Архивы Муҳиббулло Саъдуллоев - ISLOH.net

Семейканюс №27
Давлат» мусодира мекунад, Семейка соҳиб мешавад

Нашри тозаи маҷаллаи «Семейканюс»-ро дар даст доред. Ин бор низ хабару маълумотҳои ҷолиберо аз кору зиндагии пушти саҳнаии аъзои «Семейка» бароятон омода намудаем.

Ин бор «қаҳрамони марказӣ»-и маҷаллаамон Меҳрубон Сангинов, чемпиони як навъи муштзанӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Дар бораи Меҳрубон дар шумораҳои қаблии маҷаллаҳоямон маълумоти мухтасар пешниҳод карда будем. Дуруст аст ки Меҳрубон бо ОИЛА пайванди хуниву хешӣ надорад. Аммо ин Меҳрубон, ки какан -писари думоварди зани дувуми Раҳмон Исломиддини Хайриддин (Нуриддини тракторчӣ), раиси Тоҷикстандарт ва домоди Шарифбек Давлатови қудои Эмомалӣ Раҳмонов (хусури Таҳминаи Клеопатра) аст, аз ихтиёрот ва салоҳиятҳои беҳадду марз дар Тоҷикстандарт, яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ бархурдор аст, камтар аз узви Семейка ҷойгоҳу нуфуз надорад.

Маълумоти бештар дар бораи Сангинов Меҳрубонро дар қисмати охири маҷалла мутолиа хоҳед кард.

Вале, ҳоло тибқи риволи пешина хабарҳои тару тоза аз маҷаллаи нави «Семейканюс» пешниҳодатон мегардад.

Ахбори Семейканюс:

Зайнулло, аз Исмати дулик фурудгоҳро ҳам гирифт, тарабхонаи «Шаҳрисабз»-ро ҳам

Зайнулло Соҳибов ва ҳоло Шарифзода, бародари Шамсулло ва ҷиняи Зоири мундуқ, домодҳои Раҳмонов, ки ба муҷарради ронда шудани Исмати дулик аз раёсати фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, соҳиби ин курсии стратегӣ ва равғанӣ шуда буд, тибқи хабарҳои расида ба дасти мо на фақат фурудгоҳ, ҳамчунин ресторани «Шаҳрисабз»-и Исмати Дуликро ҳам аз они худ кардааст. Ин ресторанро ҳам дар ҳисобу шумори амволи мусодирашудаи Исмати дулик ба манфиати давлат конфисковат карданд. Бо номи давлат мусодира мешавад вале Семейка онҳоро азони худ мекунанд. Вале аҷибаш он ки ба Зайнулло расидааст ин моликияти мусодира шуда. Зайнулло Шарифзода писари Маҳмадулло Соҳибов аст. Маҳмадулло писари Ҳоҷӣ Шариф аст. Маҳмадулло ду писар яке Шамсулло Соҳибов ва дигари Зайнулло Соҳибов ва чор духтари дигар ҳам дорад бо номҳои Махфират, Маҳрам, Оля, Рухшона ҳастанд, ки ҳама дорои ҷойгоҳҳои бузург дар кишваранд.

Ёдатон бошад автозаправкаҳои Умед-88 –ро мусодира карда буданд ба Шамсулло, расида буд. Мағозаҳои Орима ба Тахмина, мошини Тойота прадои ҳоҷӣ Ҳалим ба Умедаи духтари СС.Ятимов, осоишгоҳҳои Шоҳамбарӣ ва Зумрат ба Зоир расида буданд. Хуллас, ҳама молу чизҳоу чораҳои мусодирамешуда ба ҳамин Оила мерасад. Оила-давлат аст дигар.

Тарабхонаи «Шаҳрисабз» дар наздикии варзишгоҳи Спартак ва маркази тиҷоратии «Пойтахт», ки ба соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт ва он ҳам ғасб шудааст, дар кучаи Телман-17 қарор дорад, ки онро чанд соли пеш Исмати дулик бо харҷи миллионҳо доллар сохта буд. Инҷо ҳам ғизои миллӣ ва ҳам урупоӣ таҳия ва пешкаш мешавад. Дуошёна аст. Барои маросимҳои то 200-250 муштарӣ толори хубу барҳавои муосир дорад. Ин тарабхона дар дасти рости роҳи калон  ҷой дорад. Аксарияти аъзои Оила ҳоло дар давру бари ҳамин ресторан барои худ қасру кӯшкҳо сохта истодаанд.

«Ҳама хонаи авлод қариб ҳамиҷада. Ҳасани шикамба ҳам дар ҳаминҷо аст. Вақте мегардӣ кӯча дасти рост, агар аз тарафи Спартак ва роддоми№ 1 омада истода бошӣ, аввал як идораи амният аст баъд ресторани «Шаҳрисабз». Давомаш ҳама кӯчаро тудаи авлоди Эмомалӣ Раҳмонов, мақсад хешу таборҳояш гирифтанд. Хонаҳоро хезондаистодаанд. Сокинони хонаҳоро рондаистодаанд. Набераҳош калон шидай абераҳошам, мора хезонда  авлодша ҷо кардестай. Дар унбартар агар дасти чап нигоҳ куне хонаи Озодаи қили аспа мебинен, ки то охири кӯча сохтмонуш аст ва шабуруз 4 ё 5 нафар аз дасти чапу рост бо силоҳ ростанд, охранна

Ҷамшеди додари Муроди телех, прокурори заминфурӯш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бародари генерал Мурод Саидов телехи президент дар прокуратура кор мекунад. Аммо вай, ки Ҷамшед ном дорад, бо насаби дигар, бо насаби Раҳмониён дар додситонии ноҳияи Рӯдакӣ кор мекунад. Сари чандин нафарҳоро ин Ҷамшед хӯрдааст. Тамоми ҳодисаву ҳолатҳои заминфурӯшӣ дар ин ноҳия ба воситаи ҳамин ҷинояткори маккор ҳалу фасл мешавад.

Боз ҳам Зайнулло….

Зайнулло, аммо ин дигар Зайнуллои солҳои дароз мардуми Қурғанро ғам медиҳад. Вай магазинҳову корхонаҳои зиёд дорад. Зайнулло домоди ҳоҷӣ Шариф мебошад, хоҳари Зоирро гирифтагӣ аст. Занаш аз худаш чандин сол калон аст. Маҳмадулло ҳам бачаи ҳоҷӣ Шариф, Шамсулло бачаи Маҳмадулло, набераи ҳоҷӣ Шариф, ҷияни Зоир. Зоир додари Маҳмадулло аст. Инҳо мисли алафи зиёновари аҷириқанд.

Бе ғайр аз инҳо боз дар Чапаев 7-тои дигар ҳастанд. Ҳоҷӣ Амирулло чанд сол  раиси Қурған буд. Аммо вайро Зоири мундуқ подставит ва ниҳоят аз Қурған убрат кард.

Агарчи хешу табору қудову андаанд вале чанд сол аст, ки дар Қурған оилаи Ҳасани ишкамба ва додаронаш бо Зоир, Шамсулло, Зайнулло, хуллас, бачаву набераи ҳоҷӣ Шариф шапидестан: кӣ зур мебарояд, кӣ зурай да власт. Хеле вақт аст ки байни худашон разногласия рафта истодааст: «кӣ бояд зӯр шавад. Кӣ бояд соҳиби шаҳр шавад».

Зоир Исмати дулик, одами Ҳасанро чапа карда дар ҷояш Зайнуллои ҷиянашро раиси аэропорти Душанбе монд. Пештар ҳоҷӣ Амирулло Холов додари Ҳасанро тавонист, ки аз раисии шаҳри Қурғонтеппа-Бохтар дур кунад.

Муҳиб ва КПП-и Панҷи поён

Гузаргоҳи Панҷи поёнро гузаргоҳи тиҷоратии Оила гӯем хато намекунем. Тавассути ин гузаргоҳ тақрибан ҳамаи аъзои оила:- Ҳасан, Муҳиб, Шамсулло бор мезананд. Ин гузаргоҳ хуррагаҳ, як дари бози тиҷоратҳои ин оила аст. Аз наркотику силоҳ гирифта то пивову матоъ мегузаронанд. Аммо дар инҷо Муҳибулло, шеф ва асосӣ аст.

Муҳиб чӣ мегузаронад?

Инки Муҳибуллои бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов, бале ҳамон Муҳиби «номард бошаму зинд бошам» яке аз персонажҳои манфии ҳамешагии мо мебошад, ҳамагон медонанд. Вале Муҳибуллоро мо персонажи манфӣ накардаем. Вай худаш, кору кирдораш аст ки манфӣ шудааст.

Муҳибулло ба Афғонистон то ҳамин ҳоло ба миллиону миллиард бор мезанаду бор медароварад.

Мошинҳои борбари Муҳибулло пештар КаМаз буд ҳоло дулану фура шудааст. Онҳо тафтиши рентгенӣ намешаванд. Ягон намуд санҷишу тафтиш намешаванд.

Мошинҳои Муҳибро тамоман ҳиҷки намедонад, ки дарунаш чӣ аст. Албатта, медонанд, вале тавре вонамуд мекунанд, ки намедонанд. Мошинҳояш якто, дуто, ҳар смена ҳар хел мегузаранд. Барои мисол Муҳиб аз Афғонистон як фура сигарети ESSE ченҷ, медароварад, ки дар он 1000 то 1500 қутӣ-коробка сигарет ҳаст, ки ҳар кадоме 50 блок дорад. Дар ҳафта, як бор -ду бор ворид мекунад. Баъзе вақт як фура, баъзе вақт ду фура.

Муҳиб арақ, пиво, виски гузаронида истодааст. Даҳ қуттӣ, даҳ қуттӣ аз ҳар кадомаш дар мошин баҷо крда ворид мекунад. Агар дар Тоҷикистон як шиша пиво 20 сомонӣ бошад, дар Афғонистон 200 сомонӣ арзиш дорад. Дар Афғонистон машрубот мамнӯъ аст. Вале бо чи роҳҳое шарикони афғонӣ дорад, ки бар ивази пули калон дастрас мекунад.

Вақте полковник Бобораҷабов, сардори КПП меомад, дар КПП камераҳоро мекушт, забти навор намешуд. Худи ҳамин полковник ҳам беҳад сигарет ворид мекард. Дар як рӯз то 1000 блок сигарет медароварду мефурухт. Ин полковник дар Душанбе се- чор хона дорад, дар Кӯлоб хона дорад, чандин миллион пул дорад. Аз вазифа гирифтанаш. Як миллион дод боз дар вазифа барқарор шуд. Ҳамаи камераҳо, чи дар шлагбаум, чи дар пости рентгенӣ ва толори убури мошинҳо сокит ва кушта мешаванд.

Мошинҳои Муҳибро касе проверка намекунад. Як кабинаашро дуруғакӣ мебинанд, тамом. Меояд ин тараф дар стоянка -терминали Фароз меистад. Кайе, ки Муҳиб раҳу рӯро «ҳамвор» кард, мегӯяд, ки «бароредашон мошинҳои маро» мебароранд.

Муҳиб, раиси ноҳия, додситон, амният ва милисаи Шаҳритусро ба тини сиёҳ намегирад.

Муҳиб, тир, шираи камол, семент, писта, матоъ ба Афғонистон мегузаронад. Фураҳое, ки семент, алюминий, писта, матоъ ва дигар чиз мебаранд дар даруни онҳо даҳ бист қуттӣ равон мекунад.

Муҳиб аз Афғонистон на фақат сигарет, анвои гуногуни маводди мухаддир:-чарс, афюн, героин ворид мекунад. Чарсу афюнро дар даруни қабати поин ва дар сарпӯши дегҳои афғонӣ баҷо карда меоваранд.

«Ҳайрон мешудем ва мегуфтем ин қадар дегро чи кор мекунанд? Як фураи он барои чанд моҳи калонтарин бозори Тоҷикистон бас аст. Дар як барноми ахбори ВКД нишон медиҳанд, як камазист дег мегузаронад, ки меқапанд. Дар қабати поини деги афғонӣ аз Муҳиб буд. Аммо, баъди чанд вақт он бача боз ҳамон масир кор мекард.

Муҳиб боз асп мегузаронад, техникҳои кории алтай, экскаватор, кран мегузаронад. 20 -25 самосвали хитоиҳоро дар як навбат гузаронд, ки худам шоҳидаш ҳастам. Ин мошинҳоро асосан тиллоковҳои хитоӣ мегиранд. Хитоиҳои тилоков ҳоло дар имтидоди рӯдхонаи Панҷ дар қаламрави Афғонистон хеле зиёданд. Барои хитоиҳо, ки дар Афғонистонанд, сарулибосу маводи ғизоӣ  ҳам мегузаронад. Ҳамон арақу вискиву пиворо ҳам барои онҳо мегузаронидааст.

Меҳрубони какан чемпиони ҷаҳон оид ба бокс ва Тоҷикстандарт

Меҳрубон Сангинов аз Исломиддин, пиандари худ ҳамагӣ чанд сол хурд аст.  Соли таваллуди Исломиддин 1983 аммо соли таваллуди Меҳрубон 1996 яъне 13 сол хурд аст. Меҳрубон Маҳмудович Сангинов чи хеле гуфтем, боксёр буд ва муваффақиятҳои беназирро ҳам дар ин ришта касб намудааст. Онҳо пиандару падарандар, писару падари угай ҳам бошанд, шояд ба ҷиҳати наздикии синну сол ва шояд ба ҷиҳати шарикӣ дар дуздиву ғорат зуд бо ҳам унс гирифтанд ва рафиқони хуби хуб ҳастанд. То онҷое рафиқи хубанд, ки Исломиддин тамоми ихтиёроти Тоҷикстандарт ва умури идориву кориро ба Меҳрубон вогузор кардааст. Ва, амалан, Тоҷикстандартро Меҳрубон мечархонаду контрол мекунад.

Як каме маълумот дар бораи Меҳрубони какан дар омади гап:

Меҳрубон сеюми феврали соли ҷорӣ ҷашни сисолагии зодрӯзашро таҷлил кард.

Меҳрубон Сангинов дар сӯҳбатҳои расонаияш дар бораи вазъи оилавиаш, ва инки писарандари Исломиддин аст ҳеҷ гоҳ ёдовр нашудааст, чизе нагуфтааст. Маълум мешавад, ки вай аз соли 2014 узви Ҳизби халқӣ-демократии зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов будааст.

Дар 22 июли соли 2017 дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи шимолии Амрико бо як боксёри ҳирфаӣ  вориди сабқат шуда дар раунди аввал ӯро ба нокаут мефиристад  ва дар синни 21 солагӣ тибқи версияи WBB (World Boxing Board) чемпиони ҷаҳон эълон мешавад. То куҷо барои ин муваффақиятҳои Меҳрубон Исломиддин саҳм дорд, ногуфта ҳам маълум аст.

Меҳрубон дар он солҳо ҳанӯз донишҷӯи факултети ҳуқуқи филиали Донишгоҳи гуманитарии Санкт-Петербург дар Алмаато будааст.

Меҳрубон аз соли 2017 раиси федератсияи бокси Душанбе ва устоди хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон аст.

Январи соли 2021 Меҳрубон унвони чемпиони WBA NABA дар вазни миёнаро ба даст овард.

Раҳмон Исломиддин Хайриддин, раиси Тоҷикстандарт, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмонов факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллиро тамом карду чанд вақт нагузашта раиси шӯъбаи Ориёнбонк дар ноҳияи Исмоили сомонӣ таъин шуд.

Ин оиларо пештар дар Данғара зеленфурӯш мегуфтаанд. Авлодони худи Нуриддин ӯро кабудифурӯш мегуфтаанд. Данғара серзамин аст. Нуриддин бо кличкаи кабудифурӯш машҳур буд. Баъди омадани Эмомалӣ Раҳмонов ба қудрат мардум аз забони худи вай шуниданд, ки бародараш тракторист будааст ва ба ҳамин ҷиҳат Нуриддин тракторчӣ лақаб гирифт

Нуриддин як писари дигар ҳам дорад- Умед. Ин Умед дар Сино ва дар Сомонӣ прокурор буд. Феълан прокурори Ҳисор аст.

Ва, аммо Меҳрубон фарзанди думовард, какани ҳамсари дуввуми Исломиддин аст. Модари Меҳрубон Ҳанифа ном дорад. Ҳанифа беҳад базеб буд, ки ҳар ҷавонмард медид, ҳавасаш меомада. Ҳанифа ду кӯдак аз шавҳари аввалаш дошт. Як духтар ва як писар. Духтараш ҳамроҳи худаш вале бачааш, яъне Меҳрубон,ҳамроҳи шавҳараш буд. Меҳрубон ва падараш дар Хитой зиндагӣ мекарданд. Падари Меҳрубон Маҳмуд ном дорад.

Он солҳо, ки ман ҳам равуо доштам, хонаи Ҳанифа дар роҳе, ки аз Садбарг ба тарафи Танка меравад, дар қарибии Голубой экран, дар гардиши чорроҳаи кинотеатри Ватан аст. Ягон 200- 300 метр поён меравӣ, дар самти дасти рост, дар сари роҳ хона воқеъ аст. Ба бинои ҳукумат норафта рӯбарӯ домҳои қадимаи дуэтажаҳо буданд, дар ҳамонҷо буд. Ин зан дар вақташ тоҷир буд. Ёдатон бошад дар рӯбарӯи вазорати адлия магазине буд бо номи «Ромашка», ки аз ҳамин зан буд.

Дар байни вазоратхонаҳои адлияву фарҳанг як истгоҳи тролейбус буд. «Ромашка» ҳамонҷо буд. Болотар аз Бонки миллӣ, ки тарафи муқобилаш театри опера ва балет.

Хулоса тиҷорат мекард.

Ҳанифа як дугона дошт бо номи Наргис, ки дугонаи беҳад наздикаш. Вай сардори шӯъбаи Тоҷикматлубот дар ноҳияи Варзоб буд. Барои мошенникӣ суд шуд. Вай ҳам тиҷорат мекард.

Дар наздикии СУМ магазинҳо буданд: Сказка, сартарошхонаи Шабнам. Чанд рӯз пеш дар Ютуб дидам онҳо дигар нестанд. Онҷо домҳоро бардоштаанд. Наргис дар ҳамонҷо ҳам магазин дошт. Занҳои шурӣ-мурӣ буданд.

Меҳрубон дар Душанбе набуд.

Як бонуи журналист бо номи Наргис Қосимова 8 соли пеш бо Ҳанифа интервю карда будааст.

Ҳозир, шояд перемирится карда бошанд, аммо дар аввалҳо ҷанҷол байни занҳои Исломиддин бисёр буд. Зани аввали Ислом вақте фаҳмида буд хонаи Хайриддин, яъне Нуриддин ба Данғара омада доду бедод ва разбор мекунад.

Ин Ҳанифа аз тарафи Суғд аст. Маҳмуди шавҳари аввалааш аз вай ҷудо шуда буд.

Исломиддин Ҳанифаро замоне, ки дар филиали Ориёнбонк дар ноҳияи Исмоили сомонӣ кор мекард, гирифтааст.

Мову шумо хуб медонем, ки аъзои Оила ба чунин нафарони «чашми кордон», «корчаллон», ки якро ду, дуро дуҳазор кунанд, роҳҳояшро донанд, сахт ниёз доранд. Инҳо кришават мекунанд, соябони сарашон мешаванд ва афроде мисли Меҳрубон дар зери «сояи давлат» ва бо дилу гурдаи пур медузданд, метозанд, мебалъанд.

Ҷолиб инҷост, ки Меҳрубони  чемпиони бокс ҳам аз ҳамин хайли «чашми кордон»-у «корчаллон»-ҳо будааст. Дар тӯли камтар аз як сол «Тоҷикстандарт»-ро пурра таҳти итоат даровард ва пистонҳои ширдеҳи онро пайдо ва ба дӯшидани онҳо шурӯъ кард.

Исломиддин, ки раис аст дигар каҷғел задагӣ, зулфони Ҳанифаро шона зада дар хона ховай. Давоми як соли раҳбариаш шояд даҳ бор ҳам ба коргоҳаш наомада бошад.

Шояд хислатҳои  «чашми кордонӣӣ»-ву «корчллонӣ»-ро Меҳрубон аз модари бизнесменкааш ба ирс бурда бошад.

Хуллас, ҳоло Исломиддин раиси Тоҷикстандарт ҳам бошад аммо амалан ин идораро Меҳрубони писарандараш роҳбарӣ мекунад.

Ҳозир ҳукумат санҷиши домҳоро дар ихтиёри Тоҷикстандарт гузоштааст. Меҳрубон кормандро ба назди домсоз, дилхоҳ домсоз роҳӣ мекунад. Мегӯяд бирав аз фалон домсоз 30 000 сомонӣ бигир. Корманд меравад 30000-ро мегираду меорад. Вақте меояду маблағро таҳвил медиҳад, Меҳрубон не, нашуд мегӯяд. Мегӯяд бирав, ӯро худашро, худи домсозро бигӯ биёяд. Чунки дилаш дур меравад, гумон мекунад, ки «албатта, ту рафтиву зиёд гирифтӣ».

Барои мисол Зафари домсозро беҳад безораш карданд. Зафар одами Рустам. Тоқаташ тоқ мешавду мегӯяд: « э, безор кардед, намешавад бо шумо кор кардан. Ман ба Рустам мебароям. Бо шумо намешавад. Бигиред як фикратонро кунед. Мебаром бо Рустам, ҳал мекунам».

Баъди ин оромаш мегузоранд.

Дар асл бояд барои санҷиши дом мутахассис биравад. Мутахассис бинаду санҷад, ки хишташ ва ё арматураву сементаш ба меъёр ҷавоб медиҳад ё хайр? Аммо Меҳрубон гуфтааст, ки ягон одам намеравад, ман решат мекунам. Коғазро мебарӣ медиҳӣ, тамом, бо ҳамин функсияи ту тамом. Ҳозир ставкааш аз 30 ба 40000 сомонӣ баланд шудааст. Он дом каҷ аст, рост аст, сементу арматураи даркорӣ истифода шудааст ё не, муҳим нест.

Акнун, ки домсозҳоро метавонанд биҷуқанд барои ҳамин началники ҳамон отделро, ки бояд санҷиш биравад, гуфтааст:- гӯш кун, ман медиҳамат коғаз ту меравӣ месупорӣ, бо худат ягон касро намебарӣ, мегирӣ домсозро мегӯӣ худаш мехезад инҷо меояд, ман ҳамроҳаш гап мезанам. Чизе ҳаст нест ман гап мезанам. Яъне, дар ҳақиқат домсозҳоро дар балои бад задагианд.

Дар ҳақиқат домсозҳоро девона кардаанд.

Меҳрубон сардорони шӯъбаҳову раёсатҳоро фарёд карда гуфтааст, ки гӯш кунед: « се одамӣ биёред, ки ман аз кор сур кунам чтоби фалониочаҳо бтарсанд бидонанд ки ҳаминҷо зӯр ман ҳастам».

Тоҷикстандартро пурра Меҳрубон регуровка мекунад. Ҳиҷ каси дигар ҳақи гапзанӣ надорад.

Ҳатто муовинҳои Тоҷикстандарт ягонҷо раванд аз Меҳрубон ҷавоб мегиранд, баъд мераванд. Ин хелӣ аз пеши худашон рафта наметонанд. Мӯҳру имзои Тоҷикстандарт ҳам дар дасти Меҳрубон аст.

Чанде пеш началники як отделро аз кор гирифт. Ин начлник омад ба сараш, ки «э, бача чида мара ай кор мегирӣ»? Гуфт даркор шавад боз занта ме**м гап дорӣ? Гап зада наметавонанд.

Боз началники сертификатро аз кор ронд.

Хусурбачаашро вилояти Суғд роҳӣ кард. Ва дар инҷо боз одами худашр овард.

Ҳамон началник управленияи сертифакат ба ҳамкорнаш гуфтааст: «ман медароям мефаҳмонам ва мегӯям, ки ин хел кор пеш намеравад, ин хел кор намешавад, чи хел шумо кор бурда истодаед»?

Як нафари онҳо гуфтааст, ки « э бача, ман иёра сад бор гуфтагиюм. Ду бор бурдану махкамум кардан, бо ина гирифтанам оварданам ҷои корумда монданум. Ай иё дига халосӣ нест».

Меҳрубон майда майда одамҳои худашро оварда дар Тоҷикстндарт ҷо карда истодаст. Даже одаме ҳамроҳашон ва коргарашон буд, таҳти фишору дашномҳои Меҳрубон бас карданду, баромада рафтанд. Яктош гуфт меравам дар Роғун кор медароям. Роғун занг заданд ва он мутахассиси пуртаҷрибаро кораш нагирифтанд. Чунки пешакӣ гуфтанд, ки кор нагиредаш. Монд бе ҷойи кор монда гардад.

Меҳрубон гуфтааст, ки инҷо ман гап мезанам «Очаи ман қати и аст, очаи ма хидмат дорад и мардака иҷа ман решат мекунам. Инҷо ман решат мекунам, чи коре ҳаст нест фақат манам дар инҷо ».

Барои ҳамин кормандони Тоҷикстандарт ягон чизе аз дасташон намеояд.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Он чӣ имрӯз бо номи «давлат» мусодира мекунеду баъдан миёни худ тақсим карда соҳиб мешавед, ҳаргиз моликияти абадии шумо нахоҳад буд. Моликони ҳақиқии он дороиҳо, соҳибони аслии он меҳнату сармоя, имрӯз шояд дар зиндону ғурбат ва ё муҳоҷирату паноҳандагӣ қарор дошта бошанд, аммо дар интизори он рӯзе нишастаанд, ки ин ҳукми зӯр ва ин низоми хонаводагӣ завол ёбад.

Фикр накунед, ки бо саркӯб, зиндонӣ кардан ё рондани мардум аз ватан, ҳақиқатро метавон нест кард. Нагӯед, ки «ҳамаашро гирифтем, дигар то абад моли мост». Ин давлат моли як оила нест. Ин давлат моли мардум аст. Ин сарватҳо моли миллат аст. Ва рӯзе мерасад, ки ин ҳақиқат бозгашт мекунад, на бо илтиҷо, балки бо адолат.

Таърих борҳо нишон додааст: ҳар қудрате, ки бар зулм ва ғасб бино шудааст, дер ё зуд фурӯ мерезад. Ва он чи бо зӯр гирифта шудааст, бо қонун ва адолат бозпас гирифта хоҳад шуд.

Ҳамзамон, аз мақомот ва масъулони ҳамсоякишвар — махсусан мақомоти Ҳукумати Толибон даъват мешавад, ки нисбат ба тамоми бору молҳое, ки аз марзи Афғонистон ворид ва содир мешаванд, назорати ҷиддитар ба роҳ монанд. Нагузоранд, ки гурӯҳҳои фасодзада ва манфиатҷӯ аз хоки он кишвар барои тиҷоратҳои ғайриқонунӣ истифода баранд ва шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистонро ба роҳҳои нодуруст бикашанд.

Ва дар анҷом як ҳушдори ҷиддӣ:
он чи имрӯз дар «Тоҷикстандарт» ҷараён дорад, дигар на назорат асту на меъёр,ин табдили як ниҳоди давлатӣ ба бозори фурӯши имзо ва мӯҳр аст. Ин чи рӯзи бад аст, ки як идораи масъули амнияту сифати сохтмон ва маҳсулот ба майдони савдо табдил дода шудааст?

Ин паём ба Рустам ва тамоми мақомот: бо чунин равиш на танҳо қонун, балки амнияти ҷомеаро зери хатар мегузоред. Рӯзе меояд, ки барои ҳар як имзои фурӯхташуда, барои ҳар як санҷиши сохтакорона, ҷавоб бояд дод. Ва он рӯз дур нест.

Сообщение Семейканюс №27  появились сначала на ISLOH.net.

«Хайру эҳсон» ё ғорати маҷбурӣ? Фишор ба муҳоҷирон ва соҳибкорон дар Қубодиён
Номаи маро алоҳида нашр кунед №30

Косаи сабру тоқати мардум пур шудааст. Як зарб ва расидани пои магас ва пари паша кофист, ки бишканад ва ин қасру кӯшку самолёти 92 миллиондолларӣ, аспҳои бадавиву англисиву ахалтегинии якмиллиону ду миллион долларӣ, ламбарҷину галенвагенҳои панҷсадҳазордолларӣ ба сари Раҳмонову Рустаму Исмоли пингвин фуру резад ва успети аз зери овор раҳо шудан наёбанд.

Ҳар вақте ин навиштаҳоро барои чоп омода мекунам, дақиқ мебинам ва мефаҳмам, ки чи қадар асабҳо таранг, таҳаммулу сабр дар нуқтаи ниҳоӣ омадааст.

Киро мефорад? Як бор бошад, ду бор бошад, як сол бошад, ду сол бошад, ҳоло ки ин мардака то охири умр истоданист ва бадтар аз ин ба бачааш доданист, пас ин мардум ҳам ин соҳибкорони ватандӯст ҳам ин халқи бонангу номус ҳам ин муҳоҷирон (муҳоҷиронро дар ин хусус ба забон намеовард) то абад мактаб созанд, роҳ созанд асфалт кунанд, беморхона рост кунанд, пул созанд?

Ҳоло давлат чи кор бикунад?

Як нафар аз дӯстонам гуфт, ки дар сафари ахири Раҳмонов ба як ноҳия ҷамоатҳоро 270 ҳазор сомонӣ доля бастаанд.

Лаҳни суҳбатҳо пуршиддат, тундтар ва дурушттар шуда истодааст. Воқиан ҳам ба ҷони мардум задаанд.

Аммо, ин мардум бояд бидонад, ки чунин сиёсат аз марказ ба ноҳияҳо дастур ва дикта шуда истодааст ва то Раҳмонову оилаи вай дар сари қудрат ҳастанд, ҳамин вазъу ҳолат идома пайдо мекунад.

Ин нома аз Қубодиён аст, ки гуфтем муҳтавои асосии он аз чӣ иборат аст. Дар зимн дар ин навишта як номаи дигарро ҳам, ки муаллифаш нафари дигар аст изофа кардем, то ҳарду дар як матлаби «Номаи алоҳида» нашр шаванд.

Қубодиён зери «хайру эҳсон»-и маҷбурӣ

Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол! Ман сокини ноҳияи Қубодиён мебошам, аз мардуми таҳҷоии ноҳия. Ман ночор шудам, ки ба шумо бинависам. Дар ноҳияи мо чи ободиву тағйироте сурат мегирад, ҳамааш аз ҳисоби муҳоҷирон мешавад ва ё соҳибкорони ватандӯст, ба гуфтаи ин бузбон, ки сокинони ин ноҳия ҳастанд.

Мегуфта бошӣ, ки моро дар ватан бо ҷойи кори хуб ва музди маоши хуб таъмин карда бошад, ки «мо бояд ватанмона обод кунем»-у вале ин бузбони бачаи Чақур бо аҳлу оилаи гушнагадояш дар ободии Тоҷикистон ягон майда саҳм нагузоранд. Фақат мардуми кулфатзадаю ранҷкашидаи бечораи дарбадари аз ватан беватан, муҳоҷирони дар зери зулми русҳо қарордошта, ҳаминҳо бояд ватандӯст бошанд, на авлоду аҷдоди бачаи Чақури бузбон, ки фақат бюҷаи давлатро гиранду барои худашон дачаву қасру бизнесу мошинҳои гаронбаҳо, либосҳои қимат карда кайфу сафо ва командават карда гарданд?

Мо мардуми тоҷик барои ин оқи падар мактабу роҳу купруку балнитса соз мекунем. Чаро?

Мо мардуми муҳоҷир рӯзазрӯз аҳволамон вазнин шуда истодааст. Патентро ин русҳо аз соли нав боз бардоштанд. Мо дигар намедонем чи кор кунем: ай исун хона ройӣ кунем, ай суни дигар пули патент тием, ё ягон сару либоси гарм харем, ё ки пули квартирая тием, чикор кунем? Боз ин аҳмақҳои тупой беақл мардумро маҷбур карда истодаанд, ки «ҳо ту бояд барои ободӣ ҳатман саҳматро гузорӣ». Барои чи? Барои онки Чақури бузбон масъалаи ободиро сахт танқид кардааст, ё ки сахт гирифтааст, ки ободкорӣ кунем. Дар он паёмаш гуфта истодааст, ки хонаҳоятонро канеду аз сар дуруст кунед, ободкорӣ кунед. Ҳамин гапро гуфт.

Акнун дар ҷавоб ман ба ту гуфтаниям, ки э,бачаи Чақури бузбон, ту изо намекашӣ, ки ҳамин хел гапҳоро дар маҷлисат мезанӣ. Ту ба моро ҷойи кор таъмин кардӣ? Ту музди маоши муаллим, табиб, милиса, ҷамоат, амният, корманди ҳукуматро чи қадр бардоштӣ, ки инҳо хонаҳояшонро чапа кунанду боз аз сар бисозанд? Ту музди маошашонро  дар байни 34 сол 1300 сомон бардоштӣ. Ҳамин 1300 сомониро дар онҷои занат зан бо духтарҳоят. Дар ҳамон ҷояш бурда зан. Айб аст ки дар байни 35 сол музди маош 1300 сомонӣ бошад. Як мисоли одӣ меорам. Ҳамин Толибон 4 сол шуд дар сари ҳукумат омаданд, аммо музди маошашон 3 баробар аз мо зиёд аст. 500 доллар музди маошашон. Маълум мешавад, ки ту як ноуҳдабаро ҳастӣ, як дузди бераҳм ҳастӣ. Ба мардуми тоҷик раҳму инсоф надорӣ. Аммо ин маоше, ки барои мо пешниҳод кардӣ- 1300 сомонӣ боз аз сари он пул барои рушди ноҳия  пули газета-обуна, пули суғурта, боз пули ободии ноҳия мегиранд: « аку бест, худат фикр кун бачаи Чақури бузбон ба мора чанқа маошаш боқӣ мемона ва

мо бошем орд мехарем, равган мехарем, картошкаву пиёзу зарҷома мехарем, макарону биринҷ мошу лубиёву нахуду гречка ва ғайраҳо мехарем ва боз ба модару падару зану фарзандонамон сару либос мегирем, ба кудакҳоямон памперс мехарем : « аку худут бузбон бест, ҳисобу китоб кун,ки чи қадар мешава ва фикр кун, ки ман ҳамин маоши кормандора бардоштам оё ҳамин маош ба ҳаминҳо мерасида бошад ё не?»

Боз ту дар ҷойи мо бошӣ нушокиҳои спиртии қимат мегирӣ аз бюҷети давлат мехурӣ, ту баъд кай парвои мардуми тоҷик дорӣ.

Маош аз сентябр свет аз феврал. Чаро маошро ҳам аз феврал накардӣ? Як бор ба афти хунуки баднамудат, ба рангу рӯи бенуру беқут шудаат дар оина нигоҳ кун. Чеҳраатро бин, страшний шудааст, мегуфта бошӣ, ки вампири одамхур шуда бошӣ!

Ту кӣ будӣ?. Падарат бузбон буд бачай Чақур ҳоло ба куҷо расидӣ? Дар вақташ чи мехурдиву ҳозир чи мехурӣ, дар чи хелин хона зиндагӣ мекардиву ҳозир дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?

Бародар Муҳаммадиқбол, ҳоло ба масъалаи асосӣ мегузарем. Ман садфоиз бовар дорам ин корҳо бо фармони ҳамин бачаи Чақури бузбон шуда истодааст. Ман видеоҳояшро ҳам мепартоям. Инҳо ҳамаш найрангбозӣ доранд, фақат дар фикри дуздиву ғоратанд.

Дар мо як группа кушодаанд ба номи «Хайру эҳсони ноҳияи Қубодиён». Бори дигар хотиррасон мекунам, ки аз рӯи маҷбурӣ ба шумо навишта истодаам. Дар ин группа ҷонамонро ба лабамон овардаанд: пули ин те, пули он те, фақат пул, пул, пул. Дар як маҷлисаш худаш баромад карда гап зад писари Чақури бузбон: «ман барой маорифа чандин миллион сомонӣ гузаронидам».   Хуб, офарин, боракалло! Аммо баъд ин қадар пул куҷо мешавад, ки як мактаб соз карда наметавонанд? Боз буромада руйирост дуруғ мегуяд, ки ман ин қадар пул ҷудо кардам барои маориф. Аммо мардуми тоҷик –муҳоҷирҳо, соҳибкорони ватандӯст мекунанду тамом? Аммо ин бачаи Чақур медуздаду мекушаду мефурушаду талаву тороҷ мекунад. Худаш намекунад, мо мардуми тоҷик бояд кунем. О, ту дар сари вазифа истода бавли Азизмои газетхонакро мехурӣ? Ин корҳо вазифаи туанд,ту чаро намекунӣ, бузбон?

Ана ҳамин мактаби ноҳияи Қубодиён аст, мактаби рақами 3 бовар кун дар ҷонамон задагианд. Мо ҳам зиндагӣ дорем мо ҳам хонаву дар дорем мо ҳам падару модар дорем, мо ва манам зану фарзанд дорем, мо вақте пули кор кардагиамонро ба созандагӣ ва ободии давлат медиҳем, аҳлу оилаҳои мо чи кор мекунанд, ё ки дар хона шукронаи бузбонро кунанду шинанд, чи кор кунанд?.

Эй кормандони амнияту милиса ва дигар мақомот!

Ин маоши шуморо на бузбон медиҳад. Ин маоши шумо пулҳои дуздии шумо, пулҳои аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст овардаи шумо аст. Ба падару модар зану кудаконатон мардум лаънату ҳақорат мефиристанд, ҳамин хуб аст барои шумо? Ё ки мисли инсон, одамвор зиндаги кардан? Кадомаш барои шумо хуб аст? Музди маоши шумо пули налоги мост пули свет ва дигару дигари мост. Шумора ягон бор бузбон маош намедиҳад. Пули шуморо мардум таъмин мекунад. Ин бачаи Чақур, баракс маоши шуморо кам мекунад, ки шумо барои пешбурди зиндагӣ маҷбур шавед пора гиред. Агар пора нагиред, чи тавр зиндагиатонро пеш мебаред?

Аммо бачаи Чақур фақат барои оилаи худаш корхонаву тиҷорат рост мекунад вале на пули налог медиҳад на пули свет, на пули обу на пули комуналка. Агар маоши шумоҳоро аз пули налогу свету обу комуналкаи оилаи Чақр диҳанд, барои шумо кифоят мекунад, дуздӣ ва порахурӣ намекунед. Аммо шумо ҳам ҳаром мехуред ва ҳам мисли арусак ва мисли ғулом коратон фақат ба ин хизмат кардан аст. Аммо боз ҳам мегуям, ки маоши шумора мардум медиҳад, на Раҳмонов. Агар шумо мардак мешудед, ё ки баномусу ватандӯст мешудед,   ин вақт мову шумо ҳеҷ вақт ғуломи як оилаи беномуси даюси беимон набудем,мисли дигар ҳамсояҳои гирду атрофамон дар беҳтарин шароити зиндагӣ кору фаъолият мекардем.

Хитоби ман ба шумо- амниятиҳову милисаҳо. Дар байнатон ҳаст одамони хубу баимон лекин беимонаш беҳад бисёр аст. Барои онки гарени пора мегиранд. Ҳамин хел беномусу даюс шудаанд ин муҳтарам амнияту милисаҳо. Агар шумо мисли ғулом кор, фаъолият ва зиндагӣ кунед мо ранги шумо намехоҳем ки ғуломи як оила шавем. Мо мехоҳем, ки озод бошем ва озодона зиндагӣ кунем. Бас кунед зулматонро ва мардуми бегуноҳро тюрма кардан барои чи? Барои як оилае, ки на номус дорад, на обуру дорад? Дигар давлатҳо меравад ҳама як талбандаву беобуру мешиносанаш бузбонро, на мисли як президент.

Муҳтарам амниятиҳо ва милисаҳо!

Шумо аз руй вазифа катагӣ ва бародарони моро бегуноҳ тюрма накунед

ва падаромонро барои аблава гуфта назанеду ришашонро қоқоқоқ натарошед, ки ин ша Аллоҳ мисли ҳукумати Башор Асад мешавед. Имруз шумо, ки раҳму инсоф надоред, пагаҳ мардум аз куҷо ба шумо раҳм мекунад, мисли ҳукумати Башор Асад ниматро тюрма мекунанду дигариатро ба дор мекашанд ними дигаратро….Шумо ҳиҷ вақт ба мисли бузбон барзидди давлат нахезед, ки ин ша Аллоҳ инқилоб наздик омада истодааст, шумо ягонҷо гурехтаву ягонҷо рафта наметавонед, шумо то рӯзи мурдан бо ҳамин мардумед.

Хайр, ман гапи мегуфтаамро гуфтам ҳамчун як шаҳрванд ва ҳамчун қасдгиру бадбини ин режим ва ин ҳукумати ташкил намудаи Эмомалӣ. Шуморо мисли хук шуматон мебинам. Сабр карда истодаам, ин шо Аллоҳ он рӯзҳо наздик шуда истодааст, тамошо кунед, ки ҳоли шумо беимонро душмани ислому душманони сатру ришу душмани муллову олимони кишвар ин ша Аллоҳ ҳатман сарнагун мешавед.

Мо ба Худо имон дорем, на ранги шумо, ки ба бузбон ё ки ба бачаи Чақур имон овардаед. Мо мусалмон ҳастем дар паноҳи Аллоҳем ва аз дини ислом ва аз пайғамбарамон Муҳаммад (сс) ҳифз ва ҳимоят мекунем аз ҷонамон бештар ва мо ба худованд имон дорем, ки ин ша Аллоҳ рузе мерасад, ки ҳатман шикаст мехуред.   Шумоҳо бошед ба амниятиҳо ва милисаҳо ва ба Эмомалӣ имон доред. Мо ранги шумо нестем ва аз худованди якто ва ҷаҳониён метарсем, на аз шумову на аз бачаи Чақури бузбон!

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар болои  гуфтам, ки наворҳоро мефиристам. Навори суҳбати гуфтаи мардум калонҳо, ки дар деҳа мардумро барои ин ё он кор сарварӣ мекунанд. Шумо ин наворҳоро гуш кунед ва худатон фаҳмед, ки мардуми Қубодиён чи вазъу ҳоле доранд. Ин наворҳо танҳо аз як маврид гап мезананд, аммо чунин маврдҳо, ки водор ба «хайру эҳсон» кунанд дар садҳо мавриди дигар ҳам ҳастанд ва коре мекунанд, ки ҷайби мардумро бизананад:

«Ассалому алайкум, ва раҳматуллоҳи ва баракатоҳу аҳли гуруҳ! Шербачаҳои Қабодиён нағз ҳаматон, тинҷ мӣ? Шербачаҳо бетон беэтиборӣ накунем, гирди ҳамун мактаб махкам карда тием, як  ёрдам карда ҳаминора маҳкам камтар тием, камтар як овод када. Кори савоб мешава.

Аз барои Аллоҳ бетон ёрдам кунетон. Кӣ чанқае, ки метонад, хайр акун, хайртона Алло қабул кунад, чи ки ният доред дар ҳамун ниятон расед. Куҷое, ки набошед ҳамавақт сарбаланд бошитон.

Да ҳаму ноҳияи Қубоиён чизе, ки ободонӣ шудестодас ҳамаш ҳамун дастгири шумо катӣ. Ина а чанд ҷо об буроварда додем, чандта купрук сохтем, ҳамаш дастгирии шумо қатӣ. Ҳамун хонаи ятимо сохтем, мактаб сохтем, ҳамаш ҳамун дастгири шумо катӣ.

Раҳмат ҳаминқа дастгирӣ кардестон, не нагуфта ёрдам кардестон раҳмати калон аҳли гурӯҳ ҳаматонба, қишлоқ ҳамтонба, админо шумобаям раҳмати калон. Дар паноҳи Алло бошетон, барори кор Аллоҳ коратона барорша тияд, ёфтагӣ сумтона баракатша тияд».

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аҳли гурӯҳ. Хайру эҳсонатон қабул боша. Шербачаҳои Қабодиён нағз ҳамотон, тинҷ. Шербачаҳо бетон беэтиборӣ накунем, гирди ҳамун мактаб махкам карда тием, мусорора гирифта, хеле савоб мешавад. Чанқае метонтон хайр кунтон, аз барои Аллоҳ, чанд сум, ки метонӣ бародар сад сум, дусад сум  аст. Унҷаам додарамон. Як хелмон бачамон, якхелмон ҷиянмон ҳамунҷа мехонад, ай ҳаму мусор касалӣ пайдо мекуна. Бародаро бетон беэтибор накунем аз барои Аллоҳ. Ёрдам кунем мусура гирифта гирди ҳамун мактаба махкам кунем, хеле саваб мешавад бародаро. Панҷ халта сементми, даҳ дона блогми, ё  як мошин шевен, ё як мошин сангай. Ҳаму чизе, ки имконият дорӣ. Бародаро битон ёрдам кунтон, ҳамуна махкам карда тем, хеле савоб мешава.

Ина да ҳамун ноҳияи Қабадиён чизе, ки ободонӣ шидестай, ҳамаш ҳамун дастгирии шумо катӣ. Раҳмат ҳамиқа дастгирӣ кадестон, раҳмат ёрдам кадистетон.

Аҳли гурӯҳ раҳмати калон,админо шумодаям раҳмати калон. Дар паноҳи Аллоҳ бошетон. Аллоҳ коратона барорша тия. Суматона баракаташа тияд».

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аҳли гурӯҳи Хайру эҳсон.Хайру эҳсонатон қабул боша. Шербачаҳои Қабодиён нағз ҳамотон,тинҷ. Шербачаҳо ай группа баромада нараветон.Чи баромада рафсотон бачаҳо. Бародаро ҳамун чизое, ки ободонӣ шудеста да ҳамун ноҳияи Қабодиён ҳамаш ҳамун обрӯи худмон ку?! Майлу пул нате напартоиям, хайр накуниям, дуъо те хайркардаҳора дар ҳақаш, дар ҳақи гузаштагон о,ҳамунам савобас бародар

И хел накунетон бародаро, илтимос ай группа баромада наравитон. Наабарот, чанқа бошад дабавит кунетон, чи вай бошад дабавит кунетон, предлагат кунитон бачаҳора.

Мо ина ҳамин одам чанқа бисёр бошад ҳамуқа хубай бародаро. Нараветон ай группа баромада, таклиф кунетон наабарот бачаҳора. Илтимос».

Як нома аз нафари дигар аз Қубодиён:

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домулло хубу хуш ҳастед. Илоҳо ҳамавақт сарбаланду хонаобод бошед. Мо ҳамеша дар ҳақи шумоҳо дуъогӯ ҳастем. Ҳамин рӯз ҳам дар намози ҷумъа дар ҳақи мухолифин дуъои сарҷамъӣ доштем.
Тақсирам ҳамон панелҳои офтобие, ки дар барномаи гузаштатон гуфтед дар ноҳияи Қубодиён бачаҳо шинонданд. Аммо аз идораи барқи ноҳия омада гуфтаанд, ки аввал яксола пули светро месупоред, баъд договор мекунед, ки ба счетчик пайваст мекунед ва ҳар моҳ пули барқро чун пештара месупоред.
Ин панели офтобӣ аз худи мо ку. Чи хел аз руи счетчик мо боз пул супорем? Мо аз барқи давлатӣ истифода намебарем.ку.
Ин коркунони идораи барқ аз дехаи Арабхона мебошанд. Ман яктоашонро пурсидам, ки ин чи хел мешавад? Ӯ ба ман гуфт, ки фармон аз боло «фора нафора месупорӣ, набошам намемонем, ки ключит кунӣ, панелота, фаҳмо».
Ана ин боз як фишор болои халқи бечора.

Пасгуфтори Ислоҳ

Дарди ин нома умумӣ нест. Ин дард ном дорад: бекорӣ. Вақте дар деҳа ҷойи кор нест, вақте ҷавон дар ватан нон ёфта наметавонад, маҷбур мешавад муҳоҷир шавад. Вақте муҳоҷир шуд, ҳамон маоши ночизи хунолудро ё ба патент медиҳад, ё ба иҷора, ё ба хӯрок. Дар ҳамин ҳол аз ӯ боз талаб мекунанд: мактаб соз, роҳ соз, асфалт кун, беморхона рост кун, “хайру эҳсон” бидеҳ. Яъне ҳам нонатро бурдаанд, ҳам шарманда кардаанд.

Ин мардум на аз фаровонӣ медиҳад, на аз осонӣ. Аз надорӣ медиҳад. Аз ҳисоби хонаводаи худ медиҳад. Аз ҳисоби кӯдаке, ки либоси нав надорад, аз ҳисоби падару модаре, ки доруи худро кам мехаранду роҳу мактаб месозанд. Ин ҳақиқат аст, на баҳона.

Ва имрӯз як ҳақиқати дигар ҳам ошкоро гуфта мешавад: худи раисони ҷамоатҳо мегӯянд, ки ин ободкориҳоро шумо  мардуми муҳоҷир мекунед. На давлат, на “пешво”. Пас агар мактаб, роҳ, купрук, об, асфалт бо пули муҳоҷир сохта мешавад, нақши давлат дар куҷост? Агар мардум худаш месозад, худаш бунёд мекунад, худаш пардохт мекунад, пас пешво барои чи лозим аст?

Давлат бояд ҷойи кор офарад, на гурӯҳи «хайру эҳсон». Давлат бояд маош диҳад, на таҳдид. Давлат бояд масъулият гирад, на минбар бардорад. Вақте раисони ҷамоат ошкоро мегӯянд, ки «ин ҳама ободиро муҳоҷирон карданд», худи онҳо эътироф мекунанд, ки давлат вазифаи худро иҷро накардааст.

Ин нома даъват ба эҳсос нест, ёдоварии ҳисоб аст. Ҳисобе, ки солҳо ҷамъ шудааст: бекорӣ, муҳоҷират, фишор, маҷбуркунӣ. Ва ҳар қадар ин ҳақиқатро бо шиор пӯшонанд ҳам, воқеият тағйир намеёбад: ободӣ бо зӯр ободӣ нест, ва давлатмарде, ки зиндагии мардумашро ба дӯши муҳоҷир меандозад, ҳаққи иддаои пешвоӣ надорад. Раҳмонов ту пешво нести ту гадо ва дузду ғоратгару золиму қотиле беш нести шармат бод!

Сообщение «Хайру эҳсон» ё ғорати маҷбурӣ? Фишор ба муҳоҷирон ва соҳибкорон дар Қубодиён появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №23
Моҳномаи бистусеюми  «Семейка» аст, ки ин бор низ бо Ахбори ҷолибу рангин, ки фақат дар сафаҳоти марбут ба мо мунташир мешавад ва низ матлабе дар бораи Дилшод Ҷӯразода, раиси Бизнесинкубатори Тоҷикистон, раиси «гурӯҳи 55» ва аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Дуруст, ки дар бораи Дилшод қаблан ҳам дар шумораҳои пешини  маҷаллаи Семейка навишта будем.

Ба ин далел, ки дар бораи вай чандин маълумоти тару тоза ба дасти мо расид, лозим донистем дигарбора ӯро ба ҳайси  «қаҳрамон»-и имрӯза интихоб намоем.

Зиёд шуморо мунтазир намекунем ва шурӯъ мекунем аз ахбор ва реза ахбори маҷаллаи нави «Семейканюс-23»

Ахбори Семейка

Мактаби №15и Душанбе

Ин нақл аз як нафаре, ки бо Исмати дулик дар СИЗО нишаста буд ба дасти мо расид. Аэропорт ВИПзал –толори истиқбол ва бадрақаи сатҳи олӣ дорад. Табиист, ки мудири фурудгоҳ ҳамеша информатсияи мувассақ дорад, ки Президент кай берун меравад ва кай бармегардад. Ва ҳамин тавр аз сафарҳои аъзои оилаи президент ва меҳмонҳои баландпоя, роҳбарони давлатҳо, ҳайату комиссияҳои давлатӣ, ки аз хориҷа меоянду ба хориҷа мераванд, роҳбарони давлатҳоро пешвоз мегиранд, кӣ пешвоз меравад огоҳ мешавад. Духтарони 15 -16 сола, синфҳои 9,10-и мактаби рақами 15 Душанбе барои истиқболи меҳмонони баландпояи ҳукумат ба фурудгоҳ ва майдонҳои аз қабл омодашуда ҷалб карда мшаванд. Директори ин мактаб солҳои пеш зани Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҲХДТ-муовини Эмомалӣ Раҳмонов буд. Ин духтарҳо  дар ҷараёни машқу тамрин қариб ҳамааш аз тарафи охраннаи Президент таҷовуз ё мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи Исмати дулик дар онҷо боз ду синфро синфи протоколӣ мегуфтаанд. Дар ин ду синфи протоколӣ аз тамоми мактабҳои Душанбе духтарони хушруро ҷамъ мекунанд ва вақти пешвоз аз онҳо стифода мебаранд. Ҳоло аз он духтарҳои истифодаи ҷинсӣ шуда дар любой фоҳишахонаҳои Дубай, Туркия ва Русия ҳастанд.  На камтар аз 10 телехи президент аз байни онҳо зан гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта аз ин духтарони пешвозгиранда се нафараш мурд. Охирон духтари фавтида Шавкат Мирамонвичро пешвоз гирифта буд, ки ин соли  2017 ё 2018 буд. Бинобар ин маълумот Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният дар вақти Прокурори генералӣ буданаш аз ин мактаб чанд арус ҳам доштааст.

Талаби Тахмина аз падараш

Тахминаи Клеопатра аз падараш талаб кардаст, ки СС. Ятимовро аз кор гирад. Тахмина, ҳанӯз аз солҳои пеш СС.Ятимовро шум медид. Ба он ҷиҳат, ки СС.Ятимов  бо «слежка» амнияти духтарҳои Ҷанобро «таъмин» мекард ва гоҳо баъзе аз гапу гапчаҳо, ки берун мешуд, Тахмина онро аз СС. Ятимов медонист…

Тахмина ба Раҳмонов гуфтааст, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст, ки ягон источникро натавонист ёбад. Агар меёфт дар бораи оилаи мо ин қадар гап намебаромад. Гуфтааст: «ба фикри ма ҳамӣ паати муғул хдш через одамош роӣ мекна гапора ба Муҳммадиқбола».

Раҳмонов дар ҷавоб гуфтааст: «бачам камтари дига бестен, ҳамаша даф мекнум».

Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ қудои нав ё навбатии Озода

Муовини вазири нақлиёт Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ аз Данғара аст. Лоиҳаи навсозӣ ва тармими роҳҳои кишвар, мумфаршсозӣ ҳама дар дасти ӯст. Аз бист миллион доллар  5 миллион доллар откат мегирад. 25 фоиз ҳақаш аст. Корро медиҳад, вале тавассути дигар фирмаҳо аввал доляашро обналичка карда мегирад. Баъд як қисми суми корро медиҳад. Аммо баъд суматро пурра намедиҳад. Ана баъд бозор сар мешавад. Боз ҳатман «ҳақ» медиҳӣ, то инки пули корро бигирӣ. Арабзода дар солҳои пеш дар вазифаҳои директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик», директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо  кор кардааст. Рехтани хоки партов дар рудхонаи кони тиллоро ҳамин Арабзода сар карда буд. Дар як сол миллионер шуда рафт, дигар муҳити зисту экология ба ӯ чӣ? Арабзода соли 1975 таваллуд шудааст. 50 сола. Қарор аст бо Озодаи Раҳмон қудо шавад.  Духтари  Озодаро келин мекунад.

Муҳиб ва барканории Аваз Назарзода аз Прокуратураи Хатлон

Сарусадоҳо дар бораи аз вазифаи Прокурори вилояти Хатлон барканор шудани Аваз Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ то дер вақт идома дошт. Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар ин масъала андешаҳои худро иброз доштаанд, бахусус онҳое, ки ҷаноби Назарзодаро мешинохтаанд, аз вай ба унвони як корманди ҳирфаӣ ва боинсоф ном бурдаанд. Дар бораи ҳирфаӣ, мутахассиси арсаи ҳуқуқ будани ӯ чизе намегӯем, аммо дар бораи боинсофии ӯ  мешавад гумон зад, ки шояд дар қиёс ба дигар кормандони Прокуратура нафси бад надошт.

Вале иллати барканории ӯ тамоман чизи дигар будааст.

Бачаи Муҳиби номард бошаму зинда бошам, дар прокуратураи вилояти Хатлон кор мекардааст. Писари Муҳиб касеро дар ҷойи кораш писанд намекардааст, ҳатто  чанд навбат дар ҷаласаҳо нисбати роҳбарият ошкоро беэҳтиромӣ мекунад ва супоришҳоро ҳам агар ки худаш хост иҷро мекардааст. Аз ҷониби корафтодаҳо ҳам аз болои вай шикоят бисёр мерасад.

Дар як ҷаласа Аваз Назарзода мехезонаду «бар  падарт лаънат, дузд, ҳаромхур» гуфта ӯро сахт танбеҳ медиҳад. Аммо посухи писари Муҳиб дер давом намекунад. Аваз Назарзодаро  барои «кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад» ва низ барои «риоя накардани санадҳои меъёрии соҳавӣ», аз кор меронанд.

Ин ба он маъно аст ки на фақат Раҳмонову оилааш, балки наздиконаш ҳам ана ҳамин гуна нуфузу ҷойгоҳ доранд ва пишаки онҳоро пишт гуфтан номумкин аст.

Қиссаи «Бошукуҳ» дар бузкашии Ҳисор

Дар шабакаи Ютуб навори бузкашии Ҳисор, ки бахшида ба рӯзи 6 ноябр, Конститусияи Тоҷикистон баргузор гардид, дар ҳоли тоб хӯрдан аст. Аммо дар ин навор ончиро ки инҷо менависем шумо намебинед. Гап дар бораи зарбу латти як човандоз меравад. Ин човандоз вақте савораи аспи Бошукуҳ бузро гирифта самти марра меравад, бузро чанг мезанад ва канда мегирад ва меғалтонад. Шоҳбача-Рустам ҳам дар ин маъракаи бузкашӣ ҳузур дошт. Вақте ин ҳолатро мебинад, ки буз аз дасти човандози Бошукӯҳ гирифта мешавад, хеле ҳам оташин ва дар ғазаб мешавад. Охраннаи вай он човандозро мебаранд сахт латту кӯб мекунанд. Ин човандоз як бало карда худро наҷот дода аз майдон мегурезад. Бузро аз нав мегиранду ба дасти човандози Бошукӯҳ медиҳанд ва вай бурда ба марра мерасонад. Бояд ҳама бидонд, ки Бошукӯҳ аспи №1-и ҷумҳурӣ аст.

Амриддин (Амриддин Нахшов, раиси кони тиллои Шугнов, писархолаи Рустам)дар маъракаи буз регуровшик аст, то човандози дигаре онро напартояд. Фақт аспи худаш ва Рустам бояд партояд.

Бошукӯҳ аспи Рустами Эмомалӣ аст.

Телехи Раҳмонов: «Зани Ҷанобта….

Чанд соли пеш Эмомалӣ Раҳмонов ба Ваҳдат меояд. Барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани домҳои сохтаи раиси ширкати «Ёқут» Ҳалими сиёҳ. Ин бародар нақл намуд, ки

ба онҷо рафтам. Мехостам Ҷанобро бинам. Одам хело зиёд буд. Ҳамаи мардумро гузаштам ва то ба наздикии телехҳояш расидам.  Муҳофизаш пурсид,ки чӣ мегӯӣ? Гуфтам: «бе  ма Ҷаноба бинм». Муҳофизаш гуфт: «даф шаф, зани Ҷанобта б@ом, ма 3 рӯз шид хов нарафтум шабу рӯз ҳамира қаравулӣ дорм, ай рангу руш безор ть мегӣ бе ма Ҷаноба бинм»

Муроди телех ва Аҳмади калбаса

Табиати инсонҳо ҳамин хел аст. Ҳар қадар диҳӣ кам ва ҳар қадар созӣ насохтӣ мегӯянд.

Ҳар аз гоҳе, ки Муроди телех (генерал Мурод Саидов) ба офиси Аҳмади колбаса, ки дар қафои фабрикаи «Ширин» ҷойгир аст, меравад, соатҳо мешинанду ғайбату норозигиҳо мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов сахт курнамак аст. Аҳмади колбаса боз прикол мекунаду мегуяд: «Ҷаноби Олӣ кисаҳои мардума кади холӣ». Вале гапаш рост аст. Аҳмади колбаса ба Муроди телех фақат мегуяд, ки «Мурод хай т аз барои Худо ростша гап за, ҳами вақте, ки ҳами Эмомалӣ Президент шид, ҳиҷ ка бовар надош, ки ҳами ҳамара қир мекна, барои хдша шароит таёр мекна. Э, бача Мурод, онаша овбара ҳиҷ ка намонд, ай ҳар ду тараф ҳамара қир кад. Ҳар ду тараф и Фронти халқӣ ва оппозитсия… Камандирора иша ба иш ҷанг дохту кушт. Одамои бесавода нимша да вақти ҷанг куштаку ними дигаша бади ҷанг дору қати убрат кад. Ҳами ма ба гушои хдм ай даҳани шофири раҳмати Ҳумуддин Шарипов, вазири МВД фаҳмидм, ки вақте ки Раҳмон Гитлера задан, пеш ай хдша парондан номи чанд наздики Президента қати Президент гирифту гуфт, ки номард бдиян. Пеш ай Раҳмон Гитлера задан, чанд рӯз пеш, ҳами Ҳасани Ориёнбонк қати Саидамир Зуҳуров мераван пешш меган, ки «Раҳмон соф парво накн, Президент катит во мехра гапота мезанӣ қатиш. Ина Саидамир Зуҳурова я заҳре додан, ки ба ҷогаҳу ҷома хов. Ҳумудин Шариповам ба дору куштан.»

Шофири Ҳумдин Шарипов , ки Маҳмадӣ ном дошт, нақл кард, ки Вазира мазаш мегрехт, мегуфт:  «ҳамиё мара чи коре кадагиян».

Аҳмади колбаса идома дода мегуяд: «Хай аку кадом я қиссаша ма тра Муродҷон бугум, ту хдут ай мода хуб медони. Оли ниго кун, трам додагиян ягон чи. И Эмомалида ягонта шоҳид даркор нест».

Ба гуфтаи Алишери сармуҳосиби Аҳмади колбаса, ки «Шеф одамои калона фарёд мекна,ташкили мекна, пиён мекна ба гапошона запис мекна». Шеф гуфта Аҳмади колбасара дар назар дорад Алишери ургутӣ.

Дилшод Ҷӯразода дар чанд эпизод

Аз «бизнес-империя» то оффшорҳо ва паникаи дохилӣ

Ва ҳоло меоем ба қисмати «қаҳрамон»-и Семейка. Қаҳрамони ин шумора чуноне гуфтем. Дилшод Ҷӯразода аст.

Таййи рӯзҳои ахир дар бораи Дилшод ба дасти мо чанд номае расид,ки инҷо онҳоро бо навбат пешниҳод менамоем:

Дилшод Ҷӯразода: Аз «мансабдор»-и наздик то соҳибкори оффшорӣ

Ҷузъиёти амвол, шабакаи пинҳонӣ ва лоиҳаҳои 8–40 миллион долларӣ дар Тошканд

Мо дар Ютуб барномаҳои шуморо дидаем. Ташаккури зиёд ба шумо барои он ки чунин мавзӯъҳои ҳаётан муҳиме, мисли фасод ва беқонунӣ, ки аз ҷониби мансабдорон ва соҳибкорони наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон содир мешаванд, равшан менамоед.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқат ва шахсони фасодкорро бидонанд.

Дар ихтиёри мо 100%маълумоти дақиқ дар бораи Ҷӯразода Дилшод ва бародараш Ҷӯразода Даврон, инчунин шахси бовариноки онҳо дар Ӯзбекистон Кабир Рустам мавҷуд аст.

Ба шумо хабар медиҳем, ки Дилшод Ҷӯразода ва Даврон Ҷӯразода фаъолона маблағҳоро аз Тоҷикистон хориҷ карда, онҳоро дар Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо дар Ӯзбекистон ширкате бо номи Fifty Five Group Uzbekistan таъсис додаанд.

Ин ширкат дар маркази шаҳри Тошканд,оттели “Monday” (Понедельник, ки бо шаҳри Душанбе ассоциатсия дорад) биноест шашошёна бо 40 ҳуҷра, бо арзиши 8 миллион доллар харидааст.

Ҳамчунин Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон Ҷӯразода дар маркази Тошканд, дар маҳалли Tashkent City, Бизнес Маркази «Monday»-ро ба даст овардаанд. Арзиши ин бизнес-марказ 40 миллион доллар буда, бино аз 7 ошёна иборат аст. Масоҳаташ 12 000 метри мураббаъ буда, дар дохилаш ду тарабхона ҷой дорад. Ин тарабхонаҳо бо номҳои GOSHT ва ART Bazar машҳуранд.

Бо ҳамаи ин лоиҳаҳо меҳмонхона, бизнес-марказ ва тарабхонаҳо шахси бовариноки Дилшод Ҷӯразода бо номи Кабир Рустам идора мекунад.

Кабир Рустам дӯсти наздик ва ҳамсинфи Дилшод Ҷӯразода мебошад.

Кабир Рустам аз лиҳози миллӣ афғони этникӣ буда, ҳамзамон намояндаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Ӯзбекистон мебошад.

Кабир Рустам, ки намояндаи Дилшод Ҷӯразода ва ширкати «Fifty Five Group Uzbekistan»- аст, парвозҳои чартериро аз Тошканд ба Малайзия (масири Тошканд – Куала-Лумпур – Тошканд) тавассути ширкати ҳавопаймоии малайзии «Batik Air» роҳандозӣ намудааст.

Мардумоне, ки дар ин масъала огоҳанд, дар суҳбати махфӣ гуфтаанд, ки Кабир Рустам транзити «шакар»-ро (махфӣ – эҳтимол ишора ба маводи манъшуда) аз Тоҷикистон тавассути Тошканд ба Малайзия ба роҳ мондааст.

Ҳамаи супоришҳои ҷиноии Дилшод Ҷӯразода дар қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби Кабир Рустам иҷро мешаванд, аз ҷумла шустушӯи маблағҳо тавассути криптовалютҳо.

Мардумони Тоҷикистон бояд ҳақиқатро бидонанд. Мо умед дорем, ки шумо ин маводҳоро дар филмҳои ҳуҷҷатии худ дар Ютуб нашр мекунед.

Суратҳои меҳмонхона, бизнес-марказ, тарабхонаҳо, инчунин аксҳои ҳамаи иштирокдорони ин нақшаҳои фиребгарона ба шумо мефиристем.

Даврон Ҷӯразода ва «55 Групп»: Паника пас аз фошкориҳо

Гуфтугузорҳои дохилӣ, пулҳои пинҳонӣ ва тарси «расидани гап ба Ислоҳ»

Даврон Ҷӯразода, бародари Дилшод, баъди сару садоҳо дар барномаҳои «Ислоҳ»  дар фикр мондааст, ки чи кор кунанд, ки фикру хаёли Рустам аз гапҳои «Ислоҳ» ба дигар чизҳо банд шавад. Даврон ба Равшан Қурбонов гуфтааст (Равшан аз Хуҷанд буда яке аз нафарони бовариноки Дилшод Ҷӯразода аст), ки барои чи именно ҳозир ҳамин гапу корҳо баромада истодаанд? Ҳамин сол мо бояд бо Дилшод корҳои калон мекардем, сумҳои калонро мебаровардем. Ин кӣ бошад, ки гапҳоро мерасонад ба Ислоҳ.
Бинобар маълумотҳое, ки аз худи «55 групп» ба «Ислоҳ» расид, Дилшод фармон додааст, ки капитал- маблағҳо ва чизҳои гаронбаҳоро ҷамъоварӣ ва ҳисоб карда ба ӯ гуянд, ки чи миқдор аст.
Як чёрный бухгалтерияи Дилшод Ҷӯразода чанд миллион мебарояд. Налогро ҳам кам месупорад. Умуман дар ин қадар сол, хеле капитали калон ҷамъоварӣ кардаанд, Ҷураевҳо.Чи тавре, ки модари Ҷураевҳо мегуяд, агар диди сагро, дарав як бурда нон деҳ, устухонаш деҳ, ки нагазад. Ҳукумат ҳам чунин аст. Ҳамин, ки дидед Рустам аз шумо дилаш дур меравад, дарав даромада пешниҳоди ягон боғча ё чизи дигарро кунед, тамом, ҳушаш ба ҳамон мешавад.

Хушбахти бачаи аммаи Дилшод Ҷуразода гуфтааст, ки ҳамин Дилшод содда аст. О, як дунё маълумотҳо медонед дар барои Рустам, шумо ҳам равон кунед, ба ҳамон хоинҳо гӯянд.
Таҳти таъсири наворҳои видеоии «Ислоҳ.ТВ» дар бораи махинатсия ва афёраҳои Дилшод Ҷӯразода ва бародараш Даврон, Дилшод сахт парешону хавотир шудааст. Даврон гуфтаст: «Дилшод, братишка, умуман хавотир нашав. Тамоми направленияҳоеро, ки ба Рустам фоидаҳои калон меоранд, ҳамаашро мо ташкил кардем. Мисол Федератсияи Футбол. Маркетингашро кӣ мекунад? Мо мекунем. Ҷаҳонгир Шералиевич бо бачаҳо мекунад. Направленияи игровойро Хушбахт бо дигарҳо мекунанд. Умуман ин Рустик (Рустамро дар назар дорад) соображения надорад. Вақте ки Бизнесинкубаторро кушодем Некруй чизат гуфт? Гуфт, ки «канен аз ин авлод». Ин гапҳоро додоямон гуфта буд. Ҳозир ана ман ТАЧММА ташкил кардам. Ҳоло бин аз дастамон мегиранд. Ин Рустам он Рустами пештара нест. Хайрият модарамон через Мультикид якҷо фонди ба номи падарам- фонди Музаффар, сумҳоро бароварданд. Ҳозир як илоҷ кун аз ҳамон инвесторҳое, ки оварда истодаӣ, ягон шапкаи калони сум доля гир, меравем. Бас аст. Ҷаҳонгир Шералиевичро ҳам гу аз маркетинги Федерацияи футбол сумҳоро бардораду ҳуй хурад. Рафтан даркор, рафтан ё читарие худашон мегӯянд «ҳуй хурдан даркор».

Боз фаромӯш накун: «Мо гражданстваи чанд давлатро дорем, бе малол любой гап шавад ҳам ҳуй мехурем…»

Ҳуши маснӯъӣ ИИ ё роҳи нави пулшӯӣ?

Нақши Дилшод Ҷӯразода, Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ дар схемаи тозаи шурӣ муриҳо

Ҳозир дар забони Раҳмонов, искусственный интеллект-ҳуши маснӯъӣ, IT -технология зиёд садо медиҳад. Аммо маълум аст ки тамоман тасаввуроташро надорад. Дар асл бигирем ҳоло ин ба як усул ва ба як намуд сумсофкунӣ-пулшӯии нав, табдил шудааст. Ду нафар шахсиятҳоеро, дар ин самтҳо масъул мондаанд, ки тамоман ба ин арса мувофиқ нестанд. Хуршед Мирзоев ва Азизҷон Азимӣ.

Хуршед Мирзоев умуман дар самти вобастакардааш тасаввурот надорад, фақат аз рӯйи нақлу барномаҳо тасаввурот дорад. Азизҷон Азимӣ бошад, ҷавон аст, қобилияти пешбариро тамоман надорад. Дуруст, ки давр -даври ҷавонони донишманд аст, аммо ҷавонро бояд пире роҳнамоӣ кунаду лоақал донишу малакай ҳамон соҳае раис аст донад, то корро пеш бурда тавонад.

Ҳар вақте Раҳмоновро мегуянд IT ва ИИ Раҳмонов дарав худро серьёзный мегираду мегуӣ, ки хуб тасаввурот дорад, ки гап сари чӣ меравад. Бо тантана IT парк кушоданду воҳимаҳо аз рӯйи миллион. Одитарин барномаҳои технологиро наметавонанд сохтан ё таҳлил кардан, аммо дар коғаз аллакай миллионҳо списат.

Дилшод Ҷӯразода, ки дар Алик малики виртуалӣ устухон надорад, сумҳои калони Рустамро маҳз бо ҳамин роҳ бароварда истодааст ва дар счётҳои оффшори худ ҷо ба ҷо дорад. Нафаронеро, ки оиди ин соҳаҳо тасаввуротҳо доранд, дарав ба тарафи худ ҷалб дорад. Дилшод Ҷӯразода гуфтааст, ки Худо накунаду ягонтоаш системаи кардаи моро (аз сари ҳар операцияи пулӣ, фоизи худро гирифта ба оффшор мефиристодаро) муайян кунад. Мо набояд ин Рустамро дар ин соҳа внедрят кунем ва тасаввуроташро бедор созем. Дилшод аллакай Азизҷон Азимиро ба тарафи худ кашидаасту гушпарӣ кардааст, ки мо мардуми бофарҳанги Суғд бояд якҷо бошему ин кулобиҳоро истифода барем.

Ин гапҳоро Хушбахти хеши Дилшод гуфтааст. Хушбахт сағераи чақчақӣ, любой гапро нақл мекунад. Хушбахтро ба депутатӣ пешниҳод карда буданд, дигар напурсидемаш, ки гузаштӣ ё не?

Даврони бародари Дилшод Ҷӯразода кушиш дорад, ки Ҳасанро бо Хуршед Мирзоев ҷанг андозад. Даврон гуфтааст, ки инҳоро мутит кардан даркор, ки ҳуши ҳама ба инҳо шаваду гапу чапи болои мо шудагиро фаромӯш кунанд. Мақсад аз гапу чап мақолаҳо дар барномаҳои «Ислоҳ» аст.

Даврон Ҷӯразода гуфтааст: «на самом деле ман да ҳамин кулобиҳо кайф мекунам. Свет нест дар Тоҷикистон, инҳо бошан искусственный интеллекту IT парк мекунанд. Наход ягон кас набошад нагуяд, ки о,аввал проблемаи барқро ҳал кунед, баъд дигар корҳо мешавад. Ҳамин хел феъли безеб доранд, ки фақат сумҳои дигарҳоро ҳисоб мекунанд аз худашонро не».

Рост гуфта буд Некруй Забиров, ки инҳо миёни ҳамаи соҳибкорҳоро мешикананд.  Яъне Раҳмонов бо Оилааш.

Дилшод Ҷӯразода чанд зан гирифта ҷудо шудааст. Бо ҳозира занаш зиндагӣ дораду фарзанд дорад. Зани пештарааш гуфтаст, ки хуни мардумро бо қиморхонаҳояшон ин акаву додар хурданд. Манзураш Дилшоду Даврон Ҷӯразодаҳо Мардум хонаҳояшонро бой доданду, зану фарзандҳояшон дар куча монд. Дуъои онҳо ҳатмани ҳатман мегирад Дилшоду Давронро. Метарсам, ки фарзанди манро ҳам дуъои мардум нагирад, гуфтааст зани пештараи Дилшод Ҷӯразода.

Тамоми проектҳое, ки Дилшод Ҷӯразода мекунад ва рекламаҳои калон мекунад, ҳамааш як фейканд. Аммо онҳоро як бор ревизия ё санҷиши ҳалол намекунанд.

Аз пушти номи Рустам миллионҳоро бароварданд. Ҳоло Рустам Президент нашуда аллакай Дилшоду бародараш сумҳоро аз Тоҷикистон  ҷудоҷудо бароварда истодаанду Хуршеду акааш ҷудо, Шоҳрух ҷудову Зайнулло ҷудо. Язнаҳои Рустам бошанд секунд  қарор нестанд. Ин Рустам бо ин ҳама аждаҳоҳое, ки пайдо шуда истодаанд, пагоҳ чи кор мекарда бошад? Ягон нафар аз апаҳову язнаҳову ҷиянҳову дигару дигарҳо гушаш намекунанд.

Пасгуфтор – ҷамъбасти «Семейка news №23»

Ончи дар ин шумора гуфтем, қиссаи як–ду шахс нест. Аз мактаби №15-и Душанбе, ки духтарони ноболиғро ба сафҳои «протоколӣ» мебаранд; аз Тахминаи «Клеопатра», ки сардори  КДАМ-ро мисли хизматгор иваз карданӣ мешавад; аз Арабзодаву Муҳибу телехҳои қароргоҳи президент то генерал Мурод ва Аҳмади «колбаса» – ҳамааш як занҷир аст. Ин ҷо ҳар кас, ки ба «семейка» наздиктар аст, қонуни шахсии худро дорад, ва қонун барои мардум мемонад.

Қаҳрамони асосии ин шумора-Дилшод Ҷӯразода-танҳо як эпизоди равшан аз ҳамин система аст. Як тарафи расмиаш «рақами 1»-и IT ва «бизнес-инкубатор», тарафи дуюмаш – меҳмонхонаҳои 8–40 миллион долларӣ дар маркази Тошканд, оффшорҳо, криптовалюта, «шакар», Кабир Рустам ва «Fifty Five Group Uzbekistan». Ҳар қадар ки фосила аз Тоҷикистон зиёдтар шавад, ҳамон қадар ҳисоби пулҳо дар берун калонтар мешавад. Вале ҳамаи ин маблағҳо аз куҷо меоянд? Аз ҳамин мардум, аз ҳамин замин, аз ҳамин барқи лимитдор.

Дар дохил бошад, «паника» аз як чанд навори «Ислоҳ» кофист, ки Даврону Дилшод капиталро ҳисоб карда ба гурез фикр кунанд: кӣ бо ТАЧММА, кӣ бо Федератсияи футбол, кӣ бо IT-парк, кӣ бо фонди нав. Ҳама чиз бо номи Рустам анҷом мегирад, аммо ҳар кадоме ҷудо–ҷудо халтаро пур карда истодааст. Феъли умумӣ якто аст: ҳеҷ кас ба фардо ва ба ин миллат фикр надорад, ҳар кас фақат ҳисоби роҳҳои гурезу «гражданствоҳои захиравӣ»-ашро мекунад.

Ҳуши маснӯъӣ ва IT-парк дар забони Раҳмонов ба як шӯхии сиёҳ табдил шудааст: кишвар бе барқ, бе عدالت, бе саноат мондааст, вале миллионҳо доллар «барои технология» навиштаву тақсим карда мешаванд. Дилшод Ҷӯразода ва шариконаш ин оламро на ҳамчун воситаи пешрафти кишвар, балки ҳамчун механизми нави пулшӯӣ дидаанд. Дар коғаз «интеллект» менависанд, дар амал истиқлолияти молиявии як даста хешу таборро таъмин мекунанд.

Аз тарафи дигар, қиссаҳои мактаби №15, духтарони «протоколӣ», телехҳо, қудоҳои нав, латту кӯби човандоз дар бузкаши Ҳисор, дафъ кардани прокурори як вилоят танҳо ба хотири писари «Муҳиби номард бошаму зинда бошам» – ҳама як чизро нишон медиҳад: давлат ба ширкати оилавӣ табдил шудааст. Қудрат на барои ҳифзи мардум, балки барои пӯшондани ҷиноятҳои худи «семейка» кор мекунад.

«Семейка news №23» ҳеҷ муамморо то охир ҳал намекунад, аммо пардаҳоро каме канор мезанад, то хонанда рамзи асосиро бубинад: ҳеҷ як Дилшод, Даврон, Арабзода ё Мурод танҳо нестанд. Онҳо маҳсулоти мантиқии ҳамин низоманд. То вақте ки низом ҳамон аст, қаҳрамонҳои фасод ҳам иваз мешаванд, аммо спектакл боқӣ мемонад.

Мо ин шумораро бо як суоли одӣ мебандем: агар имрӯз ҳар кас, ки дар ин матлабҳо номаш омад, фардо равад, оё система иваз мешавад ё танҳо чеҳраҳо? Ҷавобаш дар дасти ҳамон мардумест, ки ҳоло то ҳол дар торикӣ, дар навбати нону об, дар навбати муҳоҷират ва дар навбати ҳақиқат истодаанд.

«Семейка» танҳо нақл мекунад. Он ки ин қиссаҳоро ба поён мерасонад, худи ин мардум аст.

Сообщение Семейка news №23 появились сначала на ISLOH.net.

«Дискокорол»-и Тоҷикистон-шоҳзодаи фаҳшои оилавӣ
Муҳиб Асадулло (Саъдуллоев) додари Азизмои газетхонаки завҷаи Пешвои муаззам барои на танҳо хонандаву бинандаи «Ислоҳ» шинос аст, ӯро тамоми Тоҷикистон мешиносад. Вай чемпиони ягон намуди варзиш нест, шоиру нависанда, овозхону олим ҳам нест, бригадир, сардори участка, раиси совхозу ноҳия, вакили маҷлиси ҳатто ҷамоат ҳам нест, аммо знаменитий аст, беҳад.  «Знаменитира бераҳмуш» ана ҳамин Муҳиб аст боварам кунед. Махсусан дар навоҳии Шаҳритуз, Қабодиён, Носири Хусрав Муҳиб пурнуфузтар ва пурҳайбаттар аз Пешвои муаззам аст. Дар кӯчаҳои ин навоҳӣ чакар занад, замин меларзад, мошин ронад, пиёдаравҳо, ки чӣ, мошинсаворҳо «яним» мешаванд, ГАИшникҳо пушти девору сояи дарахтҳо медаванд, ки яке акаи Муҳиб назанмону ҷавобшам бта.

Муҳиб соҳиби ин қисмати Тоҷикистон аст.

Чанд соли пеш бозори «Ином»-и Абдуллоевҳоро дар Шаҳритуз тасарруф карду гирифт, ки навори ҷанҷоли он то ҳоло дар боли анкабути ҷаҳонӣ кашол аст ва ин сухани «мондагор» аз вай «номард бошаму зинда бошам ҳам» аз ҷараёни ҳамон ҷангҷол аст, ки ӯро шӯҳраи офоқ кард. Касе, аз тоҷирон баъди ғасби ин бозор онҷо нарафт. Қаҳраш карду бозори марказии ноҳияро ошкоро ба оташ кашид, то ки фурӯшанда ва харидорҳо ба бозори тасарруфкардаи вай раванд. Худаш ягончӣ насохтааст, сохтаи дигарҳоро захватит мекунад.

Тамоми замину замони ин навоҳӣ дар ихтиёри Муҳиб аст. Бе иҷозати Муҳиб инҷо касе коре карда наметавонад.

Дар инҷои навишта аз матлаби пешинаи «Ислоҳ» як пораеро пешкаш менамоям, ки исботи ин иддиоямон хоҳад буд:

«Ҳоҷӣ Амир, Ҳоҷӣ Муҳиб, Ҳоҷӣ Раҳматтуло, бародарони завҷаи Эмомалӣ Раҳмонов 85% ноҳияро, заминҳоро, чарогоҳҳоро, иншооти бозмонда аз даврони шӯравиро аз они худ кардаанд. 9 км дуртар аз маҳалли зисти мо барои бунёди бозор 3 га замин ҷудо шуда буд. Дар дохили он як дискотекае бо номи «Балх» чор сол кор кард. Вуруд ба ин дискотека 10 сомнӣ нарх дошт. Вай аз они ҳоҷӣ Амирулло буд. Онҷоро ҳам ба мардум ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурӯхтанд. Як сотихи он 25-30.000 сомонӣ. Чанд кас дар онҷо хона сохтаву феълан зиндагӣ доранд. Ман худам шоҳиди ҳолам, ки нозири минтақавӣ як чупони ҳоҷӣ Амируллоро барои маст дучарха ронданаш, (мотосикл) дастгир карда ба шӯъбаи дохила оварданд ва судмедэксперт хулосаи  худро ҳам дод, ки дар ҳолати сархушӣ сари фармони мотосикл нишастааст. Нав парванда тартиб дода барои 15 шабонарӯз шинониданӣ буданд, ки Валича ба «отдел» омада он нозири минтақавиро дашномҳои қабеҳ кард, на зан монду на фарзанду на ҳатто погони милисагӣ, ҳамаро ҳақорат кард.

«Тамоми атарҳои гӯсфанди ин се бародар:-ҳоҷӣ Амир, ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳоҷӣ Муҳибулло дар ҷойи мо ҷойгиранд. Ҳатто чупонҳояшон дорои ҳуқуқҳои нестандарҷаҳонанд. Гӯсфандони ҳоҷӣ Амируллоро ба дохили заминҳои корам дароварда мечаронанд.  Дар ҳар замине дохил шуданду хӯрданд, он замини пахта аст, замини тарбуз, харбуза, ҳандала, ҷуворӣ ё ҳар зироъате бошад, хӯрда- хӯрда мераванд, як гап гуфтӣ, капат дуд кард. Ҳар як атари ҳоҷӣ Амирулло 6 то 7.000 гӯсфанд дорад. Ҳар касе аз заминҳои онҳо иҷора мегирад, танқисии об намекашад. Агар обро насосчӣ ё мироб барои замини инҳо камтар диҳад, тамом капаш дуд мекунад.»

Ҳоҷӣ Амир дар кӯҳи Тералӣ, ки дар ҳудуди Вахш ҷойгир асту15 километр аз ҷамоати шаҳраки Гулистон ва 35 километр аз маркази Колхозобод дур мебошад, як истироҳатгоҳ сохтааст. Онҷо «отдих» мекунад. Бо шаш -ҳафт мошини гаронбаҳо ва ҷавондухтарони зиёде меоянду истироҳат мекунанд».

«Шикояти Колхозободиҳо аз хусурбачаҳои “Пешво” (Бахши аввал) 16.11.2021 https://isloh.net/shikojati-kolhozobodiho-az-husurbachahoi-peshvo-bahshi-avval.

Ҳоҷӣ Амир, ҳоҷӣ Раҳматулло бародарҳои бузургтари Муҳибанд. Инҳо чанд бародаранд,ки аз ҳама маъруфашон Ҳасан Асадуллои ишкамба, раиси «Ориёнбонк» аст.

Муҳиб бихоҳад дар ин навоҳӣ зани фалониро, ин фалонӣ касе, ки набошад, фалон мекунад ва ин коррро на як бору ду бор кардааст. Як мисоли конкретӣ аз як навиштаи панҷ сол қабли «Ислоҳ»:

«Муҳиб як ронанда дорад, ки миллаташ ӯзбек аст, аз ноҳияи Қубодиён. Вақте Муҳиб бо арӯси худ дар Шаҳритуз дам мегираду ҳама корро ба анҷом мерасонад ба ронандааш супориш медиҳад, ки ин духтарро ба хонааш бурда расонад. Дар роҳ кадом гапи ронанда ба духтар маъқул намешавад. Ба Муҳиб занг зада мегӯяд, ки ронандаат аз худ рафтааст, ба ман ҳар хел гап зада истодааст.

«Муҳиб дар ғазаб шуда рост хонаи ронанда меравад ва зани ӯро рӯирост таҷовуз мекунад. Ин зан аз тарс тамоман чизе гуфта наметавонад, ки мабодо боз фарзандҳояшро ягон кор накунад. Ба ронандааш мегӯяд, ки овозатро мегириву мегардӣ.»

«Шаҳритузиҳо аз ситам ва таҷовузи Муҳиби хусурбачаи “Пешво”навиштанд». 19.12.2020 https://isloh.net/shahrituziho-az-sitam-va-tajovuzi-muhibi-husurbachai-peshvo-navishtand

Муҳиб бихоҳад раиси ноҳия, додгоҳ, додситон пулис, бехатарӣ дар як турфатулъайн қарори иттихозкардаашро пас мегирад. Муҳиб амалан дар ин навоҳӣ Президент аст.

Ва, боз, барои онки боз ҳам «қизиқтар» бишавад як иқтибоси дигар аз ҳамон навиштаи болоро, ки панҷ соли пеш нашр намудаем меоварем:

«Муҳибулло Саъдуллоев Асадуллоевич, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов Шарипович ба раисони ноҳия ва кумитаи андози 3 ноҳия: -Шаҳритус, Қубодиён  ва Носири Хусрав собиқ Бешкент ахтор дода аст:

«чихеле мекнен намекнен, хуни мардумро дам мекашен,  чанд бор андоз мегирен, ба корхонаву иншоотҳои  ман наздик нашавен ва аз ма андоз ҳам  напурсен, чунки мо аз оилаи Ҷаноби Олӣ ҳастем, барои мо қонун вуҷуд надорад «не прикосновений» ҳастем».

Вақте ки Муҳиб  ба утоқи кории раису масъули ноҳия медаромадаст дар пои раисҳо ларза меафтодаст. Ин масъулону раисон метарсанд, ки Муҳиб боз ягон иншооти давлатиро, ҳамту ройгон бепул гирифтанӣ аст. Ё ягон имзоро  мехоҳад бигирад. Охир ин вазифаро  ман 200$ ҳазор долллар харидам ку, ҳам ба язнааш ва раиси кадрҳои ӯ пул додаам ва ҳам боз ин хусурбачааш коркунимон намемонад, ки пули додаамонро ақалан гирем.

«Муҳиб дар Шаҳритус зиёда аз 100 духтари ҷавони бокираро  таҷовуз кардааст.  Ончунон дар ин ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён туғён дорад, ки Гитлер ҷиноятҳои ӯро содир накарда буд.  Ончи мегӯем бе муҳобот ва туҳмат аст.»

Дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Фароғат собиқ (Курорт) Муҳиб дар назди чашми  як корманди ТАС  ҳамсарашро дар пеши чашмонаш таҷовуз кардааст. Номи он марде, ки ҳамсараш таҷовуз шуд, Аҳмад аст».

Хайриниссо, зани дуввуми Муҳиб

Муҳиб ду зан дорад. Занҳои ғайрирасмиаш беҳисобанд. Агар Озодаву Тахминаву Парвина расмиву ғайрирасмиҳо дошта бошанд, Муҳиби тағои онҳо чаро надошта бошад?

Хайриниссо, зани дуввуми Муҳиб дар Шаҳритуз дар пеши магазин савдо мекунад, дар магазини бари дискотека. Ин магазин 24 соата аст. То нимаҳои шаб сигарету бангу чарсу кристалу героин арақу пивову вискиву коняк мефурӯшад. Сигарети ESSE ченҷ дар дигар магазинҳо 20 сомонӣ, дар дискоклуб 40 дар магазини Хайриниссо 35 сомонӣ аст. Лекин дар дигар магазинҳо 18-20 аст. Хайриниссо ду бача аз шӯи пешинааш, дорад. Шавҳари аввалаи Хайриниссо дар қайди ҳаёт нест. Хайриниссо аз ғармиҳои Қумсангир аст.

Дар бораи кору фаъолияти Муҳиб «Ислоҳ» чандин матлаберо дар солҳои пеш ба нашр расонидааст, ки агар хонандаи ҳушманди мо бихоҳад, зери ин линкҳо метавонад бархе аз онҳоро бихонад:

1) «Бозори марказии Шаҳритусро Муҳибулло Саъдуллоев оташ зад 05.09.2020  https://isloh.net/bozori-markazii-sha-ritusro-mu-ibullo-sadulloev-otash-zad»

2) «Муҳибулло 120.000 $-амонро гирифт падарамро кушт, модарамро доғдор ва тағоямро бе гуноҳ 15 сол шинонд 02.01.2023 https://isloh.net/muhibullo-120-000-amonro-girift-padaramro-kusht-modaramro-doghdor-va-taghojamro-be-gunoh-15-sol-shinond/»

3) «Шикояти Қубодиёниҳо аз андози боло, хусурбачаи «Пешво» ва судияи таҷовузгарашон 12.02.2022 https://isloh.net/shikojati-qubodiyoniho-az-andozi-bolo-husurbachai-peshvo-va-sudijai-tajovuzgarashon/

Муҳиб «бизнеси асосӣ»-ашро умумиҷумҳуриявӣ карданист

Аммо Муҳиб, аз ончики дорад, ҳоло ҳам розӣ нест. Гуфтем,  ки се ноҳияи Шаҳритуз,Қабодиён ва Носири Хусрав дар ихтиёр ва итоаташ аст. Гузаргоҳи марзии Панҷи поён ҳам, ки бо Шерхон –бандари Афғонистон ҳаммарз аст, барои Муҳиб ҳамеша боз, чи хеле мегӯянд, «зеленний светофор» мебошад. Дар Қурғану Душанбе ҳам ин тиҷорати асосии вай-дискоклуб гардон аст.

Аммо мегӯяд кам аст. Бояд як бизнеси собственний-шахсӣ, хусусӣ дошта бошад, ки фақат ба вай тааллуқ дошта бошад. Бозорҳову фуруши замину вазифаву мансабҳои ин ноҳияҳову рамаву галаву фермаву  куҳу пуштаву қочоқи сигору арақ, то хлопушкаро дорад, вале  ончики дорад, камӣ карда истодааст. Миллионерӣ маъқулаш нест, бояд миллиардер бошад, мисли акаи Ҳасани ишкамбааш. Ин ҳарфу ҳадис, ки то омадани Раҳмонови шӯи апааш чизе надошт, чизе набуд, рӯзе ба гӯзе мегашт, кайҳо фаромуш шудааст. Ҳоло бояд, ки калонкалон дошта бошад. Ҳамранги ҷамоат (оила) мехоҳад бошад.

Маълум нест, ки ин идеяи бузург дар сари худи Муҳиб омада бошад ё дар сари Мансур Давлатови ҷиянаш ё Толиби китфи росташ, ки имрӯзҳо ӯро дар васвасаи ғасбу тасарруфи тамоми дискоклубҳои Тоҷикистон афтондааст. Гуфтааст, ки чаро фалониҳо:  Рустам, Зоир, Исмоили пингвин, Шамсулло, Ҳасан, Озода, Тахмина, Парвина ва дигарҳо дар тамоми кишвар доранд, ман бо ҳамин се ноҳияҳак «қарор бестум».

Меояд пеши Азизмову арзи матлаб мекунад, дил мекафонад: «апашка ма бояд тамоми дискоклубҳои Тоҷикистонро бигирум. Доляи ту ҳам ҳаст. Ин бизнес ба ягон каси дигармон таааллуқ надорад. Ҳамаҷоро подконтрол кадем. Инҷоро ҳам  мо бояд контрол кунем».

Пешниҳоди «доля» Азизморо бетоқат мекунад.

Шабона ночнушкаи тунуки тӯртӯрашро мепӯшаду бакали калони «Пшеничний» ва дар як табақча нуқл ( закуска ) медарояд, дар ҷогаҳи Пешво, ки Пешво хурхур дорад.

«Э, пирхари ҳаром бхе ай ҷот. Мембрӣ иқа нхрӣ. Нигинада нарафтӣ ё дига харворӣ маст шидӣ, апаратут наҷунбидестай»

Пешови муаззам, Асосгузори сулҳ, Ҷаноби Олӣ зуд хесту рӯи диван шишт.

«Ма бигӣ, ира аз Маскав ройит кадиян».

Асосгузор гирифта, қулумбас дар сар кашид. Закуска ҳам накард, дар пушти даст пок кард.

Азизмо гуфт, ки ҳамаҷоро таҳти контрол гирифтӣ, ягон террорист омада наметавонад. Лекин ҳамин дискоклубҳо беназорат.

-Дар дискоклуб террорист чи кор мекунад? Террористо дар мачит.

-Барои онки онҷоҳо таҳти контрол нест, имконаш ҳаст, ки дароянд. Рустам зудзуд меравад, Фарзона ҳар шаб меравад, Тахмина, Сомон Исмоил. Фаромуш накун, ки вақтҳои ахир ҷои дустдоштаи Фарзона ҳамин ҷоҳо аст. Зарина ҳам як поюш канда не, хай Озода бас кадай. Гапи мара не нагуву бигир тамоми дискотекаҳоро ба дасти як одами худмон те.

Муҳиб таҷрибаи калон дорад».

Э, и Муҳиб безприделай, дар сармон ягон бало нахезона?

-Зато таҷриба дорад. Метонад. Гап ҳамин. Ма пага бачаҳоро файрод мекунум». Ва чанд рӯзи пас чандин дискоклубҳоро бастанду навор карданду дар шабакаҳои телевизиониву Ютубу ҳамаҷо ба намоиш гузоштанд ва Ховар ҳам навишт,ки «ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти махсуси «Ахлоқ ва тартибот» фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, амалиёт дар заминаи муроҷиат ва шикоятҳои пайвастаи сокинон доир ба халалдор намудани оромии шабона ва риоя накардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби марказҳои дилхушӣ гузаронида шуд.

Нисбат ба соҳибмулкони ин марказҳо тадбирҳои қонунӣ андешида шуда, маводи зарурӣ барои баррасии минбаъда ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардид. Ҳамзамон бо шаҳрвандоне, ки дар марказҳои дилхушӣ буданд, оид ба риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд».

Яъне Азизмои газетхонак даст ба кор шуд ва Шоҳрух Саидзода, сардори милисаи Душанберо, ки писархондааш мебошад вориди амалиёт кард ва Шоҳрух ҳам бо як шабехун ин ҳама –дискокулб-Night Club-ҳоро «ҷошда» баст.

Аммо дискоклубҳои Муҳиб фаъоланд. Масалан «Марҳабо» дар Шаҳритуз ва «Малика» дар Қурған.

Аслан намешавад инҳоро дискоклуб- маркази дилхушӣ номид, амалан онҳо притон, бардел ва ба тоҷикӣ фоҳишахонаанд. Фоҳишахонаҳои мустанад.  Як нафар аз хабарнигорони «Ислоҳ» дар як навори савтӣ гуфт, ки «Вақтҳои ахир бизнеси асосии Муҳиб дискотекаҳояш шудааст. Раққосаҳо меоянд дар дискотекаи Муҳиб «кор» мекунанд. Вақте ки меҳмонҳои Муҳиб меоянд «кор»-и бештар  мекунанд. Ошёнаи болои дискотекаи «Марҳабо» дар Шаҳритуз меҳмонхона аст. Раққосаҳоро Муҳиб заставит мекунад, ки боло «бброен қати ҳаминҳо дам бигирен, любой чи бухоҳан, иҷро бкунан, ай даҳан,ай пушт,ай пеш. Қатишон отношенияи безеб накунен».

Дар маркази Қурған ҳам як дискотека дорад бо номи «Малика» дар Қабодиён ҳам дорад.

Ҷаласаи Оила

Маълум гардид бастани ин 17 дискоклубҳо дар пойтахт айни бастани заправкаҳои Умед -88, қатъи сети мағозаҳои Орима, тасарруфи амволи даҳҳо тоҷири дигар мебошад, ки ҳадафи дигар дорад. Ва, бастани ин маконҳои фаҳшо на ба хотири нороҳатии сокинони Душанбе, барои ба Муҳиб супоридани онҳо аст, ки дар ояндаи наздик шоҳидаш хоҳем шуд ва то онҷо, ки иттиллоъ расид, нақшаи бастани ин дискоклубҳоро дар саросри кишвар, аз ҷумла Хуҷанду Кулоб ҳам кашидаанд.

Дар Шӯрои оилаи Раҳмонов ҷаласа доир ва пешниҳоди Азизмои газетхонак, ки «тамоми дискоклубҳои Тоҷикистон ба Муҳиб супорида шавад» аз тарафи аъзои оила ҳам пазируфта шудааст.

Фарзона зимни сухаронӣ аз дикокулби Маликаи тағояш таърифу тавсиф карда гуфтааст, ки тағо дар ин соҳа профӣ шудаанд, аз уҳдаи идораи ҳамааш мебароянд.

Парвина сахт дастгирӣ кардааст. Барои онки кристал ва дигар таблеткаҳои экстазӣ ва бахусус метафетамини «Сифатфарма»-и вай  баҳузур ва бо дили пур ба савдо гузошта мешавад.

Бояд дар ин дискоклубҳо сервиси амниятии профессионал ҷалб карда шавад, тавсия кардааст Озода;

Тахмина пешниҳод кардааст, ки мошинҳои дароз, ки ҳоло шаҳу домод мекашанд, барои ҳар дисклубҳо ҳам дастрас карда шаванд, чунки баъзе муштариҳо мехоҳанд идомаи корашонро дар чунин мошинҳо анҷом диҳанд ва бояд ба милисаи шаҳр фаҳмонида шавад, ки минбаъд  гаиҳо онҳоро манъ накунанд.

Пешниҳоди Рухшона, ки тариқи онлайн дар ҷаласа аз Лондон ширкат кардааст, сохтани як дискоклуб дар Варзоб бо дикий пляж будааст…..

Мунтаҳо ҳама якдилона ба Муҳиб ҷиҳати забту тасарруфи тамоми дискоклубҳо раъй додаанд ва бо ҳамин Муҳибро ҳамчун «дискокорол» табрик кардаанд.

Хабарнигори «Ислоҳ» дар идомаи навори аудиоияш инро ҳам гуфт, ки «дар Қумсангир дискотекаи Муҳибро Баха-Бахтиёр пеш мебарад. Баха ҷавони 27-28 сола аст.  Дар онҷо ӯро ягон кас ягон гап зада наметавонад. Дар инҷо аз чанд вақти пеш ҳамаи дискоклубҳоро маҳкам карданд, ба ҷуз аз они Муҳиб. Дискоклубҳои Муҳибро Мансур Давлатови ҷиянаш, Баха, Толиби ҷураи наздики Мансур пеш мебаранд. Дар ҳоли ҳозир қасд доранд, ки дар «Бешаи палангон» як дискоклуби замонавӣ махсус барои Рустами Эмомалӣ бисозанд. Ҳозир ҳам дар инҷо ҳар гоҳе Рустам ояд аз дискоклуби «Марҳабо» духтарҳои ёши 14-15соларо Толиб мебрад ҳамроҳ бо раққосавҳову ҳофизаҳо. Онҷо ҳам урён ва лублучак рақсу бозӣ мекунанд».

Парвина ва Ашраф Гулови шавҳари Парвина идеяи забту тасарруфи дискоклубҳо ва ба итоати Муҳиб вогузории онро бо хушҳолӣ ва хурсандии зиёд пазируфта ваъда кардаанд, ки дар сохту навсозии онҳо бедареғ кумак хоҳанд кард.

Яке аз мақсадҳои асосии дар ихтиёр ва итоати Муҳиб вогузории тамоми дискоклуб-марказҳои дилхушӣ ҷалби духтарон ба ин кор ва дар оянда ба хориҷа  Дубай Туркия фурухтани онҳо аст.

Чунки сексиндустрия пурдаромадтарин навъи тиҷорат дар ҷаҳон аст, ки ҳатто аз фурӯши силоҳ ва наркотика ҳам манфиатовар аст. Барои Парвина ин дискоклубҳои ринок збит-бозори фуруши доруҳояш мешаваду барои Ашрафи шавҳараш инҷо манбаи ҷамъоварии духтарҳо барои қочоқ ба Туркия ва Дубай. Дар айни замон низ Муҳиб тавассути Панҷи поён-Шерхон бандар ҳар ҳафта чор –панҷ духтарро ба Афғонистон гузаронида истодааст. Як нафар афғон гоҳо дар ҳафта ду ва гоҳо як маротиба духтар ё ду духтарҳоро гузаронида истодааст.

Ба ин тартиб ба ин наздикиҳо Муҳиб ба дискокороли Тоҷикистон табдил мешавад.

Ва,дар охири навишта як иқтибосеро аз як навиштаи қаблии «Ислоҳ»,ки бо номи «Шаҳритузиҳо аз ситам ва таҷовузи Муҳиби хусурбачаи «Пешво» навиштанд» дар моҳи декабри соли 2020 чоп шуда буд, пешкашатон менамоем. Аз ин навишта мефаҳмед, ки ҳамин дискоклуби «Марҳабо» ҳам аз они нафари дигар аст, як нафар узбек, ки Муҳиб онро кашида гирифтааст. Ва нукта ва ҷойи аз ҳама ваҳшатноку ҳайратовараш ин аст ки ба кори ин дискоклуб худи Эмомалӣ Раҳмонов бо буридани лента «о.кей» медиҳад:

« Ба қарибӣ дар Шаҳритуз як тӯйхона сохта шуд. Номашро гузоштанд  «Марҳабо». Дар асл дар инҷо як ошхона амал мекард ва номаш ҳам буд: “Кӯлоб,2700-солагӣ”. Соҳиби он як узбеки маҳаллӣ буд. Аз дасти ӯ ин ошхонаро Муҳиб кашида гирифт. Як рӯз мӯҳлат дод, ки чизу чораашро барорад. Ин бечора узбек, марди 60сола, ки тамоми умр ва тамоми авлодаш дар инҷо буд, бо дегу косаву чумчаву табақу косаву вилкааш надонист, ки чи кор кунад ва зиндагониашро чи хел пеш барад. Ашк дар чашмонаш ҷорӣ, дар қади кӯча ҳайрону сарсон мисли беморони рӯҳӣ роҳ мерафт. Хеле гиря кард вале ягонҷо шикоят ва арз накард, чун медонист, ки фоида надорад.

«Аммо даҳшатноктар аз ин, кори Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки омад ва лентаи ин тӯйхонаро зери рақсу суруд қайчӣ кард. Ҳамаашон хурсанд ва дар телевизион ҳам гуфтанд, ки онро як соҳибкори шаҳритузӣ барои мардум сохтаасту барои чанд нафар ҷойи кор муҳайё кардааст. Аммо ин ҳама дурӯғ буд. Хок бар сари чунин давлтдорию раиятдорӣ. Мардуми шаҳритуз, ки кайҳо аз Раҳмонов ихлосаш гашта буд, боз бештар ба ӯ нафраташон зиёд шуд.»

Аммо ин ба ном туйхона сеошёна мебошад. Дар ошёнаи якум дискоклуб-фоҳишахонаи рӯирости Муҳиб аст. Ошёнаи дуввумаш тӯйхона ва саввуми меҳмонхона аст. Наход Тоҷикистон то ин дараҷа харобу кофаристон шуда бошад, ки дар рӯбарӯи мактаби №1 ва дар мобайни халқ фоҳишахона сохта аз шаб  то саҳар музикаро баланд карда гирду атрофро нороҳату безобита созӣ? Ҳамсояҳо чанд бор ба прокуратура навиштанд, ки мо аз дасти ин дискоклуб  хоб карда наметавонем, аммо ягон кас чораи инҳоро надид, чунки медонанд ӯ ба кӣ тааллуқ дорад»

Охирсухан: «Дискокорол»-ро кӣ бардошт, ҳаминҳо ҳам мебардоранд

Ин ҳама қаҳрамониҳои Муҳиб аз осмон наафтод. Вай аз бефарҳангии худ қудрат насохт- қудратро авлодаш ба даҳонаш гузоштанд. Ҳаминҳое, ки имрӯз дар Фейсбук аз «бадрафтории рафиқон» меноланд, ҳамон рӯз дар «ҷаласаи оила» қарори доданд, ки тамоми фоҳишахонаҳои расмии кишвар ба як одам дода шавад. Ба кӣ? Ба ҳамин Муҳиб. Пас, гуноҳи Муҳиб танҳо таҷовуз нест- гуноҳи асосӣ он сиёсате аст, ки таҷовузро ба бизнес табдил дод.

Инҷо дигар гап сари як шӯхии маҳаллӣ ё як “хусурбачаи бефарҳанг” нест. Мо бо сохтори расмии фаҳшу қочоқи инсон рӯбарӯем, ки аз утоқи хобашон дар Варзоб то гузаргоҳи Панҷи поёнро мисли конвейер идора мекунанд. Яъне духтар аз дискотека мебарояд-аз болояш “профи” меомӯзад-ба меҳмонхона мебаранд-баъдан ба Дубайу Туркия мефурӯшанд-ва тамоми ин роҳро милисаи давлатӣ, гумруки давлатӣ, додситони давлатӣ ва телевизиони давлатӣ “таъмину пӯшиш” мекунанд. Ин на фақат фасод, ин фурӯши миллати худ аст.

Муҳиб худ аз худ қавӣ нест. Қавӣ будани ӯ далели фақир будани давлат аст. Вақте як чӯпони онҳо метавонад милисаро дашном диҳад ва ҳеҷ чиз нашавад, вақте як “соҳиби дискоклуб” метавонад зани ронандаашро дар рӯ ба рӯи шавҳараш таҷовуз кунаду касе чизе нагуяд, маънояш ин аст, ки дар онҷо на қонун ҳаст, на давлат ҳаст, на қазо ҳаст- фақат оила ҳаст. Ва ҳар ҷо, ки давлат мефурӯзад, вале оила меҷӯшад-ҳамонҷо фаҳшо ба шакли расмӣ қонун мешавад.

Имрӯз онҳоро “дискокорол” хондед, фардо агар хостанд, метавонанд «наркокорол», «гуломкорол», «заминкорол» шаванд-то вақте ки мо хомӯш бошем. Чун қудрати онҳо на аз пул, на аз мақом-аз хомӯшии мардум меояд. Ҳамин мардум аст, ки дид, ки як узбеки 60-соларо аз ошхонааш ронданду чизе нагуфт. Ҳамин мардум дид, ки дар рӯбарӯи мактаби №1 фоҳишахона сохтанду чизе нагуфт. Ҳамин мардум дид, ки бозорро сӯзонданд, то мардум ба бозори Муҳиб раванд-боз чизе нагуфт. Вақте мардум чизе нагуфт, онҳо фаҳмиданд: ин миллат барои фурӯхтан омода аст.

Пас, савол дигар ин нест, ки “Муҳиб чӣ гуна таҷовуз кард?” Савол ин аст:
Чаро пас аз ҳар таҷовуз ӯ қавитар бармегардад?
Зеро ҳар боре ки ӯ як духтари бечораро хор кард, мақомот бо хомӯшияшон ӯро сафед карданд. Ҳар боре ки як бозори мардумро сӯзонд, телевизион бо гузоришҳояш ӯро “соҳибкори ватандӯст” нишон дод. Ҳар боре ки дар Душанбе 17 дискоклубро бастанд, аммо дискоклубҳои Муҳиб кор карданд, маълум шуд, ки ин бастанҳо барои мардум буд, на бар зидди фаҳшо. Яъне фаҳшо манъ намешавад — фақат соҳибаш иваз мешавад.

Аз ҳамин ҷо бояд бигӯем:

То вақте ки як зани камбизоатро метавонанд аз мағозааш бароранд, аммо як фоҳишахонаи сеошёнаи Муҳибро на,

То вақте ки як омӯзгори фақир барои 200 сомонӣ андоз мепардозад, аммо галаву замини Муҳиб «неприкасаемый» аст,

То вақте ки барои як наврасе, ки посте дар ТикТок гузошт, «моддаи ифротгароӣ» мекушоянд, вале барои қочоқи духтарон ба Афғонистон «ташаккур барои ҳамкорӣ» мегӯянд-ин давлат на аз ифротгароӣ, на аз фаҳшо, на аз коррупсия метарсад. Ин давлат аз як чиз метарсад-аз ифшои ҳақиқат.

Барои ҳамин навиштаҳои «Ислоҳ»-ро банд кардан мехоҳанд,
барои ҳамин аз берун сайтро мезананд,
барои ҳамин ба Муҳаммадиқбол парванда мепечонанд,
барои ҳамин ҳар кӣ номи ин авлодро гуфт, «террорист» мешавад. Зеро ин навиштаҳо чизеро фош мекунанд, ки онҳо бисёр мехоҳанд пинҳон монад:
фаҳшову қочоқу бозорсӯзӣ-ҳамаи ин тиҷорати хонавода аст.

Пас, охирсухан чунин аст:

То даме ки як Муҳиб метавонад як узбеки 60-соларо аз нону бозораш ронад, як духтари 15-соларо аз дискотека ба “бешаи палангон” барад, як милиса метавонад ба ҷои ҳимоя-посбонии фоҳишахона кунад, ин кишвар аз дохил истеъмор шудааст. Ва то ин истеъмори хонаводагӣ шикаста нашавад, ҳеҷ инқилоб, ҳеҷ ислоҳ, ҳеҷ интихобот чизеро дигар намекунад.

Бигузор бидонанд:
«Дискокорол»-ро ҳаминҳо «карол» карданд-ҳаминҳо рӯзе маҷбур мешаванд ӯро бикушанд ё аз саҳна баранд.
Чун ҳар фосид, вақте калон шуд, худаш барои худ хатар мешавад. Ва ё мардум пештар аз онҳо ин корро мекунад.

Ин навишта на зидди як одам, балки алайҳи ҳамаи онҳост, ки Тоҷикистонро аз кишвари деҳқону муаллиму зиёӣ ба кишвари фоҳишахонаву дискоклубҳои оилавӣ табдил доданд.
Ва мо вазифадорем бигӯем-агар нагӯем, фардо ин фоҳишахона ба хонаҳои мо ба назди зану духтарони мо ва шумо меояд.

Навишта шуд, баён шуд, то дар ёд монад.

Сообщение «Дискокорол»-и Тоҷикистон-шоҳзодаи фаҳшои оилавӣ появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №22
Шумораи 22-юми моҳномаи «Семейканюс» аст, ки бо хабару матолиби ҷолибиу хонданӣ таҳия ва тадвин шудааст.

«Қаҳрамон»-и маркази ин барнома Дишод Саидзода, муовини вазири молия, писари Муроди телехи Раҳмонов ва аз дӯстони наздики бачагии Рустами Эмомалӣ аст.

Тибқи маъмул дар барнома хабарҳоро аз дохили «Семейка» дорем, ки онҳо танҳо ва фақат дар «Ислоҳ» нашр мешаванд. Аз Шамсуллову Фарози вай, шавҳари Рухшонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, аз Сифатфармаи Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, аз Муҳибуллои номард бошаму зинда бошами бародари Азизмои газетхонаки зани Раҳмонов ва Мансур Давлатови ҷияни вай, ки Шаҳритусро ба дод овардаанд  хабарҳоеро омода намудаем.

Чуноне мебинед, ин ҳама хабарҳо дар гирди Раҳмонов-меҳвар, мех ва сутуни қасри «Семейка» тоб мехурад.

Интихоби Дилшод Саидзода ба унвони қаҳрамони марказӣ дар ин маҷалла ҳам мустақиман ба Раҳмонов марбут мешавад. Мурод, падари Дилшод тӯли тамоми ҳукумати Раҳмонов ҷондори шахсии вай буд ва дар ин муддат аз як сержант ё старшина, дарбонаки ҳукумати вилояти собиқи Кулоб то ба рутбаи генералӣ расид. Метавон ҳадс заду пешгӯӣ кард, ки Дилшод низ, агар Рустам ҷойи падараш омад, ба мақоми баландтар аз ончи ки имрӯз дорад, хоҳад расид. Чаро не? Падараш озмудаву содиқ, худаш ҳам сагвор хидмат хоҳад кард. Вале, тибқи хабарҳо, ки дасти мо омад, Дилшод солҳо пеш аз пешниҳоди падараш «барои телехи аввали Рустам шудан омода бишавад», сар боз задааст….

Ҳоло барномаро шурӯъ мекунем аз реза ахбору хабарҳо.

Ахбори «Семейка»

Шамсулло, Фароз ва терминалҳои наздимарзии вай

Исми Шамсулло Соҳибов ва Фароз-ширкати ғулпайкари ӯро на фақат дар Тоҷикистон, дар берун аз он ҳам ба хубӣ мешиносанд. Фароз амалан дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон яккатозу монополист аст. Инҷо аз арсаҳое, ки Фароз тасарруф кард, намегӯем, чунки пеш аз ин ҳам гуфта будем ва на танҳо мо, ҳатто расона ва созмонҳову ташкилотҳои хориҷӣ, ки ҳам роҷеъ ба ҷабҳаҳои бисёрпаҳлуи ва зиёд навиштаанд. Аммо дар ҳеҷ яке аз ин нигоштаҳо ҳарфи хубе дар васфи Фароз гуфта нашудааст. Ҳамин буд, ки барои аз ин расвоӣ ва бадномӣ раҳидан панҷ соли пеш Шамсулло эълон кард, ки дигар Фарозе вуҷуд надорад, барҳам додааст.

Аммо манобеи мо мегӯянд, ки дар тамоми нуқоти сарҳадии Тоҷикистон, такрор мекунам дар тамоми нуқоти марзӣ «Фароз» чанд сол бад-ин сӯ ба ном терминалҳое роҳандозӣ кардааст, ки василаи нақлия, чи боркашу чи мусофирбару чи шахсӣ бидуни санади он ба ва аз қаламрави кишвар даробаро карда наметавонанд. Манбаъи мо, ки солҳо дар як КП-контролний пункт-гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекунад гуфт:

«Фароз дар тамоми КПҳои Тоҷикистон ҳаст. Фароз, маълум аст ки аз они Рухшонаи духтари Раҳмонов аст. Рухшона сафири Тоҷикистон дар Бритониё аст. Шавҳараш Шамсулло Соҳибов аст. Тамоми Дулан, КамАЗ, Танару умуман дилхоҳ мошин, ки ворид ё хориҷи нуқтаи марзӣ мешавад дар стоянкаҳои КП як рӯзро мегузаронад, маътали дуруст шудани документҳояшон бояд ва ҳатмӣ вориди стоянка-терминали Фароз бишаванд. Ронандаҳои бечора шалпару лакоту хаста ҳазорҳо километрро тай мекунанд, вале инҷо нигоҳашон медоранд».

Дар КП-ҳо дастур дода шудааст, ки «намонед, ки мошинҳо аз соати 8 гузаранд». Мо, аз сардор мепурсем, ки «чида нагзаранд. Хай монем, ки бигзаранд. Мо 24 соатаем, кор мекунем, бигзаранд. Соат 10-11 –и шаб шуд брем хов кнем, онҳо ҳам бираванд».

Не, мегӯянд, мумкин нест. Бигӯед дар стоянка биистанд.

Охир, барои чӣ биистанд?

Барои он ин мошинҳо меистанд, ки дар терминали Фароз шабона истироҳат аст. Ин мошинҳои борбар бояд сари ҳар мошин аз 400 то 600 сомонӣ бипардозанд. Дар як шаб ба камиаш 70-80 мошин инҷо ҷамъ мешавад. Вале боз рӯзҳое мешавад, ки то 140-150 мошин ҷамъ ва дар навбат меистад. Ҳар рӯз. Ва бояд ин пулро пардохт намоянд ва сипас гузаргоҳи марзӣ шлагбаумро мебардорад ва баъд гумрук асноди онҳоро ба расмиёт медарорад.

Як бор пеши худатон ҳисоб кунед, ки инҷо дар як шаб чи қадар пули ронандаҳоро «Фароз» мегирад ва онро дар 365 рӯзи як сол зарб занед ва инро ҳам ба ҳисоб гиред, ки дар Тоҷикистон чи қадар гузаргоҳҳои марзӣ вуҷуд дорад. Ва, ҳамаи ин пул ба ҷайби Фарози Шамсуллои домоди Раҳмонов ва Рухшонаи духтари вай ворез мешавад.

«Ман ҳайронум, чаро барои убури КП-ҳо, ки аз они давлат аст, пости сарҳади Тоҷикистон аст ба «Фароз»  пул медиҳӣ ва бар ивази чӣ? «Фароз» бар ивази пули мегирифтааш чи кор мекунад? Ман ҳайронум».

Дар гумрук пул медиҳанд, барои рентген пул медиҳанд, дар ҷойе, ки назорат-осмотр мекунанд пул медиҳанд, просто так мошинро осмотро кардем мегӯянду сӣ-чил сомонӣ мегиранд, просто номерашро қайд мегиранд, барои печат задан ба бораш пул мегиранд, барои растаможкаи бор пул мегиранд.

«Ман ҳайронум, ки да ҳамаи чи ки медрояд пул метан: дар шлагбаум истодагӣ шлагбаумро ҳуй мекунад даҳ сомонӣ, мошин меояд сарҳад як осмотр мекунад 20 сомонӣ, печаташ мезанад бордораш 150 бебораш 60-70 сомонӣ. Кас намефаҳмад, ки ба хотири чи пул медиҳанд. Ман даҳҳо бор гуфтумшон пул натийен. Началник КП-и он чен будагӣ полковник Бобораҷабов, ҳозир дар Фотеҳобод началник КП аст, гуфт «э, ту кордор нашав  ҳақта бги хап кун».

Валлоҳӣ, аз дари даромади Тоҷикистон, ки ғоратгарӣ сар мешавад то охир. Вале, то ҳамин ҳоло нафаҳмидам, ки чаро «Фароз»  аз сари ҳар мошин ин қадр пул мегирад?

Агар «Фароз» аз они Шамсуллои домоду Рухшонаи духтари Ҷаноб набуд, метавонист, ҳақ дошт, ки сари ҳар мошин дар сарсаҳд пул бигирад? Пас, маълум мешавад, ки дар ин ғорату тороҷи мардум худи Раҳмонов шарик аст.

Муҳиби додарарӯси Ҷаноб, ҷияни вай ва духтарони Шаҳритус

На фақат Шамсуллои домоди Раҳмонов, Муҳибуллои номард бошаму зинда бошами додари Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов ҳам сарҳад ва гузаргоҳҳои онро мисли дари оғилаш истифода мебарад.

Муҳиб дар тамоми гузаргоҳҳои марзии вилояти Хатлон як, ду нафар одамҳои худро дорад.

Воридоти молҳое ки мамнӯъ аст, аз ҷумла сигарети ЕSSЕ ченҷ барои вай иҷозат ва раво аст. Аммо Муҳибулло аз сарҳади Панҷи поён бо Дулану фураҳо мегузаронад.

Вақте мегӯӣ, ки э, бача ин мошинҳо чӣ дорад?

Генерале, ки онҷо нишастааст: «проверкашон накнен, печатшон назанен» мегӯяд.

Мегӯем, чаро охир гранитса- сарҳади давлатиро убур карда истодааст, рафиқ генерал. Генерал мегӯяд, ки «кордор наша, мошинои уян, мошини иян». Чизаш гуфта метавонӣ? Не, проверкааш мекунам мегӯӣ? Тамом фармонатро мебарорад:-«гумша бра аз сари вазифа мега». Дигар як даст дар даҳан, як даст ба пушт, чашмҳо пӯшида, гӯшҳо ношунавӣ, хап мекунӣ.

«Ҳама чизҳояшонро мебинем ҳар рӯз. Сигарети воридоташ мамнӯъро бо фура мезаданду мебаранд. Мо, ки як блок мегирифтем, ягон ронанда муҳаббат мекард барои истифодаи худамон контразведкааш а ису меомад уш а усу, э ту сигарет бизнес мекунӣ ва меканд 1500-2000 сомонӣ. То10000 сомонии бачаҳоро гирифтагӣ ҳастанд. Меканданду мегирифтанд, лавомон кашол, меистодем. Чи кор мекардем. Ойлика ждат мекардем ва ё боз кадом камазистҳои шиносомон, ки биёя (бисёр буданд) меомаданд якчи нимчи медоданд, барои бачаҳоятон гуфта, дастгирӣ мекарданд.

Бовар кунед, ки Тоҷикистон рӯи ободиро намебинад. Ин Раҳмонову оилааш ҳануз аз сарҳад бор дохил нашуда ба ғорату дуздӣ машғуланд, то растаи мағозаву бозорҳо.

Муҳибулло дар Шаҳритус бозори як нафарро, ки «Ином» ном дошт, заду гирифт. Як духтари синфи 8-ро таҷовуз кард. Рӯирост хонаи он духтар меомаду бо вай дар рӯзи равшан зино мекард. Очаашро гуфт, ки гап занӣ туро ҳам фалон мекунам.

«Ҳозир власт дар Шаҳритус полний дар дасти Муҳибу Мансур Давлатов аст. Ягон кас ягон хел ход, ягон хел бизнес карда наметавонад. Мегӯӣ ягон хел себ, ягон хел мевагӣ бизнес кунам, ё ягон точкаи нормалний мекунӣ, тамом «иша роӣ мекунан, уша роӣ мекунан, зиндагӣ шумут мешавад. 50 фоизи Шаҳритус аз Муҳиб аст. Даштҳои калон ва заминҳои обии чандсадгектарӣ гирифтааст, ки аз пахтаву шолӣ сар карда то ҷаву гандум мекорад. Мепурсӣ ин шолӣ ай кияй? Ай Муҳиб! Чилучорчашма ай кияй? Ай Муҳиб».

Аз як инсони камбағал- як ҳоҷӣ буд, Муҳиб гирифт:-«ма ира итарӣ мекнум утарӣ мекунам гуфт, ҳиҷчиш накард. Панҷ сол гузашт, ҳиҷчи накард.

Дараҳо, чарогоҳҳо, талу теппаҳо, сойҳо, кӯҳу пуштаҳо, заминҳои асосии пахта ҳама аз они Муҳиб.

Дар Шаҳритус то соли 2015 ҷоеву маконе бо номи дискотека набуд, вуҷуд надошт. Мардум намедонистанд. Лекин Мансур омад, ғавғоро роҳ андохт. Ҳама тарсид, «дискотекара ҳуй кард ва ҳамара фасодхона кард. Ҳамаи мардуми Шаҳритуза ай раҳ зад».

Мардуми Шаҳритус носкаш, сигареткаш, арақхур ва бангӣ набуд. То солҳои 2013-14 ин гапҳо тамоман набуд, занҳо ҳама румол дошт. Ҳозир аз куҷо? Соат 8-9-и шаб шуд, ҳама куҷо? Хуфтанро мехонанд ё нохонда «боғ тамошо брем», дар даруни боғ дискотека. Аз инаш мебароянду боз ба дискотекаи Қабодиёнаш мераванд.

Чаро инҷо таблетка бизнес меоянд?

«Рӯбарӯ, пеши дискотекаи «Марҳабо»-и Шаҳритус омад, бор ай қафо гуфт. Чандто гуфта пурсид? 350 дона

Гуфт «бгирш бдроруш, да ту ҷавоб». Ҳиҷ кас чиз намегуяд. Рӯшод дар Шаҳриутс дар Душанбе ё дар Қабодиён рӯшод карда истодаанд.

« Мансур Давлатов любойша бурда фалон дорад ва инро ҳама медонанд. Муҳиб духтарои хонара бурда ….,як кас гапаш намезна. Ай пеши муаллимо, ай друни мактаб мегира мерава дхтарора. Чандин арӯсҳои ҷавона, ки шавҳарошон да муҳоҷиратай буғуз кадан. Як духтари ҳамсояи мо нав шу кард. Шавҳаруш рафт Русия. Ин арӯс баъди се моҳ як вақт бачадор шид. Маълум шид, ки ай  Муҳиб бдай. Хабар дар шавҳаруш расидай. Ай ҳамунҷо талоқуш дод».

Ин аруси бечораро Мансур Давлатов ба зурӣ мебурдааст.

Ягон кас ба милиса, прокурору амният гап занад, ҷавобашон фақат як хел: «тамом, мо мебинем, дида мебароем мегӯянд». Вале ҳиҷчи. Боз мисли пешина. Прокуратура ва амният дар Шаҳритус, Қубодиён ва Н.Хусрав аслан шикояти мардумро дар мавриди Муҳиб ва Мансур Давлатов ва ҳатто ҳамроҳони инҳо қабул намекунанд. «Тамом, мо мебинем, мо дела кардестем, ҳоле тул мекашад, мо аз пуштуш далел ҷамъ кадестем».  Ва бо ҳамин тамом.

Ҳамин хел як моҳ пас ҷамъбаст мешавд. Ин бечораи камбағал аз рафтану омадан дар байни мардум бадном мешаваду  духтараш оқибат бераҳа мешавад, дискотека меравад, дастбадаст, ҳаромӣ мекунад, номаш мебарояд ва дигар тамом, касод. Аммо прокуратура ва амният ҳоло ҳам дида истодаанд.

Мансур, ҷияни Муҳиб дар Шаҳритуз меравал любой духтаре, ки маъқулаш аст мегирад зино мекунад. ГАИро ба сари руяш ҳай мекунад. Фалонат мекунам мегуяд. Нагло ҳақорату дашном мекунад. Муҳиб бошад дар односторони мегузарад, меравад. Вақте ки аз қафояш як мошини дигар ки гузашт, тамом дар бало зад. Началник ГАИ супориш мекунад. Началник мегӯяд: «ура бгрен биёен, ин односторониро гузаштаст иқа сум бте». Мегуяд чаро он мошини пешинаро гап назадӣ?

Началник мегӯяд, ки «э,ту кори худта кун, у ба худша ҳастай» Ҳамин гапро нагло мезанад.

Парвина, Сифатфарма ва метамфетамин

Агар Муҳиби номард бошаму зинда бошам ба қочоқи сигарет тавассути Панҷи поён аз Афғонистон машғул бошад, узви дигари ин хонавода-Парвина, раиси ширкати дорусозии Сифатфарма баракс ба экспорт ё содироти қочоқии дору ба Афғонистон «ном» баровардааст. Тиҷорати марги сафед.

Як нафар аз собиқ корманди баландмақоми вазорати тандурустӣ, ки дар гузашта аз табибони маъруфи кишвар буд (маълум аст ному насабашро зикр намекунем) аз он изҳори таассуф кардааст, ки Тоҷикистонро ба як полигони эксперименталӣ-майдони озмоишӣ барои тиҷорати доруҳои қалбакӣ мубаддал карданд. Вай мегӯяд, ки ин як хиёнати бисёр ҳам нобахшиданӣ аст, ки ҳаёту саломати миллатро ҳам тӯъмаи нафси бадат кунӣ.

Ин табиби бо беш аз ним аср таҷриба ва собиқаи корӣ шароити кунуниро бо замони шӯравӣ муқоиса карда ҳасрати он рӯзҳои пешинаро мехурад. «Дар замони шуравӣ барои онки як дору ба истифода дода шавад, даҳҳо озмоишгоҳ месанҷид, хулоса медод, эксперимент дар мушу каламуш ва харгушҳо гузаронида мешуд. Баъди ин ҳама боз дар табобати баъзе аз бемороне, ки дору ба бемории онҳо нигаронида буд, озмоиш мешуд, ҳамон ҳам бо дозаи хурд. Табиист, ки барои ин ҳама марҳалаҳоро тай кардан вақт ва маблағ ба харҷ дода мешуд.

Барои ҳамаи ин процессхо ва процедураҳо ва то ба қайд мондани ин ё он   дору маблағи калон, то 15миллион доллар сарф мешуд. Ин ҳам вобаста аз препарат буд».

Аммо ҳоло Парвина Раҳмон, духтари Президент, соҳиби ширкати фарматсевтии «Сифатфарма» ва баъзе аз ширкатҳои доруфурушие, ки бо пуштибонии оила фаъолият мекунанд ин доруҳоро дар беморон ва беморхонаҳои Точикистон эксперимент, карда истодаанд. Яъне, мардуми тоҷикро ба озмоишгоҳ бадал кардаанд.

Дар вақтҳои ахир ҳар рӯз, дар ҳар як беморхона аз 3 то 5 бемор мемирад. Аз руи мушоҳидаҳо асосан баъди ягон укол-сӯзандору ё дору, ё ягон капел, ки ҳатман аз фирмаҳои хориҷӣ оварда шуда ва бо тавсияи духтурон дода шудааст, саломати беморро вазнин ва боиси марги онҳо шудааст.

Намояндагони ширкатҳои доруфурушӣ ба шумули «Сифат-фарма» ҳар руз дар беморхонаҳои кишвар гашта, духтуронро ба «ҳамкорӣ» даъват мекунанд. Духтурҳо, ки маоши ночиз доранду сахт муҳтоҷанд, ҳатман барои ин «ҳамкорӣ» розӣ шуда аз ҳар як назначения, ретсепте, ки ба беморон медиҳанд ва дар он препаратҳои фирмаҳоро қайд мекунанд, фоизи хуб мегиранд.

Инҷо чанд мисоли конкретӣ меоварем. Санаи 16.10.2025 се нафар дар беморхонаҳои Медгородок, яке дар поликлиникаи студенческий дуи дигар дар худи Медгородок бади уколҳои фирмавӣ мурдаанд.

Санаи 17.10.2025 боз 4 нафар дар Медгородок, ки яктоаш дар студенческий поликлиника-дармонгоҳи донишомӯзон ва се нафари дигр дар худи Медгородок фавтидаанд. Ин маълумот танҳо аз як Медгородок аст.

Мо дар бораи вазъияту ҳолатҳои мушобеҳи дигар беморхонаҳои Душанбе ва саросари кишвар хабар надорем. Вале, агарчи ин ҳолатҳои маргумири ғайримаъмулӣ дар ин рӯзҳо дар Медгородок руй дода бошад ҳам кадом санҷишу тафтише аз тарафи ягон ниҳод баргузор нашуд.

На мақомоти тафтишот, на вазорати тандурустӣ ва раёсати тандурустии шахри Душанбе ва на аз Хадамоти давлатии назорат нафаре ҳам наомад ва оиди ин ҳодисаҳо саволу ҷавобе нашуд. Албатта инҷо айб, айби ҳукумат аст, ки умуман санҷиш, тафтиш ва назорат намекунад. На дар беморхонаҳо ва на дар воридоти препаратҳоӣ фирмавӣ.

Баъди таъини духтари президент ба мақоме дар Вазорати тандурустӣ мебоист, ки назорат хубтар мешуд. Аммо ҳеҷ назорат вуҷуд надорад. Чунки ин  доруҳоро апаҷонаш Парвина ва фирмаҳои марбут ба оила медароранд.

Дар марги ин нафарон асосан ҳамин оилаи Раҳмонов муқассир аст».

Ҳодисаи дигари бисёр ҳам ваҳшатнок ин аст ки бинобар маълумотҳо «Сифат-фарма» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар таҳхонае ба истеҳсоли метамфитамин, ки бо номи кристал машҳур машғул мебошад. Ва онро на фақат дар дохил, дар хориҷ аз кишвар ва махсусан ба Афғонистон содир мекунад. Метамфитамини тавлиди Сифатфарма дар Ҳиндустон ошкор шудааст, ки тавассути Афғонистон қочоқ шудааст.

Дар мулоқоте, ки чанд рӯзи пеш СС.Ятимов бо волии Балх дар Душанбе дошт, намояндаи давлати Толибон аз афзоиши қочоқи ин навъи маводи наркотики тоҷикӣ ба Афғонистон ба шиддат нигаронӣ кардааст.

Харидори метамфетамин (Methamphetamine)-и тавлиди

«Сифатфарма» аз он ҷиҳат, ки дар таркибаш ба ҷуз аз химикат, шираи камол ҳам доштаст, зуд таъсир мекардааст. Барои ҳамин талабот ба он бештар будаст. Зимнан, дар ду- се соли ахир наркоманҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кулоб тамоюли бештар ба кристал нишон медоданд. Чунки он дастрас аст. Парвина хаста нашуда бозорро таъмин карда истодааст. Зоир Соҳибов шабакаи фурӯши онро дар кулли кишвар таъмин мекунад бо Исмоили пингвин. Маркази таъминот ва маконе аз онҷо ба ҳамаҷо паҳн менамояд дар Гипрозем қарор дорад.

Дилшод Саидзода, бачаи Муроди телехи №1

Дар Семейкаи пешина (Семейка№21) дар бораи Дилшод як хабари мухтасар дода будем.

Дилшод ҳанӯз, ки 21 сол дошт дар вазорати молия ба кор пардохт. Ду ихтисос иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос дорад. Забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ ва олмонӣ (бо луғат) медонистааст. То соли 2014 дар вазифаҳои гуногуни вазорати молия ва солҳои 2014-2015 ҳамчун нозири калони гурӯҳи пардохтҳои гумрукии Дидбонгоҳи гумрукии Душанбе-2 Раёсати минтақавии гумрукии ш. Душанбе. Ва аз соли 2015 то соли 2024 сардори нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати Мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №454 аз 20 сентябри соли 2022) ва аз майи соли 2024 Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2024 №274).12 сентябри соли ҷорӣ Саидзода Дилшод раиси Федератсияи куҳнавардии варзишӣ ва шахпаймоӣ«-и Тоҷикистон интихоб гардид.

Тӯли ин муддат соҳиби мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ шудааст. Мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ: Соли 2021 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Фармони Президенти Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213), соли 2015 бо “Ифтихорнома” ва соли 2018 бо медали “Аълочии молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст. Барандаи “Ифтихорнома” ва Ҷоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2022.

Рутбаи тахассусӣ: Мушовири хизмати давлатии дараҷаи — 1 (Фармоиши вазири молияи Тоҷикистон таҳти №8 аз 13.01.2021. Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, узви Шӯрои Марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, узви раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аст.

Бибии Дилшод 10 сентябри соли 2020 дар 97солагӣ дар Восеъ даргузашт. Муроди падри Дилшод ва модари Мурод гирифтори коронавирус шуданд. Мурод наҷот ёфт аммо кампири 97 сола даргузашт. Аз инҷо буд, ки Дилшод дар он сол хайру садақот кард, то дуъои мардумро барои шифои падар ва бибиаш дарёбад. Он вақт нашрияҳо аз ҷумла Азия плюс навштанд, ки «Писари муҳофизи президент ба душанбегиҳо антисептик ва ниқоб тақсим кард»

Дилшод Саидзода дирӯз аз ду маҳаллаи аҳолинишини пойтахт боздид карда, ба сокинон маводи антисептикӣ ва ниқоб тақсим кард. Дилшод аз аҳолӣ даъват кард, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дар мавриди бемории коронавирус бовар накунанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Дилшод Саидзода дар ҳамдастӣ бо фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дирӯз(14 майи соли 2020) аз маҳаллаҳои Бадахшон-1 ва Нисормуҳаммади пойтахт боздид кард.  Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Дилшод аз кадрҳои ҳукумати Раҳмонов  хоҳад буд, ки дар ҳукумати Рустам (агар ба он рӯз бирасад) ба эҳтимоли зиёд ё дар Сбербонк ё дар худи ҳамин вазорат курсии асосиро соҳибӣ мекунад.

Дилшод аз рафиқони наздики Рустам ва дар «круг»-и вай аст.

Контроли арсаи финанси мамлакатро хоҳад омӯхт ва софу содиқ ва сарсупор ба Рустам мешавад. Чунки каламушҳои оилавӣ, ки дастомӯзони Раҳмонованд имкон дорад, ки баъди Раҳмонов Рустамро фиреб кунанд.

Дилшод, бо онки аз бачагӣ бо Рустам аст аз малейший ҷунбуҷули онҳо бохабар мекунад.

Яке аз муҳофизони пешинаи Президент, ки номаш Рустам буд, қисса кардааст, ки Мурод мехост писараш бо Рустам бошаду дар оянда ҳамчуноне, ки худаш Президентро муҳофизат мекунаду нафари боваринок аст, Дилшод ҳам ба Рустам чунин наздик ва мавриди эътимод бошад. Дилшод вақте ки ҳанӯз дар курси сеюм буд, ин хоҳиши падарашро тавассути модараш рад мекунад. Дилшод ба модараш мегӯяд, ки «мара намефора ранги атам на шав хов бошму на рӯз. Атам хела хизматшон кад. Монен ма ба раҳи хдум брам».

Дилшод дар замони донишҷӯӣ бо як духтар аз славянский ошиқӣ мекард. Он духтар аз Дилшод як курс поён мехонд. Баъди хатми донишгоҳ он духтар аз Дилшод ҳомила мешаваду пинҳонӣ таваллуд мекунад. Писар таваллуд кард.

Муроди телех ва боз чанд нафар аз нафарони номдор дар офиси Аҳмади колбаса зиёд ҷамъ мешаванд.

Алишери бухгалтери Аҳмади колбаса нақл мекунад, ки «акаи Мурод миёя соатош қати шеф яъне Аҳмади колбаса мешинан рози дил карда. Дар яке аз чунин нишастҳо Мурод зиёд аз Раҳмонов норозигӣ мекунад, ки «ма иқа сол дар баршм, я бачаи мара натонист я вазифаи соз бта». Ин гапҳо пеш аз муовини вазири моляи таъин шудани писари Мурод буд. Аҳмади колбаса ҳам сахт асабӣ шуда зани Президента ҳақоратҳои сахт мекунад. Аҳмади колбаса мегӯяд: «Муродҷон соф хафа наша. И к@зани Президент ҳози дига гапш да турсикш намегзара, иқа яъаҷуҷу маъҷуҷи дунёра зойдай ай чо ба мора ҷо мемона. И к@зани Раҳмона бояд да ҳаму Хуҷанд ту баъди теракти шидагӣ янимаш мекади. Ҳамуҷа тра предлагат каҳан ту хта фидоӣ гирифтӣ, ана натиҷаш ҳаминаи, аку фандам хурди хап ку сара таги тоқӣ куну гард».

Ин гапҳоро Алишери ургутӣ, ки муҳосиби Аҳмади колбаса мебошад, нақл кардааст.

Баъде Дилшодро дар вазорати молия кор монданд, Мурод умед дошт, ки баъди се чор сол вазир мешавад. Дилшод дар вазорати молия зиёд кор кард. Дилшод  баъзе аз нафарони командаи Рустамро сахт бад мебинад. Хусусан Шоҳрухро.

Дилшод дар вазорати молия чандин растратҳо ва изофанависиҳоро пайдо карда буд ва мехост ба боло гуяд аммо падараш гуфт, ки ту бояд кур бошӣ бачам. Махсусан хеле аз шуримуриҳои духтари Матлубхон Давлатзода, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва аз хешовандони наздики Раҳмоновро, ки то омадани Дилшод дар ҷойи пешинаи Дилшод инспектори давлатии иёргирӣ-тилло ва дигар маъодини гаронарзиши вазорати молия кор мекард.

Дилшод шартномаҳои калонеро, ки дар он ширкатҳои аъзои Раҳмон шариканд, пайдо кард. Дилшод зиёд нусхабардориҳо карда мондааст, барои рӯзи мабодое.

Охирсухан

Тоҷикистон имрӯз ба амволи шахсии як хонавода табдил ёфтааст. Дар ҳар гӯшаи кишвар изи «семейка» дида мешавад -аз сарҳад то беморхона, аз гумрук то вазорат. Ҳама чиз ба мол табдил ёфтааст: замин, мол, курсӣ ва ҳатто ҷони инсон.

Шамсулло сарҳадро моликияти худ кардааст, Муҳибу Мансур Давлатов духтарони мардумро, Парвина дору ва саломатиро, Дилшод бошад молияи давлатро. Ҳар кадом бо номи оила ва бо такя ба қудрати Раҳмонов ғорат мекунад. Ва ҳамаи онҳо медонанд, ки қонун барои мардум аст, на барои онҳо.

Дар кишваре ки ҳатто нафас кашидан бе иҷозати «семейка» мешавад, мардум дигар чизеро барои аз даст додан надоранд. Аз ҳамин сабаб, тарс ҳам дер намемонад. Зеро вақте ҳақиқат ба садҳо забон гуфта мешавад, дигар ҳеҷ деворе пеши он намемонад.

«Семейка ньюс» барои он аст, ки мардум бидонанд-номи ҳар як дузд, ҳар як зинокор, ҳар як фурӯшандаи виҷдон сабт мешавад. Ва вақти ҳисобу китоб фаро расад, дигар на сарҳад на гумрук ва на «собиқ домод»-и касе онҳоро наҷот дода наметавонад.

Агарчи ҳақиқат,дер, роҳашро меёбад. Ҳар санад, ҳар акс, ҳар навори кӯтоҳ метавонад ҳалқаи дигари ин гиреҳро боз кунад. Мо ваъда медиҳем: то замоне ки ҳуҷҷату далел ҳаст, ин пардафарозиҳоро идома медиҳем. Агар ту низ шоҳидӣ, санад дорӣ, ба мо бирасон-ҳар қадар тарс пахш шавад, ҳамон қадар далелро бояд баландтар хонд.

Ҳақиқат дер мемонад, вале ҳамеша меояд.
Мо мегӯем, менависем ва боз мегӯем, то рӯзе ки Тоҷикистон дигар моликияти шахсии ягон оила набошад. Тоҷикистон ватани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳаст ва хоҳад монд. Барои расидан ба он рӯзи бузург мубориза бояд барем!

Сообщение    Семейка news №22 появились сначала на ISLOH.net.

Ҷиноятҳои наздикони “Пешво” ва Азизмо чаро бе ҷазо мемонанд?
Эмомалӣ Раҳмонов, на танҳо худ, балки хешу табору авлодашро ба як қишр ва табақаи ҷудо, бартар ва болотар аз мардуми тоҷик табдил ддааст ва онҳоро ҳамвора аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ҳимоят мекунад. Дуруст аст ки ҳама оғозе анҷоме дорад, аммо анҷоми дери Раҳмонов ӯ ва наздиконашро ба ин хулоса овардааст, ки дигар онҳо ҳарчизеву ҳаркоре бихоҳанд, анҷом медиҳанд, агарчи он дар ивази ҷон, бо содир кардани ҷинояти вазнин сурат бигирад ҳам. Дар ин матлаб аз мавориди мушаххасе ёдоварӣ хоҳем кард, ки дар манобеъи дастрас қоибили истифодаанд, расонаҳо роҷеъ ба онҳо на як бору ду бор навиштанд, вале обе аз осиёбе науфтод, чизе такон нахӯрд, муҷриме муҷозот нашуд. Ҳамакнун хешу таборону ақрабои Эмомалӣ Раҳмонов на фақат ба дуздиву тозиву ғорати молу сарвати мардум ва ватан машғуланд, онҳо дигар бидуни кадом тарсу ҳаросе таҳқир ва таҷовуз мекунанд, мезананд, мекушанд, хуллас, ҳарчизе, ки бихоҳанд ҳамон мешавад. Дар зер чанд намуна аз ин кирдорҳоро, ки дар ҳар кишваре барои онҳо парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ ва омилин муҷозот хоҳанд шуд, тазаккур медиҳем:

Моҳи октябри соли гузашта дар прокуратураи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешина) бар асоси шикояти як зан кори тафтишот оғоз шуд. Ин зан шикоят мекард, ки ӯро Азизулло Соҳибов, раиси идораи «Тоҷикматлубот»-и вилояти Хатлон дар манзили зисташ қасди таҷовуз кард ва баъде, ки зан рад кард бо корд заду маҷрӯҳ намуд. Ин ҳодиса дурусту дақиқ даҳуми октябр рух дод ва он зани 36-сола дар шумори «меҳмон»-они Азизулло қарор дошт. Албатта, ин меҳмониву меҳмондорӣ дар яке аз манозили истиқоматии Азизулло Соҳибов, баъд аз онки ба таклифи «ҳамхобагӣ» бо соҳибхона розӣ намешавад, ба вуқуъ мепайвандад. Хабаргузориҳо навиштанд, ки милисаи шаҳри Бохтар дар асоси сӯҳбат бо шоҳидони ҳодиса мавод тартиб медиҳад. Парвандаро Раёсати вилоятии милиса мегирад. Милисаи вилоят ҷиҳати тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба прокуратураи шаҳри Бохтар месупорад. Аммо бо ҳамин кори тафтишот ба анҷом мерасад ва Азизулло Соҳибов ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Дар ҳоле, ки милиса дақиқан санад тартиб медиҳад, ки ин зан дар пайи ҳамлаи Азизулло Соҳибов бо силоҳи сард захмӣ шудааст. Ин зан се рӯз дар шӯъбаи реаниматсионии Бохтар бо марг даступанҷа нарм мекунад, вале шифо меёбад. Азизулло Соҳибов ба тафтишот гуфтааст, ки ин занро дар манзилаш «бори аввал» дидааст ва ин зан «худаш дар гарданаш бо корд задааст». Ҳамин тариқ ин «аллиби»-и Азизулло мавриди қабули додситонӣ қарор гирифт ва мақомот парвандаро махтума эълон карданд ва Азизулло ҳадди ақал ҷарима нашуд, куҷо расад ба сӯй қасд ба ҷони шаҳрванду ҳукм гирифтан. Аммо савол инҷо аст, ки Азизулло кист? Азизулло Соҳибови 50-сола,бародари Маҳмадзоир Соҳибов шӯи Фируза, духтари калонии Раҳмонов ва амаки Шамсулло Соҳибов-шӯи Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир, духтари дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, яъне домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

Соли гузашта, Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари 64-солаи Эмомалӣ Раҳмонов ва беваи Холмуъмин Сафарзода, собиқ раиси Идораи ҳифзи ҷангали Тоҷикистон,ки дар соли 2012 дар назди масҷиди «Автовокзал»-и Душанбе дар пайи як «разбор» бар сари 350.000 доллар кушта шуда буд, бар асари ибтило ба коронавирус Қурбонбӣ аз дунё даргузашт. Се писари марҳума Қурбонбӣ, ҷиянҳои «родной»-и Эмомалӣ Раҳмонов ба шумули полковник Фахриддин Сафарзода, сардори собиқи милисаи Шаҳринав шоми 20-июл Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президентро, барои онки ба бемор даво ва дармон бахшида натавонистанд мавриди латту кӯби шадид қарор медиҳанд, ки бар асари ин ҳамла онҳо сахт маҷрӯҳ мешаванд. Ҳодисаи латукӯб ҳамзамон бо эълони хабари марги модар аз тарафи Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо сурат мегирад. Гап дар инҷо аст, ки ба бемористони ҳукуматӣ, ки хоҳари Раҳмонов бистарӣ буд як пизишки хориҷӣ даъват мешавад ва вай тавсия медиҳад, ки усули табобат дигар шавад. Ҳамин гап боис мешавад, ки хоҳарзодаҳои Раҳмонов вазири тандурустиро барои нокифоятӣ дар муолиҷа зери мушту лагад бигиранд. Шоҳидон мегӯянд, ки вазир таваллову зорӣ мекунад, ки «накушедам, ду фарзанди касалӣ дорам». Танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ онҳоро ором кардаанд, гуфтааст яке аз шоҳидони ҳодиса. Дар аввал ҳам дар вазорати тандурустӣ ва ҳам дар вазорати дохилӣ вуқуи ин ҳодисаи ғайримаъмулӣ ва боварнакарданиро тасдиқ карданд. Вале баъдан ҳама дар даҳон об гирифтанд, балки инкор намуданд ва гуфтанд, ки вазири тандурустӣ «чандин вақт аст ки дар сафари корӣ дар хориҷа қарор дорад”. Ин дар ҳолест, ки ҷоғи вазири тандурустӣ шикаставу тақрибан як моҳ «бемори атолахур» мешавад ва вай ҳатто дар нишасти матбуотиаш, ки дар рӯзи 26 июл муқаррар шуда буд, ширкат карда наметавонад. Агарчи Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохилӣ (Шодӣ Ҳафиззода) тафтишот оғоз кард, аммо то кунун касе муҷозот нашуд.Чунки онҳо ҷиянҳои Эмомалӣ Раҳмонованд ва барои онҳо тамоми кор ҳатто ҷиноят мумкин  ва равост, чун аз каста ва қавми дигаранд. Оё шумо дар ягон гӯшае аз дунё шунавидаед, ки ҷияни роҳбари давлат вазири ҳукуматро зери зарбаву шаллоқ бигирад ва аммо ҳиҷ муҷозоте нашавад?

Дар бораи ҷурму ҷиноёти бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмонов ҳам дар расонаҳо чандин матлабу гузоришҳо ба нашр расида буданд. Шумо аз Муҳибулло Саъдуллоеви «номард бошаму зинда бошам» хабар доред ва агар хабар надошта бошед ба ёдатон танҳо аз ду маврид ҷинояти ин бародарзани Раҳмонов мегӯям. Як зани шаҳритузӣ чанд соли пеш дар як навори видеоӣ мегуфт,ки Муҳиб меояду духтари ӯро рӯирост мебараду таҷовуз мекунаду боз меоварду ба хона мемонад. Ин зан дар ин навор, мегӯяд танҳо ба хотири онки раиси ҷумҳур аз қазия огоҳ бишавад розӣ ба сабти суҳбаташ шудааст. Вай бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, бародарзани вай- Муҳибулло Саъдуллоев дар соли 2005 дар вақти набудани ӯ духтарашро маҷбуран аз хонааш берун бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст. Ӯ мегӯяд, Саъдуллоев баъдан ҳам пайваста пеши духтараш меомад, вале мақомоти интизомӣ дар посух ба муроҷиатҳои вай иқрор кардаанд, ки коре бо додарарӯси президент карда наметавонанд.

Ҳодисаи дигаре, ки Муҳибулло Саъдуллоев «қаҳрамон»-и асосии он мебошад, тасарруфи ошкорои бозори «Ином»-и ин ноҳия мебошад. Муҳиб бо такя ба онки шавҳари хоҳараш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бозори як оиларо кашида гирифт ва бадтар аз ин онҳо-зану шавҳарро, ки арзу шикоят ва даъвӣ карданд, бурду шинонд ва коре кард, ки онҳо ноилоҷ аз баҳри бозори бунёднамудаашон бигзаранд. Ошкоро асноди тақаллубӣ сохта гуфт, ки соҳибони бозор 50% бозорро ба вай инъом каранд. Аммо соҳибони бозор ин гапро рад намуданд. Муҳиб ҳам пустинро чапа пушиду бозорро комилан ғасб ва шавҳари занро маҳкум ба зиндон кард. На Раҳмонов арзи ин ду соҳиби бозорро шунавиду на «апаи Азизмоҳ»-и газетахонак. Дар дасти мо садҳо ҷиноятҳои хело вахими Муҳиб вуҷуд дорад вале танҳо ба он дуе,ки ҳама аз он огоҳанд иктифо менамоем.

Яке дигар аз наздикони Раҳмонов, ки «вес Тоҷикистонро задагӣ» ин Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои «Нахш» ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон мебошад. Мақомоти милиса Нахшов ва нӯҳ ҳамроҳашро ба он муттаҳам карданд,ки нимаи дуввуми майи ду соли пеш дар маркази ноҳияи Данғара кормандони ширкати «Мину Фарм»-ро мавриди шаллоқ қарор дод. Нахшов ба он гунаҳкор дониста шуд, ки шаби 16-уми май бо чанде аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати «Мину Фарм», паймонкори ширкати «Фароз», ҳамла кардааст. Дар ин ҳодиса ҳудуди даҳ кас ҷароҳат мебардорад. Дар тани  чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шуда буд. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ буданд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.

Ҳамроҳони Нахшов барои иштирок дар занозанӣ ва расондани зарари вазнин ба саломатӣ аз 3 то 5 сол ҳукм гирифтаанд. Аммо Амриддин Нахшов бо ҷарима озод шуд. Ин Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои сершумори Раҳмонов буд, ки ин ҷангу ҷангҷол то ба додгоҳ кашонида шуд ва Амриддинро маҷбур аз ҷойи пинҳоншудааш дар хонаи Ҳасан Асадуллозода, яке дигар аз бародарзанҳои Раҳмонов ба суд оварданд. Аммо бо вуҷуди ин ба ӯ танҳо ҷарима татбиқ карданду халос. Як манбаъи наздик ба ВКД ба “Ислоҳ” гуфт: Амриддин Нахшов ҳеҷ гоҳ худро таслими мақомот накарда буд ва ин, ки худаш ба ШКВД Данғара рафт ин комилан бе асос буд. Шоҳид будем ба Шоҳрух Саидов занг зад Амриддин дар он шабу рӯзи ҳодиса ва мисли вазир пурсид чӣ гап аст ҳарчи ҳарчи шунидестам дар масалаи кору бори ма? Шоҳрух гуфт ҳама хуб аст акаи Амриддин ва шумо истироҳататонро кунед корро мо ҳал мекунем. Баъд ба Душанбе омад ва дар кабинети Шоҳурух бо сиёсат фармон дод тезтар и гапу чақа ҳал кунен, ма ихели наметонм дигар. Шоҳрух гуфт акаи Амриддин ҳама ҳалаи шумо ягонҷоеда бошен набинантон тамом. Сад дар сад шоҳидам,ки ба суд ҳам нарафт ва бидуни ҳузури Амриддин додгоҳ ҳукми ҷаримаро содир намуду кор бо ҳамин тамом. Шоҳрух боз занг зада ҳамаи ҳолатро доложит кард ба Амриддин.

Тибқи маълумотҳои ба мо расида солҳои охир Амридин Нахшов,ки ҳоло як нафари хеле ҳам серпул шудааст (миллионҳо доллар) даст ба бедодгариҳои зиёд мезанад. Бахусус, баъд аз онки Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе таъин мешавад вай дар Душанбе руирост «безпеределӣ» мекунад. Рустам ӯро ба наздаш ҷеғ мезанад ва мегуяд: «Амридин бедодгариҳои зиёд карда истодаӣ. Инҷо шаҳр аст. Дар инҷо ин корҳоятро накун. Рав ҳаму кони тилоят кор кун, дар ҳамон территория чи хеле мехоҳӣ бигард.Дар шаҳр ин корҳоятро набинам».

Амриддин, ки сахт хашмгин шуда буд посух медиҳад, ки «Ма да Тоҷикистон гапзана фалон мекунам».Баъди ин гап дар байнашон занозанӣ сар мешавад ва Амриддин Рустамро як шапалоқ мезанад. Онҳоро халос мекунанд. Аммо ин кор як ғавғои калонро дар оила ба бор меорад ва бо дахолати Ҳасану Азизмо ва дигар тағоҳои Рустам қазияро ором мекунанд ва онҳоро боз оштӣ медоронанд.

Ҳоло саволи ахир ин аст, ки чаро ин ҳама қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби ақориби Эмомалӣ Раҳмонов рух медиҳад? Иллат ва сабаби асосӣ он аст ки онҳо ба худи Раҳмонов тақлид ва пайравӣ мекунанд. Раҳмонов худаш барои ба вуқуъ омадани ин ҳама аъмоли зишту ҷиноӣ ба онҳо улгу ва намуна аст.

Раҳмонов Талкоро гирифту даромади онро ба ҳисоби шахсии худаш гузаронд, Раҳмонов, тиҷорати чандмиллиондолларии Зайд Саидовро тасарруф карду аз они худ намуд, Раҳмонов бонкҳои Агроинвестбонк, Тоҷпромбонк ва Тоҷиксодиротбонкро бардуруӯғ муфлис хонда пулҳои онҳоро аз они худ кард, Раҳмонов Умед-88ро зиндон карду кушту тамоми пулу молу заправкаҳои ӯро гирифту аз они худ кард, Раҳмонов Мирзо Зиёро кушт, Раҳмонов Каромат Шарифовро кушт, Раҳмонов Умаралӣ Қувватовро кушт ва мусаллам аст , ки ҳама ҷурму ҷиноёти Раҳмонов дар тӯли ин сӣ солро наметавон инҷо тазаккур кард. Мо, мушт намунаи хирвор овардем. Ҳамин тавр хешу табори Раҳмонов ҳам дар тақлиду пайравӣ ба ӯ ва бо такя ба ӯ ва пуштибониву ҳимояти ӯ аз содир кардани ҳар гуна ҷурму ҷиноят ибо намеварзанд. Барои онҳо тамоми кор иҷозат ва мумкин аст.

Аз ҳамин ҷо аст,ки писари Нусратулло Абдуллоеви собиқ раиси Суди олӣ дар сари рули мошин маст нишаста одам мекушад, аммо муҷозот намешавад, писари Давлаталӣ Сайид, муовини аввали сарвазир ва аз дигар ҷиянҳои худи Раҳмонов низ мадҳушу махмури амфетамин (маводи мухаддира) мошин ронда якбора ду одам мекушад, аммо ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Ва,ё писари Амонулло Ҳукумов, собиқ раиси Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонов се касро кушт, ақалан ҷаримааш накардаанд. Амонулло Ҳукумов ҳамон нафаре аст ки самолёт ва летчикони русро гаравгон гирифта,писараш,ки дар зиндони Россия бо фурӯши зиёди наркотика адои муҳлат мекард иваз карда ба Тоҷикистон оварда буд.

Ва, ахиран ин ҳодисаро ҳам тазаккур бидиҳам, то худ мутмаин бишавед, ки ҳоло ин ин хонавода ва ин авлод ҳамаро задагиву кашидагианд. Писари ҳоҷӣ Амируллои Асадулло, бародарзани дигари Эмомалӣ Раҳмонов  бо мошини гаронбаҳои “Ламборҷини” шаби 7 ноябри соли гузашта дар майдони Дӯстӣ, дар муқобили бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба як мошини “Тойота Кемри” бархӯрд. Хабарҳои расида ҳокист, ки садама бо айби писари ҳоҷӣ  Ҳоҷӣ Амируллои Асаддуло раиси собиқи шаҳри Бохтар рух дода ва вай ба гардан гирифтааст, ки мошини зарбхӯрдаро тармиму таъмир карда медиҳад. Аммо гуфта мешавад, ки писари ҳоҷӣ Амирулло дар сари фармони мошин ба ҳадде маст будааст, ки кормандони БДА-ро ҳам сахт дашном мекунад. Саволи дигар ин аст ки ин писари ҳоҷӣ Амирулло мошини “Lamborghini Urus” 250.000 –доллариро чи гуна ба даст овардааст ва чаро ҳатто барои ин ҷиноят як дирам ҳам ҷарима нашуд?

Бо тамоми масулияти имонӣ мегуям,ки дар дасти “Ислоҳ” аз ҷиноятҳои наздикони оила хело маълумотҳои зиёде расидааст. Ҳоло дигар ҷиноятҳо ва амалҳои рейдерии писару духтарони пешво бо худи додарарусону ҷиянҳои Раҳмонов як чизи муқаррари аст. Акнун писарону духтарони инҳо шурӯъ намуданд ба тохту тоз ва ҷиноят кардан. Як Исмоили набераи “Пешво” чунон ҷиноятҳои вахиму нобахшуданияш ба мо расидааст,ки намегуед,ки Тоҷикистон бошад ва ин кишвар қонун дошта бошад. Чаро ? Чунки медонанд бе ҷазо мемонанд? Чаро бе ҷазо мемонанд? Охир инҳо наберагони “Пешво” ва апаи Азизмоҳ мебошанд.

Бори дигар мегӯем, ки Раҳмонов ва ақрабои вай аз чандин сол аст ки дигар фаро ва фавқулқонун шудаанд, агарчи «давлатчоплусакон» инро намебинанду намефаҳманд, аммо воқеият зиндагии ҳамарӯза дар кишвар ҳокӣ аз он аст ки дигар инони ихтиёру қарорро комилан аз даст додаанд ва ҳиҷ ниҳоду мақомоте наметавонад, пишаки онҳоро пишт бигӯяд…

“ Ислоҳ” дар мавриди ҷиноятҳои оилаи “пешво” таҳқиқотҳои худро мӯйшикофона идома медиҳад ва ончи таҳқиқ шуд ҳатман тақдими шумо азизон менамояд.

Сообщение Ҷиноятҳои наздикони “Пешво” ва Азизмо чаро бе ҷазо мемонанд? появились сначала на ISLOH.net.