Архивы Муҳаммадалӣ Ҳайит - ISLOH.net

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(бахши саввум, давраи панҷум)

Ҳамлаҳои бидуни вақфа ва мудовими расонаҳои расмӣ ва тохтутозҳои «фабрикаи ҷавоб», ки то пойи шоир Бозор Собирро ҳам ба компайни зидинаҳзатӣ кашида буд, дар матбуоти он рӯз бо номи  маъракаи «Антинаҳзат» ном бароварда буд. Тамоми гуруҳҳои фикрии кишварро ба ҷони ҲНИТ андохтанд. Вале, ин ҳама барои бастани ҲНИТ танҳо фазосозии маснуиву ҷаълӣ беш набуд. Аммо, ҲНИТро Раҳмонов, онгуна ки дар Пртоколи 32/20 дидем ба дасти мақомоти қудратӣ супорида буд. Аз инҷо буд, ки билофосила, баъд аз анҷоми нақшаи ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим мақомоти Тоҷикистон ба боздошт ва ҳабси аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ кард. Дуруст аст, ки парванда алайҳи ҲНИТ то ин кудето ҳам омода шуда буд.

Аммо ташкили ин кудето охирин шонсу охирин илоҷ ва охирин чораи ҳукумат барои маҳву маҳори ҲНИТ буд ва ҳукумат барои иҷрои ин ҳадаф «калаву пуст» зад.

Акидан таъкид мекунем ки бастани ҲНИТ танҳо ва танҳо ба Раҳмонов муҳим ва зарур буд. Ин танҳо Раҳмонов буд, ки бо ҲНИТ хусумат ва ҳасодат дошт. Баъди омадани устод Муҳиддин Кабирӣ дар раъси ҲНИТ танаффур ва душмании Раҳмонов як бар ҳазор боло рафт.

Аммо ба рағми муроди Раҳмонов ҳар қадр ки вай болои ҲНИТ фишор овард, ҳар қадр ки  хост онро камрангу беқувват ва заиф нишон диҳад, баракс мешуд. Шумори тарафдору ҷонибдорони ҲНИТ меафзуду меафзуд ва аксарияти мардум бар ин бовар буданд,ки танҳо ҲНИТ аст ки метавонад кишварро аз зери юғи ҳукумати оилавӣ-қабилаӣ раҳо кунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон тарафдорӣ ва пуштибонии густардаи мардумро ба даст оварда буд. Ва,аз инҷо буд, ки ба ҲНИТ ҳамчун неруи наҷотбахш раъйу овози худро медоданд. ҲНИТ ба як воқеъияти қотеъ ва инкорнопазиру устувори ҷомеа бадал гашта имкон надошт, ки бо вай ҳисобу китоб карда нашавад. Ҳамин Абдулло Раҳнамо, ки ҳолоҳолоҳост роли ҳазордостони Раҳмоновро мебозад, дар он солҳо роҷеъ ба ҲНИТ мегуфт, ки «..имрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст» ва боз ҳам мегуфт, ки «Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст»  ва беш аз чунин тафсиру таъвил мекард: «дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳият на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.»

Қисматҳои суҳбати Абдулло Раҳнамо аз ҳамоише таҳти унвони «ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» овардем, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» мунташир шуда буд.

Ва, аммо  Прокуратураи генералӣ Ҳизби наҳзати исломиро тарроҳ ва пуштибону ҳодии ин кудето хонд ва аз Суди олии кишвар хост, ки фаъолияти онро манъ кунад.

Мурофиаи додгоҳии ҲНИТ махфиёна ва дур аз чашми ҷомеаи кишвар доир шуд. Инро ҳам бояд бигуем, ки алайҳи ҲНИТ на танҳо Прокуратураи генералӣ, чанде дигар аз ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам шикоят карданд.

Додгоҳи олӣ 29 сентябр, ҳануз ду ҳафта аз кудетои ҳоҷӣ Ҳалим нагузашта буд, ки ҲНИТро баст ва бадтар аз ин террористӣ эълон кард.

Бар алайҳи ҲНИТ ҳатто вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам шикоят кард ва намояндаи он аз додгоҳ хост ин ҳизб мамнуъ ва террористӣ шинохта шавад:

«Намояндаи Вазорати фарҳанг Сафаров Давлат аризаи Прокурори генералиро пурра дастгирй намуда, баён кард, ки роҳбарон ва аъзои ин ҳизб давоми панҷ соли охир даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористй зада, дар байни аҳолй, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон, амнияти миллй гардида, асосҳои сохти конститутсионй, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият карда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шавад.»

Бале, ин ҳамин Давлат Сафар аст, ки ҳоло муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мебошад.   Аммо агар ҲНИТ тавассути васоити ахбори омма даст ба аъмоли ғайриқонунӣ зада буд, чаро як бор дар ин панҷ сол(!) –и мавриди назараш як бор огоҳинома ба ин ҳизб нафиристод. Ин ҳизб тайи он панҷ соле, ки Давлат Сафар дар назар дорад, дар кадом минтақа ва маҳалли Тоҷикистон бесуботиву ноамнӣ, ки боиси халалдор шудани ҳаёти осуда шудааст, ба вуҷуд овард? Ҳиҷ мисолу мадраке пешниҳод накардааст.

Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон ба Додгоҳ протоколҳои гуё бо хоҳиши худ бастани шуъбаҳои ноҳиявӣ ва ихтиёран аз суфуфи ҲНИТ хориҷ шудани масъулин ва аъзои онро пешниҳод карда талаб намудааст, ки ҲНИТ баста шавад, зеро вай дигар ҳуқуқи ҳамчун ҳизби умумиҷумҳурӣ амал карданро надорад:

«Дар суд далелҳои зерин мавриди омӯзишу баррасй қарор дода шудаанд; протоколи ҷаласаи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончй аз 06 апрели соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастҷоҳ аз 11 июни соли 2015, протоколи ҷаласаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, протоколи Маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оиди қатъ намудани бахши ҳизб аз 07 майи соли 2015,…..» ва дар умум вазорати адлия ҳудуди 80 протоколро далел меоварад, ки бахшҳои ноҳиявӣ дигар амал намекунанд:

«Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодгардида қисмати зиёди аъзоёни ҲНИТ ихтиёран узвияти ҳизбро тарк намуда, тавассути баромадҳояшон дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Шабакаи чаҳонии Интернет амалҳои ғайриқонунии ҲНИТ-ро фош ва маҳкум намудаанд.

Далелҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ҲНИТ ва шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба ин ҳизб шомил гардида, баъдан ихтиёран аз узвияти ҳизб баромадаанд, дахолат накардаанд.

Суд муайян намуд, ки сабаби асосии ихтиёран хориҷ шудани шаҳрвандон аз ҲНИТ ва қатъ кардани фаъолияти бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо он мебошад, ки роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба ҷинояту амалҳои номатлуб даст зада, боиси коста шудани нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа ва байни аъзоёни он гардидааст.

Доир ба масъалаи мазкур ба Вазорати адлия дар маҷмуъ, 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти ҲНИТ ворид гардидааст.

Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки гарчанде Вазорати адлия ба унвони роҳбарияти ҳизб огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуниаш ирсол карда бошад ҳам, аммо Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаҳои пешниҳодшударо баэътибор нагирифта, қарорҳо ва санадҳои дар боло зикргардидаро ғайриқонунӣ бе баррасӣ мондааст».

Ҳамин тавр Суди олии Тоҷикистон барои бори дуввум (бори аввал соли 1993) 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТро баст ва онро террористӣ эълон кард. Давлати Тоҷикистон аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ талаб кард, ки бо вай ҳамовозӣ ва ҳамраъйи кунанд. Аммо баракс, ҷомеаи байналмилалӣ ин кори ҳукуматро интиқод кард

Хабаргузории расмии Ховар ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистонро мунташир кард, ки он нусхаи иттиҳомоте буд, ки Прокуратураи  генералии Тоҷикистон нисбати ҲНИТ зада буд:

“Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Азизов Ш.О., бо котибии Искандарова М., иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Р.Б., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И.Ҷ., Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Д.Ш., Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҳ.3. ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Медиков М., Мирзиёев Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ 29 сентябри соли 2015 парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, пайдо намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда,

ҲАЛ КАРД

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб қонеъ карда шавад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шавад.

Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шавад.

Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ карда шуда, Вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj  ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Партия исламского возрождения Таджикистана», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Партия Исламского Возрождения Таджикистана», дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои «Ҳизби наҳзати исломии», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳизби наҳзати исломии TJK», «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ДАР Н.ҚУМСАНГИР» ва дар шабакаи иҷтимоии  www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti баста шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст.

Ва, як соли баъд аз иттихози ҳалномаи Суди олӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон”,дар як мусоҳибаи муфассал бо Азизов Шамс Одинаевич,  қозии додгоҳи парвандаи ҲНИТ мусоҳиба орост ,ки ҳоло як қисмате аз онро инҷо меоварем:

“-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

—Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт.  Айнан хабари сомонаи “Payom net”-ро, ки тааллуқ  ба  ҳизби  мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки  байни  Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз  Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори  Давлат  аз  муовини  раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот  ред.) даст  дорад  бовар мекунад? Муовини  Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки  ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  дар  овардани  далелҳо  ба  сохтакорие  роҳ  доданд?

— Аз як ҷониб нишондоди Абдулазиз Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам” ”.Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим…..

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт». «Тоҷикистон» 30.10.2017

Ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон дар нисбати ҲНИТ на як санади ҳуқуқӣ, балки комилан сиёсӣ буд. Ин ҳалнома аз ягон ҷиҳат ба ҳалномаҳои дигари Суди Олӣ шабеҳ набуд. Барои таъйиди ин иддио аз арзёбиҳои  “Бунёди Бузургмеҳр”                       ( Buzurgmehr Foundation) ро роҷеъ ба ин ҳалнома чанд қисматеро иқтибос меоварем:

Дар қисми хулосавии Қарори судӣ навишта шудааст: “Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”.

Истифодаи калимаи “ба тарафхо” маънои онро дорад, ки дар мурофиа ду тарафи муқобил иштирок доштанд. Вале чи хеле, ки мо аз омӯзиши Ҳалнома мебинем дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт. Дар асоси нишондоди шоҳидон ва маълумотҳо аз мақомоти қудратии Тоҷикистон аризаро Прокурори генералӣ санаи 25 сентябри соли 2015 ба Суди Олӣ равон кардааст. Баррасӣ ва Ҳалнома бошад, дар як рӯз анҷом дода шудааст – 29 сентябри соли 2015. 25 сентябри 2015 сол рӯзи ҷумъа мебошад. Рӯзҳои дигар, яъне 26 ва 27 сентябр рӯзҳои истироҳатӣ мебошад ва судҳо кор намекунанд.

Ҳамин тариқ барои баррасӣ ва қабули Ҳалнома аз рӯи аризаи Прокурори генерлӣ ба Суди Олӣ фақат ду рӯз 28 ва 29 монда буд. 29 сентябр мурофиаи судӣ оғоз шуд, яъне барои Ҳайати Суди олӣ фақат як рӯз барои омодасозии парванда, ирсоли хабарнома ва даъватҳои судӣ, омӯзиши аризаи прокурори генералӣ ва санҷидани пуррагии далелҳои пешниҳодшуда барои оғози мурофиаи судӣ, ирсоли нусхаи ариза ба намояндаи ҷавобгар, пурсидани ҷавобгар оид ба аризаи пешниҳодшуда ва ғайра амалҳоеро, ки қонугузорӣ дар моддаи 153 КМГ овардааст, кофӣ кардааст. Гузаронидани чунин амалҳои мурофиавӣ аз қабили омодасозии парванда, маҷлиси пешакии судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ дар як рӯз ғайриимкон ва шубҳанок мебошад. Ҳол он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасии аризаҳои худро муддатҳои тулонӣ (се чор моҳ ва ҳатто солҳо интизор мешаванд).

Ба ғайр аз ин ба намояндагони ҲНИТ дар асоси муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун нусхаи Ҳалномаи судӣ супорида нашудааст.Дар ҳар ҳолат бояд суд ба намояндагони ҲНИТ хабарнома равон мекард. Дар ҳоле, ки намояндагони Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳабс буданд ва он вақт суд метавонист ба онҳо имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои ҲНИТ-ро диҳад, ё инки ба дигар намояндагони ҲНИТ, ки дар озодӣ буданд, хабарномаи фиристода шавад.

Ҳамин тариқ Суди Олии Тоҷикистон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 115 -118 КМГ рафтор намуда ягон хабарнома ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ташкилоти ҷаъмиятие, ки дар вақти баррасии парванда дар Тоҷикистон қонунӣ эътироф шуда буд, нафиристодааст. Ин амал боиси он гашт, ки намояндагони ҲНИТ дар баррасии парванда на фақат иштирок карда натавонистанд, балки имконияти овардани шикоят аз болои Ҳалномаро низ гум кардаанд. ҲНИТ дар бораи баррасии парванда умуман огоҳ набуд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 40 КМГ дар мурофиаи гражданӣ тарфҳо ин даъвогар ва ҷавобгар мебошанд. Мо медонем, ки даъворо Прокурори генралӣ кардааст ва ин ҳам дар Ҳалнома қайд карда шудааст вале дигар тараф ҲНИТ умуман напурсида шудааст ва ба ӯ сухан надодаанд. Ҳангоми омодасозии парвнда судя бояд амалҳоеро иҷро мекард, ки иштироки ҳатмии тарафҳоро тақозо мекунад: ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа; пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда; тарафе ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд; ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад ва -ғайра.

Суд низ бояд дар марҳилаи омодасозии парвандаи гражданӣ амалҳои муайянеро аз қабили: оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ сохтан; масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал кардан; экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намудан, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал кардан; бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда гирифтанро иҷро мекард. Вале таҳлили Ҳалномаи судӣ, мавҷуд набудани ягон шоҳид ва хулосаи экспертиза гувоҳи он аст, ки аз тарафи Суди Олӣ ин марҳилаи муҳими мурофиаи гражданӣ умуман гузаронида нашудааст. Ин ҳолатро низ боз муҳлати қабул, регистратсия, ба судя Азизов ирсол кардани баррасии ариза, омӯзиши ариза аз тарафи судя, навиштан ва ирсоли хабарномаҳои судӣ, омодасозии парванда, таъини санаи оғози муҳокимаи судӣ, ки дар якуним рӯз қисми рӯзи 25 сентябр ва 28 сентябри соли 2015 анҷом дода шудааст, исбот мекунад. Гузаронидани чунин миқдор амалҳои мурофиавӣ дар муддати кутоҳ гувоҳи дахолат ба фаъолияти Суди Олӣ мебошад.

Дар моддаи 4 КМГ оварда шудааст, ки ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Дар ҳолати таҳлилшаванда аъзоёни ҲНИТ аз ҳуқуқи ҳимояи манфиатҳои худ дар суд маҳрум карда шуда буданд. Дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт, огоҳ набуд ва адвокат низ аз тарафи суд ба ҷавобгар таъин карда нашуда буд.

Дар рафти мурофиаи судии мазкур ба тарафҳо ҳуқуқҳои баробар дода нашуда буд. Тарафи аризадиҳанда, Прокурори генералӣ, имконияти пешниҳоди даъво, далел ва дастгирии даъвои худро дар суд дошт. Тарафи муқобил ҲНИТ ин имкониятро надошт, ки бар хилофи талаоботи моддаи 13 КМГ мебошад: адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Намояндагони ташкилоти ҷамъмияти – ҲНИТ оиди пешниҳоди аризаи Прокурори генералӣ маълумот надоштанд, оиди вақти баррасии парванда огоҳ набуданд, имконияти иштирок ва пешниҳоди далелҳои худ, шоҳидон, таъини экспертизаҳо ва дигар амалиётҳои муқараргардидаи қонунро надоштанд.

Баъд аз қабули Ҳалнома ба намояндагони ҲНИТ нусхаи он супорида ва ҳатто ба тариқи почта ирсол карда нашудааст. Нусхаи Ҳалномаи мазкур баъди ду моҳ дар сомонаи расмии Суди Олӣ ҷой дода мешавад, ки аллакай имконияти шикоят карданро истисно мекунад. То ҳол низ ба тариқи расмӣ ягон намондаи ҲНИТ Ҳалномаи мазкурро гирифтагӣ нест.

Ҳамин тариқ дар рафти мурофиаи судӣ як қатор қонунвайронкуниҳо аз қабили вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавии судӣ; ирсол накардани хабарнома ва даъватномаҳои судӣ; вайрон кардани муқарарроти мурофиавии судии гражданӣ мавриди омодасозии парванда; маҳрум кардан аз ҳуқуқи ҳимоя; огоҳ накардан оиди аризаи пешниҳодшуда ба Суд; маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳимоя; роҳ надодан ба мурофиаи судӣ; вайрон кардани баробарии тарафҳо; маҳрумияти ҳуқуқ ба шиносоӣ бо ариза ва пешниҳоди далелҳо, дархостҳо ва шоҳидон; дастрас набудани Ҳалнома аз 29.09.2015 сол; вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҷинояткор эътироф намудани ашхос бе баррасии суди ҷиноятӣ, ҷой доштанд.

Аризадиҳанда, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз барои тақвият бахшидани даъвои худ барои бастани ҲНИТ ва эстремистӣ –террористӣ эътироф намудани он делелҳои мухталифро ба суд пешниҳод кардаанд.

Мутобики талаботи қонугузории граждании Тоҷикистон (м. 200 КМГ) суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд. Вале дар қисми асоснокунии Ҳалномаи мазкур дида мешавад, ки он пурра нусхаи (копия) матни аризаи Прокурори генералӣ аст. Яъне, ки баръало рубардор кардани навиштаҷоти аризаро Судя Ашуров ҳамчун асосноккунии қарори худ қабул намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ ягон шоҳид ва ё мутахассис пурсида нашудааст, ягон экспертиза гузаронида нашудааст ва ба тарафи муқобил имконияти ҳимоя дода нашудааст. Агар ягон далели иловагӣ мухокима карда шуда бошад хам, он дар Ҳалномаи судӣ номбар карда нашудааст.

Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигаp аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситахои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониpo дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд.

Барои исботи ин далели пешниҳод намудаи худ Прокуратураи генералӣ ба суд ягон маводеро пешниҳод накардааст ва ягон мавод низ дар рафти мурофиаи судӣ таҳти муҳокима қарор нагирифтааст. Ҳатто хулосаҳои экспертизаҳои дахлдори судӣ дар Ҳалнома оварда нашудаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом хабару маколаҳои барангезандаи кинаю адовати миллию динӣ меравад. Агар ин мақолаҳо дар рӯзномаи «Наҷот» паҳн карда шуда бошанд, пас чаро прокуратура онҳоро ба суд бо хулосаи экспертиза пешниҳод накард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои барангехтани бадбинию мухолифат нисбати сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии ҳукумат пешбинӣ нашудааст. Чаро прокуратура инро асоси эътирофи экстремистӣ ва террористӣ номиду Суди Олӣ онро қабул кард?

Прокуратураи генералӣ ҳодисаҳои рӯзҳои 4-12 сентябри соли 2015-умро, ки тафтишоти онҳо нав сар шуда буд, мансуб ба фаъолияти ҲНИТ шумурда, ҳамчун яке аз далелҳои қатъ намудани фаъолияти ҳизб шудааст.

Аз тарафи Суди Олӣ ва судя Ашуров ҳамчун далел қабул кардан ва исботшуда ҳисобидани иштироки ҲНИТ дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 ҳангоме, ки парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодисаҳо ҳоло дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ аст, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Дар ин ҳолат принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати аъзоёни РО ҲНИТ, ки дар тафтишот қарор доштанд вайрон карда шудааст.

Дар ҳалнома гуфта мшавад: «ҲНИТ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумат амал намудааст».

Ин далел умуман қобили қабул ва таҳлил ҳам нест. Ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ташкилот вазифадор нест, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ кунанд ва дар сурати дастгирӣ накардан ин ҳамчун асос барои эътирофи экстремистӣ ва террористӣ шавад.

16-уми сентябри соли 2015 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ тавассути КДАМ  боздошт шуданд.

Моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А,ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифт ва ҳамчуноне медонем дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифтанд. Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Ва, аммо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Аммо вокунишҳо ҳам дар дохили кишвар  ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба боздошт ва ҳукми Додгоҳи Олӣ дар нисбати ҲНИТ ва 13 нафар аз аъзои Раёсати олии бисёр ҳам шадиду сахт буд. Ҳеҷ касе бовар намекард, ки ҲНИТ дар ин кудето даст дошта бошад. Раҳматулло Зоиров,роҳбари пешини ҲСДТ ва аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар дар як мусоҳибаааш дар сеюми феврали соли 2016 дар ин бора чунин изҳори назар кардааст:

«Ман мехоҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин масъала баҳо диҳам. Аввал ин ки ҳукумат аз ҳизби наҳзат тарс дошт ва илова ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам ҲНИТ ба иштибоҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ доданд. Вазорати адлия ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард дар ҳоле ки ин вазорат чунин салоҳият надорад. Онҳо метавонистанд ба ин ҳизб огоҳӣ диҳанд ва баъди даҳ рӯзи огоҳӣ ба суд пешниҳод кунанд. Яъне адолати судиро Вазорати адлия ба дӯши худ гирифт, ки ин ғайриқонунӣ аст. Аз тарафи дигар, ҲНИТ ҳам ба якчанд иштибоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дод. Ин ҳизб набояд масъалаи ба Тоҷикистон баргаштан ва ё барнагаштани Муҳиддин Кабириро аз хориҷ баррасӣ мекард. Вақте ки Шӯрои сиёсӣ тавсия медиҳад, ки раиси ҳизб ба Тоҷикистон барнагардад, алакай суол ба миён меояд, ки раёсати ҳизб ба дӯши кӣ гузошта хоҳад шуд? Дар ин ҳолат Вазорати адлия имкон пайдо мекунад, ки аз ҲНИТ талаб кунад, анҷуман баргузор намуда ва раиси ҳизбро интихоб кунад.

Дувум, чанд нафар аз аъзои ҳизб ба Истанбул рафтанд ва эълон карданд, ки дар онҷо нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карданд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Барои он ки ягон ҳизб дар қаламрави кишвари дигар ҳаққи баргузор кардани Шӯрои сиёсиро надорад. Ин ҳақро натанҳо ҲНИТ, балки ҲСДТ ва ҳизби демократ ва ҳеч ҳизби дигар надорад.

Севум ин ки вақте ҳизби наҳзат эълон кард, анҷумани худро баргузор мекунад, вазорати адлия иҷоза надод, вале ҲНИТ намояндаҳои худро сафарбар кард, ки инро қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд. Ва мебоист ҲНИТ анҷумани худро ба вақти дигар мегузошт ва як созиш.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба масъалаи ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИТ нигоҳ кунем то кунун дар ҳеч куҷо ва дар ҳеч санад исботи худро наёфтааст. Ва агар инро бо назардошти ҳаводиси моҳи сентябр ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода вобаста карда ҳизби террористӣ гуфта шудааст, то ҳол тафтишоти пешакӣ ба анҷом нарасидааст, аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст, ин аз рӯи қонун нест, ин супориши сиёсӣ аст.

Дар мавриди Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадор гуфтаниам, ки вай аз нигоҳи сиёсӣ ба ҲНИТ ҳеч иртибот надошт ва шахси сиёсӣ ҳам набуд, бештар тоҷир буд. Назарзода бо Муҳиддин Кабирӣ робитаи хусусӣ доштанд инро ман эътироф мекунам, вале иртиботи Назарзода бо ҲНИТ аслан ҷой надошт.»

Ва, аммо роҳбарони КДАМ ва вазорати дохила,ки дастандаркорон ва иҷрочиёни бозии кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ва масъули боздошту зиндонисозии аъзои Раёсати олӣ ва ниҳоят бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ мебошанд, талош мекарданд, ки ин амали ҷинояткоронаи худро тавҷеҳ кунанд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаҳои сентябри соли 2015-и  кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон карда мегуяд, ки“Назарзодаҳо, кабириҳо абзори бозиҳои геополитикӣ ҳастанд” Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистонро «ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ» хондааст. Дар як матлаби Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки «Ҷумҳурият» — нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон декабр 17, 2015 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.Ба навиштаи Саидмӯъмин Ятимов, бозигарони геополитикӣ мушкилоти ба гуфтаи ӯ, «мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афрод»-ро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Ба бовари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд.  Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ошӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем.»

Устод Кабирӣ чанде пеш дар як суҳбати ихтисосӣ бо «Ислоҳ» аз он рӯзгорон ёдовар шуда гуфт, ки вай аз ҷумла бо Ятимов суҳбат кард ва Ятимов гуфт, ки тасмим дар бораи баста шудани ҲНИТ гирифта шудааст ва беҳтар ин аст ки худашон довталабона ва бо дастони худ барҳамдиҳии худро эълон ва иҷро кунанд. Аммо гуфт устод Кабирӣ, ки онҳо розӣ ба гирифтани ин ном ва лаккаи нанг нашуданд.

Аммо ҳамчуноне гуфтем, мақомоти қудратӣ талош мекарданд, ки бастани ҲНИТ-ро кори дуруст ҷилва диҳанд. Тибқи як навиштаи «Озодӣ» Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз маблағгузорон ва раҳбарони асосии ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат донистааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 декабри соли 2015  ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро «аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии» ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои кишвар донистааст. Генерал Раҳимзода, ки дар ин бора рӯзи душанбе бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суҳбат мекард, гуфтааст, пахши ин ҳамлаҳо ва боздошту безараргардонии омилонаш танҳо бо кумаки сокинон дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом ёфт: «Мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонда шуданд.»

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ даъват карда ва бештар аз ҳузури шаҳрвандони кишвар дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барои иштирок дар ин ҷангҳо беш аз 600 нафар рафта, ҳудуди 50 тани онҳо бо изҳори таассуф ба кишвар баргаштаанд ва бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

Ба дунболи бастан ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва ҳабсҳои тулонии аъзои Раёсати олии он, аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад ба ду муовини раиси ҲНИТ созмонҳои байналмилалӣ вокунишҳои сахту сангинеро аз худ нишон дода ин амали ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум карданд. Дар ин қисмати ин матлаб чанде аз ин баёния ва изҳори назарҳои созмони ҷаҳонии дифоъ аз ҳукуқи башар ва давлатҳоро, ки он замон расонаҳо мунташир карда буданд, аз сарчашмаҳои бози интернетӣ пешкаш мекунем, то манзара ва ҳавлу ҳоли он рӯзҳои ҲНИТ ва роҳи нимасраи пурталотуми он рушантар бишавад:  Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кайе ҳукми зиндони тӯлонии раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро маҳкум кард. Девид Кайе рӯзи 7 июни соли 2016 дар баёнияаш гуфт:  “ҳукми шадиди раҳбарони мухолифин афзоиши беҳадди маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Вай гуфтааст, ки “эъмоли чунин чораҳои тунду худсарона алайҳи мухолифон ва раҳбарони мазҳабӣ натанҳо қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст, чунки танҳо ба тундравтар шудани онҳое, ки берун аз арсаи баҳсҳои ҷамъиятӣ мемонанд, оварда мерасонад.”

Ҳолгер Грин – сафири Олмон дар Душанбе, рӯзи чоршанбе 8 июни сли 2016  дар ҳамоиши «Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” гуфт,  ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд, «Магар ба ҷуз аз боздошту зиндонӣ кардани афроди гумонбар ба ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”– суол кард сафири Олмон дар Душанбе.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «САҲА» дар баёнияаш аз 2 октябри соли 2015 бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки муборизааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” ибрози ташвиш кардааст.

СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст: “ ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.

Рӯзи 1 октябр Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як баёния гуфтааст, созмони террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарор дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Рӯзи 29 сентябр Freedom House ё Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеи озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саросари ин кишвар интиқод кард. Дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст: «Ҳукумати Тоҷикистон аллакай раҳбарони  аршади ҲНИТ-ро зиндонӣ карда, раиси ин ҳизбро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 ҳазор тан аз аъзои онро дар саросари кишвар бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ хоҳад кард”.

Сафорати Амрико дар баёнияи худ дар рӯзи 30 сентябр аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард.

Поёни бахши саввуми давраи панҷум, ин давра идома дорад….

Сообщение  ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\3 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\1
ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши аввал, давраи панҷум)

15 сентябри соли 2015 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дуввумин ҳизби пурҷамъият ва танҳо ташкилоти сиёсии динӣ дар густураи шуравии пешинро баст. Беш аз ин, онро ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон кард.

Ин барои дуввумин бор буд, ки фаъолияти ҲНИТ дар давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қатъ ва мамнуъ карда мешавад.

Июни соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳама аҳзоб ва ҳаракатҳои оппозитсионии кишвар, ҲНИТ, ҲДТ, созмонҳои мардумии Растохез ва Лаъли Бадахшонро бо як қарор ғайриқонунӣ хонда санади қайди расмии онҳоро лағв кард.

Мусалламан, Раҳмонов ба ин роҳатӣ наметавонист, ки ҲНИТ-ро бубандад. ҲНИТ ва дар умум аҳзоби оппозитсионӣ ҳануз аз соли 1990-91 пуштибонӣ ва ҳамроҳии беш аз 40% ҷамъияти кишварро дар даст дошт. Баъди бозгашт аз ҳиҷрат ва вориди саҳнаи сиёсат шудан ҲНИТ шумори ҷамъияти тарафдорони худро ба маротиб афзуда буд.

Раҳмонов бо бастани ҲНИТ ошкоро бо нисф ва агар воқеият бараҳнатар баён карда шавад, беш аз нисфи ҷамъияти Тоҷикистон ба набард мебаромад. Ин набард барои Раҳмонов масъалаи ҳаёту мамот буд ва мебоист тавре меҷангид, ки ҷамъияти пушти ҲНИТ карахт бишавад ва маҷол ва ёрои муқобилат надошта бошад.

Коршиносони дохиливу хориҷӣ дар робита ба ҷойгоҳ ва нуфузи ҲНИТ дар муҳит ва майдони сиёсии кишвар ибрози ақида карда онро ба як рукни муҳим ва асосии суботу амният арзёбӣ мекарданд. Барои мисол Парвиз Муллоҷонов, пажуҳишгар саршиноси тоҷик дар яке аз навиштаҳояш дар робита ба мақому манзалати ҲНИТ чунин ибрози назар кардааст:

«…Ҳизби наҳзати исломӣ бахши ҷудонашавандаи таъриху ҷомеаи ҳозираи Тоҷикистон буда, бо мурури замон ба яке аз ҷунбишҳои сиёсиву иҷтимоии бонуфузи кишвар табдил ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки ҲНИТ ҳамчун падидаи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳам ҷои бавижаро ишғол менамояд. Пеш аз ҳама бо сабаби онки дар тамоми қаламрави собиқ шӯравӣ ҲНИТ имрӯз ягона ҳизби сиёсие мебошад, ки дар заминаи арзишҳои динӣ ташкил ёфта, аз қайди расмӣ гузаштааст ва ба таври қонунӣ фаъолияти худро амалӣ мегардонад. Ва, афзун бар ин дар ниҳоди олии қонунгузории кишвар намояндаҳои худро дорад. Ҳатто дар минтақаҳои мусулмоннишини ҷаҳон вуҷуд чунин ҳизби исломии муътадилу барасмият шинохташуда падидаи камёб ва нодир мебошад.

Аз тарафи дигар,таърихи ҲНИТ то андозае беҳамто мебошад, ки пайдоиши вай аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар шароити сахти низоми шӯравӣ, таъқибу фишори давлатӣ атеистӣ, сарчашма мегирад». Наҷот.25.04.2013

Абдулло Роҳнамо, яке дигар аз пажуҳишгарони тоҷик, ки ҳоло комилан тағйири ақида ва мавқеъ кардааст, низ иқрор ва эътироф мекунад, ки вуҷуд ва ҳузури ҲНИТ дар муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон инкорнопазир аст:

«Дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики муътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳала ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест». Абдулло Раҳнамо. Наҷот.25.04.2013

Аммо, ҳамчуноне гуфтем Раҳмонов дар сар фикру хиёли дигар дошт. Вале вай наметавонист якшаба ва бо як фармон бихезаду ҳамчунин ҳизби пурнуфуз ва пуртарафдорро бубандад. То онки Раҳмонов дигарбора ҲНИТ-ро бубандад, шуруъ аз соли 2011 ба кандану кофтани зери пойи он, иттиҳомҷуиву айбмониҳо, мунтаҳо ба хусумату душманӣ даст зад ва тамоми ин ҳама муддат аз мошинаи қудрат ва зӯри ҳукумат бар муқобили он истифода кард.

Бори дигар мутазаккир мешавем ҳукумати Э.Раҳмонов, ки акнун бештар ва ошкоротар қабилаӣ ва маҳаллӣ шуда, бадтар аз ин, сиёсати авлодиву оилавиро пеша кард, дар симои ҲНИТ мониа ва садди бузург барои идомаи ҳузури давомноки худ дар қудратро медид.

Интихоботи парлумонии феврали соли 2010 ва маҷолиси маҳаллӣ ҳадсу тахминҳои Раҳмонов дар робита ба нуфуз ва ҷойгоҳи ҲНИТ дар ҷомеро ба яқин бадал кард ва Раҳмонов ба вузуҳ пай бурд, ки ҲНИТ пойгоҳи иҷтимоии фароху қавӣ дорад ва агар ки даст ба кор нашавад, ҳокимияташро аз даст хоҳад дод. Вай ҳисобу омори воқеии орои ин ташаккули муқтадири сиёсӣ дар интихоботи парлумониро дар даст дошт. Дар бархе аз округҳои интихоботи раъйи ба дастовардаи ҲНИТ аз 80-90% ҳам боло буд.

Ба раёсати ҲНИТ омадани Муҳиддин Кабирӣ, ки ба фарқ аз Раҳмонов ҳеҷ рабте ба ҷанги шаҳрвандиву куштору ваҳшоният надошт, ба фарқ аз Раҳмонов, ки ҳам ҷавон ва ҳам донишманд, забондону фасеҳбаён аст ва ҳама хусусиёту хислатҳои як роҳбари омода ба мудирияти давлатро дорад ва новобаста аз ҷавонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳам шинохташуда аст, Раҳмоновро то пойи ҷон тарс дод ва тасмим гирифт, ки ҳоло, ки ҳукумат ва қудрат дар дасташ ҳаст, бояд дастбакор бишавад, дирангу таъхир накунад.

Протоколи 32/20 директиваи давлатӣ, плани ҳукуматӣ, спетспроект барои барандохтани ҲНИТ буд, ки ангеза, асос ва муҳаррики пайдоиши он ҳамин интихоботи парлумонии соли 2010 ва ба саҳнаи сиёсат омадани Муҳиддин Кабирӣ буд.

Огаҳони равандҳои сиёсии Тоҷикистон медонанд, ки Раҳмонов, ҳанӯз дар соли 2010 нақша дошт, ки ба Қонуни Асосии Тоҷикистон тағйирот ворид карда ҳама он «ислоҳот»-еро, ки баъдан, яъне дар соли 2016 ворид кард ба ин қонун бидарорад. Аммо инқилоби рангаи бархоста дар Қирғизистон, ки муҷиби сарнагунии Қурмонбек Боқиев гардид, ӯро бим дод, чун дар онҷо ҳам масъала масъалаи Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев шуда буд, ки дигар дар мақому мансаби ҳокимияти марказӣ омада ошкоро ба корҳои давлатӣ лезит мекард. Ин ҳам дар ҳоле, ки қасд ва ҳадафи асосии тағйири Қонуни асосӣ, ҳамчуноне дар майи соли 2016, акнун, ки ҲНИТ-ро «в не игре» карда буд, фароҳам овардани шароит барои овардани писараш ба ҷойи худаш ва барои худаш фароҳам кардани шароити модомулумр боқӣ мондан дар қудрат буд.

Раҳмонов ҳамеша аз ҲНИТ ва махсусан аз зуҳури Кабирӣ дар майдони сиёсии Тоҷикистон нороҳат ва нохуш буд ва хавфу хатар ба қудраташро аз ҳамин зовия ва аз афзоиши рейтини сиёсии ҳамин шахсият медид. Ричард Ҳоугленд, сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон дар яке аз номаҳои маҳрамонааш ба унвони Департаменти давлатӣ чунин менигорад: ….”президент Раҳмон намехоҳад,ки пас аз Нурӣ маҳз Кабирӣ раҳбари ҳизб шавад.Куллан ҳукумат талош дорад Кабириро аз саҳна берун ва ҳошия нишин кунад”. Сафир ҳамчунин навиштааст, ки: “Раҳмонов ҲНИТ-ро як душмани хатарнок медонад ва ба бархе аз ҳамсӯҳбатони ғарбияш онро як созмони террористӣ меномад, вай инчунин мехоҳад  ҲНИТ-ро дар зери Хаймаи бузург бигирад , агар ба шарте, ки ҳис кунад, метавонад, ба он назорат дошта бошад. Ба навиштаи сафир …..” Раҳмон аз дидорҳои Кабирӣ бо сарони кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳояш ба Ғарб шадидан нороҳат аст”. Ба навиштаи сафир Кабирӣ дар мулоқот бо ӯ гуфтааст : “ҳадафи асосии ӯ ҳамчун “сиёсатмадори мухолиф” эҳтиёт аз зиндон шудан аст”.

Номаи маҳрамонаи ин сафир тавассути “Викиликс” фош шудааст ва ин нома замоне навишта шудааст, ки Кондализа Райс, мушовири амниятии онвақтаи раиси ҷумҳурии Амрико аз Тоҷикистон дидан карда ва аз ҷумла бо раиси ҷумҳур Раҳмон ва ҳамчунин бо Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси ҲНИТ дидор анҷом додааст. Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар поёни мулоқот ба Кабирӣ инро ҳам гуфтааст, ки бино бар паёми Райс ба ҳукумати Тоҷикистон “Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъол ва бегазанд бубинад”.

Ин суҳбатҳо ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2005 доир шуда ва ҳамчуоне зикраш рафт, матни онро сафири Амрико ба Департаменти давлатӣ  ироа доштааст. Ҳоло сол чанд асту вазъу ҳол чи гуна аст.

Ва, аммо бар мабнои банду муфоди Протоколи 32/20 мебоист ҲНИТ ба як ҷасади мутаҳаррики сиёсӣ ва ба як муҷассама ва тимсоли ҳизби мухолиф бадал карда мешуд.

Қабули ин санади махфӣ ва махуф дар Шурои амнияти Тоҷикистон 24 ноябри соли 2011  бо ширкат ва ҳузури тамоми вузарои қудратии кишвар сурат гирифт.

Дабири Шурои амнияти онрӯзҳо генерал Амирқул Азимов, аз ёрони қадимӣ, аз фронтихалқчиёне буд, ки Раҳмоновро ба сари қудрат нишонида буданд. Афзун бар ин Амирқул Азимов дар ҳама амалиёти низомӣ дар водии Қаротегин дар солҳои 2008 то 2012 ҳузур дошт ва дар бархе аз ин амалиётҳо яке аз масъулони анҷоми онҳо буд.

Аммо, сарусадоҳо дар мавриди бастани ҲНИТ ба дунболи интихоботи парлумонии соли 2010 дар миёни ҷомеа беш аз пеш паҳну парешон мешуданд. Кор ба ҳадде кашида буд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва он замон яке аз ду вакили Маҷлиси намояндагон гуфта буд, ки «танҳо девона» дар фикри бастани ҲНИТ аст ва ё мегуфт, ки «хуб, ки чӣ? Аз дасти мо танҳо як варақи расмиро пас мегиранд, аммо бо ин ҳама аъзову ҳаводору ҷонибдор чи хоҳанд кард»?

Муҳиддин Кабирӣ, он солҳо дар як мусоҳиба бо Мирзои Салимпур, хабарнигори вақти «Озодӣ» роҷеъ ба ин сару садоҳо, ки эҳтимол меравад, ки ҲНИТ-ро бубанданд, чунин посух додааст:

«Агар манзури шумо аз ҳизб мӯҳру санади сабти ном ва сохтори имрӯзаи ҳизб аст, кори он бо имзои Протоколи 32-20 ҳал шуда буд. Масъалаи вақт монда буд, ки то ҳамин рӯз будааст ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Албатта, мехостанд ки ин кор бо дасти масъулини ҳизб анҷом шавад, яъне худи ҳизб пароканда шуд, то ин нанги таърихӣ ба дӯши масъулини ҳукумат наафтад. Манъи расмии як ҳизбе, ки ин ҳама ҷонбозиҳоро барои сулҳу ваҳдат кардааст ва ин ҳама сабру таҳаммулро барои ватану миллат, назди таърих — кори соддае нест. Вале диданд, ки нашуд, бо баҳонаи ин ҳодисаҳо ҳатман масъаларо яктарафа хоҳанд кард. Аммо, агар манзур аз саволи шумо, ҳизб ҳамчун фикр, андеша ва роҳ аст, он на танҳо идома дорад, балки қавитар ба саҳна бармегардад. Ман ба ин шаке надорам. Чӣ ман бошам, чӣ не, вақт инро нишон хоҳад дод. Агар бо куштану ҳабсу задан андешаҳо ва арзишҳо аз байн мерафтанд, ҳоло ҳеҷ арзише ва муқаддасоте боқӣ намемонад дар ҷаҳон. Бахусус, андешаи миллӣ ва исломӣ, ки рабт ба Худованд ва мардум дорад, на ба шахсе ё гурӯҳе, ки агар онҳо аз байн рафтанд, фикр ҳам биравад. Ҳоло гуфта наметавонам, ки ин андеша ба кадом самт ҳаракат мекунад, вале то рӯзе ки ҳастам, аз чорчӯби мавҷуда берун нахоҳад рафт ва ҳеҷ тӯфоне моро аз ин роҳи сабру устуворӣ дур нахоҳад кард.»

Ҳамин Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳам ним соли қабл аз қабули «Протоколи 32/20» дар як мусоҳабааш бо радиои «Озодӣ» итминон медиҳад, ки касе дар ҳукумат ин гуна қасду андеша надорад ва сарусадоҳо дар бораи бастани ҲНИТ-ро рад ва овозаҳо дар ин бораро «кори иғвогарон» меномад:

«Масалан, имрӯз дар назди ҳукумати Тоҷикистон барҳам додани ҳизби наҳзати исломӣ матраҳ нест. Лекин дар расонаҳо чор тараф мегӯянд, ки ҳукумат ҳизби наҳзати исломиро мебандад ё не. Ин иғвогарӣ ва ҷудоиандозӣ ба кӣ даркор аст? Фарзанди ҳақиқии Тоҷикистон ҷомеаро ҷамъ ва дар якҷоягӣ масъалаҳоро ҳал мекунад, на ин ки ҷудоӣ меандозад. Таҳлилҳои нохуб ба ҷомеаи мо, ба ғайр аз зарар фоидае надорад. Ин гуна ниятҳо дар ҳукумати Тоҷикистон нест. Роҳбарият мехоҳад, ки Тоҷикистон як ҷомеаи ягона бошад ва дар иттиҳод мушкилотро ҳал кунад. Яъне мо бояд ягона бошем, миёни мардум тафриқа наандозем».

Аммо, Протоколи 32/20,ки 24 ноябри соли 2011 дар Шурои амният қабул гардид ва ин санад, ҳамчунон тазаккураш ҳам рафт, ҳукм ва қасами эъдоми ҲНИТ буд, ки Раҳмонов ва қудратиёни вай содир карданду хурданд.

Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Zvezda.ru дар охири феврал ва марти авоили соли 2012 онро чоп кард.

Барои онки як каме аз ҷузъиёти ин санад бохабар бишавед ва инки чаро мо онро дирктива, план ва қасами Эмомалӣ Раҳмонов барои бастани ҲНИТ маънидод кардем, пораҳое аз онро пешкашатон мекунем:

Вазорати корҳои дохилӣ-Қаҳҳоров А.А.,Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-Ятимов С.С ва Кумитаи оид ба корҳои дин-Холиқов А.Ғ.якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону фаъолони маҳалҳо харитаҳои сиёсии минтақаву маҳалҳои мамлакатро таҳия карда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дода, доир ба муайян кардани рӯихати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо ошкор намудани тарзу усули кори таблиғоти ҳизб, инчунин оид ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-ЯтимовС.С ва Вазорати корҳои дохилӣ-Қаҳҳоров А.А бо ҳамкории сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

доир ба гузаронидани санҷиши низомӣ, шиносномаи шаҳрвандони мамлакат ,хусусан пойтахти он, муайян кардани ин, ки онҳо аз куҷо ва чӣ вақт омадаанд, инчунин мансубияти ҳизбии онҳо, бо дарназардошти масъалаи торафт аз ҳисоби занон афзудани шумораи аъзои ҲНИТ фаъолияти муназзам ва мунтазамро ба роҳ монанд;

бо истифода аз маводу имкониятҳои мавҷуда дар бобати муайян кардани онҳое, ки дар майдоннишиниҳои соли1992 ширкат доштанд ва маҳаллу минтақаҳи зисти онҳо чораҷӯӣ намоянд;

бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба муайян кардани манбаъҳои маблағгузории фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз ҷумла ҲНИТ ва тафтиши фаъолияти молиявии онҳо тадбирҳои бетаъхир андешанд;

Ҷиҳати дар васоити иттилооти омма дар асоси гуфтор ва рафтори роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ таҳия ва нашр намудани маводи фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии онҳо чораҳо андешида шавад;

Ҳамаи ин бандҳо, баъди қабули ин санад оҳиста –оҳиста вале пайваста ба иҷро дароварда шуданд.

Агарчи, ҲНИТ воқеияти ин Протоколро ба чолиш кашида ва то ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳияи иҷроияи Президенти Тоҷикистонва Суди Олӣ арзу шикоят бурд ва ҳамаи ин мақомот ва аз ҷумла Прокуратураи генералӣ ба унвони ниҳоди нозири иҷрои қонунҳо дар кишвар расман посух дод, ки муҳтавои ин санад, на он гунае аст, ки дарҷ шудааст. Он замон расонаҳо навиштанд, ки ду вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲНИТ ба унвони Додситони куллӣ ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархост фиристода аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар масъалаи «Протоколи 32-20» расман ибрози нуқтаи назар кунад.
Додситони кулли ҷумҳурӣ дар посухи худ ба ин дархост эълон дошт, ки дар ҳақиқат, дар санаи мазкур дар ҳукумат чунин як ҷаласае таҳти раҳбарии Президент баргузор гардидааст. Вале санаде, ки дар ин ҷаласа қабул шудааст, аз он «Протоколи 32-20» ба куллӣ фарқ мекунад. Шерхон Салимзода «Протоколи 32-20»-ро, ки дар матбуот ба нашр расид, тақаллубӣ ва бепоя хонд.
Аланӣ шудани муҳтавои Протоколи 32-20, ки дастуроти Раҳмонов бар зидди ҲНИТ буд, аҳзоби дигари оппозитсиониро ҳам дар таҳлука ва ташвиш андохт. Зеро маъно ва моҳияти ин дастуроти Раҳмонов аз он иборат буд, ки сарнавишти минбаъдаи ҲНИТ дар даст ва ихтиёри ниҳодҳои қудратӣ супорида шуд.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси вақти ҲСДТ- яке аз дигар аҳзоби оппозитсионии онрӯза бо баргузории як ҷаласаи Шурои сиёсии ин ташкилот ба баррасии муҳтавои ин Протокол мепардозад. Ба эътиқоди Зоиров «ин масъаларо на Додситонии кулл бояд муқаррар кунад, балки бевосита худи ҳукумат бояд шарҳ диҳад. Зеро ин ҷо гуфта шудааст, ҷаласа дар зуҳури президент доир шуд, ин одамон ширкат намуданд ва рақаму таърихи рӯз дорад ин санад. Боз санади дигаре аст, бо имзои вазири дохилӣ, ки он ҳам рақам ва таърих дорад. Агар дар воқеъ бо чунин рақамҳо санаде дар ҳукумат мавҷуд бошад, бояд шаффоф шавад. Зеро барои пешрафти сиёсӣ ин зиён ва халали ҷиддӣ мерасонад.»

Ва, аммо дар пайи қабули Протоколи 32/20 тафтишу таҳқиқи фаъоляити ҲНИТ аз ҷамоат –ячейкаи ибтидоӣ бигир то марказ – Дафтари марказии вай дар Душанбе аз тарафи Прокуратураи генералииТоҷикистон ва дигар мақомоти қудратӣ шуруъ шуд.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва яке аз зиндониҳои ин ташаккули сиёсӣ, ки дар соли 2016 ба ҳукми абад гирифтор шудааст, дар мавриди Протоколи мазкур чунин ибрози назар кардааст:

«Протоколи 32/20 идомаи сиёсати ҳукумат алайҳи ҲНИТ аст. Мо давраи имзои Созишномаи сулҳро ба ёд дорем, ки муносибати ҳукумат ба собиқ мухолифин хуб буд, нисбат ба онҳо эҳтиром мегузошт, вале он дер давом накард. Баъди он ки Наҳзат дубора ба фаъолият шурӯъ ва дар интихоботҳо фаъолона ширкат намуд, ҳукумат дарк намуд, ки ҲНИТ бо ин фаъолиятҳои хеш метавонад соҳиби раъйи мардум гардад ва эҳтимол дорад рӯзе мақоми қонунгузорӣ ва ҳатто ҳукуматро соҳиб шавад. Ҳукумат сиёсати худро нисбат ба ҲНИТ аз соли 2000 ба баъд тағйир дод. Дар интихоботи президентии соли 1999 номзади ҲНИТ Давлати Усмон агарчи номзадияшро бозпас гирифта буд, барои ба интихобот машруъият бахшидан, номашро аз бюллетенҳо нагирифтанд. Ба интихоботи парлумонии соли 2000 ҲНИТ бидуни омодагӣ ворид шуд ва беш аз бист дар сад раъйи мардумро дарёфт кард, вале ба мо ҳамагӣ 7,62% раъй доданд. Дар интихоботҳои баъдӣ ва ба хусус интихоботи парлумонии соли 2010 бо таблиғоти начандон қавӣ, ҲНИТ, бо иқрори таҳлилгарону коршиносон беш аз 50% раъйро ба даст овард, ки ҳукуматро сахт нигарон намуд. Дар аксари ҳавзаҳои якмандатӣ номзадҳои ҲНИТ аз намояндагони дигар аҳзоб ва ба хусус ҳизби ҳоким як сару гардан боло буданд, дар маъракаи таблиғотӣ Наҳзат қавитар буд ва услубҳои нав ва тозаеро роҳандозӣ намуда буд, ки далели бартарият ва нуфузи ҲНИТ буд. Аммо ҳукумат бо табартақсиме, ки дорад, барои мо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҷой надод ва аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ каме бештар аз 8% раъйро дод. Бо таҳлили вазъияти соли 2010 ҳукумат ба хулоса омад, ки бояд иқдоми ҷиддие алайҳи ҲНИТ гирифта шавад. Ин иқдом дар Протоколи 32/20 омадааст, ки аз рӯзи 24 ноябри соли 2011 қабул шудааст ва рӯзи 26 ноябри соли 2011 аз тарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Агар на коршинос, балки як шахси оддӣ ба бандҳои он назар кунад, мебинад, ки агар ба хотири мубориза бар зидди масҷид, эшону мулло, ба танзим даровардани фаъолияти масҷид ва сабти наворҳои амри маъруф, 12 банд бошад, дар ин санад дигар ҳамаи бандҳои он ба фаъолияти ҲНИТ нигаронида шудааст. Аз моҳи январи соли 2012 фишор болои ҲНИТ ва ниҳодҳои он дар шуъбаҳо ва бахшҳои ноҳиявӣ хело ва хело зиёд шуд. Фаъолияти ҲНИТ аз тарафи прокуратураҳои ноҳияҳо, вилоятҳо ва Прокуратураи генералӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Воқеъӣ будани онро мақомоти судии мо, ки имрӯз тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказианд, барои мо исбот накарданд, вале ба андешаи ман, он воқеият дорад. Имрӯз амалӣ шудани бандҳои мухталифи протоколро мушоҳида мекунем, бандҳои супориши Прокуратураи генералӣ ба сохторҳояш ба бандҳои протокол мувофиқат мекунанд. Талаботе, ки Вазорати корҳои дохила барои ҳамаи ниҳодҳои худ дар минтақаҳо ва вилоятҳо ирсол дошта буд, ба он мувофиқат мекунад ва мактуби раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ дар робита ба фаъолияти масҷидҳову ҲНИТ унвонии раисҷумҳур, далеле барои сиҳҳат ва воқеӣ будани протокол мебошанд. Ба андешаи ман номаи расмии Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин асоси пайдоиши “Протоколи 3220” мебошад. Имрӯзҳо дар атрофи ҲНИТ туҳмат мебофанд, мақолаҳо менависанд ва мақоланависон дар «фабрикаи туҳмат» ҳамарӯза қалам тез мекунанд, қоғаз мефарсоянд, ки идомаи татбиқи бандҳои ҳамон протоколи махфист. Аммо то кунун таъсири манфие ба фаъолият ва обрую нуфузи Наҳзат нарасонидаанд, чун ҲНИТ реша дар ормони мардум дорад».

Ва, аммо, Протоколи 32/20 ва дастуроти он чуноне гуфтем, дигар ба дасти иҷро супорида шуд. Барои мисол дар январи соли 2012, баъди ҳамагӣ ду моҳи қабули он тамоми ниҳодҳои қудратӣ аз Прокуратураи генералӣ гирифта то вазорати адлияву фарҳангу кмитаи дин ва андоз ба тафтиши ҲНИТ ва созмонҳои он дар саросари кишвар шуруъ карданд. Моҳи майи соли 2012 Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки ҲНИТ ба маблағи 20.000 сомонӣ ҷарима шуд. Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегуяд:  «баъд аз таҳқиқи семоҳаи фаъолияти ин ҳизб дар саросари кишвар аз сӯи мақомоти тафтишотӣ ва идораи андози кишвар, бархе аз нуқсонҳо дар пардохти молиёт ошкор шудааст. Мақомот дар заминаи фаъолиятҳои молии ин ҳизб, аз ҷумла дар пардохти носаҳеҳи молиёт (андоз) камбудҳо ошкор кардаанд ва роҳбарияти ҳизб бар ин натиҷа расидааст, ки маблағи ҷаримаро бипардозад. Вале бо ин ҳол Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ, гуфт, интизор меравад даъвои ин ҳизб бар алайҳи Додситонии кулл ҷиҳати нодуруст даст ба тафтишоти фаъолияти ҳизб задани ин ниҳод дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар рӯзҳои наздик оғоз шавад.»

Албатта, додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе мавқеи Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дуруст ҳисобида шикояти ҲНИТ аз болои он ҷиҳати бекор намудани қарори ҷаримаро рад кард.
Зарбаи дигари сахту сангини ҳукумат ба ҲНИТ дар интихоботи президентии соли 2013 сурат гирифт.

Вале то интихоботи соли 2013-и раёсати ҷумҳурӣ ва ҳатто қабл аз интихоботи парлумонии соли 2010 Раҳмонов бо ҳар баҳона ба манотиқи пойгоҳи иҷтимоии ҲНИТ водии Қаротегин ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон на як бору ду бор юришҳои ҳадафмандонаи низомӣ анҷом дод ва масъулияти ин муноқишоти хунин, аз ҷумла нооромиҳои солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар водии Рашт ва 2008,2012,2014 дар ВМКБ-ро бори фармондеҳони дар гузашта вобастаи ҲНИТ — Мирзо Зиёев ва Шайх Неъмат дар Тавилдара,Мулло Абдулло РаҳимовваАловиддин Давлатов дар Рашт ва Имомназар Имомназаров, Толиб Аёмбеков, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров карданд. Ҳамаи ин фармондеҳони собиқ дар ин набардҳо дар Рашт кушта шуданд, вале ин ҳама низоъҳоро ҳукумат баъдан, замоне мурофиаи додгоҳии ҲНИТ-ро дар соли 2015 шуруъ кард бар алайҳи ҲНИТ истифода кард, агарчи ҲНИТ мукарраран эълон мекард, ки дигар ҳиҷ гуруҳ ва ё фармондеҳи ҷангӣ надорад, аммо гумон ва шаки мақомот аз ҲНИТ ҳамчунон боқӣ монд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 номзади ҲНИТ муваффақ ба ҷамъоварии имзо ҷиҳати сабти ном нашуд. Бархе бар ин назар шуданд, ки «дар интихоботи президентии ноябри соли 2013 210 000 имзо ҷамъ оварда натавонистани ин ҳизб барои сабти номзадаш ҳам нисбат ба солҳои қабл хеле заиф шудани ҲНИТ-ро ба намоиш гузошт ва мақомотро нисбат ба он далертар кард. “

Ва, аммо дар муноқишаи хунини соли 2012 дар Хоруғ-маркази ВМКБ ҳукумт чанд нафар аз масъулони ҲНИТ ба шумули раиси вилоятии он Сабзалӣ Мамадризоеви 32 соларо бо тири тактирандоз ба шаҳодат расонд ва худи ҳизбро бошад, баъдан, дар мурофиаи додгоҳии ҳизб, ки ба таври пушида сурат гирифт, муқассир шумурд. Дар айбномае, ки баъдан Прокуратураи генералӣ алайҳи ҲНИТ эълон кард, он ҳодиса чунин тафсир карда шудааст: «Таҳлилҳо нишон доданд, ки аъзои ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият намуда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд.

Чунончи, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Ш.Е. ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятй шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишон-автомати тамғаи «Калашников» ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додааст.

Карамхудоев Ш.Е. барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятй, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодй маҳрум карда шудааст.

Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалй  24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, аз ӯ автомати тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров» ёфта гирифта шудаанд».

Ва, аммо маъракаи матбуотии  алайҳи ҲНИТ, ки дар раъси он шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур дошт, то интихоботи парлумонии марти соли 2015, ки ин бор барои ҲНИТ ҳатто як ҷойро ҳам қоил нашуд ва баъди он, то замони ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим дар сентябри соли 2015 аз тамоми васоили дар ихтиёрдоштаи ҳукумат ба роҳ андохта шуд.

Дар масоҷид руҳониёни расмӣ ошкоро даъват ба бастани ҲНИТ мекарданд. ҲНИТ то чанд вақт ба мавзуъи асосии мавъизаҳо дар масоҷиди саросари кишвар бадал шуда буда буд. Яъне Протколи 32-20 амалан ба марҳалаи ниҳоии худ мерасид.
Рузи ҷумъаи 27 марти соли 2015, ҳануз як сол ҳам нагузашта аз анҷоми интихоботи парлумонӣ, ки гуфтем ин бор барои ҲНИТ ҳатто як мандат ҳам қоил нашуданд дар намози ҷумъаи масоҷид масъала ва мавзуъ якто буд, даъват ба бастани ҲНИТ. Хабаргузориҳо, аз ҷумла радиои Озодӣ навишт, ки домулло Сайидакбар, муовини муфтии Тоҷикистон, дар хутбаи намози ҷумъааш гуфт, ҳоло зарурате барои вуҷуд ва фаъолияти ин ҳизби исломӣ намондааст. Дар хутбаи ӯ ва, ҳамин тавр, имомхатибони дигар дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз намозгузорон хоста шуд, то дастҷамъона ба ҳукумат муроҷиат кунанд, ки мақомот роҳҳои қонунии бастани ҲНИТ-ро пайдо намоянд. Ва ,аммо пешниҳоди сахтару сангинтареро Мулло Абдураҳим, собиқ қумандони ҲНИТ ва дар гузашта яке аз масъулони асосии ҲНИТ дар вилояти Кулоб ироа дошт. Вай гуфт ,ки ҲНИТ баста ва бадтар аз ин террористӣ эълон карда шавад. Мулло Абдураҳим, ки бо номи Раҳим Каримов ва ба унвони устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон Дар як семинаре таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд,  ширкат ва зимни суханронӣ  даъват кард, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ ва созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шавад.

Албатта, ҲНИТ ин ҳама сарусадоҳоро бепосух нагузошт.

ҲНИТ бо нашри як баёния иқдоми ахири мақомот ва пешниҳодҳо барои қатъи фаъолияти ин ҳизбро «мухолиф ба Қонуни асосӣ» ва «хатарнок барои сулҳу субот» дар кишвар донистааст.

Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо додани пешниҳодҳо дар бораи бастани ин ҳизби сиёсӣ аз сӯи бархе аз доираҳои динии кишварро «фитнаомез» ва «мухолиф ба Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ» номид. Масъулони ҳизб рӯзи 30 марти соли 2015 бо пахши як изҳороти расмӣ гуфтанд, бардоштани ин масъала «барои миллат ва давлат оқибатҳои хуб нахоҳанд дошт».

Радиои Озодӣ аз қавли Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсӣ ва сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» ,нашрияи расмии ҲНИТ, навишт, «фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидошта меъёри конститутсионӣ буда, натиҷаи як тафоҳуми миллӣ ва омили сулху ваҳдат дар кишвар аст.» Ба қавли ӯ, «ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як нерӯи муътадили сиесӣ эътироф шудааст.»

Ва аммо маърака ва корзори таблиғотӣ барои бастани ҲНИТ баъди як суҳбати матбуотии шоир Бозор Собир, ки акнун аз хориҷа ба ватан омада буд дар тамоми кишвар обороти тоза гирифт. Бозор Собир пешниҳод кард, ки ҳукумат ҲНИТро бубандад, чунки вуҷуди ҲНИТ монеаи рушд аст. Ин суҳбати расонаии Б.Собир, ки дар нашрияи «Миллат» мунташир шуд дар тамоми расонаҳои чопииТоҷикистон, то нашрияҳои шаҳру ноҳияҳо бознашр гардид. Маълум буд, ки дастур аз боло аст. Беш аз ин мубтакири ин амалу моҷаро, нашрияи «Миллат» як мизи гирдеро дар робита ба масъалаи бастани ҲНИТ, ки ин нашрия онро «як воқеият» талаққӣ мекунад доир кард. Албатта, ҳама назару ақидаҳои баёншуда дар ин маҷлисро намешавад, инҷо овард. Вале порае аз суҳбати Сайидумар Ҳусайнӣ,муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили собиқи Маҷлиси намояндагон ва ҳоло яке аз бандиёни бо ҳукми абади ҲНИТро инҷо меоварем:

«Дуруду салом бар ҳама аҳли нишаст. Инҷо зикр карданд, ки мухбирҳо аз оқои Бозор Собир пурсиданд, ки дар бораи мусалмон будан ё набуданатон мавқеъатон маълум аст, аммо дар бораи ҲНИТ мавқеъатонро маълум кунед ва Бозор Собир изҳор доштааст, ки агар аз ман вобаста мебуд, ҳамин ҳизби наҳзатро комилан мебастам. Ҳамагон медонем, ки устод Бозор Собир мавқеъи худашро дар мавриди мусалмон будан ва набуданаш ошкор ва ҳувайдо гуфтааст, ки дигар барои фаҳмидан зарурат боқӣ намемонад. Танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки касе ошкоро аз ин дин берун будани худашро қабул дорад ва ягон суннату меъёрҳои ин динро қабул надорад, ҳатман ӯ ҳизберо, ки дар асоси ин дин поягузорӣ шудааст, онро ҳам қабул надорад. Ин амри табиие аст, ки ҷои тааҷҷуб надорад, аз ин ки чун ҲНИТ дар асоси ақидаи исломӣ поягузорӣ шудааст, Бозор Собир мехоҳад, ки он баста шавад. «

Аз ҷониби дигар устод Бозор Собир, воқеъан як шоири шинохтаи тоҷик аст ва ҳамагон дар тӯли таърих медонанд, ки шуъаро касоне ҳастанд, ки аслан ба умури сиёсӣ зиёд дахолат надоранд ва аз умури сиёсӣ гурезон ҳастанд. Бинобар ҳамин, мавқеъи шахсии Бозор Собир, дар умури сиёсӣ мавқеъи ниҳоӣ ва мустаҳкаме ба шумор намеравад. Аз ҷониби дигар Бозор Собир касе аст, ки дар тӯли солҳои ахире, ки ҳамагон шиносоӣ доред, мавқеъи худро хеле ва хеле тағйир додааст. Ман ёд дорам, замоне пеш аз ин ҳаводисе, ки дар кишвар ба вуҷуд омада буд, ӯ бори аввал дар нахустин сафаре, ки ба Ирон дошт, баъди бозгашт аз он ҷо бо тамоми вуҷуд Ҷумҳурии исломии Иронро васф кард ва ҳамаи Тоҷикистонро даъват карда буд, ки ягона наҷоти шумо дар Ислом аст. Ва як замоне шунидем, ки он кас бисёр мухолифати шадид ба сиёсати Ирон кард. Баъдан ба Амрико рафт, як вақт бар зидди Амрико ҳам гап зад. Ҳамин тавр, имрӯз бар зидди ҲНИТ ва бастани он овоз баланд мекунад. Ҳама тааҷҷуб аз он карданд, ки мавқеъи устод Бозор Собирро ҳукумат барои худ як меъёр қарор дода ва дар пушти шонаҳои устод Бозор пинҳон шуданду он ҳадаферо, ки дар дохили худ доранд, ҷуръати ошкор гуфтанашро надоранд ва аз номи устод Бозор онро дар нашрияҳои ноҳиявӣ чоп карданд. Тааҷҷуб дар ҳамин аст. Вале аз мо рӯзи аввале, ки ин ҳодиса рух дода буд, пурсиданд, мо гуфтем, ки аввалан хурсанд аз он ҳастем, ки ҳамин газетаҳои ноҳиявӣ, ки дар як сол як бор ё чанд боре чоп мешаванд, ба хотири ҲНИТ ва ҳамин мақола як бор рӯи чопро бубинад, барои кормандҳояш ҳам як музди меҳнат мешавад. Ва ин ҳам як шарафест ва як хидматест аз сӯйи ҳизби наҳзат ва Миллат». “Мизи гирди баргузор намудаи Миллат”

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ», ки ин силсиламатолиби моро мутолиа ва пайгирӣ мекунед, дар ҳаминҷо ин бахш, бахши аввали Давраи панҷумро ба поён мебарем. Дар бахши дуввуми даври панҷум талошу фаъолияти иғвоангезона ва дасисакоронаи Раҳмонов ва масъулони сохторҳои низомии вайро барои бадном ва бастани ҲНИТ идома медиҳем. Аз он хоҳем гуфт, ки агар дар воқеъ устод Муҳиддин Кабирӣ аз раёсати ҲНИТ мерафт, Раҳмонов онро ором мегузошт?. Чаро дар Кулоб Муҳиддин Кабириро тухм ва помидоршапак карданд. Мақомот боз аз чи василаҳое барои барандохтани ҲНИТ аз арсаи сиёсӣ истифода карданд ва кудетои ҳоҷӣ Ҳалим илоҷи охари Раҳмонов бар муқобили ҲНИТ буд… ва амсоли ин.

Поёни бахши аввали давраи панҷум, давом дорад…

Сообщение ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\1 появились сначала на ISLOH.net.

Раиси «Тоҷикони дунё» муроҷиати “RSF” ро қабул ва рӯзноманигорони зиндониро афв мекунад?
Муроҷиатномаи  чаҳор тан аз аъзои зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди бозбинии парвандаҳои эшон бо ҳузури бевоситаи коршиносони  байналмилалӣ  дар ҳоле садо медиҳад, ки  ҳафтаи қабл, дуруст дар рӯзи 9-сентябр, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва дар пайи қабули Қонуни афв  Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF)-як созмони ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон  аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»-органи чопии ин ташкилоти сиёсиро аз зиндон раҳо кунад. То ҳамин имрӯз мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ вокунише  дар робита  ба инки  Ҳикматулло Сайфуллозода, яке аз муаллифони ин муроҷиатнома  шомили афв мешавад ё хайр изҳори назар накардаанд. Зимнан муаллифони дигари ин муроҷиатнома Зубайдуллоҳи Розиқ, сардабири пешини «Наҷот», Раҳматуллои Раҷаб , корманди Телевизиони Тоҷикистон  яъне журналистон  буданд. Ҳамчунин дар шумори ин рӯзноманигорони  зиндонӣ Абдуқаҳҳори Давлат, сардабири пешини нашрияи «Наҷот» ва Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон  ҳоло пушти милаҳои зиндонанд.

Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, хабарнигори 70-солаи тоҷик шомили афв бишавад.

Дар номаи дархостии Хабарнигорони бидуни марз маҳкумияти Ҳикматулло Сайфуллозода мазаммат ва таъкид карда мешавад, ки «вай сирф бо ангезаҳои сиёсӣ»  дастгир шудааст:

«ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон хатари марг таҳдид мекунад. Вай сирф бо ангезаҳои сиёсӣ дастгир шуда, бояд даҳ соли дигарро дар маҳбас гузаронад. Ҷое, ки қурбонии бадрафторӣ шудааст. Озодии ӯ метавонад, ҳаёташро наҷот диҳад. Гузашта аз ин, барои ҷомеа ва мақомоти Тоҷикистон хатар надорад.»

Дар воқеъ, ин созмони байналмилалӣ  дуруст таъкид кардааст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ва «раҳоии  барои ҷомеаи ва мақомоти Тоҷикистон хатар надорад».

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин авохир, бахусус баъд аз ҳаводиси ахири Афғонистон худро пуштибони тоҷикони дунё нишон додан мехоҳад ва чоплусону хушомадгӯёнаш ҳам  ӯро ба унвони «раиси тоҷикони дунё» ном бурда истодаанд, баъид аст, ки ба ин дархости Хабарнигорони бидуни марз ва муроҷиатномаи  зиндониҳои сиёсӣ посухи мусбат диҳад. Агар ӯ заррае ҳам дар қалбаш меҳру шафқати инсонӣ ва ҷуръту  ҷасорати мардӣ медошт, қонуни афвро тавре  қабул мекард, ки ба ин зиндониҳои сиёсӣ ҳам татбиқ мешуд.

«Аммо «парадокс» инҷост, ки раҳоии як хабарнигори бегуноҳи тоҷикро як созмони хориҷӣ аз раиси тоҷикони дунё хоҳиш кардааст. Вале мову шумо медонем, ки раиси тоҷикони дунё ба андозаи буни сӯзан парво намекунад, ки як мӯсафеди 70-соларо барои ҳеҷ гуноҳе зиндонӣ кардаасту аз ин амали нангини вай ҳатто дар Фаронса ангушти афсус мегазанд. Ҳайфи ту барин раиси тоҷикони дунё.»

Мо, хуб медонем, ки барои раҳоии Сайфуллозода ва дигар зиндониҳои сиёсӣ на танҳо Хабарнигорони бидуни марз ва созмонҳои дигари мудофеи ҳуқуқи башар, балки Созмони миллали муттаҳид, Иттиҳои Аврупо ва ҳатто давлатҳое чун Амрико дархост карданд, вале Раҳмонов ба ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷавоби мусбат надод. Ҳамоно ӯ ва 12 нафари дигари аъзои Раёсати олии ҲНИТ-ро дар ба ном ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини вазири дифоъ шарик донист.

Муаллифони муроҷиатнома: -Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Раҳматуллои Раҷаб, ки ҳоло шаш соли умри худро дар зиндон сипарӣ кардаанд, бори дигар таъкид кардаанд, ки ҳама иттиҳом  алайҳи  онҳо  дурӯғ ва бофта буд:

«Пеш аз ҳама хотиррасон мекунем, ки мо собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ)-ро кормандони КДАМ рӯзи 16.09.2015 с. аз манзилҳои истиқоматиамон бидуни пешниҳод намудани ҳуҷҷат ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол дода, ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд. Баъди чанд рӯз бо вуҷуди надоштани гуноҳ нисбати мо ва дигар аъзои РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2 айбдор намуда, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Баъди содир кардани ҳукми боздошт аз тарафи Суд парвандаҳое бо санадҳои зиёд мисли онки гӯё моро кайҳо пурсида ва мутақоид карда бошанд, ба моддаҳои 104, 131, 179, 187, 170, 189, 195, 199, 306, 307, 32, 313, 32 КҶҶТ пурсупорс оғоз шуд. Аз ин амалан эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд.

Илова бар ин, болои паравандаи пурсарусадои мо муҳри махфӣ ниҳодаанд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд. Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ парвандаро аз ибтидо то интиҳо воқеъяити ҳолро ба назар нагирифта, кӯркӯрона ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, моро беасос гунаҳгор донистанд.

Вақте, ки мо дар раванди тафтишот барои исботи бегуноҳии худамон далелҳои қотеъона пешниҳод мекардем, муфаттишон бо табассуми муғамбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст».

Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ.нет»   матолиби зиёди катбиву тасвирии моро қаблан  хондаву дидааст. Ва, мо на як бору ду бор гуфтаем, ки ин ошӯбу ин кудатои дурӯғин сенарияи Эмомалӣ Раҳмонову СС. Ятимов буд. Шодравон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)  даст ба табаддулоти давлатӣ назадааст. Нақшаи ин табаддулоти дурӯғин ва ҲНИТ-ро ба он шарик кардан рӯзбарӯз бештар маълум мешавад. Худи ҳамин далел, ки тафтишот, мурофиа ва муҳокимаи додгоҳии ин афрод пӯшида ва паси дарҳои баста сурат гирифт, маълум мекунад, ки ин ҳама як дурӯғи бузург  буд.

Як бори дигар ин андеша кунед.

Агар Раёсати олии ҲНИТ ба ин ошӯб шарик буд, чаро кумитаи амният қабл аз иҷрои он воқиф нашуд? Магар ошӯби зиддидавлатӣ кори якрӯзаву дурӯза аст? Барои он бояд чандин вақт омода шуд. Чи тавр тамоми аъзои Раёсати олии ҲНИТ -ин ҳама нафарон дар анҷоми ошӯб омодагӣ мегирифтанд, шарик буданду  амният (Саймумин Ятимов) огоҳ намешудааст? Агар ҲНИТ шарики ин ошӯби дурӯғин буд, чаро ҳеҷ яке аз аъзои Раёсати он ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Ҳалим  набуд ва нарафт Ромит? Чаро ин ҳама нафарон- Зубайдуллоҳи Розиқу Ҳикматулло Сайфуллозодаву Раҳматуллои Раҷабу Абдуқаҳҳори Давлату Муҳаммадалии Файзмуҳаммаду Муҳаммадалии Ҳайиту Воҳидхони Қосиддину Сайидумар  Ҳусайниву бақия дар канори Ҳоҷӣ Ҳалим набуданд, балки баракс комилан бепарвову осуда дар шаҳр мегаштанд? Ҳатто пинҳон намешуданд? Охир,шумо «ошӯб»-ро хунсо кардед ва мантиқан ва аз рӯи ақлу мантиқи инсонӣ ҳам ин нафарон бояд панаҳ мешуданд ва мегурехтанд?

«Оё ҳамин  Ҳикматулло Сайфуллозода  ё Зубайдуллоҳи Розиқ  ё яке дигар аз ин нафарон дар  инҷо чи нақш ва саҳме доштанд? Ҳоҷӣ Ҳалимро роҳ нишон дода Ромит бурданд, бо яроқ таъмин карданд?»

Барои он онҳо пинҳон нашуданд ва нагурехтанд, ки аслан хабаре аз кадом кудатое надоштанд ва кадом ошӯбе ҳам набуд. Ва, ба пойи онҳо шумо тӯҳмат бастед.

Ҳоло шаш сол мешавад,ки Эмомалӣ Раҳмонов ин нафарон ва ин ҳизбро террорист меномад, аммо касе, ягон созмону ягон давлат қабул накард. Чунки воқеият тамоман чизи дигар аст.

Аммо ҳоло бигзор аз ин ҳама бигзарем ва мисли инсон ва бачаи одам ба сарнавишти ин нафарон расидагӣ кунед. Шаш соли умри худро дар зиндон ин мардони Худо сипарӣ карданд ва ҳоло бо муроҷиат ба сохторҳо ва ниҳодҳои зери назари Шумо муроҷиат карда истодаанд, ки ба сарнавишти онҳо таваҷҷӯҳ кунед. Онҳо дилпурона гуфта истодаанд, ки бигзор дар бозбинии парвандаҳои онҳо  нозирон ва коршиносони байналмилалӣ  иштирок кунанд. Худи ҳамин нукта кофӣ аст бигӯем, ки онҳо кадом айбу гуноҳе надоранд ва дилпурона даъво доранд.

«Хабарнигорони бидуни марз Шуморо ба раҳму шафқат фаро хондааст, аммо муаллифони ин муроҷиатнома  бо ин вуҷуд, ки ин ҳама ранҷу азобро дида истодаанд, тақозояшон ин аст ки парвандаҳои онҳо бозбинӣ шавад.»

Ба Эмомалӣ Раҳмонов бори дигар гӯшрас карданиам, ки  барои анҷоми табаддулоти давлатӣ муддати зиёд лозим аст ва имкон надорад, ки якшабе хезиву кудато анҷом диҳӣ. Азбас ин кори  якшаба нест, табиист ки бо шикасти он дастандаркорон бояд фирор мекарданд. Аммо чаро онҳо-аъзои зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ  фирор накарданд?

Агар Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70 сола шомили ин афв шавад ,барои Раҳмонов ва ҳукумати вай чи хатар пеш меорад? Ҳамоне, ки хабарнигорони бидуни марз ҳам таъкид кардааст. Ҳеҷ таҳдиде пеш намеояд.

Аммо аз тарафи дигар инро ҳам бигӯем, ки Эмомалӣ Раҳмонов, феълан ончиро, ки мехост, ноил шуд. Рустами писарашро оварду дар канораш қарор дод амалан ба нафари дуввуми Тоҷикистон  табдил кард. Як ваҷаби дигар аст ки ӯ раиси ҷумҳурӣ ва худи Раҳмон  расман ба кори Асосгузору Пешвои миллат шурӯъ кунад.

Агар мард ҳастед, ин аст майдоне, ки мардиву мардонагии шуморо маълум мекунад.

Агар раиси тоҷикони дунё ҳастед ва ба ҳама тоҷикон муносибати яксону холисона доред, ин аст фурсати нишон додан. Ба он хотир афв гуфтам,ки ,то ҳол санади афвро имзо нагузоштааст ва ҳадди ақал тавсияҳои “СММ” ва “RSF” ро намепазирад ин рӯзноманигорони бегуноҳ дар назди олам ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ вале дар назди худаш “гунаҳкор”ро шомили ин афви бахшида ба сӣ солагӣ намояд.

Сообщение Раиси «Тоҷикони дунё» муроҷиати “RSF” ро қабул ва рӯзноманигорони зиндониро афв мекунад? появились сначала на ISLOH.net.

“Афви зангбаста” ба ҷои “Афви тиллоӣ”
Чаро М.Искандаров, З. Сайид, Б.Ёров, М.Ҳайитов ва ҳатто писару домоди Сангак Сафаров афв нашуданд?

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсатмадоре,ки  ҳоло наздик ба 20 сол мешавад, барои раҳоияш лаҳзашуморӣ мекунад, шомили афви бахшида ба сӣ солагии истиқлол нашудааст.

5 ё 6 афв аз номи давлати Тоҷикистон аст, ки ӯро ноумед мекунад. Бори ахир дар соли 2011аз 23 соли ҳукми ӯ афви президентӣ 2 сол кам карду бас.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Борис Елтсин баъди ГКЧП тамоми душманонаш, ки мехостанд ӯро аз сари қудрат дуру зиндонияш кунанд, дар тули 1,5 сол бахшид ва ҷавобашон дод.

«Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба Истиқлоли кишвараш кулли муҷоҳиддинро, ки Шуравӣ онҳоро босмачияшон мегуфт, мавриди афви торихӣ қарор дод. Аз ҷумла Иброҳимбекро сафед ва афзун бар ин Қаҳрамони миллат эълон кард.»

Ӯ гуфт, онҳо барои истиқлол ва ватани худ ҷангиданд, гапу ҳарфҳоеро, ки солҳост, рӯшанфикрони асили миллат дар Тоҷикистон мегӯянду менависанд. Аммо гӯши шунавое дар ҳукумати вақт нест!

Огоҳони ҳол дар Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмонов ин гуна ҳиммату ҷавонмардиро мунтазир нестанд, аммо мардум, хоса хешовандони зиндониён ва гоҳе худи зиндониҳо умед мекунанд…

«Аммо ҳайҳот. Ҳеҷ яке аз зиндониҳои сиёсӣ, ҳеҷ яке аз шахсиятҳои муътабар ва номдори кишвар, ки бо иттиҳому  томот маҳбус шудаанд, раҳо намешаванд.

Ҳатто муйсафедону аз 70 сола боло ҳам!

Умеду орзуҳои садҳо ҳамсару духтару писару набера шикастанду зери пои беҳиммате рехтанд…

Гиряву нола аз садҳо хонаводаи тоҷик берун нашуд….»

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки то соати қабули Қонуни афв косалесони хони Раҳмонов воҳима мекарданд, ки ҷанобашон бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, ки як рухдоди муҳимми таърихӣ аст,  30.000-ро мавриди “афви тиллоӣ” қарор хоҳад дод.

Аммо маълум шуд, ки чизе зиёдтар аз нисфи ин рақам озод мешудаанду асосан аз шумуори онҳое, ки дар ҳар афви дигар ҳам шомил мешуданд. Ва, умдатан афроде, ки аллакай муҳлати ҷазои худро дар зиндонҳо гузаронида ба муасссисаҳои ислоҳии сукунатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Қиссаи “афви тиллоӣ” афсона шуд.

Қонуни афви Тоҷикистон солҳост, ки тавре таҳия ва қабул мешавад, ки нисбати ҳеҷ як нафари ба истилоҳ зиндонии сиёсӣ татбиқ нагардад.

Ин тарзи қабули қонун на ин ки қонунро ба унвони як санади ҳуқуқӣ беобрӯ карда ва ба як коғази камаҳмият табдил медиҳад, балки инро ҳам рушан мекунад, Раҳмонов ва дору дастааш ҳамоно аз афроде назири Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайид ва дигарон  сахт ҳарос доранд.

«Маълум аст, ки ин нафарон муртакиби кадом ҷурму ҷинояте нашудаанд. Гуноҳи онҳо ин аст  ки зидди мансабпарастиву қудратхоҳии якумрии  Раҳмонов қад алам кардаанд ё гуфтаанд,ки вориди сиёсат мешаванд.»

Искандаров 50 сол дошт, ки ба зиндон кашонида шуд. Инҷо моҷарои овардани ӯ, қиссаи ошкоршудани рабуданаш аз Маскав ва ҳукми Додгоҳи Страсбургро намегӯем. Вале ёдовар мешавем, ки чиро  Раҳмонов ӯро зиндонӣ кард ва бо зиндонӣ кардани ӯ чи тавр аз як рақиби билқувва халос хӯрд?

Искандаров ва ҳизби демократи ӯ соли 2003 баргузории референдум барои Қонуни асосиро бойкот эълон кард.

Худи ҳамон сол ва соли баъдиаш мубтакири ташкили Эътилофи сиёсии нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон шуд.

«ҲХДТ-и Эмомалӣ Раҳмонов тани танҳо ва яккамахав шуд. Зерои зери сақфи ин Эътилоф ҳама аҳзоб: коммунистҳо, наҳзатиҳо, демократҳо, сосиалистҳо ва сот сиал-демократҳо шомил шуданд. Ин амал як мушти сахт ва даъвои сатҳи миллӣ буд.»

Вай барои ҳабсу зиндонии Искандаров, дигар диранг накард. Ҳатто имкон надод, ки ба интихоботи парлумонӣ бирасад, чи расад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки Искандаров эълон дошт, номзади ин интихобот мешавад. Ӯро бо иттиҳоми бофта зиндонӣ карданду чанде аз дигар сиёсиёнро тарсонид ва чандеро ҳам моили худ кард.

Дар интихоботи соли 2006 ӯ дигар рақиб надошт. Рақибони эҳтимолӣ аз ҳамсафони худаш аз тарс қавлу қасами садоқат мехӯрданду обрӯяшон дар ҷомеа ба сифр баробар шудан мегирифт.

Интихоботи соли 2013 шуруъ нашуда, ки Зайд Саийд

бо ҳизби «Тоҷикистони нав» рӯи саҳнаи сиёсат омад, моҳе чанд баъд зиндонӣ шуд.

Раҳмонов новобаста аз он ки ин ҳама қудрати сиёсиву ваколатҳои беҳадду марзро дар даст дошт, боз ҳам аз  одитарин даъво ва даъвогари курсии раёсати ҷумҳурӣ мисли барги бед ларзид. Зеро хуб медонист, ки то ин дам фақат бо тақаллуб ва фиреб курсии қудратро дар даст доштааст.

Ин аст, ки ӯ ҳич бор дар Тоҷикистон интихоботи озод баргузор накардааст ва ба мардум ҳаққи интихоб кардани роҳбари давлаташонро қоил нест.

Аз ҳамон интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 то соли 2020 тамоми маъракаҳо саҳнасозӣ ба хотири як артист будаанд. Мардуми Тоҷикистон Раҳмоновро ягон бор интихоб накардаанд. Ин факти торихӣ аст, ки солҳо баъд низ собит хоҳад шуд.

Ин ҳама аз он далолат мекунад, ки ӯ аз ҳар нафари мустақил ва даъвои сиёсӣ дошта метарсаду ба мардуми Тоҷикистон бовар надорад! Ҳамин аст, ки мехоҳад бераҳмияшро дар баробари ҳар рақиби асливу тахминӣ мардум бидонанд!

«Сабаби асосии Қонуни афвро маҳдуд ва танг қабул кардан низ ҳамин аст. Танҳо ва танҳо барои ҳамин ӯ намегузорад, ки афродеро назири Искандаров, З.Сайид , Б.Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ озод кунанд.»

Мехоҳад, ки ҳама битарсанд ва дар  интихобот ширкат накунанд. Ӯ медонад, ки дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ ба ӯву писараш мардум  овоз намедиҳанд. Зеро аз ӯву Оилааш хаста шудаанд. Асоси стротежии ӯ тарс додани мардуми тоҷик аст. Вагарна медонад, ки он чанд зиндонии сиёсӣ, ки аслан муйсафедонанд, хатаре барои ӯ надоранд.

«Худ қазоват кунед, ки  шояд бори чандум бошад, ки Созмони милали муттаҳид аз Раҳмонов даъват мекунад, ки зиндониҳои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро раҳо созад чун онҳо бегуноҳ зиндон шудаанд, аммо Раҳмонов ин талабро нодида мегирад.»

Раҳмонов ин шабурӯзҳо худро ҳомии тоҷикони Афғонистон  ҷилва дода аз созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар талаб дорад, ки мутаваҷҷеҳи ҳоли онҳо бошанд. Аммо чаро ба ин талаби СММ беэътиноӣ мекунад?!

Инҷо ҷоиз донистем  талаби СММ-ро айнан биёварем:

«Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) уҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Бино ба хулосаи СММ, «хеле рӯшан аст, ки… заминаи боздошт ва баъдан зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар асл истифода бурдани онҳо аз ҳаққашон ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст».

Гуруҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи 11 узви ҲНИТ-ро озод кунад. Бо петитсия ба гуруҳи кории СММ аз номи 11 раҳбари дар тирамоҳи соли 2015 боздоштшуда ва сипас ба солҳои тӯлонии зиндон (аз ҷумла ба ҳабси умрбод) маҳкумшудаи ҲНИТ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom Now ва ҳуқуқдонҳои ширкати байналмилалии ҳуқуқии “Hogan Lovells” муроҷиат карда буданд. Петитсия ба Созмони милал аз номи  аъзои зерини ҲНИТ ироа шуда буд: Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматулло Раҷаб, Зубайдулло Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдулқаҳҳор Давлатов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Шариф Набиев ва Абдусамат Ғайратов».

Талаби рушан! Иҷрошуданӣ! Ва ба фоидаи имиҷи ӯ. Вале онро нодида мегирад.

Чаро?

Зеро метарсад? Не-не!

Дигаронро, мардумро, халқашро МЕ-ТАР-СO-НАД!

Ҳоло дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон одамони бегуноҳи зиёдеро бо иттиҳоми «ихвонӣ», «салафӣ», ”таблиғӣ» ва амсоли ин бандӣ кардаанд.  Аммо ҳатто як нафарро барои он ки ба “Шоҳидони Яҳво” байъат кард,  дини «баҳоӣ» қабул кард ва ё ба мисли ин зиндонӣ накардаанд. Чаро?

Чунки Раҳмонов танҳо аз Ислому мусалмонон сахт бим дорад ва тамоми ин ҳама солҳо, ки сари қудрат ҳаст, маҳз зидди ислом муборизаи бе амон кардаааст ва аз қудрати давлат барои саркӯбии диндорон сӯиистифода кардааст. Зеро медонад, ки Ислом ин мардумро ба ҳам меорад. Ба ҳам омадани мардум ба фоидаи ӯ нест. Ин аст, ки тухми нифоқ мекорад, ҳол он ки бояд ғамхори кулли миллат бошад. Бо ин қадар давлату сарват аз худ ҷавонмардиву ҳиммат нишон диҳад, вале намекунад. Ҳатто дар баробари писари Сангак Сафарови кушташуда, ки сабаби сари қудрат омадани як директори совхоз шуд. Директоре, ки ҳамагӣ 1 солу даҳ моҳ роҳбари хоҷагӣ кор кардаасту 10 рӯз раиси Кулоб будааст.

На рӯи хотири апаи Давлатмоҳро медонаду на хизматҳои падари Гулҷаҳону Наргисро қадр мекунад.

Барои иҷрои ин кор, барои қабули афве, ки ҳамаро ба ҷуз таҷовузгарону қотилони ашаддӣ фаро гирад, тарбиятдидаву таҳсилкарда ва огоҳ аз одоби ҷавонмардӣ ва хулқи айёрон бояд буд. Шахсе бояд буд, ки ба худаш, мақому мардумаш  бовар ва имон дошта бошад. Бачаи кампири Марямбӣ дар ҳафтод рафта, имрӯз ё пагоҳ худ соҳиби абераву чабера мешавад, вале ин ҳамаро надорад!

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки 18 сол боз дар кунҷи зиндон аст.  Як марди 50-сола буд, ки инак ба ба хонаи 70 медарояд. Вале боз ҳам ноумед аст. Хонаводааш парешону модараш дар ҳасрати писар даргузашт.

Ҳамин аҳволро хонаводаи Зайд Сайди хушному хуштарбия низ доранд. Ҳатто хонаҳои бастагонаш дар деҳот бо шумули хонаи падарашро  мусодира доранд.

Аҳволи наздикону бастагони  аъзои Раёсати Олии ҲНИТ низ ҳамчунон аст.Зубайдулло Розиқи 80 соларо зиндонӣ кард, дилаш хунук нашуд,омаду писари ҷавонашро ҳам бурду шинонд.

Эшони Қиёмиддинро дар зиндон куштанд. Ду писарашро ба солҳои тулонӣ зиндонӣ карданд ва ҳоло саввумашро ҳам дастгир кардаанд.

Мардум! Мутмаин бошед, ки Раҳмонов на дар фикри тоҷикони Афғонистон аст ва на тоҷикони Тоҷикистон.

Вай танҳо дар фикри он аст ки чи гуна Рустамро дар ҷойи худ овараду сарвату ҷоҳу ҷалолашонро ҳифз кунанд. Бо тарс додани мардум ва истифода аз имконоти давлат. Давлати ҳамаи мову шумо!

Ҳамин аст, ки “афви тиллоӣ”-и рекломкардаашон ҳатто миссиву алюминӣ набудааст, ки балки куҳнаи зангзада. Мисли ҳамон афвҳои қаблияш, ки барои пулкоркунианд.

Ps:  Миллат ва хонаводаҳои зиндониёни бе гуноҳи дар зиндон буда ҳаргиз ин зулми ӯро фаромӯш нхоҳанд кард. Бори дигар такрор мекунам,ки Раҳмонов гуфта буд: “ як афве мекунем ки таьрихи истиклолиятда нашуда буд.”

Аммо  ҳозир бошад лоихаш бромад ва порлумон онро тасдиқ намуд вале  аз ин афви Рҳмонов,то ин дафъа бадтаринаш нашуда буд. Тибқи иттилооте ба “Ислоҳ” расида аз манбаъи муътамад ҳоло хам пас аз қабули ин лоиҳа ва тақдим ба “Пешво”  ӯ имзо накардаст. Гуфта будааст: “ мухолифони сиёсати маара ҳоло ҷошон созаи монен бошанд дар зиндон  пас аз ШОС як фикр мекунем ва  имзош мекунам”

Бо тамоми сароҳат ва ҳисси инсоният ва шаҳрвандиям ба Раҳмонов инро мегуям: “Раҳмонов пас аз хондани ин матлаб имшаб якбор барои панҷ дақиқа фикр кун. Худат ва ё Рустам, Озода ва ё набераю духтаронат дар зиндон қарор медоштед ва боз пас аз 6 , 10 ва ё 18 сол будан дар он, чӣ орзӯ мекардед?. Ана ҳамон орзуе мекардед дар зиндон онро барои ин зиндониёни бе гуноҳ амалӣ намоед. Дунё ва ҳоли ин дунё тез тағйир хуранда аст ва ҳар коре карди ҷавобашро дар дунё пеш аз марг хоҳи дид!”

Дар охир ин шеъри Хоҷа Ҳофизи Шерозиро тақдим ба зиндониёни бегуноҳ ва хонаводаҳои онҳо менамоям. Ҳаргиз маъюс ва дилтанг набошед, Ин шо Аллоҳ Ҳар шом ки ояд зи паси ӯ саҳаре ҳаст.

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Қанъон, ғам махӯр.

Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.

Ай дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.

Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман

Чатри гул бар сар кашӣ, ай мурғи хушхон, ғам махӯр.

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доимо яксон набошад ҳоли даврон, ғам махӯр.

Ҳон машав навмед, чун воқиф найӣ аз сирри ғайб

Бошад андар парда бозиҳои пинҳон , ғам махӯр.

Ай дил, ар сейли фано бунёди ҳастӣ барканад,

Чун туро Нӯҳ аст киштибон зи тӯфон, ғам махӯр.

Дар биёбон гар ба шавқи Қаъба ҳоҷӣ зад қадам,

Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр.

Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,

Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.

Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,

Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр.

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуъову дарс Қуръон, ғам махӯр.

Сообщение “Афви зангбаста” ба ҷои “Афви тиллоӣ” появились сначала на ISLOH.net.

Маҳви физикии Муҳаммадалӣ Ҳайит дар зиндон, нақшаи кист?
Мақомоти Тоҷикистон амалиёти маҳви физикии  Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст. Барои иҷрои ин кор  Дониёр Сафаров, яке аз ду нафар қотилоне,ки дар гузашта  дар куштори ду нафар духтари ҷавон муҷрим шинохта шуда ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили  Сомонии Душанбе  дар декабри соли гузашта барои 22 сол маҳкум ба зиндон гардид, гумошта шудааст.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2016 ба ҳукми абад маҳкум кардааст дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 СРИҶҶ ВА ҶТ-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Хабарҳои расида  аз ин муассисаи тафтишотӣ  ҳокӣ аз он аст ки Дониёр Сафаров, ҳамон таксисте,ки дар ду ҳолати одамкушӣ  муттаҳам мебошад, бо Муҳаммадалӣ Ҳайитов дар як камера ҷо кардаанд.

Манбаи «Ислоҳ.нет» мегӯяд, ки як корманди баландрутбаи милисаи Душанбе бо номи Хусрав Аминов Нуриддинович, ки аз солҳо пеш бо Дониёр Сафаров рафиқӣ ва риштаи дӯстӣ дошт, ба Дониёр ваъда додааст, ки шарти раҳоии ӯ ба куштори Муҳаммадалӣ Ҳайитов марбут аст. Ҳоло, маълум нест, ки дар пушти ин «заказ» шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов меистад ва ё афроде баландпояи дигар аз мақомоти Тоҷикистон. Гуфта мешавад  дар амалиёти мазкур бо подполковник Хусрав Аминов як масъули муассисаи тафтишотие, ки дар он Муҳаммадалӣ Ҳайит нигоҳ дошта мешавад  шарик аст. Аз қазо солҳое, ки ҳанӯз Дониёр Сафаров дар озодӣ буд тақрибан ҳамарӯза ин мақоми масъули СИЗОи мазкурро аз хона ба коргоҳ ва аз коргоҳ ба хонааш мебурдааст. Ҳамчунин корҳои хариди бозор ва ё ягон кореро, ки зани ин мақомдор,ки Баҳодур  ном доштааст мефармуд, анҷом медодааст. Дониёрро бо ин корманди зиндон Хусрав Аминов шинос карда будааст. Ин масъули муассисаи тафтишотӣ  дар Деҳнамаки Варзоб ГЭС  дар пеши шӯъбаи милиса, дар назди мактаби №26 як сеошёна калон дорад.

Хусрав Аминов (Нуриддинович)  низ солҳо пеш дар  Варзоб ГЭС-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун «участковий» кор мекардааст. Вай чандин вақт Дониёрро ба сифати «барига» истифода кардааст. Героини Хусравро мефурӯхтааст. Як вақт Дониёрро барои фурӯши героин дастгир мекунанд. Вале Хусрав ба воситаи «алоқаҳояш» тагу боло давида бар ивази пул Дониёрро мехарад. Дониёр чанд муддат нопадид мешавад. Вале дигар «конкретно» бузи ин милиса мешавад. Аз рӯи баъзе аз маълумотҳо «удостворенияи ғайриштати»  ҳам доштааст.

Ҳанӯз дар авоили моҳи май буд, ки Муҳаммадалӣ Ҳайит дар охирин мулоқоташ бо хонумаш ин масъаларо ошкоро гуфта буд. Вай он замон гуфта буд, ки дар камераи ӯ як нафар қотили занҳоро оварданд, ки ҳамеша талош мекунад, ки бо Муҳаммадалӣ Ҳайит ягон ҷангу ҷанҷол ва ягон коре хилофи қоидаи СИЗО роҳандозӣ кунад. Муҳаммадалӣ Ҳайит ба хонумаш мегӯяд, ки ба Мансур Умаров, раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  вазорати адлияи Тоҷикистон бирасонад, ки ин нафарро, ҳоло маълум шуд, ки Дониёри таксист будааст, аз  камераи ӯ  бигиранд. Вале Мансур Умаров ба хонуми Ҳайит ҷавоб додааст, ки инҷо зиндон аст ва шарту шароити худро дорад ва бо одамкушоҳо ҳам якҷо мешинанд.

Дуруст аст ки зиндон аст, ҳарчанд, ки ҳоло маълум нест,ки чаро нафаре, ки ҳукми абад гирифтааст дар СИЗО нигоҳдорӣ мешавад ва ҳамин тавр нафареро, ки ҳукмаш бо одамкушӣ содир шудааст, (Дониёр)-ро дар СИЗО нигоҳ медоранд ва ба маҳбас мунтақил намекунанд. Аз ин бармеояд, ки аз ин амалиёт Мансур Умаров ҳам огоҳӣ дорад ва дар воқеъ бо Муҳаммадалӣ Ҳайитов ҳамкамера намудани Дониёр бар тибқи нақша аст.

Ман дар барномаҳои пешинаам муфассалан ба Умаров муроҷиат карда гуфта будам, ки аз Худо битарсад ва нагузорад, ки ба ҷони Муҳаммадалӣ Ҳайит осеб бирасад. Чун Умаров ҳам зану фарзанду додару бародар дорад. Ва, худаш ҳам биандешад, ки ҳамаи ин аъмоли ӯ ва на танҳо ӯ дар назди миллат ва мардуми Тоҷикистон дер ё зуд муҳокима ва муҷозот мешавад. Зиндагӣ ва чархи он якҷо намеистад:

Чунин аст расми сарои дурушт,

Гаҳе зинсавору гаҳе зинбапушт.

Мо, дар ҳақиқат намедонем, ки чаро дар қасди ҷони Муҳаммадалӣ Ҳайит афтодаанд, дар қасди ҷони нафаре, ки дар дасти худашон аст, бандӣ аст, коре аз дасташ сохта нест. Вале агар мехоҳанд бо куштан ва нобуд кардани вай пеши роҳи мубориза ва муқовимати моро бигиранд, кур хондаанд. Мо, аз ин роҳ барнамегардем, то дар ҳалқамон тарӣ ва нам ҳаст садо баланд  мекунем. Наметарсем.

Муҳаммадалӣ Ҳайит яке аз роҳбарони ҲНИТ буд, ки шумо фаъолияти ин ҳизбро бастед, мамнуъ эълон кардед ва террористиаш хондед. Ҳизб дар Тоҷикистон фаъолият намекунад, таътил эълон кард. Аммо мо дар инҷо ки ҳастем амал мекунем. Мо, ҳизбем, ташкилотем, иборат танҳо аз Ҳайит ё Кабирӣ ва ё Муҳаммадиқбол нестем. Мо набошем ва нестамон мекунед боз дигарҳо ҳастанд. Барои ҳамин даст аз ин коре, ки ҳам дунёятонро ва ҳам охирататонро месузонад бардоред.

Муҳаммадалӣ Ҳайит барои масъулони Идораи зиндонҳо ҳамеша дарди сар дуруст кардааст. Чун ҳамеша муқовимат мекунад, мубориза кардааст, шикоят намудааст, кирдоҳои ғайриқонунии онҳоро бо роҳҳое ифшо кардааст. Мунтаҳо сокит набудааст. Созмони милали муттаҳид ҳам парвандаи ӯро сирф сиёсӣ хонда раҳоии бидуни қайду шартаршро тавсия кард. Ӯ ҳамин ҳоло ҳам рамзи муқовимат ва намоди ҷасорат аст. Як сабаби куштанашон шояд ҳам ҳамин бошад, ки дигарҳоро битарсонанд.

Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳеҷ гоҳ пеши шумо сар фуруд наовард ва намеовард, дар назди камера гап назад, азобу азияташ додед, минбаъд ҳам ҳамин корро мекунед ва шояд бикушед, аммо дониста бошед, ки чизеро иваз карда наметавонед. Махдуми Сатторро куштед, чӣ шуд? Эшони Қиёмуддинро куштед, чӣ шуд? Ҳатто як ҷавони бистсолаи писари Гулмурод Ҳалимов-собиқ сардори ОМОН-и худатонро куштед, чи шуд?

Нафрат ва хашми ботинии мардумро нисбати худ ангеза ва аланга додаед,ки дар соати зарурӣ фаввора зада берун меҷаҳад.Мехоҳед бо қатли Ҳайит боқии наҳзатиҳои зиндониро битарсонед? Ҳоло агар ҳамаи он мазлумҳо ба ҷонибдории шумо ҳарф бизананд, ҳам касе шуморо бовар намекунад. Агар ба наворҳои тайёркардаатон худатон бовар мекардед, Эрон намерафтед. Ҳамаи инро мардум мефаҳмад, ки шумо фақат ва фақат дар фикри ҳукумати худ ҳастед.

Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳанӯз дар соли 1984 робитаи фармондеҳони низомии Шӯравиро бо сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд таъмин мекард. Вай на танҳо як сиёсатмадори забардаст, ҳамчунин ходими пуртаҷриба ва ҳирфаӣ аст.

Дуруст аст, ки Хусрав Аминов ва он нафари масъули зиндон ба гӯшҳои Дониёр Сафаров парида, лапша кашол карда уро аҳмақу аблаҳ сохта шарти раҳоияш аз зиндонро дар куштори Муҳаммадалӣ марбут донистаанд, ки Ин шо Аллоҳ  ба ин ҳадафи нопокашон намерасанд. Ба Дониёр аз номи Эмомалӣ Раҳмон ваъда додаанд, ки дар афви бахшида ба 30-солагии истиқлолият, ки бояд то сентябр эълон шавад, ӯро шомил мекунанд. Аммо вай бояд  то он замон «кор»-и Муҳаммадалӣ Ҳайитро тамом кунад.

Мегӯянд,ки дар асл Меҳрафрӯзи духтари эшони Сайидхон (Меҳрафрузи Холмирзо)дар Варзобро, ки баҳори соли гузашта дар яке аз дараҳои Харангон куштанд ва куштор ба дӯши Дониёр ва як рафиқи дигараш бор шуд, аслан кори ҳамин Хусрав Аминов  будааст. Ду ё се соли пештар ҳам як духтари дигар, ки Замирамо ном дошту дустдухтари ҳамин Дониёр буд ба таври мармуз нопадид шуд. Вақте ҷасади Меҳрафрӯзро аз  як чуқурии касногузари  маҳаллаи  Харангон дар даруни замини як  дача пайдо карданд, сипас ҳардуи ин ин ду куштор ошкор шуд. Хабаргузориҳо навишта буданд,ки «мақомот ҷасади Замирамоҳ Ҳайдарова ва Меҳрафрӯз Холмирзоро дар маҳаллаи Харангон пайдо карданд. Аввалӣ ду солу ҳашт моҳ ва дигарӣ панҷ моҳ бедарак буд».

Дониёр бо Замирамо робита доштааст.   Духтари дуввум-Меҳрафрузро, ки 19 сол дошт, ҳамчун ҳамдеҳа, ки мешинохтааст аз мактаб рост ба назди Хусрав ба ҳамин дача мебарад. Ин сару садоҳо, ки дилу ҷигари он духтарро фурухтаанду Хусрав низ дар кадом як мафияи фуруши аъзои бадани инсон ҳамроҳ астро бояд мақомот тафтиш кунанд.

Дониёр  барои куштори Муҳаммадалӣ Ҳайит барои  он ҷалб шудааст,ки  вай пеш аз ин ҳам ҳамеша дастуру фармонҳои Хусрав Аминовро иҷро мекардааст. Ҳатто дар вақти тафтишот ва дар рафти мурофиаи додгоҳӣ ҳам як ҳарф ба ҳимоят ва бегуноҳии худ ба забон наёвардааст, чун Хусрав ваъда кардааст, ки «хап бест,ҳам тинҷай  озодат мекунем».

То ҳамин имрӯз Хусрав Аминов, подполковники милиса, сокини Деҳнамаки боло Дониёрро бо фиребу найранг ба ҷиноятҳои худ шарик карда ва то ба 22 соли ҳабс ҳам расонидааст, аммо Дониёр ба ӯ бовар мекардааст. Зеро Хусрав, аз рӯи баъзе маълумотҳои расида ба ӯ чанд бор бастаҳои 100 сомонӣ ва ҳатто саддоларӣ додаасту Дониёр бо он пулҳо ҳам мошинашро нав мекардааст ва ҳам зан гирифтаву хонаву дар сохтааст. Хусрав Аминов ба Дониёр гуфтааст, ки  «мо туро хато кардем гуфта мебарорем. Ҳама чиз дар дасти худмонай».

Робитаи Муҳаммадалӣ Ҳайит бо муовини Мансур Умаров, Нуриддин Раҳмон ҳам хеле бад тавсиф мешавад. Нуриддин Раҳмонро яке аз золимтарин корманди ин соҳа мегӯянд. Борҳо шахсан Муҳаммадали Ҳайитро азобу шиканҷа додааст. Дар пайи шикоятҳои мукаррари Муҳаммадалӣ ҳоло дигар Нуриддин Раҳмон  ба утоқи Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳақи ворид шудан надорад.

Дар ҳар сурат ҳоло маълум нест, ки пушти амалиёти маҳви физикии Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ кӣ меистад. Вале як нукта мушаххас аст, ки Хусрав Аминов ба он мақоми масъули зиндон, ки номи  тахминиаш Баҳодур аст «хидмат» карданист, барои ҳамин «номзад»-ии Дониёрро барои иҷрои ин амалиёт пешниҳод кардааст. Ҳамин ҳоло ҳам Хусрав Нуриддинзода гоҳо шахсан ва гоҳо ба воситаи «дубак»-ҳои ин муассисаи тафтишотӣ, ки дар қисмати «старий продол»-аш кор мекунанд, «дачка» ва пайғом мефиристодааст.

Вале яқин аст аст ки ин бор ҳам Хусрав Аминов  Дониёр Сафаровро фиреб медиҳад ва ӯ шомили афв намешавад….

Сообщение Маҳви физикии Муҳаммадалӣ Ҳайит дар зиндон, нақшаи кист? появились сначала на ISLOH.net.