Архивы Ҷиноятҳои мақомдорон - ISLOH.net

“Ислоҳ” ислоҳатон мекунад
“Ислоҳ” ислоҳатон мекунад

Дар пайи нашри як матлаби “Ислоҳ.нет” Сулаймонов Ҳабибулло Раҳматуллоевич, корманди Хадамоти Гумрук посгоҳи марзии Пахтаобод дар шаҳри Турсунзода аз вазифа озод ва феълан фаъолияти ӯ мавриди тафтишоти мақомот қарор дорад.  Ин корманди гумрук, ки бо гирифтани маблағҳои калон ва қасдан расонидани хисорот  тоҷирон ва соҳибкоронро ба дод оварда ва худро одами Муроди телехи президент муаррифӣ  мекард, ҳамакнун барои аъмоли ҷиноиаш дар назди қонун ҷавоб медиҳад.

Шунаванда ва бинандаи азиз! Ҳадафи мо ҳам аз нашру пахши аъмоли ҷиноии чунин афроди бехудшуда, ки ҳоло дар саффи мақомот, бахусус гумрук, андоз, додситонӣ ва милиса хеле зиёданд ва бо сӯиистифода аз мақому мансаби хидматӣ мардуми бечора ва бепуштупаноҳро ошкоро ғорат мекунанд, ин аст ҳақ ба ҳақдор расонида шавад ва ҳукми қонун баланд ва муассир аз ҳукми ҳар шахси алоҳида, ҳатто ки он одами телехи Президент ва ё одами Рустами Эмомалӣ ва худи Эмомалӣ Раҳмон бошад. Бо кӯмак ва дастгирии ҳамдигар, яъне бо фиристодани маълумот аз ҷониби шумо ва нашру навор кардан аз ҷониби мо,мо метавонем пеши роҳи ин гуна фасодкорон,ҷинояткоронро бигирем,чопу нашр карда онҳоро шармандаву рӯсияҳ созем. Инҷо барои онки нагӯянд, худро реклама мекунем,як пораеро аз он матлаби нашршуда дар бораи ин корманди гумрук,ки рӯзи 1 сентябр дар Ислоҳ.нет нашр шуд,иқтибос меорем:

“Инҷо мехоҳем аз порахӯрӣ ва ноадолатиҳои корманди гумруки гузаргоҳи Дӯстии шаҳри Турсунзода — Сулаймонов Ҳабибулло Раҳматуллоевич чанд сухан бигӯем. Соли таваллуди ӯ 1987 аст, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кулоб. Ногуфта намонад, ки раиси Идораи гумруки шаҳри Турсунзода додарарӯси Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мебошад, азавлоди Давлатовҳо. Аммо тамоми воридот васодироти борҳоро Сулаймонов Ҳ.Р контрол ва ҳуҷҷатгузорӣ менамояд. Ӯ худро яке аз наздикон ва хешованди наздики Мурод Саиди муҳофизи аввали Эмомалӣ Раҳмон шиносонида худаш шоҳу табъаш вазир мебошад. Инчунин ӯро ёрдамчӣ ё ба истилоҳи дигар адютанти Раиси Кумитаи амният бономи Султон, ки ӯ низ зодаи, Восеъ аст пуштибонӣ мекунад. Чанд маротиба аз пеши тоҷирон ба Султон зангзада баъзеи онҳоро бодасти Султон “шикастааст” ва маълумотҳо дардастдорем, ки дар тамоми амалҳои ғайриқонунии Сулаймонов Ҳ.Р. Султон шарикбуда, дар “доля” ҳамроҳаст”.

Феълан кори ӯро милиса ва ё амният тафтиш  карда истодааст, бароямон маълум нест аммо инки ӯро аз вазифа барканор карда ва бар муқобилаш дело кушодаандро ба мо хабар доданд.

Воқеан ҳам ин танҳо маврид ё ҳолате нест, ки баъди интишори матолиби “Ислоҳ” мақомоти масъул даст ба иқдом шуда бошад. Ҳамин тавр дар пайи нашри мақолаҳои “Ислоҳ”.нет” Лоиқзода, раиси ноҳияи  …..аз мақом барканор шуда буданд.

Дар охирин лаҳзаҳо ба мо хабар доданд, ки полковник Нуралӣ Муродов,бале ҳамон Нуралии сиёҳ, сардори раёсати минтақаии амният дар навоҳии Раштро низ аз мақомаш барканор кардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ аз афроди содиқ ба Саймумин Ятимов аст ва эҳтимол меравад,ки дар Кумитаи амният ба ягон вазифаи баланд ҷояш диҳанд. Аммо инки ӯ таййи чандин сол мардуми ин водиро аз ҷону ҳолашон безор карда ва фақат ва фақат пул кор кард, масоҷидро баст, хидмати сарбозиро ба бизнес табдил дода, ба ҳамаи тоҷирони раштӣ доля баст, хулоса то Раҳими ғармӣ як бизнесмени калон, ки то оилаи Раҳмонов равуо дошта ва чи қадар корҳоро аз тани Раҳмонов иҷро кардааст, доляи худро мегирифт. Ин душмани дину оин ва фасодкори порахӯр ҳам ба дунболи сардори милиса, сардори ГАИ ва прокурори ин минтақа аз мақомаш барканор карда шуд. Дар бораи ӯ мо силсилаи мақолаҳоро дар асоси маълумот ва ахбори фиристодаи шумо хонанда ва шунавандаву бинандаи азиз таҳия ва тақдими худи шумо кардем. Оқибати кори ӯ ҳам бо чунин натиҷаи шармовар хатм гардид.

Бо овардани ин мисолҳои равшан  бори дигар аз шумо хоҳиш мекунем,ки ҳарчи аз ҷиноят ва қонуншиканиҳои масъулин дар ихтиёр доред ба мо бифристед. Ислоҳ ҳатман онҳоро нашр мекунад.  Ҳаргиз нагӯед,ки фоида надорад ва шумо бояд зери ин зулму ғорати мақомдорон ва афроди оилаи Раҳмонов ногузиред,то тоқат карда гардеду ин тақдир будааст. Аз қазо ва қадари Илоҳӣ ба сӯйи қазо ва қадари Илоҳӣ бо суръат биштобед.Мутмаин бошед, ки мо дар роҳи рост ҳастем ва ростиро заволе нест….

Сообщение “Ислоҳ” ислоҳатон мекунад появились сначала на ISLOH.net.

Анбори ҳероин дар Зумрад, ҳелаҳои нави заминфурӯшӣ (3)
Идомаи номаи Исфарагиҳо: Анбори ҳероини домод дар Зумрад, ҳелаҳои нави заминфурӯшӣ

(бахши севвум)

Дар ин қисмат дар бораи осоишгоҳи овозадори Зумрад мехоҳам чанд сухан бигӯем. Ин осоишгоҳро домоди Президент гирифт.Тамоми ҷойҳои сердаромад ва ободи кишварро домодҳо  ва духтарҳои президент гӯё, ки харида хусусӣ мекунанд. Дар асл ин хел ҷойҳои даромаднокро бепул мегиранд. Зумрадро бо тамоми замину замонаш бо як пули пучак гирифту одами худашро оварду монд.

Ҳалимов Абдумумин, мудири осоишгоҳи Зумрад шуд. Мудири нав коргарону мутахассисони тамоми умр дар инҷо кор кардаро аз фаррош сар карда то духтурҳо аз кор пеш кард. Ва одамони худашро аз маҳалли таваллуди худаш,чи ҷойи пинҳон доштан аз шаҳру навоҳии вилояти собиқи Кулоб овард. Вале нафарони овардааш кор карда натавонистанд, маҷбур шуд коргарони ҷавобдодаашро дубора ба кор даъват кунад, чун муҳтоҷ шуд ва илоҷи дигар надошт. Аммо бархе барнагаштанд ва Русия рафтанд. Феълан инҷо мутахассис қариб,ки надорад. Нархи осоишгоҳ чанд баробар гарон карда шудааст. Ҳоло осоишгоҳро навсозӣ карда истодаанд. Аммо мо маълумоти дақиқ дорем ва шоҳидҳо ҳам гувоҳӣ медиҳанд, ки кори Ҳалимов Абдумӯмин танҳо аз мудирияти осоишгоҳ иборат нест. Вай ҳам замин мефурӯшад, ҳам ба вазифафурӯшӣ машғул аст ва ҳам ба тиыорати наркотик. Фикр мекунед, ки замини Исфара ба директори Зумрад чи дахл дорад. Гап дар инҷост,ки ӯ ба унвони “одам”-и домоди президент гапаш ба раиси Исфара мисли корд мегузарад. ”Корафтодаҳо” меоянд ва мегӯянд, ки фалон корхонаи собиқро,ки аз кор мондааст  ёрдам кунад, ки аз тавозун (баланс) берун кунанд ва мусоидат намояд барои замини онро ба унвони замини наздиҳавлигӣ ба мардуми камбағал тақсим кардан. Абдумумин ин корро дар Душанбе сари бод анҷом дода меояд ва раиси шаҳр ҳам хурсанд аст ки дар “доля” шарик мешавад, чун ӯ ҳам одами “бачаҳакои боло” аст. Пул кор кунад шуд. Ҳамин тавр замини он корхонаро на ба камбағалҳо ва бепул, балки бо пули калон ба пулдорҳо мефурӯшанд. Ва.албатта саҳми мудири осоишгоҳ ҳам ҳатман дар назар гирифта мешавад.

Аммо дар асл ҳамаи ин қарорҳо ғайриқонунӣ ва қалбакӣ ҳастанд. Чунин қарорҳо содир нашудаанд. Инҷо танҳо “мошшеники” рафта истодааст. Мардумро гул зада истодаанд, ки гӯиё чунин вазъият дар тамоми ҷумҳурӣ ҳасту президент фармони афви заминҳоро баъди интихоботи президентӣ мебаровардааст. Ҳамин тавр директори осоишгоҳи Зумрад  ба миёнаравҳо ва заминфурушони Исфара раиси кумитаи замин Саидаминзода Сахиюлло, Абдурасул ва Абдувақос ва Шукур шарики тиҷоратӣ шуд.

Ҳоло,барои мисол на танҳо вазифи сардори амнияти Исфара, ҳатто дигар мансабу вазифаҳо дар вилоятро мешавад тавассути Ҳалимов Абдумӯмин харид. Мисли ауксион кушоду равшан нарху наво мекнеду мехаред. Ҳоло, ки бино ва дохили биноҳои Зумрадро тармим ва навсозӣ карда истодаанд, дар ҳақиқат асбобу анҷоми куҳнааш,масалан кати хоб,мизу курсиҳо, ҷевон, қандил ва ғайраро ба беморхонаи руҳии шаҳри Исфара – Лакон, ба ятимхонаи Шӯроб ва ба  хонаи  пиронсолони  ноҳияи Ҷабор Расулов доданд. Байни мардум гап карданд, ки ин ҳама таҷҳизотро домоди президент ба ин суроғаҳо ҳамчун хайру савоб, ройгон додааст. Аммо мудири яке аз ин муассисаҳо гуфт, қавру бало хайр кардааст. Ин ҳама куҳнаколоро бо нархи гарон ва ҳамчун маҳсулоти нав барои мо фурӯхт ва аз бюҷет ба ҳисоби осоишгоҳ пули калон гузарониданд. Ин ғоратгарии рӯирости домоди президент аст ки ҳатто аз хӯрдани ҳақи даҳони ятимону беморони рӯҳӣ ва пиронсолони бекас парҳез намекунад. Ҳоло дар шафати осоишгоҳи Зумрад дар масоҳати се гектар барои Президент ҷои истироҳат сохта истодаанд.

Абдумумин Ҳалимов, ҳоло тамоми қочоқчиҳо, наркобизнес ва кормандони мақомоти қудратиро контрол ва рулит мекунад. Ҳероини домодҳо ва духтарҳои президент дар ҳамин Зумрад ҳаллу фасл мешавад. Зумрад хранений ва перевалочний базаи наркотики домоду духтарҳои президент шудааст. Беҳрӯзи домоди Мурод Сайиди телехи президент ва Абдумӯмин Ҳалимов муносибати хуб доранд.Беҳрӯз гоҳе барои хабаргирии “склад”-ҳои ҳероин ва молҳои қочоқӣ, ки дар Зумрад ҷойгиранд меомадааст. Ҳамаи 15 амбори осоишгоҳ дар ихтиёри Маҳмадзоир-домоди презиент аст. Аз ҳамин ҷо тавассути марзи Қирғизистон молҳои қочоқӣ ва ҳероин ба хориҷа меравад. Ҷолиб ин аст ки Русия ҳам аз вазъият хабардор аст ва махсусан аз қочоқи ҳероин. Зумрадро,ки бо як пули пучак харида буданд ҳоло онро фурӯхта истодаанд. Гуё, ки кадом тоҷири ворухи муқими Русияро ёфта ба ӯ фурӯхтанианд.  Агар медонистам,ки ӯ кист, мегуфтам,ки беҳуда худат ва пулу молатро ба дасти аждаҳонафсон насупор.

Инҷо аз як воқеаи дигар мехоҳем бароятон ҳикоя кунем. Мо-сокинони ҷамоати шаҳрак ба унвони  раиси пешини шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин мактуб кардем, ки ба андозаи 30 сотих барои майдончаи варзишӣ замин ҷудо карда диҳад. Раис ҷавоби мусбат гардонд. Вале гуфт,ки қитъаи мавриди назарро бояд нишон бидиҳем ва дуввум иҷозатномаи раиси федератсия футболи Тоҷикистонро гирем,коратон будай.

Дастҷамъона ба раиси  Федератсия  Футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мактуб кардем ва Рустами Эмомалӣ иҷозат дод. Баъди дарёфти изоҷатномаи Рустами Эмомалӣ боз ба раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин мактуб кардем ва иҷозати ӯро гирифтем. Саломзода Сиҷоуддин ба раиси ҷамоати шаҳрак супориш дод, ки ин қитъаи замин ҷудо ва дода шавад. Раиси шаҳр таъкид кард,ки замин ҳуҷҷатгузорӣ шуда ва аз анҷоми он ба таври катбӣ маълумот дода шавад. Аммо раисаи ҷамоати шаҳрак супориши раиси шаҳрро иҷро накард. Раисаи ҷамоати шаҳрак  Мирзохӯҷаева  Мубаширхон  мебошанд. Мирзохӯҷаева  Мубаширхон ҳам мисли дигарҳо бизнеси заминро ба манбаи даромад ва тиҷорати шахсиаш табдил додааст. Як усули аҷибдорад ин раиса. Масалан одамҳо барои сохтани мағоза, заправка ва ё майдончаи варзишӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ба ӯ ариза мебаранд. Ӯ мегӯяд,ки дар ҷамоат замини холӣ нест ва агар бошад ҷояшро нишон диҳед. Вақте шумо маҳалли мавриди назар барои сохтани нуқтаи фурӯши маводди сӯхт-заправкаро нишон медиҳед.Баъде,ки раиса ин қитъаи заминро дид, кор ранги дигар мегирад. Ӯ филфавр он қитъаро ба номи одами худаш ҳуҷҷатгузорӣ карда ва қарори раиси шаҳрро ҳам содир мекунад.

Вақте меравед,ки чаро ин тавр кардед,ҷавоб медиҳад,ки он одам аз шумо пештар барои он қитъа ариза дода буд ва қарори раиси шаҳр ҳам баромадааст. Агар барои шумо онҷо зарур аст метавонед,ки аз ӯ бихаред. Агар дар савдо гапзанон напухт пеши ман оед миёнарав шуда арзонтар гирифта медиҳам. Раиса барои онки бозорашро тез кунад ҳатто ташвиқ мекунад,ки “Шумо аз даводаву гирифтани қарори ҳукумати шаҳру ҳама чиз озод шудед.Ҳамаашро он одам кардааст. Вале вай дигар пули сохтмони заправкаро надорад. Як каме ба болои харҷи кардааш монед, медиҳад,ба номатон мегузаронеду халос”.  Ин усулро на бо як касу ду кас бо чандин нафар истифода карда аст. Ба одами аризадода мепурсад,ки қитъаи замин дар куҷо аст,маълум мекунад ва аслан худаш ба номи дигар кас онро харида хусусӣ мекунад ва сипас чанд баробар мефурӯшад, ба он касе, ки онро хариданӣ буд. Вале то он вақте ки ҳуҷҷатгузорӣ накард, бо ҳар баҳона аризаи шумо ва баррасии онро ба қафо мепартояд. Аммо аризаи одами худашро як моҳ ва ё ду моҳ пештар санад мекунад.

Раисаи ҷамоати шаҳрак Мирзохуҷаева Мубаширхон шавҳар дорад. Шавҳараш дар муҳоҷирати  меҳнатӣ мебошад ва соҳиби фарзанд аст. Мубаширхон дӯстдошта  дорад: подполковник  Абдуллозода  Исо, сардори  шӯъбаи кофтукоби ҷиноии милисаи Исфара. Аз Данғара ё ки аз Восеъ. Ҳама медонанд,ки Абдуллозода Исо дар бештари рӯзҳо баъди соати панҷи бегоҳӣ ба  ҷамоати  шаҳрак, ба кабинети кории Мирзохуҷаева  Мубаширхон омада то соати 12 ва 1- шаб мемонад. Утоқи кории Мубаширхон мисли меҳмонхонаи панҷситора- суперлюкс. Исо як як ёру шариконашро ҳам мебиёрад ва Мубаширхон бошад дугонаҳояшро барои шарикони Исо. Утоқи Идораи давлатӣ — кабинети раиси ҷамоати шаҳрак-намояндаи Президент то саҳар монанди Хваканда-ҷалабхона мешавад. Мубаширхон бо ёрӣ,пуштибонӣ ва бо тавсияи Исо ба корҳои ғайри  қонунӣ машғул аст-ба заминфурӯшӣ.

Чандин қитъаи заминро,ки сотихаш то 10.000 доллар арзиш дорад ба номи Муродов Машраб истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, кӯчаи Самадов,хонаи 28 (муваққатан дар қайд аст) ҳуҷҷат карда сипас ба сокинони воқеии Исфара бо нархи дучанду сечанд фурӯхт аст. Гап дар инҷост,ки Муродов Машраб,ҳамшаҳрии Абдуллозода Исо,сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ (уголовний розиск)-и милисаи Исфара аст. Зиёда аз 20 қитъаи заминро ба номи ҳамин одам ғайриқонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда фурӯхтанд ва фурӯхта истодаанд. Барои он ба номи ин одам заминҳоро мехаранд,ки раиси шаҳр ҳам зуд барои ӯ қарорро содир мекунад.Хулоса ҳоло давру даврон доранд: заминҳоро мефурӯшанду пул кор мекунанд ва тавассути Мубаширхон нафси тагашонро ҳам қонеъ мекунанд. Ҳамон майдончаи варзишӣ,ки Рустами Эмомалӣ барои сохтмонаш розигӣ ва раиси шаҳр дастур дода будро низ Мирзохӯҷаева Мубаширхон ва Абдуллозода  Исо ба номи Муродов Машраб ҳуҷҷатгузорӣ карда  ва қарори раиси шаҳри Исфараро гирифтанд ва сертификат ҳам карданд.Ҳамин тавр мардум шоҳиди он шуданд,ки супориши ҳамакнун собиқ раиси Исфара ва иҷозатномаи Рустами Эмомалӣ дар Исфара ба кор нарафт.

Як нақли дигар. Дар инҷо як фермаи кӯҳна дар зери кӯҳ ҷойгир аст. Мубаширхон мардуми  ҷамоати шаҳракро дилпур кардааст, ки иҷозатномаи президентро барои ба замини наздиҳавлигӣ табдил доани он гирифта медиҳад. Ва ба 250 оилаи эҳтиёҷманд тақсим хоҳад кард. Дере нагузашта бо миёнаравҳои худ ва раисони  маҳалла феҳристи ин 250 оиларо тартиб доданӣ шуда ва онҳоро ҳамчун эҳтиёҷи шадид дошта ба участкаи наздиҳавлигӣ муаррифӣ мекунад. Раиса баъди шиносоӣ бо ин рӯихат пешниҳод мекунад, ки аз ин 250 оила ақалан 200 оила    20 ҳазор сомонӣ пешпардохт кунанд. Раиса гуфтааст,ки то ба боло нахуронӣ иҷозат намедиҳанд. Мардуми бечораи муҳтоҷи як порча замин бо ду дасти адаб пулро дола ва инак чанд сол мешавад,ки мунтазиранд. Мардуми ҷамоати шаҳрак ноилоҷ монд ба Коррупсия шикоят бурд. Коррупсияи марказӣ вилоятро дастури санҷиш дод. Аммо раиса ба воситаи Исо Абдуллозодаи дӯстдораш-сардори кофтукови ҷиноии Исфара бо пора корро ҳал кард.

Мо, дубора ба Коррупсия навиштем.Аммо посух омад,ки дар кирдорҳои раиса Мубаширахон пора ва қаллобӣ ошкор нашудааст. Баъди ин гуна шудани вазъият Абдуллозода Исо мардуми ҷамоати шаҳракро рӯз надода истодааст. Ҳаррӯз даъват карда бурда азобу шиканҷа дода истодааст, пули зиёди мардумро пас аз ин навиштанҳоямон ба коррупсия  гирифт. Абдуллозода Исо дар Исфара зиёда аз 4 га боғ кушод. Тамоми дархти онро аз мардум бепул гирифт. Мардумро бепул бурда кор фармуда истодааст. Ин замин дар номи худаш  нест. Аммо ҳама медонад,ки ин замини “уголовний розиск” ва “любовник”-и раиси ҷамоати шаҳрак Мирзохуҷаева Мубаширхон аст. Корҳои онҳоро боз Муродов Машраб, дӯсти наздики Абдуллозода ва ҳамшаҳрии раиси шаҳри Исфара ёрдам мерасонад.

Чанде пеш ба Исфара прокурори нав омад. Овоза шуд,ки чашмаш серу кисааш пури пул, эҳтиёҷ надорад, ҳар рӯз бо мошинаҳои нав ба нав кор меояд. Хурсанд шудем,ки ин дунё холӣ нест ва шукр,ки прокурори сери “честний” Исфара кор омадааст. Ба арзу шикояти мардум расид. Бо замин  фурӯшҳо часпид. Онҳо ба дод омаданд ва ба “криша”ашон муроҷиат карданд,ки Дӯстзода Садриддин-додситони нав моро ғам медиҳад. ”Криша” касе ба ҷуз аз мудири осоишгоҳи Зумрат Ҳалимов Абдумумин нест. Абдумӯмин Дӯстзода Садриддинро тавре тоб дод,ки дигар ӯ ҳам ба арзу шикояти мардум гӯш накард. Ҳатто қабули мардум дар рӯзи шанбеҳоро ҳам Дӯстзода.С бас кард.

Ин нуктаро ҳам гӯям,ки ГАИҳои Исфара бадтар аз ГАИҳои Конибодоманд.Мо аз “Ислоҳ.нет” хондем дар бораи ГАИҳои Конибодом.Каримов Фирдавс, яке аз ин ГАИҳои порхӯр аст. Қаблан дар шаҳри Хуҷанд дар бозори Атуш ва Сомон бозор дар истгоҳҳои пулакии мошинҳо пулчинак буд. Ӯ чи хел ГАИ шуда ба Исфара омада мо -гаранг шудем. То онҷо ки медонем вай мошини худашро аз техосмотр намегузаронад. Ва ҷолиб инҷост,ки ягон корманди мақомот ин корро,аз техосмотр гузаронидани мошинашро намекунад.

Иҷозатномаи тонировкаро ҳам надоранд. Як ГАИи дигар майёр Ҷуразода Юсуф. Ин одам масъули ҷарима аст. Вақте кабинеташ меравӣ   ҷаримаи шумо ду нишондод ё ки се нишондод гуфта санад мекунад ва пулро нақд гирифта пеши сардори ГАИ даромада барои як нишондод имзо мегирад ва пули ду нишондоди дигарро дар киссаи худаш мезанад. Вале агар рафту гуфтӣ,ки меравам ба бонк месупорам,нақд намедиҳам, ҳазору як ҳуҷҷатҳои но- даркориро талаб карда сарсону саргардон мекунад. Барои супоридани пули ҷарима ба бонк ҳам ду суратҳисоб медиҳад. Вақте Амонатбонк меравӣ корманди он суратҳисобро дида бо табассум савол медиҳад,ки шуморо Ҷуразода Юсуф роҳӣ кард? Чун аломати тасдиқро дид, дар ҷавоб мегӯяд, ин кор кори Ҷуразода. Юсуф мебошад. Зимнан ин нуктро фаромӯш накунам,ки ГАИҳои Исфара ҳам ба баҳонаи Ковид-19 пости алоҳида кушода аз ҳар сари мошин аз 20 то 100 сомонӣ гирифта истодаанд.

Имшабу рӯзҳо дар тамоми расонаҳо чи дохилӣ бошаду чи хориҷӣ дар бораи раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода,ки барои замин фурӯшиаш 400 ҳазор сомонӣ пора гирифта аст менависанд.100% кафолат медиҳем,ки инҷо “подстава” аст. Собиқ раиси Шаҳри Исфара Зоидзода  Даврони Абдуқодир солҳои 2013 ва 2016 кору фаъолият мекард. Соли 2016 дар рӯзи корӣ ва дар утоқи кориаш ӯро кормандони Идораи Коррупсия  дар дастонаш завлона зада бурданд. Дар аснои гирифтани пора ба даст афтод. Ин хабар дар тамоми ҷойҳо ва дар расонаҳо паҳн шуд. Аммо баъди як ҳафта боз ба ҷои кори худ баргашт. Ҳоло бошад ба ҳайси ҷонишини раиси ноҳияи Спитамен кор карда истодааст. Ҳолати дуввум,ки такрор ва айни ҳолати аввал аст. Собиқ раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ солҳои 2016 ва 2018 фаъолият мекард. Соли 2018 ӯро дар утоқи кориаш кормандони коррупсия дастгир ва дар дасташ дастбанд зада бурданд.Ӯро ба коррупсия хабар доданд.

Яке аз кормандонаш бо супориши худи раис заминро фурӯхт. Вақте ба даст афтод,иқрор кард,ки супориш иҷро кардааст ва худаш тоқа нест: “Бо супориши раиси шаҳр ин корро кардам”. Хулоса ӯ ҳам баъди як ҳафта ба ҷои кори худ омад. Сипас  аз кор озод шуд ва феълан депутат ва раиси заводи КСМ мебошад. Ин буд қиссаи ду собиқ раиси шаҳри Исфара,ки бо пора  ба даст фаромаданд ва боз кор карда истодаанд. Лекин қазияи раиси собиқи шаҳри Кулоб “заказной” аст. Агар “заказ” намешуд дар маҳкама намешишт.

Дилшод Ҷабборӣ, раиси собиқи Исфара пештар раиси Химзавод буд. 60 вагон бори Химзаводро ба яке аз шаҳрои Русия фурӯхт. Чи тавре шуд,ки он вагонҳо аз Русия барнагашт.”Разбор” калон шуд. Вале аҷиб ки онро ҳам хомӯш карданд ва ҳам Дилшод Ҷабборӣ ҷойи онки ба ҷавбгарии ҷиноятӣ кашида шавад,раиси шаҳри Исфара таъин шуд. Боз як гапи дигар. Мегӯянд,ки гӯиё Президент гуфта бошад, ки раисони вилоят ва ё шаҳру навоҳиро зиндон накунед,чун обрӯи Президент мерехтааст.Аз ин ҷост ки вақте мегӯем Баҳром Иноятзода аз ин қоидаи нонавишта истисно шуд, ки ӯ “заказной” аст.

Баъди соли 2015 дар Исфара “отчистка” сар шуд. Онҳо мардумро барои ба ҳизби Наҳзат овоз додан азобу азият доданд. Аз Наҳзат халос хӯрдем вале ҳоло боз ба сари мардуми мо як балои дигар омадааст.Амниятиҳо якта якта мардумро даъват ва фишор оварда истодаанд,ки барои чи  дар интихоботи парлумонӣ ба ҳизби Зоиров овоз додед? Гӯё,ки мардуми Исфара дар рафти интихоботи парлумонӣ 60% ба Зоиров овоз додааст. Бо ин васила гӯё маъракаи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд, чунки дар пеш интихоботи президентӣ аст. Ҳоло аҷиб ин аст ки аз раиси шаҳри Исфара гирифта то пулчинаки туалетҳои пулакии ин шаҳр аз мардуми Данғара ҳастанд. Бо пули Исфара ва туалетҳои он зиндагии худро чархонида ва дар ободии Данғара саҳм гузошта истодаанд. Ман маҳалчигӣ намекунам вале Аллоҳ шоҳид аст рост мегӯям ва ҳама инро тасдиқ мекунанд.Охир зулм ва ситам ҳам меъёр доштагист.

Ба  тамоми мақомоти қудратии Тоҷикистон мерасонем,аз он ҷумла ба Президент мо аз дасти  шумо безор шудаем. Дар ҳаққи Муҳаммадиқболи Садриддин тӯҳмат накунед. Барои онки   ҳамаашро мо-мардуми Исфара худамон навистем.

Ягон маротиба мақомоти аз Қирғизистон талаб накардааст, ки қотили шаҳрванди Тоҷикистонро,ки дар марз кушта шуд,боздошт ва муҷозот кунад ва ба Тоҷикистон диҳад. Қирғиз аз туфанги шикорӣ ҷароҳат бардошт вале давлати Қирғизистон талаб кард, ки гунаҳгор боздошт ва ба дасти онҳо супорида шавад. Мо дар даст баъзе маълумотҳо дорем (вале онро бояд конкретитар кунем),ки дар қочоқи маводди мухаддир тавассути марз  сардори шуъбачаи милисаи Чоркуҳ, полковник Шоҳмаҳмадов Фирдавс шарик аст. Бадбахтии мо ворухиёну чоркӯҳиён ин аст ки ҳам бо қирғизҳо дастбагиребон мешавем, барои нангу номус, барои замину хонаамон ва ҳам омада дар пеши амнияту милиса ҳисобот медиҳему террорист мешавем ва аз мо пули калон мегиранд.

Шомаҳмадов Фирдавс,пойи пиёда ва шояд бо як шиму костюм-униформа омада буд.Ҳоло як   ҷипи Прадои Сиёҳи охирин маркаи напа нав дорад. Мошини шахси худаш аст вале бо рақами давлатӣ мегардад. Бо кадом пул ин мошинро харид ва бо кадом маош заправка карда мегардад? Маоши ӯ пули запрафкаи як рузаи ин мошин намешавад.Дар охир ба мардуми Чоркуҳ гуфтанием, ки аз ин найрангҳои мақомоти манфиатдор бохабар шавед, худ ва писарони ҷавонатонро эҳтиёт кунед.

Ps: Хонандагони гиромӣ ин буд поёни бахши севвуми Исфара. Мо ҷиноятҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ,мақомоти қудратӣ,шайкаи мофиёии оила ва кришаҳои онҳоро бо ҳамдастонашон дар Исфараро идома медиҳем. Исфарагиҳои гиромӣ шумо натарсед ва ҳама ончи мебинед ва шоҳиди он шуда бошед ба Пойгоҳи “Ислоҳ” нависед ва мо он ҳамаро таҳқиқ карда дар аввалин фурсат расонаӣ мекунем. Аксҳои афроди номашон дар ин матлаб рафтаро бароямон фиристед, то дар барнома бо аксҳояшон нашр гарданд.

“Ислоҳ” ба хотири барқарории адолат ва муборизаи бе амон бар алайҳи мақомдорони дузд, порахур, ситамгар ва мардумозор таъсис шуда ва ҳамеша дар хидмати шумо ҳаст. То барчидани решаи ин зулму ситам ва ҷабри оилаи диктатор Раҳмонов бар мардуми азияткашидаи кишвари азизамон қадамҳои устувори худро хоҳем гузошт. Дуъоҳои хайри худро дар ҳаққи дастандаркорони Пойгоҳи мардумии “Ислоҳ” дареғ надоред.

Сообщение Анбори ҳероин дар Зумрад, ҳелаҳои нави заминфурӯшӣ (3) появились сначала на ISLOH.net.

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”
Идомаи Нома аз Исфара: “Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

(бахши дуввум)

Ман сокини ҷамоати Навгилеми Исфара мебошам.Аз кору кирдори раиси ҷамоат Болтаев Аҳмадхон Ҳабибуллоевич гуфтан мехоҳам. Болтаев пеш россиячӣ-муҳоҷири корӣ буд.Ҳамчунин дору оварда мефурӯхт бо як нафари дигар.Аммо онҳо бо наркотик сарукор доштанд.Дере нагузашта Болтаев  шарики худро дар Русия  “подстава” карда гурехту омад. Шарикаш ба давраи тӯлонӣ дар Русия маҳбас шуд. Болтаев бошад  аз пулҳои тиҷорати наркотик мансабро харид. Ӯ дар давраи собиқ раиси Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ вазифаро харид ва дар ҳукумати Исфара корро сар кард. Маълумоти олӣ надошт. Дере нагузашта диплом ҳам харид ва соҳиби маълумоти олӣ шуд. 50000 доллар дода вазифаи раиси ҷамоати Навгилемро харид. Шояд бовар накунед, ки барои як раиси ҷамоат шудан инқадар пул? Инҷо як таърихчаи падари Болтаевро нақл кунам ҳамааш рӯшан мешавад. Солҳои 1996 ва 1998 падари Аҳмадхон Болтаев, амаки Ҳабибулло бо ҳамроҳии се нафар  ба раиси шаҳри Исфара аризаи дастҷамона аз номи мардуми маҳаллаи Устомулло менависанд. Ба ин маъно,ки ин мардум ҳамакаса мехоҳанд, ки коргоҳи коркарди пӯст,пойафзол ва низ тавлиди блок ва ё хишти сементӣ бисозанд ва барои онҳо шаҳрдорӣ замин ҷудо кунад.

Раиси ҳамонвақтаи Исфара соли 1998 ба ин се нафар иҷозати ташкили корхона ва спортзалро дод, ба миқдори як гектар. Онҳо мебоист корхона ва толори варзишӣ месохтанд. Дар ин миён онҳо гӯиё корхонаро сохтанд аммо кор фармудан натавонистанд. Дар ин як гектор замин ҳақи падари Болтаев 40 сотих буд. Ва ин замини ҷудошуда дар шафати мазори Муи Муборак дарканори роҳи Навгилем  ва Кулканд ҷойгир аст. Вақте Болтаев Аҳмадхон раиси ҷамоат шуд, корхонаро барҳам дода барои ба замини  наздиҳавлигӣ табдил додани онқарори ҳукумати шаҳрро гирифт ва онро сар кард ба фурӯхтан. Аввали ҳамин соли 2020 6 сотихи онро ба як сокини маҳаллаи Устомулло ба 75000 долар  фурӯхт. Болтаев бо ин қадар маблағи калон вазифаро харид ва аз 6 сотих харҷашро баровард ва 34  сотихи дигараш “НЗ” монд. Дар маҳаллаи Устомулло як майдони варзишӣ ҳаст. Ҳоло заминҳои гирду атрофи ин стадионро  раиси ҷамоат ба ёру ошноҳояш ва хешу таборонаш ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим ва фурӯхта истодааст.

Дар роҳи мошингарди ҷамоати Кулканд ва ҷамоати  Навгилем мардуми соҳибкор магазину мойка кушода истодаанд. Ин соҳибкорон ҳамааш хешу табор ва ёру шиносони  Болтаеви раиси ҷамоат мебошанд. Аммо ин мағозаву  шустушӯи мошинҳо баҳона аст. Онҳоро баъдан ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷат мекунанд. Аз рӯзе,ки Болтаев  Аҳмадхон Ҳабибуллоевич раис шуд гӯё, ки як гадо ё ки талабанда раиси ҷамоат шудааст. Бо ҳар баҳона аз  мардум пул  металабад. Масалан барои ободии бинои ҷамоат, барои ободии шаҳри Исфара, барои омадани ягон комиссия хона ба хона гашта аз мардум пул ҷамъоварӣ мекунанд. Мардум на ҳамааш пул дорад, дода наметавонад. Аммо раисони маҳалла ба ин бечорагон гапҳои  қабеҳ зада таҳдид мекунанд, ки кирдори  туро  ба раис мерасонем, туро дар “чёрни  списка”-и  ҷамоат мепартоем ва аз тарафи  ҷамоат ба  ту  ягон  ёрӣ расонида намешавад. Дар ҳақиқат ин гапҳои  раисони  маҳалла рост баромад.

Бемории коронавирус барои раиси ҷамоат ба як манбаи дигари тиҷорат мубаддал гардид. Барои онки кӯчаҳоро дизинфексия кунанд аз ҳар сари хона 20 сомонӣ ҷамъ кард. Дар ҷамоат бештар аз 1000 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин миқдори маблағ танҳо барои ғизои кормандони санэпидемстансия ва ҳолати фавқуллодда “обед” гирифта додаасту тамом. Дигарашро ба ҷайбаш задааст. Болтаев ошкоро мегӯяд, ки вазифаи раиси  ҷамоат бароям “подарка” нашудааст. Онро дар ауксион нарх монда харидаам. Баъдаш ҳам ин аст,ки ман танҳо намехурам. Маро одамони боқувват дар боло  дастгирӣ мекунанд. Ҳатто ҳамони ёриҳои башардӯстона барои коронавирусро ҳам Болтаев ба хешу табори худаш тақсим кард. Одамони камбизоат ва оилаҳо калон аз он маҳрум монданд. Барои оилаҳои камбағал ва калони фақир маскаи хитоӣ,ки як сомонӣ арзиш дорадро,ҳамчун “помош”доданд.

Дар ҷамоати Навгилем як заминсоз буд бо номи Бақо. Аз одамони зиёд барои замини назди ҳавлигӣ пул гирифт вале мардумро фиреб дод. Арзу шикояти бисёре аз болои Бақо ба прокурор   карданд. Делои ҷиноятӣ оғоз карданд. Ӯро ҳаммаслаконаш гурезониданд. Ҳозир Бақо дар “побег”.  Мо-мардуми ҷамоати Навгилем ба Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф гуфтанием, ки дар ҳақиқат пули мардумро собиқ заминсози ҷамоат Бақо гирифтагӣ аст. Аммо Бақо як худаш нахӯрдааст.  Ҳаммаслаконаш:-раиси ҷамоати Навгилем, раиси шаҳри Исфара бо юристу ҷонишинҳояш ва раиси кумитаи замини Исфара ҳам бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, агар ҳама дар назди қонун барорбар бошанд. Ба Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф гуфтанием,ки чаро дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки ҳар шанбе муқаррар шудааст, мардумро қабул намекунӣ? Мо чанд навбат рафта туро пайдо накардем. Пешакӣ эълон кун то рафта вазъиятро бифаҳмонем. Охир,ин чи давлату давлатдорӣ ва риояти қонун аст?

Як нуктаи дигаре,ки моро ва тамоми падару модарон дар Тоҷикистонро дар ташвишу изтироб андохтааст, мактаб ва ғорати талабаҳо аст. Мо,намефаҳмем,ки маориф дар мо пулакӣ аст ва ё бепул? Аз рӯзи аввали хониш пулгириву пулгӯиро сар мекунанд. Агар ҳисоб кунем якмактаббача  аз  як  донишҷӯ хароҷоташ бисёр мебошад. Масалан таъмири мактаб, рангу боркунӣ, хариди мизу курсӣ  таъмири майдончаи варзишӣ ва туби волейболу баскетбол, китобпулӣ, барои гирду атрофи   мактаб гулхариву гулкорӣ, обуна шудан ба маҷаллаҳои бемаънӣ ва ғайраҳо. Ҳамин аст  мактаби  бепул? Дар  мактабҳои Исфара барои як меҳмони меомада ба Исфара ҳокимони шаҳр директорони  мактабҳоро супориш  медиҳанд, ки аз мактаббачаҳо пул ҷамъоварӣ кунанд. Гӯё,ки мо-падару  модарони исфарагӣ вазорати молияи  Тоҷикистон бошем барои ин ғоратгарон. Аттестати мактабӣ аз 20 сомонӣ то 30 сомонӣ. Талбаҳои синфи 1 ба 180 сомонӣ справка мегиранд.

Мардуми Исфара бо боғдорию ва  меваи хушк куни машҳуранд. Вале дар бозор маҳсулоти  деҳқонии худамонро озодона  фурухта наметавонем. Ҳангоми ҳосилро хушк карда ба  хона  овардан  дар  роҳ коргарони андоз монанди БДА  мошинро манъ карда аз мо андози ҳосили  хушккарда талаб мекунанд. Ин ғайриқонунӣ мебошад. Чунки соҳиби боғ андози заминро  месупорад. Ҳатто бозӯрӣ  хонаҳои мардум даромада ҳосили мардумро  баркашида андозҳои  ғайриқонунӣ мебанданд. Барои чи ягон мақомот чора  намебинад. Ва, агар гуфтагиашонро иҷро  накунед  мошини  бордори Шумо ҳафтаҳо дар  назди андоз ба гарав гирифта мешавад, замоне,ки пули пурсидаашонро надиҳӣ. Ба прокуратура муроҷиат кардем. Онҳо гуфтанд, ки чора дида наметавонем. Сабабаш дар  он аст ки буҷаи давлат аз андози шумо вобаста аст. Гуфтагии андозро  супореду боратонро гирифта баред. Оиди ба таври ғайриқонунӣ заминҳои Исфараро фурӯхтан борҳо ба прокуратура муроҷиат кардем.Ҳеҷ вокунише накарданд. Ба  прокуратура Вилояти муроҷиат кардем. Дар прокуратураи вилоятӣ аризаи моро мутахассис  доир ба замин дар прокуратураи вилоят Ҷалолзода. С ба ӯҳда гирифт. Аммо вай як порахӯри  гузаро будааст. Азбаски аз бачаҳакои “боло” ва қасдаш ҳам пулкоркунӣ аст бо ин заминфурӯшҳо забон як карда доляи худро гирифт ва моро огоҳӣ дод,ки аз даъвои худ даст кашем. Гуфт ба ин  заминфурӯшҳо зӯри ман намерасад, “криша”-и бақувват доранд. Инҳоро вазирҳо ва домоду  духтарҳои  президент “криша”ват мекунанд. Ба мардуми ҷабрдидаи Исфара Ҷалолзода.С гапи ростро гуфт.

Инҷо мехоҳем як каме аз беадолатиҳои раисаи корхонаи ҶДММ “Наҷот” бароятон ҳикоят кунам. Раиса Исомаддинова Наҷотхон ном доранд. Қариб 70%нақлиёти мусофирбари даруни  шаҳри Исфара ва берун аз он Исфара- Хуҷанд, Хуҷанд- Исфара, Исфара — Конибодом ва  Конибодом  Исфара аз шаҳрвандон мебошад, ки ба тариқи шартнома ба ин корхонаи мазкур фаъолият мекунанд. Ин ҳикоят аз қавли  собиқ коргари паймонкор дар корхонаи Наҷот аст,ки ба мусофиркашонӣ  машғул будааст. Вай мегӯяд:

“Ман барои даромадан ба кор ба раиса 2000 сомонӣ “шапка” додам. Касеро бе шапка кор намегирад. 3 сол кор кардам. 1 моҳ касал шуда натавонистам кор бароям. Дигар касро  ҷои ман ба  кор қабул кардаанд. Вақте сиҳат шуда ҷойи кор омадам раиса даъват карда гуфт, ҷои ту дигар  нафарро  ба  кор  гирифтам. Бо раиса баҳс карда гуфтам, ки корат ғайриқонунӣ аст. Аз болоят арзу  шикоят мекунам. Гуфт ба куҷое даъво мекунӣ кардан гир, аз дастат чизе намеояд. Ман ба прокуратураи Исфара шикоят кардам. Кормандони прокуратураи Исфара  доляро  гирифта  худи манро айбдор кардану раисаро ҳақ бароварданд.

Инро ҳам гӯям,ки Наҷотхон ду писар дорад. Писари калониаш дар ҳукумати Исфара, раҳбари  дастгоҳи  ҳукумат буд то чанд рӯз пеш: -Исомиддинов  Ҳабибулло. Ҳабибулло корбудкуни ин корхона ва  модараш  мебошад. То ҷое маълумотфы ба даст овардам Ҳабибулло 1000 доллар ба прокуратура дода корро  хобонидааст. Дар дасти  прокуратура тамоми далелҳо ва қонуншиканиҳои раисаи ҶДММ “Наҷот” ба воситаи аризаи ман расида буд ва имкон надошт, ки халос шавад. Танҳо роҳ пора буд, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Ба корхонаи Наҷотхон бе  “шапка” кор даромадан намешавад. “Шапка”-ро бо писараш маслиҳат  мекунӣ ва писараш нархнома ва дар кадом линия чи  қадар додан даркорро муқаррар мекунад. Миқдори шапка дар линияи Хуҷанд- Исфара аз 6000 сомонӣ  сармешавад то 10.000 сомонӣ, линияи Конибодом- Исфара аз 5000 сомонӣ то 7000 сомонӣ. Дар линия-хатсайрҳои дохили Исфара аз 2000 сомонӣ то 5000 сомонӣ. Аммо хатсайри 9 ва 1 нархномаи шапкаш монанди линияи Хуҷанд- Исфара аз  6000 сомони сар мешавад,чун серодам аст. Баъде шапкаро дода кор даромадӣ “ту як умр дар ҳамин  корхонаи Наҷот кор мекунӣ”гуфта Хабибулло ба ронанда ваъда медиҳад. Вале дере нагузашта бо ҳар баҳона аз ронандаҳо пули иловагӣ мерӯёнад. Ҳабибулло дасташ ба пули ҳаром хӯ гирифтааст. Барои як одитарин ҳуҷҷат,ки пеши раиси шаҳр барои имзо медарорад то 500 сомонӣ нагирад он ҳуҷҷат “навбат” поида мешинад. 500 сомонии имзои ҳоким доляи Ҳабибулло буд.

Вазъияти ваҳими Ворух

Вазъият дар Ворух,ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст,хеле бад мебошад. Бар сари мардуми  осоиштаи Ворух чи мусибатҳои  сахт  омада истодааст, ба ҳамагон  маълум аст. Аз як тараф  заминамонро фурӯхтанд, аз тарафи дигар мақомоти қудратӣ бошанд фишор болои мардуми худ мебиёранд. Мо-мардуми Ворух мақомотҳоро мехуронем ва мепушонем вале инҳо баҷои раҳмат гуфтан мастшуда мардуми осоиштаро зери  мушту лагат мегиранд. Монанди милиса Шерзод Пиронзода. Ин милисаи порахури наркоман як мӯйсафедро дар рӯзи рӯшан  латту кӯби шадид кард. Барои ин ҷинояти мудҳиш танҳо ӯро ба дигарҷо интиқол-перевод карданду халос.Ҳеҷ чорае дигар надиданд. Ман ба мардуми Ворух гуфтаниям, ки бас аст милисаҳоро хурондан. Гӯё,ки мо қарздор бошем, ки Алфаю Омону Амнияту милисаҳоро  хуронида гардем.

Аҳолии Ворух дар муҳосира ва гарави мақомоти Тоҷикистон ва Қирғистонанд. Агар мо барои замини худамон овоз баланд кунем милисаҳои тоҷик хоин гуфта дело мекушоянд.    Агар  хомӯш истем қирғизҳо заминҳоямонро мегиранд ва даромада дар хонаҳои  худамон кушта  мепартоянд. Барои ҳамин мо дар байни осмону замин муаллақ мондаем. Ба соҳибкорони Ворух   гуфтанием, ки барои мардуми худ, барои ободии диёр кунед, барои милисаҳои беномуси порахӯр накунед. Бояд ҳамаамон якдилу яктан шуда хезем,мисли мардуми Белорус. Ҳукуматиҳои ҳаромхӯр роҳи моро дошта наметавонанд. Зеро ин замин барои ворухиҳо даркор, барои инҳо не. Инҳо фақат заминфурӯхтан, мардуми Ворухро зулм кардану пулашро гирифтан ва тюрма кардан кори дигареро анҷом намедиҳанд. Ҳар боре дар  сарҳади тоҷику қирғиз нотинҷӣ шавад,амниятиҳо филфавр эълон мекунанд,ки инҷо гурӯҳи сеюм аст ки мардумро ба иғво меандозад. Онҳо манзурашон аз гурӯҳи сеюм Ҳизби Наҳзати Исломӣ аст. Дар асл ин хел нест. Гурӯҳи сеюм ин контрабандистҳо, наркобизнесҳо, заминфурӯшҳо ва худи амниятиҳо ва сардори контрразведкаи амният Ҳакимов Саид мебошанд.

Амният сарҳадро ноором мекунад, на Наҳзат

Дар Исфара амниятиҳо чи хел кор мекунанд? Хонандагони муҳтарам ва нағз гӯш кунед ва ба як чиз  аҳамият диҳед.Ҳар боре дар ватанамон ягон гапу кор шавад, монанди  интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар сарҳад амниятиҳо- сардори контрразведкаи амният Ҳакимов Саид бӯи ҷангро мехезонанд ва тамоми расонаҳои озод фикру корашонро ба сарҳад  ҷалб  мекунанд ва кори инҳо кӯҳна  мешавад ва гӯё, ки проблемаи сарҳад муваққатан ҳал шуда  бошад. Ҳар боре ягон хабар дар расонаҳои озод дар бораи раҳбарони Тоҷикистон чоп шуд баъди дери дераш ягон ҳафта дар сарҳади  Тоҷикистону Қирғистон нохушӣ руй медиҳад.Ман гуфтаниам, ки дар сарҳади Чоркӯҳу Ворух ва Хоҷаиаъло ҳодисаҳое,ки рух медиҳад, кори дасти худи амниятиҳо аст. Маълум аст ки контрабанда ва наркотика аз ин сарҳадзиёд мегузарад. Ин корро сеюм гурӯҳ мекунад:кори мақомоти ду тарафи сарҳад. Одамоне, ки ба қочоқ- контрабанда машғуланд  одамони одӣ нестанд. Инҳо шаҳрвандони ХоҷаиАъло, Ворух, Чоркуҳ ва Исфара мебошанд  ва бо фармони боло кор мекунанд. Қочоқчиҳо ё аз Тоҷикистон ба Қирғистон  бор  мегузаронанд ё баракс. Дар ин кор тамоми мақомоти дахлдор аз ҳарду ҷониб ва бахусус амният шарик астанд. Барои он ки сарҳад дар ихтиёри Амният аст. Сарҳадбонон пули пораро мегиранд ва гӯё,ки ягон чизро надида бошанд, шароитро барои воридоту содироти бори дуздӣ ва қочоқ фароҳам мекунанд. Вале вонамуд  мекунанд,ки бо фармони президент бар зидди контрабандистҳо кор  бурда истодаанд. Дар асл кор дигар аст. Пеш фақат кормандони Гумрук буданд. Контрабанда кам мегузашт. Ҳозир асосан бори домодҳову  хешу табори президент мегузарад. Сарҳади Исфара роҳи қочоқи борҳову тиҷорати Президент ва домодҳои вай аст. Коррупсияи нақлиётӣ дар марзи Исфара танҳо одамони одиро меқапад. Онҳо барои ворид кардани борҳои қочоқии домодҳои Президент ёрдам мекунанд.

Беҳрӯзи домоди Муроди телех марзро сахт ноором дорад

Сардори Раёсати коррупсияи нақлиёти вилоят домоди Сардори муҳофизони Президент Мурод Саидов аст. Вай Беҳрӯз ном дорад. Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду  духтарҳои  президент аз ҳамин сарҳад  мегузаранд. Аз  Исфара  сар карда то таги ағба ин борҳоро Беҳрӯз  “сопровождат” мекунад,чунки вазифаи асосиаш ҳамин аст:бидуни мушкил расонидани борҳои қочоқии домодҳову духтарони президент ба  Душанбе. Кормандони Гумрук ва амният-сарҳадбонҳо медонанд, ки Беҳрӯз барои домодҳову духтарҳо кор мекунад. Аз ин фурсат Беҳрӯз бар суди худ истифода карда барои дигар соҳибкорҳо ва тоҷирҳо “кришават” мекунад. Вале агар ягон бори бегона гузашт,бо вуҷуди онки ҳақу ҳуқуқашонро мегиранд ба Беҳрӯз хабар медиҳанд.

Беҳрӯз ин борро дар роҳ  дастгир  карда ва доляи калон талаб мекунад,агар надод мусодира карда ба маҳкама мекашад ва ё ҷаримаҳои калон мебандад. Беҳрӯз на танҳо қочоқчиҳо, наркобизнесҳоро ҳам “кришават” мекунад. Тавассути ин сарҳад наркотики одамони боло ва одамони мақомоти орган мегузарад. Одамони одӣ пар занад парашон месӯзад. Як сабаби асосии нооромии сарҳад ҳамин қочоқбарон ва наркобизнесҳо ҳастанд,ки афроде мисли Беҳрӯзи домоди телехи Президент “кришават” мекунанд. Мо мардуми одии Исфара аҳду паймон кардем,ки минбаъд агар ин корҳо идома ёбад ҳамаи ин қочоқбарон ва наркобизнесҳо ва сарпарсатони онҳоро ном ба ном ва боаксу ҷойи таваллудашон расонаӣ кунем. Махсусан тавассути канали “Ислоҳ.нет”,ки ҳоло як шабакаи фарогир ва пурбинанда шудааст. Мо мардуми одӣ аз ҷонамон сер шудаем.( Дар мавриди дигар ҷиноятҳои коррупсионии Беҳрӯзи домоди Муроди телех таҳқиқот идома дорад. Сокинони Хуҷанд,Исфара,Конибодом ва дигар навоҳии Суғд, ҳар ҷинояти коррупсионии Беҳрӯзро донед ба мо нависед,то матлаби муфассал дар ин маврид нашр намоем “Пойгоҳи Ислоҳ”)

Аҷиб ин аст ки ҳар кадом корманди мақомот,ки Исфара кор омад, баъди як ё ду моҳ соҳиби мошину хона ва ду зан  мешавад. Кормандони Амният бошанд  мошинҳои нав мегиранд вале бо рақами транзити мегарданд. Вақте ки сардор рафт бо мошини служебнаиш меравад ва барои сардори нав баъди думоҳ боз мошини служебнийи нав медиҳанд. Аҷаб давлати бой доштаем, ки фақат мошинҳои навро барои сардорони амнияти Исфара медиҳанд.

Сардори контрразведкаи амнияти Исфара Ҳакимов Саид — инсони бераҳми порахури беинсоф аст,бо ҳар баҳона мардуми осоиштаи маскун дар сарҳади Ворух, Хоҷаиаъло ва Чоркуҳро ғам дода пулҳои ҳангуфт талаб мекунад,мо дақиқ медонем,ки чанд навбат нооромӣ дар марзро ӯ бо закази махсуси домодҳои Президент барои гузаронидани молҳои қочоқиашон ташкил карда ҳатто боиси марги одамҳо ҳам шуд.

Поёни бахши дуввум,ин таҳқиқот идома дорад ва дар бахшҳои оянда ба дигар ҷанбаҳои Исфара мегузарем.Агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳои мақомоти кишвар дар Исфара ҳастед,пас ба мо нависед,то онро дар бахши чорум ҷой кунем. Чунки бахши сеюм тақрибан омодаи нашр аст.

Ps: Хонандаи азиз,аз якояки шумо хоҳиш менамоем ҳар фарде,ки  дар ин матлаб номашро хондед, ё номи минтақае дар матлаб омадааст. Агар дар дасти шумо аксҳои он афрод ва наворҳои видеои он манотиқ бошад бароямон фиристед.Мо мехоҳем онро дар наворе,ки тақдиматон менамоем ҷой диҳем,то мардум ҷинояткоронро хубтар шиносанд.

Сообщение “Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад” появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард
Нома аз Исфара: “Раҳмоналӣ Амирзода заминҳоро фурӯхту исфарагиҳоро “кидат” кард”

(бахши аввал)

Имрӯз мо- истиқоматкунандагони шаҳри Исфара дар муҳосираи мақомоти давлатӣ қарор дорем. Бо ҳар баҳонаву тӯҳмат: -террористу ваҳҳобию ихвониву ҳизбиву кадом айбҳои дигаре сохта тамоми ҷавонҳо ва шермардони Исфараро зиндонӣ ва ҳатто ҷисман нобуд карда истодаанд. Гӯё мо исфарагиҳо душмани ин миллату давлат бошем!

Мо-исфарагиҳо душмани як роҳбари авлоди ноӯҳдабарои хунхори диктатурӣ будем ва ҳастем, ин ба ҳама маълум аст. Шермардоне, ки аз Ватанамон берун ҳастед, дар азобу зулми мардуми худатон бе тараф набошед. Аз парокандагии мо истифода бурда ин мақомоти хунхор моро талаву тороҷ карда истодаанд. Бас аст парокандагӣ! Ҳамаамон бояд аз як гиребон сар бароварда миллату давлат,диёри худ ва заминҳои худамонро аз ин заминфурӯш ҳимоят кунем…..

Имрӯзҳо гӯё,ки дар Исфара ободӣ карда истода бошанд аммо дар амал ягон ободӣ барои мардуми одӣ нест. Фақат ғайриқонунӣ заминфурӯшӣ дар авҷ аст. Кор ба ҳадде кашида шудааст,ки дар байни биноҳои баландошёнаи микрорайонҳо сохтмони ҳавлиҳоро иҷозат дода ҳусн ва зебоии шаҳрро коҳонида истодаанд. Дар микрорайони Баҳор ва Навобод ва дохили шаҳр сохтмони ҳавлиҳо дар авҷ аст. Сабаби асосӣ дар он аст дар доҳили шаҳр як сотих замини наздиҳавлигӣ аз 4000 долар то 6000 доллар фурӯхта мешавад. Ин як намуди бизнеси мақомоти давлатӣ дар Исфара аст. Сокинони оддӣ ин қадар пул надоранд.Чунин заминҳоро қочоқбарон, наркобизнесҳо ва кормандони ҳукумат ва кумитаи замин пул дода мехаранд. Автовокзали шаҳрро фурӯхтанд. Дар даруни он бинои баландошёна бунёд карданд.То ҳол касе зиндагӣ намекунад. Ҳамин тавр заминҳои атрофи бозори шаҳри Исфараро хилофи қонун фурӯхтанд. Ҳозир ин бозор ба қонунҳои бехатарӣ  ҷавобгӯ нест. Мошини оташнишонӣ дохили он роҳ намеёбад, ки ворид шавад. Аҳолии атрофи бозор хавотирем,рӯзе нашавад, ки дар байни оташу сӯхтор монем? Зеро бе ин ҳам бозор дар байни маҳалла ҷойгир аст.

Тамоми корҳои ғайриқонуниро ба хотири гирифтани ришваву пора мақомот анҷом дода истодаанд. Гӯё ки дар Исфара ягон маҳалле калонтар ва муносибтар барои сохтани бозори замонавӣ набошад, ки чанд гузару кӯчаи онро,ки дар онҳо ҳавлиҳои камбағалҳо ҷой дошт, чаппа ва бозорро васеъ карданд. Аммо аз ин васеъ кардан касе ба ҷуз аз ҳамон мақомот манфиате намебардорад. Мешавад гуфт,ки тамоми бозори Исфара дар дасти кормандони андоз, милиса, прокурор ,суд, ГАИ ва аз ин қабил аст.

Деҳқони бечора наметавонад озодона маҳсулоташро фурӯшад. Сабабаш дар ин аст ки авалан кормандони бозор намемонанд, дуюм чеки бозорро аз деҳқон махсусан бениҳоят баланд мегиранд, сеюм ментҳои бозор ғам метиянд  ва чорум  андозу санэпидемстансия омада ғам медиҳанд. Зеро инҳо ҳамагӣ дар бозор фурӯшандаҳои худро доранд ва барои ҳамин пеши роҳи деҳқон ба бозорро мегиранд. Ошкоро мегӯянд, ки бе иҷозати мо  ва бе доляи мо  одами бегона маҳсулоташро фурухтан наметавонад. Дар ҳақиқат ҳамин хел аст. Барои ҳамин нархи  бозори Исфара аз бозорҳои Россия ҳам боло аст. Мақомот бемории Ковид- 19-ро руст карда истодаанд. Маргу мир аз ин касал бисёр аст дар Исфара. Аҷиб он аст ки касалии ковидро дар беморхонаҳо қабул намекунанд. Ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, ки бо номи Лакон маъруф аст мефиристанд. Чанд бемори руҳиро касали ковид карданд. Аз ин бераҳмии зиёд намешавад. Моҳи июл дар беморхонаи марказии шаҳр ва дар таваллудхона тамоми табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба Ковид-19 гирифтор шуданд.Чандин нафарон аз ин беморӣ мурданд. Мақомот аслан чорае надиданд. Мо  чи хел ин роҳбарҳоро бовар кунем? Фақат давлат ва роҳбари диктатурӣ метавонад халқашро ба гумроҳи андозад ва чунин қир кунад.

Мехоҳем, ки ба як чиз рӯшанӣ андозем. Дар давраи шӯравӣ Исфара як шаҳри саноатӣ буд. Химзавод, ГМЗ -завод, заводи консерва, кони Шӯроб. Имрӯзҳо бо роҳи ғайриқонунӣ ва бо қарорҳои қалбакӣ заводҳои номбаршуда биноҳои маъмурӣ, замини онҳоро ба фурӯш гузоштаанд. Ҳар як сотих ба миқдори 5000 то 8000 доллар фурӯхта истоданд .Оё дар асоси қонунҳои Тоҷикистон мумкин аст заводи калони кимиёвиро тикаву пора карда ба замини назди ҳавлигӣ дод? Заводи консервро қисм- қисм фурӯхтанд, нобуд шуд. Гараж-сарои мошинҳои колхози ба номи Ленинро ҳам ба қисм- қисм замини наздиҳавлигӣ карда фурӯхта истодаанд. Автовокзал ва боғчаи фарҳанги маркази шаҳрро ҳам барои сохтмони баландошёна фурӯхтанд. Дар инҷо ҳоҷӣ Акмалҷон, собиқ корманди прокуратураи Конибодом бино рост карда истодааст. Зулме, ки мақомоти интизомӣ болои мардуми осоиштаи Исфара меоваранд аз зулми Хитой болои мусалмонҳои ӯйғур вазнинтар аст. Милисаҳои Исфара дар ин кор сахт пештозанд. Барои рутба шуда ҷавононро террорист гуфта бурда зиндон карда истодаанд. Барои резултат шуда ҳатто алкашу наркоманҳоро ҳам террорист гуфта бурда маҳкам карда истодаанд.

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд.

Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов  Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник. Баъди инҳо боз милисаҳои бераҳму хунхори наркоман омаданд ба сари мардуми Исфара: Муталиб, Азиз ва подполковник Нуриддинов Низом ва Сафар  ва Боқиев Илёс.

Ва боз муфаттишҳои порахӯри ҳаром:-Дадахонов Мустафо аз ҷамоати Чоркӯҳ, ду зана мебошад ва соли 2016 бо пора дар утоқи кориш ба даст афтод. Доляи калон дода ҷинояти порахориро бо қаллобӣ иваз кард. Дар побег буд,пулро доду омада ҳозир дар гумруки Исфара кор мекунад. Ва дуюм   истиқомат кунандаи ҷамоати Ворух Бобохуҷаев З.С аст ки пеш дар Исфара кор мекард. Ҳозир муфаттиши шӯъбаи тафтишоти РВКДТ дар Вилояти Суғд мебошад. Барои он инҳоро боному насабашон овардем,ки ин ҳаромхурҳои қотиланд,хонаи чандин бегуноҳро сузонидаанд.

Мехоҳем як қиссаи  ҷолиберо  ба шумо нақл кунем. Агар ин милисаву муфаттишҳои зикршуда бе резултат монанд, бузҳои худашонро  фарёд карда ягон одами аз Русия омадаро ёфта болои вай “план” мекашанд:  “ту рафта ҳамон одамро дар  асабаш бозӣ кун,то дараҷае,ки вай туро занад”. Баъди лат хурдан баробар ин буз давида-давида ба пеши мент корманди ВКД  меояд. Аризаро милиса кайҳо навишта мондагӣ. Одами латхӯрдаро беморхона бурда экспертиза карда “заключенни” мегиранд. Боз чанд бузи дигар шоҳидӣ медиҳанд.”Айбдоршаванда” ҳарчи пуле, ки дошт сарф мекунад. Чор тангаи коркардаи ин муҳоҷир ба хонаводааш насиб намекунад. Ба замми ин ҳам найрангҳо ӯро маҳкам мекунанд ва кори ӯ ба тафтишот мегузарад ва навбати муфаттиш сар мешавад. Ин бечораи дар асл беайбро ҳамин хел айб эълон мекунанд, ки одам аз тааҷҷуб шах мешавад. Айбдоршаванда ба  ташхиси экспертизаи Исфара розӣ намешавад ба экспертизаи вилояти меравад, ки ҳақиқатро ёбад. Сад афсӯс,ки аз инҳо бераҳм дар экспертизаи додгоҳии вилоят нишастааст. Як  мутахассиси  ҳаромхӯри дурӯғросткун, ному насбаш Маликшоев  Раҳматшоҳ   ва дуюмаш Муҳаммадиев Анвар. Вай ҳоло кашелоки Анвар сардори экспертизаи судии вилоят аст. Пештар худаш сардори  экспертизаи судии вилоят буд. Аз рӯи маълумотҳо бо пора ба даст афтода буд. Ҳоло дар вазифаи пасттар кор карда гаштааст.

Дуюм қиссаро бароятон нақл мекунем. Ин ҳам қиссаи воқеӣ аст. Як муҳоҷири корӣ дар Русия чор  танга кор карда меояд пеши фарзандонаш. Кадоме аз бузҳо ба милисаҳо “наводка” медиҳанд.  Буз хабар медиҳад, ки ин одам чандин соле дар Русия буд бо пули калон омад. Нақшаи “подстава”ро мекашанд. Гӯё,ки муҳоҷири баргашта қабл аз сафар ба Русия аз ин буз қарз гирифтаву барои қарзаш забонхат ҳам дода будааст. Буз ба милисаҳо арз мекунад, ки қарзашро гирифта наметавонад. Бузи милисаҳо “ҷабрдида”ва одами беайби аз Русия омада мешавад айбдор. Айбдоршаванда медонад, ки ҳамааш туҳмат аст:- аввалан забонхатро айбдоршаванда нанавистааст ва дуюмаш имзои вай нест. Вале ноилоҷ адвокат гирифта худашро ҳимоят мекунад.  Бо машварати адвокат айбдоршаванда талаб мекунад, ки забонхат ташхиси хаттӣ шавад. Муфаттишон забонхатро гуё, ки ба ташхиси  хатшиносӣ мефиристанд ба як муаллима дар ДДТ дар Душанбе. Номаш Ямоқова. З. Гӯё ҳеҷ кас ташхиси хатро    аз Исфара сар карда ҷумҳурӣ мисли ӯ росту дурусту дақиқ анҷом намедодааст. Ва милисаҳои кишвар ба ташхиси ӯ бовар  мекардаанд.

Ва ин муалима дар асл як дурӯғ росткун будааст. Бар асоси хулосаи Ямақова. З муфаттишҳо   айб  эълон мекунанд. Ҳайратовар ин аст ки Ямақова дар ягон  ташхисгоҳи давлатӣ фаъолият  намекунад  ва  ҳақи  хулосадиҳиро аслан надорад. Айбдоршаванда-муҳоҷири омада аз Русия ба ташхиси  Ямақова розӣ  нашуда ташхиси  иловагӣ талаб мекунад. Ин бор ташхисро ба суд экспертизаи  хатшиносии вилоятӣ мефиристанд.Ташхис ҳақиқатро исбот мекунад. Мегӯяд ин хат ва имзои айбдоршаванда нест. Тафтишот қонгеъ намешавад ва ба ташхиси ҷумҳурӣ мефиристад. Аз онҷо ҳам хулоса медиҳанд,ки забонхат бо дастони айбдоршаванда навистагӣ нест ва хулосаи додаи  Ямақова дуруст нест. Аммо тафтишот ин хулосаҳои ниҳодҳои масъули давлатиро сарфи назар ва аз они Ямоқоваро асоси кори худ меҳисобад. Ва,корро давом медиҳад. Ин муҳоҷири кориро гунаҳкор шуморида ба ҳабс мегиранд. Прокуратура бошад тарафи милисаҳоро мегирад. Судя  бошад корҳои ғайриқонунии милисаву прокурорро дуруст ҳисобида ҳукмро  содир мекунад.

Мо-мардуми Исфара бар ин назарем,ки аз ҳамаи инкорҳо Президент имкон надорад,ки хабар надошта бошад ва фарамон ҳам ин аст ки ин беадолатиҳоро вай дастгирӣ мекунад. Ин ҳама ҳолатро мо дар пӯстамон таҷриба карда ба ин хулоса омадем,ки ончики Раҳмонро сулҳовар ва халқпарвар мегӯянд, дурӯғи маҳз аст.

Ончуноне зикр намудем дар Исфара фурӯши замини наздиҳавлигӣ дар авҷ аст. Ба ҳамагон  маълум аст дар Тоҷикистон аз замини обӣ барои участкаи наздиҳавлигӣ ҷудо кардани замин манъ аст. Вале роҳбарони ҳаромхӯр чи корро пеш гирифтанд? Онҳо заминҳои автовокзал автобаза, гаражҳои колхозу совхозҳои пешинаро хусусӣ эълон карда заминҳои ба онҳо тааллуқдоштаро фурӯхтанд. Ҳуҷҷату санад тартиб дода қисм- қисм ба савдо заданд. Раисони ноҳия ва раиси кумитаи  замини Исфара Саидаминзода Сахиюлло гунаҳгорони асосӣ мебошанд. Гаражи совхози собиқи Ленинро, ки дар  маркази шаҳри Исфара ҷойгир аст ва дар бараш комбинати консерв буд ба замини  наздиҳавлигӣ  табдил дода  фурӯхта тамом карданд. Заминҳои гирду  атрофии  заводи кимиёвии Исфараро Абдуваққос барои  пулдорҳои Исфара коттеҷ сохта фурӯхта истодааст. Ҳол он ки ин завод  кор  мекунад,дар асл дар инҷо хонаи истиқоматӣ сохтан мумкин нест. Ин заводи химиявӣ барои  саломати инсон зиёнбор аст.

Исфараро Амирзода Раҳмоналии Боевик талаву тороҷ кард

Пойгоҳи нақлиётӣ ва ё автобазаи Исфараро раиси собиқи Исфара Амирзода  Раҳмоналӣ талаву тороҷ кард ва замини онро ба фурӯхтан сар кард. Дар асл ҳамин Амирзода фурӯши корхонаҳо ва заминҳои онҳоро барои участкаи наздиҳавлигӣ дар Исфара “мӯд” кард.

Амирзода аз  хешу  табор ва ё рафиқи наздики президент ва ҳамяроқи солҳои 1992-97и ӯ буда барои ӯ тамоми кор иҷозат  будаааст. Барои аз байн бурдан ва ё табдили як корхона ва завод қарори махсуси ҳукумат бояд барояд. Вале вақте Амирзода дид,ки роҳи пулкоркунӣ дар фурӯши замини назди  ҳавлигист бо  раиси кумитаи замин Саидаминзода  Сахиюлло ва чанд чоплуси беномус ин “бизнес”-ро ба  роҳ монд. Солҳое,ки  Амирзода раиси Исфара таъйин шуд буд дар  ҳақиқат мардум  ба замини  назди  ҳавлигӣ эҳтиёҷи зиёд доштанд. Аз  номи  халқ ба президент  мактуб  карданд, ки иҷозат диҳад аз  заминҳои ғайрикорам замини наздиҳавлигӣ ҷудо намоянд. Баъди дарёфти иҷозат мардумро  ба ду гурӯҳ тақсим  карданд. Барои гурӯҳи бепул дар зери кӯҳи селфуро яъне дар маҳаллаи Моҳпарӣ, канори роҳи  Хуҷанд-  Исфара замини назди ҳавлигӣ тақсим  карданд. Дар инҷо чизе нест,на об,на свет,на роҳ ,на мактабу мағоза.

Мардуми эҳтиёҷманд  рафтанду хона сохтанду зиндагиро оғоз намуданд. Барои мардуми  пулдор аз заминҳои обӣ, аз ҷумла аз як замини 7гектарӣ ба  фурухтан  сар карданд. Ин заминҳо як қисмаш дар  атрофи ҳукумати  шаҳри Исфара ҷой гиранд  ва  дуюм қисмаш дар паҳлуи мактаби 67 дар роҳи мошингарди  мол бозор.  Ҳар як сотих 5000 доллари тоза ба собиқ раиси шаҳр  Раҳмоналӣ Амирзода дода мешуд. Зеро санади замини наздиҳавлигиро раиси шаҳр имзо мекунад. Миёнаравҳо бошанд  сотихашро 8000 долларӣ мефурӯхтанд. Амирзода аз ин ҳисоб миллионҳо доллар пул кор кард. Яке аз ин миёнаравҳо Шукур ном дорад,ки пеш  дар  бозори  шаҳр ароба мекашид. Баъдан чекчии бозор ва баъдан раиси бозори шаҳри Исфара шуд. Аммо миёнаравӣ мекард.Барои заминфурӯшӣ ба дасти коррупсия афтид ва каме дар СИЗО шишта  баромад. Срок нагирфт. Ҳозир бухгалтери бозори Исфара аст ва боз ҳам миёнараву боз ҳам  замин  фурӯширо давом дода истодааст. Бо наркобизнесҳо сару кор дорад. Вақте Шукур раиси  бозор  буд  мардуми бозорро аз ҷонашон серкарда буд. Айни замон ҳам номаш бухгалтеру дар амал  раиси бозор  мебошад.

Дуюм  миёнарав ҳоҷӣ Абдурасул, хеши Шукур мебошад. Ин ҳоҷӣ як   магазинча дорад дар паҳлуи дарёи Исфара. Шуғли асосиаш наркобизнес  ва дуюм шуғлаш замин  фурӯшӣ. Як вақт ҳоҷӣ  Абдурасул бо Шукур барои пули наркотик ҷанги  калон карданд. Ва ҳато Шукур дар пойи ҳоҷӣ Абдурасул тир зад. Тамоми Тоҷикистон бохабар буд, аммо ҳеҷ гапе нашуд.  Абдурасул як додар дорад бо номи Абдуваққос. Тамоми Исфараро ба дод овардааст. Ҳозир вай    заминҳои корами обиро замини наздиҳавлигӣ карда фурӯхта истода аст. Аҷибаст,ки тамоми  мақомот медонанд, лекин чора  намебинанд. Лақаби Абдуваққос кашелёк аст. Кадом,роҳбаре, ки  ба Исфара барои кор ояд хоҳ амният,ё сардори милиса ва ё ки прокурор ё суд ва ё ҳатто ҳоким   аввал Абдулваққос пешвоз гирифта бо ҷои хобу мошин таъмин ва камбудиҳояшонро бартараф мекунад. Тамоми  мақомоти  Исфара дар назди Абдуваққос забонкӯтоҳанд. Барои  ҳамин бовари мардум ба Абдуваққос зиёд аст. Абдурасул ва Абдуваққос  ин  ду  акаву  додар гурӯҳи худро доранд. Зиёда аз 200 нафар бачаҳои варзишгарро парвариш карда дар гирду атрофашон барои рӯзи мабодо ҳамчун разборчик нигоҳ медоранд. Агар акаву додарро касе гуш накунанд, онҳо рафта бо зӯрӣ коро ҳал мекунанд. Ин корро милисаҳо огоҳанд, лекин ягон чора  намебинанд.

Дар Исфара барои мардони то 50 сола бо риш гаштан мумкин нест. Агар бо риш ба даст афтодӣ   бо  осонӣ  халос намешавӣ. Ё пули калон ё террорист мешавию маҳкамат мекунанд. Барои ба чашми мардум хок пошидан ва инки риштарошӣ дар Исфара вуҷуд надорад милиса ва амният бо  Абдурасул  ва Абдуваққос  договор  доранд. Фақат ба аъзои шайкаи инҳо иҷозати  риши  калон  монда гаштан. Ҷойи ҷамъомаду нишасти онҳо, ҳамин 200 варзишкор дар магазини Абдуваққос дар лаби дарё ва  пеши  бозори Исфара аст. Ришдорҳои “показуха” ҳаминҷо ҷамъ мешаванд. Мо  зидди риш нестем,мо зидди ҳаминхел бузҳо ҳастем, ки барои манфиати худ шуда халқи худро ва  мардуми диёри  худро фиреб ва подстава карда гаштаанд. Мардум онҳоро мешиносанд ва ҳамроҳашон баҳс намекунанд, балки аз онҳо парҳез мекунанд. Вагарна чаро риши як мулло ва муллобачаро хушк метарошанд, аммо аз онҳоро чизе намегӯянд?  Мехоҳем тариқи телевизиони Ислоҳ.нет ба мардуми Исфара расонем, нафароне, ки аз Шукуру Абдурасул ва Абдуваққос замини назди ҳавлигӣ  харидаанд, ҳамааш ғайриқонунӣ аст. Ҳатто  қарорҳои назди ҳавлигиатон ва сертификати заминатон қалбакианд. Рӯзе нашавад, ки ҳам  аз пул ва ҳам аз замин сӯзед. Аз ин кормандони кумитаи  замини  Исфара хуб бохабаранд ва дар заминфурӯшӣ шариканд.   Раиси кумитаи замин Саидаминзода Сахиюлло як  гурги борондида аст. Инҷо мехоҳам як  хиёнати сахти Абдурасулро, ки ба мардум ва ба давлати Тоҷикистон кардааст ошкор созам, то мардуми мо бохабар шаванд. Соли 2007 Абдурасул яке аз корхонаҳои шаҳри Исфараро талаву тороҷ карда ва тепловози локомотиви ин корхонаро ба давлати ҳамсоя — Узбакистон фурӯхт. 600 ҳазор доллари амрикоӣ. Тамоми мақомоти қудратии Исфара то ҷумҳурӣ бохабар буданд ва доляи худро гирифта сокит шуданд.

Дар давраи раисии Амирзода Раҳмоналӣ тамоми  мардуми Исфара ба дод омад. Вай бо баҳонаи сафари Президент ба Исфара тамоми соҳибкоронро ба дод  овард. Баъзе аз ин соҳибкорони қарздоршуда тарки ватан  карданд ва то ҳозир аз қарз соф нашудаанд. Ҳарому ҳалол стадионро президент кушода дод. Гӯё ин майдони варзиширо бо маблағи бюҷет обод карда бошад: 3 миллион сомонӣ. Ин ҳаҷми маблағро президент ба ҳангоми лентабурӣ гуфт. Аммо савол ин аст ки    ин  3 миллион сомонӣ ба кисаи кӣ рафта  бошад. Ҳол он ин майдон аз санги аввал то охирин мехаш бо пули соҳибкорон  ва халқи Исфара сохта шуд. Маҳалла ба маҳалла аз  мардум бо зӯрӣ пул ҷамъ карда  доданд. Агар ягон кас гуфт,ки надорам тавассути милисаҳо аз ӯ маблағро кашида гирифтанд.

Ин майдони варзишӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.Як ҳафта қабл аз омадани Раҳмон қисми он фуру рафт ва дунафар  зери битон монда  мурданд.

Барои сохтмони он милисаҳо аз мардикорбозор одамҳоро зада-зад оварда бепул кор мефармуданд. Дар кӯчаҳои шаҳр рейд гузаронида ҳар касе ба чангашон мехӯрд оварда маҷбурӣ кор мефармуданд, бе  пул. Болои сари мардум меистоданд, ки нагурезанд. Ошхонаҳову мағозаҳоро маҷбур мекарданд, ки барои онҳо хуроки бепул диҳанд. Мардуми бечора 3 смена гушнаю ташна ва бе пул кор мекарданд.Гоҳо одамҳо хешу таборҳоро гум карда омада аз ин майдон меёфтанд. Ин стадион не, як конслагер буд барои  мардуми Исфара ва ба меҳмонони он.

Вақте Раҳмонов Исфара омад аввал маҳаллаи  навбунёди Моҳпарӣ  дар роҳи  Хуҷанд-  Исфара минтақаи селфурои санглохи  зери куҳро кушод. Ҳамон рӯз барои ин маҳала як канали калон  барои  оби  полезӣ низ кушоданд. Дарозии он 30 км мебошад. 200 метрашро симент  рехта  ва 100 метри дигарашро селофан кашида дарвозаҳо сохтанд —  барои обро нигоҳ доштан. Ҳамон рӯзе, ки  президент омад  Раҳмоналӣ Амирзода  супориш дод, ки каналро бо мошини  обкаш пур кунанд.Ва ин мошинҳои обкаш  шаб то саҳар,то омадани президент 300 метри каналро пури об карданд ва саҳараш президент омада гӯё ки канали ободу обдорро барои мардуми маҳаллаи  навбунёд  кушода дод. Мебоист президент дар ин маҳаллаи навбунёд суханронӣ  мекард ва яке аз дарғотҳоро мекушод, то об ба замини полезӣ мерафт. Президент ду дарғотро  кушода дод. Оби  канал роҳеро,ки барои  омадани  ҷанобашон  рост карда буданд канда шуда вайрон кард. Азбаски кушодани дарғотҳо шояд дар нақша набуд,ки чунин “чп” шуд ва оби канали бо мошинҳо обпош овардашуда зуд кам шудан гирифт.Инҳо ҳаросону нигарон ва саросемавор ҷанобашонро гирфта  гурехтанд,то зери об намонад. Мо ин ҳама маълумотҳои воқеиро барои он расонаӣ карда истодаем,ки мардуми Тоҷикистон фаҳмад, ки ин президент не, як  лухтакчаи роҳбарони  шаҳру ноҳияҳо шудааст. Ҳар гоҳ гузоратон ба Исфара афтод аввал ин канали таърифиро бинед, баъд стадионро. Пеш аз омадан каналро дидан баромади Раҳмонов дар Исфара,метавонед навори соли 2013-ро ёфта бинед,ки ин канал ва ин стадион дар сёмка чи хел асту ҳоло чи вазъ доранд?

Як чизи дигарро бароятон нақл кунем,ки Раҳмоналӣ Амирзода (яке аз ёрони фронтихалқии Эмомалӣ Раҳмон аст) дар Исфара ёру бародар ва шарикони  ҷонӣ зиёд ёфт. Аз ҳамаи онҳо пулу  молу  маҳсулот ва маводи сохтмонӣ қарз гирифта баъдан ҳамаи ин  ёру бародарони ҷониашро кидат карда рафт ба Душанбе. Ин ёрони ҷонӣ бо  дилипур пеши Амирзода ноҳия  Ваҳдат барои гирифтани қарзҳояшон мераванд.Амирзода ба ин шарикони Исфаргиаш гуфта аст,ки ҳа гуфта барои пул пеши ман набиёед.Рафта пулҳоятонро аз ҳамон  стадион ва канали Моҳпарӣ талаб кунед. Ман пулу чизҳои шуморо ба ҳамонҷо  сарф кардам,ватани шуморо обод карда додам. Хулласи калом президент таърифи зиёд кард,ки Амирзодадар 30 км канал сохт бо пули бюҷети мамлакат.Аввал инки пули бюҷет харҷ нашудааст ва агар харҷ ҳам шуд ба кисаи Амирзода ва шоядам ба кисаи худи президент.Аммо имрӯз мардуми Исфара на канал, не об ва на майдони варзишӣ дорад. Аммо Амирзода Раҳмоналӣ  дар  ноҳия Ваҳдат айни кораш дар Исфараро давом дода истодааст.

Поёни қисмати аввал,давом дорад ва мумкин аст Исфара чанд қисмат шавад.Агар шумо ҳам сокинони Исфараи бостонӣ ҷиноятҳои мақомдорони ноҳияро шоҳид ҳастед нотарсида ба Ислоҳ нависед,то мо  он ҳамаро пас аз таҳқиқ расонаӣ кунем.

Ps: Аз хонандагони гиромӣ як хоҳиш дорем.Шахсоне дар матлаб номҳояшон вуҷуд дорад ва минтақаҳое дар матлаб аз онҳо ном гирифта шудааст,ба унвони Ислоҳ аксҳо ва наворҳо фиристед,то дар навор аз онҳо истифода намоем ва ҷинояткоронро ба мардум хубтар муаррифӣ намоему минтақаҳои номбурда барои ҳама маълум гарданд.

Сообщение Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард появились сначала на ISLOH.net.

Ифшои қатли муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода,баъди 25 сол
Фатҳуллохон Шарифзода,муфтии Тоҷикистон дар солҳои (1993–1996) чи гуна ва дар чи шароите кушта шуд? Эмомалӣ Раҳмонов дар маҳви ҷисмонии ин домуллои муътабар чи нақш дошт ва чаро ӯро кушт?

Фатҳуллохон Шарифзода, фарзанди калонии домулло Шарифи ҳисорӣ, рӯҳонии маъруф дар  водии Ҳисору Душанбе ва навоҳии атрофи он буда дар Сариосиёву Бойсуни Ӯзбакистон низ  мурид ва дӯстдору мухлисони зиёд доштааст. Домулло Шариф, хатмкардаи мадрасаи Бухоро ва шарикдарсу рафиқ ва ҳамнишини домулло Садридин Айнии бухороӣ будааст. Домулло Садриддин Айнӣ,солҳое,ки дар Душанбе зиндагӣ ихтиёр кард, гаҳ-гоҳе ба хонаи ҳамсабақ ва рафиқи даврони мадрасаияш ба Ҳисор меомад. Аз баракат ва файзи донишу саводи домулло Шариф фарзандонаш ва бахусус Фатҳуллохон баҳраи зиёде бардошта ба унвони як олим ва донишманди исломӣ  соҳиби иззат ва ҷойгоҳи баланд шуда буд. Аз ин ҷост ки то ба имрӯз фарзандони хонаводаи домулло Шариф миёни мардуми водии Ҳисор иззат ва обрӯи хос доранд ва ҳамин ҳоло ҳам ба иёдат ва зиёрати аъзои ин хонавода меоянд ва худро муриду мухлис мешуморанд.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум нисфе аз мардуми Ҳисор тарафдори Фронти халқӣ шуданд. Тарафдори ба истилоҳи он рӯзҳо «юрчикҳо». «Юрчикҳо»- юрийҳо-юраҳо,онҳоеро мегуфтанд,ки муқобили истиқлолияти давлатӣ,муқобили дини ислом,муқобили ҷудо шудани Тоҷикистон аз СССР,ки аллакай барҳам хӯрда буд, муқобили хатту забони порсӣ, муқобили ҳаракатҳои милливу мардумӣ буда барқарории СССР ва зери юғи аҷнабиҳо нигоҳ доштани давлат ва миллати тоҷикро ҳадаф қарор дода буданд. Воқеият ин аст ки онҳо ба ҳадафи худ расиданд ва то ба имрӯз ҳам дунболи ҳамин ҳадафи худ мебошанд. Онҳо,ки дар ташкилоти Фронти халқӣ гирдиҳам омада буданд, аз тарафи Русия ва Узбакистон бо силоҳ таъмин мешуданд, то як қисми сокинони бумии Тоҷикистонро,ки “вовчик” ном ниҳода буданд, бикушанд.Ва Фронти халқӣ ҳамин корро кард.

Дар ҷараёни ин ҷанг ва баъди пирӯзии «юрчикҳо», ончуноне дар маҳалли ташкил ва бурузи Фронти халқӣ ҳар кӣ намозхон буд «вовчик» гуфта куштанд, дар водии Ҳисор низ ҳар намозхонеро бо айни ҳамин иттиҳом ва низ аз рӯи мансубият ба маҳалли алоҳида ва бахусус аз рӯи нишони мӯилаб ва тоқиаш ту «вовчик» гуфта куштанд. Аз дасти Фронти халқӣ хеле бачаҳои сумдор, номдор, паҳлавон ба баҳонаи зидди Фронти халқӣ будан ба шаҳодат расиданд.

Барои ишғоли Душанбе ва навоҳии атрофи он бо танку тӯпи Узбакистон ва чуноне Алесандр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус гуфт Раҳмонов дар сари китф пулемёт ворид шуданд. Мардуми Ҳисор ба Эмомалӣ Раҳмонов ва Сангак Сафаров барои ишғоли Душанбе сахт хизмат кардаанд.

Баъди онки ҳукумат дар ихтиёри Фронти халқӣ гузашт ва давраи тақсими вазифаҳо расид,ин хизматҳои ҳисориҳоро дар аввал қадр карданд. Ба қумандонҳои ҳисорӣ:-Ибод Бойматов, Ҳабиб Насруллоев, Малик Солеҳов ва Субҳон вазифаҳои равғанӣ дода шуд. Ба Ҷамолиддин Мансуров, раиси Ҳисор ва фармондеҳи аршади «боевик»-ҳои ҳисорӣ як каме пас курсии раисии Душанберо доданд.

Фарзандони домулло Шариф:- Фатҳуллохон Шарифзода, қорӣ Сунатуло ва Сайфуллохон, дар он солҳо силоҳ нагирифтанд, ҷанг накардаанд, яъне бетарафӣ интихоб карда буданд. Он замон «юрчикҳо»-намояндаҳои Фронти халқӣ ба онҳо нарасиданд, чунки мардуми водӣ онҳоро бисёр дӯст медоштанд. Барои таъсири худро дар Душанбе бештар кардан Ҷамолиддин Мансуров, Субҳон-қумандон ва бародараш Луқмон номзадии писари калонии домулло Шариф-Фатҳуллохонро ба мансаби қозии ҷумҳурӣ,ба ҷойи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод карданд. Раҳмонов розӣ шуд. Вале,гарчанде худи домулло Фатҳуллохон Шарифзода розӣ набуд, ӯро маҷбуран бурда муфтии Тоҷикистон эълон карданд. Бо ин васила мехостанд,ки мардуми Ҳисорро дар гирди Раҳмонов ва Фронти халқӣ ҷамъ кунанд. Он замон Фатҳуллохон Шарифзода,сархатиби ноҳияи Ҳисор буд. Ҳамин тариқ аз соли 1993 то соли 1996,то замони кушта шудан домулло Фатҳулло муфтии Тоҷикистон буданд.

Дар он солҳо ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар бошиддат идома дошт. Давлатҳои Русияву Эрон, Покистону Узбакистону Афғонистону Қазоқистон Раҳмоновро маҷбур мекарданд, ки бо мухолифини мусаллаҳаш сари мизи гуфтушунид нишаста оштӣ кунад, то ки ҷанг қатъ гардад. Аммо Раҳмонов ва ҳукуматаш оштиро намехостанд ва барояшон баҳонаҳо лозим буд,ки ҷанг идома ёбад.

Раҳмонов якҷо бо мақомоти амниятиаш барои онки гуфтушуниди сулҳро ба бунбаст бикашонад ва аслан аз байн барад тасмим мегирад, ки муфтии мусалмонҳоро қурбонӣ карда ва онро бори дӯши мухолифин кунад. То ба ин васила ҳам давлатҳои зинафъи гуфтушунид ва мусолаҳа аз кори сулҳу оштӣ даст бикашанду дилсард шаванд ва ҳам мардуми Тоҷикистон. Ва,махсусан мардуми водии Ҳисорро зидди мухолифин шӯронанд. Ҳамин тавр муфтиро куштанд. Мақсад,чуноне гуфтам, давлатҳои кафил Раҳмоновро барои дастёбӣ ба сулҳ водор насозанд ва ҳамзамон дар чашми мардум мухолифинро бадном созанд.

Ҷузъиёти Қатли ваҳшиёнаи Муфтӣ

23 юми январи соли 1996, дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон, соати 00.30 як гурӯҳ аз ходимони Кумитаи амнияти миллӣ, ки дар Фронти халқӣ ҳам ҷангида дар рехтани хуни инсон малакаи комил доштанд, айни зимистони қаҳратун,ки заминро як ваҷаб барф пӯшида буд, ба манзили зисти Фатҳуллохон Шарифзода дар деҳаи Латтахораки ҷамоати Қипчоқи Ҳисор дар дараи Алмосӣ зада даромаданд. Аз қазо бо Ҳабибуллохони писари хурдии муфтӣ, ки барои ҳоҷоте баромада ва ҳоло дар саҳни ҳавлӣ қарор дошт, рӯбарӯ мешаванд. Агар ӯро мепаррониданд шояд ҳама бедор мешуд ва қотилони кирошуда ба нақша ва ҳадафашон намерасиданд. Барои ҳамин ӯро дар як они воҳид ба замин афканда дасту пойҳо ва даҳонашро мебанданд,то ки садое аз ӯ дарнаояд. Ӯро дар ҳамин ҳолат даруни мошини УАЗ,ки дар як самти ҳавлӣ меистод, афканда рӯяшро мепӯшанд. Қотилон ба ду гурӯҳ тақсим шуда як гурӯҳ дохили хонаи хоби муфтӣ медароянд ва гурӯҳи дигар ба хонае, ки фарзандони ӯ хобанд, ворид мешаванд. Дар он шаби мудҳиш қотилони амниятӣ, нафарони аз ҷонии Раҳмонов дастургирифта муфтии Тоҷикистон Фатҳуллохон Шарифзода ва 4 узви дигари хонавода-ҳамсари муфтӣ, Қудратуллои писараш, келинаш,як набераву 2 шогираш,ки якеаш аз Узбакистон буд ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Ҷамъулҷамъ 7 нафар, 5 узви хонаводаи муфтӣ ва ду шогирди ӯро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Дар ин муддат, ки садои тир баланд шуда буд, Ҳабибуллохони писари муфтӣ,бо хости худо гиреҳи дасту пояшро кушода аз мошин мефарояд ва ба тамоми суръат ба самти коҳдон фирор карда худро зери коҳ пинҳон месозад.

Садои тир мардуми деҳаро ба по мехезонад ва онҳо ба тарафи хонаи муфтӣ меоянд. То омадани онҳо,ки аллакай қотилон кори худро ба анҷом расонида тарки маҳалли амалиёт карда буданд ва ҳавлиро сукути мутлақ фаро гирифта буд, Ҳабибуллохон худро бехатар ҳисобида аз таги коҳ берун меояд. Ҳанӯз чашми рӯз накафида, дар субҳи барвақт,ки ҳатто хешу ақрабо хабар наёфта буданд,худи президент Эмомалӣ Раҳмонов соати 4 уними субҳ бо як ҳайат аз кормандони телевизион ва журналистон меояд ба манзили муфтии шаҳидшуда. Дар назди 7 тан аз аҷсоди беҷон бо шумули ҷасади муфтӣ дар баробари камераи телевизион истода, бидуни онки ҳанӯз кадом ниҳоду мақомоти тафтишотие, ҳатто фарзия пешниҳод кунад, эълон мекунад, ки ин кори дасти мухолифин аст. Хуб диққат диҳед ба ин ҳодиса ва аз макрҳои Раҳмонови қотил хуб огоҳ гардед. Мегӯяд,ки онҳоро дар Эрону Покистону Афғонистон омода карда фиристодаанд ва ҳоло бубинед, ки ба чи корҳо машғуланд. Вале боз шумо мегӯед, ки мо бо ин террористҳо сари миз нишаста гуфтугӯ кунем. Ман бо ин террористҳо,ки дар шаби аввали моҳи Рамазон муфтии мусулмонҳоро куштанд,чи тавр сари як миз нишинам? Чи хеле гуфтам Раҳмонов,ки имрӯз “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ба худ унвон додааст бо ин амали ноҷавонмардонааш мехост раванди гуфтушунидро қатъ кунад ва давлатҳои хориҷӣ кӯмакаш кунанд, ки ҳамаи мухолифинро кушта несту нобуд кунад.

Бечора муфтӣ ва фарзандони ӯро худи Эмомалӣ Раҳмонов ба куштан дод. Аммо чаро маҳз муфтиро ҳадаф қарор дод? Дар ин бора каме пойинтар хоҳам гуфт.

Бастани дасту пойи Ҳабибуллохон ба хотири он буд,ки аввал кори муфтиро тамом карда сипас ӯро ҳам бикушанд. Зеро дар ҳеҷ ҳолат шоҳид гузоштанӣ набуданд. Аммо чи хеле гуфтем, бо хосту мадади Худо ӯ тавонист аз чанги онҳо фирор кунад. Ҳабибуллохон тӯли як моҳи пас аз куштори падар шабу рӯзи худро дар утоқҳои кормандони амният гузаронд. Вайро бо тамоми усулу тактикаҳо пурсида хостанд бифаҳманд, ки ӯ нафарони ҳамлакарда ба манзили эшон-қотилони падар ва аъзои хонаводаи ӯро мешиносад ё не? Вале ӯ мегӯяд,ки торик буд,касеро надидам ва нашинохтам. Агар ӯ баракси инро мегуфт ва мегуфт,ки бинам мешиносам, ӯро бо ягон баҳона дар ҳамон вақт мекуштанд. Ҳабибуллохон зиракиро кор бурда мегӯяд тамоман надидам ва намешиносам.

Ба дунболи изҳороти Раҳмонов роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик бо як баёнияи расмӣ куштори муфтиро шадидан маҳкум кард. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, роҳбари ҳайати музокиротии ИНОТ аз Пешовари Покисон,ки он шабу рӯзҳо дар Покистон қарор дошт ба расонаҳо гуфт,ки ҳадафи ин амали террористӣ қатъи гуфтушунид ва аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст. Вай гуфт, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон на як бору ду бор бо муфтӣ дидору мулоқот доштааст ва муносибати миёни онҳо хуб буд: ”Ҳеҷ як мусалмони ҳақиқӣ даст  ба сӯи як раҳбари рӯҳонӣ баланд намекунад. Гузашта аз ин ӯ ҷонибдори мо буд”. Оё дар воқеъ муфти Фатҳуллохон Шарифзода ҷонибдори нерӯҳои мухолифин буд? Ва,чаро устод Тураҷонзода ӯро “ҷонибдори мо” гуфт?

То онҷое маълумот дорем Фатҳуллохон Шарифзода ва падари марҳуми ӯ домулло Шариф ва хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо солҳи тӯлонӣ миёни ҳам робита ва дӯстӣ доштаанд. Ҳанӯз қабл аз онки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,қозии Тоҷикистон интихоб ва Фатҳуллохон Шарифзода сархатиби Ҳисор бошад иртиботу равуо миёни ин ду хонводаи рӯҳониёни барҷастаи кишвар вуҷуд доштааст. Дар натиҷаи ҳамин шинохти хонаводаист,ки Фатҳуллохон Шарифзода дар соли 1989 бо мусоидат ва дастгирии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки қозии Тоҷикистон буд ба вазифаи сархатибии Ҳисор таъин гашта буд. Раҳмонов ва дастгоҳи амниятии ӯ баъди чанде аз ин робитаи хонаводаи рӯҳониёни маъруф пай бурда нисбати муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода  машкук ва нобовар мешавад. Гуфта мешавад, ки сабаб ва мояи бадбинӣ ва мавриди ҳадаф қарор гирифтани ӯ аз тарафи Раҳмонов ҳамин иртибот ва алоқаву ихлоси ӯ бо Тӯраҷонзода будааст. Барои онки шубҳа ва гумонҳои худро рафъ ва садоқати муфтиро нисбати худ ташхис бидиҳад аз ӯ мехоҳад,ки тавассути радиову телевизион алайҳи Тӯраҷонзода ва ИНОТ бадгӯӣ кунад. Аммо Фатҳуллохон Шарифзода ҳар бор ин дастур ва хостаи Раҳмоновро бо ҳар баҳонае иҷро намекунад. Баракс дар бархе аз маҳфилҳо иқдомоти ҳардуҷониб дар мавриди сулҳу оштиро ситоиш ва талқин карда ҳарчи зудтар бозгардонидани онҳо аз хориҷаро ҷонибдорӣ мекунад. Ин ҳарфҳои ӯро суханчинҳо бо иловаву изофаҳои пур аз тӯҳмат бурда мерасонад ва ба назари Раҳмонов ӯ нафари ҷонибдори ИНОТ ва Тӯраҷонзода менамояд.

Раҳмонов,ки бе ин ҳам бо ислому муллову руҳоният мушкил дошт ва ҳеҷ гоҳ намехост як рӯҳонии муътабар ва маъруф соҳиби вазифа ва мансаб бошад. Иллати дигари қатли Муфтӣ инҳам метавонад бошад ва Раҳмонов  дигар тасмими маҳви ҷисмонии муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзодаро гирифт. Зеро дар он шароит ва авзоъ,ки ҳукуматаш дар сари қил истода на танҳо навоҳии вилояти Суғдро амвоҷи зидди раҳмоновӣ ва зидди кадрҳои фиристодаи ӯ фаро гирифта буд,балки дар водии Ҳисор ҳам хезишҳо ва тазоҳуроти мардумӣ ва норизоияти қумандонҳо дар авҷ буд, наметавонист ошкоро ӯро аз мақом бигирад. Вай пуштибонии ҳисориҳоро ҳам он замон аз даст дода буд. Аммо вай муфтиро маҳв кардан мехост. Барои ҳамин як пайту вақти муносиб мекофт то аз ӯ халос шавад. Дар ҳамон суханронии телевизиониаш бо тӯҳмату бӯҳтон дақиқан он кореро ки ҳоло мекунад ба мухолифони сиёсияш, куштори муфтиро бори дӯши онҳое кард,ки “дар кишварҳои исломӣ омода ва маблағгузорӣ” шудаанд. Ин изҳорот,чуноне мебинем як тӯҳмати маҳз буд. Аммо куштори муфтӣ танҳо ҳодисаи қатли шахсиятҳои муътабари кишвар набуд,ки тавассути Эмомалӣ Раҳмонов ва қотилони ӯ иттифоқ афтода бошад.

Аввалин кушторе,ки ин гурӯҳ ҳанӯз ҳукуматро нагирифта анҷом дода буд,куштори Муродулло Шералиев,депутати Шӯрои олии Тоҷикистон ва сардабири нашрияи “Садои мардум” буд, ки дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои олӣ ва дар айни авҷи тазоҳуроти ташкилдодаи Сангак Сафаров кушта гардид. Қотили ӯ як ходими умури дохила буд,ки баъдан чандин сол дар ҳайати муҳофизони Эмомалӣ Раҳмонов кор кард. Вай бояд Сафаралӣ Кенҷаевро мекушт. Аммо Муродулло Шералиевро ба ӯ иштибоҳ гирифта куштанд. Аммо баъдан Сафаралӣ Кенҷаевро, ки дигар ба мухолифи сарсахти Раҳмонов табдил шуда буд, куштанд ва бори дигарҳо карданд. Ҳамин тавр:

Минҳоҷ Ғуломов,

Юсуфҷон Исҳоқӣ,

Моёншо Назаршоев,

Мунавваршо Назриев,

Мухаммад Осимӣ,

Сайф Раҳимзода,

Отахон Латифӣ

Мухиддин Олимпур

Инчунин ва садҳо  афроди маъруфи  дигарро Раҳмонов ва ҷаллодони тоҷиккуши ӯ ба шаҳодат расонида бори дӯши мухолифин карданд. Барои мисол ҷаҳонпаҳлавон Мӯсо Исоеви масчоиро Файзалӣ Сайид бо холӣ карлани як ҷаъбат тир ба шаҳодат расонд ва ё инки овозхон Кароматулло Қурбонро Восит ном боевики Фронти халқӣ кушт ва ҳамин тавр Виктор Никулин-хабарнигори ОРТ-ро Лангарӣ Лангариев дар ағбаи Чормағзак ба қатл расонд.Қотили Сайф Раҳимзода,нависанда ва раиси Кумитаи радио ва телевизион боздошт ва ҳукми қатл гирифт. Маълум шуд,ки яке аз ҷангиёни Фронти халқӣ ва ҷияни вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон будааст. Ҳамин тавр беш аз даҳҳо сиёсатмадору масъулони вазоратҳо ва 70 журналисту адиб ба шумули Охонлаъл Оламов, вазири нақлиёт,Пиримқул Сатторӣ, Филолишои Хилватшо,Хушбахт Муборакшоев, Шарифамоҳи Кишвардухт, Қулмаҳмад Абулҳуесейнов, Ҷамшед Давлатмадов , Файзуллоев Таваккалро ҷаллодони Фронти халқӣ танҳо ба хотири помирӣ ва ғармӣ  ва тарафдори мухолифин буданашон кушта бори дӯши мухолифин карданд. Ҳатто куштори Тағайхон Шукуров, Сияршо Шоев, депутати Шӯрои олӣ ва бародари ӯ Сайидшоро,ки Хӯҷа -командир,як калабури манфури Фронти халққӣ кушта буд мисли дигар кушторҳо бори дӯши мухолифин карданд. Аммо ҳақиқат дер ва ё зуд ошкор ва қотили асосӣ маълум мешавад. Хуб фаҳмидем,ки қотили асосии фарзандони баруманди ин миллат Эмомалӣ Раҳмонов ва дастаи ҷиноятпешаи ӯ буданд ва то имрӯз ҳам ин қатлу кушторҳо ва фишорҳо дар кишвар идома доранд.

Қотилони Муфтӣ бо ҷурми дигаре боздошт мегарданд

Баъди чаҳор ва ё панҷ моҳи ҳодисаи куштори муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода як гурӯҳи ҷинояткорро барои як куштори дигар дар Ҳисор дастгир карданд, ки дар гузашта аъзои Фронти халқӣ будаанд. Вақте онҳоро дар шӯъбаи милисаи Ҳисор маҳкам мекунанд, як нафари онҳо мегӯяд,ки ҳақ надоред маро маҳкам кунед. Ман корманди амният ва  узви Фронти халқӣ. Ӯ мегӯяд, ки агар маро раҳо накунед, рози куштори муфтиро ба ҳама мегӯям ва мегӯям,ки бо фармони шумо муфтӣ ва хонаводаашро куштем.Аз ин изҳори назар ва суханони нафари дастгиршуда дар шӯъбаи милисаи Ҳисор кормандони зиёде бохабар мешаванд.Дар ҳама ҷо овоза паҳн мешавад,ки қотилони муфтиро боздошт кардаанд. Онҳо ҳоло дар таҳхонаи шӯъбаи милисаҳои Ҳисор маҳкаманд.Пас аз 2 ва ё 3 рӯз таҳхонаи милисаи Ҳисор метаркад. Маълум мешавад,ки дар дохили шӯъбаи умури дохила бо норинҷак кафонда мекушанд. Аммо тавзеҳ медиҳанд,ки худашро бо граната кафонда худкушӣ кард.

Як нуктаро инҷо мехоҳам тавзеҳ диҳам,то барои хонанда фаҳмотар шавад. Субҳон раиси милесаи ноҳияи Ҳисор буд ва ӯ аз муридон ё дӯстдорони Муфтӣ буд.Қабл аз ҳашт нуҳ моҳ барои инки амалиёте мегузаронанд онро халалдор накунанд.Субҳонро ба ноҳияи Рудакӣ раиси милеса таъин мекунанд. Аммо дар ноҳияи Ҳисор  Ҳабиб Маҷидро аз ноҳияи Рудакӣ оварда дар ноҳияи Ҳисор таъин мекунанд,ки ӯ аз муридони Муфтӣ набуд ва барояш аслан муҳим набуд.Он солҳо Ҳабиб Маҷид подполковник буд ва пас аз ин ҳодиса ӯ ба дигар мақомҳои баланд кор карда аст ва ба рутбаи генералиҳам расид ва ҳоло нафақахур ва ё генерали мустаъфӣ мебошад. Агар хоҳед ҳодисаи кафидани гранат дар тагхонаи милесаи Ҳисор фаҳмед метавонед аз генерал Ҳабиб Маҷид пурсед. Агар натарсад бароятон ин ҳодисаро нақл мекунад ва он вақт мефаҳмед,ки фармони қатли Муфтиро худи Эмомалӣ Раҳмонов содир кардааст.

Мардуми Ҳисор то ба ҳол ин ҳодисаи ғайримуқаррариро аз ёд набаровардаанд.Аммо он замон чизе гуфта намешуд.Чи тавр як қотил даруни ИВС-таҳхонаи милиса худро метарконад? Ва,он ҳам баъди се рӯзи дастгиршавӣ? Ӯ аз куҷо граната дастрас кард, кӣ ба ӯ онро расонд ва чи тавр? Дақиқан ҷаноби Ҳабиб Маҷид фармон гирифт ва он қотилонро бе мурофиа кушт,то сир ифшо нашавад.

Дар асл ӯ як боевики номдори Фронти халқӣ буд ва дар амният кор мекард.То ҳамин имрӯз ин ҷиноят нокушода боқӣ мондааст.

Писари Муфтӣ амниятии қотили падаршро пайдо мекунад вале…

Аммо гардиши  рӯзгорро бубинед,ки пас аз солҳои зиёд Ҳабибуллохон писари муфтӣ бо нафаре,ки дасту пояшро баста даруни УАЗ афканда ва яке аз қотилони падараш буд, рӯбарӯ мезанад. Ӯро мешиносад ва чанд гоҳе аз паяш мегардад. Маълум мекунад, ки ӯ корманди Кумитаи амнияти миллӣ аст.

Ӯ рафта ба амният хабар медиҳад, ки ҳамин корманди шумо қотили падари ман аст. Моҷароро аз аввал то ба охир қисса мекунад. Кормандони амният бо ӯ баҳсу даъво мекунанд ва ӯро мегиранду дар таҳхонаи амният маҳкам мекунанд. Пас,аз чанд рӯз бо таҳдиду фишор ва гирифтани забонхат,ки агар дар ҷое аз ин боб сӯҳбат кунӣ, зинда намегузорем, раҳояш мекунанд. Ҳабибуллохон баъди ин ҳодиса дар дохили кишвар пинҳонӣ мегашт. Ҳеҷ кас намедонист,ки ӯ куҷост. Кам-кам шабона ба хонааш ба дараи Алмосӣ меомаду бас. Вақте ӯ вориди хона мешуд, ки ҳама хуфтаанд. Вале, дар ҳар сурат то ба охир пинҳон намонд ва овоза ба берун баромада ба гӯши кормандони амният расид. Аз соли 2016 Ҳабибуллохон беному нишон шуд,нопадид гашт. Ҳарчанд аҳли хонаводааш ба ҷустуҷӯяш баромада хеле кофтанд, нишонеро ҳам ба даст наоварданд.  Дар соли 2019 кормандони милисаи Ҳисор хонаводаи ӯро даъват карда ва чанд пора аз устухонҳоеро   медиҳанд ва мегӯянд, ки дигар накобед ӯ дар фалон ҷо аз маводди мухаддир мурдааст. Аҳли хонавода устухонҳоро гӯр мекунанд. Хонандаи гиромӣ ҷиноятҳои Раҳмоновро дида истодед,ки читавр ваҳшиёна ва нобахшуданист?

Нақли Ҳабибуллохон ва шинохтани қотили падараш

Ҳабибуллохон вақтеҳое ки паноҳиву баҷоӣ зиндагӣ мекард, боре ба амӯяш-бародари хурдии падараш моҷарои чи тавр шинохтани қотили падар ва пайи ӯро гирифтану рафтан ба Кумитаи амният ва ариза кардану ба мақомоти амниятӣ нишон долан, ки фалон корманди шумо падарамро дар соли 1996 кушт ва ӯро ман шинохтам ва сипас қариб як моҳ дар таҳхонаи амният маҳкам шуданашро қисса мекунад. Вай мегӯяд,ки ӯро бо шарти нигоҳ доштани ин асрор ҷавоб доданд вале қалбу ҷонаш алов дорад, намедонад чи кор бикунад?

Ҳоҷӣ Сайфуллохон,писари хурдии домулло Шарифи ҳисорӣ ва амаки Ҳабибуллохон бисёр ҳам як шахсияти бообрӯ ва соҳибкори номдор буд дар Ҳисор. Вай ин масъаларо бо кадом шиносаш дар байн гузошта бо кадоме аз кормандони баландмартабаи Кумитаи амният низ сӯҳбат мекунад ва аз ӯ мехоҳад қотили падараш ба ҷавобгарӣ кашида шуда ҷазо бигирад.Баъди ин сӯҳбат рӯи сиёҳи Ҳабибуллохон ба сари ҳоҷӣ Сайфулло меояд. Ӯро на шаб ором мегузоранд ва на рӯз.Зери таҳдиду азобу шиканҷа аз тамоми гуфтаҳояш даст мекашад вале тоб наоварда илоҷи корро дар фирор аз Ватан мебинад ва ҳоло солҳои зиёд аст ки дар гурез аст ва ба Тоҷикистон омада наметавонад. Ӯро ба маблағи калон қарздораш карданд дар сафри ҳоҷиён ва феълан дар ғурбат аз дасти ҷаллодони Раҳмонов барои ҳифзи ҷонаш қарор дорад.

Баъд аз чанд соли куштори муфти Фатҳуллохон Шарифзода дар байни мардуми Ҳисор овозаву миш-мишҳо пайдо шуд,ки куштори муфтӣ кори дасти Эмомалӣ Раҳмонов аст. Обрӯи Эмомалӣ ва сафи ҷонибдоронаш дар Ҳисор тамоман коҳиш ёфт. Мардуми Ҳисор бо Эмомалӣ Раҳмонов чап шуданд. Чанд навбат тазоҳуротҳо ҳам сурат гирифт ва намояндаҳои маҳалли Раҳмоновро аз вазифаҳо пеш карданд. Эмомалӣ чораро дар коргирии ҳилла мебинад, то дар назди мардуми Ҳисор ҳамчун қотили муфтӣ дониста нашавад. Бародари муфтии марҳум-қорӣ Сунатуллоро,ки дар байни мардум нуфуз ва эътибору эҳтироми зиёд дошт, ба худ наздик мекунад ва ҳатто ӯро ҳамроҳи худ ба Украина барои дидани қабри бародараш,ки солҳои аскарӣ дар онҷо вафот кардааст, мебарад. Баъди бозгашт аз Украина ӯро зуд-зуд дар телевизион нишон медоданд. То мардуми водии Ҳисор бинанд,ки чи қадар Эмомалӣ Раҳмонов бо марҳум муфтӣ ва хонаводаи ӯ алоқа ва эҳтиром дорад. Вақте модари Эмомалӣ Раҳмонов даргузашт қорӣ-Сунатуллоро ҳар рӯз ба манзили Раҳмонов ба Данғара мебурданд, ки мардуми Ҳисор бубинанд ва гумон накунанд,ки муфтиро Эмомалӣ куштааст.Қорӣ Суннатуллоҳҳам бо шакли мармӯзе ба гуфти худи Эмомалӣ Раҳмонов бо фишори баланд,ки дар чашмонаш таъсир мекунад ва ҳаминхел бо сад дарду алам соли 2008 аз олам мегузарад. Акнун дидед хонандаи гиромӣ Раҳмонов вақте куштанро шурӯъ кунад чихел комилан як авлодро нобуд мекунад? Ана ин аст шахсияти паси пардагии Эмомалӣ Раҳмонов “Пешвои муаззами миллат”

Бигзор мардуми Ҳисор ва махсусан фармондеҳони Фронти халқӣ,ки барои сари ҳукумат овардани Раҳмонов хидмат карда ва ҳоло нисфашон кушта ва нисфашон овораи ватананд, ин ҳақиқати талхро бишнаванд,ки онҳо“кидат” шуданд. Ҷамолиддин Мансуров, Ибод Бойматов, Ҳабиб Насруллоев, Малик Солеҳов ва Субҳон ва Луқмон қумандон:-бархе мурда,бархе зиндонӣ, бархе гуреза ва бархе ҳам,ки ҳастанд,мурда-мурда зиндагӣ доранд.

Писари дигари Фатҳуллохон Шарифзода- қорӣ Файзуллохон дар ҳамон шабурӯзҳои қатли падар дар Миср таҳсил мекард. Ӯ 17 сол дар Қоҳира хонд. Шахси бисёр ҳам машҳур ва маҳбуб аст. Ӯ низ тарки Тоҷикистон карданӣ буд.Аммо солҳои 2008–2009 ҳама, аз ҷумла муҳассилинро,ки аз хориҷа оварданд, ӯро ҳам бозгардониданд. Пайваста зери назорати мақомоти амният қарор дорад ва ҳафтае нест,ки як маротиба барои бозпурсӣ ба амният даъват накунанд.Аллоҳ ҳифзашон кунад,то аз ӯҳам қасд нагирад Раҳмонов.

Ҳамин тавр баъди 24 соли қатли муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода ҳақиқати ин куштор ошкор мешавад. Муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода соли 1936 таваллуд шуда ва соли 1996 дар 60 солагӣ ноҷавонмардона  аз тарафи ходимони амниятӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов ба шаҳодат мерасад.Падар ва амаки ӯ аз рӯҳониёни машҳури кишвар ба шумор мерафтанд. Беш аз 20 сол дар Идораи хоҷагии оби Ҳисор фаъолият кардааст. Аз соли 1989 сархатиби Ҳисор ва аз феврали соли 1993 муфтии Тоҷикистон интихоб мешавад.

PS: Хуб хонандаи гиромӣ ин ҳам як чакомае аз қатлҳои занҷиравии Эмомалӣ Раҳмонов буд,ки тақдими шумо азизон намудем.

Пойгоҳи “Ислоҳ.нет”  дар таҳияи ин қатли ваҳшиёна аз он афроде бо мо  дар таҳия ва омодасозии ин “қатли ваҳшиёна”ҳамкорӣ намуданд изҳори сипос менамояд. Инчунин манобеъи муътамад аз дохили кишвар аз дастгоҳи амнияти миллӣ,ки бо  Ислоҳ ҳамкорӣ карданд аз эшон изҳори сипос мекунем барои дар ихтиёри мо ин маълумоти муътамади оперативиро қарор доданд.

Агар шумо ҳам чунин ҷиноятҳоеро донед ба Ислоҳ онро расонед,то онро расонаӣ кунем.

Сообщение Ифшои қатли муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода,баъди 25 сол появились сначала на ISLOH.net.

Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз (2)
( бахши дуввум)

Ман зодаи Масчоям. Навиштаҳои Шуморо дар бораи Масчо хонда ба шумо бовар кардам, ки ҳақиқат ва воқеиятро менависед. Мехоҳам дарди дили пур аз ғаму алами масчоиёнро бароятон нақл кунам, то Шумо расонаӣ кунед. Мардум бедор шавад ва сафедро аз сиёҳ фарқ кунад.Ман 86 сол дорам ва узви ҳеҷ ҳизби сиёсӣ набудам ва нестам,ончи менависам аз воқеиятҳое мебошад,ки дар тули умрам дар ин ноҳия дидаам.Агар хоҳед дарди воқеии мо масчиёнро донеду дарк кунед,то охир бахши дуввумро ҳам хонед.

Инҷо мехоҳам як қиссаи дигар бароятон нақл кунам. Соли 2017 ҳокими собиқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Ғайрат Азиззода дар деҳаи навбунёди ба номи Ҷалолиддин Балхӣ барои сохтмони мактаб ва бунгоҳи тиббӣ 3 га замин ҷудо карданд. Дар пеши мардум ва камераи телевизион дурӯғи бисёре гуфтанд, ки байни ду сол обод карда ба мардум супорида мешаванд. Аммо баъди як моҳ раиси хоҷагиро раиси ноҳия занг зада гуфт, ки замини барои мактаб ҷудошударо кишт кунад. Ҳамин тавр на мактаб шуд ва на бунгоҳи тиббӣ. Мардум арзу дод карданд, бенатиҷа. Баъди се сол дар арафаи интихобот Азиззода Ғайрат ҳамроҳи раиси нави ноҳия Тоҳир Азиззода  ва прокурор Иззатуллои Акобир омада боз ба мардум ваъда дод, ки агар вакил интихоб шавад мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад. Вай вакили парлумон шуд. Аммо ин раиси нав ҳам ба раиси хоҷагӣ дастур медиҳад, ки заминро бикоранд. Ин аст найранги роҳбарони ноҳияву вилоят дар ҳақи мардуми Масчо. Мардуми аламзада ба қабули раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода рафтанд. Қофлонбой ба мардум посух медиҳад,ки бе иҷозати Ҷаноб ин заминро ҷудо карда  наметавонем. Оё аз ин спектакл,ки се сол аст ба саҳна мегузоранд Ҷаноб бохабар бошад?

Бармегардем ба қиссаи Акобири Иззатуло-прокурори ноҳия. Ҳоҷии дукарата прокурори порахур,то нафақаам як соли дигар  мондааст гуфта порагириро ба авҷи аъло расонидааст. Яке аз миёнаравҳояш дар порагирӣ котибаш Маҳмуд аст.

Маҳмуд зодаи ноҳия Айнӣ мебошад.15 сол мешавад,ки дар ноҳияи мо зиндагӣ ва кору фаъолият мекунад. Маҳмуд “доля” ғункунаки прокурорҳо мебошад. Аз давраи Урунов Фирдавс то ҳоло ба ҳамин кор машғул аст. Мардуми ҷабрдида ба прокурор шикоят мебарад. Аммо аввал котиб шикоятро хонда сипас қабул мекунад. Мебинад ҷабрдида аз болои кӣ шикоят овардааст. Маҳмуд он тарафро занг зада бохабар ва дилпур мекунад, ки “доляаш”-ро диҳанд ӯ даромада ҳамаро ҳал мекунад. Ва, ҳамин корро ҳам мекунад. Айбдоршавандаро аз шикоят ва ҷавобгарӣ халос мекунад. Чунки ӯ ҳама корро бо прокурори порахӯр гапзанон мекунад. Аммо дар ин миён бечораи ҷабрдида саргардон мегардад. Ба идораи болотар, ба вилоят ва Душанбе меравад. Аммо ҳамаҷо якхел. Ҳозир мақомоти поёнӣ пеш аз гирифтани “доля” аввал  фикри болоро карда баъд доля мегиранд. Бародари ҳамин Маҳмуди котиби прокурор дар назди беморхонаи марказӣ як бинои ду ошёна сохт, ки ғайри қонунӣ мебошад. Бинои он дар болои хатти об ва канализатсия ҷойгир шудааст. Ин ҳолатро ҳама роҳбарони ноҳия медонанд. Аммо аз онки Маҳмуд камбудиҳои онҳоро медонад, далелу ҳуҷҷат дар бораи дуздиву порахӯриҳои онҳоро дорад, сокитанд.

Имрӯз 80 фоизи кормандони кумитаи замини ноҳия “судимий” мебошанд. Ё бо пора ва ё бо қаллобӣ ба даст афтода доғи судӣ гирифтаанд. Аммо кор карда гаштаанд. Ҳозир Зокиров Умед, раиси кумитаи замин ҳеҷ касро на дар ноҳия ва на дар вилоят ва на дар ҷумҳурӣ писанд намекунад. Вай дар ҳама ҷо лоф мезанад,ки “криша”-ам Озода Раҳмон аст. Мегӯяд: ”Ман аз ин сагчаҳо наметарсам”. Дар ҳақиқат гапҳои Зокиров рост мебошанд. Мо инро худамон дар пӯстамон санҷидем. Даҳҳо маротиба мардуми Масчо аз болои заминфурӯшиву қонуншиканиҳои ошкорои Умед Зокиров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва танобкаш муроҷиат карданд. Аз ноҳия гирифта то марказ,то дастгоҳи раисии  ҷумҳурӣ. Ҳар моҳ камаш сад шикоят меравад. Аммо аҷиб ин аст ки комиссияҳо меоянд, воқеиятро мебинанд, аммо чизе иваз намешавад. Ҳатто Умед Зокиров дар ҷаласаҳои ноҳия иштирок карданро ба худ эб намебинад. Раиси ноҳия-намояндаи Президент дастобрези ӯст. Чунки ӯ чи хеле худаш лоф зада мегардад, намояндаи духтари Президент аст.

Чанд ҷумла дар бораи Ковид- 19. Баъди Наврӯзи шаҳри Хуҷанд, ки бо иштироки Раҳмонов гузашт, баъди ҳамагӣ як ҳафтаи он, аз аввалҳои апрели соли ҷорӣ мақомоти вилоят қабули шаҳрвандонро бо ин баҳона манъ карданд. Суд, милиса ,молия, андоз, кумитаи замин прокуратура, хуллас ҳама дарҳоро бастанд. Шурӯъ аз 15 апрел бошад ба тартиби нав гузашта арзу шикояти мардумро дар беруни биноҳо қабул карданд. Дар назди қаровулхонаҳо. Аз ин бармеояд,ки роҳбарҳо барвақт медонистанд, ки Ковид- 19 дар ватани мо омадааст ва ҳаст. Чунки чи хеле гуфтам мансабдорҳо худашонро эҳтиёт мекарданд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон дар 30 апрел расман аз мавридҳои гирифторӣ ба ин беморӣ хабар дод. Имрӯз 30 июн аст,мақомотҳои вилоятӣ ҳоло ҳам  мардумро қабул намекунанд. Чунки инҳо хуб медонанд, ки ин касалӣ ҳозир ҳам ҳаст ва он ҳама ахбору маълумоте,ки дар бораи  Ковид- 19 мегӯянд, дурӯғ аст.  Раҳмонов аз сабаби ҳамин касалӣ зиёд будан ба Масчо наомад.

Раиси нави ноҳия Тоҳири Азиззода марионеткаи Қофлонбой мебошад. Пулҳои ҷудошуда барои ҷашни Ваҳдатро Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода,ки тушкабой ҳам мегӯянд якҷо бо собиқ раиси ноҳия ва ҳоло вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода обу лой карданд вале акнун ин Тоҳир Азиззоди “крайни” монда маҷбур аст,ки дар санад “списат” кунад. Маълум аст ки Тоҳир Азиззода дар ноҳия кор карда наметавоанд. Мафияи Умед Зокирзода ва риси собиқ ӯро на гӯш мекунанд ва на писанд. Умед Зокирзода, супориши раиси вилоятро ба эътибор намегирад, чи расад ба супориши Тоҳир Азиззода. Зокиров дар рӯзи аввали кори раиси нав  ба ӯ гуфтааст,ки агар хоҳӣ дар ноҳия бисёр кор кунӣ манро гӯш мекунӣ ва богуфтаи ман кор мекунӣ. Агар накунӣ дер давом намеорӣ. Имрӯз Суд ва Прокурору милиса, амнияту андоз инҳо ҳамааш мафия Зокиров мебошанд. Раиси ноҳияро гӯш намекунанд. Ҷонишини аввали раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода  мебошад. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбеву якшанбе бо навбат кормандони суду амният ва прокуратураро ба навбат бурда дар ночной клубҳои Хуҷанд, монанди “Хваканда” ва “Парламент”  зиёфат медиҳад. Рӯзи 27.07.2018 корманди кумитаи замин- Сафаров Исломро кормандони амнияти вилоят дар ҷои кораш бо маблағи 10000 сомонӣ дастгираш карданд. Сафаров.И бошад ҳаммаслакони худро ба амниятиҳо  мефурӯшад. Яъне, ки ман як худам не дар инкор! Раиси онвақтаи ноҳия Азиззода Ғайрат ва раиси собиқи кумитаи замин Рустамзодаи Рустам бо лақаби Достон ва собиқ раиси КДФ ва ҳозира раиси кумитаи замин Зокирзодаи Умед ва ҷонишини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода бо лақаби стрептизершик аз ноҳия ба муҳлати 4 рӯз ғайб заданд. Тавассути миёнаравҳои худ бо пардохти 150.000 доллар корро ҳал карда баъд ба ҷои корҳои худ баргаштанд. Амниятиҳои вилоятӣ  моддаи пораро ба қаллобӣ иваз карданд ва суд Сафаров И-ро як сол  ҳукми шартӣ дода ва Сафаров аз авали имсол боз ба кори худаш ба кумитаи замин баргашт. Ба назар мерасад кадрҳое мисли Сафаров. И ба Ҷаноб хеле муҳиманд. Чунки пораҳоро барои авлоди Ҷаноб ҷамъ мекунанд.

Дар Масчо вақтҳои ахир масъалаи замин хеле бад шуда истодааст. Махсусан имсол, ки мардум аксарият Русия рафта натавонист таваҷҷӯҳашон ба замин зиёд шуд. Аз ин ҷиҳат барои замин ҷангу ҷанҷол бисёр шуда истодааст. Ҳоло акнун бозори милиса ва судмедэкспертизаҳо гардон шудааст. Муфаттишҳои милиса аз ҷабрдидаҳои дасту по шикаста ҷудо пул мегиранду духутури эксперт ҷудо. Дар ин миён айбдоршаванда, ки аниқ одами пулдор асту заминро бо зӯр кашида гирифтааст ба муфаттиш пора медиҳад ва ба духтури ташхисгар-судмедэксперт,то кӣ корро ба манфиати ӯ ҳал кунанд. Масалан эксперти судӣ дараҷаи зарари ҷисмониро кам нишон медиҳад. Даъви ҷабрдида ҳатто то суд намеравад.

Сарнозири собиқи ноҳия Қурбонов Нарзулло буд,ки 13 сол дар ин вазифа кор кардааст.Вай ҳам мисли Маҳмуди котиби прокурор вазифаи асосиаш “доля”-и сардори милисаро ҷамъ мекард ва ё байни сардор ва нафарони шикояткунанда ва айбдоршаванда миёнравӣ мекард. Кор ба дараҷае расида,ки Судмедэкпертизаи вилоят ва Қурбонов ноҳияро ба дод оварданд. Аммо мардум аз болои Қурбонов арзу шикояти бисёре карданд. Аммо ӯро аз кор озод накарданд. Ба дигар ноҳия гусел кардан вале баъди нимсол боз ба ноҳия оварданд, чунки монанди ӯ нафаре,ки битавонад пораро ҷамъ кунад пайдо карда натавонистанд. Дар ноҳия боз як сол кор кард ва мардумро боз ба дод овард. Сардори милисаи ноҳия нав шуд. Эмал Маҷидов-зодаи Конибодом,ки дар шӯъбаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд кор мекард.Оварданд. Сардори нав бо Қурбонов кор карданро нахост, аз кор озодаш кард ва одами бовариноки худашро аз горотдели Хуҷанд ба ноҳия овард. Зодаи Масчо. Аммо лагандбардор ва пулҷамкунак ва бовари Эмал мебошад. Ин нафар майёр Сангинов Бахтиёр аст. Қурбонов 150 кг буд.Вале то омадани Маҷидов кор мекард.Аммо фарбеҳиашро баҳона карда аз кор ҷавоб доданд. Бародари ӯ 18 сол ҳукм гирифт.Аммо баъди 2 сол боз ба милисаи ноҳия ба кор қабул карданд, бо вазни 120 кило. Қурбонов боз одамҳои худашро ҷамъ карда мардумро ба дод оварда истодааст.

Аъзои командаи ӯ  афсарони милиса Нарзиев Турабег ва Ҳусейнов Хисрав мебошанд. Ҳоло миёнравии миёни сардори милиса ва судэкспертизаи вилоятӣ бо мардумро як нафар бо номи Муҳаммадиев Валиҷон,ки чанде пеш ба вазифаи сардори ГАИ-и ноҳия таъин шуд ва аз Деваштич аст,иҷро мекунад. Барои онки бародари “родной”-и  Муҳамадиев Валиҷон дар Судмедэкпертизаи вилоятӣ ба сифати ҷониш кор мекунад ва номаш Муҳамадиев Анвар мебошад. Ин шахс пеш раиси Судмедэкспертизаи вилоят будааст вале бо пора дар ҷои кораш дастгир мешавад ва ҷазояш ҳамин тавр мешавад,ки аз раисӣ гирифта ҷонишинаш мондаанд.

Инҷо як ду сухан дар бораи суд ва судяҳо ҳам мехоҳам бигӯям то ки манзараи Масчо тамоман маълум шавад. Тамоми корҳои ғайриқонунии прокурор ва милисаи ноҳияро дар Суди ноҳия судя Маликзода Оимоҳи бевиҷдони беҳаёи ҳаромхур дида баромада ҷабрдидагонро гунаҳгор ва гуноҳкоронро бегуноҳ ҳукм мекунад.

Ҳолатҳое шудааст, ки барои пул шуда фарзандони ноболиғро ба падари пулдор дода ва модари камбағалро аз фарзандаш маҳрум карда аст. Гарчанде тарбияи фарзанди ноболиғ дар зимаи модар буда аз тарафи падар алимент ситонида мешавад. Хонаи марди дузанаро,ки аз зани аввал ҷудо нашудааст ба манфиати зани дуюмаш қарор бароварда боиси ҷангу ҷангол ва ҳатто хунрезӣ шудааст. Дар охир гуфтанӣ ҳастам,ки мо- мардуми меҳнаткаши Масчо аз ин қонуншиканиҳо ва бераҳмиву беадолатии масъулини ноҳия,вилоят ва ҷумҳурӣ,ки дар ҳақамон мекунанд, ба ҷон сер шудем ва   ба умеде будем, ки Президент ба ноҳияи мо мебиёяд дар рӯзи ҷашни Ваҳдат ва мардуми дилаш пур дарду аламашро ба ӯ мегӯяд. Аммо раиси Кумитаи замин дар як сӯҳбаташ гуфтааст,ки Президент ҳама чизро,ҳолат чи гуна астро на танҳо дар як Масчо дар тамоми кишвар медонад ва огоҳ аст. Барои онки сарашро гаранг накунанд ҳатман одамҳоеро ба ин гуна мулоқотҳо меоваранд,ки аз мушкилот гап назанад.Дар ҳар сурат ваъда доданд,ки тирамоҳ Масчо меояд. Мо,агар Президент меомад ба ӯ чанд савол доштем.

Саволҳо;

1. Он заминҳое, ки дар харитаи соли 1956 барои Масчо нишон дода шудаанд,баргардонида  дода мешавад?

2.Чаро барои Масчо як раиси барои манфиати мардум фаъолиятмекардаро таъин намекунед?

3. Сабаби бе ҷазо мондани ин дуздҳои қонунӣ: прокурор, суд, милиса,раиси ноҳия ва раиси кумитаи замин дар чист?

4. Чаро раиси ноҳия дар ҷангҷоли миёни раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Масчо Рустамзодаи Рустам ва сардори бахши экологияи ноҳия Шоҳхуҷаи Ҳасанхуҷа  бетарафӣ зоҳир кард? Ин ҷангҷол   дар рӯзи корӣ ва дар ҳолати мастӣ ва дар боғи фарҳангӣ дар пеши чашми ҳама рух дод,аммо Прокурор коре накард?

5. Аз чӣ сабаб бошад, ки дар ҳолати ҷиноят содир кардани мансабдорони ноҳия сардори ШВКД ва прокурор Масчо кар ва гунг мешаванд? Вале агар аз тарафи як нафари оддӣ камтарин хатоӣ сар занад ӯро ҳам ҷарима ва ҳам маҳкам мекунанд?

Муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин ва дастандаркорони Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” хоҳиш мекунам ин навиштаи маро чоп кунед. Агар чоп кардед мо маълумотҳои бештареро дар ихтиёри шумо мегузорем.

Поёни бахши дуввум,тасмим гирифтем дақиқан зери ин ном “Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз”-ро идома диҳем. Ҳар маълумоте дар мавриди амалкардҳои ҷиноятии мақомоти ҳокимияти ноҳия доред,шоҳиди он шудаед ва ба шумо зулме шудааст онро ба мо ирсол намоед. Шахсияти комилан махфӣ мемонад. Нашру расонаӣ кардани онро Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” замонат медиҳад.

Сообщение Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз (2) появились сначала на ISLOH.net.

Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз (1)
(бахши аввал)

Ман зодаи Масчоям. Навиштаҳои Шуморо дар бораи Масчо хонда ба шумо бовар кардам, ки ҳақиқат ва воқеиятро менависед. Мехоҳам дарди дили пур аз ғаму алами масчоиёнро бароятон нақл кунам, то Шумо расонаӣ кунед. Мардум бедор шавад ва сафедро аз сиёҳ фарқ кунад.Ман 86 сол дорам ва узви ҳеҷ ҳизби сиёсӣ набудам ва нестам,ончи менависам аз воқеиятҳое мебошад,ки дар тули умрам дар ин ноҳия дидаам.Агар хоҳед дарди воқеии мо масчиёнро донеду дарк кунед,то охир ин матлабро хонед.

Шумо, хуб медонед, ки мардуми моро аз куҳистон ба ин дашту биёбон оварданд. Нимаи дуввуми солҳои панҷоҳум,аниқтараш дар соли 1956 падару модар ва бобою бибиҳои моро зӯран ба дашти Дилварзин оварданд ва ман 21 сола будам. Мардуми мо дар ин дашти янтоқзору хористон зистан натавонист. Бозгаштанд ба Масчоҳи куҳӣ. Шӯравӣ хонаҳои мардуми Масчоро ба хок яксон кард, ки дигар мардум барнагарданд. Мардуми бечора ба тақдир тан дод, мутобиқ шуду обод кард ва зиндагии худро давом дод. Соли 1956 вақте ки мардумро ба ин чӯлу биёбони Дилварзин оварданд, шаҳраки Сайҳун ва Чорухдарону Табашар, Олтинтопкан то Спитамени имрӯза ҳамаи ин заминҳо дар ихтиёри Масчо буданд. Мардуми Хуҷанд бовариашон набуд, ки мардуми мо инҷоҳоро обод мекунанд. Баъди обод кардани мардум роҳбарони Хуҷанд бомурури замон, аз солҳои 1960 то солҳои 1970 ин заминҳоро ғасб карданд. Яъне имрӯза шаҳраки Сайҳун, Чорухдарон, Табошар ва Ҳамрободу Мирзоработ ва Олтинтопкан- ҳозира Зарнигорро ба ноҳияи Ғафуров доданд ва қисме дигарро ба ноҳияи Спитамен. Аҷибаш он аст ки тамоми куҳҳои Масчо, ки аз конҳои тилову нуқра бой ҳастанд ба Қайроқум гузоштанд. Ончизеро,ки ман гуфта истодаам, ҳамааш дуруст аст. Имрӯз бошад мардуми меҳнаткаши моро боз сарсон ва саргардон карда дар дохили худамон барои замин ҷанг андохта истодаанд: акоро бо додар, писарро бо падар ва хоҳарро бо апа. Пулҳояшонро хурда ва меҳри хешу табориро аз байн бурда истодаанд. Ин корро роҳбарони имрӯзаи вилояти Суғд карда истодаанд.

Ҳоло бармегардем ба давраи истиқлолият.То ҳамин имрӯз дар ноҳияи мо ягон навигарӣ нашудааст, ки ба фоидаи мардуми Масчо бошад. Дар беш аз 10 сол роҳбарии собиқ раиси вилояти Суғд Қосим Раҳбар ягон бор Президент ба ин ноҳия наомад. Барои он ки Қосимча мардуми Масчоро ганда медид. Барои мардуми ноҳияи мо беҳад номардии сахт кардааст. Дар давраи ҳокими вилоят будани Қосимча ҳокимҳои бо орият ва мардумдӯстору бовиҷдон дар Масчо кор мекарданд. Яке аз ин гуна ҳокимҳо Малик Қурбон мебошад. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ин ҳокими бо орияту ғамхор тамоми заминҳои гандумро ба мардум тақсим карда дод ва ҳатто дар ҳамон давраҳо милисаю прокурору амниятро намегузошт, ки мардумро озор диҳанд. Ин ҳокимро мешавад,ки як шахсияти таърихӣ гуфт. Дуюм ҳокими бо орият ва таърихдон Ҳасанов Сироҷ мебошад.Ӯ пеш аз ба ноҳия омадан дар ноҳияи Масчои куҳӣ раис буд. Дурушт гап мезад вале лаганбардору чоплусонро ганда медид ва ҳатто инхел инсонҳоро қабул ҳам намекард. Бо президент хеле дӯстии наздик доштанд. Рафту омади оилавӣ ҳам доштанд. Ҳатто дар як баромадаш Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки модари Эмомалӣ Сироҷро писархонд карда аст.

Дар кабинети Сироҷ Ҳасан расми Эмомалӣ, модараш ва худи Ҳасан якҷоя меистод. Аммо ин ҳокими боору бономус дар ноҳия дер напоид. Барои он ки аввали рӯзи кориаш бо раиси вилоят Қосимча баҳс мекунад. Барои ҳамон заминҳои Масчо, ки дертар дар ихтиёри ноҳияи Бобоҷон Ғафур ва ноҳияи Спитамен гузашта буданд. Баъди ин баҳсҳо Қосимча плани гумкунии раиси ноҳияро бо КГБ мекашад. Гапи Қосимча ба президент намегузашт, зеро дар ҳақиқат Ҳасан Сироҷ бо Ҷаноб дӯстии зич дошт.

Қосимча бо ҳамроҳии амният ва дигар душманони мардуми ноҳия як шуда бар зидди раиси ноҳия корро сар карданд. Баъди чанд рӯзи баҳс раиси ноҳия соҳибкорҳои ноҳия ва мардони обрумандро ҷамъ кард ва ба онҳо ҳақиқати гапро фаҳмонд. Мардуми ҷамъомада бо ҳоким якҷоя ва ҳамфикр шуда ба хулосае омаданд, ки дар ҳақиқат ин заминҳо ба ноҳияи Масчо тааллуқ доранд. Мардум аз хоби ғафлат бедор шуд ва ба ин хулоса омаданд, ки бояд бо розигӣ имзои мардумро гирифта ба президент бирасонанд. Мактубе, ки аз мардуми ноҳия буд, бояд ҳоким бурда мерасонд. Аммо сад афсӯс, ки Қосимча бо ҳаммаслаконаш яъне бо КГБ раиси ноҳияро бад карданд. Гўё, ки раиси ноҳияи Масчо мардумашро бар зидди Ҷаноб мехезонда бошад. Баъди ин гапҳои амният дигар Ҷаноб ҳокими ноҳияро қабул накард ва ҳокими ноҳия дар пеши мардум руҳафтода шуд. Ин буд қиссаи писархонди модари президент. Дар оғози соли ҷорӣ дар сини 75 солагӣ аз олам гузаштанд Худо раҳматашон кунад ин пири хирадро.

Баъди Ҳасан Сироҷро аз вазифа гирифтан ба ноҳия раиси нав омад- собиқ вазири кишоварзӣ Турсунбой Раҳматов — зодаи шаҳри Конибодом. Қосимча ҳокими навро оварда заминҳои мавзеи Деҳисори Масчоро ба миқдори 2000 га ба муҳлати 25 сол ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иҷора дод ва болои масчоиҳо боз зулми навро бор кард. Он ду ҳоким монанди раҳматии Мӯсо дар тарихи Масчо монданд. Эмомалӣ ҳеҷ вақт як қавла ва мардвор дар гапу ваъдааш истодагӣ одам нест.

Аз соли 2008 то соли 2015 боз ба сари мардуми Масчо як прокурори ҳаромхуру маҳалгаро омад- Фирдавс Урунов. Вай пеш ҷонишини прокурори вилояти Суғд шуда кор мекардааст. Ӯ ба Масчо омаду бар сари халқи мо бало омад. Ба зулму ба порахурӣ сар кард. Азбаски медонист дар ноҳия заводу фабрика нест, корро бо Идораи андозу бо Кумитаи замин сар кард. Мардуми деҳкони бечораро барои пешпардохти андозҳо ҷаримаҳои ҳангуфт мебаст. Ҳатто мардуме, ки пешпардохт намекард, қарорҳои ғайриқонунӣ бароварда ба муҳлати 5 ё ки 10 шабонарӯз маҳкам мекард. Одамоне, ки қарзҳои калон дар назди андоз доранд аз онҳо пораҳои калон гирифта ва сардори Идораи андозро супориш медод, ки дигар ӯро ғам надиҳад. Ва чунин нафарҳоро “кришават” мекард.

Як раиси хоҷагии деҳқонӣ беш аз 500 ҳазор сомонӣ дар назди андоз қарздор буд. Ин раис бо Фирдавс Урунов забон як карда кори худро давом дод. Номи ин раиси хоҷагӣ Ғулом мебошад. Ӯ дар хоҷагии деҳқонии Чинибой Эргашов беш аз 200 га замин дорад. Дар ҳеҷ куҷо ҳисобот намедиҳад. Ҳатто пули музди меҳнаткашонро надод. Деҳконҳо аз ноҳия саркарда то ҷумҳурӣ даъво ва шикоят карданд, аммо бе натиҷа монд. Барои онки ҳамаашро Ғулом бо ёрии “кришааш” Урунов ҳал кард. Мардум ба сардори Идораи андоз гуфтанд, ки барои чи ту моро маҷбур ба пешпардохти андоз мекунӣ, ҳол онки Ғулом дар назди андоз қарзи калон дорад, ту аз вай пулро намерӯёнӣ? Дар ҷавоб ӯ ба мардум гуфт, ки дар ҳакиқат шумо рост мегӯед. Барои он ки Ғулом “подкриша”-и Урунови прокурори ноҳия мегардад, аз ин рӯ ҳеҷ чиз гуфтан наметавонам. Ҳама медонист,ки Ғулом прокурори ноҳияро бо пора забонкӯтоҳ карда ва тамоми даромади заминҳоро бо Урунов хурда гашт ва то ҳозир дар назди андоз қарздор мебошад. Собиқ раиси Кумитаи замин бо прокурори ноҳия ҳамкорӣ накард. Вай рӯирост ба прокурор гуфт, виҷдонам намебардорад болои мардуми деҳкон бераҳмӣ кунам. Ин раиси кумитаи замин марди бо виҷдон ва бо орият буд. Аммо кам- кам “спиртной” менӯшид.

Вай Ниёзов Умарбег ном дорад. Баъде, ки Ниёзов пешниҳоди “ҳамкорӣ”-и прокурори ноҳияро рад кард Урунов Фирдавс ӯро чап қапид. Прокурор бо Зокиров Умед, ҷониши кумитаи замини ноҳия, ки заргӯш лақаб дорад ва монанди худи Урунов порахуру мансабталош аст “ҳамкорӣ”-ро сар кард. Ин ду барои онки Ниёзов Умарбег барои корҳояшон халал нарасонад тавассути судбозӣ дар Душанбе тавонистанд, ки ӯро аз кор бигиранд. Ва Зокиров, раиси кумитаи замин таъин шуд. Раиси ноҳия зид буд, ки Зокиров Умед ба ин вазифа ояд. Барои он ки ин бе маслиҳати раиси ноҳия ба ин вазифа омад ва дигараш ҳам инки Зокиров мутахассиси ин соҳа набуд. Ҳатто дар маҷлисҳои ноҳиявӣ раиси ноҳия Аҳмадзода Зокировро даъват намекард. Ӯро раиси кумитаи замин намеҳисобид. Прокурори ноҳия чун фаҳмид, ки мавқеи кориаш на он қадар ҳокими ноҳияро маъқул шуд дар пайи гумкунии ҳокими ноҳия баромад. Дере нагузашта Аҳмадзодаро аз раисии ноҳияи Масчо гирифтанд. Он солҳо дар кишвар лимити барқ ҳукмрон буд ва танҳо раисони ноҳия ва пулдорҳо бо барқи доимӣ таъмин буданд. Ҳамон рӯзе,ки раиси ноҳияро аз кор гирифтанд, прокурор ба идораи барқ дастур медиҳад,ки барқи манзили истиқоматии ҳамакнун собиқ раисро қатъ кунад.

Урунов барои чи ин корро кард? Барои он ки худашро ба мансабдорони ноҳия нишон диҳад ва сиёсаташро гузаронад, ки касе бо ман ҳамкорӣ накунад монанди Аҳмадзода мешавад. Албатат, чи хеле гуфтам ин ҳодисаи соли 2015 буд. Урунов ва Умед Зокиров, ки дигар кумитаи замини ноҳияро дар ихтиёр гирифта буд, заминҳои воҳидҳои кишоварзиро ба чапу рост фурӯхтан гирифтанд. Умед Зокиров таҳти ҳимояти прокурор ҳар коре хост анҷом дод. Заминҳои хоҷагиҳои деҳқониро ба наркобизнесҳо фурӯхт. Мардумро безамин кард. Кормандони кумитаи замини ноҳияро аз кор ронда ва ҷои онҳо нафарони худашро овард. Аз ҷумла Сафаров Ислому Ҷумъаев Фирдавсро ҳамчун заминсоз, Шавкатов Азимбойро ба вазифаи ҷонишини кумитаи замин ба кор гирифт. Солиев Шафқат, корманди кадастри ноҳия, Салимбоев Неъматбой, мутахасиси замин, Салимбоев Қаҳрамон, мутахассиси кадастри вилоят, Мулоҷонов мутахасис кадастри вилоят инҳо ҳамагӣ дар командаи Зокиров мебошанд ва то ҳозир кору фаъолият карда гаштаанд.

Зокиров то соли 2015 “под криша”-и Урунов, прокурори ноҳия кор мекард. Ҳоло “криша”-и нав ёфтаст. Собиқ раиси Кумитаи замини ҷумҳурӣ ва феълан раиси Маҷлиси намояндагон — Маҳмадтоири Зокирзода.

Ҳоло дар Масчо замин дар дасти деҳқон нест. Мо деҳконҳо аз ин беадолатиҳои Зокиров аз ҷонамон сер шудем. Соли 2015 раиси ноҳия нав шуд- Азиззода Ғайрат. Ҳамдеҳаи Зокиров Умед. Мутаассифона маълум шуд, ки боз бар сари меҳнаткашу деҳқони Масчо як ҳокими ҳаромхури бевиҷдони порахури беинсоф омадааст. Ғайрат дар оилаи деҳқон раиси колхоз ба дунё омадааст. Худи Ғайрат бошад дар солҳои 1994 то солҳои 1998 дар сарҳади бо Узбакистон бо тиҷорати наркотика ва контрабандаи бензину солярка машғул буд.

Ҳозир ҳам шайкаи ӯ бизнесашро чархонида истодаанд. Дар Фармонқӯрғон-сарҳади миёни Масчо ва Узбакистон. Дар инҷо як бинои қиморбозӣ дорад, монанди найт клуб, шабона кор мекунад ва стребтизерҳо ҳам ҳастанд ва намоиш медиҳанд. Бо роҳи шиносбозӣ ва пора ба кори давлатӣ даромад ва дар вилоят дар бахши истихроҷу коркарди маъодин масъулиятеро ба ӯҳда гирифт. Дертар ин вазифаро писари раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гирифт ва Азиззода соли 2015 раиси ноҳия Масчо шуд. Ӯ таҳти ҳимояти Абдураҳмон Қодирӣ ва бо ҳамроҳии Умед Зокиров ба фурӯши заминҳои Масчо идома доданд. Ним сол гузашта буд, ки шарикони тиҷораташ дар наркотикро ба вазифаҳои давлатӣ овард. Яке аз онҳоро раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон таъин кард. Ҷумъабой Тошев. Одами бесавод бе дипломи олӣ ва бидуни таҷрибаро соҳиби вазифа кард. Раиси ҷамоат бо порахурию пулҷамъкунӣ ва бо бизнеси наркотика овора буд ва ба арзу шикояти мардум аҳамият намедод. Аслан намедонист,ки чӣ ҷавоб диҳад. Азиззода ночор шуд,ки ӯро аз вазифа гирад. Ӯро вазифаи нав дод:-шӯъбаи дин ва танзими анъана.Ҳамзамон ҷияни худашро оварда дар ҷамоати Суғдиён ба вазифаи заминсози ҷамоат монд. Дигар комилан бо дилпурӣ ба заминфурушӣ идома дод. Дар рӯзҳои қабул ба шикояти деҳқонҳо аслан гӯш намедод ва кадоме,ки баҳс мекард бароварда пеш мекард. Вай як каме бо Урунов кор кард. Аммо Ғайрат мавқеи Уруновро танг кард ва Урунов аз ин ноҳия ба шаҳри Истаравшан ба кор гузашт. Дар онҷо як сол кор карда вале бо сабаби онки табаияти Русияро дошт аз кор ронда шуд. Писари донишҷӯяш ҳам дар ҳолати мастӣ дар дасти БДА афтод. Як чизи дигарро фаромуш накунам,ки дар вақте Урунов прокурори ноҳия буд мавридҳои говдуздӣ дар ноҳия беҳад зиёд шуда буд. Дертар мефаҳмем,ки Урунов бархе аз говдуздҳоро “кришават” мекардааст. Ҳар се моҳ мошинашро иваз мекард.Давоми 9 сол ҳар субҳ аз Хуҷанд Масчо ва бегоҳ баргашта мерафт. Як прокурори ноҳия ин қадар пулро аз куҷо меёфт?

Соли 2015 ба Масчо прокурори нав омад- Изатуллозода Акобир Курбон, бо лақаби “хромой”.Мардум хурсанд шуданд,ки акнун адолат барқарор мешавад. Овоза карданд,ки прокурор қудои президент аст. Ҷиянаш гӯё зани Рустами Эмомалӣ будааст. Аммо ин хурсандӣ дер давом накард. Пеш аз омадан ба Масчо дар Прокуратураи генералӣ дар вазифаи сардори қисми хоҷагӣ кор карда ба гулу гулзоркунии гирду атрофи Прокуратураи Генералӣ вобаст будааст. Як писари ӯ низ дар Прокуратураи Генералӣ ва дуввумаш дар прокуратураи Данғара куратори шӯъбаи умури дохила шуда кор мекардаанд. Тибқи хабарҳо 3 то зан дорад. Зани якумаш аз Қурғонтеппа будааст. Ба номи ӯ зиёда аз 5 га замини боғи деҳқонои Қурғанро ба занаш гирифта додааст. Зани дуюмаш аз ноҳияи Ваҳдат ва сеюм занаш аз шаҳри Норак будааст. Ҳоҷии дукарата. Гоҳо худашро аз Ғарму Норак ва гоҳе ҳам аз Ваҳдат ва Данғара мегирифтааст. Давоми се моҳ бо обу ҳавои ноҳия омӯхта шуда ба командаи Зокиров Умед, раиси кумитаи замин ва раиси ноҳия Ғайрат Азиззода пайваст ва ҷои холишудаи прокурори собиқро дар миёни порахӯрон пур кард. Барои ӯ 3 вақт обу ғизояшро дар кабинети кориаш омода мекунанд. Ҷойи хоб фароҳам кардаанд дар бинои прокуратура. Ҳаррӯзи шанбе Хуҷанд рафта ва рӯзи душанбе мебиёяд. Ин командаи ҳаромхурон аз заминҳои наздиҳавлигӣ фурӯхтанро сар карданд. Заминҳои назди ҳавлигиеро, ки президент соли 2017 дар роҳи Чаноқ ва Душанбе кушода дод ва он маҳалларо Меҳробод ном гузошта буд, дигар барои мардуми ниёзманд тамоман дастнорас шуд. Зокиров Умед, раиси кумитаи замини ноҳия ба номи одамони мурдагӣ ва хешу таборҳои худаш ва ба номи хешу табори раиси ноҳия Азиззода Ғайрат ва ба номи хешу табори ҷонишини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода ва ба номи хешу табори Сафаров Исломи заминсозу хешу табори Ҷумъаев Фирдавси заминсоз ва хешу табори Солеҳзодаи Шавкат ва ҳамин тавр хешу наздикони раисону заминсозони ҷамоатҳо тақсим карда дод. Мардуми оддӣ ду даст болои сар чизе аз дасташ намеояд. Ҳамин шабу саҳар ҳам 6 га заминро фурӯхт. Мардум бо тамоми далелҳо то Душанбе муроҷиат карданд, чизе нашуд. Чунки тамоми онҳо ба “доля” шариканд. Прокурори ноҳия бошад мардумро сиёсат карда рӯирост мегӯяд, ки агар ман нахоҳам ба додатон на Худованд мерасаду на президент.

Акобир Иззатуллозода баъди 3 соли кориаш бо ин командаи Зокиров ва Азиззода Ғайрат муросо накард. Раиси ноҳия фаҳмид, ки доирааш танг мешавад ба қарорфурӯшӣ сар кард. Албатта пештар ҳам имзояш нарх дошт. Вале баъди ин нархи имзояш аз 1000 ба 3000 боло рафт. Масалан барои иҷозаи сохтмони мағоза, заправка ва ё ҳар чизе дигар нархҳо то 3000 шуд. Аммо агар ягон территорияи ҷангҷолӣ бошад то 10.000 доллар боло рафт нархи як қарор ё имзои расии ноҳия. Прокурор аз ин кор бохабар шуда 150 қарори раиси ноҳияро бекор кард ва дар навбати худ ӯ ба бизнес сар кард.1000 то 2000 доллар гирифта қарорҳои раиси ноҳияро бекор мекунад ва иҷроиши ин қарорҳо дар контроли худи прокурор мебошад. Кадом қароре, ки прокурор пулашро гирифта бекор кард иҷроишаш як рӯзам тул намекашад, дафъатан иҷро мешавад ва қароре, ки дар асоси қонун ва бе пул бекор шуда бошад иҷроишаш 10 сол ҳам гузарад иҷро намешавад. Аз ин ҳолат аз вилоят сар карда то ҷумҳурӣ бохабар ҳастанд, аммо чуноне Иззатуллозодаи Акобир мегӯяд, агар ҳақ ҳам бошӣ камтар “доля” додан даркор вале агар агар ноҳақ бошӣ панҷ баробар зиёдтар. Яъне агар шумо ноҳақеду аз он нафаре,ки даъвояш ҳақ аст 5 баробар бештар доля диҳед шуморо ҳақ мебароранд. Хулоса инҷо як ҳолати тамоман печида аст,раиси ноҳия қарорро мефурӯшад.Прокурор пул мегираду қарорро бекор мекунад. Вале боз худи ҳамин прокурор қарори бекор кардаашро ба бизнес табдил медиҳад.Пул диҳӣ дуруст мебарорад ва касе агар бештар пул диҳад ба ӯ қарорро медиҳад. Мардум ва деҳқонҳои бечора дар бадари идораҳо сарсону саргардон.

Ҳамон маблағе,ки барои ободии ноҳия ба рӯзи ҷашни Ваҳдат аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят ҷудо шуда буд ин пулҳоро пешакӣ раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода ва раиси ноҳия Азиззодаи Ғайрат обу лой карда буданд. Бо дастгирии раиси вилоят Азиззода Ғайрат, вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Ӯро халқи Масчо интихоб накардааст. Ҳатто дар соли 2015 ҳам маблағҳои барои ҷашни Истиқлолият ҷудокардаро Абдураҳмон Қодирӣ ва Азиззода Ғайрат ба манфиати худ сарф карда мардум ва соҳибкоронро маҷбур карданд, ки ҳарому ҳалол як ҳайкали Сомонӣ сохта диҳанд. Роҳу роҳравҳо баъди як моҳ ҳамагӣ фурӯ рафтанд. Барои беш аз 40 километр то Спитамен пулро ҷудо карданд аммо боз ҳам аз халқ пул гирифтаанд. Агарчанде дар он шабу саҳар, ки президент дар ин ҷалса иштирок дошт аз телевизионҳо воҳима карданд,ки 40 километр аз ҳисоби бюҷет мумфарш шуд, дурӯғи рӯирост буд.

Абдураҳмон Қодирӣ барои Азиззодаи Ғайрат барои якҷоя ин пулҳоро обу лой кардан як мошини Лексуси 470 рангаш сафедро туҳфа кард. Қодирӣ аз пулҳои барои ин роҳ ҷудошуда дар Хуҷанд коргоҳи тавлиди мум сохт ва роҳбарии онро ба зимаи писари наркоманаш гузошт. Барои фаъолияти ин коргоҳ хеле пулҳоро бо баҳонаи ободсозии роҳҳо аз ҳисоби давлат гузаронд. Азиззода Ғайрат духтарашро дар яке аз донишгоҳҳои Ташканди Ӯзбекистон дар факултети дизайнерӣ дохил кард ва ҳар саҳар бо мошини хидматӣ то сарҳади Ойбек оварда гусел мекард. Дар он тарафи сарҳад мошини дигар ӯро гирифта то Тошканд мебарад. Оё як ҳокими ноҳия аз пули музди меҳнаташ инкорро кардан метавонад? Албата не .Танҳо ҳокими ҳаромхури порахур метавонад. Баъзеҳо мегӯянд,ки равуои ҳамарӯзаи духтари Ғайрат Азиззода ба Тошкандро шарикони наркомафияаш ташкил мекарданд.

Поёни қисмати аввали “Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз”,қисмати дуввуми он дар ҳолати омода шудан қарор дорад, рӯзҳои наздик тақдиматон менамоем.Агар мардуми ғаюри Масчо аксҳои ашхоси дар матлаб зикр шударо бароямон ирсол кунанд наворашро ҳам омода ва тақдиматон менамоем.

Сообщение Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз (1) появились сначала на ISLOH.net.

Номаи Шикоятии кормандони КДАМи Рашт ба Ислоҳ
Ин нома аз номи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Рашт ба мо расид. Муаллифон менависанд, ки чанде аз онҳо айни вақт дар минтақа кор намекунанд ва ба дигар навоҳӣ “перевод” шудаанд. Онҳо дар ин нома аз роҳҳову “приёмҳо”-и “пулкоркунӣ”-и Нуралии Муродро навиштаанд. Нуралии Мурод-ҳамон Нуралии мулаққаб ба сиёҳ, ки дар борааш қаблан ҳам навишта будем, вазифаи сардори раёсати минтақаии КДАМ дар водии Раштро амалан ба як фишанги фишор болои мардум ва ба як манбаи даромади муфт мубаддал карда даст ба ришваву фасоди рӯирост ва густарда мезанад гуфтаанд муаллифони ин нома. Ҳамчунин дар мактуби худ кормандони КДАМ дар минтақаи Рашт аз он гуфтанд, ки Нуралӣ Мурод имкон намедиҳад онҳо кори худро оромона ва барои таҳкими суботу амният дар ҷумҳурӣ пеш бибаранд. Шуморе аз онҳо, онгуна ки иқрор кардаанд, танҳо ба хотири Нуралии сиёҳ маҷбур шудаанд кор дар минтақаро тарк карда ба ҷойи дигар бираванд. Ва, инак машрӯҳи мактуби навиштаи онҳо ба “Ислоҳ.нет”

95% — и мо -кормандони КДАМ дар минтакаи Рашт- аз ҳар канору гӯшаи Тоҷикистон ба ин ҷо кор омадаем. Вале 5 сол аст мо зери зулму фишори Нуралӣ Мурод қарор дорем. Мунтазир будем, ки баъди 5 соли корӣ Нуралӣ ба ягон ноҳия ва ё ҷое дигар “перевод” шуда аз инҷо меравад, зеро мувофиқи усул дар як вазифа аз 5 сол зиёд набояд кор кард. Гуфта будем 5 солашро буд кард, меравад ва ҷонамон халос мешавад аз ин золим. Вале барои чӣ ва чӣ бозии сиёсӣ аст ки инак 6 сол мешад дар ҳаминҷо мех кӯфтааст. Дуруст аст ки дар ҳар куҷо худашро ҷияни Ятимов, раиси Кумитаи амният гуфта гашта истодааст аммо дар боло хуб медонанд, ки ҳеҷ хешу таборӣ надорад. Гап дар инҷост, ки мо кормандон ҷойе барои шикоят кардан надорем, то нисбати ҷиноятҳои Нуралӣ бигӯем. Зеро агар ки шикоят кунем боз дар нохунак “хоин” мешавем. Барои ҳамин ба хулоса омадем ҷое, ки арзи мо аз ҷиноятҳои Нуралӣ тавассути пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ба гӯши мақомдорони аввал мерасад. Чунки худи Ятимов ва Нуралӣ дар маҷлисҳояшон гоҳ- гоҳ мегӯянд, ки агар ҷиноят лозим аст, наковед, “Ислоҳ.тв”-ро тамошо кунед, пур. Кор кунед. Ба ҳамин хотир мо ин номаро ба шумо фиристодем. То инки на фақат мансабдорони сатҳи болоӣ, алалхусус мардуми мазлуми минтақаи Рашт низ аз зулмҳои Нуралӣ Мурод, сардори раёсати КДАМ дар минтақаи Рашт огоҳ бошанд.

Мутаассифона вақте мо расонаҳо ва алалхусус шабакаҳои иҷтимоиро мебинем (аммо мо аз “фабрикаи ҷавоб” нестем) мардуми шарифи Тоҷикистон аз рӯи надонистан ва огоҳ набудан ҳама кору ҳама зулмро дар гардани кормандони КДАМ мезанад. Вале инт авр нест. Имрӯз рӯзе расидааст, ки мо низ бояд дар бари миллат бошем. 4 нафар золиме, ки дар боло нишаста моро ба зулму зӯроварӣ болои миллат супориш медиҳанд, ба ин бояд хотима дод.

Зулмҳои Нуралӣ Мурод болои кормандонаш бовар кунед, то он дараҷа ҳаст, ки кас дар баёни он оҷиз мемонад. Нуралӣ бисёр ҳам гушна ва нодида аст ки то бас гуфтан. Ин Нуралӣ то ба КДАМ омаданаш дар бозорчаи “Дӯстӣ”-Душанбе” газвода мефурӯхт. Барои ҳамин бисёр ҳам “мелочник” ва чашмгушна аст. Инҷо як мисол меоварам. Барои мо- кормандони аз дигарҷо омада бояд аз ҳисоби давлат иҷорапулӣ дода шавад.Чунки бархе аз мо бо аҳли оилаамон зиндагӣ мекунем. Вале Нуралии гушна ин пулҳоро аз давлат мегирад худаш мегирад ва ба кормандон намедиҳад. Коргарон бояд пули иҷораро худашон пардохт кунанд. Ё мисоли дигар инки агар барои коре ҳукумат ё бонк ё ягон корхонаи давлатӣ равиву Нуралӣ дар онҷо бинад талхааш мекафад, гизала мешавад, ки ту онҷо чикор мекардӣ? Дар маҷлис бо ягон баҳонаи ночиз ва ҳатто бидуни кадом сабаб мехезонад ва дашном мекунад. Аммо маълум,ки барои рафтан ба ҳамон корхона ва ё бонк аст. Мегӯӣ,ки КДАМ корхонаи меросмонда аз падараш бошад: дар байни ҳамкорон “дафъат мекунам” гуфта таҳқир мекунад. Ҳатто муовинҳояш дилёб намешаванд нопурсида духтур раванд. Аммо,мо кормандон ҳамагӣ медонем,ки худи Нуралӣ аз ҳукумати ноҳия сар карда то бонку беморхонаву донишгоҳу мактабҳову ҷамоатҳову омору кумитаи замину молияву танзим …хуллас ҳама корхонаҳо: чи давлатӣ ва чи хусусиро “доля” баста ва ҳар моҳ тариқи як- ду сагбачааш ва шофёраш ин маблағҳоро ҷамъоварӣ мекунад. Ҳафтае нест,ки ҳатман як бузи куҳӣ барои ӯ шикор карда надиҳанд.

Даромади муфти дигари Нуралӣ даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳии наваскарон аст. Аз тамоми ҷамоат ва шӯъбаи маориф ҳисоботи рӯхати шумораи ҷавонони синни даъвати аскариро мегирад, ки барои мисол дар даъвати баҳорӣ ва ё тирамоҳӣ чӣ қадар ҷавони синну соли аскарӣ мавҷуд аст. Масалан дар як ҷамоат 1000 ҷавони сину соли мувофиқ ба аскарӣ зиндагӣ мекуанд. Аммо аз ин ҳисоб максимум 40-50 нафар бояд ба аскарӣ ҷалб шаванд. Яъне нақшаи ҷамоат барои як даъват ҳамин миқдор аст.

Аммо 950 нафари дигар бояд, ки ҳатмӣ “доля” диҳанд. “Ставка” 1500-2000 сомонӣ барои ҳар як даъватшаванда дар ҳар даъват. Яъне агар дақиқтар карда фаҳмонем ҳар баҳор якуним миллион сомонӣ ва ҳар тирамоҳ якуним миллион сомонӣ ба кисаи Нуралӣ Мурод медарояд.

Ин амалиёти ғорати мардум чи гӯна сурат мегирад?

Падар ва ё модари ин ҷавонро даъват мекунанд ва мефаҳмонад, ки супориш аз “боло” аст. Ва бо таҳдиду дӯғу пӯписа мегӯянд, ки ё ба хидмат меравад фарзандатон ва ё ҳамин миқдори маблағро мепардозед. Фарқ надорад,ки он ҷавон Русия аст ва ё дар дохил аст. Дар Русия бошад ҳам меоред! Вагарна барои саркашӣ аз фармони президент ”дело” мекунем. Бечораҳо ноилоҷ иҷро мекунанд,чун намехоҳанд,ки фарзандашон зиндон шавад. Ба ҳар чӣ розӣ мешаванд. Падару модарҳо тавассути куратори амният дар ҷамоатҳо ва ё худи раиси ҷамоат даъват карда мешаванд. Ин ниҳоят маблағи калон мешавад,чунки дар як сол аз як даъватшаванда ду маротиба ин миқдори пул рӯёнида мешавад. Бовар кунед, агар дар ҷамъоварии сарбозҳо пули беҳад калон намебуд КДАМ ба он сахт часпида намегирифт. Чанд сол аст ки тамоми ҷараёни даъват ба аскарӣ дар минтақаи Рашт куллан дар зери назорати Нуралӣ Муродов қарор дорад.

Дар ҳақиқат шумо дар барномаҳои пешинаатон дуруст зикр кардаед,ки Нуралӣ Муродов дар минтақаи Рашт худаш шоҳу табъаш вазир аст. Ӯ аз ин беназоратӣ истифода карда ҳатто ба кормандони мақомот тамоман раҳм намекунад, ҳаққи онҳоро мехурад.

Масъалаи дигаре,ки мехоҳем қайд намоем ин аст ки Нуралӣ болои гурӯҳи зудамали “Алфа” ҳам сахт ситам мекунад. Ҳар сол ба ин гурӯҳ барои хурду хуроки хубу машқу тамрин сару либос миллионҳо сомонӣ аз буҷҷаи давлат ҷудо мешавад. Аммо ин пул сар карда аз КДАМ-и марказӣ то минтақа гум ва несту нобуд мешавад. Хароҷоти хурду хуроки гурӯҳи зудамали “Алфа”-ро Нуралӣ маҷбурӣ ба зимаи ҷамоатҳо гузошта аст. Ҳар ҷамоат бо навбат барои ин гурӯҳ ғизо таҳия мекунанд. Аз куҷое бошад бояд таъмин бикунанд: замин мефурӯшӣ, аз хонаат меорӣ, бачата мегуед бароят мефиристад аз Русия фарқ надорад. Муҳим супориш бояд иҷро шавад. Бар болои ин, заминҳои картошка, чорвои калону майда дар дараи Камаров, дар дараи Ясман ва дар Ҷиргатолро,ки барои гурӯҳи таъиноти махсуси “Алфа” ҷудо кардаанд, маълум нест кӣ ва чи тавр истифода мебарад ва ин қадар чорвову картошка пиёзу сабзӣ ба куҷо мераванд, Худо медонаду Нуралӣ. Бовар кунед раисони ҷамоат ба ҷон омадаанд. Аммо коррупсия дар авчи аълост. Бахусус дар заминфурушӣ. Нуралӣ “кришават” ва контрол мекунад, дар кумитаи замин ва ҷамоатҳо заминҳоро фурӯхта истодаанд,як кас дилёб намешавад, ки пеши роҳи ин “беспределӣ” гирифта шавад. Заминҳои обӣ, ки тибқи қонун ва фармони президент барои сохтмони манзил дода намешаванд ва заминфурӯшӣ ҷиноят мебошад. Ҳатто то ҷое шунавидем, Нуралӣ гуфта аст,ки заминҳоро гирифта ба киссаашон намекунанд, дар ҷояш меистад, боз бо як қарори дигар ба ҳолати аввала баргардонида мешавад. Вале мо бояд “пока вақт ҳаст” сум кор кунем. Ин гапро Нуралӣ ба як корманди ҷамоат гуфтааст. Мо вақте мехоҳем пурсем раисони ҷамоат мегӯянд мо корро бо Нуралӣ ҳал кардем ӯ худаш медонад.

Дар даруни худи амнияти минтақа ҳам ин овоза паҳн аст ки Нуралӣ гӯиё одами бевоситаи худи раиси КДАМ аст ва аз ончики ҷамъ мекунад барои ӯ ҳам як қисмашро бурда медодааст. Саймумин Ятимов дар пушти Нуралӣ меистад, мегӯянд.

Аммо зулму ситаме,ки Нуралӣ болои мардуми диндори Рашт бор мекунад, бовар кунед ба забон овардан ғайриимкон аст, агар мусалмон бошӣ шарм аз Худо медорӣ, чун туро Худо ба дунё оварда аст, вале бо фармонҳои офаридгорат мухолифат мекунӣ, ин ба гумони мо гуноҳи нобахшиданист. Албатта мардуми диндори Рашт гуфтан на ба он маъно аст ки дар онҷо бединҳо ҳам ҳастанд. Манзур ин аст ки онҳое,ки ҳамеша дар намозанду тоату ибодотро тарк намекунад ва рӯза мегиранд. Нуралӣ пайваста ба бастану маҳкам кардани масҷидҳо дастур медиҳад.”Бандед” мегӯяд. Вале мардуми деҳаҳо ва ҷамоатҳои минтақаи Рашт ба хотири Худоро ибодат кардан, пул ҷамъ карда тавассути танзим ё шофёраш ба Нуралӣ дода масҷидро боз мекунанд. Ё бо ҳар баҳона маҷлис мекунад ва тавре маҷлисро баргузор мекунад,ки бисёр фаврист ва бо макру найранг, ба хотири тарс додан вале дар асл мақсадаш пул кандан аст мегӯяд,ки ана тибқи хабарҳои оперативӣ дар фалон деҳа салафӣ ё ихвонӣ пайдо шудааст. Мо кормандон медонем,ки аслан чунин хабаре вуҷуд надорад. Ва бо ин баҳона тамоми ҷавонҳои намозхонро ба навбат оварда баъди гирифтани маблағҳои муайн озодашон мекунад. Аз охирҳои моҳи моҳи декабри соли гузашта то моҳи марти соли ҷорӣ бо баҳонаи “ихвонӣ” ончунон бачаҳои диндорро шикор карду пул канд,ки ҳисобаш гум аст. Мо ин ҳолатҳоро бо чашмонамон мебинем вале коре карда наметавонем.Бовар накунед маблағҳое бачаҳои Рашт фиристодаанд аз Русия ба хонаводаҳояшон аксараш барои наҷоти бародару наздиконашон будааст,ки ба Нуралӣ додаанду ҷонашонро аз туҳмат халос карданд.

Шумо дар навиштаи қаблиатон гуфта будед,ки бародари Нуралиро солҳои ҷанги дохилӣ дар Рашт куштаанд. Бале,бародари ӯ дар солҳои ҷанг кушта шудааст,аммо дар Тавилдара.Чунки силоҳашро ба замин намегузорад.Аз ин рӯ мо ҳам бар ин назар мувофиқем,ки зулму ситами Нуралӣ болои мардум ин интиқому қасоси ӯ аз ин мардум аст. Азбаски он ҷиноятҳои Нуралиро,ки Шумо дар барномаҳои пешинаатон бозгӯ кардед ва дақиқан,ки ба гӯши мақомдорон расид вале кадом реаксия нишон дода нашуд ва Нуралӣ мисли пешина кори худро давом дода истодааст,пас метавон ба ин натиҷа расид,ки ӯ бо супориш ва нақшаи тарҳрезишуда амал мекуанд.

Нуралӣ болои мардуми Рашт махсус ва бо супориш зулм мекунад. 24 соат маст аст. Арақи дӯстдоштааш “Шоҳона”-и сиёҳшиша аст. Чунон беҳаёсту беномус,ки як мӯсафеди 75 соларо барои онки ба набероҳояш сураҳои Қуръон нишон медодааст оварда қариб бикшад. Тамоми мардум барои раҳоии ӯ пул ҷамъ карданд.Худаш гови ҷӯшоӣ ва буқаашро фурӯхт. Хуллас то пули калон нагирифт, озодаш накард. Рӯзе нест дар дари КДАМ дар Рашт 3- 4 мулло набошаду аз онҳо пул наканад вале бозҳам мардум хомӯшанду пулаш медиҳанд. Бовар кунед шарми одам меояд,ки ин чи замона омада аст. Ман 3 сол мешавад,ки дар Рашт кор мекунам. Бисёр мардуми меҳмоннавоз ҳастанд. Ба касе кор надоранд. Ҳамин ҳоло дар Рашт беш аз 50 дар сад масҷидҳо бастаанд. Дар ҳоле,ки ҳамаи ин масҷидхо то омадани Нуралӣ боз буданд. Нуралӣ вақте ҳамон мӯсафедро ҷавоб медиҳад ё ба кадом як муллои дигар гуфтааст,ки ман супориши болоро иҷро карда истодаам,сиёсати давлат имрӯз ҳамин хел аст.

Мо бо қотеъият ва боитминон мегӯем,ки пули мардуми Рашт Нуралиро миллионер кард. Вай чи қадар пулҳои Раҳими бизнесмену падари ӯро хӯрд, беҳисоб аст. Дар бораи Нуралӣ ва “дӯстӣ”-и вай бо Раҳими бизнесмен маълумотҳои муҳими дигарро дертар мефиристем.(дар Ислоҳ ҳам маълумотҳои зиёде дар мавриди Раҳим ҷамъ шудаанд дар наздиктарин фурсат онҳоро нашр мекунем) Аммо бо вуҷуди онки хуни ин мардумро мисли кана мемакад дасти зулмро аз болои онҳо барнамедорад. Мо ҳамчун кормандонат гуфтанием,ки “Нуралӣ дасти зулматро аз болои мардуми Рашт бардор,чун Саймумин Ятимов то абад туро “кришават” намекунад.

Чанд корманди бошарафи КДАМи Рашт махсус барои “Ислоҳ.нет”

Сообщение Номаи Шикоятии кормандони КДАМи Рашт ба Ислоҳ появились сначала на ISLOH.net.

Мо аз С. Султонзодаи коррупсионер ва “кошелек”-аш хаста шудем
Мо аз С. Султонзодаи коррупсионер ва “кошелек”-аш хаста шудем

(бахши дуввум)

Дар матлаби қаблӣ ваъда карда будем, ки дар бораи Сулаймон Султозода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва коррупсия як матлаби дигаре ҳам дорем, ки ба муҷарради омодашавӣ нашр хоҳем кард. Ин матлаб омода ба чоп шуд,ки аз ин қарор аст:

Шикоят аз коррупсия:

Барои Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз созмонҳову давлатҳо ҷиҳати иштироки кормандон дар конфронсҳову чорабинихои байналмилалӣ ва дар сатҳи давлатҳо ҳар сол даҳҳо даъватнома фиристода мешаванд. Аммо Фирӯз Камолзода бо истифода аз ҳимояту пуштибонии Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсӣ аксарияти даъватномаҳоро ба номи худаш номнавис мекунад ва ба он давлатҳо сафари хизматӣ анҷом медиҳад. Дар ҳоле, ки он даъватномаҳо ба ин ва ё он масъала ва мавзӯъ, самти муайян, яьне самти молиявӣ, тафтишотӣ ё ин ки самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва барои мутахассиси ин ё он самт дар назар гирифта ва фиристода мешавад. Аммо Камолзода ба ҳама самте, ки бошад, ҳатто бо самти кори худаш равона нашуда бошадро ҳам худаш мегирад ва меравад. Соли гузашта Камолзода чандин моҳҳоро дар сафари хизматӣ дар давлатҳои Амрико ва Аврупо гузаронд.

Мисли инки дар Оҷонсӣ дигар кадр ва мутахассис набошад. Барои касе лозим набошад, ки табодули таҷриба кунад. Ва, дигар нукта ҳам ин аст ки дар ин сафарҳои хизматӣ кормандони дигар ҳам ҳақ доранд. Ҳадди ақал аз ҳисоби тарафи даъваткунанда, ки ҳама хароҷоти сафар бори ӯст, як кишвари дигарро тамошо мекунанд. Аммо ин бахту толеъ фақат ба тарафи Фирӯз Камолзода механдад. Як мусибати дигар барои кормандони Оҷонсӣ ин аст ки Фирӯз Камолзода пеш аз сафарҳои хизматӣ рафтан аз аксарияти ревизорҳо ба таври маҷбурӣ пул ҷамъ мекунад ва ҳар гоҳе, ки вай ба сафари хизматӣ равона шавад ревизорҳо дар гурез мешаванд. Зеро, ки онҳоро ба утоқи кории худ даъват намуда маҷбуран аз онҳо пул мегирад. Як қисми хеле ками даъватномаҳо барои сафари хизматӣ ба дигар давлатҳоро ба кормандоне, ки хоҳиши сафар доранд, бо маблағҳои калон мефурӯшад. Хуллас, дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия Фирӯз Камолзода барои ҳар коре, дар кадом вақте хоҳад аз кормандон маблағ мегирад.

Ҳамагон огоҳ ҳастем,ки аз соли 2019 бо супориши Президент бахшида ба ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ ба ҳар кадом аз ноҳияву шаҳр, ки сохтмонҳои ҷашнӣ дар назар гирифта шудааст, як вазир, раиси кумита ва ҳамин тавр мансабдорони сатҳи ҳукуматӣ ҳамчун шахси мутасаддӣ оиди ободонӣ, яъне анҷоми сохтмонҳои ҷашнӣ вобаста карда шудаанд. Бар асоси ҳамин супориш дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода вобаста карда шудааст. Аммо Султонзода дар инҷо ва ин кор ҳам супориши Президентро ичро намекунад. Ӯ ҳамагӣ як маротиба барои назорати ободонии ин ноҳия сафар кардааст. Дигар ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе “кашелёк”-и худ Фирӯз Камолзодаро ба ин ноҳия мефиристад.

Фирӯз Камолзода аз ин фурсат ҳам истифода намуда ҳар хафта дар рӯзи шанбе барои рафтан ба ин ноҳия аввал ба Раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) ҷойгир мебошад даромада аз роҳбарони ин Раёсат маблағҳо гирифта боз баки мошинашро пури сӯзишворӣ карда баъдан ба ноҳияи Дӯстӣ меравад. Дар ноҳияи Дӯстӣ Фирӯз Камолзода тартиботи хоси худро ҷорӣ кардааст. Тибқи дастури вай ҳар ҳафта бо навбат як раиси ҷамоат яктоӣ гӯспанд ва ду адад индукӣ куштагӣ ва 4 мурғи куштаву тозакардашуда ва аз анвои меваҷот 10 килоӣ ва як миқдори муайян маблағ тайёр карда ба ӯ медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳама барои Сулаймон Султонзода аст ва ин ҳамаро ба мошин бор карда ба Душанбе бармегардад. То онҷо, ки медонем раисони ҷамотаҳо дар Дӯстӣ аз ин бераҳмиву ноинсофӣ, ки ба сарашон бор шудааст, хаста шудаанд ва намедонанд, ки додашонро ба кӣ гӯянд?

Қарор аст шурӯъ аз 20 июл дар раёсат ва шӯъбаҳои Оҷонси мубориза бо коррупсия атестатсия гузаронида шавад. Инҷо ҳам боз бозори пулкоркунии Султонзода ва кашелёкаш Камолзода Фируз серхаридор мешавад. Аз аттестатсия пули калон кор мекунанд. Хеле пули зиёд. Эҳсос мешавад,ки аз ҳамин ҳоло вақту димоғи Фирӯз Камолзода хуш аст

Бинобар маълумоти дастрасшуда дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон айни ҳол нисбати Фирӯз Камолзода барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводи зарурӣ ҷамъоварӣ карда истодаанд.

Тӯли 3 солу 6 моҳе, ки Султонзода Сулаймон, роҳбарии Оҷонсиро бар ӯҳда дорад, ҷавонҳоеро ба кор истихдом кардааст, ки ба ӯ пули калон додаанд ва ё он ҷавонҳоеро,ки писару ҷиян ва ё домоди вазирону раисҳо мебошанд, ки на саводи кофӣ доранду на тарбияи дуруст.

Ҷавононе, ки босавод вале бе пулу бе соҳибанд ба Оҷонсӣ ба кор даромада наметавонанд. Масалан домоди “криша”-и Султонзода, ёрдамчии Президент оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон, ки саводи кофӣ надорад ва ба наздикӣ донишгоҳро хатм кардааст, яку якбора ба вазифаи ревизори Дастгохи марказии Оҷонсӣ таъин шуд. Ҳол онки ҷавонони нав ба кор омада бояд дар аввал дар ягон минтақа ва дар сатҳи пойинтар кор кунанд ва баъди чанд соли таҷриба ҳосил кардан дар Дастгохи марказии Оҷонсӣ ҷалб шаванд.

Ҳамон Фатҳулло, ки Президент гуфта аз мақомоти Оҷонсӣ озодаш кунед, он вақт муовини сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Оҷонсӣ буд. Ӯ барои санҷиш ба НОБ-и Роғун ҳамчун сардори гурӯҳи санҷишгарон фиристода шуда буд. 2 миллион доллари ришваро шахсан худи Фатҳулло гирифта буд. Як миқдорашро худаш гирифта бақияашро бо воситаи “кашелёк”- Фирӯз Камолзода ба Сулаймон Султонзода дода будааст. Аз сабаби доштани ҳамин додугирифт Фатҳуллоро дигарбора боз ба вазифаи ревизор таъин кард. Супориши президент буд, ки ӯро тамоман аз мақомот биронанд. Аҷобат дар онки он ду нафари ҳамроҳ бо Фатҳулло мавриди интиқоди шадиди Президент қарор гирифтаро, ки бегуноҳ буданд, аз кор берун карду вале Фатҳуллоро аз вазифаи муовини сардори Раёсати Оҷонсӣ озод вале 20.000 доллар гирифта ревизор дар Оҷонсии Душанбе таъин кард.

Сулаймон Султонзода аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба раёсати Оҷонсӣ омад. Вале то омадани Султонзода кору корбарӣ ва муносибати роҳбарият бо кормандон тамоман дигар буд. Инҷо як муҳити солими корӣ амал мекард. Барои кормандон роҳбарият ёрдам ва гоҳо имтиёз ҳам медоданд. Анҷоми тамоми амалиёт харҷу масраф дорад, ки он бояд аз ҳисоби Оҷонсӣ пардохт бишавад, ҳамчунин мукофот ва ҷоизаҳо ҳам буд, барои иҷрои бобарор ва саривақтии кор. Аммо аз он вақте ки Султонзода сари кор омад, ин ҳамаро дар аснод менависад вале дар амал ба ҷайби худ мезанад. Кормандони Оҷонсӣ аз ин ҳисоб низ сахт нороҳат ҳастанд. Барои мисол барои коркарди як амалиёт ва то анҷоми он гоҳҳо моҳҳо сипарӣ мешавад. Корро ба ваҷҳи аҳсан ба итмом мерасонанд, дар асоси натиҷа онҳо бояд рутба бигиранд мукофтопулӣ барояшон дода бишавад.

Вале Фирӯз Камолзода ва Сулаймон Султонзода аз он ҷинояткор пули калон ба даст оварда ӯро озод мекунанд. Баракс аз коргарҳо пул меканнад, ки парвандаи кор кардаат “хом” будааст. ”Доля” мегиранд. Ҳатто ариза ташкил мекунанд бар зидди коргари худ ва ӯро сиёҳ карда аз кор пеш мекунад. Дар ҳоле,ки он корманд чандин сол дар мақомот софдилона кор кардааст. Ин корро худи Султонзода анҷом медиҳад. Ошкоро мегӯяд, ки “амалиётҳоро” пул кунед. Аз тамоми сардорони минтақаҳову ноҳияҳои Оҷонсӣ ҳар моҳ пул мегирад. Ҳамчуноне,ки бо ревизорҳо ин корҳоро анҷом медиҳад, сардорони минтқаҳоро ҳам водор мекунадки ҳар моҳ “доля” оварда диҳанд. Агар ки наовард аз вазифа мегирад ва ҷойи ӯро ба каси дигар мефурӯшад. Кормандону ревизорҳо ва сардорони минтақаиро бо зӯр ба порахориву фасодкорӣ тела медиҳад. Онҳо, ки аз хонаашон намеоваранд. Маҷбур аз як нафаре, ки дастгир шудааст, пул мегиранд ва оварда медиҳанд. Аз ҳамин сабаб ҳоло касе ба адолат ва инсофи кормандони Оҷонсӣ бовар надорад.

Сулаймон Султонзода, на танҳо нафси боло, нафси тагашро ҳам сар додааст. 3 зан дорад. Тақрибан 8-9 моҳ пеш хонаи зани 2-юмашро дузд зада буд ва аз онҷо дуздон 60 000 доллару тилловориҳои зиёдеро дуздиданд. Ин дуздонро кормандони милиса ҳоло ҳам мекобанд. Аммо худи Султонзода барои он ки ин хабар овоза ва аз зани 2- юми ӯ ҳама хабардор нашавад, дигар аз қафои ин дуздон нашуд. Ба ғайр аз ин 3 зан, инчунин Султонзода бо овозхони ҷавон Хуҷастаи Мирзовалӣ робитаи ошиқона дорад. Ӯро сарпарастӣ карда ҳама хароҷоти Хуҷастаи Мирзовалиро пардохт мекунад. Дар маркази Душанбе ба ӯ як хона харида ва як автомошина ҳам тӯҳфа кардааст.

Мо, хуб огоҳем,ки Сулаймон Султонзода Оҷонси мубориза бо коррупсияро мисли корхонаи шахсиаш истифода бурда истодааст. Вай ба хотири баҳракашии ҳарчи бештар аз ин Идора боз бо дастгирии “крыша”-аш Асадулло Рахмон, ёрдамчии Президент оид ба масъалаи кадрҳо дӯсти деринааш Сафарзода Сӯҳробро аз сардории як шӯъбачаи Прокуратураи генералӣ яку якбора ба вазифаи муовинии худаш-муовини раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия,ки самти тафтишотро назорат мекунад, таъин намуд. Чунин тарзи ҷобаҷо ва таъинсозии кадрро танҳо дар Оҷонси мубориза бо коррупсия метавон дид. Наход дар Тоҷикистон ба тухми кадр қаҳт зада бошад, ки аз сардории як шӯъбача яку як бора ба курсии муовини роҳбари яке аз мақомоти бонуфузи ҷумҳурӣ таъин намоӣ? Лоақал муддате дар мақоми муовини сардори Раёсат, баъдан сардори Раёсат кор мекард, ки ба худ таҷриба касб мекард, ин гапи дигар буд. Зеро Раёсати тафтишот ва умуман кори тафтишот дар Оҷонсӣ муҳимтарин самти фаъолият мебошад. Ҳамарӯза бо парвандаҳои зиёд ва ҳамин тавр тақдиру ҳаёти чандин нафар сарукор мегирад ва ҳал мекунад. Аз ин рӯ дар ин вазифа бояд корманди таҷрибадор таъин шавад. Вале ин Сафарзода Сӯҳроб бошад на таҷрибаи кор,на савод, на муомилаи гапзанӣ, на малакаи роҳбарӣ дорад, бовар кунед, ақли солим ҳам надорад. Барои ҳамин имрӯзҳо хеле аз шаҳрвандоне, ки корашон дар тафтишоти Оҷонсӣ аст бе гуноҳ зиндонӣ мешаванд.

Ҳоло як писари холаи Сулаймон Султонзода бо номи Исматуллои Ҳикматулло, ба ҳайси ёрдамчии Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ оид ба масъалаи кадрҳо ва чуноне гуфтем “крыша”-и Султонзода дар Дастгоҳи иҷроияи Президент кор мекунад. Дигар тамоми корҳоро ҳамин писархолаи Султонзода “прямой” бо Асадулло Раҳмон ҳал мекунад,яъне як сети ҷиноятӣ ташкил намудаанд ва пул дар меоранд.Инҳо ҳамагӣ аз Данғара ҳастанд.

Мо кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсия хоҳиш дорем, ки Ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил карда маълумотҳои пешкашкардаи моро,ки 100% дурустанд, ҳарчи зудтар санҷанд.

Мо, дида истодаем, ки Оҷонси мубориза бо коррупсия баракс барои ривоҷу равнақи пораву фасод дар кишвар мусоидат карда истодааст. Агар Ҳукумати Тоҷикистон пеши роҳи ин вазъияти хатарнокро нагирад, амнияти миллат ва давлат зери таҳдид қарор мегирад.

Гурӯҳе аз кормандони феълӣ ва собиқи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Ҳангоме,ки ин матлаб барои нашр омода мешуд, барои мо феҳристи моликияти тайи се соли раҳбарӣ дар Оҷонси мубориза бо коррупсия гирдовардаи Сулаймон Султонзодадар Душанбе, Данғара ва дар хориҷ аз кишвар расид. Онро барои нашрҳои баъдӣ гузоштем.

Ба иттилоъи хонандагони Пойгоҳи Ислоҳ мерасонем,ки маълумотҳои коррупсионии дигаре аз Султонзода ва “кошелек”-аш дар ихтиёри мо қарор дорад. Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед ба мо ирсол доред,то дар нашароти баъдӣ дар қисмати севум аз онҳо истифода намоем.

Мо аз С. Султонзодаи коррупсионер ва кошелек-аш хаста шудем

Сообщение Мо аз С. Султонзодаи коррупсионер ва “кошелек”-аш хаста шудем появились сначала на ISLOH.net.

Шикояти кормандони коррупсия аз раис ва кашелекаш
Шикояти кормандони коррупсия аз раис ва кашелекаш

Шикоят аз Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон,ки ин ниҳодро чи гуна ба як ширкати тиҷоратӣ бадал кардааст?

…. Бовар кунед, он 10 нафари боздоштшуда аз Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳатто нисф аз дуздиҳои Сулаймонзода ва “кашелёк”-и ӯро, ки инак се сол аст роҳбарӣ мекунад дуздидаву ҷамъ накардаанд. Дар давоми се сол ин одам ба маънои томи калима миллионер шуд ва ҳоло яке аз шахсони сарватманди Данғара ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле, ки мо худ шоҳид ҳастем, ки зиндагии тамоман дигар дошт ва хеле табъаш болида ва вақташ хуш мешуд, агар ки ягон нафар ӯро барои сарфи ғизо дар ягон тарабхонаи гаронбаҳо даъват мекард.

Умед Додоҷонзода собиқ сардори Раёсати кадрхои Оҷонсӣ як инсон ва мутахассиси поквиҷдон ва ботаҷриба буд, ки дар интернат ба воя расидааст. Ӯро бе ягон асос ариза ташкил карда аз масъулият канор зад ва ба ҷои ӯ ҳамин кашелёки худаш Фирӯз Камолзодаро таъин кард. То ҳамин ҳоло барои мо, кормандони Оҷонсӣ хоксорӣ, фурӯтанӣ, одамигарӣ, кордонӣ ва ҳирфияти ӯ фаромушношуданист.Ӯ поквиҷдон ва қалби тоза дошт.

Умед Додоҷонзода, кадри Рустами Эмомалӣ буд. Мо мутмаинем Рустам аз ин вазъият, ки дар Оҷонси мубориза бо коррупсия ба вуҷуд омадааст ва бахусус аз барканор кардани Умед Додоҷонов бехабар аст. Зеро то ҷое медонем Умедро худи Рустам интихоб ва ба ин ниҳод ба кор овардааст.

Аммо имрӯз ҳатто худи кормандони Оҷонси мубориза бо фасод аз дасти Султонзода Сулаймон Саид ва Камолзода Фирӯз Анваралӣ ба дод омадаанд. Бовар кунед, дар мақомоте, ки худ бояд бар зидди фасод мубориза барад ва барои ҷилавгирӣ аз фасоду ришват ташкил шудааст, ягон корро бе маблағ ба иҷро намерасонанд.

Султонзода Сулаймон Саид, моҳи январи соли 2017 ба мақоми раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуд. Ӯ дафъатан Фирӯз Камолзодаро аз Прокуратураи ҳарбӣ ба кор ба Оҷонсӣ овард ва дар ибтидо ба ҳайси ёрдамчии директор таъин кард. Ин овардан бесабаб набуд. Ҳамагӣ баъди як сол маълум шуд. Баъди як сол хост Фирӯз Камолзодаро ба яке аз вазифаҳои асосии Оҷонсӣ-сардори Раёсати кадрҳо-ҷойи фурӯши вазифаҳо таъин кунад. Тибқи низомномаи фаъолият дар Оҷонсӣ сардорони Раёсатҳо бо розигӣ ва мувофақа бо Президент таъин ва озод карда мешаванд. Зеро Оҷонсӣ ниҳоди давлатӣ аст ки мустақим ба раиси ҷумҳурӣ итоат мекунад. Барои ҳамин Султонзода Сулаймон, мудири Оҷонсӣ номзадии Фирӯз Камолзодаро барои ишғоли курсии сардори Раёсати кадрҳо ба Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ муаррифӣ кард. Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,ки даст доштани Фирӯз Камолзодаро огоҳ буд, маълумоти муфассал ироа кард ва дар Дастгоҳ номзадии ӯро рад карданд ва таъин нашуд.

Аммо бо вуҷуди ин Султонзода сардори Раёсати кадрҳоро аз вазифа барканор кард ва Фирӯз Камолзодаро ба ин мақом ба сифати иҷрокунандаи вазифа таъин кард. Баъди чанд моҳ Султонзода номзадии Фирӯз Камолзодаро такроран барои таъин ба мақоми сардори Раёсати кадрҳои Оҷонси мубориза бо коррупсия ба Дастгоҳи иҷроия пешбарӣ кард. Вале ин бор ҳам Кумитаи амнияти бо ироаи маълумоти муфассал аз кирдорҳои ҷиноии Фирӯз Камолзода ба маъмурияти Президент ба тасдиқи номзадии ӯ мухолафат кард. Ва Дастгоҳи иҷроия ҳам боз посухи рад дод. Аммо ҷойи нигаронист, ки Сулаймон Султонзода бар хилофи муқаррарот ва низ дар муқобала бо мавқеи Дастгоҳи иҷроия ҳамоно Фирӯз Камолзодаро ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кадрҳо нигоҳ медорад. Мутобиқи қонун иҷрокунанда бояд на кам аз 4 моҳ кор кунад. Вале Фирӯз Камолзода то ба ҳол дар ин мақоми масъулиятнок ба таври ғайриқонунӣ як сол мешавад кор карда тамоми вазифа ва мансабҳои Оҷонсиро фурӯхта ва маблағи ба дастмеовардашро ба Сулаймон Султонзода медиҳад. Фирӯз Камолзода ҳанӯз 32 сола аст. Дар ёд дорем вақте ӯ ба Оҷонсӣ кор омад як мошини оддӣ ва куҳна дошт,ки нархаш 4000 ё 5000 бештар набуд. Давоми ҳамагӣ се соли кор ҳоло мошини шахсиаш “Тойота прадо”, соли барориаш 2019 ва арзишаш 40.000 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Дар маркази Душанбе, дар хонаҳои навсохт 10-ҳо хона харидорӣ карда ва дар ошёнаҳои аввали чандин ингуна биноҳо мағозаҳояшро фаъол сохтааст. Бинои ин мағозаҳоро ҳам ба пурагӣ харидааст. Дар ин шабу рӯз ҳар як метри квадратии мағозаҳо дар айни замон аз 2000 то 2500 доллар ва ин давру барҳо мебошад.

Дар шаҳри Кӯлоб, ки падару модараш онҷо ба сар мебаранд давоми ду сол 2 то қасри муҳташам,ки якеаш барои падару модараш ва дуввумӣ барои худаш аст,сохт. Як бародарашро, ки тамоман савод надорад ба Оҷонсӣ ба кор гирифт. Вай айни ҳол ба ҳайси ваколатдори фаврии Раёсати вилояти Суғд кор карда истодааст. Фирӯз Камолзода дар Оҷонсӣ худаш шоҳу табъаш вазир аст. Ягон касро гӯш намекунад. Ҳатто муовинҳоро писанд намекунад. Бо сардорони Раёсатҳо умуман салом намедиҳад. Кормандони одиро сиёсат ва дашном мекунад.Чунки ӯ одами раиси Оҷонсӣ аст. Бидуни маблағ ягон корро ба анҷом намерасонад. Барои мисол агар як корманд тағйири ҷои кор кард (перевод) шавад аз 3000 то 4000 доллар камтар пора намегирад. Агар ин вазифаи роҳбарӣ бошад “ставка” аз 20000 доллар поин нест. Сипас ба ҷойи дигар перевод мекунад. Барои даромадан ба кор дар Оҷонсӣ 10.000 доллар мегирад. Ин гапҳо, ки озмун асту конкурс ҳамагӣ як амали зоҳирӣ аст. Ҳатто рутбагирӣ ҳам пулакӣ аст. Фарз кардем агар мӯҳлати рутбагирии корманд расида бошад, ки бар тибқи қонун бепул аст, то ба Фирӯз Камолзода 500 доллар надиҳӣ, онро баҳона карда кашол медиҳад. Аз корманде, ки санҷиш-ревизия меравад ба ин ва ё он корхона ва муассиса ҳатман 1000 доллар мегирад ва сипас фармон содир мекунад. Вақте санҷишро ба итмом расонида меояд боз %-фоиз дорад. Бюҷети корхонаро фаҳмида %-и онро мегирад. Ҳатто барои рухсатии меҳнатӣ, ки корманд ҳақ дорад дар сол як бор бигирад, то 100 доллар надиҳӣ рухсатиро назди раиси дароварда имзо намегирад. Беш аз ин, шояд боваратон наояд, аз маблағи “отпускной” ҳам бояд як ҳисса пардохт кунӣ барои Фирӯз.

Хуллас, дар мақомоте, ки миссия ва рисолати он ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои коррупсионӣ аст, бепул кори корманди худи ҳамин ниҳод иҷро намешавад. Дар асл коррупсия дар худи Оҷонсии мубориза бо коррупсия бештар ривоҷ гирифтааст. Аз рӯзе, ки Сулаймон Султонзода ба ин мақомот омад, кораш тақсими вазифа, аз як ҷо ба ҷои дигар тағйир додан ва аз ҳамин қабил корҳо. Вале касеро парвои кори асосӣ нест. Ҳама кормандони Оҷонсӣ хаставу монда шудаанд. Дар ҳамин давоми роҳбарии Султозода инак бори 3юм аст ки дар сохтори Оҷонсӣ тағйирот дароварда мешавад. Бидуни кадом зарурат ва бидуни кадом асос. Бо ин баҳона чандин нафарони кордону ботаҷрибаро аз кор озод карда ва боз баъди чанде бардурӯғ озмун эълон намуда бар ивази маблағ ба кор қабул мекунанд. Ҳафтае нест, ки ҳолати вазифа ивазкунӣ нашуда бошад. Як кормандро ду моҳ дар якҷо кор фармуда боз баъди ду моҳ пул гирифта ба ҷойи дигар перевод медиҳанд. Ҳамааш ба хотири пул, ба хотири доллар. Рости гап то омадани ин ду нафар ба раҳбарии Оҷонсӣ коррупсия дар кишвар то ба ин дараҷа рушд наёфта ва рӯирост нашуда буд. Сафи ришвахорон дар тамоми мақомоту идораҳо зиёд шудааст. Фирӯз Камолзода озодона аз ҳама кор пул мегирад. Мегӯяд ин пулҳоро бурда ба шеф медиҳад. Бовар кунед аз ҳама мақомоти коррупсионер худи ҳамин Оҷонси мубориза бо коррупсия мебошад.

Ин ҳодисаро ҳама мардуми Данғара медонанд .Соли гузашта дар 29 майи дар деҳаи Исмат Шарифи ноҳияи мазкур бо иштироки Президент як маркази ташхисӣ-табобатӣ кушода шуд. Ин маркази табобатӣ дар асл аз они раиси Оҷонсӣ Сулаймон Султонзода мебошад, ки ба маблағи ҳудуди 20 миллион сомонӣ бунёд ва муҷаҳҳаз шудааст. Дар ҳамин деҳа Султонзода боз аз ҳисоби шахсиаш боғи Парчам, чанд бинои маъмурӣ ва фарҳангӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ сохта истодааст. Савол ин аст ки пули ин ҳама таъсисот ва сохтмонҳо аз куҷо аст? Албатта, ки аз ҳисоби гирифтани пораву ришва аст. Ҳоло онки ӯ се соли пеш, яъне қабл аз омадан ба коррупсия мисли мо як зиндагии маъмулӣ дошт ва одӣ мехӯрду одӣ мегашт. Вале имрӯз буруташро табар намебурад ва дар ҳавои даҳанаш санги осиёб мечархад. Чи коре хоста истодааст, карда истодааст. Оҷонсии мубориза бо коррупсияро мисли як корхонаи шахсии худаш истифода карда истодааст. Вақте маркази табобатӣ дар он деҳаро кушоданд, гуфта шуд, ки он аз ҳисоби соҳибкорон Содиқовҳо, яъне бародарони Султонзода сохта шуд. Аммо ҳамагон медонистанд, ки ин як дурӯғи навбатӣ аст. Чунки бародарони Султонзода кадом тиҷорат ва соҳибкорӣ надоштанд. Бародарони Султонзода се соли пеш бо мошинҳои опели куҳна мегаштанд ва дар деҳа то маркази ноҳия таксӣ мезаданд. Аммо дар ин се сол “замона” дигар шуду онҳо бо мошинҳои гаронарзиш мегарданд. Мошинҳои писарони Султонзода ҳар кадоме аз 80.000 доллар кам нестанд.

Султонзода солҳои пеш Содиқов буд,то омадан ба коррупсия аммо дертар иваз кард. Дар деҳа ҳама медонанд, ки Султонзода як хонаи миёна дошт, ки чанд бародару келинҳо бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Аммо ҳоло чиндин хонаҳои ҳамсояҳоро бо нархҳои қиммат харидорӣ карда онҳоро ба замин ҳамвор намуда дар ҷойи онҳо қаср сохтаанд. Ҳозир ҷавонҳои деҳа ҳама ҳаваси Султонзодаро мехуранд ва орзу доранд,ки ақалан як сол дар Оҷонсӣ кор карда мисли Султонзода серпул бишаванд ва оянду ҳамсояҳоро пул дода аз хонаҳо бихезонанд ва қасру кӯшкҳо созанд. Ҳол онки ин қадар катту кут бо маоши ҳалол дар 100 сол ҳам ба даст намеояд. Аз инҷо бармеояд, ки аслан дар фикри беҳтар кардани давлат нест, балки фақат барои худ кор карда истодааст. Султонзода Оҷонсиро ба ҳадде ҷазир намудаву беобрӯ кардааст, ки касеро намегузорад кор кунад. Касеро бо ришва дастгир мекунанд Султонзода ё ба воситаи бародаронаш ё ба воситаи Фирӯз Камолзодаи “кашелёк” маблағҳои калон гирифта онҳоро ҷавоб медиҳанд ва он нафарон на танҳо аз кор барканор намешаванд, ҳатто рафта дар ҷойи қаблӣ фаъолият ва ҳамин тавр ришвахориро идома медиҳанд. Ин тарзи корбарӣ ҳам обрӯи корманду Оҷонсиро аз байн мебарад ва ҳам ба обрӯ ва эътибори давлат латма мезанад ва ҳам ришваву фасодро дар ҷумҳурӣ авҷ мегиронад. Аммо ба ин тарафи кор Султонзода ва Камолзода Фирӯз камтарин аҳамият ва эътиор намедиҳанд. Барои мисол мо аз мақомоти амният як чизро мехоҳем, ки таҳқиқот баранд. Масалан ҳамин кормандони Кумитаи заминро аз сатҳи ҷамоат гирифта то ноҳиву шаҳру вилояту ҷумҳурӣ. Даҳҳо, шояд садҳо нафар бошанд, ки ҳатман ба дасти мақомот афтода бар ивази ришва раҳо шуда ва ҳоло боз аксарияташон дар ҳамон вазифаҳои пешина фаъолият карда истодаанд.

Пуштибони Сулаймон Султонзода дар ҳукумат Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент оид ба кадрҳо мебошад. Барои ҳамин дилаш пур аст ки то чанд соли баъд ҳам ӯро аз вазифа намегиранд. Зеро ӯ маблағҳои “кор” мекардаашро бо Асадулло Раҳмон тақисм мекунад.Ин чунин дар мавриди хешу таборӣ бо модарӣ Пешво буданшро ҳам дар идора шунидаем вале то куҷо дуруст аст намедонем (Дар бораи инки Асадулло Раҳмон киҳоро “кришават” мекунад ва мансабҳоро чи гуна мефурӯшад, як матлабе дар ҳоли омода шудан аст. “Ислоҳ.нет”)

Инҷо боз мехоҳем як нуктаи дигарро ёдрас намоем,ки нишон медиҳад Сулаймон Султонзода ҳоло худашро чи хел “гирифтааст”,ки ҳатто супоришҳои Президентро ҳам иҷро намекунад.

Ҳамин сол вақте бинои нави Оҷонси мубориза бо коррупсияро бо иштироки Президент ба истифода доданд, дар он ҷласа Президент гуфт, ки 3 корманд-ревизорҳои Оҷонсӣ аз нерӯгоҳи Роғун 2 миллион доллар ришва гирифтааст. Супориш дод, ки фавран онҳоро аз мақомот озод кунанд. Аммо баъди чанде маълум шуд, ки Фирӯз Камолзода бо супориши Сулаймон Султонзода яке аз ҳамон кормандҳороки Фатҳулло ном дорад бар ивази 20.000 ҳазор доллар дар Раёсати Оҷонсӣ дар шаҳри Душанбе боз ҳам ба ҳайси ревизор ба кор қабул кардааст. Президент дар паёми имсолааш ба Маҷлис ҳатто аз ҳамин корманди Оҷонсӣ махсус ном бурда буд. Вале чи хеле мебинем Султонзода ӯро дубора ба кор гирифт ва ҳарфи Президентро эътино накард. Чунки дар воқеъ сумаш хеле зиёд шудааст. Мо кормандони Оҷонсӣ дар ҳайрат ҳастем,ки чаро ин ҳама ҷиноятҳои ошкорои ӯро ҳеҷ кас аз мақомот ва ҳукумат намебинад?

Мумкин аст бароятон аҷиб бошад,ки чаро ин шикоятро ба Ислоҳ фиристодем ,на ба ягон ниҳоди дигари ҳукуматӣ. Мо борҳо шоҳид будем,ки Султонзода Ислоҳро хонда ва ё тамошо карда ба Фирӯз амр карда буд, ки ин масалро тез бинед. Дар чанд ҷаласаҳои кормандони ниҳод Султонзода аз Ислоҳ истинод карда буданд. Мо ҳам хостем онро дар Ислоҳ нашр кунем,ки худаш бубинад ва дигар мақомот ҳам онро донанд ва ин ниҳодро аз ин фасод пок созанд.

Гурӯҳе аз кормандони феълӣ ва собиқи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

Ба иттилоъи хонандагони Пойгоҳи Ислоҳ мерасонем,ки маълумотҳои коррупсионии дигаре аз Султонзода ва “кашелёк”-аш дар ихтиёри мо қарор дорад. Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед ба мо ирсол доред,то дар нашароти баъдӣ аз онҳо истифода намоем.

Шикояти кормандони коррупсия аз раис ва кашелекаш

Сообщение Шикояти кормандони коррупсия аз раис ва кашелекаш появились сначала на ISLOH.net.