят карду ин кишвари «принсипнок»-и душмани «ҳаромдастӣ»-ро дар муддати кӯтаҳи торих, ба як кишвари саросар «ҳаромкор», ришвахор, тағабоз, ҷӯраву ҷаҳмандбоз, миёнаравбоз ва гуспандҳадягиру асптӯҳфагиру вазифафурӯшу рӯйхотирбину изофанавису дурӯғгӯву миллатфиребгар;  дар фарҷом ба як катаклизмаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молӣ, эътиборӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, принсипнокии фурӯҳишта, обрӯрехта, нотавон, худбохта, ношоиста, ноӯҳдабаро, ноқодир, ва варшикаставу муфлис оварда расонид!

Оре, ман имрӯз бо он ҳама далоиле, ки аз аҳди Аморат, Империяи Таззорӣ, аҳди Шӯроӣ ва пасошӯравӣ дар даст дорам, иддао мекунам, ки ҳам Таззорҳоро, ҳам амирони Манғитро, ҳам Болшевикону Шӯроҳоро ва ҳам рӯзе ҳокимони кунунии Осиёвиро ҳамон вабои торихие сарашонро хӯрду мехӯрад, ки номаш гузоштаем: «Психологияи ҳаромкорӣ», «рӯҳияи ҳаромхӯрӣ», «ришва», «пора», «миёнарвӣ», «корчалонию даллолию ҷаллобӣ»-и дар ҳама сатҳҳои кишвардорӣ!

Ҳамин гумонро Таззорону Амирони тортуқгир доштанд, ки гирифтани тӯҳфаву ҳадяву «тоқуз-туқӯзҳо» чӣ таъсир ҳам дар раванди кишвардорияшон, ки сахт «мустаҳкам»-у «мардумию» пойбарҷосту бар рӯи найзаву шамшеру пулемётҳои Максимаву карабинҳову қарамилтиқҳо сари ҷост,  доштан метавонад? – ҳеч!

Вале, ҳамин «ҳеч» ин ду кишвару ҳазорон «ходимони баруманди давлатӣ»-яшонро шармандаву рӯсиёҳи торих карду ҳамин «ҳаромкории иқтисодии ҳечу пӯч» хунашонро барҳадар дод!

Ҳамагӣ маҳву нобуду қир шуданд. Инҳоро штикножҳои калтакдорони сурх на, балки ҳамин «психологияи ҳаромкорӣ»-яшон дар фарҷом ба хоки зиллат кашонид.

Вале ин мори заҳрогини манғитӣ, ки аз Бухорои Шариф, ё ба таъбири аллома Аҳмади Дониш «Шаҳристони Лӯт» сар бароварду пас аз шикасти Аморати Бухоро дар соли 1868 ба пас, ва вассали Русияи Таззорӣ шудан, ба кохи Император, дар остину домани «ҳайати сафорати амирони Манғит» ба Петербург ворид гашту хонадони дарозумри Романовҳоро, саранҷом, заҳролуди фасоди молӣ карда, ба дасти В. И. Ленин барандохт.

Пасон худи ин «кишвари беқонунӣ» ҳам зеру забар гашта маҳву нобуд гашт.

Вале ин мори заҳрогини «ришваву порадиҳӣ», танҳо рангу пӯст иваз карда, аз зери харобаҳои Бухоро, дубора сар бардошту ин дафъа дар домани Ҷавонбухориёну Ҷадидони шӯроишуда, вориди ҳам Тошканду ҳам Душанбеву ҳам Кремлину ҳам Остонаву ҳам ҳамагӣ 15 кишвари Шӯроӣ шуд!

Дар остини Босмачиҳо бошад то ба ақсо нуқоти олам рафта сироят кард.

Амири тортуқгири  Бухоро – Олимхон бошад то дами марг бо ин муфтхӯрии одатӣ зисту мурд! Дар ғурбату дарбадарӣ ҳам ҳамин ифлоскориҳоро мекарду мекард!!

Бизнес мекарду «соҳибкори ватанӣ»-и рақами як дар Афғонистон шуда буд, дар пӯсти қарақулфурӯшӣ!

Ҳамеша босмачиҳоро фиреб медоду гӯл мезад, ки ҳаминак «кумаки фарангиҳо» мерасаду мо Московро рафта фатҳ мекунем!

Ҳамон ваъдаҳои дурӯғу шайтанатеро мекард, ки имрӯз Раҳмоналӣ-хони навманғити дашти Олимтой бо ману шумо мекунад!

Дар воқеъ бошад, на парвои миллат, давлат, ободӣ, шукуҳ, пешрафту тараққиёти Бухорои Ғарбию ҳаминак Шарқиро Олимхону Эмомалӣ-хону Рустам-хон доштанду доранд!!

33 сола аст, ки аз «фаровонию серию пурию барқи доимию ҷои кору болоравии маошу некӯаҳволию осудагию амнияту боигариҳои табиӣ»-ю ҳазору як балову батар парту палохонӣ дорад, вале ба ҷуз сирқату дуздию пулшӯию ҳаромкорию хиштакҳаромию хиёнату зулму бедоду ситаму ҳаққимардумхорию оворасозию кинхоҳию қасосгирию ҷанг бо мо, кореро аз пеш набурд!!  Ҳамаро бо шиори «ба пеш» ба гӯри падари номаълумаш, ба нокучо бурдан дорад!!

Олим-хони манғит ҳам 10 сол дар Бухоро ва  24 сол дар ҳиҷрат ё ғурбат ё фирор (ҳарчи биномедаш), миллату пайравонашро гӯл заду каллаи хар кард, ки имсол ислоҳот мекунам, соли дигар маъорифу мактабҳои замонавӣ месозам, имрӯз рӯзномаҳоро бозкушоӣ мекунаму фардо ғами миллату раъиятро мехӯрам. Вале, дар асл ҷуз ғами шаҳвати худу шиками бастагону тамаллуқкоронаш дар фикри касею чизею ватану миллате набуд! Ва ақлаш ҳам ба ин чизҳо намегирафт, ҳамон гуна ки имрӯз ақлонияти Шарипчақури говбон ба ин масоили ҳаётан муҳими давлатдорӣ намерасад. Расад ҳам ба нафъи худу хукзодаҳои гирду бараш, ки нест, аз он сарфи назар карда, бо он душманӣ ҳам дорад!

Тамоми осори муҳаққиқони ин аҳди 70-сола, хусусан аврупоиҳо ба ҳамин самт ишора мекунанд, ки Шӯравиро низоми молии фасодгаштааш дарҳам кӯбид, вагарна аз ҷиҳати низомӣ ҳамто надошт.

Вале ҳамин мори заҳрогини тоҷикӣ-ӯзбакӣ, «порадиҳӣ» ва амсолаш, дар гиребони аскарҳои шӯроӣ, рӯи БТР-у БМП-ву тонку ҳавопаймоҳошон, вориди Кобулу Қандаҳору кулли Афғонистон ҳам шуд.

Аскарҳо, «духҳо», «душманҳо»-и шӯравӣ, ки аксаран, боз ҳам аз табори ҳамон тоҷику ӯзбаку дигар «Осиёиҳо» — аз насли ҳамон амирону фуқароёни Бухорову Хеваю Хӯканд буданд, боз ҳам ба ҳамон «хуни ҷазир»-у «психологияи ҳаромкорӣ»-яшон, албатта бо ҳамдастии русҳо, тамоми заминаҳоро барои «шикасти худ дар хоки Хуросон» анҷом доданд: пора доданд, аз афғонҳо афюну бангу чарс дар ивази тиру силоҳ  гирифта, чун манғитиён – аҷдодонашон, чилим заданду зино карданду таҷовуз карданду тороҷ карданду ҳамдигарфурӯшӣ карданду миллионҳо рублро барбод доданду ҳамагӣ ба ҷои ҷанг, мағоза  ба мағоза пайи «ҷинс», «кожинка», «радиои ҷопонӣ», «матоъҳои ҳиндӣ» ва ҳарчики дар Шӯравӣ мамнуъулфурӯш буд, мегаштанду бо ҳар қиммате чун аскарҳои амирони манғит «тоҷирӣ» мекарданд. Бартер мекарданд – силоҳу тӯфангу гулӯлаву норинҷак дода, либосу хуроку ҳашиш мегирфитанд!

Кореро мекарданд, ки тӯли 33 сол аст, афсарону гейнералҳои тоҷики ҷангнадида бо хӯроку сарутани (экипировка)-и аскарҳо раво мебинанд: медузданд!

Садақаҳоро «гум-помош» номида «гум» мекунанду ҳаққи гадову камбизоатонро аз ин садақаҳои хориҷӣ чун Олимхону дигар оқипадарон медузданд. Чун «духҳо»—и шӯравии вориди Афғонистоншуда обулой мекунанд!

Боз ҳам ҳамин мор дар гиребонашон, сархам аз дарёи Омӯ баргаштанд – фирор карданд!

Ин мореро, ки муғултаборон ба соли 1220 ба пас вориди ин минтақа карданд, то кунун касе ёрои саркӯб карданашро надорад. Баръакс, ҳамагӣ тӯъмаи он гаштаанд!

Ҳар ҳукқмату давлату режиме, ки дар ин 800 соли охир вориди ин марзу бум шуд, дар фарҷом аз заҳри қаттоли ин афъӣ ба фано рафт, ки рафт!

Агар ба танзи машҳӯри Майсам Мутиъӣ, ки сербинандатарини танзҳост, як каме тағйирот дароварем мешавад:

20, 30 чист? Ҳамон «мор», ки дар остини мост!

Ҳаромкор, хоктусар холӣ мебандад чапу рост!

Ин ҳама Таззорию амирию шӯравӣ ҳам, рафт, ки рааафт…

Навбати Эмомалист, ин харандом ҳам сарнагун хоҳад рафт, ки раааафт!

Ва кунун ин мор дар қасри Раҳмон Хон лона гузоштаву тухмаи наҳсаш бор оварда аст.

Режими Раҳмоновон рӯи ин се гӯшаи наҳс бино шуда:

Шиносбозӣ (воситабозӣ, тағагароӣ)

Сохтакорӣ (гузоришҳои бардарӯғу ҳисоботу статистикаи бардурӯғу паёмҳои дилбазани тӯлонии бемаънову пӯчу фачу мардумфиребӣ, будҷети касрӣ )

Бепарвоӣ (бхр, бдзд, бчар, бпар, бгард – пока фурсатай)

(Оид ба зарару зиёну торихи пайдоишу густариши ин 3 ҳолату падидаи нангини кишвардории тоҷикон, дар гуфторҳои баъдӣ маълумоти муфассал хоҳем дод).

Кунун, ба фарҷоми таҳқиқи хеш наздиктар мешавем, вале барои шинохти ин қазияи «сархури кишварҳо»-е, ки замоне дар ин маҳдуда барпо шуда буданд, ё чун Таззорҳову Болшевикҳо вориди он шуда буданд, ё бо Афғонистон бо ин «психологияи ҳаромкорӣ» юриш бурда буданд, ҳамагӣ маҳву нобуд гаштанд, аз неши ин «ҳаюлои бадкеши қаттоли сархор», ҳаминро илова карданием, ки ин «балои сархӯр» ҳатман сари Раҳмонову дуздони гирду бар ва миллати тоҷикро хоҳад хӯрд!

Агар огоҳона саркӯб ё ислоҳ нашавад

Ин тарзи давлатдориро, ки чингиззода Эмомалӣ аз «отамиз»-аш И. Каримов, ҳангоми иштирокаш дар «дарсҳои давлатдорӣ» сабақ гирифтаву гумон карда, ки Каримов барояш роҳи дурусти «давлатдорӣ»-ро, ки нусхабардор кардани низоми фартуту фатаротрафтаву корношоями манғитиён будро нишон дода буд! Дар ҳоле ки худи И. Каримов ва инак Мирзиёев асло ба услубу тарзи кишвардории пӯсидаи манғитиёнашон барнагашта, балки ҳамеша рӯ ба сӯи беҳбуду ислоҳоти ҳамаҷонибаи кишвардорӣ майл медоштаанд.

Вале ба ин архари дастнишондааш таълим додаанд, ки ҳо, Шарипович, роҳи дурусти давлатдорӣ ҳамоно ҳамон Бухорои пӯсида аст.

Далелам ҳамон сухани Каримов ба намояндаи Амрикост, ки вақте «Ҷаноби олӣ»-яш хитоб мекунад, мегӯяд: ин унвонҳои манғитиро ба Шарипчақур гӯед, ба ман ин алқоб писанд нест. Чун Каримов ин «шогирд»-и духони харақлашро хуб медонист!

Чаро? – чунки ин оркестрони пуртаҷрибаи султахоҳ ҳеч гоҳ розӣ нестанд, ки тоҷиконон кишвари пешрафта ва воқеан озоди демократӣ ва рафоҳияту некрӯзӣ дошта бошанд, чунки орзуи дар оянда «якҷо» кардани Бухорои Ғарбӣ бо Бухорои Шарқиро дар сар доранд!

Ин олами сиёсат аст;  ҳар миллати зарангу огоҳу пухта кӯшиш мекунад, то дигар миллатҳо ва кишварҳои аз худ заифтарро тобеи иродаи сиёсию иқтисодаш қарор диҳад, вале ин ландаҳӯри говбони колхозник ин фаросатро надорад, ки ин «сабақҳои отамиз»-аш аслан бар зарари худу бастагону миллату кишвараш рӯзе анҷом меёбад!

О, ту падарсаг чун Олимхону Кӯри Шермат аз ин маҳдуда мегурезед, вале ин 10 миллион  тоҷику тоҷикистонӣ дигар ҷое барои фирор надоранд.

Эй мардум, нашавад, ки дер шаваду пасон ҳасад баред, ки чаро фурсат аз каф нарафта буд, ин хармағзи арусаку худшефтаи бемағзу дузди ватанфурӯшу беаслу таборро сарнагун накардем!?

Ин гови рӯи курсиро ба зер бояд афканд!

Ҳама мусибати мо аз дасти ҳамин хари тавқилаънатдор бар гардан асту бас!

Барои тадқиқи ин қазия, лутфан, асари таҳлилии пурбаҳои устод Урӯн Кӯҳзодро зери унвони «Ахлоқи воло, дафъи бало» бо диққат мутолиа кунед, бошад, ки ин мори даруни остинамонро, ки асрҳои мадид аст моро неш мезанад, раҳову саркӯб кунему аз ин «психологияи ҳаромкорӣ» ва «ҳаромхорӣ», зимнан, раҳо ёбему ҳампои кишварҳои аврупоию Осиёи Шимолӣ-Шарқӣ шавем.

Лаънат ба Чингизу Чағатою Угатою Ҳолекуву дигаронашон, ки ин наҳсиро вориди маҳдудаи мо кардаанд!

Вале онон —  ку мурданду рафтанд, аммо чаро мо, ҳукуматдорон, мансабдорони порахӯру ришвагир, пешвои мансабфурӯшу барқфурӯшу кунфурӯш, низомиёни муғулнажоди дорои ҳамин рӯҳияи чингизӣ, ки худро «тоҷик» меноманд, ҳоло ҳам, дар асри 21, пас аз гузашти 8 аср, 800 соли расо, аз ин «мор», аз ин «вабо», аз ин «шармандагии торихӣ» дасту дил канданӣ, чун миллатҳои шарофатманду покдилу ҳалолхор, бидуни тортуқу ришваву пораву тағобозию воситагариву руйхотирбинию авлодгароию маҳалгароӣ , давлатравоӣ кардан намехоҳанд! Ё наметавонанд?!

Омода нестанд, ки кишварро аз печиши ин мори сиёҳи пири 800 — солаи чингизӣ наҷот дода, бо принсипҳои мардумсолорӣ, инсонгароӣ, ахлоқи идорӣ, шарофати кормандӣ ва бидуни ягон намуд «тиҷорати мансаб», кори давлатро пеш баранд!

Дидем, ки ин навъ давлатдорӣ моро то ба куҷо оварда расонид, минбаъд ҳам ҳол аз ин табоҳтар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, эй мардум, бархезеду ин давлатамонро худамон соҳибӣ карда, ин мори фасодро барандохта, дар ин марзубум Демократия, Ҳуқуқбунёдӣ, Адолати Иҷтимоиро бароҳ меандозему ҳама гуна мансабфурӯшӣ, хокиватанфурушӣ, қарзгирию гадоӣ аз хориҷиёнро барҳам дода, маблағҳои дар оффшорҳо анбоштаи ин дуздони худозадаро ба кишвар баргардонида, тортуқу пешкашу тӯҳфаву ҳарромкориву коррупсияву авлодбозию авлоддавлатдориро решакан карда, зимоми давлатро ба дасти хеш гирифта, ҳама гуна табъизи нажодӣ, динӣ ва ҳама гуна ҳошияронии инсонҳои фарҳехтаву огоҳи ин миллатро ба поён расонида, зиндониҳои сиёсии бегуноҳро озод намуда, иқтисодро аз зери инҳисори авлоди гадозодаи дузд раҳо бахшида, дар тамоми идораву ниҳоду вазоратхонаву дастгоҳҳо ислоҳоти саросарии озмудашуда ба роҳ мемонем.

Ҳар киро дар ҷои худаш ҷобаҷо кунем: харбонро – харбон, сагбонро – сагбон ва дуздро – зиндон интизор аст!

Бошад, ки мо ҳам рӯзи хушу хотири ҷамъу дили беғаму сари буландро бинем!

Роҳи наҷот яктост : ҳамин роҳ аст. Дигар роҳҳо ҳама бероҳаанд!

Сообщение Психологияи ҳаромкории 800 соларо чи гӯна  решакан намоем? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №55
Ин навбати нашри «номаҳо…» ғайриодӣ аст. Танҳо номаи як нафар инсони дилсӯз ва бовиҷдонеро дар бар мегирад. Номаи ин нафар ончунон табии ва инъикоскунандаи воқеияти талхи кишвар буд, ки натавонистем онро ихтисор кунем. Худи муаллиф ҳам инро хоҳиш кардааст, ки номаашро комилан ба дасти чоп бидиҳем. Мо, ҳам ба ин қарор расидем, ки ин номаро ба унвони нашри 55ум алоҳида ва комил мунташир созем:

Салому алейкум бародари гиромиқадр Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад!

Ҳамчуноне ба ҳамагон маълум аст дар саросари Тоҷикистон ва хориҷ аз он айни замон ягон расонае ба мисли «Ислоҳ» маъруфу машҳур нест ва Шумо ҳоло сербинандатарину ҷолибтарин расонаро роҳбарӣ мекунед.

Ман ҳам хостам аз ин минбари баланди «МИЛЛӢ» як муроҷиате дошта бошам ва бовар дорам номаи ман ба гуши шунаванда ва алалхусус ба гуши раиси ҷумҳур -президент мерасад. Илтимос, бародар, ҳамаи ин суханҳои маро беқайчӣ дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед!

«Муроҷиат ба Президент Эмомалӣ Раҳмон! «

Ҷаноби президент!!! Шумо дар чандин маҷлисҳо ва вохуриҳоятон бо мардум аз норасоии кадрҳо, мутахассисҳо ҳарф мезанед, доимо ба маориф ва донишомӯзии ҷавонон таъкид мекунед, аммо чаро дар ҳукумате, ки шумо идора мекунед сатҳи донишомузӣ ба таври рекордӣ паст рафта истодааст. Намедонам, ки шумо огоҳ ҳастед ё нестед. Дар як сол ҳазорон ҷавон донишкадаву донишгоҳҳоро хатм мекунанд. Вале баъди хатми донишгоҳ 90℅ ба дигар кору бор машғул мешаванд ва ё ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Инҷо ду сабаб дорад. Якум бесаводии ҷавони донишгоҳро бо пул ва пора хатм карда ва дуввум набуди ҷойи кору маоши муносиб.

Чаро мутахассисони ҷавон ва низ кордидаву кордонро қадр намекунед ва маҷбур месозед, ки аз кишвар баромада раванд?

Дар соҳаи маориф, тиб, саноат ва соири соҳаҳо мутахассисони бе пушту паноҳ, шахсоне, ки «криша» надоранд, наметавонанд ба мансабҳои боло расанд.

Чаро дар ҳукумати шумо вазифаҳо танҳо ба хешу табори мансабдор мерасад? Чаро вазифаро ҳамчун мероси падарӣ забт карда мегиред?

Ҷаноби Президент, ман ҳамчун як ҷавони тоҷик, хамчун як мутахассис, ки солҳои зиёд дар ҳукумати шумо ва идораву корхонаҳои саноатии давлатӣ кор кардаам гуфтаниам, ба чи сабаб шумо ин қадар спектаклбозиҳову найрангбозиҳову дар чашми мардум хок пошиҳову фиребгариҳоро дӯст медоред?

Муҳтарам президент! Ман дар даври студентӣ аз дасти шумо туҳфа гирифта будам. Ман варзишгар будам, аз он лиҳоз шуморо то солҳои 2015-16 эҳтиром мекардам.

Пас аз он солҳо сиëсати шумо обру ва шаъну шарафи шуморо дар сартосари ҷумҳурӣ паст карда барбод дод.

Ман ҳам яке аз шахсоне будам, ки фақат аз шумо тарафдорӣ мекардам. Пас аз он корҳое, ки ба чашми сар дидаму шоҳиди он гаштам, бовар кунед, дилам аз шумо ва давлату ҳукумататон ях гашт. Ман ба чашми сар дидам, ки тамоми мақомоту сохторҳои давлатӣ, мансабдорону вазифадорон ба халқу миллату давлат чигуна хиëнат мекунанд. Қасам бар зоти поки Худо, валлоҳӣ биллоҳӣ, таллоҳӣ мехоҳам ба шумо расонам, ки мардум аз шумо безор шудаанд, инро агар намедонистед бояд бидонед. Ба Худо қасам, он касоне, ки гапи маро инкор мекунанд, онҳо чоплусанд ва подхалим ҳастанд.

Ман бо мардум кор кардам. Ҳатто дар идораҳо раисону мансабдорон аз шумо безор шудаанд. Ин айб нест ба шумо? Шумо шарм намекунед? Шумо медонед, ки ҳар боре, ки ба ноҳияҳо сафар мекунед ҳамаи он мардумро маҷбур ҷамъ карда мебаранд аз идораҳо, маорифу бемористону дигару дигарҳояш, то раисони маҳаллаҳо.
Ман шахсан безор шуда будам. Аз ҷумла вақте охирон бор дар НБО Роғун рафта будед, моро маҷбур бурданд. Ҳатто сардори руирост гуфт, ки «ин пирсаг заибать кардай».
Шумо шарм намекунед, ки мардумро ба пешвопарастӣ маҷбур мекунед? Ин айбу шарм нест? Шумо инсон ҳастед? Номус доред шумо? Ҳисси мардиву мардонагӣ доред шумо? Чаро шумо мефахред аз кунлесии чаҳор чоплус? Чаро дар саросари кишвар раҳ ба раҳ, дарахт ба дарахт, санг ба санг, ҳатто то дару тирезахои туалетҳо пешво- Эмомалӣ Раҳмон менависанд? Шоири бузурги тоҷик чунин гуфтааст:

Номи худ дар санги хоро сабт кардан шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт!

Бовар кунед, ҷаноби президент, шумо обу руи миллати тоҷикро дар замин задед. Дар Русия саг қадр дораду тоҷик не. Дар худи Тоҷикистон бошад саги мансабдор қадр дораду мардуми одди не!
Шуруъ мекунем аз як спектакле, ки дар корхонаи алюминийи тоҷик гузашт

Вақте шумо омадед чаро дар корхона бо мардуми оддӣ, бо коргарҳо аз ҳолу аҳволи онҳо ва корхона пурсон нашудед? Чаро бо худ савол накардед, ки кӣ ин корхонаро ба ин ҳол  овард? Ҷои шарму нанг аст ки ҳукумати Ленину Сталин дар Тоҷикистон барои миллати тоҷик корхона сохт, вале шумо бошед пешвои миллат, падари миллат, намедонам дигар чи бигуям может ещё модари миллат… онро вайрону валангор кардед ва мардумро бе ҷои кор кардеду дар ташвиш андохтеду саргардони Русия кардед. 13.000 кас инҷо кор мекард. Ҳоло чанд кас кор мекунад? Магар шумо намедонед, ки дар даруни ин завод корхонаҳои Ҳасани додарарусатон аз ҳисоби барқи арзони он кор мекунад? Ин дуздиҳое, ки шумову хешу таборатон дар ин корхона карда истодаед, ҳисобу китоб надорад.
Ҳангоми сафарҳоятон бо он шахсоне, ки пешакӣ тайёрӣ мебинанд, бо онҳо спектаклбозӣ мекунед, аз аҳволу аз воқеияти мардум мегурезед, худатон ва миллату давлату ояндаи мардумро фиреб мекунед.

Чаро дар корхонаи алюминийи тоҷик охраникҳояш якҷо бо амнияти завод шабу рӯз дуздӣ мекунанд? Онҳоро кӣ кришовать мекунад? Аз намози шом то субҳ дар дохили завод дуздии руирост идома дорад? Аз Кулобоу аз Бохтару ким ба куҷо омаданд, барои меҳнати ҳалол не. Онҳо маошҳояшон 800-1000 сомонӣ аст. Аз Қӯрғонтеппа ба велик меоянд Регар, баъди як сол ба мерседес рафта дар Душанбе хона мехарад. Ин пул аз куҷо? Маълум, ки аз дуздиҳояшон аст.

Ҳамаи раисону калонҳо бохабаранд, ҳатто то мудири кулли корхона ҳамаашон дузданд. Чаро дар заводи алюминий аз маоши коргарон 10-15 сомонӣ барои обунаи газетаи «Минбари халқ»-нашрия Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, мегиранд?

Ҳам ҷои ханда аст, ҳам ҷои гиря. Ҳизби халқӣ-демократӣ чи хел демократӣ аст ки аз мардум маҷбур пул меситонанд. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи эксперти саноатӣ ба хулосае омадам, ки чаро заводи алюминий дар ҳоли мурам ë на мурам кор карда истодааст, вале чаро хомушаш намекунанд? Дар тамоми дунë агар корхона ба чунин аҳвол гирифтор бошад ӯро фавран аз кор боз медоранд, чунки истеҳсоли алюминиюм 100℅ аз қувваи барқ вобаста аст. Бояд, ки даромади истеҳсолот харҷи неруи барқро пушонад.

Агар пули барқро напушонад, албатта, ки ӯро аз кор бекор мекунанд .Ин магар як тасмими мантиқӣ аст.

Вале аз сабабе, ки дар Тоҷикистон нисфи қувваи барқи аҳолиро ба корхонаи алюминий тақрибан бепул медиҳанд. Мардум бе барқ зиндагӣ мекунанд. Шумо фақат фикри худатонро мекунеду халос. Худо ҳамаатонро хору залил гардонад, ҳаромхурҳо. Дар ҳамаи ин гуноҳҳо ҷаноби президент гунаҳкор аст ки хешу таборошро мисли саги гушна аз занҷир сар додаст, ки дигар контрол карданашон наметавонад.
Корхонаи алюминийи тоҷик  ин як моликияти давлат буд. Чаро инро бо як қарор ҳамроҳ бо Роғун ба моликияти хусусӣ табдил гардонид?

Муҳтарам президент, ин ҳақу ҳуқуқро ба шумо кӣ дод? Чаро аз мансабатон суистифода мекунед? Манфиати10 млн шаҳрвандро аз манфиати худатон пасттар медонед? Бас кунед бедодгариатонро. Ҷони мардумро ба лаб расонидед! Шумо ва аҳлу авлодатон амнияти кишварро дар хатар мондаед.
Як бор мисли шоҳони одил, ки дар таърих буданд, ба раияти худатон назар кунед, шарм намекунед? Чаро ин ҳама одамони бесаводу бемаърифатро сари вазифаҳои дараҷаи байналмилалӣ мемонед. Як бор бингаред, ягон вазиру кабиру хоку балоятон ҳатто ба забони модарии тоҷикӣ озодона суҳбат карда наметавонанд, ин ҷои шарму хиҷолат нест?

Дар маҷлисҳо ҳатто салому алейкро аз болои варақ мехонанд, ин шарм нест магар? Чаро Рустами Эмомалӣ вақти суханрониаш дар маъракаи кушодашавии бозиҳои Гранпри дар Тоҷикистон ҳамон чор даҳан гапро, ки ба коғазу варақ ниëз надошт, аз руи варақ хонд?

Чаро дар Тоҷикистон як нафар дар чанд мансаб кор мекунад? Оë дигар одаму дигар кадр нест? Наход, ки дар як Душанбеи калон дигар ягон одам набошад,ки вазифаи раиси шаҳрро иҷро карда тавонад? Чаро Рустами Эмомалӣ ҳам раиси шахр ва ҳам раиси Маҷлисӣ миллӣ аст? Ин дар кадом қонун дуруст мегирад? Ë раиси шаҳр бошад, ë раиси парламент. Монед ягон одами дигар дар яктоаш кор кунад.

Муҳтарам ҷаноби президент! Чаро амниятиҳо телефони одамҳоро аз дасташон гирифта ба саҳифаҳои мухолифин даромада лайк мегузоранд ва баъдан соҳибони онҳоро подстава карда ба доми худ мекашанд. Ва бо ин роҳ ҳатто ба комиссариати ҳарбӣ одам ҷамъ мекунанд. Мегуянд агар бачаат аз Русия наояд мо шуморо зиндон мекунем. Ин чи гапу кор аст? Ин чи гуна давлатдорӣ аст? Шарм намекунед? Ин қадар мардуми бегуноҳро бо ҳар хел гуноҳҳои сохта бурда шинондед. Шумо фикр доред, ки мардум намедонад? Ҳама медонанд!
Сабри мардум лабрез шудааст. Ногуфта намонад, ки як занро дар истгоҳи мошинҳо дар назди корхонаи алюминийи тоҷик ними шаб дидам. Модар чунон ба алам гиря дошт, ки бовар кунед, дили кас реш- реш мешуд. Аз он модар пурсидам, чи шуд ба шумо, чаро гиря доред? Модар гуфт, ки бачаам дар хизмат аст чанд рӯза ҷавобаш доданд, ба хона омада истодааст. Ман гуфтам, нағз ку, чаро гиря доред, гуфт,ки ҳар боре биëяд нисфи дороии хонаро ба худ мебарад.

Ӯра командирҳояш ҳар чиз заказ мекардаанд, агар набиëрӣ капаат сухтагӣ. Мегуяд модар, ки ҳатто аз банк қарз гирифтам ва ба командирҳояш аз бозор ба 1000 сомонӣ ҳар чиз харидам. Ҳол бошад ман пул надорам. Аз ҳама ҳамсояҳоямон қарздорам, намедонам чи кор кунам. Модар крановшик будааст. 600 сомонӣ маош мегирифтааст. Ин ҳикояти соли 2016 буд.
Дар Тоҷикистон бесаводтарин ва фиребгартарин гурӯҳи кормандони давлатӣ метавон гуфт, ки90℅ милиса ва ГАИ мебошад. Инҳо аксарияташ фарқи права аз техталонро намераванд. Ҳамин гуна бесаводҳо нозири тартиботу риояти қоида дар роҳҳоянд ва дар давлат кор мекунанд. Онҳо номи ҳукумату давлати Тоҷикистонро паст кардаанд.

Мардуми Тоҷикистон ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд:

“ҳукуматӣ ва халқи оддӣ”

Ҳар лаҳзаву ҳар соат бо ҳар баҳонаву воситае фишор меоранд ба мардумӣ оддӣ. Ин кор оқибати бад дар пеш дорад. Тамоми кишвар дар фасод ғарқшудаву шино карда истодааст. Тамоми ҷо хешутаборбозӣ. Амнияту милиса бо ҳар роҳу восита хуни мардумро макида пул кор мекунанд, гаиҳо дар сари роҳҳо талбандагӣ мекунанд. Магар ин шарм нест? Бе пора пеши духтур рафта наметаонӣ. Раиси шаҳрҳову ноҳияҳову маҳалҳо ҳатто ба тоҷикӣ озод суҳбат карданд наметавонанд, ба русӣ тем более.

Боз мегуянд, ки шумо мухолифҳоро гуш накунед. Охир чаро дар давлат ягон инсон ранги ҳамин мухолифони ҳукумати Раҳмон сухандону бофарҳанг нест, ки мо онҳоро гуш кунем?

Як президент 24 соат дар телевизиону радио баромад мекунад. Аз пушти ҳамин баромадҳои дилбазану якнавохти президент қариб 90℅ мардуми Тоҷикистон ба афғонию туркӣ гап мезанад. Мардум ҳама вақт тарафдори ҳақ ҳаст. Мухолифони Раҳмон гапи ҳақро мезананд, тарафдору тамошобин доранд. Дар Тоҷикистон, ки ҳаст, ки тамошобин дошта бошад, ба ғайр аз Аббоси ғармӣ ва чучи кулобӣ?

Боз як хел блогерҳо пайдо шудаанд, ки бар зидди мухолифони ҳукумати Раҳмон гап мезананд. Бубинед,ки шуморо чи хелӣ одамҳо пуштибониву тарафдорӣ мекунанд? Шармам меояд. Ин хел одамҳо шуморо шарманда ва шармсор мекунанд. Дигар одами гапдону босавод набуд дар кишвар, ки вазири алоқа шавад? Наход Бег Сабур вазири алоқа бошад? Абукамол мегуяд. Шарманда.
Чанд рӯз пеш як барномаро дар «Ислоҳ» нигоҳ кардам. Як бародар аз ноҳияи Айнӣ, муовини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ Рӯзибой Раҳимзода. Мардак марди бо маърифат ва ба савод метофт. Маълум буд, ки инсони аҳли илму маърифат аст, вале…… Чуноне, ки мегуянд:
Аз тақозои замону гардиши чархи фалак,

Хукро гуфтам тағою хирсро гуфтам амак.

Он мард ҳам бояд ягон ҷо кор кунад, зиндагиашро пеш барад. Барои ҳамин маҷбур аст ки бисёр вақтҳо 2+2=5 гуяд. Номаш Рузибой. Акаи Рузибой хаста набошед. Шумо медонед, ки дар Айнӣ чанд корхонаву конҳо ба истифода дода шудааст ва онҳоро кӣ истифода мебарад? Дар кадоме аз онҳо ҳиссаи давлати Тоҷикистон ақалн 40% аст?

Чаро дар Бадахшон ва дигар минтақаҳо коркарди сангҳои қимиатбаҳо ва тиллоро ба мардум намедиҳанд? Моликияти давлат мегуянд. Вале чаро барои наздикони президент иҷозат будааст, ки кони ангиштро канда бурда фурӯшан, ё ки тилло, ё ки санги мармар, ё ки дигар сангҳои қимматбаҳоро? Фақат нагуед, ки онҳо налог месупоранд. Ин хел посух надиҳед, чунки ман аз шумо хубтар медонам, ки як копеек ҳам намедиҳед. Мардум ин чизҳоро мебинанд. Баъд идеологияи мардум чи мешавад? Идеологияи мардумро ҳукумати Раҳмон вайрон карда истодааст, на мухолифони ҳукумати Раҳмон!

Дар ҳар маҳаллаву кучаву тангкуча як -ду одами камбағали бегуноҳро амният ва милитсия бурда маҳкам мекунад. Дар ин ҳолат идеологияи мардум чи хел мешавад?

Шумо оë медонед, ки ба идеологияи мардум агар нигоҳ кунем, дар Тоҷикистон суд ва милитсия умуман вучуд надорад, бовар намекунед? Назар кунед ба фактҳо! Чаро, ки дар Тоҷикистон чи воқеаҳое, ки рух диҳад, одамон ба Рустами Эмомалӣ, ба Озода, ба Эмомалӣ президент муроҷиат мекунанд. Чаро ба Юсуф Раҳмон не, ба Рамазон Раҳимзода не? Чаро? Чунки даже любой бомж медонад, ки дар Тоҷикистон вазоратҳо кор намекунанд. Онҳо ҳамчун як нақши ради галочкиро бозӣ мекунанд.

Хулосаи гап ин ки биёед ин ҷиноятҳоятонро бас кунед, як ҷо шавем, миллату Ватанро обод кунем. Пеши раҳи ҷинояткоронро гиред. Ҷиноятро, ки содир мекунад? Албатта, ки камбағал не. Ҳамон мансабдорони ҳукумати Раҳмонов. Камбағал ҷиноят содир намекунад. Агарки кунад ҳам тагашро чуқур ковед, кори дасти кадом мансабдор аст ё ки бо милитсия кор мекунад. Пополам 50/50. Чандин дуздбачахҳоро медонам, ки мегӯянд бо милитсияҳо кор мекунам:- 50/50.

Ҳамин хабаре, ки дар Русия 270 кило героини як тоҷик дастгир карданд, фикр мекунед, ки ин миқдори бузург, ки даҳҳо миллион доллар ва миллиардҳо рубл арзиш дорад, бори кадом тоҷики кашталканда аст?
Вазорати корҳои дохилӣ, муроҷиат ба шумо!

Мард бошед, аз Худо тарсед ва бо нони ҳалол фарзандҳоятонро хуронед. Хоҳиш мекунам, ки пеши роҳи он 99℅дузду ҷинояткороне, ки ба ном милитсия ҳастанд, рутбаву погон доранд, либоси милиса ба бар доранд, гиред. Медонам, ки вазири дохилӣ номусу шараф надорад. Барои аҳамин аз генералҳо хоҳиш мекунам, ки аз ҳадди адлу инсоф нагузаред. Медонед ки чаро дар Тоҷикистон рутба қадру қиммат надорад? Барои он ки ягон шахс ба меҳнат рутбаи полковник ё ки генералиро ба даст наовардаанд.

Рустами Эмомалӣ то кунун автомат Калашниковро дар дасташ қапидагӣ нест, лекин рутбаи генералӣ дорад. Баъди якчунин даҳшат дигар обру мемонад ба генералҳо?

Чаро ҷавонҳо аз хизмат саркашӣ мекунанд? Магар ин ватан танҳо ватани бачаи деҳқону бачаи камбағалҳост? Дуруст аст ки баъзе раисони маҳалла писаронашонро хизмат роҳӣ карданд, лекин чаро раисони ноҳияҳо, писарони мансабдорон хизмат намекунанд? Писари кадом прокурор ё ки сардори милитсия ё ки раисони ноҳияву шаҳрҳо дар сафи артиши миллӣ қарор надоранд? Писари судя, налог, кумитаи замину гумрук дар сафи артиш нест.

Ҳамаи Ватанро шумо медуздеду мехуред! Бояд, ки аввал писарони шумо хизмат кунанд. Ду сол не, 4 солӣ бояд хизмат кунанд, сонӣ мардуми одӣ 1солӣ хизмат кунанд. Ҷаноби президент, вақте дар суҳбат мегузаред, бовар кунед худатонро аз ҳазрати Хизру аз Анушервони Одилу аз Саъдии шерозӣ ва Луқмони Ҳаким донишмандтар мешуморед. Ман ба шумо гуфтаниам:

Эй, ки аз одамгарӣ моро насиҳат мекунӣ,
Худ агар одам шавӣ олам гулистон мешавад!

Шумо, ҷаноби президент, дар мавзуи дину ислом ҳарф мезанед ва даъво мекунед, ки мусулмон ҳастед ва боз шуморо кадом журнали аҳмақе шомили 500 мусалмони бонуфӯзи олам ҳам гуфтааст, охир ин чи дурӯғ ва таҳқир ба ин дин аст?. Аммо ман ба шумо чунин гуфтаниам:
Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Ман мухолифи президент будани шумо нестам, ман мухолифи сиёсатҳои шумо ва мухолифи дуздиҳои шумо, хешу таборбозии шумо ҳастам, ки болои миллати ман зулм мекунанд. Ислоҳ шавед, контрол кунед, талаб кунед аз вазирону ҷазиронатон. Ҳамаи роҳбарони мақомоти қудратиатонро аз кор сур кунед ва шахсони босаводу шоистаро ба кор гиреду давлатро обод кунед, на ин ки баракс. Давлатро клет кардед, ба қафо рафтода истодаед. Агар аз пешравию ободонӣ гап занед, мегуянд Тоҷикистон обод шудааст. Намебинед чи хел домҳои зебои баландошёна сохтанд. Охир э,бесаводҳои аблаҳ, он домҳо барои бизнеси худи авлоду асҳобу ҳамон ҳаромхурҳоест, ки Тоҷикистонро медузданду мехуранд, байни худ хариду фурӯш мекунанд. Акнун тибқи маълумотҳои охири ба мо расида бачаву духтару домодҳо ва қудою андаҳо бо додарарсуҳо тамом шуд. Шунидем,ки худи Азизмои ҳамсари Президент ба домсозӣ дар Душанбе шуъ кардааст. Худи ин элита ва наздикони “Ҷаноб” дар домҳои 300-400 ва ниммиллион долларии элитний зиндагӣ мекунанд. Ку,барои мардуми оддӣ хона созанд? Ана он вақт мешавад гуфт, ки ободиву пешрафт шуда истодааст.

Ps: Бале хонандаи гиромӣ умедворам фаҳмидед, ки барои чӣ ин номаро дар нашри як матлаби “номаҳо аз ноҳияҳо ба ислоҳ.нет” ҷой додем. Тақрибан ҳама дардҳои миллат ва мардумро дар ин нома дидем ва ончи навиштааст дарбаргирандаи ҳолати ҳама кишвар аст. Дар оянда низ агар чунин номаҳо ба мо расанд дар матлаби алоҳида онро махсус нашр хоҳем кард.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №55 появились сначала на ISLOH.net.

Абдуҷаббор Зардиев: « Аз Данғара ин сӯ ман «Ҷаноби Олӣ»-и Кӯлобам»
(бахши дуввум)

Абдуҷаббор Зардиев 30.000 доллар барои пайдо ва ошкор  кардани он одаме, ки сиру асрори ӯро  тавассути «Ислоҳ.нет» фош кардааст, ҷоиза эълон намудааст.

Домулло Муҳаммад Иқбол! Бародари азиз, худованд дар ҳифзу амонаш нигоҳ дорад шуморо, ки ниқоби чунин ҳақимардумхорони золимро аз рухашон бармедоред. Ҳоло Зардиев якҷо бо бархе аз кормандони мақомоти интизомӣ дар пайи ёфтани шахсияти нафареанд, ки ин маълумотҳоро ба шумо ирсол кардааст. Аммо ӯ инро фаҳмидан намехоҳад, ки маълумотҳо барои нишон додани симои ҳақиқии ӯро тамоми мардуми Кулоб мефиристад. 30.000 не.100.000 доллар ҷоиза диҳад ҳам боз кулобиҳо дар бораи зулму ситами вай хоҳанд гуфт. Чун, худованд ва ҳамаи мардуми шарифи Кулоб шоҳиданд ва бо чашми сар дида истодаанд, ки Зардиев ҳамроҳ бо бачаҳояш ин мардумро тохта истодааст.

Фарзандони Абдуҷаббор Зардиев инҳоанд:

1 Абдураҳмон, с.т 1973,

2  Бахтиёр,

3 Набӣ,с.т 1975

4 Шариф,с.т 1978

5 Ҳусниддин, с.т 1981,

6 Ҷовидон,с.т 1978,

7 Сафар с.т 1990

Инчунин  се духтари дигар ҳам дорад ва нахостем номҳои духтаронашро дар матлаб дарҷ кунем.

Абдуҷаббор Зардиев, раиси собиқи Кулоб,собиқ аъзои Маҷлиси Миллӣ баъди навори «Ислоҳ.ТВ»-ро  тамошо кардан дар ғазаб омада ба ҳамаи мақомот  фармон додааст, ки зудтар соҳиби ин қаламро ёбед ва ҳамаи писарҳову  набераҳояш, ки соҳибони асосии  замини Кулоб ҳастанд ба мардум эълон кардаанд, ки агар ин одамро ёбед 30.000 доллар  мукофот мегиред. Мо,мутмаинем, ки ин фиреб ва дурӯғи ошкоро аст ва як дирам ҳам нахоҳад дод.

«Айни замон дар деҳаи мо, баъди дарави гандум макка кишт карданд. Ҳар бегоҳ,  вақти пода омадан  Зардиев бо писару набераҳояш дар сари замин истода гове, ки нохоста ба  замин медарояд зада дасту пояшро мешикананд. Зардиев ба бачаҳояш фармон додааст, ки паронед ин говҳоро.»

Вақте раиси шаҳр буд  писараш Шариф аз дунё гузашт, чунки ба садама дучор шуд.

Як рӯз пеш аз садама дар хонаи Шариф сагҳои деҳа даромада гӯштҳои ӯро мехуранд. Шариф дар ғазаб омада ҳамаи сагҳоро паронд. Шариф Зардиев вақти як сафараш ба Душанбе дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буд. Шариф дар ин сафар ронандаашро ҷавоб медиҳад ва худаш мошинро меронад. Вақте ӯ дар садама ҷон бохт яке аз бародарони вай бо номи Набӣ қариб буд, ки шоферро паронида мекушт, ки чаро ту ӯро набурдӣ? Шофер аз деҳаи Чапаев буд. Ӯро аз кор пеш карданд. Албатта дар мавриди марги мармӯзи Шариф чандин маълумотҳои дигар ҳам вуҷуд дорад. Ӯ машғули интиқоли маблағ аз Душанбе ба Кулоб буд,ки ҳамеша ин корро анҷом медод. Инҷо гап сари маблағи қочоқи Афғонҳо меравад. Дигар қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!

«Баъди сари Шариф бозори ҷамоати Зиракиро ба номи Шариф  монданд. Ҳозир ба ҷои Шариф писари Шариф раиси ин бозор аст. Шоҳрух -соли таваллудаш1998. Дар таги по Прадои последний модел. Ин ҳам аз бобояш ҳеҷ камӣ надорад. Ба худо одами одӣ агар 200 сол кор кунад, нисфи суми Шоҳрухи 23 соларо кор намекунад.»

Абдуҷаббор Зардиев ҳама заминҳои кишти деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Кулобро ба писархояш тақсим кардааст. Ҳақи Зардиев Шариф, писари марҳумашро ба писари Шариф Шоҳрух додааст. Шоҳрух 1998 таваллуд шудааст. Савориҳои ӯ Лексусу Прадо мебошад. Вай дар додани азобу азият аз бобояш камӣ надорад. Мардуми деҳа дар зери дасти вай ройгон кор мекунанд. Аз моҳи март то аввалҳои январ кор мекунанд,ба ҷойи музд танҳо шохаҳои буттаи пахта мегиранд.

Абдуҷаббор Зардиев ду ферма дорад: яктоаш дар Шаршари Зиракӣ ва яктои дигараш дар деҳаи Лақаё.

«Дар деҳаи Сайрозии миёна як бунгоҳи тиббӣ амал мекунад.   Аз соле худамро мешиносам сардухтури он акаи Саидшо буд. Дар саводаш гап нест. Ҳар бемори омадаро бидуни пул қабул карда дармон мебахшад. Аммо Абдуҷаббор Зардиев ин нафари мутахассис ва табиби асилро аз кор гирифта ба ҷои ӯ  зани марҳум Шарифи писарашро гузошт.»

Дар ҳоле, ки зани Зардиев Шариф  ҳатто укол карда наметавонад. Тамоман ақлаш намегирад. Вай баъди се соли марги шавҳараш яке духтур шуд. Гумони ғолиб ин аст ки    зани Зардиев Шариф дипломро харидааст, чунки вай то вафоти шавҳарашдар ҳеҷ ҷо кор накардааст. Вақте Зардиев Абдуҷаббор раиси Кӯлоб буд, писари марҳумаш Шариф раис ва писари бародари Абдуҷаббор Зардиев Абдусаттор Зардиев муовини раиси хоҷагии деҳқонӣ буданд.

Дар саршавии кучаи Зардиев як  нафаре хонаи куҳна дошт. Баъд хост, ки хонаи нав созад, битонро рехт. Зардиев омада дид. Гуфт, ки роҳи маро танг кардед. Бечораи камбағал битонро чапа карда боз  4 метр дарун  даровард ва аз саршавии куча то деворҳои Зардиев, дар рости хонаи худаш роҳ кушод, агарчи 3 метр роҳ танг мешавад.

Рӯбарӯи хонаи ин мард хонаи акаи Зардиев-  ҳоҷӣ Бобохон воқеъ аст. Ин ҳам даҳани хуб надорад. Писари Бобохон ҳоҷӣ Саттор аст. Ҳоҷӣ Саттор то омадани коронавирус ҳар сол ҳаҷ мерафт. Инҳо аз куҷо сум меёбанд?

Ҳоҷӣ Набӣ Зардиев-писари Зардиев бо наркотик сарукор дорад. Як маротиба ӯро дастгир карданд. Абдуҷаббор Зардиев аз сумҳои дар Шветсария доштааш  камеашро оварда ҷони писарашро халос кард.

«Сафар -писари дигари Зардиев «уголовный розыск» кор мекунад.  Дар таги пои ин ду Прадои маркаи охирон: яктоаш сафед ва дигариаш сиёҳ. Вай худашро аз ҳама  девонатар мегирад, ҳатто худашро аз Рустами Эмомалӣ боло мегирад. Як вақт бо писарҳои Убайдулоев  чап буд, бо ҳам соз набуданд. Агар ба ҷои Сафар мо будем, кайҳо паси панҷара равон мекарданд. Аммо инҳо бо ин ҳама ҷурму ҷиноят дар озодӣ ҳастанд..»

Худи Абдуҷаббор Зардиев 24 соат маст мегардад. Барои ҳамин мегӯяд, ки роҳро кушоед, то ки ягон касро бо мошин назанам.

Падари Абдуҷаббор Зардиев ду зан дошт. Аз модари Зардиев ду писар ва як духтар ва аз зани дуввум 3 писар. Зардиев аслан ба 3 бародари аз зани дуввуми падараш он қадар таваҷҷӯҳ надорад.

Дар масъалаи  об  вазъият тағйир накардааст. Вале хушбахтона раиси водаканали Кулоб Набиев Ҷамшедро аз кор гирифтанд. Аммо ҳамон таври пешина  хуни халқро хурда истодааст. Бовар кунед, ки Кулоб соҳиб надорад.

Ба Худо домулло мардум ба шумо сахт бовар ва эътимод пайдо кардаанд. Ҳама ба гапҳои шумо гӯш мекунад. Як чизро бояд кушоду равшан бигӯям, ки ҳамаи одамон медонанд, ки аз ин ҳукумат ягон умед нест.

«Мо гуфта будем, ки замини хирманҷоҳои пахтаро ҳам фурухтанд, аммо нав фахмидем, ки писарони Абдуҷаббор Зардиев вақти фурӯхтан ба халқ ваъда карда будаанд, ки хонаҳоятонро созед баъд қарори заминҳояторо  медиҳам. Аммо фармони нав ин ки ин ҷоҳоро «не закона» фурӯхтаанд. Дар ин муддат баъзе одамон хона андохтанд, баъзе дигар таҳкурсӣ рехтанд, дигарҳо сангу шағал оварданд. Аммо акнун бояд ҳамаи ин одамон инҷоро холӣ кунанд. Чунки Абдуҷаббор Зардиев ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кардааст ва одамонро фиреб додааст. Ҳоло агар касе даъво ё шикоят кунад одамонро суд мекунанд. Ҳеҷ кас ба ӯ чизе намегӯяд. Ӯро барои ин ҷинояташ, ки даҳҳо нафарро фиреб додааст, давлатро фиреб кардааст ба суд намекашанд. Ё Тоҷикистон бе соҳиб аст ё мақомотҳо аз ӯ муттаҳам..»

Ронандаҳову трактористҳо ва бригадирҳои пахта, дар умум ҳама коргарҳои зери дасти Зардиев наметавонанд бе розигии вай корро бо сабаб, ки маошаш кам ё умуман намедиҳад ва ё ба нафақа баромадан хоҳанд, тарк кунанд ва ҷойи дигар, ки маоши бештар медиҳад, бираванд. Масалан як тракторист аз деҳаи Чапаев хост ба нафақа равад. Зардиев иҷозат надод. Рӯирост дар ҳақи он мард тӯҳмат карда гуфт, ки ту 5 тонна соляркаро дуздидӣ. Агар ҳозир равӣ, суми соляркаро деҳу баъд рав. Мӯсафеди бечора аз куҷо биёбад ин қадар сумро? То охири  умраш кор кунад, ҳамаи маошаш ин қадар сум намешавад.

Абдуҷаббор Зардиев дар  деҳаи мо пиёз  кишт кард. Посбони замини пиёз як марди камбағал буд. Каму беш аз инҷо бе иҷозати Зардиев пиёз гирифтааст. Зардиев инро фаҳмида ӯро қариб зиндон кунад. Агарчи зиндон накард аммо аз зиндон  бадтар кард. Ӯро гуфт, ки  барои ман 5 сол бе музд кор мекунӣ. Агарчи як маоши ночиз мегирифт. Ҳукми Зардиев  аз ҳукми Эмомалӣ  ва аз Сталин  сахттар аст.

Ман як бор ёд дорам, ки рӯзи ид ва вақти пахтачинӣ буд, масҷид омада мардумро бо овози дилхароши алкашиаш табрик карду гуфт «ид то обед аст, баъди обед ҳамаро дар пахтачинӣ бинам вагарна……» Диққат додед хонандаи гиромӣ тибқи қонун рӯзҳои ид истироҳат аст дар ҳама кишвар ҷуз Кулоб. Дар Кулоб қонунҳои кишварро аслан намепазиранд. Дар Кулоб «Ҷаноб» Зардиев Абдуҷаббор аст.

«Дар деҳаи мо маҷлис карду ҳамаи бригадирҳоро қарздор эълон кард. Аз даҳанаш чанд сумӣ мебаромад, мегуфт. Маблағи қарзҳо аз 20 ҳазор сар мешуд. Давомаш бе ҳисоб. Як бригадирро гуфт, ки «ту планро буд накардӣ, ту медонӣ, ки ҳамаи говҳои ту алакай аз ман шуданд, ё то мурдан бе музд кор мекунӣ?”  Ин бригадир аз солҳои пеш гови зиёд дошт. Онҳоро Зардиев кашиду гирифт.То ҳозир ҳамаро мисли ғулом кор мефармояд.»

Абдуҷаббор Зардиев дар деҳаи Сайрозии боло барои дарахти чанор бо як мард гапаш гурехт. Ин мард ҳам кадом як коргари баландпояи Душанбе аст. Вақти  ҷангу ҷангҷол Абдуҷаббор Зардиев ба тарафи он мард гуфт, ки «ту медонӣ, аз Данғара ин тараф Ҷаноб майум, зӯри ҳеҷ кас ба ман намерасад ҳатто зури ҷаноби олият бо ҳама авлодаш!».

«Баъди навори шумо нисбати Абдуҷаббор Зардиев  боз ҳам зулмаш шадидтар шуда истодааст. Нафраташ болои ин халқ зиёд шуд. Барои онки  сираш фош шуд. Бо ҳама қудрате, ки дорад муаллифи ҳамон навиштаи «Ислоҳ»-ро кофта истодааст.»

Аммо ҳамаи ин кораш беҳуда аст, чунки ин номаҳо аз одамҳои наздики худаш,ки ҳаррӯз онҳоро мебинад, меоянд. Азбаски ҳамеша пиён аст, онҳоро намеёбад ҳеҷ гоҳ.    Зардиев бемории дил дорад, чандин маротиба дар Европа клапанҳои дилашро иваз кард…

Ҷовидони Зардиев як рӯз бо мошинаш бо суръати баланд омада дар деҳаи Чапаев як кудакро зад, кӯдак мурд. Аммо ягон кас на даъво карда метавонад на мақомот аз дасташон ягон кор  меояд. Соҳибони кудак аз тарсу таҳдид хап карданд, ки боз  худашонро ба ҷавобгарӣ накашанд.

Дар ҷашни Наврӯз Сироҷов Давлатхуҷа, раиси пешини андози ш.Душанбе бо Абдуҷаббор Зардиев ба деҳаи мо омад. Сироҷов Давлатхӯҷа ба Абдуҷаббор Зардиев гуфт, ки писарат Зардиев Шарифи раҳматӣ аз ман қарздор  аст,пули соляркааш нодода   қарзамро бидеҳ. Абдуҷаббор Зардиев гуфт, ки аз ту писарам Зардиев Шарифи раҳматӣ қарздор бошад бирав қабрро кану суматро гир. Дар ҷавоб Сироҷов як шапалоқи обдор дар рӯи   Зардиев заду рафт.

«Абдуҷаббор Зардиев  сохтмон мекард. Яке аз шиносҳо дар онҷо коргар буд. Аз ошёнаи дуввуми  хонаи Зардиев ғалтид. Зардиев он вақт раиси Кулоб буд. Намедонам чанд суми ночиз ёрдам кард ё не, ин мард муддати 9 сол мешавад, ки инвалид аст. Қариб 2 сол дар ҷогаҳ хоб буд. Баъд оҳиста -оҳиста бо чигас  роҳ мегашт. Ҳоло бошад бе чигас мегардад. Аммо кори вазнин карда наметавонад, мелангад. Вай аз деҳаи Чапаев аст ва бо мушкилӣ зиндагиашро пеш мебарад. Зардиев ба ӯ ҳатто пенсия дуруст  карда надод. Зӯри худи вай ба пенсия дуруст кардан  намерасад. Номи ин марди бечораи камбағал  Валихон аст. Дар шаҳри Кулоб аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ даркор, ки вай ба нафақа барояду баъд ҳар мо 200 ё 300 сомонӣ бигирад. Ин корҳо барои Зардиев 2х2. Як занги Зардиев бас, масъалаи пенсия ҳал мешавад.»

Ҳамаи заминҳои деҳаи НКВД-Инкеведеро як нафар бо номи Кураев Турақул аз Абдуҷаббор Зардиев “оптом”харид. Аммо Абдуҷаббор Зардиев ба Кураев Турақул ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дода будааст. Аз байн 2 ё 3 сол гузашта буд, ки Абдуҷаббор Зардиев боз  заминҳоро аз дасти Кураев Турақул бо чи роҳе кашида гирифт

Дар дехаи Офтоблиқо Сафаров Рамазон  аз Зардиев як сола замин харид-1 гектар 200 доллар. Як замини санглохи пуралаф. Зардиев худаш ин заминро ҳеҷ чиз кишт намекард-замини партовӣ. Сафаров Рамазон бо меҳнату заҳмати зиёд дар ин замин пахта корид. Пахта омода шуд. Сафар Рамазон мехост, ки пахтаро бурда дар дигар ҷо бо нархи баландтар фурушад. Аз Абдуҷаббор Зардиев пинҳонӣ пахтаро чинда тайёр кард. Мехост, ки соатҳои 2-и шаб пахтаро ба харидор дастрас кунад. Аммо аз шипанги нигаҳдории пахта як каме дуртар  мошинҳои писарони Зардиев ва милисаҳои ҷамоати  Зиракӣ камин гирифта интизори он буданд, ки мошинҳои пахта барояду онро дастгир кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сафаров Рамазонро аз хонааш дуртар қапиданд. Вай ба сардори милиса  мефаҳмонад, ки “ман налоги заминро супоридагиам, қарздор нестам ва тибқи қонуни давлат метавонам, ки пахтаамро дар ҳар куҷо, ки бихоҳам фурушам”.

Сардори милиса ҳолатро фаҳмиду хост,ки Сафаров Рамазонро озод кунад. Аммо Набӣ Зардиев  сардори милисаро рӯирост таҳдид карда гуфт,ки “занатро фалон мекунам”. “Ту ҳозир бе ягон фикр Сафаров Рамазонро дастгир карда ба шӯъбаи Зиракӣ мебарӣ”. Муҳим пахтаи ӯро гирифтанд ва вазъияти Сафаров Рамазонро вазмин карданд.

Падари Сафаров Рамазон то солҳои наздик бригадир кор мекард. Вай ба Абдуҷаббор Зардиев занг мезанад. Дар ин вақт  Зардиев дар Олмон буд. Ин бригадири бечора занг зада зораву тавалло мекунад. Зардиев мегуяд, ки ман худам ҳал мекунам. Аммо ҳам пахтаро мусодира карданду ҳам Рамазон Сафаровро 30 ҳазор ҷарима карданд. Абдуҷаббор Зардиев боғчаи бачагонаи деҳаи Комсомолро фурӯхт. Ҳамин тавр боғчаи бачагонаи деҳаи Чапаевро низ. Боғчаи бачагонаи деҳаи Офтоблиқоро як маротиба ба маблағи 120.000 доллар фурӯхт ва онро бозпас гирифту 115.000 долларро баргардонд ва 5.000 долларро надод, дар ҷайбаш зад. Ҳоло ин “садик”-ро боз  ба фурӯш гузоштааст. Замини гараж-мошинсарои деҳаи Комсомолро барои ҳар як сотих аз 15 то 20.000 сомонӣ гирифта фурӯхт. Ҳамин тавр гаражи деҳаи Зиркаиро ҳам ба савдо зад. Замини хирманҷои деҳаҳои Офтоблиқо, деҳаи Сангпарто ва Чоҳтемро ҳам фурӯхт.

Заминҳои обии деҳаҳои зеринро диққат диҳед:

1) Тоқакапа,

2) Навободи Боло,

3) Инкеведи,

4)Комсомол,

5)Чапаев,

6) Лақаё,

7) Чоҳтемр,

8) Ҷангалбошӣ,

9) Корез,

10) Навобод поён,

11) Сангпар,

12) Офтоблиқо,

13) Зиракӣ,

14) Хуҷайсоқ,

15) Черкала ва боз деҳаҳои куҳӣ ҳамагӣ аз они Абдуҷаббор Зардиеванд.

«Замини мактаба №15 деҳаи Комсомолро тақсим карда истодаанд. Абдуҷаббор Зардиев як қисми заминро ба бародараш дод, боқимондаашро оҳиста- оҳиста фурӯхта истодааст.»

Як қисмашро ба бародаш мулло Иброҳим, қисми дигараш ба Ҳасан, ошхонаи мактаб  ва саҳнашро ба Ҷамшед дод. Хуллас, ҳар сол аз замини ин мактаб фурӯхта истодааст.    Абдуҷаббор Зардиев дар деҳаи Сайрозии миёна-Комсомол   зиндагӣ мекунад. Заминҳои ҳама агар 8 сотих бошад, аз ӯ бе ҳисоб аст. Хонаи Абдуҷаббор Зардиев зиёда аз 80 сотих аст. Дар  паҳлуи хонаи Абдуҷаббор Зардиев хонаи Абдураҳмон Зардиев воқеъ аст. Замин ӯ бошад аз 40 сотих бештар аст.

15 сол мешавад, ки Абдураҳмон дар ин ҷо зиндагӣ намекунад.    Вай дар деҳаи Зиракӣ зиндагӣ мекунад. Дар онҷо як қасри боҳашамат дорад. Танҳо утоқи хобаш 30 адад аст.

Дар давоми хонаи Абдураҳмон Зардиев дар деҳаи Сайрозии миёна хонаи Бахтиёр Зардиев воқеъ аст. Хонаи вай ҳам зиёда аз 40 сотих аст.

Бинобар гуфтаи мардум Бахтиёр Зардиев “леви” омадагӣ аст. Барои онки Абдуҷаббор Зардиев ҳеҷ чизро ба ӯ “доверия” намекунад. Абдуҷаббор Зардиев барои Бахтиёр Зардиев хонаи боҳашамат сохт. Ҳозир бошад дар тақсими заминҳо Бахтиёр Зардиев ҳам саҳм дорад. Бахтиёр Зардиев бо кору бори бригадирони пахта саргардон аст. Абдуҷаббор Зардиев ягон вазифа ба Бахтиер Зардиев надод. Бахтиёр Зардиев як алкаши тайёр аст. Аслан ҳамаашон сар карда аз худи Абдуҷаббор Зардиев то писарону набераҳояш ҳамаашон алкашанд ва арақ мезананду аз помидор ҳам сурхтар мешаванд.

Дар давоми хонаи Бахтиёр Зардиев бошад хонаи Абдусаттор Зардиев воқеъ аст,ки он низ аз 40 сотих  зиёд мебошад. Вале ин Абдусаттор пештарҳо бо Жигулии 07 мегашт ва агар бинӣ намегӯӣ, ки ин қадар боигарӣ дорад. Баъдҳо Нива гирифт ва ҳоло бо Опел-Астраҷӣ мегардад. Аммо ҳар сол ҳаҷ меравад.Ин қадар пулро аз куҷо меёфта бошад?

Дар деҳаи Офтоблиқо як зан бо номи Гулина -духтари бобои Назар рӯ ба рӯи хонаи Бахтиёр Зардиев зиндагӣ мекунад. Ин духтар маъшуқаи Бахтиёр Зардиев аст. Вай ин духтарро истифода мебарад.

Акаи Гулина аз Москва як духтари русро зан карда буд. Беҳад ин зани рус духтари хуб ва коргар буд. Инҳо гову моли  зиёд доштанд. Аз бобои Назар боқимонда буд. Кору бори хона ва гову мол ҳамааш ба дӯши ин зани рус буд. Як рӯз Бахтиёр  Гулинаро ба дамгирӣ мебарад ва баъд аз Гулина илтимос мекунад, ки зани акаат ба ман маъқул шуд- яъне ин зани рус. Аввал Гулина розӣ намешавад. Аммо баъд розӣ мешавад ва ин зани русро ба Бахтиёр Зардиев “туғрӣ” мекунад.

Як чизи дигар ин аст ки Зардиев бо писарону набераҳо ва ҷиянҳояш ба зану духтарони мардум бо чашми шаҳват менигаранд ва ба онҳо кадом духтаре маъқул шавад, тамом. Як бало карда ӯро таҷовуз мекунанд. Инҳо танҳо рӯзҳо занҳои худашонро мебинанд, шаби дароз дар шикори занҳои бегона ҳастанд. Духтароне, ки аз занҳои худашон 20 — 25 сол хурд бошадро шикор мекунанд, ҳеҷ вақт бо занҳои худашон хоб намекунанд.

«Шуъбачаи милисаи ҷамоати Зиракӣ танҳо заминҳои пахтаву  пиёзу ҷуворимаккаву гандум, юнучқа ва заводу фабрикаҳо ва фермаҳои Абдуҷаббор Зардиевро посбонӣ мекунад.»

Ман саддарсад бовар дорам, ки Абдуҷаббор Зардиев як сомонӣ барои “свет” намедиҳад. Қарзҳои шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб аз заводу фермаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии Зардиев аст.

Худи Абдуҷаббор Зардиев ва писаронаш Абдураҳмон Зардиев, Бахтиёр Зардиев ва ҷиянаш Абдусаттор Зардиев дар деҳаи Комсомол ва боз дар Зиракӣ хонаи дигарии Абдураҳмон Зардиев боз ду ферма, як завод, як заправка дар деҳаи Лақаё, ки ҳамаи инҳо нерӯи барқ истифода мекунанд. Инҳо даромади моҳонаашон аз 2 миллион бештар аст, аммо пули “свет”-и давлатро намесупоранд. Налогро,ки тамоман як тин намедиҳанд.

«Аз тани инҳо халқи камбағали Кӯлоб пул месупорад. Вақте аз нозири барқ мепурсӣ, ки ин “бақия”,ки мегӯӣ аз куҷост? Дар ҳоле ки ман қарздор нестам, ин қарз дар “счетчик”-и ман аз куҷо омад, дар ҷавоб мегӯяд,ки ин пул аз “бақия” мондагӣ аст. Аммо ин як дурӯғи дигар аст, ки корманди давлат мардуми Кулобро фиреб медиҳад. Хуласи гап Зардиев Абдуҷаббор бо авлодаш барқро масраф мекунанд як дирам намедиҳанд. Пули масрафи кардаи ӯ ва оилаву заводу иншоотҳои ӯро мардуми камбағал яъне ҳамон “бақия” е нозири барқ мегуяд медиҳанд. Агар касе садо баланд кард вазъияташ муташанниҷ мешавад.»

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон деҳқонон ва воҳидҳои кишоварзии мамлкатаро аз пардохти андози замин, ба сабаби коронавирус озод кард. Аммо ин фармони ӯ ба Абдуҷаббор Зардиев тамоман дахл накард. Чунки ӯ аз мардум маҷбурӣ андози замин гирифт.

Барои ҳамин аст  ки хелеҳо дар Кулоб мегуянд, ки вақте Зардиев гуфт, ки “аз Данғара ин тараф Ҷаноб ман мебошам ва зури ҷанобат бо ҳама аҳлу оилааш ба ман намерасад”, рост гуфта будааст.

Вақте  Шариф писари Зардиев аз дунё гузашт, ягон кас дар тӯю хурсандиаш базм намекард. Барои онки писари Зардиев аз дунё гузашт ва ҳама чашми тарс дошт. Баъди аз байн рафтани Шариф 6 моҳ гузашт. Якумин одам базм ташкил кард ва он ҳам  танҳо бо диску магнитофон.

Як шаби Соли Нав дар маркази деҳа пеши магазин мо ҷавонҳо  зиёда аз 50 нафар будему рақсу бозиву хурсандӣ мекардем. Дар  ин вақт Зардиев Бахтиёр-як писари дигари Зардиев  бо як чоплусаш омада ҳамаро сур карда асбобу анҷоми мусиқиамонро дар замин зада шикаста худи моро дашном кард. Касе чизе гуфтан натавонист. Ҳоли Кӯлобу кӯлобиҳо ҳоло ҳамин аст.

Ва, муҳимтарин нукта, ки бояд тамоми мардум ва бахусус кӯлобиҳо огоҳ бошанд ин аст ки Абдуҷаббор Зардиев ҳар сол ба Эмомалӣ Раҳмон як дипломат сум мебарад. Барои ҳамин ин қадар дағдаға ва карру фар мекунад. Дар як круги худаш гуфта будааст:

“Эмомалӣ суми гуфтагиша мегирад аз ман ва дигар ҳақ надорад ба ҳеҷ кори ман дахолат кунад. Ма читарие мекунм, комера мезанм, мекушм, турма мекунам доляша вақтшда бурда мерасонм. Фаҳмиден ма чи мегум? Яъне раиси шаҳр ва ҳама ҷамоатҳо бо милеса, амниятшам и минтақада мара итоат бояд кунанд.”

Зардиев ҳоло 70 сола шудагӣ аст. Дилкасал аст. Дилаш як бори дигар занад тамом. Вале агар сад соли дигар ҳам умр бинӣ маро ёфта наметавонӣ. Шумо барои пайдо кардани ман ин қадар пули калон ҷоиза мондаед. Агарчи ин маблағи шояд ду-се рӯзаи Шоҳрух Зардиев ва рафиқонаш бошад, ки барои зинову фаҳшо сарф мекунад.

Аммо иншоаллоҳ, маро намеёбӣ. Ман чунон бо ту наздикам, ки баландтар гап занӣ, мешунавам.

Зардиевҳо! Шумо ин ҷоизаро барои шарманда кардани худатон эълон кардед. Ончи мо аз ҷиноятҳои шумо гуфтему навиштем рост аст. Шумо метарсед, ки идомаи ҷурму ҷиноятҳои шумо ифшо нашавад, вале ҳатман ошкор ва фош мешаванд.

Поёни бахши дуввум,давом дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҷиноятҳои дигари Зардиев Абдуҷаббор огоҳ гардед!

Ps:  Шарм бод ба раиси шаҳри Кулоб ,ба раиси амният ва раиси ШКВД и Кулоб. Ин ҳама зулм ва ситамро мебинед ва ҳазорҳо шикояти мардуми мазлумро мегиред чаро чора намебинед? Ҳеҷ коре аз дастатон бар намеояд. Наход як писари Зардиев раиси милесаро дашном кунад вале ӯ боз оромона ӯро гуш кунад. Шумо номус доред? Ё номусҳои шуморо Зардиев поймол кардааст?  Мебинем пас аз нашри матлаби дуввум чи тағйироте дар Кулоб мешавад ва чи чораҳое меандешед. Агар бе номус ва бе салоҳият бошед пас дигар фаҳмо аст ҳамааш, Зардиев “Ҷаноб” атон будааст ва шумо нукарони ӯ будаед! Мардуми ғаюри Кулоб пас аз нашри матлаби дуввум бояд якдилона ба ин ноадолатӣ хотима бахшед. Ҳамон 17 деҳа ба кулли садо баланд кунанд дигар кофӣ аст. Восеъ қаҳрамони миллиямон барои дақиқан чунин амалҳо ба по хеста буд.

Кулобиҳои гиромӣ аз Зардиев натарседу наҳаросед. Шумо танҳо ҳар амалкарди хилофи қонуни ӯ ва писару набераҳояшро дидед ба “Ислоҳ” нависед. Ин матлабе мебинед маълумоти кутоҳ кутоҳ аз 21 нафар мебошад. Фикр мекунед барои ин 21 нафарро пайдо кардан 21х30,000 =630   ҳазор доллар медиҳад Зардиев Абдуҷаббор ? Ҳаргиз ин кор шудани нест ва интизори адади бештари маълумот аз шумо ҳастем. Инро низ бояд донед, ки мо ҳамаи маълумоте мефиристед онҳоро аз шахси наздики Зардиев тасдиқ мекунем ва сипас онро нашр мекунем. “Ислоҳ” ба касе туҳмат намекунад ва сидқу ростии ҳар маълумтро диққати ҷиддӣ медиҳад.  Ҳаргиз натарсед ӯ касеро намеёбад, чунки зулмаш ба ҳама мардуми Кулоб расидааст ва касе ӯро эҳтиром ҳам надорад.

Сообщение Абдуҷаббор Зардиев: « Аз Данғара ин сӯ ман «Ҷаноби Олӣ»-и Кӯлобам» появились сначала на ISLOH.net.

Раиси суди Конибодом: Маро Ҷанобат ҳам озод карда наметавонад, ӯ назди ман забон кӯтоҳ аст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон

Ба Ёрдамчии Президент оид  ба сиёсати кадрӣ Асадулло Раҳмон

Ба Раиси КДАМ Ятимов Саймумин.

Ба Прокурори Генералӣ Юсуф Раҳмон.

Ба Вазири корхои дохилӣ Рахимзода Рамазон.

Ба Директори Агентии зидди фасод Султонзода Сулаймон

А Р И ЗА

Мо адвокатҳои шаҳри Конибодом аз сиёсати пешгирифтаи Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем.

Муҳтарам Президент, ноадолатиҳои ба вуқуъомада дар низоми судии кишвар имрӯз мо як гурӯҳ кормандони Маслиҳатгоҳи ҳуқуқии шаҳри Конибодом водор намуд, ки унвонии Шумо муҳтарам Пешвои миллат бо мактуби кушод муроҷиат намоем. Танҳо Шумо метавонед ба ин мушкилии пешомада ҳусни хотима бахшед.

Мо адвокатҳои шаҳри Конибодом дар як моҳ як маротиба ҷамъ шуда ба чойхона меравем. Дар он ҷо як ҳамкори мо Зокиров Умед  камтар нӯшида, дар бораи Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ ки ўро дар корҳои ғайриқонуниаш пуштибонӣ  мекунад, гуфта дод. Ин ҳамкори мо Зокиров Умед, бо Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. дўсти наздик аст, ба мо гуфт ки Саидзода боз 10 соли дигар Раиси суди шаҳри Конибодом мемондаст ва ба ў худи Раиси Суди Олӣ ваъда додааст. Пурсем, ки аз куҷо ин маълумот, гуфт, ки суҳбати байни Раиси Суди Олӣ Ш.Шоҳиён ва Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. шударо худи Раиси суди Шаҳри Конибодом  ба ў ҳикоя кардааст. Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ гуфтааст, ки ман дар мансаб ҳастам ту кори худро пеш мебарӣ ва моро аз ёд намебарорӣ, туро ягон кас  аз мансабат барканор карда наметавонад ва Ҷаноби Олӣ ҳам, зеро забони Ҷаноб дар назди ман кӯтоҳ аст. Ман киро ба мансаби Раиси суд таъин кунед гӯям ҳамон одамро Ҷаноб таъин менамояд ва ёрдамчии Президент Асадулло Раҳмон ҳам дар назди ман забонкутоҳ аст, зеро ӯ ба бисёр Раисони судҳо пуштибонӣ мекунад ва хаққи худро мегирад ва онҳоро ман ҷамъ намуда ба Асадулло Раҳмон медиҳам. Ту ҳам додагӣ 50 ҳазор долларро!  Маблағи додаи туро ба ронандаи Асадулло Раҳмон додам гуфтааст Ш.Шоҳиён.

Ш.Шоҳиён ба Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. гуфтааст, ки ман баПрезидент Эмомалӣ Раҳмон хизмати сахт кардагиям  ва Ҷаноб маро ба мансаби Раиси Суди Олӣ таъин намуд ва дар ин мансаб ман ба нафақа мебароям. Ман соли 2013, ки Раиси Комиссиюни Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон будам, дар интихоботи президентии он сол Ҷаноби Олӣ 30 %  овози интихобкунандагонро гирифта буд. Ҷаноби Олӣ дар назди мардум шарманда нашавад гуфта ман блюттенҳои интихоботиро сохта 78 % овози интихобкунандаҳоро бо ёрии кормандони Кумитаи давлати амнияти миллӣ бо раиси ин кумита Ятимов С. бо роҳи сохтакорӣ Ҷаноби Олиро Президент интихоб кардаем.

Ҷаноби Олӣ бо ёрии ман ба мансаби Президент  интихоб шуд. Ҷаноб ин кори ман кардагиро ҳуб медонад, ба ман ягон сухани ноҷоя ҳам гуфта наметавонад ва ба ёрии ман эҳтиёҷ дорад. Дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ман ҳама корро кардам, раиси КМИР Б.Худоёрзода ягон чиро намедонад ва ман ба  Маркази интихоботӣ рафта ба кормандони Марказ фаҳмонидам чи хел карда ҲҲДТ – 80% овози интихобкунандагонро гиранд. Боз бо ёрии ман  намояндаҳои ҲҲДТ ба Маҷлиси намояндагон интихоб кардем. Аз ин кори ман Ҷаноби Олӣ бохабар аст ва ман айни ҳол ба интихоботи Президентӣ тайёрӣ дида истодаам ва писари Ҷаноб Рустами Эмомалиро мо бояд Президент интихоб намоем ва 90% овози интихобкунандаҳоро гирем. Ин супоришро худи Ҷаноб ба ман додагӣ аст ва онро ман ҳатман иҷро намуданам даркор аст. Вақте Ҷаноб ба ман ин супоришро дод, ба ман гуфт, ки ту дар мансаби худ мемонӣ, писарам Рустам Президент шавад ҳам, ту дар мансаби худат мемони. Ман умедворам, ки ту чун пештара аз   ўҳдаи ин кор ҳам мебароӣ ва Рустамро президент мекунӣ. Ман пир шудам ва Рустам кори маро давом донанаш даркор аст. Рустам ба мансаби президентӣ тайёр аст. Рустамро мо дастгирӣ карданамон даркор аст ва ту дар ин кор ба ман ёрӣ медиҳӣ. Ман ба духтарам Озода ва домодхояму хешу ақрабоям бовар  надорам, зеро онҳо фақат дар бораи пул фикр мекунанду халос. Барои давлат ягонтаи онҳо ранги ман ҷон фидо карда наметавонад ва фақат ин корро Рустам метавонад. Байни домодҳоям ва Ҳасан барои гирифтани заводи алюминӣ ҷанг шуда истодааст. Ман аз ин корҳои фарзандонаму домодҳоям ва хешу таборам монда шудаам. Дар вақте ки ман зиндаам. Рустамро Президент карданам даркор аст зеро ў дар ҷанги байни хешовандам барои заводи алюминӣ хотима мебахшад ва хамаи онҳоро сарҷамъ мекунад.

Ба гуфтаи Зокиров Умед, раиси Суди Олӣ Ш.Шоҳиён ба Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И. ин гапҳоро аввали баҳор дар вақте ки Саидзода И. ба Душанбе, барои Раиси Суди Олӣ тӯҳфа, асп бурда буд, гуфта будааст. Ин ҳамаи гуфторҳои Зокиров Умед дар бораи Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И. моро дар ҳайрат гузошт. Ҳол он  ки мутобиқи талаботи сархати 3, қисми 2, моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” шахсе, ки барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад, наметавонад ҳатто соҳиби мақоми адвокатӣ гардад. Дар қисми 1, моддаи 6 ҳамин Қонун омадааст, ки адвокатура ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба низоми мақомоти давлатӣ дохил намешавад. Ин ҳамкори мо бо моддаҳои 247 қисми 2, 247 қисми 3 банди «а,в,г» ва моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба суд шуда,  парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ў дар суд қатъ карда шуда буд. Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Зокиров Умедро Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. баррасӣ карда буд. Ин ҳамкори мо бо дастгирии Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. боз ваколати адвокатиашро барқарор намуда, айни ҳол ба фаъолияти адвокатӣ машғул аст.

Мо ба Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  кафили хуқукҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошед, такя мекунем.  Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ яке аз шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар мансабҳои судягӣ, алалхусус дар сатҳи Раиси суд ин шохаи ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият доштани чунин нафарон ба монанди Саидзода И.Х. ба обрӯ ва нуфузи ин мақомот иснод оварда, боварии мардумро ба давлату ҳукумат коста мегардонад.

Мӯҳтарам Пешвои Муаззами Миллат Эмомалӣ Раҳмон мо адвокатҳои шаҳри Конибодом аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  ин ҳел шахси нолоиқу тасодуфиро мисли  Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода Илҳом Ҳамид, ки обрӯи мақомоти судӣ ва давлатро паст мезанад аз мақомоти судӣ дур намоед.

Бо эҳтиром адвокатҳои Маслиҳатгоҳи ҳуқуқии шаҳри Конибодом:

Тўхтаев Ш.

Ахмедов М.

Тоҳирзода З.

Иброҳимов Х.

Холматов З.

Ҷўраев Д.

Тўразода А.

Нозирова Н.

Дониёров Ю.

Шукуров А.

Тўйчиев Д.

Икромбоев.Ҳ.

Мавлонова. М

Ps: Дар нома тасарруф сурат гирифтааст, танҳо қабл аз овардани номи президент унвонҳои сохтаи ӯ ва қабл аз исми мақомдорон тамаллуқҳои ноҷо бардошта шудаанд. Инчунин як сафҳа дар оғози ин номаи саркушода тавсиф аз “Пешво” ва сиёсати хирадмандонаи ӯ бардошта шудааст. Чун, ки агар сиёсати пешгирифтаи “Пешво” хирадмандона мебуд ин нома ҳаргиз  ба “Ислоҳ” ирсол намегашт, балке дар дастгоҳи президент расида баробар ҳалли худро пайдо мекард. Инчунин Пойгоҳи “ Ислоҳ” сиёсати худро дорад ва ҳаргиз дар худ номаҳои тамаллуқкорона ва маддоҳгӯнаро дар худ ҷой намедиҳад. Аз ҳама он ниҳодҳое аз ин ба баъд ба “Ислоҳ” номае, матлабе, шикояте менависед дар аснои навиштан аз он маддоҳиҳое, ки  дар дохили кишвар анҷом медиҳед барои хушнудии мақомдорон, лутфан аз он ҳама сарфи назар намоед.

Сообщение Раиси суди Конибодом: Маро Ҷанобат ҳам озод карда наметавонад, ӯ назди ман забон кӯтоҳ аст. появились сначала на ISLOH.net.