Архивы Муҳаммадиқболи Садриддин - ISLOH.net

Бидуни худситоӣ: Ҳоло танҳо «Ислоҳ» аст!
Сухане чанд аз корномаи «Ислоҳ», расонае интернетӣ, ки имрӯз аз таъсиси он расо нӯҳ сол сипарӣ мешавад.

Нӯҳ сол барои як расона умри зиёд ба ҳисоб намеравад. Вале барои расонае, ки дар хориҷа, дар дуриҳои дур фаъолият хоҳад кард, бозтобу инъикоси ҳаводису рӯйдодҳои дохилро ҳадаф қарор медиҳад, навиштан аз ватан ангеза ва асоси ҳузур ва вуҷуди вай аст, тоб овардан дар таййи ин солҳо, пеш рафтан ва пешрав шудан заҳмати зиёд металабад. Бидуни онки кадом ташкилоту созмоне кӯмак карда бошад, бидуни онки манбаъу сарчашмаи дастрас ва ҳамкороне дошта бошад, коре саҳлу сода нест. Ва, ин ҳама дар шароиту ҳолате, ки макони зисти муайян надорем, ҷомадонҳоямон ҳамеша пеши дастамон аст, ҳар лаҳза метавонанд кафшамонро пеши поямон монанд, по дароз кардан аз кӯрпа пайомадҳои сангин ба ҳамроҳ дошт ва дорад.

Аммо, чун ҳамеша такя ва таваккул бар Худо кардем, натарсидем, риск кардем ва чуноне мебинед, шукри Аллоҳи пок, ки ҷойи по пайдо кардем, мақому манзалат ёфтем ва ба як нашрияи маҳбуб ва мақбули мардумамон бадал шудем.

Аммо…

Пойгоҳи «Ислоҳ»: оғози роҳ ва идомаи мубориза

Пойгоҳи «Ислоҳ» санаи 27.04.2017 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон таъсис ёфт.

Мо санаи 12.02.2016 аз Украина ба Лаҳистон гузаштем ва дар он ҷо барои дарёфти мақоми паноҳандаи сиёсӣ муроҷиат кардем. Моро дар лагери муҳоҷирони маъруфи ин кишвар бо номи Безвола, ки дар минтақае бо номи Радзин Подляска қарор дорад ва дар наздикии марзи Белорус воқеъ аст (тақрибан 60 километр фосила дорад), ҷойгир карданд. Ин лагер дар дохили ҷангал ҷойгир буд.

Аз моҳи феврали соли 2016 то моҳи июли соли 2017 мо дар ҳамин лагер қарор доштем, яъне 16 моҳ дар он ҷо зиндагӣ кардем. Ман ҳатто дар ҳамин шароити лагер низ менавиштам ва фаъолиятҳои худро идома медодам.

Бо вуҷуди дурӣ, мо дар тазоҳуротҳои мухолифин дар шаҳри Варшава, ки аз маҳалли сукунати мо наздики 250 километр фосила дошт, иштирок мекардем. Ҳамчунин дар конфронсҳои САҲА дар солҳои 2016 ва 2017 фаолона ширкат варзидем.

Моҳи июли соли 2017 мо ба шаҳрчаи Прушков (наздикии Варшава) кӯчидем ва дар он ҷо тақрибан 5 моҳ зиндагӣ кардем. Пас аз он ба Фаронса ҳиҷрат намудем.

Дар инҷо мехоҳам аз ин қарори худ зикри хос кунам. Аз ин қарор, ки дигар ҷоро неву Фаронсаро интихоб кардам, дар ҳақиқат хеле розӣ ҳастам, зеро аз ҳама ҷиҳат барои оилаи мо беҳтарин буд: фарзандон таҳсил карданд, забон омӯхтанд, ба донишгоҳ роҳ ёфтанд. Ин, воқеан, яке аз қарорҳои дуруст дар зиндагии мо буд.

Инҳо қисме аз зиндагии ман дар Лаҳистон буд, ки баён кардам.

Замоне дар Лаҳистон будам, соли 2017, пайваста мегуфтам, ки мехоҳам як сомона таъсис диҳам ва хоҳиш мекардам, ки дастгирӣ шавад, то онро фаъол гардонем. Аммо, мутаассифона, садое баланд нашуд ва дастгирие низ сурат нагирифт. Пайваста ба ман мегуфтанд: агар мехоҳӣ чизе нависӣ, дар «Паём» бинавис.

Пештар,вақте дар дохил будам, мо сомонае бо номи «Васатият» доштем, ки хусусияти илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динӣ дошт ва аз соли 2007 то соли 2015 фаъолият мекард. Он ҳеҷ гуна ангеза ва масоили сиёсӣ надошт-танҳо фарҳангӣ, маърифатӣ ва таълимӣ буд. Бо вуҷуди ин, онро КДАМ баст ва моро ҳатто ҷарима ҳам карданд. Пас аз он дигар танҳо дар Facebook ва гурӯҳҳои он менавиштам.

Ман чунин хислат дорам: агар ба анҷом додани коре тасмим бигирам ва бубинам, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ аст, вале муҳим аст-ҳатман онро то анҷом пайгирӣ мекунам.

Ҳоло мехоҳам як нуктаи дигарро тазаккур диҳам. Дар таъсиси «Ислоҳ» ду бародар саҳми бисёр арзанда гузоштанд: яке дар Русия ва дигаре дар Олмон. Ҳар ду шахсони одӣ буданд, бо маош кор мекарданд. Ман дигар тафсил намедиҳам-муҳим он аст ки бо дастгирии ҳамин ду бародар пойгоҳи «Ислоҳ» фаъолияти худро оғоз кард.

Ҳамон вақт ба баъзе сомонаҳои маъруфи он замон муроҷиат кардам, ки моро муаррифӣ кунанд, аммо бо баҳонаҳои гуногун рад ё дурпартоӣ карданд. Хуб, муаррифӣ кори осон нест-заҳмати шабонарӯзӣ мехоҳад. Ман ҳам омода будам ва ҳастам.

Платформаи «Ислоҳ» аз оғоз бо рӯйкарди комилан дигар-на фарҳангӣ ва илмӣ, балки маҳз сиёсӣ ва таҳлилӣ— фаъолиятро оғоз кард.  Дар муддати ҳамагӣ 4 моҳ, сомонаи Isloh.net бо матолиби худ худро муаррифӣ кард.

Аз он замон то имрӯз беш аз 9 сол мешавад, ки «Ислоҳ» пайваста ва устувор фаъолияти худро идома медиҳад. Он сомонаҳое, ки ҳатто барои муаррифии «Ислоҳ» як хабар нашр накарданд, кайҳост, ки аз фаъолият бозмондаанд. Аммо «Ислоҳ», бо фазлу карами Илоҳӣ ва талошҳои пайвастаи кормандонаш, ҳамоно фаъол аст.

Дар тӯли фаъолият «Ислоҳ» зарбаҳои зиёдеро паси сар кардааст: аз ҳамлаҳои ҳакерӣ то иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи фаъолияти устувори он. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ гоҳ дар роҳ наистодаасту аз кору фаолият боз намондааст.

Ҳатто кӯшиш карданд, ки бо маблағ «Ислоҳ»-ро хомӯш кунанд. Аммо як чизро фаромӯш карданд:

«Ислоҳ»-иён на харида мешаванд ва на фурӯхта.

Мо аз ҷониби афроди сиёсӣ-сафирон, вазирон ва роҳбарони ниҳодҳо-номаҳо дарёфт кардем: гоҳе таҳдид, гоҳе даъват ба музокира. Аммо то имрӯз, чуноне будем, ҳамон гуна боқӣ мондаем ва роҳи худро идома медиҳем.

Борҳо шудааст, ки тими «Ислоҳ» барои чанд моҳ бе маош монд, аммо ҳатто ба андозаи як мӯй ҳам аз кор ва талош даст накашид. Ин ҳама аз эътиқод, садоқат ва ҳадафмандии ин тими бошараф шаҳодат медиҳад.

Ман дасти ҳамаи кормандони тимҳои «Ислоҳ»-ро-чи дар дохил ва чи дар хориҷ мефишорам. Шумо беҳтарин муборизон ва баргузидагони Худованд ва ин миллати мазлум ҳастед.

Бидонед ва огоҳ бошед:

ин миллат ҳаргиз заҳматҳои шуморо фаромӯш нахоҳад кард.
Номҳои ҳар яки шумо дар таърихи ин миллат сабт хоҳанд шуд.

Чанд ҷумлаи дигар…

Маъмулан санаҳои ба истилоҳ «круглий» -ҳодисаву рӯйдоде зикри хос мешавад, ки 9 солагӣ шомили он сана намешавад. Чун як сол пас 10солагӣ аст. Аммо ман ёдоварӣ ва ёдрас кардам.

Бигзор ҳар касе чизе бигӯяд. Аммо ман ба унвони муассис ва роҳбари «Ислоҳ» бо сароҳат эълон медорам, ки мо комёб ва муваффақ шудем ва бидуни таоруф ва худситоӣ гуфтаниам, ки ҳоло танҳо «Ислоҳ» аст. Мо рисолат ва масъулият як расонаи озоду мустақил ва мардумиро ба иҷро расонидем ва боз ҳам ба иҷро хоҳем расонд ва низ ба ҳайси минбар ва майдони муборизаи неруҳои оппозитсионӣ хобу хур ва осоиши ин режими золимро  ба мухотара андохтаем.

Ҳар касе холисона ва бидуни ғараз кори нӯҳсолаи моро арзёбӣ мекунад, мутмаинам ба ин ҳарфҳои мо розӣ мешавад. Боз ҳам барои ҳисоботу гузориши муфассал ва мудаллал омодаем, аммо зарурате намебинам.

Ислоҳ бо нашри мақолаҳои таҳлилӣ ва интиқодӣ корро шурӯъ кард. Хонанда, манбаъ, муаллиф, ҳамкорон ва мухлисону ҳаводорону тарафдорони  худро ёфт.

Барномаҳои он амсоли «Минбари муҳоҷир», «Номаҳо аз ноҳияҳо» ,«Семейканюс»  ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҷойгоҳи Ислоҳро таҳким ва тақвият бахшид, хонанда ва тамошобинони онро ба даҳҳову садҳо ҳазор ва то ба миллион расонд. Моро «блогер» унвон доданд. Аммо ҳоло ба блогерӣ рӯ оварданд. Мо дар шароити фавқулода ва ғайриодӣ фъолият мекунем. Мо, хуб медонем, ки чаро моро бад мебинанд. Чун дар даҳани ҳама муму сурб рехтанд, аммо дар навбати мо дасташон кӯтоҳ аст.

«Ислоҳ» дар навишти матолибу мақола мушкил надошт ва надорад. Мо дар дарёфти хабар дасти дароз надорем, ки табиист. Аммо дар ин самт ҳам ноком нестем.

Чандин нафарҳо барои «Ислоҳ» зиндон шуданд. Аммо ин мубориза аст. Мубориза идома мекунад. Ва, мубориза огоҳона идома хоҳад кард.

Ҳаройина, бо лутфу инояти Илоҳӣ пешрафт дорем. «Ислоҳ» бо русӣ ва англисӣ ҳам маводҳои худро мунташир мекунад. Муассисаҳои байналмилаллии таҳлилӣ ва бунгоҳҳои маъруфи хабарпароканӣ расман муроҷиат ва иҷозаи истифода аз маводу матолиби «Ислоҳ»-ро мекунанд.

Ҳар коре Раҳмонов ва дастгоҳи идеологии он тӯли ин солҳо бар алайҳи «Ислоҳ» кард, мисли лойи хушк, ки ба девор намечаспад, дар кору пайкори мо асар нагузошт. Ҷилд-ҷилд парванда сохта ба кишварҳои урупоӣ, аз ҷумла кишваре, ки муассиси «Ислоҳ» зиндагӣ мекунад, фиристод. Тавассути фабрикаи ҷавоб тӯҳмату бӯҳтони зиёд зад, ҳатто филм сохту аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш кард, кариктураҳо қариб ҳаррӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мекунад, аммо камтарин таъсир надорад. Баракс, шумори ҳавохоҳону дӯстдорону дӯстони «Ислоҳ», ҳамасола рӯ ба афзоиш аст.

Дар ниҳоят «Ислоҳ», худи маро ҳам ба як марди сиёсат бадал кард. Ин шо Аллоҳ, дар сиёсат ҳам комёб ва муваффақ хоҳем шуд, чун сидқамон ва диламон ба Худо ва халқи худо рост аст. Мо, аз оғоз ростиро пеша кардаем. Ростонро Худо ва халқи Худо хуш дорад.

Дар охир ба тамоми кормандони «Ислоҳ» ва мардуми шарифи Тоҷикистон нӯҳумин солгарди таъсиси Ислоҳро муборак мегӯям.

Муҳаммадиқболи Садриддин, муассис ва сардабири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии «Ислоҳ».

27.04.2026

Сообщение Бидуни худситоӣ: Ҳоло танҳо «Ислоҳ» аст! появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news№14
Ин нашри маҷаллаи «Семейканюс» ҳам аз кору зиндагии дар паси пардаи Раҳмонов ва аҳли байту домодҳои бешумори вай ривояту ҳикоят мекунад. Ин бор «қаҳрамон»-и ин  шумора Зоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов мебошад. Дуруст аст ки дар бораи Зоир на як бору ду бор ва на танҳо мо навиштаем. Зоирро ба унвони яке аз бойтарин домодҳои сарватманди Раҳмонов мешиносем, ки даҳҳо ширкату корхонаҳоро ғасбу тасарруф кардааст.

Масалан осоишгоҳҳои машҳуру маъруфу пурдаромади Зумрату Шоҳамбарӣ, бозори калони Қурғонтеппа бо номи Ҳоҷӣ Шариф аз они ӯст. Вай боз тамоми молу маҳсулот, умуман содироту воридоти марзи Чин ва Афғонистонро комилан контрол ва назорат мекунад ва чандин навъи дигари бизнес дорад. Ҳамчунин мо дар мудирияти тиҷорату қочоқи  наркотик, кришавати ҷинояткорон мансабфурӯшӣ дасти тамом доштани Зоир аслан шубҳа надорему дар ин бораҳо ҳам навишта будем.

Аммо ин бор дар шарҳи ҳол ва фаъолияти кории вай боз як маълумоти дигар ба дасти мо расид. Маълум шуд, ки Зоир «серий кардинал» аст. Ва ба таври ғайрирасмӣ аммо амалан Раҳмонов ва хонаводаи вайро контрол мекунад. Метавон ӯро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила-«Семейка» унвон кард. Кореро, ки Озода дар ҳукумат дорад, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, Зоир дар Оила иҷро мекардааст.

Маҷалларо бо хабарҳои гуногӯн аз «Семейка» шуруъ мекунем:

Ахбори «Семейка»

Баъд аз сарнагунии Башор Асад Раҳмонов чораҳо барои амнияти худ ва махсусан роҳ барои фирор ва воситаҳои фирорашро бисёр ҳам сахт карда истодааст.

Манбаи мувассақ ва муътамад гуфт, ки охраннаи самолёти хусусии Раҳмонов, ҳамон самолёти 92 миллион долларӣ ташдид карда шудааст. Муҳофизати самолётро пурра ба ихтиёри «охранна»-и худаш супоридааст ва аз охирҳои декабри соли гузашта онро телехҳои полний до зубов вооруженнийи худаш посбонӣ карда истодаанд. Вай ба амнияти фурудгоҳ бовар накарда онҳоро аз муҳофизати ин ҳавопаймо дур карда будааст. Вақте ба назорат ва муҳофизати амнияти фурудгоҳ буд, охранникҳо мусаллаҳ набуданд. Аммо ҳоло пурра вооруженниянд. Руву сари онҳо пушида аст. Ба онҳо на Исмати дулик, сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздик шуда метавонад, на каси дигар. Дар таги самолёт то дандон мусаллаҳанд.

Албатта, ҳавопаймоҳои Боинги «Сомонайр» ҳам аз они худашон аст. Вале ин ҳавопаймо шахсии худи Раҳмонов аст. Ин самолетро барои сафарҳои хориҷиаш истифода мекунад. Барои сафарҳои дохилиаш самолетҳои Сомонайрро истифода мебарад. Агар Хуҷанд равад скамейкаҳои Боинги «Сомонайр»-ро перекидка мекунанд, яъне салони онро переделка мекунанд, то бо ишкамбаи калони вай мишат накунаду орому бо ҳузур чанд дақиқа парвоз кунад.

Семейкаро «Истеъфо Раҳмонов» девона кардааст

Вақте хабарҳову наворҳо дар бораи пайдо шудани навиштаҷоти «Истеъфо Раҳмонов» дар навоҳии мухталифи кишвар дар «Минбари муҳоҷир» садо дод, талхаашон кафид. Тамоман калофа ва даступохурда шуданд. Ин навиштаҷотҳоро кори муборизони Наҳзат медонанд.

Он шабурӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар барои воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ- зиндонҳо ва СИЗОҳо ҳолати казармавӣ-казарменний положенийи 70% эълон карданд. Баъди ҳодисаи ба ном ошуби зиндони Ваҳдат казарменний положенний 100% ҷорӣ карда шуд.

Як манбаъ гуфт, ки мебоист ин ошуби дастисохт баъди ба зиндонҳо этап кардани фигурантҳои парвандаи табаддулот Акбаршо Искандарову Ҳамрохон Зарифиву Шокирҷон Ҳакимов ва дигарон ташкил карда мешуд. Аммо барои ин фурсати зиёд лозим буд, бояд интизор мешуданд вале вақт надоштанд.

Раҳмонов дар ҳақиқат вақтҳои ахир сахт дар тарсу ҳарос афтодааст, ки ояндаи ҳукуматаш чӣ мешуда бошад. Вай нақша дорад, ки шумори нерӯҳои Чинро, ки дар қаламрави Бадахшон ҷойгир карда аст зиёд кунад. Аммо Русия ба ин шадидан мухолифат кардааст. Чунки гуё дар ҳодисаи Крокус он нафароне, ки дар зиндони Ваҳдат кушта шудаанд, шарик будаанд. Русия гуё мушаххас кардааст, ки дар телефони чанде аз боздоштшудаҳои ҳодисаи Крокус рақамҳое аз Тоҷикистон мавҷуданд ва ин рақамҳоро пайгирӣ ва радёбӣ карда фаҳмидаанд, ки зангҳо аз дохили зиндони Ваҳдат рафта будааст.

Рости гап, мо ин хабарро на тасдиқ мекунем ва на рад. Аммо манбаъи «Ислоҳ» гуфт, ки ҳануз вақте муфаттишон аз Русия барои таҳқиқу тафтиш ва саволу ҷавоб ба Душанбе омада буданд, қасд доштанд, ки бо он нафарони дар зиндони Ваҳдат кушташуда суҳбат намоянд. Вале мақомоти тоҷик розӣ нашуда буданд.

Интихобот ва ҳаросафкании Семейка

Тибқи баъзе аз маълумотҳо қасд доранд, ки пеш аз интихобот ягон «кор» бикунанд, то мардумро дар тарсу таҳлука оваранд. Мақсад-мардум ба натиҷаҳои интихобот аҳамият надиҳад. Ва, тавре ҷилва диҳанд, ки ин кори душманони давлат ва Раҳмонов аст. Гуё Раҳмонов инро намедонаду бехабар аст. Аммо амру фармонро Раҳмонов шахсан худаш медиҳад. Ва, боз шуру ғавғо мебардоранду туҳмат мезананд, ки ана боз кори дасти Ҳизби Наҳзат аст. Муайян нест, ки дар куҷо бояд анҷом дода шавад. Баъзеҳо мегуянд дар Душанбе, баъзеҳои дигар ба ин назаранд, ки дар минтақаи Рашт,боз мегуянд, ки шояд дар чанд ҷой шавад, ки мардумро врасплох монанд.

Барои ҳамин бояд мардум аз хонаҳояшон набароянд ва овоздиҳӣ ба интихобот наравад. Наравед, ки ҷонатон дар хатар аст.

Интихобот ва фишор болои ғармиҳо

Бинобар маълумотҳои фиристодаи манобеъи «Ислоҳ» аз чанд вақт ба ин су ҳатто шабу нимшаб ба хонаҳои мардуми ғармӣ даромада таҳдид ва огоҳ карда истодаанд, ки боз ягон кор накунед. Хапу дам раведу овоз диҳеду омада дар хонаҳоятон шинед. Ин корро, ба назар мерасад махсус карда истодаанд ва мардумро спровотсироват карда исодаанд. Худашон таҳрик дода истодаанд. Дар ҳоле, ки на свет ҳасту на рушноӣ, торик ҳамаҷоро фаро мегирад, ҳатто телефонҳо успети зарядгирӣ намекунанд, беогоҳи, соати ҳафт аст, даҳ аст, 12 ё ҳатто дуи шаб аст ба хонаҳои мардум зада медароянд. Яке дарвозаҳо тақтақ карда ба зур кушода вориди хонаҳо мешаванд. Ҳатто хонаи хоби бачаҳову духтарҳои болиғашон медароянд, оғилҳоро мекованд. Дар масҷиду мактабҳо даромада истодаанд. Мардум аз тарс ба онҳо пул медиҳанд. Ин қишри тоҷиру савдогарҳо, маслан магазинчӣ, гуштфурӯш худашон хапу дам, сарҳо хам пул бурда дода истодаанд.

Ҳозир барои як коргари одии мақомот шудан дар Рашт нарх баланд шудааст, чунки ҷойи сумкоркунӣ шудааст.

Як нафар шабакӣ барои хабаргирии молҳояш ба оғилаш медарояд ва барои пеши роҳашро рушан кардан фонарики телефони дасташро рушан мекунад. Онҷо чанд нафар аз ин мақомот дар гашту гузор будаанд.

Ӯро қапида таҳдидаш мекунанд, ки ту ин вақти шаб чаро оғил медароӣ ва телефони дастиашро гирифта мегуянд, ки пагоҳ омада аз шуъба мегирӣ: «мо телефонатро хабар мегирм. Ту бо мухолифин алоқа дорӣ ё не». Вай аз тарс ба бағоҷи мошини онҳо як сар буз ва як сар гусфанд бор карда телефонашро аз дасташон пас мегирад.

Ашраф Гулов дар Дубай тиҷорати шаробро шурӯъ кардааст

Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар ИМА-Дубай ва шавҳари Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, молики ширкати фарматсевтии «Сифат-фарма» дар Дубай ба ташкили фурӯши кристалл ва шаробро шуруъ кардааст. Маълум нест, ки дар ин тиҷорати вай аз Оила боз киҳо шариканд. Вале баъд аз онки Ашраф сафир таъин шуд тавлиди метамфитамин, амфитамин, дар корхонаи «Сифат-фарма» чандин маротиба зиёд шудааст.

Ашраф бо баҳонаи онки обҳову нушобаҳои тоҷикӣ, махсусан «Сиёма»-ро ба Дубай мебарад шумори парвозҳои чартериашро ба маротиб зиёд кардааст. Манбаъи Ислоҳ афзӯд Ашраф чанд симкартаҳои гаронро дар Дубай алакай харидори намудааст. Дар ИМА фурӯши шароб ошкоро мамнӯъ аст ва барои фурӯши шароб ва кристал симкартаҳое ҳастанд,ки аз пеш дар фурӯши шароб миёни муштариҳо маъруфанд онҳоро муштариҳо медонанду супориш мекунанд харидорӣ намудааст. Ба гуфтаи манбаъ як симкарта то як млн доллар боло ва атрофи ин қимат дорад. Чунин симкартаҳо чанд адад харидорӣ намудааст. Манбаъ афзӯд ҳастанд симкартаҳое,ки 200 ҳазор арзиш доранд ва ҳарчи қадар қиматаш боло бошад симкартаро ҳамон қадар муштарӣ дорад. Муҳим Ашраф пас аз сафир таъин шуданаш ин сетро алакай роҳбарӣ мекунад. Дар гузашта тоҷикон ва қафқозитабороне будаанд ин корро анҷом медодаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд вале Ашраф сети муназзамеро ташкил намудааст. Манбаъи мо исми Садбарг Ғаниеваро ёдовар шуд ва гуфт: «Бева бо Ашраф худша часпонду чи коре бо ӯ ҳам ташкил кардааст» Садбарг Ғаниева пас аз фирор аз кишвар бо миёнҷигарии Озода Раҳмон феълан корманди Сафорати Тоҷикистон дар ИМА аст вале аслан ба сафорат намерафтааст ва ҳама вақт дар Дубай будааст ва ба пойтахт Абузаби тамоман намерафтааст. Кораш истироҳат ва ….

Ҷамолиддини шавҳари Фиона чи ҳол дорад?

Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистонро дар пушти хонаи Рамазон Раҳимзода, ки як толори варзишӣ ҷой гирифтааст, дидаанд. Мегуянд, ки сахт лоғар шудаст. Дар иҳотаи се нафар будааст. Гуё онҳо охранааш ҳастанд, аммо дар асл онҳо дар вазифаи наблюдений ва контроли ҳар як қадами Ҷамолиддин машғул ва маъмур карда шуда будаанд.

Ҷамолиддин, чи гуноҳе  содир кард, ки Раҳмонов ӯро аз назди худ ва ҳукуматаш дур андохт. Дар ҳоле, ки вай ҷонишини якуми раиси Бонки миллӣ буд ва ҳама суратҳисобҳои оффшории Раҳмоновро назорат мекард. Мегуянд, ки ҳоло Озода ӯро на три букви посилат кардааст ва ҳамроҳаш зиндагӣ намекунад.

Раиси Суди Олӣ,ки сармаҳкумкунандаи Семейка буд чи ҳол дорад?

Бинобар хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расидааст, баъд аз онки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз вазифаи раиси Суди Олии Тоҷикистон гирифтанд, дар худи пагоҳаш баччашро бо партияи калони героин қапиданд. Ин манбаъ гуфт, ки ин миқдори бузурги героини Шоҳиён дар оғили аспҳои Шоҳиён баҷо карда шуда будааст.

Ҳозир Шоҳиён дар руихати ҳизбӣ барои интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз ҲХДТ пешниҳод шудааст ва гапгап аст ки ҷонишини аввали раиси Маҷлиси намояндагон мешавад.

Ҳамарӯза вохуриҳо бо гуруҳҳои Авангарду дигару дигар баргузор намуда истодаанд, то дар барои дар байни мардум гардану гуш кунанд, ки ку чӣ мегуяд, кӣ оиди митингу инқилоб гап мезанад. 14 феврал дар ноҳияи Рудакӣ ҷамъомад буд бо Авангард. Масъалаи асосӣ ҳам ҳамин буд, ки ҷилави ҳар гуна овозаҳо гирифта шавад ва ба мардум фаҳмонида шавад, ки ба гапу ҳарфҳои мухолифон гуш надиҳанд ва бо мухолифон ҳамкорӣ карда ҳаёти худро дар паси панҷара нагузаронанд. Аз сармаҳкумкунандаи режиму оила ҳам барканораш кардаанд вале боз ҳам бояд лесиданро ба шакли бояду шояд анҷом диҳад.

Раҳмонов ва фармонҳои қатли ашхоси маъруфу зиёӣ

Вақте мурофиаи додгоҳии Хуҷа-командир, яке аз хунхортарин фармондеҳони Фронти халқӣ дар додгоҳ идома дошт, Хуҷа-командир дар мавриди ҳодисаи куштори ду депутати Шурои олӣ Саидшо Саидов дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 посух медиҳад,ки ин депутатҳоро бо фармони Абдумаҷид Достиев паронида куштааст. Достиев ба Хуҷа аз номи Эмомалӣ Раҳмонов фармон дода будааст, ки Саидшо Саидовро чи хеле набошад, убират кунад.

Як корманди додситонӣ, ки дар тафтишоти парвандаи Хуҷа-командир иштирок карда будааст, ба як рафиқаш мегуяд, ки Хуҷа бисёр сирҳоро фош кард. Аммо парвандаи ӯро тавре навиштанд, ки он ифшокориҳои Хуҷа-командир зикр нашуданд. Бисёре аз шахсиятҳоро, ки он замон кушта шуда будаанд, бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмонов карда будаанд. Аз ҷумла қатли Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ ҳам бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифта будааст. Барои ҳамин як сабаби аз хориҷа овардани Хуҷа –командир ҳам ҳамин будааст, ки аз ин сиру пиёзи Раҳмонов огоҳ буд ва Раҳмонов метарсид, ки боз мабодо Хуҷа ин ҳамаро ба мухолифон фош насозад. Беҳтар аст ки ин сирру асрорро дар зиндон бо худ ба гур барад.

Зоир( Маҳмадзоир Соҳибов), серий кардинал ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила

Чуноне дар муқаддимаи маҷалла гуфтем «герой»-ин шумора, персонажи асосӣ Зоир Соҳибов, мулаққаб ба Зоири ҷайра ва Зоири мундуқ, домоди калонии Раҳмонов мебошад.

Зоир ҳамаро аз Тоҷиддин-командир сар карда то Бег Сабур, Диловари фархорӣ, Юсуф Раҳмон, Боим ва дигарҳое, ки дар тиҷорати наркотик дар Тоҷикистон ҳамаро контрол мекунад.

Агарчи ин тарафи фаъолияти Зоир аз назарҳо пинҳон мондааст, вале ин  Зоири домоди Ҷаноб на фақат Бег Сабур дигар раису вазирони ҳукумати Раҳмоновро, бовар кунед, ки любойяшро бе ягон эҳтиром «б..м,б…ом» мекунад. Барои вай фарқ надорад. СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, Юсуф Раҳмон. Вай «серий кардинал» аст. Чунки бо Азизмои хуштоманаш бисёр наздик аст. Ҳама ҳукуматро рулит карда истодааст.

Аммо дар вақташ як бомж буд. Як Нексияи шикоф дошт. Кудакҳои Раҳмоновро ҷамъ карда морожнийхурӣ мебурд. Аз Амонулло Ҳукумумов, ки раиси корхонаи Нафтрасон буд меомад 300-500 доллар морожнийпуливу бензинпулӣ мегирифт ва аз лаби ҳамон боз барои худаш кор мекард. Шабурӯз дар хонаи Раҳмонов буд.

Кӣ чи кор мекунад, ки кӣ аст, чи дорад, в курсе шуд. Чунки Раҳмонов дар хона ҳамеша мезад, пиён мешуд. Зоир бо дастур ва машварати Азизмо як навъ телехи ғайрирасмӣ, қилкашаки Раҳмонов шуд ва ҳама кору ҳама чизро дар дасташ гирифт. Вақте дигар маст мешуд ва худашро контрол карда наметавонист, Зоир ягон баҳона карда раисро меовард то спалний ва ба ихтиёри Азизмо месупорид ва Зоир баргашта меомаду меҳмонҳо-рақибони собутилнки Раҳмоновро гусел мекард ва нишон медод, ки одами асосӣ аст ва ин дӯстону рафиқони собутилник аз нақш ва ҷойгоҳи Зоир дар даруни оила боз ба дигарҳо мегуфтанд ва ҳамин тариқа Зоир ба фигураи муҳимми пасипарда бадал шуд.

Дар ҳақиқат ин мундуқ шабуруз дар хонаи Раҳмонов буд. Раҳмонов доим пиён буд. Зоир меомаду ҳамаи гапҳоро гуш мекард. Ин ҳолат дар дарозои 10 -15 сол шудааст ва ҳоло ҳам давом дорад ва вақте Зоир нест. Исмоили баччааш Пингвин ӯро заменит мекунад ва гуё набераи любимчики Раҳмонов аст.

Аз чандин сол аст, ки кони тиллои Шугнов покиза барои Зоир кор мекунад. Ба ягон одам ва ягон ниҳод ҳисобот намесупорад. Миллион, миллион ба давлат, миллат ва ҳукумат зарар оварда истодааст. Онҷо аз обу аз санг пур шудагӣ аст. Ба қарибӣ ними Кулобро об мебарад.

Эргаш Маҳмадбеков, муовини Исмоили пингвин дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  яке аз шарикони асосии «сбит»—и наркотики Зоир мебошад

Зоир як ҷангали калонро дар Екатеринбурги Русия харидааст ва он ҷангал дар дасти ҳамин Эргаш Маҳмадбеков аст. Зоҳиран Зоир аз онҷо тахтаву чуб ба Тоҷикистон меорад. Аммо шогирдонаш кору борашро пеш бурда истодаанд.

Бинобар маълумотҳои таъйидношуда айни замон Диловари фархорӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, вазорати дохилӣ ихтор гирифтааст, ки таҳти пайгард қарор мегирад. Гап дар бораи он меравад, ки наздики 240 килло ҳероини «999»-и тавлиди Афғонистон, ки аз они Зоир мебошад тавассути Бег Сабур ба Санкт -Петербург расонида шудааст. Аммо баъд аз онки Бег Сабур аз мақом сабукдуш шуд, пардохти пули он «проблема» шуда истодааст.

Зоир Бег Сабур ва Рамазон Раҳимзодаро даъват карда «счетчик» подключат карда аст. Бег Сабурро гуфтааст, ки агар барнаградонӣ зинда намемонӣ.

Бег Сабур гуфтааст, ки маҷбур аст бачаҳо аз Сонтсевкий группаро ба сари Диловар равон кардааст. Диловар ваъда  кардааст, ки маблағро мефиристад. Аммо боз ба каналҳои худаш ба Зоир расонидааст, ки пули борро Бег Сабур барвақт гирифта ва ба як генерали рус, ки вай ҳам дар Солнтсевский группа ҳамкорӣ мекунад, додааст.

Хулоса байнашон ҳоло сахт кашокаш рафта истодааст.

Пушида нест, ки тиҷорати наркотик, маводҳои психотропӣ яке аз манбаъҳои муҳим ва миллионии даромади Оила аст. Бесабаб нест, ки чанд рӯзи пеш намояндаи вазорати дохилаи Иморати исломии Афғонистон, бидуни онки аз кадом кишваре тазаккур кунад, гуфт, ки маводҳои синтетикии нашъавор аз кишварҳои ҳамсояи мо вориди Афғонистон мешавад. Ин ишора пеш аз ҳама ба Тоҷикистон дахл дорад.

Мо дар яке аз барномаҳои қаблии худ аз он гуфта будем, ки ширкати фарматсевии «Сифат-фарма», ки ба Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати муттаҳидаи Араб мебошад ба истеҳсол ва тавзеъи ҳабҳои наркотикӣ машғул аст. Худи Ашраф Гулов ҳам вақти дар Туркия сафир буданаш доруҳои наркотикӣ, аз қабили кристалл ба Тоҷикистон медаровард. Талош мекунем, ки дар шумораи ояндаи «Семейканюс» дар бораи «Сифат-фарма» матлаби алоҳида пешниҳод намоем.

Пештар мақомдорон ё нафарони сумдор, сум медоданд нафаронеро, ки дар тиҷорати наркотик машғуланд ва фоизҳои хуб мегирифтанд.

Аз замоне, ки Зоир дар ин тиҷорат даст зад, сари зиёд нафарони «куҳнакор» дар ин тиҷоратро хурду зиндон кард. Эмом Хуяку Искандари бародари ӯ  ва боз чандеи дигарро Зоир «за бортом» кард. Қиссаи чи тавр Обиди баччаи Эмом Хуяк ва худи Эмом Хуякро Зоир чи тавр чингирк мондро гуфта будем. 25 кило героини навъи «ходовой»-и Эмомхуякро тавонист дар Русия кидат кунад. Аз тарафи дигар Зоир қариб, ки ҳама нафарони савдои калони наркотик-«катазан»-ҳоро тавонист ба худ часпонаду таҳти контрол гирад.

Боим, нафаре, ки замони тағиротҳои калон дар зиндон буд, аз тартиботҳои нав дар олами наркотик бехабар монд. Вақте Боим дар ин тиҷорат «асса» шуда буд, ҳоло Зоир касе набуд. Бо ин вуҷуд Боим замоне, ки дар Русия адои ҷазо мекард, аз дохили зиндон каналҳои савдои калони наркотикро контрол мекард. Баъди аз зиндони Русия баромадан Зоир чандин бор ба воситаи одамҳояш бо Боим ба алоқа баромаданӣ шуд. Чандин бор пешниҳод кард, ки биё бо ман кор кун. Боим, ки дар ин тиҷорат ветеран буд, Зоирро қабул накард. Зоирро ин сахт асабӣ кард.

Боимро дар Русия дастгир карда буданд ва адои ҷазо ҳам он ҷо кард.

Зоир яке аз сагҳои вафодори худаш-Ҷеки Чан-Раҳим Рамазонро гуфт, ки чи коре мекунӣ намекунӣ Боимро якнима мекунӣ.

Чаро Боимро дар Точикистон дастгир накарданд? Чаро барои ҷиноятҳо дар Русия   боз мақомоти Тоҷикистон Боимро дастгир карданд? Ҳол онки метавонистанд ҳамон вакт дастгираш кунанд.

Мо хуб медонем,ки спонсорҳои Боим мансабдорони калон буданд ва ӯро пуштибонӣ мекарданд. Боим чандин маротиба ба наздикони Раҳмонов ҳамон солҳо мошинҳои қиммат туҳфа карда буд. Ҳамон шабу рӯзе, ки Боимро дар Русия дастгир карданд, як барбар мансабдорон дар Тоҷикистон дилкасал шуданд. Боим мардӣ карду нафурухт. Аммо Боим ба номардии инҳо бовар надошт.

Боим баъд аз озод шуданаш ба хориҷа рафт. Тибқи як маълумот Юсуф Раҳмон дар Дубай бо Боим вохурӣ намуда буд. Шояд, Юсуф Раҳмон мехост пешниҳоди ҳамкорӣ бо Боим кунад. Чун ӯ хабар дошт, ки Боим Зоирро на три буквы посилат карда буд ва худи Юсуф Раҳмон ҳам Зоирро бад медид. Юсуф Раҳмон ҳам дар тиҷорати наркотик хуб «қадам»-ҳо мондааст. Аммо манбаъи дигар вохурии Юсуф Раҳмонро бо Боим дар Туркия гуфтанд, на Дубай. Муҳим ин вохурӣ сурат гирифта буд.

Тибқи маълумоти дигари расида ба Ислоҳ Боимро маҳз бо талаби Зоир аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар ҳоле Боим бо шиносномаи Қирғизӣ қарор дошт дар туркия, на бо шиносномаи Тоҷикӣ. Аммо Боим чандин мақомдори баландпояи Тоҷикро дар миёнаравӣ кидат карда будааст. Гуйё чандин адад мошинҳо дар Русия гирифта будааст,ки пулашро медиҳам ва Боимро кидат карданд ва дигар натавониста пулро баргардонад. Ин мошинҳо аз Зоир будаанд ва ин боздошт ба ин қазия бармегардад. Қазияи Боим хеле пур хаму печ аст ва дар бойгонии Ислоҳ беш аз 20 сафҳа маълумот вуҷуд дорад,ки онро дар шакли алоҳида тақдим менамоем.

Чанд рӯз пеш, Прокурори нақлиёт дар як ҷо дар омади гап гуфтааст, ки «ҳами рейси Дубай мешид, ғамам мегирифт. Мерафтм то париданша назорат мекадам. Хайрият и мардаки хуба гирифтан, камтар сабук шидем». Прокурори нақлиёт мардаки хуб гуфта Юсуф Раҳмонро дар назар дошт, ки контроли содироти наркотики ӯро то паридани самолёт дар даст дошт, токи бекамбудӣ равад.

Аз вохурии Юсуф Раҳмон бо Боим Зоир огоҳ шуда буд ва Ҷеки Чан –Рамазон Раҳимзодаро сахт ҷиқид, ки Боимро биёрад: «Любой ценой биёрша». Зоир ба мақсадаш расид, Боимро дастгир карданд ва оварданд. Айни замон тамоми схема ва системаи тиҷорати наркотикро дар Дубай ва Туркия Зоир таҳти контроли худ кардааст.

Боим ҳозир зиёд нишондодҳо дода истодааст. Аз як лаб фурӯхта истодааст.

Юсуф Раҳмон ба дараҷе мурда будааст, ки то рӯзи сеюми феврал, то рузи рафтанаш полний вазифаҳоро фурухтааст. Имзо кардаву фармон бароварда «ира да иҷаву ура да уҷа» мондааст. Чунки вай медонист,ки меравад.Хелеҳоро карда иваз карда ҷойҳои руғаниву сумдорро фурӯхтааст.

Дар вақташ Шерхон Салимзода ҳам ҳамин хел карда буд. Аммо Юсуф Раҳмон омадан замон резко ҳамаи фармонҳои Шерхон Салимро бекор кард. Вай одамони худашро, албатта, пулҳои калон гирифта оварда монд. Бисёр дарундори кинагир аст. Аммо Ҳабибулло Воҳидзода ба ин андоза нафси бад надоштааст. Вай ин корро накард. Феълан накард, шояд як каме баъдтар кунад.

Юсуф Раҳмон бошад пулҳоро гирифт, ҷамъ кард ва баъд рафт. Ҳатто задним числом имзо кардааст. Барои мисол прокурорҳои Турсунзода, Ваҳдат, Норак. «Доля»-и вазнин гирифту монд.

Аммо новобаста аз ин ҳолат фармон шудааст, ки ҳаҷму миқдор дороиҳо, аниқтараш дуздиҳои Юсуф Раҳмонро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он муайян кунанд. Ба назар мерасад сарнавишти Ёрмаҳмад Гулов, қудои пешини Эмомалӣ Раҳмонов, падаршавҳари собиқи Тахминаи Клеопатра ба сари Юсуф Раҳмон омаданӣ аст.

Манбаъи ин хабар сардори раёсати тафтишоти КДАМ дар шаҳри Душанбе аст. Чанд рӯз пеш дар як ҷо ба чанд нафар нишаста будааст, ҳамон ин гапро гуфтааст. Гуфта мешавад баъзе аз сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ тайёранд, ки нисбати Юсуф Раҳмон нишондод диҳанд. Онҳо сахт хафаанд, ки Юсуф Раҳмон сумҳои калонашонро гирифта кидаташон кард. Дар туи арусии Сафар баччаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов расходҳои зиёд карда буданд, аммо ягон фоида нашуд. Чунки Юсуф Раҳмонов он вазифаҳоро ба нафарони дигар фурӯхтааст.

СС.Ятимов гуфтааст, ки Юсуф Раҳмон переборшит карда буд, ба сазои аъмолаш расид. Юсуф Раҳмон баъд аз онки қудои Ҷаноб шуд дар дилхоҳ кор даст зад. Мақомдорони баландпояи ҳатто наздик ба СС.Ятимовро аз КДАМ оварда таҳти пурсиш қарор дод. Акнун бошад боз КДАМ гапзани асосӣ  шуд.

Бинобар баъзе маълумотҳо КДАМ-СС.Ятимов сахт кор кард барои аз вазифа гирифтани Юсуф Раҳмон. Юсуф Раҳмонро барои утечка ва қапонидани «борҳо»-и зиёди Зоир сиёҳ карданд. Албатта борҳо на танҳо аз Зоир буд, аз «Семейка» буд ва ҳар касе, ки ба кисса ва кассаи Раҳмонов назар мекунад, оқибаташ мушаххас аст.

Раҳмонов ҳама вақт дар интихоби кадрҳо хулосаи КДАМро гуш мекунад. Аз чи бошад, ки КДАМ аз чанд номзад ба унвони Прокурори Генералӣ Воҳидзодаро тавсия дод.

Воҳидзода кадри Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон ва аз хешовандони Маҳмадсаид Убайдуллоев  ва рафиқи хуби Юсуф Раҳмону фархорӣ ҳам мебошад. Вале барои вай вазифаи сахт мондааст. Фармони махсус дода шудааст, ки баъди «тенҷ» гузаштани интихобот, Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва боз чанд тани дигар бояд ҳатман «безарар» гардонида шаванд. Чи имконияте бошад бояд истифода бурда шавад.

Сообщение Семейка news№14 появились сначала на ISLOH.net.

Роҳи мо идома дорад, онро бо ҳам тай мекунем!
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ» !

Соли мелодии 2024 ҳам ба поёни худ расид. Ва, бадеҳист, ки ҳар як инсон, чи расад ба муассиса ва корхона дар ин рӯзҳои поёнии сол як муруре ба рӯзҳои рафта мекунад, то бибинад, чи коре шоиставу лоиқи таҳсин ва ё баракс амале номақбул кардааст.

Мо, масъулони «Ислоҳ» ҳам, мисли солҳои пешин бо як назаре хоҳем дид, ки дар соли 2024 чи комёбиву чи нобарорӣ доштаем.

Аммо, намедонам, чаро, инҷо аввал мехоҳам аз як ҳодиса ва руйдоди басо муҳим тазаккур диҳам, ки ба кору бори «Ислоҳ» муртабит нест, вале аз онки мо дурусту дақиқ ҳамин ҳодисаро, бале маҳз такрори ҳамин ҳодисаро дар ватанамон  мехоҳем ва ҳадафу мақсаду муроди мо ҳам ҳамин аст, инҷо ёдрас шавем. Албатта, ин руйдод сарнагунии Башшор Асад, диктатор, дарозумри сиёсӣ ва як шахсияти касифу хабису палид аст ки дар рӯзҳои охирии соли равон ба амал омад. Аз он ҷиҳат ин ҳодисаро инҷо ёдовар шудам, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳар лиҳозу аз ҳар ҷиҳат копӣ, нусхаи Башшор Асад аст ва инша Аллоҳ , умед мебандем, ки ӯро дар соли оянда ё 2025 дар канори Асад хоҳем дид.

Хуб, ҳоло биоему ҳарфу ҳадиси «Ислоҳ»—и худамонро бигуем.

Бо гузашти соли 2024 боз як сол аз умри мову шумо дар муборизаву талош бар муқобили режими хонаводагии Раҳмонов гузашт. Ҳарки бо мост мебинад ва мефаҳмад, ки заррае ҳам дар иҷрои аҳдофи худ диранг ва тағофул накардаем.

Агар барои бархе соли 2024  ба монанди солҳои гузаштаи дар ҳиҷрат муқаррарӣ ё «обичний» бошад, барои ҳайати эҷодӣ ва техникии «Ислоҳ» чунин набуд. Имсол соли ҳодисоти хело ҷолиб ва талху ширин буд.

Ҳаҷамоти мақомоти ниҳодҳои гуногуни кишвар болои мо бештар шуд. Аммо ба ҳавлу қувваи Илоҳӣ побарҷо ва матину қавиирода роҳамонро дунбол ва масири худро паймуда истодаем.

Аммо инҷо бояд ошкоро ва кушоду рушан бароятон бигуям, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ «Ислоҳ» соли 2024-ро бо душворӣ пушти сар кард. Зарфият ва имконоти молиявии мо ба шиддат поин омад. Аммо сари муе аз кор ва хидмат ба миллат ва мардум дастбардор набудем.

Тангдастӣ водор кард, ки шуморе аз кормандони худро мураххас кунем.Тими «Ислоҳ» иборат аз 11 нафар буд ва дар ҳолатҳои изтирорӣ афроди бештарро ҳам ҷалб мекардем. Аммо дар соли 2024 бо нерӯи якунимбаробар камтар кор кардем ва шукр мар эзиди покро, ки хастагиро роҳ надодем ва бо ангезаву таҳаррукоти бештар идома додем.

Чунки ҳадафи мо, мақсади мо мубориза дар муқобили зулм, бедодӣ, ҷиноятҳои густурдаи мақомот, оилаи ҳоким ва ҳар он истибдоде, ки дар кишвари азизамон бедодӣ мекунад мебошад.

Пас мо ин ҳамаро дида шонахолӣ накардему мисли бархе аз ҳамватанонамон бе ӯтафовут нанишастем. Мақсади мо моддиёт ва сарватандӯхтан нест. Бархеҳо вақте мутаҳаммили як каме зарар бишаванд аз идомаи масир берун мешаванд.  Мо барои бинои як давлати ҷадиду пешрафта дар Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бастаем. Барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳама чиз гузаштаем, то ба мақсуд бирасем.

Имсол матолиби мунташира дар пойгоҳи «Ислоҳ» ба 295 адад расид, ки 26 матлаб камтар аз соли гузашта буд. Албатта, имсол «Ислоҳ» ба шикоятҳо ва номаҳое, ки аз саросари кишвар ба дасти мо мерасид таваҷҷӯҳи бештар дод, ки дар таҳқиқ ва тафаҳҳуси онҳо вақти зиёд лозим буд. 110 адад барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро дар имсол мунташир кардем, яъне 205 шумора дар «Ислоҳ» чоп шуд. Ҳамчунин боз 27 матлаби дигар низ дар чаҳорчуби ин барнома мунташир карда шуд, ки мухтаси як масъала ва як минтақа буданд. Ба ин тартиб аз

295 маводди чопшуда 158 тои он аз ҳодиса ва воқеъаҳои дохили Тоҷикистон буд, ки онро худи шумо хонандаҳо ва бинандаҳои «Ислоҳ» навиштаед.

Давраи пуркории мо дар соли гузашта ба оғози сол то апрели соли 2024 буд, ки дар ҳақиқат хело ҳам сатх кор кардем. Вале пас аз он аз моҳи июл, август, сентябр,октябр, ноябр, декабр ҳам кутоҳ наомадем ва тақрибан ҳар рӯз як матлаб ва як навор тақдими хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» намудем.

Барномаи «Номаҳо….» воқеан ҳам хеле муфид барои манотиқи гуногуни кишвар тамом шуд. Чунки пас аз нашри ҳар барномаи «Номаҳо…» ва барномаҳои телевизионии он ҳатман таъсири онро дар манотиқ эҳсос мекардем. Пас аз нашр мақомот ҷиҳати расидагӣ ба он нома ҳатман даст бакор мешуданд ва тағйиротҳое ҳам сурат мегирифт. Худи муаллифон иқрор мекарданд, ки мо ин шикоятро солҳо ба мақомот мерасонем аммо аҳамият намедиҳанд вале баъди нашр дар «Ислоҳ» ба он расидагӣ мешуд. Ва боз онҳое шикоят карда буданд худашон ба ҷавобгарӣ бо ҳар туҳматҳои дигар кашонида мешуданд. Садҳо чунин намуна имсол дар «Ислоҳ» доштем.

Имсол мо 12 барномаи «Семейканюс» доштем, ки хело ҳаводорони худро дошт. Аҷобати ин барнома дар он буд, ки ҳатто аз худи Аврупо адвокатҳое барои ҳимоят аз ин Семейка  кардан мехостанд. Ин нишонаи аҷзу нотавонии режим дар амри ҷилавгирӣ аз ифшои асрори оилавии хонадони Раҳмонов аст, ки ҳеҷ лому миме натавонистанд гуфтан.

Агарчи барномаи «ҲНИТ, ним қарни пурталотум»-ро то ниҳояти соли 2023 ба муносибати 50 солагии ҲНИТ  ба итмом расонидем, аммо наворҳои охири ин барномаро дар соли 2024 дар нимаи оғози он бо ҳазорон мушкилоте, ки доштем ба итмом расонидем. Бояд зикр гардад, ки дар навиштан ва бастабандии ин барнома танҳо худи «Ислоҳ» саҳм дошт. Албатта бо мардум ва муҳиббону пайравони ҲНИТ. Аслан аз тарафи масъулини ҲНИТ дар таҳия ва танзиму тақдими ин муаррифинома аз ҳизби 50 сола ҳеҷ ҳамкорие сурат нагирифт. Метавон гуфт танҳо ибтикори худи «Ислоҳ» барои муаррифии ҲНИТ буд.

Имсол «Ислоҳ» аз сафорати Русия дар Душанбе номае дарёфт намуд, ки посух барои нашри як матлаби мо буд.

Инчунин ба матолиби «Ислоҳ» раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент барои интихоботи порлумонӣ ба наҳвае посух ва аксуламал нишон дод.

Имсол чи дар Русия ва чи дар Тоҷикистон ҳаводорони «Ислоҳ»-ро хело мавриди таҳоҷумоти зиёде қарор доданд. Таҳдидҳо, пул гирифтанҳо, истирдодҳо  ва ҳама анвоъи фишор болои бинанда ва хонандаву ҳаводорони «Ислоҳ»-ро ҳам  доштем. Аммо боз ҳам «Ислоҳ» мардумитар ва маҳбубтар ва барои онҳое, ки аслан аз «Ислоҳ» чизе намедонистанду огоҳ набуданд ошнотар гашт.

Ҳангоме ворид мешаванд ба пойгоҳи «Ислоҳ» ва канали ютубии мо ҳақ будани мо ва ботил будани режимро бештар мефаҳманд.

Isloh.net ва ҳуҷумҳои Хакерӣ: ҳамлаҳои ҳакерӣ

Имсол Isloh.net тавассути ботҳо ва тарфандҳои ҳакерии мақомоти амниятӣ 17 млн бор мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст. Дар тули сол 18 соат аз кор мондааст. 18 соат ба ин маъно, ки пас аз бархе ҳаҷамоти ҳакерӣ се соат, панҷ соат ва ҳафт соат ва чанд маротиба ним соатӣ аз кор боз мондааст. Аммо бо заҳмати шабонарӯзии кормандони техникии он ва камарбанди ҳимоятии қавие, ки Isloh.net дорад ба ин аҳдофи шум ва харобиоварашон нарасиданд. Метавонем инҷо Генерал Шодӣ Ҳафизро зикр намоем,ки пас аз онки Isloh.net-ро дақиқан бо фармони шахсии ӯ ҳакерӣ намуданд. Кормандони техникӣ хело сахт кушиш намуданд,ки онро бартараф намоянд ва муваффақ ҳам шуданд. Чун,ки ин кор бо даст аз худи утоқҳои кории УБОП сурат мегирифт. Мо медидем пас аз ҳар чанд дақиқа даҳ мақола ҳазф ё удалит мешуд. Аммо идораи Isloh.net аз дасти мо берун шуда буд. Чун рамз ва калидвожаро тағйир дода буданд. Аммо боз ҳам барқарор ва ҳеҷ коре ҳам аз дасташон наомад. Пас аз барқарории Isloh.net дар худи Пойгоҳ як дашноми обдора ба Шодӣ Ҳафиз навиштанд кормандон, то бубинад коре кардан наметавонад!

Фермаи ҷавоб ва Ислоҳу Муҳаммадиқбол

Метавонем бигуем имсол фермаи ҷавоб дар умум аз мубориза ва навиштани матолиб ва нашри наворҳо дар муқобили мо кутаҳ омад ва бар қудрат ва азамати мо тан дод. Чун ҳеҷ фаъолияти назаррасеро ба роҳ нагузошт. Аммо онҳо наҳваи корро ба шакли дигар пеш гирифтанду тавассути ячейкаҳои дар Аврупо хобондаи  худ баъзе аз корҳоеро гӯйё анҷом доданд, ки бар акс ба шармандагии худашон анҷом ёфт. Ниёз ба зикри онҳоро намебинем, чун онҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд аз онҳо ба хубӣ огоҳанд. Мо дар муқобили ҳар лавмаву лайме омода бар истиқоматем Ин шо Аллоҳ!

Дар соли 2024 дар 21 расонаи хориҷӣ: фаронсавӣ, амрикоӣ, норвежӣ арабӣ матолиб ва мусоҳибаҳои мо нашр шудаанд. Инчунин се маротиба бо «Озодӣ» мусоҳиба доштем ва дар як барномаи Гапи озод суҳбат низ доштаем.

Ислоҳ дар Ютуб чи вазъиятеро дар худ дошт ?

Имсол шабакаи ютуб дар Русия ба мушкилот рӯ ба рӯ гардид. То соли 2024- 65 % ва гоҳо ба 69% ҳам мерасид,ки бинандагони мо аз Русия буданд ва 29% он аз Тоҷикистон ва мутабоқӣ аз кишварҳои дигари дунё. Дар соли 2024 -49% бинандагони мо аз Тоҷикистон буданд ва 40% аз Русия ва мутабоқӣ аз кишварҳои дигари дунё.

Имсол ба фарқ аз солҳои гузашта аз Ислоҳ 19 ҳазор обуначӣ берун шуданд ва боз ҳамин миқдор дубора обуна шуданд. Бар иловаи ин омор 6 ҳазор нафар обуна шуданд. Яъне 25 ҳазор нафар обуна шуд. Дар соли 2023- 34 ҳазор обуначӣ доштем  . Имсол бар замми ҳама мушкилоте, ки мақомот болои мардум оварданд боз ҳам 25 ҳазор нафар обуна шудаанд. Онҳое берун шуданд ҳамоно бинандаи «Ислоҳ»-анд вале бидуни обуна шудан. Яъне 25 ҳазор тозанафас ва 19 ҳазор онҳое аз мактаби Ислоҳ фориғуттаҳсил ва барои мубориза комилан омода ва дар камини режим дар дохили кишвар дар ҳолати интизорӣ қарор доранд.

Дар соли 2024 ҳудуди 49,5 млн бинанда «Ислоҳ»-ро тамошо намудааст. 280 навор тақдим гардид. 72 барномаи пахши мустақим доштаем, яъне 352 рӯз дар сол дар хидмати мардум будаем. Метавонем бигӯем дар тули сол ҳамагӣ Ислоҳ 13 рӯз истироҳат доштааст.

Барномаи «Минбари муҳоҷир» дар соли 2024- 68 бор нашр шуд, барномаи «Зери заррабин» 3 бор ва як барномаи «Такфир чист? Такфирӣ киҳоро мегӯянд» ҳам доштем.

Ҳама барномаҳои Ислоҳ 301 ҳазор лайк, 80 ҳазор шарҳ (коментария)  ва 51 ҳазор бознашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ доштааст. Дар умум Ислоҳро беш аз 194 млн бинанда дидаанд. Дар маҳдуда ва рейтинги каналҳои сиёсии тоҷикӣ  яке аз пешсафони шабакаи ютуб ба шумор меравад.

Ислоҳ дар соли 2025 чи нақша дорад ?

Чуноне дар оғози ҳисоботи солона гуфтем соли 2024 бештар ба номаҳо ва шикоятҳои мардум аз дохили кишвар диққати ҷиддӣ дода будем. Метавонем бигӯем расидагӣ ба шикояту номаҳои мардумӣ кори душвор ва сангине ҳаст. Назар ба навиштани маводу матолиби таҳлилӣ.

Ҳама тими эҷодӣ ва техникӣ саргарми анҷоми он буданд ва воқеан заҳмати хело зиёд металабад. Барои идомаи он ҳазинаи кофӣ лозим аст, ки мутаассифона Ислоҳ дар ихтиёри худ надорад.

Ҳазинаи моҳонаи барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ. нет»  2500 евроро дар бар мегирад. Чанд нафар машғули танҳо ин кор мешаванд, ки мо имкони пардохти ин пулро надорем.

Аз ин хотир ин барномаро ё комилан қатъ менамоем ва ё ба шакли дигаре, ё дар моҳ ду се бор ё ҳар ҳафта як барнома метавонем тақдим намоем на аз ин бештар.

Масорифи моҳонаи «Ислоҳ» мерасад ба 5000 (панҷ ҳазор)  евро яъне ҳудуди 500 ҳазор рубли русӣ ва ё каме бештар аз он, тибқи курси муомила мешуда миёни евро ва рубл. Агар мардоне пайдо гарданд, ки ин ҳазинаро пардохт намоянд метавонем ба ҳамон шакл идома диҳем. Дар ғайри он имкон нопазир аст идомаи кор ба наҳваи солҳои пеш.

Дар соли 2025 бештар ба матолиби таҳлилӣ ва тадқиқотӣ мехоҳем пардозем. Ҳам барои мо осонтар ва дар ҳафта се матлаб ва се навори таҳлилӣ ва ду барномаи пахши мустақим дар ҳафта агар имкони баргузории он бошад. Дар ғайри он дар ҳафта як барнома ва ду се барномаи таҳлилӣ бо ҳамин фаъолияти худро маҳдуд мекунем. Тими эҷодӣ бояд аз ҳама ҷиҳат таъмин бошанду танҳо фаъолият кунанд.

Чуноне ваъда намуда будем як барномаи танҳо суҳбатӣ ва таҳлилиеро мехоҳем анҷом диҳем зери номи: «Он сӯйи сиёсат» Дар ин барнома,ки назар ба ҳаводис ва воқеъоти дар кишвар ва ҷаҳон рӯй диҳанда суҳбат менамоем ва ба мардум мерасонем. Маҳдудаи ин барнома тибқи баёни он ҳодиса ва таҳаввулот мебошад. Албатта он пахши мустақим нахоҳад буд. Сабт шуда тақдим мегардад. Худо кунад ин барномаро тавонем роҳандозӣ кунему мақбули шумо азизони бинанда гардад.

Мехостем барномаҳои таърихиеро ба роҳ монем вале тангдастӣ имкон намедиҳад.

Аммо фаъолиятҳои сиёсии худро дар формати муносибтаре қавӣ хоҳем кард, ки ҳатман шоҳиди он низ хоҳед буд!

«Ислоҳ» дар соли 2024 ҳамагӣ аз канали ютубӣ 5971,23 (панҷ ҳазору нуҳсаду ҳафтоду як евро ва бисту як евро сент)  евро даромад доштааст, ки каме бештар аз масрафи як моҳаи он аст. Агар мо дар моҳ 5000 ҳазор евро масраф дошта бошем дар як сол 5971 евро даромад доштаем.

Мо аз ин миллату мардумем чизе барои пинҳон кардан надорем, ончи ҳаст ошкоро мегуем ва гузориш хоҳем дод.

Боқӣ саломат ва сарбаланд бошед.

Бо эҳтиром Муҳаммадиқболи Садриддин

Мудири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии «Ислоҳ»

Сообщение Роҳи мо идома дорад, онро бо ҳам тай мекунем! появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №157
Раҳмонов ва одамонаш тамоми ҳушу ёд ва талошашонро барои овардани Рустам равона ва харҷ карда истодаанд. Вале фақат овардани Рустам масъалаашон нест. Масъалаи дигарашон ин аст ки фазо ва сатҳу фарҳангу муҳити сиёсии кишварро то ба сатҳи Рустам поин биёранд ва ҳар касе номдору шинохташуда аст бояд ё фирорӣ диҳанд ва ё бикушанд ва ё зиндонӣ кунанд. Дастгир кардани Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ҳам дар доираи ҳамин барнома ва нақша сурат гирифтааст. Аммо номаҳое аз пойтахти кишвар ба мо мерасанд, ки далолат аз ноуҳдабароӣ ва холабеғамии Рустам мекунад:

Душанбе

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ин чандумин номаи ман ба шумо аст, ки хушбахтона чоп мешаванд. Ман корманди горсвет ҳастам ва ба Рустами герчик (Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе) муроҷиат дорам. Ва бидуни муқаддима ва бидуни шафшаф якбора шафтолу мегуям.

Рустам! Агар хоҳӣ дар шаҳр шарманда нашавӣ Самӣ Давронро ҳарчи зудтар аз раисии горсвет бигираш. Мардум дар шаҳри Душанбе бисёр  вақт бесвет мемонанд. Вале ин Самӣ Даврон ҳамаашро бори  ту мекунад. Мегуяд ин амри раисишаҳр аст.

Як маротиба навбатдори шаҳрро назорат кун, мардум бисёр шикоят мекунанд.  Навбатдорӣ ба ту ҳисоботи нодуруст медиҳад. Ревизияе, ки гузашт дар ноҳияи Фирдавсӣ камбудии бисёр баровард. Боз баъди ревизия борхатҳое мебиёоранд, ки бор несту фақат борхат ҳаст тамом. Ман худам шахсан бо ҳамкорони ноҳияҳои Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино гап задам, онҳо ҳам ҳамин хел гуфтад, ки фақат борхати холӣ мебиёранд.

Ба ту баёнот дода буд, ки ревизорҳо аз руи хусумат диданд. Аммо ягон хусумат набуд, ҳамааш дуруст буд. Ревизорҳо омаданд бо сардори гурӯҳ маслиҳат кард. Сардори гурӯҳ 50 ҳазор $ талаб кард. Самӣ Даврон бошад 30 ҳазор $ гуфт, ревизор ба гардан нагирифт ва чи камбуде, ки ошкор кардабуд, ҳамаро нависонд. Ба ту ҳисобот медиҳад, ки аз ҷамъияти тақсимоти барқ материал намедиҳад. Лекин дуруғ мегуяд. Соҳибкорҳо дар шаҳри Душанбе оиди барқ ҳар расходе кунанд Самӣ Даврон ҳамаро дар корхона ҳуҷҷат карда як қисмашро бо «Ноқили Талко» ҳуҷҷат мекунад, як қисми дигарашро бо ҶСК  Трансформатор-и заводи шаҳри Бохтар.  Фақат кораш дуздӣ аст ва мо шоҳиди бе восита ҳастем. Нияти кор кардан надорад. Қутбиддинов Парвиз дар вақти главний инженериаш аз чойхонаи «Роҳат» соли 2019 барои трансформатор  шинонидан маблағ гирифта буд. Корашро сари вақт буд накарда аз главний инжинерӣ гирифтанаш ва раиси Барқи ноҳияи Сино таъинаш карданд. Лекин трансформаторро бурда шинонд. Барои дар свет пайваст кардан ба Самӣ Даврон маблағ надода буд. Самӣ Даврон барои пайваст кардан иҷозат надод.
Як ҳамкорам дар ноҳияи Сомонӣ ба ман гуфт, ки  аэропорти Хуҷанд омада дар ноҳияи Сомонӣ сими свет кашидааст. Лекин Сами Даврон  онро бо «Ноқили Талко» ҳуҷҷат кардааст.
Рустами герчик худат савод надорӣ! Ақалан сардорони корхонаҳои шаҳрро одамони босавод интихоб кун, ки шаҳрро обод кунанд.
Кормандон роҳбарии Атоевро, Раҳим Асадро, ки аз маҷлис сураш кардӣ васф мекунанд. Ту якбор пурс, ки Раҳим Асад чи хел роҳбари сиёсатдор буд.
Туи бесавод қадри одами босаводу сиёсатдорро аз куҷо медонӣ?
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе борхатҳои беборро гузаронд. Ревизия омад ҷавоб гуфта натавонист. Роҳбарони ноҳияҳо бар зидаш баёнот доданд, ки Самӣ Даврон супоришашон додааст, ки камбудиҳои корхонаро маҳкам кунанд. Кор ба ҷое кашида шудааст, ки дар горсвети шаҳр ягон трансформатори запас надоранд, ки ин бисёр хатарнок аст.
Бояд на камтар дар корхона 10 адад трансформатори запас дошта бошад лекин трансформатори навро меоранду бурда дар биноҳои нави баландошёна  насб мекунад. Парво надора, ки аҳолиро трансформатораш сузад то 7 рӯз бе свет мемонанд. Трансформаторҳои навро оварда аз соҳибкорҳо маблағ гирифта дар домҳои нав мешинонад. Ягон кас ва ягон ҷо назорат намекунад.

Дар ревизияи моҳи октябр то январи соли 2024 дар анбори горсвет камбуди бисёор баромад. Бояд маблағи камбудиро бурда дар бонк бо рамзи 62 месупориданд. Лекин бо агентии коррупсия маслиҳат кардан баҷои маблағ дар анбор бори камбудиро барқарор мекарданд аммо накарданд. Мумкин аст,ки тафтишгарон гуянд мо санҷидем бор вуҷуд дошт. Бале қисса ба ин шакл аст.

Бори камбудиро оварданд комиссия аз агентӣ ва кормандони горсвет борро қабул каданд баъди кормандони агентӣ рафтан бо ҳамон мошине борро оварда буданд боз дубора борро аз анбори горсвет бурданд. Ин маълумотро ба шумо намерасонанд.

Бори овардаги тақрибан 4 милионда буд. Ҳамаи ин корҳои шури мурида Самӣ Даврон сад дар сад якҷо буд.

Ҳангоми ревизия ва тафтиш  камбуди дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баромаду ошкор шуд. Роҳбарони ноҳияҳо бар зиди Сами Даврон баёонот ҳам доданд,ки Сами Даврон ба онҳо супоришшон додабудааст, ки камбудии анборро дар ҳол ҳал кунанд барои то тафтиш гузарад. Аммо кормандони Агентӣ бо Сами Даврон барои бартараф кадани камбуди маслиҳатҳои судманд барои кисаҳои худашон ва роҳбарияташон карданд вале мушкилиро бартараф накарданд. То кай   ин дуздӣ ва ғорат идома меёбад Рустам ?

Муъминобод
Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Ба номи Аллоҳи бахшояндаву меҳрубон. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари муборизам Муҳаммадиқбол. Саломи гарму самимии мардуми деҳаи Буйдоқободро ба шумо мерасонам. Баъди он ки номаро дар сайтатон дар барномаи таҳти рақами 130 нашр кардед, бисёр Раҳмон Юсуфро ба хашм оварда зуд сагбачаҳоро ба деҳа равон кард. Дар маркази деҳа як мағоза ҳаст,ки ҳамаи мардум эҳтиёҷҳои зиндагиашонро аз ҳамин мағоза мехаранд, мо онҷо қарор доштем. Ростӣ санааш дар ёдам намондааст, аммо вақте ки мо бо бачаҳо сӯҳбат мекардем, ногоҳ якчанд нафар вориди мактаб шуданд ва ман, ки хизмат кардагӣ ҳастам фаҳмидам, ки одамҳои амниятӣ ҳастанд. Ман дарк кардам, ки 99% барои кофтукоб омадаанд. Ба мактаб даромада аз касе, ки телефон ёфтанд гирифтанд ва ҳатто компютерҳои мактабро ҳам. Кофтанро шурӯъ карданд. Ҳар боре, ки амниятиҳо ба деҳа меомаданд, сабаби омаданашонро ба директор мегуфтанд аммо ин бор ба касе чизе нагуфтанд. Пас аз кофтукоби чизе бе огоҳи ва фаҳмонидан баромада рафтанд. Ман, ки дар ин деҳа меҳмон будам, фардояш ба зодгоҳи худ баргаштам, чунки виза ба Аврупо доштам. Алҳамдулиллоҳ, ки муваффақ шудам ва ба …. омадам ва кор карда истодаам.

Акнун мегузарем ба натиҷаи барномаи аввал. Мо гуфта будем, ки оби деҳаро намедоданд. Алҳамдулиллоҳ ҳозир мардум об доранд ва касоне, ки дар мактаб ба коррупсия даст мезаданд, ҳозир пулро аз замин ёбанд, намегиранд. Вақте ки 6 июн барномаи 130-мро нашр кардед, дар муддати кӯтоҳ мардуми деҳа натиҷаи кори «Ислоҳ»ро диданд ва хело ҳам шод шуданд. Вале заминҳои чарогоҳҳоро то ҳол надоданд. Мардум ҷой барои чаронидани ҳайвонҳо надоранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳайвонҳоро мефурӯшем ва баъзеҳо мегӯянд аз инҷо меравему мекучем. Яке аз сабабҳое, ки мардум дар деҳа зиндагӣ мекунанд, ин аст ки онҳо ба чорводорӣ ва деҳқонӣ машғул мешаванд ва рӯзгорашонро пеш мебуранд. Аммо ҳоло на об ҳасту на замин.

Акнун нақл мекунем дар бораи Сафари буз, ҳамоне,ки адади чорвоҳои мардумро бузӣ карда ба боло мегуфт. Мегӯянд, ки баъди ин барнома ӯро диданд. Аммо намегӯем дар куҷо, чунки аз шарм сарашро намебардорад ва вақте ки одамонро бинад, роҳашро тез иваз мекунад.

Акнун худат хулоса барор, э буз, дар назди махлуқ аз шарм саратро бардошта наметавонӣ дар назди Холиқ чи гуна мебардорӣ. Аз Аллоҳ тарс ва тавба кун агар намекунӣ дар номаи 3юм аксатро ва хонаи дар Кӯлоб доштаатро ва чигуна пинҳонӣ аз занат занбозӣ мекарди ва мекунӣ ба «Ислоҳ» мефиристем. Тими «Ислоҳ» ,ки аз мардуми маҳаллӣ мебошанд натиҷаи навиштан ба «Ислоҳ»ро хуб фаҳмиданд,ки ба додашон чихел мерасанд пас аз навиштан.

Бародар Муҳаммадиқбол! Баъди пахши номаи 130юм бо тариқи видеоӣ рӯзи 6 июн чанд муддати нагузашта ҳама видеоро диданд вале як бардошти хато карданд. Ҳамаи ин суханонро ,ки тими ташкил шуда ба ман яке аз онҳо гуфт, ки сокини аз ин деҳа аст. Ман чи гунае ки дар боло зикр кардам дар Аврупо ҳастам. Ӯ гуфт баъди пахши навор дар ютуб ҷураам аз Душанбе силкаашро ба ман равон кард ва ман ҳам тамошо кардам ва ба чандин нафарҳо нишон додам. Бардошти хатои мардум аз ин видео ин будааст, ки гӯё ин номаро касе ба шумо равон карданд, ки гӯё ӯ аз наздикони касоне мебошанд, ки дар номаи аввал ном бурда будем. Аз ҷумла аз Муродов Асад муаллим ва аз раиси маҳалла Нуров Барот. Мо инҳоро барои он мисол овардем, ки Муродов Асад ӯ дар шумори яке аз ҷабрдидаҳо буд ва сари ӯ зулм шуда буд. Сабаби мисол овардани раиси маҳалла он буд, ки қариб дар ҳамаи номаҳои шумо раисони шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳо бо ҳаромхурӣ ва дуздӣ машғул ҳастанд. Аммо ин раиси маҳалла одами аз Аллоҳ метарсидагӣ аст ва ҳақи дигаронро намехӯрад. Шумо мардум ҳамаатон инро медонед. Ва агар аз ӯ чи ноҳақие дида бошед, марҳамат ба «Ислоҳ» нависед. Ман чизе, ки менависам аз забони худи шумо ва ҳамдеҳагони шумо аст.

Ва нафари дигар ин Ҷурахон буд. Вай ҳам як мазлум буд, худатон ҳам инро медонед. Нафари 4ум ин Салимов Назар бародари Сафари буз. Инро мо барои он мисол овардем, ки ба бародараш дарс шавад бе бузи ва зулм болои мардуми бечора зиндагиро пеш бурда мешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки номи инҳо зикр гардид ва касе гӯё аз наздикони эшон онҳоро мехоҳад дар назари мардум хуб созад. Ман ба шумо ҳайрон мешавам. Ин мафкурарро аз сари худ берун кунед. Ва акнун суханҳои охирин дар номаи имрӯза барои мардуми деҳа. Ман вақте бори аввал ба деҳаи шумо меҳмон шудам соли 2021 буд.
Роҳи ҳалол надоштед, свет лимит буд. Аптека ва беморхона ҳам надоштед ва то имрӯз ҳам надоред. Баъди 3 сол боз меҳмон шудам. Танҳо пешравӣ дар он буд, ки роҳҳои деҳаро сангреға (шебел) рехтаанд. Ростӣ хурсанд шудам ва пурсидам, ки инро аз ҷониби давлат карданд? Гуфтанд не. Касоне, ки дар маҳалла зиндагӣ мекунанд аз онҳо пул ҷамъ карданд. Ва ба ҷуз ин садҳо мушкилӣ дигар доред дуруст? Дуруст.

Акнун вақте аз як ҳукумат ба шумо фоида набошад боз шумо шукронаи  чиро мекунед? Аз як диктатор, ки 32 сол шуд хуни мардумро макидааст ва макида истодааст. Ман ҳаминро аз забони бисёр калонсолон фаҳмидам, ки мегӯянд як Президент танҳо аз дасташ чи меояд? Фикри шумо хато ҳаст охир. Охир аҳволи мактаби деҳаро бинед. То ҷое ман фаҳмидам, тахмин то соли 2014 мактабатон то синфи 9 буд. Баъдан талабаҳои мактаб худашон дар бари мактаб 2 синфхонаи дигар сохтанд. Ва то 11 шуд. Модоме, ки ҳама чиро мардум худашон созанд, ин Раҳмонови касиф ва тоғут барои чи дар курсӣ нишастааст. Чаро шумо мегӯед шукрона кардан даркор. Боз ба деҳаҳои ҳамсояатон назар кунед. Дар яктоаш то ҳозир, то синфи 9 ва дигар то синфи 4 аст ки аз 1 то 4 дар синфхона мехонанд. Ин шарм нест? Соли 2024 аст. Наход дар ин асру замон мо аз оддитарин чизҳо камбудӣ дошта бошем. Илтимос бародар Муҳаммадиқбол ман видеои мактабро мефиристам, ҳатман нашр кунед. Бинед тобистон аст, дар соати 5 бегоҳӣ синфхонаҳо чи хел торик ҳастанд. Пас дар замистон?ки офтоб нест  чихел бошанд?
Як бор дур норафта ба давлати ҳамсояи Ӯзбакистон назар андозед иқтисодаш ба куҷо расидааст. Ё ба Афғонистон, ки ин диктатор ӯро давлати террористӣ медонад.  3 сол нашудааст, аммо хеле пешравӣ. Ва дигару дигар. Агар касе дар ҳаққи шумо ноҳақӣ мекунад ва ҳаққи шуморо мехӯрад, натарсед. Ман сайти инстаграми худро мемонам шумо метавонед ба ман равон кунед. Ман тамоми дарди шуморо ба «Ислоҳ» мефиристам. Нотарсида худатон ба телеграмаи «Ислоҳ» ва вотсапи он ва ё имейли он фиристед.
Боқӣ дар паноҳи Аллоҳи меҳрубон! То барномаҳои оянда.

Амрико

Салом бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Рӯзи гузашта як ҳодиса шуд бо ман. Магазин рафтам модарам аз Хуҷанд занг заданд. Бо модарам гапзанон аз мағоза харид мекардам. Лек пайхас кардам аз қафоям ду пиронсолон зану мард равон буданд. Хайр гуфтам онҳо бо роҳи худ мегарданд. Баъд боз мебинам аз қафоям. Ба модар хайр дертар занг мезанам гуфтаму телефонамро хомуш кардам. Баъд он зани пиронсол ногаҳон оғуш карда бо лафзи бисёр зебои тоҷикӣ маро писарам гуфт. Ба ростӣ хело ҳайрон шудам. Баъд он кас гуфтанд ман аз лаҳҷаатон фаҳмидам, ки  шумо аз Ленинобод, гуфтам бале. Мебахшед гуфтам ман шуморо нашинохтам. Онҳо гуфтанд, ки онҳо яҳудиёни аз Тоҷикистон рафта 48 сол пеш. Шабҳо дар хоб мебинем Ватанро гуфта гиря карданд. Ба ростӣ худам ҳам қариб гиряам омад. Баъд онҳо маро ба хонаи худ даъват карданд ба меҳмонӣ, кай вақт ёфтед биёед гуфтанд. Хело дар ҳайрат мондам. Қариб 50 сол пеш рафтанд аз Тоҷикистон дар Амрико ҳама чи доранд аммо ҳатто яҳудон худро мо тоҷик гуфтанд, ба ростӣ хело ва хело дар ҳайрат мондам. Бо чунон шеваи зебои тоҷикӣ сухан карданд.

Эдики ҳаромӣ! Охир чунин ҳамватанонро бисёр дорем дар ҳар канори дунё. Метавонистӣ истифода барӣ барои пешравии Ватан. Ҷураи худам рус ҳаст,аз Хуҷанд, аммо ман тоҷик мегуяд дар Русия ҳам. «Любояша задагӣ ман зоҳиран рус бошам ҳам қалбам тоҷикӣ мегуяд». Модараш ба мо тоҷикон фақат раҳмат мегуфт: бо шумоён тоҷикон писарам калон шуд. Ҳамон иззату меҳрубонии тоҷикиро нисбати оила ва волидайни худ дорад. Бале, мо хулиган будем бо дигарон меҷангидем, лек қасам боре ҳам ба якдигар на нисбати миллати якдигар, на динаш касеро таҳқир намекардем, зеро дар хона падару модар мегуфтанд, насиҳат мекарданд, ки аз руи одоб нест.

Исфара

Салом устоди азиз Муҳаммадиқбол. Аз Чилгазии Исфара менависам. Раиси маҳаллаи деҳаи Чилгазӣ Шарипов Абдуқуддус мебошад. Бо зуру иҷбор аз ҳама аҳолӣ сум ҷамъ карда истодааст, барои асфалт. Нафароне, ки мағоза доранд ё бизнесмен 10.000 сомонӣ ва сари ҳар оила бошад маҷбурӣ 5000 сомонӣ ҷамъ намуда истодааст. Касе, ки ин маблағро намедиҳад ба коргарони орган месупорад.

Раиси деҳаи Чилгазӣ Баҳриддини ҳаромхур мебошад. Вай бо коргарони амният кор мекунад. Тамоми халки деҳаро ба дод овардааст. Чи кор кунем, додамонро ба кӣ гуем?!

Дар навор раиси маҳалла Шарипов Абдуқуддуси буз аз сохибкор Мукаррамов Абдураззоқ сум гирифта истодааст ба маблағи 10.000 сомонӣ. Фақат ба дафтараш қайд мекунаду халос, суми ҷамъшударо бо раиси деҳа (шаҳри Исфара  деҳаи Чилгазӣ) Мунавваров Баҳриддин бо ҳам масалаашро мебинанд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Кулоб барои шумо нома мефиристам. Исмамро ифшо намекунам. Фақат ҳаминро мехоҳам бигуям, ки дар ин ҳукумат кор кардаам. Раиси ноҳия ҳам будам. Муовини вазир ҳам будам. Ман чи гуфтаниям? Аз сафари Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳури Мардумии Чин ба Душанбе гуфтаниям, ки ин сафари роҳбари Хитой барои Раҳмонов дар ин шабу рӯзҳо такидани турбаи хоҷаи Хизр ба мазраъаи хушкшударо мемонд. Чунки вақтҳои ахир Русия муносибаташ бо Тоҷикистонро беҳад вазнин кардааст.

Агар Кабирӣ камтар ҳушёрона ва бо ақлу тадбир кор кунад, ҳолати будагиро ба фоидаашон мегардонад. Аз омадани Си Ҷинпин ба Тоҷикистон пештар роҳбарони кишварҳои ШОС дар Қазоқистон бо ҳам нишаст доштанд. То онҷо, ки фаҳмидам дар Қазоқистон Путин бо Раҳмонов ҳатто лозим надонистааст, ки мулоқоти алоҳида кунад. Гуфтааст, ки намехоҳам. Раҳмон аз Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон ҳатто хоҳиши миёнаравиро кардааст. Аммо номаълум, ки сарвазири Покистон хоҳиши Раҳмоновро ба Путин расонидааст ё не. Вале Путин ҳамроҳаш суҳбат накардааст.

Ба назари ман Муҳиддин Кабирӣ ҳам тариқи матбуот ва ҳам бо роҳҳои дипломатӣ   бояд ба Путин муроҷиат кунад ва озодона ва бо дарназардошти ҷойгоҳи Русия дар сарнавишти мардум ва давлатдории Тоҷикистон ҳамаи барнома ва мақсадҳояшро бигуяд. Бигуяд, ки вай мухолиф бо сохти конституционӣ нест ва тарафдори давлати дунявист.

Путин вазъияти Тоҷикистон ва вазъияту ҳолати муносибати мардум бо Раҳмонов ва оилаи вайро ва инки Раҳмонову оилааш ҳукумат, тиҷорат ва молияи Тоҷикистонро ба монополияи худ табдил кардаанд, нағз медонад. Медонад, ки Раҳмонов ҳеҷ такягоҳи халқӣ надорад, халқ вайро бад мебинад ва халқ дар ҳолати зарурат дилхоҳ қувваи дигар, билфарзе Ансоруллоҳ, чи расад ба Кабириро авлотар ва безарартар меҳисобад. Чунки дар ҳақиқат Раҳмонов гузаронд. Сахт гузаронд. Ин ҳолат дер давом намекунад. Путин намехоҳад, ки дар Тоҷикистон номанӣ пеш ояд,аммо Раҳмонов тавре мудирият карда истодааст, ки мардум ночор шуриш кунад ё исён бардорад.

Агар Кабирӣ правилно подход кунад, Путин метавонад ставкаро дар ӯ кунад. Бубинед, ки Толибонро давлатҳои дунё яке пайи дигаре ба расмият шинохта истодаанд ва ҳатто Путин эълон кард, ки ҳукумати Толибон шарики Русия дар амри мубориза бо терроризм аст. Ин чи маъно дорад? Путин аз ин бештар ба Кабирӣ чи намек диҳад?.

Путин аз авлодбозӣ ва хешбозии Раҳмонов дарак дорад. Ҳамин ки ҳамарӯза садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия берун карда мешавад ва ҳатто аз фурудгоҳҳо иҷозати вуруд ба қаламрави Русия фақат барои тоҷикҳо дода намешавад беҷиҳат ва бемақсад нест.

Владимир Путин бо Раҳмонов дар ин авохир ҳамкории хуб надорад. Русия бозии худро дар Тоҷикистон бо чанд самт пиёда карда истодааст. Через ФСБ ва через Прокуратураи Генералии худаш. Бортников бо СС Ятимов ва Краснов бошад бо Юсуф Раҳмон. Кадом самте, ки чи хеле худи В.В. Путин мегуяд, «наиболее эффективнее» бошад, бо ҳамон самт давом медиҳад. Аммо ман фикр мекунам,ки Раҳмонов баъди омаду рафтани Си Ҷинпин бояд акнун амри қапоқапро диҳад Мумкин Убайдуллоев, СС.Ятимов, Мансур Умаров, Ашуриён Музаффар ва чандин нафарри дигарро кашокаш кунанд. Раҳмонов мумкин аз чанд хешу табораш гузарад барои чистка кардан. Хитой СС.Ятимовро дастгирӣ мекард ва то ҷое ҳам пуштибонаш ҳам буд. Акнун вақт нишон медиҳад.

Раҳмонов сахт талхакаф буд, ки дар ҷараёни сафари Си Ҷинпин ягон гап мешавад, ягон ЧП. Ҳатто масҷиди марказиро басту мардум намози ҷумъаро дар дигар ҷоҳо хонданд. Раиси давлати Хитой пеш аз омаданаш 300 агентҳояшро  барои таъмини амнияташ ба Душанбе фиристода буд.

Бояд Кабирӣ бо Русҳо ва Толибон гуфтушунидҳоро оғоз кунад. Ба назари ман беҳтараш ин аст ки аввал бо Толибон контактҳоро пайваст кунад ва баъдан Толибон бо русҳо оид ба ҲНИТ миёнаравӣ кунанд. Ба назари ман ин беҳтарин роҳ аст. Чунки Путин аз онки ҲНИТ-ро бо талаби Раҳмонов террористӣ эълон кард, сахт пушаймон шудааст ва ҳоло дар садади он аст ки имзои худро аз зери он санад пас бигирад. Набояд вақтро зиёд аз даст дод. Шояд вай фикр кунад, ки хунрезӣ мешавад. Толибонро бояд истифода карду бо тавофуқ карду ба мақсад расид. Даври Раҳмонов гузашта истодааст.

Си Ҷинпин омаду рафт. Рустамро боз Раҳмонов пешкаш кард. Гуфт калон шуд  бачаам. Рӯзи омадани Си Ҷинпин вақти пешвозгирӣ дар аэропорт мушоҳида кардед, ки Рустам худашро гум кард. Нурики шофёраш гуфтааст, ки «якум бор Рустама и хел дидем». Ба фикрам задагӣ набуд. Агар задагӣ мебуд шерак мешуд. Вақте намезанад ранги мурғ мешавад.

Бояд ду биноро мекушоданд, аммо чун ҳарвақта успет накарданд. Бинои парламентро дарунҳояшро нимкола кардану кушоданд, аммо бинои нави ҳукуматро успет накарданд. Бинои асосиро якҷо бо як бинои бараш сохта обделка кардану як бинои дигарашро, ки аз тарафи чойхонаи Роҳат аст, коробка сохтану ҳоло «лич ховай». Дар кушодашавии Парламент Рустам дар назди Раҳмонову Си Ҷинпин баромад кард. Шаб дар вақти ужин  Раҳмонов қариб якуним соат зора кардааст Си Ҷинпинро, ки «дастгири кн бачама монм да ҷом». Мора ранги як провинциятон донен гуфтаст Раҳмонов. Си Ҷинпин гуш кардаву ягон ҷавоби конкретӣ нагуфтаст. Чунки пеш аз ба Тоҷикистон омаданаш дар Қазоқистон бо Путин во хурда буд ва дар ҷараёни вохурӣ Путин ба Си Ҷинпин гуфт, ки «на счёт Таджикистана у нас свои планы»…

Раҳмонов талош мекард нишон диҳад, ки дигар зер қаноти Чин аст. «Ҳамсояи бузург» гуфтани вай беҷиҳат набуд. Агар шумо маросими истиқболи Си Ҷинпинро дар телевизор ҳам дида бошед ҷойи аз ҳама аҷибаш даҳони гизи Далери Ҷумъа буд-ранги чмоҳо. Ба дарахтҳои ду бари роҳи протколӣ аз чакан эзор пушонида буд.

Барои Си Ҷинпин  махсус мошин, махсус музика, махсус музикант. Барои Си Ҷинпин ҳатто намозро манъ кард.

Маълум буд, ки Раҳмонов мехоҳад худро як одами бисёр наздик ба Чин ва роҳбарияти он нишон диҳад. Вагарна аз куҷое чиноиҳоро оварда дар даҳони онҳо «Тачикисан бапеш»-ро гузошта авҷи олии хушомаду тамаллуқгуиро ба намоиш гузошт.

Вале шахсан барои Шумо бародар Муҳаммадиқбол инро мехоҳам хотиррасон намоям, ки қарори суди Маскав дар нисбати шумо ва Шарофиддин Гадоев просто так нест. Қарори суди Русия оиди ба ҳабс гирифтани шумо ва Шарофиддин Гадоевро як нақша аст. Нақшаи оддӣ аммо ҳавлнок. Мақомоти Тоҷикистон натавонистанд, ки шумо ва Гадоевро биёранд. Аммо медонанд, ки баъди ифшои хабари ҳабси бигзор ғоибонаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев, онҳо ба таҳлили  масоил даст зада зидди Русия мегуянду менависанд. Яъне бо ин кор русҳоро муқобили шумо месозанд ва имкон дорад баъдҳо аз онҳо барои дастгир ва ё ликвидатсия истифода намоянд. Ин бозиҳои махуфи хадамоти ҷосусӣ аст. Ҳар ончи ки шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» гуфтед, ҳатман нарезонидаву начаконида тарҷума карда медиҳанд, то ки алангаи низоъро боз ҳам болотар бубаранд. Хулоса, тавре мекунанд, ки Русияро бар муқобили роҳбарияти мухолифин бисозанду бишуронанд.

Аммо ҳоло айни вақт аст ки аз ин ҳолат истифода карда шавад. Ин ҳарф ғалат аст ки русҳо болои исломиҳо ставка намекунанд. Чи русҳо, чи амрикоиҳо ва чи хитоиҳо болои зур ставка мекунанд, масалан Толибон зур баромад, ҳукуматро гирифт ва ҳоло доранд эътирофаш мекунанд…

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №157 появились сначала на ISLOH.net.

Эмомалӣ Раҳмонов ба Муҳаммадиқболи Садриддин: «Ман курсиро доданӣ нестам!»
Эмомалӣ Раҳмонов, саробони Оилаи ба ҳама маълум бо ирсоли як нома ба унвони ман, Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, ки курсиро то рӯзи марг раҳо намекунад. Матни комили номаи Раҳмоновро як каме поинтар меоварем.

Наметавонем бигуем, ки муаллифи нома саддарсад худи Раҳмонов аст

Аммо он аз имейли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омадааст ва зоҳиран муаллиф Эмомалӣ Раҳмонов аст ва агар Эмомалӣ Раҳмонов ҳам набошад аз наздикони вай аст, ки дарду доғи ин шабурӯзи вайро хуб медонад.

Ба назари мо ангезаи навиштани ин нома аз тарафи Раҳмонов  сафари ахири Путин ба Тошканд аст. Путин дар сафари ахираш ба Тошканд бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон масъалаи аз феҳристи созмонҳои террористӣ лағв кардани Толибонро дар миён гузоштааст.

Мавқеи Узбекистон дар ин маврид пеш аз мавқеи Русия маълум буд ва Узбекистон пеш аз Русия хоста буд, ки бо Толибон минбаъд ба унвони ҳокимони Афғонистон муносибат карда шавад.

Аммо дар ин васат Раҳмонов, ки гуё худро пуштибони тоҷикҳои Афғонистон нишон медоду аз ҳокимони имрӯзаи Афғонистон талаб мекард, ки ҳокимияти ҳамашумул ташкил бидиҳанд, дигар мисли мурғи нимбисмил ва муши ба обғалтида шуд. Чунки кишварҳо яке, яке пушти ҳам Толибонро эътироф карда истодаанд. Бахусус мавзеъгирии Русия барои Раҳмонов бисёр ҳам дардовару ҷонкоҳ аст.

Ин ҳарфҳо ҳам ҳаст, ки Путин дар дидори ахираш дар Маскав бо Раҳмонов дар 9 май аз вай хостааст, ки дар мавриди Толибон бо мавзеъгирии Русия ва ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бишавад. Ва, то шуруи сафари Путин ба Тошканд ин масъаларо рушан ва изҳорот пахш намояд. Аммо Раҳмонов диранг карда истодааст, айнан мисли ваъдаҳои пазируфтани узвият дар ЕврАЗЕС-Иттиҳоди Иқтисодии АвроОсиё, ки тарҳи худи Путин аст.

Дастури Путин барои аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун овардани Толибон ба вазорати адлияи ин кишвар дода шудааст. Ва то чанд рӯзи дигар ин дастур ба амри воқеъӣ мубаддал мешавад.

Путин ба Мирзоев гуфтааст, ки Раҳмонов бозии дугуна карда истодааст. Мо, наметавонем, ки таҳаммули ин бозиҳоро то ба охир дошта бошем. Айни замон Раҳмонов ба масал ҳамон хари дар гилуфтодаро мемонад. Вай гиҷу гаранг аст ки вақте Толибонро ба расмият бишиносад ва аз феҳристи созмонҳои террористӣ лағв кунад бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бе ҳеҷ далели террористӣ эълон кард, чи кунад? Бо Ансоруллоҳ, ки дар сояи давлати Толибон қарор дорад ва Раҳмонов инҷо ҳам бо туҳмату буҳтон онро шохаи низомии ҲНИТ ба қалам медиҳад, чи хоҳад кард?

Инки дар шабурӯзҳои сафари Путин ба Тошканд Раҳмонов як бори дигар феҳристи созмонҳои дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шударо нашр кард, посухи вай ба Путин буд, ки мегуфт, манфиати Оилаи ман ва манфиати давлати Тоҷикистон як аст. Ва шинохти Толибон ва темболее аз созмонҳои террористӣ берун кардани он бар манфиати ман нест.

Номаи Эмомалӣ Раҳмонов унвонии банда бидуни ҳеч тағйиру тасарруф пешкаши хонандагони «Ислоҳ.нет» мешавад, ва дар сидқи он агар тардиде аз суи хонандагону бинандагони шабакаи «Ислоҳ» рух диҳад, чизе гуфта наметавонем

Ва, ҳоло машруи номаи Раҳмонов ба «Ислоҳ» пешкашатон мегардад:

Салом бародари нобародар, хоини миллат, иғвогар, дурӯғпарокан, шаҳрванди аз Ватан рондашуда, душмани миллат ва илҳомбахшу падари инқилоб Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман, Эмомалӣ Раҳмон (Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов), зодаи шаҳри Данғара.   соли 1952 аз модарам (бисёр ачама дуст медорам, дастош ранги мардак буд, олучашакаровмон мекард, хулоса гъшна калонмон карда буд) ба дунё омадаам. Дар бораи кӯдакиям, мисли, ҳо ун шоири панҷекатӣ буд-ку, Лоиқ, аку, гуфта наметавонам, ки «бачагиям бо қатори турнаҳо якҷо гузашт», лекин гуфта  метавонам,ки «бачагиям дар қатори мочахарҳои-Олимтойда якҷо гузашт».  Гузашт дига.  Аммо, ман бо фиристодани ин нома ба мудири «Ислоҳ.нет» бори дигар, ба  миллати тоҷик таъкид карданиям, ки ба иғвои ин иғвогар дода нашавед, «мара медонен кийм? Ва ира медонен, ки мақсади нопок дора- «МИЛЛАТ»-а сарнагун мекунад.» (Зиракии сиёсира аз даст натиен). Ма ҳаму Эмомалие ҳастам, ки бо танку тупи узбаку урусу бо лашкари муру малахи қалуғу лақаю қатаған Душанбера муҳосира карда, пулемёт сари китф вориди он шудам. Бовар накнен, ай Лукашенкои акаи диктатори православим пърсен. Ӯ ҳамаша ябор случайно, вақтои миллатша тарсонданӣ шуда буд, бо портрети ма тарсонда буд. Барои чӣ? Барои онки мара кадоме шумо, да давоми и 32 соли охир дида бошен, аз қошу қавоқи монстрии ман ва аз шакли махуфи ман, албатта, ки тоҷико шумо тар кадагиен? А-не? Лекин ман ин номара ба Муҳамадиқбол роӣ кадагийм, ба и сабаб, ки шумо ҳаматон- тоҷикои хоин, бо ишаву рузо дар пушти ма “ғайбата” сар кадагиен. Гуфта будам: «ба сиёсат кор гирифтӣ, зиндон мешӣ!»

Ина помириё ба сиёсат кордор шидан, ҳамаша қир кадм, сут кадм, торондм). Медонм, ки Тоҷикистон фақиртарин, фасодолудатарин, беҳуқуқтарин давлати рӯи замин аст, вале, охи «миллат» розияй ку?!

Дар баробари ирсоли номаи худ, ба самъи тамоми шумо расониданиям, ки ман дар давоми ин 32 соли ҳукуматравоиям боре нашудааст, ки аз касе пурсида бошам, ки ту киӣ чиӣ.. Ман ҳамчун Президенту Асосгузори сулҳу ваҳдат, ҳақ  дорам, ки то поёни умрам Президенти шумо бошам. Тамоми буҷети Тоҷикистон дар дасти ман аст. Яъне моликияти хусусии ман маҳсуб меёбад.

Тамоми Ҷангал- сарвати миллат аст!  Ва,  худатон аз барномаҳои «Ислоҳ» медонед, ки «миллат» кӣ аст?

Тилло ва сангҳои қиматбаҳо ҳам сарвати миллатанд.

Обу кӯҳу дашту чарогоҳу мамнуъгоҳҳои ин сарзамин ҳам сарвати миллатанд.  Ҷавонон бошанд- ояндаи миллатанд!

Аку фаҳмиден, ки чаро ман ин номаро ба ин пойгоҳ фиристодаам? – барои ояндаи «миллат».

Шумо, тоҷикон, ҳеҷ маро нафаҳмидед. Аз тариқи тамоми шабакаҳои ватанӣ ва ба василаи Фабрикаи ҷавоб, обсофкунакҳо, муллоҳои дарборию сарборӣ, олимони маддоҳ, палитологҳо, духтурҳо, раисони маҳалла, қозиёт, муфтиёт ва ба василаи ҳадису оёт, шеъру абёту рубоиёт фаҳмондидаму нафаҳмидед. Шумо, пайравони «миллат», омадеду часпидед ба «Ислоҳ»  ва маро ногузир кардед, ки барои Шумо шуда, ба ин шабака номаи таъкидию таъҷилии худро  ирсол намоям.

Ман, ба ҳайси Пешвои муаззаматон ба шумо хитоб мекунам: ” Ба гапҳои Муҳаммадиқболу «Ислоҳ» бовар накунед. Ман «бо хун омадам-бо хун мерам».  Вақте «миллат, давлат, тоҷикистон гуфтм бфаҳмен охир ин ҳарсе ма ва оилаи маҳаи фаҳмиден?»

Аку, ма давоми 32 сол иқадар пулу сарвату кону дашту чарогоҳу алмосу долларҳои бешуморро аз ин вазифаи тиллоӣ ба даст овардаам, ба шумо- чор тан почаканда, наберагони Одинаву Дохундаҳо, Спитамену, Восеъ хоҳам гузошту ин авлоди бешуморамро эе не  «МИЛЛАТАМРО» аз ин ҳама неъмату нуши ҷон маҳрум мекунам?! Ҳаминро аз худатон пурсед, ки агар шумо ба ҷои ман мебудед, бачатона аз вазифа сабукдуш мекарден?- намекардед. Агар духтартон мегуфт – ата мара Раиса кн, намекардед?!

Бале…. аку, миллати кашталкандаи камбағали тоҷик, ҳами кадоми шумо шуи духтартона вазифа намедодед? Охи, як бор фикр кунед, ки ман мисли шумо як опелу як зан надорам, ки ҳамту аз ин вазифа, ки маро аз фарш ба арш расонид, дасту дил шуста, истеъфо тиям, ё бознишаста шавам.

Не, не,…неееееъ!!! Ба гуфти «атам»- Ислом Каримов, аз вазифа равам «чӣ кор мекунам? Ман ҳоло қувва дорам». Ё, фаромӯш кардед, ки ҳатто дар зери садои тазоҳуроту хатари сарнагунӣ, Қаҳҳор Маҳкамов ҳам мегуфт: «ман ҳоло ҷавонам. Кор карда метавонам». Як бори дигар худтон фикр кунед: агар ман аз вазифа равам, Рустам равад, Озода равад, Ҳасан равад, Зоир равад, Зарифбек равад, Таҳмина равад,Рухшона равад, Зарина равад, бестен-бестен, шумо гумон кардаед, ки вазифа ҷон аст, ки бо ин осонӣ онро месупорӣ?! Не, не…..нееееееъ! Ҳатто, дар бораи ин масъала фикри гузаро кардан барои ман, барои ояндаи насли ман, барои тақдири сарвату дороии дуздидаву надуздидаву ошкору пинҳони ман, барям, ваҳшатноку тарсовар аст. (Инҷо рӯҳи маро тарс аз ояндаи «миллат» фаро гирифта аст). Вале, инро бояд ба шумо ошкор намоям, ки маро ғами ояндаи ин миллат (оила дар назар аст. М.С.) лакот карда аст. Бале, ман дар тули ин 32 сол ин қадар дар бораи мардуму қавмиятҳои гуногуну «майдамиллат»-ҳое чун шумо фикр ҳам накардаам, ки ояндашон (тон) чӣ мешавад. Маро ғами «миллатам» пир кард… Худатон, ҳамагӣ мусулмонед. Фарзанди мусулмонед. Аз ҳадисҳои паёмбарамон ҳазрати «Муъаббат» медонед, ки пеш аз вафоташон, ҳамеша : Умматӣ, умматӣ мегуфт. Ман ҳам тамоми умр « на сар гуфтам, на тан гуфтам. Ватан гуфтам, Азизмо,Рустам, Ҳасан, Озода, Рухшона ва..гуфтам». Оббо, наход, ки «ман ҳам фарзанди мусулмон», «миллатма» фурушам. Ман миллатӣ, миллатӣ гуфта мемирам.

Хай охир ростша бген чида мусулмоно вақте пайғамбара дӯст медоран хонаводашам дӯст медоранд ку? Мулоҳо худтон меген дӯстдоштани пайғамбар ва оилаш муҳим ва дин аст? Чида мара дар ҳама маҳфилҳо мехезан меган дӯстт медорем ҷаноби олӣ, пешвои миллат шеърҳо мехонан пешмда, охир хай оилаи марам дӯст дорен. Азизмора Рустама Сомона Таҳмина Озода Исмоилҷонмам дӯст дорен. Охир давлати тоҷикон миллати тоҷик ҳукумат инҳоянд ояндаи ин давлату миллату ҳукумат инҳоянд чида намефаҳмен шумо?

Хулосаи гапам инки агар ман равам, бо рафтанам ин «миллат» аз байн меравад. Агар бовар накунед аз Абдулло Раҳнамо пурсед. Акнун, фаҳмидед, ки чаро ман аз ин мансаб рафтанӣ набудаму нестам, чункӣ шумо- иғвогарону хоинони миллат, ин «миллат»-и азизи маро аз байн мебаред. Вазифаҳои баландашонро гирифта байни одамони худатон тақсим мекунед. Ман бовар дорам, ки дар байни шумо оқилтар аз «аъзои милатам» ҳастанл, вале миллат бояд ҳукмраво бошад, на шумо!! Қаззофӣ ҳам пеш аз маргаш гуфта буд: Шумо киен? Ҳо, бале, Қаззофӣ ҳам, охир дарди маро дошт; ба ғайр аз аъзои «миллаташ» касеро намешинохт! Ман ҳам ҳайрон мемонам: охир, Шумо киен? (Бахшиш, ки шуморо ба ҳарфи калон навиштам)! Шумо халқед. Шумо гастарбайтеред. Шумо муҳоҷиред. О, мебахшед, шумо «миллат» нестед ку? Дар фарҷоми номаам аз шумо «тавалло»-и онро дорам, ки реша бар тешаи «миллат» назанед. Санг ба сӯи «миллат» назанед. Душманӣ бо ин «миллат» накунед. Ба худододаҳои ин «миллат» ситеза накунед. Аз дур истода «миллат»-ро расво накунед! Мансабҳои равғанини ин «миллат»-ро ҳавас накунед. Сарватҳои ин миллатро мабодо «давлатӣ» накунед! Ба духтарони ин «миллат» бо чашми бад нанигаред! Домодҳои ин «миллат»-ро кордор нашавед! Аъзои ин «миллат»-ро, ки тибқи дастуру иловаҳо ба Сарқонун, зимни банду моддаву зермоддаҳо «Оид ба Пешвои миллат» , статуси «дахлнопазирӣ» ба худ касб кардаандро, кор нагиред. Мабодо, ки ба сарватҳо, дороиҳо, суратҳисобҳои бонкӣ, мошинҳои хидматӣ, моликияти манқулу ғақриманқули ин «миллат» дастдарозӣ кунед, ки ин «миллат»-и шариф ҳеч гоҳ шуморо намебахшад. Ва бо ҳамон шиори обшустаам, боз мегӯям: Шараф ба миллат! Зинда бод миллат! Поянда бод аъзои миллат! Миллат ба пеш! Миллат, ту оилаи манӣ. Тоҷикистон аз манииииъ Аз манииииъ.

Дар акс миллат, ҳангоми ҷавонияш.

Ps: Акнун хонандаи гиромӣ фаҳмидед,ки ҳангоме дар суханрониҳояш, шиорҳояш, маърӯзаҳояш ва … номи «миллат» -«давлат»- «тоҷикистон»-ро мегирад киҳоро дар назар доштааст. Бале дуруст фаҳмидед. Пас дигар фиреб нахуред!

Сообщение Эмомалӣ  Раҳмонов ба Муҳаммадиқболи Садриддин: «Ман курсиро доданӣ нестам!» появились сначала на ISLOH.net.

Кулобро Хоруғ мекунанд,
чаро маҳз дар Кулоб куштор ва таркишҳо ба амал омада истодааст?

Таркиши мошини раиси ҲХДТ дар Кулоб, барканории дастаҷамъонаи масъулини ниҳодҳои қудратӣ дар ин минтақа ва интиқоду иттиҳоми шадиди Раҳмон аз нодида гирифтану пушонидан ва ҳатто мушорикати баъзе аз онҳо дар вуқуи амалҳои террористӣ аз оғози як бозии хунин дар ин шаҳр дарак медиҳад. Ҳамакнун мақомот талош дорад ончики бо мошини раиси ҲХДТ дар Кулоб дар 5 январи сои ҷорӣ рух дод, амали террористӣ ба қалам диҳад. Дар аввал ин ҳодисаро дар доираи моддаи 104-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон (қасди куштор) банду баст карданд. Инро бояд махсус таъкид намоям, ки ифтитоҳи парванда бо ин банди қонун қабл аз барканории масъулони ниҳодҳои қудратӣ дар Кулоб буд. Аммо баъд аз омадани масъулини нав дар ин ниҳодҳо, аз ҷумла дар прокуратураи минтақаи Кулоб ин ҳодиса дар чаҳорчуби моддаҳои дигар, моддаи 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) банду баст шуд ва матбуот ҳам навишт додситонӣ дар робита ба ин қазия бар муқобили 8 нафар парванда боз кардааст ва тафтишоти он бар души Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вогузор шудааст. Аммо чанд рӯзи пеш, қабл аз онки прокурори нави минтақаи Кулоб ба кор бипардозад  эълон шуда буд, ки ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ аз ҳисоби Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва ВКД ташкил шудааст. Ва он вақт расонаҳо, аз ҷумла «Озодӣ»  навишта буд, ки «як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафш ба гумони таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб дар боздошт аст. Мақомот ӯро рӯзи 9-уми январ дар фурудгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия, дастгир кардаанд. Падари ин ҷавон гуфтааст, ки ду рӯз боз фарзандаш дар боздошт аст.»Бароям пурра маълум нест, ки писарамро барои чӣ қапидаанд. Фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки як ҳамсинфаш дар Афғонистон будааст ва ӯро барои ҳамин мепурсанд. Овоза шуда буд, ки ҳамсинфаш барвақт мурдааст, вале намедонам, чӣ гузаштааст,» -гуфт ӯ. Як манбаъ дар ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб рӯзи 10-уми январ гуфт, аз маҳалли ҳодиса «боқимондаи маводи худсохти тарканда» пайдо карданд.

Вале, чуноне гуфтем прокурори нав,Ҳамзаалӣ Музофиров,ки қабл аз таъйиноташ дар мақоми прокурори минтақаи Кулоб дар Прокуратураи генералӣ Раёсати назорати кору фаъолияи Кумитаи давлатии амнияти миллиро раҳбарӣ мекард, ҳамин ки ба кор омад, аллакай 30 январ гуфт, ки ин 8 нафар бар асоси моддаҳои 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) муттаҳам ҳастанд. Додситони нави минтақаи Кӯлоб илова мекунад, ки «онҳо дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд».  Вале вай аз шарҳи бештар худдорӣ мекунад.

Азия плюс ҳам дар ин бора менависад «Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи  прокурори  минтақаи Кӯлоб имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, ду гумонбар дастгир шуданд ва алайҳашон бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид. “Парвандаро прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз карда, сипас онро ба гурӯҳи фаврии амниятӣ дар  минтақаи  Кӯлоб  буда, супориданд. Ҳоло парванда бо муҳри махфӣ дар дасти ин гурӯҳи фаврӣ аст ва баррасӣ шуда истодааст”, — гуфт Музофиров. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст доштаанд».

Маълум аст ки ин парванда ба таври махфӣ ва пушида баррасӣ мешуд. Чунки инҷо кадом амали террористӣ даркор нест ва як бозии дигаре аст ки аз тарафи мақомот тарроҳӣ ва ба иҷро дароварда шудааст.

Савол ҳам ин аст ки прокурор ва он ҳам нафаре, ки фаъолияти муҳимтарин аркони давлат-амниятро таҳти контрол дошт ва боястӣ аз ҳама чиз муталеъ бошад, аз чи дорад ҳарф мезанад? Яъне вай далелу мадрак дорад, ки дар Кулоб на як бору ду бор «корҳои террористӣ» анҷом дода шудааст? Пас, чаро масъулони қаблӣ, масалан прокурори собиқ аз он нагуфт, сукут варзид?  Магар мақомот, ба шумули Прокуратура пинҳон доштанд?

Воқеан дар Кулоб чи хабар аст? Инҷо акти террористӣ анҷом дода шудааст ва ё бозие дар пеш аст ки Кулобро ҳадаф қарор додааст. Чун ҳарфи прокурори тозатаъйини минтақа, ки гуфтем КГБ-ро контрол мекард, «онҳо дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд» аз вуҷуди кадом нақша ва ҳадафе дарак медиҳад. Ин гуфтаро, ки оё огоҳона ё ноогоҳона, хоста ва ё нохоста садо додааст ва он ҳам аз забони нафаре, ки акнун муҷрии калидии таҳқиқи ин нақша хоҳад буд, мешавад тавзеҳ кард? Бале мешавад, аммо як каме поинтар. Вале вай аз ҳамин ҳоло, ҳануз, ки тоза ба мақом расидаву тоза бо маводи парванда ошноӣ пайдо кардааст, чи тавр бо итминони тамом изҳор медорад, ки «дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд». Аз «корҳои террористӣ»-е мегуяд, ки қабл аз ҳодисаи ахири руйдода дар Кулоб бо мошини раиси ҳизби Эмомалӣ Раҳмонов дар Кулоб руй дода будаанд. Пурсиш инҷост,ки он «корҳо» чи «корҳоеанд», чанд ҳодисаи ҳамсон рух дода аст, ҳаҷми хисороти расида аз ин «корҳои террористӣ» чи қадар аст ва муҳимтар аз ин пурсиш ин пурсиш аст ки чаро ҳоло ва акнун ва баъд аз тағйироти кадрӣ, ки бо як дастури мустақим ва бесобиқаи раиси ҷумҳурӣ ва он ҳам дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Шурои амният сурат гириф, дам аз амалҳои террористӣ дар Кулоб ва ноҳияҳои дигари он мезананд? Ва, мояи нигаронӣ ҳам ин аст, ки қабл аз онки мақомот аз «корҳои террористӣ» лаб во кунад, раиси ҷумҳурӣ аз анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ дар Кулоб ва нодидаангории амдӣ ва ҳатто «қуш» будани маъмурину масъулини ин сохторҳо суҳбат мекунад. Дар воқеъ агар дар Кулоб амалҳои террористӣ анҷом дода шуда буд, чаро он замон нагуфтанд? Ва, ҳоло ки эълон карданд, ҳадафашон чӣ аст? Чаро ин бор эълон карданд, пинҳон надоштанд?

Мо, ба ростӣ, таъйид ва ё тардид карда наметавонем, аммо ночорем ва ногузирем ончиро, ки аз ҳамин мақомот дар дасти мо расид бо шумо дар миён бигзорем. Манбаъи мо мегуяд ин «кори террористӣ» бо ҳадафи заминагузорӣ, барангехтан ва шароитсозӣ барои анҷоми як амалиёти дигари хунин, айни амалиёт бар муқобили Салмон Лангариев дар соли 2008 дар Кулоб дар ин шаҳр ба иҷро дароварда шудааст. Бояд коре амсоли ошуби ҳоҷӣ Ҳалим дар Кулоб ташкил бикунанд ва бо ин баҳона мардуми инҷоро ба хун нишонанд. Яъне Кулобро Хоруғи дигар созанд. «Кулоб дар зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ояндаи наздик ба як маҳалли доғ-горячая точка мубаддал шавад. Чунки аз чанд вақт ба ин тараф Кулоб дар харитаи мақомоти амният бо ранги қирмиз ҳак шудааст».

Ин манбаъ гуфт, ки ҳадафи Раҳмонов дар воқеъ як бор «задан»-и Кулоб аст. Ҳануз ду соли қабл  корҳои ваҳшатноке дар Кулоб ва навоҳии давру бари он сурат гирифта буд, ки аз он чанд нафари ангуштшумор бохабар аст. Мақомоти амниятӣ дар ин шаҳр ва навоҳии акнофи он яроқҳоро баҷо карда буданд, яроқҳои вомонда аз давраи ҷанги дохилиро. Мақомот ба ин натиҷа расидаанд, ки дигар бо он услубу методҳои  боздошту дастгиркарданҳои мардум ва бо телефони ҳамроҳ тарс доданҳо, ки бо мухолифин дар иртиботед барои тарс додани онҳо таъсир накарда истодааст. Зеро истибдод болои мардум афзуда истодааст. Мавсими сарбозгирӣ ин бор аз ҳоло, аз моҳи феврал шуруъ шудааст. Мавсиме, ки Раҳмоновро бо мардум дар тарафҳои муқобил ва зид қарор медиҳад. Дар тамоми нуқоти марзӣ, дар худи дохили кишвар ҷавонҳои синни даъват ва волидони онҳо бо мушкил рубаруянд. Ҷавонҳо аз хонаҳо баромада наметавонанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки беш аз 80% ҷамъияти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамон Кулобу навоҳии атрофи он дар бесветӣ нишастааст. Нозирони минтақа-участковийҳо дар деҳот хонабахона даромада телефони мобилӣ мекобанд ва дар аксари маворид худашон ҷои мардум лайк мегузоранд ва поделитса мекунанд ва ҳазорҳо сомонии пули онҳоро бо зурӣ кашида мегиранд. Ин ҳамаро ҳукуматдорон аз ману шумо беҳтар медонанд, ки косаи сабр дар ҳоли лабрез шудан аст. Барои сарнабардоштан бояд боз бизананд ва ин минтақа Кулоб аст, ки бояд зада бишавад, чун норизоият ва эътироз дар инҷо бештар буруз мекунад.

«Ин як дасисаи хунини навбатӣ мисли ошуби сохтаи ҳоҷӣ Ҳалим аст, ки метавонад боз мардуми зиёди Тоҷикистонро саргардону гуреза созад ва дар баъзе ноҳияҳо ба хунрезиҳо оварад. Барои нарафтан аз мансабу омадан ба вазифа алакай ба ҷони халқу миллат «ставка» гузошта истодаанд.

Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шумораи зиёди яроқҳоро пинҳон кардаанд.

Рӯзҳои наздик бояд бо баҳонаи тарконидани мошини раиси ҳизби халқӣ- демократӣ  дар Кулоб ва минтақаи Кулоб як «амалиётча» гузаронида шавад. Гуё гурӯҳи нафарони дастдоштаро дастгир мекунанд. Агар ҳадаф фақат дастгир кардан бошад, гапе нест. Аммо нақша чунин аст, ки мақомот бояд чунон кунанд то ба изати нафси мардуми оддӣ расанд ва  мардумро то ба муқобилият ва задухурд водор созанд. Ба хонаҳо даромада занҳоро дастдарозӣ кунанд, то ки мардҳо ба ғазаб оянду хезанд. Баъдан нафаронеро тайёр кардаанд, ки ҷараёнро видео карда дар интернет партоянду бо лозунгҳои иғвоангез мардуми баъзе минтақаҳоро ба по хезонанд. Ҳатман он яроқҳоеро, ки пинҳонанд, ба мардуми хестагӣ тақсим мекунанд.

Ин корҳо нақшаи як- ду нафар аст ки мехоҳанд бо ин тавтиа ва фитна ба мақсад бирасанд. «Ҳатман Кулоб ва минтақаи Кулобро бояд барои як муддати кутоҳ ноором кард, Бадахшон автоматӣ мехезад. Ҳозир бояд дар Кулоб, Данғара, Восеъ ва боз ду ҷои дигар, ки нафаҳмидем куҷост, ин амалиётро гузаронданиян. Минтақаи Кулобро минтақаи ЧП эълон мекунанду аловро сар медиҳанд».

Манбаъи мо мегуяд аммо дар иҷрои ин амалиёт, ба назар мерасад, ки байни мақомот, ба вижа Прокуратураи генералӣ ва КДАМ суитафоҳум вуҷуд дорад.

Манбаъи мо мегуяд, «замоне,  ки мошини раиси Ҳизби халқӣ- демократиро дар Кулоб кафонданд, амният ҳама маълумотро дар ихтиёр дошт, ки кӣ, кай, аз куҷо  ва дар куҷо? Парвандаро оғоз карда ба Прокуратураи вилоятӣ меоранд. Прокурори онвақтаи вилоят Абдураҳим Раҳимов мегуяд, ки генерал -яъне Юсуф Раҳмон иҷозат надод, ки бо статяҳои  террористӣ онро кушоед. Амниятиҳо дар хашм омада гапашон бо Прокуратура мегурезад. Гап дар инҷо аст ки соли ҷорӣ вақти баргузории  маршировка барои омодагӣ ба ҷашни рузи Истиқлолият байни кормандони Прокуратура ва бачаҳои амният дар чи масъалае   баҳсу даъво мешавад. Прокурорҳо зурӣ мекунанд. Бачаҳои амният мезананд. Гап ба боло мерасад. Аз боло дастур мешавад, ки «гапа кшен». Аммо ин буғз дар дили прокурорҳо мемонад. Маҳз ин ҳодиса сабаб мегардад, ки он шабу рӯз Прокуратураи Генералӣ дар ифтитоҳи парванда бо статяи террористӣ «стоп» мемонад.

Аммо КДАМ тоб медиҳаду мегуяд, ки Прокуратураи Генералӣ дар таркишҳо ва дигар амалҳои террористӣ «қуш» аст. Мақсад минтақаи Кулобро ноором кардану шуришро аз онҷо хезондан кори дасти Юсуф Раҳмон аст.

«СС. Ятимов ин ҳолатҳоро нарезондаву начаконда ба Раҳмонов расонд, ки Юсуф Раҳмон бозии худашро пеш бурда истодааст ва барои ифтитоҳи парванда бо иттиҳоми экстремистиву террористӣ иҷозат намедиҳад ва вақте мо эълон карда наметавонем, ки амали террористӣ анҷом дода шудааст, Кулобро задан мушкил мешавад, ва мо наметавонем онро ба пойи ҲНИТ бипечонем»

Аз инҷо буд, ки баъди тағироти кадрӣ дар Хатлон, якум шуда Прокурори нави минтақаи Кулоб аз оғози парванда бо бандҳои марбут ба акти террористӣ суҳбат кард. Бо ин роҳ  Юсуф Раҳмон мехоҳад нишон бидиҳад, ки вай дар ин ҳодисаҳо «не причём» аст.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон ҳодисаи оташ гирифтани мошини Бобоҷон Давлатзода раиси Амонатбонки Восеъ дар шаби 26-ба 27 декабри соли гузашта яъне дар чанд рӯзи қабл аз таркиши мошини раиси минтақаии ҲХДТ-ро низ акти террористӣ эълон накарда буд ва худи он раисиАмонатбонки Восеъ ҳам изҳор дошта буд, ки мошинаш нуқси техникӣ дошт ва низ ҳодисаи дигари мушобеҳ бо мошини додситони ҳамин ноҳияи Восеъро ҳам Юсуф Раҳмон «амали қасдгирӣ» хонда ва омили ин корро як нафар корманди пешини нотариус эълон карда буд. Ҳодисаи оташгирии мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб шаби 12 ба 13-уми феврали соли гузашта сурат гирифта буд.

Айни замон Юсуф Раҳмон эзорашро тар кардааст, ки мабодо Президент «гапа накова».

Аз онки прокурори нави минтақаи Кулоб мегуяд «дар ноҳияҳои дигари Кулоб ҳам сурат гирифт» яқинан ҳам оташгирифтани мошини раиси Амонтабонк ва ҳам ҳодисаи сухтор дар мошини прокурори собиқ дигарбора бо банди марбут ба акти террористӣ корсозӣ мешавад ва табъан, ки мавқеи Юсуф Раҳмон дар инҷо суст ва осебпазир шудааст, чун дар иҷрои нақшаи задани Кулоб шояд нохоста ва ноогоҳона монеа эҷод кардааст. Юсуф Раҳмон хоста буд, ки бо ин кор мавқеи СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро заиф гардонад ва нишон диҳад, ки дар идораи авзоъ ва иҷрои вазоиф бемасъулиятанд ва содоқат ҳам надоранд. Аммо, кор чапа шуд ва ҳоло худаш зери зарба аст ва ба назар мерасад ҳоло ҳам СС.Ятимов тарҳҳои бузургро ба иҷро медароварад.

Манбаъи мо гуфт, ки «Маълум аст мақомот яроқҳоеро дар байни он яроқҳои баҷокардаашон нишон медиҳанду эълон мекунанд, ки инҳо аз они оппозитсия, яъне ҲНИТ аст ва ба Иттиҳоди Аврупо, кишварҳое, ки мухолифинро паноҳ додаанд маълумотҳои сохтаро пешниҳод мекунанд».

Аммо «нозукӣ»-и кор дар он аст ки худашонро худашон дар ноуҳдабароӣ ва ношоистагӣ ва ғайрипроффесионалӣ дар таъмини амнияти давлат ва мардум айбдор мекунанд. Вале ин тарафи масъала барояшон муҳим нест.

Инҳо «кор»-ро дигар хел нишон додан мехоҳанд. Ин далелҳои сохтаашонро бо аксҳои хунин, ки гуё аз кисаи кадоме аз кушташудаи иғвогар телефони мобилӣ пайдо шудааст ва дар он «инструктаж» аз ҷониби Кабириро ифшо намудаанд, нишон медиҳанд. Ва бо ҳамин ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои паноҳдода паём медиҳанд, ки шумо террористҳоро ҳимоят мекунед ва ҳамзмон талаб мекунанд, ки Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва чанд тан дигар барои «очная ставка» ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Прокуратураи генералӣ таркишро амали террористӣ эълон кард. Муфаттишони амният нафарони  дастгиршударо маҷбур карда истодаанд, ки баёноту нишондодҳояшонро тибқи гуфтаи инҳо бидиҳанд. Ҳамаро сабту навор мекунанду баъд амалиётро сар мекуннад. Аммо мегуяд манбаъи мо, «мисли онки аз чизе хавотиранд, яке ба мақсад нарасем, чи мешавад, авзоъ аз контрол берун шавад ва мардуми Кулоб ҳамакаса бихезад? Барои ҳамин як чанд нафарро аз зиндон бо расидани муҳлати адои ҷазояшон «колония поселения ва условно досрочное освобождения» бароварданду барои амалиёт омода карданд. Он нафарон як замон узи қатории ҲНИТ будаанду бояд бо ҳузури онҳо нақшаашонро тақвият кунанд, яъне боварбахштар бисозанд».

Анун ҳам Раҳмонов ва ҳам онҳое, ки дар даруни худи режиманду  ин корро ташкил карданд, онро кори 307-иҳо нишон медиҳанд, чун ҳарфи дигар гуфтан наметавонанд. Тамоми талошашонро ба он равона карда истодаанд, ки онро теракт-амали террористӣ нишон диҳанд ва то метавонанд ба ҲНИТ рабт диҳанд.

Аммо дар Тоҷикистон мардум ягон теракт ё амали монанди онро иҷро намекунад ва дар фикраш ҳам нест: «Мошинро ба воситаи наводящий взрыв, ки системаи махсусро талаб мекунад, кафондаанд. Дар Тоҷикистон агар бод шикастӣ, ҳануз буяш набаромада  хабаркашҳо онро мерасонанд. Ин корро танҳо худи мақомот кардааст. Именно раиси минтақавии ҳизберо, ки раисаш Президент  аст, кафониданд, ин тактикаи сад дар сади КДАМ аст. Ҳодисае, ки дар Кулоб шуд ин сигнал ба худи Раҳмонов ҳам ҳаст, ки бубин ба мо ниёз дорӣ.

Нуктаи дигари ташвишовар ин аст ки дар раъси милисаи вилояти Хатлон Шариф Назарзода ва дар Прокуроратури вилоят Аваз Назарзодаро гузоштанд, ки ин ҳарду дар саркуб ва куштори бадахшониҳо дар Хоруғ ва ташкили куштори Гулбиддин Зиёбеков, ки боиси аланга гирифтан Бадахшон шуд, нақши муассир бозидаанд. Яъне таҷрибаи ташкили хунрезии омавиро доранд, ҳадафе, ки бояд режим дар Кулоб анҷом диҳад.

Ps: Ҳангоми омода намудани ин матлаб маълумотҳои ҷолиби дигар аз ду ниҳоди қудрати дар қазияи инфиҷори охири Кулоб ба мо расид. Аммо мо бояд ҳама ончи омадаро пурра омӯзем ва сипас расонаӣ кунем. Чун,ки метавонад ин маълумот ба хотири таҳаққуқи нақшаҳои шуми ин ниҳодҳо бошанд. Чун,ки манбаъ аз он манобеъе нест,ки рӯйи ҳарфаш эътимод дошта бошем. Муҳим хело дар ҳаракот ва тавтиъаҳое мехоҳанд ба роҳ андозанд мардуми Кулоб ҳушёр бошанд!

Сообщение Кулобро Хоруғ мекунанд, появились сначала на ISLOH.net.

Сухан бифканад минбару дорро
ҳисоботи ҳайати “Ислоҳ” барои соли 2023

Ҳаводорону бадхоҳон,дустону душманони «Ислоҳ»! Имсоли мелодӣ ҳам ба поёни худ расид.

Як соли гузашта барои «Ислоҳ» ва ҳайати эҷодиву фаннии он басо пурбор ва бобарору бомуваффақият буд.

Барномаҳо дар имтидоди сол ҳам дар сомона ва ҳам дар Ютуб боиси ҷалби таваҷҷуҳи ҳарчи бештари мардум шуд. Шумори хонанда ва тамошобини мо афзун гардид. Мо тавонистем, ки ҳузури худро дар майдони матбуот ва фазои маҷозӣ пуррангтар ва намоёнтар намоем.

Имсол шумори матолиби мунташира дар пойгоҳи «Ислоҳ.нет»   ба 321 расид, ки аз соли гузашта бештар аст. Замимаи телефонии «Ислоҳ» -ро ба телефонҳои андроид барои аввалин бор маҳз дар ҳамин сол сохтем ва дар дастрас ва истифодаи хонандагони азизи худ қарор додем.

Пойгоҳи «Ислоҳ»  –дар имсол 12 млн маротиба мавриди ҳуҷуми ҳакерони Раҳмонов, СС (Саидмумин Сатторович Ятимов) ва РР (Рамазон Раҳимзода ) қарор гирифт. Дар маҷмуъ 18 соат аз кору фаъолият бозмонд вале бо заҳмату талоши техникҳои муҷарраб в ҳирфаӣ, ки дасти эшон дард накунад, барқарор гардид. Охирон зарбаи ҳакерӣ аз тарафи УБОП-Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Шодӣ Ҳафиз ба пойгоҳи «Ислоҳ»   расонида шуд, ки шукри Аллоҳ таъсири лаҳзаӣ ҳам надошт ва мо фавран барқарор намудем ва паёми кутоҳи зебое ҳам ба ин домодгенерал ҳайати фаннии «Ислоҳ»  гузошт. Шикасти талх ва намакин буд барояшон.

Имсол дар шабакаи Ютубии  «Ислоҳ.ТВ » 34 ҳазор бинанда сабти ном кард.

Дар канали ютубӣ кормандони техникии мо 260 навор нашр намуданд.

Имсол 81 барномаи “Минбари муҳоҷир” манзури шумо, тамошочиён гардонида шуд, ки тули онҳо  аз 4 то 7-соатро фаро гирифт.  Ду барномаи “Зери заррабин”  баргузор намудем.

Барномаҳои “Минбари муҳоҷир” ҳамеша рӯзҳои чоршанбе баргузор мешуд. Аммо, бо тақозои бинандаҳо, пас аз моҳи август, нашри онро ду маротиба дар ҳафта:- чоршанбе ва якшанбе ба роҳ мондем ва худи шумо шоҳидед, ки хело бинандаи зиёде ҳам доштанд.

Аксари барномаҳои “Минбари муҳоҷир” наздики 200 ҳазор ва гоҳе ҳам бештар ин рақам бинанда доштанд. Барои мисол барномаи “Минбари муҳоҷир №213” 405 ҳазор бинанда дошт.

Навори мо таҳти уновни “ Абдуқаҳҳор Розиқовро дар Кулоб кӣ кушт” ним миллион бинанда касб кард. Албатта чунин наворҳои сербинанда, ки аз 200 ҳазор болоянд, хело зиёданд, ки мо танҳо ба яке ишора намудем.

Имсол “Ислоҳ.тв” ва “Ислоҳ плюс” -ро 70 млн бинанда тамошо кард. 907 ҳазор лайки ҷонибдорӣ гузоштаанд ва 101 ҳазор нафар поделится ё бознашр намудаанду 112 ҳазор комент ё шарҳ навиштаанд.

Дар соли 2023, ки акнун дигар ба моли гузашта мубаддал мешавад, мо ба муносибати 50 умин солрӯзи таъсисёбии ҲНИТ силсиланавишта ва барномаҳоеро бо номи “ҲНИТ ним қарни пурталотум” нашру пахш намудем. Алҳамдулиллоҳ, ин барномаи худро, ки аз таърихи пурифтихори ҲНИТ ҳикоят мекунад,9 0 дарсад ба итмом расонидем. Як матлаб ва чаҳор видеофилми он барои соли нав боқӣ монд,ки иншоаллоҳ дар январи 2024 нашру пахш хоҳем кард.

Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар ду моҳи охир 57 матлаб ба нашр расонид. Ду моҳи охир хело пурмаҳсул буд. Ҳамагӣ се  рӯзи истироҳат доштем. Ҳадафи мо расонидани ҳарфи ҳақ ва воқеиятҳо барои миллат ва мардум аст ва тибқи он амал дорем.

Ҳайати фаннӣ -техникии “Ислоҳ” хеле ҳам такмил шуд вале, ростӣ, ҳоло ҳам мо ниёз ба кормандони ҳирфаӣ дорем. Чун нақша ва барномаҳои зиёд дорем ва барои анҷому иҷрои он ҳамроҳӣ ва ҳамкории шуморо хоҳиш дорем.

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Мо аз шумо чи мехоҳем?

Бале, дуруст аст, ки мо расона ҳастем. Аз ҳар ҳодиса ва руйдодҳо ва нақшаву ниятҳо, аз навгониҳо, аз таҳаввулоту тағйирот ба масобаи як расона огоҳатон мекунем, маълумот медиҳем. Аммо, мо фақат ва фақат расона нестем, фақат ва фақат журналист нестем. Мо, ночор ва ногузир ҳастем,ки гоҳо аз меъёр ва чаҳорчуби як расона ва журналистика фаротар биравем,чунки мо дар ҷабҳаи муқовимат ва мубориза қарор дорем, мо дар майдони масофу набард, мо дар майдони сиёсат қарор дорем. Инро аз шумо ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаем. Муқовимати мо рустиву баҷоӣ нест.

Дар ҳар барнома ва матолибе, ки пахшу нашр мешавад, шумо бар мағзу моҳият ва бар жарфу умқи аҳдофи он пай мебаред.

Мо дар даст силоҳи сард ё оташфишон надорем. Мо силоҳи сахттар ва буррандатар ва кубандатар дорем. Ба гуфтаи шоири маъруф,муҳоҷири сиёсӣ устод Абдулқосим Лоҳутӣ, ки айнан мисли мо, ё беҳтараш бигӯем мо айнан мисли ӯ овораву паноҳанда шудаем, дар “даврони теғу оташу хун зиндагӣ” дорем ва инки алайҳи ман ва ҳамроҳони ман ва ҳамсангарони ман парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва инки моро ифротӣ эълон кардаанд ва инки «Ислоҳ»-ро бастанду мамнуъа эълон кардаанд,на барои он аст ки ман дар дастам Калашников доштам ва ё туфанг, барои он маро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд, ки бо сухан он тарафи майдонро ҳадаф қарор додаам. Ин шумо мардуми азиз ва мазлум ҳастед, ки дар васати майдонед ва инки шуморо барои як лайк ба Ислоҳ ва ё тамошои он мебаранду азият медиҳанд, зиндонӣ мекунанд, пулатонро мегиранд, бохабар ҳастем ва аз ин ҷиҳат аст ки мегуем мо танҳо расона нестем, агарчи кору пайкорамон бо расона ва расонаӣ аст. Ҳабиб Юсуфӣ, шоири ҷавонмарги тоҷик, ки дар майдони ҷанги воқеӣ ҷоми шаҳодат нушид, дар ҳамон майдони ҷанг боз ҳам аз қалам менавишт:

Вақти он аст эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,

Вақти он аст эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ.

То ба душман ҳамла орам решааш буррӣ зи бех,

То расӣ манҳус анчарро кунӣ бешоху барг.

“Минбари муҳоҷир” ба марҳала ва сатҳи комилан дигар расид. Густаришу тақвияти нуфузи он дар ҳар хона ва корхона режими оилаӣ-қабилаии Раҳмоновро водор кард дар сиёсаташ бар алайҳи мо бознигарӣ ва аз василаҳои нав истифода кунад. Маълум аст, ки роҳе ба ҷуз аз истифода ва ҷалби қудрат ва зӯр надорад ва барои ҳамин мақомотро истифода кард. Туда- туда омӯзгору корманди ҷамоату табибону бознишастаҳоро вориди барномаҳои мо кард. Ҳатто дар як утоқи корӣ мешинонанд ва як корманди амният ва ё бахши идеологии ҳукумат онҳоро ёд медиҳад, ки дар муқобили мо чи бигуянд. Баъзе аз онҳо барои бори аввал бо интернет рубару мешавад, чи расад бо Муҳаммадиқболи Садриддин.

Имомхатибҳоро водор карданд, ки ба барномаҳои онлайнии мо бидароянд. Мақсад, аз ҳузури мо ҷилавгирӣ кунанд ва нишон бидиҳанд, ки на, Муҳаммадиқбол он тавр ки мегуяд пуртарафдор нест, мардум тарафдори пешво аст. Ин номер нагузашт. Дигар мудири шуъбаи ҳукумати ноҳия, муовини раиси ноҳия ва мансабдрони сатҳи ноҳия худашон вориди майдон шуданд.Фикр мекунед,ки он сари худ ва беиҷозат бо мо ҳамгапу ҳамсуҳбат шуданд?

Аммо, ончуноне шумо шоҳид шудед, тирашон хок хурд. Мунтаҳо, «Ислоҳ»- имсол дастгоҳи мафкурасозону  мутамаллиқону чоплусон, хушомадгуён, лесаконро дарҳам шикаст ва аз кор мононд. Онҳо қабл аз муҳлат бознишаста шуданд.  “Фабрикаи ҷавоб” ку?

Вақте «Ислоҳ» мегуяд, ки масҷидро дискоклуб кардед, масҷидро наврузгоҳ кардед, масҷидро кабинети кори амният кардед, масҷидро амбор кардед, аз пеши худ нагуфтам ва шумо ҳам мефаҳмед, ки ман дар ин бари дунё ин маълумотҳоро аз кӣ мегирам? Ва, ин боиси рашку ҳасодати шумо мешавад, ки мардум ба мо маълумот мефиристад ва ҳамназарӣ ва ҳамфикрӣ ва ҳамроҳии худро бо мо ифшо месозад.

Шумо гумон доред, ки бо ин корҳоятон ҳукмфармову фармонраво шудед. Бале,дар зоҳир. Аммо дар қалбу ботину руҳи мардум Шумо душман, шумо манҳус ҳастед. Магар мешавад бо муқаддасоти як миллат таҳқиру тавҳин кард ва боз ҳам пуштибонӣ ва ҳимояти онҳоро ба даст овард?

Инки Шумо муҳоҷирони кориро ба иҷбор аз Русия барои облава овардед, инки шумо волидони онҳоро зери зарбу лат қарор додед, метавонед бо мардум бошед?

Ҳеҷ гоҳ!!

Барои ҳамин муовини раиси ноҳия ки чӣ, худи СС. РР ва Раҳмонов вориди “Минбари муҳоҷир” шавад ҳам коре аз дасташ барнамеояд.

Аз инҷо аст ки дар соли 2023,  34000 ҳазор  нафар бар шумораи бинандаҳои мо афзуд.

Яке аз нукоти қобили зикр он аст ки дар соли 2023 тамошочӣ ва муштариҳои онлайнии мо ба маротиб афзуд. Барномаҳои мустақими «Ислоҳ»-тв ро то ҳудуди 20 ҳазор ба шакли зинда тамошо карданд. Дар умум шумораи тамошобинони ин барномаи онлайнӣ аз 9 ҳазор то 12 ҳазорро фаро гирифт.

Алҳамдулиллоҳ афроди ин миллат даъвати моро ҷиҳати дастгирӣ ва кумак дар идомаи роҳ беҷавоб нагузоштанд. Агарчи тоза ба роҳ андохтаем ва кам ҳам бошад бахше аз масориф ва махориҷи моро пушонид мо дар корамон ҷиддӣ ҳастем ва қадамҳоямонро санҷида гузошта истодем. Аз он идда аз ҳамватаноне, ки дар ақсо нуқоти ҷаҳон дар ин ҷиҳат дасти сахо ва ҷуди худро дареғ надоштанд, ташаккур мекунам ва дасти ҳар кадоме аз шуморо мефишорам ва Ин шо Аллоҳ, ки дар соли меомада низ дареғ намедоред ва суфуфи шумо биафзояд.

Инҷо бояд зикр намоям,ки имсол мо аз шабакаи ютубии “Ислоҳ.тв” ютуб 6070 (шаш ҳазору ҳафтод евро) даромад доштем.

Аммо ҳар моҳ масорифи кормандони «Ислоҳ»-4800 евро мебошад. Ин масориф аслан ба офис ва студияе,ки дар он барномаҳои онлайнӣ баргузор мегардад иртибот надорад. Масорифи студия ва ….1200 евро,ки солона 14400 ҳазор евро аст берун аз масорифи ҳуқуқи моҳонаи кормандони «Ислоҳ»-аст.

Ҳоло аз 9 корманди «Ислоҳ»- 5 нафари он маошашон ҳар охири дастрас карда мешавад.Ин бародарони боимон ва ҷоннисори миллат пардохти маоши ду кормандро ба уҳда гирифтаанд. Аммо музди 4 нафари дигар аз он аз ҳисоби кумакҳоест, ки ба «Ислоҳ» мерасанд. Яъне 2000 барои 4 корманди дигари мо собит нест. Ва, ҳамеша ин масъала мушкил пеш меоварад.

Дар воқеъ кореро, ки мо имсол дар бархе аз ноҳияҳо маслан Зафаробод, Истаравшан, Кулоб ва махсусан Шаҳристон иҷро кардем, як инқилоб буд. То ҳамин имрӯз кофта истодаанд, ки киҳо бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ мекунанд.

Вақте саропо ҷиноятӣ, вақте саропо дуздӣ, вақте саропо дуруғӣ, вақте сипсиёҳи пушти дегӣ, вақте ҳеҷ “оправдат” карда наметавонӣ, чун туро хеле вақт аст ки шинохтаанд, туро медонанд, ки ту кистӣ, ту чистӣ, чунки ту хеле дер кардаӣ, намешавад туро сафед карду табраа намуд. Зоҳир намекунанд, буруз намедиҳанд, ру намеоваранд, аммо мешиносандат.

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки 95-шумораи он дар  “Ислоҳ.нет” мунташир ва навори № 87-и пахш шуд, дар воқеъ як  таҳаввулоти азимеро дар кишвар ба вуҷуд овард. Нақши як расонаи бисёр ҳам пурқудрат ва мардумиро ба иҷро дарвард.

Ин барнома воқеан ҳам ба сари худ як фронт-ҷабҳаи дигар буд, ки дарундаруни режимро шикаст. Чи қадар дар даруни мардум дарду доғ ҷамъ шудааст, чи қадар мардум ташнаи гуфтан аст,чи қадар мардум пазмони як матбуоти озод шудааст, дар ҳамин “Нома..ҳо”-и «Ислоҳ» намоён шуд. Озодии сухан, озодии матбуотро, ки мардум гум карда буд, режими Раҳмонов леҳу пора карда буд, зинда кард. Сокинон аз тамоми навоҳии кишвар навиштанд ва гуфтанд.

Ин барнома нишон дод, ки фақат дари масиҷиди Чоркуҳ  ва ё Новдонак баста нашудааст, фақат масҷиди Айнӣ ва шаҳри Хуҷанд ва ё аз Кулобу Қумсангиру Ғарм баста нашудааст, ҳамаҷоро ҳамин тавр баста истоаанд ва ин сиёсати ҳисоб ва тарроҳишудаи исломситезӣ дар як мамлакате аст, ки 99,9% мусалмон аст. Ин дастур ва ин ҳидояту роҳнамоии марказ аст.

Мардум на як бору ду бор мутмаин шуд, ки ин давлат, раиси ин давлат, маъмурони қудратии вай бо масҷид, бо муқаддасоти мардум бо руҳу равон бо Худову расули ин мардум мушкил дорад.

Инҳо мехоҳанд мардуми тоҷик дигар Аллоҳ ҷаллаҷалолаҳу  нагуяд, дигар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нагуяд, дигар масҷид наравад. Дар онҷой, ки асрбааср, номи Аллоҳ ва номи Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) бурда мешуд, ҳоло бурдани ин исмҳо мамнуъ аст. Номи Раҳмонов ва  акси Раҳмонов ва ҳатто «сухан»-ҳои Раҳмонов бурда ва гуфта мешавад.

Инҷо месазад як қиссаи воқеиро бароятон бозгӯйи намоем.

Як қиссаи воқеӣ.

Яке аз корбарони Ислоҳ,ки дар яке аз навоҳии кишвар боздошт мегшавад ва ӯро идораи милиса мебаранд. Ҳангоми ҷустуҷӯй аз телефонаш сомонаи Ислоҳ мебарояд. Корманди шуъба  вақте телефонро мекушояд барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет” мебарояд. Дар он барнома сухан дар мавриди як дузде мерафтааст,ки ин корманди ин шуъба дар муддати 8 сол натавониста будааст ӯро боздошт намояд. Аммо ин барнома сабаб шуда будааст,ки ин ҷинояткор боздошт ва зиндонӣ шавад. Вақти тафтиши телефон маҳз ҳамон барнома баромадааст. Ин шахси боздоштшуда мегуяд милиса як нигоҳ кард ва гуфт “ака як гап бгум? Гуфтам чи мегӣ? Гуфт: бза бра! Лично ман 8 солда натонистм ҳами одама ягон кор када,пас аз ҳамин барнома турмаш кадем”. Ин шахс гуфтаст як гапи дигар ман бгум ака ? Милиса гуфтаст гап зан. “Ака трам мард бачаӣ, ма ҳам ҳаму гапора дар ҳаму номаҳоман навишта будум”. Мегуяд хело хандиду гуфт аку дар ин гап як обедм намебарӣ чақчақ кунем ва ҳарду баромада рафтанд. Ин воқеиятест,аз корҳои «Ислоҳ» ки Раҳмонов дар паёмаш агарчи нома набурд вале “сотссет” гуфту худро халос кард.

Номаҳо аз ноҳияҳо бармало кард, ки ончики Раҳмонов дар Душанбе мекунад, ончики Озода ва Рустам ва Ҳасан ва боқии ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷ мекунад, боқии маъмурони масъулонаш дар мақомоти маҳаллӣ тақлид ва пайравӣ мекунад. Масалан раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом худро пешвои муаззами Конибоом рост кардааст.

Ҳамаи инҳоро “Номаҳо…” фош кард. “Номаҳо …”иртибот ва алоқаи муборизинро бо мардум пурзӯр, қавӣ  ва муҳкам кард. “Номаҳо….” Раҳмону дору дастаашро аудит мекунад, номаҳо онҳоро контрол мекунад ,номаҳо онҳоро ифшо кард.   “Номаҳо…” исбот кард, ки мардум ва ҷомеаи тоҷик бо кист. Муаллифи ин номаҳо халқи Тоҷикистон аст, бале халқи Тоҷикистон, ҳеҷ хоҷаи хориҷӣ, ки мегуяд не, халқи Тоҷикистон навишта истодааст. Ҳиҷ касе аз чоплусу тардоману лесакҳои Раҳмонов наметавонад ончиро ки халқ дар номаҳояш менависад инкор кунад. Чун мебинанд воқеият ва ҳақиқтро, ки мардум ончи менависанд воқеият аст. Дар муқобили ҳақ ва дар муқобили халқ чи метавон гуфт.

Дар фазои маҷози Паёми Раҳмоновро бубинед, ки чи шумора тамошочӣ дорад ва худи ҳамин факт кофист бигуем, ки Раҳмонов барои мардум кӣ аст?

Имсол, чуноне огоҳ ҳастед, ногаҳон ва яку якбора бемор шудам ва чашмамро дар бемористон боз кардам. Албатта, ки бо инояти Парвардигор ва дуоҳои Шумо ин фурсати вазнин пушти сар шуд ва шукр, Аллоҳи покро, ки дигарбора бо дидори шумо мушарраф шудам.

Аммо як чизро бояд ҳам ба ҳаводорон ва ҳам ба дусторон ва ҳам ба душманонам бигуям, ки эътимод, эътиқод, иззат, обру, азамат, ҷойгоҳ хариду фуруш намешавад. Онро нахуст Аллоҳ медиҳад ва тавассути ашрафи махлуқоташ бар ҳар бандаеаш , ки бихоҳад медиҳад. Яъне обруву иззат чизе нест, ки бо фармон дода бишавад. Аммо ҳифзи он душвор аст. Зарра зарра ҷамъ меояд, қадрашро надонистӣ ба якбор, мисли онки сел мебарад, мисли онки зери тарма меравад, мисили онки куҳ болояш фуру мерезад, тамом, аз даст медиҳӣ.

“Номаҳо….” нишон дод, ки мардум бо кӣ аст. Киро интихоб кардааст ва киро мехоҳад.

Мо таъсири амал ва кори худро, мо натиҷаро мебинем. Мо, мебинем, ки маҷбур аст посух диҳад.

Магар муҳоҷирони кории тоҷик фақат ҳамин сол рафта буданд? Чаро Раҳмонов дар барои муҳоҷирҳо қаблан намегуфт? Ин “Минбари муҳоҷир” ва садоҳову даъватҳои худи муҳоҷирин аз ин минбар буд, ки биларзондаш. “Минбари муҳоҷир”  ба сангар ва ба хатти аввали ҷабҳа, ба талоя, ба майманаву майсараи майдони масоф бадал шуд. Онҳо шикаста, маҷруҳ ва захмӣ шуданд, саф ва ҷабҳаашон баҳам зад, дарҳам шикаст ва ба пошидан сар кард. Сангарашон дар сангинтарин ҳолати дифоъӣ қарор дорад. Мо, медонем, ки шахсан тамошо мекунад. Борҳо СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро гушмол ҳам додааст, ки “даҳони ӯро кай мебандед”.

Хостанд муқовимат кунанд. Вале барои муқовимат бояд дошта бошӣ, ки берун оварӣ. Вақте ончики мегуӣ, нестӣ, вақте ончиро нишон медиҳӣ, ки надорӣ, вақте ҷилва медиҳӣ, вале нишоневу ва санаде надорӣ чи гуна муқовимат мекунӣ?

Бубинед, ки ин васвосӣ чи мегуяд: “ба набераҳоятон, ба абераҳоятон чи мемонед, чи мегузоред,созед”…

Як касе нест бипурсад, ки аз бобову падарат ба худат чи монда буд, ки ба набераҳоят бимонӣ?

Мо, барои худамон, барои бачаамон наёфта истодаем, ту дар ғами набераву абера? Агар дар ғами набераву абераи мардум будӣ ба 100 миллион доллар самолёт мехаридӣ, ба Майрам ҳайкали чандинмиллионӣ месохтӣ?

Гумонат ин аст ки ба ин ҳама мардум розӣ аст? Чун ин пули мероси падарат, ки нест. Ин пули мардум аст. Ана барои чи мардум туро намехоҳад. Ана барои чи мардум ин қадар аз нашри “Номаҳо..” изҳори ризоият ва хушҳолӣ мекунад.

Номаҳои мардум меҳвар ва маркази муборизаро маълум кард. Мардум ба куҷо ру овардан ва бо кӣ буданашро бори ошкоро эълон ва таъйид кард.

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ». Мо нақш дорем, ки дар соли 2024 чанд барномаи ҷадидеро роҳандозӣ намоем ва ҳамроҳиву ҳамнафасиву ҳамдамии шумо, моро дар иҷрои ин нақшаҳо таҳрик ва ҷуръат мебахшад.

Муҳаммадиқболи Садриддин,

Мудири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии “Ислоҳ.нет”

Сообщение Сухан бифканад минбару дорро появились сначала на ISLOH.net.

Дуоҳои Шумо азизон маро дубора ба мубориза баргардонд
Ҳеҷ касеву гуруҳе, ба мисли мудири мактаби № — Шаҳристон ва муаллимони ин муассиса аз хабари бемории ман хурсанд нашуданд. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмонову СС.Ятимову Рамазон Раҳимзодаву Юсуф Раҳмону Рустаму Шоҳруху Озодаву Ҳасану ва ғайраву ҳоказоҳо амсоли ҳамин муаллимон ҳолати ризоият ва қаноатмандӣ надоштанд, чун мебоист онҳо дар барномаи навбатии «Минбари муҳоҷир» бо ман сарукала мезаданд ва меомаданд ба назди он масъули «идеологӣ»-и ҳукумати ноҳия ва аз кабинети вай дар соати 12.00 ё 1.00-и ними шаб дар пахши онлайнӣ ширкат меварзиданд. Инҳо ҳануз 15 август дастур гирифта буданд, ки дар барномаи рӯзи 6- сентябри «Минбари муҳоҷир» ширкат варзанд ва муқобили Муҳаммадиқболи Садриддин бояд суҳбат кунанд.Яке аз шиносҳои наздик гуфт, вақте хабари касалии шуморо мудир ва муаллимҳо ва махсусан мудир шуниданд, сад бор шукри худо гуфтанд, ки аз ин беобруӣ халос шудем вагарна мебоист дурӯғ гуфта ҳоли бадамонро хуб таъриф мекардем. Охир, пас аз ин барнома ҳам мо бояд дар ин ноҳия зиндагонӣ кунем, ба чашми мардум чихел менигаристем.

Акнун, ки ман бемор шудам, ҷони онҳо дамид ва аз зери фишори ҳукумати ноҳия наҷот пайдо карданд.

Аммо беморӣ….

Чашмонам дар бемористон боз шуданд. Ба худ наомада будам ва намефаҳмидам, ки чаро инҷоям. Кам-кам давру барамро тафаҳҳус мекардам, ки куҷояму чи вазъу ҳоле дораму бо ман чи иттифоқе уфтода. Яке парастор даромад. Набзамро гирифт ва чашмонамро нигоҳ карду хурсандона берун рафт ва чаҳор нафар баргаштанд.

Бори дигар ба худ омадам, ки сари болинам Умар писари калониам истодааст. Чашмонам ин бор баҳузур боз шуданд. Гуфт хеле тарсондиамон. Худоро шукр, ки ҳамааш ба хубӣ гузашт.30 август буд,ки ба худ омада будам,аммо хело бе мадору хаста будам.

Пурсидам лабтобу планшетро наовардаӣ? На, гуфт ва таъкид кард, ки пизишкон ҳоло иҷоза намедиҳанд.

Телефонро гирифтам ва тамошо кардам, ки онҳое мисли мудири мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №-и Шаҳристон аз бемории ман хушҳолу хурсанданд кам нестанд. Вале дар баробари онҳое, ки дар ҳақи ман дуои шифои оҷилу комил талабидаанд, ночизанд,тамоман кам. Худоро шукр,ки дустону ҳаводорон ва мухлисони зиёде дорам,ки дар ин лаҳзаҳои сангин барои ман дуо карданд ва аз даргоҳи Аллоҳи меҳрубон саломатӣ ва шифо талабиданд.

Яке аз ин дӯстону ихлосмандон чунин навишта кардааст:

«Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ. Аввало аз даргоҳи Аллоҳи поку муназзаҳ барои шумо ҳарчи зудтар шифои оҷилу комил масъалат дорам.

Аз Аллоҳи ғолибу бо ҳикмат дуъои онро мекунам, ки ба шумо ва амсоли шумо умри дарози пурбаракат, ризқи ҳалолу покиза ва тақвову фурутанӣ ва дар ҳар нияту аъмоли холисонаатон нусрату баракат ато кунад.

Банда аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам ҳеҷ гоҳ ҳолату ҳодисаҳои беморӣ ва ё ҳар хушӣ ё нохушие, ки дар ҳаёти шахсии шумо рух медиҳад, расонаӣ накунед. Чун ки душманони шумо шояд аз фурсат истифода карда, худое накарда ягон осебе бирасонанд ба шумо. Дар ин лаҳзаҳои бемории шумо мунофиқини бадтар аз кофир хело ҳам хурсанд шуданд. Чунки мунофиқин пиндори хато доранд, ки гуё бо рафтани олиме аз олами ислом шамъи барафрухтаи парвардгор хомуш мешаваду онҳо аспдавонии худро идома хоҳанд дод. Аммо кур хондаанд, ғалат мекунанд.

Агар бародари муборизи мо Муҳаммадиқболи Садриддин набошад, садҳо ҳомии ин дини ҳақиқат пайдо хоҳад шуд. Инро бигзор курдилони ғофил фаромӯш насозанд. Ба ҳар ҳол ба он табибоне, ки дар зери назораташон ҳастед эътимоди том накунед. Чунки онҳо низ худ медонад, шояд мусалмон набошанд, ин тавр гуфтам, чунки табибони мусалмон низ дар давлатҳои ғарбӣи кам нестанд, чунки бисёре аз шермардонро ба воситаи табибони хоин аз байн бурдаанду ҳочати гап ҳам нест. Шумо аз мо ҳам хубтар медонед. Ба ҳар ҳол мувозиби саломати хеш бошед».

Ба ин бародари арҷманд аз самими қалб изҳори сипос мекунам.

Худову ростӣ, сабаби вазъам хароб шудан дақиқан ҳамон навори тоҷикбачае буд,ки ду рус ӯро маҷбуран ба корҳое вомедоранд,ки ҳеҷ инсоне тобу тавон ва тоқати ин таҳқирро надорад. Пас аз ба ҳуш омаданам боз Умарро пурсидам чи хабар асту чаро эълон кардед ин ҳолатро ? Гуфт хело тарсидам ва нахостам чизе аз касе пинҳон бимонад ва бахшиш ин кор нохудогоҳ нсурат гирифт, чун намедонистам чи кор кунам дар он ҳолат. Умар гуфт зангҳо хело зиёданд ва ҳама аз ҳолатон мепурсанд чи гуям намедонам дада? Ҳануз ҳавсала надоштам ва чизе нагуфтам. Пас аз як рӯз боз Умар гуфт дада устод Абдуқодирро зиндонӣ карданд ин номардҳо. Гуфтам Абдуқодири Рустамро?Гуфт бале вале ором бошед ин амалкарди ҳамешагии режим аст дигар. Ва, вақте ҳам, ки ба худ омадаму ҳушам сари ҷояш меомад, чизе,ки бештар зеҳнамро машғул медошт ва хиёламро мекашид боз ҳам вазъу ҳолои ҳамин адиби рушанфикр Абдуқодири Рустам буд. Ман бо эшон ошноӣ надорам,вале бархе аз навиштаҳояшонро ва назарҳояшонро мехондам.

Боздошту иттиҳом задани ин ҳукумат дар нисбати чунин бузургон кори тозае нест. Ҳамин ки қадами номубораку нопоки ин қавми аҷнабӣ вориди пойтахт шуд, устодони калом Муъмин Қаноату Гулрухсору Лоиқ Шералӣ тарки Душанбе карданд. Бозор Собир «успет» накард. Дар зиндонаш андохтанду ахиран ӯро мубодила намуданд ҳамчун асир. Табиати ин қавм ҳамин аст. 31 сол не, 331 соли дигар ҳам бигзарад, инҳо иваз намешаванд. Хона-музейи домулло Садриддин Айниро кам монда буд, ки тахриб кунанду дар ҷойи он барои Рустам бардел ва дискоклуб бисозанд.Ҳоло, ки ба ин муваффақ нашуданд, акнун хонаи устод Мирзо Турсунзодаро тахриб мекунанд ва дар ҷояш барои Азизмои газетхонак ва Таҳминаи клеопатраву Озодаи қил –«дикий пляж» сохтанианд. Ин қавм ҳамин аст, дигар намешавад. Барои инҳо абдуллораҳнамоҳо, атомирхоҷаҳо, давлатсафарҳо, раҳмоншералиҳо, саъдимаъдиҳо, сайёфимизробҳо ва амсолуҳум даркор аст ки билесанду бимоланду бигиранду бибаранду бихуранду бибавланду бишошанд.Тамом. Фалсафа ва моҳияти ҳаёту зиндагиашон ҳамин аст ва ҳамин қадар аст.

Сахт метарсанд. Дар ҳақиқат метарсанд. Инҳо аз мардум метарсанд. Чунки сартопо ҷиноятанд. Хурдтарин садоро бояд хафа кунанд, то сироят накунад, густариш наёбад.

Ҳоло инҳо дар сари хирман ҳастанд.Дар сари дастурхони пур аз нозу неъматанд. Намехоҳанд, ки ҷудо ва канда шаванд, дур монанд. Чизеро, ки тамоми авлоду аҷдодаш орзу мекард ва намерасид, ҳоло доранд.

Ман метавонистам аслан дар ин бора нагуям. Худамро ба нафаҳмӣ ва нодонӣ бизанам. Аммо боз гуфтам бигзор мардум бидонад, ки ин қавми дузду ғоратгар, ки мисли гови зотӣ (як бор ба афту башараи давлат сафар нигоҳ кунед) сар дар охуранд.Чи қадар дилашон мехост, ки ман бимирам. Инҳо афроде амсоли Абдуқодирро чашми дидан надоранд. Барои инҳо мо ҳамаамон,чи муллову чи зиёиву чи адиу чи олиму чи деҳқону чи …хуллас, тамоми миллат бояд сокит бошем. То ки инҳо роҳат ва ором хуранд, хобанд, бача зоянд. Махсусан Раҳмонов, ки гуё ягон гапи зӯр мегуфта бошад, мегуяд «зиндагӣ мубориза аст» ва гуё вай мубориза карда бошад.Ин маҷҳулуннасаби беимон даврони бачагиашро дар ҳасрати нони серӣ сипарӣ кардааст,ин шароитеро,ки ҳоло дорад,дар хоби шабаш намедид.

Ин як малъуни бешарафи худозадаи куҳрии номусулмони нодидаи гушнапурзури носерами гарданбалонигазии руйҳо дунбаи гусфандии даюс аст. Ба вай рафтанду гуфтанд, ки Абдуқодир туро танқид кардааст, Абдухалил туро танқид кардааст. Ва Юсуф Раҳмон давлатсафарро «фас» доду давлат сафар, раҳмон шералиро ва сипас тамоми селаи гургону тудаи шағолон часпиданд.

Ва ҳоло акнун ду академики ҷаълӣ:Авдуҷабори кавлук сафири Тоҷикистон дар Тошканд ва Эмомалӣ Насриддинзода,ёрдамчии президент дар умури иҷтимоӣ бар зидди китоби Абдухалил Холиқзода мақола менависанд,то барои Юсуф Раҳмон далел бофанд.Э,шарматон бод,шумо аз кучаи илму адаб ногузаштаҳоро!

Ба худо дар руйҳои Эмомтапак нигоҳ мекунӣ, ранги дунбаи пирмеш овезон ва қошҳояш қошҳои Чингизхон аст. На ранг дорад на намуд. Кареҳманзар, қабеҳчеҳра. На нуреву на симои башарӣ. Вале чашмонаш ҳамоно хунталаб аст.

Як нафараш маро гуфтааст, ки ғарибмазор мешавад мисли падараш. Бале, тарҷеҳи зиндагӣ бар хорӣ ва зиллат, бигзор, ки ғарибӣ ҳам бошад, ин шиори ман аст ва набояд фаромуш кард,ки Аллоҳ дар китоби ҷовидонааш фармудааст:

وَالَّذِينَ هَاجَرُوا فِي اللَّهِ مِن بَعْدِ مَا ظُلِمُوا لَنُبَوِّئَنَّهُمْ فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً ۖ وَلَأَجْرُ الْآخِرَةِ أَكْبَرُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ

[الجزء: ١٤ | النحل ١٦ | الآية: ٤١]

Тарҷума :  “Ба онон, ки мавриди ситам воқеъ шуданд ва дар роҳи Худо ҳиҷрат карданд, дар ин ҷаҳон ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар бидонанд, музди охират бузургтар аст”

(Сураи Наҳл, ояти 41)

Яъне ононе,ки тарки диёру хонаву кошонаи худ карданд ба хотири Аллоҳ ба иллати зулму ситаме болояшон сурат гирифт. Барои он муҳоҷирон дар ин дунё хонаву кошонаи хубе муҳаё мекунем. Аммо аҷру подоши охират бештар аз онест,ки дар ин дунё барояшон дода будем. Агар ононе,ки ҳиҷрат накарданд медонистанд чи ҷойгоҳеро ин муҳоҷирон назди Аллоҳ соҳиб гаштаанд ҳаргиз наменишастанд дар зери он зулму ситам ва ҳиҷрат мекарданд аз он диёр.

Ба ояти муборакаи дигар диққат диҳед:

وَمَن يُهَاجِرْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ يَجِدْ فِي الْأَرْضِ مُرَاغَمًا كَثِيرًا وَسَعَةً ۚ وَمَن يَخْرُجْ مِن بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا

[الجزء: ٥  |  النساء  |  الآية: ١٠٠]

Тарҷума : “Он кас, ки дар роҳи Худо тарки ватан кунад (ҳиҷрат кунад) , дар рӯи замин бархӯрдориҳои бисёр ва кушоишҳо хоҳад ёфт. Ва ҳар кас, ки аз хонаи хеш берун ояд, то ба сӯи Худо ва расулаш ҳиҷрат кунад ва он гоҳ марг ӯро дарёбад, муздаш бар ӯҳдаи Худост ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!”

(Сураи Нисо, ояти 100)

Агар фазли ҳиҷратро медонистед ва аҷру подоше Аллоҳ барои муҳоҷирон ваъда намудааст таманнои онро мекардед.

Дар мавриди фазл ва ҷойгоҳи ҳиҷрат садҳо сафҳа нависам кам аст. Дар мавриди марг дар ҳиҷрат бошад ҳазорон маротиба бо арзиштар аст аз марг дар ватан.

Диққат диҳед ба ин ду ҳадис :

Аҳодиси зиёде дар фазли шахсе дар ҳиҷрат вафот мекунад дар суннати набавӣ омада аст.

Имом Табаронӣ онро ривоят карда аст мазмуни ҳадис чунин аст:  “Шахсе аз хонааш хориҷ мешавад дар роҳи Аллоҳ ва дар аснои ин сафараш (ҳиҷраташ) агар дар ҳар ҳолатҳое мисли аз асп афтодан, аз уштур афтодан, ё ҳашароте ӯро газад ва ё дар ҳар азияте ҳатто дар рахти хобаш вафот кунад агар Аллоҳ хоста бошад ӯ шаҳид аст”

Имом Аҳмад, Насоӣ, ибни Моҷа ва ибни Ҳиббон аз ҳадиси Абдуллоҳ писари Амр ривоят мекунанд, ки як марде аз аҳли Мадина вафот кард.

Расулуллоҳ, صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ҷанозаашро хонду сипас гуфт: “Эй кош дар ғайри зодгоҳаш вафот мекард”.

Асҳоб пурсиданд чаро эй Расулуллоҳ?

Расулуллоҳ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ гуфтанд: “Вақте мард дар ғайри зодгоҳаш (дар диёри ғурбат ва ҳиҷрат) вафот кунад, қабраш ба миқдори масофаи зодгоҳаш васеъ мешавад дар ҷаннат аз он неъматҳое, ки махсӯси ҷаннатиён аст бархурдор мегардад”.

Худованди бузург  хеле ҳам собири басабр аст. Вале рӯзашро меоварад.Ин чизе нав нест. Ҳамин Нурсултон Назарбоевро бубинед, ки қиблаву каъба ва улгуи Раҳмон буд, чи шуд? Ҳамарӯза хабари расвоиҳояш дар расонаҳо кашида мешавад.

Қасам ба азамати Аллоҳ, дар ин чанд рӯзе, ки дар чунин ҳолат гирифтор шудам ва зикри Аллоҳи чорасоз ,ки ҳеҷ гоҳ аз забонам канда нашудааст, пеши назарам фақат устод Абдуқодири Рустам намоён буд.

Ба назарам ӯ охирин аз зиёиёни боғурур ва соҳиби андешаву афкори мустақил буд ва зери бори ҳеҷ касе нарафта буд ва худро мегуфт ва аз худ мегуфт. Қомати баланду болои ӯ қомати баланду болои ғуруру шукуҳу шаҳомат ва ҷасорату шарафи миллати тоҷик буд.

Вақте ҳамчунинҳо зери по ва шикаста мешаванд, миллат таҳқир мешаваду як Заҳҳоке миллатро метозаду қамчин мекунад,қалби афлок ба ларза медарояду дуд аз димори замин баланд мешавад. Ин қавм болои адабиёт ҳам дастони хунолуди худро гузошт.

Ман бар ин бовар нестам, ки СС.Ятимов инҷо даст надошта бошад. Тамоми ҳаракоти зидди Абдуқодир ҳаракоти «СС»-и аст. Агарчи нақши Юсуф Раҳмон дар ин боздошт қавитар ва барҷастатар аст. Чун дигар худро дар курсии президентӣ дида истодааст.

Ҳоло ин тоифаи аҳмақу аблаҳ назарашон ин аст ки Раҳмонов, наузубиллоҳ муназзаҳ ва мутаҳҳар  ва маъсум аст ва набоядам интиқод бишавад.

Аммо, аммо вай як ишкамбаи пур аз ахлоту ошғол аст. Вай аз сар то қадамаш ишкамба, ишкамбаи пур аз г.. аст. Касе нест, ҳиҷ кас нест.

Юсуф Раҳмон мегуяд, ки Абдухалил Холиқзода шукри Раҳмонов накардаву ӯро танқид кардааст. Ин Юсуф Раҳмон ба масал магас асту Эмомалӣ Раҳмонов ахлот ва табиист,ки магасҳо гирди ахлот зиёд мешинанд.

Мехостам ба адибони «боло» муроҷиат кунам ва бигуям, ки э бародарҳо шумо чи  кораед, дар фикри чи астед? Шумо миллатро фақат аз зовияи ишкамбаи Раҳмонов набинед.

Гуфтам, бигуям, ки як бор ҳам шуда астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳ гуед.

Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Бароталӣ Абдураҳмон, Аҳмади Ироҳим, Абдуқодир Талбакзода…шумо як бор ба ин ишкамбаи пур аз гуҳ бифаҳмонед, ки чи мусибатҳоеро болои ин миллат оварда истодаӣ, озору азият дода истодаӣ. Вале, намедонам инҳо чизе мегуянд ё хайр ва ҳарфи инҳо таъсире хоҳад дошт?

Ин чиз дақиқ буд, ки Раҳмони Шералӣ дастур иҷро карда буд. Маҳз ҳамин нафар айбнома-фикри айбдоркунӣ барои Абдухалил омода кард. Ҳоло агар духтари ховалингӣ неву духтар  бар фарзе ғармӣ буд, раги ғайрати Раҳмон Шералӣ меҷунбид?Агар ин тавр номусдорӣ як бор биё Русия ва бубин, ки чи гапҳо аст? Дар инҷо ҳазора, не нобуридҳо андозандоз карда истодаанд. Ва,нафақат ховалингӣ, фархорӣ, балҷувонӣ, кангуртӣ, кулобӣ, ғармӣ, ҳисорӣ, бадахшӣ,зарафшонӣ..тамоми миллатро.Аз болои кадоме аз онҳо мақола мекунӣ ва парванда месозӣ?

Агар аз мавқеъ ва дидгоҳи шумо бигирем, ин китоб дар руҳияи тарафдорӣ аз фронти халқиҳо ва зидди наҳзату муллоҳо ва ғармиҳо навишта шудааст. Вақте дар бораи Помир ва бадахшониҳо менависад аз Шириншо Шотемур ёдоварӣ мекунад аммо аз Нусратулло Махсум аслан ҳарфе намезанад. Ва ё хонаводаи муътабару муҳтарами Тураҷонзодаҳоро, ки ҳазорон муриду мухлис дорад «оилаи табаҳкор» мехонад. Охир ин китоб “Хотираи рӯзгори ман” аст. Шахс хотироти худашро навиштааст, на аз миллат ва мардумро дар умум.

Ҳоло барои ин гапҳо бигирему зиндон кунем?

Акнун,фикр кунед, ки ман ба дасти инҳо биуфтам чи хоҳад шуд? Ман, ки тамоми фисқу фасод, хидъаву иръобу ҷурму ҷиноятҳои инҳоро ифшо карда истодаам, чи иттиҳоме мезананд?

Ин қавми аҷнабӣ ҳоло тамоми талошашро карда истодааст, ки маро аз инҷо ба ватан бибарад. Маълум аст ки бибурд, чи хоҳад шуд.

Ахиран Юсуф Раҳмон боз ба мақомоти Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо дигарбора нома навишта ва талаб кардааст, ки маро дастгир кунанд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо дар он дархост «далелҳои нав» пешниҳод гаштааст. Чи тавре хабар расид, ҳодисае, ки чанд рӯз пеш дар марз ташкил шуд ё гуё рух дод, ки гуё се нафарро безарар гардониданду миқдори зиёди яроқу аслиҳа ёфтанд, ҳамааш бо контроли ман ва устод Кабирӣ сурат гирифта аст. (манзурашон ҳодисаи 5-сентябр дар Кеврони Дарвоз аст, ки гуё се узви «Ансоруллоҳ» кушта шудааст). Ман гуё худро аз саҳнаи маҷозӣ,интернет дур ва бемор кардаам, то онки ин нақшаро назорату контрол кунам. Гуё аз киссаи пеши яке аз он се нафаре, ки мақомот безарар гардонид, телефон ва дар он нақшаҳо бо амри ман пайдо шудааст. Бовар кунед дигар намедонанд чихел саҳнасозӣ ва иттиҳом намоянд. Дигар наметавонанд мардона аз худашон ва режими фосиди корношоямашон ҳимоят кунанд, чун режими ботил ва ғайри миллӣ ва мардумӣ аст.

Хулоса, бо корбурди ҳазоруяк ҳиллаву найранг мехоҳанд ба ҳадафи нопокашон бирасанд. Манбаъе, ки ин хабарро расонд гуфт,ки

«Зиёд кушиш доранд, ки бо шумо дар алоқа бароянду ба дом афтонанд. Шуморо гуё ба суҳбати мардакӣ даъват карда аз барои Аллоҳ гуё рост гап мезананд: «Э,и маълумотҳо дуруған, ту мусалмонӣ, туҳмат гуноҳай». Бо ҳамин гуна гапу ҳарфҳо ба шумо часпониданианду бо сум дар бораи нафарони ба шумо маълумотдиҳанда информатсия хариданианд.

Дар маҷлисҳои махфӣ гуфтанд, бачаҳое, ки ба Шумо содиқанд сахт хавотир шуданд, ки «яке наброя ягон гап». Мардум медонад, ки «шумо мардида марден ва асосаш, ки эмонтон мустаҳкам аст».

Иншоаллоҳ, бале. Имони ман қавӣ ва мустаҳкам аст ва ҳеҷ ба истилоҳ «информатор»-и худро маълум намекунам, агарчи ин манбаъҳо дар даруни худи онҳоанд ва наздики худи онҳоанд ва ҳиҷ гоҳ ба инки онҳо маълумот медиҳанд, шакку шубҳа ҳам намекунанд.

Бубинед, ки дар ҳамин чанд рӯзи дар бистари беморӣ хобидани ман чи достону ривоятҳо бофтанд:

«Раиси КДАМ-и вилояти Суғд Зубайдзода Алихонро дар Дастгоҳи иҷроя зиёд таъриф карданд, ки аҳсан мардуми ватандустро бар зидди Муҳаммадиқболи Садриддин баровард ва дар пахшҳои мустақим фаъоланд. Маҳз ҳамин сабаб гашт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин мағлубияташро эҳсос намуд, бемориаш зиёд гашт.

Ҳозир акнун ҳамаи мақомотҳо ин иқдомро пеша карда тайёрӣ дида истодаанд, ки одамонашонро дар пахшҳои мустақим бароранд ва нишон диҳанд, ки онҳо ҳам метавонанд».

«Тамом, Муҳаммадиқболро дору доданд. Мо одам ворид кардем дар атрофи Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол, имрӯзҳо одамҳои мо сар карданд. Акнун мо бо писари Муҳаммадиқбол, ки номаш Умар аст, дар алоқа ҳастем ва бояд рӯзҳои наздик маълумотҳои телефони падарашро ба мо диҳад, ки кӣ ба Муҳаммадиқбол маълумотҳо равон мекард. Мо Умарро фаҳмондем, ки падаратро душманони миллат фиреб дода истифода мебурданд. Падарат фақат мегуфт, ки ақалан фарзандҳоямро ватан баред, дар ватан бошанд.»

«Баъзе мегуфтанд, ки ин туҳфа ба ҷашни Истиқлолияти Миллӣ аст, ки тавонистем Муҳаммадиқболро аз саҳнаи маҷозӣ барорем. Яъне дигар Иқбол баромад намекунад.

Хулосаи гап, зиёд нафароне, ки ҳамкорӣ мекарданд, дар ҳаросанд. Чун овозаҳое, ки гуё Муҳаммадиқболи Садриддин суме надорад, ки пули болницаро диҳад, барои ҳамин баъзе маълумотдиҳандаҳоро ба мақомот ба ивази маблағҳои калон фурухта истодааст. Мақомот дар маҷлисҳояш мегӯяд, ки мо гуфта будем,ку Иқбол ҳамаи ононеро, ки ба ӯ занг мезананд, аввал диктофонашро гирён мекунад, баъд гап мезанад.

Як нуктаи муҳим, ин аст ки худат Устод дар чашми миллат шахси бовариноки софдилӣ. Мақомот бошад бояд шуморо нишон диҳад, ки шумо манфиатҷу ва мақсади шумо дарди миллат не, балки зери  ин ном сум кор карда истодаед».

Ва чанд мавриди дигар дар бораи «фарзияҳо»-и бемории ман. Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва домоди Эмомалӣ Раҳмонов бо муҷарради шунидани хабари бемории ман «ош» ташкил кардааст. Даври ин ош чанд кас шиштаву хушҳоливу хурсандӣ кардаанд, ки «акнун гушҳои Ҷаноб ором мегирад ва касе «настроения»-ашро «портит» намекунад.”

Шоҳрух Саид ҳам изҳори хушҳолӣ кардааст, ки одамҳои «внедрят» кардааш кори худро бомуваффақият анҷом доданд.

Чанде аз ин фарзияҳоро менависам:

«Одамҳои «внедрят» кардаи мо доруро додаанд. Тавонистаанд, ки нақшаи бар уҳда гузоштаашонро анҷом диҳанд. Акнун кори Муҳаммадиқбол тамом».

«Бар зидди Шоҳруху отааш-генерал Шоҳрух Саидзода, сардори УУР-Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва генерал Фаттоҳ Саид,собиқ раиси Агентии мубориза бо коррупсия як  барномаи «разоблачителний» мекард, пеши роҳашро гирифтем».

Боз тарафи бегоҳ фарзия дигар шуд: «бо бачааш дар алоқа баромадем, бачааш Умар, фаҳмондемаш, бачаи мефаҳмидагӣ будааст. Бояд телефонҳои отаашро кушояду ҳамаи контактҳоро ба мо бичаспонад».

«Мутаассифона, беҳтар шудааст, мемурд,ки халос мешудем».

«Ин спектакли худаш аст. Чунки бисёр қарздор аст, аз налог қарздор.»

«Шоҳрух пули калон роҳӣ карда ва гуфтааст барномаро накуну бираву якчанд рӯз дам бигир. Барои ҳамин дигар на «Минбари муҳоҷир» мекунад на ягон чизи дигар».

«Қандаш баланд шудаст, қарздорҳо ба сараш омадаанд».

«Дар онҷо бизнес дорад, бизнесҳояш ништяк аст. Хуб, одам аст дигар, одам касал мешавад»

Акнун инро аз ман бояд шунавед ва хуб бо диққат ҳам бошед!

Дар хуни ман хиёнат ҳаргиз ҷой надорад.На дар хуни падарам буд ва на дар хуни бобоҳоям. Инчунин дар хулқ ва хуни писаронам ҳам ҷой надорад. Шумо ҳамаро мисли худатон харидашаванда ва фурухташуда напиндоред.Ҳар касе бо мо кор кард, шахсияти ӯ ҳаргиз ифшо нагаштааст ва нахоҳад гашт. Он вазиру генералҳо,ки бо мо ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ ва ҳампаймонӣ доранд худашон хуб медонанд инро. Дар тули ин ҳама сол ҳеҷ нафаре ифшо нашуда ва боздошт ҳам нашудааст.

Ду рӯз қабл як суҳбате доштем бо як мақомдори болорутба,дар ин бора,ки ман бар ивази чи чизҳое омодаам,ки сокит бишавам.Аммо ман рад кардам.Барои чӣ рад кардам масъалаест,ки танҳо миёни ману ӯст ва хуб фаҳмид,ки мо муборизем ва муборизи роҳи ҳақиқат ва адолат будан яъне чӣ? Онҳое дар кабинетҳо нишастаед ва ҳама ончи ба шумо доложит мекунанд бовар накунед ва худатонро хушҳол накунед. Ин шо Аллоҳ мо пирӯз мешавем ва инро шумо бо чашмонатон хоҳед дид!

Дар давраи аввали муборизаҳо ҳам айнан ҳамин ҳарфҳоро дар нисбати мо мегуфтанд,ҳоло ҳам такрор карда истодаанд.Аммо боз худашон зону заданд.Раҳмонов барои он ба худаш унвони қаҳромони Тоҷикистон дод,ки “нотарсида” пши устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хусдеҳи Афғониистон рафт.Ин корро такрор мекунад.Пеши мо меояд ва “дважди” қаҳрамон мешавад,албатта агар то он руз намурад.

Ҳамаи ин хабарҳо ба ман бо ҳар роҳу василае расиданду ҳоло ҳам доранд мерасанд.

Аммо дар баробари ин дуоҳову ниёишҳои шумо дӯстони азиз, мухлисону ҳаводорон ҳолати маро, саломати маро лаҳза ба лаҳза тағйир медод ва маро бештар таҳрик мекард, ки ин ҳама мардумро набояд ноумед кард:

“Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу.Устоди азизу гиромӣ ва бузургвори ман. Баробари дидани шумо дар бистари беморӣ ашк аз чашмонам ҷорӣ шуданд. Бо худ гуфтам чаро золимонро дар пояшон хор намезанаду аммо бузургворонро дарду ғам думболагир аст.

Устоди азизу гиромӣ! Шумо ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошед.Мо ҳама бо шумоем. Ман ҳамеша аз даргоҳи Офаридгор хоҳонам, ки устоди маро дар паноҳаш нигаҳбон бошад. Устоди азиз, Худоё зудтар ба по бархезеду бо ҳамроҳи мо бошед. Бо умеди пирӯзӣ, як бародари ғариби шумо”!

Ончунон паёмҳои садоӣ ба шумораҳои вотсап ва телеграми “Ислоҳ” аз мардум омадааст,ки аз якояки азизон изҳори сипос менамоям,ки аз ҳоли мо мехостанд огоҳӣ пайдо намоянд.

“Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Устоди азизам саломатиатон чи тавр аст, ҳичи хуб шудаед, чиқадар вақт шуд, ки аз шумо хабар надорам. Бисёр зиқам.Ҳадди ақал як бор бароеду гуед, ки ман хуб ҳаст….”

Бо айни ҳамин мазмун 11000 номаву паёмҳои шумо, азизони хонандаву бинанда, мухлисони «Ислоҳ»-ро дарёфт кардам. Дуоҳову хоҳишҳои шумо маро бо лутфу карами Аллоҳи пок шифо бахшид  ва ман қарзу фарзу рисолати худ медонам,ки роҳеро, ки пеш гирифтаем, боз ҳам бипаймоем ва боз ҳам собитқадаму устувор ва росих бошем.

Ва, охирин чизе ки гуфтаниам ин аст ки мақомоти ноҳияи Шаҳристон боз ҳам ба он мудир ва муаллимҳои МТМУ№ дастур додаанд, ки «тайёрияшро бинад». Муҳаммадиқбол боз барнома мекардааст… Гуфтанд,ки руҳияи мудир бисёр ҳам харобу бад буд ва он рӯз ҳатто натавонист то ба охир дар мактаб бимонад. Муаллиму талабаҳоро ҳам хеле барвақт ба хонаҳо ҷавоб додааст….

Дар фарҷом аз ҳамаи шумо миллат ва мардуми азизи кишвар изҳори сипос менамоям ва ҳамаи шуморо дӯст дораму бароям так таки шумо азизед. Ман медонам барои кӣ кор мекунаму талош меварзам, ман медонам бар алайҳи кӣ истодааму мубориза мебарам, ман дар ин муборизаам ин шо Аллоҳ содиқ хоҳам монд. Ман баргаштам, то кори нотамомамро бо ҳавлу кумаки Аллоҳ ва душодуши ҳам якҷо ба поён расонем. Мо бо ҳам метавонем ин корро анҷом диҳем…

Сообщение Дуоҳои Шумо азизон маро дубора ба мубориза баргардонд появились сначала на ISLOH.net.