Архивы Муҳиддин Кабирӣ - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№258
Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дигар ҳеҷ гуна рақиби ҷиддие надорад, ки ба муқобили он мубориза барад ва бо ин васила иддао кунад, ки «ман бо хун омадаам ва бо хун мемонам». Онҳое, ки дар гузашта ҳамчун рақиб ё ҳариф ёд мешуданд, Мирзо Зиёев, Муҳаммадбоқир ва дигарон , ҳама ё кушта шуданд, ё ба хориҷ фирор карданд, ё бо таҳқиру зиндону шиканҷа аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шуданд.

Имрӯз дигар на ҳизбе боқӣ мондааст, на ҳаракате, ки мардумро ба адолат ва муқовимат умедвор кунад. Аз ин рӯ, ҳукумат фишорро мустақиман ба сари мардум равона кардааст. Ба ҷои мубориза бо рақибони сиёсӣ, акнун худи мардум ба ҳадафи фишор ва тарсофаринӣ табдил ёфтаанд.

Ин номае, ки сокинони маҳаллаи «Ҳазрати Мавлоно»  воқеъ дар миёни шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе фиристодаанд, нишонаи равшани ҳамин сиёсат аст. Дар он зикр мешавад, ки кормандони милитсия ва дигар мақомоти амниятӣ бо баҳонаҳои гуногун ба хонаҳои мардум зада даромада, таҳдид, шиканҷа ва боздоштҳоро бе ҳеч асос анҷом медиҳанд.

Системаи ҳокимиятӣ, ки акнун ягон рақиб надорад, ба ҷои он ки фурсатро барои беҳбудии зиндагии мардум истифода барад, баръакс аз набудани рақобат истифода карда, фазои тарс, хомӯшӣ ва зулмро ба авҷи худ расондааст. Ҳукумати Раҳмонов имрӯз на барои мудирият, балки барои зиндон кардану хомӯш сохтани мардум амал мекунад.

Ин навъи ҳукуматдории золимона наметавонад поянда бошад. Зеро вақте мардум бубинанд, ки дигар ҳеҷ касе намондааст, ки аз онҳо дифоъ кунад, худ ба по мехезанд.

Ваҳдат

Салом, бародари муборизи роҳи адолат Муҳаммадиқболи Садриддин!

Аз Ватан ҳар рӯз хабарҳои ногувор мерасад. Чанде аз наздиконам аз шаҳри Ваҳдат бо ман тамос гирифтанд ва хоҳиш карданд, ки ин ҳолатро ба шумо бирасонам, то шояд тавассути «Ислоҳ» ба гӯшу назари мақомот расад ва пеши роҳи ин зулму ситам гирифта шавад.

Мавзӯъ дар бораи амалиётҳои кормандони милиса дар маҳаллаҳои атрофи мақбараи ҳазрати Мавлоно мебошад. Ба гуфтаи шоҳидон, милисаҳо хона ба хона мегарданд ва аз мардум талаб мекунанд, ки:

«Касе агар наздиконатон дар Русия бошанд  фарзанд, бародар ё падар  рақами телефони онҳоро диҳед».

Баъдан ба он рақамҳо занг мезананд.

Якчанд ҳамсояи амакам, ки феълан дар муҳоҷират кор мекунанд, гуфтанд, ки ба хонаи онҳо даромада рақамҳои писаронашонро гирифтанд ва ба онҳо занг зада, таҳдид ва талаб кардани маблағро оғоз карданд. Ҳатто модари яке аз ҷавонон фаҳмондааст, ки фарзандаш 10 сол боз дар Русия асту барнагаштааст. Аммо милиса пофишорӣ карда гуфтааст:

Занг мезанад? Гап мезанад бо шумо?

Модар тасдиқ кардааст, ки бо фарзандаш ва набераҳояш дар тамос аст. Онҳо рақами писарашро гирифтанд. Ҳоло маълум нест, ки ба ӯ занг задаанд ё не, вале гуфтанд, ки ӯ шаҳрвандии Русияро гирифтааст.

Ин кормандони ВКД на танҳо хона ба хона мегарданд, балки дар роҳҳо низ одамонро нигоҳ дошта, тарс медиҳанд. Мардумро номнавис мекунанд ва талаб мекунанд, ки рақами муҳоҷирони хонаводаашонро диҳанд. Агар касе сарпечӣ кунад, дар рӯи номаш «галочка» ё аломати савол мемонанд. Баъдан ё гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаат меоянд ё туро ба шӯъба мебаранд.

Хулоса, милисаҳо ҳар тӯҳмату баҳонае, ки метавонанд, истифода мебаранд, то аз муҳоҷирон ва наздикони онҳо пул бигиранд. Гӯё ба онҳо супориш додаанд, ки «худатон пул кор кунед ва модом маблағ биёред».

Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, дар ин ғарибиву мусофирӣ ҳам моро осуда намегузоранд. Ҳамеша бо изтиробу хавотир барои оила ва фарзандонамон зиндагӣ мекунем.

ҲАМАДОНӢ :Ноҳияи рекордшикани фасод ва порахӯрӣ

Ассалому алайкум, бародари муборизи роҳи ҳақиқат ва адолат, Муҳаммадиқболи Садриддин!

Мо як гурӯҳ сокинони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо дили пур аз дарду фиғон ба шумо муроҷиат мекунем. Дар ноҳияи мо фасод ва порахӯрӣ ба ҳадде расидааст, ки ба назар мерасад дар тамоми кишвар мислаш нест. Дар ҳар даргоҳе, ки қадам мегузорӣ, талаби ришва ва муносибати таҳқиромез пешвозат мегирад.

Ба назари мо, раиси ноҳия талош мекунад, ки дар корҳо осонӣ оварад, мардумро аз машаққат наҷот диҳад. Аммо зердастон, аз ҷумла кормандони ҳукумат, милитсия, андоз ва кумитаи замин гӯё аз паси ӯ ҳар чи дилашон хоҳад, мекунанд.

Кумитаи замин ,манбаи фасод

Масалан, раиси Кумитаи замин Абдураҳмонзода як шахси бемасъулият аст. Вақте ба утоқи кораш меравӣ, наметавонӣ пайдоаш кунӣ. Ҳар рӯз баҳона: «Маҷлис доштам», «Вақти хӯроки нисфирӯзист». Баъди хӯрок бошад, тамоман дарро намекушояд. Дар канори ӯ, муовинаш Ҷумъахон Ғозиев мисли саратон ба хоки ноҳия реша давондааст. То ҳатто заҳбуру ҷӯйборҳоро фурӯхта истодааст. Вақте мепурсӣ, ки чаро ҷойи чарогоҳи мардумро фурӯхтӣ, мегӯяд: «Фармони раиси ноҳия аст».

Архитектураи бемақсад ва «тормуз»-и дастгоҳ

Ғанӣ Мурод, ки дар идораи архитектура фаъолият мекунад, ба ҷои хизмат ба мардум, мардумро ба ғами худаш гирифтор мекунад. Аз номи раиси ноҳия замин чен мекунад, вале талаб мекунад, ки аввал мошинашро пур кун, баъд хӯрок диҳӣ ва дар охир маблағ. Дар байни мардум ӯро бо лақаби «тормуз» мешиносанд. Вай як гурӯҳи дигарро бо худ дорад: Қурбон, Хӯҷаи дузана, Маҳмуди минарав ва як ҷавонеро бо лақаби «Кчик».

Фишори экология ва милиса

Масъалаи дигар ,шикоят аз шӯъбаи экология аст. На дар зимистон барқ дорем ва на дар тобистон. Аммо ҳатто шохи хушкидаеро, ки барои сӯзишворӣ занем, бо милитсия ҳозир мешаванд: протокол, акт, ҷарима… Номбурда Фаррух, корманди экология, яке аз симоҳои асосии фасодкор аст. Гӯё аз болои ӯ «раис аз Кӯлоб» дастур дода бошад, ҳаққи ӯро низ талаб мекунад. Мо намедонем, ки он раис ҳаст ё нест, вале маҷбурем пул диҳем.

Ҷамоати Дашти Гуло , макони заминфурӯшӣ

Дар ҷамоати Дашти Гуло раҳбарони фасодпеша мисли Ҳабибулло Исмат ва Ҷумъахон Ғозиев одамонро ба дод овардаанд. Ҳатто ҷӯйборҳою роҳҳоро тоза намекунанд, вале аз мардум фақат пул талаб мекунанд. Ба масҷид, мактаб, ҷамоат равӣ масъала танҳо «маслиҳати сум» аст.

Масҷидро сиёсатӣ карданд

Дар масҷиди Лаби Сангоб муллои босаводе бо номи Ғайбулло имомӣ мекард. Акнун ӯро канор зада, шахсе чоплусеро бо номи Шароф ба ҷойи ӯ овардаанд, ки ҳатто суханашро намефаҳмӣ. Мо мехоҳем, ки ҳоҷӣ Ғайбулло ба вазифааш баргардад.

Таркиши фасод дар роҳсозӣ

Дар роҳи байни Фархор то Ҳамадонӣ 18 километр аст. Гуфта мешавад, ки барои он се миллион сомонӣ ҷамъ шуда буд, аммо тамоми маблағро дуздидаанд. Раиси ҷамоати Маадӣ, ки ҳама маблағро аз дорухонаҳо, мағозаҳо ва нонвойҳо ҷамъ овард, акнун соҳиби хонаи сеошёна шудааст. Кори дигаре ба ҷуз аз ғорати мардум накардааст.

Сагҳои дайду ва марги ноболиғ

Мушкили дигар  сагҳои дайду аст. Як кӯдаки ноболиғро саг захмӣ кард ва баъдан вафот кард. Аммо ягон масъули ҷамоат, аз ҷумла раиси нав Ҷумъахон, ягон кӯмаке нарасонд. Ветеринар Маҷидов ва писараш барои бепарвоӣ ва сабаби марги кӯдак бояд ҷавоб гӯянд. Сардухтури ноҳия низ бо беҳавсалагӣ ва беэътиноияш бояд барканор шавад.

Таҷовузи ҳуқуқи ноболиғон аз ҷониби милиса

Милисаи Дашти Гуло  Комрон бо дастгирии роҳбараш Муҳаммадшариф (сардори ноболиғҳои ноҳия аз совхози Ангурбоғ), мағозаҳоро мепӯшанд, ноболиғонро дастгир карда, аз онҳо пул меситонанд. Касоне, ки пул надоранд, мавриди таҳқир ва «истифода» қарор мегиранд.

Мо аз роҳбарони масъул ва мақомоти кишвар талаб мекунем, ки ба ин фасоду зулми густарда расидагӣ кунанд. Мардум тоқати ин бедодиро надоранд. Агар гӯш кардани садои мардумро идома надиҳанд, эҳтимол аст, ки норозигӣ ба зӯр ва эътирозҳо табдил ёбад.

Бо эҳтиром як гурӯҳ шаҳрвандони ноҳияи Ҳамадонӣ.

Санкт-Петербург

Ассалому алайкум, бародари муборизи роҳи ҳақ ва зидди зулм!

Муддатест мехостам дар барномаҳои Шумо ширкат варзида, андешаву назароти худро доир ба баҳсҳои марбут ба роҳбарияти нави ҲНИТ баён кунам. Ман ҳамчун шахсе, ки беш аз сӣ сол дар сафи ин ҳизб будам, бовар дорам, ки ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст ва Муҳиддин Кабирӣ бояд истеъфои худро эълон намояд.

Имрӯз дигар на дар байни ҷомеа ва на дар миёни аъзои худи ҲНИТ ӯ ҷойгоҳ ва эътибори қаблиро надорад. Ҷаноби Кабирӣ ҳарчанд аз «аснод» сухан мегӯяд, аммо худ, ки бояд намунаи раҳбарии як ҳизби исломӣ мебуд, ба бисёр арзишҳои он хиёнат кард. Раҳбари ҳизби динӣ набояд зиндагии шахсии худро ба бӯҳронҳои ахлоқӣ ва шубҳаҳои фурӯдиҳандаи обрӯ бикушояд. Ҳатто агар ӯ худ ин амалҳоро анҷом надода бошад ҳам, номи ӯ ба гуноҳҳои бузург ва ғайриахлоқӣ алоқаманд шуд  ва ин барои раҳбарии як ҳаракати исломӣ кофист, то ҷойгоҳи худро холӣ кунад.

Оё шоиста аст, ки раҳбари ҳизби исломӣ ба…….? Оё мешавад ба чунин шахс бовар кард? Оё ӯ ҳақ дорад, ки боз дар садри ин ҳаракат қарор бигирад? Ҳеҷ гоҳ!

Ман бар ин назарам, ки ҳамин ҳоло ҳам метавон интихоботи раис ва раёсатро баргузор кард. Имрӯз имкониятҳои онлайнӣ инро иҷозат медиҳанд. Ҳар як узви ҳизб метавонад ба таври мустақим дар ин раванд ширкат кунад, ҳатто аз дуртарин гӯшаҳои ҷаҳон. Интихобот метавонад дар чанд марҳила сурат бигирад, то ки ҳизб раҳбарияти нав ва машруъ пайдо кунад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бояд аз иштирок дар ин интихобот худдорӣ намояд. Ӯ бист сол роҳбар буд  дигар бас аст.

Ҳизби исломӣ бояд дар ҳама ҷабҳа намуна бошад, хусусан дар масоили ахлоқ ва шаффофият дар роҳбарият. Мутаассифона, ҷаноби Кабирӣ на танҳо эътимод, балки машруъияти роҳбарии худро аз даст дод. Зиндагии шахсӣ ва равобити маишии ӯ ба масъалаи ҷамъиятӣ табдил ёфта, боиси фурӯпошии обрӯ ва эътибори ҳизб гардидааст.

Имрӯз мардум дар гумроҳӣ ва ноумедӣ қарор доранд. Онҳо дигар намедонанд, ки аз пушти кӣ раванд. Кабирӣ ба ҷои он ки барои ҳизб ва пайравонаш масъулият эҳсос кунад, ҳама чизро қурбони ҳифзи мақоми шахсии худ намуд. Агар ӯ дарвоқеъ барои ҲНИТ дилсӯз бошад, бояд ихтиёрӣ канор равад ва роҳро барои дигарон боз кунад.

Киштии Кабирӣ шикастааст. Бо ӯ ин ҳаракат ба соҳил намерасад. Вақт он расидааст, ки агар бо киштӣ наметавон равон шуд, пас савори заврақ ва қаиқ шавем, вале ҳаракат кунем, иқдом кунем, хомӯш набошем. Фурсат мегузарад.

Бо дуруду эҳтиром, Як наҳзатии солҳои 90-ум Санкт, Петербург

Кулоб

«Подставка» ва порахоҳии навбатӣ дар Кулоб: Мардум аз Мадизода Амриддин меноланд

Як корманди милисаи Кулоб бо истифода аз мансаб ва тарсонидан, аз мардум пул канда, падару модари муҳоҷиронро шиканҷа медиҳад

Кулоб — манбаи мӯътамади Ислоҳ

Дар шаҳри Кулоб як корманди мақомоти милиса бо номи Мадизода Амриддин ба шаҳрвандон фишор оварда, онҳоро бо баҳонаҳои беасос «подставка» мекунад ва аз онҳо маблағ талаб менамояд. Ба дасти мо номае расид, ки тавассути як ҳамватани муҳоҷир аз Маскав фиристода шуда, дар он ҳолати як оилаи бечора ва зулми як корманди милиса нақл мешавад.

Ҷазои падару модар барои фарзанди муҳоҷир

Файзов Амрохон  як марди фурӯтан ва савдогар дар бозори Кулоб аст, ки дар маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекунад. Писараш чанд сол дар Маскав муҳоҷир буд ва баъд аз он, бо сабабҳои номаълум, ба Афғонистон ва баъдан ба Олмон рафтааст. Ин амали писараш, ки синнаш беш аз 19-сола аст, сабаби фишору таъқиб ва таҳқири падару модараш аз тарафи корманди милиса Мадизода Амриддин шудааст.

«Он мардаки бечораро ҳар рӯз ба идораи милиса мебаранд, фарёд мезананд. Зани ӯ ҳар рӯз мегиряд ва мегӯяд, ки дигар аз зиндагӣ безор шудааст»,  омадааст дар нома.

Модари писар ҳар ҳафта даъват шуда, маҷбур мешавад пул диҳад, то «парванда» ё «саволҳо» қатъ шаванд. Онҳо мегӯянд:

«Як луқма нон, ки аз савдо меёбем, ҳамашро ба ин зулму порахоҳӣ медиҳем. Савдо мекунем, лекин барои Эмомалӣ ва сагҳояш кор мекунем. Милитсияи маҳаллӣ мисли ин Мадизода, ҳар рӯз талабгор аст».

Таҳқиру шантаж бо телефони мобилӣ

Ба гуфтаи манбаи мо, Мадизода Амриддин ҳатто телефони шахсии одамонро гирифта, бо он ба сомонаҳо ворид мешавад, лайкҳо мегузорад ва пасон аз болои одамон шантаж мекунад.

«Телефонҳоро мегирад, ба аккаунтҳо медарояд, лайк мемонад, баъд мегӯяд, ки ту ифротӣ ҳастӣ, ту террористӣ. Мепартоямат пушти панҷара. Баъд пулашро талаб мекунад», гуфтааст шахси дигаре ба мо.

Бачааш донишҷӯ буд  ҳоло нопадид

Писари дувуми ин оила, ки дар донишкадаи тиббӣ таҳсил мекард, маҷбур шуд таҳсилашро партофта, ба Маскав фирор кунад. Ҳоло волидайнаш намедонанд, ки ӯ дар куҷост.

«Аз дастаи сумгӯйҳо партофта рафт. Бачаи босавод буд, лек ҷон ба лабаш расид»,  омадааст дар нома.

Хомӯшӣ ва тарс , дастгоҳи зулм фаъол аст

Ин мисол, танҳо як пора аз фоҷеаи умумиест, ки ҳар рӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон такрор мешавад. Мақомот, ба ҷои дифои ҳуқуқи шаҳрванд, худ ба як абзори тарсонидан ва порахоҳӣ табдил ёфтаанд. Ҳар касе, ки фарзандаш муҳоҷир аст, ҳар касе, ки як лайк дар шабакаи иҷтимоӣ дорад, имрӯз дар хатар аст.

Суоли асосӣ ин аст:

То кай шаҳрвандон бояд зери фишору таҳқири чунин кормандони «қонуншикан» зиндагӣ кунанд? То кай падару модар барои кор ва қарорҳои фарзандони болиғашон, ки аллакай мустақиланд, ҷавобгар шаванд?

Душанбе

Талхакафии «наздикон» баъди боздошти Исмати Дулик

Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Баъд аз боздошти Исмати Дулик, дар байни бисёре аз мансабдорон ва «наздикон»-и ҳокимияти феълӣ тарсу ваҳшат афзудааст. Яке аз онҳо, ки сахт ба изтироб афтодааст, ин Хайрулло  масъули баландпоя дар сохтмони НБО «Роғун» мебошад.

Ба нақли шоҳидон, Хайрулло гуфтааст:

«Ина Ислом (Исмат) ин қадар хизмат кард, наздик буд, охираш ҳамин шуд. Пас ман, ки камтар бинам, бояд чашмамро кандан!»

Ӯ ҳамчунин иқрор шудааст, ки «ману Исмат ҳама корро бо ризоияти «боло» мекардем, вале бин чӣ ҳол шуд».

Хайрулло ба атрофиён гуфтааст, ки ният дорад баъди рафтани Раҳмонов Тоҷикистонро тарк кунад, зеро эҳсос мекунад, ки ҳар лаҳза метавонанд ӯро низ дастгир кунанд. Ӯ айни замон бо миллионҳо доллар камбудӣ ва аудити сохтааш рӯбарӯст.

«Схема»-и молиявии оилавӣ

Гуфта мешавад, ки Хайрулло шеваҳои «списание»-ву «отмывание денег»-ро аз писараш ёд гирифтааст. Писараш дар Вазорати молия кор карда, дар чандин сохторҳои иқтисодӣ таҷриба андӯхтааст. Ҳамзамон соҳиби якчанд ломбард буда, тавассути додани қарзҳои бо фоизҳои бузург одамони зиёдеро аз хонаву ҷой маҳрум кардааст.

Ин шахс ба номи қарздорҳояш «фирма»-ҳои якрӯза кушода, маблағҳои давлатиро, ки барои хариди таҷҳизоти НБО «Роғун» пешбинӣ шуда буданд, бо роҳҳои машкук «обналичка» карда, маҳсулоти пастсифат ворид намудааст. Фоидаи зиёдро ба хориҷ интиқол додаанд.

Хайрулло ҳисоби бонкӣ ба номи духтараш Фарзона, ки дар ИМА бо шавҳараш (номаш Сулаймон) зиндагӣ мекунад, боз кардааст. Барои ҳамин бо додани “доляи калон” тавонистааст, ки домодашро ба вазифаи ёвари сафири Тоҷикистон дар ИМА таъин кунанд.

Нақшаи фирор ба Амрико

Ба гуфтаи афроди наздик, Хайрулло ният дорад ба Амрико гурезад ва дар онҷо паноҳгоҳ гирад. Ӯ бар ин бовар аст, ки бо доштани маълумоти муҳим ва сирҳои дохилӣ метавонад барои мақомоти амрикоӣ шахси “қиматбаҳо” шавад. Гуфта шудааст, ки моҳи оянда бо баҳонаи муолиҷа ё корҳои шахсӣ ба хориҷ сафар хоҳад кард.

Хайрулло гуфтааст:

«Ин авлод Раҳмоновҳо — нару модааш номарданд. Агар Рустам ба қудрат бирасад, дигар чӣ интизор шаванд мардум?!»

Изтироби Музаффар Юсуфӣ  Прокурори нақлиёт

Шахси дигаре, ки сахт ба ҳарос афтодааст, Музаффар Юсуфӣ  Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аст. Ӯ молу мулкашро ба номи хешовандону шогирдони наздик мегузаронад ва гуфтааст:

«Исмат ин қадар хизмат кард ба ин авлоди гишнада, охираш чӣ шуд? Ман аз инҳо раҳм интизор нестам».

Музаффар инчунин таъкид кардааст, ки «Хусусан, Ҳасани ишкамдам, ки Исмат ба ӯ содиқ буд, охирда худашро қурбонӣ кард». Ӯ дар сӯҳбат бо дигарон гуфтааст, ки «Юсуф Раҳмон ҳеҷ гоҳ имкони намоиш додан дар назди президентро истифода намебарад, Воҳидзода бошад, умуман “гурда” надорад».

Ба гуфтаи Музаффар, пас аз Исмати Дулик, навбати Шералӣ Кабир мерасад. Вай аз қавли Зафар, писари генерал Абдулло Назаров, гуфтааст:

«Падарамро бо фармони Ҳасан куштанд, то ин ки тиҷорати сангҳои қиматбаҳои Помирро ба даст гиранд».

Розҳои дохили авлод ва «Клеопатра»

Музаффар Юсуфӣ боз гуфтааст, ки ягона «хизмати хуби» Зайнулло ин буд, ки тавонист аз фурудгоҳ Шерзод  шавҳари Тахминаи Раҳмон, ки бо лақаби «Клеопатра» шинохта мешавад, дур кунад.

«Ин Шерзод на бо шарофати бародараш, балки аз ҳисоби янгааш каттагӣ мекунад», гуфтааст ӯ.

Акнун, пас аз боздошти Исмати Дулик, бисёриҳо, ҳатто дар сатҳҳои болоии қудрат, ба ояндаи худ ба шакку тардид менигаранд. Гуфта мешавад, ки худи Ҳасан ва Раҳмонов низ сардаргум мондаанд, ки бо Исмат чӣ кунанд, зеро ӯ бисёре аз сирҳои хонавода ва дуздиҳои онҳоро медонад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№258   появились сначала на ISLOH.net.

Охирсухан қабл аз худоҳофизӣ бо «ЗАО Кабирӣ»
«Интихобот»-и мазҳакаомези ахир, амдан қабул накардани талаби ислоҳот ва тағйирот, бархурди таҳқиромез ва дағалонаи раиси «нав» ва идомаи сиёсати парҳез аз фаъъолсозии ҲНИТ –ба унвони бузургтарин неруи оппозитсионӣ аз авомиле ҳастанд, ки ташкили як созмони ҷадиди сиёсиро ногузир кардааст.

Бо камоли таассуф ва нигаронии амиқ изҳор менамоем, ки ба садоқат ва устувории раиси «нав» дар роҳи мубориза ва муқовимат ва бозгашти сарбаландона ба ватан дигар эътимод ва бовар надорем. Ҳазорҳо нафар аз аъзо ва ҷонибдорони мо ва ҳамин тавр мардуми одии кишвар, ки бо мо дар иртибот ва алоқаанд, мехоҳанд даври шахсиятҳо ва ташкилоте ҷамъ ва иттиҳод бишаванд, ки коре карда битавонанд. Тақозои онҳо ин аст ки ҳарчи зудтар бояд иқдом ва амал кард. Ислоҳот ва тағйирот, ки мо аз роҳбарият талаб кардем, бо таваҷҷуҳ ба ҳамин руҳия ва таваққуъоти мардум, ҷонибдорон ва аъзои ҲНИТ ва ба манзурии бурунрафт аз ин буҳрони амиқ буд ва ҳиҷ ҳадафи дигареро дунбол надошт. Дар сурати пазируфтан метавонист ба организми карахт ва беҳаракат ҷони тоза ва тавони нав бахшад. Аммо чуноне бармеояд ин кор ношуданист ва сахту душвор ҳам бошад чорае дигар ба ҷуз аз ташкилу эҷоди як ҳаракати нав боқӣ намондааст. Ҳаракате, ки ҳама кору амалаш шаффоф ва маълум бошад ва чизе надошта бошад, ки пинҳон аз назари мардум бошад.

Ман, ошкоро ва бо сароҳат эълон медорам, ҳаракати сиёсие,ки дар садади созмондеҳии он баромадаем бо ҳадафи барандозии низоми диктотурии имрӯза дар Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ин ҳаракат мухолифини низом, шахсиятҳо, ақшори гуногуни ҷомеаи кишвар, ки барояшон сарнавишти ватан, давлат ва миллат бетафовут нест метавонанд шомил ва ҳамроҳ бишаванд. Мо аз тамоми мардуми кишвар, ки зери юғи ин ҳукумати худкома ва оилавӣ қарор доранд, даъват мекунем, ки дар ин кори бузург ва сангин канори мо биистанд, муттако ва мадору қуввати мо бошанд. Мо бояд ватанамонро, давлатамонро, мардумамонро, худамонро, озодиамонро, динамонро, имрӯз ва ояндаамонро аз зери пойи ин ҳукумати истибдодии оилавӣ наҷот диҳем. Касе, ҷуз аз худи мо, моро наҷот намедиҳад.

Ҳарфи аввалу охири мо, ҳадафи ягонаи мо барандозии режими худкомаи имрузӣ аст ва маромномаву низомномаву оинномаи мо ҳам дар ҳамин ҳадафи олӣ ниҳуфта аст. Мақсади мо аз талаби «ислоҳот ва тағйирот» раисӣ ва раёсат набуд. Агарчи он на кореаст, ки натавонем ва ё наметавонем. Дар ин чанд соли мубориза собит ҳам кардем, ки метавонем дар саффи пеши ҷабҳа қарор дошта бошем ва хобу хур ва роҳату оромии сардамдорон ва аъзои ин ҳукумати оилавиро ҳаром гардонем. Аммо мо медидем ва ҳоло ҳам дида истодаем, ки ҲНИТ, ки тамоми дору мадори мо буд, чи гуна ба ҳошия бурда мешавад, мунқариз ва мунзавӣ мегардад ва таназзул мекунад. Кандан ва раҳо шудан сахту сангин аст ва мо ҳиҷ гоҳ ба худ иҷоза намедиҳем, ки дар ин бинои сохтаву ба мерос гузоштаи устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ байни бародари вай ва писари вай баҳсу даъво ба вуҷуд ояд. Мо, ногузирем, ки ҷилави ин фитна ва ин тавтиаро бигирем ва иҷоза нахоҳем дод, ки тавсияи як қаҳба санади қабули мо дар Раёсат бишавад. Мо, ки барои мубориза, муқовимат бо режим даъват карда истодаем, мо, ки ислоҳотро барои эҳёи эътибор ва эътимоди аз дастрафтаи ҲНИТ тақозо карда истодаем, аммо то ҳамин лаҳзаҳо боз ҳам, танҳо ба хотири онки раис бимонад, аз найрангу хидъа кор гирифта истодааст, ночорем даст ба амал бизанем.

Мукарраран бар ҳарду гӯш бишнавед, ки ончи низомнома ва оиннома ва Раёсати Олӣ, муовинин гуфтеду сохтед, ҷаълӣ, дуруғӣ, ғайриқонунӣ ва ғайримашруъ аст. Бародар Абубакри Нурӣ, ки мо миёни худ ӯро Омир соҳиб мегӯем агар панҷ соли пеш муовин интихоб мешуд, ҳарфу калом дигар буд. Дар ин мактаб ва муассисаи исломӣ бароиталбис ва тазвир ҷой нест ва мо наметавонем бо ҳузури худ ин ҳамаро тавҷеҳ ва табраа кунем.

Қаблан ҳам як каме ишорат карда будам, ҳоло ҳам як ёдоварии сарироҳӣ мекунам, ки дар замони устоди зиндаёд мухолафатҳои бархоста миёни ӯ ва мулло Абдураҳим, устод Тураҷонзода ва бародар Давлати Усмон мухолафат бар аҷзунотавонӣ ва заъфу нолоиқии раҳбар набуд. Касе он вақт наметавонист устодро бигуяд, ки чаро ту ҲНИТ-ро то ин ҳад хору ҳақир кардӣ. Касе он вақт нагуфта буд, ки ту раисиро натавонистӣ! Ягон гапи пушида ва пинҳон надошт. Ҳамаи корҳояш ошкоро буданд. Талош намекард, ки пинҳонӣ ва махфӣ доир кунад. Ҳеҷ кадоме аз онҳо устодро ба бефаъолиятӣ, корношоямӣ, тасарруф, ғасби курсӣ ва яккатозӣ муттаҳам накарда буданд. Устод ҳам толиби ҳеҷ мақому титуле набуд, медонед чаро ? Чун ҳама мақому титулҳо назди ҷойгоҳ ва шаъну ҷалолаш ночиз буданд. Ӯ Раиси ҲНИТ набуд. Ӯ роҳбар ва лидери бо тамоми маъно буд.

Устод Нурӣ ҳеҷ гоҳ «фаришта» нашудааст. Қиёси худ бо устод Нурӣ аз тарафи Кабирӣ камоли беинсофӣ аст. Устод Нурӣ ҳарфи ҳатто рақибонашро гуш мекард, мунаққидин ва мунтақидинашро гуш мекард. Дар ҳоле, ки Кабирӣ дар аввалин мавриди пешомада ҳамаро игнор кард. Ин иттиҳомот, ки моро ба шахсиятҳои фавқуззикр муқоиса мекунад, як навъ гумроҳсозӣ ва ба чапғалат андохтан аст. Шароите, ки болои Наҳзат омадааст собиқа надорад. Ҳеҷ гоҳ ин тавр дудастаӣ ва мухолафат амиқ нарафта буд.

Агарчи фаҳмид, донист ва ҳатто бо забони худаш ҳам иқрор кард, ки ҳузури баъд аз ини ӯ барои ҲНИТ фақат бадномӣ бор меоварад, бештар аз гузашта шикастан ва ғарқ шудан аст, аммо таваққуф накард. Бадтар аз ин изҳоротҳое дод, ки барои раҳбари як ҳизби исломӣ комилан бегона аст ва шуруъ кард ба «ҳизби ман, ҳизби ман»-гуӣ.

Бо ҳамин интихоботи сохта ва ҷаълӣ гуиё машруъият касб кардаву ба уштулум ва таҳдид мегузарад:- «ман дигар намегузорам,ки….», «бигзор вай бачаи Нурӣ бошад»,«бигзор вай бачаи зиндонии сиёсӣ бошад», «бигзор вайқаҳрамонӣ карда бошад», «он ҳеҷ рабте дигар ба ҳизб надорад», «чун дар берун гап зад», «худро дар берун қаҳрамон кард», вале бояд «низомнома» ва «раёсат»-ро итоат кунад.

Ҷаноби Раис кадом низомнома? Ҳамон низомномаи таҳрифшуда аз тарафи худи шумо? Бояд бигӯем, ки низомнома мебоист дар гурӯҳи корӣ ихтисор ва баҳсу баррасӣ мешуд. Аммо шумо шахсан ба табъ ва хоҳиши худатон онро ихтисор ва тағйиру иловаҳо ворид намуда баъдан ба гурӯҳи корӣ пешниҳод намудед. Ҳол онки бояд ин ҳама дар гурӯҳи корӣ сурат мегирифт, на аз тарафи шахси шумо. Пас аз ин дар РО ин низомномаи муҳаррафро ба овоз мондеду онро шакле муаррифӣ намудед,ки гӯё ҳама гурӯҳи корӣ дар он кор карданду баҳсу баррасиҳо сурат гирифта шуда бошад. Билохира ин низомномаи таҳрифшуда қабул гардид. Чи гуна ин низомномаро метавон қабул кард? Бори дигар мегӯям, ки пешниҳоди тағйирот ва ислоҳот дар низомнома ва Раёсати ҳизб хоҳиши чанд нафари алоҳида набуд, ин зарурати таъхирнопазир ва бебаҳс дар ин мақтаъи замонии мубориза буд ва муҳимтар аз ҳама, мардум ҳам чунин тақозоро дошт, ки дареғо дарк нашуд. Мо, инро бигуем ва ё нагуем, дигар барои аъзо, тарафдор ва мардуми кишвар пинҳон ва пӯшида намонд, ки ҲНИТ тасарруф ва ғасб шуд ва онки гуё низомнома, оиннома, Раёсат ва раис қабул ва интихоб шуд, танҳо барои як кас шуд. Як касе, ки дигар тамоми фурсату муҳлату муддати раисшавиаш тамом шудааст. Дигар наметавон онро ҲНИТ қабул ва эътироф кард. Вай дигар ташкилот ва ҳамон ЗАО-ҶДММ-и «Кабирӣ» шуд.

Низомнома-Кабирӣ;

Оиннома Кабирӣ;

Раёсат Кабирӣ.

Ин ЗАО «Кабирӣ» дар оянда чи корҳо хоҳад кард, аз ҳоло маълум аст. Масалан Муҳаммади Нуриро дар муҳокимаи Абӯбакри Нурӣ мегузорад ва бо раъйи Гулбаргу ……ҳо аз Раёсат ва ин эҳтимол ҳам дорад, ки аз ҳизб ҳам хориҷ кунад. Ва, айнан ҳамин корро метавонад бо ман, Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам анҷом диҳад. Чунки ошкоро гуфт, ки барои вай «қаҳрамон» даркор нест, барои вай нафарҳое лозиманд,ки дар чаҳорчӯби низомнома ва оиннома ва тибқи дастуроти Раёсат амал кунанд. Вале инро, ки низомнома синоними Кабирӣ шуд, оиннома муродифи Кабирӣ шуд, Раёсат табдил ба дастобрези Кабирӣ шуд, гуё дигарҳо нафаҳмиданд. Дар ҳоле, ки онҳо, ки дархости ислоҳот ва тағйирот карданд, дуруст ислоҳоту тағйиротро дар ҳамин низомнома, оиннома ва Раёсат талаб карда буданд.

То ҳамин ҳоло гуфта истодааст, ки истеъфо додам, се моҳ истодам, касе ҳозир нашуд, ҷойи маро бигирад. Фоҷеа ва дарди ҷонситони ҲНИТ ҳам ҳамин аст. Пас, мешавад гуфт, ки Кабирӣ аз руи ночорӣ ва набуди як нафари муносиб ба раисӣ раис шудааст? Ин Раёсат дигар нафаре шоиста ва сазовор надоштааст, ки ҷойгузини нафаре бишавад, ки истеъфо дод? Дар бист соли ахир Кабирӣ раиси ҲНИТ буд. Тавре раёсат ва тавре идора кардааст, ки ба ҷуз худи вай касе раис буда натавонад.

Худи ҳамин ҳолати пешомада чиро нишон медиҳад? Бӯҳрон,инқироз, таназзул, инҳитот, суқут, варшикастагӣ? Не? Ин ҳолат дар ҳақиқат ҳамин тавр аст? Ин ҳолат табиӣ аст ва ё сунъӣ, ки касе натавонад, касе нахоҳад? Масалан метавонист бигуяд, ки ман номзадиамро бар манфиати Домулло Муҳаммадсаид Ризоӣ пас мегирам. Ва худам ҳам аз шумо даъват мекунам ва шуморо ташвиқ мекунам, ки ӯро дастгирӣ кунед ба вай раъй диҳед. Биёед ҳамакаса дар канори Ризоӣ бошем. Чун ман истеъфо додаам ва аз руи ахлоқу одоб нест, ки дигар раис бошам. Чаро нагуфт? Агар ҳамин тавр мекард, чи коре бад мешуд? Магар кори бад мешуд?

Агар дар ҳақиқат аз раисӣ рафтанӣ буд, агар дар ҳақиқат «бозӣ» набуд, чаро накард? Вақте то ба ҳамин ҳад, ки Шоҳнаим ту нагир, ба ман алтернатива биист гуфтанро фаҳму дарку фаросат карда тавонад чаро ин дарку фаҳму фаросат нарасад, ки ман номзадиамро мегирам, чун Худоро шукр, номзадҳо, ҳатто агар қалбакӣ ҳам буданд, пайдо шуданд. Бигзор байни Ризоӣ ва Шоҳнаим интихоб кунем. Агар мақсад ва ғараз соф буд ва агар ин интихобот бозӣ набуд?

Масалан чи бад дорад, ки нафар аз узви қаторӣ узви Раёсат шавад ва ҳамчун номзад ба раисӣ пешбарӣ шавад? Чи бадӣ дорад? Магар ин гуна таҷриба дар дунё нест? Магар раисони давлатҳо, масалан Трамп, масалан Зеленский масалан даҳҳои дигар вазир ношуда раиси ҷумҳур интихоб нашуданд.

Мақсаду ҳадафи интихобот ҳамин нест? Интихоботи озод ва шаффоф чи аст? Ё Трамп ва садҳои дигар дар ҳизбҳояшон аз чи ҷойгоҳҳое бархурдор буданд ?

Раис пас аз инки аз ҷониби аъзои РО ба хотири надодани гузориш тӯли даҳ соли охир интиқод гардид, ҷой инки гузориш диҳад чикор кард? Ошкоро гуфт ман гузориш намедиҳам ва худашро гузоришдиҳанда надонист. Гузориш додан ба аъзои РО ва аъзоёни ҲНИТ-ро гузориш додан ба Раҳмонов ва СС.Ятимов баробар кард. Яъне чӣ? Чун коре накардаӣ,чӣ гузориш ҳам бояд диҳӣ!

Масалан муттаҳам мекунад, ки баъзеҳо чун фикрашон нагузашт, худро дар муқобил қарор доданд. На, бобо, фикри мо мегузашт, агарки фиребу макру ғиром истифода карда намешуд.

Дар кадом интихоботи дунё дидаед, ки Раёсат қарор карда бошад, ки аъзои он аъзои дигарашро ба номзадии раисӣ, бидуни мувофақа бо худи номзадшаванда пешбарӣ бикунад?

Раис гуфт, ки фалонӣ, фалониҳо номзади арзандаанд, метавонанд раис бошанд? Ин тавр, ки буд метавонист ибтикори амал нишон диҳад, номаздиашро ба хотири раис шудани фалониҳои арзанда бигирад?

Домулло Муҳаммадсаид Ризоӣ номзад шуд, чаро раис номзадиашро нагирифт. Ин ҳама бозӣ буд. Ҳатто ин дуруғро, ки ҳафт кас пешбарӣ кард, ҳама фаҳмиду донист. Ман номзадиамро пешбарӣ накардаам, аммо номзадиамро пас мегирам. Маро касе напурсидааст, ки номзад мешавӣ. Вале ман номзад шудаам, бояд номзадиамро бигирам. Ҳоло агар ман номзадиамро намегирифтам, ба ман дигарҳоро кор надорам, раис овоз медод? Ман номзадиамро намегирифтам чи гап мешуд? Ягон дигаргунӣ мешуд?

Тамоми ин корҳо, дигар барои ҳатто одами кару кур ҳам рушан шуд, ки Кабирӣ аз ҳамон оғоз рафтан намехост. Раис гуфт се моҳ истеъфо дод, касе ҳозир нашуд, ки даъвои курсӣ кунад. Ин вазъият чӣ маъно дорад? Раис мегуяд аз берун не, бояд аз Раёсат интихоб шавад. Чаро бояд аз Раёсат интихоб шавад? Агар касе аз Раёсат намехоҳад чаро аз берун нашавад?

Набуди як нафари дигар, ки бихоҳад раис бишавад маъниҳои зиёд дорад. Инро бояд бисёр ҳам таҳқиқ кард. Иллат чист?

Чаро касе ҷуръат намекунад. Таҳдид ва тарс аст? Тарс аз кӣ?

Шояд дастур ин бошад, ки мемуриву меистӣ, намеравӣ?!

Кабирӣ ошкоро гуфт, ки акнун, аз ин ба баъд дар чаҳорчуби низомнома ва оиннома амал мекунад ва ноқизи шарту шурут ва меъёри низомнома ва оиннома минбаъд наметавонад наҳзатӣ бошад. Нақша дорад аз ҳамин аснод ба унвони аҳрум ва фишанг истифода кунад. Ва ҳатто гуфт, ки бигзор вай ҳар касе бошад, чи ҷойгоҳу мақоме дошта бошад аммо дар чаҳорчуби асноди ҳизб бо вай бархурд мешавад. Ҳоло ин гапҳо дигар туфанг шуд. Низомнома туфанг, оиннома туфанг, Раёсат туфанг, аммо ин туфангҳо муқобилӣ кӣ? Муқобили онҳое, ки хостанд ислоҳот ва тағйирот шавад ва дар ҷони мурда ва дар оби гандида ва дар курсии бӯгирифта руҳу роиҳаи ҷадид падид ояд.

Яъне ихроҷ карданӣ аст. Яъне мехоҳад, ки минбаъд Муҳаммадиқбол аз номи ҲНИТ гап назанад, худро Наҳзатӣ нагирад. Ин кор ба суди кист? Ин кор киро хурсанд мекунад? Ин кор ҳадафи кист?

Раис таҳдид карда истодааст, ки ман ину он мекунам. Ба «ҳизби ман» ин хелиҳо даркор нест. Яъне чӣ? Шояд дар воқеъ аслу асоси ҳадаф дур кардани ислоҳотхоҳон бошад?

Шояд ҳадаф ин бошад, ки «Ислоҳ» аз ҲНИТ дур ва бегона карда шавад?

Раис билофосила ба «ҳизбам ҳизбам» гӯӣ даромад. Наҳзат ҳизби ту бошад, Наҳзати мо куҷо шуд? Наҳзати падари Муҳаммади Нуриву падари Муҳаммадиқболҳо наҳзати Ризоиҳо, наҳзати эшони Абдусатторҳо Ҷаннатуллоҳо ва ҳазорон ҳазори дигар, Наҳзати Ҳусайниҳо Зубайдуллоҳҳо Раҳматуллоҳо Муҳаммадалии Ҳаитҳо куҷо шуд? Ин ҳамон суруди «Тоҷикистон аз манӣ»-сароиҳои Раҳмоновро ба ёд намеоварад?

Мо, ки ин низомнома ва ин оинномаро қабул накардем, мо, ки ин интихоботро қабул накардем, мо, ки раёсати шуморо қабул накардем, шумо бо чи руе моро метавонед ихроҷ кунед, бо чи асосе?

«Касе гапи маро намегирад, гапи ман -ин яъне- низомнома, ин яъне оиннома ва ин яъне худи ман- Кабирӣ вай дигар наҳзатӣ нест».

Чаро гапи ҳизб дарунакӣ бошад. Ман инро намефаҳмам. Чи чизи ҳизб фош мешавад? Чи чиз аз кадом нафари ҳизб фош мешавад?

«Дар паҳлуи худ бародаронеро мехоҳам, ки танқид кунад….аммо дар чорчуби меъёрҳои ҳизб. Ман эҳсос мекунам, ки маро, ҳизбро, низомномаро игнор карда истодаанд. Минбаъд ҷаласаҳои ҲНИТ онлайнӣ не, ҳузурӣ мегузарад ва онгоҳ хоҳем фаҳмид, ки кӣ хабарҳоро бурда мерасонад. Тилфонҳоро мегирем ҳама тафтиш мешад баъд аз он медароянд. Чунки мо ҷойи заъф дорем масалан келини ман заъфи ман шуд. Минбаъд ҷаласаҳои утоқӣ мешавад. Дар он утоқе, ки шумо дар ҷаласа иштирок мекунед дигар аъзои оила набояд бошад».

Ин чи ҳизб аст? Ин чи ислом аст, чи чизи баҷоӣ аст? Шумо як чизи асосиро нагуфтед.

Ин ҳизб дигар НИТ нест, ин ҳизб ташкилоти Кабирӣ аст. Мо инро ҲНИТ намешуморем. Инро мактаби Нурӣ намегуем.

Мактаби Нурӣ агар буд, магар бачаи Нурӣ дар он, ҷо намеёфт. Мактаби Нурӣ агар буд, додари Нуриро бар муқобили бачаи Нурӣ ба бозӣ медаровард?

Бозиҳои Кабирӣ дар тӯли ин ҳафт- ҳашт моҳи ахир ба ҲНИТзарбаи сангин зад. Охирин умедвориҳо сифр шуд. Мардум гуфт, ки инҷо ҳам барои мансаб будааст ва дилсарду ноумед мешавад.

Муборизаи Кабирӣ дар ҳамин ҳад ва доира аст. Беш аз инроинтизор будан ва таваққуъ доштан нодуруст аст. Дар Душанбе ҳатто аз баромадан ба хиёбон ва эътироз кардан сарфи назар кард. Мегуяд, ки раисони ҳизбҳои фалон-фалонро ҳукумат зиндонӣ кард, муовинаш мурд. Мо силоҳамонро супорида будем, чи кор мекардем. Гуфтанист,ки агар мебаромадем зиндонӣ мешудем. Ҳоло чи шуд? Як ҳизб, ки ҳукуматро водор ба тақсими қудрат карда буд, ҳадди ақал тазоҳурот карда натавонад, чи кор бояд кунад?

Агар Кабирӣ ҲНИТ-ро фаъол кунад ё карданӣ аст чаро ҳоло ҳам мегуяд, ки ПМТ чатри мост. Кабирӣ таҳти чатру чодур гирифтанист. Таҳти чодур куҷо фаъол мешавӣ?

Наметавонад. Чаро? Чунки вай таомул ва тиҷоратро дар ҷойи аввал қарор додааст. Муборизаи вай ин аст ки гуфт: ПМТ чатри мост. Ҳоло мо дида истодаем, на инки чатр, гунбаз ва сақфи фулодӣ фуру рехта истодааст. Чатр чиро метавонад ҳифз кунад?

ҲНИТ дар ҳиҷ кишваре мусалмонӣ ҷой наёфт. Фикр мекунед чаро? Масъалаи ноқабулонидан ва фақат набуди як шахсият ва лидери мазҳабӣ набуд, масъала занахдони бесабил набуд, масъала ин буд, ки дар ҲНИТ намоде ва нишоне аз исломият боқӣ намонда буд.

Мо, агар тазоҳурот мекардем, мо агар ба хиёбонҳо мерехтем, мо агар дар ҳақиқат ошӯбу исён мекардем зиндонӣ ва фирорӣ мешудем алам надошт. Мо бе ҳеҷ чиз ронда шудем. Ин магар айбу заъфи як узви қаторӣ ё раис ё раёсат аст?

Барои шахси худ шуда ҳамаро қурбон ва фано кардан бадтарин хиёнат аст. Ин парванда ба МУС на, ин парванда дар он тараф баҳсу баррасӣ мешавад, ки аз номи ислом ҳатто даст ба амали номашрӯъ бизанӣ.

Аснод ва раёсат ва раисе, ки бо дуруғ ва ғайриҳақ ва фиреб сохта шудааст, машруият дорад? Мо бояд чашм бибандем ва дурӯғро рост пиндорем. Магар мумкин аст? Магар халқ надид. Ҳоло агар Худоро, алъаёзубиллоҳ, аут кардем, халқ чи мегӯяд? Бо ин дуруғи ифшошуда ҳамроҳ мешавад? Халқ бо дуруғ ҷомеаи исломӣ сохтан меравад, демократия сохтан меравад, бар зидди як дарозумри сиёсӣ бо як дарозумри сиёсии дигар меравад?

Бо ин шаклу шева раис шавиву ҳоло шуруъ кунӣ ба таҳдид, ки ину ону ину он, мекунам? Ҳамаи ин маро ба ин натиҷа овард, ки инҷо ҳадаф шикастан ва пораву аз байн бурдани ҲНИТ аст. Барои ҳамин имрӯз бояд ташкилоти нав сари кор ояд, то холигоҳ пур шавад ва он 50 ҳазори узвро ҷазб кунад, бовар ва умед диҳад, ки мо идомаи роҳем, ки рафта будем.

Бале, дар ҳақиқат ҳайфи ҳизб, ҳайфи ҳизби исломӣ, ки раис бигӯяд ман бо шумо тавассути фейсбук гап намезанам ва даъво пеш оварад, ки алиф бе те сеи ҳизби исломиро бояд омузонд ва маломат кунад, ки шумо ҳизби исломӣ ва исломро нашинохтед. Астағфируллоҳ! Фақат як чизро гушнишон кунам. Ин алиф бе те серо бо забони одамӣ ё фариштаҳо меомузонед?

Бародарони Раёсат. Ман бештари шуморо шахсан мешиносам, бо баъзеи шумо дар ҳиҷрати аввал дар кампҳо, ки инҷо бигзор ёдовар нашавам, будам. Имруз ҳам ҳамроҳи шумо дар ҳиҷратам ва агар дар ватан будам, ба яқин бо аъзо ва Раёсати зиндонии он будам. Ин ҳарфҳои маро лутфан, хоҳиш мекунам, хеле ботаанӣ, ботааммул ва чуқур андеша ва тафаккур кунед.

Сарнавишти як ташкилоте бо 50 ҳазор аъзо,ки баробари як давлат ва як ҳукумат ҷойгоҳ дошт рақам мехурад, аммо як кас пеш намедаромадааст, ки раис бишавад? Чаро худи Кабирӣ, ки истеъфо дод, нафари дигарро дар ҷойи худаш пеш наовард, тавсия надод ва ҷонибдорӣ накард ва бар манфиати вай номзадиашро пас накашид. Масалан дигарҳо номзадиашонро гирифтанд, шуд,ку! Чаро, агар Кабирӣ хайру салоҳи ҲНИТ, мубориза ва муқовиматро афзал мешуморид, ҳизбро беш аз ин беобру ва беэътибор намекард, ҳамсафони ҳизбӣ, гуруҳҳои дигари муборизу оппозитсионӣ ва халқро бар самимият ва садоқати муборизааш бар зидди Раҳмонов машкук намекард, сари ҳарфи истеъфояш меистод ва нафари дигар, масалан Домулло Ризоиро ҷонибдорӣ мекард ва ба манфиати вай аз раисӣ даст мекашид. Мо ба ин натиҷа расидем, ки барои идомаи мубориза ҳаракати худамонро, ташкилоти худамонро бояд таъсис бидиҳем.

Мо ба хотири бозгардони эътибор ва ҷойгоҳи аз дастрафта,ба хотири эҳёи умеду ормони мардум таъсиси ҳаракати навро дар рӯзҳои наздик эълон медорем. Ҳадафи асосӣ ва меҳварӣ барои тамоми мухолифин як аст: тағйири низом ва сари қудрат овардани неруҳои нав, албатта бо чеҳраҳои нав, гапу ҳарфи нав, усул ва шеваи нав.

Худо кунад, ки ин охирин суҳбатам дар ин масъала бошад ва дари ин мавзӯъ баста бигардад. Мухолифат надорам, хусумат надорам, ҳама мухолифатҳо корӣ буданд ва бар фарзе истеъфо доду гуфт, ки иштибоҳҳоямро пазируфтам ва биёед, инак ин гӯй ва ин майдон ҳама чиз мисли қабл мешавад, якҷо мешавем ва якҷо пеш меравем. Аммо баъид аст ин кор шавад.

Дигар ҲНИТ ба унвони неруи оппозитсионии пешбар, мутаассифона, он ҷойгоҳ ва нуфузеро, ки дошт аз даст додааст. На фақат неруҳо, балки ҷомеаи кишвар ҳам аз бефаъолиятӣ, корношоямӣ, бесамарӣ, беҷуръатӣ, беасарӣ номаълумӣ, ноаёнӣ хаста ва дилгир шудаанд. Чунки дигар Кабирӣ аз ин корҳо, ки бояд иҷро карда шавад намекунад. Кабирӣ дар фикри дигар аст. Бори дигар гушзад мекунам, ҳоло ҳам агар билфарзе тағйироти ҷиддӣ ва калидӣ дар РО ва раиси он сурат бигирад мо дар хидмати ҲНИТ хоҳем буд!

Мо ба хотири татбиқ нашудани раванди ислоҳот ва тағйироти ҷиддӣ дар амал интихоботи рӯзи 24.05.2025-ро бойкот намуда будем. Ҳатто моро роҳ нишон дод, таҳрик кард ва гуфт «касе роҳашонро нагирифтааст байрақ дар дасташон аст». Бале мо месозем чун падарони мо сохтанд, мо роҳи онҳоро идома медиҳем.

Сари ин кор, мо ҳайати тадорукот зиёд андеша кардем. Кори осон нест. Ҷазбу ҷалби мардум ва онҳоро ба муборизаи ҷиддӣ бурдан бо як созмони нав. Вале поистану мунтазир будан ҳам тадбиру чора буда наметавонад, чунки интизории зиёд кашидан аз марг бадтар аст.

Муборизини огоҳ ва воқеъӣ бояд бо ҳам канор оянд ва инак мо бо таваккул ба Аллоҳи тавоно ва бо такя ба мардуми бошараф то чанд рӯзи дигар ин муждаро мерасонем.

Сообщение Охирсухан қабл аз худоҳофизӣ бо «ЗАО Кабирӣ» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №253
Баҳсҳои ахир дар мақомоти ҲНИТ дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар ҳам нороҳатиҳоро байни тарафдорону ҷонибдорон ба вуҷуд овардааст. Ин ду номаи зер, ки ба ҳамин масъала бахшида шудааст, дар ҳамин бора мегуяд. Рости гап нахостам, ки нашр шаванд, чун фикр мекунанд, ки «тарҳрезишуда» аст, аммо барои ман муҳим ҳарфи мардум ва андешаи онҳо аст.

Виҷдони худро тоза нигоҳ дорам кофист, бигзор чи гумону шубҳае дар ҳақи ман дошта бошанд:

Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар назди бозори ҳоҷӣ Шарифи Қурғонтеппа зиндагӣ мекунам. Ҳар рӯз, баъди дарс пеши бозоракиҳо меравам. Онҷо чанд нафар ҳаст, ки бо онҳо суҳбат мекунем. Онҳо тарафдорони мухолифинанд. Аз баҳсҳои ахири бавуҷудомада дар байни шумо бисёр зиқанд. Рости гап онҳо бештар тарафдорӣ аз кору гапҳои шумо мекунанд. Барои онҳо дигар Муҳиддин Кабирӣ он қадар интересний нест. Мегӯянд, ки Кабирӣ дигар коре аз дасташ намеояд. Агар меомад дар дохил меомад.

Аммо, рости гап, ҳолати имрӯзаи ҲНИТ онҳоро бисёр ҳам дар бунбаст қарор додааст. Баъди рафтани Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон хелеҳо сахт умедвор буданд, ки оппозитсия кор карда истодааст. Аммо, боз ин ҷанҷолҳо камтар онҳоро ноумед кард.

Аммо, чуноне, як шиносам, ки дар як идораи қудратӣ вазифаи калон дорад гуфт, ки Раҳмонов ва одамони наздиакш аз ин ҷангҷолҳо сахт хурсанд шудаанд. Гуфтаанд, ки кореро, ки мо мехостем худашон иҷро карда истодаанд.

Барои ҳамин, шумо бо Муҳиддин Кабирӣ якҷо нишаста ҳама масъалаҳоро ҳал карда аз як гиребон сар бароваред.

Ба назари ман Муҳиддин Кабирӣ ҳоло ҳам истеъфояшро эълон карда ҷойро ба як нафари дигар диҳад, ба манфиати кор мешавад. Чунки дигар аз боварии зиёде аз ӯ надорем.

Ваҳдат

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Чандруз аст гапу хабар дар бораи Ҳизби Наҳзат рафта истодааст. Ман ҳам мехоҳам як чанд фикри худамро нависам. Як чанд баромади Муҳиддин Кабириро тамошо кардам ва гуфтаниам, ки ман ба донишу илми устод қоилам ва чизе гуфтанӣ нестам аммо маҳорати роҳбариаш мелангад.

Устод наздики 20 сол роҳбарии ҳизбро ба уҳда дошта аст. Каме монда аст, ки Раҳмоновро дарёб кунад! Ва баъди худ фарзандашро монад. Вале фарқ инҷост, ки Раҳмонов ҳукуматашро сахттар ва мустаҳкамтар карда истодаасту Кабирӣ бошад баракс заифтар ва оҷизтар. Чунин ҳизби тавонмандро ба ин дараҷа оварда расондааст.

Чи хел дар Раёсатӣ олии ҳизб ҳама одамони хизматнишон дода бошанд (эътирофи худи Кабирӣ) вале чаро ягонтои онҳо роҳбариро ба уҳда намегиранд?

Куҷост уҳдабароӣ ва хизматнишондодагии онҳо? Наход аз 25 аъзои ҳайати Раёсати олии ҳизб якто ҳам набошад? Ин ҷо сухан аз он меравад, ки мисли Раҳмонов дар гирди худ чоплус ҷамъ кардаӣ, ё ки тарс додаӣ, ё ки хурданд, ё ин ки дар ҳақиқат ноуҳдабаро ҳастанд. Агар ҳама инҳо набошад, ин нишон медиҳад, ки роҳбарӣ ва тарбия карда натавонистед. Устод Кабирӣ, афсус. Наход, ки дар давоми наздик ба бист соли роҳбарӣ як ҷавоне барои роҳбарӣ тарбия натавонӣ кард, ба мисли устоди равоншод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки масалан тавонист худи шуморо тарбия кунадт? Бубинед, ҳоло ҳам шогирдони он шердмард ҳастанд дар зиндону сангар. Аз шумо чи? .

Ва ин хитоб ба шумо устод Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳатман шогирд тарбият кунед. Гуфти пешпои миллат «дар сармон санг на мегирем», чунки роҳи шумо зинда монад баъд аз шумо.

Устод Кабирӣ, агар дар ватан буданатон шуҷоат нишон медодед ҳадди ақал ба муқобили ҳамон Протоколи 32/20-пешпои миллат як роҳпоймоии сулҳомез мекардед, кор то ин ҷо намерасид ва Раҳмонов ин қадар мағруру мутакаббир намешуд ва ин қадар зиндониву шаҳид намедоштем!

Шумо гуфтед барои онки хуни мардуми бегуноҳ нарезад аз Ватан баромадед.

1) Чи хунҳо, ки нарезонд Раҳмонов?

2) Мардум зиндон нашуд?

3) Раҳмонов қудраташ зиёд нашуд?

Бале, ҳамааш шуд.

Боз барои Раҳмоновро аз тахт ғалтондан,чи қадар шаҳиду зиндонӣ хоҳем дод, ҷаноби Кабирӣ?

Ва ҳоло ҳам маълум нест, ки чи кор мекунию чи ин миллати почакандаро чи сарнавишт ва рӯзҳои талхтаре интизор аст?

Устод натавонистӣ роҳбариро! Ман ин суханҳоямро дар номаи № 235 низ навишта будам.

Бубинед гап дар куҷо? Барои миллати почасухтаи тоҷик лидери шуҷоъ даркор на олиму академику доктору профессор. Чунки бо Раҳмонов бо забони илму адаб не балки бо забони қувва бояд сухан гуфт.

Худаш гуфта буд, ки «БО ХУН ОМАДАМ, БО ХУН МЕРАВАМ». Вай дар гапаш меистад, чунки намехоҳад ин ҷои гарму нармро аз даст диҳад. Мо дида истодаем ва худатон ҳам фаҳмидаед, ки як роҳбари ҳизб, ки ин қадар даромаду шаҳомат надорад, рафтанӣ нест, аз куҷо ва бо чи сабаб Раҳмонов тахтро раҳо кунад?!

Вақте мегуед ҳизб барои халқ ҳаст, пас зарур аст ки ақалан ҳар семоҳа бо мардум пахши мустақим ташкил карда ҳисобот диҳеду саволу ҷавоб кунед. Агар ҳизб шахсӣ шуда бошад, мардонавор гуед, ки ин ҳизб аз они худам ҳаст, дигар мардум аз шумо чизе намепурсанду талаб намекунанд роҳи осонаш ҳамин.

Ҳол бар мо айни замон ва фурсати муносиб аст ки инқилоб кунем. Чунки Русия бо корҳои худ, Хитой бо корҳои худ машғуланд. Фурсатро аз даст додан даркор нест, бародарон.

Ва хитоб ба қувваҳои қудратии режими Раҳмонов! Бо мардум бошед, то ки номатон дар таърихи ин миллат бо ҳарфҳои зарин навишта шавад.

Раҳмонов меравад,миллат мемонад, фаромуш накунед. Ҳақ биёяд, ботил нобуд мегардад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос ин номаи моро ҳарчи зудтар нашр кунед. Чунки замину осмонро ба сари мо гардон карда истодаанд. Ин номаро мо аз кучаи Қазоқон1-и Душанбе навишта истодаем. Шикояти мо аз як домсози золим ва беинсофу ноҷавонмард аст. Номи ин домсоз Зиёдулло ва ширкаташ ҶДММ «Симои нав» аст. Ин домсоз мардумро девона кардааст. Ҳамаи соҳибмулкҳо, соҳибони хонаҳоро ба суд додааст.

Ин ноҷавонмард мехоҳад нисфи манзили соҳибмулкҳоро бидуни ягон хел муомила ва пардохти ҷуброн, яъне тамоман бепул бигирад. Вай пеш аз хезонидани мардум аз манзилҳояшон бинои суди ноҳияи Синоро таъмир кард. То инки барои вай кришават кунад. Аз ин куча соҳибони14 хонаро ба суд додааст. Хулоса судяҳоро харидагӣ будаст.

Дар аввал бо чанде аз соҳибони хонаҳо шартнома кард, вале аз лафзу шарташ гашт. Ба Худо лафзу қавли мардӣ надорад. Дигар домсозҳо ба соҳибони манзилҳо, ки мехезонанд аз се ҳазор сомонӣ кам намедиҳанд. Ин нафар бошад мегуяд, ки 1500 то 2000 медиҳаду тамом. Аммо бо ин маблағ хонаи иҷора пайдо карда намешавад.

Хоҳиши мо аз ҳукумати шаҳр ин аст ки пеши роҳи ин золимро гиранд. Ба Худо қасам вай мардумро фиреб карда истодааст. Бигзор, амнияту милисаву прокуратура хуб мунсифонаю одилона бисанҷанд, ки вай тибқи қонун кор карда истодааст ё чи хеле худаш хоҳад ҳамон тавр? Бигзор вай ҳақи мардумро диҳад, аз рӯйи қонун ва супориши раиси шаҳр.

Турсунзода
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Турсунзода ҳастам. Дар бораи дуздиву мошенникии падару писар Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод мегӯям. Ончики шумо дар барнома «Номаҳо аз ноҳияҳо»№169 дар ин бора навишта будед 10 фоиз рост ва ҳақиқат аст. Касе навиштааст аз 100% танҳо 10ашро навиштааст. Мақсадам,ки бояд пурратар менавишт.
Ман собиқ корманди горсвети Турсунзода мебошам -контролёр. Аввал корро дар маҳаллаи Зарнисор  шуруъ кардам. Яъне дар маҳаллаи ҳамин Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод.

Ман хона ба хона мегаштаму пули барқ ҷамъ мекардам. Рӯзе хонаи ҳамин Чупонов Зариф даромадам ва счетчик-ҳисобкунакро, ки 473 сомонӣ кор кардааст. Дар хона келинҳо буданд. Ман гуфтам пули светро кӣ медиҳад? Келинҳо гуфтанд, ки дар хона ҳеҷ кас нест. Ман гуфтам пагоҳ мебиёям ва рафтам. Баъд аз се  рӯз омадам, ки ҳамин Чупонов Зариф дар хона буд. Гуфтам «духтурбова пули сивет ба омадам, майли гуфт ва гуфт чанд сум шудааст? Счетчикро мебинам 28 сомонӣ кор кардаст». Ман гуфтам «духтурбова чи хелӣ шуд? Ман 3 рӯз пеш омадам 473 буд, чи хелӣ имрӯз 28 сомонӣ шудааст?» Гуфт, ки намедонам, хато кардӣ гуфт. Ман гуфтам, не хато нашудааст, дар кассовий аппарат гузаронидам, сабт шудагӣ. Гуфт, ки не, мо свет кам истифода мебарем. Ва хандиду як движокро нишон дод ва гуфт, ки мо движок истифода мебарем. 28 сомонӣ доду маро пеш кард. Ман худ ба худ гуфтам «ино чо кадан ихели шуд»?

Он вақт навшогирд будам, намедонистам. Ман солҳои 2017 то 2022 кор кардам, баъд ҳиллаи инҳоро дар наздиктарин фурсат фаҳмидам, чи хели пул кор карданро фаҳмидам. Дар чандин маҳаллаҳо кор кардам -контролёрчик. Яъне пулчинак. Масалан счетчик 200 сомонӣ кор карда бошад соҳиби хонаро гапзанон мекардам: 100 сомонӣ ба чек медодам, 50 сомонӣ ҳақи ман буд 50 сомонӣ соҳиби хона фоида медид. Яъне аз соҳиби хона 200 неву 150 сомонӣ мегирифтам.

Дар ҳар маҳалла150 то 200 хона мо ҳамин тавр мекунем ва ин хонаҳо клиентҳои моанд ва барои мо маълуманд.

Пешакӣ ман мегуям, ки сад кор кунед ҳам ин ҳилларо ёфта наметавонед ва худатонро заҳмат надиҳед.
Бародар Муҳаммадиқбол, шумо медонед, ки ин бешарафҳо раисии горсвета бар ивази пули калон меоранд ва мо пулчинакҳоро бо пул ба кор мегиранд. Аз ман 4000 $ гирифтанд. Дар ҳоле, ки ман панҷ сол бо пул, яъне хароҷот кардаму хондам, чаро боз бо пул ба кор дароям? Пас, бародар ман чи гуна бо дасту дили гарм ва ҳалол кор кунам? Маоши медодагии ин ҳукумати Пешво дар роҳкиро намерасад, худ фикр кун бародар Муҳаммадиқбол. Бояд чи кор кунем?

Ман аз сидқи дил ба пешвои миллат хитоб мекунам (ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун дӯст)

Эй, пешво медонӣ аз як ман ҳукуматӣ таъсис додаӣ. Груби ҳисоб кунем аз давраи донишгоҳ то рӯзи кор даромадан 20ҳазор $ харҷ кардам. Ман донишгоҳро ғоибона, мисли худат, аз истеҳсолот, аз кор канда ношуда хонда будам. Хулоса, ҳамин ки 20 ҳазор $ ба роҳи фасод гирифтанд, чи хеле, ки ту пешво ва асосгузору таъсисдиҳандаӣ фасодӣ, ман ҳам омухтам 20 ҳазор додам 350 ҳазор $ фоидаи соф кор кардам. Ғайр аз пули мошин, ғайр аз пули ду сотихӣ замин, ҳамагӣ 16 сотик замини обӣ. Ин хел гирем ман ба давлати Тоҷикистон чанд миллион зарар овардам.

Ба назари ман чунин метобад ва асли кор ҳам ҳамин тавр аст, чунин ҳолат ба пешвои мо маъқул аст. Мо ҷавонон пайрави пешвои милат ҳастем. Ба дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ман соҳиби 2 мошин, дуто 8 сотик замини обӣ, боз тоза 350 ҳазор доллар кор кардам. Раҳмат пешво. Дузд дуздро дӯст медорад ва дуо мекунад. Чуноне мебинем роҳӣ дузди мушкил не, сода аст. Пул бошад, шуд. Як медиҳӣ, 100 фоида мебинӣ
Хуб, аз аввали мавзуъ гап занам. Чи хеле, ки аз аввал гуфта будам дар бораи доктор Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод гап дорам.

Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод соли 2017 то 2019 ба сохтмони клиникаи шахсии худашон машғул шуданд. Маълум аст ки дар сохтумон қувваи барқ бисёр сарф мешавад. Чупонов Фарҳод дар горсвет бо як шахсе,  ки ба таъмиру пломба кардани счетчикҳо сарукор дошт,шинос буд. Счетчикҳоро канда пеши вай мебурд ва вай ҳисоби онҳоро нол мекард. Счетчик чандин ҳазор сомонӣ кор мекард, инҳо онро нол мекарданд. 100 сомонӣ он усторо медод усто ҳазорҳоро нол мекард.

Чи хеле дар аввали гапам гуфта будам, он вақт нав ба кор даромада аз ин ҳиллаҳо чизе намефаҳмидам. Хонаи Фарҳод Чупонов рафта счетчикашро дида будам, ки 473 сомонӣ кор кардааст, аммо вай онро то 28 сомонӣ поин кард. Яъне 445 сомонӣ ба давлат зарар овард. Ин қатрае аз баҳри дуздиҳо ва ғоратҳое сурат мегиранд. Бубинед, ки ин чанд баробар кам кард ва пули давлатро дуздид. Аммо ба мисли вай дар ҳама ҷо ҳастанд.

Ин устои счетчик як марди пир буд, миллаташ узбек, тоқии фарғонагӣ мепушид, коргари куҳнаи горсвет буд. Айни ҳол кор намекунад, фаҳмидам вафот кардааст.
Аммо Чупонов Фарҳод то ҳануз ин корро мекунад. Дар пушти бинои клиника як движок мондагӣ аст. Гуё бисёр вақт движок истифода мебурда бошад. Ин движок барои ҳиллаи Чупонов Фарҳодро пушонидан аст. Сахт ҳиллагар аст, аз пеши ин Фарҳод фирор мекунад.
Ин падару писар Чупонов Зариф ва Фарҳод духтури ҷарроҳанд. Масалан геморройро ҷарроҳӣ мекунанд. Аммо дар вақти оператсия беморро видео мекунад ба мардум нишон медиҳад, занҳои мардумро видео карда нишон медиҳад. Магар намешавад, ки барои чунин бемории занҳо духтари зан бошад?

Баъзан вақти таваллуди занҳо разрив мешавад. Инҳо ҷарроҳи пластикӣ мекунанд. Бо зани як нафар, ки мешиносамаш пеш аз ҷарроҳи ҳамхоба мешавад ва боз баъди 12 рӯзи оператсия боз ҳам ҳамхоба мешавад. Хулоса, бисёр инсони номарди беномус аст.

Хулоса, ман мавридҳои дуздии пули свети Фарҳодро чанд бор ба даст афтонда доказат кардам ва аз вай чанд бор пул гирифтам.
Боз дар бораи як нафар қассоб гуфтаниам. Ин ҳам «пири кор» аст. Номи ин қассоб Илҳом, аз Аҳорун. Назди мактаби 34 дукони гушт дорад. Ҳамроҳ бо як ҳамкорам рафтам пеши ин қассоб ва счетчикашро нол кардем. Нол кардему чорсад сомониашро гирифтем ва ба хонаш рафтем гуштбирён кард. Спайс-маводи мухаддир овард. Ҳамкори ман кашид, қариб, шимашро ҷазир мекард. Чунон гиря кард, ки тарсидам. Худи Илҳом накашид, намекашидааст, аммо мефурушад, номаш спайс, чени нахуд сиёҳ. Ин Илҳом ҳам пастаяни пули светро пурра намедиҳад. Диҳад ҳам 100 ба 10 медиҳад.
Хулоса, баъди ин ман корро дар горсвети Турсунзода бас карда ба тиҷорат машғул шудам. Ба қарибӣ Ҳисор ё ки Шаҳринав ба кор медароям. Горсвет агар нашуд ГАИ кор медароям. 5000 $ бояд диҳам, яъне ба роҳи фасод.

Дар охир ба Чупонов Фарҳод ва Илҳоми қассоб гуфтаниам, ки пули барқро супоред, ҳиллагарӣ бас.

Фарҳод видео кардани занҳои мардумро бо Эркини бародарат бас кун аз Аллоҳ шарм дор агар аз мардум шарм накуни ҳам.

Эй мардуми Турсунзода! 1000 проблема доред чаро хапу хомушед? Чаро наменависед?  Нависед, то Пешво сари роҳи ин ҷинояткорҳоро бигирад. Натарсед, нависед. Ислоҳ дар хидмати мо ва шумо қарор дорад, фурсат доред!

Нуробод

Салом бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман сокини ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод мебошам. Ман як нома фиристода будам, ки чоп нашуд. Боз номаи нав мефиристам.

Дар бораи раиси ҷамоати Ҳакимӣ Муминшо Табаров мегуям. Ин раиси ҷамоати Ҳакимӣ ҳамроҳи коргаронаш мардумро беҳад зулм карда истодааст.

Мардуми ҷамоат дод мегуянд, аммо ҳеҷ кас ба додашон намерасад. Бузҳои вай-хабаркашҳояш дар ҷамоат Дилмурод, Саҳробек, Ҷумъабой ва Давлатманд ҳастанд. Муминшо ҳар куҷое мешинад,мегуяд, ки ман ин чор нафарро ранги занам истифода бурда истодаам. Агар падару модари ин бадбахти Муминшоро соҳиби маърака, туйдор даъват накунад, бидон, ки туйдор ҳатман аз тарафи танзим ҷарима карда мешавад. Ва дарҳол сару калаи Ҷумъабойи бузаш пайдо мешавад. Агар Ҷумъабой ҳал карда натавонад дарҳол аз ноҳия меояд ва ҷарима мекунад он камбағалро. Аммо ҳама медонад, ки ин корҳо ҳамааш кори Табаров Муминшои беимон аст.

Дар ҷамоати Ҳакимӣ барои таъмири роҳ трактор хариданд. Аммо ин Муминшо Табаров онро ба Файзобод фурӯхт.

Тибқи қарори ҳукумат ба сокинони деҳаҳое,  ки оби обанбори Роғун мемонанд аз дигар ҷо замин ҷудо карданд. Яъне барои деҳаҳои зериобшавандаи Роғун. Бовар кунед,  бародар Муҳаммадиқбол ба тамоми авлоду аҷдодаш аз ин ҳисоб замин дод. Боз чандин замини дигарро ба номи дигар нафарҳо гирифту фурӯхт. Акнун аз ин ҳисоб дар Душанбе замин харида коттеҷ сохтааст. Дар деҳаи Сияҳгулакяк кампири камбағалро беҳад азият кард. Бо дуои

пирамардони ҷамоат ҳарчи аз вазифа дафъаш карданд. Ҳозир дар ҷояш Саҳробек омадааст. Дар куҷое мешинад ин Табаров Муминшои мегуяд, ки «хуб хурдум гаштум аку роҳат мекнум сумои ҷамкардагима. Аз заминои ба номи ҳар кас кардагӣ да ноҳияи Нуробод фурӯхта роҳат мекунм».

Боз дар куҷое мешинад Саҳробек мегуяд: «ин раиси нав шидагӣ, ира ман худам мондагишм, рӯзе мешава, ки бо дафш мекнум».

Бародар, ин беимонҳо хело ҳам мардуми ҷамоати Ҳакимиро зулм карда истодаанд. Ин шо Аллоҳ боз дар бораи ин раиси наваш ҳам маълумотҳо дорем, ки бароятон навишта мефиристем.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ман бо падару модарам барномаҳои шуморо тамошо мекунем.

Сообщение   Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №253 появились сначала на ISLOH.net.

Достони «интихоботи» раиси «ҳақиқӣ”
М.Кабирӣ: «На, аку Муҳаммадиқбол ҳамаи инҳоро эълон кард, ишам эълон кунад, ягонҷомон кам намешад».

М.Кабирӣ: «Рафтани сарвақт ҳам худ як обрӯ аст».

Ҳафт моҳ бозӣ доронду ниҳоят, кореро,ки мехост кард. Худро «раис» сохт. Раисе, ки на обруяш, на эътибораш, на ҳайсияташ, на шахсияташ ва на ҷойгоҳу нуфузаш боқӣ мондааст.

Ҳеҷ гоҳ ба рухаш намекашидам,ишора ҳам намекардам, аммо бинандаҳои мо медиданд,ки ҳар аз гоҳе, ки ӯро вориди барномаҳо карда бо мардум рӯбарӯ мекардам, шумори тамошобин кам мешуд. Намегӯям, ки ӯро дидан ва шунидан намехостанд,ҳавсала ва таҳаммули сӯҳбатҳои ӯро надоштанд, аммо ҳамин тавр буд. Барҳақ, мардум пештар аз мо шинохта буд. Хуб, ки ин мардум бошад, аз дасти мо чи коре бармеояд? Вале як вақте гуфт, ки Қадами Қурбон тамошобини зиёдтар дорад.

Худову ростӣ, ин тавр набуд, ки мо нашинохта ва надониста бошем. Аммо мегуфт, корҳое карда истодааст ва намешавад ҳамаро дар «публика» гуфт. Бовар намекардем вале мегуфтем «шояд». Ҳамин ҳоло ҳам тарси асосии ӯ аз он аст ва тӯли ҳамин ҳафт моҳ, ки барои мондан ҳазоруяк намуд хидъа ва найранг корсозӣ ва роҳандозӣ кард, яке аз таъкидҳои асосӣ ва ҳамешагиаш ин аст ки «гапи хона» ба берун набарояд. Яъне ин «берун» ман будаам.

Яке бехабар монд, ки аз даруни даруни хона гапҳое баромад, ки «фаришта будан» дар пеши он ҳиҷчӣ шуд. Аз даруни хона ин гап баромад, ки «пеши роҳи Муҳаммадиқбола гирифтан даркор». Кореро, ҳадаферо, ки Раҳмонов дар фикраш аст. Аҷаб нест магар?

Дар ҷаласае, ки худро раис сохт гашту гуфт: «На,аку, Муҳаммадиқбол ҳамаи инҳоро эълон кард, ишам эълон кунад, ягонҷомон кам намешад».

Ягонҷотон дар ягонҷотон бошад. Ин ҳамин ягонҷотон аст ки шуморо «фаришта» русвои гетӣ кард. Аммо, бо вуҷуди ин русвоӣ боз ҳам шуморо дар барномаҳо овардем, бо ҷомеа рӯбарӯ кардем, то фаромӯш набошед, аз хотири наҳзатиҳо набароед, ки раисашон ҳоло ҳаст, агарчи аз зикри номи Наҳзат парҳез, ки чи,ҳазар мекардед, тамоми дафтарҳоро дар ҳама кишварҳои аврупоӣ бастеду ба ПМТ супоридед. Наҳзат игнор ва мунзавӣ ва дар маъракаҳо мардуд шуд.

Вале, акнун, ки кор ба инҷо кашид руку бараҳна бояд бигӯям, ки шумо мебоист он замон, ки «фаришта» шудед, сухани охир ва хайрбодӣ мезадед, на Наҳзат, балки худро мунзавӣ мекардед. Чун муртакиби гуноҳи кабира шуданатон аланӣ шуд ва худатон эътироф кардед, ки «бӯгин» буд. Бо ин вазъу ҳол ба Наҳзати исломӣ раис будани шумо равост?

Бори дигар бигӯяматон, ки ягонҷотон дар ягонҷотон бошад. Ин як маврид аз достонҳои фаришташавии шумост. Достонҳои дигари шумо дар ин бораро дар оянда ҳикоят хоҳем кард. Шояд таҳти унвони «Истишмоми фариштаҳо» ё «Шамими фариштаҳо»?

Муҳтавои ҷаласаи РО ҲНИТ зери заррабини «Ислоҳ»

Вале ҳоло баргардем ба мавзӯъи аслӣ, ҷаласаи интихоботи раис, ки 24 май, дар рӯзи тӯи як бародар дар Вилнюс баргузор шуд. Баргузории ҷаласаи интихоботи раис дар даруни як тӯй худ далели гӯёи муносибати Шумо бо Наҳзат аст. Мабодо, ки ин ба «сунат»-и доимӣ ва ҳамешагӣ табдил шавад.

Барои онки тасаввуроте аз баргузории ин ҷаласаи аҷибғариб дошта бошед, инҷо гапҳои пароканда аммо манзарасози компайни «интихобот»-и раисро айнан мекорам:

Агарчи иқтибос аз суханрониҳо меоварем вале бидуни зикри номи онҳо. Аммо ҳатман наҳзатиҳо аз қавли айнан нақлшуда гӯяндаи он калимотро баръало мефаҳманд,ки гӯяндаи он кист:

«Ман ҳис кардам,ки шумо ҳамин гапа мегуитон».

«Акаи Маҳмудҷон Илҳомҷона Илҳомҷон Маҳмудҷона пешниҳод кардаанд ….бисёр интихоботи зӯр ку».

«Ҳазрати домулло бифармоед, номзадитон ҳаминҷа пешниҳод шудаст, ягон барнома дошта бошед бифармоед».

«Агар касе гап дошта боша ҳамун гап занад, шарт нест ҳамара пурсем».

«Ман дар шокум. Касе бо ман маслиҳат накардаст, на аз раёсат. Шояд ҳамон касе, ки пешниҳод кардаст ҳамун кас гап занад. Ман худум худума пешбарӣ мекардум, ягон барномае мегузоштум. Ягон чизе мегуфтам. Агар худум худума пешбарӣ мекардум мегуфтум мегардонум мебармутона Тоҷикистон. Вақте мара напурсидаст, маслиҳат накардаст, бо эҳтироме, ки дорам ҳамон пешниҳодкардагӣ ҳамун тарафоша қонеъ кунанд»

«Домуллора пешниҳод кардум, худум намедонистум, ки номзадум».

«Наҳзат ба як раисе ниёз дорад, ки дар ҳамин муддати чор сол мардума барбугардонад барад».

«Комилан бовар дорам, ки ягон кас баргаштанӣ нест, ҳамиҷа маъқулшонай, ҳамин шакли кор маъқулшонай».

«…Хабаро мебаромадаст, далел дошта бошем, ки дуруғҳоро ислоҳ карда бутонем».

«Ба фикри ма ака ҳақ надоран номзадишона пеш(?) бигиран, ба хотири ҳамон тарзе, ки намедонистанд, ки номзад шудагианд ва вақте ки ҳаминта номзад шудагиан ба фикри ман ҳамунта номзад боқӣ монанд».

«Айбайе, чи пешниҳод кардесте? Интихоботи маҷбурӣ, то ҳоло касеро надидем, бурда бошанд».

«Манам номзадима бозпас мегирам. Маҳмудҷон ташаккур, ки бовар кардан. Воқеан намедонстам, ки пешниҳод мешавам».

Шамсиддини Саид ҳам номзадиша гирифт. Бародаро чор номзад монд, касе чизе гуфтанӣ бошад…»

«Ман аз ҳамин раванд ва шакл гирифтани интихобот норозиюм ва мухолифам,  чандин қарорҳои дигарро ҳам зид овоз додаам. Мо ба хотири ислоҳот ва тағйирот гуфтем. Тавозун байни раёсат ва раис бошад. Чанд нафар аз берунро интизор доштем, ки ин ҳам нашуд. Раёсат худаш худашро интихоб кард. Гуфтем, ки ислоҳот кардем, интихоб кардем. Ку? Номзад номзадиша гирифт, истеъфо ҳам дод дар рафти кор. Аъзоҳои раёсата нав кунем.

«Ин интихобот намоишӣ. Биёед баргузор накунем, ҳами хел брем».

«Ман ин интихобота расман намешиносам, қабул надорам, ғайримашруъ медонм ва ҳатто бубахшед таҳримашам мекунам. Бар асоси ислоҳот мо кор накарда истодаед, дар амал нест. Ман номзадима мегирам».

«Ҳоло мо се номзад дорем».

Луқма: «Се, майла аку»

«Чи хеле Маҳмадсаид ҳам гуфт, ман дар ҳайрат мондам, ҳиҷ  умеде ҳам надоштум. Ман мегум, ки номзадима бозпас бигирум. Аку дигар раисам хоҳиш кард, ки номзадита нагӣ. Ман номзадима мемонум. Агар интихоб шудум, баъд барномама муаррифӣ мекунум.

Луқма: «э,наку ҳами кора»

«Ино холис намегиран, ай тарса мегиран, агар будонанд мегзаран ..ба номи Худо намегиран овоз намегиран охир».

«Як коруш кунед, ки пеш ай ҳамун Муҳаммадиқбол эълонуш кунем, хубтарайда»,

«На, аку Муҳаммадиқбол ҳамаи инҳоро эълон кард, ишам эълон кунад, ягонҷомон кам намешад».

«Чанд касоя инфаркт кардед, интихоботатон бисёр машҳур шид».

«Аъзои ҷадиди Раёсат кори душворе нест, ҳаминҷо ҳам дар як соат мешавад қабул кард».

«Ислоҳоте бошад, ки аз он ифтихор дошта бошем. Магар дигар раис набошем устодамон намегуянд. Ман ҳам ба тасмими қорӣ мувофиқ ҳастам. Раис ҳоло ҳам барои ман раис аст. Ман шахсан масъалаи беҳбудиро надида истодаам».

«Як кори дигарам ҳаст бародаро, аз уно бипурсем, ки чи бинависем»

«Ҳар чизе, ки аз ман шунидед ҳамонро бинависед. Ман таҳрим кардам ин интихоботро».

«Бародарҳо миннатдор, ташаккур. Воқиан ҳам як интихоботи озоду шаффофу…. Ҳоло ман фикр доштум, бовар доштум як миқдор бештар бародар Шонаим овози бештар мегирад. Хуб, ба фикрам, ки худушам ба ман овоз додагӣ аст. Вале ба ҳар сурат баёнгари он аст ки дар ҳизби мо ба як нубуғу пухтагии сиёсӣ пайдо кардагием. Ин шо Аллоҳ ҳамин хел давом мекунад»

Ростӣ, гапҳои ҷолибтаре ҳам буданд, ки матни мақоларо тӯлонӣ мекарданд. Мо, ки ин шабурӯзҳо бо калимаи «тӯлонӣ» мушкили дорем. Вале, вақте сухангӯ баёнияи барои матбуот омода мекард, мавқеъи таҳрими чанд нафарро бо иттифоқи чанд каси дигар мунъакис накард.

Дар аслу воқеият ин ҷаласа, ки баргузор шуд, ҷаласа набуд, як бозори кӯҳнафурӯшӣ буд, ки талош мекарданд наваш нишон диҳанд. Ин як бозие амсоли алик-малик буд. Худи дастандаркорон медонистанд, ки ин ҷаласа нест, ин як чизе дигар аст, инҷо интихобот нест, инҷо бозӣ ва масхараи интихобот аст. Аммо тавреву тарзе вонамуд мекарданд, ки ҷаласаи интихоботӣ намудор шавад.Ин алик -малик ба сари худ як навоварие аст, ки ҳуши маснуъии Илон Маск ё нанотехнология дар IТ парки Хуршеди Мирзо аз он ангушти тааҷҷуб мегазад.

Инро бояд барои омӯзиш ва пайравӣ, айни қонуни танзим, қонуни волидайн паҳн кард, то ба унвони ибтикори амали нобиғаҳо ва ба нубуғ расидаҳо баҳрабардорӣ шавад.

Аммо, бор Худоё ин бародарон, аъзои Раёсат,чи гуноҳ доранд, ки пеши виҷдони худ, пеши аъзои ҲНИТ, пеши ҷомеъа ва мардуми кишвар якчунин коре мекунанд, ки барои абад азияташон медиҳад. Фақат инки фулонӣ раис шавад, ин Раёсат ба рағми виҷдони худ доми тазвир бичинад?

«Номзадҳои мавриди назар» -таҷрибаи нав барои онҳое, ки ба курсӣ часпидаанд ва доданӣ нестанд-приёми нав дар доирсозии интихобот.

Барои онки касе номзад нашуд. Барои онки инҷо найранг буд. Чи гуна ман хабар надорам аммо номзади раиси ҳизб мешавам. Чаро? Магар беруни Раёсати Олӣ, ҳизбӣ нест. Шавкатҷон, Фирӯз,Шуҳрат,М.Ҳусайнӣ, Абдулқодир ва… ҳизбӣ нестанд? Наметавонад узви Раёсат ва раис бишаванд? Ҳоло чаро водор мекунед, ки фалонӣ хезаду фалониро пешбарӣ кунад. Аз барои Худо, шумо киро ба бозӣ гирифтаед, масхара кардаед? Магар ҲНИТ иборат аз  фақат ва танҳо ҳамин Раёсати куҳнаи «навшуда» иборат аст? Онҳое, ки беруни Раёсатанд, ҳизбӣ, наҳзатӣ нестанд? Яъне қонунӣ кардед ин проектро?

Шумо дуруғ кор кардед. Дуруғ торикии имон нест. Шумо магар актёред?

Масалан бону Ойниҳол Бобоназарова номзад барои раёсати ҷумҳурӣ шуд.Чаро хонум Гулбаргро касе пешниҳод накард, хонум апаи Хайринисоро чи? Гендер риоят мешуд, ку. Магар бону Гулбарг сазовори раисӣ ҳаст ё нест? Агар буд, чаро мадди назар наовардед?

Номзадҳо худашон намедонанд, ки онҳо номзад шудаанд. Аммо аз онҳо талаб мешавад, ки барномаашонро муаррифӣ кунанд. Ва, номзади «олтернатив» мегуяд, албатта, бо истеҳзо ва тамасхур, ки барномаамро баъди раис интихоб шуданам муаррифӣ мекунам.

Якеаш гуфт, ки ман худам намедонам, ки номзадам, чиро муаррифӣ кунам?

Чаро ҳафт моҳ касе номзад нашуду якшаба ҳафт номзад сару калааш баланд шуд?.

Ҳамин номзади «олтернатив», то инки як нафар пешниҳодаш накард, худашро пешниҳод накард? Номаш дар баргаи интихоботӣ надаромад? «Мега, ки раис мара гуфт худут набояд номзадита гирӣ. Э, бача, қоил каден неким бахудо».

Инро низ бояд мутазаккир бишавам, ки ду рӯз пеш аз ин ҷаласаи интихоби раис, ба комиссияи интихоботӣ як номзади худпешбарӣ пешниҳод шуда буд. Медонед он номзад кӣ буд? Бале, худи Муҳиддин Кабирӣ буд. Аммо чаро дурӯғ мегӯяд дар мусоҳиба, ки маро панҷ нафар пешбарӣ карда буданд? Пешбарӣ карданд вале пеш аз пешбарӣ худро кондид кардӣ, чаро инро эътироф намекунед? Аз чи метарсед? Аз инки касе нахост Абдуҳалим Ғаффорзода шавад? Воқиан дар асл касе нашуд вале маҷбур кардан бишав.

Бо ин шаклу шева, ки раис интихоб шудӣ, даъвои раисӣ мекунӣ? Фикр намекунӣ ва накардӣ, ки чаро як нафар надорӣ, ки бигӯяд, раис мешавам. Чаро? Худатро раис меҳисобӣ? Кӣ интихобат кард? Аз 23 нафар 14 нафар?

Касе номзадиашро пешбарӣ накард, чаро? Чунки Кабирӣ дар аввалин ҷаласаи марбут ба масъалаи интихобот ариза навишт, барнома ва худашро пешкаш кард. Вақте сарусадоҳо якҷо бо эътироз ва норозигиҳо баланд шуд, пай бурд, ки дигар ҳиҷ ҷойгоҳе надорад, дар ҷаласаҳои дигар шурӯъ ба «бозӣ» ва кашолдиҳии вазъ ва шароитсозӣ кард ва чун дид авзоъ печидатар мешавад истеъфояшро эълон кард ва гуфт дар ин ҳолат будани ман буҳрони ҳизбро чуқуртар мекунад:

«Тасмими аввалаи ман иштибоҳ буд. Ин тасмимам ҷиддӣ аст. Ман меравам, саривақт рафтан ҳам худ як обрӯ аст».

Чаро ду моҳ бештар, ки ҳизб бе раис монд ва раис истеъфо доду аз ҷаласа бо қаҳру ғазаб хориҷ шуд, масъаларо дар ин ду моҳ якбор нагуфтед? Дар ҳоле мо хуб медонистем ва инро нагуфта будем ба касе. Инро охир кӣ гуфт боз ҳам худи раис ва омад омаду баъди «интихоб»-аш ба Шавкатҷон гуфт, ки ман истеъфо дода будам. Чаро дар мусоҳибаҳое, ки то ин ҷалса медодед дар ин ду моҳ шумо Раиси ҲНИТ муаррифӣ мешудед ва ягон бор ҳам намегуфтед ман раис нестам ва истеъфо додаам ва ҳоло беҳтар аст бигӯед иҷро кунандаи вазифаи раиси ҲНИТед, ақалан? Гордость ё ҳарисӣ ва тарс, ки мабодо номзадҳо пайдо шаванд, не позволял?

Дар ҷаласаи моҳи апрели Дортмунд ошкоро гуфт дигар ман тасмими кондидшуданро надорам.

Аммо ман итминон доштам, ки бозии дигаре дар роҳ аст ва рафтанӣ нест. Фурсатро  кашол дод, тамдид кард. Аммо аз санг садо буду аз аъои Раёсат не. Ҳиҷ касе пешбарӣ накард.

Як ҳарферо ҳам дар миён андохт. Раиси ҲНИТ ҳеҷ гоҳ алтернатива надошт. Вале чизе дар фикраш заду думболи ин далел ва ин алибӣ пофишорӣ накард. Вале ход мекофт, ки чи гуна, фарқ намекунад, бигзор ҳилла, шайтанат, русвоӣ бадномӣ бошад ҳам бо алтернатива интихоб шавад. Ҳарчи ҳам набошад дар Аврупо аст. Истеъфояш талаб мешавад. Худаш ҳам, ки переборшит кардагӣ, 20 сол аст курсиро тасоҳуб кардааст.

Ҳамин ҳиллаи «номзадҳои мавриди назар» пайдо шуд. Ва дар як рӯз халос кард.

Шаш нафар плюси худаш ҳафт нафар «даъвогар» шуданд. «Даъвогарҳо», ки шаб мехезанду Вилнюс меоянд, дар туй ҳам ҷаҳд шудаанд, ки номзад шудаанд. Номзадҳои мавриди назар аз тарафи бародарони Раёсат пешбарӣ шудаанд. Ин ҳам як ҳилаи дигари интихоботӣ буд, шумо кондид худро накардаед вале шуморо дигарон пешбарӣ карданд. Мақсад танҳо як чиз буд, то дар муқобилаш кондиде бошаду интихобот машрӯъият пайдо кунад.

Ҳоло акнун Раҳмонову командааш метавонанд биёянду инҷо таҷрибаи мудерну муосири интихоботӣ касб кунанд.

Чи қадар бояд афирист, хитрий, игрок вале ҳамзамон дур аз ҳама гуна ахлоқу имону адолату инсоф ва муҳимтар аз ҳама исломиву мусалмонӣ буд, ки ҳам бо сарнавишти мардум бозӣ бикунӣ ва ҳам дар нуки ангуштонат бозӣ бидорӣ ва ҳам баргардиву ба «ҳариф» бигӯӣ, ки «худтам ба ман овоз додӣ». Мардаки хуб мегуяд, ки «ман ҳам номзадиамро гирифтанӣ будам, аммо раис хоҳиш кард, ки нагирам». Раис мегуяд, ки «бародар кам овоз гирифт. Худашам ба ман овоз дод». Агарчи аз қабл ҳама чиз мушаххас буд, аз қабл ҳама чиз сохташуда буд, аз қабл медонист, ки Абдуҳалим Ғаффор шудааст.

Аммо тафовут инҷост, ки Раҳмонов тамасхур назада буд, мазоҳу таҳқираш накарда буд, ки «худат ҳам ба ман овоз додӣ».

Худи баччаҳо ҳам шӯхиву масхараи кори худашон ва худашонро дар аснои «интихобот» мекарданд: «Мирзоалӣ Болтуев», «Абдуҳалим Ғаффоров», «дилзанак», «интихоботи саросари ҷаҳонӣ», «интихоботи машҳур», «бовар медоштӣ раъй мегирӣ, номзадиатро пас намегирифтӣ», хулоса як фазои тамасхуру кинояву мазоҳу масхарае буд, ки интихобот ном доданд.

Бо ин шароиту ҳол минбаъд раис метавонад Раҳмоновро бар ғасбу тасарруф ва ба баргузории интихоботи ғайришаффоф муттаҳам кунад? Бубинед, масштаби Раҳмонов тамоми ҷумҳурӣ буд. Инҷо дар доираи 23 узви Раёсат ҳафт моҳ давид, ки ранги Раҳмонов кунад, то раис бимонад. Сафарҳои «хидматӣ» ташкил карду рафт диду боздидҳое анҷом доду бо афроде мулоқоту суҳбат кард, ки дар 8 соли охир ҳатто бо телефон бо аксари аз онҳо суҳбат накарда буд. Гуфта будам, ки дар сафараш рафта пушти бархеро тап- тап карда онҳоро ба худаш ҷалбу моил кард. Аммо боварам кунед, агар пас аз интихобот писандатон кард ҳарчи мехоҳед бигӯед. Хараш аз лой гузашт тамом аст кор, шумо дигар нолозимед!

Вақте ману мо, ки ин шо Аллоҳ то чанд гоҳи дигар тасмимамонро иттихоз ва эълон мекунем, истеъфо гуфтем, тараф мебоист мешишт мегуфт биёед, ку бигӯед, ки иштибоҳи ман чӣ буд? Чаро қонеъ нестед? Агарчи мо борҳо ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ ба худи Раис ва муқаррибонаш гуфта будем. Пас, мутақоид мекард, мо қабулаш мекардем. Аммо ҷабҳа ва сангар гирифт ва ҳоло акнун мегуяд, ки «куҷом кам шуд»

Боз дар мусоҳиба гуфт мехоҳад бо бародарон нишинад , бо онҳое имкони нишастан вуҷуд дорад. Онҳое имкон надорад телефони ба тамос мебарояд. Дигар чи тамос бигирӣ ва  нишинӣ. Аз ду нишасти пас аз интихоботият ҳам маълумот дорем чи шуд!

Талаби мо ин буд, ки ислоҳот дар асноди танзимкунандаи фаъолияти ҳизб, дар шароити кунунӣ бишавад ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъ аъзои Раёсати олӣ бо кадрҳои нав тағйир дода бишавад, то имкон барои тағйирот дар сатҳи мудирияти ҳизб ба вуҷуд ояд.Чунки мо бар ин натиҷа расидаем, ки Раёсати феълӣ, бахше аз аъзои он, ба талаботи имрӯзӣ ҷавоб намедиҳанд ва афроди ношоиста ва носазоворе ҳам ҳастанд, ки билодиранг ихроҷ карда шаванд. Мақоми раис, салоҳият ва ваколатҳои он мушаххас карда шавад ва Раёсати олӣ ба унвони минипарлумон аз салоҳият ва ваколатҳои бештар бархурдор бошад, на баракс, ки раис диктоват кунад, чуноне имрӯз вуҷуд дорад.

Дар як чунин шароит, ки интихоби раис бигзарад мантиқӣ ва қонунӣ аст.

Аммо ин пешниҳодҳо нагузашт ва фақат ба хотири онки ҳамин пешниҳодҳо, ки созанда ва усулианд нагузарад, ҳаллу фасли масоил ба ҳафт моҳ тӯл кашид ва натиҷа ҳам тавре шуд, ки ҳиҷ «тағйироту ислоҳот»-е ба вуҷуд наомад.

Ҳадаф ин буд, ки ислоҳот решаӣ ва бунёдӣ бошад. Ва, мо бар ин назар будем ва ҳастем, ки раис дигар дар сари кор тӯлонӣ истодааст, бояд биравад. Чунки раис ва сиёсатҳои ҳазар ва парҳези вай аз ҳизб ҳизбро ба ин буҳрони амиқ расонидааст.

Дар ниҳоят худаш ҳам ин талаби аслӣ ва меҳварии моро эътироф кард, ки иштибоҳи азим кардааст, ки фақат дунболи ПМТ рафт, агарчи ҳамин ПМТ-ро ҳам натавонист мунсаҷим ва муттаҳид нигоҳ бидорад, ки ҳарфи ин ҷудост.

Чаро ин корҳоро накард?

Дар мусоҳибааш бо Шавкатҷон гуфт, ки мардумро ду моҳ вақт додем номзадиашонро намонданд. Албатта, онҷо ҳам бо вуҷуди онки гуфт тасмимам ҷиддӣ аст ва меравам, боз гуфт, ки як моҳ фурсат диҳед. Аммо, таваҷҷӯҳ кунед, пешакӣ ба воситаи чоплусҳояш эълон кард, ки «ҳукумат мехоҳад тавассути баъзе аз бачаҳои Раёсат Кабириро аз сари қудрат дур кунаду дигар касро сари қудрат биёрад».

Яъне ҳар касе номзад ва раис шавад, ба ғайри Кабирӣ, одами ҳукумат аст.

Ин як иттиҳоме буд, ки ҳеҷ кас намехост гирифтори он гардад ва ҳамчун одами Раҳмонов дониста шавад. Аммо ин «утка»-и махсус барои интихоби раис нав набуд.

Дар Тоҷикистон вақте ки Сайидиброҳими Назарро аксари аъзои Раёсат дар муқобили раис номзад карданӣ буданд аз ҳамин ҳила истифода кард ва мардумро зидаш хезонд. (Моҷарои ин кор ва инки кулобиҳо кудето карданианд, қиссаи дигар аст ва ин бор ҳам аз айни ҳамин козер, ки кӯлобиҳо бо дастури ҳукумат (яъне кӯлобӣ) кор карданианд, истифода шуд).

Дар навиштаи қаблӣ гуфта будем, ки бори аввал, ки баъди реҳлати устод Нурӣ ба курсии раиси омад марҳум Абдуҳалим Назарзода ва шаҳид Махсуми Саттор чи тавр хонабахона гашта буданд, «аз ҷумла Саидиброҳими Назарро ба хонаи Махсум даъват карда таҳдид карда буданд» то касе номзадиашро ба унвони алтернатива пешбарӣ накунад.

Инҷо, ки ҷойи гуфтанаш омад, бояд тазаккур бидиҳам, ки ҳеҷ яке аз руасои собиқи ҲНИТ чору панҷ навбат ки чи, ду навбатӣ панҷсолӣ наистодаанд. Инки бист соли истӣ, ҳизбро ба ин ҳолу ба ин рӯз овариву сад бор тағйири мавқеъу роҳ куниву ҳар бало куниву як бало карда худро дар сари курсӣ бимониро акнун дидем.

Устод Ҳимматзода каме бештар аз ду сол ва Устод Нурӣ аз моҳи ноябри 1999 то 9 уми августи 2006 раисии ҲНИТро ба уҳда доштанд. Магар ин дурӯғ аст ?

Оё дар ин ҳолат мо бо Раҳмонов қиёс накунем бо кӣ қиёс кунем? Дигар ҲНИТ даҳансухта ва забонкутаҳ аст.

Мо агар бигӯем, ки Раҳмонов диктатор аст мегуянд, ки гиребони худатонро бӯ кунед.

Мо агар гуем, ки интихоботҳои Раҳмонов сохта ва ҷаълӣ  аст мегуянд, ки аввал ба худатон нигоҳ кунед.

Мо агар гуем, ки Раҳмонов ҳукуматро хонаводаӣ, қудоандаӣ кард, мегуянд, ки дар худатон ин тавр нест?

Мо агар гуем, ки Раҳмонов ҳамаро қабза ва тасарруф кардааст, мегуянд шумо инхелӣ нестед?

Мо дигар чи гуна Раҳмоновро гуем ту арзишҳои демокатӣ ва қонунҳои мардумсолориро риоят накардӣ. Як дарозумр як дарозумри дигарро чи эрод мегирад? Чи метавонад бигуяд?

Хуллас, айнан скан ва копӣ кард.

Дар мусоҳибааш мегӯяд, ки «Ба ҷои Аҳмад Раҳмат омад, чи иваз мешавад? Яъне пас, Аҳмад истад. Пас, чаро Аҳмади Наҳзат худро якумрӣ эълон намекунад? Агар ба ҷой Эмомалӣ Раҳмонов шахси дигар ояд ягон тағйироте намешавад? Дар чандин мусоҳибаҳоятон бо ман гуфта будед, ки ҳатто Рустам ба ҷойи Раҳмонов ояд ҳатман тағйироте кам ҳам бошад сурат мегирад.Чаро имрӯз комилан ҷомаатонро чапа пӯшидаед? Курсӣ ин қадар муҳим аст ?

Акнун ин Аҳмад дар 60 солагӣ ва баъди 20 соли раисӣ «нав» мешавад? Сахт масъулияти душвореро бар дӯш гирифтааст.

Нафаре, ки кор мекард дар ин даҳ соли ҳиҷрат коре мекард. Магар не? На дар Эрон, на дар Афғонистон,на дар Туркия ҷойи по наёфтем, магар айби кӣ аст? Айби аъзои қаторӣ ё айби Раис?

Барои онки исломгӯии мо ҷаълӣ ва дуруғӣ аст.

Муҳиддин Кабирӣ : «Воқеан ҳамин масъаларо таҳлил кардан даркор. ҲНИТ  ҷаззобият пайдо кардаст. Барои чи ҲНИТ ҷаззобият пайдо кард ва аҳамият пайдо кард. Ин чизи бисёр мусбат аст аз ин истифода бурд ва инро кам нагиред бародаро. Ҳоло ман тарафдори он ҳастам ки аъзогира ҷоннок кунем».

Аҳсан,аҳсан!

Ҳоло агар ҲНИТ ҷаззобият пайдо кардааст…сохторҳои он..пас чаро гузориш намедиҳӣ? Ту куҷо будӣ, ки ин ҳизб ҷаззобият пайдо кардаасту яке бохабар мешавию мегуӣ, ки «ина омухтан даркор». Бист сол аст раисӣ, акнун меомӯзӣ, ки чаро ҷаззобяит касб кардааст? Бахудо, аҷаб нохудое? Киштӣ шикастасту эъмор шудааст, нохудо баъд мефаҳмад. Аҷаб раисе.

Агар ҷаззобият пайдо кардааст сабабаш чист? Барои онки дар даруни чатри ПМТ буд, барои ҳамин? Барои онки аз бурдани номаш изо мекашӣ, парҳез мекардӣ, ҳазар мекардӣ, шояд барои ҳамин? Ё шояд мебариву ба МУС мечаспонӣ? Ва мегӯӣ, ки Раҳмоновро ба МУС додем,ҲНИТ ҷаззобият касб кард.

Ин ҳама масхарабозӣ ба кӣ ва ба чӣ даркор? Нафар дуруст мегуяд, ки ин ҳафт моҳ, ки овораву сарсону саргардон кардӣ, аз хотири ҳизб, раёсат ё худат буд?

Барои он ҷаззобият касб кард, ки ҳамеша нагузоштем фаромуш шавад ва мо тасмим гирифтем зиндааш кунем. На барои онки шумо фаъолият кардед. Шумо онро дар куни ПМТ зада будед.

Ман мутмаинам, ки ин ҳизбро ба ҶДММ мерасонад ва сабаби асосии тағйир дар раёсат накардан ҳам ин буд, ки афроди омода ва гапгушкун, абдуҳалимғаффориҳоро дар берун феълан надошт, омода накарда буд. Ва ҳоло эълон кард, ки ҳамин корро хоҳад кард.

Аммо ин салоҳ ва чораи кор нест. Дар баробари ҷомеъа ва аъзоҳои қаторӣ чӣ хоҳӣ гуфт?

Сунати ивазсозӣ, интихоботи ростин ноҷоиз, аммо диктатура ҷоиз?

Бори дигар бо сароҳат мегуям, ки бурдани исми ҲНИТро мамнуъ эълон кардӣ, табу кардӣ. Имрӯз аз ҷаззобият дорӣ дам мзанӣ. Чаро ҲНИТ 52 сола шуд, баъд ёдат омад ва аз ним қарнаш гуфтӣ? Чаро? Чунки фикрат дигар буд мардона бояд эътироф кунед!

Паёми Раиси «нав»и 20 сола чӣ аст?

Раис дар ҷаласа гуфт, ки ман огоҳ набудам, ки номзадии маро ҳам пешниҳод кардаанд, аммо дар мусоҳибаи баъди ҷаласа бо Шавкатҷон мегуяд, ки фаҳмидам номзадиам пешниҳод шудаст, дар барномаам тағйирот даровардам.

Ва як бахш аз ин тағйирот дар барномаашро дар ҷаласаи раисшавӣ ва баъди «нав» шудан эълон кард.

Баромадҳои ҷаласаҳои собиқи РО- ро фаромӯш кардӣ,ки мегуфтӣ кондиди раисшавандаи ҳизб бояд ариза диҳад ва  барнома дошта бошад. Чаро дар зуромад яке якбора ҳафт нафарро бо зурӣ кондид кардӣ ва доштани барномаро фаромӯш кардӣ? Ҳатто афроди кондид шуда чизе намедонистанд ва онҳоро дар муқобили амали анҷомшуда қарор додӣ. Чаро, чун бояд раис интихоб шавӣ? Ҳангоме ҳама номҳояшонро гирифтанд чаро Шоҳнаимро маҷбур кардӣ, ном ва номзадиатро нагир? Ҳоло ҳам ғайри машрӯъ аст ин интихоботи ҷаълии баргузоркардаат!

Галстукоро транг бандед. Муҳкамтар мустақар шавед. Мо ҳоло рафта наметавонем. Ин роҳ бисёр тулонӣ аст. Ҳоло бубинем, ки чӣ мешавад. Аҳмад аш Шаръ ҳам маълум нест, ки чи хоҳад шуд. Бояд биомузем. Ин аст паёми Раис.

Дар воқеъ куҷо ҳам барад? Нав корҳояш рӯбароҳ шудааст.

Вай бо сароҳат эълон кард, ки садоқатро интихоб ва таъин мекунад ва содиқинро дар атрофи худ мегирад. Мутмаин бошед бо касе содиқ будан наметавонӣ ва касе ҳам бо ту наметавонад содиқ бошад. Чаро? Чун ман бе далел намегӯям ва шумо ҳам медонед инро!

Дар Фаронса қонунҳоро ба зидди исломиҳо ва ҳизбҳои бо марҷаъияти исломӣ-идеологӣ сахт карда истодаанд. Дар Олмон қонун сохта истодаанд бар зидди исломиҳо. Мо, бояд ПМТ-ро тақвият бидиҳем. Вазифаи ман ҳамин аст.

Ман, онҳоеро меоварам ва муовин мемонам, ки садоқат дошта бошанд. Шоистасолорӣ муҳим аст аммо феълан садоқат асос аст.

Ва як саволи муҷрии изтиробзада ва табларзагирифтаи он мусоҳаба ин буд, ки дар шароите, ки ину ону беҳмону бисмадон аст ва шумо, ки аз ҳама кору пушти кору аз мусаввадаву мусаввабаҳо.. хуллас, аз ҷузъу кулли дунё огоҳед, чи тавр ва бо кадом ақл Муҳаммадсаид Ризоӣ, як руҳониро      ( тавба, тавба) ба раисӣ пешниҳод кардед.

Магар Урупо намедонад, ки ҳизби исломӣ чӣ аст? Магар дар ҳизби исломӣ руҳонӣ набошад, кӣ бошад?

Ҳоло муҷоҳид раиси Сурия шуд, бад шуд?

Фикратон ин аст ки аз ҳизби исломӣ бояд аз фариштаҳо иборат бошад? Инки гумон мекунед ҲНИТ-ро дар пушти ПМТ баҷо кунед, Урупо нафаҳмид ва намефаҳамд? Онҳо,ки онҷо паноҳандаанд, ҳамчун узви ҲНИТ паноҳандагӣ гирифтанд ё ПМТ-ӣ?

Яъне мо барои Урупо раиси ҲНИТ сохтем ё барои «роҳи муборизаи низомӣ», ки мегӯяд  барои мо ҷоиз аст?

Чаро Раёсат иваз нашуд? Чунки эҳтимолаш зиёд буд тағйирот бор ояд. Барои он ки тағйирот пеш наояд, нашуд.

«Муовинҳо, аз ҳоло гуфта бошам гуфт, тими иҷроияанд, онҳо бояд фикри дигар надошта бошанд, ҷуз фикри роҳбар (ият).» Муовин яъне Сумбулоғо, яъне ғуломаке, оянда мабодое талаби раисӣ накунад. Аз ҳоло мегуям аз ин муовиният карда рафта Пица кашеду таксӣ кор кунед бошарафтар аст бароятон. Ин буд фалсафа ва моҳияти ин интихоботи ҷаълӣ ва намоишиву мазоҳу масхараомехта.

Хуб, бояд чи кор кунем? Даст кашем? Дар куни ПМТ занем, равад. Фаронсавиҳо олмониҳоро бифиребем, ки на мо мо ҲНИТ-е нестем мо ПМТем?

Худи ҳамин ҳолату вазъият, ки дар ҲНИТ (дар раёсати он) касе нахост, касе пешбарӣ накард ва нашуд бояд боис ва сабаб бишавад ки дар он ислоҳот ворид карда мешуд.

Магар бояд мункири худамон бишавем? Магар бояд дурӯягӣ кунем, ки на мо ПМТиему Наҳзатӣ нестем.

Бояд мегуфт, ки ман дигар раис намешавам. Он гоҳ номзадҳо баланд мешуданд. Вале вақте беҳаял, билофосила, қабл аз ҳангом худпешбарӣ кард ва барнома ва ариза дод, чи маъно  метавонад дошта бошад?

Ман борҳо гуфтам, боз мегуям, ки ҳиҷ масъала ва хусумат надорам бо раис. Ман аз фаъолияташ аз муносибаташ бо ҲНИТ ва аз онки ҲНИТ фаромуш мешавад, норозиам.

Гуфт, ки диктаторро медонам. Чи хел намедонӣ? Сиюсе сол дар таҳти султаи диктотурӣ, гуфти худат он қадар бесавод нестӣ, ҳар саҳар риш мегирӣ мебинӣ, ку?!

Инки манро бо Мулло Абдураҳим монанд мекунад, як фитна ва иғвое беш нест. Ман аз моҷарои Абдураҳим огоҳам ва сари фурсате ҳикоят хоҳам кард. Аммо, бо ин фитнаву дасиса намешавад, интихоботи ҷаълӣ ва ғайримашрӯъро машруият бахшид.

Дар фароварди матлаб суханҳои худашро, ки дар ҷаласаи ду моҳи пеш, дар ҷаласае, ки мегуфт тасмими истеъфоям ҷиддӣ аст ҳамчун ҳусни анҷом меоварам:

«Бояд эътироф кунем, ки мо дар як бӯҳрони ҷиддӣ қарор дорем. Ҳамин коре, ки ман кардам, номзадиамро гирифтам яке аз роҳҳалҳо аз ин буҳрон буд. Ман медонам, ки диктатура чӣ аст, авторитаризм чи аст, тулонӣ будани як раҳбар чи маънӣ дорад, ҳамаи инҳоро ба ҷон харидаму омадаму номзадима мондам. Аммо дигар дар ин фазо айб аст номзадима монам, айб аст. Тасмими номзадамро монданам эҳсосотӣ буд.

Мо вақте як ниҳоди ҷиддием, як ҳизби ҷиддием ва шахсиятҳои ҷиддием ман хоҳиш мекунум гапҳои як ҳафта гуфтаву як моҳ пеш, гапҳо не, мавқеъҳои гирифтаамон фаромӯш нашавад.

Ҳар касам бошад саргардон мешавад, ки ҳамин одам ин гапош туғрияй ё гапои як моҳ пешуш, ҳамин одам ҳамин гапаш ҳақиқаташ аст ё як ҳафтаи пешуш. Ман намехоҳам, ки Наҳзат гаравгони настроении шахсии инсонҳо бошад.

Вақте ки қиёс ба Раҳмонову диктатура аз дохил мешавад инро ҷиддӣ бигиред. Ин сигнал аст, ин ҷиддӣ аст, дар оянда сахттар мешавад ва ман намехоҳам, ки мо мубориза бо Раҳмона монему биёем машғули ҳамин корҳо шавем. Баъд ин кор ба ҳизб зарба мезанад, ба масъалаҳои баъдӣ боз сахттар зарба мезанад».

Вай вақте ин суханҳоро мегуфт, гуфт, ки «Ман ҳамчун узви раёсат навбат мегирам, на ҳамчун раис. Рафтани саривақт ҳам як обрӯ аст». Яъне истеъфо дод ва аз раисӣ рафт. Аммо чаро тасмимашро иваз карду раис шуд, мавзуъе барои матлаби дигар аст.

Ps: Кабирӣ мегӯяд, ки ҳадафи мо аз саҳнаи сиёсат берун кардани Кабирӣ будааст. Ва мо ҳукуматиҳову мухолифини мухолифину ҳизбу ҳаракатҳои дигару …ҳамин хел ҳадаф доштаем.

Ман ҳам мегуям, ки Кабирӣ ҳадафаш ин аст ки ҲНИТ-ро аз саҳнаи сиёсӣ берун кунад, ки расид ва расида истодааст.

Як бор ба худ суол кунед, ки то Кабирӣ ҲНИТ дар куҷо буду Кабирӣ омаду ба куҷову куҷоҳо расид? Дар ҳеҷ яке аз «депеша»-ҳои сафирони амрикоӣ ин ҳарфҳо, ки «обиҷавнӯшӣ» кард дар нисбати кадом раиси ҳизби исломии Тоҷикистон зикр шудааст?

Ва охирин ҳадафаш ҳам ин аст ки тобутбардори ҲНИТ бошад. Аммо мо, ин иҷозаро наҳоем дод!!!!

Дар охир як пешниҳоди чолишбарангез вале воқеъӣ ба Муҳиддин Кабирӣ мекунам. Агар роҳбари воқеъӣ ва маънавии ҲНИТ худро меҳисобад ва мақсади муборизаи ҳақиқиро дорад пас ба ин пешниҳодам посухи расмӣ диҳанд.

Ман омодаам, ки биравам ва дар ҷойи зиндониҳо иваз шавам. Онҳо даҳ сол истоданд, даҳ соли дигар мо меистем.

Омода ҳастӣ? Ман омода ва розӣ ба ин табодул ҳастам.

Беш аз ин раис бо каналҳояш гапзанон кунад, бигзор дигарҳо не худаш равад. Чун раис аст ку. Раисро бо аъзо иваз кардан ана ин аст «ҷаззобият» ва агар бихоҳад маро ҳам бубарад. Вале агар ҷуръаташро ҷасораташро ҳиммату зарфияташро надорад бо ҳамон каналҳояш гапзанон кунад ман танҳо меравам вале онҳоро ҳамагӣ рухсат кунад ва мусоидат кунад Аврупо оянд. Онҳо ҳам як роҳат кунанд, корти паноҳандагӣ гиранд. Медонед барои чӣ мегуям ман равам Сайдумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит , Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Сайфуллозода Ҳикматулло, Воҳидхон Қосиддинов, Саъдуддини Рустам  ва …. ба ҷойи ман ба Аврупо оянд? Барои онки мутмаинам пояшон ба Аврупо расид як соат намегузоранд, ки дар раисии ҳизб не, дар РО  шуморо бубинанд. Аммо ман амалкарди шуморо медонам  хомӯш меистеду гӯйё игнор мекунед. Аммо дигар игнори шумо аслан муҳим нест,чун……

Сообщение    Достони «интихоботи» раиси «ҳақиқӣ” появились сначала на ISLOH.net.

Устод Нурӣ дар 5 сол ҳукуматро ба зонӯ шинонд Кабирӣ дар 10 сол Раҳмоновро ба ГААГА шикоят кард
Ду соли пеш, дар 2023 «Ислоҳ» ба муносибати 50умин солгарди таъсиси ҲНИТ риштагузориши муфассалеро таҳти унвони «ҲНИТ,ним қарни пурталотум» таҳия ва тақдими ҳаводорон кард, ки роҳи тайнамудаи ин муассисаи муқтадир ва муътабари сиёсиро тули панҷ даҳа мунъакис мекард. Аммо таҳия ва тақдими бахши поёнӣ, ки қарор буд, даврони ҳиҷрати дуввум, сарнавишти урупоии онро ба тасвир бигирад, даст надод. Тамоми зуру мадорамро кор бурдам, аммо чизе набуд, чизе руи коғаз наомад. Чунки ман суфоришӣ ва матлаби ҷаълие наметавонам нависам.

Бахшида ба ин руйдоди таърихӣ ва муҳим кадом ҷашну маъракае, кадом нишасте, кадом ба истилоҳ «кофе-брейк»-е ҳам баргузор нагардид. Гуё ҳизбе бо номи Наҳзати исломӣ мавҷуд набуд ва бадтар ва аламовартар ин буд, ки аз ҲНИТ гуфтан мебоист эҳтиёт, эҳтиёт, ки чӣ иҷтиноб кард, таҳти тардид ва ибҳом қарор гирифт, дар лабаи партгоҳи амиқ, овезон ба як шохаи нимхушки дарахте буд. Ва, роҳи чора ин гардид, ки дар таркиби як иморати маснуӣ бо номи ПМТ ба сони моли дасти ду, секонҳенд ва утилизатсияшуда дохилаш карданд ва бо ҳамин дигар исмеву ёде аз он бурда ва карда нашуд.

На, на, ин тавр нагумореду напиндоред, ки пропагандаи Раҳмонов ҲНИТ-ро ба ин ҳолу ба ин рӯз овард. Тамоми ин ҳама бадному сияҳсозии дорудаста, мафкурасозони ин режими палид ҳиҷ асаре ба пайкари бузурги ин ташаккули муҳташам асар накард, ин дурсозӣ, ин ҳошияафканӣ, ин дурангиву дусамтиву дупустиҳои дохилӣ буд, ки заъиф ва ранҷур бишавад. Гуё бо вуҷуди Наҳзати исломӣ замона носозгор аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибаташ дигар аст…яъне тавре талаққӣ шуд, ки мо муносиби вақт нестем.

Ман Аллоҳро гувоҳ мегирам, ки Сайфиддин Тоҷибоев зуҳур намекард, ин сиёсати худкушӣ, худинкорӣ ва худкамбинӣ ва ҳамин сиёсати ҳазар ва парҳез ва ҳошиягузорӣ  идома мекард ва ончики ҳоло ба Догоҳи байналмилалии Лоҳа рафт бо номи ҳамон ПМТ мерафт.  Аммо агар бараҳнатар бигуям ҳамин Тоҷибоев на аз Раҳмонов балке аз ҲНИТ ва масъули он қаҳр ва фирор карда буд. Ин ки гуфта мешуд фишорҳо болои созмони муътадили исломӣ ҷавонҳоро дунболи гурӯҳҳои радикал мебарад ғалат набуд вале асл ва воқеъият ин буд, ки ақибнишинии мудовим, нокифоятӣ, майдонфирорӣ, мавридношиносӣ ва мавқеъаздастдиҳии пайваста, бепосухгузории ончунонӣ ва пеши ҳаракатҳоро гирифтан онҳоро водор ба тарки кишвар кард. Онҳо сад дарсад аз ҳукумат саду панҷоҳ фоиз аз раис норозӣ рафтанд. Ончики мо талабу пешниҳод барои ислоҳ ва салоҳи кори ҳизби НИТматраҳ кардаем, ҷоҳу ҷалолхоҳӣ, даъвои курсии раёсат набуд, агарчи ҳиҷ ишколе ва ҳиҷ масъалае ва ҳиҷ иқдоми ғайритабиие нест. Зеро ҳизби НИТ барои ман ва барои ононе, ки дар ин ваҳла ва мақтаъи замонӣ бо ҳам ҳастем, онгуна, ки ҷомеаи кишвар таваққуъ дорад, амал накард. Ҳизби НИТ, ин мероси пурифтихор ва пуршарафи падари бузургворам ва ёрони содиқаш ва ин ташаккули сиёсии муллоҳову домуллоҳои ришдори саллаву ҷомапуши тоҷикӣ, ки замоне ҷаҳонро тасхир ва маҷзуби кору пайкораш карда ва то ба иртифои дабири кулли СММ ва давлатҳои абарқудрате чун Русияву Эрон барояш қоил ва фиристодаи хос таъин карда буданд, имрӯзҳо, ба сад таассуфу дареғ сахттарин рӯзҳои худро мегузаронад.

Ман аз он нигаронам, ки агар ин тавр тадовум биёбад ҳизбе, ки таърих сохт ба экспонати таърих бадал мешавад. Ва, гуфтаи он нафар, ки мегуфт идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заиф, бо сад дарду дареғ таҳаққуқ пайдо мекунад.

Кӣ ба ин рӯзу ба ин ҳол афканд?

«Раиси шумо лидери рӯзи масоф, соати номусу нанг нест. Аз дарун мутаҳаввил ва муталошӣ кард. Онҳое, ки буданд доданд, онҳо, ки ҳастанд, гирифтанду мегиранд, ҳатто дар ҳамин амри мусоидат дар дарёфти паноҳандагӣ хосу омм ва ҳисобҳои ғаразолуд карда шуд».

Шуморе аз бузургони ин муассисаи бузург, бо таъкиди ин гуна фикру назар бар ин боваранд, ки девори Хитойро похсаи гилин кард ва сади искандариро ба проходной двор, ки метавонӣ қаҳбаеро дар Раёсати олӣ бубинӣ.

Ҳоло агар ҳамин аризаи шикоятӣ ба Лоҳа набуд, намедонам, чи мегуфтем? Ҳузури ҲНИТро ҳатто фабрикаи ҷавоб фаромуш кард.

Мо, сари мавқеъи худ устуворем ва ончиро, ки матраҳ кардем, дигар накардаем. Чунки ҲНИТ дигар на чеҳраи мазҳабӣ ва на либеролӣ дорад. На домуллову муллову имоме, ки битавон ӯро марҷаъ қарор дод, на либероле, ки гуӣ, ана муҳлати пешбинишудааш саромад, мардона бирафт.

Қаҳбае, ки на пояш, чи расад ба ҷояш дар риёсат бошад, узви Раёсати олӣ аст. Шарҳу тафсир зиёд намедиҳам, аммо бархе мегуяд, ки вай маъмуре дар кадом бахши кор будааст.

Хуб, ҳоло агар ҳамин тавр ҳам бошад, бигзор бо худат ва пеши худат бошад, на бо… лакка ва…

Навиштани ин сатрҳо барои ман душвор аст.

Вақте «валлоҳ» -ро ба боди масхара мекашанд. Ман узви қаторӣ ҳастам ва будам, бедареғ кор карда истодаам. Магар бояд раис бошам, ки бошам? Агар раис набошам биравам дигар, бераисӣ наметавонам.

Магар мешавад раиси муассисаи исломӣ бошиву боз гуӣ, ки фаришта нестам? Чи кор кардӣ, ки қиёс бо фариштаҳо кардӣ? Яъне инсон, раиси муассисаи исломӣ фаришта набошад ё бошад? Раис бояд намуна ва улгӯ бошад ё на?

Ҳама наҳзатиҳо яксара метавоннад бигуянд, ки фаришта нестанд? Ё фақат раис фаришта нест?  Маломатзада наметавонад раиси муассисаи исломӣ бошад.

Вақте аз инҷову онҷо таҳдид мешавад, ки «агар ба ҷои фалонӣ раис шавӣ…» , «ё даъвои раисӣ накун», «номзадиатро пешбарӣ накун»…чи мешавад гуфт ба ин вазъу ба ин ҳол? Дар ҳоле аслан чунин пиндоре аслан дар торпуди ман набуд ва нест. Ин ҳама выдумкаҳоро аз куҷо мегуянд он зангзанҳои хориҷӣ ва дохилӣ ва давлати Х ?

Чи гуна як қаҳба аз номи ҲНИТ паноҳандагӣ мегирад аммо фалонӣ намешавад? Фалонӣ ҳатто ба интервю даъват намшавад, аммо даъват ва таҳдид мешавад, ки агар раис шуди капат сӯхт. Инро чи гуна бояд фаҳмид? Мо подконтроли кием? Тамоми дағдаға ва ҳамҳамаи мо то ҷоест, ки иҷозат дода мешавад, ҳисобшуда аст? Барои мо хати қирмиз андохта шудааст? Мо, мухтору мустақил нестем? Моро, ки мудирият мекунад? Инсоф куҷост? Бо ин вазъу бо ин ҳол чи гуна ҳоло ҳам меистӣ? Ҳамаи ин ҳолатҳоро болои мо меоварӣ, чи кор карданиӣ?

Магар супоридану дар мақоми дигар истодан душвор аст? Ин вазъу ин ҳол ҷомаи кишварро ноумед ва нобовар мекунад, ки агар аз як ҳизб рафта натовонад чи гуна курсии давлатро медиҳад?

Ду чорсолӣ, ду панҷ ё ҳатто ҳафтсолӣ меъёри қонун аст ва онро мешавад байъат бо аъзо ва бо мардум гуфт. Байъат кардӣ, ки дар ҳамин муҳлатӣ, на беш аз ин. Сарҳаду марзи демократӣ чӣ шуд? Инҷо гап сари принсип ва аслу усул аст.

Мо, месозем, эҷод мекунем, зеро падарони мо сохтанд, сухтанд, аммо сохтанд. Мо дида истодаем, ки сохти онҳо, сохтмони ҳизби НИТ ҳоло он чизро, ки бояд медошт надорад. Такрор ҳам шавад боз мегуям, ки ин тавр нест, ки пропогандаи Раҳмонов аз роҳ бадар карда бошад, ин тавр аст ки эътибори онро аз дохил коҳиду коҳонд.

Афроде аз хайли Тоҷибоев садҳо, ҳазоронанд, ки хеле барвақттар навмед  шудаву рафтанд, чун НИТро табдил ба ниём кард. Ниём бо сад рангу хатту холу нақш ниём аст на шамшер.

Мутаассифона имрӯз ифтихори мо МУС-Додгоҳи байналмилалии Лоҳа мешавад, вақте ки он ришдорони ҷелакпуш водор карда буданд, ки ООН, чи расад ба Гаага, барои ҳизби НИТ фиристодаи вижа таъин кард. Инро мегуянд, ҳодисае, ки Шарқу Ғарб ёд надорад. Ва МУС моро намебарад аммо ООН бурда буд.

Хеле аз бародарон, ки дар саргаҳи ин ҳизб қарор доштанд ва риёзат ва уқубатҳои зиёдро мутаҳаммил шудаанд, муътақиданд, ки онро аз дарун тосонд ва тармиму таъмираш бо онки ҳаст, ношуданист. Вақте ҷигарат дар пеши ҳарду айнакат лахталахта, тикатика буридабурида аз даҳонат меояд, ҳеҷ табибу пизишке чорагар ва ҳеҷ дармоне илоҷсоз намешавад.

Онҳо мегуянд, ки дар муборизаи гарм набуд сангару ҷиҳодро надидааст. Дар ҳоле ки тараф камонбадаст ва фронтовик аст. Писанд ҳам накард ва писанд ҳам намекунад. Худо бадгумон накунад, инро ҳам шунидам, ки он солҳо Абдуҳалим Назарзодаро Раҳмонов «баччахонд» карда буд ва аз нақши Назарзода дар интихоби раис дар соли 2006 пештар як каме ишоратҳо шуда буд.

Ман ҷудоӣ ва дудаста накардам ва нахоҳам кард. Аммо ин гапро хезонидан, ки раиси ҲНИТ то имрӯз беалтернатива интихоб шуда буд бо имрӯзӣ сидқ намекунад. Ҷойгоҳи он ду бузургвор дигар буд. Яке падари биологӣ ва дигаре падари маънавӣ буданд, ки ҳазорон шогирду пайраву послодевател доштанд. Ҳар яке аз онҳо бо ҳазорон кас сарукала мезаданд. Аз вуруди чор нафар дар ҳайати Раёсати олӣ вараҷа дар андом доранд, чи гуна метавонад бар фарзе Артиши НИТ фармондеҳ бошад?

Ҳама созмонҳо дар даруни Наҳзати исломӣ паноҳ бурданд ва дар ислом зуру бозу ва ирода ва ҷасорати мубориза ёфтанд. ҲНИТ Русияро зеруру кард, сарҳадро убур кард, Қаротегинро гирифт, Помирро гирифт, Орҷоникидзеобод, Файзобод, Ленинский, Теппаи самарқандӣ, 9километрро гирифт ва омаду ҳукуматро гирифт. Наҳзати исломӣ худро узви таркибӣ накард. Ҳеҷ зонтик ва сақфе надошт, изо ва хиҷолат намекашид аз номаш балке ифтихор мекард, эҳсоси заъфу  хурдак будан надошт, китфи дигаре шонаҳои дигареро ниёз надошт.

Аммо ин бор мо даруни Паймон шудем. Онҷо ҳамаро дар гирдаш ҳалқа занонд, дар худаш даровард аммо ин бор муҳтоҷ. Чаро? Онҷо демократу Растохезу Лаъли Бадахшону Қозиёту шайхону уламои исломӣ наҳзатӣ шуданд, инҷо НИТ паймонӣ шуд. Чаро? Инро, ин вазъу ҳолро кӣ хост ё хостааст? Аъзо, аъзои Раёсати олӣ ва ё Раис? Мардум ҷавоб мехоҳад. Магар ҳизби НИТ маълулу маслуху маъюб аст, инвалид шудааст, ки ин бародарон асобағалаш бишаванд, чигасаш бошанд?

Ҳизб 50 сола шуд, ҳатто як ҷаласа ба ин муносибат доир накардем. Гуё он замон Амрико ва Урупо бо исломиҳо хуб набуд, аммо ҳоло Аҳмад Аш-Шаръ дигар кардааст.

Ман аз Худо мехоҳам, ки Мисру Мурсӣ нашавад, Ғанушӣ нашавад. Вале мо қабл аз онки гароишеро дунбол бикунем, он гароишро бояд бишносем, муътақид шавем, ки гароиш гароишест, ки аз умқи ҷонамон аст на руи забон. Аш –Шаръ ҳамин тавр аст.

Мо як роҳ дорем ва он роҳест, ки падарони мо тай намуданд.

Ҳоло агар онҳо бо ҲНИТ ҳукуматро дар панҷ сол ниманисфа карданд, мо дар даҳ сол як аризаи шикоятӣ ба ГААГА бурдем?

Ману ҳизби НИТ дар як манзил ба дунё омадаем. Бо бузургони он аз кудакӣ будам, болои зонувони онҳо мешиштам, аммо ҳоло ҳамин тавр шуд. Аллоҳ шоҳид аст имрӯзҳо сафаҳоти иҷтимоиро мехонам ҳар почакандаи аз адиру чул рехта ҳимоятгару ариза ба ГААГА бар шудаасту ба шакле мехоҳад писханд занаду худро помошнику ёвари аризадиҳанда мехоҳад муаррифӣ кунад. Аслан чашми чапам намепарад аз шумо кавданҳои як сента. Ман тули солҳо наҳзат гуфтаму ҳимояткарда омадам шумо ҳатто номгирифтан ҷой худаш мегуфтед илтимос дар хонаи ман номи наҳзатро нагиред,ки оилаам нафаҳмад. Имрӯз шудааст ҳимоятгару ёвари аризанавис….

Навиштани ин ҳама, савганд ба Аллоҳ, бароям сахт дарднок буд, аммо навиштам…

Сообщение Устод Нурӣ дар 5 сол ҳукуматро ба зонӯ шинонд Кабирӣ дар 10 сол Раҳмоновро ба ГААГА шикоят кард появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №235
Мо пештар ҳам борҳо гуфта будем ва дар матлаби дар бораи Абдусалом Тухтасунзода ҳам гушнишон сохта будем,фасоду ришват дар мақомоти Тоҷикистон ба як кори муқаррарӣ табдил шудааст ва рааисони ноҳияҳое мисли Абдусалом Тухтасунзода дар кишвар кам нестанд.

Имрӯз ба дасти мо боз як номае расидааст, ки ин ҳама гуфтаҳои моро тасдиқ мекунад. Тасдиқ ва исбот мекунад,ки ҷурму ҷиноятро на мардуми одӣ, балки раисон, махсусан раисони ноҳияҳо содир мекунанд ва халқу давлатро талаву тороҷ мекунанд.

Номаи аввали ин нашри барномаи мо дар бораи ҷурму ҷиноятҳои гушношуниди раиси ноҳияи Рудакӣ аст. Ку, бубинем ин бор Раҳмонову Озодаву Рустам ягон ҳарфе барои ин раиси ноҳия мегуянд?

Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Номае дорем аз нохияи Рудакӣ. Ин номаи мо нисбати раиси нохияи Рудакӣ аст. Тақрибан 7 ё 8 моҳ пеш раиси ноҳияи Рудакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор як корманди фарҳанги ноҳияро, ки мард мебошад дастдарозӣ мекунад. Баъди ин кор прокурори ноҳия Давлат Ҳусейн хабардор шуда он нафарро ба экспертизаи давлатӣ бурда аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. Дар ҳақиқат маълум мешавад, ки …..ва боз ….дастдарозӣ кардааст. Аз ин кор раиси ноҳия хабардор шуда бо прокурори ноҳия Давлат Ҳусейн сагу пишак шуда баъди чанде Давлат Ҳусейнро дар пеши Прокурори генералии собиқ сиёҳ мекунад ва ӯро аз вазифа мегиранд. Чунки Ҳикматулло Абдуғаффорзода, пеш аз таъин шуданаш ба раисии ноҳия ҷонишини аввали Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ ва шиноси вай буд.

Ба ғайр аз ин ҷинояти мудҳиши раиси ноҳия Давлат Ҳусейн чандин амалҳои қаллобонаи раиси ноҳияро ошкор карда буд ва корбарӣ карда истода буд. Барои мисол ошкор карда буд, ки маблағҳои фонди ободонии ноҳия ғайриқонунӣ тасарруф шудаанд. Тамоми он сохтмонҳо ва таъмири биноҳои дар ноҳияшударо соҳибкорон мекарданд, аммо раиси ноҳия бо ҷиянаш директори ОКС смета карда аз маблағи фонди ободонии ноҳия масраф шуд гуфта пулҳоро аз банк снимат  мекарданд. Чанд вақт пас аз ин амалҳои қаллобонаи раиси ноҳия Палатаи ҳисоб хабардор шуда омада ин амалҳои қаллобонаи раиси ноҳияро меқапад. Аммо Ҳикматуллозода Абдуғаффор ба ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмонов дар масоили кадрҳо Асадулло Раҳмони бо тахаллуси Сумбулоғо машҳур 1 квартира дар пеши стадиони Спартаки шаҳри Душанбе пора дода кори худро ҳал мекунад.

Вале боз баъди чанд муддат Агентии зиддикоррупсия дар мавриди легализатсия –қонунигардонии молу мулк як ҳолати ғайриқонуни як корхонаи саноатиро меқапад.

Ҳикматуллозода Абдуғаффор, раиси ноҳия ин иншоотро бо ҷиянаш мудири Идораи сохтмон гирифтанӣ мешавад. Агентии зидди коррупция ҳама асноди легализатсияро бардошта месанҷад, ки қариб 70% он ғайриқонунианд. Ҳикматуллозода вақте мефаҳмад, ки сирри ҷинояташ ошкор мешавад, юристи ҳукумати ноҳияро мегурезонад ва ҳамаро ба сари юрист бор мекунад. Раис ба юрист ваъда медиҳад, ки «то корҳо тинҷ шудан гурезаду панаҳ шавад» ва вай оилаашро нигоҳубин мекунад. Магар руйпуш кардани ҷиноят ва пинҳон кардани ҷинояткор ин ҷиноят нест?

Бародар Муҳаммадиқбол, ин ҳама маълумот як  порае аз ҷиноятҳои Ҳикматуллозода Абдуғаффор аст, ки худаш, чуноне медонем дар гузашта муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон буд.

Ps: Аз нависандаи нома савол кардам ҳама ончи навиштаи дурустанд ва туҳмат нест дар ин нома? Посухаш чунин буд ҳеҷ туҳмате нест марҳамат омада санҷанд не, алакай ончи гуфтам санҷида шудааст вале танҳо онро ошкор кунанд тамом ончи навиштам мебарояд.

Қабодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман шаҳрванди Тоҷикистон, аз деҳаи Навободи Қабоиён мебошам. Ман дар бораи дуздҳои идораи ҷамоат гап мезанам. Номи ин раиси ҷамоати мо тавассути барномаҳои шумо дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму машҳур шудааст. Раиси ҷамоати мо Валид Нодиров аст. Ин раиси ҷамоат тавассути Қаҳҳоро Мирзо бо документҳои фалшивий тамоми чарогоҳҳои Қабодиёнро фурухта истодааст. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла прокурори ноҳия тамоман намесанҷад, гуё намебинад. Чаро? Барои онки ҳамаашон порахуранд. Валид Нодиров ягон донишгоҳро нахондааст, дар ҳоле, ки шахси маълумоти олӣ надошта наметавонад раиси ҷамоат бишавад. Бахудо омада ӯро имтиҳон гиранд, ҳатто номи худашро бехато навишта наметавонад Валид. Падари раиси ҷамоат қариб 30 гектар замини обиро ҳуҷҷат карду фурӯхт ба одамҳо. Ин корро вай бо ҳамроҳии Тоҷиддин, заминсози Қабодиён кард. Тоҷиддинро як бор коррупсия қапид, аз кор холӣ карданд, аммо ҳоло боз дар ҳамон вазифа кор мекунад.

Ман ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда гуфтаниам, ки чораи инҳоро бинад. Чунки падараш натавонист. Наход дар таги линияи високоволт барои хона ва участкаи наздиҳавлигӣ замин тақсим кунад?

Агар бовар накунед, биёед бисанҷед. Ба худо ягон калимаи навиштаи ман дуруғ нест. Даҳ сотих замини чарогоҳро даҳ ҳазор доллар мефурӯшанд. Боз ин як заминро ба чанд нафар санад мекунанд. Коррупсияи Қабодиён шумо куҷоро нигоҳ мекунед? Намебинед ин корҳоро? Шумо ҳам қуш ҳастед дар ин заминфурӯшиҳо.

Охир ин давлат соҳиб дорад ё не? Мақомоти ин давлат амнияту милисаву прокурор чи кор мекунед шумо? Биёед проверка кунед. Ё ҳамаатон бо пул харидаву фурӯхта шудаед?

Айнӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Кум ҳастам. Мехостам ба шумо як нома фиристам! Якуним сол пеш дар деҳаи мо як ширкате бо номи «Амир сохтмон» омад. Вай аз номи ширкати «Фароз», ки ба ҳама маълум аст, ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, гап зада мардумро тарсонида биное дар ҷангали деҳа бунёд кард. Аз руи кору рафтораш бармеояд, ки деҳаи моро  аз худ карданӣ аст. Деҳаи Кум хело табиати зебое дорад, ҳайвонҳои нодир низ бисёр дорад. Дар давоми якуним сол онҳо хело ҳайвонҳои нодирро шикор  карданд. Ва боз мехоҳанд ин куҳҳоро аз худ кунанд.

Мардуми вақте ки огаҳ  шуд, ки ин ширкат ғайриқонунӣ аст дигар онҳоро ба деҳа роҳ надод. Ва мо мехоҳем то ки ин ширкат зудтар бинои сохтаашро вайрон намуда ҷангалро ба ҳолати аввалаш баргардонад! Мо ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат кардем. Ба Прокуратураи вилояти Суғд нома навиштем. Прокурор қарор қабул кард, то бино ба ҳолати аввала баргардонада шавад ва ба истифодабарандагони пешина супорида шавад. Аммо аз сабабе, ки ин ширкат хело пулдор мебошад, ба ҳамаи  мансабдорон пул дода даҳонашонро баста аст. Махсусан ба раиси собиқи ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, ки раиси ноҳияи Зафаробод таъин шудааст. Ин ширкатро намедонам, кӣ идора мекунад, вале тамоми мақомотро харидаанд. Касе ба инҳо чизе гуфта наметавонад. Ба мардум гуфтааст: «инашро чапа накарда ба болотараш  боз месозам, шумо ҳиҷчи аз дастатон намеояд, мо дар ҳама Тоҷикистон гапзанем ва ҳама аз мост ». Халқи деҳа аз пушти инҳо якуним сол аст овора ва сарсон мебошанд. Хоҳиш мекунам ин номаи маро ҳарчи зудтар дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашру пахш кунед! Хело зарур мебошад. Худованд ёру мададгоратон бошад. Омин!

Воронеж

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар Русия ҳастам ва як ҳикоятеро аз саргузашти худам қисса мекунам. Ду сол пеш буд, ки рафтам ба Тоҷикистон, ба зодгоҳам. Чанд рӯз онҷо мондам ва баъд Хуҷанд омадам барои тамошо. Онҷо аз қишлоқамон як нафар зиндагӣ мекард. Моро бегоҳӣ хонааш даъват кард. Рафтем. Телевизионро рушан кард, ки ҳамин ҳароми Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда истодааст. Ман гуфтам илтимос переключат кун ба ягон канали дигар. Хона пури одам. Як хелашро мешиносам як хелашро намешиносам. Баъд соҳиби хона ҳеҳе хандиду «гапои соз гуфтестай ку гуфт».  Яъне ҳамқишлоқиамон, хешу таборамон.

«Э, мардак илтимос ҳаминро переключат кун як канали дигар. Ман ҳамира мебинум сарум вайрон мешад, сарма дард мегирад гуфтам. Аз гапои дурруғи ҳамин ҳароми сер нашудай гуфтам. Ин гуфту он гуфту каналро иваз накард. Хестам аз ҷоям. Аз бари боло шиштагӣ будам.

А, бача куҷо, куҷо?-гуфт соҳиби хона.

Гуфтам як берун бароям, як нос букашам. Баромадам дигар надаромадам. Бачаашро роҳӣ кард, нарафтам дар даруни мошин шиштам. Боз бачаи дигариашро роҳӣ кард. Ман гуфтам сарам дард карда истодааст, наметавонам, намеравам. Инҷо ман камтар дароз мекашам.

Баъд худаш омад: Э, биё брем у хонада дроз бкаш.

Ман гуфтам, э, биё ғамум нате.

Гуфт, э уҷа баратда шиштагӣ, (у ленинободӣ будааст, ҳамон каси дар барам шиштагӣ) медонӣ у кияй, чи кораҳай?

Ман гуфтам, ман чи медонам ӯ чи кораҳай, чи кор дорам, ӯ кӣ аст? Касе ҳаст нест, одам аст, инсон аст.

Гуфт, ки вай ҷонишини прокурор аст, ҳаминҷа. О, дар пеши ӯ ин хелӣ гапо мегуӣ?

Ман гуфтам ман дар любоҷо мегуям, ба ман фарқ надорад. Одам одам одам аст. Ҳайвона ҳайвон мегуянд, одама одам.

Боз гуфт, ки э, кори хуб накардӣ, дар пеши ӯ гуфтӣ. Ҳоле ӯ чи фикр мекунад?

Гуфтам ҳоле нигоҳ кун ҳамааш маълум мешавад. Ҳаму ақл дораду шумо не. Ҳамон одамҳое, ки шумо -шиносҳову хешу табор ақл надоред вале вай  ақл дорад. Ҳоле маълум мешава, ту ай тани ман натарс, ҳиҷчи гап не, ту ай тани ман соф натарс.

Ҳамин қадар кард, ман дигар хонааш нарафтам.

Ягон соат пас ҳамакаса хестанд. Ман аз даруни мошин берунро нигоҳ дорам. Мошин тонировка, маро намебинанд. Нигоҳ кардам ҳамон одам пурсида истодааст, ки э, у меҳмон куҷо шуд. Соҳибхона гуфт, ки «да ҳамун даруни мошин ховуш бурдай чи»?

Пешам омад, дарро ҳуй кардам.

Гуфт, а бача намебуроӣ намехезӣ, меҳмоно ҳама хестанд.

Баъд баромадам. Он одам баҳона карда баҳона карда пеши ман омад ва гуфт:

«Ака чи кор кардӣ, яке хестӣ? Чи кор кардӣ, надаромадӣ?

Гуфтам «мара сарма дард гирифт».

Баъд ҳамон одам худаш гап баровард. Гуфт «чи и калона уқа чи нестӣ, балелчикуш нестӣ»?

Э, гуфтум дафъ шавад, балелчики чи мешай, одами баақл ида балелшик мешавад? Гуфт «хай чи хел кунем да ҳами хелӣ ғалтидагием». Ва хеле бо ман гап зад. Маълум шуд, ки Раҳмоновро муовини прокуррор аз хуг ҳам зиёдтар бад медидаст.

Баъд ҳамон соҳиби хонаро гуфтам дидӣ? Гуфтамат, ки ҳоле маълум мешавад, ки ин одам чи хел ҳаст, чи хел нест. Ана худаш омад пеши ман ва худаш гап кушоду ҳама гапро гуфт. Вале шумо дар тайи пои ҳамон омухта шудагиед, хушомад гуфтану Пешво гуфтанро омухта шудаед, бисмилоҳатон ҳамон шудагӣ аст. Одамони баақл ӯра нағз намебинад, тамошо намекунанд.

Дигар хап кард. Ва гуфт, ки э, хайр биё брем хоб кунем.

Ман гуфтам намедароям дигар хонаи ту. Меравам дар гостнитса хоб мекунам. Дигар он қадар гуфт, вале гуфтам не ҷура, таваккалат ба Худо.

Бародараш аз Кулоб ҳамроҳам омада буд. Гуфтам бародарат равад, лекин ман намеравам, настроениямро вайрон кардӣ. Қадри меҳмон аз падар боло аст, барои мо мардум.«Се бор гуфтумат, ки ҳамон телевизора переключат кун накардӣ, барои як ҳароми Эмомалӣ Раҳмонов шуда, ура ай мо боло донистӣ, намедаром хонат, мошинда даже хов мекунум, биё ғамум нате намедаром»

Ана ҳамин буд бародар Муҳаммадиқбол ин ҳикоят.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Кулобам. Дар яке аз шаҳрҳои Русия ҳастам. Бо фарзандонам зиндагӣ мекунам. Ман чандин бор дар «Минбари муҳоҷир» баромада гап задагиам. Ман аз ин ҳукумати номарди Раҳмоноов тамоман наметарсам. Ҷони ман дар дасти Раҳмонови золим нест, дар дасти парвардигор аст. Ин қадар ва ин ҳама солҳо болои мардум зулм оварданд, боз аз чи битарсем. Ҳамин як ҷони ман ба Раҳмонов даркор бошад, таваккалаш ба Худо,  бигираду биравад. Ғарибу мусофиру муҳоҷирем, ҳиҷчи надорем, ки бигуям хайр ин чизҳоямонро мегираду диламон месузад.

Чанд рӯзи пеш, рӯзҳои иди моҳи шарифи Рамазон падари як ошнои бародарам, одами камбағал буд, кам-кам дуд мезадааст, дар роҳ рафта истода будааст, ки меқапанду рост Қурғонтеппа мебаранд.Дар Қурғонтеппа мегуянд, ки кадом кореро ба калла бигир. Мегуяд, ки ман ба кала намегирам, заствиташ мекунанд, вале ба кала намегирад. Баъд ӯро дар ток-қувваи барқ мемонанд, дилаш мекафаду мемурад. Соли таваллуди ин одам 1965 ва номаш Сафар мебошад, аз кучаи Первомайи Кулоб. Бачааш Ҳамроз ном дорад. Хуллас, аз онҷо мурдаашро овардаанд. Бачааш дар Москва буд, меояд. Вақте баччаш меояд дар ҷебаки вай 5 ҳазору 10 ҳазор сомонӣ гузошта инаш аз номи Шоҳрух, инаш аз номи Аламшозода, инаш аз номи Раҳимзода ва аз номи дигару дигар мегуянд, то бачча ором шаваду арзу дод накунад. Аммо гуфтанд, ки ин бачча пурсуҷу ва кофтуков дорад. Гуфтааст ман ихелӣ намемонам. Падари ман одами солим буд. Баччаш худаш тафтишот бард истодааст. Боз шунавидам, ки кадоме аз Кулоб угрожаташ кардааст. Аммо бачча гуфтааст, ки ман аз ҳеҷ кас наметарсам, ман ва падари ман ягон коре накардаем, ки гунаҳкор бошем. Ман бояд ҳақиқатро маълум намоям гуфтааст, он бачча.

Бародар Муҳаммадиқбол ин хабарро ба ман расонида гуфтанд, ки ба шумо бирасонам то расонаӣ кунед, то мардум бифаҳманд, ки дар Кулоб чи рафта истодааст.

Вале худи ман ва ҳазорон зани тоҷик дар ин мулки ғарибӣ ба ҷон расидаем, аз дурии ватану наздикон безор шудагием.

Як ҷавонзани шиносам як нақли ҷолиб кард, ки хостам онро ҳам ба шумо бирасонам. Вай гуфт, ки дар кадоме аз баромадҳои шумо ё дар «Ноаҳо…» ё дар «Семейканюс» дар бораи прокурори нақлиёт Юсуфов Музаффар шунавидааст. Ин хонум гуфт, ки ӯро мешинохтааст. Вай аз Масковсий будааст, аз тарафи Киров. Дар хонавода яккаписар ва шаш-ҳафт апаву хоҳар доштааст. Санкт-Петербургро хонда будааст. Ин хонум нақл мекунад, ки солҳои 2012, ки зани ҷавон ва соҳиби ду кудак будааст, боре бо ёрдами як шиносаш бо ҳамин Музаффар Юсуфов, ки дар Душанбе кор мекардааст, рубару мешавад. Ин зан аз он шиносаш мехоҳад, ки Юсуфов Музаффар барои раҳоии шавҳараш аз тюрма кумак кунад. Хуллас, Музаффар Юсуфов мегуяд, ки ба наздаш биояд. Ин зан меравад. Музаффар Юсуфов занро мебинаду мегуяд биё бо ман гостнитса меравӣ, тамом корҳоят ҳал мешавад ва он қадар кори мушкил нест дар пешаш. Аммо ин зан, ки ду кудак доштааст, дар ҳолат шок меафтад. Вай ба прокурор мегуяд, ки ба ин ният пеши шумо наомадам. Ман шавҳари ҳалол дорам, ман мусулмонам. Ва аз пешаш мехезаду меравад. Мегуяд, ки бигзор шавҳараш            « анде шинаву ин кори ҳаром даркор нестай ва намекунам ин корро».

Бовар кунед, бародар, инҳо ҳамаашон ҳамин хеланд, ҳатто аз ҳолати бади мардум истифода мекунанд. Он зани бечора бо чи умед ва дар чи ҳолате аз он прокурор ёрӣ мехоҳаду вай аз ин зан чи талаб мекунад?

Ваҳдат

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз шаҳри Ваҳдат ҳастам. Ман мехоҳам, ки чанд хитобаеро ба миллат ва ҳукуматдорон ба воситаи шумо бирасонам ва хоҳиш дорам, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» хонед.

Аввалин хитоб ба шумо бародари азиз! Биёед дар барномаи «Минбари муҳоҷир» дар бораи ранги парчами инқилоб, ки чи хел бошад, масъалагузорӣ кунед. Мисол ман пешниҳод мекунам ранги он сабз бошад ва бо чанд забон ин ибора нависта шавад: «Озодӣ аз диктатура» ва низ дар шиорҳои дасти мардум ибораҳои «истеъфо», «озодӣ», «нест бод диктатор» сабт шаванд. Ва, ин байрақро бояд шумо нишон диҳед, то бубинем, ки кӣ ба инқилоб содиқ аст.

Бояд як кумитаи инқилобӣ созед ва ҳамакаса  аз паси кор, яъне инқилоб шавем. Ва бубинем, ки кӣ содиқ аст кӣ не ва шумо, ки аз ҳама хабарҳои дохилу хориҷ огоҳ ҳастед аз натиҷаи корҳо мардумро огоҳ кунед. Ва новобаста ба тааллуқоти динӣ, миллату қавм дар зери ин байрақ ҷамъ оем ва муттаҳид шавем. Ва шумо танҳо дар ин роҳ кор кунед ва дигар барномаҳоро ба шахсони содиқатон супоред. Дар кумита шахсоне бошад санҷидашуда ва мавриди боварӣ ва шуҷоъ бошанд. Ва роҳҳои инқилобро фикр карда ба мардум бифаҳмонем. Ва бо тамоми шахсони дохилу хориҷи кишвар дар алоқа бошед, махсусан бо қувваҳои қудратӣ, ки онҳо ҳам фарзандони ин миллат ҳастанд. Бояд дар вақти инқилоб ҳамеш дар алоқа бошед бо мардум. Махсусан бо журналистони хориҷӣ, ки ин кумитаро бо байрақаш шиносанд, чунки ин хело муҳим аст, ки ҷаҳон шиносад то дар вақти инқилоб Раҳмонов натавонад моро ҳамчун террорист нишон диҳад. Чи хеле дар Сурия шуд ва инқилобиҳо муваффақ шуданд.

Ва кушиш кунед дар телевизионҳои ғарбу шарқ баромад кунед, ки ба ҳама шинос бошед.

Хитоби дуюм ба генералҳои Раҳмонов. Ба шумо гуфтаниам, ки аз он рӯзе тарсед, ки ҷазои Аллоҳ бар саратон ояд ва як порча замин наёбед барои пинҳон шудан. Дар зери поятон замин дар гирад. Агар шумо миллатдӯстдор ва ватандӯст ҳастед коре кунед, ки ин золимонро бардоред, то ки хуни мардуми бегуноҳ нарезад. В-агар на агар инқилоб бо ширкати мардум шавад, хуни мардуми бегуноҳ резад ҳамаатон дар ин гунаҳгор ҳастед ва ҷавоб хоҳед дод. Дар ин бора сахт фикр кунед, Сурия намунаи ибрат аст. Дидед ҷасади палиди Ҳофиз Асадро оташ заданд, чанд генералҳои Башор Асадро зиндонӣ карданд. Бидонед, ки ин мардуми зулмкашида ҳатто ҷасадатонро дар хоки поки Ватан гуронидан намемонанд.

Шумоҳо шаҳидонро бе ҷаноза мегуронед, битарсед, ки ҷасадҳои шуморо мисли ҳиндуҳо ба оташ месупоранд.

Хитоби сеюм ба Кабирӣ

Ҳайфаст, ки шумо натавонистед ва ин ҳизби ин қадар бо қуввату машҳурро ба ин ҳолат овардед. Боз ҳам сабр мегуед? На, ин сабр нест, ин буздилӣ аст. Агар шуҷоат надоред, роҳбариро ба уҳда нагиред. Мо тарафдорони шумо менигарем ва фикр бар сарамон меояд, ки шумо як ҳизбро натавонистед роҳбарӣ карда фардо чи хел давлатро роҳбарӣ мекунед. Мард шавед, аз уҳдааш набаромадед, супоред роҳбариро. Бигзор дигар кас ояд ва ё обӣ кунад ё лалмӣ. Ёки маҳкам кунед ин ҳизби ноуҳдабароро, то ки мо ҷавонон мунтазири шумо нашуда аз паи дигар шавем. Агар шумо шуҷоат медоштед дар дохил аз ҳақи худ ҳимоя мекардед. Шахсан дидам, ки дар шаҳри Ваҳдат Ҳизби наҳзат 100% овоз гирифта буд ва қутиҳоро бурданду кушода ҳамаашро баракс карда оварданд. Ва шумо аз тарафи худатон ҳимоя накардед. Ба руи ин мардум туф кардед. Агар як митинги сулҳомез мекардед, ҳукумат ҳам шумо ва ҳам мардумро ба ин ҳолат намеовард. Шумо фақат задний ход задед ва миллатро ба ин рӯз овардед. Бинед обруи шумо мисли ҳоҷӣ Мирзо шудааст. Вай ҳам баромад мекунад, вале ҳеҷ кас гуш намекунад. Шумо ҳам ҳамин тавр шудаед.

Бародар гуфтаниҳои бисёр дорам, аммо афсус дар барномаи «Минбари муҳоҷир» мустақим наметавонам гап занам. Ё ки интенрнет суст аст, ё ки ВПН хато аст.

Ва дар охир гуфтаниам, ки баъд аз муайян кардани парчами инқилоб ва қабул шудани он касе баромад мекунад, бигзор ин Парчамро дар паси худ барафрозад ва реклама кунад.

Ва ҳамагон баромад ва барномаҳои худро бо нишон додани ин парчам сар кунанд.

Бо эҳтироми зиёд, бародари муборизи ваҳдатӣ!

Конибодом

Салом ва дуруд бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мо ба шумо аз дарду тарсу ваҳшати муаллимаҳою медсестраҳои деҳаи Ҷаҳонзеби Конибодом менависем.

Мо муаллимаҳою медсестраҳои Ҷаҳонзеби Конибодом дар бораи як шахси беимони бадкирдор менависем. Номи ин шахс Рустами кал мебошад. Ин Рустами кал вақте дар мактаб кор мекард, мактабро оташ мезанад ва ба мақомот пул дода озод мешавад.

Ин одам муаллимаҳою медсестраҳоро ба дод оварда аст. Ҳама ба дод омадааст. Метарсанд. Мо занҳо метарсем аз вай.

Мақомот нисбати ин даррандасифат ягон чора бубинад охир. Вай дари болнитсаро мезанаду мешиканад мактаби замонавиро оташ зад.

Охир, ин сарвайрон ин қадар зӯр бошад бо мардҳо разбор кунад.

Илтимос бародар Муҳаммадиқбол ба доди мо расед. Агар шумо ба додамон нарасед касе ба додамон намерасад.

Ба умеди ягон чора аз ҷониби мақомот ҳастем. Вагарна мо намедонем чи бадбахти моро дар оянда интизор аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №235 появились сначала на ISLOH.net.

ҲНИТ моли як кас нест, ки бихоҳад абаддудаҳр биистад. ҲНИТ мактаби пуё ва дар ҳоли таҳаррук аст
Устод Нурӣ: «ман раиси он мешавам, чун обруи ман барои ҲНИТ обру меорад, «престиж» гуфта буд»

Баъд аз интишори барномаи «Минбари муҳоҷир» -и № 328, ки таҳти унвони «Тағйирот ва ислоҳоте, ки дар РО ҲНИТ интизор доштем чи натиҷа дод?» (РО-Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон) дар рӯзи 12 март пахш гардид, он қадар паёму гапу ҳарфе гирифтаму шунидам, ки то бас гуфтан. Дӯстону нодустон бародарону хоҳарон, ҳаводорону мухлисон тарафдорону муқобилон, хулса, зиёд гуфтанд. Бармеояд, ки барзеҳо фаҳмидаанд, ки манзури мо чӣ аст, бархеҳо нафаҳмидаанд, ки мурод аз ин суҳбатҳо чи буд. Ва, дигар ногузир шудам, ки муҳтавову моҳияти суҳбатҳои он барномаро дар як навишта пешкаш кунам. Мақомот ва фермаи ҷавоб пас аз он барнома,ки дар он раъйпурсӣ доир намудему 80% омода ба ворид шудан ё аъзои ҲНИТ шуданро хостанд аз 1266 иштирок кунанда. Хобу хури режимро аз байн бурд ва ба сатҳи ҷунун оварда расонид, ки ҳоло ҳам ин мардум мехоҳанд ба сафи ҲНИТ шомил шаванд. Охир ин ҳама зиндонкуниҳо ва туҳматҳои 15 сола бар алайҳи ҲНИТи мо куҷо шуд?

Ростӣ, барои имрӯз, ки зодрӯзи устоди равоншод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва аз поягузорони ҳаракатҳои сиёсии динӣ дар қаламрави шуравии пешин мебошад матлаби дигареро дар назар доштам. Аммо, шароити феълии ҲНИТ, фазои ҳоким ва муҳити маъаласаф носозгору ғайрикории даруни он ки дар «Минбари муҳоҷир» ҳам тазаккур додам, боис шуд, ки онро барои баъдтар бимонем, масалан ба рӯзи ташкилёбии ҲНИТ, ки чизе бештар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст. Равони устод шоду гиромӣ бод, ки барои ин ҳизб хеле зиёд ҷоннисориҳову ҷонсупориҳо кардааст. Вале, бо камоли таассуф, имрӯз, дар мактаб ва манзили бинокардааш шогирдону пайравонаш ҳолу ҳавои хуш надоранд. Ин ҳизб фарзанди устод буд, мисли қорӣ Муҳаммадҷон дӯсташ медошт…. Чун барои ин ҳизб зиндонӣ шуд, ҳиҷрат кард ва ҳама мусибатҳоро мутаҳамаил шуду ин ҳизбро мисли гавҳараки чашмаш маҳфӯз нигоҳ дошту бо иззати тамом ба ватан баргардониду дуюмбора дар қаламрави кишвар ҳизби расмияш кард. Ин кори саҳлу содае набуд.

Хуб, ҳоло биёем сари асли матлаб

Ман ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ гоҳ намехоҳам,ки ҲНИТ ба як корпус ва рамақи беҷон мубаддал шавад. Ин ташаккул, ки дар хонаводаи мо руи олам омадааст, мароҳили ҳавлноку ҳайратангезеро пушти сар кардааст. Ман намехоҳам, ки ин ҳизби бузурги динӣ-сиёсӣ ба хотири хостаҳо ва амбитсияҳои як кас поён биёбад. Ин шахс, хоҳ ман бошам, хоҳ Бадриддин бошад, хоҳ Фатҳиддин бошад, хоҳ Шамсиддин бошад, хоҳ Муҳиддин бошад, хоҳ Муҳаммадҷон бошад, муҳим нест. Хостаҳо ва амбитсияҳояш пеши худаш бояд бошад. Чунки ин моликияти хусусӣ, ЗАО-ҶДММ нест. Агарки ҳам буд, барои ҳамон муассисони аслӣ ва воқеиаш буд. Аммо имрӯз он моликияти ҷамъиятӣ аст ва барои шахсе, ки масъулияти раҳбарӣ ва мудириятро барои вақфа ва муҳлати муайян ва таъйиншуда бар уҳда дорад, муваққат аст ва ҷойи ҳама тасмим гирифта наметавонад. Ман мехоҳам пешгоҳи Худо, виҷдон, равони падари бузургворам ва устоди шаҳид-бунёдгузорони ҲНИТ ва садҳову ҳазорҳо шаҳид ва қурбониёни ин ҳаракати муқтадири сиёсии динӣ азоб накашам, руҳу равонам осуда бошад. Чун на фақат паёмҳои катбӣ, зангҳои телефонӣ ҳам зиёд шуданд, бардоштҳои гуногун, занну гумонҳо, ҳаводориҳову тарафдориҳо ва баракс,-«иғвову фитна наандоз, домулло чи мехоҳӣ» ва аз ин қабил гапу ҳарфҳо, бароям расиданд ва чорае ба ҷуз арз доштани ақида ва мавқеъам боқӣ нагузоштанд.

Ман, инро на як бору ду бор гуфтам ва инҷо бори дигар бо сароҳат ба ҳама эълон медорам, ки бо устод Муҳиддин Кабирӣ, шахсияти вай сари сузан, баробари донаи арзан мушкил надорам. Бародар аст, донишманд аст, муҳтарам аст, олим аст, сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ аст. Дар канори як чунин шахсият, душодуши як чунин сиёсатмадор будан мояи ифтихор аст. Аммо бо тамоми эҳтироме, ки дорем аз ҳақиқат сарфи назар набояд кард, чун ресурҳои як инсон адошаванда аст. Ва, як инсон болои як курсӣ бист сол биистад, он курсӣ дигар на минбари кор, бистари нарм мешавад. Худи шахсият дилгир ва хастакунанда мешавад. Намехоҳам ки раиси ҲНИТ-и мо чунин нафар бошад. Раис метавонад дар ҳар куҷое аз ҲНИТ мақоми болотарро касб карда бошад. Чун кордону коркушта, обдида аст машварату маслиҳатҳои беҳтаринро метавонад бидиҳад. Аммо 20 сол будан дар сари як ташкилот «зебанда»-и як ҳизб нест. Албатта, ин фикру ақидаи шахсии ман аст ва ман ҳақ дорам, ки баён созам. Аммо, худову ростӣ, ин танҳо фикру ақида ва назари ман нест. Хелеҳо ҳастанд. Аммо сахт мулоҳиза мекунанд. Хуб, бигзор.

Вале ин «хелеҳо» ҳам, ки дар ҳақиқат аксариятанд, бигзор, биҳисобед, ки касе нестанд, ки таъйин кунанд. Таъйинкунанда, танзимкунанда ниҳодҳои расмии ҳизбанд.

Хостаи ман ва хостаи «хелеҳо» ҳамин аст, ки ниҳодҳои ҳизб, аз ячейкаи аввалия то Раёсати Олӣ фаъолияти ошкор, боитминон ва ботавозун ва мустақилу мухтор ва дар чаҳорчуби қавонини шаръӣ ва дунявӣ, тибқи оиннома ташкил карда шаванд ва амал бикунанд. На бар вифқи муроду мақсади як нафар сохта шаванду сипас табдил ба санги сари роҳ бишаванд.

Раёсати Олии ҳизб, ки барои он салоҳиятҳои зиёд дода шудааст, бар ин тариқа, ки ташкил шуд, моро қаноат дода наметавонад. Бахусус, ки вақте фақат ва фақат узви Раёсати Олии ҳизб ҳақ дошта бошад, ки номзад ба мақоми раисӣ, яъне раис бишавад. Дар чунин ҳолат ин Раёсат бояд аз тамоми гурӯҳҳо ва шахсиятҳои дохилиҳизбӣ ташкил бишавад, на танҳо аз афроде, ки мисли вакилони Маҷлиси намояндагон, ки раиси муҳтарам таҷрибаи кори онҷоро ҳосил кардааст, фақат тукма пахш кунанд ва воқеияти мавҷударо ба эътибор нагиранд.Воқеияти мавҷуда ин аст ки ҲНИТ беш аз пеш ба партгоҳи амиқ сарозер шуда истодааст. Ин аз сиёсати сабри роҳбар аст ки дар натиҷаи он Наҳзати исломии Тоҷикистон дар давоми 20 соли ахир, баъди реҳлати муассиси он зинабазина, марҳалабамарҳала, қадамбақадам ба ҳошия ва гуша ронда шуд, ки оқибат то ба инҷоҳо овардамон. Мардум то онҷо ки аз дасташ меомад, пушти моро пур кард, муттакоямон шуд, дастгириамон кард. Интихоботҳои парлумонӣ шаҳодати ин гуфта аст. Аммо роҳбарияти ҲНИТ чи кор кард? Тавонист мардумро, ҳадди ақал аъзову тарафдоронашро ҳифозат кунад? Бояд ошкоро ва сахту тунд ҳам бошад бигуем, ки натавонист. Ин сиёсати сабр буд, ки моро аз Ватан ба Аврупо овард ва дар идома номаълум аст ки аз Аврупо ба куҷо мебурда бошад?

Акнун, ки ман ва «хелеҳо» ҳамчунин дидгоҳу мавқеъ дорем ва барои онки ин назар ва ақидаи мо маҳор бишавад, барои онки мутафарриқу муталошӣ нашавем, барои онки мунсаҷим ва муттаҳид боқӣ бимонем, бояд аз тасмимоти шитобзада, саросемавор ва то ба охир нопухта даст бардорем ва ҳама кори ташкиливу идорӣ бояд шаффоф сурат бигирад. Мо, то мушкили дохилиамон ҳал нашавад, на оппозитсияем на дар фикри миллатем. Мо фазосоз, мо фитнагар мо ғайбатчӣ нестем. Агар ғайбатчӣ ва ғоибгу будам, на дар барнома ва на дар инҷо суҳбати ошкоро мекардам.

Раёсати олии ҳизб бояд нав бишавад. Афроди нав ба узвияти он қабул бишаванд. Ба ихтиёри  Раёсати олии ҳизб вогузории интихоби номзад дуруст аст. Бигзор Раёсати олӣ номзад ё номзадҳоро барои раисӣ баргузинад, аммо ин шарт, ки танҳо узви Раёсати олӣ битавонад раиси ҲНИТ бишавад, бояд лағв шавад.

Нигаред ба ин банди низомнома:

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аъзои ҲНИТ

Узви ҲНИТ дорои ҳуқуқ ва салоҳиятҳои зерин мебошад:

﻿﻿Озодона узви ҳизб шавад ва аз узвияти ҳизб даст кашад;

﻿﻿Дар интихоби мақомоти рохбарикунандаи ҳизб иштирок намояд ва ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб интихоб шавад;

Охир ин банд дар худи низомномаи ҷадид омадааст.

Чаро мехоҳед ин уҳдадориҳои узви ҲНИТ-ро бо ин банд бекор кунед?

4. Раиси ХНИТ

4. 1. Раиси ҲНИТ барои як давраи 4-сола аз миёни аъзои РО интихоб карда мешавад ва салоҳиятҳои зеринро дорад:

Охир чаро «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аъзои ҲНИТ»-ро бо ин банди 4 мехоҳед лағв кунед?

Чунин меъёри булаҷаб ва чунин фикри бикрро на ҳар «фитнагар», на ҳар «иғвогар» ва на ҳар «ғайбатчӣ» метавонад дошта бошад. Ин аст хостаи дигари ман ва хелеҳои дигар аст. Дар чунин ҳолат мо шаффоф ва бидуни нақзи ҳуқуқ ва бо риояти тамоми меъёр кор хоҳем кард.

Раёсати олии лаббайкгу, Раёсати олии пур аз абдуҳалимғаффорҳо барои ҲНИТ даркор нест.

Ва хостаи дигари ман, ҳамчуноне гуфтам ин аст ки набояд аҷала бикунем.

Магар бо ин аҷалаву шитобзадагӣ кори ташкилии ҳизбро анҷом диҳем чи оидамон мешавад, чи бар кафамон меояд?

— Агар, бар фарзе то ним сол, то се моҳи дигар мавқуф бигзорем чи хоҳад шуд?

-Магар дар сангарҳои ҷиҳодӣ сарбозҳо бероҳбар мемонанд?

-Корхонаҳову тиҷоратҳои ҲНИТ аз кор меуфтанд?

-Ҳизб, ки чизе надорад! Ҳизб, ки аз мову мисли ман иборатанд, ки ҳар кадоме аробаи худашро худаш пеш мекашад.

-Пас, чаро бояд бишитобему бишитобонем.

Дар ҳақиқат аҷиб ва шакангез аст ки рӯзи 9 март ҷаласа доир намоиву бигуӣ, ки то рӯзи 16 номзадҳо ариза дода номнавис шаванд ва дар ҳамин моҳ раисро интихоб намоем. Ва раисро ҳам аз даруни на ҲНИТ, аз даруни Раёсати Олӣ. Чаро? Машруияи ин Раёсатро кӣ ва дар куҷо таъйид кардааст? Магар ман худам ба худам овоз диҳам, худам худамро таъйид кунам, ин мешавад легитимност?

Аз тарафи дигар магар мо куҷое сафаракием? Ҳатто агар сафаракием бояд бо таҳаммул ва бо тамкин кори раёсат ва раисро файсла кунем.

Чаро ин ҳама солҳо «сабр» аслу асоси сиёсатамон буд, ҳоло ин қадар шитобу шитобзадагӣ дорем?.

Ва, боз аз рӯзи 9 то 16, яъне дар муддати 7 рӯз номзад бояд барномаи номзадӣ пешниҳод кунад. Аҷаб! Барномаи номзади раиси ҲНИТ. Яъне чӣ?

Ин мазоҳу масхараву бозиҳо барои чӣ аст?

-Раисии ҲНИТ чи дорад?

-Буҷҷа дорад?

-Пул дорад?

-Чи дорад?

-Магар ҲНИТ даҳшатафкан эълон нашудааст?

-Магар ҲНИТ дар мулки ғарибӣ қарор надорад?

Чӣ дорад, ки ин қадар ҷазбу ҷалбу ширеш мекунад?

Барои онки дар оянда аз ин қабил ҳарфу сухан набошад ва аз он зиёд ҳам мешавад, боястӣ муҳлати интихоби раиси ҲНИТ мавқуф гузошта ва дар Раёсати олии он ҳадди ақал 50 % афроди нав ворид карда шавад. Вуруди аъзои нав бидуни таъсир бояд сурат бигирад. Ва дурусттарин ва муносибтарин ва мувофиқтарин шеваи кор ин аст ки раис довталабона истеъфо бидиҳад ва Раёсати нави ҳизб раиси навро интихоб кунад. Рафтани бообру худ як қаҳрамонӣ аст. Масалан Маҳкамов рафт, гапе нашуд. Раҳмонов намеравад ҳазоруяк гап аст. Набояд Раҳмонов шуд!  Ҳар дарозумри сиёсӣ нусхаи такрори Раҳмонов ва раҳмоновҳои дигар аст. Мо дида истодаем, ки дар ин чанд гоҳи ахир чи такудавҳо ва чи бозиҳо сурат гирифта истодааст. Мо, баъди ҳиҷрати дуввуми инак 10 сол  мешавад тирамоҳ, ки истодем, ҳеҷ чи нашуд, се ё чор моҳ ё ҳатто 6 моҳ биистем чи хоҳад шуд?

Агар мутмаинӣ, ки боз ҳам интихоб мешавӣ, ба худат бовар дорӣ, пас чаро аз ворид шудани наҳзатиҳои дигар ба Раёсат ҳарос дорӣ?

Зудтар анҷомаш диҳем, ки чи хоҳад шуд?

Магар мо то имрӯз чи корҳое пурманфиат кардем, ки барои чанд моҳи дигар дер мешуда бошад?

Чиро бой медиҳем бар фарзе агар яке ду бори дигар машварат бишавад?

Аз чи дер мекунем?

Чаро барои рафтани ду аъзои раёсат пробелма намешавад, барои ворид кардани афроди нав бояд  баъди интихоби раисро мунтазир бишавем?

Ба хотири чӣ?

Бовар кунед, ки инҷо мақсад дигар аст ва агар дар фикри мубориза ва оппозитсия будед инҷо дар Аврупо чи ғалате мекунем?

Агар курсии раисии як ҳизбро додан ин қадар душвор бошад, пас Раҳмонов курсии президентиро чаро диҳад? Раисии ҳизб ва курсии он ин қадар ширеш ва қандак дошта бошад чаро Раҳмонов курсиашро бидиҳад?

Талаби ин низомнома ва Қонуни Асосгузори сулҳу пешво аз ҳам чи фарқ дорад?

Куҷои ин низоми демократӣ аст агар шахс аъзои раёсат набошад ҳақ надорад, ки даъвои курсии раисӣ кунад? Ин не, он не,  мақсад ин аст ки бимонед ман боз раис биистам. Аҷаб…

Мақсади мо раисӣ нест. Мақсади мо аз ин мурдаоб, аз ин бефаъолиятӣ, аз ин карахтӣ, аз ин несту нобудшавӣ, аз ин парокандагӣ, ки таҳдидаш воқеӣ аст раҳо кардани ҳизб, аъзову тарафдорон ва мардуми Тоҷикистон аст. Кореро, ки давоми наздик ба бист соли раҳбарӣ дар ҲНИТ надидем. Куҷо будем, куҷо омадем. Дар Аврупо чи кор мекунем?

Мо ногузир ҳастем (аз ҷумла чандин нафар дар дохили ҳамин риёсат) Наҳзатисломӣ- ташаккули сиёсиамонро, ки барои рушду нуму ва такомули он аз ҷони падарону модарону худамон моя гузоштаем бигирем.

Мо фақат бойкот намекунем. На ба он маъно, ки меравем, ба он маъно, ки мебарем. Мо ҲНИТамонро мегирем. Ва бо ҳарки бо мо ҳаст, масирамонро идома медиҳем. Мо дар сангинтарин ҳолу рӯзҳо дар аврупо будем ва ҳастем, инҷо ҳам муваққат хоҳем буд. Ҷуз аз рафтан нақша ва нияти дигаре надорем. Барномаи кутоҳмуддат, баландмуддати мо бозгашт аст.

Раҳмонов давлатро, ватанро, ҳокимиятро, сиёсату иқтисоду молияву фарҳангро хусусӣ ва аз они худ кардааст. Мардум барои вай ифодаи ҳокимият нест, мардум барои вай муздур ва хидматгузор аст. Вай барои худаш қонун вазъ мекунад, масалан Қонуни Асосгузору пешво.

Ҳоло мо чӣ? Низомнома?

Пас раиси ҲНИТ мисли вай бишавад ва бошад?

Кӣ кафолат медиҳад, ки дар сари Кабирӣ ин фикр нест, ки пагоҳ ягон баччаашро меорад.

Мо, «ҳатман» мақсад надорем, ки гапамонро гузаронем вале агар илоҷ дигар намонед, мо роҳу усули худро пеш мегирем ва пеш мебарем ва он гоҳ  худобиёмурз … ва раҳматӣ … нестанд, ки дари хонаҳои мо оянд ва мо ҳам марҳум домулло Ҷалолиддини Маҳмуд ва домулло Сайидиброҳими Назар нестем. Албатта ин гап соҳибашро ёфт, ки чи маъно дорад.

Моҳи Рамазон моҳи тоату ибодату тавбаву надомату тазарруъ аст.

Дар ин моҳи муборак корбурди хидъа, тазвир ва найранги сиёсӣ гуноҳонро «яка ба сад» меафзояд. Моҳи сиёсат ва моҳи интихоби раис нест. Моҳи танаффур ва бозиҳои сиёсӣ нест, моҳе нест, ки «иша ба уш» ҷанг андохт. Моҳи парҳезу тақвову оштиву мурувват аст.

Айни Раҳмонов, ки кори ҳукумату кори ҳизбро қотӣпотӣ-, омехта алдараш кардааст, набояд кард.

Ҳизб ҳоло чи барнома дорад?

Дунболи ООН бидавад, феҳрист бисозад ва грант бигирад барои зиндониҳои сиёсӣ?

Ҳамин?  Ва, аз сад якашро надиҳад! Бидавад шинад кофе брейкҳо ва бо фалониҳо дидору мулоқот кунад ва аз вазъи ҳуқууқи башар ривояту ҳикоят кунад?

Ба назари мо ҳизб як барнома бояд дошта бошад. Баргашт ба ватан. Ин тавр набояд бошад, ки мо инҷо ҷойи роҳат, худамону баччаҳоямон, пособия гирему хурем, мошин гирему ронем, «ивару увар турист» шавем, аммо он нафарони дар ватан, он нафарони зиндонӣ масалан Маҳмададлӣ Ҳаит, Раҳматуллои Раҷаб, Саидумар Ҳусайнӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат ва садҳои дигар дар қайди азобу кулфат бошанд. Аммо инҷо бо хоҳар….бародар ….. аъзои риёсат шуда бишинед, даст болои даст.

Воқиан агар ба ҳамин минвол раёсат аст ва ҲНИТ аст бояд таклифатон рушан бишавад. Ин ҳизби мазҳабӣ- сиёсӣ аст.

Мо бояд ва кайҳо бисоти сабрро бармечидем. Савганд ба Аллоҳ сабри мо дар муқобили Раҳмонов ин ҷиноят ва нофармонӣ аз фармонҳои Илоҳӣ аст. Дигар ин сиёсати сабрро бо шата занед ва даст ба кор бояд шуд. Агар ҷуз сабр чизе дар бисотатон надоред роҳро барои бе саброн холӣ кунед, охир аз ҳамин ҳолати бадмури ва бе иззатӣ ва бе қадрии имрӯза ягон коре мекардагиянд. Мо, имруз, манзуруам 99%-и наҳзатиҳо ва тамоми мухолифини ин режим ҳамон пролетариати Ленинем, чизе ба ҷуз аз дасту бозу надорем. Дасту бозуи гиро, печон, неруманд, аммо дар банди сабр, дар қайду доми сабр рустмондаву функсияҳои худро гумкардаистодаем.

Аммо дасти он тараф беш аз пеш дарозтар шуда истодаст. Русия буд омад Туркия, Туркия буд омад Урупо, Урупо буд рафтан дорад Амрико ва худокунад нарасед ба Африқо.

Ҳоло маро кофта истодаанд, ки дар куҷоям дар Фароснса ё дар Англия ё дар Шветсария ва ё Канада. Кофта истодаанд, ки маҳор кунанд. Аммо хеле саргардонанд дар ин масала.

Муҳим ҳарокуҷое ҳастам масъулиятамро бо сари баланд дар назди Аллоҳ ва мардумам анҷом дода истодаам ва ҳама шоҳиди онанд. Чун имон дорам, қасд дорам, ҳадаф дорам ва дар масирам то онҷое метавонам равонам…

Ман блогер набудаму нестам. Қиёс бо оне дар барнома ошкоро гуфтану ташбеҳатон номардист. Ман агар тарафдорам зиёд шудааст, барои он аст ки наҳзатиам. Ва ман ин обруро мадюни Наҳзат медонам бар фарқи баъзеҳо. Хуб бидонед ин стримҳо ва барномаҳои онлайнӣ як василае ҳастанд вагарна маро дар пеши анбуҳи омма ва масоф хоҳед дид!

Бояд бо сароҳат эълон бидорам, ки ин ҳизб, ҳизби динӣ аст. Инро бояд бар мағзу ақлу шууру зеҳнамон ҷо бисозем. Аммо дин моли фақат он дунё нест. «Дину давлат ба ҳам андаранд» ва «роҳи ҷаннат аз дунё мегузарад».

Лидери ин ҳизб улгуи ҳамин ақида ва марҷаъ бояд бошад. Ҳиҷ ҷиҳодиву ҳиҷ размандае барои муи руғанмолида ва галстуки аҳмару аблақу азрақи ман ҷабҳа ва сангар намеравад. Ҷиҳодӣ барои оппозитсия ҷиҳод намекунад. Ҷиҳоди ҷиҳодро барои дину оинаш мекунад. ҲНИТ моли як кас нест, ки бихоҳад абаддудаҳр биистад. ҲНИТ мактаби пуё  ва дар ҳоли таҳаррук аст.

Равони он бузургвор, муассиси мактаби сиёсии исломӣ устоди зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ шод бод, ки ҳеҷ гоҳ худро бо «фаришта» қиёс накарда буд. Ҷелаку ришу дастор дошт. Вақте ҲНИТ аз ғурбат баргашту номнавис шуд, гуфт, ки ман раиси он мешавам, чун обруи ман барои ҲНИТ обру меорад, «престиж» гуфта буд…. Аммо имрӯз чӣ? Дар ҳиҷрат қарор дорем сиёсати «сабр»-ро пеш гирифтаасту, гуфти Абдухалил Восеев: «Ин Кабирӣ ба ҳузураи, биёед равем..»

Сообщение ҲНИТ моли як кас нест, ки бихоҳад абаддудаҳр биистад. ҲНИТ мактаби пуё ва дар ҳоли таҳаррук аст появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news№14
Ин нашри маҷаллаи «Семейканюс» ҳам аз кору зиндагии дар паси пардаи Раҳмонов ва аҳли байту домодҳои бешумори вай ривояту ҳикоят мекунад. Ин бор «қаҳрамон»-и ин  шумора Зоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов мебошад. Дуруст аст ки дар бораи Зоир на як бору ду бор ва на танҳо мо навиштаем. Зоирро ба унвони яке аз бойтарин домодҳои сарватманди Раҳмонов мешиносем, ки даҳҳо ширкату корхонаҳоро ғасбу тасарруф кардааст.

Масалан осоишгоҳҳои машҳуру маъруфу пурдаромади Зумрату Шоҳамбарӣ, бозори калони Қурғонтеппа бо номи Ҳоҷӣ Шариф аз они ӯст. Вай боз тамоми молу маҳсулот, умуман содироту воридоти марзи Чин ва Афғонистонро комилан контрол ва назорат мекунад ва чандин навъи дигари бизнес дорад. Ҳамчунин мо дар мудирияти тиҷорату қочоқи  наркотик, кришавати ҷинояткорон мансабфурӯшӣ дасти тамом доштани Зоир аслан шубҳа надорему дар ин бораҳо ҳам навишта будем.

Аммо ин бор дар шарҳи ҳол ва фаъолияти кории вай боз як маълумоти дигар ба дасти мо расид. Маълум шуд, ки Зоир «серий кардинал» аст. Ва ба таври ғайрирасмӣ аммо амалан Раҳмонов ва хонаводаи вайро контрол мекунад. Метавон ӯро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила-«Семейка» унвон кард. Кореро, ки Озода дар ҳукумат дорад, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, Зоир дар Оила иҷро мекардааст.

Маҷалларо бо хабарҳои гуногӯн аз «Семейка» шуруъ мекунем:

Ахбори «Семейка»

Баъд аз сарнагунии Башор Асад Раҳмонов чораҳо барои амнияти худ ва махсусан роҳ барои фирор ва воситаҳои фирорашро бисёр ҳам сахт карда истодааст.

Манбаи мувассақ ва муътамад гуфт, ки охраннаи самолёти хусусии Раҳмонов, ҳамон самолёти 92 миллион долларӣ ташдид карда шудааст. Муҳофизати самолётро пурра ба ихтиёри «охранна»-и худаш супоридааст ва аз охирҳои декабри соли гузашта онро телехҳои полний до зубов вооруженнийи худаш посбонӣ карда истодаанд. Вай ба амнияти фурудгоҳ бовар накарда онҳоро аз муҳофизати ин ҳавопаймо дур карда будааст. Вақте ба назорат ва муҳофизати амнияти фурудгоҳ буд, охранникҳо мусаллаҳ набуданд. Аммо ҳоло пурра вооруженниянд. Руву сари онҳо пушида аст. Ба онҳо на Исмати дулик, сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздик шуда метавонад, на каси дигар. Дар таги самолёт то дандон мусаллаҳанд.

Албатта, ҳавопаймоҳои Боинги «Сомонайр» ҳам аз они худашон аст. Вале ин ҳавопаймо шахсии худи Раҳмонов аст. Ин самолетро барои сафарҳои хориҷиаш истифода мекунад. Барои сафарҳои дохилиаш самолетҳои Сомонайрро истифода мебарад. Агар Хуҷанд равад скамейкаҳои Боинги «Сомонайр»-ро перекидка мекунанд, яъне салони онро переделка мекунанд, то бо ишкамбаи калони вай мишат накунаду орому бо ҳузур чанд дақиқа парвоз кунад.

Семейкаро «Истеъфо Раҳмонов» девона кардааст

Вақте хабарҳову наворҳо дар бораи пайдо шудани навиштаҷоти «Истеъфо Раҳмонов» дар навоҳии мухталифи кишвар дар «Минбари муҳоҷир» садо дод, талхаашон кафид. Тамоман калофа ва даступохурда шуданд. Ин навиштаҷотҳоро кори муборизони Наҳзат медонанд.

Он шабурӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар барои воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ- зиндонҳо ва СИЗОҳо ҳолати казармавӣ-казарменний положенийи 70% эълон карданд. Баъди ҳодисаи ба ном ошуби зиндони Ваҳдат казарменний положенний 100% ҷорӣ карда шуд.

Як манбаъ гуфт, ки мебоист ин ошуби дастисохт баъди ба зиндонҳо этап кардани фигурантҳои парвандаи табаддулот Акбаршо Искандарову Ҳамрохон Зарифиву Шокирҷон Ҳакимов ва дигарон ташкил карда мешуд. Аммо барои ин фурсати зиёд лозим буд, бояд интизор мешуданд вале вақт надоштанд.

Раҳмонов дар ҳақиқат вақтҳои ахир сахт дар тарсу ҳарос афтодааст, ки ояндаи ҳукуматаш чӣ мешуда бошад. Вай нақша дорад, ки шумори нерӯҳои Чинро, ки дар қаламрави Бадахшон ҷойгир карда аст зиёд кунад. Аммо Русия ба ин шадидан мухолифат кардааст. Чунки гуё дар ҳодисаи Крокус он нафароне, ки дар зиндони Ваҳдат кушта шудаанд, шарик будаанд. Русия гуё мушаххас кардааст, ки дар телефони чанде аз боздоштшудаҳои ҳодисаи Крокус рақамҳое аз Тоҷикистон мавҷуданд ва ин рақамҳоро пайгирӣ ва радёбӣ карда фаҳмидаанд, ки зангҳо аз дохили зиндони Ваҳдат рафта будааст.

Рости гап, мо ин хабарро на тасдиқ мекунем ва на рад. Аммо манбаъи «Ислоҳ» гуфт, ки ҳануз вақте муфаттишон аз Русия барои таҳқиқу тафтиш ва саволу ҷавоб ба Душанбе омада буданд, қасд доштанд, ки бо он нафарони дар зиндони Ваҳдат кушташуда суҳбат намоянд. Вале мақомоти тоҷик розӣ нашуда буданд.

Интихобот ва ҳаросафкании Семейка

Тибқи баъзе аз маълумотҳо қасд доранд, ки пеш аз интихобот ягон «кор» бикунанд, то мардумро дар тарсу таҳлука оваранд. Мақсад-мардум ба натиҷаҳои интихобот аҳамият надиҳад. Ва, тавре ҷилва диҳанд, ки ин кори душманони давлат ва Раҳмонов аст. Гуё Раҳмонов инро намедонаду бехабар аст. Аммо амру фармонро Раҳмонов шахсан худаш медиҳад. Ва, боз шуру ғавғо мебардоранду туҳмат мезананд, ки ана боз кори дасти Ҳизби Наҳзат аст. Муайян нест, ки дар куҷо бояд анҷом дода шавад. Баъзеҳо мегуянд дар Душанбе, баъзеҳои дигар ба ин назаранд, ки дар минтақаи Рашт,боз мегуянд, ки шояд дар чанд ҷой шавад, ки мардумро врасплох монанд.

Барои ҳамин бояд мардум аз хонаҳояшон набароянд ва овоздиҳӣ ба интихобот наравад. Наравед, ки ҷонатон дар хатар аст.

Интихобот ва фишор болои ғармиҳо

Бинобар маълумотҳои фиристодаи манобеъи «Ислоҳ» аз чанд вақт ба ин су ҳатто шабу нимшаб ба хонаҳои мардуми ғармӣ даромада таҳдид ва огоҳ карда истодаанд, ки боз ягон кор накунед. Хапу дам раведу овоз диҳеду омада дар хонаҳоятон шинед. Ин корро, ба назар мерасад махсус карда истодаанд ва мардумро спровотсироват карда исодаанд. Худашон таҳрик дода истодаанд. Дар ҳоле, ки на свет ҳасту на рушноӣ, торик ҳамаҷоро фаро мегирад, ҳатто телефонҳо успети зарядгирӣ намекунанд, беогоҳи, соати ҳафт аст, даҳ аст, 12 ё ҳатто дуи шаб аст ба хонаҳои мардум зада медароянд. Яке дарвозаҳо тақтақ карда ба зур кушода вориди хонаҳо мешаванд. Ҳатто хонаи хоби бачаҳову духтарҳои болиғашон медароянд, оғилҳоро мекованд. Дар масҷиду мактабҳо даромада истодаанд. Мардум аз тарс ба онҳо пул медиҳанд. Ин қишри тоҷиру савдогарҳо, маслан магазинчӣ, гуштфурӯш худашон хапу дам, сарҳо хам пул бурда дода истодаанд.

Ҳозир барои як коргари одии мақомот шудан дар Рашт нарх баланд шудааст, чунки ҷойи сумкоркунӣ шудааст.

Як нафар шабакӣ барои хабаргирии молҳояш ба оғилаш медарояд ва барои пеши роҳашро рушан кардан фонарики телефони дасташро рушан мекунад. Онҷо чанд нафар аз ин мақомот дар гашту гузор будаанд.

Ӯро қапида таҳдидаш мекунанд, ки ту ин вақти шаб чаро оғил медароӣ ва телефони дастиашро гирифта мегуянд, ки пагоҳ омада аз шуъба мегирӣ: «мо телефонатро хабар мегирм. Ту бо мухолифин алоқа дорӣ ё не». Вай аз тарс ба бағоҷи мошини онҳо як сар буз ва як сар гусфанд бор карда телефонашро аз дасташон пас мегирад.

Ашраф Гулов дар Дубай тиҷорати шаробро шурӯъ кардааст

Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар ИМА-Дубай ва шавҳари Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, молики ширкати фарматсевтии «Сифат-фарма» дар Дубай ба ташкили фурӯши кристалл ва шаробро шуруъ кардааст. Маълум нест, ки дар ин тиҷорати вай аз Оила боз киҳо шариканд. Вале баъд аз онки Ашраф сафир таъин шуд тавлиди метамфитамин, амфитамин, дар корхонаи «Сифат-фарма» чандин маротиба зиёд шудааст.

Ашраф бо баҳонаи онки обҳову нушобаҳои тоҷикӣ, махсусан «Сиёма»-ро ба Дубай мебарад шумори парвозҳои чартериашро ба маротиб зиёд кардааст. Манбаъи Ислоҳ афзӯд Ашраф чанд симкартаҳои гаронро дар Дубай алакай харидори намудааст. Дар ИМА фурӯши шароб ошкоро мамнӯъ аст ва барои фурӯши шароб ва кристал симкартаҳое ҳастанд,ки аз пеш дар фурӯши шароб миёни муштариҳо маъруфанд онҳоро муштариҳо медонанду супориш мекунанд харидорӣ намудааст. Ба гуфтаи манбаъ як симкарта то як млн доллар боло ва атрофи ин қимат дорад. Чунин симкартаҳо чанд адад харидорӣ намудааст. Манбаъ афзӯд ҳастанд симкартаҳое,ки 200 ҳазор арзиш доранд ва ҳарчи қадар қиматаш боло бошад симкартаро ҳамон қадар муштарӣ дорад. Муҳим Ашраф пас аз сафир таъин шуданаш ин сетро алакай роҳбарӣ мекунад. Дар гузашта тоҷикон ва қафқозитабороне будаанд ин корро анҷом медодаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд вале Ашраф сети муназзамеро ташкил намудааст. Манбаъи мо исми Садбарг Ғаниеваро ёдовар шуд ва гуфт: «Бева бо Ашраф худша часпонду чи коре бо ӯ ҳам ташкил кардааст» Садбарг Ғаниева пас аз фирор аз кишвар бо миёнҷигарии Озода Раҳмон феълан корманди Сафорати Тоҷикистон дар ИМА аст вале аслан ба сафорат намерафтааст ва ҳама вақт дар Дубай будааст ва ба пойтахт Абузаби тамоман намерафтааст. Кораш истироҳат ва ….

Ҷамолиддини шавҳари Фиона чи ҳол дорад?

Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистонро дар пушти хонаи Рамазон Раҳимзода, ки як толори варзишӣ ҷой гирифтааст, дидаанд. Мегуянд, ки сахт лоғар шудаст. Дар иҳотаи се нафар будааст. Гуё онҳо охранааш ҳастанд, аммо дар асл онҳо дар вазифаи наблюдений ва контроли ҳар як қадами Ҷамолиддин машғул ва маъмур карда шуда будаанд.

Ҷамолиддин, чи гуноҳе  содир кард, ки Раҳмонов ӯро аз назди худ ва ҳукуматаш дур андохт. Дар ҳоле, ки вай ҷонишини якуми раиси Бонки миллӣ буд ва ҳама суратҳисобҳои оффшории Раҳмоновро назорат мекард. Мегуянд, ки ҳоло Озода ӯро на три букви посилат кардааст ва ҳамроҳаш зиндагӣ намекунад.

Раиси Суди Олӣ,ки сармаҳкумкунандаи Семейка буд чи ҳол дорад?

Бинобар хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расидааст, баъд аз онки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз вазифаи раиси Суди Олии Тоҷикистон гирифтанд, дар худи пагоҳаш баччашро бо партияи калони героин қапиданд. Ин манбаъ гуфт, ки ин миқдори бузурги героини Шоҳиён дар оғили аспҳои Шоҳиён баҷо карда шуда будааст.

Ҳозир Шоҳиён дар руихати ҳизбӣ барои интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз ҲХДТ пешниҳод шудааст ва гапгап аст ки ҷонишини аввали раиси Маҷлиси намояндагон мешавад.

Ҳамарӯза вохуриҳо бо гуруҳҳои Авангарду дигару дигар баргузор намуда истодаанд, то дар барои дар байни мардум гардану гуш кунанд, ки ку чӣ мегуяд, кӣ оиди митингу инқилоб гап мезанад. 14 феврал дар ноҳияи Рудакӣ ҷамъомад буд бо Авангард. Масъалаи асосӣ ҳам ҳамин буд, ки ҷилави ҳар гуна овозаҳо гирифта шавад ва ба мардум фаҳмонида шавад, ки ба гапу ҳарфҳои мухолифон гуш надиҳанд ва бо мухолифон ҳамкорӣ карда ҳаёти худро дар паси панҷара нагузаронанд. Аз сармаҳкумкунандаи режиму оила ҳам барканораш кардаанд вале боз ҳам бояд лесиданро ба шакли бояду шояд анҷом диҳад.

Раҳмонов ва фармонҳои қатли ашхоси маъруфу зиёӣ

Вақте мурофиаи додгоҳии Хуҷа-командир, яке аз хунхортарин фармондеҳони Фронти халқӣ дар додгоҳ идома дошт, Хуҷа-командир дар мавриди ҳодисаи куштори ду депутати Шурои олӣ Саидшо Саидов дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 посух медиҳад,ки ин депутатҳоро бо фармони Абдумаҷид Достиев паронида куштааст. Достиев ба Хуҷа аз номи Эмомалӣ Раҳмонов фармон дода будааст, ки Саидшо Саидовро чи хеле набошад, убират кунад.

Як корманди додситонӣ, ки дар тафтишоти парвандаи Хуҷа-командир иштирок карда будааст, ба як рафиқаш мегуяд, ки Хуҷа бисёр сирҳоро фош кард. Аммо парвандаи ӯро тавре навиштанд, ки он ифшокориҳои Хуҷа-командир зикр нашуданд. Бисёре аз шахсиятҳоро, ки он замон кушта шуда будаанд, бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмонов карда будаанд. Аз ҷумла қатли Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ ҳам бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифта будааст. Барои ҳамин як сабаби аз хориҷа овардани Хуҷа –командир ҳам ҳамин будааст, ки аз ин сиру пиёзи Раҳмонов огоҳ буд ва Раҳмонов метарсид, ки боз мабодо Хуҷа ин ҳамаро ба мухолифон фош насозад. Беҳтар аст ки ин сирру асрорро дар зиндон бо худ ба гур барад.

Зоир( Маҳмадзоир Соҳибов), серий кардинал ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Оила

Чуноне дар муқаддимаи маҷалла гуфтем «герой»-ин шумора, персонажи асосӣ Зоир Соҳибов, мулаққаб ба Зоири ҷайра ва Зоири мундуқ, домоди калонии Раҳмонов мебошад.

Зоир ҳамаро аз Тоҷиддин-командир сар карда то Бег Сабур, Диловари фархорӣ, Юсуф Раҳмон, Боим ва дигарҳое, ки дар тиҷорати наркотик дар Тоҷикистон ҳамаро контрол мекунад.

Агарчи ин тарафи фаъолияти Зоир аз назарҳо пинҳон мондааст, вале ин  Зоири домоди Ҷаноб на фақат Бег Сабур дигар раису вазирони ҳукумати Раҳмоновро, бовар кунед, ки любойяшро бе ягон эҳтиром «б..м,б…ом» мекунад. Барои вай фарқ надорад. СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, Юсуф Раҳмон. Вай «серий кардинал» аст. Чунки бо Азизмои хуштоманаш бисёр наздик аст. Ҳама ҳукуматро рулит карда истодааст.

Аммо дар вақташ як бомж буд. Як Нексияи шикоф дошт. Кудакҳои Раҳмоновро ҷамъ карда морожнийхурӣ мебурд. Аз Амонулло Ҳукумумов, ки раиси корхонаи Нафтрасон буд меомад 300-500 доллар морожнийпуливу бензинпулӣ мегирифт ва аз лаби ҳамон боз барои худаш кор мекард. Шабурӯз дар хонаи Раҳмонов буд.

Кӣ чи кор мекунад, ки кӣ аст, чи дорад, в курсе шуд. Чунки Раҳмонов дар хона ҳамеша мезад, пиён мешуд. Зоир бо дастур ва машварати Азизмо як навъ телехи ғайрирасмӣ, қилкашаки Раҳмонов шуд ва ҳама кору ҳама чизро дар дасташ гирифт. Вақте дигар маст мешуд ва худашро контрол карда наметавонист, Зоир ягон баҳона карда раисро меовард то спалний ва ба ихтиёри Азизмо месупорид ва Зоир баргашта меомаду меҳмонҳо-рақибони собутилнки Раҳмоновро гусел мекард ва нишон медод, ки одами асосӣ аст ва ин дӯстону рафиқони собутилник аз нақш ва ҷойгоҳи Зоир дар даруни оила боз ба дигарҳо мегуфтанд ва ҳамин тариқа Зоир ба фигураи муҳимми пасипарда бадал шуд.

Дар ҳақиқат ин мундуқ шабуруз дар хонаи Раҳмонов буд. Раҳмонов доим пиён буд. Зоир меомаду ҳамаи гапҳоро гуш мекард. Ин ҳолат дар дарозои 10 -15 сол шудааст ва ҳоло ҳам давом дорад ва вақте Зоир нест. Исмоили баччааш Пингвин ӯро заменит мекунад ва гуё набераи любимчики Раҳмонов аст.

Аз чандин сол аст, ки кони тиллои Шугнов покиза барои Зоир кор мекунад. Ба ягон одам ва ягон ниҳод ҳисобот намесупорад. Миллион, миллион ба давлат, миллат ва ҳукумат зарар оварда истодааст. Онҷо аз обу аз санг пур шудагӣ аст. Ба қарибӣ ними Кулобро об мебарад.

Эргаш Маҳмадбеков, муовини Исмоили пингвин дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  яке аз шарикони асосии «сбит»—и наркотики Зоир мебошад

Зоир як ҷангали калонро дар Екатеринбурги Русия харидааст ва он ҷангал дар дасти ҳамин Эргаш Маҳмадбеков аст. Зоҳиран Зоир аз онҷо тахтаву чуб ба Тоҷикистон меорад. Аммо шогирдонаш кору борашро пеш бурда истодаанд.

Бинобар маълумотҳои таъйидношуда айни замон Диловари фархорӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, вазорати дохилӣ ихтор гирифтааст, ки таҳти пайгард қарор мегирад. Гап дар бораи он меравад, ки наздики 240 килло ҳероини «999»-и тавлиди Афғонистон, ки аз они Зоир мебошад тавассути Бег Сабур ба Санкт -Петербург расонида шудааст. Аммо баъд аз онки Бег Сабур аз мақом сабукдуш шуд, пардохти пули он «проблема» шуда истодааст.

Зоир Бег Сабур ва Рамазон Раҳимзодаро даъват карда «счетчик» подключат карда аст. Бег Сабурро гуфтааст, ки агар барнаградонӣ зинда намемонӣ.

Бег Сабур гуфтааст, ки маҷбур аст бачаҳо аз Сонтсевкий группаро ба сари Диловар равон кардааст. Диловар ваъда  кардааст, ки маблағро мефиристад. Аммо боз ба каналҳои худаш ба Зоир расонидааст, ки пули борро Бег Сабур барвақт гирифта ва ба як генерали рус, ки вай ҳам дар Солнтсевский группа ҳамкорӣ мекунад, додааст.

Хулоса байнашон ҳоло сахт кашокаш рафта истодааст.

Пушида нест, ки тиҷорати наркотик, маводҳои психотропӣ яке аз манбаъҳои муҳим ва миллионии даромади Оила аст. Бесабаб нест, ки чанд рӯзи пеш намояндаи вазорати дохилаи Иморати исломии Афғонистон, бидуни онки аз кадом кишваре тазаккур кунад, гуфт, ки маводҳои синтетикии нашъавор аз кишварҳои ҳамсояи мо вориди Афғонистон мешавад. Ин ишора пеш аз ҳама ба Тоҷикистон дахл дорад.

Мо дар яке аз барномаҳои қаблии худ аз он гуфта будем, ки ширкати фарматсевии «Сифат-фарма», ки ба Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати муттаҳидаи Араб мебошад ба истеҳсол ва тавзеъи ҳабҳои наркотикӣ машғул аст. Худи Ашраф Гулов ҳам вақти дар Туркия сафир буданаш доруҳои наркотикӣ, аз қабили кристалл ба Тоҷикистон медаровард. Талош мекунем, ки дар шумораи ояндаи «Семейканюс» дар бораи «Сифат-фарма» матлаби алоҳида пешниҳод намоем.

Пештар мақомдорон ё нафарони сумдор, сум медоданд нафаронеро, ки дар тиҷорати наркотик машғуланд ва фоизҳои хуб мегирифтанд.

Аз замоне, ки Зоир дар ин тиҷорат даст зад, сари зиёд нафарони «куҳнакор» дар ин тиҷоратро хурду зиндон кард. Эмом Хуяку Искандари бародари ӯ  ва боз чандеи дигарро Зоир «за бортом» кард. Қиссаи чи тавр Обиди баччаи Эмом Хуяк ва худи Эмом Хуякро Зоир чи тавр чингирк мондро гуфта будем. 25 кило героини навъи «ходовой»-и Эмомхуякро тавонист дар Русия кидат кунад. Аз тарафи дигар Зоир қариб, ки ҳама нафарони савдои калони наркотик-«катазан»-ҳоро тавонист ба худ часпонаду таҳти контрол гирад.

Боим, нафаре, ки замони тағиротҳои калон дар зиндон буд, аз тартиботҳои нав дар олами наркотик бехабар монд. Вақте Боим дар ин тиҷорат «асса» шуда буд, ҳоло Зоир касе набуд. Бо ин вуҷуд Боим замоне, ки дар Русия адои ҷазо мекард, аз дохили зиндон каналҳои савдои калони наркотикро контрол мекард. Баъди аз зиндони Русия баромадан Зоир чандин бор ба воситаи одамҳояш бо Боим ба алоқа баромаданӣ шуд. Чандин бор пешниҳод кард, ки биё бо ман кор кун. Боим, ки дар ин тиҷорат ветеран буд, Зоирро қабул накард. Зоирро ин сахт асабӣ кард.

Боимро дар Русия дастгир карда буданд ва адои ҷазо ҳам он ҷо кард.

Зоир яке аз сагҳои вафодори худаш-Ҷеки Чан-Раҳим Рамазонро гуфт, ки чи коре мекунӣ намекунӣ Боимро якнима мекунӣ.

Чаро Боимро дар Точикистон дастгир накарданд? Чаро барои ҷиноятҳо дар Русия   боз мақомоти Тоҷикистон Боимро дастгир карданд? Ҳол онки метавонистанд ҳамон вакт дастгираш кунанд.

Мо хуб медонем,ки спонсорҳои Боим мансабдорони калон буданд ва ӯро пуштибонӣ мекарданд. Боим чандин маротиба ба наздикони Раҳмонов ҳамон солҳо мошинҳои қиммат туҳфа карда буд. Ҳамон шабу рӯзе, ки Боимро дар Русия дастгир карданд, як барбар мансабдорон дар Тоҷикистон дилкасал шуданд. Боим мардӣ карду нафурухт. Аммо Боим ба номардии инҳо бовар надошт.

Боим баъд аз озод шуданаш ба хориҷа рафт. Тибқи як маълумот Юсуф Раҳмон дар Дубай бо Боим вохурӣ намуда буд. Шояд, Юсуф Раҳмон мехост пешниҳоди ҳамкорӣ бо Боим кунад. Чун ӯ хабар дошт, ки Боим Зоирро на три буквы посилат карда буд ва худи Юсуф Раҳмон ҳам Зоирро бад медид. Юсуф Раҳмон ҳам дар тиҷорати наркотик хуб «қадам»-ҳо мондааст. Аммо манбаъи дигар вохурии Юсуф Раҳмонро бо Боим дар Туркия гуфтанд, на Дубай. Муҳим ин вохурӣ сурат гирифта буд.

Тибқи маълумоти дигари расида ба Ислоҳ Боимро маҳз бо талаби Зоир аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар ҳоле Боим бо шиносномаи Қирғизӣ қарор дошт дар туркия, на бо шиносномаи Тоҷикӣ. Аммо Боим чандин мақомдори баландпояи Тоҷикро дар миёнаравӣ кидат карда будааст. Гуйё чандин адад мошинҳо дар Русия гирифта будааст,ки пулашро медиҳам ва Боимро кидат карданд ва дигар натавониста пулро баргардонад. Ин мошинҳо аз Зоир будаанд ва ин боздошт ба ин қазия бармегардад. Қазияи Боим хеле пур хаму печ аст ва дар бойгонии Ислоҳ беш аз 20 сафҳа маълумот вуҷуд дорад,ки онро дар шакли алоҳида тақдим менамоем.

Чанд рӯз пеш, Прокурори нақлиёт дар як ҷо дар омади гап гуфтааст, ки «ҳами рейси Дубай мешид, ғамам мегирифт. Мерафтм то париданша назорат мекадам. Хайрият и мардаки хуба гирифтан, камтар сабук шидем». Прокурори нақлиёт мардаки хуб гуфта Юсуф Раҳмонро дар назар дошт, ки контроли содироти наркотики ӯро то паридани самолёт дар даст дошт, токи бекамбудӣ равад.

Аз вохурии Юсуф Раҳмон бо Боим Зоир огоҳ шуда буд ва Ҷеки Чан –Рамазон Раҳимзодаро сахт ҷиқид, ки Боимро биёрад: «Любой ценой биёрша». Зоир ба мақсадаш расид, Боимро дастгир карданд ва оварданд. Айни замон тамоми схема ва системаи тиҷорати наркотикро дар Дубай ва Туркия Зоир таҳти контроли худ кардааст.

Боим ҳозир зиёд нишондодҳо дода истодааст. Аз як лаб фурӯхта истодааст.

Юсуф Раҳмон ба дараҷе мурда будааст, ки то рӯзи сеюми феврал, то рузи рафтанаш полний вазифаҳоро фурухтааст. Имзо кардаву фармон бароварда «ира да иҷаву ура да уҷа» мондааст. Чунки вай медонист,ки меравад.Хелеҳоро карда иваз карда ҷойҳои руғаниву сумдорро фурӯхтааст.

Дар вақташ Шерхон Салимзода ҳам ҳамин хел карда буд. Аммо Юсуф Раҳмон омадан замон резко ҳамаи фармонҳои Шерхон Салимро бекор кард. Вай одамони худашро, албатта, пулҳои калон гирифта оварда монд. Бисёр дарундори кинагир аст. Аммо Ҳабибулло Воҳидзода ба ин андоза нафси бад надоштааст. Вай ин корро накард. Феълан накард, шояд як каме баъдтар кунад.

Юсуф Раҳмон бошад пулҳоро гирифт, ҷамъ кард ва баъд рафт. Ҳатто задним числом имзо кардааст. Барои мисол прокурорҳои Турсунзода, Ваҳдат, Норак. «Доля»-и вазнин гирифту монд.

Аммо новобаста аз ин ҳолат фармон шудааст, ки ҳаҷму миқдор дороиҳо, аниқтараш дуздиҳои Юсуф Раҳмонро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он муайян кунанд. Ба назар мерасад сарнавишти Ёрмаҳмад Гулов, қудои пешини Эмомалӣ Раҳмонов, падаршавҳари собиқи Тахминаи Клеопатра ба сари Юсуф Раҳмон омаданӣ аст.

Манбаъи ин хабар сардори раёсати тафтишоти КДАМ дар шаҳри Душанбе аст. Чанд рӯз пеш дар як ҷо ба чанд нафар нишаста будааст, ҳамон ин гапро гуфтааст. Гуфта мешавад баъзе аз сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ тайёранд, ки нисбати Юсуф Раҳмон нишондод диҳанд. Онҳо сахт хафаанд, ки Юсуф Раҳмон сумҳои калонашонро гирифта кидаташон кард. Дар туи арусии Сафар баччаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов расходҳои зиёд карда буданд, аммо ягон фоида нашуд. Чунки Юсуф Раҳмонов он вазифаҳоро ба нафарони дигар фурӯхтааст.

СС.Ятимов гуфтааст, ки Юсуф Раҳмон переборшит карда буд, ба сазои аъмолаш расид. Юсуф Раҳмон баъд аз онки қудои Ҷаноб шуд дар дилхоҳ кор даст зад. Мақомдорони баландпояи ҳатто наздик ба СС.Ятимовро аз КДАМ оварда таҳти пурсиш қарор дод. Акнун бошад боз КДАМ гапзани асосӣ  шуд.

Бинобар баъзе маълумотҳо КДАМ-СС.Ятимов сахт кор кард барои аз вазифа гирифтани Юсуф Раҳмон. Юсуф Раҳмонро барои утечка ва қапонидани «борҳо»-и зиёди Зоир сиёҳ карданд. Албатта борҳо на танҳо аз Зоир буд, аз «Семейка» буд ва ҳар касе, ки ба кисса ва кассаи Раҳмонов назар мекунад, оқибаташ мушаххас аст.

Раҳмонов ҳама вақт дар интихоби кадрҳо хулосаи КДАМро гуш мекунад. Аз чи бошад, ки КДАМ аз чанд номзад ба унвони Прокурори Генералӣ Воҳидзодаро тавсия дод.

Воҳидзода кадри Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон ва аз хешовандони Маҳмадсаид Убайдуллоев  ва рафиқи хуби Юсуф Раҳмону фархорӣ ҳам мебошад. Вале барои вай вазифаи сахт мондааст. Фармони махсус дода шудааст, ки баъди «тенҷ» гузаштани интихобот, Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва боз чанд тани дигар бояд ҳатман «безарар» гардонида шаванд. Чи имконияте бошад бояд истифода бурда шавад.

Сообщение Семейка news№14 появились сначала на ISLOH.net.

Зарифӣ сӣ сол мешинад,то Раҳмонов сӣ соли дигар дар курсӣ шинад
«Ман вазире будам, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекардам. Аз рӯи сиёсате, ки Ҷаноби олӣ пеш мебурданд, ҳамчун як раҳбари органи сиёсӣ ҳаракат мекардам, ки он муносибатҳои бисёрҷонибае, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя дошт, ҳамонро ташаккул диҳам».

Аз суҳбати расонаии Ҳамрохон Зарифӣ

Талаби сӣ соли зиндон ба Ҳамрохон Зарифӣ, бознишастае, ки 77 сол син дорад, далолат бар он дорад, ки Раҳмонов ба ҷуз аз худ ва аҳли хонаводаи худ, ки яксара ба мақому мансабҳои давлатӣ нишондааст, ба ҳиҷ каси дигар, такрор мекунам, ба ҳиҷ касе дигар, ҳатто агар ин шахс аз тану ҷонаш барои бақои курсии вай моя гузошта бошад ҳам, тараҳҳуму шафқат ва муруввату инсоф намекунад.

Беш аз ин, ин навъу шеваи муомила ва муносибат бақия руасову вузарои пешину ҳозири ҳукумати вайро дар ҳолати шадиди руҳиву равонӣ қарор дода, рубъу ваҳшат ва тарсу ҳаросро дар даруни онҳо ҷой хоҳад кард.

Ҳамрохон Зарифӣ, нафаре, ки тули наздик ба 7 сол сиёсатҳои Раҳмоновро дар ҷаҳони берун  матраҳ ва муаррифӣ мекард, дар сангинтарин баҳсу даъвоҳо дар канори Раҳмонов қарор дошт ва иттифоқан сангинтарин ва печидатарин масоили сиёсӣ, назири баҳси замин бо Чин, пойгоҳи 201-и Русия, ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо маҳз дар замони раҳбари Идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон будани ӯ ҳал ва файсала шудааст, акнун мардуди вафо, кудетогар, табаддулотчӣ ва хиёнаткорӣ давлатӣ эълон мешавад.

Ин ҳукм, ки амалан ба ҳукми қатл аст баробар аст ва агарки татбиқ шуд, на амнистия мешавад ва на срезка ва хулосааш ин аст ки Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2013 зиндон манзили қабл аз хонаи охирати ӯ хоҳад буд.

Ҳамин тавр Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шурои Олии Тоҷикистон, ки 73 сол син дорад ва барояш айбдоркунандаи давлати Раҳмонов 23 соли ҳукм пурсидааст, дигар, то замоне Раҳмонов дар курсӣ аст руи озодиро нахоҳад дид ва дар кунҷи зиндон ҷон хоҳад бохт. А.Искандаров бар зидди Раҳмонов чи тавр кудето мекунад, ки ҳукуматро «без бой» бурду дар Хуҷанд ба вай супурд. Вай оппозитсион ва Ҳукумати Мурои Миллиро фурухт. Бар ивази ин хидмат вай сафири ҳукумати Раҳмонов дар Туркманистон шуд ва аз онҷо, замоне, ки ҷанги миёни ҲНИТ ва Раҳмонов идома дошт барои тонку чархболҳои Раҳмонов, ки Ғарму Дарвозу Бадахшонро бомбит кардан маводи сухт таҳия ва ирсол мекард.

Дар ҳоле, ки зиди дигар аъзои Ҳукумати Муросои Миллӣ парванда боз шуд ва онҳо  овораву дарбадару гуреза шуданд, Искандаров, раиси Ҳукумати Муросои Миллӣ дар ҳукумати Раҳмонов мансаб гирифт. Агар вай кудетогару мансаби Раҳмоновро мехост он вақт Хуҷанд намерафт ва ҳукуматро намедод, дар ҳоле, ки ҷавону пурэнержӣ буд. Ҳоло, ки пир ва бознишаста аст ва табъан, ки орзуву ҳавасҳояш ҳам пиру фартут шудаанд, чи гуна кудетогар мешавад? Боқии персонажҳои парвандаи табаддулот ҳам, ки синнашон аз 60 боло аст, ки баъид ба назар мерасад иқдомоти носанҷида ва норушанро дар ин синну сол руи даст бигиранд.

Шокирҷони Ҳаким, як нафар аз мухолифини беозор ва шахсияте, ки тамоми тули умр ба ҷуз аз сухан кардан, изҳори назар додан, коре накардааст, баъид аст ки табаддулот кунад. Инсонҳое ранги доктор Ҳаким бо хушунат ва қулдурӣ кор надоранд.

Як далел меоварам. Соли 2010 дар округи интихоботии Конибодом Шокирҷони Ҳаким, ҳамчун номзади худпешбар аз Ҳизби оппозитсионии сосиал-демократи Тоҷикистон бар ҳарифи худ прокурор Насрулло Маҳмуд аз ҲХДТдар интихоботи вакилони Маҷлис ғалаба кард. Аммо ин пирузиро бо садуяк талбису ғиромӣ Раҳмонов тағйир дод. Раъйи ба даст овардаи Шокироҷни Ҳаким он қадар боло буд, ки аз тарси онки ин мардум шуриш ва қиём накунанд, натавонистанд, ки дар ҳамон давраи аввал бар манфиати намояндаи ҲХДТ-ҳизби Раҳмонов ҷамъбаст кунанд ва ночор ба давраи дуввум гузарониданд. Албатта, натиҷаи давраи дуввум маълум буд, вале як чунин интихобот дар он сол дар Тоҷикистон, як кишвари баставу худкома танҳо дар Конибодом руй дод. Яъне Шокирҷони Ҳаким ончунон бо дастгирӣ ва пуштибонии оммаҳо рубару шуд, ки барои номзади дигар ва ҳизби дигар муяссар нашуд.

Ва ин дар маҳуддаи Тоҷикистон он замон воқиан ҳам як сенсатсия буд. Тарафдорони Шокирҷони Ҳаким хеле зиёд буд, ки роҳи чораро ба даври дуввум кашондан диданд. Агар дарсадии ками тарафдорон медошт ҳатман дар ҳамон даври аввал рақиби Шокирҷонро дастболо ва баранда эълон мекарданд.

Ин нишонаи нуфуз, маҳбубият ва эътимоду эътиқоди мардум ба Шокирҷони Ҳаким ва ин нишнаи танаффур ва эътирози Конибодом ба Раҳмонов ва сиёсатҳои вай буд. Яъне Раҳмонов ҳануз аз ҳамон солҳо дар нисбати

Шокирҷони Ҳаким кина ва кудурат дошт. Агар Шокирҷони Ҳаким як сиёсатмадори радикал ва госпереворотчӣ дар ҳамон интихобот талоше ва иқдоме бар алайҳи режим мекард. Аммо вай режимро хуб мешинохт ва имкон надошту надорад, ки доктор Ҳаким бо ин ҳама фаҳмиш ва шинохт аз Раҳмонов ва мақомоти саркубгари вай ҳамроҳи кудетогарон бишавад.

Мо, қаблан ҳам дар чандин навиштаҳои худ гуфта будем, ки кобуси Раҳмонов табаддулот аст. Вай аз ҳеҷ чизе баробари табаддулот наметарсад.

Барои ҷурме, ки содир нашудааст, барои ҷинояте, ки муртакиб нашудаанд, ҳатто агар ин нақша буда бошад ҳам, ин ҳукм, ҳукме нест, ки як давлати устувору мутмаину побарҷо ва дорои иззати нафсу муътақид ба қудрату қувват онро содир кунад.

Ин ҳукм нишонаи он аст ки курсӣ ва қудрат барояш ҳама чиз аст ва қудрати беҳаду ҳисоб ақлашро зоил карда ба дараҷаи васвос расондааст. Вагарна барои ҷинояте, ки содир нашудааст, чунин аҳкоми сангинро намебурид.

Ҳоло, кӣ бовар мекунад, ки Сайидҷаъфар Усмонзода, ки зода ва парвардаи худи ин режим аст ва ҳамвора аз Раҳмонов пуштибонӣ кардааст ва агар Раҳмонов раиси давлат набуд, дар қади сад сол ҳатто вакили маҷлис дар як ноҳия намешуд ва тамоми дору мадораш аз ҳисоби ҳукумати Раҳмонов аст даст ба табаддулот бизанад ва ҳамин тавр Аҳмадшо Комилзода, ки ҳиҷ иқдоме, ҳиҷ ҳарфу ҳиҷое бар зидди сиёсатҳои Раҳмонов назадааст. Балки баракс, вақте роҳбарияти ҲНИТро дар соли 2015 Раҳмонов дастгир  кард ба манзили як нафар аз шиносҳои муштаракамон, ки ҳоло дар зиндон аст рафтаву гуфтааст, ки чи зарурат буд бо ин муллоҳои… ҳамроҳ бишавад? Агарчи ҷаноби Комилзода дар солҳои ҷанги дохилӣ  зиндонӣ ва сипас бо усарои ҳукуматӣ бо миёнҷигии намояндаи СММ табодул шуд ва чандин вақт дар суфуфи оппозитсион буд, аммо ҳаводору тарафдори ҲНИТ набуд. Ин нафар, шуморо саддарсад итминон медиҳам, ки бо ҲНИТ бар зидди Раҳмонов канор намеомад, чи расад ба онки даст ба табаддулот бар алайҳи Раҳмонов бизанад.

Бигирем мисли Акбаршо Искандаров ва ё Ҳамрохон Зарифӣ ҳам набуд, ки гуфта бишавад аз «номенклатураи Маскав» буд ва то ҳамин ҳоло ҳам «агент влияний»-и русҳост.

Акбаршо Искандарову Ансоруллоҳу Маҳдӣ Арсалон Ҳамрохон Зарифиву Кабириву ҲНИТ, Шокирҷон Ҳаким ва ё Саидҷаъфар Усмонову 10 миллион доллару ваъдаи дастгирии кадом давлати хориҷӣ ва ҷазбу ҷалби муҷоҳидин?

Ин иттиҳоду иттиҳодияи бар фарзи мисол шеру гургу палангу гуспандро кӣ бовар мекунад? Ин кадом Ансоруллоҳ аст ки бо як нафаре, ки як бор намоз нахондааст, ин кадом ҲНИТ аст ки бо нафаре, ки тули тамоми умр бар зидди исломи сиёсӣ мубориза кардааст якҷо мешавад? Барои Ансоруллоҳ фарқи миёни Зарифиву Раҳмонов дар чист? Магар Зарифӣ давлати исломӣ месохт, ки Ансоруллоҳро шефта ва моили ин табаддулоташ кардааст? Кӣ бовар мекунад бар ин ҳама иттиҳомоти бебунёд? Магар Зарифӣ Донкихот шудааст, ки бо Ансоруллоҳ як мешавад? Аҷиб нест магар? Раҳмонов ба ин параи масъала фикр мекарда бошад, ки ҷиҳати сарнагунии вай киҳо бо ҳам омадаанд? Ё киҳоро ночор ва водор крадааст, ки даври ҳам оянд? Зарифӣ ва Кабирӣ, Искандаров ва Ансоруллоҳ? Дар воқеъ аҷиб нест? Магар ин васвосу ханнос шудани Раҳмоновро нишон намедиҳад?

Магар ҳамин Зарифӣ набуд, ки мегуфт додани замин ба Чин бурди дипломатияи тоҷик, яъне сиёсати Раҳмонов аст? Зишти Раҳмонворо зевар ярмарка мекард. Аммо ҳоло чӣ?

Аммо ин ҳукм аз тарс аст, аз тарси эҳтимоли хезишу қиёми мардумӣ, ин аз нобоварӣ ба худ ва ҳукумати худ аст ки дар ҳақиқат пуштвонаи халқӣ ва такягоҳи мардумӣ надорад. Тарсаш аз он аст ки дар чунин вазъияту дар чунин шароите, ки халқро нигоҳ доштааст камтарин ҷарақа метавонад боиси алангагирӣ ва ба оташ кашидани пояи зулму истибдод бишавад. Раҳмонов дар ҳақиқат медонад, ки аҳволи мардумро то ҳадди охир бад кардааст ва медонад, ки мардум то пойи ҷон, то мағзи устухон аз вай ва оилаи палиди вай ва ҳукумати ғосибу дузду порхуру саркубгари вай безор шудааст. Тарсаш аз он аст ки барои ҳимояти вай, барои ҳифозати вай касе намехезад, дар пушташ касеро надорад. Тарсаш аз он аст ки камтарин бод ва шамол капаи хасии вайро ба хоки хунук яксон мекунад. Тарсаш аз он аст ки медонад мардум мунтазири як чунин гуруҳанд, ки бархезаду пеш дарояд ва дигар он тарафаш дар ихтиёри мардум хоҳад буд.

Агарчи медонад ҳеҷ кадоме аз онҳо чеҳраи шинохта нестанд, нуфуз ва ҷойгоҳи болои мардумӣ надоранд, лидер нестанд, касе ҷиддиашон ҳам намегирад, аммо аз онки авзоъ обастани дигаргунӣ ва таҳаввул аст, шароит, муҳит, фазо ва иқлими сиёсиву иҷтимоӣ ба тавре шакл гирифтааст, ки як ҳаё ҳуй, як доирахабар метавонад ин ҳама давлату курсӣ, ҷоҳу ҷалол, айшу ишратро кунфаякун кунад, ҳамин гуна ҳукми сангин медиҳад, то дигарҳо битарсанд ва дар сар чунин фикрҳоро напарваранд.

Аммо, магар онҳое, ки роҳу равишашон мушаххас ва рушан аст, масалан ҳамин ҲНИТ, масалан ҳамин Сайфиддин Тоҷибоев, масалан ҳамин Маҳдӣ Арсалон метрасанд?

Маълум нест, ки он сӣ нафар аз шербачаҳои язгуломӣ, ки дар шарикӣ бо Ансоруллоҳ дар соли гузашта боздошт шудаанд, дар парвандаи Акбаршо Искандарову Зарифӣ ҳамроҳ карда шудаанд ё хайр? Чун дар парвандаи онҳо муҳрӣ махфӣ задааст ва ҳам наметавонем чизе бигуем. Аммо инки ҳатто вакилони мудофи ин нафарон, ки ахиран бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ хостори раҳоии онҳо ва бегуноҳ эълон кардани онҳо шудаанд, аз суҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунанд ва тарс онҳоро низ ончунон лагад кардааст, ки аз ифшои исму насаби худ низ худдорӣ мекунанд.

Агар дар ин парванда найрангу талбису риёву реб вуҷуд надошта бошад ва агар ин парванда фақт барои ҳамвору ружд кардани саҳна барои Рустам набошад, чаро онро ҳам пушида доир кард? Чаро номи он давлат бурда намешавад, ки кумаки 10 миллиондолларӣ ба ин гуруҳ кардааст? Оё дар ҳақиқат 10 миллион пуле аст ки мешавад курсиро аз зери пойи Раҳмонов берун овард? Чи қадар арзону беарзиш будааст ин курсӣ?

Аммо Раҳмонов барои худаш ва хонаводааш Тоҷикистонро ба оташ мекашад, ними халқро мекушаду нимашро зиндон мекунад. Осону роҳат намеравад.  Раҳмонов ҳеҷ нафаре содиқ ва вафодор дошта наметавонад. Ҳозир ҳар касе бо вай ва дар бари вай ҳаст, эҳсоси биму тарс дорад, ки рӯзе бо тақдири Зарифӣ дучор нашавад. Ҳатто СС.Ятимов ҳатто Рамазон Раҳими Ҷеки Чан. Сарнавишти Зарифӣ онҳоро водор кардааст, ки ҳамин гуна биандешанд.

Раҳмонов ва сиёсати вай бар мабнои манфиати худаш, хонаводааш ва хешутаборонаш аст. Тамом. Боқии мардум бояд дастопеши бар, боқии мардум абдуллораҳнамоҳо, боқии мардум чоплусу лаганбардору шайтону хушомадгуву ҳамин турҳо бояд бошад. Гап аз даҳонаш афтид, бавл аз пушташ афид дурдона ва…нишон диҳанд. Масалан бо Эрон чап шуд, ҳамакаса Эронро заданд, бо Толибон чап шуд, ҳамакса Толибонро заданд, аз ҷумла ҳамин Аҳмадшо Комилзода ва Саидҷаъфар Усмонзода, бо Қирғизистон чап шуд, ҳамакса Қирғизистонро заданд, маслан ҳамин Абулло Раҳнамо ва Саломиддин Мирзораҳматов, бо Наҳзат чап шуд, ҳамакаса наҳзатро заданд, ҳамин тавр бо Узбакистон. Ҳоло акнун баракс шуд, ҳама аз бародариву ҳамдилӣ бо Эрон, бо Узбакистон ва бо Қирғизистон дӯсту рафиқ шуду дигарҳо ҳам чакчак мезананд.

Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо исломиҳо ба шумули наҳзатиҳо аз Шому Ироқу Идлибу Кобулу Панҷшеру Дарвозу сар барнамедоранд ва дар пайраҳаи Мирзо Зиё, Мулло Абдулло, Қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид, Муҳаммадрузиву Салам, Мансуру дигару дигар барнамегарданд? Ин Давлат Сафари хамбаи ахлоту ин Асад Раҳмони Сумбулоғову ин Шорухи гейнералу ин Абдулло Раҳнамои лектор болничний мегиранду аз мобилизатсия мегурезанд.

Ҳеҷ гоҳ Озодаву Парвинаву Тахминаву Фирузаву …Заринаву Рухшонаву Фарзонаву  Азизмоҳу дигару дигараш АКМ намегиранд. Ана баъд …муҷоҳидҳо яке яке ғаноими ҷангӣ мегиранд.

Солҳост, ки додгоҳу додситону додсаро ҳамааш худи Раҳмонов аст.  Инҳо барои амали анҷомнашуда ба чунин муҷозоти гушношунид гирифтор мешаванд. Барои як умр зиндонӣ мешаванд, то инки Раҳмонов умрбод дар курсӣ бимонад. Тамоми беш аз сӣ соли ҳукумати Раҳмонов баёнгар ва таъйиди он аст ки аз вай шафқат ва раҳм  умедвор будан монанди аз гови нар бача ва аз така шир интизор шудан аст. Ёдатон бошад судяи Зайд гуфта буд, ки Зайд Шерович тақозои замон сиёсат ҳамин будааст. Ин як нидои қаър ва умқи ҷигар буд. Судя иқрор ва тасдиқ мекард, ки вай ҳукми ҳуқуқӣ ва қонунӣ набаровардааст. Вай сиёсатро иҷро кардааст.

Ҳоло кӣ бовар мекунад, ки Зарифӣ бо Муҳиддин Кабирӣ противи Раҳмонов заговор кардааст? Кӣ?

Ps: Дар охир инро меафзоям,ки онҳое дар радаҳои болоии ин режим дар курсиҳо такя задаед хуб огоҳ бошед! Ин рӯзе бар сари Зарифӣ ва Искандаров омада метавонад шуморо ҳам интизор бошад. Имрӯз имкони анҷом коре, наҷоти худу оила ва давлату миллатро доред. Аммо рӯзе равонаи зиндон шудед дигар после пажар…

Ман дар ин миёни зиндоншудаҳо мазлумтаринашон Шокирҷон Ҳакимро мешуморам ва воқеан ба ӯ зулм шуд. Аммо ба Зарифӣ ва Искандаров «им так надо» ва онҳое феълан дар хидмати ин режимед агар пас аз ин ҳама воқеъиятҳо боз ҳам «моя хата с краю» гуфта гардед. Рӯзе ин сарнавишт ба саратон омад яқин дошта бошед дар зиндон кардану маҳви ҳар яки шумо чашми чапи Раҳмонов ку аниқ намепарад. Инчунин чашми росту чапи ин миллату мардум ҳам барои шумо нахоҳад парид!

Сообщение Зарифӣ сӣ сол мешинад,то Раҳмонов сӣ соли дигар дар курсӣ шинад появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №185
Навид ва навигарии хуш ин аст ки ҳоло ҳатто мардумони оддӣ ва дур аз сиёсату дур аз давлату давлатдорӣ ҳам дар фикри инқилоб ва дар фикри сарнагун кардани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонованд. Ва ҳар касе ба таври худ, ба фикри худ роҳу васила меҷӯяд ва  андешаву назарашро пешниҳоди мардум мекунад, то аз ин ҳукумати ғайримиллӣ, ғайримардумӣ, ғайриқонунӣ ва ҳукумати як тоифаву як маҳаллу як оила ҳарчи зудтар мардум ва миллат халос шавад. Номаи аввали ин нашри мо ба ҳамин масъала бахшида шудааст:

Истаравшан

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ ҳамватанони азиз ва бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман имрӯз хостам дар бораи беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии сокинони Тоҷикистон фикру андешаҳоямро дар робита ба ҳуқуқҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ матраҳ намоям ва низ роҳҳои ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва озод шудан аз ғуломиро пешниҳод карданиам.

1.Мо ҳар як шаҳрванд бояд бидонем, ки чаро дар тамоми дунё фақат мо ба ин ҳоли паст афтодаем?
2. Мо чикор намоем, ки аз ин ҳолати паст чи гуна берун бароем?

3.Чи кор кунем, ки ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандӣ боло равад?
4. Чи кор бояд кард,ки мақоми мо сокинони Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ,   боло бошад?
5.Чи гуна бояд давлатро идора намуд?
6. Чи тавр аз иқтисоди ғуломӣ озод шуд?
7.Чи кор кунем, ки дар назди оилаи худ,дар ватани худ кор ва зиндагӣ карда тавонем?
8.Чи хел кард, ки аз дарди пешвопарастӣ озод шуд?
9. Имрӯз барои чи мо аз лиҳози фикриву ҷисмӣ ғулом шудаем?
10.Чи гуна коррупсияро аз байн бурд?
11.Чи гуна шаҳрвандро шуҷоъ ва далер намуд?
12.Чи тавр бояд инқилоб кард, ки давлату миллат аз зери бори як командаи ҷинояткор озод шавад?
13.Чи тавр ҷинояткориро коҳиш дод ва коре кард,ки минбаъд шаҳрвандон ба ҷиноят даст назананд.

14. Чи тавр бояд рафтор кард,ки аз мо тарс дур шавад?
15. Дар мубориза чи гуна «як қадам ба қафо, даҳ қадам ба пеш» гузорем, ки мо дар инқилоб пирӯз шавем?
Ҷавобҳо:
1. Мо бояд тамоми ҳамватанони азиз дар якҷоягӣ аз ҳаққи худ талаб намоем. Вақте талаб намудем, он замон қадру қимати худро пайдо хоҳем намуд. Агар ту дар давлати худ беҳуқуқ бошӣ, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун, ки туро дигар давлатҳо ҳуқуқатро поймол хоҳанд кард. Ин хомӯшӣ ва талаб накардани мост, ки моро мансабдорон ҳамчу хар истифода мебаранд.
2. Мо бояд ҳама ҳамватананон ба ватан баргашта талаб намоем аз ҳукумати кунунӣ, ки моро бо ҷои кор, свет, таъмин намояд ва агар иҷро накард, бояд истеъфо диҳад ва агар нахост мо ҳама ба хиёбонҳо бароем. Агар ману ту ҳаққи ҳалоли худро талаб накунем, ҳеҷ вақт ҳеҷ кас ба мо эҳтиром нахоҳад гузошт.
3. Акнун ҳама ҳамватан дар якҷояги садо баланд намоем ва истеъфои Эмомалӣ Шарипович Раҳмоновро талаб намоем. Дигар нагузорем, ки ин оилаи паст болои мо ҳукмронӣ кунад. Агар ин оила як аср ҳукмронӣ намояд ҳам, мо шаҳрвандон беҳуқуқ хоҳем монд.
4. Мо агар давлати худро, давлати интихобшудаи худро, давлати миллӣ на оилавиро насозем,ҳеҷ гоҳ ба сатҳи баланди байналмилалӣ нахоҳем расид. Зеро ба мо ҳеҷ кас ёрӣ ҳам намекунад ва нахоҳад кард. Мо худ ислоҳ нашавем, ин оила ислоҳ намешавад.
5. Мо бояд барои давлатро идора намудан ақлу дониши миллатро истифода барем ва инсонҳои боилму бо фарҳангро дар роҳбарӣ оварем. Давлат бояд тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба пуррагӣ риоя намояд.

Имрӯзҳо дида истодаед дар Русия, Туркия, Олмон ва ҳоказо ҳуқуқи шаҳрванди Тоҷикистон умуман риоя намешавад.Чунки моро Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов   ғуломиро омӯхт ва омӯхта истодааст, то ки ману ту ғулом бошем, чи гӯяд хуб гӯем. Имрӯз яке аз сабабҳои паст рафтани миллат ин таърифу тавсиф кардани Эмомалӣ Шарифович аст. Мо ба ин ҳол аз дасти Эмомалӣ Шарипович омада расидаем.
6. Мехоҳед аз иқтисоди ғуломи озод шавед? Ҳама мехоҳад, аммо амал намекунем. Имрӯз мо шаҳрвандон ғуломи Эмомалӣ Шарипович ва Русия шудаем. Сабаб дар он аст, ки мо ҳама шаҳрвандон ҳамеша дастгирӣ намудем ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро.

Дар ҳама ҳолатҳои бадтарин, танҳо ва танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Мо ҳама бояд тарки Русия намоем ва дар давлати худ кору фаъолият кунем. Барои шаш моҳи аввал барои ҳама шаҳрвандон мушкил аст баъди инқилоб кардан, лекин бояд бо тамоми вуҷуд озодии сухан, виҷдон, иқтисод, дин, сиёсат ва ғайраро бояд ба даст овард.

Исфара

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Алҳамдулиллоҳ, ки сомона ва шабакаи телевизионии «Ислоҳ» барои бедории миллат, барои эҳёи шуҷоат ва ҷасорати мардум, барои мубориза бар алайҳи ин режими оилашумули тоғутӣ хизматҳои босазое карда истодааст. Ман аз Исфара ҳастам. Дар як мақоми давлатӣ кор мекунам

Садҳо ҷавонеро медонам, ки дар роҳи мубориза омода шудаанд, инқилоб ва дигаргунӣ мехоҳанд.

Ҳукумати Раҳмонов дар тамоми мамлакат гӯё мубориза бар зидди ифротгароӣ ва либоси бегона бурда истодааст. Худи ман ҳам дар ҳайати комиссия ва вақти гузаронидани рейдҳо бар зидди сатру ҳиҷоб чанд бор иштирок кардаам. Аммо, дигар нарафтам. Чунки дидам дар асл ҷавонони баору баномус бар зидди ин амалу кирдори Раҳмонованд. Чунки дидам Раҳмонов бо ин баҳона мехоҳад афроди огоҳ, бедор ва рушанфикрро аз байн бибарад ва занҳои моро бесатру ҳиҷоб намояд.

Дигар ҷавони шуҷоъ намехоҳанд, ки бародар ё хоҳарашонро ба тӯҳмат зиндонӣ намоянд.

Дар асл мубориза бо ифротгароӣ нест. Баръакс мубориза бар алайҳи ҳақгӯён ва ҳақиқатхоҳон аст. Имрӯзҳо аз худи курсии президент шурӯъ карда, то коргарони ҷамоатҳо, хабаркашҳо ва чоплусон, кафида (трещина) дода аст.
Ростӣ, мубориза бар зидди ифротгароии ҳукумат ин оппозитсияро сиёҳ нишон додан, бад гуфтан, наздикони онҳоро тарс додан, таҳқир кардан, тӯҳмат намудан аст. Вале медонед мо ҷавонон тарафдори оппозитсия шуда истодаем ва сафи мо зиёд шуда истодааст. Барои онки суханони ҳақро, ҳақиқати ҳолро, ба мо гуфта истодаанд. Ман тарафдори ҳукумати кунунӣ будам, ҳоло ҳам дар ҳукумат кор мекунам, аммо ман аз Шумо дилсард шудам.Чунки Шумо бар фоидаи Эмомалӣ Шарифович ва оилааш кор карда истодаед ва кисаи худро ба ҷои аввал гузоштаед. Лекин миллатро ба пастӣ, бечорагӣ расонида онро муҳоҷир, ғулом кардед ва имрӯз террорист сохтед.
Давлаталӣ Саид, риси вилояти Хатлон  ман туро хуб медонам. Маълумотҳои ту дар «Ислоҳ» баромад ва тарс он дорӣ, ки бо дигар сирҳоят фош нашавад. Аз ин ба баъд ду чашмам таг таги ҳар як мансабдор аст.

Дар вилояти Хатлон хоҳиш ва талаб карда истодаанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, муллоҳои Афғонистонро набинед ва гуё онҳо оромии миллату давлати моро намехоҳанд. Онҳо хоини давлат ва миллат ҳастанд, ки оромии мо шаҳрвандонро намехоҳад гуфта истодаанд. Ман дар ҳар як маҷлисҳои шумо иштирок дорам ва қадам ба қадам ҷиноятҳои Шуморо ошкор менамоям. Агар хоҳед,ки ҷиноятҳои ҳар яки Шумо ошкор нашавад, ба шаҳрвандони азизам зулмро қатъ намоед.
Ман инқилобро бар зидди ин ҳукумати диктаторӣ шурӯъ кардаам, дар дохили кишвар.
Ҳамватанони азиз, аз мубориза натарсед. Ман ҳам ба мисли Шумо як шаҳрванд ҳастам, ки Ислоҳро мебинам, лайк мегузорам, ҳатто дар кабинетам мебинам. Медонед ҳамватанони азиз! На танҳо Шумо шабакаи Ислоҳро мебинед, балки мо мансабдорон ҳам мебинем. Бисёре аз мансабдорон тарс аз он доранд, ки номашон дар Ислоҳ чоп нашавад

Ҳозир дар ҷумҳурӣ боз лимити барқ ҷорӣ шудааст,ки ба ҳамаи мо маълум аст. Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки талаб намоед, то ки лимити барқро аз байн бардорад. Зеро, ки Эмомалӣ то ҳол светро ба Афғонистон фурӯхта истодааст, то ки муомилоташро бо Афғонистон хубтар намояд. Вақте муллоҳои Афғонистон ҷиҳод эълон карданд, Эмомалӣ ба ларза даромад ва тарсончакиаш ӯро қариб ба фишори ҷиддӣ гирифтор намуд. Худи президент гуфт, агар пеши инҳоро нагирем, ба мухолифин роҳ медиҳанд ва якҷо қабрамонро зинда ба зинда мекобанд.

Президент ҳар рӯз ба кор намеояд, ӯ бисёрии вақт майзада аст. Ҳоло ҳам обро ба Узбекистон фурӯхта истодааст, агар бовар накунед рафта бубинед, ё худи коргари оддии обанборро пурсед, дар ҷавоб ба шумо мегӯяд фармон аз балост.
Хоҳед, ки зиндагии хуб дар назди оилаи худ дошта бошед, ҳамакаса бояд инқилоб намоем. Барои инқилоб кардан ҳамин светро талаб намоед кифояткунанда аст, зеро,ки ҳукумат оилашумул аст ва рӯзҳои охир бисёр тарсида истодааст.
Мисоли оддӣ меорам барои шумоён шаҳрвандони азиз.
Дар як ҷамоат чанд кас кор мекунад? Тақрибан 25 нафар ҳаст. Лекин мо истиқоматкунандагони ҳамон ҷамоат чанд нафаранд? Агар камашро бигирем, даҳ ҳазоранд. Аммо мо шаҳрвандон бохти зиёд карда истодаем, ки ба мо даҳ ҳазор нафар, 25 коргари ҷамоат зулм карда истодааст ва мо лаб во накарда истодаем, ки ба мо зулм, тӯҳмат, шиканҷа, зиндон карда истодааст. Агар мо ҳар як ҷамоатҳо, ноҳияҳо, дар шаҳр истиқоматдоштагон бихезем, бар зидди шаҳрванд ҳеҷ кор карда наметавонад.
Як бародар дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шумораи 175 гуфтааст, ки ба инқилоби октябр хуш омадӣ, ба озоди хуш омадӣ, ба ватан хуш омадӣ. Ман бо ин бародар розӣ ҳастам ва ба инқилоб бароем ва ба тамоми ҳукуматҳои шаҳру вилоят дароем ва ба қасри президент дароем.

Рости гап, мо мансабдорон низ дастгирӣ менамоем ва зиёд мансабдороне дар даруни худи қасри президент ҳастанд, ки инқилоб мехоҳанд.
Бубинед, ки дар тӯли 32 сол аз ӯҳдаи свет набаромад ва баромадан ҳам намехоҳад Эмомалӣ Шарипович, зеро ки мо сукут намудаем ва аз ин фурсат истифода бурда истодааст, ки барқро ба Афғонистон фурушад. Росӣ агар ҳамин Эмомалӣ як аср раиси ҷумҳурӣ истад ҳам мо шаҳрвандон соҳиби барқ нахоҳем шуд! Зеро, ки ин оила оилаи копейка аст. Аз Рустам, Озода, Парвина ва ғайраҳо як зарра ҳам умед накунед, ки инҳо хеле ва хеле оилаи пастанд.

Ваҳдат

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз Ваҳдат менависам. Аллоҳ шумо муборизонро фатҳу нусрат ато фармояд. Ман чи гуфтаниям?

«Муминин ба по хезед, бас аст дигар гап задан: «и деди хирада (Э.Р) намефаҳма гапа дига, фақат и да сизурӣ кора мекуна. Вақти он расидас, ки мо амал кунем, бародаро, падаро, модаро, хоҳаро». Чи хеле, ки моро манъ карданд, ки масҷид наравем, рӯза нагирем, сатр накунем, риш намонем, мо ҳам дигар туро Раҳмонов намемонем, ки соли навро ҷашн гирӣ, наврузӣ кунӣ, буҷҷаи кишварро дуздӣ кунӣ.

Марҳамат рӯзи 01.01.2025 охирон рӯзи деди хира (Э.Р) аст. Ин лаънаткарда на гапро гуш мекунад ва гапро мегирад. Зулм хеле зиёд аст дар Ваҳдат. Намедонам аз куҷояш гап занам. Ҳар касе дар ҳамин давлат кор мекунад, бо вай гап зада намешавад. Мегуӣ, ки ҳамин давлат дар дасташ аст. Ҷавонҳо ҳама арақхур, бангӣ, бетарбия. Муаллимҳо бетарбия, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, об, свет, ҷамоатҳо, участковий ҳама дузд.

Бародарҳо мо феълан дар Тоҷикистон. Ҳамаро аз Русия депортатсия карда истодаанд. Боз нисфи мардум мехоҳанд, ному фамилияашонро иваз карда «ай биҳишти руи олам гурезанд ба суи Русия». Не ҳеҷ ҷо  намеравем. Мо дар ватан бояд кор кунем. Раҳмонов наметавонӣ мушкилоти мардумро ҳал намоӣ   вазифаро холӣ кун. Барои ту фақат моҳи январ вақт дода мешавад.

Хитоб ба Эшонии Нуридинҷон! То вақте шумо амри маъруф мекардед, ҳама тинҷу озод буд. Мо кудак будем мерафтем масҷиди шумо намоз мехондем. Аз Душанбе, Кулоб, Ёвон, Қурған ва аз тамоми ҷо меомаданд ва дар масҷиди шумо намоз мехондем. Имрӯз садои шуморо мо намешунавем, куҷоед шумо? Ба ёд доред мегуфтед, ки фақат аз Аллоҳ тарсед. Лекин шумо имрӯз аз Раҳмонов тарсидед, хомушед, то кай мо тоқат кунем. Ришҳоямонро мегиранд, сатрҳои модарҳоямонро хоҳарҳоямонро мегиранд. Мо хомӯшем. Фарзандҳоямонро намемонанд Қуръон хонанд, чи кор кунем? Пирузӣ бе ҷонбозиҳо намешавад.

Раҳмонов, ту ҳамон пулҳое, ки дар кофтан ва нобуд кардани мухолифон сарф мекунӣ, чандин мактаб, чандин бунгоҳи тиббӣ месохтӣ, об мебаровардӣ чи мешуд? Имрӯз ту лодер –танбал шудаӣ, шикамат ранги тағора, кадоме туро дастгирӣ мекунад капааш сухт. Ин шо Аллоҳ ту, Озода, Рустам, Тахмина ҳамаат давратон ба охир расида истодааст.

Кулоб

Ассалому аллайкум устоди гиромӣ! Худоро шукр,ки шумо ҳастед. Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Як нома равон кунем дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»  ҷой кунед.

Нома аз Даҳанаи Кулоб аст. Бигзор номи ман махфӣ монад. Чунки ин режими хунхур хело ҳам золим аст. Мо худамон безор шудагием аз ин ҳама зулм: «ҳамиқае мондай, ки хдмона бкшем, некем аз барои аллоҳ зиндагӣ дорем».

Устод агар ин нома нашр нашавад валлоҳ заминҳоямонро аз дастамон маҷбурӣ гирифта истодаанд.

Шарипов Саид Ҳайдарович 4 акаву додаранд. Шарипов Хуршед Ҳайдарович

Шарипов Ғоиб Ҳайдарович ва Шарипов Ҳасан Ҳайдарович, ки ҳамаашон ҳаромхур ва одамкуш мебошанд. Шарипов Саид соли 1992 дар ноҳияи Тавилдара 120 дона автомати АК-47, пистолети макаровро дар трактори ҳамқишлоқиамон бор мекунанд. Номи тракторчиро намегирам.

Тракторчиро як намуд мезанад, мегуядаш, ки ҳозир дар инҷо як тират мезанам. Тракторчӣ аз тарс меравад ҳамроҳаш. Аз ноҳияи Тавлидара рост Кулоб, ба қишлоқи Даҳана  мебаранд автоматҳоро ва мефӯрушад. Аз ҳамон вақт ва аз ҳамонҷо дигар аз тракторчӣ «на хатайу на хаварай». Ин корро ҳар чори акаву додарҳо кардагианд. Ҳозир бошад Шарипов Саид бо раиси маҳалла ва участковиии қишлоқи Даҳана заминҳои назди ҳавлигӣ ва хоҷагии дехҳқонии мардумро махсусан аз моро маҷбурӣ гирифта дар дигар одамони мансабдор мефурӯшанд. Мегуянд «бра любойҷо шикоят кун, ҳаму Рустамай, ки ай хдмонай. Якилош мебарм любой кора иҷозатм мета дигаша да фалонм задагиюм. Як ҳафта пас қати Рустам дамгирӣ мерем. Дачаҳой Норакш. Рустам нашара мезана, мега то вақте ма зиндаюм хтона тенҷ кнен».

«Мо мардуми Кулобем, ай Даҳана, ҷонмон таги қртақмон омадай. Чи кор карданмона нмедонем, киҷо брем арзу дод кнем».

Боз болои ин ҳама зулмашон учасковий бо ҳамроҳии Шарипов Саид хона ба хона шабҳо мегарданд. Вақти намози хуфтан медароянд, дар хона ҷойнамоз бошад: «паспорта мегираву мега пага ба кабинета биё. Меравӣ «сраза ай заминт меқапа ки инамиқаша мода метӣ, не бугу салафит мезанем мерай турма».. Аллоҳ лаънат кунад Эмомалиро. Ин чи зулму бедодӣ аст? Бо мегуӣ, ки шукрона кунед. Чиро шукр бигуем. Зулми туро?

Э, мардум! Натарсед! То чанде тарсидем ба ҳамин рӯзҳо расидем. Як камтар ҳушёр бошед. То вақте ин режим дар болои мо ҳаст, мо азоб мекашем.

Истеъфо, Истеъфо, Раҳмонови тоғут.

Восеъ

Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Вазъияти ҷавонони тоҷик, ки дар муассисаҳои низомии Русия таҳсил мекунанд, бад шуда истодааст. Махсусан

онҳое, ки феълан дар доираи квотаи ҳукуматӣ дар омузишгоҳу донишгоҳҳо, умуман муассисаҳои таълимии низомӣ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд боз бадтар мешавад. Чунки Путин Раҳмоновро водор карда истодааст, ки барои ҷалби иҷбории онҳо ризоият бидиҳад. Маълум нест, ки бар иваз чи имтиёз ва ё чи чизе доданӣ аст.

Ҷалби сарбоз, умуман неруи инсонӣ бар муқобили Украина.

Як рафиқи наздикам дар вазорати мудофиа кор мекунад. Мегуяд, ки Путин аз Эмомтапак солдат талаб карда истодааст. Як нафари наздики дигар, ки дар омӯзишгоҳи низомии Воронеж кор мекунад гуфт, ки бояд тоҷикҳову узбекҳову қирғизҳо сарбоз диҳанд барои ҷанги зиди Украина. Ман худам ҳам шахси низомӣ, афсар ҳастам. Он шаб дар басти шабона будам. 10 мошини зиреҳпуш ва 2 мошини Урал холӣ гузашт. Раҳмонов чанд рӯз пеш, ки Маскав рафт дасти холӣ рафтагӣ нест. Ба назарам мошинҳои ҷангӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафта истодаанд. Мутахассисони омӯзишдидаи низомӣ, ки дар русия ва дигар кишварҳо таҳсил намударо ҳатман барои кумаки сипоҳи русҳо ба Укроин фиристоданаш дақиқ ҳаст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №185 появились сначала на ISLOH.net.