Архивы Маҳмадрӯзи Искандаров - ISLOH.net

Аз Ғарм то Данғара: «давлат барои кӣ ва бар зидди кӣ?»
Номаи маро алоҳида нашр кунед №40

Матлабе, ки ҳоло мутолиа мекунед, як ҳикояти воқеъии хеле ҳам ҷолиб аст. Дар ин матлаб аз масоили маҳалгироӣ, мавзӯъи чоплусиву хушомадгӯӣ сӯҳбатҳои конкретӣ шуда аз бархӯрду муносибати бахусус кормандони интизомиву амниятӣ дар ҳавои сиёсатҳои маҳалгароёнаи Раҳмонов бо мардуми ғармӣ намунаҳои мушаххас оварда мешавад. Муаллиф хулоса мекунад, ки поёни умри ҳамаи диктаторҳо бо ҳам шабоҳат дорад ва дар ин васат Раҳмонов истисно буда наметавонад:

Аз ғармӣ хатар сохтанд- ҷанг, тамға ва сиёсати «маҳалгароӣ»

Ассалому алайкум бародари дар роҳи ҳақ, Муҳаммадиқболи Садриддин! Алҳамдуллилоҳ,ки бо дуъои шумо аз сафари хизматӣ ба пеши падару модар ва аҳли оилаам баргаштам. Дар ин моҳи бузург, ки иҷобати дуъоҳост аз даргоҳи илоҳӣ талаб менамоям, ки шумо ва аҳли байтатонро умри дарози бобаракот, хонаи обод ато фармояд ва аз дарду ранҷ дар ҳифзаш нигоҳ дорад.

Каме бошад ҳам мехоҳам дарди дили бародаронеро, ки наметавонанд ба шумо нависанд рӯи ин варақи сафед биёрам. Шояд бо ин васила сиру асрори баъзеҳоро ошкор намоед то андаке бошад ҳам ҳолати мардуми ҷабрдида беҳтар гардад.

Дар номаи 326 комментарияҳоро хондам. Мехоҳам каме фикрҳои ин чоплусонро шарҳ диҳам. Шумо, ку аксариятатон дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ чочак мемакидед, шояд дар ҷои чочак ягончиро мемонданд, ки онро ҳам мемакидед.

Масалан дар мавриди ҷанге, ки дар ноҳияи Рашт гузашт, коллегияи мо, ки аксарият аз Айнии вилояти Суғданд, ва ҳозир бештарашон дар прокуратура ва амният кор мекунанд, даже намедонистанд, ки дар Ғарм чунин ҷанг шудааст, ки инҳо аз 50 то 55 умр доранд, онҳо мардуми ду погонаанд. Ман валлоҳӣ, биллоҳӣ таллоҳӣ миллатчӣ нестам. Аммо ҳамин тавранд. Худатон чоплусон биистеду биандешед.

Барои чи аз Айнӣ дар структура бисёр аст:- аз советники ҷаноб то прокурору МВД, КГБ, Миноборон, Погранвойск, Гвардия, МЧС.

Масчо, ки аз Айнӣ калон аст онҳо ба чени инҳо дар структураҳои мазкур нестанд. Барои он дар ин ҷойҳо аз Айнӣ бисёр кор мекунанд, ки инҳо мисли ҳамин раҳмонованд ва бар зиди дини исломанд. Мардуми Масчо шермардони бисёр, ки дорад, барои инҳо онҳо даркор нестанд.

Ҷанобатон ба мухолифон даст дод ва 30%ҳукуматро ба онҳо дод. Агар ин мард мебуд, то охир бояд дар дасти додагиаш меистод. Дар урфият мегуянд, ки бахшиш, даст додӣ…додӣ. Вале чоплусону моябардорон худатон бинед, ки Раҳмонов фармон дод, ки тамоми структура аз ғармӣ тоза карда шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳамаи началникҳои он Раёсат ва кадрҳоро, ки ғармӣ буданд, аз вазифа озод карда онҳоро пенсия ё ба распоряжение кадр фиристод ва ҳатто баъзеашонро бо статя сабукдуш карданд.

Бинед, ки МЧС –Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро ба 30%-ҳо дод. Вале ҳоло КЧСро ҳам гирифту ба Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дод. Ин нафарро, ки расчёташ вазири амният буд оварду дар ин вазифа монд. Ин шахс одами бад нест, лекин ҷои вай инҷо набуд. Худаш ҳам, ки генерал- лейтенант аст аз ин вазифа розӣ нест. Даже дар як маъракае ошкоро гуфтааст, ки «ма одами боварии ҷанобам неки мара оварду дар белу кетман монд».

Дар вақташ ин вазифаро ба Маҳмадрӯзӣ Искандаров дода буд вале аз вай гирифту ба Мирзо Зиёев бо лақаби Мизоҷага дод.

Шумо чоплусон ин лидерҳоро намедонед. Ҳатто шумо Саидшо Шамолов, яке аз фармондеҳони Фронти халиқро, ки ҳоло зинда аст, намедонед.

Дар даруни автобус як 20 нафар чоплуси донишгоҳи варзиш даже ин шахсро надониста мегуянд Тоҷикистон як лидер дорад- ин пешво. Ман гуфтам вақте Мирзо ҷага, Сангак, Файзалӣ, Саидшо, Суҳроб, Ғаффор ва дигарҳо буданд ҷанобатон дар Узбекистону Осетия мегашт. Бояд дар он лафзи додагиаш то мурданаш мемонд. Ҳозир натанҳо МЧС данғарагӣ, тамоми мақомотро уже данғарагӣ кард. Магар дар ин Тоҷикистон фақат данғарагиҳо бояд дар вазифа бошанд? Магар дар ин ноҳияҳо мардони босавод нестанд, ки то ҳатто контролёрҳоро аз Данғара бурда мемонанд.

Ман як чизи дигарро инҷо гуфтан мехоҳам.

Пештар тамоми структура ғармӣ мекофт. Мегӯӣ ғармиҳо террористони номери яки ҷаҳон бошанд. Тамоми коргарони давлатӣ чашми диданашон надоштанд.

Шумо чоплусон дастгирӣ мекардеду мегуфтед, бале, ғармиҳо хатарноканд. Вале ҳозир бошад чӣ? Агар дар Тоҷикистон шумо аз ғармиҳо хатарнок меҷӯед аммо ҷанобатон ин фурсатро истифода бурда тавонист, ки тамоми тоҷикро дар ҷаҳон террорист эълон кунад. Инаш ҳам дурӯғ аст? Шумо воқеиятҳоро мебинеду худатонро ба нодонию нобиноӣ мезанед.

Аллоҳ дар ин моҳи бузург шуморо хору залил, кӯру расво гардонад.

Аллоҳума омин!

Онҳое, ки дар давлатҳои хориҷианд, онҳо ҳамаашон ғармӣ нестанд, хешу таборони шумо ҳам ҳастанд. Ана бинед, ки ҷанобатон моро ба куҷо оварду ба куҷо мебарад?

Чаро дар тамоми масҷидҳо бегоҳи якуми рамазон хатибон варақҳоеро хонданд, ки огоҳӣ дода мешуд дар хонаҳо намозҳои якҷояи занҳо ва то сини 18-сола духтару бача ҳатто дуъо намудан баъди намоз дар масҷид манъ аст. Ҷанобатон ҳамаро ба ҳукми салафӣ бурда зиндон дорад, пас, агар шумо ақл дошта бошед, бинед, ки ин корҳои салафиҳост. Онҳо баъди намозҳояшон дуъои дастҷамъона намекунанд. Ҷанобатон ҳамроҳи амният ҳам дар наъл мезанаду ҳам дар мех. Мегӯянд, ки дуъо мумкин нест. Аммо дар намози якуми ҷумъаи рамазон имоми масҷид аввал дар ҳақи ҷанобатон дуъо кард. Аммо, худи ҳамин имом хуб медонад, ки тамоми намозгузорҳо дар қалби худ дуъо карданд, ки худованд хору залилаш гардонад Раҳмоновро якҷо бо авлоди касифаш. Аллоҳума,омин!

Чаро инҳоро намебинед? Худованд хоратон кунад шуморо! Шумо магар неверуйший ҳастед? Ҳамин «Русская община» 70% неверуйший аст, вале ба ҳаммилаташ чи христиан бошад ё мусалмон, рус бошад шуд, дар кадом дин аст фарқаш нест, онҳо раҳм доранд ва дастгириашон мекунанд. Шумо гарчанде неверуйшиед, магар тоҷик нестед, ки ин қадар против мебароед? Шумо агар мардед ранги Оятулло Гиляев ба чеҳраву рӯятон бароед. Вале медонед, ки рӯзе ин золимони ҳукумати шумо сукут мекунанд. Ман ягон 5%-ро мешиносам, вақташ омад гӯштатонро ба дандонҳоям меканам, медонед? Вақте шумо гап мезанеду ҳимоя аз ин касифон мекунед. Хуллас, гап бисёр вале, мутаассифона фаромуш мекунам.

Аммо ҳоло ҳам чун ҳарвақта барои анҷоми сафари хизмати давлатӣ ба ноҳияҳо сафар мекунем. Дар Хатлон дар чанд ноҳияаш моро қабул мекунанд бе ягон мамониат. Вале ин дафъа бо ҳамроҳии ду бародар ба ноҳияи Рашт сафар кардем. Онҷо як коре буд, ки он ҳам ба монанди кори Хатлон бо мусоидати амният ҳал мешуд. Аз номи як бародар, ки ҳамсинфаш дар Рашт кор мекардааст, гуфт «ман зангаш задаам равед сраза қабулатон мекунад».Рафтем ба КПП –ба нуқтаи гузаргоҳ муроҷиат кардем. Гуфт зангаш занед. Занг задем, набардошт. Гуфтем намебардорад. Вай худаш занг зад. Гуфт мумкин нест, ман худам мебароям. Як соат зиёд ждат кардем, ҳамсинфашро занг задем. Ин ҳам гуфт телефони маро ҳам намебардорад. Ман удостоворенниямро ба он охраник нишон додам. Гуфтам мо худием, биё кабинеташ равем. Гуфт иҷозат нест.

Баъд ман ба як бародар, ки дар ҷавониаш снайперисти номери як буд (ҳозир дар кадом вазифа бошад напурсидамаш) занг задам. Гуфт ҳамонҷо биист, ман меоям. Омаду пурсид. Ҳолатро шарҳ додам. Гуфт рафтем аввал обед мекунем. Рафтему хурок хурдем. Баъд, ман кам-кам дар рафти сӯҳбат дар баъзе маврид луқма мепартофтаму кунҷковона мепурсидамаш. Пурсид, ки ин ду бародар худианд? Онҳо ҳам удостовореннияшонро нишон доданд. Ва ман гуфтам бале, худианд. Баъд сар кард. Гуфт дар замоне,ки дар Алфа № 1 будам дар сарҳади қирғиз қирғизҳоро гузинӣ гардонида будам.

Онҳо талаб карданд, ки ҳамон снайперистро ба мо диҳед. Шарти якумашон ҳамин буд. Хуллас, маро бояд ба қирғизҳо медоданд. Он вақт Ҷалов сардор буд. Маро бурданд пеши Ҷалов. Гуфт сағера бахтат баландӣ кард. Шарти қирғиз ҳамин аст ки туро диҳему колоннаи мошинҳои бори Фарозро ҷавоб диҳанд. Вале пока боло намедонад. Аммо муовини раис мегӯяд, ки «ма ура намешносм». Аммо вай агар ин тавр шери нар бошад, маблағашро гӯ ман медиҳам. Сумашро деҳу ҷавонро ҳайф накун. Хулас  пурсидам кист? Гуфт Қаноатшо Лоиқов. Ва аз ҳамон рӯз ман нисбати мардуми дараи ҷамоати Тагоба эҳтиром дорам. Перевод шуда вазифаи боло рафтам, ба дигар минтақа. Аммо боз через кардаму гашта омадам.

Ман пурсидам, ки аз Тагоба чи медонӣ? Гуфт бисёр мардуми меҳмоннавозу сахиянд, аммо бузашон бениҳоят бисёр аст.

Гуфт ба наздикӣ бояд як переворот шавад. Ин бузҳоро китоб кардам- кай, дар куҷо, киро фурӯхтаанд. Мехоҳам ба Қаноатшо супорамашону гӯямаш, ки ман ҳамон одамам. Як нафари мо аслу ватанаш аз Тагоба буду аммо дар Бохтар зиндагӣ мекунад, пурсид, ки агар ягон бузҳои орангутанро мегуфтед, шояд ман мешиносамашон. Гуфт намедонам аз чи ва аз кадоминаш сар кунам. Гуфт 3-4 сол пеш камтар буданд. Зарифи муллодору буд, ки бо ҳамсояаш барои онки роҳи алафбиёрии онҳоро маҳкам карда буд, баҳсу даъво кард. Вале ҳамсояаш қории ҷинхон духтари як калонамонро хонда соз карда буд, ёрдамаш кард. Мо натавонистем Муллодоруро ёрдам кунем. Аммо дар баъзе маъракаҳо аз мо норозигӣ кард. Ҷӯраҳояш омаданду запсҳои гапзаниашро монданд. Роҳбарият ба хулосае омад, ки безарараш гардонад. Дар вақти коронавирус дар Қараболо безарараш гардонданд. Аммо гуфт ба баъзе бузҳо ҳайрон мешавам, ки ягон камбудӣ надоранду меоянду ҳамватан ва хешони худашонро мефурушанд. Масалан аз қишлоқи Хиштирок ҳоҷӣ Манон хусури акаи Раҳими ғармӣ, амаки зани ҳоҷӣ Бегиҷон мебошад, ки аз ягон чи кам надорад. Вале кадоме маъқулаш нашавад омада ягон гуноҳ ёфта мефурушад. Дар вақте ба мо буз даркор буд мо зора мекардем, сум медодемашон, нештатний удостоворенияшон медодем, вале ҳозир худашон меоянду мегӯянд, ки «ма кати шумо ҳамкорӣ мекунам». Аз ин қишлоқ ба мо буз даркор буд. Вақте интересоват кардем мардуми ин қишлоқ Раҳматшоро шайтон мегуфтанд, вай калонсол буд, занаш мурда буд. Мо хостем гуноҳи ӯро ёбему сирри як муҷоҳиди гизала ба номи мулло Раҳматуллоро гирем. Вақте фарёдаш кардему пешниҳодаш кардем розӣ шуд. Азбаски мардум шайтонаш меномиданд шубҳа пайдо шуда буд. Барои ҳамин аз пасаш шудем. Ҳозир дар қайди ҳаёт нест. Вале вазифаашро фарзандонаш Давлату Талаб ба пеш мебаранд. Хулоса, гуфт Раҳматшоро дар танааш камера мондем, хит накард. Ҳар рӯз хонаи бачааш Талаб мерафт. Интересно афтоду як рӯз рафтему нигоҳ карда истодем, ки омада даромад. Баъди 10 минут даромадем, ки лингҳои келинаш зани Талаб дар сари китфонаш ба ҳузур, мегӯӣ, ки аз худаш аст шапида истодааст. Ана ин шуд бузи забонкутоҳ. То мурданаш хизмат кард. Зани Талаб бошад ба Фидоев, ки началник милитсияи Навобод буд сахт рафту биё дошт.

Талаб боз, кадомеро, ки шабҳангом (чун милисаву кгбе, лесхозу экология нестанд) ба ҳезум мерафт ба занаш занг зада мегуфт (парол) «мо бор кардему меравем, як соат пас холӣ мекунем меоем». Занаш зуд Фидоевро соати чанди шабе мебуд занг зада мегуфт ва вай одамонашро равон мекард ва соҳиби борро штраф карда сум талаб меканданду ҷавобаш медоданд. Агар ҳамин одам аз Узбекистон драва заказ мекард, вай осонаш меафтид. Инҷо барои ман аҷиб намду кунҷковиаш кардам. Гуфт ман дилам месӯзад. Як рӯз зани Талабро оварда гуфтам худат зино мекунӣ чаро ин тавр халқатро азоб медиҳӣ ва сиёсаташ кардам, чаро бо хусурат зино мекунӣ? Гирист. Гуфт соли ҷанги шаҳрвандӣ мо чор апаву хоҳар будем, дар дараи Камароб дар Шоҳиндара. Сарбозҳо омаданду диданд авратҳои хушрӯ, бурданд дар як хона даровардану ҳар чорамонро хобондану луч карданду таҷовуз карданд. Акаам номашро Ашраф гуфта буд ё Шараф, точна дар ёдам нест, дар тори сарамон чухт буд. Ҳатто гурдае намекард, ки автомати яктои онҳоро гираду моро бо ҳамроҳии ин салдатҳо паронад.

Дар ҳамин вақт як муҷоҳид аз ҳамин дараи Тагоба буд, ҳозир дар қайди ҳаёт нест аз куҷое даромаду ин солдатҳоро аз болои мо пешопеш карда бурда дар лаби ғор паронд. Ман, дар ҳаминҷо шавҳар кардам. Имрӯз мехоҳам инҳоро ғам диҳам. Раиси қишлоқашон Мирзомаҳмуд бе ягон асос ҷавонҳоро кор мефармояд ё ягон дуздӣ ҳам шавад дар гардани он ҷавон мебандаду мегӯяд ҳамин нест, вале сағераи борзий мебошад бареду як таълимаш диҳеду ҷавобаш диҳед. Ҳамкориаш ба ҷияни Сайдулло Хайрулло, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон милисаи Навобод сахт мебошад.

Зани Шаҳоби муҷоҳид, ки то мурданаш Шаҳоб анде мо набаремаш русӣ гап мезад как будто паривара шудааст, як беваро аз шаҳр гирифта буд, номаш Зулайхо сахт ҳамкорӣ ба милисаҳо дорад. Аз Тагова, аз худаш, ки пештар Хилмонӣ ном дошт Саъдӣ Неъматов ин писараш қорӣ мебошад барои онки писарашро оварда салафию ҳанафӣ назананд ду тарафа ҳамкорӣ дорад, ин маҷбур аст. Вале афсӯс ки дигарҳояш барои манфиати худашон масалан Беҳрӯз Фидоев, Назриддин Фидоев, мулло Назриддин ин ҳам маҷбур аст. Чунки солҳои гурезагӣ дар Афғонистон буд.

Як бародар дар бораи Тагова каме ба «интерполи тоҷикӣ» навишт. Дар ин интерпол ному фамилия бошад бас аст. Вай худаш далше меёбад, ки ту кӣ ҳастӣ ва чи мепӯшию чи мехурӣ. Аммо  он навишта афсӯс кам буд. Ба ин қадар бузию зулм ман ҳайронам мардуми инҷо, ки беҳтаринанд, чаро ба ин интерпол наменависанд.

Манзур аз интерполи тоҷикӣ ин «Ислоҳ» аст. Ислоҳро дар инҷо мақомот чунин ном додаанд. Баъди нашри он матлаб дар Номаҳо -интерполи тоҷикӣ раиси ҷамоати Тагобаро бо куратори амният, ки ҳамроҳаш дар баъзе ҳолатҳо қӯш мебошад аз вазифа сабукдӯш карданд.

Инҳо ҳармоҳа суми пожару газету қавру гӯр ҷамъ мекунанд. Лекин як соҳибкор доранд, агар аз кадоме нороҳат шавад омада ба пожар мегӯяд, ки рафта ана ҳамин одамҳоро ҷарима кунед. Он гоҳ пожар омада ба ҳар баҳона онҳоро ҷарима мекунад. Нисбати ин соҳибкор факту далели бисёр дорам. Агар ислоҳ нашавад худам менависамаш, ки чаро пожар именно гапи ин соҳибкорро мегирад, на танҳо пожар даже началник милитсияи Навобод, ки як патсани вчерашний буд ва дар вақташ бо як мошини шалақа омада буд аз «ҷарима»-и ин дара бо Прадои последни модел ба Қурған переводаш карданд. Бовар накунед, коведу пурсед.

Фармони шоҳбача барои бузкашӣ буд, ки дар тамоми минтақа бузкаширо ҷорӣ намоед. Кадом соҳибкоре буз медиҳад, марҳамат. Аммо ин началники милиса  мегуфт «шоҳбачаи шумо фалонма хурдай. Ма болода ай фалони Азизамоҳ мебарум долия метим».

Аз ҳар як буздиҳанда 5000сомониашро мегирифт. Ҳозир началники ноҳияи Тоҷҷикободро оварда дар Навобод мондаанд, ки худаш асп дораду асбоз аст. Пул намегирад, аҷоиб. Пули пажарро ҷамъ карда медиҳанд. Боз гапи соҳибкор лезва. Бале, барои онки ин дарвозаи пажарро иваз кардааст. Ҳозир гапи пажар ҳам даргузар аст. Аз деҳаи Дуоба Кишвар гуфтанӣ одам дар пажар кор мекунад, бо ҳамшаҳри худаш Қимом ном вай причатка (дастпӯш) доштааст. Причаткаро нобароварда ба Кишвар салом мекунад. Ту бо причатка салом кардӣ гуфта  он қадар кашокашаш карданд ва он бечораро чанд ҳазор сомониашро гирифтанд. Мо аниқ карданием, ки чанд ҳазор аст. Ба хешонаш, ки дар МВД кор мекунанд як мактуб равон карданием. Просто мардум аз ин чоплусон хавф мекунанд. Дуруст аст, ки як бародар дар бораи қасдгирии мақомот аз ҷамоати Тагоба навишта буд. Рост мегӯяд, ки ҳамонҳоро оқибат ягон проблема мекунанд.

Ин воқеият дорад. Гуфт ман худам вақте дар ноҳияи Рӯдакӣ дар кор будам як афғон ба наздам омада шикоят кард, ки ман яке аз одамони хизматкардаи Фронти халқиам ва аз ҷаноби олӣ иҷозатномаи гирифтани шаҳрвандӣ дорам. Муроҷиат кардам барои шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтан. Аз ман 10.000$ талаб карданд. Ман девона шудам, ҷанг кардам, ки «ма ба ҷаноби олӣ хизмат кардам». Вай хесту гуфт «ма зани трам фалон кадагиюм, зани ҷаноби олитам, бра ҷаноби олита гӯ худш паспортут бта».

Ман пурсидам, ки чи хизмат кардӣ? Гуфт «ман лётчик будам, аз Узбекистон мепаридем. Команда мешуд, ки Нораку Ғармро бизанед. Мо, ки чанд нафар тоҷики Афғонистон будем, медонистем, ки ин водӣ ҳамааш тоҷиканд. Барои ҳамин фақат ба кӯҳҳо мезадему тир тамом мешуд, баргашта мерафтем.

Як бор ҷаноб худаш омада гуфт «иқае шумо мезане чаро патерия нест». Ман гуфтам онҷо шабона муҷоҳидҳо дастур медиҳанд светҳояшонро мекушанд. Ман худам развечик ҳам будам. Медонистам, ки тоҷикҳо гуреза шуда буданд. Ман

аз гурезагӣ истифода бурда кам -кам ба тарафи онҳо ҳам мегузаштам. Барои ҳамин маро иҷозатномаи гирифтани шаҳрвандӣ ва удостоворенния дода буд ва ташкилкунандагони Фронти халқӣ медалу ифтихорномаҳоям доданд.

Хостам ба пешаш равам аммо маро намонданд, ки пешаш дароям. Пеши шумо омадам, илтимос маро дастгирӣ кунед.

Хуллас, мо барои вай ба боло муроҷиат кардем. Дастгириаш карданд. Аммо намедонам, ки баъди чанде вайро депортатсия карданд. Шунидам, ки агар ин тавр намекарданд, чанд кас аз вазифа мепарид.

Чунки вай дар ҳақиқат удостовореннияи Фронти халқиро дошт.

Ана акнун чоплусон, хулосаатонро бароред, ки ҷанобатон бо ёрдами хориҷиҳо чи қадар хуни ғармиро резонда аст ва резонда истодааст.

Як чизи дигар. Чаро қазоқу узбеку қирғиз шаҳрванд -онашро, ки дар ҷанги Укарина ширкат карданд, маҳкум мекунад, сол медиҳад, аммо ҷаноби шумо не. Барои онки мехоҳад насли тоҷик нобуд ва кам шаваду вай болои тоҷикҳо ҳукмронӣ кунад. Тоҷикҳоро дар Украина мекушанд, мурдаҳояшонро меоранду шумо худатон мебинед. Магар ин ҳам айби ғармиҳо аст?

Пешниҳоди ман ба ҷаноб ва мақомоташ. Мо медонем, ки ҳар як барномаи «Ислоҳ»-ро тамошо мекунед.

Ҷаноб агар сериали туркии Усмон Алпарсланро тамошо кунӣ (шояд, ки тамошо мекунӣ) чунки рафторат, гуфторат, кирдорат ба ана ҳамин предателҳои турк бисёр монанд аст. Ман ин киноро тамошо мекунаму турову мақомотатро дар ана ҳамин предателҳо мебинам. Ҳамин империя 600сол давом кард, билахира барҳам хурд. Рӯзе аз рӯзҳо иншоаллоҳ ту ҳам шикаст мехурӣ. Дур намеравем ба монанди СС.Ятимов, ки тамоми дину оини мардумро бо ту маслиҳат карду ҳамаро басту зиндонӣ кард. Аммо мақомот бинед ба ин қадар худширинкуниҳояш ба Раҳмонов ҳозир СС.Ятимов дар кадом ҳолат аст.

Ҳар рӯз, ҷони Шоҳрухро гардам, рафта як бор олоташро дар ҳалқаш пеш мекунаду мегуядаш «ма гуфта бдмт сири атаи мара бровардӣ оли рӯзаш мия олотамро дар ҳалқат пеш мекунм. Ҳозир ма ба орзуям расидум».

Бинед хизматгори Раҳмонов дар кадом ҳолат аст.

Шумо ояндаи худатон ва фарзандонеро, ки дар хориҷа ба пули ин мардум хондаву калон мешаванд, фикр кунед. Оянда ҳар як ҷавони ин ватан орзуи ана ҳамин Шоҳрухро дорад.

Аввалҳо Раҳмонов мегуфт ба шумо ҳозир имконият ҳаст, барои оянда фарзандонатонро ба хориҷа равон кунед. Амммо ҳолоҳо барои дигар ноҳияҳо  иҷозат нест барои соҳиб шудан ба квотаҳои хориҷӣ. Ҳозир фақат ба данғарагӣ иҷозат ва имконият дода мешавад. Чунки дигар бовар надорад ба дигарҳо.

Ҳоло ҳам баъзеҳоятон имконияти чапа кардани ин касофатро доред, коре кунед, ки ин кор ҳарчи зудтар иҷро шавад. Аз паи нобуд кардани ин режим шавед.

Ба Раҳмонов гуфтаниам, ки дигар маҳалгароиву данғарапарастиро бас кун ва метавонӣ 500%тоб хурию дарҳои масҷидҳоро бикушоӣ, то сини 18-ро иҷозат диҳӣ, танзимро бардорӣ, Қуръону амри маъруфро иҷозат бидиҳӣ. Бимон, ки мардум осудаву ором зиндагӣ кунанд. Вагарна дида истодаӣ, ки чи гуна диктаторҳо яке, яке несту нобуд шуда истодаанд. Ин шо Аллоҳ ту ҳам сарнагун хоҳӣ шуд.

Хулоса, солҳои пеш воқиан мардум сахт метарсиданд, ки норизогии худро ошкор кунанд. Алҳамдуллилоҳ ҳоло тарс рафта истодааст ва қариб ҳама норизогии худро ифшо ва ошкор мекунад. Аз ин ҷиҳат мақомот дар ҳарос афтодааст.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ин нома на танҳо дарди як маҳал, балки нишонаи як бемории амиқтар аст вақте давлат ба ҷойи он ки сутуни баробарӣ бошад, ба майдони рақобати маҳаллӣ табдил меёбад.

Маҳалгароӣ танҳо тақсим кардани вазифаҳо нест. Маҳалгароӣ он вақт хатарнок мешавад, ки ба меъёри эътимод табдил меёбад: «худӣ-боваринок, дигарӣ-шубҳанок». Вақте шаҳрванд аз рӯи насаб, минтақа ё лаҳҷа арзёбӣ мешавад, давлат оҳиста-оҳиста аз маънои худ холӣ мегардад.

Тарсондан низ воситаи кӯтоҳмуддат аст. Шояд имрӯз садоҳоро паст кунад, аммо фардо беэътимодиро зиёд мекунад. Давлате, ки ба ҷойи шунидани интиқод онро ҳамчун душманӣ мебинад, дар асл аз заъфи худ хабар медиҳад.

Мақомоти қудратӣ бояд як нуктаро дарк кунанд:
амният бо тарс устувор намешавад, бо адолат устувор мешавад. Вафодорӣ бо маҳал сохта намешавад, бо қонун сохта мешавад.

Агар дар як минтақа эҳсос шавад, ки онҳоро канор задаанд, ва дар минтақаи дигар эҳсос шавад, ки «ҳама чиз аз они мост», ин аллакай тавозуни давлатро мешиканад. Давлате, ки тавозунашро аз даст медиҳад, дер ё зуд бо буҳрони эътимод рӯ ба рӯ мешавад.

Имрӯз ҷомеа бештар мепурсад. Мардум бештар муқоиса мекунад. Ва муҳимтар аз ҳама-мардум бештар мефаҳмад.

Ҳеҷ сохторе бо маҳалгароӣ абадӣ нашудааст. Ҳеҷ низоме бо тарсондан оромии пойдор насохтааст.

Агар воқеан ҳадаф субот аст, пас роҳаш адолати воқеӣ, баробарии воқеӣ ва масъулияти воқеӣ аст.
Вагарна таърих худ қазоват мекунад.

Сообщение Аз Ғарм то Данғара: «давлат барои кӣ ва бар зидди кӣ?» появились сначала на ISLOH.net.

Посух ба генерал: «ҳаргиз зери юғи зулм барнамегардем»
Посухи Муҳаммадиқболи Садриддин ба номаи генерал Азимов Раҷабалӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Азимов Раҷабалӣ генерали мустаъфӣ ва ҳоло мудири кафедра дар Донишгоҳи Кулоб бо як номаи боз маро мухотаб қарор дода даъват ба бозгашт ба ватан ва узрхоҳӣ аз Раҳмоновро кардааст.Ин матлабро нашрияи ҳукумати вилояти Хатлон ва низ сомонаи донишгоҳи Кулоб ва шояд боз дигар расонаҳо бознашр кардаанд. Инак посухи ман ба ин навишта:

Муҳтарам генерал Азимов!

Аввалан ба Шумо барои ин ки бо эҳтиром ва ошкоро назарҳоятонро баён намудед, изҳори сипос мекунам. Ман аз эҳтироми Шумо нисбати Ватан, миллат ва ранҷҳои даврони ҷанги бародаркуш қадрдонӣ менамоям. Рӯшан аст, ки Шумо дар воқеаҳои талхи таърихи кишвар шоҳид ва иштирокчӣ будед ва ҳарфи Шумо дар ин замина арзиш дорад.

Аммо, бо вуҷуди ин эҳтиром, чанд нуктаеро мехоҳам оромона ва бо ирояи далел баён кунам:

1.Тафсиру фаҳмиши мафоҳеме чун адолат ва ватандӯстӣ мусалламан аз дидгоҳи ман ва шумо ҷаноби генерал фарқ дорад.

Ман низ Ватанро дӯст медорам, вале ин муҳаббат маро водор мекунад, ки ба номус, озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сарнавишти наслҳо таваҷҷӯҳ кунам. Ватандӯстӣ маънои хомӯшона қабул кардани ҳар чӣ аз қудратманде чун Э.Раҳмонов меояд нест-балки дифоъ аз ҳақиқат ва манфиати умум мебошад.

Ҷаноби генерал! Шумо, ончиро, ки дар сиёсат ва фаъолияти раҳбари давлат ва аҳли оилаи вай адолат меҳисобед, ман намебинам. На танҳо ман, аксарияти мардуми Тоҷикистон ҳиҷ адлу доду инсофу диёнат ва ҷавонмардиро дар ин раҳбарӣ намебинанд.

Инҷо метавон ҳазорҳо мисолу ва факту далел овард, ки посухро тулонӣ мекунад. Вале ҳамин нукта, ки «роҳбари давлат» тамоми аъзои хонаводаашро ба мансабҳои давлатӣ мансуб кардааст, тамоми хешу таборашро дар гирди хони давлат ғун кардааст, нишонаи адолат аст? Фақат ба хотири онки ҳамин Оила зиндагии орому роҳат дошта бошад ҳазорҳо ҳазор дар муҳоҷират, ғарибӣ, оворагӣ, гурезагӣ, дар зиндонҳо ҳаёташро мегузаронад, адолат аст? Посухи ин саволҳоро пеши худатон дошта бошед, чун мо миллат ва мардум хуб медонем онро.

2. Тарси Худо ва адолат- қимматтарин неъмат аст, вале он бояд ба амал таҷассум ёбад.

Шумо аз раҳму шафқат ва адолати Худованд ёд овардед. Аммо оё таъқиби садҳо сокинон, зиндон шудани мухолифон, муҳоҷир шудани ҳазорон ҷавони соҳибистеъдод ва бастани сарҳади озоди сухан нишонаи адолат аст? Ё ин ки ба вуҷуд омадани як режими комилан оилавӣ ва мутамаркази фосид, ки мардумро дар бенавоӣ ва тарс нигоҳ медорад?

Тамоми он маълумоту навиштаҳои ман, ки дар бораи «роҳбари давлат» навиштааму менависам бо далел ва бурҳон аст. Шумо як намуна ҳам наовардаед, ки собит кунад навиштаи ман «туҳмату буҳтон» аст. Ин шо Аллоҳ, бале рӯзаш мерасад, ки ҳарки намаки ин мардумро мехурад вале пос намедорад, баракс дуздиву ғорат мекунад, талаву тороҷ мекунад, бари рифоҳи худаш самолети 100 миллиондолларӣ мехарад, тамоми духтару бачаву домодҳояшро аз ҳисоби пули халқ ғанӣ ва мултимиллиардер мекунад, ба кайфар ва сазои аъмоли худ хоҳад расид. Ин хоҳ ман бошам, хоҳ «роҳбари давлат». Бубинед, ҳатто ҳамин шираи камолро, ки бархе аз кишоварзони навоҳии минтақи Кулоб сабаби ризқу рӯзии худ карда буданд, Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов кашида гирифту аз они худ кард.

Шумо магар аз кони Шугнов ва онки онро Амриддин Нахшов, холабачаи Рустам аз они худ кард, дарак надоред?

Шумо магар аз онки Озодаи духтари Раҳмонов роҳи ягонаи миёни марказ ва шимоли Тоҷикистонро пулакӣ карда солона садҳо миллион даромад мегирад, хабар надоред?

Шумо магар намедонед, ки тамоми хлопзаводҳои ҷанубу шимоли кишварро Ҳасан Асадуллозодаву бародаронаш аз они худ карда ва деҳқони тоҷикро фақат барои ғӯзапоя кор мефармоянд хабар надоред?

Инҷо метавон боз садҳо мисолу намуна овард, ки нишон медиҳад ҳеҷ адолате дар роҳбари давлати шумо вуҷуд надорад.

Рухшона Ҳакимова як рӯзноманигоре, ки тифли ширхора дошт, бурданду 8 сол ҳабсаш карданд, барои ҳиҷчи, тамоман бегуноҳ, магар аз кадом адолат далолат мекунад?

3. Ман мухолифи Ватан нестам-ман мухолифи сохтор ва сиёсате ҳастам, ки кишварро ба бунбаст бурдааст.

Шумо маро ба беадолатӣ муттаҳам кардед, аммо ман танҳо як садои дигари тоҷикон ҳастам, ки мехоҳанд Тоҷикистон озод, пешрафта ва соҳибазамату воқиан рӯ ба рушд ва мутараққӣ ва шукӯфо бошад. Агар ҳамон суханҳое, ки имрӯз ман баён мекунам, «тӯҳмат» бошанд, пас чаро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба журналистони мустақил, ҳомиёни ҳуқуқ ва мунтақидон фишор меорад? Чаро миллионҳо тоҷик аз азоби бекорӣ ва бепарвоии давлатӣ ба муҳоҷирати иҷборӣ рафтаанд? Чароҳои зиёди дигареро инҷо илова кунед ҷаноби генерал! Шумо маро ба доштани хоҷаҳои берунӣ муттаҳам карда истодаед. Худо гувоҳ аст ки ҳеҷ хоҷае на дар дохил ва на дар берун дорам. Аммо, ман ба яқин медонам, ки шумо хуб медонед, ки Раҳмонов сохта ва истеҳсоли хоҷаҳои хориҷӣ аст. Раҳмонов савори чи мошини ҷангӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо дастгирии кадом хоҷаҳои хориҷӣ ва бо кумаки сарбозу афсарҳои кадом хоҷаи хориҷӣ ҳукуматро гирифт, шумо аз ман беҳтар медонед. Хоҷаи хориҷидор кӣ будааст?

Сипос аз шумо,ки дар бораи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва шаҳид Мирзо Зиё ҳарфҳои хуб задед. Аммо Маҳмадрӯзӣ Искандаров 23 сол аст, ки дар зиндон аст, барои кадом гуноҳ? Созмони милали муттаҳид озодии вайро аз роҳбари давлат, ки шумо адолатпарасташ мегӯед, талаб кард, аммо иҷро накард.

Мирзо Зиё ва ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯро, ки ба дастури бевоситаи ҳамин роҳбари давлат анҷом доданд, ёдатон рафт?

Шумо аз ман беҳтар ин ҳама ҳодисаҳоро медонед, ман мутмаинам, ки воқеиятҳоро аз хелеҳо бештар медонед. Магар фикр доред, ки Ҳамрохон Зарифӣ бар муқобили Раҳмонов табаддулот мекард? Ҳоло вай дар куҷост?

4. Дар бораи таърих бояд рост гуфт, на яктарафа.

Шумо аз давраи ҷанг ёдоварӣ кардед. Бале, ҷанг фоҷиъа буд, ва ҳар тараф хусӯсиёт ва вижагии худро дошт. Аммо ё фаромӯш кардем, ки як бахши калони ҳамин ҷанг таҷассуми ҷиҳоди мардум алайҳи зулму истибдод буд? Ҳақиқатро бояд бо далел гуфт, на бо эҳсосот. Наметавон тамоми гуноҳро ба як тараф бор кард. Шумо, мегӯед, ки Худованд ба Эмомалӣ Раҳмонов дод, ситеза накун. Магар ба Намруд ва ба Фиръавн Худованд надода буд ва анҷоми онҳо чи шуд? Анҷоми Нурсултон Назарбоев ва амсоли ӯ дар ин асри мо ва шумо чӣ шуд?

Ҳиҷ гоҳ сарзамин дар ихтиёри роҳбари мо набуд. Кай ва дар кадом давра? Агар манзуратон Ҳукумати Муросои Миллӣ бошад, дар он ҳукумат 90 дар 100 вазирҳои пешина буданд, Президент, раиси Шурои Олӣ, Сарвазир ҳамааш аз пешинаҳо буданд. Вақте ба насиҳат мепардозед, аз адолат ҳарф мезанед, бояд ҳақиқат, адолат ва инсофро риоят кунед.

Ин роҳбари давлати шумо ҳиҷ гоҳ сулҳу оштиро намехост, агарки болояш фишор ва зӯр намеомад. Ёдатон бошад гуфта буд, ки «равед, мисли бобоҳову падарҳоятон Афғонистонро обод кунед, ба шумо дар ватан ҷой нест. Ва хонаву дари ҳазорон ҳазори мардумро дигарҳо ишғол карданд. Ин ҷоннисорӣ ва муборизаҳои роҳбари мо Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки мардум тавонист аз нав ба ватанаш баргардад.

Бигзор, ҳарфи майдони Шаҳидону Озодӣ ба фаромушӣ биспурда бишавад ва вақти имзои сулҳ дар соли 1997 ҳам як санади алоҳидаро роҳбарони ду тараф имзо карда ёдоварии он рӯзҳоро манъ ва ёдоварандаҳоро сазовори лаънати Аллоҳ хитоб карда буданд. Аммо оянда чи шуд? Кӣ сазовори он лаънату нафрин шуд?

Шумо фикр мекунед, ки сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед гӯед мардум воқеиятро намебинад? Мардуми Тоҷикистон воқеиятҳоро, кӣ будани ин роҳбари давлатро хуб мешиносад.

Чаро ин роҳбари давлат чандин бор Қонуни асосиро иваз кард? Барои худаш ё барои мардум?

Чаро ин роҳбари давлат зӯр зада писарашро ба ҷойи худаш оварданист?

Шумо, пеши худатон ва барои худатон як бор андеша кардед, ки он замони ҷанги шаҳрвандӣ барои он ҷангидед, то дар оянда як Оила болои шумо, ман ва тамоми мардуми тоҷик сулола ташкил кунад, шоҳу шоҳбачаву шоҳдухтар шаҳдомод оварад ва ҳам манобеъи рӯи заминӣ, зери заминӣ ва ҳам худи заминро ба сарвату моликияти ин Оила табдил диҳад?

Шуморо ба Худо қасам медиҳам, барои ҳамин шароити имрӯзӣ, ки миллионҳо мард ва ҳатто занҳои тоҷик муҳоҷир бишаванд ва ин Оила то ба ин ҳаду андоза халқро таги по кунад, ҷангида будед? Бародари Шумо-фарзанди падар, Худо биёмурзадаш барои онки Раҳмонову оилаш якумрӣ бишавад ҷангида буд?

5. Оғӯши Ватан кушода аст, вале бо шарт: озодӣ ва кафолати ҳуқуқ.

Шумо маро ба бозгашт даъват кардаед ва гуфтед, ки Президент метавонад бубахшад. Аммо бахшиш ҳам худ шакли зулм аст, вақте ин роҳ танҳо бо хомӯшӣ ва таслим шудан қабул мешавад. Чун ин «бахшиш» «оши оштӣ» «сулҳ» «афв»  ва… дидему сабақи хубе ҳам гирифтаем.

Тоҷикистон бояд сарзамини ҳамагон бошад, на танҳо тарафдорон ва пайравони як шахс ё як оила. Тоҷикистон ватани мо ҳам ҳаст ва мо фарзандони угайи ин ватан нестем. Баъдан ман чи ҷинояте дар муқобили ватан ва давлату миллатам анҷом додаам, ки бахшуда шавам. Боз аз ҷониби кӣ? Аз ҷониби шахсе, ки бо падарони мо сулҳ кард ва унвони асосгузори сулҳро бар худаш гирифту боз ҷангро шурӯъ карду кушту зиндонӣ ва муҳоҷиру паноҳандаамон кард. Оё тавақуъ доред ман  интизори «афв»у бахшиши ӯям? Марг бароям авло аст, зери дор қарор гирифтан ва пора пора шудан бароям шарфмандонатар аст аз бахшиши чунин шахс! Баракс ӯ бояд талаби афву бахшиш аз мо намояд, на мо аз ӯ!

Бале, ёдам ҳаст, ки вақте Маҳмуд Худойбердӣ даромад роҳбари давлат бо чашмони гирён ба пойи роҳбари мо хам шуд ва ҳатто гуфт, ки акнун навбати гурезагӣ ба мо расид ва ин муҷоҳидон, ҳамин шаҳид Мирзо Зиё буд, ки Маҳмудро аз ватан берун ва тоҷу тахти Раҳмоновро ҳифз кард.

Аммо чи подоше насибаш кард?

Сарвари шумо агар марди ҳақ буд, Ёқуб Салимро ба 15 сол мешинонд? Агар одил буд Ғаффор Мирзоро, ки Маҳмуд ва сарбозонашро аз Хуҷанд бадар кард ҳукми абад медод?

Ин як номарди худхоҳ аст ки ба ҷуз аз Оила ва авлоди худ ба ҳеҷ кас раҳму шафқат накардааст ва намекунад.

Шумо, агар инсофро дар вуҷуди вай биҷӯед, бубинед, ки Ёқуб бо пайкараш ӯро бипӯшонд, аммо вай ба Ёқуб чи посух дод? Ҳоли Султон Қувватро,ки мумкин аст ҳамразматон буд хуб ёдатон ҳаст?

Ман ҳиҷ гоҳ аз дур истода ба сӯи ватанам санги маломат намеандозам. Санги маломати ман ва миллионҳо чун мани муҳоҷиру ғариб ва гуреза ба самти Раҳмонови касиф аст. Агар ҳазор сол Раҳмоновро одил гӯед, ҳазор сол ҳам ғалат кардаед. Ҳиҷ гоҳ одил намешавад, нафаре, ки болои хуни мардум танку туп рондаву ҳукумат гирифтааст. Бигзор, ман дар ғарибӣ ҷон диҳам, аммо ҳиҷ гоҳ зери юғ ва ситами ин касофат нахоҳам рафт ва то даме, ки кишварро аз шарри ин ноҷавонмард наҷот надиҳем, даст аз мубориза ва по аз роҳи интихобидаамон нахоҳам кашид!

Дар охир, ман ҳамчунон ба Шумо, ба ҳамаи онҳое, ки зиндагиро ба сахтӣ пушти сар карданд ва ба сарзамини мо содиқанд, эҳтиром дорам. Вале ҳар кӣ имрӯз ба хотири оромӣ ва ҳифзи мансаб ҳақиқатро фурӯ мебарад, фардо дар назди таърих ва Аллоҳ ҷавобгар хоҳад буд.

Тоҷикистон на моли мо, на моли Шумо- моли фарзандонест, ки ҳақ доранд дар кишвари озод, пешрафта ва адолатпарвар зиндагӣ кунанд. Моли онҳоест дар ин сарзамин зода шудаанд ва дар он ба воя расидаанд. Бигузор ҳар касе бошад Тоҷикистон ватани ӯст. Барои ҳамин мубориза мебарем. Ҳуқуқи гуфтани ҳақиқатро ҳеҷ пешвое, пешвозодае, домоде, ва ниҳоятан қудрате аз мо гирифта наметавонад. Мумкин аст дар ин роҳ ҳама сангиниҳо мусибатҳо, туҳмату буҳтонҳо, зиндоншуданҳо, шаҳодат дар ин роҳ моро ҳамроҳи намояд. Аммо на таслимшулану талабу афву бахшиши як қотилу золиму Худобехабаре чун Э.Раҳмонов.

Бо эҳтирому самимият

Муҳаммадиқболи Садриддин, роҳбари Ҳаркати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Ҳасби ҳоли генерал Азимов Раҷабалӣ Каримович

Хатмкардаи Институти тарбияи ҷисмони Тоҷикистон (1986). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ИҶШС (1978 – 1980), муаллими мактаби миёна дар шаҳри Кӯлоб (1986 – 1993), сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ (1993 – 1994), сардори гурӯҳ ва муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ (1994 – 1995), сардори Комиссариати ҳарбии  ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе]] (1995 – 1997), муовини раиси Комитети ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (1997 – 1998), муовини вазири ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998 – 2006), корманди масъули Сарраёсати нерӯҳои марзбони Комитети давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006 – 09). Аз соли 2009 дар истеъфо. Раҷабалӣ Азимов Каримович (тав. 2 феврали соли 1960, деҳаи Корези Болои ноҳияи Кӯлоб)-арбоби низомӣ, генерал-майор (2003).

Сообщение Посух ба генерал: «ҳаргиз зери юғи зулм барнамегардем» появились сначала на ISLOH.net.

Бахшиши ғайримунтазира ва бесобиқа
Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон сахт интизор буданд, ки ба муносибати 30 солагии қабули Қонуни асосӣ қонуни афв дар моҳи ноябри соли 2024 қабул хоҳад шуд. Аммо Раҳмонов ин қонуни асосиро қабул накард. Дар ҳоле, ки ҳадди ақал дар бист соли ахир ҳар се сол қонуни афв қабул мекард ва афви охири қабулшуда ҳам дар соли 2021 буд ва бемалол метавонист, ки дар 2024 қабул кунад. Аммо накард. Чунки дар зиндонҳо афроди зидди сиёсатҳои Раҳмонов ва онҳо, ки то уфтодан дар зиндон намоз намехонданд, намозхон шуданд, зиёд шудааст.

Барои ҳамин фармони афви Раҳмонов, ки чанд рӯзи пеш содир шуд ғайриинтизор буд ва дар ҳақиқат собиқа надорад.

Чаро Раҳмонов бахшиш кард?

Имзои фармони бахшиши Раҳмонов, агарчи баъди файсалаи баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон сурат гирифт ба он муртабит нест. Имзои ин фармон баъди анҷоми сафари вай ба Маскав сурат гирифт. Матбуоти русӣ навишт, ки дар ин сафар масъалаи Рустам ва интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳал шудааст ва гуё Путин ризоият додааст, ки Раҳмонов нақшааш дар бораи овардани Рустамро ба иҷро дароварад.

Раҳмонов бо ин бахшиш хурсандиашро ошкор кард ва пинҳон надошт, ки Путин ба овардани Рустам, ки мухолифат дошт, розӣ шуд. Ва аз Маскав ба Душанбе расидан замон фармони бахшишро имзо кард.

Вале ин бахшиш ҳам шомили ҳоли онҳое, ки зиндониҳои сиёсӣ маҳсуб мешаванд нахоҳад шуд. Дар ҳоле, ки тибқи урф ва риволи мулк ва давлатдорӣ раҳбари як давлат бояд ҳарифону рақибони сиёсиашро бибахшад то бар ҷойгоҳ ва азаматаш биафзояд ва рақибонаш ҳам забони кутоҳ дар баробараш дошта бошанд. Аммо Раҳмонов ин корро дар ҳеҷ ҳолат нахоҳад кард, чунки худи вай дар баробари ҳарифонаш масалан Маҳмадрузи Искандаров, Зайд Саидов ва амсоли инҳо забонкутоҳ аст.

Бахшиши Раҳмонов аломат ва нишонаи хушҳоливу хурсандиву ризоияти вай аз натиҷаи сафараш ба Маскав аст.

Чаро Раҳмонов Наврузро махсус таъкид кард?

Дар фармонаш тазаккур кард ва ин бахшишро ба Навруз  пайванд дод барои онки вақту замон барои изҳори хурсандиаш дер нашавад. Вале чун Навруз дар даруни моҳи мубораки барои мо мусалмонҳо Рамазон омад, онро махсус тазаккур кард ва нишон дод ва таъкид ва тасдиқ кард, ки вай бо ислому мусалмониву моҳи мубораки он на фақат рабту пайванд ва дилбастагӣ надорад, балки муқобили он аст ва ба он нафрат меварзад.

Масалан Раҳмонов метавонист ин бахшишро то чанд рӯзи дигар дертар содир кунад, масалан дар моҳи апрел. Аммо махсус дар рамазон ва бо таъкиди онки ба муносибати Навруз аст уқда, душманӣ, танаффур, бадбинӣ, хусумату хушунати даруниву қалбиаш бо исломро зоҳир кард. Раҳмонов мехоҳад бигуяд, ки вай исломро бад мебинад. Барои вай Навруз ва рақсу бозӣ авлотар ва афзалтар аст.

Бубинед шуруъ аз Сафармурод Ниёзов то Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва ҳоло Сердар ҳамасола аз салоҳияти конститутсионии худ истифода карда бандиҳоро бахшиш мекунанд. Ва ин бахшиш бештари сол ба муносибати фарорасии шаби лайлатулқадр ва иди сайиди фитр ва ё иди Азҳо-Қурбон ду иди асосии қуръонии мусалмонҳо сурат гирифтааст. Ахиран Сардор Бердимуҳаммадов барои имсоли шаби лайлатулқадри моҳи мубораки Рамазон эълони бахшиш кард. Вва ин фармонро рузи 21.03 и имсол имзо кард ва беш аз 350 нафар ба озодӣ баромаданд.

Ҳамин тавр Шавкат Мирзиёев ҳам ҳатмани ҳатман ба муносибати ин ду иди бузурги исломӣ фармони бахшиш ва афв имзо мекунад.

Масалан  9 апрели соли 2024 ба муносибати иди рамазон- «Рамазон-байрам» 426 зиндониро бахшид.

Чаро Раҳмонов аз онки барои мисол дар моҳи муборак ё дар иди Қурбон бахшида бошад намекунад. Дар моҳи муборак аммо Наврузро тарҷеҳ дод.

Мо, инро чи гуна бифаҳмем? Бале, барои Раҳмонов Навруз аввал ва афзал аст. Ин на ба он аст ки вай ошиқу шефтаи таъриху гузаштаи ин миллат аст, ин на бо маъно аст ки Навруз иди мардуми аст, ин ба он маъно аст ки аз Ислом ҳазар мекунад, парҳез мекунад.

Метавонист бигуяд, ки ба муносибати ин моҳи муборак, ба муносибати даҳаи ахир  аммо нагуфт ва намегуяд. Маълум аст ки рӯза ҳам намедорад.

Ин рақси дастафшониву ишкамбаҷумбониву қошпарониву думбатакониашро бинед. Мусафеди 70уандсола шармаш на аз Худо ва на аз банда меояд. Минбарро таваҷҷуҳ кунед фақат худаш ва Рустам. Ин чмои раиси нави Маҷлисро даронҷо роҳ надоданд. Қаблан Убайдуллоев ва Зуҳурову сарвазир ҳам онҷо буданд. Аммо ин бор фақат худаш ва Рустам. Маънодор аст. Агар диққат дода бошед аз қизиқи рақс бо думбаи 100 кг курсиро зад ва Рустам онро бе роҳ карду дурбин дар ҳол ба саҳна гардонида шуд. Ин пирбузбалаи аҳмақ ҳаргиз одам нашуд,ки нашуд ва шудани ҳам нест.

Аммо ин шо Аллоҳ ба ин орзу ва ҳавасҳояш нахоҳад расид.

Чаро Раҳмонов дар даруни моҳи мубораки рамазон, моҳи хос ва вижа барои мусалмонони олам бар Навруз тарҷеҳ медиҳад?  Ин дар худ паём дорад?  Ин нигоҳи Раҳмонов ин заҳри Раҳмонов аст ба  ислому мусалмонӣ ва мусалмонон.

Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон мушкил дорад.

Чаро Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон кори як номусулмонро мекунад? Ин чи гуна раиси як давлати мусулмоншин аст? Бале ҳамин Раҳмонов.

Чаро раиси ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо дину оини худ мушкил надоранд. Чаро онҳо наметарсанд? Чаро Раҳмонов метарсад?

Кутоҳи гап. Раҳмонов аз мо-исломиҳо метарсад ва метарсад, ки боз ҳаминҳо фукашро ба замин хоҳанд шакид. Ин шо Аллоҳ ин бор дигар хел хоҳад шуд.

Мо, намедонем, ки Раҳмонов киҳоро мавриди бахшиш қарор дод. Бахшидан, бахшиш кардан истисноан дар ваколати сардори давлат ва дар Тоҷикистон Презиент аст. Онро номбаном татбиқ мекунад. Ин афв нест. Афв бар тибқи қонун қабул ва бар асоси моддаҳои воридшуда ба он татбиқ мешавад. Аммо бахшиш, ки гуфтем ҳуқуқи истисноӣ аст ба афроди алоҳида аст.

Аммо на хабаре аз раҳоии хабарнигорони зиндонӣ, на хабаре аз раҳоии зиндониҳои сиёсӣ ба мо расидааст. Ин дар ҳоле аст ки аз тамоми зиндонҳо, аз ҷумла усиленний (пурзур) строгий ( сахт) ва обший (умумӣ) маҳкумшудаҳо раҳо шудаанд.

Пас, ин бахшиши вай фақат як навъ фиреб аст, ки гуё афв кард.

Сообщение Бахшиши ғайримунтазира ва бесобиқа появились сначала на ISLOH.net.

Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ ё рақиби кисагии Рустами Эмомалӣ
Шаҳбози Аброр, вакили 34-солаи Маҷлиси вакилони Душанбе бо анҷоми як табаддулоти  барқосо Сайидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро аз раёсати ҲДТ –Ҳизби демократи Тоҷикистон барканор ва курсии №1-и демократҳои ин кишварро  ишғол кард.

Тардид надошта бошед, ки ин навбати табаддлот дар ҳайати раёсати ҲДТ ҳам бо мусоидати дақиқан ҳамин «боло» анҷом шуда буд. Вале дар тафовут аз табаддулотҳои қаблӣ ин бор ин табаддулот ба андозаи сурохии сузан ангезаи дарунҳизбӣ надорад. Саддарсад кори дасти «боло» аст. Ва Сайидҷаъфар Усмонзода, ки низ чанд соли пеш бо кумаки ҳамон «боло» вале бо пуштибонии ҷамъе аз демократҳо табаддулоте барпо ва ин курсиро аз марҳум Масъуд Собиров кашида гирифт, агарчи мегуяд вокуниши вай ин табаддулот ба мавқеъи раиси ҷумҳурӣ вобаста аст, аммо хуб медонад, ки пушти ин корҳо худи раиси ҷумҳурӣ  истодааст ва дақиқан аз ин табаддулот огоҳ аст ва ҳатмани ҳатман «о,кей» дода ва ба барномарезону муҷриёни он «як ҷаҳон ташакур» ва «аҳсан» ҳам гуфтааст. Аз ин ҷо аст ки Усмонзода гуфт, ки даъво ва судкашӣ нахоҳад кард.

Аммо ҳоло пурсиш инҷост, ки чаро ин табаддулот руй дод ва ҳадафи он чӣ аст? Ва чаро «боло» ҳамчунин тасмим гирифт ва магар Сайидҷаъфар Усмонзода, чи бад кард, ки осӣ ва рад шуд?

Сайидҷаъфар Усмонзода давоми раисиаш дар ин ҳизб ба ҳеҷ амале даст назадааст, мавриди итобу дучори нобоварӣ ва нороҳатии «боло» қарор гирифта бошад. Балки баракс ҳамвора гапу ҳарферо мезад, ки дар асл он гапу ҳарфи ҳамин «боло» аст. (Вақте мо «боло» мегуем, шумо бидуни ягон фикру мулоҳиза Раҳмоновро  дар назар дошта бошед). Барои ҳамин ангеза, сабаб ва ҳадафи табаддулоти навбатӣ дар ҲДТ, барканории Усмонзода ва овардани Шаҳбози Аброр ба фаъолияти Сайидҷаъфар Усмонзода аслан рабт надорад. Чун, чуноне гуфтем, ҷаноби Усмонзода сохтаву овардаву руёнида ва шинонида ва дастнигари худи ҳамин «боло» аст ва ҳеҷ вақту ҳеҷ гоҳ аз лутфу марҳамати  «боло» канор намондааст. Ва, ин эҳтимол, ки тавассути ин ҳизб дар маъракаи ояндаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки номзади асосии «боло» Рустами Эмомалӣ аст, рақибе бар муқобили он қад алам хоҳад кард ҳам вуҷуд дошта наметавонад. Ҳамон «рақибони эҳтимолӣ», ки хоҳ ҳоло дар сари кор нестанд ва хоҳ дар сари коранд, яқинан ҳаваси ин курсиро доранд, аммо ҷуръат ва ҷасорати вориди арса ва корзор шуданро надоранд. Вагарна дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 шонс ва имконоти Маҳмадсайид Убайдуллоев бартар ва муҳкамтар аз Эмомалӣ Раҳмонов буд.

Аммо ҳоло чи шуда, ки Шаҳбози Аброрро, як шахси ноошно ва тамоман номаълум ноаёнро  оварданду бар сари ҲДТ шинониданд ва ӯ ҳам дар суҳбати аввал ё нахустин баёнияии матбуотиаш  эълон кард, ки «киссагӣ» нахоҳад буд. Ин дар ҳоле, ки вай то инки раиси калон шавад, раиси ҲДТ дар Душанбе буд. Ва, то ҳоло касе ҳатто аз вуҷуди вай огоҳӣ надошт.

Шаҳбози Аброр агарки киссагӣ набуд тамоми ахбори марбути ин табаддулот дар расонаҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон: «Ҷумҳурият» ва «Ховар» дарҷ намешуд. Беш аз ин ҳатто «Ховар» бо нашру чопи матолиби ҷонибдорони Шаҳбози Аброр ошкоро аз вай тарафдорӣ кард ва ҷавоби навиштаи Сайидҷаъфар Усмонзода ба ин «ибтикорот»-и Шаҳбози Аброрро «игнор» кард.

Дар шумори вакилони Анҷумани ғайринавбатӣ шинонидани донишҷуёни кадоме аз донишгоҳи Душанбе ҳам шаҳодат медиҳад, ки «мо киссагӣ» намешавем гуфтанӣ Шаҳбози Аброр як ҳарфи пучу бемоя аст.

Аммо чаро ҷаноби Шаҳбози Аброр ҳамчунин баёния дод? Барои онки ҲДТ солҳост, ки кисагӣ аст ва на танҳо ҲДТ, тамоми аҳзоби мавҷуд дар Тоҷикистн киссагианд.

Шаҳбози Аброр на фақат киссагӣ аст, Шаҳбози Аброр бадтар ва беобрутар аз киссагӣ хоҳад буд.

Сайидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Амир Қарокулов, Олим Бобоев, Исмоил Талбаков дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар солҳои 2006у 2013у 2020 рақибони Эмомалӣ Раҳмонов буданд. Рақибони беҳтар ва муфидтар аз рақиб.

Масалан ҳамин ҷаноби Усмонзода он вақт ки худаш муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ буд мегуфт, ки аъзои хонаводааш ба Эмомалӣ Раҳмонов овоз медиҳад. Мазоҳу масхараву обрурезӣ аз ин бештар  дигар  намешавад. Таҳқири демократияву интихоботу миллату мардуму давлат аз ин бештар намешавад. Киссагӣ будан аз ин бештар намешавад.

Фақат ба хотири онки дар барга-бюллетени интихоботӣ ин номҳо дар паҳлуи номи Эмомалӣ Раҳмонов навишта шавад ва онҳо рақибони интихоботӣ ҷилва дода шаванд ва дар ҷомеаи дохил ва байналмилалӣ вонамуд кунанд, ки интихобот бо рақобат буд, ин нафаронро ҳамчун номзадҳои интихоботӣ сабти ном мекарданд ва ҳама афроди зикршуда раисони аҳзобанд ва дар Тоҷикистон танҳо ҳизбҳо ҳақ доранд, ки барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ намоянд.

Бовар кунед, ки Раҳмонов ва дастгоҳи вай шабуруз дар фикру хиёли гул задан, аҳмақ кардан фанду фиреб додани мардуми тоҷик аст. Раҳмонов ҳам Усонзодаро задагӣ ва ҳам ҲДТро. Вай бо ин кор қасду ғарази дигар дорад.

Гуё Шаҳбози Аброр аз фаъолиятҳои ду соли ахири Саидҷаъфар Усмонзода норозӣ асту барои фаъолиятҳои ҲДТ-ро пурсамар кардан курсиро аз зери пойи вай гирифтааст. Кӣ ба ин гап бовар мекунад?

Ин баёния ҳам як ҳарфи ҳавоӣ ва тамоман бемаънову бемантиқ аст.

Шаҳбози Аброр чи кор карда метавонад? Ҳеҷ!

Вайро оварданд, ки акнун рол ва миссияи Сайидҷаъфар Усмонзодаро дар интихоботи ояндаи президентӣ, ки ин бор Рустами Эмомалӣ номзад мешавад бозӣ ва иҷро бикунад. Барномарезони он интихобот, ки дар саргаҳаш худи Эмомалӣ Раҳмонов истодааст, мехоҳанд, ки Рустам ҳамроҳ бо кондидҳо-рақибони ҷавон вориди маъракаи интихоботӣ бишавад ва акнун мунтазир бошед, ки дар бақия аҳзоб ҳам ҷавонҳо-ояндаҳои миллат курсии раисҳоро мегиранд ва омадану овардани онҳо на барои он аҳзоб, ки дар асл онҳоро ҳизб гуфтан ҳам ҷоиз нест, ба хотири ҳамин Рустам  ва интихоботи вай аст. Яъне Шаҳбози Аброрро на барои ҲДТ оварданд, Шаҳбози Аброрро оварданд, ки рақиби Рустами Эмомалӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ кунанд. Маълум аст ки вай чи гуна рақиб хоҳад буд. Рақиби номаълумтар, рақиби белабу даҳантар, рақиби гунгтар аз худи Рустам, яъне як рақиби пасттару поинтар, аммо ҷавон. Чунки «боло» фикр кард, ки бо рафтан ба интихобот бо Саидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффорзода,Рустам Латипов, Толиб Бобоев ва амсоли инҳо, ки раисони аҳзобанд Рустам дар хиҷолат хоҳад шуд, чун инҳо «як ҳаёт» рақибони Эмомалӣ Раҳмонов буданд ва шояд барои Рустам «западло» бошад, ки вай ҳам бо ҳаминҳо маъракаи интихоботӣ ташкил бикунад. Чи магар ҷавонҳои довталаб вуҷуд надоранд? Як каме бошад ҳам тавре интихобот баргузор бишавад, ки мардум ва махсусан оппозитсион ва ниҳодҳои байналмилалӣ мазоҳу масхара накунанд.

Аз инҷо аст ки мегуем Шаҳбози Аброр зишттар аз киссагӣ хоҳад буд ва маъракаи интихоботӣ ҳам дар пеш аст ва хоҳем дид, ки вай худашро таблиғу ташвиқ мекунад ва ё Рустами Эмомалиро?

Аммо мутмаинан ӯро барои Рустами Эмомалӣ оварданд ва дар ҳамон суҳбаташ худаш ҳам иқрор ва эътироф кардааст, ки дар доираи «сиёсатҳои ҷавонсозӣ» омадааст. Яъне тайёрӣ ба интихобот ва овардани Рустам шуруъ шуда истодааст ва дастандаркорон доранд иқдомот пиёда мекунанд.

Инҷо ҳадаф рушан аст. Ҳеҷ чизи хубу мусбатро мунтазир наметавон шуд. Рустам ҳам айни падараш аст. Аз ҳоло маълум шуда истодааст, ки барои «н…бат»-и мардум кор карда истодааст. Ягон касеро иҷозат намедиҳанд, ки ба унвони рақиби воқеӣ дар интихобот ширкат варзад ва агар чунин нафаре садо баланд кард бо саду як баҳона амсоли Фаромуз Иргашев зиндонӣ мекунанд ва афроди номаълуму номушаххасе мисли Шаҳбози Аброрро меоваранд, ки обсофкунак ё обтозакунаки интихоботи Рустами Эмомалӣ хоҳанд шуд.

Усмонзодаву садҳо амсоли вай қурбонӣ ва фидои чунин бозӣ бишаванду мешаванд, аммо бояд Раҳмонов кори худашро кунад.

Ин бор ҳам бо тазвиру риё мамлакат ишғол ва тасарруфшуд тасарруф ва ишғол мешавад. Кишвар   моли як гуруҳи ғосиб ва ишғол мешаваду гуруҳе дигар ба  почахорӣ ва маддоҳии ин гуруҳ касби маош мекунанд,  доми ризқ мечинанд. Ва ин гуруҳи ғосиб ва ишғолгар боз ҳам ба дуздиву ғорат ва талаву тороҷи манобеъ ва сарвати миллат машғул мешаванд.

Маълум нест, ки кай интихобот баргузор карда мешавад. Меистанд то анҷоми муҳлати ҳафтсолаи Раҳмонов ва ё пештар. Аммо аз ҳамин ҳоло барои Рустам саҳна ва манзара дуруст карда истодаанд. Дизайнерҳову ороишгарони саҳнасозӣ доранд. Ному насаби онҳоро намеоварем. Шарт нест, чун маълум аст ки онҳо киҳо ҳастанд.

Усмонзода сад сол мунтазири мавқеи президент монад ҳам чизе иваз намешавад ва Шаҳбози Аброр сад бори дигар гуяд, ки «киссагӣ» нест касе бовар намекунад.

Акнун ин  «гуруҳи ташаббускор» ва «шурои сиёсӣ» -и ҷадид, ки дар Анҷумани ғайринавбатӣ ташкил шуд, кам-кам дар нашароти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳувайдо мешавад. То фардо нагуянд, ки ин Шаҳбози Аброр аз миёни замину осмон аз куҷо пайдо шуд ва барои Рустам як ҳарифе месозанд, ки гуё барои ҷомеа ошнову шинос ва як шаъсият аст. Хуллас як арусаки дастисохтро аз ҳоло доранд барои интихобот омода мекунанд.

Шаҳбози Аброр дар бюллетени интихоботӣ минҳайси рақиби Рустами Эмомалӣ навишта мешавад. Шаҳбози Аброр мисли бақия рақибони ҷаълӣ  200уандҳазор имзо ҷамъоварӣ мекунад, сади 5%-и интихобиро убур мекунад вале  вақти ҷамъбасту шумориши оро ҳамааш шуда1% ё 2% мегирад.

Аз ҳамин ҳоло нақша кашида истодаанд ки чи тавр дар дар чашми халқ ва ҷомеаи байналмилалӣ хок пошанд ва дар куни интихобот чуб зананд. Фикру хиёли инҳо ҳамин аст ки Рустамро чи гуна сари кор оваранд, фикру хиёли инҳо ин нест, ки тоҷики бечора дар Русия чи рузу рузгор дорад.

Бинобар навиштаи хабаргузории русии  Спутник Шаҳбози Аброр гуфтааст, ки  вай дар Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсати ҷавоникунониро пеш хоҳад гирифт ва бештар ба ҷавонон такя хоҳад кард.

“Мо дар амри ободиву рушд ва амнияти Тоҷикистон ҳамкори ҳукумат хоҳем буд”, — гуфт раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Шаҳбози Аброр 13 июни соли 1990 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар хонаводаи нависандаи маъруф Аброри Зоҳир (Имомов Аброр Зоҳирович ) ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе гирифтааст ва факултаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.

Ин хабаргузори менависад, ки Шаҳбози Аброр яке аз корҳои барҷастааш гирифтани интервю аз Рустами Эмомалӣ аст ва ингор вай аз шиносҳои Рустам мебошад:

«Як замон дар рӯзномаи ҳукуматии “Ҷумҳурият” (2009-2016) рӯзноманигор буд ва аз корҳои барҷастааш мусоҳиба бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Ин танҳо мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ ба расонаҳо аст.

Шаҳбози Зоҳир яъне писари Зоҳир  муассиси рӯзномаи “ИСТИҚЛОЛ”, маҷаллаи “Набзи Душанбе” ва сомонаи “Истиқлол” ба шумор меравад. Ҳамзамон мудири Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дӯстӣ”-и ҳукумати шаҳри Душанбе аст.

Дар ҳар сурат мо гуфтему шумо шунидед, ки ҳам Саидҷаъфар Усмонзода, раиси акнун собиқ ва ҳам Шаҳбози Аброри раиси феълӣ ва ҳам худи ҳизби демократ ва агар руку рост бигуем ҳам тамоми халқи Тоҷикистон ба фано бираванд, Эмомалӣ Раҳмонов парво надорад, ҳама садқаи сари Рустам ва интихоботи вай аст ва Шаҳбоз рақиби интихоботии Рустам мешавад ва Рустам ҳам гуё ҳизби оппозитсиониро шикаст дода раиси ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Ps: Ва дар охир як нукта. Ин табаддулот ончунон сареъу фаврӣ ва таъҷилӣ иттифоқ афтод, ки масалан демократҳо аз Хатлону Раштону Хуҷанд бехабар монданд ва ҷойи вакилон дар Анҷуманро бо донишҷуҳои кадом донишгоҳ пур карданд.

Дастандаркорон мехоҳанд интихоботи Рустами Эмомалӣ ҳам ҳамин гуна барқосо, таъҷилӣ, бе гапу калоча ва зуд бигзарад. Ва, мардум як сабоҳ хезанд, ки дар ҷойи Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои муаззами миллат, ҷавони “ояндадор”у дуввумин фарзанди фарзонаи миллат руи курсӣ нишастааст.

Ҳангоми навиштани ин матлаб бо яке аз дӯстон суҳбат доштам чанд эҳтимолотеро дар ин қазия зикр намуд. Масалаи 50 ҳазор долларе бояд пардохт мешуд аз тарафи Сайидҷаъфар Усмонзода,ки он пардохт нашуда буд. Фишори Толибон ба ҳукумати Раҳмонов дар мавриди Усмонзода ва се нуктаи дигареро ҳам зикр намуд,ки бароям ғайри маъқул буданд зикрашон намекунам.

Дар охир ба ҷаноби Усмонзода пешниҳоде дорам,ки ба умеди СС.Ятимов ва Ҷамшеди қудояш набояд шавад ва истодагарии бештар намояд сарнавишти Маҳмадрӯзӣ Искандаров раиси зиндонии ҲДТ ӯро интизор аст. Чикор кунад бояд худаш тасмимашро бигирад!

Сообщение Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ ё рақиби кисагии Рустами Эмомалӣ появились сначала на ISLOH.net.

“АКАДЕМИК”-ро МЕШИНОСЕД?
Сорбон Аслонов  дар хонаводаи як шахсияти пурмоҷарои Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҳоло дар факултети математикаи Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба сифати муаллим кор мекунанд, аммо муаллими ҳаққимардумхӯр. Барои ин кораш пештар ба дасти муфаттишон афтода ному сураташро дар телевизион нишон дода буданд. Баъди ин воқеа дар зодгоҳаш – деҳаи номдори Яхч бо номи “академик” машҳур шуд. Вале медонед, барои такроран нишон надодани ин навор дар телевизион падараш то куҷоҳо рафт? Аввал ба назди мушовири олиаш Абдуқодир Талбаков омад. Ӯ ваъда дод, ки ҳар кори аз дасташ омадаро мекунад, вай ба роҳбарони идораҳои телевизион занг зад. Вале ба Аслонови калони маслиҳат дод, ки агар ягон каси дигар ҳам бошад, ёрӣ пурсидан лозим аст. Аслонови калонӣ як замоне ҳунарманди маъруф Давлатманд Холовро дар тӯйи писараш ба Яхч оварда, бо ӯ ҷӯра шуда буд. Ҳоло мехост барои дифоъи “обрӯи академик” аз ҳимати ҳунарманд истифода барад. Ӯ дар пайи ёфтани Давлтаманд Холов афтод, вале ҳунарманд дар  зодгоҳаш деҳаи Доғистони ноҳияи Ш. Шоҳин буд. Падари “бечора” ночор ҳамон шаб ба деҳаи Доғистон рафт. Ҳунармандро ёфт ва дарди дилашро гуфт. Сипас аз “ҳимат”-и ин пуштбибонон буд, ё аз таъсири касони дигар, ки ин наворро дубора пахш накарданд. Вале Талбаков бо дӯстонаш ба Яхч рафта дар хонаи падари “академик” меҳмонии дакаданг гузаронданд.

Манбаи донишомӯзӣ ва пешрафти Сорбонбой дар ҳамин пайроҳаҳои Абдуқодир Талбаков ҷойгиранд. Аз рӯзи аввали ба Душанбе омаданаш чун саги тозӣ дар рикоби Абдуқодир Талбаков медавад. Ҷаноби Абдуқодир ҳар ҷое биравад, Сорбон шиму костюми ӯро аз ақибаш бардошта мегардад. Ҳангоми пушидани шиму костюм, Талбаков шиму костюми куҳнаашро ба дасти Сорбоншо медиҳад ва ӯ шиму костюмро ба ҷои шиму костюми меҳмонӣ ба халта гузошта, онро сари китф то мошин меорад.

Аммо чаро Сорбони “академик” дар пайроҳаи пурхору хас ва махуфи Талбаков афтодааст? Ин қиссаи дигар аст.

Падараш

Мирзомуддин Аслонов – номи ҳуҷҷатиаш, номи оммавиаш – Муҳаббат. Як одами хароби рангзарди нимҷон, дарунаш пур аз заҳру зуқум, иғвогар, шӯрангез, мансабталош, бадният, бадгумон, хабаркаш, зӯргӯ, пастфитрат – гӯё Худованд ҳама сифатҳои пасти инсониро ба ӯ додааст. Мегӯянд, ки ҳангоми таҳсил дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи педагогии Тоҷикистон, як устод барои бесаводиаш зачёткаашро аз ошёнаи чорум ба замин партофта буд. Вале ҳоло аз худаш бузургтарин “донишманди минтақа, файласуф ва таърихдон” метарошад. Дунё аҷиб аст. Баъди пенсия баромадан ҳоло ӯ ҷомаи зоҳидӣ пӯшида дар кунҷи масҷиди Яхч намоз мегузорад.

Ҷаноби Аслонов то соли гузашта лаганбардор (корманди маркази матбуот)-и ҳукумати Дарбанд (Нуробод) буд. Пеш аз он мудири шуъбаи танзим ва шуъбаҳои дигари ҳамин ҳукумат буд. Ҳангоми дар шӯъбаи танзим кор карданаш, мардуми ноҳияро ба дод оварда буд, ҳатто ҳамдеҳаҳояш аз ӯ безор шуда буданд.

Вале дар ҳама давраи дар ҳукумат кор карданаш акаи Муҳаббат вазифаи аслиаш – чоплусиро ба дараҷаи аъло ва ҳатто аз он болотар бароварда буд. Мисоле ҳаст. Боре Президент Э. Раҳмон ба Дарбанд омад. Акаи Муҳаббат, ки ҳамеша микрафонори ин ноҳия буд, дар тавсифи ӯ он қадар қисса хонд, ки Раҳмон ба халосгар зор шуд. Президент дам ба дам мегуфт: “Бас аст, муаллим!” Ҳоло ин ибора дар байни мардум хеле машҳур аст. Ҳар касеро бо муболиға таъриф кунанд, дигарон мегӯянд: “Бас аст, муаллим!” Ин ҳамон баҳо ба Аслонови калонӣ аст.

Ба ёд доред, дар ҳамон суханронӣ аз шиддати ҳаяҷон микрофон дар дасти акаи Муҳаббат меларзид. Мегуфт, ки ҷаноби Президент, вақте шумо дар Иҷлосия 16-уми Шурои Олӣ дар Хуҷанди бостонӣ сухан мегуфтед, сари ман ба осмон мерасид. Вале дурӯғ мегуфт. Чунки ҳамон рӯзҳо акаи Муҳаббат ҳамроҳи дигар аъзои гурӯҳи худмуҳофизат дар сангари деҳаи Бедиҳо, бар зидди армияи Раҳмонов меистод. Барои ин амалҳояш аз тарафи каллабурони “Фронти халқӣ” ҷазои гӯшношунид гирифта, баъд ба хизмати онҳо даромад.

Раисшавии акаи Муҳаббат.

Вақте нуфузи неруҳои демократӣ дар Тоҷикистон ва водии Рашт васеъ шуд, Аслонов писари калониаш Зафарро ба сафи ин неруҳо, ки он вақт муҷоҳидин меномиданд, ворид кард. Зафар бо автомати Калашников дар Яхч, водии Рашт ва ҳатто ноҳияҳои атроф ба тегискунии мардум пардохт. Дигар ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки рост ба рӯи ӯ ва ҳамяроқонаш нигоҳ кунад. Зафар ва ҳамроҳонаш ба тороҷгарии мардум сар карданд, вале на дар Яхч. Онҳо дар минтақаи Роғун ва Файзобод чанд хонаро тороҷ ва соҳибонашонро ба замин ғалтондаанд. Калонсолон ин воқеаҳоро хуб медонанд. Ҳамин тариқ Зафар-герой ба қумандони номдори минтақа Эшони Дароз наздик шуд. Барои Мирзомуддин Аслонов, ки ҳоли вазнине дошт, шароити қулай фаро расид. Ӯ ҳар ҳафта бо туҳфаву подош ба хонаи эшон меомад. Эшони Дароз ба ҳама ҳокимони ноҳияи Дарбанд (ҳоло Нуробод) супориш дод, ки Аслоновро раиси ҷамоати водии Яхч таъйин кунанд. Лаҷоми ҳукумати ин минтақа ба дасташ афтод. Дигар касе аз бинӣ боло гап зада наметавонист. Пулу моли мардуми корафтода, тақдири обу замини он ба дасти акаи Муҳаббат афтод. Аввалин коре ки кард, як дараи калони Яхчро бо замину обаш бо истифода аз раисиаш ғайриқонунӣ ҳуҷҷат карда ба ихтиёри худ гирифт. То ҳол намемонад, ки ягон кас аз он дара гузар кунад ё обу хоки он ҷоро истифода барад. Раиси нав ҳамаи онҳоро моли худ эълон карда буд ва обро дар поёни заминаш ба дара сар медод, то ягон кас онро истифода бурда натавонад. Ҳоло ҳам ҳамин хел аст. Сипас дар заминҳои корами Яхч барои писарону духтаронаш замини хонаҷо гирифт, замини корхонаи мошинтаъмиркунӣ гирифт. Дар як минтақаи Яхч 7 хонаҷогаҳро якҷоя аз худ кардааст, ки то ҳол касе ба он дастдарозӣ карда наметавонад. Зеро соҳиби он коргари ҳукумати ноҳия буд ва ҳоло ҳам дар органҳои сиёсиву низомии он шиносҳо дорад.

Зафар номурод шуд

Дертар замони сулҳ расид. Акаи Муҳаббат зуд ба Ҳизби Демократи Тоҷикистон даромада, ба пуштибонии раиси онвақтаи ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба ҳукумати ноҳия ва мардум фармонравоияшро давом медод. Ҳаттоб бо номи обод кардани мактабҳо аз Искандаров ва дигар фармондеҳони тарафи оппозитсия ёрдампулиҳо мегирифт. Ин замон Аслонов аз вазифаи раисӣ рафта буд. Бинобарин  фарзанди калониаш Зафарро мунодии сулҳ, ҳунарманди бузург ва ҳатто мисли худаш философи минтақа муаррифӣ мекард ва онро ба ҷои худаш таёр мекард. Мехост ба воситаи ёрии органҳо ӯро дар ҳукумати ноҳия ба кор ворид кунад. Вале дар як рӯзи танги зимистони қаҳратун Худованд риштаи ҳаёти ӯро канда кард. Зафар зери тарма монд. Тарма ҷисмашро ба ҷое овард, ки дар он ҷо нақши хиёнати ӯ то ҳол намоён буд. Зафари “муҷоҳид” дар ҳамон нуқта ду нафар бечораро аз деҳаи Сариҷӯ мурданивор автоматшап карда ба замин хобонда буд. Яке аз онҳо Раҳим то ҳол зинда аст (умраш дароз бод), он рӯз аз рӯи хок бо алам ба Зафар муроҷиат мекард: “мо тарафдори шумоем, дигар назан, ака”. Раҳим аз ҳавли ҷон “ака” мегуфт, дар ҳоле ки Зафар ҳамсоли фарзандони ӯ буд. Баъди марги Зафар, акаи Муҳаббат як шаб рафта аз мардуми Сариҷӯ узр пурсид ва хоҳиш кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.

Пас аз ин воқеаҳо М. Аслонов дар ҳукумати ноҳия ба кор даромад ва аз Ҳизби демократ баромада, ба Ҳизби халқӣ-демократӣ даромад. Дар ин мартаба биҷилаш бисёртар хезиш мекард. Чунки ӯ якбора баъзе “супоришои дигар”-ро ҳам иҷро мекард.

Пуштибони нав

Боре ба Яхч чанд нафар зиёии пойтахт омад, ки дар байнашон Абдуқодир Талбаков буд. Ситораи ӯ ба Аслонов хеле маъқул шуд. Ҳар ду унс гирифтанд. Он вақт Талбаков директори телевизиони пойтахт буд, ки ин барои Аслонов хеле қулай афтод. Вале ба зудӣ Талбаковро барои гуноҳҳои гуногун, аз ҷумла қайсариву худхоҳӣ, пулситониву фитнагариаш аз системаи радио ва телевизион пеш карданд. Вале дӯстии ҳарду фитнагар то ҳол давом дорад. Чанде пеш (ду сол пеш) Талбаков ба назди раиси ҳукумати Нуробод рафта, бо фитнаву дуруғ барои Аслонов аз минтақаҳои зериобмонии обанбори Роғун барои боғкорӣ замин гирифт. Баъд ба назди боғкори номӣ Мирзошо Акобиров ба Ғарм рафта, ӯро бо садҳо бех ниҳол ба Яхч оварданд ва дар замини ғайриқонунӣ боғ сохтанд. Ҳоло Аслонов ҳар касеро ба он ҷо бурда шинос ва меҳмондорӣ мекунад. Аммо Абдуқодир Талбаков бо дӯстонаш тез-тез ба ин боғи муаллақ меояд.

Дар Тоҷикистон одат шудааст, ки агар ту намояндаи ҳукумат бошӣ, ҳар номаъқулӣ кунӣ, касе туро чизе намегӯяд, баракс мардумро метарсонанд, ки ба ту кордор нашаванд.

Пас аз шиносоӣ бо саргузашти ин хонавода, одам ба хулосае меояд, ки гоҳе дар миёни гиру дори зиндагӣ як одами бесар чӣ қадар бадиҳои калон карда метавонад. Аслонов мардуми деҳаро бад мебинад. Номи онҳоро дар назди ҳокимони ноҳия, ки худи онҳо низ ба ин мардум хушбин нестанд, яхчиёнро бадному паст мезанад. Барои ҳамин ҳокимони ноҳия мардуми деҳаи номдори ноҳия – Яхчро бад мебинанд. Дар ин кор ҳиссаи Аслонов аз ҳама зиёд аст. Ӯ одами бешараф корҳои бади зиёд дорад. Ҳар касе вайро таърифу тавсиф накунад, ба ӯ душман мешавад. Барои ҳамин Аслонов бо ҳама зиёиёни Яхч, ки ҳатто дар Тоҷикистон маъруфанду дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, бо ҳар кадомаш ҷудогона ҷангу хархаша кардааст. Ҳатто дар ҳаққи шоираи номдор Гулрухсор ҳамеша бадгӯӣ мекунад. Боре ҳангоми раисиаш дар назди мардум бо шоира ҷангу ҷанҷол карда буд. Бо мардуми деҳа бо ҳар кадомаш ҷудогона бо бачаҳояш даст ба гиребон шудааст. Дар ҳама иғвогариҳояш бачаҳояшро баҳузур истифода мебарад ва мардумро метароснад, ки бачаҳояшро ба сарашон равон мекунад. Ҳатто ин корро чанд бор кардааст, бачаҳояшро барои ҷанг ба сари мардуми Яхч ба шаҳрҳои Росия равон кардааст.

Ҳамин тавр Мирзомуддин Аслонов дар як давраи муайян ба ному эътибори мардуми номдори Яхч иснод овардааст. Дар ҳар ҷамъомаде ӯ бошад, ҷанҷолу хархаша мебардорад. Ва аз ҳама аҷибаш ин аст, ки акаи Муҳаббат як эшелони бақуввати дигар аз ҳисоби бачаҳояш барои саргаронии яхчиён тайёр кардааст, ки дар сари онҳо ҳамин “акдемик” Сорбон Аслонов меистад. Ҳоло ин академик дар зери пари Абдуқодир Талбаков ба дашному ҳақорати намояндагони мухолифони хориҷӣ пардохта дигаронро маҷбур мекунад, ки мисли ӯ дар шабакаҳо нависанд.

Ps: Хонандаи гиромӣ ин нома зиёда аз як сол пеш ба “Ислоҳ” расида буд вале ман омодааш карда будам вале вақти нашри онро надоштам. Чун масруфи корҳои ҷиддитари дигаре будем. Аммо хонанда бояд инро дарк кунад,ки номаро хело шахси бо савод ва фареҳхтае навиштаву аз дарду ранҷҳои Яхчу яхчиён навиштааст. Бори дигар мегуям ҳама ончи дар нома омадааст бар мегардад ба муаллифи ин нома ва “Ислоҳ” ҳеҷ дахолате ва тасарруфе дар ин нома надорад. Ҳатто номи сармақола ва ҳарферо дар ин нома тағйир ҳам надодааст.

Сообщение “АКАДЕМИК”-ро МЕШИНОСЕД? появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(бахши саввум, давраи панҷум)

Ҳамлаҳои бидуни вақфа ва мудовими расонаҳои расмӣ ва тохтутозҳои «фабрикаи ҷавоб», ки то пойи шоир Бозор Собирро ҳам ба компайни зидинаҳзатӣ кашида буд, дар матбуоти он рӯз бо номи  маъракаи «Антинаҳзат» ном бароварда буд. Тамоми гуруҳҳои фикрии кишварро ба ҷони ҲНИТ андохтанд. Вале, ин ҳама барои бастани ҲНИТ танҳо фазосозии маснуиву ҷаълӣ беш набуд. Аммо, ҲНИТро Раҳмонов, онгуна ки дар Пртоколи 32/20 дидем ба дасти мақомоти қудратӣ супорида буд. Аз инҷо буд, ки билофосила, баъд аз анҷоми нақшаи ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим мақомоти Тоҷикистон ба боздошт ва ҳабси аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ кард. Дуруст аст, ки парванда алайҳи ҲНИТ то ин кудето ҳам омода шуда буд.

Аммо ташкили ин кудето охирин шонсу охирин илоҷ ва охирин чораи ҳукумат барои маҳву маҳори ҲНИТ буд ва ҳукумат барои иҷрои ин ҳадаф «калаву пуст» зад.

Акидан таъкид мекунем ки бастани ҲНИТ танҳо ва танҳо ба Раҳмонов муҳим ва зарур буд. Ин танҳо Раҳмонов буд, ки бо ҲНИТ хусумат ва ҳасодат дошт. Баъди омадани устод Муҳиддин Кабирӣ дар раъси ҲНИТ танаффур ва душмании Раҳмонов як бар ҳазор боло рафт.

Аммо ба рағми муроди Раҳмонов ҳар қадр ки вай болои ҲНИТ фишор овард, ҳар қадр ки  хост онро камрангу беқувват ва заиф нишон диҳад, баракс мешуд. Шумори тарафдору ҷонибдорони ҲНИТ меафзуду меафзуд ва аксарияти мардум бар ин бовар буданд,ки танҳо ҲНИТ аст ки метавонад кишварро аз зери юғи ҳукумати оилавӣ-қабилаӣ раҳо кунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон тарафдорӣ ва пуштибонии густардаи мардумро ба даст оварда буд. Ва,аз инҷо буд, ки ба ҲНИТ ҳамчун неруи наҷотбахш раъйу овози худро медоданд. ҲНИТ ба як воқеъияти қотеъ ва инкорнопазиру устувори ҷомеа бадал гашта имкон надошт, ки бо вай ҳисобу китоб карда нашавад. Ҳамин Абдулло Раҳнамо, ки ҳолоҳолоҳост роли ҳазордостони Раҳмоновро мебозад, дар он солҳо роҷеъ ба ҲНИТ мегуфт, ки «..имрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст» ва боз ҳам мегуфт, ки «Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст»  ва беш аз чунин тафсиру таъвил мекард: «дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳият на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.»

Қисматҳои суҳбати Абдулло Раҳнамо аз ҳамоише таҳти унвони «ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» овардем, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» мунташир шуда буд.

Ва, аммо  Прокуратураи генералӣ Ҳизби наҳзати исломиро тарроҳ ва пуштибону ҳодии ин кудето хонд ва аз Суди олии кишвар хост, ки фаъолияти онро манъ кунад.

Мурофиаи додгоҳии ҲНИТ махфиёна ва дур аз чашми ҷомеаи кишвар доир шуд. Инро ҳам бояд бигуем, ки алайҳи ҲНИТ на танҳо Прокуратураи генералӣ, чанде дигар аз ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам шикоят карданд.

Додгоҳи олӣ 29 сентябр, ҳануз ду ҳафта аз кудетои ҳоҷӣ Ҳалим нагузашта буд, ки ҲНИТро баст ва бадтар аз ин террористӣ эълон кард.

Бар алайҳи ҲНИТ ҳатто вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам шикоят кард ва намояндаи он аз додгоҳ хост ин ҳизб мамнуъ ва террористӣ шинохта шавад:

«Намояндаи Вазорати фарҳанг Сафаров Давлат аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирй намуда, баён кард, ки роҳбарон ва аъзои ин ҳизб давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллй гардида, асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият карда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад.»

Бале, ин ҳамин Давлат Сафар аст, ки ҳоло муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мебошад.   Аммо агар ҲНИТ тавассути васоити ахбори омма даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада буд, чаро як бор дар ин панҷ сол(!) –и мавриди назараш як бор огоҳинома ба ин ҳизб нафиристод. Ин ҳизб тайи он панҷ соле, ки Давлат Сафар дар назар дорад, дар кадом минтақа ва маҳалли Тоҷикистон бесуботиву ноамнӣ, ки боиси халалдор шудани ҳаёти осуда шудааст, ба вуҷуд овард? Ҳиҷ мисолу мадраке пешниҳод накардааст.

Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон ба Додгоҳ протоколҳои гуё бо хоҳиши худ бастани шуъбаҳои ноҳиявӣ ва ихтиёран аз суфуфи ҲНИТ хориҷ шудани масъулин ва аъзои онро пешниҳод карда талаб намудааст, ки ҲНИТ баста шавад, зеро вай дигар ҳуқуқи ҳамчун ҳизби умумиҷумҳурӣ амал карданро надорад:

«Дар суд далелҳои зерин мавриди омӯзишу баррасй қарор дода шудаанд; протоколи ҷаласаи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончй аз 06 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастҷоҳ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, протоколи Маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оиди қатъ намудани бахши ҳизб аз 07 майи соли 2015,…..» ва дар умум вазорати адлия ҳудуди 80 протоколро далел меоварад, ки бахшҳои ноҳиявӣ дигар амал намекунанд:

«Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодгардида қисмати зиёди аъзоёни ҲНИТ ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳояшон дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи чаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд.

Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ҲНИТ ва шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба ин ҳизб шомил гардида, баъдан ихтиёран аз узвияти ҳизб баромадаанд, дахолат накардаанд.

Суд муайян намуд, ки сабаби асосии ихтиёран хориҷ шудани шаҳрвандон аз ҲНИТ ва қатъ кардани фаъолияти бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо он мебошад, ки роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба ҷинояту амалҳои номатлуб даст зада, боиси коста шудани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа ва байни аъзоёни он гардидааст.

Доир ба масъалаи мазкур ба Вазорати адлия дар маҷмуъ, 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ ворид гардидааст.

Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуниаш ирсол карда бошад ҳам, аммо Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаҳои пешниҳодшударо баэътибор нагирифта, қарорҳо ва санадҳои дар боло зикргардидаро ғайриқонунӣ бе баррасӣ мондааст».

Ҳамин тавр Суди олии Тоҷикистон барои бори дуввум (бори аввал соли 1993) 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТро баст ва онро террористӣ эълон кард. Давлати Тоҷикистон аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ талаб кард, ки бо вай ҳамовозӣ ва ҳамраъйи кунанд. Аммо баракс, ҷомеаи байналмилалӣ ин кори ҳукуматро интиқод кард

Хабаргузории расмии Ховар ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистонро мунташир кард, ки он нусхаи иттиҳомоте буд, ки Прокуратураи  генералии Тоҷикистон нисбати ҲНИТ зада буд:

“Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Азизов Ш.О., бо котибии Искандарова М., иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ., Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Д.Ш., Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҳ.3. ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Медиков М., Мирзиёев Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ 29 сентябри соли 2015 парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, пайдо намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда,

ҲАЛ КАРД

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қонеъ карда шавад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шавад.

Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шавад.

Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ карда шуда, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj  ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии  www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст.

Ва, як соли баъд аз иттихози ҳалномаи Суди олӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон”,дар як мусоҳибаи муфассал бо Азизов Шамс Одинаевич,  қозии додгоҳи парвандаи ҲНИТ мусоҳиба орост ,ки ҳоло як қисмате аз онро инҷо меоварем:

“-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

—Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт.  Айнан хабари сомонаи “Payom net”-ро, ки тааллуқ  ба  ҳизби  мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки  байни  Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз  Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори  Давлат  аз  муовини  раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот  ред.) даст  дорад  бовар мекунад? Муовини  Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки  ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  дар  овардани  далелҳо  ба  сохтакорие  роҳ  доданд?

— Аз як ҷониб нишондоди Абдулазиз Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам” ”.Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим…..

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт». «Тоҷикистон» 30.10.2017

Ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон дар нисбати ҲНИТ на як санади ҳуқуқӣ, балки комилан сиёсӣ буд. Ин ҳалнома аз ягон ҷиҳат ба ҳалномаҳои дигари Суди Олӣ шабеҳ набуд. Барои таъйиди ин иддио аз арзёбиҳои  “Бунёди Бузургмеҳр”                       ( Buzurgmehr Foundation) ро роҷеъ ба ин ҳалнома чанд қисматеро иқтибос меоварем:

Дар қисми хулосавии Қарори судӣ навишта шудааст: “Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”.

Истифодаи калимаи “ба тарафхо” маънои онро дорад, ки дар мурофиа ду тарафи муқобил иштирок доштанд. Вале чи хеле, ки мо аз омӯзиши Ҳалнома мебинем дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт. Дар асоси нишондоди шоҳидон ва маълумотҳо аз мақомоти қудратии Тоҷикистон аризаро Прокурори генералӣ санаи 25 сентябри соли 2015 ба Суди Олӣ равон кардааст. Баррасӣ ва Ҳалнома бошад, дар як рӯз анҷом дода шудааст – 29 сентябри соли 2015. 25 сентябри 2015 сол рӯзи ҷумъа мебошад. Рӯзҳои дигар, яъне 26 ва 27 сентябр рӯзҳои истироҳатӣ мебошад ва судҳо кор намекунанд.

Ҳамин тариқ барои баррасӣ ва қабули Ҳалнома аз рӯи аризаи Прокурори генерлӣ ба Суди Олӣ фақат ду рӯз 28 ва 29 монда буд. 29 сентябр мурофиаи судӣ оғоз шуд, яъне барои Ҳайати Суди олӣ фақат як рӯз барои омодасозии парванда, ирсоли хабарнома ва даъватҳои судӣ, омӯзиши аризаи прокурори генералӣ ва санҷидани пуррагии далелҳои пешниҳодшуда барои оғози мурофиаи судӣ, ирсоли нусхаи ариза ба намояндаи ҷавобгар, пурсидани ҷавобгар оид ба аризаи пешниҳодшуда ва ғайра амалҳоеро, ки қонугузорӣ дар моддаи 153 КМГ овардааст, кофӣ кардааст. Гузаронидани чунин амалҳои мурофиавӣ аз қабили омодасозии парванда, маҷлиси пешакии судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ дар як рӯз ғайриимкон ва шубҳанок мебошад. Ҳол он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасии аризаҳои худро муддатҳои тулонӣ (се чор моҳ ва ҳатто солҳо интизор мешаванд).

Ба ғайр аз ин ба намояндагони ҲНИТ дар асоси муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун нусхаи Ҳалномаи судӣ супорида нашудааст.Дар ҳар ҳолат бояд суд ба намояндагони ҲНИТ хабарнома равон мекард. Дар ҳоле, ки намояндагони Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳабс буданд ва он вақт суд метавонист ба онҳо имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои ҲНИТ-ро диҳад, ё инки ба дигар намояндагони ҲНИТ, ки дар озодӣ буданд, хабарномаи фиристода шавад.

Ҳамин тариқ Суди Олии Тоҷикистон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 115 -118 КМГ рафтор намуда ягон хабарнома ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ташкилоти ҷаъмиятие, ки дар вақти баррасии парванда дар Тоҷикистон қонунӣ эътироф шуда буд, нафиристодааст. Ин амал боиси он гашт, ки намояндагони ҲНИТ дар баррасии парванда на фақат иштирок карда натавонистанд, балки имконияти овардани шикоят аз болои Ҳалномаро низ гум кардаанд. ҲНИТ дар бораи баррасии парванда умуман огоҳ набуд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 40 КМГ дар мурофиаи гражданӣ тарфҳо ин даъвогар ва ҷавобгар мебошанд. Мо медонем, ки даъворо Прокурори генралӣ кардааст ва ин ҳам дар Ҳалнома қайд карда шудааст вале дигар тараф ҲНИТ умуман напурсида шудааст ва ба ӯ сухан надодаанд. Ҳангоми омодасозии парвнда судя бояд амалҳоеро иҷро мекард, ки иштироки ҳатмии тарафҳоро тақозо мекунад: ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа; пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда; тарафе ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд; ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад ва -ғайра.

Суд низ бояд дар марҳилаи омодасозии парвандаи гражданӣ амалҳои муайянеро аз қабили: оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ сохтан; масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал кардан; экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намудан, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал кардан; бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда гирифтанро иҷро мекард. Вале таҳлили Ҳалномаи судӣ, мавҷуд набудани ягон шоҳид ва хулосаи экспертиза гувоҳи он аст, ки аз тарафи Суди Олӣ ин марҳилаи муҳими мурофиаи гражданӣ умуман гузаронида нашудааст. Ин ҳолатро низ боз муҳлати қабул, регистратсия, ба судя Азизов ирсол кардани баррасии ариза, омӯзиши ариза аз тарафи судя, навиштан ва ирсоли хабарномаҳои судӣ, омодасозии парванда, таъини санаи оғози муҳокимаи судӣ, ки дар якуним рӯз қисми рӯзи 25 сентябр ва 28 сентябри соли 2015 анҷом дода шудааст, исбот мекунад. Гузаронидани чунин миқдор амалҳои мурофиавӣ дар муддати кутоҳ гувоҳи дахолат ба фаъолияти Суди Олӣ мебошад.

Дар моддаи 4 КМГ оварда шудааст, ки ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Дар ҳолати таҳлилшаванда аъзоёни ҲНИТ аз ҳуқуқи ҳимояи манфиатҳои худ дар суд маҳрум карда шуда буданд. Дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт, огоҳ набуд ва адвокат низ аз тарафи суд ба ҷавобгар таъин карда нашуда буд.

Дар рафти мурофиаи судии мазкур ба тарафҳо ҳуқуқҳои баробар дода нашуда буд. Тарафи аризадиҳанда, Прокурори генералӣ, имконияти пешниҳоди даъво, далел ва дастгирии даъвои худро дар суд дошт. Тарафи муқобил ҲНИТ ин имкониятро надошт, ки бар хилофи талаоботи моддаи 13 КМГ мебошад: адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Намояндагони ташкилоти ҷамъмияти – ҲНИТ оиди пешниҳоди аризаи Прокурори генералӣ маълумот надоштанд, оиди вақти баррасии парванда огоҳ набуданд, имконияти иштирок ва пешниҳоди далелҳои худ, шоҳидон, таъини экспертизаҳо ва дигар амалиётҳои муқараргардидаи қонунро надоштанд.

Баъд аз қабули Ҳалнома ба намояндагони ҲНИТ нусхаи он супорида ва ҳатто ба тариқи почта ирсол карда нашудааст. Нусхаи Ҳалномаи мазкур баъди ду моҳ дар сомонаи расмии Суди Олӣ ҷой дода мешавад, ки аллакай имконияти шикоят карданро истисно мекунад. То ҳол низ ба тариқи расмӣ ягон намондаи ҲНИТ Ҳалномаи мазкурро гирифтагӣ нест.

Ҳамин тариқ дар рафти мурофиаи судӣ як қатор қонунвайронкуниҳо аз қабили вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавии судӣ; ирсол накардани хабарнома ва даъватномаҳои судӣ; вайрон кардани муқарарроти мурофиавии судии гражданӣ мавриди омодасозии парванда; маҳрум кардан аз ҳуқуқи ҳимоя; огоҳ накардан оиди аризаи пешниҳодшуда ба Суд; маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳимоя; роҳ надодан ба мурофиаи судӣ; вайрон кардани баробарии тарафҳо; маҳрумияти ҳуқуқ ба шиносоӣ бо ариза ва пешниҳоди далелҳо, дархостҳо ва шоҳидон; дастрас набудани Ҳалнома аз 29.09.2015 сол; вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҷинояткор эътироф намудани ашхос бе баррасии суди ҷиноятӣ, ҷой доштанд.

Аризадиҳанда, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз барои тақвият бахшидани даъвои худ барои бастани ҲНИТ ва эстремистӣ –террористӣ эътироф намудани он делелҳои мухталифро ба суд пешниҳод кардаанд.

Мутобики талаботи қонугузории граждании Тоҷикистон (м. 200 КМГ) суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд. Вале дар қисми асоснокунии Ҳалномаи мазкур дида мешавад, ки он пурра нусхаи (копия) матни аризаи Прокурори генералӣ аст. Яъне, ки баръало рубардор кардани навиштаҷоти аризаро Судя Ашуров ҳамчун асосноккунии қарори худ қабул намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ ягон шоҳид ва ё мутахассис пурсида нашудааст, ягон экспертиза гузаронида нашудааст ва ба тарафи муқобил имконияти ҳимоя дода нашудааст. Агар ягон далели иловагӣ мухокима карда шуда бошад хам, он дар Ҳалномаи судӣ номбар карда нашудааст.

Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигаp аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситахои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониpo дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд.

Барои исботи ин далели пешниҳод намудаи худ Прокуратураи генералӣ ба суд ягон маводеро пешниҳод накардааст ва ягон мавод низ дар рафти мурофиаи судӣ таҳти муҳокима қарор нагирифтааст. Ҳатто хулосаҳои экспертизаҳои дахлдори судӣ дар Ҳалнома оварда нашудаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом хабару маколаҳои барангезандаи кинаю адовати миллию динӣ меравад. Агар ин мақолаҳо дар рӯзномаи «Наҷот» паҳн карда шуда бошанд, пас чаро прокуратура онҳоро ба суд бо хулосаи экспертиза пешниҳод накард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои барангехтани бадбинию мухолифат нисбати сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии ҳукумат пешбинӣ нашудааст. Чаро прокуратура инро асоси эътирофи экстремистӣ ва террористӣ номиду Суди Олӣ онро қабул кард?

Прокуратураи генералӣ ҳодисаҳои рӯзҳои 4-12 сентябри соли 2015-умро, ки тафтишоти онҳо нав сар шуда буд, мансуб ба фаъолияти ҲНИТ шумурда, ҳамчун яке аз далелҳои қатъ намудани фаъолияти ҳизб шудааст.

Аз тарафи Суди Олӣ ва судя Ашуров ҳамчун далел қабул кардан ва исботшуда ҳисобидани иштироки ҲНИТ дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 ҳангоме, ки парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодисаҳо ҳоло дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ аст, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Дар ин ҳолат принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати аъзоёни РО ҲНИТ, ки дар тафтишот қарор доштанд вайрон карда шудааст.

Дар ҳалнома гуфта мшавад: «ҲНИТ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумат амал намудааст».

Ин далел умуман қобили қабул ва таҳлил ҳам нест. Ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ташкилот вазифадор нест, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ кунанд ва дар сурати дастгирӣ накардан ин ҳамчун асос барои эътирофи экстремистӣ ва террористӣ шавад.

16-уми сентябри соли 2015 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ тавассути КДАМ  боздошт шуданд.

Моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А,ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифт ва ҳамчуноне медонем дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифтанд. Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Ва, аммо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Аммо вокунишҳо ҳам дар дохили кишвар  ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба боздошт ва ҳукми Додгоҳи Олӣ дар нисбати ҲНИТ ва 13 нафар аз аъзои Раёсати олии бисёр ҳам шадиду сахт буд. Ҳеҷ касе бовар намекард, ки ҲНИТ дар ин кудето даст дошта бошад. Раҳматулло Зоиров,роҳбари пешини ҲСДТ ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар дар як мусоҳибаааш дар сеюми феврали соли 2016 дар ин бора чунин изҳори назар кардааст:

«Ман мехоҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин масъала баҳо диҳам. Аввал ин ки ҳукумат аз ҳизби наҳзат тарс дошт ва илова ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ ба иштибоҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ доданд. Вазорати адлия ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард дар ҳоле ки ин вазорат чунин салоҳият надорад. Онҳо метавонистанд ба ин ҳизб огоҳӣ диҳанд ва баъди даҳ рӯзи огоҳӣ ба суд пешниҳод кунанд. Яъне адолати судиро Вазорати адлия ба дӯши худ гирифт, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аз тарафи дигар, ҲНИТ ҳам ба якчанд иштибоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дод. Ин ҳизб набояд масъалаи ба Тоҷикистон баргаштан ва ё барнагаштани Муҳиддин Кабириро аз хориҷ баррасӣ мекард. Вақте ки Шӯрои сиёсӣ тавсия медиҳад, ки раиси ҳизб ба Тоҷикистон барнагардад, алакай суол ба миён меояд, ки раёсати ҳизб ба дӯши кӣ гузошта хоҳад шуд? Дар ин ҳолат Вазорати адлия имкон пайдо мекунад, ки аз ҲНИТ талаб кунад, анҷуман баргузор намуда ва раиси ҳизбро интихоб кунад.

Дувум, чанд нафар аз аъзои ҳизб ба Истанбул рафтанд ва эълон карданд, ки дар онҷо нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ягон ҳизб дар қаламрави кишвари дигар ҳаққи баргузор кардани Шӯрои сиёсиро надорад. Ин ҳақро натанҳо ҲНИТ, балки ҲСДТ ва ҳизби демократ ва ҳеч ҳизби дигар надорад.

Севум ин ки вақте ҳизби наҳзат эълон кард, анҷумани худро баргузор мекунад, вазорати адлия иҷоза надод, вале ҲНИТ намояндаҳои худро сафарбар кард, ки инро қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд. Ва мебоист ҲНИТ анҷумани худро ба вақти дигар мегузошт ва як созиш.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба масъалаи ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИТ нигоҳ кунем то кунун дар ҳеч куҷо ва дар ҳеч санад исботи худро наёфтааст. Ва агар инро бо назардошти ҳаводиси моҳи сентябр ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода вобаста карда ҳизби террористӣ гуфта шудааст, то ҳол тафтишоти пешакӣ ба анҷом нарасидааст, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст, ин аз рӯи қонун нест, ин супориши сиёсӣ аст.

Дар мавриди Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор гуфтаниам, ки вай аз нигоҳи сиёсӣ ба ҲНИТ ҳеч иртибот надошт ва шахси сиёсӣ ҳам набуд, бештар тоҷир буд. Назарзода бо Муҳиддин Кабирӣ робитаи хусусӣ доштанд инро ман эътироф мекунам, вале иртиботи Назарзода бо ҲНИТ аслан ҷой надошт.»

Ва, аммо роҳбарони КДАМ ва вазорати дохила,ки дастандаркорон ва иҷрочиёни бозии кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ва масъули боздошту зиндонисозии аъзои Раёсати олӣ ва ниҳоят бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ мебошанд, талош мекарданд, ки ин амали ҷинояткоронаи худро тавҷеҳ кунанд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаҳои сентябри соли 2015-и  кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон карда мегуяд, ки“Назарзодаҳо, кабириҳо абзори бозиҳои геополитикӣ ҳастанд” Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистонро «ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ» хондааст. Дар як матлаби Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки «Ҷумҳурият» — нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон декабр 17, 2015 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.Ба навиштаи Саидмӯъмин Ятимов, бозигарони геополитикӣ мушкилоти ба гуфтаи ӯ, «мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афрод»-ро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Ба бовари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд.  Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ошӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем.»

Устод Кабирӣ чанде пеш дар як суҳбати ихтисосӣ бо «Ислоҳ» аз он рӯзгорон ёдовар шуда гуфт, ки вай аз ҷумла бо Ятимов суҳбат кард ва Ятимов гуфт, ки тасмим дар бораи баста шудани ҲНИТ гирифта шудааст ва беҳтар ин аст ки худашон довталабона ва бо дастони худ барҳамдиҳии худро эълон ва иҷро кунанд. Аммо гуфт устод Кабирӣ, ки онҳо розӣ ба гирифтани ин ном ва лаккаи нанг нашуданд.

Аммо ҳамчуноне гуфтем, мақомоти қудратӣ талош мекарданд, ки бастани ҲНИТ-ро кори дуруст ҷилва диҳанд. Тибқи як навиштаи «Озодӣ» Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз маблағгузорон ва раҳбарони асосии ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат донистааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 декабри соли 2015  ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро «аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии» ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои кишвар донистааст. Генерал Раҳимзода, ки дар ин бора рӯзи душанбе бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суҳбат мекард, гуфтааст, пахши ин ҳамлаҳо ва боздошту безараргардонии омилонаш танҳо бо кумаки сокинон дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом ёфт: «Мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонда шуданд.»

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ даъват карда ва бештар аз ҳузури шаҳрвандони кишвар дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барои иштирок дар ин ҷангҳо беш аз 600 нафар рафта, ҳудуди 50 тани онҳо бо изҳори таассуф ба кишвар баргаштаанд ва бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

Ба дунболи бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва ҳабсҳои тулонии аъзои Раёсати олии он, аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад ба ду муовини раиси ҲНИТ созмонҳои байналмилалӣ вокунишҳои сахту сангинеро аз худ нишон дода ин амали ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карданд. Дар ин қисмати ин матлаб чанде аз ин баёния ва изҳори назарҳои созмони ҷаҳонии дифоъ аз ҳукуқи башар ва давлатҳоро, ки он замон расонаҳо мунташир карда буданд, аз сарчашмаҳои бози интернетӣ пешкаш мекунем, то манзара ва ҳавлу ҳоли он рӯзҳои ҲНИТ ва роҳи нимасраи пурталотуми он рушантар бишавад:  Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кайе ҳукми зиндони тӯлонии раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро маҳкум кард. Девид Кайе рӯзи 7 июни соли 2016 дар баёнияаш гуфт:  “ҳукми шадиди раҳбарони мухолифин афзоиши беҳадди маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Вай гуфтааст, ки “эъмоли чунин чораҳои тунду худсарона алайҳи мухолифон ва раҳбарони мазҳабӣ натанҳо қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст, чунки танҳо ба тундравтар шудани онҳое, ки берун аз арсаи баҳсҳои ҷамъиятӣ мемонанд, оварда мерасонад.”

Ҳолгер Грин – сафири Олмон дар Душанбе, рӯзи чоршанбе 8 июни сли 2016  дар ҳамоиши «Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” гуфт,  ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд, «Магар ба ҷуз аз боздошту зиндонӣ кардани афроди гумонбар ба ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”– суол кард сафири Олмон дар Душанбе.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «САҲА» дар баёнияаш аз 2 октябри соли 2015 бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки муборизааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” ибрози ташвиш кардааст.

СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст: “ ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.

Рӯзи 1 октябр Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як баёния гуфтааст, созмони террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарор дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Рӯзи 29 сентябр Freedom House ё Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеи озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саросари ин кишвар интиқод кард. Дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст: «Ҳукумати Тоҷикистон аллакай раҳбарони  аршади ҲНИТ-ро зиндонӣ карда, раиси ин ҳизбро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 ҳазор тан аз аъзои онро дар саросари кишвар бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ хоҳад кард”.

Сафорати Амрико дар баёнияи худ дар рӯзи 30 сентябр аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард.

Поёни бахши саввуми давраи панҷум, ин давра идома дорад….

Сообщение  ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3 появились сначала на ISLOH.net.

Раҳмонов севумин довталаби курсии президентиро 30 сол зиндонӣ карданист!
Ё  чаро гуноҳи Фаромуз аз дигар қумандонҳои Бадахшӣ сангинтар аст ?

Дархости 30сол зиндон ба Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва аз фаъолони маъруфи ҷомеаи мадании Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ дар ин шабурӯзҳоро, ки даҳҳо тан аз сокини ин вилоят кушта ва боздошту зиндонӣ мешаванд, метавон идомаи ҳамин раванди саркубу хафақон ва ҷабру зулм бар болои помириҳо ҳисобид, аммо инҷо фарқ мекунад. Ин фарқ аз худи ҳамин муҳлати дархости муҷозот намоён шуда истодааст. 30 соли зиндон!!!!!

«То кунун аз мардуми сарбаланду ғаюри ВМКБ, ки тайи ин як соли ахир маҳкум мешаванд, ҳеҷ касе бо ин гуна талаби давраи тулонии зиндон мувоҷеҳ нашудааст. Дуруст аст ки Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои халқии Бадахшони куҳӣ ҳукми абад гирифт. Аммо 30 соли зиндонро низ метавон баробар бо ҳукми абад донист. 30 сол дар зиндон!!! Ин ба гуфтан осон аст, ки як нафар 30 соли умри худро дар зиндон бигзаронад.»

Фарқи дигар ин аст ки Фаромуз Иргашев қабл аз ҳаводиси вобаста ба қатли Гулбиддин Зиёбеков, ҳанӯз дар муборизаҳои интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобистону тирамоҳи соли 2020 мустақим бо худи Раҳмонов даргир шуда буд. Фаромуз он вақт сукути мутлақи сиёсат дар кишварро шикаст ва даъво пеш овард, ки дар баробари Раҳмонов барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ мубориза хоҳад кард. Кореро, ки ҳеҷ кас интизор ва ҷуръату ҷасораташро надошт як ҷавони сисола кард ва ҳатто ситоду тими интихоботӣ ташкил дод ва ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти номаш иқдом кард. Агарчи ба унвони як ҳуқуқшинос медонист, ки бар тибқи қонун наметавонад номзад бишавад, чун «худпешбарӣ» ба ҳайси як гузина ё роҳи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Вале худи ҳамин факт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ҳайси номзад иштирок хоҳад кард, барои Раҳмонов бисёр ҳам таъсири сахту сангин дошт. Аз инҷост, ки бархурди режими Раҳмонов бо Фаромуз Иргашев аз бақия помириҳои дар қапи Раҳмонов зада фарқ мекунад, чун Раҳмонов бисёр ҳам инсони кинагир ва интиқомҷӯ аст.

«Раҳмонов, то ҷое  ба мо иттилоъ расид, қасд дошт, ки Фаромуз Иргашевро ҳам дар ҷараёни ҳаводис хунини Бадахшон «безарар» гардонад. Дастури «безарар» гардонии ӯро ҳам Рустам ва ҳам худи Эмомалӣ Раҳмонов ба Аламшозода Абдураҳмон (Бузмаков),муовини аввали вазири дохилӣ, ки роҳбари амалиёт дар Бадахшонро бар уҳда дошт, дода буданд ва бинобар маълумотҳои расида ба «Ислоҳ» барои анҷоми ин дастур як дастаи махсус аҷир шуда буд. Вале муваффақ нашуданд ва Аламшозода аз онки иҷро карда натавонист, сахт нигарон буд.»

Фаромузро мебоист ҳукми абад медоданд. Агарчи тафтишот тамоми талошашро кард, мадрак ва далел наёфт. Ва барои ҳамин ҷазо ҳам он қадар туҳмату буҳтонро пушти ҳам карданд, то Раҳмонов ризо бошад. Зеро Раҳмонов Фаромузро бояд сахт «наказат» кунад. Ба ҳадде наказат кунад, ки минбаъд ҳар касе қасду ният дорад, ки дар интихобот дар муқобили Рустам ва ё Раҳмонов ширкат варзад, нияти худро дар дарунаш бикушад, вагарна бо сарнавишти Фаромуз Иргашев мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бархурди Раҳмонов бо Фаромуз Иргашев пешгӯишаванда буд ва маъулм буд, ки сахттарин ҷазо аз миёни зодагони Бадахшонро ба ӯ медиҳад. Чунки Раҳмонов ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро на танҳо «сварка» кардааст, вай аслан ин андешаро, ки ин курсӣ дар дасти дигар кас ғайр аз вай ва хонаводаи вай бошад,тасаввур карда наметавонад. Вай аслан ва абадан ҳозир нест, ки бишнавад ва ё бибинад, ки як нафаре бархезаду даъвогари курсии вай бишавад. Феълан авзоъ ҳамин тавр аст ва ҷомеаи кишварро як яъсу навмедӣ фаро гирифтаст, ки бо рафтани Ҳизби наҳзат ҳеҷ қувва ва шахсияте нест, ки сар боло бикунад

Аммо Фаромуз Иргашев ин андеша ва табуро шикаст ва изҳор дошт, ки вай довталаб ва даъвогари мақому мансаби раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Фаромуз бо ин амали худ як чизи дигар- қамбуди қонуни интихобот, ки ба шахс ҳуқуқи худпешбарӣ намедиҳадро ошкор кард. Аслан ин ҳуқуқро Раҳмонов амдан аз қонун салб кардааст, то битавонад бидуни дарди сар ва орому роҳат ба кораш давом диҳад. Адами ҳуқуқи «худпешбарӣ» як меъёри мухолифи Қонуни асосӣ аст. Тибқи Қонуни асосӣ нафар ҳақ дорад интихоб шавад ва интихоб кунад ва агар Қонуни асосӣ баробарии шаҳрванд барои ширкат дар интихоботҳоро тазмин карда бошад, аммо қонуни интихобот онро аз байн бурдааст. Раҳмонов аҳзобро зери контрол дорад ва он ҳам чӣ ҳизбҳое.

То Фаромуз Иргашев ҳам, ҳар касе дигар, ки изҳор кард номзади раёсати ҷумҳурӣ мешавад ё зиндони тулонӣ ва ё кушта гардид.

Зайд Саидов, вазири пешини саноати Тоҷикистон ва яке аз тоҷирони хушноми тоҷик, ки барои ташкили як ҳизби сиёсӣ- «Тоҷикисони навин» изҳори омодагӣ кард, Раҳмонов башиддат нороҳат шуд ва амри зиндонӣ кардани ӯро дод. Ва, танҳо барои ризоияти Раҳмонов додгоҳ ӯро ба як чунин давраи тулонӣ зиндонӣ кард.

«Қабл аз Зайд Саидов Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро низ барои онки гуфт дар интихоботи соли 2006 яке аз довталабони курсии раёсати ҷумҳурӣ ӯ хоҳад буд, бо печонидани томоту буҳтон равонаи зиндон кард, то инки майдони мубориза барояш холӣ бимонад. Агарчӣ аз интихоботи соли 2020 ду соли тамом гузашт аммо кинаи Раҳмонов хело сахт ва таскин намеёбад.»

Аммо сангинтарин муҷозот насиби Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои олӣ ва бунёдгузори раиси Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон гардид. Вай барои онки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат варзад ҳизби сосилистро ташкил дод. Вале ҳамагӣ чанд моҳи пеш аз тарафи гумоштаҳои одамкуши Эмомалӣ Раҳмонов террор карда шуд. Кенҷаев, инки Эмомалӣ Раҳмонов қасди ҷонашро доштро пеш аз маргаш ҳам фаҳмида ва чанд навбат изҳорот ҳам дода буд, ки КГБ дар қасди куштани ӯст.

Албатта, Раҳмонов болои мардуми Бадахшон аз солҳо пеш ҳисобу китоб ва ё чуноне дар байни мардуми тоҷик мегуянд, «дандон» дошт. Аммо иддаои Фаромуз, ки мехоҳад раиси ҷумҳурии ояндаи Тоҷикистон бишавад, ҳисоби ӯро сахттар ва неши дандонҳояшро тезтар кард.

Мутмаинан, агар Фаромуз Иргашев дар қатли Гулбиддин Зиёбеков сукут мекард, дар тазоҳурот ва “Комиссия 44” шарик намешуд, боз ҳам ҳамин балоро болои сараш гардон сангинтарин ҷазоро барояш раво медонистанд. Вай ҳиҷ гоҳ дар дасташ камон нагирифааст, ҳиҷ сарвату боигарӣ ва ҳеҷ гурӯҳе ҳам надорад, лидери мардуми ҳам нест, ҳеҷ куҷоро «контрол» ҳам намекунад, аммо ҳамин даъвояш барои курсии президентӣ ӯро ба як душмани сарсахти Раҳмонов бадал кард ва аз инҷост ки барои вай додситон 30 сол талаб кардааст.

«Қазияи Фаромуз барои он фарқ мекунад, ки вай лидер ё пешвое мисли Мамадбоқир ё Ёдгор набуд. Вай халифа ҳам набуд. Вай гуруҳи фармонбару фармонбардор ҳам надошт, фармонраво ҳам набуд. Аммо Раҳмонов ӯро беш аз ҳар помирии дигар бад дид. Даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ аз суи Фаромуз Иргашев ҷомеаи сокиту шахшуда ва яхзадаи Тоҷикистонро такон дода ин паёмро расонд ки ба Раҳмонов рақобат мекунад, чунки. Фаромуз ин паёмро ба мардум дод, ки Раҳмонов фарзанди фарзона нест, пешво нест, ҷаноб нест, доҳии муаззам нест, асосгузор нест, як раисест, ки инак ман ҳам метавонам ҷойи вайро бигирам. Ҳамин масъалаи ҷою мансаб ҷоҳу ҷалол ва даъвогар шудани Фаромуз ӯро ба душмани сарсахти Раҳмонов табдил дод.»

Чунки ба назар ва пиндори Раҳмонов гуноҳи вай ҳатто аз Мамадбоқиру Ёдгори шаҳид ва Толиб Аёмбекови зиндонӣ ҳам сахттар аст. Чунки Фаромуз хеле ҳам одиву сода ва бидуни кадом ҳоюҳуйе девори кибру нахвати Раҳмоновро, ки вай «яккаву ягонаи даврон» аст чапа кард. Гуфт, на!!Ман ҳам шаҳрванди комилҳуқуқи ин давлат ҳастам. Ин манам тоҷики асил, ки мехоҳам раис ҷумҳури  Тоҷикистон бишавам. Вай тарсу ваҳшатро убур кард, ба қафо андохт. Вай майдон ва сабқат хост, вай ҳариф талаб кард. Вай бо онки медонист қонун ӯро сабти ном намекунад вале ба ҷамъоварии имзоҳо шуруъ кард ва то ҷое маълум шуд ҳудуди 100.000 имзо гирд овард. Аз тамоми кишвар барои вай ҳамовозӣ ва эъломи тарафдорӣ карданд. Вай дар як фурсати мухтасар ба қаҳрамон бадал шуд. Дар маркази таваҷҷуҳи Тоҷикистон қарор гирифт.

Вай дар воқеъ девори тарсро шикаст. Девори тарсе, ки Раҳмонов ва дору дастааш солҳо онро баланд карда ва халқи тоҷикро дар даруни он террору тергав мекарданд. Вай ба Раҳмонов мустақиман «визов партофт».

«Раҳмонов Фаромузро барои он сӣ сол медиҳад, ки роҳи Рустам барои курсии президентӣ бидуни монеа бошад. Яқинан Фаромуз Рустамро мешикаст. Раҳмонов барои Рустам ҳам, ончуноне барои худаш кард, афроде мисли Абдуҳалим Ғаффоров, Рустам Латипоф, Амир Қарокулов, Олим Бобоевро, ки ҳатто зану бачаҳои худашон базӯр инбечораҳоро  мешиносанд, ҳарифи интихоботӣ месозад. Аммо Фаромуз Иргашев фарқ мекунад ва Рустам дар баробари вай оҷиз хоҳад буд.»

Додгоҳи Олӣ метавонад аз ин сӣ сол  як ё ду солаке бикоҳонад вале баъид аст ки ин корро кунад, чун Фаромуз Шаҳбози ошнои Озода нест,ки «ҷавонӣ»-ашро Раҳмонов ба инобат бигирад. Вале хеле аз афроди машҳуре ҳастанд, ки мисли Нелсон Манделла ва Ватслав Ҳавел аз даруни зиндон ба курсии раёсати ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд ва ба рамзи мубоизаву озодӣ ва шаҳомату каромати инсонӣ бадал шуданд.

Ps:  Ин ҳама солҳост,ки бар алайҳи Эмомалӣ Раҳмонов мубориза мебарам. Чандин сирҳоро фаҳмидаам аз оғози ҳокимияташ ва қабл аз ба ҳукм расиданаш. Аммо чизе,ки Раҳмонов сахт метарсад ин се чиз аст.

-митинг ва аз таҷаммуъи мардум дар ҳар куҷое.

-масоҷид, хатибҳо, воъизону уламои маъруф ва дар умум аз дини ислом.

-довталабҳо ба курсии раёсатҷумҳурӣ.

Дигар Раҳмонов аз ҳеҷ чизе тарс надорад ва аслан парвое надорад.

Сообщение Раҳмонов севумин довталаби курсии президентиро 30 сол зиндонӣ карданист! появились сначала на ISLOH.net.

“Афви зангбаста” ба ҷои “Афви тиллоӣ”
Чаро М.Искандаров, З. Сайид, Б.Ёров, М.Ҳайитов ва ҳатто писару домоди Сангак Сафаров афв нашуданд?

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсатмадоре,ки  ҳоло наздик ба 20 сол мешавад, барои раҳоияш лаҳзашуморӣ мекунад, шомили афви бахшида ба сӣ солагии истиқлол нашудааст.

5 ё 6 афв аз номи давлати Тоҷикистон аст, ки ӯро ноумед мекунад. Бори ахир дар соли 2011аз 23 соли ҳукми ӯ афви президентӣ 2 сол кам карду бас.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Борис Елтсин баъди ГКЧП тамоми душманонаш, ки мехостанд ӯро аз сари қудрат дуру зиндонияш кунанд, дар тули 1,5 сол бахшид ва ҷавобашон дод.

«Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба Истиқлоли кишвараш кулли муҷоҳиддинро, ки Шуравӣ онҳоро босмачияшон мегуфт, мавриди афви торихӣ қарор дод. Аз ҷумла Иброҳимбекро сафед ва афзун бар ин Қаҳрамони миллат эълон кард.»

Ӯ гуфт, онҳо барои истиқлол ва ватани худ ҷангиданд, гапу ҳарфҳоеро, ки солҳост, рӯшанфикрони асили миллат дар Тоҷикистон мегӯянду менависанд. Аммо гӯши шунавое дар ҳукумати вақт нест!

Огоҳони ҳол дар Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмонов ин гуна ҳиммату ҷавонмардиро мунтазир нестанд, аммо мардум, хоса хешовандони зиндониён ва гоҳе худи зиндониҳо умед мекунанд…

«Аммо ҳайҳот. Ҳеҷ яке аз зиндониҳои сиёсӣ, ҳеҷ яке аз шахсиятҳои муътабар ва номдори кишвар, ки бо иттиҳому  томот маҳбус шудаанд, раҳо намешаванд.

Ҳатто муйсафедону аз 70 сола боло ҳам!

Умеду орзуҳои садҳо ҳамсару духтару писару набера шикастанду зери пои беҳиммате рехтанд…

Гиряву нола аз садҳо хонаводаи тоҷик берун нашуд….»

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки то соати қабули Қонуни афв косалесони хони Раҳмонов воҳима мекарданд, ки ҷанобашон бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, ки як рухдоди муҳимми таърихӣ аст,  30.000-ро мавриди “афви тиллоӣ” қарор хоҳад дод.

Аммо маълум шуд, ки чизе зиёдтар аз нисфи ин рақам озод мешудаанду асосан аз шумуори онҳое, ки дар ҳар афви дигар ҳам шомил мешуданд. Ва, умдатан афроде, ки аллакай муҳлати ҷазои худро дар зиндонҳо гузаронида ба муасссисаҳои ислоҳии сукунатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Қиссаи “афви тиллоӣ” афсона шуд.

Қонуни афви Тоҷикистон солҳост, ки тавре таҳия ва қабул мешавад, ки нисбати ҳеҷ як нафари ба истилоҳ зиндонии сиёсӣ татбиқ нагардад.

Ин тарзи қабули қонун на ин ки қонунро ба унвони як санади ҳуқуқӣ беобрӯ карда ва ба як коғази камаҳмият табдил медиҳад, балки инро ҳам рушан мекунад, Раҳмонов ва дору дастааш ҳамоно аз афроде назири Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайид ва дигарон  сахт ҳарос доранд.

«Маълум аст, ки ин нафарон муртакиби кадом ҷурму ҷинояте нашудаанд. Гуноҳи онҳо ин аст  ки зидди мансабпарастиву қудратхоҳии якумрии  Раҳмонов қад алам кардаанд ё гуфтаанд,ки вориди сиёсат мешаванд.»

Искандаров 50 сол дошт, ки ба зиндон кашонида шуд. Инҷо моҷарои овардани ӯ, қиссаи ошкоршудани рабуданаш аз Маскав ва ҳукми Додгоҳи Страсбургро намегӯем. Вале ёдовар мешавем, ки чиро  Раҳмонов ӯро зиндонӣ кард ва бо зиндонӣ кардани ӯ чи тавр аз як рақиби билқувва халос хӯрд?

Искандаров ва ҳизби демократи ӯ соли 2003 баргузории референдум барои Қонуни асосиро бойкот эълон кард.

Худи ҳамон сол ва соли баъдиаш мубтакири ташкили Эътилофи сиёсии нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон шуд.

«ҲХДТ-и Эмомалӣ Раҳмонов тани танҳо ва яккамахав шуд. Зерои зери сақфи ин Эътилоф ҳама аҳзоб: коммунистҳо, наҳзатиҳо, демократҳо, сосиалистҳо ва сот сиал-демократҳо шомил шуданд. Ин амал як мушти сахт ва даъвои сатҳи миллӣ буд.»

Вай барои ҳабсу зиндонии Искандаров, дигар диранг накард. Ҳатто имкон надод, ки ба интихоботи парлумонӣ бирасад, чи расад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки Искандаров эълон дошт, номзади ин интихобот мешавад. Ӯро бо иттиҳоми бофта зиндонӣ карданду чанде аз дигар сиёсиёнро тарсонид ва чандеро ҳам моили худ кард.

Дар интихоботи соли 2006 ӯ дигар рақиб надошт. Рақибони эҳтимолӣ аз ҳамсафони худаш аз тарс қавлу қасами садоқат мехӯрданду обрӯяшон дар ҷомеа ба сифр баробар шудан мегирифт.

Интихоботи соли 2013 шуруъ нашуда, ки Зайд Саийд

бо ҳизби «Тоҷикистони нав» рӯи саҳнаи сиёсат омад, моҳе чанд баъд зиндонӣ шуд.

Раҳмонов новобаста аз он ки ин ҳама қудрати сиёсиву ваколатҳои беҳадду марзро дар даст дошт, боз ҳам аз  одитарин даъво ва даъвогари курсии раёсати ҷумҳурӣ мисли барги бед ларзид. Зеро хуб медонист, ки то ин дам фақат бо тақаллуб ва фиреб курсии қудратро дар даст доштааст.

Ин аст, ки ӯ ҳич бор дар Тоҷикистон интихоботи озод баргузор накардааст ва ба мардум ҳаққи интихоб кардани роҳбари давлаташонро қоил нест.

Аз ҳамон интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 то соли 2020 тамоми маъракаҳо саҳнасозӣ ба хотири як артист будаанд. Мардуми Тоҷикистон Раҳмоновро ягон бор интихоб накардаанд. Ин факти торихӣ аст, ки солҳо баъд низ собит хоҳад шуд.

Ин ҳама аз он далолат мекунад, ки ӯ аз ҳар нафари мустақил ва даъвои сиёсӣ дошта метарсаду ба мардуми Тоҷикистон бовар надорад! Ҳамин аст, ки мехоҳад бераҳмияшро дар баробари ҳар рақиби асливу тахминӣ мардум бидонанд!

«Сабаби асосии Қонуни афвро маҳдуд ва танг қабул кардан низ ҳамин аст. Танҳо ва танҳо барои ҳамин ӯ намегузорад, ки афродеро назири Искандаров, З.Сайид , Б.Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ озод кунанд.»

Мехоҳад, ки ҳама битарсанд ва дар  интихобот ширкат накунанд. Ӯ медонад, ки дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ ба ӯву писараш мардум  овоз намедиҳанд. Зеро аз ӯву Оилааш хаста шудаанд. Асоси стротежии ӯ тарс додани мардуми тоҷик аст. Вагарна медонад, ки он чанд зиндонии сиёсӣ, ки аслан муйсафедонанд, хатаре барои ӯ надоранд.

«Худ қазоват кунед, ки  шояд бори чандум бошад, ки Созмони милали муттаҳид аз Раҳмонов даъват мекунад, ки зиндониҳои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро раҳо созад чун онҳо бегуноҳ зиндон шудаанд, аммо Раҳмонов ин талабро нодида мегирад.»

Раҳмонов ин шабурӯзҳо худро ҳомии тоҷикони Афғонистон  ҷилва дода аз созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар талаб дорад, ки мутаваҷҷеҳи ҳоли онҳо бошанд. Аммо чаро ба ин талаби СММ беэътиноӣ мекунад?!

Инҷо ҷоиз донистем  талаби СММ-ро айнан биёварем:

«Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) уҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Бино ба хулосаи СММ, «хеле рӯшан аст, ки… заминаи боздошт ва баъдан зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар асл истифода бурдани онҳо аз ҳаққашон ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст».

Гуруҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи 11 узви ҲНИТ-ро озод кунад. Бо петитсия ба гуруҳи кории СММ аз номи 11 раҳбари дар тирамоҳи соли 2015 боздоштшуда ва сипас ба солҳои тӯлонии зиндон (аз ҷумла ба ҳабси умрбод) маҳкумшудаи ҲНИТ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom Now ва ҳуқуқдонҳои ширкати байналмилалии ҳуқуқии “Hogan Lovells” муроҷиат карда буданд. Петитсия ба Созмони милал аз номи  аъзои зерини ҲНИТ ироа шуда буд: Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматулло Раҷаб, Зубайдулло Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдулқаҳҳор Давлатов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Шариф Набиев ва Абдусамат Ғайратов».

Талаби рушан! Иҷрошуданӣ! Ва ба фоидаи имиҷи ӯ. Вале онро нодида мегирад.

Чаро?

Зеро метарсад? Не-не!

Дигаронро, мардумро, халқашро МЕ-ТАР-СO-НАД!

Ҳоло дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон одамони бегуноҳи зиёдеро бо иттиҳоми «ихвонӣ», «салафӣ», ”таблиғӣ» ва амсоли ин бандӣ кардаанд.  Аммо ҳатто як нафарро барои он ки ба “Шоҳидони Яҳво” байъат кард,  дини «баҳоӣ» қабул кард ва ё ба мисли ин зиндонӣ накардаанд. Чаро?

Чунки Раҳмонов танҳо аз Ислому мусалмонон сахт бим дорад ва тамоми ин ҳама солҳо, ки сари қудрат ҳаст, маҳз зидди ислом муборизаи бе амон кардаааст ва аз қудрати давлат барои саркӯбии диндорон сӯиистифода кардааст. Зеро медонад, ки Ислом ин мардумро ба ҳам меорад. Ба ҳам омадани мардум ба фоидаи ӯ нест. Ин аст, ки тухми нифоқ мекорад, ҳол он ки бояд ғамхори кулли миллат бошад. Бо ин қадар давлату сарват аз худ ҷавонмардиву ҳиммат нишон диҳад, вале намекунад. Ҳатто дар баробари писари Сангак Сафарови кушташуда, ки сабаби сари қудрат омадани як директори совхоз шуд. Директоре, ки ҳамагӣ 1 солу даҳ моҳ роҳбари хоҷагӣ кор кардаасту 10 рӯз раиси Кулоб будааст.

На рӯи хотири апаи Давлатмоҳро медонаду на хизматҳои падари Гулҷаҳону Наргисро қадр мекунад.

Барои иҷрои ин кор, барои қабули афве, ки ҳамаро ба ҷуз таҷовузгарону қотилони ашаддӣ фаро гирад, тарбиятдидаву таҳсилкарда ва огоҳ аз одоби ҷавонмардӣ ва хулқи айёрон бояд буд. Шахсе бояд буд, ки ба худаш, мақому мардумаш  бовар ва имон дошта бошад. Бачаи кампири Марямбӣ дар ҳафтод рафта, имрӯз ё пагоҳ худ соҳиби абераву чабера мешавад, вале ин ҳамаро надорад!

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки 18 сол боз дар кунҷи зиндон аст.  Як марди 50-сола буд, ки инак ба ба хонаи 70 медарояд. Вале боз ҳам ноумед аст. Хонаводааш парешону модараш дар ҳасрати писар даргузашт.

Ҳамин аҳволро хонаводаи Зайд Сайди хушному хуштарбия низ доранд. Ҳатто хонаҳои бастагонаш дар деҳот бо шумули хонаи падарашро  мусодира доранд.

Аҳволи наздикону бастагони  аъзои Раёсати Олии ҲНИТ низ ҳамчунон аст.Зубайдулло Розиқи 80 соларо зиндонӣ кард, дилаш хунук нашуд,омаду писари ҷавонашро ҳам бурду шинонд.

Эшони Қиёмиддинро дар зиндон куштанд. Ду писарашро ба солҳои тулонӣ зиндонӣ карданд ва ҳоло саввумашро ҳам дастгир кардаанд.

Мардум! Мутмаин бошед, ки Раҳмонов на дар фикри тоҷикони Афғонистон аст ва на тоҷикони Тоҷикистон.

Вай танҳо дар фикри он аст ки чи гуна Рустамро дар ҷойи худ овараду сарвату ҷоҳу ҷалолашонро ҳифз кунанд. Бо тарс додани мардум ва истифода аз имконоти давлат. Давлати ҳамаи мову шумо!

Ҳамин аст, ки “афви тиллоӣ”-и рекломкардаашон ҳатто миссиву алюминӣ набудааст, ки балки куҳнаи зангзада. Мисли ҳамон афвҳои қаблияш, ки барои пулкоркунианд.

Ps:  Миллат ва хонаводаҳои зиндониёни бе гуноҳи дар зиндон буда ҳаргиз ин зулми ӯро фаромӯш нхоҳанд кард. Бори дигар такрор мекунам,ки Раҳмонов гуфта буд: “ як афве мекунем ки таьрихи истиклолиятда нашуда буд.”

Аммо  ҳозир бошад лоихаш бромад ва порлумон онро тасдиқ намуд вале  аз ин афви Рҳмонов,то ин дафъа бадтаринаш нашуда буд. Тибқи иттилооте ба “Ислоҳ” расида аз манбаъи муътамад ҳоло хам пас аз қабули ин лоиҳа ва тақдим ба “Пешво”  ӯ имзо накардаст. Гуфта будааст: “ мухолифони сиёсати маара ҳоло ҷошон созаи монен бошанд дар зиндон  пас аз ШОС як фикр мекунем ва  имзош мекунам”

Бо тамоми сароҳат ва ҳисси инсоният ва шаҳрвандиям ба Раҳмонов инро мегуям: “Раҳмонов пас аз хондани ин матлаб имшаб якбор барои панҷ дақиқа фикр кун. Худат ва ё Рустам, Озода ва ё набераю духтаронат дар зиндон қарор медоштед ва боз пас аз 6 , 10 ва ё 18 сол будан дар он, чӣ орзӯ мекардед?. Ана ҳамон орзуе мекардед дар зиндон онро барои ин зиндониёни бе гуноҳ амалӣ намоед. Дунё ва ҳоли ин дунё тез тағйир хуранда аст ва ҳар коре карди ҷавобашро дар дунё пеш аз марг хоҳи дид!”

Дар охир ин шеъри Хоҷа Ҳофизи Шерозиро тақдим ба зиндониёни бегуноҳ ва хонаводаҳои онҳо менамоям. Ҳаргиз маъюс ва дилтанг набошед, Ин шо Аллоҳ Ҳар шом ки ояд зи паси ӯ саҳаре ҳаст.

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Қанъон, ғам махӯр.

Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.

Ай дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.

Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман

Чатри гул бар сар кашӣ, ай мурғи хушхон, ғам махӯр.

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доимо яксон набошад ҳоли даврон, ғам махӯр.

Ҳон машав навмед, чун воқиф найӣ аз сирри ғайб

Бошад андар парда бозиҳои пинҳон , ғам махӯр.

Ай дил, ар сейли фано бунёди ҳастӣ барканад,

Чун туро Нӯҳ аст киштибон зи тӯфон, ғам махӯр.

Дар биёбон гар ба шавқи Қаъба ҳоҷӣ зад қадам,

Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр.

Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,

Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.

Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,

Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр.

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуъову дарс Қуръон, ғам махӯр.

Сообщение “Афви зангбаста” ба ҷои “Афви тиллоӣ” появились сначала на ISLOH.net.

Генералҳои “шуришӣ”, кушта ва зиндонӣ шуданд. Ту ҳоло зиндаӣ!
Шаш тан аз генералҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо иттиҳоми кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ кушта ва ё зиндонӣ шуданд. Ва, аз ин миён танҳо ба Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ, раиси пешини Кумитаи гумрук ва дар гузашта аз фармондеҳони Фронти халқӣ муяссар шуд, ки муҳлати ҳабси худро ба поён барад ва феълан дар озодӣ қарор дорад.

Ёқуб Салимов, генерали тоҷик дар ҳамдастӣ бо Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги фирории тоҷик, ки на як бору ду бор алайҳи Эмомалӣ Раҳмонов даст ба шуриши мусаллаҳона задааст, муттаҳам мешуд. Вай аввалин генерали ҳукумати Раҳмонов мебошад, дар ташкили шӯриши мусаллаҳона алайҳи давлат муҷрим шинохта шуда буд.

«Вале барои бақия генералҳои тоҷик ҷазо хеле сангин омад»

Ғаффор Мирзоев, (Седой) фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ, дуввумин генерали тоҷик аст ки ба айни иттиҳом ва боз 27 моддаи ҷиноии ва 112 ҷиноят маҳкум ба зиндон шуд,  аммо ӯ маҳкум ба ҳабси абад шуд ва ҳоло ҳудуди 17 сол мешавад, ки паси панҷара қарор дорад. Инро бояд махсус таъкид кард, ки

«Ғаффор танҳо генерале буд, ки  фармони барканории худ аз мақоми фармондеҳии Горди раёсати ҷумҳуриро ба чолиш кашид ва барои чанд рӯз онро эътироф накард, беш аз ин ба қувваҳои таҳти итоаташ дастури ҳолати омодабош дод ва ҳатто чанд дидбонгоҳи изофӣ дар роҳу самти мақарри ин нерӯҳоро фаъол кард. Ғаффор Мирзоев аз ҳолати ҳарбӣ алайҳи давлати марказӣ замоне даст кашид, ки Эмомалӣ Раҳмонов ӯро шахсан ба ҳузур пазируфта барои сукут ва оромиши вай курсии раёсати Оҷонси мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводди мухаддирро дар ихтиёраш гузошт.»

Аммо ин як маневри сиёсие беш набуд ва маълум буд, ки дар як пайти муносиб ӯро ҷазои сангине дар камин аст ва ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯ дар қиёс бо Ёқуб Салимов ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар зимн, инро ҳам бигӯем, ки ҷонибдорони Ёқуб аз Ғаффор хеле зиёданд ва аз инҷо буд, ки Ёқуб Салимов тамоми сездаҳ сол зиндони худро дар СИЗО сипарӣ кард ва мақомоти тоҷик ошкоро изҳор дошта буданд, ки ҳузури Ёқуб дар зиндон хавфнок аст, чун обрӯ ва мартабаи баланд дорад. Ҳамин ки дар соли гузашта ба манзили зисти ӯ “наезд” ташкил карданд, ба он хотир буд, ки бори дигар зӯрӣ ҳукуматро бар ӯ нишон диҳанд. Ба нафаре, ки солҳои пешин на як бору ду бор бар сару рӯи Раҳмонов торсакӣ ва мушт задааст.

Дар ҳар ҳол аз миёни ин генералҳо танҳо Ғаффор Мирзоев буд, ки муқобили Раҳмонов ҳолати омодабоши ҷангӣ эълон кард. Дар муҳокимаи парвандаи ҷиноии ӯ, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ӯро дар паҳн кардани варақаҳои зидди раҳмоновӣ ва анҷоми таркишҳое дар назди биноҳои маъмурӣ аз ҷумла вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи замони Мирзо Зиёев низ муттаҳам карданд.

Бо ин вуҷуд ҳеҷ яке аз ин генералҳо, аз ҷумла ҳамин Ғаффор Мирзоев иттиҳоми мақомот дар бораи талоши анҷоми табаддулоти давлатиро қабул накарданд. Вале ин дигар чизеро наметавонист тағйир бидиҳад. Бино бар иттиҳоми мақомоти тоҷик Ғаффор Мирзоев якҷо бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров қасд доштанд, ки табаддулоти давлатӣ ба роҳ монанд. Воқеият доштани ин иттиҳом то ҳамин ҳоло таъйид нашудааст. Аммо рафтани пурсарусадои Искандаров ба шарқи кишвар, мулоқоти ӯ бо Раҳмонов ва эъломи ширкати ӯ ба унвони номзади интихоботӣ аз ҳизби демократ як навъ “аллиби”-и ва ё ваҷҳи ҳукумат барои ҳабси ӯ шуда буд.

«Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли қувои ИНОТ ва вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар як амалиёти вижа аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон кушта гардид. Зиёев, дар воқеъ ҳамчунин нақша ва ё ният доштро касе на он вақт на ҳоло наметавонад таъйид кунад ва худи ӯ низ дар қиёс бо дигарҳо ҳеҷ гоҳ барои курсии боло талош накарда буд. Вале ӯро низ, агарчӣ расман гуфта нашудааст, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ёғӣ ва дар садади анҷоми тағйирот мазнун шуморида ва номардона ба қатл расониданд.»

Иттиҳоми Муҳаммадназар Солеҳов, аввалин Прокурори генералии ҳукумати Раҳмонов, баъдан раиси Дастгоҳи иҷроия Президент вазири дохилӣ расман характери иқтисодиву молиявӣ дошт. Ингор ӯ маблағҳои вазоратро ғайримақсаднок сарф кардаву ва аз ин даст иттиҳомот. Аммо аз ӯ низ Раҳмонов машкук шуд ва амалиётҳои вазорати дохилаи замони Солеҳов алайҳи Мирзохуҷа Аҳмадов дар Рашт, куштори Олег Захарчанко, сардори ОМОН, ҳамла ва боздошти Салмон Лангарӣ ва писари Сангак Сафаров дар Кулоб тавре тафсир шуд, ки Солеҳов мехост авзоъи кишварро ноором кунад ва дар пушти ӯ ҳатто қувваҳои хориҷӣ низ ҳузур доштанд ва ниҳояти кори ӯ гирифтани ҷойи Раҳмонов аст, барои ҳамин ин генералро дар манзили зисташ ва дар пеши чашми кӯдаки 12 сола ва оилааш бо тир зада куштанд ва ҷасадашро ҳам мисли як террорист ба хок супориданд.

Ва, аммо кудатои нофарҷом ва ё шӯриши нокоми генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон дар оғози поизи соли 2015 як нақшаи тарҳрезишудаи мақомот бо ҳадафи  аз саҳнаи сиёсат берун рондани ҲНИТ буд. Абдуҳалим Назарзода, аз ду нигоҳ табаддулоти давлатӣ намекард: яке инки аз лиҳози моливу иқтисодӣ комилан мустақил ва таъмин буд ва дуввум медонист, ки дар баробари нерӯи тарафи муқобил (агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад) зӯрӣ кофӣ надорад.

«Ҳанӯз дар ҳамон солҳое, ки Раҳмонов Ёқуб Салим, Ғаффор Мирзо ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро зиндонӣ кард, коршиносон дар дохил ва хориҷи кишвар мегуфтанд,ки сабаби асосии ҳабси онҳо аз бозӣ берун кардани рақибони эҳтимолии Раҳмонов аст. Ва,инки барои онҳо ҷазои хиёнат ба Ватан ва кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ зада мешавад, барои он аст ки муҳлати ҳабси онҳо тӯлонӣ бишавад. Дар ҳар сурат Эмомалӣ Раҳмонов ин генералҳоро ба он гунаҳкор кард, ки қасд доштаанд ӯро аз ҳокимият сарнагун кунанд.»

Як андеша аз чандин сол, ҳанӯз аз замони дар ватан будан фикрамро машғул медошт, ки агар қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ аз сӯи ин генералҳо дар ҳақиқат ҷо дошт, яъне мехостанд, ки Эмомалӣ Раҳмоновро сарнагун кунанд, дар ҳоле, ки як кори хайреро доштанд анҷом медоданд, чаро бо мардум дар миён нагузоштанд ва ҳадафашонро рӯшан нагуфтанд? Давлат, Ватан, миллат ва мардумро аз зери юғи як диктотур, ки ҳокимиятро қабилавӣ, балки оилавӣ кард, наҷот медоданд ва Тоҷикистон ва халқи он ба ин ҳоли зоре, ки имрӯз дорад, намеафтод. Ман гумон мекунам, ки ин генералҳо дурбинтар, оянданигартар аз сиёстмадорон будаанд ва онҳо беҳтар ва дақиқтар Раҳмоновро шинохта будаанд ва медонистаанд, ки идомаи вуҷуди вай дар курсии қудрат чи балоҳо бар сари ин Ватан меоварад?

«Ба дурустӣ, ки ҳар кадоме аз онҳо бо Раҳмонов муносибати хуб доштанд, ҳамҷому соғар ва генерали ҳукумати ӯ буданд. Рутбаи генералӣ ва чандин ордену медалу ифтихорномаҳоеро аз дасти ӯ гирифтаанд.»

Ҳамчунин ҳар  кадоме аз ин генералҳо шахсияти матраҳ ва шинохташудаи ҷомеа буданд ва онҳо на танҳо афроди низомӣ, балки ба ҳайси сиёсатмадор ҳам ҷойгоҳу мақоми муассир доштанд. Ёқуб Салим замоне дар шӯриши Маҳмуд Худойбердиев шарик шуморида шуд, ки раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон буд. Ғаффор Мирзоев, генерал-лейтенант, раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Дигаронашон, масалан Мирзо Зиёевро,ки ноҷавонмардона куштанд, чандин сол дар ҳукумати Раҳмонов вазир буд, ҳамин тавр Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ ва Маҳмадназар Солеҳов, ки ҳам Прокурори генераливу ҳам вазири дохилӣ буд, афроди соҳибноме буданд.Ин генералҳо,масалан Ғаффор Мирзоев дар соли 1998 якҷо бо размандаҳои мухолифин Маҳмуд Худойбердиевро, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон ҳамла карда буд, шикаст доданд,то ҳукумати Раҳмонов боқӣ бимонад. Аммо яке, яке муқобили Раҳмонов баромаданд. Ба ҳадде аз ӯ дилсард шуда ва ба ҳадде аз ӯ бадашон омада ва мутанаффир шуданд, ки нияти маҳву нобудии ӯро карданд.

Масъала боз ҳам ин аст ки чаро ин генералҳо қасди табаддулоти давлатӣ карданд? Чаро мехостанд, ки Раҳмоновро аз қудрат биандозанд? Барояшон беҳтар, осонтар, роҳаттар ва хуштар ин буд, ки дар сояи давлати Раҳмонов орому осуда ба сар баранд, вале накарданд. Чаро онҳо мехостанд аз Раҳмонов халос шаванд. Қудрати бештар мехостанд? Ва ё инки чун диданд, ки як нолоиқу ношиставу носазоворе як чунин мақому мартабаи муҳимеро ишғол кардааст, худро аз ӯ кам наҳисобиданд ва шоистатар аз ӯ диданд?   Шояд чанд омил ва сабаб ин генералҳоро барои сарнагунии Раҳмонов ба таҳрик дароварда буд. Шояд, яке аз ин авомил он бошад, ки онҳо бо чашмони худ диданд ва шоҳиди бевосита буданд, ки ба Раҳмонов  мардум ягон бор овоз надод ва як шахси носазовор тӯли ин ҳама солҳо бо зӯри силоҳу тарси рӯида аз ҷанг ҳокимият мекунад. Шояд як омили дигар ин буда бошад, ки медонистанд Раҳмонов бо зӯри аслиҳа қудратро гирифтааст. Ва, онҳо ҳам метавонанд бо айни ҳамин роҳ ҳукуматро аз ӯ бигиранд. Ё шояд онҳо фаҳмида буданд, ки Раҳмоновро танҳо ба воситаи амалиёти низомӣ метавон аз қудрат дур кард.

«Ҳарчи ҳам буду ҳарчи ҳам набуд, дар ин ҳама кӯшишҳои нокоми сарнагунии ҳокимияти Раҳмонов як нукта то ҳамин имрӯз асосӣ аст. Онҳо Раҳмоновро хеле хуб шинохта буданд ва дониста буданд ва фаҳмида буданд, ки ҳарчи бештар ҳузур дошта бошад, ҳамон андоза давлати Тоҷикистон ва мардуми ин кишвар дучори мушкил ва бадбахтӣ мешавад.»

Онҳо на танҳо худро халос карданӣ буданд, ҳамроҳи худ халқи худро мехостанд аз ин мунҷалоб, аз ин ботлох, аз ин махмаса, аз ин саратон ва аз ин зоғи бадмур наҷот бидиҳанд.

Онҳо нақшаву ниятҳои шуми Раҳмоновр аз мо пештар дарк карда буданд. Онҳо нафси аммора ва ҷаҳонхори ӯро пештар ташхис дода буданд.

Диданд, ки Раҳмонов дорад кишварро ба самти варта ва нобудӣ мебарад. Имрӯз шоҳид шудем, ки идрок ва ташхиси онҳо дуруст будааст.

«Шояд ҳама иттиҳомот муқобили онҳо дурӯғӣ буд, шояд ҳамааш бофтаву сохтаи худи Раҳмонов барои аз байн бурдану зиндонӣ кардани онҳо буд. Шояд. Аммо ҳоло ман кори онҳоро табаддулоти давлатӣ намешуморам.»

Ин генералҳо роҳи дурустеро пеш гирифта буданд. Онҳо ҳақ ва дуруст буданд.

Онҳо дер ҳам буд, фаҳмида буданд, ки беҳуда Раҳмоновро бар сари қудрат оварданд ва беҳуда бо ӯ санади сулҳ бастаанд.

Бубинед, ки чи кор карда истодааст? Худро Ҷаноби оливу Пешвои миллату Асосгузор хонда кишварро, сарвати миллатро, тамоми дору мадори мардумро бо аҳли авлодаш, бо зану духтару домоду бачаҳову ҷиянҳояш тохтутоз дорад, дуздӣ карда истодааст

Беҳтар ин набуд ки ҳамин генералҳо комёб мешуданд?

Дар соли 2003-ю 2004 Эмомалӣ Раҳмонов фикр мекард,ки Рустамро ба ҷойи худаш меоварад ва барои ҳар як духтараш бонкҳои хусусӣ ташкил медиҳад ва соҳиби самолёти шахсӣ мешавад?Агар ин генералҳо ҳоло дар сари кор буданд, барои ӯ чунин имконият ва шароитро иҷоза медоданд? Авзоъи кишвар  ҳанӯз дар ҳамон солҳо, ки на Рустам буду на Озодаву на Спитамебонку на Коммерсбонк ба ҳадде бад буд, ки генералҳо-фармондеҳони сангарҳои ба ҳам мухолиф:-Фронти Халқӣ ва ИНОТ якҷоя шуда фикри вожгунсозии Раҳмонов баромаданд.

«Имрӯз аз будани Раҳмонов чӣ баҳра бурда истодаем, ки бо омадани Рустам бубинем. Бад буд, бад ҳаст ва бадтар хоҳад шуд.»

Чи қадар хуб аст Тоҷикистони бидуни Раҳмонов, бидуни Рустам ва бидуни Озода  ва чи қадар хуб хоҳад шуд Тоҷикистони бидуни “Фароз”,бидуни  “IRS”- ширкати пулчинак, бидуни “Сомонэйр”,бидуни “Коммерсбонк”у “Спитманбонк” ва “Сифатформ” “Асри 21” ва садҳо ширкатҳои аз андоз озоде, ки ҳамагӣ аз дуздиҳои ин хонавода ташкил шудаанд ва хуни ин миллатро мемаканд. Пурсиш ин аст, ки агар ҳамчунин ҷавонмардоне қад алам кунанд,боз ҳам бетарафӣ ихтиёр хоҳем кард ва ё дар канорашон бармехезем? Ба назари ман ҳар касе қасди иҷрои аҳдофи он генералҳои зиндонӣ ва шаҳидро дошта бошад, боястӣ истиқбол карду рӯи роҳашро гулборон. Бо итминон мегӯям, ки агар он генералҳо комёб мешуданд мамлакат ва мардуми дигар медоштем.

Ps: Агарчи мардум аз бархе он генералҳо хотироти шуме доранду онҳоро хашин ва золим мешинохтанд. Фаромӯш набояд кард,ки ҳама ҷиноятҳои онҳо аз тарфи худи Раҳмонов фармон мегирифтанду онро иҷро мекарданд. Бидуни истисно ҳамаи онҳо,  тиран ва қасдгир будани Раҳмоновро фаҳмида буданд бар алайҳаш ба шакле мехостанд бишуранд ва гуноҳони анҷомдодаашонро,ки маҳз бо фармони ӯ содир намуда буданд бизудоянд ва беормон бимиранд. Умед аст генерали воқеъию ҷасуре дар мақомоти қудратии кишвар дар сар ба шакле озодии мардуми худро парваронад ва мардум ӯро дастгирӣ намоянд. Ё мунтазири сарнавишти ин ҳама генералҳое, ки ба Раҳмонов хидмат карданду номардона кушта ва хоини миллат ва давлаташон эълон намуд мемонед?

Сообщение Генералҳои “шуришӣ”, кушта ва зиндонӣ шуданд. Ту ҳоло зиндаӣ! появились сначала на ISLOH.net.

Медонед Раҳмонов барои чӣ хонаи Маҳмурод, Зайд, Қувватов, Искандаровро сӯхт?
Пешопеш маълум буд, ки Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон на камтар аз 14–15 сол мегирад. Баъди Умаралӣ Қувватов, раиси шаҳиди “Гурӯҳи 24” ӯ бо даъвати баргузории як тазоҳуроти осоишта ҳазорон ҳазор аз саканаи кишварро, ки мунтазири ҳамин гуна як ибтикор ва иқдоме буданд, ба таҳрик даровард. Билошак он рӯз қариб аст ва инки ҳоло дар аксарият манотиқи кишвар бо ранги хоно “ИСТЕЪФО” менависанд, далели мувассақ ва муваҷҷаҳи ин гуфтаи мост. Солҳост, ки корд дар устухон расидааст ва халқи тоҷик дар баробари як диктотури ҷоҳил ва як дузди ёғӣ вомондааст ва роҳи чора танҳо ҳамоне аст, ки Маҳмурод Одинаев қасди баргузории онро кард.

«Ҳарф аз ҳизбу интихоботу тазоҳуроту истеъфо Раҳмонов ва пояҳои ҳукумати оилавӣ-қабилаии вайро мутазалзил месозад. Вай бо тамоми иқтидоре, ки дорад, то ба имрӯз талош кардааст аз ин ҳама (ҳизбу интихоботу тазоҳуроту истеъфо) ҷилавгирӣ кунад, маҳор созад, то инки фақат ва танҳо худашу  9 фарзанду 9 баробар бештар домоду дигару дигарҳояш дар Тоҷикистон зиндагӣ ва истироҳат кунанд.»

Агар ба ҳамин чанд соли баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ мутаваҷҷеҳ бишавем, хоҳем дид, ки Раҳмонов барои ҳеҷ тоҷик фурсат ва маҷол надодааст, ки дар баробари ӯ барои курсии раёсати давлат қад алам кунад. Ҳар касе муддаӣ шуд, ӯ ҳатман ӯро зиндон кард, нобуд сохт ва фирорӣ намуд.

Боздошту истирдоду ба давраи тӯлонӣ (23 сол) зиндон кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон танҳо ба хотири он буд, ки ӯ изҳор дошт дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешниҳод хоҳад кард. Искандаровро нагузошт, ки то интихобот бирасад. Чунки дақиқан медонист, агар ӯ номзади раёсати ҷумҳурӣ бишавад, аксарияти мутлақи халқи тоҷик ба ӯ раъй хоҳад дод. Аз инҷо буд, ки фармуд ӯро айбу иттиҳоме бизананд, ки на камтар аз 20 сол зиндон бишавад. То барои онҳое, ки муддаии ҷойи ӯ мешаванд, сабақ бишавад. Ва, додситону додрас ноилоҷ ва чору ночор фармоиши Раҳмоновро иҷро ва як нафари бегуноҳро ба давраи дароз пушти панҷара карданд.

Вақте Умаралӣ Қувватов ҳам даъвои сиёсӣ кард ва изҳор дошт, ки алайҳи Раҳмонов тазоҳурот баргузор мекунад, раъша дар ҷисму ҷони Раҳмонов афтод. Ба вузӯҳ медонист ва медонад, ки камтарин ҷарақа кофист, ки халқи ҷонбарлаби тоҷик тахту тоҷи ӯро вожгун созад. Вай бахубӣ огоҳ аст ва маълумоти дақиқ дорад, ки одитарин нерӯи сиёсӣ, ки ба майдон ворид шуд, арсаро аз дасти ӯ пас хоҳад гирифт. Вай ҳеҷ гоҳ, дар ҳамин тӯли 29 соли ҳокимияташ мардона ва бо дастгирии мардум курсии аввали кишварро нагирифтааст ва тамоми арқому омори маъракаҳои сиёсии кишварро бардурӯғ ва сунъӣ ҷамъбасту эълон кардааст. Вақте шаҳид Умаралӣ барои як гирдиҳамоӣ дар 10.10.2014 даъват кард, Раҳмонов ба манзури тарсонидани мардум ва ҷилавгирӣ аз он дар шаҳри Душанбе, дар майдони назди Маҷлиси Олӣ тамриноти пахши тазоҳуротро бо ҷалби сарбозу аскарҳои КДАМ ва ВКД доир кард. Умаралӣ Қувватов, чуноне баъдан ҳама асрори куштори ӯ рӯи об омад ва ҳоло ҳам қотилони вай дар сафҳои милисаи тоҷик кору фаъолият доранд бо дастури шахсии Раҳмонов кушта шуд ва тамоми ҳазинаи амалиёти куштори ӯро Шамсулло Соҳибов-домоди Эмомалӣ Раҳмонов пардохт карда будааст. Фақат ба хотири онки аз бурузи як чеҳра ва як рақиби сиёсӣ ҷилавгирӣ кунад.

«Агар Раҳмонов ҷуръаташро дошт ва агар ӯ дар ҳақиқат мутмаин буд, ки мардум бо ӯст, ҳамчунин муносибати ноҷавонмардонаро бо Зайд Сайид намекард. Зайд Сайид, ки дар Маскав як тоҷири муваффақ ва соҳиби сармояи миллионҳодолларӣ буд, баъди имзои сулҳ бо даъвати худи Раҳмонов сармояашро ба кишвар ворид кард.»

Дар ин бора баъдан худи Зайд дар як нома аз зиндон ба унвони Раҳмонов ошкоро сӯҳбат карда буд. Ӯ чанд сол ҳам дар ҳукумати Раҳмонов ба ҳайси вазир фаъолият намуд. Огаҳон мегӯянд, ки Раҳмонов чандин муддат ҳатто чои наҳорашро ҳамроҳ бо Зайд мехӯрд. Ва, ҳамин тавр Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам ба яке аз ҳамсоғарони доимии Раҳмонов табдил шуда буд. Зимнан ҳамин шаҳид Умаралӣ Қувватов ҳам бо хонавода ва шахси худи Раҳмонов иртиботи наздик дошт. Аммо вақте Зайд хост, ки як ҳизбе таъсис бидиҳад ва бо миллат ва мардум ва давлати Тоҷикистон аз наздик ҳамкорӣ кунад, Раҳмонов хобу хиёлро аз даст дод ва васвосу ҷунун ва ваҳшатзада шуд. Сахт тарсид, ки мабодо Зайд ба курсии ӯ дида надӯхта бошад. Муқобили ӯ парванда дуруст кард ва ба ҳабс гирифт. Вақте фаҳмид, ки иттиҳомоташ соли камро пешбинӣ мекунад, ба ӯ тӯҳмат зад ва барои 26 сол равонаи зиндон кард.

«Раҳмонов тавон ва ғайрату ҷасорате надорад, ки бо як сиёсатмадори воқеӣ вориди мусобиқаи интихоботӣ бишавад. Барои ҳамин ҳар нафаре, ҳар ҳаракат ва ҳизбе, ки даъвои курсии ӯро кард, бо татбиқи усулҳои номардона ва ғиром аз саҳна берун кард. Вай мисли шағол аст. Шервор мубориза накардааст. Чун медонад, ки дар мусобиқаи рӯёрӯ ва ошкоро бой медиҳад.»

Дудаста ва мутафарриқ сохтани ду ҳизби сосиалистӣ ва демократи Тоҷикистон ҳам кори дасти худи ӯст. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон: ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ, сосиалистӣ, демократӣ ва сосиал-демократ дар солҳои 2003–2004 зери як Эътилоф ҷамъ омада хостори тағйироти қонуни интихобти Маҷлис шуданд. Намояндагони коммунистҳо ва наҳзати исломӣ пешнависи ин тарҳро ба Маҷлиси намояндагон фиристоданд, аммо қабул нашуд. Вале инки ҳатто коммунистҳо бо наҳзати исломӣ канор омад ва инки ҳизби сосиалист, зери раҳбарии Мирҳусейн Назриев вориди Эътилофе шуд, ки Наҳзати исломӣ дар он мавқеи меҳварӣ дошт, Раҳмонов ва дору дастааш, бахусус мушовирини чоплусашро дучори ваҳшат ва сархӯрдагӣ кард. Роҳи чораро боз ҳам дар зӯр ва истифода аз қудрати ҳукумат ҷуст ва чуноне гуфтем сосиалистҳо ва демократҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо ва ба аҳзоби маргиналӣ табдил кард.

Барои он сахт тарсид, ки тамоми нерӯҳои сиёсӣ бо Наҳзати исломӣ  канор омаданд ва имкони 100% аз қудрат пойин овардани ӯро фароҳам сохтанд. Азбаски дар соли 2006 интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ дар пеш буд ва азбаски ҲХДТ танҳову тоқа монд, аҳзоби кисагии ислоҳоти иқтисодӣ ва аграриро ташкил дод ва онҳоро якҷо бо ҷиноҳҳои ҷудошуда аз демократҳо ва сосиалистҳо барои худ иттифоқчӣ сохт. Ва ба ҳамин минвол аз соли 2006 то ба ҳоло, ки се навбати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор гардид, бо ҳамин аҳзоби худсохтааш рақобати дурӯғӣ ташкил карду ингор бо касби орои мардум ғолиб омад. Аммо дар амал ва дар воқеият ӯ ҳеҷ гоҳ бо як рақиби ҷиддӣ натавонист рӯбарӯ шавад, балки шароит ва имконият барои ҳамчунин рақибе надод. Ҳатто барои ҳамин ҷавони 30сола- Фаромуз Иргашев- бо тамоми иқтидор мониа ва мушкил дуруст кард, то ки вай сабти ном нашавад. Ин дар ҳақиқат нишона ва аломати заъфу тарси ӯ аз пайдо шудани як рақиби бархоста аз миёни мардум буд.

Ҳамин ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо тӯҳмату буҳтон басту манъ кард, барои он буд, ки мамлакатро барои худ комилан тахлия  кунад. Тамоми ҳарфу достони Ҳоҷӣ Ҳалим бофтаву дурӯғи маҳз аст. Вай аз афзоиши нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам дар майдони сиёсати кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ эҳсоси бим ва аҷз мекард. Ҳамин ҳоло ҳам аз ин ҳизб то пойи ҷон метарсад ва инки барои масҷидҳо мавъиза навишта ҲНИТро,ки 6 сол мешавад дар кишвар қарор надорад, сиёҳу бадном мекунад, исботи ҳарфи мост. Раҳмонов аз қудрат то рӯзи маргу мурданаш рафтанӣ нест. Ва, аз ҳар шахсият ва аз ҳар ҳаракату ҳизбе, ки даъвогари ҷойи ӯ мешавад, бо тамоми шеваҳои ҳатто номашрӯъ қасос мегирад.

Инки мегӯяд ӯро барои Роғун интихоб карданд, инки мегӯяд ба ӯ занҳо овоз додаанд, эътирофи зимнӣ, иқрори он аст ки инҷо кадом интихобу интихоботе набуд. Ин аломати даступохӯрдагӣ, ин худсафедкунӣ як гунаҳгори бадастафтода аст ки мизону ҳаҷму андозаи зарар ва хисороти расонидаашро ба ин давлату миллат хуб медонад.

Вай, наметавонад бигӯяд, ки ман мунтахаби мардуми тоҷик ҳастам. Он вақт метавонад бигӯяд, ки аз байни рақибони воқеӣ сабқатро бурида бошад. Инчи рақам ва ин ба кадом маъно интихобот аст, ки рақибони интихоботӣ даъват кунанд, ки ба “номзади асосӣ” овоз диҳед. Барои ҳамин аст ки гапро тоб медиҳад бурду овард мекунад. Роғун гуфтан, занҳо гуфтани Раҳмонов тавҷеҳи ғадру хиёнати ӯ бо раъйи мардум, бо интихоботи халқ аст. Ӯ медонад, ки гунаҳгор аст, ӯ медонад, ки хиёнат кардааст. Ӯ медонад, ки сазовори курсие, ки нишастааст, нест, балки ӯ худ гуноҳ ва хиёнат аст. Ӯ гуноҳ, ӯ хиёнат ва ӯ ҷинояти худро хело хуб медонад.

Чаро Раҳмонов аз тазоҳурот метарсад?

Чаро Раҳмонов аз ҳизби дигар метарсад?

«Чаро Раҳмонов ба ҷуз аз аъзои оила, хешу табор ва наздикони худ  ба касони дигар имконият намедиҳад? Ҳар касе талош кард, ки дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон ҳарфи дуруст ва барои мардум гӯяд, онро сарбанест кард? Султон Қувват ва муовини ӯ-Рустам Файзиро ҳам Раҳмонов нобуд кард. Рустам Файзӣ дар зиндон кушта шуд. Барои он метарсад, ки мардум аз ӯ безор шудааст ва ӯро намехоҳад.»

Шоҳидони мурофиа ҳикоят карданд, ки Маҳмурод Одинаевро ду нафар аз зери китфон тавре бардошта ба толор дароварданд, ки пойҳояш ба замин намерасид. Ва дар даруни толор, дар ҷойи маҳкумшаванда ҳам ӯ танҳо набуд ва ду нафар дар паҳлуи ӯ буданд ва бо навбат ва ноаён бо такяи китфони худ ӯро нигоҳ медоштанд, то науфтад. Зеро, тибқи маълумоти ба мо расида сутунмӯҳраи ӯро ба ҳангоми лату кӯб шикастаанд ва маълум нест, ки аз чанд ҷой бошад.

Ҳоло, суол ин аст ки Маҳмурод Одинаев чи ҷурме содир кард, ки 14 сол зиндон бишавад? Ҳамин як даъват барои гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот? Кор то онҷо сахту гарон аст ки тазоҳуроте анҷом нагирифта, мардум ҷамъ наомада, танҳо барои як даъвати хушку холӣ, ки оё баргузор мешуд ё намешуд, ба ҳамин тарзу ба ҳамин ҳаҷму ба ҳамин ҳисоб вокуниш? Чи қадар шикананд, чи қадар оҷиз ва чи қадар заъфи Раҳмоновро ин ҳукм намоён кард?

«Хонаи Маҳмурод, хонаи Зайд, хонаи Маҳмадрӯзиро сӯхту хароб кард, хонаи Умаралиро оташ зад, хонумаш сарсону саргардон, то чи шавад? То Раҳмонов ҳукумат кунад?»

Раҳмонов на танҳои хонаҳои ин шермардон, хонаи мардуми Тоҷикистонро гӯгирд задааст, то ки хонаи худаш, хонаи Рустам, хонаи Озода, хонаи Таҳмина, хонаи Фирӯза,хонаи Муроди телеху Бег Сабури қудояш ва  амсоли инҳо, ки аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам бештар шудаанд, гарм созад, хонаи мардумро торик кардааст, то ки хонаҳои инҳоро равшан нигаҳ дорад.

Аммо то кай,ин мусибат идома меёфта бошад?

Албатта,то он рӯзе,ки ин миллат ба по хезаду бо як садо бигӯянд:  «Раҳмонов истеъфо,бирав мо дигар ту ва оилаи сархуратро қабул надорем ва аз шумо хаста  ва ҷон бар лаб шудем!»

Сообщение Медонед Раҳмонов барои чӣ хонаи Маҳмурод, Зайд, Қувватов, Искандаровро сӯхт? появились сначала на ISLOH.net.