Архивы Юсуф Раҳмон - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 379
Се нома аз Нуробод, Душанбе ва Кулоб дорем, ки ба унвони муқаддима ва ҷазби диққати шумо аз ҳар кадоме ба унвони чошнӣ ҷумлаҳоеро пешкаш менамоям.

Нуробод: « Мегуяд «ту чиба телефон надорӣ? Гуфтам пули интернет қиматай, пул надорам.Коргари 6-ой отдел мегӯяд ба «Ислоҳ» нома навис, «Ислоҳ» пулат мепартояд, роҳашро нишон тиям?»

«Домулло, инро бароятон бигӯям, чанд муддате, ки «Минбари муҳочир» ва «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар Ютуб нашр нашуданд, амният ва 6-отдел хурсанд шуданд. Вақте Ютуби нав кушодед ба ҳақораткунӣ даромаданд. 6-ой отдели райони нав ва низ аз  Сиёвуши амниятӣ настаренияшон вайрон шуд. Ҳозир талхакафанд, ки боз номаи Нуробод нашр мешавад».

Душанбе: «Бояд ин ҷашнро ончунон осмониву мутантан таҷлил кунанд, ки мардум дар қудрати Раҳмонов, дар маҳбубияти вай дар байни халқ шакку шубҳа надошта бошад. 100.000 донишҷӯ!!!! Мефаҳмед?!! 100.000 донишҷӯ меояд машқи рақс мекунад, барои ризои як кас, барои он ки ҳамон як кас кайф карда тамошо кунад, лаззат барад.

Кулоб: «Вай ҳамеша ва ҳар ҳафта барои хонаи Нуриддини акаи мурдагии Раҳмонов дар бағоҷ ва салони мошин маводи ғизоӣ мефиристод. Ҳар ҳафта, бидуни перерив. Дар Душанбе ҳам прокурор буд, боз ҳам мефиристод».

Нуробод

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин нома аз тарафи мардуми мазлуми ноҳияи куҳистонии Нуробод нависта шудааст. Мардуме, ки таҳти фишори 6 -ой отели райони нав мебошанд. Ин 6-ой отдел ҳаррӯз сокинонро якто-якто бурда таҳти шаллоқу шиканҷа қарор дода истодааст, ки «шумо мардуми Нуробод ба «Ислоҳ» менависед, хоини миллатед, қадри пешворо на медонед. Ин 6-ой отделро ҷаноби олӣ, пешво барои шумо мардуми Нуробод махсус кушод, ки ин мардум мардуми террористанд, якта якта бишиканедашон, махсус мардуми Самсолиқ ва мардуми Хундонро»

Ин 6-ой отдел рӯзи дароз дар бозори райони куҳна бачаҳои ҷавонро ғам медиҳад, онҳоро  қапида телефонҳояшонро мегиранд, мегӯянд, ки шумо муллогӣ тамошо мекунед, Суҳроби Одилиёни хониро тамошо мекунед.

Дар масҷидҳо вақти шом медароянду мекованд тилфонҳоро, инстаграм мекованд, телеграм мекованд, ки «Ислоҳ» тамошо кардааст, кӣ муллоҳоро тамошо кардааст? Ман тилфон намегардонам. Маро қапид 6-ой отдел. Мегуяд «ту чиба телефон надорӣ? Гуфтам пули интернет қиматай, пул надорам. Коргари 6-ой отдел мегӯяд ба «Ислоҳ» нома навис, «Ислоҳ» пулат мепартояд, роҳашро нишон тиям?»

Гуфтам «ма «Ислоҳ» тамоман тамошо намекунам. Чи тамошо мекунӣ гуфта пурсид? Гуфтам Эшони Нуриддинро. Гуфт ту хоини Эшони Нуриддинро тамошо мекунӣ, у як фитнаандоз аст.

Эшони Нуриддинро ҳамин тавр гуфт. Гуфтам ягончи нест, агар мешуд дар Ваҳдат намеситод. Хело разбор кардем.

Ҳозир тарафи Мучахарф мераванд, мардуми Мучахарфро ғам дода истодаанд. 6-ой отдел нав хурсанд шуданд, ки Ислоҳро маҳкам карданд. Дар бораашон кадоме навишта буд. Ҳамин шашум отделро гуфтанд, ки шефҳои мо дар Душанбе ин қадар мақола намехонанд, наметавонанд хонда. Дар Ютуб бошад ба мо занг мезананд, ки чи гап аз Нуробод. Ҳоло ҳеҷ чи намегӯянд. Агар Ютуб бошад, безор мекунанд аз вазорат занг заниро, ки Нуробод дар «Ислоҳ» навиштан худашон аз боло мегуянд фишор диҳед мардуми Нурободро. Дар мақомот мақолаҳоро мехонанд вале вақте навораш баромад аз мардум метарсанд,ки мардум наворро мебинанду ҷинояткоронро мешиносанд. Пас аз ҳар матлаби Ислоҳ ҳатман занг мезананд вале пас аз наворҳо сахттар бе тоқат мешаванд. Боз шикояташонро нависанд дарав дашном мекунад вазир ё кадри вазорат. Ин гапро одаме оиди масҷидҳо вобаста аст дар райони нав- 6 отдел гуфт.

Ин 6 –ой отдел бо амният ҳар муллое дар деҳаҳо ҳаст якта якта бурда 4000 сомонӣ штраф карданд, ки одамҳои касалиро нахонанд: «мон девона шава, касал нахонша».То ҳатто фарзандаш касал шавад бояд ҳамин мулло нахонад фарзанди худашро. Як намуд сахт қапидагианд муллоҳоро дар Нуробод, ки то бас гуфтан. Мегуянд ҳамин 6 -отдел фармони Ҷаноб аст ки бояд муллоҳо амри маъруф ва дуъо хонӣ накунанд.То ҳатто масҷид маҳкам аст -масҷиди ҳоҷӣ Сафол маҳкам, масҷиди дараи Валӣ маҳкам, масҷиди 8 -март маҳкам, масҷиди ДЭУ маҳкам, масҷиди Синҷит маҳкам, масҷиди Тегирми маҳкам.

Мардуми Тегирмиро мегӯӣ «биё 6 адел брем бгем масчити моро кушо, меган яке штрафмон накнан, мон маҳкамш кнан, хонада мехонем, илтимос рӯзмон бтен инҳо бе имонанд».

Дар бораи Сиёвуш амниятӣ дар телеграми шумо хонда тарафи як шиносаш гуфтааст, ки ин гапҳо ҳамааш росту лекин СС. Ятимов хурсанд мешавад, ки ман мардумро ғам медиҳам, муллоҳоро ғам медиҳам, хурсанд мешавад ва боз  механдаду мегуяд мардуми Нуробод гурда надоранд, ки дар пешам ин гапро гӯянд. Ба «Ислоҳ» менависанд, то вақте дар вазифаи амният ҳастам мардуми Самсолиқ, мардуми Тегирми, мардуми райони куҳнаро ана ҳамин тавр ғам медиҳам, мардуми бесоҳибанд. То ҳатто раисашон аз ман метарсад. Раис аз ҳамин Нуробод ҳаст —Солеҳзода Картошка Ҳусенович аз ман метарсад.

Ҳамаи номаҳои рафта аз Нурободро мехонад, лекин маро ягончи намегуяд. Ин Сиёвуши амнияти номери ватсапаш sssss англисӣ кардагӣ.

Як муллои деҳаро пурсидам фамилияи Сиёвуш чи бошад? Мулло мегуяд ба ту чи даркор фамилияи Сиёвуш?

«Проста ҳама ҳами Сиёвуш, Сиёвуш меган фамилияаш интресни шуд гуфтам ба мулло». Мулло имом мегуяд кадоме ҳаст, ки дар бораи Сиёвуши амниятӣ менависад. Баъд Сиёвуш моро фарёд мекунад- ин навиштаги аз кадом деҳа бошад гуфта моро мепурсад.

Мулло имоми як қишлоқ камтар мулоимхунуки гап хунук дар пешаш ҳичи намегуяд. Аммо баъд мебарояд аз маҷлису мегуяд одами навиштагӣ камаш навиштааст, ин ҳаромиро кай аз вазифа мегирифта бошанд, ки нафаси тоза гирем, ба ҷонамон задааст. Чунки як руз пас занг мезанад ва савол мекунад, ки чи гап дар қишлоқ ва аз шумо гап мегирад. Ин Сиёвуш амниятӣ ба ҳами мардуми Тегирми сахт назорат мекунад. Шабҳо масҷид меравад: бачаҳои ёш, ё муаллим бошад, ё коргари давлатӣ бошад, вой бар ҳолаш. Ҳоло худи Фатҳуддин Солеҳзодаро бо ҳамроҳии бародаронаш назорат дорад. Бародарони раис масҷид мерафтанд, баъди раис шудани додарашон ва ба дунболашон афтодани Сиёвуш бас кардан масҷид рафтанро.

Ин Солеҳзода Фатҳиддин дигар ба коргарҳои давлатӣ сару кор намегирад. Аз паи варзиш ва аз пайи картошкачинӣ. Намегуяд, ки чаро порагирӣ авҷ гирифтааст, парво надорад. Ин ба ном раиси ноҳия аст. Ягон пешравӣ надорад Солеҳзода Фатҳиддин. Аз ин вазифа меравӣ, лекин номат картошка ё раиси тарсончак мемонад. Ту номус дорӣ ё не Солеҳзода Фатҳиддин?

Мардуми Нурободро мепурсӣ, ки ин Солеҳзода Фатҳиддин ягончи пешрави дорад? Мегӯянд, бале- картошка. Лекин дар Душанбе картошка 4, дар Нуробод 6 сомонӣ аст. Мегӯӣ, ки картошкаро ба ….. ба Рустам роҳӣ мекарда бошад Солеҳзода Фатҳиддин.

Қариб фаромуш кардам. Сиёвуши амниятӣ вақте муллоҳоро фарёд мекунад, ба ҷамоати райони куҳна бояд муллоҳо тоқӣ ё сала дар сар надошта бошанд, ришашон баланд набошад. Аз тоқӣ, аз риш ва аз салае, ки дар сар мемонанд Сиёвушро бадаш меомадаст, нороҳат мешудаст.

Як мулло мегуяд: «ҳамиқа дуъо мекунам ҳами Сиёвуш аз ин Нуробод намерава, меги ҳамиҷа никоҳаш  карда бошан. Ҳайдараш рафту аммо ин Сиёвуши бе падару бе модари лаънатӣ намеравад.

Мо мардуми Нуробод бо сабр ҳастем лекин, вақт соаташро мунтазирем».

Сиёвуш вақте Ютуби Ислоҳро маҳкам карданд дар маҷлиси муллоҳо ва бузҳояш гуфтаст: «диден Ислоҳро  маҳкам кардем. Ин корро СС.Ятимов, раиси мо кард. Ҳоло ман одаме, ки номанавис аст меёбам гуфтааст ба тарафи муллоҳо.  Ин 6 –ой отдел тарафи мардуми Хундон мегуяд, ки гапи зиёдатӣ назанед».

Мардуми Хундон вақтҳои пеш гапзан буданд. Ҳозир якта якта бурда дар 6-ой отдел мезананд ва махсус одамони гапзанро мешикананд.

Дар номаҳои пешина дар бораи духтури хирург Қосимов Иброҳим навишта буданд, аммо иваз нашуд ва то ҳозира ҳамон хел. Як дорухаташ 30 сомонӣ, барои хатна 750 сомонӣ мегирад.

Ин Қосимов Иброҳим ва Шафоатова Заринаи сардухтури зоишгоҳи райони нав то ҳол кор карда истодааст ва ҳоло ҳам ҳамон порагирӣ. Писар ба дунё ояд 700 ва агар духтар бошад-600 сомонӣ мегирад. Чи 6-ой отдел ва чи амният дар ҳақиқат медонанд, ки ин духтурҳо пора мегиранд, аммо амният ва 6-ой отдел фақат мардуми камбағалро фишор меоранд.

«Домулло, инро бароятон бигӯям, чанд муддате, ки «Минбари муҳочир» ва «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар Ютуб нашр нашуданд, амният ва 6-отдел хурсанд шуданд. Вақте Ютуби нав кушодед ба ҳақораткунӣ даромаданд. 6-ой отдели райони нав ва низ аз  Сиёвуши амният настаренияшон вайрон шуд. Ҳозир талхакафанд, ки боз номаи Нуробод нашр мешавад».

Ба гуфти началники 6 –ой отдели райони нав вазир ё калонҳои вазорати корҳои дохила онқадар номаҳоро намехонанд, фақат Ютуб мебинанд. Номаҳоро барои маълумотгирии худашон мехонанд ва дело мекунанд. Навор нашр шавад аз хезиши мардумӣ дар ҳаросанд.

Домулло ҳаррӯз дар Нуробод светро мекушанд, ҳамин ҳозир, дар тобистон. Бовр кунед, ин селе, ки дар ноҳияҳои дигар омад ҳамааш ғазаби худо болои Эмомалӣ барои бастани масҷидҳо аст. Амниятиҳо ва шестойотделиҳо, ҳоло барои ин масҷидмаҳкамкуниҳоятон мебинед. Ин хашми Худо болои шумост.

Вақте аз одами наздики Сиёвуш бачаҳо фамилияи ӯро пурсиданд мегӯяд: «ту фамилияи Сиёвуша чи кор мекнӣ, ба «Ислоҳ»-а менависӣ, ҳами ту набоши ба «Ислоҳ»-а менависӣ?»

Кадомеро, то ҳатто сардори КДАМ-и Нурободро бачаҳо пурсиданд гуфт ба фамилияи Сиёвуш чи кор дорӣ? Метарсанд,  ё худаш гуфтааст, ки касе фамилия маро пурсад нагӯедаш.

Ин 6-ой отдел намози ҷумъахонӣ мераванд, одамҳои ришдорро сурат мегиранд ба ба райони нав фарёд мекунанд. Ба 6 –ой отдел меравӣ мегӯянд «риша мондай хатиб шиданӣ чӣ»? Як намуд мезананд, ки ин коргарони 6-ой отдел. Бераҳмона мезананд, ки риш мондаӣ. Телефонатро мекобанд, ку чи тамошо кардаӣ? Вой бар ҳолат, ки «Ислоҳ» тамошо карда бошӣ, ё ҳоҷӣ Мирзо ё Эшони Нуриддин.

Дар Нуробод агар бигуӣ «Ислоҳ»  тамошо мекунам, аз пешат мегурезанд ё мегуянд номашро нагир, ки «Сиёвуш бфаҳма трмат мекна ё 6 адел бфаҳма трма меши ё мебаран хар барин мезананта».

Ин мардуми Нуробод бегонапарвар ҳастанд. Ана ҳамин  Сиёвуш беҳад зулмашон мекунад:-асалпарварҳо асалаш медиҳанд, гусфандорҳо гусфандаш медиҳанд, магазиндорҳо пулаш медиҳанд, ин картошка ку ҳисоб надорад. Сиёвуш картошкаи медодаи нурободиҳоро мефурушад, чунки беҳади бад зиёд медиҳандаш. Ин себу ноку амруду зардолуву олуву …зираву чакаву ҷурӯоту гӯшти сайду… хулоса,тамоми чизи дунёро мебаранд медиҳанд. Таваллуди Сиёвуш 1996 аз Балҷувон. Cиёвуш мегуяд: «ман мардуми Нурободро ҳамаашро галу гардондам, чмошон кардам, рихиникшон кардагиюм».

Ба сари як мулло дар пеши бозор ҳамин Сиёвуш дод мезанад, мардуми Нуробод тамошо доранд, хапанд. Мегӯянд, ки ин амният ҳаст, хап кунед. Амният мегуӣ талхакаф мешаванд. Ин мардуми Нуробод чмо шудагианд, мардуми тарсончак, ки як хелаш дастони одамони 6 отдел ё Сиёвушро мебусанд. Ман дидам. Мардуми Нуробод масҷидҳояшон маҳкам, Сиёвуш ошкоро ба духтарҳояшон гап мепартояд. Мегӯянд ин амниятӣ аст, хап кунед.

Беҳад рӯзи мардум дар Нуробод бад аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Бароятон  пирӯзӣ орзу дорам. Орзу дорам, ки шумоҳо ин давлату ин ватану ин мардумро аз зери юғи зулму истибдоди ин хонаводаи касофат наҷот хоҳед дод. Ҳоло дар бори яке аз ин ҳолатҳои зулум истидод мехоҳам бароятон бигӯям.

Беш аз 30 сол аст ки дар Донишгоҳ устоди фанни риёзиам. Дар ин давра аспирантураро хондам, кори номзадӣ ҳимоя кардам, дотсент ҳастам, кори докториам дар арафаи ҳимоят аст. Ба ВАК-и Русия фиристодам. Бо хоҳиши худам ва бо маблағи худам, то фардо маро ҳам дар асардуздӣ Диссернет муқассир нашуморад. Кори ман ҳоло дар Маскав аст.

Имсол мо бояд аз аввали август ба кор баргардем. Ба муносибати ҷашни 35умин солгарди истиқлол дар тамоми донишгоҳҳо дастур шудааст, ки барои ҷалби ҷавонон ба «маршировкаи 35 солагӣ» устодон ҳам бояд бо навбат иштирок кунанд. То онҷо, ки маълумот дорам дар ин маршировка дар назар аст ки беш аз 100.000 донишҷӯ ширкат варзад. Бояд ин ҷашнро ончунон осмониву мутантан таҷлил кунанд, ки мардум дар қудрати Раҳмонов, дар маҳбубияти вай дар байни халқ шакку шубҳа надошта бошад. 100.000 донишҷӯ!!!!  Мефаҳмед?!! 100.000 донишҷӯ меояд машқи рақс мекунад, барои ризои як кас, барои он ки ҳамон як кас кайф карда тамошо кунад, лаззат барад. Таътили садҳазор кас ба заҳр меомезад, то ки ин як кас комаш ширин бошад. Чаро бояд як моҳ қабл аз анҷоми истироҳат баргарданд. Гуё ҳама ғуломи як нафар шудаанд. Баҳона истиқлолияти давлатӣ. Хуб, истиқлоли давлатӣ, бигзор як маҷлис баргузор куну бигзарон, рафт дигар. Чаро бояд ин ҳама мардум ва ин ҳама донишҷӯву омӯзгору ва ин ҳама харҷу масориф сурат бигирад.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гуфтааст, ки кӯшиш мекунанд, ки тамрини маршировка дар ҳавои гарм анҷом нашавад. Чи хел анҷом нашавад? Магар моҳи август моҳи салқин аст?

Донишҷӯён ба расонаҳо гуфтаанд, ки аллакай онҳоро даъват кардаанд, ки аз аввали август барои иштирок дар машқҳои маршировкаи бахшида ба 35 солагӣ даъват кардаанд. Ҳатто онҳоро таъкид ва ҳушдор додаанд, ки ширкат дар ин тамринҳо ҳатмӣ аст ва дар ҳолати сарпечӣ чора, то ихроҷ аз донишгоҳро дар назар доранд. Ман ҳайронам, ки бо ҷалби 100 ҳазор донишҷӯ чиро мехоҳанд нишон диҳанд?

Шумо медонед, ки дар ин маршировкаҳо на як бору ду бор вазъи саломати донишҷӯҳову талабаҳо мактаб бад шуд буд.

Вақте барои ин садҳазор ғизо ва сарулибос таҳия мекунед, фикр намекунед, ки бо пули он чи қадар иншоот мешавад сохт, масалан бунгоҳи тиббӣ, масалан мактаб ва ғайра. Ин 100 ҳазор донишҷӯро давоми беш аз як ҳамарӯза се вақт хурок медиҳед, аз кадом ҳисоб?

Магар ин сад ҳазор донишомӯз муваззаф аст, ки дар ин ҳавои гарми тобистон дар дасту позанӣ машқ кунад? Фалсафа ва моҳияти ин кор чӣ аст?

Як ҳамкорам мегӯяд, ки «хайр чӣ, дар солҳои пеш як, ду моҳ пахтачинӣ мебурданд ку донишҷӯҳоро. Маршировка аз пахтачинӣ вазнин нест ку?»

Ана ҳамин аст фаҳмишу муносибати як омузгор бо як амале, ки ҳиҷ манфиат надорад, илло инки Раҳмонов бо Рустам барояд сари трибун нишинад ва ТВ-ҳо пахши мустақим арза кунанду ва ҳамаи мову шумо шоҳид шавем,ки чи гуна Раҳмонов «кайф» мекунад. Дигар ҳиҷ чизе нест инҷо. Барои ана ҳамин як кафи Раҳмон сад ҳазор донишҷу, садҳо муаллиму садҳо хореографу устоди рақсу дигару дигар аз зиндагиаш ҷудо мешавад.

Барои ҳамин орзуи ман ва миллионҳо чун ман ин аст ки ин ҳукумат ҳарчи зудтар несту нобуд бишавад то мардум як нафаси роҳат бикашанд.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Кулоб ҳастам. Собиқ корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Дар бораи Каримзода  Умед  Раҳматшо муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маълумотеро гуфтаниам.

Каримзода  Умед  Раҳматшо ба ин вазифа дар соли 2004 омад. Каримзода  Умед  Раҳматшо корро аз прокуратураи Данғара сар кард. Ёрдамчии прокурор ва муфаттиши прокуратураи Данғара кор кард. Дар ноҳияи Ҷомӣ, дар маркази вилояти Хатлон, дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ва дар худи шаҳр ҳамчун прокурор кор кардааст. Дар Шаҳритусу Данғара  ҳам прокурор буд. Вай дар ин мақом ба ҷои Абдуғаффор Ҳикматуллозода омад. Ин вазифа наздики як сол вакансия буд-муовини аввали Прокурори генералӣ. Каримзода  Умед  Раҳматшо аслан аз Хоҷамастон аст, авлодҳояш аз онҷоянд. Вай ҳамеша ва ҳар ҳафта барои хонаи Нуриддини акаи мурдагии Раҳмонов дар бағоҷ ва салони мошин маводи ғизоӣ мефиристод. Ҳар ҳафта, бидуни перерив. Дар Душанбе ҳам прокурор буд, боз ҳам мефирристод.

Ҳозир ҳамроҳи бародаронаш хеле аз заминҳоро дар Шаҳритус ва Сарбанд забт карда гирифтааст. Боигариаш кам нест, ки дар оянда бароятон менависам.

Аммо ду нуктаи ҷолиб аст. Умед пропискаи худро дар Данғара, дар хонаи Нуриддини акаи Раҳмонов гузоштагӣ аст, то уро данғарагӣ ҳисоб кунанд. Ва нуктаи дигар ин аст ки ҳамин ҳоло ҳам, ки Каримзода  Умед  Раҳматшо муовини аввали Генпрокуратура аст аз Умеди писари Нуриддин, ки прокурори Ҳисор мебошад сахт метарсад. Чи хеле саги чупон аз чупон метарсад, ана ҳамон хел.

Каримзода  Умед  Раҳматшо ду зан дорад. Зани дуввумаш баҷоӣ. Шояд бовар намекунед. Ин мехоҳад, ки Фарзона духтари бевашудаи Раҳмоновро ба сифати арӯс ба хонааш оварад. Гуфтааст вақте тавонистам Фарзонро биёрам он гоҳ курсии Прокурори генералӣ аз они ман хоҳад шуд. Ҷаноб вазифаҳои асосиро ба қудаҳояш ҳатман медиҳад. Вай се бача аз зани аввалааш дорад. Ҳатман аз зиндагиномаи пушти пардагии Каримзода  Умед  Раҳматшо менависам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 379 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.не»№ 377
Ин бор барномаамон бо се нома:- азДушанбе, аз Волгоград ва аз Ваҳдат мукаммал шуд.

Дар номае, ки аз Волгоград расидааст, муаллиф аз қаллобону дуздони тоҷик, ки тавассути шабакаҳо мардуми содаи худро ба домашон кашида бо ваъдаҳои бардурӯғи туҳфаву ҷоизаҳои гаронбаҳо бурд мекунед, масалан мошин, хона ва ё дигар чизҳои гаронбаҳо пули онҳоро аз ҷайбашон кашида мегиранд, ҳушдор додааст. Нависанда як матлаберо аз сайти нашрияи чопи Душанбе ба унвони далел овардааст ва дар ниҳояти номааш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, милисаву амният талаб намудааст, ки ҷилави ин гуна қаллобонро то дер нашуда бигиранд.

Як нафар аз сиёсатмадорони собиқи тоҷик аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон низ побапои Раҳмонов, Путин, Қурбонгули Бердимуҳаммедов ва Илҳом Алиев гузошта як мамлакати калон ва паҳноварро ба шоҳигарӣ ё аморат бадал карда истодааст. Ин сиёсатмадори собиқ аз онки бо Қонуни нави асосӣ Тоқаев қасд дорад боз курсии раёсати ҷумҳуриро ишғол кунад, шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Номаи омада аз Ваҳдат ҳам айнан ба ҳамин мавзӯъи тасарруфи ҳокимият навиштааст. Муаллифи ин нома аз он изҳори надомат ва нигаронӣ мекунад, ки чи тавр як миллате, ки худро соҳиби фарҳангу тамаддун мешуморад 34 сол боз зери бори як электрик, ки ПТУ-ро бо азоб хонда ва аз маслажири Қурғонтеппа дар конистир рӯған медуздид ва бо костюму брюки нафари дигар Иҷлосияи 16 уми Хуҷанд омада буд, ноилоҷ мондааст.

Мо чи миллатем, ки ранги рама ва пода шудаему ва ин даҳмарда чизе фармояд ҳамонро ирҷо мекунем?

Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Дар Волгоград ҳаво мисли Тоҷикистон гарм аст. Ду рӯзи пеш бо як дӯстам, ки нав аз Душанбе омада буд вохӯрдам ва аз ватан пурсон шудам. Аз ину он ҳикоят карду баъд боз аз он гуфт, ки ҳозир дар Тоҷикистон қаллобон  тавассути бозиҳои интернетӣ одамҳоро сахт фиреб карда пулҳои худро беҳуда бой дода истодаанд.

Зимнан худам ҳам чанд рӯзи пеш дар бораи ҳамин гуна қаллобиҳо як матлаберо дар сайти СССР хонда ва қасд доштам, ки онро ба воситаи сайти «Ислоҳ» ҳам бознашр кунему ба мардуми содаву зудбовари худ бифаҳмонем, ки беҳуда аз пайи ин гуна фиребгарҳо нараванд ва як суми ба азоб ҷамъкардаи худро ба ҷайби ин ҷаллобон нарезанд.

Дар ҳақиқат дар сайти ин нашрия як матлаби хуб нашр шудааст, ки як каме дароз мебошад. Барои ҳамин ман аз ҷо-ҷои ин мақола иқтибосҳоеро меоварам, ки манзараро равшан ва матлабро мафҳум мекунад. Ин матлаб таҳти унвони «SOS: Авомфиреби рушд мекунад» аз 2 июл чоп шудааст, ки ба қалами Омиронаи Сайёф тааллуқ дорад. Ду абзатси калони онро ҳазф карда боқии онро ба ин шакл пешниҳодатон менамоям: «Пас аз шикоятҳои сершумори хонандагон мо тасмим гирифтем фаъолияти яке аз чунин гурӯҳҳоро аз наздик мушоҳида намоем. Он рӯзҳо моҳи шарифи Рамазон буд. Моҳи мубораке, ки мусалмонон онро моҳи раҳмат, бахшиш ва парҳезгорӣ меҳисобанд. Дар ин моҳ мардум рӯза медоранд, намоз мехонанд, ба муҳтоҷон дасти кумак дароз мекунанд ва аз гуноҳ тавба менамоянд. Аммо саволе ба миён меояд: оё шахсе, ки худро мусулмон муаррифӣ мекунад, метавонад дар чунин моҳи муборак бо орзу ва умеди мардум бозӣ кунад?

Аввалин суҳбати мо бо ташкилкунандагони ин бозӣ то ҳол дар телефони мо маҳфуз аст. SAMADOV TJ +992012346969. Дар он чунин навишта шуда буд:

«Салом алейкум ака, билет ҳаст. Нархи билет 5 сомонӣ. Аксия: бо 100 сомонӣ 30 билет, бо 500 сомонӣ 130 билет».

Вақте мо дар бораи бозӣ маълумот пурсидем, дарҳол посух надод, ягон 1 соат пас смс-ҳои пай дар пай навишта, баъдан рӯйхати ҷоизаҳоро пешниҳод гардонид.

“5 сомонӣ пул парто мошини тамғаи «Mercedes E–Class», телефонҳои гаронарзиш, ҳазорҳо сомонӣ маблағи нақдӣ ва дигар туҳфаҳои ҷолибро сазовор шав, шансатро аз даст надеҳ”

Барои шахсе, ки зиндагии вазнин дорад, чунин ваъдаҳо метавонад бисёр ҷолиб намояд. Бисёриҳо бо худ фикр мекунанд, ки шояд бахт ба рӯяшон бихандад ва бо ҳамагӣ 5 сомонӣ соҳиби мошин шаванд. Аммо маҳз ҳамин орзу ва умед баъзан онҳоро ба доми фиребгарон меандозад.

Пас аз анҷоми моҳи Рамазон мо аз натиҷаи бозӣ пурсон шудем. Аммо ба ҷойи эълони ғолибон ва нишон додани бурдкунандагон, баҳонаҳои нав сар шуданд. Гуфтанд, ки билетҳо ҳанӯз пурра фурӯхта нашудаанд. Боз гуфтанд, ки шумораи иштирокчиён кам аст. Сипас аз мардум хоҳиш карданд, ки боз билет харанд ва дигаронро низ ҷалб намоянд. Ҳамин тавр муҳлати бозӣ пай дар пай дароз карда мешуд.

Тавассути рақами WhatsApp моро ба шабакаи Telegram роҳнамоӣ карданд. Вақте ба он ҷо ворид шудем, дидем, ки зиёда аз 2351 нафар обуначӣ дорад. Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд, ки ташкилкунандагон танҳо бо фурӯши билет қаноат намекунанд. Онҳо ҳамзамон шумораи обуначиёни худро зиёд намуда, аз ҳисоби онҳо низ манфиат ба даст меоранд. Ҷолиби диққат он аст, ки дар шабакаи Telegram танҳо маъмурони гурӯҳ ҳаққи навиштан доранд. Ҳеҷ як иштирокчӣ наметавонад озодона савол диҳад ё андешаи худро баён намояд. Агар касе хоҳиши фаҳмидани натиҷаи бозиро дошта бошад, ҷавоби равшан намегирад. Танҳо наворҳои пай дар пай нашр мешаванд, ки дар онҳо ташкилкунандагон назди мошинҳои гаронарзиш истода, мардумро ба иштирок дар бозӣ ташвиқ менамоянд.

Ҳар рӯз наворҳои нав назди мошинҳои тамғаи «Mercedes», «Prado», ҷипҳои қиматбаҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт. Садо баланд мешавад:

«Ҳамагӣ 5 сомонӣ парто, соҳиби мошин шав! Фурсатро аз даст надеҳ!»

Аммо касе намепурсад, ки ин мошинҳо ба кӣ тааллуқ доранд, аз куҷо оварда шудаанд ва чанд нафар воқеан соҳиби онҳо гардидаанд?

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам одамоне ҳастанд, ки аз рӯйи боварӣ ва содагӣ маблағҳои худро ба чунин бозиҳо месупоранд. Баъзеҳо барои харидани билет маблағи охирини худро сарф мекунанд. Баъзеҳо бо умеди беҳтар кардани зиндагии худ ба ваъдаҳои зебо бовар менамоянд. Аммо дар аксари ҳолатҳо танҳо ноумедӣ насибашон мегардад.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони нави фаъолияти фиребгарон табдил ёфтаанд. Агар пештар қаллобон дар кӯчаҳо одамонро фиреб медоданд, имрӯз онҳо бо телефон, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин корро анҷом медиҳанд. Усул дигар шудааст, аммо ҳадаф ҳамон аст-гирифтани пули мардум. Бозии мазкур то ҳол ҷамъбасти равшан надорад, аммо ҷамъоварии маблағ идома дорад. Аз ин рӯ саволҳои зиёде беҷавоб мемонанд. Агар ҳама чиз қонунӣ ва шаффоф бошад, пас ғолибон куҷоянд? Чаро онҳо ба мардум нишон дода намешаванд? Чаро натиҷаҳо ошкоро нашр намегарданд? Чаро шикоятҳои мардум рӯз аз рӯз бештар мешаванд? Ва аз ҳама муҳим, оё фурсате нарасидааст, ки дар кишвари мо «Милисаи интернетӣ», «додситонии интернетӣ» таъсис ёбад, то танҳо бо интернет-мошенникҳо кор кунад.

Мақомоти дахлдор бояд ба чунин ҳолатҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро сухан танҳо дар бораи чанд сомонӣ нест. Сухан дар бораи боварии мардум аст. Вақте боварии шаҳрвандон мавриди суистифода қарор мегирад, ин танҳо зарари молӣ нест, балки зарба ба эътимоди ҷомеа мебошад.

Ҳушдор: мардум низ бояд ҳушёр бошанд. Ҳеҷ кас мошини миллионсомониро барои чанд сомонӣ ба осонӣ намедиҳад. Дар паси ҳар ваъдаи зебо бояд далел ва шаффофият вуҷуд дошта бошад. Дар акси ҳол, эҳтимол дорад, ки орзуи бурди мошин ба дарди сар ва пушаймонии дарозмуддат табдил ёбад.

Ва аз ҳама охир мардум бояд донад, ки ин қимор аст ва агар бурд ҳам кунед, гуноҳ мекунед, зеро қимор дар ҳама кутуби осмонӣ, сар аз аз Мусҳафи Иброҳиму Тавроту Инҷилу Қуръон ҳаром аст. Мо Метавонем!!!»

Ба ин матлаб ҳаминро илова карданиам, ки бояд мақомоти милиса ва амният аз пайи ифшо, ошкор ва ба зиндон андохтан ин гуна нафарони қаллобу фиребгар бишаванд. Бояд сари вақт ин корро кунанд, то мардум зарар набинад. Аммо ба назар меояд, ки кор тамоман баракс мешавад. Милиса, вақте аз пайи ҷустуҷӯву таҳқиқ мешавад, ки кор аз кор гузаштааст. Он вақт чи фоида?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Фикр мекардам, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз Раҳмонову Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедови туркман, ки бачаашро дар ҷояш овард фарқ мекунад, аз Ҳайдар Алиеви озар, ки бачаашро оварду бачааш борҳо Қонуни асосиро иваз карда курсиро доданӣ нест, фарқ хоҳад кард. Аммо афсус, ки ин тавр нашуд. Як соли пеш Қосимҷомарт Тоқаев дар як мусоҳиба ба шабакаи «Ал-ҷазира» чунин гуфта буд,ки гуфтаи ӯро айнан ба забони русӣ меоварам: «Я убежден, что президент любой страны, в первую очередь, моей страны — это государственный менеджер, а не посланник Бога. Он является государственным менеджером, которого нанял его собственный народ. В нашем случае — всего на семь лет».

Ин мусоҳибаи Тоқаев бо ин шабака моҳи  июни соли гузашта сурат гирифта буд ва он вақт Тоқаев изҳор дошта буд, ки бо ҳамин навбат раёсати ҷумҳуриро хоҳад супорид ва дар интихобот довталаб намешавад

Аммо, чуноне маълум мешавад баъди референдуми Қонуни асосии Қазоқистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоми муддат то ин вақт ҳамчун раиси ҷумҳур фаъолият кардани вай ба сифр баробар карда шуд.Айнан коре,ки Раҳмонов ва Путин баъди тағйироти Қонуни асосӣ карданд.Яъне Тоқаев ҳам метавонад боз ҳамчун муддаии курсии президентӣ баъди ин Қонун даъво кунад.

Мутаассифона ин тенденсия, ки яке аз асосгузоранаш Раҳмонов аст ба дигар раисони ҷумҳурии кишварҳои шӯравии пешин, то ба Путин таъсир кард. Путин ҳам гуфта буд, ки дигар иштирок намекунад ва барои курсӣ шуда Қонуни асосиро,ки муқаддас аст иваз намекунад. Аммо туфи кардаашро пас хурд ва ин гапу корро Раҳмонов ҳам задаву карда буд.

Инҳо, ки қудратро гирифтанд дигар раҳо карданӣ нестанд. Мамлкат ва давлатҳоро ба шоҳигариву аморат табдид доданианд.

Аммо савол ин аст ки бо онки қудратро тасарруф мекунанд, барои ин мардум чи беҳбудӣ меоваранд?

Путин як мамлакати бузургро б хоки сияҳ нишонд. Раҳмонов ҳукуматро оилавӣ карду тамоми авлоду хешу табори бачаву духтару домодҳояшро дар курсиҳои давлат шинонд. Илҳом Алиев ва Сердар Бердимуҳаммедов ҳам тамоми дороиҳои мансуб ба халқи худро дуздиву кашонида истодаанд ва халқи худро дар паёк шинонидаанд.

Инҳо бо ҳарфу шиори демократия ба бадтарин шарту шароити низоми феодалву ғуломдорӣ мардумро овардаанд.

Ин мардум бояд худашон тақдири худашонро ба даст бигиранд.

Агарчи ҳоло Қосимҷомарт Тоқаев эълони омодагӣ барои курсии раёсати ҷумҳуриро накардааст, аммо аз замзамаҳо ва нағмаҳояш бармеояд, ки айнан ҳамин роҳро рафтанӣ.

Бигзор, ин таҳаввули шикасти диктатура ва диктаторҳо аз Қазоқистон ва мардуми он оғоз шавад. Мардуми қазоқ ин корро ҳанӯз дар давраи шӯравӣ ба намоиш гузошта буданд.

Соли 1988 Маскав як гумоштаи худ бо номи Колбинро ба он Котиби Якум-сардори давлат таъин кард, ки қазоқҳо бо як ғазои умумимиллӣ ӯро нагузоштанд, яъне Маскавро пас заданд. Бигзор ин бор ҳам онҳо ин роҳи муборизро пеш бигиранд ва намунаи беҳтарин барои мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикҳо шаванд.

Ҳар кишвар, ки дар он ҳукумат интихобӣ ва бо ихтиёри мардум иваз намешавад он кишвар аз рушду шукуфоӣ ва пешравӣ мемонад ва ҷойи онро диктотура ва коррпусия мегирад.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман сокини шаҳри Ваҳдат мебошам. Номаҳои бисёре равон кардам ба шумо, ки ҳамаашро нашр кардед. Раҳмати худо бар шумову бар падару модаратон. Гоҳо мешинаму дар фикр фурӯ меравам, ки чаро як миллати мутамаддинро як электрики колхозчӣ чи хел ба ин рӯз оварда расонд? Мо, ки худро миллати бофарҳангу ботамаддун мегӯем барои чи имрӯз ғуломи як ношуд ва хонаводаи вай шудаем. Мо дар куҷо хато кардаем, ки ба чунин рӯз омада расидем? Чаро мардуми мо ҳозир ҳам ин номарди бадинсофи бесаводро нашинохтаанд ва ба дуруғҳои вай бовар мекунанд? Агар мардум гапҳою ваъдаҳои ӯро муқоиса кунанд, агар камтар калаашонро кор фармоянд худашон мефаҳманд, ки ӯ як дуруғгуи каззоб ва дузд, як тарсончаку бесаводи тупой аст ва ин як миллати бо фарҳангу бо тамаддунро ахмақ карда гаштаасту худ ва авлодонаш аз ҳисоби ин мардум кайфу сафо карда гаштанд. 95 фоизи пулҳои ин миллатро дуздида чи хеле мефорад истифода мебарад.

Эй , мардуми бофарҳангу ботамаддун! Барои чи мо хапему ин дузд моро ғорат карда истодааст? Ҳушатон кай бар саратон меояд? Ин коре, ки ӯ нисбати мо мекунад барои ин миллати мутамаддину бофарҳанг арзанда нест. Шояд ин кор ба сари ягон милати навзуҳур рост ояд, на ба мо. Ҳамин ҳоло 10уми июл, гармои тобистон, оби дарёҳо аз соҳилҳо рехта истодааст, аммо мо қувваи барқ надорем.Чаро?

Агар мо сари роҳи дуздиву ғорату тохтутози ӯро нагирем, мо дигар чихел метавонем худро миллати бо тамаддун муаррифӣ кунем. Чунки ин подабон моро дар тамоми дунё шарманда кард. Худи ҳамин ҳолат, ки беш аз сӣ сол аст ӯро дар сари худ доштаем, далел ба шармандагии мост. Як нафаре, ки биёяд аз як колхозу моро раису роҳбар шаваду таъриху тамаддун омӯзад ва худро пешвову ҷаноби боз кадом унвону рутбаҳо диҳад ва мо миллати мутамаддин ҳамаи инро бо гуши лақаву бо чашми кушода бишнавему бубинему ҳиҷ коре аз дастамон барнаояд.

Агар ҳамин хел рафтан гирад, мо аз ин ҳам шармандатар мешавем. Оқибати ин миллат чи мешавад? Ин моро ба куҷо мебарад, оё шишта ягонбор андеша кардаед? Ин электрики дузд дар давоми давлатдориаш ягон кори хайре барои мардум кардаас? Эй, мардум шинед муқоиса кунед -ӯ барои мо чи кардааст? Ӯ барои мо чи кардаасту барои худаш ва оилааш чи кардааст? Ҳозир аз Душанбе райони Рӯдакӣ меравад бо вертолёт, агар Кулоб равад самолет савор мешавад. Охир, ин кӣ буду ба куҷоҳо расид? Дар даруни фермаву дарзаи алафу беда ва ему кунҷора мегашту гову гусфанд медуздид. Ҳозир чӣ?

Аз авали сари қудрат омаданаш бо сухани дуруғ шуруъ кардааст, ки инро дар тамоми ҷумҳурӣ дар ҳар корхонаву мактабу мадраса таълим дод ва муваффақ ҳам шуд, ки қариб ҳамаи мардум ба роҳи ӯ қадам гузошта рафта истодаанд.

Дуюм мероси ӯ ба мардум ғорат аст ки худ, ки дузду ғоратгар аст инро ба мардум таълим дод:-аз садик сар шуда то ба мактабҳои миёнаву олӣ пажӯҳишгоҳҳову муассисаҳои илмию фарҳангӣ,то ба корхонаҳо омаду расид. Дигар мардум чи ёд гирифтанд аз ин электрики бесаводи дузд? Фақат дуздиву ғорату дуруғгӯӣ. Дигар ин ҳеҷ чиз мерос нагузоштааст.

Мо вақте худро миллати бофарҳанг мегуем набояд моро як бесавод тохтутоз кунад. Мо бояд пеши роҳи инро гирем, мо бояд шинему андеша кунем, нақша кашем, роҳашро ёбем. Ҳеҷ мумкин нест, ки як бесавод, як босаводро роҳнамоӣ кунад. Бояд саводдор бесаводро роҳбарӣ кунад. Чунки он бесавод худ гумроҳ аст.

Барои ҳамин имрӯзҳо мешинаму ба фикр фурӯ меравам, худ ба худ мегӯям майлаш як бесавод як саводнокро мешавад, ки дар ҳолатҳои ногувор ягон роҳе нишон медиҳад ки ин ба манфиати ҳамон саводдор аст, инро бояд қабул кард. Лекин инҷо гап сари як шахс нарафта истодааст инҷо гап сари як милати бо фарҳангу ботамаддун рафта истодааст, ки як бесаводи подабон як миллатро аҳмақу саргардон кардааст.

Чаро мо пеши роҳи ӯро гирифта наметавонем, мо, ки бо фарҳангу бо тамаддун бошем, ин ба мо мардум арзанда нест. Бояд аз илму донишу фаҳмиши худ истифода барему шинем нақша кашем, ки аз ин вазъият чи гуна берун оем. Набошад ҳозир ҳам дер нашудааст, набошад дер мешавад. Чунки ин бесавод моро гумроҳ кард, бо ҳар роҳу усули худ, мо бояд инро қабул кунем. Лекин фикри фарзандони худро бояд кунем. Онҳо ба мисли мо гумроҳу бесавод нашаванд. Мардум ҳозир ҳам дер нашудааст, шинед андеша кунед, роҳашро меёбем фақат муттаҳид шудан даркор ба мисли мардуми Эрон дидед, ки муттаҳидии онҳо онҳоро ба душмани бузург муваффақ кард. Магар мо ҳам форс нестем ва худро форс ҳисоб намекунем? Вақте мо худро форс ҳисоб мекунем, набояд дар пеши зулм  сар хам кунем. Ман мебинам афғонҳо ва эрониҳо худро форс медонанд, мебинам ҳеҷ гоҳ пеши касе сар хам накардаанд. Мо, ки худро аз решаи онҳо медонем, барои чи бояд пеши як дузди ситамгар сар хам кунем. Агарки сар хам мекунем, мо аз решаи форсҳо нестем, худро мо дигар форс наҳисобем ва дигар сухан аз тамаддуну фарҳанг назанем.

Эй мардуми ҷабркашидаи ман! Ин суханҳои ман мумкин, ки ба гӯши шумо сахт расад, лекин ҳақиқат аст.

Бояд касе инро бигӯяд, аммо шумо интизори касе намонед, ки биояуд шуморо наҷот диҳад. Мо агарки миллати бофарҳанг бошем нақшаи наҷоти худамонро бояд худамон кашем, бо ҳар роҳе набошад. Инро фикр кунед, инро аз хонаҳои худ шурӯъ кунем. Чи хеле, ки Раҳмонов аз хонаи худ кайҳост, ки шурӯъ кардааст ва нақша дорад, ки ин ҳукумату ин давлатро оилавӣ кунад ва президентиро ба бачааш диҳад. Чаро? Чунки диду фаҳмид, ки моро осон ғулому барда кардааст, бар гардани мо сувор шудааст, ҳама чизи мардумро аз они худ кардааст. Вақте вай ҳамаи ин корҳоро кард, дид, ки касе садо баланд намекунад, хапу хомӯш аст боз бештару сахттару бадтар карда истодааст. Мехоҳад, ки бачаҳои мо ба бачаҳои вай, чи хеле худамон ба худи вай ғуломвор кор карда истодаем, кор кунанд.

Роҳи дурустро ба фарзандони худ коре кунед, ки фаҳмонед. Ман гуфтаниам, ки  гарчанде худатон ғуломи вай гаштаед, ҳаракат кунед фарзандонатон ғуломи ӯ нагарданд. Бигзор,бо чи роҳе бошад аз ин мусибат ва фоҷиа,аз ин бало,бар ивази ҷонамон бошад раҳо шавем.

Ин буд фикри мани солхӯрда, ки ҷангҳои шаҳрвандиро ҳамаашро дидам ва то имрӯз умр басар мебарам. Шумо ҳеҷ гоҳ ба одами дуруғгӯву бесавод бовар накунед!

Бо умеди пирӯзӣ. Хонаободу сарбаланд бошед милати азизам. Худо ҳофиз!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.не»№ 377 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 376
Ин бор чор нома дорем аз Панҷ, Ваҳдат, Душанбе ва Кулоб расиданд.

Номаи Панҷ аз бедоди ришвату фасод дар ин ноҳия гуфтааст. Муллиф менависад: «Ин чи бало ҳаст?Ба Худо қасам бародар ҳатто барои кор даромадан ба ҳайси фаррош-уборшитса ба таваллудхона пул медиҳӣ, баъд кор медароӣ. Ҳамин таваллудхона монополия шудааст: аз фаррошаш сар карда то духтур ҳама хешу табор, ё ҳамсоя, ё аз як деҳа».

Нависандаи ромитии мо мегӯяд, ки нашри номаҳо аз ин минтақа хобро аз чашмони амниятиҳо, раиси ҷамоат ва бузҳо паронидааст. Мегӯяд дигар бояд бузҳоро бо ному насаб, маҳалли зист, акс ва машғулияташон чоп кард.

Як корманди пешини прокуратура аз он изҳори ташвиш мекунад, ки миллати тоҷикро дар дунё ҳамчун террорист шиносониданд. Вай гуфтааст, ки дар ин кор саҳми Прокуратура ҳам ҳаст ва сиёсати ҳукумат ҳам ҳамин тавр мебошад, ки тоҷикҳо дар тамоми ҷо худро дар баробари ҳукумати Раҳмонов осебпазир донанд.

Нависандаи нома аз Кулоб иллати садамаҳои пурқурбонӣ дар роҳҳоро ронандҳое медонад, ки нохонданд, бар ивази пул шаҳодатномаи ронандгӣ дарёфт кардаанд. Муаллиф мегӯяд барои ҳамин бояд иҷозаи додани праваро аз «Фароз» гирифта ба ГАИ-БДА дод.

Панҷ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Панҷ менависам. Аллоҳ шуморо умри дароз ва тани сиҳат диҳад. Ҳазор раҳмат ба падару модарат ки чунин фарзанди ғаюру ҷасур ба воя расондаанд. Чи хеле мегӯянд  кам бошаду хуб бошад. Мо кам менависем вале ончики менависем ҳақиқати вазъу ҳоли ноҳия аст

Дар аввал аз беморхона. Тани гарм бе дард намешавад. Як бемор мешавӣ вақте ба беморхонаи ноҳия меравӣ ҳоло, ки туро диагноз мондаанд ё не ҷебакҳоятро холӣ мекунанд.

Ба Худо қасам порахӯрӣ бисёр шудааст. Ин ҳукумат,ин раиси ноҳия куҷоро нигоҳ мекунад? Каме бо инсоф бошед, хуни мардумро нахуред. Охир ин чи гап аст? Дар тамоми ҷояш ба главврач пора медиҳӣ, аз маошат ҳармоҳа боз мегирад, то ин ки ту ба кор дароӣ? Охир ин чи рӯзест? Ин бечора 7 сол мехонад, мехоҳад содиқона кор кунад вале то пора надиҳӣ ба кор намегиранд.

Нафароне, ки 2 сол хонданду «таға» доранд, бе пул ба кор медарояд вале нафаре ки 7 сол хондааст заҳмат кашидааст наметавонад ба кор даромада. Барои оне ки пуле надорад, ки диҳад ноилоҷ муҳоҷир мешавад. Ин духтури босавод баъд дар муҳоҷират омада беҳтарин мутахассис барои хориҷиҳо кор мекунад. Баъд дар худамон мегӯянд, мо духтури хуб надорем, кадри соз нест, инҳо балоро намефаҳманд. Охир шумо имкон надиҳед, баъд аз куҷо мо мутахассиси хуб дошта бошем?

Вақте 2 девонаро ба кор мегиред, ки таға  ё шинос дорад, кадри хуб аз куҷо мемонад? Хоҳиш мекунем аз шумо ҳамин таваллудхонаро каме ба тартиб дароред. Духтуре, ки мезоёнад 500сомонӣ мегирад, боз медсестраҳояш мегиранд, инҳо тамом нашуда фаррошҳояш сар мекунанд ва боз чанд нафари дигар. Бар замми ин ҳама боз боз дар касса пул месупорӣ. Ин чи бало ҳаст? Ба Худо қасам бародар ҳатто барои кор даромадан фаррош-уборшитса ба таваллудхона таға бозӣ ҳаст пул медиҳӣ, баъд кор медароӣ. Ҳамин таваллудхона монополия шудааст: аз фаррошаш сар карда то духтураш ҳама хешу табор ё ҳамсоя ё аз як деҳа.

Тақрибан 20 рӯз пеш оилаамро баровардам аз таваллудхона, ҳамаро сум додам- фаррошҳо монданд, то пул нагирифтанд кудакамро надоданд. Маҷбур мешавӣ сум медиҳӣ то кудакатро гирӣ.

Дар ҳамонҷо як ҷавони дигар соҳиби фарзанд шуд. Ин фарзанди якумашон буд. Вайро аз ман бадтар карданд. Бо чашмони худам дидам. Бечора сум надорад, намедонад чи кор кунад, пули давлатро супоридааст, монед равад, надорад охир. Не, мо бо пул кор даромадаем, бояд кор кунем.

Масъалаи дигар. Началник милиса Шамсуллозода Баҳром ноҳияро девона кардааст. Оё ягон одами зинда ё бо номуси бо инсоф ҳаст дар ҳамин мақомот, то дами роҳи инҳоро гиранд. Аз риш нав халос шудем, боз дар сатраш задем. Ҳар рӯз рейд- аз боло гуфтанд, ки назорат кунед! Охир шуморо гуфтанд, ки назорат кунед, на ин ки ҷебакҳояшонро холӣ кунед.

Ман бо ду чашмам дидам. Вақте занро бо сатр меқапанд аввал мегӯянд, ки протокол мекунем ва ручкаву дафтар мегиранд. Баъд ин зан хоҳишу илтимос мекунад ва мегӯяд дигар намекунум.

Баъ тилифонашро мебарорад сурат мегирад, гуё тамом. Баъд даъватат мекунанд, мебинанд, зани бечора ба ларзидан медарояд. Баъдан мегӯянд, ки «300сомонӣ бте бра гаштан гир касе боз маънат кард номи мара бгу хешомонай дига ҳичка ғамт намета».

Инҳо ҳамааш ҳа рӯз ҳамин хел кор мекунанд. О, вақте фармон аз боло бошад   чаро шумо кисаҳояшонро холӣ мекунед? Протоколашон кунед ба фоидаи давлат агар рост мегуед, ки фармон аз боло ҳаст.  Бародар Муҳаммадиқбол! Дар як барномаи дигаратон тамошо кардам. Як бародар хеле таъриф кард дар бораи началник ГАИ бо номи Эмом капитани милитсия рутбааш. Шояд ман хато кунам, авалҳо соз буд мумкин…..лек  ҳозир бошад ин ҳаромхури гадо як даррандаи ноодам шудааст. Дар тамоми ҷой худаш меистад, худаш мегардад, сумро ҷамъ мекунад. Аввалҳо дар бонк супор мегуфт. Ҳозир ин гапҳо нест дар Панҷ. Дар кабинет месупорӣ сумро. Ба Худо қасам раҳме надорад ба касе.

Шояд ягон шинос ё рафиқаш бошӣ, намедонам мумкин раҳме дошта бошад.

Як портер дар таги пояш аз милитсия бошад, ё шахсӣ, аз касе ҳаст намедонам, дар тамоми ҷо мегардад. Фақат мотосиклҳо, скутерҳо ҳамаро бор мекунад мебарад, ҳуҷҷат дорӣ, надорӣ, «биё ба адела ба гап мезанем».

Тақрибан 2 моҳ пеш, ба гуфти худаш ин рейд будааст, Эмом кормандонашро вазифадор карда буд, ки равед гардед, дар деҳаҳо чи мошине хоб аст, вайрон аст ҳуҷҷатҳояшонро бинед, надошта бошанд протоколашон кунед. Мошинҳои боркаше буд, ки аз Дақёнус мондагӣ, ки пусидааст, 4 диск дорад, ҷаримааш кунед, ҳуҷҷат кунад, охир он мошин даҳсолаҳо аз кор мондааст,   чи хел баранду ҳуҷҷаташ кунад. Вай мусор шудааст. Соҳибаш агар медонист ту ин хел ҳаромхурӣ оварда дар назди хонаат мемонд. Барои ту туҳфа,кудакот дар дарунаш бозӣ мекард.

Дар ноҳияи Панҷ чи мошине буд:-боркаш ё сабукрави вайрон, ки солҳо хоб буд, ҳамаашро ҷарима ва сумро ҷамъ карду гирифт, боз 10 соли дигар оилаашро мехуронад. Нафароне, ки моторол доранд тамоми коргарони отдел дар хонаҳояшон бе пул барои манфиати худашон кор мефармоянд. Корҳояшон тамом шуд як рӯз баъд туро дигар намешиносад, ҳатто мегӯянд, ки якум бор мебинамат. Мегӯӣ дина руз то бегоҳ дар хизмати ту будам, не ..ту ҳуҷҷат надорӣ ҷарима 6 ҳазор сомонӣ ва протокол мекунаду медиҳад, намедонӣ куҷо равӣ, ба кӣ шикоят кунӣ. Охир ин бечора дар як руз 100сомонӣ ба як азобе кор мекунад. Ту началник ГАИ инсофу номус надорӣ? Ту бо ин пуле, ки оилаатро мехуронӣ, мепушонӣ, як рӯз не як рӯз ба балое гирифтор хоҳӣ шуд. Ин ҳамааш дар назди Аллоҳ ҳисобу китоб дорад. Ҳатто оби хурдаи ту ҳалол нест, бо ин қадар зулм, ки ба халқ мекунӣ. Аз дасти туи беномуси бевиҷдони ҳаромхур мардум руз надорад, каме раҳм кун. Хоҳиш мекунем аз вазир Рамазон Раҳимзода, каме ба назорат гир. Инҳо пул дода вазифаро гирифтем гуфта тамом бе назорат мегарданд, хуни мардумро хӯрданд.
Як чанд руз пеш гап -гап буд, ки Эмомро аз вазифааш дафъ мекунанд. Дар район хурсандӣ буд, аз ҳама бисёр таксистҳои район хурсанд шуданд. Лек афсус, рафт дар боло кадомеро «нон» доду боз гашта омаду вазифаро гирифт. Хоҳиш мекунем ҳамин масъаларо бинед, мардум дигар безор шудан. Мардумро ғулом кардааст. Ту фикр мекунӣ то абад дар вазифа мешинӣ? Не! Як руз не, як руз Худо мезанадат, баъд дар дасти мардум мехурӣ қабратро меканад.

Дар светофор ҳарруз мешинад то як сумдорро биқапам бо ягон нарушений, то оилаашро боз як моҳ хуронад.

Чанд рафиқи сумдор дорам бо як нафарашон як рӯз во хурдам як чанд  магазино дорад дар як ҷо шиштем гуфт аз ҳамин Эмоми ГАИ безор шудам. Пурсидам, ки чи кор кардаст? Мегӯяд, ки оилааш ба номаш аст лек ман мехуронам. Гуфтам чи хел? Гуфт занг мезанаду инро равон кун, онро равон кун гуфта фармон медиҳад.

Охир нигоҳ карда наметавонӣ «мана зурам мерасад, биёр барам нигоҳ кунам, ҳамашро мекунам агар зурат нарасад». Тавба, одам то ин дараҷа гадо мешудааст. Ана инро мегӯянд ГАИро бераҳмаш.

Чанд рӯз пеш аз боло омада замначалник милисаро бо чизе қапиданд, Комрони майор номаш -бо маводди мухаддир буд ё пора аникашро намедонам. Онҳо просто так намеоянд. Чи гапи калоне ҳаст, лек хоҳам фаҳмид, баъд менависам, боз чи гап шуд- озод шуд ё пора дод мегӯям.
Қариб фаромӯш мекардам. Аз таваллудхона ҳуҷҷат гирифтаму ба ҷои шаҳодатномаҳо рафтам. Дар он ҷо чанд бе саводи дигар истодааст. Вақте навишта доданд кушодаму хондам чанд хатоӣ буд. Гуфтам ин намешавад. Аммо гуфт, ки барои дигар кардан суми 2 бланкаро медиҳӣ. Гуфтам охир ин хатоии шумо аст. Мегӯяд, ки инҳо ҳисобу китоб доранд, ман бояд аз худам супорам. Наход дар ноҳия як одами босавод набошад? Ночор пули 2 бланкаро додам. Боз ҳақи хизматамон  гуфта 150сомонӣ илова гирифтанд. 4 кампирро ба кор гирифтаанд, ки савод надоранд. Дар байни онҳо ҳатто як ҷавон набуд. Бо ин хел кампирони 60 сола боло кор карда мешшавад? Агар айнакашро гирӣ ҳеҷ ҷойро намебинад. Лек пулро хушру мебинанд. Хоҳиш аз раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода  ин ҷойро як назорат кунед, бинед чи гап аст? Ҳамаи ҷо хатоӣ. Ҳазор раҳмат ба ин момаҳо, ки чанд сол хизмат карданд, ба гуфти худашон бас аст. Равед боз 4 ҷавонро монед то бе хатоӣ нависанд, мушкил нашавад ба мардум.

Гуфтаниам, ки бародарону падарон бетараф набошед, аз ҳақи худатон ҳимоят кунед, нависед ба «Ислоҳ» то ислоҳашон кунад. То даме хап мешинед ҳамон қадар зулм болои мо мекунанд.

Ва дар охир гуфтаниам, ки накобед маро, нахоҳед ёфт. Шумо ҳамин хел зулм кардан гиред мо бисёр шудан мегирем. Агар хоҳед, ки мо ба «Ислоҳ»  нома нафиристем шумо мушкилиҳоро ҳал кунед ва мо дигар чизе намеёбем то фиристем ба «Ислоҳ»!

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Ромит маълумотҳои охирро мефиристам.

Баъди нашри номаҳо аз Ромит ва суҳбатҳои шумо дар «Минбари муҳоҷир» бузҳои Ромит дар байн худашон ҷангҷу ҷангол доранд, соз нестанд. Ҳамаашон як гапро кофта гаштаанд? Кӣ ин хабарҳоро ба «Ислоҳ»  роҳӣ кардааст. Раҷаби Хайриддин бошад сахт дар ҳайрат афтодааст, ки            « и хойин кӣ бошад да байни мо»?

Аллоҳ шуморо қувват диҳад устод. Ин бузҳо, бовар кунед, ки намедонанд чӣ кор кунанд? Байни худ ва аз ҳамдигар шаку шубҳа кард истодаанд. Ман фикр мекунам, ки дар бораи ҳамин бузҳо бештар навиштан даркор. Чунки ин оилаи касофати Раҳмоновро мардум шинохт, духтарҳову бачаҳову хусурҳояшону қудоҳояшро, авлодашро шиносондӣ, ки кӣ ҳастанду чи корҳо карда истодаанд.

Акнун навбати муаррифиро бояд ба бузҳо барем. Бо ному фамилия, бо сурат, бо ҷойи истиқомат, ба чи корҳо машғуланд, бояд дар эфир бигӯем. Нафақат бузҳои Ромит, бузҳои тамоми Тоҷикистонро бояд бигӯем.

Ман бовар дорам, ки шумо ин корро 100 фоиз ва ба дараҷаи олӣ анҷом медиҳед.

Таҷрибаи шумо соз аст. Бо навбат одамҳое, ки мардумро зулм мекунанд. Ин кор бисёр ҳам аҳамият дорад.

Албатта, мақолаҳоро дар сайт одамони зиёд мехонанд

вале вақте дар эфир гап мезанед, ному насабу ҷои истиқомати онҳоро мегиред, ин беномусҳоро ларзаашон мегирад.

Директор мактаби Ромит номашро нависта наметавонад, дар вақташ як ҳофиз буд. Дар як сол се бор пули китоб ҷамъ мекунад, ду бор пули ремонт-таъмири мактаб, боз пули кумур, пули ҳезум, бур, лата, журнал, ден рожденияи муаллиму муаллима, наврӯзӣ, соли нав ва ғайра.

Кормандони СС.Ятимов-и махуф ҳам ба ҷустуҷӯву кофтан даромадаанд, ки ин кори кӣ бошад, ки ҳама чизро ба хоинҳои миллат нависта истодааст. Аз ҳама бештар Диловар Солеҳови раиси ҷамоат дар такудаву кофтуков задааст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаи ман як каме тулонӣ мешавад, ки хоҳиш мекунам онро бидуни қайчӣ ва мухтасар кардан нашр намоед. Солҳои зиёд дар мақомоти Прокуратура, то Прокуратураи генералӣ дар вазифаҳи гуногун фаъолият кардаам. Вақте Юсуф Раҳмон дуюмбора дар соли 2020 Прокурори генералӣ таъин шуд маро ба нафақа гусел кард. Ман метавонистам ҳоло кор кунам, аммо берун кард, ки ин масъаларо, мутаассифона ҳоло ҳам гуфтаву навишта наметавонам. Вақташ ояд хоҳам гуфт. Фақат ҳаминро гӯям, ки ягон нафар дар курсии Прокурори генералӣ, на Шерхон Салим, на Бобоҷон Бобохон, на Маҳмадназар Салихов ва на Амирқул Азимову Шарофиддин Саломов прокуратураро ба ин ҳолате, ки Юсуф Раҳмонов овард, ба дуздхона табдил кард, пораву ришваро ба авҷи аъло расонд, наоварда буд. Ин Юсуф Раҳмон аз Прокуратураи генералӣ миллиардер шуд гӯем хато намекунем. Аммо мавзӯъи менавиштаи ман ин ҳам нест. Ман масъалаи тамоман дигарро инҷо гуфтаниам.

Чанд рӯзи пеш як хабар дар бораи як тоҷик, ки гӯё дар Ессентуки қасди анҷоми амали террористӣ доштааст ва барои ин амал додгоҳ ӯро ба 15 сол зидон маҳкум кард ва ҳодисаҳои монанди ин гуфтаниам. Дар ин бора гуфтааниам, ки ман ягон маротиба надидам ва нафаҳмидам, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди нозири иҷрои қонунҳо ва кафилу ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар тафтишу муҳокимаи ҳеҷ яке аз шаҳрвандони кишвар дар хориҷа ва махсусан дар Русия иштирок намуда бошад ё ҳадди ақал дар ҷараёни он қарор дошта бошад. Баракс, мақомоти Тоҷикистон, Прокуратура, вазорати дохилӣ, кумитаи амният худашон бо пешниҳоди руихатҳои калон шаҳрвандони худамонро ҳамчун террорист нишон дода дастгир ва экстрадитсияи онҳоро талаб мекунанд.

Бовар кунед, ки ин кор як сиёсати махсусу ҳисобшудаи ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии худи Раҳмонов аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафаш бо террористу ифротӣ нишон додани шаҳрвандони Тоҷикистон ин аст ки ҳар як тоҷикро дар тамоми гушаҳои дунё таҳти тарсу ваҳшати худ нигоҳ дорад.

Чанд вақт пеш миёни Тоҷикистон ва Русия  қарор дар бораи ташкили намояндагиҳои вазорати дохилии ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар баста шуд. Ин кор идомаи ҳамон сиёсати таъқибу контроли ҳар як тоҷик аст. Муҳоҷирони кории тоҷикакнун дар Русия ҳам таҳти контрол ва таъқиби милиса мешаванд. Миллионҳо шаҳрванди тоҷик дар Русия кор мекунад, барои Маскав, назорати ин анбуҳи бузург муҳим аст аммо барои Раҳмонов муҳимтар аст

Як нукта. Намояндагиҳои вазорати дохилии Русия дар Тоҷикистон чи меҷӯяд? Тақрибан ҳеҷ чӣ. Аммо намояндагиҳои вазорати дохилии Тоҷикистон дар Русия садҳо ҳазор, балки ду, се миллион муҳоҷири тоҷикро орому осуда намемонад.

Дар хабаре, ки гуфтам гуфта мешавад, ки Ҳавзаи ҷанубии додгоҳи низомии Русия шаҳрванди Тоҷикистон Мирмуродзода Хурсандмуроди Мирмуродро 15 сол аз озодӣ маҳрум кард ва ин нафар баъди чаҳори соли маҳбас 11 соли боқии онро дар зиндони низоми сангин мегузаронад. Вай гуё дар автовокзали Ессентуки теракт анҷом медодааст.

Чунин маврид ягона нест. Даҳҳо нафар тоҷикро дар Русия барои гуё анҷом додани амали теракт зиндонӣ карданд. Ҳамин худи ҳодисаи Крокус-сити бо ҳазору як саволу гумон касро ба онки ин корро маҳз ҳамин нафарҳо, ки барои солҳои тулонӣ зиндонӣ шуданд, анҷом додаанд ба шубҳа меандозад. Ман бовар надорам, ки парвандаи онҳоро Тоҷикистон ҳатто суроғ карда бошад. Балки барои Раҳмонов мефорад, ки чунин корҳоро бо муҳоҷҷирон дар Русия анҷом диҳанд.

Соли 2024 ба гуфтаи худи мақомот  шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки номи онҳо ба феҳристи шахсони таҳти назорати ҳукуматҳои Русия дохил шудааст ба 150 ҳазор расидааст. Ин яъне рӯихати сиёҳе аст ки ному насаби тоҷикҳо ворид шудааст. Як соли пеш ин рақам 120 ҳазор буд. Яъне руихати сиёҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро зиёд карда истодаанд.

Дар ҳашт моҳи соли 2025 дар Русия  400 нафар тоҷики таҳти ҷустуҷӯро боздошт кардаанд. Як соли пеш ин шумора 260 нафар будааст. Ва ин нафарҳо бо талаби ҳукумати Тоҷикистон дастгир ва аксарияташон ҳамчун ҷинояткор истирдод шудаанд.

Тибқи моддаи 64-т Қонуни асосӣ « Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Аммо оё Раҳмонов бар асоси талаботи Қонуни асосӣ шаҳрвандони худро ҳимоят  карда истодааст ё баракс дар тамоми дунё онҳоро ба унвони террористу экстремист шиносонида истодааст? Раҳмонов дар ҳар куҷои дунё тоҷиконро таъқиб карда истодааст. Мехоҳад бигӯяд, ки дасти ман дар гиребони шумо то он тарафи дунё мерасад. Мақсад фармонбардор, гапгир, тарсу ва таҳти идора қарор додан аст.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Кулоб бароятон менависам. Дар рӯзҳои аввали ҳамин моҳи июл дар ду автоавария 19 кас, дар якеаш 11 ва дар дуввумиаш 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. Мову шумо, умуман ҳамаамон, тоҷикҳо мегӯем, ки хуб рӯзашон буд шудааст, дар тақдираш ҳамин хел будааст. Хуб, бигзор бигӯему айбу гуноҳи худро ба тақдиру пешонӣ бор кунем.

Як нафар навишта буд, ки барои мо тоҷикҳо роҳҳои ружду ҳамвору мумфарш дуруст намеомадааст. Бояд мисли солҳои пеш роҳҳоямон пур аз чуқуриву гармошкаву кандагиву ҳамин хел бошад, ки ронандаҳо маҷбур шаванд оҳиста биронанд.

Вале ман гуфтаниам, ки инҷо айб на дар роҳҳо аст на дар тақдиру пешонӣ. Инҷо айб дар онҳое аст ки ба фурӯши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғуланд. Инҷо айб ба гардани «Фароз»-и Шамсуллои домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва Автосантали вай мефарояд.

Чунки ронандаҳое, ки бо  ҳуҷҷатҳои ронандгии харида мегарданд рӯзбарӯз зиёд шуда истодаанд. Ин ҳуҷҷҷатҳоро кӣ мефурушад? Ин ҳуҷҷҷатҳоро «Фароз» мефурушад. Пештар ДОСААФ буд ва он аз они давлат буд. То қоидаро ёд намегирифтӣ, чанд бор вождения мегузаронидӣ, баъд права медоданд, яъне шаҳодатномаи ронандагӣ. Имрӯз бар пулро бисупору дар журнал номнавис шаву тамом, баъди ду моҳ ё се моҳ биё праваро бигир. Вале агар сахт зарур дошта бошӣ, досрочно ҳам ҳаст, пулро зиёдтар супор, не отходя от касса праваро бигир.

Дар ин ҳолат инронанда магар метавонад ронандагӣ кунад? Аммо барои «Фароз»-у Шамсулло ва темболее кормандонаш фарқ надорад. Ҳарчи бояд бештар права диҳанд, балки фуруӯшанд.

Ҳукумат дар Қирғизистон ин шакли додани праваро барҳам дод ва аз корхонаҳои хусусӣ обратно гирифту ба ГАИ дод. Ҳозир ГАИ права, техпаспорт ва номер медиҳад. Автосантали «Фароз»-и Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов бошад то деҳаҳое, ки онҷо роҳи мошин нест, транспорт хару асп аст шуъбаҳои худро кушода пул гирифта права, ҳатто ба ронандаҳо барои мошинҳои борбар категиря дода истодааст. Дар ҳамон садама, ки 11 кас кушта шуд, Дулан бо ду мошини сабукрав бархӯрда буд,

Бовар кунед, ки инҳо барои самолет –лётчикҳову космонавтҳо ҳам права медиҳанд. Дар ҳақиқат ин авлоди гадогушна сероӣ надорад.

Ман пешниҳод мекунам, ки тамоми Автосанталу дигару дигараш ба ихтиёри БДА-ГАИ дода шавад ва бигзор онҳое,ки авария мекунанд,асноди онҳо омӯхта шавад, ки дар ҳақиқат курсҳои ронандагиро хондаанд ё праваро харидаанд.

Аксарияти садамаҳо аз дасти ҳамин гуна ронандаҳо сурат мегирад. Бояд пеши роҳи инро бигирем. Барои даромади оилаи Раҳмонов шуда ронандаҳо, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро нахонда ва боиси марги инсонҳо мешаванд набояд ба паси фармон ё рули мошин шинанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 376 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №364
Ин нашри барнома бо ду нома аз Душанбе ва номаҳо аз Конибодому Данғара ва Ашт таркиб ёфтааст.

Муаллифи номаи аввали Душанбе як ҷавони маъюб-инвалиди гурӯҳи 2 ва донишомӯзи курси се аст ки иддио дорад ӯро беасос аз донишгоҳ ихроҷ кардаанд. Вай бо ирсоли як навори тасвирӣ хостааст онро ба суроғаи Раҳмонов ва Рустм бифиристем.

Ин бор аз Конибодом дар бораи кормандони ГАИ-БДА навиштаанд. Муаллиф навиштааст, ки бар хилофи дастури Раҳмонов дар мавриди ихтисор гаишникҳо шумораи онҳо дар Конибодом афзудааст.

Аз Данғара дар бораи раиси шаҳраки Данғара навиштаанд. Раиси ин шаҳрак вақту новақт аз мардум пул меситонидааст.

Муаллифи нома аз Ашт дар мавриди таъсир ва натиҷаи номаҳои чопшуда дар «Ислоҳ» навиштааст.

Душанбе

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Бародари домулло ҳама корҳоят хуб аст. Бо иди гузаштаи Қурбон табрик мекунам. Дар ҳар куҷое бошӣ зинда бошӣ. Беҳтарин барномаҳо таҳия ва тақдиммекунӣ-ҳамеша ва ҳамаш тарафи ҳақиқат. Домулло худованд муваффақат гардонад.

Ин видео ба шумо равон мешавад.

Мехоҳам, ки ҳамин навори муроҷиати видеоии ман тавассути барномҳои шумо ба Рустами Эмомалӣ ва ба пешвои миллат расонида шавад. Мехоҳам, ки онро падар модарам тамошо кунанд ин видеоро. Ман се моҳ табобат рафтам. Ман студенти курси сеюми Донишгоҳи омӯзгорӣ, ва ба таври  бюҷетӣ мехондам. Аммо маро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Ман мехоҳам, ки ҳамин кори мани инвалидро таҳқиқ кунанд.

Чи хеле дар мо мегӯянд:

муҳтарам ҷаноби олӣ наход ки мо инвалидҳо, мо донишҷӯйи бемори маъюбро аз рӯи хуб набудани саломатиамон хориҷ кунанд. Лично ман мехоҳам, ки  ин қазияро тафтишу таҳқиқ намоянд.

Ман як шаҳрвнди Тоҷикистон, инвалиди 2 группа ҳастам. Мехоҳам, ки ҷаноби олӣ бо Рустами Эмомалӣ кори моро бетараф намонанд.

Мақсади шикоятам ин аст ки саломатиам хуб набуд. Маблағ наёфтем. Аз сабаби натавонистан, дасткутоҳӣ, шароит надоштем табобам тул кашид. Як одами камбағлро наход ҳамин тавр гиранд пеш кунанд. Аз сабаби бюҷетӣ будани таҳсил маро аз донишгоҳи омӯзгорӣ, ки сеюм курс будам ректори донишгоҳ хориҷ кард. Ман боз соли дигар аз курси се мехонам. Инро чи хел бифаҳмем.

Домулло, саломатии ман имконият намедиҳад, ки биравам ягонҷову шикоят кунам.

Ин шикояти ман аз ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ аст. Ман наметарсам. Ман худам хостам, ки ин видеоро ба шумо расонам беҳтар аст, чунки шумо онро нашр мекунед.

Ман гуфтаниам, ки касе ба шумо шикоят кунад шумо онро пахш мекунед.

Ҳама, аз ҷумла пешвои миллат ҳамеша мегӯяд, ки бихонед бихонед, ояндаи миллат шумо ҷавонҳоед.

Як бачаи камбағал, инвалид мехоҳад бихонад. Аммо ин тавр монеъа мегузоранду имконият намедиҳанд.

Домулло, илтимос шикояти маро дар барномаатон ҷой диҳед ва бихонед.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман имрӯз як нома нависта равон кардам. Илтимос дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед.
Ин ГАИҳои Конибодом ба дили мардум заданд, хусусан ба дили таксиронҳо. Бечораҳо дар як рӯз аз саҳар то бегоҳ 200-300 сомонӣ кор мекунанд вале ин ГАИшникҳои ҳаромхури порахур бо ҳазоруяк баҳона  50-100 сомониашро нарушений кардӣ гуфта кашида мегиранд.

Бечораи таксиронҳо безор шудаанд аз ин ҳаромхурҳо. Дар Русия азоб медиҳанд акнун дар инҷо низ азоб медиҳанд. Аз Исфара як гаишник омадагӣ, як ҳаромхури тайёр. Ному насабашро намедонам, лекин маркаи мошинаш тайота авенсус, 56 00 номерҳои мошинаш.

Дуюм ҳаромхураш Ҷалилов. А ,мошинаш опел астраҷи 90 00. Дар ҳама ҷои шаҳр мегардад ва пул мегирад аз мардум. Радар меқапад ва мегӯяд ронандаи мӯҳтарам шумо қоидаи роҳро вайрон кардед. Ё протокол мекунад ё сум мегирад. Барои чи мақомоти Душанбе чораи ин порахурҳоро намебинанд?
Бародар Муҳаммадиқбол ба шумо расми мошини Фирӯзро фиристода будам, баъди он Фирӯз мошинашро иваз карда ҳозир ба дигар мошин гашта истодааст. Бо кадом пул? Магар бе пора ва бо як маош дуюм мошин гирифтан имкон дорад? Ин ҳаромхурҳо на барои тинҷии шаҳрамон мебароянд. Барои ба шикам ва ҷайби худ пули ҳаром кор кардан ба роҳҳо мебароянд. Бигзор мақомоти Душанбе- Ҷеки Чан ва СС Ятимов Шоҳрух Саид чораи ин ҳаромхурҳоро бинанд.

Пеш дар Конибодом як ГАИи бо инсоф буд. Одами хуб буд, аз Конибодом буд. Номаш Раҳим. Ҳозир дар Москва қарор дорад. Он бечораро подстава карда аз кор ронданд.
Маро гӯш кунед мақомоти Душанбе! Ба доди ин таксиронҳо расед. Ин ҳаромхӯрҳоро аз Конибодом дафъ кунед. Бигзор кормандони дурусту бо инсоф  ба кор оянд, на инки ин ҳаромхурҳою порахурҳо. Вагарна аз дуъои бади таксиронҳо шумо ба балоҳо гирифтор мешавед. Дар он дунё ба ин пулҳои ҳароми гирифтаатон чи хел ҷавоб медиҳед.

Фирӯз 28-88 аз назди «Муроду Мақсад» номерҳои мардуми бечораву камбағалро накан, аввал огоҳ кун на ин ки чунин бадрафторӣ бикунӣ. Ҳамаи гаишникҳову милисаҳои Конибодом бадрафторанд. Ягон нафарашон сухани хуб намегӯянд ба ронандаҳо.

Огоҳӣ ба ГАИҳои Конибодом! Фирӯз 28-88, 56-00 90-00 ҳаромхуриро бас кунед вагарна аз болои шумо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент шикоят мекунам.

Ман бовар дорам, ки ин номаҳои фиристодаи маро онҳо низ мехонанд. Чунки ҳамаашон Ислоҳро мехонанд ва тамошо мекунанд.

Фирӯз гумон накун, ки мошини харидаатро намедонам. Ҳамаашро медонем. Аз мардум ва аз Ислоҳ ягон чиз пинҳон намемонад. Ман мошини наватро низ акс гирифта ба Ислоҳ мефиристонам.Ту дар зери назорат ҳастӣ. Акси худатро низ мегирам, огоҳ бош.
Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ба шумо барори кор мехоҳам. Хаста набошед. Шабу рӯз дар хизмати мо барин бачаҳои бечораву камбағал ҳастед. Номаамро нашр кунед. Бо ин номаи навиштаам тамоми таксиронҳо аз ман миннатдор мешаванд. Вале бигзор маро надонанд, кӣ буданам махфӣ монад.

Боқӣ дар паноҳи Аллоҳ бошед.

Данғара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Данғара менависам.

Ман як ҷабрдида аз пеши бозори ноҳияи Данғара, ки то ҳол қариб 20 ҳазор сомонимро раиси шаҳраки Данғара Шамсулоев Раҷабалӣ Саломович бо лақаби  Раҷаби қозӣ беҳуда гирифтааст. Ин Раҷаби қозӣ таваллудаш 1967, зодаи ноҳияи Данғара, оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Як одами бесавод, бедиплом, дар ягон мактаби олӣ таҳсил накардааст. Ҳатто хизмати ҳарбӣ накардааст. Муддати 3-4 сол мешавад раиси шаҳрак аст. Аз вақти ба вазифа таъин шуданаш ба ин тараф мардуми ноҳияро ба дод овардааст. Бо ҳар баҳона аз мардуми бозор, магазинҳою аптекаҳо пул ҷамъ карда гаштааст.

Рӯзи наврузӣ мешавад пул ҷамъ мекунад, соли нав, барои омаданҳои президент, барои ҳам чиз, аз оптовикҳо, аз мебелфурушҳо пул мегирад- аз 500 сомонӣ то 1500сомонӣ. Беҳуда аз мардум пул мегирад. Вақти призив мешавад дар ба дари хонаи мардуми ноҳия мегардад. Як қисми мардумро ба хизмат мебарад, як қисми дигарашро аз 5000 то 15000 сомониашро гирифта ҷавоб медиҳад. Ин корҳояш як тараф, аз ҳама бадаш дируз фаҳмидам, ки як одами ҳароми сабзӣ ба даст ҳам будааст.

Бо як парикмахери ноҳия ин амали нангинро мекардааст. Ҳатто видеонаворҳояш дасти  бисёре аз мардуми ноҳия будааст вале аз тарсашон ба шумо равон намекунанд.   Номи парикмахер Расул мебошад. Ҳоло акси якчояашонро ба шумо равон мекунам. Барои Раҷаби қозиро розӣ кардан ба парикмахер ифтихорнома додааст. Бародараш подполковник Шамсуллозода Баҳром Салом сардори милисаи ноҳияи Панҷ мебошад. Дар борааш шумо дар кадом барномаатон гуфта будед. Як акаи дигараш Музаффар ном дорад,  ки бо Комили додараш наркобизнесанд. Наркотикро Баҳроми акаашон аз Панҷ то Душанбе меорад. Он тараф Комил бо Музаффар то Хуҷанд мебаранд. Инҳо дар ин ноҳия ҳама корро мекунанд. Ягон кас ягончи намегӯядашон.

Як вақтҳо як бачаро, ки номаш Аҳлик аст кордча зада буданд.

Бачаи Раҷаби қозӣ зада буд.  Номи бачааш Эмом. Суд шуду баромад. Ҳозир дар ҳукумати Душанбе  кор мекунад.

Комилашро ба наздикӣ бо наркотики навъи кристал дар Хуҷанд қапида буданд. Пул дода халос караданд. Дар бораи инҳо агар 100 руз бинависӣ кам аст.

Хулоса бародар Муҳаммадиқбол дар бораин ин одам гапо бисёр ҳаст. Боз навишта равон мекунам. Вале ҳатман дар барнома ҷояш кунед, ки раиси ноҳия бинаду  бифаҳмад, ки мардум аз ин одам безор шудааст. Аз ин вазифааш пеш раиси бозори Данғара буд. Мардуми бозор ба дод омада буд. Ҳар рӯз савдогарҳоро мезад. Вақте аз вазифа гирифтанаш дигар бозор даромада наметавонист.

Раиси парку раиси Тоҷикматлуботи ноҳия ҳам кор кардааст. Аҷобати кор ҳамин аст ки ин одам диплом надораду як бесавод аст. Ҳозир хонаи куҳнаашро чапа кардаву хонаи дабдабаноки сеэтажаи бадвоҳима карда истодааст. Аз ҳама стройкаҳои Данғара семент, хишт ва қум талбида гаштааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Давоми мавзуи мо бачаи аз ҳама хурдии Раҷаби Қозӣ мешавад, ки ҳоло студент аст, ҳам раиси маҳаллаашон аст, ҳам дар ҳизби халқӣ кор мекунад ва ҳам депутати маҳалла. Дар куҷо туғрӣ мегирад, ки як студент дар ин се вазифа бошад?

Дар ин бора дар барномаҳои оянда менависам. Саломат бошед.

Ашт

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол. Шумо хубу саломат ҳастед.

Аз Шайдон, маркази ноҳияи Ашт бароятон менависам.

Имрӯз намози ҷумъаро хонда омадем. Ин шо Аллоҳ, ки намоз хуб гузашт.

Намозро бо имоматии домулло Музаффархон домуллои босавод ва одами хуб хондем. Намози иди саиди Қурбонро бо имоматии имомхатиби ноҳия Ашт бодумлло Абилбақо хондем. Ин одам пешнамоз омад. Пеш аз намоз кормандони давлат омада сухан карданд. Коргарони давлат, аз ҷумла раис танзими ноҳияи Ашт Турсунзода Бахтиёр, ки як вақтҳо раиси ҷамоат буд, меҳмонҳоро муаррифӣ кард. Вай чи хеле гуфтам пештар  раиси ҷамоат буд, Ҳоло бошад дар маркази ноҳия, шаҳркаи Шайдон кор рафт, ба ҳайси риси танзим. Ва меҳмонҳои омадаро муаррифӣ кард. Чунки Насибалӣ, раиси ҷамот аз кор рафтагӣ аст.

Муовини раиси вилоят, Шӯҳрати Муҳаммад, раиси ноҳия омада буданд. Инҳоро муаррифӣ кард. Сонӣ боз як нафари дигарро шинос кард. Онҳо баромада суханронӣ карданд, пешвояшонро таъриф карданд. Сонӣ намозро хондем. Баъди намоз ман рафтам. Абилбақо, Сулаймон ва коргарони ҷамоат ҳамаашон дар ҳақи пешвои миллат дуъо карданду боз аз мардум ҳам тақозо карднд, ки дар ҳақи пешво дуъо кунанд.

Вақте ман аз масҷид баромадам, дидам, ки дар саҳнаи масҷид як дастархони калон паҳн кардаанд. Ду- се дона даҳ сомониву панҷ сомонӣ дар болои дастурхон пул партофтагӣ, ман пул надодам.

Аввал, пеш аз намозро хондан чор нафар як дастурхонро аз ду тарафаш қапида дар миёни мардум гузарониданд. Мардуми хайр мекарда хайр кард. Намекардагӣ накард. Боз дар берун дастурхонро монданд то мондагиҳо пул партоянд.

Домулло ман инҷо дар бораи натиҷаи номаҳои нашршуда аз Ашт дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфтаниам. Ин шо Аллоҳ натиҷаҳо хубанд.

Баъди нашри номаҳои аз Ашт ирсол ва нашршуда директори мактаби №11 ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев, яъне Суҳроб Қурбоновро аз кор гирифтанд. Як нафари дигар Сулймон, ки ҷонишини раиси ҷамоат буд, вай ҳам нест. Ман надидамаш дар ҳеҷ ҷо. Сухан ҳам накардааст. Вай дар ҳар маҷлису дар намозҳои масҷид як хел пешво пешво мегуфт, ки ҷонаш фидои пешвояш буд. Пешвои мо якто пешвост мегуфт. Раҳмонови золимро таъриф мекард. Дар ҳоле ки вай хондагӣ аст ва медонад, ки пешвои мо 1400 сол боз танҳо ҳазрати пайғамбарамон Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам аст. Аммо ҳоло ин Сулаймон нопадид аст. Бешубҳа ин аз баракати ҳамон номаҳои чопшуда дар Ислоҳ аз Ашт дар бораи ин нафарон аст.

Директори мактаби № 11 дар се маҳалла Қурбонов Суҳроб яке аз қаҳрамонҳои манфии барномаҳои Ислоҳ буд, ӯро аз кор ронданд.

Ду, се моҳ пеш як талабаи синфи 11 Фаёзиддин гуфтанӣ бача худашро овехта кушта буд. Аммо хабарро пушонданд. Парвардигор ҷазои директорро дод.

Баъди ду рӯз фаҳмидам, ки котиби раиси ҷамоат Холиқзода Холиқбердиро ҳам аз кор озод кардаанд ва худи раиси ҷамот Насибалӣ Бегматовро ҳам озод кардаанд.

Дар маҷлисҳо дигар Абулвофӣ ҳам нест. Дар бораи ин ҳам Ислоҳ навишта буд.

Домулло, натиҷаи кори Ислоҳро мо дида истодаем. Бояд мардум ин натиҷаҳоро бидонанд.

Дар охир як пешниҳод ва тавсия дорам. Бигзор мардум номи муборизони имрӯзаро бидонанд. Онҳоро ба мардум шинос кунед.

Боқӣ дар амони худои бузург бошед.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи маро ҳатман дар барнома ҷой кунед. Ман яке аз рафиқони Мансур Негматов ҳастам. Мансур Негматов, аз дӯстони наздики Исмоили пингвини набераи Ҷаноб. Шумо дар бораи ин шахс дар чанд барномаатон гуфтед. Ман як ҳикояи воқеъиро ҳикоя мекунам.

Солҳои 2011 ё 2012 як рафиқам аз хориҷа омад. Дар бараш пули хеле зиёд дошт.

Баъди чанд рӯз ҳамроҳи рафиқам ба студияи Негматов Мансур рафтем. Дар студияаш сурати Шабнами Собирӣ задагӣ аст, яъне сурати занашро дар студияаш зада аст. Дар сурат хеле либосҳои безеб пушидааст. Рафиқам намедонист, ки Шабнами Собирӣ зани Негматов Мансур аст.

Рафиқам тарафи ман гашт гуфт, ки агар ҳамин духтаре, ки дар сурат ҳаст, биёбиву биёрӣ 2000$ медиҳам. Он солҳо 2000$ ба тоҷикӣ хело сум мешуд. Баъд ман тарафаш гаштаму ишорааш кардам, ки хап кун.

Баъдан берун баромадаму гуфтам, ки он сурат занаш мешавад, ту чӣ, девонаӣ?   Вай дар ҷавоб ба ман гуфт, ки ман аз куҷо медонам, ки вай занаш аст. Хулоса, мо баромадему рафтем.

Баъди як ҳафта Негматов Мансур занг зад. Гуфт номерҳои ҳамон рафиқатро деҳ. Пурсидам, ки кадом рафиқамро мегӯӣ? Гуфт як ҳафта пеш бо ҳам омада будед, ку

Гуфтам ягон проблема аст? Гуфт не як чиро пурсамаш. Баъд номерҳояшро додам.

Баъди як ҳафта рафиқамро дидам. Гуфтам номератро пурсид, додамаш чизат гуфт?

Гуфт як гапат мегуям гап байни худумон. Гуфтам ок

Гуфт занг зад. Гуфтам нашинохтам. Гуфт Мансурам. Гуфтам кадом Мансур? Гуфт як ҳафта пеш бо рафиқат омадӣ студияи ман.ку

Ҳа, бале, шинохтам.

Созӣ, хубӣ гуфта маро пурсид.

Шукр, ака мешавад соз гуфтам ва пурсидам, ки чи хизмат кунам. Гуфт ҳеҷ чи не ва гуфт «ҳаму корта ҳал кунам,охир».

Гуфтам кадом корро?

2000$ биёр гуфт, тамом корат туғрияй «бра бшап кайф кун».

Сумро додам рафтам корамро буд кардам омадам

Мегӯяд дар ҳайрат мондам. Одам то ин дараҷа даюс мешудааст.

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман бисёр корҳои Негматов Мансурро медонам, маълумоти зиёд дорам. Оҳиста-оҳиста мефиристам.

Дар паноҳи Аллоҳ бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №364 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №350
Ин 350умин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст ки дар ин рӯзҳои баҳорӣ таҳия ва тақдими шумо мегардад.

Барномаи «Номаҳо…» аз барномаҳои писандидаи шумост, ки соли саввум аст нашру пахш мешавад. Муаллифи ин барнома, худи шумо -ҳамватанони азиз ҳастед.

Феълан дар бораи ин барнома зиёд сухан намекунем. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки ин барнома бо нашру пахши номаҳои шумо то ба имрӯз рисолат ва бори як расонаи мустақилро холисона ва аз таҳти дил иҷро ва кашида истодааст…..

Дар ин навбати барнома аз Шаҳринав, Ваҳдат, Ғафуров Тошканд ва Душанбе номаҳо дорем.

Дар номаи расида аз Шаҳринав дар бораи раиси ҷамоат, ки як хонум буда ва мисли соири мансабдорони сатҳи маҳаллии ҳукумати Раҳмонов замину иншоотро ба худ ва наздиконаш «хусусӣ» карда ва маъракаи даъвати аскариро ба манбаъи даромад табдил додааст, сухан меравад.

Дар номаи Ваҳдат ҳам айнан ҳамин масъалаи фурӯши замин аз тарафи раиси ҷамоат дар миён гузошта шудааст. Ин раиси ҷамоат бошад замини қабристонро ба тағоандараш фурӯхтааст.

Номаи муаллифи тошкандӣ як масъалаи мубрами рӯз ришвату пораситонии кормандони марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Ин нафар мегӯяд, ки ба ҳайси як тоҷики Узбекистон аз ин рафтори ҳаммилатони худ дар гузаргоҳи марзии Регар зери бори хиҷолат монд.

Як муҳоҷири ҳамватани мо аз шаҳри Екатеринбурги Русия дар бораи Гулия-Гулчеҳра Меликова навиштааст. Бале, ин ҳамон Гулияе аст ки мо дар бораи вай чанд рӯзи пеш як мақолаи алоҳида чоп намуда будем.

Аз Душанбе як номаи ҷолиберо ин бор дар барнома ҷой додем. Муаллиф як қиёси ҷолибе дар мавриди шахсиятҳои шинохта ва машҳури Тоҷикистон кардааст.

Аз шаҳри Ғафуров дар бораи раиси пешинаи ин шаҳр Нусратулло Салимзода ва мушкилоти ба меросмондаи вай навиштаанд.

Шаҳринав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман бародари шаҳринавии шумо бо пароли «Регар –1» ҳастам. Бародар умедворам, ки хубу саломат бошед. Инҷо мехоҳам дар бораи раиси ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав як маълумот диҳам. Раиси ҷамоат Барно Раҳимова ном дорад.

Ин зан намедонам бо кадом сабабе аз шавҳараш ҷудо шуд. Шавҳараш чи гуноҳеяшро қапиду аз Русия омада талоқашро дода бозпас гашту ба Русия рафт! Ин раисаи ҷамоат худ зодаи ҳамин ҷамоати Боғистон буда дар ҳаминҷо дар як оилаи камбағал калон шуда буд. Лекин аз рӯзе, ки дар ҳукумат ба кор даромад шуруъ бар макидани хуни мардум кард.

Ин раиса дар ҷамоат чи замине, ки ба қап кард соҳибӣ кард. Китобхонаву замини он ва тирхонаро, ки дар саҳни мактаб буду мактаббачагон нигоҳубину кабудизору гулкорӣ мекарданд соҳиби кард. Дар замини байни мактабу китобхонаи мактаб бо ҳамроҳии додараш барои додараш як коттеҷи дуошёна бардошт. Замини тирхона, ки дар рӯ ба рӯи мактаб қарор дошт дар муқобили ҳамин хонаи сохтагиашон буд, ки онро ҳам соҳибӣ карда барои падараш хона сохта дод. Ҳол он ки падараш ҳам хонаи заминӣ дар назди мактаби куҳна дораду ҳам хонаи сексия дар кӯчаи ба номи Чехов. Падараш як пенсионер, занаш аз дунё гузаштагӣ, ду хона дорад, боз сеюм хонаро чи кор мекарда бошад? Ҳол он ки дар ҷамоат зиёданд оилаҳое, ки дар як ҳавлӣ як чанд оила бо фарзандони зиёде зиндагӣ мекунанд.

Аммо ин раиса бошад фақат барои падари пенсионераш се хонаву заминро соҳибӣ кардааст! Болои ин ҳама барои худаш як хонае, ки аз қафои бинои идораи ҷамоат шавҳараш харида буд ва дар наздаш як плошадкаи калон дошт, он заминро ҳам соҳибӣ карда бо ном корхонаи дузандагӣ гӯё сохт- ду ошёна ва дар девори берунаш як плакат зада корхонаи дузандагӣ нависту халос! Ҳоло бошад дар ин ду ошёна зиндагӣ дорад!

Ва ба болои ин қадар боигарӣ боз аз нафароне, ки бачаашон ба синни аскарӣ расидааст, пули калон меситонад. Як шогирд дорад аз ҳамсояқишлоқ, бо номи Бахтиёр. Хонаҳои бачаҳои ба сини аскарӣ расида Бахтиёрро ин раиса роҳӣ карда аз ҳар як хона 5000 сомонӣ ҷамъ карда мегирад! Вақте ки Бахтиёрро мегӯем, эй мард як камтар инсоф кун. Бахтиёр ба занаш қасам мехурад, ки ин ставкаро раиса мондагӣ аст. Аз ин пул ба ман 1500 сомониаш мерасад, 3500сомониашро раиса мегирад! Лекин раиса ошкоро мегӯяд, ки «ман ҷавоб мегӯям, агар пул диҳӣ бачаатро ягон кас ғам намедиҳад». Аммо вақте бачаҳои мардумро аз военкомат омада қапида ба хизмат бурданд соҳибони фарзандони ба хизмат бурдагӣ ба назди Барно Раҳимова омада гуфтанд, ки ту ҷавоб мегуям гуфтӣ канӣ фарзандони мо? Раиса дар ҷавоб шаттоҳӣ карда мегуяд, ки «илтимос дар ягонҷо номи манро нагиред,ки ба ман пул додаед. Ман любой путём бачаҳоятонро мебиёрам». Лекин то ҳол аз одамоне, ки пул гирифтагӣ аст 4 нафар хизмат доранд! На фарзандҳояшонро баргардонду на 5000 сомоние, ки ҷамъ карда гирифта буд.

Дар ҷамоати Боғистон мардум аз дасти ин зани шаттоҳи дурӯғгӯи буз ба дод омадаанд. Лекин ин ҳаромхур хуни модарию хуни занӣ дар вуҷудаш намондааст. Бародар Мухаммадиқбол агар бовар мекунӣ ё не Худо худаш дида истодааст, аз пеш, аз таги рӯи раиса Барно Раҳимова нигоҳ кунӣ, ку мӯи танаат мехезад. Хаёл мекунӣ, ки дар рӯи ягон мурда нигоҳ дорӣ. Аз ҳақи мардумхуриву ҳаромхурӣ дар рӯяш нур намондааст!

Бародар ин номаи маро дар барномаи «Номаҳо……» ҷо кунед, бигузор ба гӯши Раҳмонов расад ва бидонад, ки коргароне, ки дар сари ин миллат роҳбар гуфта масъул мемонад, ба чихел ҷиноятҳо даст мезананду чи гуна хуни мардумро мемаканд! Ва дар охир ба ин раиса Барно Раҳимова гуфтанӣ ҳастам, ки хуни мардумро камтар мак, ки ин маротиба фоҳишагиҳоятро хам фош мекунам! Бо киҳо алоқаи маҳрамона ва робитаҳои ғайриахлоқӣ дар ҷамоат дорӣ!

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз шаҳри Ваҳдат менависам.

Кӯтоҳи гап, қисса аз ин қарор аст. Олими Зайд, раиси деҳаи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат.
Ба тағоандараш ҳоҷӣ Бурҳон Қурбонов касе, ки тағо гуфта мегардад ин раиси Олим замини қабристонро фурухтааст. Замини 3метр ба 30 метр дарозӣ гирифтааст. Чанд сол пеш Ҳоҷӣ Бурҳон дарахт мешинонад, аммо мардум дарахтҳоро мекананду мепартояд. Ҳоҷӣ ба мардум мегӯяд, ки ин дарахтҳоро ҳамту шинондам, аммо пинҳон мекунад, ки заминро харидааст, ки мардум аз болои Олим даъво накунанду вай боиси подвадит шудани Олим нашавад.

Чанд рӯз пеш, яъне 2.04.2026 як нафар зиёрати қабристон меравад. Манзараи тамоман дигарро мебинад. Як ваҷаб мондагӣ то қабри наздиконаш. Фундамент рехтагӣ ва 3 ряд сементблок задагӣ. Қабристонро съёмка мекунаду дар группаи ватсапи деҳа мепартояд.

Имрӯз аз саҳар разбори ҳамин масъала буд. Раис бо эшони Ҳоҷӣ разбори мардуми деҳаро дар группа гуш мекунанд. Вале чизе наменависанд, гап намезананд.

Имруз дар намози аср дар масҷиди маҳалаи Кофарниҳон разбори калон буд. Мардум мегӯянд,ки «эшони Ҳоҷӣ бкана заборша қабристони мардума бта».
Боз аз тарафи ферма замини пушти фермаро гирифтааст. 3 метр бар ва 30 метр примерно дарозии замини ферма.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо худи фермаро ҳам ба чанд шиносаш раиси маҳалла фурӯхтааст. Аз ин пештар замини бари масҷидро фурӯхта буд, бо ин ваъдае, ки масҷидро документ мекунем ба ин пул. Аз ин пештар бошад майдончаи футболбозии мактаби деҳаро ҳам фурӯхта буд. Ҳатто заминҳо лаби дарёро то даруни дарё ин раис фурӯхтааст.
Мардум даъво ва талаб барои гирдиҳамоӣ доранд, то забори сохтаи ҳоҷӣ Бурҳонро чапа кунанд.
Ҳодисаҳои дигар ҳам шуда буд, ки шоҳиди ин ҳодисаҳо ҳоҷӣ Вайсиддин мебошад. Муллои маҳалла бисёр одами хуб буд. Солҳои 2018 вақте барои фарзандонаш замини хонаашро тарака мекунад, як бачааш бераҳ мемонад, чунки туғрӣ намегирад бо бачаи дигариаш. Баъд мулло аз қабристон замин мехарад, ба ивази онки солҳои 2010-2013 ба мактаб компютер харида будааст. Вай одамҳоро даъват кардааст, ки барои чи фурӯхтаанд замини қабристони куҳнаро
Мирзошарифу Айниддин шоҳиди ҳамон переговори онвақта будаанд, ки гуфтем соли 2018 шуда буд. Он вақтҳо ин мулло бо раиси пешинаи ҷамоат бисёр кумак ва корҳои хуб барои маҳалла карда будаанд. Ва он вақт гуё гуфт бошанд, ки ҳамин замини қабристонро ба мулло бидиҳемаш, то барои маҳалла роҳ созад. Аммо ба ҷои барои маҳалла роҳ сохтан рост даруни хонаи бачааш роҳро сохтааст.

Гуё ин мулло компютер барои мактабу ҷамоат туҳфа кардааст. Раиси ҷамоат раиси кумитаи замин дигару дигарҳо дар онҷо гуфтанд, ки ҳаминхел гапу хабар аст, мо бояд муллоро кумак кунем.
Ин ҳамон ҳоҷӣ Вайсидин аст ки дар Фут -ситии Москва машҳур аст ва ташкилкунанда дар корҳои сохтмонии Кофарниҳон аст ки аз мардум маҷбурӣ пули хайрия мегирад, именно аз муҳоҷирҳо ва касоне, ки дар муҳоҷират қарор доранд.

Тошканд

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Тошканд узви Маркази миллии фарҳанги тоҷикони Ӯзбакистон ҳастам. Худованд шуморо дар ҳифзу ҳимояти худ нигаҳ дорад. Ман ҳамчун тоҷикзабон барномаҳои шуморо бо   диққат тамошо мекунам ва бисёр дар тааҷҷуб ҳастам, ки чаро одамон ин қадар хушомадгӯй бошанд: вай-вая вай кардаст ….
Ба наздики ба Душанбе, ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карда будам. Бовар кунед дар сарҳад аз Ӯзбекистон то сарҳади Тоҷикистон дар муддати 15 дақиқа гузаштем ва ба сарҳади Тоҷикистон расидем. Дар гузаргоҳ ё дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон маро ҳамин қадаре азобе доданд, ки хостам аз ҳамон гузаргоҳ  пас баргардам. Якуним соат вақтро гирифтанд, бе ягончи, беягон сабаб. Дар охир гуфтанд, ки «ячи нимчи  бте бра». Ман фикр мекардам, ки инҷо ҳам ранги Ӯзбекистон ва дар ҳама ҷо камераҳо дар назорат аст. Аммо онҳо ранги гадоён будаанд. Гуфтанд, ки ё 150 сомонӣ госстрах мекунӣ ё инки нақд 100 сомонӣ
ба ходимони гумрук медиҳӣ.

Ман, ки барои дидани бародари ҳамхизматам раҳсипор будам, маҷбур шудам. Онҳо аз ман сад ҳазор сӯм пули ӯзбекӣ гирифтанд ва баъд иҷозати гузаштан доданд.

Рафта бародарро дида пагоҳӣ баргаштем. Боз дар сарҳади Тоҷикистон якуним соат бе ягон асос моро маътал карданд.

Худованд инсофашон  диҳад, муомилаашон нохуш аст. Худро кӣ ва чӣ меҳисобанд нафаҳмидам. Барои ҳамин ончи шумо дар барномаҳоятон мегӯед ҳамааш 100 фоиз ҳақ аст. Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Дуъои мусофиру муҳоҷир мустаҷоб мешавад.

Екатеринбург

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳ барои ин ҳама заҳматҳое, ки мекашед, барои ғамхорӣ кардан дар ҳақи мардуми тоҷик, аз шумо розӣ бошад.

Ман дар нисбати онҳое, ки ба қадри заҳматҳоятон намерасанд ва нисбати Шумо ҳар гуна суханҳои пасту баланде, ки ба шаъни Шумо нест, нафрат дорам. Инҳо туҳмати ошкоро аст ва худашон ҳам медонанд. Аллоҳ ба аъмоли ҳамаи мо шоҳид аст.

Дар як навиштаи Ислоҳ дар бораи Гулия дар Екатеринбург гуфта буд. Гулияе, ки садҳо нафарро фиреб дода пулҳояшонро бо ваъдаҳои бардурӯғ гирифта буд.

Дар ҳақиқат ҳоло Гулия дастгир шуда ва нисбати вай тафтишоташ давом дорад.
Муфаттишони Русия муайян кардаанд, ки Гулияро зиёда аз 200 миллион рубл аз мардумро ин гирифтааст. Вале 80 дар 100- мардуми ҷабрдида ҳоло ариза кардагӣ нестанд. Чунки бисёрии онҳо ҳуҷҷат надоранд, то ки барои пулҳояшон муроҷиат кунанд. Ман вақте мегӯям, ки Гулия 200 миллион рубли мардумро фиреб карда гирифтааст, ин бофта нест, ин асос дорад.
Гулияро ҳоло ба Тоҷикистон равон накардаанд, дар боздошт, дар СИЗОи Екатеринбург ва парвандаашро муфаттишон дида истодаанд. Гуфтанд, ки тафтишот то авалҳои моҳи май давом мекунад. Ва Гулия дар ин муддат бо қарори суд бояд дар боздоштоги Екатеринбург бимонад. Феълан ду кӯдакаш дар тарбияи шавҳари сеюмаш аст. Аммо муфаттишони Русия кӯшиш доранд, ки ба хона ё модараш диҳанд ё ки ба детдом ба тарбияи давлат супоранд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Як сокини солманди шаҳри Душанбе ҳастам. Синнам аз 70 болост. Барномаҳои шуморо тамошо мекунам, сайтатонро мехонам. Рости гап ба ҷуз аз навиштаҳои сайти шумо дигар чизи мехондгӣ ҳам намондааст.

Ман дар бораи як масъала навиштан мехоҳам. Ман тайи 34 соли раёсати Эмомалӣ Раҳмонов ягон ному насаб пайдо накардам, ки бигӯем ана ин ифтихори мо дар замони истиқлолият аст.

Масалан на Лоиқ, на Бозор на Мӯмин Қноат на Гулрухсоре дигар пайдо нашуд.

Масалан на Осимӣ, на Исҳоқӣ, на Саъдиниссо Ҳакимова, на Соҳиб Табарови дигар пайдо нашуд.

Имрӯза президенти Академияи илмҳо як нафаре, аст ки ҳатто занаш шояд дуруст нашиносадаш, боз ӯро «диссернет» дасти дуздишро рӯ кард.

Абдуҷаббор Раҳмонови кавлук қучқори кабуд-академик. Шармандагӣ беш аз ин намешавад.

На Зафар Нозиме дорем, на Ҷурабек Муродов, на Одина Ҳошим

Хуллас, ҷои ин гуна шахсиятҳои машҳуру маъруфи тоҷик, ки на фақат дар ватан дар тамоми дунё мешинохтанд, номҳои машҳуру маъруфи имрӯза иборатанд аз Рустами  наркоман Муроди телех, Ҳасани ишкамба, Тахминаи Клеопатра, Озодаи чемпионка, Исмоили пингвин (дастбахайрам мегӯянд, чопико), Муҳибуллои номард бошаму зинда бошам, Шамсуллои Фароз Ҷамолиддини 4% Азизмои газетхонак, ки ҳамагӣ ба оилаи Раҳмонов тааллуқ доранд ва ҳар кадоме як дузду ҷинояткори гузароанд.

Бо ин вазъу ҳол Раҳмонов боз аз шукуфоии ватан ва ободии ватан гап мезанад.

Э, шармат бод Раҳмонов бо ин давлату давлатдорӣ!

Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ғафуров менависем. Мо ба чандин ҷойҳо шикоят кардем. Чанд рӯзи пеш радиои Озодӣ дар бораи мушкилоти мо як мақолаи хуб чоп кард. Онҷо мо бо ному насаб баромад намудем. Нусратулло Салимзодаи данғарагӣ ду сол дар шаҳри мо раис буд. Вай моро ба як вазъияти печида ва мушкил боқӣ гузошт. Гап дар бораи он меравад, ки моро маҷбур карда истодаанд, ки хонаву дар ва заминҳоямонро тарк карда ба дигарҷо бикӯчем. Чунки маҳалла ва кӯчи моро ба як домсоз барои сохтмони дом Салимзода фурӯхтааст. Ин домсоз гуфтааст, ки барои Нусратулло Салимзода 200 ҳазор доллар барои иҷозати дом дар маҳаллаи мо ришва додааст ва санади сохтмои домро гирифтааст. Боз гуфтааст,ки «агар лозим шавад суду прокурору раиси нави Ғафуровро ҳам пул дода мехрам». Хуб шояд пул дода ҳамаро харад шаку шубҳа надорем. Аммо ин Нусратулло Салимзода як бегонаи омда буд. Ду сол истод, ҳамаро ҳарому палиду бадтар кард. Вай инҷо фақат барои пул омада буд. Чаро бояд аз Данғара ба Ғафуров раис шуда ояд? Ҳозир мо ранҷи имзову қарори ӯро кашид истодаем. Чуноне аз Ислоҳ бохабар шудем ин Салимзода ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ корро бадтар карда истодааст. Мо дар ҳайрат ҳастем, ки чаро ин ҳукумати касиф даҳҳо ҳазор гектар замини кишоварзӣ ва ҳосилдеҳро фурӯхта истодааст? Дар оянда барои ҳатто обчакорӣ замин намеёбем. Ҳоло садҳо маҳаллу деҳоте дар саросари қаламрави кишвар пайдо шудааст, ки тамоман ғайриқонунӣ ва санаде надоранд. Инҳо дар маҳалли фермаи мурғ, фермаи гов, гаражҳо ва ғайраҳо сохта шудаанд ва садҳо гектарро фаро мегирнд. Аммо санад нест. Дар заминҳои воҳидҳои кишоварзӣ, дар доманаи куҳҳо, дар шафати ҳамвории рӯду каналҳо. Ин ҳама барои ояндаи худи ин мардум хатари ҷиддӣ дорад.

Бародар Муҳаммадиқбол, аз инҷое, ки моро мехезонанд қариб 200 оила зиндагии худро пеш мебурд. Аммо Нусратулло Салимзода раиси собиқи ноҳияи мо соли гузашта ҳамаи ин қитъаҳоро ба номи як нафар Камол Рӯзиев гузарондааст ва ин нафар дар ҷои хона ва заминҳои мо дом месохтааст. Магар дар дигар ҷои шаҳри Ғафуров ҷой барои сохтмони дом вуҷуд надошт?

P.S

Дар воқеъ «Ислоҳ» дар бораи Нусратулло Салимзода зиёд навиштааст. Ҳоло ҳам як матлаберо аз як корбари сомонаи «Ислоҳ» инҷо меоварем:. «Баъди навиштаҳои «Ислоҳ» ва барномаҳои ифшокунандаи он дар бораи Салимзода Нусратулло, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода фақат кушиш мекунад, ки худро бо мардум нишон диҳад ва гӯяд, ки кор карда истодааст. Домсозҳое, ки дар вақти раиси пешина Абдуғаффор Ҳикматуллозода қарори сохтумони биноҳои баландошёнаро гирифта буданд, акнун ҳоло аз дасти Салимзода Нусратулло хун гириста истодаанд.

Салимзода фармон додааст, ки «ҳамаша стоп монену пеши ма фарёдшон кнен». Домсозҳо чандтоаш гуфтанд, ки Мунираи ҳаромхури котибаи Салимзода як ставкаҳое аз номи Раис мемонад, ки «ай уда насозем хубтар». Салимзода гуфтаст: «аку хела мара сиёҳ кардан, ҳичӣ ай дастшон наомад, барои ҳами биёрен ҳақи мара бтену брен ором бсозен».

Он домҳое, ки бачаи харомии Салимзода дар Душанбе дар тарафи  Зарнисор сохтааст, ҳамааш аварийный ҳастанд. Пештар дар ҷои он домҳо тарабхонае бо номи ТОҶ амал мекард, ки онро Салимзод дар вақти вазири тандурустӣ буданаш сохта буд. Салимзода тарабхонаи ТОҶ-ро аз суми бюҷети давлат, ки барои таъмири беморхонаҳо ба вазорати тандурустӣ ҷудо шуда буд,сохта буд».

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №350 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 326
Аз чашми мардум чизе пинҳон намемонад мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Ин бор шумора аз номаҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Рашт, Қубодиён, Ҷалолиддин балхӣ ва Турсунзода таҳия ва тадвин шуд.

Нависандаи нома аз Душанбе роҷеъ ба сафарҳои Раҳмонов ба навоҳии кишвар ва тарзи истиқболу бадрақаи Раҳмонов навишта ва аз ҳолату мавридҳои хос зикр намудааст.

Муаллифи номаи Хуҷанд ҳам аз кори беш аз сисолаи Раҳмонов навишта гуфтааст, ки Раҳмонов мамлкатро ба нобудӣ оварда расонд. Дар номаи омада аз Ҷалолиддин балхӣ (Колхозобод) аз Раҳматуллои бародарзани Раҳмонов шикоят шудааст.

Аммо нависандаи мо аз Қубодиён бо ироаи ду хабар як фикри ҷолиберо дар миён гузоштааст, ки месазад ва мешавад роҷеъ ба он як таҳқиқоти ҷудогона баргузор кард:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Рости гап ман барномаҳои шуморо ҳамеша тамошо мекунам. Аммо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро ҳам бисёр тамошо мекунам. Махсусан намоиши сафарҳои Раҳмонов ба ноҳияҳоро, ки тамоми шабакаҳои Тоҷикистон нашр мекунанд. Барномаҳои шуморо бо ин барномаҳои каналҳои телевизионии Раҳмонов қиёс кардан намешавад. Дар шабакаҳои Тоҷикистон фақат дурӯғ ва фақат тавсифу таъриф. Бахусус вақте Раҳмонов барои кушодани ин ё он иншоот ба минтақае сафар мекунад, ин таърифу тавсифҳо тамоман ба ақл намеғунҷад. Барои мисол Раҳмонов ноҳияи Рудакӣ меояду се корхонаро мекушояд. Баъд домсозҳо ҳам бо истифода аз ин фурсат биноҳои баландошёнаи сохтаи худро бо дастони Раҳмонов «ҳуй» мекунанд.

Мову шумо хуб медонем ва ба ҳамагон ҳам маълум аст ки Раҳмонов барои як кор намеояд, яъне барои ифтитоҳи як корхона ё як дом намеояд, барои чанд кор меояд. Вай меояду лента мебураду парда мебардорад. Сипас ягон директори корхона гап мезанад: «ана мо корхонаи нав кушодем. Корхонаи мо барои сад нафар ҷойи кор фароҳам кард, бо маоши нағз ва дар пеши ҷаноб таъриф мекунад». Ҳамин хел ҳаст? Ҳаст!  Ё ки корхонаи калонтар бошад мегӯяд, ки мо дусад ҷойи кори сохтем. Агар 50 коргар гиранд дар ТВ мегуянд мо 100 коргар гирифтем ё ки 20 коргар гирад корхонааш мегӯяд мо панҷоҳ касро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудем. Охир агар ба ин гапҳо бовар кунӣ, ба ин заводҳо, ки гуё ҳар рӯз ба кор дароварда истоданд ва инаш сад онаш  панҷсад коргар қабул кунад, о,чаро шумори муҳоҷир солтосол бисёр шуда истодааст?

Дуруғ мегуянд ва ҳамин ҷаноби гуфти шумо гарданбалони газӣ 100% медонад, ки ин маълумотҳо дуруғанд. Ҳама системааш дуруғ аст. Худаш медонад, ки ин корҳоро бардуруғ мекунанду ба намоиш мегузоранд.

Дар корхона сад коргар бошад мегуянд барои дусад коргар ҷои кор сохтем ё сесад коргар қабул кардем. Хулоса ҳама корашон дуруғ аст ва ин дурӯғро бори дигар мегӯям, ки 100 % Раҳмонов медонад. Аммо бо ин васила мехоҳад нишон диҳад, ки таҳти идора ва ҳукумати вай пешравӣ шуда истодааст. Ана ҳамин хел системаи дуруғ рафта истодааст.

Баъди рафтани ҷаноб он корхона як моҳ ҳам кор намекунад, банкрот мешавад, ё он корхонаро кашида мегиранд.

Як шиносам ҳикоят кард, ки ягон ҳафт сол пеш буд, ки Раҳмонов тарафи Регар барои дидани боғи ангур омада буд. Барои онки табъи вайро хуш ва болида кунанд, токзорро бояд пурмева ва серҳосил нишон диҳанд. Аммо он токзор онгуна набуд. Барои ҳамин ангурро аз дигар ҷо чида оварданд ва дар 12-15 сотихи он боғ ангурҳои овардаашонро бо хӯшаҳояш ба навдаи ток бо ришта бастанд. Бо ришта хӯшаҳои ангурро ба токҳо бастанд. Ҳамон инсон зинда ва дар қайди ҳаёт аст. Гуфт, ки ман худам шоҳиди ҳамин ҳодиса будам. Вақте шингилҳои калон-калони ангурро бастанд, риштаҳо метофтанд, баръалло намоён буданд.

Аз ТВ съёмка мекунанд. Мисол Раҳмонов рафт боғ ё кадом заводе ҳатман аз ТВ ӯро ба навор мегиранд. Ҳатто дар ҳамон съемка хушру метобад, ки хӯшаи ангур дар ҳақиқат дар ток бастагӣ, ҷои холӣ надорад. Дар ҳақиқат ба ришта бастагианд ва дар навор ҳам маълум аст.

Системаи Раҳмонов ҳамин аст. Раҳмонов медонад, ки ҳамин кор дурӯғ аст. Он риштаро мо бо чашмонамон дидем. 10- 15 сотих, ки дар камера омадагӣ онҷо гарени риштаҳои бастагӣ метобад.

Хӯшаҳои аз дигар боғ овардагӣ ҳатто рангаш фарқ мекунад. Ман худам шоҳидам.  Раҳмонов омад съемка карданд ва дар ТВ нишон доданд. Бегоҳ боз дар хона дидем, ки риштаҳо намоёнанд.

Боз ҳамон хоҷагидор гап зада гуфт, ки мо аз як гектар замин 45 то 50 тонна ҳосил мегирем. То ин дараҷа дурӯғ мегӯяд. Деҳқони бечора, ки аз як гектар 15- 20 тонна мегирад андозашро боло мебаранд. Зарараш чи гуна ба мардум мерасад, бо ин дурӯғкориҳову дурӯғгӯияш.

Раҳмонов худаш медонад, ки ин системааш дурӯғ аст. Аммо худаш мегӯяд, ки айнан ҳамин корро бикунед. Таърифро нағз мебинад. Куҷое меравад дар як километр қолин мепартояндаш. Духтари шонздаҳсолро дар болои зонуҳояш мешинонанд. Вай дар ин ҳолат вазифаро ба ягон кас намедиҳад. То ҳаст дар ин вазифа мемонад. Ба Рустам ҳам намедиҳад.

Худи ҳамин Раҳмонов як ҳаромхури тапатайёр аст. Таърифаш мекунанд, тавсифаш мекунанд. Дар чунин вазъу ҳол дигар ӯро намефорад вазифаро ба касе додан. Мешинад, мехурад, мегардад. Моямолҳо дар мояҳо хок мешапанд.

Ин Раҳмонов як бизнесмен аст. Чанд сол пеш дар як маҷлис як директори птисфабрикаро хезонд. Он директор аз тарафи Файзобод буд ва он фабрика ҳам фабрикаи калон буд. Агар хато накунам фабрикаи паррандаи Дости бурут буд. Баъд ба тарафи он директор гашту пурсид дар як рӯз чанд ҳазор тухм мегирӣ?

Он директор бо зикри як рақами мушаххас ба саволаш ҷавоб дод, ки чанд ҳазор дона тухм мегирад.

Боз пурсид, ки дар як рӯз чи қадар гушт мегирӣ? Директор ҷавоб дод. Баъд сраза ҳисоб кард. Раҳмонов дар ҳисоб соз аст, гарени зур аст:

«Дар як рӯз иқа сум, иқа даход ва ҳамин хел чиликош катӣ ҳисоб кардестай. Дар як моҳ значит ана иқа гуфт бо чиликош катӣ дар 12 моҳ ина иқа гуфт. Дар ҳамон зал дар ҳамон чен ҳисоб кард, ҳафта, моҳ ва солро.

Агар ҳамон барнома дар Ютуб бошад як бори дигар гуш кунед, чанд сол пеш буд: «ҳамун якрӯзаша ҳисоб кард, ки ин чанқа даход дорад, ин корхона, баъд якмоҳаша ҳисоб кард,  баъди он 12моҳаша ҳисоб кард: ту ина иқа даход доштай гуфт, да як сол гуфт ина иқа миллион сомонӣ доход доштай, ҳамун корхонара ҳисоб кард. Ин хел умнияй дал…. Ҳисоб мекунад корхонаро, ки даходи нармалний дорад, як тарафа мекунад корхонара ба номи авлодаш мекунад, мегирад».

Баъди чанд сол фаҳмидам ки ҳамон птитсфабрикаро гирифтанд. Инҳо, агар доходи корхона нормалний бошад, кашида мегиранд. Чизи тайёрро кашида мегиранд. Вале худи ин авлод ягон чи намесозад, ягон кас сохту рӯ ба роҳ кард,   мегирад. Боз мегиранд ва идора кардан наметавонанд ва пас аз чанд моҳ аз кор мемонаду баста мешавад.

Боз як ду мавриди ҷолиби дигар ҳам, ки ҷойи гуфтанаш омад. Ба яке аз ноҳияҳои шимоли мамлакат-Айнӣ моҳи апрел ё май сафар мекунад. Помидору бодиринг аз Узбекистон, зардолу аз Хуҷанд (Конибодом ё Ашт) ангури хитоии соли гузашта аз кадом сардхонаро оварда виставка мекунанд.

Айнан ҳамин гуна корро дар Нуробод мекунанд. Дар моҳи апрел тарбузу харбуза дар Нуробод? Дар Айнӣ вақте ин меваҳоро дар растаи сохтаашон мечинанд як нафар аз амниятиҳо омада мебинад, ки ангур ҳам ҳаст. Ҷангҷол мекунад, ки чи шумо «ҷаноба тупой фикр каден, бигирен». Аммо нафари дигар аз охранна ё аз дастгоҳ омада мебинад, ки ангурро гирифтаанд супориш мекунад, ки зуд оварда дар ҷояш гузоред.

Ин Раҳмонов то ин дараҷа нофаҳму тупой бошад, ки намедонад дар Ғарм дар тобистон ҳам бошад тарбузу харбуза намекоранд. Ва Айни ҳам ангур надорад, ангуре, ки моҳи апрел пазад. Ана мо бо инхел ҳоким зиндагонӣ дорем….

Хуҷанд

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман тамоми ин мудат, ки Раҳмонов сари қудрат аст мушоҳида карда истодаам, ки вай чи гуна ватанамонро беш аз гузашта харобу заифу дастнигару нотавон карда истодааст.

Дар бораи ҳама корҳои анҷомдодаи Раҳмонов нависам, бояд чанд дафтар пур шавад. Аммо чизҳои ҳама шоҳидаш бударо менависам. То соли 1994 корхонаҳову колхозу совхозҳо фаъолият мекарданд. Ҳама совхозу колхозҳо аз 2000 сар зиёд гови ҷӯшо ва  15-20 ҳазор моли майда доштанд. Вақте Раҳмонов ба сари қудрат омад аввал аз совхозу колхозҳо сар кард. Ба ҳама раисҳо супориш шуд гов, моли майда, заминҳо, хирманҳо, идораҳои совхозу колхозҳо фурӯхта ва ҳама маблағ ба буҷаи Раҳмонов супорида шавад.

Баъд тамоми техникаву гаражу идораҳои колхозу совхозҳоро ба фурӯш гузошту пули онро гуё ба бюҷет гузарониданд.

Баъд сар кард ба фурӯши дараву чарогоҳҳо ва ҳамаҷоро ба пулдорҳо бо нархи арзон доду ҳоло мардум ҷойи чарову парвои ҳайвонот надорад.

Тамоми иншооти ёрирасони давлатӣ, аз қабили амбулатория, идораи колхозу ҷамоатҳо фурухта шуданд.

Коргаронро сокрашений гуфта аз кор пеш карданд.

Навбат ба милиса, муаллимҳо ва  низомиҳо расид. Аввалин коре кард қувваи барқи ин ашхос, ки бепул буд, қонун баровард, ки онҳо ҳам баробари мардум пули барқро супоранд. Баъд навбати донишҷӯён расид, қариб ки таҳсили бюҷетӣ намонд, ҳама шартномавӣ-пулакӣ. Навбати замини миллат омад ва заминро ба дигар кишварҳо фурӯхт. Замини Тоҷикистонро ба Хитой фурӯхт, ба Узбакистон ва Қирғизистон фурухт.

Аз Узбакистон гази табиӣ мегирифтем. Дар пайи татбиқи сиёсатҳои сулҳҷуёна ва хиради азалии Раҳмонов Узбекистон газро махкам кард. Роҳи оҳанро барои чандин сол Узбекистон барои мо баст.

Боз навбат ба қувваи барқ расид. Ба Афғонистон, Узбекистон Қирғизистон фурӯхта истодааст.

Корхонаву заводҳои гардонро ҳам аз байн бурд. На заводи яхдон монд ва на заводи алюминий ва на ягон заводҳои дигар.

Конҳои маъданҳои гаронбаҳои кишварро аз як лаб фурӯхт, асосан ба Хитой. Чунки Хитой конкретно барои киссаи Раҳмонов пулу пора медиҳад.

Ва, ҳоло акунун навбати давлат мондааст. Агар мардум нахезад Тоҷикистон мустамликаи Россия ё Хитой мешавад.

Эй, мардум, ин Раҳмонов сахт тарсончак мебошад, аммо аз беҷуръатӣ ва беғайратии мо истифода бурда истодааст.

Дар кадом як барнома бародар Муҳаммадиқбол акси худро бо либоси низомӣ монда буд. Ба Раҳмонов  нишон медиҳанд. Сахт дар тарсу изтироб афтода «ҷилу туқумша ҷамъ карда тайёрӣ ба гурез гирифтааст». Бовар кунед, ки Раҳмонов айни ҳол аз овози хлопушка метарсад.

Агар чени ҷанозаи раҳматии Қобилҷон мардум ҷамъ шавему ба тарафи идораи Раҳмонов равем, инша Аллоҳ мегурезад.

Мо, бисёр мехоҳем, ки ин рӯзро бубинем ва кош он рӯзро бинем, ки бародар Муҳаммадиқбол дар масҷиди марказӣ пешдарои намоз бошанд ва мо дар саф бошем. Хутбаи намози ҷумъаро хонанд ба мисли президенти нави Сурия.  Аллоҳумма омин!

Илова. Бовар кунед домулло ин Раҳмонов нав фаҳмидааст, ки илм даркор мебошад. Дар ягон баромадаш намегуфт омӯзгорони хуб ҳама баромада рафт ва  дар муҳоҷират мебошанд. Муаллимони боору номус  рафтанд, «иқа бизнесмен дар мактабҳо мондаанд, ки ба ном муаллим. Дар мактаб ҳарруз пули китоб биёр, пули тахтаву бӯру журнал, пули зодрӯзи муаллим. Охир ин мактаб фарзандони моро фасод омухта истодаст. Зеҳни кӯдак тез қабул мекунад, фикр мекунанд, ин ҳама кори хубе аст, ки муаллими онҳо мекунад.

Домулло боз як чизи дигарро илова карданиам. Раҳмонов  мегӯяд тоҷикро, кӣ мешинохт? Дар ООН ман тоҷикро муаррифӣ кардам мегӯяд ва минат ба мардуми тоҷик карда истодааст. Ҳо, рост мегӯӣ, тоҷикро ту ҳамчун чурка ,черная жопа, гастарбайтер муаррифӣ кардӣ. Аммо тоҷикро ҳамчун миллати қадима тамом дунё мешинохт.

Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Зиндаву саломату сарбаланд бошӣ. Аз Ҳалқарф бароятон ин хабарро мефиристам. Баъди нашри номаҳои ифшокунандаи охир, махсусан баъди нашри ин ду матлаби бо номҳои:- Ҳалқарф, Ғарм: «Илтимос ношгрӣ накнен, биёе баре китобора, туҳфаи ҷаноби олияй» ва Ҳалқарфи Ғарм: «Рӯзгори мардум дар муҳосираи зулм…» мақомот ва масъулини ноҳия, раиси ҷамоат мисли саги сузанхӯрда девона шудаанд.

Дар Ҳалқарф ҳамаро маҳкам карданд, группаро дар ватсап маҳкам карданд. Дар пайи кофтукованд, ки ин корро кӣ кардааст? Группа полний хапу дам. Онҳо талхкаф шудагианд. Ҳамаро ҷамъ карданду маҷлис гузарониданд. Мақсад кӣ ин корро кардагӣ аст. Онҷо ҳама фаҳмидагианд, аммо метарсанд. Онҷо як шиносамон, ки дар ҷаласа ҳузур дошт гуфт, ки кадоме ба Ислоҳ навиштааст:-«раиси қишлоқа бурдан  чи кореш кардан, карочи бо дар интернет партофтан, чи кореаш карданд»…

Асосан қаҳрашон аз он навишта дар бораи тақсимоти китоби Шоҳнома-туҳфаи ҷаноб омадааст. Акнун кофтуков доранд, ки кӣ ин ҳамаро ба шумо фиристода бошад?

Устод, ҳатман идома медиҳем.

Ҷалолиддини Балхӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз совхози овозадори Чапаеви Колхозобод менаисам.

Ин оилаи гушначашми гадо баъди совхози Панҷро аз дасти сарҳадчиҳо гирифтан одами худашонро раиси совхоз монданд- махсуми Халилро. Ин одам ба ном махсум аст. Вай дар ҳамин шабу рӯзҳо бениҳоят такаббуру зулми бисёр мекунад, ягон зара инсоф надорад. Барои онки худро дар назди Раҳматуллои сабзибадаст саги вафодор нишон диҳад чанд даҳмардаи бечораро тюрма кард.

Дуюм шайтони калони совхоз Нуркалта аст. Ин Нуркалта моли совхозро бо начальник милиция, суд,прокурор обу лой мекунад. Ин вазъиятро ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзибадаст  мефаҳмад. Ва ҳисобу китобро сар мекунад. Аввал даҳмардаҳоро фарёд мекунад, сипас Махсуми Халилро ҳамроҳи Нуркалта ва ҳамаашонро рубару мекунад. Раҳматуллои сабзибадаст даҳмардаҳоро мепурсад, ки куҷо шуд ин қадар гусфанд. Даҳмардаи бечора мегӯяд, «раис охи мудир Нуркалта меомаду барои меҳмонои боло мегуфту бор мекад мебурд».

Аз ин ҷавобҳои даҳмарда ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзибадаст сахт дар ғазаб шуда аз ҷояш хеста мегӯяд « оҳ занта фалон кнм Нуркалта гуфта ва як мушти обдор дар тори сари Нуркалта мезанад ва Нуркалта дар ҷояш беҳуш шуда меғалтад

Як маълумоти дигар

Як ҳафта пеш дар як маърака будем бо бачаҳои Қумсангир. Гап дар бораи бачаи Марями гурсухта рафт. Як қумсангирӣ гуфт, ки Эмом хутик  бояд ба наздикӣ Қумсангир равад ва аз сари ҳар як хонавода 40 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Амниятиҳо бошанд шабу рӯз дар мактабҳоянд.

Қубодиён
Ассалому алейкум, бародари мубориз.
Ҳазрат дина дар канали «Як деҳқонбача» ҳамоне, ки гову молҳоро реклама мекунад дидам, ки фирмаи «Мармарӣ»-и раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар Ёвонро реклама кард. Мармарӣ, ҳамаи гову гусола ва ҳатто ему хошокашро ба фурӯш мондааст. Ба худам гуфтам,ки аломат ин кор чи бошад, ин аз чи дарак медода бошад? Ҳамаро фурӯхта фирор карданӣ бошанд?  Кош, ҳамин корро мекарданд. Аммо, бародар, бовар кунед, ки ба ҳоли он гову гусолаҳои саропо таги зак монда дилам сӯхт. Худо кунад, ки инҳо ҳарчи зудтар рӯ ба фирор оваранд.
Ва, як хабари дигар. Дар ноҳияи мо, дар Қубодиён коркунони барқ ҳамаро маҷбур карда истодаанд, ки ҳама счетчикҳои худро нав кунанд. Ва се руз муҳлат додаанд, касе нав намекунад 2000 сомонӣ ҷарима карда мешавад. Нархи счетчик якҷо бо шартномаи идораи барқ аз 500 сомони боло. Ана боз як роҳи пулкоркунӣ.
Ин счетчикҳои навашон як киловатро 1.5 нишон медодааст, барои  дуздиҳои худашонро рупуш кардан боз як усули нави нави дуздиро кашф карданд.
Пули барқро бошад ноинсофҳо аз мохи январ сар карда 42 дирамӣ гирифта истодаанд, дар ҳоле, ки бояд аз феврал бо ин нарх бигиранд.

Бародар, ман феълан дар Русияам. Аммо мо дар Руссия бошем ҳам шуморо интизорем. Тамоми ноҳияи Қубодиёни бостонӣ интизори муборизин ҳастем, Қубодиён бо шумо мебошад.

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳама вақт зинда ва соқу саломат бошед. Бародар ман нисбати сардори идораи барқи шаҳри Турсунзода ба номи Баҳодур ва муовинаш Файзалӣ гуфтаниам. Ин ду нафар Баҳодур ва Файзалӣ корашон фақат пулкоркунӣ, ғорат ва дузӣ аст. Ман бо   факт гап мезанам. Баҳодур лимит гуфта (баҳона) барқро ба соҳибони магазинҳо ва сталовийҳо фурухта истодааст. Дар домҳои шаҳр свет ҳаст аммо дар ҳавлиҳо нест. 3 соат саҳар ва бегоҳӣ 3 соат медиҳад. Инро чи гуна бояд фаҳмем?

Баҳодур лимит гуфта ба соҳибкорҳо қувваи барқро фурӯхта истодааст, ҳамроҳ бо Файзалии муовинаш.

Аммо мардуми Регар сокитанд, ҳамаро дида истодаанд, чизе намегӯянд. Ман ба мардуми Регар муроҷиат карда гуфтаниам, ки ин қадар беномус нашавед, гап занед, ҳақи ҳалоли худатонро талаб намоед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 326 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №324
Се нома мундариҷа ва муҳтавои нашри имрӯзаи барномаро ташкил дод ва ин номаҳо аз Душанбе (н.Сино) ноҳияи Рӯдакӣ ва Зафаробод ба почтаи «Ислоҳ» ворид шудаанд.

Нигорандаи номаи Душанбе дар бораи мактаби рақами 54  ва муаллиму муаллимаҳои он навиштааст. Чи гуна дар инҷо мудири мактаб ба дуздӣ ва фиреби талабаҳо даст мезанад, дар ин нома баён шудааст.

Аз ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи шинонидани лӯлаҳои обгузар ва дуздии ин трубаҳо ва низ дар бораи ҷамъоварии маблағ аз тарафи нозирони барқ навишта шудааст.

Инро бояд бигӯем, ки раиси ноҳия Рӯдакӣ, генерал Абдуғаффор Ҳикматуллозода, яке аз қаҳрамонҳои манфии «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки чанде пештарак аз мақомаш ронда буданд, барои рафъу ҳалли мушкилоти замин ва инфрасохтори фарсуда ва фасодзадаи ин ноҳия оварда буданд. Вайро аз мақоми муовини аввал(!)-Прокуратураи генералӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда буданд. Аммо натавонист ин муаммоҳоро ҳал кунад балке худаш яке аз коррупсиянерҳои ашадӣ шуда рафт. Ҳоло Нусратулло Салимзодаро оварданду монданд.

Дар ҷойи як порахӯр боз як порахори гузарои дигар Нусратулло Салимзодаро аз Ғафуров оварданд. Аз ҳамин ҳоло гуфта бошем, ки ин вазъи бадро бадтар мекунад. Мауллфи ин нома навиштааст, ки Наход то контролёри об аз Данғара бошад? Магар дар ин ноҳия, ки яке аз калонтарин ноҳияи Тоҷикистон мебошад, кадре ёфт нашавад, ки дар ин соҳа кор кунад? Горсвети ноҳияро ку полний ҳамааш бачаҳакои боло контролу назорат мекунанд дар навоҳии Рудакӣ ва Зафарободу….

Дар номаи омада аз Зафаробод муаллиф дар бораи бузҳо, дар дораи фосидии ахлоқ дар мактаб ва сабабҳои он навиштааст. Як мушоҳидаи ҷолибе, ки баён кардааст ин аст ки давлат ва мақомот дар вайрон ва фосидшудани ҷавондухтарҳо дар макотиб ҳавасманд аст. Савол медиҳад, ки чаро агар духтар хоҳиши аз синфи нуҳ қатъи таҳсил кардан дошта бошад амният иҷозат намедиҳад аммо ба писарҳо чизе гуфта намешавад ва онҳо метавонанд, ки бо номаи камоли синфи 9 фориғи таҳсил шаванд?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи дуздиҳои Дилбар Бекназаровна, директори мактаби № 54-и Душанбе навиштаниам. Агар дар ин нома хатоӣ бошад, хоҳиш, ислоҳаш кунед, аммо ҳатман нашр намоед.

Дар мактаб чи ёрдам аз тарафи давлат меомад худаш мегирифту обу лояш мекард ва баъд муаллимаҳоро мегуфт «хдтон бкнен». Баъд муаллимҳо талабаҳоро  вақте ки ман мактаби 54 рафта будум як Лексуси RХ дошт.

Пеш аз сураш кардан Ланд крузери 200 харида буд ва боз як шофиёр дошт.  Барои пул любой корро буд мекард. Барои як талабаи як синфи як 100$ зиёд мегирифт. Пулро худаш намегирфт, пеши Искандар роҳӣ мекард. Мегуфт «амуда бтен». Агар аз дигар районҳо омада бихонӣ ставкааш баланд мешуд. Мегуфт «хонат дар куҷояй?» Мегуфтӣ аз Зарафшон ё ягон ҷои дигар. Резко ставкаро   боло мегуфт. Искандар секретарш буд.

Дар корпуси руси як нафари дигар завуч буд, зур буд. Охирон сол иваз карданд, Зеваршоева омада буд. Намедонм аз кадом мактаб омадагӣ буд. Яке дар берун медид худо зад. Дод мезад «чикор мекни т дар берун». Беҳад одами бад буд. Мо мактабро тамом кардем, ки ӯро коррупсия қапида буд. Бад сураш карданд. Ба гуфте боз дар дигар мактаб директораш монданд. Дилбар Бекназоровна буд агар хато накунам.

Чанд сол шуд дар Маскава кор мекунем. Баъзе номҳояшонро фаромуш кардам.

Шафиев Муҳаммад муаллими тарбияи ҷисмонӣ буд. Бачаҳоро барои мӯи сар ва духтарҳоро барои сатр ғам медод. Корманди мақомот буд. Вақте телефонҳоямонро мегирифт, мегуфт ба ягон кас телефонашро намедиҳам: «бефоида отаҳотона файрод накнен ма задагийм отаҳотона». Баъд,ки отаҳоямон меомаду мегуфт телефони  бачаи маро гирифтаӣ. О, мегуфт манам Фалонӣ «ака хоб, шид», мегуфт ва телефонҳоро медод. Кадомеро, ки отааш коргари баланд бошад, тамом, зуд бе ягон гап бароврада медод. Вале агар отаат ягон ҷо кор накунад, бало зад, аз зора кардан мемурдӣ, ё ки ягон корат мефармуд то он телефонро мегирифтӣ, дил аз телефон мемонд, ё ки мегуфт як пачка сигарет биёр.  Фақат меомад дар бораи пешвояшон мегуфт.

Ин Шафиев аз синфи 9 то 11-ро дар актовий зал манъ мекард ва дар бораи пешвояшон мегуфт ё ки ягон навори шуморо мемонду мегуфт инҳо ифротиву террористанд, тамошо накунед, ки тюрмаатон мекунанд 8 сол. Лайкашон намоед, ки тюрма мешавед. Инҳо шуморо ба мо нишон дода шинос кардагианд. Мо шуморо намешнохтем, то ғарибӣ омадан. Баъди онки ғарибӣ омадем, чанд вақт пас яке дар Ютуб дидам ва то ҳозира тамошо мекунам. Дар ин ғарибӣ безор шудаем.

Фақат шуморо сиёҳ мекарданд. Мегӯянд, ки Шафиев то ҳозира кор мекунад. Ҳама иваз шуд, аммо ин не.
Нафари дигар Зафари кал — охраник буд. Ин ҳам чанд сол буд, ки ҳамонҷо кор мекард, ба фикрам то ҳозир кор мекунад. Агар телефонатро гирифта бошад, барои проверка, тамом, худо зад. Пул гуфт, ё ягон чизе, ки бифорадаш, ҳамонро бояд бихарӣ. Чанд охранник дигар шуд, аммо ин ҳоло ҳам иваз нашудааст.

Ин Шафиев Муҳаммад ҳар вақте моҳи шариф рамазон мешавад, меояду мегӯяд, ки «ма шмора дар мачито набинм, ки дафтон мекнм».

Талабаҳоро бераҳми бад мезад. Ӯро як дафъа бачаҳое мактабро буд карда, аттестат-номаҳои камолашонро гирифта баъданд задане карда буданаш, ин кали баднамудро, ки руи ҷогаҳ шуда буд.
Зеваршоеваро намедонам, ки ҳоло ҳам кор мекунад ё не?
Бародар ҳоло як, ду чизи дигар ҳаст, ки 100% тайёр шавад, баъд мефиристам.
Мактаби 54-и шаҳри Душанбе дар ноҳия Сино рӯбарӯи клиникаи  Мансуров қарор дорад.
Дар бораи Зеваршоева як, ду чиз фаҳмидем. Мегуянд аз талабаҳои синфи 11 пешакӣ барои аттестат гуфта 100$ ва аз баъзе сумдорҳояш аз ин ҳам зиёд мегирад. Ва, ваъда карда будааст, ки ҳамаатонро дастгирӣ мекунам. Аммо дарсҳо тамом нашуда сураш мекунанд, талабаҳоро кидат мекунад. Ин муаллима дар як обшижит зиндаги мекард. Як дафъа як духтар дар ресторан дида буданаш. Мепурсанд, ки ин кӣ аст? Гуфтааст, ки духтарам. Аммо духтараш дар мактаби 54 намехонд.

Муаллими Шафиев Муҳаммад занаш духтари Дилбар Бекназаровна буд, ҳамин тавр мегуфтанд. Ҷиянҳои директор муаллимаро вапше гуш намекарданд, «мо ҷиянои директорем» мегуфтанду мегаштанд. Холаашро сур карда буданд. Як муши мурда шуда буданд. Бисёрии талабаҳо аз синфи 8 боло нос мекашиданд. Талабаҳоро носашон буд мешуд пеши муаллим мерафтем, ё ки аз  муаллим тамом мешуд талабаро мепурсид, ки нос дорӣ? Ҳо ҳастай. Як каш бте бкашем, ки сар дард дорад, нос тамом шидай.

Шафиев ҳар гоҳ сараш дард мекард мерафт сигарет мекашид.

Аз дигар муаллимҳо, аз корпуси русӣ ва низ аз тоҷикӣ маълумот дорем. Муаллима Давлатоваро чанд сол пеш аз мактаби 95 пеш карда буданд, намедонам барои чӣ? Давлатова як мошинчаи майдаяк дошт, сурх буд, тико буд.

Корпуси тоҷикӣ як хубӣ дошт, ки муаллимҳояш камтар инсоф доштанд. Аммо корпуси руси инсофашон дарида буд.

Дар корпуси тоҷикӣ он қадар маҷбур намекарданд, дар русӣ маҷбур мекарданд. Дар бораи корпуси русӣ фактҳои зиёде дорам. Кадом муаллимҳо чанд пул мегуфтанд ва агар дар дафтарчааш минус бошад, бало задат. Дар пеши ҳамаи талабаҳо шармандаат мекарданд.

Рӯдакӣ

Ассалому алайкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол.

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 312 -и шуморо тамошо кардам. Аз ҷумла дар бораи мушкилоти оби нушокии ноҳияи Рӯдакӣ ҳам гуфта шуд. Ин об дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабобод аст. Ин водокачка аз даврони Союз ба мардуми ин ҷамоат қариб хато накунам ба 12 ҳазор об медиҳад. Шумо дар як барномаатон қайд карда будед, ки сафири Амрико омаду лентаи ин водокачкаро бурид. Барои он ки ин сафорат пули калоне ҷудо намуда буд. Аммо инҳоро фиреб доданд. Хато накунам соли 2021 ё 22 буд. Ин оби союзиро орову торо доданду как будто нав ва онро ба «истифода» доданд. Вале ин пули ҷудошударо хурданд. Вале баъди рафтани намояндаи Амрико насосҳои ин обро канданду бурданд. Боз ин мардум пул ҷамъ каданду насос  часпонданд.

Пули обро сари ҷон мегирифтанд. Раиси об бародар Неъмат аз Рӯдакӣ буд. Дар вақти раиси вай мардум ягон проблема надоштанд. Ӯро гирифтанду аз Фархор  як пацани вчерашниро оварда монданд. Ин раис  худаш хона ба хона гашту мардумро штраф кард, ки шумо счочик надоред ва счочикҳои худашонро оварданду часпондан ба маблағи 320сомонӣ. Хато накунам соли 2023 буд. Ҳамон сол яхбандӣ шуду аксарияти ин счочикҳо кафиданду баъзеашон аз кор монд. Аксарияти мардум худашон гуфтанд, ки ё дар ҳамон пули додагӣ биёреду счочик часпонед ё мо дигар намехарем. Контролёри об омаду хона ба хона гашт. Гуфт ҳеҷ кас дуюмбора оварда намечаспонад ё худатон рафта раисро гӯед ё ман сари одам ҳисоб мекунам. Аксарияти ин мардум гуфтанд, ки мо пули зиёдатӣ надорем, ки як сол баъд счочик харем, майлаш сари ҷон медиҳем. Аммо баъзеашон гуфтанд, ки не, мо счочк дорем, онҳоро ба инобат ва ҳисоб гир. Аммо ин счочикчаспонӣ як бизнес буд, пулро хуб кор карданд. Тавоноии корашон, ки барои ду сол буд аз кор монданд.

Кадом шаҳрванде апаи Садбаргро гунаҳгор кардааст. Ман аз барои Аллоҳ  мегуям ин зан гуноҳ надорад. Ин як коргар аст. Омада сари ҷон ҳисоб мекунад ва сраза дар Душанбе-сити пулро мегузаронию чекатро медиҳад. Вақте хонаи счочикдорҳо меравад он кайҳо ба монанди ин ҳукумати 33сола аз кор мондааст. Фақат бояд дам гирад. Мебинад, ки счочик дар як моҳ 1 сомонӣ кор кардааст, баъд мегӯяд «апа, ака, хоҳар инта намеша, биё хоҷагит калонай ақалан я 20 -30 спор, ки манам гап мераса». Баъзеи инҳо мегуянд: « не раиста бугу бия счочики овардагиша алиш куна». Мардуми ин ҷамоат 70% гарантия медиҳам, ки аз кори  Садбарг розианд.

Вале недавна противники Садбарг ду ҷавонро овардаанд, ки инҳо бо Садбарг баъзе хонаҳои бетағаро гаштанду онҳоро то 2.500 сомонӣ штраф карданд.

Ин ду ҷавон, ки худашонро бачаҳакои боло данғарагию кулобӣ муаррифӣ мекунанд, апаи Садбаргро дар назди халқ сиёҳ кардаанд, ки Садбарг моро овард, ки шуморо штраф кунем «брен пеши раис гап занен, то ира аз вазифа гумш куна» Ман ба шумо гуфтаниам, ки аз апаи Садбарг нанолед ба гуфтаи ин ду ҷавон ки инҳо «ташкил» карданд ва ин номаро ба Ислоҳ равон кардаанд то ӯро аз вазифа гиранд. Ин зан-модар аст. Ҳар хел накунӣ раҳми модарӣ дораду ба корҳое, ки бар зарари мардум бошад даст намезанад. Баракс, ин ду ҷавон буданд, ки маҷбур намуданд дар пеши раисашон, ки моро ҳамроҳат мебарӣ, мо  ягон касро штраф мекунем ва ба номаш мебинем то барои мо маош шавад. Болобудаҳо кроме ойликашон боз пора мегиранд, ку «морам хатлонием». Яктоаш, ки Диловар ном доштаст гуфтаст «ма ай данғараюм лубой тағадора задагиюм». Инро бинед, ки инҳо пока практикантанд, агар апаи Садбаргро гиранд, чи хеле якум бор омаданду 2000- 2500 штаф карданд агар контролёри ҳақонӣ шаванд боварӣ дорам ё ягон камбағалро маҳкам мекунанд ё магарам хонаҳоятонро фурушеду кучида равед. Чунки дидед ва ҳамаатон шоҳидед, ки дар як бори проверкашон как будто дар хонаи шумо ягон террористро қапидаанд. Чи намуд таҳдиду зуроварӣ, фарқаш нест, ки вай зан аст ё кампир ё мард аст. Чунки мардумеро инҳо проверка мекунанд, медонанд, ки инҳхо не кулобиянду не тағадор. Барои ҳамин дар урфият мегуянд: «каҷ шину рост ҳукм кун».

Ба раиси ноҳия гуфтаниам, ки муҳтарам раис! Шуморо бовар кардаанду дар ин мақом мондаанд, ки ба доду фиғони ин ноҳия бирасед. Раисонро, ки «бояд» аз Данғараву Хатлон бошанд мо розӣ. Аз намояндагон баъзе дигар ҷоҳо дида ҳаминҳо баъзеҳояшон бо маблағ ҳам, ки бошад коратро буд мекунанд. Аммо коргарони одиро ақалан аз кадрҳову мутахассисони ҳамин ноҳия монед. Наход то контролёри об аз Данғара бошад? Магар дар ин ноҳия, ки яке аз калонтарин ноҳияи Тоҷикистон мебошад, кадре ёфт нашавад, ки дар ин соҳа кор кунад? Горсвети ноҳияро ку полний ҳамааш бачаҳакои боло контрол мекунанд. Аз 6 моҳ то 1 сол ҷамъаш мекунанд, мардумро қарздор мекунанд. Вақте аз болояш шикоят мекунӣ мегуяд:  «еҳааа у намечиочара статия кати срш кадан, неки бо мебаре дар дига минтақа мемонеш, агар бовар накне кане бине кантралиёри машенике, ки ҳамаи ин халқро саргардон кад да як 6 моҳи кориаш соҳиби ҳамаи чи шид, фамилияш Қудратов буд, агар хоҳед худатон миёвенш».

Боқӣ, дар амони худо домулло!

Худоро шукр, ки шумо ҳастед ва ин камбудиҳои мардумро расонаӣ мекунеду баъзеашон ислоҳ мешаванд.

Зафаробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳия Зафаробод. Ва, ин нома аз ҳамин ноҳия фиристода мешавад. Мо дар як вазъияти бисёр ҳам хафақон ва тарснок зиндагонӣ дорем. Агар дар як кӯча 30 нафар истиқомат кунад аз он даҳ нафараш хабаркашҳои пинҳонӣ, яъне буз. Ин мардуми буздили тарсу чи нияту мақсад доранд ҳеҷ номаълум. Дар ҷомеае, ки босавод бошад, уро гап задан намемонад, масхара мекунанд.

Дар ин вазъу ҳол тарбияи кӯдакон, насли наврас душвор шуда истодааст. Ягон насиҳат кунӣ гашта таҳқиру дашном мекунанд. Ба кӯдакҳои хурдсол дигар гап зада намешавад. О, инҳо вақте ба воя мерасанд, як зиёнкори ҷомеа мешаванду халос.

Раиси ҷамоат Ҳ. Алиев (чилсола) аст. Баъзан бо ҳамкоранаш аз дуконҳои бозорча пул ҷамъ мекунад. Ҳар мағоза ҳар хел. Баъзе 200, баъзе 300-у 400 баъзеҳо то 1000 сомонӣ маҷбурӣ медиҳанд, балки мегиранд. Баҳона «барои ободӣ».

Ҳоло ба сари мавзӯъ бармегардем. Бузҳои Ҳ.Алиев, раиси ҷамоат хеле бисёранд. Ҳатто ин бузҳо барои ҳарчи бештар ба мақомот наздик шудан байни якдигар муноқиша ва хархаша мекунанд. Ва боз бо сари баланд дар кӯчаву бозору маҳалла шарм накарда мегарданд.

Яке аз онҳо Абдуалии яғнобӣ, Абдурауфи яғнобӣ ки тӯли чанд сол шуд, ки бо мақомот ҳамкорӣ доранд. Медонед, ҳатто ҳозир мардум вақте ки дар сари як даструхон мешинанд дар охир аз дуъо кардан метарсанд.

Пули техосмотр ҳар сол зиёд мешаваду вале роҳро обод намекунанд, ҳаррӯз як мошин осеби калон мебинад. Ҳамин сол зиёда 100 нафар майит-мурда ба ҷойи мо омад, аз ҷанги Украина. Бисёриаш ҷавонҳои 28 -30 сола, ки ҳоло хонадор нашудаанд. Ин чи рӯз аст ки миллати тоҷик бо ин ҳама фасодкорӣ хомуш аст.

Ман дар як ҷое будам, ки коргари амният дар мошини каравани сафеди   Абдурауфи яғнобӣ буд, бо корҳои худ овора буд. Лекин ин бузи аҳмақ Абдурауф ба корманди амният гуфт, ки «Ака як рейд намекунем ана ҳамин ришдороя». Коргари амният майлаш гуфту халос.

Устод, гуфти шумо ин ҳама айби ғулом аст, ки ҷомеаро хуб мешиносад ва хабар медиҳад. Набошад дар ноҳияи Зафаробод, ки ҳазорҳо аҳолӣ дорад кадом мақомот медонад, ки инҳо чи гапу кор карда истодаанд. Касе агар дар канали Ютуб подписатса бошад, коммент навишта бошад ӯро бе ягонпурисш  ба маҳбас то 5 сол мебаранд, хоини миллат гуфта. Масалан ба канали Ислоҳ.

Аз дасти ин бебарқӣ ҳамаро дар ин хунукӣ сармо задааст ва беморхона бошад пур аз беморон аст. Кудакони навзод сурфа шуданд.

Ин президент ба ҷуз аз оила, авлоду хешу табораш ба кӣ фоидаш расидааст. Кораш фақат ғорату зиндону қатли миллат.

Канӣ гӯед, ки кадоме аз ин гапҳоям нодуруст аст. Ман, ки бо чашмони худ дидаам. Ҳамон директори мактаби№ 5, ки Абдураҳмонова Малоҳат буд аз ҳамон вақт  мактаббачагонро маҷбур мекард, ки дар парта як духтар ва як бача шинанд.

Мактабро ба фоҳишахона табдил доду рафт. Ҳоло акнун мардум фаҳмиданд. Мардум ҳаракат карданд, ки духтаронашонро баъди итмоми синфи 9 бароранд. Аммо амният иҷозат надод.

Бачаҳо бароянд аз синфи 9 ҳеҷ кас ҳеҷ чи намегӯяд. Вале агар духтарҳо бароянд амният намемонадашон. Ҳатто падару модарҳоро бурда ҷазо медиҳанд, ки ту чаро духтаратро аз мактаб мебарорӣ? Аммо дар қонун ин тавр гуфта нашудааст, ки барои духтарҳо мукин нест баромадан аз синфи 9. Баъди синфи нуҳ касе барояд хоҳиши вай аст, чи духтар бошад чи писар. Барои аттестати сини 9 сӣ сомонӣ мегирад. Аттестатнавис Мирзоев Файзалӣ мебошад.

Ин буд бародар Муҳаммадиқбол, қатраҳое аз уқёнуси камбуди ин ҷомеа ва ин миллат, ки то ҳалло роҳи рафъ ва ҳалли худро намеёбад.

Ташаккур ба «Ислоҳ.ТВ»,ки  чашми моро оҳист-оҳиста кушода истодааст.

Яъне касе документ надорад, мегирад маҳбас мебарад ва аз онҷо маҷбурӣ ба ҷанги зидди украина.

Ҳозир мардум ягон маърака ё туй мекунанд он бузҳоро ҳеҷ кас хабар ва даъват намекунад. Вале ин бузакҳо аз пеши худшон омада пеши дарвоза меистанду назорат мекунанд ки

чи миқдор одам омад ва чанд дег гузошта шудааст. Ва, аз ҳамонҷо, аз даруни туйхона, аз маърака истода занг мезананд ё СМС мекунанд, Инҳо беҳад беномуси бешарафанд. Мегуянд, ки барои ин бузиашон пул мегирифтаанд. Боз худшон қатори мардум мешинанд ошу дигар зиёфати соҳибмаъракаро мезананд шикамошонро сер мекунад. Ва сипас баромада ба танзим занг мезананд ва худ назоратро давом медиҳанд. Аламовар нест? Ҳайвон инкорро намекунад

Баъзе аз ҳозира одамҳо, яъне чоплусҳо аз шайтон ҳам бадтаранд. Шайтон инҳоро дида худ хиҷолат мекашад. Бародар гап задан гирем, тамом намешавад ҷиноятҳои ин бе номусон хело бисёр аст. Боз дар номаҳои баъдӣ идома медиҳем.

Худо нигаҳдори шумо.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №324 появились сначала на ISLOH.net.

Хиёнатҳои Комили дукуна(Эскабарои тоҷик) ба мардуми Кулоб
Номаи моро алоҳида нашр кунед№ 22

« Комилхуҷа Мирзоалиев бо Музаффар Юсуфӣ, прокурори нақлиёти Тоҷикистон дар ресторан духтарони мардумро оварда рақсу бозӣ мекунанд, 100$ долларӣ мечаспонанд,….хуб дигар усуш маълум»…..

« Комилхуҷа пули нақдро нағз мебинад, буй мекашад, ранги занако худша педикюру краска мекунад».

«Комилхуҷа Муҳаммади писарашро дар ҷойи худаш омода карда истодааст».

«Комилхуҷа Мирзоалиев аз Хуҷанд ба Владивосток ба вагонҳои боркаш ҳар моҳ партияи калони «хоки ватан» равон мекунад ва дар Владивосток одамонаш қабул мекунанд».

«Тамоми коргарони Роҳи оҳани Тоҷикистон ба якдигар шикоят мекунанд.  Комилхуҷа Роҳи оҳанро ба як корхонаи морг яъне утилизатсия табдил кардааст. Ҳатто муовини Комилхуҷа гуфтааст, ки раиси Комилхуҷа фикр намекунад «я болнитсаи калона шахсиш кард и мардум касал шава куҷо мерава, ҳақатан Комилхуҷа бало будаст»…
Империяи Комил: «Фасод, қочоқ, хиёнат-ва хомӯшии мақомот»

Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Кулоби бостонӣ менависем. Мо,як гурӯҳ бачаҳои шаҳри бостонии Кулоб дар бораи Комили дукуна, Комилхуҷа Мирзоалиев, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки бо лақаби Эскобаро машҳуру маъруф аст, чанд гап дорем. Комил Мирзоалиев, яке аз асоситарин наркобаронҳои Тоҷикистон аст ки аз ҳисоби ин тиҷорат садҳо миллион доллар кор кардааст. Аммо саволи мо ин аст ки Комил барои чи ин қадар ба мардуми Кулоб ту нафрат ва қасд дорӣ?

Кулобиҳо чи корат карданд?

Мо як чизро мехоҳем гап занем. Ин дукуна аввал барои сохтани карйераи худ думби қумандонҳои Фронта халқӣ, масалан Саидшоҳ Шамоловро гирифт. Ҳатто хоҳарашро ба додари Саидшоҳ тела кард. Бо найрангу ҷодугарӣ ва ҳилла ба бародари Саидшоҳ ба шавҳар дод. Баъд, дарав ба хокзании Қурбон Чолов сар кард. Боз моямоли Ғаффор Седой шуд. Баъдтар аз  Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон шуд, боз ба Суҳроб Қосимов часпонду лесаки вай гардид. Баъди чанде моямоли Зоири мундуқ, домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва тавссути Зоир ба Рустами гунг моямолиро сар кард ва ҳоло дигар мустақим моямоли Эмомаливу Рустам, ҳардуяшон аст.

Ин ҷодугари Комил хиёнатҳое ба мардуми Кулоб кардааст, ки чени вай даже ягон опозитсия накардааст. Чанд миллион доллар масрафкардагӣ аст ки мардуми Кулоб дар Маскав ё дар дохил сар набардорад ва митинг накунад. Ӯро спетсиално ба роҳбарии «Меҳмонхонаи Тоҷикистон» (Гостевой дом) дар шаҳри Маскав равон карда буданд. Чандин нафар аз бачаҳои Кулобро дар Русия подставит кард.

Фақат ба Зоир бачаҳои Кулобро сиёҳ мекард, намемонд бачаҳои Кулоб бо Зоир   рафту омад кунанд. Зоирро бо ҷодуву муллобозӣ афсун карда гирифта буд. Дар компоти зардолуву олуча ҷоду карда хона ба хонаи вазирҳо тақсим мекард. Ташкилотчии асосии экстрадитсияи чанд нафар аз бачаҳои ғармиву помирӣ ва кулобӣ аз Русия ба Тоҷикисон ва зиндон кардани онҳо ҳамин Комили дукуна мебошад. Маблағгузориро ҳамин кардагӣ аст.

Фаррух Мирзоалиев ҷияни Комилхуҷа Мирзоалиев аст.

Фарух Мирзоалиев чандин сол аст, ки шахсан барои таъқиби бародарҳои  мусулмони тоҷик дар хориҷа:- Русия, Европа, Америка ва Қазоқистон  маблағгузорӣ мекунад- ба кормандони УБОП-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Ҳозир шахсан кашелоки Комили дукуна ҳамин Фаррух аст. Вай аз номи Зоир «хоки ватан»-ро ба Россия ва Европа равон мекунад.
Барои экстрадитсияи бачаҳои тоҷик аз  Европа ба Тоҷикистон шахсан ҳамин Фаррух  ба органҳо маблағ медиҳад. Ин предател як худозадаи даюс аст.

Ин Фаррух дар милиция кор мекард. Баъд бо наркотик дар Питер дастгираш карданд. Беш аз 10 нафар бачаҳоро ба ФСБ-и Русия супорид, яъне бузӣ кард. Аз Питер гурезониданд, то ҳозира бузи УБОП ҳаст, нештатник.

Дар байни Комили Дукуна, Исмати Дулик ва Умар Кремлев ҳамин Фаррух посредникӣ ва почталонӣ мекунад. Беш аз 200$ миллион дар тиҷорати «хоки ватан» оборот доранд.

Аммо ин Фаррух як шахси буздил аст. Кораш бузиву одамфурушӣ. Бачаҳои Кулоб аз кори ин тағову ҷияни беимон медонанд, бохабаранд. Ранги отаашон Ҷумъахон подхалиманд. Чи қадар дар солҳои 1988-1989 ба кулобиҳо зулм кардагӣ аст. Беш аз 20 нафар мусулмонҳоро ба КГБ бузӣ карда супоридагӣ аст.

10 сол зиёд аст ки бо вагонҳо героин мекашонад.

Комилу Фаррух ҳама органҳои қудратиро ба пора харидагианд. Ягон мақомот инҳоро проверка намекунад. Инҳо ҳар моҳ миллионҳо доллар ба Дубай ва Аврупо   мебароранд. «Тоҷикистон оянда надорад» мегӯянд онҳо бо ҳамдигар.

Вақте Фаррухро ФСБ дар Питер дастгир мекунад Комили дукуна ӯро бо пардохти 800 000$ пора мехарад. Ва мегӯяд, ки «касера фрушӣ иҷозат вале номи мара наги, ма кори давладдаюм». Ва ҳамон вақт чанд шербачаи тоҷикро месупоранду ҷони худашонро мехаранд ва дар ҳамонҷо Зоирро ҳам ошкор мекунанд ва як нафари дигар бо номи Эргаш Маҳмадбековро, ки дар Иркутск асту ҷонишини Исмоили пингвин дар дзюдои Тоҷикистон мебошад. Ҳамин хел зиндагӣ доранд ин тағову ҷиян. Боз Фаррух худро таъриф мекардааст, ки «ман ранги раиси Комилум».

Дар Душанбе Фаррух зиёда аз 100 квартираи 3 ва 4 хонаӣ дорад. Аксарияти онҳоро ба иҷора додагӣ аст.
Соли 2020 Мурод Тошев, сардори Раёсати УР- Уголовный  розыский шаҳр Фаррухро бо як духтар меқапад. Съемкаи маҳрамонаи онҳоро доранд. Ин наворро ба интернет мепартоем гуфта 200 000$ долларашро мегиранд. Духтар агенти отдели проституция МВД мешавад. Уголовникҳои пеши Танкаи шаҳр маҷбураш мекунанд, ки духтарро никоҳ карда мегирӣ, вагарна съемкаро дар интернет мепартоему шармандаат мекунем ва ҳамин тариқ  муттаҳамаш мекунанд.

То ҳозира барои ин съемкаҳо ба Мурод Тошев «доля» медиҳад. То ҳозира «маро шарманда накун» гуфта таваллою зорӣ мекунад. Ин худобехабар  ҳамин хел рӯз дорад.

Ин хунхурҳои миллати тоҷик ҳақи мардумро шабу рӯз медузданд. Аз Роҳи оҳан солярка, равған, бензин ва стройматериал ва ҳатто релсҳоро пора-пора карда фурӯхтанд.

Комилхӯҷа ва вагонҳои Укроинӣ

Комилхуҷа зиёда 40 вагони мусофиркаширо  аз Украина бо маблағи 5 миллион доллар харидорӣ кардааст.Аммо вагонҳои Украинаро Русия қабул намекунад, вуруди онҳоро ба қаламраваш иҷозат намедиҳад. Дар Роҳи оҳан ҳар рӯз ҷангҷол аст. Комил ин вагонҳоро бурда дар тарафи 9ум километри Душанбе баҷо кардааст, то ки ягон мақомот набинад. Барои онки аз маблағи бюҷети мамлакат ин вагонҳоро харидааст. Намедонад, ки ин вагонҳоро куҷо пинҳон кунад. Ин вагонҳо куҳнаанд, соли бароришашон аз 1982 то 1985 аст, аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст. Комилхӯҷа маблағ барои вагонҳои навро аз ҳукумат гирифта аммо вагонҳои куҳна овардааст.
Ин вагонҳои мусофиркашониро Узбекистон ҳам қабул накард ва иҷозат надод, ки аз қаламраваш убур кунанд. Акнун Комилхуҷа бори муовинҳояш карда истодаасту   муовинҳо бори Муҳаммади бачаи Комилхуҷа. Чунки дар ҳақиқат «сделка»-ро  бачааш кардааст.

Ин вагонҳоро давно овардагӣ аст, аммо ба кор намераванд. Арзон ёфтем гуфта харидагианд. Ин чил вагонро берун аз депо дар тарафҳои Ваҳдат пинҳон кардааст.

Агар бовар накунед,бигзор тафтиш бареду одамҳоятонро аз мақомот фиристед, бинанд, ки ин вагонҳо чанг задагӣ, хобанд. Комил намедонад, ки чи хел онҳоро списат кунад ва бар сари кӣ бизанад. Ба чанд кишвар бо нархи арзон пешниҳод карда бошад ҳам, аз ҷумла ба Қирғизистон аммо касе харидор нашуд. Ҳамин вагонҳо сари Комилхуҷаро мехурад. Кормандони Роҳи Оҳан маоши худро гирифта наметавонанд, ин рафтаву дар 5 миллион доллар вагонҳои пусидагии краска кардагии сроки истифодаашон кайҳо тамомшудаи давраи СССРро харида боз пул харҷ карда овардааст. Ҳозир Муҳаммади бачаашро дар ҷойи худаш омода карда истодааст. Инҳо шабурӯз бо қопча сомониву доллар мегиранд.
Комилхуҷа Мирзоалиев аз вокзали шаҳри Душанбе то мости аэропорт –пули фурудгоҳ заминҳои пойтахтро аз Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр ба 50 миллион доллар оптом харидааст. Дом месозам мегӯяд. Дар ин ҳудуд-территория, ки Комил харидорӣ кардааст беш аз 50 бинои баландошёна рост мекардааст. Аллакай як доми калони бисёрэтажаро дар назди вокзали ЖД-вокзали Роҳи оҳан буд кардааст -22 этаж. Аммо то ҳоло ягон хонаро аз ин бино нафурухтааст. Ягон биноҳои месохтаашро намефурушад: «ман то охира ремонт мекунам баъдан гаронтар мефурӯшам, саросема нестам» мегӯяд..

Аммо домсозҳо имрӯз семент биёбад, арматура намеёбад, арматура ёбад қум намеёбад, маошашро намеёбад, ва дар охир ҳамааш гурезаи дарбадар мешавад ё кунҷи зиндон меандозанд. Ва ҳамонеаш ҳам, ки месозад, нимасохт аст ва худи харидор тармиму таъмири дохилиро анҷом медиҳад, ки инҷо ҳадди ақал 30 фоизи нархи хона сарф мекунад.

Мақсад ин аст ки ин домсозҳо аз аҳолӣ, ки муштарии онҳо мешаванд, пешпардохт мегиранд ва то суми қарордодро муштарӣ то ба охир напардозад на санад ва на ҳуҷҷат медиҳанд. Яъне ин домсозҳо бо пули худи мардум дом месозанд, аммо Комилхуҷаро бинед, ки 50 бинои 22 ошёнаро бо пули худаш месозад. Бовар кунед ин ҳама пулҳо ва сармоя маълум аст дигар аз кадом ҳисоб аст.

Разборҳои ҷиддии Комилхӯҷа бо Дулик

Комилхуҷа Мирзоалиев бо Исмати Дулик ҳаррӯз кашокашу разбор дорад.Дар байнашон маблағҳои калон мондагӣ аст. Комилхуҷа Мирзоалиев надода истодааст, кашола дорад. «Ин маблағҳои калона да Прибалтика метим, камтар тоқат кун гуфтааст, тарафи Дулик».  Инҳо ҳоло гушти якдигарро мехуранд. Дар Прибалтика маводи мухаддири фиристодаашро бояд фурӯшад ва бо Дулик ҳисобӣ кунад.

Ғорати пули буҷа

ЖД вокзали Душанберо бо як наружный обшивка иваз ва маблағи ЖД-вокзали навро списат карда аз ҳукумат пул гирифт, албатта, ин суми халқ, суми миллат аст. Аз ин дида беинсофӣ мешавад? Аз ин дида номардӣ мешавад?

иншооти СССР, ҳукумат шӯравӣ сохтаро, камтар таъмири косметикӣ карда, бинои нав сохтам мегӯяд ва дар чашми мардум хок мепошад, фиреб мекунад, саҳм ва ҳақи мардумро шабурӯз мехурад. Ин бино 50 сол, ним аср пеш сохта шудааст. Ҳоли обшивкаашро бинед.
Бародар ба ин навору аксҳо таваҷҷуҳ кунед. Худатон шаҳрро хушрӯ медонед, дар Жд вокзал чанд бор қадами муборакатонро мондагиед. Ҳамон вокзал, фақат ҷелакашро иваз кардаасту чанд миллионро списат кардааст ин Комилхуҷа Мирзоалиеви беинсоф.

Ёдатон бошад дар бари бинои марказии Корхонаи Рохи оҳан як беморхона, яъне  дармонгоҳи Идораи Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Онро солҳои 65-70 сохта буданд, дар давраи шӯравӣ. Ҳамон дармонгоҳро якҷо бо ҳайати табибону кормандонаш Комилхӯҷа шахсӣ карда гирифтааст. Беш аз 3 гектар замин дорад. Дигар чи ҷои гап аст? Корхонаи давлату миллатро моли шахсии отааш-Ҷумахони подхалим кардааст. Ҳоло акнун як корхонаи бузург, ки зиёда аз 3000 коргар дорад беморхона надорад.

Меҳмонхонаи Роҳи оҳанро худашон порсол спетсиално сузониданд, яъне алов заданд, ба хотири онки заминашро бигирад ва дар ҷойи он дом созад. Ин меҳмонхонаро ҳам шахсӣ карда буданд. Меҳмонхона рубаруи баня — ҳаммоми Роҳи оҳан буд. Худашон оташ заданд. Дар ин меҳмонхона як ҷойи зинокорӣ-силтавхонаи Комилхуҷа ҳам ҷой дошт.

КВД Роҳи оҳани ҶТ корхонаи зараровар маҳсуб мешавад

Комилхуҷа Мирзоалиев корхонаи Роҳи оҳанро ба як корхонаи убиточный — зарарнок ба давлат ба миллат табдил кард. Ҳамроҳ бо худаш тудаи гуспандро овардааст, ягонтоаш намефаҳмад кори Роҳи оҳанро. Мутахассисонро тӯҳмат баста сурашон кард. Чандин оилаҳоро аз ризқашон маҳрум сохт. Сахт бераҳми беинсоф, ки мутахассисҳои дараҷаи олиро пеш кард, то одамҳои ба худаш наздикро оварад.
Хонаи Амонулло Ҳукумов, раиси пешини Роҳи оҳан аз кабинети Комилхуҷа 20 метр дур воқеъ аст. Ҳукумов пентҳаус дорад дар рости тирезаи Комилхуҷа. Агар тирезаҳои кабинети Комилхуҷа ҳуй бошад «иш иша» свободно мебинад. Амонулло ҳарруз мегуфтааст, ки «да қафот задӣ корхонаи бузурга, ҳоли ҷавоб метӣ пеши халқда, пеши миллатда».

Роҳи оҳан дар вақташ солярка-сузишвориро ба мошини 10 тоннаӣ  мебурданд мерехтанд дар тепловозҳо. Ҳозир бовар кунед ба як тепловози калон бо конистр солярка мебаранд. Корхонаро то ин дараҷа қашшоқ ва бебаракат кард. Ин беғайрат кораш меҳмоннавозӣ аст. Мегӯӣ, ки ин раиси ягон санатория бошад. Инсофу имони мардӣ надорад. Одамгариву мусалмониаш 0и0-нолинол. Агар дар вазифа бошӣ, сумдор бошӣ рақс мекунад дар пешат.

Ҳамин беморхонаро як бор пурсуҷу кунед, беҳтарин бемористон дар Душанбе буд, мустақим ба Тошканд нигоҳ мекард- «Тошкентский обеспечения» буд дар вақташ, 3 гектар замин дар маркази Душанбе. Бовар кунед, ки худашон меҳмонхонаро алов заданд, барои заминаш.
Комилхуҷа дар чанд ҷо гуфтааст, ки «ай ҳамаи корои ман Рустам ва Ҷаноб бохабаран, касе чизем намега. Ман доляи онҳоро 150% додам боз медиҳам»
Комилхуҷа Мирзоалиев бинои корхонаи Роҳи оҳанро аз нав сохтам гуфта чанд милион аз бюҷети давлат пули халқро дуздид. Аммо дар амал он биноро фақат обшивкаҳояшро иваз кард. Аммо бино, бинои давраи шӯравӣ аст, дар замони СССР сохта шудааст. Ин бераҳмиро бинед, ки то куҷо медуздад.

Давлат куҷоро нигоҳ мекунад. Мақомотҳоро харидагиаст. Дар куҷо аст ҳисси миллӣ ва нангу номус?

Ин биноҳо ҳамааш аз Комилхӯҷа аст. Ягонтоаш фурӯхта нашудааст, таъмир карда   мефурӯшам гуфта шиштааст.

Ин Комилхуҷа Мирзоалиеви ҷинояткор то зиндон нашавад гуноҳҳояшро ба калла намегирад. Аммо, дар ниҳояти кор сарнавишти Исмати дулик ҳатман ба сараш меояд вале ин аз зиндон намебарояд. Зоир сахт қасамша хурдагӣ аст вале Рустам катишаи дигар роҳи наказат нест феълан.

ПАСГУФТОРИ ИСЛОҲ

Дар ҳар миллат одамоне ҳастанд, ки агарчи дар байни мардум зиндагонӣ мекунанд, аммо на аз мардуманд ва на барои мардум. Инҳо ба мисли занги оҳананд сард, вазнин, беҷон, беимон, ки ҳар куҷо меафтанд чуқурӣ ва харобӣ боқӣ мегузоранд. Комилхуҷа Мирзоалиев аз ҳамин гуна одамон аст: инсонест, ки шарҳашро на аз рӯйи забони мардум, на аз рӯйи сухани сиёсат, на аз рӯйи қонуни давлат балки аз рӯйи вазни ҷиноятҳояш бояд хонд.

Дар тӯли солҳои дароз, ҳар коре ки кард, ҳар қадаме ки гузошт, ҳар тане ки ба замин зада шуд, ҳар хонае ки вайрон шуд, ҳар ҷавоне ки супорида шуд ҳамааш бо як чиз алоқаманд буд: манфиати худаш. Ин одам қудратро ҳамчун асбоби наҷот намедонад, балки ҳамчун асбоби фурӯхтани миллат истифода бурд. Ҳар он чизе ки шахсият месозад — номус, виҷдон, обру, тарс аз Худо, хоксорӣ ӯ аз аввал надошт ва то охир нахоҳад дошт.

Дар зери номи Кӯлоб ин шаҳри шараф, ин минтақаи мардӣ, ин сарзамини қаҳрамонон Комилхуҷа чизе наовард, ҷуз доғ, ҷуз шарм, ҷуз он, ки мардумашро дар шаҳрҳои бегона бо чашмҳои шикаста нигаранд. Кӯлобӣ ба ӯ нон дод, ном дод, аммо ӯ нонро бо хоки ватан иваз кард, номро бо наркобаронӣ, роҳро бо дуздӣ, мардумро бо подставит.

Мо намегӯем, ки мардум аз ӯ гила доранд. Гила барои дӯстон аст.
Инҷо сухан аз хиёнат меравад.
Хиёнате, ки на бо як амали якрӯза, балки бо солҳо пухта шуд, обхӯрд, ба шакли одат  табдил ёфт.

Комилхуҷа дар ҳар шакл ҷиноят кардааст:
дар шакли роҳбар- амволро ғорат,
дар шакли «мусалмон»- мардумфурӯшӣ,
дар шакли «кулобӣ»- таҳқири Кӯлоб,
дар шакли «давлатдор»- ғасби қудрат,
дар шакли «бизнесмен»- наркобаронӣ,
дар шакли «мутахассис»- нобуд кардани корхона,
дар шакли «писар»- бераҳмии падарона,
дар шакли «падар»- омода кардани писар барои идомаи ҷиноят.

Ҳар чизе, ки ба дасташ расид вайрон шуд.
Ҳар ҷое ки қадам гузошт хароб шуд.
Ҳар касе ки ба ӯ бовар кард пушаймон шуд.

Дар зиндагии чунин одамҳо танҳо як чиз ташбеҳпазир аст масираш то охир ба он ҷое мерасад, ки худи система дигар тавони пуштибонӣ аз ӯро надорад. На Рустам, наРаҳмонов, на касе дигар то абад пушти одамони бебахт истода наметавонад. Таърих аз ин намунаҳо пур аст: ҳар кас, ки бо мол, тарс ва шикоёти пинҳонӣ давлат месозад, як рӯз мефаҳмад, ки бинои сохтааш аз хас буд.

Комилхуҷа фикр мекунад, ки бо пул виҷдонро мехарад, бо дуздӣ қаср месозад, бо хоки ватан роҳи гурез пайдо мекунад, бо ҷодугарбозӣ гуноҳро мешӯяд, бо пуштибонии мансабдор қонуни ҷазоро тағйир медиҳад. Аммо вазни гуноҳ аз вазни пул сангинтар аст. Лаънати мардум аз таҳдиди генерал сахттар аст.

Мардуми Кӯлоб хомӯш аст вале ин хомӯшӣ ризоият нест.
Мардуми Кӯлоб ором аст вале ин оромӣ фаромӯшӣ нест.
Мардуми Кӯлоб чизе намегӯяд вале ин чизногуфтаниҳо як рӯз мисли санги гарон аз осмон бар сари золим меафтад.

Комилхуҷа метавонад достон созад, ки «ман 50 биноро бо пули худам месозам». Вале мардум хуб медонад: касе ки аз роҳи ҳалол 50 бино месозад шабона ором мехобад. Аммо касе, ки аз роҳи ҳаром 50 бино месозад ҳар шаб бо тарси фошшавӣ мехобад. Агар бихобад ҳам.

Ҳар қасре, ки аз дод сохта мешавад, рӯзе бо дод гунаҳкорро дафн мекунад.
Ин суннат аст на сиёсат, на ҳуқуқ балки суннати зиндагӣ.

Имрӯз Комилхуҷа худро пирӯз медонад. Миллатро фиреб хурда меҳисобад. Худро аз ҳама баланд мебинад. Аммо як чизро фаромӯш мекунад: баландтарин дарахтро ҳам вақте ки мезананд садояш аз ҳама баланд асту чи уфтодане дорад.

Ҳар золим насибаи худро дорад.
Ҳар хиёнат рӯзномаи охирини худро дорад.
Ҳар ҷиноят дари хонаи худи ҷинояткорро мекӯбад.

Комилхуҷа метавонад аз ин матн хандонад, худро «қудрат» нишон диҳад, ба рақс машғул шавад, ба хоки ватан пайӣ барад, ба Рустам нони риё диҳад. Аммо ин ҳама дар баробари вазни лаънати мардум чизе нест.

Ва як рӯз, вақте ҳама чиз фош мешавад, вақте дари пинҳонӣ шикаста мешавад, вақте ҳар як дурӯғ ҷойи ҳақиқатро холӣ мекунад, вақте садои хомӯши мардум ба фарёд табдил меёбад он вақт касе наметавонад ӯро аз адолат пинҳон кунад.

Ин мард аз қудрат намеафтад.
Аз вазни гуноҳ афтодааст.
Фарқ танҳо ин аст, ки ҳоло худро намефаҳмад.

Сообщение  Хиёнатҳои Комили дукуна(Эскабарои тоҷик) ба мардуми Кулоб появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 315
Ду нома аз Душанбе, як нома аз Айнӣ, як нома аз Нурободро дар ин навбати барномаамон омода ва пешкашатон мекунем.

Номаи аввали Душанбе аз фасоду фиребкориҳо дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон маъруф ба номи Донишгоҳи славянӣ ва дар бораи яке аз роҳбарони ин Донишгоҳ бо номи Золотухин ҳикоят мекунад. Нависанда мегуяд, ки Золотухин ҳам фаҳмидааст, ки худро дар зери чатри хешовандони Раҳмонов дароварад, корҳояш хуб пеш меравад. Золотухинро Баҳром Холназаров, собиқ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва домоди бародари Эмомалӣ Раҳмонро оварда ноиби ректор таъин кардааст.

Муаллифи нома аз Рарзи Айнӣ аз он шикоят кардааст, ки пули ёриҳои башардӯстонаи созмонҳои хориҷӣ дар дасти шахсони алоҳида меафтад ва онҳо ин маблағҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд.

Номаи Нуробод аз порагириву порахӯриҳои масъулони ноҳия, табибони зоишгоҳ ва аз ноуҳдабароии раиси ноҳия суҳбат мекунад.

Номаи охири барнома аз як муаллифи доимии мо аз Душанбе аст ки дар бораи Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният ва Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон маълумотҳои ҷолиб медиҳад:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ин номаро барои Шумо менависам, то ки дарду аламамонро ба Шумо ирсол кунам. Аз Шумо хоҳиш мекунам ин номаро ба пуррагӣ барои тамошобини худ бихонед.

Номае, ки аз тарафи Шумо дар бораи декани факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи славянӣ Золотухин Алексей Валериев нашр шуда буд ҳама факту далелҳояш 100% рост мебошад.

Вақте он нома нашр шуд тамоми факултаи ҳуқуқшиносӣ хурсанд шуданд ва фикр карданд, ки Золотухинро аз кор мегиранд, аммо ӯ хешу табори Президентро барои худаш ҳамчун сипар ба кор оварда бо ҳар гуна найрангу бозӣ худро ҳифз мекард. Яке аз ин одамҳо Баҳром Холназаров, домоди Нуриддини акаи Президент аст.

Аммо баъди ин қадар бадиҳо Золотухиноро муовини ректор оид ба корҳои илм таъин карданд. Пеш аз ин муовини ректор оид ба корҳои илм Русакова Марина

Васильевна як инсони босавод ва мутахассиси соҳаи филология буд.

Аммо сад афсус одамҳои босавод дар Тоҷикистон қадр надоранд.  Дар айни ҳол декани факултаи ҳуқуқшиносӣ Ҳамроев Ш.С. мебошад-беҳтарин инсон. Ин факулта аз Золотухини найрангбоз халос шуд, аммо акнун Золотухин А.В. тамоми донишгоҳро идора мекунад.

Солҳои аввал тамоми донишгоҳ фикр мекард Золотухин Алексей Валериев  як шахси дуруст мебошад. Вақте дар бораи факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳар гуна гап мешунидем бовар намекардем. Акнун бошад аз вақти таъин шуданаш ба вазифаи муовини ректор барои тамоми донишгоҳ собит шуд, ки як шахси бемаърифат ва худпараст мебошад.

Золотухин А.В. аз вазифаи худ суистифода мебарад. Ин гапи хушку холӣ нест, балки асос дорад:

Дар назди Донишгоҳи Славянӣ мактаби миёнаи No14 қарор дорад ва тамоми кормандони донишгоҳ ба ин мактаб бе ягон проблемма фарзандони худро мебурданд. Ин мактаб ба муовини ректор оид ба корҳои илм итоат мекунад яъне ба Золотухин А.В. Вай дар навбати худ роҳи чӣ гуна пул кор

карданро пайдо кард, мисли як бизнес ва то 2.000 доллар барои ба мактаб қабул кардани фарзандони мо талаб мекунад.

Ман як омузгори одӣ дар донишгоҳ ҳастам ва бо як маош зиндагӣ мекунам аз куҷо метавонам 2.000 доллар пайдо ё ин ки ҷамъоварӣ кунам.

Солҳои пеш Донишгоҳи Славянӣ беҳтарин донишгоҳ дар Тоҷикистон буд. Омузгорон маошҳои хеле хуб ва мукофотпулӣ мегирифтанд. Инро ҳамаи омузгорон ва ҳамаи кормандон тасдиқ мекунанд. Аммо аз рӯзе, ки Золотухин А.В. ба вазифа нишаст мо умуман мукофотпулӣ намегирем ва маоши хеле паст мегирем.

Золотухин А.В. ҳамаи хешу таборашро дар назди худ ҷамъ кардааст. Дар назди факултети ҳуқуқшиносӣ клиникаи ҳуқуқӣ фаъолият мекунад ва ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад ва донишҷӯён дар ин клиника давраҳои таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. Бори аввал ба ин вазифа додараруси Шукуров Руслан, баъд зани Шукуров Руслан – Шукурова Наргис, баъдан Пияров Вячеслав (ҳамкурси Золотухин Алексей Валериев ) омаданд.

Барои ҳар як навишта дар рӯзномаи донишҷӯён 200-300 сомонӣ пул мегирифтанд ва то ҳол ҳам мегиранд.

Шукурова Наргисро мудири кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ таъин карданд. Аммо бояд зикр кунам, ки вай дар ихтисоси худ кор намекунад.

Шукурова Наргис як хоҳар дорад ба номи Ҳайдарова Нозанин, ки зани бародари Золотухин Алексей Валериев мебошад. Айни ҳол дар магистратура мехонад вале умуман ба дарсҳо намебиёяд. Аммо дар клиникаи ҳуқуқӣ ба ҳайси мутахассиси пешбар кор мекунад. Ба кор ҳам намебиёяд вале музди меҳнатро пурра мегирад. Магар инҳо ҷиноят ва  қонуншиканӣ ба ҳисоб намеоянд?

Пеш аз ин Шерматова Ирода дар клиника кор мекард, аммо ин шахс тамоман дар Тоҷикистон набуд, берун аз кишвар буд ва дар Русия қарор дошт. Дар тамоми ин муддат музди меҳнат мегирифт. Ин маълумотро дар чанд дақиқа исбот кардан мумкин аст.

Боз як қонунвайронкунӣ аз тарафи Золотухин Алексей Валериев. Вай худро мисли Корол тасаввур мекунад. Золотухин ҳамаи хешовандон ва наздиконашро дар гирди худаш дар донишгоҳ ҷамъ овардааст. Ҳатто тозакунандаи ҳуҷра –полшуякҳоро аз наздикони худ таъин мекунад.

Ба наздикӣ барои наздиконаш шӯъбае кушод, ки дар он шуъба маоши хеле хуб мегиранд (Ахмедова Тахмина, Боровицкий Александр ва ғайраҳо) Вақте мо мепурсем, ки мо ҳам мукофотпулӣ мегирем, мегуянд пул нест, дар бухгалтерия пул надорад.

Мо, ҳамеша дар Соли нав, Иди Навруз, Рӯзи Истиқлол ва Иди муаллимон мукофотпулӣ мегирифтем. Аммо ҳоло ин мукофотпулӣ аз байн бурда шудааст.

Боз як ҳамкурс ва дӯсти наздики Золотухин Алексей Валериев-Насков Диловар мебошад. Вай аз факултаи ҳуқуқшиносӣ аст ва дар дигар факултетҳо аз фани коррупсия дарс медод. Дар охири ҷаласа вай аз ҳамаи донишҷӯён 150 сомонӣ ҷамъ овард.

Золотухин бо мошини Лексус мегардад. Савол ба миён меояд аз куҷо ин мошин? Бо музди меҳнати худ харидааст? Барои чи коррупсия назорат намекунад?  Одамҳое, ки ҳазор-ҳазор доллар мегиранд мақомоти коррупсия гум мешавад.Золотухин Алексей Валериев  ҳама вакт метарсонад бо Прокуратура, Коррупсия, УБОП, ВКД ва амният. Дар ин чандин сол кормандони зиёд аз кор рафтанд аз дасти Золотухин А.В. Барои ҳамин аз ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш карда

мешавад, ки чораҳо андешанд. Дар донишгоҳи мо боз як проблеммаи дигар ҳам аст. Агар пеши ин проблемма гирифта нашавад баъдан мисли роҳбари фурудгоҳи Душанбе Исматулло Абдуллозода мешавад ё ин ки аз Исматулло Абдуллозода ҳам мегузаронад.

Сухан дар бораи Одинаев Аҳлиддин меравад, ки худро декани шуъбаи ғоибона муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки ман ин вазифаро ба касе намедиҳам. Ин одамро аз куча оварда ба вазифа шинонданд медонед?. Вай ягон дараҷаи илмӣ надорад. Ба назар мерасад, ки ин одамро одам назоидааст, мебахшед аз чунин дағалгӯӣ. Одинаев Аҳлиддин ҳамагӣ ду сол пеш омада буд.Ягон хел мошин надошт, дар маршрутка меомаду мерафт. Аммо ҳоло ҳафтае пас мошин иваз мекунад. Бо муаллимон ва донишҷӯён рафтори дуруст надорад. Гуё дар бозори Корвон аст. Имтиҳонҳо ва зачетҳоро руи рост мефурӯшад. Аз ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш мекунам, ки нисбати ин одамон санҷиш гузаронанд.

Дархости махсус аз муҳтарам Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки пеши роҳи ин одамҳо гирифта шаванд, то ки дигар аз номи шумо ё аз номи хешовандонатон барои мақсадҳои худ истифода набаранд.

Бародар Муҳаммадиқбол!. Пешакӣ ба шумо ташаккур мекунам барои нашри ин нома.

Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Рарзи шарифи ноҳияи Айнӣ ин номаро бароятон мефиристам. Дар бораи чанд нафар, ки ин деҳаро ба табъи худашон мехоҳанд рулит кунанд менависам. Яке аз онҳо Сарварҷон Тошбеков аст.

Сарварҷон Тошбеков  аз самти тагоби Рарз хост хати об биёрад ба гузари Боғи сар. Онҷо агар хато накунам тахминан 3 гектар замини нокорам буд. Хост ин заминро об биёраду боғ бунёд кунад. Ба ҳамин хотир ҳамроҳи ҷиянаш Беҳруз Тошбеков корро сар  карданд. Сарварҷон тамоми хешонашро ба ҳашари умумӣ гапзанон кард. (Ман дар номаи пешина, ки мунташир кардед ишора карда будам, ки мардикори бепул, ин мероси падари Тошбеков аст)

Қариби тамомшавии кор мардуми гузар (маҳалла) омаданду манъ карданд. Хуллас, мушаххас шуд, ки азбаски ин ёрдами хориҷа-ёрдами бебозгашт будааст, сабаби намондани мардуми гузар шудааст. Ба фикрам ин корро аз пеши худ ва нопурисда аз мардуми маҳалла карданӣ будааст ё ки мумкин мафияи Бобои Бакс бошад, ки обро овардан намонданд. Аммо акнун ва айни замон чи шудааст, ки барои хати об овардан ба муҳтарами номуҳтарам Бобои Бакс иҷозат дода шуд?

Инро чи хел фаҳмем, ки халқи гузар ҳама зид буданд, ки ин об барои гузарашон хафвнок мебошад вале барои чи ба Бобои Исмоили (бакс) иҷозат доданд? Ин ҳама бойбачаҳо аз фондҳои хориҷӣ ҳамчун хайр  пулҳоро мегиранд, барои  боғот, барои обёрии деҳот фақат ба дода мешавад. Шумо фикр накунед, ки Бобои бакс ва Сарварҷон Тошбеков аз кисаи худ ободӣ мекунанд. Не, не инҳо фақат як фикр  доранд: ғорат ва дуздии ҳамин маблағҳои грантии хориҷиҳо.

Муҳтарам Бобои Бакс шумо бигуед ба мардуми Рарз, ки чанд каналро об овардед, чанд неругоҳи барқӣ сохтед? Аммо дар коғаз сохтам гуфта пулро гирифтед, шарм намекунед?

Неругоҳи барқи обии осиёи Мирҳофизро дар телевизони  марказӣ нишон дода гуфтанд, ки ГЭС дар Рарзи  ноҳияи Айни ба кор сар кард. Шарм намедорӣ бо ин фиребдиҳӣ? То кай давом медода бошад? Кай ин коркунони мақомот аз ин саркор- бобои Бакс  пурсиш мекарда бошанд?

Ҳоло раиси ноҳия иваз шуд Акои Рӯзибой Раҳим, шояд ин раиси нав ба ягон хулоса меомадагист:- не ГЭС , не пул, не об, не хати Оби шафит, не хати Оби канал. Боз як ёрдами калони хориҷа ба дасти Бобои Исмоили Бакс омадааст.

Хати об аз тагоби Рарз ба Оби шафит овардани об. Аммо ин кор хеле осон аст, чунки чанд километрашро  Сарварҷон  Тошбеков  канда тайёр карда буд. Ин ду саркор, ду дилсузи Рарз бо ҳам маслиҳат карда ҷойҳои хати обро иваз карданд. Бобои Бакс хати Оби шафитро гирифт, Сарварҷон  хати оби аз тагоби Рарз ба гузарҳои Миро ва гузари Эшоноро гирифт Ба фикрам ин хати об зарурати аз масофаи дур оварданаш набуд ва ин маҳалҳо муҳтоҷи ин об нестанд. Беҳтараш Сарварҷон дар ҷуйи асосӣ ободӣ мекард. Об дарёи Зарафшон намерафту ба қишлоқ меомад, осон ва беҳтар мешуд. Ин корҳо асосан роҳи осони пул ёфтан, яъне списат кардан мебошад.

То кай ин мардумфиребӣ давом мекарда бошад? Мӯҳтарам Сарварҷон  агар корат ба охир шаваду об омад, мо дуогуем. Метарсем, ки мисли станцияи  телевизиони  Душанбе  нашавад.

Ҳар ширкати хориҷӣ, ки хайрия барои ободии деҳот медиҳад, аммо ин шермардони Рарз ба кисаи худ мезананду мақомҳои дахлдор сокитанд ва ё бо инҳо дар долия шариканд.

Ин чор марди бо номуси Рарз муҳтарами номуҳтарам  Абдулаҳад, Бобои Исмоили бакс, Ҳайдаров Меҳроҷ, сардухтури Рарз Рарзро ба ин рӯз оварда расониданд. Ин бойбачаҳоро органҳо намепурсанд. Сабаб чи бошад, ки прокурор намепурсад, кумитаи бехатарӣ намепурсад, раиси ҷамоат намепурсад, раиси ноҳия намепурсад?. Мо инхел дигар намемонем ва ҳама ончи мебинем ҳатман ба «Ислоҳ» пурра ночаконда но резонда муфассал менависем, то ҳама дигар аз ҳама ҷузъиёт огоҳ шаванд. Чун дигар Генпрокуратураи мо «Ислоҳ» аст, на мақомоти ноҳия ва Вилоят!

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Сипоси фаровон ба шумо, ки номаҳои фиристодаи моро чоп ва навор кардед. Ман идомаи номаамро ба шумо мефиристам.

Як нафар ҳаст бо номи Ғайбулло, ёрдамчии Манучеҳри раиси дирексия оид куҷонидани хонаҳое дар минтақаи зериоб- шавандаи ҳавзи Роғун, қарор доранд. Ин одам, ки дар барномаи пешина ҳам дар борааш гуфта шуда буд, бар ивази пора баҳои хонаҳоро барзиёд менависад. Аммо камикам  50дар100-и онро худаш мегирад.  Раиси ноҳия ин қазияро хуб медонад вале ҳеҷ коре намекунад.

Ҳоли Мулломуҳиддинро амнияти Нуробод, аз ҷумла Сиёвуши амниятӣ ба танг овардааст. Инро Хайбари манту мегуянд, бузи рақами яки Нуробод аст. Соли 2019 мардуми Нурободро бо писараш Каримҷон ва Садиров Раҷабалӣ бузҳои райони куҳна бисёр фурӯхтанд. Каримҷонаш ҳам буз ҳаст. Аз мактаби рақами як ангишт медуздид.

Дар бораи табибони ноҳия мехоҳам бигӯям

Болтаева Парвина момодояи Нуробод дар райони куҳна буд. Нархи пули занҳои ҳомила, агар духтарча ба дунё оварад 200 сомонӣ, писар бошад 250 мегирад, полшуякҳо бошанд100 сомонӣ мегиранд. Рушод мегӯянд, ки пули моро бидеҳ. Маоши давлатро мегиранд, боз пора мегиранд.

Бори дигар ба Фатҳуддин Солеҳзода, раиси ноҳияи Нуробод гушзад карданиам, ки масъалаи порахӯрҳоро бин.

Аммо гапи даҳани ин раис ба мардум ин аст ки заминҳоро сабзӣ бикоред. Солеҳзода сабзӣ ва картошкаро қапидааст. Эй, Солеҳзода! Бе гуфти ту ҳам мардум худ медонад, ки чи кораду чи кишт кунад. Ту налоги заминро гиру дигр хомуш бош кордор нашав.

Охирин огоҳии мардуми Мучахарфро бигиред. Мо аз роҳи дароз ва бо мушкилӣ райони куҳна меоем. Поликлиника таги шоғазамин меоем, занҳои ҳомила меорем.

Болтаева Парвина момодояи ноҳияи Нуробод райони куҳна 200 ё 350 барои хоб мегирад. Дар палатаи алоҳида хобонӣ 500 сомонӣ мегирад.

Охирин бор хоҳиш мекунем аз шумо муҳтарам Солеҳзода! Масъалаи порагирҳоро ҷиддӣ бинед.Аз амният натарсед. Мо шуморо нагуфтем, ки масҷидҳои маҳкамро бикушо, барои онки наметавонӣ, ақалан пеши роҳи поргириро бигир!

Номерҳоятро наёфтам ҷаноби Солеҳзода вагарна худам зангат мезадам. Аз дасти ин духтурҳои порахурат безор шудааст мардум.

Мефаҳмонӣ, ки мо камбизоатем, санад дорем, ба назар намегирад, на Парвина, на Зарина дар райони нав.

Садиров Раҷабалӣ ҳозир бо милисаҳои Нуробод корро сар кардааст бо акааш Каримҷони нештатний. Ин Раҷабалӣ дар райони куҳна дар ошхонаи Таги чанор арақ мефурушад, Раҷабалӣ арақфуруши Нуробод аст.

Шуҳрат ҳамроҳи падараш Сайдаҳмад дар Нуробод ба хабаркашиву бузигарӣ машғуланд.

Шуҳрат Давлатов  дар бораат маълумоти лозимаро дорем вале ҳоло боз кофтукоб дорем. Мо дида истодаем, ки ту  чи тавр бо шайтанату фиреб мардуми Нуробод ва дигар ноҳияҳоро ба ҳаҷи умра даъват дорӣ. Аз дур муомилаи хушру дорӣ. Албатта, барои пул. Вақте мавсими ҳаҷ меояд одамҳо мефаҳманд ва мебинанд, ки рафтораш дигар мешавад. Аз пули мардуми камбағал хешу таборашро ҳач мебарад

Агар аз Муҳаммадиқбол ва аз Гурӯҳи 24 барои бузигарита бахшиш напурсӣ, қиссаҳо дар бораи онро, ки модарат чи кора буд пурра менависем.

Як гапатро ҳозир мегуям. Бо як ҳамсинфат гап задӣ, гуфтӣ дар ҳаки ҷаноб дуъо мекунам, тезтар режими амниятиаш халос шавад, дуъоям қабул нашуда истодааст. Амният безор кардааст, зуд дигар кас президент шавад, биёям Тоҷикистон

Шӯҳрати шайтон дигар корҳоят ҳам ҳаст. Ҳоҷиҳоро мазоҳ мекунӣ, ки «лаббайка»-ро намедонанд ва ба ҳолашон механдӣ. Боз ҳамонҷо як арус дорӣ дар бораи вай ҳам ҷустуҷӯ дорем.

Иброҳимов табиби ҷарроҳ ҳаст. Аммо ҳозир кудакҳоро назначений мекунад. Аввал 10 сомонӣ мегирифт, ҳозир бошад 20 сомонӣ кардааст пули назначенийи кудаконро. Ҳоҳиш мекунем, аз роҳи дур меоем, Иброҳимов ҳамон 10 сомониатро гир. Ё инки раиси ноҳия фарёдаш куну бигуяш, ки пул нагирад. Мо мардуми Мучахарф безор шудем.

Мо, мардуми Мучахарф,мардуми Зорун ва Ҳакимӣ ҳамаамон пеши ҳамин райони нав меравем.Аммо ин духтур ҳозир нархашро бардоштааст ва 20 сомонӣ кардааст.

Духтурҳои Нуробод ҳамааш ҳамин хел нархро баланд карданд. Аз ҷумла духтури пенсионер Шогирезов 20 сомонӣ, пенсионери дигараш Маҳмадов Сайдҷон духтури бемориҳои дарунӣ ҳам 20 сомонӣ. Ин Маҳмудов боз беморҳоро ба таври худаш ном мемонад, барои ҳамин Маҳмдовро ҳочӣ масхарааш мегӯянд.  Инҳо духтурҳои пенсионер ҳастанд- аз соати 8 то 12 кор мекунанд вале ҳам маош мегиранд ва ҳам 20 сомонӣ пора.

Раиси Нуробод ҳамаи вазъиятро гуфтемат, фаҳмонидемат. Ту барои чи раис шудаӣ? Руят пушти дег барин сиёҳ шавад. Кори хуби туро мардум надида истодааст.

Нав мардуми Нуробод ин раисро «майдача» лақаб доданд.

Ин раис,ки як лақаби дигар «тақалача» ҳам дорад, «дида мебароем» гуфта гаштаст.

Амният уже фарёд карданро сар кард- Раҷабалиро, Ҷалолро.

Касофатҳо ба ҷойи онки порахурҳоро фарёд кунанд бузҳои худашонро фарёд кардаанд, ки аз кӣ шубҳа доред, ки ин маълумотҳоро ба Ислоҳ мефиристад.

Шумо бояд проблеммаро ҳал кунед, на инки нависандаҳои номаҳоро кобед. Ёфта наметавонед, чунки садҳо касанд, ки ҳам дар дохиланд ва ҳам дар хориҷа. Аз пушти ҳалли мушкилот шавед, на аз пушти нома навис. Агар мушкил набошад ва шикоятҳои моро дар ноҳия баррасӣ кунанд мо девона нестем ба Ислоҳ нависем. Камтар фикр кунед амниятиҳо!

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Чанд рӯзи пеш ҷаласаи Шӯрои амният доир гардид, ки кори онро Юсуф Раҳмон ба ҳайси котиби Шӯрои амният пеш бурд.

Бародар, ончи ки мову шумо оиди Юсуф Раҳмон гуфта будем, ки Кремл ба Юсуф Раҳмон ва боз нафароне ставка чун ҷойгузини Эмомалӣ Раҳмонов кардааст, хато набуд. Кремл ба ягон котиби Шурои амнияти дигар ишварҳои СНГ ягон хел медал ё нишоне надода буд. Чанд вақт пеш, бо фармони худ В.В. Путин ба Юсуф Раҳмон ордени Дружба Народов дод.

Дар сафари Прокурори Русия, ки чанд рӯз пеш ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Прокуророни Генералӣ дар Душанб доир шуд, роеъ ба Юсуф Раҳмон таърифи зиёд кард. Агар вохуриро тамошо карда бошед, Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт дар бари Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори Генералии Тоҷикистон  шишта ранги саги вафодор ручка дар дасташ сарашро хам карда беист чизе менавишт.

Баъди вохурӣ дар бустонсарои ҳукуматӣ Музаффар Юсуфӣ гуфтаст, ки нав як одами босавод ба худамон Прокурори Генералӣ шуд: «Паати Юсуф Раҳмон бовар кунен умуман моддаи кодекса фарқ намекад. Факат мегуфт чанд сум мемона ай дела, чи хизмат мекнан, чи метан». Фақат кораш ҷамъ кардан буд.

Баъди аз онки қудои Ҷаноб шуд, камтар иштиҳояш кам гардид: «Онаша овбара қариб кисаҳомона мекофт, ҳар рӯз сумомона мегирифт. Ита гышнаша нав дидем. И паати Юсуфи Раҳмона ҷаноб бояд намедод вазифа. И паати Сафари бачаш бо дхтари Ҷаноба мезадай. Сағераи паат то дина рӯза кабинетои мо меомаду мо сумуш медодем. О, имруз домоди Шоҳ шидӣ, шукрона кун, гуфтааст Музаффар Юсуфӣ».

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 315 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 311
Як нома аз Душанбе-пойтахт мамлакат, як нома аз муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ва номаи охир аз Нурободро ин навбат бароятон омода намудаем.

Номаи Душанбе аз як нафаре аст, ки солҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта ва дар хонаву коргоҳҳои нафароне аз низомиҳои пешини Русия, ки солҳои пеш, солҳои ҷанг дар Тоҷикистон кор кардаанд, кор кардааст. Вай дар ин нома баъзе фикру мулоҳизоеро пешкаш намудааст, ки қабул кардан ва ё накарданро ба ихтиёр ва қазовати худи шумо ҳавола мекунем.

Муаллифи доимии аз Волгоград ин бор низ як мақолаеро дар робита ба маҳдудияти неруи барқ аз сомонаи нашрияи чопи Душанбе интихоб намуда ва бо муаллифи он баҳс кардааст.

Нависандаи нома аз Нуробод аз порагирву порахӯриҳои масъулони арсаҳои мухталифи ҳкомияти ин ноҳия навишта ва аз раиси ноҳия даъват кардааст,ки ҷилави онҳоро бигирад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман солҳои дароз дар Русия кор карда бо баъзе аз афсарони пештараи шӯравӣ ва Русия ҳамшин шудаам ва гоҳо дар бораи сиёсат ҳам сӯҳбат мекардем.

Суҳбатҳои яке аз полковникҳои пешина бо гузашти шаш-ҳафт сол аз ёдам намеравад.

Дар бораи президенти Узбекистон Ислом Каримов гап мерафт. Ин полковник гуфт, ки Ислом Каримов барои Узбекистон ва мардуми худ бисёр хизмат кардааст, вале дар вақти сарварии ӯ шиками (бачадони ) занонро мебуриданд.

Ман ба ин гап аввал аҳамият надодам. Лекин дар сари ман чунин фикр омад, ки Ислом Каримов агар шиками занеро бурад, шиками зани тоҷикро мебурад.

Дар муддати ҳабдаҳ, ҳаждаҳ соле, ки дар муҳоҷирати Русия будам, то ҳол тоҷикеро надидам, ки шаҳрванди Узбекистон бошаду зиёда аз ду фарзанд дошта бошад. Ман аҳамият дода будам, ки дар Тоҷикистон хеши андак дуртари мо панҷ- шаш фарзанд дошт ва чи намуди спирале бо укол дар ӯ зада буданд, бо хоҳиши ӯ ва шавҳараш, он зан ба монанди пуффак фарбеҳ шуда буд ва занҳои тоҷикро ( шаҳрвандони Ӯзбекистонро), ки медидам ба монанди он зан буданд ва доим аз бемории худ шикоят мекарданд.

Ба ғайр аз ин тоҷикони гирду атрофи Самарқанду Бухоро мегуфтанд, ки вақте мо хурд будем дар кӯчаву мактаб ҳама ба тоҷикӣ гап мезаданд, ҳоло не. Баъд аз истиқлолият ӯзбекон бениҳоят зиёд шуданд, аммо дар хурдӣ мо онҳоро қариб ки  намедидем.

Аз рӯйи гуфтаи сокини Бухоро, ки як сол бо вай дар якҷо кор карда будем, имрӯз агар дар Узбекистон гринкартаи амрикоӣ дода шавад, бисёртар ба тоҷикони Самарқанд дода мешавад, агар укол кардани занҳоро бас карда бошанд ҳам.

Тоҷикро бо роҳи дигар сафашро кам мекунанд.

Вале аз ҳама аҷоибаш дар чист? Агар душмани мо моро нобуд кунад, душманро фаҳмидан осонтар аст ки ӯ душман аст,

Моҳи август ё сентябри гузашта дар шабакаҳои Тоҷикистон ваксинаеро нишон доданд, ки барои ҳифзи саломати духтарон аст ва ба духтарони синфи чор то даҳи мактаби миёна дар мактабҳо укол карда мешавад. Баъд аз як ду ҳафта ин хабарро андак дигар карда хабар доданд, ки ваксина барои пешгирии саратони гарданаки бачадон( рак шейки матки) карда мешавад.

Ман ҳам ба монанди бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуфтаҳои ин ҳукумати бе имону нангу номус ҳеҷ боварӣ надорам. Чунки ман фаромуш намекунам хабари соли 2023- ро, ки ҳукумат бо ваҳму воҳима хабар дода буд, ки дар соли 2023 сафи кӯдакони навзод 350 000ва ин рақам аз фавтидагон зиёд аст.

Албатта, агар шахси мусалмон кӯдакони навзодро беҳтарин неъмати Худо донад ин ҳукумати беақлу бе номус зиёд шудани миллатро мушкилӣ меҳисобад.

Ин ҳукумати бе номус, то маҳру қалинги духтарон биниашро халондааст, ки қалин арзон будаст, қалинро бардоштан даркор то оилаҳо пош нахӯранд. Дар асли кор нияте доранд, ки писарони бечора зан гирифта натавонанд, сафи мардуми мусулмон зиёд нашавад.

Тарси ман дар баробари нобуд шудани миллати тоҷик дучанд мешавад. Вақте ки сафи бе номусон ( ҳукумат ва амнияти имрӯза) зиёд мешавад.

Худо накунад, ки ин беномусон зиёд шаванду Тоҷикистони азизи мо Беномусистон  шавад.

Мо медонем, ки ташкилкунандаи ҷанги дохилии мо Ислом Каримов бо ҳамроҳи  КГБ-и Русия буд ва маҳз ҳаминҳо ба дасти мардуми бечораву бесавод яроқ доданд, то бародари мусулмонашро бикушад. Ба мо ҷавоби ин ҳукумати беномус даркор. Дар вақте мардуми фирефташудаи тоҷик дар Душанбею Ғарм  якдигарро мекуштанд, чи қуввае буд, ки дар Шаҳритус, Қурғонтеппа, Вахш ва дигар шаҳрҳо тоҷиконро мекуштанду узбеконро даст намезаданд?

Мардуми гурезаи Тоҷик аз кӣ гурехта ба хоки Афғонистон рафтанд? Магар мардуми мусулмон онҳоро кушт?  Барои чи ин амалҳои ғайриинсонии артиши Узбекистонро касе ба ёд наовард ва ҳамаи ин кушторҳо дар гардани мардуми мусулмон ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бор аст то ба имрӯз

Бародар,  умри мо дар муҳоҷират мегузарад. Вазиру раису амнияту милисаи ин ҳукумати беномусонро намешиносам, гуноҳҳои ин беномусон дар чашми ман наметобад. Аз он сабаб, ки ман медонам сарчашмаи ин ҷиноятҳо Раҳмонов ва оилаи ӯ аст. Мо солҳои дароз миннати дуруғи Раҳмоновро мешунавем, ки гуё маҳз  ӯ мардумро аз ҷанг халос кардааст. Аммо дар амал ҳамин Ислом Каримов ва КГБ-и Русия ба дастони Эмамолӣ Раҳмонов яроқу аслиҳа дода бар зидди халқи тоҷик хезонданд. Раҳмонов сулҳ накардааст. Раҳмонов ҷанг кардааст, ҷанг бо пуштибонӣ ва ёрдами Узбекистону Русия.

Айни ҳол бошад тамоми маблағҳои ҷаримаву андоз, маблағҳои растаможкаву утилизатсияи мошинҳо, тамоми маблағҳои ғоратшуда аз мардуми мо ба ихтиёри Рустами Эмомалӣ супорида мешавад, то дар муддати кӯтоҳ шаҳри Душанберо ба гуфтаи худ зебо кунаду ба тахти падараш нишинаду то охири умри мо ба мо миннат кунад, ки бе Рустам шаҳрро дигарон обод карда натавонистанд, шаҳрро сохт Тоҷикистонро ҳам месозад. Аммо, ман, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе ҳастам, ба ҷуз аз домсозӣ ҳиҷ ободиро дар шаҳр намебинам. Ин пулҳоро Рустам дуздиву ғорат мекунад, вале ҳеҷ ободкорӣ карда наметавонад.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хабарҳое, ки аз ватан дар бораи лимити барқ мерасад, дар ҳақиқат одамро беҳад зиқу ноумед месозад. Ин ҳукумати Тоҷикистон неруи барқро ба хориҷа мефурӯшад, аммо парвои халқи худашро надорад. Вазъияти на танҳо хонаводаҳо, вазъияти мактабу боғча, бемористону амбулатория, бонкҳо, автозаправкаҳо, хулоса ҳама ҷое, ки мардум ҳар рӯз сарукор доранд беҳад бад шудааст. Аз рӯи маълумотҳое, ки аз ватан мерасад дар баъзе ҷойҳо генератор мондаанд, ки албатта, аз ноилоҷӣ аст.

Вале манро навиштаҳои баъзе аз чоплусону хушомадгӯҳо, ки мехоҳанд айбро ба гардани табиат монанд, ҳукуматро бетақсир ҷилва диҳанд, мардумро ором карда гӯл зананд, дар ҳайрат овардааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо навиштаи яке аз чунин нафаронро аз сайти нашрияи СССР пешкаши шумо ва хонандаҳои муҳтарами «Ислоҳ» менамоям ва сипас дар бораи он фикру мулоҳизаҳои худамро баён мекунам. Ин навишта дар таърихи 11 декабр таҳти унвони «Андар боби норасоии барқ» чоп шудааст ва матни комили он чунин аст:

«Ин мавзӯъ хеле ҳассос аст. Ҳоло қаламҳоятонро тез карда, дашному ҳақорат бар сарамон нарезед. Бодиққат хонед ва бидуни эҳсос назарҳоятонро бикоред.

Мушкилоти барқ дар фасли зимистон танҳо дар Тоҷикистон нест. Дар аксари кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар давлатҳо низ ин мушкил буда, бо тағйирёбии иқлим эҳтимол аст дар зимистонҳои оянда вазъ бадтар шавад.

Аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллиони соли 1990 имрӯз то ба марзи 11 миллион нафар мерасад. Ҳар сол 250 000 нафар аҳолӣ зиёд шуда истодааст.

Ҳоло барқе, ки 1 оила истифода мебарад, шояд 20 оила дар соли 1995 истифода мебурд. Дар ҳар як оила 3-4 адад кондинсионер, термекс ва даҳҳо дастгоҳҳои дигар бо барқ пайваст мешаванд. Ҳатто хонаи сеошёнаи заминиеро дидаам, ки 21 адад кондинсионер дар он насб шудааст.

Корхонаҳои саноатӣ, мактабу бемористонҳо ва садҳо иншооти дигар бо барқ кор мекунанд. Дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ кор карда истодааст.

Дар кишварҳое, ки асосан аз нерӯгоҳҳои обӣ истифода мебаранд, мисли Тоҷикистон паст шудани сатҳи об дар обанборҳо, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ба кам шудани истеҳсоли барқ сабаб мешавад. Бо табиат магар ҷанг карда мешавад?

Мушкили давлат мушкили мост. Дар пастию баландӣ бояд дар бари Ватан бошем. Ватандӯстӣ ҳамин аст. Гуфти устод Алимуҳаммад Муродӣ мисли хоинон аз дур вақ-вақ кардан дуруст нест:

КУҶО БУДӢ?

…Ҳоло зи дури дуриҳо фарёд мекунӣ,

Ҳоло канори гарми ватан ёд мекунӣ.

Рӯҳи малӯли худ

Бо хотироти гумшудаат шод мекунӣ,

Номи ватан гирифтанат ҷойи хиҷолат аст,

Андар шиносномаат мӯҳри хиёнат аст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.

Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.

Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон гуфта буданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолиро дар пай дорад.

«Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам.» – гуфтаанд Пешвои миллат».

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ

Муаллиф гуфтааст, ки бидуни дашном. Хуб, ба ин бародар тавсия доданиам, ки дар «Ислоҳ» мақолаи «Раҳмонов халқро хар карда зин задааст»-ро хонад ва бифаҳмад, ки қуваи барқи мо ба мардум мерасад ва зиёдатӣ ҳам мекунад. Аммо Раҳмонов онро фурӯхта истодааст.

Муаллиф навиштааст, ки аҳолӣ зиёд шуд, корхонаҳо зиёд шуд. Кадом корхона зиёд шуд? Аҳолӣ зиёд шуд, зиёд шуд, аммо светро аҳолӣ кам накардааст. Ба аҳолӣ свет намедиҳед, зиёдшавии аҳолӣ ба камшавии свет чи алоқа дорад. Светро ба Афғонистон, ба Қирғизистону Узбакистон нафурӯшед, ба мардум мерасад. Об кам шуд аммо чаро ҳаҷми фурӯши қувваи барқ ба хориҷаро кам намекунанд.Чаро?

Муаллиф аз қавли Раҳмонов  насиҳат кардааст, ки  сарҷамъ бошем, ватанмонро сидқан дӯст дорем…. Бале мо ватанамонро сидқан дӯст медорем, аммо ин дӯстдоштани ватан дӯст доштани Раҳмонову оилаи аз қавми яъҷуҷу ва маъҷуҷ ҳам калони вай нест.

Ман ҳам даъват мекунам, ки биёед муттаҳид ва сарҷамъ шавем ва  бар зидди ин ҳукумати хонаводагии авлодӣ бархезем. Ин авлод ҳамааш свет дорад, корхонаҳояшон свет дорад, аспхонаҳояш свет дорад, фермаҳову фирмаҳошон свет дорад. Аммо пули светро намедиҳанд, ройгон истифода мекунанд. Вале ба халқ намедиҳанд. Чаро бояд мо тоқату таҳаммул кунем?

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Шумо дар бораи Нуробод номаи алоҳида чоп кардед. Ташаккур ба шумо. Ончи дар он барнома дар бораи Нуробод гуфта шуд, ҳамааш дуруст аст. Ман ҳам чанд чизро иловатан гуфтаниам. Аввл дар бораи Шӯҳрат Давлатов. Вақте мардум аз ҳаҷ меоянду ба Шуҳрат шикоят мекунанд, ки ту  махсус аз мардуми Нуробод ё аз ҳамсояҳои мо Мучахарф пули бисёр мегирӣ Шуҳрат Давлатов онҳоро тарсонида мегӯяд: «лишни гап занед, ба амният мегуям, ки бо мухолифон ҳамкорӣ доред ва дар ҳақиқат рафта ҳамин гапро мегуяд. Аз пули ҳачи мардуми камбағал тағоияш-Аҳтами барсро ҳаҷ бурд.

Ҷалоли усто вақте банг мезанад, ҳамсинфаш Абубакр насиҳаташ мекунад, ки банг назан, ҳамаро ба Сиёвуши амният мефурушӣ. Ҷалол истеҳзо карда мегӯяд нав падарам аз дунё гузашт боз ту насиҳатам мекунӣ.

Абубакр як амак дорад дар Самара. Як вақтҳо посредник буд. Ҳозир ба савдои асал гузаштааст дар Самара. Амакаш ҳоҷӣ Садриддин мегуяндаш. Мо мардуми Мучахарф дар Самара ҳастем. Ҷалол ин амакашро ҳақорат мекунад, ки хонаашро ба мо қимати бад савдо мондааст. Як вақт барои амакаш 6 –ой отдел фарёдаш мекунанд. Мегуянд рақамҳои амакатро деҳ. Намедиҳад. Як шатааш мезаннад, зуд номерро медиҳад. Ҷалол бангро мезанаду бачаи амакиашро мазоҳ мекунад: «Фирдавсро биёрмт майдача, мезанӣ» мегуядаш. Фирдавсро мегӯяд натарс, амният одами худамон аст. Сиёвуши амният ҳеҷ чизат намегуяд. Дар ҳамин Самара як ҷурааш ҳамроҳамон кор мекунад. Вай Ҷалол, Раҷабалӣ, Каримҷонро мешиносад  ва дар бораи корҳои онҳо нақл мекунад.

Дар бораи Шафоатова Зарина врачи роддоми Нуробод. Дар ҳоли ҳозир гирифтани пораро бисёртар кардааст. Мегуяд ягон кас маро проверка намекунад, чунки тағоям амният аст. Аввал барои справка барои гирифтани  шаҳодатномаи таваллуд150 мегирифт, ҳозир 250 сомонӣ кардаст. Барои таваллуди занҳо пештар 500 сомонӣ буд, ҳозир ҷои хобро якҷоя карда 900-1000 сомонӣ мегирад. Бераҳми бад шудаст. 25 сол шуд дар Нуробод кор мекунад.

Муҳтарам Солеҳзода, раиси ноҳия, пеши роҳи порахурҳоро бигир, намегирӣ вазифаеро, ки подаркаат карданд, холиаш кун. Медонам, ки гапат намегузарад вале аз мо гуфтан. Амнияти Нуробод аз қафоят кор карда истодааст. Медонем хусур бачаатро барои нарафтан ба хизмат амният қапид. Хусурат пешат омад. Шумо гуфтед, ки «ма ба духтаратон кор дорам на ба бачатон». Дуруст кардед, аммо хоҳиш  камтар роҳи порагириро гиред.

Охир балнитса меравӣ духтури гӯш отделно бист сомонӣ мегирад, духтури дандон меравӣ ҷудо мегирад, пеши врач медарои отделно мегирад. Ҳозир даҳ сомонӣ аз байн рафт. Ҳамин бист сомониро ҳам бо дили нохоҳам мегиранд. Бояд аз бист сомонӣ ҳам зиёд диҳӣ.

ГАИҳои сари ҷарии даромадани дарвозаи Дарбанд аз таксиҳо барои як рӯз 40 сомонӣ. Аз ронандаҳои самти Ғарму Тавилдара ва дигар шофёрҳои роҳгузар то 20 сомонӣ нагиранд, ҷавоб намедиҳад. Солеҳзода ин масъаларо бубин.

Барои ҳуҷҷати заминат меравӣ ҷамоат пул мегирад. Раиси ҷамоат аз Тегирмӣ, ҳамқишлоқиат аст. Меравӣ дар ҷои кораш дар ҷамоат нест. Рақамҳои ватсапат дар симкартаи Вавилонат буд удалит кардааст, ватсапи нав кушодааст. Акнун мо ҳамачиро гуфта шинем?

Маҷбурем, ба Ислоҳ нависем. Раиси ноҳия Солеҳзода.Ф ба ғоратгаронаш мегуфтааст, ки «ма вазифагирӣ наомадам, ободкунӣ омадам». Аммо ҷаноби Солеҳзода бояд бидонӣ, ки ободӣ аз тоза кардани ҳукумати ноҳия аз порахӯрҳо оғоз мешавад. Порагириву порахурии бемористонро бубин. Вагарна дар номаи дигар дар бораи худат, зани душанбегиат сар мекунем.

Тамоми раисҳои сохторҳоят, аз раисони ҷамоатҳо гирифта то облавшикҳову то раиси шуғли аҳолӣ Эшонов.З ҳамаш пора мегиранд ва боз оҳиста карда мегӯянд, ки амният нафаҳмад. Мо кори туро буд мекунем, лекин амният хабар набарад. Гапашон фақат ҳамин.

Бародар Муҳаммадиқбол! Як бор шумо Эмомалиро аз минбари Ислоҳ гуед, ки ба ин Солеҳзода бифаҳмонад, ки вазифаат муваққатӣ аст. Ба умеди Рустам нашавад.

Бо мототсиклат нагарду масъалаи фасоду порагириву порахӯрон сахт бубин: «Заминҳо набояд холӣ бимонад, картошкаву сабзӣ кишт кунед»,гуфта гаштааст Солеҳзода.

Эй, раиси Солеҳзода! Ту гӯӣ нагӯӣ, ки мардум медонад, ки бо заминаш чи кор кунад. Ҳозир як ваҷаб замини холиро намеёбӣ, намебинӣ, ту чи мардумро насиҳати ноҷо мекунӣ, маслиҳат бемаънӣ медиҳӣ. Ту кори худатро бин!

Бародар дар охир гуфтаниам, ки мо мардуми Нуробод дар Самара бисёрием ва қариб ҳамаамон шуморо тамошо мекунем ва тарафдоратон ҳастем. Албатта, бузу бузғола ҳам дорем. Вале бисёриҳо шуморо тарафдоранд.

Саломат бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 311 появились сначала на ISLOH.net.