Архивы Муҳаммад-2009 - ISLOH.net

УМЕД КАРИМЗОДА: «Тағоям 50 ҳазор доллар гирифт — шикоятатон фоида надорад!»
Номаи маро алоҳида нашр кунед №72

Ин бор ба нишони электронии «Ислоҳ.нет» номаи шикоятии як нафар расидааст, ки мегуяд онро ба унвони муроҷиатнома ба номи Роҳбарони мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов. Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон нашр кунед.

Дар ин нома аз қаллобии як нафаре сухан меравад, ки маблағҳои гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки барои ҳаҷи умра ҷамъ оварда шудааст, гирифта барои манфиатҳои шахсии худ харҷ кардааст. Аммо муаллифи нома мегуяд, ки дар паси ин қаллоб Умед Каримзода, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон меистад.

Умед Каримзода, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аз ин шахс, яъне ҳоҷӣ Раҳматулло пора гирифта ифтитоҳи парванда ва шуруъи тафтишот алайҳи ӯро ҳам дар Прокуратура ва ҳам дар Раёсати вазорати дохилӣ дар вилояти Хатлон, албатта, бо истифода аз мақому мансаби хизматӣ боздоштааст.

Зимнан, ин нуктаро қайд менамоем, ки Умед Каримзода, ки пештар Прокурори шаҳри Душанбе буд, дар як матлаби дигари «Ислоҳ», ки дар ҳоли нашр шудан аст,низ барои порахурӣ дар қазияи баҳсии ширкати домсозии «Муҳаммад-2009» мавриди иттиҳом қарор гирифтааст.

Ва, инак номаи шикоятӣ ба унвони «Ислоҳ.нет», ки аз ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ расидааст:

НОМА АЗ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Шикояти ҷабрдидагон аз қаллобии «Ҳоҷӣ Раҳматулло» ва дахолати муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Умед Каримзода

Муҳтарам муассис ва мудири сомонаи «Ислоҳ», устод Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман яке аз хешовандони наздики ҷабрдида Боҳирзода Оятуллоҳ, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошам. Бо сабабҳои амниятӣ ва ба хотири пешгирӣ аз фишору таҳдидҳои эҳтимолӣ, ин номаро пинҳонӣ аз Боҳирзода Оятуллоҳ ба шумо ирсол менамоям. Мехоҳам як қазияи бисёр ҷиддии қаллобӣ, фасодкорӣ, сӯиистифода аз мансаб ва рӯйпӯш кардани ҷиноятро бо зикри ному насаби шахсони дахлдор, маблағҳои мушаххас ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба таваҷҷӯҳи шумо ва ҷомеа расонам. Сухан дар бораи қаллобии шахсе бо номи Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич, маъруф ба «Ҳоҷӣ Раҳматулло» ва нақши муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода дар ҷилавгирӣ аз боз  кардани парвандаи ҷиноятии марбут ба ин шахс меравад.

Чӣ гуна Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «Ҳоҷӣ Раҳматулло» маблағҳои ҳоҷиёни умраро аз худ кард?

Боҳирзода Оятуллоҳ ба Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич, зодаи ноҳияи Қубодиён, ки ҳама уро  Ҳоҷӣ Раҳматулло  мегуянд, бовар карда, барои ташкили сафари умра аз як гурӯҳ шаҳрвандон маблағ ҷамъоварӣ менамояд. Оятуллоҳ ният дошт, ки бо мусоидат ба сафари зиёрати хонаи Худо ҳам ризқу рӯзии ҳалоле ба даст орад ва ҳам аз ин кори хайр соҳиби савоб гардад. Аммо намедонист, ки ба доми як қаллоби гузаро афтодааст. Ҳоҷӣ Раҳматулло аз боварии Боҳирзода Оятуллоҳ ва дигар шаҳрвандон сӯиистифода карда, маблағҳои махсусан калони онҳоро ба даст овард, вале мардумро ба сафари умра набурд. Ӯ на танҳо маблағҳоро барнагардонд, балки баъдан аз ҷавобгарӣ канорагирӣ карда, ба хориҷи кишвар рафт. Ҳоло ин шахс дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ қарор дорад. Чунки ӯ кришаи вазнин дорад. Кришаи Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич, ба гуфтаи худаш, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Умед Каримзода будааст. Ҳоҷӣ Раҳматулло ба ҷабрдидагон дақиқан чунин гуфтааст:

«Тағои ман муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Генерал Умед Каримзода аст. Ӯ ҳам аз ноҳияи Қубодиён мебошад. Ягон мақомот ба тағои ман зӯраш намерасад. Аризаҳои шуморо ҳам тағои ман мегирад ва худаш медонад, ки чи кор кунад?»

Ба гуфтаи Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло» вай мақомотро пул дода харидааст:

«Ман аввал 30 ҳазор доллар додам.Тағоям, муовини Прокурори генералӣ, пулро гирифт ва парванда накушод. Баъд ман боз 20 ҳазор доллари дигар додам. Се гӯсфандро дар танӯр пухтам. Якеро ба хонаи тағоям Қубодиён бурдем, дуюмашро ба воситаи ронандаи генерал ба Умед Каримзода расондем ва сеюмашро ба директори Агентии коррупсия Сулаймон Султонзода бурда додем».

Ҳатто Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло» ончунон бо такаббур гап мезанад, ки гуё нархи «хизмат-и ҳама мақомотро медонад: «Ставкаи тағои ман, муовини аввали Прокурори генералӣ Умед Каримзода, 50 ҳазор доллар аст. Пулро мегирад ва ҳар парвандаеро хоҳед, мебандад. Парвандаи қаллобии ман барои тағоям мисли як бурда нон аст».

Ба гуфтаи Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло» генерал Умед Каримзода шахси бисёр ҳам сарватманд аст. Дар шаҳри Душанбе тақрибан 30 манзили истиқоматӣ дорад, ки қисме аз онҳоро ширкатҳои сохтмонӣ ба ӯ ҳамчун туҳфа додаанд:

«Назорати мақомоти тафтишотӣ дар дасти тағои ман аст. Хоҳ вазорати корҳои дохилӣ бошад, хоҳ кумитаи амният ва хоҳ Агентии коррупсия, ҳама аз тағои ман талхакаф мешаванд. Бе имзои тағои ман касеро ба ҷавобгарӣ кашида наметавонанд. Ба наздикӣ тағои ман Прокурори генералӣ мешавад».

Баъди муроҷиатҳои чандинкаратаи ҷабрдидагон, нисбат ба Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич, маъруф ба Ҳоҷӣ Раҳматулло, дар мақомоти корҳои дохилӣ мавод ҷамъоварӣ шуд. Аммо санаи 3 январи соли 2026 муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Сино-1 Саидшозода С. С. бо қарори худ парвандаро қатъ кард. Саидшозода дар қарори худ чунин навиштааст: «Дар ҳаракатҳои шаҳрванд Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдашевич аломат ва таркиби ҷиноят дида намешавад».

Мо ин қарорро натиҷаи дахолат ва пуштибонии муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Умед Каримзода медонем. Пас аз чунин тарзи муносибат хеши ман Боҳирзода Оятуллоҳ ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо аризаи навбатӣ муроҷиат намуд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон дар амалҳои Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич аломатҳои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 247 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Мо умед доштем, ки ниҳоят адолат барқарор мешавад ва маблағҳои мардум баргардонида мешаванд. Аммо боз ҳамон ҳодиса такрор шуд!

Парвандаи ҷиноятии Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло» бори дигар қатъ гардид. Мо қатъ гардидани ин парвандаро низ ба дахолати муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Умед Каримзода рабт медиҳем. Маҳз ҳамон шахсе, ки Ҳоҷӣ Раҳматулло пайваста аз номи ӯ ҳарф мезанад ва гирифтани 50 ҳазор долларро барои қатъ кардани парванда ба ӯ нисбат медиҳад.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мо  навиштаҳои «Ислоҳ» дар бораи Умед Каримзодаро хонда будем ва фикр мекардем, ки ин мансабдори баландпоя барои ин ҳама порхуриҳо ва сафедро сиёҳ ва баракс сиёҳро сафед карданҳо аз мақомот сабукдуш ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Аммо,мутассифона, ба вай рутбаи болотар доданд. Муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соҳиби рутбаи генерал-лейтенанти адлия гардид. Мо, ҷабрдидагон, ин хабарро бо ҳайрат ва норозигии шадид қабул кардем. Охир, чӣ гуна шахсе, ки номи ӯ дар қазияи гирифтани 50 ҳазор доллар барои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ садо медиҳад, ба ҷойи ҷавоб додан ба шикоятҳои мардум соҳиби рутбаи баландтари генералӣ мегардад? Чаро як шаҳрванди одӣ барои маблағи ночиз ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, аммо парвандаи шахсе, ки маблағҳои ҳоҷиёни умраро гирифтааст, пайиҳам қатъ мегардад?

Оё дар Тоҷикистон қонун барои ҳама баробар аст? Магар вазифаи прокурор ҳимояи қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандон нест? Мо дигар ба кӣ ва ба куҷо муроҷиат кунем?

Мо чандин маротиба рӯзҳои шанбе, ки рӯзи қабули шаҳрвандон мебошад, ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон рафтем, то ба қабули Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ворид шавем. Аммо ҳар дафъа дар қабулгоҳ боз ҳамон муовини аввали Прокурори генералӣ Умед Каримзода шаҳрвандонро қабул мекард. Ҳамон нафаре, ки мо аз дахолаташ ба парвандаи Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло» шикоят дорем! Мо ҳайрон мондем, ки чӣ кор кунем. Магар мумкин аст аз шахсе, ки нисбаташ шикоят дорем, боз ба худи ӯ шикоят барем?

Аз корманди навбатдоре, ки шаҳрвандонро номнавис мекард, пурсидем:

«Магар худи Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода шаҳрвандонро қабул намекунад? Мо ҷабрдида ҳастем ва мехоҳем шахсан ба ӯ муроҷиат кунем».

Он корманд, ки марди қоматбаланду тануманд ва сабзина буд, ба мо писханд зада, чунин ҷавоб дод:

«Прокурори генералӣ дигар кор надорад, ки шуморо қабул кунад? Мо худамон дар ҳамин ҷо кор мекунем, моро ҳам қабул намекунад. Шумо камбағалҳои почакаандаро аз куҷо қабул мекунад? Ана, муовини аввалаш шаҳрвандонро қабул карда истодааст. Дароед, арзу шикоятатонро гӯед. Агар ин одам ҳал накард, баъд аз як ё ду сол назди Прокурори генералӣ биёед, шояд қабул кунад».

Сипас бо гуфтани «Следующий!» моро аз он ҷо пеш кард. Ин аст муносибати баъзе кормандони Прокуратураи генералӣ бо шаҳрвандони ҷабрдида! Оё шаҳрванди одии Тоҷикистон танҳо барои он ки пулу пуштибон надорад, бояд аз дари мақомоти давлатӣ ноумед баргардад?

Ва, инак муроҷиати мо ба Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон

Муҳтарам устод Муҳаммадиқболи Садриддин!

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ин номаи моро дар барномаи «Ислоҳ» ҳамчун муроҷиати ошкоро ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон қироат намоед. Шояд садои мо ба гӯши онҳо бирасад.Шояд бифаҳманд, ки дар мақомоти олии назорат бар иҷрои қонун чӣ ҳодисаҳо рух медиҳанд.

Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон!

Мо аз шумо мепурсем: агар муовини аввали Прокурори генералӣ Умед Каримзода аз парвандаи ҷиноятии як қаллоб пуштибонӣ кунад, мардуми одӣ ба кӣ такя намоянд?

Агар шахсе аз номи як генерали баландпоя истифода карда, ошкоро аз пардохти 50 ҳазор доллар барои қатъ кардани парванда сухан гӯяд, чаро ин масъала то ҳол ҳалли одилонаи худро наёфтааст? Мо рақамҳои телефонии Умед Каримзода ва Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло»ро низ дар ихтиёр дорем. Рақами Ҳоҷӣ Раҳматулло дар WhatsApp ва Telegram фаъол аст. Агар гуфтугӯҳои телефонии ин ду шахс дар давоми як соли охир мавриди омӯзиш қарор гиранд, робитаи онҳо ва шумораи тамосҳояшон мушаххас хоҳад шуд. Мо ин рақамҳоро барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва далелҳо дар ихтиёри таҳририяи «Ислоҳ» мегузорем.

Муроҷиат ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Мо аз раис ва  масъулони Агентии мубориза бо коррупсия мепурсем:То кай танҳо духтурони бечора, омӯзгорони камбизоат ва кормандони одиро бо иттиҳоми гирифтани маблағҳои ночиз боздошт мекунед ва сипас онҳоро дар телевизион намоиш медиҳед? То кай барои нишон додани мубориза бо коррупсия танҳо одамони одӣ ва бепуштибонро ба ҷавобгарӣ мекашед? Чаро навбат ба генералҳои баландмақоме, ки номи онҳо дар қазияҳои гирифтани пора ва рӯйпӯш кардани ҷиноятҳо садо медиҳад, намерасад?Агар воқеан иродаи мубориза бо коррупсия доред, пас аз шахсони мансабдори баландпоя оғоз кунед!

Чаро парвандаи Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло» ду маротиба қатъ шуд? Кӣ дастури қатъи онро дод? Чаро маблағҳои ҷабрдидагон баргардонида нашуданд? Чаро Умед Каримзода дар ин қазия нақши ҳалкунанда дорад?

Мо бовар дорем, ки ошкор шудани тамоми ҷузъиёти ин қазия метавонад ҳолатҳои дигари фасодкорӣ, порагирӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, сӯиистифода аз мансаб ва рӯйпӯш кардани парвандаҳои ҷиноятиро низ равшан созад. Мо робитаи хешутаборӣ, аз як ноҳия будани Умед Каримзода ва Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич «ҳоҷӣ Раҳматулло» ва маблағҳои бузургеро, ки барои қатъ кардани парванда зикр шудаанд, аз сабабҳои асосии беҷазо мондани Қурбонов Ӯткирхоҷа Юлдошевич медонем.

Сухани охири мо

Муҳтарам устод Муҳаммадиқболи Садриддин!

Имрӯз умеди мо пеш аз ҳама ба Худованди бузург ва сипас ба расонае чун «Ислоҳ» аст, ки садои мардуми ҷабрдидаро ба ҷомеа мерасонанд. Мо аз мақомоти Тоҷикистон чизе бештар аз барқарории адолат намехоҳем. Мо мехоҳем маблағҳои мардуми фиребхӯрда баргардонида шаванд, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва мансабдороне, ки аз мақоми худ барои ҳимояи қаллобон истифода мекунанд, дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

Магар ин талаби зиёд аст? Магар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ надорад, ки маблағи ҳалоли худро талаб кунад? Магар шахсе, ки ба зиёрати хонаи Худо рафтан мехост, бояд ҳам пулашро аз даст диҳад ва ҳам дар мақомоти давлатӣ таҳқир шавад? Мо дигар намехоҳем, ки номи қонун танҳо барои тарсонидани мардуми камбизоат истифода шавад. Қонун бояд пеш аз ҳама дар муқобили онҳое амал кунад, ки бо истифода аз мансаб, робита ва пул ҳаққи дигаронро поймол мекунанд.

Умед дорем, ки ниҳоят ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Бо эҳтиром,

Яке аз хешовандони наздики ҷабрдида Боҳирзода Оятуллоҳ, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Ному насаби муаллиф дар ихтиёри таҳририяи «Ислоҳ» мебошад ва бо хоҳиши ӯ дар нома ва барнома зикр намегардад.

Эзоҳи муаллифи нома:

Мо дар бораи ҳолатҳои дигари порагирӣ ва сӯиистифода аз мансаб, ки ба муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода нисбат медиҳем, ҳуҷҷатҳо, маълумот ва далелҳои иловагӣ дар ихтиёр дорем.

Ин тамоми маводи мо нест. Дар оянда ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигарро низ дар ихтиёри таҳририяи «Ислоҳ» ирсол хоҳем кард, то ҷомеа аз ҷузъиёти ин қазия ва амалҳое, ки дар паси парда сурат гирифтаанд, огоҳ гардад.

Охирсухани «Ислоҳ» — хитоб ба Ҳабибулло Воҳидзода

Ҷаноби Воҳидзода! Номаи боло ба роҳбарияти додситонии кишвар саволҳои ҷиддӣ мегузорад. Мардум аз сарнавишти маблағи умраи худ шикоят доранд ва номи Умед Каримзода муовини шуморо дар робита ба монеъ шудан ба таҳқиқи қазия зикр мекунанд. Ин шикоят ҷавоби мушаххас мехоҳад: маблағи мардум куҷост, чаро парвандаҳо қатъ шудаанд ва ин қарорҳо бо кадом асос қабул гардидаанд?

Муаллифи нома аз маводи иловагӣ дар бораи Умед Каримзода хабар медиҳад. Мавзуъҳои матраҳшуда — маблағҳои гирифтани пора, дахолат ба парвандаҳо ва пуштибононии ӯ — бояд бо санад ва таҳқиқи мустақил равшан шаванд. Рутбаи генералӣ ва муовинии шумо ҷойи ҷавобро намегирад. Курсии баланд ҳам саволи мардумро хомӯш намекунад. Ҳар маълумоте, ки санҷидаву тасдиқ шавад, бояд ба ҷомеъа расонда шавад.

Ҷаноби Воҳидзода, қазияи болоиро шахсан таҳти назорат гиред! Баррасии шикоят аз муовинатон Умед Каримзодаро ба худи ӯ ё афроди вобастааш насупоред. Ҷабрдидагонро бишнавед, асосҳои қатъи парвандаҳоро бисанҷед ва ба иддаои пардохти 50 ҳазор доллар ҷавоби санаднок диҳед. Агар ин иддао дурӯғ аст, бо далел рад кунед; агар тасдиқ мешавад, мақому рутбаи муовинатон набояд садди ҷавобгарӣ гардад.

Барои фаҳмидани натиҷа ба конфронси хабарии шумо эҳтиёҷ надорем, ҷаноби Воҳидзода! Натиҷаро аз сарнавишти ҳамин мардум мебинем: оё шикояташон воқеан баррасӣ шуд, оё маблағашон баргашт ва оё шахсони гунаҳкор ҷавоб доданд? Ҳисоботи зебо ҷойи адолатро намегирад.

Обрӯи додситониро бо пинҳон кардани мушкил ҳифз намекунанд. Ор барои як ниҳод он аст, ки мардум аз зулм ба он даргоҳ паноҳ баранд ва боз аз ҳамон дар ноумед ва зулмшуда баргарданд. Ба ҷойи нигаронӣ аз он ки «Ислоҳ» чӣ нашр мекунад, ба он ҷавоб диҳед, ки дар ин қазия бо ҳаққи мардум чӣ гузаштааст.

Мо гуфтему шумо шунидед! Акнун навбати амали шумост.

Сообщение УМЕД КАРИМЗОДА: «Тағоям 50 ҳазор доллар гирифт — шикоятатон фоида надорад!» появились сначала на ISLOH.net.