Архивы Мавлавӣ Абдуллоҳи язгуломӣ - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №155
Зиндонҳои Тоҷикистон аз ИВС сар карда то критий ба як ҷойи даромади кормандони ин муассисаҳои ба ном ислоҳӣ бадал гаштааст. Кормандони ин муассисаҳо ҳатто аз ҳисоби маводи хурокаи зиндониҳо ба хонааҳояшон, ба зану фарзандҳояшон мебаранд. Аз тарафи дигар ҳиҷ кореро барои як нафари маҳкумшуда ройгон иҷро намекунанд. Ҳатман пул меситонанд. Номаи аввали ин  шумора аз ҳамин хусус суҳбат мекунад

Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту бародар Муҳаммадиқбол! Хостам дар бораи Сангалии без палец каме нависем. Юлдошев Сангалӣ зодаи ноҳияи Ёвон, сокини Душанбе хатмкардаи донишгоҳи налог, соли таваллудаш 1985 аст.  Сангалӣ баъди хатми донишгоҳ ба вазорати адлияи ба кор омада дар муассисаҳои ислоҳии кишвар фаъолияташро оғоз намуд. Аммо аз рузи омаданаш шиканҷаро сар кард. Мегуфт «ма лубойта фалон мекунам». Ҳатто Ғаффор седойи мусафедро ҳам шиканҷа карда буд. Ман инро бо чашмонам дидам. То омадани Сангалӣ бачаҳо дар маҳбас аз телефон истифода мекарданд:- аз 30 сомонӣ то 50 сомонӣ медоданд, халос мешуданд. Сангалӣ ин нархро аз 500 то 800 сомонӣ расонд. Маҳбусон ба сардори муасисса шикоят мекарданд. Аз ин муассиса ба дигар муассиса равонаш мекарданд, хулоса чи дар муассисаи Бохтар чи дар муассисаҳои Душанбе кор мекард. Фақат кораш шиканҷа буду порагирӣ. Ҳоло он, ки дар ин вақт Сангалӣ як опери прастой буд. Мо ҳайрон мешудем, ки як опери простой ин қадар беспридел аст. Баъд фаҳмидем, ки тағояш сардори муҳофизони Озодаи Раҳмон мебошад. Сангалӣ баъди ҳодисаи ҳоҷӣ Ҳалим шиканҷаро дар дараҷаи олӣ расонд. Шабурӯз шиканҷа мекард, азоб медод, мезад, мешикаст. Бисёртар бачаҳои гуруҳи ҳоҷӣ Ҳалимро мезад. Хулоса, пули бисёр ҷамъ кард ва тавассути Нуриддин Раҳмонов вазифаи муовини сардори муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе таъин шуд. Баъди чанде муовини сардори муасиссаи тафтишотӣ — СИЗО таъин шуд. Чунки СИЗО ҷои пулкоркунӣ аст. Боз дар инҷо пулро ҷамъ карду через Нуриддин Раҳмонов сардори муасиссаи сукунати дар Гаровутӣ таъин шуд. Онҷо ҳам ҷойи пулкоркунӣ аст. Сангалиро пул чунон маст кард, ки ҳатто дар моҳи рамазон зинокорӣ мерафт. Ва боз омада дар маҳбас қориҳои Қуръон-ро маҷбур мекард, ки «ба ман ягон ривоят бтен. Ман Варзоб кати арусум обозӣ брам». Даже дар маҳбаси сукунатии Гаровутӣ дар болои кат мешишт, маҳбусонро маҷбур мекард, ки «катро ҳуч карда ин тарафу он тараф барен». Хулоса дигар амалҳояшро забон намегардад, ки бигуям. Баъди  омаданаш Умаров Мансур Сангалиро аз кор пеш кард. Ҳозир Сангалӣ дар вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад.

Ванҷ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддн! Бародари азиз, ман зодаи ноҳияи Ванҷ ҳастам, вале ҳоло дар Русия қарор дорам. Вақтҳои ахир аз Ванҷ ба мо хабарҳои бад мерсад. Ҳукумат ноҳияи мо ва агар мушаххастар бигуям, чанде аз деҳаҳои моро сахт чап гирифтааст. На ҳама хабарҳо дар матбуот чоп мешавад. Айни замон аз Ванҷ беш аз 50 нафарро бо иттиҳомҳои бофтаву сохта, ки бо Ансоруллоҳ алоқа доранд, силоҳ баҷо кардаанд дастгир карданд. Баъзеи инҳоро дар Русия дастгир намуда сипас ба ватан истирдод карданд.

Ахиран мавлавӣ Абдуллобек Абдуллобеки язгуломиро, ки се соли пеш панҷ сол ҳукм дода буданд, боз се соли дигар дар ҳукумаш илова карданд. Ин 50 нафар, ки гуфтам асосан ҷавонҳо аз деҳаҳои Андарбак ва Жамак ҳастанд. Чанд рузи пеш панҷ нафарро аз Маскав тавассути парвози Маскав Кулоб оварда ва ҳоло дар СИЗОи Хоруғ нигоҳ дошта истодаанд.

Ҳозир бонкҳоро тафтиш карда истодаанд, ки ин нафарон пул мефиристоданд ё не. Охир инҳо муҳоҷирони корӣ буданд, пас табиист, ки ба хешу таборонашон пул мефиристоданд.

Аз руи маълумотҳо ҳоло ин нафаронро маҷбур карда истодаанд, ки бар зидди Акбаршо Искандаров шаҳодат ва баёнот диҳанд, ки онҳоро барои табаддулоти давлатӣ тайёр мекардааст.

Тамоми ин гапҳо, ки бачаҳои язгуломӣ бо Ансоруллоҳ байъат кардаанд, бовар кунед, ки дуруғ аст, туҳмат аст.

Ин ҳукумат бисёр ҳам номардона ва бераҳмона одамҳои бегуноҳро ба зиндон андохта ҳаёташонро шикаста истодааст. Ин корҳо, ҳатман беҷавоб намемонад. Косаи сабри мардум лабрез хоҳад шуд.

Аз хонаводаҳое ҳатто се чаҳор нафарро дастгир карда дар зиндон андохта истодаанд. Ҳатто занҳову духтарҳоро туҳмат зада истодаанд. Танҳо аз хонаводаи Лайлиевҳо, сокинони дигари Язгулом, се нафар – Дилбаршоҳ, Амирҳамза ва духтари хонавода –боздошт шудаанд. Муҳиддин ва Бурҳониддин, ду ҷавони дигар аз хонаводаи Ҷавҳаровҳо аз ҷумлаи боздоштшудаҳо ҳастанд. Аз оилаи Хоҷаевҳо, сокинони ҷамоати Язгулом, 7 кас боздошт шудааст. Шакармамад Хоҷаев, падари хонавода, ба он айбдор мешавад, ки аз рафтори фарзандону келинаш ба мақомот хабар надодааст. Се писари ӯ – Аслиҳиддин, Муслиҳиддин ва Сӯҳроб Хоҷаевҳо – ба узвият дар созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ” айбдор ҳастанд. Ҳамсари Аслиҳиддин, Почохонум Хоҷаева (насаби хонаводагиаш Ваҳҳобова), гуё ба чанд “ҷинояткор аз Афғонистон, ки дар манзилашон пинҳон будаанд» хӯрок додааст. Ман тавассути Ислоҳ муроҷиат мекунам, ки эй ҳукуматдорҳо, аз барои худо, бас кунед. Бас кунед, ки ба ҷони мардум задед! Монед, ки мардум орому осуда зиндагонии худро пеш барад.

Файзобод

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мехостам аз ноадолативу ҳаромхурии баъзе аз масъулони сохторҳои ноҳияи Файзобод ба шумо бинависам, то нашр кунед. Дар ҷамоати Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод зиндагӣ мекардам. Дар ҳама сохторҳояш ҳаромхуриву ноадолатӣ ҷараён дорад. Аз таъиноти раиси ҷамоати Дӯстмурод Алӣ Кенҷазода Акбар се моҳ нагузаштаасту ҷони мардумро ба лаб овардааст. Барои гирифтани маълумотнома ба ҷамоат рафтам. Раис мегӯяд то 500 сомонӣ ҳозир надиҳӣ маълумотнома намегирӣ. Сокини ҳами ҷамоатӣ мурда- мурда медиҳӣ. Моро ҳам фармон аз боло медиҳанд. Ҳозир бароварда деҳ, ки мо планро дар ҳукумати ноҳия буд кунем. Чанде пеш бо он баҳона, ки ду пули ҳудуди ҷамоатро сел бурд аз ҳамаи соҳибкорону шаҳрвандон пинҳонӣ аз ҳукумати ноҳия пул ҷамъ карду гирифт. Баъдан фаҳмидем, ки пулҳоро барои вазифаи навгирифтааш ҷамъ карда истодааст. Вай вазифаи раиси ҷамоатро қарз карда харида будааст. Пеш аз раиси ҷамоат шудан дар вазифаи архитектори ноҳия кор мекард, ки ҳамаро тору мор кард. Роҳбарии бахши фарҳанги Файзободро як ҳаромхури дигар, сокини деҳаи Сари мазор Фатҳуддин Нуров гирифтааст. Кораш фақат аз кормандон пули «ин меҳмону у меҳмон» ҷамъ кардан аст. Бо ягон корманд соз намегирад. Коргарҳои фарҳангро бе ягон асос аз кор озод карда аз дигар шаҳру ноҳия коргар бо роҳи пул қабул мекунад. Наход дар Файзобод ин қадар ҳунарманд монда аз Қубодиёну Роғуну Душанбе коргар биёрад, Ҳамаи кору бори кормандонро дар мақомотҳо мефурӯшад, беинсоф. Агар нибаташон чораҷуӣ нашавад, ҳамаи сирҳояшон фош хоҳад шуд.

Истаравшан
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар шаҳри Истаравшанам ва аз деҳаи Ниҷонӣ ин номаро бароятон навиштам. Шумо дар ин бора дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо №58 ва 84» ҳам гап зада будед. Қишлоқи мо 5 адад масҷид дошт, ки ҳоло 4 тоаш аз кор монд ва ҳоло яктоаш ба зур кор кард истодааст. Яктоашро беморхона карданд, 2 –тоашро китобхона сеюмашро тамоман вайрон карда партофтанд. Ҷойи вай ягон чиз насохтанд. Дар ин масҷид бачаҳои намоз хондагӣ ҳозир Русия омада арақхуру духтарбоз ва боз дигар чизҳо шудаанд. Ин ҳамаро Эмомалӣ Раҳмонов мехост, ҳамин тавр шуд. Муаллим Ҳайдаров Дилмурод спортзалро идора мекунад. Ин муаллим аз худ рафтагӣ аст. Бо як духтари мактабхон гашт, занашро ҷавоб дод. Ин духтарро гирифт. Он занаш 3 фарзанд дошт. Дар қишлоқи мо ҳозир на об ҳаст на барқ: барои пиёз, гандум ва дигар полезӣ об даркор об нест. Скважина пайваст кунем мегуем, барқ нест. Ин чи хел давлату давлатдорӣ? Раисаи қишлоқ як зани хело шаттоҳ аз Истаравшан аст,ки забон аз амалҳои ӯ оҷиз мемонад.

Масъалаи мактабу таълим. Мактаби 9 ба номи Т.Зиёваддинов аст. Ба ин мактаб  халқ пул ҷамъ карда дару тиреза монданд. Баъд шунидам, ки директор Саодат шуъбаи маорифи Истаравшан рафта пул гирифтааст. аммо ҳамааш пули халқ аст. Боз мактаби нав сохтанро сар карданд. Як сол пеш халқ пул ҷамъ карда онро сохтанро сар карданд. Мактабро бояд бо пули давлат созанд. Аммо дар мо давлат нест. Ҳама чиз аз кисаи мардум сохта шуда истодааст. Ҳар руз дар интернет гадоӣ карда истодааст, пул мепурсад. Дар мактаб аз ҳисоби мардҳо ҳамагӣ чор панҷ нафар мондаасту халос. Агар духтарҳо ба синф бо румол дароянд падару модари онҳоро ба амният даъват мекунанд .Духтарҳо ба мактаб сари луч бояд раванд. Ман худам ин ҳолатро дар Ниҷонӣ дидам. Истаравшан ба 300 ҳазор аҳолӣ дорад. Қуръонхонӣ нест дигар. Эй мардум чашмонатонро кушоед. Ҷавон аз 18 хурд бошад, масҷид дарояд, меқапанд, падарашро мебаранд ё  турмааш мекунад ё иштараф. Халқи Истаравшан чашмонатонро кушоед. Мо пагоҳ ё пагоҳи дигар мемурем. Аз пушти мо ҳамин фарзандонамон дуо мекунад. Масҷид даромадан метарсад. Ҳамаҷо камера мондаанд. Дар масҷид намозро бе микрофон мехонад аммо дар Маскав ва  Санк Петербург бо микрофон. Инҷо  давлати христианӣ аммо давлати мо мусалмонӣ. Чунки болои мо як лаънаткардаи Аллоҳ шиштагӣ. Ин лаънаткардаро ҳатто намешавад бо Фиръавн қиёс кард. Халқи Истаравшан ба номи Худо Раҳмонов аз мо метарсад биёед хезем. То кай ждат мекунем? Бояд Тоҷикистонро  аз дасти Раҳмонови палид наҷот диҳем. Агар мо Тоҷикистонамонро дину имону исломамонро аз ин вазъият халос насозем вазъияти бачаҳои мо аз мо ҳам вазнинтар мешавад. Чи қадар қориҳову муллоҳоро кушту турма кард. Боз чанд муллоҳоро запрет кардааст. Онҳо дар Истаравшан бояд хапу хомуш гарданд. Бароем бо рохи  Худованди меҳрубон ояндаи худамонро созем.

Ҷалолиддин Балхӣ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Шикояти мардуми шаҳраки Гулистон ба директори мактаби №51 Рустамова Лола Почоқуловна. Лола 2 сол мешавад, ки дар мактаби рақами 51 омадааст. Лола ҳар руз аз талабаҳо пул мепурсад. Мактабро ҷазир кард. Ҳарчи помоше, ки меояд ба хонааш интиқол медиҳад. Ангишти мактаб, орд, равған. Ҳар сол 20 сомонӣ ҷамъ мекунад барои таъмир. 2 ҳазор талаба ҳаст. Бо оҳак сафед мекунад беруни мактабро тамом. Пеш аз  Лола  Исматова Зебӣ Қувватовна буд. Ба худо мисли хонаи худаш нигоҳ мекрад

Ҳоло  дар бораи чанд нафаре мегуям, ки мардумро сахт азобу азият медиҳанд.

Сафаров Бахтовар Фозилович 1 янвраи соли 1993 аз шаҳри Гулистон, уголовники шаҳри Бохтар аст. Ин як наркоман аст. Кришаш Валиии сиёҳ. Дар ягон ҷо хондагӣ нест. Мардуми Гулистонро хеле зиёд азоб медиҳад,ки ман уголовникам гуфта. Мошинаш Тойота камри асфалтний мебошад. Номераш 5252. Дар Бохтар облава ҳам мекунад. Ин як беномус аст. Ёрдамчӣ ҳам дорад. Бекмуродов Фаррух Отахонович аз Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Ягон маълумот надорад. Як наркоман аст. Инро ҳам кришааш Валии сиёҳ аст. Мардуми Гулистонро бисёр ғам медиҳад.

Нафари дигар  Раҳимов Кароматулло Умарович аст, ки ягон маълумот надорад. Аз Гулистон. Билети ҳарбиашро харидагӣ аст, хизмат кардагӣ нест. Ҳозир ГАИ кор мекунад. Ҳудаву беҳуда мошинҳоро протокол мекунад.

Раҷабов Давлат Анварович 16 феврали 1988 таваллуд шудааст. Давлат дар Тула як посредник аст. Ойликҳоро аз сараш мезанад. Моро аз 40 ҳазор рубл боло намедиҳад. Аз пули мардум магазин ҳуй кардааст. Кришааш Карими милиса. Ҳозир Фирузи темаро сур кардааст. Хонаашонро магазин кардаст. Аз дасти вай мардуми шаҳраки Гулистон дод мегуянд. Аз ҳама қимматфуруш аст. Ман худам дар таги дасташ кор кардаам, уро медонам.

Давлатов Нурмаҳмад Давидович 25 декабри 1990. Ин ҳам аз Гулистон аст. Кришаи ин ҳам Валии сиёҳ аст. Як ғоратгари калон. Чанд бор суд шуд, аммо боз Валӣ делоҳояшро тоза мекунад!.

Лахш
Ассалому алайкум. Ному насабамро ошкор накунед.

9 сентябри соли 1990 таваллуд шудаам яксол қабл аз истиқлолияти кишварамон. То соли 2008 дар ятимхонаи пушти кохи Тоҷикистон, яъне Борбад калон шудам ва соли 2008, ки ба синни 18 расидам аз боло ревизия омад ва аз байни кудакҳо ҷудо кардан гирифтанд ва манро ҳам гирифтанд ва ман 5 сол дар академияи махсуси президентӣ хондам. Ман инҷоро соли 2013 хатм кардам. Маро боз ду соли дигар Эрон равон карданд ва онҷо академияи президентиро, ки оид ба муҳофизати президент дар шаҳри Теҳрон буд хатм кардам ва соли 2016 манро ба гуруҳи хадамоти амнияти президент (ХАП) бо дастгирии худи Маҳмадсаид Убайдуллоев ва СС.Ятимов ба кор гирифтанд. Ду сол дар амнияти худи Маҳмадсаид Убайдуллоев будам. Пас аз як соли дигар оид ба «безопасност в разних государств»-и Рустами Эмомалӣ будам ва соли 2020 маро гирифтанду ба хадмоти амнияти президент (ХАП) оварданд ва то ҳол кору фаъолият дорам. Ман Ислоҳро пурра мехонам ва ҳоло чанд чизро гуфтаниам.

Ҳар ҷинояте, ки аз Шоҳрух навишта чоп кардед 100% рост аст. Шоҳрух  гуфта буд, ки генералиро гирам пас худам медонам, ки чи кор кунам. Мақсадаш ин будааст, ки контроли тамоми корҳои Рустамро дар дасти худ гирад.

Аз тарафи ХАП-Хадамоти амнияти пезидент аз қафои Шоҳрух барои назорат одам мондаанд. Ин корро Муроди усатий бо фармони худи Эмомалӣ Раҳмонов кардааст. Муродро дар хадамоти мо  усатий мегуянд.

Баъзе аз шунавидаҳои ман ин аст, ки Шоҳрух чанд бор ба Рустам маслиҳат додааст, ки бояд падарашро саросема кунад то тезтар сари қудрат ояд Рустам, ки презилент шавад. Шоҳрух ҷои Рустам меояд ва боз хабарҳое ҳаст, ки Шоҳрух ба Рустам гуфта бошад, ки падарат хеле пир шудааст, язнаҳоят туро ход намедиҳанд барои ба қудрат расидан. Барои ана ҳамин гапҳояш аз Хадамоти мо аз қафои Шоҳрух одам ҳаст. Ин аллакай ду моҳ мешавад. Дар ин ду моҳ хело корҳои фаҳшо ва аз пули буҷҷа тасарруф кардани Шоҳрух ба гуши Раҳмонов расидааст. Рустам президент шавад Шоҳрух ё паси панҷара ва ё полний аз система хориҷ мешавад.

Инро ҳам бигуям, ки баъди соли нави 2024 аз Кремл номае расид. Раҳмонов чор нафарро даъват кард: Саидҷаъфар Усмонзода, Рустами Эмомалӣ, Юсуф Раҳмон ва Шоҳрух Саид. Ва баъди тақрибан ду моҳаш дар Маскав террор шуд -22 март. Ва баъди ин кор онҳоро Раҳмонов боз ҷамъ овард. Ва баъд аз чанд руз фармон шуд то чи гуноҳе набошад уро дастгир кунед. Ва аз Хадамоти мо чор нафар аз қафои ин кор шуданд ва бо статяи 306 қисми 2 банди В гунаҳкор дониста шуд. Чун дар байни оила Саидҷаъфар бегона буд. Ин чор нафар медонистанд ва аз байни ана ҳамин чор нафар ба Следственний комитети Русия ҳақиқати ҳолро гуфтаанд, ки аз ин кор ВВ.Путин огоҳ шуда ба Раҳмонов водор сохт, то ки ин бетартибии даруниро тоза кунад. Мо бачаҳои Хадамот медонем, кӣ ин хабарро ба Кумитаи тафтишот додааст. Раҳмонов аз Юсуф Раҳмон боварӣ надорад.

Аз Шоҳрух Саид боварӣ надорад, аз Рустами Эмомалӣ бовар надорад ва крайнак Саидҷаъфар баромад ва уро бардоштанд. Хабари террор аз тарафи он чор нафари калон ба Кумитаи тафтишот (Следственний комитет)-и Федератсияи Русия расид, хабари аслӣ-воқеъӣ. В.В.Путин бояд то 9 сентябр ба Тоҷикистон биёяд ва ин қадар нажимати Русия болои муҳоҷирони кории тоҷик ин як сигнал ба Раҳмонов аст, ки то 9 сентябр қарори ба ИИАО(ЕврАзес) даромаданро қабул кунад. Чунки ВВ.Путин дасти холӣ наравад аз Тоҷикистон. Агар Раҳмонов розӣ шавад то соли нав қарорҳо имзо мешавад. Аммо Раҳмонов парвои халқашро надорад ва боз плани б) аз тарафи Русия. Нақшаҳои Раҳмонов ин аст, ки розигии В.В.Путинро гирад ва ана ҳамин моҳи ноябр интихобот баргузор мегардад ва Рустами Эмомалӣ ба курсӣ мешинад. Аммо яқин медонам то Тоҷикистон ба ИИАО дохил нашавад ВВ.Путин розигӣ намедиҳад. Агар Раҳмонов якравӣ карда боз розӣ нашавад ҳоли тамоми муҳоҷирҳои тоҷик баъди 9 сентябр дар Русия боз бадтар ва вахимтар карда мешавад.

Дар Хадамот мо беш аз 500 нафар ҳастем: тоҷик, рус, молдаван, қазоқ, белорус ва эронӣ. Мо роҳ надорем то ин системаи оилавиро нобуд кунем. Мо қариб 248 нафар бо халқем. Як роҳ ҳаст. Халқ бояд хезад ва пеши қасри Миллат ҷамъ шавад ва истеъфо талаб кунад, аммо ин кор бо 4-5 ҳазор одам намешавад. Аз тамоми гушаҳои Тоҷикистон дар пеши Қасри миллат ҷамъ шаванд. 8-9 ҳазор одам басанда аст то, ки мо ҳам коре анҷом диҳем.

Раҳмонов аз Аллоҳ наметарсад. Тарси вай танҳо аз шуришу тазоҳуроти халқ аст. Чун қудрат аз оила ва 32 сола заҳмат ба фоидаи мардум меравад. Танҳо ва танҳо дар пеши Қасри миллат ва ана ҳамон 8-9 ҳазор қасри миллатро даромада гиранд он тарафаш бар уҳдаи мо. Раҳмонов фикр мекунад бо ҳамон самолёти 92 миллион долларӣ мегурезад. Охир дастгирии мо хадамот набошад ҳатто ана ҳамон лётчикҳояш парвоз намекунанд ва ба эҳтимоли зиёд Раҳмоновро дар маҳбас бинед. Дар маҳбас бо оилааш

Э,мардумчаро сокитед? Чаро аз ҳуқуқҳоятон дифоъ намекунед? Мо каму ғам надорем, аммо шуморо аз ин баландӣ мебинем, ки чи ҳолу вазъ доред. Фарзандонатон дар чор гушаи олам паҳну парешон. Оё шумо намехоҳед, ки як ҳукумате шавад ва он ҳукуматро худи шумо ташкил кунед, ки фақат дар фикри шумо бошад на дар фикри оила, мансабдиҳӣ ба хешу таборон ва ҳисобҳои бонкӣ. Ними сарзаминро ба Чин аренда дод  Ман як чизро фаҳмидам, ки дар тули ин қадар собиқаи кориам мо халқро муҳофизат не, ҳимоят аз ҳуқуқҳояшон не, балки муҳофизати як оиларо иҷро дорем. Пушаймонам. 100 борҳо пушаймонам, ки ба ин чоҳ афтидам.

Як ҳафта пеш Раҳмонов бо духтараш Озода суҳбат дошт. Баъди суҳбат хеле асабонӣ ба назар мерасид ва қариб як соат фақат виски хурд. Худатон медонед, ки як бутилка виски 700 доллар,500 доллар ва аз ин зиёдтар ҳам ҳаст. Баъди чанд руз фаҳмидем, ки Озода аз Рустами Эмомалӣ шикоят кардааст. Шояд Озода мехоҳад ба курсӣ шинад?

Аммо Рустам парво надорад. Наркотику духтарбозӣ карда гаштааст. Тамоми наворҳои шаби 18.04.2024-ро, ки куҷо рафт, бо чанд духтар буд, куҷо дам гирифт, бо киҳо буд, сини яке аз он духтарҳо 16 ва дигариаш 17 буд ва бо онҳо чи кор кард ҳамааш дар дасти СС.Ятимов ҳаст. Шоҳрух он духтарҳоро ба куҷо бурд афюни пухташударо ба ту, кӣ овард ва ту ба он ду духтар ҳам чи тавр афюнро додӣ, ин ҳамаро мубаму навор кардаанд. Ин корҳо дар резиденсия дар Варзоб сурат гирифт. Чанд соат, то овардани духтарҳо шумо бо Шоҳрух дар онҷо тоқа будед…
Шумо дар чашми халқ хок пошида халқро фалон карда гаштаед. Аммо ҳамаи ҷиноятҳо

Аммо мо ҳастем. Рустам инро фаромуш накун, ки тамоми қадамат зери назорат қарор дорад.

Он ду духтар хоҳар ё духтари касе ҳастанд. Шумо духтарҳоро таҷовуз карда мекушед. Баъди шоми 18.04.2024 он духтарҳоро кормандони УУР ба куҷо бурданд ва онҳоро чи хел куштанд, мо огоҳ ҳастем. Шоҳрух ту қаҳри тамоми бачаҳои Хадамотро оварда истодаӣ. Мероси падаратро бас кун. Ту хуб медонӣ Хадамоти моро, ки ба чи кор қодир аст. Аммо моро дидагӣ нестӣ. Чунки агар касе фаҳмад ман аз ҳамон Хадамот ҳастам ё у мемирад ва ё ман ва Шоҳрух. Агар ин гапҳои 18.04 дуруғ бошад баро видео кардабигу, ки дуруғ аст. Ман наздат меоям ва мегуям, ки ана ҳамон одам ман ҳастам. Ва боз як сири ниҳони  статяи 307ро бароятон мегуям. Калон вақте хост тамоми халқ аз оилааш битарсад статяи 307ро дар қонун ҷо кард ва ба Рустами Эмомалӣ гуфта буд, ягон одами наздик дорӣ ва Рустам гуфтааст, ки бале. Шоҳрух. Ва аз рузи статяи 307 баромаданаш  фақат бачаҳои ҷавони тоҷикро фақат аз УУр аз Русияву Туркия аз дигар давлатҳо меоварданд ва нисфашро дар дохили ватан  туҳмат карда шинониданд-5-7-8 сол. Ҳамин тавр тарсро дар дили мардум ҷо кард ва статяи 307 авторитет шуд дар МВД, КГБ ва дигар мақомот. Луқма ва пул шуд. Худи Раҳмонов лаҷомашонро сар дод. Ва гуфтааст, ки оилаамро муҳофизат кунед ба дигараш кор надорам. Мақсадаш чанд суме метавонед аз халқ канда гиред ва халқро ба ҳолате биёред, ки статяи 307ро шунаванд битарсанд аз ман аз оилаам. Бовариро ба Шоҳрух Саид дод.

Ана барои ҳамин у бо рутбаи генерал омаду расид. Аммо ин як бозӣ аст мисли шоҳмот. Писари калон дар курсӣ шинад калон якмаш Ш.Саидро аз система дафъ мекунад дар ҷояш кадри тайёр дорад. Кадр аз тарафи Юсуф Раҳмон аст. Юсуф Раҳмон оҳиста оҳиста тамоми қудратро аз тамоми паҳлуяш ба дасти худ гирифтаас.

Хайр моро ку неверуюший таълим доданд. Аммо халқ ба Худо бовар дорад ку. Шояд аз ҳама охраннаи зурро халқ дошта бошад, ки он Худои онҳост. Шумо бо мардум 32 сол макр кардед. Аммо Аллоҳи халқ бо шумо дар даруни худатон макр карда истодааст, шуморо бозӣ доронида истодааст ва аз он рузе метарсам митинг ношуда калон мемурад ва инҳо худашон худашонро мехуранд. Аммо халқ азоб мекашад. Ними халқ мемирад. Барои ҳамин мардум якҷоя шаванд ва калон намурда давлатро аз оила бигиранд. Бояд прямо 7-8 ҳазор одам қасри миллатро забт кунанд. Он тарафашро бачаҳои системаи мо ба дасти худ мегиранд. Ва мо ба кор шуруъ мекунем. Калонро шояд аз байни мо дастгир кунанд. Мо ҳам бачаҳои системаи ХАП як спичкаи калони халқро интизорем. То халқ нахезад мо ҳам ҳеҷ коре карда наметавонем. Моро накобед. Мо ҳар рӯзу ҳар соат дар бари шумоҳо ҳастем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №155 появились сначала на ISLOH.net.

Ҳаштод ҳазори ҳалоли мулло хатар ба давлат, миллионҳо дуздии оила ва мақомот ?
Боздошту зиндонӣ кардани рушанфикрони динӣ-муллову домулло ва имомхатибҳо, дар маҷмӯъ табақаи руҳонияти кишвар дар Тоҷикистон  як сиёсати ҳисобшуда ва огоҳонаи Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки аз исломситезӣ ва исломҳаросии вай маншаъ мегирад. Раҳмонове, ки ҳанӯз ба ҳайси раиси совхози Ленини Данғара дар қатори тазоҳуротчиён дар баҳори соли 1992 бо шиори “Нест бод ислом”  (хок бар даҳанаш) аз музофот вориди пойтахти Тоҷикистон шуда буд, тамоми ин ҳама муддате, ки дар сари қудрат аст, ҳамин сиёсати исломзудоиро пайгирӣ ва татбиқ кардааст: бастани садҳомасҷид ба баҳонаи набуди аснод ва табдил доани онҳо ҳатто ба пивофурӯшӣ, манъи омузонидани аркони ислом ва обдасту намоз ба фарзандон, қатъи ширкати ҷавонони то синни 18 дар ибодат дар масҷид, манъи ҳузури занҳо дар масоҷид ва манъи сатру ҳисоб, тарошидани риш ва садҳо ихлолу мавонеи дигар дар роҳи ислом.

Домуллоҳои муътабари кишварро аз минбару меҳроби масҷид пойин овард, мавъизаҳои имомхатибҳоро бо дастони атеистону файласуфони мулҳид навишта истодааст, мудохила ва назорати мақомоти амниятиву интизомиро болои аҳли намоз дар масоҷид беш аз пеш пурзӯр карда истодааст, ки ин ҳама бори дигар шаҳодат медиҳад, ки дар сари мардуми мусалмони тоҷик як нафар тоғут ва як нафар ёғиву осии дин ҳукумат меронад.

Исломситезии  Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вай баъди мамнуъ ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ танҳо ҳизби сиёсии динӣ дар қаламрави шуравии пешин дар тирамоҳи соли 2015 суръати бештар касб кардааст. Раҳмонов бо баҳонаи онки ин ва ё он имомхатиб наҳзатӣ аст ва ё бо наҳзатиҳо ҳамкорӣ мекунад, садҳо нафар олиму донишманди тоҷикро зиндониву бандӣ карда рӯзгор ва зиндагии онҳро шикастан дорад.

«Боздошт ва бандӣ кардани Мавлавӣ Абдуллои  язгуломӣ (Абдулло Қувватбеков) ва бародараш дар  рӯзи 18-уми июн низ дар ҳамин росто қобили арзёбист. Матбуот ахиран аз қавли мақомоти тафтишотӣ навишт, ки  Мавлавӣ Абдуллоҳи  язгуломӣ феълан  дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд.»

Аз манзили ӯ чанд китоби мазҳабӣ ва 80 ҳазор доллар мусодира шудааст. Рӯзи 20-июн ду нафар муфаттиш барои гирифтани баёнот ба манзили зисти ӯ  омадаанд. Яке дигар аз бародарони ин Мавлавӣ гуфтааст:

“муфатишон ба ӯ ва дигар пайвандонаш суолҳои зиёд доданду забонхат гирифтанд.  Аз ман пурсиданд, ки ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд ва суолҳои дигар доданд. Ман гуфтам, ки дар хона ба таълими фарзандон машғул буд ва гоҳ-гоҳ даъваташ мекарданд ва дуо мехонд.”

Аз тарзи суолгузориҳои муфаттишон  маълум аст ки онҳо ба як нафар руҳонӣ то чи ҳад машкук ҳастанд ва дар шахси вай чи душманеро таъқиб доранд: “ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд?”

Ин албатта, аз ҳамон сиёсати исломзудоии Раҳмонов сарчашма мегирад, ки тафтишот ба як нафар руҳоние, ки таълимоти Аллоҳро барои ҳамқавмони худ  дарс додааст ва ё бо каломи  Аллоҳ  барои онҳо шифо хостааст, чи қадар мутанаффир аст ва дар симои вай як нафар мазнун ва муҷримро мебинад. Ин магар барои мусалмонҳои тоҷик  фоҷеа нест, ки дину оинашон, муқаддасоташонро то ба ин ҳад мавриди иҳонат қарор медиҳанд ва як нафар рушангари беозори дин, ки тамоми ин ҳама асрҳо бологузар ва ҳатто маҳрами хонаводаҳо буд, ба хоки хориву зиллат мекашонанд. Танҳо ба хотири онки ризои Раҳмоновро касб кунанд, ӯро қаноат диҳанд, пушт ба исломи худ  мекунанд.

Ба навиштаи  расонаҳо Мавлавӣ Абдулло аз руҳониёни маъруфи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷи Бадахшон аст ва наворҳои суҳбату мавъизаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр шудаанд.

Гуфта мешавад, ки  наворҳои мавъизаи ин руҳонӣ тамошобини зиёд  дорад. Бародари Мавлавӣ Абдулло гуфтааст, ки  мақомот Мавлавӣ ва бародари ӯро  ба он муттаҳам кардаанд, ки гӯиё  ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Ислом иртибот доштааанд.

Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул будааст.

«Воқеан ҳам ин ҳама иттиҳому айбмониҳо таҳқир аст. Таҳқири ошкорои ислом ва урфу таомули мусалмонӣ.»

Магар Тоҷикистон давлати атеистӣ, давлати бехудоӣ аст? Инки  як мулло ба хотири шифои як бемор ба сари болини ӯ даъват мешавад, оят мехонад, руқияи шаръӣ мехонад, манащи як майтро мебандад, ҷаноза мехонад,никоҳ мекунад, ба сиёсату ба кори давлат чи рабте дорад ва чи халал мерасонад? Агар таҳти таъсири дуоҳо ва руқияи шаръии мехондаи вай як бемор шифо ёбад, ин магар ҷиноят аст? Ҳоло ки барои вай бояд ташаккур кард, ки маризеро мудавво кард, мушкилеро аз сари як нафар бо шифои ваъда намудаи Аллоҳ,ки гуфтааст: “Ҳангомеки бемор шавам ӯ шифоям медиҳад” рафъ кард. Ҳамин тавр не? Агар дуо манъ аст, агар қироати оят манъ аст, пас, эълон бикунед!  Эълон бикунед ва Сайидмукаррамро бигӯед, ки фатво содир кунад. Ҳамчуноне, ки фатво содир кард, ки рӯза надореду кор кунед. Ҳаҷ наравед садақа кунед.

«Хеле ҳам аз ҲНИТ тарсу ҳарос доред, ки бо вуҷуди онки 5 сол аст дар кишвар амал намекунад, аз ҳамкории мардум бо он мегӯед. Ҳамкории ҲНИТ бо мардум баракс беш аз пеш афзуда истодааст. Шумо, ки наметавонед тамоми ҳамкорони ҲНИТро маҳкам кунед. ҲНИТ дар хобҳои шаби шумо медарояд. Барои шумо кобус шудааст. Шояд борҳо хоб дида бошед, ки шумову Рустамро ҲНИТ дар маҳкамаи адли одилонаи миллат ҳукми абад дода истодааст. Аз ин сиёсату аз ин исломбезориву исломозории шумо мардуми кишвар хаста шудааст.»

Бубинед, ки дар вокуниш ба дастгир кардани Мавлавӣ  Абдулло як нафар хонандаи сафҳаи “Озодӣ” бо хашму ғазаб чи навиштааст:

“Бас аст туҳмати уламо, бас аст фишор бар уламо , бас аст террори уламо, бас аст куштани уламо, бас аст зиндонӣ кардани уламо. Шумо ҳукуматиҳо инсон ҳастед? То ба кай ин кори аҳмақонаатона идома медиҳед? Дар ҷони ин мардум ва миллат задед. Дар Кулоб садҳо хона вайрон шуд, барои хок пошӣ ба чашми мардум се хонаро ба афроди худатон рост карда додед, ҳоло се моҳ дар телевизиёну радиё таблиғ мекунед, ки мо ба мардум кумак кардем. То кай ин фиребкорӣ? То кай ин зулм?”

Бар тибқи навиштаи расонаҳо мавъизаҳои Мавлавии язғуломӣ ҳаводорони зиёд доштааст. Хуб, дигар яқин аст ки Шумо як нафареро, ки байни мардум обрӯ касб мекунад ва шахсият мешавад, чашми дидан надоред ва дар симои вай рақиби эҳтимолиро мебинед. Ин нишона ва натиҷаи тарси шумо аст. Маълум аст ки барои чунин шахсиятҳо шумо маҷол намедиҳад, бахусус, ки агар вай як мулло бошад ва боз аз минтақае бошад, ки шумо онҷоҳоро ба чашми душман мебинед.

Аммо ҳоло тамоми масъала 1 тараф гузошта мешавад ва ҳарф ҳарфи 80 000 доллар хоҳад буд. Ин  як нуктаи фарқкунанда дар ин қазия аст ки барои Эмомалӣ Раҳмонов ва тафтишот бағоят ваҳшатнок ва ташвишангез аст:

Ин Мавлавӣ ин ҳама пулро (80.000 доллар) аз куҷо ёфта бошад?Мо медонем, ки Раҳмонов аз онки  ягон нафар тоҷики ғайри авлоди вай пулдор шавад, сахт нороҳат мешавад. Вайро мефорад, ки тамоми халқи Тоҷикистон фақат ва фақат дар фикри “захираи 2 сола” бошанд. Вай ва бачаҳояшу домодҳояш миллиард-миллиарди мардумро дузданду бой шаванд, майлаш, аммо агар аз хонаи як мулло 80.000 доллар  пайдо шавад, васвосу девона мешавад:

“Шояд Кабирӣ барояш дода бошад? Шояд  ягон наҳзатии дигар? Ин муллоҳо ҳоло ҳам сумдоранд? Ятимов куҷоро нигоҳ карда бошад, Рамазон Раҳимзода чӣ. Шояд салафиҳо фиристода бошанд?”

Ва,ин фикру андешаҳо Раҳмоновро ором намегузорад. Тафтишот ҳам инро медонад ва бояд ин мавлавиро маҷбур кунанд, ки бигӯяд 80.000 ҳазор долларро чи тавр ёфтааст? Барои Раҳмонов мусодира кардани 80.000 доллар аз хонаи ягон муфаттиш, ягон судя, ягон муаллими донишгоҳ ва ё ягон корманди Идораи замин, чизи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Дуздида шудани 500 ҳазор доллар аз хонаи Сафар Ҷобирзодаи домоди Нуриддин Раҳмонов аз Кулоб бо ҷавоҳирот ва тиловориҳо дар моҳи рамазони имсол чаро расонаи нашуд ва ин қазия Раҳмоновро мушаваш насохт? Чаро аз хонаи додари Мансур Умаров 800 ҳазор доллар ва чанд кило тилло ва ҷавоҳирот Раҳмоновро мушавваш накард?  вале аз хонаи як мулло ошкор шудани ин миқдор пул ҳамчун хатар ва таҳдид ба амнияти ҳукуматаш фаҳмида мешавад? .

Ҳамин ҳоло,ки аз боздошти Мавлавӣ Абдуллоҳи язгуломӣ беш аз  як ҳафта сипарӣ мешавад, маълум нест, ки ба ӯ расман чӣ иттиҳом зада бошанд ва то ба ҳоло ӯро дар асоси кадом қонун дар таҳхонаи милисаи ноҳияи Сино нигоҳ медоранд? Дар ҳоле, ки тибқи қонун як нафари мазнунро тафтишот ҳақ надорад беш аз 72 соат боздошт кунад ва агарки ҳабси вай идома биёбад бояд, ки айб эълон кунад ва аз додгоҳ барои идомаи тафтишот санксия бигирад. Аммо нафари мавриди назар то ҳамин имрӯз ба таври ғайриқонунӣ дар ИВС-и ноҳияи Синои Душанбе нигаҳдорӣ мешавад ва номаълум аст ки ӯ бо вакили дифоъ таъмин шудааст ё хайр? Ин тарзи муносибат ҳам таъкид мекунад, ки сиёсати исломситезии Раҳмонов дар тамоми зинаҳои давлатӣ ба иҷро расонида мешавад.

Ps: Агар мардум ҳаминхел хомӯш бошанд ва ин ҷинояткорони мақомдор шикорро идома додан гиранд. Пас омода бошед ба наздики дар никоҳи писарону духтаронатон аз Чин муллои будоӣ меоред ва никоҳашон мекунед. Мурдаҳоятонро бе ҷаноза мегуронед,агар садо баланд кунед охир мусалмонем ба шумо тамғаи наҳзатӣ ва гурӯҳи 24 ва хоину ватанфурӯшро мезананд. Наздикони Мавлавӣ Абдуллоҳ хомӯш набошед ва аз ҳаққи ҳалоли қонунии худ талаб кунед. Ҳеҷ ваъдаи ин дуздонро бовар накунед, инҳо аз поя ва асосашон душманони  ин миллат ва мардуманд. Мо гуфтему шумо шунидед.

Сообщение  Ҳаштод ҳазори ҳалоли мулло хатар ба давлат, миллионҳо дуздии оила ва мақомот ? появились сначала на ISLOH.net.