Архивы Маҳмадназар Солеҳов - ISLOH.net

Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр?
Юсуф Раҳмон, ҳамакнун собиқ Додситони кулли Тоҷикистон дуруст дар рӯзе аз мақом барканор шуд, ки панҷ соли қабл, яъне 23 январи соли 2020 барои панҷ соли баъдӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.

Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз Юсуф Раҳмон танҳо Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешини кишвар буд, ки низ ду панҷсола дар ин мақом дошт додааст. Боқии нафароне, ки дар ин мақом кор кардаанд, Маҳмадназар Солеҳов, Амирқул Азимов, Саломиддин Шаропов ва Шерхон Салимзода пеш аз анҷоми муҳлат ва ё як давраи панҷсола дар ин мақом кор карда буданду тамом.

Аммо, ҳадсу гумонҳо зада мешуд, ки Юсуф Раҳмон дар давраи саввум ҳам курисро ҳифз хоҳад кард, ҳамчуноне СС.Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа мақому мансаби худро барои беш аз ду панҷсола тавонистанд, ки ҳифз намоянд. Чунки Юсуф Раҳмон ба ҷуз аз онки содиқона ва ба мисоли саги вафодор хидмати Раҳмоновро адо мекард, бо келин кардани Фарзона духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов, ҳадди ақал то ба расидан ба синни нафақа пояҳои курсии худро мустаҳкам карда буд. Ҳамчуноне, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа танҳо ва фақат барои онки қудо шуд, се навбати панҷсолӣ дар мақомаш, агарчи ин соҳаро ба қафо бурд, то инки пенсионер нашавад дар мақомаш боқӣ монд. Вале дурусту дақиқ Юсуф Раҳмон дар шароите аз мақом барканор шуд, ки байни оилаи вай ва оилаи раиси ҷумҳур ба иллати ҷудоии Сафари писараш аз Фарзона, духтури хурдии Эмомалӣ Раҳмонов сардии шадид пеш омад. Вагарна ҷойгоҳ ва ҳузури Юсуф Раҳмон, беш аз ҳар «силовик»-ҳои дигар дар ҳукумати Раҳмонов тақвият меёфт ва дар дарбор, оилаи Раҳмонов ва худи Раҳмонов тақарруб пайдо мекард.

Эмомалӣ Раҳмонов, ончуноне ҳаводиси чанд соли ахир маълум мекунад ба Юсуф Раҳмон сахт эътимод баста ва ӯро нафари аввали мавриди эътимоди худаш медонист ва он ихтиёроту имтиёзҳоеро, ки пештар ба СС.Ятимов дода буд, ба тадриҷ ба ӯ дод ва дар ҳар ҳарфу сухани вай бовар мекард.

Воқеият ин аст ки  Юсуф Раҳмон ва Бобоҷон Бобохонов, ду нафар аз Прокурорҳои генералие буданд, ки сари даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар, сиёсатмадорон ва рушанфикронро хурданд ва ин нафарон, ба вижа Юсуф Раҳмон ончунон ҷоннисори Эмомалӣ Раҳмонов шуда буд, ки ба ҷуз аз касби ризои Раҳмонов, фикри дигаре намекард ва сари муе бар адолат, ҳуқуқ ва бар қонун муроот ва тараҳҳум накард.

Инки ин ду тан ҳамин гуна бераҳму ноинсофиро бар адлу дод ва бар рисолат ва масъулиятҳои худ тарҷеҳ доданд, иллат ва сабаби асосии ба ду панҷсола дар сари кор истодани онҳо шуд.

Инҷо, ки ҷои зикраш омад бояд алоҳида ва махсус тазаккур бидиҳем, ки ҳиҷ яке аз Додситонҳои кулли Тоҷикистони ҳукумати сивусесолаи Раҳмонов бо обру аз кор нарафтанд. Агарчи Бобоҷон Бобохоновро ба ҳангоми аз мақом барканор кардан Раҳмонов изҳори сипосаш кард, вале вай, ки то расидан ба сини нафақа ҳамагӣ се моҳаш боқӣ монда буд, дошт дода натавонист ва нафаре, ки пеш аз вай заҳра ва ҷуръат намекард, вориди толори ҷалсаи ҳукумат бишавад, ҳамагӣ чанд моҳи баъд мавриди ҳамлаҳои шадиди «круг»-и Раҳмонов қарор гирифт ва ҳатто писари ӯ Файзуллоро, ки додситони Ҳисор буд, ба зиндон кашиданд.

Бобохонов, то онҷо дардаш карду дард кашид, ки худро дошта натавонист ва дар расонаҳо изҳор кард, ки пушти барканории вай Шерхон Салимзода, ки дар ҷойи вай таъйин шуд ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олии онрӯзҳои ҳукумати Раҳмонов меистанд ва ошкоро ба худи Эмомалӣ Раҳмонов намёк дод, ки ту ҳам баччаатро дар мансаби таҳти итоатат овардӣ ва руку рост гуфт, ки писараш бегуноҳ ва қурбонии интиқом шудааст:

«Агарчи ҳозир роҳбарияти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ барои ошкор кардани ҳақиқат монеа эҷод кунанд, аммо оқибати ин кор ошкор мешавад ва ҳақиқат болои об мебарояд, адолат ғалаба мекунад…..

Ин масъаларо метавонед, рафта аз Прокурори генералии ҳозира Шерхон Салимзода пурсед. Чӣ сабаб шуд? Мумкин онҳо хубтар донанд, ки ин ҷо ҳарфи қасду қасос аст ё чӣ? Худашон мумкин медонанд. Ҳар кас фарзанди худро дӯст медорад. Мумкин богуноҳ бошад, ҳамеша бегуноҳии ӯро дастгирӣ кунад. Лекин ба ин дараҷа қасосгирӣ ба касе даркор набуд….

Агар қонунро гирем, онҳоро тағйир ҳам доданд, дигаргуниҳо дароварданд. Коррупсия дар он ҳолат мешавад, ки падару писар, акаву додар, шавҳару зан дар он корҳое кор мекунанд, ки ба ҳам тобеъ ҳастанд ва аз ҷиҳати моливу пулӣ аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Агар ки ман хато карда бошам, имрӯзҳо ин хатоҳо намешаванд? Онҳоро ҳам дидан даркор».

Нахустин Прокурори генералии давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов Маҳмадназар Солеҳов буд, ки солҳо баъд ёғӣ ва мардуд шуд ва ниҳоят дар даруни манзили зисташ ва дар пеши писарбаччаи хурдсолаш ва дар рӯзи равшан бо тири туфанг аз тарафи Абдураҳмон Бузмаков, ҳоло Аламшозода, ки он вақт сардори милисаи Душанбе буд, кушта гардид. Вай, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроя Президент (ду бори се солӣ) ва вазири дохилӣ таъин шуда ва аз мансабдорони зинуфуз ва наздики Раҳмонов ва оилаи вай ба ҳисоб мерафт. Аммо ӯро дар талоши анҷоми табаддулот бо пуштибонии Узбакистони даврони Ислом Каримов, иттиҳоме, ки эълон нашуда буд, муттаҳам карда ва дастури «безарар» гардониашро содир кард. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Генпрокурорҳои дигари баъди вай Амирқул Азимов ва Саломиддин Шаропов, ду нафар аз ғайрикулобиҳо низ, агарчи дар хидмати Раҳмонов ҳамеша чухт, пушт дуто ва дастҳо пеши бар буданд, оқибат бо таҳқиру беэҳтиромӣ ва тард аз дарбор мувоҷеҳ шуданд.

Бачаи Амирқул Азимов барои автоавария ва домодаш бозраси аршади Оҷонси мубориза бо фасод  зиндонӣ карда шуданд. Кореро, ки барои мисол Раҳмонов ба қарибону ҳаммаҳалони худаш ҳиҷ гоҳ накардааст ва раво намебинад. Масалан бачаи Давлаталӣ Саид ва ё Нусратулло Абдуллоев ва ё Амнулло Ҳукумов ва инчунин Фаридуни писари Озода Раҳмонова ва Ҷамолиддин Нуралиев низ бо мошин одам куштанд, аммо ба онҳо чизе нашуд.

Ва ниҳоят худи Амирқул Азимовро ҳам, ончуноне маълумотҳо паҳн гуша буд, бо як шакли безеб аз Шурои амният (дабири он буд) аз кор гирифт ва дигар ҳиҷ гоҳ ба суроғаш нарафт.

Амирқул Азимове, ки дар солҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ Прокурори Генералӣ ва дар хидмати Раҳмонов камар баста буд, ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев аз бунёдгузорони Фронти халқӣ буд, ки Раҳмоновро сари кор овард ва дар амалиётҳо бар зидди Абдулло Раҳимов, (Муло Абдулло), Мирзо Зиё ва нобуд кардани онҳо ширкати мустақим дошт ва ба унвони яке аз роҳбарони ин амалиётҳо барои Раҳмонов ҷон дар кафи даст гирифта ва дар ҷанги дохилӣ тир хурдаву пояш ланг ҳам шуда буд.

Саломидин Шаропов ҳам, чуноне дар расонаҳо навишта буданд, ҳатто маҷбур шуда буд, ки қотилони писарашро, ки ошкор, боздошт ва муайян шуда буданд аз «сарвайронҳо» ва боевикҳои вобаста ба Раҳмонов буданд аз ҷавобгарӣ озод кунад. Агарчи он вақт ва то ба имрӯз ҳиҷ коре инчунонӣ бе «о,кей»-и худи Раҳмонов амалӣ намешавад, Раҳмонов марҳум Саломиддин Шароповро ба бепринсипӣ ва пулпарастӣ муттаҳам карда- «бар ивази пули калон қотилони писари худро ҷавоб дод» аз мақомаш ронд.

Шерхон Салимзодаро, ки Бобоҷон Бобохонов сабабгори аз мақомравии худ ва бадбахтиҳои писараш медонад низ тавре аз кор гирифт, ки нафас дар гулуяш печид ва дасту пояш карахт шуд.

Агарчи Раҳмонов хуб медонист, ки Шерхон Салимзода як порахури гузаро аст ва қабл аз онки Прокурори Генералӣ бишавад ба ҳангоми прокурори пойтахт буданаш алайҳаш парванда боз карда буданд вале бурду аввал дар ниҳоди навтаъсиси Оҷонси мубориза бо коррупсия раис таъин кард ва аз онҷо боз гирифту Прокурори генералӣ монд.

Вақте фармони аз кор барканории Шерхон Салимзодаро содир кард, Салимзода дар Маҷлиси Миллӣ аз аъзо хост, ки дар матни он илова кунанд, ки «ба иллати анҷоми муҳлати ваколат» аз кор гирифта шуд, чун ҳатто дар матни фармон иллати аз коргирӣ зикр нашуда буд.

Маҳмадсаид Убайдуллов, раиси Маҷлиси Миллӣ хеле ҳам дурушту дағал посухаш дод, ки «президент ба маслиҳати ту намекунад».

Ончуноне мебинед, ҳеҷ яке аз Прокурорҳои генералии ҳукумати Раҳмонов, агарки сала мегуфт, кала меоварданд, на бообру аз кор гирифта шуданд ва на баъди рафтан рӯзи хуш доштанд.

Ба фарқ аз Шерхон Салимзода дар матни фармони аз корравӣ ё барканории Юсуф Раҳмонов «ба сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр шудааст, аммо шарти асосӣ, ки «бояд Сафари бачаат бо Фарзона зиндагиро идома диҳад» албатта, ки сабт нашудааст ва хоҳем дид, ки бо вай чи хоҳад кард ва барои мисол то ба синни нафақа расидани Юсуф Раҳмон ҳоло чаҳор соли дигар боқист ва Юсуф Раҳмон барои мисол 59 сола асту прокурори нави таъиншуда Ҳабибулло Воҳидзода 60 сола мебошад.

Раҳмонов тули беш аз се даҳаи ҳукуматаш фақат худаш ва оилааш ва хешу табори худашро дидааст.

Инро бори дигар дар тимсоли сарнавишти ин Генпрокурорҳо шоҳид шудед. Барои мисол ҳамин Бобоҷон Бобохонов буд, ки Ёқуб Салимро шинонд, Муҳаммадрузӣ Искандаровро аз Маска оварду шинонд, Ғаффор Мирзоевро шинонд, Абдуҷалил Ҳомидовро шинонд ва  матбуоти мустақили кишвар масалан Рӯзи нав, Неруи сухан, Оламу одамро басту арзу шикояти соҳибони ин расонаҳоро тамоман ншунид. Чун закази Раҳмоновро иҷро кард, на ҳарфи қонунро.

Бобоҷон Бобохонов аз давраи ҳодисаи куштори Сангак Сафаров, ки прокурори Қурғонтеппа буд корҳоро мепечонд, дар ташкилу сохтани «сфабрикований» делоҳо устод буд. Масалан хуб медонист, ки Ғаффор Седой дар ҳеҷ ҷое яроқҳои баҷоӣ надорад ва он яроқҳо ҳамааш аз они худи Раҳмонов буд, аммо тавре кард, ки ӯро дар табаддулот муҷрим шинохт ва бо дастури шахси Раҳмонов ҳукми умрбод дод. Чунки ба гуши Раҳмонов расонида буданд, ки Ғаффор бо Таҳмина «роман» дорад.

Аммо ҷиноят ва хиёнатҳое, ки Юсуф Раҳмон дар мақоми Прокурори генералӣ алайҳи миллат ва мардуми Тоҷикистон содир кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ намедиҳад, ки бо прокурорҳои пешин муқоиса кард. Юсуф Раҳмонов дар сагигарӣ ба Раҳмонов аз ҳам гузаронд. Бо вуҷуди онки сарнавишту қисмати пешиниёни худро, масалан ҳамин Бобоҷон Бобохоновро ,ки устодаш аст ва Файзуллои писари ӯро, ки рафиқи наздикаш буд, бо чашмони сар дида буд, фақат ва фақат барои қонеъ кунонидан ва розӣ нигоҳ доштани Эмомалӣ Раҳмонов қонунро на инки муроат накард, балки таҷовуз кард, адолатро аз байн бурд.

Аввалин ҷинояти мудҳиш ва ғайри қобили бахшиши вай ин буд, ки алайҳи ҲНИТ парванда боз кард ва бо талаби маҳз ҳамин Юсуф Раҳмон ин ташаккули сиёсӣ террористӣ ва мамнуъ эълон гардид ва роҳбарияти олии он ба зиндон кашонида шуданд. Юсуф Раҳмон, ба унвони Прокурори генералӣ мебоист ин туҳмати бастаи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро дар кудетои дуруғии Ҳоҷӣ Ҳалим шарик донист, намепазируфт. Чунки вай, нозири риояти қонун аст ва ин ҳақро Қонуни асосии кишвар ба ӯ додааст.

Бубинед, ки имрӯз дар Амрико қонун ва прокурору судя ба чи корҳо даст мезананд. Ҳоло, ки Трамп як ҳафта ҳам тул накашид, ки судяҳои чанде аз иёлатҳои болои як фармони вай дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ касб накардани бачаи муҳоҷир эътироз карданд ва ин фармон муаллақ шуд. Албатта, мо воқеъбин ҳастем, чунинашро талаб надорем.

Вале бояд ҳифзи мақому мартаба ва каромат, шаҳомат бошад, арзише барои худ ва курсии худ ва шахсияти худ қоил шуд. Прокурори генералӣ ниҳоди назораткунанда аст ва иҷрои қонун ва қонунмандӣ дар кишвар аз ӯ сахт вобаста аст. Муҳим аз ин ҳама ин вазифа ва масъулияти давлатӣ аст на аз они шахс ва аз они Президент. Чоплусӣ, хушомадгуӣ ҳам бояд дар доираи қонун сурат бигирад, на бо нақзу поймол кардани қонун.

Дар давраи ҳеҷ додситони дигаре беҳуқуқӣ, беназоратӣ, қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ривоҷ ва равнақ наёфта буд, ки дар давраи Юсуф Раҳмонов сурат гирифт.

Бо туҳмату буҳтон чандин нафарҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон овард, токи табъи Раҳмоновро хуш бисозад. Масалан вақте Суҳроби Зафар, раиси Гуруҳи 24-ро аз Туркия оварду  СС.Ятимов давдав фурудгоҳ рафту аз трап ӯро бардошту СИЗо бурд. Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов гуфт, ки «кори СС аз трап то СИЗо аст. Суҳробро ӯ овардааст».

Ҳамин тавр худаш эълон кард, ки бо дастури шахсии вай Абдухалил Холиқзода, нависанда ва раиси бемористони Сино ва нависандаи хушном Абдуқодири Рустам бе ягон асосу далел боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳамин тавр дар давоми ду-се соли ахири прокурории Юсуф Раҳмонов наздик ба даҳ нафар рузноманигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Мисли онки як навъ ба журналистҳо бадбинии ботинӣ дорад.

Ҳақиқат, чуноне мебинем, дер ё зуд ошкор мешавад. Барои ҳамин бояд адолат ва қонунро ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷойи аввал бигзорад ва дар ҷойи аввал бипазирад, тем более, ки барои Раҳмонов ва ҳукумати вай фурсат кам мондааст. Аммо зиндагӣ идома дорад.

Ба хотир касби ризо ва ширин кардани худ ба Раҳмонов корҳоеро, дурусттараш ҷиноётеро, ки Юсуф Раҳмон алайҳи миллат содир кард, муртакиб шуд муртакиб нашавад, иҷтиноб варзад, бо як роҳу шевае бифаҳмонад, ки оқибати вазнин дорад ва Раҳмоновро мунҳариф созад. Ҷаноби Воҳидзода бубинад, ки Раҳмонов дигар на Бобоҷон Бобохоновро на Шерхон Салимзодаву на Юсуф Раҳмонро суроғашон мекунад. Ин тақдиру қисматҳо бояд сабақ шавад. Фардо дигар дер хоҳад шуд

Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода инро бидонад, ки Раҳмонов рафтанаш қариб омадаст. Ҳиҷ кас намондааст, ки Раҳмонов монаду то охири дунё бошад. Умрбодии вай бо умри худаш аст, умри дунё нест.

Виҷдону инсоф дошта бошед. Худо ва рӯзи ҷазоро ҳам фаромӯш накунед. Ба буи Раҳмонов худ, хонаводаи худ, ояндаи бачаву фарзандони худро ба хатар нагузоред. Ин ҳиҷ таҳдид нест, ин ёдоварӣ аст ки акнун баъид аст касе аз давру бариҳоятон ва тем более Эмомалӣ Раҳмонов ин гапҳоро бароятон  гушзад кунад.

Ба хотири курсӣ ва мансаби Раҳмонову духтару бачаҳову домодҳои расмиву ғайрирасмияш худро дар муқобил ва зидди халқи Худо ва Худо қарор надиҳед.

Мо таваққуъамон аз Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки сабақ бигирад. Сабақ бигирад ва бар асоси қонун кор кунад на закази Раҳмону Рустаму Озодаро бигираду инсонҳои бегуноҳро ба зиндон афканад.

Ҳабибулло Воҳидзода хуб медонад, ки ҳарчи дар Тоҷикистон Прокурор гуяд, ҳамон мешавад ва судҳои мо ҷуръат ва ҷасорати радди ҳарфи прокурорр надоранд. Аз ин ҷиҳат ҳам бояд сахт инсофро нигоҳ дорад. Масъулияти вазнин аст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё. Ҳамин тавр буд, ки имоми мо, Абуҳанифа (раҳ) зиндонро, зиндони ин дунёро аз дасти ҳоким қабул кард, аммо ба хотири растагорӣ дар он дунё, ки абадист, мақоми қозигиро аз  Шоҳ напазируфт. Иллаташ ин буд,ки мабодо ман шахсе хасми подшоҳ бошад ва барои ризояти халифа ман ҳукми онро тибқи хоҳиши ӯ содир кунам ва ҳукми одилона содир накунаму Холиқро норозӣ созаму охиратамро хароб намоям.

Юсуф Раҳмон мижааш хам намехурд. Ҳукмро дувойнову севайно медод ба ҳазорон бегуноҳони ин миллат.

Агарчи Юсуф Раҳмоновро ба сабаби ба кори дигар гузаштан барканор кард вале ҳиҷ изҳори ташаккур накард. Ба Бобоҷон Бобохонов барои хидматҳояш изҳори ташаккур карда буд.

Вале Юсуф Раҳмонро гирифту дураш андохт. Акнун он пуштдарониҳои Юсуф Раҳмон ,ки ҲНИТро парвандаи пур аз туҳмат сохта аз ақсои олам хост, террористияш бишиносанд, чи шуд? ҲНИТ, ки ба роҳ баромадаасту Юсуф Раҳмон барканор шуд.

Барканории Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, қудои последнийи Раҳмонов аз барканории Бег Сабур, сардори Хадамати алоқа, қудои передпоследнийи Раҳмонов фарқ дорад. Бег Сабур 14 сол дар мақомаш истод. Аммо қудои ахираш ин лутфу марҳаматро мушарраф нашуд ва ҳамин тафовут, ки қудои послединияшро шонси сеюм надод, бори дигар тасдиқ мекунад, ки «ҷудо шудӣ,ҷазир шудӣ».

Ҳарфу ҳиҷои ҷудоии Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аз чанд вақт ба ин су дар расона ва нашрияҳои электронӣ чарх мезанад ва мо гуфта будем, ки «эра»-и Юсуф Раҳмон ба интиҳои худ расид, аммо фақат ба хотири онки бадзабонҳо ва бахусус мухолифин мазоҳу масхараашон накунанд, Раҳмонов то вақти интихобот, ки кам монда буд, тоқат мекунад. Аммо Раҳмонов, агарчи тоқат накард, заҳрашро чаконд ва ҳатто Юсуф Раҳмонро маҷол надод, ки ба унвони Прокурори генералӣ гузориши солонаашро дар Маҷлиси Миллӣ ироа бидорад ва ӯро то чанд рузаке ҳам таҳаммул накард ва атояшро ба лиқояш бахшид ва кафшҳояшро пеши пояш гузошт, балки агар ошкортар ҳарф бизанем «як шатта дар пушташ зад»-у Хурюшовгираш карду аз давру бараш сур кард.

Кори худоро бинед, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмоновро мисли як ошғол, ки вуҷудаш ҳукумати Раҳмоновро олуда ва бадбу карда бошад, аз кашталаш гирифту дафъаш кард. Вагарна метавонист ранги Бег Сабур, ранги СС.Ятимов, ранги Рамазон Раҳимзода барои навбати саввум ҳам таъйинаш  кунад. Накард.

Ончики маълумотҳо ба мо мерасад, яке аз далоили барканории Юсуф Раҳмон «бадбахту бевашавӣ»-и Фарзонаи духтари кучули бокирааш бошад, далели дигар ин буда, ки «парвандаи табаддулот»-и Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ маҳсули фантазияи худи Юсуф Раҳмон будааст. Дар амал кадом табаддулоте даркор набудааст. Хуб бубинем, ки поёни ин моҷаро бо чӣ меанҷомад ва Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генералӣ дар ин парванда дигаргунӣ хоҳад кард ё не?

Аммо, агар ки Воҳидзода ҳам ба ҳамин масир роҳ гирифт, вою сад вой ба ҳолаш!

Сообщение Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №179
Ҳеҷ яке аз аъзои оилаи Раҳмонов, он вай хоҳ фарзандони  худаш, фарзандони бародару хоҳаронаш, фарзандони хусуру хусурбурдаву ҳевару қайсингулу дигару дигараш ва махсусан домодҳои расмиву ғайрирасмиаш бо ончи ки доранд, иктифо намекунанд. Онҳо ҳатман бояд забт кунанд, тасарруф ва тасоҳуб кунанд, зада ва кашида гиранд. Бонк доранд, бизнесҳои калон доранд, роҳи мардумро пулакӣ кардаанд, аммо боз ҳам сер намешаванд, чашмашон ба чизу чора ва молу мулки камбағалонаи мардум духта шудааст. Як намунаи дигар чунин захватҳои рейдерии домодҳои Раҳмонов дар ин нома зикр шудааст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап дар бораи рӯзи таваллуди Раҳмонов хеле мақолаи ҷолиб ва хонданибоб навиштаед. Ба назарам худаш ҳам хонда кайф кард.

Ҳоло ин мафҳум, ки донишманд бошӣ, бовар кунед, ҳеҷ маънову мазмуни пешинашро надорад. Агар дониш китоб бошад, масалан фалон фалон китобҳо, ман як нафарро медонам, ки ҳатто як маротиба дар дасташ нагирифтааст. Аниқу дақиқ   медонам, ки на хондаст ва на медонад. Аммо вай 113 китоб навиштааст. Аз вай иқтибос меоранд, аз вай мегуянд. Ин шахс Раҳмонов аст. Дар идомаи навиштаи шумо бахшида ба рӯзи таваллудаш ман ҳам чанд ҷумла изофа карданиам.

Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов соли 1952 дар оилаи қашшоқи камбағал таваллуд шудааст. Ягон вақт шикамаш сер набуд. Аз ин рӯз сар карда агар даҳ соли дигар ҳам ҷамъ кунад, дуздад бюҷети давлатро, заминҳои Тоҷикистонро боз фурӯшад, конҳои тиллоро ба хитойиҳо ба савдо занад, боз 50 миллиард доллари дигар ҳам ҷамъ карда ба бонкҳои оффшорӣ равон кунад, ҳеҷ гоҳ сер намешавад. Чунки аз хурдӣ гушна калон шудаасту ширро бо дуғ якҷоя карда мехурдааст. Аз зиндагии худамон ба ёд дорем, ки мо дуғро бо орди сеюм ва коҳ аралаш карда ба говҳоямон медодем. Ин барзагови Раҳмонов ҳамин дуғҳоро бошад худаш мехурдааст!

Раҳмонов агар сухан дар бораи курсии Президенти раваду барои мисол касе бигуяд, ки ин домодат (Ҷамолиддин )аз Рустам беҳтару боақлтар аст, уро ба ҷойи худат Президент бимон ба он нафар раҳм намекунад.

Ин суханро Президенти Россия Путин дар як вохурии шахсӣ баъди бо Ҷамолиддини домоди Раҳмонов ҳамсуҳбат шудан гуфта буд. Акнун бубинед, бо домоди Президент, шавҳари Озода чи шуд? ӯро ҷосуси Амрико бароварданд, кадом гуноҳҳоеро ба сараш заданд, ба мисли командир Нур Фақиров. Уколи девонагӣ ё заҳр доданд, ки дигар аввалхо дар роҳҳо таҳти контрол Ҷамолиддинро  медиданд. Ҳозир бошад тамоман нест шуд. Дар куҷо ва чи аҳвол доштанашро ҳеҷ кас намедонад. Ба мисли бомж шуда буд, охирҳое, ки дар шаҳри Душанбе медиданд ӯро.

Чунин мисолҳо бисёранд. Раҳмонов бо генерал Маҳмадрузӣ Искандаров рафиқ шуда буд. Ҳамеша якҷоя ужин мекарданд. Дидед, ки бо вай чи кор кард? 23 сол зиндон дод. Бо Ёқуб Салимов, ки ҳаёти Раҳмоновро аз суиқасд наҷот дода буд, чи кор кард? 15 сол зиндонаш кард, шишту баромад. Бо Салихов Маҳмадназар, ки бе ӯ чой намехурд, гуё сахт рафиқ буд, чи кор кард?  Соли 2009 ум бо дастури бевоситаи Раҳмонов Бузмаков ё Аламшозода Абдурраҳмон  дар пеши чашми кудаконаш ӯро паронд.

Бо Генпрокурори собиқ Бобохонов Бобоҷон чи кор кард? Аз вазифа пеш карду писараш Файзулло Бобохоновро бегуноҳ ба воситаи кали Фаттоҳи Раққоса ва Шерхон Салимзодаи «Нахалява» ӯро низ 10 сол зиндон кард. Аз Саъдӣ- командири хешаш, аз Суҳроб Қосимови ҳамшаҳриаш, аз командири Гвардияи президентӣ Ғаффор седойю аз дигарон Файзалӣ ва Сангак, ки ӯро ба сари қудрат оварда буданд, касе намонд. Ноҷавонмардона ҳамаи онҳоро кушт ва зиндон карду то ба имрӯз зиндон карда кушта гаштааст. Ин далелҳои раднашавандае ҳастанд, ки   касе рад карда наметавонад. Бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам даст дод, сулҳ кард,аммо дар охир аҳдшиканӣ карда ӯро ҳам заҳр дода кушт. Раҳмонов маняк ва убийтса аст, киллер аст. Ба ӯ ҳеҷ вақт набояд бовар карду эътимод кард!

Турсунзода

Салом бародари азиз  Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз соли 2006 то 2013 дар Кумитаи амнияти ноҳияи Турсунзода фаъолият кардаам. Мехоҳам дар бораи гаремҳои росткардаи Ҷамолиддин Нуралиев дар деҳаи Қаратоғи Турсунзода гап занам. Дар Турсунзода, дар деҳи Батош ҳоло Ҷовидон мегуянд Фируз  гуфтанӣ  марде зиндагӣ мекунад. Ӯро ҳозир ҳоҷӣ Фируз мегуянд. Ин мард ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев  аст

Бо воситаи ҳамин ҳоҷӣ Фируз Ҷамолиддин Нуралиев  заминҳои кишту кори деҳқонӣ мекардаи мардумро, ҳамаашро бо таври маҷбурӣ кашида гирифта гарем рост кард. Он гаремҳои росткарда дар деҳаи Қаратоғ дар дараи Куранро бо номи дачаҳои президент овоза андохта аммо худашон духтарҳои ҷавонро оварда  кайфу сафо мекунанд. Ин ҳоҷӣ Фируз, ки ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев аст алҳол директори кони ангишти «Фон- Яғноб»-и Айнӣ мебошад.

Аз дасти ин ҳоҷӣ Фируз мардуми деҳаю ноҳия ба дод омадаанд. Чунки корашон фақат захват кардани заминҳои мардуми камбизоат, кашида гирифтаву фурухтан аст. Хусусан додари  ҳоҷӣ Фируз номаш Суҳроб  Сайфулоев, ки мардуми деҳа аз дасташ ба дод омадагиянд. Корашон фақат маҷбурӣ кашида гирифтани заминҳои мардум ва сохтани документҳои қалбакӣ аст.

Кадом замине, ки дар  ноҳия ё дар  деҳа  маъқул афтод барои таҳҷои магазин  кашида мегиранду документи қалбакӣ карда ба дигар одам бо пули гарон  мефурушанд. Он гаремҳое, ки барои Ҷамолиддин Нуралиев рост кардагианд дар деҳаи Қаратоғи Турсунзода  дар минтақаи Куран фақат духтарҳои ҷавонро аз шаҳри Душанбе оварда кайфу сафо ва ишқварзӣ мекунад. Хусусан рӯзҳои шанбе ва якшанбе.

Як  рафиқам, ки коркуни амният аст, шоҳиди як ҳодисае шуда буд, ба ман нақл кард. Гуфт, ки рузи чоршанбе ва фасли тобистон буд. Духтари Ҷамолиддин Нуралиев бо ду духтар  ва  як марди қоматбаланде барои дамгирӣ ҳамин дача  омаданд. Яъне ба гареми Ҷамолиддини падараш.

Рафиқам ба  ман нақл кард, ки вақте онҳо дам гирифтанӣ омаданд манро гуфтанд ки  ман  бояд  аз  инҷо  муддати  муайяне бароям. Ман бошам ҷавоби рад додам ва  ба  онҳо  фаҳмонидам, ки ман набояд аз инҷо муддати муайяне бароям,  чунки ман дар инҷо ҷавобгар ҳастам.

Ва онҳо ба ҳуҷраи истироҳатӣ даромада  хело  набаромаданд. Қариб ду соат гузашт. Онҳо дар ошёнаи дуюм буданд ва муддате гузашт. Ҳамон марди қоматбаланде ва  духтари Ҷамолиддин Нуралиев бо дугонааш тани урён  баромада дар ҳавз -бассейн  оббозӣ карданд. Хело хушҳол буданд.

Ва дар ҳамин ҳол як  марди дигаре  вориди  истироҳатгоҳ  шуд, бо мошини Ланд крузер 200, номерҳояш 0505 ВВ. Манро маҷбур кард, ки истироҳатгоҳро тарк  кунам.

Набошад аз  корам дафъ мешавам  ва  ман  баромадам  ва дар беруни дарвоза  интизор истодам. Қариб 3 соат гузашт ва онҳо манро фарёд карда гуфтанд, ки  истироҳатгоҳро кабул кунам.

Баъд ман фаҳмидам,ки ин мард ҳамон бойфренди  Озода бо номи Шаҳбоз будааст.

Хулосаи гап ҳамин ҳоҷӣ Фируз, ки барои Ҷамолиддин Нуралиев гарем рост  кардааст, бисёр мардуми деҳа ва ноҳия аз дасти вай ба дод омада намедонанд, додашонро ба кӣ гуянд. Додари ҳоҷӣ Фируз Суҳроб Сайфулоев бисёр  борзи мебошад. Кадом замине, ки барои таҳҷои магазин аст аз  соҳибаш ба таври маҷбурӣ кашида мегирад ва онро ба дигар кас  мефурӯшад. Бисёр заминҳои мардумро  кашида  гирифта фурӯхтагианд. Кораш фақат мородёрство, катагӣ  аз пушти Ҷамолиддин Нуралиев аст.

Бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин хоҳиш мекунам, ки дар ягон  барномаатон ин навиштаи маро нашр ва навор кунед. Ман боз ҳаракат мекунам, ки маълумотҳои  навро нисбати  Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳоҷӣ Фируз расонам.

Раиси маҳаллаи Ҷовидон, деҳаи Батоши ноҳияи Турсунзода бисёр марди хабаркаш, мардумро мефурӯшад. Ному насабаш Азимов Абдусалим. Ҷавонон вақте аз мусофират аз Русия меоянд, ҳатман ба милитсия хабар медиҳад, то аз он ҷавон пулкананд.

Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Мухаммадиқбол. Номаи ман аз Хуҷанд. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи норизоятии сокинони шаҳр аз амали мафияи сохтмонӣ хабарҳо ба нашр расид. Махсусан, дар атрофи «Хонаи Қайроққум», ки дар   маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ғавғо ва эътирози зиёде ба амал омад. Ин «хона» ба  он  ҷиҳат машҳур аст ки дар он бисёр роҳбарони имрӯзу дирӯзи вилояту республика зиндагӣ мекарданд. Дар он ҷо то чанде қабл сарвазири собиқ Яҳё Азимов, модару хоҳар ва бародараш ҳамроҳи хонаводаашон зиндагӣ мекарданд. Аммо ӯ ҳоло дар Дубай, дар як қасри боҳашамат бо хидматгорони хориҷӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин дар Дубай як иморат барои ҳамсари нахуствазири феълӣ ва ҳамчунин як иморат барои Зафар, писари Яҳё ва ҳамсараш (ҳарчанд мегӯянд, ки ӯ дар хонааш дар Лондон зиндагӣ мекунад) вуҷуд дорад.

Дар шаҳри мо барои ҳама маълум аст ва ҳама медонад, ки Яҳё Азимов бародари хурдиашро фиреб карда, молу пулашро дуздидааст. Мегӯянд, борҳо ваъда дода буд, ки маблағи қарзи ҷиянҳяшро бармегардонад, аммо то ҳол ҳатто як сомонӣ надодааст. Онҳое, ки аз корҳои хонаводагии ӯ огоҳанд, мутмаинанд, ки дар паси ин тамаъ ва ин гуноҳ аз рӯи ислом (молу мулк ва маблағҳои фарзандон) ҳамсари тавонояш Дилбар  истодааст. Барои он ки вай шавҳарашро комилан назорат мекунад, вай тасмим мегирад, ки бо кӣ муошират кунад, бо кӣ сӯҳбат кунад. Аммо ин дуруст нест, ин як найранг аст. Ӯ ҳамчун сарвазири собиқ орзу дорад, ки ба қудрати олӣ бирасад ва ҳатто писараш Зафарро ҳадди ақал раиси ҳукумат кунад.  Вай барои ин бисёр корҳо кардаистодааст. Вай ин корро пинҳонй ва доимй амал кардаистодааст. Илова бар ин, ӯ то ҳол нисбат ба Раҳмонов барои аз кор ронданаш нафрати сахт дорад. Ҳарчанд Яҳё  Азимов бояд барои ҷиноятҳои худ дар зиндон мебуд. Масалан, корхонаи қолинбофии оилавии ӯ замоне аз Олмон қарздор буд ва қарзро напардохт. Ҷолиб он аст, ки ӯ аз немисҳо ба маблағи ним миллион евро мукофотпулӣ (откат) гирифтааст. Аммо то имрӯз қарзҳои шахсии ӯ аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон пардохт мешаванд. Дар Дубай метавонист мустақар гардад ва хуб зиндагӣ кунад, аммо Яҳё Азимов хело шахси кинагир ва мумсик аст.  Вай аз тамоми масъалахои сиёсӣ ва идтисодӣ бохабар аст. Бо шахсони теневой дар мамлакатҳои хориҷӣ алоқаи доимии махфӣ дорад. Ҳар моҳ дар Дубай ҳуҷҷатҳои для служебного ползованияи вазорати иқтисодро аз Душанбе мегирад. Чаро ба нафакахур ин аълумотҳо лозим аст?

Зани фармонравои ӯ -Дилбар ҳамчун прораб шахсан ба зудтар вайрон кардани хона мусоидат карда, шахсан ба сокинон фишор меорад, ки манзилҳои худро зуд холй кунанд. Чаро ба вай ин лозим аст, вай дар он ҷо зиндагӣ намекунад? Ҷавоб оддӣ аст — Яҳё Азимов барои бунёди як бинои баландошёна бо маркази савдо ва офисҳо миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст. Барои он ки дар оянда дар маркази шаҳр манбаи даромад дошта бошад. Ва ҳадафи дигар аз тариқи фишор болои сокинон эҷоди норозигӣ аз мақомоти маҳаллӣ ва раисиҷумҳур аст. Бале, бинокорони кироя бо намояндагии ширкати қаблан номаълуми шаҳри Душанбе «Қудрат 2010» бар хилофи қонун, дағалона ҳаёти онҳоро вайрон мекунанд, шантаж мекунанд, таҳдид мекунанд.

Ва заминфурӯши маъруфи Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода(Қофлонбой), раиси вилояти Суғд тамоми талоши худро мекунад, ки аз ин кор чашм пӯшад ва намегузорад, ки дигар ниҳодҳои давлатӣ ба ин бесарусомонии қонунӣ вокуниш нишон диҳанд. Дар Хуҷанд, дар сохтмон аз иштиҳои раиси вилоят дар ҳама ҷо қонуншиканӣ ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон мушоҳида мешавад, аммо барои ӯ хуб аст – пулҳо мустақим ба ҷайбаш мераванд. Тибқи маълумоти ахиран расида, таҳиягарон барои дахолат накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маблағи назаррасе супурдаанд, то ба шикояти шаҳрвандон дар бораи нақзи қонун посух надиҳанду тамоман расидагие накунанд. Ба маблағи 500 ҳазор доллар. Ва ҳамчун тӯҳфаи шахсӣ — соҳиби даромадгоҳи алоҳида дар бинои баландошёна, ки онҳо ният доранд, созанд барои фарзандон ва хешу табораш. Дар ин миён Яҳё Азимови пири маккор мехоҳад зуд пул кор кунад ва пинҳонӣ дар Хуҷанд тухми бесуботӣ ва нооромӣ корад.

Ва минбаъд, нақшаҳои ин нақшакаши ботаҷриба ҷумҳуриявӣ мебошанд. Дар шаҳр мегӯянд, ки танҳо Яҳё Азимов, нанги Хуҷанд метавонад дар назди хешу табор ва ҳамсояҳои собиқаш ба чунин пастӣ даст занад.  Мо минбаъд низ дар бораи кирдорҳои нопоки ӯ ва Раҷҷаббойи заминфурӯш (Қофлонбой) хабар медиҳем. Ҳар қадаре, ки чунин ашхоси тасодуфӣ дар ин ҷодда кам шаванд, зиндагии мардум ҳамон қадар осонтар мешавад.

Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳазор раҳмат ба шумо, ки ба доду шикоятҳои мо -мардуми мазлуми тоҷик мерасед. Ман як сокини Қубодиёнам. Як нома дорам ба Эмомалӣ Раҳмонов. Ман сахт дар хашму ғазабу ва норозиям.

Бас будагист. Зулму золимӣ ҳам ҳаду ҳудуд дорад, ба ин андоза на будагист. Падарам як коргари давлатӣ аст. 40 -45 сол шуд, ки ба миллат ва ватан хизмат мекунад. Охир чаро ин военкомат ӯро бурда махкам кардааст? То писарат ба хизмат наравад ҷавобат намедиҳем, гуфтаанд. Охир канӣ ҳамон қонун, канӣ ҳамон адолат? Дар Тоҷикистон кадом писарони кормандони давлатӣ хизмат кардагианд? Қонун барои одамҳои бетағаи камбағал аст. Бойҳо қонунро задагӣ якҷо бо қонунбарор. Мардум гов нестанд, мебинанд вазъият дар хизматро. Ҳар сол чанд солдатро мекушед, чандтоаш маъюбу маслуқ бармегардад. Мардум девона аст, ки фарзандашро калон карда ба қассобхона мефиристад? Ҳар моҳ меоянду пул-доляашонро аз военкомат мегиранд. Боз меоянду дуғ мезананд, ки «бачата бгу бия хизмат брава».

Охир қонун барои ҳама як бошад барои чи Сомони Эмомалӣ хизмат намеравад? Чаро Исмоили пингвин хизмат намекунад. Фаридуни бачаи Озода? Бачаи Парвина ва Ашраф? Бачаи Ҳасан ва.. Ба мисли Сомониву Исмоилу Фаридуну… ҳамин хеле пур аст, қонуну қонунбарорро задагиянд инҳо.

Чор танга сум роҳӣ мекунанд аз Русия военкомат, заҳри танааш шавад, хунобаи баданашон шавад, мараз бишавад дар танаашон, ин ҳарохурҳоро. Ҳозир ҳамон сумро роҳӣ карда намешавад. Русия аз як лаб ҳамаро депорт карда истодааст. Фақат фишор болои мардум. Барои беҳбуди авзоъ ягон коре намекунанд, то ки сатҳи зиндагии мардум ақалан хуб шавад. Охир боигарии миллат, боигарии давлат аст. Як Раҳими ғармӣ, агар хато накунам 20 нафарро соҳиби хонаву манзил кард, ин пешравӣ нест? Ин хуб нест?

Ба мисли Раҳим агар 100 кас бошад чи?

Тоҷикистон аз ҷиҳати хурду кучак буданаш дар харитаи ҷаҳон қриб,ки номаълум аст. Боз ин Раҳмонови гушначашм як қисмашро ба хитоиҳо фурӯхт, як қисмашро аз он су Узбакистон гирифт, аз тарафи дигар қирғизҳо даъво карда истодаанд. Ба худи Тоҷикистон замин дар фосилаи пойҳои Азизмоҳи газетхонак намонд.

Русия бо ин қадар паҳновариву калонӣ роҳбаронаш вазифаҳояшонро ба хубӣ иҷро мекунанд. Як нафар шикоят кунад, дарҳол он одамро меёбанд, ҷазояш медиҳанд. Як нафар бародари тоҷики худамон дар Русия кондуктор буд дар автобус. Як рубли кампири русро здачӣ намедиҳад. Кампир шикоят мекунад, «ай кор срш мекнан, ки ту як рубли кампира хурдӣ». Дар ҳоле, ки он бача гуфт даруни автобус пури одам буд. Ман фаромуш кардам, ки баргардонам. Аммо он кампири дағалгуфтор дарҳол ҷангро бардошт. Вале дар Тоҷикистон агар одамхуриву одамкушӣ шавад Раҳмонов аслан  парво надорад, мезанад арақро алкаши худозада хоб мекунад кай парво дорад.

Раҳмонов хоб мераваду парвои миллату мардумаш надорад. Бо тамоми вуҷудам ба Раҳмонови алайҳи лаънат нафрат дорам. Илтимос устод ин дашномҳои маро қайчӣ накун то Раҳмонви алайҳи лаънат бидононад, ки мардум аз ӯ безор шудагианд, тамоми мардуми тоҷик ба ӯ нафрат доранд.

Медонам, ки Раҳмонов барномаҳои «Номаҳо…» ро мебинад. Бинаду фаҳмад, ки ман дашномаш кардам. Аммо дар ғоибаш тамоми миллат чунин дашномҳоро ба ӯ мекунад. Аз уҳдаи вазифа намебароӣ, истеъфо деҳ, пур аст шермардони тоҷик. Тоҷикистонро аз Дубай хубтару беҳтар мекунанд. Мардум нависед, натарсед.

Бе ғайр аз «Ислоҳ» дигар ҷои арзу шикоят надоред, пас нависед чи ҳодисаву ноадолатиҳоро мебинед, сурат ва навор гиред партоед, ҳатман нашр мешавад. Дер ҳам шавад, ҳатман нашраш мекунанд.

Сино

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини шаҳри Душанбе, аз ноҳияи Сино ҳастам.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар шабакаҳои барқиаш, мардумро ба 40 миллион сомонӣ зиёд қарздор кардаанд. Гуё аз счётчикҳои пештара қарз боқӣ мондааст. Аммо дар асл сумҳоро дуздидану акнун ба гардани мардум зада истодаанд. Вақте  счётчикҳоро электронӣ карданд, ҳамаи мардум қарзҳояшро пурра супорида буданд ,баъд часпонданд. Ҳозир бошад светҳои мардумро кушта, қарздоред, биспоред гуфта як хел одамҳоро то 5000 сомонӣ қарздор карданд. Мардум дар шабакахои барқии Сино ранги мурча доду вой доранд. Касе ба доди мо намерасад. Ман худам шахсан ягон дирам қарздор нестам. Аммо ҳоло маро сесаду 46 сомонӣ қарздор карда чароғи хонаамро куштанд. Ман рафтам ба сари светавои ноҳия. Гуфт квитансияатро биёр. Ман аз хона омада бурдам. Диду гуфт, ки дуруст навиштаанд, шумо қарздор. Ман иҷно навиштаанд, ки бақия сесаду 46 сомонӣ. Ман гуфтам, ки ин бақия ба ман дахл надорад. Ва контролери пулҷамъкунак ҳам гуфта буд, ки ин қарзи шумо нест. Ин гуна бақияпулӣ ба сари ҳар кас навишта шудааст. Инро аз шумо намегиранд.

Аммо ҳоло моро маҷбур карда истодаанд, ки қарзи набударо пардозем. Охир, ин чи давлату давлатдорӣ аст, ки ниҳоди давлатӣ бо туҳмат аз мо пул мегирад? Рустами Эмомалӣ акнун сардиҳо саршудаистодаанду барқхомӯшкунӣ ва ҳелаҳои нави қарздоркунии аҳолӣ сар шуд. Охир агар давлатдори кардан наметонед истеъфо карда равед ягон инсони метавонистагӣ корро сар кунад!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №179 появились сначала на ISLOH.net.

«Қимоб»-и табаддулот
«Табаддулот»-и Усмонзода  фархориҳоро як умра аз қудрат дур кард

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили ҳамакнун собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси қаблии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди анҷоми «табаддулоти давлатӣ» муттаҳам ва рӯзи 12 июни соли ҷорӣ дастгир карда шуд.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, ки рӯзи 14 июн дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати азли ваколати Саидҷаъфар Усмонзода суҳбат мекард гуфт:

«дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад».

Саидҷаъфар Усмонзода нафари аввал дар майдони сиёсати Тоҷикистон нест, ки бо иттиҳоми «бо зуроварӣ ғасб кардани ҳукумат, яъне анҷоми табаддулоти давлатӣ» боздошт ва ба давраҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешавад. Ва, яқинан Усмонзода ҳам айни Ёқуб Салимов, собиқ вазири дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Горди миллӣ, Муҳаммадрузӣ Искандаров, собиқ раиси Тоҷикгаз, Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳолатҳои фавқулодда, Маҳмаданазар Салихов, вазири пешини умури дохилӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа, соли кам нахоҳад гирифт. Инҷо ба ҷуз аз Усмонзода, боқии афрод нафарони низомӣ ва ҳамагӣ генераланд, ки баъзеашон мисли Мирзо Зиёев, Маҳмадназар Салихов ва Абдуҳалим Назарзода, мулаққаб ба Ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи неруҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо зарби тир ва руирост кушта шуданд.

Аммо дар ин васат дар ошуби ба истилоҳ Ҳоҷӣ Ҳалим, ки дар сетябри соли 2015 ва ҳоло имруз дар табаддулоти Саидҷаъфар Усмонзода, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон шарик дониста мешавад.

Дуруст аст ки дар қазияи Хоруғ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар баҳори соли 2022, ки даҳҳо нафар кушта ва даҳҳои дигар ба шумули генерал Холбаш Холбашев дастгир ва ба ҳабси абад гирифта шуд, исми яке аз муовинони ҷаноби Кабирӣ дар ПМТ Алим Шерзамонов садо дода буд ва ҳоло исми Шарофиддин Гадоев, муовини дигари Кабирӣ зикр мешавад, ки гуё сарпарастии ин кудеторо бо пули Кабирӣ бар уҳда доштанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд, ки «Тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом» Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд».

Айнан ҳамин гуна иттиҳомро чуноне тазаккур кардем дар вақти тафтиши ҳаводиси Хоруғ баён карда буданд. Ва дар ошуби ҳоҷӣ Ҳалим низ гуфта буданд, ки гуё Муҳиддин Кабирӣ барои иҷрои  табадллуот  1 млн 200 ҳазор доллар додааст.

Аммо ин бор сухан аз 10 млн доллар ва ширкати гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» меравад ва ба фарқ аз «хоб»-ҳои пешини табаддулотии Раҳмонови қимоб аз калиаи табаддулот нафари иҷрокунанда на нафари низомӣ ва на генерал, балки як бигзор бигуем сиёсатмадор ва вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода меравад.

Зимни суханронии худ Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд, ки Усмонзода ба гуноҳи худ иқрор кард.

«Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.

Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми вакилиаш то соли 2025 эътибор дорад».

Аз суҳбатҳои Юсуф Раҳмон бармеояд, ки Саидҷаъфар Усмонзода «худиқрорӣ» кардааст. Як бори дигар ба ин ҷумла ва муҳтавои он мутаваҷҷеҳ бишавед: «Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст».

Яъне ба ҷуз аз иқрори гуноҳ ҳамчунин дар дасти тафтишот «сабти навор ва гуфтугуҳо», «нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс» вуҷуд доштааст.

Ман ба дурустии нақшаи ин табаддулоти давлатӣ шаку шубҳа дорам. Бахусус, вақте Усмонзода, ки акнун ба унвони «лидер» ва одами асосии ин табаддулот эълон шудааст, филфавр «иқрор» кардааст ва низ тафтишот шоҳидону нишондодҳо ҳам дорад.

Бовар кунед, ки ин як бозии бисёр ҳам примитив аст ки ягон ақли солим бовар карда наметавонад.Масалан Усмонзода,ки дастпарвар ва сохта ва маҳсули эҷоди худи ҳамин режим аст,чи вазну ҷойгоҳе дорад,ки битавонад табаддулот анҷм диҳад.Магар Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон  Зарифӣ то ин ҳад хурду заиф шудаанду ба танг омадаанд,ки аз пушти Усмонзода,як нафаре дар осмони сиёсат муаллақ бираванд?

Аз тарафи дигар он намояндаи давлате, ки омода шудааст 10 миллион доллар бидиҳад, аз кадом давлат аст? Русия?

Вақти ошуби ҳоҷӣ Ҳалим Раҳмонов ва командаи вай Эрон, кишвари дар нохунак дӯстро ба унвони сарпараст ва сармоягузор муттаҳам карда буданд. Ҳоло, агарчи ном намебаранд Русияро дар назар доранд.

Вале оё дар ҳақиқат Русия мехоҳад дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад ва Раҳмоновро нав кунад?

Ҷавоби кутоҳи мо ин аст ки Русия ин корро ҳаргиз намекунад ва дар фикри нав кардани Раҳмонов нест ва ҳар ки бовар дорад, ки Русия якчунин нақша ва қасд дорад бисёр ҳам хушбовар аст.

Аз тарафи дигар, оё шумо бовар доред, ки Русия бар муқобили Раҳмонов Кабириро пеш мегузорад ва ба вай пул медиҳад,ки Раҳмоновро чапа кунад?

Ин суолро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ додам ва аз вай пурсидам, ки пас, иллати зикри ҲНИТ ва ПМТ ва номи худи у дар айбномаи Прокуратураи генералӣ дар айбномаи зидди Усмонзода чӣ аст?

Раиси ПМТ гуфт, ки байни Раҳмонов ва Путин ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд надорад ва барои Путин Раҳмонов писанд аст. Вале зикри исми вай ва ҲНИТ ба он хотир аст ки дар воқеъ ҲНИТ ҳамин ҳоло ҳам, агарчи дар кишвар амал намекунад, пурнуфузтарин ва пуртарафдортарин неруи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Барои боварбахш садо додани ин табаддулот аз ҲНИТ зикр шудааст. Ва зикри «Ансоруллоҳ», ки на як бору ду бор барои сияҳ кардани ҲНИТ пеш меояд, низ ҳисобшуда аст, яъне Кабирӣ бо созмонҳои террористӣ дар иртибот аст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд,ки Раҳмонов бо зикри ПМТ ва исми раиси он дар қасду нақшаи таҳияи парванда ва айбҳои нав алайҳи мо ва созмони мо аст ва мехоҳад ба аврупоиҳо моро ба унвони як шахсият ва гуруҳҳои табаддулотгар нишон бидиҳад ва бигуяд, ки шумо бо чи касоне паноҳандагӣ медиҳед ва ҳамкорӣ мекунед.

«Мо ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаем, ки дар қасди тағйири ҳукумати Раҳмон ҳастем, аммо тавассути мардум ва миллат на аз тариқи афроди алоҳида ва на аз тариқи табаддулот».

Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ …. “ва   дигарон”-и  гуфтаи Прокурори генералӣ

Тибқи хабарҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарзхурда феълан бархе аз шахсиятҳои пурнуфуз ба мисли Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шурои олии Тоҷикистон ва  и.в. президенти Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Усмонзода дастгир шудаанд. Асомии афроди дигар ҳам дар дасти мо ҳаст, ки онҳоро бозҷуӣ ва бозпурсӣ карда барои баъзе аз онҳо ихтор додаанд, ки берун нараванд ва шиносномаҳои хорҷиии онҳо гирифта шудааст.

Аз шумори ин афрод Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ, бинобар маълумоти аз манобеъи муътамад ба дасти мо расида аз чанд руз ба ин тараф дар СИЗОи амниятанд. Ҳамчунин як сарҳанги КДАМ бо номи Нарзулло Наимов ва низ як сарҳанги гумрук бо номи Нурулло Ғаниев   дар доираи ин парванда дастгир шудаанд. Нурулло Ғаниев беш аз як моҳ пеш дастгир шуда буд барои тасарруфи амволи давлатӣ вақте иртиботашро бо Убайдуллоев ва СС. Ятимов пайдо намуданд ин шабу рӯзҳо ӯро дар ин қазияи “табаддулот” ҳамроҳ карданд.

Гуфта мешавад,ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар рӯзҳои 16 ва 17  мавриди кофтукоби неруҳои қудратӣ қарор гирифтааст. Пайвандонаш барои вай ба СИЗО либос бурдаанд.

Ва, аммо нуктае, ки мешавад инҷо зикр кард, кам нест. Барои мисол масъалаи қудоии Саидҷаъфар Усмонзода бо СС.Ятимов, раиси КДАМ. Бинобар хабарҳо аз чандин вақт ба ин тараф Ятимов он ҷойгоҳу мақоми собиқи худро надорад, балки баракс Раҳмонов бар садоқати вай шубҳаи сахт  кардааст. Ва тибқи хабарҳои расида Раҳмонов баъди омаданаш аз Маскав пас аз иштирок дар ҷашни бахшида ба ғалаба рӯзи 9 май уро дигар аслан қабул накардааст.

Нуктаи дигар нақшу роли русҳо ва Русия дар ин гуна бозиҳо аст. Аз Ғаффор Мирзо, то Салихову дигарҳо гуё ба бозии русҳо афтода қурбонӣ шуданд. Русҳо ҳар аз гоҳе бо Раҳмонов мушкил пеш ояд ҳамин гуна «кудетоҳо» “ташкил” мекунанд ва Раҳмоновро бо ин васила зери фишор қарор медиҳанд. Чун онҳо  аз ҳирсу ози  Раҳмонов бохабаранд ва медонанд ки вай омода аст барои ҳифзи курсиаш ба пасттарин корҳо даст бизанад.

Аммо ин бор Раҳмонов бозиро густардатар гирифтааст. Тавассути ин ба ном табаддулот сари чанд нафар аз шахсиятҳоро дар дохили кишвар бихурад ва саҳнаро комилан холӣ бикунад, аз тарафи дигар парвандасозӣ барои ПМТ ва сияҳсозии оппозитсион ва роҳбарияти он дар Аврупо бикунад.

Вагарна афроде амсоли Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон Зарифӣ баъид аст ки дар ин гуна тавтиаҳои алакӣ ва масхара шарик бишаванд, бахусус,ки агар дар ин бозиҳо барои мисол ҲНИТ, созмони сиёсии исломӣ ҳам шарик буда бошад.

Феълан як Ситоди махсус аз ҳисоби мақомоти қудратӣ барои тафтиши қазияи кудетои Усмонзода ташкил шудааст,ки ин бор роҳбарии он бар души Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шудааст. Агарчи ин афрод, ки гуфта мешавад то кунун беш аз 60 нафарро ташкил медиҳанд дар доираи моддаи 306 мазнун шинохта мешаванд ва бозрасии ин модда дар салоҳияти КДАМ аст аммо тамоми ҷараёноти бозрасӣ таҳти контроли мустақими Юсуф Раҳмон аст   ва ҳар шахси мазнун ва ҳамшарики Усмонзодаро маҳз бо фармони Юсуф Раҳмон даъват ва бозпурсӣ карда мешавад. КДАМ,ВКД дар итоати ситоди ташкил кардаи Юсуф Раҳмон аст ва ҳери фармони ӯ амал мекунанд.

Ва, дар охир ин хабар ба дасти мо расид, ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар пушти беморхони Қараболо мавриди кофтукоб то ҳатто заминаш побел ва фарши матбахаш канда ва касеро нагузоштаанд, ки   ки ворид шавад. Нафари шоҳиди воқеъӣ аз мақомот ба “Ислоҳ”мегуяд, ки бачаи калонии Искандаровро аз Хитой даъват кардаанд ва бачаи дуввумашро аз Маскав.

Зани дуввуми Искандаров (зани аввалааш фавтидааст) як рус будааст, ки ҳамзамон адвокаташ ҳам мебошад, аммо роҳ надодаанд, ки бо Искандаров суҳбат кунад. Гуфта мешавад мақомот гуё чанд наворҳои тасвирии суҳбатҳои Искандаров дар кадом тарабхона бо Усмонзодаро доштаанд.

Ҳамчунин боздоштҳои язгуломиҳо дар дохил ва дар берун ва истирдоди онҳоро  аз Русия ва инки онҳо бо Ансоруллоҳ робита доштаандро низ дар доираи парвандаи ҳамин қазияи кудетои Усмонзода банду баст карданианд. Яъне талош карда истодаанд, ки ин ҳодисаро ҳарчи бештар калону бузург нишон диҳанд. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” фармон чунин аст,ки адади афроди гумонбар ва гӯйё дар ин табаддулот шарик набояд аз 150 нафар кам бошад. Чунин савол шудааст,ки агар натавонем ин миқдор пайдо карда чикор кунем? Посух чунин будааст,ки клани Фархориҳо дар мақомотҳои қудратӣ бояд дар ин қазия дохил карда шаванд ҳамчун фармоишгар ва Язгуломиҳо амаликунанда нишондода шавад. Дигар ба ҳеҷ нафар аз Фархориҳо эътимод накунанд ва аслан дар иҷрои фармон ҳеҷ раҳме нахуранд.

Аз чанде аз ҳамсояҳои Искандаров баёнот ҳам гирифтаанд. Аз ҳамсояҳо суол кардаанд, ки Искандаров дар хонаҳои онҳо чизе пинҳон накардааст. Ва ба наздикони Искандаров ҳушдор додаанд, ки ҳеҷ ҳарфе ба берун нагуянд, чун телефонҳояшон гуш карда мешавад.  Ва нуктаи дигар ин аст ки ин манзили Искандаров дар шафати манзили Рамазон Раҳимзода вазири дохилӣ қарор доштааст ва манбаъ мегуяд,ки Искандаров солҳо мешавад, ки инҷо зиндагӣ намекардааст.

Ps: Ин маталаб аз оғози ин қазия буд, ки тақдиматон гардид. Ҳар маълумоти ҷиддитаре ба дасти мо расид ҳатман онро тақдимаатон менамоем.

Сообщение «Қимоб»-и табаддулот появились сначала на ISLOH.net.

Т.Пиров миллионҳо доллари вазирони қудратиро барои наҷоти ҷонаш надодааст
(Вижаи чордаҳум)

Ин вижаматлабро бидуни муқаддима оғоз менамоем ва худи матлаб гӯёи ҳол аст.

Ин бор аввал аз саунаи таҳхонаи «Тоҷиксодиротбонк» оғоз менамоем. Ин сауна ҷои ишрату маишати Тоҷиддин Пиров, Қурбон Хушаков, Давлаталӣ Сайидов,Ҳусейн Идиев, Эшони Хайриддин куратори дин дар КДАМ, Хуршед домсоз шогирди Гул Шералӣ, Мансур Умаров, Раҷабалӣ Раҳмоналиев, Сангов Сафар ва чанде дигар аз партнерҳои бизнес ва меҳмонҳои Пиров буд. Ҳоло, гап-гап аст ки ин биноро дар ниҳоят «Спитаменбонк» “мехарад” ва ба эҳтимоли зиёд дар тоқи пешонии он минбаъд на «Тоҷиксодиротбонк», балки «Спитаменбонк» овезон карда мешавад. Зимнан дар музоядаи аввали баргузоршуда на ин бино ва на меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар пойтахти кишвар, ки мутааллиқ ба Тоҷиддин Пиров аст, фурӯхта нашуданд ва шоядам дар дафъаҳои баъдӣ бо қимати мувофиқ барои Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмонов, соҳиби “Спитаменбонк”, ки овозаҳо дар бораи муовини аввали сарвазир таъйин шудани ӯ , яъне дар курсии холикардаи Давлаталӣ Сайидов, шаҳрро пур кардааст, фурӯхта бишвад ва харидор ҳам Ҷамолиддин бошад.

«Ва, аммо дар идомаи вижагузоришҳоямон аз кору фаъолияти Пиров Тоҷиддин маълумотҳое ба дастамон расид, ки бори дигар нишон медиҳад, дар ҳақиқат Пиров Тоҷиддин  як аферисти ниҳоят гузаро будааст.»

Сафар Ғаюрович Сафарови марҳум, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, собиқ муовини раиси ҲХДТ,  150 миллион доллар дар бонки Пиров пасандоз гузошта будааст. Як бачаи Сафаров герчик мешаваду кадом вақт бар асари тазриқи аз меъёр зиёд-«передоза» мемурад. Ҳоло мегуянд, ки як наберааш Фаромарзро чанд ҳазораш доданду алкашаш карданд. Аммо, Сафаров дар ин бонк саҳмияҳои зиёд ва чунон мебинем маблағи зиёд боқӣ монда будааст. Сафар Сафаров 12% аксияи “Тоҷиксодиротбонк” аз ӯ буд. Вале ҳоло касе суроғ намекунад ва ин пулҳо дар дасти Пиров Тоҷиддин аст. Як домоди Сафар Сафаров бо номи Усмонқул собиқ раиси “Орёнбонк”и Хуҷанд мехост пули депозити гузоштаи хусурашро бигирад,ки Пиров Тоҷиддин тавассути КДАМ ӯро “бе зарар” гардониданд.

«Аз Маҳмадназар Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилӣ 13. миллион доллар дар бонки Пиров пасандоз монда аст. Як ё ду бор Пиров ба бачаи Солеҳов, ки дар Дубай будааст, 400 ҳазор доллар «перевод» мекунаду тамом. Ҳамин тавр аз Матлубхон Давлатов, собиқ муовини аввали сарвазир низ як маблағи бузург дар «Тоҷиксодиротбонк»  банд мондааст.Шумораи маблағи Матлубхон Давлатовро зери 21 миллион доллар гуфтаанд.»

Як саволи мантиқӣ

Бубинед, вақте «Тоҷпромбонк»-ро тафтишу карданд нисбати раиси он Ҷамшед Зиёев парванда боз карданд ва ҳоло вай дар зиндон аст. Албатта, пулҳои ӯро ҳам кашида гирифтанду аз они худ намуданд. Аммо, бо вуҷуди ин ҳама камбуду норасоӣ чаро ба Пиров Тоҷиддин  «чақа» намешаванд, суд намекунанд?

Аз Ҷамшед Зиёев аз дохили ИВС ба “Ислоҳ” чунин маълумот расид. Ҳангомеки ӯро боздошт намуда буданд ва дар дохили “Боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ” ба наздаш меомаданд ва мегуфтанд,ки агар хоҳи озодат намоянд бояд ту маблағҳои Таҳмина Раҳмоноваро баргардонӣ. Ҷамшед Зиёев ҳам ду миллион доллари Таҳминаро бо додани хона ва моликиятҳои ғаири манқул ҳисобӣ кард. Пас аз ҳисобӣ кардан дигар кораш тамом шуд ва зиндонаш карданд.

Чаро ин ҳама ба ӯ бовар карданд?

Ба он хотир ки СС.Ятимов, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Рамазон Раҳимзода , Мансур Умаров ва чандин нафар аз мансабдорони калон дар дасти Пиров Тоҷиддин маблағҳои калон-калон доранд.

«Вақте Маҳмадназар Солеҳов «осӣ» шуд, тамоми зиндагии ӯро зери тафтишот  бурданд. Идораи коррупсия ба ҳама бонкҳо нома навишта дархост кард, ки дар бораи ҳисобҳои бонкӣ ва маблағҳои пасандозкардаи Солеҳов Маҳмадназар маълумот бидиҳанд. Ҳамаи бонкҳо ин талаботро қонеъ намуданд, аммо Пиров Тоҷиддин ин корро накард ва гуфт пеши ман Солеҳов Маҳмадназар пул надорад.»

Аммо хонаводаи Солеҳов медонист, ки дар ин бонк пул доранд. Пиров, як каме дертар ба бачаи Солеҳов дар Дубай, чуноне гуфтем пул фиристод. Гуфтааст, ки «отаат ҳамин қадар пул дошт. Вале ман ба ин ҳукумат гуфтам, ки ӯ дар бонки мо пул надорад. Ман ба ҳеҷ каси онҳо нагуфтам, ма номард нестам ҳамин амонати отата гир».

Шояд бачаҳои Солеҳов бовар карданд ,ки пули падарашон ҳамин қадар буд ва ё шояд тарсиданд, ки агар даъво ҳам кунанд намерӯяд, пулҳои Солеҳов, ки аз 12 миллион доллар зиёдтар буд, ин ҳам дар ихтиёри Пиров Тоҷиддин қарор гирифт ва то ҳоло дар дасти ӯст. Аммо аҷобати кор дар инҷост, ки баъди онки Пиров Тоҷиддин ба бачаи Солеҳов Маҳмадназар 400.000 доллар мефиристад ҳама ҳукуматиҳо бовар карданд, ки Пиров Тоҷиддин  одами честний ва тоза асту пас аз кушташудани Солеҳов пулро бар гардонид. Дар ҳоле қатрае аз баҳрро ҳам барнагардонида буд.

Киҳо кидат ва ё нима кидат шуданд?

СС.Ятимов дар бонки Пиров Тоҷиддин  50 миллион доллар дорад. 8 миллион доллари Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар дасти Пиров аст. Раҷабалӣ гоҳе, ки хонаи Пиров Тоҷиддин ва ё ҳамон саунаи бонк меомад, бо як Опел-зефира меомад. Дар қафои мошин нишаста, майдаяк, худашро баҷо карда дар сараш як шляпаро кашида меомад. Инҳо меомаданд сауна ба сари пулҳояшон. Пиров Тоҷиддин онҳоро обу зиёфат мекард, арус меовард, дилашонро пур мекард, ки пулҳояшон ҷобаҷо аст. Инчунин дар “Тоҷиксодиротбонк” 10 миллион доллари Зариф Гурез раиси собиқи кумитаи гумрук ҳам боқӣ монду дигар соҳиб надорад. Дар мавриди Зариф Гурез инро низбояд биафзоем,ки ҳангоме,ки ба бемории саратон мубтало шуд ва ба аврупо барои табобат рафта буд .Пулҳояшро талаб кард,то шими дармон намояд . Дар ин ҳолат Тоҷиддин Пиров пулҳояшро чанд маротиба гузаронид 200 ҳазору 300 ҳазор доллари. Ин амалиётро Ҷамолиддин Нуралиев фаҳмида ба Пешво хабар медиҳад вақте аз Пиров мепурсанд, ки ин чи маблағ аст? Пиров мегуяд пули худаш аст ва барои табобаташ талаб дорад,ки фиристем. Инҷо пешво мегуяд хуб барои табобат бошад гузоред табобат кунад.  Раиси собиқи Тоҷик Эйр  ду миллион долларашро Қурбон Хушаков ва Тоҷиддин Пиров гирифтаанду дигар барнагардонидаанд. Чунин афрод ададашон хело зиёд аст, аммо бечораҳо ҳолаташон ҳамон масали тоҷикиро мемонад. “Қандам хурди хап кун, фандам хурди хап кун” Аммо яқин аст ҳамаи ин пулҳои ҳароми фиреб кардаи мардум ва аҳолии кишвар буданд,ки ин дуздону коррупсионерҳо гирифта ва ба дасти ин ғоратгарони моҳир гузоштаанду ҳама ба яғмо рафтанд.

Пиров “бе зарар” гардонии худро пешгирӣ кард?

Аммо, бовар кунед, ки Пиров Тоҷиддин аз еврей дида ҳушёртар аст. Чанд соли пеш, ҳатто даҳ соли пеш, вақте Зайд Саидовро бардоштанд, ҳамон вақт гуфта буд, ки «акнун навбати ман аст». Вай даст зад бо сохтмон. Дар Данғара 9 то доми 9 этажка бардошт. Дар ноҳияҳо, ҳатто ноҳияи дурдасти Ишкошими бадахшон барои бонкаш филиал сохт. Он вақт ҳама таърифу тавсифаш мекарданд, ки тоҷири муваффақ асту барои одамҳо ҷойи корӣ ва маҳалли кор месозад. Аммо, баъдан маълум мешавад, ки барои мисол агар бинои филилаи бонакш дар Ишкошим ё куҳистони Мастчоҳро дар 30 ё 40 ҳазор сохта бошад аз бонк 300.000 доллар «списат» кардааст. Барои ин тарҳи боло навиштан махсӯс команда ташкил карда буд,ки танҳо ба ин кор машғул буданд.

«Ҳоло ба ғайр аз манзили зисташ дигар ҳама дороиҳояш-«недвижимост»-ашро дар бонк залог-ба гарав гузоштааст. Барои мисол меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-ро, ки аз они худаш аст дар бонки худаш залог монда  100 миллион доллар гирифтааст. Хуллас, тамоми чизашро залог монда, пулҳоро гирифта ба хориҷа интиқол додааст.»

Як қисми зиёди ин пулҳоро ба воистаи Муқим Майбалиев, як бадахшонии муқими Маскав ба Русия фиристод ва аз онҷо ба хориҷа. Муқим Майбалиев бародари марҳум Хушназар Майбалиев, коргардон ва директори собиқи театри ба номи Абулқосим Лоҳутии Душанбе аст. Ба воситаи ин одам хеле пули калонро ба хориҷа фиристод. Гуё, ки Пиров аз ӯ қарздор асту ба вай қарзҳояшро баргардонидааст. Ин Майбалиев шаҳрванди Русия аст ва аз рӯи баъзе маълумотҳо ё ҳамкурси Пиров Тоҷиддин аст ва ё инки дар Институти хоҷагии қишлоқ бо ҳам кор карда будаанд, ки одами наздики Пиров Тоҷиддин ба шумор меравад ва ҳар гоҳе Пиров Маскав меомадааст ҳамин Майбалиев ӯро истиқбол мегирифтааст.

«Бо маълумоти дигари расида ба «Ислоҳ» Муқим Майбалиев пуле,ки дар бонки Пиров гузошта будааст он маблағ  панҷ миллион доллар аз губернатори Твери Русия будааст. Инчунин барои шаҳрвандии Русияро  гирифтани Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон ва оилаҳояшон кумак намудааст. Инчунин барои дисертатсияи доктории Пиров Тоҷиддин кумаки шоёне карда будааст. Инчунин барои номзади илми техникии Хушаков Қурбон Раҳматович ва доктории илмҳои сиёсатшиносӣ шуданаш хело заҳмат кашида будааст. Ҳама ин заҳматҳоро ба он хотир карда буд,ки бо инҳо ҳамкорӣ менамояду соҳиби пуле мегардад, аммо…»

Ин Муқим Майбалиев барои Пиров он қадар муҳим будааст, ки аввал пули ӯро медиҳаду сипас пули Озода Раҳмоноваро. Мумкин аст қарздор ҳам буда бошад ва ё ӯ маблағе депозит дар бонки ӯ гузошта бошад. Худи ҳамин факт аз ниҳоят муҳим бадуни Майбалиев барои Пиров шаҳодат медиҳад.. Дар ин тарҳи хориҷ кардани пулҳо директори собиқи генералии меҳмонхонаи “Тоҷикистон” оқои Муҳаббат ва дӯсти Эронии ӯ оқои Манучеҳр як тоҷири муваффақи Эронӣ,ки чанд меҳмонхона дар Эрон дорад сурат гирифта аст.  Боз як факти дигар бародари хурдии Тоҷиддин Пиров Муҳриддин Пиров, ки дар ВКД  муовини аввали СБ буд дар ин тарҳ бародарашро кумак кардааст, агар хоста бошанд номҳои он генералҳои русро метавонем зикр намоем, то ҳеҷ шакку шубҳае барои ҳеҷ касе намонад. Мо намехоҳем инҷо аз пеши худ чизи илова кунем вале ҳолати аслӣ чунин буд. Муҳим ин шакли монёври интиқоли пулҳо ба хориҷ аз кишвар будаанд. Албатта боз ҳам баъзе аз монёврҳои ҷолиби дигар ҳам ҳастанд вале мегузорем онҳоро ба матолиби баъдӣ.

Спектакли Пиров Тоҷиддин дар назди қарздорон

Вақте Пирову командаашро аз раёсати«Тоҷиксодиротбонк»  барои шаш моҳ берун кардаву онро бо ҷалби мутахассисини хориҷӣ аудит гузарониданд, чойи кабудро пешаш мекашиду мегуфт:  ин «калағавс» агар ақл дошта бошад бояд бонкро баргардонаду ба ман диҳад ва боз ба ман пул диҳад, ки кор кунам». Вай президентро «каллағавс» мегуяд.

«То ҷое ин монёвраш гузашт ва онҳое пешаш меомаданд бо нуфӯзе,ки доштанд қаноатманд намуданд “калағафс”ро ,ки бояд барои ин бонк пул дода шавад,то ӯ кор кунад ва пули мардумро диҳад. Албатта мақсади асосӣ пулҳои худи ин афроди зи нуфӯз буд, ки мехостанд пулҳояшонро аз Пиров гиранд. Бил охира тут ба муроди Пиров Тоҷиддин ва депозитмонҳои “камбағал”и дар баданаи ҳукумат пухт.»

Дар ҳақиқат дубора бонкро доданд ва ҳукумат аз 1 миллиард бештар барои вай қарз дод, то бонкро дигарбора бичархонад ва ҳамзамон пасандозҳои аҳолиро бозгардонад. Вақте аудиторҳои хориҷӣ тули шаш моҳ тафтиш карданд, диданд, ки дороиҳои бонк 100 миллион доллар арзиш надорад.

Аммо Пиров 400-500 миллион долларро хориҷа баровардааст. Пули банкро ба хориҷа фиристодааст. Вақте як миллиард зиёдтар доданаш авваин касе, ки амонати мондаашро пас гирифт Озодаи Раҳмон буд, 50 миллион доллар ва нафари дуввум Давлаталӣ Саидов 17 миллион доллари нақд. То онҷо, ки маълумот расид як қисми зиёди пулҳои СС.Ятимовро ҳам, ки гуфта мешавад камтар аз 50 миллион доллар аст, баргардонида дод. Аммо на ҳамаашро, чун сарнавишти раиси  “Тоҷпромбонк” ӯро дучор меомад. Аввалин шарти Давлаталӣ Саид ба Пиров ин будааст: “ма имзо мемонм барои ин пул ба бонк доданро вале якум пулҳои мара мегардонӣ” Пиров Тоҷиддин ҳам розигии худро дода будааст.

«Агар Пиров пули ҳамаи инҳоро медод харсудаш мекарданд. Вале Пиров Тоҷиддин  аз ёд медонист, ки ҳозир агар ман пулҳои инҳоро диҳам маро суд мекунанд ҳама чизамро кашида мегиранд. Пиров гуфт, ки маро намерасед, ба молу дороиям намерасед, ман пулҳоятонро медиҳам.»

Ҳамаи инҳо дар дасти вай пули калон доранд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода. Пиров пули онҳоро қисман, қисман дода истодааст. Онҳо ҳам агар барои Пиров Тоҷиддин ягон бало пеш ояд, талхаашон мекафад. Барои ҳамин баҷоӣ майда- майда ӯро зашишат карда истодаанд. Аммо аҳолӣ, мардуми бечора сӯхт. Ҳамин қадар қаллоби гузаро будааст, ки меҳмонхонаи «Тоҷикистон».ки 30 миллион арзиш надорад яксаду чанд миллион доллар баҳо карда сад миллиони онро ба хориҷ перевод кардааст. Инчунин чунин маълумотҳое ҳам расида истодааст,ки расчот карданро Пиров Тоҷиддин дар хориҷ аз кишвар ба афроди соҳибнуфӯз ба роҳ мондааст. Аммо боз ҳам бо повишени ҳисобӣ кардан. Аз ин афиёра ҳатман дар бахшҳои оянда хоҳем гуфт!.

Хуб якеашро мегуем,то нагуед чизе нест. Се моҳ пеш дар яке аз раионҳои маъруфи Москов Хушаков Қурбон ба Мансур Умаров як квартираи 130 кв метраро бар ивази маблағи 500 ҳазор доллар додааст. Инро мегуянд ҳисобӣ кардан дар хориҷ аз кишвар.

Тоҷиддин Пиров дар 33 мкр як Авторемзавод дошт бинои чор ошёна ва ҳудуди панҷ шаш гектор замин дошт. Дар дохили он ширкате бо номи Евразия дошт , ки бародари калонаш Маҳмадӣ Пиров раиси ин корхона буд. Онро ҳам «залог» монда даҳҳо миллион доллар пул гирифтааст. Вақте аз ӯ мепурсанд,ки пулҳо ку? ҳамон 9 бинои 9 этажка дар Данғара ва чанде аз биноҳои филиалҳояшро нишон медиҳад, ки дар инҷо масраф шуд. Аммо вай 10 сол пеш гуфта буд, ки «як рӯз ба сари ман ҳам меоянд,уже навбати ман аст,ман ягон кор бояд кунам.» Вагарна ӯ раиси Шӯрои мудирони бонк буд, худро пойин оварду директори бонк монда сипас сар кард барои кашидани маблағҳои бонк ба хориҷа, дар асл пасандозҳои мардумро.

Агар барои ҳамон 9 адад 9 ошиёнаҳои Данғара бисёр харҷ карда бошад 4 миллион доллар мешавад вале 36 миллион долларро «списат» кард. Вақте мепурсанд, ки чаро ин тавр шуд, ҷавоб медиҳад, ки ман тамоми масолеҳи сохтмонӣ, қуму сементу блоку дигару дигарро аз Душанбе кашонидам ва дар он манотиқ масолеҳи сохтмонии муносиб барои сохтмон ба иншоот вуҷуд надошт ва ҳаминхел гарон тамом шуд.

Каме аз корнамоиҳои Қурбон Хушаков ва писари ёғияш

Албатта, Қурбони Хушакови муовинаш ҳам аз Тоҷиддин Пиров камӣ ва монданӣ надорад. Пиров ва Хушаков ранги дугоникҳо ҳастанд. Ягон зот намонда буд, ки инҳо фиреб накарда бошанд.

Писари калонии Хушаков Сорбон ном дорад, дигариаш Эҳсон. Албатта дар матолиби гузашта ҷо ҷо аз онҳо гуфта будем ва дар ин бахш ҳам бояд бигуем. Сорбон ором ва ахлоқаш фарқ мекунад. Аммо Эҳсон ин айни падараш як қаллоби гузаро аст. Эҳсон вақтҳои ахир Пировро ҳам сахт фиреб карда буд. Гуё ваъда кардааст, ки барои Бонки Пиров сармоягузор меорад. Бо ҳамин баҳона наздик ба 150.000 доллари Пировро гирифта майишат карда гашт. Ин маблағро Пиров шахсан худаш роҳӣ карда буд, ки Эҳсон сармоягузор меорадаш  ва бонкашро аз мушкилот мебарорад.

Эҳсон дар Фаронса аст. Намояндаҳои фурушгоҳи Ашани Фаронсаро ҳамин Эҳсон ба назди Пиров овард. Онҳо омаданду гуфтанд, ки агар мисли дигар биноҳои Ашан бисозед, мо ба иҷора мегирем ва кор мекунем. Аммо Эҳсон гапро, аниқтараш гапзанонро ба Пиров таври дигар мерасонад, ки гуё намояндаи Ашан гуфта бошад, ки шумо биноро бисозед, ман пулашро медиҳаму мехарам. Гуё намояндаи тарафи Ашан ба Пиров гуфта бошад, ки 60%  ашро медиҳам боқиашро баъдтар, баъди корро сар кардан ва пеш- пеш. Вақте биноро сохта тамом карданд, баъд маълум шуд, ки гуё «нофаҳмӣ» шудааст, чунки намояндаи Ашан мегуяд, ки ин тавр гапзанон набуд. Шумо бисозед мо аренда мегирем. Чунки биноҳои Ашан дар ҳам гушаҳои дунё аренда гирифта шудааст. Дар ҳаминҷо байни ин дугоникҳо Пиров ва Қурбон Хушаков  як каме сардӣ пеш меояд. Пиров ноилоҷ як ошёнаашро ба Ашан иҷора медиҳад. Дар сохтмони ин бино 16 миллион доллар сарф мекунанд аммо 60 миллион долларро аз бонк списат карданд.

Чанд соли пеш Эҳсони писари Қурбон Хушаков бо мошин як хонум-бухгалтери Дастгоҳи иҷроияи Президентро зада кушт. Ин ҳодиса дар назди Домпечат руй медиҳад. Мошини БМВ-М5-и рангаш кабуд дар ишораи сурх мегузарад ва ба хонуми роҳгузар ончунон мезанад, ки вай ба ҳаво парида ба як дарахти канори роҳ мезанад ва ҷодарҷо мемурад. Боз ӯ синфи 11 буд,ки аслан шаҳодатномаи ронандагӣ надошт.  Дар даруни мошин бачаҳои Пиров ҳам буданд. Хушаков ронандаро «иваз» мекунад ва як ҷиянашро ба ҷойи писараш мегузорад ва ӯ 6 моҳ дар СИЗО мешинад ва давоми як сол аз маҳбас мебароранд. Як моҳ-ду моҳ бачаҳои Пиров ва Эҳсони Хушаковро муллоҳоро оварда мехононанд. Вақте ба Москав Эҳсонро мегурезонанд барои табобат ва вақте корҳояшро дар Душанбе дуруст мекунад падараш ва Эҳсон аз Маскав бо доруҳои мадҳуш кунандаи сахттаъсири Мифедрон ва Кристал бар мегардаду рафиқонашро муътод мекунад ва боз як ҷанҷоли дигарро барпо мекунад,ки Хушаков Қурбон Эҳсонро дар ҳол ба Фаронса мефиристад,то аз шарраш халос шавад.

Қурбон Хушаков дар бари хонаи Пиров дар Водонасос як қасри бузург дорад. Боз болотар, тарафи сементзавод  ду то хонаҳои ба камияш ду миллиондолларӣ сохта аст. Ин хонаҳо беҳад калонанд. Хушаков дар номи ҷиянҳояш ягон сито фирма сабти ном кардааст. Онҳо аксаран ба домсозӣ машғуланд. Аммо Хушаков Қурбон азбаски бисёр ҳам муғамбир аст асосан дар навоҳии атрофи Душанбе Ҳисору Рудакӣ дом мебардорад.

«Хонуми Хушаков Раиса Махсумовна худашро ҷияни Сангак мегирад ва Пировро аслан писанд намекунад. Шумо вайро бинед, гапзании ӯро бинед. Як намуд шаррас мезанад. Қурбон Хушаков дар пеши вай мисли паша аст. Ҳатто Пиров Тоҷиддин аз ин раиса Махсумовна сахт метарсад, аммо иллаташро намедонем. Зани Тоҷиддин Пиров бо галенваген мегирад. Назира ном дорад. Хеле …..аст. Дар любой дачаи  Варзоб бирав, ки айнакҳояш дар чашм бо бачаҳои ҷавон шиштагиаст. Ҳатман ҳамроҳаш Раиса Махсумовна  зани Қурбон Хушаков аст.»

Як рӯз дар Варзоб дар як дача бачаи Гулов Шералӣ Дилшоди прокурори собиқи ноҳияи Фирдавсӣ дохил мешавад,ки Раиса Махсумовна бо чанд зан ва Назираи ҳамсари Пиров  нишаста истироҳат доранд. Дар ин ҳолат занг мезанад ба Ҷалол додари Пиров Тоҷиддин,ки ҳамин янгаи ту кор надорад,ки кадом дача ё дискотекае надаром шиштагияи. Баъд Ҷалол занг зада шикоятро шурӯъ мекунад….

Каме аз зиндагонии Пиров Тоҷиддин

Аммо авлоди зани Пиров одамони аҷоибанд. Назира як бародар дорад. Як умри худо камазист аст. Ҳоло ҳам Камаз ҳай мегуяд. Мегуяд ман ин пулу моли Пировро задагиям. Тоҷиддин Пиров чор писар Синдбод, Беҳзод, Мелод ва якто хурди зардинаи аврупои сурат дорад ва як духтар бо номи Сабрина дорад. Духтараш як қаддарози дастдароз, ранги худи Пиров. Шавҳар кард, кадом бачаи муханасе будааст аст ки   ба хиёлам ҷудо мешавад. Синдбод бачаи калониаш аст, касал буд. Гурда ё ҷигарашро иваз карданд. Духтари холаашро гирифт. Беҳзод як духтари ванҷиро гирифт. Модараш он духтарро дар бозор мебинад, маъқул мекунад. Мегуяд мисли ҷавониҳои худам як зардак аст. Он духтар як бойфренд доштаст. Вайро бо зӯри пул гирифтанд. Падараш дар Маскав буд. Фарёд карда меоранд. Як мерседеси сечка харида доданд ва дар меҳмонхони Тоҷикистон охранник монданд, хуллас, келин карданд. Ин духтари ванҷӣ аз Беҳзод кудакдор нашавам гуфта дору мехурдааст. Аммо пулҳоро мегирифтаасту бо он бойфрендаш кайфу сафо карда мегаштааст. Як вақт телефонашро мегиранду мебиананд ва  перепискаҳояшро бо он бача ба даст меафтад. Он духтар тиллои зиёдро медуздад ва ба он бача гурехтанӣ мешавад. Даракашро меёбанд. Ҳамон тамизкор-уборшитсаи хонаашон доруҳои зидди бордоршавиро меёбад. Ва ниҳоят Беҳзод ӯро талоқ медиҳад.

Сорбон бачаи якуми Пиров бо духтархолааш любов -любов карданд. Духтари апаи Назира асту солҳо пеш мурдааст. Ин зан як духтарашро ба бародари худи Пиров Тоҷиддин Ҷалол додагӣ аст. Сорбон зан нагирифт, зан нагирифту яке ҳамин духтархолаашро гирифту гурехту рафту дар кадом ҷое иҷора гирифту рафт ҷудо зиндагӣ кард. Пиров гуфт оқат мекунам. Сорбон гуфт ҳар коре мекунӣ фарқ надорад, мисли киноҳои ҳиндӣ. Баъд аз онки бо он духтар чанд вақт зиндагӣ кард, дигар ҳама «помиритса» карданд.

«Тоҷиддин Пиров аз занаш қади аҷал метарсад. Аммо мегуянд, ки зани дуввумаш яке аз духтарҳои Шералӣ Гулов, вазири пешини саноат ва энержӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Хушаков як нафареро бо номи Сафаров овард дар филиали бонк роҳбар таъин кард. Дар Водонассос. То ҳозир судбозӣ идома дорад. Наздики 50 -60 миллион сомонӣ ба фирмаҳо бидуни залог қарз додагӣ аст. Яке аз онҳое, ки бе залог қарз гирифтааст Зафари чулоқи домсоз аст. Инро ҳам Хушаков Қурбон  оварда будааст.»

Пиров Тоҷиддин рафиқат шуд хонаат месӯзад

Дар мошеникӣ Қурбон Хушаков Тоҷиддин Пировро гузаронидагӣ аст. Маҳмуд, як нафар уругутии хонасоз буд. Кадом вақт мераванд ба назди ӯ ва хонаи сохтаи ӯро мебинанду Пиров ҳушаш  меравад. Тамоми корҳо дар ин хона дасткориву гаҷкорӣ шуда аст. Аммо хона ниматамом. Мегуяд, ки пул наёфтам, ки анҷом диҳам. Хонаи заминӣ. Пиров Тоҷиддин мепурсад, ки чаро идома надодӣ, мегуяд маблағ проблема шуд. Пиров Тоҷиддин мегуяд,ки ин қадар заҳмат кашидӣ, харҷ намудӣ, ҳайф аст, ки нотамом монад. Биё, аз бонк қарз гир. Кумакат мекунем.

«Он бечора пагоҳ меравад бонк, ки ҷурааш пул медиҳад. Пиров мегуяд барои баҷо овардани расмиёти бонк бояд залог гузошт. Хуллас сари ургутиро тоб дода ҳуҷҷати ҳамон   хонаро Пиров Тоҷиддин мегирад ва ба Маҳмуд қарзро медиҳад.»

Чанд вақт мегузарад. Болои Маҳмуди ургутӣ он қарз ва пенаву просентҳояшро ҷамъ мекунад ва коре мекунад, ки Маҳмуди ургутӣ лол мемонад ва хонаро Пиров аз они худ мекунад. Маҳмуд як марди  зӯри зӯр буд ва хуб мешинохтем ӯро. Вай суд шуду баромад. Ҳоло ҳам бад нест. Аммо он хонаро, ки дар се миллион доллар сохта буд, Пирови ҷурааш бар ивази 300.000 доллар аз дасташ кашида гирифт. Ин хона дар маҳаллаи 8 –марти Душанбе воқеъ аст. 30 сотих майдон дорад. Аз чаҳор ошёна бо зерхонааш  иборат мебошад. Мошинсаро, фаввораҳо ва таҳхона дорад. Он тавассути устоҳо аз Истаравшану Самарқанд сохта шудааст. Пиров рафиқони наздикашро ҳам хеле зиёд кидат кардааст. Танҳо нафароне, ки тавонистанд  пулҳояшонро аз Пиров пас гиранд Озодаи Раҳмон ва Давлаталӣ Саид мебошанд. Вай ба онҳо мегуяд, ки маро спасат кунед то пулатонро бидиҳам ва чуноне дар боло гуфтем вазирони қудратиро кам кам метияд ва барои ҳимояти худаш аст ин кораш.

Ҳозир ҳама бачаҳои Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков дар бонки Шветсария ҳисобҳои худро доранд, ки пулҳои муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” дар онҷо ва дар номи онҳо мебошад. Ҳукумат ҳамаи ин ҳолатҳоро ошкор кардааст ва медонад аммо ягон корашон карда натавонистанд. Барои онки ҳамаашон дар ин бонк пул доштанд. Вақте пули Озодаро надода буд, «шогирдҳо»-яш чанд бор пеши Пиров мераванд. Вай валерианкаро ба даҳон карда нолиш мекардааст, ки танҳо ҳамин хонаам  монд, дигар чизе надорам.

«Ҳамин як хонаам мондааст инро ҳам бигиред…. ҳамин хонаро гирифтаниед, бигиред».

Бародари Тоҷиддин Пиров Ғулом Пиров ном дорад, ки дар гузашта одами низомӣ буд. Солҳо дар сохторҳои ҳарбӣ кор кардааст. Абдураҳмони телехи Суҳроб Қосимро ҳамин Ғулом куштааст. Ҳозир бо Файзали Лангариев аст. Аз субҳ то шом маст мегарданд ва корашон президентро ҳақорат карда гаштан аст. Ҳозир агар бар фарзе ягон муштарӣ биравад пеши Пирову бигуяд, ки пулҳои маро баргардон ӯро амният фарёд мекунаду мепурсад, ки ту масалан 40 ё 50 ва ё масалан 200 ҳазор доллар дошта бошад, аз куҷо ёфтӣ? Як бору ду бор даъваташ мекунанду фишор меоваранду таҳдид мекунанд, он муштарӣ, ки бе ин фишорҳо ҳам аз гирифтани пулаш аз «Тоҷиксодиротбонк»-и муфлисшуда дилхунук шуда буд, дигар пайи пулаш намешавад. Ин «система»-и ҷоринамудаи Ҷамолиддин Нуралиев буд. Вақте мудирияти Тоҷиксодиротбонкро гирифтанду як муддате давлатӣ карданд Ҷамолиддин Нуралиев  бо ҳамин васила аз хеле муштариҳо халос шуда буд. Бо ин васила мардумро тарс доду ором кард, то ки барои пулҳояшон тазоҳурот накунанд. Ба гумони зиёд бинои “Тоҷиксодиротбонк”ро “Спитаменбонк”и Ҷамолиддин Нуралиев мегирад.

Поёни бахши чордаҳуми ин вижаматолиби кулоҳбардорони “Тоҷиксодиротбонк” , идома дорад….

Ps: Хонандаи гиромӣ мо дар ин бахши чордаҳум ҳеҷ фалсафагӯие ва шарҳу тафсире тақдиматон накардем ва танҳо бо фактҳо аз ҷиноятҳо ва пулшӯйиҳои ин мошеникҳо ва рабояндагони маболиғи калони аҳолии кишвар гуфтем. Дар қисматҳои баъдӣ аз ҳолот ва ҷиноятҳои дигари ин кулоҳгузорони моҳир хоҳем гуфт, то онҳоро бештар мардум ва мақомоти ноогоҳ фаҳманду огоҳ бошанд. Аз ҳолоти дохилоилавии инҳо ба он хотир мегуем,ки пули мардум дар истифодаи оилаҳои ин гурӯҳ мечархад. Бахшҳои дигари мо ҷолибтар ва аз ҷиноятҳои дигари ин банда хоҳем гуфту тақдиматон менамоем…

Сообщение Т.Пиров миллионҳо доллари вазирони қудратиро барои наҷоти ҷонаш надодааст появились сначала на ISLOH.net.

Аҳмади колбасаи %шик «спонсор»-и Р. Раҳимзода кист ва бо Боим ӯро чи мепайвандад?
(бахши аввал)

Дар навиштаҳои пешина оиди ҳаёт ва фаъолияти Қаюмов Аҳмад Ҷалоллович мулаққаб ба  Аҳмади «колбаса” аз нафарони наздик ба Шералӣ Кабиров каме ҳам бошад маълумот дода будем. Баъд аз шинос шудан бо тарҷумаи ҳол ва фаъолияти соҳибкории Аҳмади “колбаса” пай бурдем, ки бисёр ҳарис аст ва аз он тоифа зотҳоест, ки ба хотири пул ба роҳҳои паст мерафтааст. Яке аз дӯстони наздики Аҳмади “колбаса” нақл намуд, ки чи тавр Аҳмад байни як артисти хизматнишондодаи тоҷик ва  собиқ роҳбари Дастгоҳи президент, собиқ вазири дохилӣ Маҳмадназар Солеҳов дар як масъалае миёнаравӣ намуда аст.

Қиссаи ҷолиби вазифаи вазири фарҳангро «Колбаса» мехост фурӯшад

Фақат ба хотири ҳурмати он сароянда номашро ифшо намекунем. Албатта бисёре аз хонандагон фаҳмиданд, ки гап дар бораи кӣ меравад. Аҳмади “колбаса” бо он сароянда бисёр дӯсти мекардааст. Рӯзе Аҳмад ба он сароянда мегуяд, ки агар пул дошта бошӣ биё «ягон вазифат бигирум бтум» аз роҳбари дастгоҳ Салехов Махмадназар. Вай «барои пул ҷойи худро даркор бошад мефурушад», — суханони худро давом дода мегуяд Аҳмад. Сароянда ҳам каме фикр карда розӣ мешаванд. Ва ба хулосае меоянд, ки ба курсии ҷонишини аввали вазири маданияти Тоҷикистон бояд бишинад. Ин воқеъа тахминан охирҳои моҳи августи 2006 мебошад. Аҳмади “колбаса” баъд аз як-ду рӯз ба назди Салехов Маҳмадназар рафта маслиҳат мекунад. Салехов Маҳмадназар  ба Аҳмади “колбаса” гуё мегуяд, ки нархи ин вазифа, барои одами худат, 200 ҳазор доллар мебошад. Агар номзад розӣ бошад ҳуҷҷатҳояшро ба назди ман биёр бубинам, баъд мегуям кай сумашро аз дасташ бигирӣ. Аҳмад бо тезӣ сарояндаро ба назди худаш даъват намуда, воқеаро нақл мекунад ва сарояндаро розӣ мекунонад, ки вазири маданиятро камтар пас аз вазифааш мегиранду мумкин вазир ҳам шавӣ. Вазири ҳозира Раҷабмад Амиров ҳам пештар ҷонишини аввал буд. Бо ҳамин суханҳо номзадро розӣ мекунад ва ҳуҷҷатҳоро бо 200 ҳазор доллар талаб мекунад. Сароянда баъд аз чанд рӯз пул ва ҳуҷҷатҳоро ба Аҳмади колбаса меорад. То овардани пул ва ҳуҷҷат Аҳмад 3-4 маротиба ба номзад занг зада саросема мекунад, ки тезтар корро буд кун, ки ҷой аз даст наравад. Баъд аз пул ва ҳуҷҷатҳоро гирифтан зиёда аз ду моҳ мегузараду ҳама хомӯш. Аҳмади “колбаса” аз паси бизнесҳои худ гашта истодааст. Номзад 4-5 маротиба аз натиҷаи корҳо пурсон мешавад, ҳамон ваъдаҳои тоҷикӣ. Аҳмад таъкид мекунад, ки «аз таги телевизор ва ахбор дур нарав, фармонатро мехонанд». Бечора номзад як ахборро се маротиба такроран нигоҳ мекунад, ки мумкин маро фаромӯш карда бошанд ё гуфта бошанду ман нашунидам. Ҳамин тавр се моҳ дар таги телевизор менишинад. Баҳонаҳои дигар сар мешавад, «ана маҷлиси ҳукумат, рӯзи истиқлолият, визити пешво ба ягон ноҳия, ана зодрӯзи пешво, ана пешво настроения надорад, ана ҷамббасти нуҳмоҳа ва ғайраҳо». Ҳамин тавр рӯзҳо ва моҳҳо мегузаранд, ягон хабаре аз фармон нест. Рӯзи 01.12.2006 номзад, ки аз зери телевизиону ахборҳо дур набуд, фармонҳоеро гуш кард, ки ҳуш аз сараш парид. Фармони аввал, Салехов Маҳмадназар ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд, вазири маданият ба нафақа равон карда шуда ба ҷояш Асроров Мирзошоҳрух таъин гардид. Ба тези хонаи Аҳмади “колбаса” омад, ки ин чи кор шуд? «Колбаса» бошад бо як хурсандӣ ӯро пешвоз гирифта гуфт, ки акнун корҳо хеле хубтару зиндагиҳо беҳтар мешаванд, парво накун, боз МВД азони худамон шуд ва ваъда кард, ки 3-4 рӯз пас назди Салехов Маҳмадназар ҳамроҳ меравем.

Дидори артисти вазиршав бо ВКД М.Солеҳов

Як бегоҳӣ Аҳмад ҳамроҳ бо номзад ба хонаи Салехов Маҳмадназар рафтанд. Салехов хуб қабул кард. Баъд аз каме нушонуш Салехов Маҳмадназар ба тарафи Аҳмади “колбаса” нигоҳ карда гуфт, ки кори ин бародар ҳозир мушкилтар аст. Вазири нав одами шимол, лағжонак аст. Ягон гап занем тез ба пешво хабар мекашад.

«Биё ба рафиқат рутбаи майор ё подполковник медиҳем. Ин дар салоҳи Ятимов ва ман аст. Дар кадом ноҳияҳои куҳистонӣ муштарӣ зиёд дошта бошад, ҳамонҷо сардори ШКД равонуш мекунем. Як блокпост дар даромади ноҳия мегузорад, ки аз пойтахту дигар шаҳрҳо сарояндаҳо ба туйҳои ин ноҳия наоянд, ҳамаи туйҳоро худуш «монополия» карда мегузаронад. Дар 7-8 моҳ пулҳояшро кашида мебарорад.»

Колбаса ҳайрон монд аз пешниҳоди вазир, лекин ҳарду бо Салехов дар як фикр буданд, чи тавр сарояндаро розӣ кунанду пулашро қафо надиҳанд. Ин ду нафар  пули муштариро одати баргардонидан надоранд, пула доди тамом дигар ранги ҳарду гушат намебини пулта. Сароянда аз шунидани суханҳои Салехов дар ҳолати шок буд, намефаҳмид, ки вазир дар бораи кӣ гап зада истодааст ва гап дар бораи чанд пул меравад. Сароянда фикраш дар он буд, ки Аҳмад ба ӯ чанд дода бошад, ки ба ҳисоби ӯ дар як ноҳияи куҳистонӣ ман 200 ҳазор долларро дар ин қадар муҳлати кам ҷамъ мекарда бошам? Бо ҳамин хаёлҳо аз ҳавлӣ берун шуданд.

«Вақте ки аз хонаи Салехов берун баромаданд, Аҳмади “колбаса” гуфт, ки шеф фикри бад нагуфт. Як ҷонишини хуб мегирӣ корҳоро пеш мебарад, худат сарояндагиро давом додан мегирӣ. Дар хотир дошта бошӣ Илҳоми Ботурободӣ низ бизнесмен буд, боз начальник милисаи шаҳри Қурғонтеппа мондуш Шери «бинӣ». Ҳарду корро мекарду бизнесаш хуб пеш мерафт. Сароянда бисёр фикр карда, охир розӣ нашуд ва талаб намуд, ки илоҷ ёфта маблағи маро баргардонед. Аҳмади “колбаса” бо шефи худ маслиҳат карда, дар давоми қариб ду сол аз ҳисоби льготҳои додаи Салехов Маҳмадназар дар ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва миёнаравии корафтодагон як қисми пулро гардонду қисми дигарашро бо баҳонаи «шеф надод» ҳамин тавр бар нагардонид.»

Корнамоиҳои Аҳмади «Колбаса» бо вазири пешинаи дохилӣ

Солҳои 2007-2009, дар даврони вазири корҳои дохилӣ будани Салехов Маҳмадназар, Аҳмади “колбаса” аз номи ӯ ҳазорҳо паспорти тоҷикиро ба шаҳрвандони Афғонистон аз 5000$ то 20000$ ва зиёдтар ҳам фурӯхта онҳоро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва дигар мамлакатҳои Аврупо равон карда буд, ҳатман ҳамроҳи кормандони «паспортный стол», ки тамоми мақомоти Тоҷикистон аз ин кору бори Аҳмади “колбаса” хабардор буданд. Зиёде аз мардуми афғоне, ки дар Тоҷикистон паноҳ гирифтанд ё ғайриқонунӣ зиндагӣ менамоянд, Аҳмади колбаса онҳоро «крышагари» аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ менамояд, то ҳатто садҳо духтарони тоҷикро, ки онҳо хоҳарони мову шумо ҳастанд ба хотири пул ба онҳо шинос менамояд ва давомаш ба ҳама маълум. Канӣ як нангу номуси миллат!! Мо ҳаргиз муқобили зиндагӣ намудани афғонҳо дар Тоҷикистон нестем. Онҳо бародари ҳамзабони мо, бародари мусулмони мо, ҳазорҳо маротиба беҳтар аз чиниҳо ҳастанд. Лекин дар «меҳмонӣ» бояд ҳурмати худ ва ҳурмати соҳибхонаро ба ҷой оранд. Айби онҳо ҳам нест, асосан айби Аҳмади “колбаса” барин шахсони беномус, ки ба онҳо «зелёный светофор» дар ватани мову шумо медиҳад, ки чи ҷинояте содир кунед «мааа ҳалуш мекунум, фақат шумо пайсаро ҷур кунен». Дар хотир дошта бошед, даҳҳо   афғонро дар Русия ва Аврупо бо паспортҳои тоҷикӣ дастгир карда буданд. Нисбати ин ҳолатҳо ва чи тавр бизнеси паспортфурӯширо ҳам аз дасти Аҳмади “колбаса” гирифтани Раҳмонқул дар оянда ҳатман нақл менамоем. Ин ҳама ҳақиқат ва суханҳои рост мебошанд, ки зиёде аз мардум пеш аз мо ҳам аз ин корҳо дарак доранд. Методҳои аҷоибе дорад Аҳмади “колбаса”.  Меҳмонҳои афғонӣ, ёру дӯстони наздики худро соле як -ду маротиба ба воситаи кормандони милиса гуё «профилактика» менамояду ба сари худашон ё фарзандонашон аз дуртар истода ягон проблема месозад ва ҳатман боз худаш миёнаравӣ намуда бо ивази маблағ, ки гуё «кор хеле серьезно аст» ҳал менамояд. Мардум мефаҳманд, лекин аз «бало ҳазар» гуфта ҳеҷ гапе намезананд.

Тиҷоратҳои Аҳмади «Колбаса»  бо куратори феълии Ғарм ва интригаҳои ҷолиб

Аҳмади колбаса аз қишлоқи «Ангурзори» ноҳияи Восеъ мебошад, ки аз он ҷой низ Муроди «телех», Авази кур- бозори «Султони кабир», Шералӣ ГАИ  ва Раҳмони «булочка»— соҳибмулки як замоне беҳтарин, номдортарин «хлебо-булочный комбинат»-и шаҳри Душанбе мебошад, ки зиёда аз 40% шаҳрро бо хлебу булочка ва маҳсулоти орд таъмин менамуд, бо ёрии Аҳмади “колбаса” аз вазорати ғалла ба қимати 15 ҳазор доллар, ин корхонаи ба миллионҳо доллар сохта шударо харидааст. Дар давоми 30 сол як кг ранг ба дару девораш масраф накарда аст, тамоми иншоотро ба иҷораи нуктаҳои савдо супорида, ба гуфтаи Аҳмад ҳар моҳе 30-40 ҳазор доллар иҷорапулӣ ҷамъ карда нишастааст.  Крышааш Аҳмади колбаса мебошад. Барои ҳамин хотирҷамъ оромона зиндагӣ дорад. Дар ҳақиқат Раҳмонқул Раҳимов додари вазири МВД бизнесҳои калонро дар вазорати корҳои дохилӣ ғасб намуд ва ба бародараш фаҳмонид, ки Аҳмади “колбаса” чи қадар вазирро фиреб кардааст. Раҳмонкул Раҳимов солхои 1995-1996 аз давраҳои лейтенантӣ дар вилояти Суғд, дар шуъбаи нақлиёти вилоят, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шуруъи вазифа намуда, аз носфурӯшу нашъаҷаллоб, аз хурд то калонтарин наркокурерҳо доля мегирифт ва то ҳозир «клиентҳояш» зери назорати худаш ҳастанд  ва дар хизмати ӯ низ ҳама ҳастанд. Ҳатто сержанте дар вилояти Суғд, ба вазифа бе иҷозати Раҳмонқул то ҳозир таъин намешавад. Махсусан УБОП-и вилоятро «приватизация» карда гирифтааст, ки асосан ҳамчун як «инструмент давления» барои руёнидани пулҳои калон, барои шантажи мардум, барои нишон додани қудрату тавоноии худ, истифода бурда мешавад. Раҳмонқул дар кадом сохторе кор накунад, то рӯзе, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аст, масъалаҳои кадрӣ, махсусан вилояти Суғдро ӯ хал менамояд. Ин ҳама сардорони раёсати вилояту кураторон аз вазорат, мисли як кукла ҳастанду халос. Барои он ки Раҳмонқул Раҳимзода дар давоми кору зиндагӣ, маҳорати пулҷамъкунӣ ва интригант, беинсофӣ ва бераҳмиро нафақат ба бародарони худ, балки ба дигар шогирдони вазир низ нишон дод. Соҳиби садҳо миллион доллар дар вақти кориаш дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати қочоқи гумрук будан маблағҳо ҷамъ намуд, ки ба гуфтаи Аҳмади “колбаса” на фақат ба ӯ баробар ҳатто «мо ба у ронанда шуда наметавонем». Рамазон Раҳимзода ҳам нисбати истеъдоди додари худ қоил мебошад. Аз рӯйи гуфтаҳои Аҳмади “колбаса”, вақте ки Раҳмонкул Раҳимзода ба гумрук ба кор омад, бизнеси шакари ӯро ҳам маҳз Раҳмон ба бародари хурдиаш гирифта дод. 50% шакари Тоҷикистонро, бародари Раҳмонқул бидуни пардохти боҷи гумрук ва бо роҳи қочоқ аз Покистон ба воситаи Афғонистон ворид месозад, ки ҳатман нархи ӯ арзонтар назар ба шакарҳои дигар мебошад. Вақте ки Раҳмонқул бизнесҳои додани рутбаҳо, таъиноти кадрҳоро дар МВД зери дасти худ гирифт, дар ҳақиқат як ҳамдигарфаҳмӣ, байни муштариён ва миёнараву вазир пайдо шуд.

Раҳмонқул пеши роҳи рутбафурӯшиҳои Аҳмади “Колбаса” -ро ба нафъи оилаи худашон  гирифт

Нархномаҳо ҳам шаффофу равшан шуданд. Масалан вақте ки Аҳмади “колбаса” миёнаравӣ менамуд, худиву бегона дошт, нархи рутбаи «генералӣ» аз 120 то 150.000 долларро ташкил менамуд. Рутбаи «полковник» аз 40.000 шуруъ мешуд то 70.000 доллар. Замоне, ки Раҳмонқул Раҳимзода миёнаравиро ба дасти худ гирифт, аввал калимаи худиву бегона аз байн рафт, ба ҳама як нархи муайян, ки ҳеҷ кас аз якдигар хафа нашаванд. Рутбаи «генералӣ» -100 ҳазор доллар, шарт нест вазифаат муносиб ҳаст ё не, рутбаи полковникӣ — 50 ҳазор доллар, фарқ надорад, майор ҳам бошӣ, дар давоми ду моҳ полковникиро мегирӣ. Асосаш ягон ид наздик бошад, ки ба муносибати Ид пешниҳод кунанд. Ин солҳои шуравӣ буд, ки Иди рӯзи милицияро як сол интизор мешудед. Ҳоло ҳар ҳафта як Ид ҳаст. Масалан дар Иди оши палав пешниҳод мекунанд, подполковник мегирӣ, 10-15 рӯз пас Иди фалак, ё ин ки Иди харбуза алакай полковник мешавед!  Дар инҷо муҳим пункти якуми шартнома иҷро шавад;-50 ё 100 ҳазор $ нақд дошта бошӣ, дигар пунктҳои шартнома ҳолати техникӣ ва ислоҳшаванда аст.

Шикоятҳои ҷонкоҳи Аҳмади  «Колбаса» аз додари вазири дохилӣ

Аҳмади колбаса нақл кард, ки ягона нафаре, ки аз давраҳои ҷавонӣ ҳамроҳи Рамазон Раҳимзода, Пирӣ Ҳусейн кор кардаасту маро «акаҷони қанд» мегуяд, бо ёрӣ ва дастгирии дӯстон бо «дисконт»-и калон рутбаи генералиро гирифт, ин Фаттоев Абдусаттор «жираф» ба 70 ҳазор доллар, аз ҳисоби суханҳои ширин, хушомадгуии беҳаду канор зиёд доштан, дигар ба ягон нафар муяссар нашудааст, ки қонунҳои баровардаи Раҳмонқулро дар МВД вайрон намояд. Аҳмади колбаса ва даҳҳо дигар кормандони баландпояи вазорати дохилии Тоҷикистон шикоятҳо, арзу додҳо менамоянд, ки Раҳмонқул Раҳимзода дар кадом мақомоте кор накарда истода бошад, гумрук ё агентии наркотика, ҳама вақт сардорони раёсатҳо, махсусан УБОП, раёсати вилояти Суғд, раёсати тафтишотӣ, умуман қариб ҳамаи ШКД-ҳоро бо супоришу фармонҳои ғайриқонунии худ аз номи бародараш дилгир кардааст ва ҳазорҳо парвандаҳоро аввал сохта, баъд аз «переговор» бо он бечораҳо, парвандаҳоро қатъ мекардааст. Генералу полковникҳои вазорати дохила рӯйирост мегуянд, ки худи вазир Рамазон Раҳимзода садҳо маротиба назар ба бародараш Раҳмонқул Раҳимзода боинсофтару ботамкинтар мебошад, лекин Раҳмонқул Раҳимзода бисёр беинсоф, сохтакор, нафси бад дошта, дар рӯйи худ хун надошта, шахс мебошад. Наход вазир аз рафтору ҷиноятҳои додараш бехабар бошад, фикр мекунем хабар дорад. Лекин аз сабаби пулҳои калонро ба оила овардани ӯ вазирро дар назди оилаашон каме забонкутоҳ кардааст. Яъне оилаи Раҳимовҳо методи кории Раҳмонқулро пазируфтаанд. Вазир фақат аз рафтору кирдор ва ҷиноятҳои ду бародараш ва миёнараву партнери бизнесиаш Аҳмади “колбаса” беобруй мешавад. Аҳмади колбаса рӯйирост мегуяд, ки пулҳои калонро Рамазон Раҳимзода фақат аз дасти ман гирифтааст. Барои ҳамин чи гапи баде нисбати ман ба ӯ нагуянд, маро ҳеҷ гоҳ ӯ фаромӯш намекунад ва гап ҳам намезанад.

Аҳмади «Колбаса» аз Мурод ва Шарифбеки қудо ҳимоят мехоҳад

Лекин Аҳмад маҷбур шудааст аз Муроди «телех» ва Шарифбек Давлатови қудои президент ҳимоят хоҳад. Ҳоло бошад, ҷиноятҳояшро бо номи бизнес ҳамроҳи Шарифбек ва Кури Аваз содир карда истодааст, ки дар матлабҳои дигар нақл менамоем. Солҳое, ки гуё бо равған Тоҷикистонро таъмин менамуд, равғанро аз Русияву Қазоқистон оварда, дар Тоҷикистон бо равғани пахта ва палмагӣ, ки ниҳоят зараровар мебошаду дар бисёр мамлакатҳо воридот ва истеъмолаш мамнуь мебошад, омехта намуда, бо зарфҳои пластикӣ ба миқдори 4,7 — 4,8 литр рехта, ҳамчун 5 литрӣ мефурӯхт. Ҳамаи харидорон мефаҳмиданд, лекин аз тарс харфе намезаданд. Оиди бо чанд миллион доллар устод, шарики бизнесии худ, раҳматӣ Пирӣ Ҳусейнро пас аз баромадан ба нафақа фиреб карда то имрӯз он пулҳоро надодааст бо далелҳо ва рақамҳояш дар навиштаҳои баъдӣ нақл менамоем.

Аҳмади «Колбаса» ҳамеша аз дастуроти «пешво»барои ободкорӣ  фирор кардааст

Аҳмади колбаса дар ягон чорабиниҳое, ки пешво фикр карда баромаддаст, оиди ободкории шаҳру ноҳия аз ҳисоби фарзандони баруманд, соҳибкорон, мақомдорон ягон саҳме надорад. Масалан вақте ки дар ноҳияи Восеъ ситод барои ободкорӣ, сохтумони мактабу беморхонаҳо, мумфаршсозии кучаҳову ободии ягон боғҳо ташкил карда мешавад, ба Аҳмади “колбаса” ҳатман хабари аввалин, қатори Муроди телех, Кури Аваз, Раҳмони булочка ба ӯ ҳам мерасад. Аҳмади “колбаса” аввал билет ба тарафи Москва мегирад, баъд баҳонаҷуӣ намуда мегуяд, ки ман дар Ангурбоғ таваллуд ва калон шуда бошам ҳам, лекин ватани асосии ман Ховалинг аст ва ман он ҷой барои ободкорӣ ҳиссагузор мебошам. Дар вақти аз ноҳияи Ховалинг расидани хабар барои ободкорӣ, “Колбаса” бо баҳонаи ман зодаи Ангурбоғи Восеъ, аз он ҷой ҳам ҷони худро бо осони раҳо мекунад. Ҳамин аҳвол давоми 30 соли истиқлолият давом дорад  ва ягона соҳибкори калон ва сердаромади тоҷик, ки дар ободкорӣ, дар хайру садақа, дар ягон корҳои хайр умуман ҳисса нагузоштааст.

«Ягон халта орди кирмзадаи худро ба касе бепул надодааст ва кумаке накардааст, лекин мо ба бузургии Аллоҳ шаку шубҳае надорем. Ҳар соле дар Қазокистон ё Русия ягон ширкатеро ҳатман Колбасаро ба садҳо ҳазор доллар фиреб мекунад. Албатта колбаса қасди худро боз аз мардуми тоҷик мегирад, аз ҳисоби омехта намудани равған, кам намудани литри он дар зарфҳо ва бо %и баланд маблағ додан ба корафтодагон. Масалан бо як домсоз ба номи Амон, масолеҳи сохтумонӣ- арматураро, ки аз Русия ворид мекунад, ду вагонро ба муддати се моҳ дода, бар ивазаш қариб 30 квартираи ӯро аз ҳисоби фоизҳои баланд бо фишору зуроварӣ тавассути МВД кашида гирифтааст. Баъди ин кор Амон якчанд вақт  дар як ҳолати бадтарини молиявӣ қарор дошт. Айнан бо ҳамин метод ба зани дувуми худ як ҳавлии беҳтаринро аз соҳибмулкаш кашида гирифта дод, ки албатта рӯзе аз ин зулму ситамаш ҷазояшро мебинад.»

Як маротиба худаш бигуяд, ки дар давоми зиёда аз 30 сол ба куҷое кумаки ҳақиқатан чашмрасе кардааст. Аз рафторҳои паст, аз бизнесҳои бисёр шубҳаноки Аҳмади колбаса Муроди телех барвақт хабардор мебошад, ки якчанд сол пештар ба наздикон ва ҳамшаҳриҳои худ гуфтааст, ки «гумуш кунен ӯ крысара, ба ягон маърака фарёдуш накнен, ӯ одами пастай». Аз ҳамин ҳисоб ӯро дигар ба ободӣ ва ягон маъракаҳои муҳим даъват намекунанд. Махсусан дар кадом маъракае, ки Муроди телех меравад онҷо Аҳмади “колбаса” назди чашми ӯ пайдо набояд шавад, супориш аз тарафи Муроди телех ҳамин тавр буда аст. Аҳмади “колбаса” ҳам ғайрат менамояд, дар ягон иду ҷашнҳо дар Тоҷикистон набошад. Худаш мегуяд, ки як рӯз дар Точикистон зиёд истодани ман якчанд ҳазор доллар зарар аст, ҳама аз ман ягон чиз мехохад, барои ҳамин ба хонаи зани дигари худ ба шаҳри Москва доимо сафар мекунад, на барои он ки бо супориши Шералӣ Кабиров бо маҳсулоти арзон Тоҷикистонро таъмин намояд. Ӯ дар ғами пул аст, на дар ғами Шераливу Ҳасану мардуми Тоҷикистон. Ӯ доимо аз ин гуна нафарон гурехта мегардад. Яке аз шарикони бизнеси Аҳмади “колбаса” , қудо ва хешу табори Шералӣ Кабиров, раиси Кумитаи захираҳои давлатии Тоҷикистон Аҳмедов Нурмаҳмад мебошад, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кумитаро аз супоридани андози НДС, аз воридоти маҳсулоти хурокворӣ пурра озод кардааст. Аҳмади “колбаса” зиёде маҳсулотро ё бо фирмаҳои однодневка ва ё бо ҳуҷҷатҳои ҳамин кумита ворид намуда, бар ивази 10-12% пора додан аз ҳисоби НДС ба Аҳмедов Нурмаҳмад, ба бюҷети давлат, 20% пули НДС- ро намесупорад. Ин ҳама хиёнат аз тарафи Аҳмедов Нурмаҳмад ба давлату ба пешво мебошад, ки гуё ҳамин намуд маҳсулот дар амборҳои Кумитаи захираҳои давлатӣ ворид карда шуд. Дар асл дар амборҳо ин маҳсулотҳо нестанду барвақт дар бозорҳо бо нархи баланд фурӯхта шудааст.

Аҳмади «Колбаса» тоҷирони хуҷандиро бо номи вазири дохилӣ  гови ҷӯшо кардааст

Як шарики бизнеси Аҳмади “колбаса” , шакарфурӯши калони хуҷандӣ бо номи Илҳомча Бобоҷонов мебошад, ки зиёда аз 25 сол ҳамроҳ бизнес доранд. Лекин методҳои дӯстдоштаи худро ҳар соле ақалан як маротиба ба сари ӯ низ истифода бурда 200-300 ҳазор доллари ӯро ба номи Рамазон Раҳимзода мегирад. Албатта аввал ягон проблема месозад, баъд худи “колбаса” гуё бо Рамазон Раҳимзода ҳал менамояд. Илҳомча ҳам дар давоми ҳамкории солҳои зиёд ба додани «закоти мол» ба Рамазон Раҳимзода омухта шудаасту дигар фақат рӯз хисоб мекунад, ки кай Аҳмади “колбаса” аз дунё меравад ё ин ки Рамазон Раҳимзода аз вазифа. Барои он ки боз Раҳмонқул Раҳимов ҳам Илҳомчаро хуб мешиносаду баъзе вақт аз ӯ «дуо» мегирад Нисбати «подстава» -ҳои Аҳмади “колбаса” ба Илҳомчаро дар мақолаҳои оянда муфассалтар  нақл менамоем.

Аҳмади “колбаса” бо дӯстони худ «содиқона ва мардона» рафтор мекунад. Як корхонаи ордбарории Илҳомчаро, якчанд сол пештар Аҳмади колбаса бо нархи якчанд маротиба баланд аз арзиши аслиаш ба Кумитаи захираҳои давлатии Аҳмедов Нурмаҳмад фурӯхта пулҳои зиёдатии болояш мондаашонро бо Аҳмедов Нурмаҳмад тақсим карда гирифтанд. Лекин то ҳозир Илҳомча пули асосии корхонаро нагирифтааст. Фақат ваъда ва фақат баҳона: «аз бюҷет имсол пул ҷудо нашуда истодааст, ё ин ки Шералӣ Кабиров ваъда кард ба мо аз бюҷет пул ҷудо карданро кумак мекунад».

«Нисбати «дустӣ» ва бародарии Аҳмади “колбаса” бо корманди МВД Алишер Тухтаев, ҷиноятҳои якҷояи онҳо, пулкоркунӣ ва сохтани парвандаҳои бофтаву сохтаи онҳо ва чи қадар аз Аҳмади “колбаса” муттаҳам ва вобастагӣ доштани Алишер Тухтаев ва боз 3-4 кормандони ВКД-ро дар бахшҳои баъдӣ хоҳем гуфт. Аҳмади “колбаса” як дӯст бо номи Нуруллои (кур) дорад, ки чи тавр фарзанди дӯсти худашро ба як ҷинояти ночизе муттаҳам намуда, маблағҳои ниҳоят калонро ба номи Рамазон Раҳимзода –вазири корҳои дохилӣ гирифтааст.»

Нурулло аз воқеият хабардор аст, вале чора надорад, ки албатта дар ин бора низ дар оянда бо тафсил нақл менамоем.

Ҳаёти пурмоҷарои Аҳмади “Колбаса” бо писарони ҷиноятпешааш

Аммо ҳоло барои ошноии беҳтар бо шахсияти Аҳмади колбаса баъзе ҳикоятҳои ҷолиби дар дастамон бударо инҷо пешнищод мекунем.

«Писари хурдии Қаюмов Аҳмад-Аҳмади колбаса Ҳабибулло ном дорад. Якуним ё ду соли пеш буд, ки ба ҳангоми тармим ва таъмири роҳи маъруф ба битонка, роҳҳои МЖК-Товусро, ки муфарш мекарданд, бо фолсваген се ҷавонро пахш карду кушт. Ин бачаҳои кушташуда як нафарашон аз Ҷуйбодом ва ду нафарашон аз худи Ҳисор буданд. Он бачаҳои кушташуда яктоӣ ва дутоӣ фарзанд доштаанд. Он қадар милисаву ГАИ онҷо ҷамъ омад, ки ҳама фақат аз саломати Ҳабиби писари Аҳмади “колбаса” мепурсиданд. Касеро парвои он се ҷавони кушташуда набуд. Онҷо ҳам аз прокуратура ҳам аз МВД ва ҳам аз КГБ ҷамъ омада буданд.»

Дар ҳамон ҷойи ҳодиса ҳамон се бачаҳои кушташударо гунаҳкор эълон карданд. Даст ё пойи Ҳабиб шикаста будааст. Ҳамин тавр ин ҳодисаро хапу хомӯш карданд. Як нафар аз мақомдорони ВКД Алишер Тухтаев, писари раиси собиқи Ҳисор мисли мурғи посухта ин бару он бар медавид. (Гуфтем, ки дар бораи ин қаллоби МВД Алишер Тухтаев дар барномаҳои баъдӣ хоҳем гуфт,ки чи гуна масъулияти давлатиро ба манбаи тиҷорат табдил кардааст). Вай дар ҳақиқат саги устухонхури Аҳмади “колбаса” аст. Мисли Алишер Аҳмадаи “колбаса” дар ВКД даҳҳо нафар саги худро дорад.

Аҳмади “колбаса” яке аз протсентшикҳои асосӣ ва ниҳоят беинсофу бераҳми кишвар аст.

Бачаҳои “колбаса” бо ҳидояти падар ба одамҳо қарзи бо% медиҳанд. Колбаса мегуяд як хеле қарз диҳед, ки отаву очаашон фаҳманд, ки аз шумоҳо қарздоранд. Пул медиҳанду қарздор мекунанду ҳамин ки як соат аз муҳлати қарордод гузашт зуд ба Алишер Тухтаеви МВД занг мезанаду мегуяд, ки бирав фалониро дастгир ва маҳкам кун, аз ман қарздор аст. Ин касофат ва боз чанд касофати дигарро  ҳамроҳаш мебаранд задаву канда баёнот мегиранд, ки дар ҳақиқат фарзанди мо аз ҳамон одам фалон миқдор қарздор аст. Баъд ин милисаҳо мезананду мешапанду хонаву дару дигар амволи нафари қарздоррро кашида мегиранд. Аҳмади “колбаса” бо ин роҳ хонаи садҳо нафарро хароб кардаву одамҳои зиёдеро бехонаву дар кардааст.

Ҳар сол, ки моҳи Рамазон сар мешавад мегурезад меравад Москва. Дар пеши Кремл хона дорад.

Бачаи калониаш Сайидаҳмад се зан дорад. Ҳатто занҳояшро ментҳо мешиносанд.Он қадар алкаш аст ки нахурад дастонаш меларзад.

Мегӯянд, ки худованд ҳар касро аз дилу нияташ медиҳад. Аҳмади “колбаса” ягон фарзанди соқ надорад, ё одамкушанд ё арақхуранд. Духтарашро дилхоҳ бармен мешиносад. Любой клуб дарову Нигинаи “колбаса” гу ҳама мешиносад.

«Вақте Ҳабиб дар роҳи битонка се ҷавонро бо мошинаш заду кушт, ба ҳадде пиён буд, ки намедонист чи мегузарад. Ин Алишер Тухтаев қаллоб-мошенники даруни ВКД аст. Шабурӯз дар пушти дари Аҳмади “колбаса” хоб меравад. Вай аз «погон»-дорҳо пули зиёдро залог мегирад. Меояд пушти хонаи Колбаса «списка»-ро ва пулҳоро медиҳад. Колбаса зуд ташкилӣ ва Рамазон Раҳимзодаро фарёд мекунад. Рамазон Раҳимзода шабошаб бо ронандааш меояд хонаи Колбаса. Арақро сар мекунанд. Аҳмади колбаса спискаро медиҳад. Мегуяд ки началники кадратро фарёд кун, ба инҳо вазифа бидиҳад.»

Пули ҷамъкардаашро ҳамонҷо тақсим мекунанду мераванд хона ба хона.

Чи дар МВД, чи дар КГБ ва чи дар Суд ва чи дар Прокуратра колбаса «қуш» аст. Он қадар қуш аст ки мултимиллиардер шудагӣ аст.

Линчаҳои пулашон дар даст дилхоҳ вазифаталаби МВД пушти дари “Колбаса” хоб аст.

Колбаса пеш аз Рамазон Раҳимзода саги раҳматӣ Маҳмадназар Салехов буд.

Алишер Тухтаев як саги хонаи Колбаса аст дар МВД. Аҳмади кобаса ба воситаи полковник Раҳмат Назаров ба Салехов роҳ ёфта буд.

Раҳмат Назаров хешу табори Колбаса аст, полковник, сардори 6ум отдели республика буд. Дар солҳое Салехов вазири ВКД буд ӯ началники 6-ой отел буд, аз соли 1996 кор мекард. Садҳо нафарро бо фармони ин одам куштагианд. Бераҳмат Назаров мегуфтанд ӯро хелеҳо.

«Аҳмади “колбаса” дар мобайни Салехов ва Назаров сагча буд. Пулҳои Назаровро мегирифт % медод. Он вақтҳо% додан хеле муд шуда буд. Агар вақти пас додан як соат аз срок мегузарониданд колбаса ба ин одам Раҳмат Назаров хабар медод. Назаров, ки дар 6 отдел буд одамҳояшро мефиристод меоварданду сахт мезаданд. Инҳо хеле одамҳоро бехонаву дар кардагианд.»

Баъд раҳматӣ Салехов мурд. Ӯро ҳамин Бузмаков кушт. Бобоҷони бачаи майдаҳаки Салехов мегуфт. Он ҳолатро духтари Салехов дидагӣ аст. Бузмаков дар калаи Салехов ду тир задагиаст. Садои Салеховро духтараш мешунавад, ки мегуяд Абдураҳмон, Абдураҳмон, ин корро накун. Бузмаков мепаронад ва пистолетро дар дасти Салехов мемонад. Вақте инҳо медароянд мегуянд, ки худкушӣ кард. Вақте Салеховро куштанд Раҳмат Назаровро ва дигарҳоро Раҳмонов дафъ кард.

Фаттоҳ Сайид он вақтҳо дар ВКД кор мекард вале шофери хонаи Раҳмат Назаров буд. Бачаҳояшро боғча мебурд. Падари Шоҳрух Саид. Фаттоҳ Саид сабаб шуд, ки ба Раҳмат Назаров нарасиданд. Аҳмади “колбаса” доногӣ кард ва ба Рамазон Раҳимзода спонсорӣ кард ва вазираш монданд. Аз рӯзе, ки Рамазонро вазир кард аз Раҳмат Назаров алоқаро канд. Вагарна ҳардуяшон хонабахона часпидагианд. Дигар на инаш ва онаш ба ҳамдигар салом надоданд. То омадани Рамазон Раҳимзода Раҳмат Назаров то духтур то фаррошро вазифа медод. Ҳоло ҳам медиҳад. Одамҳо, ки зиёд пеши хонааш меомаданд. Аммо бас кард. Як заводи орд ҳам дорад. Аз Қазоқситон гандуму орди навъи пасттаринро оварда мардумро фиреб карда гаштааст. Заводаш дар пушти фабрикаи Ширин, ки аз як бизнесмен зада гирифта буд. Ҳоло онро Аҳмади “колбаса” ба пули % гирифт. Ҳозир ҳамин Алишери Тухтаев посредникаш мебошад. Ҳар рӯз эълон мекунад, ки дар кӣ вазифа даркор аст ба кӣ погон даркор аст.

» Списка мекунад. Лингчаи пулро оварда медиҳанд. Рамазон Раҳимзодаро даъват мекунад арақхуриро сар мекунад списакаро ба дасташ медиҳад. Ҳамроҳаш бисёр гап намезанад. Ҳаминҳоро вазифа бидеҳ, фаҳмидӣ мегуяд?. Мегуяд гап нест. Пушти дари хонаи “Колбаса” бо либосҳои милисагиашон хобанд. Ба хотири вазифа.»

Аҳмади “колбаса” ба писараш Сайидаҳмад машварат медиҳад ва насиҳат мекунад, ки хонагиҳояшонро в курсе кун, ки бидонанд аз ту қарздоранд. Ҳатто ҷураҳояшро, ки 24 соат мешинанду мехезанд бехонаву дар кардагӣ аст. Ҳавлиҳои фасон-фасонашонро ҳамин   гирифтагӣ аст.

Колбаса медонад, ки писараш як алкаш аст. Вале ҷураҳояш одамҳои шароитдоранд. Через бачаҳояш хонаву дари ҳамсинфу ҳамкурсони онҳоро аз падару мадарҳояшон кашида гирифтагӣ аст. Ҳар як корманди уголовник ҳаст, ки думдуми ҳамин алкаш мегарданд, ранги сагбача, ҷиноятҳои инро мепушонанд. Барои он мегарданд думудуми Колбасаву бачаҳояш, ки ягон вазифа бигиранд.

Латукуби писари Аҳмади «Колбаса»  нозири минтақавиро

Як ҳикояти воқеӣ. Солҳои 2014. Як участковий буд. Маҳмадалӣ ном дошт. Ҳозир таксӣ мезанад. Як инсони ҳаром буд. Дар пеши бозори нав пушти хонаи Ҷаноб таксиаш меистад. Аз як туй баромадем. Ягон кас ба пояш рост намеистод. Бачаҳо байни ҳам баланд-баланд гап мезаданд. Яке ҳамин участковий аз куҷое бо формаи милисагӣ омад -пиён. Онҷо ягон одами простой набуд, ҳама сағираҳои гапзани шаҳр.

Аҷалрасида омаду дӯғу дағдаға карду гуфт: э,инҷа қатор шавед!! Бовар кунед, рутбааш лейтенанти хурд, ончунон бачаҳо заданду куфтандаш, ки то бас гуфтан. Сайидаҳмад гуфт «и кияй, бигирен бизаненша. Гуфт и к.. оча милисаяй, участковияй, бизане тикатика кунен ҳамааш дар каллаи манай.»

Формаҳои милисагӣ пур аз хун шуд. Дар бағоҷи мошин бароварданаш.

Ними танаш даруни бағоҷ нимаш берун дод мезанад: «Мана назанед. Ман Маҳмадалиюм участковийюм».

Сайидаҳмад гуфт ман зани тура …. Заданд қабурғаҳояшро шикастанд. Сайидаҳмад мурданивор куфт. Участковийро дар як таксӣ гурезонидем. Участковий рафт то экспертиза кунад. Маъюбу маслуқаш карда буданд.

Аз отдели 82 омаданд як ду се нафарро гирифтанду бурданду маҳкам карданд. Бачаҳо тарафи Сайидаҳмад гуфтанд, ки э,бирав он милисаҳота бигир. Ту фармон додӣ ҳоло омада бачаҳоро бурданд. Рав ҷилави ин корҳо ва ин милисаҳоятро бигир, бачаҳоро сар диҳад. Шабошаб пиён пиён рафтанд милисахона. Саймаҳмад даромад началники милисаи Синои 2 парида- парида аз ҷояш хест. Дар назди дежурка истоду гуфт канӣ началникта фарёд кун. К…м дар даҳани ҳамаат». Овози инро фаҳмида сардори милиса парида омад. Нисфи шаб. Соати аз даҳ ҳам гузаштагӣ аст. Гуфт «Саймаҳмадҷон чо кадӣ? Чи проблема аст?»

Сайидаҳмад гуфт «Зани участковийи туро ма фалон кунам дар куҷояй?»

Гуфт «чо кадай,чо кадай,мада бугу.»

Гуфт «мо ай туй буромадем, дар пеши хонамон омад туйи моро ҷазир кард».

«Он сардори милиса хиёл кард, ки туйи Аҳмади колбасаро ҷазир кард. Бовар кунед, дигар напурсид. Замначалникро гуфт, ки фарёд кун. Вай кияй. Дар к… очаи вай ман б..м. Рафтанд участковийро аз суд- экспертиза ёфтанд, оварданаш пеши мо. Сардор гуфт, ки як бор пуф кун. Участковий маст буд. Аз даҳанаш буи спирт омад. Дар пеши мо боз началники милиса гирифту зад. Футболаш кард. Гуфт барен махкамаш кунен. Бурданд дар кателажкаи худашон маҳкамаш карданд.»

Ба тарафи Саймаҳмад гуфт, ки Саймаҳмадҷон ман то пагаҳ инро дело карда маҳкамаш мекунам ва пурсид, ки туйро чи хел ҷазир кард. Баъд фаҳмониданаш. Баъди шунидани ҳолат дили началник камтар ҷон гирифт. Чунки вай хиёл карда буд, ки туйи Аҳмади колбасаро ҷазир карда бошад. Баъд пурсид, ки охир туйи шуморо не? Гуфт не. Туйи ҳамсояро.

Баъд мо омадаем.

«Баъди ду-се соат буд, ки началники милиса ба Саймаҳмад занг зада пурсид, ки Саймаҳмадҷон ҳамиро мебахшӣ, ки дар маҳаллатон кор кунад ё не? Шумо инро он қадар безеб задаед, ки ҳамаи ҷойҳояш шикастгӣ. Ин ҳаромӣ посух дод, ки не инро дафъ кунед, ки моро қасд мегирад. Ана ҳамин хел ҷиноятҳоро содир кардагианд, Аҳмади “колбаса” ва бачаҳояш. Ин Саймаҳмад як мошенник аст. Пулҳои милисаҳро мегирад, вазифаатон медиҳам гуфта онҳоро мазоҳу аҳмақ карда мегардад.»

Рафоқати писари Колбаса бо писари вазири дохилӣ

Колбасаи хурдӣ ҷураи Дилшоди бачаи Рамазон Раҳим аст. Ҳозир худи колбаса, ки пир шуда истодааст боз ин мошеникро дар ҷойи худаш омода карда истодааст. Бачаи Рамазон Раҳим пагоҳ-бегоҳ вазифаҳои баланд мегирад ва колбасаи хурдӣ через ҳамон движениҳояшро сар мекунад. Вазифафурӯшӣ ва вазифадиҳӣ мекунад. Бовар кунед, ки дилхоҳ началникҳои МВД пушти дари  “колбаса” хобанд. Рамазон Раҳимзода сеюм срокаш аст. Ӯро бачаҳои Аҳмади “колбаса”  ошкоро қалуғ мегуянд. Ин вазирро дар узкий кругҳо ҳамчун як қалуғи беномус мешиносанд. Як копеейшник мегуянд. Дар дасти “колбаса” бозича аст. Спискаро медиҳад мегуяд инҳоро вазифа бидеҳ,спискаро медиҳад мегуяд, ки инҳоро погон деҳ, медиҳад. Колбаса китоб-журнал  дорад. Вақти таъин шудани онҳоро менависад. Ба як кас семичка дода бошад, менависад. Бачаҳояш ҳам ҳамин хел феъл доранд. Блокнот доранд, расходу доход даромаду хароҷоташро менависанд. Як таксисти шинос гуфт, ки дар ресторанҳо пиён мешаванд занг мезананд, ки биё моро  ба хона бар.

«Духтар и Аҳмади «Колбаса» тавба кардам ранги ҳамин бародарҳояш ҳаст. Фақат инки духтар аст. Камӣ ва монданӣ надорад аз писарҳояш. Якеаш дар якум ошёнаи дискотека кайф мекунад дигариаш дар дуввум ошиёнаи он. Ана ҳамин хел оилаанд. Дар якум этаж додараш дар дуюм этаж апааш кайф карда истодаанд. Наҳсиву касофатии инҳо бар миллат мезанад. Пули ҳарому % оқибаташ ҳамин аст. Колбаса аз туалет барояд замминистрҳое ҳастанд, ки омодаанд кунашро бо забонашон тозакунанд. Бовар кунед, корҳои инҳоро мебинеду мешунавед, ҳуш аз сари одам мепарад.»

Ҳозир боз Раҳмонқули акаи вазир бо апа ё хоҳари Раҳмонов қуда шудагӣ аст. Инҳо ҳама планҳои колбаса.Чизе колбаса гуяд вазир ҳамроҳ бо авлодаш гуш мекунад. То ҷое шунидам баъди мақолаи авалин давленийи Аҳмади колбаса боло рафтааст.

Даҳҳо шояд садҳо одамҳое ҳастанд ки айни замон документҳои хонашон дар дасти ин одам залог аст. Ҳуҷҷатҳои хона, корхона мошин, баёнотҳо бо нотариус, ки фалон миқдор қарздор аст. Говсандуқи махсус ва ҷои махсус дорад, ки онро дар байни худашон склад мегуянд, дар онҷо ҳифз мекунад. Запискаҳои зиёд дорад. Мебарад ба Рамазон Раҳимзодаи қалуғ медиҳад. Вай қарздорҳоро меораду мезанад. Онҳо менависнад, ки мо аз Аҳмади “колбаса “ қарздорем, забонхат мегиранд. Бачаҳош ҳам айни худаш. Фурсат, ки тамом шуд, ҳатто як дақиқа ҳам нагузаронида молу маноли он одами қарздорро кашида мегиранд.

Боим- Иброҳим Сафаров ва се вазирро Аҳмади «Колбаса» чихел подстава кард?

«Ислоҳ» аз ҳеҷ ҷинояткоре ҳимоят накардааст ва намекунад. Ончи ирсол шудааст ва бозгӯйи ҳолатҳои воқеъиро кунад онро ҳатман дар худ инъикос медиҳад. Ончи омадааст дар мавриди қазияи Боим барои ҳамагон маълум аст. Ба мо аз паҳлуйи дигари масала чунин маълумот расид,ки онро тақдиматон менамоем.

Боим на танҳо барои маҳаллаи Калинини Душанбе  хизмат мекард. Шаш моҳ зиндонҳои Тоҷикистонро мехуронду мепушонид. Боим- Иброҳим Сафаров бори Аҳмадаи “колбаса” ва Раҳмат Назарро мефурӯхт. Героинҳои ҳаминҳоро мефурӯхт Колбаса  бо Назаров дар пушти дараш хоб буданд,то борҳояшонро дар Русия ба фурӯш расонад.

«Ӯро дар Маскав дар ресторани Измайлово қапиданд. Ҳамроҳаш се вазири Тоҷикистонро дастгир карданд. Иззатуло Шариповро ҳамроҳаш қапиданд. Дар маҷмуъ 21 нафарро дар ҳамон рейд дар Русия мақомоти Русия боздошт намуданд. Як додари Боим ҳам миёни боздошт шудаҳо буд. Боим ҳамаро ба кала гирифт. Раҳмонов мобайн даромад, шарманда нашавам гуфта вазирҳояшро аз ин шармандагӣ халос кард. Боим гуфт вазирҳоро сар диҳед, худам ба калла мегирам ин ҷиноятро.»

Аммо ин корро Аҳмади “колбаса” ва Раҳмат Назар ташкил карданд, чун Боим дигар бо инҳо хуб муомила намекард. Инчунин инҷо барои шикасатани кориераи Иззатулло Шарипов ҳам вуҷуд дошт. Гоҳо барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ дар қудрат бояд чанд кас ва маблағоро фидо кард,то ба натиҷаи дилхоҳ ноил шуд. Дар пушти боздошти ин мақомоти баландпояи ҳукумати Раҳмонов ва  Боим ҳардуи ҳамин меистоданд. Вагарна борҳои худи ҳаминҳо буд.  Аммо муҳим ба натиҷаи дилхоҳ Колбаса расид,ки ҳамин Рамазон Раҳимзода ва инак сеюм срок аст вазир аст. Агар Раҳмонқул ктиҷрати Аҳмади «Колбаса»ро хароб намекард миллионҳо даромад дошт, агарчи ҳоло ҳам дорад аз ин сармоягузорияш вале на ончи таваққуъ дошт. Боим бисёр дасткушод будааст ба гуфти манбаъ. Дар зиндон барои удо шудан ва берун баромадани 200-300тоҷикро ёрдам кардаст.

Манбаъи дигар ин қазияро чунин мегӯяд: «Аҳмади “Колбаса” барои худро ба ҷаноб ширин кардан Боимро подставит карду фурӯхт. Иззат Шарифов- Зорро имкон дошт вазир шавад, ӯро ҳам дар ин моҷаро ё сделка мепечонад. Боим аз зиндон баромада омад, бояд дар Тоҷикистон маҳкамаш мекарданд. Одамҳояш дар мақомот ёрдам карданд, гурезонидандаш.»

Азизи афғонро, ки бо 500 кило қапиданаш аз Калинин, он борҳо борҳои Зоир буд. Дар маркази Душанбе ресторан сохт ва ба Исмоил  бачаи Зоир туҳфа кард. Ин оила ба ҳеҷ касе то охир содиқ набудааст ва инро ҳаргиз тоҷирон интизор набошанд.

Зоир солҳои пеш як жигулии 07 дошт, меомад пушти хонаи Боим, думдумаш медавид, як чиркину жулида буд. Пушти хонаи Ҳукумов медавид, думдуми хонаи Азиз медавид. Инҳо ҳама ҳамсоя буданд. Зоири домоди ҷаноб думдуми ҳаминҳо мегашт, ки «марам қатитон қуш кунед.07-и бо рақами давлатӣ дошт…  (Ин ҳама шаҳодати воло медиҳад,ки Зоир аз гузашта ва оғоз бо маводи мухаддир ва онҳое бо ин тиҷорат сару кор доштанд мехост наздикӣ кунад.шарҳи ислоҳ )   Аммо ин ҳама мавзӯи матолиби баъдии мост,ки дар мавриди тиҷоратҳои Зоир ва иртиботи қавии ӯ бо наркотарафик мавзуи махсӯсест,ки онро ҳатман тақдим менамоем.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед, то аз моҷароҳои ҷолибтари пушти пардагии ин ҷинояткорон бештар огоҳтар гардед….

Сообщение Аҳмади колбасаи %шик «спонсор»-и  Р. Раҳимзода кист ва бо Боим ӯро чи мепайвандад? появились сначала на ISLOH.net.

Генералҳои “шуришӣ”, кушта ва зиндонӣ шуданд. Ту ҳоло зиндаӣ!
Шаш тан аз генералҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо иттиҳоми кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ кушта ва ё зиндонӣ шуданд. Ва, аз ин миён танҳо ба Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ, раиси пешини Кумитаи гумрук ва дар гузашта аз фармондеҳони Фронти халқӣ муяссар шуд, ки муҳлати ҳабси худро ба поён барад ва феълан дар озодӣ қарор дорад.

Ёқуб Салимов, генерали тоҷик дар ҳамдастӣ бо Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги фирории тоҷик, ки на як бору ду бор алайҳи Эмомалӣ Раҳмонов даст ба шуриши мусаллаҳона задааст, муттаҳам мешуд. Вай аввалин генерали ҳукумати Раҳмонов мебошад, дар ташкили шӯриши мусаллаҳона алайҳи давлат муҷрим шинохта шуда буд.

«Вале барои бақия генералҳои тоҷик ҷазо хеле сангин омад»

Ғаффор Мирзоев, (Седой) фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ, дуввумин генерали тоҷик аст ки ба айни иттиҳом ва боз 27 моддаи ҷиноии ва 112 ҷиноят маҳкум ба зиндон шуд,  аммо ӯ маҳкум ба ҳабси абад шуд ва ҳоло ҳудуди 17 сол мешавад, ки паси панҷара қарор дорад. Инро бояд махсус таъкид кард, ки

«Ғаффор танҳо генерале буд, ки  фармони барканории худ аз мақоми фармондеҳии Горди раёсати ҷумҳуриро ба чолиш кашид ва барои чанд рӯз онро эътироф накард, беш аз ин ба қувваҳои таҳти итоаташ дастури ҳолати омодабош дод ва ҳатто чанд дидбонгоҳи изофӣ дар роҳу самти мақарри ин нерӯҳоро фаъол кард. Ғаффор Мирзоев аз ҳолати ҳарбӣ алайҳи давлати марказӣ замоне даст кашид, ки Эмомалӣ Раҳмонов ӯро шахсан ба ҳузур пазируфта барои сукут ва оромиши вай курсии раёсати Оҷонси мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводди мухаддирро дар ихтиёраш гузошт.»

Аммо ин як маневри сиёсие беш набуд ва маълум буд, ки дар як пайти муносиб ӯро ҷазои сангине дар камин аст ва ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯ дар қиёс бо Ёқуб Салимов ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар зимн, инро ҳам бигӯем, ки ҷонибдорони Ёқуб аз Ғаффор хеле зиёданд ва аз инҷо буд, ки Ёқуб Салимов тамоми сездаҳ сол зиндони худро дар СИЗО сипарӣ кард ва мақомоти тоҷик ошкоро изҳор дошта буданд, ки ҳузури Ёқуб дар зиндон хавфнок аст, чун обрӯ ва мартабаи баланд дорад. Ҳамин ки дар соли гузашта ба манзили зисти ӯ “наезд” ташкил карданд, ба он хотир буд, ки бори дигар зӯрӣ ҳукуматро бар ӯ нишон диҳанд. Ба нафаре, ки солҳои пешин на як бору ду бор бар сару рӯи Раҳмонов торсакӣ ва мушт задааст.

Дар ҳар ҳол аз миёни ин генералҳо танҳо Ғаффор Мирзоев буд, ки муқобили Раҳмонов ҳолати омодабоши ҷангӣ эълон кард. Дар муҳокимаи парвандаи ҷиноии ӯ, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ӯро дар паҳн кардани варақаҳои зидди раҳмоновӣ ва анҷоми таркишҳое дар назди биноҳои маъмурӣ аз ҷумла вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи замони Мирзо Зиёев низ муттаҳам карданд.

Бо ин вуҷуд ҳеҷ яке аз ин генералҳо, аз ҷумла ҳамин Ғаффор Мирзоев иттиҳоми мақомот дар бораи талоши анҷоми табаддулоти давлатиро қабул накарданд. Вале ин дигар чизеро наметавонист тағйир бидиҳад. Бино бар иттиҳоми мақомоти тоҷик Ғаффор Мирзоев якҷо бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров қасд доштанд, ки табаддулоти давлатӣ ба роҳ монанд. Воқеият доштани ин иттиҳом то ҳамин ҳоло таъйид нашудааст. Аммо рафтани пурсарусадои Искандаров ба шарқи кишвар, мулоқоти ӯ бо Раҳмонов ва эъломи ширкати ӯ ба унвони номзади интихоботӣ аз ҳизби демократ як навъ “аллиби”-и ва ё ваҷҳи ҳукумат барои ҳабси ӯ шуда буд.

«Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли қувои ИНОТ ва вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар як амалиёти вижа аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон кушта гардид. Зиёев, дар воқеъ ҳамчунин нақша ва ё ният доштро касе на он вақт на ҳоло наметавонад таъйид кунад ва худи ӯ низ дар қиёс бо дигарҳо ҳеҷ гоҳ барои курсии боло талош накарда буд. Вале ӯро низ, агарчӣ расман гуфта нашудааст, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ёғӣ ва дар садади анҷоми тағйирот мазнун шуморида ва номардона ба қатл расониданд.»

Иттиҳоми Муҳаммадназар Солеҳов, аввалин Прокурори генералии ҳукумати Раҳмонов, баъдан раиси Дастгоҳи иҷроия Президент вазири дохилӣ расман характери иқтисодиву молиявӣ дошт. Ингор ӯ маблағҳои вазоратро ғайримақсаднок сарф кардаву ва аз ин даст иттиҳомот. Аммо аз ӯ низ Раҳмонов машкук шуд ва амалиётҳои вазорати дохилаи замони Солеҳов алайҳи Мирзохуҷа Аҳмадов дар Рашт, куштори Олег Захарчанко, сардори ОМОН, ҳамла ва боздошти Салмон Лангарӣ ва писари Сангак Сафаров дар Кулоб тавре тафсир шуд, ки Солеҳов мехост авзоъи кишварро ноором кунад ва дар пушти ӯ ҳатто қувваҳои хориҷӣ низ ҳузур доштанд ва ниҳояти кори ӯ гирифтани ҷойи Раҳмонов аст, барои ҳамин ин генералро дар манзили зисташ ва дар пеши чашми кӯдаки 12 сола ва оилааш бо тир зада куштанд ва ҷасадашро ҳам мисли як террорист ба хок супориданд.

Ва, аммо кудатои нофарҷом ва ё шӯриши нокоми генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон дар оғози поизи соли 2015 як нақшаи тарҳрезишудаи мақомот бо ҳадафи  аз саҳнаи сиёсат берун рондани ҲНИТ буд. Абдуҳалим Назарзода, аз ду нигоҳ табаддулоти давлатӣ намекард: яке инки аз лиҳози моливу иқтисодӣ комилан мустақил ва таъмин буд ва дуввум медонист, ки дар баробари нерӯи тарафи муқобил (агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад) зӯрӣ кофӣ надорад.

«Ҳанӯз дар ҳамон солҳое, ки Раҳмонов Ёқуб Салим, Ғаффор Мирзо ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро зиндонӣ кард, коршиносон дар дохил ва хориҷи кишвар мегуфтанд,ки сабаби асосии ҳабси онҳо аз бозӣ берун кардани рақибони эҳтимолии Раҳмонов аст. Ва,инки барои онҳо ҷазои хиёнат ба Ватан ва кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ зада мешавад, барои он аст ки муҳлати ҳабси онҳо тӯлонӣ бишавад. Дар ҳар сурат Эмомалӣ Раҳмонов ин генералҳоро ба он гунаҳкор кард, ки қасд доштаанд ӯро аз ҳокимият сарнагун кунанд.»

Як андеша аз чандин сол, ҳанӯз аз замони дар ватан будан фикрамро машғул медошт, ки агар қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ аз сӯи ин генералҳо дар ҳақиқат ҷо дошт, яъне мехостанд, ки Эмомалӣ Раҳмоновро сарнагун кунанд, дар ҳоле, ки як кори хайреро доштанд анҷом медоданд, чаро бо мардум дар миён нагузоштанд ва ҳадафашонро рӯшан нагуфтанд? Давлат, Ватан, миллат ва мардумро аз зери юғи як диктотур, ки ҳокимиятро қабилавӣ, балки оилавӣ кард, наҷот медоданд ва Тоҷикистон ва халқи он ба ин ҳоли зоре, ки имрӯз дорад, намеафтод. Ман гумон мекунам, ки ин генералҳо дурбинтар, оянданигартар аз сиёстмадорон будаанд ва онҳо беҳтар ва дақиқтар Раҳмоновро шинохта будаанд ва медонистаанд, ки идомаи вуҷуди вай дар курсии қудрат чи балоҳо бар сари ин Ватан меоварад?

«Ба дурустӣ, ки ҳар кадоме аз онҳо бо Раҳмонов муносибати хуб доштанд, ҳамҷому соғар ва генерали ҳукумати ӯ буданд. Рутбаи генералӣ ва чандин ордену медалу ифтихорномаҳоеро аз дасти ӯ гирифтаанд.»

Ҳамчунин ҳар  кадоме аз ин генералҳо шахсияти матраҳ ва шинохташудаи ҷомеа буданд ва онҳо на танҳо афроди низомӣ, балки ба ҳайси сиёсатмадор ҳам ҷойгоҳу мақоми муассир доштанд. Ёқуб Салим замоне дар шӯриши Маҳмуд Худойбердиев шарик шуморида шуд, ки раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон буд. Ғаффор Мирзоев, генерал-лейтенант, раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Дигаронашон, масалан Мирзо Зиёевро,ки ноҷавонмардона куштанд, чандин сол дар ҳукумати Раҳмонов вазир буд, ҳамин тавр Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ ва Маҳмадназар Солеҳов, ки ҳам Прокурори генераливу ҳам вазири дохилӣ буд, афроди соҳибноме буданд.Ин генералҳо,масалан Ғаффор Мирзоев дар соли 1998 якҷо бо размандаҳои мухолифин Маҳмуд Худойбердиевро, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон ҳамла карда буд, шикаст доданд,то ҳукумати Раҳмонов боқӣ бимонад. Аммо яке, яке муқобили Раҳмонов баромаданд. Ба ҳадде аз ӯ дилсард шуда ва ба ҳадде аз ӯ бадашон омада ва мутанаффир шуданд, ки нияти маҳву нобудии ӯро карданд.

Масъала боз ҳам ин аст ки чаро ин генералҳо қасди табаддулоти давлатӣ карданд? Чаро мехостанд, ки Раҳмоновро аз қудрат биандозанд? Барояшон беҳтар, осонтар, роҳаттар ва хуштар ин буд, ки дар сояи давлати Раҳмонов орому осуда ба сар баранд, вале накарданд. Чаро онҳо мехостанд аз Раҳмонов халос шаванд. Қудрати бештар мехостанд? Ва ё инки чун диданд, ки як нолоиқу ношиставу носазоворе як чунин мақому мартабаи муҳимеро ишғол кардааст, худро аз ӯ кам наҳисобиданд ва шоистатар аз ӯ диданд?   Шояд чанд омил ва сабаб ин генералҳоро барои сарнагунии Раҳмонов ба таҳрик дароварда буд. Шояд, яке аз ин авомил он бошад, ки онҳо бо чашмони худ диданд ва шоҳиди бевосита буданд, ки ба Раҳмонов  мардум ягон бор овоз надод ва як шахси носазовор тӯли ин ҳама солҳо бо зӯри силоҳу тарси рӯида аз ҷанг ҳокимият мекунад. Шояд як омили дигар ин буда бошад, ки медонистанд Раҳмонов бо зӯри аслиҳа қудратро гирифтааст. Ва, онҳо ҳам метавонанд бо айни ҳамин роҳ ҳукуматро аз ӯ бигиранд. Ё шояд онҳо фаҳмида буданд, ки Раҳмоновро танҳо ба воситаи амалиёти низомӣ метавон аз қудрат дур кард.

«Ҳарчи ҳам буду ҳарчи ҳам набуд, дар ин ҳама кӯшишҳои нокоми сарнагунии ҳокимияти Раҳмонов як нукта то ҳамин имрӯз асосӣ аст. Онҳо Раҳмоновро хеле хуб шинохта буданд ва дониста буданд ва фаҳмида буданд, ки ҳарчи бештар ҳузур дошта бошад, ҳамон андоза давлати Тоҷикистон ва мардуми ин кишвар дучори мушкил ва бадбахтӣ мешавад.»

Онҳо на танҳо худро халос карданӣ буданд, ҳамроҳи худ халқи худро мехостанд аз ин мунҷалоб, аз ин ботлох, аз ин махмаса, аз ин саратон ва аз ин зоғи бадмур наҷот бидиҳанд.

Онҳо нақшаву ниятҳои шуми Раҳмоновр аз мо пештар дарк карда буданд. Онҳо нафси аммора ва ҷаҳонхори ӯро пештар ташхис дода буданд.

Диданд, ки Раҳмонов дорад кишварро ба самти варта ва нобудӣ мебарад. Имрӯз шоҳид шудем, ки идрок ва ташхиси онҳо дуруст будааст.

«Шояд ҳама иттиҳомот муқобили онҳо дурӯғӣ буд, шояд ҳамааш бофтаву сохтаи худи Раҳмонов барои аз байн бурдану зиндонӣ кардани онҳо буд. Шояд. Аммо ҳоло ман кори онҳоро табаддулоти давлатӣ намешуморам.»

Ин генералҳо роҳи дурустеро пеш гирифта буданд. Онҳо ҳақ ва дуруст буданд.

Онҳо дер ҳам буд, фаҳмида буданд, ки беҳуда Раҳмоновро бар сари қудрат оварданд ва беҳуда бо ӯ санади сулҳ бастаанд.

Бубинед, ки чи кор карда истодааст? Худро Ҷаноби оливу Пешвои миллату Асосгузор хонда кишварро, сарвати миллатро, тамоми дору мадори мардумро бо аҳли авлодаш, бо зану духтару домоду бачаҳову ҷиянҳояш тохтутоз дорад, дуздӣ карда истодааст

Беҳтар ин набуд ки ҳамин генералҳо комёб мешуданд?

Дар соли 2003-ю 2004 Эмомалӣ Раҳмонов фикр мекард,ки Рустамро ба ҷойи худаш меоварад ва барои ҳар як духтараш бонкҳои хусусӣ ташкил медиҳад ва соҳиби самолёти шахсӣ мешавад?Агар ин генералҳо ҳоло дар сари кор буданд, барои ӯ чунин имконият ва шароитро иҷоза медоданд? Авзоъи кишвар  ҳанӯз дар ҳамон солҳо, ки на Рустам буду на Озодаву на Спитамебонку на Коммерсбонк ба ҳадде бад буд, ки генералҳо-фармондеҳони сангарҳои ба ҳам мухолиф:-Фронти Халқӣ ва ИНОТ якҷоя шуда фикри вожгунсозии Раҳмонов баромаданд.

«Имрӯз аз будани Раҳмонов чӣ баҳра бурда истодаем, ки бо омадани Рустам бубинем. Бад буд, бад ҳаст ва бадтар хоҳад шуд.»

Чи қадар хуб аст Тоҷикистони бидуни Раҳмонов, бидуни Рустам ва бидуни Озода  ва чи қадар хуб хоҳад шуд Тоҷикистони бидуни “Фароз”,бидуни  “IRS”- ширкати пулчинак, бидуни “Сомонэйр”,бидуни “Коммерсбонк”у “Спитманбонк” ва “Сифатформ” “Асри 21” ва садҳо ширкатҳои аз андоз озоде, ки ҳамагӣ аз дуздиҳои ин хонавода ташкил шудаанд ва хуни ин миллатро мемаканд. Пурсиш ин аст, ки агар ҳамчунин ҷавонмардоне қад алам кунанд,боз ҳам бетарафӣ ихтиёр хоҳем кард ва ё дар канорашон бармехезем? Ба назари ман ҳар касе қасди иҷрои аҳдофи он генералҳои зиндонӣ ва шаҳидро дошта бошад, боястӣ истиқбол карду рӯи роҳашро гулборон. Бо итминон мегӯям, ки агар он генералҳо комёб мешуданд мамлакат ва мардуми дигар медоштем.

Ps: Агарчи мардум аз бархе он генералҳо хотироти шуме доранду онҳоро хашин ва золим мешинохтанд. Фаромӯш набояд кард,ки ҳама ҷиноятҳои онҳо аз тарфи худи Раҳмонов фармон мегирифтанду онро иҷро мекарданд. Бидуни истисно ҳамаи онҳо,  тиран ва қасдгир будани Раҳмоновро фаҳмида буданд бар алайҳаш ба шакле мехостанд бишуранд ва гуноҳони анҷомдодаашонро,ки маҳз бо фармони ӯ содир намуда буданд бизудоянд ва беормон бимиранд. Умед аст генерали воқеъию ҷасуре дар мақомоти қудратии кишвар дар сар ба шакле озодии мардуми худро парваронад ва мардум ӯро дастгирӣ намоянд. Ё мунтазири сарнавишти ин ҳама генералҳое, ки ба Раҳмонов хидмат карданду номардона кушта ва хоини миллат ва давлаташон эълон намуд мемонед?

Сообщение Генералҳои “шуришӣ”, кушта ва зиндонӣ шуданд. Ту ҳоло зиндаӣ! появились сначала на ISLOH.net.