Архивы Маҳмадсаид Убайдуллоев - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №357
Ин бор аз Кулоб, Левакант, Хуҷанд, Конибодом ва Ҷаббор Расулов номаҳоро бароятон омода кардаем.

Аз Кулоб як нафар собиқ ҷангандаи Фронти халқӣ, ки баъдан солҳо дар яке аз мақомоти қудратии Тоҷикистон кор карда то рутбаи полковникӣ расидааст ва ҳоло бознишаста шудааст номае фиристода даъво мекунад, ки Сӯҳроб Қосимов, яке аз фармондеҳони пешини «Фронти халқи»-ро худи Раҳмонов заҳролуд карда аз байн бурд.

Аз Левакант дар бораи баргузории рейди зидди сатр навиштаанд. Муаллиф изҳори нигаронӣ кардааст, ки мо мардуми тоҷик дигар тамоман беғайрат шудаем ва муллоҳо бошанд дигар ҳама дарборӣ шуда ба сухангӯи Раҳмонов табдил шудаанд.

Аз Конибодом боз ҳам дар бораи беспределии ГАИҳо навиштаанд. Муаллиф мегӯяд, ки аксарияти ГАИҳо дар ин ноҳия кадрҳои аз дигар маҳал ҳастанд, ки инҷо пулкоркунӣ меоянд.

Муаллифи нома аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи сардори ШВКД-шӯъбаи корҳои дохилӣ  навиштааст, ки ба гуфтаи муаллиф аз рӯи ҳиссиёти миллатчигӣ узбекҳоро дар ин ноҳия таҳқир мекунад. Нависанда гуфтааст, ки бо омадани ин сардори милиса маъракаи зидди фолбин сар шуд ва ин маъракаро сардори милиса василаи кисапуркунӣ қарор додааст. Муаллиф, ки ба назар мерасад худ милитсионер аст боз аз як рафтори ғайримаъмулии сардори милиса гуфтааст.

Номаи Хуҷанд бисёр ҳам ташвишовар ва изтиробангез аст. Дар ин нома сухан аз мавориди зиёди ғасбҳои рейдерӣ аз тарафи домодҳои Раҳмонов меравад, ки дар шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли кишвар, аз ҷумла ҳама бозорҳо ва тиҷоратҳоро бо зӯрӣ кашид гирифта истодаанд. Муаллифи нома, чуноне худаш мегӯяд, солҳо ба воридоти селитра, нурии маъданӣ барои соҳаи кишоварзӣ машғул будааст, ки дигар онро ҳам Фароз гирифтааст.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзои Фронти халқӣ будам ва бо хеле аз қумандонҳо ошноӣ ва шину хез доштам. Баъди ҷанг ҳам дар яке аз мақомотҳои қудратӣ кор кардаам. Ман хеле аз сиру асрори Раҳмоновро медонам. Инҷо дар бораи яке аз онҳо мегӯям.

Сабаби заҳр додан ва нобуд кардани яке аз генералҳои Фронти Халқӣ Сӯҳроб Қосимов дар чи буд ва чаро Раҳмонов генерал Сӯҳробро кушт?

Дар яке аз рузҳо генерал Сӯҳроб Қосимов ба як одами дар бараш буда, шахси бовариаш мегуяд ин Раҳмонови ҳаромӣ тамоми командирҳо ва одамҳои бо нуфузе, ки ӯро сари қудрат оварданд яке паси дигар нобуд карда истода аст. Чи чора ҷӯем, ки Раҳмонов маро хам нобуд накунад?

Шахси боваринокаш ба ӯ мегуяд:- бубин, генерал бо яке аз қумандонҳои оппозитсия, кадомеаш, ки пурзӯр ва қавӣ аст бо вай якҷо мешавем ва ӯро сарнагӯн мекунем, то ки ӯ моро нобуд накунад.

Пас, генерал Сӯҳроб ба назди Бобои Раҳмон бо лақаби Раҳмон Гитлер одами худашро равон мекунад ва мегӯяд Бобои Раҳмон  Сӯҳроб Қосимов мехоҳад бо шумо аз наздик шинос шавад ва мехоҳад бо шумо вохурад. Дар ҷавоб Бобои Раҳмон мегӯяд «меҳмон атои Худо аст, мо интизори мехмон ҳастем, марҳамат биёяд».

Баъди чанде генерал Сӯҳроб Қосимов ба дидори Бобои Раҳмон ба Тепаи самарқандӣ ба хонаи Бобои Раҳмон бо шаш мошин шабона ба меҳмонӣ омад ва дар хонаи Бобои Раҳмон шишта сӯҳбат карданд, то қариби субҳ. Генерал Сӯҳроб Қосимов аз Бобои Раҳмон миннатдорӣ кард, ки ӯро пазируфт ва меҳмон дорӣ кард. Генерал бо умеди дидор гуфт ва аз ин пас дусти байни Сӯҳроб ва Бобои Раҳмон оғоз шуд.

Сӯҳроб Қосимов бо Бобои Раҳмон то дами  маргашон дӯст буданд. Як рӯз дар части Сӯҳроб дар Қулписта бо ҳам шишта буданд.

Сӯҳроб Қосимов мегуяд ба бобои Раҳмон, ки ин ҳароми Эмомалӣ Шарипович ҳамаро аз ду тараф нобуд кард: ҳам тарафдорони худаш ва ҳам аз тарафдорони оппозитсияро. Сӯҳроб Косимов ба бобои Раҳмон мегӯяд, ки биё ҳарду якҷо шавем ва ин ҳаромиро аз байн бибарем, то ки ин ману туро ҳам нобуд накунад. Бобои Раҳмон дар ҷавоб гуфт Сӯҳробҷон ман ин гуфтаи туро бо бачаҳоям суҳбат мекунам ва ҷавоби туро медиҳам. Сӯҳроб интизори ҷавоби ту мешавам, мегӯяд.

Раҳмон  дар Тепаи самарқандӣ бо қумандонҳояш вомехурад ва мегуяд Сӯҳроб Қосимов мехоҳад якҷо шавем ва Раҳмонови ҳаромиро сарнагӯн кунем, шумо чи мегуед бачаҳо? Бачаҳо розӣ шуданд, ки бо Сӯҳроб Қосимов якҷо шаванд.   Ҳатто генерал Сӯҳроб Қосимов нақшаи сарнагӯнии Раҳмоновро ба Бобои Раҳмон дод ва гуфт нақша бикаш, ман тайёрам. Сӯҳроб Қосимов гуфт он қадар ба бобои Раҳмон бовари дорам, ки агар якҷо шавем хоки Эмомалӣ  Шариповичро мебезем

Аз ин нақшакашии ду қумандон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов бо хабар шуд ва бар зидди инҳо нақшаи худро кашид. Як руз «сагҳо»-и бовафои Эмомалӣ Шарипович ба 9 ум километр меоянду ду солдати бобои Раҳмонро бурда мезананду мешикананд ва паси панҷара мекашанд.

Дере нагузашта бобои Раҳмон бо шербачаҳояш ба ДОК омада аз пости ДОК, ки онҷо милисаҳо буданд 9 нафарро гаравгон гирифта ба Тепаи самарқандӣ мебаранд. Дар миёни ин 9 нафар ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев низ буд. Аммо бобои Раҳмон дарак надошт, ки ин нақшаи Эмомалӣ Шарипович бар зидди вай буд, токи Раҳмонро аз байн бибарад.

Дере нагузашта ба назди Бобои Раҳмон қозӣ Тураҷонзодаро равон карданд, токи Бобои Раҳмон милисаҳоро бар гардонад, то ба вай ҳамла накунанд. Дар ҷавоб бобои Раҳмон гуфт солдатҳои маро баргардонед, пас ман инҳоро раҳо мекунам   Тураҷонзода гуфт як милисаашро мегираму меравам. Бобои Раҳмон пурсид, ки чаро? Қозӣ гуфт чунки вай ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад. Бобои Раҳмон он қадар мард буд, ки гуфт бигир бар ҷияни Убайдулоевро. Лекин бобои Раҳмон дарк накард, ки ин дасиса барои аз байн бурдани вай аст.

Чунонки мебинед баъдан ба Тепаи самарқандӣ бар болои бобои Раҳмон ва ҳамрзмонш ҳуҷум шуд ва ҷанги сахт дар миён омад. Бисёр ҷавонҳо ҳалок шуданд. Бобои Раҳмон ба болои Тепаи самарқандӣ баромада ба сӯйи Олучадара равон шуд. Аз пеш генерал Сӯҳроб Қосимов баромад. Бобои Раҳмон гуфт Сӯҳроб бар зидди ман ин дасиса шуд, ту маро фурӯхтӣ? Дар ҷавоб Сӯҳроб Қосимов гуфт қасам ба Худо ман ин корро накардам. Бобои Раҳмон агар бовар накунӣ маро парон дар ҳаминҷо.

Бобои Раҳмон гуфт касе Моро фурухт, паноҳат бар Худо. Пас, Сӯҳроб Қосимов гуфт аз ин роҳ бирав. Ман баъди ду соат аз пасат тир мепаронам ва Раҳмон бо ҳамроҳонаш ба тарафи Олучадара раҳсипор шуданд. Баъди ду соат Сӯҳроб Қосимов тир ба тарафи ҳаво паронданро сар кард ва ба ратсия баромада ба Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки дер кардем, Раҳмон ба тарафи Олуча дара рафта аст.

Шоҳиди ин воқеа мегуяд дар Олучадара ҷамъ омадем 73 нафар будем. Бо чархбол моро ҳамла карданд. Ҳама пароканда шудем, ба ҳар тараф, кадоме куҷое равад. Баъзе бачаҳо онҷо дар Олучадара шаҳид шуданд. Баъдан яке паси дигаре кушта шуданд. Мансур бо Исломи личакӣ, бобои Раҳмон, Сафари даҳмарда, хуллас, ҳамаро куштанд. Баъзе паси панҷара ба муддати 25 сол, баъзе ҳукми қатл гирифтанд. Писари домулло Ҷумъа, Марах ҳукми қатл гирифтанд. Худо раҳматашон кунад ин ҷавонони боғайратро.

Баъдан Сӯҳроб Қосимовро аз кор гирифтанд ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон монданд. Дертар барои Рустами писараш шуда Сӯҳробро аз ин вазифа ҳам дур кард. Ҳатто дар ҷаласаи аз коргирии генерал Сӯҳроб Рустами Эмомлӣ ӯро таҳқиру дашном ҳам мекунад. Ҳамин тавр оҳиста оҳиста ӯро аз байн бурданд.

Як наздики генерал Суҳроб ба ман гуфт, ки ӯро аз тарафи як генерали рус дар Душанбе буда, ки дар 201 дивизия кор мекард, заҳр доданд. Ба стакани коняки Сӯҳроб заҳр рехта ӯро заҳролуд карданд. Сӯҳроб шаш моҳ табобат кард. Лекин дар Русия ҷон бохт. Баъд ба Душанбе оварда ба хок супурданд. Пеш аз марг генерал Сӯҳроб Қосимов ба ҳамин нафари наздикаш гуфтааст ин ҳаромӣ корашро кард, ҳамаро аз байн бурд. Хело ба шакли вахим ҷон дод.

Левакант

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Левакант ҳастам, кӯтоҳ менависам.

Як ду рӯз пеш дар шаҳри Сарбанд Левакант рейд баргузор шуд. Сатри занҳоро аз сарҳояшон гирифтанд. Як бародар сӯҳбат кард, гуфт бо мошин тарафи Қурған мерафтем. Дар роҳ як занро чанд нафар руймолашро аз сараш бо зӯр гирифта истода буданд. Мегӯяд, бовар кун, ҳамин қадар сарам вайрон шуд, ки гиряам омад. Барои онки аз дастам ҳеҷ кор наомад. Ҳатто дар беморхона намемонанд сатр кардан.

Хитоби  ман ба мардуми беғайрати аз дин дуршудаи тоҷик ин аст ки ин муллоҳои дарборӣ ва ин ҳукумати зидди дину зиди оину анъанаамон шуморо гумроҳ кардаанд. Ҳамин ҳоҷӣ Мирзо дар ҳаёти сараш дар бораи тавҳид сухан ва мавъиза кардагӣ нест. Агар бовар накунед дар шабакаи Ютуб худатон бинед, ку як дарс аз вай меёбед ё не?

Имрӯз, сад ҳайф, ки мардуми мо аз дин дур ва беғайрат шудааст.

Боз нав як видеоро дидам. Як торти калон кардаанду дар қафои портер монда дар шаҳр ба мардум тақсим доранд- барои 9 май. Дар ин ватан ба ғайр аз иди Рамазон ва иди Қурбон дигар ҳама идҳо қадр дорад. Кори ин тоҷик фақат дар комментҳои узбекҳо навистан: плов таджикский ё ки Бухоро ва ё Самарканд наше. О, агар ин Самарқанду Бухоро ин қадар қадр медошт дар мактаб чаро таърихи имом Бухориро дар ҳамон китобҳоятон ҷой намедиҳед, намехонед? Дар адабиёт ҳади ақал тарҷумаи ҳолашро камтар мемонданд.

Ин халқи тоҷики мо кай худшинос мешавад, кай ба худ меояд, намедонам. Ғайрату шуҷоату ҷасорат аз мо рафтааст.

Боз як наворро дидам духтару бача дар даруни шаҳр дастобадаст. Дар зери навор ягон ҷавонмард сухан накардаст. Боз ҳама хандаву ҳазл, гуё ин кори хуб аст. Бовар кунед, агар як духтару як писар дар тарафи Кавказ дастбадаст кунанд он писар то хонаашон соқу саломат намеравад. Мутаассифона дар мардуми мо тарс дар ҷои аввал меистад. Аҳсан ба мардуми Бадахшон, ки бо ғайрат ҳастанд.

Бародари азиз, имрӯз дар эфир ҳамин суханони маро хонед ва ба мардум каме бошад ҳам ба ғайрат шуданро фаҳмонед. Саломат бошед!

Хуҷанд

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ ба умри шумо ва касбу коратон баракат бидиҳад. Ман аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Инҷо дар бораи бозорҳои шаҳр менависам, ки онҳоро аз дасти мардуми таҳҷоӣ ва бумӣ сойкелдиҳо кашида гирифтанд.

Бозори Якшанбебозор (мошинбозор) ба Асади бившый рэкет тааллуқ дошт. Вайро гуфтанд бозорро бидеҳ, аммо пули кам гуфтанд. Асад розӣ нашуд,надод.Вале ба зӯр зада гирифтанд.

Бозори Атуш, маъруф ба Атушбозорро ҳам аз дасти Рустам гирифтанд. Вале Рустами рэкет бозорро бидуни баҳсу даъвою ҷанг ва бепул дод.

Бозори Баракат, ҷойи фуруши масолеҳи сохтмонӣ-строителный буд, ки инро ҳам гирифтанд.

Сомонбозорро ҳам гирифтаанд. Дар Хуҷанд ягон бозор намонд. Ҳамаашро кашиданду бо зӯр захват карданд. Рости гап намедонам ин хабарҳо ба шумо даркор буд, чоп мекунед ё не, аммо навиштам. Чунки, ман бовар дорам, ки дар дигарҷо навиштан ва чоп кардан намешавад.

Шумо хуб медонед, ки Панҷшанбебозор, бозори овозадори Хуҷандро чанд соли пеш Ҳасан Асадуллозодаи додарзани Эмомалӣ Раҳмонов гирифта буд.

Солҳои пеш гандумро бачаҳои Хуҷанду Истаравшан ворид мекарданд. Касе мехост ворид мекарду мефурӯхт. Ҳозир бошад фурӯши гандумро «Се ганҷ» монополия карда гирифт. Ин Сеганҷ аз они Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Селитраро пештар ҳар касе мехост ворид мекард, меовард дар бозор савдо мекард. Бизнеси хуб буд. Худи ман бо ин кор мшғул будам. То ба Афғонистон мебурдам. Аммо бозори селитраро ҳам дар Хуҷанд ширкати Фароз пурра гирифт. Ширкати Фароз ба ҳамин Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад.

Ҳоло бе иҷозати Фароз ворид карда наметавонед. Шумо поставшики селитраро меёбед, гапзанон мекунед аммо пулро ба Фароз месупоред. Фароз дар болои он фоиз-протсенти худашро мемонд, сипас харида оварда медиҳад. Яъне ҳаминхел не за что дар бизнес қӯш мешавад ва муҳимтар аз ҳама нархро муқаррар ва контрол мекунад.

Воридоти газу бензин ҳам ҳамин тавр. Пештар касе мехост харида оварда мефурӯхт. Ҳозир лицензия талаб карда мешавад. Аммо нархи летсензия беҳад гарон. Солона аз 1млн боло. Чунки ин тиҷоратро ҳам инҳо гирифтагианд.

Заводи қанду шоколад месозам гӯед иҷозат нест. Иҷозат ҳаст, аммо иҷозатнома нархи миёншикан дорад. Чунки заводи «Амирӣ» ичозат намедиҳад. Монополия карда гирифтааст. Заводи «Амирӣ» аз они Зарифбек Давлатови домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, шӯи Тахмини Клеопатра аст. Боз ин зану шавҳар аз Русия ва Украина конфету шоколад  ворид мекунанд. Корхонаи «Амирӣ»-и онҳо барои даҳ сол аз тамоми пардохтҳои андозу гумрук озод аст.

Бинобар баъзе маълумотҳо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз бояд то моҳи сентябр100 корхонаи молу маҳсулот ворид мекардагиро маҳкам кунад. Фирмаҳо, ҶДММҳо-соҳибкорҳоро бо ҳар баҳона аз сояи однодневка баровада ба эҳтимоли зиёд ба «Фароз», «Таҷэро» ва «Авесто груп» супоранд.

Дар ҳоле, ки Узбекистон барои соҳибкорҳо шароити бисёр хуб фароҳам карда истодааст. Барои ҳамин бисёрии соҳибкорҳо бизнесашонро ба Узбекистон гузаронида истодаанд. Чунки дар инҷо дигар тамоми соҳаҳои тиҷорату истеҳсолоти мавҷударо кашида гирифта истодаанд. Ҳатто бозорҳоро кашида гирифтанд.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам хубу хуш бошед.
Бародар номамро фош накунед вале номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед.

Ман дар бораи як масъала гап заданиам. Дар масъалаи милиса ва ГАИҳо Дар Конибодом шумораи инҳо бисёр шуда истодааст.

Имрӯз дар назди беморхонаи Конибодом як корманди милиса, ҳамчун корманди ГАИ-БДА бе ягон сабаб як нафар ронандаи опелро омада ҳуҷҷатҳояшро тафтиш кард. Вай милиса аст на корманди ГАИ. Барои ҳамин вай чунин ҳуқуқро надорад. Вай милиса аст на коркуни ГАИ. Мошини ин милиса тамғаи мерседес ва номери қайди давлатиаш 1010, рангаш золотой. Оинаҳояш темнит кардагӣ. Мутаассифона ному насабашро намедонам. Чи тавр корманди давлатие, ки 1000-1500 сомонӣ маош мегирад шишаҳои мошинашро, ки арзиши сиёҳкунӣ дар як сол 5000 сомонӣ мекунад ва боз ӯ зану фарзанд дорад.
Ҳар рӯз ГАИҳо моро безор мекунанд. Дар шаҳр меистанд 1 нафар не, 5 нафарӣ меистанд. Барои чи кору постҳои ғайриқонунии онҳоро намебинанд ва инҳоро тафтиш намекунанд?

Як корманди ГАИ ҳаст, ки мерседеси хокистаранг дорад. Рақами давлатиаш 0046 регионаш 01, оинаҳояш сиёҳ. Агар инҳо пора нагиранд аз куҷо ҳар сол 5 ҳазор сомонӣ барои оинаи сиёҳ медиҳанд? Чаро мақомоти Душанбе инҳоро тафтиш намекунанд
Рӯзи якшанбе милисаҳо дар бозор савдогаронро савдо кардан намемонанд.

Як нафар милиса Лексуси сиёҳи аз 100 ҳазор доллар зиёд дорад. Аз кадом ҳисоб харидааст? Барои чи коррупция инҳоро тафтиш намекунад? Ин порахурҳоро бояд аз Конибодом дафъ кунанд.

Милиса ва ГАИҳо аксарияташон аз Конибодом нестанд. Яке аз онҳо Фирӯзи сиёҳ аз Ашт. Дар Конибодом хона ба иҷора гирифта мешинад.
Дар куҷост раиси КДАМ СС. Ятимов? Биё Конибодом тафтиш кун порахурҳои Конибодомро. Ҷеки Чан-вазири дохилӣ ҳам биёяд тафтиш кунад ГАИҳоро. Ин ҳаромхӯрҳо бечора таксистҳоро кор кардан намонда истодаанд.

Номаи маро дар «Номаҳо…»  чоп кунед. Ман боз менависам аз ин гуна бузу ҳаромхурҳо
Ташаккур барои хизматҳоятон бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ҷаббор Расулов

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам ва ба шумо маълумотҳоро вобаста ба фаъолияти ШВКД –шӯъби вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия ирсол менамоям.

Подполковники милитсия Азиззода Аваз, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Азиззода аз вазифаи сардори ШВКД шаҳри Хучанд ба ин ноҳия ба кор омад. Ин шахсият як инсони ҳаром ва миллатчӣ мебошад. Аксарияти халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов узбекҳо мебошанд. Сардори шуъба, масъули ҳифзи қонун ва тартибот ин халқро рӯирост узбак гуфта таҳқир мекунад ва ошкоро мегӯяд, ки «инҳоро г..да,г..да маблағу пулашонро гирифтан даркор» ва боз дашномҳо мекунад.

Баъди ба ин вазифа таъин гаштани Азиззода Аваз мо кормандон фаҳмидем, ки Азиззода Аваз шогирди раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой дар ВКД будааст ва ба воситаи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ҳам ба вазифаи сардори шуъба дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳз хамин раис дастгирӣ намудааст. Аммо Азиззода Авазро муовини аввали вазир, Аламшозода Абдураҳмон (Бузмаков) шум медидааст. Баъди ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омадани Азиззода Аваз дар як ҷамъомад дар байни ҳайати шахсӣ гуфт, ки «баъзе муовинои Вазир, худашона дарондан то ай вазифа гиран, лек бо вазифамон додан». Бачаҳо гуфтанд, ки бо ин суханҳояш Аламшозодаро дар назар доштааст. Чунки писар ё ҷияни Аламшозода, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ дар шаҳри Хуҷанд будааст, ки ӯро низ дар ҷамъомад Азиззода Аваз зикр карда буд, ки дар шаҳри Хучанд, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ доштам, маводи «кристал»-ро мезад ва рӯзи дароз дар кабинеташ хоб буд.

Баъди ба ноҳия омадани Азиззода Аваз маъракаи густурдаи дастгир кардани фолбинҳо оғоз гашт. Вай фолбинҳоро дастгир намуда то 40-50 ҳазор сомони маблағи онҳоро гирифта, ҷаримаи мувофиқро аз руи модда таъин карда, пулҳои изофии калонро ба кисааш зад. Ин сардори шуъба ҳамин қадар гушна аст ки то ҳатто ҳамсараш ва духтаронаш ба ҷои кораш мебиёянд оилавӣ ва дар ҳуҷраи корӣ ё ягон ошхона, хурок истеъмол мекунанд, пули ошхона ва хурокро кормандони милитсия месупоранд. Рости гап ин кор як бор бошд, ду бор бошд, тоқат кардан мумкин. Аммо бовар кунед, ки аз кирдорҳои ин сардор ва аҳли оилааш мо кормандон ба дод омадаем. Чунки хурду хӯроки аҳли оилаш дар ҳудуди ноҳия, харидан ва ирсол намудан ба хонааш ва маводи сӯзишворӣ то автомашинаҳои оилааш ба дӯши мо кормандони милитсия афтидааст. Мо ҳам ба ҷони таксистҳо расонидаем

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода -Қофлонбой ба Азиззода Аваз супориш медиҳад, ки нисбати Олимбек раиси ноҳия маълумот ҷамъ кунад ва Аваз супориши ӯро бе чуну чаро иҷро намуда маълумотҳои даркориро ба раиси вилояти Суғд пешниҳод менамояд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №357 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №260
«Ҷаноби олӣ аз шумо хоҳиш дорем ё бозори хешатонро аз инҷо бардоред ё мактабу деҳаи моро аз ин ҷо кучонед!»

Аз дасти хешу таборони Эмомалӣ Раҳмонов, мардум намедонанд дигар ба куҷо рӯ биёранд. Доду фарёдашонро кӣ мешунавад? Нафси бади хонаводаи Раҳмонов ва аъзои беканори ӯ, ки шумораашон аз яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам гузаштааст, кам буд, ки ҳоло ҳеварҳои ҳевару қайсингули қайсингул ва ҷияну домодҳои расмиву ғайрирасмӣ низ ба ғорату дуздӣ рӯ овардаанд. Мезананд, мебуранд, мебаранд ва ҳеҷ парвое ба дод ва азоби мардум надоранд.

Ончунон бо рӯи сиёҳ ва беҳаёӣ амал мекунанд, ки гӯӣ ҳамаашон ба ҷаноби «Пешво» ба тариқи расмӣ хешу табор шудаанд. Агар шумо номаҳои аввалу дуввуми марбут ба ин барномаро мутолиа кунед, хуб хоҳед фаҳмид, ки сухан аз чӣ меравад ва чаро мардум ин қадар норозӣ ва гиребонгир шудаанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Хело хурсанд ҳастем, ки  шумо ба дарди халқи тоҷик мерасед. То имрӯз ба куҷое шикоят кардем ба додамон ҳеҷ кас нарасид. Ин нома аз деҳаи Чкалов, аз бародарони лақайатон ба «Ислоҳ»  фиристода мешавад. Домулло мо чи гуноҳ кардем, лақай ҳастем гунаҳгор шудем? Деҳаи мо дар рӯ ба рӯи хлопзавод воқеъ аст.

Солҳои сол аз овози завод ва чангу бӯйи он халос нашуда боз дар ҷои завод Ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода хеши президент Эмомалӣ Раҳмонов, ки чанд вақт пештар раиси фурудгоҳи Душанбе таъин гардид, бозор сохтааст. Аз байни бозору деҳаи мо боз роҳи калони байналмилалӣ мегузарад. Дар деҳаамон ду мактаб аст:- мактаби рақами 36, мактаби мо лақайҳо ва мактаб- литсейи ноҳия, ки дар бари ӯ ҷойгир мебошад. Аз мактаб то бозор ҳамагӣ 20 қадам роҳ аст. Рӯзи дароз ҳама талабаҳои ин ду мактаб калону майда дар бозоранд.

Бародар мо намедонем чи кор кунем? Наход ҷойи дигар наёфта бошанд, ки омада дар назди мактабу роҳи калон бозорро бисозӣ? Оё ин нишони бесоҳибии ноҳияву бесаводии ҳукуматиҳо нест магар? Аз дигар тарафи деҳаамон АЗС- заправкаи калони Ориё ба хонаҳоямон часпидагӣ аст. Боз дар рӯ ба рӯи АЗС мактаби 62 ҷойгир аст. Охир дар куҷо ва ба кадом стандартҳои бехатарӣ рост меояд, ки заправкаро дар пеши мактаб бисозӣ? Мактаби 62 ҳамагӣ 300 метр аз бозори Ҳоҷӣ Зайнулло фосила дорад. Онҳо ҳам роҳи калонро убур мекунанд. Бародар мо -волидайн метарсем фарзандҳоямон ба мактаб раванд. Чунки роҳи мактаб  ба пеши бозору роҳи калон мегузаранд. Боз бадбахтиаш дар он аст ки бозоракиҳо, фурӯшандаҳову таксистҳо духтаракони мактабхонро гап партофта даст дарозӣ мекунанд. Бародар чи хел мо ин ҳукуматро танқид накунем, баъди ин қадар бе аҳамиятӣ ва инқадар зулме,ки сари мо сокинон мекунанд.

Ҳаррӯз мо фарзандонро аз бозор кофта меорем, ки ин кор оқибати хуб надорад. Бозор  20 қадам аз деҳаи мо дур аст. Ҳамеша, 24 соат бо свет- қувваи барқ таъмин мебошад. Мо мардуми оддӣ барқро соатакӣ мебинем. Дар беморхонаҳоямон ҳатто барқ надорем. Бозори Ҳоҷӣ Зайнулло 24 соат барқ дорад. Оё ин бе инсофию бе адолатии ҳукумати Тоҷикистон нест. Мо бо пули қиматтар аз заҳр  фарзандҳоямонро мехононем ,агарчи медонем ба мо вазифаи давлатӣ намерасад. Лақай гуфта моро ягонҷо кор намегиранд. Дар давлати демократӣ чи фарқ дорад, ки лақайӣ ё тоҷик ва ё дигару дигар миллат?

Ҷаноби олӣ мо аз шумо ин қадар бе адолатиро интизор набудем. Наход як хеши президент дар назди ҳукумат қадраш аз сокинони  як ноҳия боло бошад? Ҷаноби олӣ аз шумо хоҳиш дорем ё бозори хешатонро  аз инҷо бардоред, ё мактабу деҳаи моро аз ин ҷо кучонед. Ҷаноби олӣ ё хешу таборат, ё мо шаҳрвандони ин ноҳия.

Дар ноҳия ягон ободӣ накардааст ҳамин хешат. Боз соҳибкорҳои ноҳияро маҷбур доранд, ки барои ободии ноҳия саҳм гузоранд.

Дар Тоҷикистон ҳама заводу фабрикаҳо, вазифаҳои боло ва бизнесҳои асосиро хешу табори президент доранд боз дар бало мондагӣ мардуми тоҷик ва соҳибкорони бе пушту қанот.

Боз як гуфтание дорам дар бораи директорони мактабҳо! Бас кунед пул ҷамъкуниро. Шароит надорем. Ҳамаро аз Русия депортатсия карда истодаанд, пул надорем аз куҷо пул диҳем. Ва дар охир аз директори мактаби рақами 36 Саидов хоҳиш дорем дигар бачаҳои моро бурда дар заминҳои хоҷагиаш кор нафармояд, пору накашонад. Набошад ҳама корҳои фоҳишагарияшро бо котибаю дигар муаллимаҳо, ки видеову аксҳояшонро дорем ба «Ислоҳ» дастрас мекунем. Ҳушатро дар сарат гир, гуфти Ҷаноб: «ҳаминқае, ки ҷавонӣ, некӣ ҷоят бошад кунҷи зиндон».

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародари инқилобӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман Аҳмад, аз Ваҳдат. Каме мехоҳам дар бораи ҳукумати оилавии Раҳмонов нависам.

Ба таърихи қадими Осиёи миёна  назар кардам, ки монанди Раҳмонов ягон роҳбари дигаре ҳаст ё не? Аз ҳама давраи талхи таърихи тоҷик ин ба ҳуҷум ва ҳукумати Чингизхон рост меояд. Ман хостам каме муқоиса кунам. Аз ин чи мебарояд?

Мисол якум:

Чингизхон ба Осиёи миёна бо силоҳу зурӣ, бо қатли омми аҳолӣ омад ба шаҳрҳо дохил шуд ва ҳамаро хароб кард.

Эмомалӣ ҳам бо зури силоҳ ва бо қатли омми мардум омад ба сари ҳукумат. Ин ҷо медонед дар ин масъала чи чизаш аҷиб аст. Чингизхон бо қувваи худ омад, арусаки дигар кас, ё манқурт набуд. Аммо Раҳмонови мо бо силоҳи хоҷагони хориҷиаш арусаки Кремлину Тошканд шуда омад бар сари ин миллат ва мардум.

Мисоли дуюм:

Чингизхон ҳама мардуми одиро ё барда мекард, ё мекушт. Аммо шахсони ҳунарманд, косибону оҳангаронро  зинда нигоҳ медошт ва аз андоз озод мекард, то ки дар иҷрои мақсадҳову нақшаҳояш аз ҳунарҳои онҳо истифода барад.

Аммо Раҳмонов аввал олимон ва донишмандон бозаргононе, ки метавонанд давтатро аз вартаи муфлисшавӣ бароранд кушту зиндон ва ё аз мамлакат хориҷ кард, Раҳмонов ҳатто аз Чингизхон бадтар баромад дар ин мақтаъ.

Мисоли сеюм:

Мардум медонистанд ,ки Чингизхон муътақид ва дини роиҷи мардуми моро надошт. Аммо вай ба дину диёнати мардум коре надошт. Ҳамин буд, ки оҳиста- оҳиста ва бо мурури вақт онҳо ҳам дини исломро қабул карданд.

Аммо Раҳмонов худро мусалмон метарошаду зиди дини мардуми мусалмон қонун қабул мекунад.

Мисоли  чорум:

Чингизхон дар вақти ҷанг ба ғорат даст мезад ва ин ҳамаро ғаноими ҷангӣ меҳисобид ва сипас мардум андози ҷориро месупориду халос.

Аммо Раҳмонов 33 мешавад, ки Тоҷикистонро ғорат дорад ва ин кишварро ҳамчу ғаноими ҷангӣ истифода мебарад.

Мисоли панҷум:

Вақте Чингизхон дар гирду атрофи худ қабилаҳои муғулро сарҷамъ кард, баъди ҷангҳои шадид дар Шурои қабилавӣ яъне қурултай ӯро ҳама сарварони қабилаҳои муғул ХОН эълон ва қабул карданд. Ва ба вай титули ХОН доданд. Ин амал гувоҳи он аст ки титули ӯро ҳам мардум додаанд, на мисли «Пешво», ки фармон бароварда худро «Пешво» эълон кард. Ва ӯро ҳамчун роҳбар, яъне Хон мардум интихоб кардааст, рӯйрост ва ошкоро. Аммо ин пешво фақат бо интихоботҳои дуздӣ худро раис муаррифӣ кардааст ва ҳаргиз мунтахаби мардум набуд ва нест.

Мисоли шашум:

Чингиз худаш хонда ва навишта наметавонист. Аммо дар дарбораш одамҳои босавод аз мардумони мағлубшуда кор ва фаъолият мекарданд, ки бисёраш мардуми Хитой буд, ба мисли мушовири сиёсӣ, ҳарбӣ, муҳандисони ҳарбӣ, хулосаи гап, ки худаш бесавод буд, аммо фаҳмиши онро дошт, ки империя на танҳо бо қувваи ҳарбӣ бо қувваи менеджмент хуб идора мешавад.

Аммо Раҳмонов чи? Худаш савод надорад. Боз дар гирдаш бесаводони бисёр ҷаъм кардаасту даврон меронад.

Мисоли ҳафтум:

Чингизхон барои идора кардани мардум ва ҳарбиҳо қонуни ЕСАВИ, ба монанди Сарқонун қабулкарда аз руи он ҳукмат мекард дар ин қонун навишта буд:

1) мардуми муғул аз ҳам дигар дуздӣ намекунад,

2) бо ҳам дигар ҷангу занозани мамнуъ,

3) ҳақи ҳар кас эътироф ва шинохта шавад.

Бо ҳамин тарз ва ҳоказо,

Ва дар заминҳои ғасбшуда чизе мехоҳад сарбози муғул озод буд ва бар зиди ҳамдигар будан ҳукми қатл дошт. Ҳамин буд, ки бо ҳамдигар меҳрубон ва бо бегонагон бераҳм буданду хунхор.

Аммо Раҳмонов чи?

Ин ҳама беадолатӣ бо мардуми худ, ин ҳама зулму ситам бо мардуми худ. Мардумро дар муқобили ҳамдигар қарор додааст ва як Тоҷикистони хурдакакро ба маҳалҳо ва худию бегона ҷудо кардааст. Боз ба худ шарм нокарда пешвои миллат унвон додааст. Ҳой дангоса! Кадом миллат? Миллате, ки ту хору ҳақираш кардӣ? Миллате, ки ту дар тамоми дунё ҳамчун террорист эълон ва нишонаш додӣ, миллате, ки ту гадою бе ватанаш сохтӣ? Ин чи пешвоӣ аст? Пешвои миллати терррорист, пешвои миллати Рафшану Ҷамшуд? Пешвои миллати ғуломи дари русу қазоқ?

Мисоли ҳаштум :

Агар Чингиз ҳар кори баду хунхорие кард, бо мардуми бегона карда на бо мардуми муғул. Чингиз метавонад пешвои миллати муғул бошад. Вай номи миллати муғулро бо бераҳмиӣ ҳам бошад ба дунё маъруф кард, ва ними дунё дар замонаш аз шунидани номи муғул даҳшат ва тарс доштанд.

Аммо Раҳмонов чи?

Номи миллати Тоҷик бо пасттарин алфоз баробар шудааст. Ту эй касифи бе ному нишон. Инро дон, ки миллат ҷойгоҳи худро меёбад, ту номгум мешавӣ ва он рӯзи бузург хело наздик аст.

Агар аҳли фаҳм бошад худаш хулоса мебарораду мефаҳмад, ки аз Чингиз ҳам Раҳмонови аҳмақ пасттару золимтар аст.

Ва хитоби дигар ба пропогандистони ҳукуматӣ ва чоплусони  мақъадлес

Оё намебинед, ки чи шароите дар мамлакат ҳукмфармост? Мардум чи қадар дар азобанд? Ояндаро фикр намекунед, ки рӯзе мерасаду ин режим меравад. Ба мисли Қаззофӣ, Бен Алӣ, Башшор Асад ва дигар диктаторҳо. Ҳоли шумо чи мешавад? Ин мардуми ранҷдида пора-пора мекунанд. Баъд нагуед, ки ҳеҷ кас ба шумо  нагуфта буд, он вақт дигар дер мешавад. Чоплусҳо ба мисли Мизроби Сайёф ва Абдуллоҳи Роҳнамо, шумо нишони аввалин ҳастед ва шармандаи ин дунё ва охират ҳоло ҳам ҳастед он рӯзгорон бадбахтар хоҳед шуд!.

Ҳар касе Раҳмонов ва ҳукумати вайро, ки ин ҳама зулму истибдодаш дастгирӣ мекунад, вай ҳам дар гуноҳону ҷиноёти Раҳмонов шарик аст ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷавоб хоҳад дод.

Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Чанд рӯзи пеш анқитараш шоми 2 июл дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Аланга ва забонаҳои азими ин сӯхтор тамоми растаи якуми бозор ва молу колои тоҷиронро ба коми худ кашид ва миллионҳо сомонӣ ба савдогарон зарари молӣ  расонд. Барои фурӯ нишондани сӯхтор мошинҳои оташнишонӣ ҳозир шуданд. Аммо, азбаски растаҳо ва дуконҳо бештар аз матоъи пластикӣ сохта шудаанд, чизе дурусте аз инҷо гирифта яъне наҷот дода нашуд, сӯхту корношоям гардид. Дар ҳоли ҳозир сабаби ин сӯхтор ва зиёни расида ба тоҷиронро ҳисоб мекунанд.

Як ҷияни ман дар ҳамин растаи аввал дӯкон дошт, ки пур аз молҳои гуногун буд. Вай чанде пеш аз бонк қарз гирифта аз хориҷа молу маҳсулот оварда буд. Акнун ҳам аз мағозааш монду ҳам аз молу колои овардааш ва ба замми ин аз бонк қарздор шуд.

Инҳа ҳам дарди бахайр. Соҳибони бозор гуфтаанд, ки ҳар дукондор ва соҳиби мағоза худаш бояд бо пули худаш ҷои савдояшро барқарор кунад. Бовар кунед, ки ин зулму ҷабр болои ин тоҷирон аст. Чунки онҳо ҳамасола ҳақи идораи оташнишониро пардохт мекунанд. Ва муҳимтар аз ҳама ба сӯхтор онҳо ҷавобгар нестанд. Бояд роҳбарияти бозор ба ин сӯхтор ва зарари расида ба тоҷирон ҷавоб диҳад. Маҳмадзоир Соҳибов бо писараш Исмоили дастбахайр бояд ин мушкилро ҳаллу фасл кунанд. Аммо ин ҷияни ман гуфт, ки Зоири мундуқ ва Исмоили пингвини бачааш омада ба савдогарони бозор дӯғу таҳдид кардаанд, ки раста ва дуконҳоро худашон аз нав бисозанд, дар ғайри сурат гуфтаанд, талабгорони точкаҳои сӯхтаи шумо хело зиёданд ва ҷойҳо-точкаҳоро ба онҳо хоҳанд фурӯхт. Вазъият дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ана ҳамин хел аст. Ягонҷо ҳам арзу шиква карда намешавад. Зоир домоди Ҷаноб аст. Кӣ муқобили домоди Ҷаноб гап мезанад?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Хеле фикр кардам, ки ин номаро навишта ба шумо фиристам ё не? Чунки, бовар кунед, вазъияти Душанбе-пойтахти мамлакатамон сахт харобу безеб мебошад. Ман дар ҳукумати шаҳр дар давраи Маҳмадсаид Убайдуллоев 15 сол кор кардам. Дар давраи Ҷамолиддин Мансуров ҳам дар ҳукумати Душанбе будам. Аммо як чунин бенизомиву бетартибиро, ки ҳозир ҳаст пештар надида будам. Ҳозир ман нафақахӯрам. Дар шаҳр об нест. Хонаҳои баландошёна, махсусан дар гирду атрофи биноҳои Сирки давлатӣ, дар маҳалҳои 32, 33, 34 ва 61уму 63 ва 64у микрорайон, хонаҳоҳои кӯчаи Неъмат Қарабоев об надоранд.

Зимистон свет надоштем, як бало карда баромадем. Аммо ин беобӣ бисёр ҳам тоқатшикан аст. Канализатсия кор намекунад, дастурӯ шустан, қазои ҳоҷат кардан намешавад. Об барои чою хурок проблема шуда истодааст. Дар ин ҳарорати 40-50 дараҷаӣ беобӣ дар дӯзах зиндагонӣ дорем.

Баҳона пеш оварда истодаанд, ки оби ин ҷойҳо аз зери замин асту дар замин об кам шудааст, тобистон асту талабот ба об зиёд шудааст. Аммо ин гапҳо тамоман дурӯғ аст. Сабаби асосӣ ин аст ки домҳои зиёди бидуни нақша сохта ба истифода дода истодаанд. Мутаассифона ин биноҳоро ҳам аз ҳисоби ҳамин обҳои мавҷуда таъмин карда истодаанд. Маълум аст ки ин кор дуруст нест. Чунки системаи канлазитсаяи пешина тавони таъмини ин ҳама домҳоро надорад. Охир вақте наметавонед таъмин кардан хонаҳое месозеду иҷозати сохтмонашонро медиҳед, чаро месозед ин биноҳоро ? Шумо биноҳо ва сокинони қаблиро аз таъминоте,ки пеш доштан маҳрум сохтаистодаед. Ба мо ин биноҳои тозабунёди бе шароити шумо лозим нест. Сокинони бударо маҳрум аз обу барқ накунед.

Аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр рафтан ба воситаи автобусу тролейбусҳо сахт вазнин аст. На тролейбус ва на автобусҳо кондитсионер надоранд, аз гармӣ шишта намешавад.

Зимистон як каме барф бештар шавад, тамом, роҳҳо баста мешавад, ҳаракати нақлиёт номумкин мешавад. Ман намефаҳмам, ки дар шаҳре, ки тамоми инфрасохтор мавҷуд аст ва фақат бояд мудирият шавад, кор карда, мудирӣ карда наметавонад ин Рустам боз чи гуна президент ва роҳбари давлат мешавад? Ягон кор аз дасташ намеояд. Камтар шамоли сахт шавад, борон бештар борад барф зиёдтар занад ҳаёт дар пойтахт комилан фалаҷ мешавад. Ин чи ҳолу рӯзи сиёҳ  аст охир?. Наметавонӣ ҷоро холӣ кун. Бовар кунед, ки Убайдуллоев сад бор беҳтар буд.

Мудири боғча гуфтааст, ки кудаконатонро то об таъмин шудан наоваред ва дар хона нигоҳ доред. Чандин бор дар бораи корношоямӣ ва ноуҳдабароии ниҳодҳои хидматрасони пойтахтро навиштанд, аммо ҳеҷ не, ки ислоҳ шавад. Ягон хадамоту сохтори шаҳр дуруст кор намекунад.

Як  чизи шунидаамро бароятон мегуям. Дар роҳи гардиши фурудгоҳ-поворот аэропорт дар саршавии чорроҳаи хиёбони Аҳмади Дониш як рестонране ҳаст бо номи «Ок».Моҳи рамазон ними даруни ин ресторан сухта буд. То ҳозира аз даруни он бӯи сухтагӣ дама мезанад. Як шинос доштам дар бораи сухтани ин ресторан бо ҳам гап задем. Он шинос гуфт, ки дар ин ресторан, ки аз они кадом рафиқони наздики Рустам будааст таблеткаҳои психотропӣ мефурӯхтаанд ва инҷо баъзан вақт Рустаму Шоҳруху рафиқонаш меомадаанд ва як ҷойи махсус будааст, ки дар онҷо бо духтарҳо таблетка зада зинову фаҳшо мекардаанд.

Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол ин сойкелдиҳо дар ҳақиқат васияти Майрами гурсухтаро иҷро карданд: «Душанберо Данғара ва Данғараро Душанбе карданд».

Ҷиргатол

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро аз тарафи сокинони ноҳияи Ҷиргатол бароятон менависам. Чуноне онҳо ба ман гуфтанд ва хоҳиш намуданд, ки дарди дилашонро ба шумо навишта карда фиристам, мардуми Ҷиргатол зери шиканҷаву зулми сахт қарор доранд. Онҳоро ба милисахонаашон мебурдаанду бисёр шиканҷа медодаанд. Он нафаре, ки маълумотро расонд гуфт: «Мебаранд бачаҳорову хояҳояшонро тоб медиҳанд. Боз ин корро як милисаи зан мекардааст. Дар даруни баклашка меандохтааст баъд баклашкаро дам мекардааст хояҳо руст мекардаанд ва ҳамин хел мардону ҷавононро азоб медодаанд.

Ба монанде, ки баъди ҷангҷол бо озариҳо дар Русия мардумро бурданду шиканҷа карданд, сипас номи коргарони пулисро ифшо карданд, ку дар Тоҷикистон ҳам ҳамин корро кардан даркор. Азбаски ҳамин хел шиканҷа мекунанд номҳои ҳамонҳо ҳам бояд гирифта ва эълон карда шавад, чеҳраҳояшон барои мардум рӯшод шавад. Щар як нафареро, ки бурданду дар онҷо шиканҷа карданд, мардум бояд онҳоро баҷо накунанд. Ман ҳамон бачаеро дидам, ки айнан ин корро бо вай анҷом додаанд. Ман вайро водор кардам, ки ҳодисаро ҳикоят кунад, гап занад. Аммо вай инхелӣ мегуяд: «э, фалонӣ, на фақат ман, уро ҳам шиканҷа карданд, дигарша шиканҷа карданд уша шиканҷа кардан ягонташон гап назаданд, ман чи хел гап занам»?

Ин нафар, ки худаш сахт шиканҷа дидааст ором гап мезанад. Ҳатто ба як кас ифшо кардан намехоҳад, ё намедонам чи фикр мекунад. Маълум аст ки сахт тарсдааст.

Аммо мо ин мардумро водор карданамон даркор аст ки он ҳама шиканҷаҳоро гап зананд. Барои онки он шиканҷаҳо рӯ бизанад, шиканҷагарҳо маълум шаванд, мардум бидонад, ки дар онҷоҳо шиканҷа мешаванд. Муҳим ин аст ки ин шиканҷаҳо гуфта шаваду ошкор гарданд. Вақте ки гуфта шуд мо он нафароне, ки шиканҷа мекунанд онҳоро фош мекунем. Мардум қаҳрамонҳои дар нохунаки худашро бидонад: «народ должен знат своих героев». Ин гуна «қаҳрамон»-ҳоро мо бояд бидонем, ки кианд? Баъд онҳоро ба қавли ҳукумати имрӯза фикри роҳҳои безарар гардониданиашонро қонунан кунем.

Аммо, мутаассифона инҳо, ки зулмро мебинанд хап мекунанду мешинанд. Хиёл мекунанд, ки хап кунанд, ҳал мешавду меравад. Не ин ҳал намешавад. Бояд зулм ва золим гуфта шавад. Вақте зулм гуфта шуд ва мардум бохабар шуданд як фикри чора карданашон дар калаҳояшон мебиёяд. То кай  онҳо мераванду зулмро мебинанду боз хомуш меистанд. Бояд ҳар як зулмашон гуфта шавад ва мо бояд бидонем, ки инҳо ба чи минвол ба мо рафтор мекунанд ва мо ҳам чораашро бубинем. Ин бисёр муҳим аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №260 появились сначала на ISLOH.net.

Кӣ ва чаро Искандари Хатлониро террор кард?
Имрӯз дар Душанбе, пойтахти ватанамон аз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил ба амал меоваранд ва ҷаласа доир мешаваду ҷоизаву инъомҳо медиҳанд. Вале, яқин аст ки аз ҳамкасбони зиндониашон ёдовар намешаванд. Ва, аз онҳое ҳам, ки ёдоварӣ аз онҳо ҳам қарзу ҳам масъулияти касбиашон аст, ба мисли Искандари Хатлонӣ, ки 25 соли қабл дар Маскав ҳадафи террор қарор гирифт, гумон аст ки зикри ном кунанд.

Мо ғурбату мусофирату муборизаро ба ҷон харидем, то бо ифшои ин гуна ҳақиқатҳо чеҳраи воқеии ин режими зиддимардумиро намоёнтар кунем.

Дебочаи матлаб

Баъд аз 25 сол, чаҳоряк аср асрори куштори даҳшатовари журналист ва шоири хушном дар қаламрави форсӣ-Искандари Хатлонӣ аз забони як нафаре, ки он солҳо дар Маскав кору зиндагӣ мекард, ошкор мешавад.

То кунун асрори ин фоҷеа ба мисли кургиреҳ ва номаи сарбамуҳр боз нашуда боқӣ монда буд. Тафтишоти Русия аслан ҳеҷ коре накард, балки эътино ва эътибор надод, ки Искандари Хатлонӣ чи шахсияте буд ва чаро ҳадафи як чунин террори ваҳшиёна қарор гирифт. Барои онҳо ҳамин кофӣ буд, ки Искандар дар як расонаи амрикоӣ кор мекард ва гуфтанд, ки «Прокуратурой Москвы возбуждено уголовное дело. Основная версия — профессиональная деятельность журналиста. Пока следствие не дало никаких результатов».

На танҳо он вақт, ҳамин ҳоло ҳам, ки ин ҳама сол аз он фоҷиа мегузарад: «никаких результатов»

Аммо, ҳақиқат дер ё зуд рӯ мезанад. Рӯ задани ҳақиқат аст ки умри кизбу дуруғ кутоҳ мешавад. Беҷиҳат умри дуруғ кутоҳ ва ростиро заволе нест намегуянд. Искандарро бо табар куштанд. Аммо киҳо ва чаро куштанд? Барои онки то посухи ин саволҳо пеш биравем, месазад дар ибтидо дар бораи худи Искандар бигуем.

Искандари Хатлонӣ кӣ буд?

Замоне Искандари Хатлонӣ кушта шуд, ки дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Маскав фаъолият мекард. Гузоришу хабару маводи таҳлилӣ, ки аз Искандар нашру пахш мешуд, аз руйдодҳои Тоҷикистони ҷангзада, аз раванди сулҳи тоҷикон, аз татбиқи банду модаҳои муоҳадаи сулҳ, аз вазъу ҳоли мардуми бенаво ва бедодии ҳукумату боевикҳову сарвайронҳо ва аз террору куштори шахсиятҳо ҳикоят мекарданд. Тасвиру бозтоби ин ҳавлу ҳол дар расонаи ҷаҳонӣ, табъан, ки ба завқу табъи сардамдорони режим хуш намеомад. Зеро онҳо мавриди мазаммат ва интиқоди навиштаҳои Искандар қарор мегирифтанд.

Искандари Хатлонӣ аз зумраи равшанфикроне буд, ки аз рӯзҳои аввали омадан ба арсаи адабиёту журналистика дили бедор дошт ва бо низоми ҳокими худкома руҳан мухолиф буд. Вай як зиёии бедор ва ҳамсангари мардуми бедор ва ҳамроҳи ислоҳотхоҳони ватан буд.

Чи дар солҳое, ки дар ВВС ва чи дар солҳое, ки дар «Озодӣ» кор кардааст, ҳамин руҳия ва ҳамин масирро идома додааст. Ва дар навиштаҳояш режими имрӯзаро  ба таври ҷиддӣ мезаду мекуфт. То замони сокит кардани садояш дар сентябри соли 2000 кораш ҳамин тавр пеш мерафт.

Искандари Хатлонӣ ҳамчуноне тазаккур додем яке аз мухолифони низоми пусида ва тоталитарии комунистӣ буд. Ҳеҷ гоҳ чунин мавқеъу мавзеъи худро пинҳон намекард ва табиист, ки зоидаву сохтаи ин низом- Фронти халқӣ ва дастнишондаи вай- Раҳмоновро чашми дид ва руи хуш надошт. Қабул накарда буд ва намекард. Мисли бархеҳо гирифтори дарди маҳал набуд ва аз онки ҳамшаҳриҳояш қудратро гирифта буданд, хушнуд набуд, чун кулобиҳое ҳукуматро гирифта буданд, ки бадтар аз хуҷандиҳои вобаставу бардаи Кремлин буданд. Вай на аз он ҷиҳат, ки ҳукумат дар дасти хоҷагони хуҷандӣ, онгуна, ки бархе дардашон ва азобашон ҳамин буд, аз он ҷиҳат, ки фарҳангу оину ахлоқу сиёсату давлати бегона болои ин миллат ва ин мардум омада буд, нороҳат буд. Вай аз онки тамоми масофу муборизаи пинҳону ошкорои зиёиёну огаҳони миллат бар боди фано рафт ва ҳукумат боз аз тарафи Кремл мудирият мешавад, шадидан норозӣ буд. Искандар дар шумори маъдуд рушанфикроне буд, ки миллат, давлат ва ватанро аз бунёду реша ва яклухт дӯст медошт. Он тарафи ағба ва ин тарафи ағба, тоҷикони асил ва муғулҳо намегуфт. 100дар 100зидди Раҳмонов буд. Чун ин ҳукумати арусак ва лухтакро дар шароите, ки ҳама ҷамоҳири ҷудошуда аз Кремл, масалан Қирғизистон, масалан Гурҷистон масалан Озарбойҷон, масалан Туркманистон дар талоши тай кардани роҳу равиши худ буданд, батамом ва билкулл бар итоат ва қабзаи Маскав қарор дошт, наметавонист таҳаммул кунад.

Онҳое омада буданд, ки дар айни соҳиби давлату ватани мустақил шудани дигарҳо ба «рублевий зона» даромаданд, сарҳадоти кишварро ба марзбонони русӣ ва амнияти давлатро бо пойгоҳи 201 доданд ва бадтар аз инҳо бо дасти ҳамин неруҳо ва ба рағми барномаву нақшаву ниятҳои неруҳои озодихоҳу миллӣ ва мардумии навзуҳур ними Кулобу ними Ғарму кулли Помиру ними Хуҷанду Ҳисорро душман хонданд ва онҳоро ночор ба тарки ватан карданд.

Онҳое фирориву овора шуданд, ки ҳамаашон дӯстону рафиқону ҳамнишинону ҳамандешон, хулоса ҳамраҳони ҷисмониву руҳонии Искандар буданд.

Искандари Хатлонӣ дар августи соли 2000 дар Маскав маҳфили гиромидошт ё шаби ёдбуди Лоиқро ташкил кард. Лоиқе, ки бо омадани ҳукумати дастнишондаи русҳо тарки Душанбе кард. Муъмин Қаноат гуреза шуд, Тоҳири Абдуҷаббор гуреза шуд. Гулрухсор кам монда буд, ки бо дастони афроде аз хайли лангариҳо кушта бишавад, Бозорро ин ҳукумат «турма» кард, хуллас, Искандар ҳамроҳ бо ҳамин гурӯҳи афрод ва бо неруҳои таҷаддуд ва ислоҳотхоҳи миллат буд.

Искандар дар ташкили созмони «Ру ба ру» ва дар ташкили ҳаракати мардумии «Растохез» аз пештозону пешгомон буд. Ин созмону ин ҳаракатҳоро ҳукумати вақт ва Раҳмонову режими вай хуш надоштанд ва то ба ҳоло хуш надоранд. Чунки инҳо демократия ва озодӣ мехостанд.

Искандар бо он таҷрибаи сиёсӣ, ки дар Афғонистон ҳосил карда буд (мушовири тарҷумони раиси ҷумҳури Афғонистон ва устоди донишгоҳ дар Кобул) шинохти амиқ ва бештар аз ҳодисот ва паёмади он дошт ва медонист, ки бо дигарбора дар асорати Кремлин бурдани давлату миллат ҳама ормону нақшаҳои бунёди давлати мустақилу миллиро аз байн мебаранд. Барои ҳамин Искандар бо ин ҳукумати ҳамшаҳриҳояш проблема дошт, проблемаи бисёр ҳам сангину хатарнок, барои ҳамин Искандар бадашон медид, барои ҳамин Искандарро куштанд…

Ҳодисаи қатли Искандар

Искандари Хатлонӣ 20 сентябри соли 2000, баъди як моҳи баргузории шаби ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ ва дар соли аввали ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишастани Владимир Путин дар манзили зисташ бо шеваи қуруни вустоӣ ба қатл расонида шуд. Аксарияти хабаргузориҳои русӣ он замон навишта буданд, ки «Искандар Хатлони был убит 20 сентября 2000 года в Москве  в результате нападения неустановленного лица». Ва навишта буданд, ки «случайные прохожие обнаружили истекающего кровью журналиста на Онежской улице около дома номер 2, где он снимал квартиру. Машина «скорой помощи» доставила И. Хатлони в Боткинскую больницу, где 20 сентября 2000 г, несмотря на все усилия врачей, он скончался от тяжелой черепно-мозговой травмы».

Прокуратураи Маскав ангеза ва сабаби куштори Искандари Хатлониро    «профессиональная деятельность» донист. Аммо тафтишотро ба охир нарасонд, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст. Агар Маскав мехост қазияро ошкор мекард, вале чи сабабе шуд ва ё чи авомиле сар зад, ки тафтишот муаллақ гузошта шуд?

Мо, пештар гуфтем, ки навиштаҳои Искандар барои режими Душанбе ташвишовар, нороҳаткунанда ва нофорам буд.

«Профессиональная деятельность»-фаъолияти касбӣ арзёбӣ кардани мотиви куштор аз тарафи додситонии Маскав беҷиҳат нест. Вале, додситонии Маскав нагуфт, ки ин фаъолияти касбӣ киро нороҳату безобита ва ошуфтаву ноором  кард, ки дар қасди ҷони вай баромад?

Ин версия дар оғози ифтитоҳи кори ҷиноӣ, ки ҳануз ба тафтишот таъсире аз берун ва дарун нашуда буд, садо дода буд, вале баъдан ин масъаларо ҳам покиза фаромуш карданд.

Ҷузъиёти қатли ваҳшиёнаи Искандари Хатлонӣ

Ва ҳоло ҳикояти асрори ҳодисаи қатли ваҳшатноки Искандари Хатлонӣ, ки баъди биступанҷ сол аз забони як нафар, ки ҳам бо Искандар наздикӣ ва ҳам бо қотилони вай ошноӣ доштро бароятон пешкаш мекунем.

Вай гуфт, ки баробар бо расидани хабар бо суръати ҳарчи тамом худро ба маҳалли зисти Искандар расонд.

Онҷо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, милиса, ФСБ ва прокуратура коргарони зиёд омада буданд. Вориди манзили иҷораи Искандар мешавад. Даруни лифт хун, деворҳои даруну беруни долон-коридор ва ошхона пур аз хун. Пайи панҷаҳои хунолуди Искандар дар даруни лифт ва девори дари хона нақш баста буд.

Ҷангҷол дар даруни ошхона сурат мегирад. Маълум набуд, ки кадом хархашае буд ё не, аммо аз онки лаккаҳои хун дар фарши ошхона ва болои мизи ғизо ҳам шах шуда буд, тафтишот ҳамин тавр натиҷа мегирад.

Искандар аз дар, аз пушти онҳо мебарояд ва ё мехост, ки зуд ба духтурхона биравад, аммо дар даруни лифт аз мадор меравад, чун хуни зиёд рехта буд ва дигар аз онҷо барнамехезад, ҷон аз қолибаш тиҳӣ мешавад. Дигар Искандар тавони ба хиёбон ва ҳатто саҳни ҳавлӣ баромаданро аз даст дода буд. Вай дар лифт ҷон бохт ва мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки баъди дарёфти хабар ӯро ба бемористони Боткино мерасонад, фақат вазифаашро иҷро карда буд.

Тафтишот мегуяд, ки ин кор кори дасти тоҷикҳо, балки ҳамшаҳриҳои худи Искандар аст.

Ба таъйиди тафтишот Искандар қотил ва ё қотилони худро мешинохтааст ва онҳоро худаш вориди манзили зисташ мекунад. Ҳатто тафтишот ин эҳтимолро ҳам рад намекунад, ки онҳо ё бо даъвати Искандар омадаанд ва ё инки худашон пешакӣ Искандарро огоҳ кардаанд, ки ба назди вай меоянд.

Онҳо дар матбах мешинанд. Матбах танг ва онҷо панҷ –шаш стул ва як столи пур аз хуроку хурданиҳо. Дар кухни нишаста будаанд. Аз руи зарфу ҳолати болои мизи таом панҷ-шаш нафар буданд, мумкин чор нафар.

Аммо ин хурокҳоро мисле, ки бо ҳам омода кардаанд. Қотилон ва худи Искандар.

Ҳодисаи куштор баъди сарфи таом ва нишастану хурдан ба амал омадааст. Искандарро дар охирин лаҳзаҳо вақти баромадан аз хона мезананд.

Як нафар аз онҳое, ки ҷасадро муоинаи криминалӣ мекард, гуфт, ки чунин шеваи куштор хоси рус ва ё урупоӣ, ҳатто агар он киллер ҳам бошанд, нест. Ин куштор аз як тараф бисёр ваҳшиёна аст, аз тарафи дигар киллер ин тавр фурҷаи зиёд надорад, як тир мезанаду халос мешавад, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, инҷо ин корро онҳое кардагианд, ки аз ҳайвони дарранда ҳам бадтаранд, чунки бо табар зада -зада куштаанд, бо табари ошхона-кухонний тапор. Ва, ин корро ба ҷуз аз тоҷикҳо ва он ҳам тоҷике, ки қабл аз ин ҳам бо корду табар одам куштааст, каси дигар намекунад:

«Ва ба гуфти худашон «а…т» карданд. Ин тарзи кушторро гуфтанд ягон урупоӣ ё рус намекунад. Ин корро қатъан, исключително «азият –осиёӣ» тоҷик кардагӣ аст. Ягон урус ё урупоӣ одамро бо ин бераҳмӣ- табаршап намекунад, ин тавр намекушад. Ва агар мекушт як тир дар пешониаш мезад. Туфанги бесадо пур ва дастрас буд. Ин корро тоҷикҳои худатон кардагианд.

Ва, далели дигар ин аст ки онҳо шиносҳои худи мақтуланд, ба ҳайси меҳмон нишастаанд. Чунки дастурхони орододаи болои миз баёнгари ҳол аст.

Дару тирезаҳои манзил ва аз ҷумла ошхона ҳамааш дар ҷояш. Нишонаи ҳарбу зарбу ҷангу пархош нест. Муқовимат ҳам нест.

Безпошадно-бисёр ҳам ваҳшиёна ва ба таври ҷаллодона, нафаре, ки таҷриба дорад, дасташ намеларзад, хато намекунад, куштаанд. Чашмаш ҳам психический омода аст. Куштани инсон ба ин шаклу шева бисёр ҳам сахт аст. «Дар сараш се табар задаанд». Худатон қазоват кунед дигар.

Ин ноҷавонмардони аҷиршуда нону намакашро хурданд, аз сари дастурхонаш баланд шуданд ва бо он табарчае, ки чанд соат пеш гушт реза карда ва пухтаву хурда буданд, бар фарқи сараш заданд.

Искандарро кӣ кушт?

Нафаре, ки ин ҳикоятро нақл кард, бо итминон мегуяд, ки паси ин кор нафарони раддаи аввали ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд ва иҷрои ин корро ба души Бахтиёр Лангариев онҳо вогузор карда буданд, ки он шабурӯзҳо дар Маскав ба сар мебурд.

Искандари Хатлонӣ бо Бег Сабур рафтуомад дошт. Искандар Лангариевҳоро, ба эҳтимоли зиёд дар ватан мешинохт. Бо онҳо равуо дошт ё не, барои мо номаълум боқӣ мемонад. Аммо як вақт, дар яке аз магазинҳои Бег Сабур дар Маскав бо онҳо рубару мешавад. Лангариев ва ҳамроҳонаш як рӯз тарафи бегаҳ меоянд ба магазини Бег Сабур ва ҷангҷол ба роҳ меандозан, чун кадоме аз шарикони бизнеси Бег, ки бо Искандар низ дустӣ доштаву аз як вилоят будаанд онҳоро аҷир карда будааст. Ду яхдони шишагии «продуктовий»-ро, ки дар раста-витрина насб ва ҷогузорӣ шуда буд зада шикастанд. Худи Бег Сабурро ҳам хеле сахт шатакаш кардаву гушмолаш доданд. Бег Сабур онҷо ҳиҷ даст барнадошт, муқобилият ҳам накард.

Аммо Бег Сабур ба яке аз наздиконаш мегуяд, ки «инҳо барои ҳукумат кор карда истодаанд ва корҳои бадтаре дар инҷо хоҳанд кард».

Бинобар як маълумот он солҳо Бахтиёр дар кадом омузишгоҳ ва ё Академияи низомии Русия барои таҳсил омада будааст. Он вақтҳо чунин овозаҳое низ паҳн шуда буд, ки гуё Бахтиёр Лангариев бо ҳукумат кадом проблемае кардаасту аз Тоҷикистон баромадааст.

Ба дасти Искандари Хатлонӣ баъзе асноде расида будааст, ки барои Раҳмонов бисёр ҳам хатарнок ба ҳисоб мерафтанд. Гуё дар бораи қатли шахсиятҳо-Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Муҳаммад Осимӣ. Гап дар он бора будааст, ки кадоме аз  Лангариевҳо дар яке аз ин ҳаводис шариканд.

Гуфта мешавад, ки ин хабар тавассути Бег Сабур ба ҳукумат расида будааст, ки Искандар ҳамчунин асноде дар ихтиёр дорад ва ин аснод тавассути кадоме аз кормандони дар ҳамон замон баландпояи Прокуратураи генералӣ расида будааст.

Искандар, гуиё барои ин аснод, ки дар садади ошкор кардани онҳо будааст, боз аз бархе аз одамҳо маълумот ҷамъоварӣ мекардааст, ки Бег бохабар ва ба ҳукумат хабар медиҳад.

Он замон Искандар роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Ичкерия-Чеченистон низ ба кадом гуруҳҳои ҳуқуқибашарӣ кор мекардааст, дар кадом проект.

Тафтишот ба магазинҳои Бег Сабур омада бо чанд нафар аз кормандони онҳо саволу ҷавоб карда буд. Бархеашонро даъват намуда ба прокуратура мебаранд.

Нафаре, ки ҳикоят кард гуфт, ки дар ҳамон шабурӯзҳо Лангарӣ ва одамонаш дар Маскав мезистанд. Ба ҷуз аз Лангариевҳо ва чанд нафари ҳамроҳонаш он вақт дар Маскав аз гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ ҳузур надошт.

Ҳайратовар инҷост, ки баъди бозгашт аз Маскав Бахтиёр Лангариев яку якбора повишений меравад ва дигар барои онҳо дар Тоҷикистон зеленний светофор мешавад.  Ва ӯ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохила таъин мешавад.

Ва, аммо Бахтиёр Лангариев на фақат дар он соли куштори Искандари Хатлонӣ бо Раҳмонов муносибати нохуш дошт. Вай соли 2008, вақте хонаи падариаш дар Кулоб бо штурм гирифта ва бародараш Суҳроб Лангариев дастгир ва сипас барои ҳабси абад равона ба зиндон шуд, фирор карда буд. Суҳроб Лангариев домоди Сангак Сафаров буд. Баъдтар ин сарусадоҳо ҳам, паҳн ва баланд шуда буд, ки Бахтиёр Лангариев бо марҳум Умаралӣ Қувватов ва «Гуруҳи24»-и вай, ки сарнагунии ҳукумати Раҳмоновро ҳадафи худ эълон карда буд, пайвастааст. Аз инҷо буд, ки Бахтиёр Лангариевро соли 2015, баъди 7соли гурезагӣ ва бедаракӣ ба Тоҷикистон оварданд. Дурусттараш ӯро баъди музокироти тулонӣ бо дастури Раҳмонов оварданд. Чунки Раҳмонов аз ҳамроҳшавии Лангариев бо Гуруҳи 24 сахт тарсида буд. Бар изофа Раҳмонов ҳамон сол, аллакай нақшаи аз байн бурдани ҲНИТро руи даст дошт ва аз бими онки Лангариевҳо мабодо бо ҲНИТ напайвандад ӯро боз ҳам аз Русия овард. Марҳум Умаралӣ Қувватов дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд,ки ӯ бо Бахтиёр Лагариев суҳбат дошта аст вале ӯ узви ин гурӯҳ набудааст. Ин мталаб дар Тоҷ.нюс соли 2015 нашр шуда буд.

Ваъда ин буд, ки замминистри мудофиа мешавад. Вале баъди ду ё се моҳи овардани Бахтиёр ӯро сардори Раёсати ташкилӣ ва омодагии ҳарбӣ дар вазорати мудофиа таъин мекунанд. Мақомеро, ки то омадани вай бародараш Файзалӣ дар он ифои вазифа мекард.

Бинобар таъйиди ин нафар, ки ҳикояти ҷонсузи куштори Искандари Хатлониро кард, Бахтиёр хеле аз фармоишҳои махфӣ ва бисёр ҳам мудҳиши Раҳмоновро иҷро кардааст ва асрор зиёди ӯро медонад.

Ин нафар мегуяд, ки барои он болои ҳодисаи қатли Искандар сарпуш гузошта шуд, ки Искандар аз тараф бесоҳибӣ карда шуд, идорае, ки дар он кор мекард, радиои «Озодӣ» ҷиддан аз пайи тафтишот нашуд, аз тарафи дигар ҳукумати Тоҷикистон тамоми талошашро кард, ки парванда аз ҳаракат биуфтад.

Нафаре, ки ин ҳама маълумотро дар ихтиёри «Ислоҳ» қарор дод, ҳарфҳои дигаре ҳам зад. Гуфт шумо аз ин минбар ба чанд нафар муроҷиат намоед, аз ҷумла ба Саидамир Зуҳуров, ба Хайриддин Абдураҳимов, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, чунки онҳо аз аксарияти қатлу кушторҳои он солҳо огоҳанд ва медонанд, ки дастурро кӣ доду кӣ ба иҷро расонд. Агар метарсанд ва ошкоро гуфта наметавонанд ҷиноятҳо ва қталҳои занҷиравии анҷомдодаи ӯро ба шакле сабт кунанду гузоранд ва ё ҷузъиёти он қатлҳоро навишта ҳар касе ӯро бовар мекунанду эътимод доранд диҳанд, то рӯзи «Х» ошкор шавад.

Ҳоло инҳо бубинанд, ки худашон дар чи вазъу ҳоланду Раҳмонову баччаҳову духтарҳову домодҳояш дар чи вазъу ҳоланд?

Аз ҳама шаковару ҳайратовар ин буд, ки давлати Тоҷикистон ҳеҷ даъвову талоше накард. На гурӯҳи корие ташкил кард ва на аз пайи тафтишу пурсиш шуд. Шаҳрванди вай, нафари одӣ не, хабарнигори як расонаи байналмилалӣ кушта шуд, кадом вокуниш накард. Бисёр ҳам шубҳавоар буд. Хомуш истод. Ҳеҷ расонаи расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфт. Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳатто суроғ накард.

Ва, чуноне гуфтем, барои ошкор нашудани қатли Искандар ва ҷиноятҳои занҷираии дигари Раҳмонов Лангариев, ки гуё бо ҳукумат мушкил дошт баргашт ба Душанбе ва вазифаи калон дар ВКД гирифт. Албатта мо рӯйи ин қазия кор хоҳем кард, то ҳақиқат ошкор гардад вале ҳар нафаре дар ин қазия чизе медонад ба «Ислоҳ» нависед,то ин ҷиноят пӯшида ва нокушода намонад.

Сообщение Кӣ ва чаро Искандари Хатлониро террор кард? появились сначала на ISLOH.net.

Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр?
Юсуф Раҳмон, ҳамакнун собиқ Додситони кулли Тоҷикистон дуруст дар рӯзе аз мақом барканор шуд, ки панҷ соли қабл, яъне 23 январи соли 2020 барои панҷ соли баъдӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.

Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз Юсуф Раҳмон танҳо Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешини кишвар буд, ки низ ду панҷсола дар ин мақом дошт додааст. Боқии нафароне, ки дар ин мақом кор кардаанд, Маҳмадназар Солеҳов, Амирқул Азимов, Саломиддин Шаропов ва Шерхон Салимзода пеш аз анҷоми муҳлат ва ё як давраи панҷсола дар ин мақом кор карда буданду тамом.

Аммо, ҳадсу гумонҳо зада мешуд, ки Юсуф Раҳмон дар давраи саввум ҳам курисро ҳифз хоҳад кард, ҳамчуноне СС.Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа мақому мансаби худро барои беш аз ду панҷсола тавонистанд, ки ҳифз намоянд. Чунки Юсуф Раҳмон ба ҷуз аз онки содиқона ва ба мисоли саги вафодор хидмати Раҳмоновро адо мекард, бо келин кардани Фарзона духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов, ҳадди ақал то ба расидан ба синни нафақа пояҳои курсии худро мустаҳкам карда буд. Ҳамчуноне, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа танҳо ва фақат барои онки қудо шуд, се навбати панҷсолӣ дар мақомаш, агарчи ин соҳаро ба қафо бурд, то инки пенсионер нашавад дар мақомаш боқӣ монд. Вале дурусту дақиқ Юсуф Раҳмон дар шароите аз мақом барканор шуд, ки байни оилаи вай ва оилаи раиси ҷумҳур ба иллати ҷудоии Сафари писараш аз Фарзона, духтури хурдии Эмомалӣ Раҳмонов сардии шадид пеш омад. Вагарна ҷойгоҳ ва ҳузури Юсуф Раҳмон, беш аз ҳар «силовик»-ҳои дигар дар ҳукумати Раҳмонов тақвият меёфт ва дар дарбор, оилаи Раҳмонов ва худи Раҳмонов тақарруб пайдо мекард.

Эмомалӣ Раҳмонов, ончуноне ҳаводиси чанд соли ахир маълум мекунад ба Юсуф Раҳмон сахт эътимод баста ва ӯро нафари аввали мавриди эътимоди худаш медонист ва он ихтиёроту имтиёзҳоеро, ки пештар ба СС.Ятимов дода буд, ба тадриҷ ба ӯ дод ва дар ҳар ҳарфу сухани вай бовар мекард.

Воқеият ин аст ки  Юсуф Раҳмон ва Бобоҷон Бобохонов, ду нафар аз Прокурорҳои генералие буданд, ки сари даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар, сиёсатмадорон ва рушанфикронро хурданд ва ин нафарон, ба вижа Юсуф Раҳмон ончунон ҷоннисори Эмомалӣ Раҳмонов шуда буд, ки ба ҷуз аз касби ризои Раҳмонов, фикри дигаре намекард ва сари муе бар адолат, ҳуқуқ ва бар қонун муроот ва тараҳҳум накард.

Инки ин ду тан ҳамин гуна бераҳму ноинсофиро бар адлу дод ва бар рисолат ва масъулиятҳои худ тарҷеҳ доданд, иллат ва сабаби асосии ба ду панҷсола дар сари кор истодани онҳо шуд.

Инҷо, ки ҷои зикраш омад бояд алоҳида ва махсус тазаккур бидиҳем, ки ҳиҷ яке аз Додситонҳои кулли Тоҷикистони ҳукумати сивусесолаи Раҳмонов бо обру аз кор нарафтанд. Агарчи Бобоҷон Бобохоновро ба ҳангоми аз мақом барканор кардан Раҳмонов изҳори сипосаш кард, вале вай, ки то расидан ба сини нафақа ҳамагӣ се моҳаш боқӣ монда буд, дошт дода натавонист ва нафаре, ки пеш аз вай заҳра ва ҷуръат намекард, вориди толори ҷалсаи ҳукумат бишавад, ҳамагӣ чанд моҳи баъд мавриди ҳамлаҳои шадиди «круг»-и Раҳмонов қарор гирифт ва ҳатто писари ӯ Файзуллоро, ки додситони Ҳисор буд, ба зиндон кашиданд.

Бобохонов, то онҷо дардаш карду дард кашид, ки худро дошта натавонист ва дар расонаҳо изҳор кард, ки пушти барканории вай Шерхон Салимзода, ки дар ҷойи вай таъйин шуд ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олии онрӯзҳои ҳукумати Раҳмонов меистанд ва ошкоро ба худи Эмомалӣ Раҳмонов намёк дод, ки ту ҳам баччаатро дар мансаби таҳти итоатат овардӣ ва руку рост гуфт, ки писараш бегуноҳ ва қурбонии интиқом шудааст:

«Агарчи ҳозир роҳбарияти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ барои ошкор кардани ҳақиқат монеа эҷод кунанд, аммо оқибати ин кор ошкор мешавад ва ҳақиқат болои об мебарояд, адолат ғалаба мекунад…..

Ин масъаларо метавонед, рафта аз Прокурори генералии ҳозира Шерхон Салимзода пурсед. Чӣ сабаб шуд? Мумкин онҳо хубтар донанд, ки ин ҷо ҳарфи қасду қасос аст ё чӣ? Худашон мумкин медонанд. Ҳар кас фарзанди худро дӯст медорад. Мумкин богуноҳ бошад, ҳамеша бегуноҳии ӯро дастгирӣ кунад. Лекин ба ин дараҷа қасосгирӣ ба касе даркор набуд….

Агар қонунро гирем, онҳоро тағйир ҳам доданд, дигаргуниҳо дароварданд. Коррупсия дар он ҳолат мешавад, ки падару писар, акаву додар, шавҳару зан дар он корҳое кор мекунанд, ки ба ҳам тобеъ ҳастанд ва аз ҷиҳати моливу пулӣ аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Агар ки ман хато карда бошам, имрӯзҳо ин хатоҳо намешаванд? Онҳоро ҳам дидан даркор».

Нахустин Прокурори генералии давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов Маҳмадназар Солеҳов буд, ки солҳо баъд ёғӣ ва мардуд шуд ва ниҳоят дар даруни манзили зисташ ва дар пеши писарбаччаи хурдсолаш ва дар рӯзи равшан бо тири туфанг аз тарафи Абдураҳмон Бузмаков, ҳоло Аламшозода, ки он вақт сардори милисаи Душанбе буд, кушта гардид. Вай, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроя Президент (ду бори се солӣ) ва вазири дохилӣ таъин шуда ва аз мансабдорони зинуфуз ва наздики Раҳмонов ва оилаи вай ба ҳисоб мерафт. Аммо ӯро дар талоши анҷоми табаддулот бо пуштибонии Узбакистони даврони Ислом Каримов, иттиҳоме, ки эълон нашуда буд, муттаҳам карда ва дастури «безарар» гардониашро содир кард. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Генпрокурорҳои дигари баъди вай Амирқул Азимов ва Саломиддин Шаропов, ду нафар аз ғайрикулобиҳо низ, агарчи дар хидмати Раҳмонов ҳамеша чухт, пушт дуто ва дастҳо пеши бар буданд, оқибат бо таҳқиру беэҳтиромӣ ва тард аз дарбор мувоҷеҳ шуданд.

Бачаи Амирқул Азимов барои автоавария ва домодаш бозраси аршади Оҷонси мубориза бо фасод  зиндонӣ карда шуданд. Кореро, ки барои мисол Раҳмонов ба қарибону ҳаммаҳалони худаш ҳиҷ гоҳ накардааст ва раво намебинад. Масалан бачаи Давлаталӣ Саид ва ё Нусратулло Абдуллоев ва ё Амнулло Ҳукумов ва инчунин Фаридуни писари Озода Раҳмонова ва Ҷамолиддин Нуралиев низ бо мошин одам куштанд, аммо ба онҳо чизе нашуд.

Ва ниҳоят худи Амирқул Азимовро ҳам, ончуноне маълумотҳо паҳн гуша буд, бо як шакли безеб аз Шурои амният (дабири он буд) аз кор гирифт ва дигар ҳиҷ гоҳ ба суроғаш нарафт.

Амирқул Азимове, ки дар солҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ Прокурори Генералӣ ва дар хидмати Раҳмонов камар баста буд, ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев аз бунёдгузорони Фронти халқӣ буд, ки Раҳмоновро сари кор овард ва дар амалиётҳо бар зидди Абдулло Раҳимов, (Муло Абдулло), Мирзо Зиё ва нобуд кардани онҳо ширкати мустақим дошт ва ба унвони яке аз роҳбарони ин амалиётҳо барои Раҳмонов ҷон дар кафи даст гирифта ва дар ҷанги дохилӣ тир хурдаву пояш ланг ҳам шуда буд.

Саломидин Шаропов ҳам, чуноне дар расонаҳо навишта буданд, ҳатто маҷбур шуда буд, ки қотилони писарашро, ки ошкор, боздошт ва муайян шуда буданд аз «сарвайронҳо» ва боевикҳои вобаста ба Раҳмонов буданд аз ҷавобгарӣ озод кунад. Агарчи он вақт ва то ба имрӯз ҳиҷ коре инчунонӣ бе «о,кей»-и худи Раҳмонов амалӣ намешавад, Раҳмонов марҳум Саломиддин Шароповро ба бепринсипӣ ва пулпарастӣ муттаҳам карда- «бар ивази пули калон қотилони писари худро ҷавоб дод» аз мақомаш ронд.

Шерхон Салимзодаро, ки Бобоҷон Бобохонов сабабгори аз мақомравии худ ва бадбахтиҳои писараш медонад низ тавре аз кор гирифт, ки нафас дар гулуяш печид ва дасту пояш карахт шуд.

Агарчи Раҳмонов хуб медонист, ки Шерхон Салимзода як порахури гузаро аст ва қабл аз онки Прокурори Генералӣ бишавад ба ҳангоми прокурори пойтахт буданаш алайҳаш парванда боз карда буданд вале бурду аввал дар ниҳоди навтаъсиси Оҷонси мубориза бо коррупсия раис таъин кард ва аз онҷо боз гирифту Прокурори генералӣ монд.

Вақте фармони аз кор барканории Шерхон Салимзодаро содир кард, Салимзода дар Маҷлиси Миллӣ аз аъзо хост, ки дар матни он илова кунанд, ки «ба иллати анҷоми муҳлати ваколат» аз кор гирифта шуд, чун ҳатто дар матни фармон иллати аз коргирӣ зикр нашуда буд.

Маҳмадсаид Убайдуллов, раиси Маҷлиси Миллӣ хеле ҳам дурушту дағал посухаш дод, ки «президент ба маслиҳати ту намекунад».

Ончуноне мебинед, ҳеҷ яке аз Прокурорҳои генералии ҳукумати Раҳмонов, агарки сала мегуфт, кала меоварданд, на бообру аз кор гирифта шуданд ва на баъди рафтан рӯзи хуш доштанд.

Ба фарқ аз Шерхон Салимзода дар матни фармони аз корравӣ ё барканории Юсуф Раҳмонов «ба сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр шудааст, аммо шарти асосӣ, ки «бояд Сафари бачаат бо Фарзона зиндагиро идома диҳад» албатта, ки сабт нашудааст ва хоҳем дид, ки бо вай чи хоҳад кард ва барои мисол то ба синни нафақа расидани Юсуф Раҳмон ҳоло чаҳор соли дигар боқист ва Юсуф Раҳмон барои мисол 59 сола асту прокурори нави таъиншуда Ҳабибулло Воҳидзода 60 сола мебошад.

Раҳмонов тули беш аз се даҳаи ҳукуматаш фақат худаш ва оилааш ва хешу табори худашро дидааст.

Инро бори дигар дар тимсоли сарнавишти ин Генпрокурорҳо шоҳид шудед. Барои мисол ҳамин Бобоҷон Бобохонов буд, ки Ёқуб Салимро шинонд, Муҳаммадрузӣ Искандаровро аз Маска оварду шинонд, Ғаффор Мирзоевро шинонд, Абдуҷалил Ҳомидовро шинонд ва  матбуоти мустақили кишвар масалан Рӯзи нав, Неруи сухан, Оламу одамро басту арзу шикояти соҳибони ин расонаҳоро тамоман ншунид. Чун закази Раҳмоновро иҷро кард, на ҳарфи қонунро.

Бобоҷон Бобохонов аз давраи ҳодисаи куштори Сангак Сафаров, ки прокурори Қурғонтеппа буд корҳоро мепечонд, дар ташкилу сохтани «сфабрикований» делоҳо устод буд. Масалан хуб медонист, ки Ғаффор Седой дар ҳеҷ ҷое яроқҳои баҷоӣ надорад ва он яроқҳо ҳамааш аз они худи Раҳмонов буд, аммо тавре кард, ки ӯро дар табаддулот муҷрим шинохт ва бо дастури шахси Раҳмонов ҳукми умрбод дод. Чунки ба гуши Раҳмонов расонида буданд, ки Ғаффор бо Таҳмина «роман» дорад.

Аммо ҷиноят ва хиёнатҳое, ки Юсуф Раҳмон дар мақоми Прокурори генералӣ алайҳи миллат ва мардуми Тоҷикистон содир кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ намедиҳад, ки бо прокурорҳои пешин муқоиса кард. Юсуф Раҳмонов дар сагигарӣ ба Раҳмонов аз ҳам гузаронд. Бо вуҷуди онки сарнавишту қисмати пешиниёни худро, масалан ҳамин Бобоҷон Бобохоновро ,ки устодаш аст ва Файзуллои писари ӯро, ки рафиқи наздикаш буд, бо чашмони сар дида буд, фақат ва фақат барои қонеъ кунонидан ва розӣ нигоҳ доштани Эмомалӣ Раҳмонов қонунро на инки муроат накард, балки таҷовуз кард, адолатро аз байн бурд.

Аввалин ҷинояти мудҳиш ва ғайри қобили бахшиши вай ин буд, ки алайҳи ҲНИТ парванда боз кард ва бо талаби маҳз ҳамин Юсуф Раҳмон ин ташаккули сиёсӣ террористӣ ва мамнуъ эълон гардид ва роҳбарияти олии он ба зиндон кашонида шуданд. Юсуф Раҳмон, ба унвони Прокурори генералӣ мебоист ин туҳмати бастаи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро дар кудетои дуруғии Ҳоҷӣ Ҳалим шарик донист, намепазируфт. Чунки вай, нозири риояти қонун аст ва ин ҳақро Қонуни асосии кишвар ба ӯ додааст.

Бубинед, ки имрӯз дар Амрико қонун ва прокурору судя ба чи корҳо даст мезананд. Ҳоло, ки Трамп як ҳафта ҳам тул накашид, ки судяҳои чанде аз иёлатҳои болои як фармони вай дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ касб накардани бачаи муҳоҷир эътироз карданд ва ин фармон муаллақ шуд. Албатта, мо воқеъбин ҳастем, чунинашро талаб надорем.

Вале бояд ҳифзи мақому мартаба ва каромат, шаҳомат бошад, арзише барои худ ва курсии худ ва шахсияти худ қоил шуд. Прокурори генералӣ ниҳоди назораткунанда аст ва иҷрои қонун ва қонунмандӣ дар кишвар аз ӯ сахт вобаста аст. Муҳим аз ин ҳама ин вазифа ва масъулияти давлатӣ аст на аз они шахс ва аз они Президент. Чоплусӣ, хушомадгуӣ ҳам бояд дар доираи қонун сурат бигирад, на бо нақзу поймол кардани қонун.

Дар давраи ҳеҷ додситони дигаре беҳуқуқӣ, беназоратӣ, қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ривоҷ ва равнақ наёфта буд, ки дар давраи Юсуф Раҳмонов сурат гирифт.

Бо туҳмату буҳтон чандин нафарҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон овард, токи табъи Раҳмоновро хуш бисозад. Масалан вақте Суҳроби Зафар, раиси Гуруҳи 24-ро аз Туркия оварду  СС.Ятимов давдав фурудгоҳ рафту аз трап ӯро бардошту СИЗо бурд. Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов гуфт, ки «кори СС аз трап то СИЗо аст. Суҳробро ӯ овардааст».

Ҳамин тавр худаш эълон кард, ки бо дастури шахсии вай Абдухалил Холиқзода, нависанда ва раиси бемористони Сино ва нависандаи хушном Абдуқодири Рустам бе ягон асосу далел боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳамин тавр дар давоми ду-се соли ахири прокурории Юсуф Раҳмонов наздик ба даҳ нафар рузноманигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Мисли онки як навъ ба журналистҳо бадбинии ботинӣ дорад.

Ҳақиқат, чуноне мебинем, дер ё зуд ошкор мешавад. Барои ҳамин бояд адолат ва қонунро ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷойи аввал бигзорад ва дар ҷойи аввал бипазирад, тем более, ки барои Раҳмонов ва ҳукумати вай фурсат кам мондааст. Аммо зиндагӣ идома дорад.

Ба хотир касби ризо ва ширин кардани худ ба Раҳмонов корҳоеро, дурусттараш ҷиноётеро, ки Юсуф Раҳмон алайҳи миллат содир кард, муртакиб шуд муртакиб нашавад, иҷтиноб варзад, бо як роҳу шевае бифаҳмонад, ки оқибати вазнин дорад ва Раҳмоновро мунҳариф созад. Ҷаноби Воҳидзода бубинад, ки Раҳмонов дигар на Бобоҷон Бобохоновро на Шерхон Салимзодаву на Юсуф Раҳмонро суроғашон мекунад. Ин тақдиру қисматҳо бояд сабақ шавад. Фардо дигар дер хоҳад шуд

Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода инро бидонад, ки Раҳмонов рафтанаш қариб омадаст. Ҳиҷ кас намондааст, ки Раҳмонов монаду то охири дунё бошад. Умрбодии вай бо умри худаш аст, умри дунё нест.

Виҷдону инсоф дошта бошед. Худо ва рӯзи ҷазоро ҳам фаромӯш накунед. Ба буи Раҳмонов худ, хонаводаи худ, ояндаи бачаву фарзандони худро ба хатар нагузоред. Ин ҳиҷ таҳдид нест, ин ёдоварӣ аст ки акнун баъид аст касе аз давру бариҳоятон ва тем более Эмомалӣ Раҳмонов ин гапҳоро бароятон  гушзад кунад.

Ба хотири курсӣ ва мансаби Раҳмонову духтару бачаҳову домодҳои расмиву ғайрирасмияш худро дар муқобил ва зидди халқи Худо ва Худо қарор надиҳед.

Мо таваққуъамон аз Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки сабақ бигирад. Сабақ бигирад ва бар асоси қонун кор кунад на закази Раҳмону Рустаму Озодаро бигираду инсонҳои бегуноҳро ба зиндон афканад.

Ҳабибулло Воҳидзода хуб медонад, ки ҳарчи дар Тоҷикистон Прокурор гуяд, ҳамон мешавад ва судҳои мо ҷуръат ва ҷасорати радди ҳарфи прокурорр надоранд. Аз ин ҷиҳат ҳам бояд сахт инсофро нигоҳ дорад. Масъулияти вазнин аст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё. Ҳамин тавр буд, ки имоми мо, Абуҳанифа (раҳ) зиндонро, зиндони ин дунёро аз дасти ҳоким қабул кард, аммо ба хотири растагорӣ дар он дунё, ки абадист, мақоми қозигиро аз  Шоҳ напазируфт. Иллаташ ин буд,ки мабодо ман шахсе хасми подшоҳ бошад ва барои ризояти халифа ман ҳукми онро тибқи хоҳиши ӯ содир кунам ва ҳукми одилона содир накунаму Холиқро норозӣ созаму охиратамро хароб намоям.

Юсуф Раҳмон мижааш хам намехурд. Ҳукмро дувойнову севайно медод ба ҳазорон бегуноҳони ин миллат.

Агарчи Юсуф Раҳмоновро ба сабаби ба кори дигар гузаштан барканор кард вале ҳиҷ изҳори ташаккур накард. Ба Бобоҷон Бобохонов барои хидматҳояш изҳори ташаккур карда буд.

Вале Юсуф Раҳмонро гирифту дураш андохт. Акнун он пуштдарониҳои Юсуф Раҳмон ,ки ҲНИТро парвандаи пур аз туҳмат сохта аз ақсои олам хост, террористияш бишиносанд, чи шуд? ҲНИТ, ки ба роҳ баромадаасту Юсуф Раҳмон барканор шуд.

Барканории Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, қудои последнийи Раҳмонов аз барканории Бег Сабур, сардори Хадамати алоқа, қудои передпоследнийи Раҳмонов фарқ дорад. Бег Сабур 14 сол дар мақомаш истод. Аммо қудои ахираш ин лутфу марҳаматро мушарраф нашуд ва ҳамин тафовут, ки қудои послединияшро шонси сеюм надод, бори дигар тасдиқ мекунад, ки «ҷудо шудӣ,ҷазир шудӣ».

Ҳарфу ҳиҷои ҷудоии Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аз чанд вақт ба ин су дар расона ва нашрияҳои электронӣ чарх мезанад ва мо гуфта будем, ки «эра»-и Юсуф Раҳмон ба интиҳои худ расид, аммо фақат ба хотири онки бадзабонҳо ва бахусус мухолифин мазоҳу масхараашон накунанд, Раҳмонов то вақти интихобот, ки кам монда буд, тоқат мекунад. Аммо Раҳмонов, агарчи тоқат накард, заҳрашро чаконд ва ҳатто Юсуф Раҳмонро маҷол надод, ки ба унвони Прокурори генералӣ гузориши солонаашро дар Маҷлиси Миллӣ ироа бидорад ва ӯро то чанд рузаке ҳам таҳаммул накард ва атояшро ба лиқояш бахшид ва кафшҳояшро пеши пояш гузошт, балки агар ошкортар ҳарф бизанем «як шатта дар пушташ зад»-у Хурюшовгираш карду аз давру бараш сур кард.

Кори худоро бинед, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмоновро мисли як ошғол, ки вуҷудаш ҳукумати Раҳмоновро олуда ва бадбу карда бошад, аз кашталаш гирифту дафъаш кард. Вагарна метавонист ранги Бег Сабур, ранги СС.Ятимов, ранги Рамазон Раҳимзода барои навбати саввум ҳам таъйинаш  кунад. Накард.

Ончики маълумотҳо ба мо мерасад, яке аз далоили барканории Юсуф Раҳмон «бадбахту бевашавӣ»-и Фарзонаи духтари кучули бокирааш бошад, далели дигар ин буда, ки «парвандаи табаддулот»-и Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ маҳсули фантазияи худи Юсуф Раҳмон будааст. Дар амал кадом табаддулоте даркор набудааст. Хуб бубинем, ки поёни ин моҷаро бо чӣ меанҷомад ва Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генералӣ дар ин парванда дигаргунӣ хоҳад кард ё не?

Аммо, агар ки Воҳидзода ҳам ба ҳамин масир роҳ гирифт, вою сад вой ба ҳолаш!

Сообщение Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №202
Як махсусияти «Номаҳо…» ин буд, ки мардум сиру асрори онҳоеро, ки худро масъул ва маъмури ин ва ё арсаи давлатӣ мешуморанд, ошкоро мекард. Чандин номаҳо мунташир шуда буданд, ки муаллифон аз дуздиҳо ва ё ғасбу тасарруфи моли давлат ва мардум мегуфтанд.

Номаи аввали ин шумора ҳам аз дуздӣ ва тасарруфи як мансабдори баландпоя, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ҳикоят мекунад,  ки чи гуна заминҳои мардумро дар Муъминобод кашида гирифтааст. Фикр мекунед агар Юсуф Раҳмон, Додситони кулл намебуд метавонист ин корро бикунад?

Муъминобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам як маълумотро ба шумо бирасонам. Илтимос номаи маро нашр кунед. Ман айни замон дар дохили Тоҷикистон ҳастам беҳтар аст номи маро нагиред. Дар ноҳияи Муминобод, ҷамоати Чилдухтарон Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон як ҷангалро, ки мардум рӯзгорашон аз ҳисоби ҳамон ҷангал пеш мебурданд, гирифту маҳкам кард ва дар онҷо дача барои дамгириаш сохт. Дар он дача бо духтарони таваллуди 2003, 2004 дам мегирад. Номи ҷангал Тимтоил мебошад. Дар заминҳои ин ҷангал картошкакорӣ сар шуд. Бо зарби зулм. Валлоҳӣ қасам муйсафедҳоеро, ки ҳила (базур) раҳ мегарданд, ҳамонҳоро барои кор бурданд. Ду сол талабаҳои мактабҳои 4 қишлоқ дар хизмати Юсуф Раҳмон буданд ва бесум кор карданд. Валлоҳӣ қасам шояд маро бовар накунед. Мардум худашон шоҳиданд, яке нохост гови ягон нафар дар даруни он территория ахлот кунад 1200 сомонӣ ҷарима месупорад. Боз соҳиби гов10 рӯзи дигар бепул барои Юсуф Раҳмон кор мекунад, баъд ҷавоб медиҳанд. Муаллими Асад ва муаллим Исматро ҷарима карданд. Ғайри ин муаллимҳо боз чандин нафарҳоро ҷарима карданд. Роҳҳои деҳаҳо ҳама вайрону лой. Ин касофатҳо теппаҳоро чапа карда барои нафси худ раҳ сохтанд. Ду моҳ камаздорҳои ноҳия ба Юсуф Раҳмон бепул кор карданд, ҳатто соляркаашон аз ҳисоби худашон буд.

Инҳо ба сари мардуми мазлум зуранд.

Як рӯз Амриддин Нахшов ба ҳамон тараф гузар мекунад. Баъд ба самти дача меравад. Посбонро мегуяд, ки дарвозаро яла кун. Намекунад. Нақшовро намешиносад. Аз мошин мехамбаду посбонро лату куб мекунад, тир мепаронад. Ҳеҷ кас нест бе ғайр аз навбатдор онҷо набудааст. Амриддин меравад. Посбон хабар медиҳад. Юсуф Раҳмон супориш медиҳад, ки кадоме ҳаст бираведу биоваредаш. Милиса Муминобод меравад, мегуяд, кӣ буд?

«посбон мега шефта бгу Амриддин Нақшов буд». Милисаҳо хапу хомуш мераванд, гуë чизеро надиданд. Юсуф Раҳмон бар сари мардуми оддӣ зур ва прокурори генералӣ аст дар назди оилаи Раҳмонов муши мурдаҳаи. Амриддин Нахшова зур боши ягон бгу Юсуфак !

Дар деҳаи Сунчӣ ду пулдор байни ҳам зиданд: Фақер ва Қутбуддин. Фақер дар назди қишлоқи ҳамсоя- Буйдоқобод замини бисëреро мегирад. Дар назди онҷо шоҳроҳ аст. Роҳро маҳкам мекунад. Додари Қутбуддин ба тилло бизнес машғул аст. Меравад чандин гектар замини дигарро, ки дар бари Фақер буд мегирад ва ин касофат бошад ин тарафи раҳро танг мекунад. Хуллас, мардуми ҳамсояқишлоқ ба ноҳия муроҷиат мекунанд. Лекин ҳеҷ фоида намекунад. Қариб худи мардумро маҳкам карда буданд, ки чаро шикоят мекунед. Ҳардуи ин золим боз хонаи худро зиёрат кардагианд. Ҳамин мардуми Буйдоқобод роҳашон маҳкам шуд. Бечораҳо дар баҳор, айни тангдастии мардуми деҳа гову бузҳояшонро фурӯхта техника оварда ба дигар ҷо роҳ сохтанд.

Мардум  мегуянд, ки аз Худо наметарсед, чаро ин қадар зулм мекунед.

Асадуллои Алӣ худо расвоят кунад чи қадар чоплусу касофат ҳастӣ. Ин проблемаҳои қишлоқҳои ноҳияро намебинӣ?

Устод, илтимос ин номаи маро нашр кунед. Ман ҳам дар қатори шумо муборизони роҳи ҳақ ҳастам.

Қубодиён

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва барокотуҳу тими Ислоҳ ва Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман сокини ноҳияи Қубодиён ҳастам. Рости гап, бори аввал менависам. Намедонам аз чи сар кунам. Дар ҷамоати Утақара Назаров зиндагӣ мекунам. Узбекзабон ҳастам. Тоҷикиро он қадар хуб намедонам. Тоҷикиро Русия омада ёд гирифтам. Дар мактаб узбекӣ хондагиам. Мо сокинони ин минтақа 70%80% ба тоҷикӣ озод гап зада наметавонад. Фақат одамҳои дар донишгоҳҳо хондагӣ ва ба хизмати аскарӣ рафтагиҳо медонанд. Дар соҳаи маориф чунон фасодзадагӣ, ки ин ҳолатзоро дида дилам тоб намеоварад. Муаллимаҳо ҳамааш бесаводанд. Корашон фақат сум ҷамъ кардан аст, тамом. Пули китоб, пули бур, пули обуна, пули ремонт. Мактаби мо аз ҳазор боло талаба дорад. Пули ремонт сари талаба 50 то100 сомонй.

Дар масъалаи барқ, дар масалаи гаишникҳо гап назанем намешавад. Гаишникҳо дар байни худшон гап мезананд, ки як Русия равему оем. Ин Русияи гаишникҳо деҳаи мо будааст. Дар даруни деҳа гашта мошинҳоро 1то1то қапида бе сабаб штраф мекунанд, бовар кунед, безор шудем. Ин режими гарданғафсро худоё   тезтар гум кунад аз сари мардум.

Ман дур аз ватан ҳастам, дар ғарибӣ қарор дорам. Ман саводи кофӣ надорам, мактаби миёнаро ба зур тамом карда ба Русия омадам, ба хотири зиндагиро хуб кардан. Вале вақтҳои охир ба ҳама маълум аст ки ҳоли муҳоҷирҳо рӯз то рӯз бад шуда истодааст. Ватан равем каллағафс ғамамон медиҳад. Инҷо монем русҳо ғамамон медиҳанд. Намедонем, ки чи кор кунем?. Э мардум биёед бархезем. Чашмҳоятонро кушоед. Дида истодаед, ки дар Сурия чи гап шуд. Диктатураи 53соларо чапа карданд. Мо ҳам бояд бархезем.

Э, мардуми тоҷик ман дар Русия чанд бор дидам шуморо, ки якдигарро дастгирӣ мекунед. Ман дар Русиия дар стройкаҳо кор мекунам. Дар давоми ин 15 соли муҳоҷират, чандин задухурдҳоро диам. Агар тоҷик бо узбек ҷанг кунад, ҳамааш ҷамъ мешавад. Чаро дар ватанамон чунин якҷоя ва ҷамъ намешавем, дастгирӣ намекунем ҳамдигарамонро. Мо ҳам бояд бархезем э, мардуми тоҷик. Ин оила ҳамаамонро беҳад зулму ситам карда истодааст.

Ман чанд сол аст ки «Ислоҳ»-ро тамошо дорам. Тамоми Тоҷикистон дар як ҳолат қарор дорад, тамоми тоҷику узбеки Тоҷикистон дар як ҳолат аст. Бас аст бародарҳо тоқат кардан ба ин ҳама зулму ноадолатиҳо. Бояд бихезему хонаи ин зулму ситамро бар сараш чапа кунем!

Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунем ин номаи моро нашру пахш кунед. Мо занҳои камбағали ҷамоати Чортеппа, деҳаи Шайнаки гадои ноҳияи Рудакӣ мебошем.

Шавҳаронамон дар Русия кор мекунанд. Пуле, ки роҳӣ мекунанд ба худамону   фарзандонамон намерасад. Нархҳо боло рафта истодааст. Ана боз ин светҳоро мекушанд. Пуле надорем, ки ангишт бихарему хонаҳоямонро гарм кунем. Шаб то саҳар аз хунукӣ меларзем. Кудакҳо аз хунукӣ касал шудаанд.

Пул нест, ки дору харем. Хуштоманам бечора мегуяд испанд дуд кун соз мешаванд кудакҳоят. Хулоса, зиндагӣ вазнин.

Аз мактаб девонаамон кардаанд. Ҳар рӯз пули бур, пули парда, пули муаллима пули ден рожденияи муаллима, дар ҷонамон задааст. Боз ба худо муаллимаҳо кудакҳоямонро мегуянд, ки барои мо аз хонаҳоятон хурокворӣ ва ҳарчизи хурданӣ биёред. Директори мактаб як маҷлис мекунад фақат як гап- пул. Пул ҷамъ кунед барои сафед кардани мактаб, барои ин барои он. Хулоса пул ҳамааш дар кисаи директори мактаб ва очааш. Ҳар рӯз  пул мегуянд. Ту дигар кор надорӣ? Алик  шикамат ранги қаври сағераворӣ дам кардааст. Кадом руз мекафад. Директори мактаб Ҷомаҳмадов Аҳлиддин соли тавалудуш 1986 мебошад, бо тахаллуси Алик. Ҳама мардуми деҳа мешиносандаш. Ин Алик бачаи раҳматӣ Шамси Ҷалол мебошад. Ин раҳматии Шамс боз 2 бачаи дигар ҳам дорад: Яке Ҷаҳонгир мутаваллиди 1984 дуюми Ҷалол. Ин 2 бародар бачаҳои хубанд. Аммо Аликаш ҳаромхур аст. Вақте дар Шайнак директори мактаб шуд 50 кило буд, ҳозир150 кило шудааст. Вақте Шайнак кучида омаданд аз городок як заминро ба гадоӣ харида буданд. Ҳозир аз руи мактаб, аз ҳисоби мо бо мошини 80 ҳазора мегардад. Боз ин беномус бо пули ҳаром очаашро ҳаҷ роҳӣ кард. Очааш завучи ҳамин мактаб аст. Китобҳоро қимат мефурӯшад. Шахсан ман 2 фарзанди мактабхон дорам. Ҳамин сол ба 300 сомонӣ китоб харидам. Як китобро 30 ё 40 сомонӣ мехарӣ. Боз охири сол ба ҳамин очаи Алик месупорӣ. Ин бева пулро мегираду дар киса мезанаду меравад, ҳаҷ ба ҳаҷ мегардад. Ин ҳаромхур боз бо Алики бачааш мегуяд, ки ҳаҷам қабул шавад.

Ин очабача китобҳои куҳнаро ба мо мефурӯшанд. Бовар кунед, ки як варақаш ҳаст яктоаш нест. Алики беномус изо бикаш. Аз  пули мардуми камбағал очаатро ҳаҷ роҳӣ кардӣ.

Боз ин Алик хоҳаронаш ва баъзе аз хешутаборҳояшро (дар умум даҳ нафар) дар мактаб полшуяк ва муаллима номнавис кардааст. Аммо фаррош- полшуяки ҳақиқии мактаб 2духтари камбағал ҳастанд. Онҳо мешуянд. Аммо 8 нафари дигар нест. Аммо пулҳои онҳо, ки аз тарафи маориф ҷудо мешавад ба кисаи Алики директор меравад. Инро ҳама медонад.

Дар овардани Алик ба директории мактаб ҳоҷӣ Соҳиб даст дорад. Аз шумо хоҳиш инро дида бароед. Раиси ҳозираи маҳалла амаки Алик мебошад:- Ҷомаҳмадов Азал. Хело инсони хуб ва ростқавл мебошад. Мо мардум аз ту розӣ. Чунки дар деҳа хеле ободӣ дида мешавад.

Мо занони ҳамин деҳа  аввалан аз шумо муҳтарам ҳоҷӣ Шодмон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пеши ин хел ҳақи мардумхурҳоро гиред. Шумо беҳтарин одами деҳа мебошед. Мо занони деҳа бовар дорем, ки шумо ба доди ин мардум мерасед.

Мо як идда занҳои деҳа ба ин хулоса омадем, ки як директори нав биояд, ки фарзандони моро саводу таълим диҳад. Аз дасти ин Алик бачаҳои мо бесавод мешаванд. Охир мо шавҳар надорем, касе ба мо кумак намекунад. Аз куҷо ончи талаб мекунад мо бояд пайдо карда диҳем. Худатон вазъиятро медонед ва огоҳед!

Дар ҳар маҷлис иштирок мекунем. Ба қарибӣ боз маҷлиси мо занҳо баргузор мегардад. Ку бубинем, ки чи мешавад. Агар ҳамин минвол биравад, дуздиҳои дигари Аликро ва баъзе афроде бо ӯ бударо ҳатман менависем. Акнун мо роҳи навиштани нома ба Ислоҳро пайдо кардем.

Нуробод

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон маълумот дар бораи раиси маҳаллаи деҳаи Сари қош Асоев Баҳриддин ва собиқ корманди амнияти ноҳия   бо номи Аваз мефиристам.

Асоев Бахриддин раиси маҳалла соли 2021 ба воситаи собиқ корманди амнияти ноҳияи Нуробод Аваз Носиров Шамсиддинро барои даъвати писараш ба хизмати ҳарбӣ ба кумитаи амнияти ноҳия даъват мекунанд. Гуё Шамсиддин писарашро аз аскарӣ паноҳ кардааст.

Шамсиддин Носиров ба кумитаи амният ба утоқи Аваз ворид мешавад. Аваз ӯро дашном медиҳад ва латукуб мекунад. Шамсиддин аз ҳуш меравад. Баъд аз лаҳзае ҳуш ба сараш меояд. Аваз аз Шамсиддин баёнот мегирад. Дар баёнот менависад, ки кормандони амният ба ман муносибати хуб карданд ва маро хуш пазируфтанд.

Бубинед, ки лат мекунанд аммо гиря кардан намемонанд. Мо инро мешунавидем вале акнун дар ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов бо чашмонамон мебинем. “Мезананд вале гиря кардан намемонандро”

Аваз Носиров боз Одинаев Абдуҷаборро, ки вай низ истиқомат кунандаи деҳаи Сари Қош аст ба кумитаи амният даъват мекунад. Ӯро ҳам барои писараш, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд.

Ин мардро дашном дода мегуяд ришатро рафта тарошу баъд ба идораи амният биё. Одинаев Абдуҷабор рафта ришашро метарошад ва боз ба назди Аваз меравад. Аваз ба Абдуҷаббор 3 рӯз вақт медиҳад, ки писаратро занг бизан аз Русия биояд ва аскарӣ равад.

Сабаби ҳамаи ин мушкилиҳо ин Асоев Баҳриддин мебошад. Ба воситаи Баҳриддин аз касоне, ки писаронашон синни даъват ба хизмат буданд 3 то 5ҳазор сомонӣ мегирифт.

Ҳар призив Аваз аз Кулоб пиёда ба Нуробод меомад. Дар як муддати кутоҳ соҳиби опели астра.ҷи шуд.

Бовар кунед, ки ягон корманди давлатӣ ба фоида халқ кор намекунад. Тамоми кормандони давлатӣ нафсашон пеш аз корашон аст ва ақлашон аз қафои нафсашон кор мекунанд. Ин хел рӯзи сиёҳ дорем. Арзу шикоятҳо бе фоида аст.

Масалан фарзандатро пеш аз он, ки ба синфи якум мебарӣ аввал бурда дар фирмаи Фароз пул месупорӣ ва аз духтур мегузаронӣ, баъд ба мактаб мебарӣ.

Ё ки писаратро хатна кунӣ дар фирмаи Фароз 260 сомонӣ месупорӣ баъд хатна мекунӣ.

Фарзандатро пеш аз онки ба ягон донишгоҳ дохил кунӣ аввал дар банк пул месупори. Як вақтҳо 270 сомонӣ буд. Аз имтиҳон мегузарад намегузарад пули супоридагиат возврат надорад. Ин маблағҳо ба куҷо ва ба кисаи кӣ меравад?

Ман ба худо қасам дар Тоҷикистон бисёр тамошо мекунам барномаҳои шуморо. махсусан барномаи «Номаҳо аз ноҳия»-ҳоро. Чунки ба воситаи ин барнома аз зиндагии мардуми тамоми ноҳияи Тоҷикистон бохабар мешудам. Аммо номерҳои шуморо намедонистам, ки чи хел биёбам. Он рӯз аҳамият додам, ки номерҳоят дар экран навишта мешавад.

Хусурбачаам ҳам шумро тамошо мекардааст. Ҳамин замистон 27000 сомонӣ ҷаримааш карданд.

Ҳамсинфи яке аз шиносҳоям дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур  кор мкард, баъд Агентии коррпусия гузашт. Ӯ ҳам тамошо мекардааст, лайк мемондааст, додписатса кардааст, қариб буд тюрмааш кунанд. Баъд бачаи қайсунгули Президент халосаш кард. Вай началники мубориза бо терроризми амнияти шаҳри Душнбе буд. Юсуф ном дорад. Ин ҳамсифни шиносам чи қадар вақт бекор гашт. Баъд бачаи қайсингили президент туғрӣ кард, дар амняти шаҳр кор мекунад.

Шиносам гуфт, ки ӯро  илтимос мекард, ки Муҳаммадиқболро тамошо накун, ки штрафат мекунанд, тюрмаат мекунанд. Мегуфт ман ба як азоб халос хурдам. СС. Ятимов мегуфтааст, ки дар корхонаи давлатӣ намоз нахонед, вақти кории давлатро дар намоз сарф накунед, намозатонро қазо кунед, аммо худатон ҷавобашро медиҳед дар пеши худо! Тавба.

Ҳамон Алии бедакиро дар хонаи тағои як дӯсти наздики падарам мепарониданд. Шоҳ-командир дар ин кор даст дорад. Ман бисёр корҳоро медонам. Рости гап мардумро беҳад чмо кардагианд

Обилурд мегуянд як қишлоқро, аниқтараш Обилурда ва якеи дигар Самсолиқ. Ин ду қишлоқро Эмомалӣ беҳад бад мебинад. Аз ин ду деҳа дар кишвари ҳамсоя бисёранд. Ҳозир дар сарҳаданд. Як нафар гуфт, ки як ҳамхизматам дар амнияти Рашт кор мекунад. Гуё Эмомалӣ барои овардани Муҳаммадиқбол бо Франсия шартнома мекардааст.

Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар  Мухаммадиқболи Садридин. Ман ҳамон сокини ноҳияи Рудакӣ мебошам. Сабаби дер карданам ин аст ки номаамро ба дасти фарзанди хурдиам ба Маскав равон кардам, то ба шумо расонад. Боз дар бораи ҳамон оилаи Шарипов Худойбердӣ

Якчанд кори раисро бо якчанд кори отааш, самбақаи калон инҷо қисса мекунам.

Нурмаҳмад Шаропович баъди онки навори якумаш нашр шуд, директори мактаби мо-Аҳтамро бо дастгирии Шаропов Аҳлиддини бародар, муовини раиси ноҳия ва бо ёрдами вазорати маориф аз вазифа озод карданд. Сабаб ин ки ӯ ба сатрбизнеси раис мониа мешуд. Як айнигиро оварданд ба вазифаи директори мактаб. Асадуллоев Саидакбар пештар дар мактаб ба ҳайси муаллими зоология кор мекард. Вақте дар мактаб бо муаллимаҳои аз шавҳар ҷудошудагӣ қапиданаш бо як синфи ҳашт ӯро аз мактаб озод карданд. Аммо як муъҷиза руй дод, ӯро оварданд. Савол, барои чӣ?

Барои онки чизе Шаропов Худойбердӣ мегуяд ҳамонро иҷро мекунад.

Як кори директор ин аст ки замини пушти беморхонаи Набиро бо ëрдами муовини раиси ноҳия Шаропов Аҳлиддин гирифта замини шахсӣ ва наздиҳавлигӣ карданд. Як-ду сол пас мефурӯшанд. Мисли ферма ва майдони футбол, тоқат кунед, мебинед.

Сину солам ба ҷое расидааст. Ман қуввати мубориза кардан надорам. Лекин агар гап назанам Аллоҳ рӯзи қиёмат забони моро аз ҳалқам мекашад. Ба ту як тавсия медиҳам додарам Муҳаммадиқбол! Ҳеҷ гоҳ руҳафтода нашав. Агар ҳиҷ чизе карда натавонистӣ қарзи виҷдонӣ ва инсониатро адо карда истодаӣ. Раҳмат, ки номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо 152» ҷо дода ва хондед. Бовар кунед, ки ин барномаи шумо хеле барномаи ҷолиб аст. Мисли тир бар ҷигари Раҳмонов мехалад, шикоф мекунад, аммо илоҷ надорад, ки пеши роҳи онро бигирад. Пеши роҳи шуморо бигирад гуфтанӣ ман ба ин маъно аст ки пеши роҳи халқро гирифта наметавонад. Халқ ба шумо менависад, Раҳмоновро аламаш мекунад, рашкаш меояд. Чи қадар муаллифи номаи навиштаи маро кофтанд. Аммо худоро шукр наёфтанду намеёбанд ва инак боз барои шумо менависам.

Ислоҳ барои мардум хеле заҳмат кашида истодааст. Раҳмати калон ба шумо аз мо мардуми оддии кишвар.

Баъди нашри номаи ман дар шумораи 152 чи корҳо шуд?

Якум шуи зани раиси маҳалла Фирӯзи амниятро перевод карданд аз амнияти Каратегински ба ноҳияи Ғончӣ. Раҳмат ба шумо.

Дуюм участковий, домоди акаи Худойбердиро перевод карданд ба Охтоқ.

Сеюм дар дари масҷид милисаҳои давраи 91 гуфтаи Раҳмонов дигар нест. Танҳо дар  ҷумъахонӣ ҳастанд.

Раис навбати ту ҳам мерасад. Бовар кун як рӯзи ҷумъа гузаштам, раиси маҳалла намози ҷумъахон шудааст. Ҷумъахони раис, корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: «Раис намоз хондесӣ?» Ба худо қасам хурдааст, ки бетаҳорат будам, субҳоналлоҳ. Умеди муовини раиси маҳалла, ту дар пеши магазаини мулло бисёр нашин. Баъди навор се рӯз дар пеши ман шиштӣ, ту говӣ, ки намефаҳмӣ. Гуфтам ку намеёбӣ. Беҳуда туро кличаки пашшаг..й намонданд. Бузи раис ва ҳаромхури Роҳатиӣ.

Директори мактаб бо раиси маҳалла беморхонаро аз замини мактаб ҷудо карда шахсӣ карданд, айни замон таъмир рафта истодааст. Ман, қасам ба Аллоҳ на ба Худойбердӣ мушкили хусусӣ дорам ва на ба дигараш.

Ин гушнаҳо баъди навори Ислоҳ мошинҳоро иваз карданд. Мошини Худойрбердӣ Лексуси рақами транзит к 0693, мошини раиси маҳаллла Нурмаҳмад 0003sm10 Тойота прадо ҷип

Мошини муовини раиси маҳалла Лексус 570.Писараш Шарипов Билол соли гузашта туй кард. Бо Ҷип мегардад. Танзим барои камбағалҳо аст. Ин расвоие, ки дар туй шуд, дар ягонҷои дигар нашудааст:

Якум беномуси Худойбердӣ, ин ки ҳоҷӣ бибӣ ҷураҳои писари калониашро дар пеши ин беномус палақ палақ мисли зану шу мучак мекунад, истодааст, мисли ҳайкали Исмоили Сомонӣ. Ин ҳолатро ба чашми сар дидам, ҷавониам ба ëдам омад. Лекин гап калон мешавад. Ин мардум боз мегуянд, ки ман хусумати шахсӣ дорам. Барои ҳамин хап кардам дар ин масъала.

Аз мардум пули калон ҷамъ кард. Дар замини мактаб беморхона сохт. Мардум диданд, ки намехезад дигар пул надоданд.

Аз сабабе, ки мо як деҳаи калон надорем беморхонаро дар замини мактаб сохтанд. Ана инро мегуянд, ки «Тоҷикистон ба пеш». Бинанд, ки чи ҳолу чи аҳвол аст. Беморхонаи мо аз чор ҳуҷра иборат аст. Якумаш раздевалкаи духтурҳо.

Дуюмаш ҷои духтури дандон. Сардухтур Ваҳҳоб кор мекунад. Сеюмаш духтури занона. Мо буду шуд ҳамин қадар беморхона дорем. Беморхонаи давлатиро Худойбердӣ бо раиси ҷамоат Шодӣ ба Ширин фурӯхта буданд.

Ин раиси маҳаллаи Роҳатии калон бо ду шарикаш Мансур Салимов кассири масҷид ва бо Умеди паша…ой бизнеси нав кушоданд:

Пули обуна

Ба гуфти раиси маҳалла масҷидро18000 сомонӣ маҳалларо 22000 сомонӣ мактабро ба 20000 сомонӣ бор бастаанд, гуё қарори ҳукумат будааст. Эй муред ҳамаатон ба ҳамин ҳукуматати гадоятон.

Раис пешдарои масҷиди ҷумъахониро бо ҳамроҳии азонгу Қиëми Каримбой хонабахона мефиристад ва пешдарои масҷид меравад ва боз дар намоз дар ҳамин мавриди обуна насиҳат мекунад, ки ин ҳатмӣ аст. Аз сари муаллимҳо шуъбаи маориф400- 500 сомонӣ барои обуна аз маошашон мегардонад. Худи ин бечораҳо чи қадар маош мегиранд? Эй, аблаҳ гуй, ки ман аз нигоҳи ислом бесаводам

вале саводи дунёӣ дорам. Бобои эшон як насиҳат. Ин қадар, ки аз хонаводаи Худойбердӣ метарсӣ, агар аз Аллоҳ метарсидӣ дар ҷаннутулфирдавс мегаштӣ.

Шумо динро фурӯхтед. Ин Худойбердӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ писари муҷоҳид буд. Аммо ин дертар тарафи ҳукумат шуд. «Ман худам бо чашми сар дидам домоди Кароми мантиëра кати бачаш чихел дар кумурхонааш афтамтоша буҷо кард, бадан ба ҳоҷатхонаш партофт».

Барои свети набудӣ ин раис аз ҳар магазин 300 сомонӣ ҷамъ дорад. Ҳар моҳ сари касӣ барои об аз маҳалла 20 сомонӣ мегирад. Боз шаш моҳ пас оби мардумро қатъ мекунад. Боз мегуяд, ки пули миробро бояд ҷамъ намоем.

Як пули туйи духтар 500 сомонӣ, яъне иҷозат барои туй. Туйи писар 1000 сомонӣ. Ин баъди нашри навори «Ислоҳ»? худоро шукр ин ҳам як осонӣ бароямон шуд. Қабл аз нашри Ислоҳ аз ин ҳам пули бештар мегирифт.

Фархор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз дохили Фархор номаро бар шумо равон мекунам. Дарди дили як бародар аст. Гуфт ин дунё сахт бевафо будааст. Ман пурсидамаш барои чи ин гапро мегуӣ? Гуфт, ки дузду ғар бошӣ дар роҳат ҳастӣ. Гуфт, ки ҷамоати Дарқад роҳаш вайрон, касе аз ҳукумат парво надорад, ки мардум инҷо дар чи аҳвол аст. Боз дар ин ҷамоат дуздонро раис мондаанд. Барои мисол Алишер Неъматов аз ҳисоби дуздиаш маҳбас шуду боз дар ҷамоат ба ҳайси муовини раис кор карда истодааст. Аҷаб ҳукумату ҳукуматдорӣ!

Боз як кори дигари аҷибашонро гуфт. Ба номи Искандар раиси заминҳои Ҷайралӣ будааст. Замини зиёди беҳуҷҷат доштааст, ба давлат налог намедодааст. Барои онки ин заминҳояш самозахват будааст. Ӯро ягон мақомот ягон кор карда наметавонистааст. Барои онки бародараш ҷияни Маҳмадсайид Убайдулоевро гирифтагӣ будааст. Додараш бо ҷияни Убайдуллоев авария карда мурданд. Ҳозир медонем, ки Убайдуллоев дигар дар вазифа нест. Гуфт, ки як мардро бачаҳои ҳамин Искандар зада куштанд. Қотили асосӣ Ёқуб ва Бунёд мебошанд. Аммо инҳоро маҳбас накарданд. Чунки пуштибони додараш домоди Маҳмадсаид Убайдуллоев буд ва инро соҳибони мурда медонистанд. Соҳибони мурда медонистанд, ки даъвояшон беҳуда аст. Ин корро баъд Искандар ба гардани худаш гирифт. Боз занаш мақомотро мегуяд, ки куҷоро нигоҳ мекунед? Одамкушҳои солҳои 1996 ро мекобеду аммо қотил дар пеши чашматон ҳаст гӯйё ӯро намебинанд. Мегуяд, ки агар мақомоти рост бошанд, раванду бисанҷанд ҳолати куштори акаи Содиқ ва заминҳои бедокументашро. Аммо ин шикоятҳоро дар куҷо гӯем ҷуз Ислоҳ?

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №202 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№190
Ҳаёт дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ мечархад. Оромишу амнияти сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ ба воситаи заҳматҳои тоқатфарсои онҳо таъмин аст. Аммо онҳо ба ватан бозгашта бо чи вазъу ҳоле ва шароите рубару мешаванд. Инки онҳо 6-7 моҳ дар Русияву Қазоқистон мардикорӣ мекунанд ба ватан баргашт ба он панҷ –шаш моҳ, ки дар назди аҳлу оила меистанд, истироҳат мекунанд, дам мегиранд? Ва ё инки онҳо ҳануз по дохили кишвар нагузошта дучори мушкилу ҳазору як таҳқиру озор қарор мегиранд? Ҳамаи ин вазъиятро яке аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки мегуяд имсол ба ватан баргаштанӣ нест, дар номааш тасвир кардааст:

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ин номаи ман аз саргузашти худам ва ба монанди худам ҳазорҳо муҳоҷирони Тоҷикистон ҳикоят мекунад.

Ман ҳар сол моҳҳои октябр- ноябр ба хона мерафтам. Аммо соли ҷорӣ рафта наметавонам. Вазъиятҳо беҳад вазнин аст. Ду сол аст ки вазъияти тоҷикони Тоҷикистон безеб. Ҳамон сол омадам ҳуҷҷат карда натавонистам, бо он сабаб, ки ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам.  Соли гузашта ман 5 ноябр хона рафта будам. Рафтан замон яъсу ноумедӣ ва ғам дар дилам ҷо гирифт. Аз фурудгоҳи Душанбе сар шуд. Кормандони аэропорт, гумрук, сарҳадбонҳо, милиса, ҳар кадоме чашмонашон ба киса ва дасти мо-муҳоҷирҳо аст.

Мегуӣ, ки дар ин дунё мардуми Тоҷикистон барои зулму беқадрӣ халқ шуда бошанд. Ҷавонҳое, ки дар сини даъвати низомианд, болои онҳо тамоман зуму ситам ҷорӣ аст. Мегуӣ, ки аэропорт военкомат шуда бошад. Аз ҳар кадоми онҳо 10.000 рублӣ гирифтанд. Пурсу поси беҳудаву бемаънӣ, саволу ҷавобҳои бемаънӣ. Хона рафтам свет нест. Қарзи пешинаи бонкро маҳкам кардам.

Дар дастам 15ҳазор сомонӣ доштам. Гуфтам то баҳор, моҳҳои март мерасад, не нарасид. Нархи кумуру продукта гарон. Як моҳ нашуда15 ҳазор сомонӣ ҳиҷчӣ нашуд. Боз қарз гирифтам аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон, бо %-и баланд, 20%.5 моҳ истодам, не свет, не баракат, не адлу инсоф. Инсонҳо беҳад бераҳму бе инсоф шудаанд. Мегуям чаро инхелин мекунед? Мегуянд, ки чи кор кунем? Моро аз ҳама тараф зулм мекунанд: аз налог, аз суду прокуратура, тамоми органҳо. Шояд шумо бовар накунед. Ба номи Аллоҳи меҳрубон қасам. Ҳама тарафа зулми сахт аст. Ягон ҷое нест, ки бе ришваву фасод бошад. Мардум гарангу гумроҳ, ранги гову гуспанд шудаанд. Не либоси хуб мепушанд, не дар ишкамашон чизи хуб мехуранд. Ба ҳамин зиндагии паст омухта шудаанд. Сар боло намекунанд. Ин мақомдорон то луқмаи охирони мардуми камбағалро гирифта мехуранд. Мегуӣ, ки халқро ҷоду карда бошанд, нони хурдан надоранд. Ба мисли гову гуспанд шудаанд.
Хато накунам15 январ буд, соатҳои 22. 00.Свет мурад ман хоб меравам. Соати 23 20 буд, ки дарвоза тақ- тақ шуд. Баромада мебинам зани ҳамсоя. Ҳомила асту гиряву нола карда мегуяд, ки ба шавҳараш занг занам, биёяду роддом барад. Занг зада намешавад, свет нест, дар телефон ягон антенна нест. Ман симкорти Тселл доштам, мавҷ надошт. Телефони оилаамро гирифтам, симкорти Мегафон буд. Вай ҳам антенна надорад, занг зада нашуд. Свет мурад, телефонҳо ҳам аз кор мемонанд, чунки мавҷ нопадид мешавад. Давида баромадам дар қади роҳ мошин ёфта ин зани ҳамсояро бо ҳамроҳии зани худам ба таваллудхона бурдем. Таваллудхона хунук ва дар инҷо ҳам барқ нест. Духтури роддом омад, пули касаро супор гуфт. Ман пурсидам, ки касса кор мекунад? Гуфт, ки не, ба ман деҳ, ман месупорам гуфт. Он қадар баҳузуру бепарво буд, ки гуфтам «эй тез боше, ин зани ҳомила азоб кашида истодааст». Аммо  парво  надорад. Гуфт, ки чи кор кунам, ба ман фарқаш нест. Пулро деҳ гуфт ва 800 сомонӣ гирифт. Ва боз гуфт, ки пули хизмати моро ҳам деҳ — 500 сомонӣ. Баъд мо корро сар мекунем гуфт.

Ман гуфтам чаро ин қадар қимат? Гуфт шумо тоҷик мӣ? Ҳа, гуфтам. Хандида гуфт, ки нарх ҳамин хел аст. Хайрият, ки дар дастам пул буд. 1300 сомонӣ пулашонро додам. Баъди ду дақиқа медсестра омада гуфт, ки «Ака сивет нест, пули дивижока тиед, бе сивет чихели мешад?». Боз 200 сомонӣ гирифт.
Ман мард. Бо либоси ғафс дар ин роддом хунук хурдам. Ин бечора занҳои ин кудакон чи холи баде доранд? Нозу нағма карда ҳамаи пулҳоро гирифта боз қарздор кард. Соати дуи шаб таваллуд кард. Ин зани ҳомиларо разрив карда қариб куштанд. Зани бечораро азоб доданд. Зан мегуяд, ки чаро ин қадар дард додед? Ин кудаки сеюмам, чаро разрив кардед. Шавҳараш омад бо онҳо ҷанг шуд. Ба ин духтурҳо нигоҳ карда гуфт, ки тарафи шавҳари зани ҳомила шумоҳо узбек мӣ? Чаро барвақт нагуфтед? Маро пурсид, ки «Ака чиба барвақт нагуфтӣ мо узбек»? Ман гуфтам, ман тоҷик ин ҳамсояи ман узбек. «Э,гуфтан даркор буд», гуфта кабинет даромад.
Хулосаи гап ҳамин, ки ҳолати хуб нест дар Тоҷикистон.

Ман имсол намеравам. Имсол аз соли пешина бадтар шудагӣ. Мехоҳам равам пеши падару модарам, пеши зану фарзандҳо, дилам гум мезанад. Лекин рафта наметавонам. Медонам ризқдиҳанда Аллоҳ аст. Аммо дар ин шароити баде, ки дар ватан дорем таъмин карда наметавонам. Боз нархҳо гаронтар шудааст. Як кило гушт 95-100 сомонӣ. Дар Маскав ҳам гаштану кор кардан осон нест. Ба мисли муш ба ҷо шуда мегардем. Осон нест. Лекин ҳамин вагоне, ки мо хобем аз ҳамон шароити Тоҷикистон  хубтар аст. Агар ман равам аз аэропорт гузаштанам гарантия нест. Дар ҳама ҷо тоҷикон азоб доранд, ба дастуру ҳидоятҳои пешвои миллат. Дар атрофи ман бачаҳои тоҷик бисёранд, 100 мушкилӣ доранд. Гоҳе вақтҳо ба худ мегуям чаро ин ҳама мушкилиҳову ғаму андуҳ барои мо бошад? Наход чунин ҳолат як ҳаёт идома ёбад? Тоҷикистон конҳову канданиҳои фоиданок зиёд дорад, обу ҳаво ва заминҳои корами хуб дорад. Мо агар аз ин ҳама неъматҳои худо дода ба манфиати мардум ва давлат дуруст истифода кунем, тамоми халқи Тоҷикистон ободу серу пур мешавад.

Аммо Раҳмонов не сиёсат ва не иқтисодро дуруст ба роҳ мондааст. Конҳо ва канданиҳои фоиданокро ба Хитой бо шартномаҳои камарзиш ва шубаҳовар додааст. Ман аз пеши худ чизе намегуям. Чизеро, ки ман дидам ҳамонро  мегуям. Масалан кони ангишти Қаратоғ, Ҳакимиро ба хитоиҳо кор мекунанд. Хитоиҳо ангишти худи моро ба худи мо мефурӯшанд ва бизнес карда истодаанд. Ман пурсидам аз як хитоӣ. Гуфтам шумо чи кор мекунед ин ангиштро? Гуфт барои мо ангишт лозим нест. Мо дигар чиз кофта истодаем. Гуфтам ин чи чизи қимат аст? Гуфтан мумкин не, гуфт ва афзуд, ки бе ин ҳам шумо тоҷикҳо намефаҳмед. Агар шумоҳо донед, ки мо чи мекобем, худатонро намебахшед.

Данғара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Данғара ҳастам. Як рӯз дар як суҳбате нишаста будам. Дар ҳукумати Данғара кор мекунам. Мутахассиси ҷавон. Ҳамсуҳбатон байни ҳам гап мезаданд. Яке як нафараш гашту гуфт, ки

Мансур Умаров дар тамоми зиндонҳо ва СИЗОҳо магазин ҳуй кардааст. Ёдатон бошад Анвари таможнийро қапида буданд, шогирди Исломи домоди Нуриддин, Ислом Ҳурматов буд. Ӯро барои 19 ҳазор доллар пора қапида буданд. Вақте аз зиндон мебарояд, чуноне нақл карданд, ба дараҷае криса будааст, ки сосискаҳояшро пупанак задааст, аммо ба касе намедодааст, ки хуранд. Вайро Иззат Шариф-Зоро меқапад. Дар зиндон ҳама як тика нонашро бо ҳамроҳҳояш мехурад, аммо ин криса сосикаҳояшро баҷоӣ мехурдааст.

Ҳозир ҳамин Анвар мағозаҳои Мансур Умаровро идора мекардааст. Як арсикола дар берун 10 сомонӣ бошад дар он мағозаҳо 17 сомонӣ будааст. Пули ин маҳсулотро тюремшикҳо ба счети Анвар мегузаронидаанд. Ҳозир Анвар яке аз одамҳои асосии Идораи зиндонҳо –Мансур Умаров шудааст.

Дар ин суҳбате, ки иштирок доштам гап дар бораи Ҳамрохон Зарифӣ ҳам рафт. Як вақт овоза шуда буд, ки ӯро ҷавоб доданд. Дар ҳақиқат шаш соат ҷавоб додаанд. Бегоҳ ҷавоб додаанду саҳар омада боз бурдаанд. Ҳозир ҳам дар ИВС аст. СИЗО набурдаанд. Ҷамшеди домодашро ҳам доштагӣ будаанд. Дар ИВСи Фирдавсӣ. Вайро аз Япония овардаанду Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз Русия. Ба гуфтаи ҳаминҳо М.Убайдуллоевро ҳам панҷ рӯз шинонида будаанд.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Зери сарлавҳаи «Нуробод: Беморхонаи беоб ва ваъдаҳои дуруғ» дар сомонаи нашрияи «Фараж» аз 19.10.2024 мақолаи мухбири махсуси газета Саиди Ҳайдарро хондам. Ин мақоларо хондаму тасмим  гирифтам, ки онро ба шумо ирсол намоям то дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед. Чаро ман чунин тасмим гирифтам? Барои онки ман навиштаҳои «Ислоҳ»-ро ҳамеша мехонам. Аз ҷумла ин матлаби шуморо: «Диаспора: «Ин боиси ифтихор аст ки пешвои муаззами миллат як шаб дар ноҳияи Нуробод истоданд»,ки чанде пештар чоп шуда буд ва дар он чанд нафар аз лесакону тамаллуқкорон аз пешравиҳо дар Нуробод лофу газоф мезаданд ва худи Раҳмонов ҳам болои ин мардум миннат мегузошт, ки ман бароятон беморхонаи замонавӣ сохтам.

Аммо ҳоло ба мақолаи нашрияи Фараж таваҷҷуҳ кунед, ки хабарнигори он дар бораи Нуробод ва махсусан беморхонаи он чи менависад? Фараж бо ин навиштааш ҳама суханҳои Раҳмонов ва он чоплусро бо факту далел  рад кардааст:

«Асоси пешрафти иқтисодӣ барои Тоҷикистони азизи мо, ки 93% ҳудудҳои маъмурии онро кӯҳсорон ташкил менамояд аз энергияи сабз, яъне нерӯгоҳои барқи обӣ вобастаанд. Дар рӯди пуртуғёни Вахш бо пешниҳоди Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқӣ – обӣ Сангтӯда – 1 ва Сангтӯда – 2 аз тарафи давлатҳои Эрон ва Русия бунёд карда шудаанд вале ин барои миллати тоҷик басанда набуд.

Ин боис шуд, ки давлати Тоҷикистон тасмим гирифт то сохтмони калонтарин ва пуриқтидортарин нерӯгоҳи барқии Роғунро, ки дар замони Шӯравӣ сохтмонаш оғоз гардида буду аз сабаби ҷангҳои дохила мутаваққиф шуда буд, аз нав идома диҳад. Дар доираи ин лоиҳаи бузурги тақдирсоз, бояд деҳаву шаҳракҳое, ки оянда зери об мемонданд, кӯчонида мешуданд. Ҳамин тавр, қисмате аз деҳаҳо ба ноҳияи Данғара, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шуд. Марказӣ маъмурии ноҳияи Нуробод бошад, дар доираи ин лоиҳа 25 километр болотар, дар мавзеъи Дарбанд сохта шуд, ки меъмор ва бунёдгузораш маҳз Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва инфраструктураи лозима хароҷот карда шуда, аз мавзеъи Сари қош, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 11 километр дуртар ҷойгир мебошад, тариқи чоҳҳои амудӣ об бароварда шуд. Вале маҳз аз сабаби фориғболии масъулини дахлдори ноҳияи Нуробод ва идораи обу корези он оби Сари Қош давоми 10 соли охир аст, ки ба маркази ноҳия омада намерасад ва мардум тариқи захира намудани оби барфу борон дар кӯлҳои сунъӣ,  худро то як дараҷа бо оби ошомиданӣ таъмин менамоянд. Гузашта аз ин, дар Беморхонаи Марказӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, давоми 10 соли охир беморон худашон обро дастрас менамудаанд. Ба гуфтаи сокини деҳаи Кабутҷари ҳамин ноҳия, ки номи худро Сунатулло номид, ҳамарӯза ба миқдори 40-50 литр об барои фарзандаш, ки дар ин беморхона табобат мегирифтанд, аз деҳаи дурдаст об меовардааст. Сунатулло аз табобати духтурон басо розӣ аст, лекин аз масъулини дахлдори ноҳия норозигии ҷиддӣ намуд ва саволеро пеши рӯ гузошт:

«Оё дар ягон ҷо беморхонаи беобро дидаед?». Ба гуфтаи бародари шафқати беморхонаи марказӣ Ҳайдаров Маҳмадсобир, беш аз 10 сол боз дар беморхонаи маркази ноҳияи Нуробод ва марказӣ саломатии он об нест.

«Новобаста аз надоштани оби нӯшокӣ мо тариқи бочкаҳову зарфҳои ҳаҷмашон гуногун аз масофаи дур тариқи дасти ба беморхона об меорем  ва ба ин мушкилот нигоҳ нокарда фаъолияти пурсамар дорем»—  гуфт Ҳайдаров Маҳмадсобир.

Муовини сартабиби маркази саломатӣ Ғафуров Фарҳод низ гуфтаҳои Ҳайдаровро тасдиқ намуд.

Дар таърихи 11-уми сентябри соли 2024, Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаи дигари таъминоти оби нӯшокии Шолидараи ноҳияи Рашт – шаҳраки Дарбанд маркази маъмурии ноҳияи Нурободро ифтитоҳ намуданд, ки аз масофаи 14 километр оби пиряхҳои баландкӯҳи Шолидара тариқи қубурҳои металии қутрашон 273 ба шаҳраки Дарбанд меояд, вале аз чӣ сабабе бошад, ки ҳамагӣ баъд аз 3 соати кушода шудани ин хати оби нӯшокӣ,  об худ аз худ гум шуд, ва то ба имрӯз (1 моҳу 4 рӯз) аз он хабаре нест.

Гарчанде, ки милионҳо сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ барои овардани об хароҷот шуда бошад ҳам дар Дарбанд об нест. Танҳо дар соли 2024 дар ин ноҳия 348 га заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истеҳсоли картошка 19%, тухм 29% ва пилла 35% нисбати солҳои қаблӣ кам истеҳсол гардидааст.

Аз раис ва масъулини дахлдори ноҳия пурсида мешавад, ки кай онҳо ба ваъдаҳои додаашон вафо хоҳанд кард?»

Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Айнӣ бароятон менависам.

Ман мехостам дар бораи ҳоҷӣ Фируз — Фируз Сайфулоев, директори кони Ангишти Фон -Яғноби Айнӣ маълумот диҳам. Ин маълумоти мухтасар аст. Ҳоҷӣ Фируз ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев –шавҳари Озода Раҳмонова, духтари Эмомалаӣ Раҳмонов аст. Ҳоҷӣ Фируз корро аз ширкати алюминийи тоҷик сар кардааст. Кораш фақат дуздӣ тавассути Ҷамолиддин Нуралиев аст. Вай ба ширкати алюминий тоҷик бор оварда онро даҳчанд дар болояш пул монда аз корхона пулро мегирифт. Чанд муддат онҳо ҳамин хел пул кор мекарданд. Ягон даҳ сол ҳамин гуна пул кор карданд.

Оҳиста -оҳиста Фируз Сайфуллоев яъне ҳоҷӣ Фируз  ба бизнеси калон гузашт. Тамоми заминҳои гирду атрофи Турсунзодаро бо роҳи зурӣ ғасб карда гирифтанд ҳамроҳ бо Ҷамолиддин Нуралиев. Дар деҳаи Қаратоғ барои Ҷамолиддин Нуралиев бустонсароҳо сохт. Ва фақат ба айшу ишрат машғуланд. Ҳоҷӣ Фируз аз ҳисоби маблағҳои дуздидааш дар Туркия хона харидааст. Духонагӣ. Гоҳ-гоҳ ба Ҷамолиддин дар онҷо мулоқотҳову вохуриҳо ташкил мекунад. Дар онҷо чи нақшаҳое мекашанд. Онҳо онҷо бизнеси худро доранд. Ҷамолиддин чандин бор ба Фируз аз номардиҳои Эмомалӣ Раҳмонов ҳам гап задааст.

Фируз Сайфулоев бо Узбекистон ҳамкории зич дорад. Ангиштро ба Узбакистон мефурӯшад. Аммо қисми зиёди пулҳо тавассути Туркия ба суратҳисобҳои офшории Ҷамолиддин Нуралиев ворез мешавад. Ду соли пеш ҳоҷӣ Фируз бо кури Кабир қудо шуд. Ҳоҷӣ Фируз ҳам барои Озода Раҳмон кор мекунад ва ҳам барои Ҷамолиддин Нуралиев. Офисаш бошад дар маркази Рудаки -плаза дар ошёнаи 9 аст.

Додарони Хоҷӣ фируз  Фурқат Сайфулоев ва Суҳроб Сайфулоев бисёр бачаҳои беодоб ҳастанд. Хеле аз духтарҳоро бадном кардаанд, бисёр заминҳоро ғасб карданд, ягон касро гуш намекунанд. Фақат аз номи Озода Раҳмон кори худро бо роҳӣ зурӣ пеш мебаранд. Дар он бустонсроҳо-гаремҳои росткардаашон дар деҳаи Қаратоғ ҳар рӯзи шанбеву якшанбе духтарҳои зиёдеро оварда корҳои зишт анҷом медиҳанд. Мутаассифона, ҳоло вазъият дар мо чунин аст.

Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман боз дар бораи  яке аз эшонҳои Қубодиён мегуям. Ин нафар эшони Рустам, бародари эшони Муҳаммадёқуб ё ки Аюб аст. Аммо вай ба ҷавори ҳақ пайвастааст. Худо гураш дар бигирад, ки мардумро беҳад зулм мекард. Як заминро ба 3 -4 нафар мефурухт. Аз мардум 10 -20 ҳазор доллар қарздор буд. Вақте мемурад, мераванду мардумро мегуянд, ки бубахшедаш. Ва ҳатто ба баъзе аз қарздорҳо таҳдид мекунанд, ки ба амният медиҳамат. Кадоме дар хобаш мебинад, ки дар оташи дузах сухта истодааст. Мегуяд, ки «бра бародари мана Муҳаммадюба бгуш, ки ман барои қарзидорим дар дузах сухтайсам, қарзома бтиян, ки худованд мана раҳм кунад».Меояд мегуяд, ки ман ҳамин тавр хоб дидам. Ин суханро махсус ба Маҳмадаюб мегуяд. Маҳмадаюб меуяд, ки «э, бра гумша ,ки ман худам ай муи сарам зиëд қарзидорам».

Эшони Маҳмадёқуб ва эшони Лайс ҳозир роҳбалад дар ҳаҷанд. Баъди нашри нома эшони Маҳмадёқубро давлений задаст, дар бемористон хоб аст. Бемор аст.

Инҳо ҳамаашон круглий стол доранд. Дар хонаи Маҳмадёқуб ҳамаашон ҷамъ шуда маслиҳат мекунанд, ки  боз киро ба амният фурӯшем, пул кор кунем ва киро ғам диҳем. Эшони Лайс боз роҳбалад шудааст. Кадом роҳеро дар деҳа маҳкам кардаст. Э,Лайс аввал роҳро ҳуй кун, баъд зиëрати хонаи худо рав.

Бовар дорам, ки эшони Маҳмадёқубро дуоҳои мардуми мазлум гирифтагӣ аст. Вале боз дар масҷид мардум дар ҳақаш дуо карданд, ки соз шавад. Аммо ман бовар дорам, ки ин дуоҳо руякианд, аз таги дил нестанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№190  появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №164
Нишастҳои хабарии мақомоти масъули Тоҷикистон ба анҷом расид, аз ҷумла мулқоти рубаруи масъулини вазорати дохилаи Тоҷикистон. Дар нишасти навбатии вазорати дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, ки ҳам шоиру ҳам драмматург аст ва бо тахаллуси Ниҳонӣ мадҳияҳои зиёде дар васфи Раҳмонов навиштааст ширкат надошт. Вай шояд дар таътил буд, шояд дар ягон сафари хидматӣ.

Аммо Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков ин нишастро гузаронд. Вале дар суолҳои рузноманигорон посухҳои мушаххас ва қонеъкунанд надод. Масалан ҳамин ҳодисаи куштори занҷираии дар соли ҷорӣ дар Конибодом рухдодаро тавре посух дод, ки мардуми одиро қаноат дода натавонист. Номаи аввали ин нашри барнома бо ҳамин масъла марбут аст:

Конибодом
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Зиёд гапро кашол намедиҳам, мағзи гапро мегуям. Гуфтаниам, ки Абдураҳмон Аламшозодаи муовини вазири дохилӣ руяшро сиёҳ мекунад. Гуфт, ки ду оилаи аз 7 оилаи кушташуда дар Конибодом аз муноқишаҳои оилавӣ кушта шуданд. Вай ин ҳодисаҳоро «қатлҳои муқаррарӣ» гуфт. Ин муовини вазир 100% дуруғ мегуяд.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва СС.Ятимов, раиси КДАМ ҳам инҷо омада буданд. Ду ҳафта зиёд дар ҷои мо интернет набуд. Агар ин муноқишаҳо ва ин кушторҳо муноқишаҳои дохилӣ мебуд, ҳама гапро руирост мегуфтанд. Онҳо чизеро аз мардум пинҳон карда истодаанд. Ягон вақт чунин ҳодисаҳо дар Конибодом  руй надода буд, ки тамоми аъзои хонаводаҳо кушта шаванд. Ин қатлҳои муқаррарӣ нестанд.

Худи Абдусалом Тухтасуноғлу, раиси Конибодом гапи Юсуф Раҳмонро такрор кард ва охирон номаи чопкардаи шуморо  истифода бурд.

Палатаи ҳисоб дар нишасти охири матбуотиаш ҳамин чанд рузи пеш эълон кард, ки дар Конибодом маблағҳои зиёди буҷҷавиро аз онҳое, ки дуздидаанд,ошкоро ва қисми зиёди онҳоро ба давлат баргардонд. Аммо чаро ном нагирифт, ки ин кадом корхонаву муассиса аст ва оё Тухтасуноғлу ҳам дар ин ҷиноят шарик аст ё не? Чунки Тухтасуноғлу худро Пешвои муаззами Конибодом муаррифӣ мекунад.

Дар бораи номаҳои аз Конибодом ирсолшуда чи бигуям? Дар бораи Ҷалиловҳо   бекор нанавишта будем. Бояд менавиштем. Як нома дар бораи кланашон равон карда будам 5 руз пеш.

Ман боз такрор мекунам, ки бовар накунед ба Аламшозода. Ин Раҳмонов барои ошкор кардани номанависҳои конибодомӣ, ки ба isloh.net менависанд $10,000 доллар ҷоиза муқаррар кардааст, боз рутбаи нав, то ин ки милисаҳо ҳавасманд шаванду онҳоро биқапанд.

Чизи дигар, ки фаҳмидам ин аст, ки ба Ҷалилов номаҳо сахт таъсир мерасонад.Вале вай мардумро задагӣ.Бояд дар борааш боз ҳам бинвисем. Ман шахсан маълумот ҷамъоварӣ карда истодаам.

Вақте дар мақолаи «Раҳмонов наё Ғарм» як ҷумла дар бораи Ҷаббор Расулов хондам гирям омад. Онҳоро бо Эмомалӣ Раҳмонов муқоиса кардан мумкин нест.

Ман дар ҳукумати Конибодом кор мекунам. Метавонам дар бораи мансабдорони порахури ин ноҳия навишта фиристонам. Ин корро дар оянда хоҳам кард.

Ако ин номая нашр кнен ҳамаги маълумот буд. Саломат бошед.

Дар алоқа ҳастем бародар. Бег Сабур интернет дод

Охирин хабар ин аст, ки Раҳмонов ба наздикӣ Конибодом меомадааст. Барои мавриди истифода қарор додани роҳ. Аммо таърихаш маълум нест. Вале аз ҳамин ҳоло Тухтасуноғлую Қофлонбой дар тапартапар даромадаанд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Ончи, ки ман мегуям, шояд барои бисёриҳо қобили қабул набошад. Худамро муаррифӣ намекунам. Аммо он чиро, ки тавассути сайти шумо гуфтаниям, мегуям. Нашр мекунед ё не ин ҳам ихтиёри шумо аст.

Раҳмонов ва оилааш ба ин умеданд, ки агар ягон хезохези мардуми шавад, мақомот пеши роҳашро мегирад. Ё, ки армияро мехезонанд. Ҳозир дар қисмҳои ҳарбӣ ягон захира нест. Ҳама сумҳо барои захира ба зимистонро ҳам оилаи Раҳмонов медуздад. Боз вазир ва командирҳои қисмҳои ҳарбӣ муваззафанд, ки таъмин кунанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ қашшоқӣ ва гушнагӣ ҳукмфармо аст.

Маоши корманди КГБ зури зур 3000 сомонӣ, ки ҳеҷ чиз намешавад. Мақомот дар вазорати мудофаи 123 миллион сомонӣ зиёд камбуд ёфтанд. Фикр мекунед, ки ин пулҳоро кӣ медуздад? Гуфтанд, ки 52 кас барои ин пулҳо дастгир шудаанд. Ман бовар дорам, ки сад каси дигарро ҳам дастгир намоянд, аммо дуздони асосӣ дар озодӣ мемонанд. Чунки дуздҳои асосӣ хешу табор ва одамҳои наздики худи Раҳмонованд.

Аз руи баъзе аз маълумотҳо бояд Юсуф Раҳмон раиси КДАМ ё раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент равад. Сулаймон Султонзода, ки ҳоло раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия мебошад дар ҷойи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ мешавад. Султонзода аз Данғара аст ва дигар инки шогирди худи Юсуф Раҳмон мебошад

Баъди ҳодисаи Саидҷаъфар Усмонзода клани фархориҳо аз боварӣ баромад ва Раҳмонов ба СС.Ятимов гуфтааст, ки масъалаи марзро тезтар ҷамъбаст кунад. С.С медонад, ки ҷамъбаст кунад, «лингош ай ҳаво миёя». Юсуф Раҳмон бошад, кушиш дорад, ки тезтар мафияи СС-ро ғалтонад.

Ёдатон бошад мо дар соли гузашта баъзе аз маълумотҳоро аз компютери КДАМ чоп карда гуфта будем, ки соли 2024 соли ҳалшаванда аст ва СС.Ятимов дар коркарди як кудато ва бори души Юсуфу Раҳмон кардани онро машғул буд. Ҳамаи ин корҳоеро, ки ҳозир карда истодаанд, мо соли пеш гуфта будем ва шумо ошкор карда будед. Хусусан оиди он ки писари Мансур Умаров дар бари Исмоили Пингвин аст ва маълумотҳоро ба падараш медиҳад. Оиди оне, ки С.С.Ятимов, Мансур Умаров,  Музаффар Ашуриён, Мурод Саидов ва боз чандин нафарҳо ба саҳнаи сиёсат ба кумаки Убайдуллоев омадаанд.

Аммо ҳоло кор чапа шуду Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон нақшаҳои СС.Ятимовро тоб доду ба пойи худаш баст. Қазияи Саидҷаъфар Усмонзодаро бояд то сентябр ҷамъбаст кунанд. Аммо ҳоло боз чанд нафари дигарро кашиданианд ба ин моҷаро. Шояд боз қапоқап мекунанд. Ҳатмани ҳатман Убайдуллоевро ҳам мебаранд. Чунки Раҳмонов аз вай сахт хавф дорад. Иҷозат намедиҳад, ки ором бимонад.

Ман ростӣ, намедонам ин гапи шунидаам дуруст аст ё не, аммо писари Убайдуллоев дар Париж, ки сафир аст эҳтимол дорад дар онҷо даъвои паноҳандагӣ кунад. Чунки вазъияти падараш соз нест.

Дар МВД ҳам одамони як замон наздики худи Раҳмонов масалан Хуршеди ОМОНу Суҳроб Раупов, ки ҳарду генерал буданд, дур андохта шуданд. Худи ҳаминҳо, ки одамони преданний буданд, гуфтаанд, ки мо бас мекунем. Як хелаш сабабашро ин тавр мегуянд, ки моро ҳам мекушанд. Дар вақташ Суҳроб Қосимро кушта буданд. Рустам меравад дар ҷаласаи Федератсия дар гостиница бо қундоқи пистолет дар пушти сараш мезанад ва мегуяд, ки «ҷоя холӣ кун бте, ма одамои худма мемонем». Ҳамин Суҳроб Раупову онҳоро ҳам гап –гап аст, ки мекушанд. Чунки инҳо ҳам бисёр сиру асрорро медонанд. Хуршеди Амону аҷабе нест, ки ҳамин СС.Ятимовро ягон кор кунанд. Як чиз бояд бикунанд. Барои онки Раҳмонов ба ҳеҷ кас бовар надорад. Дастгоҳ ҷойи муҳим аст ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам. Маълум аст, ки Рустам бо муаллима –Озода дар Раёсати ҷумҳурӣ якҷо кор намекунанд. Аммо Сулаймон Султонзода ин шогирди Юсуф Раҳмон аст. Юсуф Раҳмон дар Дастгоҳ як вақт муовин  буд.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман мухлиси доимии «isloh.net» ҳастам. Ҳамеша сайтро мехонам. Дар Кулоб зиндагӣ мекунам. Ҳоло мехоҳам аз газетаи СССР як навиштаашро бароятон мефиристам. «СССР»-ро ба назарам хумори солҳои пешинааш гирифтаасту дар шумораи ахири  худ як матлаби солҳои пеш чоп кардаашро ба нашр додааст. Ин матлаби он соли 2008 аст. Ман бовар дорам, ки ҳоло ин қабил маводҳоро чоп намекунад. Он солҳо боҷуръат буд. Ҳоло тамоман дигар шудааст, нашрияи ҳукуматӣ барин. Аммо ин матлабаш мушкилотро бозгу мекард, мушкилоте, ки ҳамин ҳоло ҳам идома дорад. Матлаби мазкур таҳти унвони «Ҳасан – аробакашҳои даврони мо: Гап назанен, ки ҳамамона аскарӣ мебаран!» дар таърихи 7 августи соли ҷорӣ чоп шудааст:

«Ҳасани аробакаш» қаҳрамони асари устод Турсунзода аст, ки дар авоили ҳукумати СССР ба cap бурдаву то ахир намехост тағйири касби пуршарафи аробакашӣ кунад. Ҳасанҳои муосир аз касби худ шарм медоранд, вале барои дарёфти қути лоямут дастаи аробаро аз даст раҳо карданӣ нестанд. Чаро? Барои посух ба ин суол ва ошноӣ бо зиндагонии ҳамсолони аробакаши худ мо вориди бозори Шоҳмансури пойтахт шудем.

Дар нуқтае, ки истгоҳи аробаҳост, ҷавонони зиёде ҷамъ омадаанд. Аксарияти аробакашҳо гуфтанд, ки аз «касби барои Ҳасан пуршараф» шарм медоранд. Aммo зиндагонӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки партаи мактабу Донишгоҳро ба дастаи ароба бадал кунанд. Саид ном ҷавоне гуфт, ки «акнун шумо менависеду мо аз ҳамин ҷои кор низ маҳрум мешавем». Саид аслан бовар надошт, ки барои онҳо ҳукумат ҷои кор таҳия кунад. Ӯ бовар танҳо ба «клиент», чархи ароба ва зӯри бозӯ дораду бас. Насим, аробакаши дигар изҳор дошт, ки танҳо бо нияти ҷамъ овардани пули билети ҳавопаймо кор мекунад, то ба Русия ба муздурӣ равад. Дар ин маврид, яке аз ҷавонон ба шарикон гуфт, ки «гап назанен, ки ҳамата хизмат мебаран!»

Маълум шуд, ки ҳамаи мусоҳибони ман нияти тағйири касб доранд. Суоле матраҳ аст, ки чаро ишон аз касбе, ки онҳоро мехӯронаду мепӯшонад ор доранд? Шояд ин ҳавову ҳаваси ҷавонист ва ё онҳо дарк кардаанд, ки ин касб ба онҳо равшание дар пеш нахоҳад афрухт?

Байни ишон ҷавонони донишмандро низ дучор метавон шуд. Ба гунаи мисол Манучеҳр Шарипов, сокини ноҳияи Восеъ 2 сол дар Донишгоҳи исломии пойтахт таҳсил кардааст. Бо сабаби сангинии рӯзгор донишгоҳро тарк кардаву аробакаш шудааст. Манучеҳр умед дорад, ки боз донишҷӯ шавад. Ҳадафи нави аробакаши ҷавон Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон аст. Нафари дигар, ки номашро нахост бигӯяд, афзуд, сабаби усулии тарки Донишгоҳ кардану аробакаш шудани ӯ устодони ришвагир будаанд. Ин нафар гуфт, устодон аз ӯ ришва талаб кардаанд ва чун пул надошт «аз донишгоҳ хориҷ шудааст». Ӯ мегӯяд, «галстукҳои фасонро устодон аз ҳисоби пули мо мебанданд» …

Воқеан ҳам ҳини суҳбат бо аробакашҳо ва дар муҳити ишон будан ҳис менамоӣ, ки ҳар яке аз ин ҷавонон умеде, орзуе дар дил доранд, ки дар бисёри маврид аз ифшои он худдорӣ мекунанд. Ва аммо дақиқан ягон нафари онҳо орзӯи идомаи касби пуршарафи Ҳасани Турсунзодаро надошт. Пас чи орзуе доранд, Ҳасанҳои муосир??? Сиррест, ки мо натавонистем онро бикшоем. Аммо дилсардие амиқ ва ноумедие қавӣ дар ҳар сухани ишон ба гӯш мерасид, ки рӯи қоғаз овардани он барои мо гаронӣ дорад.

ФАРЗОНАИ ШАЪБОН, «СССР»,  №6  Панҷшанбе  16 октябри  соли  2008  СССР.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокин ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ ва яке аз мухлисони шумо ҳастам.

Ман шуморо тули 3 сол аст, ки тамошо мекунам. Мехостам дар бораи вазъияти ноҳияамон ба шумо маълумот диҳам.Яке аз пастарин, ифлостарин, бесоҳибтарин дар байни шаҳру ноҳияҳо ин ноҳияи мо мебошад. Ягон нафар дар инҷо аз ҳамин ноҳия дар вазифаҳои баланд кор намекунад. Ҳамаи одамҳояшро президент аз дигар шаҳру ноҳия махсусан аз Данғара оварда мондааст. Зулм  дар ҷои аввал меистад. Масҷидҳо маҳкам. Рузи ҷумъа дар назди масҷиди ҷумъа  амниятиҳо хеле зиёданд ва талабаҳои мактабу ва донишҷуёнро иҷозат намедиҳанд.

Дар инҷо порахурӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ дар авҷи аъло аст. Бозорҳоямонро чапа карданд, ду маротиба оташ заданд. Мо маҷбур  шудем чизу чораҳоямонро ҷамъ кунем ва ба бозори нав кучем. Дар бозори нав ҷой нест. Ҳарруз барои ҷой-точка ҷанг. 1м ²  20 ҳазор сомонӣ. Ба ғайр аз ин боз ҳар саҳар 5 сомонӣ, плюс, барқ, налог, ули участковий ва ғайра. Нарх дар осмони ҳафтум. Таксиҳоро  намемонанд, ки барои ризқу  рузиашон кор  кунанд. Ҳозир Зайнулло барои одамон даже  маршуткаҳои бепул ба муддати 6 моҳ овард, то ин ки халқ аз он бозори куҳна харид накунанд ва ба бозори онҳо оянд. Ҳоҷӣ Зайнулло  ҳавзҳои  моҳии мардумро аз дасташон зада гирифт. Канӣ  демократия, канӣ озодӣ? Боз дар қисми роҳи дарёи Вахш  аз тарафи роҳи Правда (Фрунзе), ки ба мо наздик буд, он роҳро маҳкам карда дар он ҷо шутур  парвариш  дорад.

Дар духтур ҳиҷ кас писандат намекунад. Паспортний стол- ин ҷойро нагуй. Дар инҷо  порахурӣ дар авҷи аъло. Дар ҳар як кор  аз 20 то 200 сомонӣ ғайр аз паспорт  аз ту мегиранд. ГАИшникҳоро  нагуӣ ҳам мешавад. Ҳамааш муфтхур.

Мардум аз дигар шаҳру навоҳӣ  омада состоянии  худаш ва звеноашро баланд  намуда меравад. Ман одамеро дидам, ки ду бор коррупсия уро дастгир  кард вале вай пул доду баромад. Дар ҷони мардум задагӣ аст. Насеби вай Бобохонов мебошад.

Дар прокуратура ҳамааш  муфтхур, саводи дуруст надоранд:- «иқа салдате, ки хизмата  бут када да банкҳо охранники кор мекардак оварда корда гирифтиян».

Дар бораи шуъбаи маориф нагуем ҳам мешавад. Яке аз сардорони ин шуъба, ки номаш дар ёдам нест, тарафи директорон мегуфтааст, ки «худо ризқи манро ба дасти шумо меорад». Вай бо котибааш робита доштааст, утоқи кори даромада дарро аз дарун занҷир мекардаанд, пардаҳои тирезаҳоро мебастаанд ва кори худро пеш мебурдаанд. Ин корро ҳама кормандони маориф медонанд. Ҳатто шавҳари беномуси он духтар ҳам медонистааст. Лекин пеши роҳи ин кори зиштро намегиранд. Дар инҷо духтарҳоро бероҳа карда истодаанд. Аз пушти маршировка садҳо духтар бероҳа шуд. Ман ин корҳоро бо дуто чашми худам мушоҳида кардаам.

Дар мактабҳо дарс нест. Ҳеҷ кас намехонад. Муаллимаҳоро гуш намекунанд, кадр нест, ҳама гурехта рафтааст ба Русия. Дар се моҳ муаллимҳоро як бор маош медиҳанд. Аз ҳамин сабаб  аз талабагон пул мегиранд.

Ман харҷи синфи 11-иамро ҳисоб кардам, ки маълум шуд дар ҳаҷми 3780 сомонӣ харҷ  кардаам. Аз ҳамаи чи мо талабагонро пул мепурсанд. Ман медонам, ки айби инҳоям нест. Инҳоро мачбур мекунад зиндагӣ ва одамони боло. Дар фарҳанги мо як чиз  мегуянд «ов аз боло лойяй аст «. Ин мақолро ҳамаи коргарони давлатӣ истифода мебаранд. Халқ ҳама безору ҷон ба лаб шудааст, ҳама гурехта рафта истодааст Русия.

Билети  ҳарбӣ  51,000 шудааст. Аммо ин маблағро дар банк месупорӣ. Ба ғайр аз ин ба миқдори 35-40 ҳазор сомонии дигар харҷ мекунӣ. Ман гирифтанӣ будам.  Аммо ин нархро дидам ва зури ман нараси. Дар ин ноҳия агар таға дошта бошӣ  тамом, «тда зелёный светафорай, любой кор мефорат мекни, тағадоро гаштиян, бе ягон военний  билет, мо гаштем хору зор дар Русия». Дар мавриди риш ва сатр нагуем ҳам мешавад, ин ба ҳамагон маълум аст. Дар бозор, қишлоқ, боғҳо умуман дар ҷойҳои ҷамъиятӣ амниятиҳо мегарданд ва одамеро, ки диданд ришаш  аз 1 см дароз, тамом капаш  дуд кард. Агар тағадор бошад, ҳеҷ гапе не, агар таға надошта бошад, мебаранд дар отдел мурданак мезананд ва ришашро хушк ба лезва мегиранд, агар муқобилият нишондиҳӣ ҷарима ва маҳкамат мекунанд,

Сардори шуъбаи маорифро дар аввалҳои соли 2023 аз вазифа барканор карданд. Вале вай сум дода боз ҷои худашро гириф. Ҷои руғаниашро. Дар охирҳои моҳи июн як қонуне баромад, ки 27 нафар директорон аз вазифа барканор ва дар ҷои онҳо занҳоро гузоштанд. Аз ин нафарон боз чор кас ҷояшро харид. Дар ноҳия ҳатто як завод ё фабрика  нест. Аз боло тамоман аҳамият дода намешавад. Ҳамааш пул. Аз вилоят меоянд сумашон медиҳанду дар ошхонаи нав, ки дар тарафи рости бозори ҳоҷӣ Зайнулло ҷойгир аст, мехуронанд,

Ман дар деҳаи Мирзообод, ки бо номи деҳаи террористон дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур аст, зиндагӣ мекунам. Дар мактаби ҳамон деҳа мехонадам, ҳамон мактабе, ки дар соли 2017- 17 августи соли 2017 Эмомпиён омада онро ба истифода дод ва гуфт «чи барои як ҳами оғил (говхона) маро ба иҷа даъват кардед?»

Ҳозир бошад бо аҳли оилаамон  дар Русия кор ва фаъолият карда истодаам.  Ҳамон солҳои 2016-17 буд, ки омада чор масҷидеро, ки фаъолият мекард, бо ҳар баҳона маҳкам карданд. Ба Аллоҳ қасам аз тарафи амният ва бо ёрии ҷамоат ҳофиз ва раққоса оварда дар назди бинои масҷид консерт баргузор карданд ва подстава карда масҷидҳоро маҳкам карданд. Кудакҳоро аз ҳамон аввал   ба намози боҷамоъат ва таробеҳ намемонданд. Ман аз хурдсолӣ шавқу завқ доштам ва ҳангоме 12 сола будам ба масҷид рафтам. Дар намози пешин маро қариб ҳеҷ кас аҳамият надод ва дар намози аср бошад маро аз пасам бузҳои маҳалла ба тиёқаш зад ва дар вақти намоз аз пасам бо овози баланд аз модарам ҳақорат кард. Аз руйи ман шуда як мард бо он ҷанг  кард. Зеро он мард имонаш мустаҳкам буд ва уро мардуми онҷо қапиданд. Пас уро гуфт «тамошо ку ма тра алов мезанм». Баъди ин кор уро бурда бо статияи салафӣ маҳкам карданд. Баҳори имсол аз маҳбас озод шуд. Ман дар панҷсолагӣ Қуръонро хатм намуда будам. Ман хеле шавқ доштам. Баъди ин кор дилам хеле сиёҳ шуд, то ба балоғат расиданам ба масҷид намерафтам. Он масҷидҳо ҳам дар ҳамон ду ё се сол маҳкам шуд.

Ман ҳақиқатро мегуям. Ҳозир дар Русия кору фаъолият карда истодаам, дур аз падару модар. Директори мактаб ҳоло Шамсия Худойбердиева аст. Пештар директори мактаб Давлатов Додарбек ва муовинаш Худойдодов Дилшод буд.

Давлатов Додарбек пешина директори мактаб пенсия баромад. Лек бо муаллимаҳо алокаи зич дошт. Ман худам бо чашмони худам дидам, ки муаллима нимлухт дар бағалаш буд. Номи ин муаллима Худойбердиева Шамсия директори ҳозира, ки пеш муовини Давлатов буд.

Дар солҳои кушодашавии мактаб, соли 2017 ба дили Давлатов даромада уро ба ҳаҷ равон кард. Давлатов ба вай гуфт, ки то омаданам дар ҷои ман кор кун. «Вақте , ки ма омадьм ҷома мегирм» ва билет  гирифт. Вале ҳангоми регистратсия дар назди даромади самолёт муаллима Худойбердиева Шамсия бо ҳамроҳи коргарони амният ҷамъ шуда бечораи Давлатовро маҷбур карданд, ки ба аризаи аз кор баромадан имзо кунад. Вай ҳеҷ чора надошт ва имзо карда ба самолёт савор шуда рафт. Пас аз он ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ, ғуломсозиву бероҳакунии духтарону муаллимон сар шуд. Муаллима Шамсия моро тарсонда мегуяд «агар сум натиен ма шуморо да ноболиғон метим».

Участковийи ноҳия оид ба ноболиғон Чиноров Шоҳрух, бачаи ҷавон бо у ҳамкорӣ дорад. Бардуруғ уро дар назди талабагон занг мезанад ва даъват мекунад ва мегуяд, ки «ҳамиқа сум те ҷонт халос». Мо аз маҷбурӣ медодем. Вай моро таҳдид карда мегуфт, ки «ма ай ягонтат наметарсм, ягон кас мара ай вазифа гирифта наметона, бра то президента шикоят кн, ай дастшон ҳичи намия, ма задагиюм любойша».

Муаллима шавҳар надошт. Аз соле ман ёд дорам, кавалерҳои у бисёранд, аз ҷумла сардухтури поликлиникаи ноҳия. Вай бо як мошини ЛАНД КРУЗЕР ПРАДО номер 1111 мегардад. Аз ягон кас ҳомила нашуд. Лекин дар сини 43 солагӣ чи кораеш кард, ки соҳиби як духтарча шуд. Дар солхои 2021-22 кавалери дигариаш Илҳом, муовини прокурор, кавалери дигариаш Абдурауф, сардори уголовний розиск. Вай, кутоҳи гап бо коргарони боломақом  робитаи наздик дорад.

Муовинаш Худойдодов Дилшод, ки ин дигар хел мегуяд ва он дигар чиз мегуяд, Дар ҳаёташ ягон бор рост гуфтагӣ нест. Гапаш ҳамеша дуруғ аст. Порахури №1.  Талабагонро таҳдид мекунад, ки рафта ришқа ( юнучқа ) ва гандуми манро даравед, вагарна аз имтиҳон меафторонам. Директор ҳам ҳамчунин. Наход муаллим талабаро бурда дар вақти дарсӣ ва берун аз дарс кор фармояд. Кани назорати ниҳодҳои давлатӣ?   Ман якумин одаме ҳастам, ки аз ин деҳа барои шумо менависам. Шояд пас аз ин боз дигарҳо ҳам ҷуръат пайдо карда менависанд.

Дилшод бо лақаби кал (лисий) ноболиғонро дар таробеҳҳо безеб нигоҳ карда дар вақти дарсӣ онҳоро ҷангу ҳақорат мекунад. Ин бадбахт духтарон ва писаронро аз роҳ мезанад.

Дар соли 2023, ки ба Тоҷикистон сафар карда будам, барои дамгирӣ, рузи 7 март буд, рузе, ки дар мактаб духтарон ид доранд, ман бо ду чашми худам дидам, ки ин кали бадбахт калиди кабинеташро ба ду писар дод ва онҳо 2 духтарро гирифта ба кабинет даромаданд. Он тарафашро худатон фаҳмед. Ман инҳоро хуб мешиносам, вале номҳояшонро намегирам. Эй мардум ҳушёр шавед, ин чи бадбахтист? Аз сабабе, ки ман камтар кори зарур доштам рафта муаллимаамро табрик карда ба аэропорт рафтам. Соат тақрибан 14:00 буд. Ҳама ба кори худ машғул буданд. Аз байни 3 сол гузашт. Вай соҳиби 4 замин ва 8-9 чорвои калоншуд, директорамон ҳамчунин, хонааш пур аз чорво. Кутоҳи гап соҳиби ҳамаи чиз шуданд. Худойдодов моро таҳдид карда мегуфт: «ман аз ҳеч кас наметарсам, рафиқи ман дар дастгоҳ кор мекунад, ҳеҷ кас маро аз кор гирифта наметавонад»

Як дигареро инҷо мехоҳам қайд кунам. Дар вақти ифтитоҳи бинои мактаб, ки лентаи онро Эмомалӣ Раҳмонов бурида буд, дар он ҳолат ҳамаи корхонаҳоро маҳкам карданд. Дар паси ҳар хона ду одам бо силоҳ, бо газел ОМОН-ҳоро оварданд. Ҳамаи онҳоро дар хонаҳо ва дар масҷидҳо ҷой кардем. Ба онҳо хурок аз ҳама тараф таъмин намудем. Чуноне дар боло қайд кардем Эмомтапак гуфт: «мара барои ҳами оғил барои чи даъват каден?» Бо ин гап ҳамаро шарманда кард ва роҷеъ ба деҳаи мо гапҳои безеб гуфт ва танқид кард. Моро дар ҳамаҷо террорист гуфта мешиносанд, именно деҳаи моро.

Якчизи дигаро хостам кайд кунам , аз тарафи давлат помощ меояд, орд ва кумур,  ман «Ба АЛЛОХ қасам мехурам» бо ду чашми худам дидам, ки Ин ХУДОЙБЕРДИЕВА бо ароба  ба хонааш гирифта бурд! Магар ин харом нест? Моли садхо кудаки дигарро мехури: дар авалҳои моҳи ноябр буд ба фикрам аз тарафи давлат проверка омаданд барои кумур,  дар ҳамонҷоҳам машеники карда  20 кг 25 кг шумурда худашонро озод карданд, хангоми бараси хар як синф муалим даромад ва пеш аз комиссия ба талабагон гуфт: агар пурсиданд алов мекунанд, чоятон гарм аст гуед ҳо ҳама сад фоиз аст,  дар вокеь ягон чиз соз нест,  ҳамаи рафиқонам аз хунукии мактаб шикоят мекунанд , то кай ОХИР?.

АКАИ Муҳаммадиқбол ман худи имрӯз аз рафиқонам фаҳмидам, ки як писар  бо номи Шералӣ ки соли тавалудаш 2002 мебошад ва дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад , дақиқ дар деҳаи мо ,тақрибан як сол шуд дар қисмати ҳарбӣ хизмат мекунад ва 4 рӯз пеш чашми онро камандирхо бо чизе намедонам зада кафонданд,  хозир  чанд рӯз мешавад дар балниса мебошад, писар дар ҷавони аз як чашм маҳрум монд, духтурҳо гуфтанд: «агар шумо камтар дер мекардед шояд он чашми дигараш  кур мешуд» ин дар вокеъ ҳақиқат дорад, агар бовар намекунед рафта бинед , дар хонаи ин сарбози ҷавон мотам аст, магар ҳамин аст хизмати ҳарбӣ? Одамҳоро инвалид карда ба дасти падару модарҳо медихед? то ҷон дар бадан дорам бар алайҳи шумо мубориза хоҳам бурд , ИСТЕЪФО ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №164 появились сначала на ISLOH.net.

«Қимоб»-и табаддулот
«Табаддулот»-и Усмонзода  фархориҳоро як умра аз қудрат дур кард

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили ҳамакнун собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси қаблии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди анҷоми «табаддулоти давлатӣ» муттаҳам ва рӯзи 12 июни соли ҷорӣ дастгир карда шуд.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, ки рӯзи 14 июн дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати азли ваколати Саидҷаъфар Усмонзода суҳбат мекард гуфт:

«дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад».

Саидҷаъфар Усмонзода нафари аввал дар майдони сиёсати Тоҷикистон нест, ки бо иттиҳоми «бо зуроварӣ ғасб кардани ҳукумат, яъне анҷоми табаддулоти давлатӣ» боздошт ва ба давраҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешавад. Ва, яқинан Усмонзода ҳам айни Ёқуб Салимов, собиқ вазири дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Горди миллӣ, Муҳаммадрузӣ Искандаров, собиқ раиси Тоҷикгаз, Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳолатҳои фавқулодда, Маҳмаданазар Салихов, вазири пешини умури дохилӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа, соли кам нахоҳад гирифт. Инҷо ба ҷуз аз Усмонзода, боқии афрод нафарони низомӣ ва ҳамагӣ генераланд, ки баъзеашон мисли Мирзо Зиёев, Маҳмадназар Салихов ва Абдуҳалим Назарзода, мулаққаб ба Ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи неруҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо зарби тир ва руирост кушта шуданд.

Аммо дар ин васат дар ошуби ба истилоҳ Ҳоҷӣ Ҳалим, ки дар сетябри соли 2015 ва ҳоло имруз дар табаддулоти Саидҷаъфар Усмонзода, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон шарик дониста мешавад.

Дуруст аст ки дар қазияи Хоруғ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар баҳори соли 2022, ки даҳҳо нафар кушта ва даҳҳои дигар ба шумули генерал Холбаш Холбашев дастгир ва ба ҳабси абад гирифта шуд, исми яке аз муовинони ҷаноби Кабирӣ дар ПМТ Алим Шерзамонов садо дода буд ва ҳоло исми Шарофиддин Гадоев, муовини дигари Кабирӣ зикр мешавад, ки гуё сарпарастии ин кудеторо бо пули Кабирӣ бар уҳда доштанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд, ки «Тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом» Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд».

Айнан ҳамин гуна иттиҳомро чуноне тазаккур кардем дар вақти тафтиши ҳаводиси Хоруғ баён карда буданд. Ва дар ошуби ҳоҷӣ Ҳалим низ гуфта буданд, ки гуё Муҳиддин Кабирӣ барои иҷрои  табадллуот  1 млн 200 ҳазор доллар додааст.

Аммо ин бор сухан аз 10 млн доллар ва ширкати гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» меравад ва ба фарқ аз «хоб»-ҳои пешини табаддулотии Раҳмонови қимоб аз калиаи табаддулот нафари иҷрокунанда на нафари низомӣ ва на генерал, балки як бигзор бигуем сиёсатмадор ва вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода меравад.

Зимни суханронии худ Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд, ки Усмонзода ба гуноҳи худ иқрор кард.

«Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.

Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми вакилиаш то соли 2025 эътибор дорад».

Аз суҳбатҳои Юсуф Раҳмон бармеояд, ки Саидҷаъфар Усмонзода «худиқрорӣ» кардааст. Як бори дигар ба ин ҷумла ва муҳтавои он мутаваҷҷеҳ бишавед: «Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст».

Яъне ба ҷуз аз иқрори гуноҳ ҳамчунин дар дасти тафтишот «сабти навор ва гуфтугуҳо», «нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс» вуҷуд доштааст.

Ман ба дурустии нақшаи ин табаддулоти давлатӣ шаку шубҳа дорам. Бахусус, вақте Усмонзода, ки акнун ба унвони «лидер» ва одами асосии ин табаддулот эълон шудааст, филфавр «иқрор» кардааст ва низ тафтишот шоҳидону нишондодҳо ҳам дорад.

Бовар кунед, ки ин як бозии бисёр ҳам примитив аст ки ягон ақли солим бовар карда наметавонад.Масалан Усмонзода,ки дастпарвар ва сохта ва маҳсули эҷоди худи ҳамин режим аст,чи вазну ҷойгоҳе дорад,ки битавонад табаддулот анҷм диҳад.Магар Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон  Зарифӣ то ин ҳад хурду заиф шудаанду ба танг омадаанд,ки аз пушти Усмонзода,як нафаре дар осмони сиёсат муаллақ бираванд?

Аз тарафи дигар он намояндаи давлате, ки омода шудааст 10 миллион доллар бидиҳад, аз кадом давлат аст? Русия?

Вақти ошуби ҳоҷӣ Ҳалим Раҳмонов ва командаи вай Эрон, кишвари дар нохунак дӯстро ба унвони сарпараст ва сармоягузор муттаҳам карда буданд. Ҳоло, агарчи ном намебаранд Русияро дар назар доранд.

Вале оё дар ҳақиқат Русия мехоҳад дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад ва Раҳмоновро нав кунад?

Ҷавоби кутоҳи мо ин аст ки Русия ин корро ҳаргиз намекунад ва дар фикри нав кардани Раҳмонов нест ва ҳар ки бовар дорад, ки Русия якчунин нақша ва қасд дорад бисёр ҳам хушбовар аст.

Аз тарафи дигар, оё шумо бовар доред, ки Русия бар муқобили Раҳмонов Кабириро пеш мегузорад ва ба вай пул медиҳад,ки Раҳмоновро чапа кунад?

Ин суолро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ додам ва аз вай пурсидам, ки пас, иллати зикри ҲНИТ ва ПМТ ва номи худи у дар айбномаи Прокуратураи генералӣ дар айбномаи зидди Усмонзода чӣ аст?

Раиси ПМТ гуфт, ки байни Раҳмонов ва Путин ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд надорад ва барои Путин Раҳмонов писанд аст. Вале зикри исми вай ва ҲНИТ ба он хотир аст ки дар воқеъ ҲНИТ ҳамин ҳоло ҳам, агарчи дар кишвар амал намекунад, пурнуфузтарин ва пуртарафдортарин неруи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Барои боварбахш садо додани ин табаддулот аз ҲНИТ зикр шудааст. Ва зикри «Ансоруллоҳ», ки на як бору ду бор барои сияҳ кардани ҲНИТ пеш меояд, низ ҳисобшуда аст, яъне Кабирӣ бо созмонҳои террористӣ дар иртибот аст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд,ки Раҳмонов бо зикри ПМТ ва исми раиси он дар қасду нақшаи таҳияи парванда ва айбҳои нав алайҳи мо ва созмони мо аст ва мехоҳад ба аврупоиҳо моро ба унвони як шахсият ва гуруҳҳои табаддулотгар нишон бидиҳад ва бигуяд, ки шумо бо чи касоне паноҳандагӣ медиҳед ва ҳамкорӣ мекунед.

«Мо ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаем, ки дар қасди тағйири ҳукумати Раҳмон ҳастем, аммо тавассути мардум ва миллат на аз тариқи афроди алоҳида ва на аз тариқи табаддулот».

Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ …. “ва   дигарон”-и  гуфтаи Прокурори генералӣ

Тибқи хабарҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарзхурда феълан бархе аз шахсиятҳои пурнуфуз ба мисли Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шурои олии Тоҷикистон ва  и.в. президенти Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Усмонзода дастгир шудаанд. Асомии афроди дигар ҳам дар дасти мо ҳаст, ки онҳоро бозҷуӣ ва бозпурсӣ карда барои баъзе аз онҳо ихтор додаанд, ки берун нараванд ва шиносномаҳои хорҷиии онҳо гирифта шудааст.

Аз шумори ин афрод Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ, бинобар маълумоти аз манобеъи муътамад ба дасти мо расида аз чанд руз ба ин тараф дар СИЗОи амниятанд. Ҳамчунин як сарҳанги КДАМ бо номи Нарзулло Наимов ва низ як сарҳанги гумрук бо номи Нурулло Ғаниев   дар доираи ин парванда дастгир шудаанд. Нурулло Ғаниев беш аз як моҳ пеш дастгир шуда буд барои тасарруфи амволи давлатӣ вақте иртиботашро бо Убайдуллоев ва СС. Ятимов пайдо намуданд ин шабу рӯзҳо ӯро дар ин қазияи “табаддулот” ҳамроҳ карданд.

Гуфта мешавад,ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар рӯзҳои 16 ва 17  мавриди кофтукоби неруҳои қудратӣ қарор гирифтааст. Пайвандонаш барои вай ба СИЗО либос бурдаанд.

Ва, аммо нуктае, ки мешавад инҷо зикр кард, кам нест. Барои мисол масъалаи қудоии Саидҷаъфар Усмонзода бо СС.Ятимов, раиси КДАМ. Бинобар хабарҳо аз чандин вақт ба ин тараф Ятимов он ҷойгоҳу мақоми собиқи худро надорад, балки баракс Раҳмонов бар садоқати вай шубҳаи сахт  кардааст. Ва тибқи хабарҳои расида Раҳмонов баъди омаданаш аз Маскав пас аз иштирок дар ҷашни бахшида ба ғалаба рӯзи 9 май уро дигар аслан қабул накардааст.

Нуктаи дигар нақшу роли русҳо ва Русия дар ин гуна бозиҳо аст. Аз Ғаффор Мирзо, то Салихову дигарҳо гуё ба бозии русҳо афтода қурбонӣ шуданд. Русҳо ҳар аз гоҳе бо Раҳмонов мушкил пеш ояд ҳамин гуна «кудетоҳо» “ташкил” мекунанд ва Раҳмоновро бо ин васила зери фишор қарор медиҳанд. Чун онҳо  аз ҳирсу ози  Раҳмонов бохабаранд ва медонанд ки вай омода аст барои ҳифзи курсиаш ба пасттарин корҳо даст бизанад.

Аммо ин бор Раҳмонов бозиро густардатар гирифтааст. Тавассути ин ба ном табаддулот сари чанд нафар аз шахсиятҳоро дар дохили кишвар бихурад ва саҳнаро комилан холӣ бикунад, аз тарафи дигар парвандасозӣ барои ПМТ ва сияҳсозии оппозитсион ва роҳбарияти он дар Аврупо бикунад.

Вагарна афроде амсоли Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон Зарифӣ баъид аст ки дар ин гуна тавтиаҳои алакӣ ва масхара шарик бишаванд, бахусус,ки агар дар ин бозиҳо барои мисол ҲНИТ, созмони сиёсии исломӣ ҳам шарик буда бошад.

Феълан як Ситоди махсус аз ҳисоби мақомоти қудратӣ барои тафтиши қазияи кудетои Усмонзода ташкил шудааст,ки ин бор роҳбарии он бар души Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шудааст. Агарчи ин афрод, ки гуфта мешавад то кунун беш аз 60 нафарро ташкил медиҳанд дар доираи моддаи 306 мазнун шинохта мешаванд ва бозрасии ин модда дар салоҳияти КДАМ аст аммо тамоми ҷараёноти бозрасӣ таҳти контроли мустақими Юсуф Раҳмон аст   ва ҳар шахси мазнун ва ҳамшарики Усмонзодаро маҳз бо фармони Юсуф Раҳмон даъват ва бозпурсӣ карда мешавад. КДАМ,ВКД дар итоати ситоди ташкил кардаи Юсуф Раҳмон аст ва ҳери фармони ӯ амал мекунанд.

Ва, дар охир ин хабар ба дасти мо расид, ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар пушти беморхони Қараболо мавриди кофтукоб то ҳатто заминаш побел ва фарши матбахаш канда ва касеро нагузоштаанд, ки   ки ворид шавад. Нафари шоҳиди воқеъӣ аз мақомот ба “Ислоҳ”мегуяд, ки бачаи калонии Искандаровро аз Хитой даъват кардаанд ва бачаи дуввумашро аз Маскав.

Зани дуввуми Искандаров (зани аввалааш фавтидааст) як рус будааст, ки ҳамзамон адвокаташ ҳам мебошад, аммо роҳ надодаанд, ки бо Искандаров суҳбат кунад. Гуфта мешавад мақомот гуё чанд наворҳои тасвирии суҳбатҳои Искандаров дар кадом тарабхона бо Усмонзодаро доштаанд.

Ҳамчунин боздоштҳои язгуломиҳо дар дохил ва дар берун ва истирдоди онҳоро  аз Русия ва инки онҳо бо Ансоруллоҳ робита доштаандро низ дар доираи парвандаи ҳамин қазияи кудетои Усмонзода банду баст карданианд. Яъне талош карда истодаанд, ки ин ҳодисаро ҳарчи бештар калону бузург нишон диҳанд. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” фармон чунин аст,ки адади афроди гумонбар ва гӯйё дар ин табаддулот шарик набояд аз 150 нафар кам бошад. Чунин савол шудааст,ки агар натавонем ин миқдор пайдо карда чикор кунем? Посух чунин будааст,ки клани Фархориҳо дар мақомотҳои қудратӣ бояд дар ин қазия дохил карда шаванд ҳамчун фармоишгар ва Язгуломиҳо амаликунанда нишондода шавад. Дигар ба ҳеҷ нафар аз Фархориҳо эътимод накунанд ва аслан дар иҷрои фармон ҳеҷ раҳме нахуранд.

Аз чанде аз ҳамсояҳои Искандаров баёнот ҳам гирифтаанд. Аз ҳамсояҳо суол кардаанд, ки Искандаров дар хонаҳои онҳо чизе пинҳон накардааст. Ва ба наздикони Искандаров ҳушдор додаанд, ки ҳеҷ ҳарфе ба берун нагуянд, чун телефонҳояшон гуш карда мешавад.  Ва нуктаи дигар ин аст ки ин манзили Искандаров дар шафати манзили Рамазон Раҳимзода вазири дохилӣ қарор доштааст ва манбаъ мегуяд,ки Искандаров солҳо мешавад, ки инҷо зиндагӣ намекардааст.

Ps: Ин маталаб аз оғози ин қазия буд, ки тақдиматон гардид. Ҳар маълумоти ҷиддитаре ба дасти мо расид ҳатман онро тақдимаатон менамоем.

Сообщение «Қимоб»-и табаддулот появились сначала на ISLOH.net.

Абрҳои сиёҳи болои сари М.Убайдуллоев,
Раҳмонов Ӯро пеши Зайд Саид ё Ғаффор Седой мефиристад?

Чанде пеш Раҳмонов бо як амри худ  Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаидро аз мақомаш барканор кард. Амирҷон Маҳмадсаид, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумони кишвар мебошад. Маълум нест, ки ӯро ба ягон масъулиятҳои давлатӣ мансуб хоҳад кард ё не, аммо манобеъ мегуянд ҳамин чанд рӯзи оянда писари дигари Убайдуллоев Ҷамолиддин Убайдуллоев, ки феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса аст низ аз кор барканор хоҳад шуд. Дар бораи нақшу мақоми Маҳмадсаид Убайдуллоев дар таҳким ва бақои курсӣ ва  ҳукумати Раҳмонов метавон ҷилд-ҷилд китоб навишт. Ҳамин Убайдуллоеву Достиеву Ҳаёеву Мирзошоеву Талбак Назарову Сафар Сафаров буданд, ки ин Эдики колхозникро давлатдорӣ омухтанд. Аммо аз ҳамаи инҳо бештар ва зиёдтар маҳз Убайдуллоев буд, ки пояҳои давлатдории Раҳмонов мустаҳкам гардид. Вагарна ҳар сари чанд вақт яке Ғаффр Седой даромада латту кубу к…кашаш мекард, яке Ёқуб медаромаду аз кашталаш мегирифт, Суҳробу Қурбони Чолу Хуҷа-кмандиру Маҳмуд Худойбердию дигару дигар қумандонҳои сарвайрон писандаш намекарданд ва ин ҳама заҳамоти Убайдуллоев буд. Бар алайҳи Убайдуллоев ҳануз дар давраи Шерхон Салимзода парванда дуруст карда буданд ва  ҳатто раиси Маҷлиси миллиро Фаттоҳ Саид чанд навбат ба бозпурсӣ даъват ҳам карда буд, ки албатта бо дастури худи Раҳмонов сурат гирифта буданд. Хабарҳое расида истодааст, ки ин парвандаро вориди «истеҳсолот» карданианд ва эҳтимол дорад, ки Убайдуллоев боздошт шавад. Гуё Путин мехоста бошад, ки Убайдуллоевро дар ҷойи Раҳмонов оварад. Матлабе тақдим мегардад дар охир аз шахсият ва мақоми ӯ огоҳ мегардед!

Маҳз Убайдуллоев Маҳмадсаид соли 1992 ба Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович муҳофизи рақами яки ӯ- Саидов Муродро (Мурод Саидов — он вақтҳо дар ҳайати кормандони охранаи бинои ҳукумати вилояти Кулоб ва дар ОГСО ҳамчун милисаи қаторӣ кор мекард ва писархолаи Убайдуллоев ба ҳисоб меравад) яъне хеши наздики худро шинос кард. Ва ӯро ҳамчун муҳофиз аз ҳамон солҳо муаррифӣ карда барои ҳимояи Раҳмонов Э.Ш гузошта буд. Солҳои 1992-1994 Убайдуллоев муовини раиси Шурои Вазирони Тоҷикистон буд ва назорати фаъолияти  мақомоти қудратиро бар уҳда дошт.

Солҳои 1994 -1996 Убайдуллоев Маҳмадсаид муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъин шуд. Аммо дере нагузашта Маҳмуд Худойбердиев ва Хуҷа-командир ба қарори Президент зид баромада дар назди бинои вилояти Хатлон митинги калон ташкил карда Убайдуллоевро нагузоштанд, ки дар ин вазифа кор кунад. Аз ин вазифа ӯро гирифтанду аз соли 1996 то 2017 раиси шаҳри Душанбе ва аз соли 2000 баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъсиси маҷлиси дупалатаӣ раиси Маҷлиси Миллӣ-палатаи болоии он интихоб шуд.
Авҷи иқтидор ва нуфузи сиёсии Убайдуллоев ба солҳои 2000 рост меояд. Вай дар  дар қиёс бо Раҳмонов сиёсатмадори босавод ва болотар аз вай ба ҳисоб мерафт ва овозаҳои зиёд паҳн шуда буд, ки М. Убайдуллоев  ба қариби Президент интихоб хоҳад шуд ва он солҳо обрую эътибори ӯ аз Раҳмонов бениҳоят баландтар шуда буд. Барои ҳамин Раҳмонов ба ӯ рашку ҳасад мебурду ӯро дарунӣ сахт бад медид. Аз ҳамин сабаб Президент Раҳмонов ба қумандони қисми ҳарбии 3502 генерал Суҳроб Қосимови данғарагӣ супориши махфӣ дода гуфт: «срочна и бинира, ин зоғи сиёҳа убрат кардан даркорай!! Ма тиха Саъдӣ -командира фарёд карда гуфтумша, ки Убайдуллоева срочна убрать кардан даркорай, неке Саъдӣ гуфт ма ихели номардира намекунум, сарут задагиай. Ҳами мардак (Убайдуллоев М )чи хеле боша кора туда ёд дод. Ҳамаи командирои кулобира:- Лангариевора, Қурбони Чола, Ғаффор Седойя, Султони Чола,  Саидшора ҳамаи ҳаминора ҷамъ карда таъкид кард,ки Раҳмонов Эмомалида чақа нашавен ба хотири ма гуфта дар шоҳидии ма дасгирит кард. Имрӯз боша бо мора мегуй ира убрать кунем? Не гуфт Саъдӣ- командир. Баъд Саъдида гуфтум, ма шухӣ кадум, ма санҷидум ку Убайдуллоева ягон кор карданӣ бошан ё не гуфтумша, вай бромад рафт. Ма медонум, ки Маҳмадсаид  Убайдулоева худут сахт бад мебинӣ, ҳамира ташкил кун, мошинушда бмонен ягон чи. Ма куҷо рафтану омадани Убайдулоева Шумода хабар додан мегирум гуфта Раҳмонов маслиҳати убрат кардани соперники худро кашида супориши қатьӣ медиҳад ба генерал Суҳроб Қосимов».

Маҳз дар ҳамон соли 2000 дар қарибии беморхонаи Қараболо мошини Ҷипи шевролети бронировании раиси шаҳри Душанбе, ки бо ҳамроҳии муовини КДАМ мерафтанд мунфаҷир шуд. Тамоман тасодуфан ин генерали амният дар ҷойи Маҳмадсаид  Убайдуллоев менишинаду мошин ба ҳаракат медарояд ва дар назди беморхонаи Қараболои шаҳри Душанбе таркиши сахт ба вуҷуд омад. Муовини вазири амният кушта шуду Убайдуллоев бошад бо осеби сар ба беморхона афтида баъди табобат боз ба кор баромад. Баъди ин ҳодиса Убайдуллаев бар муқобили командирҳо муборизаи беамон роҳ андохт ва супориши қатъӣ дод, ки тамоми боевикҳои Фронти халқиро халъи силох кунанд. Бо роҳбарии вазири он вақтаи дохила Ҳумидин Шарипов, сардори УВДи Душанбе Изатулло Шарипов бо лақаби ЗОРО ва сардори УБОП-и ВКД Бахтиёр Лангариев рейдҳои шабонарузӣ гузаронда тамоми боевикҳову солдатҳои Фронти халқӣ аз ҷумла баъзе командирҳои Суҳроб Қосимовро разоружать ва аксарияти онҳоро зиндонӣ кард. Гуё Убайдуллоев пай бурд, ки ӯро имменно данғарагихо убрать карданианд, аммо сирро бой надода ҳамаро халъи силоҳ мекарду обрую эътибораш боз болотар мерафт.
Дар як видео падари Лангариевҳо дар Кулоб Раҳмоновро таъриф мекунад. Вақте Суҳроб Лангариевро маҳкам карданд Бобои Салмон чандин бор пеши Президент рафт. Ин дар солҳои 2008 ва 2009 буд. То мурданаш Раҳмонов бобои Салмон-падари Лангариевҳои кулобиро қабул накард. Ҳамин тавр бобои Салмон мурду рафт. Як бачааш Лангарӣ Лангариевро дар Норак бачаҳои Сангак Сафаров бо гранатомёт заданд. Мегуянд, ки  «случайна, хаёли вовчико карда заданд». Лангарӣ ярадор шуду баъд мурд. Ин бачааш, ки хурдиаш буд-Салмонро, гуё,ки переворот мекарда бошад гуфта «пожизнений» доданд. Суҳроби Лангариев, ки домоди Сангак Сафаров мебошад то ҳозира дар зиндон аст.
Дигар аз ҳамон солҳо Рахмонов дар фикри чи тавр аз Убайдуллоев халос шудан буд ва ҳар дақиқа фикр мекард. Бо супориши махфии Раҳмонов соли 2008 бо ташкили як таркиш (ин таркишро сардори УВД- и Душанбе Фаттоҳ Саидови раққоса ва сардори КДАМ-и Душанбе Абдулазиз Ҷалов бо лақаби Кучкар) ташкил карда буданд барои сиёҳ кардани вазири дохилӣ Салихов Маҳмадназар ва раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев. Раҳмонов ҷаласаи махсуси Шурои Амниятро баргузор карда маҳз Салихов Маҳмадназар ва Убайдуллоевро хезонда ҷангу ҷанҷол ва таҳдид карда буд. Аммо ҷуръати озод кардани Убайдулоевро накард, чунки ӯ хело бақувват буд.

Салихов Маҳмадназарро аз мақоми вазири дохилӣ озод кард (барои овозаҳои бо Азизмоҳи занаш муносибатҳои танготанг доштан).

Раҳмонов бисёр мехост ақалан як вазифаи Убайдуллоевро дар ҳамин ҷаласаи фаврӣ бигирад, аммо боз ҳам нашуд.
Дар соли 2013 бо супориши шахсии Раҳмонов ва хоҳиши Рустами Эмомалӣ (барои қасд гирифтан аз Зайд Саидов, ки бо як зане,ки дар тими тенис буд ва бо ӯ якчоя дар Париж буданд ҳамчун варзишгар) Зайдро дастгир карданд. Ин рашки бе асос ва комилан ғалат Рустам сахт ба ғазаб омада ба Фаттоҳ Саидов сардори Агентии мубориза бо коррупсия супориш медиҳад. Собиқ  вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов,раиси ҳизби ҳоло сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав»  баъди аз Франция баргаштанаш дар аэропорти  Душанбе аз тарафти кормандони Агентии коррупсия дастгир гардид ва тамоми фаъолияти кории ӯро таҳти тафтиши сахт қарор дода буданду инчунин баъзе миш -мишу овозаҳо ҳам буд, ки бо ин парванда бояд раиси Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ Убайдуллоев низ ҳамроҳ карда шавад ва бо як тир ду нишонро ба ҳадаф гирифта буданд. Гарчанде Раҳмонов нақшаро кашида буд, боз ин навбат ҳам ҷуръат накард. Дар Агентии коррупсия Фаттоҳ Саидов бо ҳилаву найрангҳо Зайд Саидовро таҳти таҳдиду фишор ва ҳатто шантаж карда маҷбур сохтааст, ки «агар нисбати Убайдуллоев показаний бидиҳӣ, ки гуё Убайдуллоев барои иҷозати сохтмони бинои 20 этажаи назди телевизиони «Сафина» 3 000 000 (се милион доллар) тамаъҷуӣ карда ҳамчун пора ин маблағро аз ту гирифтааст, баъди ин ариза мо туро под подписка ҷавоб медиҳем, ин супориши Ҷаноби Олӣ аст, аз зиндон озод мекунем туро» мегуяд.

Аммо Зайд Саидов ба ин туҳмат ва ба ин шантажҳо розӣ намешаваду мегуяд, ки ман нисбати Убайдуллоев ягон показаний ё ариза наменависам ва чунин маблағро хам ба ӯ надодаам. Барои ҳамин Фаттоҳ Саидов аз қаҳру ғазаб ба воситаи як панҷакентии бузи мақомот бо номи Раҳмони рашнагӣ (Ин Раҳмони рашнагӣ, қочоқчии маводди мухаддир, боҷаи Қодир Каҷалаеви ронандаи президент Раҳмонов) як зани проститукаро сум дода бо ӯ аризаеро ташкил карданд ки гуё  Зайд Саидов, ки инвалид асту як даст надорад ӯро таҷовуз карда бошад. Ва боз гуё Зайд духтари ин занро ҳам, ки ноболиғ аст таҷовуз кардааст.

Дар асл Зайд Саидов ин ҷиноятро содир накарда буд ва сабаби асосии моддаи 138 (таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ) задан ба ӯ ҳамкорӣ накардани вай бо Агентии коррупсия ба муқобили Маҳмадсаид Убайдуллоев буд.

Охирҳои моҳи августи соли 1995 вазъияти вилояти Хатлон бисёр вазнин буд. Аз ҷумла командири Фронти Халқӣ, части назди домбитаи «Саодат»-и Қурғонтеппа полковник Маҳмуд Худойбердиев ба Эмомалӣ Раҳмонов нобоварӣ эълон карда қасди бо таври зурӣ -военний переворот карданро ошкоро баён ва талаб кард, ки Раҳмонов Э Ш фавран ба части ӯ биёяду бо Маҳмуд Худойбердиев вохурӣ гузаронаду суҳбат кунад. Раҳмонов аз тарс дар кабинеташ дар даруни шкаф пинҳон шуда ба мисли харгуш дарақ дарақ меларзиду Саъдӣ- командири сангтудагиро илтимос карда мегуфт, ки «Саъдиҷон мо кати худут хешу таборем к…ракта бухурум мара тоқа намонен и узбаки Маҳмуд Герой мара убрат мекуна. Охир брен кати Ёқубҷон Салимов успакоит кунен Махмуда, илтимос Саъдиҷон». Яке боз вазири дохилӣ Ёқубҷон Салимовро илтимос карда мегуфт «Ёқубҷон, илтимос, гапи худут мегзара Маҳмудда. Брен ҳамура илтимос успакоит кунен, ӯ қасам хурдай. Миёя мара ай вазифа мегира, ма чико мекунум! Ма як бачаи камбағали худтонум, ма барои Шумо ҷонма метиюм. Ке..та бгардум Ёқубҷон худут мада раднойи, мара напартоен, илтимос» гуфта гиря карда чашмонаш пури об шуда, на коленний истода почаҳои Ёқубро буса мекарду, ба зону мезад.

Аз ҳамин сабаб Саъдӣ- командир ва Ёқуб Салимов бо гуруҳҳои худ Убайдуллоевро, ки муовини Сарвазир, куратори мақомоти қудратӣ буд, ҳамроҳӣ карда ба части Маҳмуд Худойбердиев омаданд ва шахсан Маҳмадсаид Убайдуллоев ба назди командири част полковник Маҳмуд Худойбердиев даромада гуфтушунид гузаронида бо ин командир масъалаи сафарбар накардани неруҳояш ба Душанберо ҳал карда буд. Ҳатто Маҳмуд Худойбердиев ба Убайдуллоев гуфта буд, ки «ба ман Президентатон Раҳмонов Эдик даркор аст. Ман Шуморо даъват кардагӣ нестум, куҷодай и петухи пиёнискаи Раҳмонов Эдик. Агар меомад ай ису мурдаша мебурдед» гуфта бо ғазаб ба Маҳмадсаид  Убайдуллоев суханҳои сахт зада буд. Аммо Убайдуллоев натарсида омада бо Маҳмуд Худойбердиев гуфтушунид карда ҷони Раҳмоновро наҷот дод.
Вақте ки Зайд Саидов ба шантажҳои Фаттоҳ Саидов, собиқ директори Агентии коррупсия розӣ нашуда нисбати раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев баёноту показаний надод Фаттоҳ Саидов, ки аз Раҳмонов .Э супориши махфӣ барои ба ин парвандаи Зайд Саидов ҳамроҳ кардани Маҳмадсаид  Убайдуллоев гирифта буд, ба сардори раёсати тафтишот Холмуродзода Фируз (масажисташ ) ва ба сардори Сарраёсати оперативии Агентӣ Гулмаҳмадзода Ҷамшед Санг (Сангов Ҷамшед Гулаҳмадович бо лақаби каргаси фунгӣ) ва инчунин ба сардори раёсати андозу гумрук дар Агентии коррупсия Рустамов Алихони наркобарони московскигӣ (бо лақаби қашқалдок) Маҳмадсаид Убайдулоевро любой ценой даъват кунед ба идораи коррупсия биёред: «ма худум допросуш мекунум» гуфта Фаттоҳ Саидов супориши қатъӣ дода буд. Аз ин ру ин бесаводон ва беақлони Агентии коррупсия чандин бор ӯро даъват карда буданд. Аз сабаби он ки то зиндонӣ кардани Зайд Саидов барои худнамойӣ Фаттоҳ Саидов бисёр одамони влиятельнийро бегуноҳ маҳкам карда буд, аз ҷумла Файзулло Бобохонов, прокурори Ҳисор, ки писари Генпрокурори пешин Бобохонов Бобоҷон буд ва низ бародари генерал Мансурҷон Умаров, муовини аввали КДАМ ва даҳҳо прокурору милисаю судяҳоро ва гумрукчиёну кормандони амнияту  налогу погранвойску тамоми мақомоти қудратиро бо истифода аз номи Президент Рахмонов супориш аз боло гуфта бегуноҳ одамонро бо доштани хусумати шахсӣ, ғараз, ҳасадбарӣ, бахилӣ ва қасдгирӣ бегуноҳ зиндонӣ карда буд. Барои ҳамин худро «король джунгли» ҳисоб мекарду «Убайдуллоевро ҳам мешканум» мегуфтааст.
Дар яке рӯзҳои корӣ баъди обед, қариби тамомшавии кор Маҳмадсаид  Убайдуллоев бо ҳамроҳии зиёда аз даҳ журналист ва охранаҳояш ба бинои Агентии коррупсияи қафои Диагностика 46 мкр рафта ба актовый зали Агентии коррупсия медарояд. Кали Фаттоҳ Саидов давида омада мехост бо Маҳмадсаид  Убайдулоев салом кунад. Аммо раиси шаҳр бо ӯ салом накарда гуфт: «биги дастои ҳаромта кати ту баъд гап мезанум, марҳамат камераҳотонро гирён кунеду саволҳоро ба ман диҳед. Сардори раёсати тафтишот кӣ аст?»

Сардори Раёсати тафтишот Фируз Холмуродзода ларзида даҳонаш гапро намегирифту «ду савол доштем раис», гуфта як варақро, ки ду савол дар компютер чоп карда шуда буд ба Убайдулоев пешниҳод кард. Убайдуллоев варақро гирифта бо овози баланд саволи якумро хонд:

Сохтумони Душанбе –плаза, ки айбдоршаванда Зайд Саидов сохта буд, комиссияи қабули онро кӣ роҳбарӣ мекард ва ба имзои кӣ тасдиқ шуда аст?

Убайдуллоев саволи якумро хонду сразу ҷавоб дод: «Сохтумони Душанбе -Плаза бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва супориши бевоситаи Президент сохта шудааст ва дар асоси хулосаҳои Счетний палата ва Прокурори генералӣ, ки ягон камбудии пулию молӣ ошкор нашуда буд, аз тарафи раиси Ҳукумат, Президенти Тоҷикистон Раҳмонов имзо ва тасдиқ шудааст. (аз сумкааш чанд варақҳоро бо имзои Президент Раҳмонов пешниход кард)

Саволи дуюм: бо айбдоршаванда Зайд Саидов чи муносибат доред, кай ва куҷо шинос шуда будед?

Ин саволро хонда Убайдуллоев табассум карда гуфт: «эээ ҳаромое, мақсади нопоку ҳаром доред Шумо бесаводо. Бо ҷаноби Зайд Саидов ягон муносибати пулӣ ва молӣ накардаам. Манро бо Зайд Саидов шахсан Президенти Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович шинос карда буд. Вақте ӯро вазири саноати Тоҷикистон таъин карда буд ягона вазири босавод, боимон, бовиҷдон ва преданний ба миллати тоҷик маҳз Зайд Саидовро дида будам. Метавонед Президент Раҳмоновро даъват кунед, суханҳои манро сад дар сад тасдиқ мекунад».

Боз савол ҳаст? гуфта ба кормандони Агентӣ  Маҳмадсаид  Убайдуллоев савол кард.

Ҳамаи кормандони Агентии коррупсия калаҳояшонро ба таги стул пинҳон карда ба чашмони Маҳмадсаид  Убайдуллоев ҳатто нигоҳ намекарданду бо калаҷумбонӣ гуфтанд, ки дигар савол надорем. Ҳамин вақт Маҳмадсаид  Убайдуллоев ба журналистон муроҷиат карду гуфт камераҳоятонро кушед, дигар запс накунед. Куштед? Ҳама журналистон ҳо гуфтанду камераҳояшонро хамонданд. Баъд Убайдуллоев бошаст ба назди Фаттоҳ Саидов наздик шуду чилики дасташро ба пешонии Фаттоҳ Саидов наздик карда гуфт: «Эээ к..изани ҳаромии ку..те! За..та ме..ом, авлодта ме..ом, фаҳмидӣ? Ба як касе чақа бша, ки ке..уш дар ку..ут бғунҷа фаҳмидӣ? Эээ ку..теи раққосса! Ҳаму заказчикота ва ҳаму режисоротам ме..ом, брасоншон, эээ петух! Инами ке…ма аз куҷоеш мефорат бхурен! Ҳамата мераса! Очата ме..ом, занта ме..ом, фаҳмидӣ, гуфту рафтем гуфту бо табассум ба журналистон ишора кард, ки «и гапои охирон барои запс набуд, фаромуш кунен и гапора», тез -тез роҳ мегашт.

Ҳамин тавр пресс конференция ва допроси Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба охир расид. Кали Фаттоҳ бошад дар актовый зали коррупсия бо дасти росташ дилашро қапида актрисагӣ карда «об бтен» мегуфту суп сурх шуда дар кресло менишаст. Дигар шогирдонаш Ҷамшеди Фунгӣ «об биёрен тез шефда» гуфта дод мезаду гаврикои Фаттоҳ Саидов болои сари ӯ чарх зада ба вай тасаллӣ медоданд: «ҳамаш мегзара шеф, зиқ нашавен хуб мешава» гуфта суханҳои тасаллоомез ба кали Фаттоҳ мегуфтанд.
Баъди ин ҳама нокомиҳо 12 январи соли 2017 бо як фармон Раҳмонов неожиданно Маҳмадсаид  Убайдуллоевро аз вазифа озод карда ба чойи ӯ писари худ-Рустами Эмомалиро таъин кард. Ҳатто барои представлят кардани Рустами Эмомалӣ ва бо обуру гусел кардани Убайдуллоев худаш наомаду сарвазир Қоҳир Расулзодаро равон кард.

Ва бо ин кораш мехост ишорат кунад, ки ӯ дигар Президент нест, ӯ “Пешвои Миллат” аст ва у дигар рафиқи пешинаи Маҳмадсаид  Убайдуллоев ҳам нест ва охир ба мақсади нопокаш расидааст ва аз шодиву хурсандӣ чанд шиша арақро нушида маст шуда рақс мекард. Аммо дар ин маҷлис агар аҳамият дода бошед Убайдуллоев бисёр ғамгин ва зиқ буду хиҷолатзада менамуд.
Раҳмонов ҳамчун инсон бисёр шахси кинагир, қасдгир, ҳилагар, дарундори занакмиҷоз аст (гоҳо қаҳр мекунаду гоҳо ноз мекунад, ба мисли арусҳо). Баъди аз вазифаи раиси Душанбе озод кардани Убайдуллоев як моҳ пас, нимаи моҳи феврали соли 2017 маҷлиси пешакӣ тарҳрезишудаеро ташкил ва зиёиёну мақомоти қудратиро дар Кохи Борбад ҷамъ карду Рустами Эмомалиро реклама карда тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузошт.

Ба тавре ба ӯ насиҳат ҳам кард: «Ту гушна нестӣ… ва ғайраю ғайра гуфт.» Аммо ба ин ҷаласа махсус раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид  Убайдуллоевро даъват накард. Чунки аллакай бо кофтани таги пойи Маҳмадсаид  Убайдуллоев сар кард. Ёдатон бошад, ки хабарҳо нашр шуданд, ки Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки фаъолияти молиявии шаҳрдориро мақомот тафтиш кунад. Ба дари утоқҳои кории шаҳрдорӣ муҳр заданд.

Чи хеле ки дар боло гуфтем Раҳмонов бисёр шахси кинатуз, дарундор, қасдгир ва злопамятний аст. Ба мисли манякҳо то агар шахсро то охир задазада баъди афтодан ҳам кушта хуни уро намакад, дилаш ором намегирад.

Барои ҳамин дар ҳамин маҷлис ин бор ошкоро ба мақомоти қудратӣ супориш дод ки масъалаи сохтмонҳои Душанбе Плазаи Зайд Саидовро (дар вақти раисии Убайдуллоев сохта шуда буд), сохтмони беморхонаи Истиқлолро (дар вақти роҳбарии Убайдуллоев сохта шуда буд) ва сохтумонҳои ширкати  «Манзили дастрас»-ро(қудои Убайдуллоев — Сулаймонов месохт) мавриди санҷиши қатъӣ қарор дода диҳанд. Супориш дод, ки ҳатман гуноҳҳои Убайдуллоевро ёбанд.

Барои ҳамин Маҳмадсаид  Убайдулоевро ба ин маҷлис даъват накарда буд. Чунки Раҳмонов  дар ру ба руи мардҳо ба чашмони мард нигоҳ карда супориш дода наметавонад, ҷуръати чунин корро надорад. Вай ба мисли арусҳо аз таги чодар ва ё пинҳонӣ дар набудани шахс дар публика баромад карда чунин супоришҳо медиҳад. Баъди ин маҷлис моҳи марти соли 2017 Агентии коррупсия ин бор директораш Султонзода Сулаймон ҷияни Матлубхон Давлатов, тағойии Убайдулоевро даъват карда мавриди пурсишу допрос қарор доданд. Баъди ин ҳама фишорҳо Маҳмадсаид  Убайдуллоев ба Маскав рафту чанд ҳафта наомад ба Тоҷикистон.   Раҳмонов беқарор шуд, сахт тарсид. Чунки Путин ба ӯ занг зада барои дастгирӣ ва дифоъ кардан аз Маҳмадсаид  Убайдуллоев ба таври дурушт ва таҳдидомез бо телефон суҳбат намуда буд. То ба шакли пеш рафтани Маҳмадсаид  Убайдуллоевро Раҳмонов пешгуйӣ накарда буду хавфи барбод рафтани нақшаҳои ба ҷойи худаш овардани Рустами Эмомалиро эҳсос карду филфавр саросема ба Маҳмадсаид  Убайдуллоев занг зада, гуё аз ин таҳдиду фишорҳои коррупсия нав хабардор шуда бошад, бо ӯ суҳбат кард. Ба ӯ ва ба Путин гарантия дод, ки бигзор баргардад, тамоми парванда қатъ карда шудааст ва ба Маҳмадсаид  Убайдуллоев ва хешу табору писаронаш ягон мақомот тахдид ва ё фишор намеоваранд гуфта зораю тавалло карда боз Маҳмадсаид  Убайдулоевро ба Тоҷикистон баргардонид. Ҳатто баъди ин ба писарони Маҳмадсаид  Убайдуллоев -Ҷамолиддин ва Амирҷон вазифаҳо дод.

Моҳи марти соли 2020 раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдулоев аз вазифаи охиринаш барканор шуда ба ҷойяш Рустами Эмомалӣ таъин шуд. Муддати чор сол аст ки Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар нафақа мебошад. Баъди аз мансаби раиси шаҳри Душанбе барканор шуданаш писар амакаш Маҳмудов Саидҳомид, ки дар вазифаи сардори МБТИ Душанбе кору фаъолият мекард Рустами Эмомалӣ аввалин фармоне буд содир кард ин аз вазифа барканор кардани Маҳмудов Садҳомид буд. Инчунин ҷиян ё писарамакаш полковники милиса Маҳмудов Шамсулло, ки солҳои дароз дар мақомоти милиса: сардори милисаи ноҳияи Сино, сардори милисаи Панҷ, сардори милисаи Фархор адои вазифа мекард аз вазифа озод карда шуд. 14 майи соли 2024 бо як амри Раҳмонов писари хурдии Маҳмадсаид Убайдуллоев -Амирҷони Убайдулло, ки то имрӯз дар вазифаи мушовири калони Президент оид ба бахши иқтисодӣ фаъолият мекард аз вазифа барканор шуд.

Баъди ин собиқ сардори Раёсати Хадамоти Гумрук дар Душанбе полковники Хадамоти Гумрук Нурмаҳмад Ғаниеви 62 сола, зодаи ноҳияи Темурмалик (Советский бо лақаби Чермен) солҳои 2000- 2004 ва дар гузашта сардори Раёсати Хадамоти Гумрук дар вилояти Суғд фаъолият мекард, баъдан ба Хадамоти муҳоҷират ба кор даромада ва айни замон сардори Раёсати ревизионии Палатаи ҳисоби Тоҷикистон шуда кор мекард наздиктарин шахс ба оила ва Убайдулоев ба ҳисоб мерафт чанд рӯз пеш аз тарафи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҷурми гирифтани маблағи махсусан калон (зиёда аз 300 000 доллари ИМА ) гумонбар дониста ин мансабдорро дастгир карда ба ҳабс гирифта хонаашро, ки дар маҳаллаи Калинини Душанбе воқеъ мебошад мавриди кофтукоби шадид қарор додаанду баъди гирифтани телефони дастиаш полковник Ғаниев Нурмаҳмадро кофта кормандони Агентии коррупсия дидаанд, ки ӯ бо Убайдулоев ва бо раиси КДАМи Тоҷикистон якҷоя сурат доштааст. Кормандони Агентии коррупсия ба полковники гумрук Ғаниев Нурмаҳмад (Чермен) руирост гуфтаанд, ки «эҳҳее бо ту кати хоинои миллат, душмани Ҷаноби Олӣ (яъне сурати Убайдуллоевро дар назар доштанд) акс доштай ку? Эҳҳее бо кати и муғули чашмтанги Ятимови «хоини миллат душмани Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрухи бачахони Ҷаноби Олӣ сурат доштай ку? Дига аку пожизненый срок мегирӣ, да  турма мепусӣ, и хонаю дарут, мошинои пачката мо ай худ карда конфискавать мекунем, и крышаҳота и БИНИра кати муғули чашмтанги хешот миёрем дар барут мешнонем !! Супориши Ҷанобай! Фаҳмидӣ лақай?» гуфта ин полковники гумрукро сахт шиканҷа ва маҷбур карда истодаанд, ки нисбати Убайдулоев Маҳмасаид ва нисбати раиси КДАМ СС Ятимов показаний ва шоҳидӣ диҳад!

Сабаби асосии дастгир кардани полковники гумрук маблағҳои калони гумшудаи вазорати дифои Тоҷикистон мебошад, ки маҳз кормандони КДАМ ошкор карда парвандаи ҷиноятиро нисбати муовинони Агентии захираҳои давлатӣ, ки раисаш Зайнулло Соҳибов (бо лақаби Зайчик) ҷияни Зоир Соҳибови домоди якуми Президент оғоз карда буданду ин парвандаи ҷиноятиро, ки характери коррупсионӣ дошт барои бурдани тафтишот ба Агентии коррупсия равон карда буданд аммо шогирдони Зайчикро бо ҷазои ҷарима аз СИЗО озод карданду акнун тафтишот идома дорад.
Раҳмонов ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас вафодор намондааст. Агар корномаи вайро варақ занед мебинед, ки ҳамеша нисбати тамоми инсонхо хиёнат, номардӣ, подстава, қасдгирӣ, разилӣ ва шантажу туҳматро истифода бурдааст. Мисолҳои мушаххас Сангаку Файзалӣ, Лангарию Ёқубу Саъдӣ- командир, Ғаффор Седой, Қурбони Чолу Хуҷа-командир, Маҳмадрузӣ Искандаров, Мирзо Зиёев (Ҷага) ҳоҷӣ Ҳалиму   Маҳмадбоқири бадахшонию Зайд Саидову Раҷабалӣ Одинаев-Умед-88, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Алӣ бедакиву ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода. Яъне ба ҳазорон инсон Раҳмонов хиёнат карда аст ва то ба ҳол хиёнаткориашро идома дода истодааст. Нисбати Убайдуллоев ва писарони ӯ ҳам ин номардӣ ва хиёнаташро мекунад ва нақшаи аз вазифа барканор кардани писари калонии Маҳмадсаид  Убайдуллоев-сафири Тоҷткистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдуллоевро ҳам дар сар дорад. Ҳоло вақт нишон медиҳад. Мебинед, ки боз чи хиёнатҳо ва боз чи номардиҳои дигарро Раҳмонов   карданӣ аст.

Бо эҳтиром подполковники амният (Раёсати оперативии КДАМ бо собиқаи 28 сол кор- Мирзоев.Ф З, псевдоними махфӣ «Хишник»

Сообщение Абрҳои сиёҳи болои сари М.Убайдуллоев, появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№106
Ҳодисае, ки дар номаи аввали ин барнома ба қалам дода шудааст, танҳо дар инҷо рух надодааст. Чандин сол аст ки мақомоти милисаву амнияту дигару дигар халқи бечораро барои тамошову лайку ришу шунидани мавъиза мавриди азияту озор қарор дода истодаанд. Бояд ошкоро гуфт, ки ин як сиёсати аз боло тарҳрезишуда аст.

Раҳмонов бо ин кор барои кормандони сатҳи пойини худ ҷойи даромад фароҳам меоварад ва ҳамзамон мардумро тарс медиҳад, ки аз сайтҳои мухолифин дидан накунанд ва бо онҳо дар иртибот нашаванд. Аммо кору амали мо нишон медиҳад, ки тамоми талошҳои Раҳмонов барабас ва бе фоида рафта истодааст:

Дустӣ

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз деҳаи Мировой, ҷамоати Ваҳдат ноҳияи Ҷилликул нома нашр карда будед. Як бародар мухолиф бо мо дар инҷо кор мекард. Хабар омад,ки модарашро якҷо бо падараш 6-ой отдел бурданд ва худи ӯро  телефон карданд, ки немедленно -се рӯз барои ту муҳлат бихезу биё. Мо гуфтем, ки аслан нарав.

Се -чор руз меқапанд, боз сар медиҳанд. Аммо ту меравӣ зиндонат мекунанд. Таваллуди ин бародар 2002 аст. Хостем дигарҷо гурезонемаш, акааш ба гардан нагирифт. Баракс маҷбур билеташ гирифт роҳӣ кард. Аз онҷо таҳдид карданд, ки ҳатман бо телефони дастат биё. Ваъдааш кардаанд, ки ду сол хизмат меравӣ ва ба номи Ҷаноб як аризаи пушаймонӣ менависӣ, тамом, озод мешавӣ.

Аммо, маълум, ки дуруғ мегуянд, мешинондаш. Номаш дар фейсбук ….. буд. Аммо, маълум аст ки аз он номаи дар бораи деҳаи Мировой чоп шуда беҳад дар хашму ғазабанд. Чунки онҷо воқеиятҳоро ошкор карда буданд. Онҷо як нафар буд, одами честний. Кор мекард, аммо ҳақашро талаб мекард. Ҳоло ба каллаи ҳамон зада истодаанд. Дар Маскав ҳама раису роҳбарҳои деҳа ҷамъ шуданд. Рафтанд пеши он ҳаромхурҳои золим. Онҷо бачаҳои қишлоқро ҳам ҷамъ карданд.

Гуфтанд, ки ку бихезед, мо аз кӣ пул гирифтем?

Бачаҳо тарсиданд. Ягон кас нахестааст.

Аммо, инҳо имон надоранд. Агар имон медоштанд тобути акаи худашонро намеқапиданд, ки аз мо қарздор аст.

Дар Тоҷикистон хонаҳои онҳо рафтаанд, ки бачаҳои шумо навиштаанд. Аммо онҳо посилат кардаанд, ки бачаҳои мо нестад.

Сайти он бача номаш Муҷоҳиди роҳи ҳақ буд. Имрӯз парид рафт. Агар бо касе дар тамос шуд бояд ҷавоб надиҳанд. Вай ҳоло дар дасти онҳо аст. Дар дасти 6-ой отдел. Рафту худашро здават кард. Мақсади навиштани ман ин аст ки мардуме,ки бо вай иртибот доранд, бояд огоҳ бошанд, ки мабодо боз ягон касро занг зада ошкор накунад.

Дар онҷо бузҳо ҳам доранд. Ҳамон сағера руирост пеши раисҳои қишлоқ гуфт, ки ҳамин Зинат ва ҳамин Сафар бузанд. Гуфт бузӣ мекунанд.

Фархор

Ассалому алейкум бародари азиз. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин навиштаро нашр ва навор карда дар барнома аз барои Аллоҳ, паҳн кунед. Ман як корманди КДАМ дар Фархор. Дар Фархор як шахс ҳаст ба номи махсуми Азиз. Ба хело аз занҳои мардум расид. Кори ин шахс фақат ва фақат ҷодугарӣ буд.

Ман бахшиши бисёр мепурсам аз бародар Исломиддин, ки бо фармони  Солеҳзода Парвиз, (пеш дар прокуратураи ноҳияи Фархор кор мекард) ва ин  ҷодугарро кришават мекард, ин бародарро озори сахт додам. Бародар Исломиддин дар даврае, ки ман куратори ҷамоати Ғайрат будам, бачаи ин ҷодугарро зад. Ин ҷодугар бо суди ноҳия Хуҷамурод соз буд.

Бо ҷодугарӣ ҳамаи корро кард ва тавассуи суд ӯ ва оилаашро ҷудо кард. Он зан дар никоҳи ҳамин бародар буд. Шавҳараш доданд. Ӯро бародари занаш-кари Камол ҳамроҳи очааш Шарифа ва холааш Парчамо ва қорӣ Аҳлиддин, ки шиа мазҳаб аст, якҷо шуда ҳамин кори ғайриисломиро дар ҳақаш раво диданд. Ҳамаи ин маълумотҳои бардуруғро ба ман он вақт Хоҷаев Эмомназар, ки раиси маҳала буд медод. Баъд маълум мешавад, ки ин бача-яъне Исломиддин ӯро бесавод гуфта писанд намекардааст. Ин бародарро ман дар ҳақаш зулм кардам. Барои ҳамин аз тариқи барнома бахшиши маро расонед. Ва раиси деҳаи Карл Маркс ҳозир Дилшоди себфурӯш аст. Дилшод эҳтиёт бош!.

Дар ҳамин хонаводаи ҷодугарҳо Асад ҷодугар аст. Азиз ҷодугар аст, Баҳрулло ҷодугар аст. Хонаҳои мардума тачовуз карда гаштан, Фамилияашон Толибов. Ҳамааш бачаҳои Амрулло мебошанд. Инҳоро як ҷиянашон ва шавҳари хоҳарашон Шамсулло кришават мекунад. Шамсулло дар амният кор мекунад. Хоҳарашонро гирифтагӣ- Мисколҷонро. Ман 1000 бор аз бародар Исломиддин узр мепурсам. Аллоҳ маро бахшад. Ман хело зиёд кофтам бародарро, то ки бахшиш пурсам, надидамаш. Зани ин бародарро дар Ҳамадонӣ шавҳар доданд. Он бародар Ҷаҳонгир ном дорад. То ҳол намедонад, ки талоқи ин духтар нододааст. Ҷаҳонгир шояд надонӣ ту, ки Камол туро фиреб карданд. Нагуфтан талоқи ин хоҳарашон нодода аст.

Бародар, ман чизе навиштам, илтимос дар барнома ҳамаашро хонед. Аз ин ҳодиса се сол гузаштааст аммо виҷдонам маро хело азоб медиҳад. Аз барои худо хонед, ки ман касали саратонам. Дар зиндагиам он бародар маро бахшад. То ҳамин дараҷа азоб дорам, пас аз туҳмат кардан дар ҳақи он бародар, ки гуё салафӣ мебошад, дар ҳоле ӯ як Ҳанафӣ буд. Аллоҳ лаънат кунад Эмомназар Хоҷаевро. Аммо ман касали саратон шудаму хуштомани вай пес шуд. Духтари Эмомназарро ба 3 кудак талоқ доданд.  Исломиддин, ҳар куҷое бошӣ ва агар Ислоҳро тамошо кардӣ, маро бахш.

Ман ҳоло дар як беморхонаи як шаҳри Русия бистарӣ ҳастам.

Рашт

Салом бародар! Ташаккури зиёд, ки номаи маро дар барномаи «Номаҳо….» ҷо додед. Ман аз Ғарм менависам. Аз Равшан-корманди амният, ки аз Ёвон омада дар амнияти Fapм кор мекунад, гуфтаниам.

Ин Равшан бо як Лексуси rx серебристый, рақами давлатиаш 6655 як сарбозро зад, мурд ҷобаҷо. Ягон чораҷуӣ накарданд. Ин Равшан дар Fapм мардумро беҳад зулм мекунад. Чаро Ятимов ин корҳои вайро пешгирӣ намекунад?

Равшан кадом бачае, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ меояд, фарёд карда мебарад амният: ту дар Русия чи кор мекунӣ, ба чи машғул будӣ гуфта мепурсад, телефонашро мегирад ва мегуяд, ки « мо телефонта мегрем, проверка роиш мекунем Душанбе, як моҳ, ду моҳ мемона дар дасти ман».

Ягон соҳибкори даруни Fapм аз тарс телефони сенсорный истифода намебарад. Чунки мегиранд телеро ва суми калон талаб мекунанд, баъд телефонашро медиҳанд. Дар дохили қассобхона яъне ғaмнияти Fapм  сахт таҳдид мекунанд.

Телефонро мегираду мегуяд ба ту ҷавоб, як моҳ пас телефонат мекунем. Вақте ки мебароӣ посредники махсус доранд, ки ҳамроҳашон кор мекунад. Худашон пешат меоянду мегуянд: «Телефон да дасти Равшанай, ма катиш созм биё катиш маслихат менм бти ягон 12,000 сомон мегримша телефона!!

Меган, ки агар телефона да дасти амниятиё то чанде беста ба хдта проблемат зиёд шидан мегира!! Ай ҳама вариянти хубш  ҳамияй, ки тез сума ай ягонҷо қарз кн биё телефоната бгир».

Хуҷанд

Салом, кормандони барномаи «Номаҳо». Саломи хос ба шумо Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман шаҳрвандеам, ки аз дастаи ин режим ба дод омадааст. Мо дар оила ду бародар ҳастем. Бародари калониям тули чанд сол дар Русия кор ва оилаи моро нигоҳубин мекард. Ман имсол мактабро хатм карда ба донишгоҳ дохил шуданӣ будам. Тобистони гузашта бародарам аз Русия ба дидори оила омад. Се рӯз паси дари хонаи моро кормандони амният заданд ва бародари маро бо худ бурданд.

Ҳарчанд 3-4 рӯз пушти дари амният рафтем ба мо ҷавоб намедоданд. Баъди 4 рӯз гуфтанд бародари шумо салафӣ аст ва дар шабакаҳои дар Тоҷикистон мамнуъ лайк гузошта наворҳоро пахш кардааст. Аҷибаш дар он ки бародари ман ҳеҷ вақт дар ягон гурӯҳ ё шабака дастрасӣ надошт.

Ман аз кормандони амният ба мулоқот бо бародарам дархост кардам. Вале онҳо гуфтанд туро ҳам дело кунем мефорадат? (Пас аз чанд лаҳза хоҳарам расид ва ӯ ҳам дархости мулоқот кард. Вале онҳо хоҳари маро ба пурсиш даруниутоқ дароварда фишор меоваранд, ки «навис бародари ман наворҳои мамнуъ дар Тоҷикистонро ба ман ҳам фиристод. Вай рад карда гуфт ин туҳмат аст.

Онҳо таҳдид карда гуфтанд, ки ту ҳоло намедонӣ куҷо ҳастӣ? Подвали моро надиди меҳмон кунем (ҳозир «групповой» мезанем).

Ҳамон рӯз чанд ҷавони дигарро ҳам оварданд, ки ман онҳоро шинохтам ва сад фоиз медонам онҳо бачаҳои шаҳр ва ҳеҷ робита ба салафӣ надоранд вале афсус онҳо ҳам ба доми амният афтода бо туҳмат зиндон шуданд.

Хулосаи гап барои озод кардани бародарам як восита ёфтем, ки бо сардори амнияти шаҳри Хуҷанд Қурбонов.Ш кор мекард, яъне пора мегирифт ва ҳал мекард. Вале ӯ як маблағеро гуфт, ки мо надоштем. Бародарам барои 8 сол пушти панҷара рафт ва ҳамчунин чанд бачахои шаҳри Хуҷанд ҳам зиндон шуданд. Қурбонов.Ш ба Хуҷанд тоза омад, вале дар муддати кутоҳ соҳиби мошинҳои гароннарх, чанд хона шуд. Кору бораш арусбозӣ ва воҳима дар кучаҳои Хуҷанд, мошинҳои худро чи хел форад ҳамон хел ронда мегардад. Ба кормандони БДА зурӣ мекунад, ҳамаро метарсонад, ки бо барои лайк напарӣ. Аз дасти ин Қурбонов Ш мардуми Хуҷанд ба дод омаданд, вале сукут карда мегарданд. Агар санҷиш кунед, қариб 700 касро бо ст 307 пушти зиндон бурд ва моҳи сентябр аз тарафи президент мукофонт гирифт. Аз ин маълум мешавад, ки президент аз кору бори вай хабар дорад ва розӣ аст. Яъне барои нобуд кардани ҷавонони Хуҷандро шояд худи президент фармон дод. Гуфтанд Қурбонов.Ш  пушти бақувват дорад, мехоҳад ба наздики ҷои Алихон Зубайдов, раиси КДАМ-и вилояти Суғдро, ки имрӯз роҳбараш аст гирад. Дар байни мардум гап- гап аст ки вай бо авлоди президент робита дорад ва хабарҳои дохили амниятро мерасонад. Қурбонов.Ш як инсони баддаҳан, бадахлоқ, порахур ва бузи авлоди президент аст. Аз даҳонаш ғайр аз гапҳои қабеҳ дигар чи намешунавӣ. Ҳатто муфаттиш ҳам яке аз хешовандони худаш аст. Тамоми (дигар сохтор) кормандони мақомотро тарсондааст.

Вақте ошно кофтем то ин туҳматро ба бародари ман овезон накунад, хелеҳо гуфтанд вай нафси аждаҳор дорад, зурат намерасад.

Имрӯз сахт воҳима карда сайру гашт дорад. Аз ба Хуҷанд перевод шуданаш розӣ аст. Мегуяд, ки ҷои руғандор, хуҷандиҳо ҳамааш буз, ҳамдигарро зуд мефурушанд. Байни худ аҳл нестанд. Ин суханҳои худи Қурбонов.Ш аст. Хок ба сари мо, халқи вилояти Суғд! Кадом саг имрӯз моро истифода бурда буз кард? Назан бо ангушт, рӯзе мезананд бо мушт.

Президент инҳоро аз сари халқи Хуҷанд дур кунед, ки оқибаташ вой. Ҳар сабр ҳам андоза дорад. Қурбонов.Ш бо ин рафтор сафи мухолифонро зиёд мекунад. Шояд ҳадафаш ҳамин бошад.

Алихон Зубайдов ҳадафи ин порахур ҷои туро гирифтан аст.

Устод мо аз ин рӯз дар сафи Шумо рост ҳастем ва сабабаш Қурбонов.Ш аст. Ин бадбахти бар сари мо моҳи август 2023 руй дод. Ҳоло бародари маро ба зиндони Душанбе интиқол доданд. Вай акнун ба муҳлати 8 сол дар зиндон мешинад.

Конибодом

Дуруди худованд бар Шумо, бародар Муҳаммадиқбол! Хостам аз тағйиротҳо ва каме аз дарду ранҷи мардуми Қарақчиқум ва ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом ва ё ҳамон Канадае, ки мардум байни худ садо мезанад, ба қалам диҳам.

Ин нома чизҳое дорад, ки пас аз нашри номаҳои қаблӣ сурат гирифтааст.

Дар Қарақчиқум обро вақти обед яку ним соат медиҳанд. Барқро аз соати 14:00 то 17:00 хомуш мекунанд.

Ҳоло бошад кормандони дузду ғоратгари пулҳои обу свету налог мардумро ғорат доранд. Мо мардум намедонем барои чи дар ин «срокҳои кутоҳ» ба давлат ин қадар пайса лозим шуд.

Охир инҳо дар 33 соли истиқлолият дар деҳаи мо ва ноҳияи мо ақалан 1насос  барои таъмини мардум намонданд. Мо ҳайронем инҳо пулҳои давлатиро барои куҷои Азизмо ҳифз доранд?! Шунидем, ки Озодаи чемпионка дар назди Сирдарё дуввум «дача»-и ду этажа месозад.

Ва барои ҳамин мардум боз зери ғорати налогҷамъкунакҳое, ки бо махсус мошин ба хонаҳои одамон рафта угрожат мекунанд, қарор гирифтаанд. Ҳоло ҷавонҳоро ба кор гирифтанд ва онҳо бо калонҳояшон зану мард мардумро метарсонанд.

Ин чи давлат аст. Худованд инҳоро инсоф диҳад.

Мегузарем ба бузҳо:

Бузҳои амният саводи кофӣ надоранд. Онҳо ду нафаранд дар дохили мошинҳои  жигули дар назди мактаби номери 29-и номи Садриддин Айнӣ ва пеши мағоза, мешинанд ,мелақанд, ба духтарҳову занҳои деҳаи Қарақчиқум чашм ало мекунанд ранги пешвояшон, ки дар ҷаласаҳо ба духтарҳо гаппартоӣ мекунад.

Хитобам ба мардуми Қарақчиқум: «Мардум то ба кай дар Русия мегардед, то кай шумо зери зулми мақомоти русҳо мебошед? Биёед ба ватанатон. Инҷо шумо бояд соҳиб шавед, шуморо инҷо набояд ҳеҷ кас таҳқир кунад, бас аст мурғӣ, мо ранги деҳаи Лоҳути мурғ набудем, нестем ва намешем!»

Дигар буз бошад бо мошини Мерседес назди бемористони деҳа, ки онҷо якчанд бачаҳакои боло мешинанд, лаҳҷаи онҳо аз мардуми Суғд нест, онҳо гапзаниашон хеле бесаводона, бемаданиятона аст, меистад. Якчанд сол пеш якто ҳаминхел буз телефони як бачаро барои занг задан пурсид. Баъд ба жигулияш нишасту зада рафт бо телефонаш, намедонам ин чи давлат аст…

Хуб мешуд ки онҳоро ғармиҳо нобуд мекарданд ва Суғд аз онҳо озод мебуд ва президенти мо Раҳмон Набиев зинда мебуд ва уро Раҳмонов намекушт.

Шумо дар минбар гуфтед ки Набиев бесавод буд, бовар кунед. ако Муҳаммад иқбол, Набиев аз сенздаҳ пуштат босавод буд.

Дар ҷамоати деҳаи Лоҳутӣ вазъият бадтар аст. Онҷо милисаҳои 20 сомонаро оварданд. Дар сардиҳо ба он бечораҳо дили мардум месузад ва камкам пулу пайса медиҳанд, барои рафъи гушнагӣ ва нафсу дилкашии онҳоро каме «утолить» кардан.

Мардуми Қарақчиқум бас аст мурғӣ!

Ҳоло номаҳои Хуҷандро хонда истодаам. Чи хел Навҷувонов бо алҷанубиҳои   кадрҳои наваш Хуҷандро ғорат ва таҷовуз дорад. Бароям ҳамчун суғдӣ ин нобахшиданӣ ҳаст  ва ман ҳамчун суғдӣ дар режими «ожидание» қарор дорам. То ки ин аҷнабиёнро аввал аз деҳаам, аз шаҳрам ва баъд аз вилоятам берун кунам.

Ҳоло Раҳмонов ба ҷои Икроми раиси Амонатбонк, як конибодомиро монд. Умедварам барои тамоми мардум хидмат кунад.

Хатлон

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Сипоси фаровон, ки як қисми номаи моро чоп кардед. Бале,  номаи ман тулонӣ буд. Бори дигар мегуям, ки ман ҳамаи баромадҳои шуморо якто ба якто гуш мекунам. Шумо дар баъзе баромадҳоятон мардбачаҳои ноҳияҳои Фархор, Панҷ ,Исфара ва ғайраро барои мубориза зидди диктатор таъриф мекунед, ки шери нар ҳастанд. Вале ман аз тарафи падариям, ки модараш яъне момаам асли ватанашон Восеъ ва бобоям аз Балҷувон ва аз тарафи модарам бобоям аз Данғара ва  модараш бошад аз Темурмалик, гуфтаниам,ки дар ин чор ноҳия калон шудаам ва аз номи ин мардҳои мубориз сухан мекунам, ки инҳо ҳам шери наранд. Дар мубориза саҳми худашонро гузошта истодаанд ва инҳо аз ман бисёр хоҳиш карданд, ки ба акаи Муҳаммадиқбол расон, ки мо ҳатто лайкҳоро ва поделитсаро фаромуш накардаем. Дар ғарибӣ дар Русия қарор дорем ва ҳамроҳи аҳли байт омадам шаҳрвандии Рассияро дорем. Аммо як зара ҳам инҷо қадр надорем.

Мо шахсони бо саводу соҳибилм, ҳатто номзади илм ҳам ҳастем. Гуфтанд агар гражданин шавед, бо дипломҳоятон кори давлатӣ карда метавонед. Пеш мо бо худ мегуфтем, ки шояд дар инҷо зиндагиамон хубтару беҳтар шавад.

Ба воситаи шабакаҳои интернетӣ кор ҷустуҷу кардем. Кор бениҳоят бисёр аст. Аммо ватк бо офис тамос мегирем мепурсанд, ки «у тебя какая гражданство?» Мо гуфтем шаҳрванди РФ. Баъд гуфтанд, ки ба офис, ба ҳамин суроға барои собеседование биёед. Онҷо ҳозир шудем. Аз афту башараамон дарав шинохтанд, ки тоҷикем ҳатто «сивиамон»— ро нигоҳ накарданд. Гуфтанд, ки «мы только берём славянами, извините что мы не можем вас помочь». Хулоса, бо ҳамон ҳоламон ва корамон ба «чорнарабочиву разнорабочӣ- грузчикӣ, барфрубӣ, ахлоттозакунӣ машғулем». Ҳатто як рӯз маро кор зур овард, аз дард миёнамро қапида- қапида хона омадам. Фарзандҳоям гуфтанд, ки отаҷон барои чи Тоҷикистон намеравем, ин чи аҳвол аст? Модарашон, яъне оилаам суханҳои кудакҳоямро шунавида чунин гуфт: «агар ба ин диплом мо дар онҷо кор кунем, бо он маош аз гушнагӣ мемурем, ё ин ки порахур мешем, ки аз луқмаи ҳаром шояд турма шавем ё бо статия  дафъамон кунанд. Мо таға надорем, ки спасатмон кунад. Дигар ин маълумотҳои панҷсола гирифтаамон дар ягон ҷо кор намеояд».

Баъд фарзанди калониям гуфт барои чи куча мебароем, дар ҳамаи ҷо тоҷикоҳанд?

Акаи Муҳаммадиқбол ана барои чи мубориза бурда истодаем. Ба фарзандҳои худам гуфта истодаам, ки бо сабаби ана ҳамин оилаи гушназада ҳамаи мо беватан шудаем ва шиносед ин авлоди ҷоҳилро. Фаҳмиданду боз як саволи дигар доданд. Гуфтанд падар барои чи агар не ин пиракиро номашро ранги як қоида кардаанд? Мегуй, мегуй, боз мегуй баъд дар охир номашро мегиранд? Ин қадар таърифи ночаспон?

Фарзандам мегуяд ман ҳамин қадар президентҳоро гуш мекунам. Ин хел сафсаталогия намегуянд. Ному насаб мегиранд тамом!

Ҳоло аз бародарони данғарагӣ, ки бо мо кор мекунад, як маълумотро расониданиам. Мегуем, ки «намерай дар ватан кор кунӣ, ҳама власт дар дасти Шумо, ягон кори хуб медиҳанд. Мега ма гушназада нестм, у авлод аҳ сер намекуна баъд дар инҷа ман гунаҳгорм? ма дар қабати шумо кор кардестам ку».

Баъдан як қисаро гуфт. Чанд сол пеш дар  Данғара дар як қишлоқаш (нагуфт номи қишлоқро) Ҳасан Асадуллозода қишлоқи мо омад.  Як чанд гектар заминро аз худ кард. Ҳамон ҷои аҳолинишине, ки мо мешиштем ними хонаҳоро хезонд ва ба дигар минтақа кучонд. Боз замин барои ӯ ками карду ба як қисми қабристон чақа шуд. Ҳамон деҳаро гуфт, ки мурдоҳоятонро бигиред. Аз руи план бояд як тарафи инҷо хезад. Дар ҳамон вақт мардум гуфт мо устухонҳои падаромонро куҷо мебарем? Гуфт пури қабристон аст, бурда аз нав бигуронед! Хулоса корашонро карданд. Халқи онҷо мурдоҳояшонро гирифтанд ва ба дигар тараф кучонданд. Дар як рӯзи борони шадид дар он  қабристон сел омада шушта бурд. Хулоса ҳам худашон бе ватан монданд ҳам мурдаҳояшон дигар бе ному нишон шуд. Ин буд қиссаи як  бародари ҷабрдидаи данғарагии муҳоҷир дар давлати Русия.

Қиссаи бародарӣ восеӣ, собиқ корманди амният. Дар бораи ҳофизҳо сухан рафт. Гуфт, ки тамоми намуди зино дар амниятиҳо ва ВКД дар шаҳри Душанбе карда мешавад. Шахсан ман онҷо кор ва фаъолият мекардам. Кормандони ВКД-ро фармон медоданд, ки «бра мода дугонаи тенҷи Шабнами Сураёра биёр».

Шабнам дугонаҳои зебо бисёр дорад ва дигар сарояндаҳои номдор ҳам ҳамчунин. Фақат кор зино. Дар кабинетҳои мақомот, яъне офисҳо, дачаҳои Варзоб, меҳмонхонаҳо бо ҳофизон авҷ мегирад.

Дар дискоклубҳо ҳатто дар райони Восеъ алакай дуюм дискотекара кушоданд, зино дар авҷи аъло аст. Дар худи район раққосаҳои мардина ҳастанд, ки сабзӣ ба дастанд гуфти шумо , бачабозӣ мекунанд. Дар ҳар дискотека ин ҳолат дида мешавад.

Астағфируллоҳ! Баъзе устодони донишгоҳ низ ба ҳамин монанд корҳоро бо донишҷуёне, ки дар дарсҳо иштирк намекунанд ва штрафниканд, барои имтиҳон бояд допуск гиранд, мекунанд. Муаллим мегуяд, ки бо ман ин корро мекунӣ,б аъд дар имтиҳон роҳ медиҳам, вагарна хориҷат мекунем. Баъд хабар ба мо омад, ки рафта муаллимро ҷарима карданд. Худи бачаҳои отдел он муаллимро ҷарима карданд. Гуфтанд ,ки «бра кор куну лекин куна бҷқ, агар хорад думбаат яъне форидакта, пеши мо биё оромш мекунем, уколи гуштӣ мезанем. Дар онҳо дигар раҳм, номус, шарм ва тарс нест».

Баъд як қиссаи Раҳмонов ва Убайдуллоевро нақл карданд. Мегуянд вақте ки дар дача, дар бассейн бо ҳам оббозӣ карда дам мегирифтанд ҳамон вақт бояд дуюмбора Президент шавад. Убайдуллоев мегуяд, ки Раҳмонов чи шид маслиҳатамон? Ту дар вақташ гуфта будӣ, ки мо агар властро бигирем ба навбат Президент мешавем, ки хилофи конститутсия нашавад? Баъд Раҳмонов дар ҷавоб гуфтааст, ки «хай ман як гуфта будам да»

Баъд Убайдуллоев планҳои ин номарди дукунаи говкаларо фаҳмид. Бисёр супоришҳои ин фнгиро намегирифт. Нақшаҳои сохтмоние, ки дар пойтахтамон  шуда истодааст, биноҳои баландошёна ва ба ҳамин монанд дигар корҳо бояд Убайдуллоев сар мекард. Лекин ба вай ин тупарила иҷозат надод, планро иваз кард чи тавр? Ин говкалла ба хотири Рустами Эмомалӣ нақшаро то омадани фарзандаш, ки имрӯз пагоҳ ҷойи Убайдуллоевро мегирад, як тараф генпланро гузошт. Ҳозир халқи тоҷик медонед чи мегуянд? Ин қадар, ки Убайдуллоев дар сари вазифа буд, пойтахт ин тавр зебою обод нашуда буд. Бинед акнун ин халқро, ки ба чи дараҷа оварда расонданд, ки мегуянд инҳо аллакай сер шудаанд. Бигзор бошанд. Ҳозир як касе дигар шавад то онҳо сер мекунанд, хело вақт мегузарад. Маълум мешавад, ки ҳама медонаду худашонро аз тарси ин режим ба каракӣ меандозад ин халқ. Эй мардум худатон ба забони худатон гуфта истодаед! Чаро хомушед. Ин қадар Убайдуллоев хизмат карда буд, дар охир баъди нафақа баромаданаш нол шуд.

Убайдуллоев ҳазор бор аз ин говкала дида зуртар буд. Панҷ вақт намозашро дар вақташ мехонд. Ин ваҳшӣ ба таври худаш ҳоҷияй.  Аммо хар ворӣ арақро мезанад.Тамоман намоз намехонад. Муллоҳоро бад мебинад, ҷои куштанашон намеёбад. Саломатияш он қадар хуб нест. Талош дорад ҳарчи зудтар Рустамро дар курсии президентӣ биёрад. Як бори дигар ҳаҷ кард, ки ҳамаи гуноҳҳояш бирезад. Мурданаш қариб омадааст ва   баъд ба гуфти худаш ором дунёро тарк кунад.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман ба ватан омадам аммо ҳамон вазъу ҳолу ҳамон корҳо. Ҳеҷ чизе тағйир накардааст. Бадтар шудааст. Халқ намехоҳад, ки дар ватан зиндагӣ кунад. Яъне тарки ватан карда истодаанд. Ҳеҷ кас кас баргаштанӣ нест, аммо розиянд, ки тарки ватан кунанд. Аз Исфара сар карда то Хуҷанд ягон марди шиносро намебинам. Ҳамаашон зану кудаканд. Аз  дасти ин золим на свети бемалол ҳасту на хурокворӣ арзон, ҳама чиз қиматӣ. Аз беобӣ ҳама ҷо хушк ва чул шуда чандин одамҳо зарари калон диданд. Занҳо 30% бе шавҳар, оилаашон вайрон шудааст. Ин Эмомалӣ Раҳмонови калағафс ҳамаҷоро ва ҳамаро ба сараш об рехт.

Аз дигар давлат коргар оварда бо маоши баланд кор фармуда истодааст. Ҳамон маоши баландро ба халқи худ диҳӣ, чи мешавад?  Ҳатто аз худи шаҳри Конибодом ҳам одамон тарки ватан карда истодаанд. Сабаб набудани ҷойи кор ва зулми зиёд аст ки болои мардум оварда истодаанд. Боз вақте гапи ҳақро занӣ туро салафӣ зада бурда мешинонанд ва ё бар ивази ситонидани маблағи калон озод мешавед.
Халқ чи кор карданашонро намедонанд. Занҳои бешавҳар ва шавҳарҳояшон дар муҳоҷират бударо ин ҳукуматиҳо фанду фиреб карда ба роҳи каҷ мебаранд. Вақте аз оилаат ҷудо шудӣ, алименти баланд талаб мекунанд.

Агар одам дошта бошӣ корҳоятро, албатта, бо маблағи калон ҳал мекунанд. Вале агар дар пушти зан одами боқувват бошад, мард маҷбур мешавад, ки ё ба худ кушӣ даст занад ё ки тарки ватан кунад ё ки чизе дошта бошӣ мефурушиву соф мешавӣ. Нархи алимент ба сари як фарзад 300 сомонӣ. Охир шароити кор бошад ва маблағи хуб гиранд, ин пул барои  фарзанди худат  чизе нест. Вале на ҷои кори аниқ меёбӣ на зиндагии хуб мебинӣ.
Амниятиҳо халқро бисёр хона вайрону бе ватан карда истодаанд.
Яке дар телефонат ягон амри маъруф дошта бошӣ, ё ки риш дошта бошӣ гуё, ки умрат ба охир расид. Агар ин гапҳоям дуруғ бошад Аллоҳ маро дузахӣ бигардонад.
Сохтмони роҳи мошингардро сар кард. Аз дигар давлат коргар овард. Он корро халқи худамон метавонад. Барои коргарони аз дигар давлат оварда маоши на кам аз 5000 сомонӣ баландаш 20.000 ҳазор медиҳад. Ба халқи худ 2800 то 4000 сомонӣ. Ин ақлашро хурдагӣ чи бало? Ин чи хел ҳукуматдорӣ?

Боз бо овози баланд мегуяд, ки ман шароити муҳоҷирро медонам. Эй говкала, агар донӣ, чаро халқро озор дода истодаӣ. Аз свети набуда 30 дирам меирад. Соати  6:30 медиҳад 23 мекушад.
Адвокатҳои Конибодом роҳи сумкоркуниро ёд гирифтаанд. Барои як ариза нависонидан аз 200 сомонӣ сар карда то 1000 сомонӣ мегиранд. Лекин суд мебарӣ қабулат намекунад. Боз меоӣ пеши адвокат, мегуӣ қабулам накард. Боз мегуяд, ки 400 сомонии дигар медиҳӣ ҳамааш ҳал мешавад. Ин пулро ҳам медиҳиву боз як ҳафтаи дигар аз қафояш медавӣ, ки кай ариза тайёр мешавад. Мегуяд, ки «тоқат кунед. Лозим шавад 3 ҳафта ҳам меистӣ».

Боз вай адвокати давлатӣ будааст. Эҳ вой бар сари ин хели корхона. На номус монду на виҷдону на меҳр ва на хайру барака ва на инсофу имон.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№106 появились сначала на ISLOH.net.