Архивы Муҳоҷирон - ISLOH.net

Фоҷиа дар Русия: «ҷавонони тоҷик даст ба таҷовуз заданд»
Номаи маро алоҳида нашр кунед №48

Номае, ки дар ин шумора пешкашатон намудем як номаи оддӣ нест. Ҳам дард дорад ва ҳам мусибат ва ҳам шармандагӣ ва ҳам ҷиняти ошкоро.

Сухан аз он ҳодисае меравад, ки ин шаҳрро ба даҳшат ва таҳлукаву тарс андохтааст.  Се ҷавонмарди 19-24 сола як духтари ноболиғи русро ба ҳадде ва усуле таҷовуз мекунанд, ки он духтарбача тоб намеоварад ва ба ҳалокат мерасад.

Мақомот ин се ҷавони тоҷикро дастгир кардаанд ва ҳоло падару модари онҳоро ҳам дар милисахонаи ин шаҳр таҳти саволу пурсиш қарор додаанд.

Ин ҳодиса дар яке аз шаҳрҳои вилояти Самара рух додааст.

Номаи зер аз ҷараёни ин ҳодиса ривоят мекунад. Аслан ин сӯҳбатҳои яке аз масъулони диаспораи тоҷикӣ дар ин шаҳр аст, ки ба дасти мо навори аудиоии он расид ва мо онро ба матн гардонида пешниҳоди шумо кардем.

Ин нафари масъул бо хитоб ба Группаи вотсапии бачаҳои ин шаҳр, муҳоҷирони кории тоҷик аз онҳо даъват карда истодааст, ки аз содир кардани чунин ҷиноятҳо худдорӣ ва иҷтиноб варзанд. Чунки чунин ҷиноятҳо муносибати мардуми маҳаллӣ-русҳоро ба муҳоҷирони тоҷик бисёр ҳам бад мекунад. Дар ҳоле, ки ҳазорҳо нафар аз тоҷикҳо дар худи ҳамин шаҳр кору зиндагӣ карда истодаанд. Ва ҳоло матни ин навори аудиоиро пешкашатон мекунем, ки ба тарзи зайл аст:

«Садои диаспора: ҳушдори сахт ба ҷавонони тоҷик»

Ассалому алайкум бачаҳои аҳли гурӯҳ. Он қадар мегӯем, ки ғаматон надиҳем, вақтатонро нагирем, намешавад. Як ҳафта шуд хапед, чи кор мекунед?

Як воқеа шудааст дар ин шаҳр. Ду рӯз шуд моро милисахона мекашанд, инҷо мекашанд, онҷо мекашанд, разбор мекунанд.

Ду рӯз пеш се бачаи тоҷик якеаш 18-19сола, дигариаш 23 ва сеюминаш номаълум, ки чандсола аст, духтарбачаи сездаҳсоларо аз шаҳри кӯҳна ба хонаашон меоранд. Дору-таблетка медиҳанд ба духтари ноболиғ ва секаса вайро таҷовуз мекунанд. Боз дубора дору медиҳанд ва боз такроран секаса изнасиловат мекунанд. Бечора, духтари сездаҳсола передозировка мешавад ва ба ҳалокат мерасад. Пареррӯз то соати 11 шаб милисаҳо кофтанд, ҳарсеяшро ёфтанд, хона бурданд, съемка карданд. Вазъият безеб аст.

Бародарҳо, ҳар як кадомамон духтар ва фарзанд дорем. Худатон ҳисоб кунед. Бачаҳои тоҷик се каса аз 19 то25 сола, духтари ноболиғи сездаҳсоларо аз бегаҳӣ то қариби саҳар пивову  дору-таблетка дода по очереду изнасиловат кардаанд. Ҳарсеяшон. Сездаҳсола, кӯдакро!  Се тоҷик, дар мулки ғарибӣ. Дар мулке, ки миллионҳо тоҷик, зану мард, оилавӣ, барои пайдо кардани як луқма нон ва рӯзгори беҳтар омадаанд.

Ту донӣ худо, ҳар як кадомамон фарзанд-духтар дорем. Чаро проблема фақат ба сари тоҷик аст?

Ҳамин саҳарӣ мо дар сентри экстремизм будем. Бовар кунед, мо сарамон хам, намедонем чи кор кунем, чи гӯем, ман открито гуфтам, ки зӯри мо намерасад ба ин бачаҳои ҷавон.

Намедонам инҳо падар доранд надоранд. 90 дар 100и онҳоро худатон медонед, дар кадом пеши мегазини, пархавз, парк куҷое меравед, мебинед. Бачаҳои тоҷикро 15 сола 25 то 30соларо.

Ҳамон рӯз боз ду бачаи тоҷик, дар шаҳри нав, бачаҳои 26-27 сола кокс медиҳанд дар мошин авария мекунанд. Дар даруни мошини ду бачаи тоҷик боз ду духтараки 14 солаи урус. Аз барои худо боз барои инҳо администратсияи район телефон карда фамилия, имя, отчество мепурсад. Хай, то кадом рӯз, то кадом маҳал ин корҳо давом мекунад.

Бачаҳои 26 сола, 27 сола духтарҳои сенздаҳ-чордаҳсола дар мошинашон. Дар шаҳринав дар шаҳри куҳна. Ин бачаҳои ҷавонро ҳеҷ сарфарояшон нарафтам.

Мо фарзанд калон кардем, ки дар ин шаҳри ғарибӣ, дар инҷои мусофирӣ ҳамин гуна кор кунанд инҳо. Ва обрӯи миллатро то ҳаминдараҷа паст кунанд, ин падарлаънатҳои беимон. Хайр то ба кай ман бачаҳои ёшро  гап занам? Ман ё ки ҳукумат, ё ки кормандони милиса.  Охир калонҳо, мардҳои мусафед, гӯшҳоятонро таги тоқӣ нагиред, нагардед шумо ҳам. Шумо ҳам дар ҳар куҷое дидед бачаи ёшро насиҳаташ кунед. Бахудо, худам ду рӯз пеш аз пархавз баромадам, панҷ-шаш кас дар рӯбарӯи пархавз чухтанд, мӯҳои сарҳояшон хиёле мекунӣ, ки тоҷи мурғобӣ аст. Дар тори сарашон мурғобӣ ҳеҷа кардааст. Причоскаҳояшонро бин-ёжик. Сигаретҳо дар параи даҳан, агарчанде, ки дар тарафи дасти рост ҳам аз тарфи дасти чап ҳам ҷойи курилка дорад. Ана маданияти бачаҳои тоҷик. Аз барои худо шармандаамон кардагиянд ҳамин бачаҳои ёш.

90% бачаҳои Хуросону бачаҳои Ёвонанд. Маҳаллачигӣ накунем, тоҷиканд ҳамаашон. Се бачаи бузбала. Духтари сездаҳсоларо, кудакро, то саҳара по очереду….  Кӯдак ба он дараҷае шудааст, ки дар ҷояш мурдааст. Бахудо инҳоро пожизненний тюрма мекунанд. Пожизненний.

Ҳозир падару модарҳояшон ҳам, ки ҳамаи ин моҷароро медонанд, дар  милисахонаанд. Ба фикрам гражданствояшонро оилавӣ қатъ мекунанд.

Хайр, мемонед мо дар ҳамин мамлакат мо зиндагӣ кунем? Мо обрӯи миллатро бардоштан мехоҳем шумо баракс карда истодаед. Шумо лаънатиҳо бачаҳои ёши ҳозира худо хонаатонро бисузад. Наход шумо духтари сенздаҳсолаи ноболиғро то саҳар секаса ба навбат таҷовуз кунед. Агар ин кор бо хоҳари шумо шавад чи гуна қабул мекунед? Дар падаратон лаънат. Номи миллатро шумо паст кардед.

Илтимос, мардум, илтимос, камкам бачаҳои ёшро насиҳат кунед.

Ҳамин ҳоло дар милисахона будем. Мегӯянд, ки «Ато Олимович, вот представьте: если бы трое русских парней так поступили с таджикской девушкой в Таджикистане — что бы вы с ними сделали? Поймите, это ведь ребёнок, девочка. До каких пор вы будете закрывать на это глаза?» Рост мегӯяд. Э, бача рост мегӯянд.

Ҳамаамон падарем. Хуб кӯдак аст он духтар. Вай беақл аст. Ақл дорад надорад, наркоман аст ё нест, аммо фарзанди як инсон аст. Наход се ҷавон, 23 сола мард кудаки сездаҳсоларо шаб то саҳара боз бо очеред – «иш мекардаст ваяш мекардаст, ваяш мекардаст боз иш мекардаст.

Ҳозир падару модарҳояшон дар мо баромаданд, ки «раис мо чи кор кунем?» Бимиред. Шумо чи кор мекунед, мурданатон беҳ. Мо ёрдам намекунем шуморо. Мо ёрдам ҳам карда наметавонем».

Ҷавони 23 сола, ҷавони 19 сола. Дигариаш ҳам 23-24 сол аст. Ҳоло мегӯянд, ки чаҳорумашро кофта истодаанд.

Э, мардум дар ҳамин шаҳр, аз барои худо безорамон кардед. Аз дасти ин бачаҳои ёш тамоман ҳолу рӯз надорем. Чи дар шаҳри нав ва чи дар шаҳри кӯҳна. Проблема фақат аз тарафи тоҷикҳо ва фақат бачаҳои ёш.

Агар дар ин шаҳр 5000 тоҷик бошад 10000 узбек ҳаст. Чаро узбекбачаҳо ҳамин хел проблема намекунанд? Чаро дигар миллатҳо ин тавр проблема намекунанду фақат тоҷикҳо?

Ман бачаҳои Хуросону Ёвонро ягон корашон надорам, ягон против нестам. Ҳамаи мо тоҷикем. Вале илтимос бачаҳои Хуросону Ёвон фарзандҳоятонро нигоҳ кунед. Охир айб аст. Ба худо 90%ашон бачаҳои Ёвону бачаҳои Хуросонанд. Падару модарҳоятон дар бозор дар стройкаҳо кор мекунанд. Онҳо шуморо бихуронанд ё ки аз қафои шумо шаванд. Пеши пархавз, пеши парк, дар пеши казино, дар пеши Капитал! Магар дар инҷоҷ ғайр аз тоҷик дигар миллат нест. Айб аст. Бас кунед, аз шумо хоҳиш дорем бачаҳо. Одамон калонсол, мардҳое, ки бист сол, сӣ сол шуд дар инҷоед, гушҳоятонро дар таги тоқӣ накунед, нагардед. Барои ин рафторҳои

ин молодёж як мо тоқа гунаҳкор нестем. Шумо ҳам гунаҳгоред. Калонтаронатон дар куҷое ҳастед, дар кӯчаед, дар бозоред, фарзанди тоҷикро, фарқ надорад фарзанди кӣ аст, сигарет дар даҳанаш дидед замечанияаш кунед, носкашро дидед замечанияаш кунед, ришро дидед, замечанияаш кунед, ки тоза бигардад. Инҳо ҳамаашон ояндаи моянд, инҳо ҳамааш нишонаи миллати моянд. Ақлашон ёд бидиҳед, одоб ёд диҳед.

Сӣ сол шуд мо дар ҳамин шаҳрем. Аммо интавр ва ин гуна гапу хабар набуд. Дар инҷо аз ҳамаи миллатҳо ҳаст, ҳаминҷо зиндагӣ мекунанд. Лекин ягон миллат чени тоҷик проблема создават намекунад.

Мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омадем инҷо, ки зиндагӣ кунем, ватанро поддержка кунем. Пул кор мекунем ба падару модарамон, ба зану фарзандонамон, ба хешу таборонамон роҳӣ мекунем.

Мо Тоҷикистон меравем, ки фахр мекунем, ки мо аз Русия омадем ку. Лекин мо бояд дар инҷо фахр кунем, ки мо аз Тоҷикистон омадагием. Мо тоҷикем, мо мусулмонем.

Мардум, илтимос, инро дар ҳамаи группаҳоятон партоед. Бачаҳои шаҳри нав бас кунед беадабиатонро.

Дар даруни мошини бачаи 26-27 сола духтар сездаҳ чордаҳсола чи кор мекунад. Пожизненно -як ҳаёт, якумра тюрмаатон мекунанд.

Медонед дар даруни тюрма барои ин кор чи коратон мекунанд. Шумо мегӯед, ки хайр чи корамон мекунанд, ҷанг роҳӣ мекунанд. Не, бо ин статя не. Шуморо ҷанг роҳӣ намекунанд. Шуморо як ҳаёт дар тюрма меқапанд, ҳиҷчи надиҳанд 10 -15 сол тюрма мекунанд. Медонед дар он тюрма чи коратон мекунанд?

Барои ҳамин бародарҳо, илтимос фарзандонатонро насиҳат кунед. Одамони калонсол ҳар кадомеат бачаҳои ёшро дар куҷое дидед, огоҳашон кунед, замечани кунед, хатоияшро ислоҳ кунад. Насиҳаташон кунед, фарзанди худатон аст

Ҳар кадоматон фарзанд доред, ҳар кадоматон навасаву набера доред.

Илтимос, бачаҳои тоҷик, илтимос бас кунед. Бачаҳои ёш обрӯямонро дар ин шаҳр резонидед.

Мо миллати тоҷикем, мо миллати бообурӯем, мо миллати бономусем, мо миллат қонуну шариатро риоят ва эҳтиром мекунем. Ҳамин қонуни давлат ҳам ранги қонуни шариат аст. Вақте болои шумо қонун татбиқ мешавад он гоҳ дер шудааст.

Бахудо тоҷикҳоро чунин бачаҳои ёш шарманда, збонкутоҳ ва муттаҳам карданд. Баъд боз хафа  мешавӣ ки тоҷикҳоро депортатсия карданд, «моро ита ута мекунанд».

Бахудо моро кам карда истодаанд. Ба гуфти ҳамон корманди отдели милисаи шаҳр се урус як духтари ноболиғи сездаҳсолаи тоҷҷикро дар Душанбе ё Хуҷнд ё Қурған ё Кулоб ҳамин тавр кунанд, мо чи гуна ҷавоб медиҳем?

Ман рафтам морг. Ман мебинам мурдаи бачаҳои тоҷикро. Ман рафтагиам милисахона, ман рафтам моргу ҷасади он духтар урусро дидам: кӯдаки сездаҳсола.

Мард ҳастед? Биёяд як касатон, барам бинад ҳамон кӯдаки тика порашудаи сипсиёҳу кабкабуд шударо, бинанд, ки бачаҳои тоҷик чи кор кардаанд?

Э, худо занадатон. Аз пушти шумо ношустаҳои ношунавидаҳои номард халқи муҳоҷир дар азоб мемонад. Худи таҷовуз як ҷинояти вазнин аст. Аммо шумо боз ин корро бо ноболиғ-несовершеннолетка анҷоҷм додаед. Шумо инсон нестед, шумо аз ҳайвон бадтаред. Беҳуда намегӯянд, ки аз пушти як ношушта гӯристон дар азоб аст.

Бародарҳо, ҳаммилатони азиз! Мо фарзанд дорем. Ман худам 7 духтарча дорам, ки калониаш сездаҳ сола аст. Ман чи хел духтарамро ҳозир дар кӯча сар диҳам, чи фикр мекунам? Ҳозир меқапанд ягон бало мекунанд

Ман ба мусулмонии ин бачаҳои ёш шубҳа дорам. Шумо мусулмон нестед.

Мусулмон ин тавр намекунад, мусулмон ин корро намекунад. Зино дар ислом ҷинояти вазнин ва гуноҳи кабира ҳисоб мешавад. Одаме, ки имон дорад ин корро намекунад. Як грамм дар танат номуси тоҷикӣ бошад, номуси мусулмонӣ бошад, бояд ин корро накунӣ

Илтимос худатонро ислоҳ кунед.

Инҳо ҷазояшонро мебинанд, ҷазояшонро то охир мебинанд. Худо инҳоро хорашон кунад, ки ҳам хору залиламон карданд, ҳам шарманда ва ҳам зиндагӣ дар ин мулки ғурбатро бароямон душвор ва ғайриимкон гардонданд. Ин хелиҳоро қонуни давлат ҷазои сазовр медиҳад, фардо дар он дунё ҳам хору забун хоҳанд буд.

Касе нисбати духтари ноболиғ ҳамин корҳоро мекунад, ин ша Аллоҳ ба кайфари аъмолаш мерасад.

Дар мошинҳояшон савор мекунанд, нисфи шаб дар авария меғалтанд, сездаҳ-чордаҳсола  духтарҳо дар мошинашон.

Парлаънатҳоро мо калонатон кардем барои ҳамин рӯз?

Ман дигар ба ин бачаҳои ёш ва ба падару модари онҳо гап надорам. Калонсолҳо насиҳаташон кунед.

Пагоҳ қапиданд, депортатсия карданд, тюрма карданд, гражданстваатро лишат карданд, ВНЖятро, хафа нашавед аз ин давлат. Аз худатон хафа шавед, хатоӣ не, ҷиноят содир кардед.

Барои ман гап задан дар ин масъала бисёр ҳам неприятно аст, аммо маҷбур шудам…

Пасгуфтори Ислоҳ: «Агар намехоҳед ба шумо чунин кунанд-шумо ҳам накунед!»

Нидо ба виҷдони ҷавонон ва падару модарон!

Имрӯз мо дар мулки бегона зиндагӣ мекунем. Дар байни миллатҳои дигар. Ҳар як амали мо на танҳо ба худи мо, балки ба номи миллат, ба обрӯи тоҷик, ба шарафи ислом таъсир мерасонад.

Имрӯз мо дар як имтиҳони сахт қарор дорем-имтиҳони виҷдон, имтиҳони инсоният ва имтиҳони номуси миллӣ.

Як лаҳза фикр кунед:
Агар дар Русия ё дигар кишварҳо духтарону занони тоҷикро таҷовуз кунанд-шумо чӣ ҳолат мегиред? Оё тоқат мекунед? Оё ором менишинед?
Албатта не!

Пас чаро худи шумо даст ба чунин ҷиноятҳои ваҳшиёна мезанед?

Ин ҷиноят аст!
Ин нобуд кардани обрӯи миллат аст!
Ин хиёнат ба дини Ислом аст!

Қуръони карим равшан мегӯяд:

«ولا تقربوا الزنا إنه كان فاحشة وساء سبيلا»
«Ба зино ҳатто наздик нашавед, зеро он кори фаҳшо ва роҳи бисёр бад аст» (Сураи Исро, 32)

Паёмбари акрам (с) фармудаанд:

«لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه»
«Ҳеҷ кас мӯъмин намешавад, то он чиро, ки барои худ мехоҳад, барои дигарон низ нахоҳад»

Агар ту намехоҳӣ хоҳарат, духтарат, модарат қурбонӣ шавад
пас ба духтари дигарон даст нарасон!

Ин гуна ҷиноятҳо нишонаи чист?
Нишонаи дур шудан аз дин, аз тарбия, аз инсонгарӣ.

Ин натиҷаи тарбияи нодуруст аст
Ин натиҷаи бепарвоии падару модар аст
Ва ин натиҷаи сиёсати нодурустест, ки насли ҷавонро бе роҳбарӣ гузоштааст

Падару модарон!

Фарзандро танҳо калон кардан кофӣ нест-ӯро инсон тарбия кардан лозим аст.

Паёмбари акрам (с) фармуданд:

«كلكم راع وكلكم مسؤول عن رعيته»
«Ҳамаи шумо масъул ҳастед барои онҳое, ки зери ихтиёри шумо ҳастанд»

Агар фарзандатон ба ҷиноят даст занад
ин танҳо гуноҳи ӯ нест,
ин гуноҳи шумост!

Ҷавонон!

Мардӣ дар таҷовуз нест.
Мардӣ дар ҳифзи номус аст.
Қувват дар зулм нест-қувват дар назорати нафс аст.

Имрӯз шумо фикр мекунед, ки ҷавон ҳастед ва аз ҷазо мегурезед.
Аммо:

Қонуни давлат шуморо сахт ҷазо медиҳад
Ҷомеа шуморо рад мекунад
Ва дар назди Худо ҷавоб медиҳед

Ба худ биёед!

Номи тоҷикро паст накунед
Номи мусулмонро шарманда накунед
Ояндаи худро вайрону  табоҳу кунҷи зиндон накунед

Зеро як ҷинояти шумо метавонад сарнавишти як миллатро сиёҳ кунад.

Сообщение Фоҷиа дар Русия: «ҷавонони тоҷик даст ба таҷовуз заданд»    появились сначала на ISLOH.net.

Навиштаи як наҷотёфта аз доми СИЗО: «ҳушдори сахт ба муҳоҷирон!»
Номаи маро алоҳида нашр кунед№18

Бохтар

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз, домулло Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман шуморо шахси боваринок ва наздик дониста ба шумо дарди дили ҳазорҳо фақиру муҳоҷирро мерасонам. Хоҳед ин номаи маро ба мардум, вале ба тарзи алоҳида расонед, нахоҳед нарасонед.

Ман бо гуфтани ин суханҳоям каме бошад ҳам қалбамро сабук мекунам, боқӣ дар дасти шумо!!!

Охирон навори шумо дар бораи даъвати ҷавононеро, ки бо ҷурми лайку салафия, хуллас моддаи 307 айбдор эълон кардаанд, тамошо кардам.

Аз онҳо мақомоти Раҳмонов даъват карда истодаанд, ки ариза нависанду изҳори пушаймонӣ кунанду баргарданд ба ватан, бахшида мешаванд. Ин навори шумо таҳти номи ….дар шабакаи Ютуб нашр гардидааст.

Ман бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки нн доми дурӯғ аст, камин аст. Бовар накунед!! Бовар накунед ва дар доми фиреби мақомоти Раҳмонов худро бо пойи худ ва бо дастони худ оварда насупоред.

Ман, яке аз онҳое ҳастам, ки ба ҳамин найрангу фиреби мақомоти Раҳмонов бовар карда ва дар СИЗО нишастам ва бо харҷи маблағи калон, ва баъди таҳаммули азияту озору таҳқиру шиканҷаи зиёд раҳо шудам.

Инҳо ба шумо ҳарфи рост ва беғаразона намезананд. Ин мақомоти Раҳмонов дар қалбашон як зарра раҳму инсоф ва шафқати инсонӣ вуҷуд надорад.

Аз дур шуморо моту мабҳут мекунанд, афсуну сеҳр мекунанд, худро дӯст ва шахси ғамхори шумо ҷилва медиҳанд, аммо ҳамин, ки пойи шумо вориди марзи кишвар шуд, тамом, шумо бо як ҷаллоду бо як қассоб гирифтор мешавед. Дигар аз он сӯҳбатҳои миёни шумову ин милиса ва ё амниятӣ, ки мегуфт, ариза менависӣ, аз Ҷаноб бахшиш мепурсӣ, ҳамаи корҳоят хуб мешавад, ба назди зану фарзандат, ба назди падару модарат, ба ватанат бармегардиву бо хотири ҷамъ зиндагиатро идома медиҳӣ, чизе ёдаш намемонад. Дигар фақат ҳақорату дашному дубинкаву мушту лагад мемонад.

Биёед, беҳтараш бароятон саргузашти худамро, ончики аз  сари худи ман гузашт, ончиҳоро, ки шоҳдаш шудаам, очиҳоро, ки бо чашмони сарам дидаам, ҳикоят кунам, ва дигар он тарафашро худатон хулоса кунед:

Доме, ки аз пушаймонӣ оғоз мешавад-ва ба зиндон мебарад

Худи маро кормандони Управленияи шаҳри Бохтар, ки дар бари ошхонаи Нилуфар, дар рубаруи суди шаҳрӣ воқеъ аст даъват карда буданд. Кормандони ана ҳамин управления бо номи Иззат ва Маҷид дар ҷони мардум задагианд.

Ба худо қасам, дар куҷое як камбағалу як бепулро мебинанд, як чизи исломиро лайк мондаӣ, ё дар ягон саҳифаи исломӣ обуна шудагиӣ гуфта ҳатто дар набуданашон, бе огоҳии шаҳрванд бар зидди вай парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 307 оғоз мекунанд.

Баъд занг зада аввал таҳдидро сар мекунанд, ки шумо бояд ариза карда ба ватан бар бигардед. Ариза, чи гунае ки шумо хондед сад дар сад ҳамин хел, ҳамааш як намуд: ба Раҳимзода вазири ВКД. Вақте диданд, ки на, шумо барнамегардед, сипас мулоим ва нарминарм мешаванд. Аз дигар раҳ бо шумо вориди гуфтугӯ мешаванд: «Бародар…ному насабатонро мегиранд….ман фаҳмидам, ки худат гуноҳ надоштаӣ. Хонаатон ҳам рафтам, аҳволи зиндагиатонро ҳам дидам. Баргарду биё, кӯмакат мекунем. Дар сари одамӣ ҳарчи меояд. Туро фиреб кардаанд, вале мо ёрдамат мекунем». Ва, аз ин қабил гапҳои пур аз шайтанату фиреб, яъне дасту дили туро ба омадан нарм мекунанд. Ва ҳатто роҳпулӣ ҳам мефиристанд. Аммо баъд чандвайной карда пас мегиранд…

Дарҳо, ки ба рӯи одамон бастаанд-ва ба рӯи азоб боз

Ба худо қасам мардумро фанд мекунанд. Мегӯянд, ки биёед, пурсу пос мекунанду ҷавоб медиҳанд. Аммо ин хелин гап нест.

Як бародар нақл кард, ки то саҳар зери крайник оби душевой рост доштаанд ва аз нуги кран дар болои сари вай то рӯз оби сард чакрачакра мечакад.

Нафари дигар гуфт аз соати 8и шаб то 7-и субҳ ҳарду дасташро ба трубаи оби утоқи кориаш муфаттиш бастааст, ки ҳатто ҷунбида наметавонист.

Меравӣ, дело мекунанду ба амният месупоранд. Дар амният як дашномҳое мекунанд, ки забон дар гуфтанаш оҷиз мемонад.

Дар управления мегуянд, ки «ҳаму муллоҳо фалонтон кнан, фалони ҳамунора бхрен».

Амният: ҷойе, ки инсонро мешикананд, на гуноҳро

Дар амният одамҳои бо ариза рафтагиро ончунон мезананд, ки ҳайвонро дилат намешавад ин хел азоб диҳӣ.

Як бародар ҳамроҳи ман буд, соли таваллудаш 2005, пушташро ба керхер шикоф карда ярадор карда буданд. Валлоҳӣ, чизеро ба чашмони худам дидам мегуям.

СИЗО—ҷаҳаннами зинда ва қонунҳои қассобон

Қариб 10-15 рӯз дар амният азобу шиканҷа, пурсу посу истинтоқ мешавӣ. Беист мепурсанд, рӯз, бегоҳ, шаб, нисфи шаб, дами субҳ, фарқ надорад. То даме айби мондаашонро ба гардан нагирӣ, азоб медиҳанд, азоб ҳам гап, ба куштан наздик мекунанд.

Баъд ба СИЗО мебаранд. Дар СИЗО ҳам ҳамин тавр. Даромадан баробар сумкаатро полний чизе дори тунук мекунӣ, мебинанд, ҳақорату дашном карда ном навис мекунан, баъд ба прогулка мебаранд. Яъне ҷое аст ки айбдоршавандаро ҳаррӯз барои чанд дақиқа ба ҳавои тоза мебароранд. Сипас амр мекунанд, ки  форма нол карда даро ва ба шикам бихоб. Агар тобистон бошад дар болои асфалти сӯзон «форма нол»- ба шикам мезанӣ-яъне ба ҷуз аз трусӣ, дигар урён мешавӣ. Зимистон бошад дар болои барфу борон, фарқ надорад. Як ё ду соат меистӣ ба шикам -форма нол. Баъд 5-6 нафара даромада чунон мезананд, ки 10 — 15 руз соз роҳ гашта наметавонӣ. Мегӯянд, ки касе ҳамроҳат аст, бигӯ, касе дузд аст, касе бангӣ аст, бигу барои мо. Аз барои Аллоҳ мо аз гуноҳи худамон хабар надорем, аз мардумро аз куҷо медонем?

Дар СИЗО чунон режим сахт аст ки саг қадр дорад инсон не. Сардори СИЗО омада мегӯяд, касе ба мухолифон маблағ партофтааст, бо моддаи 307 будаҳо дастҳоро боло бардоред ва баъд ҳақоратро сар мекунад. Барои баҳси исломӣ, барои омузиши намоз ҳам инсонҳоро овардагианд.

Ҷазоҳои ваҳшиёна, таҳқир, таҷовузи инсонӣ ва шиканҷаҳои шабона

Як ҷавонро бегоҳи тӯяш оварданд.

Як мардро оварданд бо статяи изнасилованний. Як сол гирифтагӣ. Аммо як нафари дигарро барои 500 рубл гузарондан ба мухолифон 13 сол додаанд.

«Хоини миллат»-муҳри тайёр барои ҳар ришдори мазлум

Тамоми статияҳоро 4-5 бор суд бурда, баъд ҳукмашонро мебароранд.

Дуздон, нашъамандҳо, одамкушҳо, изнасиловат, ҷанг кардагиҳоро- ҳамаашонро чор-панҷ маротиба суд бурда баъдан ҳукмашонро содир мекунанд.

Аммо 307-ҳо, нафароне,ки маблағгузорӣ ба мухолифон кардаанд ё ҳамроҳи 307 будагиҳо як бор сари суд мераванд, тамом, срокашон медиҳанд. Валлоҳӣ 80-90 фоизи дар СИЗО будаҳо ё дар зиндонҳо гуноҳ надоранд. Ҳатто краскаи поли СИЗОро айбдоршавандаҳоро маҷбур мекунанд, ки дар дачкаҳоятон краска нависед. Дубакҳо, надзирателҳо, любояшон, то начлникҳояшон аз саҳар то бегоҳ меоянд аз камераҳо кекс, печен, пряник, қанд, чой, тарбуз, харбуз, ҳар чизе, ки ҳаст мегиранд. Инсонҳоеро овардагинад, ки дар соли  2015-16 як навори мондааст да сафҳааш ё лайк мондааст. Ин дар куҷо дуруст мегирад? Худи ман ҳам ба гуфтаи мақомоти лаъини ҳароми Раҳмонов яке аз ҳамон нафарони хоини миллат ба шумор меравам.

Ташаккур, устод, ки шумо ҳастед, ҳарчи набошад диламонро холӣ мекунем!

Дар дохили СИЗО хусусан СИЗОи шаҳри Бохтарро дар назар дорам муттаҳамони статяҳои 201 яъне наркоманҳо 307-ҳоро издеватсия карда хоини миллат мегуфтанд.

Вақте аз онҳо савол мекардем, ки аз шумо 201, қисми 3, нашъамандӣ барои чи парво надоред? Судя аз худамон аст мегуфтанд. 300 дака гирифтагӣ аст, «лубой хел мебром» 300 даакш яне 300ҳазор сомонӣ мегӯяд. «Мебром бо дальше ай хдмонай усш». Бисёрии статяҳои 201 аз шаҳри Кулоб ва Ваҳдат буданд. Бахшиш, ин ҷои пастзанӣ нест, чизеро дидам гуфта истодаам.

Як марди 60-65ро оварданд, пул гузаронда будааст ба мухолифон. Худаш хабар надорад. Кадоме наличи додааст ин перевод кардааст, тамом. Дар прогулка дар вақти задан занашро ҳақорат мекунанд. Мехезад аз ҷояшу мегӯяд, ки         «хай бзанен ай зан ақорат накнен». Барои аз ҷояш хестан чунон мезананд, ки валлоҳӣ якуним ду моҳ пои ӯро худамон маз кардаву дока печонидаву спирт шакида личени карда будем. Пеши буҷули пояш баъди задан сахт варам карда буд, як моҳ пояшро дар замин монда наметавонист.

Вакте дубак дарро ҳуй мекунад бояд ҳама бихезад. Пойи он мард маъюб буд, боз сину солаш рафтагӣ, зуд бархоста наметавонист. Дубак фарёд карда 5-6 шапалоқ дар сари муйсафед сахт сахт мезад. Боз таҳқиру тамасхур карда мегуфт «сахти бад фалонт кадм намеша хеста аку». Тасаввур кунед як дубаки 27-30 сола мусафеди 60-65 соларо чи мегӯяд.

Карсери қиёматмонанд ва шиканҷаи рӯзе сад бор

Дар дарун ба навбат ҳаррӯз навбатдор меистодем. Дар навбати кадоме ягон камбудӣ мешуд, мисол овоз баланд мешуд навбатдорро бурда мезаданд. Сменаи рӯзона аз 6 саҳар то 10 бегаҳ шабона як соат пас иваз мешуд-аз 10 то 6 буд. Дар вақти сменаи шаб агар ягон касро бедор медид фарқ надорад, ҳатто ҳоҷатхона ҳам мумкин нест, медид номнавис мекард, дубакро ҳамроҳи он нафар соати 6 саҳар мебаровард, баъди падём, дар коридор мезадашон.

Як корманди ҳаром буд онҷо. Мардумро ончунон азоб медод, ки касе номашро намегрифт, қассоб мегуфтем.

Медаромад кадомеро мефорид ба дубинка дар сар рӯву гарданаш мезад, боз мушткорӣ мекард.

Муфаттиш саволу ҷавоб мебурд мегуфт «модарта фалон мекнм, падарта фалон мекнм, хоҳарчата фалон мекнм, ягон гап дорӣ?»

Муфаттиш мегуфт «ана ин қаламро дидӣ, лубой чи менависам инамиҷа, бо фалонт мекнм» ва баъд мерафт.

Як касро овардан нобино- инвалиди кадом гурӯҳе буд, фаромуш кардам. Дароварданаш СИЗО, пойҳояшро вазелин кардем. Гуфтем чи гап, чи кор кардӣ? Мегӯяд соли 2015 дар Одноклассники як видеои муллои афғонро монда будам, барои ҳамин оварданд. Мефаҳмед- соли 2015 карда будааст ин корро. Он чен чашмонаш бино будааст, вале ҳоло намебинад.

Дубакҳо гуфтанд шамолтияк заказ кунеду бимонед. Заказ карда будем. Ба худо қасам қасдан светро по приколу рафта мекуштанд. Баъд фарёд карда печинию вафливу тарбузу харбуза ва қанду чой медодем, боз илтимос мекардем, ки светро гирён кунед.

Аз дачка чизе мефорид мегирифтанд. Мисол гриллро мегирифтанд, омада мегуфтанд, ки «фалонӣ да дачкат як мурғ буд парид рафт, розиӣ ё биёрмш». Ку попробуй бигӯяш, ки рав биёр. Аслан, розигии маҳкумшавандаҳоро задагианд.

Қисми зиёди моддаи 307 -ҳоро дар рубаруи плакати Раҳмонови модарбахато   рост мекарданд ва 25-30 минут ба ҳамон плакат нигоҳ карда «бахшиш ҷаноби олӣ, бахшиш ҷаноби олӣ» гуфта бахшиш мепурсидем. Боз аз қафо мегуфтанд: «э, г@дагӣ баландтар бугу бо дубинкара да кунт назанм». Боз дигариаш мегуфт «янгата дод назан натарса бо»

Ҷои хоб дар СИЗО, мисол дар камера 8 койкаи дуэтажӣ мондагӣ 16 ҷои хоб мешавад, аммо мо то 55 нафара хоб карда будем. Акнун худ тасавур кунед, ки ҳоҷатхонаи даруни ин камера дар чи аҳвол аст?

Дарун пури таракан, клопиҳо чунон мегазанд, як намуд бисёр аст, ки хоб кардан намешавад, вале боз метарсӣ, чун ҷумбиданатро бинанд бурда мезананд.

Як коргари давлатро оварданд СИЗО. 90 ҳазор сомонӣ дуздида будааст. Коррупсия қапидааст, шишту ҳикоя кард. Гуфт: «додар мара занг мезанан, меган раис имруз бозор мерафтай, ай қафош роим мекнан. Мисол чизе бгира ай лубой магазин ба лубой нарх ма рафта расчот мекнм. Охи ма ҳамира ай мардум нагирм ай киҷо платитшон кунум».

Мегӯяд об аз боло тоза бошад аз байн лой карда намешавад.

Одамҳо, ки яке байни ҳамдигар ягон разбор мекарданд, ё хоб меқапид бурда карсер мезаданд.

Да хизмат чи хеле гаубтвахта ҳаст, дар СИЗО карсер. Як ҷои танги як ба як, соз шишта намешавад. Камера торик. Дар болои сар да болои сар дубак ҳушток мекашад. Доклад мекунӣ, ки дар карсер Фалониев Фалонӣ бо фалон модда.

Саҳару бегаҳ медароянд дар карсер бударо мезананд. Карсери се рӯза, панҷрӯза ва понздаҳ рӯза ҳаст.

Шояд, устод ман созу дуруст навишта натавонистам. Якум бор аст ки менависам.  Ба ҳар ҳол дилам ором шуд. Ин шо Аллоҳ ин ҳаромхӯрони касофат як рӯз не як рӯз решакан мешаванд ва он рӯз ҳақиқат ошкор мешавад.

Боқӣ, дар амониАллоҳ бошед!

ПАСГУФТОР

«Ҳушдори касе, ки аз марг баргаштааст»

Ин нома танҳо як шикоят нест-ин чорсад рӯзи ҷаҳаннамии як фақир аст, ки ба дами бовар фиристода шуду ба дасти ҷаллод афтод.

Ҳар ҷумлаи ин нома-занги хатар ба ҳазорҳо муҳоҷире, ки имрӯз дар Русия ва Аврупо ҳастанду мақомоти режими Раҳмонов онҳоро бо «биё, бахшида мешавӣ» фиреб медиҳанд.

Набояд дигар касе бо пойи худ ба доми ин қассобон афтад.
Ин режим бахшиданро намедонад-танҳо мешиканад, таҳқир мекунад ва нобуд месозад.

Ҳар муҳоҷир, ҳар тоҷик бояд бидонад:
«ариза навис, баргард»-домест барои пур кардани зиндонҳо
«бахшида мешавӣ»-дурӯғи ошкор
«сӯҳбат мекунем»-тавқи оҳанин дар гардан

Ҳар касе, ки ин номаро мехонад, ду чизро бояд дарк кунад:

Ба ин режим ҳеҷ гоҳ бовар накун.

Садои мазлумонро бояд ба ҷаҳониён расонд,то ситамгарон донанд, ки рӯзи ҳисоб мерасад.

Рӯзи ҳисоб ҳатман меояд.
Ва он рӯз, номҳои қассобон, зиндонбонҳо ва фармондиҳандагони шиканҷа-тақдим ба адолат хоҳанд шуд.

Сообщение Навиштаи як наҷотёфта аз доми СИЗО: «ҳушдори сахт ба муҳоҷирон!» появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №266
Дар ин замони беш аз сӣ соли истиқлол миллион-миллион тоҷик дар шаҳрҳои Русия муҳоҷиру муздур  шудаву луқмаи ноне ба даст оварда барои наздиконаш роҳӣ мекунад. Аммо ин луқмаи нонро аз чи роҳе ба даст меоварад? Аксарияти онҳо бо сад азобу машаққат кору пул пайдо мекунанд.

Ҳикояте, ки дар номаи аввали ин шумора ҷо додаем, бисёр ҳам риққатовар аст. Як нафар ҷавонмарди тоҷик, ки дар ватан натавонист чархи зиндагиашро пеш барад, ночор шуд рӯ ба ҳиҷрат оварад. Вай бо чи монеаву мушкилоте дар ин сафар мувоҷеҳ шудро аз номаи худи ӯ хоҳед хонд. Агарчи ному насаб ва зодгоҳи ӯ бароямон маълум аст вале худаш тарҷеҳ дод, ки ифшо накунем.

Маскав

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман, сокини яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон ҳастам. Бигзор, онҷо, ки зиндагӣ мекунад, пинҳон монад. Айни замон дар Маскав, пойтахти Федератсияи Русия қарор дорам, муҳоҷири корӣ ҳастам. Аммо, то инки ба Маскав оям хеле дар роҳ азоб кашидам ва амсоли ман шояд ҳазорҳо тоҷики дигар ҳаст, ки ҳар мавсими муҳоҷират чунин азобу азият мекашад.

Соли ҷорӣ 15 апрел хостам Қазоқистон ба кор равам. Омадам Қазоқистон. Вақти сарҳадро гузаштан марзбони қазоқ паспорти маро диду пурсид, ки ту тоҷик, гуфтам, бале, тоҷик. Гуфт паспорти тоҷикиат канӣ? Гуфтам дар хона. Гуфт раву биёр. Гуфтам, ки ман хона рафта оварда наметавонам, иҷозат фармо, ки сарҳадро гузарам. Бо дасташ ишора кард, пул деҳ гуфт. Як шахс онҷо урусиро нағз медонист, ман гуфтам договор кунем, бо ин гап зан урусиро нағз медонӣ. Сарҳадбон панҷ ҳазор тенге гуф, вагарна гузашта наметавонӣ. 6 ҳазор тенге 1000 рубли русӣ мешавад. Мо чор нафар панҷҳазорӣ додем. Дар ҳоле, ки сарҳадчии қазоқ фақат аз ман пул пурсида буд, ҳамроҳони ман ҳам нофаҳмида пул доданд. Хуллас, сарҳадро гузаштему даромадем Қазоқистон ва чанд вақт дар як ҷо кор кардем. Як посредник доштем, ки вай ҳуҷҷатҳои моро регистратсия кард. Баъзе нафарҳоро посредник муомилааш нафорид, аз кор гурехтанд, чунки ҳам дағал буд ва ҳам пули дуруст намедод. Вақте баъзе аз одамҳо гурехтанд, ин посредник вокуниши тунд карда омад. Ман гуфтам, ки аз якуми июл пеш бояд Русия равам. Чунки Русия эълон карда буд, ки баъди якуми июл шароити вуруд ба хориҷиҳоро душвортар мекунад, аммо баъдтар ин қарорашро ба иҷро надаровард.

Он одами посредник аз деҳаи Вешисти ҷамоати Ёрии Панҷакент аст. Номаш Ҳомид, муаллими Ҳомид мегуфтем. Гуфтам маро иҷозат деҳ равам Русия. Бо ман ҷангҷол кард. Гуфт «туро ғулом мекунам, он нафарҳои гурехтагиро ҳам дошта оварда ғулом мекунам». Хулоса дуғу дарангу таҳдид кард. Ман дар як ҳолати шок афтодам, вақте вай гуфт, ки ғулом мекунам. Аммо дигар гапашро қабул накардам, кор набаромадам. Дид, ки намешавад «хайр ҳамин корро тамом куну рав» гуфт. Дар шаҳри Усткаменегорск. Моро дар як саҳро бурда партофтагӣ буд, ки онҷо дар оғили гов кор мекардем. Свету роҳи мошин дошт, вале як саҳрои холӣ буд. Аз пули корамон ягон сесад доллар гирифтем. Қисми зиёди пули корамонро дошт, бо ин ваъда, ки дертар медиҳам. Ман боз дар як объекти дигари ӯ кор карда будам. Где то як сесад доллар пули ман дар дасташ мондагӣ буд. Хуллас, маро намонд, иҷозат надоду худаш рафт. Ман занг задаму гуфтам иҷозат деҳ биравам. Вале вай «дигар занг назан гуфту голосовой карда таҳдидро сар кард: депортатсияат мекунам, регистратсияатро анулироваи мекунам, 15 сутка «гауптвахта» мекунам.. ва ҳоказоҳо гуфта тарсонидан хост. Яъне ин гапҳоро муаллими Ҳомид-посредники мо мегуфт

Ман чанд вақт истодам ва ба он одаме, ки маро Қазоқистон оварда буд гуфтам он посредникро гӯ маро иҷозат диҳад ранги одам, ман равам. Вагарна дар Тоҷикистон ба милиса медиҳамаш. Қабул накард. Ба Тоҷикистон ба як шахс занг задам. Аз Тоҷикистон барояш навиштанд, ки фалониро ту ғулом кардаӣ, аз ту эҳсоси хатар мекунад, иҷозат деҳ равад, вагарна аз болоят жалоб мекунад.

Муаллими Ҳомид  ҳамаро рад карда гуфтааст, ки гӯё ман дурӯғ гуфта бошам ва голосовой карда дар телефони он одам партофтааст. Боз пофишорӣ кардам, ки ман дигар инҷо намеистам, маро иҷозат диҳад равам.

Шахсе, ки маро оварда буд гуфт, ки ду рӯзи дигар истую пулҳоятро гиру рав.  Муаллими Ҳомид ҳозир дар шаҳр аст, ҳамин хел қавл кардааст. Ду рӯзи дигар истодам, аммо дар охир гуфтааст, ки не равад, пул нест. Ман баромадаму рафтам.

Аз ҳамон шаҳри Уст-Каменогорск-шаҳри калон дар шарқи Қазоқистон  мебоист, ки ман Новосибирск мегузаштам, бояд тарафи Росия гузаштан даркор буд. Гуфтанд, ки Новосибирск наздик аст ва аз онҷо ман метавонистам бо поезд ё бо самолет Маскав равам.

Рафтам ва онҷо фаҳмидам, ки якзани тоҷик посредник будааст, ки одамҳоро ба тарафи Самара меовардааст ва вай Гулбаҳор ном доштааст. Бо Гулбаҳор гап задам ва вазъиятамро фаҳмонидам. Вай гуфт, ки ба Алмаато билет гир. Билети автобус гирифтам. Аммо пеш аз савор шудан ба автобус дилам гуфт бори дигар ба Гулбаҳор занг зан.

Ин дафъа вақте занг задам ҷавоби конкретӣ надод ва ғӯлингхоӣ карда гуфт, ки ҳоло ман бинам, ки билет ҳаст ё нест. Хулоса ман дидам, ки ин кор шуданӣ нест рафтам барои билетро иваз кардан пеши ҳамон диспетчери вокзали автобуси Уст-Каменогорск ва ба ӯ гуфтам ман бояд Русия равам. Диспетчери вокзали автобус гуфт, ки барои ту билет намефуруӯшем.

Гуфтам барои чи?

Намефурӯшем, тамом. Ва сипас гуфт, ки шуморо дар пост панҷ-даҳ соат медоранд. Одамҳое, ки ба автобус Алмато мераванд ва аз онҷо бо самолёту поезд тарафи Русия рафтанашон даркор аз пушти шумоҳо опоздат мекунанд, барои ҳамин намефурӯшем.

Дар онҷо гуфтанд, ки як вокзали дигар ҳаст онҷо бирав, рафтам, бефоида. Вале дар онҷо гуфтанд, ки вокзали поезд рав. Вокзали поезд рафтам.Дар роҳ ба як таксист,ки маро мебурд гуфтам Русия бояд равам, аммо саргардон шудам. Таксист гуфт бояд, ки Астана равӣ. Гуфт аз Астана зани ман бо 10ҳазор тенге рафт Русия.

Як таксистро занг зад. Таксист гуфт, ки 20 000 тенге диҳад мебарам. Қиса кутоҳ Астана омадам. Бояд бо самолет ё бо поезд Масква биёям. Ман дар онҷо, ки кор мекардам пули кор кардаамро Тоҷикистон фиристода будам. Камтар пули русӣ -15000 рубл дар дастам монда буд.

Вокзал омадам. Нархи поезд тарафи Самара 33000 рубл будааст. Он рӯзҳо ҷанги Исроилу Эрон идома дошт ва нархи билетҳо баланд шуда буд. Буромадагӣ ҳамин  хел бояд ман билет гирам равам ман пулам кам.

Билетфуруши вокзалро гуфтам, ки «хайр мана ёрдам те, ман пулам кам, аз Росия пул фиристонадат ту нақд карда ба ман деҳ. Чунки ман корти қазоқӣ надорам. Инҷо пули нақд пурсида истодаанд. Билетфуруш рад кард.

Таксисте, ки ки маро онҷо бурда буд гуфт, ки як милисаи шинос дорад, метавонад ёрдам  кунад. Вай бисёр шаҳрвандонро ёрдам мекунад. Пеши он милиса рафтем. Ман гуфтам ҳамин хел ҳол ва моҷароро мухтасар гуфтам барояш. Онҳо бо ҳам қазоқӣ гап заданду баъд такист гуфт камтар инҷо шин. Ман хеле шиштам. Ба милиса гуфтам что решилӣ?

Гуфт ман туро «за ришотка барои бист рӯз мешинонам».

Гуфтам барои чи?

Гуфт ту фикр мекуни , агар бепул буданатро фаҳмад туба ҳукумати Тоҷикистон ё посолство помагает? Намекунанд. Мо ҳам  бепулро помогат намекунем гуфт .

Боз як старшиаш омад, ӯро ҳам илтимос кардам, аммо вай ҳам қабул накард. Гуфт мо ёрдам карда наметавонем, куҷое равӣ, рав, мо ягон хел ёрдам карда наметавонем.

Акнун аз вокзал ноумд шуда бояд аэропорт мерафтам. Таксӣ гуфт 5000 тенге деҳ, мебарам.

Ба вай гуфтам бояд Русия равам вале билети самолёт ҳамин хел қимат. Гуфтам пуламро Тоҷикистон фиристодам. Гуфт инҷо як вокзал ҳаст, ки ҳар рӯз дар ҳар шаҳри Русия рейс мешавад.

Ҳамонҷо бар гуфтам. Гуфт 7 000 тенге медиҳӣ.

Гуфтам майлаш.

Вақте рафтем10000 тенге деҳ гуфт.

О, гуфтам лафз кардӣ, туям мусулмон, 7000 тенге буд гапзанонамон.

Не,10000тенга гуфт.10000 тенге гирифт. Номери таксиро сурат гирифтам, аммо чи фоида мо тоҷик ҳастем ку соҳиб надорем.

Хулоса, рафтам, ки билет будааст, дар рӯзи ҷумъа соати 2 билети автобус 22000 тенге, аз 3000 рубл зиёдтар.

Баъд расидем ба пост. Дар ҳамон дохили автобус документҳоро диду туғрӣ гуфт  ва декларатсияро ҳам худаш пур кард.

Вақти гузаштан пограничники урус паспорти маро диду гуфт мигратсионӣ пур кун,пур кардем. Документҳоро диду пурсид, ки ту депортатсия шудагӣ нестӣ, паспорта иваз кардагӣ нестӣ? Гуфтам не. Гуфт, хайр бишин. Нишастам. Паспортҳоро проверка кард, одамҳоро ҷавоб доду мана дароварда пурсиши зиёд кард.

Чи хеле як муфаттиш ҷинояткорро мепурсад, ҳамон намуд.

Пурсид, ки намоз мехонӣ?

Гуфтам, бале.

Боз пурсид, ки дар як рӯз чанд бор молитва мехонӣ?Гуфтам панҷ бор. Дар кадом мазҳабӣ гуфт?

Гуфтам ҳанафӣ.

Пурисд, ки ҳаҷ рафтагиӣ?

Гуфтам, ин шо Аллоҳ меравам, пулдор шавам.

Китоби религиознӣ дорӣ? боз пурсид.

Гуфтам надорам.

Пас телефонамро гирифту проверка кард.

Гуфт ту чи мебинӣ?

Гуфтам ахбор мебинам.

(Рости гап телефонам тоза кардагӣ буд, шуморо бисёр мебинам)

Гуфт телефонатро тоза кардагиӣ.

Гуфтам, не.

Бовар накард ва аз қавлаш нагашт ва гуфт, не тоза кардагӣ.

(Рости гап худам неву аммо як бача, ки ҳамроҳам кор мекарду мефаҳмид, тоза карда буд)

Хуллас, иҷозат доданд, омадам Екатеринбург.

Як ҷураам гуфт, бо сесад рубл вокзали поезд мебарад.

Таксиро гуфтам, ки маро вокзал бар, гуфт 3000!

Гуфтамаш, ки як ҷураам дигар нарх гуфта буд.

Сахт қаҳарш кард. Гуфт шумо мебиёду кор мекунеду пул мегиред даст ба корҳои ношоиста мезанед, духтарҳои русро фалону беҳмадон мекунед, бачадор мекунед, фиктивний брак мекунед, баъд мепатоеду мегурезед. Хулоса, гапҳои сахт гуфт ва таҳид кард, ки военкомат мебарамат ба ҷанги Уркаина мефиристандат.

Охири нархаш пас аз ин ҳама таҳдиду таҳқир 500 рубл шуд.

Гуфтам не шути, камтари дигар поин фарор.

Ин гапро зада будам, ки кам монда буд маро занад.

Ҳамин вақт буд, ки яке ба сарам зад, ки пурсам вокзал чи қадар масофа дорад. Пурсидам. Маълум шуд, ки ки вокзали поезд ягон 150 метр дуртар аз инҷо, ки ман фаромадам қарор доштааст, яъне аз вокзали автобус. Барои ҳамин сесад рубл мегирифтаанд.

Хулоса, бо ҳамин саргузаштҳо расидам ба Маскав ва дар роҳ аҳд карда будам, ки ҳамин, ки дар ягон манзил поям қарор гирифт, ҳатман ба шумо занг зада ин моҷарор ҳикоят мекунам. Ва, ҳоло ҳамин корро кардам.

Тоҷикҳо дар Қазоқистон ҳам зиёданд. Мо дар як саҳро будем. Онҷо магазин нест, мошин нест, ҳиҷи нест. Дар оғили як бой кор мекардем. Миллионери рустабори Қазоқистон аст. Аммо, мутаассифона ва бадбахтона, кадоме, ки онҷо кор кард

ҳамон посредник пулҳояшонро пурра намедод.

Муаллими Ҳомиди вешистӣ аз панҷоҳ сол зиёд син дорад. Ҳамроҳи бачаҳо домодаш ҳам кор мекардааст. Ҳатто домодашро ҳам фиреб мекард. Вақтҳои ҷанги шаҳрвандӣ офитсер будааст. Ҳамон вақтҳо дар роҳҳо истода камазистҳоро угрожат карда пул мегирифтааст. Камтар аз по осеб гирифтааст, мисле, ки мелангад. Шахси қадпаст аст.

Ин муаллими Ҳомид договорро дигар хел мекунаду пулро дигар хел медиҳад. Дар вақти договор одами хуб, аммо баъд, тамоман шинохта намешавад. Мошенники сахт аст. Барои ҳамин бисёр одамҳо гурехтанд. Онҷо аз Ҳисор ҳам буданд. Чор бригада. Рустам бригадири калониашон буд.

Он одамҳо, ки аз назди ин посредник гурехтанд аз Навобои ҷамоати Лоиқ Шералии Панҷаент буданд. Аз деҳаи Рашнаи ин ноҳия аввалҳо ҳамроҳи мо 25-30 кас кор мекаранд, гурехтанд, 10 -12 кас монданд.

Бародар ана ҳамин буд, мухтасари ҳикояти мани муҳоҷири хокбарсар. Хоҳед чоп кунед. Аммо хоҳиш,ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.

Анқара

Ассалому алайкум,бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман баромадҳои Шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста пайгирӣ мекунам ва ба ҷасорату ростгуии Шумо эҳтиром мегузорам. Худи ман айни ҳол дар Туркия зиндагӣ мекунам. Хешовандонам ҳамин ахборро барои ман фиристоданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон як мушкили бисёр ҷиддӣ вуҷуд дорад ин масъалаи Артиш мебошад. Агар вазъият ба ҳамин шакл идома ёбад, фарзандонамон ҳаргиз намефаҳманд, ки Артиши ҳақиқӣ чист. Онҳо аз хизмат ба Ватан гурезон мешаванд. Агар имкон бошад, дар бораи ҳамин масъала маводҳои зиёд омода ва нашр кунед. Ҳоло ман дар ҳамин масъала барои шумо менависам, албатта дар асоси маълумотҳои хешовандонам. Пешакӣ ташаккур. Бигзор ин навиштаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Ман ба ин навишта чунин сарлавҳаи гузоштам:

Коррупсия дар либоси низомӣ, бемориҳое, ки дар Артиши Миллии Тоҷикистон паразит мешаванд

Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор фиристодаи мардуми тоҷик ҷангиданд ва беш аз 92 ҳазори онҳо дигар ҳаргиз ба Ватан барнагаштанд. Тақрибан 45 ҳазор нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои мудофиавии минтақаҳои ғарбӣ ва марказии РСФСР, Урал ва Сибир фиристода шуда буданд.
Мардум қаҳрамонони худро гиромӣ медоранд ва дар Рӯзи Ғалаба ба онҳо эҳтиром мегузоранд.
Таърих гувоҳ аст, ки дивизияҳое, ки дар онҳо фарзандони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хидмат мекарданд, Сталинград ва Маскавро бо ҷони худ ҳимоя карданд. Дар миёни онҳо сарбозони оддӣ, артиллеристҳо, тирпарронҳо ва сарҳадбонон буданд. Хотираи абадии қаҳрамонони он ҷанги гузашта!
Аммо имрӯз вазъ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Худам зодаи шимоли кишвар ҳастам. Дар давраи Шӯравӣ вилояти зисти ман бо номи Ленинобод маъруф буд, баъд аз истиқлолият он ба номи Суғд табдил ёфт. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони мустақил коре осон нест.
Баъд аз расидан ба синни 18-солагӣ, комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо ба наврасон зич назорат бурда, дар назди мактабҳо «облава» ташкил мекунанд, то ки ҷавонписарони навдаъватшударо дастгир намоянд. Одатан, ба доми чунин шикарандагони ҳуқуқ ҷавонписароне меафтанд, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд ва имкони халос шудан аз ин навъи «ғуломӣ»-и маҷбуриро надоранд.
Аммо агар фарзанди сарватмандон ба дом афтод, ин маънои «шикори муваффақ» ном дорад. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ, чун дигар ниҳодҳои шабеҳ, «нархномаи пинҳонӣ»-и худро дорад. Онҳое ки намехоҳанд қарзи конститутсионии худро адо кунанд, метавонанд бо маблағи муайян аз хизмат озод шаванд.
Ҳуҷҷат дар бораи номуносиб будан барои хизмат -2000 доллари ИМА, билети ҳарбӣ бо «мазмуни шубҳанок»— 3500 доллар, ва билети ҳақиқии ҳарбӣ бо «тамоми эҳтиром» -10 000 доллар. Ҳамин аст нархҳои имрӯз!
Аммо агар ҷавонписар ба Артиш фиристода шавад, ҳисоб кун, ки сарнавишташ сиёҳ мешавад. Мисли ду сарбози навдаъватшуда аз қисми ҳарбии 06870- баталёни десантӣ-ҳуҷумии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Чоруқдайрон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ҳеҷ чиз хабар намедод, ки фоҷиа рӯй медиҳад: ин ду сарбоз бо эҳтиром ба қисми ҳарбӣ расонида шуданд, вале он ҷо қонуни «дедовшина» барояшон интизор буд. «Кадрҳои калонсол» навомадаҳоро бо «ғамхории бародарона» истиқбол гирифтанд, дар ҳоле ки «старшина» -бо «муҳаббати модарона».
Фикр кардан мумкин аст, ки ин чӣ гуна «қабули гарму самимӣ» буд, ки ду сарбоз фирор карданд. Милиса, наҷотдиҳандагон, сарҳадбонон- ҳама дар ҷустуҷӯи онҳо мебошанд. Аксҳои онҳо ҳатто дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳад бо Қирғизистон овехта шудаанд.
Аммо агар сарбоз ба сарнавишти худ тан диҳад, пас чун даҳҳо ҷавонони дигар ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ —«Обишифо» дар тобеияти қисми сарҳадии Мастчоҳ, ба дасти капитан Б. Шарипов фиристода мешавад, ки кори ҳарбиро хуб медонад.
Маблағгузории нокифоя, набудани ҳимояи иҷтимоӣ ва як қатор омилҳои дигар сабаби ба вуҷуд омадани фасод ва зӯргӯӣ дар сафи Артиш мегарданд. Наполеон гуфта буд: «Миллате ки намехоҳад артиши худро хӯронад, дер ё зуд артиши бегонаҳоро хӯрондан мегирад».
Мутаассифона, ин воқеиятҳои Артиши имрӯзаи Тоҷикистонанд. Ин дар замони осоишта аст, ки бо зӯр ба хизмат мебаранд. Вале агар фоҷиаи ҷиддӣ сар занад, ватандӯстӣ ба як овози холӣ табдил меёбад.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Душанбе бароятон ин номаро мефиристам. Матолибу барномаҳои ютубии шумо дар бораи Исмат Абдуллоев-Исмати дуликро ман ҳам хондам ва ҳам тамошо кардам. Ончики навиштед, ягон зарра нодуруст нест. Аммо, бовар кунед, ки инҷо гап танҳо дар сари 500 миллион сомонӣ ё 50 миллион доллар намеравад. Инҷо маблағи бузургтаре ҳаст, ки болои он ҷанҷол шудааст. Ин 50 миллион долларро ҳам Исмати дулик ва ҳам Ҳасани ишкамба метавонанд аз кисаашон бароваранду диҳанд.

Вале аҷоиботи кор дар он аст, ки Аҳлиддин Меликови муовини Исмати дулик дар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки бо Исмат боздошт ва дар СИЗО шинонида буданд, тахминан ду ҳафта шуд, ки ҷавоб доданд. Аҳлиддин аниқаш рӯзи ҷумъаи 18 июл раҳо шуда буд. Вай чи гуна раҳо шуд, намедонам. Вале ҳамин қадарашро медонам, ки пеш-пеш ва оҳиста –оҳиста пулҳои дуздидаашро ба дузди асосӣ баргардонида истодааст. То онҷо,ки шунавидам ба худи дузди №1-и Тоҷикистон 50 миллион доллар нақдӣ пора додааст ва боз ваъда кардааст, ки зиёни расонидаашро ба ҳисоби давлат бармегардонад.

Як чизи дигарро бояд инҷо бигӯяма, ки ин гапҳо, ки зани дуюми Исмати дулик ба қочоқу фурӯши духтарҳо ба Туркияву Дубай машғул аст дур аз воқеъият аст. Зани дуюми Исмати дулик як ҳофизаи сиёҳак буд, ки баъди зани Дулик шудан овозхониро бас кард. То ба ин ҳад ба пастӣ рафтагӣ нестанд: «И,паати Дулик ончунон пуле дорад, ки ин 50 миллион барояш чизе нест. Сарвату пули ӯро 500-1миллиард гӯем ҳам шояд кам гуфта бошем. Исмат аз солҳои 90 гремет мекард. Вай чанд заправка дошт. Вақте Исмат сумдор буд, Ҳасан чизе надошт, думдуми Исмат мегашт, Исмат пираш буд».

Соли 2010 ё 2011 Аҳлиддин Меликов президентро ба қишлоқаш бурда буд, ҷугорихурӣ. Дар байни замини ҷугорӣ капа карданд, спетсиално барои презиент- капаи чубӣ. Барои онки президент ба он қишлоқ равад 12 километр роҳро Меликов «ай ҳисоби худуш асфалт карда буд, қишлоқи уно дарунда, раҳи соз надорад. Ай роҳи калони суни Ҳисор мерад дарун ба даруниқишлоқа. Худуш 12 км роҳро асфалт кард. Нархи як километр асфалт на кам аз як миллион доллар аст.

Албатта, шумо дар бораи Барада.тҷ медонеду шунидагиед. Як вақт язнаи ҳамин Барада.тҷ шофери Исмати дулик буд. Як нафар аз шиносҳо аз қавли ӯ нақл кард, ки Ҳасани ишкамба дар хонаи падари Исмат калон шуда будааст. Дар вақти студентиаш отаи Исмат Ҳасанро  ҳам финансировт  мекардаст. Ҳасан сахт камбағал будаасту онҳо нондор будаанд. Барои ҳамин вақте язнаи Ҳасан президент мешаваду Душанбе меоянд, Исматро ҳам меоранд. Исмати дулик дар вақташ  Ҳасанро дар заправкааш ба кор гирифта будааст.

Ин ошнои мо чанд руз пеш меҳмони бародари ҳамон шофери Исмат мешавад. Вай мегӯяд, ки «действително ҳамин хелӣ пуло меомадай. Чор сол шудаст бас кадай шофёрира».

Ҳамин язнаи Барада.тҷ гуфтааст, ки «очаи иёра об барад намешавад қати ино кор кадан, талхат мекафад, роҳӣ мекунанд, омадӣ, ҳо: «фалонҷо бра мега мерай я намуд да мошинат пул мезанад, дар раҳ баромадан метарсӣ, ана шаб то саҳар фақат чамадони пул мекашидем. Ай фалонҷо бигир пула бар фалонҷо ай фалонҷо ба фалонҷо сумка сумка пул каш».

Мегӯяд, ки аввалҳо фикр мекардам ягон хел бор аст. Аммо мегӯяд: «вақте фаҳмидам, ки пул аст, дигар росташ сахт тарсидам, ки бубром да раҳо, ки худшон бе проблема метонан убиратут кунанд. Чамадон чамадон, сумка сумка пул. Ҳамин хелӣ будай миллиард миллиард. Барои ҳамин мегум,ки барои ин 50 миллионак Исматро маҳкам кардагӣ нестанд. Ин пулро Ҳасан худаш мебахшид. Аз инҷо маълум мешавад, ки  Исмат Ҳасанро хушрӯ кидат кардагӣ аст».

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №266 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №226
Чанд рӯзи пеш Раҳмонов ба Маскав сафар дошт ва бо Путин мулоқоти якбаяк ҳам анҷом дод. Русия барои мардуми тоҷик маҳали асосӣ, корхонаву коргоҳи асосӣ ба шумор меравад ва ба касе ҳам пушида нест, ки суботи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвари мо аз ҳамин пулҳои мефиристодаи муҳоҷирин вобаста аст.

Муаллифи номаи зер, ки дар аввали ин нашр барномаамон ҷой додем бо дарду алам аз ҳоли зори муҳоҷирини тоҷик дар Русия ва аз холабеғамиву бепарвоиву бетафвутии Раҳмонов ба сарнавишти онҳо мегуяд:

Маскав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд шуморо дар пушту панохаш нигаҳ дорад. Нома аз як муҳоҷир, ки дар шаҳри Москва зиндагонӣ ва кор мекунад ба мақомоти Тоҷикистон ба номуҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ва ба Кумитаи ноамният. Ман аз тариқи «Ислоҳ» гуфтаниам, ки магар шумоҳо инсон нестед? Ягон кори хубу боманфиат барои ин миллату барои ин мардум анҷом медиҳед ё не? Ба чӣ кор лозимед шумо? Ин миллати бофарҳангу бомаданияти таърихи бойдоштаро ба чи ҳолу рӯз овардед шумо? Ин миллат дар гузашта чи буд, ки буд, ҳозир чи шуд? Ин миллат дар дунё исломро омӯзонд, исломро ёд дод. Бале пайғамбари бузургвор аз араб аст, аммо миллати мо исломро густариш ва нусрат дод. Мо гузаштаи бой дорем, миллати одӣ нестем. Ин миллати тоҷикро ба чи рӯзу ба чи ҳол овардӣ? Бечораро гапшунави дунё кардӣ, ки ин ҳолатро, чунин ҳоли зору хориро таърих ёд надорад. Ту чӣ мақсад дорӣ, аён кун, ки чи мехоҳӣ? Наход мо, миллати тоҷик дигар насл ба насл муздури русҳо бошем? Бародар, бовар кунед, ки русҳо ҳасиберо, ки барои сагашон харидорӣ мекунанд, барои як тоҷики муздур намедиҳанд. Тоҷик пасттарин халқи дунё аст дар Русия.

Мақомоти рус меқапад, бе пурсиш ва ё бо таҳдиду туҳмат ҷанг роҳӣ мекунад. Хоҳанд террорист мезананд, хоҳанд мекушанд, хоҳанд ҷанг мефиристанд, ин пастӣ дар шаъни миллати мо нест.

Ба Аллоҳ қасам садҳо ҳамватани мо дар ҷанги Украина кушта шуданд, чандин нафарашон маъюб ё инвалид. Худи ман 4 тоашро дидам бепову бедаст.

Магар ту бепадар, раиси ҷумҳури мо нестӣ? Ту ба чи кор даркор мешавӣ? Барои чи кор лозим ҳастӣ? Ту чи пешвоӣ кардӣ? Чи кардӣ, ки худатро пешво медонӣ? Магар ту пешвои миллатӣ? Ба кадом корат, ба кадом хизматат барои ин миллат? Барои онки мо кучарубу барфтозакуну мусоровозчикем, барои ҳамин?

Раҳмонов медонам, ки аз Аллоҳ наметарсӣ, медонам. Лекин аз ғазаби мардум тарс. Мебинем,ки ба чи ҳол мерасӣ,дур нест он руз эй бепадар. Ман ҳамчун як шаҳрванди одӣ аз ту ва мақомоти кишвар талаб дорам, ки ба паст  задани обруву иззати миллати тоҷик хотима дода шавад.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар сайтҳои гуногун ҷавонони тоҷик даромада номи миллат ва номи Ватанро ба пастӣ бурда истодаанд, хандахариши дунё карда истодаанд.

Ман аз Эмомалӣ Шарипович ва мақомоти вай, аз ҷумла амният тақозо дорам, ки  пеши ин бешарафиро гиред. Даромада назди дигар мардум миллати моро бо тамсхуру дашном таҳқир  карда истодаанд.

Агар мақомоти Тоҷикистон барои обруи миллату ватан хизмат мекунанд, ин бешарафҳоро ғундоранд, пеши роҳашонро гиранд.

Ягон мухолиф ё мунаққиди ватандӯст бошад, миллионҳо сарф карда истирдод мекунед.

Аксарияти ин бешарафҳо дар дохили Русияанд, Русия барои истирдод кардан бароятон хуб аст, ку?
Ман бовар дорам мақомоти мо аз ин ҳама вазъу ҳолат бохабаранд. Лекин сокит ва хомушанд, ранги тарсуҳо чизе намегуянд. Зури мақомоти мо ба масҷид мерасад, ба сатру ҳиҷоби хоҳару модарон мерасад, зурашон дар таҳқир кардани ислому Қуръон мерасад. Ба Худо дигар шарм мекунам дар ҳамин Маскав дар назди дигар миллатҳо. Чунки онҳо хандида гап мезананду бо пичинуг тамасхур мепурсанд, ки чиро тоҷикҳоро ғам медиҳанд, чаро ин қадар хору залил шудаанд тоҷикҳо. Милисаҳо омада тоҷикҳоро дошта беягон саволу ҷавоб ба спетсприёмникҳо мебаранд. Худам ба чашмам дидам, ки узбеку қирғизу арманиро  2000 рубл ҷарима карда ҷавоб доданд, аммо тоҷикҳоро ба 10 ҳазорӣ ҷавоб надоданд.

Ин бадбахт фақат мо тоҷикҳоем, ки не дар дохили ватан тинҷем, не дар берун. Ин чи гап Пешвои миллат? Чаро ин қадар шаҳрвандонат зулм мебинанд. Чаро дигар миллат неву фақат тоҷик ва мардуми Тоҷикистон?
Эй Раҳмонов, эй тарсу ҳастӣ, ту чи гуна пешвои миллат ҳастӣ, ки ин қадар метарсӣ? Магар пешвои миллати мо тарсу аст? Ту не пешво ҳастӣ, не лидер, ту як арусаки русҳо, ғуломи онҳоӣ. Магар ба русҳо қасам ёд кардӣ? Ақалан ранги ҳамин сарвазири Арманистони хурдакак Никол Пашинян дилу гурда надорӣ. Арманиҳо  озод сайру гашт доранд, бизнесу савдо карда гаштаанд. Пашинян Путинро ба як тини пуч писанд намекунад

Илҳом Алиевро бин. Баъди самолетро задан бо Русия алоқаашро канд. Путинро бахшиш пурс гуфт. Озариҳо озод кор карда гаштаанд.

Узбекистон чанд баробар а мо муҳоқири корӣ дар Русия дорад. Чаро мисли тоҷикҳо беҳурмат намешаванд?

Чароки роҳбарони ин кишварҳо мисли ту арусак ва беимони тарсу нестанд. Масалан узбекҳо 4 миллион муҳоҷир доранд.

Ту дар ватан исломро таҳқир мекунӣ, инҳо дар инҷо туи бепадари валадуззиноро таҳқир мекунанд.

Дар охир ба мардуми Тоҷикистон чи гуфтанӣ ҳастам? Ҳамин ки фарзандони беақлатон ба муҳоҷират, ки омаданианд фаҳмонед, ки беақлҳо тупойӣ накунанд. Аз пушти як хел тупойҳо дигар ҳамватанон азоб мекашанд, ба милиса меафтанд. Махсусан онҳое, ки аз Кулоб, Данғара, Фархор, Восеъ, Муминобод, Ховалинг меоянд, ҳушёру зирак бошанд ва дигарҳоро бо ин гуна корҳо таҳти зарба қарор надиҳанд. Ба Аллоҳ қасам нияти баду минтақабозӣ надорам, шумоҳо ҳам миллати ман, яъне тоҷик ҳастед. Вақте аз барои беақлии шумоҳо таҳқиру ҳақорат мешунавем ба ман сахт мерасад. Шумо дар ватани худ шаҳрванди одиед, дар дигар мамлакат тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳастед. Яъне миллатро муаррифӣ мекунед.

Мақомот бояд тавассути шабакаи Ютуб ва телевизион фаҳмондадиҳӣ кунад ва аз тамоми блогерон даъват ба амал оварад, то ба мардум бифаҳмонанд. То кай дар Русия ва дар шаҳри мардум ин гуна корҳои зишт мекунем. Падару модарон ҳам пеш аз роҳӣ кардан бифаҳмонанд, ки онҷо мулки ғарибӣ ва қонуни қоидаи худро дорад мувофиқи шароити Русия бояд зиндагӣ кунем. Фаҳмонанд, ки мо соҳиб надорем, пуштибон надорем, не мурдаамон дораду не зиндаамон ва бояд фақат ба умди худамон шавему аз корҳои баду зишт, ки иснод меоваранд, даст бикашем.

Конибодом

Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқбол! Шукри будани шумо, ки ба воситаи шумо дарди дили мардум ба гуши мақомот расонида мешавад.

Ман боз аз Конибодом маълумот медиҳам. Ҳатман навор карда дар канали Ютубиатон пахш намоед. Дар бораи Илҳом Юнусов гуфтаниам. Аз деҳаи Ниёзбек. Заминфурӯш аст. Мо дар бораи ин нафар пештар ҳам ба шумо гуфта будем. Ин одам чунин гап баровардааст, ки «ҳамин Ислоҳ.ТВ ҳар чизе нашр кунад, милисаҳо ба тафтиш сар мекунанд, аммо дидед, ки маро тафтиш накарданд».

Ҳозир Илҳом подставшики 6 –ой отдел шудааст. Вай ба одамҳо бо протсент қарз медиҳад. Замини Ниёзбекро ҳамин фурухта тамом кард. Раиси ҷамоатро бо як шогирдаш подстава карданд. Номи шогирдаш Дадабоева Шоҳсанам мебошад. Вай аз деҳаи Маданият кучаи Уриқзор мебошад. Илҳом бо Дадабоева Шоҳсанам маслиҳати пешакӣ карда ба коргари ҷамоат пул медиҳанд. Он коргари   подполковник Исломов Атҳам аст вай коргари военкомат мебошад.

Илҳом ҳамроҳи Шоҳсанам ҳама мардумро ҳозир тарсондагӣ. Шоҳсанам 3 шавҳар дорад. Як раиси пешини ҷамоат Раҳимов Шавкат аз ин якто бача борад. Ин зан Шавкатро тамоман хонавайрон карда тамоми ҷиҳозашро кашида гирифтанд. Ҳозир Дадабоева Шоҳсанам бузи КГБ-и вилоят Суғд шудааст. Аз ҳама ҷо ва ҳама мақомот маълумотро ҷамъ карда бурда ба КГБ медиҳад, справка ҳам мекунад.

Шоҳсанам дар отдели Конибодом шинос дорад ва он шиносаш подполковник Абдусамадзода Элзар. Ин подполковник через ҳамин информатсия мегирад. Ин Элзар ҳама маълумотро ба ин зан медиҳад, маслан маълумотро бо фактҳо дар бораи онки ки дар отдел порахур аст, ба порагирӣ машғул аст ба Шоҳсанам мерасонад ва Шоҳсанам ба КГБ мерасонад.

Шоҳсанам дар ҳама ҷо гапаш гап. Дар милиса, дар прокуратура, дар суд, дар ҳукумат. Ин ду ҳаромхур яъне бо Илҳом ва Шоҳсанам ҳамаро подстава мекунанд. Илҳом, маро ҳозир 6-ой отдел тафтиш карда истодааст гуфта ба Узбекистон гурехтааст гуфта овоза андохтааст, аммо дар қишлоқ гаштаст. Кришаи Шоҳсанам Шорх Саидзода аст. Шоҳсанам ҳозир як милисаро шантаж карда шуй карда гирифтагӣ номаш Муминчон аст.
Шоҳсанам бо Абдусамадзод Элзар ден и ноч дар отдел аст. Ман худам корманди милиса, ҳамаи ин ҳолатҳоро шоҳид ҳастам.

Қонун барои ҳама як бошад чаро ба Илҳому Шоҳсанам ҳеҷ таъсир намекунад?  Шоҳсанам, ки туй кунад иҷозатнома барои туй бепул. Вале агар дигарҳо бошанд пулакӣ, махсусан агар домод призивник бошад худи ҳамин Шоҳсанам 5 ҳазор сомонӣ пулашро гирифта через Элзар иҷозатнома гиирифта медиҳад. Ин ҳамаро пдстава мекунад. Аз ин ҳама коргаронамон  дар отдел метарсанд. Даже началники милиса аз вай метарсад

Бародар Муҳаммадиқбол. Навори шуморо дар отдели мо ҳама мебиннад. Ҳама маълумотҳои шумо дар бораи Конибодом ростанд.

Ҳозир Илҳому Шоҳсанам нақша кашида истодаанд, ки забони раиси шаҳри Конибодомро, ки нав омдааст, кутоҳ кунанд.

Агар кор ба ҳамин минвол идома ёбад мепартоям милисагирову меравам Русия. Ягон зарра адолат вуҷуд надорад. Ҳама дар фикри пул ва фиреб карани як нафари бечора. Аз шумо хоҳишам ин аст ки зудтар ин гапҳои маро руи навор оваред, зоре мақомот бинанду ягон чора ҷуянд. Мо милисаву лекин вай бо Элзар сахт кенти нағз. Отдел ҳеҷ кор карда наметавонад, даже началники милиса аз вай метарсад
Наворро мо ҳама ШВКД Конибодом интизор ҳастем.
Ва, боз як маълумоти дигар.
Ҳозир дар Конибодом аз МВД, аз Душанбе гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Абдураҳмон Аламшозода омадагӣ. Аз як лаб аз ҳама пул канда истодааст. Илҳом Юнусов адреси ҳамаро дода истодааст. 6-ой отдел рафта ҳамаро пулашро гирифта истодааст ё ки дело карда маҳкам карда истодааст. Илҳом ҳамаро фурӯхт. Якум Илҳом сар кард бузиро. Ҳозир аз пушти Илҳом чор кас дар СИЗО. Собиқ замначи милисаи мо-Конибодом Умарзода Суҳроб, сардори минтақаи 1 Шокиров Санъат ва нафари дигар Фарҳоди бузи милисаҳо. Кличкааш Фарҳоди 0004

Бовар кунед, ки тамоман адолат ва қонун вуҷуд надорад. Мо Илҳомро ба отдел овардем, гуфтем маҳкам мекунем. 10 факт доштем нисбаташ 247 қисми 4,  338 қисми 3. Аммо баччаҳои 6-ой отдел вай бузи мо аст ҳозир сар диҳед пеш аз бурафтан худамон маҳкам карда меравем гуфтанд.
Ман ҳайронам, ки чаро нисбат ба Илҳом то ҳоло ягон чора намебинанд? Ман як оперуголвник. Ин ҳолатҳоро дида гиряам меояд. Илтимос зудтар нашр кунед, то ҳамаи отдел бубинад. Ҳақиқат танҳо дар «Ислоҳ» нашр мешавад ва метавон гуфт «Ислоҳ» воқеан ислоҳкунандаи ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аст.
Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап аз чандин вақт аст ки мехостам бароятон дар бораи Аҳмади Иброҳим бинависам. Бародари азиз ман аз шаҳри Кулобам. Аҳмади Иброҳимро хуб мешиносам.

Якуним ё як сол пеш Аҳмади Иброҳим бачаашро туй кард. Мо иштирок доштем. Бахтиёр Назар, раиси шаҳри Кулоб ба як нафар Маҳмадсиддиқ мегуяндаш –бизнесмен, заправка дорад  ,корхонаҳои гуноугн дорад, ферма дорад, аслан як мошшеник аст омаданд ба туй. Маҳмадсиддиқ як конверт баровард ба Аҳмади Иброҳим дод, гуё туёна, ки Аҳмад нагирифт. Гуфт «ма шумора да туй хавар кадагӣ нестум, чида омаден»? Рости гап мо дар дари хонааш будем, ҳайрон шудем, ки ин одамҳоро дар дари хонааш ин хел гап мезанад. Онҷо як нафар Аҳмадро гуфт, ки «э бача, одамо дар дари хонат омадагиян, хайр, конверат нагирифтӣ, майлӣ, лекин ино дар дари хонатан, раиси ҳукуматай, ҳарчи боша набоша ин корат хуб нест».

Онҷо хеле баҳсу даъво шуд байни Аҳмад Иброҳиму ин ду нафар. Ранге, ки қадбақад шуданд. У конветро медиҳад, ин мегираду мепартояд. Конвертро меораду дар киссаи ин меандозад, ин аз кисааш мегирад ба замин фур медиҳад.

Хуб, даромаданд дар хона нишастанд, аммо зиёд нанишастанд. Баъде хестанд боз бо ҳамон конверти дар даст қадбақад гирифта то даҳани дарвоза рафтанд. Аҳмад нагирифт. Баъд  аз дарвоза баромаду ҳамон конвертро боз даруни дарвоза партофт давид рафт дар мошинаш шишт ва ҳай кардану рафтанд.

Баъд, кадоме аз дӯстонаш гуфт ба тарафи Аҳмад, ки кори хуб накардӣ. Набояд мегуфтӣ, ки «ма шуморо хавар накадум чида омаден. Дари хонат буд. Мардак ҳар хеле бошад набошад раиси ҳукумати ҳамин шаҳр аст. Кори хуб накадӣ бародар. Инҳо дар вазифаанд, все равно заҳрашро мечаконад».

Дар ҳақиқат ахири ахир ҳамин тавр ҳам шуд. Тюрмааш карданд.

Аммо Аҳмад Иброҳим дар асл фикру ақидаи озод дошт. Уро ҳануз дар ҳамон солҳои майдонҳо ҳам Сангак бурда дар подвал маҳкам карда буд. 10-12 рӯз ҳамчун вовчик дар подвал шишта буд. Албатта аз пушти мулло Абдураҳим. Аҳмадро тарафдори Абдураҳим гуфта дар повал шинонида буданд.

Рости гап бародар дар Кулоби мо якта-якта тамоми одамҳои каладору босаводро ё зиндон ё кушта истодаанд…

Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро аз Вахш мефиристам. Мо дар навиштани номаҳо айни ҳол дар ҷои муҳимитарин – «қзиқтарин ҷош» омадаем.

Дар ноҳия, дар даруни марказ 2 бозор доштем, айни ҳол надорем. Чунки ҳардуи бозорро фурӯхта дар ҷояшон хона карданд. Хато накунам агар дар давраи роҳбарии Барот ва Девонаев Шарбат ин бозорҳоро фурӯхтанд. Як тои ин бозор дар ру ба руи прокуратура қарор дорад. Аммо прокуратура бошад, хомуш аст ва сухане намегуяд. Ва ҳамчунин Кумитаи амният хомуш аст. Бечора фурӯшандаҳо бошанд, қад -қади куча бор мефурӯшанд ва кучаҳоро тангу вайрон карда рӯз мегузаронанд. Як хел вақт кучаҳоро тамоман гузашта намешавад. Ин ҳолатро ҳаррӯз Қурбони бех мебинад, аммо хапу хомуш мегузараду меравад. Чунки дар фурӯхтани бозорҳо вай ҳам шарик аст. Дар ин ҳолат началник милитсия фармон медиҳад, ки кучаҳоро тоза кунед ё ки ҳамааш пул барои ҷои фурӯхтан биспоранд. Участкавойҳо  омада ҳамара ҷазиру пароканда ва вайрон мекунанд ва руй рост мегуянд, ки шумо ҳақ надоред дар қади роҳ савдо кунед. Дар ҷавоб савдо гарон мегуянд, ки пас мо куҷо равем? Охир дар як ноҳия 2 бозор буд, айни ҳол нест. Участковий мегуяд «ё ки пули точкатона барои фурӯш бтен ё ки брен куҷои мерен».

Як хели мардум ноилоҷ пулро месупорад ба участковий, аммо як хелаш баҷо шуда савдо мекунад. Қариб, ки ҳамаи доляро начачлник милитсия Истамзода Машраф Истамӣ мегирад. Ин гапро худи участковий мегуяд. Як хел точкаҳо хеле қимату гарон аст ва кадоме, ки баҷо шуда мефӯршад агар дар қап хурд капааш сухт. Участковий руйрост мегуядаш имрӯза обеди сардори милитсия полковник Машраф дар сари ту аст. Ин аст ҳаррӯза аҳволи савдогарон.

Дар ноҳияи мо деҳаҳои дурдаст кам нест. Бечора мардум ба азоб барои ҳуҷҷати лозимии худашон ба шуъбаи корҳои дохилӣ меоянд.

Ва аз тарафи мақомоти давлатӣ бошад нисбати мардум беинсофонаву бераҳмона  рафтор мекунанд. Масалан дар даҳани даромадгоҳи отдел бисёр вақт навбатпоии дуру дароз мешавад ва мардум бояд боз ҳамин роҳи тулониро тай карда пас гарданд. Мардум беқарор шуда суол медиҳанд, ки чаро шумо корро сар намекунед? Дар ҷавоб аз тарафи навбатдор мегуянд, ки «оли началник гап задана буд накардай». Ва мардум мегуяд «охи соат 10 шид, кай буд мекуна и началники шумо, мо ай раҳи хеле дуру дароз омадаем». Дар ҷавоб дағалона навбатдор мегуяд, ки «мада фарқуш чи омадай баройи кори хутона омадаен».

Мардум руирост ва бо садои баланд мегуянд: «дар Тоҷикистон асло кори ҳеҷ кас то ба милисаву балниса нағалта». Вақте кор сар шуд, соат 12 шуд нашуд боз обед мераванд, қариб, ки то соъати 14. Ва чунон рафтори бад доранд, гапҳои қабеҳу рафтори дағалона мекунанд. Мегуӣ, ки мо халқи бечора душмани инҳо ҳастем. Ва як хелаш ошкоро омада мегуяд «ба ки лозимай бе очер тезтарак коруш буд шава комеки лойро бта коруш бе очир буд мешавад». Ана бесоҳибӣ ва ана бераҳмӣ. Якум инки ноҳияи Вахш бе соҳиб аст ва дуввум даруни идораи милиса бе соҳиб аст ва ана давлату давлатдорӣ.
Бародари азиз Муҳаммадиқбол. Дар ин қисмати номаи Вахш шикояти маро қабул кун. Ман як ҷавон духтари шавҳардор ҳастам. Ман вақте дар маркази ноҳия ба мағоза даромадам дар рейди зидди ҳиҷоб аз тарафи милисаи ноҳия дастгир шудам ва маро бурданд ба отдел ва дар он ҷо маро гуфтанд, ки ту бояд ҷарима биспорӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ. Ман гуфтам ин қадар пул надорам. Дар он ҳол милиса гуфт, ки ту метавонӣ баъдтар супорӣ. Дигарбора гуфтам, ки ин қадар маблағ надорам, чунки ман як зани хонашинам. Дар ин ҳолати душворӣ аз куҷо ёбам. Ва дар ҳол пешниҳод карданд, ки роҳаш ҳаст ва гуфтанд, ки агар ту ҳозир нақд дар отдел 1500 сомонӣ супорӣ мо рози астем. Боз гуфтам «надорум иқа пули калон»  Онҳо боз пешниҳод карданд: 1000! Ман гуфтам, ки надорам. Дар охир нархро ба 800 сомонӣ расонданд ва гуфтанд, ки ту духтари наздиктар ба район ҳастӣ, барои ҳамин ин қадар арзон кардем, набошад бин дар бари ту зану шавҳар истода аст барои ришу ҳиҷобаш 10 ҳазор ҷаримаашон кардем. Аммо мо барои нақдӣ, ки ҳозир меоваранд аз 3500 сомонӣ кам накардаем.

«Аммо,алҳамдулиллоҳ ман ягон тин насупоридам, на 800 на ягон дирам. Чунки ман гуфтам «бинен, ки ҳиҷоби ман барои гарданам пур аз яраву нарук аст, ман барои ҳамин ҳиҷоб кардам, лекин он сардори милиса Истамзода Машраф Истамӣ  чунон расво буд, ки мегуӣ даҳанаш ҳоҷатхона аст на раҳмай на шафқат дар ин милисаҳо ва дар мо ягон вақт инхел даҳшату ваҳшат набуд дар ноҳия»

Авлодҳои Ҷаноб дар ноҳия сахт бедодӣ карда истодаанд. Дар ҷои почтаи куҳна як марди ватандӯст як беморхонаи тиббии хурд сохт бо тамоми шароити замонавӣ ва техникиаш ва онро ҷаноб омада лентаашро бурид ва дар телевизион ҳам нишон доданд. Ҷаноб барои ин беморхона баҳои баланд дод ва рафт. Беморхона чанд вақт кор кард. Дар ин байн маълум мешавад, ки ин беморхонаро соҳиби он ба кадом авлоди ҷаноб туҳфа кардааст. Соҳиби ин беморхона дар куҷое гуфтааст, ки «сабаби туҳфа кардани ин беморхона он аст ки ба он бародар сахт маҳқул шидай».

Ин бародар бошад аз авлоди ҷаноб аст. Аз ин ҳодиса аллакай 3-4 сол гузаштааст. Номи соҳибкорро ҳам медонам аммо бигзор нагуем беҳтар аст. Ин аст яке аз бе адолати мақомоти давлатӣ ва авлоди ҷаноб дар ноҳияи Вахш.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №226 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№196
Нашри номаҳои шумо дар ин барнома хобу хурро аз чашми мақомдорон, ки худро болову бартар ва дастнорас тасаввур мекунанду меҳисобанд, паронидааст. Аксарияти онҳо қабл аз онки ба кор бираванд, ҳатман «Ислоҳ»-ро мебинанду мехонанд, ки боз мабодое номи вай ҳам нарафта бошад. Вале бархе аз онҳое, ки номашон зикр шуд, дар фикри ёфтани муаллиф ва нависандаи он нома мешаванд, дар ҳоле,ки бояд пайи ислоҳ ва камбуд бишаванд.

Аммо тақозо ва хоҳиши мо ин аст, ки бештар бинависед,то ночор ба рафъи камбуд бишаванд, на дар ҷустуҷӯйи муаллиф.

Ёвон

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Шукр, ки шумо ҳастед ва ба дарди дили мардум гуш медиҳед. Ин номаи ман аз деҳаи Фурқати ноҳияи Ёвон аст. Шумо чандин маротиба дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» оиди Қурбонов Бахтиёр ва Файзалӣ гуфта будед, ки ҳамааш дуруст аст. Қурбонов Бахтиёр баъд аз барномаҳои шумо ба мисли саги девона шудааст. Аҷибаш дар он аст ки Бахтиёр ба 3,-4 одам пул ҷудо кардааст, то ки одамоне ба «Ислоҳ» мактуб равон кардаандро ёбад. Ин ша Аллаҳ ин пуле ҷудо кардаӣ дарди сарат мешавад Бахтиёр Қурбонов. Ту мардуми мактуб равонкардаро накоб, мо дар барат ҳастем. Чи коре мекунӣ, чи зулме мекунӣ ҳамаашро мебинем ва медонему агар идома диҳи мо ҳам идома медиҳем!

Шоҳрухи бародари Қурбонов Бахтиёр додараш духтари ноболиғро таҷовуз кард, аммо ягон мақомот чора намебинанд ё ин ки «намедонанд». Ана факти тайёр. Бародари дигараш Наврӯз баъд аз куштани Далер бо трактор то ҳол дар озодӣ аст. Устод шумо дар ин бора алоҳида дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта гузаштед, аммо ягон мақомот чораашонро надид, то ҳол дар озодӣ гашта истодаанд. Қурбонов Бахтиёр падари Далерро гирифта маҷбуран ба Қурғонтеппа бурдааст, то шоҳидӣ диҳад, ки Далер худаш аз трактор ғалтидааст ва онро накуштаанд. Бародарони Бахтиёр мегуянд «мо таҷовуз мекунем, ҷиноят мекунем як барбара ва гапзанша зада мегардем, барои ки кришаамон СС. Ятимов аст».

Қурбонов Бахтиёр чандин гектар заминро, ки барои мардум заминҷо буд, гирифта боғ кардааст. Ин заминҳо бояд ба мардум тақсим карда мешуд. Ҳамин боғ ҷои майнушии ӯ аст. Ҳоло Бахтиер дар нотариуси Ёвон кор мекунад, ин чи гап аст, амният ва мақомоти Ёвон шумо куҷоро нигоҳ мекунед? 3 ё 4 маротиба шудааст, ки менависанд, чораашонро намебинед. Ин ша Аллаҳ ғолибият наздик аст. Шумо бо ин ҷиноятатон дар назди халқ ҷавоб медиҳед. Ногуфта намонад Бахтиёр ту мард набудаӣ, ту як номард будаӣ. Дар вақти марги Далер ваъда додӣ, ки ба  фарзандони ятимаш хона мегирӣ ё хона месозӣ, аммо накардӣ. Мардум ёрдам кард аммо ту не. Вазъиятро мо наззорат дорем ҳар тағийроте шуд онро менависем.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Худро бисёр ҳам хушҳол мешуморам ва аз кори кардаам розиам.Чунки шумо он навиштаҳоеро, ки аз сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе мегираму ба шумо мефиристам ва шумо аз нав ба чоп медиҳед, хурсанд мешавам. Шояд бо ин роҳ нашрияҳои ба нашрияҳои дарбориву ҳукуматӣ табдилшуда ба иҷрои рисолати худ пардозанд, шерак шаванд ва маддоҳиву чоплусиро бас кунанд.

Ин навбат боз аз сайти «СССР» як навиштаро бароятон мефиристам. Ин навишта воқеияти Душанбеи азизро инъикос намудааст. Агарчи СССР аз раиси шаҳр ном набурдааст, вале гуфтааст, ки натавониста истодааст. Навишта зери ин унвон «Канӣ гармӣ?» дар 13 -уми   ноябри соли ҷорӣ чоп шудааст:

«Ҳамасола сар аз 1 ноябр хонаҳои сокинони пойтахт бояд бо гармии мутамарказ таъмин карда шаванд, яъне ҳамон гармие, ки тавассути батареяҳо хонаҳоро гарм мекунад. Дар баъзе микрорайонҳои ш.Душанбе 2 ҳафта шуд, ки гармӣ ҳаст, дар баъзе минтақаҳо, хосса микрорайонҳои гирду атрофи Сирки давлатӣ бошад, ҳанӯз ҳам гармӣ нест. Масъулон тавассути ВАО дар бораи оғози мавсими гармидиҳӣ пайваста эълон медиҳанд, вале мо то ба ҳол ба гармӣ дастрасӣ надорем…

Макнуна Пирова, хонандаи фаъоли газетаи СССР аз ш.Душанбе»

Москва

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд муроҷиат карда гуфтаниам, агар  қадру қимати худро донистан бихоҳед, пас барои имтиҳон ба меҳмонхона ё хобгоҳ (хостел) биравед ва ба як шаб иҷора бигиред. Агар ба ту иҷора диҳад ту қадр дорӣ ва агар надиҳад ту қадр надорӣ бародар ва хоҳари азиз. Имрӯз ман ба якчанд меҳмонхона ва хостел муроҷиат кардам, аммо ҷой надорем гуфт ва вақте ба наздикиҳои метрои Павелецкий рафтам, дар ҷавоб чи гуфт медонед?
Ту гражданини Русия нестӣ, ту инро гирифтаӣ. Медонед ин чи маъно дорад? Шумоён барои мо мардуми рус ҳеҷ касед. Мо танҳо барои русзабонҳо ва онҳое, ки дар инҷо ҳамчу шаҳрванди Русия ба дунё омадаанд мо онҳоро қабул менамоем. Аммо агар падар ё модараш гирифта бошад шаҳрвандии Русияро, ба ӯ низ ба иҷора дода намешавад.
Ҳаминро дар шабакаи Ислоҳ мегуфтед бовар намекардам ва ҳамеша мегуфтам, Русия беҳтар аст ва имрӯз ман дар хунукӣ маҷбур шудам дар вокзал интизор шавам ва шуда истодаам. Ба худ нақша гузоштам дар ҳамин ҳафта ба ватан биравам ва ба инқилоб бароем. Зеро ки дигар ҳеҷ пешравиро низ надида истодаам дар Русия.
Агар бовар накунед марҳамат «ба гостиница или хостел звоните и скажите или входите и покажите свою паспорт…. Вам сразу скажут у нас места нету или вы получили паспорт. Кто это слова понимал спасибо им и включайте свои мозг»

Бародарон ва хоҳарони азиз ки бо забони русӣ сӯҳбат намудам ва интизор бошед, ки бо ҳамин гуна лаҳҷаи сухан ба Шумо ҷой намедиҳад.
Ана ин қадру қимати ману туст эй ҳамватан. Онҳое, ки тарафдорӣ аз Русия мекунед, шарм доред. Дар инҷо чем хор шудан, бароям беҳтар аст, дар ватан мубориза бубарам. Имрӯз ман аз хоби гарон бедор шудам, ки ман аҳмақ будаам, ки дар Русия худамро хор намудам.
Биёед эй ҳамватан ба ватан баргардем ва давлати худро обод намоем ва Эмомалиро ба маҳбас барем, то ки барои оянда дар Тоҷикистон дигар диктатура нашавад.
Ҳатто агар кӯдаки ширхора дошта бошед ҳам ба Шумо роҳ намедиҳад ба меҳмонхона ё хостел. Ана инро мегӯянд сиёсати духура.
Ман бо ҳамсарам ва як кӯдаки ширхора доштам, вақте ман пурсидан гирифтам барои чи мо шаҳрвандӣ дорем, аммо моро чаро моро шаҳрванд намеҳисобед? Савол гузоштам, ки бояд ба ин масъалаи нобаробарӣ нуқта гузорем. Баъд ба ман гуфт Шумо кӯдак доред ва мо қабул карда наметавонем кӯдакатонро. Шумо раҳм ба ин кӯдак ҳам намекунед гуфтам. Барои мо фармон шудааст гуфт дар охир.
Ана ҳамин тавр мо тоҷикҳо як зара қадру арзиш дар Русия надорем.

Вашингтон

Ассалому алекум бародар Муҳаммадиқбол. Барномаи 299-уми «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо кардаму ин номаро навиштам. Бобоҳои мо аз Шуравӣ ба мо миллиардҳо доллар қарз намонданд, падарҳо ва мардҳои имрӯза ба набераю кудакҳои худ миллиардҳо доллар қарз мерос монда истодаанд ва болои он ҳама ҳазору як мушкилиро бор карда аз ин дунё меравем. Он насли нав туф мекунанд ба мо, бахшиш ба қабри насли ман баринҳо ва ман барин падарҳо. Бобоҳои мо моро ғуломи қарз, ғуломи асри 21, ғуломи зеҳнӣ монда нарафтанд аз ин дунё, аммо ҳамин корро мо карда истодаем ва дар ҳақиқат ҳама чмо-и тайёр ҳастем! Туф ба тарси мо, ки кудаку набераҳои худро ба феодалҳои асри 21, ба як авлоди ҳаромиҳо монда меравем. Ғуломи Чину табиати заҳролуд, конҳои фурӯхта, шаҳрҳои пур аз партову мушу канаву таракан монда меравем. Оби набудаву заминҳои шурзадаро монда меравем. Дар ҳақиқат боз як бори дигар туф мекунанд он насл, он кудаконе, ки имрӯз ё дирӯз таввалуд шуданд.

Ман як дӯсти поляки профессор доштам. Ҳама вақт мегуфт, ки агар бисёр ба қафо нигаҳ бикунӣ ояндаи ту дар қафоят мемонад. Дар ҳақиқат Раҳмонов баъзеро бо фиребу ҳилла масти таърихи гузашта кард, дар натиҷа ояндаи моро дуздид ва акнун ояндаи насли наву кудакони имрӯзро дуздида истодааст. Қасам ягон майда раҳм надорам ба чоплусу порахуру порадиҳанда. Чоплус зеҳнӣ фиреб бикунад ва дигаронро масти он фиребҳо бикунад, порахур сутун ва пояи ин режим. Порахур ин ватанфурӯш, баҳри эгоизму пуриву сериву аҳли оилаи худ миллатро ба иллат меорад. Порадиҳанда ва порахур ҳарду як, ягон майда фарқ надоранд. Вайроншавии ҷомеъа, гузоштани оилаи худ болотару волотар ва бепарвоӣ. Яъне шиками оилаи ман сер ба дигарҳо тамоман пофиг. Ман кайф дорам дигарҳоро задагӣ, яъне шахсияти худро волотар ё олитар аз дигарҳо донистан, ки боз омада мерасем ба ҳамон эгоизм.

Диоген ҳазорҳо сол пеш ба чароғ дар даст дар рӯзи рушан, дар ҳамон Юнон, дар шаҳри худ фарёд мекунад: «меҷуям, меҷуям, меҷуям…..».

Шаҳрвандону гирду атрофаш хандакунон файласуфи мо девона шуд, дар рӯзи равшан меҷуяд бо чароғ касеро гуён механданд. Яке бо ғазаб мепурсад:  «ҳой девона киро меҷуӣ дар рӯзи равшан бо чароғ». Оҳиста нигаҳ кунон Диоген мегуяд: «одамро меҷуям».

Мавлонои бузург ҳам гуфта буд, ки «Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малулам инсонам орзуст».

Ё агар файласуфону гузаштагони мусалмони худ нигаҳ бикунем, аз Гулистони Саъдиву ё Ибни Халдун, ки садсолаҳо пеш аз Адам Смит оиди андозу андозбандӣ ё чи тавр империяҳо вайрон мешавандро аз Макиавелли пештару бештар гуфта буд. Ин миллат, ин замин хаста шуд аз зулми ситамгарон! Оташи адолат, ҷустуҷуи адолат дарин сарзамин ҳатман Ватанро тоза мекунад. Нест бод зулм, нест бод тарс, нест бод ноадолатӣ!  Озодиву адолати баробаробари поянда бод!

Роҳро мардум созанд, мактабро мардум созанд, захираи дусоларо мардум бикунанд, пулу корро дар хориҷа худи мардум ёбанд, тоҷирҳо дидбонгоҳаш созанд, хонаву насосҳоро худи мардум таъмир бикунанд, трансформатору обу чароғу ноқилҳоро худи мардум бисозанд, мактабу беморхонаро аз пули мардум таъмиру навсозӣ бикунанд охир ин чи гуна давлат? Ин давлат аст ё як тоифа ва шайкаи муфтхуру хуни мардумхур?

Тоҷикобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин нома аз ноҳияи Тоҷикобод ҳикоят мекунад. Аммо муаллифи он феълан дар муҳоҷирати корӣ, дар Қазоқистон қарор дорад. Бародарон аз ман хоҳиш намуданд, ки ин номаро бо шумо фиристам. Гап дар бораи чӣ меравад? Гап дар бораи он меравад, ки аз чанд вақт ба ин тараф мардуми моро маҷбур карда истодаанд, ки ба ин ва ё он корҳо, ки бояд ҳукумат ва ё ҳукумати ноҳия анҷом диҳад мардум пул ҷамъ карда он корҳоро анҷом диҳанд.

Бародар Муҳаммадиқбол дар аввал чанде аз суҳбат, балки суханҳову дастурҳои чанд чоплуси тоҷикободиро, ки дар Русия қарор доранд ва мардумро водор намуда истодаанд, махсусан муҳоҷиронро, ки барои пол-фарши мактаб пул бидиҳанд.

1)Раиси муҳоҷирати деҳа Хуршеди Убайд:

«Касое, ки барои ҳамин мактаб ана дар ҳамон сардорои группа саҳматона нагузарондед мақсад, касое, ки саҳмаша гузарониданӣ дар ҳамун сардорои гурӯҳатон мақсад ҳамун саҳматона бугзаронед. Мақсад, тезтарак ҳамин кора сар кунем, мақсад накашонемуш. Мақсад ҳамун сардорори гуруҳ, касое, ки насупоридан ҳамун як касу ду каса нигаҳ доран, ба хотири ҳамун як касу ду кас ҳамин хел кор мекаша. Ба ҳамин хотир ҳазор сум иқа пуле нест бародаро.»

2)Ҳоҷӣ Абдуқаҳҳор бригадир мебошад. Як вақтҳо раиси муҳоҷирони деҳа буд:

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Халқи азизу гиромӣ! Хубу хуш ва ҳамакаса тинҷед, алҳамдуллилоҳ. Дар масъалаи ҳамин полои мактаб меге, ки кафел менем, мақсад, ки кафел болош як свойстваи утари лакборе чиз дора. Дар ҷои промишлени намешавад. Да хона мо ҳамин качестваи хубша гирифтем задем, ҳамин нархи хубша гирифта будем, ҳамун авраҳода задабудемшон,серавно нигаҳ менӣ, иқаҳакӣ иқаҳакӣ уже ҳамун болошн чизшун паридаст-сиршон. Бо полавойша пол гирифа будему стенавойша стенавой. Агарки керамагранит бигирӣ бизанӣ пола мешава. Мисол 2 сантиметраша, се сантиметраша. Уҷа промишлени ҷояй. Одами бисёр мерава меояд. Баъд хай вазъи хунукии мактаб кафел худуш хунук меоя, як об камкамак кафел бошад бизанӣ ов ях куна ё мардум дар ҳамун зимистон бдроян буброян ях мена уфтодану шикастани дсту пову ҳамин чиз бисё мешава. Барои ҳамун агар мисол бегранита, утарира у сумои шумо суми бисё даркор, ки брасад. Мақсад у сум намерасонад, беуқара. Ай ама ҳамун варианти беҳтару хубтараш барои ҳамон шароити ҷои зисти мо полавой полай. Мақсад, ки доска. Ҳамин сеюнимак доскара бигиран ё ки чора бигиран душ намешавад, ду нагиран, ки ду намешава. Ду барои пол намешавад. Тахтаи ду эканом кунӣ, бигирӣ пол гуӣ бузанум у намешава. Фақат ҳамун чанқае мешавад ҳамун чор ё ки ай ҳамун сеюним бигиран бизанан хай краскаш менем. Бо агар ба шарте имконият бошад камтар минаватай пинватай кунан, ё ки ай ҳамун реги сух  трақои ҳамуна пур кунан беҳад хубу беҳ мешавад. Хай аку иша бо худтон фигр куне бо фикри халқ чизе,ки болоӣ кунад».

Ин ҳоҷи Абдуқаҳҳор яке аз бузҳои Мустаон аст. Ваҳҳобов Мустаон Илёсович раиси деҳа мебошад. Ҳоло инҷо ба идомаи суханҳои Авқаҳҳор мутаваҷҷеҳ бишавед:

«Ҳамин мардум агар ба шарте ҳамин чира бигиран ҳамаи фарзандои ҳамамон мехонан. Ҳамувора як доскаи намунавӣ кунан барои именно ҳамин кори мактабда. Тамоми мардуме, ки ҳиссагузорай номша бинависан, отделно касе, ки ҳисса нагузоштаст да як ҷо ба ҳарфи сурх бинависаншон, да як таблитса ташкил кунан, бинависан пускай. Касе ҳисса намегузорад да як таблитса кунан, бугзаронаншон ҳамита барои мисол допустим Саъдӣ супорид, ҳоҷӣ насупорид, Маҳмакабир насупорид, фалонӣ насупоридашон ва сурх ба ҳарфи сурх бинависан, калон -калон кунан монаншон да даруни мактаб. Ҳамун фарзанди ҳамун одаме, ки сум насупоридаст брава бина, ки падараш сум насупоридаст акаш сум насупоридаст  чи хел мешуда бошад ҳамин».

Мустаони раиси деҳа нафари барои мардум золим аммо барои мансабдорон лагнабардору хушомадгу мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар тамоми манотики Тоҷикистон вақте ягон меҳмон масалан: президент ё ягон мақомдори баланд меҳмон мешавад, албатта, ки меҳмондории он меҳмонҳои номуҳтарам бар зиммаи соҳибкорон аст «Маҷбуран,албатта». Инчунин дар райони мо ҳам мутаассифона, ҳамин тавр аст.
Назди масҷиди ҷомеъаи деҳаамон мағозаи «Суҳроб» аст. Ин раиси номуҳтарам (Мустаон) ба магазин медарояду мегуяд: «ай боло супориш шидай районда, меҳмон меомадай 500 сомонӣ ҷам кардан даркор». Даруни магазин як шахси каме ҳам ҷасур, ки номашро нагирем беҳтар аст, тарафи магазинчи мегарда мегуяд, ки «О,шумо то кая ин хел бо тарс зиндагӣ мекунед?Камтар садоятонро баланд кунед, то кая шикамои меҳмонои района сер мекунед?» Баъди ин гапро гуфтан раиси деҳа девона шуд, гуё, ки токаш зада бошад. Як намуд ин бечораро ҳақорату дашном кард, ки забони кас намегардад. Гуфт: «ҳами гапта агар ягон милиса ё амният шунавад аз Тоҷикистон гумат мекунанд». Онҷо мардуми деҳа зиёд буд ва аз фурсат истифода бурда каме «фаҳмондадиҳӣ» карду гуфт: «ҳарчи мегуянд, бояд хуб гуем. Солҳои 92 ҳам ҳамин хел гарданғафсӣ кардем, ана чи шуд? Аз дастамон чӣ омад? Ҳеҷ чиз! Ҳозир ҳукумати соли 1992 нест. Ягон гап мегуӣ меаранду турмат мекунанд».

Ҳама мардуми деҳа талхакаф шуд. Ана ҳамин хел мардумро аз ҳукумат метарсонад. Боз ба дили худ муҷоҳиди пешқадами шайх буд дар вақташ. Садқаи муҷоҳидӣ шавӣ.

Боз аз як ҳаромхурии дигари Ваҳҳобов Мустаон Илёсович :
Каме дуртар аз деҳа як куҳи чарогоҳ дорем бо номи «Қуруғ». Ҳама мардуми деҳа аз онҷо алаф барои чорвоҳояшонро ҷамъоварӣ мекунанд. Қариб, ки ҳар сол аз ҳисоби ҳар як хоҷагӣ барои таъмири роҳи онҷо пул ҷамъ карда мешавад. Як рӯз як шоҳиди зинда, ки худаш хонабахона пул ҷамъ мекард, гуфт ин пуле, ки ҷамъ мешавад, бахудо қасам 40 фоизаш дар таъмири роҳ сарф мешавад, мондагиаш дар дасти ҳамин раис (Ваҳҳобов Мустаон Илёсович ) мемонад.
Чи хеле, ки дар боло гуфтем бисёр шахси донову зирак аст. Масалан барои ягон кори деҳа маҷлис мегузаронад мегуяд барои фалон корро кардан пул бояд ҷамъ кард. Мардуми деҳа ҳама бошад «аҳсан, аҳсан» мегуянд ,раисамон дар фикри пешравии деҳа аст. Лекин сад афсус, ки мардум намедонанд, ин пули ҷамъ кардаашон ҳато нимаш ҳам сарф намешавад.
Боз як мисоли равшан: пеш аз сентябри ҳамин сол (2024) барои таъмири мактаби рақами 13- деҳа аз муҳоҷирон аз 1000 рубл боло ҷамъоварӣ шуд. Охир, э, раиси номуҳтарам чи хеле ки дар вақти директориат қопчаҳои орду равғану кумури мактабро ба хонаат мебурдӣ, ҳамон хел худат таъмир кун! Ё бигзор аз буҷаи давлат таъмир шавад! То кая хуни мардумро мехуред?
Дар охири номаам аз шумо бародари гиромӣ як бори дигар хоҳиш, ки ба мардуми ғафлатзадаи Тоҷикобод камтар хитоб кунед, то бедор шавнад, тарсро аз дилашон дур кунанд ва нависанд аз мушкилиҳояшон.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№196 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №194
Дар ҳоле, ки чоплусону косалесон ва хушомадгуёну тамаллуқкорон аз Рустами Эмомалӣ як роҳбари корсозу муваффақ сохтаниву тарошиданӣ мешаванд, вале воқеият чизи комилан баръаксро нишон медиҳад.

Хабарҳое, ки ба мо мерасанд, ҳикоят аз он мекунанд, ки Душанбе на танҳо аз неруи барқ танқисӣ кашида истодаасту аз лулаҳои оби он дигарбора лою гил мерезад, ҳамчунин аз буи бади партовгоҳҳои он ки ҳафтаҳо ғундоштаву тоза карда намешавад, сокинони пойтахт ба ҷон расидаанд. Инҷо номаи як нафар аз мухлисони «Ислоҳ»-ро аз Волгоград ба мо ирсол намудааст, ҷой додем, то гуфтаи мо собит шуда бошад.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Баъд аз онки номаҳои пешинаи маро нашр намудед, ман дигар ҳама нашрияҳои Душанберо, ки дар шабакаи ҷаҳонӣ сафҳа доранд, мурур мекунам. Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки  дар шаҳри Душанбе Рустам, ҳеҷ коре карда натавониста истодааст. Новобаста аз таърифу ситоишҳои ноҷову номуносиб ҳатто нашрияи ҳукумати Тоҷикистон ноилоҷ мондааст, ки масъалаи «буй»-и Душанберо матраҳ кунад ва СССР, ки он ҳам як газетаи «придворний» асту ҳамвора аз Рустам ва корномаҳои вай лофу газоф мезанад, зиндагӣ дар пойтахти даврони Рустамро зиндагӣ дар Африқо номидааст. Барои онки шумо мутмаин бошед, ду матлабро, ки аввалиаш аз «Ҷумҳурият» ва дуввумиаш аз СССР ва ба қалами С.Достиев тааллуқ дорад, айнан  пешкашатон менамоем ва аз шумо бародар Муҳаммадиқбол хоҳиш мекунам, ки айнан чоп намоед:

«Фарҳанги шаҳрнишинӣ. Аз ҳоли табоҳи партовгоҳҳо»

05 ноябр 2024, Сешанбе

« Душанбе имрӯз ба туфайли раиси ободкораш куллан дигаргун шудаву ҳар гӯшаи он зеби тамошост. Ман, ки сокини шаҳрам, навгониҳои рӯзафзуни он чашмам мебарад, чи ҳоҷат ба онҳое, ки даҳ-понздаҳ сол шаҳрро надида якбора бинанд. Эътироф бояд кард, ки имрӯз Душанбе макони писандидаи на танҳо мо – тоҷикон, балки меҳмонони берунӣ низ ҳаст. Вале бо вуҷуди ҳама пешравиҳо, мутаассифона, баъзан, бо айби шаҳрвандон ва гоҳе бо бемасъулиятии ниҳоде, камбудиҳои кӯчаке чун доғ намудор гаштаву ҳусни шаҳрро коста мегардонанд.
Сухан аз партовгоҳҳо ва вазъи ногувори онҳо меравад, ки солҳост мегӯему ҳеҷ ҳалли худро намеёбад. Аз кор ба хона меравам. Ногаҳон бӯйи ғализе ба машом мерасад. Мебинам, ки аксар вақт қуттиҳои партов пур, чанд тӯдаи калони дигар дар замин…
Кӯдакамро ба боғча мебарам. Дар роҳ партов, боз бо ҳамон шакли боло. Ӯро ба кӯдакистон монда, сад-дусад қадам дуртар меравам, ин бор қуттиҳо холиву партов дар замин паҳну парешон, бӯи ғализаш нафасгир… Аҷибаш, ин ки акнун одати наве ҷорӣ шуда, партовро алоб мемонанд, месӯзонанд, дар дохили шаҳр, ки садҳо нафар хоҳу нохоҳ ин дуди ғализро бояд нафас бикашанд. Ғайр аз ин, мавсими тирамоҳ, ки сар шуд, дарди наве рӯ мезанад: хазонсӯзонӣ. Ҷо-ҷо чи дар партовгоҳу чи саҳни биноҳо мардум хазонро дар медиҳад… Бовар дорам,  хонандаи гиромӣ, ки шумо низ борҳо чунин ҳолро дидаед.
Аҷиб аст, ки чаро идораи коммуналии шаҳр ин ҳолатро зери назорат намегирад? Аксари нуқтаҳои партов дар наздикии кӯдакистонҳоянд. Магар намеандешанд, ки дар сурати сари вақт тоза нашудан, бӯйи партов ба саломатии кӯдакон зарар хоҳад расонд? Ҳоло ҳоҷат ба ҳоли зори калонсолону нафарони бемор нест.
Мо – шаҳрвандон, одат кардаем, ки гуноҳро ба сари сохтори марбута бор кунему ба ҳамин ҷони худро халос. Вале бемасъулиятии худамон пушти парда мемонад. Аксар вақт партов, ки овардем, ду-се кадами дигар монда даруни қуттӣ андохтани он магар мушкилӣ мекунад, ки сари роҳ мепартоему меравем. Ҳарчанд ҳамон роҳ гузаргоҳи худи мову атрофиёни мост.
Мушкили дигар сари вақт тоза нашудани партовгоҳҳост. Чаро шаҳрвандон ҳам маблағи партовро пардохт намоянду ҳам бӯйи ғализи онро нафас гиранд? Кӣ бояд пеши роҳи алоб дар партовгоҳҳоро гирад, ки акнун ба ҳукми анъана даромаданист? Имсол бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ чанд партовгоҳи атрофи кӯдакистонҳо, ки ҳоли ташвишовар доштанд, тоза карда шуданд. Дигар партовгоҳҳоро кӣ бояд назорат кунад? Агар партов бо ҷурми шаҳрвандон берун аз қуттист, чаро идораи сохторҳои дахлдор бо насби камераи назоратӣ чанд нафари онро ҷарима намекунад, то ба дигарон дарс шаваду одоби шаҳрнишиниро риоя кунанд? Масъулонро мебояд сари ин саволҳо андеша кунанд ва дар амал пайрави иқдомҳои созандаи раиси муҳтарами шаҳр бошанд, зеро шоҳидем, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти кишвар, ки оинаи Тоҷикистон аст, тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд. Дар истифодаи мизоҷон қарор додани  мошинҳои барқӣ маҳз ба хотири ҳифзи тозагии ҳавост. Дарахтшинониву кабудизоркунӣ аз ташаббусҳои дигареанд, ки Душанберо ба шаҳри сабз табдил додаанд.
Дар радифи он қадар корҳое, ки анҷом меёбанд, ислоҳи ин камбудӣ имконпазир аст, агар масъулият бошад.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,«Ҷумҳурият»

«Мо дар Африқо зиндагонӣ намекунем!!!

06.11.2024

Муҳтарам раис! Инак ҳафтаи 3-ум аст, ки бе эълони маҳдудияти барқ ва ҷоришавии лимит дар пойтахти кишвари азизамон, ш. Душанбе, идораи зертобеи Шумо ба аҳолии мавзеъи мавсум ба маҳаллаи Балх, собиқ деҳоти Арбобхотун, ки банда дар он ҷо ба сар мебарам, рӯзона куллан барқ намедиҳад!

Барқи ин мавзеъ аз соати 10 қатъ гашта, то соати 16 бебарқӣ давом мекунад. Ва агар Шумо фикр доред, бо ин коратон «барқ сарфа мекунед», нуқтаи назари комилан хатост ва ба масъули барқи пойтахти 1 кишвар зебанда нест. Зеро ин ҷо пойтахти Тоҷикистон асту дар ин мавзеъ ҳазорон нафар зану кӯдак, пиру барҷомонда, касалманду нафақагир ба сар мебаранд. Кори маҳаллаи мо ба ҳаддест, ки модарон ба кӯдакон ғизои гарм омода карда наметавонанд. Пирону барҷомондагон дар торикӣ ва сардӣ ба сар мебаранд. Ва агар кор дар ин мавсим чунин аст, вой бар ҳоли мардум, ки дар замистону баҳор ба чӣ мушкиле хоҳанд печид.

Аз сӯи дигар ин маҳалла соли 3-ум аст, ки ба ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ворид шудаст. Дигар ин ҷо ноҳияи дурдасти Рӯдакӣ ё Ҳисор нест, ки бояд лимити шадиди барқ ҷорӣ карда мешуд! Ин мардум, бар умеде буданд, ки баробари мутеъи н. Сино гаштан, аз азияти бебарқӣ ва лимит раҳо мегарданд. Аммо кор баръакс шуд. Мардуми маҳалла пушаймонанд, ки ба ноҳияи Сино ва Шабакаҳои барқи ш. Душанбе гузаштаанд. Ё корро уҳда кунед, муҳтарам раиси Барқи Тоҷики ш. Душанбе, ё моро бозпас ба шабакаҳои барқи н. Рӯдакӣ гузаронед. Зеро масъулини барқи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳар ҳол боинсофтар буданд.

Дар бораи ҷузъиёти ин бебарқӣ дар шумораҳои баъдӣ муфассалтар хоҳем навишт. Мо Метавонем!

С. Достиев,
ш. Душанбе, н. Сино, Арбобхотун,

Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Регар бароятон менависам. Яъне аз ноҳияи Турсунзода ва дар бораи раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам гуфтаниам. Парвиз дар ноҳия худаш ҳам президент ҳасту ҳам сарвазир. Аз сокинони қишлоқи Ленин барои асфалти роҳ аз 450 сомонӣ то 1200 сомонӣ гирифт. Барои вай фарқ надорад, ки он нафар бой аст ё камбағал. Ин кор-сумҷамъовариро пеш аз омадани Раҳмонов карданд. Дар масъалаи домсозҳо чи бигуям. Инҳо микрорайонҳоро расво карда истодаанд. Парвиз ба онҳо ҳама заминҳои Регарро фурӯхта истодааст. Бисёр ҷиноят карда истодааст. Дар микрорайони якум гаражҳои зиёде барои мошинҳо мавҷуд буданд. Қариб 1000 мошин ҷой мегирифт. Ҳамаи онҳоро фурӯхт. Аз соҳиби гаражҳо тамоман напурсид. Сокинон то Суди олӣ навиштанд, аммо бефоида. Чунки Парвиз суми калон бурда додааст. Парвиз аз домсозҳо барои қарор 60-70 ҳазор доллар пора мегирад. Ҳозир кораш фақат заминфурушӣ барои сохтмони дом. Халқи Регар сахт норозӣ аст. Парвиз барои худаш дар пушти сафорати Амрико дар Душанбе як ҳавлии сеошёна харидааст, ки дорои таҳхона ва замини васеъ аст. Вай ин хонаро ба 2 миллион доллар харидааст. Ана пули халқи Регар ва домсозҳо ба куҷо сарф карда шудааст. Ман ҳайронам, ки ин мақомот прокуратура, амният, милиса куҷоро нигоҳ мекарда бошанд? Ягон нафари бовиҷдон доред? Ҳамаи роҳбарони ин мақомот аз Парвиз пул мегиранд, барои ҳамин муттаҳаманд, ва чизе намегуянду чашм мепушанд.

Ҳозир боз дар Регар гап баромадагӣ, ки Акрамзода Парвиз бо кадоме аз духтарҳои Раҳмонов қудо шудагӣ аст. Парвиз ту кай сер мешавӣ? Аз Аллоҳ битарс. Ягон рӯз Раҳмонов туро  аз кор мегирад. Он вақт мебинӣ, ки халқи Регар туро чи кор мекунад.

Ҷамшед архитектори калони Регар якҷо бо Парвиз Акрамзода заминҳоро ба домсозҳо фурӯхта истодаанд. Ҷамшед хуб гуш кун! Вақту соаташ, ки мебиёяд туро виноват эълон мекунад. Ту архитектори Регар ҳастӣ. Лекин ба ҷиноятҳои Акрамзода Парвиз қуш шудаӣ. Ҳама заминҳои обиву лалмиро яксара фурӯхта истодаӣ ба домсозҳо ва дуои бади халқи Регарро гирифта истодаӣ. Инро бидон, ки вақташ меояд Акрамзода Парвиз ҳамаи ҷиноятҳои кардаашро ба калаи ту мезанад. Бас кун, ва аз рӯйи қонун кор кун. Ҳамин хел гап бародар Муҳаммадиқбол. Тамоми ҳарфҳои навиштаам ҳақиқат аст. Чунки ин инсон дар ҳамин литсей кор мекунад. Бахшиш, ки агар хато навишта бошам. Чунки ман узбекзабонам. Аммо аз шумо хоҳиш ва илтимос мекунам, ки навиштаи маро нашр кунед. Ҳаракат карда навиштам. Бигзор халқи Регар ва тамоми халқи Тоҷикистон фаҳмад ин ҷиноятҳои Акрамзода Парвизро..

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Ҷаҳонзеби Конибодом ин номаро роҳиатон кардам. Ман аз қонуншикании як корманди Рамазон Раҳимзодаи мулаққаб бо Ҷеки Чан, ки дар деҳаи Ҷаҳонзеб ноҳияи Конибодом санаи 4 ноябр ба вуқӯъ пайвастааст менависам.
Баъд аз нисфирузӣ корманди БДА дар роҳ як мардро дошта хеле ғам дода угрожаташ мекунад барои ситонидани маблағ ва ин боиси марги он марди солхурда мешавад. Он мард касали қанд дошта будааст ва ин амали корманди Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан боиси ин фоҷиа шуд. Охир инҷо зиёда аз даҳ камераи назорати мондагианд. Аммо ин гургони дупои фурашкабарсар, кормандони БДА ва милиса фақат бадбахтӣ ба мардум меоваранд. То ҳоло иллат ва омилҳои кушторҳои занҷираӣ, ки дар Кониболом имсол руй дод, ошкор ва дастгир нашудаанд. Ранги мошини он гаишник сафед ва тамғааш Мерседес аст. Ман ба он одами аз ҷабри ин гаишник мурдагӣ ягон авлоду хешу табор нестам, танҳо як ҳамдиёри бетарафам. Мо бачаҳои Конибодом чор моҳи ахир ба шумо нома нанавиштем. Вале Раҳмонови номарди  аҳдшикан боз ҳамин фурашкадорҳояшро ба суроғи мо равон кард.
Дар ҳоле, ки Шоҳрух Саидзода инҷо 10 камера мондагӣ аст. Ва радиои Озодӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ онҳоро нишон дода буд. Саволи мо ин аст ки акнун, ки даҳ камера аз пули бюҷети мамлакат, яъне мардум барои назорати роҳ мондаед, боз ин гаишникҳо дар инҷо чи кор мекунанд? Наход Рамазон Раҳимзода то ҳамин дараҷа аз маоши ГАИшникҳо доля мегирифта бошад, ки онҳо худро ба обу оташ зада дар зери назари камераҳо ҳам аз ронандаҳо пул меситонанд? Ногуфта намонад, ки деҳаи мо ҳамсояи ҳамон деҳаи Санҷидзор аст.
Ин ҳодисаи нохуш аввалин рӯзи кории он гаишник ба амал омадааст. Баъди марги мард деҳа пур аз амниятиҳо шуд. Вале корманди Рамазон Раҳимзода дар назди ягон қонун ҷавоб нагуфтааст.
Акбар Шарифӣ, сухангуи РВКД дар вилояти Суғд дар барномаи телевизиониаш  аз ин ҳодиса чизе намегуяд. Мо ба ҷуз аз «Ислоҳ» дар дигар ҷое гуфтаву навишта наметавонем.
Мо мардум мехоҳем, ки ин корманди БДА, ки ба Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан итоат мекунад, тибқи қонун ва конститутсияи Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Баъд аз ин амали номардонаи Раҳмонови аҳдшикан ва мақомоти дар коррупсия ғутидаи вай мо бачаҳои Конибодом бештар ба шумо нома менависем.

Москва

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Номаи шикояти ман ба Раҳмонови касиф аст. Охир рӯз ба рӯз ҳоли мо муҳоҷирони корӣ дар Русия бад шуда истодааст. Ҳоламонро аз саг ҳам бадтар карда истодаанд. Мо тоҷикҳо бо ин ҳам дар Русия қадр надоштем, аммо ҳозир аз саг ҳам беқадртар шудем. Худаш чи гап?

Охир мо соҳиб дорем ё не? Худованд хору залил кунад ин Раҳмонови палидро. Миллатро ин қадар хору залил кард. Ҳозир 120 ҳазор муҳоҷири тоҷикро дар «чёрний» гирифтагианд. Маълум нест, ки тақдири онҳо чи мешавад?

Ҳозир пулисҳо хона ба хона гашта истодаанд. Одамҳои бедокументро бурда маҳкам карда истодаанд. Намедонем мо чикор кунем, ба кӣ шикоят кунем?

Охир дар давраи босмачиҳо ҳам ин русҳо аз мо истифода карданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мо тоҷикҳо ёрдам кардем ба русҳо, фашистҳоро ғолиб омаданд. Лекин як бор намегуянд ба тоҷикҳо раҳмат, ки ба мо кумак карданду дар ҷанг ғолиб баромадем. Мо ба инҳо якҷо шуда наметавонистем. То ҳозира мо тоҷикҳоро истифода бурда истодаанд.

Агар Раҳмонов бо инҳо «туғрӣ» нагирад, мо «туғрӣ» намегирем. Эй Раҳмонови аблаҳ, намебинӣ, ки ин қадар миллат азоб кашида истодааст. Номусу виҷдон дорӣ ё не? Ту бадбахт чи хел мемирӣ? Яке аз орзуҳои ман дидани мурдани ту аст. 10 миллион милдати тоҷик аз афти хунуки ту безоранд. Барои миллат як бор ягон кори хуб кун охир! Италия рафтӣ чи шуд? Путини хуҷаинат иҷозатат надод, ки рафту омад дошта бошӣ бо Италия? Ранги занҳо гилаву ҷингила кардӣ. Аммо ба гапат намекунад Путин.

Медонам, ки «Номаҳо…» -ро тамошо мекунӣ, фишорат боло мешавад. Аммо мо хуб медонем, ки ту беномус ҳастӣ, беор ҳастӣ, мезанӣ арақрову ҳамаро меолоиву хоб меравӣ. Фикр накун, ки русҳо моро беэҳтиромӣ мекунанд. Балки инҷо туро эҳтиром намекунанд. Мо, барои русҳо мисли ғулому каниз кор мекунем, аз мо онҳо ягон бадӣ надидаанд. Инки мо муҳоҷиронро азобу азият мекунанд, ин туро азобу азият мекунанд. Ту бояд инро дарк кунӣ! Журналистҳои Русия ҳатто номатро дуруст намедонанд.

Мо дар як магазин кор мекардем. Ному фамилияамон дар бейҷик навиштагӣ буд. Ҳар одаме меомад, медид моро, ҳатман мехонд, бейҷикамонро ва вақте мефаҳмид тоҷикем ҳақоратамон мекарду мерафт. Ман бо онҳо ҷанг мекардам. Ҳарчанд директор мегуфт, ки ту дар Русия зиндагӣ дорӣ, ҳамроҳашон ҷанг накун:

«мегуфтам дар Русия кор дорам, аммо ин маънии онро надорад, ки бо ман мисли ғулом рафтор кунанд».

Як зани пир омаду гуфт, ки ту тоҷик будӣ, ман дидам туро, фикр кардам рус ҳастӣ, чунки ман зардинаам ва бо русҳо монанди дорам. Худам ҳам аҳамият намедодам, тоза фаҳмидам. Ин пиразани густох ба ман гуфт, ки дар ин ҷо ягон рус кор намекунад. Ман гуфтам не, ҳама тоҷиканд. Пиразан сари қаҳр гуфт «мурдиян русҳо, ки ин магазини калон ба дасти шумо чуркаҳо ғалтидааст». Инро гуфту рафт. Баъдан ман «файродш кардм, марам қаҳрам омад. Ба тоҷикӣ ва ба русӣ ҳақоратш кардм. Пиразани аблаҳ фаҳмид ҳақоратома. Пешм омад гуфт чи ба ҳақорат мекнӣ? Гуфтм ту чи ба ҳақорат кардӣ, мора? Шумо Русҳо наёе кор накунед, баъд мо гунаҳгорем, ки омада кор дорем ва дар хидмати шумо ҳастем? ».

Ман ба ин пиразани рус гуфтам:  «бирав шавҳартаи, бачатай, домодтай, касе набоша биёрш да ҷой ма кор куна ман ҳозир кора бас мекунам мерам ватанам. Лекин шумо кор намекнед дар он корҳое мо Тоҷикҳо кор мекунем. Пиваву арақа мезаневу ранги Раҳмонов рақс мекунед. Шумо агар ба Раҳмонов туғрӣ бигирен мо ба шумо туғрӣ намегирем»

Як ҳамкори рус доштем мегуфт: «Президенти шумо дар ҳақиқат шуморо дар капека ҳисоб намекардай. Иқа рейдҳо, ин қадар азоб, мо дар ҷои шумо мардум мебудем, Раҳмоновро дар кунш антен мезадем. Гуфт,ки президенти шумо на самом деле сучка будаст. Ман аввал тоҷикора шум медидм барои онки дар ТВ ва интернетҳо ҳарчи мегуфтанд шуморо. Аз рӯзе ҳамин магазин кор омадум, насам деле фаҳмидм шумо тоҷико великий народ будаед, добрий буден, кор мекнед, аз Тоҷикистон барои кор меоед оилаҳотона таъмин мекнен. Маладиёжои мо на падарошона нигоҳ мекнанд на модарошона».

Э, мардум барои ҳамин ин қадар хомӯш наистед. Раҳмонови алайҳи лаънатро то аз қудрат дур накунем,мо ҳеҷ маҳал соҳиби обру намешавем, на дар дохил ва на дар хориҷи кишварамон ва ҳамеша дар азобем. Нест бод Раҳмонов. Нест бод диктатор!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №194 появились сначала на ISLOH.net.

Инқилоб мехоҳӣ? Вақташ расид!
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ташаккури зиёд бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин барои ин ҳама заҳматҳое барои бедории ин миллат ва мардум мекашед, то бедор шаванд!
Алҳамдулиллоҳ, ки рӯз то рӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сӯи инқилоб қадам гузошта истодаанд. Ин як пешравии бузург аст барои мардуми Тоҷикистон. Чи хеле, ки Саидмурод Давлатов мегӯяд «какого ум такого жизнь», яъне «фикр

чи гунае бошад, зиндагӣ ҳамон гуна мешавад».

Бубинед, то имрӯз фикри ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин буд, ки агар президенти дигар ояд, то сер мешавад, ки боз 20 сол мегузарад. Аммо дида истодаем, ки Эмомалӣ Шарипович дар тӯли беш аз 30 сол сер нашуд ва сер шуданӣ ҳам нест.
Агар фикрҳои ману ту дигар нашавад, зиндагии ману ту дигар намешавад.

Ҳар як кор, амалҳои нек ё бад бошад, аввал ба фикри ману ту меояд ва пас онро иҷро ё амалӣ менамоем. Имрӯз дар ақли ману ту фақат муҳоҷират ҳаст, ки рафта  дар Русия кор кунем ва дар Тоҷикистон хона бисозем, зиндагии хуб дошта бошем, яъне фикри ману ту дар банди ғуломӣ аст.

Мо ҳама шаҳрвандон фикр менамоем, ки кор фақат ва фақат дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Аммо мо аз он бехабарем, ки мо дар ватан оила, фарзанд, падару модар, дин, фарҳанг дорем, лекин ин ҳамаро аз даст дода истодаем.
Имрӯз ману ту дар муҳоҷират қарор дорем, аммо ҳукуматдорони имрӯза таҷовуз бар оила, зану фарзанд, дин, миллат ва фарҳанг карда истодаанд, ки вақте ману ту аз муҳоҷират меоем, оила, зан ё духтари ману ту таҷовуз шуда аст, аз тарафи ВКД, КДАМ, прокурор, суд, намояндаи ҷамоат ва ғайраҳо. Пас ману ту он меҳнатҳое, ки дар ғарибӣ барои оила ва фарзандони худ намудаем, ҳеҷ ва сифр баробар аст. Як мисоли одӣ меорам. Бачаи ману туро ба иҷбор аскарӣ мебаранд. Фикр намекунӣ, ки бо ин вазъу ҳоле, ки мо ту, ки миллионҳоем, чаро боз хизмати аскарӣ равем? Ин худ таҷовузи ошкорои ману оилаи ману ту аст.
Бубинед дар муҳоҷират барои худ якто шашлик харида хӯрдан намехоҳед ва аксаран наметавонанд! Аммо барои зану фарзанд мефиристед, ки ҳукуматдорон таҷовуз карда аст.

Ин мисолҳо аз нигоҳи баъзе беғайратон мисоли оддист, аммо инсоне, ки як зарра имон ва виҷдон дошта бошад, тоқати ин таҷовузро надорад.
Биё эй ҳамватан дар Ватан бошем,
Биё эй ҳамватан дар ғарибӣ набошем.
Биё эй ҳамватан фикри дар Ватан буданро намо,
Биё эй ҳамватан Ватанро озод намоем.

Қадамҳои ба сӯи инқилоб ва пирӯзӣ ин аст:
1. Қадам ба сӯи озодӣ, ин аст ки ману ту рӯ ба рӯи оина биистем ва ончиро, ки ҳаққи ману туст, талаб намоем, яъне таъсири тарсро аз худ дур намоем!

2. Бар оилаи худ бигӯ, ҳукумати Эмомалӣ чи ҷиноят карда аст ва истодааст, қадам ба қадам бар зану фарзанд бигӯ, агар чи фарзандат ба боғчаи кудакона меравад.

3. Ҳар як оила фарзандони худро чунон тарбия намояд, ки ҳар яки онҳо дар оянда дар фикри президентӣ ё идора кардани давлат бошанд ва ҳамеша ғами миллату давлатро дар ҷои аввал гузоранд.

4. Дар боғчаҳо, мактабҳо ё дар донишгоҳҳо таърифи Эмомалӣ Раҳмонов шуд, гӯш накунанд ва агар шеър барои аз худ кардан дод, аз ёд ё аз худ накунанд.
5. Маршировка аз тарафи мактаб ё донишгоҳҳо шуд, нагузоред, ки равад. Агар аз донишгоҳ ихроҷ кардан хост, бигзор ихроҷ намояд. Агар ҳамаи донишҷӯён нараванд ҳеҷ гоҳ ҳамаро ихроҷ карда наметавонад. Зеро, ки маоши муаллимон аз шартномаи ҳар як донишҷӯ вобастагии сахт дорад.

6.Ҳар шахсе, ки ин барномаро мебинад, агар нишаста бошӣ бихез ва рӯ ба рӯи оина биист ва истеъфо диктатор Эмомалӣ бигӯ:
То ки виҷдони ту бедор шавад!
Бигӯ то ки тарс аз ту дур шавад!
Бигӯ то ки мард шавӣ!
Бигӯ то ки шер бошӣ!
Бигӯ то ки аз ту битарсад, на он ки ту битарсӣ!
Бигӯ то ки сарбаланд бошӣ.

7. Ҳар яки ману ту барномаҳои Ислоҳро мехонем ва мебинем, ҳамин барномаҳоро бо аҳли хонавода бояд бубинем, то ки зану фарзандамон бохабар бошад ва ба доми ин номардон наафтанд.

8. Видеоро баробари дидан мардонавор лайкро гузоред ва ба хешу табор бифиристед, то ки онҳо низ бохабар бошанд. Агар лайк нагузорем ва ҳеҷ кас набинад, чи гуна ӯ бохабар шавад аз зулму таҷовузи ин ҳукумати Шарипович? Ту агар барномаи Ютубро лайк гузоштӣ, барои ҳар як бинанда пешниҳод мекунад, ҳар як видеоро, то онҳо ҳам онро бубинанд.

9. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар як рӯз аз се то шаш маротиба барои инқилоб намудан омодагӣ бинад ва ҳар ончиро, ки дар фикратон ҳаст, онро ба қоғаз нависед. Медонед барои чи мо шаҳрвандони Тоҷикистон ғулом ҳастем ва ғулом сифат шудаем? Барои он ки мо нақшаи зиндагӣ надорем! Аз ҳамин соат

ҳар як шаҳрванд бояд, қалам ба даст гирад ё дар блокноти телефони ҳамроҳамон ёддошт кунад, ки барои мубориза бар зидди ин беморӣ, ки ин системаи давлатдорӣ хеле ва хеле ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, ману ту ин давлату миллатро сарбаланд насозем, пас барои мо кӣ месозад?
Агар ту деҳқонӣ, муаллимӣ, коргари оддӣ ҳастӣ, донишҷӯ ҳастӣ, талаба ҳастӣ, мубориз ҳастӣ, психолог ҳастӣ, духтур ҳастӣ, қаровул ҳастӣ, муҳосиб ҳастӣ, барномасоз ҳастӣ, муҳандис ҳастӣ, ҷавон ҳастӣ ё пир ҳастӣ, бинавис, бинавис, бинавис, то ки аз фикру амали ғуломӣ озод бошем. Ману ту нақшаи дарозмуддат бикашем, нақшаҳои ману ту ба асрҳои оянда низ таъсиргузор бошад. Имрӯз ману ту нақшаи рӯз, кор, хона, илм, фарҳанг, маданият, зиндагӣ ва иқтисод надорем ва ба ҳамин хотир мо нақша надорем ва мақсад ҳам надорем дар зиндагӣ.

10.Нақшаҳо дар зиндагӣ хеле ва хеле ба Шумо осон менамояд зиндагиро, иқтисодро, ҷаҳонбиниро, инқилобро, истеҳсолотро, имкониятҳоро, озодиро, илмро, фарҳангро, сиёсатро, ватандӯстиро, ҳақу ботилро аз ҳамдигар ҷудо намуданро, мардонагиро, мардонавор зиндагонӣ карданро, бо виҷдон буданро ва бонангу номус буданро.

Имрӯз агар Шумо ҳалол пул кор карданро хоҳед, пас аввал нақшаҳо дошта бошед ва нақшаи худро ҳар рӯз бояд бихонед то ки фаромӯш накунед! Агар тамоми шахсоне, ки дар ҳаёт муваффақ шудаанд, чи кардаанд? Нақшаи кории худро кашидаанд.

Мисолҳо аз ҳамин ҳамватани мову ту:
1. Саидмурод Давлатов нақшаи корӣ дорад, ки дар иқтисод пеш рафта аст ва китобҳо дорад барои сарватманд шудан ва ғайраҳо.

2. Бобоҷон Ғафуров, ки нақшаи худро кашид, то ки миллати тоҷик худро бишносад ва китоби Тоҷикон навишт.
3. Муҳиддин Кабирӣ, нақшаи кории худро дорад, ки чи гуна аз мушкилоти сиёсӣ берун барояд ва ягона оппозитсияеаст, ки мактубашро СММ қабул кардааст, аммо оппозитсияи дигар давлатҳо натавонистааст.

4. Абдулло Роҳнамо, ки дар соҳаи чоплусӣ хеле ва хеле нақшаи хуб кашидааст, ки хеле тарафдорони зиёд дорад. Агар Эмомалӣ Шарифович ширро сиёҳ гӯяд, Абдуллоҳи Раҳнамо низ онро тасдиқ менамояд.

5. Муҳаммадалӣ Ҳаит, ки нақша бар зидди ин ҳукумати диктатура бурд ва аввалин шахсе, ки дар Тоҷикистон гуфта аст: «Мо фарзандони ӯгаи ин сарзамин нестем» барои ин давлат мо хостем ободӣ, оромӣ, сулҳу субот. Аммо ӯ қаҳрамони миллист, ки ӯ ҳоло дар зиндон аст, аммо ҳар як сухани ӯ ману туро бедор мекунад, аз хоби ғафлат.
Бубинед, ки ҳама кор ва амали нек бошад хоҳ бад, ҳамаи ин ба худ нақша кашидан дорад.

11. Ману ту аз ҳамин соату дақиқа муборизаи беамон бибарем, ки бар ману ту зулм карда натавонад, агар милиса, прокурор, суд, танзим, когари ҷамоат, милисаи минтақавӣ (участкавой), сарҳадбон, коркунони амният, коргарони андоз, духтурон ва ғайраҳо порахур, қотил ва тӯҳматгар ҳастанд, ки ману ту имрӯз онҳоро ифшо намоем ва аз ин касалиҳои коргарони давлатӣ халос шавем.

12. Алъон ману ту ба амал бигзарем, то имрӯз сухан кардем, ҷиноятҳои тамоми мансабдорон ифшо шуд,ки:
Буз кисту дузд кист?
Қотил кисту мазлум кист?
Мард кисту номард кист?
Баору номус кисту беору номус кист?
Бо виҷдон кисту бевиҷдон кист?
Беҳаё кисту бо ҳаё кист?
Диндор кисту зидди дин кист?
Золим кусту муҳоҷир кист?
Ватандӯсту ватан фурӯш кист?
Ватандору беватан кист?
Киҳо дар мансаб асту киҳо дар зиндон?
Киҳо хиёнат карданду киҳо кунҷи зиндон шуданд?
Киҳо номдору киҳо терорист?
Ҳақгӯён кунҷи зиндон,чоплусон дар назди пешвояшон!

Акнун бас аст барои шахсе, ки як зарра, ба мисли дони гандум дар қалб имон ва виҷдон дошта бошад, ин ҳама сабр карданҳо. Имрӯз барои ҳар як шаҳрванд, ки ману ту ҳастем фарз ва қарз аст, ки ин миллату давлатро аз дасти ин золимон- аз ин ҳукуматдорон ва Эмомалӣ Шарипович, оилааш, авлодаш наҷот диҳем.

13.Чаро Толибон пирӯз шуд? Барои он ки Толиб гуфт ва амал намуд ва давлатро аз дасти хориҷиҳои ишғолгар гирифт.

Имрӯз ману ту агар як шавем якчанд миллион мешавем ва Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов тоқа ва танҳо мешавад. Бояд ҳама каса ба қасри президент ворид шавем, то ки давлатро аз бедавлатӣ наҷот диҳем.
Дар Тоҷикистон ману ту ҳастем!
Дар ғарибӣ ману ту ҳастем!
Дар ғуломӣ ману ту ҳастем!
Дар муҳоҷират ману ту!
Дар азоб ману ту!
Дар шиканҷа ману ту!
Дар маҳбас ману ту!
Дар тӯҳмат ману ту!
Дар беномуси ману ту!
Дар қатл гирифтор шудан ману ту!
Дар беморӣ ману ту!
Дар ватан беватан ману ту!
Фарзандони дар ватан ятиму чоплус, аз ману ту!
Нофармонии фарзандон ба падару модарон, аз ману ту!
Ин ҳама хабаркашҳо аз ману ту!

14.Биё эй ҳамватан дар ватан озод бош, чун беватан дар ватан хор набош!  Бояд ману ту вақте ин мактубро мехонӣ, мешунавӣ ва мебинӣ амал намо. Амал, ки накардем ману ту, боз ҳамин гуна хору залил дар зиндагӣ бошем ва агар хоҳем, ки озод бошем, амал намоем!
То амал накардем ғулом ҳастем, амал кардем пирӯз ҳастем.
Фикри ману ту инқилоб аст!
Фикри ману ту озод аст!
Амалҳои неки ман ва ту озод аст!
Ман агар нахестам!
Ту агар нахестӣ!
Кӣ барои ману ту ба инқилоб мехезад!

15. Бурд дар зиндагӣ ҳамеша дар амал аст!
Инқилоб кардан дар амал аст!
Пирузӣ дар амал кардан аст!
Мард будан дар дунё, амал кардан аст!

Саволҳо бар ману ту:
1. Чаро ту ғуломӣ?
2. Чаро муҳоҷирӣ?
3. Чаро камбағалӣ?
4. Чаро беморӣ?
5. Чаро доим дар озорӣ?
6. Чаро дар ватан нестӣ?
7. Чаро дар тӯҳматӣ?
8. Чаро дар зиндонӣ?
9. Чаро беҳамсарӣ?
10. Чаро бешавҳарӣ?
11. Чаро террорист шудаи?
12. Чаро беилм шуди?
13. Чаро тарсуӣ?
14. Чаро хабаркаш шудаӣ?
15. Чаро номардӣ?
16. Чаро фарзандат ятим?
17. Чаро озод нестӣ?
18. Чаро бадбахтӣ?
19. Чаро яки ту ду намешавад?
20. Чаро оилаат таҷовуз шуда истодааст?
21. Чаро шавҳарат пуштибонӣ намекунад ва наметавонад?
22. Чаро ҳамватан аҳл нестӣ?
23. Чаро зулм мекунӣ?
24. Чаро зулмро таҳаммул мекунӣ?
25. Чаро ҳама тӯҳматро ба худ мегирӣ?
26. Чаро хиёнат мекунӣ?
27. Чаро хиёнаткорро ифшо намекунӣ?
28. Чаро ба инқилоб намебароӣ?
29. Чаро сукутро ихтиёр намудӣ?
30. Ин ҳама саволҳо чаро?
Охир чаро, ки чунин саволҳо пайдо шуд? Зеро, ки ману ту сукутро пеша кардем ва ҳоли туву ман, ману ту ба ин ҳол гирифторем!

Дар ин давлат ва ҳукумат Эмомалӣ Шарифович як рӯз бошад, дониста бош, ки ману ту яксолро аз даст додаем. Дониста бошем ман ва ту ҳамин рӯз ба майдон баромадем, пирӯзӣ аз мост ва агар нахостем, ғуломӣ интихоби мост.
Ин ҳама сухан аз қалби сӯзон аст, то ки қалбат ба ҳамватанамон бисӯзад, то ки бедор шавем ману ту!

Эй ҳамватан ашк аз чашмони ману ту резон аст!
Эй ҳамватан чашми Эмомалӣ Раҳмонов хандон аст;
Биё эй ҳамватан бихезем, то ки чашмони ману ту хандон бошад!
Мансабдорони қотилу золим дар зиндон бошад!
Эй ҳамватан ману ту беватан!
Аммо хоини ватан дар ватан.
Эй ҳамватан биё ба майдони мардон!
То ки ватан озод шавад аз номардон!
Пирӯзӣ дар як рӯз аст, ки озод будан беҳтар аз моли зиёд аст.
Биё эй ҳамватан ману ту як мушт шавем ва якҷо озод шавем.
Эй ҳамватан дигар нагзор ба ману ту зулм намояд, ин ҳукумати Эмомалӣ Шарипович.
Ману ту якҷо шавем Эмомалӣ дар зиндон мешавад! Ману ту якҷо бошем золиму қотил дар зиндон аст!
Шахсе, ки нотарсида ба инқилоб меравад, мард аст,
Оне, ки дурӯя бошад, мунофиқ аст.
Имрӯз ману ту ва туву ман ба майдон, бар зидди Эмомалӣ Раҳмонов ҳастем.

Эй ҳамватан аз ин рӯз тарки муҳоҷират намо. Ман хеле ва хеле шодам ки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро ихроҷ карда истодааст, зеро ки ҳамин сабаби чаппа кардани Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Барои ману ту ва туву ман роҳи инқилобро худи ҳамин Эмомалӣ нишон дод.
Як ҷаҳон ташаккур!
Маро сарнагун ва ба кирпични мефиристед. Бубин ҳамин фикрҳо дар сари ману ту набуд, аммо моро маҷбур намуд, ки ақлатро ҳаряки ту кор бифармои. Имрӯз худи Русия ҳам сигнал дода истодааст, то ки ману ту бедор шавем.
Агар ману ту ва туву ман як аср шикоят намоем, ки бар мо зулм карда истодааст Эмомалӣ ё Русия, ҳеҷгоҳ ба ману ту ҳеҷ кас ёри нахоҳад кард. Зеро ки мо тамошобин шудаем дар ҳама ҳолатҳо. Чихеле ки бародар аз Амрико дар номаи 187 гуфт:
«Яхдон телевизионро бохт». Яъне, ки шумоён инқилоб бикунед, баъд мебинем шавад мо низ мебароем ва агар нахостем намебароем. Ин фикри бенангист эй ҳамватан!

16. Ману ту ва туву ман тамоми хабаркашонро расм ва навор гирифта ва маълумоти пурра оиди ин шахси хабаркашҳо маълумот ба «Ислоҳ ТВ»

бифиристем ва ба намоиш гузорем. Агар ҳамин бузҳо, ки ифшо шуданд, ману ту ҳеҷгоҳ бо ӯ салому алейк накунем!
Ба маъракаи худ таклиф накунем!
Ба маъракаи ӯ низ наравем ҳатто дар рӯзи ҷанозааш ё мусибаташ, зеро ки ин хабаркашон сабаб шуд, ки якчанд оила ҷудо, маҳбас, қатл, қарздор шуданд!
Имрӯз барои ману ту ҳаром аст ифшо накардани хабаркашон, ки миллату давлатро бадбахт мекунад, ҳамин хабаркашон. Дар кадом вилоят, ноҳия, шаҳр ва қишлоқ бошӣ, маълумоти муфассал бифирист, аммо тӯҳмат накун. Туву ман ва ману ту тӯҳматгар нестем, номард нестем, беор нестем, бенанг нестем, бедин нестем. Ману ту ҳамеша дар роҳи Ҳақ бошем.

17. Фикри миллӣ, давлатдорӣ, диниву мазҳабӣ, фиқҳиву ҳисси фаҳму фаросати, илму дониш, маърифат ва ақлу заковат дошта бошем ману ту ва туву ман эй ҳамватан.
Имрӯз аз рӯи иқтисод марказӣ Осиё дарвозаи Осиё Тоҷикистон аст, ки бо воситаи Тоҷикистон метавони ба тамоми дунё биравӣ ва Тоҷикистонро дар муддати 5 сол аз 30 давлати қафомонда пеш бурд, аз ҳисоби иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, озодӣ ва мардонагӣ пеш бурд, ки ин ҳама вобастаги ба ману туст эй ҳамватан.

18. Қадру манзалат, ҳаққу ҳуқуқи худро ҳеҷгоҳ паст накун эй ҳамватан, агар ӯ президент, вазир, прокурор, суд, оташнишон, сарватманд, пир ё ҷавон, бузург бошад, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба худ нагузор, ки поймолат кунанд эй ҳамватан, агарчи ту миллатат чи бошаду набошад, ба худат ва ба дигарон нагузор ки таҳқир намояд эй ҳамватан.
Кадоми ману ту ва туву ман мехоҳем, ки фарзандамон аз ҳамдигар ҷудо шаванд? Кӣ мехоҳад? Ягонтои мо намехоҳем, аммо дар амал ҷудо шудаем, тика шудаем, ғариб шудем, муҳоҷир шудем, ғулом шудем. Пас падару модари ману ту ҳаминро мехост? Албатта, ки не, аммо ин корро мо карда истодаем. Пас, аз фарзандони худ   чи умед намоем? Модоме, ки падару модар дар ин ҳолат бошад, фарзандон дар бадтарин ҳол мешаванд, эй ҳамватан.

19. Чоплусонро бишносед ва аз онҳо дур бошед, дар давлати оянда низ ба инҳо наздикӣ накунед. Инсони мард ҳамчу шер дар ҳама ҷо шер аст, аммо чоплус, мунофиқ, дар тахт бошад ҳам, мансабдор, муаллим, донишҷӯ ва ҳатто президент бошад ҳам ӯ шағол аст. Ин тоифа танҳо манфиати худро дар ҷои аввал мегузорад, хоҳ мусулмон бошад ва хоҳ ғайридин бошад. Сабаби диктаторӣ шудани давлатҳо ҳамин хушомадгӯёнанд.
Хатои ману ту, ки шағолон ва шағолсифатонро аз худ дур намекунем. Кист ӯ? Ин ҳамон шағолоне, ки имрӯз дар мансаб ману туро зулм карда истодаанд.

20. Медонед, эй ҳамватан, эй мусулмонон, эй рӯшанфикрон, эй сиёсатмадорон, эй муҳоҷирон, эй бародарон, эй хоҳарон, эй падару модарон, эй оне, ки ин мактубро мешунавӣ хуб фикр кун, ки мо дар куҷо шикаст хӯрда истодаем! Дар куҷо шикаста истодаем? Бояд ману ту ва туву ман нуқта гузорем, то ки шикаст ва шикаста нашавем.
Паёмбари азизи мо Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам гуфтанд: «агар ба як дастам гузоред офтобро ва ба дигар дастам гузоред моҳтобро, ман аз роҳам бар намегардам». Яъне Паёмбар мубориза карданд, пирӯз шуданд. Дигар давлатҳо барои озодии худ мубориза бурданд, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Мардуми оддӣ, мусулмонон дар ҳама ҷабҳа пирӯз ҳастанд, аммо дар як ҷо ҳамаро барбод медиҳанд. Медонед дар куҷо? Кадом вақт? Ҳамон вақте ки ману ту ва туву ман шартнома менамоем, дар ҳамаи ҷои шартнома ба манфиати он тараф мекунем, лекин бар зарари худ.

Ҳамин ИНОТ пирӯзӣ ба даст овард, аммо ба ҳама чи розӣ шуд, ки Эмомалӣ Шарипович якто якто онҳоро қатл, маҳбас, чоплус, хабаркаш, муҳоҷир намуд. Бояд ману ту имрӯз дигар ин хатоҳоро такрор накунем, эй ҳамватан!

Агар ману ту ва туву ман бихоҳем, ки давлатамон ба мисли Сингапур, Аврупо, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ пешрафта ва тараққикарда бошад, пас туву ман ва ману ту дар якҷоягӣ бояд талош намоем. То имрӯз ману ту фикру андешаҳои худро надоштем, ҳарчӣ ҳукумати Эмомалӣ Шарипович гуфт, ҳамонро кардем ва ин ҳосили тафаккур ва андеша надоштани ману туст, ки ба ин ҳол омадаем, эй ҳамватан. Аз ҳамин соат ману ту бояд ба пой бихезем, инқилоб намоем, бошараф бошем, пирӯзӣ ба даст оварем ва баъд ману ту, баъди аз курсӣ ба зиндон андохтани Эмомалӣ Раҳмонов, туву ман метавонем давлати пешрафта бисозем.

Мехоҳӣ озод шавӣ? Пас аввал фикратро иваз намо!
Мехоҳӣ муҳоҷир набошӣ? Пас фикрониатро дигар намо!
Мехоҳӣ давлати ману ту пешрафта бошад? Пас андешаатро дигаргун намо!
То ману ту ва туву ман дар фикри инқилоб набошем, озодиро фаромӯш намо!
Биё эй ҳамватан ба инқилоб бароем,
Биё эй ҳамватан дар ватан зиндагӣ намоем.
Биё эй ҳамватан ману ту ва туву ман, даст ба кор бишавем.
Биё, эй ҳамватан Эмомалӣ Раҳмоновро зиндон намоем!…

Ин ҳама корҳо аз худи ману ту вобаста аст, эй ҳамватан, ин ҳама сухан аз ҷон аст ва озодӣ барои имрӯз аст.
Ин ҳама ҳоли ману ту натиҷаи кор, фикр, андешаи рӯзи гузаштаи мост ва амали имрӯзаи ману ту ва туву ман натиҷаи фардост эй ҳамватан.
Дирӯз ману ту дар ғафлат будем, дар натиҷа ҳоли ману ту ба ин ҳол аст.
Ҳол он ки ману ту ва туву ман, ки ман бедор шудаам ва ту низ бедор шудаӣ, пас ба инқилоб бароем эй ҳамватан дар ватан, ки фардо миллати пешрафта бошем.

Сообщение Инқилоб мехоҳӣ? Вақташ расид! появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №173
Як «приём»-усули дигари «бара»  кардани мардум дар байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳукуматҳои навоҳиву шаҳрҳо «муд» шуда истодааст. Ин ҳам бошад аз ҳисоби пули мардум «корҳои ободонӣ» кардан ва аз номи худ кушодани ин иншоотҳо аст. Аслан ин приём аз худи Раҳмонов ба инҳо омадааст. Мардум худашон пул ҷамъ карда синфхона, дорухона, беморхона ва ҳатто роҳҳо месозанд, аммо раиси ноҳия омада ҷаласааи тантанавӣ баргузор карда лентаи рамзии онро мебурад ва ё парда аз рӯйи лавҳи он мебардорад. Ва аз ҳисоби мардуми ин деҳа зиёфати хубе ҳам мехурад ва ба номи худаш дар ВАО сабташ ҳам мекунаду меравад. Тааҷҷубовараш ин аст бе ягон шарму изо мегуянд: «дар сохтмони ин иншоот ва ё бино ҳукумати ноҳия фалон миқдор пул дод». Аммо ҳама медонанд, ки ҳукумати ноҳия дар ин сохтмон ягон дирам сарф накардааст, аз буҷаи ноҳия он маблағе,ки мардуми минтақа онро сохтаандро ҳам списат карда дар кисаи худаш мезанад.

Номаҳои зиёде аз сартосари кишвар ба дасти мо мерасанд, ки бо яке аз онҳо барномаи навбатиро шуруъ мекунем.

Истаравшан

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Истаравшан бароятон менависам, аз деҳаи Ниҷонӣ. Дар бораи мактаби нави деҳа гуфтаниам. Дар мактаби ин деҳа се синфхонаи ва як бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Ин синфхонаҳо дорои 50 ҷойи нишаст мебошад, ки 31 август ба истифода дода шуданд.

Расонаҳои расмӣ, аз ҷумла масъулони шуъбаи маорифи ноҳия гуфтанд, ки «Синфхонаҳои мазкур ба таври ҳашари дастаҷамъона аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, ҳамчун кабинетҳои фаннӣ ҷиҳозонида шудааст».

Инчунин, дар маҳаллаи Зартеппаи деҳоти «Ниҷонӣ» бинои нави таълимӣ аз 6 синфхона, китобхона ва 2 утоқи маъмурӣ бо дастгирии сокинони маҳаллаи мазкур бунёд карда шуда, имрӯз мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур алҳол ҳамчун филиали МТМУ №55 ба қайд гирифта шуда, дар ду баст имкони ғунҷоиши 360 ҷойи нишастро дорад.

Таҷҳизоти ин муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дастрас карда шуд.

Раиси шаҳри Истаравшан А.Маъмурзода дар ифтитоҳи иншооти мазкур иштирок карда, зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Ниҷонӣ ва Зартеппа ифтитоҳи синфхонаҳо ва бинои нави муассисаи таълимиро шодбош гуфт.

Аммо устод Муҳаммадиқболи Садриддин ба шумо бояд руирост бигуям, ки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва шуъбаи маорифи ноҳия  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сохтмони ин синфхона ва бинои иловагӣ ягон кумак накардаанд. Ҳамааш аз пули мардум ва пули муаллимон ва пули муҳоҷирони кории ин деҳаҳо аст.

Аммо раиси шаҳр барои ин мардум, муаллимон ва муҳоҷирон ягон даҳан ташаккур нагуфт.

Ман ба ин мардум раҳмати калон гуфта аз онҳо пурсиданиам, ки барои чи як даҳан нагуфтед, ки вақте ҳамаашро худамон сохтем ту барои мо чи даркор, мо худамон бинои мактабамонро мекушоем. Ман ба Адҳам Маъмурзода хитоб карда гуфтаниам, ки чаро бояд ту омада бинои мактаби моро кушоӣ? Боз барои омадан ва зиёфат кардани ту муаллимҳо хароҷоти зиёдатӣ карданд.

Ту бо кадом ору номусу виҷдон шарм накарда қишлоқи мо омадӣ? Ба мактабамон як сомонӣ кӯмак накардӣ? Боз омада бешармона мактаб мекушоӣ? Бо кадом рӯйят ин корро кардӣ?

Як ду сухан дар бораи осоишгоҳ-санаторияи овозадори Ҳаватаги Истарвшан. Ин санатория ҳануз аз даврони СССР маълуму машҳур буд. Чунки инҷо оби маъдании ҳамном бо ин санаторияро дошт, ки хосияти зиёди шифоӣ ва табобатӣ дорад. Ин санатория чанд сол пеш ба дасти оилаи Раҳмонов, аниқтараш ба дасти Тахминаи духтараш гузашт.

Аз Ҳаватаг ҳозир ягон чиз намондааст. Ҳама чизҳояшро канда фурӯхтанду шикастанду ғорат карданд. Моҳи июни соли ҷорӣ ба сохтмони он сар карданд. Дар назди санатория се нафар замин ва хонаву дар доштанд. Он заминҳоро ҳам ба масоҳати бинои нави санатория илова карда онҳоро даруни забор гирифтанд. Он одамҳо чи кор карданд, куҷо рафтанд, хонаву дару заминашон чи шуд номаълум.

Дар назди ин санатория қисми ҳарбӣ воқеъ аст. Афсару сарбозои ин қисми ҳарбӣ ҳам чизу чораи ин осоишгоҳро дуздида фурӯхтанд. Боз аламовараш дар он аст ки ин сарбозҳо дар дашту заминҳо ду –се нафар пулдор мардикорӣ мекунанд. Аммо пули кори онҳоро командирҳо мегиранд. Сарбозҳо аз гушнагӣ пеши деҳқонҳо рафта тарбуз, харбуза, ангур  ва нон талабида мехуранд.

Баъзе сарбозҳои пулдор пулро дода як моҳу ду моҳ рухсатӣ гирифта ба хонаҳояшон мераванд. Як кас намепусад, ки инҷо чи гап аст.

Санаторияи Ҳаватаг акнун ба моли шахсии духтари Раҳмонов табдил дода шуд, ки то ҳамин санаторяи мондагӣ буд, ки инро ҳам кашида гирифтанд.

Исфара

Асалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу  бародар Муҳаммадиқбол!  .

Мо як гурӯҳ аз мухлисони шумо аз деҳаи Зумрадшоҳ, Мо роҳи Зумрадшоҳро мумфарш кардем. Аз сари деҳа то ба поёни деҳа. Ин беинсофҳои ҳаромхур пули ҷамъшудаи халқро гирифта квадрати асфалтро 60сомонӣ зада аз халқи Зумрадшоҳ 86 сомонӣ гирифтанд. Яке аз ин ҳаромхурҳо Олимов Қозӣ Мамадхуҷаев ва боз чор нафари дигар аз ҳамсинфонаш мебошанд.

Инҳо ҳама бузҳои қишлоқанд. Абдурабӣ гуфтанӣ шахс ба Олимов Қозӣ гуфтааст, ки ин маблағ зиёд буд. Чаро ту халқи Зумрадшоҳи худатро фиреб дода истодаӣ. Ин Қозӣ бошад аз мошинаш фуромада «ман ҳозир туя фалон мекунам» гуфта ҳақоратҳои безеб кард. Сонӣ ҳарду ҷанг шуданд. «ҳоли ист, мо туро аз таваллуд шудагиатам пушаймон мекунем» гуфта угрожат кардагӣ. Сонӣ бачаҳои халқи Зумрадшоҳ худашон корро сар карданд. Одамҳои Эмомтапак омада съёмка карда «раҳмат ба Ҷаноби олӣ» роҳҳои деҳа асфалт шуд, гуфта нишон доданд.

Боз ин халқи бечораи Зумрадшоҳ ин ҳаромхурҳоро ду, се рӯз зиёфат карданд. Как будто ин ҳамаро давлатамон карда бошад.

Э, халқи Зумрадшоҳ, бедор шавед. Ман худам ба чашмам дидам, ки медаветон. Ҳамин Олимов Қозӣ ягон сарукор кунад. ба ҷанозаашон ҳам наравед. Бедор шавед.

Халқи Зумрадшоҳ ҳамин қадар заҳмат кашид, ҳамин қадар мекунад. Охир мактаби 17-ро ҳам полни аз нав ремонт кардем. Бачаҳои Зумрадшоҳ аз муҳоҷират пул ҷамъ карда мактабро комилан таъмиру тармим кард.

30000сомониро аз байн дуздиданд. Ду синфхона монд таъмир нокарда. Бас будагист акнун. Халқи Зумрадшоҳ илтимос мекунам, ки бедор шавед.

Ин беномусҳои гушнамеъда ҷои тарс надоранд. Участковийи қишлоқ ҳамаро угрожат мекунад: «ин хоная ба кадом пул сохтӣ, пула акучо ёфтосӣ». Кори ту чи ки ман пулро аз куҷо меёбам? Аз мағозаҳо бепул ҳар рӯз чиз мегирад. Фурӯшанда пулашро деҳ охир гуяд: «як бори дигар ҳамин гапата шунавам заната фалон мекунам» гуфта баромада меравад. Дар ин ҳол намедонем,ки чи хел мо инҷо зиндагӣ кунем?. Дар қишлоқи худамон мисли як нафари омада  зиндагӣ мекунем, бузҳо бисёр шудаанд. Ҳар қадамат дар назорати ҳамин бузҳо. Охир инҷо давлат ва қонуну волоияти қонун ва адолат аслан вуҷуд надорад.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Имшаб барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо кардам. Як корманди собиқи ҳукуматӣ гуфт, ку «ки бояд аз фурсат истифода барем ва Муҳиддин Кабирӣ бояд бо  русҳо ё ки бо Толибҳо муносибат барқарор кунанд», аммо ман гуфтаниам, ки «ин гапша умуман нагирен, ки агар дар оянда ҳукумата ба дасти хутон гирен баъд бо мисли Раҳмонуф канизаки русҳо мешавен, ранги Эмомалӣ ба ягон гап мезанӣ Путина, Путин мега, ки вазифара ман гирифтум додумут худут натонистӣ бо чи гапмезанӣ, ва ҳамихел  мисли Раҳмонов хизматгор мешавед барой, ки муттаҳам мешавен чунки  қудрата гирифта додай».

Аз шумо хоҳиш ин корро накунед, ки мо безор шудаем аз муҳоҷират. Мехоҳем як давлати комиллан мустақил ва аз ҳеҷ ҳукумати дигаре мутаҳам набошему президенти ояндаамон озоду мустақил бошад. Мехоҳем, ки дар пеши падару модарамон бошему дар пеши зану фарзандомон. Бовар мекунед ё не, ман панҷ сол собиқаи кори дорам. Барои онки маош кам аст. Ман омадам дар Русия кор карда истодаам. Ман намехоҳам ки фарзандонамро дар Тоҷикистон луқмаи ҳаром диҳам. Маро дигар виҷдонам азоб медиҳад, ки боз кор кунаму пора гираму фарзандонамро хуронам. Ин коре, ки он ҳукуматӣ шуморо гуфтаасту пешниҳод кардааст, ба фикри ман, ӯ ягон агенти Путин аст. Илтимос бо Русия ҳамкорӣ накунед агар кардед ҳам мисли Раҳмонов арусак ва кукла нашаведу мардона давлати худамонро бояд худамон идора кунем на ягон хориҷӣ. Худо ҳамаи мову шуморо дар паноҳи худаш нигаҳбон бошанд. Ба номи Аллоҳе, ки ҷони ман дар дасташ ҳаст ин мардум ва кормандони мақомот 98% тарафдори шумоянд.

Маскав

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар шаҳри Маскав ҳастам. Шабу саҳар ба ватан бармегардам. Аммо қабл аз бозгашт ба ватан мехоҳам дар бораи як чиз ба шумо нома фиристам. Номаи ман ба як навори Абдулло Раҳнамо, ки таҳти унвони Тоҷик ва номус аст рабт дорад. Ин навори Раҳнаморо метавонанд дар инҷо тамошо кунанд: https://youtu.be/Wc98G7RR6ho?si=b-zyy1TCEWXJIYA.

Метавонед ин номаро ҷавоби як муҳоҷир ба Абдулло Раҳнамо номгузорӣ кунед. Ман баъди тамошои ин навор аз Раҳнамо пурсиданиям:

Чи қадар худат нангу номус дорӣ? Нангу номус гуфта тоғути Раҳмонов, ки зиёда аз 30 сол буҷети кишварро ғорат кард. Ва шарм надошта аз президенти кишвари бегона талаби китобу дафтар кард. Ҳаминро нангу номус мешуморед?

Шумо дар сатҳи президент нангу номус надоред, чи тавр дар сатҳи мардуми оддӣ аз нангу номус талаб мекунед.Дар ҳолате, ки дар санҷиши умумиҷаҳонӣ тасдиқ кардаанд, ки агар президент ё шахсе босавод ва боимон бошад. Шаҳрвандон низ босаводу боимон хоҳанд шуд.

Ва ончи ки мо имрӯз мебинем дар Тоҷикистон, ки онро президенти беору бенангу беномус идора дорад. Ва аз он ҳам бадтар ту барин тамаллуқкорони бенангу беномус соҳиби вазифа шуда ҷавононро ба беномусиву тамалуқкорӣ ташвиқкарда истодаед.

Ва туи бахтбаргашта агар дар байни онҳо ягон боимону бовиҷдонро бинӣ, аз онҳо сарзаниш ва ба мақомотҳои дахлдори ғуломсифати мисли худат хабар мерасонӣ. То инки зери фишор қарораш диҳанд. Як бор ба худат бингар ба кӣ табдил шудаи ? Дар шахсияти худат киро мебинӣ ?

Аввало Аллоҳ шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд. Вале агар аз роҳи бади худ намегардед ҳаволаатонро ба  Аллоҳ  менамоям,ки худаш шуморо саришта кунад омин.

Душанбе ХАП-(Хадамоти амнияти президент)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон одамеам, ки ба тариқи бачаҳои УУР номаам рафт ва саргузаштамро қисса кардам.

Сайидҷаъфар Усмонзодаро аз байн бардошта Раҳмонов  ва бо як тир чанд нишон заданӣ ҳаст. Баъди дар курсӣ нишастани писараш бояд гирди атрофи худаш ҳам аз мақом раванд.

Сайидҷаъфар Усмонзода бо СС Ятимов хешу таборӣ доранд ва бояд пеш аз отставкаи калон бо ягон гуноҳ СС Ятимовро аз қудрат дур кунанд ва дар ҷояш одами наздики писараш биёяд. Баъди нашри навори номаи ман Шоҳрух онро ба Рустам расонд ва Рустам ба Раҳмонов расонд, Шоҳрух дар пеши Рустам зону зада гиря кард, ки «ин гапҳо ҳамаш дуруғ аст». Аммо Рустам ба Раҳмонов номаи маро оварду нишон дод.

Ин хабар омада ба ман низ расид.

Аммо ман парвое надорам. Чун касе надорам, ки аз даст диҳам. Онҳо чунин поступкае карданд, ки ку бинанд аз байни хадамоти Х. А. П –Хадамоти амнияти президент ягон ҷунбише ҳаст, ягон бачаҳои мо худашро нороҳат ҳис мекунад? Аммо  ҳеҷ чизро нафаҳмиданд. Усати (Мурод) худаш ҳам ҳайрон шуду бо руи турш аз пеши Раҳмонов баромад. Усати гуфтааст, ки ин одамро ман дар 1 рӯз меёбам.

Лекин инро фаромуш насозед, ки моро  чунин таълим додаанд, ки то мурданатон касеро намеёбед. Вазъияти калон боз ҳам бадтар шуд. Баъди шунидани он нома гуфтааст, ки дар 32 соли кориам чунин нороҳатиро надида будам. Медонед барои чӣ? Чунки ҳар номаи шуморо ҷойҳое, ки ба В. В. Путин алоқаманд ҳаст ба Путин мерасад ва Раҳмонов гуфтааст, ки боз қаҳри Путин болои ман бисёр мешавад.

Раҳмонов чунин гуфтааст: «Мурод ин худаш чи гап аст? Аз дохили Хадамот ин гапҳо баромадесай, да чикорҳо машғулӣ? Мехоҳӣ, ки боқимондаи умрамонро бо гурезагӣ ё дар пушти панҷара гузаронем? Ё Хадамотатро тоза кун ё худам чораашро ба дасти дигар одам диҳам?»

Мурод чунин ҷавоб додааст: «Узри зиёд Ҷаноб. Худам ҳамаро ҷобаҷо мекунам».   Онҳо фикр мекунанд дар пешашон кадоме бошад, ки хабарҳоро мебарорад. Ман ҳамон одам ҳастам? Э, аблаҳҳо, ман ҳам набошам аммо гапҳои шумо хуб ба ман мерасад. Ба шумо бовариашон нест дигар. Дар Хадамоти амнияти президент 248 нафар кор мекунад. Усати (Мурод)ҳамон одамҳоеро, ки аз қафои Шоҳрух барои «слежка» монда буд, онҳоро истинтоқ кард, аммо ҳеҷ чизе нафаҳмид, ки кӣ он номаро ба шумо равон кардааст.

Боз бачаҳои Хадамоти мо ин ҳолатро дида дилшикаста шуда истодаанд. Шоҳрух бошад дар ҷунбиш даромадааст ва ҳар қадамашро бо эҳтиёт монда истодааст ва ҳамаи он пули дуздидашударо чунон тоза карда истодааст, ки как будто он пулҳо соҳибаш Шоҳрух нест. Баъди дидани навори он нома Шоҳрух да ҳуҷраи кориаш чунон зад, ки да пояш рост намеистод. Виски ва алафи тари нави наша ва ба ҳолате омад, ки гиря кард. Дар пешаш 2 одами наздикаш буд. Ба онҳо гуфтааст он одам, кӣ бошад, ки тамоми сирҳои ману Рустамро медонад ва он одамҳо, кӣ бошанд аз қафои ман ҳастанд ва он пулҳое, ки якнима кардам ҳеҷ кас дарак надошт, чи хел фаҳмидан? Ва боз гуфтааст агар ҳозир барояму видео кунаму гуям, ки шоми 18 апрел ҳамааш дуруғ аст, яке он одам пешам биёяд медонам, ки Х. А. П вуҷуд дорад, онҳо ба ҳама кор қодиранд. Агар ояд ман аниқ бе ному нишон нест мешавам, мисли муовини Ҳасан Асадуллозода. Ин буд гапҳои худи Шоҳрух.

Бале, Шоҳрух рост гуфт, ки бо дастгирии мо кормандони Х. А. П муовини Ҳасан Асадуллозодаро бе ному нишон бардоштанд. Хулоса, ки Шоҳрух ҳозир полности тар кадагӣ аст. Шоҳрух ту хоҳӣ нахоҳӣ баъди нишастани Рустам ё бо ягон гуноҳ пушти панҷара ё мисли муовини Ҳасан Асадуллозода Шуҳрат Исматулоев ғайб мезанӣ. Чунки сирҳои бачаи калонро бисёртар ту медонӣ.
Калон ба фикрам мехоҳад, ки полности Х. А. П (СБП)- ро тоза кунад ё ҷойҳоямонро иваз мекунанд, ё мо то ба қудрат расидани бачааш тақсим мешавем.
Калон боз Озодаро даъват кард. Пурсидааст, ки омадӣ аз Рустам шикоят кардӣ, аммо рафта ин гапҳоро боз ба кӣ гуфтӣ? Фақат росташро гуй. Баъди рафтани Озода усатиро фарёд кард. Аммо баъди баромадани усати аз пеши калон фармони пинҳонӣ дод ба бачаҳои Х. А. П назоратро болои С С.Ятимов ва Р Рамазон ҷиддитар дидан гиранд. Чунки вақтамон рафта истодааст. Намедонам барои чи бошад Калон дар утоқи кориаш  бо писараш во хурд дар Қасри миллат. Аммо нафаҳмидам чи гуфтааст.

Исмоилро дар Хадамоти мо «младший Пабло Эскобар» мегуянд. Ҳозир вай корҳое карда истодааст, ки дар ақли одамизод рост намеояд. Духтарҳои ҷавонро  нашъаманд карда истодааст.

Як навораш ҳаст ки чи хел бо як духтари 15- солаи ванҷӣ бо шакли ғайри маъмулӣ зино мекунад. Он духтар бениҳоят зебо ва қоматбаланд буд. Номаш З. аз маркази Ванҷ. Номи ин духтарро нагуед хубтар аст, чун намехохам ягон фалокате бо худаш кунад. Исмоил қариб ҳар шаб бо як духтар зино мекунад ва ба онҳо 2000 доллар ё 3000 доллар, бисёри бисёр то 6000 доллар медиҳад. Дар Қурған як намуди «дору»,ки кристалл ном дорад-ҳаби экстазӣ савдояшро тоб дода истодааст. Ин корро ҳам ба воситаи баригаҳояш ва ҳам бо ёрии милисаҳо карда истодааст. Доруро медиҳанд, баригаҳо мефурушанд. Баъди чанд вақте он одамро дастгир када результат мекунанд.
Сардори ОВД-и Ҷиргатол яке аз хешу таборҳои Рамазон Раҳимзода аст. Ин вазифаро як ҷураи Пинвинг аз Пингвинг хостааст. Ҳоло бошад байни онҳо рақобат ба вуҷуд омадааст.

Исмоили Пингвинг ҳам ба касалӣ гирифтор аст, касалии ВИЧ СПИД. Хеле зиёд духтарҳоро касалӣ карда истодааст. Ин хабар ҳам расид, ки Исмоили Пингвинг лути ҳам будааст, аз ҷумла яке аз «рафиқонаш» ҳамон одаме аст ки вазифаи сардори ОВД-и Ҷиргатолро хостааст.

Байни мо ва Хадамоти амнияти президенти РФ гоҳо суҳбатҳо мешавад. Ба гуфтаи яке аз мақомдорони амнияти Путин, Путин агарчи дар наздикшавии Чин бо Тоҷикистон сукут мекунад, аммо дар асл сахт норозӣ аст. Хитой мехоҳад ҷойи Русияро дар Осиёи Марказӣ бигирад. Ҳозир ин кишварҳоро қарз дода қарз дода аз худаш муттаҳам карда истодааст. Бинобар маълумотҳои аз кормандони Халамоти амнияти Президенти Русия ба мо расида ҳозир байни Хитой ва Тоҷикистон боз масъалаи додани заминҳои дигар (территория) аз ВМКБ гуфтушунид рафта истодааст. Хитой боз ҳамон қадаре, ки гирифта буд, ҳамон қадар бештар талаб карда истодааст. В.В.Путин ин гуфтааст, ки «Мы сражаемся за кусок земли, а Рахмону плевать, он сумасшедшим стал».

Ин корманди Хадамоти амнияти Путин гуфт, ки «Скоро для Рахмона подарочная сюрприз будить». Аммо мо дигар нафаҳмидем, ки ин чи сюрприз бошад.

Албатта, ҳамаи ин гапҳоро мо вазифадорем, ки нарезонида ва начаконида ба калон расонем. Ин гапҳоро ба Калон расониданд ва ҳоло настроение Калон боз ҳам харобтар шуд. Озода Раҳмон баъди нашри номаи ахир оиди жалоб кардан ба Калон аз Рустам хело нигарон аст. Озода гуфтааст ҳатто дигар ба падарам ва коргаронаш боварӣ намондааст: «оли Рустам фаҳмад чи гап мешида бошад»?. Маслиҳати ман ба ту -Агар Рустам фаҳмад, не уже фаҳмид, метавонӣ қафоятро сахт мухофизат намоӣ. Чунки қудрат ҷои апаву додару хоҳарӣ надорад. Инро фаромуш накун. Дигар на Шаҳбозат кор меояд на дигарат ва кам -кам доруи кристаллро бизан. Ин оилаи шумо ҳамаро наркоман карда истодааст. Ҳоли писаратро хуб медонӣ. Чун дигар вақти насиҳат нест. Медонам, ҳозир вақти қудратро додан аст. Аммо кӣ медонад чи гап мешавад .Калон бо оилааш ин системаи давлатдориро мисли сепочка кардагӣ аст. Ба фикрам сепочка гуфтанамро нафаҳмидед. Аммо ҳар касе дар система аст ё идораи давлатдории Ҷанобро медонад, мефаҳмад. Калон бояд 11 то 13 ба Ғарм биравад. Фармон аст ягон паша пар назанад. Ин ҳам тарс аст, ҳатто фармон аст ки ҳамон даҳмардаҳое,ки бо дар куҳҳо мегарданд, аз боло ба поён наоянд, то калон омада рафтанаш. Раиси Рашт Идиева Зарина  рӯзу шаб хоб надорад. Мегуӣ пешаш азроил меомада бошад.

Ин суратро ҳам бигиред. Ин акс аз ҳамон рӯзу шаби 18.04.2024 аст. Дар он рӯз шаб бачаҳо точка ба точка карданд: Рустам бо Шоҳрух чи кор кард?Пеш аз омадани вай ду духтари ноболиғро оварда буданд. Болои панҷара (ришотка)  200 метр боло об аст. Баъди об байни дара дачаи Калон аст. Инҷоҳоро худат хуб мешиносӣ Шоҳрух.

Бори дигар мегуям, ки бас кун. Ҳамон наворҳое,ки дар дасти СС Ятимов ҳаст, ягон рӯз дар сайтҳои худатон мебарояд. Сиру асрори шуморо худатон ифшо мекунед.  Шоҳрух коре ба ронандаи СС.Ятимов ва ҷиянашг Сино дар Фархор кардӣ аҷоиб буд вале интизори ҷавоб ҳам бош!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №173 появились сначала на ISLOH.net.

Оё Раҳмонов ғайр аз зону задан дар назди Путин роҳи дигаре ҳам дорад?
Дар пайи ихроҷу рондани шуморе аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз  Русия, Қазоқистон- дуввумин кишваре, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар онҷо ризқу рузӣ касб мекунанд, ба берун рондани тоҷикҳо шуруъ кард. Мо,далели мувассақ надорем, ки дар ин кор Путин ва Тоқаев байни ҳам машварат карда бошанд, вале бидуни тардид ва бо итминони қотеъ метавонем бигуем, ки инҷо масъала ба асноду мадорики муҳоҷирони тоҷик ва ба қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ будани буду боши онҳо дар ин ду кишвар ва алалхусус дар Русия марбут нест, инҷо масъала ба истилоҳ «ангезаи сиёсӣ» аст ва бемуҳобот мустақим ба Эмомалӣ Раҳмонов рабт дорад.

Ҳодисаи «Крокус» дар Маскав ҳузур ва идомаи ҳузури неруи чандмиллионии кории тоҷикҳо дар Русияро таҳти суол қарор дод. Ин иттифоқи нангин, ки тоҷикро дар руи олам террорист шиносонд, силоҳи сангине дар дасти мақомоти Русия гардид, ки тавассути он Тоҷикистонро дорад  мутазалзил мекунад. Мақомоти Русия воқеияти ин фоҷиаи ваҳшатнокро медонанд. Инро низ медонанд, ки он тоҷикҳо, ки ҳоло омилин ва муҷриёни ин акти террористӣ шинохта мешаванд, то чи ҳад муҷрим ҳастанд.

Аммо ҳамин ҳодиса боис гардид, ки Русия тоҷикҳоро чап бигирад. Аслан Русия солҳост, ки масъалаи ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламравашро ҳамчун аҳрум ва фишанги фишор болои Тоҷикистон истифода кардааст. Мавридҳои зиёдеро мо ёд дорем ва ҳатто раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар Дмитирий Медведев, бо ишораву ошкоро гушрас карда буд, ки амнияти иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон ва чархаи иқтисодии он дар дасти муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ин ба он маъно буд, ки ин Русия аст, ки ҳамин гуна шароит барои Тоҷикистонро фароҳам ва таъмин кардааст.

Аммо ончики мақомоти Русия ва феълан Путин ишораҳову кинояҳо мекунад, ки ин Русия аст ки амнияту субот дар Тоҷикистон пойдор мебошад, ҳақиқат аст. Албатта, ҳақиқати талх.

Масъала масъалаи пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия нест, агарчи ин ҳам ҳаст, масъала ҳамоно ҳамон пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик аст ки аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил мешавад. Ин рақам, ки тоҷикҳо дар Русия як миллионанд ва ё беш аз се миллиард доллар мунтақил кардаанд, сиҳат нест. Тоҷикҳо, яъне ҳамон муҳоҷирони корӣ на камтар аз 2вуним миллион, балки 3 миллион ҳам ҳастанд ва ин се миллиарди интиқолдодаи онҳоро ҳади ақал се баробар бештар бишморед.

Бубинед, тамоми қарзу гранту ёриҳои хориҷӣ,ки дар шакли пул ва ё мол вориди Тоҷикистон мешавад ва бигзор он сад миллиард доллар ҳам бошад, ба дасти мардум намерасад. Аммо ончики аз Русия мерасад ба дасти мардум мерасад. Ва ин «дасти мардум»-бозору мағозаҳоро мечархонад, налогу гумрукро мечархонад, пенсияву ойликро мечархонад, самолёту поездро мечархонад, таксиву тролейбусу автобус, облаваро, болнитсаро, аптекаҳоро, хулласи калом тамоми ҳаёти воқеъӣ, зиндагии ҳамарӯза ва рӯзмарраи мардумро мечархонад. Ин селитра, ин аммофос, ин пули насос, ин пули барқ… пули ҳамачиро ҳамин «дасти мардум»-пулҳои меомада аз Русия мечархонад. Яъне мо ҳамаи тоҷикистониён, аз ҷумла  ҳамин Абдулло Раҳнамо-булбули Эмомалӣ Раҳмонов, Ато Мирхоҷа-лесаки Раҳмонов, Сайёфи Мизроб-тамаллуқкори Раҳмонов ва амсоли инҳо агар  бозорашон харидор дорад, валлоҳӣ аз ҳамин пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик аст. Вагарна онҳое, ки миллиардҳо сармоя ва кумакҳои хориҷиро бо номи Тоҷикистон ва барои Тоҷикистон дарёфт мекунанд, на дар литсеи Раҳнамо мехонанд, на газетаи Сайёфро мехаранд ва на як байти Ато Мирхоҷаро медонанд, ҳатто агар забонашро ҳафт қулоч бароварда Путину Трампу Ҷин Пинро паёмхон кунад ҳам.

Зиндагии мардуми Тоҷикистон, оромиву суботи давлати он аз Русия ва пули муҳоҷирони кории тоҷик вобаста аст. Ба забони дигар аз Русия ба Тоҷикистон амният ва субот интиқол меёбад. Ва, инро мақомоти Русия хело ҳам хуб медонанд. Дасти кутаҳи Тоҷикистонро, маҳалли заъфу ҷойи ковоки Тоҷикистонро медонанд. Медонанд,ки ҳалқаи дори гардани Раҳмонов ҳамин қатъу радди ҳузури муҳоҷирони корӣ дар кишварашон аст.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон, яъне Эмомалӣ Раҳмонов тавассути  вазорати хориҷа ва ахиран вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ  аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки муваққатан аз сафар ба Русия  худдорӣ кунанд. Агар пиндоштед, ки Раҳмонов ва ниҳодҳои вай «орияташон кард», чун тоҷикҳоро дар марзҳои Русия ва Қазоқистон намегузоранд,  ки дохил шаванд, иштибоҳ кардаед.

Ҳақиқати талх ин аст ки ин ҳолат натиҷаи сиёсатҳои худи Раҳмонов аст. Раҳмонов, аз онки тоҷикҳоро террорист муаррифӣ мекунанд, розӣ ва хушҳол аст. Чун худаш ҳаминро мехоҳад ва гумонаш ҳам ин аст ки тоҷикҳо ҳарчи бештар террористи исломӣ муаррифӣ шаванд, давлатҳо аз вай ба унвони як роҳбари «светский» пуштибонӣ мекунанд ва ин вазъият ба фоидаи ҳукумати вай ва идомаи ҳузури хонаводаи вай дар ҳокимият хоҳад буд.

Даъвати Раҳмонов аз шаҳрвандони кишвар, ки Русия нараванд, дар тамоми муддати ҳузури 32 солаи вай дар ҳукумат бесобиқа аст ва мавзеъгирии  комилан ғайримунтазира ва ғайривоқеӣ аст.  Имкон надорад, ки Раҳмонов ҳамчунин ҷуръат ва ҷасорат дошта бошад, ки бигуяд наравед. Аммо гуфт. Пас, гузина ё алтернативаи вай чӣ аст ва чӣ буда метавонад? Муҷаддадан таъкид мекунем, ки ҳарф аз ҳазору даҳҳазору садҳазор нест. Инҷо аз миллион — ба камтарин ҳисоб вале аз се миллион бештар меравад, ки ҳам худу ҳам он ҳафт мииллиони боқимондаро мехуронаду мепушонад. Яъне амалан муҳоҷирони корӣ давлат ва мардумро мехуронанд. Агар ҳадди ақал нисф ва ё аз се як ҳиссаи ин шумора  наравад ин на фақат инфиҷори иҷтимоӣ, балки инқилобу ошуби сиёсӣ мешавад. Нарав гуфтани Раҳмонов ба муҳоҷирони корӣ ба ин маъно нест, ки ман бароятон ҷойи корӣ муҳайё мекунам, чун ин имконият тамоман вуҷуд надорад ва Раҳмонов пешу пасашро тикапора кунад, ки наметавонад.

Суҳбатҳои вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Минск ҳам ки мегуфт, шумо ончунон шиканҷа кардед, ки тоҷикҳо гуноҳи накардаро бар гардан гирифтанд, низ тамоман ногаҳонӣ аст. Яъне Тоҷикистон асли иттиҳом, яъне даст доштани тоҷикон дар ин қазияро таҳти савол қарор дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки Раҳмонов ва мақомоти вай дар аввали кор муфаттишони Русияро дохили кишвар карда буданд.  Кореро,ки тибқи риволи давлатдорӣ ва русуми мулук набояд аслан иҷоза медоданд.

Аммо Раҳмонов дар аввал шодикафак шуда буд, ки тири у ба ҳадаф расид ва тоҷик террорист муаррифӣ шуд ва вай, танҳо вай аст ки зидди ин террористҳо истодагарӣ карда истодааст ва ана факту далели гуфтаҳои вай. (Чаро Раҳмонов мехоҳад тоҷикҳо террорист муаррафӣ шаванд, як масъалаи дигар ва барои матлаби дигар аст).

Аммо вақте дид, ки тоҷикҳоро роҳ надода истодаанд, ҳатто донишҷуҳои тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия иҷозаи ворид шудан надорад, он вақт фаҳмид, ки масъала масъалаи «Крокус» нест, масъала масъалаи худи ӯст.

Дар ҳақиқат робитаҳо сахт тира шудааст ва Русия аз чи кору амали Раҳмонов ранҷидааст ва ё сахт норозистро, наметавон надид.

Ин тавр нест, ки Раҳмоновро қаҳраш карда бошад, ки тоҷикҳоро дар Русия шиканҷа медиҳанду тақир мекунанд, Раҳмонов аз он бим гирифт, ки тоҷикҳоро задани Путин задани худи уст. Путин бо задани муҳоҷирҳо Раҳмоновро зада истодааст. Амо чаро Раҳмоновро зада истодааст.

Задани Раҳмонов аз тарафи Путин барои кадом масъалаи дигар аст ва инҷо муҳоҷирон танҳо силоҳи тавонои Путин аст.

Раҳмонов гуё гуфтан мехоҳад, ки бе Русия ҳам мешавад зист? Кӣ бовар мекунад?

Фишори Русия ба Раҳмонов барои пайвастани Тоҷикистон ба ЕврАзЕСбошад ё инки Раҳмонов ҳоло тарафи Аврупо тоб хурдааст ва ё чизе дигар? Раҳмонов шояд аз фурсати онки Путин слабий шудааст баъзе бозиҳо карда истода бошад. Чунки ҳаминки пойи Раҳмонов ба Рум расид марзи қазоқистонии Русия баста ва ё махсус  ба руи тоҷикҳо баста шуд. Ҳайратовар ин аст ки мақомоти Италия ҳам бо як иқдоми бесобиқа ҳашт бистучаҳориро барои он гирифтанд, ки алайҳи Раҳмонов намоиши осоишта баргузор мекарданд. Шояд инҷо кадом бозиҳое ҳаст?

Раҳмонов зери таҳдидҳои аланиву пинҳонии Путин мондааст ва намедонад сарашро ба куҷо занад, курсии зери пояш мисли хори зери думи хар бандмонда на меуфтад, на ором мегузорад

Хар, ки хар аст намефаҳмад, ки бояд думашро боло гирад, то хор биуфтад ва думашро сахттар зер мекунад ва хор ҳам сахттар мехалад. Ҳоло курсии зери пойи Раҳмонов айнан ҳамин хори зери думи хар шудааст.

Аммо Раҳмонов, ки ҳоло дар Маскав қарор дорад, кадом гузинаи дигар надорад, магар инки дар назди Путин зону бизанад. Агар зону назада ҳоли халоҷои дарозгуш хоҳад шуд, ки хори зери думашро гирифта наметавонад..

Сообщение Оё  Раҳмонов ғайр аз зону задан дар назди Путин роҳи дигаре ҳам дорад? появились сначала на ISLOH.net.

Озода ба КДАМ: “Як кор кунед ҲНИТ-ро бо Гурӯҳи 24 ҷанг андозед!”
Хонандаи гиромии  “Ислоҳ.нет”! Манбаи мо аз як нишасти махсуси амният маълумот ироа кард. Ин маълумот аз як ҷаласае навишта шудааст, ки мавзӯъ ва масъалаи асосии он мубориза ва шеваҳои муассири он бо оппозитсиони тоҷик ва гурӯҳҳои ҳаводор ба он аст.

Бинобар маълумоти расида дар ҷаласаи ахир чанд масъаларо муҳокима карданд. Ин маълумот барои огоҳ кардан ва ифшо кардани нақшаҳои КДАМ бар зидди мардум аст. Бихонед ва огоҳ бошеду ба гуфти Раҳмонов “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед” Аммо натарседу ваҳшатзада набошед.

Аз ҷумла:

Дастури раиси Дастгоҳи иҷроияи президент Озодаи Раҳмон  дар бораи сахттар кардани ҷазо барои ҳамкорӣ бо мухолифин ва бахусус бо ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 будааст. Гуфта шудааст, ки ин созмонҳо бар зидди ҳукумати имрӯза ҷанги иттилоотии шадидеро ба роҳ монда ва дар ин самт шаҳрвандони кишварро дар дохил ва хориҷ ба тарафи худ ҷалб карда истодаанд. Ин созмонҳо бо қарори Суди Олӣ ташкилотҳои террористӣ эълон шудаанд ва ҳамкорӣ ва алоқа бо онҳо  ва тарафдорӣ аз онҳо, масалан дар сомонаҳои интернетӣ ва обунашаваӣ дар сайтҳои онҳо  ва ё инки навору видеоҳои онҳоро тамошо кардан тибқи моддаҳои 187 ва 307 КМҶ Тоҷикистон бандубаст шуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Чунки онҳо хойинони миллатанд ва зиндагии орому осудаи шаҳрвандонро мехоҳанд ба хун оғушта кунанд. Тамошои  барномаҳои “isloh” “Минбари муҳоҷир” “Пайванд”  ва Гурӯҳи 24 ба хусус  барномаи“Ҳақ ва ботил” комилан манъ аст ва нафароне, ки риоя намекунанд бо модаҳои 187 ва 307 ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад.

«Таъкид карда шуд, ки ҳатто шумораи ингуна одамҳо аз миллион ҳам бештар бошад ҳам мушкил нест.Чунки ба мо шумора не, ба мо сифат даркор аст. Бо 5 миллион аҳолӣ ҳам метавонем давлати азизамонро пеш барем.»

Ислоҳ : Режим омодааст, ки чор миллион шаҳрванди кишварро бикушад,зиндонӣ кунад ва бадарғаю дарбадар кунад.Танҳо ин ҳукумати оилавии сохтаашонро ҳифз кунанд.

Ба идома хуб диққат диҳед!

Дар ин ҷо таъкид мешавад, ки шахсонеро ки айни хол дастгир кардаед баъди қарори суд онҳоро ба маҳбаси пӯшида (критий)-и Қурғонтеппа интиқол диҳед. Ин зиндон дар зери замин аст ва одаме, ки якум бор ҷиноят содир мекунад, ӯро набояд ба он зиндон баранд. Ин зиндон барои маҳбусоне ҳаст, ки мӯҳлати иҷрои ҷазоро ба охир набурда ва дар худи ҳамон маҳбас такроран даст ба ҷинояти сангин задаанд. Ва дуюмбора ба ӯ ҳукми судӣ медиҳанд, яъне барои афроди ислоҳнашавандааст. Тамоми қувваашонро барои маҳви физикии сокинони ба ҷон расидаи кишвар аз зулми ин режим сарф карданӣ ҳастанд.

Аммо барои нафароне, ки бо ин моддаҳо гунаҳгор карда мешаванд, зиндони нав сохта шудааст, ки дар шаҳри Ваҳдат, дар назди зиндони №6 воқеъ буда дорои низоми сахт аст. Ва дар онҷо метавон 5000 нафарро ҷойгир кард. Ва ба КДАМ фармон дода мешавад, ки бояд ҳамаи қувваҳояшро бар зидди ин афрод сафарбар кунанд. Ҳукумат барои ин мубориза боз 5 миллион доллар иловагӣ ҷудо кардааст.

«КДАМ дар посух ба Дастгоҳи иҷроия гуфтааст, ки  бо бовари комил гуфтанием, ки дар камтарин фурсат ин гурӯҳҳои  ифротгароиро нест ва безарар мегардонем ва ҳатман дар ин ҷанги иттилоотӣ  ғолиб мебароем.»

Масъалаи дуввум

Озода  амниятро ба по хезондааст. Барои ҳамон маълумоте, ки чанд бор дар “Ислоҳ.ТВ” гӯшона зада шуд: алоқаи ғайримаъмулии Озода бо як афғон.

Ва ҳамин рӯз огоҳ карданд, ки мабодо агар дар прямой эфири “Ислоҳ” занг задед, дигар ҳар сухани носазо нагӯед, ки яке боз қаҳри Муҳаммадиқболро наорад. Ва агар аз сари қаҳр Муҳаммадиқбол  видеои Озодаро монад, медонед,ки чи гап мешавад? Озода барномаҳоро тамошо карда 100% ҳамон намёкҳоро дида ва сад фоиз шарманда шуданашро пешакӣ пай бурдааст. ( бояд зикр намоем, ки қазияи он алоқаи ғайри маъмулии Озода бо он шаҳрванди Афғонистон омода ба нашр аст)  Кӯтоҳи гап, беш аз 2 соат танҳо дар бораи Озода гап заданд ва ғами Озодаро хӯрда истодаанд, ки чи хел кунем Муҳаммадиқбол дигар номи Озодаро нагирад ва ягон маълумотро дар бораи ӯ тамоман ошкор насозад.

Вақте ки кормандони амният ҷамъ шуда маълумотҳои ҷамъовардаашонро ба маъмурият расониданд, маъмурият хулоса баровард, ки:

1) ҳамон шахсоне таъқиб ва дастгир шаванд, ки ба мухолифон маълумот медиҳанд,

2) шахсоне, ки бо онҳо тамос мегиранд, масалан дар прямой эфир-пахши зинда,

3 ) шахсоне, ки таклиф мекунанд, ки шабакаҳои мухолифонро даромада тамошо кунед,

4) шахсоне, ки аз ҳад зиёд ҳукумат ва Эмомалиро дашном мекунанд. Ва аз он сабаб, ки шумора тамошобинони шабакаҳои мухолифон зиёд шудаанд, алҳол ба он гуна шахсон кор нагиред.

Яке аз ба истилоҳ”минус” ва ё “фиаско”-и кори КДАМ (нақшаҳои бебарор) ин будааст, ки    то ҳол наметавонанд Кабириро несту нобуд кунанд.

«Шояд шумо ҳайрон бишавед ва бовар ҳам накунед, ки чи хел ҳукумат 5 миллион доллар ҷудо кардааст?»

Аз як вилояти Свердловски Русия дар давоми 4-5 рӯз 62 нафарро дастгир кардаанд, дар Москва 180, дар Санкт-Петербург 80, дар Қазон 46, Дар Красноярск 39, дар Самара 130 кас боздошт шудааст. Агар ҳамаи онҳоро номбар кунам аз ҳазор мегузарад. Агар 30фоизи онҳоро хойин эълон ва ба Тоҷикистон равон кунанд, медонед, ки чи қадар харҷ мешавад? Барои истирдод (экстрадитсия)-и ҳар як шахс на кам аз 40.000 рубл. Дигар ин ки ҳар як корманди аниятро дар Русия бо квартира ва хурду хуроку мошин таъмин мекунанд, ки барои  ҳар як нафар дар як моҳ 100 рубл харҷ  мешавад. Аммо корманди баланд рутба бошад дар меҳмонхонаҳо 5 ситора меистанд, ки масрафи як шабонарӯзаш   50ҳазор рубл аст. Корашон ҳам арӯсбозиву сауна ба сауна гаштан ва ҳама хароҷоти ин сафар ҳам аз ҳисоби бюҷети давлатӣ аст. Барои як шабонарӯз ба 15 000 рубл мошин прокат мегиранд. Барои ҳамин ҳоло инҳо барои онки мухолифинро торумор ва бемадору беқувва бисозанд, аз ҳеҷ як бало рӯ наметобанд. Аммо ин ҳама омор ҳаргиз муборизон ва озодихоҳонро ба ҳарос намеоварад. Чун,ки мо хуб медонем,ки режими Раҳмонов қодир аз ин бадтарҳо ҳаст ва мо онро хуб медонем.

Бовар кунед,ки ин ҳукумат дар Русия як корҳое карда истодааст, ки Чингиз дар ҳақи душманонаш накарда буд. Амниятиҳо ва ё милисаҳои тоҷик ба ҳангоми дастгир ва истирдоди шаҳрвандон ҳамроҳи ҳамтоёни  руси худ туфангҳо дар миён бастагӣ он қадар он бечораҳоро мезаннаду дашному ҳақорат медиҳанд,ки русҳо даст ба гиребон бурда аз чунин ваҳшоният изҳори норозигӣ мекунанд. Як намуд мезаннаду ба мошин бор мекунанд, ки ҳайвонро он хел азоб намедиҳанд. Феълан болои як лоиҳа-нақшаи дигар майна об карда истодаанд. Нақша аз он иборат аст ки чи гуна бояд наҳзатихоро бо Гурӯҳи 24 ҷанг андозанд. Ва дар як талаби нақша чунин омадааст, ки муқобили онҳо ранги методҳои худашон мубориза  бурдан даркор аст. Барои мисол гӯиё мухолифин дар ҳамаи кор С.С Ятимовро гунаҳгор карда дигар мақомдорон аз он ҷумла Рустамро бар зидаш шур андохта истода бошанд.

КДАМ  ҳам  ҳамин нақшаро кашида истодааст, ки чихел мухолифонро байни ҳамдигарашон ҷанг андозад. Ва гӯиё ин ҷангро алакай мухолифон сар кардаанд. Масалан Сулаймон Давлатов бар зидди Шарофиддин Гадоев мавқеъ гирифтааст ва ҷавоб додааст. Ҳоло бинед,ки Шарофиддин ҳатман бояд ҷавоб гардонад. Ин чизро ҳам бояд махсус ишора кунам,ки ҳоло кормандони амният дар байни мардум як қисмаш худашонро наҳзатӣ гирифта як қисми дигараш худро Гурӯҳи 24 ва бо ҳамдигар ҷангу занозанӣ  ташкил карда “тарафдорон”-ро маълум мекунанд ва боз баъд дар шабакаҳои интернетӣ ин тараф ба он тараф ҷавоб медиҳад-яъне бо ҳам баҳсу даъво мекунанд ва бо ҳамин роҳ обрӯи мухолифинро бурданианд.

Ps: Аммо бо сароҳат мегӯем,ки мухолифон ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод ва мо ҳаммамон хуб медонем,ки аҳриман ва душмани ин миллат ва мардуми азизи мо кӣ ҳаст. Мо ӯро хуб шинохтаему огоҳона ва бо дирояту ҷиддият муборизаи қонунии худамонро ба шакли мусолиматомез идома хоҳем дод. Аллоҳ моро аз ҳама фитнаҳо ва дасисаҳои ин хоинони миллат ва мардум дар ҳифзу инояти хеш нигоҳ дорад омин.

Сообщение Озода ба КДАМ: “Як кор кунед ҲНИТ-ро бо Гурӯҳи 24 ҷанг андозед!” появились сначала на ISLOH.net.